Тони Энтонӣ Бо иштироки Анҷела Литтл РОМШАВИИ ПАЛАНГ Аз қаъри дӯзах ба авҷи шӯҳрат Қиссаи ҳақиқии устоди кун-фуи дараҷаи ҷаҳонӣ Ин китобро ба Майкл Райт мебахшам, ки ӯ дар биёбон маро даъват намуд ва ҳоло дигаронро даъват карда истодааст. Палангро ром кунӣ — аждаҳоро мағлуб мекунӣ.(Зарбулмасали хитоӣ) Ва фариштае дидам, ки аз осмон нузул мекард, ва калиди варта ва занҷири бузурге дар дасташ буд. Ва ӯ аждаҳо, яъне мори қадимиро, ки иблис ва шайтон аст, дастгир карда, ба муддати ҳазор сол занҷирбанд намуд, ва онро дар варта андохт, ва онро бандубаст кард, ва бар он мӯҳр зад, то ки халқҳоро дигар фиреб надиҳад, то даме ки ҳазор сол анҷом ёбад; баъд аз ин вай бояд ба муддати каме озод шавад. (Ваҳй 20:1–3) Боби 1 Шейн Д’Соузро акнун модараш ҳам шинохта наметавонист. Гуфтан мумкин аст, ки зиндонбонон ҷисми маҷрӯҳшудаи ӯро аз фарши камера тарошида гирифта, ба занбари ифлос партофтанд. Ӯро лату кӯб карданд, корд заданд ва таҷовуз намуда, маъюб карда буданд. Кӯлмакҳои хун дар рӯи бетони хунук чун доғҳои калони сурх паҳн шуда буданд. Ҳангоме ки ӯро ба блоки бемористони ҳабсхона мебурданд, пайи хун дар тамоми роҳрав паҳн шуд. Маҳбусон, ки садои қадаммониашон шунида мешуд, ба ҷойҳои худ баргаштанд. Мо ҳама дидем, ки ин амалро нисбати сокини Шри-Ланка кӣ раво дид, аммо ҳеҷ кас чизе нагуфт. Роҳбарияти ҳабсхона аз ин парвое надошт. Дар блоки Б як ҷинояткор — fylakismenos, чунон ки онҳо моро меномиданд, кам мешаваду халос. Ба зудӣ ҷои ӯро каси дигар мегирад. Ҳеҷ гуна тафтишот нахоҳад буд ва мувофиқан, ҳеҷ кас ҷазо нахоҳад дид. Адолатро интизор шудани дӯсти ман беҳуда аст. Чунин воқеаҳо дар ҳабсхонаи марказии Никосия пурра маъмулӣ буданд. Дар байни мо қотилон, нашъаҷаллобон ва контрабандистҳо, гангстерҳо, фосидкунандагони хурдсолон, таҷовузгарон, террористҳо, дуздон ва қаллобон буданд: маҷмӯи намунаҳо аз тимсолҳои фасоди инсонӣ; умуман, нобакорони ашаддӣ ва бетолеъҳои гузаро, ки чун лоқу пари нодаркор ба ҳабсхонаи бадбӯи Кипр партофта шудаанд. Дар ҳабсхона бисёр қоидаҳоро риоя кардан лозим буд, агарчи ҳамаи ин қоидаҳо қонуни нонавиштае буданд. Дар ин ҷо ҳар кас аз рӯи оинномаи зӯроварӣ зиндагӣ мекард. Ин зарурати сахт буд. То ҳадди имкон боэҳтиёт будан лозим меомад. Ҳар кас худро дар алоҳидагӣ ҳифз менамуд ва хун бисёр вақт танҳо ба хотирӣ хушвақтӣ рехта мешуд. Аммо, Худо медонад аз чӣ сабаб бошад, ки байни ман ва Шейн робитае барқарор гардид, мисли он ки иттифоқ баста бошем. Воқеаҳои дар пеши назарам рӯйдодаро дида, ман ҳис мекардам, ки дар вуҷудам ғазаби ба зӯр боздошташаванда ҷӯш мезанад. Ал-Капоне — ё “Алкапонӣ”, чуноне ки юнониён ӯро меномиданд, субъекти нафратовар ва кароҳатангез буд. Фамилияи ҳақиқии ӯро ҳеҷ кас намедонист. Ӯ ҷинояткори аз ақл бегона ва рӯҳан бемор буд. Органҳои адлия ба табобатгоҳҳои махсуси психиатрӣ фиристодани чунин маҳбусонро “фаромӯш мекарданд”; аз ин рӯ ҷинояткорони аз ақл бегона мӯҳлати маҳбусии худро дар байни дигар маҳкумшудагон мегузаронданд. Ба онҳо ҳеҷ гуна қонун таъсире надошт. Алкапонӣ бадтарин намунаи чунин шахсон буд. Ӯ ваҳшӣ ва танҳогард буд, бо ҳеҷ кас дӯстӣ надошт ва фақат ба забони худ гап мезад. Ӯ барои кушторҳо ва таҷовузи гурӯҳӣ маҳкум шуда буд — ӯ дар ҳақиқат ҷунун дошт. Дигарон маводи нашъаовар истеъмол менамуданд, дуздӣ мекарданд (асосан аз якдигар сигор ва шоколад медуздиданд — ин ду чиз дар ҳабсхона вазифаи пули асосиро иҷро мекарданд) ва гоҳ-гоҳ ҳар гуна чизҳо месохтанд, Алкапонӣ бошад вақтро бо зӯроварӣ ва маъюб кардани маҳбусони дигар мегузаронд. Ӯ ба ҳабсӣ якумрӣ маҳкум шуда буд ва гӯё дастури ягон касро ба ҷо оварда, бо ҷидду ҷаҳди ғайриоддӣ ҳаёти моро дар ҳабсхона ба дӯзахи ҳақиқӣ табдил медод. Дар рӯзе ки Алкапонӣ Шейнро ба чунин зарбу лат ва азобҳо гирифтор намуд, ман қасам хӯрдам, ки барои дӯстам қасос мегирам. Алкпони аз ман қариб ним метр баландтар буд. Ӯ мушакҳояшро чунон машқ дода буд, ки дастонаш қариб аз пойҳои ман ғафстар буданд, аммо ман боварӣ доштам, ки ӯро мағлуб карда метавонам. Ман хуб медонистам, ки ӯро бо дастони холӣ нобуд мекунам, мекушам, аммо пеш аз ин маҷбур мекунам, ки барои ҳар як зарба, барои ҳамаи амалҳои манфураш, барои ҳар қатра хуни Шейн азоб кашад. Дар рӯзҳои минбаъда дар ҳабсхона муҳити беҳад вазнин ва ғамовари интизории чизе ҳукмфармо гардид. Ҳама мефаҳмиданд, ки ман аз Алкапонӣ қасос мегирам. Ҳоло маро ҳеҷ чиз боздошта наметавонист. Ман фақат фурсатро интизор будам. Қариб ду ҳафта гузашт ва ман ҳар рӯз ҳарчи бештар аланга гирифта, орзу мекардам, ки ин ҷунундорро маҷбур мекунам, ки подоши ҳамаи амалҳояшро бинад. Ӯро куштан барои ман кам буд. Ман мехостам ӯро маҷбур кунам, ки аз ман оиди раҳму шафқат зорию тавалло намояд ва баъд ӯро ба асфалуссофилин фиристам. Ман устоди кун-фуи дараҷаи ҷаҳонӣ будам ва ӯро ба осонӣ пора-пора карда метавонистам. Ин барои ман душворие надошт, ман ӯро бо дастони холӣ мағлуб карда метавонистам. Он вақт ман, чун бисёрии маҳбусон, бо худ теғ гирифта мегаштам. Мо барои ин алмосҳои ришгирии бехатарро истифода мебурдем ва онро дар зери забон ё дар дигар ҷойҳои хилват нигоҳ медоштем, ки дар он ҷо ошкор намудани онҳо осон набуд. Аммо, аз афти кор, зиндонбонҳо аз ин парвое надоштанд. Баъзеи онҳо аз ин чун садистҳо ҳаловат мебурданд. Дигарон ба ин аҳамият намедоданд. Ба онҳо чӣ дахле дошт, ки як маҳбус гулӯи маҳбуси дигарро мебурад? “Gammodi bastardos!” Ногоҳ дар роҳрави торик ва беодами ҳабсхона нидои хирросии Алкапонӣ садо дод ва ӯ маро бо тамоми қувват ба девор зад. Ман аз он хашмгин будам, ки маро ғофилгир намуданд, аммо адреналин ба хун ворид шуданро сар кард. Ниҳоят соати муҳориба бо ин палид фаро расид! Ҳангоме ки ин палид тамоми вазни ҷуссаи калонашро ба ман партофта, бинияшро ба рӯи ман наздик овард, аз нафаси бадбӯяш дилам беҳузур шуд. Теғи алмос ба гулӯи ман танба карда шуд — акнун ҳар лаҳза ӯ метавонист рагҳои гарданамро бурад. Худи ҳамон лаҳза ман бо дасти озодам ба рӯи ялаққосзанандаи ӯ часпидам, дар айни ҳол ангушти калонам ба косахонаи чашми ӯ фишор меовард — ман тайёр будам зер карда, чашми ӯро аз косахонааш барорам. Мо ба ҳам дарафтодем, ман зуд ва бехато фикр карда, ягон ҳаракати хато намекардам. Ман мефаҳмидам, ки Алкапонӣ ҳар лаҳза метавонад гулӯи маро бурад, аммо ин аллакай аҳамияте надошт. Барои ман дигар ҳеҷ чиз аҳамият надошт. Ҳа, шояд ман мемирам, аммо аввал бояд ӯ бимирад. Ман хуни Алкапониро рехтан мехостам. Ман ба осонӣ метавонистам ангуштамро зер карда, чашми ӯро аз косахонааш барорам ва баъд гӯшашро газида, канам. Хашму ғазаб дар дарунам ҷӯш мезад, аммо дар ҳамин лаҳза ман як чизи аҷиберо ҳис кардам. Дар кадом як лаҳза маро ҳисси аҷибе фаро гирифт — дар дилам мубориза мерафт. Он ба Алкапонӣ дахле надошт. Ин мубориза дар ботини худи ман мерафт. Гӯё ман ба системаи дигари ченакҳо афтодам ва ғаризаҳои қотилӣ, ки дар ман амиқ реша давонда буданд, дар он амал намекарданд. Ҳангоме ки ман гӯши Алкапониро ба нишон гирифта будам, ногоҳ дар сарам манзараи он чи ин саҳар хондам, ҳувайдо гардид. Як шахсро бесабаб айбдор карда, ҳабс намуданд ва дӯсташ ӯро ҳимоя карданӣ шуда, гӯши хизматгори шахси айбдоркунандаро бо шамшер бурид. Гӯши Алкапонӣ аз дандонҳои ман дар масофаи 5 сантиметр буд. “Тони, гӯши ӯро газида, канда парто. Охир, ин барои ту кори душворе нест”, — мегуфт ба ман садои ғаризаи табиӣ. “Не, исто... ҳар касе ки шамшер ба даст гирад, бо шамшер кушта мешавад...” Ин аз куҷо бошад? “Гӯши ӯро газида, канда парто! Ту чиро интизор ҳастӣ?” То даме ки тарс ва хоҳиши қасосгирӣ дар ботини ман мубориза мебурданд, Алкапонӣ бо дасти озодаш ба байни пойҳоям зад. Ӯ бо кина заҳрханде карда, дандонҳои сиёҳи шикастаашро намоён кард, дар ҳоле ки ангуштони ман ба рӯи ӯ часпида, пӯсти дағали ӯро мекашиданд ва меканданд. Ман боз овозеро шунидам. “Ту чиро интизор ҳастӣ? Мехоҳӣ, ки ӯ туро бо теғ захмдор карда, баъд таҷовуз намояд, чунон ки Шейнро?” Чизе маро бозмедошт. Аммо ман намефаҳмидам, ки чӣ. Ман ин нобакорро сахт дошта меистодам, агарчи ӯ низ маро ба девор танба карда буд. Чизе маро аз қадами навбатӣ бозмедошт. Ду овоз дар ман мубориза мебурданд. Дақиқаҳо мегузаштанд, дар рӯи Алкапонӣ қатраи арақ шорида поён рафт, аммо ба ман чунин метофт, ки вақт бозистодааст. Баҳси овозҳо ба тамоми вуҷуди ман дахл дошт ва маънои зиндагии маро, худи моҳияти он шахсиятеро, ки ман беихтиёр ба он табдил ёфта будам, ба майдон металабид. Ман мефаҳмидам, ки кадом овоз бояд ғолиб ояд. Аммо баъд чӣ? Оё ман бояд ба ин ношуд гузашт кунам ва чун дӯстам маъюб шавам? Ё бояд ба ин ҳисси нав, овози нав, ки чунин боисрор аст, эътимод кунам? Ногоҳ аз лабони ман суханон ҷорӣ шуданд. Ин суханон ором, фаҳмо ва таъсирбахш буданд. Алкапонӣ танҳо забони юнониро мефаҳмид, аммо дар он лаҳзаи сюрреалистӣ ман ба забони англисӣ сухан мерондам. Ин суханонро ба забон оварда, ман ӯро андаке сар додам, мисли он ки чизеро интизор бошам. Дар ҳамон лаҳза Алкапонӣ ба худ ларзид, гӯё ҷараёни сахти барқ ҷисми ӯро шикофта бошад. Ӯ ба изтироб омада, арақшор шуд ва дар баданаш мурғак дамид. Чашмони сиёҳи ба даҳшат омадаи ӯ дар торикӣ дурахшиданд — ман ба ҳуҷум тайёр шудам. Аммо ҳамин вақт Алкапонӣ дастонашро сар дод ва ман озод шудам. Мо рӯ ба рӯ истода, якдигарро бо нигоҳ нобуд мекардем, масофаи байни мо ҳамагӣ якчанд сантиметр буд. Ва ногоҳ, дар як лаҳза, Алкапонӣ тоб хӯрда, гурехт. Ӯ хам шуда ва сарашро бо дастонаш дошта, чунон медавид, ки гӯё ҷинзада бошад. Дар торикӣ гум шудани суроби Алкапониро мушоҳида намуда, ман овози ваҳшатноки ӯро, ки дар деворҳои бетонӣ борҳо акси садо медод, мешунидам. Гулӯямро даст-даст карда, ман теғи алмоси ба баданам часпидаи Алкапониро гирифта партофтам. Дар пӯст аз теғи алмос ҳеҷ пай намонда буд. Боби 2 Ман чорсола будам, ҳангоме ки ин ношинос дар хонаи мо пайдо шуд. Он қадар ки ман дар ёд дорам, ҳеҷ кас ба хонаи мо намеомад ва ҳангоме ки занги дар садо дод, ман аз ҳуҷраи боло зуд берун баромада, кунҷковона дар назди зинапоя истодам. Падар он шахсро ба хона роҳ дода, ба ҳуҷраи қабули меҳмонон даъват намуд. Ман бесадо поён фаромадам ва аз дари нимкоф мушоҳида кардам. Калонсолон гуфтугӯ доштанд, аммо бо чунон овози паст, ки дар бораи чӣ гап задани онҳоро фаҳмида наметавонистам. Лекин аз ин ҷои ниҳонӣ ман рӯи он ношиносро дида метавонистам. Чеҳраи ӯ номеҳрубон ва нохуш буд. — Даро, Антонио, — овози модарам мушоҳидаҳои маро қатъ намуд. Ман ба он аҷнабӣ нигоҳ накарда, зуд аз пеши ӯ гузаштам ва кӯшиш кардам дар паси пойҳои падар пинҳон шавам. Аммо модар зуд маро назди худ кашид. Ман чӣ кор карданамро намедонистам. Ман ба падар нигаристам, аммо ӯ бо кадом як сабаб нигоҳашро ба камин равона карда буд. Дар айни замон ӯ беист чашмонашро пӯшида мекушод, гӯё ба чашмонаш гарде даромада бошад. Ногоҳ он аҷнабӣ дасти маро дошт. Ман аз ин амали ғайричашмдошт нисбат ба худ ларзидам ва худро халос карданӣ шудам, аммо ӯ маро сахт дошта меистод. Модар маломатомез ба ман нигарист, гӯё “ором шав” гуфтан мехост. Ҳангоме ки ман шӯхӣ мекардам, ӯ ҳамеша ба ман ҳамин тавр менигарист. Сипас ӯ ба аҷнабӣ борхалтаи хурдеро дод ва пеш аз он ки ман чизеро фаҳмам, мо аз дар берун шуда будем. Ҳангоме ки мо бо пайраҳаи боғча мерафтем, падару модар ҳатто барои гусел кардан набаромаданд. Дар бораи сафари минбаъда ман чизи камеро дар ёд дорам. Аҷнабӣ ҳеҷ сухан намегуфт. Бинобар ин ман намедонистам, ки ӯ маро куҷо мебарад. Ҳангоме ки ба фурудгоҳ омадем, ман аз изтироб ва тарс ба ларза даромадам. Шояд маро саргузаштҳои ғайриоддӣ интизор буданд, аммо дар ҳамаи ин як чизи нофаҳмо буд ва ман ҳақиқатан метарсидам. Мо хомӯшона ба ҳавопаймо нишастем. Вақт мегузашт, ва маро ҳарчи бештар тарс фаро мегирифт. Парвоз хеле дер давом мекард ва чунин ба назар мерасид, ки гӯё он ҳеҷ ба охир намерасад. Албатта, падару модар ба зудӣ барои бурдани ман меоянд. Мо ба хона бармегардем ва ҳамааш боз чун пештара мешавад. Ман намедонистам, ки ҳавопаймо маро ба Хитой мебарад! Дар синни чорсолагӣ ман ҳамаи пастиву баландиҳои ҳаёти падару модарамро фаҳмида наметавонистам. Аммо дар як чиз шубҳае надоштам: модарам маро хеле бад медид. Дар ҳавопаймо буда, ман танҳо пай бурда метавонистам, ки чаро ӯ маро бад мебинад. Ин дафъа ман чӣ кори нодуруст кардаам? Ман медонистам, ки ҳаёти модарамро барбод додаам. Ӯ дар ин бора ба ман гуфта буд. Шояд аз ҳамин сабаб ӯ ҳамеша аз ман хашмгин буд. Андаке пештар аз он рӯзе ки ин аҷнабӣ дар хонаи мо пайдо шавад, воқеае рӯй дод, ки ман онро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам. Мо ба қарибӣ аз манзили хурд дар Уэст-Энд ба хонаи калон дар Эҷвер, ки дар шимолу ғарб аз Лондон буд, кӯчидем. Барои ман ин хона беҳад калон буд ва ман то ҳол ёд дорам, ки бо нидоҳои хурсандона аз як ҳуҷра ба ҳуҷраи дигар медавидам. Падару модар барои ҳуҷраи хоби худ кати калоне хариданд ва ман қарор додам дар болои он бозӣ кунам: ҷастухез мекардам ва рӯйнокӣ ба кӯрпаи нави пари қу меғалтидам. Ногоҳ ба ҳуҷраи хоб модар чун тӯфон давида омад. — Дарҳол бас кун, бачаи аҳмақ! — дод зад ӯ ва ба пойҳоям сахт зад, сипас назди мизи машшотӣ рафт ва оинаи дастии калонеро гирифта, ба оро додани худ сар кард. Ӯ, чун ҳарвақта, муддати зиёд худро аз назар мегузаронд, сипас, манаҳашро пеш бурда, ба сурх кардани лабҳои худ сар кард ва ниҳоят, бо часпондани мижаҳои сунъӣ корро ба охир расонд. Дар айни замон ман қарор додам, ки ба фарш фароям, аммо поям дар кӯрпа печид ва ман боз ба кат афтидам. Ин маро хурсанд кард ва ман хандидам. Пеш аз он ки ман ба худ оям, модар аллакай дар болои сари ман истода буд. Ман зарбаи сахтеро ба сарам ҳис кардам ва садои шикастани шишаву фарёди баланди модарро шунидам. Ӯ маро бо суханоне лаънат ва нафрин мехонд, ки модарон набояд инро донанд ва алалхусус набояд истифода баранд. Аз дарди ҷонкоҳ чашмонам сиёҳӣ заданд. — То чӣ дараҷа аҳмақ ҳастӣ! — девонавор дод мезад модар. — Акнун ба худат нигоҳ кун! Ӯ дарро тараққос зада, давида аз ҳуҷра баромад. Аммо ман ҳатто ҷунбида наметавонистам. Дар китфони ман чорчӯбаи оинаи калони дастӣ буд, бисёр шишапораҳои калону хурд ба рӯй ва гардани ман халида буданд. Ман хуншор шуда будам ва ҳангоме ки аз дард рӯй турш карда, аз рухсораам шишапораи калонеро кашида гирифтанӣ шудам, хун боз бештар рехтан гирифт. Ман ҳамон вақт бедор шудам, ки ҳавопаймои мо ба замин фаромад ва ҳангоме ки бо аҷнабӣ аз зинапоя поён мефаромадем, пурра ба худ омадам. Мо дар куҷоем? Ман мехостам чашмонамро молам, аммо аҷнабӣ дастони маро сахт медошт. Ман гиря кардан мехостам. Дар атроф ҳама чизе мегуфтанд, аммо ман ҳеҷ суханеро намефаҳмидам. Овозҳои ин одамон гӯшхарош ва аҷиб буданд. Маро нооромӣ ва тарс фаро гирифт. Ин шахс кист. Ӯ маро ба куҷо овард? Мо дар иҳотаи одамоне будем, ки борхалтаҳо, аробаҳо ва пакетҳо доштанд, аммо ин ҷой ба фурудгоҳе ки мо сафарамонро аз он ҷо сар кардем, ҳеҷ монандӣ надошт. Ҳавои ин ҷо аз боиси дуди сигор ва бӯйҳои ношинос вазнин буд. Ман, ки ҳанӯз на он қадар ба худ омада будам, ҳайрону тарсон ва аз алам гулӯгир шуда, ҳой-ҳой гиристам. — Ш-ш-ш! — фишшос зад аҷнабӣ ва дастамро чунон сахт фишурд, ки нохунҳояш ба пӯсти ман халиданд. Дарди сахт ва тарс дарҳол оҳу фиғони маро қатъ намуданд. Аҷнабӣ боз андаке маро бо худ кашола карда бурд ва мо ба ҳавои соф баромадем. Ва танҳо дар ҳамин ҷо ман фаҳмидам, ки то чӣ андоза аз хона дур афтодаам. Ман бо умеди дидани модар ё падарам чун харгӯши ҳаросон ба атроф менигаристам. Ҳама чиз бегона буд. Тарзи либоспӯшии мардуми маҳаллӣ хеле аҷиб буд. Дар атроф шӯру ғавғо буд, сагҳо аккос мезаданд. Ногоҳ шахсе пайдо шуд, ки дар даст қафаси паррандаро дошт. Мо бозистодем. Дар назди мо шахси лоғари қоматбаланде истода буд, ки дар тан пиджаки сиёҳи шоҳии остинҳояш васеъ ва гиребонаш баланд дошт. Дертар ман фаҳмидам, ки ин шахс бобои ман аст. Аммо он вақт моро бо ҳам шинос накарданд. На табассум, на салому алейк, ва на таманноҳои нек. Маро бардошта ба аробаи бобоям партофтанд, ӯ аробаро ҳай кард ва мо дар торикии шаб ба роҳ даромадем. Аз фурудгоҳ баромада, ман ба сояҳои дарахтони аҷиб ва ба ҷонвароне ки дар нимторикӣ дар атрофи мо рафтуо мекарданд, аҳамият додам. Ман метарсидам ва аз кадом як бӯи нафратовар дилам беҳузур мешуд. (Баъдтар ман фаҳмидам, ки ин бӯи собуни савсан аст, ки бобоям истифода мебурд. Хитоиён ин собунро барои хусусияти антисептикӣ доштанаш дӯст медоранд, агарчи то ҳол аз ёди бӯи кароҳатангез ва нафратовари он дилам беҳузур мешавад.) Он вақт аз ин бӯй қариб аз ақл бегона мешудам. Сафар гӯё ҳеҷ ба охир намерасид. Ҳангоме ки мо ниҳоят ба макони даркорӣ расидем, атроф тамоман торик буд. Ман гирду атрофро фарқ карда наметавонистам, аммо наздиктар омада, гурӯҳи занонро дидам, ки дар назди дарвоза истода буданд. Аз афташ, онҳо моро интизор буданд. Ман ба он занҳо маъқул нашудам. Ман инро дарҳол ҳис кардам. Аммо ман чӣ бадӣ кардаам? Модарам ба ёдам омад. Ба зудӣ, нигоҳҳои шубҳаовар карда, беист гап зада, ғайр аз як нафар, дигар ҳамаи занҳо дур шуданд. Ин зан бибии ман Жоумо буд. Дар хона ман хунук хӯрдам. Аммо ҳеҷ кас ба ин аҳамият надод. Ман пурсиданӣ будам, ки ба куҷо омадаам, аммо ҳангоме гап заданӣ шудам, ба ман манъ намуданд ва ангуштро ба лабҳо гузошта, фармуданд, ки хомӯш бошам. Ман, ки кӯдаки чорсола будам, дар ин ҷаҳони хусуматнок ва тарсовар худро тамоман танҳо ҳис мекардам. Хонаи бобо ба ман хеле аҷиб тофт. Вақте ки дар пешам ногоҳ девор яктарафа шуд[1], ман сахт ҳайрон шудам. Бибиям маро назди кате бурд, ки дар гӯша буд. Он ба кати ман, ки дар хонаамон буд, ҳеҷ монандӣ надошт — танҳо чӯбҳои бамбук, ки дар қолиби ноустувор мехобиданд. Ҳангоме ки ман дар кат дароз кашидам, он ғиҷиррос зад ва баъд, ҳангоме ки тоб мехӯрдам, чӯбҳо пӯсти маро озор медоданд. Ҷойпӯши тунуки муслинӣ бадани маро базӯр мепӯшонд, аммо ман гӯшаҳои онро ба зери китфонам тиққонда, кулча задам ва гиря кардам. Ҳамин тавр ман хомӯшона дароз кашида, мегиристам, то даме ки хобам бурд. Муддати каме гузашт ва ман боздоштани ашкҳои худро ёд гирифтам. Дар ин ҷо одамон хеле барвақт, дар соати чор-панҷ аз хоб мехезанд. Барои он ки барвақт аз хоб хестанро ба ман ёд диҳад, Лоусӣ, яъне «ҷаноб» ё «устод» (бояд ба бобоям ҳамин тавр муроҷиат мекардам) ба ҳуҷраи ман даромада, бо бамбук ба сарам мезад. Ба зудӣ ман пеш аз садо додани қадамҳои ӯ бедор мешудам, то ки барои ба ӯ салом гуфтан тайёр бошам. Аммо ӯ ҳамеша барои задани ман баҳона меёфт. Лоусӣ маро ба таври даҳшатовар мезад. Тақрибан баъди як моҳ ман ба ин лату кӯбҳо одат кардам, агарчи ба онҳо тоб овардан ҳамеша душвор буд. Лоусӣ бо химчаи навдаҳои нави бамбук ба гӯшҳоям мезад, гоҳо то хуншор шуданам. Дар айни ҳол ӯ ҳеҷ гоҳ намефаҳмонд, ки чаро маро мезанад. Ӯ маро Ло хан тзюй-ло, яъне «Иблиси хурдакаки аҷнабӣ» меномид, ва «аз ман зада берун кардани рӯҳи кулӯлачашмҳо[2]»-ро барои худ кори пуршараф меҳисобид. Ба ман, ки ягона ворис аз ҷинси мард будам, бибӣ ва бобоям бояд тамоман дигар хел муносибат мекарданд. Мувофиқи ақидаи хитоиён, писарон ба авлод барор ва шараф меоваранд ва хитоиён онҳоро бисёр вақт «императорҳои хурд» меноманд. Писаронро на танҳо падару модар, балки бибиву бобоҳо эрка карда, ҳатто беш аз онҳо дӯст медоранд. Аммо агар гап дар бораи ман равад, бадии кор дар он буд, ки модарам ба шахси аҷнабӣ — итолиёвие ки дар Инглистон ба воя расидааст, оиладор шуда буд. Модарам бо ин кораш тамоми аҳли оиларо шарманда карда буд. Ва, аз афти кор, сазои ин рафтори ношоистаи модарро бояд ман медидам. Ман ҳар пагоҳӣ итоаткорона аз пайи Лоусӣ ба ҳавлӣ мебаромадам ва машқҳои пагоҳии худро сар мекардам. Дар давоми якчанд соат ман бо хилъати тунуки муслинӣ ларзида меистодам ва аз тарси зарбу лат ба бобоям ҳатто нигоҳ намекардам. Гоҳо ман ба бом ва деворҳои хона нимнигоҳе мекардам. Онҳо бо тимсолҳои аҷиб ороиш дода шуда буданд, ки дар байни онҳо аждаҳоён, мурғи самандар, аспҳои болдор, каркаданҳо ва кадом як шахсе савори хурӯс буданд. Дар аввал ман ҳаракатҳои аҷиби Лоусиро танҳо мушоҳида мекардам. Ӯ маро маҷбур мекард, ки ором истам ва чуқур нафас кашам: бо бинӣ ҳаворо дарун кашида, аз даҳон берун кунам. Ин машғулияти беҳад дилгиркунанда ва хастакунанда буд. Рӯзҳо ва ҳафтаҳо пайиҳам мегузаштанд ва ман суханони боборо мефаҳмидагӣ шудам. Чуноне ки ӯ ба ман фаҳмонд, машқҳои ӯ ба системаи тай-чӣ мансуб буданд — амалияе ки бе он ҳунари ҷангии кун-фуро омӯхтан ғайриимкон аст. Ба зудӣ ман фаҳмидам, ки бобоям устоди бузурги ҳунари қадимии ҷангӣ буд. Ҳамаи аҳли деҳа ӯро эҳтиром менамуданд. Барои ҳамин ҳам хонаи мо дар байни хонаҳои дигар калонтарин буд. Гоҳо он ба ман чун маъбади ҳақиқие дар болои кӯҳ метофт. Ҷузъиёти аслу насаби авлоди мо дар хотирам намондааст, аммо ман хуб медонам, ки бобоям аслан аз шимоли Хитой буд. Дар солҳои чилуми асри гузашта ӯ аз бадкирдориҳои истилогарони япон ба Кантон[3] фирор карда буд. Ӯ дар оилаи Су таваллуд шуда, бевосита аз авлоди Гун Су буд. Гун Су аз ҷумлаи «Панҷ шахси соҳибэҳтиром» буд, ки баъди дар соли 1768 дар давраи ҳукмронии сулолаи манчжурӣ хароб карда шудани маъбади Шаолин зинда монда буданд. Гун Су аз таъқиботи сиёсӣ пинҳон шуда, амалияи ҳунари ҷангии кун-фуро давом медод. Асрори ин ҳунар, ки аз насл ба насл дода мешуданд, то ба бобои ман, Чжен Лин Су, расиданд. Бобои ман роҳиби дайри Шаолин буда, аз мероси панҷасраи он ифтихор дошт. Пас аз солҳои зиёди омӯзиш дар маъбад ӯ тарзу усулҳои худро дар таълими ҳунари ҷангии кун-фу инкишоф дод. Ба зудӣ ӯ Устоди бузург ва соҳибэҳтироми кун-фу шуд. Аммо Чжен Лин Су писар надошт ва ин маънои онро дошт, ки авлоди Су бо ӯ қатъ шуда метавонист. Ҳамин тариқ, ман шогирди ғайричашмдошти ӯ шудам ва аз ман чизи зиёдеро интизор набуданд. Шояд аз ҳамин сабаб ӯ дар раванди омӯзондани ман усулҳои сахттаринро истифода мебурд. Ӯ медонист, ки ман, дурагаи «чашмкулӯла», дар зиндагӣ душвориҳо хоҳам дошт. Дар солҳои наздик Лоусӣ бояд ба ман бисёр сирру асрор ва ғановати ҳунари қадимиро меомӯзонд. Ва ман бояд шогирди боинтизоми ӯ, пайрави ҳақиқии соҳибмаълумот ва ҷанговари мағлубнашаванда — устоди ҷанги тан ба тан мешудам. Шогирди ҳақиқии мактаби ҳунарҳои ҷангӣ шудан — маънои қабул кардани тарзи зиндагиеро дошт, ки аз ҳамаи он чи дар ҷаҳони ғарб маълум аст, фарқ мекунад. Асоси чунин зиндагӣ интизом ва амалияи даосизм[4] аст. Мувофиқи ривоятҳои қадимӣ оиди ҳунарҳои ҷангӣ, падари кун-фу воизи буддоия аз Ҳиндустон, роҳиб Борҳидҳарма буд. Ба сокинони Хитой ӯ бештар бо номи Дамо маълум аст. Мувофиқи яке аз ривоятҳо, Дамо дар аввали асри шашум дайрро дар Ҳиндустон тарк карда, ба Хитой барои паҳн намудани дини буддоия равона шуд. Дар кӯҳсори шимоли Хитой оворагардӣ карда, ӯ дар дайри Шаолин сарпаноҳ ёфт. Маънои Шаолин ба забони хитоӣ «ниҳоли ҷавон» аст, ки ба шарофати чандирӣ, хам шуда ва алвонҷ хӯрда, ба бодҳо ва тӯфонҳои сахт тоб оварда метавонад. Аз рӯи талаби Дамо ба шогирдон малакаҳои медитатсияро[5] таълим медоданд ва ба ҷустуҷӯҳои доимии ҳақиқат равона мекарданд, аммо роҳибон гоҳ-гоҳ ҳангоми машқҳои медитатсиявӣ ба ғанаб мерафтанд. Дамо мефаҳмид, ки ин аз боиси сустӣ ва нотавонии ҷисмонии онҳост ва як қатор машқҳоро фикр карда баромад. Дар ин робита ӯ чунин мегуфт: Таълимоти Буддо ба ҷон (рӯҳ) нигаронида шудааст, аммо ҷон (рӯҳ) ҳамсафари доимӣ дорад — ҷисм. Ана барои ҳамин ман ба шумо усулеро пешниҳод мекунам, ки бо ёрии он метавонед қуввати худро дар сатҳи даркорӣ нигоҳ доред, то ки ба Буддо наздик шавед. Ин машқҳо пайдарҳамии муайяни ҳаракатҳоро дар раванди медитатсия дар бар мегирифтанд. Зиёда аз ин, машқҳои зикршуда унсурҳои асосии он ҳунарҳои ҷангӣ шуданд, ки ба роҳибони гӯшанишин ва роҳибоне ки аз як дайр ба дайри дигар сафарҳои доимӣ мекарданд, ёрӣ медоданд, то худро аз ғоратгарон ҳимоя кунанд. Аммо ҳатто дар чунин мавридҳо Дамо шогирдонро даъват менамуд, ки диққати худро на ба қувваи ҷисмонӣ, балки ба қувваи ботинии «тсӣ» равона кунанд. Тарҷумаҳои беҳтарини ин калима «нафаскашӣ», «рӯҳ» ё «қувваи зиндагӣ» мебошанд. Дар соҳаҳои тиб, фалсафа ва ҳам дар соҳаи ҳунарҳои ҷангӣ маҳз инкишофи қувваи тсӣ асоси эҷодиёти даосизм аст. Дар ҳавлии бобоям ман он вақт соатҳо бо машқи нафас машғул мешудам ва ин дар оянда ба қувваи рӯҳи ман бетаъсир монда наметавонист. Боре Лоусӣ ба ман либоси норинҷӣ пӯшонда, ба маъбади шаолинии маҳаллӣ бурд. Ҳангоме ки мо бо зинапояи беохир боло мерафтем, осмон кап-кабуд буд ва дар ҳаво бӯи хуше ба машом мерасид. — Бухури лодан ва гулҳои олуча, — гуфт Лоусӣ. — Мо бухур мекунем, то ки эҳтироми худро ба Буддо изҳор намоем. Ҳангоме ки бобо аз номи мо яке паси дигар чӯбчаҳои лодани фишурдашударо дармегиронд, ман итоаткорон аз пайи ӯ мерафтам. — Аз бӯи шифобахши он табъи ту дигаргун мешавад, ту осуда ва ором мешавӣ, — фаҳмонд ӯ. — Ҳангоме ки бо роҳи равшанфикр шудан меравӣ, чун дуди лодан мешавӣ, ки ба осмонҳо меравад. Сипас хоҷаам маро барои медитатсия ба макони хилват бурд. Дар роҳ ман пинҳонӣ ба роҳибоне ки бо тайёрии ҷангӣ машғул буданд, менигаристам. — Онҳо кафҳо ва соқҳои пойҳояшонро бо бандҳо мебанданд, — таваҷҷӯҳи маро пай бурда, фаҳмонд Лоусӣ. — Ин барои қавӣ гардондан ва ҳифз намудани пайвандҳо ҳангоми машқи зарбаҳо бо пой даркор аст. Ман медидам, ки онҳо бо кадом суръат ва қувва бо пошнаи пой зарба мезананд ва ба чашмонам бовар намекардам. — Услуби лаклак — ин яке аз услубҳои қадимтарини ҷанги тан ба тани шаолинӣ аст, — сар кард Лоусӣ ва ман бо диққат гӯш кардам, то ки суханеро нашунида намонам. — Боре роҳиб ҷанги байни маймун ва лаклакро дид. Гӯё маймун лаклакро ба осонӣ ду пора карда метавонад, аммо парранда аз маймун хеле зирактар буд. Қанотҳояшро кушода, лаклак ба маймун ҳуҷум мекард ва маймунро бо нӯлаш мезад ва баъд ба як сӯ меҷаст, то даме ки ин ҳайвони калонро аз худ дур кард. Аҳамият деҳ, ки ҳаракатҳои роҳибон то чӣ андоза зебоянд, — мефаҳмонд Лоусӣ, — чӣ тавр бо як пой сахт ва дур зада, ба пои дигар рост меистанд. Нигоҳ кун, чӣ тавр онҳо бо дастҳо амал мекунанд, гӯё нӯли лаклак кор мекарда бошад. Дар оянда ман на танҳо услуби лаклакро, балки бисёр услубҳои дигари кун-фуро аз худ намудам. Қариб яку ним ҳазор услубҳои ҳунари ҷангии шаолинӣ ҳастанд. Тақлиди ҳаракатҳои ҷонварон машқи классикӣ, қадимии ҳунари шаолинии кун-фу аст. Одам аз ҳайвон беқувваттар аст ва чунон ки хоҷаам ба ман таълим дода буд, барои зинда мондан ӯ бояд ба ақли худ такя кунад. Ва инак, барои аниқ тақлид намудан ба ҳаракатҳои ин ё он ҳайвон одам бояд ҳунари беҳаракатии статикӣ ва суръатнокии динамикӣ, ҳаракатҳои мавзун ва ҳуҷумҳои барқворро ба дараҷаи аъло омӯзад ва низ мушоҳида кардан ва мувофиқи вазъият амал намуданро ёд гирад. — Акнун ин ҷо биё! Ман дарҳол нигоҳамро аз роҳибони машқкунанда ба сӯи бобоям гардондам. — Диққати худро ба ин алангаи оташ равона кун. Нигоҳи маро шамъи фурӯзон, ки Лоусӣ дар назди ман гузошт, ҷалб намуд. — Диққати худро ба ин шамъ равона кун ва ҳама чизи дигарро фаромӯш намо. Акнун нафас кашиданро сар кун. Мо дар маъбад ба шамъ нигариста, соатҳои зиёдро гузарондем. Пилкҳои чашмонам гӯё аз сурб пур шуда буданд ва ман дигар ба шамъ нигоҳ карда наметавонистам, аммо ҳамин ки чашмонамро пӯшонам, дарҳол бо асои бамбукӣ ба рӯям зарба мехӯрдам. Ҳар боре ки Лоусӣ гумон мекард, ки ман диққати худро суст карда, ба дигар чиз равона кардаам, ӯ маро мезад. Мақсади ин муроқибаи бисёрсоата пайдо намудани робита бо тсӣ буд. Ба ман талқин менамуданд, ки ҳама чиз дар ин ҷаҳон аз қувваҳои мусбат ва манфии коинот, ин ва ян, ба вуҷуд омадааст, ки онҳоро дар раванди дарк намудани тсӣ ба мувофиқат даровардан мумкин аст. Чуноне ки шогирдони дао меҳисобанд, тсиро дар ҷисми инсон чун ҷараёни қувва тасаввур кардан беҳтар аст. Маҳз тсӣ дар ҷисми инсон ҳама гуна ҳаракати мушакҳоро идора мекунад, функсияҳои системаи дилу рагҳо ва системаи марказии асабро ба низом медарорад. — Агар ту дар ҷисм ва ҷони худ тсиро пурра ба мувозинат дарорӣ, ба ҳолати равшан шудани фикр ва оромии ботинӣ мерасӣ. Он гоҳ дар ту қувваи фавқуттабиӣ ошкор мегардад, — таълим медод ба ман Лоусӣ. — Истифодаи тсӣ дар ҳунари ҷангии кун-фу асосӣ мебошад, — давом дод ӯ. — Ин қувва ҳамеша дар ҳаракати беист аст. Бобоям дасташро ба зарфи хурди об андохт ва баъд онро баровард ва дар нӯги ангушти ишорати ӯ қатраи об овезон шуд. — Ана қатраи об. Он танҳо қатра аст, беозор, фурӯтан ва беқувват. Аммо чӣ чиз дар рӯи замин ба қувваи тсунамӣ муқобил истода метавонад? Мавҷҳои хурӯшон метавонанд заминро хароб гардонда, ҳама чизро дар пеши роҳи худ баркананд. Истифода бурдани қувваи тсиро ёд гир, писараки ман. Ба ҷараёни қувваи умумиҷаҳонӣ ворид шав ва ту қувваеро ба даст меоварӣ, ки аз имкониятҳои ҷисмонии ту чандин баробар зиёдтар аст. Бо мурури солҳо дастурҳои Лоусӣ оиди идора кардани қувваи тсӣ барои ман ҳарчи бештар фаҳмо мешуданд. Ман тсиро «худои ботинӣ» ва сарчашмаи қувваи худ мепиндоштам. Ба воситаи тсӣ қувваи ҷисмониро идора карда, ман бо дасти холӣ шикастани хиштҳо ва дигар корҳои ҳайратоварро омӯхтам. Ман метавонистам ҳаракати ҳарифро дар торикӣ пай барам ва дарди даҳшатоварро ба тамоми ҷисми худ баробар тақсим карда, ба он тоб оварам. Тамоми зиндагии ман ба омӯхтани ҳунари ҷангии кун-фу равона гардида буд. Маро, ки шахси навомада будам, маҷбур мекарданд тамоми кори сиёҳ ва душвори хона ва маъбадро ба ҷо оварам. Дар тамоми ин муддат Лоусӣ ҷисми маро ба таври хеле ҷиддӣ ба машқҳо тайёр мекард. Яке аз машқҳои аввалине ки ӯ ба ман нишон дод, даровардани даст ба сатили рег буд. Ман соатҳои дароз таҳти назорати қатъии бобоям ин машқро иҷро мекардам, то даме ки дар дастонам захмҳои хуншор пайдо мешуданд. Баъди якчанд ҳафта пӯсти ман чунон дағал шуд, ки ман акнун дардро ҳис намекардам. Он гоҳ Лоусӣ ба сатили рег сангчаҳои хурдро илова намуд ва тамоми ин амал аз нав сар шуд. Сипас ӯ сангчаҳои калонтарро илова намуд, баъд боз калонтарро, то даме ки ман дастонамро зуд ба сатил андохта, дар айни ҳол ҳеҷ захмдор нашуданро ёд гирифтам. Дар мавриди кору бори хона бошад ман барои чорво масъул будам. Бобо ва бибиям соҳибони киштзорҳои шолӣ буданд ва ғайр аз ин мо мурғон, бузҳо, говон ва асп доштем. Вақте ки ман корҳои хоҷагиро ба ҷо меовардам, маро одатан ором мегузоштанд ва ман метавонистам аз зарбу лати бераҳмонаи Лоусӣ хавф набарам. Дар байни чорво ман оиди азобҳои сахти вобаста бо машқҳо зери назорати қатъии бобоям ва оиди нафрате ки ба ӯ доштам, фаромӯш мекардам. Гуногунии дигар барои ман ҳамроҳи бибиям ба бозор рафтан буд. Албатта, лозим меомад, ки сабадҳои вазнини молҳоро бардошта биёрам, аммо ин аз зарбу лати бераҳмонаи бобоям беҳтар буд. Бозор серғалоғула ва рангоранг буд. Одамон савдо карда, дар айни ҳол дод мезаданд, то ки овозашон аз тақ-тақе ки аз хаймаҳои зиёди барои бозии маҷонг[6] гузошташуда шунида мешуд, баландтар шунида шавад. Дар ин ҷо моли зиндаро: сагҳо, қозҳо, харгӯшҳо, паррандагон, хазандагонро дар қафасҳо ва ҳама гуна моҳиёнро дар аробаҳои калони чӯбин мехариданд ва мефурӯхтанд. Ман ба бибиям наздиктар меистодам, то ки «одам-хазанда» маро набинад. Ӯ пирамарди хамидақомате буд, ки риши сафеди сирак, мӯйлаби сирак дошт ва рӯяш ба себи дар тафдон пухта монанд буд. Дар ангуштони хушкидаи ӯ нохунҳои дарози зардшуда буданд, ки ӯ бо нохуни тези ангушти калонаш сари сангпушти обии хӯрданибоби мефурӯхтаашро бурида метавонист. Дар дӯкони ӯ ҳар гуна ҳашарот ва морҳоро дар шаклҳои гуногун — зинда, кушта тозакарда ва хушконида дидан мумкин буд. Барои ман боз як ҷои ҷолиб дорухона буд. Ман ба он таваҷҷӯҳи махсус доштам. Дар фарш контейнерҳои калони шишагин бо морҳои айнакдори бузург гузошта шуда буданд, дар рафҳо аз ин ҳам даҳшатноктар — қатори зарфҳои шишагӣ бо узвҳои бадани ҳайвонот, каждумҳо, гамбускҳои андоза ва шаклҳошон гуногун, занбӯрҳо ва морҳое ки дар кадом як моеи хеле бӯйнок спиртонида шуда буданд. Чун ҳозир дар ёд дорам, ки бибиям ҳамеша бо фурӯшандаи алафҳо мунозира мекард. Ман бошам аз қаланфури беҳад калон, хокаҳои гуногуни рангоранг ва решаҳои ба одам монанд, ки бибиям барои тайёр кардани нӯшокии женшен ва занҷабил мехарид, ҳайрон мешудам. Аз кӯча бӯйҳои ҷолиб меомаданд — мардум дар канорҳои кӯчаҳо нишаста, дар «вок»-ҳои калон — дар дегҳо хӯрок мепухтанд. Чунин метофт, ки дар солҳои 70-уми асри ХХ қисми зиёди Кантон бо сохтмон машғул буд. Хитоиҳои шиппакпӯш ва пойлуч дар чӯббастҳои бамбукӣ ҳақиқатан ба таври мӯъҷизаосо кор мекарданд ва дар назди хонаҳои маҳаллии назарногир биноҳои азими типи ғарбӣ месохтанд. Аз фолбинҳои шилқин ва чӯбчаҳои бӯйноки онҳо канораҷӯӣ карда, ману бибиям аз болои ҷойҳои бо cангреза пӯшидашуда ва хорзори бозоргоҳ мерафтем. Диққати маро хушнависон, ки дар кӯча кор мекарданд ва албатта, матне ки бо мӯқалам ва туш менавиштанд, ба худ ҷалб менамуданд. — Хушнависон дар коғази махсусе менависанд, ки аз пӯсти дарахтон ва хаси мулоими шолӣ тайёр мекунанд, — ба ман мефаҳмонд Жоумо. — Мардум ба онҳо барои он муроҷиат мекунанд, ки барояшон мактуб нависанд ё ягон ҳуҷҷати муҳимро тартиб диҳанд. Аз эҳтимол дур аст, ки бибиям ба ман ягон хел ҳиссиёти гарм дошта бошад, агарчи оиди таърих ва анъанаҳои халқи мо бо майли зиёд нақлҳо мекард. Дар Хитой идҳои зиёдеро ҷашн мегиранд ва дар байни онҳо Соли Нав иди муҳимтарин аст. Тақвими қамарии хитоӣ дар асоси ҳаракати Моҳ дар атрофи Замин тартиб дода шудааст. Сол дар он ба дувоздаҳ моҳи қамарӣ тақсим карда шудааст. Доираи тақвимӣ ҳар дувоздаҳ сол такрор мешавад ва ҳар сол номи ягон ҳайвонеро дорад. — Чуноне ки қиссаи қадимии хитоӣ нақл мекунад, Буддо пеш аз он ки заминро тарк кунад, ҳамаи ҷонваронро назди худ хонд, — мегуфт ба ман Жоумо, — аммо танҳо дувоздаҳтои онҳо барои бо ӯ видоъ кардан омаданд. Барои подош додан ба ҷонвароне ки омада буданд, Буддо ваъда дод, ки солҳоро аз рӯи тартибе ки ин ҷонварон назди ӯ омада буданд, номгузорӣ кунад. Ҷонварон оиди он ки кадоме аз онҳо аввалин шуда омада буд, баҳсу мунозира карданд. Дар охир онҳо ба қароре омаданд, ки мусобиқа ташкил намоянд: номи аввалин ҷонваре ки то соҳили дигари дарё мерасад, дар силсилаи солҳо аввалин мешавад, солҳои дигар аз рӯи тартибе ки ин ҷонварон аз дарё мегузаранд, номгузорӣ мешаванд. Ва инак, дар соҳил саф кашида, ҳамаи дувоздаҳ ҷонвар худро баробар ба об партофтанд, аммо калламуш ба пушти гов чунон ҷаст, ки гов ҳис накард. Ҳангоме ки гов аз ҷонварони дигар пеш гузашта, аллакай ба соҳили дигар баромаданӣ буд, калламуш аз болои гов ҷаста, аввалин шуда ба соҳил расид. Дигарон бо тартиби зерин омаданд: паланг, харгӯш, мор, асп, гӯсфанд, маймун, хурӯс ва саг. Хук хеле сустҳаракат буд, бинобар ин охирин шуда омад. Ин қиссаро Жоумо ба ман борҳо нақл мекард. Дар айни ҳол ӯ ҳикоятро ба охир расонда, қоҳ-қоҳ механдид, зеро хуки бечора ва танбал ба ӯ хеле хандаовар ва аҷиб метофт. — Аммо ту дар соли хурӯс (мурғ) таваллуд шудаӣ, — мегуфт ӯ ба ман. — касоне ки дар ин сол таваллуд шудаанд, ҳамеша бо кор машғуланд. Онҳо зуд қарор қабул мекунанд ва аз баён намудани ақидаи худ наметарсанд, аммо эҳтиёт бош, — огоҳ кард маро бибиям, — хурӯс худсито ва худдонам буда метавонад. Ва ба ман бо диққат нигариста, илова менамуд: — Ту хеле ҷасур ва далер мешавӣ. Соли Нав наздик меомад. Фаро расидани онро ҳама бо ҳаяҷони афзуншаванда интизорӣ мекашиданд. Рӯзи бистуми моҳи дувоздаҳуми тақвими қамарӣ ҳамеша ба рӯбучини калони ҳарсолаи хона бахшида мешуд. Бибии ман ин рӯбучинро «рӯбучини асосҳо» меномид. Дар ин рӯз ҳамаи гӯшаву канорҳои хонаро тоза кардан даркор буд. Ман ба бибиям дар кори ба деворҳо ва дарҳои хона овехтани наворҳои коғази сурх ёрӣ медодам. Дар онҳо бо хати зебо иероглифҳо — табрикот ва таманноҳои нек ба аҳли оила сабт ёфта буданд. Мо хонаро бо гулҳо, мандаринҳо, апелсинҳо ва грейпфрутҳои калони нокмонанд, ки дар ин ҷо онҳоро «помело» меноманд, оро додем. — Онҳо ба мо хушбахтӣ ато мекунанд ва сарват меоваранд, –меваҳоро бодиққат ҷо ба ҷо карда, гуфт бибиям. (Дар асл ин ақида аз ҳаммонандшавии калимаҳои пайдоишашон гуногун ба вуҷуд омадааст: калимаи «мандарин» ба забони хитоӣ бо калимаи «хушбахтӣ» як хел талаффуз карда мешавад, аммо дар навишт фарқ мекунад; ҳаминро нисбати калимаи «апелсин» ва «сарват» низ гуфтан мумкин аст.) — Хонаро ба тартиб меоварем, ба ид тайёрӣ мебинем ва Тзаован — рӯҳи ошхонаро гусел мекунем, — фаҳмонд бибӣ. — мувофиқи ривояти қадимӣ, Тзаован дар рӯзи якуми соли нав, ҳангоме ки ҳамаи сайру гаштҳо ва тантанаҳои идона ба охир мерасанд, бармегардад. Умуман, кор бисёр буд. Ҳамаи зиёфатҳоро пеш аз соли нав тайёр кардан даркор буд, чунки ҳамаи асбобҳои тез, бурандаро, аз қабили корд ва қайчӣ, дур кардан даркор буд, то ки ба «хушбахтӣ»-и солинавӣ халал нарасонанд. Дар арафаи Соли Нав дар хонаи мо ҳамаи аъзоёни авлод ҷамъ шуданд. Ин одамон аз тамоми гӯшаҳои Хитой омада буданд ва дидани он шавқовар буд, ки бибиям ҳангоми ба меҳмонон хизмат расондан ба ҷойҳои нишасти холӣ, ки барои меҳмонони наомада муқаррар шуда буданд, наздик мешавад. — Ин аз он сабаб карда мешавад, ки онҳо рӯҳан бо мо мебошанд, агарчи ҷисман ғоиб ҳастанд, — фаҳмонд бибиям. Ман пурсиданӣ будам, ки оё дар ин ҷо барои модарам низ ҷой ҳаст, аммо ба ҳар ҳол напурсидам. Бисёрии меҳмонон ба ман, чун бобоям, бо нафрат муносибат мекарданд, аммо ҳамроҳи хешовандони калонсол кӯдакони онҳо низ омада буданд — духтарони холаҳоям — ва ақаллан бо онҳо бозӣ кардан бароям муяссар шуд. Дар байни меҳмонон як хонумаи пиронсоли пуртабассум буд, ки гоҳ-гоҳ ба ман нигариста, шӯхиомез чашмакӣ мезад. Номи ӯ Ли Мэй буд, яъне «Олуи гулкарда». Ӯ хоҳари бобоям буд. Хоҳари дигари бобоям, Ли Вэй, ба номи худ — «Садбарги зебо» ҳеҷ мувофиқат надошт. Ба фикрам, ӯ бадафт буд. Ӯ ба ман, чун бобоям, даррандавор менигарист. Нисфишабӣ, баъди зиёфат, маро ҳамроҳи дигар кӯдакон маҷбур карданд, ки ба бобо, бибӣ ва дигар калонсолон ба рамзи эҳтиром таъзим кунем. Ман итоаткорона ҳамаи гуфтаҳои онҳоро ба ҷо овардам, аммо чун пештара онҳоро бад медидам. Дар иди Соли Нав ба мо лифофаҳои сурхи «лай-сэ» тӯҳфа карданд. Дар онҳо мактуб бо таманноҳои хушбахтӣ ва андак пул буд. Ҳар кадоми мо дар тан куртаи нав доштем. Бобоям костюми шоҳии сурх пӯшид, ки дар он бо риштаҳои зард тасвири аждаҳоро гулдӯзӣ карда буданд. Ман зуд ба ҳаёти нави худ дар Хитой одат кардам, аммо фаҳмидам, ки барои ин одамон ман ҳамеша бегона мемонам. Модарам дар Инглистон аз симои шарқии ман фахр мекард, аммо барои хитоиён ман пеш аз ҳама «иблиси аҷнабӣ» будам. Аллакай дар синни шашсолагӣ ман ошкор намудам, ки маҳз аз ҳамин сабаб ҳамаи атрофиён, ҳатто кӯдакон, ба ман ҳамдардӣ, фаҳмиш, раҳмдилӣ зоҳир намекунанд. Боре, ҳангоми аз бозор ба хона баргаштан, ману бибиям қарор додем, ки дар назди ҳавз истироҳат кунем. Жоумо дар соя дароз кашид, ман бошам ба об сангчаҳо партофта, дар гирди ҳавз мегаштам. Ногоҳ ман ба иҳотаи бачаҳои ношинос афтода мондам, ки аз ман андаке калонсолтар буданд. — Эй кулӯлачашм, ту дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ? — пурсид яке аз бачаҳо ва сӯи ман туф кард. Ман аз ин амали ғайричашмдошт ба изтироб омада, фаҳмидан мехостам, ки чӣ гуноҳ кардаам ва онҳо ба ман чӣ гуфтан мехоҳанд. — Ӯ ҳатто ба забони мо гап намезанад, — хандид бачаи дигар ва ба даҳонам зарбае зад. — Ҳа, кулӯлачашм, ягон гап зан, мо гӯш мекунем. Ман аз мазаи хун дар даҳонам тарсида, чизе гуфтам, аммо онҳо ба рӯям боз як зарба заданд. Ин дафъа зарба чунон сахт буд, ки ман мувозинатро гум карда, ба лой афтидам. Ҳамон замон тамоми он гурӯҳ ба ман ҳуҷум овард. Онҳо аз мӯйҳоям кашола карда, бо дастону пойҳояшон мезаданд. Ман нафасгир шуда, бибиямро ба ёрӣ ҷеғ мезадам, аммо бибиям ҷавоб намедод. Бачаҳо ҳанӯз ҳам маро мезаданд ва суханони таҳқиромез мегуфтанд. Овозҳои хашмгини онҳо муддате дар сарам садо медоданд, сипас ман ба торикӣ фурӯ рафтам ва дигар на зарбаҳоро ҳис мекардам, на нидоҳоро мешунидам. Оромии пурра фаро расид. Ва ҳеҷ гуна дард набуд. Ман пурра дар нестӣ ҳал шудам. Ман якчанд рӯз пас дар бемористон ба ҳуш омадам. Ҳар ду дастам ва як поям дар гипс буданд. Ҳамин ки меҷунбидам, дарди сахте ба тахтапуштам таъсир мекард. Боре шабона, дар бемористон, нимхобу нимбедор, ман дар назди кати худ Лоусиро бо як марди бегона дидам. Ман ҳамаи суханони онҳоро нашунидам, аммо аз порчаҳои суханони онҳо фаҳмидам, ки гурӯҳи бачагоне ки маро задаанд, ба онҳо маълум аст. — Ин бачаҳо аз «Сегона»[7]-и Шанхай мебошанд, — гуфт ношинос, — ба хонаи яке аз оилаҳои маҳаллӣ ба меҳмонӣ омадаанд. — Онҳо намедонистанд, ки киро мезананд, — гуфт Лоусӣ бо табъи хира. — Айнан ҳамин тавр. — Ҳа, ва дар ин оила онҳоро хеле қатъӣ ҷазо доданд ва пирони онҳо бо ту вохӯрданӣ ҳастанд, то ки аз ту марҳамат ва омурзиш хоҳанд. Пас аз ин воқеа бачаҳои аз Шанхай омада кӯшиш мекарданд, ки ба чашмони ман намоён нашаванд. Ҳамаи онҳо аз оилаҳои «Сегона» (мафияи хитоӣ) буданд, ҳамаашон ҳунари ҷангии кун-фуро медонистанд. Аммо хуб мефаҳмиданд, ки ҳеҷ гоҳ ба сатҳи тайёрии ман баромада наметавонанд. Агар онҳо он вақт медонистанд, ки ман шогирди Чжен Лин Су ҳастам, ҳеҷ гоҳ ҷуръат намекарданд оилаи маро шарманда кунанд ва умуман бо тарси эҳтиромона ба ман наздик мешуданд. Дар байни хитоиён чунин воқеаҳо ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешаванд. Баъди солҳои зиёд он бачаҳое ки ба ман дарафтода буданд, ҳанӯз ҳам аз натиҷаҳои он хатои давраи кӯдакӣ метарсиданд. Боре, ҳангоме ман ба воя расида, баъди муддати зиёд ба деҳаамон баргаштам, ба ман хабар расонданд, ки яке аз дарафтодагон гумон кард, ки ман барои қасос гирифтан омадаам. Ӯ чунон тарсид, ки ҳатто тайёр буд бо аҳли оилааш ба вилояти дигар кӯчида равад. Он вақт ман ҳафтаҳои зиёдеро дар бемористон гузарондам, аммо ҳамин ки аз бастаҳои гипс озод шудам, устодам маро ба ҳавлӣ баровард, то ки машқҳоямро давом диҳам. Ман аз дард чунон азоб мекашидам, ки чашмонам беихтиёр аз ашкҳо пур мешуданд. Ман медонистам, ки устодам инро чашми дидан надорад. Ва дар ҳақиқат, ҳамин ки ашки аввалин ба рухсорам ҷорӣ шуд, бо чӯби бамбукӣ ба гӯшам зарба хӯрдам. Нафрат ба ин шахс дар дарунам ба ҷӯш омад. Ман он вақт шашсола будам, аммо ӯро бо тамоми ҳастии худ, бо ҳамаи ҳуҷайраҳои ҷисми худ бад медидам. Ҳамон шаб ман арақшор бедор шудам. Садои ҳашарот шунида мешуд. Ман фаҳмидам, ки ба зудӣ субҳ фаро мерасад. Дар хона оромӣ ва осудагӣ ҳукмфармо буд, аммо аз боиси хоббиниҳои даҳшатовар ҳисси бадбинӣ дар ман ба авҷи аъло расид. Ман аз захмҳои нав худро нохуш ҳис мекардам ва дар ҷойгаҳам тоб хӯрда, хобам намебурд. Симои бобои бераҳм бо асои бамбукӣ тахайюлоти маро таъқиб менамуд. Ба ман чунин метофт, ки ин ҳеҷ гоҳ ба охир намерасад. Оё ман боз ба як рӯзи дигар тоб меоварда бошам? Агар ҳамааш такрор шавад, ман танҳо як роҳ дорам. Ҳангоме ки ман нӯг-нӯги пой ба ошхона мерафтам, чунин метофт, ки тапиши дилам дар тамоми хона садо медиҳад. Дар он ҷо дар қуттии калон Лоусӣ баъзе лавозимоти ҷангиро нигоҳ медошт. Мо аслиҳаи ӯро ҳар рӯз тоза мекардем ва сайқал медодем, бинобар ин ман чизи даркориро даст-даст карда, ёфта метавонистам. Ман яке аз ханҷарҳоро интихоб карда, берун овардам. Теғи чун алмос тези он ҷило дода, рӯи маро равшан намуд. Моҳ аз паси дари бамбукии пушти тиреза фазои пеши маро равшан намуд ва ман суроби бобоямро, ки хобида буд, фарқ карда тавонистам. Дар масофаи наздик истода, ман бо хашм ва нафрат ба ӯ менигаристам. Ин ҳиссиёт маро чун мавҷҳо фаро мегирифтанд. Ногоҳ ман фаҳмидам, ки баланд ва вазнин нафас мекашам. Аҷибаш он буд, ки дар ҳамин лаҳза ба ман таълимоти ӯ ёрӣ расонд. Барои задани зарбаи марговар ором шудан даркор аст. «Диққати худро ба тсӣ равона кун, фикратро ҷамъ кун. Ақлат бояд ҷисматро идора кунад». Нафасамро ором карда, ман оҳиста назди кати бобоям омадам. Ӯ намеҷунбид. Ман ханҷарро дар болои сандуқи синаи ӯ боло бардоштам. Боби 3 «Эй Падари мо, ки дар осмонӣ! Исми Ту муқаддас бод...» — ин дуоро падарам гоҳо пеш аз хоб барои ман мехонд. Ӯ мегуфт, ки католик аст, зеро итолиёвӣ аст ва боз аз он сабаб ки Худо католикҳоро дӯст медорад. Аммо агар Худо ҳақиқатан вуҷуд медошт, ҳозир Ӯ маро фаромӯш карда буд. Дар ҷаҳони бераҳми ман Ӯ вуҷуд надошт. Ҳаёти ман дар Инглистон чунон дур ва хира метофт, ки аз он танҳо порчаҳои хотираҳо боқӣ монда буданд. Ман, масалан, симои падарамро ба ёд оварда наметавонистам. Конфутсий таълим медод: «Осоиш дар давлат аз тартиб дар оила сар мешавад... Одамоне ки дар рӯҳи дӯст доштани волидон тарбия ёфтаанд, ҳеҷ гоҳ ба дигарон нафрат ва беэҳтиромӣ зоҳир намекунанд». Конфутсий ҳамчунин оиди муҳаббат, шараф ва эътибор сухан ронда, онҳоро идеалҳои олитарини ҷамъият меҳисобид. Оиди шараф ва эътибор ба ман чизи дигар маълум буд. Ин мафҳумҳоро ба ман, ба ҳар як ҳуҷайраи ҷисми ҷавони ман бо чӯб зада, ворид менамуданд. Аммо муҳаббат? Муҳаббат чист? Ман ҳеҷ гоҳ онро намедонистам. Ман фарзанди нолозим, «иблиси аҷнабӣ» будам ва барои онҳое ки бояд маро дӯст медоштанд, танҳо шармандагӣ ва бадбахтӣ меовардам. Боиси ҳайрат нест, ки ман, кӯдаки шашсола, чунин нафрат доштам. Ва он ба осонӣ пайдо шуд. Ман дастаки ханҷарро фишурда, бо тамоми қувват дастамро бардоштам ва ... Ҳамин дам гӯё қуввае ба монанди торнадо ба ҳаракат омад. Дар як лаҳза Лоусӣ бо дасти чапаш дасти маро, ки дар он ханҷар буд, дошта гирифт ва ба тахтапушт тоб дод. Бо дасти росташ бобо аз гарданам дошта, маро ба фарш зер кард. Дертар ман ин усулро таҳти роҳбарии ӯ машқ мекардам ва борҳо дар амал истифода мебурдам. Техникаи «дим-ло»-ро барои блокировкаи фаврии ҳариф ихтироъ кардаанд. Ин усул техникаи «дим-мак»-ро ба хотир меоварад. Агар дар ин вазъият бобоям бар зидди ман «дим-мак»-ро истифода мебурд, ман ҳамон замон бо олами ҳастӣ падруд мегуфтам. Ангуштони Лоусӣ гарданамро сахт дошта истода, сарамро ба фарш зер мекарданд. Ман бо даҳонам нафас мекашидам, аммо хоҳони осудагии марг будам. Акнун, ба ақиб нигариста, ман ба ёд меоварам, ки чӣ тавр Лоусӣ табассуми сард мекард, дар ҳоле ки нигоҳи шикофкунандааш маро гӯё парма мекард. Аз афташ, ӯ маҳз ҳаминро дидан мехост — шаҳодати зиндаи он, ки бо вуҷуди хуни бегона доштанам, дар ман рӯҳи оилаи Су бедор шудааст ва он ба қадри кофӣ боқувват буд, ки мероси бебаҳои ҷанговарони Шаолинро аз худ карда тавонад. Он вақт ман тамоми ғазаби бобоямро донистам, бадбинӣ ва нафратеро, ки ӯ ба ман дошт, дидам. Бобоям аз мӯйҳоям кашола карда, аз хона баровард ва раҳ ба раҳ либосҳоямро кашида, дод мезад, ки ҳозир ба ман дарси бемонанди ибрат медиҳад. Ҳамин тавр ҳам шуд. Бобоям маро то ниммурда шуданам зад ва ба дарё, ба ҷараёни тези хунук ронд. Шаби хеле хунуки зимистон буд. Баъди якчанд соати дарди даҳшатовар ман беҳуш шудам. Ман дар бемористон ба ҳуш омадам. Маро хунук зада буд ва ман дар остонаи марг будам. Баъди ин воқеа дили ман чун санг сахт шуд. Ман пурра ба иродаи Лоусӣ тобеъ шуда, ба мутанти ваҳшӣ монанд будам, ки ба хоҷаи худ ром ва мутеъ шудааст. Ман мисли ӯ мешавам. Ман сазовори эҳтироми ӯ мешавам, ҳангоме ки дар сатҳи баробар зидди ӯ ҷангида метавонам. Ман қавӣ, ба мақсад нигаронидашуда ва қавиирода мешавам. Ҳангоме ки ман ҳаштсола шудам, шогирди комилҳуқуқ гардидам. Ман, чун навшогирд, доимо ба озмоишҳои сахт дучор мегардидам. Акнун Лоусӣ қаноатманд буд, ки ман худро пурра ба ҳунари ҷангии кун-фу бахшидаам. Аз ҳамин вақт ӯ ба ман асрори ҳунари худро нишон медод, алалхусус, ки ман дар айни замон ба омӯхтани асосҳои даосизм сар карда, ба роҳи равшанфикршавии даосӣ даромада будам. Таълим ва тайёрии техникии ман бо муваффақият пеш мерафт. Шогирдон бояд на камтар аз ҳашт соат дар як рӯз машқ карда, техникаҳои навро меомӯхтанд, қувваи ҷисмонӣ, суръат ва тобовариро афзун мекарданд. Мувофиқи тартиби рӯз ман қисми бештари вақтро ба машқ бо «мок чжун» («лӯхтаки чӯбин» ё «одами чӯбин») мебахшидам. Ин конструксияи оддӣ сутуни чӯбин аст, ки ба он чӯбҳои ғафси дарозиашон гуногун, ки тимсоли дасту пои инсон мебошанд, дар сатҳҳои гуногун зери кунҷҳои гуногун насб шудаанд. Одатан «мок чжун» ба корпуси махсус ё ба пояи мустаҳкам устувор карда мешуд. Лоусӣ «мок чжун»-и худро аз дарахте ки дар ҳавлии мо мерӯид, тарошида буд. — Бо ёрии «мок чжун» ту мавқеи худро хуб муайян намуда, кунҷи ҳуҷум ва дурии зарбаҳоро аниқ андозагирӣ карда метавонӣ, — ба ман мегуфт Лоусӣ. — интихоб кардани усулҳои самараноктаринро ёд гир. Аз он вақт ман барои омӯхтани ҷанги наздик вақтро дареғ намедоштам ва «мок чжун»-и бегуноҳро бо дастону пойҳоям лату кӯб мекардам. Ман соатҳо бо шавқ мушоҳида менамудам, ки Лоусӣ бо дастони худ силоҳи анъанавии роҳибони Шаолинро месозад. Аз зери дастони ӯ теғҳои андоза ва дарозиашон гуногун мебаромаданд ва аз рӯи нақшаи дарсҳо ман бояд бар онҳо равған рехта, дар санг тез мекардам. Азбаски бобои ман устоди бузург буд, ӯ ҳамеша дар ҷустуҷӯҳои эҷодӣ буд ва силоҳи худро ихтироъ менамуд. Ман, ки ҳунари кун-фуро аз худ менамудам, чун шогирди бобоям, ҳатман аз ӯ таҷриба меандӯхтам ва маҳорат пайдо менамудам. Ҳар дафъа ҳангоми саёҳатҳо ману бобоям дарахтони даркориро таги чашм мекардем, то ки барои ходаҳо, калтакҳо ва найзаҳо маводи беҳтарин пайдо намоем. Мо бисёр вақт яке аз маъбадҳои буддоии Тибетро зиёрат менамудем. Маъбад дар ҷои зебоманзаре, дар иҳотаи бедҳои анбӯҳ ҷойгир шуда буд. Аз ин шохаҳои бед ходаҳои рост ҳосил мешуданд. Лоусӣ ҳамеша бо худ табарчаеро мегирифт ва мо навдаҳоро бурида, суфта метарошидем. Навдаҳо бояд мустаҳкам ва дар айни замон чандир мебуданд. Ба ман лозим меомад, ки мустаҳкамии онҳоро санҷам. Барои ин ман ходаро гирифта медавидам ва баъд бо ёрии он худро аз замин тела дода, ба осмон хез мезадам ва барои ҳарчи дуртар ҷастан кӯшиш мекардам. — Акнун бо диққат нигоҳ кун, — фармуд ба ман Лоусӣ ва яке аз ходаҳоро гирифта, усулҳои ҷангии роҳибони Шаолинро нишон додан гирифт. Ӯ бо суръати беҳад тез усулҳои асосии ҳимояро нишон дод. — Дар ёд нигоҳ дор, ҷанговари хуб пеш аз ҳама диққаташро ба ҳимоя равона мекунад. Ту бояд ҳамеша қадами навбатии ҳарифро пешбинӣ кунӣ. Мо бо ҳаждаҳ намуди классикии силоҳи Шаолин машқ мекардем, аз ҷумла бо гурз, найза, шамшер, соскан ва қамчин. Системаи тай-чӣ, ки ман аз рӯи он машқ мекардам, машқҳоро бо ҳамаи ин силоҳҳо дар бар мегирифт. Бисёр воситаҳои ҷангӣ барои афзун намудани қувва, инкишофи суръат ва чаққонӣ ҳамчунин барои тобоварӣ, зиракӣ, зудҳаракатӣ дар ҷанги тан ба тан истифода мешуданд. Машқ бо силоҳ хатари бештар дошт ва ман бисёр вақт зарбу лат мехӯрдам. Боре Лоусӣ ба ман ду калтаки кӯтоҳи бо банд пайваст кардашударо тӯҳфа намуд. — Нунчакуи оддитарин, — фаҳмонд ӯ. Ман бо шавқ мушоҳида менамудам, ки чӣ тавр ӯ нунчакуро ҳунармандона ба кор мебурд ва бо суръати зиёду аниқ ба ҳадафҳои пешакӣ муқарраршуда мезад. — Нунчакуи ба сӯи ҳариф партобшуда силоҳи марговар шуда метавонад, — огоҳ намуд ӯ. Ман ҳар рӯз нунчакуро машқ мекардагӣ шудам ва онро дар гирди сар ва баданам бо усули шабпарак давр мезанондам, то ки дастонамро боқувват намоям. Асоси ин техника зарурати бо суръати тез, ҳарчи наздиктар ба бадани худ ба кор бурдани ин силоҳ аст, аммо бе осеб расондан ба он. Аксар вақт ман аз ӯҳдаи нунчаку намебаромадам. Асосан дар ҳолати паси сар будани он. Баъди муддате Лоусӣ ба ман варианти боз ҳам хатарноктари ин силоҳро нишон дод — нунчакуи марговар: калтакҳои металлии бо занҷир пайваст кардашуда. Дар оянда ман қувваи ҷисмонӣ ва чаққониро бо ёрии гурзҳои кӯтоҳ, ки дастаҳои қулай доштанд, инкишоф медодам. Ин гурзҳои даҳкунҷа, аз металли сахт буданд ва вазни зиёд доштанд. Лоусӣ маро маҷбур мекард, ки соатҳои зиёд пайиҳам бо онҳо машқ кунам. Гоҳо ӯ маро назди дарё меовард, то ки аз рӯи системаи тай-чӣ дар зери об машқҳоро давом диҳам. — Дар об чун дар хушкӣ ҳаракат кун, — дод мезад ӯ ба ман аз соҳил, ҳангоме ки ман ба ҷараёни дарё муқовимат мекардам. — Диққати худро ба қувваи дохилӣ равона кун ва бигузор оби атрофи ту нест шавад, — аз садои об баландтар дод заданӣ шуда, мегуфт ӯ ба ман ва ман ба ҷараёни об муқовимат намуда, ҷисми худро маҷбур мекардам, ки суръатро кам накунам ва қувватро аз даст надиҳам. Ман ҳеҷ гоҳ ба фармудаи Лоусӣ шубҳа намекардам, ӯ бошад ҳамеша маро ба вазъиятҳои ҳудудӣ гузошта, маҷбур мекард, ки то ҳадди охирини қувва ва таҳаммул амал кунам. Ҳангоми машқҳо бобоям аксар вақт маро танҳо мегузошт, аммо ман бо ҳамон суръате ки дар ҳузури ӯ доштам, машқ мекардам. Таҷрибаи талхи ман нишон медод, ки ӯ ҳатто аз масофаи хеле зиёд маро назорат карда метавонист. Боре мо ба майдончаи назди хонаамон баромадем. Рӯзи хуби баҳор буд, офтоб нурпошӣ мекард, осмон кап-кабуд буд. Ӯ ба ман гурзҳоро дода, фармуд, ки машқро сар кунам. Ман то он вақте машқ кардам, ки дар тамоми баданам дард ҳис кардам. — Давом деҳ, — фармуд Лоусӣ ва рафт. Вақти зиёд гузашт. Бобоям намеомад. Шояд дар паси дарахтон пинҳон шуда бошад? Не, суръатро паст кардан лозим нест. Ман чандин соат боз машқ мекардам, аз шиддати беандоза ҳамаи мушакҳоям дард мекарданд. Ашкҳо аз рухсораҳоям мерехтанд. Лоусӣ вақти говгум баргашт. — Акнун метавонӣ истироҳат кунӣ, — гуфт ӯ. Бобо ҳеҷ гоҳ маро таъриф намекард ва дастгирӣ наменамуд, аммо ман бо тамоми вуҷудам ҳис мекардам, ки тадриҷан сазовори эҳтироми ӯ шуда истодаам. Тайёрии ҷисмонӣ танҳо як қисми шогирдии ман буд. Касе ки ҳунари ҷангии кун-фуро аз худ кардан мехоҳад, бояд донишҳои васеъ дошта бошад. Ман хушнависӣ, забонҳои хориҷӣ, таърихи кун-фуро меомӯхтам ва аз худи хурдсолӣ вақти худро бо мушоҳидаи рафтори ҳашарот, паррандагон ва ҳайвонот мегузарондам. Боре Лоусӣ қуттии хурди чӯбинро берун баровард. Ӯ онро чунон ба таври аҷиб дошта меистод, ки ман ба ӯ нигариста, аз кунҷковӣ ва... тарс шах шуда мондам. Бобоям маро ҷеғ зад ва ҳангоме ки ман наздик омадам, аз даруни қуттӣ бо гиро... каждумро баровард. — Нигоҳ кун, каждум чӣ гуна ҳаракат мекунад. Бо диққат нигариста, ҳеҷ чизро аз мадди назар дур нагузор. — пичирос зад Лоусӣ. — Вай ҳамеша ҳушёр ва ҳамеша ба муҳориба тайёр аст. Вақте ки ба вай мерасанд ва аз муҳити одатиаш берун мекунанд, ба вай маъқул нест. Ӯ махлуқи тортанакмонандро аз нешаш дошта, бардошт. Каждум девонавор ба ҳам мепечид. Бобо бо эҳтиёт онро ба кафи дасти худ гузошт. — Акнун каждум ором шуд, аммо нигоҳ кун, вай чун пештара ҳушёр ва омода аст. Ман бо тарси ғаризавӣ рафтори каждумро мушоҳида мекардам. — Ман чун пештара бояд кафамро рост нигоҳ дорам. Аммо фаромӯш накун, — маро огоҳ мекард бобоям, — даст қувваи худро дорад. Каждум набояд онро ҳис кунад. Ман аз ҷоям наҷунбида, нафасамро дарун кашидам. — Ҳозир бод вазида истодааст. Эҳтиёт бош, ки каждум аз ҷониби ту ҳеҷ хатареро ҳис накунад, ту бояд мувофиқи вазиши бод ҳаракат кунӣ... — таълим медод маро Лоусӣ. Бобоям боз якчанд сония каждумро дошта истод ва баъд онро барқвор ба замин партофт. Ман дарҳол ба як сӯ ҷастам ва ҳис кардам, ки хун ба рӯям давид. Бобоям махлуқи тортанакмонандро гирифта, ба қуттӣ андохт. — Дастатро дароз кун, — фармуд ӯ ба ман. Ман фармудаи ӯро ба ҷо овардам, аммо дастам сим-сим меларзид. — Акнун диққати худро ба нафаскашӣ равона кун. Тапиши дилро оҳистатар кун ва ором шав, он гоҳ арақ намекунӣ. Каждум дар дасти ту набояд тапиши набз ва намиро ҳис кунад. Ман диққати худро марказонида, нафасамро оҳиста кардам. Ин малака ба хуну ҷисми ман даромада, табиати дуюми ман шуда буд. Ман нафаскаширо идора карда, идора кардани вазифаҳои тамоми баданро ёд гирифта будам, бинобар ин акнун метавонистам дардро бартараф кунам ва ҳарорати баданро тағйир диҳам. Нафаскаширо суст карда, ман ҳис кардам, ки тарс аз байн рафт. Қуттиро кушода, Лоусӣ ба ман насиҳат намуд: — Дар каждум ҳал шав. Аз «ман»-и худ раҳо шав. Каждум шав. Фикр кун, ки вай пас аз ин чӣ мекунад? Вай чиро мебинад? Чиро ҳис мекунад? То даме ки ман ба муроқибаи мувофиқ фурӯ мерафтам, бобоям бо эҳтиёт махлуқи буғумпойро ба кафи дасти ман гузошта, нигоҳашро аз ман намеканд. Ман тамоман беҳаракат шудам, аммо ҳамаи он чиро, ки дар ҳавлӣ рӯй медод, мушоҳида менамудам. Вазиши ногаҳонии бод ё садои ғайричашмдошт метавонист каждумро ноором кунад ва ин барои ман фоҷиавӣ буда метавонист. Ҳангоме ки ӯ ба ман фармони даркориро дод, ман бо суръати барқ аз махлуқи тортанакмонанд халос шудам. Бобоям аз андешаҳои худ табассум кард. Аз худи аввали роҳи худ дар кун-фу ман ҳунари дар ин ё он махлуқ ҳал намудани «ман»и худро машқ мекардам. Ин техника асоси омӯзиши бисёр усулҳои шаолинӣ аст, ки аз рӯи номҳои ҷонварон номида шудаанд. Дар ҳавлии мо гаҳвораҷунбонҳо[8] зиндагӣ мекарданд ва Лоусӣ маро маҷбур мекард, ки соатҳои дароз ҳаракатҳои онҳоро мушоҳида кунам, то даме ки ман ба онҳо тақлид намуданро ёд гирифтам. — Танлан-тзюан (услуби гаҳвораҷунбон) дар шимоли Хитой дар замони ҳукмронии сулолаи императории Мин ихтироъ карда шудааст, — гуфт боре Лоусӣ ҳангоме ки мо якҷоя ин услубро меомӯхтем. Бобоям ҳангоми омӯзондани ҳар як услуби кун-фу қисса, афсона ё ривояти аҷиберо дар бораи он нақл мекард. — Чунин ҳисобида мешавад, ки асосгузори услуби гаҳвораҷунбон ҷанговари ҳунарманд Ван Лан буд; ӯ дар вилояти Шандун зиёда аз чор аср пеш зиндагӣ мекард. — Чуноне ки ривоят карда мешавад, ӯ аз маҳалли зисти худ ба маъбади Хэнан равона шуд, то ки ҳунари ҷангии кун-фуро аз худ намояд. Аммо сатҳи тайёрӣ дар ин маъбад ӯро ноумед кард. Ва инак, боре ӯ тасодуфан шоҳиди ҷанги гаҳвораҷунбон бо чирчирак шуд — ҳашароте ки назар ба гаҳвораҷунбон хеле калонтар ва боқувваттар аст. Ҳангоме ки дар ҷанг гаҳвораҷунбон ғолиб омад, Ван онро ба маъбад бурд, то ки ҳаракатҳои мавзун ва рафтори онро беҳтар мушоҳида намояд. Ӯ натиҷаҳои тадқиқоти нави худро бо донишҳои пештараи худ, ки тақлид ба амали фиребандаи пойи маймунро дар бар мегирифт, муқоиса намуд ва дар натиҷа асоси услуби шимолии гаҳвораҷунбонро гузошт. Ин ривоятро нақл карда, Лоусӣ ба ман таълим додани услуби танлан-тзюанро сар кард. — Усули асосии ҷангӣ дар услуби гаҳвораҷунбон — зарбаи кӯтоҳ ва тез аз як тараф аст, — ангуштонамро дар шакли сихҳои ин ҳашароти дарранда ҷамъ намуда, ба ман гуфт бобоям. — Ин усулро ҳангоми даркор шудани зарбаи ҳуҷумӣ, пешгирикунанда ё гардондани зарба истифода бар. Сипас ӯ баъзе ҳаракатҳои услуби «мушти олуи мэйхуа»-ро нишон дод, ки як навъи услуби гаҳвораҷунбон аст. Ӯ инро бо чунон суръате мекард, ки ҳангоме муштҳои ӯ стаккатои панҷзинагиро иҷро менамуданд, ман танҳо чашмонамро пӯшонда мекушодам. — Дар ёд нигоҳ дор, афзалиятҳои гаҳвораҷунбон — оромӣ, сабр ва қатъият аст. Ҳаракатҳои гаҳвораҷунбон ба ҳисоб гирифташуда ва хеле самаранок мебошанд. Гаҳвораҷунбон бисёр вақт усули тактикии ақибнишиниро истифода мебарад, то ки дар охир ғалаба кунад. Ҳамин тариқ, дар услуби гаҳвораҷунбон назар ба ҳуҷум бештар ба ҳимоя диққат дода мешавад, — гуфт Лоусӣ. — Танлан-тсюанро дар ҷанги воқеӣ чунин истифода мебаранд: банди дасти ҳарифро дошта, ба худ мекашем, сипас аз як тараф пеш омада, дасти хамкардаи худро зери оринҷи ӯ мегузорем. Дастро чун нуқтаи такягоҳ истифода бурда, аз як тараф зарбаи кӯтоҳ мезанем ва оринҷи ҳариф мешиканад. Ин усули қатъиро фаҳмонда, бобоям бо ангуштони дар шакли сихҳои гаҳвораҷунбон қаткардааш навдаи дарахти дар наздаш бударо дошта, бо зарбаи тез онро шикаст. Яке аз услубҳои дӯстдоштаи ҳунари ҷангии кун-фуи бобоям услуби ҷанубии мор буд. Аз худ кардани ин услуб назар ба бисёр услубҳо душвортар аст. Илова бар он, ин яке аз техникаҳои марговар аст. Дар ин услуб ба ҳуҷумҳои барқвори мори афъӣ, мори айнакдор ва питон тақлид намуда, зарбаҳоро бо нӯги ангуштон ба нуқтаҳои дард — ба рӯй, гардан ва ба узвҳои таносул мезананд. — Мор тӯъмаро то хуншоршавиаш газида, ба он захми марговар мерасонад, — гуфт ба ман Лоусӣ. — Вай неши тези худро ба ту мезанад — ин усули беҳтарини ӯст. Лоусӣ ангуштони маро мушт карда, ангуштони ишорат ва миёнаро рост кард. — Ҳадафи ту — рагҳои асосии хунгузар ва шараён аст, — дар пеши назарам техникаи зарбаи «даст-найза»-ро нишон дода, гуфт ӯ. Сипас дасти маро дошта, ангушти калонамро ба кафам зер кард. — Дар ин вазъият шиддатнокии динамикӣ боқӣ мемонад, айнан ба мисли кобра, — гуфт ӯ. — Кобра пеш аз ҳама нуқтаҳои нозук ва суст — асабҳо ва шараёнҳои асосиро ба нишон мегирад. Сипас Лоусӣ оиди он нақл кард, ки питон тӯъмаи худро чӣ тавр дошта мегирад: онро бо дандонҳояш мегазад ва дар айни ҳол бо ҳалқаҳои бадани худ фишор медиҳад. — Ғайр аз суръатнокии ҳаракат питон суботкор аст, — огоҳ кард маро бобоям. — агар ӯ ба тӯъма дарафтода бошад, онро дигар сар намедиҳад. — Пас, ӯ аз рӯи техникаи «дим-мак» амал мекунад? — пурсидам ман. — Айнан ҳамин тавр. Барои услуби мор чизи асосӣ — марказонидани қувваи ҳаётии тсӣ аст, — давом дод Лоусӣ. — Барои тақлид ба чангзании печон ва марговари мор, барои он ки бадани ту ба пружинаи оҳанин монанд бошад, ту бояд фавран аз як қисми бадан ба қисми дигари он гузарондани тсиро омӯзӣ. Танҳо ҷараёни тсиро дар бадани худ идора карда, ту услуби морро ба таври ҳақиқӣ аз худ карда метавонӣ. Боре, ҳангоме ки ману бобоям дар ҷангали паси хонаамон роҳ мерафтем, ба ман чунин тофт, ки дар буттазори ҷангал ҷонваре ҷаста гузашт. Дар раванди машқҳо ман дар ҳар лаҳза ҳушёр буданро омӯхта будам ва дар ин маврид ба таври автоматӣ идроки фароҳиссии (экстрасенсорӣ) ман ба кор даромад. — Ин паланги сафед аст, — гӯё фикрҳои маро хонда, гуфт хоҷаам. Ӯ оромии пурраро нигоҳ дошта, қадам мезад. — Вай дар кӯҳ зиндагӣ мекунад. Якуним километри охир вай аз пайи мо мерафт. Ва ту танҳо акнун онро пай бурдӣ? Мо роҳамонро давом додем ва Лоусӣ бо ман дар бораи палаги сафед гап зад: чӣ тавр вай зиндагӣ мекунад, ҳаракат мекунад ва чӣ тавр тӯъмаашро таъқиб менамояд. Мо боз каме роҳ рафтем ва баъд ба болои дарахт баромадем. — Акнун бо диққат мушоҳида кун. Дар охир вай дар пеши мо намоён мешавад. Охир, паланги сафед хеле кунҷков аст, — гуфт Лоусӣ. Мо дар болои дарахт муддати зиёд нишастем. Ногоҳ дар ялангии ҷангал ҷонвари хеле зебо ва хушнамуд намоён шуд. — Вай медонад, ки мо дар ҳамин ҷоем? — пурсидам ман. — Албатта. Масъала дар чизи дигар аст — вай чӣ кор мекунад? Мушоҳида кун, ки вай чӣ гуна ҳаракат мекунад. Оё вай хӯрдан мехоҳад? Ё танҳо вақтхушӣ карданист? Вақте ки паланг поида-поида аз байни дарахтон мегузашт, ман вайро мушоҳида мекардам. — Аз афташ, вай хашмгин нест, — гуфтам ман. Пичироси маро шунида, ҷонвар хамёзаи васеъ карда, дар байни фарнҳо ғел зад. — Вай тамоман гурусна нест... — хотирҷамъ шуда, гуфтам ман. — Ҳақ ба ҷониби туст, аммо нигоҳ кун — вай доимо ҳушёр аст. Ӯ ба пичироси мо гӯш медиҳад ва ҳангоме ки бод сӯи ӯ мевазад, бӯи моро ҳис мекунад. Аммо мо барои ӯ хатарнок нестем, аз ҳамин сабаб вай ором аст. Ман чашмонамро аз он ҷонвар карда наметавонистам ва наҷунбида, аз пашми зебо, рахҳои нотакрор ва қувваи тавонои вай, ки дар ҳар лаҳза метавонист бо табдили босуръати зарбаҳо ва ақиб ҷастанҳо иваз шавад, ба ваҷд меомадам. Дар ҳафтаҳои минбаъда мо доимо пайҳои ин палангро пайдо менамудем. Вай ҳеҷ гоҳ ба манзили одамон наздик намешуд, аммо бисёр вақт дар назди доманаи кӯҳ ба ҷангал поён мефаромад. Гоҳо барои ҷалб намудани диққати вай бобоям барояш гӯшт меовард. Он вақт ман ба тақлид намудани ҳаракатҳои паланг сар кардам. — На танҳо тарзи ҳаракати вайро, — гуфт Лоусӣ, — балки ҳамчунин фикрҳои вай, нафаскашии вайро фаҳмида гир. Ту бояд дар ҳама чиз айнан монанди вай фикр кардан ва амал намуданро ёд гирӣ. Танҳо ҳамон вақт ту услуби палангро аз худ карда метавонӣ. Боре мо паланги сафедро дар ҷангал, дар ялангӣ дидем, ки вай ба он ҷо барои бозӣ ва истироҳат меомад. Мо аз тарафи шамолпанаҳ ба вай наздик шудем, то ки вай моро пешакӣ пай набарад ва мо ба вай наздиктар рафта тавонем. Ҳангоме ки мо ба қадри кофӣ ба вай наздик шудем, паланг гӯё аз хоб бедор шуд ва думашро ҷунбонд, гӯё ки моро шодбош мегуфт. Лоусӣ ҳамон замон ба дарахти баланд баромад. Ҳеҷ кас беҳтар аз бобои ман ба дарахтон баромада наметавонист. Ман низ ба болои дарахт баромаданӣ будам, аммо ӯ маро боздошт. — Назди вай рав, — пичирос зад ӯ. Ҳа, мо ҳафтаҳои зиёд палангро аз масофаи наздик мушоҳида мекардем, аммо ман хуб мефаҳмидам, ки паланг ҷонвари хеле хатарнок ва бадхашм аст. Вай маро дар як лаҳза пора-пора карда метавонист. — Вай туро мешиносад. Ба вай чун яке аз кӯдаконаш наздик шав. Палангча шав. Тарсро як сӯ гузор, вагарна вай ба ту ҳуҷум мекунад ва ту ҳалок мешавӣ, — фармуд Лоусӣ ба ман. Ман нафасамро рост карда ба амал тайёр шудам. Ходаи дастамро оҳиста ба замин гузоштам, дастонамро поён карда, оҳиста ба ҷонвар наздик шудан гирифтам. «Вай набояд дар ман ягон хел хатарро бинад, — худро насиҳат мекардам ман. — танҳо ба пеши пой нигоҳ кардан даркор аст... ба вай рӯйрост нигоҳ набояд кард. Вай бояд маро мавҷуди осоишта ва безарар ҳисобад». Ба кам касон дар ҷаҳон муяссар мешавад, ки паланги сафедро дар озодӣ бинанд. Дар он рӯз ҷонвари бадхашм ва тавоно сари калонашро ба болои пойҳои дарозкардааш гузошта, чун гурбаи оддии хонагӣ ба ман имкон дод, ки паси гӯшҳояшро сила кунам. Ман ба хоҷаам нигариста, табассум кардам. Ҳамин дам аз тарафи ӯ садое шунида шуд — мисли он ки шохае шикаст. Ман дарҳол аз ҳолати марказонидани диққат баромадам ва аз ин воқеаи ногаҳонӣ дастамро ақиб кашидам. Паланг фавран аксуламал намуд ва бо панҷаи тавонояш маро сахт зад. Боварнокарданӣ, аммо пеш аз он ки вай ҷисми маро пора кунад, ман ақиб ҷаста тавонистам. Акнун, ҳангоме ки ман ҷунбидам, вай ҳолаташро дигаргун намуд, то ки бори дигар маро занад, аммо ин дафъа бо панҷаи дигараш. Ӯ бархестанӣ шуд ва ман фаҳмидам, ки ҳаракати навбатии вай барои ман марговар мешавад. Ман бояд ҳаёти худро ҳифз намоям. Бояд ба чашмони ҷонвар нигоҳ накунам. Ғаризаи табииро фурӯ нишонам ва нагурезам. Вагарна паланг дарҳол ба ман дармеафтад. Ба ҷои гурехтан ман дар ҳамон ҳолати фурӯтанона, ки дар аввал он тавр ба вай наздик шуда будам, наҷунбида истодам. Ман чашмонамро поён карда, панҷаҳои палангро мушоҳида мекардам, дар ҳоле ки вай бо диққат ба ман менигарист. Паланг бархестанро бас кард ва ҳангоме ки ман оҳиста ба ақиб қадам мондам, боз дар ҷояш дароз кашид. Лоусӣ маро бо таъзим шодбош гуфт. Бори аввал дар зиндагӣ ӯ маро бо ин нишонаи таваҷҷӯҳ сарфароз гардонд. — Ту кунҷков ва лаёқатманд будаӣ... гуфт ӯ ва аз он вақт маро «Ло Фу Тзай» меномид, яъне «Паланги хурдакак». Аз ҳамаи ҳайвоноте ки ман ҳаракатҳо ва рафторашонро мушоҳида мекардам, ба ман беш аз ҳама паланг маъқул буд ва албатта, ман ба услуби паланг таваҷҷӯҳ доштам. Дар ҳунари ҷангии кун-фу ин услубро пеш аз ҳама барои мустаҳкам намудани устухонҳо, пойҳо ва мушакҳо машқ мекунанд. Ҳаракатҳои кӯтоҳ ва бадхашмонаи ин услуб бо қувва ва тавоноӣ фарқ мекунанд. Паланг табиатан ҷангара нест ва то даме ки вайро ба ҳолати ноилоҷ нарасонанд, сабр мекунад, аммо баъд вай дар хашми худ боздоштанашаванда аст. Ҷанговаре ки услуби палангро истифода мебарад, дар ҷанги тан ба тан далерона ва бадхашмона меҷангад. Вазъияти «панҷаи паланг» дар ин услуб ҳангоми ҷанги бесилоҳ бар зидди ҳарифи силоҳдор хеле муфид аст. Силоҳи ҳарифи ҳуҷумкунандаро бо даст собит намуда ё ба ӯ имкони зарба заданро надода, ҷанговари кун-фу душманро аз афзалият маҳрум мекунад. Боре пагоҳӣ (ман он вақт даҳсола будам) Лоусӣ маро ба ҷангал бурд. Ҳанӯз хеле барвақт буд, субҳ акнун медамид. Мо чун ҳарвақта ба фикр фурӯ рафта, аллакай якчанд километр қадам задем, аммо ин дафъа мо бо роҳи ношинос рафтем. Дар охири хатти сайр мо назди платформаи тахтагине омадем, ки дар байни ду дарахти калон ба ресмони танидашуда овезон буд. Платформаи ҳаштгӯша тақрибан якуним метр қутр дошт. Аз тарафи поёни платформа садҳо сихҳои оҳанини дарозиашон якхела буданд. Вақте ки ман дар зери платформа замини кӯфта сахткардашударо дидам, гулӯям хушк шуд. — Ба зери платформа даро, — фармуд Лоусӣ ба ман. Ман чун ҳарвақта бечуну чаро итоат кардам. Дар зери платформа ман аз сихҳои даҳшатоваре ки дар рӯшноии субҳ таҳдидомез ҷило медоданд, чашм намекардам. — Ҳолати паланги ба ҷастан тайёрӣ медидаро бигир. Ман ҳамон ҳолати палангро гирифтам, бобоям бошад ресмони кашидашударо суст кард ва онро то даме поён фаровард, ки байни ман ва платформа қариб як сантиметр масофа монд. — Акнун поёнтар хам шав, бигузор суринҳоят ба замин мувозӣ бошанд. Ман итоат кардам. — Ин вазъияти паланги парӯ хобида аст, — гуфт Лоусӣ, — Ин вазъият барои ҷанг нест, аммо он барои мустаҳкам намудани мушакҳои пойҳо ёрӣ медиҳад. — Ӯ бо ин суханон платформаро боз поёнтар кард. — Эҳтиёт бош, нахез, — гуфт ӯ ба ман ва ба сӯи хона рафт. Ман муддати зиёд дар ин вазъият будам. Аллакай рӯз равшан мешуд. Ман арақшор шуда будам, агарчи то гармои нисфирӯзӣ ҳанӯз дур буд. Аз дард рагу пайҳои пойҳоям кашида мешуданд, аммо тарс аз сихҳои тез, ки дар болоям буданд, ба ман имкони ҷунбидан намедод. Ҳамон лаҳзае ки ман дар бораи Лоусӣ фикр кардам, ӯ гӯё аз зери замин дар пеши ман пайдо шуд. Лоусӣ оҳиста платформаро давр зада, вазъияти маро санҷид. Ӯ дид, ки ман ба ҳадди охирин расидаам. Арақ ва ашкҳо аз рухсораҳои ман мерехтанд. — Метавонӣ вазъияти худро сабуктар кунӣ — як поятро ба пеш дароз кун, — фармуд ӯ ба ман. Ман бо душвории зиёд поямро рост карда тавонистам, аммо баъди ин ҳақиқатан аҳволам беҳтар шуд, ақаллан рагкашии поям қатъ гардид. — Ин вазъият «камон ва тир» ном дорад, — гуфт ӯ. — Нигоҳ кун, як поят қатшуда ва чун камон таранг аст, пои дигарат бошад ба замин такя мекунад, аммо чун тир рост аст. Бо ёрии ин платформаи даҳшатнок Лоусӣ ба ман бисёр намуди ҳаракатҳоро ёд дод. Ҳар кадоми онҳо навъе аз намудҳои услуби паланг буд. Машқҳои мунтазами ман табдили босуръати нишастан ва бархостан, тоб хӯрдан ва хамидан аз вазъияти «камон ва тир» ба вазъияти «гурбаи ҳуҷумкунанда» ва ба воситаи тоб хӯрдан дар вазъияти «асп» истодан буд. Дар тӯли моҳҳои зиёди машқҳо дар зери платформа, дар ҳолатҳои гуногуни тайёрӣ ба ҷаҳидан ман иваз намудани мавқеъро омӯхтам. Пойҳои ман чунон мустаҳкам шуданд, ки мушакҳоям чун пӯлод сахт шуданд. Дастҳоям низ дар натиҷаи ин машғулиятҳо бо Лоусӣ боқуввату пуртоқат шуданд. Дарсҳои ӯ бе ин ҳам бераҳмона буданд, аммо ӯ боз дастонамро бо сангҳо ба поён зер мекард, дар ҳоле ки ман ба пойҳои карахтшудаам такя карда, дар зери платформа хам шуда будам. Дард тоқатфарсо буд, аммо ман бояд ба ӯ итоат мекардам. Тадриҷан бисёрии ин вазъиятҳо бароям чунон одатӣ шуданд, ки ман бе фикр, ба таври автоматӣ дар ин ҳолатҳо истода метавонистам. Гоҳ-гоҳ Лоусӣ санҷишҳо мегузаронд. Боре шабона ӯ ба хонаи ман даромада ба болои ман, ки хоб будам, як сатил оби хунук пошид. Ман дарҳол бедор шуда, аз ҷоям ҷаста хестам ва дар вазъияти ҷангии «асп» истодам, дар ҳоле ки чӣ воқеа шуданашро намефаҳмидам. Аммо Лоусӣ аз боиси дар вазъият нодуруст истоданам сахт сарзаниш кард. — Ин китфро пеш бурдан даркор аст, — дод зад вай ва бо мушташ ба дандонҳоям зад. Сипас бо оҳанги тамоман дигар ба ман фармуд, ки дар ҳавлӣ ба машқ ва медитатсия тайёр шавам. Боре Лоусӣ рангдони гаронбаҳо, маҷмӯи пероҳои хатнависии мисинро дар қуттича ва варақи тозаро аз сабад баровард. — Ман мехоҳам, ки ту ҳамаи он чиро, ки оиди истодан дар вазъияти ҷангии «паланг» аз худ кардаӣ, нависӣ. Ман бо ин вазифа аз машқҳои хастакунандаи ҷисмонӣ истироҳат ба даст овардам, агарчи лозим омад, ки аз саҳарӣ то бегоҳӣ нависам. Ҳавлии дарунии хонаамон бароям ҷои азобу шиканҷа метофт, аммо он рӯз дар танҳоӣ медитатсия карда, ман ногоҳ дидам, ки он ҷо хеле зебост. Дар пеши ман, болотар аз «дарвозаи моҳ», ки дар девори он сӯи ҳавлӣ буд, доманаҳои ҷанубии кӯҳҳои Хунук (ба хитоӣ Ханшан Си) ба назар ҷилвагар мешуданд. Аз нури равшани офтоб абрӯ чин карда, ман дар он ҷо суроби дайрро, ки аз буттазори зичи кассия болотар ҷойгир буд, дидам. Дар болои ман дар шифти хона ва дар деворҳои атроф ҳайвоноти афсонавӣ дар рақс шах шуда монда буданд. Ҳангоме ки чунин имконият пайдо мешуд, ман ҳамеша чун афсуншуда ба онҳо менигаристам. Баъдтар ман фаҳмидам, ки мувофиқи ақидаи мардум, тасвирҳои ин ҳайвонот хонаро аз рӯҳҳои бад ҳифз мекунанд. Чун аксари хитоиҳо, хешовандони ман хеле хурофотпараст буданд, аммо ҳунари ҷангии кун-фу ба ман бовариеро дод, ки ҳама гуна тарсро бартараф намоям. — Ғайр аз худое ки дар ботини туст, ҳеҷ худои дигар нест, — хаста нашуда, такрор мекард Лоусӣ. — Барои бартараф намудани тарси худ қуваи тсиро истифода бар. Лоусӣ аз ман ҳама гуна тарсро берун карда метавонист ва ӯ инро бо роҳҳои тамоман ғайриоддӣ мекард. Боре мо якчанд рӯз пайиҳам ба кӯҳе мебаромадем, то даме ки ба қуллаи қаторкӯҳ баромадем. Дарёи ваҳшӣ мехурӯшид, борон меборид, аммо Лоусӣ ба ман фармуд, ки машқҳоро сар кунам. Марказонидани диққат қариб ғайриимкон буд: шамоли сахт, қариб тундбод, либосамро аз танам мекашид ва ҳар лаҳза метавонист маро ба ҷарии танг ва чуқур ғалтонад. Андаке пас аз ин сафар Лоусӣ маро ба ҳар гуна мусобиқаҳо мебурдагӣ шуд. Мо маъбадҳои гуногуни Хитои континенталиро зиёрат мекардем. Мо аз Шандун ва Тангу (дар шимолу шарқ), ба воситаи Ланчжоу ва Чэнду то Тибет (дар ғарб) сафар мекардем. Гоҳо мо то худи Покистон мерасидем. Ба ман хунсардиро ёд медоданд, маҷбур мекарданд, ки эҳсосотамро фурӯ нишонам, аммо ҳар боре ки ба Ҳонконг мерафтем, ман хурсандии худро базӯр бозмедоштам. Ин дар охири солҳои 70-уми асри ХХ буд, ҳаёт дар ин ҷазира дар ҷӯшу хурӯш буд. Мошинҳои варзишӣ, одамон бо либосҳои ғарбӣ, рекламаи фурӯзони неонӣ ва мусиқӣ дар ҳама ҷо маро моту мабҳут мекарданд. Мақсади сафари якуми ман ба Ҳонконг дидани куматай буд. Агарчи куматай мусобиқаҳои ғайрилегалӣ мебошанд, бо вуҷуди ин дар Ҳонконг баробари дигар тамошобинон, кормандони полис ва дигар мансабдорон низ ба қимор пул мемонданд. — Дар ин ҷо бо услуби озод ва бо расиши пурра мусобиқа мекунанд, яъне ҷиддӣ, то марг. Ҷанговароне ки системаҳои гуногуни ҳунарҳои ҷангиро истифода мебаранд, дар ин ҷо метавонанд ҷони худро ба хатар гузошта, бо якдигар ҷанги тан ба тан кунанд, — фаҳмонд ба ман Лоусӣ, вақте ки мо дар тамошогоҳ ба ҷойҳои худ нишастем. Ин мусобиқаҳо (ва муҳите ки дар онҳо ҳукмфармо буд) аз мусобиқаҳои дигар, ки ман дар онҳо будам, фарқ мекарданд. — Ҳайвонҳои хунхӯр... — гуфт бобоям, ҳангоме дид, ки ман ба издиҳоми ба шӯр омада менигарам. — Ҳангоме ки ҷанговарон то мурдан меҷанганд, ҳамеша ҳамин тавр мешавад. Ман медонистам, ки худи Лоусӣ дар куматай иштирок кардааст ва на як бору ду бор. — Рӯзе фаро мерасад, ки ту ғолиб мешавӣ, — пешгӯӣ мекард бобоям. Ва ман хуб медонистам, ки ҳақ ба ҷониби ӯст. Боби 4 Ҳангоме ки ман дувоздаҳсола шудам, бобоям эълон намуд, ки маро баргардонда, ба Инглистон фиристодан даркор аст. Аз худи фикри вохӯрӣ бо падару модар маро ҳаяҷон ва тарс фаро мегирифт. Дар роҳ ба сӯи фурудгоҳ ман ва Лоусӣ ба хомӯшии тӯлонӣ ғӯтавар шудем, ҳар яке андешаҳои худро дошт. Ҳангоме ки мо ба фурудгоҳ наздик шудем, бобоям фаҳмонд, ки дар Лондон ман омӯзиши кун-фуро давом медиҳам. — Ман ба воситаи федератсияи байналмилалии кун-фу, ки дар Женева аст, маслиҳат кардам. Барои ту муаллим таъин менамоянд ва ман музди омӯзишатро пардохт мекунанд, — илова кард ӯ. Ароба бозистод. — Ман муваффақиятҳои туро назорат мекунам ва баъд, пас аз муддате, ту ба ин ҷо бармегардӣ. Ӯ бо ин суханон таъзим кард ва роҳи бозгаштро пеш гирифт. Ҳангоме ки ҳавопаймо ба осмон парвоз кард, ман оиди он фикр кардам, ки маро дар ояндаи наздик чӣ интизор аст. Дар давоми он ҳашт сол, ки ман дар Хитой гузарондам, борҳо назди волидон рафта будам ва гоҳо чандин моҳ бо онҳо мемондам. Лондони фаъолиятнок ва серҳаракат ҳамеша маро ба ваҷд меовард. Тамошои витринаҳои пур аз бозичаҳо, панкҳое ки дар майдони Трафалгар гашту гузор мекунанд, автобусҳои зебои дутабақа ва рӯшноии чашмбари чароғҳои Пикадиллӣ ба ман маъқул буд. Аммо зиндагии ман дар хонаи волидон ҳамеша душвор буд. Онҳо дар бораи Хитой ҳеҷ чизро шунидан намехостанд. Пеш аз ҳама ин ба модарам дахл дошт: ӯ бо ман чунон рафтор мекард, ки гӯё дар ҳаёти ман Хитой ҳеҷ гоҳ набуд. Дар ҳузури ман ӯ ҳамеша худро нороҳат ҳис мекард. Мо бо ҳам умуман гап намезадем. Он низ ёрӣ намедод, ки ман бо тамоми қувват кӯшиш мекардам ба англисӣ гап занам. Шеваи Кантон зуд забони модарии ман шуд. Албатта, модарам низ забони волидонашро медонист, аммо ман ҳеҷ гоҳ аз ӯ дар ин хусус напурсида будам. Бисёр чиз дар оилаи мо бароям ҳамчун сирр боқӣ мемонд. Дар курсии бароҳати ҳавопаймо нишаста, сафари охиринамро ба Инглистон, ҳангоме нӯҳсола будам, ба ёд овардам. Боре ман ҳамроҳи модарам ба супермаркет равона шудам. Чун ҳарвақта, модарам аробачаро бо ҳар гуна баққолӣ ва шириниҳо пур кард. Ман пай бурдам, ки модарам пакети харчангҳои баҳриро ба зери сумкааш ба таги аробача гузошт. — Оча, ту харчангҳоро фаромӯш кардӣ, — гуфтам ман бе ҳеҷ гуна фикри бад, ҳангоме ки ӯ ҳамаи молҳои интихобкардаашро дар назди кассир гузошт. — Оҳ, ман чӣ гуна фаромӯшхотир ҳастам! Инро бинед-а! — хиҷил шуда, гуфт модарам ва пакетро бароварда, боз ҳамёнашро кушод. — Парво накунед, — гуфт кассири ҷавон. — Ҳар кас хато карда метавонад. Ҳангоме ки мо аз мағоза баромадем, модарам хале хашмгин буд. Дар симои тираи ӯ кинаи нуҳуфта буд, аммо ман ба он аллакай одат карда будам. Маълум набуд, ки ин дафъа ман чӣ кори бад кардаам, аммо ба ҳар ҳол ман бояд хомӯш мемондам. Шояд, агар чунин воқеа боз такрор намешуд, ман онро ҳеҷ ба ёд намеовардам. Ин дафъа модарам як қуттӣ конфетҳои қиматро дуздиданӣ буд. Ҳангоме ки мо дар навбати касса истода будем, модарам қуттиро аз аробача бароварда, дар остини васеи палтояш пинҳон кард. — Оча, даркор не... — гуфтам ман, аммо дарҳол хомӯш шудам. Нигоҳи хашмгинонаи модарам аз суханон гӯётар буд. Ин хотираҳо маро ором намегузоштанд, ман замонҳои беҳтарро ба ёд оварданӣ шудам. Фикрҳо маро ба он рӯзҳое бозгардонданд, ки мо дар Эҷвер зиндагӣ мекардем. Падарам устои муваффақиятноки телевизион буд ва корҳои ӯ, аз афташ, хуб пеш мерафтанд. Боре, ҳангоме ки ӯ бегоҳӣ дер ба хона баргашт, ман нидоҳои хурсандона ва хандаро шунидам. Яке аз мизоҷон музди кори ӯро бо пули нақд додааст ва сухан дар бораи пули калон мерафт. Ӯ ба хона даромада, бандчаи пулро ба ҳаво партофт. Модар беҳад хурсанд шуда, пулро ғундоштан гирифт. Ман низ хурсандона мушоҳида мекардам, ки падарам аз миёни модарам дошта, бо ӯ дар мобайни хона ба рақс даромад. Чунин буд яке аз рӯзҳои ками хурсандона, ки дар хотири ман мондаанд. Аллакай якчанд соати парвоз гузашта буд. Ман ба ғурриши муҳаррикҳо гӯш медодам. Дар охир хобам бурд ва дар он лаҳза бедор шудам, ки ҳавопаймои мо аллакай ба фурудгоҳи Ҳитроу фуруд меомад. Стюардессаҳои хатти сайр, чун ҳамеша, хеле бодиққат буданд ва баъди ба охир расидани парвоз яке аз онҳо маро аз терминал гузаронда, то толори интизорӣ гусел намуд. Ман бо худ ҳеҷ гуна бағоҷ надоштам. Толори интизорӣ аз пешвозгирандагон пур буд. Ман дар байни издиҳом падару модарамро меҷустам. Ба зудӣ ман онҳоро дидам. Модарам, чунон ки ҳамеша ӯро ба худ тасаввур мекардам, дар тан куртаи зебо дошт, лабҳояш суп-сурх рангкарда ва мижаҳояш ғафси сиёҳ буданд, ранги туфлӣ ва сумкачааш ба ҳам мувофиқат доштанд. Аммо намуди падарам чунин буд, ки ман аз ҳайрат қариб нафасгир шудам. Ман ӯро қоматбаланди зебочеҳра, гандумгун ва бо мӯйҳои сиёҳи ҷингила дар ёд доштам. Акнун ман ӯро дар аробачаи маъюбӣ медидам. Ӯ хурдакак ва рангпарида метофт. Дар байни мӯйҳои сиёҳи ӯ мӯйҳои сафед пайдо шуда буданд. Ман бо таъзими сабуке бо волидон вохӯрдӣ кардам. Модар бо хиҷолат ва ноӯҳдабароёна аз рӯям бӯса кард. Дертар ман дар бораи бемории падарам баъзе чизҳоро фаҳмидам. Маълум шуд, ки ӯ кайҳо боз бемор будааст. Духтурон чанде пас аз таваллуд шудани ман бемории ӯро ташхис намуда буданд — склерози парешон. Аз афташ, модарам аз ҳамин сабаб чунин тундмизоҷ буд. Шояд, барои ҳамаи ин ман айбдор будам ва аз ҳамин сабаб ӯ маро ҳамеша бад медид. Муносибати ман бо падар беҳтар буд. Ӯ бо ман бештар вақт мегузаронд ва ба ман асбобҳову дигар чизҳои шавқоварро нишон медод. Диққати маро контейнерҳо бо мурватчаҳои гуногун, болтҳо, винтҳо ва гайкаҳо ба худ ҷалб мекарданд. Ӯ ба ман бозии шоҳмотро ёд дод, мо якҷоя аз рӯи схемаҳо ва нақшаҳо аз китобҳое ки ӯ ба ман хонда медод, ҳар гуна моделҳои техникӣ месохтем. Худи ӯ китобҳои ғафси калонро аз рӯи ихтисоси худ мехонд. Агарчи бо падарам ҳамеша вақти ман хуш буд, мо якҷоя намедавидем, қувваозмоӣ намекардем, футбол ва голф бозӣ намекардем. Акнун ман сабаби инро медонам. Ӯ бо тамоми қувва қобилияти кориро нигоҳ доштан мехост, аммо зуд хаста мешуд. Бисёр вақт, ҳангоме ки танҳо мемонд, бо китоб дар болои зону хобаш мебурд, модарам бошад ба муддати зиёд ба супремаркет мерафт. Мутобиқшавӣ ба Инглистон кори осон набуд, агарчи дар ин ҷо реҷаи қатъии муқарраркардаи бобоямро риоя намудан лозим намеомад, ки ин худ аз худ сабукии калон буд. Дар ин ҷо, дар Ғарб, ҳама чиз бароям бегона буд. Вақтҳои аввал ман ҳатто дар бистари мулоим хоб рафта наметавонистам — лозим меомад, ки дар фарш хоб равам. Падару модар маро ба мактаби таҳсилоти умумии маҳаллӣ фиристоданд, бегоҳиҳо бошад ман ба дарсҳои иловагии забони англисӣ мерафтам. Ман мактабро дарҳол бад дидам. Ман бо бачаҳои дигар ҳеҷ умумият надоштам. Бадзабонӣ ва ҳақоратгӯӣ ба ҳар муносибат, рафтори беэҳтиромона ва густохона нисбати муаллимон дар аввал боиси изтироби сахти рӯҳии ман шуданд. Дар чаҳорчӯбаи маданияти ман калонсолонро на танҳо эҳтиром мекарданд, балки бо иззату ифтихор фаро гирифта, бечуну чаро ба онҳо итоат менамуданд. — Эй тангчашм, куҷо меравӣ? — Ин Стив Ҷенкинс буд, сарвари гурӯҳи бачаҳо, ки маро аз рӯзи аввали ба мактаб омаданам ба танг меоварданд. Ман чандин ҳафта ин рафтори онҳоро таҳаммул карда, қарор дода будам, ки бо онҳо сару кор надошта бошам. — Аз афташ, ба назди хитоиҳои худ, ба хӯрокхӯрӣ? Рафиқони ӯ аз ханда суст мешуданд. Дар ҳавлии мактаб онҳо ақиб намонда, аз пайи ман меомаданд. — Эй, хитоӣ, ман бо ту гап мезанам. Чӣ, намешунавӣ? Ман бо роҳи худ рафтанро давом додам, аммо дар дарунам чизе ба ҷӯш меомад. Албатта, одамонро аз хурсандӣ маҳрум кардан даркор нест. Аммо онҳо намедонистанд, ки бо кӣ шӯхӣ мекунанд. Яке аз принсипҳои муҳимтарини ҳунари ҷангии кун-фу — аз ҷанҷолҳо барканор бош, танҳо дар мавриди ҳимояи худ амал намо. Аммо бачаҳо маро ба ҳолам намемонданд. Ман аз таҳқирҳо ва масхараҳои онҳо аллакай оромиро аз даст дода будам. Стив Ҷенкинс, бачаи калонҷуссаи бадафт, бисёр бачаҳои африқоӣ ва осиёиро масхара мекард. Ман боре ӯро бо падараш дар шаҳр дида будам. Ҳар ду одат доштанд, ки мӯйи сари худро метарошиданд ва падараш дар даст холкӯбиеро (татуировка) бо рамзи Фронти миллӣ[9] дошт. Хулоса, ӯ як шахси манфур буд. — Чӣ, хитоӣ, аз гап задан бо ман метарсӣ? Ҳа, ман фаромӯш кардаам, охир, ту ба англисӣ гап зада наметавонӣ — Ва ӯ чашмонашро танг карда, дар пеши ман ба масхарабозӣ даромад. Ман бозистодам — ӯ ба ман роҳ намедод. Бачаҳои дигар ба сарвари худ пайравӣ карда, ӯро ба «қаҳрамониҳо»- бештар бармеангехтанд. Ҳамин вақт ман замонеро ба ёд овардам, ки бачаҳо аз «Сегона» маро то ниммурда шуданам лату кӯб карда буданд. Ин набояд такрор шавад. Ҷенкинс масхарабозиро давом дода, пӯсти рӯяшро ақиб мекашид, то ки чашмонаш тамоман танг шаванд. — Маро ором гузор, — гуфтам ман бо қатъият, аммо на бо овози баланд. Ҷенкинс бо ханда суханони маро такрор кардан гирифт: — «Ором гузор» мегӯӣ? Бачаҳо, биёед ӯро ба замин хобонем, бигузор ором шавад, чунон ки хоҳиш мекунад. Ӯ ба гурӯҳи худ нигарист, яъне гуфтан мехост, ки «ана, бинед» ва сӯи ман тоб хӯрда, дасташро бардошт, то ки ба китфи чапам зада, ба тахтапушт ғалтонад. Ман фавран аксуламал намудам ва бо зарбаи сахти пой бинияшро шикастам. Ҷенкинс ба замин ғалтид. Дигарон бо даҳшат мушоҳида мекарданд, ки ӯ аз дард тобу печ хӯрда, бо доду фарёд, лаънат ва ҳақорат хунро боздоштанӣ мешуд. Ман рост ба чашмони ҳар яки онҳо нигаристам. Ҳама гурехтанд. Ва дар сари вақт. Ин маро ором намуд. Маро барои занозанӣ ҷазо доданд, аммо на ба таври қатъӣ: муаллимон мефаҳмиданд, ки ман аз рӯзҳои аввал дар мактаб ба чӣ гуна рафтор дучор шуда будам. Ман талабаи меҳнатдӯст, боадаб ва боинтизом будам, Стив Ҷенкинс бошад шӯрапушти ашаддӣ буд. Баъди чанде ӯро аз мактаб хориҷ намуданд. Овозаи он ки ман ҳунари кун-фуро аз худ кардаам, дар байни талабагон бо суръате ки оташ саҳрои сералафро фаро мегирад, паҳн шуд ва дар атрофи ман бачаҳо ҷамъ шудан гирифтанд. Пештар ман ҳеҷ гоҳ дар маркази диққат набудам. Барои бачаҳо дар машғулиятҳои якҷоя ва фаъолияти зиёд сарвар даркор буд. Ман аз интихоб байни ҳаёти мувофиқи қоидаҳои қатъӣ, мунтазам, ботартиб ва ҳисси нави хатарноки озодӣ дудила будам. Ман аз вохӯрӣ бо маданияти бегона сахт мутаассир шуда будам. Ман намефаҳмидам, ки дар байни фориғболӣ ва бебанду бории умумӣ чӣ гуна рафтор намоям, Дар ҳоле ки бисёр муаллимон ба хотири тартиби оддитарин дар синф бо талабагон дастбагиребон мешуданд, аз ман метарсиданд ва ин ба ман маъқул буд. Шӯрапушт будан назар ба қурбонӣ будан беҳтар аст. Агар ман омӯзиши ҳунари ҷангии кун-фуро давом намедодам, шояд бо осонӣ ба роҳи Стив Ҷенкинс ва дӯстони ӯ медаромадам. Бобои ман шахсияти маъруф буд ва маблағгузории омӯзиши маро ба воситаи Федератсияи байналмилалии кун-фу (ФБКФ), ки қароргоҳаш дар Женева аст, таъмин карда метавонист. Намояндагони ФБКФ оиди он ғамхорӣ намуданд, ки ман омӯзишро дар Лондон таҳти роҳбарии ҷаноби Чжан давом диҳам. Ӯ шахси меҳрубон ва зиндадил, устоди кун-фу бо таҷрибаи чандинсола буд. Аммо баъди чанде маълум шуд, ки ман дар бисёр ҷиҳатҳо аз ӯ ҳунармандтар ҳастам. Лекин интизом дар машқҳо таҳти роҳбарии ҷаноби Чжан ҷиддӣ буд ва он ба омӯзиши бомуваффақияти ман таъсир накарда намемонд, бинобар ин ба зудӣ маро дар мактаби кун-фу ёвари муаллим таъин намуданд. Дар ҳамон ҷо ман бо Кингслей, ки зодаи Ямайка буда, ҳамчунин ҳунари кун-фуро хуб аз худ карда буд, шинос шудам. Ӯ аввалин дӯсти ҳақиқии ман шуд. Интизоми мактаби кун-фу маро аз кӯча нигоҳ медошт, агарчи ҳатто ҷаноби Чжан маро на он қадар маҳдуд мекард. Аммо ба ҳар ҳол интизом дар мактаб ба он реҷаи қатъӣ, ки дар шуури ман бо омӯзиши ҳақиқии ҳунарҳои ҷангӣ робитаи ногусастанӣ дошт, мувофиқат намекард. Ман гузаштаро ба ёд оварда, мефаҳмам, ки он вақт ба дасти боқуввате эҳтиёҷ доштам, ки қисми зиёди умр ба он итоат намуданро омӯхта будам. Принсипнокӣ ва устувории даркориро (он ҳам ба як андоза) ман дар яке аз муаллимон пайдо намудам. Ҷаноби Сайзер барои омӯзиши рӯҳонӣ масъулият дошт. Қариб ҳамаи бачаҳо ӯро бад медиданд. Ӯ хеле қатъӣ буд, ҳеҷ гуна бетартибиро тоқати дидан надошт ва ба ҳеҷ кас имкон намедод, ки ӯро масхара кунад. Ман ҳамеша ба калонсолон бо эҳтиром муносибат мекардам, аммо ҷаноби Сайзер яке аз он муаллимони каме буд, ки ман дар ҳақиқат онҳоро эҳтиром менамудам. Дарсҳои ӯ ба ман ҳақиқатан ҳаловат мебахшиданд. Бобоям ба ман оиди динҳои ҷаҳон бисёр нақл карда буд. Ман оиди дину оинҳои гуногун бо шавқи беандоза гӯш мекардам ва хуб мефаҳмидам, ки ягона худои ҳақиқӣ худоест, ки дар дили инсон сокин аст ва маҳз тсӣ. Мисли ҳозир дар ёд дорам, ки ҷаноби Сайзер ба мо қиссаи Иброҳимро аз Китоби Муқаддас нақл кард ва оиди он ки ӯ тайёр буд писараш Исҳоқро ба қурбонӣ оварад. Иброҳим чӣ гуна итоаткорӣ ва фидокориро нисбат ба Худо зоҳир намуд! Ин қисса ба ман маъқул шуд. Ягон вақт, фикр мекардам ман, Китоби Муқаддасро гирифта, аз ин китоби бузург боз ягон чизро мехонам. Ман, ки дар таъминоти ФБКФ будам, дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, ки аз рӯи ду намуди ҳунарҳои ҷангӣ гузаронида мешуданд, иштирок карда метавонистам. Чунин машғулиятҳо беш аз ҳама дар кишварҳои шарқӣ гузаронида мешуданд ва дар он ҷо ман ҳамеша бо бобоям вомехӯрдам. Ман медонистам, ки ӯ барои ман пули зиёдеро ба қимор мемонад ва ҳеҷ гоҳ ӯро ноумед намекардам. Ман ҳар сол ба Хитой бармегаштам ва дар он ҷо ду-се моҳ мемондам, то ки омӯзишро аз бобоям давом диҳам. Акнун ӯ маро намезад, аммо ман чун пештара ба ӯ итоат мекардам. Ҳангоме ки ман ҳабдаҳсола шудам, Лоусӣ маро дар ҳаёти воқеӣ ба санҷишҳо рӯ ба рӯ мекардагӣ шуд. Боре ману ӯ ба вилояти Тзянси, ба Нанчан, ки аз кӯли Поян ба ҷануби шарқ аст, равона шудем. Ман он вақт намедонистам, ки Нанчан бо роҳзанони кӯчагиаш «машҳур» буд. «Ҳамеша ҳушёр бош. Чизи ғайричашмдоштро интизор бош», — таълим медод маро Лоусӣ. Боиси даҳшати ман он буд, ки ӯ ба ман фармуд, ки дар миёни кӯча пӯшокҳоямро то либоси таг бадар кунам. Ин фармон хеле ғайричашмдошт буд. Ман ғайрат карда, ба чашмони ӯ нигаристам, аммо ҳайҳот ва ман инро бояд медонистам, нигоҳи ӯ ифодаи қатъиятро дошт. Бобоям аз киссаи курткааш навори печонидаро баровард ва ба гарданам овехт. Ҳангоме ки ман навиштаи онро хондам, дилам беҳузур шуд: «Ҳум ка чжан» (бигузор ҳамаатон бимиред!) «Чжао ни нян дэ чжу ши да бай» («Ба назди бибиҳову бибикалонҳоятон дафъ шавед!») Лоусӣ маро сӯи кӯчаи торик равона кард. — Акнун танҳо меравӣ. Ман фаҳмидам, ки бобоям чӣ нақша дорад. Ҳамин ки ман якчанд қадам гузоштам, кампире ки дар дурӣ истода буд, дарҳол ба хона даромада, дарро қуфл кард. Ногоҳ ҳақоратҳо шунида шуданд ва якчанд роҳзанҳои кӯчагӣ бо кастетҳо давида, назди ман омаданд. Кӯча танг буд. Ин барои ман айни муддао буд. Онҳо ҳама якбора ба ман ҳуҷум карда наметавонистанд. Ман дарҳол дар вазъияти «паланг» истодам. Ман қарор додам, ки зарбаҳои тези пойро истифода барам ва фикрамро ба ҳуҷумкунандагон равона кардам. Якумӣ ба ман аз тарафи рост ҳуҷум кард. Ман тоб хӯрда, бо даст зарбаи ӯро боздоштам ва фавран бо пои ростам ӯро задам. Ҳамин ки ман ҳуҷуми ӯро бозгардондам, дасти ҳуҷумкунандаи дуюмро бо кастет дидам. Ӯ сари маро ба нишон гирифта буд. Ман боз тоб хӯрдам ва дасти ҳарифро як сӯ карда, ба рӯяш аз як тараф бо мушт зада, аз саф берун кардам. Бо пой босуръат кор карда, ман ба ҳарифи навбатӣ он гоҳ рӯ ба рӯ шудам, ки ӯ бо дасташ ба рӯи ман заданӣ буд. Ман дар як лаҳза зарбаи ӯро яктарафа карда, сипас бо устухонҳои ангуштонам зарба задам. Ҳангоме ки ӯ ба замин афтид, ман тахтапушти ӯро чун платформа истифода бурдам, то ки пеш рафта, баландтар истам. Ду каси дигар якбора ба ман ҳуҷум карданд: яке бо дасти рост ба дили ман зарба заданӣ буд, дигаре барои аз як тараф зарба задан пояшро бардошт. Дар аввал ман бо дасти чапи бардошта зарбаи ҳарифи якумро яктарафа кардам ва баъд бо паси муштам ба бари рӯяш задам. Худи ҳамон лаҳза ман паст хам шуда, аз зарбаи пои рости ҳарифи дуюм барканор шудам ва тоб хӯрда, ба байни пойҳояш задам. Боз як кас сӯи ман давид, аммо ман аз ҷоям ҷастам ва ӯ бо шаст аз пешам гузашт. Ҳамин дам ман бо кафи поям ба бари рӯяш задам. Ӯ афтид, аммо ҳарифи навбатӣ ба сандуқи синаам зарба заданӣ шуд. Тахтапуштамро ба шакли нимдоира хам карда, ман бо зонуям ба байни пойҳои ӯ задам. Ду нафари дигар бадхашмона ҳақорат карданд ва шишаҳоро сӯи ман ҳаво дода, гурехтанд. Ман андаке истодам, то ки нафас рост кунам ва боварӣ ҳосил кунам, ки ҷанг ба охир расидааст. Ҳамин дам чун аз зери замин Лоусӣ пайдо шуд ва ба ман таъзим намуд. Пас аз ин мо шитобон аз он ҷо дур шудем. Дар солҳои минбаъда ману бобоям борҳо ба Нанчан мерафтем ва бо авбошони кӯчагӣ даст ба гиребон мешудем. Ман дар ин ҷо гаштаву баргашта, пеш аз ҳама ба худам, исбот мекардам, ки дар ҳама гуна ҷанг истодагарӣ карда метавонам, хоҳ аз рӯи қоида бошад ва хоҳ бе қоида. Боре бобоям маро маҷбур кард, ки либосҳои сарояндаи операвии хитоиро дар бар кунам. Ману ӯ ба кӯҳе баромадем ва ба яке аз деҳаҳои камбағал расидем. Ӯ ба рӯям рангҳои гуногунро молида, ба китфонам мантияи вазнинро пӯшонд ва бо ҳамин шакли «рангуборшуда» ва либосҳои ноқулайи вазнин дар бар дар кӯчаҳо мегардонд. Барои ба ҷанҷол таҳрик намудани деҳқонони маҳаллӣ ӯ маро маҷбур кард, ки баланд-баланд бо алфози қабеҳ ҳақоратҳо кунам. Боз ҳам одамони хашмгиншуда бо чизе ки ба дасташон рост омад, ба ман ҳуҷум карданд. Санҷиши ҷиддӣ барои ман на тӯдаи бо калтакҳо мусаллаҳшуда, балки либосҳои ноқулай ва вазнин буданд, ки имкониятҳои маро хеле маҳдуд мекарданд. Аммо на ҳамаи ин гуна муноқишаҳоро бобоям таҳрик медод. Ман Сюй Мин ном духтари хола доштам. Боре ҳангоми саёҳат ӯро дуздида, маҷбур карданд, ки бо фоҳишагӣ машғул шавад. Ин гуна ҷиноятҳо дар Хитой бисёр рӯй медиҳанд. Сюй Мин ҷавону зебо буд ва барои ҳар касе ки номи авлодии ӯро намедонист, тӯъмаи осоне метофт. Ба мо хабар расид, ки ӯро дар яке аз фоҳишахонаҳои Шанхай мондаанд, ки таҳти назорати «Сегона» амал мекард. Мо ин масъаларо борҳо дар шӯрои оилавӣ муҳокима карда будем ва боварӣ доштем, ки робитаҳои мо дар Шанхай имкон медиҳанд, ки нофаҳмӣ зуд бартараф карда шавад ва Сюй Минро дарҳол озод мекунанд. Рӯзҳо мегузаштанд, ва ниҳоят мо мактубе гирифтем. Бобоям хеле хашмгин шуда буд: — Одами мо дар Шанхай, корманди полис, гуфт, ки кормандони полис ҷуръат намекунанд ба ҳудуде ки зери назорати «Сегона» аст, дохил шаванд, вагарна дар байни онҳо задухӯрдҳо сар мешаванд. Аз ҳамин сабаб ман ба Шанхай равона шудам. Одами мо аз полиси Шанхай маро то дур гусел накард, аммо ман бе ин ҳам мефаҳмидам, ки чӣ тавр ва ба куҷо равам. Ман дар кӯча назди хонаи даркорӣ истодам ва ба овозҳое ки аз дарун мебаромаданд, гӯш додам. Дар маҳкам набуд ва ман овози ғамангези духтареро шунидам. Ман фикр кардам, ки шояд ин овози Сюй Мин бошад. Чӣ гуфтани духтарро ман фаҳмида наметавонистам. Ман бе садо ба ҳуҷраи нимторик даромадам. Духтарак маро дида, ба гиря даромад. — Сюй Мин! Ин Сюй Мин буд. Ӯ сӯи ман давид, аммо яке аз мардон ӯро аз дасташ сахт кашида, ба ҳуҷраи канорӣ тела дод. Ман ба шахси костюмпӯше ки дар паси мизи калони хатнависӣ нишаста буд, наздик шудам. Аз афташ, ӯ дар ин ҷо сардор буд ва ман ба ӯ муроҷиат кардам: — Ҷаноби мӯҳтарам, ба фикрам, дар мавриди ин духтар хатое сар задааст. — Ин духтар ба ту ҳеҷ муносибате надорад, — сарашро аз ҳисоббарориҳои худ боло накарда, ғуррос зад мард аз паси миз. Маро беш аз ҳама он чиз ҳайрон кард, ки ӯ ба ман ҳатто нигоҳ накард. Он гоҳ ман бо қатъият ва боварӣ гап задам, чун шахсе ки ба зуд амал намудан одат кардааст: — Шумо ӯро дуздидед... — Мо ҳеҷ касро надуздидаем, — сухани маро бурид ӯ. — Ба фикрам, шумо маро нафаҳмидед, — паст намеомадам ман. — Сюй Мин аз Кантон аст, аз авлоди Су. Шумо бояд ӯро озод карда, аз бобои ман Чжан Лин Су бахшиш пурсед. Он ҷаноб таҳқиромез рӯй турш кард. Ҳар кас медонад, ки шахс барои чунин таҳқире ки нисбат ба мо барин оила раво дидааст, бояд бахшиш пурсида, зарари расондаашро ҷуброн кунад. Вагарна тарафи ранҷида қасоси хунинро сар мекард, то даме ки авлоди шахси таҳқиркардаро тамоман нобуд кунад. Он ҷаноб хуб фаҳмид, ки ман чӣ мегӯям, аммо бовар накард, ки ман аз оилаи Су ҳастам. — Аз бобои ту? — хандид он ҷаноб. — Лекин ту кистӣ, кулӯлачашм? — ӯ ҳм гуфт ва бо оҳанги таҳқир туф кард. Ногоҳ аз паси ман дар кушода шуд ва ба ҳуҷра ҳафт ё ҳашт кас зада даромаданд, ки бо кордҳо мусаллаҳ шуда буданд. Маълум буд, ки ин кор ба таври осоишта ҳал намешавад. Ман табарчаи ҷангии худро баровардам ва паланг ба кор даромад. Ман ин мардуми беҳаёро бераҳмона ҷазо додам ва бе ҳеҷ гуна муқобилат аз ҷониби «Сегона» Сюй Минро ба хона бурдам. Ин воқеа ба ман ёрӣ дод, ки сазовори боварӣ ва эҳтироми хешовандони хитоии худ шавам. Маҳз ҳамин чиз барои ман беш аз ҳама камӣ мекард. Баъди муддате бобоям аллакай маро ба санҷиши навбатии бераҳмона тайёр мекард, ки пас аз он ман бошарафона дорои унвони устоди кун-фу шуда метавонистам. Аммо дар аввал ман аз як қатор санҷишҳои даҳонӣ ва амалӣ гузаштам ва танҳо пас аз ин маро ба финал — ба «та шуй», яъне «санҷиш бо туннел», роҳ доданд. Ин санҷиши беандоза хатарнок аст ва танҳо баъзе касон ҷасорат пайдо мекунанд, ки аз он гузаранд. Ману бобоям ба шимол равона шудем ва баъди якчанд рӯз ба вилояти Шандун расидем. Туннеле ки ин ҷо оиди он сухан меравад, ғори дарозест дар доманаи кӯҳи Тайшан — яке аз кӯҳҳои муқаддаси пайравони даосизм дар Хитой. Ман худро боваринок ҳис мекардам ва ба майдонталабӣ тайёр будам. Дар ин марҳилаи омӯзиши ҳунарҳои ҷангӣ ман тарсро намедонистам ва хоҳишманди иҷро намудани ҳама гуна вазифаи мураккаб будам. Рӯзи офтобӣ буд, аммо ҳамин ки ба ғор даромадам, хунукиро ҳис кардам. Баъди рӯшноии рӯз ба ман қариб як дақиқа даркор шуд, то ки чашмонам пурра ба рӯшноии дарун одат кунанд. Машъалҳои фурӯзон ба деворҳои ғор рӯшноии хира медоданд. Дар пеши ман якчанд метр шишаҳои шикаста буданд. «Ин хеле осон аст», — фикр кардам ман. Ман бо қадаммонии сабуки лаклак аз болои шишамайдаҳо гузаштам ва ғайр аз хориши сабук чизи дигареро ҳис накардам. Пас аз шишамайдаҳо лахчаҳои сӯзон буданд. Аммо пӯсти кафҳои пойҳоям чунон сахт шуда буд, ки аз болои онҳо гузаштан бароям душворие надошт. Ман дилпурона, шитоб накарда пеш мерафтам, агарчи ботинан ба ҷанг тайёр будам. Ва инак, ниҳоят, санҷиши ҷиддӣ. Ман дар пеш он чиро, ки маро интизор буд, дида, табассум кардам. Ана ин чиз барои ман муносиб аст. Роҳи маро чорчӯбаи ҳашткунҷаи чӯбин банд карда буд, ки дар тарафи поёниаш сихҳои найзаҳо часпонда шуда буданд. Он бар болои якчанд чӯби бамбукӣ гузошта шуда буд. Тамоми ин сохтор лабиринте буд, ки дар байни дигар чӯбҳои бамбукии уфуқӣ ва амудӣ гузошташуда устувор карда шуда буд. Ман бояд аз байни ин чӯбҳо хазида мегузаштам. Агар ақаллан ба ягонтои ин чӯбҳо расам, тамоми ин сохтор бо сихҳои тез ба болои ман меғалтид. Maн ба фикр афтодам. Ин санҷиши чолокӣ, зиракӣ ва аниқ амал кардани ман буд. Ман танҳо ба ҳаракатҳои мори хазанда тақлид намуда, аз лабиринт гузашта метавонам. Ман тамоми диққатамро ба вазъияти дастон ва пойҳоям равона карда, гоҳ тахтапуштамро хам карда ва гоҳ, ҳангоми зарурат, танҳо ба як даст такя карда, аз байни чӯбҳои бамбукӣ гузаштан гирифтам. вазъиятҳои уфуқиро истифода бурда, ҳолат ва мавқеъҳоро иваз намуда, ман аз лабиринти даҳшатнок гузаштам ва ба тарафи муқобил баромадам. Санҷиши навбатӣ санги тез буд. Он дар пеши роҳам буд ва ба ман лозим омад, ки аз болои теғаи чун алмос тези он роҳ равам. Дар рӯшноии хираи машъал ман дидам, ки деворҳои ҳар ду тараф ҷило медиҳанд. «Нефт...» — хандидам ман. Нефт дар ҳама ҷо рехта шуда буд. Ман бояд танҳо аз болои теғаи ҳаштметра гузашта мерафтам. Илова бар ин, ғор дар ин ҷо чунон танг буд, ки роҳи дигаре набуд. Ҳисси шашум ба ман мегуфт, ки ин танҳо аввали санҷишҳост, санҷиши даҳшатноктарин дар пеш аст. Ман бояд тамоми қувваи худро марказият диҳам. Ман ором шудам ва тамоми қувваи тсиро ба пой равона кардам, то ки дардро ҳис накунам. Мувозинатро нигоҳ дошта, ман ба теғаи санг қадам мондам ва ба пеш ҳаракат кардам. Ногоҳ дидам, ки дар туннел як саги ваҳшӣ сӯи ман медавад. Ман дарҳол суханони хоҷаамро ба ёд овардам: «Доимо ҳушёр бош, чизи ғайричашмдоштро интизор бош». Ман фаҳмидам, ки саг танҳо воситаест барои парешон кардани диққати ман. Саг бадхашмона, оби даҳонашро пош дода, сӯи ман аккос мезад, аммо беҳуда — онро занҷири вазнин бозмедошт. Ман чун пештара қувваи тсиро идора мекардам ва аз болои теғаи санг дилпурона қадам мемондам. Саги ваҳшӣ дар ақиб монд ва ман ба пеш ҳаракат кардам. Дар интизории хатар тамоми ҳиссиёти ман қавитар мегаштанд. Туннел боз васеъ шудан гирифт ва ман монеаи ҳақиқиро дидам. Тамоми бари ғорро тахтасуфае банд карда буд, ки дар ҳама ҷои он сихҳои сешоха буданд. Худи тахтасуфа дар болои санги калоне буд. Чархҳои калони чанбараш металлӣ, ки ҳамаи ин сохтор дар болои он буд, гӯё ҳеҷ гоҳ ҳаракат накарда буданд. Албатта, ин дар роҳи ман монеаи ҷиддӣ буд. Ман бояд ба тарафи дигар мегузаштам, аммо имкони даст гирифтан ё такя кардан набуд. Дар атроф танҳо сихҳои сешоха буданд. Боз ҳам то ҳадди ақсо марказонидани қувваи тсӣ даркор шуд, ки ман онро ба дастон равона кардам. Ин ба ман боварӣ бахшид, ки сихҳои сешохаро бо кафҳои дастонам тела диҳам. Сохтор аз ҷояш наҷунбид. Бори дигар санҷида дидам ва ин дафъа поямро ба сихи сешоха такя кунонда, ёрӣ медодам. Боз ҳам бе натиҷа. Аммо ман набояд шикаст мехӯрдам. Дам гирифтан мехостам, аммо ба муроқиба гузаштам ва диққати худро ба идора кардани қувваи тсӣ равона кардам. Лозим омад, ки тактикаро дигар кунам. Ман ба 180 дараҷа тоб хӯрда, бо тахтапуштам тахтасуфаро тела додам — бо умеди он ки аз ҳисоби майдони бештари фишор бурд кунам. Солҳои зиёд таҳти роҳбарии бобоям ман одати ба фишори сихҳо, мехҳо, найзаҳо, гарпунҳо ва дигар чизҳо муқовимат намуданро омӯхта будам. Ин яке аз машқҳои доимӣ буд: бобоям найзаро ба бадани ман танба карда, бо тамоми вазни худ фишор меовард. Бофтаҳои мушакҳоро, ки чун исфанҷ ҳастанд, сӯрох кардан хеле осон аст. Аммо исфанҷе ки обро ба худ кашидааст, чандир ва мустаҳкам мегардад. Агар тамоми қувваи баданро ба як ҷой, масалан, ба шикам равона кунем, пӯст ва мушакҳо аз рӯи ҳамон қонун чун санг сахт мешаванд. Ҳамин тариқ, ҳангоми машқҳо ман хеле кам захмдор мешудам (агар ҷойҳои харошидаро ба ҳисоб нагирем). Сохтор ғиҷирос зад ва дар зери фишори ман ҷунбид. Ман рӯҳбаланд шуда, кӯшишҳоямро такрор мекардам, аммо акнун ҳис мекардам, ки сихҳои сешоха ба тахтапуштам мехаланд. Ман тоб хӯрда, ба вазъияти пештара баргаштам ва қувваи тсиро аз нав марказият дода ва чашмонамро пӯшида, фикран сохторро ҳаракат додан гирифтам. Ман бо дастонам тела медодам ва акнун тамоми бадани ман ба вазифаи ягона — аз ҷой ҷунбондани тахтасуфа равона шуда буд. Ва он ба ҳаракат омад, аммо чархҳо чун пештара дар ҷояшон истода буданд. Ман боз ба медитатсия рӯ оварда, тамоми қувваи нафаскашии худро ба ёрӣ даъват намудам. Ман ҳақ надоштам, ки Лоусиро ноумед кунам. Ӯ бояд аз ман фахр кунад. Тамоми қувваамро ба як ҷой ҷамъ карда, ман сохторро ним метр ба даруни ғор тела додам ва ба зону афтодам — тамоми қувва аз бадани ман ба санг гузашт. Пеш аз он ки аз сӯрохи хурди пайдошуда хазида гузарам, ман бо табассуми тантананок бозистодам. Бо эҳтиёткории зиёд пеш рафта, ман пай бурдам, ки ғор равшантар мешавад. Санҷиш ба охир мерасид, аммо азбаски анъанаро медонистам, интизори боз ягон монеа будам. Ҳамин вақт ман бӯи оҳани тафсонро ҳис кардам. Ба зудӣ роҳи баромад аз ғор намоён шуд, ман равшании офтоб ва суроби бобоямро дар баромадгоҳ дидам. Аммо роҳи баромадро деги калоне банд карда буд, ки пур аз оҳанмайдаҳои тафсон буд. Худи дег суп-сурх тафсонда шуда буд ва вазнаш аз сад килограмм зиёдтар буд. Аз дег панҷаҳои металлии паланг баромада меистоданд, аз берун бошад тасвирҳои аждаҳоёне буданд, ки хоҳони пора кардани ҷисми ман ҳастанд. Ин санҷиши охирини далерӣ, қувва ва тобоварӣ буд. Ман диққати худро ба рӯи Лоусӣ равона кардам. Чеҳраи ӯ чун ҳамеша ҳеҷ чизро ифода намекард. Аммо ман ба нигоҳи рӯҳбаландкунандаи ӯ эҳтиёҷ надоштам. Дар ҳамин ҷо ҳузур доштани ӯ кифоя буд. Ман ором шуда, қувваи тсиро ба дастонам равона кардам. Баъди якчанд лаҳза дастонам беҳис ва чун ях хунук шуданд. Ба пеш нигариста, ман аждаҳоёни тафсонро бо дастонам доштам. Дарҳол бӯи мӯйҳои сӯхта ва гӯшти сӯхта баромад, аммо ин барои ман аҳамияте надошт. Дард набуд. Ман тамоми қувваро ҷамъ кардам ва бо истифодаи қувваи дастонам, ки чун панҷаҳои паланг тавоно буданд, деги калонро бардоштам. Барои он ки бо чанголҳои баромадаи паланг ба худ зарар нарасонам, ман дегро ба пеш дароз карда, роҳ мерафтам. Дилпурона, калавида-калавида, ман деги беҳад вазнинро аз ғор бароварда, дар назди хоҷаам гузоштам. Ногоҳ ӯ хурсанд шуд ва табассуми сабуке кард. Ман дастонамро аз деги тафсон дур кардам. Аз боиси таъсири давомноки медитатсия дастонам чун пештара хунук буданд, аммо ба онҳо нигариста, дар бандҳои дастонам, дар ҷойҳое ки чанголҳои аждаҳоён расида буданд, омосҳои аз сӯхтагӣ пайдошударо дидам. Лоусӣ бо ҳаракати махсус иззату эҳтироми худро изҳор намуд. (Бо ин ҳаракат ҳарифони сазовор ва низ шогирду устод, муносибати худро ба якдигар нишон медиҳанд). Он рамзи ин ва ян, офтоб ва моҳ аст. Банди дасти ростро, ки мушт карда шуда, моҳро ифода мекунад, ба поёни кафи кушодаи дасти чап, ки ифодакунандаи офтоб аст, мерасонанд. Пеш аз ҳар як машқ ё ҷанг ман маҳз ба воситаи ҳамин ҳаракат садоқати худро ба хоҷаам изҳор менамудам. Акнун худи ҳаминро бори аввал дар ҳаёташ ӯ нисбати ман ба амал овард. Ин барои ман шарафи бузурге буд. Бобоям ба ман шамшери ороиширо дод. Ин шамшер рамзи мақоми нави ман буд. Акнун ман Ло Фу Тзай, устоди кун-фу будам. Боби 5 Ман чун устоди ҳунари ҷангии аҷдодони худ оиди он фикр мекардам, ки мероси маънавии оилаи Суро нигоҳ дорам, хатарҳо бошанд маро наметарсонданд. Ҳар боре ки ба майдон бароям, маҳорат ва шарафи бобоям ба қимор гузошта мешуд. Ман аз он фахр мекардам, ки ҳимоя намудани шарафи ӯ ба ман супурда шудааст, агарчи ин меҳнати вазнин буд. Беҳтарин ҷангҳои тан ба танро ман дар Покистон, дар мактаби Ашраф дар шаҳри Карочӣ гузарондаам. Ашраф ва бобои ман ҳанӯз ҳангоми ҷанговарони ҷавони шаолинӣ буданашон дар мусобиқаҳо дар шимоли Хитой бо ҳам вохӯрда буданд. Бо мурури замон ҳар ду Устодони бузург шуданд. Ашраф бисёр техникаҳои ҷанги тан ба тан, аз ҷумла услуби маймун, мор ва услуби аждаҳои ҷануби Хитойро аз худ намуд ва такмил дод. Ҳар ду ихтисосмандии якдигарро эҳтиром мекарданд, аммо тамоми ҳаёт ҳарифони қатъӣ буданд. Онҳо оиди инкишоф додан ва омӯзондани ҳунарҳои ҷангӣ ақидаҳои мухолиф доштанд. Бобоям пеш аз пайдо шудани ман шогирди сазовореро наёфта буд, ки тамоми асрори ҳунари худро ба ӯ супурда тавонад. Ашраф бошад ба мактаби худ садҳо шогирдонро қабул мекард, асосан аз оилаҳои деҳқонони маҳаллӣ ва ба онҳо ҳунари ҷангии кун-фуро меомӯзонд. Агарчи мактаби Ашраф дар доираҳои муайян маълум ва машҳур буд, Лоусӣ рафтор ва техникаи ҷангидани шогирдони Аршафро сахт танқид мекард. «Дар ҷанг онҳо хашмгин буда, худро идора намекунанд, — мегуфт ӯ бо тамасхур. — Дар ҳаракатҳои онҳо зебоии ҳақиқӣ ва аниқӣ нест». Аммо Ашраф ба мулоҳизаҳои нешдори Лоусӣ аҳамият намедод ва аз шӯҳрат ва муваффақиятҳои назаррас ифтихор дошт. Солҳо мегузаштанд, аммо Лоусӣ фурсати худро интизор буд ва ба ояндаи беҳтар умед мебаст. Акнун фурсати ӯ фаро расида буд. Ӯ мехост бо ёрии ман паллаи тарозуро ба тарафи худ хам карда, исбот намояд, ки техника ва усули таълими ӯ аз техника ва усули таълими Ашраф бартарӣ доранд. Ман дар ояндаи наздик бояд ҳаминро исбот мекардам. Раанӣ ном ҷавон яке аз шогирдони ояндадори Устоди бузург Ашраф буд. Ӯ асосан дар услуби маймун муваффақиятнок буд. — Ашраф чунин меҳисобад, ки ту ва Раанӣ ҳарифони сазовор мебошед, — гуфт Лоусӣ, ҳангоме ки мо бо ӯ ба Покистон раҳсипор шудем. Ман Рааниро дида, ба қаду қомати ӯ аҳамият додам. Ӯ мисли ман дағалшакл ва сермушак буд. Ягона фарқият — қади ӯ аз қади ман андаке баландтар буд. Чуноне ки ҳар ду муаллимони мо тахмин мекарданд, мо дар финали мусобиқа бо ҳам вохӯрдем. Дар мусобиқа қариб понздаҳ ҷанговар иштирок доштанд. Ман аввалин шуда ба майдон баромадам. Кафкӯбиҳои беназми тамошобинон садо доданд ва баъд издиҳом дар интизорӣ хомӯш шуд. Лоусӣ дар пеши Ашраф назди майдон нишаста буд ва аз ман чашм намеканд. Ман интизор будам. Ногоҳ нидоҳо, шодбошҳо ва кафкӯбиҳои издиҳом баланд шуданд: маҳбуби ҳамаи тамошобинон Раанӣ дар рӯ ба рӯи ман ҷой гирифт. Мо бо ҳаракати мувофиқ: мушти як дасти худро ба кафи дасти дигар расонда, ба якдигар салом додем. Ҳарифи ман либоси дағали деҳқонӣ дошта, оддӣ ва бесомон метофт, аммо ӯ ба издиҳом маъқул буд. Ӯ қаҳрамони онҳо буд. Тамошобинон ором намешуданд: «Раанӣ, Раанӣ». Маро ҳеҷ кас дастгирӣ намекард. Ман ба хоҷаам нигаристам. Ӯ ором ва дилпур буд. Чунин дастгирӣ барои ман пурра кифоякунанда буд. Деню ном довар шахси тамоман хурдакак буд. Ӯ дастонашро боло карда, издиҳомро ором кард, баъд ба ман ва Раанӣ фармуд, ки ба ҷанг тайёр шавем. Издиҳом хомӯш шуд, агарчи бисёриҳо имову ишора карда, ба қимор пул мегузоштанд. Деню кафҳояшро ба ҳам кӯфт, ва диққати аҳли толор ба майдон ҷалб карда шуд. Барои зада гардондани ҳуҷуми Раанӣ ман дастонамро чун панҷаҳои чанголҳояш кушодаи паланг бардошта, дар вазъияти паланг истодам. Дар ҷанг бо ӯ ман услубҳои дӯстдоштаи паланг ва бабрро якҷоя истифода бурданӣ будам (ҳаракатҳо ва зарбаҳо дар услуби бабр назар ба ҳаракатҳо ва зарбаҳо дар услуби паланг ду се баробар тезтар мебошанд, аммо аз ҷиҳати қувва сусттар ҳастанд). Нигоҳҳои мо ба ҳам бархӯрданд ва ман оҳиста, боэҳтиёт ба Раанӣ наздик шудан гирифтам. Ӯ дар вазъияти хеле пасти аспи ҷангӣ истод. Дар интизории ҳуҷуми ман ӯ китфонашро пеш оварда, вазни баданашро ба пои дигараш, ки ақиб бурда буд, гузаронд. Аз ҳаракатҳои ӯ пешдастӣ карданӣ шуда, ман дарҳол сустиҳои вазъияти ӯро дидам. Барои чунин техникаи бетартибона Лоусӣ маро то ниммурда шуданам мезад. Раанӣ дастонашро пешу қафо ҳаракат дода, андак-андак ҷаста, бо пойҳояш ширт-ширт ҳаракат мекард. Гоҳ-гоҳ як ё ҳар ду мушти ӯ ба фарш, ки ба он палоси мулоими намеғеҷидагӣ пӯшонда шуда буд, мерасид. Мо ба якдигар нигариста, тадриҷан ба ҳам наздик шудем. Издиҳом ором шуд. Одамон нафасашонро паст карда, мушоҳида менамуданд, ки ҷанговари маҳбубашон Раанӣ бо мақсади парешон кардани диққати ман дар атрофам давр мезанад. Ногоҳ ӯ ба тарафи чап ҳаракати фиребанда кард. То даме ки ман барои зада гардондани зарбаи Раанӣ вазъияти худро тағйир медодам, ӯ бо услуби маймун маро пешпо дода, ғалтонданӣ шуд. Ман ҳамон лаҳза боло ҷаста, аз болои ӯ гузаштам, аммо ӯ фурсат ёфта, ба пои чапам чанг зад. Ман дар ҷавоб мушакҳои сурини рости худро бо қувваи зиёд таранг карда, бо паси поям ба дасти ӯ задам. Мо ҳар ду ба фарш афтидем. Тамошобинон дар интизории амалҳои минбаъдаи мо аз ҷой бархостанд. Ман ҷаста, ба вазъияти бабр истодам ва ба «маймун», ки бармехест, бо якчанд зарбаҳои кӯтоҳи пой ҳуҷум овардам. Раанӣ аз зарбаҳои бабр, ки бар ӯ фурӯ мерехтанд, ақиб нишаста, зарбаҳоро хуб бармегардонд. Ҳамааш гӯё хуб буд, аммо ӯ ба охири майдон расид. Ман лаҳзае чӣ кор карданамро надониста мондам. Ҳама чиз дар сарам омехта шуд. Наход ӯ ин тавр осон ақиб нишинад? Аммо дар ҳамон лаҳзае ки пои Раанӣ гӯё аз майдон берун баромад, ӯ ба ҳуҷум гузашт. Ман дарҳол ба байни пойҳояш бо поям зарба задам. Ӯ ин зарбаро пешбинӣ карда буд ва аз остини рости ман дошта гирифт. Манёври фиребандаи ӯ хуб буд, аммо ман дарҳол хатарро фаҳмидам. Хоҷаам маро борҳо зада буд, то ки ҳушёриро аз даст надиҳам, бинобар ин ман ҳилаи Рааниро дарҳол фаҳмида гирифтам. Лоусӣ ин ҷаҳиши асосиро гаштаву баргашта такрор мекард ва ман ночор ба натиҷаҳои дардноки он дучор мешудам. Ҳарифам дар як лаҳза поён фаромад ва аз остинам кашида, ба байни пойҳоям бо пой зад. Ман боло ҷастам, дард, чун зарбаи барқ, маро то нӯги панҷаҳоям сӯзонд. Ман дар як лаҳза ба худ омадам ва ба дард диққат надода, спиралвор тоб хӯрда, ба по истодам. Тамошобинон аз ҳайрат хомӯш монданд, чунки дар айни ҳол ман мувозинатро гум накардам. Ман бо як пой дар майдон будам, бо пои дигар дар тахтасуфа. «Маймун» боз ба ман ҳуҷум оварда, аз майдон зада бароварданӣ шуд. Ман дар болои ходаи кӯндаланги хамшуда якчанд қадамҳои тез гузоштам. Акнун навбати ман буд, ки ҳаракати фиребанда кунам. Ин сӯ-он сӯ тоб хӯрда, ман байни пойҳоямро доштам ва ғалтиданӣ шудам, гӯё аз дард бетоқат шуда бошам. Рости гап, дард ҳақиқатан тоқатфарсо буд. «Маймун» дар як лаҳза тоб хӯрда, давида омад, то ки боз зарба занад. Ман дар ходаи кӯндаланг тоб хӯрдам ва бо як зарба дастони ҳарифро яктарафа карда, баъд бо истифодаи услуби бабр аз як тараф ба гардани Раанӣ задам. Чашмони ӯ боло тоб хӯрданд ва ӯ ба фарш афтид. Тамошобинон як лаҳза хомӯш шуданд. Деню ҳисоб мекард: «Як... ду... се! Аут!» ва, ниҳоят, ба ман — ба ғолиби ҷанги тан ба тан ишора кард. Тамошобинон кафкӯбиҳои гӯшкаркунанда карданд. Ман аз рӯи виҷдон сазовори иззату эҳтироми онҳо шудам. Баъди зарбаи ман Раанӣ ба ҳуш омад, аммо якчанд сония гаранг шуда нишаст. Ӯ арзи эҳтироми маро қабул намуд, аммо аз нигоҳи рӯ ба рӯ канораҷӯӣ кард. Ман ба Лоусӣ ва дигар сардорон рӯ овардам, то ки эҳтироми худро изҳор намоям. Хоҷаам рост истода, кафкӯбӣ мекард. Ин барои ман шарафи бузурге буд. Пас аз якчанд моҳ боз як мусобиқа гузаронда шуд. Ва ману Лоусӣ бори дигар ба Покистон раҳсипор шудем. Моро ба ҷанги тан ба тан бо амаки Раанӣ, Аднон, даъват карда буданд. Ҷанг нобаробар буд, чунки мо аз бисёр ҷиҳатҳо ба якдигар мувофиқат надоштем ва ман хеле дар ташвиш будам, зеро акнун эътибори ман дар зери хатар буд. Шояд ин яке аз ҳилаҳои Лоусӣ буд, ки мехост ба ман боз як дарси ибрат диҳад. Ман дониста наметавонистам, ки оё ӯ дар ҷанги ману Аднон ба ғалабаи ман умед дошт ё не. Аднон устоди ҷанг бо услуби лаклаки кӯҳӣ буд ва бешубҳа дар муқоиса бо ман афзалият дошт. Аввалан, ӯ таҷрибаи зиёди ҷангҳои тан ба танро дошт, сониян, техникаи олидараҷа дошт. — Ин ҷанг дар пеши назари омма нест, — хабар дод Лоусӣ ба ман. Ҳар як ҷанги тан ба тан дар паси дарҳои пӯшида маънои пули зиёди ба қимор гузошташударо дорад. Ҳангоме ки одамон пули зиёдро ба қимор мемонанд, ҳукуматдорон низ ба ин ё он восита ба ин кор дахле доранд. Намуди зоҳирии Аднон ба монанди ҷиянаш оддӣ буд. Ҳангоме ки чашмони мо вохӯрданд, чеҳраи бодхӯрдаи ӯ ба ман ҷасур, бодиққат ва бадхоҳ тофт. Ӯ гӯё гуфтан мехост, ки обрӯву эътибори хоҷааш дар зери хатар аст ва бигузор ҳама донанд, ки ӯ шӯхӣ намекунад. Чун паланг, ман бояд бо Аднон бо услуби ҳуҷуми боиқтидор аз наздик меҷангидам. Дар айни замон ман мефаҳмидам, ки ҳарифам аз тамоси бевосита канорагирӣ карда, услуби лаклакро интихоб мекунад. Ӯ ҳилагарӣ мекунад, аз ман ин сӯ-он сӯ мегурезад ва дар охир аз дур зарбаи асосиро мезанад. Хулоса, дар ин ҷо нохушиҳои зиёде маро интизоранд. Ман услуби омехтаи паланг ва лаклакро машқ мекардам. Ман пеш аз ин ҷанговарони ин услубҳои мухолифро дар ҷанги тан ба тан надида будам. Ҳамин тавр ҳам шуд. Ҳангоме ки ман аз пайи Аднон мешитофтам, ӯ гӯё дар осмон парвоз мекард ва аз зарбаҳои «паланг» ва «чанголҳои кушода» ба осонӣ барканор мешуд. Ман назар ба Аднон хеле сахттар зарба мезадам, аммо зарбаро ба ҳариф расонда наметавонистам. Тактикаам маро ба ҳолати ногувор мононд ва ба ман лозим омад, ки дар давоми ҷанг тактикаро дигар кунам. Дудилагии маро пай бурда, Аднон фурсатро истифода бурд. Ӯ аз зарбаи ман бо маҳорат барканор шуда, «парҳои лаклак»-ро истифода бурд ва ба чашмонам зарбаи сабуке зад. Ман як лаҳза нобино шуда, идоракунии вазъиятро аз даст додам. «Лаклак»-и лоғари қадбаланд аз ин маврид истифода бурд. Ӯ ба дастҳояш такя карда, дар фарш ғелида, зонуяшро қат кард ва бо пои дигараш маро аз пой афтонд. Пойҳои ман аз сандуқи синаи ӯ болотар париданд. Баъд Аднон бо тамоми вазнаш худро ба болои ман партофт. Ман ба қисми болоии тахтапушт ва китфон ба фарш афтидам. Баъди лаҳзае ман дидам, ки Лоусӣ аз ҷояш, ки дар назди майдон буд, ҷаста хест. Ман ҳақ надоштам, ки устодамро шарманда кунам. Ман дар як лаҳза ба по хестам ва дар вазъияти мудофиавӣ истодам, аммо Аднон боз ба ман ҳуҷум кард. Ба ман лаҳзае фурсати дамгирӣ надода, «лаклак» ба сарам як силсила зарбаҳо зад. То даме ки ӯ дар атрофи ман парвоз мекард, ман бо тамоми қувва кӯшиш мекардам, ки мувозинатро гум накунам. Аз зарбаҳои «лаклак» сари ман сахт тоб мехӯрд, аммо ҳамин вақт дар ман ғазаб ҷӯш зад. Ҳангоме ки Аднон бори дигар ба ман наздик шуд, ман ногоҳ бо дасти рост аз банди дасташ дошта, сахт зер кардам. Ин барои Аднон тамоман ғайричашмдошт буд. Ӯ аз дард овоз баровард ва дарҳол дасти дигарашро пеш бурд. Ман дар вазъияти тамоман пасти асп истода, дасти «лаклак»-ро ба тахтапушташ тоб додам ва дар айни замон зарбаи пояшро зада гардондам. Дасти ҳарифро ҳарчи сахттар тоб дода, ман ӯро маҷбур кардам, ки хам шавад. Аднон ба дард тоб оварда, бо фиғони девонавор ба зону афтид. Ӯ мардонавор ба дард тоб меовард, то даме ки фарёд зад: — Таслим мешавам! Таслим мешавам! Вақте ки дертар ман бо бобоям вохӯрдам, дар чашмони ӯ оташи шӯхе ҷило дод, ки ман пештар ҳеҷ гоҳ онро надида будам. Ӯ кисаи хилъати худро тап-тап зад. Чуноне ки ба ман маълум шуд, ғалабаи ман ба ӯ бурди ба даромади солона баробарро овардааст. Он гоҳ ман фаҳмидам, ки ӯ ба номи ман пулро ба қимор гузошта, ҳеҷ гоҳ худро шарманда намекунад. Ман ба Инглистон баргашта, корамро дар мактаби ҷаноби Чжан давом медодам. Падарам рӯз аз рӯз беқувваттар мешуд. Ба ман лозим меомад, ки ӯро бардорам ва ба сайру гашт барам. Модарам чун ҳарвақта бисёр вақт дар хона набуд. Ман муддате бо онҳо зиста, тадриҷан ба муносибатҳои онҳо сарфаҳм мерафтагӣ шудам. Oнҳо ҷуфти аҷиб метофтанд. Ҳар ду дар Инглистон таваллуд шудаанд, аммо мувофиқан дар муҳити сахтгиронаи маданиятҳои итолиёвӣ ва хитоӣ тарбия ёфтаанд. Оиладоршавии онҳоро аҳли ҳар ду оила таҳсин накарданд ва ҳарду аз авлоди худ ронда шуданд. Дар маданиятҳои онҳо фарқиятҳо назар ба монандиҳо бештар буданд. Модарам чун пештара аз аслу насаби худ фахр мекард, рафтори мутакаббиронаи ӯ атрофиёнро аз ӯ дур мекард. Модар завқи хуб дошт, либоси зебо ва шинамро дӯст медошт ва ин ба ӯ имкон медод, ки худро озод ҳис кунад, аммо ҳангоме ки падарам аз боиси беморӣ кор карда натавонист, ӯ маҷбур шуд кӯшишҳои ҳаёти дабдабанок ба сар бурданро бас кунад. Вале одатҳои пештара аз байн нарафтанд ва ба мағозаҳои қимати Найтбриҷ ва Риҷент-стрит рафтанҳои ӯ аз ин шаҳодат медоданд. Аммо боз ҳам ба модарам лозим меомад, ки ба ҳамон манзили арзони мунисипалӣ баргардад ва ба ёрдампулиҳои шӯрои шаҳрӣ умед бандад. Илоҷи дигар набуд. Вақт ноаён мегузашт. Ҷаноби Чжан якчанд бор маоши маро зиёд карда буд, чунки кори ман дар мактаб бештар мешуд. Ман ҳамаи маоши худро ба волидон медодам. Бояд гуфт, ки маблағи сафарҳои маро ба ҳар гуна мусобиқаҳо ба хориҷа ФБКФ пардохт менамуд. Ман то ҳол ҷанговари мағлубнопазир будам ва дар ФБКФ ба пешравии ман таваҷҷӯҳ зоҳир мекарданд. Баъди муддате маро розӣ намуданд, ки дар чемпионатҳои ҷаҳон оид ба кун-фу иштирок кунам. Дар аввал ин фикр ба ман на он қадар маъқул буд. Бисёр Устодони машҳур ҳеҷ гуна чемпионатҳоро таҳти сарпарастии ФБКФ эътироф намекунанд. Худи номи он — чемпионат — ба ҳунари ҷангии кун-фу ҳеҷ робита надорад. Устодон шогирдони худро танҳо бо як мақсад ба мусобиқаҳо мефиристанд: такмил додани техникаи кун-фу. Эътирофи байналмилалӣ, тамаллуқ ва хушомадгӯӣ барои Устодони бузург ҳеҷ аҳамият надоштанд. — Ба фикрам, унвони чемпиони ҷаҳонро танҳо шахси худписанд, мағрур ва беҳаё дошта метавонад, — мегуфтам ман ба дӯстам Кингслей, ҳангоме ки мо аз мактаби ҷаноби Чжан ба хона бармегаштем. — Ман танҳо барои он мусобиқа мекунам, ки устодам Лоусиро шӯҳратманд гардонам. — Хайр, аз ту чизе намеравад-ку. Биё розӣ шав... ту имкон пайдо мекунӣ, ки устодатро дар тамоми ҷаҳон шӯҳратманд намоӣ! — гуфт Кингслей ва бо ханда маро аз паҳлӯям тела дод. — Илова ба ин, Тонӣ, чӣ гуна сарф кардани 10 ҳазор фунт мукофотпулиро фикр кун. Ё ту аллакай фикр кардӣ? Кингслей маро дар ҳар гуна вазъият хандонда метавонист. Шояд ӯ ҳақ буд. Инро бо Лоусӣ муҳокима кардан даркор аст. Ман дар давоми се сол пайиҳам дар чемпионатҳо иштирок кардам: як бор дар Тайланд ва ду бор дар Ҳонконг. Чунин мусобиқаҳо ҳамеша ҷангҳои «беконтакт» мебошанд, яъне онҳо, бар хилофи ҷангҳои «контактӣ», бе усулҳои ҷангии дарднок гузаронда мешаванд. Ҳамин тариқ, ҳеҷ кас ҷиддӣ захмдор намешавад, ҷанговарон худназоратии пурра ва техникаи олидараҷаро нишон медиҳанд. Ҳар дафъа дар давоми ин се сол ман дар финали мусобиқа ба қатори чор нафар ҷанговарони ботаҷриба дохил мешудам. Ва аз ин ҳаловати ҳақиқӣ мебурдам. Ли Чжан По аз Сян, шогирди Устоди бузург ва машҳур Гок Сю Фун, ҳарифи ҷиддитарини ман буд. Дар давоми ин солҳо мо борҳо дар баромадҳои намунавӣ дар маъбадҳои буддоӣ вомехӯрдем ва байни мо ҳисси амиқи эҳтиром ба якдигар пайдо шуда буд. Ҳангоме ки сухан дар бораи эҳтироми тарафайн меравад, ҳисси рақобат аз байн меравад. Мо мефаҳмидем, ки ҳар ду таълими якхелаи ҷиддиро гузаштаем ва ба ҳар гуна ҷанг бо суботкории якхела медаромадем. Ҷангҳои мо аз рӯи сценарияи қатъӣ мегузаштанд ва ман дар давоми ду сол пайиҳам Ли Чжан Поро мағлуб мекардам. Дар Чемпионати сеюми ҷаҳон, ки ман дар он иштирок доштам, Ли Чжан По набуд. Бинобар он ман ин дафъа бе кӯшиши зиёд ғолиб омадам. Мукофотпулиро ба бобоям доданд. Бобоям, албатта, қисми зиёди онро ба ман фиристод. Ман, дар навбати худ, қисми бештари онро ба волидонам додам. Маҳз дар ҳамин вақт ба ман кори дигарро пешниҳод намуданд — дар худи ФБКФ. Ман дар тамоми ҷаҳон сафарҳо карда, мактабҳои кун-фуро назорат менамудам ва муаллимонеро, ки дар онҳо фаъолият мекарданд, ба қайд мегирифтам. Аз роҳи ҳақиқии ҳунари кун-фу дур нашуда, таҳсил ва машқро якҷоя пеш бурдан — ҳамин аст мақсади асосии ФБКФ. Маблағгузории ташкилот асосан аз ҳисоби агентиҳои муҳофизии таҳти сарпарастии он ташкилёфта мебошад, ки хизматҳои он ба ҳукуматҳои қонунӣ, ташкилотҳо ва шахсони алоҳида, ки ба муҳофизат эҳтиёҷ доранд, пешниҳод карда мешавад. Баъди он ки маро дар ФБКФ ба кор қабул карданд, ман ба навшогирдон усулҳои ҷанги тан ба танро таълим медодам. Ғайр аз маош ман боз ҳар гуна имтиёзҳо доштам. Ман пули калон мегирифтам. Ба ман мотосикли хизматӣ ва дар наздикии корпуси таълимии асосӣ дар рю де ла Конфедерасион дар Женева манзили хизматӣ доданд. ФБКФ шогирдонро асосан аз ҷумлаи собиқ хизматчиёни ҳарбӣ ҷамъ мекард ва ман дар ин ҷо бо шахсони миллат ва мақоми иҷтимоияшон гуногун вохӯрдам. Онҳо ҷавонони боқувват ва дурушт буданд, бисёриҳо аз Легиони хориҷии Фаронса, қувваҳои десантӣ-диверсиявии Британия ва қувваҳои ҳарбии Амрико буданд. Ҳамаи онҳо курси тайёрии ҳарбиро гузашта буданд, усулҳои ҷанги даст ба гиребонро аз худ карда буданд, бисёр техника ва силоҳҳои ҳарбиро истифода бурда метавонистанд, аммо мақсади таҳсил ва машқ дар чаҳорчӯбаи ФБКФ — такмили малакаҳои касбӣ дар ҳама намудҳои ҳимояи объектҳои гуногун ва муҳофизати шахсони алоҳида буд. Маълум аст, ки ин ҷавонон пеш аз ҳама барои бехатарии элитаи ҷаҳонӣ, шахсони сарватмандтарин ва тавонотарин масъулиятро ба ӯҳда доштанд. Ҳар яки шогирдони ман дар вақташ курсҳои тайёрии махсусро дар пойгоҳҳои таълимии ҳарбӣ гузашта буд, аммо вазифаи ман нишон додани он буд, ки дар вазъияти таҳдидкунанда ҷанги даст ба гиребон низ самаранок буда метавонад. Ҳафтаҳои зиёд барои нишон додани усулҳои асосии ҷанги даст ба гиребон сарф шуданд. Онҳо малакаҳои касбии амал кардан дар ҳолатҳои тамоси бевосита бо душман, озод кардани гаравгонҳо, таъқиб кардани душман ва наҷот додани шахсони ҳимояшавандаро ба даст меоварданд. Тадриҷан муносибатҳои мо беш аз пеш дӯстона мешуданд. Ҷавонони дурушт, ки ман ба онҳо ҳунари кун-фуро таълим медодам, дар шабнишиниҳои дӯстона вақт гузаронданро дӯст медоштанд. Дар вақтҳои аз таълим холӣ мо ба клубҳо ва барҳои маҳаллӣ мерафтем. Бисёр ҷавонони мо маводи нашъаовар истеъмол мекарданд ё то беҳуш шудан май менӯшиданд, аммо ман ба ин чизҳо тамоман майл надоштам. Бояд гуфт, ки ҳатто дар ин шароит ман ба тайёрии шахсӣ на камтар аз панҷ-шаш соат ҷудо мекардам. Ман бояд дар ҳолати хуби ҷисмонӣ мебудам ва ин корро танҳо дар ҳолати равшан будани ҳушу ақл кардан мумкин буд. Дар айни замон бисёр чизҳо дар тарзи зиндагии муҳофиз маро ба худ ҷалб менамуданд. Масалан, ҳисси хатар, ки тамоми вуҷуди касро фаро мегирад. Ғайр аз ин, муҳофизон дар доираи шахсони аҳамиятнок ва сарватмандтарини ҷаҳон давр мезаданд ва ҳамаи он чи шароити ҳашаматноки зиндагии мизоҷонро ба вуҷуд меоварад, дар ихтиёри онҳо буд. Ман бо Ҷин Ломм ном шахс аз Канада дӯстӣ пайдо намудам. Ӯ ҷавони қадбаланди пуртабассум буда, мӯйҳои ҷингила дошт. Ӯ ҳазл карданро дӯст медошт. Дар гузашта ӯ дар пойгоҳҳои таълимии Легиони хориҷии Фарансо тайёриро гузашта буд ва солҳои минбаъда дар ҳар гуна агентиҳои бехатарӣ кор мекард. Боре бегоҳӣ ман ва Ҷин барои хӯрокхӯрӣ рафтем. Ҳамроҳи мо Саша аз Белгия ва Муҳаммад аз Ҳиндустон буданд. Ман бе ҳеҷ ташвиш, истироҳат карда, ба гуфтугӯи онҳо гӯш медодам. Ҷавонон ба якдигар оиди хӯҷаинҳояшон нақл мекарданд. — Кори ман омад кард! — худситоӣ мекард Ҷин. — Се моҳ дар пляж дар Маврикий будам. Ба кас боз чӣ даркор аст? Хонаи калон дар соҳили уқёнус, яхта ва интихобан «ягуар» ё «БМВ-7». Кори олидараҷа! — Ту инро кор меномӣ? Гапи беҳуда! Беҳтараш ту оиди кор гап зан, — Ҷинро бармеангехт Муҳаммад. — Дар фарши яхта дароз кашида, нофро гарм кардан... ман аз чунин кори дилгиркунанда мемурдам! — хандид ӯ. Ҷин вонамуд кард, ки ранҷидааст. — Аммо ба ёд овардан меарзад. Хӯҷаин соҳибкори ҷиддӣ буд. — Хайр, албатта... биё гарав мебандем, ки шавқовартарин кори мефармудаи хӯҷаин он буд, ки қаиқро барои шиноварӣ ба об фарорӣ! — Шояд ман силоҳро дар даруни таҳпӯшак нигоҳ медоштам? — Ҷин вонамуд кард, ки силоҳро берун меоварад ва баъд он таппончаи тасаввуршавандаро ба Муҳаммад рост кард. Вай баланд хандид. — Аз ҷанобон хоҳиш карда мешавад, ки хавотир нашаванд! Ҳама чизамро бо худ гирифта мегардам, — кисаи сарисинагии худро тап-тап зада, илова кард ҳинду. Одатан муҳофиз дар ҳеҷ гуна шароит силоҳашро тарк намекунад. — Гӯш кун, Тонӣ.. Ту чаро беҷуръатӣ мекунӣ? — ба дигарон чашмакӣ зада, пурсид Саша. — Наход ту ҳамаи ин кашолкориҳои машқҳоро тарк карда, бо ягон кори ҷиддӣ машғул шудан намехоҳӣ? Ӯ дуруст мегӯяд, — розӣ шуд Муҳаммад. — Ту вақти худро беҳуда мегузаронӣ. Ту дар бораи ин ҳама хонумаҳои муҷаррад фикр кун. Онҳо дар хобашон танҳо ту барин бачаҳоро, ки онҳоро ҳимоя мекунанд, мебинанд. Ҳама хандиданд. — Хайр, албатта, ман орзу дорам, ки барои ин гуна хонума шумо барин як навъ лавозимоти мӯд шавам, бачаҳо, — ҷавоб додам ман. Сӯҳбат дарҳол ба сатҳи қиссаҳои занҳои сарватманде гузашт, ки муҳофизони худро чун бриллиант ё пӯстини гаронбаҳо намоиш медиҳанд. Аммо кор ин қадар оддӣ набуд. Ман мефаҳмидам, ки ҳамаи ин ҷавонон, агар на шӯхиомез, балки ҷиддӣ гап занем, дар таъмини бехатарии чорабиниҳо ва шахсиятҳои сатҳи умумиҷаҳонӣ иштирок карда метавонистанд. Онҳоро бо виҷдони соф элитаи касбӣ номидан мумкин аст, ки дар мавриди ҳуҷуми террористӣ ҳамчун силоҳи қасос омӯзонида шудаанд ва барои таъмини бехатарии шахсони машҳури ҷаҳон, дипломатҳо, аъзоёни оилаҳои шоҳон ва ходимони баландмартабаи давлатӣ масъулиятро ба дӯш гирифта метавонанд. Бале, ман кори онҳоро бо тамоми пуррагияш ба худ тасаввур карда метавонистам. ФБКФ ба сохторҳои муҳофизӣ гузаштани маро таҳсин намуд ва музди омӯзиш ва машқҳоро, ки барои ба даст овардани дараҷаи касбии муҳофиз даркоранд, пардохт намуд. Ман амалан оиди системаҳо ва намунаҳои силоҳи оташфишон ҳеҷ чиз намедонистам, аммо чунон ки маълум шуд, тирандози олидараҷа будам ва ба зудӣ истифодаи ҳар гуна аслиҳаро ёд гирифтам. Мо истифодаи карабини нишонгиракаш оптикӣ (барои амалиётҳои зиддиснайперӣ), карабинҳои нимавтоматӣ (барои аз дурӣ нобуд кардани ҳадаф), туфангҳои помпавии калибрашон дувоздаҳум, ҳар гуна аслиҳаи оташфишони дастӣ, таппончаҳо ва револверҳоро меомӯхтем. Аммо ба ҳар ҳол, ман беш аз ҳама худро дар ҷанги даст ба гиребон дилпурона ҳис мекардам. Ман ҳамеша силоҳи беоташро афзал медонистам. Аз ин ҷиҳат ман бо инструктори худ умумияти зиёд доштам. Ӯ ба мо истифодаи дурусти ҳар гуна кордҳо ва дигар аслиҳаи бурандаву халандаро ёд медод. Ӯ аслан аз Бирма буд ва мисли ман, аз хурдӣ ҳамин гуна тайёриро гузашта буд. Бояд гуфт, ки услуби маъруфи «паланг»-и ҳунари кун-фу дар Бирмаи қадим пайдо шудааст ва боиси ҳайрат нест, ки ин инструктор бисёр вақт ба ман имкон медод, ки блокҳо ва ҳуҷумҳоро бо истифодаи корд ё мачете нишон диҳам. Ғайр аз ин ман курси мошинронии бехатар, назорати берунӣ, хизматрасонии системаҳои сигнализатсия, парамедисина, ҳуқуқи ҷиноятии байналмилалӣ, мубориза бо терроризм, кор бо моддаҳои тарканда ва дигар фанҳоро гузаштам. Бисёр ва суботкорона омӯхтан лозим буд. Махсусан корҳои хаттӣ бисёр буданд. Ғайр аз ҳамаи ин, мо бо саъю кӯшиш забонҳои хориҷиро меомӯхтем. Ман дар рӯ ба рӯи ин душвориҳо ақиб нанишастам ва аз ҳамаи фанҳо баҳоҳои аъло доштам. Вақт тез мегузашт ва инак ман барои қасамёдкунии муҳофиз тайёр будам. Шиори мо — «Deum Solem Timidus» — маро ба табассум водор менамуд: охир, ман аз ҳеҷ гуна Худо наметарсидам. Барои ман, ғайр аз худои ботинам, худое вуҷуд надошт. Кори аввалини таҷрибавии ман кор бо Уинстон буд. Ӯ аслан аз Чикаго буда, муҳофизи ботаҷриба буд ва солҳои зиёд дар хонадони як хонума хизмат мекард. Ледӣ Диана хонуми сарватманди ҳолландӣ буда, дар Швейтсария зиндагӣ мекард. Ман бори аввал қароргоҳи беандоза калони ӯро, ки дар байни кӯҳҳои баланд ҷойгир буд, дида, ҳайрон шудам. Ман пештар ин гуна карру фарро надида будам. Умуман, ледӣ Диана ҳаёти хилватгузинона ба сар мебурд. Ӯ Грегорӣ ном писаре дошт, ки бо вуҷуди хурдсолияш хеле инкишофёфта буд ва низ хизматгорони зиёде дошт. Ӯ гоҳ-гоҳ ба мағозаҳо ва ба ягон намоиш-фурӯш мерафт ва дигар ба ҳеҷ ҷой рафтуомад намекард. Бо Уинстон кор кардан ба ман маъқул буд. Ман аз ӯ бисёр чизҳоро ёд гирифтам: таъмини ҳимоя ва амният, назорати берунӣ ва ҳимояи бевоситаи шахсиятҳои аҳамиятнок дар ҳолатҳои бӯҳронӣ. Аммо дар хусуси вазъияти воқеӣ дар хонаи ледӣ Диана бояд гуфт, ки ман дарҳол фаҳмидам, ки хатари асосӣ аз шавҳари Ледӣ Диана бармеояд, ки аз тарбияи фарзанд дур карда шудааст. Мувофиқи қарори маҳкама Грегорӣ бо модараш зиндагӣ мекард, аммо шавҳари ледӣ Диана гангстери маъруф буд ва маълум буд, ки ӯ фурсатро аз даст намедиҳад. Тамоми аҳли хона метарсиданд, ки ӯ бо ин ё он восита кӯдакро аз хонаи модараш дуздиданӣ мешавад. Аммо то даме ки Уинстон дар ин ҷо кор мекард, ҳеҷ воқеа рӯй намедод. Дар роҳбарияти ФБКФ чунин меҳисобиданд, ки омӯзиши амалии ман дар қароргоҳи ледӣ Диана хатари кам дорад (барои барномаи таълимӣ маҳз ҳамин чиз даркор буд). Ман аллакай рӯзеро интизор будам, ки дар ҳайати гурӯҳи пурра, ки аз панҷ посгоҳи назорати берунӣ бехатарии бевоситаи объектро таъмин мекунад, кор мекунам. Дар чунин ҳолатҳо роҳбари гурӯҳ будан хатари бештар дорад, чунки одатан маҳз роҳбар ҳадафи асосии қотилони зархарид мегардад. Баъди гузаштани муддате Уинстонро ба объекти дигар гузаронданд ва ман танҳо мондам. Боре посбони дарвозаи асосӣ ба воситаи ратсия ба ман хабар дод. — Тонӣ, ба маълумоти ту мерасонам, ки дар ин ҷо барои хоҷагӣ чизеро овардаанд. — Овардаанд? Чиро овардаанд? — Ман намедонам, фургони сафед омад — барои ҷомашӯӣ ё чизе ба монанди ин. Дар пеш ду кас хилъатҳои сафед дар тан нишастаанд. Хайр, ту мефаҳмӣ, ки ман чиро дар назар дорам... — Не. Пурс, ки онҳо киҳоянд ва чӣ мехоҳанд. Ман ин суханонро гуфта, зуд рӯйхати чорабиниҳои ин ҳафтаро аз назар гузарондам, агарчи аниқ медонистам, ки барои имрӯз ҳеҷ гуна чорабинӣ муқаррар нашуда буд. — Маро бубахш, Тонӣ, аммо ман аллакай онҳоро роҳ додам. — Аҳмақ! Ту оиди чӣ фикр мекунӣ? — ба хашм омадам ман. Ледӣ Диана дар хона нест, Грегорӣ бошад ҳамроҳи au pair[10]-и худ дар ошёнаи дуюм аст. Ман дарҳол назди онҳо давидам. — Дар ин ҷо монед, аз ҳуҷра як қадам ба берун намонед! — ба рӯи духтар нидо кардам ман ва тамоми тайёрии назариявӣ ва протоколро як сӯ гузошта, аз зинапоя ба поён давидам. Албатта, ман бояд бо бача мемондам ва дарҳол полисро ҷеғ мезадам, аммо ман пеш аз ҳама дар хусуси ҷинояткорон фикр мекардам. Ҳамин ки дари даромадро кушодам, туфанги помпавии думиларо дидам, ки рост ба рӯи равона карда шуда буд. — Мо барои бача омадем, — гуфт шахси туфангдор ба забони франсавӣ. Ман ба беруни дар нигариста наметавонистам, бинобар ин тасаввуроте надоштам, ки аз ақиби ӯ чанд мили дигар ҳаст. Чуноне ки посбони назди дарвоза гуфт, фургоне омад, ки дар он ду каси хилъатҳои сафед дар тан нишаста буданд. Ман ба роҳзани дар пешам буда нигаристам ва боварӣ доштам, ки дигарӣ дар ақиби ӯ аз тарафи чап истодааст. Эҳтимол, дигарон дар даруни фургон пинҳон шуда буданд. Ман бояд зудтар фикр мекардам. Ман ба пеш сӯи туфанги думила шитофтам ва ин ба ман имкон дод, ки даромадгоҳро холӣ кунам. Нақшаи ман дуруст баромад: ҷинояткоре ки назди ман буд. барои паррондан фурсат наёфт ва ин ба ман имкон дод, ки дар як лаҳза вазъиятро баҳо диҳам ва фаҳмам, ки бо чӣ қадар ҷинояткорон сару кор дорам. Яке аз тарафи чап истода буд, боз се каси дигар — аз тарафи рост. Чуноне ки он лаҳза фикр мекардам, онҳо бесилоҳ буданд, агарчи ҷинояткори дуюм, ки аз тарафи чап буд, дар даст чизе дошт. Ман бо зарбаи сахт туфангро аз худ яктарафа карда, ба рӯи ҷинояткори якум равона кардам. То даме ки дуюмӣ маро ба нишон мегирифт, ман ӯро бо пой чунон задам, ки револвераш аз болои сари он се ҷинояткори дар тарафи рост буда, парида рафт. Ин кори нобарор ва нодурусти ман буд. Акнун ҳар кадоми онҳо, ки ба аслиҳа даст дароз карда метавонад, маро кушта метавонад. Ман бо қундоқи туфанг ба рӯи ҷинояткори якум задам, сипас сӯи он се ҷинояткори боқимонда шитофтам ва бо мушт ва пошнаи пой бо услуби маймун зарбаҳо задам. Ҳар се ба замин афтиданд. Аз ӯҳдаи ин се кас баромада, ман пай бурдам, ки ҷинояткори якум, ки ман ӯро аввал аз пой ғалтонда будам, ғалтону хезон сӯи силоҳ даст дароз мекунад. Ман ба тахтапушти яке аз ҷинояткорони дар замин ғелида ҷастам ва онро чун платформа истифода бурда, бо зарбаи сахти «панҷаи паланг» ба паси сари ҷинояткори якум задам. Ӯ афтид, дар ҳоле ки дигарон дар замин аз дард ба худ мепечиданд. Ин вақт посбон, ки як ҳодисаи нохуберо гумонбар шуда буд, бо ратсия бо ошхона робита кард. Ошпаз ба полис занг зад. То вақти омадани полис ҷинояткорони маҷрӯҳшуда аллакай дар зинапояи назди хона ғелида буданд. Ман онҳоро бо туфанги помпавии дар дастам буда ба нишон гирифта, посбонӣ мекардам. Ман аз кори худ фахр карда наметавонистам, чунки шахси ҳимояшавандаро тарк карда, қонуни якуми муҳофизро вайрон намудам. Ман ҳанӯз хеле ҷавон ва худбовар буда, ба ҷангидан мешитофтам. Агар ҳама чиз ба таври дигар рӯй медод, ба Грегорӣ ва ба ҳамаи хизмтгорон хатари ҷиддӣ таҳдид менамуд. Дар чунин ҳолатҳо ҳеҷ кас ҳақ надорад дастурро вайрон кунад. Ин дарси осон набуд ва ман онро ба таври ҷиддӣ, барои ҳамеша дар ёд нигоҳ доштам. Дар давоми солҳои минбаъда ман зина ба зина дар мақоми хизматӣ боло мерафтам. Бисёр мизоҷони ман зери таҳдиди доимии рабуда шудан, қасос ё қатл зиндагӣ мекарданд. Аммо ман ҳамеша аз ӯҳдаи ҳолатҳои мураккабтарин мебаромадам, бинобар ин дар соҳибкории муҳофизӣ яке аз мутахассисони асосии ФБКФ шудам. Ман бо супоришҳои махсуси шахсони бонуфузтарини ҷаҳон амал мекардам. Ман якчанд моҳ бо Уилям Блэк ном амрикоӣ кор кардам. Ӯ шахси корчаллон ва солимфикр буд. Ӯ пулҳои худро ба сохтмони биноҳои осмонхароши Манҳэттен маблағгузорӣ мекард. Ман муҳофизи асосии ӯ шудам. Ӯ маро «ишоракунанда»-и худ меномид, шояд аз сабаби он ки ман одатан ба ҳамсӯҳбати худ бо ангушт ишора карда, гап мезадам. Вазифаи ман он буд, ки оиди ӯ ҳама чизро донам — аз шароити гузаштани ин ё он вохӯрии ӯ то он ки ӯ имрӯз ҳангоми наҳорӣ кадом навъи нонро мехӯрад. Занҳо масъалаи алоҳида мебошанд. Уилям занакабози гузаро буд. Боиси озурдахотирии ман он буд, ки ишқварзиҳои ӯ гоҳо нақшаи кории ӯро вайрон мекарданд ва ба ман лозим меомад, ки дар давоми рӯз ба хотири ҳавову ҳавасҳои ӯ хатти сайрро дигар кунам. Ҳамаи ин на танҳо ба ман, балки ба дигар аъзоёни гурӯҳи мо ташвишҳо ва дарди сар илова мекард. Вобаста ба он ки ӯ ба куҷо ва барои чӣ меравад, миқдори муҳофизони ӯ тағйир меёфт — ман бо шарикам, ё тамоми гурӯҳи иборат аз панҷ нафар, ки дар итоати ман буданд. Умуман, то даме ки Уилям Блэк дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафарҳо мекард, ӯ нисбатан дар бехатарӣ буд. Аммо ҳамин ки аз зинапояи ҳавопаймо ба замини бегона қадам монад, ба ҳар гуна воқеаҳои ногувор рӯ ба рӯ шуда метавонист. Барои соҳибкори сарватманд ва тавонои сатҳи олӣ сафар чандин баробар зиёдтар мешавад, хусусан агар ӯ ба кишваре равад, ки сиёсаташ ошкоро зиддиамрикоӣ аст. Боре ман аз котиби шахсии Уилям огоҳиномае гирифтам. Одамони Уилям барои ӯ дар Арабистони Саудӣ вохӯрии корӣ ташкил кардаанд. Ман хатчаро хонда, ба фарш партофтам. — Чӣ воқеа шудааст, ягон нохушӣ? — пурсид ҳамкорам Ҳенрӣ. — Моро ба Арабистони Саудӣ мефиристанд. Барои тайёрӣ як ҳафта дода мешавад! — бо асабоният ҷавоб додам ман. — Ин тамоман кам аст. Магар онҳо ақлашонро гум кардаанд? Ҳамон шаб ба ман лозим омад, ки то бевақтӣ дар ҷои кор монда, хатарҳоро баҳо диҳам, оддитар карда гӯем, он чиро, ки бо Уилям Блэк дар Арабистони Саудӣ рӯй дода метавонад, пешбинӣ кунам. Уилям дар Ар-Риёз бояд бо бародарон Фаҳалӣ вомехӯрд. Онҳо сармоягузорони аз ҷиҳати сиёсӣ бонуфуз буданд, ки фаъолияташон бо воқеаҳои беобрӯкунанда машҳур гашта буд. Табъи бародарон аз он хира шуда буд, ки якчанд моҳ пеш яке аз фирмаҳои онҳоро ташкилоти Уилям фурӯ бурда буд. Онҳо ӯро барои бозгардондани моликияти оилавӣ ба гуфтушуниди бевосита даъват карда буданд. Сардори ман додугирифти муфидеро, ки бо бародарон дошт, қатъ кардан намехост, аммо мушкилӣ дар он буд, ки фирмаи азхудшуда аллакай фурӯхта шуда буд. Хулоса, ҳама роҳҳои бозгашт бурида шуда буданд. Ба гуфтушунидҳо гузаштан даркор буд, агарчи Уилям аллакай дар ин бобат ҳеҷ кор карда наметавонист. Ин соҳибкорӣ, ки бо чунин таваҷҷӯҳи оилавӣ барангехта мешуд, ба мизоҷи ман гарон меафтид. Ман хуб мефаҳмидам, ки супориши нав, хусусан дар ин кишвари Шарқи Наздик, албатта хатари зиёд хоҳад дошт. Дар тасаввури ман, мо ба муҳити пешгӯинашаванда ва мухолиф равона мешудем. Дар гузоришнома ба роҳбарияти худ ман он чизро таъкид намудам, ки сафар ба Арабистони Саудӣ барои мизоҷи ман амали хеле хатарнок аст. Пеш аз ҳама, ман бояд бехатарии шахсии ӯро таъмин намоям. Дар охир ман маслиҳат додам, ки агар иштироки шахсии Уилям ҳатман зарур бошад, гуфтушунидҳо дар ҳудуди бетараф гузаронда шаванд. Агар ҷои вохӯриро дигар кардан ғайриимкон бошад, дастаи ман бояд пеш аз босс ба Арабистони Саудӣ биравад ва ҳарчи зудтар, зеро барои тафтишҳои даркорӣ ва корҳои ташкилӣ вақти зиёд лозим мешавад. Ман худи ҳамон рӯз бо факс ҷавобро гирифтам. Гузоришномаи маро ба бюрои ҳуқуқии Уилям фиристоданд, аммо онро дар он ҷо сарфи назар карданд. «Мушовирони ҷаноби Блэк чунин меҳисобанд, ки асбобҳои таъсиррасонӣ ба бародарон Фаҳалӣ (таносуби худи сармояи ширкати онҳо ва воситаҳои молиявии қарзӣ) ба қадри кофӣ қавӣ мебошанд ва хатари ин сафари корӣ кам аст, — ҷавоб доданд онҳо. — Хулоса, мо ба ҳеҷ ваҷҳ шартномаи КБКФ-ро бо ҷаноби Блэк дар хатар гузоштанӣ нестем ва аз шумо хоҳиш мекунем, ки барои ба Арабистони Саудӣ ҳамроҳӣ намудани мизоҷи мо бо суръат тайёрӣ бинед». Албатта, ман дарҳол ба Швейтсария, ба Сандра Зэпл факс фиристодам. Ҳангоме ки масъалаҳои ташкили сафарҳои хориҷӣ ва масъалаҳои назорати оперативиро муҳокима кардан даркор мешуд, ман маҳз ба воситаи ӯ бо офисамон робита мекардам. Баъд ман гӯшаки телефонро гирифта, ба Ҳенрӣ фармудам, ки ҳарчи зудтар назди ман биёяд. — Салом, азизонам! — шунида шуд дар гӯшаки телефон овози Сандра. Ману Ҳенрӣ ба якдигар нигариста, хандида мондем. Ҳеҷ яки мо Сандраро шахсан намешинохт, аммо овози ӯ ҳамеша бардам ва хушҳолона садо медод, бинобар ин дар байни мо — кори маъмулӣ — ишқварзии безарар рӯй медод. — Салом, Сандра, — ҷавоб додам ман ва баъд бо оҳанги шӯхиомез илова намудам: — Ин ҷо чунин корҳо шуда истодаанд, аммо масъулият дар гардани ману ту мешавад. — Ҳа, азизам, аммо мо ҳамон кореро, ки ба мо мефармоянд, мекунем. Агар мизоҷҳои мо ин хел беақл бошанд, ман чӣ ҳам гуфта метавонам? — Хуб, Сандра, мо корҳои зиёд дорем, — ба асли мақсад гузашта, гуфтам ман, — одамони Блэк иҷозат намедиҳанд, ки тамоми гурӯҳро бо худ гирем, бинобар ин ба Ар-Риёз ман ва Ҳенрӣ бо ду ҳамкори Блэк меравем. — Онҳо, аз афти кор, тасаввуроте надоранд, ки ба чӣ гуна воқеаҳои ногувор рӯ ба рӯ шуда метавонанд, — гуфт Ҳенрӣ бо заҳрханда. — Ба фикрам, мо бояд зуд ва бо қатъият амал намоем, вазъият хеле шиддатнок шуда метавонад, аммо ману ту танҳо ду нафарем. Ҳенрӣ дӯсти хуб ва муҳофизи касбӣ буд. Ӯ инглистонии аслу насабаш аз Непал буда, дар назди гуркҳо[11] тайёриро гузашта буд. Ӯ аз ман хеле баландтар ва боқувваттар буд. Ғайр аз ин, ӯ таҷрибаи хеле бой дошт. Ман ба кам касон боварӣ доштам ва Ҳенрӣ яке аз онҳо буд. Мо бо Сандра ҷузъиёти кори дар пеш бударо муҳокима кардем ва ҳудуди ӯҳдадориҳои ҳар кадомамонро муайян намудем. Мо аз ҷумлаи аҳолии маҳаллӣ агент дорем — Абдулло Ал-Қоф ном шахс, — хабар дод Сандра. — Ман бо почта ба шумо сурати ӯро мефиристам, аммо аз ёд набароред, ки ӯ дар табдили шакли зоҳирӣ ҳамто надорад. Ӯ зоҳиран ба деҳқони оддӣ монанд аст, аммо барои ба даст овардани ҳама чиз ёрӣ дода метавонад — аз дим сам[12] то ракетаи идорашаванда. — Дим-сам дар Арабистони Саудӣ, инро чашида дидан даркор аст, — гуфтам ман. — Абдулло шуморо бо воситаҳои робита таъмин мекунад ва ронандаҳои маҳаллиро меёбад. Ту ба воситаи ман бо ӯ робита мекунӣ, — давом дод Сандра, — Пагоҳ ҳамин вақт ман нақшаи аниқи хатти сайри шумо ва харитаи маҳалро бо объекти ишорашуда тайёр мекунам. Сафари мо аз лаҳзаи ба Арабистони Саудӣ омадан бояд на зиёда аз се рӯз давом мекард. Сафар тӯлонӣ ва душвор буд: зиёда аз дувоздаҳ соат ва боз дар Британия ва Баҳрайн захираи сӯзишвории ҳавопайморо пурра карданд. Аммо азбаски тамоми рӯзҳои пеш аз сафар мо бо тайёрии даркорӣ машғул будем, ману Ҳенрӣ шод будем, ки ҳангоми парвоз андаке хоб меравем. Вақте ки мо дар Ар-Риёз фуруд омадем, дили ман сахттар зад. Ман то ҳадди ақсо дар ташвиш будам. Албатта, асабонӣ мешудам, — хасташавии зиёд таъсир мерасонд ва дар баробари ин пеш аз иҷрои ин супориш маро ҳисси нохубе фаро гирифта буд. Боби 6 Ба шарофати кӯшишҳои Абдулло ҳавопаймои шахсии Уилям дар фурудгоҳи Ар-Риёз, дар майдони президентии фуруд ва парвоз поён фаромад. Моро ду «мерседес»-и сафед пешвоз гирифтанд. Аммо пеш аз ба онҳо рафта расидан, мо бояд аз бинои терминали асосӣ мегузаштем. Дар ҳама ҷо издиҳоми зиёд буд, бинобар ин дар назди мо вазифаи хеле ҷиддӣ меистод. Барои аз назар соқит накардани хатарҳои имконпазир ман пеш-пеш мерафтам ва аз атрофиён чашм намекандам, Ҳенрӣ бошад аз ақиб меомад ва Уилямро аз мадди назар дур намекард. Ҳамин тавр мо оҳиста аз байни одамон ҳаракат мекардем. Мардум камтар мешуд. Одамони атроф гуфтугӯ мекарданд ва механдиданд. Дар вазъияти бӯҳронӣ онҳо ҳаракати моро маҳдуд карда, бароямон монеа шуда метавонистанд. Одамон якдигарро тела дода, бо бозувон ба худ роҳ мекушоданд. Дар ин ҷунбуҷӯл ҳаммолон хизмати худро пешниҳод мекарданд. Мушакҳои ман комилан таранг шуданд. Дар интизории хатар ҳамаи ҳиссиётҳои ман ба таври дарднок ҳассостар гардиданд. Ман дар ҳар лаҳза ба ҳуҷум тайёр будам. Чунин вазъиятро идора кардан ғайриимкон буд. Ман онро идора карда наметавонистам ва ин ба ман маъқул набуд. — Бахшиш, бахшиш, — сумкаҳоро аз дасти ман кашиданӣ шуда, такрор мекард як шахсе, ки ба юрмон монанд буд. Ба ман лозим омад, ки ӯро дуртар тела диҳам. — Оҳистатар, оҳистатар, — ханда кард Уилям. — Ин қадар бераҳм набош. Чунин рафтор дар ин ҷо маъмул нест. Ман инро бе Блэк ҳам медонистам. Дар ҳафтаи гузашта ба ман лозим омад, ки оиди маданияти араб ҳама чизи ба дастам омадаро хонам. «Бахшиш», — яъне хайр кардан ё андак тӯҳфа додан аст; бо ҳамин восита сарватмандон бояд аз дороии худ ба камбағалон чизе диҳанд. Хайр, майлаш, аммо ин лаҳза дар фикру хаёли ман тамоман чизи дигар буд. Ман хуб медонистам, то даме ки ба маҳалли даркорӣ нарасем, хотирҷамъ шуда наметавонам. Ману Ҳенрӣ ба «мерседес»-и якум дар назди Уилям нишастем. Мо набояд аз ӯ як қадам дур мешудем. Ду нафар ҳамкоронамон дар мошини дуюм меомаданд. Аммо ба ҳар ҳол ман пурра осуда шуда наметавонистам. КБКФ амалан дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон робитаҳои худро дошт, аммо ман ҳеҷ гоҳ ба ҳеҷ кас боварӣ намекардам. Ман то ҳадди имкон аз хизмати шабакаи агентҳои худӣ истифода мекардам. Бо вуҷуди суханони Сандра ман ин Абдуллоро намешинохтам ва ба таври ғаризавӣ аз ӯ ва одамони ӯ хавф доштам. Бо ронандаҳои тафтишнашуда боэҳтиёт буда, ҳар як ҳаракати онҳоро назорат намудан лозим аст. Меҳмонхонаи бо мармар рӯйкашшудаи «Меридиан»-ро нақшу нигори заррин оро медод. Барои Уилям пентҳауси боҳашаматеро фармоиш дода буданд. Ман якум шуда ба он ҷо даромадам ва ҳама чизро аз назар гузаронда, пеш аз ҳама мавҷуд будани маводи таркандаи худсохтро тафтиш намудам. Ва танҳо пас аз он ки ман иҷозати даромадан додам, мизоҷи мо барои истироҳат ба пентҳаус даромад. Шабона Ҳенрӣ барои навбатдорӣ истод, ман бошам дароз кашидам ва хобам бурд. Рӯзи дигар ман субҳидам бедор шуда, пеш аз ҳама меҳмонхонаро аз назар гузарондам. Уилям ҳанӯз бедор нашуда буд. Гуфтушунидҳои ӯ бо бародарон Фаҳалӣ ба ҳамин рӯз муқаррар карда шудаанд. Ман ҳамаи ошёнаҳоро аз назар гузарондам, лифтҳо, вестибюл, тарабхона ва блоки ошхонаро тафтиш намуда, корро бо тафтиши ҷиддии ду «мерседес» ба охир расондам. Maн шубҳае надоштам, ки дар охир дар он ҷо як тӯда «гамбускҳо»-ро (асбобчаҳои хурде ки барои назорати пинҳонӣ истифода мешаванд) пайдо мекунам, аммо боиси ҳайрати ман буд, ки ҳеҷ чиз пайдо накардам. Ҳангоме ки ман Уилямро вохӯрдам, ӯ бо вуҷуди истироҳат карданаш, чун дирӯза хаста ва лакот метофт. Парвози дирӯза ӯро хеле хаста карда буд. Уилям андак фарбеҳ ва қадпаст буда, мӯйҳои тунуки малла дошт. Ӯ шахсе буд, ки ба худ боварӣ дошт ва рӯҳбаландиро аз даст намедод. Аммо ҳамаи ин аз ҳисоби сарватмандӣ ва ҳокимияти ӯ буд. Пеш аз он ки ба гуфтушунид равем, ману Ҳенрӣ бори дигар протоколи расмии имрӯзаи мизоҷамонро дида баромадем. — Ҳар воқеа рӯй диҳад ҳам, аз мадди назари ман дур нашавед, — огоҳ кардам ман Уилямро. Мо маслиҳат кардем, ки маро чун мушовири шахсии Блэк мешиносонанд, то ки Ҳенриро муҳофиз гумон кунанд. Ҳенрӣ пеш аз рафтан бори дигар «мерседес»-ҳоро тафтиш кард ва мо равона шудем. Биное ки ба бародарон Фаҳалӣ тааллуқ дошт, беш аз меҳмонхонаи «Меридиан» зарҳалкорӣ карда шуда буд. Моро дар ин ҷо нисбатан хуш пазируфтанд. Ҳамин ки салому паёмҳои тарафайн сар шуданд, ман нақшаи биноро, аз ҷумла баромадгоҳҳо ва зинапояҳоро фикран тасаввур кардам. Ҳанӯз дар Амрико ман нақшаи онро бо тамоми ҷузъиёташ омӯхта будам. Худоро шукр, ки Сандра моро бо ҳама чизҳое ки барои кор лозиманд, таъмин карда буд. Бинобар ин ман тасаввуроти аниқ доштам, ки шахтаҳои ҳавотозакунӣ, ки дар мавриди бӯҳронӣ чун роҳи баромади эҳтиётӣ истифода бурда мешавад, аз куҷо мегузаранд. — Шумо дар ин ҷо пурра дар бехатарӣ мебошед, — ба Уилям муроҷиат карду ба Ҳенрӣ нигариста, гуфт яке аз бародарон. — Магар мумкин нест, ки муҳофизатонро ба ҳуҷраи қабули меҳмонон фиристед, то истироҳат кунад? Мувофиқи нақша ман бо ишораи сар ба Ҳенрӣ иҷозат додам, ки аз вазифаи ҳимояи Уилям озод бошад. Ҳамин тавр бародаронро бовар кунондан осонтар буд, ки маҳз Ҳенрӣ муҳофизи асосии Блэк аст. Ӯ назар ба ман хеле боқувваттар метофт. Ман медонистам, ки ӯ вақти холии худро бефоида намегузаронад. Ҳангоми нӯшидани нӯшокиҳо ва хӯрдани паҳлава сӯҳбате ба миён омад, ки ба таври мавзун ба мавзӯи асосӣ гузашт. Яке аз ҳамкорони Уилям оиди масъалаҳои дезинтегратсия ва фурӯхта шудани фирма гап зад. Ба ӯ имкон надоданд, ки гапашро то охир бигӯяд. Бо мурури он ки сӯҳбат давом ёфта, натиҷае намедод, овозҳои бародарон Фаҳалӣ баландтар ва асабонитар мешуданд. Ниҳоят, яке аз бародарон худдориро аз даст дода, ба эҳсосот дода шуд. — Аҳли оилаи ман дар вақташ ба ин соҳибкорӣ на барои он маблағгузорӣ карда буданд, ки баъд амрикоиҳо, чун шағолон, онро пора-пора кунанд. — Ором шав! — ӯро боздоштанӣ мешуд бародараш, ки зоҳиран оромтар метофт. Аммо ман ҳис мекардам, ки ҳамаи ин — бозии психологии полиси бад ва хуб[13] аст. — Барои чӣ? — бо хашм ба рӯи миз мушт зада, нидо кард бародари асабонӣ. — Касе бояд барои таҳқир кардани авлоди мо ҷавоб диҳад! Азбаски ҳар ду ҷониб ҳангоми гуфтушинидҳо ба эҳсосот дода мешуданд, ман бо диққат бародаронро мушоҳида менамудам, зеро дидам, ки вазъият хеле шиддатнок шуда истодааст. Ман умед доштам, ки Ҳенрӣ дар ҷояш мебошад. Уилям гуфтугӯро давом доданӣ шуд, аммо бародарон ҳамаи роҳҳои ҳалро рад мекарданд. Ногоҳ бародаре ки агрессияи бештар зоҳир менамуд, аз ҷой ҷаста хест. Ман ба таври ғаризавӣ дастамро ба кисаи дарун бурдам. Бародари агрессивӣ раҳ ба раҳ, ба забони арабӣ, ба бародараш чизе гуфта, зуд аз толори маҷлисҳо баромад. Дақиқаи хомӯшӣ фаро расид, сипас бародари дуюм оиди хашму ғазаби худ гап зад. — Мо ин корро ҳамин тавр намегузорем ва манфиатҳои худро ҳимоя мекунем, — гуфт ӯ бо ғазаб. Акнун ман бояд ихтиёри амалҳоро ба дасти худ мегирифтам. Лаҳзаеро аз даст надода, ман Уилямро аз толор берун баровардам. Ман дидам, ки Ҳенрӣ дар назди «мерседес» истодааст ва оҳи сабук кашидам. Аммо рафти воқеаҳо на ба фоидаи мо буд. Ҳенрӣ дар иҳотаи шаш каси қавиҳайкал буд, ки дар тан костюмҳои аврупоӣ ва дар чашмон айнакҳои сиёҳ доштанд. Ҳенрӣ ба чеҳраи ман менигарист. Ҳангоме ки мо ба «мерседес»-ҳо наздик шудем, касе ки аз ақиби мо мерафт, ба он шаш қавиҳайкал бо арабӣ чизе гуфт. Онҳо сӯи мо ҳаракат карданд. Агар ман танҳо мебудам, ҳамаашонро дарҳол ба замин афтонда, дарси хуби ибрат медодам, аммо ман пеш аз ҳама бояд дар хусуси бехатарии Уилям фикр мекардам. Ман аз ӯ дур намешудам. Он шаш қавиҳайкал ба мо осебе нарасонданд, балки моро то мошин гусел карданд. Ба фикрам, ба онҳо фармуда шуда буд, ки боварӣ ҳосил кунанд, ки мо аз бино баромадаем. Ҳангоме ки мо ба «мерседес» нишастем, Уилям арақшор шуда буд. — Уф, таассуроти на он қадар хуб... — гуфт ӯ. — Ин ҳанӯз аввали кор аст... — ҷавоб додам ман, ҳангоме дидам, ки он қавиҳайкалон ба ду гурӯҳ тақсим шуданд. Як гурӯҳ ба «БМВ»-и сиёҳ нишаст, ва мошин дарҳол ба пеш шитофт. Гурӯҳи дигар ба «БМВ»-и дигар нишаст. — Ҳай кун! — фармудам ман ба ронанда. Умар, як ҷавони деҳқонмонанд, дар назди ронанда нишаста буд. Ӯ агенти Абдулло буд, ки моро ҳамчун тарҷумон ҳамроҳӣ мекард. Ман аз ӯ низ беихтиёр хавф доштам. Ман дар назди Уилям дар нишастгоҳи ақиби «мерседес» ҷой гирифтам. Ҳенрӣ бо аслиҳаи оташфишон, ки дар бордони ақиб буд, машғул шуд. Ҳангоме ки мо роҳакӣ мешудем, аз оинаи мошин дидам, ки «БМВ»-и дуюм низ аз паси мо ба роҳ даромад. — Мушкилие ба миён омад, — гуфтам ман. Ману Ҳенрӣ аз ними нигоҳ фаҳмидани якдигарро ёд гирифта будем. Ӯ медонист, ки ман ба шахсони дар пеш менишаста боварӣ надорам. Акнун ман ҳар як ҳаракати онҳоро назорат мекардам, Ҳенрӣ бошад — «БМВ»-ро. — Корҳо бад! — нидо кард Ҳенрӣ. Ман дарҳол ба ақиб нигаристам. Қавиҳайкалон бо «БМВ»-и дуюм аз «мерседес»-и дуюм гузашта, ба ақиби мошини мо даромаданд. Ман ба хашм омадам. Агар мошинҳоро ронандаҳои худамон меронданд, ин тавр намешуд! Одамони мо ҳимояи босуръатро дар масофаи сӣ сантиметр байни мошинҳо таъмин карда метавонистанд ва ба ҳеҷ кас имкон намедоданд, ки байни ду мошини мо дарояд, чунон ки ҳозир рӯй дод. Ман таппончаро гирифта, ба паси сари ронанда равона кардам. Ӯ фарёд зада, аз Худо мадад хост. Чуноне ки ман тахмин карда будам, «БМВ», ки байни мо даромада буд, мошинро тормоз дод ва «мерседес»-и дуюмро маҷбур кард, ки бозистад. Аз «БМВ» ду қавиҳайкал баромаданд. Онҳо ба «Мерседес» наздик омада, аз аслиҳаи нимавтоматӣ ба оинаи паҳлӯии мошин тир холӣ карданд. Ман Уилямро водор намудам, ки дар паси нишастгоҳҳои пеш пинҳон шавад ва худро ба болояш партофтам. — Тез ҳай кун! — дод задам ман ба ронанда, ки аз тарс меларзид. Ӯ педали газро зер кард, аммо ба зудӣ мошин аз кор монд. Ман ба ӯ дарафтода, боз таппончаро ба сараш мондам ва дод задам, ки дарҳол роҳакӣ равад. Аммо ронанда ҷаста аз мошин баромад ва бо доду фарёд гурехта, илтиҷо мекард, ки ба ӯ раҳм кунам. Ман он вақт нафаҳмидам, ки ӯ дар амалиёт иштирок дошт ё не. Моро ба дом кашид ё дар ҳақиқат тарсид ва ба фишори ман тоб наовард? Ҳамин тавр мо фаҳмида натавонистем, ки ӯ одами кӣ буд. Он гоҳ Ҳенрӣ аз нишастгоҳи пеши мошин гузашта, чанбараки мошинро ба даст гирифт. Акнун мо, каме ҳам бошад, имконияти раҳо ёфтан доштем. Ҳенрӣ дар мошинронии экстремалӣ яке аз асҳои КБКФ буд. Мо аз кӯчаҳои пурчанг мешитофтем. Кӯчаҳо ҳарчи тангтар ва серодамтар шуда, аз дӯкончаҳо ва ҳайвонот пур мегардиданд, бинобар ин мо мошинро ин сӯ-он сӯ ронда, ба куҷо рафтанамонро намедонистем. «БМВ» ҳанӯз ҳам моро таъқиб мекард. Ҳенрӣ як сонияро ҳам беҳуда сарф накарда, дар кӯчаҳои танг моҳирона мошин меронд. Одамон аз мо ба ҳар сӯ мегурехтанд, издиҳоми одамон фавран кам мешуд. Мо бо суръати баланд чанг хезонда ва ба мошинҳои кӯҳна бархӯрда, дар байни транспорти сустҳаракат печу тоб мехӯрдем, то ки ба одамон барнахӯрем. — Эҳтиёт бош! — дод зад Ҳенрӣ, ҳангоме ки мо ба дӯкончаи сари роҳ бармехӯрдем. Араб тарсида, сари вақт аз дӯкон ҷаста баромад, ба болои мошин анҷир ва хурмо рехт. Чодири латтагин канда шуда, ба оинаи мошин часпид, бинобар ин Ҳенрӣ пешро надида, мошин меронд. Баъди якчанд сония шамол чодирро ба лаби роҳ бод дод. Ба Уилям имкони сар бардоштан надода, ман таппончаро ба Умар, ки дар харита ҷоямонро муайян карда натавониста истода буд, равона кардам. — Роҳи сафоратро ёб, — гуфтам ман, — ба сафорати Британия ё Амрико, барои мо фарқ надорад! Фикр кун, ҷавон, фикр кун! — Ба ин сӯ, акнун ба ин сӯ, ба чап... — ӯ барои ҳаёти худ хавф бурда, дарҳол аксуламал намуд. Ҳенрӣ мошинро дар кӯчаи танг ронд. — Не, не, на ба ин сӯ! — бо овози ноҷӯр дод зад тарҷумон. — Ба ин сӯ ронда бин! Ҳенрӣ мошинро ба кӯчаи асосӣ гардонд, ин кӯча васеътар буд. — Дар ин ҷо мошин бисёр аст, пробка! — нидо кард Ҳенрӣ. Ман таппончаро ба сари Умар равона кардам. Наход, ки инаш ҳам хоин бошад? Ҳенрӣ «мерседес»-ро ба 90 дараҷа гардонда, бо кӯчае ронд, ки ба тангкӯчаи торик мебурд. — Эҳтиёт бошед! Оинаҳои паҳлӯии мошин деворро харошиданд, аммо Ҳенрӣ газро суст намекард. Сипас мо бо суръати беҳад баланд ба рӯшноии рӯз баромадем. Боз як кӯчаи серодам ва пурғавғо. Умар ин вақт аз тарс меларзид. Ман ба ақиб нигаристам. «БМВ» ақиб монда буд ва наметофт. «Мошинро боздор!» — фармудам ман ба Ҳенрӣ. «Мерседес» дар ҷояш истод. — Дафъ шав! Баро, баро! — дод задам ман ба тарҷумон. Умар беихтиёр дастакро кашида, дарро кушод ва барои ҷони худ тарсида, бо лаънат ва ҳақоратҳо аз мошин берун шуд. Ҳенрӣ фавран мошинро ронд. Дар охир мо аз лабиринти кӯчаҳои шаҳр ба роҳи каму беш васеътар баромадем. Дар атроф биёбони хушку холӣ буд. Ҳамин тавр мо як-ду соат роҳ паймудем. — Аз «мерс» халос шудан даркор аст... — гуфт Ҳенрӣ. — Моро аллакай ҷустуҷӯ мекунанд. Муддате хомӯшӣ фаро расид. Ман бошиддат фикр карда, нақша тартиб доданӣ мешудам. Уилямро ба таври ғайрилегалӣ аз кишвар берун бурдан даркор буд. Мо дар Ӯрдун як манзили конспиративӣ доштем. Он ҷо одамони хубе буданд. Ман онҳоро шахсан мешинохтам ва ба онҳо боварӣ доштам. Вале масофаи байни мову онҳо на камтар аз ҳаштсад километр буд. Ман нисбат ба Абдулло ҳама гуна бовариро гум карда будам, бинобар ин аз агентҳои ӯ фоидае набуд. Дар Қувайт ва Баҳрайн низ манзилҳои конспиративӣ буданд. Баҳрайн аз ҳама наздиктар аст. Агар бо Сандра робита карда тавонам, ӯ метавонад ҳуҷҷатҳоро тахт кунад, то ки моро дар хориҷи кишвар қабул кунанд. Ногоҳ Ҳенрӣ фикрҳои маро қатъ намуд: — Бензин тамом мешавад. Танҳо барои ду-се километр мерасад. — Шӯхӣ мекунӣ? — Не, ҳаргиз. Ҳангоме ки мо ба мошин нишастем, нисфи бак холӣ буд. Ман бо таассуф сар ҷунбондам. Қоидаи якуми мошинронии бехатар вайрон карда шудааст — баки бензин бояд пур бошад. Ман ба Уилям нигаристам. Акнун ӯ рост меистод, аммо меларзид, аз рӯи суп-сурхаш арақ шашқатор мерехт. Ӯ пиёда чӣ қадар роҳ рафта метавониста бошад? Мо тасаввуроте надоштем, ки дар куҷоем, ба куҷо меравем ва то шаҳри наздиктарин чанд километр роҳ аст. Моҳи сентябр буд, аммо дар биёбон –гармои шадид. Ман захираҳоямонро тафтиш карда дидам. Дар ихтиёри мо андак хӯрок ва чор шиша оби минералӣ буд. Барои муддати зиёд намерасад, хусусан дар ин гармо. Мо интихобе надоштем. Акнун қариб ҳеҷ чиз ба ман вобаста набуд! — Ана, ба фикрам, тамом! — бо дастонаш ба чанбарак зада, гуфт Ҳенрӣ ҳангоме ки мошин бозистод. — Сӯзишворӣ тамом шуд. Уилям дар сари роҳ нишаст ва банди галстукашро суст карда, сарашро бо рӯймолча пӯшонд, то ки ақаллан каме аз офтоб паноҳ ёбад. Ману Ҳенрӣ «мерседес»-ро аз роҳ берун карда, дар байни буттаҳо пинҳон кардем. Аммо аз боиси сирак будани буттаҳо мошинро хуб маскировка карда натавонистем. Сипас мо бе бор ба роҳ даромадем. Дар роҳ ҳеҷ гуна ҳаракат набуд, аммо ман умед доштам, ки он моро ба роҳи асосӣ мебарорад. — Ба фикрам, ин роҳ ба сӯи Ҳарад аст, — гуфт Ҳенрӣ. Дар тарафи чап — замини беҳосил бо растаниҳои пажмурда; дар тарафи рост — то он ҷое ки чашм дида метавонад — биёбони холӣ. — Агар бо роҳ равем, бегоҳӣ ба маҳалли даркорӣ мерасем. — Ту боварӣ дорӣ? — Не, боварӣ надорам. Ман ҳеҷ чиз пешниҳод карда наметавонистам ва ба ғаризаи Ҳенрӣ таваккал кардам. Баъди якчанд қадам ба ман лозим омад, ки шишаи обро аз дасти Уилям кашида гирам. Ӯ саросемавор об мехӯрд, об ба манаҳ ва сари синааш мерехт. — Обро сарфа кардан даркор аст, — гуфтам ман ба Блэк. — Маълум нест, ки мо то кай дар ин ҷо хоҳем буд. Якчанд соат гузашт ва мо ба воҳае расида, дар сояи сангҳои калон истироҳат кардем. — Баъди ду соат шаб фаро мерасад, — гуфт Ҳенрӣ. Ба фикри ман, шабона бехатар аст, агарчи шабона дар ин ҷо ҳаво хеле хунук шуда метавонад. Бо гузаштани ҳар як дақиқа дили маро ҳарчи бештар изтироб фаро мегирифт. Ниҳоят, мо то кадом як шаҳрак расидем. — Офарин, бародар! — гуфтам ман китфи Ҳенриро тап-тап зада. Ин шаҳри Ҳарад буд. Аллакай торик шуда буд ва Уилям аз тағёирёбии сахти ҳарорат меларзид. Дар кӯчаҳо оромӣ ҳукмфармо буд. Дар баъзе ҷойҳо одамон тӯда-тӯда шуда буданд. Онҳо оромона истода, гуфтугӯ мекарданд, тамоку мекашиданд, аммо ҳамин ки моро бинанд, дарҳол ғайб мезаданд. — Ташаккур барои ёрӣ расонданатон, — бо кинояи талх гуфт Уилям. Дар охир мо ба кадом як биное наздик шудем, ки ба ҷои бензинфурӯшӣ монанд буд. Ҳангоме ки мо ба дарун даромадем, араби синну солаш номаълум моро бо нигоҳ андоза кард. Рӯи ӯ бодхӯрда буд, чашмонаш аз одати дар офтоб нимпӯш кардан тамоман танг буданд. Ҳенрӣ ва Уилям барои интихоб намудани хӯрок ва нӯшокиҳо рафтанд. — Ман бояд занг занам, — гуфтам ман ба забони арабии шикаста ва бо англисӣ омехта. Араб чун кар ба ман нигоҳ кард. Аммо ман боварӣ доштам, ки ӯ ҳама чизро шунид ва фаҳмид. Ҳамин вақт Уилям бо ҳамёни кушода омад. Араб бандчаи пулҳои сабзро дида, табассум кард ва аз зери тахта аппарати телефонро баровард. Пас аз изтиробҳои рӯзи гузашта, шунидани овози баланд ва бардами Сандра сабукии калон мебахшид. Ман зуд ба Сандра асли воқеаро фаҳмонда додам, зеро мефаҳмидам, ки дар ин маҳал мо то чӣ андоза дар хатар ҳастем. — Шумо ҳозир аз манзили конспиративии мо дар Баҳрайн тақрибан дар масофаи сад километр ҳастед, — хабар дод ӯ ба ман. — Ба шарқ равона шавед. Ман барои шумо шиносномаҳо тайёр мекунам ва шумо аз он ҷо берун омада метавонед. Ҳамин ки ман маълумоти рамзнокро оиди адресҳо ва мулоқотгоҳҳои махфӣ гирифтам, дар назди тиреза бозистодани «БМВ»-и бароям маълумро дидам. Ҳенрӣ Уилямро аз гиребонаш гирифта, ба кадом як ҳуҷраи ёридиҳанда тела дод. — Не, не! — дод зад шахс дар назди пештахта. Ман ба вай сад доллар додам, аммо бо вуҷуди ин вай имову ишора кард, ки ба мо ёрӣ намедиҳад. Аз пайи Ҳенрӣ ва Уилям шитофта, ман ба онҳо фармудам, ки гурезанд. Дар он ҷо роҳи баромади эҳтиётӣ буд ва хушбахтона, он қуфл кардагӣ набуд. Аз толоре ки мо онро тарк кардем, нидоҳо шунида мешуданд. Мо давида ба кӯча баромадем. Уилям ин сӯ-он сӯ калавида, медавид. Ҳарад шаҳраки якошёна будааст — лабиринти иборат аз гузаргоҳҳои танг ва кӯчаҳои сарбаста. Ба зудӣ аз паси мо шарфаи пойҳо шунида шуд. Садои тир баромад. Тир ба девор бархӯрд, ва камона карда, аз болои сарҳои мо парида гузашт. — Давед, ба ақиб нигоҳ накунед! — аз ду таппонча тир парронда, дод зад Ҳенрӣ. Ман аз остини Уилям кашидам. Мо ба сӯи тангкӯча давидем. — Тамом... акнун кушта мешавем... — гуфт ӯ. — Ҳанӯз ин аниқ нашудааст, — ҷавоб додам ман. — Наистед! Тирпарронӣ боз сар шуд. Мо аз рӯи тамоми қоидаҳо ақибнишинӣ мекардем. Ҳенрӣ сӯи таъқибкунандагон тир парронда, моро ҳимоя мекард. Ногоҳ садои тир баромад ва аз пайи он фарёди ҷонкоҳе шунида шуд. Ман давиданро давом дода, ба ақиб нигаристам. Ҳенрӣ ғалтид. Ман мехостам ба кӯмаки ӯ равам, аммо вазифаи ман — наҷот додани Уилям аст. Мо аз даруни ҳавлиҳои торик гузашта, даричаҳоро тела медодему деворҳои пастро паси сар карда, дар лабиринти роҳҳои сарбаста ва гузаргоҳҳои шаҳраки хобида, медавидем. — Ист, ист... ман бояд дам гирам... — нафасгир шуда, такрор мекард Уилям. — Ман дигар давида наметавонам... Ман бозистодам. Ҳенрӣ диққати таъқибкунандагони моро ба худ кашид ва аз афташ, акнун мо аз онҳо дур шудаем. Аз девори пасти навбатӣ гузашта, мо ба кӯчаи танге баромадем. Ман барои Ҳенрӣ қасос гирифтанӣ шуда, аз ақл бегона мешудам. — Дар ин ҷо ба мо хатар таҳдид мекунад... гуфтам ман ба Уилям, дар ҳоле ки ӯро ба токзори зиче ки хонаи касеро печонда гирифта буд, пинҳон мекардам. — Агар ҷинояткорон накушанд, аз инфаркт мемурам, аз ду сар умрам ба охир расидааст... — ҷавоб дод Уилям бо кӯшиши нафас рост кардан. Ман бояд ба ягон қарор меомадам, ки акнун чӣ бояд кард. Акнун таъқибкунандагони мо интизори он ҳастанд, ки мо дар ягон ҷои ин шаҳрак пинҳон мешавем. Агар ба биёбон гурезем чӣ? Таваккал кунем? Мо дар он ҷо то ба кай тоқат карда метавонем? Аммо роҳи дигаре нест! Аз эҳтимол дур аст, ки дар ин ҷо касе хоҳиши ба мо мадад расонданро дошта бошад. Ногоҳ садои кушода шудани дар шунида шуд. Аз хона як араби азимҷусса баромад. Аз афти кор, ӯ пинҳонӣ гапҳои моро гӯш мекард. Ҳамин ки он араб навдаҳои токро як сӯ карда, пеш омад, ман Уилямро бо ҷисми худ паноҳ кардам. Нигоҳҳои мо ба ҳам вохӯрданд ва араб ногоҳ дод зад. Ман ба ӯ имову ишора мекардам, ки дод задан даркор нест, аммо ӯ ором намешуд. Ман интихоби дигар надоштам. Лозим омад, ки ба гулӯяш зарба зада, ӯро ором кунам. Ин маънои кафидани трахеяро дошт. Ҳангоме ки азимҷусса ғалтид, ман яке аз таъқибкунандагонро дидам. Ӯ сӯи ман давид ва аввалин шуда, маро зад. Ман ин зарбаро сар додам, зеро мефаҳмидам, ки дастонам бояд озод бошанд ва аз дасти дигари ӯ чашм намекандам. Ҳангоме ки ҷинояткор барои баровардани силоҳ даст ба киса бурд, ман нарангушти ӯро дошта, қат кардам. Ӯ бо фарёди даҳшатовар ғалтид. Ман таппончаи ӯро гирифта, ба сараш тир холӣ кардам. Ногоҳ дар атрофи мо аз куҷое тӯдаи одамон ҷамъ шуданд ва ман дидам, ки аз байни издиҳом ба тарафи мо таъқибкунандагони дигар омада истодаанд. Ман Уилямро чанг задам ва ба осмон тир холӣ кардам. Одамон худро ба замин партофтанд. Ва боз мо рӯ ба гурез оварда, беист аз гузаргоҳҳо ва тангкӯчаҳо мегузаштем, то даме ки ба биёбон расидем. — Ба ин сӯ! — гуфтам ман ба Уилям. Ӯ барои бо ман баҳс кардан на вақт дошт, на қувват. Ҳамин тариқ, мо ба фазои номаълум, торик, аммо кушод қадам мондем. Мо қариб як соат дар биёбон ғалтону хезон медавидем. Дар ҳама ҷо рег буд. Он ба бинӣ медаромад, ба пойҳо мечаспид. Мо аллакай намедавидем, балки ҳавои хушкро бо даҳон нафас кашида, базӯр қадам мезадем. — Нафас кашед, нафас кашед, наистед! — Уилямро шитоб мекунондам ман. — Аз афташ, нақшаи ман амал кард. Ба фикрам, онҳо ҳанӯз шаҳракро тафтиш мекунанд, аммо мо ба ҳар ҳол бояд пеш равем. — То Баҳрайн чӣ қадар роҳ аст? — Беҳтараш дар ин хусус напурсед. Мо хомӯшона мерафтем ва кӯшиш мекардем, ки суръати интихобкардаамонро суст накунем. Ман мефаҳмидам, ки бояд аз таъқибкунандагон ба масофаи зиёд дур равем. Онҳо моро бо мошин таъқиб намекунанд, дар биёбон «БМВ» низ ғӯтида мемонад. Агарчи аз эҳтимол дур аст, ки онҳо аз мо даст кашанд. Онҳо ба зудӣ мефаҳманд, ки мо ба куҷо рафтаем. Ногоҳ аз ақиб овозҳо шунида шуданд. Мо бозистодем ва бо диққат ба торикӣ чашм дӯхтем. — Ин онҳоянд, — гуфтам ман. Уилям тарсид, дар рӯяш даҳшат акс ёфт, аммо мо барои тарсидан фурсат надоштем. Аз боиси хусусияти ландшафт роҳ рафтан душвортар шуда буд. Ба рег ғӯтида, мо бо қувваи охирин қадам мезадем. Ман аз як чиз метарсидам: баногоҳ бӯрони регӣ сар нашавад. — Дар он ҷо чист? — пурсид Уилям, ҳангоме ки мо аз қуллаи хомаи навбатии рег гузаштем. Ман ба торикӣ нигаристам. Шӯълаи оташ, суробҳои хаймаҳо ва ҳайвонот. — Бадавиён. Ин ягона имконияти раҳоии мо буд. Ман медидам, ки Уилям тамоман рӯҳафтода шудааст, зеро дар фикри он буд, ки дер ё зуд мо ба дасти таъқибкунандагон меафтем. Қувваи охирини худро ҷамъ карда, мо аз тарафи дигари хомаи рег сӯи деҳа шитофтем. Ба он расида, мо шахсеро дидем, ки дар назди шутурҳо ҷунбуҷӯл дошт. Ҳангоме ки мо ба ӯ наздик шудем, ӯ ба мо табассум кард. Ин барои мо ғайричашмдошт буд! Ҳайратовар! Ман интизор набудам, ки дар ин ҷо чеҳраи некхоҳеро бинам. Ман кӯшиш кардам, ки бо ӯ ба арабӣ гап занам, Боз як падидаи ғайричашмдошт. Ӯ ба англисӣ нисбатан хуб гап мезад. — Чӣ воқеа рӯй додааст, ҷанобон? — ӯ бо нигоҳ моро андоза карда, чун пештара табассумкунон пурсид. — Мо ба нохушии сахт рӯ ба рӯ шудаем... — аз роҳпаймоии тӯлонӣ нафасгир шуда, базӯр гуфта тавонистам ман. — Моро баъзе касон таъқиб мекунанд, то ки нобуд созанд. — Шумо чӣ кор кардаед? — Мо ҳеҷ кори бад накардаем... — гуфтам ман. Ҷузъиётро баён кардан намехостам, аммо хушбахтона, бадавии некхоҳ даст афшонд, яъне гуфтан хост, ки кифоят аст. — Хайр, майлаш.. — гуфт ӯ. — Шумо одамони безарар метобед. — Ӯ боз табассум кард ва моро назди яке аз хаймаҳои калон овард. — Имрӯз шумо меҳмонони ман ҳастед. Хӯред, нӯшед, бо мо истироҳат кунед. Ман шод будам, ки ӯ тафсилоти кори моро напурсид ва ба Уилям нигариста, китф дарҳам кашидам. Уилям аз хастагӣ қариб аз пой меафтид. Мо хомӯшона аз пайи шахси ношинос ба хайма даромадем. Дар он ҷо якчанд мард аз чилими умумӣ дуд мекашиданд. Ҳангоме ки мо даромадем, ҳама сӯи мо нигаристанд, аммо ҳеҷ чиз нагуфтанд. Дӯсти мо пичироскунон ба арабӣ чизе гуфт ва аллакай баъди дақиқае ба мо нон, панир бо асал ва хӯроки наскдор доданд. Пас аз он ки мо хӯрок хӯрдем, Уилям аз бӯи ҳашиш дар ҳамин ҷо дар рӯи гилемҳои пашми барра хобаш бурд. Дӯсти нави мо назди ман нишаста, худро ҳамчун Ҳашаннӣ шиносонд. Ман аҳамият додам, ки ҳангоме мардони дигар бо чеҳраҳои беҳаракат менишастанд, Ҳашаннӣ зиндадилона сӯҳбат мекард ва доимо табассум менамуд. Ҳашаннӣ ба англисӣ хуб гап мезад, аммо талаффузаш маъмулӣ набуд, бинобар ин лозим меомад бо диққат гӯш диҳам, то ки маънои гапҳояшро фаҳмам. Баъди муддате ӯ сӯҳбатро давом дод. — Ту гуфтӣ, ки шумо ба нохушиҳо дучор шудаед. Шумо се рӯз дар хонаи ман монда метавонед. Мо шуморо ҳимоя мекунем ва дар иваз чизе талаб намекунем. — Ташаккур... гапро сар кардам ман. — Аммо баъди се рӯз шумо ба мо мегӯед, ки мушкилиятон аз чӣ иборат аст, ё ба шумо лозим меояд, ки моро тарк кунед. — Ӯ андаке хомӯш монд. — Вагарна мо шуморо мекушем. Дар байни бадавиён ҳамин тавр маъмул аст. Ҳашаннӣ бо ин суханон ба ман табассум кард, аммо ман хуб фаҳмидам, ки ӯ комилан ҷиддӣ гап мезад. Ман таъзим кардам. — Ташаккур барои меҳмоннавозӣ ва муносибати хуб. Ҳашаннӣ хандид ва аз хурсандӣ ҳатто каф ба каф зад. Ман, ки беҳад хаста шуда будам, хобидам ва хуб истироҳат намудам. Рӯзи дигар ман ва Уилям аз Ҳашаннӣ дур намешудем ва мушоҳида мекардем, ки чӣ тавр ӯ шутурҳоро нигоҳубин мекунад. Ҳангоми омӯзиши ҳунари кун-фу ман одатҳо ва рафтори бисёр ҳайвонҳоро омӯхта будам, аммо шутур барои ман сирр буд. Ман нохост ба халтаи хӯроки шутур даст расондам. Пеш аз он ки ман аз асли воқеа бохабар шавам, шутур сӯи ман давид ва ба ман туф кард. Ман дод задам, то ки ӯро дур ронам, аммо шутур даҳонашро кушода, маро газиданӣ шуд. Он гоҳ ман гурехтам, аммо ҳайвон маро таъқиб кард. Ба ман лозим омад, ки аз ӯ раҳоӣ ҷуста, дар яке аз хаймаҳо паноҳ барам ва равиши минбаъдаи воқеаро интизор шавам, аммо ғайр аз хандаи дӯстонаи Уилям, Ҳашаннӣ ва боз баъзе мардони чеҳраҳояшон беҳаракат чизи дигаре нашунидам. — Шутур фикр кард, ки ту хӯроки ӯро кашида гирифтанӣ ҳастӣ, — ба ёрии ман шитофта, фаҳмонд Ҳашаннӣ. Дар айни ҳол табассум аз рӯи ӯ дур намешуд. Ҳангоме ки ӯ шутури хашмгинро баст, шутур фукашро ба халтаи хӯрок тиққонд. Ману Ҳашаннӣ бо диққат ба якдигар нигаристем. — Баъди андаке ман ба шумо шутурсавориро ёд медиҳам, — гуфт ӯ ба ман. Дар аввал ман ба ин кор розӣ нашудам, аммо баъд фикре ба сарам омад, ки мо танҳо бо ёрии ҳамин «киштиҳо» аз ин биёбон берун рафта метавонем. — Ягон вақт мо ин рӯзҳоро ба ёд меоварем, — механдид Уилям, ҳангоме ки шутурҳои мо дар зери нурҳои офтоби ғурубкунанда аз пайи Ҳашаннии сурудхон мерафтанд. — Маро ҳамту Лоренс ном гиред, — гуфтам ман ба ӯ. Ману Уилям ду рӯз дар ҳимояи бадавиён будем. Дар ин муддат ман бисёр чизҳоро оиди тарзи зиндагии онҳо фаҳмида гирифтам. Онҳо одамони хеле ҷиддӣ ва диндор буданд; чун мусулмонони ҳақиқӣ, онҳо дар як рӯз панҷ бор намоз мехонданд ва ҳар дафъа пеш аз хӯрокхӯрӣ Аллоҳро ҳамду сано мегуфтанд. Ҳашаннӣ моро аз як хайма ба хаймаи дигар мебурд. Дар он ҷо мардон, занон ва бачагон бо бофтани қолинҳои олидараҷа ва сохтани маснуоти дигар машғул буданд. Онҳо ин чизҳоро дар шаҳраки наздиктарин мефурӯхтанд. Мо аз он ҳайрон будем, ки ба шарофати ҳунармандии худ бадавиён дар шароити биёбони хушку холӣ худро бо ҳама чизе ки барои зиндагӣ даркор аст, таъмин менамуданд. Соҳибхонаи мо аз меҳмонони худ самимона хурсанд буд. Ӯ ба мо шутурсавориро ёд медод ва бо Уилям муддати дароз оиди ҳама чизе ки ба соҳибкорӣ дахл дорад, сӯҳбат мекард. Аммо ман огоҳии ӯро дар ёд доштам. Пагоҳии рӯзи сеюм мо ба биёбон равона шудем. Дар ивази дусад доллари амрикоӣ ҳар яки моро бо шутурҳо, об ва хӯрокворӣ таъмин намуданд, ки он бояд бароямон то Қатар кофӣ мебуд. Ҳашаннӣ муфассал фаҳмонд, ки чӣ гуна як шахси боваринокро ёбем, то ки ба мо кӯмак бирасонад. — Ба хона баргаштан чӣ гуна гуворост... гуфт Уилям, ҳангоме ки мо ба шаҳр наздик омадем. Рости гап, ҳеҷ кас намедонист, ки моро дар пеш чӣ интизор аст. Аммо ман аз як чиз дилпур будам: то даме ки Уилямро ба ватанаш барнагардонам, осуда намешавам. — Дароед, дароед! — гуфт шахси кулӯлаи хандонрӯ, ки чун дӯсти бадавияш табассум мекард. Мо боз ҳам аз он ҳайрон шудем, ки ин шахс англисиро қариб ба таври комил медонист. — Ба ӯ нагӯй, ки бо вуҷуди ду хатти зард[14], мо шутурҳоро бастем, — пичирос зад ба гӯшам Уилям, ҳангоме ки мо аз дари паст гузашта, ба дӯконча даромадем. Дар ин ҷо бӯи лодан ва ҳашиш буд. Аз афташ, ин ҷо чизе ба монанди бюрои сайёҳӣ буд. Аз ин ҷо ман бо Сандра робита карда тавонистам. Дар охир он шахс ду чиптаро аз Қатар то Баҳрайн ба дасти мо дод. — Имрӯз дар ҳамин ҷо шабро мегузаронед, — гуфт ӯ. — Пагоҳ, субҳи барвақт рейс мешавад. — Ин ба ту «Меридиан» не... — гуфт Уилям, ҳангоме ки он шахс моро дар ҳуҷрачаи бесомоне ки ду кат дошт, монда рафт. Аммо шиква кардан гуноҳ мебуд. Бадавӣ барои шустушӯй андаке об дод. Ришро тарошидан, андаке баданро шустан ва дар ҷойгаҳи нисбатан тоза хобидан чӣ қадар форам аст. Киштӣ аз мусофирон пур буд, дар саҳнҳои киштӣ деҳқонон бо чорвои худ тӯда шуда буданд. Рейс андаке бештар аз як соат давом кард ва инак, ба Баҳрайн расида, мо нафаси сабук кашидем. Моро Юлиан ном немис пешвоз гирифт. Ӯ моро ба манзили конспиративӣ бурд. Мо аз он ҷо бо шиносномаҳо, коғазҳои даркорӣ ва авиабилетҳо баромадем. — Дар хатҳои асосии сайр, шояд, шуморо ҷустуҷӯ мекунанд, бинобар ин дар он ҷо хеле хатарнок аст, — гуфт Юлиан. Ман ба чиптаҳо нигаристам. Хатҳои ҳавоии Булғория. То Амрико бо хатти сайри аҷиб ва мураккаб рафтан лозим меояд. Аммо ман медонистам, ки ҳамаи инро Сандра пешбинӣ кардааст. Духтари хуб. Шояд ин эҳтиёткории барзиёд бошад, аммо Сандра тақдирро озмудан намехоҳад. Мувофиқи шиносномаҳо, акнун ман соҳибкори италиявӣ Антонио Каррерас будам, Уилям бошад — Уолтер Шмидт, аз Нидерланд. Дар рӯзи сеюм мо бо муваффақият ба фурудгоҳи Кеннедӣ, дар Ню-Йорк, расидем. Уилям барои корам ба ман саховатмандона мукофот дод. — Ман дигар ба ин Арабистони Саудӣ қадамамро намегузорам, — чашмакӣ зада, ба ӯ гуфтам ман. Аммо гардиши фалакро бинед, ки супориши наве ки ба зудӣ гирифтам, ба ман боз ин кишварро ёдрас намуд: ман муҳофизи Амин Файед, сафири Арабистони Саудӣ дар Британия, Италия ва Кипр шудам. Боби 7 Акнун дарди сари ман посбонии Амин Файед буд. Гоҳ-гоҳ ман супоришҳои хурди КБКФ-ро ба ҷо меовардам, аммо Файед «моҳии калон» буд — чунин мизоҷи фоиданокро онҳо қадр мекарданд. Ҳукумати Арабистони Саудӣ барои бехатарии ӯ ба КБКФ пули калон медод. Посбонии Файед кори хатарнок буд, агарчи ҳама чиз, албатта, ба конъюнктураи тағйирёбандаи сиёсӣ ва ба кадом гӯшаи олам фиристода шудани ӯ вобастагӣ дошт. Ман роҳбари дастаи панҷнафара будам ва тамоми ҷаҳонро гаштам. Мо гоҳо кори хатарнокро ба ҷо меовардем ва гоҳо дар қароргоҳи боҳашамати сафир дар Лондон, Неапол ва Лимассол истироҳати тӯлонӣ мекардем. Амин қиморбози пурҷӯшу хурӯш буд. Ӯ аз душвориҳо наметарсид, балки баръакс, онҳоро меҷуст ва дар ҳеҷ маврид беҳад рӯҳафтода намешуд. Ӯ ҳамаи ин имкониятҳоро дошт, чунки дорои ҳокимият ва сарват буд. Гоҳо ӯ қарздорони худро мебахшид, аммо гоҳо, агар тоқаташ тоқ шавад, нисбати онҳо бераҳм мешуд. Ӯ як хусусияте дошт, ки қоидаи асосии ӯ гардида буд: ӯ ҳеҷ гоҳ муҳофизони худро бенасиб намегузошт. Файед барои аз қарздорон бозгардондани қарзҳои мӯҳлаташон гузашта ба ҳар яки мо пули зиёд медод. Аммо дар байни мо аҳмақон набуданд ва мо пеш аз ҳама манфиатҳои КБКФ-ро, ки барои мо маоши хуб муқаррар карда буд, ҳимоя мекардем. Он вақт ман яке аз муҳофизони моҳонаашон баландтарини ФБКФ будам. Ман дар Паддингтон[15] манзили калонеро иҷора гирифта будам, ки дар он ҷо волидонам низ аз ҳисоби ман зиндагӣ мекарданд. Ниҳоят модарам ҳамон тарзи зиндагиро ба сар мебурд, ки ҳамеша дар орзуяш буд. Тобистони соли 1987 ман ба муддати якчанд ҳафта ба таътил баромадам. Амин ин вақт дар бехатарии пурра буд, ба ҳар ҳол ӯ оиди бехатарии худ на бештар аз он ки дар Арабистони Саудӣ бошад, ташвиш кашида метавонист ва ман ба Лондон баргаштам. Ман медонистам, ки падарам аз вохӯрӣ бо ман хурсанд мешавад. Вақтҳои охир ӯ аз боиси беморӣ аз хона намебаромад. Ман танҳоии ӯро сабук карданӣ будам. Ғайр аз ин ман бо дӯстони дерина вохӯрда, оиди бисёр чизҳо сӯҳбат кардан мехостам. Боре ман дар Гайд-парк бо дӯсти хитоии худ Ҷеррӣ вохӯрдам. Пагоҳии хуби тобистон буд. Ман бо Ҷеррӣ дар мактаби ҷаноби Чжан вохӯрда будам, ки ӯ дар он ҷо ҳунари ҷангии кун-фуро меомӯхт. Ҷеррӣ қаиқро ба об сар дода ва аз соҳил дур шуда, бо шавқ бел мезад, ман бошам дар ақиби қаиқ дароз кашида, аз офтоб ва сатҳи оби кӯл ҳаловат мебурдам. — Эй, Тонӣ, нигоҳ кун! Ман аз нури офтоб чашмамро нимпӯш карда, нишастам. Дар наздикии мо се духтари малламӯй дар қаиқ нишаста буданд. Онҳо белро ба об ғалтонда буданд ва ду нафарашон аз қаиқ хам шуда, онро дошта гирифтанӣ мешуданд. Шӯру ғавғо ва хандаи зиёде буд. Мо бо шавқ мушоҳида мекардем, ки онҳо обро шалаппос мезанонданд, аммо бел ҳарчи дуртар мерафт. — Ха-ха, ин ғайриимкон аст! — механдид Ҷеррӣ, ҳангоме ки яке аз духтарон белро бо ёрии бели дигар дошта гирифтанӣ мешуд. Қаиқ меҷунбид, духтар бошад чунон механдид, ки ба зудӣ бели дуюмро низ ба об ғалтонд. Акнун духтарон дар мобайни кӯл ба ихтиёри тақдир вогузошта шуда буданд. — Зуд бош, Ҷеррӣ! — рӯҳбаланд шуда, гуфтам ман. — Наҷот додан даркор аст. — Ана ҷавонони олиҳиммат! — гуфт яке аз духтарон бо ханда, ҳангоме ки мо наздиктар шудем. Ман боварӣ доштам, ки онҳо бо якдигар ба яке аз забонҳои скандинавӣ гап мезаданд, агарчи бо мо ба англисӣ муошират мекарданд. Мо белҳои онҳоро дошта гирифтанӣ набудем: бигузор ба қаиқи мо савор шаванд. Онҳо хандиданро давом дода, худро шиносонданд: хоҳарон Лия, Лина ва Айя. Ҳангоме ки Лия ба қаиқи мо мегузашт, ҳар ду қаиқ ба таври хатарнок меларзиданд. Ба қаиқи мо гузашта, Лия дасташро ба Айя дароз кард. Айя бошад хам шуда, канораи қаиқро сахт дошта меистод. Лина ӯро аз ақиб нигоҳ медошт. Ҳамин вақт ман фаҳмидам, ки Айя нобино аст. Ҳангоме ки вай пояшро ба қаиқи мо дароз кард, ҳар ду қаиқ ба таври таҳдидомез ларзиданд, ва ман тарсидам — мабодо пешпо хӯрад. Лия чиррос зад ва ба болои Ҷеррӣ, ки аз ханда суст мешуд, ғалтид. Ман дасти дарозкардаи Айяро доштам ва аз миёнаш гирифта, ба қаиқамон гузарондам. Маҳз дар ҳамин лаҳза бо ман чизе рӯй дод. Ман ба муддати сонияе Айяро аз миёнаш ба оғӯш гирифтам ва аз ҳаяҷон нафасгир шудам. Вай бо вуҷуди нобино буданаш зебо ва пурасрор буд. Ӯро дар барам шинонда, ба Лина низ дастамро дароз кардам, аммо Ҷеррӣ аз ман пешдастӣ кард. Мо ба истгоҳи қаиқҳо бо роҳи дурудароз бозмегаштем ва духтарон чун нишонаи миннатдорӣ моро ба кафе даъват намуданд. Моро розӣ кунондан лозим наомад. Ҳангоме ки Ҷеррӣ бо Лина ва Лия ба соҳил ҷаста гузаштанд, ман барои ба Айя ёрӣ додан бозистодам. Ман ба ҳаяҷон омада, намедонистам, ки чӣ тавр ин корро беҳтар ба ҷо оварам ва қарор додам, ки ӯро ҳамон тавре гузаронам, ки падарамро аз ҷое ба ҷое мегузарондам. Хоҳарон хандида фиристоданд. — Эҳтиёт бошед! — нидо кард ӯ, ва дасташро ба китфам монда, андаке маро тела дод, яъне пеш рав. Аз паси ман чун аз пайи роҳбалад қадам зада, Айя дилпурона ба соҳил баромад. Дасташро аз китфи ман нагирифта, ӯ тоб хӯрд ва дар пеши ман истоду бо дасти дигараш рӯи маро палмосид. Ман маҷбуран табассум карда, ба чашмони зебои осмониранги ӯ нигаристам. Айя чашмони нобинояшро калон кушода, дар пеши ман истода буд. Ӯ ба пешонии ман даст расонд, баъд бо дастони нозук, аммо боқувваташ чашмон ва бинии маро ламс намуд. Сипас ангуштони ӯ лабҳо, рухсораҳоро ламс намуда, ниҳоят дар манаҳ бозистоданд. Ҳм, ту зебо будаӣ! — нидо кард ӯ бо карашма. Ошкорбаёнии ӯ ба ман таассурот бахшид. — Оё ту бо ман ишқварзӣ мекунӣ? — хандидам ман. Айя ба ҷои ҷавоб аз дасти ман гирифт ва мо аз паи дигарон рафтем. Ман намедонам, ки мо барои хӯрдани пудинг ва нӯшидани кофе чӣ қадар вақт сарф кардем, аммо фаҳмидем, ки Лина ва Лия аз Шведсия назди Айя омадаанд ва меҳмонони дилписанди ӯ будаанд. Ҳангоме ман хеле ҳайрон шуда, бовар накардам, ки Айя дар Лондон дар курси якуми факултаи ҳуқуқ таҳсил мекунад, вай хашмгинона гуфт: — Ман нобино ҳастам, аммо нодон не. Сипас, вақте ки ман дар узрхоҳӣ ва кӯшишҳои рафъ намудани хатои худ сари калобаамро гум кардам, ӯ ба ҳар ҳол табассум кард. Он бегоҳ ман Айяро ба яке аз тарабхонаҳои дӯстдоштаам дар маҳаллаи хитоӣ даъват намудам. Баъди муддате ману ӯ ба ҳам хеле унс гирифтем. Байни мо як ҳиссиёти махсусе ба вуҷуд омад, ки бо суханон ифода кардан ғайриимкон аст. Гуфтан мумкин нест, ки ишқварзии сабук ва робитаҳои пурҳарорати ошиқона ба ман шинос набуданд. Ин хеле табиӣ метофт. Аммо бо Айя тамоман дигар хел буд. Ӯ гӯё тамоми ботини маро медид ва ҳамон тавре ки ман худро мефаҳмам, мефаҳмид. Ман то ҳол намефаҳмам, ки чӣ тавр ӯ рӯҳи маро ин қадар амиқ дарк мекард. Ӯ аз оилаи хуб ва дӯстдор буд, ки бо ташвишҳои барзиёди рӯзғор побанд набуд. Бо вуҷуди нобиноӣ, чеҳраи ӯ оиди дилпурӣ ва қатъият шаҳодат медод. Аммо ба ҳар ҳол, дар умқи ҳастии худ Айя аз танҳоӣ душворӣ мекашид ва гоҳо рӯҳафтода мешуд. Ман низ ҳамин тавр рӯҳафтода мешудам ва худам сабабашро намедонистам. Мардонагӣ маро тарк мекард. Ин муҳаббат буд, ки ман аз он метарсидам. Ба Айя меҳр пайдо намуда, ман дар худ як миқдор ҳиссиётҳои дигарро ошкор намудам. Дар дили ман муборизаи сахт мерафт. Албатта, ман метавонистам Айяро тарк кунам, аммо як қувваи боиқтидор маро ба ӯ ҷалб менамуд. Ба ҳар ҳол дар ботини ман тангкӯчаҳои торике буданд, ки на танҳо касеро ба он роҳ додан намехостам, балки худам аз даромадан ба он ҷойҳо метарсидам. Маро аз рухсатӣ пеш аз мӯҳлат ҷеғ заданд. Ман Айяро тарк кардан намехостам. Хуб аст, ки барои Амин кор карда, ман ба Лондон борҳо ва ба муддати дароз омада метавонистам. Бори аввал дар ҳаёти худ ман хушбахт будам. Се соли минбаъда ману Айя нисбатан зуд-зуд бо ҳам вомехӯрдем. Ман рухсатии худро бо аҳли оилаи ӯ дар Стокҳолм мегузарондам. Дар он ҷо маро бори аввал полис боздошт намуд. Ман бояд дар хотир медоштам, ки дар баъзе кишварҳо барои истифодаи ҳунари ҷангии кун-фу мувофиқи қонун ҷазо дода мешавад. Ҳангоме ки мо ҳуқуқи ҷиноятиро меомӯхтем, инро ба мо гуфта буданд. Боре барои харидани сигор баромада, ман аз тарафи парке ки дар назди маҳалли зисти оилаи Айя буд, фарёди занеро шунидам. Ба мағозаи наздиктарин давида рафта, аз шахсе ки дар паси пештахта буд, хоҳиш кардам, ки полисро ҷеғ занад. Аз паси дарахтон чун пештара фарёдҳо шунида мешуданд, аммо акнун чирросӣ не, балки пасттар. Ман тирвор сӯи парк давидам. Боиси даҳшати ман он буд, ки дар он ҷо занеро дидам, ки аз дасти марде раҳоӣ ёфтанӣ мешуд. Шими он мард кушода буд. Ӯ занро ваҳшиёна мезад ва куртаи вайро бадар мекард. Ман дарҳол сӯи таҷовузкор шитофтам ва бо ҳаракати сахт ӯро ба як тараф партофтам. То даме ки зани латукӯбшуда ба худ меомад, ман он мардро бо пойҳоям мезадам. Ва ногоҳ, ба ёд надорам, ки чӣ тавр ба замин афтодам. — Ист! Полис! Сержант ба муқобили ман усули дзюдоро истифода бурд. Ман муқобилат накарда, мушоҳида мекардам, ки ду полиси дигар таҷовузкорро ҳабс мекарданд. Зан дар зери дарахт нишаста, бо овози баланд мегирист ва бо як дасташ ашкҳояшро пок карда, бо дасти дигараш куртаи даридаашро дар бар мекашид. Ӯ тамоман бемадор метофт. Ман ӯро тасалло додан мехостам, аммо полис маро сахт дошта меистод. Аз афташ, ӯ ҳанӯз ба асли воқеа сарфаҳм нарафта буд. Ниҳоят ӯ дасти маро сар дод, аммо боиси ҳайрати ман буд, ки дарҳол ба дастонам кишан зад. Баъд ҳамроҳи таҷовузкор маро ба шӯъбаи маҳаллии полис бурданд. Ман то қадри имкон ба забони шикастаи шведӣ асли воқеаро фаҳмонданӣ мешудам ва танҳо баъди ба шӯъбаи полис омадани Айя ва падари ӯ ором шудам. Байни падари Айя ва сержант баҳси ҷиддӣ ба миён омад. Ман кӯшиш мекардам фаҳмам, ки сухан дар бораи чӣ меравад. — Ӯ мегӯяд, ки ту ҷавони хуб ҳастӣ, — пичиррос зад Айя, суханони баҳскунандагонро тарҷума карда, — аммо ту қонунро вайрон кардӣ. Дар кишвари мо истифодаи усулҳои ҷанги тан ба тани шарқӣ қатъиян манъ аст. Ман хеле хашмгин шудам. — Пас, аҳволи он зани бечора чӣ мешуд? — бо асабоният пурсидам ман. — Падарам ҳозир маҳз дар ҳамин хусус гап мезанад. Ту он занро аз бадбахтии калон халос кардӣ. — Сержант инро мефаҳмад? — Албатта! Аммо ӯ такрор мекунад, ки қонун қонун аст. Дар охир сержант назди ман омад. Ӯ оҳиста, ба забони шведӣ гап мезад. Маълум шуд, ки ин огоҳкунии расмӣ буд. Баъд ӯ гуфт, ки ман озод ҳастам ва метавонам равам. Падари Айя ба нишони миннатдорӣ дасти сержантро фишурд. — Қариб аҳволамон чатоқ мешуд! — ба ман муроҷиат карда, гуфт ӯ ҳангоме ки мо ба хона бармегаштем. — Туро тамоми шаб дар камера нигоҳ дошта метавонистанд. Айя дар ҳама чиз маро дастгирӣ мекард, аммо ман медонистам, ки касбу корам ба ӯ маъқул нест. Ман ҳам мефаҳмидам, ки ихтисоси ман бароям хатари зиёд дорад. Маро дар ҳар лаҳза кушта метавонистанд. Аммо оё дар муносибат бо духтар рафтори ман дуруст буд? Айя якчанд бор оиди оиладорӣ гуфтугӯ сар кард. Ман ӯро хеле дӯст медоштам ва дар муддате ки бо волидон ва хоҳарони ӯ гузарондам, борҳо оиди он фикр мекардам, ки дар тӯли ин солҳо бисёр чизҳоро аз даст додаам. Ман мехостам ҳаёти муқаррарӣ ба сар барам, оилаи дӯстдор ва дар оянда шояд, фарзандон ҳам дошта бошам. «Оё вақти он нарасидааст, ки чизеро дар ҳаётам дигаргун кунам?» — ба худ савол медодам ман. Баъди муддате ман аз КБКФ супориши навбатӣ гирифта, ба Неапол рафтам, то ки Аминро посбонӣ кунам. Ман дар он ҷо манзил доштам, ки онро ҳамроҳи Уилям ва Кевин ба иҷора гирифта будем. Онҳоро низ КБКФ маблағгузорӣ мекард. Телефон занг зад, гӯшакро Уилям бардошт. Ин ҷавони қадбаланди сиёҳпӯст аз Чикаго ҳамеша шӯхиҳо мекард. Ман телевизор тамошо карда, мешунидам, ки ӯ ба телефон гап мезанад, аммо чунон ба тамошои филм дода шуда будам, ки ба оҳанги гапи ӯ аҳамият надодам. Баъд ӯ телевизорро хомӯш карда, дар пеши ман истод. — Ба фикрам, барои ту хабарҳои на он қадар хуб ҳастанд. Айя ба садамаи автомобилӣ дучор шудааст... Аз суханони ӯ бармеомад, ки Айя дар садамаи автомобилӣ дар Лондон ҳалок шудааст. Ким-кадом аблаҳон мошинро беҳад тез ронда, аз мошини боркаш гузаштанӣ шудаанд ва ба роҳи рӯ ба рӯ баромада, ба мошини дугонаи Айя бархӯрдаанд. Айя ва ҳамаи касоне ки дар мошин буданд, ҳамон лаҳза ҳалок шудаанд. Маро чунон хашму ғазабе фаро гирифт, ки ҳамаи ҳиссиётҳои дигарро хомӯш кард. — Чӣ!? Ту чӣ гуфтӣ? Чаро ту маро ҷеғ назадӣ? Ту умуман дар бораи чӣ гап мезанӣ? Ман чӣ фикр карданамро намедонистам. Ман хашмгинона Уилямро ҳақорат дода, бо пой ба сари синааш задам. Ӯ ба фарш афтид. Ман ба ӯ бовар намекардам. — Ин боз яке аз шӯхиҳои аблаҳонаи туст? — дод мезадам ман ва ҳақорат медодам. Аммо дар замири дил мефаҳмидам, ки Уилям рост гуфт. Ӯ оиди чунин чизҳо шӯхӣ намекард. Пас аз ин хабар гӯё чизе дар дарунам дарҳам шикаст. Гоҳо ман чунон ба хашм меомадам, ки онро фурӯ нишондан ғайриимкон буд. Боре бегоҳӣ ман мотосиклро баровардам ва чун девона онро ба тарафе ки рост омад, рондам. Ман роҳро надида мерондам, то даме ки ду нафар полис маро таъқиб карданд. Ман мехостам, ки ҳангоми таъқиб кардани ман онҳо ба садама дучор шаванд ё аз болои кӯҳ ба ҷарӣ афтанд. Баъд бо ман чӣ мешавад, бароям фарқ надошт. Ҳаёт ё марг — чӣ фарқ дорад? Ман бо полис пойгаи девонавор кардам. Дар охир ман ором шудам ва бозистодам. Кормандони полис хеле хашмгин шуда буданд. Ман дандон ба дандон монда, бе ягон сухан шаҳодатномаи дипломатии худро нишон додам. Баъди чунин пойга онҳо ҳеҷ нафас рост карда наметавонистанд. «Канӣ, бачаҳо, ба рӯям ягон мушт занед», — фикр мекардам ман, хашм дар дарунам меҷӯшид. Кормандони полис шаҳодатномаи маро бо диққат аз назар гузаронданд ва илоҷе наёфта, ночор ба мотосиклҳои худ савор шуда, рафтанд. Онҳо ҳақ надоштанд, ки ба корманди дипломатӣ ҳатто нӯги ангушташонро расонанд. Дӯстон намедонистанд, ки чӣ тавр барои хомӯш кардани хашме ки дар дарунам аланга мегирифт, ёрӣ диҳанд ва аз ман пинҳон мешуданд. Гуфтугӯи самимона ба онҳо хос набуд. Онҳо на он гуна касон буданд. Боре бегоҳӣ Уилям бо ман гуфтугӯ карданӣ шуд, аммо кор бо он анҷомид, ки ман қариб ӯро лату кӯб кардам. Боре ман бо фикрҳои вазнин ба тарабхонаи нимторике даромадам, ки дар маркази Неапол буд. Ман мехостам танҳо нишаста, фикр кунам ва дар паси зиреҳи худ пинҳон шавам. Ман ба пештахта наздик шуда, як стакан шир хоҳиш кардам. Бармен хандид, аммо чашмони хашмгини маро дида, дарҳол хомӯш шуд. Ман боз гуфтам: — Ба ман шир диҳед, ана пул, — ва ба ӯ пулро дароз кардам. — Мо шир намефурӯшем... — Пас шарбат деҳ! — Магар намефаҳмӣ? — ба эълони болои сараш ишора карда, пурсид ӯ. — Пиво 5000 лира, як шиша шампон 12000 лира. Баъд духтареро интихоб мекунӣ. — Духтар? Кадом духтар? Ба ман ҳеҷ хел духтар даркор нест! Ба ман фақат чизе барои нӯшидан деҳ! Ман фаҳмида наметавонистам, ки ӯ оиди чӣ мегӯяд, ман фақат дар танҳоӣ нишастан мехостам. — Пиво ё шампон? — Пиво деҳ! — дод задам ман. Боз як лаҳзаи дигар — ва ман барменро зада, аз пой меафтондам. Ман пивоеро, ки нӯшиданӣ набудам, гирифта, ба ҷои аз пештахта дуртар нишастам. Баъди як-ду дақиқа духтаре назди ман нишаст. Маълум буд, ки ӯ ҳаждаҳсола нашудааст. Ӯ рӯяшро рангубори зиёд карда буд ва аз ӯ бӯи духии бесифате меомад. Ман ҳеҷ чизро нафаҳмида, ба ӯ нигаристам. Ин чӣ маъно дорад? — Ту чӣ мехоҳӣ? — пурсидам ман. — Барои ман ягон чизи нӯшиданӣ гир... — ҷавоб дод ӯ. Ман андаке ҳайрон шудам. Ӯ бо мижаҳои сунъӣ мижа зада, ба ман менигарист ва бо гӯшаи даҳон табассум менамуд. — Хайр, ба ту чӣ гирам? — Шампон мехоҳам. «Завқат бад не-ку!» — фикр кардам ман, аммо баҳс накарда, аз бармен хоҳиш намудам, ки шампон биёрад. Ҳангоме ӯ суратҳисоберо ба андозаи 17000 лира дар болои миз гузошт, нафрати ман ҳадду канор надошт. — Дар бораи чӣ гап мезанем? — гуфт духтари густох бо овози ширин. Ман ба хашм омадам. — Ман умуман бо ту гап задан намехоҳам! Акнун духтар чӣ кор карданашро надониста монд. — Агар чунин бошад, чаро барои ман шампон гирифтӣ? — Ту нӯшидан мехостӣ-ку. Ниҳоят ман фаҳмидам, ки дар ин ҷо чӣ рӯй медиҳад. — Барои ман нӯшокӣ харидӣ, акнун бо ман сӯҳбат кун, — бо карашма гуфт ӯ. Ман ба изтироб омадам. — Ин ҷо нофаҳмие рӯй додааст. Ман танҳо будан мехоҳам, — аз ҷоям хестанӣ шуда, гуфтам ман. — Не, аз ту хоҳиш мекунам! Нарав! — Дар овози ӯ рӯҳафтодагӣ ҳис карда мешуд. — Магар ту бо ман хобиданӣ нестӣ? — Не! Ман аз паси миз бармехестам, аммо ӯ аз дасти ман дошта гирифт. — Илтимос... аз ту хоҳиш мекунам, нарав. Ман бо хушнудӣ ҳамроҳи ту ҳамту сӯҳбат мекунам. Духтар хавотир шуда, сӯи пештахта нигоҳ кард. Ман чӣ кор карданамро намедонистам. Ман танҳо будан мехостам, аммо дар айни замон ба ин духтар дилам месӯхт. Агар ҳозир равам, ба куҷо меравам? Чаро ман бояд ташвиш кашида, дар ин бора низ фикр кунам? Ҳамин тариқ, ман қариб ду соат зери назорати бармен дар он тарабхона будам. Рӯзи дигар ба кафеи наздиктарин даромада, ҳамон духтари дирӯзаро дида, ҳайрон шудам. Ӯ дар паси миз нишаста, вонамуд мекард, ки маҷаллаеро мехонад. Умуман, ман ӯро дарҳол нашинохтам. Дирӯз дар тарабхона андак торик буд, аммо ман ӯро аз рӯи либос, бӯйҳо ва рангубори барои фоҳиша хос шинохтам. Ӯ маро дида, табассум кард, аммо баъд гӯё шарм дошт. Ман ду кофе фармоиш додам ва назди ӯ нишастам. Бегоҳии гузашта ман дар бораи ҳаёти худ, дар бораи Айя ва оиди садамаи автомобилӣ баъзе чизҳоро ба ӯ нақл карда будам. Акнун навбати ӯ буд. Ӯ гуфт, ки номаш Розанна аст ва ба Неапол аз Руминия омадааст. Ӯ ба университет дохил шуданӣ буд, аммо ҳоло фоҳиша шуда кор мекунад. Ӯ аз ин кор нафрат мекунад ва хеле шарм медорад. Вай ашкҳояшро боздошта натавониста, гиря мекард. — Пас чаро бо ин кор машғул мешавӣ? — Маро хариданд, — ҷавоб дод Розанна. — Ҳангоме ҳанӯз шонздаҳсола набудам, волидон маро фурӯхтанд. Онҳо барои хӯрондани ман пул надоштанд. — Чаро ту аз хӯҷаинҳоят намегурезӣ? Ҳамту намегурезӣ? — Наметавонам, охир ман ба ту гуфтам-ку, маро харидаанд. Паспорт дар дасти онҳост, ман пул надорам. — Одамонро чун ашё харидан ва фурӯхтан мумкин нест. Ман ба ту ёрӣ медиҳам. Бори аввал аз вақти марги Айя фикрҳои ман на бо масъалаҳои худам, балки бо чизи дигар банд буданд. Ва ман духтари холаам Сюй Минро ба ёд овардам, ки ӯро дар вақташ дуздида, маҷбур карда буданд, ки дар фоҳишахонаи Шанхай кор кунад. Ман барои такаллуфот бо ин гуна корчаллонҳое ки ба занҳо зӯроварӣ мекунанд, вақт надоштам. Розанна бо ман гап зада, ангуштарии дар ангушти миёнааш бударо тоб медод. Ҳангоме ман ба ӯ ваъда додам, ки ёрӣ мерасонам, ӯ онро аз ангушташ бароварда, бо исрор хоҳиш кард, ки онро гирам. Ангуштарӣ танҳо ба ангушти хурди ман ғунҷид. Адреси худро дар қуттии сигор навишта, Розанна рафт. Андаке дертар ман бо мотосикл назди хонаи бисёрманзилае омадам. Он дар паси тарабхонае, ки он ҷо бо Розанна шинос шудам, воқеъ буд. Ӯ аллакай маро дар кӯча интизор буд ва чунон дар изтироб буд, ки қариб гап зада наметавонист. Лаҳзаи бӯҳронӣ фаро расид, аммо ман барои амал кардан тайёр будам. Мо боло рафта, ба роҳрави дарозе баромадем, ки дар ҳар ду тарафаш дарҳои зиёде буданд. Баъзе дарҳо кушода буданд ва ман духтаронро дида метавонистам. Баъзеҳо хобида буданд, баъзеи дигар дароз кашида, маҷаллаҳоро варақ мезаданд. Ҳангоме ки мо аз назди онҳо мегузаштем, аз ақибамон ҳушток мекашиданд. Дар роҳрав ду посбони тануманд қадам мезаданд. Яке аз онҳо назди ман омада, пурсид, ки чаро ман дар ин ҷоям. Маълум аст, ки дар ин вақти рӯз меҳмононро интизор набуданд. Оҳанги сухани ӯ маро хашмгин кард. Ман ҳеҷ гап назада, бо як зарба ӯро аз пой афтондам ва бо зону ба фарш зер кардам. Садои ғиҷирос задани устухон баромад. Баъд ман дуюмашро низ ба фарш ғалтондам. Ба ӯ низ ҳамон тақдир насиб гашт. Розанна аз ҳуҷраи худ сумкаи хурди чизҳояшро гирифта, маро ба ошёнаи якум ба ҳуҷраи хӯҷаин бурд. Ӯ шахси хурди лоғаре буд, ки афташ ба юрмон монанд буд. Ман талаб кардам, ки ӯ паспорти Розаннаро баргардонад. Ӯ дид, ки ман ҳазл намекунам ва дарҳол дар қуттиҳо ба ҷустуҷӯ даромада ҳуҷҷатҳои Розаннаро ёфт. Ӯ муқобилат карданӣ набуд, аммо ман ба ҳар ҳол рӯи ӯро ба монитори компютер задам. Хун ба либоси ман ҳам пош хӯрд. Ман корди канселяриро, ки хӯҷаин мактубҳоро бо он мекушод, бардошта, он манфурро заданӣ будам. Ҳамин дам ман нигоҳи Розаннаро ҳис кардам. Ман чӣ кор карданамро надониста, кордро партофтам. Аз дасти духтар гирифта, ӯро аз бино баровардам. Мо ба мотосикл савор шуда, ба хонаи ман шитофтем. Ҳангоме ки ман дарро кушодам, Розанна ҳанӯз меларзид. Ӯ аз он чи ман дар ҳуҷраи хӯҷаин кардам, ба даҳшат омада буд. Ман пай бурда метавонистам, ки тамоми ин муддате ки ӯ ба хонаи ман меомад, оиди чӣ фикр мекард. Бинобар ин кӯшиш кардам, ки ӯро осуда кунам. Охир, дар асл ман ин гуна бераҳм нестам. Дар айни ҳол ман бештар оиди он чи дар давоми ҳафтаҳои охир бо ман рӯй медод, гап мезадам. Тадриҷан Розанна ором шуд ва ман ӯро ба хонаи хоби худ бурдам. — Ту барои ман бисёр корҳои нек кардӣ! — гуфт Розанна. — Ман қарздор будан намехоҳам. Ӯ рӯи маро бо дастонаш дошта, сӯи худ гардонд ва лабҳояшро ба лабҳои ман наздик бурд. — Не! Ин ҳамаи он чизест, ки ман карда метавонам. Охир, ман пул надорам. — Ба ман пул даркор нест. Ба ман аз ту ҳеҷ чиз даркор нест. Ман ба Розанна кати ӯро нишон додам ва барои худ аз шкафи либосҳо кампали эҳтиётиро гирифтам. — Агар ягон чиз даркор шавад, ҷеғ зан. Ман дар дивани ҳуҷраи қабули меҳмонон мешавам, — гуфтам ман ва аз ҳуҷра баромадам. Рӯзи дигар ман Розаннаро ба фурудгоҳ бурдам ва барояш чипта харидам, то ба хонааш биравад. Ӯ шими ҷинс ва свитери хеле калон пӯшида, рӯяшро ҳеҷ хел рангубор накарда буд. Фақат акнун ман дидам, ки ӯ чӣ гуна зебост. — Ман некии туро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам. Аммо ман дар ивазаш барои ту ҳеҷ кор карда наметавонам! — гуфт ӯ. Ман ба ӯ конверти пулро додам. — Акнун ту ба коллеҷи хуб дохил шуда метавонӣ, — аз чӣ сабаб бошад, ки худро падари Розанна ҳис карда, ба ӯ гуфтам ман. Дар чашмони ӯ ашкҳо пайдо шуданд. Ӯ аз рухсораи ман бӯса кард. Меҳрубонона, чун кӯдакон. Баъд ман сӯи ҳавопаймо рафтани ӯро мушоҳида кардам. Дар роҳ ба сӯи шаҳр ман фикран воқеаҳои рӯзи гузаштаро, хусусан лаҳзаи ҷазодиҳии он корчаллонҳоро аз сар мегузарондам. Бад не, ҳатто хеле хуб. Он вақт ман мехостам ин одамонро то дами ҳис кардани мазаи хуни онҳо лату кӯб кунам. Бо ҳар як зарба ман ҳис мекардам, ки хашм маро тарк мекунад, аммо лату кӯбро давом медодам ва бозистода наметавонистам. Ман чашмонамро нимкоф мекардам, то ки аз ин хаёлоти пурхун халос шавам ва мотосиклро тамоман бепарвоёна мерондам. Ман шарм медоштам, аммо ба ҳар ҳол ҳис мекардам, ки маро аллакай хоҳиши дигаре фаро гирифтааст — хоҳиши бераҳм, якрав ва назоратнашаванда будан. Ҷунуни ҳақиқӣ. Ман мотосиклро гардонда, газро баланд кардам ва сӯи кӯҳҳо рондам. Боби 8 Ман ягон лаҳза танҳо монда наметавонистам. Дар айни ҳол ҳеҷ шарикеро намеҷустам. Вақти холиро ман дар барҳо ва тарабхонаҳо, ба чеҳраҳои одамони хурсанд, табассумкунанда ва беғам нигариста, мегузарондам. Бо ҳеҷ кас сӯҳбат кардан намехостам. Ман ба муассисаҳои дилхушкунанда аз он сабаб мерафтам, ки ғавғо ва ҷунбуҷӯли онҳо барои паст кардани дарди пуразоби дил ёрӣ мерасонданд. Аммо боз як сабаби дигари ба чунин ҷойҳо рафтани ман низ буд, ки онро то охир дарк карда наметавонистам. Мазаи аҷиб дар даҳонам аз байн намерафт. Ҳамон мазае, ки ман бори аввал дар фоҳишахона ҳангоми лату кӯб кардани одамон ҳис кардам. Ман онро фаромӯш карданӣ мешудам. Аммо он гаштаву баргашта пайдо мешуд. Ин мазаи хашми девонавор, ваҳшиёна ва қариб хоҳиши ҷисмонии хунхӯрӣ буд. Факт аз он иборат буд, ки ман якбора дигар шудам. Ҳисси оромӣ, худдорӣ ва хоҳиши бо роҳи равшанфикршавӣ рафтан аз байн рафтанд. Акнун ман танҳо хоҳони мубориза ва талош будам. Боре, ҳангоме ки КБКФ ба ман истироҳати кӯтоҳмуддат дод, Амин Файед ногоҳ маро бо кор банд кардан хост. Ӯ бевосита ба ман занг зада, хоҳиш кард, ки бо ӯ дар Никосия вохӯрам. Рости гап, ба ӯ лозим наомад, ки аз ман илтимос кунад. Бегоҳии аввалини бекор буданам ман ба ҳаёти шабонаи Никосия ғӯтавар шудам. Дар бари «Аfrikanas» одамон бисёр буданд, аммо ба ҳар ҳол ман дар гӯшаи хилвате ҷой ёфтам ва ба диван нишаста, атрофиёнро мушоҳида мекардам. Дар ин ҷо як гурӯҳ аскарони даниягӣ хушҳолӣ мекарданд. Ман бо нафрат ба онҳо менигаристам. Онҳо бо он машғул буданд, ки якдигарро ба нӯшидани қадаҳи май водор мекарданд. Дигарон сурудхонӣ карда, қарсак мезаданд ва машруботи спиртии масткунанда менӯшиданд. Яке аз онҳо, шахси тануманди думетра, пайиҳам шаш кружкаи нимлитра пиво нӯшид. Ҳама қарсак заданд. «Аблаҳон» — фикр кардам ман, — мехоҳам ба шумо дарси ибрат дода, фаҳмам, ки оё дар ҳақиқат ин гуна боғайрат ва тавоно ҳастед? Вақт мегузашт. Аскарон торафт маст шуда, шӯру мағал мебардоштанд. Дар яке аз кабинаҳои ҳамсоя се нафар духтарон нишаста буданд. Онҳо байни худ сӯҳбат карда, ба ҳеҷ кас кордор намешуданд. Яке аз онҳо ранги рӯи нафис ва мӯйҳои малла дошт. Айнан чун аз они Айя. Духтарон оиди масъалаҳои худ гуфтугӯ мекарданд, аммо ногоҳ аскарон ба онҳо таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд. Ҳангоме ки духтари малламӯй сӯи пештахта равона шуд, яке аз аскарон аз паи ӯ рафт. Ман медидам, ки духтар эҳтиромона аз аскар хоҳиш кард, то ӯро ба ҳолаш гузорад , аммо бенатиҷа. Хуни ман ба ҷӯш омад. Духтар ҳар қадар бештар чизи фармоишкардаашро интизор шавад, аскар ҳамон қадар боисрортар мешуд. Духтар ба аскар пушт гардонда истод — бефоида. Аскар духтари малаламӯйро ба ҳолаш гузоштан нахост. Ба гӯшаи креслои худ ғеҷида, ман аз ҳар дуи онҳо чашм намекандам. Аскар аз тарафи дигар наздик шуда, боз дар пеши духтар истод. Духтари малламӯй боз рӯй гардонд. Он гоҳ аскар аз китфони духтар дошта, ӯро дағалона бо як зарб ба тарафи худ гардонд. Ҳамин вақт ман дар чашмони духтари малламӯй тарсро пай бурдам. Духтар худро раҳо карданӣ мешуд, аммо ҷавон сахт ба ӯ часпида буд. Хашм ва нафрат маро фаро гирифтанд. Ман оиди ҳеҷ чиз фикр накарда, сӯи пештахта шитофтам ва стаканро шикаста, бо чизе ки аз он боқӣ монда буд, ба рӯи аскар задам. Шӯру ғавғои беандоза бархост. Аскарони даниягӣ, даҳ-дувоздаҳ кас, дарҳол сӯи пештахта давиданд. Аммо ман чун мор аз байни онҳо хазида гузаштам ва аз зинапоя ҷаста ба кӯчаи равшан баромадам. Акнун барои ман паҳнои оперативии ҳаётан муҳим пайдо шуд. Аскарон сахт маст буданд ва ман хуб мефаҳмидам, ки дар ин ҷо ҳамаашонро зада ғалтонда метавонам. Ин корро дар бар, ки хеле хурд ва танг буд кардан, ғайриимкон буд. — Канӣ, тезтар! Наздик биёед, мушту лагад бароятон тайёр аст! — дод задам ман. Ҳар як мушаки баданам ташнаи занозанӣ ва гӯё аз адреналин пур буд. Вақте ки аскарони маст аз нимторикии бар ба кӯча баромадан гирифтанд, ман ба рӯй ё ба байни пойҳои онҳо зада, яке паси дигар аз пой меғалтондам. Ба ҳар ҳол яке аз онҳо бо мушташ ба чашми ман зад. Косахонаи чашмамро дарди сахт сӯзонд, аммо ин танҳо ба оташи хашми ман равған рехт. Аз бар берун баровардани онҳо барои ман кам буд. Ман задан ва маъюб кардан мехостам. Ман ташнаи хун шуда, девонавор ба аскарҳо ҳуҷум меовардам ва биниҳову устухонҳоро шикаста, бо қувваи даҳшатовар онҳоро маъюб мекардам. Ҳангоми хуруҷи хашми беандоза ман ҳис мекардам, ки хун дар рагҳоям бошиддат метапад, дар ҳоле ки бо ҳар як зарба ва лагад хоҳиши задан ва хароб кардан бештар мегардид. Баъд ногоҳ садои сиренаҳо шунида шуд ва кормандони полис пайдо шуданд. Аммо ман аллакай дар торикӣ ғайб зада будам. — Дирӯз андак трам-тарарам ташкил намудӣ? — Амин чашмакӣ зада ва табассум карда, аз ман пурсид. — Ҳеҷ воқеаи шавқоваре набуд, — атрофи чашми рости кабудшудаи худро молиш дода, гуфтам ман дар ҷавоб. Ман аз он асабонӣ шуда будам, ки ӯ аллакай оиди ин воқеа медонад. Агарчи, агар намедонист, боиси ҳайрат мебуд. Ӯ шахси ҳилагар, мулоҳизакор ва хунсард буд, вале бо ман муомила карда метавонист. Албатта, Амин дигаргуниеро, ки дар ман ба вуҷуд омада буд, дарҳол пай бурд ва гумон дошт, ки ин барои манфиатҳои ӯ фоиданок хоҳад буд. — Ин бегоҳ бозӣ мекунем, — эълон кард ӯ ва каф ба каф зада, сейфро кушод, то ки аз он ҷо ду бастаи ғафси резинпечи пулро гирад. Казино серодам буд ва то даме ки ману Амин аз толор мегузаштем, қариб ҳар яке ба ӯ салом медод, баъзеҳо бо таъзими эҳтиромона, баъзеи дигар бо дастфишорӣ. — Аҳа, ҷаноби Файед, гумон мекунед, ки имрӯз коратон омад мекунад? — пешвоз гирифт моро мудири казино ва худаш то назди курсӣ гусел кард. Аминро дар гӯшаи казино ҷойи беҳтарин интизор буд. Амин табассум кард. Ҳангоме ки крупйе қартаҳоро тақсим мекард, дар чеҳраи Амин як силсила ҳиссиёт акс ёфтанд — аз худписандӣ то хасисӣ. Бозӣ бояд сар мешуд, аммо ногоҳ ба назди Амин касе омада, бо ӯ гап зад. Шахси ношинос мушавваш ва хашмгин буд. Ман аз ҷои худ медидам, ки босси ман лаҳза ба лаҳза бештар асабонӣ мешавад. Ман босаброна ишораи ӯро интизор будам ва баъд назди ӯ омада, дар пешаш истодам. Ношинос ҷуръаташро гум кард, аммо чун пештара Аминро бо хоҳишу илтимосҳо безор мекард. Сухангӯии ӯ тезтар ва ҷасуронатар мешуд. Ман дигар ишораеро интизор нашудам. Ҳамин ки ин шахс дасташро ба дасти Амин расонданӣ шуд, ман ӯро ба як тараф кашида, ба фарш ғалтондам. Дигар ҳеҷ чиз даркор набуд. Ӯ аз ҷояш ҷаста хест ва тозон сӯи баромадгоҳ рафт. Амин ба аломати таҳсин сар ҷунбонд ва бозиро давом дод. Рӯзи дигар босс маро ба пентҳауси худ ҷеғ зад, Ӯ бо ман беҳад боилтифот гап мезад, аммо ман медонистам, ки баъд чӣ мешавад. Акнун ман ба ҳама кор тайёр будам. Он бегоҳ ман назди шахсе рафтам, ки аз Амин ба миқдори зиёд пул қарздор буд. Ӯ тоҷири машҳури аслиҳа буд. Ман ногоҳ назди ӯ омада, ӯро ғофилгир кардам. Муҳофизонаш набуданд, тоҷир танҳо буд. Ман ба ӯ гуфтам, ки барои гирифтани пуле омадаам, ки ӯ аз ҷаноби Амин қарздор шудааст. Тоҷир фақат табассум кард. Табассуми худписандона, ҳавобаландонаи ӯ ба рӯйтуршкуние монанд буд, ки чеҳраи бисёр мизоҷони сарватманд ва бонуфузро оро медод. Дилам қариб беҳузур мешуд. Ӯ худро кӣ меҳисобад? — Ба босси худ расон, ки ман ин қадар пул надорам, — гуфт ӯ. — Ман бо ӯ пурра ҳисобӣ мекунам, аммо танҳо дар охири ҳафта. — Ӯ бо ин суханон ба ман сӯи дар ишора кард. Ман хашмгин шудам, аммо на он қадар, зеро медонистам, ки вақти ӯ ҳанӯз фаро нарасидааст. Амин ҷавобро шунида, бо хашм туф кард. — Баргард ва ӯро маҷбур кун, ки худи ҳамин бегоҳ қарзро баргардонад, — фармуд ӯ. — Вақте ки пулро дод, ӯро зада, маъюб кун! Ман одат накарда будам, ки бо ман ин гуна гап зананд, аммо ман беандоза ба Амин вафодор будам. КБКФ ба ман барои бехатарии ӯ маош медод. Дигар чиз ба ман дахл надошт. Ман танҳо барои иҷрои ӯҳдадориҳо дар назди мизоҷ масъулият доштам. Иҷрои фармони Амин ба қатори ӯҳдадориҳое ки КБКФ ба ман вогузошта буд, дохил намешуд, аммо ҳамаи гап дар он буд, ки акнун ман худам мехостам аз ҳудуди амалҳои қонунӣ ва ғайриқонунӣ берун бароям. Ман аз як худи фикр оиди он ки касе бо мизоҷи ман ин тавр густохона муносибат мекунад, хашмгин мешудам. Ман ба хонаи бароям шинос баргаштам ва ҳамаашро чунон ки ба ман фармуда буданд, ба ҷо овардам. Амин аз чунин равиши кор хеле хурсанд буд ва ба ман саховатмандона мукофот дод. Рости гап, ба ман на мукофоти саховатмандонаи Амин, балки ҷазо додани он тоҷир бештар маъқул шуд. Алабатта, охир, он хоҳиши рафънашавандаи зӯровариро, ки маро пурра фаро гирифта буд, танҳо тақвият медод. Боре дар казино ман беандоза аз он хашмгин шудам, ки Чад ном африқоии азимҷусса пулро исроф мекард. Ӯ дар толор қадам зада, ба ҳар як ҳамсӯҳбати худ қадаҳе шампан гирифта медод. Ӯ ба ҳар ҷои пешхизматдухтарони нимлуч, ки ба ҳамаи хоҳишҳои ӯ тағофул мекарданд, пулҳои лӯла кардашударо метиққонд. Ман ин африқоиро хуб мешинохтам. Ӯ аз Амин пули зиёд қарздор буд. Хулоса, ин қарзи шараф буд. Он бегоҳ ман ба хонаи ӯ рафтам. Ман ба хонаи бузурге омадам ва ҳангоме ки дарбони Чад маро роҳ надод, ман дарро шикастам. Шахси ба даҳшат афтодаро аз пой ғалтонда, ман ба ҳуҷраи меҳмонқабулкунии Чад шитофтам. Ӯ эътироз намуд, ки ман ҳақ надорам ба мулки хусусии ӯ зада дароям. Аммо ман барои тамом кардани гапаш фурсат надодам. Аз мӯйсари Чад дошта, ман ӯро то он вақт мезадам, ки ӯ ба сейфи калони дар байни рафҳои китобмонӣ насбшуда ишора кард. Пули қарзи Аминро гирифта, ман Чадро ба девор танба кардам ва аз шикастани устухонҳо ва бӯи хун хурсанд шуда, ӯро бераҳмона лату кӯб кардам! Ҳамин вақт ба ҳуҷра ду кӯдаки Чад бо нидоҳои «дада, дадаҷон!» давида даромаданд. Дар охир доду фарёди кӯдакон маро ба ҳуш овард. Ман африқоиро сар додам ва ӯ ба фарш афтид. Ман аз назди кӯдакон давида баромада, ғайб задам. Пас аз ҷазо додани Чад ман муддати зиёд ором шуда наметавонистам. Ман бо хурсандиву тантана нидоҳое мекардам, ки ба садои шинаҳои мотосикл монанд буданд. Дар пеши назарам кӯдакон ҷилвагар мешуданд, аммо ман нафасамро дарун кашида, ин фикрҳоро дур мерондам. Ва аз бӯи хуни нав, ки маро дунболагирӣ мекард, ҳаловат мебурдам. Чунин саҳнаҳои фоҷиавӣ бисёр буданд, дар айни ҳол ман ҳар дафъа бо ваҳшонияти бештар амал менамудам. Ман мефаҳмидам, ки барои Амин ҳам вақт фаро мерасад. Ӯ бояд барои ҳама амалҳояш ҷазо дода шавад. Ягон бор қотили зархарид ӯро ёфта, кори ифлоси худро мекунад. Ҳамчунин ман мефаҳмидам, ки ҳангоме дар КБКФ мефаҳманд, ки ман дар вақти холӣ бо чӣ кор машғулам, маро хеле ҷиддӣ танбеҳ медиҳанд. Ягона воситаи пешгирӣ кардани ин — тарсондан ё маъюб кардани касоне буд, ки ман ба онҳо ҳуҷум мекардам, то ки дар бораи ман ҳарфе ҳам зада натавонанд. Агар сухан дар бораи волидони ман равад, онҳо, чун ҳамеша, оиди ҳаёти ман ҳеҷ чизро намедонистанд ва донистан намехостанд. Ман аз он ба шӯр меомадам, ки онҳо Айяро боре ҳам ба ёд наоварданд. Гӯё ӯ ҳеҷ гоҳ дар ҳаёти ман набуд. Аммо бо вуҷуди ин ман ҳар боре ки ба Лондон биёям, ба хабаргирии волидон мерафтам ва кӯшиш мекардам, ки зиндагии онҳоро бароҳат гардонам. Як бегоҳ модарам эълон намуд, ки имкон пайдо шудааст, то падарам курси нави гаронбаҳоро гузарад. — Албатта, мо ин қадар пул надорем, гуфт модарам. — Танҳо барои муоинаи тиббӣ дар Швейтсария сӣ ҳазор фунт даркор мешавад. Мо фикр карда, қарор додем, ки агар ту метавонистӣ... Ман ба падарам нигаристам. Бори аввал дар давоми солҳои зиёд ман дар чашмони ӯ шарораи умедро пай бурдам. Ман маоши хуб мегирифтам, аммо ҳамаашро харҷ мекардам, бинобар ин на дар ҳисоби бонкӣ, на ба таври нақд ин қадар пул надоштам. — Хайр, мебинем, ки чӣ кор кардан мумкин аст, — гуфтам ман ба волидон. Дар Кипр фуруд омада, ман пеш аз ҳама бо ҳалли ин масъала, яъне пайдо намудани пул — машғул шудам. Ба Амин муроҷиат кардан мумкин буд, аммо ман аз ҳеҷ кас қарздор будан намехостам. Он вақт ман ҳама гуна эҳтиромро ба одамон ва моликияти онҳо гум карда будам. Барои Амин кор карда, ман андозғундори бераҳм ва илова бар ин ғоратгари ҳақиқӣ шуда будам. Ҳадафи ман пул буд. Барои ҷарроҳӣ намудани падарам пул пайдо кардан даркор буд. Ин кори душвор нахоҳад буд. Ман сарватмандтарин шахсони Никосияро медонистам, бинобар он интихоби тӯъма мушкилӣ надошт. Аммо ба ҳар ҳол ман бояд қарор медодам, ки як навъ хати ҳудудеро гузарам. Ва ман ба қарор омадам. Як шахси нохубе буд, ҳар чи ҳам бошад, маҳз шахси нохуб. Ӯ сазовори ҷазо буд. Як бегоҳ ман ба хонаи берунишаҳрии ӯ зада даромадам ва ҳамаи пулҳоеро, ки ёфтам, гирифтам. Дар айни ҳол касоне ки ба ман халал расонданӣ шуданд, солим намонданд. Ман ваҳшоният кардан намехостам, аммо маро ба ин кор маҷбур мекарданд. Занозанӣ барои ман чун мукофоти иловагӣ буд. Ман ғолиб омада, ғалабаҳои навро мехостам. Ман саркаш будам. Ба шаҳр баргашта, ман дилпурона ба яке аз меҳмонхонаҳои панҷситора шитофтам. — Рақами 507, — талаб кардам ман бепарвоёна, дар як лаҳза лавҳаи калидҳоро аз назар гузаронда. Портйе калидро ба ман дод. – Шоматон хуш бод, ҷаноб. Ман ба ӯ табассум карда, сӯи лифт равона шудам ва ба зудӣ аллакай дар ошёнаи панҷум будам. Ба номер даромада, ман дарҳол ғалладонҳоро кофтуков карда, чизи меҷустаамро зуд ёфтам. Сокини ин номер ҳар касе ки бошад, дар сараш танҳо як фикр аст: исрофи пул. Ман ин пулро аз они худ карда, ба меҳмонхонаи дигар равона шудам ва ҳамин тавр давом додам. Ба зудӣ ман дарҳол дар ёд нигоҳ доштани қатори калидҳои дар лавҳа бударо ёд гирифтам ва аҳамият медодам, ки кадом калидҳо назди ҳам буданд. Сипас ман калиди номери даркориро талаб менамудам. Ин номерро ғорат карда, ман оромона ба номери ҳамсоя, ки мувофиқи ҳисоби ман сокинонаш ин вақт ғоиб буданд, даромада метавонистам. Ман дари шишагиро кушода, оҳиста ба дарун медаромадам. Боре, номери навбатиро ғорат карда, ман бо диққат гӯш додам: хомӯшии роҳравро ким-кадом овозҳо ва садои тоб додани калид халалдор карданд. Ман дар паси парда пинҳон шудам. Ҷавоне ва духтаре даромаданд. Ба гӯшаи хотирашон намеомад, ки ман дар ин ҷо ҳастам. Агар назди тиреза оянд, чӣ кор кунам. Ман дарҳол дар даҳонам ҳамон мазаи шиносро ҳис кардам. Ҷавону духтар машғули бӯсу канор буда, хатарро ҳис намекарданд. Маъюб кардани онҳо зарурат надошт. Ман бо эҳтиёт ба балкон баромадам ва дари шишагиро пӯшонда, ба балкони поёнӣ фаромадам. Дар як бегоҳ ман барои ҷарроҳии падарам ба қадри кофӣ пул ғундоштам. Баъди якчанд рӯз ман волидонамро дар фурудгоҳи Никосия вохӯрда, миқдори даркории пулро ба онҳо додам. Волидон хеле мутаассир шуда буданд. Акнун падарам тайёрии пеш аз ҷарроҳиро гузашта метавонад. Онҳо муддате дар манзили ман таваққуф карданд ва баъд ба фурудгоҳ баргаштанд, то ки ҳарчи зудтар бо ҳавопаймо ба Лондон парвоз кунанд. Волидонро дар фурудгоҳ монда, ман ба Лимассол равона шудам, ки дар он ҷо бо ду нафар дӯстонам вохӯрданӣ будам. Бегоҳии гарм буд, шаҳр аз истироҳаткунандагони шоду хуррам ва корчаллонҳои хира пур буд. Онҳо манзилҳоро бо шарту шароити таймшер[16] ба иҷора медоданд. Бо нӯшидани қаҳва вақтро гузаронда, мо дар бораи худ нақл мекардем ва атрофро тамошо менамудем. Баъди муддате як гурӯҳ англисҳо пайдо шуданд. Онҳо андаке дуртар аз мо салиби калони чӯбинро насб намуданд. — Оҳ, не, фақат масеҳиён не... — гуфт бо истеҳзо Кевин ном дӯстам аз Канада. Масеҳиён гитара навохта, ба сурудхонӣ даромаданд, Кевин бошад ба масхара намудани онҳо сар кард: Трубадурҳои масеҳӣ! Фанатикҳо дар Африқо низ фанатик ҳастанд. Ман хандидам, аммо бе кина, чунки бо онҳо ҳеҷ нуқтаи тамос надоштам: масеҳиён аз ҳеҷ ҷиҳат ба ман халал намерасонданд. Вақте ки онҳо сурудхониро бас карданд, яке аз англисҳо мавъиза кард. Ӯ овози баланд дошт ва бо вуҷуди тамасхурҳо ва ҳазлҳои нешдори роҳгузарон, ба як гурӯҳи хурди шунавандагон муроҷиат намуда, суханашро давом медод. — Кӣ ин шишаи майро гирифтан мехоҳад? — Ҳеҷ хоҳишманд пайдо намешуд. — Биёед, гиред, тамоман бепул. Ин танҳо як шиша майи хуб аст. Ин тӯҳфа аст. – Псих! — нидо кард Кевин. – Биёед, марҳамат, наздик омада, тӯҳфаро гиред. Воиз хандаовар буд, май чӣ даркор — ман бе ин ҳам бо қадаҳи қаҳва хушбахтам. Кевин ногоҳ ба клуб рафтанӣ шуд, то ки бо дӯстонаш вохӯрад. Рости гап, ман дӯстони ӯро тоқати дидан надоштам. Онҳо сергап ва худписанд буда, ғайр аз кори худ оиди ҳеҷ чизи дигар гап зада наметавонистанд. Ту рав, ман дертар расида меравам, — гуфтам ман ба Кевин. Воиз чун пештара ба мардум ҳамон шишаи майро пешниҳод мекард. Ӯ тақрибан ҳамсоли ман буд, мӯйҳояш то ба китфонаш мерасиданд. Ӯ дар тан футболка ва бермуда дошт. “Донишҷӯ будагист...” — фикр кардам ман. Дар охир як зани миёнсоле бо эҳтиёт назди ӯ омад. – Хайр, ман мегирам... — гуфт вай. Вақте ки воиз шишаи майро ба вай медод, бекорхӯҷаҳо хомӯш шуданд. — Марҳамат, марҳамат! Бе ҳеҷ шарт! Ин тӯҳфа аст... — такрор кард ҷавон. — Танҳо пеш баромада, гирифтан даркор аст. Зани боғайрат ба ҷои худ дар байни издиҳом баргашт, воиз бошад ниҳоят ба моҳияти мавъизаи худ гузашт. — Айнан ҳамин тавр Исо наҷотро тӯҳфа мекунад, — гуфт ӯ. — Исо ҳамаро дӯст медорад ва мо тӯҳфаи наҷоти ӯро бемузд мегирем. Ягона коре ки мо бояд кунем, — қабул кардани Ӯст. Худо ҳеҷ чизро маҷбуран ба мо бор намекунад. Ӯ тӯҳфаи худро пешниҳод мекунад, аммо шумо худатон қарор медиҳед, ки пеш мебароед ё не. Ман суханони Сайзер, муаллими мактабамон ва тафсири ӯро ба калимаи “наҷот” ба ёд овардам. Чуноне ки ӯ таълим медод, наҷот маънои онро дорад, ки кас ҳама чизро аз нав сар карда, дар назди Худо пок мешавад. “Маро бо чӯткаи сахттарин тоза кардани Исо лозим меояд”, — ғамгинона фикр кардам ман. Дар охир, ҳангоме ки издиҳом кам шуд, масеҳиён ба ғундоштани чизу чораи худ сар карданд. Дар кадом як лаҳза нигоҳи ман ва воиз вохӯрданд ва ӯ назди ман омад. – Назди шумо нишастан мумкин аст? — пурсид ӯ. – Албатта. Ӯ ҷавони хуб метофт ва барои ман шавқовар буд фаҳмам, ки дар сари ӯ чӣ фикрҳо ҳастанд. Ӯ худро Мартин номид. Мо муддате сӯҳбат кардем, асосан оиди он ки гурӯҳи ӯ бо чӣ кор машғул аст. Маълум шуд, ки онҳо якчанд рӯз пеш ба Лимассол омадаанд ва нақша доранд якчанд моҳ бо ҷамоати масеҳии маҳаллӣ кор кунанд. Ҳамчун шахсе ки маҳалро медонад, ман ба ӯ якчанд маслиҳатҳои муҳим додам ва низ ба таври умумӣ фаҳмондам, ки чӣ тавр ба Кипр омадаам. — Шумо бояд бо Майкл Райт шинос шавед, — гуфт Мартин. — Ӯ ҷавони хуб аст. Аз Ирландияи Шимолӣ, аммо акнун дар ин ҷо зиндагӣ мекунад. Шумоён бо ҳам рафиқ шуда метавонистед. Дар ин Мартин чизе буд... Албатта, ӯ шахси меҳрубон ва бодиққат аст. Ӯ оиди худ, оиди калисо ва оиди Худо гап мезад. Аммо ман водоркунандаи амалҳои ӯро намедидам. Маълум буд, ки ӯ чизеро аз ман пинҳон намекард ва самимона гап мезад. Вай дарҳол ба ман гуфт, ки чун масеҳӣ мехоҳад, ки ҳар як инсон оиди Исо ва оиди он ки Ӯ ҳамаро дӯст медорад, бидонад. Маро сафсатаи динии ӯ ҷалб намекард, аммо худи Мартин, аз афташ, одами хуб буд. Эҳтимол ӯ ба одамон ёрӣ расондан мехоҳад. Чунин шахсро бо ҳеҷ кас омехта кардан намешавад. Вақте ки дӯстони ӯ аллакай рафтанӣ буданд, Мартин бархест, то ки равад. Сӯҳбати ӯ ба ман маъқул шуд ва ман ҳангоми хайру хуш ба ӯ дастамро дароз кардам. Мартин лаҳзае фикр кард ва гуфт: Гӯш кунед, мо ба манзили иҷоравии худ бармегардем, бо мо биёед. Хӯроки шом аллакай тайёр аст... Ман рости гап чӣ кор карданамро надонистам. Кам касон маро ба меҳмонӣ даъват мекарданд. Ман оиди сабаби ин кори Мартин фикру андеша мекардам, аммо ба ҳар ҳол пешниҳоди ӯро қабул намудам. Ман қарор додам, ки равам ва агар ягон воқеа шавад, ба ҳамаашон дарси ибрат медиҳам. Манзиле ки гурӯҳи масеҳиён иҷора гирифта буд, аз манзилҳое ки аксари истироҳаткунандагони ба Лимассол омада иҷора мегирифтанд, ҳеҷ фарқ надошт. Мартин маро ба рафиқони худ шинос кард. Онҳо одамони тамоман ҷавон, меҳрубон ва боилтифот буданд. Ба ман маъқул шуд, ки онҳо дар атрофи ман ҷунбуҷӯли беҳуда намекарданд ва саволҳои зиёдатӣ намедоданд. Мо якҷоя хӯроки шом хӯрдем ва баъд оиди ҳар чиз сӯҳбат намудем. Ман дар онҳо як чизи нав ва ҷолибро ошкор кардам. Баъзе ҷавонон дар сӯҳбат номи он ҷавонро — Майкл Райтро зикр карданд. — Ба калисо назди мо биёед, — маро даъват намуданд онҳо. — Дар он ҷо бо ӯ шинос мешавед. Ман ваъда додам, ки дар ин бора фикр мекунам. Ман онҳоро тарк карда, табассум мекардам ва умед доштам, ки ягон вақт назди онҳо меоям. Ҳоло бошад ман бояд назди Кевин мерафтам. Дар клуб маро кори муҳиме интизор буд. Аммо ман ба калисо рафта натавонистам. Баъди чанд рӯз, ҳангоме ки ман дар кӯча қадам мезадам, ногоҳ дар назди ман мошини полис истод. Ду афсари полис баромада, жетонҳои худро нишон доданд. — Ба мошин даро, — талаб кард яке аз афсарони полис. Ман ӯро дашном додам. — Ҳеҷ кас ҳақ надорад ба ман даст расонад, — гуфтам ман ва шаҳодатномаи дипломатии худро нишон додам. Он гоҳ афсар таппончаашро баровард. Ман ба ӯ нигариста, хандидам. Маро бо ин бозичаи аз дақёнус монда, ки аз афташ, ба ҳеҷ чиз кор намеояд, тарсондан мехоҳад. Хайр, агар ба шумоён ин спектакл маъқул бошад, — гуфтам ман, — маро ба шӯъбаи худ баред ва мебинед, ки чӣ тавр маро сар медиҳанд. Ман тамоман натарсидам ва қарор додам вонамуд кунам, ки ба онҳо итоат мекунам. Он бегоҳ ман тамоман ҳеҷ кор надоштам. Ҳангоме ки мо ба шӯъбаи полис омадем, масунияти дипломатии маро сарфи назар карда, бе ҳеҷ гапи зиёдатӣ маро ба камераи зеризаминӣ партофтанд. Ҳамаи талабҳои ман оиди робита кардан бо ягон нафар аз сафорати Британия беҷавоб монданд. Ман дар ҷудоии пурра будам ва танҳо соати даҳи шаб ба камераи яккаи ман гурӯҳи полисҳо даромаданд. Онҳо ба дастони ман кишан зада, ба истинтоқ бурданд. “Акнун нохушиҳоро интизор шав, — фикр кардам ман. — Айбдор мекунанд, дар ивази гаравпулӣ озод менамоянд, сипас аз кишвар берун мекунанд”. Ин вақт ман аллакай ба ташвиш афтодам, ки мабодо онҳо маро дар ягон ҷинояти ҷиддӣ айбдор кунанд: маро дар камераи ҳабси пешакӣ беҳад зиёд нигоҳ медоштанд. Дар рӯи миз як тӯда парвандаҳо буданд. Афсари навбатдор парвандаи якумро кушода, ба истинтоқ сар кард. Дар парвандаҳо оиди он номерҳои меҳмонхонаҳо, ки ман замоне ғорат карда будам, мавод ҷамъ оварда буданд. Ман танҳо дар ғорат намудани баъзе номерҳо иқрор шудам, зеро оиди бисёр мавридҳои дигар ҳеҷ чиз намедонистам. Вақте ки ман дар дигар ғоратҳо айбдор буданамро инкор кардам, полис хеле хашмгин шуд. Ӯ интизори он буд, ки ман аз рӯи ҳамаи парвандаҳо айбро ба гардан мегирам. Аммо ман дар ҷиноятҳое ки содир накардаам, иқрор шудан намехостам. Афсар маро ба ҳолам намегузошт. Ман фаҳмидам, ки ӯ маро саволборон мекунад ва то даме ки ҷавоби даркориро ба даст наоварад, аз ман даст намекашад. Ӯ аз шиддат арақ кард, қатраҳои арақ аз пешонии ӯ поён рафта, аз абрӯвонаш мечакиданд ва аз болои мӯйлабҳои бесомонаш ҷорӣ мешуданд. Вазъият шиддатноктар мешуд ва ман фаҳмидам, ки ӯ кӯшиш мекунад маро дар ихтилофот ғофилгир намояд. Ҳоло ман бояд оромиро нигоҳ медоштам. — То даме ки бо сафорат гуфтугӯ накунам, ҳеҷ чиз намегӯям, — гуфтам ман ба ӯ. Ӯ хандид ва паси гардани фарбеҳашро хорид. — Ман вохӯриро бо намояндаи сафорати Британия талаб мекунам! Ҳанӯз ман гапамро ба охир нарасонда будам, ки ӯ кашидаву кушода ба рӯям торсакӣ зад. — Аз ман ҳеҷ чиз талаб накун. Сафорати ту бо ту барин ҳақир вохӯрдан намехоҳад. Ту дар ин ҷо, дар кишвари ман ҳастӣ ва аз афташ, туро нохушиҳои калон интизоранд. — Ва ӯ наздик омада, ба рӯям туф кард. Хашму ғазаб дар ман ҷӯш зад. — Оҳ ту сагбача! — хунро дар лаби кафидаам ҳис карда, ғуррос задам ман. Ҳанӯз ҳеҷ гоҳ ман ба чунин ҳолати нобоб наафтода будам. Кишан дастамро сахт зер кард, ҳангоме ки ман ӯро бо поям зада, ба он тарафи ҳуҷра фиристодам. Дигар полисҳо дарҳол маро иҳота карда, зери мушту лагад гирифтанд. Ман шердил шуда, ба ҳамаи зарбаҳо тоб меовардам. Боз ба камера афтода, ман оиди вазъияти худ андеша кардам. Аз афташ, ман ҳақиқатан ба ҳолати ногувор афтодаам. Ман донистан мехостам, ки агар Амин аз воқеа бохабар мешуд, оё маро аз ин ҷо берун меовард? Рӯзи дигар маро то соати даҳи шаб ҳеҷ кас ҷеғ назад. Сипас худи ҳамон полисҳо барои ман омаданд. Акнун онҳо ба дастону пойҳоям кишан заданд. Ман гап задан нахостам ва боз онҳо маро бераҳмона лату кӯб карданд. Лату кӯбҳо дар давоми якчанд шаб давом карданд ва ҳар дафъа онҳо маро бо ваҳшонияти бештар мезаданд. Лату кӯб кардани ман барои полисҳо як навъ варзиши хунин гашт. На танҳо маро бераҳмона мезаданд. Ман гуфтугӯи маҳбусони камераҳои дигарро мешунидам. Аз афти кор, баъзе бадбахтонро сахт азобу шиканҷа медоданд. Ҳар бегоҳ маро ҳамон афсари фарбеҳ, ки ҷиноятҳои содирнакардаамро ба гардани ман бор карданӣ буд, истинтоқ мекард. Боре ӯ ба тобеонаш фармуд, ки маро ба шиканҷаи нав тайёр кунанд. Онҳо пойафзоламро кашида, пойҳоямро аз сӯрохии такяи курсӣ гузаронданд. Вақте ки яке аз зиндонбонон ба болои пойҳои ман нишаст, афсар заҳрханда карда, бо тамомии қувва ба паси поям бо калтаки резинӣ зад. Ҳамон дам дарди ҷонсӯзе чун мавҷ аз пойҳо ва тахтапуштам гузашт. Оиди ин шиканҷа ба мо дар мактаби ҷаноби Чжан нақл карда буданд. Ин шиканҷаро, ки “bastinado” ном дорад, конвенсияи Женева манъ кардааст, аммо барои ин золимон манъ вуҷуд надошт. Ман дандонамро зич кардам. Полиси фарбеҳ боз даст бардошт. Ман кӯшиш кардам раҳо шавам, аммо боз ҳамон гуна зарба хӯрдам. “Ҳоло сабр кунед, — фикр кардам ман, — аз шумоён ҳеҷ чиз боқӣ намемонад”. Маро то беҳуш шуданам заданд. Сипас курсиро аз зери поям гирифтанд. Кафи поям, ки чун дар оташ месӯхт, ба фарши бетонӣ расида, сахт дард кард. Дар охир пойҳоямро ба сатили оби ях барин хунук андохтанд, то ки пайи шиканҷаро пинҳон кунанд. Баъди як ҳафтаи чунин шиканҷаҳои шабона ман аллакай қариб роҳ гашта наметавонистам. Дар чунин шароит муқобилат кардан бефоида буд. Ба дасту поям кишан зада, дар ҳузури ҳашт марди тануманд, ки аз тамошо ҳаловат мебурданд, маро азобу шиканҷа медоданд. Онҳо боз чиро фикр карда мебароварда бошанд? Ба сарам хӯди ронандаи пойгаи автомобилҳоро мепӯшонданд ва маро бардошта, чун асбоби деворшикан, ба шкафҳои металлӣ мезаданд. Аз чашмонам шарораҳо мепариданд ва ман борҳо беҳуш мешудам. Ҳангоме ки ҷаллодон маро ба фарш мепартофтанд, ман лаънат мехондам ва аз онҳо нафрат мекардам. Ҳамин ки ба тахтапушт дароз кашам, дарҳол бо калтак ба байни пойҳоям зарба мехӯрдам. Аз дард тамоми мушакҳои баданам кашиш мехӯрданд. Баъди муддате барои ман дигар фарқ надошт: зиндагӣ кунам ё накунам. Ман дидаву дониста ба онҳо муқобилат мекардагӣ шудам. Яке аз онҳо бо блендери металлӣ ба ман наздик омад. – Дастатро дароз кун, — талаб кард ӯ. Корди блендер, ки бо суръати баланд чарх мезад, дар пеши чашмонам тоб мехӯрд. — Барои чӣ дастро? Биё, якбора онро ба рӯям тиққон, — дод задам ман ва ба рӯяш туф кардам. Ҷаллодон аз хашм девона барин шуданд. — Акнун ман сазоятро медиҳам, Энтонӣ! — дод зад афсари навбатдор. Ӯ ин гапро гуфта, барои таппончаи аз дақёнус мондаи худ тир гирифт. — Нигоҳ кун, ин донаи зайтун барои туст. — Ӯ тирро ба рӯям ҷафс кард, ва баъд онро ба тирдони холии таппонча андохт. Ҳама хомӯш шуданд. Аммо барои ман акнун фарқ надошт. — Канӣ, паррон! Ё ки ҷуръат намекунӣ... — гуфтам ман ба полиси фарбеҳ. Ман ба мурдан тайёр будам. Пас аз марги фоҷиавии Айя ҳаёти ман ба гирдоби бемаънои рӯҳафтодагӣ табдил ёфта буд, бинобар ин тир аз таппончаи кӯҳна барои ман раҳоибахш буда метавонист. Ман роҳ дода наметавонистам, ки ин полиси фарбеҳ маро аз тарс меларзида бинад ва аз ӯ чашм намекандам. Ман дар ин рулеткаи русии бадеҳавии ӯ иштирок карда метавонистам, охир, ман одами қавӣ будам. Афсари полис шитоб намекард ва интизори он буд, ки ман оиди тараҳҳум илтиҷо мекунам. Дар ҳуҷра хомӯшии воҳиманок ҳукмфармо шуд. Аз рӯи ӯ арақ шашқатор мерехт ва ӯ барои ором кардани ларзаи хашм таппончаро бо ҳар ду даст медошт. Ман аниқ медонистам, ки ягона тир дар куҷои тирдон аст. — Канӣ, паррон, буздил, ҳаромзодаи юнонӣ! Ман тайёрам бо ту бозӣ кунам, — ӯро таҳрик медодам ман. Ӯ бо алфози қабеҳ ҳақорат дода, мили таппончаро то гулӯ ба даҳонам тиққонд. Садои қарсоси хушк шунида шуд. Ман ҳатто наҷунбидам. Афсар таппончаро ба фарш партофта, аз ҳуҷра баромад. Аз ин вазъияти девонавор як илоҷ карда, баромадан даркор буд. Ҳангоме ки навбатдорони саҳарӣ ба тақсим кардани наҳорӣ сар карданд, ман пӯсти банди дастонамро чунон харошидам, ки хун ҷорӣ шуд. Афсари навбатдор ҳатто тарсид. — Ба шумо мегӯям, ки онҳо маро мурданивор мезананд. Ба ман ёрии тиббӣ даркор аст, — илтиҷо мекардам ман. Аз афташ, ӯ шахси бовиҷдон буд, на чун садистҳои шабона. Ман бояд ӯро бовар мекунондам, ки маро ба бемористони ҳабсхона фиристад. Баъди як соат маро таҳти посбонии ду полис ба он ҷо бурданд. Дар бемористон кишанҳоро кушоданд, захмҳоямро дору карда, бастанд. Акнун бандҳои дастонам чунон докапеч карда шуда буданд, ки кишан задан ғайриимкон буд. Ҳангоме ки ду полис аз ду дастам дошта, мебурданд, ба ҳоли онҳо қариб раҳмам меомад. Ҳамааш аз рӯи нақша пеш мерафт. Дар як лаҳза ба ақиб муаллақ задам — ва аллакай дар озодӣ будам. — Ист! Мепарронам! Аммо то даме ки полисҳо таппончаҳояшонро ба ман рост карданӣ шуданд, ман манёври фиребандаи кобраро ба ҷо оварда, ба таври морпеч аз кӯча гузаштам. Баъди муддате садои сиренаҳои полис хомӯширо вайрон кард. Дар ин ноҳияи Лимассол оромӣ буд, одамон дар кӯчаҳо кам буданд. Ман ба ҳама гуна хатарҳо тайёр будам ва дар боми ҳамвор дароз кашида, дар интизори шаб будам. Дар поён полисҳо маҳаллаҳоро пайиҳам тафтиш карда мебаромаданд. Ман бошам чун пештара дар паноҳгоҳи худ будам. Дар болои бом дароз кашида, ман оиди воқеаҳои моҳҳои охир андеша мекардам. Маро рӯҳафтодагӣ фаро гирифт. Ман ба кӣ табдил ёфтаам? Ман чӣ кор карда истодаам? Ҳиссиёти гуногун тамоми ҳастии маро фаро мегирифтанд, агарчи ҳанӯз дар вуҷудам хашм ва хоҳиши ваҳшиёнаи вайрон кардан ва маъюб намудан боқӣ монда буд. Аз фикрҳои дилгиркунанда раҳоӣ ёфтанӣ шуда, ман чашмонамро мемолидам, аммо баъди андаке ба хоби сабук ва қатъшаванда фурӯ рафтам. Ман то субҳидам пинҳонӣ ба манзили худ ворид шудам. Гӯшаки телефонро ба гӯшам ҷафс карда ва нафасамро паст карда, садои расидани занги худро гӯш мекардам. Ниҳоят, сигнали шинос садо дод. — Гӯшаки телефонро бардоред, тез бошед! Дар Лондон соат ҳашти пагоҳӣ буд, волидони ман пеш аз наҳорӣ одатан ба ҳеҷ ҷой намерафтанд. Соат тиқ-тиқ мекард, дақиқаҳо пайиҳам мегузаштанд. Ман гӯшакро монда, нишастам ва сарамро хам карда, ба фикр фурӯ рафтам. Аз он вақте ки ман ба дасти полис афтодаам, вақти зиёд нагузаштааст. Ман бояд бо волидонам гуфтугӯ кунам. Онҳо куҷо шудаанд? Чаро гӯшаки телефонро намебардоранд? Ман қариб ду соат ба онҳо занг мезадам, аммо бе натиҷа. — Миссис Даунинг, ин ман, Тонӣ Энтонӣ, бубахшед, ки шуморо безобита мекунам. Хомӯшӣ фаро расид, баъд, ниҳоят, ҳамсояи волидонам фаҳмид, ки бо кӣ гуфтугӯ мекунад: — Ҳа, Тонӣ. Ту дар Кипр ҳастӣ? Корҳоят чӣ тавр? — Ман ба волидонам занг заданӣ мешавам, аммо онҳо гӯшаки телефонро намебардоранд. Оё шумо намедонед, ки онҳо дар куҷоянд? Боз хомӯшии бардавом фаро расид. — Миссис Даунинг? — Тонӣ, онҳо кӯчида рафтанд. — Кӯчида рафтанд? — Онҳо якчанд рӯз пеш кӯчида рафтанд. Мо гумон доштем, ки ту медонӣ. Калиди эҳтиётии манзили шумоён дар дасти ман аст. Онҳо баъзе чизҳоро барои ту монда рафтанд, дигар — он ҷо тамоман холист, — ҷавоб дод миссис Даунинг. Ман нафасгир шудам, гӯё ба болотари нофам мушт зада бошанд. — Онҳо ба куҷо кӯчида рафтанд? — гуфтам ман дар охир. — Афсӯс мехӯрам, Тонӣ... — Онҳо ба шумо ҳатто адресро намондаанд? Онҳо бояд ақаллан ягон чиз мемонданд! — Ҳеҷ чиз намондаанд. Онҳо бо мо ҳатто хайру хуш накарданд. Ҳамту мошини боркаш омад ва онҳо кӯчида рафтанд. Ман гӯшакро ба болои аппарат гузоштам ва кӯшиш кардам ҳаяҷонеро, ки роҳи нафасамро гирифта буд, бартараф кунам. Маро хашм гулӯгир мекард, ман ду-се бор ба девор мушт задам, то ки як навъе карда, худро ба ҳуш оварам. Пас аз ҳамаи он чи ман барои онҳо кардам, чӣ тавр онҳо бо ман чунин рафтор карда метавонистанд? Якчанд соати минбаъда ман худро чунон ҳис мекардам, ки гӯё дар уқёнуси беканори танҳоӣ ғарқ мешавам. Волидонам маро бори дигар тарк карда, гӯё захми кӯҳнаро кушоданд ва ҳамаи дардҳои маро берун оварданд. Тамоми солҳои охир ман ғами фироқи Айяро аз худ пинҳон мекардам. Аммо акнун ҳамаи ҳиссиётҳои фурӯ нишондашуда дар дил мавҷ зада, маро аз дарун нафасгир мекарданд. Ман пайиҳам сигор кашида, дудро чуқур фурӯ мекашидам ва аз ақл бегона мешудам. Ман ба волидон ва ҳаёти худ лаънат хонда, дар ғояти хашмгинӣ мебелро зада мешикастам. Занги дари манзил ин девонагиро қатъ намуд. Боби 9 Ман ҳеҷ чизро дарк накарда, дарро кушодам. Мили таппонча рост ба рӯи ман ҷафс шуд. — Ист, аз ҷой наҷунб! Ман дарҳол ба худ омадам, ҳангоме он полиси хайрхоҳро, ки як рӯз пеш ба ман барои гирифтани ёрии тиббӣ мусоидат кард, шинохтам. — Ту чӣ кор кардӣ,Тонӣ? Чаро гурехтӣ? — пурсид ӯ. Аз афти кор, ӯ танҳо буд. Дар идораи полис интизор набуданд, ки ман ҷуръат карда, ба манзили худ бармегардам. Бори дигар гурехтан ҳеҷ мушкилӣ надошт, аммо ман танҳо хастаҳолона ба ӯ нигаристам. — Ман ба шумо гуфтам-ку. Маро дар он ҷо мезананд. — Ту мефаҳмӣ, ки ман бояд туро боздошт намоям? Дар овози ӯ нармии ғайриоддӣ буд, агар ҳилагарӣ набошад ва ӯ кишанро бо як ишораи номуайян, гӯё беҷуръатона ба ман дароз мекард. — Гурехтанӣ шавӣ, мепарронам, — оромона гуфт ӯ. — Танҳо илтимос мекунам, зарбу латро бас кунед ва ягон касро аз сафорат даъват намоед... — Мебинем, ки чӣ кор кардан мумкин аст, — ваъда дод ӯ ҳангоме ки маро сӯи мошин мебурд. Дертар ман фаҳмидам, ки ӯ ба ваъдааш вафо кард. Баъди муддате баъзе думравони он афсари фарбеҳро аз кор холӣ карданд. Аммо ин дарҳол рӯй надод ва ман дар худи ҳамон шаби аввал ба азобу шиканҷаи даҳсоатаи бароям шинос дучор шудам. Аз он сар шуд, ки полиси фарбеҳ омад ва шитоб накарда, дар ҳуҷра ба қадамзанӣ даромад. — Инак, ҷаноби Энтонӣ, шумо ба зери болҳои ман баргаштед. Хоҳиш мекунам, ташвиш накашед. Ин дафъа мо дар ҳаққи шумо хеле хуб ғамхорӣ мекунем. — Ва бо ин суханон ӯ кашидаву кушода маро як торсакӣ зад. — Умедворам, акнун шумо ба ҷавоб додан тайёред? Ман ба фарш нигариста, гап намезадам. Лату кӯб сар шуд. Дигар ба паси пой намезаданд, аммо бо ҳар чизе ки рост ояд, мезаданд. Сипас аз мӯйҳоям дар фарши ҳуҷра кашола карданд. Ниҳоят ҷисми беҳолшудаи маро ба курсӣ партофтанд ва сигор пешниҳод карданд. Ман рӯй гардондам. — Хайр, бас кун, бас кун, ба ту мегӯям. Ман шахси солимфикр ҳастам, бо ман маслиҳат кардан мумкин аст, — калимаҳоро кашол дода, гуфт афсари навбатдор ба забони юнонӣ. Ӯ сигорро даргиронда, ба даҳонам тиққонд. Ман дарҳол онро туф карда, партофтам. Аз пайи ин маро боз зарбу лат карданд. Ниҳоят, ман қарор додам, ки ҳамкорӣ кунам. Ва гап умуман дар азобу шиканҷаҳо набуд. Ман хаста шудам ва дигар ҳеҷ чиз бароям аҳамият надошт. Ман аллакай оиди ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фикр намекардам. Ғайр аз падару модарам. Чаро онҳо ин тавр ноинсофона ба ман хиёнат карданд? Акнун ман онҳоро аз ҳарвақта бештар бад медидам. Ман бисёр ғоратҳоро, ҳам аз они худам ва ҳам аз они дигаронро, ба гардан гирифтам. Баъди якчанд рӯз шахсе аз сафорати Британия ба боздиди ман омад. Ӯ шахси боэҳтиром буда, дар тан костюми сафедтоб ва дар чашмонаш айнакҳои услуби махсус дошт. — Магар аз ин ҳам дертар омада натавонистед? — норозигӣ баён кардам ман. Ӯ ба ман як қуттӣ сигори «Малбора»-ро дароз кард. — Ба мо хабар доданд, ки шумо бо мо вохӯрдан намехоҳед. Ман сигор кашидам; дастонам чун дастони мӯйсафедон меларзиданд. — Шумо чиҳо мегӯед? Ҳамин ки маро ҳабс карданд, ман ҳар рӯз бо шумоён вохӯрданро талаб мекардам. — Мо ҳабс шудани шуморо медонистем, аммо ба мо мегуфтанд, ки шумо аз мадад даст кашидаед, — такрор кард ӯ. — Мо бо ин ҳеҷ кор карда наметавонистем. Ман бо душворӣ бовар кардам. — Мутаассифона, мо танҳо ҳозир, — давом дод намояндаи сафорати Британия, — аз кадоме аз сокинони маҳаллӣ хабари расмӣ гирифтем, ки шумо тайёред бо мо вохӯред. То даме ки ман ба ӯ оиди ҳамаи он чи дар ин муддат дар ин ҷо аз сар гузарондам, бо тартиб нақл мекардам, ӯ тез-тез галстукашро дуруст мекард ва асабӣ шуда, дар курсӣ ором нишаста наметавонист. — Мо кӯшиш мекунем, ки барои шумо ҳама кори имконпазирро кунем, — ваъда дод ӯ, — аммо шумо бисёр ҷиноятҳои ҷиддӣ содир кардаед. Аз эҳтимол дур аст, ки юнониҳо шуморо дуруст фаҳманд ва онҳо дар ҳар сурат хайрхоҳӣ намекунанд. Мо муддате дар хомӯшӣ нишастем. — Сафорат метавонад шуморо бо адвокат таъмин намояд, агарчи, чунон ки мефаҳмед, ҳеҷ гуна кафолати сафедшавӣ нест, — гуфт ӯ. — Мо тахмин мекунем, ки мурофиа аз рӯи парвандаи шумо дар се рӯзи наздик баргузор мегардад. Пас аз ин вохӯрӣ маро баргардонда, ба камера бурданд. — Салом, дӯстам, — шунидам ман, ҳангоме ки афсар дарро кушода, маро ба дарун роҳ дод. Гуфтори босаводонаи англисиро шунида, ман хеле ҳайрон шудам. Шахси миёнсоли нигериягӣ аз кате ки дар он дароз кашида, китоб мехонд, ба пешвози бархост ва дасти маро бо самимият фишурд. Дар аввал ҳузури ин шахси некдил маро ҳеҷ хурсанд накард, агарчи хуб буд, ки шабона маро ҳамроҳи ягон девона нагузоштанд. Албатта, лозим омад, ки ба шӯхиҳо ва сергапии ӯ тоб оварам. Вақт мегузашт ва ман ба ӯ ҳатто таваҷҷӯҳ зоҳир намудам. Аз афти кор, ӯро саҳван ба ин ҷо шинондаанд, чунки ӯ ҳеҷ ҷинояте содир накардааст. Бо визаи ин нигериягии бечора як саҳве рӯй додааст ва то даме ки ба масъала сарфаҳм мерафтанд, ӯ дар ҳабс буд. Ман фикр кардам, шояд ӯ метарсад, ки бо ман барин шахс дар як камера бошад. Шояд дар ҳақиқат чунин буд, агарчи зоҳиран ӯ ба таври ҳайратовар метофт. — Медонӣ, бародар, ту бояд ин китобро хонӣ, — гуфт ӯ ва китобчаашро ба ман дод. Ман номи китобро хондам — «Бо дарвозаи ҷалол». — Дар он оиди чӣ навишта шудааст? — бе ҳеҷ гуна шавқмандӣ пурсидам ман. — Дар ин ҷо ту шаҳодати муҳаббати ҳайратовари Худованд Исоро меёбӣ, — гуфт ӯ. Вақте ки ӯ гап мезад, ман аз рӯи одоб китобро аз назар мегузарондам. Ҳамин вақт ман воизи ҷавони кӯчагӣ Мартин ва донишҷӯёнеро, ки дар Лимассол вохӯрда будам, ба ёд овардам. Баъди якчанд соат зиндонбонон барои бурдани дӯсти нави ман омаданд. Ба озодӣ! — Гум шуда нарав, — табассум кард нигериягӣ, — ба назди ман ба Лагос меҳмонӣ биё. Ҳангоми хайру хуш нигериягӣ дар муқоваи китоб ном ва адреси худро навишта, китобчаро ба ман дод. — Бигузор Худованд туро баракат диҳад, Тонӣ Энтонӣ, — гуфт ӯ ва баромад. Пас аз рафтани ӯ дар камера хомӯшии ғайриоддӣ ҳукмфармо шуд. Сергапии нигериягӣ маро ба ҳар ҳол ором мекард, акнун бошад бо фаро расидани шаб маро воҳима зер мекард. Ман аз волидонам хашмгин будам ва диламро нисбати онҳо ҳарчи бештар сахт мекардам, агарчи чун пештара онҳоро ёфтан мехостам. Ба ман озодӣ даркор буд. Бо мурури он ки хашм ба ҷунун табдил меёфт, ба ман чунин метофт, ки шифт ба болои ман поин меояд ва деворҳо аз ҳар тараф ба ман фишор меоваранд. Ман ба воҳима афтода, нафасгир мешудам. Ман дигар худро идора намекардам. Вазнин нафас кашида, ман ҳис мекардам, ки нафасгир мешавам. Мехостам аз ҳавои тоза нафас бикашам. Ин ба шиканҷа монанд буд, ба ман чунин метофт, ки маро ҷисми худам буғӣ мекунад. Ман сӯи дар давида, онро бо дастону пойҳоям зада, талаб мекардам, ки маро озод кунанд. Бефоида. Он гоҳ ман худро ба деворҳо задан гирифтам, то даме ки тамоман беҳол шуда, ба фарш афтидам. Фарш пурчанг буд ва арақе ки аз ман мечакид, дар фарш ба қатраҳои калон ҷамъ мешуд. Ҳамин вақт ман дар зери хараки чӯбин дар байни ифлосиҳо қуттии пачақшудаи консервро дидам, ки даҳонаш қат шуда буд. Маро ларза фаро гирифт. Ман саросемавор ҳалқаи металлии даҳони қуттиро канда гирифтам ва бандҳои дастонамро бо он буридан гирифтам. Бо овози баланд дашномҳо ва нафринҳоро ба забон оварда, ман пӯсти дастонамро мехарошидам ва ҳарчи зудтар мурдан мехостам. Аммо баъд ҳалқа қат шуд ва шикаст. Ман бо порчаи мондагӣ ба артерияҳои асосӣ расидан мехостам, аммо бефоида. Кӯшиши худкушӣ бенатиҷа анҷомид. Аз ҷойҳои харошидагии бандҳои дастонам хун метаровид, аммо ман ҳеҷ муваффақ намешудам, ки ба худ захми ҷонкоҳ занам. Дар охир ман зонуҳоямро ба сандуқи сина ҷафс карда, хоб рафтам. Вентилятори калони аз дақёнус монда дар шифти толори доварӣ ҳавои вазнинро меронд. Сафорат барои ман баъзе ҳуҷҷатҳоро аз рӯи парванда тайёр намуд, аммо ман бисёр чизҳоро фаҳмида наметавонистам, агарчи хеле кӯшиш мекардам, ки сухангӯии тези юнониҳоро фаҳмам. Мурофиа бе тарҷумон мегузашт. Ман нотавон ва пурра ноилоҷ будани худро дида, дар хашми худ, ки аз замони марги Айя маро аз дарун мехӯрд, чорае надоштам. Маро ба муддати се сол маҳкум карданд, аммо ман аз ин парвое надоштам: ман он вақт худро то ҳамин дараҷа бемор ва хастаҳол ҳис мекардам. Баъди як соати доварӣ маро аллакай ба ҳабсхонаи марказии Никосия, ба fylaki мебурданд, чуноне ки баъд ба ман маълум шуд. Ҳамаи ин дар вақти иди динии арафа дар соли 1989 рӯй медод. Ягона фурӯзонаке ки он ҷо буд, ба деворҳои оҳак кардашуда рӯшноии хираи сабзтоб медод. Ду афсар, ҳар ду сигор дар даҳон, ки ба таври хандаовар ба лабҳояшон часпида буданд, маро аз қайди ҳабсхона гузаронданд. Маро кофтуков намуданд, аз се тараф аксбардорӣ карданд, нақши ангуштонамро гирифтанд ва баъд чизу чораи ночизи маро гирифта монданд. Дар ивазаш ба ман кампали дурушт, собун, як рулон коғази ташноб ва як пакет алмоси ришгирии бехатар дода, ба даруни ҳабсхона бурданд. Ин бинои кӯҳна буд ва баъзе ҷойҳои деворҳояш канда шуда, мерехтанд. Дар баъзе ҷойҳо аз сӯрохиҳои шифти паст равшании рӯз медаромад. Ҳангоме ки мо аз зинаҳои танги сангӣ поён мефаромадем, бӯи даҳшатовар ва тамоман тоқатнопазир ба машомам зад. Дар умқи даилам воҳима пайдо мешуд. Дастонамро мушт карда ва нохунҳои маъюбамро ба кафҳои дастонам зер карда, ман ба худ фармудам, ки суст нашавам. Зиндонбонон бо ҳам гуфтугӯ карда, тамасхуромез механдиданд. Зинапоя ба роҳрави хеле дароз мефаромад, ки аз ҳар ду тараф камераҳо дошт. Дар охири роҳрав дар девор дари вазнини яктабақа метофт. Дар фазои маҳками деворҳои сангин ва панҷараҳои металлӣ нидоҳо ва фарёдҳо якҷоя бо хандаи зиёндорона садо медоданд. Баъди чанде зиндонбонон бозистоданд ва дари яке аз камераҳоро кушоданд. Онҳо ба ман сӯи кати поёнӣ ишора карда, ба забони юнонӣ ким-кадом қоидаҳоро баён намуданд. Бӯи арақ ва пешоб меомад. Дар камера ҳафт кати дутабақаи бо занҷирҳои вазнин ба фарш банд кардашуда буданд. Дар ин ҷо ҳама намудҳои вайронии инсон буданд. Ду кас дар табақаи болоӣ чун ҳайвонҳои ваҳшӣ ғуррос зада ва фирқ-фирқ карда, дар оғӯши якдигар мехобиданд. Дар поёни онҳо, дар табақаи якум, ҷавоне ки рӯяш аз боиси табларза сурх буд, сӯзандоруи ифлосро ба дасташ мехалонд. Ба пайҳои захмҳои ӯ нигаристан тоқатнопазир буд. Дигаре суруд хонда, чун дар ваҷди гипноз алвонҷ мехӯрд ва бепарвоёна нигоҳ карда, бо алмос пӯсти худро мехарошид. Бо як нафари дигар дар фарш тамоман луч дар болои пешоби худ мехобид ва зери лаб ғурунгос мекард. Ҳамаи ин ба ким-кадом намоиши ношоистаи бадафтҳо монанд буд. Тарси даҳшатоваре маро фаро гирифт. Ман сӯи кати худ шитофтам ва кӯрпаи пур аз шабушкро бардошта, ба тарафи зиндонбонон партофтам. Дар камера бесарусомонии тасаввурнопазир ба миён омад. Ман ҳама чизи ба дастам омадаро мезадам ва мешикастам. Одамон бо тарс ба ҳар тараф гурехтанд. Ҳангоме ки яке аз зиндонбонон калтакашро бароваданӣ шуд, ман онро аз дасташ кашида, сӯи тирезаи панҷарадор партофтам. Калтак ба яке аз маҳбусон чунон бархӯрд, ки хуни ӯ ба девор пош хӯрд. Ман бо фарёди ваҳшиёна аз як кат ба кати дигар меҷастам, дар ҳоле ки маҳбусон аз даҳшат дод мезаданд ва ба ҳар тараф пинҳон мешуданд. Пас аз панҷ дақиқа аз пайи мо ба камера боз якчанд зиндонбонон бо таппончаҳо ва калтакҳои резинӣ давида даромаданд. Маро аз пой дарафтонданд ва ба сарам таппончаро гузошта, дод заданд: — Эй, fylakismenos, бас кун, бас кун! Ист! Ман бархестанӣ шудам, аммо зиндонбонон якбора ба ман бо калтакҳо ҳуҷум оварданд. Зарбаҳо пайиҳам ба баданам фуруд меомаданд. Ниҳоят, онҳо дастони маро ба ақиб бурда, бо тасмаи ғафси чармин бастанд. Аммо ман бо пойҳо мезадам, то даме ки зарбаи сахте маро ба нокдаун фиристод. Баъди муддате ба ҳуш омада, ҳис кардам, ки маро дар ҳавлии сангфарш кашола карда мебаранд. Ман ба таври тира дарк мекардам, ки ҳаво тозатар шуд. Мо дар берун будем. Баъди ҳамаи лату кӯбҳо баданам аз дард месӯхт, сарам ғуввос мезад, гӯшҳоям садо медоданд. Офтоби равшан нурпошӣ мекард ва ман беихтиёр чашмонамро пӯшондам. Сарам чарх зад ва ман беҳуш шудам. Ба ҳуш омада, ман дидам, ки дар картсери бетонии бетиреза мебошам. Ин камераи нафратовар, хеле хунук ва торик буд. Дар рӯшноии хираи ягона фурӯзонаке ки дар шифт овезон буд, ахлотҳо ва қайи одамӣ, калламушҳову нонхӯракҳоеро, ки ин сӯ-он сӯ медавиданд, надидан ғайриимкон буд. Ман дар тахтакати танге ки пештар ман барин бадбахтон дар он мӯҳлати маҳбусии худро мегузаронданд, дароз кашида будам. Ҳангоме ки ман бо эҳтиёт дастону пойҳоямро палмосида дидам, ягон зарари ҷиддиро пайдо накардам, аммо тамоми баданам дард мекард, сарам ба таври тоқатнопазир ғуввос мекард. Тамоми баданам дар арақи хунук буд. Хомӯшии қатъӣ ҳукмфармо буд. Тарс тамоми вуҷуди маро фаро гирифт, ман чун ҳайвони ба қафас андохташуда будам. — Худро ба даст гир! Тоқат кун! — фармудам ман ба худ. Ман қарор додам, ки медитатсия кунам ва қувваи тсиро ба даст оварам, аммо роҳи равшанфикршавӣ аз ман дар масофаи миллионҳо соли рӯшноӣ дур буд. Ман осоиши ботинӣ ба даст оварданӣ будам ва гӯё ки он дар ҳамин ҷо, дар наздикӣ буд, аммо осоиш бароям дастнорас буд. Ҳайҳот, вале акнун дар пеши назари хаёлии ман танҳо партгоҳи беҳаёт ва сиёҳи даҳшат кушода мешуд. Ман кӯшиш кардам, ки фикран диққати худро ба тимсолҳои шинос равона кунам — ман доманаҳои сарнишеби ҷангалпӯши Синтзянро, ки замоне дар он ҷо паланги сафедро мепоидам; буттазори кассия ва османтуси гулкардаро, ки бӯи масткунанда паҳн мекарданд (тобистон ин бӯй ба деҳаи мо мерасид); кӯҳҳои Алпи Швейтсарияро, ки дар он ҷо лижатозӣ мекардам; Монакоро, ки дар он ҷо мотосикл мерондам ва шамол ба рӯи офтобхӯрдаи ман сахт мевазид; қаиқи сайругаштиро дар кӯли Гайд-парк ба худ тасаввур мекардам... Ёдовариҳо маро фаро гирифтанд, аммо мутаассифона, аз паси онҳо воқеияти дағал пеш меомад; азобдиҳиҳои бобоям, хиёнати волидонам, марги фоҷиавии Айя... Вақт мегузашт ва ман ҳис мекардам, ки аз ақл бегона шуда метавонам. Бинои шифташ сӯро-сӯрох ва деворҳояш харобшаванда тайёр буд, ки маро чун ҳайвони ваҳшӣ фурӯ барад. Ман намедонистам, ки ҳоло соат чанд шудааст ва чанд вақт боз ман дар ин ҷо ҳастам. Тамоми баданам аз хунукӣ ва даҳшат меларзид. Ногоҳ ман аз садои тақар-туқури чизе як қад паридам. Маълум шуд, ки ин садои мизи металлии чархдори хӯроктақсимкунӣ аст. Зиндонбон ба ман табассум кард ва аз ин табассум яхи дилам ба муддати лаҳзае об шуд. Ӯ ба юнонӣ гап мезад, ман на он қадар фаҳмидам, аммо аз омадани ӯ хурсанд будам. — Lamarina, — гуфт ӯ ва табақчаи металлиро ба ман дароз кард. Дар он чойи гарме буд, ки ба он тухми ҷӯшонида, помидор ва нонро реза карда, андохта буданд. Ман хомӯшона ба ин хӯроки нафратовар нигаристам. — Хӯрдан... фоида дорад... — маро бовар мекунонд ӯ. — Ҷисмро боқувват кардан... Илоҷи дигар набуд. Ман андаке аз ин баланда хӯрдам ва кӯшиш кардам, ки бо имову ишора ба зиндонбон ташаккур баён кунам. Рӯзҳо пайиҳам мегузаштанд ва тадриҷан ман зиндонбононеро, ки ин блокро назорат мекарданд (varianos — ба туркӣ посбонон), мешинохтагӣ шудам. Онҳо ба назари ман каму беш одамигарӣ доштанд. Ман аз онҳо фаҳмидам, ки дар картсери ҳамсоя як маҳбуси яҳудиро нигоҳ медоранд. Ӯро дар он ҷо барои бехатарии худаш нигоҳ медоштанд. Ман тадриҷан бояд мефаҳмидам, ки ҳабсхонаи марказии Никосия макони бадбинӣ ва ҷунуни сиёсӣ аст. Фаластиниҳо ва дигар арабҳо борҳо ба ин яҳудӣ суиқасд карда буданд. Гоҳо дар шабҳои тор сурудхонии ӯ ба гӯши ман мерасид. Ман вақтро бо он мегузарондам, ки дар тахтакат дароз кашида, ба шифт менигаристам ё аз рӯи системаи тай-чӣ машқҳо мекардам: саломатии худро нигоҳ доштан даркор буд. Пас аз як ҳафта маро аз картсери хунук бароварда, боз аз саҳни сангфарши дохилӣ гузаронда (аммо акнун ба самти баръакс), ба идораи тираву тор, ки дар бинои асосии ҳабсхона буд, бурданд. Дар паси мошинкаи чопкунии кӯҳна кадом як шахси назарногире нишаста буд. Дар болои миз як тӯда парвандаҳо буданд. Ҳангоме ки varianos маро назди ӯ оварданд, ӯ танҳо чашмонашро боло кард. — Антонио Энтонӣ, — ба шахсе ки дар паси мошинка нишаста буд, муроҷиат карда, гуфт яке аз varianos. Ӯ нафаси вазнин кашида, ҳамон дам дар байни коғазҳо ба ҷустуҷӯ даромад. Ман хомӯш истода, тахмин мекардам, ки онҳо барои ман боз чӣ фикр карда бароварда бошанд. Он ду varianos дар болои мизи калон нишаста, сигор мекашиданд ва беист байни худ гуфтугӯ мекарданд, гӯё ки ман дар ин ҷо нестам. Муддате гузашт. Ногоҳ дар кушода шуд, varianos аз ҷой ҷаста, чун посбонон дар посгоҳ қомат рост карданд. Шахси қадбаланди либоси афсарӣ дар тан ба ҳуҷра даромад ва бо овози баланд фармоне дод. Varianos дарҳол сигорҳои худро хомӯш карда, дар ҳолати «омода бош» истоданд. Аз паси афсар як шахсе омад, ки зоҳиран ба турк монанд буд. Ӯ сӯи миз шитофта, пеш аз ҳама барои афсар курсиро баровард. Сипас аз кисааш сигараи калон ва гӯгирдро бароварда, тамаллуқкорона назди афсар ба болои миз гузошт ва дарҳол ба гӯшаи ҳуҷра рафта дар он ҷо истод. Ӯ харгӯши тарсону ларзонро ба ёд меовард. Шахсе ки мундири афсарӣ дар бар дошт, чунон рафтор мекард, ки гӯё ҳама чиз дар ин ҷо дар ихтиёри ӯ бошад. Се аломат дар остини мундир аз он шаҳодат медоданд, ки ӯ яке аз афсарони баландрутбаи ҳабсхона аст. Чуноне ки баъд ба ман нақл карданд, ӯ chowishi — яке аз роҳбарияти камшумори ҳабсхонаи калон буд. Аммо chowishi ба курсие ки барояш тайёр карда буданд, нанишаст. Ба ҷои ин ӯ дар ҳуҷра қадам задан гирифт, то даме ки дар назди ман чун сутун рост истод. Аз ӯ буи нохуби сирпиёз ва май меомад. Ӯ ба ман нигоҳи хунук кард. Ӯ чашмони чуқур гузошташудаи мешӣ ва нигоҳи даррандавори уқобмонанд дошт. Ӯ ба «харгӯши тарсон» чизе гуфт. Он шахс дасти росташро ба бари рӯяш гузошт ва аз дасти клерк папкаи парвандаро гирифта, дарҳол ба босси худ дод. Ӯ коҳилона варақҳоро аз назар гузаронд. — Ҳа, ҷаноби Энтонӣ. Ман дар бораи ту бисёр шунидаам... — гуфт ӯ ба забони шикастаи англисӣ. Ман намедонистам, ки оё ҷавоб додани ман даркор аст ё не, бинобар ин чизе нагуфтам. — Хуб, хуб... Акнун ту ором шудӣ? Ман ба аломати тасдиқ сар ҷунбондам. — Ба блоки Б меравӣ. Агар боз ғавғо бардорӣ, боз ба картсер мефиристем. Ту фаҳмидӣ? Ман боз ба аломати тасдиқ сар ҷунбондам. Ана гап дар чӣ будааст. Афсари калон ба varios ишора кард ва маро бурданд. Блоки Б аллакай ба ман шинос буд: дар рӯзи аввал маро маҳз ба ҳамон ҷо оварда буданд. Ҳамон роҳрави дарози бетонӣ, ки аз ду тараф бо панҷараи оҳанӣ маҳкам карда шудааст ва камераҳо, камераҳо, камераҳо... Ин дафъа маро ба камераи танги якка ҷойгир карданд. Роҳбарияти ҳабсхона бо назардошти он ки ман ҳангоми вохӯрии якум бо сездаҳ маҳбус чӣ кор кардам, бо мақсади бехатарӣ қарор додааст, ки чораҳои пешгирӣ андешад. Ба ман на камера, балки морхонаи ҳақиқӣ насиб гашт, аммо ман аллакай аз он розӣ будам, ки дар он ҷо ҳеҷ кас бо ман нахоҳад буд. Рӯзона дарҳои камераҳо баста намешуданд, бинобар ин маҳбусон озодона дар роҳрав гашта метавонистанд. Баъзеҳо бо истифодаи маводе ки varianos дар ивази пули муайян ба онҳо меоварданд, бо ҳунарҳои дастӣ машғул мешуданд. Ман дарҳол фаҳмидам, ки ҳама чиз дар ин ҷо арзиши худро дошт. Маҳбусон ва посбонон дар хариду фурӯши сигор, маводи нашъаовар ва дигар хизматҳои шубҳаовар бизнеси хурдакаки худро пеш мебурданд. Дар байни маҳбусон аксарият юнониҳо ва арабҳо буданд, аммо яҳудиён, немисҳо, италиявиҳо, франсавиҳо, як сокини Шри Ланка ва Эндӣ ном як аскари қатории артиши Британия аз Галифакс низ буданд. Дар аввал ман бо ҳеҷ кас шиносоӣ кардан намехостам, аммо бо мурури он ки ба ҳаёти ҳабсхона одат мекардам, маслиҳатҳои дӯстонаи Эндӣ ба ман маъқул шуданд. Барои қаллобӣ бо чекҳои бонкӣ дар Никосия ӯро ба муддати ду сол зиндонӣ карда буданд. Хориҷиёнро барои ҷиноятҳо аксар вақт ҷазоҳои беандоза сахт медоданд. Эндии ҳазлкаш ҳамеша кӯшиш мекард, ки худро дар ҳолати хуб нигоҳ дорад. Дар омади гап, ӯ ҳамсояҳои маро ба таври фасеҳ тасвир намуд. — Қотил, қотил, дузд, террорист, фосидкунандаи хурдсолон, террорист, дузд, оташзананда... — ӯ сокинони камераҳои ба ман наздикро номбар мекард. — Аммо аз онҳо парво накунӣ ҳам мешавад, — огоҳ кард ӯ гӯё дар омади гап, — аз девонаҳо эҳтиёт бош, онҳоро ҳеҷ аз мадди назар дур намон. — Девонаҳо? — Ҳа, ҳа, дӯстам. Маҳбусони рӯҳан бемор. Онҳо ҳар чи хоҳанд, мекунанд. Мефаҳмӣ... — ангушташро дар бари рӯяш тоб дода, илова кард Эндӣ. — Рафтори девона пешгӯинашаванда аст. Маълум нест, ки кай ӯ бо алмоси ришгирӣ гарданатро мебурад. Ман огоҳкунии Эндиро сарфи назар кардам. Ман худро ҳимоя карда метавонистам. Афту намуди баъзе маҳбусон маро ҳайрон мекард. Баъзеҳо дар шароити ҳабсхона кӯшиш мекарданд, ки ақли солим ва саломатии ҷисмониро нигоҳ доранд, аммо аксарият пӯсту устухони тамоку мекашида буданд. Воқеаҳои ба қарибӣ рӯйдода ба ёдам омаданд, ҳангоме маро ба камераи дорои катҳои дутабақаи оҳанӣ бурда буданд. Эндӣ сигори нимсӯхтаро ба ман дод. Ман гирифтанӣ набудам, аммо баъд ба ҳар ҳол гирифтам. Ақаллан як сигори дӯстдоштаи «Gitanes»-ро кашиданӣ будам, аммо дар набудани он инаш ҳам ба кор мерафт. Эндӣ нақли худро оиди маҳбусони блоки Б давом медод. — Ин ба ту ҳабсхонаи англисӣ нест, дӯстам, — гуфт ӯ. — Ман медонам, ки чӣ мегӯям! Хоҳӣ бовар кун, хоҳӣ не. Аҷоиби кор дар ин аст, ки дар ин ҷо ҳама баробаранд. Аҳамият надорад, ки ту кистӣ — дузд, террорист ё қотили аз ақл бегона. Дар ёд нигоҳ дор, ин ҷо ҳар кас ба ҳоли худ аст. Хулоса, ҳушёриро аз даст надеҳ. — Дар ҳаққи ман ғам нахӯр, ман мушкилот нахоҳам дошт, — ӯро бовар кунондам ман. — Албатта. Агар қоидаҳои муяйянро риоя кунӣ. Ман он вақт аз Эндӣ напурсидам, ки ӯ кадом қоидаҳоро дар назар дорад ва онҳоро кӣ муқаррар намудааст, аммо ягон кори нохуберо тахмин кардам. Албатта, инро аниқ кардан даркор буд. Дар ҳар блок шахси бонуфузи криминалӣ буд, оддитар карда гӯем, Papas (номи дигараш — Mamas, ба ҳар кас ҳар тавре ки маъқул бошад). Аз омаданам ба ин блок ҳанӯз ду рӯз нагузашта, ман аллакай меҳмононро қабул мекардам. Дар ин ҷо яке аз маҳбусон Papas буд, ки мувофиқи «қонун»-и онҳо, ҳамаи маҳбусони дигар бояд ба ӯ бечуну чаро итоат мекарданд. Агар беморони рӯҳиро ба ҳисоб нагирем, ҳамаи маҳбусони блок «ғуломон» буданд, ҳамаи моликияти онҳо, ҳамаи даромадҳояшон ва ҳатто худи онҳо ба Papas тааллуқ доштанд. Varianos бо Papas муросо мекарданд ва ҳатто як андоза эҳтиром менамуданд. Papas барои нигоҳдории тартибот дар блок ба зиндонбонон ёрӣ мерасонд, нисбати масъалаҳои дигар онҳо парвое надоштанд. Чуноне ки баъд ба ман маълум шуд, Papas дар блоки Б шӯҳрати бад дошт, ӯ авторитети бераҳмтарини ҳабсхонаи марказии Никосия буд. — Салом, бобик! — бе даъват ба камераи яккаи ман даромада, гуфт ӯ ба ман. Дар паси Papas чор ё панҷ нафар косалесонаш буданд. Камераи ман танг буд, бинобар ин косалесон назди дар истоданд. Ман аз тахтакат фаромадам. Papas юнонӣ буд. Шахси бузургҷусса бо афти булдогмонанд, риши тарошида ва чашмони хурд-хурд. — Ба хонаи ман хуш омадӣ, — китфонамро тап-тап зада, гуфт ӯ ба забони англисии хуб. Аммо ман аллакай пай бурдам, ки ӯ чӣ мехоҳад. — Ту Ҷон Булл[17], ман бошам дӯстдори англисҳо — ҳама чизи англисиро дӯст медорам, — гуфт ӯ. — Маҳбубаи ман мешавӣ. — Ӯ бо ин суханон аз тахтапуштам поёнтарро тап-тап зад. Ҳамон лаҳза ман бо паси оринҷам ба гардани «меҳмон» задам. Papas ба фарши бетонӣ афтид. Косалесонаш дарҳол ғайб заданд. Аз ҳар тараф varianos давида омаданд. Papas дар фарш чун моҳӣ бе овоз дароз кашида, бо даҳон нафас мекашид. Аз афташ ман роҳи нафаси ӯро кафонда будам. Дигар ӯро касе дар блок надид. Маро то охири рӯз дар камера маҳкам карданд. Ман боварӣ доштам, ки кор бо ин ба охир намерасад, аммо ҳамааш чун пештара буд. Чуноне ки ба ман маълум шуд, овоза оиди ҷавони наве ки пахани блоки Б-ро зада, аз пой афтондааст, дарҳол дар ҳабсхона паҳн шуд. Бо ин воқеа ман ба таври ғайричашмдошт сазовори эҳтироми маҳбусон шудам ва ба шарофати ин барои худ ҳаёти нисбатан оромонаро таъмин намудам. Ба бисёрии маҳбусон барои зинда мондан ҳар як рӯз муборизаи сахтест, аммо ба ман ғайр аз маҳбусони рӯҳан бемор, ки барои онҳо қоидаҳо вуҷуд надоштанд, ҳеҷ кас даст намерасонд. Бинобар ин ба ман лозим меомад, ки ҳамеша ҳушёр бошам. Дар байни маҳбусон Акалиас ва «Алкапонӣ» ном девонагон шӯҳрати бад доштанд. Алкапонии азимҷусса, ки ба одамхӯр монанд буд, ба маҳбусон дарафтода, онҳоро таҷовуз мекард, мебурид ва танҳо барои дилхушӣ ба онҳо ҳар гуна ҷароҳатҳо мерасонд. Акалиас аз Алкапонӣ хурдтар, вале монанди ӯ бадафт буд. Ӯ низ ба ҷинояткорӣ як навъ майли модарзод дошт. Акалиас ба таври худ оқил буд. Ӯ ҳилагар ва мулоҳизакор буда, барои фоида ба даст овардан ҳар касро фиреб дода метавонист. Ӯ ба varianos муносибат карда метавонист, бинобар ин ҳамеша чизи дилхоҳашро ба даст меовард. Ҳама дар блок медонистанд, ки ба ӯ боварӣ кардан номумкин аст. Ӯ шахси кинаҷӯй ва бахил буд. — Дар бораи ӯ чӣ чиз маълум аст? — пурсидам ман боре аз Эндӣ. — Мегӯянд, ки занашро бо ошиқаш ғофилгир кардааст, — ҷавоб дод ӯ. — Гоҳо чунин мешавад. — Ҳа, аммо на ҳама ҳар дуро пора-пора мекунанд. Мегӯянд, ки ӯ боқимондаҳои ҷасадҳои пора-пора кардашударо якчанд моҳ дар яхдон нигоҳ доштааст. — Чӣ даҳшат! — Дар пеши роҳи ӯ наист, дӯстам. Бар хилофи Алкапонӣ, Акалиас гоҳо ба одами муқаррарӣ монанд буд. Масалан, Акалиас шоҳмот бозӣ карданро дӯст медошт. ӯ маҳбусони дигарро ба бозӣ маҷбур карда, аз ғалабаҳои худ ҳаловат мебурд. Ҳеҷ кас ҷуръат намекард, ки ӯро мағлуб кунад. Дар вақташ бобоям ба ман бозии шоҳмотро ёд дода буд ва ман дар ҷавонӣ бо падарам, ки шоҳмотбози ҳақиқӣ буд, дуру дароз шоҳмотбозӣ мекардам. Акалиас шоҳмотбози хуб буд, бинобар ин ман даъвати ӯро бо майли том қабул мекардам. Гоҳо, ҳангоме ки ман дар давоми бозӣ мағлубияти Акалиасро медидам, лозим меомад, ки бо эҳтиёт табъи ӯро ба ҳисоб гирам ва танҳо баъди он ба бозии пулакӣ розӣ шавам. Ба ман нақл карданд, ки вақте як амрикоӣ ӯро барои чизе задааст, Акалиас ба рӯи вай равғани гарм пошидааст. Ҳафтаҳо мегузаштанд ва маро вазифадор карданд, ки бо Lamarina, аробаи оҳанини чархдор, хӯрок кашонам. Ман ба блоки тиббӣ ва блоки маҳбусони якка хӯрок мекашондам. Ҳамин тавр ман имкон пайдо мекардам, ки сигор дарёфт кунам ва ба муддати кӯтоҳ бошад ҳам, мунтазам аз бинои худ берун бароям. Боре бо Lamarina ба блоки маҳбусони якка наздик шуда, ман овозҳо ва қоҳ-қоҳи одамонро шунидам. Varianos коҳилона сӯи камераҳо ишора карданд, яъне гузашта рав. Ба камераи якум назар андохта, ман се касро дидам: ду шахси гандумгун ва як малламӯйро. — Lamarina, — эълон кардам ман, — Вақти хӯрокхӯрӣ шуд. — Эй, ту магар англис ҳастӣ? — пурсид малламӯй ва аз ҷояш ҷаста хест. — Ҳа, — ба тарзи талаффузи ӯ аҳамият дода, табассум кардам ман. Ба талаффузи Ҷорҷӣ[18] монанд. — Иэн Дэвидсон, — аз панҷара дасташро дароз карда, худро шинос кард ҷавон. — Тонӣ, — ҷавоб додам ман Дастфишории самимии ӯ ба ман маъқул шуд. Иэн Дэвидсон? Ин ном баъзе воқеаҳоро ба ман ёдрас намуд ва ба хавотиршавӣ водор намуд. Инро пай бурда, ӯ илова намуд: — Ҳа, худи ҳамон Дэвидсон. Солҳои зиёд номи ман дар матбуоти зард ҷилвагар мешуд. — ТРФ?[19] — Ҳа, худи худаш, дӯстам. Инҳо дӯстони ҳамяроқи ман ҳастанд, Илёс ва Маҳмуд. Фаластиниҳо ба ман сар ҷунбонданд. — Шумоён ким-кадом яҳудиёнро паррондед, ҳамин тавр не? — пурсидам ман. — Ҳамин тавр, — табассум кард Иэн. — Аммо ба ҳамаи он чи дар матбуоти зард менависанд, бовар накун. Дар он ҷо онҳоро чун сайёҳон муаррифӣ кардаанд, аммо мо солҳои зиёд дар пайи онҳо будем. Ҳамаи онҳо агентҳои Моссад[20] буданд. Зан бошад мутахассиси таркондани мошинҳо буд. Ман воқеаи овозадорро ба ёд овардам. Иэн аз Саут-Шилдс буд. Рӯзномаҳои британӣ шӯҳрати зиёд пайдо намуданд, зеро аввалин шуда оиди Дэвидсон чун як девонаи мусаллаҳе ки танҳо барои зидди яҳудиён мубориза бурдан ба ТРФ ҳамроҳ шудааст, ба ҷаҳониён хабар доданд. Иэн ва дӯстонашро дар соли 1985 баъди як воқеа, ки натиҷаҳои муҳим дошт, ҳабс карда буданд. Гурӯҳи Дэвидсонро барои дар бандари Ларнака дар яхта нобуд кардани ду мард ва як зани исроилӣ фиристода буданд. Дар давоми амалиёт онҳоро кормандони полиси Кипр муҳосира карданд. Иэн ва бародарони ҳамяроқаш фаҳмиданд, ки хоҳ-нохоҳ ҳабс мешаванд. Вале агар исроилиёнро нобуд кунанд, қаҳрамон мешаванд, агарчи онҳоро зиндонӣ кунанд ҳам. Онҳо ҳамин тавр карданд ва якумрӣ аз озодӣ маҳрум карда шуданд. Ин одамонро ба хотири бехатарии худи онҳо ба камераҳои якка шиноданд, ва varianos нисбати онҳо махсусан боилтифот буданд. Ба онҳо имкон медоданд, ки бо якдигар муошират намуда, ҳар гуна бозиҳо кунанд, китобҳо хонанд ва дигар имтиёзҳо дошта бошанд. Зиндонбонон онҳоро ҳатто бо тухмиҳо таъмин намуда буданд, бинобар ин онҳо дар ҳавлии маҳками ҳабсхона берун аз блок ба нафъи саломатии худ киштукор мекарданд. Чунин машғулият дар ҳабсхонаи Кипр барин ҷой кам дида мешуд. Иэн, албатта, шахси аҳмақ набуд. Ӯ ҳангоми саёҳат дар Амрико дар солҳои 70-уми асри гузашта ба ҳаракати фаластиниҳо ҳамроҳ шуд. Ман аз Иэн ва дӯстонаш ба ваҷд меомадам. Онҳо одамони бофаҳм ва олиҳиммат буданд, ки бо амиқӣ ва солимии муҳокимарониҳои худ фарқ мекарданд. Онҳо ба кори худ вафодор буда, тайёр буданд барои он ҳаёти худро фидо кунанд. Илова ба ин, Иэн ҳисси аҷиби ҳазлкашӣ дошт. Ҳар рӯз ман он бист дақиқаро, ки барои бо Lamarina назди онҳо рафтан муқаррар шуда буд, бесаброна интизор мешудам. Ҳангоме ки ман муддати зиёдтар дар назди онҳо мемондам, одатан varianos ба ин аҳамият намедоданд. — Мегӯянд, ки ба қарибӣ моро аз камераҳои якка ба камераҳои умумӣ мегузаронанд, — хабар дод Иэн. — Аз афти кор, роҳбарияти ҳабсхона чунин меҳисобад, ки шиддатнокии сиёсӣ андаке паст шудааст, бинобар ин моро ба блоки асосӣ гузарондан мумкин аст. — Чӣ фикр дорӣ, оё ин хатарнок нест? Нохушиҳои бисёр рӯй дода метавонанд... — Ин нохушиҳо ба сари ман хеле зиёд фурӯ рехтаанд, дӯстам ва дар ин ҷо, рости гап, намедонам, ки чӣ ҳосил мешавад. Имкон дорад, ки Моссад дар ин ҷо агентҳои худро дорад, ки моро нобуд карда метавонанд. — Шояд, аз ҷумлаи девонагон, — хандидам ман. — Шояд ҳамин тавр бошад, агарчи дар ҳабсхона якчанд бародарони мо ҳастанд. Шояд онҳо вазъиятро аз мо беҳтар медонанд. Баъди якчанд рӯз ман бо қаноатмандии зиёд шунидам, ки Иэнро ба блоки Б гузарондаанд. Якчанд моҳ гузаштанд ва мо дӯстони хуб шудем. Солҳои зиёд, аллакай баъди аз ҳабс озод шудани Иэн, ман бо ӯ доимо робита доштам, агарчи маҳалли зисти ӯро аз ҳама пинҳон медоштанд. Аммо он вақт ман тасаввур карда наметавонистам, ки дӯстӣ бо Иэн ва дигар террористҳо ба ман зарар оварда метавонад. Боби 10 Маҳбуси дигаре ки ман бо ӯ дар рӯзҳои аввали маҳбусиям дӯстӣ пайдо кардам, Никос Самсон буд. Ӯ ба англисӣ хуб гап мезад ва чун ҳар як шахси соҳибмаълумот, шаъну эътибори худро нигоҳ медошт. Чун Дэвидсон, ӯ аз бисёрии fylakismenos фарқ дошт ва бо ӯ сӯҳбат кардан ба ман маъқул буд. Худи Никос Самсон низ нисбати ман ҳамин гуна ҳиссиёти самимӣ дошт. Мо оиди сиёсат ва воқеаҳои ҷорӣ дар сатҳи баробар муҳокимаронӣ мекардем. Ғайр аз ин, ӯ Talvi (нард) бозӣ мекард, ки ман онро дӯст медоштам. Ӯ дар гузашта узви ташкилоти ҳарбӣ-сиёсии ЭOKA[21] буда, ба он мутассибона вафодор буд ва барои фавран ба Юнон ҳамроҳ карда шудани Кипр баромад мекард. Пас аз исён дар Кипр дар соли 1974 Самсон, чун сарвари шинохтаи ЭОКА, диктатор шуд, агарчи ба муддати кӯтоҳ. Бисёр маҳбусон ва varianos ба ӯ чун ба «экс-президенти ҳаштрӯза» арзи эҳтиром менамуданд. Дар солҳои 50-ум ва 60-ум ин террористи нотарс сарбозони британӣ ва полисҳои маҳаллиро ба даҳшат меовард. Ва инак, Самсон, ки синнаш аз 70 гузашта буд ва солҳои зиёд дар Фаронса зиндагӣ карда буд, хост ба ватани маҳбуб баргардад. Аммо ҳамин ки ӯ дар Ларнака аз зинапояи ҳавопаймо фаромад, дарҳол ҳабс карда шуд. Юнониёни оддӣ Самсонро чун қаҳрамони ҷанг, ки ба ватан баргаштааст, эҳтиром менамуданд. Ман, ҳамчун дӯсти ӯ, метавонистам муваққатан деворҳои тираву тори блоки асосиро фаромӯш кунам ва аз ҳашамати нисбии камераи ӯ ҳаловат барам. Дар он мусаввараҳои зебо овехта шуда буданд, ҳамчунин телевизор, радиола ва ду курсии бароҳат низ буд. Ман инро дида, ба чашмонам бовар намекардам. Ҳамаи ин хеле ғайритабиӣ метофт ва аз камераи ман, ки дар назди он буд, беандоза фарқ дошт! Дар ин ҷо ҳамеша меваҳо ва шоколад буд; гоҳо, дар мавридҳои махсус, меҳмонон брендӣ менӯшиданд. Самсон медонист, ки ман сигорҳои франсавиро афзал медонам ва шахсан барои ман расондани «Gitanes»-ро ба роҳ монд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ман ҳушёриро аз даст намедодам. Дар шароити ҳабсхона ҳар кас метавонад ба банди ягон авторитет афтад. Бинобар ин ман ба ҷои пули сигор ба ӯ эскизҳо ва мусаввараҳоямро медодам. Музди «воситаҳои зиндагӣ»-ро ман ин тавр пардохт менамудам: аз фотопортретҳо нусхаҳои бадеӣ мекашидам ва бо хати каллиграфӣ дар лавҳачаҳо номҳо ва фамилияҳоро менавиштам. Ба шарофати Самсон, маводи даркории ман бисёр буд. Аммо ман аз маҳдудияти миллатпарастонаи ӯ метарсидам. Самсон, албатта, шаҳрванди Британия будани маро медонист, аммо ҳеҷ гоҳ аз англисҳо нафрат доштани худро пинҳон намекард. — Ту инро бин! — куртаашро бардошта, мегуфт ӯ. Дар бадани ӯ бисёр пайҳои чуқури захмҳоро дидан мумкин буд. — Ҳамаи инро англисҳо кардаанд. Ҳамааш кори дасти онҳост! Ман хадамоти махфии Британияро дар назар дорам. Ҳамаи онҳо аблаҳ ҳастанд. — Онҳо шуморо азобу шиканҷа медоданд? — Вагарна, ба фикрат, ин пайҳои захмҳо аз куҷоянд? Аммо онҳо аз ман ҳеҷ чиз ба даст наоварданд! — ҷавоб дод Самсон бо табассуми каҷ. Ба суханони Самсон шубҳа кардан ба гӯшаи хотирам ҳам намеомад. Аммо бо мурури вақт овозаҳо оиди чӣ гуна шахс будани ӯ ба гӯши ман расиданд. Ва баъди чанде муносибатҳои мо қатъ гардиданд. Маҳбусон мегуфтанд, ки бегоҳиҳо аз камераи Самсон дуртар будан беҳтар аст. Ин қоидаи нонавишта гардида буд, ки онро худи зиндонбонон низ риоя мекарданд. Дар ин вақт танҳо баргузидагон назди Самсон даромада метавонистанд. Боре дар яке аз бегоҳиҳои хунук, пеш аз он ки varianos моро ба камераҳои хунукамон ронанд, назди печка ҷамъ шуда, дастонамонро ба лахчаҳои охирин дароз мекардем. Хунукӣ шиканҷаи табиии ҳабсхона буд. Ҳар саҳар ман аз хунукии сахт ларзида, бедор мешудам ва аз даҳонам буғ мебаромад. Дар давоми рӯз гарм шудан ғайриимкон буд. Ҳатто агар тамоми рӯз ҳаракат кунед, дастону пойҳо ба ҳар ҳол гарм намешаванд. Ҳамин ки оиди дар пеш будани шаби дарози хунук фикр кунам, ақлам тира мегашт ва ҷисмам карахт мешуд. Ман Панайотосро дидам ва чун ҳангоми табларза ларзида, ӯро назди худ ҷеғ задам. Ӯ юнонии ҷавони ситорагарм буд, ки барои дуздии хурд ба муддати кӯтоҳ зиндонӣ шуда буд. Дар ҳабсхона аҳволи ӯ бад буд, ӯ ба шароити он мутобиқ шуда наметавонист. Ман кӯшиш мекардам, ки ӯро аз мадди назар дур нагузорам ва ӯро назорат кунам. Ман раҳмдил набудам, аммо ҳамеша баъзе маҳбусонро огоҳ мекардам, ки панири бепулро аз мушқапак умедвор шудан лозим нест. Панайотос базӯр қадам зада, аз тарафи камераи Никос Самсон меомад ва маҳбусони дигар ҳамон дам ба ӯ бо шавқ нигариста, бо ҳаяҷон ба пичир-пичир даромаданд. — Назди мо биё, — такрор кардам ман. — Оташ қариб хомӯш шудааст, аммо, ба ҳар ҳол, аз набудаш будаш беҳтар аст. Ба ҳеҷ кас нигоҳ накарда, Панайотос курсии бетакяро гирифт ва муштҳояшро сахт фишурда, нишаст. Ӯ меларзид ва ман фаҳмидам, ки на танҳо аз хунукӣ. — Чӣ гап шуд, Панайотос? — пурсидам ман ба юнонӣ, аммо ҷавон хомӯшона ба алангаҳои хомӯшшавандаи оташ менигарист. Баъдтар, ҳангоме ки ман бо Панайотос вохӯрда, чеҳраи рангпарида ва нигоҳи дилмондаи ӯро медидам, ҳамеша табъам хира мешуд. Чашмони ӯ аз ашкҳо варам мекарданд ва ҳангоме ки ман бо ӯ гап заданӣ мешудам, ӯ кӯшиш мекард, ки ба рӯям нигоҳ накунад. Баъди чанд вақт ӯ ба камераи Самсон ҳар бегоҳ дар вақти муаяйн мерафтагӣ шуд. Ӯ ғуломи Самсон шуда буд. Дар ин бора ҳар гуна овозаҳо паҳн мешуданд. Varianos боре гуфтанд, ки дар камераи Самсон бисёр вақт презервативҳои истифодашударо меёфтаанд. Ман одатан аз муҳокимаи ҳар гуна овозаҳои ҳабсхонагӣ канорагирӣ мекардам, аммо азбаски Самсон бо ман ҳамеша боадабона муносибат мекард, муддате ба ин маълумот шубҳа доштам. Ба қарибӣ Самсонро бояд озод мекарданд ва маҳбусон мегуфтанд, ки ӯ барои дӯсти ҷавони худ дар озодӣ ҷои «кор» меҷӯяд. Ҳар боре ки ман ба чеҳраи рангпарида ва тарсони Панайотос менигаристам, то ба ҳадди дилбеҳузуршавӣ нафратам меомад. Гоҳо хашм ва нафратам беҳад зиёд мешуд. Аммо Самсонро бо дасти холӣ доштан ғайриимкон аст. Ман дар танҳоӣ бар ӯ дастболо шуда наметавонистам. Бо вуҷуди рӯҳияи рафоқат ва муносибатҳои дӯстона, ки ман бо маҳбусони англисзабон доштам, ҳабсхона ба ҳар ҳол маро маҷбур мекард, ки агрессивӣ бошам. Зимистон хунук, аммо кӯтоҳмуддат буд. Баҳори барвақт аз тобистони тафсон дарак медод. Ҳавои гарми нафасгиркунанда дар камераҳои ҳабсхона аз хунукии зимистон беҳтар набуд. Агар аз хунукӣ маҳбусон хоболуд ва сустҳаракат шаванд, гармо оташи дӯзахро бармеафрӯхт. Эҳсосоти одамон тадриҷан аланга мегирифт, ягон рӯз бе ҷанҷол ва занозанӣ намегузашт. Баъзе занозаниҳо дар як лаҳза сар шуда, фавран ба задӯхӯрди умумӣ табдил меёфтанд ва он гоҳ ҳама бар зидди ҳама меҷангиданд. Касе дар ҷои каси дигар нишаст, ба касе ягон сухани нохуб гуфт. Баҳона дар ин маврид аҳамияти калон надошт. Байни юнониҳо ва арабҳо одатан задухӯрдҳо дар асоси сиёсӣ сар мезаданд, агарчи ба чунин занозаниҳо ҳамаи дигарон низ ҷалб мешуданд. Ин ба ман ҳатто маъқул буд. Хайр, бигузор ҳамин тавр бошад, вагарна ман ҳолати хуби ҷисмониро нигоҳ дошта наметавонам, фикр мекардам ман. Боре муҳити блок аз пагоҳӣ шиддатнок буд. Қарибии нисфирӯзӣ тайёрии одатӣ дар шакли ҷанҷолҳо ва тамасхурҳои нажодпарастона ба ҳақоратҳои болохонадори ҳар ду тараф табдил ёфт. Сипас сарвари арабҳо яке аз юнониҳоро зад. Задухӯрд сар шуд. Дар ҳавлии дарунӣ чанги ғафс боло баромадан гирифт ва ба рӯи сангҳо хун рехт. Адреналин ба сари ман зад. Ин задухӯрд ба ман дахл надошт, аммо ман аз занозанӣ кардан хурсанд будам. Барои ман фарқ надошт, ки киро занам: ба ман худи раванд маъқул буд. Як девона сарамро нишон гирифта, аз ақиб ба ман ҳуҷум кард. Ба ақиб нигариста, ман ӯро дидам: ӯ аз боло ба ман нигариста ва даҳон инҷ карда, зарба заданӣ буд. Ман аз ӯ пешдастӣ карда, ба бинияш задам ва баъд ӯро ба девор задан гирифтам. Хуни девона ба рӯям пош хӯрд. Ӯ ҷавони калонҷусса, аблаҳ ва хашмгин буд. Ӯ қувваашро ҷамъ карда, боз ба ман ҳуҷум кард. Ман мушакҳоямро таранг кардам, то ки зарба ба шикамро таҳаммул кунам ва бо чанголҳои паланг ба чашмонаш задам. Занозании хунин бо қувваи нав давом ёфт. Маълум набуд, ки ҳамаи силоҳҳои дар ҳабсхона манъшуда аз куҷо пайдо шуданд: алмосҳои ришгирӣ, кордҳо, калтакҳо. Ногоҳ тирпарронӣ шунида шуд. Қисмҳои артиш расида омаданд. Моро иҳота карданд, маъюбонро ба бемористон бурданд, дигаронро як рӯзи дароз дар камераҳо маҳкам карданд. Боре, чанде баъд аз он задухӯрд, ҳангоми наҳорӣ Эндӣ назди ман омад. Камераи яккаи ман ба асабҳоям сахт таъсир мекард ва ӯ, аз афташ, инро пай бурда буд. — Чаро ҳеҷ кас назди ту намеояд, Тонӣ? Ман хӯрокхӯриро бас карда, ба Эндӣ нигаристам. — Барои он ҳеҷ кас намеояд, ки ман ҳеҷ кас надорам, дӯстам, — як навъ табассум карда, ҷавоб додам ман. — Ту чӣ гуфтан мехоҳӣ? — Майкл Райт ном ҷавоне ҳаст... — Майкл Райт? — гапи Эндиро буридам ман. — Ин ном бароям шинос аст. Ӯ ирландӣ аст? — Ҳа, ӯ аз Белфаст аст. Ӯ бо кадом як гурӯҳи калисоӣ дар ин ҷост. Як навъ некхоҳи инсоният, мефаҳмӣ? — Ман ба аломати тасдиқ сар ҷунбондам, ва Эндӣ давом дод: — Тонӣ, агар ҳеҷ кас назди ту намеомада бошад, магар беҳтар нест, ки ба вохӯрӣ бо Майкл розӣ шавӣ? Мо муддате дар хомӯшии пурра нишастем. — Maн ба ӯ оиди ту нақл кардам, — боз ба гап даромад Эндӣ, — Ӯ менависад, ки бо ту вохӯрдан мехоҳад. Ман андак ба душворӣ афтодам. Чаро ман ба ӯ даркор шудаам? Аҷиб. — Не, — гуфтам ман, — ман бо ҳеҷ кас вохӯрдан намехоҳам. Аммо ба ҳар ҳол ташаккур ба ту, дӯстам. Мо мавзӯъро дигар кардем. Баъди якчанд рӯз ман мактуб гирифтам. То ин вақт ҳеҷ кас ба ман ба ҳабсхона мактуб намефиристод. Дар аввал ман хеле хурсанд шудам, аммо ба зудӣ фаҳмидам, ки ҳусни хат дар конверт бегона аст — аз они волидонам не. Ман шавқманд шуда, дарҳол конвертро кушодам. Маълум шуд, ки мактуб аз он шахс буд — аз Майкл Райт. Ин мактуби дӯстонаи некхоҳона ва оқилона буд. Ман ҳар як калимаро чандин бор хонда баромадам, чун шахсе ки аз муоширати самимӣ маҳрум аст. Маънои нома фаҳмо ва оддӣ буд. Майкл мақсади худро пинҳон карданӣ набуд. Ӯ ба ман навишта буд, ки аз боиси муҳаббат ба Исо мехоҳад бо ман вохӯрад, чун дӯст ба дидорбинӣ биёяд. Ин бароям хандаовар буд. Чӣ гапи бемаънӣ! Аммо ба ҳар ҳол ман ба ӯ мароқ зоҳир намудам. Дар пешниҳоди ӯ гӯё ягон чизи бад набуд. Агар ӯ ба ин морхонаи бадбӯй омаданӣ бошад, ман бояд ақаллан як бор бо ӯ вохӯрам. Ҳатто агар аз ин ҳеҷ чизи хуб ҳосил нашавад ҳам, имкон пайдо мекунам, ки диққатамро аз саргармиҳои одатии ҳабсхона ба муддати ним соат ба тарафи дигар равона кунам ва шояд як плитка шоколад ё нӯшокӣ аз ошхона барои боздидкунандагон ба даст оварам. Умуман, ман ба вохӯрӣ бо Майкл розӣ шудам. Ва чоршанбеи оянда variano маро ба ҳуҷраи вохӯриҳо бурд. Дар он ҷо, чун дар ҳама чиз ва ҳама ҷои ҳабсхона, ҳамон бӯи рутубатнок буд. Фақат як чиз хуб буд, ҳангоме ки дар кушода мешуд, вазидани ҳавои тоза ҳис карда мешуд ва илова бар ин, ба тирезаҳо офтоб нурпошӣ мекард. Боиси ҳайрати ман буд, ки танҳо аз фикр оиди вохӯрӣ бо касе ҳаяҷон ҳис мекардам. Variano бо ишора ба ман фармуд, ки дар паси мизи дароз ва камбари чӯбин шинам. Маҳбусонро аз як тарафи миз мешинонданд, ба дидорбинӣ омадагонро — дар тарафи дигар. Майкл Райт ҳанӯз наомада буд. Ҳуҷра барои вохӯриҳо аз юнониҳои серғалоғула ва касоне ки ба дидорбинии онҳо омада буданд, пур буд: занҳо, кӯдакон, маъшуқаҳо ва волидонашон. Боз бо одамони муқаррарӣ вохӯрдан барои ман андаке аҷиб метофт. Ман дар байни онҳо худро радди маърака ҳис мекардам — дар байни онҳо барои ман ҷой набуд. Ногоҳ ман ба таври дарднок ҳис кардам, ки ба хӯсаи полиз монан ҳастам. Афту намуди ман худ аз худ оиди ҷиноятҳоям шаҳодат медод. Аммо ба ин шахси худотарс аз ман чӣ даркор шудааст? Ман ҳарчи бештар ташвиш мекашидам ва табъам хира шуда, аллакай рафтанӣ будам, ки ҳамин вақт он ирландиро назди дар дидам: шахси қадбаланди ришдор рост ба сӯи ман меомад. «Чӣ аблаҳе!» — ба табассуми хушнудонаи ӯ нигариста, фикр кардам ман. Дар танаш шими слакс ва куртаи дарзмолнакардаи остинкӯтоҳ буд, ки ӯ онро ба тарзи озод пӯшида буд. — Тонӣ! — нидо кард ӯ бо талаффузи Ирландияи шимолӣ ва чун пештара табассум карда, ба ман даст дароз кард. — Аз шиносоӣ бо шумо хеле шодам. Ташаккур, ки ба вохӯрӣ бо ман розӣ шудед. Ман дар бораи шумо бисёр шунидаам. Ман дарҳол хавотир шудам, аммо дастамро дароз кардам. Ӯ дастамро дошта, бо ҳиссиёт такон дод. Чунин саломалейки гарму ҷӯшон маро боз бештар хавотир кард. Ман ҳис кардам, ки дар ман хашми одатӣ аланга мегирад. Майкл табассум карданро давом дода, дар рӯ ба рӯи ман нишаст. Аз афташ, ӯ ҳолати пуразоби маро мефаҳмид. — Тонӣ, ман чун дӯст ба ин ҷо омадаам. — Ман ба шумо мавъиза карданӣ нестам... — Маро ба ин ҷо муҳаббати Исои Масеҳ овард, — давом дод Майкл. — Дар калисои мо ҳама барои шумо дуо мекунанд ва ҳаматарафа дастгирӣ кардан мехоҳанд. То ҳол ҳеҷ кас бо ман чунин гуфтугӯ накарда буд. Ман чӣ кор карданамро намедонистам, аммо ҳис мекардам, ки ба ӯ боварӣ карда наметавонам. Хашм маро аз дарун сӯзондан гирифт. Мо муддате хомӯш нишастем, фикрҳои ман печ дар печ мешуданд. Ин ҷавон ба куҷо бинӣ мехалонад? Ӯ аз ман чӣ мехоҳад? Ҷавони юнонӣ, ки дар назди мо нишаста буд, бо волидонаш хайру хуш мекард. Модараш ӯро ҳангоми видоъ ба оғӯш гирифта, сӯи даромадгоҳ равона шуд. Волидони ман ба ҳеҷ ваҷҳ ба ин морхонаи дӯзахӣ барои дидорбинии ман намеомаданд! Ва умуман, оё онҳо медонанд, ки ман дар куҷоям? Ҳамин вақт маро чунон фикрҳои девонавор фаро гирифтанд, ки ман суханони Майклро намешунидам. Ин шахс ақаллан танбалӣ накарда, ба ин ҷо омадааст. Шояд андаке, барои намуд, ба ӯ аҳамият диҳам? Агар ӯ маро асабӣ кардан гирад, ман аз мӯйҳояш гирифта, ба рӯи миз мезанам. Ман сухангӯии Майклро шунида, кӯшиш намекардам, ки ба саволҳои ӯ ҷавоб диҳам ва ҳатто ба рӯи ӯ нигоҳ кунам. — Тонӣ, ман мехоҳам бори дигар ба дидорбинии шумо биёям. Шояд, дар ҳафтаи оянда? Чӣ мегӯед? — Ман чӣ гуфтанамро надониста, танҳо ба аломати тасдиқ сар ҷунбондам. — Бигузор Худованд шуморо баракат диҳад, Тонӣ. Умедворам, ба қарибӣ бо ҳам вомехӯрем. Ман рост истода, аз пайи ӯ менигаристам. «Аблаҳ», — боз фикр кардам ман ва дар айни ҳол бо овози паст ҳаёти худро нафрин мекардам. Аммо рӯзи панҷшанбеи оянда ман боз розӣ шудам, ки Майклро қабул намоям. Дар ҳафтаи сеюм ва чорум ман ногоҳ фаҳмидам, ки дидани табассуми аблаҳонаи ӯро бесаброна интизор ҳастам. Ӯ барои ман тирезае ба олами берун буд. Майкл бо ман оиди чизҳои маъмулӣ гап мезад: оиди он ки дар салқинии бегоҳ тарбуз хӯрдан чӣ ҳаловате дорад, оиди аввалин «Дэйрӣ куин»[22], ки дар Никосия кушода шудааст, ва ғайра... — Гамбургерҳо, гамбургерҳо! Аз он рӯзҳо чӣ қадар вақт гузаштааст... — табассум кардам ман. — Ман бошам ба кофеи юнонӣ ҳеҷ одат карда наметавонам, — механдид Майкл. — Ман аз он гаранг мешавам! Аммо ба ман кафеҳои хурдакаки деҳот маъқул мебошанд — онҳоро дар ин ҷо «kafeneions» меноманд, ҳамин тавр не? — Ман аз кӯшишҳои ӯ дар талаффуз кардани калимаҳои душвори юнонӣ табассум карда, ба аломати тасдиқ сар ҷунбондам. — Пирамардони маҳаллӣ одатан бисёр хушмуомила ҳастанд. Ман ба онҳо тақвимҳои «Самари некӯ»-ро тақсим карда медиҳам. — Ӯ бо ин суханон яктоашро аз киса баровард. — Нигоҳ кун, чӣ гуна мусаввараҳо ва иқтибосҳои олидараҷаи Китоби Муқаддас барои ҳар рӯз. — Ва Майкл ба ман як-дутояшро хонд. Хабарҳо ва ҳикоятҳои Майклро гӯш карда, ман ба ёд овардам, ки дар озодӣ будан чӣ маъно дорад. Калимаи «озодӣ»-ро Майкл бисёр ба забон меовард, аммо «озодӣ»-и ӯ ба ҳабсхонаҳо ва камераҳо ҳеҷ муносибате надошт. Ӯ оиди «озодӣ дар Масеҳ» мегуфт. Ман дар ин хусус аз ӯ чизе намепурсидам ва ӯ дар ваъдаи мавъиза накардан устувор буд. Дар раванди сӯҳбат ӯ мулоҳизаҳоеро оиди он чи Худованд ҳафтаи гузашта дар ҳаёти ӯ кардааст, ба таври табиӣ дохил менамуд. Ҳангоме ки ӯ оиди воқеаҳои калисои худ гап мезад, бо шавқмандӣ оиди лагерҳои ҷавонон, ки дар кӯҳҳои Троодос ташкил намуд, нақл мекард. Пургӯии Майклро оиди корҳои ҳаррӯзаи калисояш таҳаммул кардан лозим меомад. Аммо умуман оиди он ки дигарон чӣ гуна зиндагӣ мекунанд, шунидан ба ман маъқул буд. Ҳамин тавр Майкл ба ман ёрӣ медод, ки робитаро бо воқеият гум накунам. Майкл на танҳо бо боздидҳо маро дастгирӣ мекард. Як бор дар давоми ҳафта ӯ худаш ба ман мактуб менавишт ва низ аз ҳамимонҳояш мактубҳо мефиристод. Ман он мактубҳоро бо шавқ мехондам. Баъд ӯ ба ман китобҳо мефиристодагӣ шуд. Дар аввал мавзӯи ин китобҳо барои ман аҳамияте надошт, ман танҳо аз китобхонӣ ҳаловат мебурдам. Мазмуни бисёрии китобҳо ва маҷаллаҳое ки дар ҳабсхона ба чашмам вомехӯрданд, порнографӣ буд. Аммо ман ягон чизи муҳимтар, ҷиддитарро мехостам. Шаш моҳи минбаъда Майкл, ғайр аз истисноҳои камшумор, ҳар рӯзи панҷшанбе ба дидорбинии ман меомад. Пеш аз он ки маро тарк кунад, ӯ ҳамеша дуо мегуфт. «Ана ин аблаҳро бинед, — фикр мекардам ман, чун ноқисулақл бо чашмони пӯшида табассум мекунад ва ба холигӣ чизе мегӯяд, гӯё Худо дар ҳақиқат ӯро мешунида бошад». Агар Майкл рӯзи панҷшанбе ба боздид омада натавонад, албатта ягон каси дигарро ба ҷои худ мефиристод. Боре Валерӣ ном пиразани нуронӣ омад. Маро ҷасорати ӯ ҳайрон кард. Барои ба ин морхона омадан ҷасорат даркор аст! Аммо Валериро, ба монанди Майкл, ҳамон муҳаббати Масеҳ таҳрик медод ва насиҳатҳои навозишкоронаи модаронаи ӯ ба ман ҳаловат мебахшиданд. Дафъаи дигар ӯ ба назди ман Ричард Ноксро фиристод. Бо Ричард Нокс осон буд, ман ӯро аллакай аз рӯи мактубҳо мешинохтам. Ӯ солҳои зиёд дар пойтахти Лубнон, Бейрут, мавъиза мекард, бинобар ин ҳангоме ки мо оиди воқеаҳои Шарқи Наздик гап мезадем, нуқтаҳои тамос доштем. Он чи ӯ нақл мекард, ба он чи ҳангоми дар Лубнон муҳофиз буданам дар ёдам монда буд, тамоман монанд набуд. Ман мардонагии ӯро эҳтиром менамудам, охир дар Бейрут зистани аврупоӣ осон нест, хусусан бо зану фарзандон. Аммо Ричард, чун Майкл, сарфи назар аз ҳама чиз, кӯшиш мекард аз рӯи муҳаббати Худо ба одамон ёрӣ расонад (чунон ки ҳар ду мегуфтанд). Он вақт ман инро намефаҳмидам, аммо ба ҳар ҳол оҳиста-оҳиста ба он чи Майкл ва дӯстонаш мегуфтанд, гӯш медодагӣ шудам. Онҳо ба касоне ки ман то ҳол мешинохтам, ҳеҷ монандӣ надоштанд. Онҳо ҳақиқатан ба ман таваҷҷӯҳ доштанд ва ман инро ҳеҷ фаҳмида наметавонистам. Чӣ тавр чунин буда метавонад, ки шахсони тамоман ношинос ба касе ки, рости гап, сазовор нест, чунин дӯстӣ зоҳир мекунанд. Ман дар ҳақиқат вохӯриҳо ва номаҳои онҳоро бесаброна интизор мешудам. Аммо шаш моҳи дар fylaki гузарондаам ба шуури ман бетаъсир намонданд. Ҳаёти пештара маро омӯзонда буд, ки ба ҳеҷ кас боварӣ накунам ва ҳамеша боэҳтиёт бошам. Ҳозир ҳам ман ба вобастагии дӯстони навам афтидан намехостам. Ҳар қадар бештар дар ин хусус фикр кунам, ҳамон қадар бештар ба шубҳа меафтодам. Боре пагоҳии панҷшанбе, 3-юми майи соли 1990, ман дар кат дароз кашида, оиди Майкл фикр мекардам. Ман аллакай бо фикрҳои бад оиди ӯ бедор шуда будам. Ӯ аз ман чӣ мехоҳад? Ӯ дар асл чӣ мақсад дорад? Китобҳое ки ӯ ба ман фиристода буд, дар фарш болои ҳам чида шудаанд. Ба қарибӣ ӯ ба ман Китоби Муқаддас тӯҳфа кард, аммо ман онро ба даст нагирифта будам. Як-ду сатр хонда, ҳеҷ гуна майл ва таваҷҷӯҳ пайдо накардам. Охир, ӯ майнаи маро шуста истодааст. Гапи дигар нест. Маро ба равияи динии худ ҷалб кардан мехоҳад. Ӯ чӣ ҳақ дорад, ки бо чунин тарзи аҷиб нисбати ман қаллобӣ кунад? Ӯ чӣ ҳақ дорад, ки оиди озодӣ ва ҳаёти озодона маро шӯр андозад? Ҳамин вақт ба ёд овардам, ки номи ӯ як ҳафта пеш аз ҳабси ман ба таври ғайричашмдошт садо дод. Акнун бошад ӯ дар ҳабсхона маро масхара мекунад. Кист ӯ? Ин вохӯриҳоро бас кардан даркор аст. Маро масхара кардан бас аст! Ана ҳамин гуна фикрҳо аз пагоҳӣ дар сари ман чун мех дармонда буданд. Имрӯз ман бояд бо Майкл дурустакак гуфтугӯ кунам. Агар ӯ иқрор нашавад ва нагӯяд, ки аз ман чӣ мехоҳад, аз афти кор, ӯро танбеҳ доданам лозим меояд. Вақте ки баъди хӯроки нисфирӯзӣ дар хонаи вохӯриҳо будам, хашм маро гулӯгир мекард. Ман дар паси миз дар интизори Майкл менишастам, хашм дар дарунам меҷӯшид. Гуфтугӯҳои хешовандони юнониён, ки ба боздид омада буданд, маро чун ҳарвақта асабонӣ мекард, аммо имрӯз ман диққати худро ба душманӣ нисбати Майкл равона карда будам. Куҷо шуд ӯ? Чаро ӯ дер монд? Боз ҳам нисбати ман қаллобӣ мекунад, ҳатто ҳозир. Аммо ҳамин вақт дар кушода шуд ва ба ҳуҷра Майкл Райт даромад. Дар чеҳраи ӯ боз ҳамон табассуми аблаҳона буд. Ман худро чун море ки дар интизори тӯъма ҳалқа мезанад, ҳис мекардам. Аҳа, ана тӯъмаи ман, ки ба он, чунон ки мор ҳалқаҳои худро дар як лаҳза кушода, ба қурбонии худ зарба мезанад, зарба зада метавонам. Ман аллакай бо овози паст ӯро лаънат мекардам. Курсиро наздик оварда, Майкл шиддатнокии маро пай набурда наметавонист ва дарҳол ҷиддӣ шуд, табассум аз рӯяш гум шуд. — Чӣ шуд, Тонӣ? Чӣ воқеа рӯй дод? — пурсид ӯ бо овози хавотиромез. — Ту ба ин ҷо барои чӣ меоӣ, Майкл? — хусуматомез пурсидам ман. — Ҳамаи шумо аз ман чӣ мехоҳед? Майкл ба пуштаки курсӣ такя карда, оромона ба ман менигарист. Ҳамин вақт ман ҳақиқатан ӯро заданӣ будам. — Тонӣ, ман ба ин ҷо ба хотири Исо меоям, — гуфт ӯ ва дар интизори аксуламали ман хомӯш шуд. Даст дароз карда, рӯяшро ба болои миз задан кори тамоман осон буд. — Исо туро дӯст медорад, Тонӣ. Ман худро нафрин мекардам. Майкл аз тарсончакҳо набудааст. — Ба фикрам, Худо ба воситаи ман ба ту муроҷиат кардан мехоҳад. «Ана гапу мана гап, — фикр кардам ман. — Ана ҳамин аст шустани майнаҳо». — Ман барои он назди ту меоям, ки ба ту муҳаббати Ӯро нишон диҳам. — Майкл рост ба чашмони ман менигарист. — Исо метавонад туро аз ҳабсхонае ки ҳоло дар он ҳастӣ, берун оварад, — гуфт ӯ. Ана ҳамин чиз маро рӯҳафтода мекунад! Дар ҳоле ки ман дар ҳабсхона ҳастам, ӯ чӣ ҳақ дорад ба ман оиди озодӣ гап занад? Лаққидан барои ӯ осон аст; ӯ метавонад дар вақти мехостааш бархезад ва аз ин ҷо равад. — Гап зан, Майкл! — нидо кардам ман. — Ба ман нақл кун, ки Исо чӣ тавр маро аз ин ҷо берун меоварад. Ӯ чӣ тавр маро озод мекунад? Ту чӣ тавр оиди Худо гап зада метавонӣ, дар ҳоле ки Ӯ вуҷуд надорад? Ту ягон бор бо Исо вохӯрдаӣ, Ӯро дидаӣ? Ман Майклро саволборон мекардам ва бо ӯ дағалона ва беэҳтиромона гап мезадам, аммо Майкл музтариб нашуд. Ӯ аз ҳеҷ чиз наметарсид. Чаро ӯ намеравад? Чаро маро тарк намекунад? Ӯ аз ман ҳатто наметарсад! Охир, ӯ хуб мефаҳмад, ки ман ӯро кушта метавонам. Майкл ба саволҳои ман бо тартиб ҷавоб доданро сар кард. Ва ман ҷуръат накардам, ки ӯро бизанам. — Не, Тонӣ, — гуфт ӯ дилпурона. — Ту хато мекунӣ, ман Исоро вохӯрдаам. Ман абрӯ чин карда, нобоварона ба Майкл нигаристам, аммо ӯ оромона суханашро давом дод. — Ҳақиқатро оиди Исои Масеҳ, Тонӣ, ба ман дар кӯдакӣ волидонам нақл кардаанд, — гуфт ӯ. — ман ба маҳфили ҷавонон дар назди калисо мерафтагӣ шудам ва дар бораи ин Шахс — Исо, Писари Худо — чизҳои бештареро фаҳмидам. Чуноне ки дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, агар бо даҳонат эътироф намоӣ, ки Исо Худованд аст, ва бо дили худ имон оварӣ ки Худо Ӯро аз мурдагон зинда кардааст, наҷот хоҳӣ ёфт. Ман маҳз бо ҳамин кор машғулам. Ман чунин меҳисобам, ки Исо барои ман музди гаронеро пардохтааст. — Чӣ тавр? — гапи Майклро буридам ман. — Ман гунаҳкор будам. Ман сазовори марг будам, аммо Исо қарор дод, ки ба ҷои ман дар салиб бимирад ва бо нархи хуни Худ музди ҳамаи гуноҳҳои маро пардохт намуд, то ки ман муҳаббати Худоро дарк намоям ва бахшида шавам. Ман гӯё ӯро ба майдон талабида, бо нафрат қоҳ-қоҳ хандидам: — Ту чиҳо мегӯӣ? Ту кӯдак будӣ. Чӣ тавр ту фикр карда метавонистӣ, ки сазовори марг ҳастӣ? Гарав баста метавонам, ки ту он вақт ҳеҷ кори бад накарда будӣ. Майкл худро пеш кашид: — Чуноне ки дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ҳама гуноҳ карда, аз ҷалоли Худо маҳрум шудаанд. Ҳамаи мо гунаҳкоронем, Тонӣ, ҳар яки мо. Аммо мо ҳақ дорем байни неку бад интихобе кунем ва ҳатто дар кӯдакӣ мо хости Худоро ба ҷо намеоварем. Ту худат хуб мефаҳмӣ, ки корҳои бад мекунӣ ва гуноҳ содир менамоӣ. Ман низ хуб мефаҳмам, ки гуноҳ мекунам... — Хайр чӣ? Гап зан, Майкл, ҳамаи гапро баён кун! — гуфтам ман дағалона. Майкл сӯи ман хам шуд: — Худо моро офаридааст, Тонӣ. Ӯ оламро ва ҳамаи он чиро, ки дар он ҳаст, офаридааст. Ӯ Падари ҳақиқии мост. Аммо Ӯ пок ва комил аст ва ба мо, ки пур аз гуноҳ ва дурӯғ ҳастем, нигоҳ карда наметавонад. Ана барои чӣ мо аз Ӯ ҷудо шудаем. Ман хашмгинона ба Майкл менигаристам, аммо ин ӯро ҳеҷ наметарсонд. — Ман ҳангоми бачагӣ фаҳмидам, ки Худо моро чун пештара дӯст медорад, охир, Ӯ Падари мост. Бо вуҷуди бад ва дурӯғгӯ будани мо, Ӯ бо мо муошират кардан мехоҳад. Ана барои ҳамин Ӯ ба замин Писари Худро фиристод. Ӯ бояд дар байни мо зиндагӣ мекард ва барои мо кушта мешуд. Исо Худо буд вале одам шуд. Сухангӯии Майкл оиди Падари дӯстдор маро боз бештар хашмгин карданд. Ман ба ёд овардам, ки волидони худам ба ман хиёнат карданд. Майкл, аз афташ, фикрҳои маро мехонд. — Тонӣ, одамон ҳар вақт ваъдахилофӣ карда метавонанд. Волидонат. Дӯстонат. Ман метавонам ваъдахилофӣ кунам. Тасаввур кун, ки баъди як ҳафта ман ба боздид намеоям, агарчи ту интизор мешавӣ! Дар айни ҳол ин бо айби ман нахоҳад буд. Масалан, ман дар пробкаи роҳ маҳкам мемонам. Аммо ту ба ҳар ҳол фикр мекунӣ, ки ман ваъдахилофӣ кардам. — Хайр, баъд чӣ? — Худо ҳеҷ гоҳ бо ту чунин намекунад. Ӯ туро хеле дӯст медорад. Худи Худо дар Китоби Муқаддас ваъда медиҳад, ки туро тарк намекунад ва намепартояд. Ин маро ба хомӯшӣ водор намуд. Гапи гуфтанӣ надоштам. Ман лабамро газидам, то ки дод нагӯям. Ман боз аз хашм ларзидам. — Хайр, Майкл... Агар Ӯ маро дӯст дорад, ҳозир Ӯ дар куҷост? Чаро ҳангоме ки ман дар ин ахлоттӯда побанд шудаам, Ӯ ёрӣ намедиҳад? — Худо ба ту муроҷиат мекунад, кайҳо боз муроҷиат мекунад... ба воситаи ман, ба воситаи хоҳар Валерӣ, ба воситаи Ричард. Ба воситаи дигар бародарону хоҳароне ки ту бо онҳо шинос шудаӣ. Ӯ ба ту гуфтанӣ мешавад, ки Ӯ мехоҳад ту Ӯро дарк намоӣ. Ана, гӯш кун, дар Китоби Муқаддас, дар Инҷили Юҳанно, боби сеюм, ояти шонздаҳ чӣ гуфта шудааст: «Зеро Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи Худро дод, то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, ҳалок нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ба даст оварад». — Майкл хомӯш шуд. — Ҳаёти абадӣ? Ман бо он чӣ кор кунам, Майкл? Ман ҳаёти худро бад мебинам. — Ту ҳаёти худро барои он бад мебинӣ, ки маҳбус ҳастӣ, ту дар озодӣ нестӣ, — ҷавоб дод Майкл. Ана гапу мана гап, боз оиди озодӣ. Аммо ҳаққи гапро бояд гуфт: ӯ маро ба ҳоли худ тарк накард. — Аммо ту ба саволи ман ҷавоб надодӣ, Майкл, — гуфтам ман. — Агар Худои комили ту маро ин гуна дӯст медошта бошад, чаро ба ман зоҳир намешавад? Чаро Ӯ бояд дар ту, дар Ричард, дар пиразан Валерӣ пинҳон шавад? Магар Ӯ метарсад? Ман гумон доштам, ки ин саволи ба қадри кофӣ оқилона аст. Майкл ба пуштаки курсӣ такя карда, муддате фикр кард. — О, ман туро фаҳмидам! — Ва Майкл оромона ва дилпурона гуфт: — Тонӣ, агар Худо дар ин ҷо, дар ин ҳуҷра пайдо мешуд, ту дар фарш рӯ ба поён мебудӣ. Ту сахт метарсидӣ ва ҳатто ҷуръат намекардӣ, ки ба Ӯ нигоҳ кунӣ. Барои ҳамин ҳам Ӯ Исоро фиристод, то ки мо ба воситаи Ӯ назди Худо омада, муҳаббати Ӯро дарк карда тавонем, — ба охир расонд Майкл. Ман ҳатто кӯшиш накардам, ки ҳамаи гуфтаҳои ӯро дар тарозуи ақл баркашам. Ман танҳо мехостам ба ӯ неш занам, ранҷонам. — Ман тамоми умр бе Худои ту хуб зиндагӣ мекардам. Ба фикрат, акнун Ӯ ба ман чӣ даркор аст? Канӣ, Майкл, ба ин саволи ман ҷавоб деҳ! Ва ман бо тамоми қувва ба рӯи миз мушт задам. Variano дарҳол ба ташвиш афтода, аз ҷояш ҷаст, аммо Майкл дасташро бардошт, то ки ӯро осуда кунад. Вале ӯ акнун аз ман чашм намеканд. — Ту тамоми умр дар дил холигӣ ҳис мекардӣ ва онро бо ҳар чиз пур карданӣ мешудӣ, аммо на бо чизи даркорӣ, — сар кард Майкл. — Ту кӯшиш мекардӣ, ки ин холигиро бо ҳунарҳои ҷангии кун-фу, буддоия, шӯҳрати муҳофизи шахсӣ, секс, маводи нашъаовар, хашм, зӯроварӣ пур кунӣ... Ҳеҷ кадоми ин чизҳо ба ту қаноатмандии дилхоҳро наовард. Танҳо як чиз мондааст, ки ту онро санҷида надидаӣ: Исои Масеҳ. — Акнун Майкл ба рӯи миз мушт зад. Ӯ бо ҳарорат ва рӯҳбаландӣ гап мезад. Дар дасти ӯ бандчаи калидҳо буд. — Тонӣ, лаҳзае ба худ тасаввур кун, ки ин калиди камераи туст. Тасаввур кун, ки ман онро ба ту додам ва имшаб, ҳангоме ки зиндонбонон хоб мераванд, ту гурехта метавонӣ. Ӯ чӣ сафсатаҳоро гуфта истодааст? Майкл давом дод: — Тасаввур кун, ки ту ба девори ҳабсхона часпида баромадӣ ва ба қисми туркӣ гузашта, баъд аз ҷазира гурехтӣ. — Майкл бо диққат ба ман нигарист. — Оё ту худро одами озод ҳис мекунӣ? — пурсид ӯ. — Чӣ саволи аблаҳона? — нидо кардам ман. — Албатта, охир, ман дар озодӣ мешавам. Ту чиҳо мегӯӣ? — Не, Тонӣ, ту одами озод намешавӣ. — Майкл боз табассум кард. Ту одами озод намешавӣ, чунки боз ҳамон Тонии пештара мемонӣ. Ту метавонӣ мӯйсар, либос, миқдори пул дар бонк ва маҳалли зисти худро дигар кунӣ. Ту метавонӣ бисёр чизҳоро дар худ дигаргун кунӣ, аммо ту ҳамеша ҳамон Тонӣ мемонӣ. Ту худи ҳамон хатоҳоро содир мекунӣ, чунон ки тамоми умри пештараат мекардӣ. Ту гузаштаро нобуд карда наметавонӣ, ҳамаи гуноҳҳои гузаштаро пок карда наметавонӣ. Ту ҳамеша хашмгин ва асабонӣ хоҳӣ буд. Ту андаке ором шуда метавонӣ, аммо агар туро ранҷонанд, чун пештара фавран хашму ғазабатро аён мекунӣ. Ва ҳамааш аз он сабаб аст, ки ту Исоро ба дилат роҳ надодӣ. Ту аз ҳаёти худ норозӣ ҳастӣ. Ва то даме ки ба Худо рӯ наоварӣ, ҳамеша ҳамин гуна бадбахт ва ҳамин гуна танҳо хоҳӣ буд. Ман бо кадом як сухани аҳмақона гапи Майклро буридам, аммо ӯ давом дод: — Ту метавонӣ аз ин ҷо берун бароӣ ва пули зиёд ба даст оварӣ, хонаи дабдабанок созӣ, дар он ҷо унитази тиллоӣ монӣ, мошини олидараҷа харӣ ва ҳатто оила бунёд намоӣ, аммо ту ҳамон Тонӣ мемонӣ. Ҳамаи инҳо ба ту чизеро, ки ҳақиқатан ба он эҳтиёҷ дорӣ, намедиҳанд. Агар худи ҳамин шаб ҷонатро гиранд-чӣ, Тонӣ? Оё пулҳоят ба ту ёрӣ медиҳанд? Ба ҳеҷ ваҷҳ! Дигар ҳеҷ чиз ба ту ёрӣ нахоҳад дод — на оила, на дӯстон, на ҳамаи он чи ту тамоми умр худро бо он иҳота карда будӣ. Ҳеҷ чиз туро халос карда наметавонад. — Дар пешонии Майкл қатраҳои ашк пайдо шуданд. Ӯ давом дод: — Ҳамаи ин чизҳо маводи нашъаоварро ба хотир меоваранд, ба ту ҳаловати муваққатӣ медиҳанд, имкон медиҳанд, ки худро ба муддати кӯтоҳ хушбахт ҳис кунӣ, аммо ҳеҷ чиз туро озод карда наметавонад, ҳеҷ чиз ба ту қаноатмандии ҳақиқӣ оварда наметавонад. Тонӣ, ба ман гӯш кун. — Майкл хомӯш шуд, то ки нафаси чуқур кашад. — Дар Китоби Муқаддас чунин навишта шудааст: «Инак, агар Писар шуморо озод кунад, ҳақиқатан озод хоҳед буд». Ин ҷумла — «Инак, агар Писар шуморо озод кунад, ҳақиқатан озод хоҳед буд» — дар хотири ман абадӣ нақш баст. Дар он лаҳза ман ногоҳ ҳис кардам, ки ба дастонам «мурғак давид». Занг зада шуд ва огоҳ намуд, ки пас аз панҷ дақиқа вохӯрӣ ба охир мерасад. Майкл кӯшиш мекард, ки ман фаҳмам, аммо ман чун пештара хашмгин будам ва инро ба ӯ нишон доданӣ будам. Ман гумон мекардам, ки ба ҳар ҳол далеле меёбам, ки сохтори сухангӯии ӯро хароб мегардонад, аммо дар охир ӯ ба пеш хам шуду ба чашмонам нигариста, чунин гуфт: — Ҳар касе ки ба Ӯ имон оварад, Тонӣ, ҳар касе ки имон оварад... Ба ман бовар кун — ин аст ягона коре ки ту бояд кунӣ. Исо аллакай ҳама корро ба ҷои ту кардааст. Ӯ ба ту роҳ кушодааст, бинобар ин ту метавонӣ аз гуноҳҳои худ тавба кунӣ ва Худо туро мебахшад. Ман на оиди маросими динӣ ва тақводории риёкорона мегӯям. Ман оиди имон ба кори наҷоти Худо мегӯям. Ягона коре ки ту бояд кунӣ, — он аст, ки ба атои Худо бовар кунӣ ва онро қабул намоӣ. Ман ногоҳ он бегоҳро дар Лимассол ба ёд овардам, ҳангоме ки ба воизи кӯчагӣ бо шишаи май менигаристам. — Тонӣ, ту пештар ба ман оиди роҳи равшанфикр шудан, роҳи ҳунари ҷангии кун-фу мегуфтӣ, аммо иҷозат деҳ ба ту он чиро, ки Исои Масеҳ мегӯяд, зикр кунам: «Ман роҳ ва ростӣ ва ҳақиқат ҳастам; ҳеҷ кас назди Падар намеояд, магар ин ки ба воситаи Ман». Агар роҳи равшанфикршавӣ яке аз роҳҳо бошад, Ӯ ягона роҳ аст. Инро чун факт қабул кун, Тонӣ. Ӯ бо ман ба забони ман гап зада, ба нишон расид. Ман чашмонамро поён кардам. Акнун ман хомӯш будам. — Майкл, ту тасаввуроте надорӣ, ки ман чӣ гуна шахси нафратовар ҳастам. Чӣ гуноҳҳое содир кардаам. Наход ҳанӯз ҳам ба ман ёрӣ расондан мумкин бошад? — ба он чи дар дилам рӯй медод, мухолифат намуда, пурсидам ман. Maйкл боз ба Китоби Муқаддас рӯ овард: — Дар Номаи ҳавворӣ Павлус ба Румиён, боби ҳаштум, оятҳои якум ва дуюм, гуфта шудааст: «Пас, ҳеҷ маҳкумияте нест барои онҳое ки дар Исои Масеҳ ҳастанд ва на ба ҳасби ҷисм, балки ба ҳасби рӯҳ зиндагӣ мекунанд, чунки қонуни рӯҳи ҳаёт дар Исои Масеҳ маро аз қонуни гуноҳ ва мамот фориғ кардааст». Ман ба Майкл нигаристам. Ӯ медид, ки ман бо тамоми қувват чизи шунидаамро фаҳмиданӣ мешавам. — Ҳеҷ маҳкумияте нест, Тонӣ. Боз гӯё саҳифаи тоза, ки онро ҳеҷ кас ифлос накардааст. Ту ҳамаашро аз нав сар мекунӣ. Исо гуноҳи туро ба Худ мегирад ва онро нобуд мекунад. Ҳавворӣ Павлус дар бораи ҳамин мегӯяд. Павлус қотил буд, ӯ масеҳиёнро таъқиб менамуд, — тафсир карданро давом медод Майкл. — Аммо Худо ҳамаро дӯст медорад, Тонӣ. Ман ба ту оиди ҳамин гуфтан мехоҳам. Павлус, ки гуноҳҳои даҳшатовар содир карда буд, Худованд Исоро вохӯрд ва дигаргун шуд. Ва баъд ҳазорон гунаҳкорони дигарро ба роҳи наҷот роҳнамоӣ кард. Исо дар дили Павлус амал мекард, бо вуҷуди корҳои даҳшатоваре ки ӯ дар гузашта карда буд ва камбудиҳое ки ҳанӯз ҳам дошт. Мефаҳмӣ, Тонӣ, Худои мо одамро бе умед намегузорад. Ӯ ҳамеша боз як имконият медиҳад. Майкл ба ҷои дардноки ман расид. Моҳҳои охир ман фикр мекардам, ки ҳаёти ман дар ҳақиқат ҳеҷ арзише надорад ва ман сазовори он ҳастам, ки дар ҳабсхона бошам ва акнун ҳеҷ кас ба ман ёрӣ дода наметавонад. Ман гумон мекардам, ки ман ислоҳнашаванда ҳастам, аммо Майкл нақли худро оиди қаҳрамонони Китоби Муқаддас, ки Худо онҳоро дигаргун кардааст, давом медод. — Оё ба ёдат ҳаст, дар ибтидои сӯҳбат ман гуфтам, ки ҳама хато мекунанд, ҳама гуноҳ мекунанд? — пурсид ӯ. — пас, ҳама ба бахшида шудан эҳтиёҷ доранд. Ба воситаи Исо ин омурзиш ройгон дода мешавад, чун тӯҳфаи Худо. Ягона коре ки бояд кард, — ба Худо рӯ овардан аст. — Ба Навиштаҷоти Муқаддас ишора карда, Майкл тезтар гап зад: — Нома ба Румиён, боби сеюм, аз ояти бисту якум: «Аммо алҳол, сарфи назар аз шариат, адолати Худо зоҳир шудааст, ки Таврот ва Анбиё бар он шаҳодат медиҳанд, — адолати Худо ба воситаи имон ба Исои Масеҳ барои ҳамаи имондорон; зеро ки ҳеҷ тафовуте нест, чунки ҳама гуноҳ карда, аз ҷалоли Худо маҳрум шудаанд ва ройгон, бо файзи Ӯ, ба воситаи кафорате ки дар Исои Масеҳ аст, сафед карда мешаванд...» Ман боз ба суханони Майкл хурдагирӣ карданӣ шудам. Ман беҳад ба ҳаяҷон омада будам, суханони «Инак, агар Писар шуморо озод кунад, ҳақиқатан озод хоҳед буд» аз фикру хаёлам берун намешуд. Майкл боз наздиктар сӯи ман хам шуд, қариб бо сари сина ба рӯи миз хобид. — Ту ҳар вақте ки хоҳӣ, метавонӣ Исоро ба дили худ роҳ диҳӣ, Тонӣ, –гуфт ӯ. — Аммо дар ёд нигоҳ дор, ки ту намедонӣ, ки ҷони туро дар кадом шаб аз ту мегиранд. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Инак, ҳозир вақти мусоид аст, инак, ҳозир рӯзи наҷот аст», — бинобар он ин корро ба вақти дигар мавқуф нагузор. Ман аз нигоҳи ӯ канорагирӣ мекардам. — Аммо инро чӣ тавр мекунанд? — пурсидам ман бо овози паст. — Ту бояд ба Худо дуо гуфта, аз Ӯ хоҳиш кунӣ, ки Ӯ туро бахшад. Ба Ӯ гӯй ки Исоро Наҷотдиҳандаи худ эътироф кардан мехоҳӣ. Ба Ӯ гӯй, ки мехоҳӣ ба Ӯ бовар кунӣ ва ба Ӯ таваккал намоӣ. Исоро ташаккур гӯй, ки Ӯ дар салиб барои ту мурд, то ки ту муҳаббати Худоро ба даст оварда тавонӣ. Занг зада шуд, ки он маънои ба охир расидани вохӯриро дошт. — Ҳамааш ҳамин аст? — пурсидам ман нисбатан беорона. — Ин кифоя аст, Тонӣ. Аммо дуои ту бояд самимӣ бошад. Ту бояд ба Худо танҳо он чиро гӯӣ, ки ҳақиқатан ҳис мекунӣ. Ту бояд аз ҳаёти пештараат даст кашӣ ва бадӣ карданро бас кунӣ. Ин кори осон нест, аммо Исо ба ту ёрӣ мерасонад. Вақти барои вохӯрӣ муқарраршуда тамом шуд, ҳуҷра холӣ шудан гирифт. Майкл чашмонашро пӯшида, ба дуо гуфтан сар кард: — Худованд Исо, мо Туро ташаккур мегӯем, ки Ту моро дар ин ҳабсхона низ тарк намекунӣ. Ташаккур барои он чи Ту барои Тонӣ мекунӣ. Ташаккур барои он ки Ту Тониро дӯст доштӣ. Ман аз Ту хоҳиш мекунам, Падар, бигузор Тонӣ барои қабул намудани муҳаббати Ту шитоб кунад. Омин. Ман аз миз чашм наканда, рост меистодам. — Ман баъди як ҳафта барои хабаргирии ту меоям, дӯстам, — гуфт Майкл. Ман муштҳоямро фишурда, гап назадам. Боби 11 Ман шитобон ба блоки худ баргашта, бо селоби фикрҳо чӣ кор карданамро намедонистам. Суханҳои Майклро ба ёд меовардаму онҳо аз сари ман чун тундбод парида мегузаштанд. Гармои тоқатфсарсо, бӯйи бад ва азобҳои инсон дар ин ҷои даҳшатовар маро беш аз ҳарвақта зиқ мекард. Чунин метофт, ки деворҳо ба болоям чаппа мешаванд. Ман чун ҳайвоне ки дар қафас аст, бераҳму даҳшатовар будам. Як васвосӣ, аз фикрҳои худ хандида, дар назди камераи ман гаштугузор мекард. Ӯ дудро чуқур нафас кашида, аз бинӣ берун меовард. Ҳангоме ки ман аз пешаш мегузаштам, ӯ сигорро ба бадани ман часпонд. Дар дасти ростам дарҳол захми сӯхтагӣ пайдо шуд. Васвосӣ барои шӯхӣ вақти номуносибро интихоб карда буд. Хашми беандоза, ки маро фаро гирифта буд, дарҳол бар сари ӯ фурӯ рехт. Ман аз мӯи он ҳазлкунанда кашида, сарашро ба девори ноҳамвор задан гирифтам, то даме ки хун ҳардуи моро рангин кард. Вақте ки ман аз хун сер шудам, он васвосиро модараш ҳам шинохта наметавонист. Ӯ аллакай бинӣ надошт, ба ҷои он дар рӯи он бечора чизе овезон буд. Ман ба камераи худ баргашта, доду фарёд задан гирифтам. Ин фарёди ҷони азияткашида дар назди номаълумӣ буд. Азбаски суханони Майкл раднопазир буданд, ман аз онҳо халос шудан мехостам. Дар айни ҳол ман бо даҳшат чашмамро пӯшонда, гӯшҳоямро маҳкам мекардам. Аммо ин суханон гаштаву баргашта дар шуури ман пайдо мешуданд ва ин борҳо такрор мешуд. Табассуми Майкл ва нигоҳи сӯрохкунандаи ӯ маро таъқиб менамуданд. Чаро ӯ ба ман часпида гирифтааст? Акнун ман беихтиёр оиди он фикр кардам, ки пеш кӣ будам ва ба кӣ табдил ёфтаам. Ман, умуман, тамоми умр ба ҳеҷ кас эҳтиёҷ надоштам. Ман қувваи худро ҳис мекардам, ба муваффақият дар ҳар соҳа боварӣ доштам, худро идора карда метавонистам. Аммо Майкл оиди «ҳаёти фаровон» ва «шодии бузург» гап мезад. Албатта, дар моҳҳои охир, ки дар ҳабсхона гузаронда будам, ҳеҷ чизи ба ин монанд надоштам. Ман оиди роҳи худ дар ҳунари ҷангии кун-фу, оиди ғалабаҳо дар мусобиқаҳо ва кори муҳофизӣ фикр мекардам. Шояд Майкл аз як ҷиҳат ҳақ бошад. Ман исроф кардани пулро дӯст медоштам, ҳаёти пурҷӯшу хурӯш, бо адреналин дар хун, ба ман маъқул буд ва ҳамеша чизе бароям камӣ мекард. Ман ҳамеша беҳтар ва бештар мехостам. Акнун маро аз ҳамаи ин маҳрум кардаанд ва ҳолати ҷисмонии ман аз идеалӣ дур буд. Ҳатто дар давраҳои шиддатноктарини ҳаёт, ҳангоме ки рӯзи ман дақиқа ба дақиқа дар рӯйхат буд, ман на камтар аз панҷ соат машқ мекардам. Акнун ман вақти зиёд доштам, аммо ин аллакай ҳеҷ аҳамияте надошт. Ман аз ҳама чиз дилхунук шуда будам, аз кун-фу низ. Ман дигар ба он майл надоштам. Агар сухан дар бораи медитатсия ва роҳи равшанфикршавӣ равад, барои он пеш аз ҳама осоиш ва оромии рӯҳ лозим аст, чунки танҳо шуури интизомнок воқеиятро муроқиба карда метавонад. Маро майли зӯроварӣ фаро гирифта буд, ман танҳо оиди зинда мондан фикр мекардам. Ман дар ҳабсхона тадриҷан ба монанди атрофиёнам ба ҳайвон табдил ёфта будам. Ман танҳо барои гузарондани вақт маводи нашъаовар истеъмол мекардам ва ба занозаниҳои бемаънову беҳуда шарик мешудам. «Ҳаёти фаровон»... ин чӣ маъно дошта метавонист? Ман ба пуррагии ҳаёт монанд чизеро дар муошират бо Айя ҳис карда будам, аммо ин танҳо як дафъа буд. Ман ба роҳи хатарнок даромада будам. Дар давоми якчанд моҳи охир ман фикрҳоро оиди Айя аз худ дур мерондам. Акнун бошад, симои зебо ва беайби ӯро ба ёд оварда, ман ларзидам. Ҳа, маҳз Айя ба ман нишон дод, ки муҳаббат чӣ гуна буда метавонад, Аммо акнун Айя нест. Ман чашмонамро пӯшида, ба ёд овардам, ки ӯ бо чӣ гуна навозиш чашмони маро ламс карда, маро «диданӣ» мешуд. Ва ногоҳ симои маҳбуси девона ва тамоми манзараи ҷазодиҳии ӯ дар пеши назарам пайдо шуд. Сипас ман Айяро ба худ тасаввур кардам: ӯ устухонҳои шикаста ва пӯсти пора-порашударо «мебинад» ва бо ангуштонаш хуни часпак ва гармро ҳис мекунад. Ман гӯё гиристани ӯро мешунидам. Ӯ замоне маро дӯст медошт, аммо акнун, ки ман ба чунин ҳайвон табдил ёфтаам, оё ӯ маро дӯст медошт? Ба ҳеҷ ваҷҳ! Ӯ чӣ тавр маро дӯст дошта метавонад, ҳол он ки ман одамро то ниммурда шуданаш задам ва ба тамоми умр маъюб кардам? Барои рондани васваса ман ба зери кӯрпача даромада, гӯшамро бо болишт маҳкам кардам. Ҷисми лоғаршудаи маро даҳшат азоб медод. «Худо туро дӯст медорад, Тонӣ». Ин суханони Майкл дар сарам тоб мехӯрданд ва ман аз онҳо халос шуда наметавонистам. Maн ин фикрҳоро мерондам, аммо вақт мегузашт ва тадриҷан ин суханон маро фурӯтан намуданд. Ман оятеро ба ёд оварданӣ шудам, ки Майкл иқтибос оварда буд. Он дар шуури ман пайдо мешуд ва ман онро порча-порча ҷамъ мекардам. «Зеро Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи Худро дод...» Баъзе чизҳо равшан шудан гирифтанд. Худо аллакай дод. Исо аллакай дар салиби Ҷолҷолто маслуб карда шуда буд ва ман ҳар қадар ба гузашта ғӯтавар шавам ва дар оянда ҳар коре кунам ҳам, ин ҳақиқатро ҳеҷ чиз дигаргун карда наметавонад! Ман гаштаву баргашта оиди он шахс дар роҳрав фикр мекардам. Албатта, Худо ин рафтори маро сарфи назар намекунад, пас ман бояд ҷазо дода шавам? «...то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ба даст оварад». Ман тамоми оятро дар хотир барқарор карданӣ шуда, ҳар як калимаро такрор мекардам. Ва ин суханон ба шуури ман ворид мешуданд, мисли он ки дар ин ҷо, дар камераи ман касе буд, ки онро ба гӯши ман гуфта, онро бароям тафсир карданӣ мешуд. «То ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад.. ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад». Ба маънои ниҳонии ҳар як калима сарфаҳм рафта, ман ба фаҳмиши бароям ғайриоддӣ омадам. Акнун тӯб дар нисфи майдони ман буд. Агар бо ин розӣ шавам, бояд ба ҳамаи чизҳои боқимонда, ки Майкл ба ман мегуфт, бовар кунам. Аз чӣ сар кунам? Ва боз симои шахсе ки ман ӯро лату кӯб кардам, виҷдони маро азоб додан гирифт. Ман дигар тоб наоварда, дод задам: – Худоё, маро бубахш! Ин ба хароб гардидани сарбанд монанд буд. Ногоҳ дар пеши ман, чун дар кино, манзараҳои ҳаётам, симоҳои фаромӯшшудаи кӯдакӣ ҷилвагар шуданд. Ман гӯё дар тунели даҳшатовари азобҳову уқубатҳо парвоз мекардам. Фикрҳо бо суръат аз пеши назар мегузаштанд, дар пеши назари ботинии ман яке паси дигар одамоне ки ман кушта будам, пайдо мешуданд, ман ҷисмҳои лату кӯбшуда ва маъюбшудаи онҳо ва ҳар як захми расондаамро медидам. — Илтиҷо мекунам, Худоё, агар Ту ҳақиқатан вуҷуд дошта бошӣ, гуноҳҳои маро бубахш, — дод мезадам ман. Кино бо суръати бештар тоб хӯрдан гирифт. Ман онро сусттар карданӣ мешудам, то ки ҳама чизро ба ёд оварам ва бо азоби даҳшатовар аз Худо барои он чи ба ёд оварда наметавонистам, омурзиш хостан гирифтам. Ман чунон мегиристам, ки нафасгир мешудам. Доду фарёдҳои ман баландтар ва девонавортар мешуданд ва барои он ки маҳбусони дигар маро нашунаванд, лозим омад, ки рӯямро бо болишт пӯшонам ва гаштаву баргашта дар назди Худо диламро холӣ кунам. Ҳамин тавр, аз афташ, якчанд соат гузашт. Ҳангоме ки ман, ниҳоят, бархестам, камера аллакай торик буд. Дар маҳкам буд, дар ҳабсхона хомӯшии том ҳукмфармо буд. Дар тирезачаи хурдакаки панҷарадор ман моҳро дида метавонистам. Ман ба нури моҳ, ки аз панчара гузашта, партав меафканд, менигаристам ва ба ман чунин метофт, ки на симҳои панҷараи оҳанин, балки салиби Ҷолҷолторо мебинам, ки дар он Исоро маслуб карда буданд. Акнун суханони Майклро ба ёд оварданам даркор набуд. Суханон чу сел ҷорӣ мешуданд. Ман дар дуо аз Исо хоҳиш мекардам, ки маро бахшад, илтиҷо менамудам, ки холигии диламро пур кунад, ваъда медодам, ки ҳаёти пештараро тарк намуда, ҳамроҳи Ӯ ҳаёти навро сар кунам. Ман бо Исо тамоми шаб сӯҳбат мекардам ва дар охир хобам бурд. Пагоҳии дигар ҳама чиз бароям дигаргун метофт. Табъам тамоман дигар буд. Он қадаре ки худро дар ёд дорам, ман ҳамеша бадхашм будам ва ба ҳеҷ кас раҳм кардан намехостам, аммо ин пагоҳӣ ногоҳ ҳис кардам, ки ҳисси хашму ғазаб гум шуд, нопадид гашт. Дилам ором буд, як навъ осудагии ғайриоддӣ ҳис карда мешуд. Ин ҳиссн ҳайратовар буд. Ман дар кат нишаста, ба чоркунҷаи хурди равшании офтоби паси панҷара менигаристам. Дар берун рӯзи беабри офтобӣ буд. Ногоҳ ба хаёлам омад, ки вақтҳои охир ман ба тирезача қариб тамоман нигоҳ намекардам. Ман намехостам худро бо фикрҳо оиди он чи аз даст додаам, азоб диҳам. Ман гармии ғайриоддиро ҳис кардам, агарчи офтоб ҳанӯз деворҳои ғафси бетонии блоки ҳабсхонаро гарм накарда буд. Рӯзи гузашта ва гуфтугӯ бо Худоро ба ёд оварда, ман табассум кардам ва гуфтам: «Ташаккур, Исо». Ман ҳанӯз он чиро, ки бо ман рӯй дод, намефаҳмидам, аммо медонистам, ки дар ман дигаргунӣ ба амал омадааст. Ба ман чунин тофт, ки санги бузурге аз китфонам афтид. Мехостам бо Майкл гуфтугӯ кунам ва қарор додам оиди он ки ба Худо дуо кардам ва оиди боварӣ ба он ки Исо маро наҷот дод, ба ӯ мактуб нависам. Ман медонистам, ки ӯ хурсанд мешавад. Ғиҷироси оҳанини дари кушодашавандаро шунида, ман ҳатто ларзидам. Ҳабсхона бедор мешуд, аз дари кушода ба камера ғавғо ва нидоҳои маҳбусоне ки роҳравро пур карда буданд, дохил шуд. Пештар хӯроки ҳабсхона барои ман нафратовар буд, аммо акнун ман бесаброна ҳиссаи шавлаи ҷавии худро интизор будам. Аз кат ҷаста хеста, ман ба қуттии сигор аҳамият додам ва ногоҳ ҳис кардам, ки аз бедор шуданам аллакай ду соат гузаштааст, аммо сигор кашидан ба гӯшаи хотирам ҳам наомадааст. Одатан ман то даме ки ақаллан ду сигарет накашам, аз кат барнамехестам. Аз ин дигаргунӣ ҳайрон шуда, ман қуттии сигорро гирифта, дуртар, ба зери кат партофтам — аз чашм дур ва аз дил берун! Дар пеши дари ман маҳбуси бузургҷуссаи малламӯй истода буд. Ин яке аз васвосиҳо буд ва рӯзи гузашта ба ёди ман омад. Дар фарши камераи ман ҳанӯз пайи хун боқӣ монда буд. Баданам аз хотираҳои рӯзи гузашта вараҷа кард ва ман кӯшиш кардам, ки аз назди азимҷуссаи малламӯй гузашта равам. Ӯ сӯи ман гашта, бо алфози қабеҳ ҳақорат кард ва сигорро ба дасти ман расонд. Ман ба чашмони ӯ нигаристам, хокистарро аз дастам афшондам ва рафтам. Ба ошхона расида, ба ҷои сӯхтаи дастам нигаристам ва ба чашмонам бовар накардам. Пайи сӯхтагӣ набуд! Дастонам пур аз пайҳои захмҳое буданд, ки дар натиҷаи задухӯрдҳо пайдо шуда буданд, захми сӯхтагии дирӯза ҳанӯз сӯзиш мекард, аммо захми сӯхтагии нав набуд. Баъди якчанд рӯз ман дар китобхона нишаста, ба Майкл номаи дуюмро менавиштам. Ман саволҳои бисёре доштам ва бесаброна интизори вохӯрӣ бо ӯ будам. Дар назди ман ҷавоне аз Шри-Ланка нишаста, сурат мекашид. Ҷоеро, ки мо нишаста будем, китобхона номидан душвор буд. Он камераи муқаррарӣ буд, ки он ҷо дар болои мизҳои дағалона сохташуда якчанд китобҳои фарсуда буданд. Аммо дар ин камера оромӣ буд ва вақтҳои охир ман қисми зиёди рӯзро дар ҳамин ҷо, дур аз доду фарёдҳо ва занозаниҳои блоки асосӣ, мегузарондам. Ман мактуб менавиштам ва диламро хурсандӣ фаро мегирифт. Бо вуҷуди вазъи ҳақиронаи атроф ман шодӣ мекардам. Наход ягон вақт худро аз ҳозира беҳтар ҳис мекарда бошам? Шейн аз ким-куҷо андак кофеи хушк ва дар фляжка оби гарм овард. Ӯ зарфи мисинро ба ман дароз кард. — Ба ту чӣ шуд, Тонӣ? — пурсид ӯ. — Ин чӣ табассуми аблаҳона аст? Чунин метобад, ки ту ҳозир дар камера ба рақс медароӣ. Ман хандидам. — Гӯш кун, бача, иқрор шав! Чӣ истеъмол мекунӣ? Андак ба ман деҳ, — гуфт зодаи Шрӣ-Ланка. — Ман маводи нашъаовар истеъмол намекунам ва сигор намекашам, Шейн, — ҳанӯз ҳам ханда карда, гуфтам ман. Шейн сӯи ман тоб хӯрд ва бодиққат ба чашмонам нигарист. Ӯ як вақтҳо бо контрабандаи маводи нашъаовар машғул мешуд ва шахси аз маводи нашъаовар мастшударо дарҳол мешинохт. — Ту, албатта, ягон чизи масткунанда истеъмол кардаӣ, вагарна чаро ин тавр кайф карда истодаӣ? Бе шубҳа, аз як тараф чунин намуда метавонист, ки ман бо эйфорияи боздоштанашаванда фаро гирифта шудаам, агарчи ин ҳолат ба маводи нашъаовар ҳеҷ муносибат надошт. — Ман танҳо аз он хурсандам, ки ба Исои Масеҳ имон овардам, Шейн. Ҳамин тариқ, ман эътироф намудам. — А-а, «Исо»... Ин барои ман як чизи нав аст. Ман оиди чунин маводи нашъаовар чизе нашунидаам. Ту онро аз куҷо ба даст овардӣ? — пурсид Шейн. — Не, Шейн, ман тамоман ҷиддӣ мегӯям. Имшаб ман ба Худо имон овардам ва акнун шахси дигар ҳастам. Ман хеле хушбахтам! Шейн хандид. Албатта, ӯ ба ман бовар накард, аммо ман ба ӯ оиди Майкл Райт, оиди вохӯриҳо бо онҳо ва оиди ҳамаи он чи ӯ ба ман дар бораи Исо гуфта буд, нақл кардам. — Ба ман ҳеҷ гуна маводи нашъаовар даркор нест, то ки ин хурсандиро ҳис кунам, Шейн. Гӯш кун, ман ба ту чӣ гуфтан мехоҳам. Ҳар боре ки ту маводи нашъаовар истеъмол менамоӣ, худро дар авҷи хушҳолӣ ҳис мекунӣ. Баъд барои он ки ҳамин гуна хушҳолиро ҳис кунӣ, бояд вояро зиёдтар кунӣ. Магар ин хушбахтӣ аст Шейн? Ин беморӣ, майли нохуб ва вобастагӣ аст. Ҳар тавр ном гузорӣ ҳам, он ба ҳар ҳол туро то даме ба худ мекашад, ки бо чанголи марговараш часпида мегирад ва инак, ту бо рӯҳафтодагии марговар дар лаби партгоҳ истода, рост ба дӯзах равона ҳастӣ. Шейн ба аломати тасдиқ сар меҷунбонд, ӯ инро худаш ҳам медонист. Ман аз Шейн оиди дуои худ ва шифоёбӣ аз хашму ғазаб нақл кардам. Ман ба ӯ оиди захмҳои сӯхта ва дигар чизҳои ҳайратоваре ки пас аз шаби ба Исои Масеҳ супурдани ҳаётам рӯй доданд, нақл кардам. — Ман дарҳол дигаргуниро дар ту ҳис кардам, — гуфт Шейн. — Аммо гумон кардам, ки ин дафъа ба ту моли хуб насиб шудааст. Шейн аз ҳайрат сар меҷунбонд. Ман суханони Инҷили Юҳанноро ба ёд оварда, ба ӯ гуфтам: – Ту бояд бо имон дуо куниву бас. Шейн маро бо диққат гӯш мекард. Ӯ саволҳо медод, аммо бар хилофи баҳсҳое ки ман бо Майкл мекардам, ӯ бо ман баҳс намекард. — Аммо ба ҳар ҳол ман як чизро намефаҳмам: Барои чӣ лозим омад, ки Исо бимирад? Чаро Худо инро хост? — пурсид ӯ. Ман андаке андеша кардам. Ин барои ман низ нав буд. Чунки ман нав имон оварда будам. Албатта ман бо Худо вохӯрдам ва омурзиши Ӯро дар худ ҳис кардам, аммо ин таҷрибаро ба касе гуфтан, хусусан ба касе ки забони модариаш англисӣ нест, душвор буд. — Шейн, Худо комил ва муқаддас аст, — сар кардам ман. — Мо бошем аз камолот хеле дурем. Ҳамаи мо гунаҳкоронем. Ҳатто некхислаттарин шахси ҷаҳон ба меъёрҳои Худо мувофиқат намекунад. Оиди ин дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст. Аммо ин маънои онро надорад, ки Худо моро дӯст намедорад. Рости гап, Ӯ хеле мехоҳад, ки мо бо Ӯ бошем. Ӯ Писари Худ Исоро ба замин барои он фиристод, ки мехост муддате одам бошад. Ӯ ҷисм гашта, ба мо нишон дод, ки дар замин буда, чун мо азоб кашиданро дар ҳақиқат мефаҳмад. — Фаҳмо, давомашро гӯй, — гуфт Шейн бесаброна. — Ҳамин тариқ, ҳангоме ки Исо мурд, Ӯ ба ҷои мо мурд. Ӯ гуноҳи моро ба дӯши Худ гирифт, то ки мо омурзида шуда тавонем ва бо муқаддасии Масеҳ назди Худо ҳозир шавем. Аз ҳамин сабаб Исо қурбонии комил шуд. Ӯ ба ҷои мо мурд, яъне маргро, ки мо аз боиси гуноҳҳоямон ба он сазовор будем, ба Худ гирифт, то ки ба мо ҳаётро диҳад. Яъне мо имкон дорем, ки байни ҳаёт ва марг интихобе кунем. — Пас, ҳамаи мо бояд барои гуноҳи худ ҷазо дода шавем, аммо Худо моро аз ин ҷазо раҳоӣ дод? — Умуман, қариб ҳамин хел. Аммо Худо моро аз ҷазо барои гуноҳ раҳо накардааст. Ҷазо барои гуноҳ боқӣ мемонад. Аммо ба ин ҷазо на мо, балки Исо гирифтор карда мешавад. Ман андак фикр кардам ва қарор додам, ки ин ҳақиқатро ба таври оддӣ, дар мисоли ҳаётӣ фаҳмонда диҳам. — Ду писар буданд. Онҳо якҷоя дар як хона калон мешуданд ва ҳангоме ки ба балоғат расиданд, дӯстони беҳтарин шуданд. Солҳо мегузаштанд, роҳҳои онҳо ҷудо шуданд. Яке дар вазифа боло рафта, довар шуд. Дигарӣ ба талхиҳои рӯзгор дучор шуд, бо шахсони бад дӯстӣ пайдо кард ва дузд шуд. Боре довар дид, ки дар байни доваришавандагон дӯсти давраи бачагии ӯ мебошад, ки вай ӯро хеле дӯст медошт. Дар назди ӯ дилеммаи даҳшатовар буд: Ӯ чун довар бояд қонунро ба ҷо меовард, яъне ҳукм мебаровард, ки дузд ҷаримаи калон пардохт намояд. Аммо ӯ медонист, ки дӯсташ ин миқдор ҷаримаро пардохт карда наметавонад. Агар вай ҷаримаро пардохт накунад, ба зиндон партофта мешавад. — Баъд чӣ шуд? — пурсид Шейн. — Довар ҳукм баровард, чунон ки довар бояд кунад. Аммо пас аз баровардани ҳукм ӯ аз ҷояш хест, парик ва мантияи довариро бадар намуда, ҳамаи ҳозиронро ҳайрон кард. Вай назди дӯсти деринааш омаду китобчаи чекҳои худро баровард,а барои шахсе ки хеле дӯсташ медошт, ҷарима пардохт намуд. Акнун дӯсти ӯ озод буд. Ҳеҷ гуна ҷарима, ҳеҷ гуна маҳкумият, ҳеҷ гуна қарз. Умуман ҳеҷ чиз. — Пас, довар Масеҳ аст, ҳамин тавр не? — Ҳа, Ӯ Худоро ба мо зоҳир мекунад. Як чизро ба назар гир: довар бояд қонунро ба ҷо меовард, чунки худаш тимсоли қонун буд. Ӯ ҷинояти дӯсташро сарфи назар карда наметавонист. Аммо ӯ қарор дод, ки ба ҷои дӯсташ худаш ҷарима пардохт намояд. Ӯ чун довар ҷарима пардохт карда наметавонист. Ана барои ҳамин ӯ муваққатан, танҳо муваққатан парики доварӣ ва мантияро бадар кард ва ба ҷои нишасти доваришавандагон назди дузд нишаст. — Ана акнун фаҳмидам. Он оятро барои ман такрор кун. Ҳамонеро, ки оиди имон ва ҳаёти ҷовидонӣ аст. — Ин ояти шонздаҳум аз боби сеюми Инҷили Юҳанно аст: «Зеро Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи Худро дод, то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад». Ҳангоме ки ман ин суханонро ба забон меовардам, аз рухсораҳои Шейн ашк ҷорӣ мешуд. — Шейн, оё ти мехоҳӣ имон оварда, ҳаёти ҷовидонӣ ба даст оварӣ? — ӯро таҳрик менамудам ман. — Оё мехоҳӣ, чун ман, омурзиш, осоиш ва хурсандӣ бо Худоро ба даст оварӣ? — Ҳа, — устуворона гуфт Шейн. — Аммо ман намедонам, ки чӣ гӯям. Ман чӣ тавр дуо карданро намедонам. — Ман ҳам пеш ҳеҷ гоҳ дуо накарда будам, шаби гузашта — бори аввал дуо кардам, — ёдрас кардам ба ӯ. — Аммо агар хоҳӣ, мо якҷоя ин корро карда метавонем. Аввал ман гап мезадам, баъд ӯ аз паси ман такрор мекард. Ӯ аз Худо омурзиш мехост, оиди он мегуфт, ки мехоҳад аз роҳи пештара баргашта, дили худро барои Исо пок кунад. Ҳамин тавр ман бори аввал дар ҳаётам ҳамроҳи касе дуо гуфтам. Ва ин хуб буд. Ашкҳо аз рӯи Шейн ҷорӣ мешуданд. Ӯ аз дастони ман дошта, худаш ба забони модарии худ дуо мекард. Ман ягон калимаро намефаҳмидам, аммо бовар мекардам, ки аз лабони ӯ дархости самимӣ берун меомад. Ман барои Шейн вохӯриро бо Майкл ташкил намудам ва ӯ моро барои омӯзиши Китоби Муқаддас бо васоити таълимӣ таъмин намуд. Шейн ба англисӣ хуб гап мезад, аммо ману Майкл хеле мехостем барои ӯ Китоби Муқаддасро ба забони сингалӣ (Шрӣ-Ланка) пайдо кунем. Ман дар ҳабсхона буда, чӣ кор карда метавонистам? Танҳо дуо кардан! Майкл бошад вақтро беҳуда сарф намекард: ӯ аз ҳамимонҳояш дар калисо дар ин хусус мепурсид. Ва инак, мӯъҷизаро бинед, ки як зан дар хонааш Китоби Муқаддасро ба забони сингалӣ ёфт. Шейн беандоза хурсанд шуд. Баъди якчанд ҳафта ӯ, нашъаманд бо собиқаи бисёрсола, пурра аз вобастагии худ халос шуд. Баъди андак муддат Майкл аллакай Китоби Муқаддасро ба забони немисӣ ҷустуҷӯ мекард. Зиггӣ — номи пуррааш Зигфрид Гробер, чунон ки ӯ худро шиносонд — як шахси қариб чилсолаи бесулуқай, тамокукаши ашаддӣ, зодаи Берлин буд. Ин корчаллон дар вақташ бо қаллобиҳо дар биржа пули зиёде ҷамъ карда буд, акнун бошад бо мӯйҳои сафедшудаи дароз, мӯйлабҳои бесомони дурушт ва шиками калон, ки аз зери футболка берун мебаромад, аз қаллоби моҳир дида бештар ба байкер монанд буд. Ӯ шахси густох ва худписанд буд. Бе ҳеҷ гуна мақсад, танҳо бо хоҳиши исён кардан ӯ зидди ҳама гуна роҳбарият мебаромад. Дар айни замон ӯ ҳамеша метавонист ба шароит мутобиқ шуда, дар ошхона ҳиссаи иловагии хӯрокро ба даст оварад. Ин исёнкор барои контрабанда зиндонӣ шуда буд ва оиди худ як ҳикояти суфтаву ҳамвор мебофт, агарчи ман ба гуфтаҳои ӯ на он қадар бовар мекардам. Мо баъзе робитаҳои умумӣ доштем, бинобар ин аз худи аввали дар ҳабсхона будан мо хуб ҳамкорӣ мекардем. Зиггӣ, чун шахси эҷодкор, тамоми вақти худро бо он мегузаронд, ки аз гӯгирдчӯбҳо моделҳои мураккабтарини киштиҳоро месохт. Мо бисёр вақт якҷоя менишастем, ман расм мекашидам ӯ бошад моделҳо тартиб медод. Ба «асарҳо»-и мо талабот зиёд буд, бинобар ин мо қариб ҳеҷ вақт дар дарёфти сигор ва дигар хизматҳое ки дар шароити «меҳмонхона»-и мо дастрас мебошанд, норасоӣ надоштем. Ҳангоме ки ман бори аввал ба ӯ оиди вохӯриям бо Исо гуфтам, ӯ маро масхара кард ва аз ҳамон вақт маро «воиз» меномид. Ӯ маро эҳтиром менамуд, аммо чун бисёрии одамон, ба дин ҳеҷ гуна таваҷҷӯҳ надошт. Ман медонистам, ки ҳеҷ кас ба дидорбинии ӯ намеояд, бинобар ин баъди ду-се ҳафта ӯро розӣ кардам, ки бо Майкл Райт вохӯрад. Аз афти кор, вохӯриҳо бо Майкл ба ӯ маъқул набуданд, аммо ҳангоме ки ӯ дӯсти маро ғайбат кардан гирифт, ман фаҳмидам, ки ин ҳилаи навбатии Зиггӣ аст. Вохӯриҳо барои ӯ як воситаи иловагии ба даст овардани як қуттӣ лимонад ё як плитка шоколади бепул аз ошхона барои боздидкунандаҳо буд. Боре ман бо ӯ дар камераи худаш даст ба гиребон шудам. Ин баҳси беҳуда буд. Ӯ дар ҳаққи Майкл бадгӯӣ карда, ба Худо лаънат хондан гирифт. Ин маро аз ҳолати мувозинат берун кард: ман аз Зиггӣ сахт хашмгин шудам. — Хайр, ба ман гӯй, воиз, — даҳонашро кафк кунонда, дод мезад Зиггӣ, — Дар ин камера, дар ин хукхонаи манфур Исои ту куҷост? Ба ӯ наздик шуда, дандон ба дандон монда, ман ҷавоб додам:  — Исо назди ту ба воситаи Майкл меояд. — Хандаовар! Ин девона бо табассуми аблаҳона, бо лаққиданҳо оиди корҳои калисоӣ ва бо тӯдаи коғазҳои нодаркорӣ оиди Исое мегуфт, ки вуҷуд надорад. Ман мехостам ӯро ба ин ҷо кашола карда биёрам ва нишон диҳам, ки дар ин ҷо дар ҳақиқат чи корҳо шуда мегузаранд. Ман ҳис кардам, ки хашми пештара, ки чун аз чуқуриҳои номаълуми вуҷудам берун меояд, аз таҳти назорати ман берун меравад. Ман аз гиребони куртаи Зиггӣ гирифтам. — Агар дар ҳаққи Майкл боз ягон чиз гӯӣ, ҳамаи дандонҳоятро зада мешиканам. — Зан, воиз, зан, — ӯ рӯяшро ба ман рост карда, маро масхара мекард. Ва ман задам. Ман ба фукаш мушт задам ва ӯ ба фарш афтид, агарчи ман бо ними қувват зада будам. Дар давоми ҳафтаҳои охир Зиггӣ аз рӯи сурат модели яхтаи калонеро месохт. Ин суратро ба ӯ Чико, зодаи Испания, дода буд. Яхтаи нави хуб оро додашуда, ки қариб тайёр шуда буд, дар рӯи миз меистод. Ҳангоме ки Зиггӣ ба рӯи миз афтид, яхта ба ҳазорон пораҳо пош хӯрд. Зиггӣ ба хашм омада, ба ман дарафтод. Ин дафъа ман ӯро ба фарш зада афтондам. Ӯ зӯр зада, аз дастони ман раҳо шудан мехост ва лаънат мехонд. — Зиггӣ, Зиггӣ, бас кун! Ман инро аз он сабаб ба ту мегӯям, ки ту дӯсти ман ҳастӣ. Исо туро дӯст медорад ва туро наҷот додан мехоҳад. Ман даъватҳои худро такрор менамудам, ӯ дуру дароз муқобилат мекард, то даме ки тамоман беҳол шуд. Баъд Зиггӣ ба дод задан сар кард: — Ман бовар кардан мехоҳам, аммо дар ҳабсхона ин душвор аст, қариб ғайриимкон! Ман дигар тоб оварда наметавонам. Бадани калони ӯ сим-сим меларзид: ӯ дигар худдорӣ карда наметавонист. Ин ба дили ман таъсир кард. Ин ҷо ҳабсхона аст. Ман ҳар рӯз медидам, ки ҳабсхона шахсони гӯё боқувват ва нотарсро дарҳам мешикаст. Одамон худкушӣ мекарданд ва аз ноумедӣ, рӯҳафтодагӣ ва танҳоӣ девона мешуданд. Ҳамаи ин дар пеши назари мо воқеъ мешуд. Мо ҳар ду гиря кардем. Зиггӣ, биё дуо мекунем, — пешниҳод кардам ман. — Худи ҳозир, дар ҳамин ҷо. Ман намедонам, ки барои ту боз чӣ кор кунам, чӣ гӯям. Оё ту ҳамроҳи ман дуо мекунӣ? — Зиггӣ ба аломати тасдиқ андак сар ҷунбонд ва ба зудӣ ҳузури Худо камераи ҳақири моро пурнур кард. Дар тӯли ҳафтаҳои минбаъда баъзе ҷинояткорони ашаддитарин ва бераҳмтарин дар назди тавоноии Худо зону заданд. Дарки гуноҳ ба таври ҳайратовар осон ба даст меомад. Ҳеҷ кадоми онҳо ҳақиқатеро инкор намекард, ки аз рӯи ҷиноятҳои худ гунаҳкорони бадтарин мебошад. Онҳо гунаҳкор будани худро ба таври амиқ дарк мекарданд. Бисёриҳо чун кӯдакон мегиристанд, ҳангоме Исоро барои атои омурзиш, барои марҳамати Худо, ки онҳоро ҳатто дар ҳабсхона озод мегардонд, шукр мегуфтанд. Майкл Райт беш аз ҳарвақта бо кор банд шуда буд. Ман бошам одамонро дастгирӣ карда, онҳоро ба вохӯрӣ бо Майкл розӣ мекардам. Майкл муддате якбора барои дидорбинии даҳ нафар маҳбусон меомад, аммо ҳатто ҳамон вақт ӯ бо ҳикмати худ ва бо фаҳмиши Навиштаҷоти Муқаддас насиҳат додани маро фаромӯш намекард. Калисои ӯ дар ҳаққи мо дуо мекард. Валерӣ дар яке аз вохӯриҳо бо ман иқрор шуд, ки онҳо оиди миқдори бештари коргарон дар киштзори Худо дуо мекунанд. Барои он ки миқдори бештари масеҳиён ба ин ҳабсхона афтанд, то ки гурӯҳи хурди имондорони мо миқдоран афзун шавад ва онҳо якдигарро боз ҳам бештар дастгирӣ карда тавонанд. Аммо ман аз ин ба даҳшат омадам. — Не! — нидо кардам ман. Дар ин бора дуо накунед. Танҳо хоҳиш кунед, ки ҷонҳои бадбахте ки дар ҳабсхона азоб мекашанд, Масеҳро дарк карда тавонанд. Бо Муҳаммади мусулмон низ ҳамин тавр шуд. Ӯ одами калон буд, мушкилоташ низ калон буданд. Ӯ барои куштани таксисти юнонӣ зиндонӣ шуда буд. Зани ӯ Таммам ва бародараш Аҳмад низ зиндонӣ буданд. Таммам, ки дар блоки занона буд, ҳомила буд. Ман медидам, ки Муҳаммад ҳар рӯз ҳамроҳи имом дуо мекунад. Баъзе мусулмонон ҳангоми таъзимҳои маросимӣ пешониҳои худро зада мекафонданд. Боре, ҳангоме ки ӯ ҷойнамози дарида дар бағал ба камера бармегашт, ман ӯро ҷеғ задам. — Биё гуфтугӯ мекунем, Муҳаммад, — гуфтам ман ба ӯ бо табассум. Муҳаммад танҳо буд. Юнониҳо ӯро бад медиданд. Ӯ яке аз ҳамватанони онҳоро кушта буд, бинобар ин дар ҳабсхона ӯро бисёр зарбу лат мекарданд, ҳам маҳбусон ва ҳам varianos. Дар баробари ин ӯ дар байни ҳамқавмони худ низ радди маърака буд, зеро мусулмонон чунин меҳисобиданд, ки ӯ бо зан ва бародараш ҷинояткорона забон як карда, авлоди худро шарманда кардааст. Ҳар боре ки ман ба Муҳаммад наздик шавам, ӯ чашмонашро нобоварона нимкоф карда, ба ман менигарист. Аммо тадриҷан кӯшишҳои бо ӯ наздик шудан бо муваффақият анҷомиданд. Дар охир байни мо муносибатҳои дӯстона барпо шуданд. Албатта, ӯ ба дӯст эҳтиёҷ дошт. Ман ба ӯ сигор ва маводи сураткашӣ медодам. Тадриҷан яхи дили ӯ об шуд. Дар он рӯзи хотирнишон аз ваҷоҳати Муҳаммад чунон бармеомад, ки гӯё ӯ бори андӯҳи ҷаҳонро ба гардани худ бор карда бошад. Ҳангоме ки ӯ сигор мекашид, ангуштони аз никотин зардшудаи ӯ меларзиданд. — Аллоҳ аз ман рӯ гардондааст, Тонӣ, — гуфт ӯ. Дар чашмонаш ашкҳо пайдо шуданд. — Намедонам чӣ кор кунам. — Муфассал нақл кун, — дар дил оиди роҳнамоии Худо дуо карда, гуфтам ман. Муҳаммад пичиросзанон гуфт: — Оиди блоки занона ба ман хабарҳои даҳшатнок мерасанд, Тонӣ. Ман барои Таммам хавотир ҳастам. — Ту чиро дар назар дорӣ? — Ман шунидам, ки зиндонбонон занҳоро таҷовуз ва лату кӯб мекунанд. — Бо душворӣ ҳаяҷонашро паст карда, Муҳаммад сарашро оҳиста ҷунбонд ва дуди сигорро чуқур дарун кашид. — Кӯдаки мо бояд ба қарибӣ таваллуд шавад. Шояд ман ӯро ҳеҷ гоҳ намебинам. — Рӯзе фаро мерасад, ки ту аз ин ҷо мебароӣ. Ҳабси якумра маънои онро надорад, ки ту бояд ҳамеша дар ҳабсхона монӣ.[23] Ҳатто агар аз ин ҷо бароям ҳам, ҳаёти ман арзише нахоҳад дошт. Аҳли оилаи Таммам ӯро маҷбур мекунанд, ки аз ман ҷудо шавад. Ман ҳатто намедонам, ки ба ӯ чӣ гӯям. — Ту бо ӯ вохӯрда метавонӣ? — Агар Chowishi иҷозат диҳад, ҳафтаи оянда бояд вохӯрӣ баргузор гардад. Вохӯрӣ ним соат давом мекунад. Ҳатто намедонам, ки оё барои ба чашмони ӯ нигаристан ҷуръат карда метавонам ё не. — Ман дар ҳаққи ту дуо мекунам, Муҳаммад. — Ба Худои худ дуо кун, Тонӣ, то ки ҳамааш хуб гузарад. — Муҳаммад ҷойнамози худро лагад зад. — Ҳатто хешовандонам аз ман рӯ гардондаанд. Ман медонам, ки гуноҳи калон кардаам, аммо ман аз ноилоҷӣ чӣ кор карданамро намедонистам. Барои куштани он юнонӣ ба ман пули зиёд ваъда карданд. Бо ин миқдор пул ман аҳли оилаамро як сол хӯронда метавонистам. Ман дар Ӯрдун ҳар рӯз медидам, ки волидонам, бародарон, хоҳарон ва ҷиянҳоям бо тамоми қувва кор мекунанд, то ки аз гуруснагӣ намуранд. Ман ба онҳо даркорам, вагарна ҳамаи онҳо мемиранд. Акнун ман намедонам, ки бо онҳо чӣ мешавад. Мо муддате дар хомӯшии пурра нишастем. Баъди якчанд рӯз ман Майкл Райтро гусел карда, дар толори боздидкунандагон зани мусулмонро дидам. Зан ҳомила буд. Зан-variano, ки ӯро ҳамроҳӣ мекард, дар ошхона кофе тайёр мекард. Аз афти кор он зани мусулмон Таммам буд. Ӯ ба забони англисӣ хуб гап намезад, аммо ману ӯ якдигарро фаҳмидем. — Ман бо шавҳари шумо дӯстӣ дорам, — ба сари синаам бо ангушт ишора карда, бо табассум гуфтам ман. — Муҳаммад одами хуб ва меҳрубон аст. — Таммам ба посбони худ бо асабоният нигариста, табассум мекард. Ман ба ӯ як порча коғазро бо адреси Майкл додам. — Аз ӯ хоҳиш кунед, ки ба дидорбинии шумо биёяд. Майкл албатта ба шумо ёрӣ мерасонад, — гуфтам ман. Ман боварии пурра надоштам, ки ӯ маро фаҳмид, аммо дигар чӣ кор карда метавонистам. Ҳамин вақт зан-variano бо ҳам гап задани моро дида монд ва ба сари ман дод зад, ки фавран дур шавам. Баъди панҷ рӯз Майкл ба ман навишт, ки Таммам ба вохӯрӣ бо ӯ розӣ шудааст. Чуноне ки ман интизор будам, ӯ дарҳол ба кор шурӯъ кард: ба боздиди Таммам омад ва барои дастгирии ӯ бо хоҳарон аз калисо вохӯрӣ ташкил намуд. Баъди якчанд рӯз Муҳаммад бо ҳаяҷон ба камераи ман давида даромад. Ӯ дар ҳаяҷон буд. Арақ аз рӯи ӯ ҷорӣ мешуд. — Ман аз Таммам хатча гирифтам, — гуфт ӯ. Кори гӯшношунид! То ҳол мардҳо ва занҳои маҳбус ба якдигар чизе намефиристоданд. Гоҳо ҳангоми қадамзанӣ дар ҳавлии дарунӣ мо занҳои маҳбусро, ки аз дарвоза мегузаштанд, медидем ва ба ҳамдигар нигоҳҳо мекардем. Баъзе varianos ба ин аҳамият намедоданд, бинобар ин маҳбусон аз афти кор, ба якдигар баъзе чизҳои майда-чуйдаро расонда метавонистанд. — Ӯ менависад, ки ба Исои ту имон овардааст, — гуфт Муҳаммад бо рӯҳафтодагӣ. — Оё ту чизеро мефаҳмӣ? Ҳамаи ин чӣ маъно дорад? Агар бародарам Аҳмад бохабар шавад, дар ин бора на танҳо хешовандон, балки тамоми аҳли деҳа мефаҳманд. Вақте ки ӯ аз ин ҷо мебарояд, ӯро мекушанд. Он рӯз бо Муҳаммад гап задан душвор буд. Ӯ сахт ба изтироб омада буд, аммо дар айни замон дар ботини ӯ дигаргуниҳо ба амал меомаданд ва ман инро медидам. Ман ӯро низ бо Майкл шинос кардам. Ду рӯз нагузашта Муҳаммад боз назди ман ба камера омад. Он вақт ман бори аввал ӯро табассумкунанда дидам. Ӯ гӯё ҷавонтар шуда буд, чашмони калон кушодааш аз нури ботинӣ ҷило медоданд. Мушкилоти ӯ ҳал шуданд. Ӯ, ба монанди ман, Наҷоткори худро пайдо намуд. Акнун, бо вуҷуди душвориҳо, дар ҳаёти ӯ маъно ва умеди нав пайдо шуд. Акнун ӯ метавонист занашро ба ҳимояи Худо супорад. Аз ҳамон вақт мо якдилона дуо мекардем. Дини расмӣ дар ҳабсхона равияи православии юнонӣ буд. Ба дигар динҳо тоқатпазирона мунсибат мекарданд. Дар байни маҳбусон бисёр мусулмонон буданд. Аммо мавъизаи таълимоти Китоби Муқаддас оиди «таваллуд аз олами боло» ба воситаи Исои Масеҳ бидъат ҳисобида мешуд. Ман аз ин парво надоштам. Беш аз ҳама ман мехостам Хушхабарро ба ҳар кас расонам, аз ҷумла ба varianos ва оиди он чи Худованд дар ҳаёти ман кард, нақл кунам. Агарчи мо дар мавриди ҷамъомадҳоямон, албатта, бояд эҳтиёткор мебудем. Ин вақт дар блок аллакай як гурӯҳ имондорони нави масеҳӣ буданд ва албатта, мо мехостем якҷоя дуо кунем ва муошират намоем. Камераи ман барои ҷамъомадҳоямон танг буд, аммо мо худро чун шогирдони Исои Масеҳ ҳис мекардем, ки пас аз маслубшавӣ ва эҳё шудани Ӯ аз ҳукуматдорон пинҳонӣ ҷамъ меомаданд. Мо таърихи Калисои ибтидоиро меомӯхтем, тарзи зиндагии масеҳиёни аввалинро қабул менамудем ва ба қадри имкон таълимоти Аҳди Ҷадидро пайравӣ менамудем. Ҳар боре ки мо ба номи Худованд Исои Масеҳ ҷамъомад баргузор менамудем, ҳукмро оиди пора кардани нон бо эҳтиром ва ҳаяҷони зиёд ба ҷо меовардем. Дар шароити ҳабсхона ин барои мо осон набуд, аммо Худо ҳақиқатан кӯшишҳои моро баракат медод. Барои ҳукм оиди пора кардани нон ҳамеша ҳама чиз ёфт мешуд. Ҳар кадоми мо аз нон ва ангуре ки гоҳо ҳангоми хӯроки нисфирӯзӣ медоданд, сарфа менамудем. Ин ангур ба ҳар ҳол хӯрданибоб набуд, бинобар ин мо аз он як навъ шираи ангур тайёр мекардем — ангурро ба як ҷуфт ҷӯробҳои тоза андохта, мефишурдем ва муддате барои турш шудан мегузоштем. Тадриҷан ин шира ба майи хуб табдил меёфт. Эҳтимол Худи Исо дар истеҳсоли он иштирок мекард. Ман ба камера назар афкандам. Якчанд бародарон кати маро забт намуда буданд, дигарон дар фарш дузону менишастанд. Зиггӣ ва Муҳаммад, чун суиқасдчиён ба ҳам чашмакӣ зада, шӯхӣ мекарданд. Мартин, рӯзноманигори британӣ, ки бароҳаттар ҷой гирфтанӣ буд, дар назди Зиггии азимҷусса боз ҳам харобтар метофт. Мартин танҳо барои визаи қалбакӣ зиндонӣ шуда буд ва ҳеҷ ба шароити ҳабсхона мутобиқ шуда наметавонист. Дар ҷустуҷӯи ҳимоя ӯ аз рӯзҳои аввал ба ман часпида буд ва ба зудӣ ба Хушхабар таваҷҷӯҳ пайдо намуд. Дар ин ҷо Ҳасан, нашъаҷаллоб аз Лубнон, ва Андреас, културисти юнонӣ, ки барои куштори тасодуфӣ зиндонӣ шуда буданд, ҳузур доштанд. – Шейн куҷост? — пурсидам ман. — Ва Симоне? Ҳанӯз саволро ба охир нарасонда будам, ки ба камера Симоне давида даромад. Ӯ нафасгир мешуд ва сахт ба изтироб омада буд. — Алкапонӣ Шейнро таҷовуз кард, — нидо кард ӯ ва ба бародарон он чиро, ки дар блок рӯй дод, нақл кард. Ман дарҳол тоб хӯрда, аз камера ба роҳрав баромадам ва сӯи Шейн давидам. Varianos ӯро бо занбар бардошта мебурданд. Дар атроф маҳбусони дигар ҷамъ шуда буданд. Ман онҳоро тела дода, гузаштам, то ки ба дӯстам наздиктар бошам. Ӯ дар ҳолати шок меларзид, ҳушаш базӯр арзи ҳастӣ дошт. Шими пора-порашуда дар болои ронҳояш овезон буданд, куртааш пур аз хун буд, ки ба фарш рехта, кӯлмак мешуд. Дастону пойҳояш хуншор ва кабудшуда буданд, аз захмҳои буридашудаи сари синааш (ин, албатта, алмоси ришгирӣ буд) хун мечакид. Рӯяш бошад... — Худоё, Худовандо, рӯи ӯ... — аз хашм нафасгир шудам ман. Дар ин шахсе ки дар занбар буд, он ҷавони зебоеро, ки ман пештар медонистам, шинохтан ғайриимкон буд. Алангаи хашм маро сӯзонд. Ман якчанд моҳ боз ба чунин ҳолат наафтода будам, ман боз Тонии пештара шудам — бераҳм ва пурхашм. Ман ба ҳеҷ чиз аҳамият намедодам. Ҳангоме ки varianos дӯсти маро мебурданд, ман қасам хӯрдам, ки Алкапониро пора-пора мекунам. Ман боз дар даҳонам ҳамон мазаи шиносро ҳис кардам. Ман ташнаи хуни Алкапонӣ будам. Боби 12 Ман муштамро сахт ба девор задам. Андоваи хушк кафид ва ба фарш афтид. Ҳангоме ки ман сарамро ба тарафи камераи худ гардондам, тӯдаи маҳбусон, гӯё аз рӯи фармон, ба ман роҳ дод. Ман беҳад хашмгин будам, бинобар ин дуо нагуфта, соат ба соат дар роҳрави дароз мегаштам. Дар охир ман ба камераи яккаи худ баргаштам ва худро ба фарш партофта, дар хусуси дӯст ва бародар дар Масеҳ, ки бераҳмона маъюб карда шуда буд, таассуф мехӯрдам. Ман чандин рӯз бо Худо мубориза бурдам. Ман хондани Китоби Муқаддасро давом медодам, аммо хашм чашмонамро нобино карда буд. Ман аз Худо хоҳиш мекардам, ки имкон диҳад, то барои Шейн қасос гирам. Ман Алкапониро куштан мехостам, дар ин бора кушоду равшан ба Худо мегуфтам. Ман Алкапониро ҳеҷ гоҳ бахшида наметавонам. Ман то даме ки ӯро чун саги девона накушам, осуда намешавам. Дар хусуси Шейн бошад ман метарсидам, ки ӯ ҳеҷ гоҳ сиҳат намешавад. 3-юми майи соли 1990, ҳангоме ки ман ҳаёти худро ба Масеҳ бахшидам, озод шудам. Чун пештара дар ҳабсхона буда, ман озодии рӯҳӣ ба даст овардам. Ин аз озодии ҷисмонӣ беандоза авлотар буд. Аммо задухӯрди ман бо Алкапонӣ бояд якчанд дарси муҳими ибрат медод. Ба қарибӣ ман бояд дар назди Худои тавоно ва ломакон, ки маро аз худам беҳтар медонист, бо тарси эҳтиромона ба зону меафтидам. Алкапонӣ медонист, ки ман ба шикори ӯ баромадаам. Мо ҳар ду лаҳзаеро интизор будем, ки дар задухӯрди марговар ба ҳам рӯ ба рӯ мешавем. Ва ин воқеа ду ҳафта пас дар роҳрави торик ва холии ҳабсхона рӯй дод. Биноҳои асосии ҳабсхонаи марказии Никосия ҳанӯз дар давраи туркҳои усмонӣ аз санг сохта шуда буданд ва барои онҳо саломатӣ, бехатарӣ ва сатҳи умумии зиндагии сокинонаш ҳеҷ аҳамият надоштанд. Дар ин ҷо бисёр ҳуҷраҳои партофташудаи номаскун, роҳравҳои торик ва гузаргоҳҳои кӯҳнаи сарбаста буданд. Аз боиси торикие ки акнун дар дили ман ҳукмфармо шуда буд, ман маҳз ба ҳамин ҷо мерафтам. Дар оромӣ ва холигии нафратовари ин макон ман бо хашм мубориза мебурдам ва аз ӯҳдаи ин васваса баромада натавониста, нақшаи қасосро, ки бо ёрии он Алкапониро несту нобуд карданӣ будам, тартиб медодам. Дар ин нақша барои Худо ҷой набуд. Ман боз бо девҳое ки маро азоб медоданд, якка ба якка будам. Ногоҳ алфози қабеҳ ва наърае ки аз он хун дар рагҳо ях мекард, дар роҳравҳои холӣ ғулғула афканд. Аз торикии зулмот суроби Алкапонӣ пайдо шуд. Чӣ тавр ӯ маро ғофилгир карда тавонист? Ман фурсат надоштам дар ин бора фикр кунам, зеро панчаҳои тавонои душман маро ба девор пахш карда буданд. Ман ба рӯи ӯ нигариста... табассум мекардам ва аз дарёфтани он чи дар ҷустуҷӯяш будам, ҳаловат мебурдам. Ана он, имконияти нобуд кардани Алкапонӣ! Акнун ман барои Шейн қасос гирифта метавонистам. Акнун ман метавонистам бо ин ҳайвон ҳисобӣ карда, ӯро пора-пора кунам ва хуни ӯро дар фарши сангин паҳн кунам. Дар даҳонам боз ҳамон мазаи шинос пайдо шуд ва ман аз заҳри сӯзони он лаззат мебурдам. Қуваи тсиро ҷамъ карда, ман мувофиқи дастурҳои ҳунари ҷангии кун-фу, вазн ва мавқеи ҳариф, дараҷаи озодӣ ва мувофиқати ҳаракатҳои ӯро бо ҳамаи ҷойивазкуниҳои имконпазир фавран баҳо додам. Ҳисоб дуруст буд. Алкапонӣ ба гулӯи ман алмоси ришгириро часпонда буд, аммо ин аллакай ҳеҷ аҳамият надошт. Барои ман фарқ надошт — ҳаёт ё марг. Аммо аввал ӯ бояд мурад. Масъала дар чизи дигар буд: чӣ тавр пеш аз марг ӯро азоби бештар диҳам. Хоҳиши аҷиби ҳис кардани мазаи хуни ӯ боло гирифт. Ман тайёр будам ба рӯи ӯ зарба занам: ба дандонҳояш, бинияш, чашмаш ва гӯшаш. Ҳа, гӯши рости Алкапонӣ наздиктар буд... Лекин Исо ба вай гуфт: «Эй рафиқ, барои чӣ омадӣ?» Ва онҳо наздик омада, дастҳои худро ба Исо андохтанд, ва ӯро гирифтанд. Ва ногоҳ яке аз ҳамроҳони Исо даст оварда, шамшери худро аз ғилоф кашид ва ба ғуломи саркоҳин зада, гӯши вайро бурида партофт. Исо ба вай гуфт: «Шамшери худро ғилоф кун, зеро ҳар кӣ шамшер кашад, ба шамшер кушта шавад; ё гумон мекунӣ, ки алҳол наметавонам аз Падари Худ хоҳиш намоям, ки барои Ман зиёда аз дувоздаҳ фавҷ фариштагонро равона кунад?» (Мат. 26:50–53) Худи ҳамин пагоҳӣ ман ҳикояти Китоби Муқаддасро оиди ҳабси Исо дар боғи Ҷатсамонӣ хонда будам. Акнун дар алангаи хашм ногоҳ ин ҳикоятро ба ёд овардам. Ман ба роҳи ҳунари ҷангии кун-фу пайравӣ намуда, марказонидани қувваро ба таври ғаризавӣ давом медодам, аммо дар ин лаҳза суханони Исо дар сарам садо доданд. Ин суханон чунон аён садо медоданд, ки гӯё Ӯ шахсан ба ман муроҷиат мекард. «Ман роҳ ва ростӣ ва ҳаёт ҳастам... Ман роҳ ҳастам... Ман роҳ ҳастам... Ман роҳ ҳастам». Хашм ҳанӯз дар ман меҷӯшид, ҳангоме рӯи Алкапонӣ, ки аз наздикӣ беҳад калон метофт, ба рӯи ман ҷафс шуд. Ман мазаи шӯри арақи ӯро ҳис кардам. «Ман роҳ ҳастам...Ман роҳ ҳастам..» — садо медод дар сарам. «Ҳозир ин корро кун! Ана гӯши ӯ, онро газида, канда парто! Ӯро маъюб кун!» — садои ғариза беист ба ман талқин менамуд. «Ҳар кӣ шамшер ба даст гирад...» «Барои Шейн қасос гир... Ту чиро интизор ҳастӣ.. ин корро барои Шейн кун..» «..Ва ростӣ ва ҳаёт...» Ногоҳ ман беихтиёр ба гап задан даромадам. Ман гӯё худро аз як тараф мешунидам. Ҳисси даҳшати ваҳшиёна ва рӯҳафтодагӣ аз байн рафт. Ман гап мезадам ва хоҳиши аҷиби чашидани хуни Алкапонӣ нопадид гашт. Ман ногоҳ ором шудам, аммо аз қувваи суханоне ки аз даҳонам берун меомаданд, на камтар аз ин шахси манфур, ки маро маҳкам дошта меистод, ба ҳайрат омада будам: — Ба номи Худованд Исои Масеҳ ба ту мефармоям — маро ором гузор! Ва аллакай пас аз як лаҳза ман оҳиста аз девор ба поён меғеҷидам, баъд нишастам ва оринҷҳоямро ба зонуҳоям такя дода, бо кафҳои дастонам сарамро фишор додам. Алкапонӣ ғайб зада буд. Maн ҳанӯз нишаста будам, гӯё ӯро интизор будам, аммо дақиқаҳо мегузаштанд, ӯ бошад пайдо намешуд. Ман музтариб ва ҳайрон шуда будам. Тадриҷан ман ба худ омадам. Худованд ба таври мӯъҷизаосо ба ман зоҳир шуд. Ӯ ҳаёт ва саломатии маро ҳифз намуд, агарчи ман аз Ӯ хоҳиш накарда будам. Ман он вақт дар хусуси ҳеҷ чиз дуо накарда будам, аммо Худованд он суханонеро, ки ман талаффуз кардам, ба даҳони ман гузошт. Барои ба ин сарфаҳм рафтан ман кӯшиш кардам, ки ҳамаи воқеаҳоро ба ҳам пайваст диҳам. Ман ҳаёти худро ба Худо супурда, фарзанди ӯ шудам. Худо ба ёрӣ дархост кардани ман эҳтиёҷ надошт: Ӯ Худаш дахолат карда, новобаста ба хостан ё нахостанам, маро наҷот дод. Ман аз ин воқеа хеле мутаассир шуда будам, чун ҳаввориён, ҳангоме ки онҳо ба қувват ва қудрати Писари Худо боварӣ ҳосил намуданд. Дар китоби якуми Аъмол ҳикоят карда мешавад, ки пайравони Исо мувофиқи фармудаи Ӯ дар Ӯршалим монда, қувваи ваъдашудаи Рӯҳулқудсро интизор буданд. Дар он ҷо гуфта шудааст: «...Ӯ боло бурда шуд, ва онҳо менигаристанд, ва абре Ӯро аз пеши назари онҳо гирифта бурд. Чун Ӯ боло мебаромад ва онҳо ба осмон менигаристанд, ногоҳ ду марди сафедпӯш назди онҳо пайдо шуданд...». Дар холигии торики роҳрав дар болои ман Худо буд, Ӯ маро аз ҳар тараф дар оғӯш нигоҳ медошт ва ба ман чунин метофт, ки ман ба осонӣ фариштаҳоро дида метавонам. Ман таҳти ҳимояи қувваи тавонои Худо оҳиста ба блоки асосӣ баргаштам. Ин қувва қариб ҳисшаванда буд. Ман аз воқеаи рӯйдода ҳайрон будам. Ман аниқ медонистам, ки бо Алкапонӣ ба забони англисӣ гап задам, агарчи ин варварӣ, ки ба забони юнонии худ базӯр гап мезад, як калима ҳам ба англисӣ намедонист! То камераи худ расида, ба салибе ки аз панҷараи тиреза ба вуҷуд омада буд, нигаристам. «Ман роҳ ва ростӣ ва ҳаёт ҳастам...» Ман гаштаву баргашта ин суханонро такрор мекардам ва мефаҳмидам, ки на қувваи тсӣ ва на ҳунарҳои ҷангӣ ҳаёти маро ҳифз намуданд. Исо ва имоне ки Худо ба ман дод, маро аз хатари аниқ ҳифз намуданд. Ҳамин тавр Худованд ба ман дарси якуми имонро дод, дарси чунон возеҳу равшан, ки ман онро барои тамоми умр дар ёд нигоҳ доштам. Акнун ман мефаҳмидам, ки вақти он фаро расидааст, ки аз роҳи равшанфикршавӣ — роҳи ҳунари ҷангии кун-фу пурра даст кашам — ва комилан ба роҳнамоии Худо боварӣ кунам. Дар давоми солҳои зиёд ман ин воқеаро чун нуқтаи гардиш дар ҳаёти худ ба ёд меовардам. Бисёр шунидан мумкин аст, ки одамон мегӯянд: «Дуо ёрӣ медиҳад». Ман ҳамеша инро рад мекунам. На дуо, балки Худо ёрӣ медиҳад. Дар боби ёздаҳуми Инҷили Марқус Исо сирри дуои ҳақиқиро ба таври зайл ошкор менамояд: «Ба Худо имон оваред. Зеро ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ ба ин кӯҳ гӯяд: “Бархоста, худро дар баҳр афкан”, ва дар дили худ шак надошта бошад, балки яқин дорад, ки он чи гӯяд мешавад, — ҳар чи гӯяд, ба вай ато хоҳад шуд. Бинобар ин ба шумо мегӯям: ҳар чи дар дуо хоҳиш мекунед, яқин бидонед, ки онро пайдо хоҳед кард, — ва ба шумо ато хоҳад шуд». Дар задухӯрд бо Алкапонӣ ман танҳо ба худ умед мебастам. Ва ман ба шарофати малакаҳо ва тайёрии худ ӯро нобуд карда метавонистам, аммо Худо қарори маро, ки аз пайи Ӯ рафтан мехостам, ба назар гирифт. Дар лаҳзаи бӯҳронӣ, дар айни ҷӯшу хурӯши мубориза бо душман Ӯ ба ман қувват дод, ки ба «ман»-и нотавони худ такя накарда, танҳо ба Ӯ боварӣ намоям. Ана ҳамон вақт ман фаҳмидам: вақти он расидааст, ки ба хешовандони хитоии худ оиди пайрави Масеҳ шуданам бигӯям. Ман бо дарки пурраи ҷиддияти суханони худ ба Лоусӣ нома навиштам. Ҳунари ҷангиро тарк карда, ман ваъдаи ба бобоям додаамро вайрон мекардам, мероси падаронро рад менамудам ва аз роҳи муқаддаси ҳифз намудани ҳунари қадимии кун-фу даст мекашидам. Ман умедвор будам, ки ҳангоме оиди имони нав, имони наҷотбахши худ ба Лоусӣ мегӯям, ӯ ҳамаашро мефаҳмад ва ҳеҷ гуна тавзеҳот талаб намекунад. Аммо дар замири дил мефаҳмидам, ки пас аз ин чӣ мешавад. Эҳтимол барои сари ман мукофот муқаррар мекунанд ва то дами нобуд кардан маро таъқиб менамоянд. Ман инро пештар ҳам медонистам. Ҳар касеро, ки дар рӯҳияи анъанаҳои қадимӣ тарбия ёфта, ба роҳи равшанфикршавӣ ҳидоят карда шудааст, аммо мероси қадимиро рад кардааст ё ҳадафи ибтидоии онро таҳриф намудааст, ҳатман ба ҷавобгарӣ мекашанд. Ман медонистам, ки хешовандонам ба шӯрои васеи оилавӣ ҷамъ мешаванд, то маро водор намоянд, ки аз раъям гардам ва аз дини навам даст кашида, аз онҳо бахшиш пурсам. Баъд онҳо ба назди ман спарринг-ҳариф мефиристанд, то ки дар задухӯрд бо ӯ бори дигар дараҷа ва эътибори худро тасдиқ намоям. Агар аз задухӯрд даст кашам, маро ёфта, ба итоат намудан маҷбур мекунанд, дар ҳолати баръакс шояд мекушанд. Номаи ҷавобиро якчанд ҳафта интизор шудан лозим омад. Онро духтари холаам Сӣ Куон навишта буд. Оҳанги сухани ӯ сард ва қатъӣ буд. Ӯ навишта буд, ки бобоямон вафот кардааст. Ӯ наваду панҷсола буд. Баъд Сӣ Куон оиди он мегуфт, ки ман ба маросими дафн ҳозир нашуда ва ба аҷдодон арзи эҳтиром накарда, ба авлоди қадимии Су шармандагӣ овардам. Сипас аз номи оила ӯ аз ман талаб кард, ки аз имони масеҳӣ даст кашам ва ба мероси наҷиби падарон баргардам. Зеро акнун танҳо ман, ки ягона давомдиҳандаи авлоди Чжен Лин Су ҳастам, шарафи оиларо ҳимоя карда метавонам. Дар охири нома, чунон ки ман фикр мекардам, сухан дар бораи он мерафт, ки агар розӣ нашавам, маро ҷазои қатъӣ интизор аст. Хабар оиди марги Лоусӣ маро сахт ба изтироб овард. Ман намедонистам, ки чӣ фикр кунам. Қисми зиёди умрам ман бобоямро бад медидам, аммо бо вуҷуди ин маҳз ӯ дар замири дилам таъсири бузурге расонд. Маҳз ӯ дар ман мустақилиятро тарбия кард. Ва акнун ман мефаҳмидам, ки бо марги ӯ чизе аз ман абадан рафтааст. Зиёда аз ин, талабҳои хешовандони хитоиро рад карда, ман барои ҳамеша аз робита бо онҳо маҳрум мешудам. Дар асл аз ин чӣ натиҷае бармеомад? Ман бояд доимо бо хавф ба атроф нигариста, зиндагӣ кунам? Хешовандонам барои аз ман қасос гирифтан аз «Сегона» қотилонро киро мекунанд. Ин аз як тараф. Аз тарафи дигар, ман мефаҳмидам, ки ҳаёти нави ман, имони ман ва паноҳи Худо аз ҳамаи он чи Лоусӣ ба ман таълим дода буд, воқеияти бештар дошт. Қуръа партофта шудааст, кӯпрукҳо сӯзонида шудаанд ва ба гузашта бозгашт нест! Ман фикран чеҳраи бобоямро тасаввур кардам ва кӯшиш кардам вақтҳои беҳтарини бо ӯ гузарондаам ва он эҳтиромеро, ки солҳои охир ба ӯ доштам, ба ёд оварам. Аммо дар замири дил ҳеҷ чиз эҳсос накардам. Овоза оиди он ки Алкапонӣ аз ман гурехт ва ман аз ҳунари ҷангии кун-фу даст кашидаам, дарҳол дар блоки мо паҳн шуд. Баъзе васвосиҳо аз ин маврид истифода бурданӣ шуданд, аммо Худо ҳамеша маро ба таври мӯъҷизаосо ҳифз менамуд. Дар айни замон, аз афти кор, ман ҳусни таваҷҷӯҳи маҳбусони каму беш солимфикрро ба даст овардам. Шояд дигаргуниҳо дар рафтори ман на танҳо аён, балки ҷолиби диққат низ буданд. Якчанд сол пеш рӯзномаҳои Чикаго қиссаеро оиди як коргари тарабхонаи хитоӣ чоп карда буданд. Ба тарабхона 250 доллар танга ва ҳамин қадар пули майдаи якдолларӣ даркор шуд ва коргареро ба бонк барои майда кардани панҷсад доллар фиристоданд. Хазинадори бонк хато карда, ба коргар 250 доллар танга ва боз 250 дона пули 100-доллариро (ба ҷои 1-долларӣ) додааст. Коргар, албатта, инро дарҳол пай бурд, аммо оиди даромади ғайричашмдошт ба ҳеҷ кас нагуфт. Бо ин миқдор сарват бонкро тарк карда, ӯ пулро дар хонаи яке аз хешовандонаш пинҳон кард. Сипас ӯ ба тарабхона баргашт ва гумон дошт, ки корчаллонии хубе кардааст. Хазинадор норасоии пулро фаҳмида, симои шахсеро, ки ба ӯ 250-то пули 100-доллариро дода буд, ба ёд оварда наметавонист. Аммо ӯ ба ёд овард, ки аз он шахс бӯйи ғализе меомад! Ӯ аз рӯи бӯй пай бурд, ки он шахс дар тарабхонаи хитоӣ кор мекард. Хазинадор на танҳо бӯйро ба ёд овард, балки он бӯйро бо тарабхонае ки он ҷавон кор мекард, алоқаманд намуд. Ӯ ба полис муроҷиат карда, маҳалли ҷойгиршавии тарабхонаро аниқ кард ва он коргарро шинохт. Он коргарро дарҳол аз кор холӣ карданд ва пулро ба соҳиби қонунияш баргардонданд. Ман ин қиссаро ҳамон вақте ба ёд овардам, ки Китоби Муқаддасро хонда, оиди он андешаронӣ мекардам, ки пайрави Масеҳ будан чӣ маъно дорад. Ҳавворӣ Павлус навиштааст: «Зеро ки мо ба Худо накҳати Масеҳ ҳастем, ҳам дар миёни наҷотёбандагон ва ҳам дар миёни нобудшавандагон» (2 Қӯр. 2:15). Накҳате ки ҳавворӣ оиди он мегӯяд, на он бӯест, ки бо бинӣ ҳис кардан мумкин аст. Ин накҳатро ҳамаи онҳое ки бо мо дар давоми рӯз рӯ ба рӯ мешаванд, бо шашумин ҳисси инсонӣ эҳсос менамоянд. Умуман, бӯй маҳсули иловагии фаъолият аст. Ҳангоми омӯхтани ҳунари ҷангии кун-фу одатан аз ман бӯйи арақ меомад. Касе ки сирпиёзро дӯст медорад, аз ӯ бӯйи сирпиёз меояд. Агар истифодаи атриёт ба шумо маъқул бошад, атрофиён роиҳаи дӯстдоштаи шуморо ҳис мекунанд. Айнан ҳамин тавр, агар шахс ба Исо хизмат карда, ин амалро дар рӯҳи муҳаббат ва фурӯтанӣ ба ҷо оварад, аз ӯ накҳати Масеҳ бармеояд. Қариб ҳар рӯз ман бо маҳбусони нав ва ҳатто бо баъзе varianos муошират мекардам. Бисёриҳо бо масъалаҳо ва мушкилоти худ назди ман меомаданд. Баъзеҳо дар зери чархи аробаи ҳаёт афтода, нашъаманд мешуданд, баъзеи дигар аз боиси мушкилоти ҷонгудоз ва ҳалнопазири оилавӣ дарҳам шикаста мешуданд. Ман барои ба чунин касон ёрӣ додан ҳикмат меомӯхтам. Ин худ аз худ мӯъҷиза буд. Бо баъзеҳо ман дуо мекардам ва Китоби Муқаддасро хонда, мефаҳмондам, ки чӣ тавр Худо ба воситаи Навиштаҷоти Муқаддас бо ҳар яки мо гап мезанад. Ман ҳар як маҳбуси навро моил менамудам, ки ба вохӯрӣ бо Майкл Райт розӣ шавад, зеро боварӣ доштам, ки ӯ ба ҳама ёрӣ медиҳад, чунон ки дар вақташ ба ман ёрӣ дод. Боре ман аз Майкл номаеро бо хабари нохуш гирифтам. Мувофиқи огоҳиномаи расмии маъмурияти ҳабсхона акнун ҳама гуна вохӯриҳо бо маҳбусон барои ӯ номумкин буданд. Майкл дар ин вақт мунтазам бо даҳ нафар fylakismenos-ҳои блоки мардона вомехӯрд, дигар аъзоёни калисои ӯ ба блоки занона меомаданд. Майкл минои мо, роҳи зиндагии мо гардида буд. Аз оҳанги номаи ӯ ман фаҳмидам, ки ӯ хеле хафа шудааст, агарчи моро мӯътақид менамуд, ки устувор бошем. «Дуо гуфтанро бас накунед, — навишта буд ӯ, — кӯшиш кунед фаҳмед, ки Худо ба воситаи вазъиятҳои мушаххас чӣ гуфтан мехоҳад. Дуо кунед, то ба ман иҷозат диҳанд, ки ба коре ки дар байни шумо доштам, баргардам, агар хости Худо бошад». Ман медонистам, ки Майкл худро пурра ва комилан ба ин кори ёрӣ расондан ба мо мебахшид. Ҳар дафъа вохӯрӣ барои ӯ маънои онро дошт, ки ӯ, сокини Албиони сертуман (Британия), ду соат дар гармои барояш ғайриодатӣ сафар мекунад. Дар роҳи бозгашт ба Майкл лозим меомад, ки дар лаби роҳ бозистад ва аз мошин баромада, андаке истироҳат кунад. Пас аз ҳар як вохӯрӣ ӯ хамидақомат шуда мерафт, гӯё аз бори зиндагии маҳбусоне ки ҳоло бо онҳо вохӯрд, миёнаш хам шуда бошад. Бо вуҷуди ин, Майкл дар Худо қувват пайдо намуда, аз хизматгузории худ даст намекашид. Ман ба шарофати Майкл ҳаёт дорам. Агар вохӯриҳо бо ӯ намебуданд, ман Хушхабарро оиди Исои Масеҳ намешунидам. Ман номаро хонда, дарҳол гурӯҳи масеҳиёнро ҷамъ кардам. Мо нон шикастем, Исоро барои қурбонияш шукргузорӣ намудем ва баъд дар дуо ба зону истода, аз Худо хоҳиш намудем, ки Майклро ба хизмат дар ҳабсхонаи мо баргардонад. Баъди ду рӯзи он дуо ва муроҷиати ман ба маъмурияти ҳабсхона оиди вохӯрӣ бо chowishi, дар робита бо вохӯриҳо бо Майкл маро ҷеғ заданд. — Ба ман оиди ту танҳо маълумотҳои хуб медиҳанд, Тонӣ, — гуфт chowishi. — Ҳамаи varianos ба ман танҳо оиди он мегӯянд, ки Тонӣ Энтонӣ то чӣ дараҷа дигаргун шудааст. — Ҳа, ман акнун масеҳӣ ҳастам. — Яъне «аз олами боло зодашуда» — шумо инро ҳамин тавр меномед? — Chowishi бо даст ишораи маънодоре кард ва хандид. — Айнан ҳамин тавр, — ҷавоб додам ман. Ман ба ӯ оиди чизҳои бештар гуфтанӣ будам, аммо ӯ бо ман чун гурба бо муш бозӣ мекард. Ман хуб мефаҳмидам, ки ӯ маро ба дом кашида истодааст. — Ҷаноби сардор, — ман кӯшиш кардам ба забони юнонӣ гап занам, — вохӯриҳо бо Майкл Райт ба бисёр маҳбусон ёрӣ мерасонанд. Chowishi бо рӯймолча арақи пешониашро пок карда, ишора намуд, ки давом диҳам. — Ман боварӣ дорам, ки varianos аллакай ба шумо хабар расондаанд, ки акнун дар блоки Б чӣ гуна оромист. Маҳбусон акнун ба шумо мушкилот намеоваранд. Зуҳуроти бераҳмӣ ва зӯроварӣ кам шудааст. — Ҳа, ҳамин тавр аст. Дар ин хусус ба ман доимо хабар мерасонанд.... — Пас, аз шумо хоҳиш мекунам, ба Майкл иҷозат диҳед, ки бо маҳбусон боздид намояд, — гуфтам ман ва дар дил ба Худо дуо кардам, ки дили chowishi нарм гардад. Пас аз ду ҳафта Майкл боз иҷозат гирифт, ки бо маҳбусон боздид намояд. Ва ҳамаи мо Худоро барои иҷобат шудани дуоҳоямон шукргузорӣ мекардем. Ба Майкл на танҳо иҷозат доданд, ки ба боздиди маҳбусон биёяд, ба ӯ ҳамчунин иҷозати махсус доданд, ки ба китобхонаи ҳабсхона омада, аз Китоби Муқаддас дарсҳо гузаронад. Ба ин дарсҳо Ричард Ноксро бо най роҳ медоданд — найнавозии моҳиронаи ӯ сурудҳои ҳамду санои моро ҳамоҳангӣ мекард. Ман он вохӯриҳоро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам. Аммо ҳамаи ин вохӯриҳо арзиши гароне доштанд. Аз мӯҳлати маҳбусии сесолаи ман қариб дуюним сол гузашт. Ҳама гумон мекарданд, ки имрӯз-пагоҳ маро аз рӯи афв (амнистия) озод мекунанд. Ва инак ман боз дар назди chowishi будам. Дар чеҳраи ӯ тамасхури бароям шинос ҳувайдо буд. — Ба ман оиди ту чун пештара танҳо хабарҳои хуб мерасонанд, Тонӣ. Ва маҳбусон метавонанд бо ин Майкл Райти шумоён вохӯранд. — Ҳа, ҷаноби сардор, ташаккур ба шумо. — Чаро ӯ на оиди озодшавии ман, балки дар ин хусус гап сар кард? — фикр кардам ман. — Ҷаноби сардор, — ман таваккал карда, гапи ӯро буридам, — ман дар фикри он ҳастам, ки кай қарори маҳкама оиди афви ман мебарояд. Наход ман ба рӯйхати афвшудагон дохил нашуда бошам? Chowishi заҳрханде кард. — Хайр, ту медонӣ, ки ман ба ту муносибати хуб дорам, воизатонро низ роҳ медиҳам, аммо... — Дар ин ҷо сухани chowishi қатъ гардид, дар ҳаво муаллақ монд, мисли он ки ӯ аз ман суханони шукргузориро интизор буд. Аммо ман танҳо хомӯшона ба ӯ менигаристам. — Ту худат хуб медонӣ, ки ҳукуматдорон ба ту муносибати махсус доранд. — Ҷаноби сардор? — Ҳамаи ин дарсҳои Китоби Муқаддас... Ту бидъатро таълим медиҳӣ, барои ҳамин ҳам афв намудани туро рад кардаанд. Мӯҳлати сесоларо пурра дар ҳабс мегузаронӣ. Албатта, бароям аламовар буд, аммо ман ҳайрон нашудам. Майкл аллакай маро оиди хатар аз ҷониби Калисои православии юнонӣ, ки дар fylaki мавқеи устувор дошт, огоҳ карда буд. Аммо ман хашмгин шуда наметавонистам — ин барои масеҳӣ намезебад. Ҳабсхона яке аз «киштзорҳои сафедшуда» буд, ки Худованд оиди онҳо мегӯяд ва дар ин ҷо барои хизмат майдон фарох буд, илова бар ин омаду рафти Майклро низ манъ карда метавонистанд. Ҳар пагоҳӣ дар хомӯшии пеш аз субҳ ман бо Худо гуфтугӯ мекардам. Ман барои бисёр маҳбусон гап мезадам ва дар айни ҳол номҳои онҳоро зикр карда, ҳарчи муфассалтар дар бораашон мегуфтам. Худованд ба баъзе дуоҳо дарҳол ҷавоб медод, аммо ман ҳар рӯз бештар ғусса мехӯрдам. Садҳо маҳбусон ба наҷот эҳтиёҷ доштанд. Гоҳо оиди захмҳои амиқи рӯҳӣ, ки одамони муқаррариро ба қотилон, таҷовузкорон ва васвосиҳо табдил медиҳанд, фикр карда, дар сари сина, чун пеш аз хуруҷи дил, дардеро ҳис мекардам. Дар ин ҷо, дар ҳабсхонаи марказии Никосия, дар байни ифлосӣ, шӯру ғавғо, бӯи бад ва нуқсонҳои инсонӣ шахсони рӯҳафтодае буданд, ки ҳақиқатан аз гуноҳ дилреш шуда буданд. Дар ҳабсхона устохонаи дуредгарӣ ва сехи типографӣ буд, ки дар он маҳбусони лаёқатмандтарин ва ихтисосноктарин кор мекарданд. Дар байни мо бекорхӯҷаҳо набуданд, барои ҳама кор мерасид. Ба ман одатан рӯбучин ва тақсими хӯрокро месупориданд Мо як риштарош доштем, Гизанта ном араб. Ӯ дар устохонаи дуредгарӣ бо касби худ машғул мешуд. — А, Тонӣ, дӯстам! Биё, шин, — то ба гӯшҳояш табассум карда, маро пешвоз гирифт ӯ. — Чун ҳарвақта ришатро тарошам? — Ҳа, дӯстам, имрӯз ман далер ҳастам, аммо ту ба ҳар ҳол бо ришгирак эҳтиёткорона амал кун. — Хайр, худат медонӣ-ку, дар тамоми Никосия ҳеҷ кас риши туро аз ман беҳтар наметарошад. Мо механдидем ва гуфтугӯ мекардем, Гизанта бошад ба кор сар мекард. Ман дар оиначаи хурди кафида маҳбусонро ки бо арраи электрикӣ кор мекарданд, медидам. Ғалоғула зиёд буд: асбобҳо кор мекарданд, одамон гап мезаданд, суруд мехонданд. Диққати маро Кириакос ном як юнонии қадпаст ҷалб намуд. Ӯ хомӯшона дар назди арраи эълектрикӣ меистод. Ман муддате ӯро мушоҳида мекардам. Ӯ ба диски даврзананда чун ҷодушуда менигарист. Ҳама дар атроф бо кор машғул буданд ва ҳеҷ чизро намедиданд. Гизанта гап мезад. Аммо ман ногоҳ хавотир шудам. Ман аз Кириакос диққатамро дур карда наметавонистам. Ва инак ман дидам, ки ӯ оҳиста дасташро ба диски даврзананда наздик овард ва арра ҳамаи ангуштонашро яке паси дигар бурид. Ангуштон ба фарш афтиданд, Кириакос овозе намебаровард, танҳо меларзид. Ман дар курсӣ тоб хӯрда, назди ӯ давида омадам. Ҳаракати ғайричашмдошти маро дида, дигарон низ корҳои худро партофтанд. Бисёр юнониён ва арабҳо аз ин воқеа ба даҳшат омада, либосҳои худро медариданд. Кириакос гӯё карахт шуда бошад, дасташро боло бардошта, наҷунбида меистод. Арраи электрикӣ чун пештара давр мезад ва ба сару рӯи ҳама хунро мепошид. Шӯру ғавғо. Воҳима. Ҳеҷ кас намедонист, ки чӣ кор кардан даркор аст. Аз рухсораҳои Кириакос ашк равон шуд, ӯ нолиш кард, пойҳояш хам шуданд ва ӯ ба фарши сангӣ поин фаромадан гирифт. Chowishi, ки дар устохона буд, фурсат ёфта, ӯро нигоҳ дошт ва ба ёрӣ ҷеғ зад. Дар бесару сомонии умумӣ ман ангуштони Кириакосро ёфтанӣ шуда, дар байни аррамайдаҳои пур аз хун кофтуков мекардам. Ин воқеаи даҳшатовар буд. Fylaki ҳар касро аз ақл бегона карда метавонист. Ба Кириакос гуфта буданд, ки занаш сабукпо шудааст. Ғайр аз ин ӯро аз баъзе имтиёзҳо маҳрум карда буданд — рангҳо ва коғазро кашида гирифтанд. Ҳамаи ин косаи дарду азобҳои ӯро лабрез гардонд. Чунин ҳолатҳои худмаъюбкунӣ дар ҳабсхона бисёр рӯй медоданд. Умуман зӯроварӣ дар ҳабсхона падидаи маъмулӣ аст, аммо ман аллакай аз хунрезӣ ва саҳнаҳои даҳшатовар, ки пеш ба онҳо ҳеҷ аҳамият намедодам, сер шуда будам. Fylaki сарчашмаи доимии шиддатнокии эҳсосотӣ, бочкаи борут аст. Ранҷиш ба осонӣ риштаи бикфорфӣ мешуд, бинобар ин пеш аз он ки ту ягон чизро фаҳмӣ, дар блок аллакай таркиш ба амал меомад ва задухӯрд сар мешуд. Он вақт ман дар камераи худ пинҳон мешудам. Вақтҳое буданд, ки ман ба маъҳбусоне ки ба асаби ман таъсир мерасонданд, дармеафтодам. Қариб ҳамаи маҳбусон ҳамин тавр мекунанд. Барои онҳо занозаниҳо воситаи паст кардани шиддатнокӣ мешавад. Чунин задухӯрдҳо бе хунрезӣ намегузаштанд, бинобар ин ман медонистам, ки чӣ кор кунам ва маҳз — ба ҷанҷолҳои ҳабсхона шарик нашавам. Тобистони соли 1992 беҳад гарм буд ва ин табъи хираи маҳбусонро боз ҳам хиратар мекард. Одамон бе ҳеҷ сабаб асабонӣ мешуданд ва аз боиси чизҳои беҳуда ба изтироб меомаданд, бисёриҳо таркиши эҳсосоти ба ҷӯш омадаро, аз ҷумла, задухӯрди калони фаластиниҳо ва юнониҳоро интизор буданд. Ҳангоме ки чунин шуд, қурбониён бисёр буданд. Пас аз ин гурӯҳҳои адоваткунандаро одатан аз ҳам ҷудо нигоҳ медоштанд. Боре ман ба камераҳои якка барои хабаргирии дӯстони фаластинии худ рафтам. — Тафтишот сар шуд, — пичирос зад Иэн Дэвидсон ба гӯшам, ҳангоме ки ман бо Lamarina назди ӯ омадам. Он рӯз зиндонбонони «дуруст» навбатдор буданд, онҳо моро хуб мешинохтанд ва барои чизҳои майда-чуйда безобита намекарданд. — Чӣ воқеа шудааст? — пурсидам ман. — Кадом юнониро қариб куштаанд. Мегӯянд, ки захмаш марговар аст, зинда намемонад. — Ана гап дар куҷо будааст. Лекин чаро ин қадар шӯру ғавғо барохостааст, охир ин бори аввал нест-ку? — Ӯ як шахсияти бонуфуз буд. Чуноне ки мо гумон мекунем, ӯ ким-кадом сиёсатмадор аст. Ман ба Иэн тухми ба таври шубҳаовар бӯйнок ва табақчаи помидори кӯҳнашударо дароз кардам. — Хайр, то кай ин чизҳои пӯсидаро мехӯрем, Тонӣ? — табассум кард Иэн. — Ман фармоиши шуморо оиди паштет ва пиво мерасонам, бинобар ин шояд пагоҳ шумо онҳоро гирифта тавонед, — ҳазл кардам ман. — Ту шунидӣ, дар ин ҷо ду нафар репортёр мегаштанд? — Хайр чӣ? Худро мансабдор вонамуд мекарданд, аммо на он қадар боварибахш. — Хайр ҳеҷ гап не. Магар бад аст, ки ҷаҳони берун ҳанӯз моро дар ёд дорад? Умуман — ҳа, аммо на дар чунин маврид. Беҳтар мешуд агар моро тамоман фаромӯш мекарданд. Лозим нест, ки боз номҳои мо дар рӯзномаҳо пайдо шаванд. — Аммо касони ба онҳо интервю медодагӣ ёфт нашудаанд-ку? — Овозае ҳаст, ки як лаққӣ ёфт шудааст. Мо кӣ будани ӯро донистан мехоҳем... Variano сӯи мо равона шуд. — Вақт тамом шуд, дӯстам, — Lamarina-ро тоб дода, гуфтам ман. — Хуш бош. — Дар ёд нигоҳ дор, ки паштет ва пивои Ҷон Смит аз ҳама беҳтар аст! — чашмакӣ зад ба ман Иэн. Баъди якчанд рӯз ман бо Адлӣ, ҳамсафи Иэн, пичиросзанон гуфтугӯ мекардам. Дар вақташ ӯ муҳофизи худи Ясир Арафат ва узви хеле боэътибори Созмони раҳоибахши Фаластин буд. Ман бо ӯ шиноси хуб будам, агарчи медонистам, ки бо ин шахс робита кардан хатарнок аст. То даме ки ман ба Адлӣ хӯрокро медодам, ӯ дар порчаи коғаз чизе менавишт. Коғазро аз панҷара дароз карда, ӯ ба ман бо диққат нигарист. — Ана ин, Тонӣ, — ба атроф нигариста, гуфт ӯ. — Чӣ? — Хабаркаш. Ҳол он ки фаластинӣ аст, — туф кард Адлӣ. — Чӣ тавр фаластинӣ? — Ана ҳамин тавр... Адлӣ ба пичир-пичир гузашт. — Аммо аз дастаи мо не. — Ӯ ангушташро назди бари рӯяш тоб дод, яъне хабаркаш ақли кофӣ надорад ва ба элитаи Созмони раҳоибахши Фаластин, ки дар Ҳабсхонаи марказии Никосия зиндонӣ аст, умуман мансуб буда наметавонад. — Ин лаққиро ҳама бад мебинанд, Тонӣ. Мо бояд адабашро диҳем, мефаҳмӣ. — Адлӣ, ту хуб медонӣ, ки ман ... — Бас кун, Тонӣ, — гапамро бурид ӯ. — Охир, ману ту ошно ҳастем. Мо ки дар ин ҷо нишастаем, гӯё дастону пойҳоямон баста аст! Аммо ба ӯ дарси ибрати ҷиддӣ нишон додан даркор аст... Хушбахтона, varianos ба ман фармуд, ки тезтар хӯрокро тақсим кунам. Ман порчаи коғазро ба кисаам пинҳон кардам ва ба Адлӣ нигоҳ накарда, Lamarina-ро ба ошхона тела дода бурдам. Ман ба номе ки дар порчаи коғаз буд, нигоҳ ҳам накарда, онро рост ба оташ партофтам. Ман ҳеҷ зарурате надоштам, ки бо ӯ ҳисобӣ кунам. Аммо ман бояд медонистам, ки бисёриҳо маҳз ҳаминро мехостанд! Баъди якчанд рӯз ман дар ҳавлии дарунӣ қадам мезадам. Ҳаво салқинтар шуда буд. Ин баъди моҳҳои дарози гармии пуразоб дигаргунии хуб буд. Аз назди ман ду фаластинӣ гузаштанд — Ҳусайн ва Юсуф. Ман ба ин аҳамияти зиёд надодам. Онҳо ба ман салом доданд. Ман табассум кардам ва ба фикр фурӯ рафта, давродавр қадам заданро давом додам. Ба назди онҳо баргашта, ман дар ҷоям истода мондам. Ӯ чӣ кор карда истодааст? Маҳбусе ки ҷавонтар буд, аз мӯйсари шарики худ дошта, ӯро ба паси хараки такядор партофт. Баъд ба болояш баромада, ба рӯи ӯ часпид. Ман бо даҳшат фаҳмидам, ки дар дасти ӯ алмоси ришгирӣ аст. Ман лаҳзае дар ҷоям шах шуда мондам. Ҳамин вақт Ҳусейн, ин маҳз ӯ буд, рӯи Юсуфи бадбахтро чун панир буридан гирифт. Юсуф халос шуданӣ мешуд, хиррос мезад, хун ҳар дуи онҳоро оғушта мекард. — Ист! Бас кун! — дод задам ман ва сӯи онҳо давидам, аммо ҳангоме ки ман наздик омадам, Ҳусейн аллакай ғайб зада буд. Юсуф беҳуш дар харак дароз кашида буд. Рӯи ӯ ба тарити хунин монанд буд. Ман Юсуфро ба замин хобондам ва ҳамин вақт фаҳмидам, ки ӯ нафас намекашад. Ҳамин вақт ман дарсҳои ёрии аввалини тиббиро ба ёд овардам. Рӯи Юсуф чунон расво шуда буд, ки даҳони ӯро бо душворӣ ёфтам. Ман сарашро пас карда, бинияшро дошта, ба даҳонаш нафас дам мекардам ва дуо мегуфтам, — Худоё, аз ту хоҳиш мекунам, Ӯро зинда гардон! Ба маҳалли ҳодиса давида омадани зиндонбонон шунида мешуд. Юсуф ларзид ва ӯ рост ба сару тани ман хун қай кардан гирифт. — Сабр кунед, — гуфтам ман ба varianos, ки ба ёрии ман шитофтанд ва фаластиниро ба як паҳлӯ хобондам, то ки аз қайи худ нафасгир нашавад. Баъди як-ду дақиқа санитарҳо омаданд. Ҳамин вақт ман ба ларза даромадам. Ман ҳаёти касеро наҷот додам, аммо кӣ медонад, оё ӯ баъди ин сиҳат мешавад ё не. Дар байни чунин бераҳмӣ ва зӯроварӣ ман аниқ дарк мекардагӣ шудам, ки Худо чӣ тавр масеҳиёни навимонро ҳифз мекунад. Ҳар лаҳза ҳар яки моро, чун Юсуфро, бо алмоси ришгирӣ теғ зада метавонистанд; девонаҳо ба рӯй равғани сӯзон ё оби ҷӯш пошида метавонистанд. Дар fylaki ба Худо такя кардан осон аст. Мо асос надоштем ба пешбинӣ ва ҳимояи Ӯ шубҳа кунем. Рӯзи озодшавии ман наздик мешуд. Ман мӯҳлати ҳабсро пурра адо намуда, фаҳмидам, ки Худованд барои ман маҳз ҳамин гуна роҳро омода кардааст. Ӯ барои Тонӣ Энтонӣ нақшаи махсусе дошт. Ман дар замири дил медонистам, ки бояд аз гузаштаи худ бебозгашт даст кашам. Худо ба ман мефармуд, ки ба Ӯ такя кунам, аз робитаҳои пештараам даст кашам ва дар тобеияти пурра ба ӯ, ҳаёти навро сар кунам. Ва ба зудӣ Худо дар ҳаққи ман ғамхорӣ намуда, дар бартараф намудани бисёр монеаҳои пайдошуда ёрӣ расонд. Барои тамдиди мӯҳлати шиноснома ба ман пул даркор буд, чунки мӯҳлати истифодаи он гузашта буд. Бисёр маҳбусон пас аз озодшавӣ танҳо аз он сабаб дар fylaki мемонданд, ки барои ба ватан баргаштан пули кофӣ надоштанд. Майкл Райт ва Ричард Нокс назди ман ба Ҳабсхонаи марказӣ барои бори охир вохӯрдан омаданд. — Дафъаи оянда мо бо ту аллакай дар дигар тарафи панҷара вомехӯрем, Тонӣ, — табассум кард Майкл — Мо бо сафорати Британия робита кардем ва бароят шиносномаи нав фармоиш намудем. — Ғайр аз ин, ман ба номи ту чиптаро барои ҳавопаймо дар идораи ҳабсхона гузоштаам. Рӯзи чоршанбе ба ту ҳар ду ҳуҷҷатро медиҳанд. Ма намедонистам, ки миннатдории худро ба ӯ чӣ гуна баён намоям. Мо муддате хомӯш нишастем. Майкл аз рӯи одати худ табассум мекард, зиёда аз ин, чеҳрааш аз хурсандӣ гӯё нурпошӣ мекард. — Худо дар ҳаққи ту ғамхорӣ мекунад, Тонӣ, — гуфт ӯ. Ман ба аломати ризо сар ҷунбондам, агарчи тасаввуроте надоштам, ки маро дар оянда чӣ интизор аст. — Ман ба дӯстам Кор Брёйнс занг задам, — гуфт Ричард. — Мо замоне ҳамроҳ дар Лубнон миссионерӣ мекардем. Ман пештар оиди ин бародари ҳолландӣ ва оилааш аз Ричард шунида будам. — Духтари Брёйнс, Кэролайн, изҳор намуд, ки ҳангоме ба Инглистон бармегардӣ, тайёр аст туро қабул намояд. Ричард аз кисааш конверти хурдеро баровард. Дар он сурати оилавии Брёйнсҳо буд. Дар сурат ҳамаи онҳо табассум мекарданд. — Ана ин Кэролайн бо шавҳараш, номи ӯ Ҷон аст, — нишон дод Ричард. — инҳо кӯдакони онҳо: Аннаи дусола ва Ҷошуаи хурдакак. Ман покӣ ва зебоии муносибатҳои оилавии ин шахсонро дида, ногоҳ худро хеле танҳо ҳис кардам. Ричард ҳанӯз оиди Брёйнсҳо гап мезад: — Онҳо дар Ню-Молден зиндагӣ мекунанд ва ба калисои маҳаллии баптистӣ мераванд... — Оё онҳо медонанд, ки ман кистам ва чӣ кор кардаам? — бо ҳаяҷон ва изтироб гапи Ричардро буридам ман, аммо Ричард самимона табассум намуд. — Дар ёд нигоҳ дор, Тонӣ, «...пас, ҳеҷ маҳкумияте нест барои онҳое ки дар Исои Масеҳ ҳастанд ва на ба ҳасби ҷисм, балки ба ҳасби рӯҳ зиндагӣ мекунанд...», — аз Китоби Муқаддас иқтибос оварда, гуфт ӯ. — Брёйнсҳо оилаи хуби масеҳӣ мебошанд. Онҳо туро маҳкум намекунанд. Онҳо медонанд, ки туро аз ҳабсхонаи Никосия озод мекунанд. Маҳз аз ҳамин сабаб онҳо хоҳиш пайдо намуданд, ки туро дар фурудгоҳ пешвоз гирифта, ба хонаашон баранд. Ричард боз конвертро кушод ва аз он номаи кӯтоҳеро баровард. Он аз Кэролайн ва Ҷон буд. Маълум шуд, ки онҳо вохӯриро бо ман бесаброна интизор будаанд. Онҳо изҳор намудаанд, ки агарчи хонаашон хурд аст, аммо бароҳат ва меҳмоннавоз аст ва онҳо умедворанд, ки он ба ман маъқул мешавад. Олиҳимматии ин шахсони бароям ношинос барои ман ғайриддӣ ва аз ҳамин сабаб ҳайратовар буд. Боби 13 11-уми ноябри соли 1992. Рӯзи озодшавии ман. Дар ин рӯз ман пеш аз равшан шудани рӯз аз хоб хеста, пеш аз ҳама роҳнамои хониши ҳаррӯзаи дуоиро кушодам. Дар рӯшноии хира ба саҳифаи даркорӣ нигариста, ҳайрон шудам. Сарлавҳа барои хониши имрӯза чунин буд: «Озодии ҳақиқӣ». Ман ин суханони Инҷили Юҳанноро (8:36) гӯё ба худ ҷаббида мегирифтам — «Пас, агар Писар шуморо озод кунад, ҳақиқатан озод хоҳед буд», ва ҳаловат мебурдам. Ин ояти ман буд. Ман медонистам, ки Худованд Худои ман аз аввал то охири роҳ ҳар як қадами ҳаёти маро мебинад. Акнун ман бояд ояндаи худро ба Ӯ месупурдам. Он пагоҳӣ ман тамоми блокро чарх зада, бо маҳбусон гап мезадам ва онҳоро ба он моил менамудам, ки ҳаёти Худро ба Исо супоранд. Бо дӯстон хайру хуш кардан аз ҳама душвор буд. Охир, мо ин қадар вақтро бо ҳам гузаронда будем, ғаму шодӣ, умедҳо ва орзуҳоро бо ҳам медидем. Зиггӣ, Симоне, Иэн, Мартин, Андреас, Ҳасан... Чашмони Муҳаммад аз ашк пур шуданд. — То ҳол ту ба Худо вафодор будӣ. Имони худро тарк накун. Ман қавл медиҳам, ки пушаймон намешавӣ. Мо бояд бовар кунем ва умедвор бошем, дӯстам, — гуфтам ман ба Муҳаммад. — Охир, мо одамони ҳақиқатан озод ҳастем. — Ман дасти ӯро доштам ва ба дил ҷафс карда, ӯро оғӯш кардам. Ман бори охир блокро аз назар гузаронда, тоб хӯрдам ва оҳиста қадам зада, ба ҷаҳони беканор равона шудам. Дар ҳуҷрае ки chowishi менишаст, ба ман борхалтаи ашёҳои шахсиамро доданд. Пойафзоли хубро пӯшидан форам буд, агарчи баъди попӯшиҳое ки се соли охир мепӯшидам, онҳо вазнин ва сахт тофтанд. Ҳамчунин дар ин ҷо шими ҷинс ва свитери сиёҳ бо гиребони баланд ёфт шуд. Ман се дафтари қайдҳоро варақ зада, якчанд дақиқа истодам. Дар он як тӯда номҳо, рақамҳо ва адресҳо, хулоса, ҳамаи робитаҳои ман вобаста ба кори пештараам буданд. Ваъдаи ба Худо додаамро ба ёд оварда, ман ҳамаи дафтарчаҳои қайдҳоро ба ахлотқуттӣ партофтам. Ба ҷои онҳо дар борхалта васоити таълимӣ оиди омузиши Китоби Муқаддас, Китоби Муқаддаси ман ва якчанд китобе ки Майкл ба ҳабсхона барои ман оварда буд, ҷой гирифтанд. Қисми зиёди ин нашрияҳоро ман ба дӯстонам тақсим карда, додам. Як китобе буд, ки ман онро ҳеҷ гоҳ тарк намекунам, — «Аз дарвозаи ҷалол». Ман бегоҳро, ки бо он нигериягӣ дар як камера гузаронда будам, ба ёд оварда, табассум кардам. Ман дар бораи ӯ борҳо фикр карда будам. Ӯ дар асл кӣ буд? Магар ӯ қосиди Худо буд? Шояд ӯ фариштаи Худо буд? Ман боварӣ доштам, ки он нигериягӣ дар варақи аввали даруни китоб ном ва адреси худро дар Лагос навишта буд. Албатта, он рӯз ман ин сабтро бо чашмони худ дида будам. Аммо дертар ман онро дар он ҷо пайдо накардам. Ҳамаи саҳифаҳо бутун буданд, аммо дар онҳо ҳеҷ гуна сабте набуд, ки ин нигериягӣ карда бошад! То ҳол сирри гум шудани ин сабт маро ҳайрон мекунад. Chowishi ба ман конвертро бо шиносномаи нав ва чиптаи ҳавопаймо дод. Ман ба лаҳзае кори муҳофизии худро ба ёд овардам. Дар яке аз бонкҳои Швейтсария як тӯда шиносномаҳои қалбакии ман бо номҳои гуногун, ки кишварҳои гуногун додаанд, нигоҳ дошта мешуд, ва шояд ҳоло ҳам ҳаст. Он вақт ҳуҷҷатҳои қалбакӣ гирифтан нисбатан осон буд — робитаҳо бо шахсони даркорӣ ҳама чизро ҳал мекарданд. Акнун ман дар даст шиносномаи нав доштам, ки идораи консули Британия дода буд. Он нав буд, аммо тамоман бесифат ва хеле бад тайёр карда шуда буд. Дар шиноснома хатчае аз Ричард буд: «Барои ин шиноснома мо ба як хонума аз сафорат миннатдор ҳастем. Ҳангоме ки ба Инглистон бармегардӣ, онро дигар карданат лозим меояд, аммо як чиз хуб аст — он барои ту сӯи хона роҳ мекушояд». Ба сурати дар ҳабсхона гирифташуда нигаристан хеле нохуш буд. Ман ҳатто андаке китфонамро дарҳам кашидам. Шиноснома ва чиптаи ҳавопайморо то фурудгоҳи Ҳитроу (дар Лондон) ба кисаи ақиби шим пинҳон кардам. — Хайр, меравем, — гуфтам ман ба varianos. Ман ҳамроҳи панҷ нафар полис ба фурудгоҳи Ларнака расидам. Ҳукуматдорони Кипр маро ба муддати панҷ соли наздик ба рӯйхати сиёҳ дохил карда буданд, бинобар ин ба кормандони полис супориш доданд, то боварӣ ҳосил кунанд, ки ман ҳақиқатан кишвари онҳоро тарк кардаам. Дар нишастгоҳи ақиби мошин нишаста, ман зебоии ҷаҳони атрофро мушоҳида мекардам. Осмони кабуд, кӯҳҳо, дарахтон, занҳо, кӯдакон, бӯи баҳр. Акнун ман боз аз тамошои онҳо ҳаловат мебурдам. Ман се сол ин зебоиро надида будам ва акнун, ҳангоме ки ҳиссиёти ман авҷ мегирифт, ҳама чизи атроф ба назарам нав ва тару тоза метофт. То саворшавӣ ба ҳавопаймо маро дар идораи полиси фурудгоҳ нигоҳ медоштанд. Ногоҳ ман овози шиносро шунидам. Ин Майкл Райт буд. Ӯ ва падарарӯсаш барои бо ман видоъ кардан омада буданд. Онҳо ба ман палтои ғафс оварданд. — Инро Элизабет фиристод, — табассум кард Майкл. — Ӯ ба ман ёдрас намуд, ки дар Инглистон ҳаво аллакай хунук аст. Китоби Муқаддаси худро кушода, ӯ ба ман якчанд оятҳои олидараҷаро нишон дод, то ки маро дастгирӣ ва устувор намояд. Чунин менамуд, ки ӯ падари ман аст ва ман писари ӯ ҳастам ва имрӯз ӯ маро ба ҷаҳон гусел мекунад. Хайру хуши мо хеле пуртаъсир буд. Ӯ барои ман бисёр корҳо карда буд. Майкл ҷамоати худро тарк карда, ба ҷустуҷӯи ҳалокшавандагон ва азобкашандагон раҳсипор шуд. Аз ҳаёти осуда ва муназзам дар байни халқи худ даст кашида, ӯ аз рӯи даъвати Худо ба кишвари бегона омад. Дар ин ҷо монеаи забонӣ, фарқиятҳои маданӣ ва нажодиро бартараф намуда, ӯ ба муҳорибаи рӯҳонӣ даромад. Ҳабсхонаи марказии Никосия макони бадкирдорон аст ва дар рӯи замин барои Майкл барин шахси хуб ҷои мувофиқтарин нест. Аммо бо вуҷуди ин ӯ ҳам дар фикрҳо ва ҳам дар амалҳо ба Худо вафодор буд. Ӯ ҳалокшавандагонро бо муҳаббати Исо дӯст медошт ва ба он ҷое ки ноумедӣ ва рӯҳафтодагӣ ҳукмфармо буд, умед ва ҳаёт меовард. Он қадар ки ман фаҳмида тавонистам, Майкл маҳз ҳамон кореро мекард, ки Исо ҳамаи моро ба он даъват менамояд. Ӯ қонеъ намудани талаботҳои худро як сӯ гузошта, барои ба ман барин касон расондани Хушхабар оиди Масеҳ раҳсипор гардид. Майкл як навъ меъёре муқаррар намуд, ки ман бояд дар оянда ҳангоми баҳо додани имондорон дар Британия онро ба асос мегирифтам. Мутаассифона, ин боиси он гардид, ки ман тасаввуротҳои хаёлиро аз даст додам ва тамоман рӯҳафтода шудам. Ман дар тӯли зиндагӣ борҳо бо ҳавопаймо парвоз кардаам, аммо ба ҳар ҳол он рӯз ҳангоме ки ҳавопаймо аз абрҳо гузашта, баланд мешуд, ман ба рӯшноии сигналҳо дар поён бо ҳаяҷон менигаристам. Ин хеле ҷолиби диққат буд. Худи ҳаёт ҷолиб ва дилрабо буд. Ман чашмонамро пӯшида, таҳти садои якранги муҳаррикҳо ҳаёти худро дар се соли охир ба ёд овардам. Ман хурсандӣ мекардам ва Худоро барои ҳама чиз шукргузорӣ менамудам. Ҳангоме ки ҳавопаймо фуруд меомад, дастону пойҳои ман аз тарс ва ҳаяҷон меларзиданд. Барои ором шудан ман дар дил таронаи 22-юми Забурро хондан гирифтам: Худованд чӯпони ман аст: ба ҳеҷ чиз мӯҳтоҷ нахоҳам шуд. Дар чарогоҳҳои сералаф маро мехобонад, сӯи обҳои роҳатафзо маро мебарад, ҷонамро қувват мебахшад, ба хотири исми Худ маро ба роҳҳои адолат равона мекунад. Дар водии зулмот роҳ равам ҳам, аз бадӣ наметастам, чунки Ту бо ман ҳастӣ; асо ва чӯбдасти Ту маро тасаллӣ медиҳад. Суфрае барои ман пеши назари хасмҳоям андохтаӣ, бо равған сарамро тадҳин намудаӣ; косаи ман лабрез аст. Пас, некӯӣ ва эҳсон тамоми айёми умрам ба ман ҳамроҳӣ хоҳанд кард, ва ман муддати дуру дароз дар хонаи Худованд сокин хоҳам буд. Дар фурудгоҳи Ҳитроу дар байни интизоршавандагон ман Ҷон ва Кэролайн Наннро бо кӯдаконашон дарҳол шинохтам. Ва бо андӯҳ фикр кардам, ки шояд ман ба онҳо як шахсияти торике метобам. Ман номи худро гуфта, ҷуръат надоштам, ки ба чашмони онҳо нигоҳ кунам, аммо онҳо маро ба оғӯш гирифтанд, гӯё ман узви оилаи онҳо будам, ки муддати зиёд гум шуда будам. Ман чӣ гуфтанамро намедонистам. Маро таассуроти нав ба нав фаро мегирифт. Пас аз се соли дар камераи танг гузарондаам ба назарам ҳама чиз калон, баландовоз ва ҳатто воҳиманок метофт. Аз сафар бо мошин сарам чарх зад, аммо ман ба ин оила, ба ин одамони оддӣ, ки механдиданд, сӯҳбат мекарданд ва барои хуш пазируфтани ман ҳама корро мекарданд, шукргузор будам. Дар хонаи Ҷон ман ҳанӯз худро маҳдуд ҳис мекардам. Сарам чарх мезад. Манзили онҳо пурбаракат, гарм ва бароҳат буд. Бӯи як чизи бомаза меомад. Дар ин ҷо бисёр суратҳои оилавӣ, курсиҳои бароҳат буданд ва дар ҳама ҷои фарш бозичаҳои кӯдакона мехобиданд. Ин барои ҳар гуна оила одатӣ ва маъмулӣ буд, аммо барои ман тамоман ғайриоддӣ ва ғайритабиӣ буд. Ҷон хонаи худро ба ман нишон дод ва маро дар ҳуҷрачаи меҳмонон, ки пешакӣ тайёр карда буданд, ҷой дод. Аз ошхона овози Кэролайн шунида шуд, ӯ хабар дод, ки баъди 15 дақиқа хӯроки нисфирӯзӣ дар рӯи миз хоҳад буд. Танҳо акнун ман фаҳмидам, ки гурусна мондаам. Дар болои кат нишаста, ман ҷойпӯшҳои сап-сафедро даст-даст мекардам, эстампҳоро дар девор, сачоқҳои тоза ва лавозимоти шустушӯйро, ки барои ман тайёр карда буданд, мушоҳида менамудам. Ҳамааш чунон дуруст ва хуб буд, аммо ман сазовори он набудам! «Ин одамон ҳеҷ чизро пай намебаранд», — худро дар оина дида, фикр кардам ман. Ман либосҳоямро бадар карда, бо оби гарм шустушӯй кардам. Ифлосие ки дар муддати се сол ба таги пӯстам даромада буд, барои ҳамеша тоза шуд. Шустушӯй дар fylaki худ ба худ кори хатарнок аст. Чашмони даҳшатовари ба ранги хун суп-сурхшуда ҳамеша қурбонӣ меҷустанд, бинобар ин танҳо шахси аҳмақ тамоман луч шуда метавонист. Оби гармро на ҳамеша медоданд. Гоҳо онро якчанд рӯз пайиҳам мебастанд, ва ҳангоме ки садоҳои аҷиб бароварда, аз кран кадом як моеи ифлоси малларанг ҷорӣ мешуд, мо барои ҷой дар душ ҷанҷол мекардем. Дар поён мусиқии стереофонӣ ва тап-тапи пойҳои Анна садо медоданд. Кӯдак дар хона медавид, падараш бошад ӯро ба курсии баланд шинонданӣ мешуд. — Биё, поён фаро, — маро дар назди дар дида, бо табассум гуфт ӯ ба ман. — Худатро чун дар хонаи худ ҳис кун. Ӯ кӯдакро бардошт ва аз пояш дошта, алвонҷ додан гирифт, то даме ки кӯдак аз ваҷд чиррос зад. Он гоҳ ӯ кӯдакро рост кард ва бо эҳтиёт ба курсии баланд, назди ман шинонд. Анна ба ман нигариста, хандид, ва баъд бозикунон рӯяшро бо дастонаш пӯшонд ва аз сӯрохиҳои байни панҷаҳояш ба ман нигоҳ кардан гирифт. Кэролайн бо тобае ки буғ мебаровард, даромад ва онро ба рӯи миз гузошт. — Ман барои тобаро ба рӯи миз гузоштанам бахшиш намепурсам, Тонӣ. Ман бо ҳайрат ба ӯ нигаристам. — Ту меҳмон нестӣ, ту узви оилаи мо ҳастӣ, бинобар ин хоҳ-нохоҳ ба он тарзе ки мо хӯрокро пешкаш менамоем, одат кун. — Ӯ бо ин суханон ҳиссаҳои калон-калони запеканкаи хушбӯйро ба табақчаҳо гузоштан гирифт. Ҷон Худоро барои хӯрок шукргузорӣ намуд ва мо ба хӯрдани хӯроки шом сар кардем. Аҳли оилаи Наннҳо маро хеле хуб пазироӣ намуданд, аммо, аз афти кор, онҳо нафаҳмиданд, ки ин муҳити муқаррарии оилавӣ барои ман то чӣ андоза ғайриоддӣ метофт ва бо чӣ гуна душворӣ ман ба он одат мекардам. Ман ҳеҷ гуна таҷрибаи чунин ҳаёти оилавиро надоштам. Ман ҳайрон будам, ки онҳо ба ман пурра боварӣ мекунанд. Ҳангоме ки Ҷон ба кор мерафт, Кэролайн дар ҳуҷраи хоб бо Ҷошуаи хурдсол мемонд, ман бошам дар ҳуҷраи қабули меҳмонон бо Анна танҳо мемондам. Ман фикр мекардам, ки наход онҳо то ҳамин дараҷа содда бошанд — охир, ман дар тӯли ҳаёти худ чӣ қадар зӯровариҳоро дидаам ва ин ба андозае як қисми шахсияти ман гардидааст. Анна шӯхиву эркагӣ мекард. Ман пеш аз ин бо кӯдакон муошират накарда будам ва намедонистам, ки ин муошират то чӣ андоза мафтункунанда аст, аммо маҳз мафтункунандагии рафтори табиии кӯдакона маро ором мекард. Боре Кэролайн аз он ки Анна хӯрокашро тез намехӯрад, асабонӣ шуда, ба болои миз таймерро гузошт. — Ҳангоме ки таймер занг мезанад, ту бояд аллакай ҳамаашро хӯрда бошӣ! Агар нахӯрӣ, пас... туро ҷазо додан лозим меояд! — гуфт модар ва аз ошхона баромад. Анна ба табақчаи шавлаи ҷав менигарист. — Намехоҳам, — бо эркагӣ лаби поёниашро инҷ карда, гуфт вай ва табақчаро аз пешаш дур кард. — Ба ҳар ҳол хӯрда бин, Анна, шавларо хӯр. Он хеле бомаза аст, — бо ӯ забони умумӣ ёфтанӣ шуда, гуфтам ман. Духтарак бо шубҳа ба ман нигарист. Ман таймерро гирифта, вақташро тағйир додам ва ин барои ӯ якчанд дақиқаи иловагӣ дод. Анна хандид. — Ш-ш-ш... — чашмак зада, гуфтам ман. — Ш-ш-ш... — ангушташро ба лабҳояш гузошта, такрор кард вай. Баъд хандид ва дарҳол шавлаашро хӯрд. Мо бо ҳам дӯст шудем. Якшанбе, 15-уми ноябри соли 1992 ман ҳамроҳи аҳли оилаи Наннҳо ба калисои баптистии Ню-Молден равона шудам. Ман хеле мехостам ба калисо равам ва ин рӯзро моҳҳои зиёд бесаброна интизор будам. Ман нақлҳои Майкл ва дигар бародарону хоҳаронро оиди калисоҳои Британия бо шавқ гӯш мекардам ва медонистам, ки вохӯрӣ бо дигар масеҳиён барои ман иди ҳақиқӣ хоҳад буд. Қариб сесад кас ҷамъ шуда буданд. Парастиши Худо маро ҳайрон кард. Муҳити хайрхоҳона ва мусиқии ҳамроҳикунанда касро ба ваҷд меовард ва ҳангоме ки воиз ба минбар баромад, ман бо диққати том гӯш кардам. Дар охир ӯ хоҳишмандонро даъват намуд, ки пеш баромада, оиди ба Худо рӯ овардани худ нақл кунанд. Маро ларза фаро гирифт, аммо ман фаҳмидам: Худо ба ман мефармояд, ки пеш бароям. Ман хестам ва ҳамаи он чиро, ки бояд мегуфтам, саросемавор дар майнаам тагу рӯ карда, пеш баромадам. Сипас бо лакнат ва забони гирифта қиссаи худро нақл кардам. Ман пештар ҳеҷ гоҳ дар назди чунин ҷамъомад баромад накарда будам. Дар ҳабсхона ман бо бисёриҳо сӯҳбат мекардам, аммо дар он ҷо ин хеле табиӣ ва умуман даркор буд. Акнун бошад ба чеҳраҳои табассумкунанда ва хайрхоҳ нигариста, ман худро чунон ноҳинҷор ҳис мекардам, ки изтиробро бартараф карда наметавонистам. То нисфирӯзӣ ман дӯстони зиёд пайдо намудам. Ман худро ба гурӯҳи касоне ки ғусли таъмид гирифтанӣ буданд, номнавис кардам. Ман дар ҳабсхона моҳҳои зиёд оиди он рӯзе орзу мекардам, ки маросими ғусли таъмиди ман баргузор мегардад. Майкл Райт борҳо ба ман нақл карда буд, ки дар калисои ӯ дар Кипр дар соҳили баҳр ғусли таъмид медиҳанд. Иэн Рэвэрзер, ҷавони кореягӣ, боре ба ман навишта буд, ки чӣ тавр ӯро дар соҳили баҳр ғусли таъмид доданд. Ман ба ӯ хеле ҳасад мебурдам! Ман дар Китоби Муқаддас оиди Яҳёи Таъмиддиҳанда хонда будам, ки Худи Исои Масеҳро ғусли таъмид дода буд ва медонистам, ки ҳатман бояд ин ҳукми Масеҳро ба ҷо оварам. Дар ҳабсхона ман маросиме доштам, ки то ҳадди имкон онро риоя мекардам. Ҳар бор ман дар зери душ истода, ба таври рамзӣ барои ҳаёти пештара мемурдам ва аз душ баромада, худро одами наву бегуноҳ меҳисобидам. Аз калисо баргашта, ман ба соҳибони хона дар оро додани дастурхони идонаи якшанбегӣ ёрӣ додам. Наннҳо ду меҳмон даъват карда буданд — Фил ва Сара ва онҳо аз калисо ҳамроҳи мо омаданд. Ҳар ду дӯстони хуби Ҷон ва Кэролайн буданд. Фил тақрибан ҳамсоли ман буд. Ӯ аз дигарон бо табассуми васеъ ва дастфишории самимӣ фарқ мекард. Ба зудӣ мо ба ҳам дӯст шудем, маълум шуд, ки ҳар дуи мо дӯстдорони мотосикл мебошем. Сара ба ман даст дода, ба чашмонам нигарист ва гуфт: — Аз шиносоӣ бо шумо шодам. Мо дар бораи шумо бисёр шунида будем. Ман ҳиҷил шуда, дар ҷоям қадам задам. Сара табассум кард, ва симои ӯ бо нури ботинӣ мунаввар гардид. Ман аз ҷилои чашмони ӯ мафтун гардида будам. Нақлҳои ӯ оиди он ки Худо чӣ тавр Худро дар ҳаёти ӯ зоҳир менамуд, ба ман маъқул буданд. Фил ва Сара Исоро дӯст медоштанд ва беш аз ҳама ман мӯҳтоҷи муошират бо ҳамин гуна одамон будам. Бегоҳии ҳамон рӯз ман оиди Сара фикр накарда наметавонистам. Ӯ як мӯъҷизае буд. Ҳар боре ки ӯро ба ёд оварам, табассум мекардам. «Парвардигоро, ин чист? — мепурсидам ман аз Худо. — Ман ба ин гуна чизҳо тайёр нестам!» Ман намедонистам, ки ҳамаи ин маро ба куҷоҳо мебарад, аммо аниқ медонистам, ки Сара тилло аст. Ӯ он бегоҳ бо ман чунон меҳрубон буд, ки ман хостам ба ӯ тӯҳфае пешкаш намоям. Ман асбобҳои хаттотии хушнависона ва рангро гирифта, ба кор сар кардам. Баъди якчанд рӯз ман ба хонаи Сара равона шудам. Ӯ дар Патнӣ[24], аз маҳалли зисти мо хеле дур зиндагӣ мекард. Ҳаёт дар ҳабсхона маро хонашин карда буд, агарчи пештар, ҳангоме ки муҳофиз будам, бо корҳои мизоҷҳоям бисёр сафар мекардам. Акнун бошад пеш аз сафар ман хеле асабонӣ мешудам. Худи фикр оиди автобус ё қатора барои ман тоқатфарсо буд. Ба қарибӣ ман дар устохонаи рассом ва декоратори маҳаллӣ, ки дар рӯ ба рӯи хонаи Наннҳо ҷойгир буд, ба худ кор ёфтам. Ӯ дар охири рӯзи корӣ музди кори маро бо пули нақд медод. Ва ман ҳамаи музди корамро ба таксӣ то Патнӣ сарф кардам. Ҳангоме ки ман ба кӯчаи Сара омадам, дилам қариб аз сандуқи сина берун меҷаст. Ман дар ин ҷо чӣ кор мекунам? Ман дар даст эстампи коғазпечи худ ва як даста гулро дошта меистодам. Ҳангоме ки ман занги дарро зер мекардам, дастонам аз ҳаяҷон меларзиданд. Ҳамроҳи Сара дар ин хона чор духтари дигар зиндагӣ мекарданд. Онҳо таҷрибаомӯзон, муаллимаҳои оянда буданд. «Илтиҷо мекунам, Сара, илтимос, дар хона бош», — пичирос мезадам ман. Дарро духтараки қадпасти малламӯй кушод. Ҳангоме ман хоҳиш кардам, ки Сараро ҷеғ занад, ӯ рамузфаҳмона табассум кард. Сара омад ва ман пай бурдам, ки аз ҳуҷраи қабули меҳмонон якчанд чеҳраҳои кунҷков намоён шуданд. Сара сурх шуд. — Тонӣ, чӣ боздиди ғайричашмдошт! Ман чӣ гуфтанамро намедонистам. — Ман танҳо мехостам ба шумо ин чизро тӯҳфа кунам, — бо лакнат сар кардам ман. Эстамп ва гулҳоро ба Сара дароз карда, ман аллакай хайру хуш карданӣ будам. — Истед, — андаке ба душворӣ афтода, гуфт ӯ. — Имкон надорад, ки шумо ҳамин тавр равед. Ақаллан даромада як пиёла чой нӯшед. Ман розӣ шудам, агарчи ҳанӯз меларзидам. Ин ларзиши фошкунанда танҳо ҳамон вақт ба охир расид, ки ман хонаи Сараро тарк карда, ба Ню-Молден баргаштам. Бегоҳӣ ман ба ӯ занг задам ва мо маслиҳат кардем, ки пагоҳ ба ягон ҷо рафта, якҷоя хӯроки нисфирӯзӣ мехӯрем. Дар давоми якчанд ҳафта мо боз якчанд бор вохӯрдем. Рости гап, ман ҳангоми ҳар як вохӯрӣ хеле асабонӣ мешудам, аммо мо асосан оиди имони худ гап мезадем ва ин ба ман ёрӣ медод, ки худро каму беш табиӣ нигоҳ дорам. Азбаски роҳи ман ба сӯи Худо аз ҳабсхона, аз умқи дӯзах гузашта буд, ҳангоми муошират бо дӯстони нав худро маҳдуд ҳис мекардам ва хиҷолат мекашидам. Роҳи Сара тамоман дигар буд. Ин духтари зебо, некдил ва покдоман тамоми умр Исоро дӯст медошт. Ман ба ин ҳасад мебурдам. Аммо ӯ ба ман иқрор шуд, ки мехоҳад Худоро ба таври «воқеӣ» дарк намояд, чунон ки бо ман рӯй дода буд. Вале ман Сараро фаҳмида наметавонистам. Ман он чиро ки худам аз сар гузарондаам, барои ҳеҷ кас орзу карда наметавонистам. Худо ба Сара на он тавр ошкор гардидааст, ки ба ман ошкор шуда буд. Аммо ба ҳар ҳол ман аз имони «кӯркӯрона»-и ӯ ба ҳаяҷон меомадам. Сара ҳанӯз дар солҳои кӯдакӣ ҳаёти худро ба Исо бахшида буд. Ӯ оиди худ нақл карда, ҳамеша табассум мекард. — Ҳамроҳи падарам ба калисое ки ӯ дар он ҷо мавъиза мекард, рафтан ба ман маъқул буд, — мегуфт ӯ. — Падарам ходими дастгузоштаи калисо буд, аммо дар ҷамоати мо ҳама мавъиза мекарданд. Боре бегоҳӣ, ман он вақт даҳсола будам, ҳамроҳи ӯ ба калисо рафтам ва чун ҳозир дар ёд дорам, ӯ оиди «замонҳои охир» мавъиза мекард. Падарам оиди он мегуфт, ки охири замон ҳар лаҳза фаро расида метавонад. Исо ҳатман бармегардад ва ҳар касе ки ба Ӯ имон надорад, барои ҳалокат гузошта мешавад. — Сара дар ин ҷо дармонд ва ларзид. — Тасаввур кун, охир ман ҳақиқатан ҳам дар байни ба ҳалокат гузошташудагон буда метавонистам, — давом дод ӯ. — Ман қиссаҳои гуногуни Китоби Муқаддасро хонда будам ва аллакай оиди Исо бисёр чизҳоро медонистам. Ман мефаҳмидам, ки барои наҷот ёфтан бояд ба Ӯ имон оварам. Аммо ман он вақт аллакай ба ӯ имон доштам, чунон ки ҳамеша имон доштам. Ман танҳо аз он шубҳа доштам, ки оё «дуруст» тавба кардаам ё не. Он бегоҳ суханони падарамро гӯш карда, ман фаҳмидам, ки бояд ҳамон тавре ки ӯ ба ҳамаи ҳозирон ёд медод, ба Худо дуо гӯям... Ман давоми сухани Сараро интизор шуда, ба ӯ нигаристам. Чашмони ӯ аз ашк тар шуда буданд. — Ҳа, ҳа, Тонӣ... Ман ҳамон тавре ки падарам ёд медод, дуо гуфтам, — гуфт ӯ. — Аммо ҳеҷ воқеа рӯй надод. Тамоман ҳеҷ воқеа. Пеш аз ин ман борҳо шунида будам, ки дуо кардан даркор аст ва он гоҳ ҳаёти ту дигаргун мешавад, ё дар ту чунон ҳиссиёт, чунон боварии ботинӣ пайдо мешавад, ки Худо ба ту наҷот ато кардааст. Аммо бо ман ҳеҷ воқеа рӯй надод. — Ҳеҷ воқеа рӯй надод? — пурсидам ман ва он бегоҳро дар камера ба ёд овардам, ҳангоме ки бо дуои самимӣ ба Исо муроҷиат намудам. — Не, на рӯшноии зиёд, на овоз аз осмон, на ягон хел азсаргузаронии мӯъҷизаосо. Ҳеҷ чиз. Ва ман гумон кардам, ки ягон корро нодуруст кардаам. Шояд ман суханонро бо тартиби нодуруст ба забон овардаам. Шояд дили худро ба қадри кофӣ фурӯтан накардаам ва дуои ман ба Худо на он қадар самимӣ тофт... — андак табассум кард Сара. — Ман як соли дароз аз ин дар тарс будам, — давом дод Сара. — Шабҳо дар ҷойгаҳ хобида, ман ба ҳар гуна хишир-хиширҳо гӯш меандохтам. Ва аз ҳама гуна садоҳо шод мешудам — аз ғиҷироси зинапоя, овози пасти падару модар; хулоса, аз ҳамаи он чи оиди дар хона будани падару модар шаҳодат медод. Гоҳо ман бардурӯғ сулфа мекардам. Он гоҳ модарам давида меомад — яъне ҳамааш хуб аст, ман танҳо нестам. Ҳангоме ки дар хона хомӯшии том ҳукмфармо мешуд, ман метарсидам, ки Исо аллакай ҳамаро назди Худ гирифтааст ва ман танҳо мондаам... Ман бо ҳайрат ба Сара нигаристам. — Дар охир ман ҷуръат карда, дар ин бора бо модар ва падарам гап задам. Пас аз ин ҳамааш фаҳмо шуд. — Чӣ тавр? — пурсидам ман. — Онҳо ба ту чӣ гуфтанд? — Модарам фаҳмонд, ки онҳо маро аз рӯзи аввали ҳаётам эҳтиёт мекарданд ва имкон намедоданд ба ягон чизе майл пайдо кунам, ки ба рӯҳу ҷонам дард ва азоб мерасонда бошад. Умуман ҳаёти ман ба таври куллӣ дигаргун шуда наметавонист... — Аммо маънои наҷотёфта будан танҳо ҳаёти дуруст ба сар бурдан нест, ҳамин тавр не? — гуфтам ман бо эҳсоси он ки ташвишу изтироб маро фаро мегирад. Наҷот маънои бештаре дорад. — Падарам зиндонбонро аз Филиппӣ, ки оиди ӯ дар Китоби Аъмол навишта шудааст, ба ёдам овард, — давом дод Сара. — Ҳангоме ки ин посбон Павлус ва Силоро дид, ки дар натиҷаи заминҷунбӣ аз завлонаҳо озод шуда буданд, ӯ аз онҳо пурсид: «Эй хоҷагон! Чӣ бояд бикунам, то ки наҷот ёбам?» Баъд падарам ҷавоби ҳаввориёнро зикр кард: «Ба Исои Масеҳи Худованд имон овар, ва ту бо аҳли байти худ наҷот хоҳӣ ёфт». Ман аз падарам пурсидам: «Наход танҳо ҳамин бошад? Оё ту боварӣ дорӣ, ки дигар ҳеҷ чиз даркор нест?» Илова ба ин ояти Китоби Муқаддас падарам боз бисёр оятҳои дигарро ба ман нишон дод. Ӯ гуфт, ки ҳангоме баъзе касон ба Худо имон меоваранд, дар ҳаёти онҳо як воқеаи аҳамиятнок ва драматикӣ рӯй медиҳад, аммо ин маънои онро надорад, ки бо ҳама бояд ҳамин тавр шавад. Ӯ маро бовар кунонд, ки дар ин маврид чизи муҳимтарин — дар имон ва умед ба Исо устувор будан аст. Аз чӣ сабаб бошад, ки ман маҳз ҳамин суханонро шунидан мехостам, — ба охир расонд Сара. Ман дӯстони худро аз ҳабсхона ба ёд овардам. Бисёрии онҳо назди Худо дар ҳолате меомаданд, ки ҳаёт онҳоро азоб дода, дарҳам шикаста буд. Ман ба онҳо оиди Масеҳ мегуфтам — чизи дигареро ман намедонистам, аммо як худи ин аллакай самар меовард. Ман борҳо оятҳои Китоби Муқаддасро бо суханони худ, маънои онҳоро нигоҳ дошта, баён карда будам. Ман ҳеҷ гоҳ ягон хел формулаҳо, ягон хел дуоҳои стандартии азёдшударо намедонистам. Ин гуна фикрҳо ба сари ҳеҷ кадоми мо намеомад. Ва ман бо андӯҳ оиди он андеша мекардам, ки замоне Сара аз фикре азоб мекашид, ки дуоҳои ӯ «нодуруст» буда метавонанд. Магар гап дар калимаҳост? Ин ҳама формулаҳо, ин ҳама дуоҳои тайёр чӣ даркоранд, дар ҳоле ки Худо ҳар дуои самимиро мешунавад? Ман суханони Майкл Райтро ба ёд овардам. «Наҷот тӯҳфа аст, на музди меҳнат. Исо барои наҷоти мо аллакай ҳама корро кардааст. Мо танҳо бояд ба Ӯ имон оварем ва тӯҳфаи Ӯро қабул намоем. Ин корро чӣ тавр кардани мо аҳамият надорад». Сараро гӯш карда, ман фикр мекардам, ки ҳаёти ҳар кадоми мо ин қадар гуногун аст. Ӯ дар оилаи дӯстдор тарбия ёфта буд, ки дар он имон як чизи худ аз худ маълум ҳисобида мешуд. Ман ҳатто ба зиндагии гармхонагӣ, бепарвоёна, беайби ӯ ҳасад бурдам. Аммо пас аз чунин зиндагӣ чӣ тавр ӯ маро фаҳмида метавонад, ки ман кӣ будам ва чӣ корҳо мекардам? Ман беҳад шарм медоштам. Шояд барои Сара беҳтар мебуд, ки бо ман барин шахс ҳеҷ умумияте надошта бошад. Аммо дар он, ки Сара маро чӣ гуна гӯш мекард, чӣ саволҳо медод ва чӣ гуна дастгирӣ менамуд, як чизи ғайриоддӣ буд. Аз чӣ сабаб бошад, ки ман бо ӯ муошират карда, худро аҳамиятнок ва арзишнок ҳис мекардам. Чӣ тавр ман аз дӯстӣ бо ӯ даст кашида метавонистам? Ман тамоми умр худбовар ва худписанд будам. Ман ҳеҷ гоҳ ҳатто дар назди шунавандагони зиёд худро гум намекардам ва ҳамеша худро идора менамудам. Пас аз озмоишҳо дар Кипр ман дигаргун шудам. Ман дар назди одамон хеле хиҷолат мекашидагӣ шудам, зери лаб ғур-ғур карда, сухан мегуфтам ва аз ҳаяҷон меларзидам. Сара, албатта, ба ин аҳамият дод. Ман ҳатто аз тасодуфан ба ӯ даст расонидан метарсидам. Ва инак як бегоҳ ӯ худаш ба ман даст расонд. Дар аввал ман хостам рӯямро аз ӯ гардонам, аммо пеш аз он ки чунин кунам, ӯ маро оғӯш карда, бӯсид. Ман моту мабҳут шуда будам. Дар охир ман ҳаяҷонро фурӯ нишондам. Изтироб аз байн рафт ва ҷои онро шодии беандоза гирифт. Баъди якчанд моҳ ман аз хонаи Ҷон ва Кэролайн ба хонаи Алан ва Ирэн Киркам кӯчидам. Онҳо ҷуфти оилавӣ аз калисо буданд. Баъд ман ҳуҷраеро дар ноҳияи роҳи оҳани Клапам ба иҷора гирифтам. Дар ошёнаи якуми ин хона калисои хурде буд, ки «Оак рум» ном дошт. Пас аз як-ду рӯз ман аллакай медонистам, ки дар ин калисо танҳо як бародар буд. Ҷамоат асосан аз занҳои пиронсоли сиёҳпӯст иборат буд. Ҳангоме ки Ҷо Макдоналд маро дид, чеҳрааш аз хурсандӣ гӯё медурахшид. Азбаски калисои анъанавии Бародарии Ягона[25] нисбати хизматгузории бародарон ва хоҳарон хеле сахтгир буд, бародар Ҷо ягона воиз буд. Сарбории асосӣ дар калисо ба ӯҳдаи хоҳарон буд, аммо ин ба мавъиза ва ҳукм оиди пора кардани нон дахл надошт. Бародар Ҷо дар тӯли солҳои зиёд пайиҳам шубон буд ва муҳимаш он аст, ки ӯ шубони дӯстдор буд. Ӯ дар як рӯз ду бор мавъиза мекард — пагоҳӣ ва бегоҳӣ, то даме ки тамоман хаставу бемадор шуд. Бинобар ин қисми асосии сарбории ӯ дар давоми якчанд рӯз ба зиммаи ман гузошта шуд. Маро он чиз хавотир кард, ки пас аз чанде бародар Ҷо тамоман аз ҳама гуна хизматгузорӣ даст кашид ва тамоми масъулият ба дӯши ман афтод. То ҳол ман ба одамон оиди Масеҳ фақат шаҳодат медодам. Бале, ман ин корро борҳо карда будам аммо мавъиза, таълим додан ва пеш бурдани парастиш — охир, ин тамоман кори дигар аст! Хоҳарон сахтгир буданд ва дарҳол маро ислоҳ менамуданд, аммо нисбати ман олиҳиммат буданд ва ман мефаҳмам, ки Худованд бо иродаи соҳибихтиёронаи Худ ин хизматгузориро барои ман муқаррар намудааст. Аъзоёни калисои Бародарии Ягона бо донистани Китоби Муқаддас шӯҳрат доранд, бинобар ин хоҳ-нохоҳ ба ман лозим меомад, ки соатҳои дароз Навиштаҷоти Муқаддасро омӯзам ва мавъизаҳоро тайёр кунам. Вақтҳои аввал ман мавъизаҳои худро аз рӯи коғаз мехондам, то даме ки дар мавъиза кардан малакаҳои муайян ба даст овардам. Хушбахтона, ба ёрии ман Майк Ливингстон, сокини қоматбаланд ва тануманди Зеландияи Нав омад. Майк андаке аз ман дертар ба Лондон омада буд ва мо ба зудӣ бо ҳам дӯст шудем. Худоро шукр, ки ӯ ба хоҳарони мо писанд омад ва тадриҷан ба ман дар хизматгузорӣ ёрӣ медодагӣ шуд. Мо бисёр вақт то бевақтӣ бо ҳам нишаста, ба якдигар оиди ҳодисаҳои гуногуни зиндагии худ ҳикоят мекардем. Майк, чун Сара, дар оилаи масеҳӣ тарбия ёфта буд, бинобар ин ӯ низ бо шавқ нақли маро оиди вохӯрии ҳаяҷонбахши ман бо Масеҳ гӯш мекард. — Медонӣ, ман гоҳо худро масеҳии навъи дуюм меҳисобам, — иқрор шуд ӯ боре ҳангоми сӯҳбатҳои бегоҳирӯзии мо. — Охир, ту ҳамеша Худоро мешинохтӣ, чаро ин гуна суханонро мегӯӣ? — пурсидам ман. — Албатта, аммо ман ҳамеша гумон мекардам, ки ба ҷаҳон бо чашмони падару модарам менигарам ва имони ман — аз они ман нест, балки аз они волидонам аст. — Ту чиро дар назар дорӣ? — Ман ҳамеша бояд ба имони худ боварӣ ҳосил мекардам, дар он устувор мешудам, — ҷавоб дод ӯ. — Ту ба таври воқеӣ Худоро вохӯрдаӣ. Ту гуфта будӣ, ки дар ҳаётат дидани зуҳуроти берунии амалҳои Ӯ дигар лозим нест, зеро ту бе ин ҳам ба Ӯ имон дорӣ. — Албатта, — ҷавоб додам ман. — Ҳангоме ки ман дар ҳабсхона будам, медонистам, ки Ӯ маро дар ҳама вақти шабу рӯз ҳифз мекунад. Ман дар он ҷо танҳо ҳамин тавр зинда монда метавонистам ва ин албатта, ба шарофати Худо буд. — Аммо ман чунин таҷриба надоштам. Ба ман ҳеҷ гоҳ лозим намеомад, ки ба ӯ ин тавр умед бандам, зеро ҳаёти ман ҳамеша орому осуда буд, — гуфт Майк. То ин вақт ман аллакай борҳо оиди чунин вохӯриҳо бо Худо шунида будам. Нақли Майк оиди ба Масеҳ рӯ оварданаш ба таври ҳайратовар ба нақли Сара монанд буд. Дар айни ҳол, Майк ва Сара пай намебурданд, ки ман чунин нақлҳоро шунида, чӣ гуна ба изтироб меомадам. Гап дар он аст, ки ман фаҳмида наметавонистам, ки чӣ тавр бо чунин имони «кӯркӯрона» зиндагӣ кардан мумкин аст. Бо вуҷуди ин Майк ва Сара сол ба сол Худоро ҳамду сано гуфта ва ҷалол дода, дар ҳама чиз ба ӯ боварӣ карда ва аз самими дил ба ӯ хизмат карда, дар имон устувор шуданро давом медоданд. — Хайр, чӣ шудааст? — пурсидам ман аз Майк. — Ба ҳар ҳол Худованд ҳамеша бо туст, ту бо қувваи худ ҳеҷ кор карда наметавонистӣ. Мо ҳар ду мавъиза мекардем, ҷамоатро роҳбарӣ менамудем ва ҳар ду хуб мефаҳмидем, ки моро дар хизмат қувваи Худо дастгирӣ мекард. — Ман ба ту дар ҳамин хусус гуфтан мехоҳам, Тонӣ, — табассум мекард Майк. — Роҳи ман ба сӯи Худо ба роҳи ту тамоман монанд нест, аммо ман медонам, ки ҳақиқатан имон дорам. Ман танҳо аниқ гуфта наметавонам, ки маҳз кай Худованд маро «аз олами боло ба вуҷуд овард», вале ту метавонӣ. Ман ӯро бо душворӣ мефаҳмидам, агарчи медонистам, ки Майк самимона гап мезад. — Ба ман аниқтар фаҳмон, ман ҳеҷ чизро нафаҳмида истодаам, — гуфтам ман. — Ман дар оилае тарбия ёфтаам, ки ҳама Исоро дӯст медоштанд, бинобар ин аз кӯдакӣ фарқи байни масеҳии ҳақиқӣ ва шахсеро, ки ҳамту ба калисо меояд, мефаҳмидам. Тақрибан дар синни даҳсолагӣ ман худро аллакай масеҳии собиқадор меҳисобидам. Ман медонистам, ки Исо Наҷотдиҳандаи ман аст; аммо ба ёд оварданам душвор буд, ки кай инро фаҳмидам ва интихоби худро кардам. Ман ҳамту ба ин боварӣ доштаму бас. Ман рӯзеро ба ёд оварда наметавонам, ки ба Масеҳ имон овардам, шояд аз он сабаб, ки рӯзеро дар ёд надорам, ки ба Ӯ имон надошта бошам... — табассум кард Майк. — Аммо инро фаҳмидани ман душвор аст, — гуфтам ман. — Вазъияти ман тамоман дигар буд. Ман то ба он дараҷа дар вартаи гуноҳ ғӯтида будам, ки ба Худо лозим омад бо ман бисёр кор кунад. — Ҳа, шояд ҳамин тавр бошад, — гуфт Майк. — Баъзеҳо ба роҳи ҳақиқат рӯ овардани гунаҳкоронро ба он монанд мекунанд, ки кас бо қатора аз як кишвар ба кишвари дигар сафар мекунад, — давом дод Майк. Агар хоб наравӣ, дида метавонӣ, ки чӣ тавр қатора аз сарҳад мегузарад. Аммо агар дар хоб бошӣ — худат медонӣ чӣ мешавад. Ту ба ин муваффақ шудӣ, агар дар хусуси ман гӯем, ман ба ёд оварда наметавонам, ки кай масеҳӣ «шудам», хулосаи гапам ҳамин аст. — Охир, ту ба имон овардани худ шубҳа надорӣ-ку? — пурсидам ман. — Ба фикрам, ин масъала яке аз мушкилтарин масъалаҳое буд, ки дар солҳои охир бояд онро ҳал мекардам. Ҳангоме ки ман сездаҳсола шудам, самимона имон доштам, ки Худи Худо маро водор намуд, ки ғусли таъмид гирам, то ба ҳама нишон диҳам, ки Исоро Наҷотдиҳандаи худ эътироф намудаам. Ҳамин тариқ, маро ғусли таъмид доданд. Аллакай баъд, калонсолтар шуда, ман «дуруст» ба Худо имон овардани худро зери шубҳа мегузоштагӣ шудам. Ман ба ёд оварда наметавонистам, ки маҳз кай тавба кардаам ва рӯзи аниқи онро гуфта наметавонистам — моҳияти шубҳаҳои ман маҳз дар ҳамин буд, хусусан ҳангоме бо одамоне вомехӯрдам, ки таҷрибаи худошиносии онҳо ба таҷрибаи ту монанд буд. Ман маҳзунона табассум кардам: — Аз ин чӣ хулоса бармеояд? — Ман чунин фикр мекунам, ки аз чунин шубҳаҳо бо дуои доимӣ халос шудан мумкин аст. Агар ман аз гуноҳи худ бори дигар тавба кунам, чӣ бадӣ дорад? — хандид Майк. — Ғайр аз ин, ба фикрам, шахсоне ки чун ту таҷрибаи дар воқеияти бераҳмонаи заминӣ шинохтани Худоро надоранд, далелҳои вуҷуд доштани Ӯро аз нуқтаи назари илмӣ ва фалсафӣ ҷустуҷӯ мекунанд. Ман медонам, ки ба Ӯ имон дорам, аммо тамоми умр кӯшиш мекардам, ки «сабаб»-и ба Худо имон доштани худро исбот намоям. Бале, ман чунин тарзи фикрронии илмӣ дорам. Аммо будан ё набудани Худоро аз ҷиҳати илмӣ исбот кардан имкон надорад. Мавҷудияти Худоро ба таври таҷрибавӣ тасдиқ кардан ғайриимкон аст. Дар ниҳояти кор ман ба чунин хулоса омадам: дар ҷаҳони табиӣ мо миқдори кофии далелҳои дар соҳаи рӯҳонӣ мавҷуд будани Худоро дорем. — Ту чиро дар назар дорӣ? — пурсидам ман. — Хайр, пеш аз ҳама, ин худи вуҷуд доштани олам аст. Сипас шаҳодатҳои дигар имондорон. Танҳо ҳамаи инро якҷоя карда, бо идрок қадами имонро гузоштан даркор аст. Мо дар нимторикӣ назди якдигар нишаста, хомӯш мондем. Ман кӯшиш кардам, ки гуфтаҳои Майкро дарк намоям. Қувваи шаҳодати ӯ маро ҳақиқатан ба ваҷд меовард. — Ҳа, Худо ҳеҷ гоҳ ба ман аз он ҷиҳате ки ба ту ошкор гардидааст, ошкор нашуда буд, аммо Ӯ ба ҳар ҳол дар ҳаёти ман мӯъҷизаҳои бузург ва ҳайратовар ба амал меовард ва меоварад, — ба охир расонд Майк бо овози паст. — Ман аниқ медонам, ки маҳз Ӯ маро дар ҳар як марҳилаи ҳаётам роҳнамоӣ мекард ва баракат медод! — Oмин! — табассум карда, гуфтам ман: ман шубҳае надоштам, ки маҳз ҳамин тавр аст. Хизматгузорӣ дар калисо қисми зиёди ҳаёти маро банд мекард, аммо ман бояд барои рӯзгузаронӣ пул кор мекардам. Берун аз кори калисо ман аз ҳеҷ гуна кор даст намекашидам, то ки пули суратҳисобҳоро пардохт намоям ва андак пул сарфа кунам. Гоҳо кори сазовор ёфтан осон набуд, аммо ман муддати дароз бекор наменишастам. Муддате ман пешхизмат шуда кор кардам, баъд бо эстампҳо машғул шудам. Дар охир ман ба сохторҳои муҳофизӣ баргаштам. Ин барои ман душвор набуд, аммо дар паси он хатари бозгашт ба роҳи ҳаёти пештара ниҳон буд. Муҳофизи оддӣ будан ба як андоза маънои беқадр кардани лаёқатҳои худро дошт ва музди корам низ ночиз буд, аммо ба ҳар ҳол ин кор ба ман маъқул буд, зеро он кори нисбатан ором буд. Аз рӯи зарурати хизмат ман бисёр ба Кю-Гарденз[26] ва дигар ҷойҳои зебои атрофи Лондон мерафтам. Ман аҳамият намедодам, ки бо кадом восита барои рӯзгузаронӣ пул меёбам. Дар ҳар ҳолат Исо ва талаботи шаҳодат додан оиди он чи Ӯ дар ҳаёти ман кардааст, қувваи ҳаракатдиҳандаи ҳаёти ман буд. Имкониятҳо зиёд буданд ва ман ҳеҷ кадоми онҳоро сарфи назар намекардам. Роҳбарияти фирмае ки ман дар он кор мекардам, таҷрибаи гузаштаи маро дар сохторҳои муҳофизӣ зуд ба назар гирифт. Вазифаи маро баланд карданд ва баъд ман зуд дар мансаб боло рафтам. Ман аз рӯи виҷдон, чун барои Худо кор карданро дӯст медоштам. Дар ҷои кори нав ман оиди беҳтар кардани кори фирма тасаввуроти возеҳ доштам. Ба зудӣ, худам ҳам пай набурда, ман шӯҳратпарастии пештараи худро барқарор намудам. Дар давоми ду сол бизнеси мо бомуваффақият инкишоф меёфт ва фоидаи ҳарчи бештар меовард. Муддате нагузашта ман директори тиҷоратӣ шудам. Ба ман мошини хидматӣ ва дар маркази Лондон манзил ҷудо карда шуд. Ҳамчунин бояд гуфт, ки моҳонаи хуб мегирифтагӣ шудам. Ман худро барои он чи хости Ӯ метофт, шукр мегуфтам. Ин вақт Сара таҳсилро ба охир расонда, муаллима шуд. Мо ба тӯй тайёрӣ медидем. Рӯзҳои истироҳатро мо дар хонаи падару модари Сара дар Эссекс мегузарондем. Барои ба даст овардани дуои неки онҳо ман бояд аз бисёр ҷиҳат ақидаи онҳоро нисбати ман дигаргун мекардам. Падару модари Сара одамони дӯстдор ва ошкоро буданд, аммо ман хуб мефаҳмидам, ки барои онҳо домоди писандида буданам аз эҳтимол дур аст. Онҳо барои духтари худ чунин домодро орзу намекарданд. Дар чунин шароит ягона коре ки карда метавонистам, ба Худо дуо гуфтан буд, то ки Ӯ ба онҳо «мани нав»-ро — он касеро ошкор намояд, ки Худованд рӯз ба рӯз аз ифлосии гуноҳ пок карда, маро ба он гуна шахс табдил медод. Аммо ин он қадар кори осон набуд. Агарчи ман кун-фуро кайҳо тарк карда будам, он чун пештара як қисми ҳастии ман буд. Боре ман дар яке аз рӯзҳои истироҳат дар хонаи падару модари Сара истироҳат мекардам. Ман дар нақша доштам, ки пагоҳии рӯзи душанбе ба қатораи барвақтии Лондон савор мешавам. Қарибиҳои соати панҷи саҳар Дейвид, падари Сара, хост маро бедор карда, як пиёла чойи гарм диҳад. Ман ба хоби сахт рафта будам, ва шояд ҳатто хуррок мекашидам. Ба муддати сонияе ғаризаҳои пештараи решагирифта дар ман бедор шуданд: касе ба ҳуҷра даромадааст. Ман дарҳол аз хоб хеста, аз ҷой ҷастам ва барои ҳимоя ба тарзи ҷангии асп истодам. Дейвиди бечора гаранг ва ҳайрон шуда монд. Ман дар вақташ бозистодам. Албатта, ман зарба назадам. Дейвид аз ҳайрат як қад парид, аммо пиёлаи чои гармро аз даст наафтонд. Баъдтар Дейвид ин воқеаро ба ёд оварда, механдид, агарчи ин барои ман ёдрасии дардноке оиди «роҳ»-и қадимӣ буд, ки аз шуурам берун кардан ғайриимкон аст. Ҳунари ҷангии кун-фу барои ҳамеша дар ман чун «неше дар ҷисм» боқӣ мемонад. Ман дар бадани инсон чунин ҷойҳоеро медонам, ки ба онҳо таъсир расонда, одамро дар муддати якчанд сония куштан мумкин аст. Чунин дониш хеле хатарнок аст. Ин мисли он аст, ки кас ҳамеша бо силоҳи тир ҷойкардашуда гардад. Вақтҳои аввал Сара ҳамеша ба ман мегуфт, ки ҳангоме мо якҷоя аз хона мебароем, худро пурра дар бехатарӣ ҳис мекунад. Аммо магар ман аз ӯ ҳамин суханонро шунидан мехостам?! Аз он рӯзи ҳайратовар, ки Худо ҳангоми задухӯрди ман ва Алкапонӣ қувваи Худро зоҳир намуд, ман одамонро аз омӯхтани ҳама гуна шаклҳо ва навъҳои ҳунарҳои ҷангӣ боздоштанӣ мешудам. Дар Ғарб онҳоро асосан барои нигоҳдории саломатӣ ва муҳофизати худ таълим медиҳанд, аммо ҳамаи ҳунарҳои ҷангии шарқӣ як асоси рӯҳонӣ доранд, ки ба фикри ман, фиребанда ва хатарнок аст. Роҳи кун-фу ба роҳи ҳақиқии Исои Масеҳ мухолиф аст ва боиси он мегардад, ки дар инсон боварии бардурӯғ ба худ пайдо мешавад. Ҳунарҳои ҷангӣ ба тарсҳои ботинии инсон, ба майлу ҳавасҳо ва худпарастии ӯ нигаронида шудаанд. Аммо роҳи Масеҳ одамро аз ғуломии гуноҳ озод карда, сӯи ҳаёти нав, сӯи озодӣ ва бехатарӣ ба воситаи Ӯ, дар Ӯ ва бо Ӯ мебарад. Боби 14 Ману Сара 22-юми июли соли 1995 оиладор шудем. Ҳамон сол, андаке пештар Майк ва дугонаи беҳтарини Сара оиладор шуданд. Мутаассифона, ин маънои онро дошт, ки ману Майк бояд калисои «Оак рум»-ро тарк мекардем. Аввал ба Майк лозим омад, ки чунин кунад ва баъди якчанд моҳ — ба ман ҳам. Сара ва Элен дар Эссекс кор мекарданд, дар он ҷое ки волидонашон зиндагӣ мекарданд. Духтарон аз хурдсолӣ дугона буданд ва ҳар ду — аъзоёни калисои хурди «Моркрофт Ҳолл». Ба зудӣ мо ба ҳаёти калисо шарик шудем. Аз рӯзҳои аввали тавба карданам ман орзу доштам, ки дар ягон ҷойи Хитой ё ақаллан дар ягон ҳабсхонаи режимаш сахт барои ҷинояткорони ашаддӣ миссионер шуда, кор кунам. Ба ҷои ин ман ба Сара, ки дили худро ба кӯдакон дода буд, пайравӣ намудам. Падари ӯ дар давоми солҳои зиёд ташкили лагерҳои тобистонаи кӯдаконро роҳбарӣ мекард. Ман ба ӯ ёрӣ медодам ва пай бурдам, ки бо майли том бо кӯдакон кор мекунам. Бо онҳо ҳар гуна бозиҳо кардан ба ман маъқул буд. Шояд аз он сабаб, ки ҳамаи ин дар кӯдакӣ бароям камӣ мекард. Пункти ҳатмии барномаи истироҳати кӯдакон, ҷангҳои обӣ ва ҳар гуна бозиҳои серҳаракат ва низ мусобиқаҳои варзишӣ буданд. Бегоҳиҳо мо якҷоя ба кӯдакон оиди Исои Масеҳ нақл мекардем. Ин хеле осон буд. Барои кӯдакон низ шавқовар буд ва ман худам боварӣ ҳосил намудам, ки онҳо маро бодиққат гӯш мекунанд. Калисои «Моркрофт Ҳолл» чорабиниҳои башоратдиҳӣ намегузаронд, ва ҷавонон низ дар он бисёр набуданд. Андаке пеш аз воқеаҳои тасвиршаванда ман, Сара, Майк ва Элен қарор додем, ки дар калисо маҳфили ҷавононро ташкил намоем. Дар шаҳр бисёр наврасоне буданд, ки дар кӯчаҳо бекор мегаштанд. Мо зуд ба кор сар кардем. Ман бо наврасон шинос шуда, онҳоро ба калисо даъват менамудам, Майк башорат медод. Рӯзҳои панҷшанбе мо микроавтобус гирифта, дар тамоми Базилдон мегаштем, то ки кӯдакону наврасонро ба калисо барем. Он вақт бисёр бачагон ба Масеҳ имон оварданд. Масалан, Ҷеймӣ. Ӯ бачаи лоғар, асабонӣ ва беҳад серҳаракат буд. Ӯ нӯҳсола буд, аммо аз синни худ хурдтар метофт. Бо вуҷуди ин ӯ борҳо аз хона гурехта, ҳар дафъа ба ҳар гуна нохушиҳо дучор мешуд. Ӯ ба ҳеҷ кас бовар намекард ва ҳангоме ки асабонӣ мешуд, забонаш мегирифт. Мо тафсилоти аслу насаб ва таҳсилоти ӯро намедонистем, аммо чун аксари бачагоне ки мо бо онҳо кор мекардем, ӯ падар надошт: танҳо модар, то ҷое ки қувваташ мерасид, дар ҳаққи писараш ғамхорӣ мекард. Мо кӯшиш мекардем, ки то ҳадди имкон бо волидони ҳамаи кӯдакон робита барпо кунем, дар айни ҳол ман ҳеҷ гоҳ пинҳон намекардам, ки мӯҳлатеро дар ҳабсхона гузарондаам. Аммо дар муҳите ки мо давр мезадем, ин шармандагии зиёд ҳисобида намешуд. Бисёрии шавҳарон ё ҳамхонагони занҳо — модарони бачагоне ки дар васояти мо буданд, ҳамчунин дар ҳабсхонаҳо шишта буданд ва аксари модарон барои ёрӣ дар пешгирии таъсири вайронкунандаи кӯча аз мо миннатдор буданд. Ҷеймӣ ҳар ҳафта ба маҳфили ҷавонони мо меомад. Баъди чанде ӯ бо додар ва хоҳараш — Ҷон ва Мэндӣ — меомадагӣ шуд. Акнун ман бисёр вақт ба худ савол медиҳам, ки агар Ҷеймӣ дар он давраи душвори ҳаёти худ он дастгириеро, ки дар маҳфили ҷавонони мо буд, пайдо намекард, тақдири ӯ то чӣ андоза бад шуда метавонист. Беккӣ Уотсон ҷавондухтари зебое буд, ки мо ӯро ҳар ҳафта аз Биллеркей меовардем. Аъзоёни маҳфили ҷавонони мо ҳарчи калонтар мешуд, бинобар ин тадриҷан мо барои овардани кӯдакон ва наврасон бо як микроавтобус ва ду мошини сабукрав мебаромадем. Боре бегоҳӣ, пеш аз саршавии бозӣ ман ногоҳ бо таассуф ба ёд овардам: овардани Беккиро фаромӯш кардаам. Бурдани бозиро ба ёрдамчиён супурда, ман ба ислоҳ намудани хатои худ шитофтам. Ба малакаҳои мошинронии экстремалӣ такя карда, ман роҳи 20-дақиқагиро дар муддате хеле кӯтоҳтар тай намудам. Хайрият, ки Беккӣ ҳанӯз нарафта буд. Ӯ ҳанӯз маро интизор буд, агарчи хунук хӯрда буд. Духтар олиҳимматона маро бахшид. Ин дар хислати ӯ буд. Дар мошин мо сӯҳбат кардем ва ман аз ӯ рӯйрост пурсидам: — Ба ҳар ҳол, оё ту ба Исои Масеҳ имон дорӣ? Хомӯшии шиддатнок фаро расид. Ҳеҷ кас ва ҳеҷ гоҳ аз ӯ дар ин хусус рӯйрост напурсида буд. Ӯ рост ба пеш нигоҳ мекард, ман бошам аз роҳ чашмамро намекандам. Мо хомӯш будем, то даме ки ба монишгоҳи мошинҳои калисо даромадем. Ҳангоме ки ман тасмаи бехатариро боз карда, дари мошинро мекушодам, Беккӣ ногоҳ гуфт: — Ҳа! — Ҳа? — нафаҳмидам ман. — Ҳа, ман ба Исои Масеҳ имон дорам, — ба чашмони ман нигариста, гуфт Беккӣ. Дар чеҳраи зебои ӯ табассум пайдо шуд, чашмонаш ҷило доданд. Ӯ боз такрор кард: — Ҳа, Тонӣ. Акнун ман ба Исо имон дорам. Аз ҳамон вақт Беккӣ ҳамеша хаста нашуда оиди Масеҳ шаҳодат медод. Дар айни ҳол ӯ ҳамеша нақл мекард, ки як бегоҳии хуб дар мошини ман ба Худо имон овард. Ман бошам хурсанд будам, ки ҷуръат карда, ба ӯ саволи рӯйрост додам. Беккӣ ҳоло ҳам чун пештара башорат медиҳад. Ӯ ин корро чунон содда ва табиӣ ба ҷо меоварад, ки то ҳол ҳамчун сарчашмаи илҳоми ман боқӣ мемонад. Бисёри дигарон низ буданд, ки дилҳои худро ба Исо мекушоданд ва оиди Ӯ бештар донистан мехостанд. Мо ин ҷавононро рӯзҳои сешанбе барои омӯзиши Китоби Муқаддас ба хонаамон даъват мекардем. Мо ҳуҷраҳои холӣ надоштем, бинобар ин 10–15 нафар ҷавонписарон ва духтарон дар ҳуҷраи меҳмонқабулкунии мо менишастанд. Дар тангӣ, аммо бе хафагӣ. Умуман, ин вақти хеле хуб буд. Дар айни замон корҳои ман дар сохторҳои муҳофизӣ зуд пеш мерафтанд. Ман ҳамеша ба пеш нигариста, амалҳои худро даҳ қадам пеш аз рақибон ба нақша гирифта метавонистам ва ин боиси болоравӣ дар мансаб ва зиёд шудани музди меҳнатам мегардид. Ман ҳанӯз ҳам дар дил оиди одамони ҷаҳонӣ, ки Исоро намешинохтанд, ғам мехӯрдам, аммо акнун ба ақиб нигариста, мефаҳмам, ки маркази ҳаёти рӯҳонии ман аллакай ҳамон вақт дигар шудан гирифт. Ман ва Сара худро гумроҳ мекардем, ки гӯё Худо ба мо бисёр медиҳад, то ки ба Ӯ бештар хайрот карда тавонем. Аммо дар асл тамоман ин тавр не, балки тамоман баръакс буд. Ман ҳарчи бештар бо кор машғул мешудам ва ин маро аз Сара, аз калисо, аз хизматгузорӣ, ки Худо маро ба он даъват менамуд (чунон ки ман онро комилан аниқ мефаҳмидам), дур мекард. Ман худам нафаҳмида, ба касе табдил меёфтам, ки акнун «масеҳии ба доми осудакунии худ афтода» меномам. Ҳанӯз якчанд сол пеш ман чунин масеҳиёнро таҳсин намекардам ва ба онҳо баҳои хеле бад медодам, аммо акнун худам чунин шуда будам. Аз лаҳзаи ба Инглистон омаданам ман дар орзуи он будам, ки як ҷузъи калисо шавам. Дар ҳабсхона ман ҳикоятҳои Аҳди Ҷадидро мехондам ва ба ҳамин монанд воқеаҳоро дар калисои ҳозиразамон ба худ тасаввур мекардам. Ва Худо ба ман имконияти ҳис кардани чунин хурсандиро дод. Албатта, пас аз эҳёи рӯҳонӣ дар Кипр, ман ҳаёт дар байни ҳамимононро бароям мукофот меҳисобидам. Аммо вақт мегузашт ва бисёр калисоҳое ки ман ба онҳо мерафтам, маро беш аз пеш ноумед мекарданд. Ҳа, бародарону хоҳарон метавонистанд якдигарро дӯст доранд, шодбош гӯянд ва нармдилӣ зоҳир намоянд, аммо умуман ҳамаи онҳо бештар ба корҳо ва эҳтиёҷоти худ таваҷҷӯҳ доштанд. Онҳо, албатта, дар ҳаққи бенавоён, азобкашандагон ва эҳтиёҷмандон дуо мекарданд, аммо танҳо баъзеҳо хоҳиш доштанд, ки берун аз калисои худ башорат диҳанд. Дар Инҷили Марқус (16:15) Исо ба пайравони Худ мегӯяд: «...ба тамоми олам биравед ва Инҷилро ба ҳамаи махлуқот мавъиза намоед». Фармудаи Исо чуноне ки дар он вақт буд, ҳоло низ ҳамон гуна аст. Ин амр барои ҳамаи замонҳо буда, ба ҳамаи масеҳиён дахл дорад. Бо вуҷуди ин, ман медидам, ки аксари масеҳиён ин амрро иҷро намекунанд. Дар Кипр, ҳангоме ки навакак аз ҷониби Худо наҷот ёфта, аз олами боло зода шуда будам, ин ҳақиқатро оиди Исои Масеҳ пинҳон дошта наметавонистам. Ин монанди он аст, ки касе доруи зидди саратонро ихтироъ намуда, онро пинҳон кунад. Хушхабар оиди Масеҳ барои ман ҳамин гуна кашфиёт буд. Аммо он чи ман дар ин ҷо дидам, то чӣ андоза ночиз буд! Масъалаи наҷотро ҳар кас бояд пеш аз масъалаҳои дигар, бе дудилагӣ, мавқуф нагузошта, ҳал кунад. Мо бояд ба одамон дар бораи ана ҳамин чиз мегуфтем, аммо дар асл ҳеҷ кас ин корро намекард. Ва ман фаҳмида наметавонистам, ки чаро дар атроф масеҳиёне ки чунин меҳисобанд, ин қадар кам ҳастанд. Шаш ё ҳафт сол гузашт ва худи ман ба доми ҳаёти серу пур афтодам. Худам дарк накарда, ман ба биёбони рӯҳонӣ қадам гузоштам. Ману Сараро дар пеш замонҳои вазнин интизор буданд. Тобистони соли 1999 Майк ва Элен ба наздикии Беркшир кӯчиданд, ки дар он ҷо ба Майк кори хуб пешниҳод карда буданд. Гурӯҳи ҷавонон чун пештара дар хонаи мо ҷамъ мешуд, аммо ману Сара аз ҳаёти калисоӣ хеле норозӣ будем. Дар калисои «Моркрофт Ҳолл» ҳамсолони мо набуданд, аммо мо хоҳони муносибатҳои дӯстонаи амиқтар будем. Албатта, Худо норозигии моро мефаҳмид, мо ба ин боварӣ доштем. Ва инак, ҳангоме ки ба ман дар Фелтам кор пешниҳод карданд, мо Худоро барои ҷавоби Ӯ ба дуоҳоямон шукргузорӣ намудем. Даромади ман афзун мешуд ва баъди муддате мо дар ноҳияи беҳтарин хонаи хуб харида тавонистем. Мо то чӣ андоза бефаҳм будем! Ба ақиб нигариста, ман акнун аниқ мебинам, ки парастории Худо на дар музди баланд ва манзили беҳтарин аст. Ҳамаи ин чизҳои даркорӣ танҳо доми ҳаёти серу пур буданд. Бо хости Худо мо дар Эссекс аллакай хизмати худро ёфта будем. Бачаҳо ба мо эҳтиёҷ доштанд, аммо мо онҳоро ба ихтиёри тақдир ҳавола намудем. Ҳа, мо кор бо бачаҳоро байни аъзоёни калисои маҳаллӣ тақсим кардем ва боварӣ ҳосил намудем, ки дар ҳаққи бачаҳо ғамхорӣ мекунанд, аммо худамон на бо роҳи Худо, балки бо роҳи худ рафтем. Ду ҳафта пеш аз кӯчиданамон маро бо сабаби ихтисори миқдори кормандон аз кор озод карданд. «Ин чист? Нақшаи Худо?» — ба худ савол медодам ман. Аммо ман резюмеи комилан хуб доштам ва медонистам, ки ба зудӣ боз ҳамааш хуб мешавад. Ҳақиқатан, пас аз якчанд ҳафта ман дар маркази Лондон дар фирмае ки бо таъмини бехатарӣ машғул мешуд, директори тиҷоратӣ шуда, ба кор даромадам. Андаке баъд аз ин Сара маро бо хабаре шод намуд, ки ниҳоят мо фарзанддор мешавем. Ҳаёт хеле хуб метофт. Мо боварӣ доштем, ки дар роҳи дуруст ҳастем, ба ҷои даркорӣ расидаем ва ин ҷой сазовори диққати мост. Дар ҷамоати маҳаллии масеҳиёни инҷилӣ ба ман вазифаи шубонро оиди кор бо ҷавонон пешниҳод намуданд ва ман ба ташкил додани гурӯҳи наврасон сар кардам. Барои ин хизматгузорӣ бисёр мубориза бурдан лозим омад. Бо баъзе имондорон дар ин масъала баҳсу мунозираҳои нохуш доштем. — Ба фикрам, онҳо пеш аз ҳама барои он хавотир мешаванд, ки бачаҳо гилемҳои онҳоро хӯрда карда, сӯрох менамоянд, — пичингомез гуфтам ман дар гуфтугӯ бо Сара. Ман қасам хӯрдам, ки ба онҳо гузашт намекунам. Ман онҳоро бо корҳоям шармсор мекунам, ба онҳо нишон медиҳам, ки дар калисо чӣ кор бояд кард ва метавон кард. Якчанд моҳ гузашт ва дар назди калисо маҳфили ҷавонони фаъол ташкил дода шуд. Дар ҳақиқат, наврасоне ки ба фаъолияти маҳфил шавқ доштанд, ба калисо ҳамроҳи дӯстони худ меомаданд. Инро дар калисо пай набурда наметавонистанд. Аммо хоҳиши башоратдиҳии аҳли калисо ҳеҷ бештар нашуд. Ман ба ин аҳамият надода, кори худро давом медодам ва ғайратмандона амал менамудам. Башоратдиҳӣ фармудаи Исо аст ва ман Хушхабарро ба одамон мерасонам ва ин корро дар танҳоӣ ё ҳамроҳи дигарон кардан — ин аллакай масъалаи дигар аст. Акнун ман мефаҳмам, ки пеш аз он ки ба дигарон таълим диҳам, бояд худам меомӯхтам ва на танҳо ба ниятҳои неки худ такя мекардам. Ман он вақт намедидам, ки Худо аллакай меҳнати маро баракат намедод. Боре бегоҳии рӯзи душанбе, дар аввали моҳи марти соли 2000-ум бачае аз гурӯҳи ҷавонон ба хонаи мо омад. Ману ӯ гуфтугӯ кардем, оиди корҳои мактабии ӯ дуо гуфтем ва баъд, ҳангоме ки торик шуд, ман ӯро бо мошин ба хонааш бурдам. Дар роҳи бозгашт ман ба тарабхонаи хитоӣ даромада, барои ба хона бурдан хӯрок фармоиш намудам. Рӯз вазнин буд ва ман хаста шуда будам. Сим-сим борон меборид, қатраҳо ба шишаи пеши мошин оҳиста бармехӯрданд. Ҳаво ториктар мешуд, ва ман мошинро то ҳадди имкон боэҳтиёт мерондам. Дар давоми моҳҳои охир ман ба якчанд садамаҳои ночизи роҳ дучор шуда будам. Ман бисёр мошин мерондам, ба кор мерафтам ва бармегаштам, бегоҳиҳо бачаҳоро ба хонаҳояшон мебурдам. Хастагии пайиҳам аллакай бар ман дастболо мешуд. Ман мошинро бо роҳи торики байни деҳот мерондам. Дар ин ҷойҳо ҳамеша гавазнҳо бисёр буданд. «Ба спидометр нигоҳ кун», — мегуфтам ман ба худ. Ҳаминаш кам буд, ки ба гавазн бархӯрӣ! Аммо ба ҳар ҳол дар як лаҳзае ман аломати истро надида мондам. Ва пеш аз он ки чизеро фаҳмам, дар чорраҳа будам. Ҳангоме ки дар пеши назарам чароғаки сурх таҳдидомез фурӯзон шуд, ман педали тормозро сахт зер кардам. Чархҳо тоб намехӯрданд ва мошин лағжид. Хушбахтона, роҳи асосӣ холӣ буд. На равшании фараҳо, на чароғакҳои сигнали ягон воситаи нақлиёт. Автомобил ба хати ҳаракати рӯ ба рӯ лағжида рафта буд. Аммо ин чист? Ҳангоме ки ман мошинро бозмедоштам, чунин тофт, ки дар пеш, аз тарафи рости мошин чизе як сӯ ҷаст. Дар айни ҳол ман зарбаро ҳис кардам, аммо хеле суст, вале ин барои тарсидани ман кофӣ буд. Шояд ягон хел ҷонвар бошад. Ман баромадам, то ки бинам. Фараи пеш шикаста буд. Дигар ҳеҷ чиз. Ман роҳро аз назар гузарондам. Он холӣ буд. Шояд ин гавазни хурд ё рӯбоҳе буд. Ба ҳар ҳол, аз афти кор, он дар бешаи наздик ғоиб шуд. Назди мошин баргашта, ман онро якчанд метр ақиб, ба чорраҳа рондам. Дар он ҷо низ ҳеҷ чизро надидам. Аммо кадом як ҳисси хавотиркунанда маро тарк намекард. Ман муддате дар паси чанбараки мошин нишастам. Дар лаби роҳ на он қадар дуртар аз чорраҳа ду мошини дигар бозистод. Ҳеҷ кас берун набаромад. «Шояд онҳо аз боиси ҳамон ҳайвон бозистодаанд», — фикр кардам ман. Ман намедонистам, ки чӣ кор кунам. Дар зарф хӯрок хунук мешуд. Ман барои беэҳтиётии навбатӣ дар роҳ аз худ хашмгин шуда будам. Бо онҳо баҳсу мунозира кардан намехостам. Хусусан аз боиси гавазни захмдоршуда. Ман педали газро зер карда, бо роҳи дигар ба хона рафтам ва дигар ин воқеаро ба ёд намеовардам. Шанбеи оянда наврасон аз гурӯҳи ҷавонон ба хонаи мо омаданд. Дарси навбатии Китоби Муқаддас ва хӯроки баъд аз зӯҳр дар нақша буд. Бачаҳо яке паси дигар ба ҳуҷраи қабули меҳмонон меомаданд. — Тонӣ, ба мошинат чӣ шудааст? Тири душман? — ҳазломез пурсид Том ва ба курсии бароҳат нишаст. Том дӯстдори радио буд ва ба криминалистика шавқ дошт. Ӯ доимо ҳамаи ахбори полисро гӯш карда, дар рӯзномаҳо ҳамаи хабарҳоро оиди кори детективҳои маҳаллӣ мехонд. — Медонӣ, кормандони полис мошинеро ба монанди мошини ту ҷустуҷӯ мекунанд, — гуфт ӯ бо лабханди каҷ. — Наход? — ногоҳ таваҷҷӯҳ пайдо карда, пурсидам ман. — Бегоҳии рӯзи душанбе занеро мошин задааст. — Том гап мезад ва тахтапушти ман ях барин мешуд. — Ин дар куҷо рӯй додааст? — пурсидам ман то ҳадди имкон озодона. — Дар Брэкнелл-роуд. Зан савори мотосикл будааст. Ронанда ҳатто мошинашро бознадоштааст. Ман худро бад ҳис кардам. — Хайр, баъд нақл мекунӣ, ки тафтишот чӣ хел пеш рафта истодааст, — шӯхӣ кардам ман, агарчи тамоми дарунам хунук шуда буд. Ман то дами хона ба хона рафтани ҳамаи бачаҳо базӯр тоқат кардам. — Ба ту чӣ шуд? — ба ташвиш афтода, пурсид Сара, ҳангоме ки мо меҳмони охиринро гусел кардем. — Ман гумон надоштам, ки ту дарсро ин қадар зуд ба охир мерасонӣ. Ман ба курсии бароҳат нишаста, сарамро бо дастонам доштам. Сара ба таври ҷиддӣ хавотир шуд. — Эй, дӯстам, чӣ воқеа шуд? Банохост бемор нашуда бошӣ? — нидо кард ӯ. — Ман бояд ба ту оиди як чиз иқрор шавам, — бо ашк дар чашмон ва чун барги дарахт ларзида, гуфтам ман. Ман оиди воқеаи дар роҳ рӯйдода, ҳангоме ба ман чунин тофт, ки бо ҷонваре бархӯрдам ва оиди он чи Том дар хусуси зани ҳалокшуда гуфт, ба Сара нақл кардам. — Чаро ту гумон мекунӣ, ки сухан дар бораи ҳамон як ҳодиса меравад? — бо кӯшиши зиёд худро ба даст гирифтанӣ шуда, пурсид Сара. — Дигар хел буда ҳам наметавонад. Худи ҳамон вақт, худи ҳамон ҷой. Ғайр аз ман дар он ҷо боз кӣ буда метавонист? — Чаро ту ба ман дар ин бора нагуфтӣ? — Ман гумон надоштам, ки ягон воқеаи ҷиддӣ рӯй додааст. — Аммо ту ҳис карда метавонистӣ, ки мошин ба як чиз бархӯрдааст, ҳамин тавр не? — Чизе ба монанди ин буд. Ман гумон кардам, ки ин ҳайвоне буд. Худат нигоҳ кун, танҳо фараи пеши мошин шикастааст. — Акнун чӣ мешавад? — пурсид Сара ва кӯшиш кард, ки ором шуда, фикр кунад. — То даме ки ҳамаашро аниқ нафаҳмем, беҳтараш, ҳеҷ кор накунем, — гуфтам ман. Сара дар тӯдаи рӯзномаҳои нахонда ҷустуҷӯ кард. Мақоларо оиди фоҷиа дар Брэкнелл-роуд дида, ӯ даҳонашро бо дасташ пӯшонд, то ки дод нагӯяд. — Не! — ман рӯзномаро аз дасти ӯ гирифтам. Дар он тамоми воқеа аниқу равшан баён карда шуда буд. Бегоҳии рӯзи душанбе, тақрибан дар соати даҳ, дар Брэкнелл-роуд мотосиклеро, ки аз чорраҳа мегузашт, мошине задааст. Зане ки мотосикл меронд, дар натиҷаи зарба ба буттазор афтида, дертар дар он ҷо фавтидааст. Ӯ сарвари гурӯҳи бойскаутҳои маҳаллӣ ва модари ду фарзанд будааст. Он бегоҳ ӯ аз ҷамъомад ба хона бармегаштааст. Баъд дар рӯзнома хабар дода мешуд, ки ронандаи мошини номаълум аз ҷои воқеа гайб задааст ва акнун детективҳо умед доранд, ки ҷинояткорро меёбанд. Ман ба ларза даромадам. Сара, мисли он ки кӯдакамонро ҳимоя мекарда бошад, шикамашро дошта мегирист. — Агар ман занро зер карда бошам, маро ба ҳабсхона мешинонанд... — гуфтам ман. — Аммо ин танҳо фалокат, тасодуфи бадбахтона аст! — нидо кард Сара. Зан мурдааст! — ноумедона фарёд задам ман. — Хоҳ тасодуф бошад, хоҳ не, ба ҳар ҳол маро ба ҳабсхона мешинонанд. — Кӯдак чӣ мешавад? — гиря кард Сара. — Чӣ кор кунем? Мо то шаб гуфтугӯ карда, оиди он муҳокимаронӣ кардем, ки аз эҳтимол дур аст, ки Худо маро боз ба ҳабсхона фиристоданӣ бошад. Албатта, Ӯ моро аз ин раҳо мекунад! Мо якҷоя бисёр дуо кардем. «Худованд Исо! Моро наҷот деҳ ва ҳифз намо». Мо аз Худо илтимос мекардем, аммо дархостҳои мо ҳақирона буданд. Мо хоҳиш мекардем, ки Ӯ на хости Худро, балки хости моро ба ҷо оварад. Мо ноҳақ будем ва осмонҳо ҷавоб намедоданд. Мо қарор додем, ки ҳеҷ чорае наандешем. Баъди якчанд рӯз мо мошинро дар автосервис мондем. Ман механикро фиреб дода, гуфтам, ки ба мошин дар монишгоҳи мошинҳо осеб расондаанд. Дар автосервис барои муддати таъмир ба мо мошини дигар доданд. Ман Сараро ба мактабе ки ӯ дар он ҷо кор мекард, бурдам. Аз он ҷо роҳакӣ шуда, ман ба воситаи оинаи намои қафо дидам, ки полиси дучархасавор Сараро нигоҳ дошта, бо ӯ гап зада истодааст. Баргаштан лозим омад. Аз афти кор, ман ҳатто аз Сара зиёдтар хавотир шудам. Сара он полисро мешинохт. Писарчаи ӯ дар синфи Сара таҳсил мекард. — Ба мошини шумо чӣ шудааст? — мепурсид ӯ аз Сара, ҳангоме ки ман назди онҳо омадам. Сара хавотиромез ба ман нигарист. — Ман онро дар автосервис мондам, — ҷавоб додам ман. — Хеле хуб, — табассум кард полис. — Ҳозир мо айнан мошини шумо барин мошинеро ҷустуҷӯ дорем. Дар ноҳия қариб 500 ҳамин гуна мошин ба қайд гирифта шудаанд. Яке аз онҳо ба садамаи автомобилӣ дучор шуда, дар натиҷаи он шахсе ҳалок шудааст. «Кошки Сара худро нигоҳ дошта тавонад», — хеле озурдахотир шуда, фикр кардам ман. Хушбахтона полис ба зудӣ аз пайи корҳои худ рафт. Пас аз ин вохӯрӣ ман дарҳол ба хона баргаштам ва маълумотномаи телефониро гирифта, ба ҷустуҷӯ даромадам. Ман мефаҳмидам, ки ба бадбахтии калон дучор шудаам. Ба мо адвокат даркор буд. Рӯзи дигар саҳарии барвақт дари хонаамонро сахт кӯфтанд. Ман аз ҷойгаҳ ҷаста хестам ва ба поён шитофтам. Ҳангоме ки дарро кушодам, ба хона панҷ-шаш корманди полис бо сагҳо даромаданд. Сара, ки ба тарс афтода буд, дар зинапоя намоён шуд. Кормандони полис ба мо ордерро барои ҳабс нишон доданд ва баъд дар хона кофтуков гузаронданд. Сатилҳои ахлоти моро кофта диданд ва компютерро аз хатти барқ канданд, то ки бо худ баранд. Сара хомӯш буд. Ҳангоме ки кормандони полис ману Сараро ба мошинҳои гуногун метиққонданд, пардаҳои хонаҳои ҳамсояҳо меҷунбиданд. Дили ман беҳузур мешуд. Оҳ, ман чӣ кор кардам! Акнун чӣ мешавад? Бо Сара чӣ мешавад? Ӯ инро чӣ хел аз сар мегузаронад? Дар идораи полис моро ҷудо нигоҳ медоштанд ва барои пурсуков ба ҳуҷраҳои гуногун бурданд. Мо мехостем, ки ҳамаи воқеаро чунон ки буд, нақл кунем. Дигар ҳеҷ гуна дурӯғ! Ҳар дуи мо мехостем ҳамаи ҷузъиёти ин воқеаи даҳшатнокро баён намоем. Худи пурсуков маро он қадар ба ташвиш намеовард. Ман мурдан мехостам. Ман танҳо оиди зане ки кушта будам, фикр мекардам. Чун башоратдиҳанда, ман бояд одамонро назди Исо меовардам, то ки Ӯ ба онҳо ҳаёти нав ато намояд. Аммо ман чӣ кор кардам? Ман сабабгори марги зани ношиноси бегуноҳе шудам. Мисли ман, ӯ баъди кор бо ҷавонон ба хона бармегашт. Ӯ дар хона ду фарзанд дошт. Агар ӯ масеҳӣ набошад-чӣ? Ин маънои онро дорад, ки ман ӯро аз имконияти ба даст овардани ҳаёти абадӣ маҳрум намудам! Ман аз Худо илтиҷо менамудам, ки ҷои маро дар осмонҳо ба он зан диҳад ва маро ба умқи асфалуссофилин фиристад. Ман ҳаёти худро медодам. агар ин ӯро зинда карда метавонист. «Худовандо, нигоҳи Худро ба ман равона кун ва маро ба дӯзах андоз!» — илтиҷо мекардам ман аз Худо. Полисҳо ба мо ҳамдардӣ мекарданд. Дар он ҷо вазъиятро дуруст баҳо додан мехостанд. Тафтишот нишон дод, ки ман суръатро баланд накарда будам, балки аз боиси боридани борон роҳ лағжонак шуда буд. Илова бар ин, мотосикл бо чароғакҳои сигналдиҳанда таҷҳизонида нашуда буд. Аммо ин маро тамоман осуда намекард. Ба ҳар ҳол ман касеро аз ҳаёт маҳрум кардаам ва боиси мусибат дар оилае шудаам. — Ҳамаи ин ба зани ман ҳеҷ робита надорад, — илтиҷо мекардам ман аз кормандони полис, — хоҳиш мекунам, ӯро иҷозати рафтан диҳед. Ман мефаҳмидам, ки дар чунин муҳит будан барои Сара хеле душвор аст. Ӯро аз он сабаб ҳабс карданд, ки мошини мо ба номи ӯ ба қайд гирифта шуда буд. Ҳабси ӯ, ба фикри кормандони полис, воситаи фишор овардан ба ман буд, то ки зудтар дар ҳамаи воқеа иқрор шавам. — Гӯш кунед, ин танҳо воқеаи тасодуфӣ аст, — гуфт ба ман сержант, аммо ин суханон маро тамоман ором накарданд. — Ҳамаи шаҳодатҳо ба нафъи шумо мебошанд. Хадамоти таъқиботи ҷиноят раҳмдилӣ зоҳир хоҳад намуд. Ман бо рӯҳафтодагӣ сар ҷунбондам. Ин барои ман аҳамият надошт. Ман бояд ҷазо дода шавам. — Агар ин зан намемурд, барои тафтишоти судӣ ҳеҷ асос намебуд, — давом дод сержант, — бадтарин чизе ки ба шумо таҳдид мекунад, аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум карда шудани шумост. Ҳафтаҳое ки баъд аз ин гузаштанд, худ аз худ озмоиши пуразоб буданд. Бо одамон оиди воқеаи рӯйдода гап задан тамоман осон набуд. Ҳар боре ки ин воқеаро зикр мекардем, мо онро бо дарди дил аз сар мегузарондем. Ҳатто дӯстони наздиктарини мо танҳо як қисми воқеаро медонистанд. Аз калисо ба мо зарбаи сахт расонида шуд. Мо бо аъзоёни ҷамоат то ҳадди имкон софдилона муносибат мекардем, аммо дар он вақте ки мо ба муҳаббат ва дастгирии онҳо беш аз ҳама эҳтиёҷ доштем, чунин шуд, ки онҳо аз мо рӯ гардонданд. Вазифаи шубонро оиди кор бо ҷавонон аз ман гирифта, ба каси дигар вогузор намуданд. Ин мисли он буд, ки ба тахтапуштам корд зада бошанд. Ман сабаби ин қарори шӯрои бародаронро фаҳмидан мехостам. Дар натиҷа ман бо худ муборизаи пуразобе мебурдам. Вазъият ҳар рӯз шиддатноктар мешуд. Дар айни ҷӯшу хурӯши ин воқеаҳо, 11-уми июни соли 2000, Сара писар таваллуд кард, ки ӯро мо Этан номидем. Хушбахттарин рӯзи ҳаёти ман бо вазъиятҳои хеле ғамангез тира гардида буд. Агар ҳамаи ин бо маҳкумият ва зиндонӣ шудани ман анҷом ёбад, чӣ мешавад? Сара як худаш чӣ тавр аз ӯҳдаи кӯдак мебарояд? Ман ба наздиктарин одамони худ чӣ гуна ёрӣ расонда метавонистам? Изтиробҳо ва шубҳаҳои бемаънои мо расо ним сол давом карданд ва ниҳоят, мо қарор додем, ки аз Лондон кӯчида равем. Мо барои худ дар Дидкот хона ёфтем, аммо дар он ҷо низ муддати зиёд зиндагӣ накардем. Сара бо кӯдаки навзод ба падару модар наздиктар зиндагӣ кардан мехост. Мо ба Эссекс баргаштем ва ман дар он ҷо вазифаи устоди рӯҳонии ҷавононро дар яке аз сағирахонаҳои Саутэнд ба ӯҳда гирифтам. Директори сағирахона, Рон Райт, бо ман софдилона муомила мекард. Ӯ медонист, ки ман таҳти тафтишот мебошам, аммо Худованд дили маро, ки пур аз хоҳиши ба ҷавонон башорат додан ва ба онҳо хизмат кардан буд, ба ӯ кушод. Аз афти кор, Рон мефаҳмид: ман ки аз мактаби сахтгири ҳаёт гузаштаам, бо бачаҳои сағира, ки барояшон дар назди Худо масъулият доштам, муносибатҳои нек барпо карда метавонам. Худо ману Сараро ба зону гузошт. Ҳамин тавр раванди дуру дарози нашъунамо дар Масеҳ, мустаҳкамшавии муносибатҳои мо бо Ӯ ва бо якдигар сар шуд. Сара нисбати воқеаҳои он вақт нуқтаи назари худро пайдо намуд. Ба ман бошад Худо дарсҳои беохири пушаймоншавӣ, фурӯтанӣ ва марҳаматро меомӯхт. Ман фаҳмидам, ки солҳои зиёд бо хоҳиши зиёди башоратдиҳӣ ба пеш мешитофтам ва нақшаҳои худро ба асос мегирифтам. Ман ба Худо ҷой намедодам, ба Ӯ имкон намедодам то маро он тавре истифода барад, ки ба Ӯ лозим аст. Ман беҳад худбовар будам ва дигаронро, ки ба фикрам, сазовори боварии Худо набуданд, ба осонӣ маҳкум мекардам. Танҳо акнун ман фаҳмидам, ки ба чӣ гуна роҳи лағжонак афтодам. Бори аввал дар давоми тамоми таърихи муносибатҳоямон ману Сара аз самими дил якҷоя дуо гуфтанро сар кардем. Мавзӯъҳои дуоҳои мо тағйир ёфтанд. Акнун дуоҳои мо дархостҳои худпарастона набуданд, ки Худо онҳоро барои мо бояд иҷро кунад. Акнун мо худро пурра ба дасти Ӯ супурда, аз Ӯ хоҳиш мекардем, ки ба мо марҳамате намояд, то нақшаҳо ва мақсадҳои Ӯро фаҳмида тавонем. Бо вуҷуди он ки Сара солҳои зиёд дар назди Худо қадамгузор буд, бо вуҷуди он ки ман Худоро ба таври ҳайратовар дар ҳабсхонаи Кипр шинохта будам, мо чунин меҳисобидем, ки дар зинаи поёнтарини муносибатҳо бо Худо мебошем. Ҳар моҳ оиди парвандаи мо маҷлисҳои доварӣ гузаронида мешуданд. Ва ҳар дафъа ҷузъиёти нав ошкор мешуданд. Мо мунтазам бо адвокатҳои худ вомехӯрдем. Сара чунин вохӯриҳоро тоқатфарсо меҳисобид. Риёкорона будани тамоми низоми доварӣ маро ҳайрон намекард, аммо Сараро ба даҳшат меовард. Шоҳидон оиди парвандаи мо дурӯғ мегуфтанд, адвокатҳо бошанд ба мо маслиҳат медоданд он чиро гӯем, ки ба ҳақиқат ҳеҷ муносибат надошт. Ҳамаи ин бо баҳонаи зарурати дар мурофиа дастболо шудани мо карда мешуд. Ҳама, аз адвокат то прокурор, гуфтушунидҳо ва созишҳо мекарданд. — Аммо чаро ҳамаашро, чунон ки ҳаст, гуфтан мумкин нест? — мепурсид Сара аз адвокати худ. Ӯ аз соддагии Сара механдид. — мо дар як ҷой қадам зада, ба болои як гуноҳ, гуноҳи дигареро зам карда истодаем, — бо рӯҳафтодагӣ ба ман нигариста гуфт ӯ. Ман худам намедонистам, ки чӣ кор кунам. Ман ин системаро на камтар аз Сара бад медидам. — Бори дигар ба ман фаҳмонед, — муроҷиат кардам ман ба адвокати худ, — ба таври мушаххас маро дар чӣ айбдор мекунанд. — Айбномаи расмӣ чунин аст: беэҳтиётона идора кардани воситаи нақлиёт, ки боиси ҳалок шудани шахс гардидааст ва амалҳо бо мақсади таҳриф намудани равиши тафтишот, — ҷавоб дод ӯ ба ман, — Ҷузъи охир ба он вобаста аст, ки шумо ба он полиси дучархасавор дурӯғ гуфтед, — илова намуд ӯ. — Илова бар ин, прокурор метавонад шуморо дар он айбдор кунад, ки шумо дар ҷои воқеа наистодед ва оиди фалокат хабар надодед, агарчи ду айбдоркунии охир на он қадар асосноканд. Ман аз рӯҳафтодагӣ ангуштонамро сахт фишурдам. — Аммо ин айбдоркунии муқаррарӣ аст, Тонӣ, ба ҳар ҳол, аз ҳамаи он чи интизор шудан мумкин аст, беҳтаринаш ҳамин аст, — гуфт адвокат. — Он ба муддати тӯлонӣ зиндонӣ шуданро истисно мекунад. Ба ҳар ҳол шуморо ба қатл маҳкум намекунанд. — Бо Сара чӣ мешавад? — дарунам ях барин шуда, пурсидам ман. Ҳар ду довар маслиҳат карданд ва баъд адвокати Сара ба ман муроҷиат карда, гуфт: — Агар шумо иқрор шавед, ки дидаву дониста, тафтишотро гумроҳ мекардед, Сара аз масъулият озод карда мешавад. Ва ман боварӣ дорам, ки ӯро сафед мекунанд. — Охир, ӯ дар ҳақиқат ҳам ба ҳеҷ кас дурӯғ нагуфтааст, — гуфтам ман бо рӯҳафтодагӣ. — Ман фиреб карда будам. Сара ҳеҷ чиз нагуфтааст, — бо дарки тамоми бемаъноии гуфтаҳоям илова намудам ман. Адвокатҳо дар варақҳои худ ба кофтуков даромаданд. — Аммо полис, аз афти кор, дигар чизро мегӯяд, — гуфт яке аз адвокатҳо. — Ӯ шаҳодат медиҳад, ки маҳз Сара ба ӯ дурӯғ гуфтааст, ҳангоме ӯ пурсидааст, ки ҳамон рӯз мошини вай дар куҷо буд. Ин суханонро шунида, Сара лаби поёниашро газид. Адвокат дасти ӯро сила кард. — Ташвиш накашед, Сара, аз эҳтимол дур аст, ки ҳангоми мурофиаи доварӣ дар ин хусус изҳор намоянд. Виҷдони шумо соф аст, бинобар ин ҳеҷ гуна мушкилӣ нахоҳад буд. Мо дақиқае хомӯш нишастем. — Тонӣ, боз як чизи дигар ҳаст... — ногоҳ бо овози паст илова кард адвокати дигар. — Ба ин аҳамият надиҳед ҳам мешавад, аммо ба ҳар ҳол бояд донед. Ман аллакай медонистам, ки ӯ чӣ мегӯяд. Ин воқеа якчанд ҳафта пеш рӯй дода буд. Ман аз изтироб ва шармсорӣ ҳанӯз ба худ наомада будам. Яке аз мизоҷони олимансаби компанияи мо аз ман хоҳиш кард, ки барои ӯ дар як тарабхонаи юнонии Лондон вохӯрии корӣ ташкил кунам. Ҳангоме ки ман ба он ҷо барои банд кардани ҷой занг задам, лозим омад, ки бо як шахси дағали ҳавобаланд гуфтугӯ кунам. — Ман барои бегоҳии фардо шаш ҷои нишаст фармоиш кардан мехоҳам, — гуфтам ман. — Оё ин имконпазир аст? — Албатта, мумкин аст, — чунин буд ҷавоб, — ба маълумоти шумо мерасонам, ки ин ҷо тарабхона аст! Ман аз чунин аксуламал ҳайрон шудам, аммо гапамро давом додам. — Маро вазифадор намудаанд, ки як шахси аҳамиятнокро посбонӣ кунам, — гуфтам ман. — Оё барои ман мизи беҳтаринро банд карда наметавонед? — Ҳамаи ҷойҳои нишасти мо беҳтарин мебошанд, — гуфт он дағал ва бо овози паст зери лаб илова намуд: — Malagas![27] — Ту чӣ гуфтӣ? — Ман гуфтам, ки ҳамаи ҷойҳои нишасти мо беҳтарин мебошанд. — Ман гапи туро шунидам. Ту худат Malagas ҳастӣ, ман юнониро мефаҳмам ва медонам, ки ту ҳозир маро ҳақорат додӣ. — Оҳ, ту, бадзот! Саволҳои аблаҳонаат ба дилам заданд, медонӣ, ба куҷо рав! — гуфт ӯ хашмгинона. Ҳайрати маро хашм иваз намуд. Он дар дарунам муддати зиёд ҷамъ мешуд ва акнун, чун ҷин, берун баромад. Аз даҳонам селоби ҳақоратҳои болохонадори юнонӣ берун омад. Ман гӯё аз ақл бегона шуда будам. Гӯё ки якчанд соли озодӣ дар Масеҳ набуданд, ман боз Тонии пештара шудам. Ман ӯро бо ифлостарин ва шармовартарин суханон ҳақорат медодам. Тамоми шиддатнокие ки дар ман аз вақти он садамаи фоҷиавӣ ҷамъ шуда буд, бо аксуламали хашмгинонаи ман берун омад. Дар охир ман гӯшаки телефонро ба аппарат партофтам. Боз садои занг баланд шуд. Ман аз нав ба он шахси дағал дарафтодам, зеро маҳз ӯ занг зад. Боз ҳам алфози қабеҳ, ҳақорат, таҳқирҳо, таҳдидҳо ҷорӣ шуданд. Ӯ гӯшаки телефонро монд. Ин дафъа ман зери таъсири хашме ки дар ман мехурӯшид, ба ӯ занг задам. Он дарҳол қатъ гардид. Занги навбатӣ аз полис буд. Он дағал ба полис арз карда буд. Адвокат ба ман кадом як ҳуҷҷатро дод. — Тонӣ, дар ҳаққи шумо чунин ариза омадааст... Ман хеле хиҷил ва шармсор шудам ва ба Сара назар афкандам. — Ман мефаҳмам, ки аз нуқтаи назари шумо ин гапи бемаъно метобад, аммо чунин айбдоркунӣ ба андозаи зиёд айбдоркунии асосиро, ки бо садамаи автомобилӣ робита дорад, вазнин мегардонад. Maн аз курсӣ ҷаста хестам. Тамоми кор чаппаву роста шуда буд. Аммо ман чун пештара оиди он зане ки нобуд карда будам, оиди кӯдаконе ки сағира монда буданд, фикр мекардам. Доварӣ дар аввали июни соли 2001 баргузор гардид. Пеш аз саршавии мурофиа мо бо адвокатҳои худ мухтасар маслиҳат кардем. Ҳар дуи онҳо дилпурона рафтор менамуданд, аммо ман худро бемор ҳис мекардам ва асабонӣ будам. — Беҳуда ташвиш накашед, — гуфт адвокати ман. — Ҳамааш хуб мешавад. Ба шумо ваъда медиҳам, ки шуморо танҳо аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум менамоянд ва ба баъзе корҳои барои ҷамъият фоиданок ё умуман ба мӯҳлати шартӣ маҳкум мекунанд. Ману Сара дар курсии доваришавандагон нишаста, баёни парвандаи худро мешунидем. Тақрибан баъди як соат довар ба натиҷагирӣ гузашт, аммо пеш аз он бо адвокатҳо як миқдор масъалаҳои дуюмдараҷаро муҳокима намуд. Ман безобита шудан гирифтам. Чӣ шуда истодааст? Дар охир довар эълон намуд, ки маҷлиси доварӣ бо баровардани ҳукм оиди парвандаи ман аз боиси зарурати таҳқиқоти минбаъда мавқуф гузошта мешавад. Ман ба Сара нигаристам. Ӯ ба мисли ман ҳайрон шуда буд. Ӯ андаке табассум карда, дастамро фишурд. Ӯ рангпарида ва хастаҳол метофт. Ман ба ӯ чӣ дардҳое расондам! Оё ӯ маро барои ба ин гуна азобҳо рӯ ба рӯ карданам бахшида метавонад? Сара Энтонӣ, аз ҷой хезед, — гуфт довар. Сара хест ва ман пай бурдам, ки зонуҳояш меларзанд. Довар гуфт, ки ӯ дар он айбдор ҳисобида шудааст, ки оиди садамаи автомобилӣ фаҳмида, дарҳол ба полис хабар надодааст. Сара хомӯшона сар меҷунбонд. Ӯ устувор ва қавӣ буд, аммо ман медидам, ки ангуштони ӯ рангпарида шуданд ва ӯ беихтиёр ба пештахта часпида гирифт. Ман сустии беандозаро ҳис кардам. — Шумо ба 120 соат корҳои барои ҷамъият фоиданок маҳкум карда мешавед, — ба охир расонд довар. — Марҳамат, шинед. Сара нишаста, ба пушти курсӣ такя кард, чашмонаш ашкбор буданд. Ӯ худдориро аз даст надод, аммо ман дар дил бо хашм ва ошуфтагӣ мубориза мебурдам. Ман бо сарзаниш ба адвокати ӯ нигаристам. Ӯ сар ҷунбонд, яъне «худам намефаҳмам, ки чаро ин тавр шуд». Мурофиаи такрорӣ оиди парвандаи мо 29-уми июл баргузор шуд. Азбаски Сара ҳукми худро дар маҷлиси гузаштаи доварӣ аллакай шунида буд, бояд аз паси шишаи хира дар ҷои барои мардум махсус ҷудо кардашуда меистод. Дар курсии ҳукмшавандагон танҳо ман будам. Сӯи девораи шишагин нигариста, ман Сараро надидам, аммо донистани он ки ӯ дар он ҷост, маро дастгирӣ мекард. Ногоҳ аз паси девор чеҳраи касе намоён шуд. Ман бодиққат нигариста, ӯро шинохтам. Ман ӯро пештар дида будам. Ӯ дар ҳар як маҷлиси доварӣ ҳузур дошт. Ӯ ҷавони тақрибан 18-сола буд, мӯйҳои сиёҳаш кӯтоҳ қайчизада ва чашмонаш фурӯрафта буданд. Ӯ ба ман чашм дӯхта буд. Ман ба тарафи дигар нигаристам ва аз алам гулӯгир шудам. Эҳтимол ӯ писари зани ҳалокшуда буд. Наход ӯро ман сағира карда бошам? Чеҳраи ӯ аз паси шиша ғоиб шуд. Баъд чеҳраи дигаре пайдо шуд. Ӯ духтарчае буд. Ман аллакай сӯи ӯ нигариста наметавонистам. Гӯё даруну беруни ман чаппаву роста мешуд. Агар ба суханони адвокати худ бовар кунам, ман аз ин ҷо сафед шуда, мебароям. Аммо ман ҳеҷ гоҳ аз ҳисси айбдорӣ халос шуда наметавонам. Ман чеҳраи он ҷавонро фаромӯш карда наметавонам. Маҷлиси доварӣ сар шуд ва адвокатҳо гӯё обро дар ҳован мекӯфтанд. Ин суханонро ҳама дар маҳкама аллакай шунида буданд. Баромади ҳимоякунандаам маро асабонӣ мекард. Ӯ танҳо кори худро давом медод, аммо ман ӯро барои он бад медидам, ки ӯ маро баррачаи бечораи бегуноҳ қаламдод менамуд. Ман доимо оиди фарзандони он зан, ки дар паси шишаи хира буданд, фикр мекардам. Ҳеҷ кас тамоми вазнинии гуноҳ ва дарди диламро фаҳмида наметавонад. Сипас прокурор баромад кард. Ин дафъа ӯ маълумоти аз Интерпол[28] гирифташударо хонда дод ва он фактро баён намуд, ки ман дар гузашта дар Кипр зиндонӣ шуда будам. Адвокати ман дарҳол эътироз баён намуд. — Ин ба парвандаи додашуда ҳеҷ робитае надорад, ҷаноби довар, — гуфт ӯ. Довар эътирози ӯро рад намуд ва адвокат маҷбур шуд, ки дар ҷояш шинад. Мурофиа давом дошт. Ман қариб намешунидам, ки онҳо чӣ мегӯянд. Ҳамаи он чи рӯй медод, бароям ғайривоқеӣ метофт. Ман дар назди Худо айбдор будам ва мурдан мехостам. Ниҳоят, ҳангоме ки ба хондани ҳукмнома сар карданд, дар толори маҷлиси доварӣ хомӯшӣ ҳукмфармо гардид ва садои гиряи касе шунида шуд. Маро ба муддати 15 моҳ аз озодӣ маҳрум намуданд. Боби 15 Автофургони сиёҳи полис дар паҳнои Оксфордшир ҳаракат мекард. Ба дастонам кишан зада буданд, бинобар ин лозим омад, ки дар макони танги бо панҷара ҷудо кардашуда бо дастонам зонуҳоямро оғӯш карда, шинам. Ҳисси хиҷолат ва азоби виҷдон маро фаро гирифтанд. Ман кӣ шудаам? Агар Майкл Райт ҳозир маро медид, чӣ мегуфт? Дар сарам суханони суруде садо медоданд. Ин суруди «Гуноҳи маро чӣ шуста метавонад?» буд. Ман оиди маънои ниҳонии яке аз сатрҳои ин суруд андеша кардам: «Аз гуноҳ ҷуброн мекунад рӯҳ — оҳ, на, ҳеҷ чиз, танҳо хуни Исо». Замоне ба ёдам омад, ки ман ин сурудро бо шукргузорӣ дар дил мехондам. Ҳар як сатри он барои ман садо медод: Айбамро чӣ шуста метавонад? Ҳеҷ чиз, танҳо хуни Исо. Чӣ дубора шифо дода метавонад? Ҳеҷ чиз, танҳо хуни Исо. Чӣ гуна гаронбаҳост хуне ки маро пок намуд! Он аз баҳрҳо қавитар аст. Ҳеҷ чиз, танҳо хуни Исо! Ҳаққонияти суханони ин суруд то умқи дил таъсир мерасонд. Аз рухсораҳои ман ашкҳо ҷорӣ мешуданд. Ман тамоми солҳои умри бошууронаи худро фикран аз назар гузарондам. Ман гунаҳкоре будам, ки Худо наҷот дод ва ҳифз намуд, агарчи ман сазовори ин набудам. Акнун чунин бармеомад, ки ман ҳама чизро аз даст додам. Ман акнун нақл карда наметавонистам, ки Худо бо ман чӣ кард, ман барои шаҳодат додан оиди Исои Масеҳ сухан намеёфтам. Оё акнун интизори он шуда метавонистам, ки боз аслиҳаи Худо мешавам? Ман қарор додам, ки дигар дар хусуси Ӯ гап назанам, вале худам ҳеҷ гоҳ аз Худо дилхунук намешавам. Барои ман Ӯ ҳамеша воқеияти баҳснопазир буд ва ҳаст. Аммо акнун ман сазовори он нестам, ки номи Ӯро ба забон оварам. Ман сарамро бардошта, маҳкумшудаи дигарро дидам. Дар автофургон аз маҳбусон танҳо ду нафари мо будем — ман ва ӯ. Ӯ бачаи сартарошида буда, дар абрӯяш ҳалқаи калон дошт. Ӯ ба ман табассум кард. Ин табассум гӯё мегуфт, ки ғам нахӯр, дӯстам, ҳамаашро паси сар мекунӣ. Ӯ ҳеҷ чизро намефаҳмид. Ман на аз боиси ҳабс шуданам ғам мехӯрдам. Ман дар ҳар гуна ҳабсхо-на ҳисоби худро меёбам. Пас аз ҳабсхонаи Никосия муассисаи пушаймоншавии Баллингдон бароям истироҳатгоҳ метофт. Аммо ман ҳабсхонаи худро доштам. Виҷдони ман аз боиси шарм ва айбдорӣ ба ҳабс афтода буд. Аҳволи ман ҳеҷ гоҳ ин қадар бад нашуда буд. Дар давоми ҳашт моҳи охир ҳабсхонаи Баллингдон бояд хонаи ман мешуд. Ҳангоми дохили ҳабсхона шудан ман аз ҳамаи расмиятҳои зарурӣ оромона гузаштам. Тафтиши шахсӣ, суратгирӣ, гирифтани пайи ангуштон. Ҳамаи ин ба ман шинос буд. Дар ин ҷо, дар Баллингдон, ҳабсхона равшан буда, бӯйнок набуд, он аз ҳабсхонаи Никосия чун осмону замин фарқ дошт. Ман ба камерае афтодам, ки дар он ду маҳбуси дигар буданд. Ҳангоме ки зиндонбонон шароитро ба ман мефаҳмонданд, сокинони камера дарҳол ба онҳо шикоятҳо ва талаботи худро пешниҳод намуданд. — Ин камера не, ахлоттӯда аст, — гуфт яке аз онҳо. — Кай ба камераи мо телевизор мегузоранд? Ним моҳ пеш ваъда дода буданд! Ҳар ду нафрати маро оварданд. Шояд онҳо гумон мекунанд, ки ин ҷо дар истироҳатгоҳ мебошанд? Дар муқоиса бо Никосия ин ҷо боғчаи бачагон аст. Дар блок гаштугузор карда, ман маҳбусонеро дидам, ки билярд ва теннис бозӣ мекарданд. Дар ин ҷо компютерҳо, телевизорҳо буданд, гуфтан мумкин аст, ки тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Ман ба кати худ дароз кашидам. Кат на он қадар васеъ буд, аммо дар ин ҷо ақаллан кӯрпача ва кампал буд ва бояд гуфт, ки топ-тоза. Ман ҷуръат намекардам оиди Сара ва Этан фикр кунам. Эҳтимол, акнун Сара маро бад мебинад. Баъди он чи ман бо ӯ кардам, ман худам худро бад дидам. Акнун ман чӣ гуна шавҳар ҳастам?! Ва аз ин пас ман чӣ гуна падар мешавам?! Шояд барои писари ман ин доғе барои тамоми умр мешавад. Сара қариб ҳар рӯз ба ман нома менавишт. Китоби Муқаддас ва якчанд китоби дигарро ба ман расонд. Ӯ дар номаҳо маро рӯҳбаланд мекард, аммо, ба нафъи худаш, ман бо ӯ вохӯрдан намехостам. Сара мувофиқи ҳукмнома дар мағозаи маҳаллии хайрия[29] ба кор сар кард. Албатта, ӯ як худаш бо кӯдак душворӣ мекашид, аммо ҳеҷ гоҳ шиква намекард. Ӯ ҳоло ҳамроҳи Этан дар хонаи падару модар зиндагӣ мекард, аммо манзили арзони иҷоравиро меҷуст. Ин он қадар осон набуд. Азбаски ман дар ҳабсхона будам, давлат ба ӯ, чун ба модари танҳо, ёрдампулии хуб медод, аммо ба ҳар ҳол барои иҷораи манзилҳои наздиктарини атроф пулаш намерасид. Ман якчанд оилаҳоро, ки дар солҳои аввали ба Эссекс омаданам бо онҳо кор мекардам, ба ёд овардам ва тарсидам, ки барои Сара танҳо ҳуҷрае барои ду кас дар кадом як гӯшаи дур ёфт мешавад. Ҳафтаҳо пайиҳам мегузаштанд, аммо ман ба фикрҳои худ ғӯтавар шуда, оиди башорат додан фикр ҳам намекардам. Барои «рафтори намунавӣ» маро ба камераи якка гузаронданд. Акнун ман аз оромии нисбӣ ҳаловат мебурдам, чунки дар Баллингдон ҳеҷ гоҳ оромӣ нест. Аммо аз ҳама бадтар он рӯзҳое буданд, ки маҳбусони пайрави ҷимои ғайримаъмулиро ба блоки асосӣ сар медоданд. Ин дар як ҳафта ду бор рӯй медод. Дари камераҳои маҳбусони дигарро қуфл мекарданд. Маҳбусони пайрави ҷимои ғайримаъмулиро ҳама бад медиданд. Инҳо бачабозон ва фосидкунандагони хурдсолон буданд. Албатта, ин ба маҳбусони маҳкам кардашуда маъқул набуд. Аз ғавғое ки онҳо мебардоштанд, гӯшҳои ман қариб кар мешуданд. Маҳбусон дарҳои камераҳои худро мекӯфтанд, дод мезаданд, ҳама чизи имконпазирро мешикастанд ва кӯшиш мекарданд ҳарчи бештар шӯру мағал бардошта, нафрати худро ба ин фасодкорон нишон диҳанд. — Эҳ, агар ба ман имкон медоданд, ки бо яке аз ин манфурон як ба як вохӯрам! — ба кафи дасти худ мушт зада, бо хашм гуфт Леннӣ. — Дар гузашта дар ҳаққи ман низ ҳамин тавр мегуфтанд, — гуфтам ман. — Не, ту тамоман ба ин ноқисулақлҳои ваҳшӣ монанд нестӣ, — хашмгинона ба ҳаво мушт зада, гуфт Леннӣ. — Монанд ҳастам. Умуман, ман бо Леннӣ розӣ будам. Ҳангоме ки ман оиди ин одамон ва оиди писари худ фикр мекардам, пӯсти баданам мурғак медавид. Нафрат ба чунин одамон барои ман фаҳмо буд. Агарчи, аз тарафи дигар, ман ва маҳбусони дигар то чӣ андоза аз онҳо беҳтар будем? Бо чунин нуқтаи назар розӣ шудан душвор буд, аммо ман таълимоти Китоби Муқаддасро оиди гуноҳ медонистам — «...ҳама гуноҳ карда, аз ҷалоли Худо маҳрум шудаанд». Ҳамин вақт суханони Майкл Райт ба ёди ман омаданд, ки гуноҳро ба қатраи ранг дар куртаи сафед монанд карда буд — камтарин дурӯғ — дар куртаи сафед доғ мегузорад ва курта аллакай тоза ҳисобида намешавад. Он ифлос аст. Агар чунин куртаро ба об тар кунӣ, доғи ифлосии ранг ба тамоми курта паҳн мешавад. Ман оиди рӯҳи худ фикр кардам. Дар он акнун доғҳои калон-калон ҳастанд! Аз панҷараи камера ба берун нигариста, ман фикран ба замоне ки дар ҳабсхонаи Кипр будам, бармегаштам ва низ баъзе насиҳатҳои Майклро ба ёд меовардам. «Ҷаҳон ҳеҷ гоҳ аз ӯҳдаи гуноҳ баромада наметавонад» — яке аз гуфтаҳои ӯро ба ёд овардам ман. Он вақт ӯ ба маҳбусоне ки дар хонаи вохӯриҳо буданд, ишора карда буд. — Мо андозаи гуноҳро муқаррар карданӣ мешавем ва касонеро, ки аз худамон бадтар ҳастанд, зиндонӣ мекунем. — Дар айни ҳол, Майкл акнун на он қадар баланд гап мезад. Ҷамъият қисми нафратовари худро дар ҳамин гуна муассисаҳо пинҳон мекунад, то ки барои худ росткортар тобад, Тонӣ — мегуфт ӯ ба ман, — аммо Худо байни ин ва он гунаҳкорон фарқеро намебинад. — Ман шубҳае надорам, ки ҳукуматдорон ва ҷаҳони атроф ба мо чун ба тӯдаи ахлот менигаранд, — суханони ӯро тасдиқ кардам ман. — Аммо ҳамаи мо гунаҳкорем ва яке аз дигаре бадтар. — Ҳа, Тонӣ, мо дар назди Худо маҳз ҳамин тавр ҳастем. Ҳар яки мо, хоҳ ҷинояткор бошад, хоҳ не, дар назари Худо бадкирдор аст ва бинобар ин аз Ӯ ҷудост. — Аммо баъд Исо омад-ку? — Ту чизи асосиро фаҳмидӣ, — табассум кард Майкл. — Ҳангоме ки Масеҳ дар Ҷолҷолто мурд, Ӯ гуноҳи тамоми ҷаҳонро ба Худ гирифт, тамоми вазнинии гуноҳи гузашта, ҳозира ва ояндаро ба дӯши Худ бардошт. Танҳо ба шарофати ин амали Исо мо ба бахшида шудан умед баста метавонем. Ба мо лозим намеояд, ки музди гуноҳҳои худро пардохт намоем ё мӯҳлати маҳкумиятро, ки сазовори он шудаем, дар маҳбас гузаронем. Исо музди ҳамаи гуноҳҳоро пардохт намудааст. Ман бо аксенти ирландӣ дар ин хусус бо ҷӯшу хурӯш гап задани Майклро ба ёд оварда, табассум кардам. — Маҳз аз ҳамин сабаб ту имрӯз монанди ман озод ҳастӣ, Тонӣ, — бо табассум гуфт ӯ. Ӯ медонист, ки ман ӯро хуб мефаҳмам. Он вақт гӯё ҳама чиз пур аз маънои бузург буд. Аҷибаш он аст, ки масеҳӣ будан дар ҳабсхонаи Кипр осонтар буд, назар ба он ки баъд дар озодӣ. Он вақт ягона хоҳиши ман он буд, ки ба атрофиён оиди Масеҳ гӯям. Кай ҳамаи ин тағйир ёфт? Боре, ҳангоме ки ман дар камераи худ Китоби Муқаддасро мехондам, Даррен Браун шитобон назди ман омад. Ӯ маҳз ҳамон ҷавоне буд, ки маро ҳамроҳи ӯ ба Баллингдон оварда буданд. Ман дарҳол Китоби Муқаддасро ба зери болишт пинҳон кардам. — Ту чиро хонда истодаӣ? — пурсид ӯ. — Ҳеҷ чизи муҳим нест, — бо дили нохоҳам ҷавоб додам ман. Ман гап задан намехостам. Даррен ба кати ман нишаста, бароҳат ҷой гирифт. «Ҳеҷ чизи муҳим нест» чӣ маъно дорад? — Магар порнография аст? Ё ба ҳамин монанд чизе? Ман аз ин суханон хашмгин шудам. — Дар асл ин Китоби Муқаддас аст, ман Китоби Муқаддасро мехонам, — гуфтам ман бо оҳанги дағалона. — Ки-то-би Му-қад-дас-ро? — дароз кашида гуфт Даррен. — Магар ту яке аз он диндорон, ...масеҳиён ҳастӣ, ё номашон чӣ буд? — Не, ба маълумоти ту мерасонам, ки ман аллакай масеҳӣ нестам... Ман дар ҳабсхона мебошам. — Бас кун, бародар, ҳама хато мекунанд. — Аммо ман бояд ҳамеша инро дар ёд нигоҳ медоштам. — Хайр, аз ин Китоби Муқаддасат чиро хондӣ? Ақаллан ягон чизи шавқоварро? — Даррен бо саволҳояш ба ман ҳуҷум меовард. Ман боз бештар хашмгин шудам. Чаро ӯ маро ба ҳолам намегузорад? — Ту ба ин чӣ кор дорӣ? — ҷавоб додам ман. — Дар ин хусус бо ту лаққидан намехоҳам, фаҳмидӣ? — Хайр, майлаш. Оташин нашав. Ман фақат пурсидаму халос... дастонашро боло бардошта, гуфт ӯ. Ҳамин вақт ман дарк намудам, ки беҳуда ба ин ҷавон дарафтодаам. — О’кей, — гуфтам ман бо дили нохоҳам, — ман фақат ҷои дӯстдоштаамро аз Инҷили Юҳанно, боби 8-ум, ояти 36-ум, оиди Исо, ки маро озод намудааст, хондам. Ман ҳанӯз ҳам бо оҳанги норозиёна гап мезадам ва Даррен ҳамаашро хуб фаҳмид. Ӯ аз кат хест. — Ҳангоме ки ором мешавӣ, биё, тенниси рӯимизӣ бозӣ мекунем. Чӣ мегӯӣ, бародар? Ӯ баромад ва ман бо рӯҳафтодагӣ муштҳоямро сахт фишурдам. Имони ман... Дар ин хусус бо ҳеҷ кас гап задан намехостам. Баъди се рӯз Даррен боз назди ман меҳмонӣ омад. Акнун ӯ то баногӯш табассум карда, дар лаби кати ман аз поён нишаст. — Ҳеҷ пай бурда наметавонӣ, бародар! — Ту дар барои чӣ мегӯӣ? — хандидам ман. Табассуми муғамбиронаи ӯ маро шавқманд намуд. — Ҳамин ки дафъаи гузашта аз назди ту рафтам, дарҳол ба нохушиҳои калон рӯ ба рӯ шудам. — Чӣ воқеа шуд? — Ман дарҳол барои Китоби Муқаддас ба калисои хурд рафтам. Ту гуфтан нахостӣ, ки аз Китоби Муқаддас чиро хондӣ ва ман хостам худам хонда бинам, — гуфт ӯ. Ман манаҳамро молиш дода, бо диққат ба ӯ нигаристам. Аҷабо, боз ӯ чӣ мегуфта бошад? Даррен давом медод: — Ман аз коҳин хоҳиш кардам, ки ба ман Китоби Муқаддас диҳад. Аммо ӯ шояд гумон кард, ки ман аз варақҳои Китоби Муқаддас сигорҳои дастисохт печондан мехоҳам. Албатта, ӯ ба ман ҳеҷ чиз надод, аммо ҳангоме ки ӯ рӯяшро ба дигар тараф гардонд, ман чизи мехостаамро дуздида гирифтам ва ба зери ҷемпер тиққондам. — Фақат нагӯй, ки туро дастгир карданд. — Ҳа, маро кофтуков карданд, ва ҳангоме ки Китоби Муқаддасро ёфтанд, ба муддати 24 соат дар картсер нигоҳ доштанд. — Ана гапу мана гап! — Аммо ҳамаи гап дар он аст, ки онҳо на ҳама чизро ёфтанд! Китоби Муқаддаси дигарро ман дар шимам пинҳон кардам. — Чашмони Даррен ҷило доданд. Ман нахандида наметавонистам. — Хайр, акнун ман дар картсер бо чӣ машғул шуданро медонистам, — давом дод ӯ. — Ман он ҷоеро ёфтанӣ будам, ки ту гуфта будӣ. Аммо намедонистам, ки дар куҷо ҷустуҷӯ кунам. Ман ба ёд оварданӣ будам, ки ту он вақт оиди кӣ мегуфтӣ. Оиди Яъқуб, ё Юҳанно ё Ҷек... Охир, ман пеш аз ин ягон бор Китоби Муқаддасро ба даст нагирифта будам. — Ин порча аз Инҷили Юҳанно аст, — гуфтам ман бо овози паст. — Акнун ман худам ҳам медонам, — табассум кард Даррен. — Ман ба камераи ҳамсоя тақ-тақ карда, аз ҳамсояам пурсидам: «Эй бародар, ту оиди Китоби Муқаддас ягон чизро мефаҳмӣ?» Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Ҳа, ман масеҳӣ ҳастам. Ту чиро донистанӣ будӣ?» Ман ба ӯ он чиро, ки ту оиди Исо гуфта будӣ, оиди он ки Ӯ туро озод намудааст, нақл кардам, ӯ бошад гуфт: «Ба Инҷили Юҳанно нигоҳ кун». — Даррен давом дод: — Ман бобҳоро кофта, ин Инҷилро аз аввалаш хондан гирифтам. Дигар чӣ кор ҳам мекардам? Дар аввал ҳеҷ чизро нафаҳмидам, Тонӣ. Ҳамаи ин сафсатаро оиди он ки дар ибтидо Калом буд, ва Калом Худо шуд... Тамоман нофаҳмо. Аммо баъд фаҳмо шуд... Исо обро ба май табдил дод, дар он ҷо боз як зани дигар буд... ҳа, сомарӣ... дар назди чоҳ. Аммо нафаҳмидам, чӣ тавр Исо донист, ки ӯ ин қадар шавҳарони зиёд дошт. Магар ин шавқовар нест? Шавқовар аст! — Албатта, — оромона розӣ шудам ман, — ин ҳақиқатан шавқовар аст. — Ҳамин тавр ман тамоми Инҷили Юҳанноро хондам. Он ҷоеро, ки ту гуфта будӣ, ёфтам, — «Инак, агар Писар шуморо озод кунад, ҳақиқатан озод хоҳед буд». Ман мехондаму мехондам ва баъд ба фикр афтодам. Даррен хомӯш шуд, гӯё ақидаи маро фаҳмидан мехост. — Ба фикрам, ман фаҳмидам, дӯстам. Ман ҳақиқатан он порчаро фаҳмидам, — гуфт ӯ. — Ман оиди Исо хондам ва ба Ӯ имон овардам. Дирӯз бегоҳӣ ман бо Ӯ ҳатто гуфтугӯ кардам. Пас, акнун ман масеҳӣ ҳастам? Ман аз ҳайрат ва ҳаяҷон шах шуда мондам. Ман ҳама корро кардам, то ки Дарренро пеш кунам. Аммо Худо ба ман нишон дод, ки бо вуҷуди зиддиятам, маро асбоби Худ гардондан мехоҳад. Гӯё Ӯ ба ман мегуфт: «Ана акнун ту дилшикаста ва нотавон ҳастӣ ва Ман ба воситаи ту кори Худро ба ҷо оварда метавонам». — Tу гиря мекунӣ, бародар? — Овози Даррен фикрҳои маро қатъ намуд. Ман шитобон чашмони таршудаамро пок кардам. Ман ҳатто намедонистам, ки ба ӯ чӣ гӯям, аммо ӯ гуфтугӯ кардан мехост. Ва мо муддати дароз, то худи вақти хоб гуфтугӯ кардем. Даррен оиди худ нақл мекард. Ӯ сағира буд. Ӯро аз як оилаи фарзандхондкунанда ба оилаи дигар месупурданд ва ҳангоме ки калон шуд, мушкилот бо полис сар шуданд. Ҳабсхона барои ӯ хонаи худӣ шуд. Бори аввал набуд, ки ӯро аз озодӣ маҳрум мекарданд. Ин дафъа ӯро барои он зиндонӣ карданд, ки маҳбубаашро ба кадом ҷавоне рашк карда, ба сараш бо зарфи шишагӣ задааст. — Маҳбубаам пас аз ин маро тарк кард, — гуфт Даррен, — ва акнун, ба фикрам, бо он ҷавон мегардад. Даррен хеле асабонӣ мешуд. Ҳамроҳи ман дуо гуфтан барои ӯ кори душвор буд. — Ман чӣ тавр дуо гуфтанро намедонам, — гуфт ӯ. Ман сарамро хам карда, бо Худо гап задам, чуноне ки пеш аз ин Даррен бо ман гап мезад. Пас аз ин ману Даррен рӯзҳои зиёд якҷоя будем. Ӯ бисёр вақт хоҳиш мекард, ки ҳамроҳи ӯ дуо гӯям. Мо ба омӯхтани Китоби Муқаддас сар кардем. Ман бо дӯстони худ дар Никосия айнан ҳамин тавр рафтор мекардам. Ҳаёти Даррен осон набуд. Ӯ ба маводи нашъаовар вобаста шуда буд. Дар ҳабсхона ба даст овардани он мушкил набуд. Ва бисёриҳо онро истеъмол менамуданд, агарчи дар ҳабсхона мунтазам тафтишҳо мегузаронданд, экспресс-ташхисҳо мекарданд ва дар мавриди натиҷаи мусбат нашъамандонро аз афв (амнистия) ва озодшавии пеш аз мӯҳлат маҳрум менамуданд ва ҳатто барои истеъмоли маводи нашъаовар аз нав маҳкум мекарданд. Ин барои бисёр маҳбусон тарзи зиндагӣ шуда буд. Даррен ба маънои аслии сухан азоб мекашид. Ҳашиш майнаи ӯро хушк мекард. Ӯ аллакай дар синни 12-солагӣ ба истеъмоли маводи нашъаовар сар карда буд ва акнун аз рӯҳафтодагӣ ва паранойя азият мекашид. Ман ӯро насиҳат мекардаму аз нашъаҷаллобон барканор нигоҳ дошта, ҳамроҳаш оиди шифоёбӣ дуо мегуфтам. Гоҳо ӯ якчанд ҳафта пайиҳам дар ремиссия буд. Ва ин барои ӯ дастоварди калон буд. Ман хеле мехостам ба Даррен ёрӣ диҳам. Охир, маҳз ӯ он шахсе буд, ки маро ба муносибатҳои даркорӣ бо Худо бозгардонд. Ман бо ӯ муошират намуда, фаҳмидам, ки ҳақ надорам Хушхабарро пинҳон нигоҳ дорам. Ман бояд Худоро даъват менамудам, ки ба воситаи ман кор кунад. Ғайр аз ин, ман фаҳмидам, ки ҳама чиз бояд дар вақташ ба ҷо оварда шавад. Акнун башоратдиҳии васеъ даркор нест. Ҳеҷ гуна худбоварӣ. Ҳеҷ гуна такя ба қувваи худ. Ман бояд назди Худо парӯ ғалтида, тавба мекардам. Ҳаёти дуоии ман бояд тамоман дигаргун шавад. Ман фаҳмидам, ки ба дуо диққати даркорӣ намедодам. Ман ҳамеша барои ин гуна хизматгузорӣ вақти зиёд надоштам. Дуоҳои ман ба рӯйхати талаботе монанд буданд, ки ман ба Худо пешниҳод менамудам ва баъд иҷрошави онҳоро интизор мешудам. Аҷибаш ин аст, ки Худо тамоми ин муддат мехост, ки ман бозистам ва ҳамту дар ҳузури Ӯ бошам. Акнун ман мефаҳмидам, ки беш аз ҳама ба чӣ эҳтиёҷ доштам, — ба он ки бо Худо вақт гузаронам ва Ӯро гӯш кунам. Ман алмоси ришгириро аз ришгирак берун карда, аз коғаз салиб буридам. Дар он ман манзараи кӯҳиро бо дарёчаҳо, дарахтон ва алафзор тасвир намудам. Бо ёрии хамираи дандоншӯӣ ман амали дастонамро ба шишаи тиреза часпондам. Камераи ман дар ошёнаи якум буд ва тирезааш ба ҳавлӣ мебаромад, ки маҳбусон он ҷо машғулиятҳо доштанд. Ман камераи худро тозаву озода нигоҳ медоштам. Ин воситаи беовоз ва оддии башоратдиҳӣ буд. Ман ваъда додам, ки ҳар он чи дорам, бо маҳбусон бо ҳам бинам, бо ҳар яке ошкоро бошам ва муносибати дӯстона кунам. Тадриҷан одамон ба ман барои маслиҳат муроҷиат мекардагӣ шуданд. Оиди худ нақл кардан осон буд: ҳам ба маҳбусон, ҳам ба зиндонбонон, ҳам ба роҳбарияти ҳабсхона. Чӣ тавр ба Баллингдон афтодани маро фаҳмида, бисёриҳо ҳайрон мешуданд. Онҳо фаҳмида наметавонистанд, ки чаро чунин садамаи тасодуфӣ барои ин гуна ҳукм асос шудааст. Маро бисёр вақт «бегуноҳ маҳкумшуда» меномиданд. Ин борҳо боиси он мешуд, ки ман иқрор мешудам: агарчи ман масеҳӣ ҳастам, хато карда метавонам. — Ба фикрам, ҷои ман дар ҳамин ҷост, — мегуфтам ман, — Худо роҳ дод, ки ман ба ин ҷо биёям, то ки ба ман дарси навбатии ибрат диҳад. Ба зудӣ ҳама маро «шубон», ва гоҳо «фурӯшандаи умед» (бар хилофи фурӯшандагони маводи нашъаовар дар ҳабсхона!) меномидагӣ шуданд. Ҳар рӯз, ҳангоми қадамзании 40-дақиқаина дар ҳавлӣ, ман имкон доштам, ки оиди Масеҳ башорат диҳам. Боре Найҷел Питерс — шахсе ки барои куштор зиндонӣ шуда буд, бо ман баробар шуд. Ӯ кал, ришу мӯйлабаш тоза тарошида ва синнаш тақрибан 35сола буд. Ӯ ҳеҷ гоҳ сигор намекашид ва бо ёрии давиданҳои ҳаррӯза саломатии худро дар ҳолати хуб нигоҳ медошт. Ману ӯ шитоб накарда, қадам задем ва ба якдигар оиди ҳаёти худ нақл кардем. — Ман пай бурдам, ки ту ба дигарон монанд нестӣ, — гуфт ӯ. — Ҳамаи дигарон аз ҷиноятҳои худ фахр мекунанд. Аммо ту, чунон ки ман мешунавам, танҳо оиди Худо гап мезанӣ. Ман раҳораҳ ба ӯ табассум кардам. Баъди як-ду рӯз ман бо Найҷел ҳангоми аз толори варзишӣ баромаданаш рӯ ба рӯ шудам. Ӯ арақшор шуда буд. — Хайр, чӣ тавр, хуб машқ кардӣ? — пурсидам ман. — Рости гап, ман аз ҳамааш хаста шудаам, — ҷавоб дод ӯ. Ӯ дар ҳақиқат ба ман рӯҳафтода ва ранҷидахотир тофт. — Ман аллакай 14 сол зиндонӣ ҳастам, Тонӣ. Ва ҳеҷ гоҳ ба ҷои нодаркор бинӣ намехалондам. Акнун нигоҳ кун, ки ман ба чӣ табдил ёфтаам. Найҷелро ба қарибӣ аз ҳабсхонаи дигар ба Баллингдон гузаронда буданд. Режими он, бар хилофи ин ҷо, он қадар сахт набуд. Дар он ҷо ӯ ба он комёб шуда буд, ки ҳафтае як рӯз аз кор озод буд, аммо баъд аз боиси нохушиҳо бо нашъамандон аз ин имтиёз маҳрум шуд.  — Як бегоҳ ҳамроҳи онҳо будаму халос — ҳамаи имтиёзҳоро аз даст додам, — гуфт ӯ ба ман. — Ман он вақт тамоман девона шудам. Аз ҳамин сабаб маро ба ин ҷо гузаронданд. То охири мӯҳлати маҳбусӣ ҳеҷ гуна умеди рӯзи истироҳат гирифтан нест ва ин маънои онро дорад, ки боз сеюним соли дигар пайиҳам аз ин ҷо берун набаромада, мешинам. Mо муддате хомӯшона қадам мезадем. Ва ногоҳ ӯ ғайричашмдошт пурсид: — Агар дар гирду атроф чунин воқеаҳо рӯй медода бошанд, магар Худо дар ҷаҳон ҳаст? Ман муддате фикр кардам ва баъд пешниҳод намудам: — Биё, ман ба ту масалеро нақл мекунам. — Хайр, майлаш, ман гӯш мекунам. — Як киштӣ ба рифҳои зериобӣ бархӯрда, шикаст. Пас аз ин танҳо як кас зинда монд. Ӯ бо кадом як тарз ба ҷазираи беодаме афтид ва танҳо дар он ҷо фаҳмид, ки ба чӣ вазъияти ноилоҷе гирифтор шудааст. Он гоҳ ӯ ба Худо дуо кард, аммо ҳеҷ воқеа рӯй надод. — Ӯ чиро интизор шуда метавонист, дар ҳоле ки Худо нест! — гапамро бурид Найҷел. — Он гоҳ ӯ барои худ чайла сохт, то ки аз боду борон сарпаноҳе дошта бошад, — давом додам ман. — Боре ӯ ба ҷустуҷӯи хӯрок рафт ва ҳангоми бозгаштан дид, ки чайлааш оташ гирифтааст. Нисфирӯзӣ ҳаво чунон гарм буд, ки хаси болои чайла ба осонӣ оташ гирифт. Одами бечора сӯхта тамом шудани умеди охирини худро медид. Он гоҳ ӯ хеле хашмгин шуд. «Эй Худо, Ту чӣ тавр ба ин роҳ додӣ?» — сӯи осмон мушт бардошта, дод мегуфт ӯ. Он шаб ӯ дар зери дарахт аз тарс ва аз хунукӣ ларзида, дароз кашида буд. Пагоҳӣ ӯ аз овози одамон бедор шуд. «Шумоён маро чӣ тавр ёфтед?» — пурсид ӯ бо ҳайрат. «Мо сигнали дудро дидем», — гуфтанд онҳо. Ҳангоме ки ман нақламро ба охир расондам, Найҷел танҳо фирқ-фирқ кард. — Гоҳо муҳаббати Худо ба мо чун нафрати Ӯ метобад, — гуфтам ман. — Мо на ҳамеша мефаҳмем, ки чаро Ӯ дар ҳаёти мо ягон воқеаи нохушро роҳ медиҳад. Ман ҳам фаҳмида наметавонистам, ки чаро ба ин ҳабсхона афтодаам. Ту низ ҳоло намефаҳмӣ, ки чаро имтиёзҳои худро аз даст додаӣ. Аммо ман гумон мекунам, ки умеди охирини ту — сигнали дуд аст. — Шояд ҳамин тавр бошад... — гуфт Найҷел. — Гӯш кун, — давом додам ман, — дар Китоби Муқаддас порчае ҳаст, дар Нома ба Румиён, боби 8-ум, ояти 28-ум: «Дар баробари ин мо медонем, ки ба дӯстдорони Худо, ки мувофиқи пешбинии Ӯ даъват шудаанд, ҳама чиз бар нафъашон ёрдам медиҳад». Яъне ҳамаи он чи дар ҳаёти дӯстдорони Худо рӯй медиҳад, ба манфиати онҳо хизмат мекунад. Дар ин оят, Найҷел, калимаи асосӣ, ҳама аст. Дар ин калима ҳам бад ва ҳам нек нуҳуфта аст, аз он ҷумла имтиёзҳои ту низ... Агар ту ба Исои Масеҳ имон оварӣ, ҳатто дар чунин вазъияте ки дар он ҳастӣ, бохт намекунӣ. Онро мағлубият ҳисоб накун. Дар ин вазъият, худи ҳозир, Худо барои нафъи ту амал карда истодааст. Найҷел дар ҷояш шах шудагӣ барин истода монд. Ба фикрам, ин суханон ба умқи дили ӯ таъсир карданд. — Ӯ туро дӯст медорад, Найҷел, Ӯ дар ҳаққи ту, чун дар ҳаққи фарзанди Худ ғамхорӣ мекунад. Найҷел ба ман нигарист. — Ташаккур барои масал, — гуфт ӯ ва оҳиста аз назди ман дур шуд. Рӯзи дигар ӯ боз дар ҳавлии дохилӣ ба ман расида гирифт. — Тонӣ, ин масале ки ту ба ман нақл кардӣ, аз фикру хаёлам берун намеравад, — сар кард ӯ. — Ман бо худ ҳеҷ кор карда наметавонам. Оиди Худои худ ба ман нақл кун. Ман ба ӯ оиди Масеҳ ва Хушхабари ӯ шаҳодат додам, аммо хуб мефаҳмидам, ки бояд на танҳо оиди наҷот гап занам. Ман душвориҳои ҳаёти масеҳиро хеле хуб медонистам. — Худо туро аз азобҳо раҳо намекунад, — гуфтам ман ба Найҷел. — Аммо маҳз ҳангоми азобу андӯҳҳо Ӯ туро беҳтар карда метавонад. Ман аз таҷрибаи худ медонам, ки ҳангоме зиндагии кас хуб аст, ӯ ба Худо кам такя мекунад. Ман ин дарси ибратро бо душвории зиёд аз худ намудам, Найҷел, аммо ба ҳар ҳол ҳар рӯз Худоро барои он шукр мегӯям, ки маро ба ин ҷо овард ва ин ҳақиқатро ба ман омӯхт. — Аммо ман шубҳа дорам, ки оё дар ман имон ҳаст ё не, Тонӣ... — Шубҳа накун, дӯстам, — гуфтам ман. — Ана, гӯш кун. Ту имрӯз пагоҳӣ бедор шудӣ. Ту нафас мекашидӣ. Ту ҳатто фикр накардӣ, ки чиро нафас мекашидӣ. Мо ҳаворо дида наметавонем! — Найҷел табассум кард ва ман давом додам: — Ҳангоме ки ту ба курсӣ менишинӣ, магар аввал онро даст-даст карда, мебинӣ, ки вазни туро мебардорад ё не? Не, ту ин тавр намекунӣ. — Акнун Найҷел хандид. — Худо низ ҳамин тавр аст, — рост ба чашмони Найҷел нигариста, гуфтам ман. — Ӯ дар ин ҷост, ту фақат бояд ба ин бовар кунӣ. Найҷел нигоҳашро аз ман дур карда, бо диққат ба осмон нигарист. — Боре як бача бодбарак сар медод. Рӯзи абрнок буд. Пирамарде назди ӯ омада, гуфт: «Ту дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ?» Бача ҷавоб дод: «Бодбарак сар медиҳам». Пирамард бо ӯ ҳазл карданӣ шуд: «Аммо ман ҳеҷ гуна бодбаракро намебинам». Бача сарашро бардошта, бодбараки худро надид. Ӯ андаке фикр карда, ба пирамард гуфт: «Ҳа, шумо рост мегӯед. Бодбарак наметобад, аммо он аниқ дар он ҷост. Ман боварӣ дорам, ки он дар он ҷост. Охир, ман ҳис мекунам, ки ришта чӣ тавр таранг шудааст», — ман ба ҳамсафарам нигаристам: — Найҷел, агар ту ба Масеҳ имон оварӣ, ҳамин гуна робитаро бо Ӯ ҳис мекунӣ. Ҳамон бегоҳ ман ба Найҷел мактуб навиштам. Дар он ман он чиро, ки ҳангоми сайру гашт ба ӯ гуфта будам, мухтасар баён намудам ва бо оятҳои Китоби Муқаддас пурра карда, маслиҳат додам, ки он ҷойҳоеро, ки ба ӯ ёрӣ расонда метавонанд, хонад. Баъди гирифтани мактуби ман муддати зиёде нагузашта, ӯ аз самими дил ба Исо имон овард. Баъди аз Баллингдон озод шудани ман ӯро ба ҳабсхонаи Челмсфорд гузаронданд ва ман то ҳол барои дидорбинии ӯ ба он ҷо меравам. Маҳбусони якравтарин ва гапнодаротарин Балла ва Фергюсон буданд. Аммо баъди муддате онҳо низ дар ҳавлии дохилӣ ҳамроҳи мо сайру гашт мекарданд. Балла аз қисми шарқии Лондон, аз минтақаи камбағалтарини он буд. Ин шахс тануманд буда, китфони васеъ ва дастони боқувват дошт. Аз як тараф чунин метофт, ки ӯ гардан надорад. Ӯ айнан ба монанди боксёри вазнаш калон буд. Дар озодӣ ӯ агенти ситонидани андозҳо шуда кор мекард ва аз боиси нажодпарасти ашаддӣ буданаш, зиндонӣ шуда буд. Тамоми аҳли оилаи ӯ ба идеяи фашизм вафодор буданд. Гуфтан мумкин аст, ки ӯ онро ҳамроҳи шири модар қабул намуда буд. Ҳеҷ кас бо Балла сару кор доштан намехост, бинобар ин ҳеҷ кас ба ӯ нохушиҳо намеовард. Аммо ӯ ба ҳама мушкилот меовард, хусусан ба сиёҳпӯстон ва ба ҳар гуна дурагаҳо. Ва инак як ходими ҳабсхона, бо мақсади пешгирии хуруҷи навбатии фашистии Балла нисбати сиёҳпӯстон, аз парвандаи ҳабсхонагии ман баъзе маълумотҳоро ба ӯ расонд. Ин маълумот махфӣ аст, аммо ходимони ҳабсхона гоҳо ба фоидаи худ онро ифшо мекунанд. Онҳо медонистанд, ки ман се карат чемпиони ҷаҳон оиди кун-фу будам ва дар хусуси ман аз Интерпол маълумот доштанд. — Ӯро Шубон меноманд, аммо ин шахс дар тамоми ҷаҳон маъруф аст. Ӯ бо дастони холӣ гардани туро чун гардани чӯҷа шикаста метавонад, — гуфт ходими ҳабсхона ба Балла. Балла ба ман таваҷҷӯҳ пайдо намуд. Аз афти кор, ӯро он факт ором намегузошт, ки ман пурра сафедпӯст нестам. Илова ба ин ӯ мехост оиди кун-фу маълумоти бештар пайдо кунад. Овозаҳо оиди гузаштаи ман дарҳол дар тамоми ҳабсхона паҳн шуданд. Ман оиди ин қисми тарҷумаи ҳоли худ гап заданро дӯст намедоштам, аммо маҳз гузаштаи «ҷангӣ»-и ман боиси як навъ эҳтироми Балла барин барзаговони якрав гардид. Ба фикрам, онҳо донистан мехостанд, ки чаро ман як қисми ҳиссаи хӯроки худро ба дигарон медиҳам, ба маҳбусони дигар дар навиштани нома ёрӣ мерасонам ва ҳамроҳи ҳар каси мехоста дуо мегӯям. Боре, ҳангоме ки мо дар ҳавлӣ сайру гашт мекардем, Балла ба ман чаққидан гирифт: — Нигоҳ кун, аз афташ, ман сару нӯги ин кун-фуро дарёфтам. — Ӯ вонамуд мекард, ки бо дастону пойҳо зарбаҳо мезанад. — Хайр чӣ, Буддо ба ман маъқул аст. Ман он қадар шахси диндор нестам... аммо барои ту, чунон ки ман медонам, ӯ аҳамияти зиёд дорад. Ман худам ҳам бо ӯ наздиктар шинос шудан мехоҳам — бо буддоия ё, номаш чӣ буд... шаманизм ё чизи дигар? Дар охир, ҳамааш як сафсата аст. Ман истодам ва рост ба чашмонаш нигаристам. — Ҳа, ту чизи асосиро фаҳмидаӣ, дӯстам, — гуфтам ман устуворона. Балла андаке гаранг шуда буд. — Он чи ту мегӯӣ, танҳо як навъ чангу ғубори динӣ аст! Гумроҳии пурра! Аз дин фоидаи зиёд нест. Он пурра аз дурӯғ иборат аст. — Ором шав, Тонӣ. — Не, маро гӯш кун. Дар як паллаи тарозу имон ба Худо, дар паллаи дигари он ҳамаи динҳои ҷаҳон мебошанд. Ман ба ягона Худои Офаридгор ва ба Писари Ӯ Исои Масеҳ имон дорам. Танҳо Исо оиди Худ мегӯяд: «Ман роҳ ва ростӣ ва ҳаёт ҳастам; ҳеҷ кас назди Падар намеояд, ҷуз ин ки ба воситаи Ман» — Оҳо, хеле худписандона садо медиҳад! — Ин худписандӣ нест, Балла, ин ҳақиқат аст. Дар Китоби Муқаддас, дар Номаи якум ба Қӯринтиён, боби 8-ум, ояти 6-ум навишта шудааст, ки танҳо як Худо Падар, ки ба мо ҳама чизро медиҳад ва як Худованд Исои Масеҳ ҳаст. Ту набояд бо ҳақиқат баҳс кунӣ ё онро бо хокрӯбаи таълимоте ки одамон бофта баровардаанд, омехта карда, таҳриф намоӣ, Балла. Мо боз дар бари якдигар қадам мезадем ва ногоҳ Балла гуфт: — Имони ту бароят ҳамон арзишеро дорад, ки барои ман «Миллуолл» арзиш дорад. Ту чиҳо мегӯӣ, Балла? — Гӯш кун, «Миллуолл» дастаи беҳтарини варзишӣ аст, ҳамин тавр не? Ягона ва нотакрор. Дигар дастаҳо аҳамияте надоранд. — Давом деҳ, гуфтам ман, — аҷиб аст, ки ту гапро ба ким-куҷоҳо бурдӣ. — Айнан ба монанди ту, Тонӣ. Ту фаҳмидӣ? Барои ту ин имон ба Исо аҳамияти зиёд дорад. Барои ман — клуби футболи «Миллуолл». Ман фикр кардам, ки беҳуда вақтро сарф карда истодаам, аммо ҳамроҳи ӯ ханда кардам. — Не, не, ту ҳеҷ чизро нафаҳмидӣ... — Чиро нафаҳмидам? — Исо барои ман машғулияти шавқовар ё корчаллонии фоиданок нест. Гуфтан мумкин нест, ки ман ба Исо ҳамон қадар шавқ дорам, ки ту ба футбол шавқ дорӣ ва каси дигар ба шоҳмот ё рақсҳои базмӣ... — Оҳистатар гап зан, бародар! — Гӯш кун, Исо барои ман ҳама чиз аст. Ӯ на танҳо дӯсти хуб аст. Ӯ асоси зиндагии ман аст. Ӯ худи ҳаёт аст. Ту метавонӣ қабул кунӣ ё накунӣ, аммо ин ҳамин тавр аст. Ман ба ин ҳамон қадар боварӣ дорам, ки ба кабуд будани осмон ва сабз будани дарахтон боварӣ дорам. Ҳеҷ чиз наметавонад маро бовар кунонад, ки ин чунин нест. Аммо ман мехоҳам, ки ҳама дар ин бора донанд. Ин масъалаи ҳаёт ва марг аст. — Мебинам, ки ту ба масъалаи дӯстдоштаат дахл кардаӣ! Бигузор ҳамин тавр бошад, ту ба ин имон дорӣ ва ин имони туст. — На танҳо имони ман, балки миллионҳо имондорони дигар, ки қадами имонро гузошта, ҳақиқатро барои худ кашф намудаанд. — Ҳа, аммо ман яке аз онҳо нестам... — О’кей, фарз мекунем, ки ту дар паб нишастаӣ, дар атроф дӯстони ту мебошанд ва ҳамаи шумо бозии олидараҷаи футболро тамошо мекунед. Довар зарбаи озод таъин мекунад. Аммо ҳамин вақт ту ҳис мекунӣ, ки бояд дарҳол ба ҳоҷатхона равӣ. Ту аз майдон рафтӣ ва ҳамин вақт зарба зада шуд — ва дарвозабони шумо тӯбро дошта гирифт. Ту давида бармегардӣ, дӯстонат хурсандӣ мекунанд — чун девонаҳо дод мегӯянд чунки онҳо ин зарба ва ҷастани дарвозабонро диданд. Ин эпизоди беҳтарин буд. Ин гуна эпизодро ту ҳеҷ гоҳ надида будӣ. Дарвозабон дастаи худро наҷот дод! Ту хеле пушаймон мешавӣ, ки чунин эпизодро надида мондӣ. Аммо оё ту ба он шубҳа дорӣ? Албатта, не! Ту ба ин бовар мекунӣ, агарчи худат инро надидаӣ. Ту бовар мекунӣ. Чунки дӯстонат дар ин бора нагуфта наметавонанд. Ту дар ин ҷо набудӣ ва беҳтарин эпизоди футболи ҳамаи замонҳо ва халқҳоро надида мондӣ, вақте ки дарвозабон тамоми дастаро наҷот дод. Аммо азбаски онҳо инро диданд, ту ҳам ба ин бовар мекунӣ. — Акнун фаҳмо шуд. Агар ман онро бо чашмони худ надида бошам, ин маънои онро надорад, ки он ҳақиқат нест. Ту мегӯӣ, ки Исо вуҷуд дорад ва шояд ин ҳамин тавр бошад, агарчи ман Ӯро надидаам. — Дуруст. Ман ба ту мегӯям, ки ҳангоме Исо дар салиб барои ту ва ман мурд, ба мо наҷотро тӯҳфа намуд. Вақте ки як шахс оиди ин ба ман нақл кард, ман ба ин бовар кардам. Акнун ман имон дорам, ки Исо наҷот медиҳад, ман худам ба ин боварӣ ҳосил намудаам. Ман то охири умри худ аз ин хурсандӣ хоҳам кард. — Ту гуфтан мехоҳӣ, ки ман ҳанӯз дар халоҷо зиндагӣ мекунам? — Не, Балла, ҳангоме ки ман ба ту оиди Исо нақл намудам, ту аллакай аз он ҷо баромадӣ. Акнун ту бояд назди пештахта омада, бепул як пинта пиво гирӣ. — Ана ин гапи дигар! Ниҳоят ту ба тарзи одамӣ гап задӣ. — Ҳа, дар он ҷо барои ту зарф тайёр кардаанд, — гуфтам ман бо табассум. — Балла маро фаҳмид. Баъд мо борҳо ин гуна сӯҳбатҳо доштем. Ман ҳанӯз ҳам дуо мегӯям, ки ягон вақт ӯ ҳақиқатро пайдо намояд. Фергюсон низ ҳамин гуна «чормағзи сахт» буд. Ҷавони сиёҳпӯст, рақиби Балла барои ҳокимият. Ӯ дар блоки хӯрокворӣ кор мекард. — Эй, Тонӣ. Ман шунидам, ки ту гӯё масеҳӣ ҳастӣ. Ман бозистодам ва фикр кардам, ки шояд ӯ маро бо пояш заданӣ аст. Зарбаро чӣ тавр чолоконатар зада гардонам? — Ҳа, ҳамин тавр барин, — гуфтам ман ва кӯшиш кардам, ки тарси худро нишон надиҳам. Аксуламали ӯ маро андаке ҳайрон кард. — Зани ман мурдааст, — гуфт ӯ. Ман аллакай ботинан худро ба низом даровардам. Пас, ӯ алами худро аз ман гирифтанӣ аст. Як, ду, се сония гузашт. Ман ҳис кардам, ки дасти ӯ ба болои китфи ман фуруд омад. — Барои ӯ дуо мекунӣ? Ман на ба зудӣ ба худ омадам. — Албатта, ман барои ӯ дуо мегӯям, — гуфтам ман, — аммо ҳамчунин барои ту ба Худо дуо мекунам, чунки туро Ӯ зинда нигоҳ дошт. Мо гуфтугӯ кардем. Ӯ ҳамаи тарсҳо ва изтиробҳои худро оиди он ки бо кӯдакони ӯ чӣ мешавад, ба ман ошкор намуд. Ягона коре ки ман барои ӯ карда метавонистам, ҳамроҳи ӯ дуо кардан буд ва ӯ инро бо мамнуният қабул намуд. Пас аз ин воқеа ҳар боре ки Фергюсон дар блоки хӯрокворӣ навбатдор бошад, ҳатман ба ман хӯроки иловагиро дар шакли апелсинҳо ва пудинг меовард. Коре ки ҳамаи маҳбусон ба он майли зиёд доштанд, кор бо «дастбандҳои сурх» буд. Ба онҳо дар як ҳафта 5 фунт медоданд. Ба «дастбандҳои сурх» берун аз ҳудуди блок рӯбучин намудани ҳавлии ҳабсхонаро месупурданд. Онҳо бе ҳеҷ гуна назорат рафта меомаданд. Аммо сардорони ҳабсхона ҳангоми ба кор таъин намудани маҳбусон эҳтиёткории зиёд зоҳир менамуданд. Дар атрофи ҳабсхона девори баланде буд, аммо агар кас ҷисман боқувват буда, аз девор гузаштан хоҳад, бе ҳеҷ гуна мушкилоти зиёд аз он гузашта метавонист. Ин кор барои ман тӯҳфае аз Худо буд. Онро сабук ва тоза номидан ғайриимкон аст, аммо ман дар танҳоӣ ва дар ҳавои тоза кор карда, ҳаловат мебурдам. Ҳар рӯз бо ёрии хокандоз ва ҷорӯб ман танҳо аз минтақаи худ қариб бист халтаи калон ифлосиҳоро ҷамъ мекардам. Баллингдон ба ҳабсхонаҳои категорияи «В» тааллуқ дорад, дигар хел карда гӯем, ин ҳабсхонаи режимаш сахт буд, аммо ҳайратовар аст, ки дар ин ҷо маҳбусон ҳама чизи мехостаашонро доштанд. Блоки ҳабсхона бинои дуошёнае буд, ки тирезаҳояш ба ҳавлии дарун мебаромаданд ва маҳбусон аз онҳо шпритсҳои яккарата, презервативҳо, меваҳои пӯсида, шишаҳо, рӯзномаҳо ва гоҳо ахлоти худро мепартофтанд. Баъзе одамон аз ҳайвон бадтар рафтор менамуданд. Чунин касоне низ буданд, ки ба имтиёзҳои ман ҳасад мебурданд. Аксар вақт ҳасудон аз тирезаҳо ҳар чизеро, ки ба дасташон мерасид, ба сӯи ман мепартофтанд: аз шишаҳои холӣ то апелсинҳо ё собун дар даруни ҷӯроб, ва гоҳо оби ҷӯш мерехтанд. Аз ин «тирҳо» барканор шудан душвор буд ва ман ҳангоми кор ҳамеша дуо мегуфтам. Бо мурури замон ман бо бисёрии маҳбусони ошёнаи поёнӣ шинос шудам. Баъди чанде ман аллакай ба ҳар яки онҳо ба ин ё он шакл шаҳодат медодам. Дар як камера ду поляк буданд, Анджей ва Болек. Ҳар ду ғоратгари касбӣ, дағал ва бераҳм буданд. Онҳоро ба муддати дароз зиндонӣ карда буданд. Яке аз онҳо ба забони англисии шикаста гап мезад, аммо бо ӯ муошират кардан хеле душвор буд. Боре шабона ман ба полякҳо мактуб навиштам, то ба онҳо Хушхабарро ба забони соддаи англисӣ фаҳмонам. Дар айни ҳол ман баъзе калимаҳои юнониро истифода бурдам, зеро тахмин мекардам, ки онҳо ба полякҳо фаҳмо хоҳанд буд. Баъди якчанд рӯз, ҳангоме ки ман ҳавлиро мерӯфтам, Анджей ба ман муроҷиат кард. — Тонӣ, ташаккур барои нома. Аммо мо на он қадар фаҳмидем, — гуфт ӯ бо ҳаяҷон, — магар ту забони полякиро медонӣ? Чӣ? — бо ҳайрат гуфтам ман. — Мактуби ту... Ба забони хуби полякӣ навишта шудааст. — Рафиқи ман дар ин ҷо ҳамаи навиштаҳои туро фаҳмид. Ташаккур. Ман ҳайрон шуда будам. Охир, ман ба забони полякӣ як калима ҳам намедонистам. — Ин ғайриимкон аст, — гуфтам ман. — Ман ба забони англисӣ ва юнонӣ навиштам. Анджей ҳайрон шуда буд. Ӯ ба полякӣ чизе гуфта, ғоиб шуд. Дар тиреза Болек пайдо шуд ва нома дар даст ба ман дастафшонӣ намуд. — Ҳа, ҳа, забони полякии хуб. — Ӯ то баногӯш табассум намуда, ҳамин гапро ба ман гуфта метавонист. Акнун ман фаҳмидам, ки мӯъҷиза рӯй додааст. Худо дар ин ҷо низ амал менамуд. Ман Ӯро ҳамду сано гуфтам ва дуо гуфта, кори худро давом додам. Рӯбучинро ба охир расонда, ман занг задам, ки маро ба ақиб, ба блоки асосӣ роҳ диҳанд. Зиндонбонон гоҳо маро «фаромӯш мекарданд». Ман фаҳмидам, ки онҳо ба ман вақт медоданд, то дар алафзор нишаста, Китоби Муқаддасро хонам ё аз тамошои теппаҳои сарсабзи атрофи ҳабсхона ҳаловат барам. Боре аз камераи ошёнаи болоӣ овозе шунида шуд: — Эй, Шубон, Исо мурдааст, оё инро медонӣ? Ман дарҳол гӯш ба қимор шудам. Ин маҳбус пештар ҳам ба ман зарар мерасонд. Ӯ ба сӯи ман шишаҳои холӣ мепартофт ва ҳақорат мекард, аммо ман ҳеҷ гоҳ ӯро надида будам. Ман ба таври ғаризавӣ даст ба бел бурдам, гӯё бо он ба сари ӯ заданӣ бошам. Аммо сари вақт ба худ омадам ва фикр кардам, ки Исо дар ҷои ман чӣ кор мекард ва қарор додам, ки гапҳои ӯро сарфи назар намоям. Аммо ӯ ҳеҷ бас намекард. Ӯ густохона рафтор менамуд ва акнун чун девона механдид. Ягон хел аксуламал кардан даркор буд. Маро хашм гулӯгир мекард. Аммо ман қарори қатъӣ қабул намудам. — Не, гапат тамоман нодуруст, — гуфтам ман ҳарчи оромонатар. — Исо зинда аст. Ман инро аз он сабаб медонам, ки Ӯ дар дили ман зиндагӣ мекунад, бинобар ин ман туро мебахшам. Бигузор Худованд туро баракат диҳад! Лаҳзае хомӯшӣ фаро расид. Ман фаҳмидам, ки аз пайи ин чӣ рӯй медиҳад. Ман бозистодам ва сарамро хам карда, таронаи 22-юми Забурро аз ёд хондан гирифтам... Дар водии зулмот роҳ равам ҳам, аз бадӣ наметарсам, чунки Ту бо ман ҳастӣ; асо ва чӯбдасти Ту маро тасаллӣ медиҳад... Оби ҷӯш аз ошёнаи боло ба болои ман рехт. Ман дар ҷоям шах шуда мондам. Аз либоси ман буғ баромад, аммо об ба ман сӯзон не, балки андак хунуктар тофт. Ҳеҷ ҷои баданам насӯхт. Ман ҳайрон шуда, андаке истодам, ва баъд касеро, ки ин корро карда буд, ҷеғ задам: — «Эй, пеши тиреза биё!» — Дар ҷавоб хандаи ваҳшиёна шунида шуд. — Чӣ, тарсидӣ? — дод задам ман. Вай хомӯш буд. Чӣ бояд кард? Боз ӯро ҷеғ задан лозим омад. — Ҳар касе ки бошӣ, ман мехоҳам, ки ту донӣ: ман хабаркаш нестам, бинобар ин оиди ин кори ту хабаркашӣ намекунам. Ман ҳатто туро ҷустуҷӯ намекунам. Агар ман масеҳӣ намебудам, майнаатро зада мебаровардам, аммо ман Масеҳро дӯст медорам ва аз ҳамин сабаб ин корро намекунам. Ман барои гуноҳи худам дар ин ҳабсхона ҳастам ва аз ин хеле шарм медорам. — Аз боло ҳеҷ овоз намеомад. Ман давом додам: — Ман мехоҳам, ки ту донӣ: ман туро ба номи Исои Масеҳ мебахшам. Бигузор Худованд туро баракат диҳад! Воқеаи рӯйдодаро бисёр касон дида ва шунида метавонистанд. — Адаби ӯро деҳ, Тонӣ, — маслиҳат медоданд ба ман. — Ба мо гӯй, ки об аз куҷо рехт ва мо ӯро меёбем. — Не, ман ин корро намекунам, — ҷавоб медодам ман. Ҳама фикр карданд, ки ман аз ақл бегона шудаам. Ҳангоме ки ман ба блок баргаштам, зиндонбонон аллакай аз воқеа бохабар шуда буданд. — Ба мо гӯй, ки ӯ кӣ буд, Тонӣ. Мо ҳама чораҳои даркориро меандешем, ваъда доданд онҳо. — Не, ман хабаркашӣ намекунам. Ман ба ӯ ваъда додам. — Аммо ӯро ҳамин тавр бе ҷазо гузоштан мумкин нест, — гуфтанд ба ман. Яке аз зиндонбонон аз дасти ман гирифта, бо оромӣ фаҳмонд: Гӯш кун, мо вонамуд мекунем, ки надидаем. Боло рафта, ҷазояшро деҳ. Мо ҳам баъди як-ду дақиқа даромада, ба ӯ илова мекунем. — Медонед, ман ин корро карда наметавонам, — гуфтам ман. — Акнун ман бо роҳи дигар равонаам. Зиндонбонон хеле ҳайрон шуда буданд. Ман фаҳмонданӣ шудам: — Медонед, ман ин шахсро бахшидан мехоҳам. Қувваи бахшидан озодиро медиҳад. Бахшидан аз қасос болотар аст. Ман ба онҳо оиди одати қадимии яҳудиён нақл кардам, ки дар соли юбил амирон ва подшоҳон маҳбусонро озод менамуданд ва ҳамаи қарзҳоро бекор мекарданд. — Ба Исои Масеҳ имон овардан маънои ба даст овардани ҳамин гуна озодиро дорад, — гуфтам ман. Ин айнан ба монанди ҳамон соли юбил — вақти хурсандонаи тантана ва хушҳолӣ аст. Бахшидан ба дилҳои одамон озодии ҳақиқӣ ва хушбахтӣ меоварад. Ва баръакс, нафрат ба зиндони абадӣ маҳбус мегардонад. Ин шахс ҳар касе ки бошад, ман медонам, ки бояд ӯро бахшам. Зиндонбонон ба якдигар нигоҳ карда, китф дарҳам кашиданд. Яке аз онҳо ҳатто тап-тап ба китфи ман зад. — Ту аз ман беҳтар ҳастӣ, Шубон, — гуфт ӯ бо табассум. Ман аз он шахс қасос нагирифтам, аммо дертар фаҳмидам, ки дӯстонам аз ошёнаи поёнӣ фаҳмиданд, ки аз куҷо ба болои ман оби ҷӯш рехта шуда буд. Ва ҳамин ки фурсат шуд, онҳо боло баромада, ҷазои ӯро додаанд. Ман дигар бо он шахс мушкилӣ надоштам. Боби 16 Калисои хурд барои вохӯриҳо ҷои хубе буд. Маҳбусон ба он ҷо мерафтанд, чунки ин барои онҳо имконияте буд, ки аз камераҳояшон берун раванд. Коҳини калисои англиканӣ дар мавъизаи Инҷил кӯшиши зиёд намекард. Ӯ аллакай солҳои зиёд дар ҳабсхона кор мекард ва ин кор барои ӯ машғулияти дилгиркунанда шуда буд. Ҳар бегоҳ ӯ ба ҷаҳони берун бармегашт, аммо чун ҳар яки мо, ки дар камераҳо зиндонӣ карда шудаем, асир буд. Оиди Масеҳ шаҳодат додани ман, албатта, ӯро нороҳат мекард, аммо бо вуҷуди ин, ӯ ба ман монеъ намешуд. Ҳафтае набуд, ки ягон нафар маҳбус ба Худо имон наоварад. Мо мунтазам дар калисои хурд ҷамъ мешудем ва сӯҳбат менамудем, Китоби Муқаддасро мехондем ва дуо мегуфтем. Дар ҷамъомадҳои мо ҳамеша кунҷковон низ ҳозир буданд. Баъзеҳо дертар ба ҷамоати ҳабсхонагии мо ҳамроҳ шуданд. Бислейи Хушнамуд — ҷавоне ки нашъаманди рангпарида буда, нигоҳи дуздона дошт, яке аз онҳо буд. Қисми зиёди ҳаёти бошууронаашро ӯ дар ҳабсхона гузаронда буд. Боре ӯ ҳангоми сӯҳбати боваринок ба ман иқрор шуд: «Дар озодӣ ман чиро надидаам?» Ҳар дафъа дар охири мӯҳлати маҳбусии худ ӯ ягон ҷинояти ба қадри кофӣ ҷиддӣ содир намуда, ба мӯҳлати навбатӣ зиндонӣ мегардид. «Ин ҷо хонаи ман аст, мефаҳмонд ӯ ба ман. — Дар озодӣ душвор аст. Ман дар он ҷо ба ҳеҷ кас даркор нестам. Танҳо як ташвиш: аз рӯи суратҳисобҳо пул пардохт намо ва барои зистан сарпаноҳ ёб. Ин ба ман чӣ даркор аст? Дар ин ҷо ман се бор хӯрок мехӯрам ва ғайр аз ин, дӯстонам дар назди ман мебошанд». Бислейи Хушнамуд барин касон бисёр буданд, ҳатто хеле бисёр. Масалан, боз як маҳбуси дигар, ки лақабаш Силкасал буд. Силкасал доимо дар назди калисои хурд ҷунбуҷӯл мекард. Дар озодӣ ӯ шӯҳрати қаҳрамони миллиро дошт. Албатта, сурати ӯ ва мақолаҳо оиди ӯ дар ҳамаи рӯзномаҳо чоп мешуданд ва ҳамааш аз боиси саъю кӯшиши ӯ барои тозагии муҳити атроф. Дар ҳабсхона бошад ӯ ноӯҳдабарои муқаррарӣ метофт. Дар Баллингдон кам касон оиди нигаҳдории дарахтон ва чарогоҳҳо ғамхорӣ мекарданд. Силкасал ба бутпарастӣ шавқи зиёд дошт ва бисёр вақт дар калисои хурд бо «роҳиба»-и худ вомехӯрд. Роҳиба бо ишвагарӣ ҳатто дили коҳинро ёфта буд ва коҳин дар рӯзҳои якшанбе ба роҳиба иҷозат медод, ки як қисми парастишро аз рӯи маросими англиканӣ пеш барад. Ин маро тамоман асабонӣ мекард. Аммо ман танҳо дуо карда метавонистам. Ва ҳақиқатан, Худо дахолат намуд. Намедонам, аз чӣ сабаб, аммо вохӯриҳои «роҳиба»-ро бо Силкасал манъ карданд. Боре ба камераи ман Силкасал давида даромад. Ӯ маро тела дода, гуфт: — Эй. Ман оиди ту ва сафсатаи бидъаткоронаи ту шунидаам. Маҳбубаи маро аз боиси ту пеш карданд. Ҳоло сабр кун! Ман сазои туро медиҳам. Ман бо ҳаракати тез дасти ӯро аз китфам дур кардам. Ӯ аз ман хеле баландтар буд, бинобар ин, ҳангоме ки ман бархестам, чашмонам дар сатҳи бинии ӯ буданд. — Акнун гапи маро гӯш кун, — гуфтам ман. — Он чи дар нақша доштӣ, ба ҷо овар. Агар хоҳӣ, ман ҳозир ба ту пушт гардонда меистам ва ту ба ман зарба зан, — рост ба чашмони ӯ нигариста, гуфтам ман. — Аммо дониста мон, — давом додам ман, — ту ҳар коре кунӣ, ман туро мебахшам. Ман туро ба хотири Исои Масеҳ дӯст медорам. Ман ба ту ҳеҷ бадӣ намехоҳам, аммо ту ҳар коре ки хоҳӣ, кардан гир. Силкасал ба ман чашм дӯхта, хомӯш буд. Ҳеҷ кадоми мо намедонистем, ки дар лаҳзаи оянда чӣ рӯй медиҳад. Ниҳоят, Силкасал ҳақорат карда, баромада рафт. Шаш моҳ гузашт ва ба ман хабар расонданд, ки ба қарибӣ озод мешавам. Ман намедонистам, ки дар пеш маро чӣ интизор аст, аммо дар ин ҷо Худо ба ман якчанд дарси олидараҷаи ибрат нишон дод. Акнун ман шахси дигар будам. Сара низ рӯҳан мустаҳкам шуд. Ӯ ба Худо бештар боварӣ мекардагӣ шуд ва мисли ман вақти бештарро дар дуо мегузаронд. Ҳаёти ӯ ва Этан осон набуд, аммо ҳангоме ки ӯ оиди муҳаббат ба Исо гап мезад, ман зиндадил мешудам. То вақти озодшавӣ, ин 12-уми феврали соли 2002 рӯй дод, ман андак пул ҷамъ кардам. Дар охир ман хостам ба рафиқонам, ки моҳҳои зиёд бо онҳо будам, тӯҳфаи ғайричашмдошт кунам. Ман ба калисои хурд рафтам. Дар он ҷо шахсони ҳамеша меомада ва якчанд шахсони нав буданд. — Дар сумкаат чӣ дорӣ, Шубон? — пурсид Сэм Пол, ки ба ман ин лақабро дода буд (ман дар навбати худ ӯро Ҳагрид[30] меномидам). Ман сумкаро чаппа карда, аз он батончаҳои «Марс»-ро ба рӯи миз рехтам. — Дар ин ҷо ба ҳама мерасад, агар яктогӣ гиред, — ман кӯшиш кардам аз ғавғо ва хандаи умумӣ баландтар гап занам. Шоколадро маҳбусон хеле дӯст медоштанд, хусусан онҳое ки ҳамаи пулҳои дар ҳабсхона додашавандаро ба сигор сарф мекарданд. — Гӯш кунед, рафиқон, имрӯз ман бори охир дар ин ҷо ҳастам. Чуноне ки медонед, ман сигор намекашам, аз ҳамин сабаб андак пул сарфа карда будам, то ки барои шумо ягон тӯҳфа кунам. Ман бо ин гуфтан мехоҳам: «Бигузор Худованд шуморо баракат диҳад». Ман тамоми калисои хурдро гаштам, то боварӣ ҳосил кунам, ки шоколад ба ҳама расидааст. Ман дар ин ҷо Силкасалро дида, хурсанд шудам. Ӯ худро андак нобоварона ҳис мекард. Аз рӯи анъанаи масеҳӣ мо давра гирифта, ба якдигар дуои хайр гуфтем: Бигузор файзи Худованди мо Исои Масеҳ, ва муҳаббати Худо Падар, ва мушоракати Рӯҳулқудс бо ҳамаи мо бошад. Омин. Ҳангоме ки мо рост меистодем, ба ҳама назар андохтам. Дар ин ҷо бисёр маҳбусоне буданд, ки дар давоми ин моҳҳо тамоман дигаргун шуданд, Силкасал низ дар давра истода буд. Ӯ ҳамроҳи мо дуо намегуфт, аммо табассум менамуд. Баъд ӯ назди ман омада, барои хайру хуш дастамро фишурд. — Ҳамааш хуб аст, бародар, — гуфт ӯ. — Бигузор Худо туро баракат диҳад, — дасти ӯро фишурда, табассум кардам ман. Пас аз озодшавӣ ман ба Силкасал ва бисёр маҳбусони дигар номаҳо менавиштам. Дар ҷавоб номаҳои зиёд меомаданд ва акнун ин хизматгузории ман гардидааст: ман бисёр маҳбусони Баллингдонро дастгирӣ ва рӯҳбаланд мекунам. Баъзеи онҳо ба озодӣ баромадаанд, баъзеи дигар ба ҳабсхонаҳои дигар гузаронда шудаанд, аммо ман кӯшиш мекунам, ки аз рӯи имконият ба дидорбинии ҳамаи онҳо равам. Дар байни ҳамаи онҳое ки дар давоми шаш моҳи гузашта дигаргун шуданд, ҳеҷ кас беш аз ман дигаргун нашудааст. Ба ақиб, ба тамоми роҳе ки аз он воқеаи фоҷиавӣ тай намудаам, нигариста, ман фаҳмидам, ки Худо ба ман имкон дод, ки аз биёбони рӯҳонӣ гузарам. Охир, танҳо дар он ҷо ман ин гуна дигаргун шуда метавонистам. Танҳо дар он ҷо Ӯ ба худдонамӣ ва саъю кӯшишҳои барзиёди ман муқобил истода метавонист. Танҳо дар он ҷо Ӯ маро ба зону гузошта, фурӯтаниро омӯзонда метавонист. Ин дарсро ба ман таълим додан хеле зарур буд. Навиштаҷоти Муқаддасро тадқиқ намуда, ман фаҳмидам, ки бисёр шахсони интихобкардаи Худо дар биёбони рӯҳонӣ аз санҷиш гузаштаанд. Баъзеҳоро Худо аз биёбони ҳақиқӣ мегузаронд. Пас аз он ки Мусо ва банӣ Исроил ба таври ҳайратовар ва мӯъҷизаосо аз ғуломӣ озод шуданд, чил солро дар биёбон гузаронданд. Ман қиссаи онҳоро дар боби ҳаштуми Китоби Такрори Шариат хондам ва ин ояти асосиро ҷудо кардам. Ва дар хотир нигоҳ дор тамоми роҳеро, ки Худованд Худои ту чил сол туро бо он дар биёбон бурд, то ки туро азият дода, биозмояд, ва он чиро, ки дар дили туст, бидонад, ки оё аҳкоми Ӯро риоят хоҳӣ кард ё не... Ман фаҳмидам, ки мисли ман, банӣ Исроил гуноҳ карданро давом медоданд. Онҳо аҳд бо Худоро вайрон мекарданд, агарчи амалҳои бузург ва тавонои Ӯро дида буданд. Бо вуҷуди ин Худо онҳоро дӯст медошт. Ман давомашро хонда, бо ҳайрат пайдо намудам, ки Худо ба онҳо об, хӯрок, пойафзол ва либосеро медод, ки кӯҳна намешуд. Худо нисбати ин халқи исёнкор нақшаи Худро дошт. Дар охир Ӯ бо онҳо ҳатто гап зад ва халқи Исроил ваҳйи наве ба даст овард — Даҳ аҳком. Давоми Китоби Муқаддасро варақ зада, ман барои худ ошкор намудам, ки ҳамаи воқеаҳои муҳим дар маҳалҳои биёбонӣ рӯй медоданд. Ман Навиштаҷотро аз аввал то охир тадқиқ намуда, аз он ҳайрон шудам, ки яке аз калимаҳои ибронӣ, ки биёбонро ифода мекунанд, чун «ҷое ки Худо гап мезанад» тарҷума мешавад. Ман мехостам Худоро ҳарчи амиқтар шиносам. Ман медонистам, ки Яҳёи Таъмиддиҳандаро «овози нидокунандае дар биёбон» меномиданд. Хислати ин пайғамбари бузургро тадқиқ намуда, ман барои худ бисёр чизҳоро ошкор намудам. Ман ба фаҳмидан сар кардам, ки Худо маро чӣ гуна дидан мехоҳад. Аз нуқтаи назари одамӣ, хизматгузории пайғамбар Яҳё бомуваффақият буд. Бисёр касон мавъизаи ӯро ба дил наздик қабул намуда, навбат меистоданд, то ӯ онҳоро таъмид диҳад. Ман орзу доштам, ки башоратдиҳандае чун Яҳёи Таъмиддиҳанда шавам. Аммо худи Яҳё мефаҳмид, ки маънои марказии мавъизааш худи ӯ набуд. Ӯ бояд пешоҳанг мешуд ва барои Масеҳи меомада роҳ тайёр мекард. Инҷили Юҳанноро хонда, ман ояти 30-ро аз боби сеюм ҷудо кардам, ки он ҷо Яҳёи Таъмиддиҳанда оиди Исо мегӯяд: «Ӯ бояд нашъунамо ёбад, ва ман завол ёбам». Оиди ин ояти Навиштаҷоти Муқаддас ҳар қадар бештар фикр кунам, ҳамон қадар аз он ба ваҷд меомадам. Ҳатто Исоро, чунон ки ман мехондам, Рӯҳулқудс ба биёбон бурда буд. Ӯ чил шабу чил рӯз дар он ҷо буд ва се бор ба васвасаи шайтон рӯ ба рӯ шуд. Бар хилофи бисёрии қаҳрамонони Китоби Муқаддас, Исо ба Падари Худ итоаткор монд. Ӯ дар рӯ ба рӯи ҳамаи васвасаҳои ин ҷаҳон истодагарӣ намуд. «Исо беҳтарин намунаи пайравӣ аст!» — қарор додам ман. Ман он вақтеро, ки Баллингдон ба ман имконияти тадқиқ намудани Китоби Муқаддас ва шинохтани Исои Масеҳро медод, бо хушнудӣ ба ёд меовардам. Агарчи дар биёбон Исо ба муқобили васвасаҳои шайтон қувваи рӯҳониро зоҳир намуд, бо вуҷуди ин Ӯ намунаи комили фурӯтанӣ буд. Ӯ бо ҷисму ҷони дарҳам шикаста ҳамаи гуноҳҳои инсониятро ба дӯш гирифт ва дар салиби Ҷолҷолто барои ҳама мурд. Ман ба Аҳди Қадим рӯ овардам, то он чиро, ки пайғамбарон оиди Ӯ пешгӯӣ карда буданд, тадқиқ намоям. Дар таронаи 21-уми Забур ман суханони пайғамбаронаро оиди Худи Исо пайдо намудам. Ояти ҳафтум ба ман таъсири беандоза бахшид, он ба ман фаҳмиши пештараамро оиди ҳунари ҷангии кун-фу ва ҷонвароне ки ман ба онҳо тақлид мекардам, ёдрас намуд. «Ман кирм ҳастам, ва на одамизод», — гуфтааст Довуд. Ман ба ёд овардам, ки чӣ тавр услуби ҷангии морро аз худ мекардам. Мор ҳангоми зада гардондани зарба сар мебардорад, фишшос мезанад ва зарбаи ҷавобӣ мезанад. Ин тасвири ҳаққонии «ман»-и одамӣ аст. Аммо кирм, баръакс, ҳеҷ гуна муқобилат намекунад. Ӯ имкон медиҳад, ки ҳар коре ки ҳоҳӣ, бо ӯ кунӣ. Ту метавонӣ онро бо пой тела диҳӣ ё пахш намоӣ. Чунин аст намунаи фурӯтании ҳақиқӣ! Оиди ин тимсол андешаронӣ карда, ман муддати зиёд менишастам. Ба хотири ман барин касон Исо, Писари Худо, Офаридгори коинот, мехост, ки Ӯро, чунон ки кирмро пахш мекунанд, дарҳам шикананд. Пас, ман ба хотири Ӯ бояд чанд баробар бештар азобҳоро паси сар кунам? Исо масеҳии комилеро намеҷуст, ки аз ҳамаи ҷиҳатҳо беайб бошад. Аммо ман орзу доштам, ки маҳз ҳамин гуна бошам. Чун ҳамаи онҳое ки дар ин ҷаҳон зиндагӣ мекунанд, ман ба гирдоби васвасаҳо афтодам, маро кор, қарзҳо, хоҳиши мошини хуб доштан ва умуман ҳама чизи хуб доштан ба худ ҷалб намуд. Ман суханони Исоро аз масал оиди коранда ба ёд овардам, ки дар Инҷили Марқус (4:19) сабт шудааст: «Андешаҳои дунёӣ, ҳирси сарват ва ҳаваси чизҳои дигар дохил шуда, каломро пахш мекунанд, ва он бесамар мегардад». Магар хонаи хуб ва чизҳои зебо доштан гуноҳ аст, андеша мекардам ман. Аммо акнун ман дидам, ки Исо ба ҳамаи ин чизҳо чӣ гуна муносибат карданро меомӯзад. Ман худам пай набурдам, ки ҳаёти серу пур мақсади ман гардид. Ман на бо ҷустуҷӯи Худо машғул будам, балки аз пайи чизҳои заминӣ шудам. Аз рӯзҳои аввали ба Худо имон оварданам ман ҳаёти ҳавворӣ Павлусро меомӯхтам. Ӯ шахсе буд, ки ман ба ӯ аз бисёр ҷиҳатҳо монанд будам. Павлус, чун ман, гунаҳкори бузург буд. Ба монанди ман, ӯ Исоро дар шароити ғайриоддӣ вохӯрд. Мисли ман, ӯ ба зиндон партофта шуд. Павлус оиди худ чунин навиштааст: «Дар ҳаққи мо низ дуо гӯед, то Худо дари каломро ба мо воз кунад, ки сирри Масеҳро, ки ман барояш бандӣ ҳастам, баён намоем» (Қӯл. 4:3). Ҳангоми дар ҳабсхона будан ман андешаронӣ мекардам. Аз тирезаи ҳабсхона ман маҳбусонро медидам, ки дар ҳавлии дохилӣ қадам мезаданд. Баъзеи онҳо аз гузаштаи ҷинояткоронаи худ фахр мекарданд. Дигарон, чун ман, шарм медоштанд ва тавба менамуданд. Ба ҳар ҳол, фикр мекардам ман, ҳамаи онҳо дар банди гунаҳкории худ мебошанд. Ман хеле мехостам, ки онҳо файзи наҷотбахши Исои Масеҳро дарк намоянд. Ман бисёр вақт фикрҳои ба сарам меомадаро навишта мегирифтам ва гоҳо оиди Навиштаҷоти Муқаддас андеша намуда, беихтиёр дар рӯи коғаз чизе менавиштам. Ба дафтарчаам нигариста, ман фаҳмидам, ки беихтиёр иероглифҳои хитоиро менавиштам. Ман табассум намудам, ҳангоме дидам, ки ба хитоӣ «росткорӣ» ва «барра» навиштам. Дар Инҷили Юҳанно Исо чунин номида шудааст: «...Инак Барраи Худо, ки гуноҳи ҷаҳонро мебардорад» (Юҳ. 1:29). Чӣ намунаи олидараҷаи росткорӣ, ки Худо ба гунаҳкорон ба воситаи имон ба Масеҳ пешниҳод менамояд! Ҳангоми дар ҳабсхонаи Баллингдон буданам ман аз Худо хоҳиш менамудам, ки бароям роҳи минбаъдаро нишон диҳад. Ман бояд оиди бисёр чизҳо ғамхорӣ мекардам. Ман оиди он фикр мекардам, ки муносибатҳои ман бо Этан ва Сара чӣ гуна хоҳанд буд. Сара бе шавҳар зистанро ёд гирифта буд. Этан ҳеҷ гоҳ маро чун падар намешинохт. Ман ба тарзи зиндагии онҳо чӣ гуна мувофиқат хоҳам кард? Сара барои мо хонае ёфт, аммо ман бояд ба кор медаромадам, то ки барои зистан воситаҳои даркорӣ дошта бошам. Маро бо ин «ҳуҷҷати озод шудан» аз Баллингдон кӣ ба кор қабул мекунад? Пеш аз ҳама ман дар назди худ мақсад гузоштам — чунон масеҳие набошам, ки пеш аз зиндонӣ шудан дар Баллингдон будам. Ман аз Худо хоҳиш мекардам, ки ба ман меҳнатеро ба хотири Ӯ пешниҳод намояд, то ки оиди Ӯ шаҳодат диҳам ва башоратдиҳӣ намоям. Аммо ин дафъа ҳама чиз бояд дигар хел бошад. «Илтиҷо мекунам, Худовандо, маро бо одамоне иҳота намо, ки маро дастгирӣ карда, барои хоксорона ва бо фурӯтанӣ дар назди Ту зистан ёрӣ расонда тавонанд», — дуо мегуфтам ман. Худо ба дуоҳои ман ҷавоб дод, ба ҳар кадом дуо дар вақти худ. Баъди ду рӯзи озод шуданам Сара ба ман иқрор шуд: ӯ чунин ҳис мекунад, ки гӯё ман ҳамеша дар бари ӯ будам ва ба ҳеҷ куҷо нарафта будам ва умуман ҳеҷ гуна Баллингдон набуд. Ӯ то чӣ андоза дигаргун шудааст! Худо ӯро ба зону шинонда, фурӯтан намуд. Варақчаҳо бо оятҳои Китоби Муқаддас дар болои яхдон ва дар ҳама ҷои хона буданд. Этан зуд ба ман одат кард. Ману ӯ бозӣ ва хурсандӣ мекардем. Ҳар боре ки ӯ бо овози чирросӣ «Дада!» гуфта, худро ба оғӯши ман мепартофт, дилам аз шодӣ пур мешуд. Ба ман лозим омад, ки бисёр чизҳоро аз ӯ омӯзам. Дар охири ҳафтаи аввали дар озодӣ буданам ман кори пешхизматиро дар тарабхона ёфтам. Ман ба директор софдилона гуфтам, ки шаш моҳи охир дар куҷо будам. Бо вуҷуди «ҳуҷҷати озодшавӣ аз зиндон» доштанам ӯ маро бо хушнудӣ дар корхонааш ба кор гирифт. Албатта, маош хеле кам буд, аммо ман ҳар рӯз ба кор бо чеҳраи пуртабассум меомадам. Табассуми ман шаҳодат оиди Масеҳ буд. Маро боз хурсандӣ фаро гирифта буд. Ман фаҳмидам, ки Худо ба ман имконияти дуюм медиҳад ва ин маро рӯҳбаланд менамуд. Хоҳиши истифода бурдани қувваи харобиовари худ ғайб зад, ман ҳис мекардам, ки Исо дар ман чизҳои нав ба навро ошкор менамояд. Ман дидани симоҳои ҳақиқии одамонро, ки дар зери ниқоби некӯаҳволӣ ниҳон буд, ёд мегирифтам. Дар атрофи ман он қадар гунаҳкорони бадбахт буданд, ки ман ба ҳамаи онҳо оиди Исо гап задан мехостам. Бисёр вақт дар автобус ё дар тарабхона ман бо шахсони ношинос гуфтугӯ мекардам. Аз як тараф рафтори ман шояд аҷиб метофт, аммо ин барои ман ҳеҷ аҳамият надошт. Ман борҳо Худоро ноумед карда будам, аммо Ӯ ҳеҷ гоҳ аз ман шарм намедошт, оё акнун ман аз Ӯ шарм дошта метавонистам? Ҳамин тариқ, ман дар ҳама ҷо ба ҳама оиди Масеҳ далерона нақл мекардам. Дар айни замон Худо ба ман нишон медод, ки барои ҳар як шахс тарзи корбурди алоҳида лозим аст. На ҳамаи онҳое ки ман дар роҳи худ вомехӯрдам, ба башоратдиҳии фаъолонаи рӯйрост эҳтиёҷ доштанд. Баъзеҳо мехостанд, ки ман табассум намоям, баъзеи дигар мехостанд, ки ман бо диққат гӯш кунам. Гоҳо ман ба ҳамсӯҳбатам баъзе адабиёти масеҳӣ ё буклетро оиди ба Худо имон овардани худ медодам, ки онро маҳз барои тақсим карда додан тартиб дода будам. Дар буклет рақами телефони ман ва хоҳиши дар мавриди зарурат ба ман занг задан навишта шуда буд. Ман аз миқдори зангҳои телефон ҳайрон мешудам. «Ман имрӯз бо шумо дар автобус сӯҳбат доштам...» ё «Ман бо шумо якчанд ҳафта пеш дар универсам шинос шуда будам...» Одамоне вомехӯрданд, ки дар муҳити масеҳӣ ба воя расидаанд ва касоне ки замоне бо Худо аҳд баста, сипас аз Ӯ дур шуда буданд. Шахсоне низ буданд, ки ҳеҷ кас ба онҳо оиди Худо бо чунин забони содда ва фаҳмо гап назадааст. Бисёриҳо ба ман танҳо барои он занг мезаданд, ки дарди дили худро ба касе гуфтан мехостанд ва ман дар ин маврид шунавандаи шукргузор будам. Дар айни замон ман дар калисои баптистиамон дар Лӣ-Роуд хизматгузории хоксоронаеро ба ӯҳда гирифтам. Бародарон ва хоҳарон ҳангоми дар Баллингдон маҳбус буданам ману Сараро хеле дастгирӣ менамуданд. Ва ҳоло, пас аз озод шуданам, ҳамчунин маро бо муҳаббат қабул намуданд. Ман дарҳол ба хизматгузории калисо шарик шуданӣ будам, аммо интизори роҳнамоии Худо шудам. Ҳангоме ки дар Баллингдон маҳбус будам, як порча аз боби якуми Китоби Аъмол ба ман таассуроти амиқ гузошта буд. Вақте ки Исо баъди зинда шудан ба шогирдон зоҳир мешуд, онҳо ба Ӯ саволҳо дода, мақсадашро фаҳмиданӣ мешуданд. Ӯ бошад ба онҳо фармуд, ки то вақти аз Падар ба даст овардани чизе ки ба онҳо ваъда карда шудааст, дар Ӯршалим бимонанд. Ба ман низ Худо айнан ҳаминро фармуд — «чизи ваъдашударо дар вақташ интизор шав». Шубон Стивен Ҳемберӣ ба ман ҳамеша бо фаҳмиш муносибат мекард ва маро хуш қабул менамуд. Ӯ оиди таҷрибае ки ҳангоми кор бо ҷавонон ба даст оварда будам, медонист ва ҷидду ҷаҳди маро дар кор бо наврасони маҳаллӣ ва дар миссияҳои ҷавонон дастгирӣ менамуд. Ӯ маро даъват намуд, ки дар калисо бо шаҳодат оиди ба Худо имон оварданам баромад кунам. Ман оиди бисёр чизҳо нақл карданӣ будам, бинобар ин баромади худро ба ду қисм ҷудо кардам. Бо қисми дуюми шаҳодат- мавъизаи худ ман тақрибан баъди ним сол баромад намудам. Аҳли калисо ҳар ду мавъизаро бо диққати зиёд гӯш карданд. Ҳама аз нақли ман оиди кӯдакӣ, ҷавонӣ ва вохӯрии аввалинам бо Худо ҳайрон мешуданд. Дар байни шунавандагон кам касон ёфт мешуданд, ки ба кун-фу робита дошта бошанд ва ба зӯроварӣ рӯ ба рӯ шуда бошанд, аммо чизи дигар муҳим буд — аз нақли ман баъзе шунавандагон бори аввал дар ҳаёташон ба воқеияти Исои Масеҳ боварӣ ҳосил намуданд. Он рӯз барои ман иди калон буд. Аммо баромади дуюми ман боиси аксуламали боз ҳам ҳайратовартар гардид. Бисёрии одамон дар ҷамъомади мо солҳои зиёд масеҳӣ буданд. Баъзеи онҳо ба ҳамон тӯрҳое афтода буданд, ки ман пеш аз он садамаи фоҷиавии автомобилӣ ба он афтода будам. Ин одамон дар қадамгузории худ пеши Худо роҳи васеъ ва беғуборро меҷустанд. Онҳо муҳаббат ба Исоро аз даст дода, ба наздикон оиди Ӯ гуфтанро бас карда буданд. Бисёрии онҳое ки дар назди ман нишаста буданд (ман инро хуб мефаҳмидам), одамони нек ва поквиҷдон буданд. Онҳо қувваи худро дареғ надошта, барои калисои худ меҳнат мекарданд ва якдигарро аз самими дил дӯст медоштанд. — Аммо оё шумо ҳақиқатан хости Худоро ба ҷо овардан мехоҳед? — мепурсидам ман аз онҳо. — Ё шумо ба худ ва қувваи худ такя карда, ба Худо хизмат мекунед ва бо ҳамон роҳе меравед, ки ман мерафтам? Дар ин ҷо ман суханони ҳавворӣ Павлусро, ки дар Нома ба Ғалотиён (2:20) навишта шудааст, махсус ҷудо кардам: «...ва акнун на ман зиндагӣ мекунам, балки Масеҳ дар ман зиндагӣ мекунад». — Ман фаҳмидам, ки — гуфтам ман ба дӯстонам, — Исо метавонад дар ман зиста, Худро ба воситаи ман то он даме зоҳир намояд, ки «ман»-и мағрур дарҳам шикаста шавад. Якравӣ, худпарастӣ, — давом додам ман, — ҳамеша худро сафед карда метавонанд ва инсон бо роҳи худ рафтанӣ шуда, ба ҳақиқат муқобилат мекунад ва хоҳони шӯҳрату ҷалоли худ мегардад. То даме ки дар назди Худо фурӯтан нашавед, то даме ки гуноҳи худро эътироф накунед ва худро пурра ба Исо набахшед, Ӯ ҳеҷ гоҳ дар шумо бо Хости Худ амал намекунад. Шумо ҳеҷ гоҳ пуррагии ҳаёт ва хурсандиро дар Ӯ дарк намекунед ва танҳо бо шодиҳои муваққатии иҷрошавии хоҳишҳои худпарастонаатон маҳдуд мегардед. Дар калисо хомӯшии том ҳукмфармо шуд. Ман оиди таҷрибаи «биёбонӣ»-и худ гап мезадам, зеро мефаҳмидам, ки бисёр касон дар ҷамъомад маро мефаҳманд ва хеле хуб мефаҳманд. Ҳатмӣ нест, ки шахс дар ҳабс нишаста бошад, то ки худро танҳо, таркшуда ва дар арафаи ҳалокат ҳис кунад. Ман оиди худ нақл карда, онҳоро рӯҳбаланд карда метавонистам. — Гоҳо Худо ба фарзандони Худ дар биёбон муроҷиат мекунад. Ҳангоме ки гӯё ҳама чиз аз даст рафтааст, овози пасти Ӯро шунидан мумкин аст, ки дар биёбон ба шумо муроҷиат мекунад. Аз санҷишҳо натарсед, — мегуфтам ман ба онҳо. — Ҳангоме ки андӯҳҳо ва азобҳо меоянд, онҳоро чун имконияти зоҳир кардани имони худ ба Худо ва итоаткорӣ ба Ӯ қабул намоед. Осуда бошед! Дар ёд нигоҳ доред, ки Худо шуморо дӯст медорад ва дар ҳаққи шумо ғамхорӣ мекунад. Ба Ӯ боварӣ дошта бошед. Ӯ медонад, ки чӣ мекунад. Ба овози Ӯ гӯш диҳед, то ки хости некӯ ва комили Ӯро фаҳмед. Дар охири мавъиза бисёр касон мегиристанд, ман ҳам мегиристам. Як хоҳари пиронсол назди ман омад. Симои ӯ аз муҳаббат ба Исо медурахшид. Ӯ маро барои мавъизаам шукргузорӣ намуд ва огоҳ кард: — Ту ин роҳи тӯлонӣ ва душворро дар биёбон тай намудӣ, — гуфт ӯ. — Аммо гумон накун, ки Худо туро боз ба он роҳ намеандозад. Ман ларзидам. Ин ғайричашмдошт буд. — Ҳушёр бош. Ба Ӯ наздиктар бош, — гуфт хоҳар. Ӯ ин суханонро гуфта, рафт. Ман суханони ӯро дар дил нигоҳ доштам. Инро дар ёд нигоҳ дошта, ман ҳар рӯз худро ба Исо месупорам ва медонам, ки меҳнати Ӯ дар ман акнун сар мешавад. Дар давоми якчанд соли охир ман қиссаи худро дар калисоҳо, мактабҳо, хонаҳои пиронсолон, дар кӯчаҳо, дар ҳабсхонаҳо, дар толорҳои варзишӣ ва бисёр ҷойҳои дигари тамоми Британияи Кабир нақл кардаам. Худо ба дуоҳоям ҷавоб доданро давом медод ва ба мавъизаи Инҷил маро рӯҳбаланд менамуд. Қиссаи ман шаҳодатест барои одамон оиди Худо ва оиди он ки Ӯ шахси дарҳам шикастаро чӣ гуна шифо медиҳад, бадкирдорро чӣ гуна мебахшад, чӣ гуна барои ҳаёти нав эҳё менамояд, чӣ гуна бо хурсандӣ ва умеди оянда пур мекунад. Ман аз Худо илтиҷо менамоям, ки ин қиссаро хонда, дар ҳаққи худ ин суханонро гуфта тавонед. Охирсухан (Оиди муаллифон) Дар соли 2003 Тонӣ Энтонӣ бо дастгирии шахсони боэътибор, ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Авантӣ»-ро ташкил намуд. Avanti аз забони итолиёвӣ чун «роҳ рафтан, қадам задан» тарҷума мешавад. Бинобар ин номи ин ташкилот аз Супориши бузурги Исои Масеҳ бармеояд: Пас, биравед ва ҳамаи халқҳоро шогирд созед ва онҳоро ба исми Падар ва Писар ва Рӯҳулқудс таъмид диҳед, ва онҳоро таълим диҳед, то ҳар он чиро, ки ба шумо фармудам, ба ҷо оваранд; ва инак, Ман ҳаррӯза то охирзамон бо шумо ҳастам. Омин. (Мат. 28:19–20) Миссияи «Авантӣ» барои кори якҷоя бо калисоҳо, барои ёрӣ ба онҳо дар паҳн намудани Хушхабар оиди Исои Масеҳ ташкил ёфтааст. Дар аввали соли 2004 Тонӣ худро пурра ба кори башоратдиҳӣ бахшид ва ҳоло ӯ танҳо бо кори миссионерӣ машғул аст. Ӯ дар мактабҳо ва хонаҳои маъюбон, дар ҳабсхонаҳо, дар кинотеатрҳо ва ё ҳамту дар кӯчаҳо мавъиза мекунад. Ӯ оиди худ нақл мекунад ва нури Хушхабарро дар кишвари худ ва дар хориҷи он паҳн мекунад. Ӯ бо ёрии дастаи ҳамимонҳои вафодор ва пуртаҷриба ҷамъомадҳои ҷавонон, ҷашнҳои оилавӣ ва як миқдор чорабиниҳои хурду калони миссионерӣ мегузаронад. Миссияи «Авантӣ» махсусан ба калисоҳои маҳаллӣ аҳамият медиҳад, зеро бо ёрии онҳо фавран, ва аз ҳама муҳимаш — асоснок, бамаврид ба наздикон ва бегонагон башорат додан мумкин аст. Гурӯҳи Тонӣ Энтонӣ ба таълим ва тайёр намудани башоратдиҳандагони оянда, усулҳои башоратдиҳӣ ва курсҳои Китоби Муқаддас барои ҳамаи сатҳҳо аҳамияти зиёд дода, калисоҳоро водор менамояд, ки нашъунамо ва инкишоф ёбанд. Тонӣ дастгирӣ намудани бисёр маҳбусони Баллингдон (аз ҷумла, онҳоеро, ки дар ин китоб зикр шудаанд ва ҳоло ҳам дар он ҷой нигоҳ дошта мешаванд) ва низ маҳбусони дигар ҳабсхонаҳои Британияи Кабирро давом медиҳад. Тонӣ ва Сара чун пештара дар Эссекс зиндагӣ мекунанд. Акнун онҳо ду писар доранд — Этан ва Ҷейкоб. Алҷела Литтл бо меҳнати адабӣ машғул аст. Дар гузашта ӯ муҳаррири маҷаллаи «Premier» буда, дар навишта шудани бисёр китобҳое ки дар нашриётҳои «Authentic Media» ва «Hodder & Stoughton» чоп шудаанд, иштирок намудааст. Ҳоло ӯ дар Нортҳемптоншир ҳамроҳи шавҳараш Фил ва писарчааш Сэмюэл зиндагӣ мекунад. Барои ба даст овардани маълумоти иловагӣ оиди миссияи «Авантӣ» ба веб-сайти зерин дароед: www.avantiministries.com ё ба воситаи почтаи электронии tony@avantiministries.com бевосита бо Тонӣ Энтонӣ робита кунед. Қайдҳо 1. Дар хонаи хитоӣ, ки фалсафаи худро дорад, деворҳо ба маънои анъанавӣ нестанд. Танҳо сутунҳоро барои деворҳо мегузоранд, ва дар байни онҳо пардаҳо ё экранҳои ҳаракаткунанда месозанд. 2. Яъне одамони ғарб, одамони сафедпӯст. 3. Кантон — номи аврупоии шаҳри хитоии Гуанчжоу. 4. Даосизм — яке аз равияҳои асосӣ дар фалсафаи қадими Хитой ва низ дини хитоӣ бо китоби асосии таълимотии «Лао-Тзӣ». Асоси таълимоти динӣ — ҷустуҷӯи хушбахтии абадӣ, ки ба воситаи даҳ сифати писандида ва риояи аҳком ба даст меояд. Мақсади асосии пайравони даосизм ба даст овардани дарозумрӣ бо ёрии парҳезҳои гуногун ва машқҳои ҷисмонии гуногун аст. 5. Медитатсия — андешаронӣ, марказонидани диққати худ ва дар ботини худ фурӯ рафтан аст. Ҳангоми медитатсия ба шарофати бо тартиби муайян марказонидани фикр ҳолати оромии ботинӣ ба даст меояд, ки дар вақти он қабули таҳрифнаёфтаи воқеияти атроф ва бо рӯҳ як шудани бадан имконпазир аст. 6. Доминои хитоӣ. 7. Дар соли 1644 кӯчманчиёни сулолаи Тсини манчжурҳо Хитойро забт намуда, дайри Шаолинро, ки бо ҳунарҳои ҷангии худ машҳур буд, вайрон карданд. Танҳо се роҳиб, ки барои хӯрокворӣ рафта буданд, зинда монданд. Ин се нафар баргашта, танҳо харобаҳои сӯхтаистода ва ҷасадҳои тирхӯрдаи рафиқони худро диданд. Ин се роҳиб барои мубориза бар зидди истилогарони манчжур «Сегона»-и якумро ташкил намуданд — «Иттиҳоди Замин, Одам ва Осмон». Пас аз вафоти роҳибон, пайравони онҳо ташкилотеро, ки интизоми қатъӣ дошт ва ҷонибдоронаш бечуну чаро итоат карда, ҳама гуна фармонро бечуну чаро ба ҷо меоварданд, ба даст дароварданд. Сарварони нави «Сегона» ба ҷои ҷанги партизанӣ бо ғуломфурӯшӣ, ғоратгарӣ ва истеҳсоли ғайриқонунии тилло ва рэкет машғул шуда, ин амалҳояшонро бо он далел маънидод мекарданд, ки воситаҳои молиявие ки ҷамъият ба даст меоварад, барои мубориза бо манчжурҳо кофӣ нест. Аз ҳамон вақт «Сегона» мафия шуд. Ҳокимияти авторитарии Хитой дар давоми 50 соли охир натавонист тавоноии мафияро ақаллан андаке коста гардонад. 8. Гаҳвораҷунбон — ҳашароти дарранда, ки ду пои пешаш сихҳои тез дорад ва барои қапидани тӯъма хизмат мекунад. Сараш хеле серҳаракат аст, ки ба ӯ имкон медиҳад тӯъмаи интихобкардаашро мушоҳида кунад. Гаҳвораҷунбонҳо тӯъмаи худро бо ду пои бардоштаи худ дошта мегиранд. 9. Ҳизби ифротгарои фашистии Британия. Дар солҳои 70–80-уми асри гузашта намояндагони Африқо ва Осиё қурбониёни зӯровариҳои ташкилкардаи онҳо шудаанд. 10. Дар ин ҷо — зани хориҷие ки дар оила зиндагӣ мекунад (ё меояд) ва дар ивази сарпаноҳ ва хӯрок дар хоҷагӣ ёрӣ мерасонад, оиди кӯдак ғамхорӣ мекунад ва ба ӯ забони худро ёд медиҳад. Одатан оилаҳои сарватманд аз чунин хизмат истифода мебаранд. 11. Гуркҳо — номи шартии халқҳои сокини ноҳияҳои марказӣ ва ҷанубӣ ғарбии Непал ва низ намояндагони ин халқҳо, ки дар артишҳои Британия ва ё Ҳиндустон хизмат мекунанд. 12. Дим-сам — хӯроки хитоӣ; ба тушбера монанд аст. 13. Усули классикии таъсири психологӣ, ки хеле самаранок аст. Бинобар ин аксар вақт на танҳо дар кори полис истифода мешавад. 14. Ду хатти зард маънои онро дорад, ки дар ин ҷо боздоштан ва мондани мошинҳо манъ аст. 15. Паддингтон — ноҳияе дар қисми ғарбии Лондон. 16. Таймшер — ҳуқуқи истифодаи моликияти ғайриманқул дар тӯли мӯҳлати муайян, одатан ба муддати якчанд ҳафта дар як сол. 17. Ҷон Булл — лақаби англисҳо. 18. Ҷорҷӣ — лақаби сокини графии Нортумберленд (аз рӯи он ки дар шимоли Инглистон номи Georg-ро ҳамин тавр талаффуз мекунанд). 19. ТРФ — Ташкилоти Раҳоибахши Фаластин. 20. Моссад — хадамоти пинҳонии ҷосусии Исроил. 21. ЭОКА (Ethnike Organosis Kyprion Agoniston) — ташкилоти ҳарбӣ-сиёсии юнониёни Кипр, ки барои фавран ба Юнон ҳамроҳ карда шудани Кипр баромад мекарданд. Дар соли 1951 барои мубориза бар зидди ҳукмфармоии англисҳо дар Кипр ташкил ёфтааст. Амалан гурӯҳҳои хурде ки ЭОКА-ро ташкил медоданд, асосан на бар зидди аскарони англис дар Кипр, балки бештар бар зидди фаъолони Ҳизби прогрессивии халқи меҳнаткаш ва ташкилотҳои демократӣ амалҳои террористӣ мекарданд. Пас аз эълони Ҷумҳурии Кипр гурӯҳҳои ЭОКА (ЭОКА–2) дар исёни зиддидавлатии 15 июли соли 1974 иштирок доштанд, ки дар натиҷаи он артиши Туркия ба Кипр дароварда шуд, муносибатҳои юнониҳои Кипр ва туркҳои Кипр шиддатнок шуданд, мустақилияти давлатии Ҷумҳурии Кипр суст шуд. 22. «Дэйрӣ куин» — силсилаи ошхонаҳои хӯроки тез тайёршаванда, ки дар ИМА, Канада ва дигар кишварҳо зиёда аз шаш ҳазор муассиса дорад. Тахассуси он фурӯши гамбургерҳо ва десертҳо аст. 23. Ҳабси якумраро маҳкама барои ҷинояти махсусан вазнин ё аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳои содир кардашуда муқаррар мекунад. Чун алтернативаи ҳукми қатл истифода мешавад. Аммо рафтори намунавии шахси маҳкумшуда барои озодшавии пеш аз мӯҳлат асос шуда метавонад. 24. Патнӣ — шаҳраке дар тарафи ҷанубии Лондон. 25. Яке аз шохаҳои калисои баптистии немисии Бародарии Ягона дар Британия. 26. Кю-Гарденз — боғи калони ботаникӣ дар қисми ғарбии Лондон; дар соли 1753 таъсис ёфтааст. 27. Malagas (юн.) — буз; ливотагар. 28. Интерпол — ташкилоти байналмилалии полиси ҷиноятӣ, ки дар соли 1923 ташкил ёфтааст. 29. Мағозае ки ашёҳои истифодашударо фурӯхта, пулашро барои мақсадҳои хайрия медиҳад. 30. Рубеус Ҳагрид — персонажи силсилаи романҳои нависандаи англис Ҷ. К. Роулинг оиди Ҳаррӣ Поттер, муаллими нигоҳубинкунандаи мавҷудоти сеҳрнок ва ҷангалбон дар мактаби сеҳру ҷодуи «Ҳогвартс».