Мисли ҳамаи падару модарон шумо мехоҳед, ки фарзандони шумо хушбахт бошанд. Ба шарофати дуо ин хоҳиш метавонад амалӣ гардад. Барои ёрӣ ба Худо рӯ оварда, шумо метавонед ҳаёти кӯдаки худро беҳтар гардонед. Муаллифи ин китоб таҷрибаи шахсии худро ба асос гирифта ва аз ҳаёти дигар одамон мисолҳо оварда нишон медиҳад, ки дуои гарму ҷӯшон ва самимии падару модар қудрат дорад фарзандонро аз бадӣ муҳофизат карда, дар роҳи ҳақиқат нигоҳ дорад.
Сторми Омартиан
ҚУДРАТИ ДУОИ ВОЛИДАЙН
Сарсухан
Модари ман — модари аз ҳама беҳтарини ҷаҳон аст. Ӯ ҳамеша маро дастгирӣ менамояд ва кӯшиш мекунад, ки дар ҳама кор ба ман ёрӣ расонад. Ман барои дуоҳо ва муҳаббаташ аз ӯ миннатдор ҳастам. Ӯ барои ман ҳар рӯз дуо мекунад, ва ман фикр мекунам, ки ин барои ман дастгирии бузург буда, дар ҳаёт ва хониш ба ман ёрӣ мерасонад. Дуоҳои вай ба ман кӯмак карданд, ки аз бисёр ҷиҳат тағйир ёбам, ва, аз афташ, танҳо ба шарофати онҳо ман дар ин дунё зиндагӣ дорам. Боре дуоҳои модарам мӯъҷизаеро ба амал овард — дар ҳаёти ман як ҳодисаи ғалатие рӯй дод, ки ман фикр мекардам, он ҳеҷ гоҳ ба амал намеояд. Дар синфи мо як духтари хеле бад ва беодоб буд, ки ҳамеша маро метарсонд ва ман кӯшиш мекардам, ки аз вай худро канор гирам. Вақте ки ман дар бораи вай ба модарам нақл кардам, модар таклиф намуд, ки якҷоя барои ин духтар дуо кунем. Ин фикр ба ман маъқул шуд ва мо барои вай то охири соли хониш ва дар давоми тобистон дуо кардем. Ва дар соли хониши оянда мӯъҷиза ба амал омад. Ин духтар ба пуррагӣ тағйир ёфт ва яке аз дугонаҳои беҳтарини ман гардид. Ин ҳодиса ба ҳаёти ман сахт таъсир расонд, зеро пештар бо ман чунин ҳодиса нашуда буд.
Дуоҳои модарам кори худро мекунанд. Дуруст аст, ки на ҳамеша ин тавр мешавад, вале ҳатто агар мо барои дуоҳои худ ҳамон замон ҷавоб нагирем ҳам, онҳо маро дастгирӣ менамоянд. Ман аз Худо ва аз модари худ миннатдорам. Раҳмат ба ту, модарҷон.
Ман бояд иқрор шавам, ки дуоҳои падару модари ғамхорам дар ҳақиқат маро муҳофизат менамоянд. Падару модари ман ҳама чизро мефаҳманд, вале баъзан хандаовар низ мешаванд. Аз ҳамаи сифатҳое, ки падару модарам доро ҳастанд, ман боисрории онҳоро дар дуоҳояшон барои ману хоҳарам қадр менамоям. Агар ман қарор медодам дар бораи нақши дуо дар ҳаёти худ нависам, эҳтимол аз модари худ, ки дар ин китоб менависад, бештар менавиштам. Аз ин рӯ, ман танҳо дар бораи як ҳодисае нақл карданӣ ҳастам, ки дар он ба пуррагӣ қудрати дуои волидонро эҳсос намудам.
Дар давоми ҳаждаҳ соли умрам падару модарам ҳамеша барои бехатарии ман дуо мекарданд. Азбаски ман дар шаҳраки Лос-Анҷелос, ки онро шаҳраки «оcоиштагӣ» меноманд, ба воя расидаам, дуоҳои онҳо барои ман ҳамчун сипар буданд. Ман ҳодисаеро хуб дар хотир дорам, ки дар овони мактабхониам шуда гузашта буд, он вақт Худо ҳаёти маро аз садамаи ҷиддии автомобилӣ нигоҳ дошта буд. Боре пагоҳӣ ману ду ҳамсинфам савори мошин ба мактаб мерафтем ва тасмаҳои бехатариро маҳкам накарда будем, ва дар чорраҳа бо як мошин рӯ ба рӯ бархӯрдем. Яке аз дӯстони ман сахт ҷароҳат бардошт, ҳангоми зарба вай аз тирезаи пеш ба берун парид, бачаи дигар бошад, рӯи худро дар чанбар захмдор намуд. Ман дар нишастгоҳи қафо будам ва бо каме зарбҳо дар қисми аз миён поёнтар раҳоӣ ёфтам. Ҳамаи мо метавонистем мирем, вале Худо моро зери қанотҳои Худ гирифт ва раҳм намуд. Маҳз ҳамон вақт ман муҳимии дуоҳои падару модарро ҳис кардам ва аниқ дидам, ки чӣ тавр Худо ҳангоме, ки ба мо хатар таҳдид мекунад, ба ҳаёти мо дахолат менамояд ва моро наҷот медиҳад.
Ман ба падару модари худ барои исроркориашон дар дуо барои ҳаёти ман беандоза миннатдор ҳастам. Ин дуоҳо на танҳо маро аз хатарҳо муҳофизат намуданд, балки маро дар роҳи парҳезкорӣ ва порсоӣ нигоҳ доштанд.
Акнун, ки ман ба ҳаждаҳсолагӣ расидаам, ман фикр мекунам, ки ба шарофати дуоҳои падару модарам албатта ягон чизи хуб дар ҳаёти ман ба амал хоҳад омад. Ман медонам, онҳо дар бораи он дуо мекунанд, ки ман зудтар оиладор шавам ва ба назди онҳо равам, ва шояд он вақт онҳо оҳи сабук мекашанд.
Миннатдорӣ
Худованд дили худро мисли об рехта холӣ кун; дастҳои худро барои ҷони кӯдаконат сӯи Ӯ боло бардор…
Миннатдории махсуси ман ба:
•
•
•
•
•
•
•
•
•
•
•
•
•
Боби 1
Ин яке аз корҳои аз ҳама бузургтарин, яке аз корҳои аз ҳама пурмасъулияттарини рӯи замин мебошад. Ин қудрат дорад хурсандии бузург бахшад ва инчунин метавонад сахт озор расонад. Ҳеҷ чиз ба монанди ин наметавонад рӯҳу ҷони касро бой гардонад, ва ҳеҷ чиз наметавонад ба монанди ин сарчашмаи рӯҳафтодагиҳо бошад. Агар ҳама корҳо хуб бошанд, ҳеҷ як соҳаи ҳаёти инсонӣ имкони чунин ба ваҷд овардан ва илҳом бахшиданро надорад, ва дар ҳолати нобарорӣ ба ин андоза озор дода наметавонад.
Тарбияи фарзандон!
Худи калимаи «тарбия» дар калонсолон ҳиссиётҳои гуногунро бедор месозад. Мо барои тарбияи фарзандон тамоми қуввати худро сарф мекунем. Вақте ба мо чунин менамояд, ки мо аллакай ба муваффақият ноил гардидаем, давраи нави ҳаёти фарзандонамон ба мо масъалаҳои навро пеш меорад. Баъзан шинокунии мо дар ин баҳри пурталотум хеле осон аст, ва баъзан бо тӯфон дучор шуда, мавҷҳо аз сарамон ҳам баланд мешаванд. Баъзан мо рӯҳафтода мешавем ва тайёр ҳастем, ки таслим шавем ва мегӯем: ҳар чӣ бодо бод — бигзор мавҷҳо маро ба коми худ кашанд.
Вале ман мехоҳам шуморо рӯҳбаланд созам. Мо набояд худро ба дасти қувваҳои ғайримунтазам супорем.
Моро лозим нест, ки дар назди «тӯҳфаҳо»-е, ки насламон ба мо оварда метавонанд, нохун хоида, асабиёна рӯ-рӯи хона қадам занем ва аз тарс биларзем.
Вақте ба мо чунин менамояд, ки фарзандони моро дар ҳар кунҷ хатарҳо интизоранд, мо набояд аз наздикшавии ин ё он давраҳои ҳаёти онҳо битарсем. Вале мо падару модарони комил низ буда наметавонем, вале қудрат дорем, ки айни замон ҳаёти фарзандони худро ба таври мусбӣ тағйир диҳем. Аҳамият надорад, ки фарзанд чандсола аст: писари сисола, ки се маротиба аз занаш ҷудо шудааст (дар ҳар се ҳолат ҳам бо айби шавқу рағбати беандоза ба машрубот), на камтар аз кӯдаки серӯза, ки ба мо ҳамчун як чизи комил пешкаш карда мешавад, ба дуо эҳтиёҷ дорад. Фарзандони мо чандсолае, ки набошанд, дуоҳои мо танҳо ба манфиати онҳо мебошад. Мантиқи дуоҳои мо на дар он аст, ки ҳаёти кӯдаконамонро бо қувваи худамон тағйир диҳем, балки дар он аст, ки ба волидайни комили ҳама давру замон — ба Падари Осмонӣ нигаронида шавем. Ҳамин тариқ, қадам ба қадам пеш рафта, барои фарзандони худ шафоатхоҳӣ карданро омӯхта, мо бояд тавонем дар дуоҳои худ ба Худо дар бораи ҳар як ҷузъиёти ҳаёти фарзандонамон бигӯем. Дар ин
Мутаассифона, падару модари ман намунаи ибрат набуданд, модари ман одами ҳардамхаёл буд. Дар бораи раҳоёбии мӯъҷизаовари худ аз оқибатҳои чунин тарбияи таҷовузкорона ман дар китоби худ
Аз аввал ман худро модари бад ҳисобида, баъди таваллуди фарзанди нахустинамон хеле асабӣ мешудам ва ғам мехӯрдам. Ман метарсидам, ки ба вай озор мерасонам, чӣ тавре ки муоширати модарам ба ман ҷароҳат мерасонд. Ман ҳамаи китобҳои дар хона бударо оиди мавзӯи тарбия хонда баромадам ва аз ягон семинар оиди тарбияи масеҳии кӯдакон қафо намемондам. Ман кӯшиш мекардам, ки ҳамаи ин маълумотҳои муфидро аз худ намоям, вале ин барои ман нокифоя буд. Маро тарсҳо оиди инкишофи рӯҳонӣ, ҳиссиётӣ ва зеҳнии писарам азоб медоданд, вале беш аз ҳама маро тарси он азоб медод, ки бо вай ягон ҳодисае рӯй доданаш мумкин аст. Вайро дуздида метавонистанд, вай метавонист ғарқ шавад, ба садамаи автомобилӣ афтода маслуқ гардад, метавонист бемор шавад, вайро метавонистанд аз роҳ зананд, вай метавонад қурбони зӯроварӣ гардад ва ё бимирад. Тарс оиди ояндаи писарам маро карахт месохт. Ҳар қадаре, ки ман кӯшиш мекардам, изтироби модаронаро паст карда наметавонистам, ҳар мақолаи маҷаллаҳо, навигариҳои телевизионӣ оиди ҷиноятҳои содиркардашуда ба ман тарси бештареро барои фарзандам талқин мекарданд. Ғайр аз ин, мо дар Лос-Анҷелос зиндагӣ мекардем, ки бо авҷи ҷинояткорӣ «машҳур» буд. Ин аз қудрати ман берун буд.
Боре ман дар маъюсӣ дуо кардам: «Худованд, ман дигар тоқат карда наметавонам. Ман наметавонам 24 соат дар як шабонарӯз писарамро посбонӣ намоям. Ман мехоҳам, ки оромии қалбӣ дошта бошам. Чӣ кор кунам?»
Дар давоми якчанд ҳафтаи оянда Худованд ба ман сухан гуфт ва маро мӯътақид гардонд, ки Кристоферро ба Ӯ бовар карда супорам. Баъди таваллуди писарамон ману шавҳарам вайро дар ҷамъомади дуогӣ ба Худо бахшида будем, вале Худо аз мо чизи бештареро мехост. Ӯ мехост, ки мо ба пуррагӣ ҳаёти фарзандамонро ба Ӯ бовар карда супорем. Вале мо чунин ҳисоб намекардем, ки кӯдакро ба Худо супорида, масъулиятро барои тақдири вай аз дӯши худ сокит мекунем, мо мехостем, ки худро дар алоқаи зич бо Худо бубинем. Мо медонистем, ки Ӯ китфи Худро барои мо мемонад, моро меомӯзонад ва ҳама чизро аз мо беҳтар ба ҷо меорад, ва мо, аз тарафи худ, вазифадорем «бачаро ба роҳе, ки ба вай мувофиқ аст тарбия намоем» ва ӯ «пир шавад ҳам аз он дур намешавад» (Мас. 22:6). Мо вазифадор будем, ки ба пуррагӣ ба Худо бовар кунем, зеро танҳо Ӯ метавонад оиди тарбияи писари мо ғамхорӣ намояд ва танҳо Ӯ метавонад ҳаёти ӯро бомаром созад.
Оиди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти Кристофер дуо кардан лозим буд. Инро дарк карда истода, ман фаҳмидам, ки агар тарс барои писарам маро азоб диҳад, ин Рӯҳулқудс аст, ки диққати маро ба ягон масъалаи аниқи Кристофер ҷалб карданӣ аст, ки барои он дуо кардан лозим буд. Ва вақте ки ман дар бораи он дуо кардам ва писари худро ба дасти Худо додам, Ӯ маро аз ин масъалаи аниқ озод намуд. Вале ин маънои онро надошт, ки ман дигар ҳеҷ гоҳ оиди ин эҳтиёҷот дуо накардам, ин ба муддате чанд аз дӯши ман бардошта шуд. Вале ҳамин ки ин масъала аз сари нав ба миён омад, ман боз оиди он ба дуокунӣ сар кардам. Худо ба ман ваъда накарда буд, ки бо писари ман
Ман инчунин фаҳмидам, ки дар дуо барои кӯдак ман набояд аз Худо иҷроиши хоҳишҳои худпарастонаи худро талаб намоям. Ин танҳо ба он оварда мерасонд, ки ҳамаи мо дар вақти иҷро шудани он чизе, ки ман оиди он пурсида будам, рӯҳафтода мешудем. Аз афташ, ба бисёриҳо чунин дуо шинос аст: «Худованд, ман аз Ту хоҳиш менамоям, ки вақте Кристофер ба воя расад, ба духтари яке аз дӯстони беҳтарини мо хонадор шавад»
Вақте ки баъди чоруним сол духтарам Аманда таваллуд шуд, Худо аллакай дуо карданро оиди кӯдак омӯзонда буд, ки чизи ба кӯдак даркориро бо хоҳишҳои шахсии худ иваз накунам. Аз ин рӯ, ман фаъолона барои духтарам шафоатхоҳиро сар кардам. Дар давоми дувоздаҳ соли минбаъда Худо ба дуоҳои ман ба таври аз ҳама ҳайратовар ҷавоб дод ва имрӯз ман натиҷаҳои онро мебинам.
Ману шавҳарам ҳис мекунем, ки Худо дар бораи фарзандонамон ғамхорӣ менамояд ва онҳо бо хурсандӣ Ӯро эътироф менамоянд ва қадр мекунанд, зеро вақте ки падару модар барои фарзандони худ дуо мекунанд, қудрати Худо ба ҳаёти онҳо ворид мешавад.
Дуо чист ва он чӣ тавр таъсир мекудад?
Дуо — ин рӯйхати муқаррарии хоҳишҳое нест, ки ба Худо пешкаш карда мешавад, гӯё Ӯ Бобои меҳрубон дар осмон ё Санта Клаус бошад. Дуо тахмин менамояд, ки шумо ҳузури Худоро дар ҳаётатон эътироф менамоед ва роҳнамоии Ӯро ҷӯё ҳастед. Мантиқи он дар ҷустани
Китоби Муқаддас мегӯяд: «…Он чӣ шумо бар замин бандед, дар осмон баста хоҳад шуд; ва он чӣ дар замин кушоед, дар осмон кушода хоҳад шуд» (Мат. 18:18). Худо ба мо дар замин қудрат медиҳад ва, вақте ки мо ин қудратро қабул менамоем, Ӯ ба мо қувваи Худро медиҳад. Азбаски
Дуо ба номи Исо — калиди пуриқтидори кушояндаи хазинаи қувваи Худо мебошад: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям ҳар он чӣ аз Падар ба исми Ман талаб кунед, ба шумо ато хоҳад кард» (Юҳ. 16:23). Дуо кардан ба номи Исо ба мо аз болои душман қудрат медиҳад ва дар бораи имони мо ба он шаҳодат медиҳад, ки Худо ҳар он чизи дар Каломаш ваъдакардаро ба ҷо меорад. Худо фикрҳо ва эҳтиёҷотҳои моро медонад. Ӯ ба дуоҳои мо ҷавоб медиҳад, зеро ҳамеша ва дар ҳама кор ба мо ҳуқуқи интихоб карданро медиҳад, аз он ҷумла имконияти ба Ӯ ба номи Исо бовар кардан ва итоат карданро низ.
Дуо на танҳо ба
Аз рӯйхати эҳтиёҷотҳои шахсӣ сар кунед
Қайд кардан лозим аст, ки ман барои ҳар кӯдакам аз лаҳзаи аввали ҳомиладоршавиам дуо карданро сар мекунам, зеро Китоби Муқаддас мегӯяд: «…Ӯ …фарзандонатро андаруни ту баракат мефармояд» (Заб. 147:2). Ҳарчанд ман ба қудрати дуо боварӣ доштам, ман як чизро намефаҳмидам: барои Худо ҳар як ҷузъиёти ҳаёти мо то чӣ андоза муҳим аст. Барои ҳозир дуо кардан кофӣ нест — барои оянда ва барои раҳоёбӣ аз оқибатҳои бади гузашта дуо кардан зарур аст. Вақте ки шоҳ Довудро рӯҳафтодагӣ фаро гирифт, ва дар назди оянда ӯро воҳима зер кард (ба Заб. 142 ниг.), ӯ нагуфта буд: «Ҳар чӣ бодо бод». Ӯ дар бораи ҳозира, гузашта ва ояндаи худ фиғон кард. Ӯ дар бораи
Ман фаҳмидам, ки барои ин номгӯи муфассали эҳтиёҷотҳои ҳар як кӯдак лозим аст. Ин ақидаҳои шилқинона набуд, зеро ман медонистам: агар ман барои эҳтиёҷотҳои ҳар як кӯдак дуо накунам, Худо ба ман ҷавоб намедиҳад. Ман аз он боварӣ доштам, ки Худо хоҳишҳои бешумори маро медонад ва аз ин рӯ хотирҷамъ будам. Ҳангоми рухсатии ҳарсола, ки мо онро ҳамроҳи оила дар соҳили баҳр мегузарондем, ҳар пагоҳӣ, вақте ки ҳама дар хоб буданд, ман якчанд соати пурқимати худр дар тартиб додани хоҳишҳои асосии дуогии худ бо Худо мегузарондам. Ман ба даст варақ ва қалам гирифта, ба уқёнус нигоҳ карда менишастам ва аз Худо хоҳиш мекардам, ки ба ман барои ҳар як кӯдак оиди солҳои наздик барои шафоатхоҳии дуогӣ хирадмандӣ диҳад. Охир танҳо Ӯ талаботҳои ҳақиқии ҳар кадоми онҳоро дар ин ҳаёт ва ҳамаи мушкилиҳоеро, ки дар роҳи ояндаи онҳост, медонад. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Сирри Худованд — бо тарсгорони Ӯст, ва аҳди Худро ба онҳо маълум мекунад» (Заб. 24:14). Агар мо аз Ӯ хоҳиш намоем, Ӯ ба мо чизҳои пурасрорро мекушояд. Дар он муоширатҳои пагоҳирӯзиам бо Худо Ӯ ҳамеша ба ман пандҳои некӯ медод ва ман ба хона баргашта, рӯйхати эҳтиёҷотҳои ҳар як кӯдакро тартиб медодам. Баъдтар ман ҳамеша ин рӯйхатро пур мекардам.
Ман то ба ҳол онҳоро нигоҳ медорам ва ҳар гоҳ, ки онҳоро аз назар мегузаронам, ҷавобҳои Худоро барои дуоҳои худ ва тағйиротҳоро дар ҳаёти фарзандонам мебинам ва боз аз сари нав дар вафодории бетағйири Худо ба суханони Худ мӯътақид мегардам.
Каломи Худо — яроқи шумо
Муҳориба барои кӯдаконамон дар зонӯзаниҳо ба амал меоянд. Вақте ки мо дуо намекунем, мо гӯё дар канор истода онро назорат мекунем, ки чӣ хел фарзандони мо дар майдони муҳориба дар зери оташи чортарафаи душман мемонанд. Вақте ки мо дуо мекунем, мо дар паҳлӯи онҳо меистем ва Худоро ба ёрӣ даъват менамоем. Вақте ки мо дар дуоҳои худ Каломи Ӯро истифода мебарем, мо ба даст яроқи пурзӯреро мегирем, ки қудрат дорад дилхоҳ душманро мағлуб созад.
Каломи Худо «зинда ва таъсирбахш ва аз ҳар шамшери дудама тезтар аст…» (ба Ибр. 4:12), он ба ҳар чизе ки расад, онро сӯрох менамояд. Худо мегӯяд: «…каломе ки аз даҳони Ман мебарояд… сӯи Ман бенатиҷа нахоҳад баргашт, балки он чиро, ки Ман хостаам» ба ҷо хоҳад овард, ва ба иҷрои он чӣ, ки барояш варо фиристодаам, муваффақ хоҳад шуд» (Иш. 55:11). Ин маънои онро дорад, ки Каломи Худо ҳеҷ гоҳ бесамар нест. Маҳз барои ҳамин ман баъди ҳар як дуо якчанд оятҳои каломиро ҷойгир намудам. Ман медонам, ки оятҳои мувофиқат мекардаро аз Навиштаҳои Муқаддас дар дуо дохил кардан чӣ тавр муҳим аст. Агар шумо ҳангоми дуо кардан ояти ба шумо заруриро ба хотир оварда натавонед, дуокуниро қатъ накунед, балки як ё ду оятеро, ки медонед, иқтибос оред ва шумо хоҳед дид, ки чӣ гуна мӯъҷизаҳо ба амал меоянд.
Агар шумо бо Худованд муошират карда Каломи Ӯро хонед, ва агар шумо таҳти роҳнамоии Рӯҳулқудс барои фарзандон дуо кунед, ба шумо ҷойҳои нав ба нави Китоби Муқаддас кушода хоҳад шуд, ки онҳоро ба дуо дохил кардан мумкин аст. Ва умуман шарт нест, ки дар ҳар дуокунӣ оятҳои нав ба навро аз Навиштаҳои Муқаддас дохил намоед. Вақте ки шумо оиди ҳалли ягон масъалаи фарзандонатон дуо мекунед, як ё ду оятро аз ёд карда, онро иқтибос овардан мумкин аст. Масалан, вақте ки бо духтарам дар мактаб як масъалаи ҳалталаб рӯй дод, мо якҷоя барои бартараф гаштани он дуо кардем, ва ҳар маротиба бо маслиҳати ман Аманда сатрҳои зеринро такрор мекард: «Ҳамааш аз дастам меояд, бо мадади Масеҳ, ки маро қувват мебахшад» (ба Фил. 4:13). Вақте ки ман дар алоҳидагӣ дуо мекардам, ояти зеринро мехондам: «Одилон фарёд мекашанд, Худованд онҳоро шунида, аз ҳамаи тангиҳояшон халосӣ медиҳад» (Заб. 33:18).
Каломи Худоро дар дуокунӣ истифода бурда, мо иҷроиши ваъдаҳои Худоро дар ҳаёти кӯдаконамон кафолат медиҳем. Каломи Худо моро роҳнамоӣ мекунад ва ба мо дар бораи вафодории Ӯ ёдовар мешавад. Ҳамин тариқ, Ӯ дар дили мо имон меофарад ва ба мо асрори дили
Ба иблис ҷавоб дода, Исо бо суханони Навиштаҳо ӯро фош сохт. Масалан, вақте иблис ба Исо гуфт: «Пас, агар Ту ба ман саҷда кунӣ, ҳамааш аз они Ту мешавад». Исо ҷавоб дод: „…аз Ман дур шав, эй шайтон; навишта шудааст, ки: «Ба Худованд Худои худ саҷда кун ва танҳо Ӯро ибодат намо“» (Луқ. 4:8).
Исо барои мо дар ҳама кор намуна аст. Мо даъват шудаем, ки ба Ӯ нигоҳ кунем ва ба Ӯ пайравӣ намоем. Ӯ гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ ба Ман имон оварад, аъмолеро ки Ман мекунам, вай низ хоҳад кард ва ҳатто бузургтар аз он ҳам хоҳад кард, зеро ки Ман назди Падар меравам» (Юҳ. 14:12). Ӯ боз гуфта буд: «Агар дар Ман бимонед, ва сухани Ман дар шумо бимонад, ҳар чӣ мехоҳед, талаб кунед, ва он ба шумо дода хоҳад шуд» (Юҳ. 15:7). Агар мо мувофиқи пандҳое, ки Худованд дар Каломи Худ ба мо додааст, дуо кунем ва агар маънои қувва ва қудратеро, ки мо дар Исои Масеҳ дорем, дуруст фаҳмем, метавонем ба иблис қатъитар истодагарӣ намоем. Агар мо…
ба Ӯ
бо роҳҳои Ӯ
ба Ӯ
ба Ӯ
мо дар муҳориба барои кӯдакони худ
Дар хотир доред, ҳар вақте ки шумо барои кӯдаки худ дуо мекунед, барои вай чуноне дуо кунед, ки гӯё ҳаёти вай аз ин вобаста бошад, зеро он дар
Агар мо фарзандонро ба роҳи ҳақиқат ҳидоят нанамоем, агар ба онҳо эҳтиром кардани аҳкомҳои Худоро наомӯзем, агар ба онҳо имконияти интихоб кардани корҳои ба Худо мақбулро надиҳем, онҳоро интизом наомӯзем, ва агар онҳоро идора накунем ва равона насозем, бешубҳа, иблис метавонад ба онҳо сахт зиён расонад. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Бачаро дар роҳе ба ӯ мувофиқ аст, тарбият намо; пир шавад ҳам, аз он дур намешавад» (Мас. 22:6). Агар мо ин вазифаи падару модарии худро ба ҷо наорем, фарзандони мо метавонанд исён бардоранд ва интихоби нодуруст кунанд, ки беваҷҳ онҳоро аз муҳофизати Худо маҳрум месозад. Кӯдаконро дуруст тарбия кардан ва дуруст таълим додани роҳҳои Худо ва Каломи Худо — кафолати он аст, ки мақсадҳои Худо амалӣ мегарданд, на мақсадҳои шайтон. Китоби Муқаддас моро таълим медиҳад: «…ба иблис муқобилат намоед, ва ӯ аз шумо хоҳад гурехт» (Яъқ. 4:7). Бо дуо бастани иблис ва вайрон сохтани нақшаҳои вай — қисми ҷудонашавандаи муҳорибаи рӯҳонӣ мебошад. Муқобилати мо ба иблис кӯдакони моро озод мегардонад, ва ба онҳо имконияти интихоби роҳҳои Худоро медиҳад.
Хоҳиши ба ҳаёти фарзандони мо дохил шуданро карда, иблис ҳамеша баҳонаи айбдор кардан ва маҳкум кардани онҳоро меҷӯяд. Вале вай наметавонад ба яроқе, ки он Каломи Худост, мутеъ гардад. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Ва овози баланде дар осмон шунидам, ки мегӯяд: акнун наҷот ва қувват ва Малакути Худои мо ва қудрати Масеҳи Ӯ фаро расид, чунки маломатгари бародарони мо, ки дар ҳаққи онҳо шабу рӯз дар пеши Худои мо маломат мекард, сарнагун шуд» (Ваҳй 12:10). Бо марги Худ дар рӯи салиб Исо сутунмӯҳраи маломатгарро шикаст, ки вай ба ин нигоҳ накарда, ҳанӯз ҳам пурқувват аст, то дили он касонеро ба даст орад, ки дар бораи қудрате, ки ба онҳо Худо додааст, — қудрате, ки қалъаи душманро вайрон карда метавонад, намедонанд. Маҳз дар ҳамин ҷо дуоҳои мо ба ҷанг медароянд. То он даме, ки мо бо дуоҳо қалъаҳои барпокардаи маломатгарро хароб насозем ва ба муқобили вай яроқи пурзӯреро, ки он Каломи Худост, истифода набарем, фарзандони мо дар зери хатар қарор доранд.
Намунаи дурахшони дуоҳои шунида
Калисои мо гурӯҳҳои начандон калони дуогиро ташкил кард, ва вақте ки писарамон дусола шуд, ману шавҳарам мунтазам дар хонаамон ҷамъомади яке аз ин гурӯҳҳоро мегузаронидем. Оҳиста-оҳиста мо фаҳмидем, ки эҳтиёҷотҳои аъзоёни гурӯҳи мо то андозае зиёд буданд, ки мо наметавонистем оиди ҳар кадоми онҳо дар ҷамъомадамон, ки дар як моҳ як маротиба гузаронида мешуд, дуо кунем, аз ин рӯ, мо қарор додем, ки дар давоми моҳ боз як бори дигар махсус барои дуокунӣ ҷамъ мешавем. Дар ин вохӯриҳо мо барои ҳар як эҳтиёҷот дуо мекардем, вале миқдори эҳтиёҷотҳои дуогӣ ва миқдори талабномаҳои падару модарон барои фарзандони худ чунон зиёд буданд, ки моро лозим омад боз як рӯзи дигарро барои дуокунӣ баҳри ҳар як кӯдак бубахшем. Мо ин хизматгузориро «Шафоатхоҳӣ баҳри ҳаёти фарзандон» номидем. Ин хазматгузорӣ то андозае машҳур гашт, ки ба гурӯҳ ҳамеша одамони нав ба нав меомаданд. Дар асл, фикри навиштани ин китоб зиёда аз бист сол пеш ба миён омада буд, айнан дар ҳамон гурӯҳҳои дуогӣ. Ҳеҷ кадоми мо ба худ он самараҳоеро, ки дар ниҳояти кор дуоҳои якҷояи мо оварда буданд, ба худ тасаввур карда наметавонист. Мо танҳо медонистем, ки барои фарзандони худ шафоатхоҳиро омӯхта, Худовандро пайравӣ менамоем ва ҷавобҳои сершуморро барои дуоҳои худ дида, хурсандӣ мекардем (ба Илова «Барои фарзандони худ якҷоя бо дигар волидон дуо кунед» ниг., ки дар он чӣ тавр ташкил кардани дуогӯиҳои якҷояи шафоатхоҳӣ барои фарзандон гуфта мешавад).
Китоби Муқаддас мегӯяд: «…агар ду нафар аз шумо бар замин дар бораи талабидани ҳар чиз муттафиқ шаванд аз тарафи Падари Ман, ки дар осмон аст, ба онҳо бахшида хоҳад шуд…» (Мат. 18:19). Ва боз: «Чӣ гуна як нафар ҳазор нафарро таъқиб менамуд, ва ду нафар як беварро мегурезонид…» (Так. Шар. 32:30). Барои ҳисоб карда баромадани бузургии дуоҳои даҳ-дувоздаҳ нафар падару модароне, ки якҷоя ҷамъ шуда, аз Худо барои фарзандони худ илтиҷо менамоянд, риёзидони машҳур будан шарт нест.
Дар ояте, ки ман аз Навиштаҳои Муқаддас дар ин китоб ҳамчун иқтибос овардаам, Худо мегӯяд: «…ба ҳузури Худованд дили худро мисли об рехта холӣ кун; дастҳои худро дар бораи ҷони кӯдаконат…» (Нав. 2:19). Дар бораи он, ки маҳз чунин дуоҳои падару модар —
Ҷавобҳо ба дуоҳои гурӯҳи мо дар бист соли охир чунон зиёд ҳастанд, ки китоберо бо шаҳодати падару модарон ва фарзандон тартиб додан мумкин аст. Яктои онҳоро ман хеле хуб дар хотир дорам, зеро он яке аз натиҷаҳои
Нэнси, модари танҳо, аз мо хоҳиш кард, ки дар бораи духтараш Ҷанет дуо кунем, ки дар аввал ӯ имондор буд, вале аз сабаби рӯҳафтодагӣ ва озоре, ки ба ӯ ҷудошавии падару модар расонида буд, аз Худо рӯй гардондааст. Мо дар бораи он дуо мекардем, ки Худо Ҷанетро муҳофизат кунад, зеро медонистем, ки кӯдакони аз таҳти меҳрубонии Худо дуршуда ба хатари бузург дучор шуда метавонистанд. Боре, вақте ки Ҷанет худаш танҳо бо мошин мерафт, ба садамаи автомобилӣ афтод, ба мошини вай мошини ронандаи масте, ки аз тарафи муқобил меомад, бархӯрд. Табибон ин ҳодисаро мӯъҷиза номиданд, зеро Ҷанет гарчанде, ки ҷароҳатҳои ҷиддӣ бардошта бошад ҳам, зинда монд.
Курси дуру дарози табобатро гузашта, Ҷанет ба пуррагӣ ҳам рӯҳан ва ҳам ҷисман шифо ёфт. Ҳамаи мо ва модараш низ боварӣ доштем, ки бе шафоатхоҳии мо вай ба ҳеҷ ваҷҳ баъди ин ҳодиса зинда намемонд. Вай бомуваффақият ба шавҳар баромад, вай шавҳари хуб ва духтарчаи зебое дорад. Ҳоло Ҷанет худаш — масеҳии хуб аст. Вай дар миссияи мо ҳашт сол котиба буд ва ҳаёти вай ҳамеша ба ҳамаи мо дар бораи қудрати дуои падару модар ёдовар хоҳад шуд.
Вақте ки дуоҳо беҷавоб мемонанд
Аз ҳама озмоиши вазнин барои падару модари дуокунанда — интизоршавии ҷавобҳо барои дуоҳояшон мебошад. Баъзан ҷавобҳо зуд омада мерасанд, вале бештар тамоман баръакс мешавад. Дар чунин ҳолатҳо мо зуд рӯҳафтода мешавем ва ҳатто аз Худо меранҷем. Баъзан мебинем, ки ба дуоҳои мо нигоҳ накарда, фарзандони мо рафторҳои нодуруст мекунанд ва дар натиҷаи он самараҳои талхи рӯҳафтодагиро мечашанд.
Агар фарзанди шумо интихоби нодуруст карда бошад, худро барои ин маломат карда, дуокуниро бас накунед. Ба кӯдак Каломи Худоро омӯхта, муошират карданро давом дода, барои вай шафоатхоҳӣ намоед. Таслим нашавед, балки баръакс, дар дуокунии шахсӣ ва коллективона
Яке аз шаҳодатҳои аз ҳама дурахшони ҳамеша дар дуо будан суханони зерини Довуд мебошанд: «Душманонамро таъқиб менамоям, ва ба онҳо рафта мерасам, ва то онҳоро маҳв накунам, барнамегардам; онҳоро зада пахш мекунам, ва онҳо хеста наметавонанд; зери пойҳои ман меафтанд; зеро ки камари маро барои ҳарбу зарб мустаҳкам бастаӣ» (Заб. 17:38-40). Довуд то он даме, ки ба мақсад нарасид, дуокуниро бас накард, ва ин барои мо намуна аст. Мо барои он даъват шудаем, ки то ҷавоб нагирем, дуо кунем.
Агар шумо дар худ оиди фарзанд қаҳру ғазабро нисбати Худо эҳсос намоед (ин тез-тез ҳатто бо падару модари дӯстдоранда ба амал меояд); аз рӯи виҷдон инро ба Ӯ бигӯед. Аз Ӯ ноумедӣ ва рӯҳафтодагии худро пинҳон надоред; эҳсосоти манфиро дар худ нигоҳ надоред. Ҳиссиётҳои махфии худро бо Худо бо ҳам бинед, ва хоҳиш кунед, ки шуморо бубахшад ва нишон диҳад, ки дар оянда чӣ тавр рафтор намоед. Ва аз ҳама асосӣ: ба он диққат диҳед, ки бинобар сабаби ноумедии дар дили шумо ҷойгирифта, таслим нашавед ва дуои шумо қатъ нагардад.
Волидайни на «мукаммал», балки «дуокунанда»
Вақте ки дар ҳаёти кӯдакони мо ягон носозгорӣ ба амал ояд, мо худро гунаҳкор ҳисобида, дар он мазаммат менамоем, ки мо падару модари нокомил ҳастем. Вале нокомилии падару модар ҳаёти фарзандро ба манфиати вай тағйир медиҳад, зеро ки волидайни комил вуҷуд надоранд. Ҳеҷ кадоми мо комил нестем, аз ин рӯ, мо чӣ тавр метавонем, ки волидайни комил бошем?
Агар шумо кӯдакеро донед, ки барои вай волидайн дуо намекунанд, шумо метавонед худи ҳозир ин фосилаи холии ҳаёти вайро пур сохта, ин эҳтиёҷоти вайро қонеъ кунед. Шумо метавонед ба муҳофизати ҳаёти дилхоҳ кӯдак бархезед, ки дилатон ба вай моил бошад. Барои ин лозим аст, ки аз самими қалб бигӯед: «Худованд, ба ман нишон деҳ, чӣ хел дуо кунам, ки ҳаёти ин кӯдак хубтар гардад». Баъди ин аз дуоҳои дар ин китоб овардашуда истифода баред, ва мушоҳида кунед, ки Рӯҳулқудс ба шумо чӣ хел роҳнамоӣ менамояд.
Дар охири ҳар як боб ман намунаи дуоро барои шумо ҷой додаам. Шумо метавонед як дуоро ҳар рӯз дар давоми моҳ ё ҳафта такрор намоед, ё дар айни замон дар атрофи як масъалаи аз ҳама асосии фарзандатон ҷалб шуда, то пурра ҳалшавии он, то вақте ки сабукии ба худ шиносро ҳис накунед, то ки ба эҳтиёҷоти дигар гузаред, дуо кунед.
Ҳар қадаре, ки метавонед, ин дуоҳоро зуд-зуд такрор намоед. Худо намегӯяд: «Ба назди Ман ҳамеша бо як хоҳиш наой». Баръакс, Ӯ ба мо амр менамояд, ки ҳамеша дуо кунем, вале такроркуниҳои бемаънӣ дар дуо норавост.
Донед, шумо масъул нестед, ки аз рӯи реҷаи қатъӣ ё аз рӯи дуоҳои дар ин китоб овардашуда дуо кунед: онҳо ҳамчун намуна оварда шудаанд ва шумо метавонед онҳоро ба асос гирифта, бештар дуо кунед. Вале дар аввал худро назди Худо мутеъ созед, ва аз Ӯ хоҳиш намоед, то ба шумо ёрӣ расонад, ки падару модари лоиқ ва шафоатхоҳе бошед, ки Ӯ шуморо ҳамон хел дидан мехоҳад. Ҳамон тавре дуо кунед, ки Рӯҳулқудс
Худованд, ман назди Ту саҷда мекунам. Ман мефаҳмам, ки бо қувваи худ фарзандамро чуноне, ки ба Ту маъқул аст, тарбия карда наметавонам.
Ман медонам, ки ба ёрии Ту мӯҳтоҷ ҳастам. Ман мехоҳам кӯдакамро ҳамроҳи Ту тарбия намоям; ба ман хирадмандӣ деҳ, ба ман нуқтасанҷ буданро биомӯз. Ман роҳнамоии Туро ҷӯё ҳастам, ва ба қувва ва пурсабрии Ту, ба муҳаббати саховатмандонаи Ту, ки ба ман ва писарам (духтарам) хоҳад рехт, мӯҳтоҷ ҳастам. Ба ман ба таври Худ дӯст доштанро биомӯз. Аз Ту хоҳиш менамоям: маро шифо бахш ва раҳоӣ деҳ, маро тағйир деҳ ва ба ман кӯмак кун, ки шахси комил ва устувор гардам. Ба ман мадад расон, ки дар назди Ту порсо бошам. Ба ман аҳкомҳои Худро биомӯз, то ки ҳамеша ба Ту мақбул бошам. Бигзор зебогии Рӯҳи Муқаддаси Ту дар ман чуноне зоҳир гардад, ки ман дар назари Ту писандида гардам. Ба ман бо кӯдак дуруст муомила кардан, интизом нишон додан ва таълим доданро биомӯз. Маро чунон модар (падаре) гардон, ки маро ҳамон хел дидан мехоҳӣ; ба ман дуо кардан ва барои ҳаёти фарзандам дуруст шафоатхоҳӣ карданро биомӯз. Худованд, Ту дар Каломи Худ гуфтаӣ: «Ҳар он чӣ дар дуо бо имон талаб кунед, хоҳед ёфт» (Мат. 21:22). Бо номи Исо ман аз Ту хоҳиш мекунам: имони маро қавӣ гардон, то ман ба ҳар он чизе, ки Ту барои дуо кардани он амр менамоӣ, бовар кунам.
На шумо Маро баргузидаед, балки Ман шуморо баргузидаам ва шуморо таъин кардам, ки шумо биравед ва мева оваред, ва меваи шумо бимонад, то ки ҳар чӣ аз Падар ба исми Ман талаб кунед, ба шумо ато кунад.
Одил дар беайбии худ рафтор рафтор мекунад; хушо писарони ӯ баъд аз ӯ!
…Ва ҳар чиро, ки ба исми Ман биталабед, ба ҷо хоҳам овард, то ки Падар дар Писар ҷалол ёбад. Агар чизе ба исми Ман биталабед, Ман онро ба ҷо хоҳам овард.
Ва шумо, эй падарон, фарзандони худро ба хашм наоваред, балки онҳоро дар таълимот ва насиҳати Худованд тарбия кунед.
…Ва хӯди наҷотро бигиред, ва шамшери Рӯҳро, ки каломи Худост; дар ҳар вақт дар Рӯҳ бо ҳар дуо ва илтимос дуо гӯед, ва ҳушёр ва босабот Буда, ҳамеша дар бораи ҳамаи муқаддасон илтимос кунед…
Боби 2
Баъди таваллуди фарзанди нахустинамон ман бинобар сабаби ташвишҳо аз баҳри вай оромиро аз даст додам. Ман метарсидам, ки ягон кас вайро тела медиҳад, дар ванна ғарқ мешавад, ба ягон бемории марговар гирифтор мегардад, хӯрокдиҳии вайро фаромӯш мекунам, вайро саг мегазад, ба садамаи автомобилӣ дучор мегардад, вайро медузданд ё вай гум мешавад. Ва, на аз хоҳиши ба Худо итоат кардан, аниқтараш аз ноумедӣ сӯи Ӯ фиғон баровардам. Ӯ ҳамон замон ба ман ёдовар шуд, ки Кристофер — бахшоиши Ӯ бар мост, ва Ӯ дар бораи писари мо аз мо дида бештар ғамхорӣ мекунад. Таълимоти каломие ба хотирам омад: «Ҳамаи ғамҳои худро ба Ӯ вогузор намоед…» (1 Пет. 5:7).
«Худованд, ман беш аз ҳама дар ин ҷаҳон дар бораи писари худ дар ташвишам, аз ин рӯ вайро ба дасти Ту месупорам, зеро танҳо Ту метавонӣ ӯро дуруст тарбия намоӣ ва ба вай бехатарии пурраро таъмин кунӣ, ман мехоҳам инро якҷоя бо Ту ба ҷо орам».
Аз ҳамон рӯз инҷониб, ҳамин ки маро тарс фаро мегирифт, ман инро ҳамчун бонг барои сар кардани дуо қабул мекардам, ва то он даме, ки диламро осоиштагӣ фаро нагирад, дуо мекардам. Агар изтиробҳо маро тарк накунанд, ман якҷоя бо хоҳарон дар Масеҳ дуо карда, фарорасии осоиштагии Худоро дар дили худ интизор мешудам. Ҳар рӯз ман эълон мекардам, ки ман писарамро ба дасти Худо месупорам, ва аз Падари Осмонӣ хоҳиш мекунам, ки дар бораи вай ғамхорӣ намояд. Ин борро аз дӯши ман мебардошт, ва ман худро модари хушбахт ҳис мекардам.
Ман ин дуоро барои фарзандонам солҳои зиёд такрор кардаам. Ман ин дуоро он пагоҳие, ки бори нахуст онҳоро дар гурӯҳи якшанбегии калисо мондам, вақте ки онҳоро таҳти назорати мураббияи боғча дар гурӯҳи шабонарӯзӣ гузоштам, бори нахуст онҳоро ба боғчаи бачагон бурдам, вақте ки онҳоро дар утоқи духтур мондам, то ки ҷароҳатҳои онҳоро дӯзад, вақте ки онҳо бори нахуст ба дамгирӣ назди дӯстонашон рафта буданд, вақте ки онҳо ба Вашингтон парвоз карда буданд, то ки аз он ҷо ба саёҳат раванд, вақте ки онҳоро ба кемпинг гусел карда будам, вақте ки бори нахуст писарам паси чанбари мошини оилавиамон нишаст, ва ҳар боре, ки вай футбол бозӣ мекард, такрор мекардам.
Ба наздикӣ, вақте ки Кристофер ба коллеҷ рафт, ман вайро аз нав ба дасти Худо супоридам. Пеш аз рафтани вай ман якчанд моҳи ҷудоиро пеши назар оварда, гиря кардам. Ман ҳис мекардам, ки баъди рафтани вай ҳаёти мо сахт тағйир меёбад. Вале каме пеш аз рафтани вай Худо ба ман чунин суханонро кушод: «Зеро ки шумо бо хурсандӣ берун хоҳед рафт, ва бо осоиштагӣ гуселонида хоҳед шуд; кӯҳҳо ва теппаҳо пеши шумо бо овози баланд тараннум хоҳанд кард» (Иш. 55:12). Якҷоя бо ин Ӯ ба ман кушод, ки баъди аз вай ҷудо шудан, ҳам ба вай, ҳам ба мо хурсандӣ ва осоиштагӣ хоҳад омад. Фаҳмидан муҳим аст, ки фарзандони мо дар кадом марҳалаи ҳаёт, ки набошанд, мо онҳоро ба дасти Худо супорида, онҳоро ба
Ман медонам, ки маро маротибаҳои зиёд лозим меояд, ки фарзандони худро ба дасти Худо супорам. Ҳодисаи аз ҳама ҷиддӣ дар ҳаёти онҳо барои ман, албатта, хонадоршавии онҳо хоҳад буд. Дар бораи ин фикр карда истода, саргузашти Ҳанно ба хотирам меояд, ки вай аз Худо хоҳиш кард, ки ба вай писар ато фармояд. Худо ба дуоҳои вай ҷавоб дод ва вай Самуилро таваллуд кард. Баъд Ҳанно гуфт: «…Барои ҳамин писар дуо гуфта будам, ва Худованд хоҳиши маро, ки аз Ӯ илтимос карда будам, ба ман ато фармуд. Ва ман ӯро барои Худованд вақф намудам. Ӯ тамоми айёми умри худ вақф барои Худованд хоҳад буд. Ва дар он ҷо Худовандро ибодат карданд» (1 Подш. 1:27-28).
Ҳанно аҳд карда буд, ки писарро ба Худованд мебахшад, ва ҳамин ки аз сина ҷудо шуд, вайро ба хонаи Худованд бурда, таҳти ҳимояи коҳин Элӣ супорид. Ҳамин тариқ, вай қасами худро ба ҷо овард. Вале безобита шудан (ё баръакс, умедвор шудан) лозим нест. Худо талаб намекунад, ки шумо кӯдакатонро дар калисо барои тарбия кардан ба шӯбон ё завҷаи вай бидиҳед. Гап дар сари он аст, ки Ҳанно кӯдаки худро ба Худо бахшид, ва баъд кори фармудаи Ӯро ба ҷо овард. Дар натиҷа Самуил яке аз пайғамбарони бузургтарини Худо дар рӯи замин гардид.
Мо набояд ҳаёти кӯдаконро ба худ баста ё кӯшиши бо қувваи худ тарбия кардани онҳоро карда, дахолати Худоро ба ҳаёти онҳо маҳдуд намоем. Агар шумо боварӣ надошта бошед, ки Худо ҳаёти фарзандони шуморо идора менамояд, тарс барои онҳо шуморо фаро мегирад. Танҳо фарзандонро раҳо карда ва ба Худо имконияти озодона бо онҳо муошират карданро дода, метавонем ба роҳбарии Худо бовар кунем. Шумо инро танҳо дар он ҳолат ба даст меоред, ки агар мутобиқи Каломи Ӯ зиндагӣ кунед, бо роҳҳои Ӯ равед ва дар дуо ба Ӯ дар бораи ҳамаи ташвишҳои худ бигӯед. Мо бояд ба Худо умед бандем, зеро Ӯ метавонад дар бораи фарзандони мо, аз мо дида, хубтар ғамхорӣ намояд. Фарзандони худро ба дасти Падари Осмонӣ супорида, қудрати Ӯро эътироф намуда, мо ва фарзандонамон дар дилҳоямон осоиштагии беандозаро ба даст меорем.
Мо наметавонем дар як замон дар ҳама ҷо бошем, вале Худо метавонад. Мо наметавонем ҳама чизро бубинем, вале Худо метавонад. Мо наметавонем ҳама чизро бидонем, вале Худо метавонад. Агар, ба синну соли фарзандон нигоҳ накарда, онҳоро ба дасти Худо супорем, бо ин мо дар бораи имони худ ва боварии худ ба Ӯ шаҳодат медиҳем ва ҳамин тариқ барои тағйир додани ҳаёти онҳо қадами нахустинро мемонем. Дуо барои фарзандон аз ин сар мешавад.
Худованд, ман ба Ту бо номи Исо рӯ оварда, фарзанди худро (номи фарзанд) ба дастони Ту месупорам. Ман ба он боварӣ дорам, ки танҳо Ту метавонӣ ба писари (духтари) ман чизҳои беҳтаринро бидиҳӣ. Танҳо Ту талаботҳои ҳақиқии ӯро медонӣ. Ман вайро таҳти ғамхории Ту, таҳти муҳофизати Ту медиҳам, ва ваъда медиҳам, ки барои ҳар як эҳтиёҷоти вай дуо хоҳам кард, ки Ту дар дили ман андозӣ. Ба ман барои фарзандам дуо карданро биомӯз ва дар дуо маро роҳнамоӣ намо. Ба ман имкон надеҳ, ки дар дуо барои фарзандам хоҳишҳои шахсии худамро баён намоям. Чуноне кун, ки иродаи Ту дар ҳаёти вай амал кунад.
Аз Ту барои он миннатдорам, ки маро напартофтӣ ва ба ман рухсат додӣ, ки дар тарбияи писарам (духтарам) шарики Ту бошам. Ман аз Ту барои он миннатдор ҳастам, ки наметавонам ба методикаи ҳамеша тағйирёбанда ва ноустувори одамон, ки барои тарбияи фарзандон пешкаш менамоянд, умед бандам ва, таълимоти Туро пайравӣ карда, метавонам, вақте ки ҷавобҳои Туро интизор мешавам, хирадмандӣ ва донишро ба даст орам.
Худованд, аз Ту барои тӯҳфаи пурқиматат — фарзандам миннатдор ҳастам. Дар Каломи Ту гуфта шудааст, ки ҳар як тӯҳфаи некӯро дар ҳаёт танҳо аз Ту гирифта метавонем, ман медонам, ки Ту ба ман ин кӯдакро додаӣ, то ки ман дар бораи вай ғамхорӣ намоям ва вайро тарбия кунам. Ба ман дар ин кор ёрӣ расон. Ба ман нишон деҳ, ки дар чӣ ман хости худро ба вай бор мекунам, ва ба ман кӯмак кун, ки вайро таҳти сарпарастии Ту бидиҳам, то ки Ту фарзанди маро бо роҳи ҳаётӣ барӣ. Маро аз тарси хатарҳои имконпазир раҳоӣ деҳ, ва ба ман аз дарки он, ки ҳама чиро дар дастони Худ нигоҳ медорӣ, хурсандӣ ва осоиштагӣ ато фармо. Ман дар ҳама кор ба Ту умед мебандам ва имрӯз писари (духтари) худро бовар карда, ба дасти Ту месупорам.
Пас, агар шумо, ки шарир ҳастед, ба фарзандони худ додани инъомҳои некро медонед, пас Падари шумо, ки дар осмон аст, ба онҳое ки аз Ӯ металабанд, чанд маротиба зиёдтар чизҳои нек хоҳад дод.
Валекин эҳсони Худованд бар тарсгоронаш аз азал то абад аст, ва адолати Ӯ бар фарзандони фарзандон, бар онҳое ки аҳди Ӯро нигоҳ медоранд ва фармудҳои Ӯро дар хотир доранд, то ки онҳоро ба ҷо оваранд.
Бар абас онҳо меҳнат нахоҳанд кард, ва барои изтироб нахоҳанд зоид, зеро ки онҳо, ва зурёташон бо онҳо, насли мубораки Худованд мебошанд.
Инак, фарзандон мерос аз ҷониби Худованд ҳастанд; самараи батн муздест аз ҷониби Ӯ.
Ва ҳар чӣ талаб кунем, аз Ӯ меёбем, чунки аҳкоми Ӯро риоят мекунем ва он чӣ ба ҳузури Ӯ мақбул аст, ба амал меоварем.
Боби 3
Дар дуоҳои аз ҳама гарму ҷӯшони худ барои фарзандон мо беш аз ҳама аз Худо хоҳиш менамоем, ки онҳоро муҳофизат кунад. Агар дили мо барои бехатарии шахсии онҳо пуризтироб бошад, ҳал кардани ягон масъалаи онҳо барои мо мушкил мегардад. Мо чӣ хел барои ояндаи онҳо дуо мекунем, агар боварӣ надошта бошем, ки умуман ҳамин оянда фаро мерасад ё не?
То он даме ки Кристофер ҳабдаҳсола ва Аманда дувоздаҳсола нашуданд, мо дар Лос-Анҷелес зиндагӣ мекардем ва ҳамаи ин солҳо ман ҳамеша барои онҳо метарсидам. Дар он вақт сатҳи ҷинояткорӣ ҳамеша баланд мешуд, ва ҳатто ноҳияи мо, ки ба қадри кофӣ оромтар ҳисоб мерафт, ба ман ягон хел боварӣ бахшида наметавонист. Аз ин рӯ, ман ҳар рӯз оиди ин масъала дуо мекардам. Дар ҳақиқат барои бехатарии онҳо аз лаҳзаи дар батнам пайдо шуданашон шафоатхоҳӣ мекардам, то ки дар хурдсолӣ бо онҳо ягон воқеаи даҳшатоваре рӯй надиҳад. Дар он вақте ки онҳо калон мешуданд, ман дар бораи он дуо мекардам, ки Худованд онҳоро аз зӯроварӣ ва ҳодисаҳои нохуш муҳофизат намояд. Ман худам танҳо ва якҷоя бо дӯстони имондорам дуо мекардам: «…дар сояи болҳои Худ онҳоро пинҳон бикун. Аз шарироне, ки ба онҳо ситам мекунанд ва аз душманони қасди ҷонашон, ки онҳоро иҳота менамоянд» (ба Заб. 16:8-9 ниг.).
Аманда ва Кристофер, мисли ҳама кӯдакон меафтиданд, зонӯҳояшонро мезаданд, ҷароҳатҳо мебардоштанд, якчанд ҳодисаҳои ҷиддие низ рӯй дода буданд, ки моро лозим омада буд ба духтур муроҷиат намоем ва ҷароҳатҳоро бидӯзем. Вале ба онҳо зарбҳои ҷиддӣ нарасид. Ҳамин тавр то он даме буд, ки боре писарам ба садамаи автомобилӣ афтод, ки дар бораи он ман дар сарсухани ин китоб нақл кардам. Боре пагоҳӣ, баъди он, ки ман писару духтарамро ба мактаб гусел кардам — ҳар кадоми онҳо ҳамроҳи ҳамсинфонашон рафта буданд — ва ба хона баргаштам, занги телефон садо дод, ки аз он бештари падару модарон сахт метарсиданд.
«Хонум Омартиан, саломатии писаратон хуб аст, вале вай ба садамаи автомобилӣ афтодааст ва ҳоло дар беморхона мебошад. Мошинҳо сар ба сар заданд, зимнан ҳеҷ кадоми бачаҳои дар мошинбуда тасмаҳои муҳофизаткунандаро набаста буданд».
Дар роҳ ба беморхона ману шавҳарам барои ҳар се бачаҳо дуо мекардем. Ман ба хотир овардам, ки чӣ хел маротибаҳои зиёд то ба амал омадани ин мо ба сари Кристофер даст гузошта дар бораи он дуо мекардем, ки Худо вайро аз садамаи автомобилӣ муҳофизат намояд. Ман ҳангоми дуокунӣ ҳатто оятҳоро аз Китоби Муқаддас иқтибос меовардам: «…Зеро ба фариштагони Худ дар бораи ту амр хоҳад дод, ки туро дар ҳамаи роҳҳоят… нигоҳдорӣ кунанд. Туро дар кафҳои худ бардошта хоҳанд бурд, ки мабодо пои худро ба санге бизанӣ…» (Заб. 90:11-12). Худо ба дуоҳо ҷавоб медиҳад; ваъдаи Ӯ ба ҷо хоҳад омад. Ман дар ин бора медонистам. Агар Кристофер ба садама дучор шуда бошад, Худо бо фариштагони Худ бояд дар паҳлӯи вай бошанд ва ӯро муҳофизат кунанд. Ман инчунин онро низ дар хотир доштам, ки Китоби Муқаддас дар бораи одиле, ки аз Худо метарсад, чӣ мегӯяд: «Аз овозаи бад наметарсад; дилаш қавист, ба Худованд таваккал мекунад». (Заб. 111:7). Ва ман ором гаштам, ҳарчанд намедонистам, ки барои чӣ. Дили маро осоиштагии Худо фаро гирифт.
Ба беморхона омада мо фаҳмидем, ки Кристофер дар нишастгоҳи қафо дар даст сумкаи калон бо либосҳои варзишиаш нишаста будааст. Маҳз ҳамин сумка болиште гардид, ки зарбхӯрии ӯро аз нишастгоҳҳои пеш сабук гардонида буд, ва ҳамин тариқ, писари мо бо зонӯи дарида ва миёни зарбхӯрда халос шуд. Писарбачае, ки дар пеш нишаста буд, аз тирезаи шамолгардон парида рафт ва зарби ҷиддӣ бардошт. Ва писарбачае, ки дар паси чанбари мошин менишаст, рӯяшро ба чанбар зада ҷароҳат бардошт. Мошин тамоман аз кор баромада буд.
Ва мо, падару модарони писарони ҷабрдида аз он дар ҳайрат будем, ки баъди ин қадар дастурдиҳиҳои мо оиди зарурати бастани тасмаҳои муҳофизатӣ дар мошин, ҳеҷ кадоме аз кӯдакони мо ин корро накардааст. Агар онҳо ба мо гӯш медоданд, эҳтимол, умуман чунин зарбҳо намебардоштанд. Вале моро он хурсанд кард, ки ба шарофати дуоҳои мо фарзандонамон зинда монданд.
Дуои шумо кафолат намедиҳад, ки фарзанди шумо аз ногувориҳо халосӣ меёбад. Албатта, фарзандони моро
Шарти асосии пурсамари дуоҳои шумо — Каломи Худост, он ба шумо осоиштагӣ мебахшад. Ман ҳатто ҳисоби онро гум кардам, ки ҳангоми дар Лос-Анҷелес зиндагӣ карданамон чанд маротиба оиди муҳофизати оилаамон ва худам аз бадӣ, дуо кардаам. Ҳар бор ман Худоро оиди муҳофизат кардани мо аз зӯроварӣ, ки он интиҳо надошт, илтиҷо намуда, сатрҳои зеринро аз Навиштаҳои Муқаддас иқтибос меовардам: «Худое ки… маро аз душманонам раҳо кардаӣ! Маро аз мухолифонам баланд бардоштаӣ, аз золим халосӣ додаӣ» (Заб. 17:48-49). Ва боз: «Муборак аст Худованд, ки эҳсони аҷоиби Худро дар шаҳри муҳосирашуда ба ман зоҳир кард!» (Заб. 30:22).
Боз як бадбахтии Калифорния — ин зилзила аст. Ҳар бор пеш аз хоб ман дар бораи он дуо мекардам, ки Худо оилаи маро аз он муҳофизат намояд. Ҳамин тавр шуда буд, ки нисфишабӣ таккони сахт маро аз хоб бедор намуд ва ман бо даҳшат дар торикии том аз ҷой хестам, ки дар ин лаҳза дар атроф ҳама чиз меларзид ва алвонҷ мехӯрд. Ба ин ҳама ғавғои даҳшатоваре якҷоя шуда буд, ки аз ғурриши раъд ҳам даҳшатноктар буд. Инро фаромӯш кардан имконнопазир аст. Ин таври абадӣ дар хотир мемонад. Ман, то барои оилаи худ бо чунин сатрҳои Навиштаҳои Муқаддас дуо накунам, хоб намерафтам: «Худо паноҳгоҳ ва қуввати мост, мададгоре ки дар тангиҳо зуд пайдо мешавад; Бинобар ин нахоҳем тарсид, агарчӣ замин мубаддал шавад, кӯҳҳо дар қаъри баҳрҳо ба ҷунбиш оянд» (Заб. 45:2-3). Гарчанде Навиштаҳои Муқаддас ҳангоми бадбахтиҳо муҳофизати Худоро ваъда мекард, ман аз Худо чизи бештаре хоҳиш кардам: «Худованд, ман аз Ту илтиҷо мекунам, ки заминҷунбӣ
Ман боварӣ дорам, ки Худо ба ин дуо ҷавоб дод, вақте ки мо аз Нортриҷ пеш аз заминҷунбие, ки 17-уми январи соли 1994 рӯй дода буд, баромада рафтем. Баъд аз якчанд моҳ ман бо кӯдакон дар ҳамон ҷойҳое будем, ки ба харобазор табдил ёфта буд, ва мо аз ин ҳодисаи рӯйдода ба даҳшат афтодем. Хонае, ки мо дар он зиндагӣ мекардем, тамоман вайрон шуда буд. Мо аз амали қудрати Худо ва меҳрубонии Ӯ ба ҳайрат афтода будем, вақте ки дар ҷавоби дуоҳои ман дасти раҳмдили Ӯ моро аз он ҷо берун овард ва наҷот дод.
Ман боварӣ дорам, ки ҳатто агар мо дар минтақаи заминҷунбӣ мешудем, Худо айнан ҳамон тавре, ки ба дигар одамон меҳрубонии Худро зоҳир сохт, моро низ муҳофизат мекард. Бадбахтиҳо дар ҳама ҷо рӯй медиҳанд. Асос — ба Худо умед бастан, дуо кардан ва ҷавобҳои Ӯро интизор шудан мебошад.
Ҳангоме ки мо дуо мекунем, дар ҳаёти мо чизе тағйир меёбад, вақте ки мо дуо накунем, ҳеҷ гуна дигаргунӣ ба амал намеояд. Агар мо дуо намекардем, бо кӯдакони мо чӣ ҳодиса метавонист рӯй диҳад ё
Худованд, ман барои кӯдаки худ (номи кӯдак) дуо мекунам ва аз Ту хоҳиш менамоям, дар атрофи вай девори муҳофизатӣ бунёд намо. Рӯҳу ҷон, бадан, ақл ва эҳсосотҳои вайро аз ҳар гуна бадӣ муҳофизат намо. Махсусан ман аз Ту хоҳиш менамоям: вайро аз ҳодисаҳои нохуш, бемориҳо, маъюбӣ ва аз ҳама гуна дигар зӯровариҳои зеҳнӣ, ҷисмонӣ ва эҳсосотӣ ҳифз намо. Ман аз Ту илтиҷо менамоям кӯдаки маро «…дар сояи болҳои Ту… то даме ки фалокатҳо бигзарад» (ба Заб. 56:2 ниг.) нигоҳ дор. Ӯро аз ҳама гуна таъсироти имконпазири душманона, аз ҳама хатарҳои ниҳонӣ эмин гардон ва ҳар гуна яроқеро, ки бар зидди вай бардошта мешавад, беқудрат соз. Худованд, барои ваъдаҳои сершумори Ту дар бораи муҳофизат кардани фарзандони мо аз ҳар гуна хатарҳо аз Ту миннатдор ҳастам. Ба писари (духтари) ман ёрӣ расон, ки дар роҳҳои Ту дар итоаткорӣ бо хости Ту равад, то ки вай аз зери ҳимояи меҳрубононаи Ту берун нашавад. Кӯдаки маро дар куҷое, ки набошад ва чӣ коре накунад, дар паноҳи Худ нигоҳ дор. Бо номи Исои Масеҳ аз Ту илтиҷо мекунам.
Он ки дар паноҳгоҳи Ҳаққи Таоло нишастааст, дар сояи Қодири Бечун хоҳад буд. Дар ҳаққи Худованд мегӯям: «Ӯ паноҳгоҳи ман аст ва қалъаи ман; Худои ман аст, ки ба Ӯ таваккал мекунам».
Вақте ки аз обҳо бигзарӣ, Ман бо ту хоҳам буд, ва аз наҳрҳо бигзарӣ, онҳо туро ғарқ нахоҳанд кард; вақте ки аз миёни оташ қадамгузор шавӣ, нахоҳӣ сӯхт, ва аланга туро нахоҳад сӯхт.
«Ҳар олате ки бар зидди ту сохта шавад, муваффақият нахоҳад ёфт; ва ҳар забонеро, ки бар зидди ту ба мурофиа бархезад, айбдор хоҳӣ кард. Ин аст насибаи бандагони Худованд, ва сафед кардани онҳо аз ҷониби Ман аст», — мегӯяд Худованд.
Зеро ки ту гуфтаӣ: «Худованд паноҳгоҳи ман аст»; Ҳаққи Таолоро ту паноҳандаи худ ихтиёр кардаӣ. Бадие ба ту рӯй нахоҳад дод, ва офате ба хаймаи ту наздик нахоҳад шуд.
Ман дароз мекашам, хоб меравам ва мехезам, зеро ки Худованд ба ман мадад мекунад.
Боби 4
Ба кӯдакони мо лозим меояд яке аз озмоишҳои аз ҳама вазнинтаринро аз сар гузаронанд, вақте ки дар майнаи онҳо андешаи бардурӯғе роҳ меёбад, ки зери пардаи ҳақиқат ниҳон шудааст ва тақрибан дар шакли зерин ифода меёбад: «Маро касе дӯст намедорад», «Ҳеҷ кас ба қадри ман намерасад», «Касе ба ман шавқу ҳавас надорад», «Ман корношоям ҳастам», «Ман беҳад ғафс ҳастам», («беҳад хароб», «беҳад қоматбаланд», «аз ҳад зиёд хурд»), «Ман кундзеҳнам», «Ман беандоза боақл ҳастам» ва ғайра. Дилхоҳ дурӯғи ба ҳамин монанд дар фаҳмиши кӯдакон дар синни 12-13 солагӣ ҷойгир мешаванд, ва бисёр вақт, ба ҳаёти калонсолона дохил гашта, онҳо ҳанӯз зери таъсири он ҳастанд. Бинобар ин, ман боварӣ дорам, ки дуо кардан дар бораи он, ки кӯдаки шумо худро дӯстдошта ва даркорӣ ҳис кунад, ҳеҷ гоҳ дер намешавад; вай бояд худро пеш аз ҳама дар назди Худо дӯстдошта ҳис кунад, сипас дар назди оилаи худ, баъд дар назди ҳамсолон ва дигар одамон. Барои кӯдакон дуо карданро, вақте ки онҳо ҳанӯз тамоман хурд ҳастанд, ё дар ҳар як лаҳзаи дигари ҳаёти онҳо сар кардан мумкин аст, ва дар давоми тамоми ҳаёти онҳо дуо карданро дар бораи эҳтиёҷотҳои аниқ давом додан мумкин аст.
Ба ҳамаи мо ҳиссиёти радшуда буданро аз сар гузарондан пеш омадааст. Кадоме аз мо таҳқир, хиҷолатро аз сар нагузарондааст, бо ҳисси гуноҳкорӣ азоб накашидааст, худро ба ягон кор ношоям, ба ҳама нодаркор ҳис накардааст? Кадоме аз мо барои он, ки одамони моро иҳотакарда рафторамонро маҳкум кардаанд ё маъқул накардаанд, ғам нахӯрдаем?
Ҳамаи мо медонем, ки рад шудан чӣ маънӣ дорад, аз касе ки он барнаояд: аз аъзои оила, аз дӯст ё аз одами тамоман ношинос. Яке инро бо сабукӣ аз сар мегузаронад, зеро дар қаъри дил худро дӯстдошта ва даркорӣ ҳис мекунад. Дигаре бошад, вақте ки вайро рад карданд, аз он ҳодисаҳои сершумор дар дил ҷароҳатҳои чуқур гирифта, ба дилхоҳ муносибати нописандонаи атрофиён нисбати худ номувофиқ эътино мекунад. Бинобар ин, сабаби асосии бадиҳои дар дунёи мо ба амал меомадаро, рад шудани як қисми одамон аз тарафи дигар одамон ҳисобидан мумкин аст. Ҳамин тавр, коргари аз кор озод кардашуда ба ҷои кори пештараи худ меравад ва босси худ ва ҳамкорони пештараи худро тирборон мекунад. Ё шавҳари рад кардашуда зани худро мезанад ё мекушад. Модари аз тарафи ягон кас таҳқирёфта қаҳри худро ба сари кӯдак мерезад. Агар одам худро ба ҳама нодаркор ҳис кунад, дар қалби вай ҳама чизҳои бад ошкор мегардад, вале эътироф ва муҳаббати атрофиён, баръакс, дар вай ҳама чизҳои хубро бедор месозад. Одаме, ки худро ради мардум ҳис мекунад, чунин меҳисобад, ки ҳамаи атрофиён ба муқобили вай барангехта шудаанд: дар ҳар як нигоҳ, дар ҳар як сухани безарар, дар рафтори беаҳамияте вай барои худ таҳдидро мебинад, — дар он вақте ки шахси худро дӯстдошта ҳис мекарда дар худи ҳамин ҳолатҳо ягон чизи ба ин монандро намебинад. Пурра имконпазир аст, ки умуман ҳеҷ кас
Аммо муҳаббати Худо қодир аст, ки ҳама чизро тағйир диҳад. Боварӣ ба он, ки Худо моро дӯст медорад ва қабул мекунад, ҳаёти моро тамоман дигаргун месозад. Худованд гуфтааст: «…Ман туро баргузидаам ва туро тарк накардаам» (Иш. 41:9), инчунин: «…бо муҳаббати абадӣ туро дӯст доштам…» (Ирм. 31:3). Ва Ӯ муҳаббати Худро исбот сохт, ки дар ин бора дар Китоби Муқаддас мегӯяд: «Лекин Худо муҳаббати Худро нисбат ба мо бо ҳамин исбот мекунад, ки ҳангоме ки ҳанӯз гуноҳкор будем, Масеҳ барои мо мурд» (ба Рум. 5:8). Вале аз ҳама хубаш он аст, ки: «…на мамот, на ҳаёт, на фариштагон, на мабдаъҳо, на қувваҳо, на ҳозира, на оянда, на баландӣ, на умқ, на ҳар гуна махлуқи дигар моро аз муҳаббати Худо, ки дар Худованди мо Исои Масеҳ аст, ҷудо карда наметавонад» (Ба Рум. 8:38-39).
Мо бояд дар бораи он дуо кунем, ки фарзандони мо ин ҳақиқатҳоро аз худ кунанд. Танҳо ҳамон вақте ки онҳо муҳаббати Худоро қабул мекунанд, онҳо дӯст доштан ва фаҳмидани дигар одамонро меомӯзанд.
Ҳарчанд маҳз муҳаббати Худо пеш аз ҳама ба ҳар як кас даркор аст, кӯдак дар навбати аввал ҳузур доштан (ё набудани) муҳаббати волидонро дар ҳаёти худ сахт эҳсос мекунад. Тифл онро аллакай дар лаҳзаҳои авали ҳаёт ҳис мекунад. Муҳаббати волидон ба кӯдак имконият медиҳад, ки муҳаббати Худоро аллакай дар синни хурдӣ дарк кунад. Аз ин рӯ, мо бояд аз рӯзҳои аввали ҳаёти фарзандонамон дуо кунем: «Худованд, ба ман мадад расон, ки кӯдакамро ба таври ҳақиқӣ дӯст дорам, ҳамон тавре, ки Ту онро мехоҳӣ, Ту ба ман омӯз, ки ба кӯдак муҳаббати худро тавре зоҳир созам, ки вай онро фаҳмида тавонад». Агар кӯдаки шумо аллакай калон аст ва бо ягон сабабе худро нодаркор ҳис мекунад, ин корро ба пагоҳ намонда, дуокуниро сар кунед. Аз Худованд хоҳиш кунед, ки дили вайро бо муҳаббати
Аз Худо хоҳиш намоед, ки ба шумо зоҳир сохтани муҳаббатро ба кӯдак омӯзонад ва ба иблис имкон надиҳед, ки дили шуморо бо ҳисси гуноҳкорӣ барои нобарориҳои пештара рӯҳафтода созад. Ба шумо ин тактикаи вай бояд маълум бошад: «Кӯдаки ту худро нодаркор ҳис мекунад, зеро ту модар (падари) бад ҳастӣ»; «Агар ту ин қадар ноӯҳдабаро намебудӣ, ту метавонистӣ ба кӯдаки худ муҳаббати худро нишон диҳӣ»; «Туро касе дӯст намедошт, пас чӣ тавр ту метавонӣ ягон касро дӯст дорӣ?» Ҳамаи ин дурӯғ аз дӯзах меояд ва як қисми нақшаи иблис аст.
Агар шуморо ҳисси гуноҳкорӣ ё хотираҳо дар бораи нокомиҳо дар ягон соҳаи ҳаёт азоб диҳад, андешаҳои худро дар назди Худо кушоед, дар бораи ин масъала дуо кунед, онро ба дасти Худо супоред, ва баъд ба таври қатъӣ гӯед: «Худованд кӯдаки маро дӯст медорад. Ман кӯдакамро дӯст медорам. Дигар одамон кӯдаки маро дӯст медорад. Ва агар кӯдаки ман худро дӯстдошта ҳис накунад, пас вай ба дурӯғе бовар кардааст, ки онро душман талқин кардааст. Мо зиндагӣ карданро дар розигӣ бо дурӯғи иблис инкор мекунем». Ҳарчанд аз шумо қатъияти бисёр ва пуртоқатӣ талаб карда мешавад, ба дурӯғи душман роҳ надиҳед, онро бо ҳақиқати Худо рад кунед, ва баъд дар бораи он дуо кунед, ки Худованд муҳаббати Худро ба дили кӯдаки шумо резад, ва дар бораи он, ки кӯдак муҳаббати шуморо низ қабул карда тавонад.
Ғайр аз дуо кардан кӯшиш кунед, ки муҳаббати худро ба кӯдак бо нигоҳ, дастрасӣ, (бигзор он силакунӣ, ба оғӯшгирӣ, бӯсидан бошад), бо рафторҳо, корҳо ва суханон ифода созед. Ман мушоҳида кардам: вақте ки ман меҳрубонона ба кӯдакон даст расонда рост ба чашмони вай нигоҳ карда мегуфтам: «Ман туро дӯст медорам. Ба ман чунин менамояд, ки ту зӯр ҳастӣ», ин лаҳза
Агар шумо ҳис кунед, ки нисбати кӯдакатон дар дилатон муҳаббат нест, онро аз Рӯҳулқудс хоҳиш кунед. Китоби Муқаддас мегӯяд: «…чунки муҳаббати Худо дар дилҳои мо ба воситаи Рӯҳулқудс, ки ба мо ато шуд, ҷорӣ шудааст» (Рум. 5:5). Ғайр аз ҳамаи ин, Худо мехоҳад моро бо муҳаббати Худ пур созад, то ки он ба дигар одамон низ резад. Барои кӯдаки худ дуо карда, шумо на танҳо муҳаббати Худоро қабул мекунед, балки маротибаҳои зиёд онро афзун мегардонед ва ҳамин тавр, он аз дили шумо ҷорӣ мегардад.
Худованд, ман барои он дуо мекунам, ки фарзанди ман (номи духтар ё писар) худро дӯстдошта ва даркорӣ ҳис кунад. Дили вайро худи ҳозир бо муҳаббати Худ пур кун ва ба вай ёрӣ расон фаҳмад, ки муҳаббати Ту то чӣ андоза бузург ва беҳудуд аст. Дар Каломи Ту гуфта мешавад, ки Ту моро ончунон дӯст доштӣ, ки Писари Ягонаи Худро барои мо шуда, ба марг додӣ (ба Юҳ. 3:16 ниг.). Фарзанди маро аз ҳаргуна дурӯғи иблис ки бо мақсади дар дили вай коштани тухми шубҳа бор мешаванд, муҳофизат кун. Исо гуфт: «Чунон ки Падар Маро дӯст доштааст, Ман низ шуморо дӯст доштаам; дар муҳаббати Ман бимонед» (Юҳ. 15:9). Худованд, ба фарзанди ман (ном) ёрӣ расон, ки дар муҳаббати Ту бошад, то ки вай бо Довуд гуфта тавонад: «Саҳаргоҳон эҳсони Худро ба ман бишнавон, зеро ки ба Ту таваккал кардаам» (Заб. 142:8). Нишон деҳ, ки муҳаббати Ту ба вай беҳудуд аст, ва ба вай ёрӣ расон, ки онро қабул намояд.
Ман аз Ту хоҳиш менамоям: ба ман омӯз, ки фарзандамро бечунучаро дӯст дорам, ҳамон тавре, ки Ту вайро дӯст медорӣ, ба ман омӯзон, ки муҳаббати худро ба ӯ тавре зоҳир созам, ки вай онро эҳсос кунад. Ба ман нишон деҳ, ки ман бояд чӣ тавр муҳаббати Туро ба вай расонам, то дарк кунад, ки Ту вайро чӣ тавр сахт дӯст медорӣ. Ман хоҳиш мекунам, ки ҳамаи аъзоёни оилаи ман фарзандамро дӯст доранд ва вайро ҳамон тавре ки ҳаст, қабул кунанд, ва бигзор писари (духтари) ман дар дигар одамон розигӣ ва дастгирӣ ёбад. Вале ҳанӯз, ки боварии фарзанди ман ба он афзуда истодааст, ки вайро дӯст медоранд, дар вай қобилияти озодона бо дигарон
Муҳаббати Худо ба мо дар он зоҳир шуд, ки Худо Писари ягонаи Худро ба ҷаҳон фиристод, то ки мо ба воситаи Ӯ ҳаёт ёбем. Муҳаббат дар ин аст, ки на мо Худоро дӯст доштаем, балки Ӯ моро дӯст дошт ва Писари Худро барои кафорати гуноҳҳои мо фиристод. Эй маҳбубон! Агар Худо моро ин қадар дӯст дошта бошад, мо низ бояд якдигарро дӯст бидорем.
Зеро ки ту барои Худованд Худои худ қавми муқаддас ҳастӣ; Худованд Худоят туро баргузидааст, то аз миёни ҳамаи қавмҳое ки дар рӯи замин ҳастанд, қавми хуҷистае барои ӯ бошӣ.
Ва мо муҳаббатеро, ки Худо ба мо дорад, медонем ва ба он эътимод дорем. Худо муҳаббат аст, ва ҳар кӣ дар муҳаббат сокин аст, вай дар Худо сокин аст, ва Худо дар вай.
Валекин мо бояд ҳамеша Худоро барои шумо, эй бародарони маҳбуби Худованд, шукргузорӣ намоем, ки Худо аз ибтидо, ба василаи тақдиси Рӯҳ ва имон ба ростӣ, шуморо барои наҷот баргузидааст.
Муборак аст Худо ва Падари Худованди мо Исои Масеҳ, ки моро бо ҳар баракати рӯҳоние ки дар афлок аст, дар Масеҳ баракат додаст, чунон ки Моро пеш аз таъсиси ҷаҳон дар Ӯ баргузидааст, то ки ба ҳузури Ӯ дар муҳаббат муқаддас ва беайб бошем. Моро пешакӣ муайян намудааст, ки ба василаи Исои Масеҳ бар тибқи иродаи Худ, ба фарзандӣ қабул кунад, барои ҳамду санои ҷалоли файзи Худ, ки ба мо дар Маҳбуби Худ бо саховатмандӣ бахшидааст.
Боби 5
Пеш аз ҳама мо мехоҳем, ки фарзандони мо Исоро Наҷоткори худ эътироф намоянд. Танҳо дар ҳамин вақт мо метавонем дилпур бошем, ки ҳаёти абадӣ ба онҳо кафолат дода шудааст ва баъд аз марг мо бо онҳо дар осмонҳо вомехӯрем. Чӣ умеди аҷиб!
Дебби Бун ва шавҳари вай Габри, ки дар ҷамъомадҳои дуогии «Барои ҳаёти фарзандонамон шафоатхоҳӣ менамоем» иштирок мекарданд, аз ман хоҳиш намуданд, ки барои яке аз албомҳои Дебби, ки дар он вай метавонист ҳиссиётҳои аз ҳама ниҳонии волидайнҳоро ба кӯдакон кушояд, суруде нависам. Ман матни чунин сурудро навиштам ва онро «Аз ҳама боло» номидам; шавҳарам барои он оҳанг эҷод кард, ва Дебби онро сабт намуд ва акнун дар консертҳои худ иҷро менамояд. Ман медонам, ки суханони ин суруд фикри ҳар як падару модари имондорро аниқ ифода менамоянд. Ана онҳо:
Кӯдакони мо дар панҷсолагӣ қарор доданд, ки Исоро ба ҳаёти худ даъват намоянд. Мо ба онҳо дар бораи Худо нақл мекардем, якҷоя бо онҳо ҳар рӯз дуо мекардем ва мунтазам онҳоро ба калисо мебурдем, ки он ҷо ба онҳо пайравӣ карданро ба Худованд меомӯзонданд. Дилҳои Кристофер ва Аманда барои қабул кардани Исо аллакай кушода буданд, вале мо ҳеҷ гоҳ ин фикрро ба онҳо бор намекардем ва ба ин исрор намекардем. Ба ҷои ин, мо дар бораи он дуо мекардем, ки каломи таълимдиҳандаи Худованд ба дилҳои онҳо роҳ ёбанд ва дар он хоҳиши муошират кардан бо Худоро бедор созад. Мо мехостем, ки онҳо ин қарорро мустақилона, бе ягон фишор аз тарафи мо, қабул кунанд. Вақте ки, ниҳоят, ин соат фаро расид, Кристофер ва Аманда дар бораи Исо ба мо савол доданро сар карданд ва дар ниҳояти кор аз мо хоҳиш карданд, ки дар бораи он дуо кунем, ки онҳо Исоро Наҷоткори худ эътироф кунанд. Дилҳои волидонаи мо аз хурсандии дарки он, ки ояндаи писару духтарамон наҷот дода шудааст, пур гашта буд.
Фарқ надорад, ки фарзандонатон чандсолаанд, зеро дуоро барои наҷоти онҳо сар кардан ҳеҷ гоҳ на барвақт аст ва на дер. Исо гуфт: «…ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегӯям: кас агар аз олами боло таваллуд наёбад, Малакути Худоро дида наметавонад» (Юҳ. 3:3). Ӯ инчунин гуфт: «Инак, назди дар истода, тақ-тақ мекунам: агар касе овози Маро шунида, дарро воз кунад, назди ӯ даромада, бо ӯ таоми шом хоҳам хӯрд, ва ӯ бо Ман» (Ваҳй 3:20). Мо мехоҳем, ки фарзандони мо дари дили худро ба Исо кушоянд ва ба Малакути Худо, ҳам дар ин ҳаёт ва ҳам баъд аз он, дароянд. Дониста монед: агар
Баъди имон овардани фарзандон ба Худованд, волидон бояд барои барқароршавии муносибатҳои мувофиқ байни онҳо ва Худо дуо кунанд. Чанд маротиба мо дар бораи он шунидем, ки фарзандоне, ки ҳангоми хурдсол будан бо Худо буданд, вале баъди ба синни наврасӣ ё ҷавонӣ расидан аз Ӯ рӯ гардонданд? Мо мехоҳем, ки фарзандони мо «…аз дониши иродаи Ӯ дар ҳар ҳикмат ва фаҳми рӯҳонӣ пур» шаванд ва «ба тавре ки муносиби Худованд рафтор намуда, аз ҳар ҷиҳат ба Ӯ писанд оед, ва дар ҳар кори нек самара диҳед, ва дар дониши Худо нашъунамо ёбед» (Қул. 1:9-10). Павлус ва Тимотиюс ҳамин тавр дар Қӯллас барои фарзандони Худо дуо мекарданд, ва мо бояд ҳамин тавр барои фарзандони худ дуо кунем. Ҳаёти Худованд барои ҳар яки мо он сарчашмае мебошад, ки аз он мо метавонем ягон чизи наверо ба худ гирем, ки он бояд як ҳиссаи худи мо гардад. Бояд ҳамеша аз Худованд дар бораи он хоҳиш кард, ки Рӯҳи Муқаддаси Ӯ ба фарзандони мо нозил шавад.
Худованд, аз Ту хоҳиш менамоям, ки ба писари (духтари) ман мадад расон, ки Туро дарк кунад. Дили вайро кушо ва ӯро ба фаҳмиши пурра дар бораи Худ биёр. Худованд, Ту дар Каломи Худ гуфтӣ: «Зеро агар ту бо даҳони худ эътироф кунӣ, ки Исо Худованд аст, ва бо дили худ имон оварӣ, ки Худо Ӯро аз мурдагон эҳё кард, наҷот хоҳӣ ёфт» (Рум. 10:9). Ман дар бораи он дуо мекунам, ки фарзанди ман чунон имоне дошта бошад, ки ба вай имкон диҳад Туро Наҷоткори худ номад, бо Рӯҳулқудс пур гашта, ҳукмронии Туро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти худ эътироф намояд, то ки дар дили вай хоҳиши интихоб кардани роҳҳои Ту зиндагӣ кунад ва ӯ онҳоро пайравӣ намояд. Ба писари (духтари) ман ёрӣ расон, ки самимона ба он бовар кунад, ки Исо ҳаёти Худро барои он қурбон сохт, ки вай ҳаёти абадӣ ва пурбаракатро худи ҳозир дошта бошад. Ба вай ёрӣ расон ба он бовар кунад, ки Ту ҳамаи гуноҳҳои ӯро бахшидаӣ, то ки ҳисси гуноҳкорӣ ӯро ҳамеша тарк созад.
Ба вай ёрӣ расон, ки самараи нек орад ва мунтазам дар дарк кардани Ту пеш равад, то ки хости Туро донад ва дар назди Ту дар покӣ бошад, ва дар ҳама кор ба Ту мақбул бошад. Ту дар Каломи Худ гуфтӣ, ки рӯҳи Худро бар насли ман хоҳӣ рехт (ба Иш. 44:3 ниг.). Ман аз Ту хоҳиш мекунам: Рӯҳи Муқаддаси Худро ба фарзанди ман (номи фарзанд) худи ҳамин рӯз бирез.
Миннатдорам, Худованд, аз Ту, ки дар бораи ояндаи абадии фарзанди ман аз ман дида бештар ғамхорӣ мекунӣ. Бо номи Исо аз Ту дар бораи он илтиҷо менамоям, ки фарзанди ман (номи кӯдак) ҳеҷ гоҳ аз Ту шубҳа накунад ва аз он роҳе, ки Ту интихоб кардаӣ, берун набарояд.
Ва иродаи Фиристандаи Ман ин аст, ки ҳар кӣ Писарро дид ва ба Ӯ имон овард, ҳаёти ҷовидонӣ дошта бошад; ва Ман дар рӯзи вопасин вайро эҳё хоҳам кард.
Зеро ин дар назари Худо, ки Наҷотдиҳандаи мост, хуб ва писандида аст, ки Ӯ мехоҳад, ки ҳамаи одамон наҷот ёбанд ва ба дониши ростӣ бирасанд.
Валекин мо медонем, ки Писари Худо омада, ба мо хирад бахшид, то ки ҳақро дарк кунем, ва мо дар ҳақ, дар Писари Ӯ Исои Масеҳ ҳастем. Ӯ Худои ҳақиқӣ ва ҳаёти ҷовидонӣ мебошад.
Ва ин шаҳодат аз он иборат аст, ки Худо ба мо ҳаёти ҷовидонӣ ато намудааст, ва ин ҳаёт дар Писари Ӯст.
Ва Ман аз Падар илтимос хоҳам кард, ва Ӯ ба шумо Пуштибони дигаре ато хоҳад кард, то ки ҳамеша бо шумо бимонад, яъне Рӯҳи ростӣ, ки ҷаҳон наметавонад Ӯро бипазирад, зеро ки Ӯро намебинад ва намешиносад; лекин шумо Ӯро мешиносед, зеро ки Ӯ бо шумо мемонад ва дар шумо хоҳад буд.
Боби 6
Нисбати худ ҳурматро
Китоби Муқаддас мегӯяд: «Эй фарзандон, ба падару модари худ дар Худованд итоат намоед, зеро ки ин аз рӯи инсоф аст. „Падару модари худро иззат намо“, ин аст ҳукми аввалин бо чунин ваъда: „То ки некӯаҳвол бошӣ ва бар замин умри дароз бинӣ“» (Эфс. 6:1-3). Агар фарзандони мо ин ҳукми Худовандро иҷро накунанд, онҳо на танҳо метавонанд аз баракатҳои Худо маҳрум гарданд, балки ҳаёти онҳо кӯтоҳтар мегардад. Китоби Муқаддас огоҳ мекунад: «Касе ки падару модари худро дашном диҳад, чароғаш дар торикии зулмот хомӯш мегардад» (Мас. 20:20). Онро фаҳмида, ки таъсир расондан ба ҳаёти фарзандонамон дар дасти худи мост, мо бояд барои онҳо дуо кунем ва ба интизоми қатъӣ одат кунонда, онҳоро дуруст тарбия диҳем. Вале мо бояд рӯҳи эътирозро, ки он қудрат дорад ба таври ноайён дар дили кӯдакони мо ҷойгир шавад ва онҳоро аз роҳи ҳақиқӣ барорад, фарқ карда ва ба он истодагарӣ намуда тавонем.
Беитоатӣ — ин ғурурест, ки амалӣ гардонда шудааст. Рӯҳи беитоатӣ мегӯяд: «Ман мехоҳам он кореро кунам, ки худам мехоҳам, ба он нигоҳ накарда, ки дар ин бора Худо ва дигар одамон чӣ андеша доранд». Китоби Муқаддас таълим медиҳад: «Зеро ки беитоатӣ мисли гуноҳи ҷодугарист…» (1 Подш. 15:23), зеро натиҷаи ҳар ду — қабул накардани пурраи Худо мебошад. Дар худи ҳамон оят гуфта шудааст, ки «муқобилият — мисли бутпарастӣ». Ғурур ба исён бурда мерасонад, вале якравӣ ба одам
«Эй вой бар писарони исёнкор, — мегӯяд Худованд, — ки машварат қабул мекунанд, вале на аз ҷониби Ман, ва тадбирҳо меандешанд, вале на бар тибқи рӯҳи Ман, то ки гуноҳро бар гуноҳ зам кунанд!» (Иш. 30:1). Дуои мо қудрат дорад бутҳои ғурур ва худпарастиро шиканад ва рӯҳи беитоатиро дар дили кӯдак фурӯтан созад.
Хилофи беитоатӣ — итоаткорӣ ё бо роҳҳои Худо рафтан мебошад. Итоаткорӣ ба одам ҳиссиёти бехатарии пурра ва дилпурӣ ба онро медиҳад, ки вай дар роҳи дуруст аст ва дуруст рафтор мекунад. Китоби Муқаддас барои итоаткорӣ баракатро ҳамчун тӯҳфа, вале дар ҳолати баръакс — зулмот ва маргро ваъда медиҳад. Мо мехоҳем, ки фарзандони мо дар назди Худо дар итоаткорӣ бошанд, то ки онҳо аз худ дилпур шаванд, худро дар бехатарӣ ҳис кунанд, то ки умри онҳо дароз бошад, ва дар дили онҳо ҳамеша оромӣ ва осоиштагӣ бошад. Яке аз иқдомҳои нахустин ба итоаткории ҳақиқӣ — ин тайёр будан ба итоат ва ҳурмат кардани волидон мебошад. Вале ба ин кӯдакро омӯзондан даркор аст ва раванди омӯзишро сабуктар гардондан мумкин аст, агар ки дуо кунем.
Ҳангоме ки писари мо чордаҳсола буд, вай деворҳои ҳуҷраашро бо расмҳои артистони дӯстдоштаи худ, ки аз эълонҳо гирифта буд, ширеш кард. Вале либос, тарзи истодан ва худи мазмуни мусиқавии эҷодиёти баъзеи онҳо барои мо, волидон рӯирост таҳқиркунанда буд ва тамоман Худоро ҷалол намедод. Вақте ки мо аз Кристофер хоҳиш кардем, ки ин эълонномаҳоро аз девор канда гирад ва фаҳмондем, ки барои чӣ, вай дар аввал нахост, ки хоҳиши моро иҷро кунад, вале баъд бо ситезаи ошкоро ба он итоат кард. Баъд аз чанд муддат ӯ боз эълонҳоро овезон кард — дигаронашро, вале онҳо низ аз аввалинҳо беҳтар набуданд. Ин маротиба мо қатъӣ будем ва сахттар амал кардем — мо худамон
Ин барои Кристофер лаҳзаҳои душвор буд. Мо фаҳмидем, ки бо зоҳиршавиҳои аввалини рӯҳи беитоатӣ сару кор дорем, ва бинобар ин қарор додем ҳамон тавре амал намоем, ки Китоби Муқаддас мефармояд: «Зиреҳи куллии Худоро дар бар кунед, то ки битавонед ба дасисаҳои иблис муқобилат намоед» (Эфс. 6:11.). Мо дуо карда, ба Каломи Худо рӯ овардем, мо имони худро ба қудрати Худо эълон карда, хоҳиш намудем, ки ба мо қувват диҳад, то ки ин монеаро барҳам занем. Мо дар Рӯҳ муҳориба мекардем ва назорат мекардем, ки чӣ тавр Худованд вазъиятро зери назорат мегирад. Ҳолати писари мо тағйир ёфт ва маротибаи дигар вай эълонҳоеро овехт, ки ба талаботҳои мо — волидон ҷавоб дода метавонистанд. Ин таъсири бевоситаи қувваи Худо дар натиҷаи дуоҳои мо буд.
Ҳодиса бо эълонҳо имрӯз он қадар аҳамиятнок наменамояд, вале он вақт ба мо лозим омад, ки бо рӯҳи пурқуввати эътироз сару кор дошта бошем, ки он кӯшиш дошт аз хости волидон ва Худо болотар истад. Ва мо, пеш аз он, ки тавонад дар ҳуқуқҳои худ мустаҳкам гардад, ба вай муқобилати даркорӣ нишон додем. Мо вазифадор будем, ки дар ин мубориза ғолиб оем, зеро медонистем: Худо ва Каломи Ӯ тарафдори мо буданд, инчунин барои он, ки чизи хеле муҳим, маҳз ҳаёти ояндаи абадии писари мо ба марра гузошта шуда буд.
Агар кӯдаки шумо аллакай наврас, ё ҳатто ҷавони баркамол аст, ва шумо мебинед, ки вай рӯз аз рӯз якравтар ва саркаштар шуда истодааст, шумо ҳамчун волидон ба фарзанди худ бояд боз ҳам серталабтар гардед ва дар бораи яроқе, ки дар ихтиёри шумо аст, — дуо — фаромӯш накунед. Дар хотир нигоҳ доред, ки шумо на бо писар ё духтари худ мубориза мебаред. «Чунки муборизаи мо на бар зидди хун ва ҷисм аст, балки бар зидди сарварон, бар зидди ҳукуматдорон, бар зидди фармонравоёни ин олами зулмот аст, бар зидди қувваҳои рӯҳии шарорат, ки дар афлок аст» (Эфс. 6:12). Шумо бо душман мубориза мебаред. Хушбахтона, Исо ба мо қудрат додаст «тамоми қуввати душманро поймол…» (Луқ. 10:19) намоем. Ҳамин тариқ, натарсед ва шубҳа накунед, балки аз ин қудрат истифода баред.
Рӯҳи беитоатӣ метавонад дар хислати фарзанди шумо дар дилхоҳ вақт зоҳир гардад, вале мо тайёр ҳастем, ки вайро бо дуо ва Каломи Худо фурӯтан созем, дар айни ҳол, дар бораи чунин усулҳои кор, ба монанди интизом ва панддиҳӣ фаромӯш намекунем. Бигзор исёнгарии кӯдакатон шуморо хиҷил насозад. Дар хотир дошта бошед, ки Исои Масеҳ — Ҳокими ҳама чиз аст.
Худованд, ман аз Ту хоҳиш менамоям: дар кӯдаки ман (номи кӯдак) диле биофар, ки хоҳиши ба Ту итоат карданро дошта бошад. Ба ин дил хоҳиши пурзӯри бо Ту, бо Каломи Ту ва дар дуо вақт гузаронда, овози Туро шуниданро деҳ. Бо нури Худ ҳар як тухмии ниҳонии беитоатиро, ки дар умқи қалби фарзанди ман сабзида истодааст, намоён гардон, то ки он ёфта ва несту нобуд карда шавад. Худованд, ман дар бораи он илтиҷо менамоям, ки ҳеҷ гоҳ дар дили фарзанди ман ғурур, худпарастӣ ё беитоатӣ пайдо нашавад. Бо қудрате, ки Исо ба ман додаст, ман «тамоми қуввати душманро поймол» мекунам ва ба муқобили рӯҳҳои бутпарастӣ, беитоатӣ, якравӣ, беҳурматӣ мебароям, то ки фарзанди ман ҳеҷ гоҳ онҳоро надонад ва ҳеҷ гоҳ ба ин роҳи ҳалокатовар по нагузорад.
Дар Каломи Ту гуфта шудааст: «Эй фарзандон, ба падарону модарони худ дар ҳар бобат итоат намоед, зеро ки ин писандидаи Худованд аст» (Қӯл. 3:20). Ман аз Ту хоҳиш менамоям: дили писари (духтари) маро ба волидон гарм соз ва вайро омӯзон, ки падару модари худро ҳурмат намояд ва ба онҳо итоат кунад, то ки ҳаёти вай дуру дароз ва пуршараф бошад. Дили вайро сӯи Худ гардон, то ки ҳама кору рафтори вай ба Ту мақбул бошад. Ба ӯ дарк кардани рӯҳи ғурур ва беитоатӣ ва ба он муқобилият кардан, ҷӯстани роҳҳои халосиро аз он омӯз. Вайро ба ҳар гуна гуноҳ оштинопазир гардон. Ба вай ёрӣ расон, ки зебоии дар назди Ту бо рӯҳи итоаткорӣ гаштанро дарк кунад.
Агар орзӯманд бошед ва бишнавед, неъматҳои заминро хоҳед хӯрд. Вале агар сар печида, муқобилат кунед, шамшер шуморо хоҳад хӯрд: зеро ки даҳони Худованд чунин мегӯяд.
Дар торикӣ ва зулмот менишастанд; бандиёни мусибат ва оҳан буданд. Зеро ки ба суханони Худо беитоатӣ карданд, ва раъи Ҳаққи Таолоро хор диданд. Ва дили онҳоро бо меҳнат фурӯ нишонд; бемаҷол шуданд, ва мададгоре набуд.
Чашме ки падарро тамасхур мекунад ва аз итоати модар нафрат дорад, зоғони водӣ нӯл зада мекананд, ва бачаҳои уқоб онро мехӯранд.
Эй писарам! Насиҳати падари худро бишнав, ва таълими модари худро рад накун, чунки ин — тоҷи латофат аст бар сари ту ва тавқҳо бар гардани ту.
…Ва саркашӣ намуда, ба Ту осӣ шуданд… Ва онҳоро ба дасти душманонашон супурдӣ, ва онҳоро ба танг оварданд…
Боби 7
Якчанд сол пеш аз ин ман бо хоҳарам ҷиддӣ ҷанҷол кардем. Кор бо он анҷом ёфт, ки муносибатҳои ману вай дар давоми ду сол канда шуд. Сабаби ин ҷанҷол нофаҳмии пурраи ҳамдигарии мо буд. Озор моро аз қудрати фаҳмидани қалби шахси наздик ва он чӣ, ки дар он шуда мегузашт, маҳрум сохта буд. Мо ҳарчанд, ки дар як оила тарбия ёфта будем, дар дунёҳои гуногун зиндагӣ мекардем. Ҳамаи ин маро хеле мутаассир месохт, ва ман то вақти пурра оштишавиамон ва барқарор шудани муносибатҳои нек дар байнамон дуо мекардам. Ман боварӣ дорам, ки агар мо волидони имондор ва дуокунанда медоштем, чунин ҷанҷол ба амал намеомад.
Душмани ҷонҳои мо аз ҳама бештар мехоҳад ба умқи муносибатҳои барпокардаи Худо дохил шавад, то ки дар байни мо душманӣ андозад ва тухми ҷудоӣ корад. Ва ҳар чӣ зудтар вай ба мақсади худ — вайрон сохтани оила — расад, аъзоёни оила ҳамон қадар заифтар мегарданд ва ҳамон қадар зудтар душман ҳаёти онҳоро зери назорати худ мегирад. Воситаи ягона муқобили ин — дуои мо аст. Барои тамоми оилаи худ ва барои тамоми хешу табор ва занону шавҳарон, кӯдакони онҳо дуо карда, мо имконияти иблисро барои вайрон кардани муносибатҳои байниҳамдигарии мо кам мекунем.
Ҳангоме ки духтарамон таваллуд шуд, писарамон чорсола буд. Аз худи аввал ман дар бораи он дуо мекардам, ки Кристофер ва Аманда дӯстони наздик шаванд ва барои ин ҳамаи кори имконпазирро кардам. Ва дар ҳақиқат, солҳои аввал дӯстии онҳо он қадар мустаҳкам буд, ки ҳатто одамони бегона инро пайхас мекарданд. Вале ҳамин ки Кристофер ба синни наврасӣ расид, ҳама чиз тағйир ёфт. Вай дӯстони нав ва шавқу ҳаваси нав ёфт, ва барои хоҳари хурдӣ вай тамоман вақт намеёфт. Ба Аманда ҳазлҳои наврасонаи ҳамсолони бародари калонӣ нофаҳмо буд. Вай худро тамоман нодаркор ҳис карда аз Кристофер дур шуд. Ин ҳама маро хеле озурда сохт ва маро лозим омад, ки нақши доварро ба ӯҳда гирам.
Вале дар як рӯзи хеле хуб ман фаҳмидам, ки хато дар чист: ҳанӯз то ин ҳодисаҳо, пай бурда, ки муносибатҳои Кристофер ва Аманда хеле хуб буд, ман ором шудам ва дуокуниро дар ин бора бас кардам. Акнун саҳви худро дарк карда, ман боз дуо карданро дар бораи ин сар кардам. Оҳиста-оҳиста вазъият тағйир ёфтан гирифт, зиддиятҳо барҳам хӯрданд ва дар муносибатҳои онҳо гармӣ пайдо шуд. Ман боварӣ дорам, ки агар ман бекор меистодам, ин кор метавонист бо кандашавии қатъӣ ба охир расад, монанди он, ки байни ману хоҳарам шуда гузашта буд. Ва ҳарчанд, ки имрӯзҳо муносибатҳои байни фарзандони ман ҳанӯз аз идеалӣ дур мебошанд, онҳо нав мешаванд ва ҳамеша мустаҳкам мегарданд. Ман бошам, дуо карданро дар бораи онҳо то охири ҳаёт давом медиҳам.
Чӣ қадар оилаҳо ҳаволаи тақдир гаштаанд, танҳо барои он, ки касе барои онҳо дуо намекунад? Ман медонам, ки беҳад бисёр. Дарк кардани он, ки оила вайрон шудааст, ва байни наздиконе, ки дар як хона калон шудаанд, ягон чизи умумие нест, хеле андӯҳгин аст. Дидани он, ки ин ҳама бо кӯдакони худи мо шуда истодааст, талх аст. Вале ин тавр набояд шавад.
Дар Китоби Пайғамбар Ишаъё Худо мегӯяд, ки мӯъҷизотҳо дар ҳаёти он касоне рӯй медиҳад, ки дуо мекунанд ва рӯза медоранд: «…ту асосҳои чандин асрро барпо хоҳӣ намуд…» (Иш. 58:12). Худо мехоҳад, ки мо «барпокунандагони» робитаҳои оилавӣ ва хешу таборӣ гардем, ки он бо хости Ӯ бино шудааст, то ки дар наслҳои оянда ягонагии рӯҳонӣ нигоҳ дошта шавад.
Китоби Муқаддас инчунин мегӯяд: «Бо якдигар ҳамфикр бошед; ҳавобаландӣ накунед, балки бо ҳақирон муошират намоед; худро доно мапиндоред» (Рум. 12:16). Моро лозим аст дар бораи фурӯтанӣ ва ягонагӣ дуо кунем.
Исо гуфт: «Хушо сулҳҷӯён, зеро ки онҳо фарзандони Худо хонда хоҳанд шуд» (Мат. 5:9). Пас, биёед сулҳҷӯ бошем: охир мо дар ин ҷаҳон ин қадар кам ҳастем; «…Пас, дар роҳи сулҳу осоиштагӣ ва тақвияти якдигар саъю кӯшиш кунем» (Рум. 14:19). Биёед, дуо карданро дар бораи он касоне сар мекунем, ки онҳо барои мо аз ҳама азизтаранд, — барои фарзандонамон, то ки баъдтар барои дигар хешу таборон низ дуо карданро ёд гирем.
Худованд, ман дар бораи нигоҳ доштани муносибатҳои нек байни аъзоёни оилаам дуо мекунам. Моро аз ҳар гуна бадӣ муҳофизат намо, кинаи деринаро аз дил барор ва ҳар гуна мухолифати ҳалнашударо барҳам зан. Дилҳои фарзандони маро бо муҳаббати Худ ва дилсӯзиию ғамхории беҳудуди Худ нисбати ҳар як аъзои оила пур соз. Ба онҳо бахшиданро биомӯз. Махсусан аз Ту дар бораи барқарор шудани муносибатҳои мустаҳкам ва ҳамешагӣ, наздик ва гарм байни (номи кӯдак) ва (номи аъзои оила) хоҳиш менамоям. Бигзор онҳо якдигарро фаҳманд, бигзор дар дилҳои онҳо ҳеҷ гоҳ бераҳмӣ ҷой наёбад. Ба онҳо ёрӣ расон, ки якдигарро ҳамон тавре дӯст доранд, ҳурмат кунанд ва қадрдонӣ намоянд, ки муносибатҳои онҳо — ҳамон тавре, ки Ту офаридаӣ, — дигар ҳеҷ гоҳ вайрон нашаванд. Ман аз Ту хоҳиш менамоям, ки чӣ тавре, ки Каломи Ту меомӯзад, бигзор онҳо «Якдигарро бо муҳаббати бародарӣ дӯст» доранд, «ва ҳар яке каси дигарро зиёдтар сазовори эҳтиром ҳисоб» кунанд (Рум. 12:10).
Ба фарзанди ман омӯз, ки муноқишаҳоро бо хешовандон ҳамон тавре ҳал намояд, ки дар Каломи Ту навишта шудааст. Ва агар онҳо аз якдигар дур шаванд, Худованд, ман аз Ту хоҳиш менамоям: ин сӯрохиро дар муносибатҳои онҳо дарбеҳ кун ва онҳоро шифо деҳ. Аз Ту хоҳиш менамоям: тавре кун, ки дар дӯстии онҳо ба фишор, нофаҳмӣ, зиддият, мухолифат ҷой набошад, ва робитаҳои онҳо мустаҳкам бошанд. Ба фарзанди ман бахшидан ва муросо карданро омӯз.
Каломи Ту моро панд медиҳад: «…ҳамаатон ҳамфикр, ҳамдард, бародардӯст, бошафқат, меҳрубон ва фурӯтан бошед…» (1 Пет. 3:8). Ба вай бо дигарон муошират карданро омӯз, ва «…саъю кӯшиш кунад, ки ягонагии Рӯҳро дар иттифоқи осиштагӣ нигоҳ дорад» (Эфс. 4:3). Бо номи Исои Масеҳ аз Ту хоҳиш менамоям: бигзор писари (духтари) ман муҳаббат ва дилсӯзиро нисбати ҳамаи хешовандон дарк кунад, ва бигзор якдигарфаҳмӣ ва дилсӯзӣ, ба монанди симтаноби пурқувват, тамоми аъзоёни оиларо дар ягонагӣ нигоҳ дорад.
Хушо сулҳҷӯён, зеро ки онҳо фарзандони Худо хонда хоҳанд шуд.
Инак, чӣ хуш аст ва чӣ дилпазир, ки бародарон дар як ҷой ҳамнишин бошанд.
Ва Худои сабру тасаллӣ бигзор шуморо тақвият диҳад, ки бо ҳамдигар, мутобиқи Исои Масеҳ, ҳамфикр бошед, то ки шумо якдилона, бо як забон Худо ва Падари Худованди мо Исои Масеҳро ҳамду сано гӯед.
Ба қадри имкон, то ҳадде ки ба шумо вобаста аст, ба ҳамаи одамон мувосо кунед.
Аз шумо, эй бародарон, ба исми Худованди мо Исои Масеҳ илтимос мекунам, ки ҳамаатон айни як суханро гӯед, ва дар байни шумо ҷудоие набошад, балки шумо дар як рӯҳ ва дар як фикр муттаҳид бошед.
Боби 8
Ман ҳамеша дар бораи дӯстони фарзандони худ дуо мекардам, ва бештари дӯстони онҳо бачаҳои хуб буданд. Вале баъзан Кристофер ва Аманда дӯстоне пайдо мекарданд, ки муошират карданро бо онҳо ман ҳамчун модар маъқул намекардам. На барои он, ки ба ман худи ин кӯдакон маъқул набуданд, ба ман он таъсире, ки онҳо ба кӯдаки ман мерасонданд, маъқул набуд. Аммо воситаи ягонаи ман, чун ҳамеша, дуо буд. Ман дар бораи он дуо мекардам, ки чунин дӯсти кӯдаки ман ё тағйир ёбад, ё ба таври ҳамешагӣ аз ҳаёти вай равад. Дар ҳар ҳолат ман ба дуоҳои худ ҳамеша ҷавоб мегирифтам. Якчанд маротиба вақт асоснок будани тарсҳои маро тасдиқ мекард, вақте ки ҳаёти он кӯдакон як масъалаи ҳалталаби бузург гашта буд.
Чун қоида, волидон ба он, ки фарзанди онҳо бо кӣ дӯстӣ мекунад, хеле бадрашкона муносибат мекунанд, чӣ тавре ки мегӯянд, онҳо хатарро ботинан эҳсос мекунанд. Дар чунин ҳолат бояд аз Рӯҳулқудс хоҳиш намуд, то Ӯ ба шумо мадад расонад, ки вазъиятро дуруст фаҳмед ва мувофиқи он дуо кунед.
Яке аз давраҳои аз ҳама пуризтироби ҳаёти мо кӯчидани оилаи мо аз Калифорния ба штати Теннеси буд. Мо ин иқдомро айнан дар ҳамон вақт пеш гирифтем, ки писарамон мактабро хатм мекард, духтарамон бошад, акнун ба синфи ҳафтум гузашта буд, яъне дар давраи аз ҳама номусоид барои иваз кардани муассисаи таълимӣ.
Албатта, ман он вақт тамоман намехостам, ки фарзандонам ба мактаби дигар гузаранд, вале ману шавҳарам хости Худоро хеле хуб мефаҳмидем, ки ба мо зарурати кӯчиданро нишон медод. Тамоман пурдард будани ин иқдомро барои фарзандонамон фаҳмида, ман дар ин бора дуо карданро якчанд моҳ пеш аз кӯчиданамон сар кардам ва баъдтар ҳам дуо карданро давом додам: «Худовандо, ба фарзандони ман мадад расон, ки дар мактаби нав дӯстоне пайдо кунанд, ки ба Ту мақбул бошанд. Ман медонам, ки Ту моро ба ин ҷо овардаӣ, ва кӯдакони маро танҳо намегузорӣ. Ман намехоҳам, ки дар ҷидду ҷаҳди худ дар муошират кардан ва эътироф карда шудан дар муҳити ҳамсолон онҳо дӯстоне пайдо кунанд, ки симои ахлоқии онҳо ба талаботҳои Ту мувофиқат накунанд. Ба ҳаёти онҳо дӯстонеро дохил намо, ки барои онҳо намунаи ибрат шаванд».
Шаш моҳи аввал дар мактаби нав Кристофер ва Аманда худро тамоман танҳо ҳис мекарданд, ва ман барои ин эҳтиёҷоти онҳо дуо карда шабҳои бехобии бисёреро аз сар гузарондам. Ман худро тамоман бечора ҳис мекардам. Охир ман наметавонистам мисли солҳои барвақти кӯдакӣ ба ҳаёти онҳо мудохила намуда, худам барояшон интихоб кардани дӯстонро сар кунам! Вале ҳатто агар ба ин кор машғул мегаштам, ман ҳеҷ гоҳ он кореро, ки Худо дар ҷавоби дуоҳои ман кард, карда наметавонистам. Дар ниҳояти кор Кристофер ва Аманда дӯстоне пайдо карданд, ки баъдтар дӯстони аз ҳама беҳтарин дар ҳаёти онҳо гаштанд. Ин тасодуф набуд, ин «хэппи энд» (ба охиррасии хушбахтона)-и муқаррарӣ набуд — ин буд самараи дуоҳои шафоатхоҳонаи ман, ашкҳои ман ва хоҳишҳои ман, ки ба Худо равона карда шудаанд: «Худованд, ба фарзандони ман ёрӣ расон дӯстоне пайдо кунанд, ки ба Ту мақбул бошанд ва барои Кристофер ва Аманда намунаи ибрат гарданд».
Оиди ин масъала Китоби Муқаддас ба мо таълим медиҳад: «Зери юғи бегона бо якҷоягии беимонон сар хам накунед. Зеро ки адолат бо шарорат чӣ алоқае дорад? Ва нур бо зулмот чӣ умумияте дорад? Масеҳ бо блияал чӣ созгорӣ дорад? Ё имондор бо беимон чӣ ширкате дорад» (2 Қӯр. 6:14-15). Дар ин суханон муошират кардан бо дӯстони беимон манъ карда нашудааст, вале дастури аниқе аст, ки дӯстони наздики мо танҳо имондорон буда метавонанд. Китоби Муқаддас мепурсад: «Оё ду кас якҷоя роҳ мераванд, бе он ки маслиҳатро ба як ҷо монда бошанд?» (Ом. 3:3). Ва ҷавоб медиҳад: «Одил ба ёри худ роҳ нишон медиҳад, вале роҳи шарирон онҳоро дар иштибоҳ меандозад» (Мас. 12:26).
Агар фарзанди шумо дӯстони наздики имондор надошта бошад, барои ин эҳтиёҷот дуо карданро худи ҳозир сар кунед. Аз Худо хоҳиш намоед, ки дӯстони беимони онҳо ба Худованд имон оваранд ва дӯстони нави имондор ба ҳаёти онҳо ворид гарданд. Бисёр вақт волидон дар тағйир додани чизе ва муҳофизат кардани фарзандон аз таъсири бади баъзе одамон худро оҷиз мешуморанд. Вале мо нотавон нестем.
Ба ҳаёти фарзандони мо дӯстони онҳо, ки худро ҳамчун намуна барои пайравӣ намоиш медиҳанд, таъсири бузург мерасонанд. Пас, оё мо барои фарзандонамон
Худованд, ман барои фарзандам (номи кӯдак) дуо мекунам ва аз Ту хоҳиш дорам, барои вай дӯстони имондореро пайдо намо, ки онҳо барои пайравӣ намудан намунаи лоиқ бошанд. Ба фарзанди ман дар интихоби дурусти дӯстон хирадмандӣ деҳ, то ки вай ҳеҷ гоҳ бо виҷдони худ танҳо баҳри он созиш накунад, ки дар чашми ҳамсолони худ эътироф ёбад. Ба ман низ аз Руҳулқудс хирадмандӣ деҳ, то ки тавонам ба вай дар интихоби дӯстон дуруст таъсир расонам. Ман аз Ту хоҳиш менамоям: аз фарзанди ман ҳамаи он касонеро, ки ба вай таъсири бад мерасонанд, дур соз, ё ин ки ин кӯдаконро ба шабеҳи Худ тағйир деҳ.
Дар Каломи Ту гуфта шудааст: «Касе ки бо хирадмандон гардад, хирадманд мегардад, вале касе ки бо аблаҳон ҷӯра шавад, шикаст мехӯрад» (Мас. 13:20). Худованд, ба он роҳ надеҳ, ки фарзанди ман бо аблаҳон муошират кунад, ва вайро аз таъсири ҳалокатовари дӯстони бефаросат ҳифз намо. Вайро аз он касе дур бар, ки дар ботинаш аз Ту чизе нест, то ки ӯ бо роҳи чунин «дӯст» наравад ва ҷони фарзанди ман ҳеҷ гоҳ ба ин дом наафтад.
Агар дӯcтонаш ӯро партоянд, ба ӯ тасаллӣ ва дӯстони нав деҳ, ки бо онҳо тавонад чизҳои аз ҳама ниҳонии худро бо ҳам бинад ва худи худаш бошад, яъне ҳамон хеле, ки Ту вайро офаридаӣ. Вайро аз танҳоӣ ва худбаҳодиҳии паст раҳоӣ деҳ, ки вайро ба муошират бо он касоне тела медиҳад, ки бо ҳаёти худ Туро ҷалол намедиҳанд.
Ман бо номи Исои Масеҳ аз Ту илтиҷо менамоям: ба ӯ маънии дӯстии ҳақиқиро кушо, ба вай дӯсти ҳақиқӣ, як умр содиқ буданро барои каси дигар омӯз. Тавре кун, ки фарзанди ман ҳамон муносибатҳои дӯстонаро барқарор созад, ки номи Туро ҷалол медиҳанд.
Ба роҳи шарирон дохил нашав ва дар тариқи бадкешон қадам нагузор.
Балки ба шумо навиштаам, ки бо касе алоқа накунед, ки худро бародар номида, зинокор, ё ҳаромризқ, ё бутпараст, ё бадзабон, ё бадмаст, ё ғоратгар шуда мондан мегирад; бо чунин одам якҷоя хӯрок ҳам нахӯред.
Эй писарам! Аз Худованд ва подшоҳ битарс; бо исёнгарон алоқа накун, чунки ногаҳон ҳалокаташон меояд, ва мусибатеро, ки аз ҷониби ҳар дуи онҳост, кист, ки бидонад?
Бо хашмгин ёр нашав, ва бо шахси тундмизоҷ алоқа накун: мабодо роҳҳои ӯро ёд гирӣ ва ҷони худро ба дом оварӣ.
Хушо касе ки ба машварати шарирон намеравад ва дар тариқи хатокорон намеистад, ва дар маҷлиси масхарабозон наменишинад.
Боби 9
Аз рӯзномаҳо дар бораи дуздӣ, ғоратгарӣ, кушторҳо аз тарафи ҷавонон, дар бораи он, ки онҳо чӣ тавр дар алоқаҳои шаҳвонӣ неку бадро фарқ намекунанд, хонда, надидан мумкин нест, ки онҳо аз Худо наметарсанд, роҳҳои Ӯро дуруст намефаҳманд ва хоҳиши бо тамоми дилу ҷон ҷӯстани Ӯро надоранд. Баъзеи онҳо аз оилаҳои масеҳӣ баромада ва Масеҳро Наҷоткори худ эътироф карда буданд, вале азбаски онҳо дар тарси Худованд тарбия наёфта буданд ва ба онҳо хостани ҳузури Ӯро наомӯзонда буданд, онҳо ба хоҳишҳои ҷисми худ пурра гузашт карданд.
Тарс дар назди Худо онро дар назар дорад, ки мо бояд бо тамоми дилу ҷон Ӯро дӯст дорем ва ҳурмат намоем, дар назди қувва ва қудрати Худо эҳтироми беандоза ҳис кунем. Дар асоси тарси Худо дарк кардани ҳеҷ будани ҳаёти инсон бе Ӯ ва миннатдор будан барои муҳаббати Ӯ, ки ба мо ваъда медиҳад, ки ҳеҷ гоҳ моро рӯҳафтодагӣ фаро намегирад, меистад. Тарси Худованд гуруснагии ҷонро, яъне ҷидду ҷаҳди ба Худо расидан, ба Ӯ наздик шуданро мефаҳмонад.
Дар атрофи мо он қадар чизҳои бисёре ҳаст, ки фарзандони моро аз Худо дур месозанд. Иблис ба ҳар як кӯдак наздик мешавад, вайро ба васваса меандозад ва ба аксуламали вай назорат мекунад — оё ин кӯдак ба шасти вай «меафтад»? Вале, вақте ки мо фарзандони худро тарбия мекунем, ба тартибу интизом медарорем ва меомӯзонем, ки бо роҳҳои Худо раванд…
…вақте ки ба онҳо Навиштаҳои Муқаддасро мехонем,
…вақте ки ба онҳо дуо кардан ва бовар карданро ба он меомӯзонем, ки ҳақиқат дар Худост ва Ӯ ҳамаи он чиро, ки ваъда мекунад, иҷро мекунад,
…вақте ки мо ба онҳо дар интихоб кардани дӯстони масеҳӣ ёрӣ мерасонем,
…вақте ки мо ба онҳо нишон медиҳем, ки бо Худо будан на хаста мекунад ва на озодиро маҳдуд менамояд, балки хурсандӣ ва пуррагии ҳиссиётҳоро мебахшад,
…вақте ки мо якҷоя бо онҳо дар бораи ҳамаи эҳтиёҷотҳои онҳо дуо мекунем,
он гоҳ дар дилҳои онҳо гуруснагии рӯҳонӣ бедор мегардад ва хоҳиши дарк кардани Худо пайдо мешавад.
Вақте кӯдакон мефаҳманд, ки Худо ва ҳамаи чизи бо Ӯ алоқаманд буда дар ҳаёт аввалиндараҷагии олитарин мебошад, он гоҳ онҳо зери роҳбарии Худо, на ҷисм, зиндагӣ карданро сар мекунанд; он гоҳ онҳо ҷӯстани роҳҳои Ӯ, Каломи Ӯ ва ҳузури Ӯро сар мекунанд; он гоҳ онҳо тарсро дар назди номи Ӯ ба даст меоранд ва ҳаёти онҳо дароз ва парбаракат мегардад. Зеро гуфта шудааст, ки «Худотарсӣ айёмро меафзояд, вале солҳои шарирон кӯтоҳ мешавад» (Мас. 10:27).
Ҳангоми аз Калифорния ба Теннеси рафтан ману шавҳарам дар навбати аввал аз Худо хоҳиш кардем, ки ба мо калисоеро нишон диҳад, ки дар он гурӯҳи хуби ҷавонон бошад. Мо ба дуои худ ҷавоб гирифтем ва дар натиҷаи он кӯдакони мо бо осонӣ ба гурӯҳи ҷавонони калисои нав ҳамроҳ шуданд ва дар он ҷо тавонистанд дӯстони содиқ ёбанд ва дар имон ба Худо афзун гарданд. Чӣ тавр муҳим аст — ёфтани калисое, ки дар он ҷо Каломи Худоро ба таври фаъолона меомӯзанд ва ҳузури Ӯ ҳис карда мешавад, ва дар он ҷо имконияти хурсандии бо ҳам дидани хурсандии Ӯ бо дигар фарзандони Худо аст! Ин аз он сабаб хеле муҳим аст, ки чунин муошират дар кӯдакон ташнагии ҷӯстани Худо ва чизҳои бо Ӯ алоқаманд бударо пурзӯр мегардонад.
Ин корро ба фардо нагузошта, аз худи ҳозир дуо карданро дар бораи он сар кунед, ки дар дили фарзанди шумо тарс дар назди Худо, имон ба Ӯ ва Каломи Ӯ зиндагӣ кунад ва дар бораи он, ки вай бо тамоми дилу ҷон ҷӯстани дидори Ӯро одат кунад. Аз ин тақдири фарзанди шумо вобаста аст — оё писари (духтари) шумо ҳамеша дар мубориза бо ҷисми худ мешавад, ё бо Рӯҳулқудс пур гашта ва баракати Худоро ба даст оварда, зиндагӣ мекунад. Дар хотир нигоҳ доред, ки «…тарсгорони Ӯро ҳеҷ камӣ нест» (Заб. 33:10). Барои ин дуо кардан ҳеҷ гоҳ барвақт нест, бинобар ин, ин корро ба рӯзи дигар нагузоред ва лаҳзаи дигарро мунтазир нашавед.
Худованд, ман дар бораи он дуо мекунам, ки дар дили фарзанди ман ҷидду ҷаҳд ба сӯи Ту зиндагӣ кунад. Бигзор вай ҳамеша ҳузури Туро ҷӯяд, вақтро дар дуо, ҳамд, ибодат бо Ту гузаронад. Дар дили вай хоҳиши дарк кардани ҳақиқати Каломи Ту ва муҳаббатро ба аҳкомҳои Ту ва роҳҳои Ту ҷой кун. Ба ӯ зиндагӣ карданро зери роҳнамоии Рӯҳулқудс ва барои иҷро кардани амру хоҳишҳои Ту тайёр буданро омӯзон. Бигзор фарзанди ман аз Рӯҳи Муқаддаси Ту ончунон пур бошад, ки дар ҳама гуна ғаму дард вай барои дастгирӣ ва дигаргуншавии рӯҳонӣ ба Ту рӯ орад.
Ман дар бораи он дуо мекунам, ки фарзанди ман ҳеҷ гоҳ аз иҷрои аҳкомҳои Ту сар натобад ва ҳамаи роҳҳои шариронаро, ки ба Ту манфуранд, инкор кунад. Бигзор муҳаббат ва эҳтироми зиёд нисбати Ту ва роҳҳои Ту ҳаёт, корҳо ва ҳар як қадами вайро, ки дар зиндагӣ бояд гузорад, мунаввар созад. Ба вай ҷавобгар буданро барои ҳар як рафтору кирдори худ ва донистани онро омӯзон, ки аз рӯи ҳавасҳои ҷисм зиндагӣ кардан танҳо як самар меорад — марг. Бигзор вай дар чашмони худ хирадманд нанамояд, вале ин аҳкомро дар хотир нигоҳ дорад: «…аз Худованд битарс, ва аз бадӣ дур шав» (Мас. 3:7).
Ман хоҳиш менамоям, ки вай ҳамеша одами боэътимод, ҷавобгар, дилсӯз, дилвасеъ, дӯстдор ва сахӣ бошад. Вайро аз ҳар гуна ғурур, танбалӣ, бепарвоӣ, худпарастӣ ва хоҳишҳои ҷисм раҳоӣ деҳ; ба вай рӯҳи итоаткоронаро, ки ба ҳамаи он чи, ки аз Туст, «ҳа» ва ҳамаи он чи, ки аз ҷисм аст, «не» мегӯяд, бубахш. Ба вай қувват деҳ, ки эътиқодҳои худро мустаҳкам нигоҳ дорад.
Ман дар бораи он дуо мекунам, ки фарзанди ман ҳамеша хоҳад аъзои фаъоли калисои масеҳие бошад, ки бо ҳақиқати Каломи Ту, ибодат, дуокунӣ ва панддиҳие, ки аз қувваи Рӯҳулқудс илҳом мегиранд, зиндагӣ мекунад. То он даме, ки вай Каломи Туро меомӯзад, шариати Худро дар зеҳну дили вай навис, то ӯ фаҳмад, ки аҳкомҳои Ту ҳақиқатанд, ва дар зиндагӣ қадам гузошта тавонад. Ҳангоми омӯхтани дуокунӣ бигзор вай инчунин фаҳмидани хости Туро омӯзад. Бигзор муносибатҳои вай бо Ту самимӣ, гарму ҷӯшон ва амиқ бошанд. Бигзор дар дили вай доимо оташи Рӯҳулқудс ва ҷидду ҷаҳди беохир нисбати Ту ва ҳамаи он чизе, ки аз Туст, фурӯзон бошад.
Хушо гуруснагон ва ташнагони адолат, зеро ки онҳо сер хоҳанд шуд.
Худотарсӣ чашмаи ҳаёт аст, ва аз домҳои мамот дур мекунад.
Зеро ки ман ба воситаи шариат ба шариат мурдаам, то ки барои Худо зиндагӣ кунам. Ман бо Масеҳ маслуб шудаам. Ва акнун на ман зиндагӣ мекунам, балки Масеҳ дар ман зиндагӣ мекунад. Ва ин ки ҳоло дар ҷисм зиндагӣ мекунам, ин яъне бо имон ба Писари Худо зиндагӣ мекунам, ки Ӯ маро дӯст дошт ва Худро барои ман таслим кард.
Хушо онҳое ки шаҳодоти Ӯро риоя мекунанд, бо тамоми дил толиби Ӯ мебошанд.
Тариқи Худро, эй Худованд, ба ман таълим деҳ, то ки дар ростии Ту рафтор намоям; диламро якто гардон, то ки фақат аз тарси исми Ту пур бошад. Туро, эй Худованд, Худои ман, бо тамоми дилам ҳамд хоҳам гуфт.
Боби 10
Ман як касеро медонам, ки кори серпули инженериро дар ширкати калоне партофт, то ки ҳамчун автомеханик кор кунад. Вай ин корро барои он кард, ки дар ҷаҳон аз ҳама бештар таъмир кардани автомобилро дӯст медошт. Ӯ на танҳо механики беҳтарин дар шаҳр гашт; аз ҳама асосиаш — вай иқтидори худро амалӣ гардонд. Ман одами дигареро медонам, ки ба даъвати Худо оиди шӯбон шудан итоат накард, зеро нақшаи бизнесмени бобарор шудан дошт. Дар натиҷаи беитоатӣ вай аз оилааш ҷудо шуд, марги писари хурдиашро аз сар гузаронд ва тамоми ҳаёти вай ба силсилаи нокомиҳо ва аз дастдиҳиҳо табдил ёфт. Вале агар вай модар ё падари дуокунанда, ё ягон каси дигар медошт, ки метавонист ба ӯ фаҳмонад, ки Худо барояш дар ҳаёт чиро тайёр кардааст, ҳама кор ранги дигар мегирифт.
Дар бораи он, ки Худо моро чӣ гуна фикр карда баромадааст, тасаввуроте надошта, мо кӯшиш мекунем он касоне шавем, ки дар ҳақиқат ҳамон кас
Ин барои ман нест. Ман бояд бо ягон кори дигар машғул шавам». Шояд ба ин одамон ҳеҷ кас ҳеҷ гоҳ нафаҳмондааст, ки онҳо дорои қувваю истеъдоде ҳастанд, ки ба онҳо Худо бахшидааст. Равшан аст, ки онҳо то ҳанӯз таъиноти худро намедонанд.
Маънии ҳаёт ба мо ҳамон вақт кушода мешавад, ки мо роҳнамоии Худоро талаб мекунем ва баъд аҳкомҳои Ӯро иҷро менамоем. Пайғамбар Ирмиё халқи Исроилро даъват кард, ки аз бадӣ рӯ гардонанд, вале одамон ба вай итоат накарданд. Ниҳоят, Худованд гуфт: «…инак, Ман бар Яҳудо ва бар ҳамаи сокинони Ерусалим тамоми он мусибатро, ки дар ҳаққи онҳо баён намудаам, хоҳам овард, чунки Ман ба онҳо гуфтам, вале онҳо нашниданд, ва Ман онҳоро хондам, вале онҳо ҷавоб надоданд» (Ирм. 35:17). Агар мо ба овози Худо гӯш надиҳем, ба сари мо бадбахтиҳо меоянд. Вале мо метавонем дуо кунем ва дар бораи он хоҳиш кунем, ки фарзандони мо Худовандро шунаванд, ва он гоҳ бадбахтӣ бо роҳи дигар гузашта меравад.
Иблис як усули дӯстдошта дорад, ки ба муқобили ҷавонон истифода мебарад: вай онҳоро водор месозад, ки худро бо дигарон муқоиса кунад, то ки нопуррагии худро бинанд, то ки хоҳанд, ки каси дигар шаванд, он касе, ки Худо он гуна наофаридааст. Духтарони ҷавон худро бо дугонаҳояшон муқоиса намуда мебинанд, ки ҳам мӯйҳои онҳо зеботар аст, ва ҳам аз рӯи мӯди охирин либос мепӯшанд ва дар хонаҳои бошукӯҳ зиндагӣ мекунанд, ва дар мактаб дар назди писарбачаҳо дорои муваффақият ҳастанд, ва ҳам беҳтар мехонанд. Ба ҳамсолони худ нигариста, ҷавонон дармеёбанд, ки онҳо қоматбаландтар, ҷисман пурзӯртар, зоҳиран зеботар мебошанд ва онҳо дӯстони бештар доранд, чизҳои онҳо қимат ва зебо аст, ва умуман онҳо пурқудрат ва соҳибистеъдод ҳастанд. Ҳамин тавр, муқоисакуниҳои ҳамешагии худ бо дигарон ва худбаҳодиҳии пасти дар натиҷаи ин муқоисакуниҳо инкишофёбанда ба фикри кӯдак зиёни бузурге мерасонад. Ман кӯдакони бисёреро медонам, ки ҳанӯз ба синни наврасӣ нарасида, аллакай ба худ нафрат доранд ва орзӯи ба каси дигар монанд шуданро доранд. Ба ҷои он, ки худро ҳамчун махлуқи офаридаи Худо баҳо дода қобилиятҳои бахшидаи Худоро ба дараҷаи баланд инкишоф диҳанд, онҳо бо тамоми қувват кӯшиш мекунанд, ки дигар шаванд, яъне он чиро меҷӯянд, ки ба онҳо қаноатмандӣ намеорад. Аммо дуоҳои мо қудрат доранд ин нақшаҳои душманро вайрон созанд ва ба фарзандони мо ёрӣ мерасонанд, ки худ ва ояндаи худро дар ҳақиқат бинанд.
Вақте ки кӯдакони ман ҳанӯз хурд буданд, ман аллакай ҳамон вақт аз Худо хоҳиш карданро сар кардам, ки ба ману шавҳарам бахшоишу истеъдодҳои онҳоро кушояд. Ман аз Худованд барои таълим додан, тарбия кардани кӯдакони худ ва инкишоф додани қобилиятҳои онҳо хирадмандӣ талаб кардам, то ки ба онҳо ёрӣ расонам, ки нақшаҳои кашидаи Худоро амалӣ гардонанд. Ман таъиноти худро дар он медидам, ки бояд ба Аманда ва Кристофер ёрӣ расонам, то қадру манзаллати худро қадр кунанд ва ба камбудиҳояшон кам аҳамият диҳанд. Ва азбаски ҳангоми ба синни наврасӣ расидан ин вазифа ба таври муайян душвортар гашт, он мавзӯи ҳамешагии дуоҳои ман шуд.
Вале барои ман аз ҳама муҳим ин ёрӣ расондан ба писару духтарам дар барқарор кардани муносибатҳои боз ҳам наздиктар бо Худованд буд, зеро танҳо дар ин ҳолат онҳо мақсади Худоро фаҳмида метавонистанд. Ман медонистам, ки агар дар ибтидо онҳо Кӣ будани
Дар Китоби Муқаддас Худо ваъда медиҳад, ки ба сари фарзандони мо Рӯҳи Муқаддаси Худро мерезад ва мегӯяд: «Ва онҳо дар миёни алаф, мисли дарахтони бед назди ҷӯйҳои об, хоҳанд сабзид. Яке хоҳад гуфт: «Ман аз они Худованд ҳастам»… ва дигаре бо дасти худ хоҳад навишт: «Аз они Худованд ҳастам»…» (Иш. 44:4-5). Кӯдаконе, ки ба Худо имон овардаанд, медонанд, ки онҳо кӣ ҳастанд. Онҳо аз Рӯҳулқудс пур гашта, медонанд, ки ба Худованд тааллуқ доранд. Шумо дар симои ҳар як кӯдаке, ки бо дилпурӣ чунин суханонро мегӯяд: «Ман ба Худованд тааллуқ дорам» хурсандиро мебинед. Оё шумо фарзанди худро хушбахт дидан мехоҳед? Пас, дуо карданро сар кунед.
Худованд, ман аз Ту хоҳиш менамоям: Рӯҳи Муқаддаси Худро ба фарзанди ман (номи кӯдак) худи имрӯз бирез ва ба вай баракат деҳ ҳамон тавре бошад, ки Ту вайро дидан мехоҳӣ, ва он кореро кунад, ки Ту вайро ба иҷрои он таъин намудаӣ. Худованд, дар Каломи Ту гуфта шудааст: «Ҳар кас дар ҳар ҳолате ки даъват шудааст… дар ҳамон назди Худо бимонад» (1 Қӯр. 7:24).
Бигзор фарзанди ман, аз рӯи Каломи Ту, ҳеҷ гоҳ аз таъиноте, ки Ту муайян кардаӣ, сар напечад. Худованд, нақшаҳои иблисро барбод деҳ, ки ҷидду ҷаҳд дорад ҳаёти фарзанди маро вайрон созад, аз вай бахшоишҳои Туро дуздад, роҳеро, ки Ту вайро бо он равона сохтӣ, беобрӯ созад, истеъдодҳоеро, ки Ту ба вай додӣ, нобуд кунад. Бигзор фарзанди ман ҳеҷ гоҳ аз паси дигаре ғайр аз Ту наравад, лекин худаш одамонро ба Малакути Ту биёрад. Ба вай мадад кун қудратеро, ки вай дар Исо дорад, дарк кунад, вале дар айни ҳол дар дил фурӯтаниро нигоҳ дорад ва ба Ту итоаткор бошад. Бигзор дар вай ҳар рӯз самараҳои Рӯҳулқудс афзун гардад, ки онҳо: муҳаббат, шодмонӣ, осоиштагӣ, пурсабрӣ, меҳрубонӣ, марҳамат, имон, фурӯтанӣ, парҳезгорӣ мебошанд (ба Ғал. 5:22 ниг.). Бигзор писари (духтари) ман ҳамеша дар худ инъикоси тимсоли Туро бинад, худро бошад яроқе дар дасти Ту ҳисобад ва донад, ки маънои ҳақиқии ҳаёт дар Туст. Ба вай дар назди худ гузоштани мақсадҳоеро омӯзон, ки ба таъиноти муайянкардаи Ту мувофиқат кунанд. Ба вай омӯз, ки ба худ на аз гузашта, балки монанди Ту — аз оянда нигоҳ кунад. Бигзор фарзанди ман ба таври қатъӣ донад, ки фикри Ту дар бораи ҳаёти вай ба осоиштагӣ аст, на ба бадӣ, ки ояндаи нек ва умедворӣ дорад (ба Ирм. 29:11 ниг.). Ба вай омӯз, ки дар Ту умед ба ояндаро бинад ва Туро дарк кунад «ки Ту моро наҷот додаӣ ба даъвати муқаддас хондаӣ, на бар тибқи аъмоли мо, балки ба ҳасби таъиноти Худ ва ба ҳасби он файзе ки ба мо аз азал дар Исои Масеҳ ато шудааст» (2 Тим. 1:9), то ки вай ҳамеша ҳамоне монад, ки Ту вайро офаридаӣ, ва ҳар рӯз рӯҳан мустаҳкам шавад.
Лекин шумо насли баргузида, каҳонати шоҳона, халқи муқаддас, қавме ҳастед, ки мулки азизи Худо дониста шудаед, то аз камолоти Ӯ, ки шуморо аз зулмот ба рӯшноии аҷоиби Худ даъват намудааст, нақл кунед…
Он чиро ки чашме надидааст, гӯше нашунидааст ва ба дили инсон наомадааст, Худо барои дӯстдорони Худ муҳайё кардааст.
Аз ин рӯ, эй бародарон, беш аз пеш саъю кӯшиш намоед, ки даъват ва интихоби худро устувор гардонед ва агар ҳамин тавр рафтор кунед, ҳаргиз пешпо нахоҳед хӯрд.
Дар баробари ин мо медонем, ки ба дӯстдорони Худо, ки мувофиқи пешбинии Ӯ даъват шудаанд, ҳама чиз бар нафъашон ёрдам медиҳад; зеро ҳар киро, ки Ӯ пешакӣ шинохтааст, онҳоро низ пешакӣ муайян кардааст, ки ба сурати Писараш монанд шаванд, то ки Ӯ дар миёни бародарон нахустзода бошад; ва ҳар киро, ки Ӯ пешакӣ муайян кардааст, онҳоро низ даъват намудааст, ва ҳар киро даъват намудааст, онҳоро низ сафед кардааст; ва ҳар киро сафед кардааст, онҳоро низ ҷалол додаст.
Бархез, мунаввар шав, зеро ки нури ту омадааст, ва ҷалоли Худованд бар ту тулӯъ намудааст.
Боби 11
Дар оилаи мо қоидае вуҷуд дорад, ки онро ҳамаи кӯдакон хуб медонанд: агар барои баъзе рафторҳо ҷазо он қадар сахт набошад, барои дурӯғ ҷазо ҳамеша сахт аст ва аз он гурехта намешавад. Мо чунин меҳисобем, ки дурӯғгӯӣ рафтори бадтарин аст, зеро дар он решаи ҳамаи гуноҳҳо ниҳон аст. Дилхоҳ ҷиноятҳо аз он сар мешаванд, ки касе ба дурӯғ бовар мекунад, ё худ дурӯғ мегӯяд. Ҳатто ҳақбарории аз ҳама софдилонаи дурӯғгӯӣ (масалан, «Агар ман дурӯғ нагӯям, чизи дилхоҳамро ба даст намеорам») роҳ ба сӯи бадиро мекушояд.
Духтари мо, вақте ки ҳанӯз хурд буд, бо мақсади ба даст овардани чизи дилхоҳаш кӯшиш мекард, ки «каме маккориро» ба кор барад. Вале ба зудӣ фаҳмид, ки ин корро кардан шоиста нест, зеро ҷазо барои ин маккорӣ аз бартариаш дида, гаронтар буд. Вале писарамон дар ин масъала «майдабозӣ» намекард ва агар дурӯғ мегуфт, дурӯғи кори калон мегуфт.
Вақте ки Кристофер ҳафтсола буд, боре ҳамроҳи як рафиқаш Стивен дар назди хонаи онҳо бейсбол бозӣ мекард. Тӯб ба оинаи витраж зад, садои шараққос баланд шуд ва модари Стивен ин овозро шунида ба берун тохт. «Инро кӣ шикаст?» — пурсид вай. «Ман нашикастам», — ҷавоб дод Стивен. «Ман нашикастам», — гуфт Кристофер. «Стивен, ту тасдиқ менамоӣ, ки тирезаро бо тӯб назадӣ?» — давом дод модар. «Бале, ман тасдиқ менамоям, ки ин корро накардаам», — гуфт писараш. «Кристофер,
Вақте ки вай ба мо занг зада дар бораи ин ҳодиса нақл кард, мо фаҳмидем, ки бояд ба ин кор мудохила намоем, то ки писари мо фикр накунад, ки дурӯғ бе ҷазо мемонад.
«Кристофер, касе ҳаст, ки ин воқеаро дидааст. Шояд ту ба мо ҳамаи ҳодисаи шуда гузаштаро нақл мекунӣ?» — гуфтам ман ва хоҳони он будам, ки писарам гуноҳи худро ба гардан гирад, тавба кунад. Вай сарашро хам карда ҷавоб дод: «Хайр майлаш, ман шикастам». Баъд аз ин мо бо вай дуру дароз дар бораи он сӯҳбат кардем, ки Каломи Худо дар бораи дурӯғ чӣ мегӯяд. «Иблис — дурӯғгӯи асосӣ аст, — гуфтам ман, — ва ҳар гуна бадӣ аз дурӯғ сар мешавад. Одамон фикр мекунанд, ки дурӯғ ҳаёти онҳоро сабук мегардонад, вале дар ҳақиқат ин баръакс аст. Ва ин барои он ба амал меояд, ки ту дурӯғ гуфта, бо иблис иттифоқ мебандӣ. Ҳар боре, ки ту дурӯғ мегӯӣ, иблисро ба дили худ каме ҷой медиҳӣ. Ва ҳар қадар бештар дурӯғ гӯӣ, ҳамон қадар рӯҳи иблисонаи дурӯғ дили туро ба даст меорад, ва як вақт мебинӣ, ки ту дигар ин сели дурӯғро манъ карда наметавонӣ. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Пайдо кардани ганҷҳо бо забони дурӯғгӯй — сайъи беҳудаи толибони мамот аст» (Мас. 21:6). Ба таври дигар гӯем, ту
Баъди якчанд вақт Кристофер аз ман пурсид, ки он рӯз вайро кӣ дида буд. «Худо, — ҷавоб додам ман. Ӯ туро дида буд. Ман ҳамеша аз Ӯ хоҳиш менамоям, ки тамоми ҳақиқатро дар бораи ту ва хоҳарат ба ман кушояд. Ӯ — Рӯҳи Ҳақиқат аст, инро мефаҳмӣ?» «Вале, модарҷон, охир ин беадолатист» — гуфт Кристофер. Бо вуҷуди ин аз он вақт вай ҳамеша дар дурӯғаш иқрор мешуд. «Ман фикр кардам, ки беҳтараш дар ин бора ба ту аз Худо пештар гӯям», — мегуфт ҳар маротиба вай.
Кӯдакон дурӯғ нагуфта наметавонанд. Гап дар сари он нест, ки кӯдакон
Китоби Муқаддас дар бораи иблис чунин мегӯяд: «Падари шумо иблис аст, ва шумо мехоҳед орзӯҳои падари худро ба амал оваред; вай аз ибтидо қотил буд ва дар ростӣ собит намонд, зеро ки дар вай ростӣ нест; вақте ки вай сухани дурӯғ мегӯяд, аз они худро мегӯяд — зеро, ки вай дурӯғгӯй ва падари дурӯғ аст» (Юҳ. 8:44). Онро дониста, ки падари дурӯғ кист, мо наметавонем оромона ба он назора кунем, ки чӣ тавр тухми он дар дили фарзанди мо инкишоф меёбад.
Дуо кунед, ки ҳар гуна дурӯғ аз дили кӯдакон ва инчунин
Худованд, ман аз Ту илтиҷо мекунам: кӯдаки маро (номи кӯдак) бо Рӯҳи ҳақиқати Худ пур кун. Ба вай дили дӯстдорандаи ҳақиқат ва онро пайравикунанда бубахш, ки ҳама гуна дурӯғро инкор кунад. Вайро аз ҳама гуна вобастагӣ аз рӯҳи мамот раҳоӣ деҳ, ки ба ҳаёти вай ба воситаи дурӯғе ворид мегардад, ки вай гуфтааст, ё дар бораи он андеша намудааст. Ба вай нишон деҳ, ки дурӯғ дар дили вай дарро ба рӯи иблис мекушояд, ки ба воситаи он иблис ворид мегардад, ки бо худ рӯҳафтодагӣ ва маргро меорад ва аз Ту дур месозад. Вайро аз ҳар гуна рӯҳи фиреб раҳоӣ деҳ. Ман дар бораи он илтиҷо менамоям, ки фарзанди ман бо ёрии дурӯғи душман кӯр нашавад ва фиреб нахӯрад, ва ман ҳамеша ҳақиқатҳои Туро фаҳмам.
Ман аз Ту хоҳиш менамоям, ки писари (духтари) ман ҳеҷ гоҳ ҳеҷ чизро аз ман пинҳон надорад ва онро донад, ки ҳамаи асрорҳо дер ё зуд ошкор мегарданд. Дар акси ҳол вай бигзор ғаму дардеро дарк намояд, ки вайро ба тавба кардан водор месозад, то ки дурӯғаш ба вай зарар нарасонад. Ба ман омӯз, ки ба фарзандам осон карда моҳияти дурӯғро фаҳмонам ва кӯмак кунам, ки вай ин донишҳоро дар ҳаёт истифода барад. Дар Каломи Ту гуфта шудааст: «Лекин чун Ӯ, яъне Рӯҳи ростӣ ояд, шуморо бо тамоми ростӣ роҳнамоӣ хоҳад кард…» (Юҳ. 16:13). Бигзор Рӯҳи ҳақиқати Ту писар (духтари) маро ба ҳама гуна ҳақиқат исрор намояд, ва бигзор вай ҳеҷ гоҳ дурӯғгӯй набошад, ва ботинан одами мақсаднок бошад, ки Рӯҳи ҳақиқатро пайравӣ менамояд.
Даҳони дурӯғгӯй назди Худованд зишт аст, вале росткорон ба Ӯ мақбуланд.
Ҷонам аз андӯҳ об шудааст; аз рӯи Каломи Худ маро қоим гардон. Роҳи кизбро аз ман дур кун, ва шариати Худро ба ман ато фармо.
Бигзор эҳсон ва ростӣ туро тарк накунад: онҳоро бар гардани худ бибанд, ва бар лавҳи дили худ бинавис, ва дар назари Худо ва одамон таваҷҷӯҳ ва шиносоии нек пайдо хоҳӣ кард.
Омадани ин шарир бо ҳар гуна қувват ва аломот ва мӯъҷизоти сохта аз рӯи амали шайтон аст, ва бо ҳар гуна талбиси ноҳаққӣ дар вуҷуди нобудшавандагон барои он ки онҳо муҳаббати ростиро қабул накарданд, то ки наҷот ёбанд.
Агар Маро дӯст доред, аҳкоми Маро риоя хоҳед кард. Ва Ман аз Падар илтимос хоҳам кард, ва Ӯ барои шумо Пуштибони дигаре ато хоҳад кард, то ки ҳамеша бо шумо бимонад, яъне Рӯҳи ростӣ, ки ҷаҳон наметавонад Ӯро бипазирад, зеро ки Ӯро намебинад ва намешиносад; лекин шумо Ӯро мешиносед, зеро ки Ӯ бо шумо мемонад ва дар шумо хоҳад буд.
Боби 12
Вақте ки духтари ман чорсола буд, духтурон бемории ҷиддии чашмӣ ӯро муайян намуданд, онҳо барои ҷарроҳӣ исрор намуданд ва гуфтанд, ки аз ду сар лозим меояд, ки баъди ҷарроҳӣ тамоми умр айнакҳои шишаашон ғафс монда гардад.
«Худоё, наход Ту барои духтари ман чунин тақдирро раво дида бошӣ? — муроҷиат кардам ман дар дуо ба Худо. — Наход ин барои он аст, ки дар дили ман осоиштагӣ нест ва ман ҳамеша дар ин бора хавотирам?»
Мо якҷоя бо шавҳарам оиди шифоёбии Аманда дуо мекардем. Мо аз Худо хоҳиш кардем, ки дар ҳолати зарурӣ ба мо духтури дигарро нишон диҳад, ки метавонад ба мо ёрӣ расонад. Рӯзи дигар ба мо як шиносамон занг зад, ки дар бораи бемории Аманда намедонист, вале чӣ хеле ки маълум шуд, дар бораи мутахассиси хубе оиди ин масъала дар беморхонаи кӯдаконаи Лос-Анҷелес маълумот дошт.
Ман Амандаро назди ин духтур бурдам. Баъди муоинаи бодиққат ӯ ба мо хабари хушеро расонд: маълум гардид, ки линзаҳои тасҳеҳӣ метавонанд мушкили моро осон гардонанд ва ҷарроҳӣ умуман ҳатмӣ нест. Метавонед ба худ тасаввур намоед, ки мо он вақт чӣ хел сабукиро дар худ эҳсос намудем! Мо аз дилу ҷон Амандаро ба ин духтур бовар кардем, ва бо вуҷуди ин дуо карданро бас накардем.
Дар давоми ҳашт сол Аманда зери назорати қатъии духтурон линзаҳои васлӣ монда мегашт. Албатта ҳар пагоҳӣ онро мондан ва ҳар бегоҳӣ онҳоро гирифтан хеле машғулияти дилгиркунанда аст. Ва якчанд маротиба маро лозим омад, ки ҳангоми онҳоро гум кардани Аманда ба майдончаи бозии назди мактаб давам, то ки онҳоро ҷӯстуҷӯ намоям! Вале мо ҳамаи инро паси сар кардем, ва дидани он ба мо муяссар гардид, ки як рӯз баъди муоинаи навбатӣ духтур гуфт: «Туро дигар на линзаҳои васлӣ лозим аст, на ҷарроҳӣ. Чашмони Ту тамоман дуруст шуданд!» Мо хушбахт будем ва Худоро барои роҳнамоияш ва ҷавоб додан барои дуоҳои мо шукргӯзорӣ намудем.
Вақте ки кӯдакони мо бемор мешуданд — шамол хӯрдан, зуком — ва ё лат мехӯрданд, мо ҳамеша дуо мекардем, ва Худо ҳамеша моро мешунид. Ҳангоми зарурат мо ба духтур муроҷиат мекардем, зеро Худо ба воситаи духтурон низ табобат мекунад. Вале Китоби Муқаддас мегӯяд: «Оё касе аз шумо бемор аст? Бигзор пирони калисоро назди худ даъват намояд, ва онҳо ӯро ба исми Худованд равған молида, дар ҳаққи ӯ дуо гӯянд, — Ва дуои имон беморро шифо хоҳад дод, ва Худованд ӯро ба по хоҳад хезонд…» (Яъқ. 5:14-15). Ҳамеша аз дуо сар кардан даркор аст, ва баъд ҳангоми зарурат ба духтурон бояд муроҷиат намуд, ва шифо ёфта аз он набояд шубҳа кард.
Вақте ки писари мо ба садамаи автомобилӣ афтод, ки дар аввали китоб ба шумо нақл карда шудааст, миён ва зонӯҳои вай сахт ҷароҳат бардошта буданд. Мо зуд дар бораи шифоёбии вай ба дуокунӣ сар карда, дар айни замон оиди муоинаи пурраи тиббии вай дар беморхона ғамхорӣ намудем. Мо дар бораи сиҳатшавии пурраи вай дуокуниро давом медодем ва намехостем, ки дарди миёну пой ҳаёти ӯро вайрон созад. Вақте ки ба мо аз ширкати суғуртаи ронандаи айбдори садама оиди пардохти ҷуброни зарари ба мо расонида шуда занг заданд, ман ногаҳон
«Ба ман шифоёбӣ даркор аст, Худованд, аз Ту миннатдорам», — бе дудилагӣ ҷавоб додам ман.
Бешубҳа, розигии қабул кардани ҷуброни суғурта маънии сустии эътиқодро надорад. Вале мо дар айни замон аз ҷуброн даст кашида дуруст рафтор намудем.
Вақте ки Худо беморро аз рӯи дуоҳои мо шифо мебахшад, мо набояд чуноне рафтор намоем, ки гӯё ҳеҷ гуна шифодиҳӣ набуд.
Китоби Муқаддас ваъдаҳои зиёди шифоёбиро меорад. Довуд гуфта буд: «Эй ҷонам Худовандро муборак бихон, ва ҳамаи некиҳои Ӯро фаромӯш накун. Ӯ ҳамаи гуноҳҳоятро меомурзад, ва ҳамаи касалиҳоятро шифо мебахшад…» (Заб. 102:2-3). Исо мехоҳад Худованди мо, бахшояндаи ҳамаи гуноҳҳои мо ва шифобахши танҳои мо бошад. Биёед,
Худованд, Ту дар Каломи Худ ба мо амр менамоӣ, ки баҳри шифоёбии якдигар дуо намоем, ва ман оиди шифоёбии фарзанди худ дуо мекунам. Ман аз Ту хоҳиш мекунам, ки ягон хел заъф ва беморӣ ҳаёти вайро талх нагардонад. Ман аз Ту хоҳиш мекунам, ки Ту вайро аз ҳар гуна бемориҳо муҳофизат намоӣ. Дар Каломи Ту гуфта шудааст: «Каломи Худро фиристод… онҳоро аз гӯрҳошон халос кард» (Заб. 106:20). Дар кадом аъзои бадани писари (духтари) ман беморӣ ниҳон бошад, Худованд, аз Ту хоҳиш менамоям, ки дасти шифокори Худро ба вай бирасон ва шифо деҳ, ба писари (духтари) ман шифои комил ато фармо.
Вайро аз бемориҳо ва латхӯриҳо ҳифз намо. Махсусан, ман аз Ту оиди шифоёбии (номи узви муайян) илтиҷо мекунам. Агар мо назди духтур равем, ба мо мутахассисеро нишон деҳ, ки ба вай бовар карда тавонем, ва ба вай хирадмандӣ ва дониши комили роҳҳо ва табобатро деҳ.
Туро шукр мегӯям, Худованд, ки барои мо азоб кашидӣ ва мурдӣ, то ки мо наҷот ёбем. Ман аз Ту хоҳиш мекунам, ки ваъдаи сиҳаткуниро, ки дар Каломи Худ барои имондорон додаӣ, иҷро намоӣ. Ман онро интизорам, ки ту ба фарзанди ман шифои комил ва тандурустӣ мебахшӣ.
Ва ҳол он ки Ӯ аз ҷиноятҳои мо маҷрӯҳ, ва аз гуноҳҳои мо афсурдахотир шудааст; сазои осоиштагии мо бар Ӯст, ва ба воситаи ҷароҳатҳои Ӯ мо шифо ёфтаем.
Ба гуноҳҳои худ назди якдигар иқрор намоед ва барои якдигар дуо гӯед, то шифо ёбед: дуои боисрори шахси одил қуввати бузурге дорад.
Вале барои шумо, эй тарсгорони исми Ман, офтоби адолат тулӯъ хоҳад намуд, ва дар шуоъҳои он шифо хоҳад буд…
Зеро ки шумо барои ҳамин даъват карда шудаед, чунки Масеҳ низ барои шумо уқубат кашида, ба шумо намунаи ибрат боқӣ гузошт, то ки аз паи Ӯ равона шавед. <…> Ӯ шахсан гуноҳҳои моро дар Бадани Худ ба дор бардошт, то ки мо аз гуноҳҳо фориғ шуда, барои адолат зиндагӣ кунем: шумо аз ҷароҳатҳои Ӯ шифо ёфтед.
Он гоҳ нури ту мисли шафақ ҷило хоҳад дод, ва шифои ту ба зудӣ фаро хоҳад расид, ва адолати ту пешопеши ту хоҳад рафт, ва ҷалоли Худованд соқаи ту хоҳад буд.
Боби 13
Агар мо кӯдаконамонро дар ин ҷаҳон дар иҳотаи хӯроквориҳои консерва кардашуда ва ғайритабиӣ гузорем, он вақт онҳо нодуруст ғизо мегиранд. Бисёр хӯрокиҳое, ки мо истеъмол мекунем, чандин маротиба тоза карда шудаанд, ба онҳо чизҳои бисёре илова карда шудаанд, ва аз онҳо чизҳои зиёдеро гирифтаанд, ки дар бораи арзиши озуқавии чунин хӯрокиҳо ҳоҷати гап ҳам нест. Вале кӯдаконро ин ба ташвиш намеорад. Ба онҳо чунин намуди хӯрок маъқул аст, чунки он диққатҷалбкунанда аст, бӯи гуворо дорад, бомазза аст, ва агар боз реклама карда шавад, гуфтан мумкин аст, ки дигар ҳоҷати гап ҳам нест. Ва агар шавҳари шумо, масалан, мисли Майкли ман чунин хӯрокҳоро дӯст дорад, онҳоро ҳамеша барои худ ва барои кӯдакон ба хона орад, он вақт ҳаёти шумо хеле мушкил мегардад. Дар хотир дорам, ки боре ба хона баргашта дар шишачаи ширдиҳии бачаи даҳмоҳаам, ки вайро зери назорати падар монда рафта будам, коларо дида, ба ҳолати садамот афтодам. Ва он вақт ман фаҳмидам, ки дар ин ҳолат наҷоти ман танҳо дуокунӣ буда метавонад.
Ман ҳамаи корҳои аз дастам меомадаро кардам, ки оилаи худро ба хӯроки солим одат кунонам ва ба кӯдакон масъалаҳои дуруст хӯрок хӯрданро ёд диҳам. Ман тайёр будам, ки бо онҳо баҳс намоям ва бо ҳар роҳе, ки набошад, ҳақ будани худро ҳимоя намоям.
«Тоқати инро надорам. Танҳо дар хонаи мо хӯроки дурусте нест, — мегуфт писарам бо нафрат. «Дар хонаи мо чунон хӯроки дуруст аст, ки ҳатто дили кас беҳузур мешавад», — ба ӯ ҳамовоз шуд духтарам бо чашмони ашколуд.
Ва барои он, ки ман боварӣ доштам, ки «Як бурда нони қоқ бо осоиштагӣ беҳ аз хонаи пур аз гӯшти қурбониҳо, ки серҷанҷол бошад» (Мас. 17:1), ман кӯшиш кардам худдорӣ намоям, то ки ихтиёрро ба дасти ҳиссиётҳо надиҳам. Ман фаҳмидам, ки агар ҳамеша дар паҳлӯи кӯдакон набошам ва ҳамеша ба онҳо ёдовар шуда наистам, наметавонам кӯдаконро ба дуруст ғизо гирифтан мӯътақид созам. Танҳо қувваи Худо, ки ба воситаи дуо амал мекунад, метавонист вазъиятро тағйир диҳад.
Қариб ҳамаи одамон оиди масъалаи нигоҳубини дурусти бадани худ бо душвориҳо рӯ ба рӯ мегарданд. Ба шарофати китобҳои ман оиди саломатӣ ва видеокурси машқҳои ҷисмонии ташкилкардаам, ман бо одамони зиёде вохӯрдам, ки ба таври ҷиддӣ оиди ин масъала дар ташвиш ҳастанд ва бештари онҳо ба ҳолати сахти ноумедӣ ва рӯҳафтодагӣ афтода буданд. Агар мо кӯдакони худро дар дуо дастгирӣ накунем, онҳоро роҳнамоӣ накунем, ба онҳо нафаҳмонем, одатҳои хубро ёд надиҳем, то ки дар ҳаёти онҳо чунин масъалаҳо набошанд, ба онҳо хеле хизмати бад мерасонем.
Агар ҳанӯз кӯдакони шумо хурд бошанд, дар дуо хоҳиш намоед, ки онҳо хӯроки дуруст ва машқҳои ҷисмониро дӯст доранд ва ба бадани худ нигоҳубин карданро ёд гиранд. Дар ҳолати акс, дар синну соли наврасӣ дар онҳо одатҳои бад пайдо мешавад ва он вақт тағйир додани ягон чиз дер мешавад. Чӣ хел хӯрок хӯрдани ҷавонон ва духтаронро дар давраҳои наврасӣ ва донишҷӯӣ дида, ба ин боварӣ ҳосил кардан мумкин аст. Ҳамин тариқ, ҳанӯз, ки дер нашудааст, дуокуниро сар кунед.
Агар фарзандони шумо одамони баркамол бошанд ҳам, дуокуниро қафо напартоед. Бисёр занони ҷавонро, ки аз пурхӯрӣ ё баръакс, аз камхӯрокӣ азоб мекашанд, лозим меояд, ки на танҳо ба муқобили хоҳишҳои ҷисми худ мубориза баранд, балки онҳоро лозим аст муҳорибаи ҷисмонӣ низ баранд. Бадии кор дар он аст, ки бештари онҳо асири пурхӯрӣ ҳастанд, ки аз нуқтаи назари таълимоти Худо қобили қабул набуда, ба принсипҳои илоҳии ба роҳ мондани ҳаёт мухолифат менамояд. Ман бисёр занонеро медонам, ки аз ин азоб мекашанд. Он касоне, ки барояшон хушбахтона падару модари дуокунанда насиб гардидааст, тез-тез дар бораи ғалаба аз болои худ шаҳодат медиҳанд. Дигаронаш, ки ба ин андоза бобарор набуданд, ба ҳолати мушкил афтодаанд.
Барои он ки кӯдак дар бораи бадани худ дуруст ғамхорӣ намояд, ба вай роҳнамоии Рӯҳулқудс лозим аст. Дуоҳои шумо ба вай ёрӣ мерасонанд, ки аз шикаст, маъюсӣ ва рӯҳафтодагӣ канораҷӯӣ намояд. Магар шумо афсӯс намехӯред, ки дар вақташ касе барои шумо дуо накардааст? Ман афсӯс мехурам.
Худованд, ман барои писари (духтари) худ дуо мекунам ва аз Ту хоҳиш менамоям: ба вай хоҳиш деҳ, ки хӯроки дурустро истеъмол кунад. Ман медонам, ки дар давоми умраш вайро лозим меояд маротибаҳои зиёд васвасаи истеъмоли маводҳои нобобро аз сар гузаронад, ки онҳо на ҳаёт, балки мамотро меоранд. Ба вай кӯмак кун бифаҳмад, ки
Аз Ту хоҳиш менамоям: фарзанди маро аз саргармшавӣ ба ҳар гуна парҳезиҳои номувофиқ нигоҳ дор. Бо қудрате, ки ба ман дар Исои Масеҳ дода шудааст (ба Луқ. 10:19 ниг.), ман барои вай ҳомигӣ намуда, ба ҳар гуна одатҳои бад, ба ҳар гуна вобастагӣ аз хӯрокҳо, ба ҳар гуна пурхӯрӣ, ба ҳар гуна гуруснагӣ ва хӯрокхӯриҳои ғайримунтазам «не» мегӯям.
Худованд, Ту дар Каломи Худ гуфтӣ: «…ва ростиро хоҳед шинохт, ва ростӣ шуморо озод хоҳад кард» (Юҳ. 8:32). Ба фарзанди ман ҳақиқатро дар бораи он кушо, ки вай чӣ хел бояд зиндагӣ кунад, то ки аз одатҳои бад раҳоӣ ёбад. Ман дар бораи он дуо мекунам, ки якҷоя бо хоҳиши дуруст хӯрок хӯрдан мувофиқи аҳкомҳои Ту, дар вай хоҳиши мунтазам ба машқҳои ҷисмонӣ машғул шудан, бештар нӯшидани оби тоза, ба стрессҳои ҳаёти худ муқобилият карданро ато фармоӣ. Дар дилхоҳ ҳолатҳои мушкил бигзор вай бо чунин суханон ба Ту муроҷиат намояд: «Тариқи Худро, эй Худованд, ба ман таълим деҳ…» (Заб. 26:11). Ба вай бикушо, ки бадани вай — маъбади Рӯҳи Муқаддаси Туст.
Ман аз Ту дар бораи он хоҳиш менамоям, ки писари (духтари) ман он баданеро қадр намояд, ки Ту ба вай додаӣ, онро эҳтиёт кунад ва онро нигоҳубин намояд. Бигзор вай нисбати бадани худ ба таври танқидӣ рафтор накунад, бигзор вай худро аз нуқтаи назари фикри умум ва эътирофкуниҳои умум тадқиқ насозад. Ман дар бораи он илтиҷо мекунам, ки фарзанди ман пурра аз васвасаҳое, ки дар маҷалла, телевизион ва филмҳо ҷой доранд, озод бошад, ки онҳо маҷбур месозанд тамоюли замонавиро пайравӣ намояд. Бигзор вай гӯяд: «Чашмонамро аз дидани чизҳои ҳеҷу пуч пешгирӣ намо…» (Заб. 118:27). Ба вай нишон деҳ, ки зебоии ҳақиқӣ дар зебоии Рӯҳулқудси дар вай зиндагӣ мекарда меанҷомад. Бигзор вай донад, ки сарчашмаи зебоии ҳақиқӣ дар диле ниҳон аст, ки Худоро дӯст медорад.
Бигзор вай тасаввуротро дар бораи тарзи ҳаёти солим ва дилкашии ҷисмонӣ дар асоси таълимоти Ту ба шакл дарорад. Ба вай хоҳиш деҳ, ки дар бораи бадани худ ҳамчун дар бораи маъбади Рӯҳи Муқаддас ғамхорӣ намояд.
Оё намедонед, ки ҷисмҳои шумо маъбади Рӯҳулқудс аст, ки Он дар шумо сокин аст, ва Онро шумо аз Худо ёфтаед, ва шумо аз худатон нестед? Зеро ки шумо ба нархи гарон харида шудаед. Пас, дар ҷисмҳои худ ва дар ҷонҳои худ Худоро ҳамду сано кунед, ки онҳо ба Худо тааллуқ доранд.
Агар касе маъбади Худоро вайрон кунад, Худо ӯро хонавайрон хоҳад кард, зеро ки хонаи Худо муқаддас аст, ва он шумо ҳастед.
Пас, шуморо, эй бародарон, ба марҳамати Худо даъват менамоям, ки ҷисмҳои худро ҳамчун қурбонии зинда, муқаддас ва писандидаи Худо тақдим кунед: ибодати оқилонаи шумо ҳамин хоҳад буд.
…Балки Худованди мо Исои Масеҳро дар бар кунед ва дар бораи ҳавасҳои шаҳвонии ҷисм ғамхорӣ нанамоед.
Хуллас, хоҳ мехӯред, хоҳ менӯшед, ё кори дигаре мекунед, ҳамаашро барои ҷалоли Худо ба ҷо оваред.
Боби 14
Давраҳои мактабхонӣ барои ман озмоиши сахти рӯҳӣ буд, гарчанде ки таҳсил барои ман хеле осон буд. Аз ин сабаб ман барои муваффақият ба даст овардани фарзандони худ дар хониш ҳеҷ гоҳ дуо намекардам. Ин то он вақте давом кард, ки дар яке аз фарзанди ман дислексия (вайроншавии қобилияти азхудкунии малакаи хониш) ташхис карда шуд. Азбаски кӯдаки мо хеле лаёқатманд буд, фикр дар бораи он, ки дар рафти таҳсил бо ӯ чунин проблема рӯй медиҳад, дар гӯшаи хотирам ҳам намеомад. Гарчанд, ки таҳсили кӯдаконамон дар мактаб барои ману шавҳарам муҳорибаи беохир буд, бо вуҷуди ин, мо то он рӯзе, ки проблемаи ӯ дар хониш барои мо равшан нагардид ва бо ташхиси духтурон тасдиқ карда нашуд, намефаҳмидем, ки бо фарзандамон чӣ шуда истодааст. Ба он нигоҳ накарда, ки вобаста ба ин моро лозим омад, ки ҳаяҷонҳои зиёдро аз сар гузаронем, дастгирии мо ҳамеша дуо буд. Ману шавҳарам ва дӯстони имондорамон оиди шифоёбии пурраи фарзанди мо ва дар бораи он, ки Худованд ба мо тасалло диҳад ва моро омӯзонад, ки дар ин зоҳиршавии беҳамтоии фарзандамонро бубинем, дуокуниро давом додем.
Ҳамаи мо дар ягон кор комил нестем. Хушбахтона, Худо барои нокомилии мо бо қудрати Худ ҷуброн медиҳад. Навиштаҳои Муқаддас мегӯяд: «…на ба он сабаб ки мо лаёқат дорем чизеро аз худ фикр кунем, ки он гӯё аз мо бошад, балки лаёқати мо аз Худост». (2 Қӯр. 3:5). Ин ваъда ба ҷо омад: Худо ба фарзанди мо ёрӣ дод, ки бо муваффақият мактабро хатм намояд, ва мо дар давоми ин солҳо ба он боварӣ ҳосил намудем, ки дониши ҳақиқӣ ва хирадмандиро Худо медиҳад.
Китоби Муқаддас моро таълим медиҳад, ки дарк кардани Худо аз эҳтироми Ӯ ва роҳҳои Ӯ сар мешавад. Агар мо ба суханони Ӯ гӯш диҳем ва аҳкомҳои Ӯро дар дил нигоҳ дорем, агар мо ба дуруст фаҳмидани роҳҳои Ӯ кӯшиш кунем ва аз Ӯ хоҳиш намоем, ки дар ин кор ба мо ёрӣ диҳад, агар мо хирадмандиро бо он бетоқатие ҷӯем, ки ганҷи пинҳонкардашударо ҷӯё ҳастем, он вақт Худоро дарк менамоем (ба Мас. 2:1-12 ниг.). Ва ин дониши Худо чӣ қадар беҳудуд аст! Он чунон бузург аст, ки ба сипаре монанд мебошад, ки моро аз ҳама гуна бадӣ муҳофизат менамояд.
Қобилиятҳои кӯдак ба таҳсил ва ҷидду ҷаҳди вай ба донишҳо хусусиятҳои табиии вай намебошад. Аз ин рӯ мо метавонем дар бораи кӯдаки худ ҳатто ҳангоми дар батн буданаш дуо кунем: «Худованд, бигзор ин кӯдак аз тарафи Ту бо ақли расо ва бадани солим офарида шавад, ва Ту Муаллими абадии ӯ бошӣ». Ҳар қадаре ки мо барвақттар дар ин бора дуо кунем, ҳамон қадар хубтар аст. Ва муҳим нест, ки фарзанди шумо чандсола аст — дуоҳои шумо қудрат доранд, ки бисёр чизҳоро дар ҳаёти вай ба таври қатъӣ тағйир диҳанд.
Худованд, ман дар бораи он илтиҷо мекунам, ки фарзанди ман дар назди Ту ва роҳҳои Ту ҳисси баланди эҳтиромро аз сар гузаронад. Бигзор вай суханони Туро дар дили худ ҳамчун ганҷ маҳфуз дорад ва хирадмандиро чуноне биҷӯяд, ки одамон тилло ва нуқраро меҷӯянд. Ба вай зеҳни тез, рӯҳи дарккунӣ ва қобилият ба таҳсилро бахш. Ба вай хоҳиши таҳсил кардан, ба даст овардани донишҳо ва маҳоратҳоро ҷой кун ва бигзор дар ин кор хурсандӣ ҳамсафари вай бошад. Вале аз ҳама асосиаш, ман дар бораи он дуо мекунам, ки фарзанди ман аз Ту омӯзад, зеро дар Каломи Ту гуфта шудааст, ки вақте кӯдакони мо аз Ту меомӯзанд, онҳо дар дили худ осоиштагиро ба даст меоранд. Дар Навиштаҳо иброз дошта шудааст: «Худотарсӣ ибтидои дониш аст, — беақлон аз ҳикмат ва насиҳат нафрат доранд» (Мас. 1:7). Бигзор фарзанди ман беақле набошад, ки аз таълимот нафрат дошта бошад, ва бигзор вай ба Ту барои дониш рӯ оварад, ки ба он эҳтиёҷ дорад.
Ман хоҳиш менамоям, ки фарзанди ман (номи кӯдак) хирадмандии падару модарро эҳтиром намояд ва хоҳиши аз онҳо ва аз муаллимон, ки Ту ба ҳаёти ӯ дохил кардаӣ, омӯхтанро дошта бошад. Онҳоро муҳофизат намо, то ки онҳо одамони имондор ва Худотарс бошанд, ки қудрат дошта бошанд фарзанди маро накӯӣ омӯзанд. Бигзор дар ҳаёти вай муаллимоне набошанд, ки вайро аз роҳҳои Ту дур созанд ё вазифаи худро ба ҷо намеоварда бошанд. Ба фарзанди ман (номи кӯдак) биомӯз, ки бо муаллимон муросо карда тавонад ва ҳамеша бо онҳо муносибати хуб дошта бошад. Ба ӯ кӯмак кун, ки дар мактаб ҳама фанҳоро аз худ кунад. Ҳама монеаҳоро аз роҳи донишомӯзии вай бартараф намо, то ки таҳсил барои вай муҳорибаи вазнин ва бартараф сохтани мушкилиҳо набошад. Ба вай зеҳни расо ва хотири хуб деҳ ва писари (духтари) маро биомӯз, ки оқилона раванди донишомӯзии худро ба роҳ монад. Бигзор вай шогирди лаёқатманд бошад.
Ман ба фарзанди худ аз рӯи Каломи Ту мегӯям: «Дили худро ба насиҳат моил намо, ва гӯши худро — ба суханони оқилона» (Мас. 23:12) ва «Худованд дар ҳама чиз ба ту фаҳм хоҳад дод» (2 Тим. 2:7). Худованд, ба вай кӯмак кун, ки вай аз дарки Ту ва дарки Каломи Ту хурсандиро эҳсос намояд.
Ва ҳамаи писарони ту аз Худованд таълим хоҳанд ёфт, ва писарони туро осоиштагии бузурге хоҳад буд.
Хирадманд бишнавад, ва донишаш биафзояд; ва оқил тадбирсоз гардад…
Қавми Ман аз камии дониш нобуд шудаанд; азбаски ту аз дониш нафрат кардӣ, Ман низ аз ту нафрат кардам, то ки дигар барои Ман каҳонат нанамоӣ; ва азбаски ту шариати Худои худро фаромӯш кардӣ, Ман низ писарони туро фаромӯш хоҳам кард.
Насиҳатро нигоҳ дор, тарк накун; онро маҳфуз дор, зеро ки он ҳаёти туст.
Эй писарам! Агар гуфтаҳои маро бипазирӣ ва аҳкоми маро дар худ маҳфуз дорӣ, ба тавре ки гӯши худро ба шунидани ҳикмат роғиб ва дили худро ба хирад моил гардонӣ; агар донишро даъват намоӣ ва овози худро сӯи хирад баланд кунӣ; агар онро мисли нуқра орзӯ кунӣ ва мисли ганҷҳо ҷустуҷӯ намоӣ, — он гоҳ Худотарсиро хоҳӣ фаҳмид ва дониши Худоро хоҳӣ ёфт.
Боби 15
Ҳамон замон баъди таваллуди кӯдаконам, ман аз Худо мепурсидам, ки ба ман қобилиятҳои онҳоро кушояд, ки Ӯ ба онҳо тӯҳфа намудааст, ва ба онҳо ёрӣ расонад, ки ба таври беҳтар қобилиятҳои худро барои ҷалоли Худо инкишоф диҳанд. Вақте ки кӯдакони мо ҳанӯз хурд буданд, аллакай маълум буд, ки онҳо истеъдоди мусиқӣ доранд, ва ман аз Худо хоҳиш намудам ки ба ману шавҳарам кушояд, ки чӣ тавр рафтор намоем, то истеъдодҳои фарзандонамон барабас нараванд.
Вақте ки Кристофер чорсола буд, мо қарор додем ба вай навохтани фортепианоро ёд диҳем, ки ба он қобилиятҳои хуб нишон медод. Вале баъди якчанд сол вай ҳар гуна шавқу завқро нисбати машғулиятҳои мусиқиаш гум кард. Он вақт Худо ба ман фаҳмонд, ки ман ҳуқуқ надорам истеъдоди фарзандамро «дар хок гӯр кунам». Аз ин рӯ ман қарор додам: барои иштирок кардан дар ҳар як дарси мусиқӣ ба вай 25 сент медиҳам. Равшан аст, ки ин қарор ба ман аз Рӯҳулқудс нозил гардид, зеро ман аз Кристофер то синни дувоздаҳсолагӣ ягон маротиба дар бораи ин машғулиятҳо шикояте нашунидам. Он лаҳза ман ҳис кардам, ки вақти он расидааст, ки вай бояд асбобҳои зарбиро навозад, ки дер боз онро орзӯ мекард. Ин маротиба маро лозим наомад, ки аз писарам хоҳиш намоям, ки ба машғулиятҳои мусиқӣ бештар диққат диҳад, ҳамааш баръакс буд!
Ҳоло Кристофер асбобҳои барқи клавишдор, асбобҳои зарбӣ, бас-гитара менавозад, вале ба сурудҳои худ то ҳол дар фортепиано мусиқӣ эҷод мекунад. Дар фортепиано вай аранжировка низ мекунад. Муаллимон муваффақиятҳои мусиқавии вайро дар фаҳмиши амиқи ин асбоб шарҳ медиҳанд, ки дар синни хурдсолӣ гирифта буд ва ин, бешубҳа, аз рӯи иродаи Худо ба амал омада буд.
Инчунин ман роҳнамоии Рӯҳулқудсро ҳангоме, ки лаёқати вокалии духтарамонро инкишоф медодем, ҳис намудаам. Гарчанде душман кӯшиш мекунад, ки маҳоратҳои фарзандони моро барои барои ҷалол додани худ, ё ақаллан, барои халал расондани ҷалоли номи Худо истифода барад, мо вазифадорем, ки оиди ин масъала дуо кунем. Дуо кардан оиди инкишоф додани лаёқатҳои фарзандонамон аз мо пуртоқатиро талаб менамояд, зеро ин мақсад яку якбора ба даст намеояд.
Дар ҳаёти фарзандони ман давраҳое буданд, ки санъати мусиқии замонавӣ бо ҳама нишонаҳои зоҳириаш — бо либос, тарзи ҳаёти баъзе мусиқачиён онҳоро сахт ба худ ҷалб менамуд (12-14 солагӣ). Ману шавҳарам медонистем, ки на бо фарзандони худ, балки бо иблис мубориза мебарем, ва инчунин медонистем, ки вазифадорем суханони асосноки худро оиди саргармиҳои онҳо бигӯем ва қоидаҳоеро муқаррар созем, ки ҳудуди ба онҳо иҷозат додашударо муқаррар созад, махсусан теъдоди асарҳои мусиқиро, ки ба онҳо иҷозати гӯш кардан дода шудааст. Ин маънои онро надорад, ки мо ба кӯдакон умуман гӯш кардани мусиқии ҳозиразамонро манъ кардем; мо медонем, ки чизе, ки онҳо мекунанд, бояд барои «ҷалоли Худо» карда шавад (ба 1 Қӯр. 10:31 ниг.), зеро онҳоро ба ин Худо даъват намудааст.
Мо дар бораи он дуо мекардем, ки ҳамаи васвасаҳои ҷаҳон дар назари фарзандони мо манфур намояд ва чашмони онҳо бо он нигаронида шавад, ки Худо барои онҳо муқаррар намудааст. Мо аз Худованд дар бораи он хоҳиш менамудем, ки
Дили ману шавҳарам хавотир буд, ва мо ба дуруст будани ин рафтори писарамон шубҳа мекардем. Вақте ки вай 18 сола шуд, ӯро ба ширкати сабти овоз — «Spaққow Қӯcoқds» барои навиштани сурудҳо ва аранжировка кардан даъват намуданд, ки ин ширкат барои навиштани мусиқиҳои масеҳӣ махсус гардонда шудааст — дар он вақт ин ширкат нияти баровардани албоми сурудҳои ҳамдкунандаро дошт. Ин маротиба ману шавҳарам аниқ фаҳмидем, ки ин таклиф аз тарафи Худо ҳамчун ҷавоб ба дуоҳои мо оиди имконияти истифодаи истеъдоди мусиқии Кристофер барои ҷалол додани Худо аст. Ва бо ин мо дуокуниро бас накардем. Мо ҳаёти паси пардагии бизнеси мусиқиро хуб медонем, ва дар ин лаҳза мо аниқ он хатарҳоеро фаҳмидем, ки ба масеҳии ҷавон васвасаҳои ҳаётҳои сафарӣ таҳдид менамояд. Аз ин рӯ имрӯзҳо низ дар бораи он дуо карданро давом медиҳем, ки Кристофер ба он истеъдоди худ содиқ монад, ки ба вай Худо ато намудааст ва ин истеъдодро барои ҷалоли номи Ӯ ба кор барад.
Худованд ба
Вақте ки Худо ба шумо сирри ояндаи зебои фарзандатонро мекушояд, дуо кунед, зимнан бо муҳаббат, дар он бора, ки он фаро расад. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Оё шахси дар кори худ чобукро дидаӣ? Вай дар назди подшоҳон меистад; назди сафилон намеистад» (Мас. 22:29). Аз Худо хоҳиш намоед, ки ба писари (духтари) шумо дар инкишофи лаёқатҳо ёрӣ расонад, ки ба ӯ аз олами боло ато шудааст ва ба писаратон (духтаратон) фаҳмонед, ки вай дар ин ҷаҳон таъиноти бузурге дорад.
Ҳар як кӯдак дорои лаёқат аст, ва мо бояд дар бораи он дуо кунем, ки он сари вақт ошкор карда ва инкишоф дода шавад ва барои афзун гардондани ҷалоли Худо ба кор бурда шавад.
Худованд, ман ба Ту бо шафоатхоҳӣ дар бораи бахшоишҳо ва лаёқатҳои фарзандам муроҷиат менамоям. Ман аз Ту хоҳиш менамоям: ёрӣ деҳ, ки онро бубинем ва онҳоро барои ҷалоли Ту истифода барем. Ба ман ва писари (духтари) ман бахшоишҳоро кушо ва аниқ нишон деҳ, ки барои инкишофи онҳо чӣ кор кардан даркор аст. Ба мо кӯмак кун, ки ин қобилиятҳоро дар самти нишондодаи Ту ва вақти муайян кардаи Ту инкишоф диҳем.
Каломи Ту ба мо амр мефармояд, ки атоҳои гуногунро, ки ба «ҳасби файз» бар мо ато шудааст, зоҳир созем (ба Рум. 12:6 ниг.). Ҳамин ки фарзанди ман дарк кард, ки қобилиятҳои вай — ин бахшоишҳои Туст, дар он вақт ҳеҷ чиз: на тарс, на маҷмӯи нокомиҳо, на нобоварӣ ба худ натавонанд ба вай халал расонанд, ки онҳоро барои ҷалоли номи Ту истифода барад. Бигзор ӯ Туро шунавад, ва он чиро истифода барад, ки ба он даъват шудааст, то ки дар ҷуcтуҷӯи таъиноти худ вақтро беҳуда нагузаронад, ё умуман, маънои ҳаётро гум накунад. Худованд, бигзор истеъдоди ӯ барабас набуда, танҳо барои ҷалоли номи Ту истифода бурда шавад.
Ман аз Ту хоҳиш менамоям: ба вай бикушо, ки мақсади асосӣ дар ҳаёти вай дар чист ва ба вай ёрӣ расон, ки ба он муваффақ шавад. Кори вайро баракат деҳ, ба вай қобилияти бо кори дӯстдошта пеш бурдани зиндагиашро ато фармо.
Дар Каломи Ту гуфта шудааст: «Инъоми одам барои ӯ вусъат муҳайё мекунад, ва ӯро сӯи бузургон ҳидоят менамояд» (Мас. 18:16). Бигзор меҳнати ӯ аз тарафи одамон сазовор қадр карда шавад. Ва зиёда аз ин, ман дар бораи он хоҳиш мекунам, ки он бахшоиш ва истеъдодҳои фарзанди ман, ки Ту онҳоро баракат додаӣ, берун аз андоза барои ҷалоли Ту хизмат кунанд.
Зеро ки бахшоишҳо ва даъвати Худо тағйирнопазир аст.
Аммо ба ҳар яке аз мо файз ба андозаи атои Масеҳ бахшида шудааст.
Ба якдигар, ҳар яке аз рӯи бахшоише ки ёфтаед, ҳамчун муваккалони неки файзи гуногуни Худо хизмат кунед.
Ҳар як инъоми нек ва ҳар як бахшоиши комил аз боло, аз ҷониби Падари нурҳо нозил мешавад, ки дар Ӯ тағйироте ва ҳеҷ дигаргуние мавҷуд нест.
Худои худро ҳамеша барои шумо шукр мегӯям: барои файзи Худо, ки ба шумо дар Исои Масеҳ ато шудааст, чунки дар Ӯ шумо аз ҳар чиз: аз ҳар сухан ва аз ҳар дониш бой шудаед, зеро шаҳодати Масеҳ дар шумо барқарор гардидааст, ба тавре ки шумо аз ҳеҷ лаёқат норасогӣ надоред, модоме, ки мунтазири зуҳури Худованди мо Исои Масеҳ мебошед.
Боби 16
Боре ман шунидам, ки чӣ хел писарам аз мактаб баргашта, якчанд сухани қабеҳро ба забон овард. «Ин суханони бад аст, — гуфтам ба ӯ. — Чӣ тавр ту тавонистӣ, ки ин суханонро ба забон орӣ, вақте медонӣ, ки ту ин корро набояд бикунӣ?» «Дар мактаби мо ҳама ҳамин тавр мегӯянд», — ҷавоб дод писарам. «Агар ҳама рафтори бад кунанд, ту низ мисли онҳо рафтор мекунӣ?» — пурсидам ман. Баъд ман якчанд дашномро ба забон овардам, ки то вохӯрӣ бо Худо истифода мебурдам ва аз он бо воситаи Рӯҳи Муқаддас пок гашта будам.
Писарам бо чашмони пурҳарос ба ман нигариста, хитоб кард: «Модар! Ту чиҳо мегӯӣ!» «Охир ҳама чунин мегӯянд», — ҷавоб додам ман. — «Ба ту маъқул нест, ки ин суханонро аз ман мешунавӣ?» «Ин даҳшатнок аст» — ҷавоб дод вай. «Медонӣ, — ҷавоб додам ман, — ҳар вақте ки хоҳам, ман ин суханонро гуфта метавонам, вале инро
Аз ҳамон вақт то ба синни наврасӣ расиданаш ман аз Кристофер суханони бадро нашунидам. Дар он рӯз байни мо аз сари нав сӯҳбате барпо гардид, ки ман боварӣ дорам, вай онро то ба имрӯз дар хотир дорад.
Ман мефаҳмам, ки усули истифодабурдаи ман метавонад дилхоҳ одамро ба ҳайрат андозад. Ин маро ҳам ба хиҷолат меандохт, ва ман аз Худо хоҳиш намудам, ки маро аз он нопокие пок созад, ки ҳангоми гуфтани ин суханон ба ман часпид. Вале онҳо ҳеҷ гоҳ аз сари ман дур намешуданд. Ман онҳоро танҳо барои он истифода бурдам, ки қувваи вайронкунанда доштани онҳоро нишон диҳам. Ман ба ҳеҷ ваҷҳ ба касе тавсия намедиҳам, ки ин усулро ба кор барад, ман онро танҳо барои равшан нишон додани он қуввае мисол меорам, ки дар суханони мо ниҳон мебошад.
Мо худамон дар атрофи худ ҷаҳонро меофарем. Суханони мо дорои қудратанд, онҳо метавонанд ё ҳаёт, ё мамот оранд. Китоби Муқаддас огоҳ месозад, ки баъзе суханон дар ҳаёти мо проблемаҳои бузург ва нохушиҳо
Чунин суханони ба Худо нафратовар, ба монанди: «Дар ман ягон чизи хубе нест», «Беҳтараш ман бимирам», «Ҳаёт даҳшатнок аст», «Ман ба чизе лоиқ нестам», онро нишон медиҳанд, ки ин суханон аз диле мебароянд, ки бо Рӯҳулқудс пур нест — ин дил бо зулмот фаро гирифта шудааст. Ин ҳама фитнаи иблис аст ва агар шумо ба фарзандатон аз болои нутқи худ назорат карданро ёд надиҳед, он метавонад решаи ҳама бадӣ дар ҳаёти фарзандони шумо бошад.
Китоби Муқаддас мегӯяд, ки агар мо Худовандро пайравӣ намоем, пас, барои ҳар як сухани беэҳтиётона гуфтаи худ ҷавобгар ҳастем. Бисёр вақт мо дар ҳаёти заминӣ гирифтори ҷазои сахт мегардем. Ман фикр мекунам, ки барои он чизе, ки бо зӯри ирода аз ӯҳдаи он баромадан мумкин аст, чунин нархи гарон додан намеарзад. Бо суханони худ мо метавонем дар атрофи худ муҳаббат, хурсандӣ ва осоиштагӣ офарем, ё баръакс, тухми душманӣ бикорем, ё нафратро бедор созем.
Мо мехоҳем, ки аз лабони кӯдакони мо суханони ҳаёт садо диҳанд. Албатта, ин маънои онро надорад, ки онҳо бояд эҳсосотҳои манфии худро пинҳон доранд.
Суханоне, ки аз даҳони онҳо мебароянд, на баҳри вайронкорӣ, балки баҳри шифоёбӣ бояд онҳоро ба фаҳмиши Худо, тавба ва ба фурӯтанӣ дар назди Ӯ оварда расонанд.
Вақте ки суханони аз даҳони фарзандони мо мебаромада ба худи онҳо, ба атрофиён, ба шароити ҳаётии онҳо таъсири манфӣ расонанд, мо вазифадорем онҳоро ба Каломи Худо равона созем, то ки онҳо тавонанд аз он суханони ҳаётро ёбанд. Усули аз ҳама дурусти тағйир додани нутқ — тағйир додани дил аст, зеро «забон аз пурии дил сухан мегӯяд» (Мат. 12:34). Аз дили бо Рӯҳулқудс ва Каломи ҳақиқии Худо пур суханоне мебароянд, ки ба Худо мақбул мебошанд, ва ба он касоне, ки онҳоро мегӯяд ва он касоне, ки онҳоро гӯш мекунанд, ҳаёт мебахшанд. Маҳз аз ҳамин бояд дуои мо сар шавад.
Худованд, ман дар бораи он илтиҷо мекунам, ки фарзанди ман (номи кӯдак) хоҳад суханонеро бигӯяд, ки Туро ҷалол диҳанд. Дили ӯро бо Рӯҳи Худ ва Ҳақиқати Худ пур соз, то ки аз даҳонаш суханони ҳаёт барояд, на мамот. Чуноне кун, ки гуфтани ҳар гуна суханони пуч, бад, манфӣ, озордиҳанда, нопок, бефикр ва сангдилона барои рӯҳи вай маломат бошад ва ба тавбакунӣ оварда расонад. Ман дар бораи он илтиҷо мекунам, ки суханони бад барои вай нафратовар бошанд, ва агар ягон вақт аз даҳони вай чунин суханон баромада монад, он вақт бигзор ин суханон ба монанди лойқа буда, барои вай нафратовар бошанд. Ба писари (духтари) ман кӯмак кун, ки назорат кардани нутқи худро омӯзад, то ки ягон сухани бемаънӣ ё сабукфикрона аз даҳони ӯ набарояд.
Писари (духтари) маро аз доме, ки барои вай забонаш мегузорад, муҳофизат намо. Ту дар Каломи Худ ваъда медиҳӣ: «Касе ки даҳони худ ва забони худро нигоҳ дорад, ҷони худро аз мусибатҳо муҳофизат мекунад» (Мас. 21:23). Ба вай биомӯз, ки забони худро нигоҳ дошта тавонад ва вайро аз ҳар гуна бадбахтиҳо муҳофизат намо.
Дар Каломи Ту гуфта шудааст: «Мамот ва ҳаёт дар дасти забон аст, ва дӯстдорони он меваи онро мехӯранд» (Мас. 18:2). Ба фарзанди ман кӯмак кун фаҳмад, ки кай ва чӣ хел ба одамон дар дилхоҳ ҳолат сухан гӯяд. Бигзор вай ҳамеша суханони умедбахш, шифобахш, рӯҳбаландкунанда ва ҳаётбахшро ба забон орад ва ҳеҷ гоҳ суханони қабеҳ нагӯяд.
Бигзор суханони даҳонам ва андешаи дилам писандидаи Ту бошад, эй Худованд, ки кӯҳпораи ман ва Раҳокунандаи ман ҳастӣ!
Шахси нек аз ганҷинаи нек чизи нек берун меоварад; ва шахси бад аз ганҷинаи бад чизи бад берун меоварад.
Лекин ба шумо мегӯям, ки мардум барои ҳар сухани ботиле ки мегӯянд, дар рӯзи доварӣ ҷавоб хоҳанд дод: зеро ки аз суханони худ сафед хоҳӣ шуд ва аз суханони худ маҳкум хоҳӣ шуд.
Суханони хуш шаҳдест, ки барои ҷон ширин ва барои устухонҳо фоидаовар аст.
Баъзеҳо неши забон мезананд, ки мисли зарби шамшер аст, вале забони хирадмандон офият мебахшад.
Боби 17
Кӯдаконе, ки дар покӣ ва муқаддасӣ таълим дода шудаанд, симои тоза, хушбахтона ва ба таври ғайриоддӣ ҷолиб доранд. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Бача низ аз рӯи корҳояш шинохта мешавад, ки рафтораш пок ва рост аст ё не» (Мас. 20:11). Мо мехоҳем, ки кӯдакони мо парҳезгор ва, ба шарофати тозагии ахлоқи худ, зоҳиран дилкаш бошанд. Вале ин худ ба худ ба амал намеояд. Инро таълим додан даркор аст. Ва ҳарчанд метавонем, ки ба кӯдакон покии тариқати Худоро омӯзем ва ба онҳо дар вафодорӣ ба Худо намуна бошем, муаллими ҳақиқӣ метавонад танҳо Рӯҳулқудс бошад. Муқаддасӣ аз муҳаббат ба Худованд сар мешавад. Китоби Муқаддас ба ҳар кадоми мо панд медиҳад: «Худро пок нигоҳ дор» (1 Тим. 5:22). Иҷрои ин дастур барои дилхоҳ одам душвор аст, махсусан барои кӯдак. Инро танҳо ҳангоми итоати пурра ба Худо, шариати Ӯ ва қувваи Рӯҳулқудс ба ҷо овардан мумкин аст.
Вақте ки мо мекӯчидем, писари ман мактабро хатм мекард, ва ба вай одат кардан дар коллективи нав хеле мушкил буд, ин барои наврас, ҳатто барои навраси сахт имондор ҳам озмоиши вазнин аст. Ин як мактаби начандон калони хусусии масеҳӣ буд. Дар давоми ҳафтаи аввал Кристофер бо ҳамаи ҳамсинфонаш шинос шуд. Аз байни ҳамаи онҳо як ҷавон бо номи Сенди намоён буд, вай варзишгари хуб, аъло мехонд ва ӯро якчанд маротиба барои дастовардҳои гуногунаш мукофотонида буданд. Вале хусусияти аз ҳама муҳими Сенди он буд, ки суханон ва рафтори вай эҳтироми вайро дар назди Худо ва эҳтироми аҳкомҳои Ӯро инъикос мекарданд.
Боре, вақте ки ҳамаи бачаҳо барои наҳорӣ ҷамъ шуданд, касе ҳазли беодобона кард ва ҳама хандиданд. Ҳама, ғайр аз Сенди. Писари ман иқрор шуд, ки баробари ҳама хандидааст. «Охир ман дар байни онҳо одами нав ҳастам, ва ман нахостам, ки мисли одами сайёраи дигар намоям», — дар бораи ин ҳодиса нақл карда худро ҳақ баровард вай.
Ба зудӣ Кристофер мушоҳида кард, ки Сенди ба латифаҳои қабеҳ намехандад, тамоку намекашад, шароб наменӯшад ва дашном намекунад. Вале ба ин нигоҳ накарда, ҳама вайро дӯст медоштанд ва эҳтиром менамуданд.
Боре ман аз ҷамъомади падару модарон ба хона баргашта ба Кристофер дар бораи зани аҷоибе нақл кардам, ки ман дар он ҷо бо вай шинос шуда будам. «Вай тамоман аз дигарон фарқ мекунад, — гуфтам ман. Дар вай чӣ қадар некӣ, ҳарорат ва муҳаббат ниҳон аст, одами ҳақиқии Худо, илова бар ин, вай ҳисси ҳазли хуб низ дорад. Барои ман бо вай муошират кардан чунон осон буд, ки гӯё бо вай аз азал шинос бошам». Вақте ки ман ин занро тасвир кардам, Кристофер хитоб кард: «Охир ин модари Сенди аст».
«Ҳа, албатта, — ҷавоб додам ман. — Чӣ хел ман инро ҳамон замон пайхас накардам. Сенди танҳо ин гуна падару модар дошта метавонад — рӯҳан қавӣ, сахт, имондор ва дуокунанда. Кӯдакон аз рӯи таваккал мисли Сенди намешаванд, онҳоро тарбия кардан лозим аст».
Дар давоми соли хониш мо ин оилаи аълоро мушоҳида кардем ва дидем, ки ҳар як аъзои ин оила шахсияти барҷаста буданд. Барои чӣ? Барои он, ки асоси ҳаёти онҳо на ҷидду ҷаҳди аз дигарон фарқ карда истодан ва ба ягон кас таасуроти чуқур гузоштан, балки эҳтироми Худо ва хоҳиши бо роҳҳои Худо — бо роҳҳои муқаддасӣ ва покӣ рафтан буд.
Писари ман дигар дар он мактаб намехонад, ва мо дигар бо оилаи Сенди муошират карда наметавонем, чунки роҳҳои ҳаётии мо аз ҳам ҷудо шуданд, вале мо ҳеҷ гоҳ ин оиларо фаромӯш намекунем.
Намунаи онҳо маро водор сохт, ки ба мақсадҳои баландтар ҷидду ҷаҳд намоем, ба он мадад кард, ки меъёрҳои ахлоқии мо баландтар гарданд ва ба мо қадр кардани иффатро омӯхт.
Биёед барои он дуо кунем, ки фарзандони мо тарзи ҳаёти парҳезкоронаро дӯст доранд, то ки ин онҳоро ҳамчун оҳанрабо ба худ кашад, ва агар ҳар боре, ки ягон кас онҳоро ба рафтори бад тела диҳад, онҳо ҳамон замон душманро шинохта тавонанд ва бо васваса мубориза баранд. Навишта шудааст: «Зеро ки Худо маро на ба нопокӣ, балки ба қудсият даъват кардааст» (1 Тас. 4:7). Ҳаёт аз рӯи аҳкомҳои Худо маънои покӣ ва мақсаднокии тамоми шахсияти инсониро дорад. Ахлоқ — асоси муқаддасии ҳақиқӣ мебошад. Кӯдаконе, ки ба парҳезкорӣ ҷидду ҷаҳд мекунанд ва Худоро меҷӯянд, ҳамеша баракат меёбанд ва ҳамеша аз қувваи ҳаётӣ пур ҳастанд.
Сенди — таҷассуми суханони Навиштаҳои Муқаддас мебошад: «Бигзор ҳеҷ кас ба ҷавонии Ту беэътиноӣ накунад; балки барои имондорон дар cухан, дар рафтор, дар муҳаббат, дар рӯҳ, дар имон, дар покӣ намунаи ибрат бош» (1 Тим. 4:12). Ҳеҷ чиз аз кӯдаконе, ки бо роҳи муқаддасӣ ва покӣ мераванд, зебо нест. Биёед барои он дуо мекунем, ки фарзандони мо дар байни онҳо бошанд.
Худованд, дар ин дуо ман аз Ту хоҳиш менамоям, ки дили фарзанди маро (номи кӯдак) бо муҳаббат ба Худ пур созӣ. Бигзор ҷидду ҷаҳди вай ба сӯи Ту боэҳтирос бошад. Ба вай биомӯз, ки аҳкомҳои Туро риоя намояд ва фаҳмад, ки онҳо барои манфиати вай дода шудаанд. Бигзор ӯ донад, ки агар ӯ ба иродаи Ту итоат накунад, ҳаёти вай бомуваффақият намешавад. Бигзор вай ба таълимоти Ту ғуттавар шавад ва гуноҳ натавонад ба ҳаёти вай ворид гардад. Бигзор вай аз бадӣ, нопокӣ, фикрҳои бад, суханони нолоиқ ва корҳои фосиқона рӯ тобад ва қувваи покӣ, муқаддасиро ҳис намояд, то ки ба Масеҳ монанд гардад. Худованд, бигзор вай Туро ҷӯё шавад.
Ту дар Каломи Худ гуфтӣ: «Хушо покдилон, зеро онҳо Худоро хоҳанд дид» (Мат. 5:8). Бигзор хоҳиши парҳезкорона зиндагӣ кардан, ки аз дили пок мебарояд, дар ҳама корҳо ва намуди зоҳирии фарзанди ман инъикос ёбад. Бигзор тарзи либоспӯшӣ, мӯй, ифодаи рӯй, намуди зоҳирии вай дар бораи эҳтироми бузурги Ту ва дар бораи хоҳиши ҷалол додани Ту шаҳодат диҳад.
Ва агар ягон вақт писари (духтари) ман аз роҳи покӣ берун равад, вайро ба тавба кардан водор намо, ва дилу ҳаёти вайро ба пок соз. Ба фарзанди ман онро биомӯз, ки ҳаёти парҳезкорона баракат ва мукофоти бузург — дидани Туро — медиҳад.
Кист, ки ба кӯҳи Худованд барояд, ва кист, ки дар мақоми муқаддаси Ӯ биистад? Каси покизадаст ва покдил, ки ҷонаш ба орзӯҳои беҳуда нигаронида нашуда бошад, ва қасами дурӯғ нахӯрда бошад, — баракат аз Худованд ва хайр аз Худои наҷотдиҳандаи худ хоҳад ёфт.
Вале дар хонаи калон на танҳо зарфҳои тилло ва нуқра, балки чӯбин ва гилин ҳам ҳаст, ва аз онҳо баъзе барои истеъмоли иззатнок аст, ва баъзе барои истеъмоли зиллатнок. Пас, ҳар кӣ худро аз инҳо пок кунад, зарфе барои истеъмоли иззатнок хоҳад буд, ки он муқаддас ва қобили истифодаи cоҳибаш мебошад ва тайёр ба ҳар амали нек.
Ҳар навдаеро, ки дар Ман мева наоварад, Ӯ бурида мепартояд; ва онро ки мева меоварад, пок месозад, то ки бештар мева оварад.
Ва дар он ҷо шоҳроҳе ва ҷоддае хоҳад буд, ва он роҳи муқаддас номида хоҳад шуд; наҷисе аз он нахоҳад гузашт; балки он барои онҳо хоҳад буд, ва ҳар кӣ бо ин роҳ равад, ҷоҳил бошад ҳам, гумроҳ нахоҳад шуд. Шере дар он ҷо нахоҳад буд, ва ҳайвони даррандае бар он нахоҳад баромад ва дар он ҷо ёфт нахоҳад шуд, балки растагорон бар он қадамгузор хоҳанд шуд. Ва растагорони Худованд баргашта, бо тараннум ба Сион хоҳанд омад, ва хурсандиҳои абадӣ бар сари онҳо хоҳад буд; онҳо ба шодӣ ва хурcандӣ ноил хоҳанд гардид, Ва андӯҳу фиғон нест хоҳад шуд.
Насле ҳастанд, ки дар назари худ пок мебошанд, ва ҳол он ки аз наҷосати худ шуста нашудаанд.
Боби 18
Вақте ки писари ман ёздаҳсола буд, ногаҳ бе ҳеҷ гуна сабаб вай хобҳои даҳшатнок медидагӣ шуд. Вай филмҳои даҳшатнок тамошо намекард ва он вақт бо вай ҳеҷ чизи ғайримуқаррарӣ ба амал намеомад. Мо якҷоя бо Кристофер якчанд маротиба дар ин бора дуо кардем, вале хобҳои тарсовар вайро тарк накарданд.
Боре пагоҳӣ ман аз Худо хоҳиш кардам, ки ба ман сабаби ин зуҳуротро кушояд, ва ман хоҳиши сахти ба хонаи хоби Кристофер даромаданро ҳис кардам. «Худованд, агар дар хонаи Кристофер чизе бошад, ки будани он дар ин хона ҷоиз нест, ба ман нишон деҳ» — хоҳиш кардам ман. Ва ҳамон замон пойҳоям худ ба худ маро ба сӯи мизи компютери Кристофер бурданд, дар паҳлӯи компютер дискҳо мехобиданд, ки дар онҳо бозиҳо сабт шуда буданд. Ман диски якумро ба даст гирифтам, ки онро Кристофер муваққатан аз як дӯсташ гирифта буд. Қуттии диск чун дигар қуттиҳои диски бозиҳои саргузаштии бачагона беайб ба назар менамуд. Онро кушода ман дастурро ёфтам, ки дар он ҳеҷ чизи аҷоиберо надидам, вале баъд дар пушти он ман рамзи нафратовари иблисонаро дидам. Ман ба ҳайрат афтода будам, вале гуфтам: «Туро шукр мегӯям, Худованд», ва зуд дискҳоро аз хонаи писарам баровардам.
Агар ин диск аз писарам мебуд, ман бе дудилагӣ онро нест мекардам, вале ман ба падару модари соҳиби ин диск занг задам ва оиди ин кашфиётам нақл кардам.
Онҳо на камтар аз ман ҳайрон гаштанд, зеро дар ин бора чизе намедонистанд. Вақте ки Кристофер аз мактаб баргашт, ман дар бораи бозёфтам ба вай гуфтам. Вай гуфт, ки ин дастурро то ба охир нахондааст, ва намедонад, ки дар ин диск чист. Ӯ бе дудилагӣ қарор дод, ки ин бозиро ба соҳибаш баргардонад.
Бегоҳии ҳамон рӯз ману шавҳарам хонаи писарамонро бо равғани зайтун тадҳин кардем ва дар дуо аз Худованд хоҳиш намудем, ки онро пок намояд. Мо суханони Китоби Муқаддасро дар хотир доштем: «…ва юғ ба сабаби чарб зиён хоҳад дид» (Иш. 10:27). Ва ҳарчанд дар Китоби Муқаддас бештар дар бораи тадҳини одамон нақл карда мешавад, дар он лаҳзаҳое ҳастанд, ки тадҳини биноҳои истиқоматӣ тавсиф дода мешавад. Масалан: «Ва равғани тадҳинро гирифта, масканро бо ҳар он чӣ дар он аст, тадҳин намо, ва онро бо тамоми колояш тақдис кун, ва он муқаддас хоҳад шуд…» (Хур. 40:9).
Дар назди худ мақсади шикастани ҳама гуна юғи душман ва пок кардани хонаи писарамонро аз ҳама гуна куфр гузошта, мо барҳои дарро тадҳин намуда, Рӯҳулқудсро даъват намудем, ки ҳар он чизе аз Худо нест, бадар ронад.
Шаҳодати он, ки мо дуруст рафтор намудем, пурра бас шудани хобҳои даҳшатноки Кристофер буд, ки гӯё ин ҳеҷ гоҳ набуд.
Ҳар хона мунтазам ба поксозӣ эҳтиёҷ дорад — махсусан хонаи кӯдакон. Китоби Муқаддас дар бораи он мегӯяд, ки агар мо ба хонаи худ ҳар гуна чизҳои бад биёрем, онро вайрон месозем. Тадҳини истиқоматгоҳ хуб мешуд, ки бо мақсади пешгирӣ гузаронида шавад, вале агар дар рафтори кӯдаки худ тағйиротҳои манфиро ба монанди он мушоҳида намудед, ки: вай тарсончак, ё дағал, ё бадқаҳр, ё маҳзун, ё дамдузд гардидааст, густохона рафтор менамояд, ё вайро хобҳои даҳшатнок озор медиҳанд — он вақт баъзан кофист, ки дар хонаи кӯдакон дуо кунем, то ки ҳама чиз ба зудӣ беҳтар гардад. Хондани сурудҳои масеҳии ҳамду санокунанда таъсири хуб расонида метавонад. Ман шаҳодат медиҳам, ки баъди ин тағйиротҳои мусбиро дар фарзандони худ мушоҳида намудаам.
Ман бо як оилае шинос ҳастам, ки онҳоро лозим омад бо иблис муборизаи шадид баранд, ки фарзанди шонздаҳсолаи онҳоро ба доми вобастагӣ аз машрубот, маводи мухадир ва оккултизм кашида буд: ва вақте ки писарашон дар мактаб буд, падару модар дар ҳуҷраи вай сурудҳои ибодатро мехонданд ва фитаҳоеро мемонданд, ки дар онҳо порчаҳо аз Навиштаҳои Муқаддас сабт карда шуда буданд. Дар натиҷа рӯҳи беитоатӣ шикаст хӯрд ва писарбача аз сари нав ором ва худотарс гардид.
Вақте ки шумо дар ҳуҷраи фарзандатон дуо мекунед, ҳар он чизе ки Худоро ҷалол намедиҳад, масалан: эълонномаҳо, китобҳо, маҷаллаҳо, расмҳо, суратҳо, бозиҳо, сару либос — ҳар он чизе, ки нишонаҳои куфр доранд, ё ягон хел бо машрубот ё маводи мухадир алоқаманданд, аз он ҷо дур кунед. Дар айни ҳол бо муҳаббат ва пуртоқатӣ ба кӯдак фаҳмондани маънои амалҳои худ ва онро ки Худо ба ин чӣ хел муносибат менамояд, ва дар ин бора дар Каломи Худ чӣ мегӯяд, фаҳмонед. Агар имконпазир бошад, аз кӯдак хоҳиш намоед, ки худаш ҳамаи ашёҳои нолоиқро аз хона дур созад. Ба кӯдак фаҳмондан даркор аст, ки пок кардани иқоматгоҳи вай аз ҳамаи он чизҳое, ки Худоро таҳқир мекунанд, барои оромии шахсии вай ва баҳри он, ки вай баракотҳои Худоро ба даст орад, зарур мебошад. Баъд дар ҳуҷраи кӯдакон дуо кунед ва аз Худо хоҳиш кунед, ки ин ҳуҷраҳоро пок созад. Ман шоҳиди тағйиротҳои аълои натиҷаи ин гуна дуоҳо будам.
Дар ин кор ҳеҷ гуна хурофотпарастӣ нест, баръакс, дар он шумо тасдиқ мекунед, ки хонаи шумо, фарзанди шумо ва ҳаёти ӯ ба Худо бахшида шудааст. Шумо бояд эълон намоед: «…ман ва хонадони ман Худовандро ибодат хоҳем кард» (Еҳ. 24:15). Ин маънои онро дорад, ки хонаи шумо тақдис карда шудааст ва барои ҷалоли Худо ҷудо карда шудааст.
Биёед,
Худованд, ман Рӯҳи Муқаддаси Туро ба ҳуҷраи писари (духтари) ман даъват мекунам. Ту Худованди замину осмон ҳастӣ, ва ман Туро Худованди ин иқоматгоҳ эълон менамоям. Онро бо нури Худ мунаввар соз.
Ҳар гуна зулматеро, ки ба ин ҳуҷра ворид шудан мехоҳад, бадар рон, бигзор дар ин ҷо ба рӯҳи тарс, маъюбӣ, ғазаб, ҳаяҷон, эътироз ва нафрат (дигар зуҳуротҳои манфии рафтори фарзандатонро номбар кунед) ҷой набошад.
Худованд, ман дар бораи он илтиҷо менамоям, ки барои ҳар он чизе, ки аз Ту нест, дар ин хона роҳ баста бошад. Агар дар ин хона чизе бошад, ки дар ин ҷо будани он ҳоҷат надорад, ба ман нишон деҳ, Худованд, то ки он аз ин хона дур карда шавад.
Ҳуҷраи писари (духтари) маро бо девори муҳофизатии Худ иҳота намо, то ки бадӣ натавонад ба он роҳ ёбад. Ин иқоматгоҳро бо муҳаббат, осоиштагӣ, ва хурсандии Худ пур соз. Ман илтиҷо мекунам, ба забони фарзандони ман суханони Довудро гузор: «Андаруни хонаи худ бо ростии дили худ рафтор хоҳам кард. Пеши назари худ чизи қабеҳро нахоҳам гузошт…» (Заб. 100:2-3). Ман аз Ту илтиҷо менамоям, Худованд: ҳуҷраи фарзанди маро ҷои пок ва бо ҷалоли Худ муқаддас гардон.
Ва чизи зиштро ба хонаи худ дохил накун, то ки мисли он ба ҳалокат нарасӣ…
Шустушӯй кунед, пок шавед; аъмоли бади худро аз чашмони Ман дур созед; аз бадкирдорӣ даст кашед.
Пас, эй маҳбубонам, дар сурате ки чунин ваъдаҳо дорем, худамонро аз ҳар гуна наҷосати ҷисм ва рӯҳ тоза карда, қудсияти худро дар тарси Худо мукаммал намоем.
Ба ман, эй Худо, аз рӯи лутфи Худ марҳамат намо, ва ҷиноятҳоямро аз рӯи фаровонии марҳаматҳои Худ маҳв кун. Маро аз гуноҳҳоям чандинбора шустушӯй намо, ва аз хатоям маро пок кун.
Лаънати Худованд бар хонаи шарир аст, вале маскани одилонро Ӯ баракат медиҳад.
Боби 19
Маро аз худи кӯдакӣ ҳисси тарс дунболагир буд, чунки маро модари ҳардамхаёли асабонӣ тарбия карда буд. Табиати девонаавзо ва рафтори таҷовузкоронаи вай маро зери стресси ҳамешагӣ нигоҳ медошт. Ҳангоме ки ман калонтар шуда ба Масеҳ имон овардам, ман дарк кардани сабаби
Дар Лос-Анҷелес мо заминларзаҳо, сӯхторҳо, обхезиҳо, бетартибиҳои кӯчагӣ ва авҷи ҷинояткориро аз сар гузарондем. Дар он шароит агар мо ба тарс дода мешудем, албатта он метавонист бо осонӣ ҳаёти моро фалаҷ гардонад. Аммо силоҳи мо муқобили он — дуои ҳамешагӣ дар бораи муҳофизати Худо буд. Ҳамин ки ман дар чашми кӯдакон тарсро пай мебурдам, мо бо тамоми оила дуо кардан, хондани Китоби Муқаддас ва хондани сурудҳои масеҳиро сар мекардем. Аз он ҷойҳо кӯчида рафта, мо каме ором шудем, вале ба ин нигоҳ накарда, мо сабақҳои он вақт дар он ҷо гирифтаамонро фаромӯш накардем, ва аз ҳама асосии онҳо — муҳаббати комили Худо қудрат дорад ҳар гуна тарсро аз дили ҳар як одам барорад.
Тарс дар ҳамон вақт моро фаро мегирад, ки мо бовар карданро ба он қатъ мекунем, ки Худо қудрат дорад моро ҳифз кунад ва нигоҳ дорад. Тарс кӯдаконро бо осонӣ ғуломи худ мегардонад, чунки онҳо ҳанӯз мустақилона фарқ карда наметавонанд, ки ҳақиқат чист, ва дурӯғ чист. Мо суханони муҳаббат, дастгирӣ ва тасаллӣ гуфта, ба онҳо
Вале ягона воситаи содиқи
Ҳангоме ки Исо ҳамроҳи шогирдон дар даруни баҳр буд ва тӯфон сар шуд, Ӯ ба тарсу ваҳми онҳо бо чунин суханон эътино намуд: «Эй сустимонҳо, чаро ҳаросонед?» (Мат. 8:26).
Исо мехоҳад, ки мо низ монанди шогирдони Ӯ бовар кунем: қаиқи ҳаёти мо ғарқ намегардад, агар дар даруни он ҳамроҳи мо Ӯ бошад.
Лекин баъзан даҳшат метавонад барои кӯдак бори вазнин гашта, ҷони ӯро побанд кунад, ки ҳеҷ гуна чораҳо ва ягон хел суханон ёрӣ расонда наметавонанд. Ин маънои онро дорад, ки кӯдакро рӯҳи тарс таъқиб мекунад. Аммо Китоби Муқаддас ба таври фаҳмо мегӯяд, ки рӯҳи тарс на аз Худо, балки аз душмани ҷони мо бармеояд.
Волидон дар Исои Масеҳ қудрат ва қуввати муқобитият кардан ба ҳисси тарсро доранд.
Азбаски Исо бо мост, фарзандони мо набояд ба зиндагӣ кардан бо тарсу ҳарос розӣ шаванд.
Худованд, дар Каломи Ту гуфта шудааст: «Худовандро талабидам, ва маро иҷобат намуд, ва аз ҳамаи бимҳоям маро халосӣ дод» (Заб. 33:5). Ман дар ин рӯз мехоҳам Туро биталабам, ва боварӣ дорам, ки Ту маро мешунавӣ. Ман хоҳиш менамоям, ки фарзанди маро (номи кӯдак) аз тарсе раҳоӣ деҳ, ки ба вай таҳдид мекунад. Навишта шудааст: «Зеро ки Худо ба мо на рӯҳи тарсу ҳаросро, балки рӯҳи қувват ва муҳаббат ва парҳезкорӣ додааст» (2 Тим. 1-7). Писари (духтари) маро бо муҳаббати Худ пур кун ва ҳисси тарсу ҳарос ва шубҳаро аз дили ӯ дур намо. Бигзор вай ҳузури аз тарсу изтироб озодкунандаи Туро ҳис кунад. Ба фарзанди ман дар ҳама кор ба Ту умед бастанро омӯз. Ба вай ақли расо деҳ, то ки ҳузури иблис ва дурӯғро дарк кунад.
Ҳангоме ки тарс асоснок аст, ба вай хирадмандӣ деҳ, вайро муҳофизат кун ва ба Худ ҷалб намо. Ба фарзанди ман омӯзон, ки чашмонашро аз тарсҳои худ напӯшонад, балки онҳоро дар дуо ба Ту нақл кунад ва аз Ту хоҳиш намояд, ки ӯро аз он тарсҳо раҳоӣ диҳӣ. Ман хоҳиш менамоям, ки дар чунин ҳолатҳо муҳаббати Ту ба ҳаёти вай ворид гардад ва аз он ҳар гуна рӯҳи даҳшатро берун намояд. Бигзор вай Каломи Туро дар дил қабул намояд ва дар ҷони вай имон мустаҳкам гардад.
Худованд, барои ваъдаи додаи Ту дар бораи раҳоӣ додани мо аз тарс миннатдор ҳастам. Бо номи Исои Масеҳ аз Ту илтиҷо менамоям, ки худи ҳамин рӯз фарзанди маро аз ҳар гуна тарсу ҳаросҳо озод намоӣ.
Чӣ қадар фаровон аст меҳрубонии Ту, ки барои тарсгорони Худ нигоҳ доштаӣ ва барои паноҳбарандагони Худ пеши назари банӣ-одам ба амал овардаӣ.
Натарс, зеро ки Ман бо Ту ҳастам; наларз, зеро ки Ман Худои ту ҳастам: Ман туро тақвият хоҳам намуд, ва туро ёварӣ хоҳам дод, ва туро бо ямини адолати Худ дастгирӣ хоҳам кард.
…Бо парҳои Худ туро хоҳад пӯшонид, ва зери болҳои Ӯ паноҳ хоҳӣ ёфт; ростии Ӯ зиреҳ ва ҷавшан аст. Аз воҳимаи шабона нахоҳӣ тарсид, ва аз тире ки рӯзона мепарад; Ва аз вабое ки дар торикӣ қадамгузор аст, ва аз тоуне ки дар нимирӯзӣ талаф мекунад.
Худованд нури ман ва наҷоти ман аст: аз кӣ тарсон бошам?
Камандҳои мамот бар ман печида буд, ва селобҳои мӯҳлик маро ба ҳарос андохта буд; азобҳои гӯр маро иҳота карда буд, домҳои мамот пеши роҳи маро гирифта буд. Дар тангии Худовандро хондам, ва ба Худои худ истиғоса бурдам. Овозамро аз қасри Худ шунид, ва истиғосае ки пеши Ӯ бурдам, ба гӯшаш расид.
Дар муҳаббат ҳаросе нест, балки муҳаббати комил ҳаросро бадар меронад, чунки ҳарос азоб дорад, ва касе ки меҳаросад, дар муҳаббат комил нест.
Боби 20
Иблис ҳама корро мекунад, то ки ақли фарзанди шуморо аз худ кунад. Аммо, хушбахтона, шумо қудрат доред, ки ба вай муқобилият кунед. Агар фарзандатон ҳанӯз хурд бошад, шумо метавонед ба он назорат кунед, ки вай чӣ тамошо мекунад, чӣ гӯш мекунад, чӣ мехонад. Аммо қувваи асосии шумо дар дуо аст. Бинобар ин, ҳатто агар фарзанди шумо аллакай одами калон аст ва ҳар рӯз дар наздатон набошад ҳам, шумо метавонед дар бораи он дуо кунед, ки ақли вай ҳамеша пок ва равшан бошад.
Вақте ки мо Масеҳро ба ҳаёти худ даъват мекунем, ва бо Рӯҳулқудс пур мешавем, мо ғайр аз бисёр баракатҳои дигар, ақли солим — бахшоишеро ба даст меорем, ки онро дигар дар ягон ҷо ба даст овардан ғайриимкон аст. Ин маънои онро дорад, ки ба мо ақлу фаросати Масеҳ дода шудааст. Китоби Муқаддас мегӯяд: «…дар шумо низ бояд айни ҳамон ҳиссиёт бошад, ки дар Исои Масеҳ буд» (Фил. 2:5). Мо танҳо дар ҳамон вақт ба васвасаҳои ин ҷаҳон муқобилат карда метавонем, ки Масеҳ ба мо роҳнамоӣ мекунад, ва ақли худи мо ба андозаи он, ки мо ҳар як андешаи худро дар итоаткорӣ ба Ӯ асир гардонданро омӯзем, нав мегардад.
Модари ман як умр, аз давраи аввали ҷавонӣ то дами марг дар синни 67 солагӣ аз бемории асаб азоб кашид. Ман бо чашмони худ дидам, ки дар ҷаҳони хаёлӣ зиндагӣ карда, фикрҳои худро идора карда натавонистан чӣ маънӣ дорад. Ман имрӯз низ дар ин бора бо даҳшат ёдовар мешавам. Ба Худо имон оварда, ман дар бораи он дуо карданро сар кардам, ки на ман, на фарзандони ман ба ин монанд чизеро аз сар нагузаронем. Дар лаҳзаҳои изтироб ман такрор мекардам: «…Худо ба мо на рӯҳи тарсу ҳаросро, балки рӯҳи қувват ва муҳаббат ва парҳезкориро додааст» (2 Тим. 1:7).
«Худо ба мо
Бемориҳои асаб на ҳамеша ба таври ирсӣ мегузарад. Худо ба фарзандони мо азоб кашиданро аз бемориҳои асаб ё аз вайроншавии системаи асаб таъин накарда аст.
Ҳолати ақл асосан бо он муайян карда мешавад, ки соҳиби он дар бораи чӣ андеша мекунад. Агар сари вай бо масъалаҳои пучи ин ҷаҳон пур бошад, пас андешаҳои вай печ дар печ мешаванд ва ӯ назорат карданро ба эҳсосоти худ аз даст медиҳад; агар одам дар бораи он чӣ фикр мекунад, ки аз Худост — махсусан дар бораи Каломи Ӯ, — пас ақли вай ҳамеша расо мемонад ва дар дилаш осоиштагӣ ҳукмронӣ мекунад. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Чунки Худо Худои харҷу марҷ нест, балки Худои осоиштагист» (1 Қӯр. 14:33). Вазифаи аввалиндараҷаи мо, ҳамчун волидон, аз он иборат аст, ки Каломи Худо дар хотираи фарзандони мо зиндагӣ кунад, он гоҳ ақли онҳо ҳамеша равшан мешавад ва тарсҳои мо несту нобуд мегарданд.
Худо ба мо
Худованд, барои ваъдаи ба мо додани ақли солим аз Ту миннатдор ҳастам. Ва ман аз Ту хоҳиш менамоям, ба кӯдаки ман (номи кӯдак) ақли солим, зеҳни тез, оқилона, боэҳтирос деҳ. Ман дар бораи он илтиҷо мекунам, ки дар сари кӯдаки ман ба ҳеҷ гуна фикрҳои тира, манфӣ ва харҷумарҷ ҷой набошад, ки зеҳни вай бо ягон бори вазнин машаққат накашад. Ба вай дар ҳама вақт равшании фикр деҳ. Ба вай қабул кардани қарорҳои аниқ, фаҳмидани ҳамаи он чӣ, ки бояд фаҳмида шавад, ва тамоми фикру хаёли худро ба чизи аз ҳама асосӣ нигаронида тавонистанро омӯзон. Агар дар организми фарзанди ман ягон хел вайроншавии фаъолияти майнаи сар ё функсияи ғайриоддӣ бошад, бо номи Исо ман аз Ту дар бораи шифоёбӣ илтиҷо мекунам. Бигзор хиради вай «дар Рӯҳ тоза шавад» (Эфс. 4:23) ва «фикри Масеҳро» (1 Қӯр. 2:16) дошта бошад.
Ман дар бораи он дуо мекунам, ки вай Худовандро бо тамоми дилу ҷон дӯст дорад ва дар хотираи вай ба дурӯғи иблис ҷой набошад. Бигзор Каломи Ту дар қалби вай мустаҳкам гардад ва хиради вайро бо он пур созад, ки «рост аст, ва ҳалол аст, ва боинсоф аст, ва пок аст, ва хушоянд аст, ва шоёни таҳсин аст» (Фил. 4:8). Бигзор вай фаҳмидани онро омӯзад, ки ҳамаи он чизи ба ақли вай медаромада як ҳиссаи худи ӯ мегардад ва бигзор вай ҳамаи он чиро, ки мебинаду мешунавад, бодиққат дар тарозуи ақл баркашад.
Дар Каломи Ту гуфта шудааст: «Дили боматонатро Ту дар осоиштагии комил нигоҳ медорӣ, зеро ки вай ба Ту таваккал мекунад» (Иш. 26:3).
Ман дар бораи он хоҳиш мекунам, ки имони фарзанди ман дар Ту ва Каломи Ту рӯз аз рӯз афзун гардад, ва ӯ ҳамеша дорои ақли солим бошад.
Худро ба ин дунё ҳамшакл насозед, балки ба воситаи таҷдиди ақлатон шакли тозае ба худ бигиред, то дарк кунед, ки иродаи нек, писандида ва комили Худо чист.
Ҳеҷ ғам нахӯред, аммо ҳамеша дар дуо ва илтимос бо шукргузорӣ хоҳишҳои худро ба Худо ошкор намоед, — ва осоштагии Худо, ки аз ҳар хирад болотар аст, дилҳои шумо ва фикрҳои шуморо дар Исои Масеҳ нигоҳ хоҳад дошт.
Зеро аслиҳаи ҷанги мо ҷисмонӣ нест, балки назди Худо боиқтидор аст барои хароб кардани қалъаҳо; мо дасисаҳо ва ҳар баландгириро, ки бар зидди дониши Худо қиём мекунад, сарнагун месозем.
Фикрҳои ҷисмонӣ мамот аст, аммо фикрҳои рӯҳонӣ — ҳаёт ва сулҳу осоиштагӣ…
Пас чунин мегӯям ва дар Худованд шаҳодат медиҳам, ки шумо дигар он тавр рафтор накунед, ки бутпарастон аз рӯи хаёлоти ҳеҷу пучи худ рафтор мекунанд. Ақлашон тира гардида, онҳо аз ҳаёти Худо бегона шудаанд ва ба сабаби ҷаҳолат ва дилсахтие, ки ба онҳо хос аст.
Боби 21
Боре ба назди ман духтараки наврасе омад, ки хеле ғамгин буд. Як соати дароз вай гирякунон дар бораи ҳаёти ғамангези худ, рӯҳафтодагии даҳшатноке, ӯро ба андешаи худкушӣ оварда расондааст, нақл кард. Ман нақли вайро гӯш кардам, баъд мо якҷоя дар бораи ҳамаи бадбахтиҳо ва изтиробҳое, ки вайро азоб медоданд, дуо кардем ва ман аз Худо хоҳиш кардам, ки ба вай «…афсаре ба ҷои хокистар бидиҳам, ва равғани шодмонӣ — ба ҷои мотам, ва ридои ҷалол — ба ҷои рӯҳи андӯҳгин» (Иш. 61:3).
Вақте ки мо дуокуниро ба охир расондем, ман аз тағйироти дар андоми вай ба амал омада ба ҳайрат афтодам. Ифодаи қиёфаи андӯҳгин ва маъюс ба зебоии дурахшанда ва ором мубаддал гашта буд. Рӯҳи хурсандӣ ба дили вай ворид гашта буд, ва дар назди ман аллакай одами тамоман дигар меистод. Аз ҳамон дам инҷониб ин духтарак гул-гул мешукуфт ва ӯ дӯстони зиёде пайдо кард.
Бадбахтона, бисёр наврасон аз рӯҳафтодагӣ азоб мекашанд. Вале аз ҳама бадаш он аст, ки ин рӯҳафтодагӣ фарзандони моро дар ҳаёти калонсолона низ таъқиб мекунад. Он меояду меравад ва ба онҳо дар кору зиндагӣ халал мерасонад, муносибати онҳоро бо одамон, саломатии онҳоро вайрон мекунад, ва ҳатто ба муносибати онҳо ба Худо таъсир мекунад.
Аммо набояд ин тавр шавад. Гузаштаи одам чи гуна, ки набошад, вай набояд ба рӯҳафтодагӣ афтад ё ҳама вақт дар рӯҳияи бад бошад. Ба фарзандатон имкон надиҳед, ки ғарқи ғаму ғусса гардад ва одами дорои хислати бад шавад.
Бигзор дуои шумо ба вай шифо диҳад.
Дарҳол маълум аст, ки кадом одам дар худ эҳсосоти манфиро нигоҳ медорад, ва дар дили кадом рӯҳи шодмонӣ ҳукмронӣ мекунад. Ин махсусан дар кӯдакон зуд мушоҳида карда мешавад, чунки онҳо ҳанӯз ниҳон доштани ҳиссиётҳои худро, чун калонсолон, наомӯхтаанд.
Ба кӯдакатон бодиққат нигоҳ кунед: кадом ифодаро шумо аз ҳама бештар дар андоми вай мебинед? Ифодаи осоиштагӣ, хушбахтӣ ё хурсандиро? Ё озурдагӣ, қаҳр, норозигӣ, андӯҳро? Оё дар вай бе ягон сабаб кайфияти ноҷӯр пайдо мешавад? Ҳамин тавр мешавад, ки фарзанди шумо сабаби маъюсии худро фаҳмонда наметавонад? Пеш аз он, ки табъи нохуш барои фарзанди шумо меъёри табиӣ гардад, ба он мудохила кунед. Эҳсосоти манфӣ метавонад вайро пурра фаро гирад, агар танҳо мо ба онҳо бо дуоҳои худ муқобилат накунем, ки рӯҳи хурсандӣ ба онҳо ғалаба кунад.
Ҳеҷ гоҳ натарсед, ки дуоҳои шумо дар бораи бо хурсандии Худованд пур шудани кӯдак метавонанд вайро ба азобҳои дигар одамон бетараф гардонад. Ин ҳодиса рӯй намедиҳад, зеро хурсандӣ дар Худованд аз ҳолатҳои оилавӣ вобаста нест, чунки сарчашмаи он ба пеши назар овардани қиёфаи Худо ва дарк кардани он, ки Ӯ ҳамаи он чизест, ки мо ба он эҳтиёҷ дорем.
Ман гуфтанӣ нестам, ки фарзанди шумо набояд ягон хел эҳсосоти манфӣ ва дарди рӯҳиро аз сар гузаронад. Ман дар бораи он мегӯям, ки эҳсосоти манфӣ набояд вайро идора кунад, ва мо бояд ба Худованд нигарем, зеро Ӯ «…қавми Худро бо шодӣ берун овард, ва баргузидагони Худро бо тараннум…» (Заб. 104:43). Айнан ҳамин тавр Ӯ фарзандони моро низ берун меоварад, танҳо агар мо дар ин бора аз Ӯ хоҳиш намоем.
Худованд, ман аз Ту хоҳиш менамоям, ки ба фарзанди ман хурсандии Худро бубахшӣ. Бигзор имони вай дар қалбаш худи ҳозир афзун гардад, ва бигзор вай тамоми пуррагии хурсандиро аз Ту дарк кунад. Ба вай ёрӣ расон фаҳмад, ки хушбахтии ҳақиқиро танҳо Ту бахшида метавонӣ.
Агар эҳсосоти манфӣ ӯро азоб диҳанд, ӯро бо муҳаббати Худ иҳота намо. Бигзор вай чунин сатрҳоро аз Навиштаҳо ба хотир оварад: «Ҳамин рӯзро Худованд ба амал овард: дар он ба ваҷд омада, шодӣ хоҳем кард» (Заб. 117:24). Фарзанди маро аз маъюсӣ, рӯҳафтодагӣ, танҳоӣ, қаҳр ё рад карда шудан нигоҳ дор. Бигзор вай ҳеҷ гоҳ ба эҳсосоти манфӣ дода нашавад. Бигзор вай дар дили худ гӯяд: «Валекин ҷонам дар Худованд хурсандӣ хоҳад кард; дар наҷоти Ӯ шод хоҳам шуд» (Заб. 34:9).
Худованд, ман медонам, ки ҳама эҳсосотҳои манфӣ, ки фарзанди ман аз сар мегузаронад, ба таълимоти Ту мухолиф аст. Каломи Худро дар дили фарзанди ман мустаҳкам гардон ва бигзор имони вай ҳамарӯза инкишоф ёбад. Ба вай бовар карданро ба муҳаббати Ту, ва дар Ту имрӯз ва ҳамеша хурсандиро ёфта, рӯҳан мустаҳкам шуданро биомӯз.
Агар аҳкоми Маро риоят кунед, дар муҳаббати Ман хоҳед монд, чунон ки Ман аҳкоми Падари Худро риоят кардам, ва дар муҳаббати Ӯ мемонам. Инро ба шумо гуфтаам, то ки шодии Ман дар шумо бимонад ва шодии шумо комил бошад.
Тариқи ҳаётро ба ман биомӯз: камоли шодиҳо ба ҳузури Туст, ва хушиҳо ба ямини Туст то абад.
Пас, Худои умед бигзор шуморо дар имонатон аз ҳар гуна шодӣ ва сулҳу осоиштагӣ пур кунад, то ки бо қуввати Рӯҳулқудс умедатон афзун гардад.
Зеро ки ғазаби Ӯ як лаҳза аст ва ҳусни таваҷҷӯҳи Ӯ дар зарфи як зиндагонӣ: бегоҳӣ гиря маскан мегирад, валекин пагоҳӣ — шодмонӣ.
Дар Худованд шодии бисёр мекунам, ва ҷони ман дар Худои ман ба ваҷд меояд, зеро ки Ӯ маро либоси наҷот пӯшонидааст, ва ҷомаи адолат бар дӯшам гузошта аст, чунон ки домод афсарро мисли коҳине бар сари худ мениҳад.
Боби 22
Ба ҳама маълум аст, ки мо аломатҳои зоҳирии волидайни худро, масалан, чашмони модар ё бинии падар, ё ранги мӯи модаркалонро мерос мегирем. Аммо оё шумо дар он бора медонед, ки мо боз вориси хусусиятҳои хислати волидайн ба монанди ахлоқи бад, ҳасад, бахшида натавонистан, худпарастӣ ва ғурур, ба дурӯғ майл доштан, рӯҳафтодагӣ ҳастем? Ин ва дигар сифатҳое, ки решаи рӯҳонӣ доранд, метавонанд аз волидайн ба фарзандон ва набераҳо гузаранд. Аз саргузашти баъзе оилаҳо дидан мумкин аст, ки якчанд наслҳо бо худи ҳамон як масъала рӯ ба рӯ мешаванд, масалан, чунин масъалаҳо ба монанди барқарор карда натавонистани муносибатҳои мустаҳкам дар оила, бевафоии ҳамсарон, майпарастӣ, нашъамандӣ, майл доштан ба рӯҳафтодагӣ. Одамон кӯшиши худро сафед карда намуда, мегӯянд: «Хайр, чӣ илоҷ, ман ҳамин тавр зишт ҳастам».
Оиди таъсири волидайн ба тақдири фарзандон Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Худо «барои гуноҳи падарон аз писарон то насли сеюм ва чорум» (ба Хур. 20:5 ниг.) ҷазо медиҳад. Дар ин оят дар бораи одамоне гуфта мешавад, ки Худоро дӯст намедоранд. Вале падару модари имондор низ метавонад роҳи гуноҳро пеш гирад, ки ин метавонад ба фарзандони онҳо ба таври аз ҳама ҷиддӣ таъсир расонад.
Китоби Муқаддас мегӯяд: «…касе ки дар Масеҳ аст, махлуқи навест; чизҳои қадима гузаштааст, ва инак ҳама чиз нав шудааст» (2 Қӯр. 5:17). Аммо ин маънои онро надорад, ки ба назди Масеҳ омада, мо гуноҳ карда наметавонистагӣ мешавем: ин маъно дорад, ки мо аз оқибати гуноҳ, яъне аз марг озод ҳастем, ва ба мо қувват дода шудааст, ки ба васваса истодагарӣ намоем. Ба ин нигоҳ накарда, ҳар рӯз мо интихоб мекунем: дар ин озодӣ ва қуввват зиндагӣ кунем ё не.
Китоби Муқаддас инчунин ба мо мегӯяд: «Пас, дар озодие ки Масеҳ моро барои он озод кардааст, устувор истед ва аз нав гирифтори юғи ғуломӣ нашавед» (Ғал. 5:1). Агар мо акнун аз ғуломии гуноҳ озод бошем, пас барои чӣ Китоби Муқаддас моро аз ин хатар огоҳ мекунад? Ҷавоб чунин аст: ба он нигоҳ накарда, ки Исо моро озод кард, мо ихтиёр дорем, ки Ӯро интихоб кунем ё ба қафо, ба сӯи гуноҳ баргардем.
Гап дар он аст, ки мо баъзан ба васваса афтода, ба хоҳишҳои ҷисм дода мешавем ва он кореро мекунем, ки набояд кунем. Бисёр вақт мо анъанаҳои бади оилавиро нигоҳ медорем ва онҳоро ба фарзандони худ медиҳем. Дар фарқият аз хосиятҳои ҷисмонӣ, ки ҳамеша ба мерос дода мешаванд, майл доштан ба гуноҳ он меросе нест, ки мо бояд итоаткорона аз волидон қабул кунем. Барои чӣ? Барои он, ки майл доштан ба гуноҳ — розигии бешарти қабул кардани дурӯғи иблисро ба ҷои ҳақиқат мефаҳмонад. Душман ба мо талқин кардан мехоҳад, ки мо тамоман махлуқҳои нав дар Масеҳ нестем ва аз гуноҳҳои гузаштагони худ озод нестем. Иблис имондорро ба он талқин менамояд, ки агар падар ё бобои вай майзада ё одамгурез буд, ё зани худро истифода мебурд, ё ба иззати нафси наздикон мерасид, ё фиребгарӣ мекард, пас, ӯ низ ҳамин хел хоҳад шуд, зеро ин сифатҳои манфӣ — хусусияти оилавии вай аст. Вале дар ҳақиқат, агар хоҳем, мо метавонем бо дуо ва қувваи Рӯҳулқудс алоқаро аз анъанаҳои гуноҳкоронаи оилавӣ барканем. Аммо агар мо бинем, ки айбҳои мо дар кӯдаконамон, чун дар оина, инъикос меёбанд, пас, вазифаи мо дуо кардан дар бораи раҳо ёфтани онҳо аз мероси бад аст.
«Агар Худо моро бо меҳрубонии Худ наҷот дода аст, Рӯҳулқудс моро пок ва дигаргун сохт, ва мо бо хуни Исо сафед шудаем, пас, барои чӣ ман ҳанӯз ҳам аз ӯҳдаи гуноҳ намебароям?» — якчанд сол пеш пурсидам ман аз роҳбари рӯҳонии худ. «Ин бо ду сабаб ба амал меояд: ё барои гуноҳ бахшиш напурсидаед, ё шумо онро дидаву дониста мекунед», — ҷавоб дод ӯ. «Ман то ҳанӯз наметавонам баъзе аъзоёни оилаамро барои ҳодисаҳои ким кай бо ман рӯй дода гуноҳашонро бубахшам, — гуфтам ман. — Аммо ман ин гуноҳи худро эътироф намудам ва барои он тавба кардам. Барои чӣ ман ба он таври қатъӣ ғалаба карда наметавонам?»
«Модари шумо шахсе буд, ки бахшида наметавонист, ҳамин тавр не?» — пурсид роҳбар. «Ҳа, ҳамин тавр. Ӯ қариб аз ҳамаи аъзоёни оила ранҷидахотир буд. Бинобар ин вай аз ҳама дур гашта буд. Ва ӯ бо ҳамин сабаб ягон дӯcт надошт: вай ҳамаро бо надоштани хоҳиши бахшидани ҳатто гуноҳҳои хурдтарин аз худ дур мекард». «Шумо боре андеша кардаед, ки ин сифатро аз модаратон мерос гирифта метавонистед — яъне бахшида натавонистанро, ва он хислати рафторатон мегардад? Фарзандон сифатҳои волидайнро мерос мегиранд», — гуфт вай.
Ман ҳеҷ гоҳ фикр намекардам, ки ба амалҳои ман на танҳо ақли солим роҳбарӣ карда метавонад. Ба қарорҳо ва ҳеҷ бахшиданро омӯхта натавонистани ман ким чизе таъсир расонданро давом медод. Ва ҳар чӣ бештар ман дар ин бора андеша мекардам, ҳамон қадар ба хотирам ҳодисаҳое меомад, ки хешовандони ман кинагир буданд. Қариб ҳамаи оилаҳо дар як давраи ҳаёти худ бо ҳодисаи бераҳмӣ ру ба рӯ мешаванд, ва кӯшиш мекунанд ба он аҳамият надиҳанд, то ки ба канда шудани алоқаҳои хешу таборӣ роҳ надиҳанд.
«Ман медонам, ки ин маро сафед намекунад, вале ман мебинам, ки аъзоёни оилаи ман чӣ тавр кинагир мебошанд, онҳо якдигарро бахшида наметавонанд, — иқрор шудам ман. — Аммо аз ҳама бештар ман аз он метарсам, ки фарзандонам ин хислатро мерос мегиранд. Ман мебинам, ки онҳо бисёр вақт баъзе гуноҳҳои якдигарро намебахшанд. Маро он фикр ба даҳшат меорад, ки баъди аз ҳаёт даргузаштани ману шавҳарам, фарзандони мо ба якдигар бегона мешаванд. Ман мефаҳмам, ки барои фарзандон шуда, ман бояд аз ин гуноҳ озод шавам».
Он рӯз мо бо роҳбар дар бораи он дуо кардем, ки гуноҳи бахшида натавонистан ҳамчун хислати оилавии мо аз насл ба насл нагузарад, балки бо қуввати Рӯҳулқудс бас карда шавад. Ман аз оятеро аз Навиштаҳои Муқаддас иқтибос овардам, ки дар он гуфта мешавад, ки ман махлуқи нав дар Масеҳ ҳастам ва набояд мувофиқи анъанаву одатҳои гуноҳкоронаи пештара зиндагӣ кунам. Ин барои ман ваҳй буд, ва ман қарор додам хоҳиши бахшидан надоштани худро дар худи ҳамон лаҳзае, ки он пайдо мешавад, агар даркор шавад, ҳар соат, эътироф намоям.
Ҳар чӣ бештар ман бахшиш пурсида, дуо карда, тавба карда аз гуноҳи бахшида натавонистан озод мешудам, ҳамон қадар аниқ медидам, ки чӣ тавр озодшавии фарзандони ман амалӣ мегардад, зеро муносибатҳои онҳо ба таври чашмрас беҳтар гардида буд. Албатта, хоҳиши онҳо дар бораи бахшидан на танҳо аз ман, балки аз худи онҳо вобаста аст. Бахшидан ё не — ин қарори шахсии онҳост. Лекин он, ки онҳо дар назди худ намунаи бахшида тавонистанро мебинанд, ба он оварда мерасонад, ки онҳо қарори дуруст қабул мекунанд.
Волидайн як воситаи аз ҳама таъсирбахши тағйир додани хислати кӯдакро доранд — тағйир додани хислати шахсии худ, илова бар ин, беҳтараш аз эътирофи гуноҳ дар худ сар кардан даркор аст. Агар гуноҳ такрор карда шавад, пас, ба зудӣ он ҷои худро мустаҳкам мекунад. Масалан, дурӯғ гуфтан — гуноҳ аст. Дурӯғи такрор карда шуда ба дурӯғи минбаъда роҳ мекушояд, ва дере нагузашта вазъият аз зери назорат мебарояд. Ё ин ки боз як намуна: хоҳиши мурдан низ гуноҳ аст. Вақте ки одам ибораи «Ман мурдан мехоҳам»-ро такрор мекунад, ба зудӣ маълум мегардад, ки ӯро фикри худкушӣ таъқиб менамояд.
Агар шумо фаҳмидед, ки гуноҳ кардед ё аз роҳи Худо баромадед, пас, фавран дар назди Худо тавба кунед, ба Ӯ гуноҳи худро кушоед ва аз Ӯ хоҳиш намоед, ки шуморо бахшад, ва гӯед: «Худованд, ман роҳнамоии Туро мехоҳам, ба ман ёрӣ расон ҳаётамро тағйир диҳам».
Баъд гуноҳи волидони худ ва волидони онҳоро номбар кунед, ки ба фарзандони шумо ва шумо ҳукмронӣ мекунанд, ва дар ин хусус дуо кунед. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Ҳамон Рӯҳ ба рӯҳи мо шаҳодат медиҳад, ки мо фарзандони Худо ҳастем. Ва агар фарзандонаш бошем, ворисонаш низ ҳастем: ворисони Худо ва ҳамирсонаш низ ҳастем…» (Рум. 8:16-17). Мо мехоҳем ворисони Худо бошем, на ворисони гуноҳҳои оилавӣ.
Бо номи Исо мо метавонем аз ҳар як гуноҳи оилавӣ озод бошем ва бо қуввати Рӯҳулқудс метавонем онро ба ҳаёти фарзандонамон роҳ надиҳем. Агар шумо нахоҳед, ки фарзандонатон аз гуноҳҳои наслҳои пешинаи оила азоб кашанд, худи ҳозир дуо карданро сар кунед.
Худованд, Ту дар Каломи Худ гуфтаӣ, ки одами некукор ба наберагони худ мерос боқӣ мегузорад (ба Мас. 13:22 ниг.). Ман хоҳиш дорам меросе, ки ба фарзандонам мегузорам, тӯҳфае барои ҳаёти порсоёна ва дар назди Ту пок бошад. Барои ин ман бо номи Исо илтиҷо мекунам: маро аз ҳар гуна гуноҳи аз волидайн ва аз бобокалонҳо мерос гирифтаам пок соз. Ман гуноҳҳои худро дар назди Ту эътироф мекунам ва бахшишу шифо мепурсам, зеро дар Каломи Ту гуфта шудааст: «Агар мо гуноҳи худро эътироф кунем, Ӯ амин ва одил аст, ки гуноҳҳои маро биомурзад ва моро аз ҳар ноинсофӣ пок намояд» (1 Юҳ. 1:9) Медонам, вақте ки ман гуноҳи худро эътироф мекунам ва барои он тавба мекунам, эҳтимолияти он, ки фарзанди ман ин гуноҳро аз ман мерос мегирад, хеле кам мегардад.
Исо ба мо гуфта буд: «…ба шумо қудрат медиҳам, ки… тамоми қуввати душманро поймол кунед…» (Луқ. 10:19). Агар иблис хоҳад, ки фарзанди маро (номи фарзанд) маҷбур созад гуноҳе кунад, ки он дар ҳаёти ман ҷой дошт, ман нақшаи вайро бо қувват ва қудрате, ки ба ман Исои Масеҳ додаст, вайрон месозам. Махсусан ман дар бораи (номи нуқсоне, ки ба аъзоёни оилаатон хос аст ва шумо мехоҳед фарзандатонро аз он нигоҳ доред) дуо кунам. Ман ҳамаи он чиро, ки аз Ту нест, инкор мекунам, Худованд.
Миннатдорам аз Ту, Исо, барои он ки Ту ба замин омадӣ, то моро аз гуноҳҳои гузаштаи мо раҳо созӣ. Мо вобаста буданро аз онҳо инкор мекунем. Миннатдорам аз Ту, Падари Осмонӣ, барои он ки Ту «моро ба мероси муқаддасон дар нур» даъват намудаӣ (ба Қӯл. 1:12 ниг.). Ту моро аз асорати зулмот раҳо намудӣ. Ман хоҳиш менамоям, ки писари (духтари) ман аз хешовандони худ хусусиятҳои бади хислатро мерос нагирад, балки мувофиқи амри Ту рафтор намояд: «…Малакутеро, ки аз ибтидои офариниши олам барои шумо муҳайё шудааст, мерос бигиред…» (Мат. 25:34). Минатдорам аз Ту, Исо, барои он ки дар Ту гузашта ба охир мерасад ва ҳаёти нав сар мешавад.
Пас, дар озодие ки Масеҳ моро барои он озод кардааст, устувор истед ва аз нав гирифтори юғи ғуломӣ нашавед.
Муборак аст Худо ва Падари Худованди мо Исои Масеҳ, ки бо марҳамати бузурги Худ, ба василаи эҳёи Исои Масеҳ аз мурдагон, моро аз нав ба вуҷуд овард барои умеди зинда, барои мероси бефано, пок ва пажмурданашаванда, ки дар осмон маҳфуз аст, ки бо қуввати Худо ба воситаи имон нигоҳ дошта мешавед барои наҷоте ки муҳайё шудааст, то ки дар замони охир ба зуҳур ояд.
Рӯҳи Худованд Худо бар Ман аст, зеро ки Худованд Маро тадҳин намудааст: Маро фиристодааст, то ки ба мискинон башорат диҳам, шикастадилонро шифо бахшам, озодиро ба асирон ва фатҳи зиндонро ба бандиён эълон намоям.
Пас, касе ки дар Масеҳ аст, махлуқи навест; чизҳои қадима гузаштааст, ва инак ҳама чиз нав шудааст.
Зеро ки мо низ як вақте бемулоҳиза, беитоат, гумроҳ, ва бандагони ҳавасҳо ва ҳаловатҳои гуногун будем, бо кина ва ҳасад умр ба сар мебурдем ва мутанаффири дигарон буда, аз якдигар нафрат доштем. Аммо вақте ки файз ва одамдӯстии Наҷотдиҳандаи мо Худо зоҳир шуд, — Ӯ моро на бар тибқи аъмоли одилонае ки мо мекардем, балки ба ҳасби марҳамати Худ наҷот дод, ба василаи ғусли таваллуди дубора ва таҷдиде ки аз Рӯҳулқудс аст. Онро бар мо ба воситаи Исои Масеҳи Наҷотдиҳандаи мо ба фаровонӣ бирехт, то ки мо, бо файзи Ӯ сафед шуда, ба ҳасби умед ворисони ҳаёти ҷовидонӣ гардем.
Боби 23
Иблис фарзандони моро шикор мекунад ва ҳама кори аз дасташ меомадаро мекунад, то ки онҳоро аз мо бидуздад. Майпарастӣ, нашъамандӣ ва дигар намудҳои тобеият — ана ин аст «чангакҳои» дӯстдоштаи вай. Ҳуҷум ба фарзандони мо он қадар пурзӯр аст, ки онҳо мустақилона онро рафъ карда наметавонанд. Хушбахтона, онҳо дастгирӣ, дуо, маслиҳатдиҳии моро доранд, ки ба онҳо ёрӣ мерасонанд истодагарӣ намоянд. Аз як тараф, барои ояндаи фарзандон дуокуниро сар кардан барои он, ки рағбат ба майнӯшӣ ва нашъамандӣ ба онҳо дахле надошта бошад, ҳеҷ гоҳ барвақт нест, зеро ҳатто дар синни хурдӣ ба ин дом афтодан хеле осон аст. Аз тарафи дигар, барои ин эҳтиёҷот дуо кардан ҳеҷ гоҳ дер нест, зеро одам дар ҳар як давраи ҳаёт метавонад ба васваса дода шавад. Ман мардеро медонам, ки баъд аз синни панҷоҳсолагӣ майзада шуд. Вай ҳеҷ гоҳ инкор намекард, ки ба нӯшокиҳои спиртӣ майл дорад, аммо вай то он даме ба ин сустӣ дода нашуд, ки боре ба як шабнишиние рафт, ки дар он ҷо нӯшокиҳои сахти спиртӣ пешниҳод карда мешуд. Вай каме нӯшид, вале вақте ки ба хона омад, аллакай дигар истода натавонист. Агар вай модари дуокунанда, ё падари дуокунанда, ё дӯстон дар гурӯҳи дуокунанда медошт, ки барои вай шафоатхоҳӣ мекунанд, эҳтимол чунин ҳодиса ҳеҷ гоҳ рӯй намедод.
Ман худам дидаам, ки мусиқачиёни масеҳӣ, ки Худоро ҳамд мекунанд, ба васваса дода шуда, майзада ё нашъаманд шуданд.
Чунин одамон дар сафи пеши муҳорибаи рӯҳонӣ мебошанд ва бисёр вақт хатарҳоро намебинанд, то он даме, ки маълум мешавад, ки ба онҳо аллакай душман ғалаба кардааст. Онҳо барои иблис сайди осон мебошанд, ва ба зудӣ дар доми вай мезананд, танҳо барои он, ки ҳаёти онҳо бо дуо муҳофизат карда нашудааст. Ҳарчанд эътироф кардан даркор аст, ки баъзеи онҳо ба таври ихтиёрӣ ба роҳи гуноҳ мераванд, ба ҳар ҳол бисёрии онҳо мехоҳанд ҳаёти парҳезкорона дошта бошанд. Сабаби ин фоҷиаро дар он ҷӯстан даркор аст, ки садои ҷисм ва ҳуҷумҳои иблис дар ҳақиқат, аз оне ки мо фикр мекунем, хеле пурқувваттар аст. Дар лаҳзаҳои сустӣ, ки ҳар кадоми мо дорем, одам метавонад рафторе кунад, ки дар бораи он ҳатто фикр карда ҳам наметавонист. Танҳо қувваи Худо, ки ба воситаи дуо амал мекунад, метавонад ҳама чизро тағйир диҳад.
Агар писар ё духтари шумо
Китоби Муқаддас мегӯяд: «…хоҳ мехӯред, хоҳ менӯшед, ё кори дигаре мекунед, ҳамаашро барои ҷалоли Худо ба ҷо оваред» (1 Қӯр. 10:31). Биёед барои он дуо мекунем, ки фарзандони мо дар бораи худ ғамхорӣ кунанд, ва тамоми рафтори онҳо дар хоҳиши ҷалол додани Худо асос ёфта бошад.
Худованд, ман аз Ту илтиҷо мекунам, ки фарзанди ман (номи кӯдак) аз ҳар гуна тобеият — махсусан аз майнӯшӣ ва нашъамандӣ озод бошад. Вайро пурқувват гардон, вайро ба Худ ҷалб намо ва ба вай биомӯз, ки дар ҳама кор ба Ту таваккал кунад. Ба вай роҳеро нишон деҳ, ки вай бояд бо он равад, ва ба вай кушо, ки худро нигоҳ дошта, вай ба Ту хизмат мекунад.
Ман аз Ту хоҳиш менамоям, Худованд: тамоми нақшаҳои иблисро, ки ҷидду ҷаҳд дорад фарзанди маро ба майнӯшӣ ва нашъамандӣ ҷалб кунонда ҳалок созад, вайрон соз ва чуноне кун, ки писари (духтари) ман ба он ягон хел ҳавас надошта бошад. Дар Каломи Ту гуфта шуд: «Роҳе ҳаст, ки ба назари кас рост менамояд, вале оқибаташ роҳҳои мамот аст» (Мас. 16:25). Ба вай фарқ кардани дурӯғро омӯз, ва ба вай қувват деҳ, ки ба ҳамаи он чӣ, ки марг меорад, «не» гӯяд, ва ба ҳамаи он чизе, ки аз Худо аст ва ҳаёт меорад, «ҳа» гуяд. Ба вай дар ҳар як васваса дидани ҳақиқатро омӯз ва аз бадӣ ва аз тӯрҳои партофтаи иблис муҳофизат намо. Бигзор ӯ ҳамеша ҳаётро интихоб намояд ва фаҳмад, ки ҳама чиз дар ин ҷаҳон танҳо аз Ту вобаста аст.
Бо номи Исо ман дар бораи он дуо мекунам, ки фарзанди ман ҷисми худро дар покӣ барои ҷалоли Ту нигоҳ дорад.
Зеро ки агар шумо ба ҳасби ҷисм зиндагӣ кунед, албатта хоҳед мурд; аммо агар аъмоли ҷисмониро ба воситаи Рӯҳ бикушоед, зинда хоҳед монд.
Ва ғуссаро аз дили худ берун намо, ва бадиро аз ҷисми худ дур андоз…
…ҳаёт ва мамотро, яъне баракат ва лаънатро ба шумо пешкаш кардам; пас, ҳаётро интихоб намо, то ки ту бо насли худ зинда бимонӣ.
Адолати ростдилон онҳоро наҷот медиҳад, вале хоинон дар ҳирси худ гирифтори бало мешаванд.
Пас, агар Писар шуморо озод кунад, ҳақиқатан озод хоҳед буд.
Боби 24
Дар як қатор бо бадбахтиҳои аз ҳама даҳшатнок, ки фарзандони моро таҳдид мекунанд, — садамаҳои хатарнок, марг ва дӯзахи абадӣ — гуноҳи шаҳвонӣ меистад. Барои чӣ? Барои он, ки оқибати он дар давоми тамоми ҳаёти ҳам волидайн ва ҳам фарзандон дар бораи худ хотиррасон мекунад. «Исқоти ҳамл», «шаҳвати бе никоҳ», «хиёнат», «гомосексуализм», «бемориҳои венерикӣ», «CПИД» — ана ин аст маҷмӯи масъалаҳои ҳалталабе, ки аз онҳо ҳар як падару модар бо даҳшат меларзанд. Имрӯзҳо ин дар ҳақиқат масъалаи ҳаёт ва марг гаштааст. Ба ҳама маълум аст, ки беинтизомии шаҳвонӣ беасар намегузарад. Аммо моро на танҳо саломатии ҷисмонии фарзандонамон ба ташвиш меорад. Китоби Муқаддас даъват мекунад: «…аз ҳавасҳои ҷисм, ки бар зидди ҷон қиём мекунанд, парҳез намоед» (1 Пет. 2:11). Оқибатҳои гуноҳи шаҳвонӣ ҷонро мекушанд.
Дар бораи ин масъала ман дуокуниро вақте сар кардам, ки писару духтарам тамоман хурд буданд, дуо карданро имрӯз низ беист давом медиҳам. Албатта, ман намехоҳам, ки фарзандони ман аз бемории СПИД миранд, ё пеш аз он, ки Аманда ва Кристофер ба никоҳи қонунӣ дароянд, ман соҳиби набера шавам. Ғайр аз ин, ман намехоҳам, ки онҳо ба Худо беитоатӣ кунанд ва таъиноти худро иҷро накунанд. Ман медонам, барои он ки хоҳишҳои ҷисмро қонеъ гардонад, одам метавонад аз ҳузури Худо, осоиштагӣ, баракат ва хурсандӣ даст кашад. Ин нарх хеле гарон аст.
Чӣ тавре, ки ба фарзанд наомӯхтани роҳҳои Худо мумкин нест, ҳамин тавр интизор шудан ва дуоро то он лаҳзае мавқуф гузоштан мумкин нест, ки кӯдак ҷавони наврас шавад. Худи ҳозир дуо карданро сар кардан даркор аст. Махсусан имрӯзҳо ба доми шаҳват афтодан хеле осон аст: дар ҳама ҷо фарзандони моро эълонномаҳои ошкоро, лаҳзаҳои кино ва реклама, расмҳои ошкор таъқиб менамоянд. Ҷонҳои кӯдакон зери тирборони ҳамешагианд, ва мо фикр карда, ки васваса аз як тарафи онҳо гузашта меравад, худро фиреб медиҳем. Ин чунин нест, зеро қуввати васвасаҳо бузург аст. Фарзандон ба шафоатхоҳии дуогии волидайн мӯҳтоҷанд. Ҳатто агар писар ё духтари шумо аллакай зери таъсири ҳалокатовари гуноҳ афтода бошанд ҳам, эътироф кардани гуноҳ ва тавба кардан, ба даст овардани бахшиш ва шифо ёфтан ҳеҷ гоҳ дер нест.
Китоби Муқаддас мегӯяд: «Касе ки аз худаш дилпур бошад, аблаҳ аст, вале касе ки бо хирад рафтор кунад, раҳо хоҳад шуд» (Мас. 28:26). Мо бояд дуо кунем, то ки фарзандони мо ба Худо бовар кунанд, на ба ҳиссиётҳои ноустувори худ, то ки онҳо ҳамон тавре рафтор кунанд, ки аҳкомҳои Худо амр медиҳанд.
Покии ҳаёти маҳрамона — яке аз роҳҳои Худо аст, ки бо он рафтанро дар синни хурдӣ омӯхтан лозим аст. Муҳим нест, ки фарзанди шумо чандсола аст — ширмак ё ҷавони наврас, ё аллакай аз сисола калонтар, бокира аст, ё аллакай таҷрибаи шаҳвонӣ дорад, — аз ду сар дар бораи покии ҳаёти маҳрамонаи вай ҳозир ва ҳамеша дуо кунед.
Худованд, ман аз Ту илтиҷо менамоям: ба писари (духтари) ман мадад кун, ки ҳаёти маҳрамонаи худро то охири умри худ пок нигоҳ дорад. Ба вай хоҳиши порсоёна зистанро деҳ, бигзор покдоманӣ як ҳиссаи шахсият ва асоси рафтори вай гардад. Ба вай дар муносибатҳо бо ҷинси дигар мадад расон, ки ҳамеша аҳкомҳои Туро роҳнамои худ донад ва ҳамаи он чизеро ки аз Ту нест, инкор кунад.
Чашмони вайро ба ҳақиқати Каломи Худ кушо ва ёрӣ расон фаҳмад, ки шаҳвати беникоҳ ҳеҷ гоҳ баракат намеорад, чунин муносибат пойдор нест ва барои муҳаббати ҳаққонӣ таҳкурсӣ шуда наметавонад. Бигзор ҷони вай ҳеҷ гоҳ аз оқибати гуноҳи шаҳвонӣ азоб накашад.
Ман дар бораи он дуо мекунам, ки дар ҳаёти писари (духтари) ман шаҳвати пеш аз никоҳ ва муносибатҳои маҳрамона бо касе, ғайр аз ҳамсар, набошад; то ки гуноҳи гомосексуализм ҳеҷ гоҳ ба вай наздикӣ накунад. Фарзанди маро аз муошират бо одаме, ки ниятҳои бад дорад, муҳофизат намо, ё чунин одамро аз ҳаёти вай берун кун. Вайро аз ҳар гуна зӯроварӣ нигоҳдорӣ намо. Чашмони вайро аз ҳар гуна фисқу фасод, ки ин ҷаҳон аз он пур аст, ба дигар тараф гардон ва бигзор вай огоҳии Туро донад: «…касе ки мехоҳад дӯсти дунё бошад, душмани Худо мегардад» (Яъқ. 4:4). Бигзор вай ҳамеша ҷидду ҷаҳд намояд, ки ба Ту мақбул бошад ва ҳеҷ гоҳ зино накунад. Ҷони вайро аз шаҳвати ҷисм наҷот деҳ. Бигзор Рӯҳулқудс ба монанди бонге, ки дар ҳолати хатар ба кор медарояд, фарзанди маро аз он огоҳ созад, ки вай дар рафтори худ ба сарҳади иҷозат додашуда дар пеши чашмони Ту наздик шудааст.
Дар Каломи Ту гуфта шудааст: «Хушо касе ки дар озмоиш вафодор мемонад, зеро вақте ки вай имтиҳон медиҳад, тоҷи ҳаётро, ки Худованд ба дӯстдорони Худ ваъда кардааст, ба даст хоҳад овард» (Яъқ. 1:12). Ба фарзанди ман ёрӣ расон, вақте ки ӯро ба васваса меандозанд, ва ба вай қувват деҳ, ки ба он чӣ, ки ҳақиқат аст, истодагарӣ намояд ва ба ӯ бурдани ҳаёти порсоёнаро омӯз, то ки дар охир тоҷи ҳаёти ҷовидониро ба даст орад.
Зеро иродаи Худост, ки шумо пок бошед ва аз зино парҳез кунед; ва ҳар яке аз шумо битавонад бадани худро дар покӣ ва шараф нигоҳ дорад, на дар оташи шаҳват, монанди халқҳое ки Худоро намешиносанд…
Аз зино бигрезед. Ҳар гуноҳе ки одамизод мекунад, аз ҷисм берун аст, лекин зинокор бар зидди ҷисми худаш гуноҳ мекунад.
…Лекин ҷисм на барои зино, балки барои Худованд аст, ва Худованд барои ҷисм аст.
Озмоише ки ба сари шумо омадааст, ҷуз озмоиши оддии инсонӣ чизи дигаре нест; ва Худо амин аст, ва Ӯ намегузорад, ки шумо берун аз қуввати худ озмуда шавед, балки дар баробари озмоиш сабукӣ ҳам медиҳад, то ки шумо тоб оварда тавонед.
Балки ҳар кас саргарм ва фирефтаи ҳаваси худ гардида, ба озмоиш дучор гардида, ба озмоиш дучор мешавад; баъд ҳавас, ҳомила шуда, гуноҳро ба дуне меоварад, ва гуноҳ, ки ба амал омад, мамотро ба вуҷуд меоварад.
Боби 25
Дере нагузашта баъд аз таваллуди фарзандонам ман барои ҳамсарони ояндаи онҳо дуо карданро сар кардам. Ман имрӯз ҳам дар ин бора дуо мекунам ва то рӯзӣ тӯяшон ман дуо карданро давом медиҳам. Якҷоя бо ин ман дар бораи он дуо мекунам, ки дар онҳо ҳеҷ гоҳ хоҳиши ҷудошавӣ пайдо нашавад. Эҳтимол, ба ягон кас ин дуоҳо пеш аз мӯҳлат намоянд, аммо ин тавр нест. Баъд аз дар дили худ қабул кардани Исо қарори хонадор шудан барои фарзандони мо қарори аз ҳама муҳим аст, зеро маҳз он тамоми ҳаёти минбаъдаи онҳоро муайян мекунад, дар бораи таъсири ин иқдом ба ҳаёти аъзоёни оилаи онҳо ҳоҷати гап ҳам нест. Қарори нодуруст ба ҳама наздикон дардовар мешавад. Азбаски танҳо Худо медонад, ки кӣ ҳамсари беҳтарин барои фарзанди шумо буда метавонад, пас, танҳо Ӯ метавонад маслиҳатчии беҳтарин дар ин масъала бошад, ва танҳо фикри Ӯ дуруст ва охирин мебошад.
Вақте ки ман дар бораи шиносҳои худ фикр мекунам, ки никоҳҳои нобарор, дағалии шавҳар, бевафоии ҳамсарро аз сар гузарондаанд, никоҳи такрорӣ, хеле дер ба никоҳ даромадаанд (барои таваллуди фарзандон), ё аз танҳоӣ азоб мекашанд, ман ба чунин хулоса меоям, ки ягон нафари онҳо падару модаре надоштаанд, ки барои ҳамсарони оянда ва оилаи онҳо дуо кунанд. Аз тарафи дигар, ман ҳамсаронеро медонам, ки никоҳи онҳоро идеалӣ номидан мумкин аст ва онҳо ба ҳеҷ кадом бадбахтиҳои дар боло номбаршуда гирифтор нашудаанд. Ва дар ин ҳеҷ тааҷҷубе нест, зеро ягон вақте барои онҳо падару модарашон дуо кардаанд, ё ин ки худашон дар бораи ояндаи худ дуо кардаанд, то он даме ба он бовар карданд, ки бо ризоияти Худо интихоби дуруст намудаанд. Онҳо нисбати ҷинси дигар сабукфикрона рафтор накардаанд ва ба аҳкоми Худо оиди зино накардан беэътиноӣ нанамудаанд. Онҳо худро барои ҳамсари ояндаи худ, ки Худо барои онҳо тайёр намудааст, пок нигоҳ доштаанд ва барои ин саховатмандона мукофот гирифтаанд.
Тадқиқотҳои ман ва таҷрибаи шахсӣ маро ба он мӯътақид мегардонад, ки никоҳҳо дар осмонҳо баста мешаванд, албатта агар дар ин бора ба он Касе, ки бо қудрати Худ ду танро абадан бо ҳам мепайвандад, дуо кунем.
Тӯйҳои бодабдаба хушбахтии ҳамсариро кафолат намедиҳанд. Танҳо Худо қудрат дорад, ки ин хушбахтиро диҳад. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Дар дили одам фикрҳо бисёр аст, вале фақат нақши Худованд ба амал меояд» (Мас. 19:21). На маслиҳатчиён оиди масъалаҳои никоҳ ва оила арӯсу домодро ба роҳи дуруст равон месозанд, балки Худованд Худо. Навхонадорон танҳо ҳамон вақт метавонанд хушбахтиро ба даст оранд, ки барои маслиҳат ба Худо рӯй оранд ва аҳкомҳои Ӯро пайравӣ намоянд. Ва дуоҳои мо фарзандонамонро дар роҳи ҷӯстани иродаи Худо нигоҳ медоранд ва онҳоро намегузоранд, ки асири ҳиссиёт ва эҳсосотҳои худ гарданд.
Рӯҳи Муқаддас никоҳро мустаҳкам мегардонад; рӯҳи ҷудоӣ онро вайрон месозад. Дар бораи он дуо кардан даркор аст, ки Рӯҳи Худо фарзандони моро роҳнамоӣ кунад ва ояндаи онҳоро муайян созад.
Агар писар ё духтари шумо аллакай дар қайди никоҳ бошад, барои он дуо кунед, ки ҳамсарон «…дар як Рӯҳ ва дар як фикр муттаҳид бошанд» (1 Қӯр. 1:10), зеро «хонае ки бар зидди худ аз ҳам ҷудо шавад, устувор истода наметавонад» (ба Мат. 12:25 ниг.). Дар бораи он дуо кунед, ки дар оилаи онҳо рӯҳи ҷудоӣ набошад, ки қудрат дорад муносибатҳои онҳоро вайрон созад. Агар писар ё духтари шумо аллакай ҷудо шуда бошад, дар бораи ҳамаи алоқаҳои вайроншуда ва дар бораи он дуо кунед, ки дар оянда дар ҳаёти онҳо ба фикрҳои ҷудошавӣ ҷой набошад.
Новобаста аз синну соли фарзандатон оиди никоҳи вай дуо кунед. Ҷудошавӣ кори муқаррарӣ гаштааст ва ба ҳама дар ин ё он давраи ҳаёт сахт таҳдид менамояд.
Биёед ба он муқобилият мекунем, худамон ва фарзандонамонро бо қудрати Рӯҳи Муқаддаси Исои Масеҳ, Писари Худо, муҳофизат намоем.
Худованд, ман аз Ту хоҳиш менамоям (агар хоҳиши Ту бошад, ки фарзанди ман оиладор шавад) ба вай (номи фарзанд) ҳамсари комил бидеҳ. Ба ӯ завҷаи (шавҳари) аъло бифирист ва ба писари (духтари) ман омӯз, ки бо ин одам дуруст рафтор кунад. Ман дар бораи он дуо мекунам, ки ҳангоми интихоби ҳамсар фарзанди ман ба Ту итоаткор бошад. То ки ин қарорро на аз рӯи хоҳишҳои ҷисмонии худ, балки дар асоси Каломи Ту қабул намояд. Бигзор вай аз самими қалб ба Ту бовар кунад ва ба ақли худ умед набандад, бигзор вай дар ҳамаи тариқатҳои худ Туро дарк намояд, то ки танҳо Ту «роҳҳои вайро ҳамвор хоҳӣ кард» (ба Мас. 3:5-6 ниг.).
Чунон кун, он касе, ки ҳамсари фарзанди ман шудан насиб гардида бошад, одами хуб бошад ва аҳкомҳои Туро пайравӣ намояд. Бигзор ӯ фарзанди маро хушбахт кунад; ба писари (духтари) ман кӯмак кун фарқиятро байни ошиқии муқаррарӣ ва муҳаббат ба он касе, ки Ту барои вай муқаррар намудаӣ, бубинад. Агар вай ба он одаме, ки набояд бо ӯ хонадор шавад, мароқ дошта бошад, аз Ту хоҳиш дорам ин муносибатҳоро вайрон соз. Ба вай ёрӣ деҳ фаҳмад, ки никоҳе, ки дар маркази он Ту нестӣ, пойдор нахоҳад монд. Агар Ту ҳаёти ҳамсаронро баракат надиҳӣ, ҳеҷ кас онро баракат дода наметавонад, зеро дар Каломи Ту гуфта шудааст: «Агар Худованд хонаро бино накунад, бинокорони он бар абас меҳнат мекунанд…» (Мас. 126:1). Ман аз Ту илтиҷо менамоям: никоҳеро барпо кун, ки асоси оилаи хушбахтона гардад.
Ва вақте ки писари (духтари) ман интихоби худро мекунад, ва қарор медиҳад, ки оила барпо намояд, аз Ту хоҳиш менамоям, Худованд, ки шахси интихобкардаи писари (духтари) ман одами Худо, бандаи содиқи Ту, дӯстдорандаи Ту бошад, ки бо роҳҳои Ту равад, ва тавонад ки писари (духтари) ман шавад ва баракат барои тамоми оила бошад. Бигзор никоҳи фарзанди ман ягона никоҳ дар ҳаёти ӯ бошад. Бигзор дар ҳаёти ҳамсарии вай барои зӯроварии зеҳнӣ, рӯҳӣ ва ҷисмонӣ ҷой набошад, вале бигзор оилаи вайро ягонагии зеҳнӣ, қалбӣ ва ҷисмонӣ, ки ба рӯҳи ҷудоӣ итоат намекунад, мустаҳкам созад. Ман барои раҳёбии писари (духтари) худ аз рӯҳи ҷудоӣ, мухолифат, инкоркунӣ дуо мекунам, ки кӯшиш мекунад ҳамсаронро ҷанг андозад. Дар ҳар яки онҳо хоҳиши сахти нигоҳ доштани садоқати ҳамсариро ҷой кун, ва ҳар гуна хоҳиши вайрон сохтани онро дур соз.
Бигзор шахси интихобкардаи фарзанди ман дар ҳаёти вай ягона ҳамсар ва дӯсти вафодори вай бошад; бигзор дар муносибатҳои онҳо то охири умр садоқат, самимият, ҳамдигарфаҳмӣ, бахшиш, дастгирии тарафайн, ғамхорӣ ва муҳаббат нисбати якдигар ҳукмрон бошад.
Лекин аз ибтидои офариниш Худо онҳоро марду зан офарид. Аз ин сабаб мард падару модари худро тарк карда, бо зани худ мепайвандад, ва ҳар ду як тан мешаванд, ба тавре ки онҳо акнун ду тан не, балки як тан мебошанд. Пас он чиро ки Худо бо ҳам пайвастааст, одам набояд ҷудо кунад.
Бигзор никоҳ аз ҳар ҷиҳат ҳалол бошад, ва ҷойхоби он беайб; зеро ки зинокорон ва фосиқонро Худо доварӣ хоҳад кард.
Ҳар кӣ зани худро талоқ дода, дигареро никоҳ кунад, дар ҳаққи вай зино карда бошад.
Касе ки зани солеҳа дошта бошад, некбахтӣ пайдо кардааст, ва аз ҷониби Худованд файз ёфтааст.
Ва ин аст амали дуюме ки шумо кардаед: қурбонгоҳи Худовандро бо ашк ва гиря ва нола пӯшонидаед, дар он сурате ки Ӯ дигар ба ҳадия назар намеандозад ва онро аз дасти шумо бо ҳусни таваҷҷӯҳ қабул намекунад. Ва мегӯед: «Аз чӣ сабаб?» Аз он сабаб, ки Худованд дар миёни ту ва завҷаи ҷавонии ту шоҳид буд, ва ту дар ҳаққи вай хиёнат кардаӣ, ва ҳол он ки вай дӯсти ту ва завҷаи ҳамаҳди ту буд. Ва оё онҳоро Худои Ягона, ки ҳам ҷисм ва ҳам рӯҳ ба Ӯ тааллуқ дорад, наофаридааст? Ва Он Ягона чиро хоҳон аст? Насли Худоро хоҳон аст. Пас, рӯҳи худро нигоҳдорӣ намоед, ва зинҳор касе дар ҳаққи завҷаи ҷавонии худ хиёнат накунад. Зеро ки Ман аз талоқ нафрат дорам, мегӯяд Худованд Худои Исроил, ва аз касе низ, ки зулмро бар либоси худ мепӯшад, мегӯяд Худованди лашкарҳо; пас, рӯҳи худро нигаҳдорӣ намоед ва хиёнат накунед.
Боби 26
Вақте ки маро барои ягон кор дар назди фарзандон бахшиш пурсидан лозим ояд, ман ҳамеша ба онҳо мегӯям, ки ҷавобро интизор ҳастам: «Ман туро бахшидам». Ман аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ин ибораро такрор намоянд, ин на барои он аст, ки ман ба ин бениҳоят эҳтиёҷ дорам, балки баръакс, онҳо барои пурра озодшавӣ аз маҳорати бахшида натавонистан ба ин эҳтиёҷ доранд. Айнан ҳамин тавр, вақте ки кӯдакони ман бо якдигар ҷанҷол мекунанд, ва баъд оштӣ мешаванд, ман аз онҳо хоҳиш мекунам, ки ба якдигар гӯянд: «Ман туро мебахшам». Ва ҳатто агар онҳо дар ин ҳолат ба якдигар ғазаб дошта бошанд ҳам, ман медонам, ки ин суханон дар дили онҳо кор мекунанд. Албатта, хуб мебуд, ки суханони «Ман туро мебахшам» аз дил бароянд, вале агар ҳатто дар он самимият ҳам набошад, онҳоро гуфтан даркор аст, аз оне, ки ҳеҷ чиз нагӯем ва фақат интизор шавем, ки кай хоҳиши бахшидан худ ба худ пайдо мешавад.
«Бахшидан — ин интихоби шумост, мефаҳмондам ман ба Кристофер ва Аманда. — Дигаронро набахшида, шумо ба мамот имкон медиҳед, ки ин ё он хел ба ҳаёти шумо ворид гардад. Барои он, ки касеро бубахшем, беҳтараш барои вай дуо кардан даркор аст. Дар аввал ин бигзор осон набошад, вале, қарори бахшиданро қабул карда, ва бахшиданро сар карда, мо масъалаҳои бештареро мебинем, ки ба дуокунии мо эҳтиёҷ доранд, ва дили мо ҳарчӣ бештар ба одаме ки моро ранҷонидааст, моилтар мегардад».
Ман бисёр оилаҳоеро медонам, ки ба бахшидани дигарон эҳтиёҷ доранд. Онҳо бахшидан намехоҳанд; онҳо интизоранд, ки кай дар онҳо хоҳиши бахшидан
Кӯдак бояд на танҳо падару модари худро ҳурмат намояд (барои ин ба вай ваъда карда шудааст, ки тамоми ҳаёти вай пурбаракат хоҳад буд), балки онҳоро барои ҳамаи хатоҳое, ки эҳтимол оқибатҳои вазнин овардааст, бубахшад. Онҳо бояд хоҳарон ва бародарон, холаю аммаҳо, тағову амакҳо, бобо ва бибиҳо, дӯстон ва душманон, ва ҳатто худашонро бубахшанд, ва дар ҳамаи ин мо бояд онҳоро дастгирӣ намоем. Агар мо ба кӯдаконамон бахшиданро наомӯзем, он вақт мо таҳкурсии бадӣ ва бадбахтиҳои ояндаро дар ҳаёти онҳо хоҳем гузошт.
Барои он ки кӯдакони мо дилҳои худро нарм гардонда тавонанд, мо бояд на танҳо ба онҳо бахшидан ва дуо карданро омӯзем. Агар мо дар ҳақиқат хоҳем, ки онҳо дӯст доштани одамонро биомӯзанд, мо бояд худро бахшида тавонем. Кинагирӣ ва сангдилӣ чунон ба осонӣ як қисми ҳаёти мо мегардад, ки мо ҳатто дарк карда наметавонем, ки чи гуна борро ба дӯши худ мебардорем.
Ниҳоят, вақте ман фаҳмидам, ки бахшидани каси дигар маънои ҳақ баровардани рафторҳои вайро надорад, балки маро озод менамояд, бахшидани одамон барои ман беандоза осон гардид. Ман ҳамеша фикр мекардам, ки каси дигарро бахшида, ба вай мефаҳмонам: «Ҳар он коре, ки ту кардаӣ, ба ҷо аст». Вале ин тамоман ин хел нест. Бахшида истода, мо имони худро дар он тасдиқ менамоем, ки Худо одил аст. Ба Худо мегӯем: «Падар, ман дигар намехоҳам, ки адоват нисбати ин одам дар дили ман ҳукмфармоӣ кунад», — ман эътироф мекунам, ки Худо ҳақиқатро медонад, ва ба Ӯ рухсат медиҳам, ки довар бошад, зеро танҳо Ӯ тамоми ҳақиқати ба амал омадаро медонад.
Китоби Муқаддас мегӯяд: «…Худованд Худои адлу инсоф аст; хушо ҳамаи он касоне ки ба Ӯ таваккал мекунанд!» (Иш. 30:18). Дар назди Худо маҳорати бахшида натавонистани худро эътироф карда, баракати Ӯро соҳиб мегардем ва озод мешавем, ва метавонем оромона онро интизор шавем, ки кай Худо амал карданро сар мекунад. Магар ин ба он арзанда нест? Магар ин аз он беҳтар нест, ки дили худро дар асорати сангдилӣ нигоҳ дорем ва дар ҳаёти худ ба бемориҳо ва азобҳо роҳ кушоем?
Чӣ хел писар метавонад падареро бахшад, ки ӯро задааст? Чӣ хел модар метавонад ронандаи мастро бахшад, ки духтари вайро куштааст? Чӣ хел духтари ҷавон метавонад амаки худро бубахшад, ки бар вай зӯроварӣ кардааст? Чӣ хел одам метавонад ба он касе раҳмдил бошад, ки бар вай раҳм намекунад? Ҳеҷ хел, агар ҳамаи ин одамон ба Худо имон наоранд, бахшиши
Агар мо ба гузаштаи худ дилбастагӣ дошта бошем, бо ҳаёте, ки Худо барои мо тайёр кардааст, зиндагӣ карда наметавонем. Исо гуфта буд: «Хушо раҳимон, зеро ки раҳм хоҳанд ёфт» (Мат. 5:7). Биёед дар бораи кӯдакони худ дуо кунем — барои он дуо кунем, ки онҳо нисбати одамон меҳрубон бошанд, то ки чизе ба онҳо халал нарасонад, ки меҳрубонии Худоро нисбати худ ҳис намоянд. Биёед дар бораи он дуо мекунем, ки онҳо ба одамон дар ҳар лаҳзаи қулай гуфтанро ёд гиранд: «Ман туро мебахшам», то ки ғазаб ва озор байни онҳо ва Худо девор нагардад ва ба дуоҳои мо монеа нашавад. Мову шумо вақт надорем, ки ин деворро рахна кунем; мо масъалаҳои зиёде дорем, ки барои онҳо дуо кардан даркор аст.
Худованд, ман аз Ту илтиҷо менамоям: ба писари (духтари) ман бахшиданро омӯз. Ба вай умқи бахшоишҳои Худро оиди гуноҳҳои вай бикушо, то ки бахшидан барои вай осон гардад. Ба вай бахшиданеро биомӯз, ки дар асоси амри Ту бошад, на дар асоси ҳиссиёт ва эҳсосотҳои шахсии худ. Ба вай бикушо, ки вай бахшида рафтори он одамро ҳақ намебарорад, балки худ раҳоӣ меёбад. Ба вай ёрӣ деҳ фаҳмад, ки танҳо Ту ҳақиқатро дар бораи ҳар яки мо медонӣ, ва аз ин рӯ, вай ҳуқуқ надорад, ки доварӣ намояд.
Худованд, дар Каломи Ту гуфта шудааст: «Касе ки бародари худро дӯст медорад, вай дар нур сокин аст, ва дар вай васвасае нест. Вале касе аз бародари худ нафрат дорад, вай дар зулмот аст, ва дар зулмот мегардад, ва намедонад, ки куҷо меравад, чунки зулмот чашмонашро кӯр кардааст» (1 Юҳ. 2:10-11). Ба ман нишон деҳ, ки кай ман кина меварзидам ё сангдил будам, зеро ман намехоҳам, ки чунин бошам. Ман мехоҳам аниқ роҳеро бубинам, ки бо он меравам. Ва инро низ барои фарзанди худ хоҳонам: бигзор вай ҳамеша дар партави маърифат ва муҳаббат қадамгузор бошад. Ба вай кӯмак кун, ки ҳамаи аъзоёни оила, дӯстон ва дигаронро бубахшад. Ба вай аз роҳҳои ҳаёти гузашта озод шуданро биомӯз, то ки вай тавонад мероси Туро соҳиб гардад. Ба он роҳ надеҳ, ки дар дили вай алам, душманӣ ё ғазаб маскан гирад, ва ба вай биомӯз, ки ҳангоми сар задании чунин ҳолатҳо ин ҳиссиётҳои худро ба Ту кушояд.
Ман аз Ту илтиҷо менамоям: ба фарзанди ман биомӯз, ки худро барои гуноҳҳо ва нобарориҳои пештара бубахшад, ва бигзор вай ҳеҷ гоҳ натавонад Туро дар он чизҳои баде, ки дар рӯи замин ва дар ҳаёти вай ба амал меояд, гунаҳкор созад. Чӣ тавре ки Ту меомӯзӣ, ман дар бораи он дуо мекунам, ки вай душманони худро дӯст дорад, ба лаънаткунандагони худ баракат хоҳад, ба нафраткунандагони худ хайрхоҳӣ намояд ва барои озордиҳандагон ва таъқибкунандагони худ дуо кунад (ба Мат. 5:44-45 ниг.). Бо номи Исо ман оиди он илтиҷо менамоям, ки фарзанди ман онро дарк карда зиндагӣ кунад, ки Ту тамоми гуноҳҳои вайро бахшидаӣ, ва аз фаҳмиши ин аз хурсандӣ пур гардад.
Ҳар гуна кудурат ва қаҳр, ва ғазаб ва фарёд, ва бадгӯӣ бигзор аз шумо бо ҳар навъ шарорат дур шавад; балки бо якдигар меҳрубон ва дилсӯз бошед ва якдигарро авф намоед, чунон ки Худо низ моро дар Масеҳ авф намудааст
Зеро, агар шумо ба мардум хатоҳошонро бубахшед, Падари шумо, ки дар осмон аст, ба шумо низ хоҳад бахшид; ва агар шумо ба мардум набахшед, падари шумо низ хатоҳои шуморо ба шумо нахоҳад бахшид.
Ва оғояш ба хашм омада, ӯро ба шиканҷакунандагон супурд, то тамоми қарзашро адо кунад. Ҳамин тавр Падари Ман, ки дар осмон аст, ба шумо низ амал хоҳад кард, агар ҳар яке аз шумо гуноҳҳои бародари худро авф накунад.
Ақли одам хашми ӯро боз медорад, ва аз бадкорӣ чашм пӯшида гузаштан ҷалолати ӯст.
Ва ҳангоме ки дар дуо меистед, агар аз касе ранҷу озоре кашида бошед, гуноҳи вайро авф намоед, то ки Падари шумо низ, ки дар осмон аст, гуноҳҳои шуморо биомурзад.
Боби 27
Оё шумо кӯдаконеро дидаед, ки зери юғи гуноҳ танҳо барои он зиндагӣ мекунанд, ки ба онҳо наомӯхтаанд, ки ба рафторҳои худ иқрор шаванд, аз онҳо тавба кунанд ва бахшишро ба даст оранд. Қиёфаи ин кӯдакон чун қиёфаи кӯдаконе, ки аз маҳкумкунӣ озоданд, кушода ва ором нестанд. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Сӯи Ӯ нигоҳ карданд ва мунаввар гардиданд, ва чеҳраҳошон хиҷил нашуд» (Заб. 33:6). Кӯдаконе, ки хатоҳои худро эътироф мекунанд, аз он пушаймон мешаванд ва мехоҳанд тағйир ёбанд, ҳатто зоҳиран ба ҳамсолони худ, ки гуноҳҳои худро пинҳон месозанд ва намехоҳанд тағйир ёбанд, монанд нестанд.
Эътирофи гуноҳҳои худ ва тавба кардан — ду принсипи ҳаётӣ мебошад, ки кӯдакони мо бояд риоя кардани онҳоро омӯзанд, зеро гуноҳи тавба нашуда байни онҳо ва Худо девор мебардорад. Тавбае, ки айнан маънои «нафрат кардан аз гуноҳ ва қабули қарори ҳеҷ гоҳ такрор накардани он»-ро дорад, танҳо дар он ҳолат ба амал меояд, ки агар фарзанди шумо суханони зеринро гӯяд: «Ман ин корро кардам. Ман аз ин пушаймонам ва намехоҳам инро такрор намоям». Гуноҳи тавбанашуда фарзанди шуморо дар асорат нигоҳ медорад, ва ин дар қиёфаи рӯй, хислат ва рафторҳи вай инъикос хоҳад ёфт.
Ба беитоатии Исроил рӯ оварда, Худо гуфта буд: «Ва дар он ҷо шумо роҳҳои худ ва тамоми аъмоли худро ки ба воситаи он палид шудаед, ба ёд хоҳед овард, ва барои ҳамаи корҳои баде ки кардаед, аз худатон пеши назари худ нафрат хоҳед кард» (Ҳизқ. 20:43). Барои гуноҳи тавбанашуда чунин нафратро ба худ мо низ эҳсос менамоем, ва ин бисёр дар худбаҳодиҳии пасти мо зоҳир мегардад. Агар мо, падару модарон, фарзандонро наомӯзонем, ки аз гуноҳҳои худ пушаймон шаванд ва аз онҳо тавба кунанд, он вақт ҳисси нокомилӣ ва гунаҳкорӣ, ки дар дили кӯдакон реша давондааст, метавонад ҳаёти онҳоро вайрон созад.
Ман ҳамеша, пеш аз иқроршавии фарзандонамон дар рафторҳои худ, дар қиёфаи онҳо ҷурми гуннаҳкориро медидам. Ва баъд онҳо ба ман нақл мекарданд, ки паноҳ кардани гуноҳ барои онҳо чӣ хел озмоиши сахт, ва дар худ бардоштани он барои онҳо чи гуна мушкил буд.
«Ҳамаи ин барои он аст, ки ман аз Худо хоҳиш намудаам ҳар он чиро, ки бояд донам, ба ман кушояд, — мегуфтам ба онҳо, — ва Рӯҳулқудс ҳамеша, вақте, ки шумо рафтори нодуруст мекунед, ба ман хабар медиҳад».
Ҳамин ки ман мушоҳида мекардам, ки чашмони поки кӯдакон ғамгинанд, ҳамон замон аз Худо хоҳиш менамудам, ки гуноҳи махфии фарзандонамро ба ман кушояд. Баъди иқроршавӣ, тавбакунӣ ва гирифтани ҷазои мувофиқ Кристофер ва Аманда тамоман дигар менамуданд: гӯё бори вазнине аз дӯши онҳо бардошта мешуд. Гуноҳ ҷони касро заҳролуд месозад ва гуноҳи тавбанашуда қомати одамро хам гардонида, симои одамро каҷ карда тира мегардонад. Гуноҳи тавбашуда ва дили сарнагун ҳаёт, нур, боварӣ ва озодӣ меорад.
Азбаски кӯдакони идеалӣ вуҷуд надоранд, мо бояд аз Худо хоҳиш намоем, ки ба мо гуноҳҳои махфиеро, ки дар дилҳои кӯдакон ниҳон аст, нишон диҳад, то ки тавонем пеш аз ба амал омадани оқибатҳои нохуш чораҳои зарурӣ бинем. Ҳамаи инро Худо мекунад «зеро Ӯ асрори дилҳоро медонад» (Заб. 43:22). Ҳамаи мо дар бораи мардони «дилкаш ва росткор» шунидаем, ки завҷаҳои худро лату кӯб мекунанд ва ба кӯдакон фишор меоранд, ё ин ки ҳаёти бознадоштаи «хушбахтона» мегузаронанд. Метавонед боварӣ дошта бошед, ки дили чунин мардон гуноҳи тавбанашударо маҳфӯз доштаанд. Ба он шубҳа накардан мумкин аст, ки дилхоҳ гуноҳи тавбанашудаи дилҳои фарзандони мо ба оқибатҳои ногувор оварда мерасонад. Вақти он расидааст, ки онро кушоем. «Ҳамаи ҷиноятҳои худро, ки ба амал овардаед, аз худ дур андозед, ва дили тоза ва рӯҳи тозае барои худ ба вуҷуд оваред; ва чаро шумо эй хонадони Исроил бимиред? (Ҳизқ. 18:31). Аз Худо хоҳиш намоед, ки гуноҳҳои тавбанашудаи дили худ ва фарзандонатонро ошкор созад, то ки баъд шуморо лозим наояд аз баҳри он саломатӣ ва ҷони худро фидо созед.
Гуноҳ сӯи мамот мебарад. Тавба сӯи ҳаёт. Мо гуноҳҳои худро на барои он эътироф мекунем, ки чашмони Худоро кушоем — Ӯ бе ин ҳам ҳама чизро медонад. Тавба — ин барои мо имконияти покшавӣ ва ҳама чизро аз сари нав сар кардан аст. Фарзандони мо ба ин на камтар аз мо эҳтиёҷ доранд.
Худованд, ман аз Ту хоҳиш менамоям: дар фарзанди ман (номи кӯдак) диле офар, ки хатоҳои худро эътироф намояд. Ба вай биомӯз, ки самимона аз онҳо тавба кунад, то ки бахшоиш ва покшавиро ба даст орад. Ба вай ёрӣ деҳ фаҳмад, ки аҳкомҳои Ту барои манфиати вай дода шудаанд ва тавба кардан аз гуноҳҳо ва пушаймоншавӣ аз онҳо, ки Ту аз вай интизор ҳастӣ, бояд меъёри ҳаёти вай гардад. Дар дили фарзанди ман хоҳиши дар ҳузури Ту дар ҳақиқат роҳ рафтанро бидеҳ, то ки тавонад якҷоя бо Довуд бигӯяд: «Маро аз гуноҳам чандинбора шустушӯ намо, ва аз хатоям маро пок кун… Худоё, дили поке дар ман биофарин, ва рӯҳи дурусте дар ботинам нав бикун. Маро аз пеши Худ дур наандоз, ва Рӯҳулқудси Худро аз ман нагир. Шодии наҷоти Худро ба ман баргардон, ва бо рӯҳи олиҳимматӣ маро дастгирӣ намо» (Заб. 50:4, 12-14).
Худованд, ҳар гуна гуноҳҳои махфиро бикушо, то ки фарзанди ман тавонад аз он тавба кунад ва бахшида шавад. Дар Каломи Ту гуфта шудааст: «Хушо касе, ки ҷиноятҳояш омӯрзида ва хатоҳояш пӯшида шудааст» (Заб. 31:1). Ман дар бораи он илтиҷо мекунам, ки фарзанди ман ҳеҷ гоҳ гуноҳҳои худро пинҳон надорад, балки ҳамеша тайёр бошад, ки самимона тавба кунад. Бигзор ӯ ба Ту муроҷиат карда гӯяд: «…бубин, ки оё роҳам каҷ аст? Ва маро ба роҳи некӯ андоз» (Заб. 138:24). Бигзор ба вай ҳеҷ гоҳ лозим наояд, ки зери бори ҳисси гунаҳкорӣ ва маҳкумкунӣ зиндагӣ кунад, бигзор вай бо виҷдони пок зиндагӣ карда онро дарк намояд, ки Ту вайро дар Масеҳ бахшидаӣ.
Ман дар бораи он дуо мекунам, ки дили ӯ ҳамеша ба Ту моил ва чеҳрааш ҳамеша шукуфон бошад.
Эй маҳбубон! Агар дили мо моро маҳкум накунад, мо ба ҳузури Худо ҷуръат дорем, ва ҳар чӣ талаб кунем, аз Ӯ меёбем, чунки аҳкоми Ӯро риоят мекунем ва он чӣ ба ҳузури Ӯ мақбул аст, ба амал меоварем.
Бигзор шарир роҳи худро, ва шахси бадкор фикрҳои худро тарк карда, сӯи Худованд баргардад, ва Ӯ ба вай раҳм хоҳад кард; ва сӯи Худои мо баргардад, зеро ки Ӯ бисёр меомурзад.
Бинобар ин Ман ҳар яке аз шуморо, эй хонадони Исроил, бар тибқи роҳҳояш доварӣ хоҳам намуд, мегӯяд Худованд Худо; тавба карда, аз ҳамаи ҷиноятҳои худ даст кашед, то ки ин барои шумо васвасаи гуноҳ нашавад.
Касе ки ҷиноятҳои худро пинҳон дорад, муваффақият намеёбад; вале касе ки иқрор шавад ва онҳоро тарк кунад, сазовори раҳм мегардад.
Пас, тавба кунед ва руҷӯъ намоед, то ки гуноҳҳои шумо маҳв гардад, ва айёми фароғат ва ҳузури Худованд фаро расад ва Ӯ Исои Масеҳро, ки бароятон аз аввал баргузида буд, бифиристад.
Боби 28
Оё ба шумо муяссар гаштааст, ки ҳолат ё рафтори фарзандатонро мушоҳида намоед, ки он шуморо бениҳоят ба ташвиш андохта бошад, вале шумо сабаби ин бесаранҷомии худро нафаҳмида бошед? Агар чунин ҳодиса рӯй дода бошад, ба овози инстинкте гӯш диҳед, ки онро Худо дар шумо ҷой кардааст, ва аз Ӯ сабаби ба амаломадаро бипурсед. Мо бо Офаридгори олам алоқа дорем, ки дар бораи ҳамаи ҳодисаҳои ба амал меомада медонад, ва мо метавонем аз Ӯ хирадмандӣ ва рӯъё пурсем.
Оё шумо дар қиёфаи фарзандони худ ифодаи гуноҳкориро мушоҳида кардаед, ки нафаҳмида бошед он дар чист? Ба таври дигар гӯем, шумо тахмин мекунед, ки сухан дар бораи ягон рафторе меравад, вале шумо исботи инро надоред. Дар чунин ҳолатҳо ман ҳамеша ба Худо ба тариқи зайл дуо мекунам: «Худоё! Ту беақлии маро медонӣ, ва айбҳои ман аз Ту пӯшида нест» (Заб. 68:6). «Ба ман кушо, ки бо фарзанди ман чӣ шуда мегузарад». Ва ҳар бор Худо ба ман гуноҳҳоеро нишон медод, ки бо хоҳиши ҷисм ба амал омадаанд. Ҳамин тавр, боре яке аз кӯдакони ман ба ҳуҷраи худ хӯрокеро даровард, ки хӯрдани онро ман иҷозат намедодам. Бори дуюм барои ба даст овардани хоҳиши дилхоҳ кӯдакон фиреб доданд. Ва дар ҳар ду ҳолат
Ман ҳамеша кӯдаконро таъкид мекардам, ки падару модарро фиреб додан лозим нест, зеро Худо ба ҳар ҳол ба онҳо ҳақиқатро мекушояд. Ба зудӣ онҳо ба дурустии суханони ман боварӣ ҳосил карданд.
Ман як ҳодисаро хуб дар хотир дорам. Ин ҳодиса он вақт ба амал омад, ки Аманда ҳафтсола буд. Ҳар пагоҳӣ пеш аз ношто аз рӯи таъиноти духтурамон ман ба ӯ витамин медодам: се донаи хурд-хурд. Одатан, ман витаминҳоро дар табақча назди хӯрданиҳои вай мемондам. Дар аввал вай инҷиқӣ карда, онро хӯрдан намехост, ва баъдтар ором гашт ва ҳамаи эътирозҳои вай қатъ гардиданд. Вале ҳамаи ин вақт маро дар рафтори Аманда чизе ба ташвиш меовард, ман ҳис мекардам, ки кори нобобе шуда истодааст, вале сабаби изтироби худро фаҳмида наметавонистам.
Ман ба Худо рӯй овардам: «Худованд, аз ҳаёти Аманда чизеро нишон бидеҳ, ки ман бояд онро бубинам».
Дар давоми якчанд рӯзи охир қариб ки ҳеҷ чизе ба амал наомад, ва ман дар ин бора он қадар ҳам фикр намекардам, зеро ки ба ҷо ба ҷокунии ашёҳо барои кӯчидан тайёрӣ медидам. Дар он рӯзе, ки ҳаммолон барои кашондани ашёҳои калон омаданд, мо ба кандани болиштчаҳои курсиҳои кӯдакон сар кардем. Ва ман аз болишти курсии Аманда бисту шаш донаи ин витаминҳоро ёфтам. Ман ба чашмони худ бовар карда наметавонистам. Ман ин бозёфти худро ба шавҳарам нишон додам ва мо хандаи худро нигоҳ дошта натавонистем, вале мо мефаҳмидем, ки моро сӯҳбати ҷиддӣ дар пеш аст.
Мо боз панҷ болиштчаро кандем ва аз зери чортои он бист ё сӣ дона ин донаҳоро ёфтем. Танҳо курсии аз нишастгоҳи Аманда аз ҳама дур тоза баромад. Ин маротиба мо аз ханда рӯдакан шудем.
Вақте ки Аманда аз мактаб баргашт, қиёфаҳои ҷиддии моро дид. Дар болои миз косаи пур аз витамин ва стакони об меистод. Ба ӯ ҷиддӣ гуфта шуд: агар вай ҳамаи инро дар як нишаст қабул кардан нахоҳад, вайро лозим меояд фаҳмонад, ки ин кор чӣ маъно дорад.
Ин ҳодиса метавонад хандаовар намояд ва он қадар аҳамиятнок натобад, вале агар ин найранг кор медод ва фош намегардид, метавонист ба фиреби калонтар мубаддал гардад, ва баъдтар дурӯғ меъёри ҳаёти фарзанди мо гашта метавонист. Ман аз Худо миннатдор ҳастам, ки ба мо чунин чизҳоро
Вақте шумо ҳис мекунед, ки бо фарзандатон ягон воқеае шуда истодааст, сабаби рафтори ҳайратовари ӯ албатта шарт нест, ки гуноҳи махфӣ бошад, масъала метавонад дар он анҷомад, ки вай аз чизе метарсад, ё чизе вайро озор медиҳад. Шояд вай дар ҳолати рӯҳафтодагӣ ва ошуфтаҳолӣ бошад, ё ҳасад мебарад, дар зери юғи худпарастӣ ё ғурур қарор дорад. Аниқ фаҳмидани он имконнопазир аст, беҳтараш дар ин бора аз Худо пурсидан даркор аст. Ҳатто агар дар лаҳзаҳои мазкур оиди ин масъала фаҳмиши аниқ надошта бошед ҳам, ба ҳар ҳол дуо кунед. Исо ба мо дар ин ҳолатҳо суханонро барои дуо кардан гузоштааст: «Моро аз иблис раҳоӣ деҳ» (ба Мат. 6:13 ниг.). Баъзан аз мо нуқтасанҷии махсус талаб карда намешавад; моро танҳо лозим аст, ки ба Худо бо хоҳиши он дуо кунем, ки ҳаёти фарзандони моро бо қудрати Рӯҳи Худ мунаввар созад ва онҳоро аз бадӣ нигоҳ дорад. Аз ҳама асосӣ — ба ин ҳуқуқ беэътиноӣ кардан даркор нест.
Ҳатто агар имрӯзҳо рафтори фарзандатон ба шумо комилан дуруст намояд ҳам, дуо воситаи амалкунанда ва пурсамар хоҳад монд. Ҳамеша кӯдаконро дар ягон кори шубҳанок гумонбар шудан лозим нест; аз душман гумонбар шудан даркор аст, ки аз қафои онҳо овезон шуда мегардад ва имконияти қулай мекобад, ки ба ҳаёти онҳо ворид шавад. Каломи Худо таъкид менамояд: «Ҳушёр ва бедор бошед, чунки душмани шумо иблис, мисли шерри ғуррон гаштугузор карда, касеро меҷӯяд, то ба коми худ кашад» (1 Пет. 5:8). Ояти зерин ба мо барои амал кардан дастури аниқ медиҳад: «Ба вай муқобилат кунед». Биёед дуо мекунем.
Худованд, ман барои фарзанди худ (номи кӯдак) шафоатхоҳӣ намуда аз Ту хоҳиш менамоям: вайро аз ҳар он чизе, ки ба Ту маъқул нест, раҳоӣ деҳ, ки он метавонад такягоҳи гуноҳ дар ҳаёти вай бошад. Агар ман надонам, ки вай аз чӣ бояд раҳоӣ ёбад, Ту медонӣ. Бо номи Исо ман аз Ту хоҳиш менамоям, ки Ту вайро шифо диҳӣ. Ман медонам, ки «…мо, агарчӣ дар ҷисм зиндагӣ мекунем, ба ҳасби ҷисм намеҷангем, зеро аслиҳаи ҷангии мо ҷисмонӣ нест, балки назди Худо боиқтидор аст, барои хароб кардани қалъаҳо; мо дасисаҳо ва ҳар баландгириро, ки бар зидди дониши Худо қиём мекунад, сарнагун месозем…» (2 Қӯр. 10:3-5).
Ба ман барои бо фарзандам муошират кардан хирадмандӣ бидеҳ. Ман медонам, ки иблис оҳиста-оҳиста амал мекунад, аз ин рӯ ман ба Ту умед мебандам, Худованд, ва аз Ту хоҳиш менамоям, ба ман он чизеро кушо, ки ман бояд онро донам. Вақте ки барои фарзандам мушавваш мегардам, ё хатарро ҳис мекунам, ё ки ба ҳаяҷон меоям, ба ман дуокуниро биомӯз. Ҳар он чизе, ки аз ман ниҳон аст, ба ман кушо ва бигзор ҳамаи сирҳо ошкор гарданд. Агар ман ягон коре карданӣ шавам, ба ман нишон деҳ, ки бояд чӣ кор кунам. Туро шукр мегӯям, ки дар тарбияи фарзандам ба ман ёрӣ медиҳӣ.
Худованд, имрӯз ман писари худро (духтарамро) ба дасти Ту месупорам ва хоҳиш менамоям: вайро роҳнамоӣ намо ва ба вай гуноҳашро нишон деҳ, ки мехоҳад мавқеи худро дар ҳаёти вай мустаҳкам гардонад. Ба ӯ қудрат деҳ муқобили душмане мубориза бурда тавонад, ки мехоҳад дар дили фарзанди ман қалъаи худро бино созад. Ба фарзанди ман биомӯз, ки наздикшавии душманро ҳис намояд, то ки ҳангоми зарурат ба Ту рӯ орад ва дар Ту паноҳгоҳ ҷӯяд. Бигзор вай бо чунин суханон ба Ту рӯ орад: «Маро аз хатоҳои пӯшидаам пок намо…» (Заб. 18:13).
Ман аз рӯи Каломи Ту мегӯям, ки «Худовандо, вайро аз ҳар аъмоли бад раҳоӣ деҳ, ва барои Малакути Осмонии Худ маҳфӯз дор…» (2 Тим. 4:18).
…Ва калидҳои Малакути Осмонро ба ту месупорам, ва он чӣ ту бар замин бибандӣ, дар осмон баста хоҳад шуд; ва он чӣ бар замин кушоӣ, дар осмон кушода хоҳад шуд.
Пас, аз онҳо натарсед: зеро ҳеҷ чизи ниҳоне нест, ки ошкор нагардад, ва ҳеҷ чизи махфие нест, ки маълум нашавад.
Яқин аст, ки бадкеш беҷазо намемонад, вале насли одилон раҳо мешавад.
Ва Худованд паноҳгоҳи мазлумон хоҳад буд, паноҳгоҳ дар лаҳзаҳои тангӣ…
Маро бихон, ва Ман туро иҷобат хоҳам намуд, ва ба ту чизҳои бузург ва ниҳониеро, ки намедонӣ, баён хоҳам кард.
Боби 29
Оё фарзанди ман медонад, ки ба мошини шахси бегона нишастан мумкин нест? Оё медонад, ки дар назди обанбори чуқур бозӣ кардан хатарнок аст? Оё писар ё духтари ман ба ҳамсолонаш, ки хоҳиш мекунанд бо онҳо маводи муходир кашад, «не» мегӯяд? Оё вай пеш аз кӯчаро гузаштан ба чапу рост нигоҳ карданро фаромӯш намекунад? Оё писари ман аз духтаре, ки ба вай лоиқ нест, хоҳиш намекунад, ки завҷаи вай гардад? Оё фарзандони ман наздикшавии хатари ногузирро ҳис карда метавонанд? Беҳдошт ва бехатарии фарзандонамон аз бисёр ҷиҳат аз қарорҳое вобастааст, ки танҳо худи онҳо қабул карда метавонанд. Вале андешаи оқибатҳои имконпазири ин қарорҳо метавонанд дилхоҳ падару модарро ба даҳшат орад.
Агар фарзандони мо дорои бахшоиши хирадмандӣ, фарқ карда тавонистани ҳақиқат аз дурӯғ ва шунидани овози Худо набошанд, мо ба дурустии қарорҳои қабулкардаи онҳо дилпур буда наметавонем. Ягона усули ба даст овардани ин неъмат — аз Худо додани ин бахшоишҳоро хоҳиш кардан мебошад. Китоби Муқаддас ба мо мегӯяд: «Ва агар касе аз шумо аз ҳикмат камӣ дошта бошад, бигзор талаб кунад аз Худое ки ба ҳама бо саховат ва бе сарзаниш ато менамояд…» (Яъқ. 1:5).
Оё ягон вақт дар шумо чунин ҳиссиёте буд, ки шароитҳои ҳаётатонро Худо идора мекарда бошад? Масалан, шумо қароре қабул мекунед, ки дар назари аввал аҷоиб менамояд, вале дар натиҷа он дуруст мебарояд. Шояд ягон вақт, вақте ки чароғаки роҳнамо ба шумо рухсат дода буд, ба тарафи чап нагаштед? Ва он вақт бо мошине, ки ба сӯятон дар чароғи сурх ҳаракат мекард, бархурданатон мумкин буд. Шумо дуруст рафтор намудед, вале дар ин хизмати шумо нест. Баъзе одамон инро тасодуф меноманд, вале ман дар ин мақсади Худоро мебинам.
Мо мехоҳем, ки фарзандонамон боақлу хирадманд бошанд, зеро онҳо калонсол шуда бояд мустақилона дар ҳаёти худ бештар ва бештар қарорҳои муҳимро қабул намоянд. Ҳамин тавр, баъди хатми мактаби миёна писари ман бояд қарори қатъӣ қабул мекард, ман дар танҳоӣ нишаста, дам ба дарун кашида, барои вай дуо мекардам: «Худованд, ба вай хирадмандӣ ва роҳнамоии аниқи Худро деҳ!» Худо ба ин дуо ҷавоб дод, ва имрӯз мо ба дуруст будани қарори дар он вақт қабул кардаи Кристофер боварӣ ҳосил кардем, ҳарчанд ки дар бораи сабабҳои ҳақиқии ин рафтор танҳо Худо медонаду бас.
Дар Китоби Масалҳо ба таври нозук гуфта шудааст: «Писари бохирад падарро шод мегардонад, вале писари аблаҳ сабаби андӯҳи модари худ мешавад» (Мас. 10:1). Дар ҳақиқат, кӣ ғайр аз падар метавонад фахри бузург дошта бошад, агар писари вай хирадмандона рафтор намояд, ва кӣ ғайр аз модар ғамгин ва озурда мегардад, агар писараш аблаҳона рафтор намояд? Масалҳо ба мо таълим медиҳанд: агар мо чӣ тавре, ки ганҷро меҷӯянд, «хирадро даъват намоем» ва «онро биҷӯем», он вақт аз Худо донишро мегирем (ба Мас. 2:3-5 ниг.). Ман боварӣ дорам, ки дар Худованд ҳамаи маълумотҳо ва ҳамаи хирадмандӣ нигаронида шудаанд, ки мо ба он эҳтиёҷ дорем. Биёед ба Худо бо дуои хоҳишӣ муроҷиат намуда, худро аз бадбахтиҳо эмин медорем.
Худованд, ман аз Ту хоҳиш менамоям, ба фарзанди ман (номи кӯдак) хирадмандӣ ва маҳорати фарқ кардани хубиро аз бадӣ ато фармо. Ба вай биомӯз, ки новобаста аз тасаввуротҳои шахсии худ ба Ту бовар кунад ва туро дар ҳама корҳои худ бубинад (ба Мас. 3:5 ниг.). Ба вай биомӯз, ки хубиро аз бадӣ фарқ кунад ва овози Рӯҳулқудсро бишнавад, ки мегӯяд: «Ана роҳ, бо он равед» (ба Иш. 30:21 ниг). Ман медонам, ки хушбахтии ҳаёти вай аз он вобаста аст, ки оё ӯ хирад ва ақлеро қабул мекунад ё не, ки мувофиқи суханони Ту дарозумрӣ, боигарӣ, эътирофкунӣ, муваффақият, хурсандӣ, қаноатмандӣ ва хушбахтӣ меорад. Ман мехоҳам, ки ҳамаи ин дар ҳаёти вай ҳамчун баракати Ту ояд.
Каломи Ту гуфтааст: «Ибтидои ҳикмат тарси Худованд аст, ва шинохтани Қуддус хирад аст…» (Мас. 9:10). Бигзор тарси комил дар назди қудрати Ту таҳкурсӣ гардад, ки дар он ҳаёти вай сохта мешавад. Бигзор пеш аз қабули қарор вай ҳамеша ба Ту муроҷиат намояд, то ки хато накунад. Ба вай ҳақиқатро дар бораи он бикушо, ки ҳамаи ганҷи хирад ва дониш дар Ту ниҳон аст, ва вақте ки мо аз Ту мепурсем, онро беғаразона медиҳӣ. Худованд, бигзор вай хирадмандиро дар Ту биҷӯяд. Аз Ту хоҳиш менамоям: ба фарзанди ман ҳар он чӣ, ки мепурсад, фаровонӣ дор, то ки вай бо роҳи осоиштагӣ ва ҳаёт равад.
Падари шахси одил хурсандӣ мекунад, ва касе ки хирадмандро ба дунё овардааст, аз вай шод мешавад. Бигзор падари ту ва модари ту шод шаванд, ва касе ки туро ба дунё овардааст, хурсандӣ кунад.
Ибтидои ҳама чиз ҳикмат аст, пас ҳикмат ба даст овар. Онро қадрдонӣ намо, ва он туро баланд хоҳад бардошт; агар онро ба оғӯш кашӣ, он туро ҷалол хоҳад дод…
Тавроти Худованд комил аст, ба кас ҷон мебахшад; шаҳодати Худованд боэътимод аст, нодонро доно мегардонад.
Зеро ки ҳикмат дар дили ту дохил хоҳад шуд, ва дониш ба ҷони ту писанд хоҳад омад, фаросат туро нигоҳбонӣ хоҳад намуд, хирад туро муҳофизат хоҳад кард, то ки туро аз роҳи бад халос кунад, аз касе ки каҷгуфтор аст…
Хушо касе ки ҳикмат пайдо кардааст, ва касе ки ба хирад ноил шудааст! Зеро ки фоидаи он аз фоидаи нуқра, ва ҳосили он аз зари холис беҳтар аст. Он аз ҷавоҳир азизтар аст, ва ҳеҷ чизи дилхоҳи ту ба он баробар нест. Дар ямини он дарозии айём аст, ва дар дасти чапи он — сарват ва ҷалол. Роҳҳои он роҳҳои хуш аст, ва ҳамаи тариқҳои он — осоиштагӣ. Барои касоне ки онро нигоҳ медоранд, нахли ҳаёт аст, — ва хушо касе ки онро маҳфуз медорад!
Боби 30
Ман аз падару модарони наврасон маротибаҳои зиёд чунин суханонро шунидаам: «Писари маро чизе ба худ ҷалб намекунад»; «духтари ман дар хона парешонҳол, бе ягон мақсад, мегардад»; «писари маро аз мактаб меронанд, вале ба ӯ фарқ надорад»; «духтари ман ба ҳаёт шавқу завқро гум кардааст». Дар ҳар кадоми ин ҳолатҳо кӯдакон аз он азоб мекашанд, ки маънои ҳаётро надидаанд, барои он надидаанд, ки ба Худо ва Каломи Худо бовар накардаанд.
Барои кӯдаконе, ки имон надоранд, зиндагӣ кардан мушкил аст. Онҳо ба беҳтар шудани ҳаёт умедвор нестанд, онҳо таъиноти худро намедонанд. Онҳо ҳар рӯз, моҳҳои дароз, соатҳои зиёдро дар назди телевизор мегузаронанд. Онҳо дар кӯча дар ҷустуҷӯи «саргузашт» сарсон шуда, одатан онҳоро меёбанд. Кӯдакони беимон вақти худро дар ҷамоаи ин гуна кӯдакони беимон мегузаронанд. Ин айнан масъалаи ҳамаи кӯдаконе, ки душвор меноманд, мебошад. Онҳо намедонанд, ки Исо барои онҳо мурдааст (ба Рум. 5:8 ниг.), намедонанд, ки онҳо фарзандони Худо, ки онҳоро дӯст медорад, ҳастанд (ба Юҳ. 1:12 ниг.), намедонанд, ки онҳо мақсад ва таъиноти махсус доранд (ба 1 Қӯр. 7:22 ниг.), намедонанд, ки ояндаи онҳо дурахшон аст (ба 1 Қӯр. 2:9 ниг.), ва аз ин рӯ онҳо аз ӯҳдаи ҳама кор баромада метавонанд (ба Рум. 8:37 ниг.). Онҳо намедонанд, ки «ҳама чиз барои имондор имконпазир аст» (Марқ. 9:23) ва ҳаёти онҳо дар худ як чизи аълоеро ниҳон медорад. Ин кӯдакон танҳо норасогии худ, нобарориҳои худ ва боз душмании ҳаррӯзаи калонсолонро мебинанд. Аз ин рӯ онҳо аз ҳаёт маъюсанд ва чизеро намехоҳанд.
Ва дарки норасоии
Акнун як кӯдакро калон карда, ба ҳаёти мустақилона гусел намуда, ман фаҳмидам, ки ягона чизе, ки кӯдакони мо хонаи падару модарро тарк карда бо худ мебаранд, ин имон мебошад. Агар мо ба он боварӣ дошта бошем, ки кӯдакони мо ба Худо ва Каломи Ӯ имони қавӣ доранд, ва дар дили онҳо муҳаббати Худо зиндагӣ мекунад, метавонем осуда бошем, зеро онҳо бо роҳи дуруст мераванд ва онҳоро ҳаёти абадӣ интизор аст. Барои он, ки онҳо инро ба даст оранд аз бисёр ҷиҳат дуоҳои мо ёрӣ дода метавонанд. Ҳаввориёне ки ҳар рӯз Исоро медиданд, Ӯро гӯш мекарданд ва шоҳидони корҳои наҷиби Ӯ буданд, боз ҳам аз Ӯ хоҳиш мекарданд: «…имони моро зиёд кун» (Луқ. 17:5). Вақте ки мо барои фарзандони худ шафоатхоҳӣ менамоем, мо
Ба исроилиёне, ки аз мову шумо дида, бештар дидани мӯъҷизаҳо муяссар гардид, бо сабаби беимонӣ иҷозат дода нашуда буд ба замини мавъуд ворид шаванд (ба Ибр. 3:19 ниг.). Мо намехоҳем, ки имони сусти фарзандонамон ба онҳо дар соҳиб шудан ба меросе, ки Худо барои онҳо таъин намудааст, халал расонад. Мо метавонем ба онҳо суханони Худоро омӯзонем, ки дар дили онҳо тухми имонро мекорад ва дар бораи нашъунамо ёфтани он дуо карда метавонем.
Кӯдакони имондор аз ҳамсолони беимонашон фарқ мекунад: онҳо бештар ба худ боварӣ доранд, бештар мақсадноканд, онҳо хушбахттар ҳастанд, оптимистона ба ҳаёт менигаранд ва бештар бо одамон самимӣ мебошанд. Яке аз хусусиятҳои аз ҳама асосии одами дар имон устувор маҳорати дода тавонистан ва бо дигарон бо ҳам дидан аст, зимнан, на танҳо пул ва арзишҳои моддӣ, балки вақт ва муҳаббати худ. Вай ҳамеша тайёр аст, ки дар лаҳзаҳои душвор дастгирӣ намояд ва ёрӣ диҳад. Одами имондор аз муҳаббати Худо пур аст ва ҷӯёи имконият мебошад, ки онро бо дигарон бо ҳам бинад.
Китоби Муқаддас мегӯяд: «Аммо ҳоло се чиз боқӣ мемонад: имон, умед ва муҳаббат; вале муҳаббат калонтарини онҳост» (1 Қӯр. 13:13). Дар осмон имон дигар ба мо лозим намешавад, зеро ҳамаи чизҳоро бо чашмони худамон мебинем. Умед низ даркор намегардад, чунки ҳар он чизе, ки умед мебастем, ҳақиқат мегарданд. Танҳо муҳаббат қатъ намешавад ва абадӣ давом хоҳад кард, зеро Худо муҳаббат аст, ва Ӯ абадист. Аз ин рӯ муҳим нест, ки чӣ гуна корҳои бузургро ба ҷо меорем, ва ба дигарон чӣ қадар медиҳем — агар ҳамаи ин бе муҳаббат ба ҷо оварда шавад, бемаъно аст. «Ва агар тамоми дороии худро тақсим кунам ва ҷисми худро ба сӯхтан диҳам, лекин муҳаббат надошта бошам, — ҳеҷ манфиате намебинам» (1 Қӯр. 13:3). Корҳое, ки мо аз рӯи муҳаббат ба ҷо меорем, абадӣ мемонад, ва мукофот барои онҳо — тоҷи ҳаёт аст.
Муҳаббат — арзиши бузургтарин аст. Вай аз имон бузургтар аст, гарчанде ки маҳз аз имон сар мешавад. Аз ин рӯ, дуо мекунем, ки кӯдакони мо дар имон калон шаванд, то ки яроқи дасти Худо бошанд. Одатан одамон намехоҳанд, ки чизи доштаашонро бо дигарон бо ҳам бинанд, зеро метарсанд, ки зарар мебинанд, метарсанд, ки ба худи онҳо камӣ мекунад. Сабаби дигар дар он меанҷомад, ки дар дили онҳо нисбати одамон муҳаббати Худо нест. Биёед барои он дуо кунем, ки фарзандони мо муҳаббатро бо дигарон бо ҳам диданро ёд гиранд, ва инро танҳо бо имон ба Худованд, хирадмандона таҳти роҳнамоии Рӯҳулқудс ба ҷо оранд. Агар онҳо ин принсипро пайравӣ намоянд, ҳаёти онҳо бегуфтугӯ бо баракати Худо пур мегардад.
Вақте ки мо гарму ҷӯшон ва самимона барои фарзандони худ дуо мекунем, мо ҳис мекунем, ки худамон ба дуокунӣ, ба раҳоёбӣ ва навгардӣ эҳтиёҷ дорем. Агар мо худ ранҷу озорҳоро дар дил нигоҳ дорем, магар дуоҳои мо дар бораи он, ки фарзандони мо бахшиданро омӯзанд, пуртаъсир буда метавонад? Агар мо дар диламон гуноҳи тавбанашуда дошта бошем, қудрати дуокуниро аз куҷо пайдо кунем, ки фарзандони мо тавба карданро ёд гиранд? Агар мо бо шубҳаҳо мубориза барем, чӣ тавр метавонем аз Худо хоҳиш намоем, ки имони фарзандони моро афзун гардонад? Агар мо меҳрубон набошем, оё метавонем онҳоро омӯзонем, ки одамонро дӯст доранд? Маро низ ин шубҳаҳо азоб медиҳанд, вале ман дуокуниро бас намекунам. Ман ба назди Худо бо дили сарнагун меоям, ва он чизи бадеро, ки дар худ мебинам, эътироф менамоям ва ёрии Ӯро хоҳиш менамоям.
Агар шумо ҳис кунед, ки имонатон суст аст, инро дар назди Худо эътироф намоед, ва бо дуое, ки дар охири ин боб оварда шудааст, барои худ ва баъд барои фарзандатон дуо кунед. Китоби Муқаддас мегӯяд: «…Ҳар коре, ки мувофиқи имон нест, гуноҳ аст» (Рум. 14:23). Агар мо шубҳа кунем, мо ба Худо итоаткор нестем, агар мо бовар кунем, дар итоаткорӣ мебошем. Шубҳа аз нобоварӣ ба Худои қодир ба амал меояд. Ба имони заифи худ имкон надиҳед, ки байни шумо ва Худо девор офарад. Беҳтараш, бигзор он сабаби муроҷиати зуд ба Худо бо хоҳиши афзун гардондани имони
Ҳарчанд, ки мо силсилаи дуоҳои ин китобро ба охир мерасонем, ман фикр мекунам, ки ин танҳо ибтидои хизматгузории дуогии шумо мебошад, ки дар он Худо ба шумо роҳҳои нави шафоатхоҳии дуогиро барои эҳтиёҷотҳои фарзандонатон нишон хоҳад дод. Дар хотир доред, қудрате, ки шумо чун падар ё модари дуокунанда доред, аз тарафи Худо дода шудааст, ва дуоҳои шумо ин қувваро барои он озод мегардонанд, ки иродаи Худо амалӣ гардад. Ин қувва ҳамеша ба шумо дастрас аст; захираи он ҳеҷ гоҳ тамом намешавад, ва ягона монеа ба ин метавонад танҳо имони сусти шумо бошад, ки ба он Худо албатта ҷавоб хоҳад дод. Вале дар ин ҳолат низ баракати Худо чунон амал менамояд, ки он имони кӯчаке, ки
Биёед дар дуо бо дигар падару модарон ҳамроҳ шуда мегӯем: «Бигзор донаи имони мо, ки дар дуо шинонда шудааст, ҳаёт орад, ва ба фарзандони мо ёрӣ расонад одамони калон гарданд, ки дилҳояшон ҳамеша ба Худо нигаронида шудаанд».
Худованд, дар Каломи Ту гуфта шудааст, ки Ту барои ҳар як одам «андозаи имон» муқаррар кардаӣ (ба Рум. 12:3 ниг.). Ман аз Ту хоҳиш менамоям: имонеро, ки Ту дар дили фарзанди ман парвардаӣ, афзун гардон.
Бигзор ҳақиқати Каломи Ту дар дили вай мустаҳкам гардад ва ҳар рӯз ӯро роҳнамоӣ кунад. Ба вай кӯмак кун, ки ҳар боре ба Ту муроҷиат намояд ва роҳбарии Туро ҷӯяд, то ки тағйир ёбад, ба Ту бовар кунад. Ман медонам, ки худи мо қарор медиҳем, ки ба Ту бовар кунем ё не. Ба фарзанди ман кӯмак кун, ки ин интихобро бикунад. Ман дар бораи он илтиҷо менамоям, ки вай ҳамеша ба Ту бо боварӣ ба он муроҷиат намояд, ки умеди вай дар Туст. Бигзор имони вай «амалӣ гардидани интизориҳо ва боварӣ ба чизҳои нонамоён» бошад (ба Ибр. 11:1 ниг.). Ман аз Ту хоҳиш мекунам: ба вай имоне деҳ, ки тавонад вайро аз шароитҳо ва нобарориҳо баланд бардорад ва боварии вайро ба он мустаҳкам созад, ки ҳама чиз бар манфиати вай хоҳад буд (ба Рум. 8:28 ниг.).
Бигзор писари (духтар, номи кӯдак) ман сахт ба он бовар кунад, ки алоқаи вай бо Ту дар ҳаёти вай аз ҳама муҳим мебошад. Бигзор ӯ бо хоҳиши худ, бе фишори берун назди Ту ояд. Ман мехоҳам ба он бовар дошта бошам, ки вақте ман ин ҷаҳонро тарк мекунам, имони кӯдаки ман ба андозае қавӣ бошад, ки вай «ҳамеша матину устувор бошад, ҳамеша дар кори Худованд ҷадал намояд» (ба 1 Қӯр. 15:58 ниг.).
Ман дар бораи он илтиҷо менамоям, ки фарзанди ман дар имон буда, дили Туро, дили пур аз муҳаббатеро дошта бошад, ки муҳаббати он ба дигар одамон резад, диле дошта бошад, ки мувофиқи аҳкомҳои Ту барои бо дигарон бо ҳам дидан тайёр бошад. Ба вай бикушо, ки бо ягон кас муҳаббаташро бо ҳам дида, чизеро аз даст намедиҳад, балки чизи бештареро ба даст меорад. Дар бораи он илтиҷо мекунам, ки фарзанди ман ба даст «сипари имонро» гирад, ки он қудрат дорад «тирҳои тафсони шарирро хомӯш карда метавонад» (ба Эфс. 6:16 ниг.), ва инчунин дар бораи он, ки вай дар имон устувор истода бигӯяд: «Исои Масеҳи Худованди Моро шукргузорӣ мекунам, ки Ӯ ба ман қувват бахшид ва маро амин дониста ба хизматгузорӣ таъин намуд…» (1 Тим. 1:12). Оиди ҳамаи ин бо номи Исои Масеҳ дуо мекунам.
Аммо бе имон ба назари Худо писанд омадан мумкин нест; зеро ҳар кӣ сӯи Ӯ меояд, бояд имон дошта бошад, ки Ӯ ҳаст, ва ба толибони Худ мукофот хоҳад дод.
Бинобар ин ба шумо мегӯям: ҳар чӣ дар дуо хоҳиш мекунед, яқин бидонед, ки онро пайдо хоҳед кард, — ва ба шумо ато хоҳад шуд.
…Агар ба андозаи донаи хардале имон дошта бошед ва ба ин кӯҳ бигӯед: «Аз ин ҷо ба он ҷо кӯч кун», он кӯч хоҳад кард; ва ҳеҷ чиз барои шумо ғайриимкон нахоҳад буд…
Валекин бигзор бо имон талаб кунад ва ҳеҷ шакку шубҳа надошта бошад, чунки шаккок ба мавҷи баҳр монанд аст, ки аз шамол баланд шуда, ҷавлон мекунад: Бигзор чунин кас гумон накунад, ки аз Худованд чизе ба даст хоҳад овард. Шахси дудила дар ҳамаи роҳҳои худ ноустувор аст.
Ва мо некӣ карда, ноумед намешавем; зеро ки дар вақташ хоҳем даравид, агар сустӣ накунем. Аз ин рӯ, то он даме ки фурсат дорем, ба ҳама некӣ кунем, алалхусус, ба аҳли имони худ.
Илова
Баъди якчанд кӯшиши ташкил кардани ҷамъомади дуогии шафоатхоҳии коллективӣ барои фарзандон, ман ниҳоят фаҳмидам, ки чӣ тавр ин хизматгузориҳоро гузарондан даркор аст. Ман фаҳмидам, ки рӯзномаи ҳар як ҷамъомад бояд хоҳишҳоро дар бораи на зиёда аз бист кӯдак дар бар гирад, зеро барои дида баромадани эҳтиёҷотҳои ҳар як кӯдак на камтар аз 20-30 дақиқа вақт сарф мешуд. Барои он ки барои бист кӯдак дуо кунем, шаш соат вақт лозим аст. Падару модаронро лозим меомад, ки вақти зиёди худро сарф намоянд, ҳоло дар бораи он намегӯем, ки кӯдакон бояд босаброна интизор мешуданд. Аз ин рӯ, мо қарор додем, ки чунин вохӯриҳоро як ё ду маротиба дар як сол гузаронем, одатан дар яке аз шанбеҳо ё рӯзҳои ид.
Мо ҷамъомади дуогии худро соати 2-и рӯз сар мекардем, баъд аз соати 5 то 5.30 танаффус буд, ва баъди он ҷамъомад то соати 8.30 давом мекард. Баъзан мо ҳамроҳи худ хӯрок меовардем, ва баъзан хӯрокро мефармудем. Мо аз наврасон хоҳиш кардем, ки вақти дуокунии калонсолон кӯдаконро нигоҳубин намоянд.
Маълум гашт, ки барои кӯдакони як оила яку якбора дуо кардан лозим нест, чунки баъд тамоми он оила баромада ба хонаашон мерафт. Мо инчунин ҳолатҳоеро қабул накардем, ки одамон танҳо барои он меомаданд, ки барои онҳо дуо кунанд ва баъди он баромада мерафтанд, ва боз аз ин ҳам бадтар, кӯдакро барои шафоатхоҳии дуогӣ меоварданд ва баъдтар меомаданд, ки вайро гирифта баранд. Ягона маротибае, ки мо ба ин кор роҳ додем, ин хоҳиши модари танҳое буд, ки бо сабаби банд буданаш дар ҷои кор дар ҷамъомад иштирок карда натавонист. Дар ин ҷамъомадҳо
Мо аз он сар мекунем, ки рӯйхати оилаҳоро тартиб медиҳем, то ки пайдарҳамии амалҳои худро муайян намоем. Баъд мо аз рӯи тартиби муқарраршуда дуо мекунем, аввал барои нахустзодагони ҳар оила, ва баъд барои ҳамаи он касоне, ки хурдтар ҳастанд.
Мо ҳамеша дуоро дар ғоибии кӯдак сар мекунем, то ки падару модарон тавонанд ҳамаи ташвишҳо ва андешаҳои худро гӯянд ва ҳатто ягон номгӯи эҳтиёҷотҳои фарзандони худро бигӯянд, ки аз рӯи ақидаи падару модарон, писар ё духтарашон бояд онро нашунаванд. Дар дуо барои ин кӯдак мо аз Худо хоҳиш менамоем, ки саломатии вайро дуруст кунад, вайро муҳофизат намояд, рафторҳои вайро роҳнамоӣ кунад, дар инкишофи маҳорат ва қобилиятҳояш ёрӣ расонад ва ба таври боодобона ба он масъалаҳое рӯ меорем, ки падару модари кӯдак ёдовар шуда буданд.
Масалан, як модар аз он хеле дар хавотир буд, ки баъзе дӯстон ба фарзанди вай таъсири бад мерасонанд. Вақте ки мо дар
Оилаҳое, ки мо бо онҳо ҳамаи ин солҳо дуо мекардем, имрӯзҳо дар бораи таъсири бузурги дуоҳои якҷояи мо дар ҳаёти фарзандонашон ва дар бораи ҷавобҳои бешумори Худо ба дуоҳояшон мегӯянд. Кӯдакон низ хурсандона он ҷамъомадҳоеро ба хотир меоварданд, ки дар онҳо худро даркорӣ ва дӯстдошта эҳсос карда буданд. Ҳатто ҳолатҳое буданд, ки падару модарон хоҳиш намуданд, ки дар бораи писар ё духтари болиғашон дуо кунем, ки аз онҳо дур зиндагӣ мекунанд. Ин падару модарон низ дар бораи самараҳои неки дуоҳои мо башорат додаанд.
Кӣ медонад, ки ба ин ё он роҳе, ки падару модарон барои дуокунӣ ҷамъ мешаванд, чӣ қадар ҳаётҳо раҳо дода шудаанд, ё шояд раҳо ёбанд? Шитоб кунед, ки шумо низ чунин гуруҳҳои дуогиро ташкил намоед. Эҳтиёҷот ба ин бузург аст ва агар шумо қарор диҳед, одамон албатта назди шумо меоянд.