Ҷош Макдауэлл ва Боб Ҳостетлер РИВОЯТҲО ВА ҲАҚИҚАТ МУҚАДДИМА Шояд, ӯ чун Пикассо бомаҳорат буд. Танҳо он чиз фарқ дошт, ки Пикассо суратҳо мекашид, қаҳрамони мо бошад — пулҳои қалбакӣ. Дар касби худ ӯ беҳтарин буд. Оиди ҳунари ӯ қиссаҳо мегуфтанд. Ӯ як соли дароз меҳнат кард, то ки штампҳоро барои чоп кардани пулҳои қалбакӣ, ки бе ин ҳам беҳтарин буданд, ба дараҷаи камолот расонад. Ҳангоме ки ӯро дастгир карданд, ин «рассом» хост кормандони хадамоти махсусро, ки барои ҳабс кардани ӯ омада буданд, санҷида бинад. Ӯ пули 20-долларии қалбакиро, ки худаш сохта буд, дар назди пуле ки чун намуна хизмат мекард, гузошт. «Биёед гарав мебандем, ки байни ин ду пул фарқеро ёфта наметавонед!» — ҳимоятгарони тартиботро ба майдон талабид ӯ. Корманди молия баҳс накард. «Байни ин ду пул ҳеҷ фарқият нест, — ҷавоб дод ӯ. — Он пуле ки шумо чун намуна истифода бурдед, ҳамчунин қалбакӣ аст». Бисёр наврасони масеҳӣ имрӯзҳо худи ҳамин хаторо содир мекунанд. Онҳо бе шакку шубҳа он чиро, ки волидонашон ба он бовар доранд, қабул менамоянд. Онҳо кӯр-кӯрона ба ақидаҳои дӯстони худ ҳамфикр мешаванд. Арзишҳоеро, ки дар ҷамъият мақбуланд, аз худ мекунанд. Ба он тарзи рафтор, ки ба аҳли калисои онҳо хос аст, тақлид мекунанд. Аммо, мутаассифона, бисёре аз он чи барои онҳо намунаи пайравист, — дар асл, чун дар мавриди пулсози гумроҳ, қалбакӣ аст. Энни аз он ҳайрон буд, ки дар коллеҷ пешниҳоди ӯро оиди ба рӯйхати адабиёти умумиҷаҳонӣ барои хониш дохил намудани Китоби Муқаддас ҷиддӣ қабул накарданд. «Аз афташ ту шӯхӣ мекунӣ, — ибрози ақида намуданд баъзеҳо. — Албатта, дар Китоби Муқаддас баъзе асотир ва достонҳои ҷолиб ҳастанд. Аммо наход ту мехоҳӣ, ки мо ба ҳамаи ин бовар кунем?» Самантаи шонздаҳсола бе шакку шубҳа ақидаи паҳншу даеро тарафдорӣ мекунад, ки «байни масеҳиён, пайравони буддоия ва мусулмонон фарқи калон нест. Моҳияти ҳамаи динҳо як аст: ҳамаи мо ба биҳишт рафтан мехоҳем, аммо барои ба он ҷо расидан роҳҳои гуногунро интихоб мекунем». Кен муносибатҳои байни ҷавонписарон ва духтаронро ҳамеша хеле оддӣ тасаввур мекард. Дар фаҳмиши ӯ ин муносибатҳо бо секс робитаи ногусастанӣ доштанд: «То даме ки ин корро накунӣ, ту мард нестӣ!» Ибтидои ҳаёти ҷинсӣ барои ӯ як маросими махсуси ба мард табдил ёфтани писарбача аст. Гуфтугӯи ошкорои Стефани бо волидон яке аз ақидаҳои ӯро ошкор намуд. «Шумо ҳақ надоред нуқтаи назари худро оиди он, ки чӣ хуб аст ва чӣ бад, ба ман бор кунед, — исрор менамуд ӯ. — Ман қариб ҳаждаҳсола шудаам. Ба ман панду насиҳат гуфтан бас аст. Ягон тарзи рафторро бад ҳисобидани шумо ҳанӯз маънои онро надорад, ки ин барои ман ҳам бад аст». Ҳақиқат кадом аст ва гумроҳӣ кадом? Наврасон ва ҷавонон дар ҳар сари қадам бо ин савол рӯ ба рӯ мешаванд: волидон як чизро мегӯянд, аммо дӯстон чизи дигарро. Филмҳои Ҳолливуд як тарзи зиндагиро тарғиб мекунанд, аммо калисо таълим медиҳад, ки ин тавр зистан мумкин нест. Гоҳо ин ҳақиқатан дуруст аст, аммо аксар вақт дар паси ҳамаи ин ақидаҳо танҳо асотирҳо меистанд. Ҳар як боби ин китоб бо вазифаи хурде ба охир мерасад, ки дар асоси маводи ҳамин боб тартиб дода шуда, бо оятҳои калидии Китоби Муқаддас, ки дар онҳо ин масъала баррасӣ мегардад, тақвият дода шудааст. Муаллифон умедворанд, ки пас аз он ки шумо ба беасос будани асотирҳои дар ин саҳифаҳо зикршуда боварӣ ҳосил мекунед, «…ҳамеша тайёр бошед, ки ба ҳар касе ки аз шумо дар бораи умедатон ҳисоб талаб кунад, бо фурӯтанӣ ва эҳтиром ҷавоб диҳед» (1 Пет. 3:15). Ғайр аз ин, бигузор имонатон ба андозае нумӯ кунад, ки ҳамчунин барои баромад кардан бар зидди дигар ақидаҳои бардурӯғ, ки Каломи Худоро вайрон мекунанд ва ё ба он мухолифанд, тайёр бошед. АСОТИРҲО ОИДИ ХУДО 1. ПОЛИСИ КАЙҲОНӢ Асотир оиди он, ки Худо танҳо бо талх кардани айши одамон машғул аст Бисёриҳо Худоро чун як навъ полиси кайҳонӣ тасаввур мекунанд, ки дар маркази галактика чун танзимгари ҳаракати роҳ истодааст. «Эй, шумо! Ҳа-ҳа, шумо. Аз афташ, шумо дар он ҷо айшу ишрат мекунед? Дарҳол ҳамаи инро бас кунед!» «Шумо чӣ, бо видеокассета? Чандсола ҳастед? То шонздаҳсола? Онро оҳиста ва бе аҳмақӣ ба ман диҳед!» «Ана он ҷуфте ки дар гӯшаи торик бо бӯсу канор машғуланд, киҳоянд? Аҳа, ин туӣ, Синди? Ва боз Роберт, албатта, боз кӣ ҳам мебуд! Дигар ман инро набинам. Ақаллан дар он муддате ки ман ин минтақаро назорат мекунам». Худо танҳо бо талх кардани айши одамон машғул аст. Охир ҳамаи он чи ба мо даркор аст, — танҳо андаке хушҳолист. Аммо Худо ҳамаашро вайрон кардан мехоҳад. Иблисро бошад мо чун як шайтончае тасаввур мекунем, ки айшу хушҳолиро дӯст медорад. Комик Флип Уилсон чунин суханонро маъмул гардондааст: «Шайтон маро ба ин кор водор намуд». Чунин таассурот ҳосил мешавад, ки «дӯстамон» иблис танҳо дар фикри он аст, ки ба вақтхушии мо ёрӣ расонад. Ин дурӯғ аст. Иблис парвои онро надорад, ки шумо хушҳолед ё не. Ӯ шуморо то ба ҳадди марг бад мебинад. Ӯ пайт поида меистад, ки ба шумо дарафтад. Чуноне ки ҳавворӣ Петрус гуфтааст, иблис доимо дар ҷустуҷӯи он аст, ки «касеро фурӯ барад». Роҳбаладе ки гурӯҳи сайёҳони Замини муқаддасро ҳамроҳӣ мекард, ба онҳо оиди як хусусияти ин кишвар нақл кард: «Шояд шумо дар кишвари худ ба дидани он одат кардаед, ки чӯпонон гӯсфандонро дар саҳроҳову роҳҳо пеш-пеши худ меронанд. Аммо дар Фаластин баръакс аст — чӯпон ҳамеша пеш-пеши рама меравад ва роҳ нишон медиҳад». Ҳангоме сайёҳон ба рамаи аввалини гӯсфандон рӯ ба рӯ шуданд, аз он чи диданд, хеле ханда карданд: шахс на пеш-пеши рама, балки аз ақиби он мерафт. Роҳбалади хиҷилшуда аз ӯ пурсид: «Чаро шумо аз ақиби рама меравед? Ман ҳамеша гумон мекардам, ки дар Шарқ чӯпонон рамаро аз ақиби худ мебаранд». «Комилан дуруст, — ҷавоб дод шахси ношинос. — Чӯпон гӯсфандонро аз ақибаш мебарад. Аммо ман чӯпон нестам, ман қассоб ҳастам». Ана ҳамин тавр, иблис мисли ҳамин қассоб аст. Ӯ тамоман хоҳиш надорад, ки ба шумо шодӣ ё ҳаловат расонад. Ӯ фақат мехоҳад шуморо фурӯ барад. Исо ҳамаашро ҷо ба ҷо гузошта, ин асотирро барҳам зад, ҳангоме гуфт: Дузд [иблис] меояд, то ки бидуздад, бикушад ва талаф кунад; Ман омадаам, то ки онҳо ҳаёт ёбанд, ва онро ба фаровонӣ дошта бошанд [дошта тавонанд]. Юҳ. 10:10 Иблис парвои онро надорад, ки шумо хушҳолед ё не. Ягона хоҳиши ӯ он аст, ки шуморо бидуздад, бикушад ва талаф кунад. Аммо Худо ҳеҷ намехоҳад хушҳолии шуморо барҳам занад. Ӯ мехоҳад, ки шумо аз ҳаёт ҳаловат баред, ва ҳаловати шумо пурра бошад. Ӯ мехоҳад, ки шумо шодии зиндагӣ, «хушӣ» дошта бошед, ки таронасаро оиди он мегӯяд: Тариқи ҳаётро ба ман биёмӯз: камоли шодиҳо ба ҳузури Туст, ва хушиҳо ба ямини Туст то абад. Заб. 15:11 Худат боварӣ ҳосил кун Барои боварӣ ҳосил намудан ба беасос будани асотир оиди шахси дилбазан, вазифаи зеринро иҷро кун. Ояти 8-ро аз боби 5-уми Номаи Петрус хон. Шайтон дар ин оят чӣ гуна тасвир ёфтааст? Чаро? Оятҳои 1–8-ро аз боби 2-юми Китоби Айюб хон. Шайтон Айюбро чӣ тавр санҷиданӣ шуд? Чаро? Ояти 1-ро аз боби 3-юми Китоби пайғамбар Закарё хон. Шайтон бо Исо чӣ гуна рафтор кардан мехоҳад? Ояти 10-ро аз боби 12-уми Ваҳй хон. Дар ин оят оиди шайтон гуфта мешавад. Ӯ «шабу рӯз» чӣ кор мекард? Оё ту дар асоси оятҳо аз китобҳои Айюб ва пайғамбар Закарё, ки ҳозир хондӣ, гуфта метавонӣ, ки оиди кӣ «бародарони мо» гуфта шудааст? Оё ин суханон ба ту низ дахл доранд? 2. ХУДОИ ЛЮК АЗ «ҶАНГҲОИ КАЙҲОНӢ» Асотир оиди он, ки Худо қувваи бешахсият аст Люк Скайуолкер, ки ҳозиракак аз «одамони регзор» раҳоӣ ёфт, ба сайёраи Татуин, ба манзили Обай-ван Кеноби омада монд. Люк фаҳмид, ки Обай-ван маҳз ҳамон паҳлавон ҷедай аст, ки дар ҷанги мошинҳо ҳамроҳи падари ӯ ҷангида буд. Обай-ван ба ӯ шамшери нурро, ки замоне ба падари ӯ тааллуқ дошт, медиҳад ва дар давоми сӯҳбат калимаи пурасрори «қувва»-ро зикр мекунад. «Қувва?» — пурсид Люк. Обай-ван ҷавоб дод: «Мефаҳмӣ, қувва он чизест, ки ба ҷедай қудрату ҳокимият медиҳад. Ин майдони энергетикӣ аст, ки аз ҳамаи мавҷудоти зинда ба вуҷуд меояд. Он дар ҳама ҷо дар атрофи мо ва ҳатто дар дохили мост. Тамоми галактика бар он устувор аст». Дар силсилаи филмҳои машҳури «Ҷангҳои кайҳонӣ» бисёр вақт ҳамин гуна ақида баён карда мешавад. Бисёр касон ҳамин ақидаро ҷонибдор буда, Худоро як навъ «қувва» тасаввур мекунанд. Барои онҳо Худо «энергия»-и бешахсият аст, ки ба таври пурасрор тамоми коинотро фаро мегирад ва онро идора мекунад. Аммо ин ҳамагӣ боз як асотир аст. Бе шубҳа, Худо дар ҳама ҷо ҳузур дорад ва тамоми коинотро идора мекунад. Ҳузури ӯ дар ҳама чиз ҳаст, чунки Ӯ Рӯҳ аст. Аммо ин маънои онро надорад, ки Ӯ як навъ «қувва»-и пурасрор, «энергия»-и дастнорас дар «ким-куҷо» аст. Ӯ «як чизи номуайян», «он чиз» нест. Худо Шахсият аст, агарчи ин ҳайратовар садо медиҳад. «Дӯстдорони худро дӯст медорам, — гуфтааст Ӯ, — ва толибони ман маро хоҳанд ёфт» (Мас. 8:17). Аҳамият диҳед, ки Худо оиди Худ гап зада, ҷонишинҳои шахсиро истифода мебарад. «… худро… ман …маро». Оё ин ба як навъ «энергия»-и кайҳонӣ монанд аст? Худо, ки бо қувваи бешахсияти номуайян ҳеҷ умумият надорад, дар Китоби Муқаддас Худро ба мо чун «Худои Иброҳим, Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб» (Хур. 3:15) муаррифӣ мекунад. Ӯ номи Худро ба Мусо ошкор менамояд. Худро ба Самуили ҷавон зоҳир мекунад. Бо Ишаъё дар маъбад гап мезанад. Ӯ ба Ирмиё муроҷиат мекунад: «Пеш аз он ки туро дар батн ба вуҷуд оварам, Ман туро шинохтам…» (Ирм. 1:5). Ҳавворӣ Павлус Ӯро «Худои ман» меномад, подшоҳ Довуд бошад — «падари ятимон ва ҳимоятгари бевазанон» меномад. Ва ҳамаи масеҳиён «Рӯҳи писархондагӣ»-ро қабул кардаанд, бинобар ин Худоро «Або, эй Падар!» номида метавонанд (Рум. 8:15). Худо, Худои ҳақиқӣ, шахсан ба ту ҳавасманд аст. Ӯ номи туро медонад. «Инак, — мегӯяд Ӯ ба халқи Худ, — Ман туро бар кафи дастҳои Худ нақш кашидаам…» (Иш. 49:16). «Ӯ ба шумо ғамхорӣ мекунад», — мегӯяд ҳавворӣ Петрус (1 Пет. 5:7). Исо гуфтааст, ки «ҳамаи мӯйҳои сари шумо низ шумурда шудааст» (Мат. 10:30). Худо ваъда додааст: Ва шумо Маро хоҳед хонд, ва омада пеши Ман дуо хоҳед гуфт, ва Ман шуморо иҷобат хоҳам намуд. Ва Маро хоҳед ҷуст, ва пайдо хоҳед кард, ба шарте ки бо тамоми дили худ Маро ҷустуҷӯ намоед. Ирм. 29:12–13 Инро Худо шахсан ба ту ваъда кардааст. Худат боварӣ ҳосил кун Ин вазифа ба ту ёрӣ медиҳад, то боварӣ ҳосил кунӣ, ки асотир оиди қувваи бешахсият будани Худо беасос аст. Оятҳои 12 ва 13-ро аз боби 29-уми Китоби пайғамбар Ирмиё, ки дар банди охири ин боб оварда шудаанд, хон. Дар ин оятҳо ҳамаи ҷонишинҳои шахсиро ҷудо кун («ман», «ту», «маро» ва ғайра.). Порчаро аз Китоби пайғамбар Ирмиё, ки дар ин боб иқтибос оварда шудааст, ёб (Ирм. 1:5). Дар ин ишораи кӯтоҳ ҷонишинҳои шахсиро ба давра гир. Оиди вохӯрдани Мусо бо Худо дар Китоби дуюми Мусо хон (Хур. 3:1–15). Худо дар ояти 6-ум Худро ба Мусо чӣ гуна муаррифӣ намуд? Ӯ Худро дар ояти 14-ум кӣ меномад? Худо чанд бор дар ин оятҳо ҷонишини «Ман»-ро истифода мебарад (ҳисоб карда, ҷавобро дар ин ҷо навис: ___)? 3. БОБОИ БАРФИНИ МЕҲРУБОН Асотир оиди он, ки Худо ба Бобои Барфин монанд аст «Хуб, Худованд, ман ба Ту имконият медиҳам, ки мавҷудияти Худро исбот кунӣ». Боб дар назди кати худ ба зону истод. Ӯ ҳафтсола буд, ва ӯ хеле мехост ба Худо бовар кунад. Бинобар ин сари беитоати малламӯяшро ба болои дастони рӯйиҳам гузоштааш хам карда, давом дод. «Худоё, ман ҳақиқатан ба Ту бовар кардан мехоҳам. Агар пагоҳӣ аз хоб бедор шуда, дар зери кат миллион доллар ёбам, бовар мекунам, ки Ту ҳақиқатан вуҷуд дорӣ. Ва дигар ҳеҷ гоҳ ба ин шубҳа намекунам». Ӯ он миллион долларро ба даст наовард. Шояд аз он сабаб, ки пул барои ӯ аз Худо арзишноктар буд. Ё шояд аз он сабаб, ки он пагоҳ миллион доллар (ки ӯ, албатта, онро бо пулҳои майда гирифтан мехост) дар зери кати ӯ ҷойгир нашуд, зеро дар он ҷо бе ин ҳам аллакай як тӯда чизҳо буданд: бозии «Монополия», магнитофон, либосҳои ифлос ва лӯхтакҳои харгӯшакҳо, хирсакҳо ва аскарчаҳо. Аммо, эҳтимоли қавӣ меравад, ки он пагоҳ дар зери кати ӯ пул аз он сабаб набуд, ки ӯ оиди Худо тасаввуроти нодуруст дошт. Боб Худоро чун автомате тасаввур мекард, ки машрубот мефурӯшад: дуо мекунӣ, тугмаеро, ки дар он чизи мехостаат тасвир ёфтааст, зер мекунӣ, ва хоҳиши ту иҷро мешавад. Ё симои Худо барои ӯ бо симои Бобои Барфин омехта гардидааст, ки дар ҷои пурбарфи дурдаст нишаста, интизори он аст, ки хоҳишҳои ӯро ба ҷо оварад. Албатта, агар ба таври кофӣ боэҳтимом дуо гӯяд ва ба таври зарурӣ сахт бовар кунад. Ҳамин ки ӯ ин шартҳоро ба ҷо оварад, Худо — але-оп! — ҳамон дам аз осмон ба бачаи ҳафтсола ҳама чизи мехостаашро мепартояд. Ҳар чи гӯед ҳам, чунин фикрҳо барои кӯдак бахшидашаванда мебошанд. Аммо, мутаассифона, бисёриҳо, аллакай калонсол шуда, ҳанӯз ҳам Худоро як навъ автомати илоҳӣ тасаввур мекунанд, ки молҳои дилхоҳро мефурӯшад. Дар фаҳмиши худ оиди Худо онҳо ҳеҷ гоҳ аз ҳудуди асотир оиди Бобои Барфин берун намебароянд. Худо бо омодагӣ дуоҳоро иҷобат менамояд. Ӯ мегӯяд: «Маро бихон, ва Ман туро иҷобат хоҳам намуд…» (Ирм. 33:3). Ӯ ҳатто ваъда медиҳад: «…пеш аз он ки онҳо бихонанд, Ман ҷавоб хоҳам дод; ва пеш аз он ки онҳо сухане гӯянд, Ман хоҳам шунид» (Иш. 65:24). Аммо дуо тангае нест, ки барои гирифтани чизи мехостаатон бояд ба автомат партоед, ва имон тугмае нест, ки онро бояд зер кунед. Худо ба ҳавасҳо ва инҷиқиҳои мо итоат намекунад. Бачаи ҳафтсола барои ба даст овардани миллион доллар ҳар қадар боэҳтимом дуо гуфта, ба ин хеле бовар кунад ҳам, ба ҳар ҳол пагоҳӣ онро дар зери кати худ намеёфт. Ва на аз он сабаб, ки Худо ӯро дӯст намедорад. На аз он сабаб, ки Худо дуоро иҷобат намекунад. Ва ҳатто на аз он сабаб, ки дар кат барои пул ҷой ёфт нашуд. Миллион доллар аз он сабаб пайдо нашуд, ки дар асл Боб дуо намекард, балки орзуяшро оиди чизи дилхоҳ баён менамуд. Бар хилофи асотир оиди Бобои Барфин, Худо як навъ автомати осмонӣ нест, ки ҳадияҳо ва марҳаматҳоро тӯҳфа мекарда бошад. Ӯ аз ҳамаи ҳавасҳои тамаъкоронаи мо болотар аст. Охир, Ӯ Худои тавоно, Муҳаббати таҷассумёфта аст. Ӯ хеле мехоҳад, ки кӯдакон ба муҳаббати Ӯ, ки бар онҳо фурӯ мерезад, ҷавоб диҳанд. Мехоҳад, ки мо на чизҳоро, балки Ӯро дӯст дорем; ба Ӯ майл намоем, на ба он ки Ӯ дуоҳои тамаъкоронаи моро иҷобат намояд. Ӯ мехоҳад, ки мо ба Ӯ на аз он сабаб итоаткор бошем, ки Ӯ ба мо миллион доллар дода метавонад, балки барои он ки мо Ӯро дӯст медорем ва ба Ӯ писанд омадан мехоҳем. Агарчи аҷиб метобад, ҳамин ки мо чун автомати фурӯшандаи ҳар чиз ё чун Бобои Барфини меҳрубон тасаввур кардани Худоро бас мекунем, он гоҳ, чуноне ки Каломи Ӯ ваъда медиҳад, «…ҳар чи талаб кунем, аз Ӯ меёбем, чунки аҳкоми Ӯро риоят мекунем ва он чи ба ҳузури Ӯ мақбул аст, ба амал меоварем» (1 Юҳ. 3:22). Худат боварӣ ҳосил кун Барои боварӣ ҳосил кардан ба беасос будани асотир оиди он, ки Худо ба Бобои Барфин монанд аст, вазифаи зеринро иҷро кун. Ҳар як ояти дар зер овардашуда оиди шарте мегӯяд, ки агар кас онро иҷро кунад, дуояш иҷобат карда мешавад. Ин шартро бо як калима ифода кардан мумкин аст. Онро дар сатри рӯ ба рӯи оят навис. 2 Вақ. 7:14______________________________________ Ирм. 29:13______________________________________ Марқ. 11:24_____________________________________ Яъқ. 5:16_______________________________________ 1 Юҳ. 5:14______________________________________ АСОТИРҲО ОИДИ ИСО 4. ПАЙҒАМБАР ИСО Асотир оиди муаллими меҳрубон «Ҷинҳо, девҳо ва иблисчаҳо, диққат диҳед!» Ҷамъомади шариронаи фариштагони афтода, ки дар яке аз ғорҳои бадвоҳимаи асфалуссофилин мегузашт, кушода эълон карда шуд. «Ин ҷамъомад, ки таҳти раёсати аълоҳазрати бадкирдор мегузарад, ба муҳокима ва таълифи стратегияи пешгирии ба тарафи Душман гузаштани инсонҳо бахшида мешавад. Пешниҳодеро, ки Бадкирдори нафратовар пешкаш намудааст, ба муҳокимаи шумо ҳавола менамоям». Ҷини нафратовари пур аз озах пеш баромад ва ба ҷамъомади иблисона рӯ овард. «Ҳамкорони манфури ман, — сухани худро сар кард Бадкирдори нафратовар, — пешниҳод мекунам, ки олимони барҷастаи подшоҳии тираву тори мо, ки бо реша давондани симиё ва назарияи ташкили ҳар гуна фирқаҳо машғуланд, кӯшишҳои худро ба паҳн намудани фикре равона кунанд, ки Писари Душмани мо танҳо “муаллими меҳрубон” буд». «Бало занад туро…, Бадкирдори нафратовар! — дашном дод мусоҳиби ӯ ба сумҳои худ рост истода. — Барои чунин пешниҳод, ки дар паси он муносибати дӯстона бо Писари Душман ниҳон аст, аҳли ҷамъомади шариронаи мо бояд туро пора-пора кунанд!» Якчанд дев, ки дар назди Бадкирдори нафратовар истода буданд, лабҳои шахшӯли худро лесида монданд. «Ту ақлу ҳуш надорӣ, — ҷавоб дод Бадкирдори нафратовар. — Дар пешниҳоди ман ҳеҷ гуна муносибати дӯстона нест». Ӯ китфҳояшро паҳн намуд: «Пешниҳоди ман беандоза ҳилагарона аст». Боз як ҷин аз ҷояш хест. «Ту чӣ гуна метавонӣ ин ақидаи бесифатро беандоза ҳилагарона номӣ?» «Барои он ки, — ҷавоб дод Бадкирдори нафратовар, — Ӯро боз як „муаллими меҳрубон” номида, мо Ӯро дарҳол бо Мусо, Зардушт ва Муҳаммад ба як сатҳ мегузорем... Ва ин лаънате дар шакли таҳсин хоҳад буд». Издиҳом тамоми нозукиҳои нақшаи ҳилагаронаи Бадкирдори нафратоварро дарк намуда, хомӯш шуд. «Эй нодонҳо! Чӣ тавр намефаҳмед, ки агар одамон бовар кунанд, ки Ӯ фақат “муаллими меҳрубон” аст, ҳеҷ фаҳмида наметавонанд, ки Ӯ Худованд аст ва табиати Ӯ илоҳист». «Ба ҳеҷ ваҷҳ, — эътироз намуд ҷине ки Беқаноат ном дошт. — Онҳо ба ин ҳила дода намешаванд! Ӯ ба ҳама возеҳу равшан фаҳмондааст, ки Ӯ кист». «Беқаноат рост мегӯяд, — ғавғо бардоштанд дигарон. — Одамон Китоб доранд. Онҳо медонанд, ки Ӯ оиди Худ гуфтааст: „Пеш аз он ки Иброҳим пайдо шуд, Ман ҳастам“(Юҳ. 8:58). Онҳо суханони Ӯро хондаанд, ки Ӯ ҳанӯз то офариниши олам дар ҷалоли Падар шарик буд». «Ҳамаи гап дар ҳамин аст, гаранг, — илова кард Беқаноат. — Онҳо медонанд, ки Ӯ гуфтааст, ки ҳамаи фикрҳои одамӣ ва ниятҳои дили онҳоро дониста метавонад ва қудрат дорад гуноҳҳоро бахшад. Ӯ Худаш ба онҳо гуфтааст: „Ман аз осмон фаромадаам“. Онҳо медонанд, ки Ӯ гуфтааст, ки метавонад аз мурдаҳо эҳё шавад, ва шоҳидоне буданд, ки эҳёи Ӯро тасдиқ кардаанд. Онҳо на ба он дараҷа нодон ҳастанд, то бовар кунанд, ки шахси оддӣ, «муаллими меҳрубон»-и муқаррарӣ чунин корро карда метавониста бошад!» «Ғайр аз ин, — баромади худро бо тантана анҷом дод Беқаноат, — ба онҳо лозим меояд эътироф намоянд, ки агар он чи Ӯ оиди Худ гуфтааст, дурӯғ бошад, пас, Ӯ ҳеҷ гуна «муаллими меҳрубон» нест…. Он гоҳ Ӯ ё дурӯғгӯй аст, ё аз ақл бегона шудааст!» Дар толор шӯру ғавғо бархост. Девҳое ки назди Бадкирдори нафратовар истода буданд, дар интизори ҷазодиҳии наздикшаванда боз ба лесидани лабҳои худ сар карданд, аммо ӯ ҳанӯз ҳам дилпуриро аз даст намедод. «Ман бояд ба рафиқони манфурам оиди як сустии инсон ёдрас намоям, ки бисёр вақт ба мо имкон медиҳад ба мақсади худ расем. Инсонҳо аксаран дурӯғро қабул мекунанд, ҳатто дар ҳолате ки ҳақиқатро донанд. Чуноне ки Худи Писари Душман дар яке аз нутқҳои Худ гуфтааст: „Агар ба Мусо ва пайғамбарон гӯш надода бошанд, агар касе аз мурдагон эҳё шавад ҳам, бовар нахоҳанд кард“». Бадкирдори нафратовар бо табассуми худбоварона ба ҷояш нишаст. Девҳое ки дар атрофи ӯ буданд, гурусна ноумедона ба якдигар нигаристанд. «Пешниҳоди Бадкирдори нафратовар, — фарёд зад раис, — аз ҷониби ҷамъомади иблисона қабул карда шуд. Аз ҳамин лаҳза паҳн намудани асотир оиди „муаллими меҳрубон“ стратегияи расмии дӯзах ҳисобида мешавад». Худат боварӣ ҳосил кун Барои исботи беасос будани асотир оиди муаллими меҳрубон вазифаи зеринро иҷро кун: суханони Исоро, ки дар он оиди Худ мегӯяд, бо ишораҳо ба оятҳои Аҳди Ҷадид мувофиқ кун. А. Мат. 5:17 «Қудрат дорам, ки онро [ҳаётро] фидо кунам ва қудрат дорам, ки онро боз ёбам». Б. Мат. 12:8 «…Ман ҳамаашро ба шумо пешакӣ гуфтам». В. Мат. 24:30 «…Касе ки каломи Маро риоя кунад, то абад маргро нахоҳад дид». Г. Марқ. 2:10 «…Ва Писари Одамро бинанд, ки бо қудрат ва ҷалоли азим бар абрҳо меояд». Д. Марқ. 13:23 «Зеро ки Писари Худо оғои рӯзи шанбе низ мебошад». Е. Луқ 12:9 «Зан ба Ӯ гуфт: “Медонам, ки Христос, яъне Масеҳ меояд; ... Исо ба вай гуфт: “Ман…Ҳамонам» Ж. Луқ. 22:70 «…Писар ...ҳар киро, ки хоҳад, зинда мегардонад». З. Юҳ. 4:25, 26 «Лекин ҳар кӣ Маро дар назди мардум инкор кунад, вай дар назди фариштагони Худо инкор карда хоҳад шуд». И. Юҳ. 5:21 «Ман қиёмат ва ҳаёт ҳастам; ҳар кӣ ба Ман имон оварад, агар бимирад ҳам, зинда хоҳад шуд». К. Юҳ. 8:51 «…Писари Одам дар рӯи замин қудрати омурзидани гуноҳҳоро дорад…» Л. Юҳ. 10:18 «...барои вайрон кардани Таврот… наомадаам..., балки ба ҷо оварам». М. Юҳ. 11:25 «Ва ҳама гуфтанд: “Пас, Ту Писари Худо ҳастӣ?” Ба онҳо гуфт: “Шумо мегӯед, ки Ман ҳастам”». 5. ИСО ФАҚАТ ШАХСИ БАРҶАСТА АСТУ БАС Асотир оиди ситораи машҳур Рок-операи Эндрю Ллойд Вебер «Исои Масеҳ — ситораи машҳур», ки дар аввали солҳои 70-ум асри ХХ ба саҳна гузошта шуда буд, акси садоҳои мухталифро ба вуҷуд овард. Баъзеҳо мегуфтанд, ки ин «куфр» аст, дигарон мегуфтанд, ки ин «шоҳкорӣ» аст! Дар равиши амал Марями Маҷдалия оиди Исо сурудеро мехонд, ки дертар дар ҳамаи радиостансияҳо суруди машҳур гардид. Номи он «Ман намедонам, ки чӣ тавр Ӯро дӯст дорам» буд. Аввалан, дар ин суруд оиди ишқи пуршӯри романтикии Марями Маҷдалия ба Исо (дар Китоби Муқаддас оиди ин ҳатто ишорае нест) гуфта мешуд. Сониян, дар он суханоне буданд, ки инъикоси боз як асотири паҳншуда оиди Исои Масеҳ мебошанд. Марям чунин месароид: «Ӯ одам аст. Ӯ фақат одам аст». Ин асотир аст. Исо ҳақиқатан одам аст. Ӯро зан дар оғил таваллуд кард. Касоне ки оғилро дидаанд, ҳамон бӯйҳоеро, ки Исоро ҳангоми ба дунё омаданаш фаро гирифта буданд, тасаввур карда метавонанд — шояд ин бӯйҳо на он қадар форам бошанд. Аммо бар хилофи асотир оиди ситораи машҳур, табиати инсон танҳо як қисми табиати Исо аст. Китоби Муқаддас ба таври хеле возеҳ оиди дутарафа будани табиати Ӯ мегӯяд: «Зеро дар шумо низ бояд айни ҳамон ҳиссиёт бошад, ки дар Исои Масеҳ буд, ки Ӯ бо вуҷуди он ки дар сурати Худо буд, бо Худо баробар буданро ҳарисона барои Худ нигоҳ надошт; балки Худро кам дониста, ба сурати ғулом даромад ва ба одамон монандӣ пайдо карда, ба зоҳир мисли одамизод шуд» (Флп. 2:5–7). Дар тӯли якчанд аср одамон ба фаҳмидани табиати дутарафаи Исо кӯшиш мекарданд. Гоҳо масеҳиён (ва ғайримасеҳиён, чун Ллойд Вебери бомаҳорат) ба табиати одамии Исо чунон аҳамияти зиёд медоданд, ки илоҳияти Ӯро хира мегардонданд. Дигарон, баръакс, сифатҳои одамии Ӯро нодида мегирифтанд. Дар натиҷа бисёр одамон оиди Исои Масеҳ тасаввуроти яктарафа пайдо мекунанд. Дар ҳоле ки Каломи Худо ба шубҳае роҳ намедиҳад. Ӯ Худост» (Мат. 1:23); ва дар айни замон Ӯ ба маънои пурраи ин калима «Исои Масеҳи одамизод» аст (1Тим. 2:5). Дар афсонаи классикии арабии «Ҳазору як шаб» оиди он нақл карда мешавад, ки халифаи Бағдод одате дошт, ки либоси деҳқононро пӯшида, дар кӯчаҳои шаҳр мегашт, то худаш бидонад, ки халқ чӣ тавр зиндагӣ дорад. Исо бошад аз ин халифа дида кори хеле бештар кард. Ӯ на танҳо муваққатан мақоми шоҳонаи Худро фидо кард — Ӯ «ба сурати ғулом даромад». Ӯ — Худо ва Шоҳи шоҳон — аз осмонҳо ба замин фуруд омад. Юҳанно, шогирди Масеҳ, ки ҳамроҳи Устод дар кӯчаҳои пурчанг қадам мезад, ва ҳамроҳи Ӯ хӯроки ночизи заминиро, моҳӣ ва нонро мехӯрд, оиди Ӯ — оиди Касе ки вай Ӯро чун одам мешинохт, навиштааст: Дар ибтидо Калом [Исо] буд, ва Калом бо Худо буд, ва Калом Худо буд. Юҳ. 1:1 Юҳанно дар ин муқаддимаи машҳур ба Инҷили худ ба шубҳае роҳ намедиҳад, ки «Калом» гуфта, Киро дар назар дорад. Ва Калом ҷисм гардид ва дар миёни мо сокин шуд, пур аз файз ва ростӣ; ва мо ҷалоли Ӯро дидем, ки ҷалоли шоистаи Писари ягонаи Падар аст. Юҳ. 1:14 Худат боварӣ ҳосил кун Ин вазифаро иҷро кун, то ба беасос будани асотир оиди ситораи машҳур боварӣ ҳосил кунӣ. Исо ва шогирдони Ӯ яҳудиён буданд, ва хуб медонистанд, ки ба парастиши одамӣ кӣ сазовор аст. Порчаҳои ишорашудаи Китоби Муқаддасро хон ва дар рӯ ба рӯи ҳар кадомаш навис, ки мувофиқи ин оят киро парастиш кардан лозим аст. Хур. 20:3_______________________________________ Так. Шар. 6:14–15_______________________________ Луқ. 4:8________________________________________ Акнун оятҳои зеринро хон ва ишора кун, ки мувофиқи ин оятҳои Китоби Муқаддас, киро парастиш кардан лозим аст. Мат. 2:2, 11_____________________________________ Мат. 28:17______________________________________ Ибр. 1:6________________________________________ Азбаски Китоби Муқаддас ба таври возеҳ мегӯяд, ки танҳо Худоро бояд парастиш кард, дар асоси оятҳое ки оиди Исо мегӯянд, кадом хулоса баровардан лозим аст? 6. ИСОИ БЕҲАД МУЛОИМТАБИАТ Асотир оиди Исои мулоимтабиат Шумо сахт хато мекунед, агар гумон кунед, ки Исо суст буд ва бо овози ширин гап мезад; ё агар Ӯро нозпарварди дастҳояш нозук тасаввур кунед, чуноне ки рассомон Ӯро тасвир мекунанд. Ӯ Шоир буд, ин рост аст, Ӯ оиди паррандаҳои осмон ва савсанҳои саҳро суханони зебо гуфта метавонист. Он низ рост аст, ки Ӯ нақлкунандаи олиҷаноб буд, ки оиди занҳое ки нон мепазанд, ва оиди моҳигироне ки тӯр мепартоянд, қиссаҳо таълиф менамуд. Рост аст, ки Ӯ Носирии некдил буд, ки кӯдакони хурдро ба зону гирифта, бозӣ медод ва хурсанд мекард. Ӯ ҳақиқатан Асири бесухан буд, ки дар назди ҳокимон хомӯш истода, дар ҷавоби таҳқирҳои сахт сухане намегуфт. Аммо бо вуҷуди ин, Исо марди ҳақиқӣ буд. Дуредгаре бо дастони обилакарда. Ғарибе ки ба оворагардиҳои тӯлонӣ дар биёбон одат кардааст. Марде ки зидди ҳокимони фасодкори замони Худ суханони қатъӣ гуфта, онҳоро «қабрҳои сафедкардашуда», «роҳнамоёни кӯр» ва «афъизодагон» номида метавонад. Муҳаққиқи Китоби Муқаддас Ҷ. Б. Филлипс гуфтааст: Афсӯс, ки барои эҷоди суруди сазовори калисоӣ на он қадар калимаҳои зиёдро бо калимаи «кӯдак» қофия бастан мумкин аст. [Вагарна] ба садҳо ҳазори мо лозим намеомад бандгардони сурудеро, ки ҳанӯз дар кӯдакӣ аз ёд кардаем, ин қадар бисёр шунавем: Исои меҳрубон ба кӯдак менигарад, Ба кӯдаки хурд, ки мулоим ва фурӯтан аст. …Аз афташ, мо калимаи «фурӯтан»-ро дидаву дониста истифода мебарем, то нуқтаи назари шахсеро ифода намоем, ки бе дудилагӣ дурӯягии ходимони дини замони худро фош мекард; шахсе ки ҷуръат дошт аз байни издиҳоми хашмгин гузарад ва осебе набинад; шахсе ки то ба он дараҷа аҳамиятнок буд, ки ҳукуматдорон Ӯро барои ҷамъият хатарнок меҳисобиданд; …шахси то ба он дараҷа далер, ки ба илтиҷоҳои дӯстони хайрхоҳ нигоҳ накарда, дидаву дониста ба пешвози он чи барои Ӯ маргро ифода менамуд, рафт! Нуқтаи назари барои бисёриҳо маъмулӣ оиди Исои суст, эҳсосотӣ ва занмизоҷ асотири навбатӣ аст. Ӯ ҳақиқатан меҳрубон буд. Ӯ фурӯтан буд. Аммо меҳрубонӣ ва фурӯтании Ӯ беқувватиро ифода намекунад; дар асл ин нишонаи қувват аст, ки таҳти назорат мебошад. Мувофиқи Инҷил, Исо, ба маъбади Худо дар Уршалим даромада, аз он чи дид, хашмгин шуда, ҳамаи савдогарон ва саррофонро аз маъбад ронд (шояд ин на як бор рӯй дода буд). Ҳеҷ кадоми онҳо ҷуръат накард, ки эътироз намояд ё ба ин хуруҷи хашми одилона муқобилат кунад. Зиёда аз ин, агарчи Ӯ кореро кард, ки ҳар гуна шахси дигарро барои он сахт ҷазо медоданд, Ӯ дар маъбад на танҳо барои он монд, ки таълим диҳад, балки, чуноне ки дар Инҷили Марқус гуфта шудааст, барои он ки ба бозгаштани савдогарон роҳ надиҳад. Исо нисбати бадӣ бо фурӯтанӣ рафтор намекард. Ӯ бо дурӯяҳо бо мулоимат муносибат намекард. Ӯ дар ҷавоби рафтори бад оромона табассум намекард. Албатта, Исо шахсе буд, ки кӯдаконро дӯст медошт ва бо камоли майл онҳоро ба зону медошт, аммо Ӯ ҳамчунин касе буд, ки ба рӯи душманони Худ оромона менигарист. Худат боварӣ ҳосил кун Барои боварӣ ҳосил кардан ба асотир оиди Исои фурӯтан ва мулоимтабиат, ин вазифаро иҷро кун. Оятҳои 31–33-ро аз боби 13-уми Инҷили Луқо хон. Исо ба фарисиёне ки мегӯянд, ки ба ҳаёти Ӯ хатар таҳдид мекунад, чӣ гуна ҷавоб медиҳад? Ҳиродусро Ӯ кӣ меномад? Оё ин ҳолат ба мо нишон медиҳад, ки Исо хислати қавӣ дошт? Оятҳои 1–39-ро аз боби 23-юми Инҷили Матто хон. Аҳамият деҳ, ки ҳангоме Исо оиди фарисиён ва китобдонон мегӯяд, бо қувват сухан меронад ва рӯйбинӣ намекунад. Сифатҳоеро номбар кун, ки Ӯ ба онҳо нисбат медиҳад: Oяти 13 ________________________________________ Ояти 16 ________________________________________ Ояти 17 ________________________________________ Ояти 19 ________________________________________ Ояти 33 ________________________________________ 7. ИСОИ ХАЁЛПАРАСТ Асотир оиди Исо, ки дар абрҳо парвоз карда мегардад «Гӯш кун, писар, — гуфт Дэн, маро бо чашмонаш сӯрох карда, — ба ман сафсата гуфтанро бас кун. Магар шахсе ки ду ҳазор сол пеш зиндагӣ мекард, ва аксар вақт бо либоси сафед дар гирду атроф гаштугузор карда, ба одамон ҳар гуна афсонаҳо нақл менамуд, ҳозир чизеро дар ҳаёти ман тағйир дода метавонад?» Ӯ дасташро ба гулӯяш гузошта, ба ман фаҳмонд, ки ҳамаи ин ба дили ӯ задааст. «Ман барои ҳар гуна суханони беҳуда вақт надорам, — давом дод ӯ. — Ман гуфтан мехоҳам, ки ҳамаи ин қиссаҳо оиди Исо барои занҳо ва кӯдакон хубанд — онҳо шунидани ҳар гуна афсонаҳоро дӯст медоранд, ва шояд ин ҳатто ба нафъи онҳо бошад… Аммо на ба ман. Исо ба шахсе ки дарҳол бояд вайронии як мошинро дуруст карда, муҳаррики мошини дигарро таъмир намояд, муносибате надорад». Дэн он чиро, ки имрӯзҳо бисёр касон оиди Исо фикр мекунанд, такрор мекард. Барои онҳо Ӯ шахси табассумкунандаи либоси сафед дар бар аст, ки дар болои сараш фарр дорад, айнан монанди яке аз ҳайкалчаҳои пластикӣ дар панели асбобҳои мошин. «Исо, — мегӯянд онҳо, — барои касонест, ки дар осмонҳо парвоз доранд. Аммо Ӯ ба онҳое ки дар донишгоҳ физикаро меомӯзанд, ё дар фабрика кор мекунанд, ё онҳое ки ба фарзандонашон пластина барои дандонҳо даркор аст, муносибате надорад». Гӯё Исо ба ҳаёти имрӯза ҳамон гуна муносибате дорад, ки ракетаҳои бозичагӣ ба парвозҳои кайҳонӣ муносибат доранд. Ин асотир аст. Ҳақиқат он аст, ки асосгузорони чунин динҳои ғайримасеҳӣ, ба монанди дини буддоия ва пайравони Конфутсий шахсоне буданд, ки тамоми умрро дар андешарониҳо ва муроқибат гузарондаанд. Аммо Исо меҳнаткаш буд. Ӯ дуредгар буд. Ман Ӯро дар устохона тасаввур мекунам, ки дараш ба яке аз кӯчаҳои пурчанги Носира мебарояд, ва дар болои даромадгоҳ лавҳае овезон аст: «Исо, писари Юсуф, дуредгар». Ман мебинам, ки Ӯ дар болои тахтаи дарахти сарв, ки дар дастгоҳи дуредгарӣ маҳкам карда шудааст, хам мешавад. Ӯ дар тан пешдомани чармин дорад, дар пешонияш қатраҳои арақ баромадаанд. Ӯ кордро ба даст мегирад, баъд болғаро мегирад. Устохона пур аз бӯи тарошаҳои сарв аст, ки фаршро фаро гирифтаанд. Исои Носирӣ ҳаждаҳ сол ё ҳатто зиёдтар бо касби душвори дуредгарӣ машғул буд. Дастони ӯ сермушак гардиданд, дар кафҳояш обилаҳо пайдо шуданд. Ӯ ҳамчунин тарзи корбариро медонист: смета тартиб додан, фармоишҳоро қабул кардан, нархро муқаррар намудан даркор буд. Ӯ медонист, ки оиди оила ғамхорӣ кардан чист. Ӯ бародарон ва хоҳарони хурдсол дошт, ки баъди марги Юсуф Ӯ бояд онҳоро саробонӣ мекард. Бе шубҳа, Ӯ бо либос таъмин намудани кӯдакон ё паст кардани нархи молҳои савдогарони бозорро медонист. Исои Носирӣ кадом як тақводори хаёлпараст набуд. Ҷаҳони ӯ, чун ҷаҳони мо, пурчанг буд ва аксаран бӯи бад дошт. Дастони Ӯ гоҳо ифлос буданд. Бисёр вақт ба Ӯ лозим меомад, ки дар рӯи замини холӣ хобад. Ва ҳангоме ки ҳаёти заминии Ӯ ба охир расид, Ӯ бо марги пуразоб, арақшор ва хунолуд шуда, ҷон дод. Аммо ба ҳар ҳол байни ҳаёти Исо ва ҳаёти ту фарқи зиёд ҳаст. Ҳаёт ва марги Ӯ барои ҳамаи «онҳое ки ба Ӯ имон оварданд» (Юҳ. 3:16) бахшоиш ва наҷот оварданд. Худат боварӣ ҳосил кун Барои боварӣ ҳосил намудан ба беасос будани асотир оиди Исое ки дар осмонҳо парвоз карда мегардад, вазифаи зеринро иҷро кун. Оятҳои 1–6-ро аз боби 6-уми Инҷили Марқус хон. Сокинони зодгоҳи Ӯ шаҳри Носира Исоро кӣ меҳисобиданд? Ӯ барои онҳо: • гӯшанишин буд, • муроқиб буд, • роҳиби муқаддас буд, • меҳнаткаш буд. Дар ин порча ҳамчунин ҷоеро ишора кун, ки оиди хоҳарону бародарони Исо гуфта мешавад (дар ҷои мувозӣ аз Инҷили Матто 13:53–58 низ ҳамин корро кун). Оё гуфтан мумкин аст, ки онҳо аз Исо хурдсолтар буданд? Оё дар ин порча боз суханони тасдиқкунандаи он ҳастанд, ки онҳо аз Ӯ хурдсолтар буданд ва ҳанӯз ҳам дар Носира буданд? 8. ИСОИ САФЕДПӮСТ Асотир оиди афзалияти нажодӣ Бисёрии амрикоиён ва аврупоиён Исои Носириро ба Чарлтон Ҳестон ё Уилям Дефо монанд тасвир мекунанд. Зебочеҳра, мӯйҳояш хурмоӣ, чашмонаш қаҳваранг. Ва аз ҳама муҳимаш — албатта, сафедпӯст. Типи шарқӣ. Шояд, офтобхӯрда, аммо ба ҳар ҳол сафед. Ин гуна сафедҳоро дар Калифорния, ё дар Миннеаполис, ё дар Пиория, (иёлати Иллинойс) вохӯрдан мумкин аст. Аммо ин асотир аст. Бисёр одамон ва ҳаракатҳо ба ҳам муттаҳид шудаанд, то ки чунин асотирро устувор намоянд. Ку-клукс-клан афзалияти протестантҳои сафедро бар сиёҳпӯстон, яҳудиён ва ҳамаи боқимондагон талқин мекунад. Баъзеи онҳо гумон мекунанд, ки Исо ҷонибдори онҳост, чунки Ӯ мисли онҳо сафед буд. Ҳангоме ки ҳаракати миллатпарастонаи ҳитлерӣ ҳанӯз бунёд мегардид, марги Исо барои зидди яҳудиён таҳрик додани оммаи халқ чун далели асосӣ истифода мешуд. «Инҷил»-и миллатпарастон муфассал фаҳмонда медод, ки чаро ориёиҳои сафедпӯст бар ҳамаи дигарон афзалият доранд. Онҳо низ, албатта, гумон мекарданд, ки Исо ҷонибдори онҳост. Охир, Ӯ низ «сафед» буд, ҳамин тавр не? Салибдорон. Инквизитсия. Куштори яҳудиён дар Русияи подшоҳӣ. Бурдани ғуломон ба Амрико. Асотир оиди афзалияти нажодӣ дар тӯли таърих сабаби бисёр ҷиноятҳои манфур ва ваҳшониятҳо гардидааст. Асотир оиди афзалияти нажодӣ ҳоло ҳам зинда аст. Одамон ҳоло ҳам Исоро бо қиёфаи англо-саксонӣ тасвир мекунанд. Онҳо Ӯро бо пӯсти маҳини гулобиранг ба қалам медиҳанд. Онҳо ба Ӯ симо, мансубияти синфӣ ва одатҳоро аз рӯи тасаввуроти евро-амрикоии худ нисбат медиҳанд.. Аммо Исо сафедпӯст набуд ва ба синфи миёна тааллуқ надошт. Аз афташ, ранги пӯсти Исо назар ба амрикоӣ ё аврупоии миёна хеле ториктар буд. Ӯ чун яҳудӣ таваллуд шуд, чун яҳудӣ мезист ва тамоми умр яҳудӣ буд. Ҳангоме Ӯ назди Пилотуси сафедпӯст меистод, пӯсти гандумранги Ӯ, чун пӯсти ҳамаи намояндагони халқҳои Шарқи Миёна, шояд боз ҳам ториктар метофт. Ва агарчи Исо ба ҷаҳони мо дар ҷои муайян, вақти муайян омад ва нишонаҳои муайяни нажодӣ дошт (ки бар хилофи он чи дар филмҳои ҳолливудӣ нишон дода мешавад, аз нишонаҳои нажодии амрикоиҳо хеле фарқ дошт), ба маънои васеъ Исо аз ҳудудҳои нажодӣ боло меистад. Ӯ яҳудӣ буд, аммо дар айни ҳол бо зани сомарӣ озодона ва бо эҳтиром гап мезад. Аз рӯи анъанаи яҳудиён, ба хонаи ғайрияҳудиён даромадани онҳо мумкин набуд. Аммо ба ҳар ҳол, ҳангоме ки мирисади румӣ омада шифо додани хизматгорашро, ки дар хона хобида, сахт азоб мекашид, хоҳиш кард, Исо ҷавоб дод: «Ман омада, ӯро шифо хоҳам дод» (Мат. 8:7). Ҳангоме ки зани канъонӣ омада, илтиҷо менамуд, ки духтарашро шифо диҳад (канъониён аз замонҳои қадим душманони исроилиён буданд), Исо, имони бузурги ин занро дида, духтари ӯро шифо дод. Ӯ низ ба табъизи нажодӣ дучор шуда буд. Боре роҳи Ӯ аз деҳаи сомариён мегузашт, аммо сомариён Ӯро қабул накарданд, зеро донистанд, ки Ӯ исроилӣ буда, ба Уршалим равона аст. Дар ҷамъияте ки Исо ҳангоми одам шудан ба он афтод, одамон аз рӯи се хусусият ба гурӯҳҳо ҷудо мешуданд. Ҳуқуқ, имтиёзҳо ва мавқеи онҳо ба миллат (яҳудӣ ё ғайрияҳудӣ), синф (ғулом ё шахси озод) ва мансубияти ҷинсии онҳо (мард ё зан) вобаста буд. Аммо, ба ин нигоҳ накарда, Исо Хушхабарро овард, ки маънои тамоман тарк кардани хурофотҳои пештараро дошт. Павлус ин фикрро бо суханони ҷолиб баён намуда, чунин навиштааст: Зеро ки ҳамаи шумо ба воситаи имон ба Исои Масеҳ писарони Худо ҳастед; зеро ҳамаи шумо, ки дар Масеҳ таъмид ёфтаед, Масеҳро дар бар кардаед. Дигар на яҳудӣ ҳаст, на юнонӣ; на ғулом ҳаст, на озод; на мард ҳаст, на зан; зеро ки ҳамаи шумо дар Исои Масеҳ як ҳастед. Ғал. 3:26–28 Пайравони Исо на аз ҷиҳати ранги пӯст ё дигар нишонаи табиӣ, балки дар он бояд ба Ӯ монанд бошанд, ки одамонро новобаста ба ҷинс, мансубияти синфӣ ё нажодӣ қабул мекунанд ва дӯст медоранд. Исоро бачаи сафедпӯст сафедпӯст мебинад, Кӯдакеро, ки имрӯз барои мо таваллуд шуд. Исоро бачаи сафедпӯст сафедпӯст мебинад, Ӯ чун савсан аст, аз барф ҳам сафедтар. Исоро бачаи сиёҳпӯст сиёҳпӯст мебинад, Писари Марям, Масеҳи хурдакак, хобидааст. Исоро бачаи сиёҳпӯст сиёҳпӯст мебинад, Ӯро, ки ба ҷаҳон омад, то аз ашкҳо наҷот диҳад. Исоро бачаи зардпӯст зардпӯст мебинад, Бо чашмони танг ва чун дуд сиёҳ. Исоро бачаи зардпӯст зардпӯст мебинад, Ва ӯ дар дуо назди Исо сар хам мекунад. Исоро бачаи сурхпӯст сурхпӯст мебинад, Наҷоткореро, ки аз осмон фаромадааст. Исоро бачаи сурхпӯст сурхпӯст мебинад, Ва Фариштагон Хушхабарро мехонанд. Барои ҳамаи кӯдакони гуногунпӯсти ҷаҳон Ин манзара чунин ба назар мерасад: Исо дар охур, бо симои ба онҳо монанд, Дар табассуми Ӯ хушбахтӣ ва осудагӣ ҳаст. Пас, биёед ҳамаи мушкилотро як сӯ гузорем Ва дилҳои худро бо муҳаббат тақдим намоем Ба Кӯдаке ки шабона дар Байт-Лаҳм зода шуд, Ба Ӯ, ки муҳаббати Падарро ба мо ошкор намуд. «Ӯро кӯдакон мебинанд», шеъри Уайла Ҳатсон, мусиқии Альфред Берт, TRО ҳуқуқи муаллифӣ, 1954 (нав карда шудааст), 1957 (нав карда шудааст), Hollis Music, Inc., New York, N.Y. Used by permission Худат боварӣ ҳосил кун Барои боварӣ ҳосил кардан ба беасос будани асотир оиди афзалияти нажодӣ, чунин вазифаро иҷро кун. Ишораҳо ба оятҳои Китоби Муқаддас, ки дар зер оварда шудаанд, ба оятҳо ё эпизодҳои иқтибосшудаи Аҳди Ҷадид дахл доранд, ки дар ин боб зикр мешаванд. Ҳар як порчаро хонда, фикри асосиро дар сатри ҷудо кардашуда мухтасар навис ва дар ҳошияҳои ин боб ишораҳои мувофиқаткунандаро ба Китоби Муқаддас сабт кун. 1. Луқ. 9:51–56 __________________________________ 2. Юҳ. 4:1–26 _________________________________ 3. Ғал. 3:26–28 _________________________________ 4. Мат. 8:5–13 _________________________________ 5. Мат. 15:21–28 ________________________________ АСОТИРҲО ОИДИ КИТОБИ МУҚАДДАС 9. ЯККАВУ ЯГОНА Асотир оиди он, ки Китоби Муқаддас танҳо боз як китоби бузург аст Шумо, албатта, ин суханонро аллакай шунидаед. Шояд, ҳатто на як бор. Одатан одамон бо беморони рӯҳӣ бо ин оҳанг гуфтугӯ мекунанд: «Шумо Китоби Муқаддасро доим мехонед? Чӣ тавр шавқовар». Дафъаи дигар касе бо дастонаш ба китфи шумо дӯстона тап-тап зада (одатан бо сагчаи итоаткор чунин мекунанд, то ки таҳсини худро изҳор намоянд), мегӯяд: «Хайр, Китоби Муқаддас хуб аст. Он назар ба ҳамаи ин „Илиада“-ҳо ва „Одиссея“-ҳо фоиданоктар аст». Ва албатта, гоҳ-гоҳ бо муaллим ё профессоре вохӯрдаед, ки мегӯяд, ки дар рафи китобмонии ӯ Китоби Муқаддас низ ҳаст (дар версияи англисӣ — Китоби Муқаддаси шоҳ Яъқуб — Китоби Муқаддас ба забони кӯҳнаи англисӣ). Аз афташ, ин нусхаи чангзеркарда аст, ки ҳеҷ гоҳ ба даст нагирифтаанд, аммо бо вуҷуди ин дар раф истодааст — дар назди «Давлат»-и Платон, «Энеида»-и Вергилий ва маҷмӯаи асарҳои Шекспир. Ҳамаи китобҳо дар ҷойҳои худ мебошанд, ва дар байни онҳо Китоби Муқаддас— яке аз «бузургтарин» шоҳасарҳои адабиёт. Ин асотир аст. Китоби Муқаддас — яке аз шоҳасарҳо нест. Ба ин монанд китоби дигаре вуҷуд надорад. Он яккаву ягона аст. Агар муаллими адабиёт онро дар рафи китобмонии синф дар назди дигар китобҳо монданӣ бошад, беҳтараш ба ӯ маслиҳат диҳед, ки боз як ҷевони китобмонӣ харад — барои Китоби Муқаддас, ки онро дар рафи болотарин гузоштан даркор аст. Ва ин китоб дар он ҷо яккаву танҳо истад. Китоби Муқаддас нотакрор аст. Дар китоби худ «Ҳама чиз оиди Китоби Муқаддас» Сидни Коллетт суханони профессор М. Монтиро-Уилямсро, ки дар тӯли чилу ду сол адабиёти шарқро омӯхта буд, иқтибос меорад. Ӯ гуфтааст: «Агар хоҳед, ин китобҳоро ба тарафи чапи мизи худ гузоред; аммо тарафи ростро барои Китоби Муқаддас монед. Онро дар он ҷо алоҳида, аз китобҳои дигар дуртар монед. Зеро… онро ва китобҳои муқаддаси шарқро партгоҳи бузурге аз ҳам ҷудо мекунад, ки онро ҳеҷ як китоб паси сар карда наметавонад». Китоби Муқаддас қуллаи эҷодиёти адабӣ аст. Баъзе китобҳоро дар тӯли тамоми умр менависанд; барои навиштани Китоби Муқаддас тақрибан шонздаҳ аср даркор шуд. Баъзе китобҳо маҳсули меҳнати гурӯҳи олимон мебошанд; Китоби Муқаддас — самари меҳнати зиёда аз чил нафар муаллифон аст, ки намояндаҳои касбҳои гуногун буданд ва ба табақаҳои гуногун тааллуқ доштанд — онро шоҳон, деҳқонон, файласуфон, моҳигирон, шоирон, ходимони давлат ва олимон навиштаанд. Онро дар биёбон ва дар зери замин, дар қаср ва дар ғарибӣ, ҳангоми ҷанг ва дар давраи осиштагӣ навиштаанд. Китоби Муқаддас дар се қитъаи замин офарида шуда, ба зе забон навишта шудааст; он садҳо мавзӯъҳои гуногунро баррасӣ менамояд. Дар он сатрҳои ҷолиби шоирона, тасвири муфассали воқеаҳои таърихӣ, тарҷумаи ҳол, мактубҳо, ёддоштҳо ва пайғамбариҳоро пайдо кардан мумкин аст. Бо вуҷуди ин, ин китоби гуногунмавзӯъ ба қисмҳои ҷудогона тақсим намешавад. Чунин ягонагӣ ба шарофати инкишофи ҳамон як қисса аз саҳифаи аввал то саҳифаи охирин ба даст меояд — ин қиссаи аз ҷониби Худо кафорат ёфтани одам аст. Боре назди ман намояндаи нашриёте омад, ки силсилаи китобҳоро таҳти унвони «Китобҳои бузурги Ғарб» нашр кардааст. Ӯ барои китобҳои ин силсила фурӯшандаҳоро меҷуст ва барои он ки ба ман оиди он нақл кунад, панҷ дақиқа сарф намуд. Пас аз он ки ӯ ба охир расонд, ман якуним соат ба ӯ оиди Китоби бузургтарини ҷаҳон нақл кардам. Ман ба ӯ масъалаи хурдакакеро додам: хоҳиш кардам даҳ нафарро аз ин силсила номбар кунад, ки ба ҳамон як синф, насл, давра мансуб бошанд, дар ҳамон як кишвар зиндагӣ кунанд ва ба як забон гап занад, хислати якхела дошта бошанд ва дар мавзӯи якхела асаре навишта бошанд, ки боиси баҳсҳои зиёд шуда бошад. Баъд ман пурсидам: «Оё ақидаҳои ин муаллифон дар ин масъала ба ҳам мувофиқ меомаданд?» Он шахс андаке хомӯш монд ва баъд гуфт: «Не». Он гоҳ ман пурсидам: «Китобҳои онҳо ба чӣ монанд мебуданд?» Ин дафъа ӯ фикр накарда, дарҳол ҷавоб дод: «Ба маҷмӯи матнҳои гуногун!» Ду рӯз пас ин шахс ҳаёти худро бо боварӣ ба Масеҳ супурд, чунки нотакрор будани Китоби Муқаддас ва он чиро, ки дар он навишта шудааст, дарк камуд. Худат боварӣ ҳосил кун Барои боварӣ ҳосил кардан ба беасос будани асотир оиди он, ки Китоби Муқаддас — танҳо боз як китоби бузург аст, оятҳоеро, ки дар зер ишора шудаанд, хон. Дар онҳо Китоби Муқаддас на ба китобҳо, балки ба чизи дигаре монанд карда мешавад, ки ҳамчунин тавоност. Ҳар як оятро бо диққат хон. Баъд он чиро, ки Китоби Муқаддасро ба он монанд кардан мумкин аст, навишта гир, ва бигӯй, ки дар асоси чӣ ин чизҳоро монанд кардан мумкин аст. Ғайр аз ин, ишора кун, ки оё бо дигар китобҳо низ чунин монандкуниҳо гузарондан мумкин аст. Ирм. 5:14 ______________________________________ Ирм. 23:29 _____________________________________ Рум. 1:16 ______________________________________ Эфс. 6:17 ______________________________________ Ибр. 4:12 ______________________________________ 10. КИТОБИ МУҚАДДАС ВА ПАНИРИ ШВЕЙТСАРӢ Асотир оиди ҷойҳои тира ва нофаҳмо, ки гӯё дар Китоби Муқаддас ҳастанд Бисёр касон бехтиёр Китоби Муқаддасро чун панири швейтсарӣ мепиндоранд: дар он бисёр чизҳои фоиданок ҳастанд, аммо сӯрохиҳо низ вуҷуд доранд. «Албатта, Китоби Муқаддас китоби фоиданок ва илҳомбахш аст, — мегӯянд онҳо. — Хусусан ман таронаҳои Забурро дӯст медорам, масалан, таронаи 23-юм, — он беҳад зебост». Аммо агар оиди муносибат ба Китоби Муқаддас ҷиддитар пурсед, дар ниҳояти кор онҳо иқрор мешаванд: «Албатта, дар Китоби Муқаддас на ҳама чиз бекаму кост аст. Медонед, ман дар назар дорам, ки дар он хатоҳо ва ба ҳамин монанд чизҳо ҳастанд, аммо ин маро ба изтироб намеоварад. Охир, ба ҳар ҳол, онро на барои он навиштаанд, ки китоби дарсӣ оиди таърих бошад. Аммо дар масъалаҳои имон ва таълимот он аниқ аст, чуноне ки бояд бошад». Ин асотир аст. Аксар вақт касоне ки чунин мегӯянд, оиди ин «хатоҳо» тасаввуроти аниқ надоранд. Дар асл ҳеҷ гуна «сӯрохӣ» дар Китоби Муқаддас нест, ва он пур аз хатоҳо намебошад. Он Каломи Худост, ки онро дар тӯли ҳазору шашсад сол қариб чил нафар муаллифони гуногун бо илҳоми илоҳӣ навиштаанд. Он ба шарофати меҳнати нусхабардорон ва аниқии олимон ба таври ҳайратовар то замони мо маҳфуз мондааст. Аҳди Қадим ва Аҳди Ҷадид — ҳуҷҷатҳои аниқтарине мебошанд, ки аз умқи асрҳо то замони мо расидаанд. Пайравони Исо наметавонанд он фактро сарфи назар кунанд, ки Худи Худованд ба аниқии Навиштаҳо боварӣ дошт. Ӯ гуфтааст: «…Навишта наметавонад ботил шавад» (Юҳ. 10:35). Ӯ қиссаи бо Юнус рӯйдодаро факти баҳснопазир меҳисобид. Ҳатто ҳангоме ки дар биёбон ба шайтон муқобилат мекард, Ӯ аз Навишта иқтибос меовард. Ҳангоми таълим додани одамон борҳо аз он иқтибос меовард. Дар айни ҳол, ҳам таълимот, ҳам ҷузъиёт ва воқеаҳои таърихиро ҳаққонӣ меҳисобид. Ҳамаи онҳое ки Аҳди Ҷадидро навиштаанд, ҳамчунин, монанди Исо, саҳеҳ будани тамоми Навиштаҳоро тасдиқ кардаанд. Ҳавворӣ Павлус гуфтааст: Тамоми Навиштаҳо аз рӯи илҳоми илоҳист ва барои омӯзиш, барои мазаммат, барои ислоҳ, барои ҳидоят ба роҳи адолат фоиданок аст. 2 Тим. 3:16 Чун дигар ҳаввориён, ӯ илҳоми илоҳӣ доштани Аҳди Ҷадидро эътироф карда, мегуфт: «…бигзор фаҳмад, ки он чи ман ба шумо менависам, аҳкоми Худованд аст» (1 Қӯр. 14:37). Ҳақиқатан, дар Китоби Муқаддас тасвири ҳамон як воқеаро аз нуқтаҳои назари гуногун вохӯрдан мумкин аст, ва метавон дид, ки дар нақли воқеаҳо таъкидҳои асосӣ гуногунанд, ва дигар номувофиқатҳо гӯё ҳастанд. Ҳақиқатан, дар тарҷумаи матнҳо аз забони нусхаи асл — юнонӣ ва ибронӣ — душвориҳо буданд. Ҳақиқатан, бисёр тафсирҳои нодурусти порчаҳои Китоби Муқаддас буданд. Аммо ба ҳар ҳол, ҳангоме ки масеҳиёни асри ХХ Китоби Муқаддасро мекушоянд, онҳо Каломи Худоро мехонанд, ки илҳоми илоҳӣ дорад, ҳаққонӣ аст ва аниқ нигоҳ дошта шудааст. «Алаф хушк мешавад, — гуфтааст Ишаъё, — гул пажмурда мешавад, вале Каломи Худои мо то абад қоим хоҳад буд» (Иш. 40:8). Худат боварӣ ҳосил кун Барои боварӣ ҳосил кардан ба беасос будани асотир оиди он, ки Китоби Муқаддас пур аз «сӯрохиҳо» аст, вазифаи зеринро иҷро кун. Оятҳои 1–11-ро аз боби 4-уми Инҷили Матто хон. Исо ба суханони васвасаангези иблис бо суханони Навишта ҷавоб медиҳад. Оятёбро (симфония) ба китобҳои Навиштаи Муқаддас ё Китоби Муқаддаси дорои ҷойҳои мувозиро истифода бурда, ҷоеро аз Навиштаи муқаддас, ки Ӯ иқтибос овардааст, аниқ кун, баъд дар зер ишораро ба он навис: Ояти 4_________________________________________ Ояти 7_________________________________________ Ояти 10________________________________________ Баъд хон: Оятҳои 38–41-ро аз боби 12-уми Инҷили Матто, ки дар онҳо Исо ба воқеае ишора мекунад, ки бо яке аз пайғамбарон рӯй додааст ва дар Китоби пайғамбар Юнус навишта шудааст. Оятҳои 23–26-ро аз боби 2-юми Инҷили Марқус, ки дар онҳо Исо воқеаеро зикр мекунад, ки дар оятҳои 6, 7-и боби 21-уми Китоби якуми Подшоҳон тасвир ёфтааст. Оятҳои 14,15-ро аз боби 3-юми Инҷили Юҳанно, ки дар он Исо ба воқеае ишора мекунад, ки дар боби 21-уми Китоби Ададҳо муфассал тасвир ёфтааст. Акнун қарор деҳ: оё Исо ба ҳаққонияти ин одамон ва воқеаҳо шубҳа мекунад ё онҳоро фактҳои воқеӣ меҳисобад? Ту аз ин барои худ чӣ хулоса бароварда метавонӣ? 11. КИТОБИ МУҚАДДАС ВА БОЗИИ ТЕЛЕФОНИ ВАЙРОН Асотир оиди саҳеҳ набудани Китоби Муқаддас Бозии телефони вайрон дар тӯли солҳои зиёд на танҳо хеле машҳур аст, балки ҳамчунин барои фаҳмидани он ёрӣ медиҳад, ки аниқ расондани маълумот то чӣ андоза муҳим аст. Чуноне ки дар ёд доред, дар ин бозӣ гурӯҳи одамон иштирок мекунанд, ки даврашакл менишинанд. Касе ба гӯши ҳамсояаш хабари кӯтоҳеро мегӯяд. Ӯ ин суханонро ба ҳамсояи худ такрор мекунад, ва ҳамин тавр аз рӯи силсила давом меёбад, то даме ки хабар ба касе мерасад, ки онро дар аввал баён карда буд. Аксар вақт суханоне ки ба гӯяндаи аввалин бармегарданд, аз гуфтаи ӯ ба таври хандаовар фарқ мекунанд. Масалан, ҷумлаи «Агар бо варзиш машғул нашавӣ, фарбеҳ мешавӣ» дар натиҷа ба чизе монанди «Агар бо ларзиш машҳур нашавӣ, дарбеҳ мешавӣ» табдил меёбад! Бисёриҳо гумон мекунанд, ки бо Китоби Муқаддас низ ҳамин гуна воқеа рӯй додааст. Онҳо чунин меҳисобанд, ки матне ки байни ду муқова ҷойгир аст (аксар вақт бо номи онҳо, ки дар муқова бо хати зарҳалдор ҳак шудааст), аз он чи ҳазорҳо сол пеш ҳақиқатан навишта шудааст, чунон фарқ дорад, ки ҳеҷ каси солимақл ба саҳеҳ будани онҳо бовар намекунад. Ин асотир аст. Пеш аз ҳама, Аҳди Қадим чунон бо диққат нусхабардорӣ мешуд, ки ҳангоме нусхабардор қариб тамоми дастхатро ҳарф ба ҳарф рӯйбардор карда, ногоҳ хатое мекард, дастхатро нобуд мекарданд. Ғайр аз ин, нусхабардорони исроилӣ, ки Навиштаи Муқаддасро ба забони ибронӣ нусхабардорӣ мекарданд, бояд қоидаҳои муайянро қатъият риоя мекарданд: • ҳар як нусха бояд бар рӯи чизи нав навишта мешуд, ки ба таври махсус барои ин тайёр карда мешуд; • ҳар як нусха бояд бо миқдори муайяни сутунҳои дорои сӣ ҳарф ва миқдори муайяни сатрҳо навишта мешуд; • ҳар як нусха бояд бо сиёҳии ранг ва сифаташ махсус навишта мешуд; • ҳар як нусха бояд аз нусхае рӯйбардор карда мешуд, ки аслӣ буданаш аниқ карда шудааст; • ҳеҷ як ҳарф бояд аз ёд навишта намешуд, мисли он ки агар касе ба калимаи «ба» нигариста, ҳарфи «б»-ро нависад, ва баъд бори дигар ба нусхаи асл нигоҳ накарда, «а» нависад; ҳар як ҳарф бояд қатъиян аз нусхаи асл рӯйбардор карда мешуд; • ҳеҷ як ҳарф набояд ба ҳарфи дигар часпад ё аз он гузарад. Байни ҳарфҳо бояд фосилае гузошта мешуд, ки ба ғафсии мӯй ё ришта баробар буд; • ҳар як ҳарф дар ҳар як саҳифаи ҳар як китоб бояд ҳисоб карда мешуд, ва миқдори ҳарфҳо бо нусхаи аслӣ муқоиса карда мешуд. Миқдори ҳар як ҳарфи алоҳидаи алифбо, ки дар китоб вомехӯрад, бояд ҳисоб карда мешуд ва бо нусхаи асл муқоиса карда мешуд. Ҳарфҳои маркази калимаҳои Панҷкитоби Мусо, ва ҳарфҳои марказии ҳамаи китобҳои Навиштаи Муқаддас, ки ба ибронӣ навишта шудаанд, бояд ҳисоб карда мешуданд ва миқдори онҳо дар матн зикр карда мешуд. Агар ҳатто як фарқият ошкор шавад, нусха вайрон ҳисобида мешуд. Ҳангоми нусхабардории Аҳди Қадим бояд ана ҳамин гуна қоидаҳои қатъӣ риоя карда мешуданд. Агар оиди Аҳди Ҷадид гӯем, он, бе шубҳа, — саҳеҳтарин ва аниқтарин ҳуҷҷати дунёи қадим аст. Ҳангоме ки дар мактаб асарҳои Платонро меомӯзед, оё муаллим ба саҳеҳ будани рисолаи ӯ «Давлат» шубҳа изҳор мекунад? Ҳангоме ки муаллимаи таърихи қадим ба шумо шеърҳои Катулл ё «Ёддоштҳо оиди ҷанг бо галлҳо»-и Гай Юлий Сезарро мехонд, оё огоҳ мекард, ки ин асарҳо на он қадар саҳеҳ буда метавонанд? Оё муаллимон дар асоси шубҳаовар будани саҳеҳии матнҳо ва мушкилоте ки боиси гуногунии матнҳо мегарданд, асарҳои таърихшиноси юнонӣ Фукидид, файласуф Аристотел, трагик Софокл ё Эврипидро аз барнома хориҷ мекунанд? Албатта, не. Дар айни ҳол бисёр касон боварӣ доранд, ки Китоби Муқаддасро ҳуҷҷати саҳеҳ ҳисобидан мумкин нест, ҳол он ки ҳеҷ яке аз китобҳои номбаршуда дар саҳеҳӣ бо матни Аҳди Ҷадид баробар шуда наметавонад. Барои аниқ кардани саҳеҳии ҳама гуна сарчашмаи таърихӣ одатан ду омили муҳимтаринро ба ҳисоб мегиранд: миқдори дастхатҳои мавҷуда ва вақте ки аз замони навишта шудани нусхаи аслӣ то навишта шудани қадимтарин нусхаи рӯйбардоршуда гузаштааст. Агар Aҳди Ҷадидро бо дигар китобҳои дунёи қадим муқоиса кунед, саҳеҳ будани он дарҳол аён мегардад. МУАЛЛИФ / ВАҚТИ НАВИШТА ШУДАН / ВВАЛИН НУСХАҲОИ РӮЙБАРДОРШУДА / ВАҚТИ ГУЗАШТА / МИҚДОРИ НУСХАҲОИ РӮЙБАРДОРШУДА Сезар / 100–44 то милод / 900 милодӣ / 1000 сол / 10 Платон (тетралогияҳо) / 427–347 то милод / 900 милодӣ / 1200 сол / 7 Фукидид / 460–400 то милод / 900 милодӣ / 1300 сол / 8 Софокл / 496–406 то милод / 1000 милодӣ / 1400 сол / 100 Катулл / 54 до то милод / 1550 милодӣ / 1600 сол / 3 Эврипид / 480–406 то милод / 1100 милодӣ / 1500 сол / 9 Аристотел / 384–322 то милод / 1100 милодӣ / 1400 сол / 5 Акнун Aҳди Ҷадидро бо асарҳои ин муаллифони давраи антиқа муқоиса кунед: МУАЛЛИФ / ВАҚТИ НАВИШТА ШУДАН / ВВАЛИН НУСХАҲОИ РӮЙБАРДОРШУДА / ВАҚТИ ГУЗАШТА / МИҚДОРИ НУСХАҲОИ РӮЙБАРДОРШУДАAҳди Ҷадид / 40–100 милодӣ / 125 милодӣ / 25 сол / 24000+ Ҳеҷ кадоми ҳуҷҷатҳои замони антиқаро бо Аҳди Ҷадид ҳатто баробар гузоштан мумкин нест. Аз ҷиҳати саҳеҳӣ танҳо матни «Илиада»-и Гомерро муқоиса кардан мумкин, чунки 643 нусхаи дастнависи ин достон боқӣ мондааст ва байни вақти навишта шудани асар ва аввалин нусхаи рӯйбардоршуда 500 сол гузаштааст. Оё ба Китоби Муқаддас боварӣ кардан мумкин аст? Ҳеҷ як китоб, ки аз замони антиқа то ба мо расидааст, дар саҳеҳӣ бо он баробар шуда наметавонад. Худат боварӣ ҳосил кун Барои боварӣ ҳосил кардан ба беасос будани асотир оиди саҳеҳ набудани Китоби Муқаддас, машқҳои зеринро иҷро кун. Ба оятҳои Китоби Муқаддас калимаҳои партофташударо гузор: «Каломи Ту, эй Худованд,____________, дар осмонҳо қоим аст» (Заб. 118:89). «Аз қадим шаҳодоти Туро донистаам, ки онҳоро _______________________ бунёд кардаӣ» (Заб. 118:152). «Алаф______________, гул________________, вале каломи Худои мо ________________________________» (Иш. 40:8) «Зеро ки ба ростӣ ба шумо мегӯям: то осмон ва замин фано нашавад, ҳеҷ як_______________ва ё______________аз Таврот ба фано нахоҳад рафт» (Мат. 5:18). Оё ин оятҳо саҳеҳ будани Китоби Муқаддасро тасдиқ мекунанд? Агар тасдиқ мекарда бошанд, чӣ гуна? 12. БУД Ё НАБУД Асотир оиди он, ки Китоби Муқаддас пур аз достонҳои бофта бароварда аст Хангоме Энни дар коллеҷ пешниҳод кард, ки Китоби Муқаддас ба рӯйхати адабиёти умумиҷаҳонӣ барои хониш дохил карда шавад, ҳама ба эҳсосот дода шуданд. «Шояд ту ҳазл мекунӣ! — гуфт касе. — Китоби Муқаддас ба ин чӣ дахл дорад?» Дигаре ҷавоб дод: «Танҳо нагӯй, ки ба ҳамаи ин афсонаҳо оиди Юнус ва моҳӣ бовар мекунӣ! Ё ба ин қиссаҳо оиди дар рӯи об қадам задан! Ин гапҳоро мон, аз осмонҳо ба замин фаро!» «Биё ба ақли солим такя кунем, — гуфт дигаре. — Китоби Муқаддас, албатта, барои имондорон аҳамияти калон дорад, Аммо танҳо ҳамин. Дар он бисёр асотирҳо ва достонҳои дилчасп ҳастанд, ин аниқ аст, аммо аз ман хоҳиш накун, ки онҳоро ҷиддӣ қабул кунам». Дар вақтҳои охир бисёриҳо ҳамин тавр фикр мекунанд. Ҳатто баъзе муҳаққиқони Китоби Муқаддас қарор додаанд, ки онро маҷмӯаи фолклор ва достонҳои динӣ ҳисобидан беҳтар аст. Дигар хел карда гӯем, онҳо кӯшиш мекунанд, ки фактҳоро чун бофтаи хаёлот қаламдод кунанд. Ҳақиқатан, дар Китоби Муқаддас қиссаҳои ҳайратовар ҳастанд, баъзеи онҳо аз фактҳои таърихӣ дида ба сарлавҳаҳои матбуоти ҳангоматалаб бештар монанд мебошанд: ОДАМ ДАР РӮИ ОБ ҚАДАМ МЕЗАНАД ПИСАРАК АЗ ЯК ПАКЕТИ ЛАНЧ ҲАЗОРОН КАСРО СЕР КАРД БО ИШОРАИ ДАСТ ОБ БА МАЙ ТАБДИЛ МЕЁБАД МУАЛЛИМИ ҶАЛИЛӢ АЗ МУРДАГОН ЭҲЁ ШУД Новобаста ба он ки баъзе қиссаҳои Китоби Муқаддас то чӣ андоза имконнопазир метобанд, шахсоне ки онҳоро навиштаанд, дар назар доштанд, ки ин қиссаҳо на чун асотир ва достонҳо, балки чун фактҳо қабул карда мешаванд. Зиёда аз ин, шахсоне ки Aҳди Ҷадидро таълиф намудаанд, ба назар мегирифтанд, ки чунин қиссаҳои имконнопазир метофтаро навишта, ҳаёти худро зери хатар мегузоранд. Оё бисёр касонеро медонед, ки аз инкор кардани ягон достон даст кашида, ихтиёрӣ ба зиндон ва ҳатто ба марг мерафта бошанд? Зиёда аз ин, шахсоне ки Aҳди Ҷадидро менавиштанд, хуб дарк мекарданд, ки оиди раввини аз мурдаҳо эҳёшуда ё оиди он, ки панҷ ҳазор кас бо панҷ нон ва ду моҳӣ сер карда шуданд, қиссаҳо нақл карда, барои худ сӯи девонахона роҳ тайёр мекунанд, — агар дар ин маврид дигар шоҳидони воқеа ҳозир набошанд. Маҳз аз ҳамин сабаб ҳавворӣ Павлус ба шоҳидон ишора мекард, ҳангоме ҳақиқати Инҷилро дар назди шоҳ Агрипос ва ҳокими румӣ Фестус баён мекард. Ҳангоме ки Павлус оиди эҳёи Масеҳ нақл кард, пас, чуноне ки дар Китоби Муқаддас навишта шудааст, Фестус бо овози баланд гуфт: «Эй Павлус, ту аз ақл бегона шудаӣ! Дониши бисёр туро девона кардааст. Гуфт: «Эй Фестуси мӯҳтарам, ман аз ақл бегона нашудаам, балки суханони ҳақиқатро бо ақли солим баён менамоям. Зеро подшоҳе ки дар ҳузураш далерона сухан меронам, аз ин воқиф аст; ман яқин дорам, ки чизе дар ин бора аз ӯ пӯшида нест, зеро ки ин дар хилватгоҳе воқеъ нашудааст. Аъм. 26:24–26 (курсиви муаллифон) Бар акси асотирҳо, достонҳо ва динҳои пурасрори замони антиқа, воқеаҳое ки дар Китоби Муқаддас навишта шудаанд, «дар хилватгоҳе воқеъ нашудаанд». Издиҳоми бузурги одамон ҳамаи ин воқеаҳоро дида буданд. Одамони шоистаи боварӣ оиди саҳеҳ будани он воқеаҳо ба таври хаттӣ шаҳодат додаанд ва суханони худро бо хуни худ тасдиқ намудаанд. Ва он ҳуҷҷатҳо, ба ҷои он ки ба таври асоснок рад карда ё беэътибор дониста шаванд, аз санҷиш гузаштаанд ва саҳеҳ дониста шудаанд. Худи ҳавворӣ Петрус зидди асотире баромад кард, ки гӯё Китоби Муқаддас пур аз достонҳои бофтаи хаёлот бошад, ҳангоме навишт: «…мо қувват ва омадани Худованди мо Исои Масеҳро ба шумо хабар додем, аз пайи афсонаҳои фиребгарона нарафтаем, балки кибриёи Ӯро бо чашмони худ дидаем» (2 Пет. 1:16). Худат боварӣ ҳосил кун Барои боварӣ ҳосил кардан ба беасос будани асотир оиди он, ки Китоби Муқаддас пур аз достонҳои бофтаи хаёлот аст, вазифаи зеринро иҷро кун: Оятҳои 1–3-ро аз боби 1-уми Инҷили Луқо хон. Ин сатрҳоро кӣ менависад? Кӣ ба муаллиф оиди «воқеаҳое... ки дар миёни мо маълум аст», нақл кард? Муаллиф чӣ кард, пеш аз он ки ба Теофилус оиди ин воқеаҳо нақл кунад? Ояти 3-юмро аз боби 1-уми Номаи якуми Юҳанно хон. Ин суханонро кӣ менависад? Оё ӯ мегӯяд, ки худаш шоҳиди воқеаҳо буд? Ӯ бо кадом мақсад оиди он чи худаш дидааст ва шунидааст, нақл мекунад? Ояти 22-ро аз боби 2-юми китоби Аъмоли Ҳаввориёни муқаддас хон. Ин суханонро кӣ мегӯяд? Онҳо ба кӣ нигаронида шудаанд? Калимаҳои «чунон ки худатон низ медонед» чӣ маъно доранд? Ояти 35-ро аз боби 19-уми Инҷили Юҳанно хон. Муаллифи ин оят кист? Оё ӯ шоҳиди он чи дар борааш менавишт, буд? Оё ӯ мехост, ки суханони ӯро бофтаи хаёлот ҳисобанд? Ба ин сатр аҳамият деҳ: «то ки шумо низ имон оваред». Муддатеро дар дуои андешамандона оиди шаҳодати касоне гузарон, ки Aҳди Ҷадидро менавиштанд, ва қарор деҳ, ки оё ту ба ин шаҳодатҳо бовар мекардӣ, чуноне ки инҷилнавис Юҳанно инро мехост. 13. ДУХТУР ЛУҚО ВА КАЛИМАИ АЗ КИМ-КУҶО ПАЙДОШУДАИ «ПОЛИТАРХ» Асотир оиди бостоншиносии бехато Марди тануманде аз зинаҳои хонаи № 221–Б дар Бейкер-стрит боло рафт. Ӯро ба ҳуҷрае даъват намуданд, ки дар он хуфияи машҳур нишаста буд. «Биёед, духтур. Субҳ ба хайр! — гуфт хуфия, ба пушти курсии бароҳат такя карда нишаста. — Аз афти кор, шумо якчанд шаби охир хоб нарафтаед». «Рост мегӯед — аммо сабр кунед. Шумо инро аз куҷо медонед? Ва чӣ тавр шумо пай бурдед, ки ман духтур ҳастам?» «Ин тамоман осон аст. Илова ба ин, ман мебинам, ки шумо нависанда ҳастед ва аз ҷои дур омадаед, аммо дар асл ҳамаи ин муҳим нест. Беҳтараш бигӯед, ки аз чӣ хавотир ҳастед». Мизоҷ бо душворӣ изтироби худро бартараф намуда, ниҳоят ба нақл сар кард. «Номи ман Луқо, ман духтур ҳастам, — гуфт ӯ оиди худ, — Ғайр аз ин, ман муаллифи ду асари бестселлер ҳастам — китобҳое ки оиди воқеаҳои дар замони ман рӯйдода нақл мекунанд. Аниқтараш, дар асри якуми милодӣ». Хуфия Шерлок Холмс нӯгҳои ангуштонашро ба ҳам часпонда, бо диққат гӯш мекард. «Вақтҳои охир, — давом дод нақли худро духтур Луқо, — обрӯ ва эътибори ман хеле зарар дидааст. Салоҳиятнокӣ ва дониши ман зери шубҳа гузошта шудааст. Медонед, дар китоби худ Аъмоли Ҳаввориён ман зикр кардаам, ки шаҳри Иқуния ба вилояти Ликӯния дохил намешавад. Баъзе бостоншиносон, дар асоси ким-кадом ҳуҷҷатҳои дигар, ба хулосае омадаанд, ки Иқуния шаҳре дар вилояти Ликӯния буд, ва дар ин асос китоби маро сарчашмаи беэътимод эълон намудаанд». «Ғайр аз ин, — бо шитоб давом дод Луқо аз хавфи он, ки Холмс ӯро хеле зудранҷ меҳисобад, — дар китоби ман Инҷил, оиди ибтидои хизматгузории Юҳаннои Таъмиддиҳанда дар соли 27-уми милодӣ нақл карда, ман Лисаний ном шахсеро зикр кардам, ки дар Абилин чорякҳоким буд. Инак маро боз айбдор мекунанд, ки фактҳоро таҳриф кардаам, чунки ба бостоншиносон танҳо як Лисаний маълум аст, ки ҳанӯз дар соли 36-уми то милод кушта шудааст. Ғайр аз ин, ҳангоме ман оиди хизматгузории Павлус дар Қӯринт нақл мекардам, Галлионро „проконсул“ номидаам. Олимон гуфтаанд, ки ман тасаввуроте оиди он чи менависам, надорам, ва гӯё Галлионро ҳеҷ гоҳ „проконсул“ наменомиданд! Аммо, шояд, айбномаи аз ҳама тоқатнопазир, ки ин «олимон» ба ман раво дидаанд, аз он иборат аст, ки ман сардорони шаҳри Таслӯникиро бо калимаи юнонии „политархҳо“ зикр кардаам. Ин калима гӯё дар ҳеҷ як асари дигари классикӣ вонамехӯрдааст. Ҳамаи бостоншиносон ва мунаққидон барои тасдиқи айбномаи худ ба ин ишора карда, мегӯянд: „Луқо хато кардааст, бинобар ин ба он чи ӯ навиштааст, бовар кардан лозим нест; ва ғайра ва ҳоказо“. Боз баъзе ҷузъиёт ҳастанд, ки ин «олимон» ба онҳо часпида, маро беобрӯ карданӣ мешаванд». Ҳангоме ки духтур Луқо нақли худро ба охир расонд, чашмони Холмс пӯшида буданд ва нафасаш ором ва осуда буд. Ниҳоят ӯ чашмонашро кушод ва аз курсӣ бархост; ин маънои онро дошт, ки ҳама чиз ба ӯ фаҳмо шудааст. «Бубахшед, духтур, — гуфт ӯ, — аммо ман ба шумо ҳеҷ ёрӣ дода наметавонам». Духтур истода, хомӯшона ба хуфияи машҳур менигарист. «Оё ман шуморо дуруст фаҳмидам, духтур, — пурсид Холмс, — ки шумо ба саҳеҳ будани фактҳои навиштаатон боварӣ доред?» «Сад дар сад! — ҷавоб дод духтур Луқо, қомати худро рост карда. — охир, ман таърихшинос ҳастам, сэр!» «Он гоҳ ба шумо лозим меояд, ки интизор шавед», — гуфт Холмс, таърихшиноси бузургро то назди дар гусел карда. «Ягон вақт рӯзе фаро мерасад, ки ҳамаи маълумотҳои аниқи навиштаи шумо тасдиқ мешаванд. Аммо ҳоло, — гуфт ӯ, пеш аз он ки дарро аз ақиби мизоҷи ноумедшуда пӯшонад, — духтури азиз, лозим меояд, ки интизор шавед. Аммо боварӣ дошта бошед, ҳангоме ҳамаи маълумотҳо тасдиқ мешаванд, ҳама чиз ба ҷои худ гузошта хоҳад шуд». Ин гуна муколама байни таърихшиноси асри якуми милодӣ ва хуфияи бофтаи хаёлот, албатта, ҳеҷ гоҳ набуд. Аммо ҳамаи он чи то ин дам Луқо мегуфт, — рост аст. Бисёр касон кӯшиш кардаанд, ки ӯро сиёҳ кунанд. Аммо агар чунин вохӯрӣ ҳақиқатан рӯй медод, маслиҳати Шерлок Холмс, ки ба духтур Луқо дод, сад дар сад дуруст мебуд. Агарчи олимон ва бостоншиносон инҷилнавис Луқоро беист дар беэҳтиётӣ ва ноаниқӣ айбдор мекунанд, худи ҳамон бостоншиносӣ навиштаҳои ӯро борҳо тасдиқ кардааст. Бисёр касон фикр мекунанд, ки бостоншиносии ҳозираамон «исбот» кардааст, ки дар баъзе ҷойҳои Китоби Муқаддас хатоҳо ҳастанд. Дар асл ин тавр нест. Масалан, биёед шикояти якуми инҷилнависро дида мебароем, ҳангоме ӯ ба Шерлок гуфт, ки олимон ӯро айбдор кардаанд, ки вилоятеро, ки Иқуния дар он ҷойгир буд, нодуруст зикр кардааст. Дар соли 1910 бостоншинос Уилям Рэмсей далелеро дарёфт намуд, ки Икония яке аз шаҳрҳои Фригия буд. Кашфиётҳои баъдина ҳамчунин маълумотеро ки Луқо додааст, тасдиқ намуданд. Як бозёфти бостоншиносӣ, ки дар назди шаҳри Димишқ ёфт шудааст, исбот намуд, ки «Лисанийи чорякҳоким» ҳақиқатан вуҷуд дошт. Он бозёфт ба солҳои 14–29-и милодӣ мансуб буда, суханони Луқоро пурра тасдиқ мекунад. Агар сухан дар бораи проконсул будани Галлион равад, ин факт бо катибаи зерин исбот гардидааст: «Ба Лусий Юний Галлион, дӯсти ман, проконсули Охоия...» Аз куҷо пайдо шудани калимаи «политарх» низ, ки аз боиси он Луқоро дар бесалоҳиятӣ айбдор карда буданд, маълум шуд. Ба қарибӣ ҳангоми ҳафриёт як миқдор ҳуҷҷатҳое ёфт шудаанд, ки дар онҳо ин унвони юнонии қадим низ вомехӯрад. Фикр оиди он, ки бостоншиносӣ фактҳои дар Китоби Муқаддас зикршударо рад мекунад, на танҳо кӯҳнашуда аст, балки боз як асотир аст. Чуноне ки бостоншинос Уилям Ф. Олбрайт гуфтааст, Шаккокии беандоза, ки мактабҳои бонуфузи асрҳои ҳаждаҳ ва нуздаҳ нисбати Китоби Муқаддас изҳор менамуданд, — баъзе идеяҳое ки ин мактабҳо тасвия додаанд, ҳанӯз ҳам гоҳ-гоҳ зоҳир мешаванд, — тадриҷан беэътибор гардиданд. Ҳар як кашфиёти нав аниқии фактҳои зиёдеро, ки Китоби Муқаддас ба мо баён мекунад, тасдиқ менамояд ва асоси ҳарчи бештар медиҳад, ки Китоби Муқаддасро сарчашмаи арзишноки таърихӣ ҳисобем. Хулоса, Шерлок Холмс маслиҳати дуруст дод. Худат боварӣ ҳосил кун Барои боварӣ ҳосил кардан ба беасос будани асотир оиди бостоншиносии бехато, порчаҳои зеринро аз Китоби Муқаддас хон ва номҳои партофташудаи шахсонеро навис, ки мавҷудият ва шахсияташонро Китоби Муқаддас кайҳо тасдиқ намудааст ва акнун бозёфтҳои бостоншиносӣ низ тасдиқ кардаанд: Дон. 5:30. Он чиро, ки замоне хато ҳисобида мешуд (дар асоси он ки лавҳаи сафолӣ Набонидро подшоҳи охирини Бобил қаламдод менамуд), тадқиқоти охирин тасдиқ карданд. Мувофиқи он, писари Набонид ҳамроҳи падар чун шарики тахт подшоҳӣ мекард. Рум. 16:23. Ҳафриёти соли 1929 мавҷудияти ________________________________ ном шахсеро тасдиқ карданд, ки дар Қӯринт мутасаддии корҳои ҷамъиятӣ буд. Мат. 27:1, 2. Бозёфт дар Қайсария ном бандари баҳри Миёназамин дар соли 1961 ба ҷаҳониён дастнависеро пешкаш намуд, ки андозаҳояш 2’ x 3’ буда, ба _________________ ишора мекунад. 14. ПЕШГӮИҲОИ ҲАҚИҚӢ Ё СИЛСИЛАИ МУВОФИҚАТҲОИ ТАСОДУФӢ? Асотир оиди он, ки пешгӯиҳои Китоби Муқаддас танҳо мувофиқатҳои тасодуфӣ мебошанд Натан чунон бо шитоб ба ошхона даромад, ки қариб модарашро аз пой афтонд. «Натан!» — норозиёна коҳиш кард модар. «Бубахш, модар, — гуфт ӯ, — аммо ту дарҳол бояд китоберо бинӣ, ки Тодд ба ман дод». Ӯ як тӯда китобҳои дарсиро ба рӯи миз холӣ карда, аз байни ин тӯда китоберо гирифт. «Дар ин китоб як миқдор пешгӯиҳо ва чизҳои дигар ҳастанд, ки Нострил… ном шахс навиштааст». «Шояд Нострадамус бошад?» «Дуруст! — ҷавоб дод Натан. — Магар ту дар бораи ӯ шунидаӣ?» «Ба ту чӣ тавр гӯям…» «Чизҳои навиштаи ӯ хеле диққатҷалбкунанда мебошанд, ҳамин тавр не? Ӯ бисёр воқеаҳоро пеш аз рӯй доданашон пешгӯӣ кардааст, оиди Ҳитлер ва Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, кишта шудани Кеннеди. Тодд гуфт, ки дар он ҳатто оиди Эм Си Ҳаммер гуфта шудааст!» «Ӯ ҳамин тавр гуфт?» Натан хомӯш шуд ва шубҳакунон ба чеҳраи модар нигарист. «Хайр, модар, чӣ гуфтанӣ ҳастӣ? Ман ин нигоҳи туро медонам». «Не, ҳеҷ чӣ гуфтанӣ нестам. Фақат донистан мехоҳам, ки оё ин «пешгӯиҳо»-и ӯро худат ёфтӣ? Ман гуфтан мехоҳам, ки ту худат ҷустуҷӯ кардӣ, ё касе ба ту нишон дод, ва умуман чӣ тавр бо онҳо рӯ ба рӯ шудӣ?» «Хайр ҳа, онҳоро Тодд ба ман нишон дод». «Аммо онҳо ба ту ноаниқ натофтанд? Мисли он ки онҳо ба бисёр вазъиятҳо мувофиқ меоянд ва онҳоро ҳар хел тафсир додан мумкин аст?» Натан андаке фикр кард, баъд китф дарҳам кашид: «Шояд ҳамин тавр бошад». «Аҷиб аст, ки ин қадар одамон ба Нострадамус барин як пайғамбари шубҳанок таваҷҷӯҳи зиёд доранд, дар ҳоле ки ба пайғамбариҳои Навиштаи Муқаддас, ки илҳоми илоҳӣ доранд ва пурра иҷро шудаанд, ҳеҷ аҳамият намедиҳанд!» Натан мароқ зоҳир намуд. Ӯ китоби Нострадамусро як сӯ гузошта, пурсид: «Масалан?» «Масалан? — саволро такрор кард модар. — Натан, ту маро ҳайрон мекунӣ. Масалан, пешгӯӣ оиди он, ки Исо дар Байт-Лаҳм таваллуд мешавад. Инро пайғамбар Мико пешгӯӣ кардааст. Ва пайғамбар Закарё пешгӯӣ кардааст, ки Масеҳ на савори аспи тавоно, балки харсавор ба Уршалим ворид хоҳад шуд». «Рост, — гуфт Натан. — Боз ӯ пешгӯӣ кардааст, ки Исо таслим карда мешавад?» «Айнан ҳамин тавр. Ӯро дӯсташ дар ивази сӣ тангаи нуқра таслим мекунад, дастон ва пойҳои Ӯро сӯрох мекунанд, аммо устухонҳояш бутун мемонанд — мебинӣ, Натан, ӯ ҳамаашро аниқ ва батафсил пешгӯӣ кардааст. Ин суханони умумӣ ва ишораҳои тира не, балки бисёр пешгӯиҳои муайян мебошанд, ки сад дар сад аниқ иҷро мешуданд. Мо танҳо пешгӯиҳоеро зикр кардем, ки бо тақдири Масеҳ вобастаанд. Аммо худи ҳаминро оиди ҳаққонияти пешгӯиҳо дар ҳаққи шаҳрҳо ва халқҳое ки тақдирашон дар Китоби Муқаддас тасвир ёфтааст, гуфтан мумкин аст». «Пас аз ҳамаи ин суханон пешгӯиҳои Нострадамус ҷилои худро аз даст медиҳанд, ҳамин тавр не?» — андешарониҳоро хулоса кард Натан. «Чун ғарқшудагон», — гуфт модар бо табассум. Ҳақ ба ҷониби модари Натан буд. Пешгӯиҳои Китоби Муқаддас беназир ва саҳеҳ будани Навиштаҳои Муқаддаси яҳудиён ва масеҳиёнро бо аниқии боварибахш тасдиқ мекунанд. Ҳатто маълумоти оддӣ оиди пешгӯиҳои вобаста ба Масеҳ бояд шаккоктарин хонандагони Китоби Муқаддасро ба ҳаққонияти он бовар мекунонд. Аммо баъзе касони тахайюлоташон зиёд чунон меҳисобанд, ки иҷрошавии пешгӯиҳои Китоби Муқаддас танҳо мувофиқати тасодуфӣ аст. «Баъзеи ин пешгӯиҳо ба тақдирҳои президент Кеннеди ё Мартин Лютер Кинг рост меоянд» — мегӯянд дигарон. Фарз мекунем, ки ҳамин тавр аст, аммо оё шумо мисоле оварда метавонед, ки ҳамаи чилу ҳашт пешгӯии асосӣ, ки дар Китоби Муқаддас оиди Масеҳ ёфтан мумкин аст, дар тақдири кадом як шахс иҷро шуда бошанд? Ҷӯстуҷӯ кардан ҳам даркор нест: чунин шахс нест! Чуноне ки Питер Стоунер дар китоби худ «Тарзи корбурди илмӣ» навиштааст, имконияти мувофиқати тасодуфӣ будани ин воқеаҳо 1 ба 10157, ё ба адади 10 бо 157 сифр баробар аст. Чунин адади бузург ё чунин имконияти камро ҳатто тасаввур кардан душвор аст. Чунин номувофиқати астрономӣ нишон медиҳад, ки пешгӯиҳои Китоби Муқаддас мувофиқатҳои тасодуфӣ нестанд, «зеро ки ҳаргиз нубувват ба ҳасби иродаи одамизод ба забон ронда нашудааст, балки муқадасони Худо, бо таҳрики Рӯҳулқудс, онро ба забон рондаанд» (2 Пет. 1:21). Худат боварӣ ҳосил кун Барои боварӣ ҳосил кардан ба беасос будани асотир оиди мувофиқатҳои тасодуфӣ, ба саволи зерин ҷавоб деҳ: чӣ қадар пешгӯиҳои Китоби Муқаддасро, ки дар зер оварда шудаанд, бо номҳои пайғамбароне ки ин пешгӯиҳоро кардаанд, ё бо китобҳое ки ин пешгӯиҳоро доранд, айният додан мумкин аст. Номҳои пайғамбарон ва номҳои китобҳо инҳоянд: А. Ҳастӣ Б. Забур В. Ишаъё Г. Ирмиё Д. Мико Е. Закарё Пешгӯиҳои Китоби Муқаддас, ки иҷро шудаанд: 1. Исо аз Бокира таваллуд хоҳад шуд (Мат. 1:18–25). 2. Аз сибти Яҳудо (Луқ. 3:23, 33). 3. Ӯ аз авлоди Йисой хоҳад буд (Луқ. 3:32). 4. Аз хонадони Довуд (Луқ. 3:31). 5. Ӯ дар Байт-Лаҳм таваллуд мешавад (Мат. 2:1). 6. Пеш аз Ӯ шахсе хоҳад буд, ки оиди Ӯ пешакӣ хабар мерасонад (Мат. 3:1,2). 7. Ӯ савори харкурра ба Уршалим ворид хоҳад шуд (Луқ. 19:35–37). 8. Баъд Ӯро дӯсташ таслим хоҳад кард (Мат. 26:48–50). 9. Дар ивази сӣ сиккаи нуқра (Мат. 26:15). 10. Ӯ дар назди айбдоркунандагонаш хомӯш хоҳад буд (Мат. 27:12). 11. Дастҳо ва пойҳои Ӯро сӯрох хоҳанд кард (Луқ. 23:33; Юҳ. 20:25). 12. Ӯ аз ҷумлаи бадкирдорон дониста хоҳад шуд (Мат. 27:38). 13. Барои ҷинояткорон шафоат хоҳад кард (Луқ. 23:34). 14. Либоси Ӯро тақсим хоҳанд кард (Юҳ. 19:23). 15. Барои либоси Ӯ қуръа хоҳанд партофт (Юҳ. 19:24). 16. Ба Ӯ сиркои бо заҳра омехта хоҳанд дод (Мат. 27:34). 17. Устухонҳои Ӯ шикаста нахоҳанд шуд (Юҳ. 19:34). 18. Аммо Ӯро найза хоҳанд зад (Юҳ. 19:34). 19. Баъд дар қабри сарватманде дафн карда хоҳад шуд (Мат. 27:57–60). 20. Ӯ эҳё хоҳад шуд (Аъм. 2:31). Ҷавобҳо 1. В (Иш. 7:14) 2. А (Ҳас. 49:10) 3. В (Иш. 11:1) 4. Г (Ирм. 23:5) 5. Д (Мик. 5:2) 6. В (Иш. 40:3) 7. Е (Зак. 9:9) 8. Б (Заб. 40:10) 9. Е (Зак. 11:12) 10. В (Иш. 53:7) 11. Б (Заб. 21:17) 12. В (Иш. 53:12) 13. В (Иш. 53:12) 14. Б (Заб. 21:19) 15. Б (Заб. 21:19) 16. Б (Заб. 68:22) 17. Б (Заб. 33:21) 18. Е (Зак. 12:10) 19. В (Иш. 53:9) 20. Б (Заб. 15:10) АСОТИРҲО ОИДИ ЭҲЁ 15. ХУДРО МУРДА ВОНАМУД КАРД? Асотир оиди он, ки Исо намурда буд, балки беҳуш шуда буд Хангоме ки ман ҳанӯз ҷавон будам, мақсад доштам, ки беасос будани масеҳиятро исбот кунам, исбот кунам, ки дар он ҳеҷ чизи ҷиддӣ нест. Аммо, албатта, ин аз дасти ман наомад — бо як сабаб: ман як факти таърихиро рад карда натавонистам — эҳёи Исои Масеҳро. Эҳё асоси таълимоти имони масеҳӣ аст. Чуноне ки Майкл Грин дар китоби худ «Одами Зинда» навиштааст, «эҳё дар масеҳият на танҳо яке аз догматҳост, ки бояд қабул кунем. Бе имон ва эҳё масеҳият умуман вуҷуд намедошт. Ва Калисои масеҳӣ мавҷудияти худро сар намекард; ҳаракате ки ба шарофати хизматгузории Исо ба вуҷуд омад, дарҳол баъди маслуб шудани Ӯ чун ғубор пароканда мешуд. Тақдири масеҳият пурра ба имон ба эҳёи Исо вобаста аст. Ҳамин ки шумо ин ҳақиқатро рад кунед, масеҳиятро барҳам мезанед». Бе шубҳа, маҳз аз ҳамин сабаб бисёр касон факти эҳёро зери шубҳа гузоштанӣ буданд ва онро рад карданӣ мешуданд. Китоби доктор Ҳю Шонфилд «Суиқасд ҳангоми иди фисҳ» баъди нашр шуданаш дар миёнаи солҳои 1960-ум боиси баҳсҳои зиёд гардид. Сабаби ин ҳама шӯру ғавғо он буд, ки муаллиф «назарияи беҳуш шудан» ном назарияи кӯҳнаеро ба ҳаёт баргардонд, ки эҳёи Исои Масеҳро «маънидод» мекард. Назарияи беҳуш шудан якчанд аср пеш ба шарофати Вентурини ном шахс машҳур буд. Мувофиқи он, Исо дар асл дар салиб намурдааст. Ӯ фақат аз беқувватӣ ва хунравии зиёд беҳуш шуд (ё «аз ҳол рафт»). Чуноне ки ин назария изҳор медорад, ҳама гумон карданд, ки Ӯ мурдааст, аммо дар асл баъди муддате Ӯ ба ҳуш омад, аммо шогирдон гумон карданд, ки Ӯ аз мурдагон зинда шуд. Шонфилд ин назарияро инкишоф дода, хулосае баровард, ки Исо ҳабс, доварӣ ва маслубшавии Худро пешакӣ ба нақша дароварда буд. Ӯ ҳама чизро чунон ташкил намуд, ки дар салиб Ӯро бо маводи нашъаовар беҳуш кунанд ва Худро мурда вонамуд карданаш осон шавад. Ва дертар, баъди зарбу лат, ҷароҳатҳо ва хунравӣ аз боиси зарбаи найза, аз пайи захмҳои дастҳо ва пойҳои хуншор, ки натиҷаи ба салиб мехкӯб шудан буд, ба худ биёяд. Аммо ҳамаи ин назария оиди беҳуш шудан пурра асотир аст. Исоро сахт лату кӯб карданд. Ӯро бо асбоби даҳшатоваре қамчинкорӣ карданд, ки баданро пора-пора мекунад. Гоҳо маҳбусон то рӯзи қатл зинда намемонданд, чунки ба ин қамчинкорӣ тоб намеоварданд. Баъд, пас аз он ки Исо чунин ҷазои бераҳмонаро аз сар гузаронд, Ӯ сӯи қатлгоҳ роҳ паймуд. Аммо азобҳои Ӯ чунон тоқатнопазир буданд, ки Ӯ мустақилона ин роҳро ба охир расонда натавонист. Чуноне ки инҷилнависон Матто ва Луқо хабар медиҳанд, Шимъӯни Қуринӣ маҷбур буд аз пайи Исои беҳолшуда салибро бардошта барад. Суханони Марқус оиди он, ки «Ӯро ба ҷое бурданд, ки Ҷолҷолто ном дошт» (Марқ. 15:22), ба мо имкон медиҳанд тахмин кунем, ки Ӯ дигар қувват надошт мустақилона роҳ равад. Баъд Исо он чиро аз сар гузаронд, ки марг ном дорад ва онро тасвир кардан ғайриимкон аст. Агарчи Фредерик Фаррер барин баъзе нависандагон ба ҳар ҳол кӯшишҳо карданд, ки инро бо суханон баён кунанд: Марг ба воситаи маслубшавӣ, аз афташ, тамоми он даҳшат ва торикиро дар бар мегирад, ки дард ва марг бо худ меоварад, — чарх задани сар, рагкашиҳо, ташнагӣ, гуруснагӣ ва бехобӣ, таб дар тамоми бадан аз ҷароҳатҳо, кузоз, азобҳои шармсорӣ ва таҳқир дар назди омма, азиятҳои беохир, даҳшат аз пешомад, беҳис шудани қисмҳои маъюбшудаи бадан — ҳамаи ин азобҳо то ба он ҳолате мерасонанд, ки ба он тоб овардан ғайриимкон мегардад, ва танҳо он вақте ки шахси азияткашанда беҳуш мешавад, ба муддати кӯтоҳ қатъ мегарданд. Ҳолати ғайритабиии бадан камтарин ҳаракатро дарднок мегардонад; рагу пайҳои кандашуда ва кашидашуда аз азоби тамонашаванда метапанд; захмҳои илтиҳобёфтаи набаста тадриҷан боиси мурдани бофтаҳо мегарданд; артерия — хусусан дар сар ва шикам — аз хуни пуршаванда беш аз пеш медамад; ва дар вақте ки ҳамаи азобҳои тасаввуршаванда зиёдтар мешаванд, ба онҳо дарди сӯхтан дар офтоб ва ташнагии тоқатнопазир илова мешавад; ҳамаи ин азобҳои ҷисмонӣ иззтироби рӯҳӣ ва тарсро зиёд мекунанд. Ин боиси он мешавад, ки мурдан — ҳамон марг, душмани номаълуме ки одам аз наздикшавии он беш аз ҳама метарсад, — чун сабукии хуш ва писандида қабул карда мешавад. Пас аз якчанд сояти чунин азобҳо Исоро аз салиб фароварданд — аммо танҳо пас аз он, ки мирисади румӣ (ки фаро расидани маргро бе хато аниқ карда метавонист) ба ҳокими румӣ изҳор намуд, ки Исои Носирӣ мурдааст. Фикр оиди он, ки одам пас аз чунин азобҳо метавонист зинда монад, ва дар Яҳудо ва Ҷалил ба беш аз панҷсад шоҳид чун Ғолиб бар марг ва Мири зиндагӣ зоҳир шавад, албатта, боиси пайдо шудани хоҳиши аз нав навиштани таърих ва сарфи назар намудани он ҳақиқати оддӣ мегардид, ки «…Масеҳ, мувофиқи Навиштаҳо, барои гуноҳҳои мо мурд, ва Ӯ дафн карда шуд ва, мувофиқи Навиштаҳо, дар рӯзи сеюм эҳё шуд» (1 Қӯр. 15:3, 4). Худат боварӣ ҳосил кун Барои боварӣ ҳосил кардан ба беасос будани асотир оиди беҳуш шудан, вазифаи зеринро иҷро кун. Оятҳои 30–35-ро аз боби 19-уми Инҷили Юҳанно хон. Чаро сарбозон пойҳои Исоро нашикастанд? Чӣ қадар сарбозони румӣ (дар ҳадди ақалл) медонистанд, ки Исо мурдааст? Дар ояти 35 оиди кӣ гуфта мешавад? Ӯ кадом ҳақиқатро мегӯяд, ки шумо бовар кунед? Оятҳои 42–47-ро аз боби 15-уми Инҷили Марқус хонед. Чӣ қадар шоҳидон, ки Исоро мурда дида буданд, дар ин оятҳо зикр шудаанд? Оятҳои 62–66-ро аз боби 27-уми Инҷили Матто хон. Оё саркоҳинон ва фарисиён ба марги Исо боварӣ доштанд? Ба ояти 63 аҳамият деҳ — азбаски онҳо медонистанд, ки Исо ваъдаи эҳё шуданро дода буд, оё чунин шуда метавонад, ки Ӯро аз салиб зинда фароварданд? Чӣ қадар бадхоҳони Исо, аз онҳое ки оиди онҳо дар боло хондӣ, шоҳидони марги Ӯ буданд (ғайр аз пайравон ва дӯстони Ӯ)? 16. БОЗИИ ЧАШМБАНДАК? Асотир оиди он, ки шогирдон саҳван ба қабри дигар рафтаанд Хуб, Лиззи, ман ҳамаашро ба ту нақл мекунам, аммо он чи бо мо рӯй дод, беандоза ҳайратовар метобад! Хулоса, ман ва Марями дигарӣ …боз кӣ? Сабр кун, ба ёд оварам, аҳа, Салумит… ва… Аз ёдам баромад… ҳозир ба ёд меоварам…» «Хайр, гӯй акнун!» — Элисобаъ ӯро шитоб мекунонд. «Сабр кун! Ҳозир мегӯям, охир, ҳамаашро бо тартиб нақл кардан даркор аст-ку. Хулоса, мо дарҳол баъди дамидани субҳ сӯи қабр равона шудем. Росташ, ҳанӯз торик буд, худат медонӣ, лозим меомад, ки доим ба пеши пой нигоҳ кунем, то ки домани либосро зер накунем ё дар тори анкабут напечем, ё…» Элисобаъ бо асабоният чашмонашро боло кард. «Хайр майлаш, майлаш, — гуфт Марям. — Чуноне ки аллакай гуфтам, мо сӯи қабр равона шудем, аммо он холӣ буд, агарчи ҳанӯз бегоҳии гузашта дар он ҷо Исо хобида буд. Мефаҳмӣ, Лиззи? Қабр холӣ буд! Дар он ҷо касе набуд. Умуман ҳеҷ кас!» Элисобаъ ба дугонааш нигоҳ карда монд. «Ту боварӣ дорӣ, ки шумо сӯи қабри дигар нарафтаед?» «Оё ман ба ин боварӣ дорам? Ана гапу ман гап, Лиззи! Ту мефаҳмӣ, ки оиди чӣ мепурсӣ? Оё ман умуман боварӣ дорам, ки мо сӯи қабри дигар нарафтаем? Магар ту ба ман заррае ҳам бовар намекунӣ? Охир, ман дар он ҷо танҳо набудам… ҳамроҳи ман боз одамон буданд. Ғайр аз ин, ҳам ман, ҳам Марям бегоҳии гузашта дар он ҷо будем. Агар мо сӯи қабри дигар мерафтем, наход ту гумон мекунӣ, ки ақаллан яке аз мо инро намефаҳмид? Наход ту моро ин қадар бефаҳм меҳисобӣ? Аммо ҳатто агар чунин мебуд, ки мо роҳгум задем, фариштаро чӣ гуна маънидод кардан мумкин аст? Охир, ман ҳанӯз ба ту оиди фаришта нагуфтаам, ҳамин тавр не? Пас, гӯш кун, дар назди қабри холӣ фариштае буд, ки чун барқ медурахшид! Ӯ ба мо гуфт, ки натарсем, ва хабар дод, ки Исо эҳё шудааст, айнан ҳамин тавр гуфт. Ба фикрат, фаришта низ роҳи қабрро гум карда, на дар он ҷое истода буд, ки мо Масеҳро гузошта будем? Ҳамин тавр?» «Ма ин гуна фикр намекунам, ман фақат…» «Хайр, агар ту маро ин гуна соддафеъл меҳисобида бошӣ, он гоҳ бояд чунин ҳисоб кунӣ, ки Петрус ва Юҳанно низ аз ман монданӣ надоранд! Чунки ман дарҳол назди онҳо давида рафтам, ва онҳо ҳамон замон сӯи қабри холӣ шитофтанд! Ман базӯр аз ақиби онҳо расида рафтам! Ғайр аз ин, хонум «Ту бо-ва-рӣ до-рӣ, ки шу-мо сӯи қаб-ри ди-гар на-раф-та-ед», ба ман гӯй, ки оё дар Уршалим бисёр қабрҳое ҳастанд, ки пайи мӯҳри румӣ дошта бошанд?» «Охир, ман…» «Хайр, дар хусуси саркоҳинон ва посбонон чӣ мегӯӣ? Наход онҳо намедонистанд, ки Исо дар кадом қабр буд? Ҳатто агар мо сӯи қабри дигар рафта бошем ҳам, магар онҳо сӯи қабри даркорӣ рафта, намегуфтанд: „Аҳа! Мо шуморо фош кардем! Ҷасад дар ҷояш мебошад!“ Наход онҳо ин корро намекарданд?» Элисобаъ дастҳояшро ду тараф кард: «Хайр, бубахш маро, хуб? Ин гуна фикрҳо дар гӯшаи хотирам ҳам набуданд». Мутаассифона, Элисобаъ ягона касе набуд, ки чунин тахмин кард. Кирсопп Лейк назарияеро дар асоси он бунёд кардааст, ки занҳое ки ба ҳама оиди ғайб задани ҷасади Исо хабар доданд, гӯё қабри дигареро саҳван қабри Исо гумон кардаанд. Аммо, чуноне ки Марям бо қатъият ба Элисобаъ гуфт, сайри 15-дақиқаинаи саркоҳинон аз қаср ё қалъаи румии Уршалим дарҳол ба ҳар гуна овозаҳо оиди эҳё хотима гузошта метавонист. Аммо, албатта, ин тавр нашуд. Охир, қабре ки занҳо сӯи он рафта буданд, ҳақиқатан қабри Исо буд. Ва он холӣ буд. Худат боварӣ ҳосил кун Барои боварӣ ҳосил кардан ба беасос будани асотир оиди он, ки шогирдон саҳван сӯи қабри дигар рафтаанд, вазифаи зеринро иҷро кун. Порчаро аз Инҷили Матто хон (27:57–28:15). Онҳоеро зикр кун, ки бояд ҷои ҳақиқии қабрро медонистанд: Мат. 27:59, 60 __________________________________ Мат. 27:61 _____________________ва_______________ Мат. 27:62–66 __________________________________ Мат. 28:2–4, 11 _________________________________ Юҳанно боз як касро зикр мекунад, ки бояд ҷои дафни Исоро медонист (Юҳ. 19:38–41). Kист он шахс? Аҳамият деҳ, ки ҳам Матто, ҳам Марқус, ҳам Луқо менависанд, что занон дафн карда шудани Исоро дида буданд, (Мат. 27:61; Марқ. 15:47; Луқ. 23:55). Чаро ҳамаи онҳо инро навиштаанд? 17. БОЗИИ РУСТАКОН? Асотир оиди он, ки ҷасадро дуздидаанд Зикри аввалин оиди мавҷудияти асотир оиди ҷасади дуздидашуда дар худи Китоби Муқаддас ҳаст. Пас аз эҳё якчанд посбононе ки қабрро посбонӣ мекарданд, назди саркоҳинон омада, воқеаро нақл карданд. Матто менависад: Ва онҳо бо пирон ҷамъ омада ва машварат карда, ба сарбозон пули бисёре доданд ва гуфтанд: «Бигӯед, ки шогирдони Ӯ шабона омада, вақте ки мо дар хоб будем, Ӯро дуздидаанд; ва агар ин сухан ба гӯши ҳоким расад, мо вайро бовар мекунонем ва шуморо аз хатар фориғ мегардонем». Онҳо пулро гирифта, мувофиқи он дастур амал карданд. Ва ин овоза то имрӯз дар миёни яҳудиён паҳн шудааст. Мат. 28:12–15 Агарчи дар худи Аҳди Ҷадид пайдоиши асотир оиди дуздида шудани ҷасад фаҳмонда мешавад, баъзе касон ҳоло ҳам фикр мекунанд, ки шогирдон найранге карда, ҷасади Исоро пинҳон кардаанд. Аммо бо сабабҳои зиёд ба ин қисса бовар кардан номумкин аст. Масалан, санге ки дари қабрро баъди дафни Исо бо он пӯшонданд, аз сангҳое ки одамон барои рӯ-рӯи оби кӯл ҷаста рафтани он мепартоянд, хеле фарқ дошт. Мувофиқи маълумоти аз матнҳо гирифташуда, ва ҳисоббарориҳои ду профессори коллеҷи техникии Ҷорҷия, қутри он панҷ фут ва вазнаш қариб ду тонна буд. Ҳангоме ки қабрро ҳанӯз омода мекарданд, шояд як гурӯҳ коргарон сангро ба ҷои даркорӣ гузошта, такяе гузоштанд, то ки он пеш аз вақт ба чуқурие ки сӯи даромадгоҳи қабр мебурд, ғелида наравад. Ҳангоме ки Исоро дафн карданд, такяро гирифтанд ва қувваи ҷозиба кори худро кард: санг ғелид ва қабрро чунон пӯшонд, ки онро аз даромадгоҳ танҳо як гурӯҳ мардони боқувват дур карда метавонистанд, ва он ҳам бо кӯшиши зиёд. Маҳз аз ҳамин сабаб заноне ки пагоҳии якшанбе сӯи қабр равона шуданд, аз худ мепурсиданд: «…Сангро аз дари қабр барои мо кӣ меғелонад?» (Марқ. 16:3). Зиёда аз ин, саркоҳинон, барои пешгирии дуздида шудани ҷасад, аз Пилотуси ҳоким хоҳиш карда буданд, ки дар назди қабр посбононро гузорад. Дастаи посбонони румӣ чордаҳ ё шонздаҳ нафарро ташкил медод. Ҳар як посбон омӯхта шуда буд, ки қариб шаш фут замини атрофашро посбонӣ кунад. Шонздаҳ кас одатан квадратро ташкил медоданд — чортогӣ аз ҳар як тараф. Онҳо бояд 36 ярд заминро ҳимоя карда, ба фишори як баталион тоб оварда метавонистанд. Ҳангоме ки шаб фаро мерасид, чор кас бевосита назди объекти посбонишаванда меистоданд, ва дувоздаҳ нафари дигар дар назди объект ба шакли нимдоира, сарҳояшон сӯи маркази доира, мехобиданд. Ҳамин тариқ, барои дуздидани он чи ин тавр посбонӣ карда мешуд, дузд бояд аввал аз пеши посбонҳои хобида мегузашт (албатта, дар пеши назари он чор нафаре ки бедор буданд). Баъди ҳар чор соат чор каси онҳое ки хобида буданд, бо қувваи нав ба посбонӣ меистоданд, ва онҳое ки посбониро анҷом доданд, метавонистанд истироҳат кунанд. Ҳамин тавр онҳо дар тӯли шабонарӯз якдигарро иваз мекарданд. Бояд зикр кард, ки ин посбонон ба экскурсоводҳо монанд набуданд. Онҳо мошинҳои зиндаи хатарнок буданд, ки барои мубориза муқаррар шуда буданд. Т. Ҷ. Такер дар китоби худ «Ҳаёт дар ҷаҳони румии Нерон ва ҳавворӣ Павлус» яке аз чунин посбононро тасвир мекунад: Сари синаи ӯро корсети чармин ҳимоя мекард, ки бо қабатҳои оҳан ё биринҷии қабат-қабат ё пулакчашакл пӯшонда шуда буд. Дар сараш хӯди ҳамвори оҳанин буд. Дар дасти росташ найзаи машҳури румӣ буд. Ин силоҳи мустаҳками дарозиаш зиёда аз шаш фут аз дастаки чӯбини ба нӯгаш оҳани тез часпондашуда иборат буд; сарбоз онро чун сих халонда ё чун найза партофта метавонист. Ғайр аз ин, ӯ барои ҷанги наздик шамшер дошт. Дар дасти чап сипар буд… [ки онро] на танҳо дар даст доштан мумкин буд, балки ба тасмае ки аз китфи рост гузаронда мешуд, овезон кардан мумкин буд. Барои озодона истифода бурдани сипар сарбоз метавонист шамшерро, ки на силоҳи бурранда, балки халанда буда, се фут дарозӣ дошт, — бо ёрии тасмае ки аз китфи чап гузаронда мешуд, ба тарафи рост гузаронад. …дар тарафи чапи сарбоз ханҷар овезон буд. Касоне ки барояшон асотир оиди дуздида шудани ҷасад маъқул аст, шояд гумон мекунанд, ки якчанд шогирдоне ки як рӯз пеш чун харгӯшҳои тарсу гурехтанд, қарор доданд бо дастаи хуб мусаллаҳшудаи сарбозони ботаҷрибаи румӣ биҷанганд. Онҳо ё сарбозонро мағлуб намуданд, ё ҳангоме ки онҳо хобида буданд, аз наздашон пинҳонӣ гузаштанд, ва санги қариб дутоннагиро ба боло ғелонданд ва дар айни замон ягон посбонро бедор накарданд. Баъд, барои он ки манзара пурра бошад, шогирдон ҷасади Исоро бурда, дар ягон ҷой пинҳон карданд ва дар тӯли якчанд даҳсола ба тамасхурҳо, шиканҷаҳову азобҳо тоб оварданд, то ки дурӯғро— охир онҳо медонистанд, ки ин дурӯғ буд, — дар тамоми ҷаҳон паҳн кунанд. Ба ин бовар кардан тамоман душвор аст. Саймон Гринлиф, профессори донишгоҳи Гарвард, ки мутахассиси соҳаи ҳуқуқ буда, якчанд сол боз оиди рад кардани маълумотҳои шоҳидӣ ва муайян намудани рост ё дурӯғ будани суханони шоҳид лексияҳо мехонад, гуфтааст: «Агар онҳо ба ин факт комилан боварӣ намедоштанд, наметавонистанд ин гуна исрор намоянд, ки ҳақиқатро мегӯянд ва Исо ҳақиқатан аз мурдагон зинда шудааст». Ва ҳоло ҳар касе ки ҳақиқатро меҷӯяд, чун масеҳиёни аввалин, метавонад пурра боварӣ дошта бошад, ки имони масеҳӣ на бар кадом як асотирҳо ва достонҳо, балки бар факти таърихӣ асос ёфтааст, ки қабр холӣ буд ва Исои Масеҳ эҳё шуд. Худат боварӣ ҳосил кун Барои боварӣ ҳосил кардан ба беасос будани асотир оиди он, ки ҷасади Исоро дуздидаанд, вазифаи зеринро иҷро кун. Ояти 1–8-ро аз боби 15-уми Номаи якум ба Қӯринтиён хон. Кадом се воқеаро Павлус муҳимтарин меҳисобад: _______________________________________________ _______________________________________________ _______________________________________________ Чӣ қадар одамон (дар ҳадди ақалл), аз рӯи суханони Павлус, Масеҳи эҳёшударо дидаанд? Суханони Павлус оиди он, ки қисми зиёди бародарон аз ҷумлаи он панҷсад нафар (ояти 6) ҳанӯз зиндаанд, чӣ аҳамият доранд? _______________________________________________ _______________________________________________ _______________________________________________ Агар ба ҳар яке аз он панҷсад шоҳидон танҳо ба муддати панҷ дақиқа сухан медоданд, барои гӯш кардани ҳама чилу ду соат сарф мешуд. Дар бисёрии мурофиаҳои доварӣ танҳо ду ё се нафар шоҳидон ҳастанд, ки маълумот дода метавонанд. АСОТИРҲО ОИДИ МАСЕҲИЯТ ВА МАСЕҲИЁН 18. ОН ЧИ БАРОИ РУС ХУБ АСТ, БАРОИ НЕМИС МАРГ АСТ Асотир оиди он, ки ҳама чиз дар ин ҷаҳон нисбӣ аст «Ақидаи худро оиди он, ки чӣ хуб аст ва чӣ бад, ба ман бор накун! — гуфт Стефани. — Ман қариб ҳаждаҳсола шудаам. Ба ман панду насиҳат гуфтан бас аст. Ягон тарзи рафторро бад ҳисобидани шумо ҳанӯз маънои онро надорад, ки ин барои ман ҳам бад аст». Стефани зиддияти худро бо волидон он қадар зуд-зуд ба муайянкунии серғавғои муносибатҳо табдил медод, ки дар охир оиди он, ки «хуб» чист ва «бад» чист, барои худ тасаввуроти хос баровард. Ҳамин тариқ вай қурбонии дурӯғи иблис шуд, ки чунин садо медиҳад: «Дуруст ё нодуруст, хуб ё бад — ҳамаи ин нисбӣ аст… аз ҳама муҳимаш — бояд фаҳмӣ, ки барои худат чӣ хуб аст, ва меъёрҳои ахлоқии худро тартиб диҳӣ». Ва Стефани, албатта, танҳо нест. Бисёр касон гумон мекунанд, ки метавонанд қонуни ахлоқии худро тартиб диҳанд ва мустақилона муаяйн кунанд, ки чӣ барояшон бад аст ва чӣ — хуб, ва ҳақиқати худро ёбанд. Аллан Блум дар китоби худ «Маҳдудияти шуури амрикоӣ» гуфтааст, ки «ҳар як профессор метавонад пурра боварӣ дошта бошад: ҳангоми ба донишгоҳ дохил шудан қариб ҳар як донишҷӯ фикр мекунад, ки ҳақиқат нисбӣ аст». Дар асл ин асотир аст. Меъёрҳои ахлоқӣ нисбӣ нестанд. Мафҳумҳои «дуруст» ва «нодуруст» баҳснопазир мебошанд. К. С. Люис дар китоби худ «Масеҳияти муқаррарӣ» огоҳ мекунад: Ҳар боре ки шахсе мегӯяд, ки мафҳумҳои «дуруст» ва «нодуруст»-ро намепазирад, метавонед боварӣ дошта бошед, ки баъди дақиқае ӯ худаш аз чунин изҳорот даст мекашад. Ӯ метавонад ба қавле ки ба шумо додааст, вафо накунад, аммо ҳамин ки шумо ҳамин гуна рафторро нисбати ӯ раво бинед, ӯ дарҳол фарёд мезанад, ки шумо ноинсофона рафтор мекунед. Дар ин маврид мо маҷбур мешавем эътироф намоем, ки мафҳумҳои «дуруст» ва «нодуруст» ҳақиқатан вуҷуд доранд. Гоҳо одамон метавонанд онҳоро омехта кунанд, монанди он ки гоҳо дар ҳисоббарориҳо хато мекунанд; аммо ба ҳар ҳол ин мафҳумҳо ба завқу табъ ва афзалшумориҳои ягон кас вобаста нестанд, чуноне ки ҷадвали зарб низ ба ин чизҳо вобаста нест. Аз ҳама ҳайратовартар он аст, ки барои фарқ кунондани неку бад ҳатмӣ нест маълумоти файласуфӣ дошта бошед. Ҳавворӣ Павлус гуфтааст, ки ҳатто касе ки ҳеҷ гоҳ оиди Даҳ аҳком нашунидааст, «амали шариат дар дилашон навишта шудааст; виҷдон ва афкорашон низ, ки якдигарро гоҳе айбдор ва гоҳе сафед мекунанд, дар ин бобат гувоҳӣ медиҳанд» (Рум. 2:15). Агар боз бо суханони Люис гӯем, «ин Шариат ё Маҷмӯи қоидаҳоро оиди он ки чӣ дуруст аст ва чӣ нодуруст, пештар „қонуни табиат“ меномиданд… зеро одамон гумон мекарданд, ки ҳама табиатан инро медонанд ва ба ҳеҷ кас инро таълим додан даркор нест». Аммо ба ҳар ҳол касоне ҳастанд, ки ба қавли онҳо, агар ягон чиз барои шумо «бад» бошад, ҳатмӣ нест, ки барои онҳо низ бад аст. Аммо онҳо ҳеҷ касро фиреб дода наметавонанд. Кӯшиши сафед кардани рафтори худ ё маънидод кардани он ба воситаи асотир оиди он, ки ҳама чиз нисбӣ аст, танҳо он ҳақиқатро таъкид мекунад, ки онҳо дар умқи дил ба ҳар ҳол фарқи неку бадро медонанд. Онҳо ба Понтиюс Пилотус монанд мешаванд, ки саволи машҳурро додааст: «Ҳақиқат чист?» (Юҳ. 18:38). Истеҳзои талхи ин савол аз он иборат буд, ки дар ҳамон лаҳза Худи Ҳақиқат назди Ӯ истода буд! Дар Исо, ки Худро чун «роҳ ва ростӣ ва ҳаёт» ошкор намудааст, ҷавобе таҷассум ёфта буд, ки Пилотус меҷуст, аммо ҳокими румӣ Ҳақиқати таҷассумёфтаро фаҳмида натавонист. Худат боварӣ ҳосил кун Барои боварӣ ҳосил кардан ба беасос будани асотир оиди он, ки ҳама чиз нисбӣ аст, вазифаи зеринро иҷро кун. Ояти 6-ро аз боби 17-уми Китоби Доварон хон. Гуфтан мумкин аст, ки чунин асотир дар замоне ки ин китоб оиди он менависад, паҳн шуда буд, чунки «ҳар кас он чи __________________________, мекард». Oяти 12-ро аз боби 14-уми Китоби Масалҳои Сулаймон хон. Дар ин масал, ки дар ояти 25-и боби 16-уми ҳамон китоб такрор мешавад, оиди роҳҳое «ки ба назари кас рост менамоянд», чӣ гуфта шудааст? Онҳо ба чӣ оварда мерасонанд? Ба фикри ту, ин масал чӣ маъно дорад? Ояти 19-ро аз боби 45-уми Китоби Пайғамбар Ишаъё хон. Мувофиқи ин оят, кӣ ҳақиқатро баён мекунад ва ростиро ошкор менамояд? Ояти 10-ро аз боби 14-уми Китоби Пайғамбар Ҳушаъ хон. Кадом ду гурӯҳи одамон дар ду сатри охир зикр мешаванд? Ту худро ба кадоми онҳо мансуб медонӣ? Дигар хел карда гӯем, оё ту бо роҳҳои Худованд меравӣ ё дар онҳо пешпо мехӯрӣ? Оятҳои 31–32-ро аз боби 8-уми Инҷили Юҳанно хон. Оё Исо фикр мекунад, ки чизи комилан дуруст ва ё нодуруст вуҷуд надорад, ё суханони Ӯ оиди чизи дигар мегӯянд? Ба фикри Ӯ, чӣ чиз натиҷаи дарки ҳақиқат хоҳад шуд? 19. ҲАМА ЧИЗ ДАР МУҚОИСА ФАҲМИДА МЕШАВАД Асотир оиди он, ки Худо ҳамаи натиҷаҳоро баробар мекунад Хайр, шояд ман одами беҳтарини ҷаҳон нестам, аммо ба ҳар ҳол монанди ӯ бад нестам! Гӯш кунед, ман дар бораи ин ҷавон бисёр чизҳоро нақл карда метавонам. Мо дар наздикии ҳамдигар зиндагӣ мекардем ва ҳамроҳ дар кӯчаҳо гашту гузор мекардем, бинобар ин ман дар бораи ӯ бисёр чизҳоро медонам. Ӯ ҳамеша густох ва ҳавобаланд буд. Аммо ман дар аксари ҳолатҳо тамоман хомӯш ва ором будам. Ӯро боре дастгир карда, ба идораи полис бурданд; аммо ман ҳамеша бо тайёрӣ ба ҳукуматдорон ёрӣ мерасондам. Ӯро якчанд бор ба ҳабс шинонда буданд; аммо ман ҳеҷ гоҳ қонуншиканӣ накардаам. Боре ӯ дар пеши назари ходими дин ба касе ҳуҷум овард! Чуноне ки ман аллакай гуфтам, шояд, ман муқаддас ё чизе ба ин монанд нестам, аммо як чизро аниқ мегӯям: Яҳудои Исқарютӣ назар ба Шимъӯни Петрус хеле беҳтар аст!» Албатта, мегӯед шумо, Яҳудо, аз афти кор, ҳеҷ гоҳ оиди худ чунин суханонро нагуфтааст. Аммо ҳамаи он чи мо ба ҷои ӯ ба забон овардем, — рост аст. Анҷоми ин қисса ба ҳама маълум аст. Яҳудо Исоро таслим намуд ва худро овехта, кушт. Аммо Петрус, агарчи Худовандро инкор кард, тавба намуд ва бахшида шуд. Ӯ яке аз сарварони барҷастатарини калисо шуд. Бо вуҷуди он, суханоне ки мо аз номи Яҳудо ба забон овардем, он чиро, ки бисёр касон ҳис мекунанд, аниқ ифода менамоянд. «Шояд, ман як-ду бор яндаке май нӯшида бошам, — мегӯянд онҳо, — аммо ба ҳар ҳол мисли як рафиқам масту аласт нашудаам». Ё: «Ҳа, ман идеалӣ нестам, аммо мисли ӯ ғайбатгӯӣ намекунам». Аксар вақт ин чунин садо медиҳад: «Бигузор ман муқаддас нестам. Аммо агар вай барин шахсонро масеҳӣ меҳисобида бошанд, пас ман хеле бештар лоиқи ба биҳишт рафтан ҳастам». Аммо дар асл ин тавр нест. Дар мактаб ба ҳама маъқул аст, ҳангоме ки муаллим балли миёнаро ҳисоб карда, баҳоҳоро мегузорад. Охир, дар ин маврид ӯ ҳамаи баллҳоро навишта гирифта, ҷамъ мекунад ва ба миқдори талабагони синф тақсим мекунад, балли миёнаро мебарорад, ва баъд мувофиқи он, ки миқдори баллҳои ту аз ин ҳадди миёна болост ё не, баҳоро мегузорад (албатта, ҳамеша ягон Эйнштейн ёфт мешавад, ки аз боиси ӯ балли миёна хеле баландтар аз дараҷаи дониши хонандаи миёна мешавад). Мувофиқи ин система, то даме ки хонандагони аз ту хеле бесаводтар ҳастанд, метавонӣ он қадар кӯшиши зиёд накарда, ба ҳар ҳол имтиҳонро бо баҳои хуб супорӣ. Баъзе касон ин таҷрибаро ҳамчун намуна қабул карда, тасаввуроти худро оиди зиндагӣ, оиди Худо ва росткорӣ дар асоси он тартиб медиҳанд. Агарчи дар асл тасаввурот оиди он ки Худо ҳамаи натиҷаҳоро баробар мекунад — асотир аст. Ҳангоме Китоби Муқаддасро мехонӣ, маълум мешавад, ки Худо Сюзи ва Ҷонниро муқоиса намекунад, то ки хулоса барорад: «Хайр, Сюзи, ту на ба дараҷаи ӯ бад ҳастӣ, бинобар ин ба биҳишт хуш омадӣ. Аммо туро, Ҷонни, дар ҳуҷраи рақами се интизоранд». Ин тавр нест. Боре Ниқӯдимус ном шахс назди Исо омад. Ӯ фарисӣ буд, узви шӯрои пирони яҳудӣ, шахси дар ҷамъият маъруф, ки ҳамеша ҳама корро дуруст мекард: дуруст гап мезад, имони дуруст дошт. Аммо Исо ба ӯ нагуфт: «Эй, Ник, ту аввалин шуда ба осмонҳо меравӣ!» Ба ҷои ин Ӯ гуфт: «…ба ростӣ ба ту мегӯям: кас агар аз олами боло таваллуд наёбад, Малакути Худоро дида наметавонад» (Юҳ. 3:3). Муҳим нест, ки шумо аз Ҷенни Майерс хубтар ҳастед. Муҳим нест, ки шумо аз Эйб Ландерс камтар май менӯшед, ё ба калисо бештар аз Скотт Ҷексон меравед. Мувофиқи суханони Исо, муҳим он аст, ки шумо «аз олами боло таваллуд шавед». Худат боварӣ ҳосил кун Барои боварӣ ҳосил кардан ба беасос будани асотир оиди он, ки Худо ҳамаи натиҷаҳоро баробар мекунад, вазифаи зеринро иҷро кун. Он чиро, ки дар зер навишта шудааст, хон. Он ҷумлаҳоеро, ки дар Китоби Муқаддас нестанд, хат зан: А. Кас аз агар аз олами боло таваллуд наёбад, Малакути Худоро дида наметавонад. Б. Ҳеҷ кас набояд манфиати худро ҷӯяд, балки бояд саъй намояд, ки ба дигарон некӣ кунад. В. Ман дар мусобиқаи одилона ғолиб омадам, ман роҳи худро ба анҷом расондам ва аз ҳамаи онҳое ки ман мешиносам, беҳтар умр ба сар бурдам. Г. Доимо ба ҷамъомадҳои калисо рав, зеро танҳо дар он ҷо наҷот хоҳӣ ёфт. Д. Аз роҳе ки дӯстонат ба ту пешниҳод кардаанд, барканор нашав. Е. Шариати маро аз ҳама чизи ҳифзшаванда бештар ҳифз кунед, он гоҳ Малакути Худоро хоҳед дид. Ж. Ба Худованд Исо имон оваред ва оиди он ғамхорӣ кунед, ки даҳякии шумо аз он чи ёри шумо овард, бештар бошад, ва шумо бо аҳли хонаводаатон наҷот хоҳед ёфт. З. Агар тавба накунед, ҳамаатон ҳамин тавр нобуд хоҳед шуд. (Ҷавобҳо: Ғайр аз А (Юҳ. 3:3) ва З (Луқ. 13:3) ҳамаашро хат занед.) 20. ДАР ҲОЗИРҒОИБКУНИИ ОСМОНӢ ҲАМА ҲОЗИР МЕШАВАНД Асотирҳо оиди он ки ҳама наҷот меёбанд Хангоми дарс дар мактаби якшанбегӣ ҳама ҳайрон шуданд, ки Самантаи 16-сола гуфт: «Ман чунин меҳисобам, ки байни масеҳиён, пайравони буддоия ва мусулмонон фарқи зиёд нест. Моҳияти ҳамаи динҳо ба ҳар ҳол як аст: ҳамаи мо мехоҳем дар биҳишт бошем, аммо барои ба он ҷо рафтан роҳҳои гуногунро интихоб мекунем». Саманта, аз афти кор, намедонад, ки бисёр касон монанди ӯ фикр мекунанд. Агарчи на ҳамаи онҳо дар назди ҳама баён кардани ин ақидаро лозим меҳисобанд, аммо онҳо ба универсализм майл доранд — фикр оиди он, ки пайравони собитқадами ҳар гуна дин дар ҳама ҳолат ба биҳишт мераванд. Ҳатто «калисоҳои универсалистӣ» ҳастанд, ки чунин идеяҳоро тарғиб мекунанд. Бисёре аз онҳое ки дар имони масеҳӣ тарбия ёфта буданд (монанди Саманта), беихтиёр ба ин фикр моил мешаванд. Аммо ин бофтаи хаёлот аст. Ин бо он чи Китоби Муқаддас таълим медиҳад, мувофиқат намекунад. Исо гуфтааст: Аз дари танг дароед; зеро фарох аст он дар ва васеъ аст он роҳе ки сӯи ҳалокат мебарад, ва онҳое ки ба он дохил мешаванд, бисёранд; зеро танг аст он дар ва душвор аст он роҳе ки сӯи ҳаёт мебарад; ва ёбандагони он кам ҳастанд. Мат. 7:13, 14 Худатон фикр кунед: Худо ба шакли одам омад, азоб кашид ва дар салиб мурд, то ки одамон омурзиш ёфта, абадан дар осмонҳо ҳаловат бурда тавонанд; акнун одамонеро тасаввур кунед, ки дар тӯли асрҳо муҳаббати Ӯро қабул ё инкор мекарданд; ва баъд нигоҳи ботинии худро ба онҳое равона кунед, ки имонашон ба қурбонии кафораткунандаи Исо боиси маҳбусӣ, шиканҷаҳо ва марги пуразоб гаштанд. Ниҳоят замони охирро тасаввур кунед: тамоми инсоният назди Худо истодааст, ва Ӯ аввал ба миқдори зиёди онҳое менигарад, ки муҳаббати фидокоронаи Исоро қабул карданд, ва баъд ба онҳое ки Ӯро рад карданд. Баъд чунин манзараро тасаввур кунед: Худо китфонашро дарҳам кашида, мегӯяд: «Хайр, чӣ гӯям, ҳоҷати таҳқиқ кардан нест. Ҳамаатон дароед!» Ин тавр намешавад. Ва на аз он сабаб, ки Худо мехоҳад, ки баъзе касон абадиятро дар дӯзах гузаронанд. Баръакс, Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Худо намехоҳад, «…ки касе нобуд шавад, балки ҳама ба тавба рӯ оваранд» (2 Пет. 3:9). Универсалистҳо чунин далелҳо меоваранд: «Ман фаҳмида наметавонам, ки чӣ тавр Худои дӯстдоранда касеро ба дӯзах фиристода метавонад». Аммо Худо кӯшиш намекунад, ки одамонро ба дӯзах фиристад. Ӯ барои он омад, ки азоб кашад ва ба ҳамаи онҳое ки ба Ӯ имон меоваранд, ҳаёти абадӣ диҳад. Ҳамааш тамоман баръакс аст, маҳз одамон интихоб мекунанд, ки абадиятро дар куҷо гузаронанд. Дар Китоби Муқаддас аниқ гуфта шудааст, ки касоне ки якравона муҳаббати Худоро рад мекунанд, дар дӯзах гузарондани абадиятро интихоб менамоянд. Маҳз аз ҳамин сабаб масеҳӣ бояд фармудаи Исои Масеҳро ба ҷо оварад: «…биравед ва ҳамаи халқҳоро шогирд созед» (Мат. 28:19), чунки мувофиқи Китоби Муқаддас, замоне фаро мерасад, ки дигар имконияти тавба кардан нахоҳад буд. Худат боварӣ ҳосил кун Барои боварӣ ҳосил кардан ба беасос будани асотир оиди наҷоти умумӣ, ин вазифаро иҷро кун. Ояти 68-умро аз боби 6-уми Инҷили Юҳанно хон. Ҳангоме ки бисёре аз пайравон Исоро тарк карданд, Ӯ ба Шимъӯни Петрус ва дигар шогирдон гуфт: «Оё шумо ҳам мехоҳед Маро тарк кунед?» Петрус чӣ ҷавоб дод? Саволи Ӯ «Назди Кӣ биравем?» чӣ маъно дорад? Петрус дар ин оят чӣ қадар роҳҳоро сӯи ҳаёти абадӣ номбар мекунад? Ояти 6-ро аз боби 14-уми Инҷили Юҳанно хон. Худи Исо дар ин ҷо оиди он мегӯяд, ки чӣ тавр ба осмонҳо рафтан мумкин аст. Исо дар ин оят чӣ қадар роҳҳоро сӯи Худо нишон додааст? Суханони «танҳо ба василаи Ман» дар ин оят чӣ маъно доранд? Оятҳои 12–15-ро аз боби 20-уми китоби Ваҳй хон. Дар Китоби Муқаддас пешгӯии аниқе оиди он ҳаст, ки дар рӯзи Доварӣ чӣ хоҳад шуд. Мувофиқи ин оятҳо, оё ҳама ба осмонҳо мераванд? Бо онҳое ки номҳояшон (аз рӯи интихоби худ, ки дар зиндагӣ кардаанд) ба дафтари ҳаёт дохил карда нашудааст, чӣ мешавад? Якчанд дақиқаро ҷудо кун, то ки бо ҷиддият ва бо дуо, ба дастурҳои дар ояти 5-и боби 13-уми Номаи дуюм ба Қӯринтиён додашуда пайравӣ намуда, ба саволҳои дар ин оят додашуда ҷавоб диҳӣ. 21. ОН ЧИ МЕДОНЕД, МУҲИМ НЕСТ, МУҲИМ ОН АСТ, КИ ШУМО КИРО МЕДОНЕД Асотир оиди он, ки масеҳият идеология аст Донишҷӯёни яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Ғарб Майк ва Брэндон пас аз таътил вохӯрда, муаллимони дӯстдоштаи худро муҳокима мекарданд. «Медонӣ, курси тамаддунҳои Ғарбро боз Стэндиш таълим медиҳад! — шикоят мекард Майк. — Ин шахс миллатпараст аст! Танҳо аз он шод ҳастам, ки таърихи Англияро Нилон таълим медиҳад». «Ҳа-а-а. Ба мо бошад боз ҳам Кристос дарс медиҳад», — гуфт Брэндон. «Эҳе, рост? Кадом фанро?» «Ҳамаашро». «Ҳамаашро?» «Ҳа». «Ва ӯ бисёр корҳои контролӣ медиҳад?» «Не». «Ва шумо бояд он чиро, ки ӯ таълим медиҳад, бояд аз ёд кунед?» — пурсид Майк. «Не», — ҷавоб дод Брэндон. «Пас, ӯ шуморо ба чӣ кор водор менамояд?» «Умуман танҳо беҳтар шинохтани ӯро. Ӯ мехоҳад, ки мо бо ӯ шинос шавем, чӣ гуна будани ӯро фаҳмем, ва бо ӯ муносибатҳоро инкишоф диҳем». Чунин муаллимро тасаввур кардан душвор аст, ҳамин тавр не? Аммо ӯ ҳаст. Бисёр одамон фикреро ҷонибдорӣ менамоянд, ки масеҳият, чун ҳама гуна дини дигари ҷаҳонӣ, асосан системаи эътиқодҳо, маҷмӯи таълимот ё тартиби рафтор, фалсафа, идеология аст. Аммо ин асотир аст. Масеҳият ба буддоия, ё ислам, ё дини пайравони Конфутсий ҳеҷ монанд нест. Асосгузорони ин се дин моҳиятан чунин мегуфтанд: «Ман фалон ва фалон чизҳоро таълим медиҳам. Ба таълимоти ман бовар кунед. Фалсафаи маро пайравӣ намоед». Аммо Исо чунин гуфтааст: «Аз пайи Ман биё» (Мат. 9:9). Сарварони динҳои ҷаҳонӣ мепурсиданд: «Шумо оиди таълимоти ман чӣ фикр доред?» Аммо Исо гуфтааст: «Шумо Маро кӣ мегӯед?» (Луқ. 9:20, курсиви муаллифон). Аксари пайравони ин ё он дин бояд ба худ чунин савол диҳанд: «Ман кадом идеологияро пайравӣ мекунам?» Аммо шахсе ки масеҳӣ шудан мехоҳад, бояд аз худ пурсад: «Пас, Исоро, ки Масеҳ меноманд, чӣ кунам?» (Мат. 27:22). Масеҳият дин нест. Он муносибатҳо аст. Масеҳият на системаи эътиқодҳо ё маҷмӯи доктринаҳост. Дар он чизи муҳимтарин — Шахсият аст. Маҳз аз ҳамин сабаб доварӣ бар Исо — ягона ва нотакрор аст. Дар аксари мурофиаҳои доварӣ айбдоркунӣ дар асоси он чи айбдоршаванда содир кардааст, сохта мешавад. Аммо Исоро барои он доварӣ мекарданд, ки Ӯ кӣ буд. Ҳангоме инҷилнавис Марқус тасвир мекунад, ки чӣ тавр Исоро дар назди шӯрои пирон доварӣ мекарданд, ӯ зикр мекунад, ки дар доварӣ якчанд шоҳидони дурӯғин буданд, аммо шаҳодатҳои онҳо ихтилоф доштанд ва боварибахш набуданд. Баъд Марқус менависад: «…саркоҳин аз Ӯ [Исо] пурсида, гуфт: «Оё Ту Масеҳ, Писари Мутаборак ҳастӣ?» Он гоҳ Исо, ба калимаи «Мутаборак», ки барои яҳудиён бевосита Худоро ифода менамуд, ҷавоб дод: «Ман ҳастам». Он гоҳ саркоҳин, ҳукми шӯрои пиронро интизор нашуда, ҷомаи худро дарронд, то нишон диҳад, ки Исо куфр мегӯяд ва худро Худо эълон менамояд. Ҳамин тариқ, ихтилофот дар доварӣ аз боиси шахсияти Масеҳ ба миён омаданд — Ӯ кист? Маҳз ҳамин аст нишонаи фарқкунандаи масеҳият. Он идеология нест; масеҳият бар шахсияти Масеҳ асос ёфтааст ва муносибатҳоро бо Ӯ металабад. Ҳаққонияти имони масеҳӣ бо он тасдиқ мегардад, ки Исои Масеҳ Писари Худост. Аз ҳамин сабаб байни Исо ва фарисиён ихтилоф ба миён омад. Фарисиён гумон мекарданд, ки риояи қатъии Шариат, принсипҳои Китоби Муқаддас чизи муҳимтарин аст. Аммо Исо моҳиятан гуфт: «Не, ин тавр нест. Итоат ба Шариат бояд ифодаи муносибатҳои шахсӣ бо Ман бошад. Ба таълимоти Ман пайравӣ кардан шуморо масеҳӣ намегардонад. Ин танҳо ба воситаи муносибатҳои шахсӣ бо Ман, ки дар муҳаббат асос ёфтаанд, имкон дорад». Худат боварӣ ҳосил кун Барои исбот кардани беасос будани асотир оиди он, ки масеҳият идеология аст, вазифаи зеринро иҷро кун. Оятҳои 63–65-ро аз боби 26-уми Инҷили Матто хон. Саркоҳин аз Исо пурсид, ки Ӯ чӣ кор кард, ё ин ки Ӯ кист? Исо чӣ ҷавоб дод? Саркоҳин ба ин чӣ аксуламал намуд? Оятҳои 37–3-ро аз боби 15-уми Инҷили Марқус хон. Мирисад, ки шоҳиди марги Исо дар салиб буд, чӣ гуфт? Суханони ӯ оиди таълимоти Исо буданд, ё оиди Худи Ӯ? Оятҳои 41–43-ро аз боби 27-уми Инҷили Матто хон. Мувофиқи суханони онҳое ки Исоро масхара мекарданд, Ӯ оиди Худ чӣ мегуфт? 22. ДАРОМАДАНИ ШАХСОНИ БАЛАНДМАЪРИФАТ МАНЪ АСТ Асотир оиди он, ки шахси доно масеҳӣ буда наметавонад Валдо ба фикрҳои худ фурӯ рафта, оҳиста дар кӯча қадам мезад. Ӯ сӯи калисо мерафт. Ӯ қарор дод, ки муддати зиёд аз Худо мегурехт ва акнун вақти он расидааст, ки ба Худо рӯ оварад. «Ин тавр давом ёфта наметавонад, — фикр мекард ӯ. — Ман дигар наметавонам ба ҳисси айбдорӣ тоб оварам, гуноҳкории худро дарк намоям, ва эҳсос кунам, ки дар зиндагиям чизе намерасад». Ӯ сӯи калисои сангин, ки нӯги манораҳо ва бурҷҳояш сӯи осмон ишора мекарданд, равона буд. «Бинои зебо, — гуфт ӯ ба худ. — Аз ин биноҳои осмонхароши шишагин, ки ҳар рӯз месозанд, хеле фарқ дорад». Якчанд маҳалларо гузашта, ӯ назди калисо омад. Назди дари калони чӯбин истода, кӯшиш кард ором шавад. Ниҳоят, нафаси вазнин кашида, аз зинаҳо боло баромада, ба дарун даромад. Даромада, назди остона андаке таваққуф кард, то ки чашмонаш ба рӯшноии хираи толори калисо одат кунанд. «Даромадан мехоҳед?» Ин овоз Валдоро мушавваш намуд. Ӯ занро дарҳол надид ва ба сӯи овоз тоб хӯрд. Назди ӯ зани хурди андаке хамидақомат истода буд, ки мӯйҳои сафедашро ба паси сар ҷамъ карда буд. «Шумо даромадан мехоҳед?» — такрор кард ӯ. «Ҳа, албатта, — ҷавоб дод Валдо, — мехоҳам». «Пас, марҳамат карда, ақлатонро ба ман диҳед». Валдо боварӣ дошт, ки иштибоҳ кардааст. Аммо зан суханони худро такрор кард, ва ин дафъа онҳо хеле возеҳ садо доданд. «Илтимос, ақлатонро супоред». «Ақламро?» «Ҳа. Охир, шумо ба калисо медароед, ҳамин тавр не?» Валдо тасдиқ намуд. «Шумо қарор додед, ки пайрави Масеҳ бошед?» «Ҳа», — гуфт ӯ. «Хуб, пас, шумо бояд ақлатонро дар ин ҷо гузоред. Он ба шумо дигар даркор намешавад. Мо ба он лавҳачаеро бо номи шумо овехта мемонем. Он дар ин ҷо нигоҳ дошта хоҳад шуд. Хавотир нашавед, мо ҳамеша ҳамин тавр мекунем. Агар шумо масеҳӣ шуданӣ бошед, бояд аз ақл даст кашед». Албатта, ин қисса бофтаи хаёлот аст, аммо андешаҳои бисёр касонро тасвир менамояд, ҳангоме онҳо оиди он фикр мекунанд, ки масеҳӣ шудан чӣ маъно дорад. Онҳо гумон мекунанд, ки барои масеҳӣ шудан аз ақл даст кашидан даркор аст, дигар хел карда гӯем, маърифати худро фидо карда, оқилона андеша ронданро бас кунанд. Ин асотир аст. Бисёр мутафаккирони бузурги таърихи инсоният масеҳӣ буданд. Аз ҷумла, ҳавворӣ Павлус, Августин, Мартин Лютер, Ҷон Калвин, Ҷон Бенян, Дитрих Бонҳоффер, Фрэнсис Шеффер. Масеҳӣ шудан маънoи онро надорад, ки ҳамеша бо ақли худ дар ихтилоф бошед. Ин маънои онро дорад, ки шумо комилтар, пурратар мешавед. Ҳангоме ки шахс масеҳӣ мешавад, аксаран дарҳол мебинад, ки олами атроф, ки гӯё маҷмӯи аҷиби қисмҳои берабт метофт, ба як чизи мутаносиб табдил меёбад. К. С. Люис дар тарҷумаи ҳоли худ мегӯяд, ки дар ҷавонӣ аз Инҷил дурӣ меҷуст ва ба он сахт муқобилат менамуд, зеро масеҳиятро системаи бехирадона меҳисобид. Аммо ин монеа барҳам хӯрд, ва ӯ «аз хурсандӣ ҳайрон шуд». Ӯ дарк намуд, ки имон овардан тахайюлоти ӯро алангаи бештар дод ва барои эҷодкорӣ қувват бахшид. Ӯ ба шарофати чунин асарҳои адабии худ машҳур шуд: «Мактубҳои Фитнаангез» ва «Воқеаномаи Нарния», ки аз шаш қисм иборат буда, маҳбуби ҳамагон гардидааст. Лю Уоллес қарор дод, ки бо истифодаи лаёқатҳои барҷастаи ақлӣ ва эҷодии худ беасос будани масеҳиятро исбот кунад, аммо қувваи Хушхабар боиси имон овардани ӯ шуд. Ӯ асари классикии «Бен Гур»-ро навишт. Ҳуқуқшиноси британӣ Фрэнк Морисон мехост китобе нависад, ки факти эҳёи Исои Масеҳро рад мекарда бошад. Ӯ тадқиқоти ҷиддӣ гузаронд, далелҳои таърихиро ҷамъ овард, ва кӯшиш кард, ки ба мақсади гузошташуда расад. Дар натиҷа ақл ва меҳнаташ ӯро ба хулосае оварданд, ки Исо аз мурдагон эҳё шудааст! Ҳамин тавр Фрэнк масеҳӣ шуд. Инҷил талаб намекунад, ки шумо аз лаёқатҳои ақлии худ даст кашед. Баръакс, он талаб мекунад, ки шумо ақли худро ҳарчи пурратар истифода баред, то бо боварии Павлус гуфта тавонед: «…башорати Масеҳро ба худ ор намедонам, чунки он – қуввати Худост барои наҷоти ҳар як имондор» (Рум. 1:16). Худат боварӣ ҳосил кун Барои боварӣ ҳосил кардан ба беасос будани асотир оиди он, ки шахси доно масеҳӣ буда наметавонад, ин вазифаро иҷро кун. Ояти 32-ро аз боби 8-уми Инҷили Юҳанно хон; 15-ро аз боби 3-юми Номаи якуми Петрус хон; ва оятҳои 2 то 4-умро аз боби 17-уми китоби Аъмоли Ҳаввориёни муқаддас хон. Ҳамчунин оятҳои 16–34-ро аз боби 17-уми ҳамон китоб хон, ки дар онҳо оиди дар Атино будани Павлус гуфта мешавад, ки он ҷо ӯ бо файласуфони эпикурӣ ва истоӣ ва мутафаккирони ареопаг вохӯрд. Ба ояти 23 аҳамият деҳ. Оё Павлус аз аҳли Атино хоҳиш мекунад, ки андешаҳои оқилонаро тарк кунанд? Оё пешниҳод мекунад, ки донишҳои худро бо он чи дар таъломоташон намерасад, пурра кунанд? Дар байни имоновардагони Атино узви ареопаг, мутафаккири бузург буд (ояти 34). Кист ӯ? 23. ҶЕФФ ВА ПРОФЕССОР Асотир оиди имони кӯр-кӯрона «Пас, шумо масеҳӣ ҳастед?» — профессор бо ҳисси афзалият ришашро сила мекард. Ҷефф, донишҷӯи курси якуми коллеҷ, оби даҳонашро чунон фурӯ бурд, ки ба фикраш, инро ҳама дар аудитория шуниданд. «Пас, ба ман бигӯед, — давом дод профессор, — оё бо боварии сад дар сад исбот карда метавонед, ки Исо аз мурдагон эҳё шудааст?» Ҷефф хост сулфа кунад, аммо ҷавоби ӯ ба ҳар ҳол монанди овози муш буд: «М-м, не». «Ана мебинед? — гуфт профессор. — Имони кӯр-кӯрона. Бехирадона, беақлона, бе мантиқ». Ӯ ба тахта рӯ овард, Ҷефф бошад шармсор гардида, то занги танаффус суп-сурх шуда менишаст, ӯ рӯҳафтода шуда буд. Агар ман дар ҷавонӣ ба ҷои ин донишҷӯ мебудам, пурра бо профессор розӣ мешудам. Он вақт ман фикр мекардам, ки имони масеҳӣ — имони кӯр-кӯрона аст, ва қарор додам, ки масеҳиятро омӯзам, то беасос будани онро исбот намоям. Аммо ҳар қадар бештар ман масеҳиятро аз нуқтаи назари таърихӣ ва библиявӣ тадқиқ менамудам, ҳамон қадар бештар мефаҳмидам, ки ин имони оқилона, мантиқӣ ва маънидодшаванда аст. Исо ба пайравони худ мегуфт: «Ва ростиро хоҳед шинохт, ва ростӣ шуморо озод хоҳад кард» (Юҳ. 8:32). Ӯ нагуфтааст: «Шумо бояд ҳақиқатро сарфи назар кунед». Ӯ нагуфтааст: «Оиди ҳақиқат ҳатто ташвиш накашед». Ӯ нагуфтааст: «Шумо бояд бар хилофи ҳақиқат бовар кунед». Ӯ гуфтааст: «Ва ростиро хоҳед шинохт, ва ростӣ шуморо озод хоҳад кард». Исо моро даъват намекунад, ки ба Ӯ чун ба Наҷотдиҳанда ва Худованд имон оварда, худкушии ақлӣ кунем. Ӯ намехоҳад, ки мо бефикрона ба Ӯ имон дошта бошем. Имони масеҳӣ бояд бар фактҳо асос ёфта бошад. Профессор, ки имони Ҷеффро зери шубҳа гузошт, гумон мекард, ки агар ягон чизро бо боварии сад дар сад исбот карда натавонед, он на ҳақиқат дорад, на фоида. Ӯ ҳамчунин чунон меҳисобид, ки имони масеҳӣ кӯр-кӯрона аст, чунки эҳё ва илоҳияти Исоро 100 % исбот кардан ғайриимкон аст. Ин асотир аст. Мо дар ҷаҳоне зиндагӣ мекунем, ки инкишофи воқеаҳоро пешгӯӣ кардан хеле душвор аст. Ин маънои онро дорад, ки ягон чизро бо боварии сад дар сад исбот кардан имконнопазир аст, ба истиснои соҳаи риёзиёт. Истеҳсолкунандагони автомобилҳо бо боварии сад дар сад исбот карда наметавонанд, ки моделҳои нави онҳо бехатар мебошанд. Аммо он факт, ки мошинҳо аз бисёр санҷишҳо мегузаранд, пурра боварибахш аст. Вакилони маҳкама бо боварии сад дар сад исбот карда наметавонанд, ки гумонбаршаванда ҷинояти додашударо содир кардааст. Ҳатто агар гумонбаршаванда софдилона иқрор шуда бошад ҳам, доимо ҳолатҳои пешбининашуда ҳастанд. Масалан, имкон дорад, ки ӯ барои ҳимояи касе дурӯғ мегӯяд, ё ӯро маҷбур кардаанд, ки иқрор шавад, аммо вакилони маҳкама фактҳоро дида мебароянд, то ҳукме бароранд, ки «аз ҳам гуна шубҳаҳо болотар аст». Айнан ҳамин тавр на эҳёи Масеҳ, на илоҳияти Ӯро бо боварии сад дар сад исбот кардан имконнопазир аст. Аммо ин маънои онро надорад, ки имони масеҳӣ имони кӯр-кӯрона аст. Он фактҳои кофӣ дорад. Онҳо исботи бевосита нестанд, чунки он гоҳ онҳо боварии сад дар садро медоданд. Аммо онҳо ба қадри кофӣ ҳастанд. Ҳавворӣ Юҳанно дар Инҷил навишта буд: «Боз бисёр мӯъҷизоти дигаре Исо дар назди шогирдонаш нишон дод, ки дар ин китоб навишта нашуд» (Юҳ. 20:30). Ӯ бо ин суханон чӣ гуфтан мехоҳад? Ӯ гуфтан мехоҳад, ки Исо ғайр аз он чи дар Китоби Муқаддас хондан мумкин аст, бисёр мӯъҷизаҳои дигар низ ба амал овардааст, ва онҳо илоҳияти Ӯро тасдиқ мекунанд. Факте ки Юҳанно меоварад, исботи бевосита нест. «Аммо ин қадараш, — менависад ӯ дар ояти оянда, — навишта шуд, то шумо имон оваред, ки Исо Масеҳ ва Писари Худост; ва имон оварда, ба исми ӯ ҳаёт ёбед» (Юҳ. 20:31). Дар ин оятҳо (30 ва 31) Юҳанно моҳиятан гуфтааст, ки шаҳодатҳо исботи бевосита намебошанд, аммо онҳо ба қадри кофӣ вуҷуд доранд. Блез Паскал, риёзидон, файласуф ва олими франсавӣ, гуфтааст, ки имони масеҳӣ ба қадри кофӣ фактҳо ва шаҳодатҳо дорад, то ҳар касро бовар кунонад, агар ӯ зидди он барангехта нашуда бошад. Бояд гуфт, ки барои онҳое ки худ назди Худо омадан намехоҳанд, ҳеҷ гуна исботҳо ҳеҷ гоҳ кофӣ нахоҳанд буд. Худат боварӣ ҳосил кун Барои исбот кардани беасос будани асотир оиди имони кӯр-кӯрона, вазифаи зеринро иҷро кун. Оятҳои 30, 31-ро аз боби 20-уми Инҷили Юҳанно хон. Чаро Юҳанно шаҳодатро оиди он навишт, ки Исо «Масеҳ ва Писари Худост»? Чӣ тавр «ҳаётро ба исми Ӯ» ба даст овардан мумкин аст? Бо имон ба чӣ (ё ба кӣ)? Оятҳои 1–4-ро аз боби 1-уми Инҷили Луқо хон. Луқо барои тавсифи он ки чӣ тавр ӯ Инҷилро навиштааст, кадом калимаҳоро интихоб намудааст (ояти 3)? Аҳамият деҳ, ки Луқо Инҷили худро ба номи Теофилус ном шахс навиштааст. Луқо аз «пай дар ҳам навиштан»-и ҳаёти Исо ва таълимоти Ӯ кадом натиҷаро интизор аст? Оё «бо диқат тадқиқ намудан»-и ин шаҳодат мақсади ту гардидааст, «то ки ту эътимоднокии таълимотеро, ки дар он тарбият ёфтаӣ, бидонӣ»? 24. АБРАҲАМ ЛИНКОЛН ВА ИМТИҲОН АЗ ТАЪРИХ, КИ ДАР СОАТИ 10-И ПАГОҲӢ ТАЪИН ШУДААСТ Асотир оиди зарурати исботи илмӣ «Як дақиқа, ҷаноб». Ман хондани лексияро дар яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Амрико ба охир расонда, пурсидам, ки оё ягон кас оиди маводи шунидааш савол дорад. Аз қаторҳои ақиби аудитория овозе баромад. «Ман аспирант ҳастам ва бо кори илмӣ машғулам, — гуфт ҷавонмард, — бинобар ин ба он чи ба таври илмӣ исбот кардан ғайриимкон аст, бовар карда наметавонам. Оё шумо факти эҳёи Исои Масеҳро ба таври илмӣ исбот карда метавонед?» «Не», — ҷавоб додам ман. Аспирант қаноатмандона табассум намуд. «Албатта, — давом додам ман, — охир, шумо ҳаққонияти суханони худро ба таври илмӣ исбот карда наметавонед». Исботи илм бар такрори чандинкаратаи ҳамон як амал дар вазъияти назоратшаванда бунёд карда мешавад, ҳангоме ки онро мушоҳида кардан, маълумотҳоро сабт намудан ва хулоса баровардан мумкин аст. Исботи илмӣ натиҷаи таҷриба ва мушоҳида аст. Ана, масалан, таҷрибаи илмӣ чӣ тавр буда метавонад. Мард ва зан хилъатҳои сафед дар тан ба лаборатория медароянд: зан бо папка ва қалам, мард бо як порча чизи сафеди хурди сахт дар даст. Мард предмети сафедро ба зарфи шишагии пур аз оби муқаррарӣ меандозад. Предмет дарҳол ба рӯи об мебарояд. Зан дар варақаи сабти натиҷаҳо чизе менависад. Ӯ предметро ба таги зарф меғӯтонад. Он ба рӯи об мебарояд. Зан боз сабт мекунад. Ӯ боз предметро ба таги зарф меғӯтонад. Он боз ба рӯи об мебарояд. Зан сабт мекунад. Ӯ меғӯтонад. Он ба рӯи об мебарояд. Зан сабт мекунад. Пас аз таҷрибаҳои чандинкарата дар вазъияти назоратшаванда ҳангоми мушоҳида ва сабти натиҷаҳо олимон хулоса мебароранд, ки собуни аз устухони фил сохташуда дар рӯи об меистад. Инро ба таври илмӣ исботшуда ҳисобидан мумкин аст. Муатаассифона, бисёр касон гумон мекунанд, ки агар шумо чизеро ба таври илмӣ исбот карда натавонед, пас, он дурӯғ аст ва ё эҳтимолияти кам дорад. Аммо ин асотир аст. Усули илмӣ ягона воситаи исботи чизе нест. Агар ин тавр мебуд, шумо исбот карда наметавонистед, ки Абраҳам Линколн як замон президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико буд, чунки ин воқеа такрор намешавад. Он танҳо дар гузашта вуҷуд дорад. Айнан ҳамин тавр шумо исбот карда наметавонед, ки рӯзи ҷумъаи гузашта дар соати 10-и пагоҳӣ имтиҳони душворе аз фанни таърих доштед. Шумо инро дар вазъияти назоратшаванда, ки мушоҳидаҳо гузаронда, маълумотҳо сабт карда мешаванд, якчанд бор такрор карда наметавонед. Ин танҳо як бор рӯй дод. Ин таърих аст. Аммо агар факти мавҷудияти Абраҳам Линколнро ё он фактро, ки рӯзи ҷумъаи гузашта аз фанни таърих имтиҳон доштед, исбот кардан ғайриимкон бошад, ин маънои онро надорад, ки ин воқеаҳо рӯй надодаанд. Он фактро, ки онҳо дар гузашта воқеъ шудаанд, исбот кардан мумкин аст. Ва воситае ки бо ёрии он воқеияти онҳоро исбот кардан мумкин аст, «усули ҳуқуқии муқаррар намудани фактҳои таърихӣ» ё, аниқтараш, «усули шаҳодатҳои шоҳидон» мебошад. Факти ҳақиқатан рӯй додани воқеаро бо усули шаҳодати шоҳидон бо баррасии се навъ далелҳо исбот кардан мумкин аст: шаҳодатҳои шифоҳӣ, шаҳодатҳои хаттӣ ва далелҳои шайъӣ. Ин гуна «далелҳо» ҳар рӯз дар тамоми ҷаҳон ҳангоми довариҳо пешниҳод карда мешаванд, ва ин ягона навъи далелҳост, ки бо ёрии он воқеияти ҳама гуна рӯйдоди таърихиро тасдиқ кардан мумкин аст. Масалан, чӣ тавр исбот кардан мумкин мебуд (бо усули шаҳодати шоҳидон), ки ҳақиқатан Абраҳам Линколн ном президенти Амрико буд? Агар шоҳидони давраи ҳукмронии ӯро ёфтан мумкон мебуд, шумо бо онҳое ки ӯро мешинохтанд, бо ӯ вомехӯрданд ва суханони ӯро мешуниданд, мусоҳиба мекардед, — ин шаҳодати шифоҳӣ мебуд. Шумо нусхаҳои мактубҳои навиштаи ӯ, рӯзномаҳоеро, ки оиди кушта шудани ӯ хабар медоданд, ҷамъ мекардед, ва китобҳоро оиди ӯ меёфтед — инҳо шаҳодатҳои хаттӣ мебошанд. Ниҳоят, шумо далелҳои шайъиро пешниҳод мекардед — соати кисагии ӯ, суратҳои ӯ ва ҷои таваллуди ӯ, ҳатто табақчаи қандгирии ӯро. Чӣ тавр исбот кардан мумкин мебуд, ки шумо ҳақиқатан рӯзи ҷумъаи гузашта дар соати 10-и пагоҳӣ аз фанни таърих имтиҳон доштед? Бо усули шаҳодатҳои шоҳидон: муаллими шумо метавонист дар ин бора шаҳодат диҳад, шумо метавонистед кори имтиҳонии худро бо таърихи рӯз ва баҳои гузошташуда пешниҳод намоед (агар, албатта, онро аз волидон пинҳон кардан лозим набошад), ниҳоят, шумо суратҳоеро ба даст оварда метавонистед, ки суратгири мактаб ҳангоми имтиҳон аксбардорӣ намудааст, ва ғайра. Усули илмӣ маҳдуд аст. Бо ёрии он воқеияти рӯйдодҳои гузаштаро исбот кардан имконнопазир аст. Исбот кардан номумкин аст, ки Наполеон дар назди Ватерлоо мағлуб шуд; ва дар асри XVII дар Лондон эпидемияи тоун боси марги 150 000 кас гардид; ва Исо эҳё шуд, зеро такрор кардани ин воқеаҳо дар вазъияти назоратшаванда, ки ҳангоми он мушоҳида кардан, маълумотҳоро сабт намудан ва дар асоси онҳо хулоса баровардан мумкин бошад, ғайриимкон аст. Аммо воқеияти рӯйдоди таърихиро бо ёрии усули шаҳодатҳои шоҳидон, бо пешниҳод намудани далелҳои шифоҳӣ, хаттӣ ва шайъӣ, ки воқеияти рӯйдодро бе ҳеҷ шубҳа собит менамоянд, исбот кардан мумкин аст. Ҳамин тариқ, тасаввурот оиди он, ки эҳёи Исо аз боиси ба таври илмӣ исботнашаванда будан дурӯғ бошад ё эҳтимолияти кам дошта бошад, — асотир аст. Ҳаёт ва хизматгузории Исо, мӯъҷизаҳое ки Ӯ ба амал овард, ва эҳёи Ӯ, ин фактҳо исботшаванда мебошанд — ва исбот карда шудаанд — бо усули шаҳодатҳои шоҳидон. Худат боварӣ ҳосил кун Барои боварӣ ҳосил кардан ба беасос будани асотир оиди зарурати исботи илмӣ, вазифаи зеринро иҷро кун. Оятҳои 1–9-ро аз боби 20-уми Инҷили Юҳанно хон. Кадом далелҳои шайъии эҳёи Исо дар ин оятҳо зикр шудаанд? Оятҳои 10–29-ро аз боби 20-уми Инҷили Юҳанно хон. Чӣ қадар шоҳидонро, ки ба эҳёи Исо аксуламали гуногун нишон додаанд, Юҳанно дар ин оятҳо зикр мекунад? Оятҳои 30, 31-ро аз ҳамон боб хон. Кадом навъи шаҳодат дар ин оят зикр шудааст? Ниҳоят, оятҳои 3–8-ро аз боби 15-уми Номаи якум ба Қӯринтиён хон. Чӣ қадар шоҳидони эҳё дар ин оятҳо зикр шудаанд? Бо назардошти он, ки ту оиди усули шаҳодатҳои шоҳидон фаҳмидӣ, оё дигар шаҳодатҳои эҳёи Масеҳро оварда метавонӣ? 25. ПОМИДОРҲОИ ПУХТА ВА КРОССОВКАҲО Асотир оиди шустани майна Бисёр касон гумон мекунанд, ки масеҳӣ шудан натиҷаи таъсири махсуси психологӣ аст, мисли «шустани майна», ки ҳангоми он шахсро бо ёрии суханони боварибахш ва «асотирҳо»-и масеҳии ба таври эҳсосотӣ нақлшуда коркард менамоянд. Онҳо гумон мекунанд, ки масеҳиён дар олами хаёлот зиндагӣ мекунанд. Дигар хел карда гӯем, худро ва дигаронро бо бозиҳои ақлии хуб тайёркардашуда аҳмақ мекунанд, ки дар натиҷа дар рафтори шахс баъзе дигаргуниҳо ба амал меоянд. Ин асотир аст. Ҳангоми як баҳс, ки дар дарси таърих ба миён омад, ман оиди он нақл кардам, ки чӣ тавр ба Масеҳ рӯ овардам. Ман аллакай нақли худро қариб ба охир расонда будам, ки муаллим гуфт: «Гӯш кунед, Макдауэлл, ба мо на шаҳодатҳо вергуль балки фактҳо даркоранд. Ман бе ин ҳам дар тамоми ҷаҳон бисёр касонеро вохӯрдаам, ки ҳаёташон баъди масеҳӣ шудан дигаргун шудааст». «Ташаккур, — гуфтам ман. — Иҷозат диҳед нақламро ба охир расонам, ва баъд ман ба мулоҳизаи шумо ҷавоб медиҳам». Баъди якчанд дақиқа ман ба мулоҳизаи муаллим баргаштам. «Бисёриҳо ҳамон як саволи риторикиро медиҳанд: „Хайр, чӣ шудааст, ки Масеҳ ҳаёти шуморо дигаргун намудааст?“ Ман кӯшиш мекунам, ки ба он ҷавоб диҳам. Барои ман воқеияти ду ҳазор сол пеш эҳё шудани Исои Масеҳро он факт тасдиқ мекунад, ки ҳаёти миллионҳо одамон пас аз имон оварданашон пурра дигаргун мешавад, ва онҳо бо Исои Масеҳ муносибатҳои шахсӣ барпо мекунанд. Ва агарчи ин одамон ба табақаҳои гуногуни ҷамъият тааллуқ доранд, ва намояндагони миллатҳои гуногун мебошанд, ҳаёти онҳо ба таври ҳайратовар як хел дигаргун мешавад. Ҳангоме ки одам ба Масеҳ боварӣ мекунад, — фарқ надорад, ки ӯ профессори соҳибистеъдод ё нодонтарин одами ваҳшӣ мебошад, — ҳаёти ӯ рӯ ба дигаргунӣ меоварад. Баъзеҳо мегӯянд, ки ман чизи мехостаамро чун ҳақиқат вонамуд мекунам, ё ба суханони ман розӣ мешаванд, ва дар айни ҳол мегӯянд, ки ин ҳеҷ чизро исбот намекунад. Аммо барои масеҳӣ таҷрибаи субъективии ӯ асоси устувор дорад — воқеияти объективӣ. Ин воқеияти объективӣ — шахсияти Исои Масеҳ ва эҳёи Ӯст». «Масалан, — гуфтам ман, ба синф муроҷиат карда, — фарз мекунем, ки кадом як донишҷӯ ба ин синф даромада, мегӯяд: „Бачаҳо дар кроссовкаи рости ман помидори пухта аст. Ин помидор ҳаёти маро дигаргун кард. Он ба ман чунон оромӣ, муҳаббат ва шодӣ дод, ки пеш ман ҳеҷ гоҳ аз сар нагузаронда будам. Ғайр аз ин, акнун ман масофаи 100 метрро дар даҳ сония тай карда метавонам“». Ман ба синф табассум кардам. «Агар ҳаёти ин донишҷӯ гуфтаҳояшро тасдиқ мекарда бошад, бо ӯ баҳс кардан душвор аст. Хусусан, агар ӯ дар роҳи пойга борҳо давида, суханонашро исбот кунад. Шаҳодати шахсӣ аксаран далели субъективӣ аст ба нафъи воқеияти мавҷуд будани ягон чиз. Бинобар ин таҷрибаи субъективиро чун як чизи бемаврид ва нодуруст рад кардан лозим нест. Аммо ду меъёр ҳаст, ва аз рӯи ин ду меъёр оиди дурустии таҷрибаи субъективӣ муҳокима рондан мумкин аст. Аввалан, дар паси таҷрибаи мушаххаси субъективӣ кадом воқеияти объективӣ меистад? Сониян, боз чӣ қадар одамон чунин таҷрибаи субъективӣ доштанд? Агар ҳар ду меъёрро нисбати қиссаи помидори пухта дар кроссовка татбиқ намоем, чӣ ҳосил мешавад? Ба саволи аввал он донишҷӯ чунин ҷавоб медод: „Таассуроти субъективии ман дар он асос ёфтаанд, ки дар кроссовкаи рости ман помидори пухта ҳаст“. Он гоҳ саволи навбатӣ ба миён меомад: „Чӣ қадар одамон дар ин синф, дар ин донишгоҳ, дар ин кишвар, дар ин континент ва ғайра, баъди ба кроссовкаи рости худ гузоштани помидори пухта, худи ҳамон муҳаббат, осудагӣ, шодиро ҳис кардаанд ва тезтар медавидагӣ шудаанд?“» Ҳангоме ки ман ин саволро додам, ҳама дар синф хандиданд. Ва ин фаҳмост. Ҷавоб ба саволи дуюм аён аст: «Ин гуна одамон дигар вуҷуд надоранд!» Аммо биёед ин ду меъёрро нисбати он чи масеҳиён ҳис мекунанд, татбиқ менамоем. 1. Дар паси таҷрибаи субъективии ман — дигаргуншавии ҳаёти ман — кадом воқеияти объективӣ меистад? Ҷавоб: шахсияти Масеҳ ва эҳёи Ӯ. 2. Чунин таҷрибаи субъективии ба воқеияти объективӣ — мавҷудияти Исои Масеҳ — вобастаро боз чӣ қадар одамон доштанд? Ҷавоб: ҳаёти миллионҳо одамони аслу насабашон гуногун, намояндагони миллатҳо ва касбҳои гуногун ба сатҳи нав баромад; пас аз он ки онҳо ба Исои Масеҳ рӯ оварданд, дар онҳо осудагӣ, шодӣ ва муҳаббат пайдо шуданд. Ба Масеҳ рӯ овардан — натиҷаи “шустани майна” нест. Агарчи он субъективӣ аст, таҷрибаи масеҳӣ дар воқеияти объективӣ асос ёфтааст, ва бисёр касони гуногун дар ҳаёти худ борҳо онро аз сар гузарондаанд. Ҳавворӣ Павлус оиди ин таассуроти пурқувват дар Нома ба Қӯринтиён чунин менависад: …Фирефта нашавед: на зинокорон, на бутпарастон, на фосиқон, на бачабозон, на ливотагарон, на дуздон, на ҳаромризқон, на бадмастон, на бадзабонон, на ғоратгарон — вориси Малакути Худо намешаванд. Ва баъзе аз шумо чунин будед; аммо пок шудед, аммо қудсият пайдо кардед, аммо сафед шудед ба исми Худованди мо Исои Масеҳ ва Рӯҳи Худои мо. 1 Қӯр. 6:9–11(курсиви муаллифон) Худат боварӣ ҳосил кун Барои боварӣ ҳосил кардан ба беасос будани асотир оиди “шустани майна”, порчаҳои зеринро аз китоби Аъмоли Ҳаввориёни муқаддас хон ва ном, миллат, ва касби шахсеро, ки ба воситаи имон ба Масеҳ дигаргун шудааст, навис. Сатри якум чун намуна дода шудааст. — / Ном / Миллат / Касб Аъм. 8:26–39 Аъм. 9:1–9, 17–19 Аъм. 10:1–45 / номаълум / ҳабашӣ / шахси олимансаб Аъм. 16:11–15 Аъм. 16:22–33 26. ШУБҲАЕ БУДА НАМЕТАВОНАД Асотир оиди Тумои нобовар Оиди бечора Тумо чиҳо нанавиштаанд, дар кадом гуноҳҳо айбдор накардаанд! Албатта, обрӯи ӯ, дар муқоиса бо Яҳудо, ки Исои Масеҳро таслим кард, он қадар бад нест. Ӯ бо Петрус низ, ки дар арафаи маслуб карда шудани Худованд се бор Ӯро инкор намуд, муқоисанашаванда аст. Аммо одатан назар ба шогирдони дигар, ки Исоро дар тӯли се соли хизматгузории Ӯ ҳамроҳӣ мекарданд, ба Тумо бо эҳтироми камтар муносибат мекунанд. Сабабгори чунин обрӯи бад пайдо кардани Тумо воқеаест, ки дарҳол баъди эҳё шудани Исо рӯй дода буд. Масеҳ ба шогирдон зоҳир шуд, агарчи дари хонае ки онҳо ҷамъ шуда буданд, маҳкам буд. Аммо Тумо ҳамроҳи онҳо набуд. Ҳангоме онҳо ба Тумо оиди эҳё шудани Исо хабар расонданд, ӯ ҷавоб дод: «…то дар дастҳои Ӯ ҷои мехҳоро набинам, ва ангушти худро дар ҷои мехҳо нагузорам, ва дасти худро бар қабурғаи ӯ наниҳам, бовар нахоҳам кард» (Юҳ. 20:25). Ҳангоме ки Исо дертар ба Тумо зоҳир шуд, гуфт: «…Ангушти худро ба ин ҷо биёр ва дастҳои Маро бубин; ва дастҳои худро биёр ва бар қабурғаи Ман бигузор; ва беимон мабош, балки имон дошта бош» (Юҳ. 20:27). Ва инак, бисёр касон, ин сатрҳоро хонда, Туморо барои шубҳаҳояш танқид мекунанд. Онҳо фаромӯш мекунанд, ки ҳамаи шогирдон то даме ки далелҳои эҳёро надиданд, бовар накарда буданд. Ғайр аз ин, ҳар яке аллакай дастон ва қабурғаҳои Исоро дида буданд. Масеҳ ба Тумо нагуфта буд: «Ту набояд шубҳа мекардӣ». Ба ҷои ин Ӯ ба шогирдаш далелҳоро нишон дод, ва баъд гуфт: «…беимон мабош, балки имон дошта бош». Ва ниҳоят, ҳангоме ки Тумо ба ҳар ҳол бо чашмони худ ҳама чизро дид (дар Китоби Муқаддас гуфта нашудааст, ки оё ӯ дасташро бар қабурғаи Исо гузошт ё не, чуноне ки пеш чунин кардан мехост), ӯ ба Исо муроҷиат намуда, суханонеро ба забон овард, ки яке аз эътирофҳои бузургтарини имон дар таърих гардидаанд: «Эй Худованди ман ва эй Худои ман!» Бо ин ё он сабаб мо ба хулосае омадаем, ки шубҳа ба ҳар ҳол бад аст. «Масеҳиёни ҳақиқӣ шубҳа намекунанд», — мегӯем мо. Ин асотир аст. Шубҳа тазоди имон нест; он нахустволиди имон аст. Шубҳа имонро нест намекунад; он барои имон роҳ бунёд мекунад. Аксар вақт, чун дар мавриди Тумо, шубҳа метавонад таҳрикдиҳандае гардад, ки моро сӯи ҳақиқат меоварад. Теннисон гуфтааст: «Бовар кунед, дар шубҳаи самимӣ имон назар ба нисфи ҳамаи таълимотҳои динӣ бештар аст». Ҳангоме ки Гордон ва Уильям Браун китоби худ «Нома ба Румиён: Инҷили озодӣ ва файз»-ро таълиф менамуданд, пай бурданд, ки «имон ба воситаи ҷустуҷӯи ҳақиқат афзун мешавад, ва ҷӯянда бояд саволҳо диҳад, ва саволҳо аз “шубҳаи самимӣ” пайдо мешаванд. Калимаи „шубҳа“ аз калимаи юнонии „skeptikos“ бармеояд, ки маънояш “саволдиҳанда” аст». Асотир оиди Тумои нобовар, оиди он, ки «масеҳиёни ҳақиқӣ шубҳа намекунанд», дар Китоби Муқаддас асос наёфтааст. Аз таҷрибаи Тумо бояд дарси ибрат гирифт, ки шубҳа табиист, ва шубҳаи мо самимӣ буда метавонад, ва ҳангоме ки Исо ҳақиқатро ба мо ошкор мекунад, ин шубҳаи самимӣ бояд ба имон оварда расонад. Худат боварӣ ҳосил кун Барои боварӣ ҳосил кардан ба беасос будани асотир оиди Тумои нобовар, вазифаи зеринро иҷро кун. Оятҳои 1–12-ро аз боби 24-уми Инҷили Луқо хон. Шогирдон чӣ аксуламал нишон доданд, ҳангоме занҳо оиди эҳёи Исо хабар доданд (ояти 2)? Оятҳои 13–24-ро аз боби 24-уми ҳамон китоб хон. Ду кас, ки дар роҳ сӯи Аммоус равона буданд, ба хабар оиди эҳё, ки пештар шунида буданд, чӣ аксуламал нишон доданд? Оё онҳо ба он чи рӯй дод, боварӣ доштанд, ё не? Оятҳои зеринро, аз ояти 25 то 35 хонед. Чӣ тавр шубҳаҳои ин ду шогирд нисбати воқеияти эҳё барҳам хӯрданд? Оятҳои 36–47-ро аз ҳамин боб хон. Аксуламали аввалини шогирдон ба пайдо шудани Масеҳи эҳёшуда чӣ гуна буд (ояти 41)? Чӣ тавр онҳо боварӣ ҳосил намуданд, ки Ӯ эҳё шудааст (оятҳои 40, 42, 43 ва 45)? Оятҳои 19–29-ро аз боби 20-уми Инҷили Юҳанно хон. Исо ба суханони Тумо «Эй Худованди ман ва эй Худои ман!» чӣ ҷавоб дод? Исо мехоҳад, ки мо низ инро фаҳмем ва Ӯро чун Худованд ва Худо қабул намоем. Аммо ту ба чӣ шубҳа дорӣ? Дуо кун, ки Исо туро ба воситаи шубҳаҳоят ба эътирофи нави имон оварад. 27. РАСТАНИҲОИ ХОНАГӢ БА ДУО ҶАВОБ НАМЕДИҲАНД Асотир оиди он, ки ҳар кас имони худро дорад Келли бо дугонааш Ҳизер дар ошхона нишаста буданд. «Ба фикрам, ҳар яки мо ба ягон чиз имон дорад. Ман гуфтан мехоҳам, ки масеҳият — ҳанӯз ҳама чиз нест. Танҳо он чиз муҳим аст, ки ба ягон чиз имон дошта бошӣ». Ҳизер абрӯҳояшро ба ҳам кашид, гӯё ин барои равшантар фикр кардан ёрӣ медода бошад. «Аз афташ, ҳақ ба ҷониби туст, — гуфт ӯ. — Дар ниҳояти кор, масеҳият низ бар идеяи наҷот аз рӯи имон бунёд ёфтааст. Бинобар ин ман фикр мекунам, ки... — Ӯ андаке хомӯш монд, баъд суханонашро бо суръати оҳистатар давом дод. — Ман фикр мекунам, ки муҳим нест ба чӣ бовар мекунӣ, агар имон дошта бошӣ — ҳамин кифоя аст». Бубахш Ҳизер. Бубахш Келли. Ин асотир аст. Ба қарибӣ як муаллими коллеҷ дар назди синф изҳор намуд: «Ман ба имон такя мекунам. Ман ба қувваи имон бовар мекунам. Ман дидаам, ки он зиндагиро пурра дигаргун мекунад». Аммо ин экзистенсиализм аст, на масеҳият. Маҳз дар экзистенсиализм диққати асосӣ ба «имон» дода мешавад, ва ба чӣ — ё ба кӣ имон доштан муҳим нест. Боре маро даъват намуданд, то дар мубоҳисае ки дар як донишгоҳи калон мегузашт, чун оппоненти декани факултаи фалсафа иштирок кунам. Мубоҳиса ба назарияи марксистӣ бахшида шуда буд, ки одамро натиҷаи инкишофи қувваҳои иқтисодӣ меҳисобад. Ҳангоми баромад ман зикр намудам, ки барои ман, ки пайрави собитқадами имони таърихии библиявӣ ҳастам, эҳёи Исо аҳамияти ҳалкунанда дорад. «Гӯш кунед, Макдауэлл, — суханамро бурид оппоненти ман, — гап дар эҳё нест. Муҳим нест, ки чунин воқеа рӯй дода буд ё не. Муҳим он аст, ки оё шумо бовар мекунед, ки он рӯй дода буд?» «Ҷаноб, — ҷавоб додам я. — Шумо хато мекунед. Дар асл гап маҳз дар он аст, ки оё чизе ки ман ба он имон дорам, ҳаққонӣ аст ё не. Чунки агар он чи ман ба он бовар мекунам, ҳаққонӣ набошад, пас, ман ба имони масеҳӣ ҳақ надорам». Пас аз мубоҳиса як донишҷӯи мусулмон назди ман омад. «Ҷаноби Макдауэлл, — гуфт ӯ, — ман баъзе мусулмонҳоро медонам, ки имонашон ба Муҳаммад хеле бештар аз имони баъзе масеҳиён ба Масеҳ аст». «Шояд ҳамин тавр бошад, — ҷавоб додам ман, — аммо моҳияти масъала дар ин нест. Моҳият дар он нест, ки имони кӣ қавитар аст, балки дар он аст, ки шумо ба кӣ имон доред». Арзишнокии имони шумо на дар худи имон аст, балки дар он аст, ки ба кӣ имон доред. Шояд имони шумо аз имони ҳамаи одамоне ки дар рӯи замин буданд ва ҳастанд, қавитар бошад аммо агар шумо имони худро, масалан, ба тубаки гул, ки ҳуҷраатонро оро медиҳад, нигаронед, оё бо Худо муносибатҳои наҷотбахш барпо мекунед? Оё омурзиши гуноҳҳоро ба даст меоваред? Чаро не, агар шумо имони хеле қавӣ дошта бошед? Чунки шумо ба растании хонагӣ имон доред! Аз тарафи дигар, агар имони шумо тамоман хурд бошад, ва шумо ин имонро ба Исои Масеҳ нигаронед, оё бо Худо муносибатҳои наҷотбахш барпо мекунед? Оё омурзиши гуноҳҳоро ба даст меоваред? Албатта. Пас, фарқ дар чист? Дар объекти имони шумо, дар Оне ки шумо ба Ӯ бовар мекунед, — фарқ маҳз дар ҳамин аст. Имони масеҳӣ субъективӣ нест, он имони сирф шахсӣ нест, он комилан объективӣ аст. Маҳз аз ҳамин сабаб ҳавворӣ Павлус навишта буд: Ва агар Масеҳ эҳё нашуда бошад, имони шумо бар абас аст: шумо ҳанӯз дар гуноҳҳои худ мебошед. 1 Қӯр. 15:17 Павлус эътироф мекард, ки имони субъективӣ — ҳар қадар имони қавӣ дошта бошед ҳам, — кофӣ нест, то аз гуноҳҳо наҷот ёбед. Танҳо ҳамон вақте ки имони шумо имон ба Исои Масеҳи эҳёшуда мегардад, шумо «бо файз ба воситаи имон» наҷот меёбед (Эфс. 2:8, курсиви муаллифон). Шуморо имон наҷот намедиҳад; шуморо Исои Масеҳ наҷот медиҳад. Худат боварӣ ҳосил кун Барои исбот кардани беасос будани асотир оиди он, ки ҳар кас имони худро дорад, ин вазифаро иҷро кун. Ояти 16-ро аз боби 3-юми Инҷили Юҳанно хон. Аҳамият деҳ, ки суханони «ба Ӯ» дар ин оят барои ҳаёти абадӣ доштан то чӣ андоза муҳиманд. Ояти 24-ро аз боби 8-уми Инҷили Юҳанно хон. Оё Исо дар ин оят мефаҳмонад, ки танҳо имон доштан кофӣ аст, ё Ӯ мефаҳмонад, ки ба Ӯ имон доштан муҳим аст? Ояти 30 ва 31-ро аз боби 16-уми китоби Аъмоли Ҳаввориёни муқаддас хон. Мувофиқи суханони Павлус, ки ба зиндонбон дар Филиппӣ гуфта шудаанд, ӯ бояд ба чӣ (ё ба кӣ) имон дошта бошад? Ояти 22-ро аз боби 3-юми Нома ба Румиён ёб ва ҷойҳои холиро бо калимаҳои калидӣ пур кун: «Адолати Худо ба воситаи имон ____________________________ барои ҳамаи имондорон…» 28. ГУНОҲ, РИЁКОРӢ ВА БИЛЛИ ГРЭМ Асотир оиди Элмер Гентри Элмер Гентри қаҳрамони асосии романи ҳамноми Синклер Люис аст. Гентри — шахси чашмгурусна, фосиқ ва дурӯя — воизе буд, ки таълими ӯ аз кори мекардааш фарқ дошт. Суханони ӯ, мавъизаҳо, ҳамаи зиндагияш риёкорӣ ва фиреби маҳз буд. Дар солҳои охир номи Элмер Гентриро, ки тимсоли бофта баровардашуда аст, аксаран дар робита бо моҷароҳое ки обрӯи якчанд воизони маъруф ва ходимони калисоро доғдор кардаанд, ба ёд меоваранд. Шӯҳрати Ҷим Беккер зуд ба шармандагӣ табдил ёфт, ҳангоме алоқаҳои ғайриникоҳии ӯ ва кӯшишҳои пинҳон кардани ин моҷаро ба ҳама маълум шуданд. Ҷимми Своггарт аз воқеа бохабар шуда, дар ҳаққи Беккер суханони носазо гуфт, аммо суханони ӯ дарҳол ба садои холӣ табдил ёфтанд, ҳангоме ӯро маҷбур карданд иқрор шавад, ки ба порнография шавқ дорад. Диққати зиёде ки ба шарофати расонаҳои хабарӣ ба ин ва дигар моҷароҳо ҷалб карда шуд, боиси он гардид, ки бисёриро ба асотир оиди Элмер Гентри бовар карданд, ва чунин меҳисобидагӣ шуданд, ки аксари воизон, ходимони калисо ва сарварони масеҳӣ — фасодкорон ва дурӯяҳо мебошанд. Аммо ҳамаи ин рӯзномаҳо, маҷаллаҳо ва барномаҳои телевизион, ки дар атрофи чунин воқеаҳо шӯру ғавғо мебардоранд, бо кадом як сабаб он башоратдиҳандагон ва воизонеро, ки фидокорона ба Худо хизмат кардаанд ва мекунанд, сарфи назар менамоянд. Гуноҳи Ҷимми Своггарт ва кӯшиши барқарор намудани мавқеи ноустуворшудааш дар партави панҷоҳ соли меҳнати фидокоронаи Билли Грэм ба манфиати Калисо ҳеҷ мебошанд. Maвъизаҳои ӯро миллионҳо одамон шунидаанд, ва ҳаёти ӯ ҳеҷ гоҳ ба он чи таълим медод, ихтилоф надошт. Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин, Грэм иқрор шуд, ки аз худи аввали хизматгузории худ «метарсид — ва то ҳол метарсад, — ки бо ягон амал Худоро ранҷонда метавонад». Билли Грэм, Луи Пало, Чарлз Колсон, Досон Макаллистер ва Чарлз Суиндолл — ана номҳои баъзе аз миқдори зиёди сарварони масеҳӣ, ки ҳаёташон инъикоси бевоситаи таълимашон буд. Таассуроте ҳосил мешавад, ки ҷамъияти мо ба асотир оиди Элмер Гентри – ба он ки дар байни воизон ва ходимони калисо риёкорон бисёранд, бо омодагии бештар бовар мекунад. Аммо ин асотир аст. Ҳавворӣ Петрус масеҳиёни асри якумро огоҳ менамуд: «…дар миёни шумо ҳам муаллимони козиб хоҳанд буд». Ӯ ҳамчунин илова намуд, ки «ба василаи онҳо роҳи ростӣ гирифтори таҳқир хоҳад шуд» (2 Пет. 2:1, 2). Маҳз аз ҳамин сабаб иблис ин гуна кӯшиш мекунад, ки асотирро оиди Элмер Гентри паҳн кунад. Ӯ мехоҳад, ки ҳақиқат таҳқир карда шавад, ва мавъизаҳои мардону заноне ки ба Худо хизмат мекунанд, ба воситаи гуноҳҳо ва риёкории дигарон беобрӯ карда шавад. Аммо ба ҳар ҳол, бо вуҷуди он ки ин дигарон чӣ корҳо мекунанд, ҳақиқат ҳамеша ҳақиқат аст. Мо ба ҳар ҳол аз рӯи марҳамат ба воситаи имон ба Худоямон Исои Масеҳ наҷот меёбем. Ва Худо чун пештара қодир аст «шуморо аз фурӯ ғалтидан нигоҳ дорад ва дар шодӣ беайб ба ҳузури ҷалоли Худ биистонад» (Яҳудо 24). «Пас шумо, — гуфтааст Петрус , — …эҳтиёт шавед, ки гирифтори иштибоҳи шарирон нагардед ва аз матонати худ маҳрум нашавед, балки дар файз ва шинохтани Худованди мо Исои Масеҳ нумӯ ёбед, ки Ӯро аз ҳоло то абад ҷалол бод. Омин» (2 Пет. 3:17, 18). Худат боварӣ ҳосил кун Барои боварӣ ҳосил кардан ба беасос будани асотир оиди Элмер Гентри, вазифаи зеринро иҷро кун. Оятҳои 15–18-ро аз боби 1-уми Нома ба Филиппиён хон. Павлус оиди онҳое ки «Масеҳро на бо дили соф мавъиза мекунанд», чӣ гуфтааст? Ба фикри ӯ, чӣ чиз аз ҳама муҳимтар аст? Оятҳои 3–15-ро аз боби 11-уми Номаи дуюм ба Қӯринтиён хон. Павлус аз он хавф дорад, ки қӯринтиён аз пайи ҳаввориёни дурӯғин, ки «шакли ҳаввориёни Масеҳро мегиранд», рафта, «аз самимияте ки дар Масеҳ аст, рӯ хоҳанд тофт». Чаро, аз рӯи суханони Павлус, ин ӯро ҳайрон намекунад? Оятҳои 16 и 17-ро аз боби 4-уми Номаи 1-ум ба Қӯринтиён хон. Павлус асос дошт аз дигарон хоҳиш кунад, ки ба ӯ тақлид намоянд! Чаро ӯ бо чунин боварӣ дар ин хусус илтимос мекунад? (Ниг. ояти 17.) Ҳангоме мо мебинем, ки сарварони намоёни масеҳӣ ба моҷароҳои беобрӯкунанда ҷалб карда мешаванд, мувофиқи суханони Павлус, мо бояд хеле боэҳтиёт бошем. Ояти 12-ро аз боби 10-уми Номаи якум ба Қӯринтиён хон. Мувофиқи ин оят, ин фоҷиаҳо бояд ба мо чӣ тавр таъсир кунанд? 29. ВАЪДАИ МАККОРОНАИ МОР Асотири ҳаракати «Асри нав» Дар яке аз мағозаҳо зани ҷингиламӯе бо ваҷоҳати хунсардона оиди қувваи шифобахши «кристалли сеҳрнок»-и худ нақл мекард. «Инак як сол мешавад, ки ман на танҳо зуком нашудаам, балки ҳатто сарам ҳам дард накардааст», — мегуфт ӯ. Марди оромтабиати хушнамуд мегуфт, ки бо ёрии садоҳои мусиқӣ ва расмҳо бо наҳангон, дельфинҳо, паррандагон гуфтугӯ карда метавонад. Марде ки мартабаи баландеро ишғол мекунад, дар қабули қарорҳо принсипҳои қадимии хитоиро истифода мебарад, пиразани нуронӣ, ки синнаш ба ҳафтоду як расидааст, «хотираҳо»-и худро оиди он ки дар асри ёздаҳ роҳибаи Калисои румӣ-католикӣ буд, нақл мекунад. Гуру, намояндагони сайёраҳои дигар, гипноз, проексияҳои астралӣ, фалсафаи шарқ — ва ғайра ва ҳоказо. Ҳаракати «Асри нав» («АН») — маҷмӯи идеяҳо ва эътиқодоти гуногунест, ки шояд ба шарофати китоби (ва силсилаи барномаҳои телевизионии) Ширли Маклейн «Дар канор» («Out on a Limb») хеле машҳур шудааст. Ҳаракати «АН» — на дин ё кадом як гурӯҳ, балки тарзи фикрронӣ, ҷаҳонбинӣ аст; он идеяҳо ва мафҳумҳои гуногунро дар бар мегирад. Ва агарчи чӣ будани ҳаракати «АН»-ро бо як ҷумла тасвия намудан ғайриимкон аст, як ақидаро, ки ба пайравони он хос аст, ҷудо кардан мумкин аст. Онҳо чунин меҳисобанд, ки Худо дар ҳама чиз ҳузур дорад, ва ҳамаи мо худоем ва шуури худро дигаргун намуда, ин «худо»-ро (ва имкониятҳои номаҳдудро) дар худ ёфта метавонем. Ин асотир аст. Агарчи ҳаракати «Асри нав» ҳоло беандоза шӯҳрати зиёд пайдо намудааст ва силсилаи барномаҳои телевизионӣ ва китобҳои тиражашон беҳад зиёд ба он бахшида шудаанд, ҳеҷ чизи наве дар он нест. Решаҳои он ба замони боғи Адан рафта мерасанд. Дар китоби Ҳастӣ тасвир шудааст, ки шайтон дар шакли мор ба Одам ва Ҳавво ваъда дод, ки агар онҳо меваи манъшударо хӯранд, «монанди Худо, орифи неку бад» хоҳанд шуд. Аммо шайтон ихтироъкунандаи нимҳақиқат, дурӯғ гуфт. Зеро, агарчи онҳо неку бадро фаҳмиданд (то лаҳзаи гуноҳкоршавӣ онҳо танҳо некиро медонистанд), онҳо худоён нашуданд. Ҳаракати «АН» бевосита гувоҳи он аст, ки одамон чун пештара ҳамон гуноҳро содир мекунанд. Чорсад сол пеш Монтен гуфта буд: «Одам ҳақиқатан аз ақл бегона шудааст. Ӯ чизи оддитаринро офарида натавонистааст, аммо худоёни зиёдеро меофарад». Аммо Каломи Худо нишон медиҳад, ки идеяҳои ҳаракати «АН» асотир аст. Чунин суханонро оиди Исо хондан кофист: Ӯ, бо вуҷуди он ки дар сурати худо буд, бо Худо баробар буданро ҳарисона барои Худ нигоҳ надошт, балки Худро кам дониста, ... ба одамон монандӣ пайдо карда, ба зоҳир мисли одамизод шуд, ва Худро фурӯтан сохта, то вақти мамот, то дами мавти салиб фармонбардор буд. Флп. 2:6–8 Хушхабари Китоби Муқаддас, ки ҳеҷ чиз бо он баробар шуда наметавонад, на аз он иборат аст, ки одамон монанди худоён мешаванд, балки Худо «ба одамон монандӣ пайдо кард» ва барои гуноҳҳои мо мурд, то ки мо ҳаёти ҷовидонӣ дошта бошем. Худат боварӣ ҳосил кун Барои боварӣ ҳосил кардан ба беасос будани асотири ҳаракати «Асри нав» вазифаи зеринро иҷро кун. Оятҳои 1–7-ро аз боби 3-юми китоби Ҳастӣ хон. Шайтон ба Одам ва Ҳавво чӣ ваъда кард, агар онҳо меваи манъшударо хӯранд (ояти 5)? Кадоме аз ин ду ваъда иҷро шуд, ҳангоме онҳо меваро хӯрданд (ояти 7)? Оё ваъдае ки онҳо монанди худоён мешаванд, иҷро шуд? Оиди он чи бо ҳаввориён Барнаббо ва Павлус (Аъм. 14:8–18) рӯй дод, хон. Ҳангоме ки онҳо шахсеро шифо доданд, издиҳом чӣ гуна аксуламал намуд (ояти 7)? Ин ду миссионери бузург чӣ ҷавоб доданд, ҳангоме издиҳом онҳоро худоён номиданд (ояти 14)? Павлус ва Барнаббо ба изҳороти аъзоёни ҳаракати «АН», ки гӯё онҳо шуури худро дигаргун карда, худоён шуда метавонанд, чӣ ҷавоб медоданд? Оятҳои 21–23-ро аз боби 12-уми китоби Аъмоли Ҳаввориёни муқаддас хон. Мардум ба суханони Ҳиродус чӣ гуна аксуламал намуданд (ояти 22)? Бо «худое» ки онҳо барои худ пайдо намуданд, чӣ воқеа рӯй дод (ояти 23)? 30. БАРОИ КАДОМ ГУНОҲ ИН БА САРАМ ОМАД? Асотир оиди ҳаёти беғубор Синди, масеҳии 17-сола, бегоҳии ҷумъа бо мошини худ аз тарабхона, ки ӯ дар он ҷо баъд аз дарс кор мекард, бармегашт. Ногоҳ ӯ як чизи даҳшатовареро дид — рӯ ба рӯи ӯ аз мобайни роҳ мошине сӯи ӯ мешитофт. Синди мошинашро ба як тараф гардонданӣ шуд, аммо мошине ки рӯ ба рӯ меомад, ба «Шевроле»-и ӯ бархӯрд. Синди дар натиҷаи зарба ҳалок шуд. Ронандаи мошине ки сабабгори марги ӯ шуд, маст буд. Вераи дусола дар боғчаи назди хона бозӣ мекард, ҳангоме ки ӯро ору газид. Рӯи духтарак дарҳол варам кард. Модар дарҳол фаҳмид, ки то чӣ андоза ин хатарнок аст, ва онҳо ба беморхона шитофтанд, аммо дер карданд. Вера дар роҳ ҷон дод. Падару модараш намедонистанд, ки духтарашон ба газидани ору аллергия дорад. Зани ҳинду, ки ба кастаи пасттарин тааллуқ дошт, кӯдак таваллуд кард. Кӯдак чор моҳи умри худро дар қуттии картон гузаронд ва дар ҳамон ҷо аз гуруснагӣ ва беқувватӣ вафот кард. Модараш баъди ду моҳ мурд. Дар зиндагӣ бисёр беадолатиҳо ҳастанд: кӯдакон мемиранд, одамони хуб азоб мекашанд, баъзе масеҳиён азиятҳои тоқатнопазирро аз сар мегузаронанд. Ва ин одамони хуб, ки азобҳо мекашанд, аксар вақт мегӯянд: «Барои кадом гуноҳ ҳамаи ин бо ман рӯй дод? Ман сазовори ин набудам! Ин аз рӯи инсоф нест». Одамон аз насл ба насл ин саволро медиҳанд, аз нахустпадар Айюб, ки нақли онро дар Китоби Муқаддас ёфтан мумкин аст, сар карда, то раввин Ҳаролд Кушнер, ки китоби «Ҳангоме одамони хуб ба бадбахтиҳо дучор мешаванд»-ро навиштааст. Дар паси ин савол фикре меистад, ки одамони хуб, хусусан масеҳиён, бояд ҳаёти беғубор ба сар баранд, ки аз мубориза, ғам ва азобҳо холист. Аммо ин асотир аст. Худо ҳеҷ гоҳ ба масеҳиён ҳаёти беғуборро ваъда накардааст. Ӯ ҳеҷ гоҳ нагуфта буд, ки ҳаёт осон мешавад ё барои одамони хуб танҳо рӯйдодҳои хуб насиб мешаванд. Ӯ барои касоне ки Ӯро дӯст медоранд ва ба Ӯ хизмат мекунанд, ҳаёти бароҳат ва ширинро кафолат надодааст. Аммо одамон дар тӯли асрҳо маҳз ҳамин тавр фикр мекунанд. Ҳол он ки, агар Каломи Худоро бо диққат хонем, дида метавонем, ки ин фикрҳо хато мебошанд. Шогирдон аз Исо пурсиданд, ки чаро одамон азоб мекашанд. Онҳо ба шахсе ишора карданд, ки кӯри модарзод буд. «Устод! — гуфтанд онҳо. — Кӣ гуноҳ кардааст: ин одам ё падару модараш, ки вай кӯр зоида шудааст?» Исо ҷавоб дод: «…на ин одам гуноҳ кард, ва на падару модараш» (Юҳ. 9:2, 3) ва он шахсро шифо дод. Айнан ҳаминро оиди бисёр бадбахтиҳое ки дар ҷаҳон рӯй медиҳанд, гуфтан мумкин аст. Баъзе касон азоб мекашанд, чунки онҳо гуноҳ кардаанд, масалан, чун марде ки мағозаеро ғорат кард, ва барои ин зиндонӣ шуд. Дигарон аз боиси он азоб мекашанд, ки каси дигаре гуноҳ кардааст, масалан, чун кӯдаке ки бо патология таваллуд шудааст, чунки волидонаш кокаин истеъмол менамуданд. Аммо бисёрии азобҳо дар рӯи замин ба категорияи «на ин одам гуноҳ кард, ва на падару модараш» дохил мешаванд. Ҳангоме ки Худо ҷаҳонро меофарид, Ӯ қонунҳои табиатро низ офарид: масалан, қувваи ҷозибаи замин ё қонунҳои ҳаракат. Ҳамаи мо аз рӯи ин қонунҳо зиндагӣ мекунем. Аммо гоҳ-гоҳ мо қурбонии онҳо мегардем. Гоҳо аз рӯи қонуни ҷозибаи замин, ҳавопаймои пур аз одамон ба замин афтида, пора-пора мегардад. Ва гоҳо қонунҳои ҳаракат боиси натиҷаҳои фалокатовар мегарданд, масалан, ҳангоми бархӯрдани автомобилҳо. Худо қонунҳои табиатро барои одамони хуб бекор намекунад. Дар зиндагӣ ҳақиқатан бисёр беадолатиҳо ҳастанд. Фалокатҳо, бемориҳо, мусибатҳо, марг — ҳамаи ин масеҳиёнро барканор намегузорад. Дар асл ваъдае ки беш аз ҳама Исо ба шогирдон медод, тақрибан чунин садо медод: «Дар ҷаҳон ғаму андӯҳ хоҳед дошт». Аммо дар айни ҳол Ӯ ба масеҳиён боварӣ низ дод: «…далер бошед, Ман бар ҷаҳон ғолиб шудаам» (Юҳ. 16:33). Масеҳиён аз азобҳо озод карда нашудаанд; аммо бо вуҷуди ин онҳо ба азобҳо тайёр карда шудаанд, зеро бо онҳо ҳамеша Касе ҳаст, ки чунин гуфтааст: «…Ман ҳаррӯза то охирзамон бо шумо ҳастам» (Мат. 28:20). Худат боварӣ ҳосил кун Барои боварӣ ҳосил кардан ба беасос будани асотир оиди ҳаёти беғубор ин вазифаро иҷро кун. Порчаҳои зеринро аз Китоби Муқаддас хон. Одамон ё халқҳоеро муайян кун, ки азобҳо кашидаанд. Чаро онҳо азобҳо кашидаанд? Оё Худо онҳоро аз азобҳо ё ғаму андӯҳ озод кардааст? Оё Ӯ барои онҳо коре кардааст? Агар ҳа, пас чӣ кардааст? Аъм. 4:1–13, 21 _________________________________ Луқ. 23:32–43 _________________________________ 1 Қӯр. 6:4–10 _________________________________ 2 Қӯр. 12:7–10 _________________________________ АСОТИРҲО ОИДИ ҲАЁТ ВА ХУШБАХТӢ 31. САРВАТМАНД — ЯЪНЕ ХУШБАХТ Асотир оиди он, ки хушбахтӣ дар сарват аст Бародарон, ин шахс ҳама чизро дошт. Дар вақташ дӯсти ман Риччи мактабро тарк кард. Ва на аз он сабаб, ки лаёқати таҳсил кардан надошт, балки фаҳмид, ки бе диплом ҳам пули зиёд ба даст оварда метавонад. Ӯ синфро тарк карда, дар завод ба кор даромад, ки он ҷо, аз рӯи меъёрҳо ва андозаҳои писараки 16-сола, пули зиёд медоданд. Ин кор ба ӯ имкон дод чунон чизҳое харад, ки ман оиди онҳо танҳо орзу карда метавонистам. Ӯ савори мошини ҳарҷогарди худ аз роҳи пурлой гузашта мерафт, бо мотосикли барфгард сайр мекард, бо қаиқи мотордори худ дар кӯл шино мекард. Ӯ пулро ин сӯ-он сӯ сарф менамуд. Бояд иқрор шуд, ки ман ба ӯ ҳасад мебурдам. Вақтҳои аввал. Аммо ба зудӣ ӯро аз кор холӣ карданд ва пулёбии ӯ ба охир расид. Дар баробари ин ӯ аз ҳама чизи дигар низ маҳрум шуд: мотосикли барфгард, қаиқ, мошини ҳарҷогард. Риччи ҳамаашро аз даст дод. Аммо аз ҳама бадтараш он буд, ки ҳаёти ӯ тамоман бесару сомон гардид. Ӯ бо идеяи афзун намудани некӯаҳволии моддӣ чунон дода шуда буд, ки мақсади зиндагияш ба даст овардани миқдори ҳарчи бештари ашёҳо гардид. Ҳамин ки қаиқ мехарид, дарҳол нақшаи харидани чизи дигареро мекашид. Риччи ба асотир оиди он, ки хушбахтӣ дар сарват аст, бовар кард, гӯё агар кас ба қадри кофӣ ашёҳои арзанда ба даст овардан гирад, хушбахтӣ ҳатман насиби ӯ хоҳад шуд. Дер ё зуд чунин фикрҳо ба сари ҳамаи мо меоянд. Як хонандаи синфи ҳашт ба қарибӣ ба ман гуфт, ки ҳанӯз намедонад, ки дар зиндагӣ бо чӣ кор машғул мешавад ва кадом касбро интихоб мекунад, аммо, — ӯ инро аниқ медонист, — ки пули зиёд ба даст овардан аз ҳама муҳим аст, то ки мошини хуб харидан ва дар ноҳияи боэътибори шаҳр манзилгоҳ харидан мумкин бошад. Барои дастгирӣ намудани ин асотир як индустрияи рекламавии том кор мекунад. Телевизион, радио, маҷаллаҳо доимо ба шумо хабар медиҳанд, ки бе кадом ашёҳо зиста наметавонед: «Свотч», «Келвин Кляйн», «Понтиак», «Филипс» (ҳаётро сӯи беҳбудӣ тағйир медиҳем), «Ҷордаш», «Сони», «Мэйбеллин» (ҳама аз ту ба ваҷд меоянд), магнитофонҳои лазерӣ, видеомагнитофонҳо, мошинҳои ҳарҷогард, воқеияти виртуалӣ ва «Эм Ти Ви». Офарандагони реклама саъй менамоянд шуморо бовар кунонанд, ки гӯё, агар кадом як ашёҳоро «ба даст оваред»— ва соҳиби онҳо шавед, хушбахт мегардед. Аммо агар чунин бошад, барои хушбахт шудан чӣ қадар пул даркор аст? Кадом тамғаи мошин дар худ тамоми орзуҳои шуморо таҷассум хоҳад кард? Агар ҳамаи хоҳишҳои шумо худи ҳозир иҷро мешуданд, оё шумо даст афшонда, «уф-ф! Ана акнун бас аст!» мегуфтед, ё ба тартиб додани рӯйхати нави ашёҳо сар мекардед? Шамшери Рӯҳ, Каломи Худо, бевосита оиди он мегӯяд, ки хушбахтӣ дар сарват нест; ин асотир аст. Инҷилнавис Луқо огоҳкунии Исоро навиштааст: …аз тамаъкорӣ ҳазар кунед, зеро ки ҳаёти одам ба фаровонии дороии вай вобаста нест. Луқ. 12:15 Суханони Павлус дар Нома ба Филиппиён ба мо нишон медиҳанд, ки ин шахс дар куҷо пайдо намудани хушбахтиро медонист. Ва ӯ онро доро буд. Ӯ бо хушнудӣ нидо мекунад: Ҳамеша дар Худованд шод бошед; боз мегӯям: шод бошед. Флп. 4:4 Дар Номаи кӯтоҳ ба Филиппиён суханони «шодӣ» ва «шод бошед» 17 бор такрор мешаванд! Бе шубҳа, Павлус медонист, ки хушбахтиро дар куҷо ёбад. Аммо сабр кунед. Агар мо ба боби якуми ин Нома нигарем, мефаҳмем, ки Павлус ҳамаи ин суханонро оиди шодӣ ва хушбахтӣ ҳангоми зиндонӣ буданаш навиштааст (оятҳои 12–14). Аз рӯи тасаввуроти мо, ӯ ҳеҷ чиз надошт. На соати «Свотч», на мошини ҳарҷогард, на ҷинси «Ҷордаш», ӯ ҳатто плейер надошт. Аммо ӯ хушбахт буд. Ӯ гуфтааст: …ман ёд гирифтаам, ки бо он чи дорам, қаноат намоям: дар камбағалӣ ҳам зиста метавонам, дар фаровонӣ ҳам; дар ҳар чиз ва дар ҳар ҷо аз сар гузарондани серӣ ва гуруснагӣ, фаровонӣ ва камиро ёд гирифтаам. Ҳамааш аз дастам меояд, бо мадади Масеҳ, ки маро қувват мебахшад. Флп. 4:11–13 Хушбахтӣ ба он чи дорӣ, вобаста нест. Дар асл хушбахтӣ бо ҳеҷ чизи беруна вобаста нест. Масеҳӣ новобаста ба он ки сарватманд аст ё камбағал, дар берун тӯфон аст, ё оромии пурра, хурсанд буда метавонад. Сабаби он дар ҳолати ботинӣ, дар осоиш ва оромии рӯҳонист, ки Исои Масеҳ ба мо медиҳад. Худат боварӣ ҳосил кун Барои боварӣ ҳосил кардан ба беасос будани асотир оиди он, ки хушбахтӣ дар сарват аст, вазифаи зеринро иҷро кун: Ояти 9-ро аз боби 6-уми 1 Нома ба Тимотиюс хон. Дар он оиди касоне ки сарватманд шудан мехоҳанд, чӣ гуфта шудааст? Оятҳои 3–5-ро аз боби 6-уми Номаи якум ба Тимотиюс хон. Дар ин оятҳо Павлус оиди шахсоне мегӯяд, ки ба фикрашон, тақводорӣ барои сарватмандшавӣ хизмат мекунад. Дар ояти 6-уми ҳамин боб Павлус ба кӯшиши сарватмандшавӣ мавқеи дигарро муқобил мегузорад. Чӣ чиз, аз рӯи суханони ӯ, «манфиати калон дорад»? Ояти 5-ро аз боби 13-уми Нома ба Ибриён хон. Дар ин оят сабаби он зикр шудааст, ки чаро кас бояд бо он чи дорад, қаноат кунад. Ин кадом сабаб аст? Ҳузури доимии Худо чӣ муносибате ба он дорад, ки кас бо он чи дорад, қаноат кунад? Ояти 38-ро аз боби 6-уми Инҷили Луқо хон. Исо дар ин оят оиди мумсикӣ чӣ гуфтааст? Оиди саховатмандӣ? Оё ӯ танҳо оиди сарват мегӯяд, ё боз оиди ягон чиз? Акнун он чиро номбар кун, ки ба фикри ту, барои хушбахт будан даркор аст. Бовиҷдон бош. Аз он чи ту зикр кардӣ, кадомаш ба пул вобаста аст? 32. БЕҲАЁӢ ВА ДОҶЕРИ ЧАҚҚОН Асотири Лео Дурчер Лео Дурчери чаққон дар солҳои 30-юм ва 40-уми асри ХХ муддате дар ҳайати «Доҷерс»-и Бруклин, «Янки»-и Нью-йорк, «Редс»-и Синсиннаттӣ ва «Кардинал»-и Сент-Луис бозӣ мекард. Ғайр аз ин, ӯ дар лигаи олӣ низ ба муваффақиятҳо ноил шуд. Аммо, шояд, Дурчер бештар бо ҷангарагӣ ва принсипи ҳаётии худ, ки рафтори худро бо он сафед мекард, машҳур шудааст. Ин принсип чунин садо медиҳад: «Касе ки аз рӯи қоидаҳо бозӣ мекунад, ба марра охирин шуда меояд». Дурчери ҷангара се бор чун менеҷери даста ба мукофоти Лигаи миллӣ ноил шуда буд. Услуби бозии дастаи ӯ аксар вақт ба услуби бозии худи ӯ монанд буд. Ӯ чунин меҳисобид, ки касе ки ғолиб шудан мехоҳад, бояд ҷанҷол кунад, хархаша кунад, газад, сахттар занад, тела диҳад ва дард расонад. Аммо ин асотир аст. Асотири Лео Дурчер. Онро асотири Ҷ. Р. Эвинг низ номидан мумкин аст. Ё асотири Анҷела Ченнинг. Агарчи, ҳар тавре ки онро ном гузоред, — он ба ҳар ҳол асотир аст. Орэл Леонард Ҳершисер IV ҳангоми чемпионати ҷаҳон дар соли 1988 чун питчери (диҳандаи тӯб) дастаи «Доҷерс»-и Лос-Анҷелес баромад кард. Дар он сол ӯ ҳангоми бозиҳои интихобӣ дар бисту се бозӣ ғолиб омад; рекорд нишон дод, ҳангоме 59 тӯб зад ва ягон холро бой надод; ҳамчун бозингари беҳтарин дар силсилаи бозиҳои лигаи чемпионҳо бар зидди «Метс»-и Ню-Йорк ва барои ғалабаи «Доҷерс» бар «Эйс»-и Окленд дар чемпионати ҳарсолаи ИМА оиди бейсбол соҳиби мукофот шуд. Ғайр аз ин, ӯро питчери беҳтарини лигаи миллӣ эътироф намуданд. Илова ба ин, Орэл аз ҷумлаи касоне буд, ки мувофиқи қоида бозӣ мекунанд. Ӯ масеҳӣ буд. Пас аз он ки ӯ дар як силсила бозиҳо ягон хол бой надода, рекорд нишон дод, ба зону афтода, Худоро шукргузорӣ намуд. Пас аз бозии финалии чемпионати ИМА аз рӯи бейсбол ӯ дар ҳуҷраи либосивазкунӣ ба репортёр гуфт, ки дар майдони бозӣ сурудҳои диниро мехонд, то ки ором шавад ва диққаташро ҷамъ кунад. Ва он бегоҳ дар мусоҳиба ба воситаи телевизиони миллӣ гуфт: «Агарчи ин барнома дар мавзӯи дин нест, ман мехоҳам Худоро шукргузорӣ намоям». Ва бо вуҷуди он ки дар мавсими оянда китфи ӯ осеб дид, ва аз ҳамин сабаб ӯ варзишро тарк намуд, дастовардҳои ӯ дар соҳаи бейсбол барои ҳамеша дар китоби рекордҳо чун шаҳодати истеъдод ва меҳнати зиёди ӯ дар роҳи муваффақият боқӣ мемонанд. Агар касоне ки мувофиқи қоида бозӣ мекунанд, ҳамеша ба марра охирин шуда меомада бошанд, чӣ тавр Орэл ба ин гуна муваффақиятҳо ноил шуда тавонист? Китоби Муқаддас — Шамшери Рӯҳ — асотири Лео Дурчерро барҳам медиҳад, зеро он дар дурӯғ асос ёфтааст. Асотири Лео Дурчер чунин мегӯяд: «Касоне ки аз рӯи қоида бозӣ мекунанд, охирин шуда ба марра меоянд». Аммо дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: Хушо ҳалимон, зеро ки онҳо вориси замин хоҳанд шуд. Мат. 5:5 Асотири Лео Дурчер чунин мегӯяд: «Бо муштҳои худ сӯи қулла роҳ кушо». Дар Каломи Худо гуфта шудааст: Дар ҳузури Худованд фурӯтан бошед, ва Ӯ шуморо сарафроз хоҳад кард. Яъқ. 4:10 Асотири Лео Дурчер мегӯяд: «Худро таъриф кун. Дар назди дигарон худнамоӣ кун. Агар ба муваффақият ноил шуда бошӣ, ба дигарон нишон деҳ, ки чӣ гуна олиҷаноб ҳастӣ». Исо гуфтааст: Зеро ҳар кӣ худро баланд кунад, паст гардад, ва ҳар кӣ худро фурӯтан созад, сарафроз гардад. Луқ. 14:11 Албатта, гоҳо онҳое ки аз рӯи қоида бозӣ мекунанд, ҳақиқатан охирин шуда ба марра меоянд. Аммо онҳое ки қоидаҳоро вайрон мекунанд, ҳамчунин дар қатори охиринҳо буда метавонанд. Дурчер се бор чун менеҷери даста ба мукофоти лигаи олӣ муваффақ шуд. Аммо 21 бор ӯ ба ин муваффақ нашуд. Боре дастаи ӯ ҳатто ҷои охиринро ишғол намуд. Аммо гоҳо, чун дар мавриди Орэл Ҳершисер, меҳнати зиёд, устуворӣ, қатъият ва хоксорӣ ба касоне ки аз рӯи қоида бозӣ мекунанд, ёрӣ медиҳанд, то аввалин шуда ба марра оянд. Ва ҳангоме ки чунин мешавад, аз фикри он ки ғалаба бо роҳи бовиҷдонона ба даст омадааст, қаноатмандӣ бештар мешавад. Худат боварӣ ҳосил кун Барои боварӣ ҳосил кардан ба беасос будани асотири Лео Дурчер, вазифаи зеринро иҷро кун. Оятҳои 1–6-ро аз боби 39-уми китоби Ҳастӣ хон. Юсуфро чун ғулом ба Миср бурда буданд, аммо бо вуҷуди ин ӯ дар хонадони Фӯтифар шахси аҳамиятнок гардид (ва дертар мақоми ӯ аз мақоми худи Фӯтифар, ки сардори муҳофизон буд, баландтар гардид). Юсуф ин мақоми баландро чӣ тавр ба даст овард? Оятҳои 1–12-ро аз боби 1-уми Китоби дуюми Подшоҳон хон. Дар он ҷо воқеаҳое тасвир ёфтаанд, ки боиси дар Исроил подшоҳ шудани Довуд гардиданд. Ӯ ба «ғолиб шудан»-и худ чӣ гуна муносибат намуд? Оятҳои 7–11-ро аз боби 14-уми Инҷили Луқо хон. Масале ки Исо нақл кард, на танҳо ҳикмати бузург, балки маънои солимро низ дар бар мегирад. Ин масалро бо суханони худ чӣ гуна нақл кардан мумкин аст? «Беҳтараш оиди худ ___________________ фикр кунӣ, ва бигузор ту ноҳақ бошӣ, назар ба он ки гумон кунӣ, ки ту ______________________, аммо маълум шавад, ки баръакс будааст». 33. МО БО БЕҚУВВАТОН, НОӮҲДАБАРОЁН ВА ҒОРАТГАРОН ОШНОӢ НАМЕКУНЕМ Асотири фарисиён Ин гуна хонандагонро дар ҳар роҳрави мактабҳои Амрико дидан мумкин аст. Беқувватон, маймунҳои ифлос, сартарошидагон. Лақабҳо дигар шуда метавонанд, (вобаста ба он ки шумо дар Лос-Анҷелес зиндагӣ мекуне, ё дар Дес-Муанес), аммо ин ба ҳеҷ ваҷҳ ҳолатро дигаргун намекунад. Ҷамъияти муносиб ҳаст ва ҷамъияти номуносиб низ ҳаст. Ва кас бояд хеле боэҳтиёт бошад, то ки ба ҷамъияти номуносиб ҳамроҳ нашавад. Баъзе маълумотҳое ки дар зер оварда шудаанд, ба шумо ёрӣ медиҳанд, то фаҳмед, ки кадом ҷамъиятҳоро «муносиб» ва кадом ҷамъиятҳоро «номуносиб» ҳисобидан мумкин аст. Беқувватон, ноӯҳдабароён, аҳмақон ва аблаҳон: услубан нодуруст будани либос (аз қабили якҷоя кардани либоси чорхона бо хат-хат?). Писарон галстук-бабочка ва/ё шими кӯтоҳи ба бадан часпида мепӯшанд. Математика ва илмҳои табиатшиносӣ ба онҳо ҳақиқатан маъқул аст. Сартарошидаҳо, бемайнаҳо, дағалҳо: шахсони дӯстдорандаи ҳама чизи ҳарбӣ ва аслиҳа. Ҷанги навбатиро бесаброна интизор мебошанд. Филмҳои «Ба муҳориба!» ва «Патрули сарбозони навхизмат»-ро беохир тамошо карда метавонанд. Маймунҳои ифлос ва автоманҳо: онҳо ҳангоми гуфтугӯ оиди мошинҳо ҳамеша «ин зебояк» мегӯянд: «Ин зебояк дар ҳашт сония суръатро то ба шаст мил расонда метавонад» («Ҳамин тавр? Аммо ин зебояк дар зери капот 454 қувваи асп дорад»). Масхарабоз: масхарабози маъмулӣ дар майдони бозӣ метавонад дар нӯги як пой чарх занад, мазмуни китоби калонеро аз ёд донад ва маълумотҳои омориро чун компютер гуфта диҳад. Аммо агар аз ӯ ягон чизи дигарро пурсед, ақли ӯ аз ақли дастаки дар зиёдтар нест. Албатта, ин рӯйхатро васеъ кардан мумкин аст: каллаварамҳо, азёдкунандаҳо, муҳоботчиҳо, нашъамандон. Моҳият дар он аст, ки касоне ҳастанд, ки бо онҳо якҷоя гашта метавонӣ, аммо баъзеҳо ҳастанд, ки ҳатто дар тобут назди онҳо хобидан хуб нест! Ва ҳамааш аз он сабаб, ки агар ту бо ноӯҳдабаро дӯстӣ кунӣ, аз ноӯҳдабароии ӯ чизе ба ту гузашта метавонад. Ё баъзеҳо туро ба онҳо монанд мекунанд. Охир, ту ба ин роҳ дода наметавонӣ, ҳамин тавр не? Исо низ бо ҳамин гуна мушкилӣ рӯ ба рӯ шуд. Ӯ раввин буд. Раввинҳо танҳо бо доираи муайяни одамон муошират мекарданд: асосан бо ҳамин гуна раввинҳо ва одамони «беандоза тақводор». Фарисиён қоидаҳои қатъӣ тартиб дода буданд, ки аз рӯи онҳо баъзе одамон ҷамъияти муносиб ҳисобида мешуданд, дигарон бошанд — номуносиб. Аммо Исо ин қоидаҳоро вайрон кард. Ӯ бо ҷамъияти номуносиб муошират мекард. Ӯ ҳамроҳи боҷгирон мехӯрд ва менӯшид. Ба махавиён даст мерасонд. Бо зани сомарӣ сӯҳбат кард (ин тамоман мумкин набуд). Дар натиҷа Исоро масхара карда, зери тозиёнаи танқид гирифтанд. Ӯ асотири фарисиёнро чунон сарфи назар кард, ки дар ҳаққи ӯ мегуфтанд: «Инак марди пурхӯр ва майгусор, ки дӯсти боҷгирон ва гуноҳкорон аст» (Луқ. 7:34). Бо вуҷуди ин, Исо ба ин тамасхурҳо аҳамият намедод. Охир, дар ниҳояти кор маълум гардид, ки бисёрии дӯстони вафодортарини Ӯ аз ҷамъияти номуносиб баромада буданд. Матто, боҷгири манфур, яке аз дувоздаҳ шогирдони наздики Ӯ гардид. Гадои нобинои бечора, ки Исо ӯро шифо дод, далерона назди фарисиён истода, оиди Исо шаҳодат медод. Марями Маҷдалия, ки Исо аз вай ҳафт девро берун карда буд, яке аз онҳое буд, ки ҳангоме Исоро маслуб менамуданд, Ӯро тарк накарданд. Кӣ медонад? Шояд, дар байни беқувватон, сартарошидаҳо ё маймунҳои ифлоси мактабатон дӯсти худро вомехӯред? Албатта, ба шумо лозим меояд, ки аз баҳри ягон чиз бароед. Аммо ба шарофати ин шумо ҳамчунин ягон чиз ба даст меоваред. Охир Исо ба шумо гуфтааст: …шуморо дӯст хондаам <…> На шумо Маро баргузидаед, балки Ман шуморо баргузидаам ва шуморо таъин кардам, ки шумо биравед ва мева оваред, ва меваи шумо бимонад, то ки ҳар чи аз Падар ба исми Ман талаб кунед, ба шумо ато кунад. Ин чизҳоро ба шумо ҳукм мекунам, то ки якдигарро дӯст доред. Юҳ. 15:15–17 Худат боварӣ ҳосил кун Барои боварӣ ҳосил кардан ба беасос будани асотири фарисиён, вазифаи зеринро иҷро кун. Дар Инҷил Исо чун меҳмони писандида дар базмҳо ва зиёфатҳо ба назар мерасад. Порчаҳои зеринро хон ва аҳамият деҳ, ки Ӯ киро дӯстони худ меҳисобид: Мат. 9:9–13_____________________________________ Марқ. 14:3______________________________________ Луқ. 7:36_______________________________________ Оятҳои 1–10-ро аз боби 19-уми Инҷили Луқо хон. Бо вуҷуди он ки Исо аз «боҷгирон» ва «гуноҳкорон» рӯ наметофт, Ӯ мисли онҳо рафтор намекард. Ту аллакай қиссаи шиносоии Исо ва Заккайро медонӣ, ба фикрат, кӣ ба кӣ таъсир расонд? Ту аз ин қисса барои худ чӣ хулоса баровардӣ? 34. ПИСАРОН ИСЛОҲНАШАВАНДААНД Асотир оиди мардҳои ҳақиқӣ Ба суханони ман бовар кунед, на ҳар кас мехоҳад, ки сӯҳбатҳое ки дар ҳуҷраи либосивазкунии синфҳои болоии мактаб шунидан мумкин аст, ба гӯши модараш расанд. Ҷек ба тарафи ту сачоқро партофта, мегӯяд: «Эй, Дэн, бегоҳии ҷумъа вохӯрии ту бо Андреа чӣ тавр гузашт?» Писаре ки дар бари ту истодааст, бо оринҷаш туро тела медиҳад: «Корро буд кардӣ?» Касе бо шавқу завқ такрор мекунад: «Хайр, чӣ тавр, вай хонумаи пурҳарорат будааст?» «Пагоҳӣ наҳориро дар ҷойгаҳ хӯрдед?» Сипас шӯру ғавғо, имову ишораҳои беадабона, нидоҳои бешармона ва садоҳои ваҳшиёна аз қабили «пуси-пуси», ё «ана ин зебояк!», ё «биё, майдаяк, биё». Чунин вазъият барои бисёр бачаҳо шинос аст. Ва ҳатто агар ту ба ин саволҳо ҷавоби мусбат надода бошӣ ҳам, ба ҳар ҳол лозим меояд вонамуд кунӣ, ки «ба мақсад расидаӣ», ва «ин аллакай буд», ва ту аллакай бо секс машғул шудаӣ. Аммо агар ту чунин накунӣ, ҳоҷати бо ту гап задан ҳам нест. Охир, секс — зинаи муайяне дар роҳи инкишоф аст. То даме ки бо хонумае нахобӣ, туро марди ҳақиқӣ ҳисоб намекунанд. Ин асотир аст. Дурӯғи иблис. Ман аллакай инро ба ҳазорон ҷавонон дар тамоми кишвар ҳангоми маъракаи миллии «Чаро бояд интизор шуд?» гуфтаам. «Бо секс машғул шудан ба марди ҳақиқӣ будан чӣ муносибате дорад? Ҳатто писараки 12-сола бо секс машғул шуда метавонад!» Баъд ман чунин мегуфтам: «Аммо барои „не“ гуфтан ҳақиқатан мардонагӣ даркор аст». Ва давом медодам: «Ҳақиқатан далер будан даркор аст, то ки бархоста, софдилона гӯӣ: „Гӯш кун, ман ҳозир муносибатҳои ҷинсӣ доштан намехоҳам“. Дар асл кас бояд бо покдоманӣ фахр кунад!» Ба муносибатҳои ҷинсӣ даромадан нисбатан осон аст. Барои ин шахси болиғ будан ё хислати қавӣ доштан даркор нест. Аммо бар зидди хоҳишҳои издиҳом рафтан — ҳақиқатан душвор аст. Ана дар куҷо хислат, қувва ва мардонагӣ даркор аст. Шояд шумо инро намедонед, аммо дар Китоби Муқаддас якчанд мавридҳои васваса ва гуноҳҳои ҷинсӣ тасвир ёфтаанд, ки онҳоро донистани шумо меарзад. Яке аз онҳо бо Юсуф рӯй дод. Юсуф дар хонаи Фӯтифар ном дарбории мисрӣ кор мекард. Дар Китоби Муқаддас ҳамааш комилан ошкоро тасвир ёфтааст: …Ва Юсуф хушандом ва хушрӯй буд. Ва... зани оғояш ба Юсуф чашм андохта, гуфт: “Бо ман бихоб”. Ҳас. 39:6, 7 Юсуф ба осонӣ метавонист ба васваса дода шавад. Ва баъд, шояд, дар ҳуҷраи либосивазкунӣ бо намуди ботантана қадам зада, аз ғалабаи худ фахр кунад! Охир, чунин имконият фароҳам омадааст, ки «марди ҳақиқӣ» буданашро исбот кунад. «Аммо ӯ рад кард», — навишта шудааст дар Китоби Муқаддас. Ва дар асл на як бор. Дар натиҷаи он ки ӯ маъшуқи зани хоҷааш шуданро рад кард, ӯро ба зиндон андохтанд. Аммо Юсуф хислат, далерӣ ва мардонагӣ дошт. Чунки Юсуф марди ҳақиқӣ буд. Охир, танҳо марди ҳақиқӣ метавонад дар ҳуҷраи либосивазкунии мардона ба фишори «ақидаи аҳли ҷамъият» тоб оварад. Танҳо марди ҳақиқӣ метавонад қувваташро ҷамъ карда, принсипҳояшро пайравӣ намояд. Танҳо марди ҳақиқӣ метавонад ба издиҳом муқобил истад. Танҳо марди ҳақиқӣ метавонад «не» гӯяд. Худат боварӣ ҳосил кун Барои боварӣ ҳосил кардан ба беасос будани асотир оиди мардҳои ҳақиқӣ, вазифаи зеринро иҷро кун. Оятҳои 1–9-ро аз боби 39-уми китоби Ҳастӣ хон. Юсуф имконият дошт бо зани Фӯтифар бихобад. Ҷавоби ӯ ба пешниҳоди зан чӣ гуна буд (ояти 8)? Ӯ ду сабаби рад кардани худро меоварад (оятҳои 8, 9). Инҳо кадом сабабҳоянд? Ояти 10-ро аз боби 39-уми китоби Ҳастӣ хон. Юсуф сари чанд вақт бо ин васваса рӯ ба рӯ мешуд? Чӣ тавр ӯ кӯшиш мекард аз ин васваса барканор бошад? Оятҳои 11–23-ро аз ҳамон боб хон. Ҳангоме ки Юсуф бо зани Фӯтифар дар хона танҳо монданд, ва зан боз ӯро васваса намуд, Юсуф чӣ кард (ояти 12)? Дар натиҷаи покдомании худ Юсуф ҷазо дид, аммо барои зидди Парвардигор гуноҳ накарданаш чӣ баракатеро соҳиб шуд (оятҳои 20–23)? 35. НОФИ ЗАМИН ВА МАРКАЗИ КОИНОТ Асотири худпарастон «Гӯш кун, ту, бефаҳм! Ман парвое надорам, ки ту инро чӣ тавр мекунӣ, аммо ин ҷадвалҳо ва маълумотҳо бояд дар рӯи мизи ман бошанд! Фавран!» Рейчел Таунсенд гӯшаки телефонро тараққосзанон ба аппарат гузошт ва котибаи худро ҷеғ зад. Рӯйкаши махмалини мебел ва деворҳои бо чӯби торикранг рӯйкашшудаи офис оиди мақоми баланди соҳиби он дарак медоданд. Дар кунҷи миз китобе истода буд, ки оиди мақсадҳои касе ки онро мехонд, шаҳодат медоданд, — «Чӣ тавр дар ҳама кор аввалин шудан мумкин аст». Рейчел зуд дар компанияи худ ба вазифаҳои баланд ноил шуд: ба шарофати он ки манфиатҳои дигаронро сарфи назар карда, беист сӯи мақсади худ мерафт ва ба онҳо бе ҳеҷ гуна таассуф муносибат мекард. Ӯ парвое надошт, ки барои ба даст овардани мансаб аз болои сарҳои дигарон қадам зада, гузаштааст. Ӯ хоксор набуд, ва ҳисси аҳамиятнокии худ ба ӯ ҳаловати ҳақиқӣ мебахшид. Ба кабинет котиба даромад, ва Рейчел ба сари ӯ фармонҳоро фурӯ рехт. «Фавран ин беақли ношудро, ин Паттерсонро ба ин ҷо ҳозир кун. Ва ба Эллисон гӯй, ки дарҳол ҳамаи корҳояшро монда, новобаста ба он ки бо чӣ кор машғул аст, бо ҳисоботҳои ман машғул шавад...» Сухани ӯ нотамом монд. Чизе дар нигоҳи котиба ӯро водор намуд, ки хомӯш шавад. «Духтари шумо… — гуфт котиба. — Доя занг зад. Духтаратон Даниел аз майдончаи кӯдакон ғайб задааст». Рейчел чанг зада, гӯшаки телефонро гирифт. Ӯ ба воситаи телефон бо суръати беҳад тез саволҳо медод. Ниҳоят, гӯшакро гузошта, ба котибааш дод зад: «Ин шавҳари собиқро ба ман ёфта деҳ. Ҳатто аз зери замин бошад ҳам. Гӯй, ки ХУДИ ҲОЗИР назди доя равад». Рейчел дарҳол ба «БМВ»-и худ нишаста, онро дар кӯчаҳои шаҳр бо суръати баланд ронд. Ӯ доимо сигнал дода, педали газро зер карда, девонавор манёврҳо карда, сӯи хонаи доя мешитофт. «Агар бо ӯ ягон воқеа шавад, ман худро мекушам». Ӯ аз чароғаки сурхи светофор гузашта рафт. «Аммо агар ман дояро наёбам? Ба ман ёрӣ даркор аст». Мошин тормоз накарда, бо суръати зиёд ба кӯчаи шафат тоб хӯрд. «Кӣ ба ман ёрӣ дода метавонад? — Ин фикр ӯро ба даҳшат овард. — Кӣ ба ман ёрӣ медиҳад?» Рейчел ногоҳ дарк намуд, ки аз боиси он ки ӯ ҳамеша худро маркази коинот меҳисобид, ҳеҷ касе намондааст, ки ба ӯ ёрӣ расонад, ва ӯ аз ҳеҷ кас мадад хоста наметавонад. «Ман чунин меҳисобидам, ман гумон мекардам, ки ба ман ҳеҷ гоҳ касе даркор намешавад. Ман ҳамеша чунон рафтор мекардам, ки гӯё ҳамаи одамони боқимонда аҳамияте надоранд... Гӯё ягона одами муҳим ман бошам». Рейчел аллакай қариб расида буд. Ӯ ба чорраҳа наздик шуда, ҳаракати мошинро суст кард ва нозири роҳро дар айни вақташ дида монд, то ки мошинро боздорад. Хашми ӯ ба фаввораи вулқон монанд буд. Ӯ ин нозири роҳро, ки дар гузаргоҳи пиёдагардҳо рӯ ба тарафи муқобил истода буд, шинохт. Ӯ солҳои зиёд дар ин чорраҳа истода, ҳаракати мошинҳоро танзим мекард ва ба гузаштани мактаббачагон ёрӣ мерасонд. Ва суроби ӯ ҳамеша ба Рейчел фартут ва беарзиш метофт. Аммо акнун илова ба ҳама ӯро водор намуд, ки фавран тормозро зер кунад ва вақти гаронбаҳоро аз даст диҳад. Ӯ аллакай даҳонашро кушода ба нозир нафринҳо хонданӣ буд. Ҳамин вақт дида монд, ки вай кӯдакеро аз дасташ дошта истодааст — кӯдаки ӯро, Даниелро! Рейчел дарро кушода, сӯи пирамард давид. Ӯ духтари сесолаи худро, ки табассум мекард, аз дасти ӯ кашида гирифт ва ба оғӯш кашид, дар ҳоле ки пур аз ҳисси шукргузорӣ буд. Рейчел, директори иҷрокунандаи корпоратсияи калон, ногоҳ худро хурдакак ва нотавон ҳис кард. Пираманд бошад ба таври ғайричашмдошт шахси хеле муҳим гардид. Рейчел Таунсенд шахси худпарасте буд, ки мислаш кам ёфт мешавад: аз ҷумлаи онҳое ки самимона гумон мекунанд, ки маркази коинот ҳастанд. Ҳама гуна худпараст худро аз ҳамаи дигарон боло мегузорад ва тахминан чунин фикр мекунад: «Ҳамаро фаромӯш кардан даркор аст. Агар ман аз зиндагӣ чизи мехостаамро ба даст оварам, ба таври ҳақиқӣ хушбахт мешавам». Аммо ин асотир аст. Шахсоне ки ин принсипро пайравӣ мекунанд, албатта, ягон вақт сарват ва қудрат ба даст оварда метавонанд, аммо аз танҳоӣ ва ноумедӣ барканор шуда наметавонанд. Исо таълим медод, ки ҳар яки мо, ҳатто кӯдаки хурдакак, дар назари Худо беандоза гаронбаҳост. Ва агар шумо арзишнокии дигаронро эътироф намоед, боз ҳам хушбахттар мешавед. Ин эътироф хушбахтии шуморо камтар намекунад. Исо ҳукмеро борҳо такрор мекард: «Ёри худро мисли худат дӯст дор». На камтар аз худ. Ва на зиёда аз худ. «Ёри худро мисли худат дӯст дор». Суханони шоир Ҷон Донн низ ҳамин фикрро дар бар мегиранд: Ҳа, одам ҷазира нест, Балки як қисми материк аст. Ва дарк кардан осон нест, Ки дасти Худо Моро бо чунин қатъият Ба гирдгардони одамон андохтааст, Ки бо ҳар марги нав Як қисми ту низ мемирад. Ва ҳангоме садо медиҳанд Зангӯлаҳои маросими дафн, Бо андӯҳ фикр кун — Оё барои ту занг намезананд? Охир, Худо туро маркази коинот наофаридааст, балки Ӯ мехоҳад маркази зиндагии ту бошад. Худат боварӣ ҳосил кун Барои боварӣ ҳосил кардан ба беасос будани асотири худпарастон, вазифаи зеринро иҷро кун. Дар ҳар яке аз порчаҳои зикршудаи Навиштаҳо оиди ягон худпараст гуфта мешавад. Ҳар як порчаро хонда, ба ду савол ҷавоб деҳ: оиди кадом худпараст(он) сухан меравад? Бо ӯ чӣ рӯй дод? 2 Подш. 15:1–12; 18:17 ___________________________ 3 Подш. 1:5, 6, 42–53 ____________________________ Иш. 14:3, 4, 12–15 _______________________________ Мат. 20:20–28 __________________________________ 36. ЗЕБОСАНАМ НЕ, АЪҶУБА Асотир оиди зебосанам аз муқоваи маҷалла Симои зебо ба Кэтрин имкон дод, ки дар саҳифаҳои маҷаллаҳои «Вог» ва «Мадемуазел» чун фотомодел акс ёбад. Қаду қомати мавзуни ӯ гӯё маҳз барои либоси сиёҳи базмӣ офарида шуда буд ва бо хушсалиқагӣ ва латофати худ зеби ҳар шабнишинии шахсони хеле сарватмaнд шуда метавонист. Пас ӯ дар даромадгоҳи канализатсия чӣ кор мекунад? Кэтрин (Линда Ҳамилтон), қаҳрамони телесериали машҳури «Зебосанам ва аъҷуба», аксар вақт ба манзили зеризаминии (дар асл тоннели таркшудаи метро) Винсент, нимодам-нимаъҷуба, ки нақши ӯро Рон Перлманн бозидааст, меравад. Хайр, фарз мекунем, ки ин қиссаи кӯҳнаест, ки ба тарзи нав баён шудааст. Аммо ба ҳар ҳол саволе маро ором намегузорад: «Ин зебосанам чаро ӯро дӯст доштааст?» Охир дар асл хонумаи сиёҳмӯйи зебо, ки гӯё аз саҳифаҳои маҷаллаи мӯд берун омадааст, ногоҳ ба ҷавоне ошиқ мешавад, ки афту намудаш даҳшатовар аст, ва илова ба ин, дар зери замин зиндагӣ мекунад. Ин ғайриимкон аст! Албатта, ин қисса аз рӯи қонунҳои жанри кино бунёд ёфтааст. Винсент ба Кэтрин на аз боиси намуди зоҳирии худ, балки бар хилофи он маъқул аст. Ӯ он шахсеро дӯст медорад, ки дар паси ниқоби шер ниҳон аст. Ӯ Винсентро барои меҳрубонӣ ва нармдилӣ ...ва, шояд, барои овози мӯъҷизаосои ӯ дӯст медорад. Ва, албатта, ин гуна қиссаҳо маъқул мешаванд, зеро чунин муҳаббатро кам вохӯрдан мумкин аст. Ин аз он сабаб рӯй медиҳад, ки бисёр касон ба асотир оиди зебосанам аз муқоваи маҷалла бовар мекунанд. Мо ҳақиқатан бовар мекунем, ки ҳама чиз дар зиндагии мо ба он вобаста аст, ки намуди зоҳирии мо чӣ гуна аст, ва агар духтар ба Эл Макферсон ё писар ба Патрик Суэйзи ақаллан андаке монанд набошад, ҷолиби диққат нест. Аммо ин асотир аст. Барномаҳои телевизион, маҷаллаҳо, кино- ва видеофилмҳо доимо ба мо тимсолҳои тайёрро пешкаш намуда, тасаввуротҳоро оиди он, ки чӣ зебост ва чӣ не, талқин мекунанд. Ғайр аз ин, расонаҳои хабарӣ Моро бовар мекунонанд, ки зебоӣ маънои хушбахтиро дорад. Акнун, илтимос, аҳамият диҳед, ки масеҳӣ ҳеҷ гоҳ маҷбур нест баднамо бошад. Агарчи, албатта, ҳатмӣ нест, ки ба зебосанамҳо ва ҷавонони зебо, ки шими ҷинси «Ҷордаш» ё косметикаи «Мэйбеллин»-ро реклама мекунанд, монанд бошем. Мо бояд дарк намоем, ки мафҳуми зебоӣ назар ба қаду қомати мавзун, мушакҳои машқдида ва чашмони осмониранг хеле васеътар аст. Аксар вақт зебоии шахс ба сифатҳои ботинӣ ва хислати ӯ вобаста аст. Худо Довудро на барои намуди зоҳирӣ ё хусусиятҳои ҷисмонӣ интихоб намуд, то подшоҳи Исроил шавад, балки аз он сабаб, ки гуфт: …одам фақат он чиро, ки ба чашм намоён аст, мебинад, вале Худованд он чиро, ки дар дил аст, мебинад. 1 Подш. 16:7 Дар асл аксар вақт зебоӣ, чуноне ки ҳаёт нишон медиҳад, — баракат нест. Шояд ғайриимкон тобад, аммо гоҳо зебоӣ ба аъҷуба табдил меёбад, ки аз боиси он духтарон рӯҳафтода мешаванд, ва ҷавонписарон ҳисси арзишнокии худро аз даст медиҳанд. Бисёр касони «зебо» ҳастанд, ки онҳоро ҳисси танҳоӣ, беҳимоятӣ ва нодаркор будан азият медиҳад. Ҳақиқат дар он аст, ки агар шумо гумон кунед, ки хушбахтӣ ба ранги мӯйҳо ё тарзи либоспӯшии шумо вобаста аст, шумо ҳатман ба ноумедӣ дучор хоҳед шуд. Албатта, тарзи либоспӯшӣ низ аҳамият дорад, аммо амиқтар нигариста, на танҳо он чиро ки оина нишон медиҳад, бинед. Агар ба шумо шахси дар рӯ ба рӯятон истода маъқул бошад, ба шумо назар ба он чи чашмонатон мебинанд, бештар он чи дида наметавонед, маъқул аст. Худат боварӣ ҳосил кун Барои боварӣ ҳосил кардан ба беасос будани асотир оиди зебосанам аз муқоваи маҷалла, вазифаи зеринро иҷро кун. Дар Китоби Муқаддас оиди он, ки чӣ тавр хушбахт шудан мумкин аст, бисёр гуфта шудааст. Порчаҳои зеринро хон ва калимаҳоро оиди он, ки маҳз чӣ ба одамон хушбахтӣ медиҳад, навишта гир. Онҳоро дар сатрҳои муқарраршуда навис. Баъд дар он сатрҳое ки оиди он гуфта шудааст, ки хушбахтӣ ба намуди зоҳирӣ вобаста аст, аломат гузор. [ ] Заб. 143:15 ___________________________________ [ ] Заб. 31:1 ___________________________________ [ ] Мас. 3:13 ___________________________________ [ ] Мас. 14:21 ___________________________________ [ ] Мас. 16:20 ___________________________________ [ ] Луқ. 11:28 ___________________________________ [ ] Яъқ. 1:12 ___________________________________ [ ] 1 Пет. 3:14 ___________________________________ 37. МАН ҲАМ МИСЛИ ДИГАРОН АМАЛ МЕКУНАМ Асотир оиди он, ки монанди аксарият амал кардан даркор аст «Мoдарҷон, худат фикр кун, — бо овози илтиҷоомез мегуфт Андреа. — Охир, мо маводи нашъаовар ё ягон чизи дигар истеъмол намекунем. Охир, ин фақат шабнишинӣ аст». «Ту ба шабнишинӣ ба хонаи Брэд ё ягон каси дигар намеравӣ, — агар дар он хона касе аз калонсолон набошад». «Бовар карда наметавонам, ки ту бо ман чунин рафтор карда истодаӣ, — гуфт Андреа. — Охир, дар он ҷо ҳамаи шиносҳоям ҷамъ мешаванд. Танҳо ман дар хона мемонам, зеро модарам чунин меҳисобад, ки ин гуна шабнишиниҳо на барои духтарони ҷавон мебошанд». Андреа то охири рӯзи истироҳат бо модар гап назад. «Дар замони мо ҳама ба чунин шабнишиниҳо мераванд, — фикр мекард ӯ. — ҳамаи ин хурофотҳо ба гузашта тааллуқ доранд. Аз он вақте ки шумову падарам хурд будед, бисёр чизҳо дигаргун шудаанд». Аммо пагоҳии рӯзи душанбе Андреа фаҳмид, ки Ҷулия низ ба шабнишинӣ ба хонаи Брэд нарафтааст. «Падару модари ман ҳеҷ гоҳ ба ман ин чизҳоро иҷозат намедиҳанд, — иқрор шуд Ҷулия. — Ҳатто Синди ба он шабнишинӣ нарафтааст». Андреа гумон дошт, ки ба шабнишиние ки Брэд дар хонаашон бе назорати волидон мегузаронд, ҳамаи шиносҳояшон мераванд. Албатта, ӯ ҳанӯз ҳам аз модар ранҷида буд, аммо назар ба он рӯзе ки модар ба шабнишинӣ рафтани ӯро манъ кард, худро хеле беҳтар ҳис мекард. Андреа ақидаи паҳншудаеро ҷонибдорӣ мекард, ки «агар ҳама ин корро мекарда бошанд, барои ман ҳам мумкин аст». Аммо ин асотир аст. На ҳама ин корро мекунанд. Гоҳо, албатта, тамоман баръакс метобад, аммо ҷавонписар ё духтар дер ё зуд мефаҳманд, ки бар хилофи он чи атрофиён ба онҳо талқин менамоянд, «ин кор»-ро на ҳама мекунанд. На ҳама пеш аз никоҳ муносибатҳои ҷинсӣ барпо мекунанд. Аз рӯи ҳисоббарориҳои ман, зиёда аз 50% фарзандоне ки дар оилаҳои масеҳӣ тарбия ёфтаанд, «ин кор»-ро намекунанд. Ва ин рақами ба қадри кофӣ калон аст. На ҳама сигор мекашанд. Баъзе тадқиқотҳо нишон доданд, ки имрӯзҳо қариб 80% ҷавонон сигор намекашанд. На ҳама нӯшокиҳои спиртӣ истеъмол мекунанд. Бисёр тадқиқотҳо нишон доданд, ки қариб 30% талабагони синфҳои болоӣ нӯшокиҳои спиртӣ наменӯшанд, ва 10% ҳатто ҳеҷ гоҳ чашида надидаанд. На ҳама маводи нашъаовар истеъмол мекунанд. Маркази тадқиқотҳои иҷтимоии донишгоҳи Мичиган маълумотҳоеро пешниҳод намуд, ки мувофиқи онҳо, сатҳи истеъмоли кокаин ва дигар маводи нашъаовар аз ҷониби наврасон кам шудааст. Зиёда аз 40% аз миқдори умумии ҷавонони Амрико аз истеъмоли маводи нашъаовар, ки хилофи қонун аст, даст кашидаанд. На ҳама имонро гум мекунанд ё, чуноне ки мегӯянд, на ҳама «аз синну соли имондорӣ баромадаанд». Тадқиқоте ки дар он ду ҳазор наврасон иштирок карданд, нишон дод, ки қариб 60% ба дин чун ба қисми муҳимтарини ҳаёти худ муносибат мекунанд. Аксар вақт наврасон дурӯғеро оиди он, ки «ҳама ин корро мекунанд», барои он истифода мебаранд, ки дӯстон ва ҳамсолони худро ба ин кор водор намоянд ва онҳоро маҷбур кунанд, ки мисли ҳама рафтор намоянд. Аммо, ба фикри ман, ба асотир оиди он, ки «ин кор»-ро ҳама мекунанд, бовар кардан лозим нест. Ин тамоман аз ҳақиқат дур аст. Бисёр наврасон чӣ тавр «не» гуфтанро медонанд. Ва онҳо беш аз пеш «не» мегӯянд. Худат боварӣ ҳосил кун Барои боварӣ ҳосил кардан ба беасос будани асотир оиди он, ки «ин кор»-ро ҳама мекунанд, вазифаи зеринро иҷро кун. Дар сатрҳои поён номҳои он наврасонро навис, ки «ин кор»-ро намекунанд (ва аз навиштани номи муҳимтарин — номи худат — шарм накун!). Дар байни он 30–40%, ки пеш аз никоҳ ба муносибатҳои ҷинсӣ намедароянд: ________________________________________________________________ ________________________________________________________________ Дар байни он 80%, ки сигор намекашанд: ________________________________________________________________ ________________________________________________________________ Дар байни он 30%, ки нӯшокиҳои спиртӣ наменӯшанд: ________________________________________________________________ ________________________________________________________________ Дар байни он 40%, ки аз истеъмоли маводи нашъаовар, ки хилофи қонун аст, даст мекашанд: ________________________________________________________________ ________________________________________________________________ Дар байни он 60%, ки имонро қисми муҳимтарини ҳаёти худ меҳисобанд: ________________________________________________________________ ________________________________________________________________ 38. СЕКС КАЛИМАИ НОПОК НЕСТ Асотири пуританҳо Яке аз сабабҳои машҳуршавии тимсоли Дана Карвей, хонумаи диндор, қаҳрамони сериали «Бегоҳии шанбе», дар он аст, ки тасаввуротҳои маъмулии одамонро оиди масеҳият инъикос мекунад. Рафтори риёкорона, мунофиқонаи ин зан, ки дар тан куртаи сиёҳ ва дар сар кичка дорад, ба тасаввурот оиди он, ки масеҳиён сексро як чизи бешармона ва ношоиста меҳисобанд, мувофиқат мекунад. Бисёриҳо чунин меҳисобанд, ки пайравони Исо ба Худое имон доранд, ки секс ва ҳиссиёти ҷинсиро маҳкум мекунад. Ин асотир аст. Секс калимаи ифлос нест. Ин як чизи бешармона, ношоиста ва сазовори мазаммат нест. Гуфтан мумкин нест, ки Худо зидди секс аст, ва Ӯ онро бад мебинад. Охир, онро Худи Ӯ ихтироъ намудааст! Ӯ ҳама чизро таъсис додааст. Дар китоби Ҳастӣ тасвир ёфтааст, ки Худо ҷаҳонро офарид, ва дар он чунин суханон ҳастанд: Ва Худо Одамро ба сурати Худ офарид, ӯро ба сурати Худо офарид; онҳоро марду зан офарид. Ҳас. 1:27 Ӯ марду занро бо аломатҳои мувофиқи ҷинсӣ офарид. Ӯ ба онҳо ҳиссиёти ҷинсӣ дод. Ва баъд Ӯ ба ин офаридаҳои ба маънои пурраи калима ҷинсӣ нигарист, ва чуноне ки дар Китоби Муқаддас навишта шудааст, …Худо ҳар он чиро, ки ба амал овард, дид, ва инак, хеле хуб аст. Ҳас. 1:31 Секс аз худи аввал ба нақшаи Худо оиди офариниши олам дохил мешуд. Ҳангоме ки ӯ ба марду зан гуфт: «Борвар ва афзун шавед», албатта, Ӯ дар назар дошт, ки муносибатҳои ҷинсӣ маҳз барои ҳамин вуҷуд доранд. Дар Китоби Муқаддас якчанд тасвирҳои ошкорои муносибатҳои ҷинсӣ ҳастанд. Забони китоби Суруди Сурудҳои Сулаймон, ки чун достон оиди муҳаббат навишта шудааст, бе шубҳа, он хонумаи диндорро ҳайрон мекард. Ҳавворӣ Павлус оиди муносибатҳои ҷинсӣ ба ҷуфти оилавӣ дар калисои Қӯринт маслиҳати ҳаётан муҳим додааст. Аммо бояд дар ёд дошта бошем, ки дар Китоби Муқаддас аниқ гуфта шудааст, ки муносибатҳои ҷинсӣ танҳо барои ҳаловати шавҳар ва зан бунёд ёфтаанд. Бигзор никоҳ аз ҳар ҷиҳат ҳалол бошад, ва ҷойхоби он беайб, зеро ки зинокорон ва фосиқонро Худо доварӣ хоҳад кард. Ибр. 13:4 Худо сексро таъсис намудааст; одам бошад онро аз чаҳорчӯбаи иттиҳоди оилавӣ берун баровард ва нопок гардонд. Худо сексро барои он таъсис дод, ки шавҳар ва зан пурра дар якдигар ҳал шаванд, ва аз муносибатҳои ҷинсӣ ҳаловат бурда, аз он хурсандӣ ва қаноатмандӣ ҳис кунанд; одам бошад ин тӯҳфаи Худоро таҳриф намуд. Ҳангоме ки Худо гуфт: «Зино накун», ки маънояш «ба муносибатҳои бадахлоқонаи ҷинсӣ дохил нашав» аст, Ӯ инро на аз он сабаб гуфт, ки Ӯ миҷинги тамоми ҷаҳон аст, ки айши шуморо талх карданист, балки аниқтараш аз он сабаб ки Худо шодиро, ки онро танҳо муҳаббат дода метавонад, дӯст медорад. Худо мехоҳад шуморо аз нобоварӣ ё шубҳаҳо ҳимоя кунад ва он чиро, ки шарти муҳими муҳаббат, оиладорӣ ва муносибатҳои ҷинсии мукаммал аст, — бовариро диҳад. Ӯ мехоҳад моро аз тарси бемориҳое ки бо роҳи ҷинсӣ мегузаранд, ҳимоя кунад, ва барои ҳаёти ояндаи ҷинсӣ боварӣ ва осудагӣ диҳад, ҳангоме мо оиладор мешавем. Ӯ мехоҳад моро аз муносибатҳои вайронкунандае ҳимоя кунад, ки ба таври ғайритабиӣ бунёд ёфтаанд ва аксаран боиси никоҳи бадбахтонаи маҷбурӣ мешаванд, зеро бо касе алоқаи ҷинсӣ кардаем. Ва ниҳоят, Ӯ аз он сабаб покдомании Моро нигоҳ доштан мехоҳад, ки мо имкон дошта бошем яке аз тӯҳфаҳои бузургтарини муҳаббатро, ки одам дар шаби аввали никоҳ ба дӯстдоштаи худ дода метавонад, диҳем. Худат боварӣ ҳосил кун Барои боварӣ ҳосил кардан ба беасос будани асотири пуританҳо вазифаи зеринро иҷро кун. Оятҳои 1–23-ро аз боби 5-уми Китоби Масалҳои Сулаймон хон. Ба фарқе ки ҳаким байни алоқаи ҷинсии ғайришаръӣ ва муносибатҳои ҷинсии ҳамсарон мегузорад, аҳамият деҳ. Оятҳои 18 ва 19-ро, ки дар онҳо муносибатҳои ҷинсии шавҳар ва зан тасвир ёфтаанд, махсус қайд кун. Сатрҳои ҳаяҷонбахши шоиронаро аз Китоби Суруди Сурудҳои Сулаймон (бобҳои 3–5) хон. Ин шеъри ошоқона ҳаловати эҳсосотиро (ки ҳатмӣ нест танҳо ҷинсӣ бошад), ки Худо ба мард ба воситаи зани ӯ ва ба зан ба воситаи шавҳараш медиҳад, тасвир мекунад. 39. ОИДИ БОТИНКАҲО, КИШТИҲО, ОИДИ ХАРЧАНГҲОИ БАҲРӢ ВА БОЗ БАЪЗЕ ЧИЗҲО Асотири анархистҳо Харчанги баҳрӣ Герман, дар қаъри баҳр бо суръат ҳаракат карда, зери санги оилавӣ даромад. «Ман озод будан мехоҳам! — нидо кард ӯ ба падараш. — Намефаҳмам, чаро ту маро маҷбур мекунӣ, ки ин зиреҳи аблаҳонаро шабу рӯз пӯшида гардам! Он ба ҳаракати ман халал мерасонад! Он маро аз нафосат маҳрум мекунад. Баъзе дӯстони ман зидди зиреҳҳо гурӯҳи эътирозӣ ташкил карданӣ ҳастанд, ва ман ба он ҳамроҳ шудан мехоҳам!» Падари ӯ, харчанги баҳрӣ Фред, нафаси чуқур кашид ва чанги вазнини худро ба китфи Герман гузошт (охир, харчангҳои баҳрӣ китфҳо доранд, агарчи танҳо бо ёрии дигар харчанги баҳрӣ онҳо фаҳмида метавонанд, ки дар куҷо китф тамом мешавад ва тахтапушт сар мешавад). Герман чашмонашро боло кард. «Писарам, — гуфт Фред, — ба ту як ҳикоят нақл мекунам». «Падар, бас аст ҳар гуна…» «Ин ҳикоят бо Ҳамфри ном шахс рӯй додааст, ки ба мактаб пойлуч рафтан мехост. Ӯ мегуфт, ки ботинкаҳо ба роҳравии ӯ халал мерасонанд. Ва боз ӯ мегуфт, ки онҳо ӯро аз нафосат маҳрум мекунанд. Ӯ хеле мехост аз онҳо озод шавад, то ки дар гулзорҳо, алафзорҳо ва ҷӯйборҳо пойлуч давида гардад. Дар охир модар бо хоҳиши писараш розӣ шуд. Ӯ зуд аз хона давида баромад — ва оё медонӣ бо ӯ чӣ воқеа рӯй дод?» Герман аллакай даҳонашро кушод, то ки ҷавоб диҳад, аммо падар нақлро давом дод. «Ҳамфри шишапораеро зер кард. Ба духтурон лозим омад, ки ба кафи пои ӯ бист дарз дӯзанд, ва духтари дӯстдоштаи ӯ ба базми хатми мактаб бо ҷавони дигар рафт». «Ҳикояти аблаҳона, падар». «Шояд ҳамин тавр бошад, писарам, аммо моҳияти масъала дар он аст, ки ҳар як харчанги баҳрӣ дер ё зуд ба фикре меояд, ки агар аз зиреҳ озод гашта метавонист, зиндагӣ хеле беҳтар мешуд. Аммо ин монанди он аст, ки маллоҳ аз киштие ки озодии ӯро маҳдуд мекунад, хаста шуда, худро ба баҳр ба ихтиёри мавҷҳо партояд. Шояд ӯ гумон кунад, ки озодӣ ҳамин аст, аммо агар ба киштӣ барнагардад ё зуд ба соҳил шино карда наравад, ғарқ мешавад — пас ин чӣ гуна озодӣ аст?» Герман оиди суханони падар фикр мекард. «Ту ба қарибӣ зиреҳи худро мепартоӣ, писарам», — гуфт ӯ ва фикр кард, ки мутаассифона, дар ин бора пеш аз вақт гуфтан лозим меояд. Харчанги баҳрии ҷавон ҳайрон шуд. «Ҳа-ҳа, ту дуруст шунидӣ, — ҷавоб дод падар Фред ба саволе ки дар чашмони писараш хонд. — Ин бо ҳамаи харчангҳои баҳрӣ рӯй медиҳад, ҳангоме ки онҳо ба воя мерасанд. Аммо, — давом дод ӯ бо оҳанге ки дар он огоҳкунӣ шунида мешуд — ҳангоме ки ин рӯй медиҳад, ту беҳимоя мемонӣ. То даме ки зиреҳи нави ту мисли ин мустаҳкам нашавад, — ӯ зиреҳи мустаҳкамеро, ки тахтапушти писарашро ҳимоя мекард, тақ-тақ зад, — лозим меояд аз ҳарвақта бештар боэҳтиёт бошӣ. Бе ин зиреҳ ту худро дар озодии камтар ҳис хоҳӣ кард». «Ин хеле аҷиб аст, падар, — гуфт Герман. — Ҳеҷ гоҳ дар ин бора фикр накарда будам. Ту гуфтан мехоҳӣ, ки гоҳо чунин метобад, ки чизе озодии моро маҳдуд мекунад, аммо дар асл ин ба мо имкон медиҳад то ҳадди имкон озод бошем. Ман туро дуруст фаҳмидам?» Харчанги баҳрӣ Фред чанги калони худро ба китфи Герман гузошт, ва онҳо ҳамроҳ аз санги оилавӣ хазида баромаданд. «Аз чӣ сабаб ту ин қадар доно ҳастӣ, писарам?» — пурсид ӯ. Худат боварӣ ҳосил кун Барои боварӣ ҳосил кардан ба беасос будани асотири анархистҳо, вазифаи зеринро иҷро кун. Бисёриҳо чунин меҳисобанд, ки Даҳ аҳком ва тамоми таълимоти Масеҳ озодиро маҳдуд мекунанд ва одамонро побанд менамоянд. Бо вуҷуди ин, дар асл аҳком ба касоне ки онҳоро риоя мекунанд, озодии ҳақиқиро медиҳанд. Оятҳои 1–17-ро аз боби 20-уми китоби Хуруҷ хон. Иҷрои ин аҳком кадом озодиро дода метавонад? (Масалан, иҷрои ҳукми шашум туро аз тарси сироят ёфтан бо беморие ки бо роҳи ҷинсӣ мегузарад, озод карда метавонад.) Ҷавобҳои худро навис: ________________________________________________________________ ________________________________________________________________ ________________________________________________________________ Оятҳои 1–12-ро аз боби 5-уми Инҷили Матто хон. Пайравӣ ба насиҳатҳои Исо, ки дар ин оятҳо дода шудаанд, ба ту чӣ гуна озодӣ дода метавонанд? ________________________________________________________________ ________________________________________________________________ ________________________________________________________________ Ояти 36-ро аз боби 8-уми Инҷили Юҳанно хон. Онро навишта гир: ________________________________________________________________ ________________________________________________________________ ________________________________________________________________ 40. ҲАНГОМЕ КИ КАС АЗ ҲАЯҶОН НАФАСГИР МЕШАВАД Асотир оиди муҳаббат аз нигоҳи аввал Ана ҳамин тавр, дар он рӯзи аввали саршавии дарсҳо ман назди ҷевони худ дар иҳотаи як тӯда бачаҳо истода, оиди ҳар гуна масъалаҳо гуфтугӯ мекардам — хайр, худатон медонед, бачаҳо оиди чӣ лаққиданро дӯст медоранд. Ногоҳ — он духтар даромад. Аз лаҳзаи аввале ки ман ба мактаб даромадани ӯро дидам, фаҳмидам, ки ин духтар барои ман офарида шудааст. Бачаҳо, ӯ аз ҳар ҷиҳат комил буд. Аз дидани мӯйҳои тиллоранги ӯ, ки ба китфонаш мефаромаданд, хун дар рагҳои бари рӯям девонавор ба тапидан даромад. Ӯ чунон офтобхӯрда буд, ки гӯё дар пляж истироҳат карда бошад. Қаду қомати ӯ ман барин писари 17-соларо дар якчанд сония шайдо карда метавонист. Ма ошиқ шудам. Аз нигоҳи аввал, мефаҳмед? Ақаллан дар бораи худ инро комилан аниқ гуфта метавонам. Албатта, муддате лозим шуд, то диққати ӯро ҷалб намоям ва бо ин «нобиғаи зебоии пок» вохӯрӣ барпо кунам. Баъд ҳамааш пайиҳам ба амал омад — базми арӯсӣ, фарзандон, ва баъд мо умри дарози хушбахтона дидем». Аҳа, ана чӣ тавр мешудааст, ҳангоме ки муҳаббати ҳақиқӣ меояд. Муҳаббат аз нигоҳи аввал. Гоҳо кофист, ки ба духтар ё писар як нигоҳ кунӣ, ва ту аллакай медонӣ, ки муҳаббати тамоми умри худро вохӯрдаӣ. Ин асотир аст. Хайр, шояд, гоҳо ҳамин тавр мешавад, асосан аз сад як маротиба. Аммо ғалати хатарнок мебуд, агар чунин ҳисобем, ки маҳз ҳамин мавридҳои истисноӣ муҳаббати ҳақиқӣ мебошанд. Мо гумон мекунем, ки муҳаббат пеш аз ҳама ҳиссиёт аст: тӯфони эҳсосот. Хун ба сар мезанад, кас аз ҳаяҷон нафасгир мешавад. Аммо Китоби Муқаддас муҳаббатро пеш аз ҳама амал меҳисобад; муҳаббат на он чизест, ки ту ҳис мекунӣ, балки он чи ту мекунӣ. Дар тасаввури бисёр касон муҳаббат ба ҳар ҳол чун Олами Нав барои Колумб аст — ту онро махсус ҷустуҷӯ намекунӣ, ва ногоҳ — ана он! Муҳаббат! Дар асл ҳамааш баръакс аст. Муҳаббат ба гули хушбӯе монанд аст, ки дар боғ мерӯяд, — ту тухмиро мекорӣ, онро об медиҳӣ, ғизо медиҳӣ ва аз ҳар чизе ки ба он зарар расонда метавонад, ҳифз менамоӣ, боз якчанд муддат ба он об медиҳӣ, ва баъди чандин рӯзҳо, моҳҳо растанӣ гул мекунад. Ва агар ту ба он боз ҳам ғизо ва об додан гирӣ, он боз ҳам месабзад ва гул карданро давом медиҳад. Шояд, бисёр муносибатҳо маҳз аз он сабаб ба низом намедароянд, ки одамон инро намефаҳманд: кам касон ёфт мешаванд, ки ҳиссиёти худро такмил диҳанд. Кам касон оиди он фикр мекунанд, ки тухмиро об додан даркор аст. Кам касон ба тӯфон, ки метавонад растаниро решакан кунад, тайёранд. Кам касон заминро нигоҳубин кардан мехоҳанд. Дар натиҷа кам касон имкон пайдо мекунанд, ки аз роиҳаи муҳаббати ҳақиқӣ ҳаловат баранд. Оиди хусусияти фаъолона доштани муҳаббат ҳавворӣ Павлус мегуфт, ҳангоме менавишт: «Эй мардон, занони худро дӯст доред, чунон ки Масеҳ низ ба Калисо муҳаббат дошт…» Масеҳ Калисоро чӣ тавр дӯст доштааст? «[Ӯ] Худро аз барои он таслим намуд… Ҳамин тавр бояд шавҳарон занони худро мисли ҷисми худ дӯст доранд: он ки зани худро дӯст медошта бошад, худро дӯст медорад. Зеро ки ҳеҷ кас ҷисми худро бад намебинад, балки онро ғизо медиҳад ва гарм мекунад, чунон ки Худованд низ Калисоро» (Эфс. 5:25,28, 29, курсиви муаллифон). Ҳангоме ки аз назди шумо хонумаи малламӯйи офтобхӯрда мегузарад, шумо метавонед чун пештара ба ҳаяҷон оед. Агар ба шумо капитани дастаи футбол аҳамият диҳад, шумо метавонед саргум шавед. Аммо ин муҳаббат нест. Ин ваҷд аст, на он ҳисси бунёдкунанда, ки ба кас илҳом мебахшад, то аз тухми хурдакак гули зебои хушбӯйро сабзонад. Худат боварӣ ҳосил кун Барои боварӣ ҳосил кардан ба беасос будани асотир оиди муҳаббат аз нигоҳи аввал вазифаи зеринро иҷро кун. Боби 13-уми Номаи якум ба Қӯринтиён, боби маъруферо, ки ҳавворӣ Павлус ба муҳаббат бахшидааст, хон. Аз рӯи хондагиат он чиро, ки муҳаббати ҳақиқиро тавсиф медиҳад, навишта гир: Муҳаббат ______________________________, Муҳаббат ______________________________ (ояти 4). Муҳаббат ҳама чизро_____________________, ба ҳама чиз _____________________________, ба ҳама чиз ______________________________, ба ҳама чиз _____________________________ (ояти 7). Муҳаббат _________ на-_________________ , __________ на-_________________ , __________ на-_________________ (ояти 4), __________ на-_________________ , _______________________________нeст, __________ на-_________________ , __________ нa-_________________ (ояти 5). Муҳаббат __________ на-_________________ Балки __________________________________ (ояти 6). Муҳаббат ҳaргиз _________________________ (ояти 8). Акнун ба он чи навиштӣ, нигоҳ кун. Чӣ қадари тавсифоти номбаршуда ба ҳиссиёт дахл дорад? Чӣ қадари онҳо амалҳо мебошанд? 41. ХУДАТ ХУДРО ШИФО ДЕҲ Асотири инсонпарварон Бадди ва Натан, дар маркази савдо сайр карда, назди мизе ки дар болояш китобҳо буданд, истода монданд. Дар паси миз мард ва зане нишаста буданд, ки ба бачаҳо табассуми ширин мекарданд. «Агар ба ягон чиз таваҷҷӯҳ намоед, ба ман гӯед», — гуфт мард. Баъзе брошюраҳоро бепул гирифтан мумкин буд, масалан, брошюраи «Исо ҳеҷ гоҳ вуҷуд надошт». Барои дигар китобҳо пул додан даркор буд, аммо номҳои онҳо, ки нақлро оиди осоиштагии умумиҷаҳонӣ, таҳсилот, ҷудоии калисо ва давлат ваъда медоданд, нисбатан диққатҷалбкунанда метофтанд. «Ту ба ин нигоҳ кун», — Бадди китоби ғафсеро ба даст гирифт, ки «Роҳнамои Айзек Азимов оиди Китоби Муқаддас» ном дошт. «Ман дар бораи ин шахс чизе шунидаам», — гуфт ӯ. «Албатта, — мард бархост ва аз болои миз хам шуд. — Ин китоби хеле хуб аст. Дар он на танҳо фактҳои номашҳур оиди Тӯфон ва фирор ба воситаи баҳри Қулзум ошкор карда мешаванд, балки ҳамчунин ба баъзе чизҳое ки дар Китоби Муқаддас оиди онҳо ҳеҷ чиз гуфта нашудааст, рӯшанӣ андохта мешавад. Дар он нишон дода шудааст, ки чӣ тавр қиссаи библиявӣ ва фактҳои таърихӣ бо ҳам муттаҳид шуда, манзараи равшантари таърихи инсониятро медиҳанд». «Ҳа, албатта». — Натан ба мард сар ҷунбонд, аммо, китобро аз дасти Бадди гирифта, ба рӯи миз гузошт. «Биё аз ин ҷо равем», — гуфт ӯ. «Ба ту чӣ шуд? — пурсид Бадди, ҳангоме ки онҳо аз он миз якчанд қадам дур шуданд. — Чаро мо аз он ҷо ин қадар зуд рафтем?» Натан китфонашро дарҳам кашид: «Намедонам. Аммо дар ин ҷо чизе ба ман маъқул нашуд». Натан оқилона амал намуд. Ӯ ба сафсатаҳои инсонпарварони дунявӣ дода нашуд, ки идеяҳои онҳоро гоҳо дарҳол шинохтан душвор аст, аммо онҳо дар ҳар ҳолат ба Китоби Муқаддас, ба масеҳиён ва ба калисо мухолифат доранд. Инсонпарварон чунин меҳисобанд, ки танҳо худи одамон ҷаҳонро наҷот дода метавонанд. Худо одамро наҷот дода наметавонад, мегӯянд онҳо, чунки Худо вуҷуд надорад. Дин низ одамро наҷот дода наметавонад, чунки дин дурӯғ аст. Инсонпарвар бояд наҷот, осоиш ва некӯаҳволиро на дар осмон, балки дар худ ҷустуҷӯ намояд. Инсонпарварон чунин меҳисобанд, ки ягона умед ба наҷоти шахсӣ ва беҳтар шудани ҷаҳон аз он иборат аст, ки одам бояд аз тарзи фикрронии динӣ даст кашида, бовар кунад, ки имони мутлақ ба ҳеҷ чиз одамро наҷот медиҳад, ва танҳо ба худ умед бастан даркор аст. Онҳо самимона боварӣ доранд, ки одам бе ёрии кадом як Худо худро ва ҷаҳони атрофро аз бадӣ раҳо карда метавонад. Ин асотир аст. Таърихи инсоният он фактро тасдиқ мекунад, ки бо вуҷуди пешрафти техникӣ, мо на олиҳимматтар мешавем, на раҳмдилтар. Ҳаракати инсонпарварон осоишро бештар накард ва ҷангро барҳам надод. Одам мушкилоти худро бо ёрии имкониятҳои худ ҳал карда наметавонад. Воқеиятҳои асри XX далели ин сухан мебошанд: ду ҷанги ҷаҳонӣ, режими Ҳитлер, режими Сталин, режими кхмерҳои сурх, маккартизм, ку-клукс-клан, паҳншавии силоҳи ҳастаӣ, аз ҷанг, гуруснагӣ ва зӯровариҳо гурехтани одамон — ҳамаи ин нишон медиҳад, ки умеди инсоният ба хирад ва имкониятҳои худ беҳуда аст. Албатта, мо бояд саъй намоем, ки ҷанг ва гуруснагӣ набошанд, мо бояд бар зидди бемориҳо ва беадолатӣ мубориза барем. Аммо худи инсоният худро наҷот дода наметавонад. «Дар ҳеҷ каси дигар наҷот нест, ва дар зери осмон ҳеҷ исми дигаре ба одамон ато нашудааст, то ки ба василаи он наҷот ёбем» (Аъм. 4:12). Ва дар асри фарорасида инсонпарварон назар ба касоне ки Павлус дар асри якум оиди онҳо навишта буд, ба наҷот наздиктар нахоҳанд буд: Онҳо ростии Худоро ба дурӯғ иваз карданд ва парастишу ибодат карданд махлуқро ба ҷои Холиқе ки то абад муборак аст, омин. Рум. 1:25 Худат боварӣ ҳосил кун Барои боварӣ ҳосил кардан ба беасос будани асотири инсонпарварон, вазифаи зеринро иҷро кун. Оятҳои 20–21-ро аз боби 16-уми Китоби Пайғамбар Ирмиё хон. Ин суханон ба асотири инсонпарварон чӣ муносибат доранд? Оятҳои 1–3-ро аз таронаи 35-уми Забур хон. Оё ин суханонро ба идеяҳое ки инсонпарварон ба мо бор мекунанд, нисбат додан мумкин аст? Чӣ тавр? Ояти 39-ро аз таронаи 36-уми Забур хон. Дар асоси он чи хондӣ, оиди ояндаи умедҳои инсонпарварон ба он, ки одам худро наҷот медиҳад, кадом хулосаҳо баровардан мумкин аст? Оятҳои 1–3-ро аз таронаи 61-уми Забур хон. Калимаи «танҳо» дар ин оятҳо чӣ маъно дорад? Чаро он такрор мешавад? Ин оятҳоро боз хон, ва ҳар боре ки калимаҳо бо бандакҷонишини-ам вохӯранд, ба онҳо задаи мантиқӣ гузор. Ояти 11-ро аз боби 3-юми Номаи 1-ум ба Қӯринтиён хон. Мувофиқи ин оят, инсонпарваронро чӣ гуна оянда интизор аст? 42. ДАР ХОНА БУДАН БЕҲТАР АСТ Асотир оиди он, ки биҳиштро дар замин пайдо намудан мумкин аст Ба қарибӣ Белинда Карлайл дар қатори бист суруди беҳтарин бо таронаи худ «Биҳиштро дар замин ҳам ёфтан мумкин аст» яке аз ҷойҳои аввалро ишғол менамуд. Суруди хуб, аммо ҷиҳати илоҳиётшиносии он хеле нохуб аст. Ин сурудро на танҳо ӯ мехонад, Шояд шумо онро дар иҷрои каси дигар низ шунидаед. «Медонӣ, ман чӣ фикр дорам?» (Ту бояд ба он чизҳое гӯш диҳӣ, ки духтаре ки ҳамроҳат дар автобус меравад, ба ҷавони дар бараш нишаста мегӯяд) «Ман фикр мекунам, ки биҳишт дар дохили мост, ман фикр мекунам, ки ин ҳолати рӯҳ аст. Ту чӣ фикр дорӣ?» Ва шояд шумо тарафи дигари ин пластинкаро шунидаед. «Эй, ту, — мегӯяд дар назди танӯри кулчапазӣ марди вашмдор ба ҷавоне ки пешдомани сафед дорад. — ман дар ин ҷо чунон воқеаҳоеро аз сар гузарондаам, ки дӯзах ба он баробар шуда наметавонад». Ӯ ин суханонро гуфта, бо қуввати тамом ба рӯи миз бо мушташ мезанад: «Ҳеҷ гуна дӯзах бо он чи ман аллакай аз сар гузарондаам, баробар шуда наметавонад». Ба шумо чӣ гӯям? Ин асотир аст. Ҳа, ҳақиқатан, гоҳо чунон хушбахтӣ насиби кас мегардад, ки тасаввур кардан душвор аст, ки чизе аз он беҳтар буда тавонад. Он низ ҳақиқат аст, ки гоҳо ба сари кас чунон воқеаҳои даҳшатовар меоянд ва онҳо чунон дардовар мебошанд, ки гӯё ҳатто дар дӯзах аз он бадтар буда наметавонад. Аммо бо вуҷуди он дар Китоби Муқаддас аниқ гуфта шудааст, ки биҳишти воқеӣ ва дӯзахи воқеӣ ҳаст. Исо ба пайравони Худ гуфта буд: Дар хонаи Падари Ман иқоматгоҳ бисёр аст... Меравам, то ки барои шумо ҷой тайёр кунам. Юҳ. 14:2 Ӯ ҳамчунин ба шогирдони Худ, ки аз он шод буданд, ки аз одамон девҳоро ронда метавонанд, муроҷиат карда, возеҳу равшан фаҳмонд, ки биҳишт ҷой ё ҳолатест, ки сӯи он саъй кардан даркор аст: Аммо аз он шод нашавед, ки арвоҳ ба шумо итоат мекунанд; балки аз он шод бошед, ки номҳои шумо дар осмонҳо навишта шудааст. Луқ. 10:20 Ҳавворӣ Юҳанно бошад дар синни пиронсолӣ дар рӯъёи худ оиди биҳишт ва оянда, ки дар охирин китоби Навиштаҳои Муқаддас, китоби Ваҳй, тасвир ёфтааст, оиди биҳишт каме маълумот медиҳад ва онро чун маконе тасвир мекунад, ки он ҷо Худо ҳузур дорад ва «…ва мамот дигар нахоҳад буд; ва гиря ва фиғон ва дард дигар нахоҳад буд», ки дар он ҷо «…бандагони Ӯ ба Ӯ хизмат хоҳанд кард. Ва рӯи Ӯро хоҳанд дид… …ва то абад салтанат хоҳанд ронд» (Ваҳй 21:4; 22:3–5). Ба он духтаре ки ба фикраш, дар рӯи замин низ биҳишт буда метавонад, суханони Китоби Муқаддасро гуфтан мумкин аст: «Шумо ҳанӯз ҳеҷ чизро надидаед!» Ҳамчунин дар Каломи Худо аниқ гуфта шудааст, ки гуноҳкоронро дар оянда ҷазо дар он ҷое (ҳолате) интизор аст, ки чун «дӯзах» маълум аст. Исо бевосита оиди он вақте гуфтааст, ки Худо «ба онҳое ки ба тарафи чапи Ӯ ҳастанд, хоҳад гуфт: „…эй малъунон, аз ман дур шавед ва ба оташи ҷовидоние ки барои иблис ва фариштагони вай муҳайё шудааст, биравед“» (Мат. 25:41). Дар рӯъёи худ Юҳанно ҳамчунин оиди ҷазое мегӯяд, ки гуноҳкорони тавбанакардаро интизор аст: «Валекин тарончакон, ва беимонон, ва палидон, ва қотилон, ва зинокорон, ва ҷодугарон, ва бутпарастон, ва ҳамаи дурӯғгӯёнро – насибашон дар кӯлест, ки бо оташ ва кибрит месӯзад; ин мамоти дуюм аст» (Ваҳй 21:8). Ин аламовар аст, аммо ба он марде ки назди танӯри кулчапазӣ буд, ҳамчунин бо суханони Китоби Муқаддас гуфтан мумкин аст: «Шумо ҳанӯз ҳеҷ чизро надидаед!» Дар асл дар Китоби Муқаддас оиди дӯзах бисёр гуфта шудааст, ва тасвири онро, ки бо рангҳои тираву тор дода шудааст, борҳо вохӯрдан мумкин аст. Ин огоҳкунӣ чун сигнали гӯшхароши мошини боркашест, ки тормозаш аз кор баромадааст ва он бо суръат ба нишебӣ меравад. Мутаассифона, ба ин огоҳкуниҳои Китоби Муқаддас оиди он чи касони ба дӯзах мерафтаро интизор аст, на ҳама диққати даркорӣ медиҳанд. Ҳамчунин на ҳама ба ваъда оиди биҳишт гӯш меандозанд. Аммо, чуноне ки дар Нома ба Ибриён гуфта шудааст, «бинобар ин мо бояд ба он чи шунидаем, махсусан бодиққат бошем, то ки аз он дур нашавем. Зеро, агар каломе ки ба василаи фариштагон гуфта шудааст, матин буда, барои ҳар ҷиноят ва беитоатӣ подоши одилона дода шуда бошад, чӣ гуна мо халос мешавем, агар ба чунин наҷоти бузург беэътиноӣ кунем?..» (Ибр. 2:1–3). Худат боварӣ ҳосил кун Барои боварӣ ҳосил кардан ба беасос будани асотир оиди он, ки биҳиштро дар рӯи замин низ ёфтан мумкин аст, ин вазифаро иҷро кун. Порчаҳои зеринро аз Навишта хон ва дар сатрҳое ки махсус ҷудо карда шудаанд, номҳои он чор нотиқон ё нависандагонро навис, ки оиди биҳишт мегӯянд: 1. Мат. 6:20_____________________________________ 2. 2 Қӯр. 5:1_____________________________________ 3. 2 Пет. 3:13____________________________________ 4. Ваҳй 19:11____________________________________ Акнун номҳои онҳоеро навис, ки оиди дӯзах гуфтаанд: 5. Мат. 23:33____________________________________ 6. 2 Пет. 2:4_____________________________________ 7. Ваҳй 20:13–15_________________________________ (Ҷавобҳо: 1. Исо; 2. Павлус; 3. Петрус; 4. Юҳанно; 5. Исо; 6. Петр; 7. Юҳанно)