Рик Осборн ЧӢ ТАВР БА ФАРЗАНДОН ДУО КАРДАНРО БОЯД ОМӮХТ Ба фарзандонам Данника, Сара ва Ҷошуа бахшида мешавад, ки бо ёрии онҳо ман фаҳмидам, ки падар будан машғулияти шавқовар аст. Онҳо ҳаёти маро бо хурсандиву ханда пур карданд. Изҳори миннатдорӣ Ман аз муҳаррири худ Кристи Боулер миннатдорам, ки дар сари эҷодиёти ман заҳмати зиёд кашид. Инчунин ба Аделина Гриффит, Ҷим Винсент, Дейв Девит ва Эд ван дер Маас барои маслиҳатҳо ва кӯмаке, ки дар эҷод кардани ин китоб ба ман расонданд, миннатдории махсус баён кардан мехоҳам. Мутташакирам аз Терри ван Роон барои ороиши китоб, аз Эндрю Ҷастер барои саҳифабандиаш ва аз Кевин Миллер, ки фасли «Саволҳо» ва «Вазифаҳо»-ро тайёр кард. Пешгуфтор «Исо кӯдаконро дӯст медорад, ҳамаи кӯдакони ҷаҳонро». Ин суруд ҳақиқатан рост аст. Дуруст аст, ки «онҳо дар назари Худованд қимматбахо ҳастанд». Пас, тасаввур карда метавонед, ки вақте яке аз ин хурдакакон бо чашмони софу беғубор ба Худо нигоҳ карда дуо мекунад, яъне бо Ӯ гап мезанад, чӣ шодие дили Худои меҳрубонро пур мекунад. Худованд ҳатман аз дуои рӯҳонии пуртаҷриба дида, ки имонаш дар асл суст аст, дуои самими масеҳии хурдро зудтар мешунавад. Инчунин, дар ҳолате, ки кӯдакон аз рӯи тарбияи гирифтаашон, ба вуҷуд доштани Худованд аҳамият намедиҳанд, дар бораи муҳаббат ва ҳузури Ӯ дар ҳаёташон ҳеҷ чиз намедонанд, ҳаргиз ба хазинаи имкониятҳо ва раҳми бепоёни Ӯ надаромадаанд, он гоҳ Худованд чӣ қадар ғамгин мешавад. Ман медонам, ки дуо чӣ аҳамияти калон ва қуввате дорад. Дуо асоси ҳаёти ман ва хизмати ману Билл[1] буд, то он даме ки мо соли 1951 «Campus Crusade for Christ» (Ташкилоти умумиҷаҳонии хушхабарпаҳнкунии донишҷӯён) ташкил додем, инчунин то он даме, ки ман «Women Today International»-ро ташкил додам. Вақте ки ман нӯҳ сол раиси комитети «National Day of Prayer Task Force» будам, ки онҳо барои шафоати гурӯҳӣ дар ҳудуди тамоми Амрико ҷамъомадҳои дуохонӣ ташкил медоданд, дар давоми ин солҳо ман қувввати ҳайратангези дуоро дидам. Бо марҳамати Худованд имрӯзҳо «Campus Crusade for Christ» зиёда аз 16 ҳазор коргарон ва 200 ҳазор мавъизачиёни ихтиёрии омӯхташуда бо ёрдамчиҳояшон иборат аст, ки онҳо дар зиёда аз 172 давлатҳои дунё кор мекунанд. Мо беист дуо мекунем ва соле ду маротиба коргарони мо аз ҳар гӯшаву канори дунё барои дуои якҷоя, ки як рӯзи дароз давом медиҳад, ҷамъ мешаванд. Ғайр аз ин, мо боз дар ҳаракати умумиҷаҳонии рӯзагирӣ ва дуо фаъолона иштирок мекунем. Бо қуввати «National Day of Prayеr Task Force» мо дуоҳои ҳазорҳо одамонро дар тамоми мамлакатамон бо ҳамдигар мувофиқ мекунем. Худованд ба ман иҷозат дод шоҳиди он шавам, ки чӣ тавр хеле бисёр дуоҳои ғайриоддии одамони баландмансаб ҷавоб ёфтанд. Хушбахтона, Худо дуоҳои онҳоро шунида, ба онҳо ҷавоб дод. Вале ҳеҷ яке аз ин дуоҳо мисли дуоҳои фарзандон ва набераҳои ман, ки дар бағалам нишаста ё дар наздам истода дуо мекарданд, самимӣ, таъсирбахш ва бошавқ набуд. Азбаски онҳо кӯдак буданд, дар бораи душвориҳои имрӯза ва баҳсу мунозираҳои динӣ ҳеҷ чиз намедонистанд ва душвориҳои ҳаёти калонсолон низ онҳоро ташвиш намедоданд. Онҳо ба назарияҳо шавқманд набуданд. Онҳо фақат ба он чӣ дар ҳақиқат буд шавқ доштанд. Онҳо аниқ медонистанд, ки Худо ҳаст, Исо онҳоро дӯст медорад ва барои онҳо ҷон додааст. Акнун, вақте ки онҳо бо Ӯ гап мезананд, Ӯ бодиққат онҳоро гӯш мекунад. Самимият. Ҳақиқат. Имон. Натиҷаҳо. Бале, мо калонсолон, ки машғули тарзи зебои суханрониамон ҳастем, аз кӯдакон ёд гирифтанамон лозим, «зеро Подшоҳии Худо аз они онҳост». Агар мо кӯдаконро ба роҳи ростӣ насиҳат кунем, дар бораи Худо дониш омӯзонем ва Ӯро пайравӣ карданро ёд диҳем, масъулияти аз ҳама муҳимеро дар ҷаҳон иҷро карда ҳисоб мешавем. Яке аз вазифаҳои бузургтарин дар ҷараёни тарбияи кӯдакон ин ёд додани дуо ба онҳо аст. Дуои кӯдаки имондор ҷаҳон ва худи ҳаёти кӯдакро тағйир дода метавонад. Дар китоби худ «Тарзи ёд додани дуо ба кӯдакон» Рик Осборн кори ҷиддие карда, моҳирона принсипҳои муҳими назариявиро бо маслиҳатҳои қиммати амалӣ пайваст намудааст. Ман боварӣ дорам, ки Худо дуоҳои хонандагонро шунида, ин китобро барои ивазшавии ҳаёти рӯҳии кӯдакон истифода бурда, онҳоро ба роҳи ростӣ равона мекунад, ки аз ин роҳ, чӣ тавре, ки Худо дар Каломи Худ ваъда медиҳад, онҳо «дур намешаванд» (ниг.: Масалҳо 22:6). Худованд мунтазири дуоҳои шумост. (Вонетт Брайт, Асосгузори ташкилоти «Women Today International») * Қисми 1. Тайёр шудем! * Мо аз рӯи одат ба дуо ҳамчун ба як чизи беаҳамият назар мекунем, лекин мувофиқи Каломи Худо вай бояд асоси ҳаёти мо шавад. Бисёр вақт мо дар калонсолагӣ дуохониро ёд мегирем, то ки ба воситаи он чизеро дар ҳаёти худ тағйир диҳем. Аммо Худо мехоҳад, ки мо дуохониро аз хурдсолӣ омӯзем ва аз аввал ба таври дуруст дуо кунем. Писари хурдакак, ки ана мана 6 сола мешуд, дар ҷойгаҳи худ хобида дар бораи кордчаи кисагӣ орзу мекард. Ӯ бо чӯбу тахта кор карданро омӯхтан мехост. Ӯ андеша мекард, ки чӣ тавр ба рафиқаш, ки писарчаи маъюб аст, як ҷуфт асо месозад, то вай бо бачаҳои дигар бозӣ карда тавонад. Барои ноҳияҳои дурдасти ҷануби мамлакат ин давраи душвори зиндагӣ буд. Дар ҷойгаҳи худ, дар кулбаи хурде дар бешаи партофташуда хоб карда, писарак мефаҳмид, ки орзуяш иҷро намешавад. Вале вақте дар фикри ҳамаи ин буд, ки Падари Осмониро, ки ба вай кордчаи кисагӣ дода метавонад, ба ёд овард. Аз ин сабаб ӯ ба Худо дуо карда хоҳиш намуд, ки ин хоҳишашро иҷро намояд. Ҳамон шаб писарак дар хоб як тарбузи қисман хӯрдашударо дар буттазори ҷуворимакка дид. Он чизе, ки аз даруни тарбуз намоён мешуд, ҷавоби дуояш буд, яъне кордчаи кисагӣ бо дастакӣ сиёҳ. Бо баромадани офтоб писарча аз панҷарае гузашта аз саҳро рост ба ҷое равон шуд, ки дар хобаш дида буд. Ба ҳамон ҷой давида омада ӯ буттазори ҷуворимаккаю тарбуз ва кордчаро бо дастакӣ сиёҳ дид! Писарак инро ҳамчун мӯъҷиза ҳисоб накард, балки медонист, ки Падари Осмонӣ танҳо ба дуояш ҷавоб дод. Бо Худо сӯҳбат кардан ва аз Ӯ ҳикмату кӯмак пурсидан кори табиию оддӣ шуд. Ана ҳамин писарак Ҷорҷ Вашингтон Карвер буд. Ӯ ба воя расида биохимик (мутахассиси соҳаи селексия) — и машҳур гардид ва маҳсули меҳнати ӯ ҷаҳонро тағйир доданд. (Дар бораи ӯ дар хотимаи қисми аввал нақл шудааст). Аммо ҳамон муносибатеро, ки дар кӯдакиаш Ҷорҷ нисбат ба кордчаи дастакаш сиёҳи кисагӣ дошт, баъдан ҳам хоксорона ва бо миннатдорӣ ба Худо ӯ ба дастовардҳои худ менигарист. Ба воситаи воқеа бо кордча ӯ фаҳмид, ки Худованд ба дуоҳо ҷавоб медиҳад. Аз ин зиёдтар, маҳз ҳамон вақт ӯ бо Худо сӯҳбат карданро ёд гирифт. Агар фарзандони мо дуогӯиро омӯзанд, онҳо айнан мисли Ҷорҷ Карвер дар бораи Худои вафодоре, ки ғами онҳоро мехӯрад, мефаҳманд. Дар қисми яккуми ин китоб гуфта мешавад, ки мо калонсолон чӣ тавр бояд тайёр шавем, то ки баъд ба фарзандони худ ёд дода тавонем. Дар ин ҷо маънидод карда мешавад, ки чаро фарзандонро ба дуогӯӣ таълим додан лозим аст. Ҳамчунин дар бораи он имтиёзе, ки дуо медиҳад, гуфта мешавад. Барои омӯзишро бештар фоиданок гардондан дар ҳар боб савол ва вазифаҳои муайн барои фикру мулоҳиза намудан пешниҳод карда мешаванд. Шумо метавонед онҳоро ҳамроҳи фарзандононатон иҷро намоед. Ба ғайр аз ин дар охири ҳар як боб мавзӯъҳои дуогӯӣ ҳастанд, ки эҳтимол, онҳо барои шумо шавқоваранд ва ҳамчунин намунаи дуо барои фарзандонатон ҷойгир карда шудаанд. Боби 1. Беҳтаринро ба фарзандони худ додан Ним соати дуо ҳар субҳу шом ба рафтору шуур ва ташаккулёбии роҳи ҳаёти мо таъсири бениҳоят калон расонда метавонад. П. Т. Форсит Фарзандонро ба мактаб фиристода, ба маконе, ки онҳо дониши нахуст дар бораи ҷаҳон пайдо мекунанд, мо танҳо қадами аввалин ба шоҳроҳи зиндагии онҳо мемонем. Мо хоҳонем, ки фарзандони мо хушбахт бошанд, аз ин сабаб мо боварии комил доштан мехоҳем, ки ҳар чӣ аз дастамон ояд барояшон кунем. Мо ба онҳо шинокунӣ, велосипедронӣ, конкирониро меомӯзонем. Мо бо саросемагӣ онҳоро ба махфилҳои бейсбол, футбол, чавгонбозӣ (хоккей) ё баскетбол дохил мекунем ва дар фасли тобистон бошад, ба лагерҳо мефиристем. Шумо ба фарзандони худ пешниҳод карда метавонед, ки дар мактабҳои мусиқӣ таҳсил намуда маълумот гиранд, масалан: омӯзиши сурудхонӣ, навохтани фортепяно, ғиҷҷак, гитара, агар талаб намоянд нақоразанӣ. Фарзандонатон агар хоҳанд, (ё агар шумо хоҳед) бо рақс, балет, гимнастика, дорбозӣ, ҷаҳиш болои батут машғул шуда метавонанд. Шумо онҳоро ба студияи театрӣ, маҳфили саҳнавӣ, ба синфи санъати актёрӣ ва ҳатто моделӣ аъзо мегардонед. Ва баъдтар шумо кӯмак мерасонед, ки онҳо маҳорату пешаи худро истифода бурда як шахсе дар ҷамъият шаванд. Баъзеи падару модарон муаллимони иловагиро киро карда, фарзандони худро пас аз дарсҳои мактабӣ ба курсҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ медиҳанд, дар рӯзҳои истироҳат бошад, ба мактабҳои бегоҳирӯзӣ ва ба махфилҳо дохил мекунанд, ҳамчунин бачаҳои худро ба мактабҳои тобистона мефиристанд. Падару модарон ҳамаи ин корро на бо сабаби аз дарс қафомондани фарзандашон мекунанд, балки кӯмак кардан мехоҳанд, ки онҳо дар ҳама ҷо аввал шаванд. Мумкин ба ин руйхати кӯшишу ҳаракатҳои падару модарон, ки номбар кардем, табассум мекунед, вале ба ҳамаи ин, яъне ба синфҳою таҳсилҳо дохилкардан, ташрифи консертҳои симфонӣ ва яккахонӣ, машқкуниҳо, бозиҳои варзишӣ, имтиҳодиҳиҳо вақти пурқиммат сарф мешавад. Мо мехоҳем, ки фарзандонамон пурра қобилияту маҳорати худро инкишоф диҳанд. Мо китобҳое мехарем, ки мавзӯъҳои гуногун оиди таълим додани рафтору одоб, тарзҳои тасаввуроти неку бад, тарбияи одобу ахлоқи намунавӣ ва кӯмакрасонӣ барои пайдо кардани боварӣ ба худ ва ғайраро дар бар мегиранд. Китобҳое ҳастанд, ки ба фарзандони мо чӣ гуна идора кардани пул ва чӣ тавр ба даст овардани муваффақиятро меомӯзонанд. Чунин китобҳо имконият медиҳанд, ки онҳо шахсияти худро пайдо кунанд, асосҳои бизнес ва саънати суханрондан дар пеши мардумро таълим медиҳанд ва барои сиёсатмадор шудан ёрӣ мерасонанд. (Ман ҳанӯз ин хел китобро надидам, лекин ба фикрам он ба қарибӣ пайдо мешавад). Инак, аз чӣ сабаб мо ҳамаи инро мекунем? Аз сабаби он ки мо фарзанонамонро дӯст медорем ва чизи аз ҳама беҳтаринро барояшон хоҳонем. Ҳамин тавр ҳам бояд бошад. Аз ҳама чизи беҳтарине, ки мо ба фарзандони худ дода метавонем, дуо аст Тамоми одату таҷрибаи ба дастовардашуда хеле муҳиманд, вале як чизи аз ин ҳам муҳимтаре ҳаст, ки асоси ҳаёти мост, чизе, ки ҳақиқатан фарзандони моро ба имтиҳонҳою санҷишҳои оянда омода мекунад. Ин дуо мебошад. Боре Исо ба китобдонону фарисиён таъкид кард, ки онҳо боэҳтиётона қонунҳоро иҷро намуда, аҳкоми Худованд, яъне «Наздики худро дӯст бидор»-ро фаромӯш карданд. Исо ба онҳо нагуфт, ки барои додани даҳяк вазифадор нестанд, Ӯ мегуфт, ки диққати онҳо дар чизи нодуруст аст. Ин суханонро ба шароити мо, яъне ба ҳамаи он корҳое, ки мо барои фарзандонамон мекунем, нисбат додан мумкин аст. Албатта, иҷрои вазифаҳои гуногун, гирифтани маълумоти иловагӣ, онҳоро беҳтар ба ҳаёт омода месозанд, лекин бо вуҷуди ин, агар аҳамияти ёд додани дуогӯиро бо ҳамаи он имтиёзҳое, ки муносибат бо Худо медиҳад баробар кунем, он гоҳ ин фақат даҳяк аз «тундмаззаҳо»-и мо мешавад. Ба фарзандони худ дуогӯиро омӯзонда, шумо дар ҳақиқат онҳоро ба ҳаёт омода месозед ва ҳама он чизи лозимро медиҳед, то ки онҳо нотарсона ояндаи худро пешвоз гиранд. Дуогӯиро омӯзонда, мо ҳақиқатан онҳоро ба ҳаёт тайёр мекунем ва ҳар чизи лозимро медиҳем, то ки онҳо ба ҳар ҳолате, ки дар оянда дучор мешаванд далерона истодагарӣ намоянд. Баробари омӯзондани дуо, мо ба онҳо инчунин муносибат кардан бо Офарандаи худ, бо Падару Устод ва бо Шахсе, ки онҳоро ҳатто зиёдтар аз тасаввуроти мо дӯст медорад, ёд медиҳем. Дуогӯиро омӯзонида мо онҳоро бо Падари Осмонӣ шинос мекунем. Бо Падаре, ки бо онҳо чизи аз ҳама баҳтаринро хоҳон аст ва медонад, ки барои онҳо чӣ хуб аст. Ӯ қувват ва воситаи додани онро дорад. Исо қобилияти моро, ки ба фарзандонамон чизе медиҳем, бо қобилияти Худо муқоиса карда мегӯяд: «Пас агар шумо, ки шарир ҳастед, ба фарзандони худ додани инъомҳои некро медонед, пас Падари шумо, ки дар осмон аст, ба онҳое, ки аз Ӯ металабанд, сад маротиба зиёдтар чизҳои нек хоҳад дод» (Мат. 7:11). Ба қарибӣ дар Донишгоҳи ақидаи ҷамъиятии Гэллап тафтиш гузаронида шуд, натиҷаи он дар маҷаллаи «Pirenting» чоп гардид. Мувофиқи он маълум гашт, ки 65 фоизи падару модарон бо фарзандони худ пеш аз хӯроки нисфирӯзӣ ва пеш аз хоб дуо мекунанд[2]. Ин маънои онро дорад, ки мо ҳамчун волидайн аҳамияти дуоро мефаҳмем ва кӯшиш мекунем, ки ҳамроҳи фарзандон дуо хонем (яъне дуохониро ба кӯдакон одатӣ гардонем). Гарчанде, ки дар аввал пеш аз хоб ва пеш аз хӯроки нисфирӯзӣ дуохондан хуб бошад, дар давоми дигар соатҳо низ ба фарзандон омӯзонидани дуохонӣ лозим аст. Фикр кунед: 1. Дуо дар ҳаёти оилавии шумо чӣ гуна аҳамият дорад? Дар муносибатҳои шумо бо фарзандон чӣ? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ 2. Ба фарзандони худ чиро хоҳонед? Барои ин чизҳоро ба даст овардан омӯзиши дуо чӣ тавр кӯмак мерасонад? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ Фоидаи дарсҳои дуо Духтарони худро ба мактаби мусиқӣ ба синфи ғиҷҷак дода, мо бо занам дар навбати аввал дар бораи фоидаи ин дарсҳо фикр кардем: дар аввал, омӯзиши навохтани асбоби мусиқӣ дар синну соли ҷавонӣ ба духтаракон осон мешавад, дуюмаш, дарсҳо барои онҳо шавқовар мешаванд ва онҳо дар соҳаи мусиқӣ дониш пайдо карда метавонанд, сеюмаш, барои худро ба тартиб даровардан кӯмак мерасонад. Ҳар як падару модар муваффақиёти фарзандони худро дидан мехоҳад. Ҳамаи мо афсонаи «Золушка»-ро дӯст медорем. Ӯ духтараки оддӣ, камбағал, вале зебою меҳрубонест, ки бисёр вақт дар хонаи падараш ӯро озор медоданд. Духтарак ба таври аҷиб аз ҳамаи нохушиҳо халос шуда, дар қасри шоҳ зиндагӣ мекунад. Чунин афсонаҳо ба монанди «Румпелштилсхен», «Шоҳзода ва қашшоқ» ва филмҳои тасвирии диснеӣ «Духтари зебо ва Ҳайвони даҳшатовар», «Парии обӣ» ва «Алладин» ин мавзӯъро давом медиҳанд. Ин ҳикояҳо ба ҳақиқат наздиканд. Зеро Шоҳ ба фарзандони мо даъватномаеро ба осмон, ба Подшоҳӣ додааст, ки аз қасри хеле зебои афсонавӣ ҳам зеботар аст. Дар ин ҷо ҳар кас аъзои оилаи Худо мегардад. Аммо Худованд на фақат ба ташриф овардан даъват мекунад. Балки Ӯ пешниҳод менамояд, ки дар назди Ӯ, Худои Тавоно, ки ҳама чиро медонад, нишаста ҳамрҳаш сӯҳбат кунем ва Ӯро дарк намоем. Ӯ ба мо пешниҳод мекунад, ки аъзоёни баробарҳуқуқи оилаи Ӯ шавем ва аз имтиёзҳое, ки ҳамчун фарзандони Ӯ дорем, ҳаловат барем. Кӯдакон пеш аз он, ки ба осмон оянд, ба Подшоҳии Худо дохил шуда метавонанд, зеро ҳама чиз дар ин ҷо, дар рӯи замин оғоз меёбад. Исо гуфт: «Кӯдаконро бигзоред, ки назди Ман оянд ва ба онҳо монеъ нашавед, зеро Малакути Худо ба чунин касон тааллуқ дорад» (Марқ. 10:14). Ҳамаи моро ба Подшоҳии Худ таклиф намуда, Худованд даъват мекунад, ки Ӯро дарк намоем ва ба ҳузури Ӯ бовар кунем. Порчаҳои зеринро аз Навиштаҷоти Муқаддас хонед: Ва шумо Маро хоҳед хонд ва омада, пеши Ман дуо хоҳед гуфт ва Ман шуморо иҷобат хоҳам намуд. Ва маро хоҳед ҷуст ва пайдо хоҳед кард, ба шарте, ки бо тамоми дили худ Маро ҷустуҷӯ намоед. Ва Ман барои шумо ёфт хоҳам шуд, — мегӯяд Худованд… Ирмиё 29:12-14 Исо дар ҷавоби вай гуфт: Ҳар кӣ Маро дӯст дорад, каломи Маро риоя хоҳад кард; ва Падари Ман вайро дӯст хоҳад дошт ва Мо назди вай омада, бо вай маскан хоҳем гирифт (Юҳ. 14; ниг. инчунин ба Ирм. 24:7 ва Яъқ. 4:8). Ҳангоме, ки мо ба кӯдакон на фақат дуогӯиро ёд медиҳем, балки онҳоро тайёр мекунем, ки онҳо дуоро ҳамчун асоси ҳаёти худ эътироф кунанд, мо барояшон ҳамаи бахшоишҳо ва имтиёзҳои олӣ, яъне вохӯрӣ бо Худо ва дӯстӣ бо Ӯро, ки дар ин ҳаёт пайдо кардан мумкин аст, месупорем. Дуоро аз ҳамон нуқтаи назаре, ки дарси мусиқиро дида баромадем, мебинем. Чӣ гуна афзалиятро ҳаёти масеҳие, ки дуо қисми ҳаёташ мебошад, ба фарзандон медиҳад? Афзалияти калонро! Онҳо аз имтиёзи муносибат бо Падар ҷорӣ мешаванд. Дар Китоби Муқаддас, Каломи Худо ин неъматҳо кушоду равшан тасвир шудаанд: ин ҳаёти ботинии боз ҳам комил, ривоҷу равнақ ва барору комёбӣ дар кор аст. 1. Ҳаёти боз ҳам комили ботинӣ Вақте ки мо ба фарзандон дуохониро таълим медиҳем, онҳо хурсандии бузургро дарк мекунанду онро аз сарашон мегузаронанд. Шодӣ ва осоиштагие, ки Худо ба дилҳои онҳо мегузорад, қиматтар аз ҳар чизест, ки мо ба онҳо пешниҳод карда метавонем. Зеро Худо аз мо дида ҳамавақт кӯдаконро мешунавад ва ба онҳо мадад мерасонад. Ӯ ваъда дод, ки моро дар осоиштагии комил нигоҳ медорад (ниг. ба Иш.26:3). Ӯ ваъда дод, ки мо дар ҳузури Ӯ шодӣ мекунем, ин шодиест, ки ҳар як тарсро меронад (ниг. ба Заб. 20:7-8), ва мо барои шодӣ кардан сабабҳо пайдо хоҳем кард (ниг. ба Заб. 104:3). Вақте, ки мо дуогӯиро ба фарзандонамон меомӯзем, онҳо дар бораи хурсандии бузурге, ки худашон ҳис карда метавонанд, мефаҳманд. Ду муаллифи Аҳди Нав ҳолати шахси дуогӯйро тасвир мекунад: То кунун ба исми Ман чизе талаб накардаед; талаб кунед, то бигиред ва шодии шумо комил гардад. Юҳ. 16:24 Ҳеҷ ғам нахӯред, аммо ҳамеша дар дуо ва илтимос бо шукргузорӣ хоҳишҳои худро ба Худо ошкор намоед. Ва осоиштагии Худо, ки аз ҳар хирад болотар аст, дилҳои шумо ва фикрҳои шуморо дар Исои Масеҳ нигоҳ хоҳад дошт. Фил. 4:6-7 2. Инкишофи шахсият Ҳамаи падару модарон мехоҳанд, ки фарзандонашон чун шахсият инкишоф ёбад. Мо мехоҳем, ки писарону духтаронамон дар шинохтани Худо пешравӣ дошта бошанд, боҳикматтар шаванд ва тамоми пуррагии Худоро ба худ гиранд. Дар дуо фарзандони мо инро пайдо карда метавонанд: ...Агар донишро даъват намоӣ ва овози худро ба сӯи хирад баланд кунӣ; ва мисли нуқра орзу кунӣ ва мисли ганҷҳо ҷустуҷӯ намоӣ, — Он гоҳ худотарсиро хоҳӣ ёфт, зеро ки Худованд ҳикмат мебахшад: дониш ва хирад аз даҳони Ӯст. Мас. 2:3-6 ...Муҳаббати Масеҳ, ки аз идрок болотар аст, то ки бо тамоми пуррагии Худо пур шавед (Эфс. 3:19, инчунин ниг. ба Заб. 118:26, Ирм. 33:3). 3. Қувват ва мардонагӣ Баъзан тарси фарзандони мо бароямон беасос менамоянд, вале ба ин эътибор бояд дод. Бо мурури замон, ки кӯдаконамон калон шуда наврас мешаванд ва калонсол мешаванд, тарс аз ҳаёти онҳо дур намешавад, балки намуди дигар мегирад. Аммо, агар фарзандони мо дуо карданро ёд гиранд, он гоҳ натарсида бо ҷасо-рат бо мушкилиҳои ҳаёт рӯ ба рӯ мешаванд. Дар Навиштаҷот дар бораи ҷавобҳое, ки мо ба дуоҳои худ мегирем, гуфта мешаванд: Ман Худовандро ҷустам ва Ӯ маро шунид ва аз ҳамаи хатарҳоям маро халосӣ дод. Касоне ки сӯи Ӯ нигоҳ карданд, мунаввар гардиданд ва чеҳраҳояшон хиҷил нашуд. (Заб. 33:5–6;) Дар рӯзе, ки Туро хондам, маро шунидӣ, қувватро дар ҷонам афзун кардӣ. (Заб. 137:3, инчунин ниг. ба 1 Вақ. 16:11, Нав. 3:57 ва Аъм. 4:31) 4. Муҳофизат ва халосӣ аз бадӣ Дар ҷаҳони имрӯза бисёр проблемаҳое ҳастанд, ки барои фарзандони мо хатар шуда метавонанд. Масалан, шумораи зиёди ҷиноят ва наъшамандӣ. Ҳамеша хатаре ҳаст, ки кӯдаки мо зери таъсири бад меафтад. Бо дуо мо ва фарзандонамон худро аз бадӣ муҳофизат карда метавонем: Вақте ки одилон фарёд мекашанд, Худованд онҳоро шунида, аз ҳамаи тангиҳояшон халосӣ медиҳад (Заб. 33:18, инчунин ниг. ба Заб. 21:5 ва Мат. 6:13). 5. Роҳбарияти Худо Худо мехоҳад, ки мо ва фарзандонамон ба Ӯ муроҷиат карда, хоҳиш кунем, ки моро роҳбарӣ кунад. Худо нисбат ба ҳар яки мо нияти Худро дорад ва ваъда медиҳад, ки агар Ӯро хоҳиш кунем, онро иҷро мекунад: Худои Таолоро мехонам, Худоро, ки ҳама чизро барои ман муҳайё месозад. (Заб. 56:3, инчунин ниг. ба Мас. 3:4–6 ва Яъқ. 1:5) 6. Ғамхорӣ Фарзандони мо ба Падари Осмонии меҳрубон дуо мекунанд, ки Ӯ ҳам хоҳиш ва ҳам шароит барои иҷро намудани эҳтиёҷоти онҳо (ва мо) дорад. Ягона чизе, ки аз мо талаб карда мешавад — ин аз Худованд хоҳиш кардан аст, ки ба мо ғамхорӣ кунад. Исо ба пайравони Худ гуфта буд, ки агар писар ҳуқуқ дошта бошад, ки аз падари заминии худ нон ва дигар тӯҳфаҳои некро бихоҳад, пас «чанд маротиба зиёдтар Падари Осмонии шумо барои касоне, ки аз Ӯ талаб мекунанд, некӣ медиҳад» (ниг. ба: Мат. 7:9–11). Дар Аҳди Нав порчаҳое ҳастанд, ки меҳрубонии Падари моро тасвир мекунанд, ки Ӯ ба ҷӯяндагони Худ ғамхорӣ мекунад: Аз ин рӯ, ғамхорӣ накунед ва нагӯед: «Чӣ бихӯрем?» ё «Чӣ бинӯшем?» ё «Чӣ бипӯшем?», чунки халқҳо дар ҷустуҷӯи ҳамаи ин чизҳо мебошанд, лекин Падари шумо, ки дар осмон аст, медонад, ки шумо ба ҳамаи ин чизҳо эҳтиёҷ доред. Аммо аввал Подшоҳии Худо ва адолати Ӯро биҷӯед ва ҳамаи ин чизҳо ба шумо ба таври илова дода хоҳад шуд. Мат. 6:31–33 Он Худое, ки Писари Худро дареғ надоштааст, балки Ӯро барои ҳамаи мо таслим кардааст, чӣ гуна бо якҷоягии Ӯ ҳама чизро ба мо намебахшад? Рум. 8:32 7. Иҷрошавии хоҳишҳо Боз як имтиёзе, ки дуо ба мо медиҳад — ин иҷрои хоҳишҳои мебошад. Дар Худованд тасаллӣ хоҳӣ ёфт ва Ӯ муроди дилатро ба ту ато хоҳад кард (Заб. 36:4, инчунин ниг. ба Заб. 20:3 ва Мас. 10:24) 8. Мадад ва рӯҳбаландӣ Ба воситаи дуо фарзандони мо имконият доранд, ки дар ҳаёти ҳаррӯза мадад ёбанд ва рӯҳбаланд гарданд. Худо монанди Падари меҳрубон арзи дили онҳоро гӯш мекунад ва тасаллӣ мебахшад. Инчунин, вақте ки дар дуо фарзандони мо ба Ӯ муроҷиат мекунанд, Ӯ ба онҳо баракатҳои Худро мефиристад: Бинобар ин бо ҷуръат ба тахти файз наздик оем, то ки марҳамат ба даст оварем ва барои мадади саридарвақт файз ёбем. (Ибр. 4:16, инчунин ниг. ба Заб. 9:38) 9. Пешравӣ ва муваффақият Оқибат Худо онҳоеро, ки Ӯро иззат мекунанд, сарбаланд ва сарфароз мегардонад: Зеро ки на аз машриқ наҷот меояд ва на аз мағриб ва на аз биёбони кӯҳсор, балки Худо довар аст: якеро сарнагун мекунад, дигареро сарафроз мегардонад. (Заб. 74:7–8, инчунин ниг. ба 1 Подш. 2:7) Дар ҳузури Худованд фурӯтан бошед ва Ӯ шуморо сарафроз хоҳад кард. Яъқ. 4:10 Агар ман ба шумо мегуфтам, ки: «Ман ҳамон роҳи тарбияи кӯдаконро медонам, ки онҳо ҳаёти бои маънавӣ дошта бошанду, ҳамчун шаҳсият инкишоф ёбанд ва хислаташон боҷуръату қавӣ гардад, то ки аз бадӣ дур шуда тавонанд ва фалокатҳоро набинанд», оё шумо ин роҳи тарбияро фаҳмидан мехостед? Агар ин роҳ ба фарзандони шумо ёрӣ диҳад, ки мақсад ва муроди зиндагиашонро пайдо кунанд (ин айнан он чӣ ба онҳо лозим аст ва шояд зиёд ҳам бошад), кӯмак кунад, ки инсони пуршарафу боифтихор шаванд, оё ин роҳи тарбияро донистан мехостед? Ин роҳи хеле оддист — ба фарзандони худ дуо карданро ёд диҳед. Барои дуо офаридашуда Агар мо ба оғози таърихи инсоният баргардем, мебинем, ки дар ҳаёти инсон дуо ва муносибат бо Худо ҳамеша ҷои марказиро ишғол мекардад. Одам ва Ҳаво ба воситаи сӯҳбат кардан бо Худо, яъне дуо хондан муносибати худро бо Худованд зич мекарданд. Ба мо маълум аст, ки барои онҳо дар боғ ҳамроҳи Худо вақт гузаронидан одат буд. Онҳо овози шиносро шунида, ҳузури Худоро мешинохтанд ва барои онҳо ғалатӣ набуд, ки Худо бо онҳо гап мезад (ниг. ба: Ҳастӣ 3:8–10). Вале аз рӯзе, ки одамон гуноҳ карданд ва фақат фикри худро мекардагӣ шуданд, ин муносибат бо Худо шикаст ёфт. Ҳол он, ки Худо моро барои муносибат кардан бо Худаш офаридааст. Мо барои дуо кардан офарида шудаем. Бинобар ин, гарчи аз сабаби гуноҳ муносибати мо бо Худо канда шуда бошад ҳам, дар қаъри диламон мо то ҳол талаботи дуо карданро ҳис мекунем. Одам барои имон кардан ба Худо офарида шудааст. Дуо — ин маҳфумест, ки дар ҳар замон ба ҳамаи халқҳо маълум буд. Аз қадимулайём то имрӯз ба мо нишонаҳои он расидаанд, ки ҳамаи одамон дар бораи дуо тасаввуроти худро доштанд ва дуо мекарданд[3]. Имрӯзҳо дар бобати дуо бисёр баҳсу мунозираҳо барпо мешаванд. Дар шумораи 24-уми маҷалаи «Time» аз моҳи июни соли 1996 мақолае бо номи «Имон ва саломатӣ» чоп шуда буд, ки дар саҳифаи аввали он маҷала як расм ба ин мақола нақш ёфта буд. Дар сарсухани ин мақола чунин суханон навишта шуда буданд: «Оё дуо, имон ва рӯҳоният дар ҳақиқат саломатии моро беҳтар гардонда метавонанд? Натиҷаҳои ғайричашмдошти олимон, ки миқдори он беист меафзояд, мегӯянд, ки беҳтар гардонда метавонанд». Дар мақола натиҷаҳои баъзе аз ин тадқиқотҳо оварда шуда буданд. Олимон таъсири динро дар ҳаёти мо тадқиқ карда, ба хулосае омаданд, ки агар одам ба Худо бовар кунад, ба калисо равад ва дуо кунад, ҳаёташ беҳтар мешавад[4]. Имрӯзҳо зиёдтар ва зиёдтар одамон боварӣ ҳосил карда истодаанд, ки дуо дар ҳаёти одам мавқеи хеле муҳимеро ишғол мекунад! Герберт Бенсон аз Гарвард, муаллифи осорҳои зиёд доир ба тадқиқоти таъсири имон ба саломитии инсон, боз як сабаби дигареро меоварад, ки чаро зиёдтар ва зиёдтар одамон дуоро таҳкурсии ҳаёти худ ҳисоб мекунад: дар асл мо барои бовар кардан офарида шудаем. «Одамон… бо Худо пайваст ҳастанд»[5]. Худо зану мардро барои он офарид, ки онҳо бо Ӯ ва Ӯ бо онҳо муносибат кунанд. Вазифаи дуо аз аввал ҳамин буд. Ҳамаи ҷонварҳои дунё барои хизмати инсон офарида шудаанд, аммо инсон барои фарзанди Худо будан ва муҳаббати Ӯро қабул кардан офарида шудааст. Баракати бузургтарини мо Исо гуфтааст, ки ду фармони аз ҳама муҳим дӯст доштани Худованд ва одами наздики худ ҳастанд (ниг. ба: Мат. 22:37–40). Ба мо маълум аст, ки Худо муҳаббат аст, пас, Ӯ ҳеҷ худпарастӣ надорад, пас, ҳар чӣ Худо талаб мекунад на барои Худ, балки барои фоидаи мо талаб мекунад. Аз ин бармеояд, ки фармоишҳои муҳимтарини Худоро иҷро карда, мо баракатҳои калонтаринро насиб мегардем. Баракати калонтарин барои мо бояд дар имон калон шудан ва муносибати зичтар бо Худованд, Падар ва Офарандаи мо доштан ҳисоб шавад. Дуюм баракати калонтарине, ки Худованд ба мо медиҳад ин муносибати хуб бо одамони гирду атрофамон доштан аст. Ин ду чизи муҳим дар зиндагии мо аст, ки ба воситаи он мо мақсадамонро иҷро карда метавонем. Чизҳои дигар аҳамияти дуюминдараҷа доранд. Ба ҳақиқат будани ин ҳолат иқрор шуда ва ба эътибор гирифта, ки ҳамаи ҷузъи ҷаҳони мо бо ҳам пайваст ҳастанд, ба чунин хулоса омадан мумкин: Худо ҷаҳони моро чунон офарид, ки тамоми мавҷудоти зинда ин ду мақсадро ба даст оварад, яъне кӯшиш кунад, ки ин баракатҳои бузургро соҳиб шаванд. Ҳамаи тадқиқотҳои ҳозираи илмӣ ва тиббӣ ҳақиқат будани ин ҳолатро гаштаю баргашта тасдиқ мекунанд. Вақте ки мо аз рӯи он қоидаҳое, ки Худо моро офаридааст, яъне ба Худованд имон оварда ва бо дигарон ҷангу ғурбат накарда зиндагӣ мекунем, он гоҳ саломатии мо беҳтар мешавад, умрамон дарозтар мегардад ва мо аз ҳаёт лаззат бурда метавонем. Вақте ки Худо ҳар як қисми вуҷуди моро ва олами гирду атрофамонро меофарид, Ӯ ҳамин тавр кард, ки ҳама чиз якдигарро пур кунад ва дар иҷроиши он мақсадҳое, ки дар пеши мо гузошта шуда буданд, мувофиқат кунанд. Инро бо мошин шарҳ додан мумкин. Мошин бо мақсади он сохта мешавад, одам бароҳат аз як ҷо ба ҷои дигар ҳаракат карда тавонад. Ҳар қисми мошин барои ҳамин мақсад хизмат мекунад ва бо қисмҳои дигари мошин ҳамкорӣ мекунад. Айнан ҳамин тавр ҳамаи элементҳои табиат, ки моро иҳота мекунад ва алалхусус ҳар элементи организми мо ба мақсадҳои Худованд мувофиқат мекунанд. Мо дуо мекунем, ки дар натиҷа ором мешавем ва ба дили мо оромӣ меояд. Ба фарзандон ёд додани дуо монанди он аст, ки мо калидҳои ҳаётро ба онҳо супорем. Агар мо дуоро ёд надиҳем, он гоҳ онҳо дар ихтиёри худ мошини хуб дошта, ки барои ҳара-кати бароҳати онҳо сохта шудааст, пиёда роҳ мегарданд, чунки калиди мошинро надоранд. Фарзандони мо низ мисли мо барои дуо офарида шудаанд. Исо ҳамаи моро даъват мекунад, ки баракати аз ҳама бузургтарини ин ҷаҳонро соҳиб шавем, ки ин баракат бо Худо муносибат кардан аст. Барои одамоне, ки бо Худо муносибат доранд, ҳеҷ чизи имконнопазир вуҷуд надорад. • Дуо ниятҳои дили Худоро бароямон мекушояд. • Дуо муҳаббати Худоро ба мо нишон медиҳад. • Дуо ба мо роҳро сӯи ҳақиқат ва ҳикмат мекушояд. • Дуо ба мо ёрдам медиҳад, ки бо ҳаёти фаровон зиндагӣ кунем. • Дуо хурсандӣ ва осоиштагӣ меоварад. • Дар дуо мо ҳаётамонро ба Худованд мебахшем ва аз Ӯ роҳбариро талаб мекунем. • Дуо ба мо қувват медиҳад, ки ба васваса истодагарӣ намоем ва аз бадӣ дур шавем. • Дуо ба мо ёрдам медиҳад, ки аз душвориҳо раҳо ёбем ва мушкилиҳоро ҳал кунем. • Дуо ҳаёти моро тағийр медиҳад, чунки файзи Худованд бар мо рехта мешавад. • Ба воситаи дуо хоҳишҳои ҳаррӯзаи мо иҷро мешаванд. • Дуо мӯъҷизаҳо мекунад. • Дуо барои иҷрошавии хоҳишҳои дили мо роҳ мекушояд. Дуо мақсади ягона нест Акнун ман ин суханонро гуфтан мехоҳам: худи дуо ин мақсад ва ё ягон одате нест, ки мо дар қатори дигар одатҳо ба фарзандонамон ёд медиҳем, то ки барояшон ин омӯхта шавад. Дар асл ҳамааш баръакс аст. Дуо ин як чизи иловагӣ барои ҳаёт нест, балки асоси ҳаётамон аст. Ин аз ҳама муҳимтарин чизест, ки мо ба фарзандонамон бояд ёд диҳем. Инчунин агар мо ба фарзандонамон чанд соат дар зону истоданро ёд диҳем ва маҷбур кунем, ки оятҳои аз Китоби Муқаддас аз ёд кардаашонро такрор кунанд ва рӯихати «хоҳишҳои» ҳаррӯзаашонро ба Худованд пешкаш кунанд, он гоҳ мо онҳоро аз он афзалиятҳои дуо, ки болотар номбар кардем, маҳрум месозем. Соатҳои дароз ба зону истодан ва хоҳишҳои зиёд аз Худо кардан ҳанӯз дуо ҳисоб намешавад. Ба фарзандон ёд додани дуо кардан чунин маъно дорад, ки онҳо бо Худованд муносибат карданро ёд гиранд ва ҳузури Ӯро ҷуста, ба Ӯ наздик шаванд. Маҳз дуо ё беҳтараш гӯем бо Худованд муносибатро мустаҳкам кардан ин афзалиятро мебахшад. Дуо ин мақсади мо нест. Ин на фақат роҳи ба даст овардани ҳамаи неъматҳои заминист. Дуо ин дарвозаҳо ба сӯи муҳаббати Худо аст. Саволҳо ва вазифаҳо 1. Панҷ усулеро номбар кунед, ки ба воситаи онҳо дуоро дар маркази ҳаёти оилаатон гузошта метавонед. __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ 2. Кадом шароитҳо — масалан, зиёд будани кор, нодуруст гузоштани муҳимии вазифаҳо ё мушкилиҳои моллӣ — халал мерасонанд, ки дуо ҷои марказии ҳаёти оилаи шуморо ишғол кунад? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ Дар дуо ба Худованд ҳамаи ин мушкилиҳоро бигӯед ва хоҳиш кунед ёрдам диҳад, ки дар ҳамин сохти рӯзгоратон барои дуо бештар вақт пайдо карда тавонед. Мавзӯъҳои дуо • Худовандро барои хурсандие, ки ҳангоми муносибат бо Вай ҳис мекунед, шукргузорӣ кунед. • Аз Худо хоҳиш кунед, ки ёрдам диҳад, то ба фарзандонатон чизи беҳтаринро дода тавонед. • Аз Ӯ хоҳиш кунед ба шумо ёд диҳад, ки зиёдтар ба тарбияи рӯҳонии оилаатон диққат дода тавонед. Дуои кӯдак Намунаи дуо, ки фарзандони шумо истифода бурда тавонанд. «Миннатдорам аз Ту, эй Худованд, ки Падари Осмонии ман шудан мехоҳӣ ва ба ман ғамхорӣ карда, ба ман ҳикматро ёд медиҳӣ. Илтимос, ба ман ёрдам деҳ ба ту итоат карда тавонам. Инчунин, илтимос мекунам, дуо карданро ба ман ёд деҳ. Дар номи Исои Масеҳ, омин». Боби 2. Кӯдакон барои дуо кардан офарида шудаанд Худоё! Ту маро аз хурдсолиам таълим додаӣ ва то ҳол корҳои аҷоиби Туро ҳикоят мекунам. Ва маро, эй Худо, то вақти пирӣ ва мӯйсафедӣ низ тарк накун, то даме ки бозуи Туро ба ин насл ва қудрати Туро ба ҳамаи ояндагон ҳикоят кунам. Заб. 70:17–18 Исо ба замин бо мақсади он омад, ки мо муҳаббати Худоро фаҳмем ва дар амал дида тавонем. Исо ба мо нишон дод, ки дили Худоро чӣ шод мегардонад. Исо дар бораи кӮдакон чӣ гуфтааст Вақте ки ҳодисаи ба ғазаб омадани Исоро ба хотир меоваред, шумо шояд чунин ҳолатро тасаввур мекунед, ки Исо аз арғамчин тозиёна сохта савдогарон ва пуливазкунандагонро аз Хонаи Худо пеш мекунад (ниг. ба Юҳ. 2:14–16). Баъд дигар воқеа ба хотиратон меояд, ки Исо дурӯягӣ ва кӯрии рӯҳонии фарисиёнро фош мекунад. Вале дар Китоби Муқаддас боз як мавриди дигаре тасвир шудааст, ки Исо хашмгин мегардад. Ин маротиба Ӯро муносибати назарногирона нисбати кӯдакон ба ғазаб меоварад. Мо суханони Исоро, ки «Подшоҳии Худоро ҳамчун кӯдакон бояд қабул кунед» гуфтааст, гаштаю баргашта такрор карда, қайд мекунем, ки ин суханонро Ӯ ба мо, яъне ба калонсолон гуфтааст. Ин ақидаи муҳим аст, вале асосӣ нест: Кӯдаконро назди Ӯ меоварданд, то ки онҳоро ламс кунад, лекин шогирдон ба оварандагон монеъ мешуданд. Чун Исо дид, дарғазаб шуда, гуфт: «Кӯдаконро бигзоред, ки назди Ман оянд ва ба онҳо монеъ нашавед, зеро Подшоҳии Худо ба чунин касон тааллуқ дорад. Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар ки Подшоҳии Худоро монанди кӯдак қабул накунад, ба он дохил намешавад. Ва онҳоро ба оғӯш кашид ва даст бар онҳо ниҳода, дуои хайр кард. Марқ. 10:13–16 Исо ва шогирдони Ӯ дар бораи Подшоҳии Худо мавъиза мекарданд. Ҳамин вақт касе аз байни мардум кӯшиш кард, ки кӯдаконро ба Исо наздик оварад, то ки Ӯ онҳоро баракат диҳад. Эҳтимол, шогирдон он одамонро сарзаниш карда гуфтанд: «Магар намебинед, ки Устод банд аст? Ӯ бо кори муҳим машғул аст, охир Ӯ калонсолонро таълим дода истодааст ва барои кӯдакон вақт надорад». Вақте ки Исо мағалро шунида сабаби онро фаҳмид, ба ғазаб омад. Ӯ шояд на аз рафтори шогирдонаш, балки аз сабаби муносибати назарногиронаи онҳо нисбати кӯдакон хашмгин гашта буд. Бо муҳаббат нисбати кӯдакон Худо Худро аз кӯдакон дур намегирад (ниг. ба Марқ. 10:14) ва мунтазири он нест, ки онҳо кай калон шуда, боақлтар мегарданд ё дар ҷамъият ягон мансаби баландро соҳим мешаванд. Худованд одамизодро бо нияти он офарид, ки одамон аз хурдсолӣ сар карда бо Ӯ муносибат дошта бошанд. Худованд одамизодро бо нияти он офарид, ки одамон аз хурдсолӣ сар карда бо Ӯ муносибат дошта бошанд. Натиҷаҳои пурсише, ки Донишгоҳи Гэллап мунтазам мегузаронад, нишон доданд, ки 85 фоизи ба Исо имоновардагон то синни 18 солагӣ имон оварда буданд. Доктор Ҷеймс Добсон, психологи номӣ ва маъруф, муаллиф ва роҳбари барномаи радио «Дар маркази диққат — оила», чунин менависад: «…дар ҳаёти кӯдакон давраи кӯтоҳ аст, ки онҳо барои таълимоти динӣ гирифтан кушода мебошанд. Дар ҳамин давра фаҳмиши баду хуб ташкил меёбад ва муносибати онҳо бо Худованд мустаҳкамтар шудан мегирад»[6]. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Бачаро дар саршавии роҳаш насиҳат кун: он гоҳ пир шавад ҳам, аз он дур намешавад» (Мас. 22:6). Исо медонист, ки Худо ҳангоми моро офариданаш, муайян намуд, ки мо Ӯро шиносем ва аз Ӯ таълим гирем. Ҳамаи ин аллакай аз рӯзи таваллуди мо амал мекунад. Мағзи суханони Исо, ки ба пайровонаш гуфт, чунин буд: «Мо ба одамон дар бораи Подшоҳии Худо нақл карда таълим медиҳем. Вале ҳамин ки шогирдони беҳтарин меоянд, шумо ба онҳо роҳ намедиҳед. Ин нодуруст аст!» Ӯ бо суханонаш: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар ки Подшоҳии Худоро монанди кӯдак қабул накунад, ба он дохил намешавад» (Марқ. 10:15) пайравонашро бовар кунонда тавонист. Кӯдакон дар шинохтани Каломи Худо хеле хуб ҳастанд, бинобар ин, агар одамони калонсол ба кӯдакон монанд нашаванд, ба Подшоҳии Худо даромада наметавонанд. Исо медонист, ки Худо одамонро барои он офарид, ки ҳанӯз дар хурдсолӣ назди Ӯ оянд ва шинохтани Ӯро сар кунанд. Аз ин рӯ, агар ба кӯдаконе, ки зуд меранҷанд ё озор дидаанд, мувофиқи талаботи Худованд рафтор накунем, ба онҳо зарари калон мерасонем. Пас, Худо дар бораи одамоне, ки ин фармони Ӯро риоя намекунад, чӣ ақида дорад? Нигоҳ кунед, ки Исои Масеҳ ҳиссиёташро дар Хушхабари Матто (18:5-6) бо чӣ суханон баён мекунад. Гордон Далби дар китоби худ «Fight Like a Man» ин суханонро ба тарзи аҷиб шарҳ медиҳад: «Бешубҳа, Исо сарзаниши аз ҳама сахтро барои онҳое нигоҳ доштааст, ки имони кӯдаконро нисбати Ӯ нест мекунанд. Чунин одамон на фақат берун аз киштӣ бояд монанд, балки онҳоро ғарқ кардан лозим аст, ва на дар як ҷои камоб, балки дар «қаъри баҳр», инчунин ба гардани онҳо на санги оддӣ, балки санги осиё овехтан лозим аст»[7]. Маротибаи дигар Исо дар бораи кӯдакон чунин гуфтааст: Ба Кафарнаҳум омад; чун дар хона буд, аз онҳо пурсид: «Дар роҳ бо якдигар дар чӣ хусус муҳокима мекардед?» Онҳо хомӯш монданд, чунки дар роҳ бо якдигар муҳокима мекарданд, ки кист бузургтар. Ӯ нишаста, он дувоздаҳро наздаш Хонд ва ба онҳо гуфт: «Ҳар ки мехоҳад аввалин бошад, охирин ва хизматгори ҳама шавад». Пас кӯдакеро гирифта, дар миёни онҳо ба по гузошт ва дар оғӯш кашида, ба онҳо гуфт: «Ҳар ки яке аз ин гунна кӯдаконро ба исми Ман қабул кунад, вай Маро қабул мекунад; ва ҳар ки Маро қабул кунад, вай на Маро балки Фиристандаи Маро қабул мекунад». Марқ. 9:33–37 Исо ба шогирдонаш фаҳмонд, ки агар касе аввалин дар байни одамон шудан хоҳад, бояд ба одамон хизмат кунад. Баъд кӯдакро ба дасташ гирифта гуфт: «Агар шумо дар Подшоҳии Ман аввалин шудан хоҳед, кӯдаконро қабул кунед! [ба онҳо хизмат кунед, онҳоро таълим диҳед ва дӯст доред, ҳамроҳашон зиёдтар вақт гузаронед]». Исо ҳама тарафа ба кӯдакон хизмат мекард. Ӯ онҳоро баракат дода, барояшон дуо мекард. Ӯ шогирдонашро низ даъват мекард, ки ба кӯдакон хизмат кунанд. Ӯ фақат як маротиба ба кӯдакон иҷозат дод, ки ба Ӯ ёрдам диҳанд, ҳамон вақте ки дар биёбон «чор ҳазор одамонро, ғайр аз занону кӯдакон» сер кунонд. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки дар байни пайравони Исо кӯдакон ҳам будан ва онҳо насиҳатҳои Ӯро гӯш мекарданд. Исо онҳоро шифо мебахшид, зинда мекард, ба дастонаш гирифта ба Подшоҳии Худ даъват мекард. Ӯ моро низ айнан ба чунин рафтор даъват мекунад. Барои амаҳияти калони ин хизматро ба шогирдон фаҳмондан, Исо ҳар роҳҳоро истифода мебурд. Андеша кунед Такрори Шариат. 6:6–9-ро хонед. Маслиҳати дар ин порча додашударо шумо дар ҳаёти оилаи худ чӣ тавр истифода бурда метавонед? Нисбат ба ҳар кӯдак? Масалан, дар вақти харид кардан ё ба имтиҳонҳо таёрӣ дидани фарзандатон, шумо ба онҳо чӣ тавр дарс дар бораи бовафо будани Худоро таълим дода метавонед? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ Дарсҳое, ки аз айёми кӯдакии Исои Масеҳ омӯхтан мумкин аст Ибораи муносибати бевосита нисбат ба муносибати одам бо Худо ин тавр маънидод карда мешавад, ки одам аз Исои Масеҳ тӯҳфаи наҷотро гирифт ва масеҳӣ гашт. Дар асл, вақте ки одам аз Исои Масеҳ тӯҳфаи наҷотро мегирад, ин даъватномаи расмӣ ба сӯи муносибат бо Худо аст. Муносибати бевосита бо Худованд ин мақсаду мароми тамоми ҳаёт аст. Албатта, ба ин мақсад асосан ба воситаи дуо расидан мумкин. Биёед, барои фаҳмидани он, ки Исо аз фарзандони мо чӣ рафторро мунтазир аст, аз намунаи ҳаёти Исо мебинем, махсусан аз он маълумоте, ки дар бораи хурдсолии Ӯ ба мо маълум аст. Ҳикмати кӯдак Вақте ки Исо дувоздаҳсола шуд, падару модараш аз рӯи одат Ӯро ҳамроҳашон ба иди Фисҳ ба Ерусалим бурданд. «Ҳангоме ки баъд аз итмоми айёми ид гашта мерафтанд, Исои Наврас дар Ерусалим монд; ва инро Юсуф ва модари Исо пайхас нарафтанд» (Луқ. 2:43). Марям ва Юсуф диданд, ки Писар ҳамроҳашон нест, барои ҷустуҷӯи Ӯ ба Ерусалим баргаштанд. «Баъд аз се рӯз Ӯро дар Хонаи Худо ёфтанд, ки дар миёни муаллимон нишаста, суханони онҳоро гӯш мекард ва ба онҳо савол медод. Ва ҳамаи онҳое, ки суханони Ӯро мешуниданд, аз ақли Ӯ ва аз ҷавобҳои Ӯ мутааҷҷаб мешуданд» (Луқ. 2:46–47). Баъ аз се рӯз падару модари Исо Ӯро дар байни муаллимон нишаста ёфтанд. Давоми ин се рӯз чӣ рӯй дода буд? Дар вақти ҷашнгирии иди Фисҳ Хонаи Худо дар шаҳри Ерусалим ода-тан аз зиёраткунандагон пур мешуд, ки аз ҳар кунҷу канори империяи Рум меомаданд. Одамони зиёд Навиштаҷотро чуқуртар омӯхтан мехостанд. Муаллимон бошанд, бо мақсаде ҷамъ мешуданд, ки ба шунавандагони сипосгузор таълимоти худро оиди имон, ва фаҳмиши худро оиди Каломи Худо баён кунанд. Онҳо махсус барои гӯш кардани навраси дувоздаҳсола ва бо Ӯ сӯҳбат кардан ҳаргиз ҷамъ намешуданд. Бинобар ин бешубҳа гуфтан мумкин, ки падару модари Исо шоҳиди чунин ҳодисае шуданд, ки баландарин нуқтаи инкишофи таърих ҳисоб мешуд. Ҷавобҳои Исо, эҳтимол, он қадар ҳайратовар буданд, ки дар давоми се рӯз Ӯ оҳиста-оҳиста, вале бехато диққати шунавандагонро ба даст овард. Маълум аст, ки ҳамаи муаллимон шавқманди Исо гаштанд ва шояд он одамон низ, ки ба шунидани онҳо меомаданд. Вақте, ки кӯдакони мо муносибатҳояшонро бо Худо оғоз мекунанд, мо (ва атрофиён) дар онҳо тағйиротҳоро мебинем. Агар кӯдак ба Худо дуо кунад ва пеши пойҳои Ӯ нишаста таълим гирад, он гоҳ ӯ бо ҷавобҳояш ҳатто калонсолонро, ки аз рӯи меъёрҳои умумӣ хирадманд ва доно ҳисоб мешаванд, ба ҳайрат оварда метавонад. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Чунки ҷаҳолати Худо аз ҳикмати одамон пурҳикматтар аст ва нотавонии Худо аз қуввати одамон тавонотар аст» (1 Қӯр. 1:25). Вақте, ки фарзандони мо муносибатҳояшонро бо Худо оғоз мекунанд, мо (ва дигарон) дар онҳо тағйиротҳоро мебинем. Исо, ҳангоми калонсол шуданаш ана чӣ гуфтааст (аҷиб, оё Исо ин лаҳза он се рӯзи дар Хонаи Худо гузарондаашро ба хотир намеовард?): «Туро, эй Падар, эй Худованди осмон ва замин, ситоиш мекунам, ки ин чизҳоро аз хирадмандон ва оқилон пинҳон доштӣ ва ба кӯдакон ошкор кардӣ; оре, эй Падар! Зеро ки хости неки Ту чунин буд!» (Луқ. 10:21). Мисли кӯдакон омӯхтан Дар Китоби Масалҳо омадааст, ки худотарсӣ — аввали ҳикмат аст. Кӯдакон ақли худро сарчашмаи ҳикмат ҳисоб намекунанд. Аммо калон шуда, мо кӯшиш мекунем, ки мустақилан қарор кунем, ки чӣ дуруст асту чӣ нодуруст ва оқибат фикр мекунем, ки мо нишонаи адолат ҳастем. Вале Худо қарор кардааст, ки мо аз хурдсолӣ бояд аз Ӯ таълим гирем. Баробари калон шудан ва дониши нав пайдо кардан, мо бояд талаб кардани роҳнамоии Худовандро давом диҳем. Агар моро дар хурдсолӣ аз Худо талаб кардани ҳикматро ёд надода бошанд, пас, мо бо он донише, ки дорем, «дармемонем» ва сабзиши рӯҳонии мо бозмеистад. Чӣ хуб аст, ки мо имконият дорем кӯдакони худро сӯи Худо равона кунем, то онҳо аз Ӯ таълим гиранд! Чӣ хуб аст, ки мо кӯдакони худро тайёр карда метавонем, ки онҳо то охири умрашон аз Худованд таълим гирифтанро давом дода тавонанд! Худованд ба мо ҳанӯз айёми кӯдакӣ аз Ӯ омӯхтанро пешакӣ муайян карда буд. Ба воя расида ва донишҳои нав омӯхта, мо бояд ҳамеша аз Ӯ роҳбарӣ пурсем. Агар мо айёми хурдсолии Исоро, пеш ва баъд аз зиёрат кардани Хонаи Худо, дида бароем, мебинем, ки ҳарчанд Ӯ Писари Худо буд, ба ҳар ҳол Худо барои Ӯ низ қарор карда буд, ки мисли кӯдакони дигар дар бораи Худо дониш пайдо кунад ва бо Худо муносибаташро мустаҳкам намояд. Исо на ҳамчун яке аз шахсиятҳои Сегонагии Худо, балки ҳамчун кӯдаке, ки назди Худо овардаанд, аз Худо таълим мегирифт ва дар бораи Ӯ дониш пайдо мекард: «Кӯдак калон шуда, рӯҳаш қавӣ мегашт ва аз ҳикмат пур мешуд ва файзи Худо бар Ӯ буд. … Исо дар ҳикмат ва дар камол ва дар илтифот назди Худо ва одамон тараққӣ мекард» (Луқ. 2:40, 52). Аз ин ҷо дар бораи кӯдакии Исо ва инкишофи рӯҳониаш чунин хулоса баровардан мумкин: • Исо «аз ҳикмат пур мешуд», яъне Ӯ насиҳати падару модарашро гӯш карда ва аз рӯи фармони Худо Тавротро омӯхта, дониш пайдо мекард. • Исо «дар камол тараққӣ мекард», яъне ҷисман дар натиҷаи нишондоди табиӣ ва хӯроки хуб тараққӣ меёфт. • Исо «дар муҳаббати Худо тараққӣ меёфт», яъне ба Худо дуо карда ва хости Ӯро иҷро карда рӯҳан инкишоф меёфт. • Исо «дар муҳаббати одамон тараққӣ меёфт», яъне дар байни одамон зиндагӣ карда, мисли онҳо ба ибодатхона мерафт, ва ба онҳо хизмат кардан ва онҳоро дӯст доштанро ёд мегирифт. Исо ба замин на фақат барои Навиштаҷотро баён кардан ва бо Худо чунон сӯҳбат кардан омадааст, ки гӯё ҳаққу ҳуқуқҳои махсус дошта бошад. Дар ҳама чиз Ӯ ба мо монанд буд, бинобар ин Исо мисли мо ва мо мисли Исо ҳисоб шуда метавонем. Масеҳ монанди мо буд, аз ин рӯ Ӯ низ ба озмоиш дучор мешуд ва азобҳоро аз сар мегузаронд. (ниг. ба: Ибр. 2:17–18, 5:8–9). Ба монанди ҳар кӯдаки дигар Исо мувофиқи нақшаи комили Худо ба воя мерасид, таҳсил мекард ва ба падару модари Худ иззату эҳтиром нишон медод. Мо медонем, ки калимаи «масеҳӣ» маънои «ба Масеҳ монанд будан»-ро дорад. Бинобар ин ҳамчун масеҳиёни калонсол дар масъалаи хизмат ба Худо, иҷро кардани вазифаҳо дар пеши Худо ва ғайра мо бояд аз Исои Масеҳ ибрат гирем. Вале масеҳиёни кӯдак ба кӣ бояд монанд шаванд? Ба Исо, ки айёмии кӯдакиаш дар боби дуюми Инҷили Луқо навишта шудааст! Ӯ ҳам кӯдак буд ва ба кӯдакон намунаи ибрат шуд. Исо мисли ҳар яки мо кӯдак буд ва баробари калон шудан Ӯ муносибати Худро бо Худо ҳамчун бо Падар, Муаллим ва Дӯсти Худ мустаҳкам мекард. Ӯ мисли кӯдакони дигар калон мешуд ва нисбат ба Падару Офарандаи худ иззату ҳурмат дошт. Исо Навиштаҷотро омӯҳта, хости Худоро иҷро карда ва аз ҳама муҳимтар дуоро ёд гирифта, рӯҳан калон мешуд. Фарзандони мо низ ҳамаи инро карда метавонад. Исо Кӯдаки аввалин дар рӯи замин буд, ки он тарбияи дурустеро гирифт, ки Худо бар калонсолон муайян намуда буд: агар падару модари Қобил ва Ҳобил ҳам Худовандро пайравӣ мекарданд, фарзандонашон тарбияи дурустро мегирифтанд. Кӣ будан ва кӣ шудани Исо аз тарзи тарбия додани Марям ва Юсуф бисёр вобаста буд. Исо фақат он чизҳоеро ёд мегирифт, ки аз рӯи нақшаи Худо моро наҷот дода метавонист. Бинобар ин, чандин сол пеш аз таваллуди Исо, Худо Иброҳимро интихоб карда, ӯро ҳамин тавр тайёр кард, ки ба фарзандони худ бо роҳи Худованд зиндагӣ карданро ёд дода тавонад (ниг.: Ҳастӣ 18:19). Кисми асосии нақшаи Худо ин буд: вақте ки Исо ба замин омад, падару модараш аллакай медонистанд, ки Писари Худоро чӣ тавр бояд тарбия кунанд. Дарсҳое, ки аз ҳаёти падару модари исо омӯхтан мумкин аст Кам касон фикр мекарданд, ки Марям ва Юсуф чӣ қадар истеъдод доштанд ва худфидоӣ карда буданд. Мо баъзан фикр мекунем, ки Писареро мисли Исо тарбия кардан кори бениҳоят осон аст. Онҳо Исоро фақат мехӯронданд ва Ӯ калон шуда, чунин Устод гашт, ки одамонро ба ларза меовард. Шумо хато мекунед! Албатта, агар Худо мехост, ҳамааш айнан ҳамин тавр мешуд, вале барои наҷоти мо шуда, Худо нақшаи дигареро пеш гирифт. Барои Марям ва Юсуф ҳам ифтихори бузург ва ҳам масъулияти бениҳоят калон дода шуда буд, ки Писари Худоро бо роҳе, ки Ӯ бояд зиндагӣ мекард, таълим бидиҳанд. Худованд Марям ва Юсуфро интихоб ва тайёр кард (мисли, ки рӯзе Иброҳим ва Сороро интихоб ва тайёр карда буд), ки Писари Худоро мувофиқи аҳкомҳои Ӯ тарбия кунанд. Фаришта назди Марям омада гуфт, ки пеш аз шавҳар карданаш ҳомиладор мешавад. Дар он замон барои ин кор занҳоро сангборон мекарданд. Вале Марям чунин ҷавоб дод: «Ана, ман бандаи Худованд ҳастам, бигзор аз рӯи суханонат барои ман иҷро шавад» (Луқо 1:38). Баъдтар, ки Марям назди Элишобаъ рафт, вай суруде хонд, ки бисёр матнҳои Аҳди Қадимро дошт. Аз ин хулоса бароварда мешавад, ки Марям Навиштаҷоти Муқаддасро хеле хуб медонист (ниг.: Луқ. 1:46–55). Юсуф ба фармони Худо итоат карда, Марями ҳомиладорро қабул кард, ҳарчанд, ки Марям аз вай ҳомила нашуда буд. Юсуф розӣ шуд, ки Писари Худоро писархонд карда писари худ номад. Вақте ки Юсуфу Марям хости Худоро иҷро мекарданд, маҷбур буданд, ки аз як ҷо ба ҷои дигар кӯчанд. Ба ҳаёти онҳо нигоҳ карда, дидан мумкин, ки онҳо барои писанд будан ба Худованд ҳар чӣ аз дасташон меомад, мекарданд. Онҳо бандаҳои бовафо ва содиқи Худованд буданд ва Худо онҳоро барои тарбия кардани Писари Ягонаи Худ интихоб кард, то ки Писари Ӯ тарбияи дуруст бигирад, яъне вақте ки падару модар ҳамроҳи Худо тарбия мекунанд. Айнан ҳамин тавр Маряму Юсуф тарбия медоданд. Китоби Муқаддас хизмати Масеҳро чун шахси дуохон тасвир мекунад. Исо Худаш гуфт, ки ҳар сухан ва амали Ӯ ин сухан ва амали Худо аст, ки ба воситаи дуо Исоро роҳбарӣ ва роҳнамоӣ мекунад. Исо ҳамеша барои дуо кардан ба биёбон мерафт. Исо муносибати Худро бо Худо аз ҳама чиз қимматтар меҳисобид. Ҳарчанд, ки Исо чун яке аз шахсияти Сегона ҳамеша бо Худо алоқа дошт, вале барои наҷоти мо шуда, мисли инсон муносибатҳои Худро бо Падари Осмонӣ аз хурдсолӣ тараққӣ медод. Мо ҳам ба фарзандони худ чунин дуохониро ёд дода метавонем, ки онҳо аз Исо ибрат гирифта, бо Худо муносибаташонро тараққӣ диҳанд. Ҳамин тавр мо фарзандони худро тайёр карда метавонем, ки онҳо ҳамон шахсе бишаванд, ки Худо барояшон муйян кардааст ва ҳама чизеро, ки Худо ба онҳо ёд додан мехоҳад, ёд гиранд ва ҳар баракатеро, ки Падари Осмонии меҳрубон барояшон тайёр кардааст, бигиранд. Агар фарзандони мо дуо карданро ёд гиранд, пас дар ҳаёти онҳо Худо ва қувваи Ӯ амал мекунад. Аммо агар шумо бештар ва бештар хоҳиш дошта бошед, ки кӯдакони худро тамоми вақт бо зону истода бубинед, он гоҳ ба хотир биёред, ки Исо бачаи оддӣ буд. Набояд фаромӯш кард, ки Ӯ дар ҷамъият зиндагӣ мекард. Дар яке аз порчаҳое, ки дар боло дида баромадем, гуфта мешавад, ки Исо «дар муҳаббати Худо ва одамон тараққӣ меёфт». Эҳтимол Ӯ ҳамроҳи падараш, ки дуредгар буд, кор мекард. Исо меҳнат мекард, мехӯрд, хоб мекард. Ӯ аъзои оилаи оддӣ буд ва мисли кӯдакони дигар калон мешуд. Ҳузур доштани дуо дар ҳаёти фарзандон — ин ҳузур доштани Худо ва қудрати Ӯ дар ҳаёти онҳо мебошад. Вақте, ки Маряму Юсуф розӣ шуданд, ки Исо, Писари Худоро, ончуноне, ки ба онҳо фармуда шуда буд, тарбия диҳанд, заминаро тайёр карданд, ки Худо ба ҷараёни тарбияи кӯдакон тағйирот дароварад. Худованд гаштаю баргашта ба воситаи Исои Масеҳ ба мо дар тарбияи фарзандонамон ёрдам медиҳад, то ки онҳо ҳамон тавре тарбия ёбанд, ки Худо пеш аз гуноҳ кардани Одам ва Ҳаво, муайян карда буд. Маряму Юсуф ба Худованд таваккал карда ва ҳамроҳи Худованд Писари Ӯро тарбия дода, бо ин барои ҳамаи падару модарон ва кӯдаконе, ки ба Масеҳ имон овардан мехоҳанд, роҳ назди Худо кушоданд. Худо тайёр аст ва инчунин мехохад ва метавонад, ки худи ҳозир ба хонаи шумо даромада аз дасти фарзандонатон гирад ва ба онҳо таълим додан, барояшон ғамхорӣ кардан ва ба Худ онҳоро наздик карданро сар кунад. Ӯ инчунин тайёр аст, ки моро тағйир диҳад, ба мо ҳикмат, муҳаббат, қувват ва қобилият диҳад, ки вазифаҳои ҳаррӯзаи худро дар тарбияи фарзандон иҷро карда тавонем. Он гоҳ мо на ба қувват ва ҳақ будани худ таваккал карда амал мекунем, балки ба муҳаббат, марҳамат ва бовафоии Худо таваккал мекунем. Мо ҳам мисли кӯдакон сар хам карда метавонем аз Худо хоҳиш кунем, ки моро таълим диҳад ва дигаргун созад, ба мо ёрдам диҳад, ки боадолат рафтор кунем. Мо, падару модарон танҳо нестем, балки ҳар рӯз ҳикмат, муҳаббат ва ғамхории Ӯро дида метавонем. Худо фарзандони моро дӯст медорад. Ӯ дар муҳорибаи бузургтарини таърихи инсоният мубориза бурда, ғалаба кард ва душмани ҷонҳои одамонро мағлуб сохт! Худованд ба ҳар кӯдак роҳи шинохтани муҳаббат ва мақсади Худро пешниҳод мекунад. Кӯдаке, ки дуо карданро ёд мегирад ва муносибати худро бо Худованд зич мекунад, ҳақиқатан бо ҳаёти фаровон зиндагӣ мекунад ва ҳар ҷиҳати ҳаётро дарк мекунад. Ӯ бо ҳамон ҳаёте зиндагӣ мекунад, ки аз рӯи мақсади Худо бояд зиндагӣ кунад, яъне бо ҳаёти пурра ва «фаровон». Айнан ҳамон тавр, ки Исо эълон карда буд: «Ман барои он омадам, ки онҳо ҳаёт дошта бошанд ва ҳаёти фаровон» (Юҳ. 10:10). Ба Худо таваккал карданро омӯхтан Мешавад, ки бисёр дуоҳои мо бе ҷавоб мемонанд. Сабабаш фақат дар он аст, ки имони мо суст аст ва барои ҳамин мо аз Худованд мадад намепурсем. Ҳавворӣ Яъқуб рӯирост гуфта буд, ки «Надоред, чунки намепурсед» (Яъқ. 4:2). Ҳавворӣ менависад, ки сабаби ба даст наовардани хоҳишамон дар он аст, ки дуо намекунем. Вале вақте ки мепурсем «намегирем, чунки барои некӣ намепурсем, балки барои қонеъ гардондани ҳавасҳои худ мепурсем» (Яъқ. 4:3). Бо дигар суханон, гӯё мо медонем, ки барои мо чӣ нек аст. Дар натиҷа мо барои иҷро шудани хости худ дуо мекунем. «Ана ман чиро мехоҳам, ва ана ин тавр иҷро шудани онро мехоҳам». Яъқуб нагуфтааст, ки мо дуо карда, чизи зарурӣ ё хоҳишамонро гирифта наметавонем, инчунин ӯ нагуфтааст, ки мо фақат барои дигарон дуо кунем. Мақсади Яъқуб ин аст, ки дуои ҳақиқӣ ин пурра ба Худо таваккал кардан аст. Дуо ин воситаи бо Худо сӯҳбат кардан, муносибати худро бо Ӯ зич кардан ва ба Ӯ таваккал карданро ёд гирифтан аст. Худо мехоҳад, ки мо ба Вай таваккал кунем, ҳузури Ӯро ҷӯем, аз Ӯ таълим гирем, нақшаҳои Ӯро фаҳмида тавонем ва баракатҳои Ӯро қабул кунем. Ба муҳаббати Худо таваккал кардан Худо муҳаббат аст. Муҳаббат бошад ҳиссиётест, ки манфиати худро намеҷӯяд. Бинобар ин ҳар он чӣ Худо аз мо талаб мекунад ё моро тайёр мекунад, баро фоидаи мост. Вале агар мо дар роҳи худ якравӣ кунем, намефаҳмем, ки ба воситаи дуо ва ба Худо таваккал кардан чӣ гуна имкониятҳои бузург ба мо дода мешаванд. Ин мисли он аст, ки мо назди корчаллони аз ҳама лаёқатманд омада, ҳамаи пулҳоямонро ба ӯ медиҳему мегӯем, ки бо онҳо чӣ бояд бикунад, вале фикру ақидаи ӯро оид ба он ҳатто намепурсем. Вақте ки шумо дуо мекунед, нишон медиҳед, ки хоҳиши фаҳмидани хости Худо ва ба он итоат карданро доред: яъне шумо боварӣ доред, ки ниятҳои Худованд нисбат ба шумо барои фоидаатон аст. Яъқуб дар номаи худ менависад: «Назди Худованд сархам кунед ва Ӯ шуморо сарбаланд хоҳад кард» (Яъқ. 4:10). Бо калимаи «сархам кунед» ҳавворӣ ана ин чизро дар назар дошт: дигар фикр накунед, ки чӣ бароятон нек буданро медонед; талаб кардани хоҳиши худро бас кунед, ба хости Худо тобеъ шавед. Бигзор Худо бароятон ғамхорӣ кунад, шуморо нашъунамо диҳад, ба шумо ҳикмату дониш бахшад, чунки шумо мефаҳмед, ки Худо шуморо дӯст медорад. Он гоҳ Ӯ шуморо сарбаланд мекунад. Худованд шуморо баракат медиҳад, бароятон ғамхорӣ мекунад, ва чизи эҳтиёҷ доштаатонро ба шумо медиҳад. Ӯ шуморо ҳамон тавр одаме мекунад, ки шумо бояд бошед, яъне ҳамон тавре, ки Ӯ шуморо офаридааст. Вақте ки шумо дуо мекунед нишон медиҳед, ки хоҳиши фаҳмидани хости Худо ва ба он итоат карданро доред: яъне шумо боварӣ доред, ки ниятҳои Худованд нисбат ба шумо барои фоидаатон аст. Дар Китоби Муқаддас дар бораи чизҳои хубе гуфта мешавад, ки онҳоро Худованд ба мо ва фарзандони мо додан мехоҳад ва агар мо дуо кунему ба Ӯ ҳаёти худро бахшида, ба фарзандонамон низ ҳаминро ёд диҳем, Ӯ на фақат дода метавонад, балки хоҳиши бисёр дорад, ки чизҳои некро ба мо диҳад. Худо эълон мекунад: «Зеро фақат Ман медонам, ки барои шумо чӣ ният дорам… ният барои некӣ ва на бадӣ, то ки ба шумо оянда ва умед бахшам. Ва Маро мехонед ва мераведу ба Ман дуо мекунед ва Ман шуморо мешунавам; Маро меҷӯед ва пайдо мекунед, агар аз таҳти дил биҷӯед». Ирм. 29:11–13 (Заб. 39:5, 85:5 ва Эфс. 3:20 бихонед, ки дар он ҷо боз ниятҳои дигари Худоро дар бораи ниятҳои неки Худо ва иҷро карда тавонистанаш мебинед). Ба дуо ҷавоб гирифтан: нишонаи афзоиш ёфтан дар имон Агар фарзандони мо на фақат ҷисман, балки рӯҳан ҳам калон мешаванд, Худо ҳамаи ваъдаҳои аҷоиби Худро дар ҳаёти онҳо иҷро кардан мехоҳад. Ӯ ба мо аниқ нишон медиҳад, ки агар ба хости Ӯ итоат кунем, метавонем донем, ки Ӯ ба хоҳишҳои муайяни мо ҷавоб медиҳад ва муҳаббаташро нишон медиҳад. Аммо аҳамият диҳед, ки ҳамаи ин вобаста бо муносибати мо бо Худованд гуфта мешаванд, ки бояд онро тараққӣ диҳем ва фақат ба Худованд таваккал карданро ёд гирем. Агар дар Ман бимонед ва суханони Ман дар шумо бимонанд, он гоҳ ҳар чӣ хоҳиш бикунед, бароятон дода хоҳад шуд (Юҳ. 15:7; ниг. инчунин Юҳ. 14:13–14,15:16,16:23–24). Маҳбубонам! Агар диламон моро маҳкум накунад, он гоҳ ҷуръат дорем, ки назди Худо биёем ва ҳар чӣ бипурсем, аз Ӯ мегирем, чунки аҳкомҳои Ӯро риоя мекунем ва кори писандидаи Ӯро мекунем. Аҳкоми Вай ин аст, ки ба номи Писари Ӯ Исои Масеҳ бовар кунем ва якдигарро чӣ тавре ки Ӯ фармон додаст, дӯст бидорем. 1 Юҳ. 3:21–23 Ана чӣ гуна ҷуръат мо дар назди Ӯ дорем, ки вақте чизе аз рӯи хости Ӯ талаб мекунем, Ӯ моро мешунавад. Ва агар донем, ки Ӯ моро дар ҳар чӣ хоҳиш мекунем, мешунавад, он гоҳ медонем, ки он чӣ хоҳиш мекунем аз Ӯ мегирем. 1 Юҳ. 5:14–15 Дар охирин порча Юҳанно айнан суханони Яъқубро мегӯяд: Худо фақат дар он сурат ба дуои мо ҷавоб медиҳад, ки чизи хохиш мекардаамон на бо хости мо, балки бо хости Худо мувофиқат мекунад. Пас, барои иҷро кардани хости Худо мо чӣ тавр бояд дуо кунем? Мо бояд ду қоидаро риоя кунем. Якум, хости Худо дар Китоби Муқаддас бароямон кушода мешавад. Аз ин рӯ, ҳар чӣ дар Китоби Муқаддас чизи хуб ҳисоб намешавад, мо иҷроиши онро аз Худо хоҳиш карда наметавонем ё талаб кардани чизе, ки ба аҳкомҳои Худо мухолифат мекунад, зидди хости Худост. Масалан: дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки «Худо муҳаббат аст» ва Худо талаб мекунад, ки одамони наздики худро дӯст дорем. Бинобар ин аз Худо хоҳиш кардани он, ки ба одами бад медидаамон осеб расонад, бефоида аст. Ғайр аз ин, мувофиқи иродаи Худо мо дар дуо бояд бештар дар бораи ба Худо таваккал карданамон гӯем ва на дар бораи хоҳиши худ. Ду дуоеро дида мебароем, ки дар онҳо қонеъ гардондани айнан як эҳтиёҷ аз Худо хоҳиш карда мешавад. Дар кадоми аз онҳо бештар дар бораи таваккал ба Худо гуфта мешавад? «Худованд, ман мошинамро шикастам, акнун ба ман наваш лозим аст. Илтимос мекунам, ки хоҳиши маро иҷро кунӣ». «Худованд, Ту медонӣ, ки ман имрӯз мошинамро шикастам. Хоҳиш мекунам, ба ман хирад деҳ ва бифаҳмон, ки акнун чӣ бояд кунам». Дуюм, ниятҳои Худо нек ҳастанд. Дар он муносибате, ки мо Худованд дорем, дуо аз ҳама бештар намуди сӯҳбату мулоқотро дорад. Дар дуо мо ҳаёти худро, яъне фикрҳои худ, ташвиши зиндагӣ ва рӯзгорамонро ба дастони Худои раҳмдил мегузорем. Мо ба Ӯ таваккал мекунем ва Ӯ дар навбати Худ моро таълим медиҳаду тарбия мекунад, бароямон ғамхорию муҳофизат мекунад. Мо аз Ӯ мепурсем, ки чӣ кор карданамонро бароямон нишон диҳад, моро роҳбарӣ кунад, то ки мо ба Ӯ монанд шуда тавонем. Инчунин аз Ӯ хоҳиш мекунем, ки барои худотарс шуданамон ва сохтани муносибатҳои зич бо Падари мо, Худои меҳрубону бовафо ёрдам диҳад. Муҳаббати Худо Бисёр оятҳои пуртаъсире, ки дар бораи он мегӯянд, ки Худо ҳар чӣ талаб мекунем медиҳад, аз тарафи ҳавворӣ Юҳанно навишта шудаанд. Юҳанно худро «шогирде, ки ӯро Исо дӯст медошт» меномид (ниг.: Юҳ. 21:7, 20). Ман фикр намекунам, ки Юҳанно гӯё ҳисоб мекард, ки Исо ёздаҳ шогирдони дигарро дӯст намедошт, ё аз Юҳанно дида камтар дӯст медошт. Шояд Юҳанно муҳаббати Исоро дида, бештар боварӣ ҳосил мекард, ки Худо ӯро ва ҳамаи моро бисёр дӯст медорад. Азбаски Юҳанно медонист, ки Исо вайро дӯст медорад, бинобар ин барояш бовар кардан, ки Худованд ба дуои ӯ ҷавоб медиҳад, душвор набуд. Мо мехоҳем, ки фарзандони мо низ ин чизро бидонанд: Худо онҳоро дӯст медорад. Вақте ки мо ба фарзандони худ ёд додани дуо хонданро сар мекунем, онҳо якбора «дар имонашон боқувват» намешаванд. Муносибати худро бо Худованд бояд инкишоф дод. Мо ин амалро тезонда наметавонем. Мо фақат фарзандонамонро роҳнамоӣ карда, таълим дода ва рӯҳбаланд карда метавонем. Беҳтарин роҳи ёд додани дуо ба кӯдакон ин аст, ки мо ба онҳо ёрдам медиҳем, ки кӣ будани Худоро бифаҳманд ва шиносанд. Диққати онҳоро ба он чиз ҷалб кардан лозим аст, ки Худо ба дуоҳо онҳо ҷавоб медиҳад, то онҳо бубинанд, ки Худованд онҳоро дӯст медорад. Агар кӯдакон фаҳманд, ки Худо ба онҳо ғамхорӣ мекунад, он гоҳ мо муваффақ мешавем, ки онҳо тамоми ҳаёти худро бо ташвишу хоҳишу мушкилиҳояшон ба дасти Худованд супорида метавонанд. Чӣ қадар, ки фарзандони мо дар бораи муҳаббати Худо ва ҳислати Ӯ бештар фаҳманд, ҳамон қадар имонашон ба Худованд зиёдтар мешавад. Вақте ки онҳо мефаҳманд, ки Худованд чӣ қадар онҳоро дӯст медорад, онҳо мисли Юҳанно ҳар рӯз қувват, ғамхорӣ ва муҳаббати Худоро ҳис мекунанд. Аммо чунин муносибатро бо Худованд фақат дуои пурҷӯшу хурӯш таъмин карда метавонад. Фикр кунед 1. Дар кадом соҳаҳои ҳаётатон ба Худо таваккал кардани шумо душвор аст? Кор? Никоҳ? Онро бинависед. __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ 2. Шумо чӣ кор карда метавонед, то ки дар ин соҳаҳо бештар ба Худо таваккал кунед? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ 3. Он таҷрибаеро, ки шумо дар натиҷаи кардани ин мушкилӣ ба даст меоваред, чӣ тавр дар вақти ёд додани дуохонӣ ба фарзандонатон истифода бурда метавонед? Чанд вариантҳоро пешниҳод кунед. __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ 4. Барои фаҳмидани хости Худо нисбат ба он соҳаҳои ҳаётатон, ки дар он ба Худованд таваккал карданатон душвор аст, чӣ ёрдам дода метавонад? Шумо чӣ тавр ба фарзандони худ шинохтани хости Худоро ёд дода метавонед? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ 5. Тасвир кунед, ки бо кадом тарз шумо фарзандони худро бовар кунонда метавонед, ки Худо онҳоро дӯст медорад. __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ Имони кӯдак Ҳамчун намунаи хуб барои нишон додани он ки дар асоси дуои пурҷӯшухурӯш муносибати мо бо Худованд зич мешавад, ҳаёти ҳамон бачае аст, ки дар қисми аввал мо гуфтем, ки номаш Ҷорҷ Вашингтон Карвер аст (1864–1943). Вай ғулом буд ва баъд аз марги падару модараш аз соҳиби худ тарбия мегирифт. Баъд аз чанд сол, ки қарори озодшавии ғуломон эълон карда шуд, вай дар сини дувоздаҳсолагӣ ба мактаб рафт. Дар асоси ҳаёти дуохонии ӯ боварӣ ба қуввати дуо буд. Дар соли 1885 Ҷорҷ мактаби олиро хатм кард. Баъд соли 1894 вай дараҷаи бакалаврро дар соҳаи илми аграрӣ гирифт ва соли 1896 дараҷаи магистри илмҳо дар коллеҷи Аграрии иолоти Айова. Ӯ аввалин америкоии сиёҳпӯст буд, ки унвонҳои илмӣ гирифт ва дар мактаби олӣ кор мекард. Баъдтар Ҷорҷ Карвер даъвати сардори факултети донишгоҳи аграрии Таскиги дар иолоти Алабама шуданро қабул кард. Дар заминҳои хоҷагии Ҷануб, ки аз киштукории ҳарсолаи пахта камқувват шуда буданд, Карвер чормағзи зеризаминӣ ва картошкаи ширин кошт, ки дар натиҷа на фақат ҳосили фаровон ғундошт, балки ҳосилнокии заминро низ барқарор кард. Деҳқонон дар киштукори чормағзи зерзаминӣ ва картошкаи ширин он қадар пеш рафтанд, ки бозорҳо пур мешуданду ҷойҳои нави фурӯш пайдо намешуд. Карвер аз рӯи одати худ бо ин мушкилиаш ба Худованд муроҷиат кард. Ҷорҷ аз Худованд хоҳиш кард, ки барояш чӣ тавр истифода бурдани чормағзи зерзаминиро нишон диҳад. Баъд аз таҷрибаҳои зиёд оқибат Ҷорҷ ҳамон як усулро истифода бурда, сесад навъ маҳсулот аз чормағзи зерзаминӣ ва яксаду ҳаҷдаҳ маҳсулот аз картошкаи ширин ба даст овард, аз он ҷумла равғанҳои тиббӣ, рангҳо, нӯшокии обшавии қаҳва, орд, равған, резина, уксус, ширеш барои маркаҳои почта, пору ва бисёр чизҳои дигар. Ҷорҷ Вашингтон Карвер нақл мекард, ки пеш аз тачриба гузарондан, ҳамеша ба Худованд муроҷиат карда, мепурсид, ки чӣ бояд бикунад. Ӯ мегуфт: «Кашфиётҳо мисли он, ки Худованд чизеро ошкор мекунад, ошкор мешуданд. Худи фикр ва усули истеҳсоли маҳсулоти нав якбора ба сарам меомаданд»[8] Дар натиҷаи фаъолияти Карвер хоҷагии қишлоқ эҳё гашт, баробари он иқтисодиёти Ҷануб низ. Пеш аз Карвер касе чормағзи зерзаминиро ҳамчун маҳсулоти аграрӣ ҳисоб намекард. Соли 1940 чормағзи зерзаминӣ дар истеҳсоли хоҷагии қишлоқ дар Ҷануб ҷои дуюмро ишғол кард. Номбар кардани комёбиҳои Карверро мо боз зиёд давом дода метавонем. Вай дар тамоми ҷаҳон машҳур гашта буд. Давлатдорони ҳориҷӣ низ аз ӯ маслиҳат мегирифтанд. Генри Форд бо вай ҳамкорӣ мекард ва президентҳо Калвин Кулиҷ ва Франклин Д. Рузвелт бо вай вомехӯрданд. Ӯ соҳиби бисёр орденҳо ва мукафотҳо гашта буд. Томас Эдисон, мисли бисёри дигарон барояш кор бо маоши $100 000 дар як сол пешниҳод карда буд. Карвер ин пешниҳодро рад карда, ҳеҷ вақт донишгоҳи Таскигиро тарк накард, зеро ҳис мекард, ки Худо дар ҳамин донишгоҳ истодани вайро мехоҳад. «Ягона асос барои ҳаёти фаровон ва ҳақиқӣ ин муносибатҳои шахсӣ бо Офарандаи тамоми мавҷудот аст». Соли 1944 Конгресси ИМА қарор кард, ки 5-уми январ Рӯзи Ҷорҷ Вашингтон Карвер ҳисоб шавад. Соли 1953 Конгресс иҷозат ба гузоштани ҳайкал ба хотири ӯ дод ва ин ҳайкал дар ҷои ҳамон хоҷагие, ки Ҷорҷ калон шуда, аввалин бор аз сидқи дил ба Худованд муроҷиат карда буд, гузошта шуд. Ҷорҷ Вашингтон Карвер мегуфт: «Ягона асос барои ҳаёти фаровон ва ҳақиқӣ ин муносибатҳои шахсӣ бо Офарандаи тамоми мавҷудот аст. Бо Худованд муносибат дошта бошед, бо Ӯ сӯҳбат кунед ва ба Ӯ иҷозат диҳед, ки зиндагиатонро роҳбарӣ кунад. Баъзе одамон аз барои он, ки фақат дар фикри худ буданд, ҳеҷ лаззати ҳаёти ҳақиқиро начашиданд. Агар шумо хоҳед, ки аз майда чуйдаҳои ин зиндагӣ баландтар шавед, бояд бо Офарандаи худ муносибат сохтанро сар кунед».[9] Вазифа: «китоби имон» 1. Ҳамроҳи фарзандони худ «китоби имон» ё «маҷалаи дуоҳо» эҷод кунед. Инро бо ду тарз карда мешавад. Тарзи аввал: як дафтари рахдор харед ва муқоваашро бо расмҳои аз маҷалаҳо гирифта, ё расмҳои бачагона оро диҳед. Баъд саҳифаҳояшро ба чанд қисмҳо тақсим кунед, ки дар онҳо фарзандонатон санаи рӯз, мундариҷаи кӯтоҳи дуояшон ва ҷавоби дуояшонро бо санааш менависанд. Онро ин тавр тартиб додан мумкин: Сана: _______________________ Дуои ман: __________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ Сана: _______________________ Дуои ман: __________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ Тарзи дуюм: шумо худатон аз коғазҳои ранга китобчае сохта метавонед ва онро бо ягон нақшу нигор оро медиҳед. Баъд варақҳо гирифта бо андозаи китобчаатон қатъ кунед ва бо степлер пайваст кунед ё бо ресмонҳои ғафс бидӯзед. Агар лозим ояд, канорҳои варақҳоро бо қайчӣ баробар кунед. Баъд дар варақҳо рахҳо кашед. 2. Баъд аз он ки «китоби имон»-и шумо тайёр мешавад, дар он ҷо дуои аввалини духтаратон-ро (писаратонро) бинависед. Ҳар бегоҳ, пеш аз хобондани бачаатон, шумо ба китоб дуоҳои навро нависта ё дуоҳои пештараро хонда метавонед. Баъд, вақте, ки Худо ҷавоб медиҳад, ҷавоби дуо ва санаи онро бинависед. Ба зудӣ бачаҳои шумо соҳиби навиштаҳое мешаванд, ки ба бовафоии Худованд шаҳодат медиҳанд, то онҳоро солҳои дароз нигоҳ доранд. Ин тарзи хуби хотиррасон кардани муҳаббат ва ғамхории Худо мебошад. Саволҳо ва вазифаҳо 1. Охирин дафъа шумо кай ба дуои худ ҷавоб гирифта будед? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ Рӯйхати дуоҳоро, ки Худованд ба наздикӣ ҷавоб дода буд, тартиб диҳед ва ин рӯйхатро ба фарзандонатон нишон диҳед. Ин ба дилҳои онҳо боварӣ мебахшад, ки Худо ҳатман ба дуоҳои онҳо низ ҷавоб медиҳад. Бигзор кӯдаконатон низ рӯйхати хоҳишҳояшонро, ки аз Худованд пурсида буданд, тартиб диҳанд. __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ 2. Дар ин боб шумо дар бораи кӯдакон ва дуо чӣ чизи нав ёд гирифтед? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ 3. Чӣ тавр муносибати шумо нисбати фарзандон ва дуо ба тарзи ёд додани дуохонӣ ба фарзандонатон таъсир мекунад. __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ 4. Дар тарбияи фарзандонатон кадом порчаҳои ҳаёти Марям ва Юсуф бароятон намунаи ибрат шуда метавонад? Ва чӣ тавр? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ 5. Баъзе чизҳоро аз нақли он, ки чӣ тавр Исои наврас ба Хонаи Худо рафта буд, бачаҳо фаҳмида ва бо таҷрибаҳои ҳаёти худ монанд карда метавонанд. Он саволҳое, ки баъд аз нақли ин ҳодисаҳо аз порчаи Китоби Муқаддас дода шудаанд, ба шумо ёрӣ медиҳанд, ки маҳз дар бораи ҳамон лаҳзаҳои ин нақл сӯҳбат кунед, ки фарзандонатон онҳоро бо лаҳзаҳои ҳаёти худ монанд карда тавонанд. Ҳар сол падару модари Ӯ барои иди Фисҳ ба Ерусалим мерафтанд. Инчунин вақте ки Ӯ дувоздаҳсола буд, онҳо аз рӯи таомули ид ба Ерусалим омаданд ва ҳангоме ки баъд аз итмоми айёми ид гашта мерафтанд, Исои Наврас дар Ерусалим монд; ва инро Юсуф ва модари Ӯ пайхас нарафтанд. Ба гумони он ки Ӯ бо аҳли қофила меояд; ва як рӯз роҳ паймуда, дар миёни хушон ва ошноён ба ҷустуҷӯи Ӯ шурӯъ карданд ва чун наёфтанд, барои кофта ёфтани Ӯ ба Ерусалим баргаштанд. Баъд аз се рӯз Ӯро дар Хонаи Худо ёфтанд, ки дар миёни муаллимон нишаста, суханони онҳоро гӯш мекард ва ба онҳо савол медод. Ва ҳамаи онҳое ки суханони Ӯро мешуниданд, аз ақли Ӯ ва аз ҷавобҳои Ӯ мутааҷҷиб мешуданд. Чун Ӯро диданд, дар ҳайрат монданд ва модари Ӯ ба Ӯ гуфт: «Эй фарзандам! Чаро Ту бо мо чунин рафтор кардӣ? Инак, падарат ва ман хеле ғусса хӯрда, Туро ҷустуҷӯ кардем». Ба онҳо гуфт: «Чаро Маро ҷустуҷӯ кардед? Магар намедонистед, ки Ман бояд дар ҳамон ҷое бошам, ки ба Падарам тааллуқ дорад?» Вале онҳо ба суханоне, ки Ӯ гуфт, сарфаҳм нарафтанд. Ва Ӯ бо онҳо равона шуда, ба Носира омад ва дар итоати онҳо буд. Ва модари Ӯ ҳамаи ин суханонро дар дили худ нигоҳ медошт. (Луқ. 2:41–51) • Ба фикри шумо, вақте ки Исо ба ин сафар мебаромад, чӣ ҳис мекард? • Дар ҳаёти шумо ҳамин тавр мешуд, ки шумо ҳамроҳи падару модаратон ба ҷои намехостаатон мерафтед? • Ба фикри шумо, вақте ки падару модари Исо Ӯро гум карданд, дар чӣ ҳолат буданд? • Шумо ягон бор гум шудаед ё не? Агар гум шуда бошед, дар чӣ ҳолат будед? • Муаллимон ва одамони дигаре, ки дар Хонаи Худо буданд, дар бораи Исо чӣ фикр мекарданд? • Шумо фикр намекунед, ки Исо барои шинохтани Худо ҳанӯз хурд буд? Нуқтаи назари худро баён кунед. • Чаро Исо ба Марям гуф, ки Ӯ дар хонаи Падари Худ аст? • Шояд падару модари Исо Ӯро ҳамон вақт нафаҳмиданд. Шумо ба ёдатон оварда метавонед, ки кадом вақт падару модаратон шуморо намефаҳмиданд? Он лаҳза чӣ ҳис мекардед? • Ба фикри шумо чаро Исо дар ҳикмат ва муҳаббати Худо ва одамон тараққӣ меёфт? • Барои бештар боҳикмат шудан ва бо ҳаёти писандидаи Худо ва одамон зиндагӣ кардан шумо чӣ кор карда метавонед? Мавзӯъҳои дуо • Худоро шукр кунед, ки барои шумо имконияти ба фарзандонатон дар борааш нақл карданро медиҳад. • Аз Худо хоҳиш кунед, ки ба шумо ёрдам диҳад, то дар дуо ва ҳаёт самимӣ монед. • Хоҳиш кунед, ки ба шумо ёрдам диҳад, то барои фарзандонатон намунаи хуби ибрат бошед. • Худоро шукр кунед, ки дуоҳои шуморо мешунавад. • Фикр кунед, ки ба фарзандонатон дар ҳалли кадом мушкилӣ ба Худованд таваккал карданашон душвор аст. Хоҳиш кунед, ки Худо имони онҳоро қувват диҳад. • Фикр кунед, ки ба шумо дар ҳалли кадом мушкилӣ ба Худованд таваккал кардан душвор аст. Онро бинависед ва дар дуо ин мушкилиҳоро ба Худованд бигӯед. Бигӯед, ки ба Ӯ таваккал мекунед ва барои ғамхориаш миннатдоред. Дуои кӯдак Намунаҳои дуо, ки фарзанди шумо аз он истифода карда метавонад. «Падари Осмонӣ, шукр мекунам, ки ту мехоҳӣ, ки ман бо ту гап занам. Раҳмат, ки ман ҳамеша ба Ту таваккал карда метавонам. Хоҳиш мекунам ба ман ёрӣ деҳ, ки инро ҳеҷ вақт аз ёдам набарорам. Падар, маро ________________________________________ азоб медиҳад. Илтимос, инро Худат ҳал кун. Миннатдорам, ки ҳама вақт аз ту ёрдам пурсида метавонам. Дар номи Исои Масеҳ, омин». «Падар, ман хурсандам, ки Ту бо ман гап задан мехоҳӣ. Ин бисёр хуб аст, ки ман ҳамаи ҳиссиёт ва саргузаштамро ба Ту гуфта метавонам. Хоҳиш мекунам ба ман ҳамон дуоро ёд деҳ, ки Исо дар хурдиаш дуо мекард. Дар номи Исои Масеҳ, омин». * Қисми 2 Диққат! * Аз сабаби қомати худ, ки қариб ду метр буд, бача калон менамуд. Вай хароб ва каме ночобук буд, ҳамон тавре, ки дар синни балоғатрасӣ бачаҳо одатан ҳастанд. Бо вуҷуди он, бача китфҳои васеъ дошт ва боқувват буд, чунки аз ҳамон рӯзе, ки қобилияти олоти меҳнат бардоштанро пайдо кард, бо меҳнати вазнини ҷисмонӣ машғул шуда буд. Вай хушсират набуд ва рӯи ҷиддиашро мӯйҳои сиёҳи парешон оро медоданд. Ба чеҳраи безеб нигоҳ накарда, вай ситорагарм менамуд, чунки боақл ва бениҳоят одамдӯст буд. Вай аз хондан дида бештар кор мекард, вале дониши авваларо ба ҳар ҳол гирифта буд. Бача соҳиби фақат якчанд китоб буд, аз ҷумла китобҳои «Саргузашти мусофир» ва Китоби Муқаддас. Монанди ҳаёти мусофир, қаҳрамони асосии асар, зиндагӣ ӯро бо Азимҷуссаи Ноумедӣ дучор мекард, назди Қалъаи Шубҳа меовард, аз Ботлоқи Ғаму ғусса мегузаронд. Дар ҳаёти ин бача аз ҳодисаҳои хурсандиовар дида, бештар ҳодисаҳои ғамовар пур буд. Аз рӯзе, ки вай худро мешинохт, дуо ин ҳамон воситае барояш буд, ки дар ҳар ҳолати ночорӣ истифода мебурд. Аммо имони ин бача, саъю кӯшиш, ростқавлӣ, устуворӣ ва албатта, дуоҳои ӯ, ки дар лаҳзаҳои душвори ҳаёташ ба Худованд мекард, вайро ба ҳодисаҳои бузурги таърихӣ тайёр карданд ва на фақат тайёр карданд, балки боз асос шуданд, ки ин ҳодисаҳо рӯй диҳанд. Аммо пеш аз он ки ӯ ин корҳоро бикунад ва наслҳои оянда онҳоро корҳои бузург номанд, зарурати ба гардан гирифтани масъулияти аз ҳама калон ва аз азобу даҳшатҳо гузарондани одамони дигар сабаб шуд, то ӯ бифаҳмад, ки бе дуо ҳеҷ кор карда намешавад. Авраам Линколн, шонздаҳум президенти ИМА ва сардори артиш дар замони ҷанги дохилии кишвар, дуоро асоси тамоми ҳаёти худ ҳисоб мекард. Омӯхтани лаҳзаҳои тағйирдиҳандаи ҳаёти Линколн дар фаҳмидани он, ки мо чун ҷамоат кӣ ҳастем, кӯмак карда метавонад, вале бештар шавқ мебахшад, ки ин лаҳзаҳои ҳаёташро мо аз назари таъсири дуо ба ҳаёти одам биомӯзем. Дар охири қисми дуюм мо дар бораи имоне, ки Линколн ба қуввати дуо дошт, нақл мекунем. Ақнун дида мебароем, ки барои ёд додани дуо хондан ба кӯдакон, аз чӣ бояд сар кунем. Дар қисми дуюми ин китоб роҳи омӯзиши дуо ба кӯдакон дида баромада мешавад. Дар қисми сеюм мо дар бораи ҳамаи хусусиятҳои дуо возеътар гап мезанем, аз намудҳои дуо ва тарзи дуо кардан сар карда бо чӣ тавр Худо ба дуоҳои мо ҷавоб медиҳад, тамом мекунем. Эҳтимол, қисми дуюми китоби мо аз ҳама муҳимтар аст, чунки (чӣ тавре ки баъдтар мебинем) тарзи омӯзиши дуохонӣ ба кӯдакон ба натиҷаҳои ин омӯзиш таъсир мерасонад. Боби 3. Дуо кардан ё дуоро хондан? Байни дуо кардан ва дуоро хондан фарқи калон аст. Муаллифи номаълум Ҳамаи падару модарон муаллим ҳастанд. Фарзандони мо моро мушоҳида мекунанд, ба мо тақлид мекунанд ва аз мо ёд мегиранд. Тарзи таълимдиҳии мо натиҷаи онро муайян месозад. Тарзи таълимдиҳии мо аз чӣ вобаста аст? Аз он вобаста аст, ки мо таълимотҳои асосиро, ки заминаи ҷараёни таълимдиҳӣ мебошад, чӣ тавр мефаҳмем. Чӣ тавр ҷаҳонбинӣ ба тарзи таълимдиҳӣ таъсир мекунад Агар кӯтоҳ карда баён кунем, ақидаҳои асосии ҳаёти мо, чизҳое, ки мо ба онҳо бовар мекунем ва он муносибате, ки мо нисбат ба ҳаёт дорем — ҳамаи ин (ғайр аз чизҳои дигар) ба тарзи дуохониро ба кӯдакон таълимдиҳии мо таъсир мерасонад ва тарзи таълимдиҳии мо натиҷаҳои таълимро муайян мекунанд. Муносибати мо ба айёми кӯдакӣ Барои мисоли он, ки чӣ тавр ҷаҳонбинии мо ба тарзи таълимдиҳии мо таъсир мекунад, мо масъалаи бозиҳои бачагонаро истифода мебарем. Бисёр падару модарон боварии қатъӣ доранд, ки дар ҳаёти кӯдакон миқдори бозиҳо бо оҳиста-оҳиста зиёд шудани вазифаҳо бояд мувофиқат кунад. Дар натиҷа мо кӯшиш мекунем, ки ҳам бозӣ бошаду ҳам вазифаҳо. Вале баъзан вақт мо ба кӯдаконамон мегӯем: «То хурд ҳастед, бозию хурсандӣ кунед», ва мақсади гапамон ин аст, ки айёми кӯдакӣ набояд бо ташвиши рӯзгор тира гардад. Бо ин суханон мо ба кӯдакон мефаҳмонем, ки ҳаёти одамони калон пур аз мушкилию душвориҳо аст. Агар мо худамон ҳаётро ҳамин ранг ҳисоб кунем, пас, бо ҳамин тарзи фикрронӣ мо кӯдаконро тарбия медиҳем ва натиҷаҳои ба он мувофиқ мегирем, яъне кӯдакони мо калон шудан намехоҳанд, аз гирифтани масъулият метарсанд ва фақат бозию вақти хуш гузаронданро дӯст медоранд. Ман боварӣ дорам, ки Худо барои одам ҳам дар хурдсолӣ ва ҳам дар калонсолӣ вақти хуш гузаронданро ба нақша гирифтааст. Худо мехоҳад, ки одам аз синни хурдсолӣ ёд гирифтани ҳисси масъулиятро сар кунад ва оҳиста-оҳиста, баробари калон шуданаш вазифаҳои зиёдтарро иҷро кунад. Айёми кӯдакӣ бояд на фақат аз бозию хурсандӣ, ва инчунин на фақат аз кору дарс ва тарбия иборат бошад. Ин бояд вақти тайёрӣ ва таълимдиҳии бо тадриҷ бошад, чунки дар хурдсолӣ одам бояд ҳамон тавр сохтани ҳаёташро ёд гирад, ки он ҳамоҳанг бошад, яъне ҳам аз вазифаҳо ва ҳам аз хурсандӣ иборат бошад. Ин ҷараёни беохир аст ва то охири умр давом медиҳад. Чӣ тавр муносибати мо ба айёми кӯдакӣ ба ҷараёни таълимдиҳии дуохонӣ ба кӯдакон таъсир мерасонад Агар мо бо ақдаии дар боло оварадшуда розӣ бошем, он гоҳ тарзи кӯдаконро таълимдиҳии мо бомувозинат мешавад. Он гоҳ мо намегӯем, ки «Бигзор фарзандони мо аз айёми кӯдакӣ лаззат баранд. Дуохониро бошад, калон шуда ҳам ёд мегиранд». Мо инчунин фарзандони худро ба роботҳои дуохон мубаддал намесозем, ки чашмонашонро пӯшида, бисёр суханони дурустро гуфта метавонанд. На муносибати аввал, ва на дуюм ба мо он ҳамоҳангиро, ки Худо дар ҳаёти мо дидан мехоҳад, намебахшад. Барои он кӯдаконе, ки падару модарашон таълим додани дуохониро ба солҳои оянда гузоштанд, то кӯдакон калон шаванд, ба Худо ва раҳму шафқати бепоёни Ӯ бовар карданашон душвор мешавад. Аммо онҳое, ки аз хурдсолӣ таҳти тарбияи сахту ҷиддӣ калон мешуданд ва дар ҳаёташон ҳамеша ақидаи «бояд фақат ҳамин тавр бошад» амал мекард, хоҳиши дуо карданро гум карда метавонанд. Дуо ба ҳаёти кӯдак ба таври табиӣ бояд дохил шавад. Бори дигар такрор мекунам, ки кӯдакон барои дуо кардан офарида шудаанд. Баробари он ки онҳо дар имонашон калон мешаванд, дуоҳояшон низ «инкишоф» меёбанд. Муносибат бо Худованд мисли ҳар муносибати дигар бо тадриҷ инкишоф меёбад. Инро ба эътибор гирифта, мо дар тарзи таълимдиҳии дуохонӣ ба кӯдакон усули мувозинат ва инкишофи бо тадриҷро риоя мекунем. Фаҳмидани ҳақиқатҳое, ки ба муносибатҳои мо бо Худованд алоқа доранд Вақте ки мо тарзи ба кӯдакон таълим додани дуохониро муҳокима мекунем, бояд ба як саволи душвор ҷавоб ёбем, ки ин савол чунин аст: оё мо ба фарзандони худ сохтани муносибатҳои зич бо Худоро ёд дода метавонем ё не? Азбаски ин савол ба соҳаи ҳиссиёт тааллуқ дорад, бинобар ин бо формулаҳо ва қоидаҳои холӣ ба он ҷавоб дода намешавад. Ғайр аз ин, дар ин муносибат тарафи Худованд низ ҳаст, ки Ӯ ҳам хосту ирода, «ҷадвал» ва корҳои Худро дорад. Оё мо маҷбур карда метавонем, ки фарзандони мо Худоро дӯст доранд? Оё мо Худоро маҷбур карда метавонем, ки ба ҳиссиётҳои фарзандони мо ба тавре, ки мо мехоҳем ҷавоб диҳад? Агар дар дили мо ба ин монанд шубҳаҳо вуҷуд дошта бошанд, он гоҳ ҳатман ба он тарзе, ки мо ба кӯдакон дуохониро таълим медиҳем таъсир мерасонад ва ҳамаи саъю кӯшишҳои моро барбод медиҳанд. Инак, мо албатта, хоҳишу қарорҳои дили фарзандонамонро идора карда наметавонем, инчунин мо ба Худо фармон дода низ наметавонем, ки чӣ кор ва кадом вақт бояд кунад. Бо вуҷуди он, Худо моро бовар мекунонад, ки Ӯ бо фарзандони мо муносибати зич доштан мехоҳад ва хоҳиш дорад, ки мо ба сохтан ва инкишоф додани ин муносибатҳо ба фарзандонамон кӯмак кунем. Ана ин чор ҳақиқате, ки ба муносибати одам бо Худованд алоқа доранд: 1. Муносибати одам бо Худованд тамоми умри одам инкишоф меёбанд. Чӣ тавре, ки мо дар қисми аввали ин китоб аллакай гуфтем, дар маркази ҳаёти фарзандони мо муносибати инкишоф ёфтаистодаи онҳо бо Худо мебошад. Худо чунин муносибатҳоро ба нақ-ша гирифтааст ва ин муносибат хости Худо аст. Агар дар дили мо ба ин монанд шубҳаҳо вуҷуд дошта бошанд, он гоҳ ҳатман ба он тарзе, ки мо ба кӯдакон дуохониро таълим медиҳем таъсир мерасонад ва ҳамаи саъю кӯшишҳои моро барбод медиҳанд. 2. Дар ҷараёни пойдор кардани муносибати кӯдакон бо Худо падару модари онҳо иштирок мекунанд. Аз рӯи нақшаи Худо падару модар бояд дар инкишофи ҷисмонӣ, шуурӣ ва рӯҳонии кӯдаконашон ҳамкорӣ кунанд. Вақте Худованд ба дӯши мо ин масъулиятро гузошт, Ӯ дар назар надошт, ки мо ба ҳикмати худ такя карда онро худамон иҷро мекунем, балки дар ҳамкорӣ бо Худованд иҷро мекунем. Аз ин ҷо мо мефаҳмем, ки дар иҷроиши ин вазифаи асосӣ Худо моро дастгирӣ кардан мехоҳад ва ҳамеша ба ёрдами мо тайёр аст. 3. Мо бояд рӯҳан калон шавем. Аз рӯи нақшаи Худо кӯдакон оҳиста-оҳиста дар имон калон шаванд, боқувват мегарданд. Агар онҳо оҳиста-оҳиста дар имон калон шаванд, он гоҳ беҳтар мефаҳманд, ки мақсади ҳаёташон чист ва оқибат ба кадом мақсад Худо онҳоро офарида бошад, ҳамон шахс мешаванд. Дар китоби Масалҳо гуфта шудааст: «Бачаро дар саршавии роҳаш насиҳат кун: он гоҳ пир шавад ҳам, аз он дур намешавад» (Мас. 22:6). Дар ҳар қадами ин ҷараён Худо бо фарзандони мо кор мекунад ва онҳоро ба Худ наздик мекунад, бинобар ин мо ором шуда метавонем. Аммо ба кӯдакон Ӯ қобилияти ба худ гирифтани дониш ва рӯҳан калон шуданро додааст. 4. Хости Худо дар Навиштаҷоти Муқаддас барои мо кушода мешавад. Мо медонем, ки: Худо дар Каломи Худ ба мо маслиҳат ва дастурҳо додааст, то ки мо ба фарзандони худ дуо хонданро ёд дода тавонем, онҳо бошанд муносибати худро бо Худованд инки-шоф дода тавонанд, айнан ҳамон тавре ки Худо ба мо дастур барои сохтани муносибатҳои дигар бо одамони гуногун додааст, масалан муносибатҳои оилавӣ. Худо бо мо бозӣ намекунад. Агар Ӯ барои кӯмаки мо ва фарзандонамон, то Ӯро бишносем, дастур ва қоидаҳо диҳад, пас Ӯ аз рӯи бовафо буданаш онҳоро медиҳад. Худо бо мо ҳамкорӣ кардан мехоҳад. Тамоми ҳаёти мо ба дуо бахшида мешавад. Агар мо бо ақл ва дили худ ин чор ҳақиқатро бифаҳмем, он гоҳ он ҳатман дар тарзи таълим додани мо инъикос меёбад. Агар мо донем, ки худи ҷараёни таълим додани дуохонӣ ба кӯдакон ва натиҷаҳои он ба хости Худо мувофиқат мекунад ва инчунин донем, ки Худи Худованд ҳамроҳи мо кор мекунад, то ки ин натиҷаҳоро ба даст оварем, он гоҳ имони мо боқувват мешавад ва дили моро оромӣ фаро мегирад. Падару модаронро бо тренерони дараҷаи ҷаҳонӣ монанд кардан мумкин аст. Онҳо низ дар натиҷаҳои баланди шогирдонашон боварӣ доранд, зеро медонанд, ки варзишгарони ҷавон қобилиятҳои калон доранд, худи тренерон бошанд, соҳиби ҳамаи манбаъҳои зарурӣ ҳастанд. Боварӣ ба он, ки ҷараёни таълимдиҳӣ мувофиқи ирода ва нақшаи Худо аст, ба мо кӯмак мекунад, ки вазифаи худро бо сабру тоқат, бо имону хурсандӣ иҷро кунем. Чунин муносибат ба кор натиҷаҳои хуб мебахшад: фарзандони мо Худоро дӯст хоҳанд дошт, Ӯро бештар мешиносанд ва муносибат бо Худоро чизи асосии ҳаёташон ҳисоб мекунанд. Яъне мо фарзандонеро тарбия мекунем, ки дуо карда метавонанд. Дар ёд доред, ки дуо воситаи муносибат аст Ба тарзи таълимдиҳӣ ва натиҷаҳои таълимоти мо инчунин фаҳмиши мо оид ба худи мавҳуми дуо таъсир мерасонад. Дар ёд дошта бошед, ки: аввалан, дуо — воситаи сӯҳбат кардан бо Худо барои сохтани муносибатҳои зич мебошад, баъдан, муносибат бо Худо — асоси ҳаёти мо аст. Агар мо ин ду ҳолатро ҳамчун ҳақиқати тағйирнаёбанда ҳисоб кунем, ин дар муносибати мо бо кӯдакон низ инъикос меёбад. Он гоҳ на фақат қисми ҳаёти мо, ки пеш аз хоб, дар сари дастархон ё дар вақтҳои душворӣ, балки тамоми зиндагиамон ба дуо бахшида мешавад. Инчунин мақсади дуо кардан на ба даст овардани ягон мадад ё неъмат аз Худованд, балки пойдор кардани муносибатҳои зич бо Худо мешавад. Дар ин сурат мо ба фарзандонамон дуои самимӣ ва сӯҳбат аз сидқи дил бо Худоро ёд медиҳем. Мо ба онҳо дуоеро ёд намедиҳем, ки ҳар бегоҳ фақат барои он мехонанад, ки баъдан «мо дуо кардем» гуфта тавонанд. Ғайр аз он, мо дар шинохтани Масеҳ низ калон мешавем, чунки бо Худо ҳамсӯҳбат шуда, мо ҳикмати Ӯро пайдо мекунем ва Ӯро хоҳиш мекунем, ки ҳаётамонро роҳбарӣ кунад, моро таълим ва тағйир диҳад. Дар поён мо баъзе усулҳои асосии таълимдиҳии дуо ба кӯдаконро дида мебароем, ки онҳо дар иҷро кардани вазифа ба шумо ёрӣ мерасонанд ва дар худи ҷараёни таълимдиҳӣ ба шумо ва фарзандонатон шодӣ мебахшад. Саволҳо 1. Агар сухан дар бораи таълимдиҳии дуо ба кӯдакон меравад, байни ҷаҳонбинӣ ва тарзи таълимдиҳию натиҷаҳои он чӣ гуна алоқа ҳаст? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ 2. Барои шумо чиро тағйир додан душвортар аст: ҷаҳонбинӣ ё тарзи таълимдиҳии дуо ба кӯдаконро? Чаро? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ Ин ҳолатро шумо чӣ тавр тағйир дода метавонед? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ 3. Чӣ тавр надоштани фаҳмиши кофӣ оид ба худи мавҳуми дуо дар тарзе, ки шумо дуоро ба кӯдакон таъли медиҳед, инъикос ёфта метавонад? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ Мавзӯъҳои дуо • Ба Худо барои ҳар чизе, ки Ӯ ба шумо таълим медиҳад, миннатдорӣ кунед. • Илҳом талабед, то фикрҳои наве пайдо карда тавонед, ки ба шумо дар таълим додани дуо ба фарзандонатон кӯмак мекунанд. Дуои кӯдак «Падари мо, шукр мекунам, ки Ту маро мешунавӣ. Хоҳиш мекунам, ба ман ёрӣ расон, ки Туро беҳтар шиносам. Раҳмат, ки Ту маро дӯст медорӣ ва Дӯсти ман ҳастӣ. Дар номи Исои Масеҳ, омин». Боби 4. Бигзор дуо оддӣ ва самимӣ бошад Одам дуо мекард ва дар аввал фикр дошт, ки дуо кардан, ин гап задан аст. Вале баъд вай бештару бештар хомӯш мешуд, то оқибат фаҳмид, ки дуо — ин гӯш кардан аст. Сёрен Кҳеркегор Ман дар синни 18-солагӣ Масеҳро Наҷотдиҳандаи худ қабул кардам. Ман аз Худо хоҳиш кардам, ки гуноҳҳоямро бахшида, ҳаёти маро роҳбарӣ кунад. Ин қарори ман ҳаётамро қатъиян тағйир дод ва аз он вақт сар карда, ман фақат як мақсад доштам, ки Навиштаҷоти Муқаддасро биомӯзам, дар бораи Худо ҳар чӣ дониста мешавад, бидонам. Ман дар ҳамаи маҷлисҳо, ибодат, дарсҳои омӯзиши Китоби Муқаддас, маҷлисҳои дуохонӣ иштирок мекардам. Ман дар ҳафтае ғайр аз ду маҷлиси ибодати рӯзи якшанбе боз панҷ, ҳатто шаш бор ба маҷлисҳо мерафтам. Ҳамон вақт ман дуо карданро дӯст доштам. Ба ман аз хурдсолӣ дуо карданро ёд дода буданд ва дар хотир дорам, ки чӣ тавр бо суханони худам ба Худо дуо мекардам, агар аз чизе хафа бошам, гиря ҳам мекардам. Аммо, акнун ман ба таври дигар дуо мекардам. Ман ба дуоҳои дигарон бодиққат гӯш медодам. Ман китобҳо мехондам, саволҳо медодам. Баъд аз чанд вақт ман усто (ба назари худам) дар соҳаи дуохонӣ шудам. Вақте дар маҷлисҳо дуо мекардам, он баёнотҳоеро, ки дар дуои дигарон мешунидам, истифода мебурдам. Барои ҳар ҳолат ман баёнотҳои мувофиқ тайёр карда будам. Дар танҳоӣ ман як-ду соат дуо мекардам. Ман фикр мекардам, ки дуоҳо ва оятҳои «дуруст»-ро аз Китоби Муқаддас медонам, ки барои маҷлисҳои ибодат, маҷлисҳои дуохонӣ, барои тӯйҳо, идҳои оилавӣ, яъне барои ҳар вазъияти ҳаётӣ дуруст оянд. Ман саҳару шом дуо мекардам. Ман боварӣ пайдо кардан мехостам, ки фариштаҳои Худо шайтону рӯҳҳои бадро танг намуда, кори худро анҷом медиҳанд. Ман аз Китоби Муқаддас оятҳои заруриро иқтибос оварда, барои роҳбарони калисо ва арбобони сиёсӣ дуоҳои «дуруст» мехондам, то ки онҳо тағйирот ба вуҷуд оваранд. Ман барои чизҳои гуногун дуо мекардам, як чизро манъ мекардам, ба чизи дигар иҷозат медодам. Инчунин дар охири ҳар дуои худ ман эътирофи «дуруст» мекардам. Оқибат, ман худро ҳамчун як роботи дуохон дидам. Қолибҳо, суханони азёдшуда ва калимаҳои «сеҳрнок» Рӯзе, баъд аз якчанд сол, дар яке аз маҷлисҳо ман суханони воизеро гӯш мекардам. Вай аз мавзӯи худ дур шуда, як фикреро гуфт, ки маро ба дараҷае дар ҳайрат монд, ки то охири он маҷлис ҳеҷ калимаи дигарро намешунидам. Воиз гуфт, ки барои бисёри масеҳиён дуо ин маҷмӯи калимаҳо шудааст, аммо дар асл онҳо «торикиро меқапанд». Баъд вай чанд ибораҳои дуоро ба мисол оварда пурсид: «Чаро ҳангоми дуо кардан мо ин ибораҳоро ба забон мегирем? Магар онҳо «сеҳрнок» ҳастанд ва тағйирот оварда метавонанд?» Баъд вай гуфт, ки чунин ҳолатро тасаввур кунем: «Меҳмонони шумо шаб дар хонаатон мемонанд. Дар нисфи шаб шуморо ғалоғулаи даҳшатовар бедор мекунад. Мебел ва чароғҳои шумо меафтанд, одамон пойкӯбӣ мекунанд. Шумо аз хонаи хоби худ баромада мебинед, ки меҳмононатон бо халтаҳои калон дар даст дар тамоми хонаатон давида гаштаанд ва ҳама чизи пеши роҳашон истодаро шикаста вайрон мекунанд. Агар ба саволи шумо онҳо ҷавоб медоданд, ки торикиро қапидан мехоҳанд, шумо чӣ кор мекардед? Эҳтимол шумо маслиҳат медодед, ки чароғро даргиронанд». Дар дуои ҳақиқӣ мо талаб не, балки таваккал мекунем. Ҳамон рӯз ман фаҳмидам, ки ман беихтиёр бовар мекардам, ки агар дар вақти зарурӣ, ба таври «дуруст» дуо кунам, он гоҳ механизми даркории осмонро ба ҳаракат меоварам ва дарҳои осмонро барои гирифтани ҷавоби дуои худ мекушоям. Ин дуоҳо ба ман намегузоштанд, ки Худоро бишносам, мушкилиҳои худро ба Ӯ бигӯям, ҳаётамро ба дасташ супорам ё дарду эҳсосотҳои одамони дигарро ба Ӯ нақл кунам, чунки дуоҳои ман аз баёнотҳои азёдшуда иборат буданд ва фақат як мақсад доштанд, ки натиҷаи дилхоҳамро ба даст биёрам. Дуо кардан — ин бо Худо сӯҳбат кардан, ба иродаи Ӯ тобеъ шудан, ба Ӯ мушкилӣ ва хоҳишҳои худро гуфтан аст. Дар дуои ҳақиқӣ мо талаб намекунем, балки ба Худо таваккал мекунем. Мо ба сӯи Худо ҳар гуна суханони «дуруст» намепартоем, балки барои гирифтани муҳаббат ва раҳму шафқаташ назди Ӯ меоем. Мо кӯшиш намекунем, ки бо ибораҳои «сеҳрноки» беохир дар девор сӯрохе кунем ва баъд мунтазир шавем, ки Худо хоҳишҳои моро иҷро мекунад. Дар асл мо Худоро гӯш мекунем, бо Ӯ сӯҳбат мекунем, ҳамаи ҳиссиёт ва ташвишҳои худро мегӯем. Инчунин на фақат мегӯем, балки гӯш ҳам мекунем. Давоми чанд моҳ баъд аз он, ки ман он воизро гӯш кардам, саҳар бедор шуда, дар дуо хомӯш меистодам, зеро намедонистам, ки дар бораи чӣ ва чӣ тавр дуо кунам. Баъдтар ман ба Худо дар бораи ҳиссиёти воқеаҳои зиндагиам нақл мекардам ва дар бораи чизҳои гуногун саволҳо медодам. Пас, боз хомӯш истода, дар бораи Худо ё он ҳодисае, ки ба Ӯ нақл мекардам, андеша менамудам. Дар натиҷаи чунин дуоҳо ман дар дили худ оромӣ пайдо мекардам. Чанд вақт гузашт, ва ман хирадмандтар гаштам, чунки дар ҳузури Худованд хомӯш истода, андеша мекардам, ва ба сари ман фикрҳое меомаданд, ки ба қабул кардани қарорҳои дуруст ёрӣ мерасонданд. Пештар ман дуоҳои «дуруст» хонда метавонистам, аммо акнун ман дуо карданро ёд гирифта будам. Дуои ҳақиқӣ оддӣ аст ва аз дил бармеояд Ин ақидаи муҳим дар таълимдиҳии дуо ба кӯдакон аст. Кӯдакон бо осонӣ ҳар гуна ибораҳо ва баёнотҳоро аз худ мекунанд. Мо ба онҳо дуои дурудароз ва боғайрат карданро ёд дода метавонем, ки дар дуояшон суханону ибораҳои дуруст истифода баранд. Он гоҳ дуои онҳо ба ҳар одам таассуроти калон мебахшад. Вале бо ин корамон мо ба кӯдакон халал мерасонем, ки дуои ҳақиқиро ёд гиранд. Онҳо бо бозии суханронӣ он қадар саргарм мешаванд, ки маънои бо Худо муносибат карданро аз назарашон дур мекунанд. Мо ба кӯдакон бояд ёд диҳем, ки аз дил гап зананд ва дар дуо суханони худашонро истифода баранд ва ба Худо он чизҳое- ро, ки худашон аз сар мегузаронанд ё ба чӣ шавқ доранд, нақл кунанд. Мо ба фарзандонамон ёд дода метавонем, ки ба Худо на фақат он чизҳоеро гӯянд, ки ҷавоби «ҳа» ё «не»-и Худоро ва амал кардани Ӯро талаб мекунад. Балки ба кӯдакон гӯед, ки онҳо дар вақти дуохонӣ баъзан ҳамту хомӯш истода андеша карда метавонанд. Дуо бояд оддӣ бошад! Дуои кӯдак ва суханони истифода мебурдааш бояд барои худи вай фаҳмо бошанд ва ҳиссиёти ӯро инъикос кунанд. Беҳтар мешавад, ки кӯдакон ду хоҳишро фаҳмида дар дуо бигӯянду рафта хоб кунанд, аз он ки муҳитро бо баёнотҳое, ки мазмунашро намефаҳманд, ба ларза меоваранд. Бо вуҷуди ин дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки барои баъзе мӯҳтоҷиҳои худ мо бояд беисту пайваста дуои ҳатмӣ кунем. Бинобар ин, мо он дуоҳоеро, ки дар Китоби Муқаддас пешниҳод шудаанд, бояд ба фарзандонамон ёд диҳем. Вале мо бояд муносибати ростқавл ва самими фарзандонамонро бо Худо дастгирӣ кунем, то ки он дуоҳои ҳатмиро низ онҳо фаҳмида гӯянд. Агар маро пурсед, ман оқибат ба тарзи ҳаёти дуохонии оддӣ баргаштам. Ман дар бораи мӯҳтоҷиҳо ва одамоне, ки барояшон бояд дуо кунам, дуо мекунам, вале акнун дили ман барои Худо кушода аст. Ман Ӯро гӯш мекунам, ба Ӯ дар бораи мушкилиҳои аниқе, ки маро нороҳат мекунанд, мегӯям, дар бораи одамон, ягон ҳодиса бо Худованд мисли бо як дӯстам сӯҳбат мекунам, ки аз дасти Ӯ мадад дида метавонам. Ман бо суханони худ дуо мекунам ва ҳар дуоям аз дуои пештара фарқ мекунад. Дуо ҳар дафъа бояд гуногун бошад. Охир, дуо ин як ҳиссиёти ҳаяҷоновар аст, яъне вохӯрӣ бо Худованд. Агар мо пеш-пеши қатора шитоб кунем, яъне ба кӯдакон чизҳоеро ёд диҳем, ки онҳо маънояшро намефаҳманд, он гоҳ хатаре аст, ки онҳоро ба роботҳои хурди дуохон табдил медиҳем. Баъдтар мо боз гуфта мегузарем, ки барои кӯдакони хурд шояд аз ёд кардани дуоҳо ва оятҳои Китоби Муқаддас фоидаовар аст. Он дуоҳое, ки дар Китоби Муқаддас оварда шудаанд, аз шахсони дуохон гирифта шуда буданд, бинобар ин ба ҳаёти дуохонии кӯдакон обуранг дода метавонанд. Аммо чизи асосӣ — ин муносибати бевосита бо Худои меҳрубон ва пурқувватамон аст, ки моро мешунавад, ба мо ғамхорӣ мекунад ва бо мо муносибат кардан мехоҳад. Дуоҳое, ки кӯдакон аз ёд мекунанд фақат ҳамчун илова ба дуои асосиашон шуда метавонад. Агар мо шитоб кунем, яъне ба кӯдакон чизҳоеро ёд диҳем, ки онҳо маънояшро намефаҳманд, он гоҳ хатаре аст, ки онҳоро ба роботҳои хурди дуохон табдил медиҳем. Аз рӯи гуфтаҳои Исо — кӯдакон барои муносибат кардан бо Худо офарида шудаанд. Мо наметавонем ба онҳо шаклҳои муйаяни дуохониро ёд дода, умедвор шавем, ки бо Худо муносибат карданро баъд аз калон шуданашон худашон ёд мегиранд. Ба онҳо аввалан бо Худо сӯҳбат карданро ёд диҳед. Фикр кунед 1. Кадом қолибҳо, ибораҳои ёзёдшуда ё калимаҳои «сеҳрнок» дар муносибати шумо бо Худо халал мерасонанд? Онҳоро номбар кунед. __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ Барои аз онҳо халос шудан шумо чӣ кор карда метавонед? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ 2. Кадом қолибҳо, ибораҳои азёдшуда ё калимаҳои «сеҳрнок» дар муносибати кӯдакони шумо бо Худо халал мерасонанд? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ Барои аз онҳо халос шудани кӯдаконатон шумо ба онҳо чӣ тавр ёрдам дода метавонед? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ Бо фарзандони худ ҳамқадам бошед Боре, вақте ки писарам дусола буд, ман аз рӯи одат барои дуо кардан ҳамроҳаш ба курсӣ нишастам. Бо либосе, ки дар тан дошт ва кӯрпаи печондашуда вай ба як кулӯлаи серпашми хурдакак монанд буд. Ман дар болои курсӣ бароҳат нишаста, писарамро ба бағалам гирифтам. Баъд дар бораи ояндааш, муносибати ӯ бо Худо ва инкишоф ёфтани хислаташ дуо мекардам. Тамоми вақти дуо карданам, ба навозишҳои ман нигоҳ накарда, вай дар даруни кӯрпа, мисли гурбае, ки ба сачоқи тар печонда шуда бошад, печутоб мехӯрд. Ман аз дуохонӣ бозистода кӯшиш кардам ба писарам фаҳмонда диҳам, ки бояд ором нишаста дуо кардани маро гӯш кунад. Вақте ман гуфтам, ки аз номи вай ба Худо дуо мекунам, як фикр ба сарам омад. Ман фаҳмидам, ки дар асл аз номи вай дуо намекунам, дуои нодуруст мекардам, чунки дуо ман дуое буд, ки ӯ намефаҳмид, ва ман на дар бораи чизҳое дуо мекардам, ки писарам шояд дуо мекард, балки ман барои вай дуои худро мекардам. Мо боз бароҳат нишастем ва ман дар бораи чизҳое дуо кардам, ки ба дили писарам наздик буд: «Худовандо, ба Ҷошуа ёрдам деҳ, ки писари калон шавад ва истифода бурдани тубакро ёд гирад! Дар номи Исои Масеҳ, омин». Ман дар бораи чизе дуо кардам, ки писарам шавқманд ва дар ҳамон лаҳза барояш зарур буд. Ман бо суханони оддӣ, оҳиста-оҳиста дуо кардам ва пеш аз он, ки диққати вай парешон шавад, дуоямро ба поён расондам. Аз он лаҳза сар карда барои писарам аз печутоб шудан дида дуо кардан шавқовартар шуд. Фарқ надорад, ки фарзанди шумо чандсола аст. Шумо ҳамеша метавонед бо тарзи барояш фаҳмо дуо кунед. Мо бояд оддӣ ва оҳиста-оҳиста дуо кунем. То он даме, ки ман худро ба ҷои писарам гузошта дуоро барояш фаҳмо накардам, дуо барои вай нодаркор буд. Вазифа: рӯйхати мӯҳтоҷиҳои кӯдак Шумо дар бораи кадом мушкилии фарзандатон, ки ҳалли таъҷилӣ талаб мекунад, ба Худованд дар дуо гуфта метавонед — бе ёрии касе ҳоҷаташро карда натавонистан ё бо ҳамсинфонаш муносибати соз карда натавонистан? Бо кӯдакатон дар бораи мушкилиҳояш сӯҳбат карда, ҳамон лаҳза рӯйхати мушкилиҳояшро (мушкилиҳои ӯро, на худро) нависед. __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ Баъд дар давоми ҳафтаи оянда ба ин рӯйхат нигоҳ кунед. Ин имкониятро истифода бурда, ба фарзандонатон нишон диҳед, ки Худо ғами қонеъ гардондани ҳамаи эҳтиёҷи моро мехӯрад. Аз чизи асосӣ сар кунед Пеш аз сар кардани дуохонӣ бо фарзандонатон, ба онҳо фаҳмондан лозим, ки мо чӣ кор мекунем ва чаро мо ин корро мекунем. Кӯшиш кунед, ки дуоҳои шумо оддӣ бошанд: мо дар бораи ҳар чӣ, ки бошад, ҳар вақт, ки бошад ва дар ҳар ҷо, ки бошад бо суханони худ дуо карда метавонем. Барои осонтар ба фарзандон фаҳмондани он, ки чӣ тавр ва дар бораи чӣ бояд дуо кунанд, ин тавр гуфтан мумкин: «Бо Худо айнан ҳамон тавр гап занед, ки бо ман гап мезанед. Вақте ки шумо чизе мехоҳед, аз ман мепурсед. Вақте ки аз чизе хафа мешавед, пеши ман омада ҳамаашро гуфта медиҳед, то ки ман ҳамаро ҳал карда, шуморо ором кунам. Агар шуморо хафа кунам, ба ман мегӯед, агар ёрдам лозим бошад, он гоҳ ёрдам мепурсед ва агар чизеро нафаҳмед, аз ман хоҳиш мекунед, ки фаҳмонда диҳам». Дуо ҳам ҳамин тавр оддӣ бояд бошад. Худо фарзандони моро бештар аз он, ки мо онҳоро дӯст медорем, дӯст медорад, чунки Ӯ Падари абадии онҳост. Сабаби дуохонии мо дар ин аст: Худо муҳаббат аст, Ӯ моро офаридааст, то ки моро дӯст дорад ва ба мо ғамхорӣ кунад. Ӯ бо мо гап задан мехоҳад, то мо Ӯро бештар шиносем. Худо мехоҳад, ки мо ба Ӯ таваккал кунем, чунки Ӯ ба мо ҳикмат ва дониш дода, барои мо ғамхорӣ карда, мӯҳтоҷиҳои моро қонеъ гардонда ва ҳаёти моро роҳбарӣ карда метавонад. Ҳамаи инро Худованд ба хотири он мекунад, ки дар замин ҳаёти мо он қадаре, ки дар замин мешавад хуб бошад. Мо дар бораи ҳар чӣ, ки бошад, ҳар вақт, ки бошад ва дар ҳар ҷо, ки бошад бо суханони худ дуо карда метавонем. Ба фарзандонатон бо суханони оддӣ фаҳмонда диҳед, ки барои чӣ мо бояд дуо кунем: Худо шуморо дӯст медорад ва мехоҳад, ки шумо ба Ӯ дуо кунеду ба Ӯ таваккал кунед, то Ӯ ба шумо муҳаббати Худро нишон дода тавонад ва шуморо хушбахт созад. Саволҳо 1. Чӣ тавр мо дуоҳои худ ва фарзандонамонро мураккаб месозем? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ 2. Бигӯед, ки шумо чӣ тавр дуоҳои худро соддатар карда метавонед? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ Мавзӯъҳои дуо • Худоро шукр кунед, ки Ӯ барои тарбияи фарзандонатон ба шумо ҳама чизи заруриро медиҳад. • Аз Худо хоҳиш кунед, ки дили шуморо тафтиш карда, ба шумо нишон диҳад, ки кадом шаклҳои дуохонӣ, ибораҳо, тарзҳои дуохонӣ, образҳо, ҳиссиётҳои бардурӯғ ба шумо халал мерасонанд, то ба Худо наздик шавед. Ин мушкилиҳоро ба Худованд супоред ва хоҳиш кунед, ки шуморо аз ин чизҳо озод кунад. • Аз Худо хоҳиш кунед, ки чашмони шуморо бикушояд ва шумо дида тавонед, ки ба кӯдакони шумо чӣ халал мерасонад, ки бо Худо муносибат кунанд ва чӣ тавр шумо дар ҳалли ин мушкилиҳо ба кӯдаконатон ёрдам дода метавонед. Дуои кӯдак «Падари Осмонӣ, ба ман ёрдам деҳ, ки писари (духтари) нағз бошам. Шукр мекунам, ки Ту ба ман __________________________________________ ва _______________________________________________ ёд медиҳӣ. Барои падару модарам Туро шукр мекунам ва барои ҳама чизе, ки бароям мекунӣ. Дар номи Исои Масеҳ, омин». Боби 5. Бигзор дуо машғулияти роҳатбахш ва одатӣ гардад Баъзан мо... он қадар бо чизҳои майда-чуйда саргарм мешавем, ки дар натиҷа чизи асосиро аз ёд мебарорем: дуо ин ид аст. Кӯдак меояд, то ки бо Падари меҳрубонаш вақт гузаронад, — ана ин мазмуни ҳақиқии дуо аст. Стив Браун Вақте ки Исо дӯсти худ Лаъзорро аз марг зинда мекард, ин тавр дуо кард: «Эй Падар! Туро шукр мекунам, ки сухани Маро шунидӣ; ва Ман медонистам, ки ҳамеша сухани Маро мешунавӣ; лекин барои мардуме, ки дар ин ҷо истодаанд, гуфтам, то имон оваранд, ки Ту Маро фиристодаӣ» (Юҳ. 11:41–42). Ин дуои оддӣ буд, вале натиҷаи ҳайратовар дод. Дуо кардан маънои онро надорад, ки ту худро хоксору фурӯтан нишон доданӣ мешавӣ, то ки Худо туро шунавад. Яке за нуқсонҳое, ки Исо ба он бештар нафрат дошт, дурӯягӣ буд. Худо намехоҳад, ки мо намоиш ба Ӯ нишон доданӣ шуда, дар як лаҳза ба шахсе мубаддал гардем (яъне вонамуд кунем), ки аз назари мо ба Худо писанд меояд. Худо моро дӯст медорад ва моро беҳтар медонад, аз он, ки мо худро медонем. Ӯ мехоҳад, ки мо ҳастии ҳақиқии худро пинҳон накарда, ба наздаш оем. Дуруст аст, ки Ӯ Худост ва мо бояд бо тамоми иззату эҳтиром ба Ӯ наздик шавем, Ӯро ҳурмат кунем, вале мо айнан мисли фарзандони мо, ки нисбат ба мо иззату ҳурмат нишон медиҳанд, бояд муносибат ба Худо кунем, яъне самимона, бе намоишкорӣ ва эҳтирому муҳаббати худро ҳам бо сухан ва ҳам бо рафторамон нишон диҳем. Худо талаб намекунад, ки ҳангоми дуо карданамон шахси дигар шавем (яъне тарзи суханронӣ ва одатҳоямонро тағйир диҳем), гӯё мо ба мулоқот бо шоҳзодаи англис омада бошем. Чӣ тавре, ки шумо намехоҳед, ки фарзандони шумо наздатон омада таъзим кунанд ва шуморо «тақсирам» хонда, чашмашонро ба замин дӯзанду бо суханони зебо гап зананд. Шумо афзалтар медонистед, ки дар рафтори онҳо ҳам муҳаббат ва ҳам иззату ҳурматро бубинед. Шумо мехоҳед, ки фарзандонатон бо шумо самимӣ бошанд ва озодона сӯҳбат кунанд, инчунин шумо мехоҳед, ки онҳо ба шумо эҳтиром нишон дода, дар ёд дошта бошанд, ки шумо кӣ ҳастед, кӣ калон аст ва шумо барои онҳо чӣ кор кардаед. Худо низ аз мо айнан ҳаминро мунтазир аст. Ҳангоми ёд додани дуохонӣ ба фарзандонамон, мо бояд ҳамин чизҳоро аниқу равшан ба онҳо фаҳмонем. Агар дар вақти дуо мо овозамонро паст карда, бо забони қадимаи асри 14 сухан гӯем, он гоҳ фарзандон рафтори моро ғалатӣ ҳисоб мекунанд. Бо ин рафтор мо онҳоро боз ба фикре тела медиҳем, ки гӯё Худо бениҳояд дур аст ва мехоҳад, ки барои ба Ӯ писанд омадан одамон як роли муайянеро бозӣ кунанд. Агар кӯдакон фикр кунанд, ки дар назди Худои ғалатӣ ва ғайриоддӣ бояд худро шахси дигар вонамуд кунанд, он гоҳ онҳо бо Худо муносибатҳои боварибахш сохта наметавонанд. Инчунин мо ёд дода наметавонем, ки: «Агар шумо аз Худо хафа бошед, ба Ӯ ҳаминро рӯирост бигӯед. Ба рӯяш дод занед. Ӯ шуморо мефаҳмад». Агар мо ин тавр ёд диҳем, онҳо ҳурмат кардани Худоро ёд намегиранд. Албатта, мо бояд бо Худо самимӣ бошем, вале ба ҳар ҳол бояд иззату эҳтиромашро ба ҷо биёрем. Боварӣ — нишонаи ҳурмат аст Барои муқоиса ба шумо ҷавоби Марям ва Закарё, падари Яҳёи Таъмиддиҳандаро, ки ба суханони фариштаи аз ҷониби Худованд фиристодашуда, Ҷаброил, дода буданд пешниҳод мекунам. Закарё ба фаришта гуфт: «Инро аз рӯи чӣ бидонам? Зеро ки ман пир ҳастам, зани ман низ ба пиронсолагӣ расидааст». Фаришта дар ҷавоби ӯ гуфт: «Ман Ҷаброил ҳастам, ки ба ҳузури Худо меистам ва фиристода шудаам барои он ки бо ту сухан ронам ва ин хабари хушро ба ту бирасонам. Ва инак, забонат лол шуда, то рӯзи ба амал омадани ин ту имконияти гап задан нахоҳӣ дошт, аз барои он ки ба суханони ман, ки дар вақти худ ба иҷро хоҳанд расид, имон наовардӣ». Луқ. 1:18–20 Марям ба фаришта гуфт: «Ин чӣ гуна мешавад, дар сурате, ки ман бокира ҳастам?» Фаришта дар ҷавоби вай гуфт: «Рӯҳи Муқаддас бар ту хоҳад омад ва қуввати Ҳаққи Таоло бар ту соя хоҳад афканд; бинобар ин он мавлуди Муқаддас ҳам Писари Худо номида хоҳад шуд». Луқ. 1:34–35 Дар назари аввал менамояд, ки Марям ва Закарё як савол доданд. Аммо дар асл ин тавр набуд. Саволи Закарё умуман савол набуд, балки баёнот буд: «Ҳой, ту бояд инро ба ман исбот кунӣ. Ту аз синну соли ман бохабар ҳастӣ, ки бар зидди гуфтаҳои ту ҳастанд!» Закарё фаромӯш кард, ки фаришта аз номи Кӣ сухан мегуфт. Марям бошад, бо дили хоксор хабарро гӯш кард ва ба ҳақиқат будани он шубҳа накард, балки дар бораи баъзе чизҳои ноаниқ саволи оддӣ дод ва ба саволаш ҷавоб гирифт. Закарё бошад қариб нӯҳ моҳ лол монд. Аз рӯи ҷавобҳои Ҷаброил мо дида метавонем, ки саволҳои Марям ва Закарё аз якдигар фарқ мекарданд. Муносибати ҳурмату эҳтиромро на суханон, балки рафтор нишон медиҳад. Дар ин ҳол, ҳурмат нисбат ба Худованд аз рӯи дараҷаи боварӣ ба қуввату ростқавлии Худо, яъне бо дараҷаи имон чен карда мешавад. Саволи Закарё беҳурматиро нишон дод. Аммо саволи Марям кунҷковӣ ва ҳайратро нишон дод. Муносибати ҳурмату эҳтиромро на суханон, балки рафтор нишон медиҳад. Ман беҳтар мешуморам, ки фарзандонам маро ҳурмат кунанд ва бинобар ин бо ман бо муҳаббату эҳтиром гап зананд. Ман намехоҳам, ки ба суханони ман онҳо «Дуруст, падар» ҷавоб диҳанд, вале дар дили худ маро эҳтиром накунанд ва аз ақибам суханони пасту баланд дар бораам гӯянд. Вақте ки мо бо овози эҳтиромона гап мезанем, вале ба муҳаббати Худо ва хоҳишу қобилияти ба мо мадад расонданаш шубҳа мекунем, мисле Закарё рафтор мекунем, яъне айнан ҳамон беҳурматиро нисбат ба Худо нишон медиҳем. Бинобар ин мо ба фарзандони худ бояд ёд диҳем, ки Худоро аз таҳти дил ва нафақат бо суханон эҳтиром кунанд! Мо ба онҳо ёд доданамон лозим аст, ки бо Худо самимӣ буда, бо суханони худ бо Ӯ гап зананд. Худованд мехоҳад, ки кӯдакон Ӯро иззату ҳурмат кунанд ва фаҳманд, ки Ӯ кист ва чӣ кор карда метавонад. Ӯ мехоҳад, ки онҳо бештар ба Ӯ боварӣ карда тавонанд, чунки он вақт Ӯ ба онҳо муҳаббати Худро нишон дода метавонад. Фикр кунед Чӣ тавр шумо усулҳои махсус истифода набурда, ба фарзандони худ ҳурмату эҳтиром кардани Худоро ёд дода метавонед? Бо рафтори худ? Бо интихоб кардани тарзи ахлоқ? Чанд роҳҳои онро тасвир кунед. __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ Вазифаҳо форам буда метавонанд Боре, барои «шаби хуш» гуфтан ба хонаи духтарам даромада, дидам, ки ӯ як асаре мехонад. — Ту аллакай дуо кардӣ? — пурсидам ман. — Не, падар. Ман мефаҳмам, ки ин корро кардан лозим аст, вале хондани Китоби Муқаддас ва дуо кардан мисли хондани асар шавқовар нест. Фарзандони мо бояд фаҳманд, ки муносибат бо Худо ва шинохтани Ӯро мо бо вақти хушгузаронӣ муқоиса карда наметавонем, ва на аз рӯи чӣ қадар қаноатманд шуданамон баҳо медиҳем. Ба мактаб рафта дарс хондан на ҳама вақт шавқовар аст, аммо агар мо инро накунем, қобилиятҳои мо маҳдуд мешаванд. Баъзе вақт ман маҷбур мешавам ба фарзандонам гӯям, ки: «Ман медонам, ки хӯроки фоидаоварро хӯрдан на ҳамеша мисли яхмосу қанд хӯрдан форам аст, аммо агар хӯроки шумо дуруст набошад, шумо касал мешавед ва аз ҳаёт пурра лаззат бурда наметавонед. Вақти бо Худо муносибат кардан ҳам ин қисми дуруст ва фоидаовари ҳаёт аст». Айнан ҳамин чизро ман ба духтарам ҳам гуфтам. Баъд илова кардам: «Баъзе вазифаҳои худро мо барои фоидаи худамон иҷро мекунем. Ту саҳар метавонӣ либосатро напӯшӣ, чунки ин дилгиркунанда аст, ки ба он аҳамият диҳӣ, вале ман боварӣ дорам, ки бо либоси шабонаат ба мактаб рафтан ба ту душвортар мешавад». Мо бояд бисёр эҳтиёт бошем, ки кӯдаконамон чунин таассурот пайдо накунанд, ки гӯё дуо ин як расму оин аст, ки пеш аз хоб онро иҷро кардан лозим аст ё одаме, ки пок шудан мехоҳад, дуо мекунад. Мо ба кӯдаконамон бояд фаҳмонем, ки дуо ин яке аз қисмҳои асосӣ ва беҳад муҳими ҳаёти онҳо мебошад. Инчунин, мо ҳатман бояд онҳоро бовар кунонем, ки дуо ин тӯҳфаи калонтарин аст: вақте ки мо дуо мекунем имконият пайдо мекунем, ки Худоро шиносем ва аз тарафи Худо дастгирӣ дошта бошем. Фарзандони мо ҳатман бояд бифаҳманд, ки муносибати ҷиддӣ ба дуо ин калид барои кушодани дар ба ҳаёти хушбахту фаровон дар замин ва инчунин дар абадият аст. Мо барои шинохтани Худо, қабул кардани муҳаббати Ӯ, рӯҳан калон шудану таҳти роҳбарии Ӯ зиндагӣ кардан офарида шудаем. Агар ин таҳкурсӣ дар ҳаёти мо набошад, он гоҳ мо ҳамчун шахс худро пурра изҳор карда наметавонем, аз лаззати ҳаёт баҳра бурда наметавонем ва ягон чизи аҳамиятнок карда наметавонем. Дуо ин як санги оддие нест, ки барои сохтани ҳаётамон даркор бошад, ин санги асосии таҳкурсӣ аст. Ҳар касе ки ҳаёташро дар асоси чизи дигар месозад, монанди он аст, ки дар болои хок месозад. Агар мо бояд карами брокколи хӯрем, ин маъно надорад, ки мо ба он каме аз сиркои панирӣ зада наметавонем. Агар мо ба фарзандонамон инро хотиррасон карда истем ва ёрдам диҳем, ки диққаташон ба ҳамин фикр ҷалб карда шавад, он гоҳ онҳо зарурат ва сабаби дуо карданро мефаҳманд. Мо бо мисолҳои соддаву барояшон фаҳмо бояд бифаҳмонем, ки дуо ин чизи аз ҳама муҳим ва асосӣ аст. «Даника, дуо ин асоси асосҳост. Ҳаётро бе дуо ва муносибат бо Худо сохтан баробари он аст, ки тамоми ҳаёт ғайр аз қанд ҳеҷ чиз нахӯрӣ. Ин баробари он аст, ки ҳеҷ вақт ҳаммом накунӣ, дарс нахонӣ ва либос напӯшӣ». Агар фарзандони мо ин чизро фаҳмида бошанд, вақти он расидааст, ки ба ҷараёни таълимдиҳӣ гуногунрангӣ дарорем, то ки таълимот шавқовартар ва форамтар гардад. Агар мо бояд карами брокколи хӯрем ин маъно надорад, ки мо ба он каме аз сиркои панирӣ зада наметавонем. Агар шумо либоси зебо дошта бошед, саҳарӣ либоспӯшӣ форамтар мегардад. Инчунин агар муаллимон дарсҳои худро шавқовартару ҷалбкунанда карда тавонанд, талабаҳо бо иштиёқи бештар ба мактаб мераванд. Худо намехоҳад, ки мо дуоро ба як дарси дилгиркунанда табдил диҳем. Албатта, мақсади дуо аз хурсанду қаноатманд шудан баландтар аст, вале таълимдиҳии дуохонӣ ва худи дуо метавонанд, ки лаззатбахш ва шодибахш бошанд. Ҳангоми таълим додани дуо ба фарзандонамон мо дарсҳои худро ҳам шавқовар ва ҳам пурмазмун гузаронда метавонем. Ана чанд маслиҳате, ки чӣ тавр ҷараёни таълимдиҳии дуоро шавқовартар карда метавонед. 1. Кӯдаконатонро саргарми дуо созед Бигзор интихоб кардани мавзӯъ ва вақти дуо барои шумо кори шавқовар ва шодибахш гардад. Вақте шумо «Биёед дуо мекунем» ё «Вақти дуо расидааст» мегӯед, бигзор овози шумо нарм ва форам садо диҳад. Дуо ин тӯҳфаи калон ва на вазифаи вазнин аст. Сӯҳбат бо Худованд ин пучу холӣ гап задан нест, ин сӯҳбати дилчаспу шавқовар аст. Агар фарзандонатон ба шумо гӯш надиҳанду нороҳатии худро нишон диҳанд, худро аз даст надиҳед ва абрувони худро чин карда онҳоро маҷбур накунед. Ба ҷои ин бо табассум ба онҳо хотиррасон кунед, ки Худо онҳоро дӯст медорад ва бо онҳо сӯҳбат кардан мехоҳад. Онҳоро ба дуо кардан маҷбур насозед, балки бигӯед: «Имрӯз ман дуо мекунам». Пас, содда ва кӯтоҳ дуо карда онҳоро ба оғӯш кашед ва ба машғулияти худ баргардед. 2. Ҳаёти дуохонии худро рангоранг кунед Шояд шумо аз рӯи ҷадвали рӯзатон дуо мекунед. Ҳар як тартибот, вақте ки бемақсад такрор мешавад, дилгиркунанда мешавад. Бигзор ин мисли бори вазнин ба шумо нашавад. Аз дилгирӣ худро озод карда, тартиби рӯзатонро вайрон накунед, чунки ҷадвали рӯз кӯдаконро ба интизом медарорад ва ёрдам медиҳад, ки онҳо бештар ба худ боварӣ пайдо карда тавонанд. Беҳтар мешавад, ки ба тартиби рӯзатон ягон навигарие дохил кунед. Ҳамеша ягон чизи навро ба нақша гиред. Баъзе вақт дуоҳои фарзандонатонро худатон бигӯед. Ману занам рӯзҳои якшанбе, ки фарзандонамон дер аз хоб мехезанд ё вақте ки онҳо монда мешаванд, ҳамин тавр мекунем. Вақте ки мо кӯдакони мондашударо ба дуо кардан маҷбур намекунем, балки худамон ба ҷои онҳо дуои онҳоро мекунем, он гоҳ мо ба кӯдакон имконияти нороҳатӣ нишон доданро намедиҳем. Инчунин вақте мо дуо мекунем, имконияти хуб дорем, ки худамон барояшон намунаи ибрат шавем. Ана боз як маслиҳат. Ба ҷои бо ҳар кӯдакатон як ба як дуо кардан, кӯшиш кунед, ки онҳоро ҷамъ карда, маҷлиси дуохонӣ гузаронед. Дар хуҷраҳои гуногун ё дар ҳолати гуногуни баданатон дуо кунед. Агар дар оилаи шумо суруд хонданро дӯст доранд, якчанд сурудҳои мадҳия ва аз забур бихонед. Ҳамроҳ дуоҳои шукргузорӣ гузаронед, ки дар он ба Худо барои баракатҳои ба шумо мефиристодааш миннатдорӣ ва ҳамду санно мегӯед. Ҳаёти дуохониатонро обуранг диҳед, он гоҳ дар муносибататон бо Худо на шумо, ва на фарзандонатон дилтанг намешавед, қаноатманд мегардед ва шумо рӯҳан ба воя расиданро давом медиҳед. 3. Ба фарзандонатон дар бораи муҳаббати Худо бигӯед Ҳамеша ба фарзандонатон хотиррасон кунед, ки Худо онҳоро чӣ қадар дӯст медорад ва бо онҳо гап задан мехоҳад. Бигзор барои шумо қоида шавад, ки пеш аз дуо кардан ба фарзандонатон гӯед, ки Худо онҳоро дӯст медорад ва онҳоро шунидан мехоҳад, ба онҳо мадад расондан ва ғамхорӣ кардан мехоҳад. Ба ҳар як кӯдакатон бигӯед: «Худо туро сахт дӯст медорад». Ҳаёти дуохониатонро обуранг диҳед, он гоҳ дар муносибататон бо Худо на шумо на фарзандонатон дилтанг намешавед, қаноатманд мегардед ва шумо рӯҳан ба воя расиданро давом медиҳед. Дар дили кӯдак боварӣ пайдо кунонандан, ки Худо ӯро дӯст медорад ончунон муҳим аст, ки шумо ба муҳаббат доштани худ нисбат ба ӯ бовар мекунонед. Вақте ки кӯдак мефаҳмад, ки муҳаббати Худо ҳаргиз тағйир намеёбад, дар дилаш хоҳиш пайдо мешавад, ки Худоро бештар шиносад. Ғайр аз ин, боварӣ ба он, ки Худо онҳоро дӯст медорад, имонашонро боқувват мекунад ва онҳо хоҳиши бо Падари меҳрубони худ сӯҳбат карданро пайдо мекунанд. 4. Фарзандони худро рӯҳбаланд кунед Аҳамият надорад, ки кӯдакони шумо аз кадом давраи таълимот мегузаранд, онҳоро барои муваффақиятҳои ба даст овардаашон рӯҳбаланд ва таъриф кунед. Баъд аз дуоро хонда шуданашон ба онҳо гӯед, ки чӣ тавр хуб онҳо дуо мекунанд. Вақте ки онҳо дар бораи дуо чизи наверо ёд мегиранд, яъне ба зинаи дигар мегузаранд, онҳоро таъриф кунед. Вақте ки фарзандони шумо ҷуръат нишон дода бо тарзи худ дуо мекунанд, нуқтаи назари худро нисбат ба ин рафторашон баён кунед. Масалан, агар онҳо барои рафиқонашон дуо кунанд, ба онҳо гӯед, ки барои рафиқон дуо кардан кори хуб аст, ва Худо дӯст медорад, вақте ки мо барои дигарон дуо мекунем. Агар онҳо аз Худо ҳикмату хирад талаб кунанд, гуфта диҳед, ки Сулаймон низ ҳамин чизҳоро талаб карда буд ва чӣ тавре, ки Худо бисёр шод шуда буд, шумо низ аз онҳо шод ҳастед. Ҳатто агар бояд онҳоро ислоҳ кунед, аввал ҷиҳатҳои хуби онҳоро бигӯед, баъдан бо овози нарму латиф ислоҳ кунед, инчунин фаҳмонед, ки онҳо ҳанӯз ёд гирифта истодаанд ва рӯзе хуб ёд мегиранд. Агар дар ҷараёни таълимдиҳӣ мо фарзандонамонро рӯҳбаланд мекунем ва диққатамонро ба муваффақиятҳои онҳо ва ба нобарории корашон ҷалб мекунем, он гоҳ натиҷаҳои беҳтар ба даст меоварем. 5. Дуо сарчашмаи тасаллӣ аст Бигзор дуо сарчашмаи хурсандӣ, баракат ва тасаллӣ бароятон шавад. Худо як қозии бераҳм ва золим нест, ки ҳама чизро назорат карда, барои ҳар хатогӣ ҷазо медиҳад. Ӯ ҳар қадами моро назорат карда намеистад. Худоро мисли милиса тасвир накунед, ки гӯё Вай назоратчии кӯдакон аст, ҳангоме ки падару модарон ягон кори онҳоро намебинанд. Худо намехоҳад, ки мо фақат аз барои он, ки Ӯ моро мебинад, хуб рафтор кунем. Исо гуфтааст, ки чизи бадро фикр кардан аллакай гуноҳ аст, ҳатто агар шумо дар асл он корро накунед (ниг.: Мат. 5:27–28). Худо мехоҳад, ки мо аз рӯи муҳаббат ва ба Ӯ таваккал карда ва фаҳмида, ки Ӯ моро дӯст медорад, ва фақат дар фикри фоидаи мо аст, хосташро иҷро кунем. Мо набояд Худоро ба мураббия, ки ба рафтору кирдори фарзандони мо назорат мекунад, табдил диҳем. Ба ҷои ин мо кӯдаконамонро бояд бовар кунонем, ки Худо нек аст. Дар ин кор ба мо дуо ёрӣ мерасонад. Вақте ки ягон воқеаи хуб рӯй медиҳад, зуд бояд Худоро барои некиаш шукргузорӣ кунем. Вақте ки фарзандони моро чизе нороҳат месозад, мо ин имкониятро низ барои дуо кардан истифода бурда метавонем. Ҳамин тавр кӯдаконамон мефаҳманд, ки на фақат пеш аз хоб ва на фақат дар хона, балки дар ҳар шароит ва дар ҳар ҷо дуо карда мешавад. Мо набояд Худоро ба мураббия, ки ба рафтору кирдори фарзандони мо назорат мекунад, табдил диҳем. Вақте ки мо бо фаразандонамон ҳамроҳ дуо карда, ба Худо ягон воқеаи хуби дар ҳаёти онҳо рӯйдодаро нақл мекунем, бо ин нишон медиҳем, ки он чӣ моро ба ҳаяҷон меоварад, Худоро низ ба ҳайяҷон меоварад. Агар онҳоро чизе хафа ё ғамгин сохта бошад, мо онҳоро ба бағаламон гирифта дар дуо аз Худо хоҳиш карда метавонем, ки онҳоро таскин диҳад ва мушкилиашонро ҳал кунад. Мо ба Худо бояд иҷозат диҳем, ки тасаллидиҳандаи фарзандонамон шавад. (Фарзандонамон бояд фаҳманд, ки тасаллӣ аз Худо нисбат аз суханони мо, мисли «Биё туро як ба оғӯшам гирам, ҳамааш нағз мешавад», аҳамияти калонтар дорад.) 6. Ба фарзандонатон хотиррасон кунед, ки дуо — ин тӯҳфаи бузург аст Дар ҳар фурсати мусоид мо ба фарзандонамон бояд хотиррасон кунем, ки дуо кардан чӣ қадар роҳатбахш аст ва ин тӯҳфаи бузург мебошад. Мо бояд фаҳмонем, ки чаро дуо мекунем ва қайд кунем, ки маънои дуо кардан чист. Ҳамин тавр мо дар онҳо хоҳиши дуо карданро дастгирӣ мекунем. Худо фаразандони моро дӯст медорад ва мехоҳад, ки онҳо Ӯро шиносанд. Ӯ ба онҳо зиндагӣ карданро ёд дода, ҳаёти онҳоро роҳбарӣ намудан ва барояшон ғамхорӣ кардан мехоҳад. Ҳамон тавре, ки Худованд барои мо ғамхорӣ кардан мехоҳад, Ӯ инчунин ба фарзандони мо муҳаббати Худро нишон додан мехоҳад, то ки ҳаёти онҳо мувоффиқи нақшаи Ӯ хуб ва хушбахт бошад. Дуо барои кӯдак сӯҳбати шавқовар бо Худованд шуда метавонад, ки шахсияти ӯро инъикос мекунад. Бо вуҷуди ин, кӯдак бояд эҳтироми худро ба Худо гум накунад. Мо ба фарзандонамон бояд ёд диҳем, ки дуо ин вазифа аст, вале баробари ин тӯҳфаи бузург ва кори шодибахш мебошад. Ҳамон қадаре, ки кӯдакон дар имонашон калон мешавад, бештару бештар ҳузури Худоро дар ҳаёти худ ҳис мекунанд, ҷавобҳои Худоро мефаҳманд ва аз сӯҳбат бо Худо ва натиҷаҳои дуояшон лаззат мебаранд. Онҳо дуо карданро дӯст хоҳанд дошт, аммо пеш аз ин мо бо саъю кӯшиш бояд ба онҳо дуо карданро ёд диҳем ва баробари таълим додан мо дар онҳо тасаввуротро дар бораи Худо месозем. Саволҳо 1. Бигӯед, ки фарзандони шумо пеш аз хоб бо чӣ кор машғул мешаванд, масалан: дандонҳояшонро мешӯянд, либоси хобиашонро мепӯшанд ва дуо мекунанд. Шумо ин тартиби ҳаррӯзаро чӣ тавр тағйир дода метавонед, то ки фарзандонатонро ба дуо бештар шавқманд созед? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ 2. Шумо барои ба фарзандони худ нишон додан, ки Худо онҳоро дӯст медорад, чӣ кор карда метавонед? Рӯйхати ин корҳоро бинависед ва ҳар ҳафта яке аз онҳоро иҷро кунед. __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ 3. Чашматонро пӯшида Худоро тасаввур кунед. Дар тафаккури шумо кадом симоҳо пайдо мешаванд? Пирамарди нек? Судяи золим? Падари меҳрубон? Кадом хислатҳои Худо бештар бароятон намудор мегардад? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ Ба фикри шумо, оё тасаввуроти шумо дар бораи Худо ба тарзи дуо кардану дар бораи чӣ дуо кардани шумо таъсир мерасонад ё не? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ Вазифа: Шумо Худоро чӣ тавр тасаввур мекунед? Ҳамроҳи фарзандони худ ба саволи 3-ум ҷавоб диҳед. Онҳо Худоро чӣ хел тасаввур мекунанд? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ Бигзор ҳар яки онҳо тасаввуроти худро бикашад. Ин расмҳоро ҳамроҳ муҳокима кунед. Ин расмҳо байни худ чӣ монандӣ ва чӣ фарқият доранд? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ Имкониятро истифода бурда дар бораи тасаввуроти нодуруст ва манфие, ки дар фикри фарзандонатон дар бораи Худо пайдо шуда метавонанд, сӯҳбат кунед. Мавзӯъҳои дуо • Худоро шукр кунед, ки ҳуқуқи бо Ӯ сӯҳбат карданро ба шумо додааст. • Аз Худо хоҳиш кунед, ки барои наздиктар шинохтани Ӯ ба шумо ёрдам диҳад. • Аз Худо хоҳиш кунед, ки ҳамаи тасаввуроти нодурустро дар бораи шахсияти Ӯ аз шумо дур кунад, то онҳо дар дуохонӣ ба шумо ва фарзандонатон халал нарасонанд. Дуои кӯдак «Худовандо, шукр мекунам Туро, ки ба ман Худро ошкор мекунӣ. Илтимос, ба ман нишон деҳ, ки дар ҳақиқат Ту чӣ гуна ҳастӣ. Ба ман ёрӣ расон, ки Туро бештар шиносам. Дар номи Исои Масеҳ, омин». Боби 6. Ҳаракат ба пеш Бе дуо одам мисли дарахти бе реша аст. Папаи Пий XII Вақте ки мо ба кӯдакон дуо карданро ёд медиҳем, як фикри асосие ҳаст, ки аз назарамон набояд дур кунем: мо набояд шитоб кунем. Ҷараёни калоншавӣ дар имон камаш чор элементҳои асосиро дар бар мегирад. Ва ба ҳамаи онҳо баробар аҳамият додан лозим аст. Агар мо ба якеаш бештар аҳамият диҳем, ба тамоми ҷараёни калоншавии кӯдакон халал мерасонем. Албатта, фақат аз дасти Худо меояд, ки кӯдак дар ҳар чор ҷараён баробар инкишоф ёбад, аммо мо, падару модарон бо иштироки худ дар ҷараёни калоншавии рӯҳонии кӯдаконамон ба онҳо халал намерасонем, балки бештар ёрӣ мерасонем. Дар хотир дошта бош, ки инкишоф додани муносибат бо Худо ва калоншавии рӯҳонӣ ин ҷараёни якумра аст. Дар поён он чор ҷараёни асосӣ номбар шудаанд, ки фарзандони мо бояд инкишоф ёбанд: 1. Дуо. Ин ҷараён худи дуоро дар бар мегирад. Кӯдакон дуоҳои гуногунро ёд мегиранд. Онҳо дар бораи чизҳое, ки дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки дуо кунем, инчунин дар бораи мӯҳтоҷиҳову эҳтиёҷоти худ дуо карданро ёд мегиранд. 2. Муносибат бо Худо. Ин ҷараён аз чизҳо зерин иборат аст: кӯдакон дар вақти дуо кардан шунидани Худоро ва беист дуо карданро ёд мегиранд. Кӯдакон хоҳиши бо Худо гап задану Ӯро дӯст доштан ва ҳузури Ӯро ҷустанро пайдо мекунанд. Онҳо бо хондану омӯхтани Китоби Муқаддас наздиктар шинохтани Худоро сар мекунанд. 3. Инкишофи шахсият. Инкишофи шахсият чунин чизҳоро дар назар дорад, ки кӯдакон боҳикматтар шуда ва хислаташонро комилтар гардонда, зиндагии мувофиқи хости Худо ба сар мебаранд. Дар дуоҳо ва муносибатҳои онҳо бо дигарон мо зиёдтар самараҳои Рӯҳи Муқаддасро мебинем, ки ин «муҳаббат, хурсандӣ, осоиштагӣ, сабру тоқат, файз ва раҳму шафқат, хоксорӣ, имон ва худидоракунӣ» ҳастанд. Ин самараҳоро Павлус дар Нома ба Ғалотиён номбар кардааст (ниг.: Ғал. 5:22–23). 4. Дар имон калон шудан. Кӯдакон ба Худо таваккал карданро ёд мегиранд. Онҳо ёд мегиранд, ки аз Худо чизеро пинҳон накунанд. Онҳо бо Худо гап мезананд ва пурра ба Ӯ итоат мекунанд. Онҳо дидани корҳои Худоро дар ҳаёти худ, ва ба муҳаббату иродаи неки Ӯ таваккал карданро ёд мегиранд. Муҳим аст, ки шитоб накунем Фарзандони мо бояд дар ин чор ҷараён баробар инкишоф ёбанд, то ки рӯҳан калон шаванду, инчунин дар ҳар соҳаи дигари ҳаёташон баракат ёфта тавонанд. Агар шумо ба фарзандонатон дуо карданро ёд диҳеду элементҳои дигари дуохониро беэътибор монед, он гоҳ дуои онҳо анъанавӣ мешаванд, онҳо аз рӯи одат дуо мекунанд ва шумо ба муродатон намерасед. Аммо агар кӯдакон фақат муносибати дӯстона бо Худоро ёд гиранду дар дигар ҷараёнҳо инкишоф наёбанд, он гоҳ онҳо тартибу интизомро ёд намегиранд ва чӣ тавр дар имон калон шуданро намефаҳманд. Агар мо тамоми диққатамонро фақат ба инкишофи шахсияташон ҷалб кунем, он гоҳ фарзандони мо дурӯя ва худпараст мешаванд, ки танҳо бо такмил додани худашон машғул мешаванд. Агар дар соҳаҳои дигар низ инкишоф наёбанд, дар имон низ ҳеҷ калон шуда наметавонанд. Танҳо инкишофи баробар дар ҳар ин соҳа натиҷаҳои заруриро мебахшад. Вазифаи асосии мо — ин ба фарзандонамон ёд додани он аст, ки аз Худо хоҳиш карда тавонанд, ки тарзи дуо хонданро ба онҳо ёд диҳад. Чунин ҷараёни инкишоф ба назарамон мушкил намуданаш мумкин, вале дар асл ин тавр нест. Худо моро ба инкишоф дар ҳар ин чор соҳа таъин намудааст ва Ӯ Худ масъулияти инкишофи моро мебарад. Умуман, вазифаи асосии мо — ин ба фарзандонамон ёд додани он аст, ки аз Худо хоҳиш карда тавонанд, ки тарзи дуо хонданро ба онҳо ёд диҳад. Мо ба фарзандонамон маслиҳат дода метавонем, ки онҳо ба Худованд монанди ин дуо муроҷиат кунанд: «Худоё, ман каме бо Ту гап задан мехоҳам. Дар дуое, ки ман ба Ту мекунам, ба ман ёрӣ намекунӣ?» Баъд, пеш аз сар кардани дуохонӣ бигзор чанд сония мунтазир истанд. Эҳтимол, дар аввал ҳаёти дуохонии фарзандонатон тағйир намеёбад, вале оқибат ин хоҳиши онҳо таъсири калон мерасонад. Шаҳри Рум дар як рӯз сохта нашудааст. Ҳангоми таълим додани дуо ба кӯдакон мо бояд оҳиста-оҳиста онҳоро аз як зина ба зинаи дигар гузаронем. Баробари ин лозим аст, ки дар амалиёти худ пайдарҳам бошем ва ҳис кунем, ки чӣ тавр зуд онҳо дарсҳоро ёд мегиранд. Баъзан мо фикр мекунем, ки кӯдакон ҳама чизро якбора бояд фаҳманд. Лекин девори мустаҳкамро беҳтар, ки саросема нашуда, хишт болои хишт монда бисозем, аз он ки деворро тез сохта, баъд барои мустаҳкам кардани он бештар вақт сарф кунем. Баъдан чанд маслиҳатҳои амалӣ дода мешаванд, ки чӣ тавр мувофиқи хислату қобилияти омӯзиши кӯдак шумо инкишофи устувор ва давомдорро муваффақ шуда метавонед. Роҳбарии Худованд Мо ба фарзандонамон гуфтанамон лозим аст, ки Худо ҳама чизро идора мекунад ва мехоҳад, ки имони фарзандонамон ба Масеҳ калон шавад. Ба худ ҳам хотиррасон кардан муҳим аст, ки Худо ҷараёни таълиму тарбияро идора мекунад. Дар давоми чандин солҳо ман аз барои хоҳиши рӯҳан калон шудан, ҳар рӯз боғайрат бо омӯхтани Китоби Муқаддас ва дуохонӣ машғул мешудам. Тӯли ҳафтаҳо ва моҳҳо ман мисли як механизм амал мекардам. Баъд диққатамро дигар чизҳо ба худ кашиданд, ва омӯзиши Китоби Муқаддас ва дуохониҳои ҳаррӯзаам бас шуданд. Вақте ки чунин ҳолат рӯй дод, аз худам нафратам омад ва ман аз Худо бахшиш пурсидам: «Ман дар ҳақиқат инро мехостам, Худованд, вале …» Ман ҳамеша ягон баҳона меёфтам. Мазмуни ҳамаи сабабҳое, ки ман доштам чунин буд: «Худовандо, ман мехоҳам, ки бо Ту сӯҳбат кунам, вале барои ин вақт ёфта наметавонам». Боре, ман боз худро аз барои ин азоб дода, баҳонаи сафед кардани худро меҷустам, ки дар пеши назарам тасвири аниқи ҳолати ҳақиқӣ пайдо шуд: ман аз зина поён мефароям, ки аз дар бароям ва дар поёни зина Худоро мебинам, ки нишаста мунтазири бо ман сӯҳбат кардан аст. Аммо ман Ӯро дида мегӯям: «Афсӯс, ки ман хеле банд ҳастам ва бо Ту имрӯз вохӯрда наметавонам». Инро гуфта аз дар берун мебароям. Дар ин тасвир ду чиз маро ба ҳайрат овард. Якум ин, ки агар дар ҷои Худо дӯстам, хешам ё ҳамкорам мебуд, ман ҳеҷ вақт ин тавр рафтор намекардам. Дуюм, ман фаҳмидам, ки гап дар сари роҳбарият аст. Ман ба худ савол додам: «Кӣ киро роҳбарӣ мекунад?» Агар ман ҳамеша шуморо барои дидор даъват кунам, бо шумо вақт гузарондан хоҳам, аммо шумо ҳамеша банд бошеду суханону ташрифи маро бе аҳамият монед, пас, аз ҳардуямон кӣ калонтар аст? Албатта, шумо! Ман на фақат аз Офарандаи тамоми дунё дур шудам, балки инчунин қарор кардам, ки кадом вақт бо Ӯ сӯҳбат кунам. Он гоҳ ман ин тавр дуо мекардагӣ шудам: «Худовандо, бубахш, ки ман ба ҷои Ту қарор мебарорам. Ту роҳбар ҳастӣ. Ту Падар ва Офарандаи ман ҳастӣ. Ман писари Ту ҳастам. Падарам, оё метавонӣ барои ман вақт ёфта, ҳамин тавр кунӣ, ки муносибати ман бо Ту наздиктар шавад. Ёрдам деҳ, ки ман ҳамеша барои муносибат кардан бо Ту пайдо кардани вақтро ёд гирам. Падар, ман медонам, ки Ту Худат инро мехоҳӣ ва умедворам, ки ту тамоми ин ҳолатро таҳти назорати Худ мегирӣ». Аз ҳамин вақт сар карда ҳаёти дуохонии ман шакли бештар ботартиб ва ором гирифт. Ҳар рӯз дуо карда, ман аз Худо мепурсидам, ки оё Ӯ бароям вақт пайдо мекунад ва оё ман метавонам як соат бо Ӯ муносибат кунам. Агар ягон воқеаи ногувор рӯй диҳаду ман саҳар дуо карда натавонам, худро маҳкум намекунам ва аз Худо ҳам бахшиш намепурсам (чунки агар ин корро кунам ба назар мерасад, ки ман вақти дуоро муайян месозам). Ба ҷои ин, ман иқрор мешавам, ки Худо роҳбар аст ва аз Ӯ хоҳиш мекунам, ки барои муносибати мо вақт пайдо кунад. Қариб ҳама вақт Худо барои ман вақт ҷудо мекард. Як рӯз ман дар вақти муқарраркардаам дуо карда натавонистам ва мошинам аз сабаби бисёрии мошинҳо дар роҳ дармонда буд. Ман бекор нишаста, чашмам ба Китоби Муқаддас афтод, ки дар ақиби мошинам буд… Дафъаи дигар дар нисфи шаб ҳеҷ хобам набурд ва ман фаҳмидам, ки ин вақт барои муносибат кардан бо Худованд буд. Ин вақтҳои дуохонӣ бисёр болаззат буданд, чун ман мефаҳмидам, ки онҳоро Худо муқаррар кардааст ва бо ман вохӯрӣ ташкил кардааст! Мо бояд назарамонро ба Худованд нигаронем ва Ӯро хоҳиш кунем, ки ба мо ёрдам диҳад, то дар соҳаи муқаррар кардани вақти дуохонӣ ва муносибат бо Ӯ ба иродаи Ӯ итоат карда тавонем. Мо инчунин бояд ба Ӯ иҷозат диҳем, ки фарзандони моро ба Худ наздик кунад. Ин маъно надорад, ки мо масъулияти таълим додани кӯдаконамон, ба онҳо аҳамият додану ба интизом дароварданро аз гарданамон мепартоем. Балки мо ғаму ташвиши фарзандонамонро намехӯрем ва дар ҷое, ки лозим нест, амал намекунем. Мо нисбат ба фарзандонамон метавонем хавотир нашавем, чунки медонем, ки Худо онҳоро бештар аз он ки мо дӯст медорем, дӯст медорад ва ҳама вақт ҳамроҳи онҳо ҳаст. Агар мо ҳамчун падару модар ҳамаи он чиро, ки Худо ба мо амр кардааст, иҷро карда, ба Ӯ таваккал кунем, он гоҳ Ӯ дар навбати Худ ҳамаи ваъдаҳои Худро иҷро мекунад. Мо бояд ба фарзандони худ иҷозат диҳем, ки дар имонашон мувофиқи ҳиссиёташон, ҷаҳонбиниашон, инкишофу хоҳишҳояшон оҳиста-оҳиста калон шаванд. Агар саъю кӯшиши мо мисли муборизаи шаддид намуд гирад, он гоҳ мо бояд бозистода, дар дуо аз Худо ҳикмат талаб кунем. Баъд саъю кӯшиши худро пасттар карда, роҳи дили кӯдакамонро ёбем. Ӯро хушҳол созем ва аз аввал сар кунем. Фикр кунед 1. Вақт ёфта дар бораи ҳаёти дуохонии худ фикр кунед. Дар он ҷо кӣ роҳбар аст: шумо ё Худо? Шумо дар ин бора чӣ гуфта метавонед? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ Агар роҳбари ҳаёти дуохониатон худатон бошед, пас барои онро ба дасти Худованд супоридан шумо чӣ кор карда метавонед? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ 2. Ҳоло кадом «муборизаҳои шадид» бо фарзандонатон доред? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ 3. Агар ҳангоми тарбия додани фарзандонатон шумо бо онҳо забон як карда натавонед, ба фикратон дили онҳоро чӣ ба ташвиш оварда метавонад? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ 4. Шумо бо кадом роҳ бо фарзандони худ наздик шуда метавонед? Бо кадом тарз ин «муборизаро» бас карда, ҷараёни тарбияро барои фарзандонатон бароҳаттар карда метавонед? Қобилияти эҷодкориатонро истифода баред. Ин ҷараёни тарбияро барои худ ҳам бароҳат созед. __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ Дуо чизи шахсӣ аст Мо ҳамаи фарзандони худро дӯст медорем, вале ҳар падару модар розӣ мешавад, ки ҳар кӯдак бемисл аст ва бо ҳар яки он муносибатҳои махсусе сохта мешаванд, ки ба якдигар монанд нестанд. Муносибатҳои мо на фақат аз хислати кӯдак вобаста аст, балки аз хислату хосиятҳои мо низ, бинобар ин дар муносибати кӯдакон мо бо ҳар яки он гуногун рафтор мекунем. Худо низ ҳамин тавр аст. Ӯ ҳамаи моро дӯст медорад. Ӯ касеро кам, касеро бештар дӯст дошта наметавонад. Аммо ба ҳар фарзанди Худ, вобаста аз хислату муносибате, ки фарзандаш бо Ӯ дорад, Ӯ ба таври гуногун ҷавоб медиҳад ва Худро ошкор мегардонад. Имконнопазир аст, ки Худо ду одами тамоман якхелро офарад, ҳамин тавр имконнопазир аст, ки Худо бо ду одами гуногун якхел муносибат кунад. Ва ин аҷоиб аст! Чӣ тавре, ки шоҳ Довуд нависта буд, Худо ҳар кӯдакро дар шиками модараш сохта, ҳар яки онро «аҷоиб офаридааст» (ниг.: Заб. 138:13–14). Ба ҳар одам Худо баробар медиҳад, вале як хел намедиҳад. Агар сухан дар бораи фарзандони мо равад, ин нишон медиҳад, ки ҳар яки онҳо ба таври махсус офарида шудааст. Худо ба ҳар кӯдак имконият додааст, ки бо Ӯ муносибати бемисл созад. Бинобар ин ҷараёни таълимдиҳии дуо ба кӯдак, ки ба сохтани чунин муносибатҳои бемисл кӯмак мекунад, бо ҳар кӯдак ҳар хел аст. Дар ин ҷо чанд маслиҳатҳое дода шудаанд, ки ба шумо ёрӣ медиҳанд усулҳои тарбияи худро мувофиқи хосият ва талаботи ҳар кӯдакатон сохта тавонед. 1. Ба фарзандони худ дар бораи Худо ва дуо нақл кунед, баъд онҳоро бо диққат гӯш кунед. Вақти холие пайдо кунед, ки шумо ба корҳои дигар машғул нашуда, танҳо бо фарзандатон шуда метавонед. Вале аз ҳама беҳтар мешавад, ки ҳангоми ба шумо муроҷиат кардани фарзандатон шумо барояш вақт дошта бошед. Бодиққат гӯш кардани фарзандону ба суханоне, ки онҳо дар бораи дуо ва ҷараёни таъли-моти он мегӯянд, ҷавоб додан роҳи беҳтарин барои боварӣ ҳосил кардан аст, ки шумо методи дуруст истифода бурда истодаед. Кӯшиш кунед, ки мақсади саволҳои онҳоро бифаҳмед. Баъд ба онҳо ҷавоб диҳед ва ҳаракат карда бифаҳмед, ки фарзандони шуморо чӣ ба ташвиш меоварад. Боэҳтиёт бошед, чунки шумо барои дар вақташ дуо кардану машғули ҷараёни таълимдиҳӣ шуда, тарсу шубҳаи кӯдаконро беэътибор монда метавонед ё онҳоро водор месозед, ки аз дуо кардан рӯй гардонанд. Беҳтараш бо фарзандатон гапзанон кунеду чизҳои намефаҳмидаашонро фаҳмонед ё ҳамроҳашон ҷавоби саволҳояшонро дар Китоби Муқаддас ҷӯед. Аз ҳама муҳимаш, ки бо фарзандатон сӯҳбат карда, диққати ӯро ба Худо ҷалб кунед, то ки ба Худо тарсу шубҳаҳои худро бигӯяд ва мадад талаб кунад. Ҳатман дуруст аст, ки нигоҳ доштани муносибатҳои зич байни падару модар ва кӯдак, муносибатҳои зичи кӯдакро бо Худо нигоҳ медорад. 2. Гӯш диҳед, ки фарзандонатон чӣ тавр дуо мекунанд ва дар дуо чӣ хоҳиш мекунанд. Баъзеҳо бо овози баланд дуо карданро дӯст медоранд. Дигарон бо овози паст ё дар даруни дил дуо кардан мехоҳанд. Баъзеҳо тамоми дуоро тез мехонанд, гӯё касе онҳоро таъқиб мекарда бошад, дигарон бошанд, суханашонро ҳеҷ ба охир расонда наметавонанд. Баъзеҳо фақат барои хешу наздиконашон дуо мекунанд, аммо барои дигарон ин хеле душвор ба назар намуда метавонад. Аз ҳама асосаш, ки мо дуои кӯдаконро ба ягон намунаи муайяни дуохонӣ «надарорем». Гӯш диҳед, ки онҳо ба чӣ бештар диққат медиҳанд ва аз рӯи ин хосиятҳои махсуси онҳо ҷараёни таълимдиҳии худро бисозед. Дар ёд дошта бошед, ки ба ҳар кӯдак тарзи таълимоти шахсӣ лозим аст. Барои чизҳое, ки онҳо хуб мекунанд, таъриф кунед ва дар он чизҳое, ки онҳо ҳанӯз ёд нагирифтаанд, оҳиста ба онҳо ёрдам кунед. Дар ёд дошта бошед, ки ба ҳар кӯдак тарзи таълимоти шахсӣ лозим аст. 3. Дар ёд дошта бошед, ки Худо намудҳои гуногуни шахсиятҳоро офаридааст ва ба ҳар одам истеъдоди гуногун додааст. Вақте ки мо фарқ кардани намудҳои гуногуни шахсиятҳоро ёд мегирем, он гоҳ мо методи таълимоту тарбияи худро мувофиқи хислатҳои хоси кӯдакамон тағйир дода метавонем, чунки тарзи фикрронӣ ва амали ӯро мефаҳмем. Китобҳои хуб оид ба ин масъала ба фаҳмидани хислати кӯдакамон ва дидани истеъдодҳои ӯ ба мо кӯмак карда метавонанд. ( Ду китоби хуб ҳастанд: Cynthia Ulrich Tobias «The Way They Learn: How to Dis-cover and Teach to Your Child’s Strengths»; Gary and Norma Smalley «The Treasure Tree, John and Cindy Trent»). Вале дар ёд дошта бошед: мо набояд аз рӯи он категорияҳои ноаниқе, ки психологон пешниҳод мекунанд, фарзандони худро «ба намудҳо ҷудо кунем» ва хислати онҳоро муайян созем. Ҳар кӯдак бемисл аст. Ба ин категорияҳо мо фақат барои фаҳмидани ҷиҳатҳои асосии шахсияти ӯ муроҷиат мекунем. 4. Дар ёд дошта бошед, ки суръати инкишофи кӯдакон гуногун мешаванд. Калоншавии кӯдакон дар имон ва инкишофи онҳо бояд методи таълимот ва аз як зина ба зинаи дигар гузаштанро муайян созанд. Ба ҳар кӯдак Худо муайян кардааст, ки ҷои махсус ва ягонаи худро дар назди Ӯ ва Подшоҳии Ӯ ишғол кунад. Вазифаи мо дар тарбия ва таълимоти фарзандонамон аз он иборат аст, ки ба онҳо дар пайдо кардани ҷои худро ёрдам диҳем. Дар қисми сеюми китоб мо ба шумо дар бораи зинаҳои таълимдиҳии дуо ба кӯдакон нақл мекунем ва маслиҳатҳое медиҳем, ки бо ёрии онҳо шумо кӯдакатонро аз як зина ба зинаи дигар гузаронда метавонед. Вале мо набояд роҳ диҳем, ки гузариши кӯдакро аз зина ба зина суръати инкишоф муайян кунад. Муқаррар кардани мақсад Ҷараёни таълимот ва тарбия бояд мақсад дошта бошад. Ин мақсад инчунин мукофоти меҳнати шумо мешавад. Агар фарзандони мо дарси фортепиано гиранд, маълум, ки мақсади чунин таълимот ёд гирифтани навохтани фортепиано аст. Ин беақлона мешавад, ки фарзандонатонро ба омӯзиши мусиқӣ фиристеду мақсади дарсҳоро ба онҳо нагӯед. Тасаввур кунед, ки фарзандони шумо ҳеҷ вақт навохтани фортепианоро нашунидаанд ва намедонанд, ки он барои чӣ вуҷуд дорад. Акнун бошад, онҳоро маҷбур мекунанд, ки назди ин асбоби мусиқӣ нишаста даст ба клавишаҳои он бизананд. То фарзандатон нафаҳмад, ки фортепиано ин асбоби мусиқӣ аст ва нашунавад, ки бо он чӣ гуна оҳанги зебо навохта мешавад ва нагӯед, ки мақсади дарсҳои онҳо ёд гирифтани навохтани фортепиано аст, ин амали бефоида мешавад. Акнун кӯдак медонад, ки барои чӣ дарсҳои фортепианоро мегирад. Ҳамин тавр мо ба фарзандонамон бояд фаҳмонем, ки мақсади (фоидаи) дуо чист, ва бо ин дарсҳою машқҳо мо чиро ба даст овардан мехоҳем, яъне ҳаёти бокамоли дуохониро. Мо бояд ба фарзандонамон иҷозат диҳем, ки мақсади дуоро фаҳманд. Дар дуое, ки Исо вақти таоми шом пеш аз иди Фисҳ карда буд, Ӯ мақсади асосии ҳаёти моро муайян сохт ва инчунин он фоидаеро, ки мо аз ба даст овардани мақсадамон мебинем, нишон дод: «Ҳаёти абадӣ ин аст, ки Туро, ки Худои ягонаи ҳақиқӣ ҳастӣ ва Исои Масеҳро, ки фиристодаӣ, бишносанд» (Юҳ. 17:3). Маълум аст, ки мақсади асосии дуо ва инчунин мақсадии олидараҷаи ҳаёти фарзандони мо — ин сохтани муносибати зич бо Падари Осмонии худ аст. Дуо ин воситаи муносибат аст, ки ба онҳо дар сохтани муносибати зич бо Худо ёрӣ мерасонад. Ин муносибат бисёр бартариҳо дорад. Методҳо ва худи ҳаёти мо бояд намунаи ибрат шавад, то кӯдак дида тавонад, ки муносибати зич бо Худо чӣ гуна ҳастанд ва чӣ фоида меоваранд. Ин барои кӯдакон кӯмак мекунад, то фаҳманд, ки бо кадом мақсад мо онҳоро таълим медиҳем. Вақте ки онҳо инро фаҳмида ҳавасманд мешаванд, он гоҳ дар имон калон шудани онҳо як кори табиӣ мешавад. Биёед мебинем, ки бо кадом роҳ мо кӯдаконро ба сохтани муносибати зич бо Худованд ҳавасманд карда метавонем. 1. Дӯсти беҳтарин Дар аввал, ба кӯдакон дар фаҳмидани он ки Худо Дӯсти беҳтарини онҳо шудан мехоҳад, ёрӣ мерасонем. Фарзандони мо мехоҳанд, ки дӯстони зиёд дошта бошанд ва Худо дӯсти беҳтарини онҳо шудан мехоҳад. Ин мақсадро ин тавр фаҳмондан мумкин: «Худо шуморо бисёр нағз мебинад. Ӯ бо шумо муносибати махсус доштан мехоҳад, ки аз муносибат бо фарзандони дигараш фарқ мекунад. Дӯстии мустаҳкам оҳиста-оҳиста, рӯз ба рӯз пойдор мешавад. Худо мехоҳад, ки шумо ҳар рӯз ба наздаш омада хоҳиши ёрӣ барои беҳтар шинохтани Ӯ кунед. Агар мо ин корро кунем, он гоҳ хоҳиши калон барои вақт гузарондан бо Худо пайдо мекунем. Дуо яке аз машғулияти дӯстдоштаи мо мешавад, ки мо барояш вақт ҷудо мекунем, то ба Худованд дар бораи ҳама чиз нақл кунем. Чӣ қадар зиёдтар мо бо Худо вақт гузаронем, ҳамон қадар Ӯ ба мо наздиктар мешавад ва дуо ҳамон хизматеро, ки дар асл дорад, барои мо мекунад, яъне мо бо Дӯсти беҳтарин ва Падари худ вомехӯрем». Ҳамин тавр дуоро ба фарзандонамон тасвир карда, ба онҳо нишон медиҳем, ки дуо монолог нест, ки фақат як нафар гап мезанаду ӯро касе намешунавад. Балки дуо ин сӯҳбати ду тараф аст. Вақте ки кӯдакон мегӯянд, ки «Чаро мо Худоро намебинем?», дар ҷавоб ба онҳо гӯед, ки Худо аз мо пинҳон намешавад ва ҳарчанд Ӯро бо чашмамон набинем ҳам, бо диламон дар дуо дида метавонем. 2. Ҳамон тавре бош, ки шуда метавонӣ Худо мехоҳад, ки мо мувофиқи шиори Қувваҳои Низомии ИМА, «ҳамон тавре бошем, ки шуда метавонем». Вақте, ки шумо ба фарзандони худ дар бораи мақсади дуо мегӯед, барояшон он қобилиятҳои онҳоро хотиррасон кунед, ки онҳоро аз кӯдакони дигар фарқ мекунонанд. Шумо ин тавр гуфта метавонед: «Худо ҳамаро гуногун офаридааст ва ба ту низ қобилият ва истеъдодҳои гуногун додааст. Худо барои ҳаёти ту як нақшае дорад ва аз рӯи ин нақша ту қобилият ва истеъдодҳои худро ба кор бурда метавонӣ. Агар мо аз Худованд хоҳиш кунем, ки ҳикмати Худро диҳад ва зиндагӣ карданро ёд диҳаду ба рӯҳан калоншавиамон кӯмак кунад, он гоҳ мо бо Рӯҳи Муқаддаси Ӯ пур мешавем ва таҳти роҳбарии Ӯ зиндагиамонро сар мекунем. Вақте ки мо аз Худо роҳбарӣ кардани ҳаётамонро хоҳиш мекунем ва кӯшиш карда, фармонҳои Ӯро риоя мекунем, мо хушбахт мешавем». 3. Ҳаёти хушбахтона Мақсади асосие, ки ҳар одам ба он расидан мехоҳад (ва ҳар кӯдак бо ин розӣ мешавад), — ин ҳаёти хушбахтона аст. Худо низ чунин мақсад дорад: Ӯ ба мо хушбахтие тӯҳфа кардан мехоҳад, ки дар асоси муносибати бевосита бо Ӯ бошад. Шумо дар баён кардани ин мақсад калимаи дӯстдоштаи наврасон «олиҷаноб»-ро истифода бурда метавонед. Ин тавр сар кунед: «Худо олиҷаноб аст. Ӯ ҳама чизро медонад ва ҳама чизу ҳама касро дар як вақт мебинад. Ӯ ояндаро медонад ва барояш ҳеҷ чизи имконнопазир нест. Ӯ дар ҳама чиз ба ту ёрдам додан мехоҳад. Ӯ мехоҳад, ки ту умри дарозу хушбахт бинӣ. Ӯ ба ту ҳикмат дода, мадад додан мехоҳад. Ӯ хоҳиш дорад, ки дар ҳаёти ту роҳбарӣ кунад ва ба ту дар ҳар ҳолат дуруст рафтор карданро ёд диҳад. Худо ба одам иҷозати дуо кардан, яъне бо Ӯ ҳар рӯз гап задан, аз Ӯ ҳама чиз ҳохиш кардан, ба Ӯ таваккал карданро додааст, то ки одам аз Худо ёрдам гирифта тавонаду хушбахт бошад. Худо мехоҳад, ки мо ба Ӯ ҳама чизро нақл кунем: ҳар чӣ бо мо рӯй медиҳад, ҳар чӣ ҳис кунем ва дар бораи ҳар чӣ фикр мекунем, то ки Ӯ ба мо мадад дода тавонад ва муҳаб-баташро нисбат ба мо нишон диҳад. Чӣ қадар бештар мо дуо кунем, ҳамон қадар бештар Ӯ ба мо ёрдам медиҳад». Ба фарзандатон хотиррасон кунед, ки дар ин ҷаҳон ҳеҷ чизи комили беайб ва бенуқсон нест. Худо гуфтааст, ки мо бо мушкилиҳо ва мусибатҳо дучор мешавем. Вале агар мо дуо карда тавонем, Худо ба мо ёрдам медиҳад, ки аз ҳар душворӣ гузарем ва ҳама чизро ба фоидаи мо мегардонад. 4. Муносибатҳои хуб бо одамон Исо гуфтааст, ки дар ҳаёт аз ҳама чизи асосӣ ин Худо ва одамони наздики худро дӯст доштан аст. Вақте ки мо аз Худо хоҳиш мекунем, ки барои дӯст дошта тавонистани дӯстону хешонамон ба мо ёрӣ диҳад ва барои дигарон дуо карданро сар мекунем, яъне дар аввал на мӯҳтоҷиҳои худро, балки мӯҳтоҷиҳои дигаронро аз Худованд талаб кунем, инчунин хоҳиш кунем, ки моро аз худпарастӣ озод кунад, он гоҳ чизҳои аҷоиб рӯй медиҳанд: одамон моро дӯст медоштагӣ ва мефаҳмидагӣ мешаванд, ҳаёти худамон бошад, беҳтар мегардад. Мо ва фарзандонамон фақат он вақт одамонро дар ҳақиқат дӯст дошта метавонем, ки агар Худоро шиносем ва ба Ӯ иҷозат диҳем, ки моро таълиму тағйир диҳад. Мақсади дуоҳоямон ба он неъматҳое монанданд, ки дар натиҷаи муносибат бо Худо ба даст меоварем. Хамин тавр ҳам ҳаст! Ҳамаи инро шумо ба фарзандонатон ин тавр фаҳмонда метавонед: «Шумо мехоҳед, ки кӯдакони дигар бо шумо хуб муносибат кунанду шуморо фаҳманд? Вақте ки шумо Худоро беҳтар мефаҳмед ва муҳаббаташро ҳис мекунед, он гоҳ худатон дӯст доштанро ёд мегиред ва ин ба шумо ёрдам медиҳад, ки бо бачаҳои ҳамсинну солатон муносибати хуб дошта бошед. Дар натиҷа шумо соҳиби дӯстони хуб мешавед. Баъдтар, ки шумо дар бораи хонадоршавиатон фикр мекунед, шумо мефаҳмед, ки кадом хислатҳо одамро шавҳар ё зани хуб мекунанд. Шумо бо одамони дигар хушмуомилагӣро ва дӯст доштани ҳамаи ҳамкоронатонро ёд мегиред; ба калисо ҳамроҳи онҳое, ки наздики шумо зиндагӣ мекунанд, равед ва оқибат шахси баобрӯ мешавед, ки шуморо қадр мекунанд ва дӯст медоранд, мефаҳманд ва дастгирӣ мекунанд. Ҳамаи ин фақат дар сурате рӯй медиҳад, ки мо Худоро беҳтар шиносем, ҳамеша аз Ӯ хоҳиш кунем, ки барои дӯст дошта тавонистани дигарон, бо одамон муносибати хуб нигоҳ доштан ба мо ёрӣ диҳад, ва ба дигарон низ мадад диҳад». Мақсади дуоҳоямон ба он неъматҳое монанданд, ки дар натиҷаи муносибат бо Худо ба даст меоварем. ²амин тавр ҳам ҳаст! Мақсади дуо ин неъмат гирифтан аст. Вақте ки кӯдакон ин мақсадҳо ва неъматҳоро беҳтар мефаҳманд, онҳо мефаҳманд, ки дуо чӣ натиҷа мебахшад. Он гоҳ хоҳиши ба даст овардани чунин натиҷаҳо онҳоро фаро мегирад. Саволҳо ва вазифаҳо 1. Он чор ҷараёни инкишофи рӯҳонии фарзанди худро, ки дар аввали ин боб гуфта гузаштем, ба ёд биёред. Фарзандони шумо дар ин ҷараёнҳо чӣ тавр инкишоф меёбанд? Кадом ҷараёнҳо диққати махсусро талаб мекунанд? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ 2. Номҳои ҳамаи фарзандони худро нависед. Таҳти ҳар ном панҷ хосияти фарзандатонро, ки ӯро аз кӯдакони дигар фарқ мекунонад, номбар карда нависед. __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ Чӣ тавр донистани ин хосиятҳои фарзандатон ба шумо барои зиёд гардондани майлу рағбати ӯ нисбат ба дуо ёрдам дода метавонад? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ 3. Бо суханони худ мақсадҳои дуоро баён кунед. __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ Онҳоро бо мақсадҳое, ки дар ин боб оварда шудаанд, муқоиса кунед. __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ Аз фарзандонатон пурсед, ки онҳо дар бораи мақсадҳои дуо чӣ фикрҳо доранд. Кадом тасаввуроти онҳо дар бораи мақсадҳои дуо бо тасаввуроти муаллифи ин китоб ё бо тасаввуроти шумо мунанд асту кадомаш фарқ мекунад? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ Мавзӯъҳои дуо • Худоро шукр кунед, ки ҳар фарзанди шумо бемисл аст. • Аз Худо хоҳиш кунед, ки барои муаллими вафодори фарзандонатон шудан ба шумо мадад диҳад. • Аз Худо ҳикмат, сабру тоқат, дониш ва ёрдамеро, ки ба шумо барои фарзандонатонро назди Худо овардан лозим ҳастанд, хоҳиш кунед. Дуои кӯдак «Падари Осмонӣ, шукр мекунам Туро, ки маро бемисл офаридаӣ. Ба ман аз таҳти дил самимона дуо карданро ёд деҳ. Дар номи Исои Масеҳ, омин». Боби 7. Падару модар намунаи ибрат ҳастанд Ман барои дуоҳоям танҳо дар майдони бозии голф ҷавоб намегирифтам. Билли Грем Як пагоҳӣ духтари калониам, ки он вақт ҳафтсола буд, аз дигар рӯзҳо барвақттар хеста дид, ки ман чӣ тавр дуо мекардам. Вай ба зону истода, сарашро ба синаи ман гузошт. Ман бо хушҳолӣ салом дода, ӯро сахт ба оғӯшам кашидам ва баъд гуфтам, ки агар хоҳад метавонад ҳамроҳам истад, вале ман бояд дуоямро ба охир расонам. Ман бо овози баланд дуо мекардам, вай бошад, ором нишаста, ба ман гӯш медод. Қариб як ҳафта ҳар саҳар ҳамин тавр давом медод. Ва дар ҳаёти ӯ тағйироти муҳим рӯй доданд! Вай барои ёд гирифтани дуохонӣ бештар саъю кӯшиш мекардагӣ шуд. Фарзандон моро мушоҳида мекунанд ва рафтори мо аз суханону насиҳатҳои мо дида бисёртар таассурот мебахшад. Зарбулмасали «Овози рафтори ту аз овози суханонат баландтар аст» хусусан дар тарбияи кӯдакон дуруст меояд. Ба кӯдакон гирифтани баъзе маълумотҳои назарӣ, мисли «чӣ кор кардан даркор аст», «чӣ тавр кардан лозим», «чӣ вақт, дар куҷо ва чаро кардан лозим аст» кифоят намекунад, ба онҳо дар амал истифода бурдани донишҳои гирифтаашонро нишон додан лозим аст ва бояд ёрдам кард, ки баъд онҳо худ амал кунанд. «Ҳаётро дар ҳаракат» дида, кӯдакон мефаҳманд, ки он қонун қоидаҳоеро, ки барояшон ёд медиҳанд, дар амал чӣ тавр истифода бурда метавонанд. Ҳангоми тарбияи кӯдак намунаи ибрат шудан аз он ҷиҳат аҳамияти калон дорад, ки кӯдак таҷриба пайдо мекунад ва ҳаёти дуохониаш бойтар мегардад: агар мо гӯем, ки ягон чиз дар ҳаёти ӯ хеле муҳим аст, он гоҳ ҳамон чиз дар ҳаёти худамон низ бояд муҳим бошад. Вақте ки мо худамон, падару модарон намунаи ибрат мешавем, бо ин мо насиҳат мекунем ва Худовандро нишон медиҳем. Натарсед. Барои тарбия карда тавонистани фарзандони хушахлоқ комил шудан лозим нест. Дар асл барои бонатиҷа таълим дода тавонистан Худоро ҳамчун роҳбари ҳаёти худ шинохтан лозим аст. Агар шумо худро беайбу нуқсон ба фарзандатон нишон доданӣ шавед, натиҷаи баръаксро мебинед, чунки фарзандонамон хуб мефаҳманд, ки мо ин гуна нестем. (Ин масъаларо мо дар боби 9 ботафсил дида мебароем). Дар вақти таълим додани фарзандонамон мо бояд ба се чиз диққат диҳем: аввалан, мо бояд намунаи дуохониро ба онҳо нишон диҳем; дуюм, мо бояд ба онҳо нишон диҳем, ки муносибати дуруст ба дуо чӣ гуна аст; сеюм, барои чӣ бояд ба дуо таваккал кунем. Биёед ҳар сеи онро дида мебароем. Нишон додани намунаи ҳаёти пурдуо Мо ба фарзандонамон бояд иҷозат диҳем, ки тарзи дуохонии моро мушоҳида кунанд. Агар мо фақат дар он мавридҳо зиёд дуо кунем, ки дар наздамон касе набошад, ё дар даруни диламон дуо кунем, то фарзандонамон нафаҳманд, ки дар бораи чӣ дуо мекунем, шояд ин барои мо фоида диҳад, вале барои фарзандонамон, ки ҳанӯз дуохониро ёд мегиранд, ҳеҷ фоида намебахшад. Барои фарзандонатон шуда шумо бояд аз одатҳои пештараатон даст кашед ё ақаллан ба онҳо бояд бигӯед, ки бо чӣ кор машғул ҳастед. Самимӣ бошед Ҳаёти дуохонии худро аз фарзандонатон пинҳон накунед. Ҳаракат карда ҷадвали вақти дуохониатонро ҳамин тавр созед, ки фарзандони шумо ақаллан баъзеи дуоҳои шуморо шунида тавонанд. Агар ин ба шумо муяссар нашавад, он гоҳ ҳангоми дар бораи дуо сӯҳбат карданатон ба онҳо нақл кунед, ки шумо чӣ тавр дуо мекунед. Ба ҳар як фарзандатон алоҳида гӯед, ки имрӯз барояш дуо кардед. Вай ҳис мекунад, ки шумо ӯро дӯст медоред ва худро даркор эҳсос мекунад, шумо бошед, ба воситаи ин ҳаёти дуохонии худро ба вай нақл мекунед. Фарзандони шумо бояд донанд, ки шумо бо Худо муносибат доред. Агар фарзандони шумо ба таври кофӣ калон бошанду худашонро бо чизе машғул карда тавонанд, он гоҳ онҳо мефаҳманд, ки ҳангоми дуо карданатон на бояд ба шумо халал расонанд ва инчунин мефаҳманд, ки агар шумо дар паси дари ҳуҷраи кориатон нопадид шавед, дар он ҷо чизе рӯй медиҳад, ки падарашон машғулияти асосии ҳаёташ ҳисоб мекунад. Аммо онҳоро ба муддати дароз танҳо намонед, то онҳо зиқ шуда, худро танҳо ҳис накунанд. Дар он соатҳое, ки одатан бо фарзандонатон бояд гузаронед, дуо накунед. Ин натиҷаҳои баръакс дода метавонад ва фарзандонатон ба дуо нафрат пайдо мекунанд, чунки аз барои дуо шумо аз онҳо ҷудо мешавед. Беҳтар аст, ки шумо ҷадвали рӯзатонро ҳамин тавр созед, ки вақти муносибати шумо бо фарзандонатон пеш ё баъд аз дуохониатон бошад, он гоҳ онҳо худро партофташуда ҳис намекунанд. Онҳо ба дуохониатон халал намерасонанд, чунки медонанд, ки кадом вақт шумо ба назди онҳо меоед. Дар ҳаёти босуръати имрӯзаамон барои пайдо кардани вақт, ки ҳамроҳи фарзандон дуо кунем, душвор аст. Ҳар як падару модар зарурати дар танҳоӣ дуо карданро дорад ва ҳар падару модар дар ин соҳаи устоди фарзандаш шуда метавонад. Барои ҳал кардани ин масъала падару модарон бояд ҷадвали навбат созанд. Якеаш бо кори хона ва фарзандон машғул мешавад, дигараш дар ин вақт метавонад рафта дуо кунад ва баръакс. Шумо набояд фикр кунед, ки ҳамсари шумо дар давоми рӯзи корӣ метавонад барои дуохонӣ вақт пайдо кунад ё баръакс дар хона бо фарзандон монда, ягон илоҷе карда вақт барои дуохонӣ пайдо мекунад. Агар шумо хонадор нашуда бошед, муҳим аст, ки қоидаи қатъӣ дошта бошед, ки ба дуохониатон халал нарасонанд. Фарзандон низ бояд донанд, ки шумо бо Худо сӯҳбат мекунед ва дар ин вақт набояд ба шумо халал расонанд, фақат агар ягон ҳодисаи ғайричашмдошт рӯй надиҳад. Бо сабру тоқат, вале сахтгир бошед. Агар фарзандонатон дуоятонро буранд, босабру тоқат ба сухани онҳо гӯш диҳед. Баъд ба онҳо қоидаро хотиррасон кунеду масъалаашонро ҳал накарда (агар масъалаи онҳо таъҷилӣ набошад), онҳоро аз ҳуҷраатон гуселонед. Ҳаракат кунед, ки дар чунин ҳолатҳо сарбру тоқататонро аз даст надиҳед ва онҳоро ҷанг накунед, чунки ин ба оқибатҳои нохуш оварда расонда метавонад. Тасаввур кунед, ки шумо саҳари якшанбе бо мошинатон ба калисо меравед ва ба мошини дигаре, ки суст ҳаракат мекунад, рафта мерасед. Баъд аз он пеш гузашта, аз тирезаи мошинатон саратонро бароварда дод мезанед: «Ту чи намебинӣ, ки ман ба калисо саросема ҳастам?» Ба назар хандаовар менамояд, аммо он хашме, ки шумо ҳангоми ба дуоятон халал расондани фарзандонатон пайдо мекунед, айнан ҳамин гуна натиҷа мебахшад. Инчунин аз ёд набароред, ки агар кӯдакатон дар вақти дуо хондани шумо хоҳад, ки дар дастони шумо ором бишинад, ин имконияти муносиб барои нишон додани тарзи дуо ба вай мебошад. Ба кӯдакатон гӯед, ки вай бояд хомӯш шинад ва агар рафтанӣ шавад, ҳар вақт, ки хоҳад рафта метавонад. Аммо агар якбора чанд фарзандатон дар дастони шумо шиштан хоҳанд, онҳоро навбат кунед. (Агар дар назди кӯдак боз кӯдакони дигар бошанд, ба вай бодиққат шудан душвор мегардад.) Фарзандони калонатон шояд хоҳиши ҳамроҳи шумо дуо карданро пайдо кунанд. Дар чунин ҳолатҳо ҳамроҳашон дуо накунед, чунки имконияти бо Худо танҳо буданро аз даст медиҳед. Беҳтараш ба онҳо иҷозат диҳед, ки дар ҳуҷраатон бошанду бо овози паст дуои худро хонанд. Собитқадам бошед Дар ҳар коре, ки шумо мекунед, ҳамеша бояд намуна бошед. Агар ба шумо пайваста амал кардан душвор бошад, он гоҳ ин маслиҳатҳо ба шумо ёрӣ мерасонанд, ки одати дуохонии худро инкишоф диҳед. Ғайр аз ин, агар кӯдакон ба ҳаёти дуохонии шумо ҳамроҳ шаванд, дар ҳар дуохонӣ шумо рӯҳбаланд мешавед. Барои пайваста амал карданатон ҳеҷ чиз мисли саволи фарзандатон, ки «Чаро дуо намекунӣ?» мегӯяд, ёрӣ расонда наметавонад. Ин аҷоиб аст. Шумо бо фарзандонатон бояд якдигарро дар масъалаҳои рӯҳонӣ дастгирӣ кунед. Барои устувор мондани шумо, чизе аз саволи кӯдакатон — «Чаро дуо накардӣ?» дида беҳтар ёрӣ дода наметавонад. Агар мо пайваста дуо карда натавонем, ки ин ҳолат баъзе вақт бо ҳама рӯй доданаш мумкинаст, бояд аз Худованд ёрӣ талаб кунем ва имконият диҳем, ки моро роҳбарӣ кунад. Дар ин сурат мо ба кӯдаконамон фаҳмонда метавонем (онҳо ҳатман ин ҳолатро пайхас мекунанд), ки мо гумроҳ шудем, лекин дуо мехонем ва бовар мекунем, ки Худо ёрӣ мерасонад ва мо вақти дуохониро аз даст намедиҳем. (Мо бояд ҷадвали рӯзро дида бароем. Сабаби дар вақташ дуо карда натавонистанамон шояд дар он аст, ки мо барои дуо вақти нодуруст интихоб кардем). Ҳар ҳолате, ки набошад, мо набояд худро сафед кунем! Вақте ки мо ба кӯдакон мегӯем: «Ман ҳоло банд ҳастам, ки дуо хонам» ё «Ман ба калисо ё ба одамон ёрӣ расондам» ва ба ин монанд баҳона ёбем, он гоҳ нишон медиҳем, ки гӯё чизҳо ё корҳои муҳим-тар аз дуохонӣ аст, бинобар ин дуохониро як тараф гузоштан мумкин. Агар мо кӯдаконро ин тавр тарбия диҳем, онҳо низ барои дуо нахондан ҳамеша баҳона пайдо мекунанд. Дуо аз хӯрок хӯрдан, хоб кардан ва либос пӯшидан кори муҳимтар бояд бошад. Дар ин се чиз мо метавонем зиёд сухан нагӯем, чунки ҳама мефаҳмад, ки чаро ба мо хӯрок хӯрдан, хоб кардан ва либос пӯшидан лозим аст. Мо бояд муайян кунем, ки чӣ гуна афзалият мебинем, агар ҳамеша дуо кунем ва ба кӯдакон фаҳмонем, ки агар ҳаёти дуохонӣ надошта бошанд, чиро аз даст медиҳанд. Эҷод кунед Ба кӯдакон намунаи ҳаёти дуохониро нишон дода, на фақат дуохонии ҳаррӯзаи саҳару шом, балки дуоҳои давоми рӯз карда шударо ёд додан даркор. Боре ман бо кӯдакони худ дар мошин мерафтам ва чизе рӯй дод, ки ман барои он дуо кардан хостам. Ман дар дилам дуо кардам. Ҳамин лаҳза ба сарам фикре омад: «Чӣ тавр кӯдакони ман дар давоми рӯз бо Худо дар бораи камбудиҳо ва мушкилиҳои худ дуо ва сӯҳбат кунанд, дар сурате ки дар ҳаёти падару модарашон ин корро набинанд ва нашунаванд?» Ба ҷои хомӯш дуоро давом додан, ман ба фарзандонам таассуротамро гуфта, пешниҳод кардам, ки якҷоя дуо хонем. Баъд ман кӯтоҳ дуо кардам ва ба сӯҳбати пештараамон баргаштем. Кӯдакон бисёр шод шуданд, ки падарашон дар кори муҳим аз онҳо кӯмак пурсид. Аз ҳамон рӯз мо фарзандонамонро бовар мекунондем, ки дуо бояд худ аз худ рӯй диҳад, на ба таври маҷбурӣ. Дар аввал дуо кардан душвор менамояд, лекин чунин дарсҳо ба фарзандонамон ёрӣ мерасонанд, то онҳо бифаҳманд, ки дуо таҳкурсии ҳаёт аст ва дар кадом ҳолате, ки набошед, ёрӣ мерасонад. Агар мо фақат дар вақти муайян дуо кунем, он гоҳ чунин таассурот пайдо кардан мумкин, ки дуо кардан — ин як амали бевақтест, ки мо ягон корро карда шуда, боз баракати Худоро барои он талаб мекунем. Фаҳмидани он, ки дуоро дар давоми рӯз хондан лозим аст, ба кӯдакон дар фаҳмидани чӣ будани дуо ёрдам медиҳад. Ин хеле муҳим аст, чунки кӯдакон фақат ғами ҳозираро мехӯранд. Дар охири рӯз онҳоро маҷбур кардан, ки эҳтиёҷи дигарон ва мушкилиҳои рӯзонаи худро ба ёд оранд, душвор аст. Кӯдакон бояд дар лаҳзаи мӯҳтоҷӣ дуо карданро омӯзанд. Муносибати дуруст нисбат ба дуо нишон диҳед Агар мо ҳамеша барои ягон чиз қувватамонро сарф кунем, ҳамон чизро ба фарзандонамон ёд додан осон аст. Аммо таълим фақат аз насиҳат додан иборат нест. Мо бояд дар пеши худ мақсад монда чизеро таълим диҳем, ва худамон низ чизи таълим медодаамонро иҷро кунем. Инчунин мо дар давоми рӯз ҳар дақиқа ин корро мекунем. Назорат кардани он чизҳое, ки мо берун аз нақша ба кӯдакон чӣ ёд медиҳем душвортар аст, вале ин хеле муҳим аст. Кирдор ё ҷавоби мо ба ягон чиз аниқ нишон медиҳад, ки дар асл мо ба чӣ бовар мекунем. Ба назар менамояд, ки гӯё дар дохили кӯдакони мо системаи назорат ҷойгир шудааст, ки рафтори моро ҳисоб карда, ба онҳо ҳиссиёти ҳақиқии моро нишон медиҳад. Агар барои мо дуо хондан на хурсандӣ, балки заҳмати калон бошад, пас мо бояд аз Худо хохиш кунем, ки аз дуо ҳаловат бурда, дӯст доштани дуоро ба мо ёд диҳад. Дуо озодии моро маҳдуд намекунад, балки воситаи зарурест барои нигоҳ доштани интизом дар ҳаёти худ. Дуо дар ҳаёти мо бузургтарин хурсандӣ ва баракат аст. Агар муносибати мо ба дуо тағйир ёбад ва мо бисёртар онро дӯст дорем, он гоҳ ин муҳаббатро мо бояд ба фарзандонамон низ супорем. Якчанд маслиҳат, ки дар ин масъала ёрӣ мерасонанд. 1. Барои муносибат кардан бо Худо вақт ҷудо кунед. Агар мо ҳама вақт бо Худованд муносибат кунем, дар худамон, дар ҳиссиёт ва рафторамон ҳатман тағйирот ба вуҷуд меояд. Муаллифи Забур мегӯяд, ки мо дар ҳузури Худо аз хурсандӣ пур мешавем (ниг. ба: Заб. 15:11; 20:7). Вақте ки мо дар дуо бо хоҳишҳои худ ба Худо муроҷиат мекунем, он гоҳ «осоиштагии Худо, ки аз ҳар фаҳмиши мо болотар аст, дил ва фикрҳои шуморо дар Исои Масеҳ нигоҳ хоҳад дошт» (ниг. ба: Фил. 4:6–7). Шумо дар ҳаёти худ тағйиротро мебинед ва кӯдаконатон низ онҳоро пайхас мекунанд. Шумо аз ин истифода бурда, кӯдакони худро шавқманд карда метавонед, ки бо Худованд муносибат кунанд. 2. Ҳиссиётҳои худро нақл кунед. Баъд аз дуо ба кӯдакони худ нақл кунед, ки дар вақти муносибат бо Худо чӣ ҳис кардед ва чӣ фаҳмидед. Шумо ба онҳо нақл карда метавонед, ки кадом душвориҳои худро ба Худо гуфтед, кадом сирри дилатонро ба Ӯ холӣ кардед. Инчунин гӯед, ки чӣ гуна хурсандӣ дилатонро пур кард, зеро шумо медонед, ки Худо ғамхори шумост. Шумо ба кӯдаконатон гуфта метавонед, ки дар вақти дуо карданатон чӣ гуна осоиштагӣ шу-моро фаро гирифт. 3. Барои ёд додани дуо ба фарзандатон вақти муносиб пайдо кунед. Барои чунин сӯҳбат муҳим аст, ки вақти муносибро гиред. Агар шумо ба кӯдакатон бигӯед, ки дар вақти дуо бо Худованд сӯҳбат карда чӣ қадар вақти хуб доштед ва бинобар ин хӯроки нисфирӯзиро пухта натавонистед, ин ҳолат натиҷаи мусбӣ намедиҳад, ҳарчанд шумо дар ҳақиқат дуои хуб дошта бошед ҳам. Аниқ, ки дуо муҳим аст, вале баъзе вақт мо одатҳоро вайрон карда, дар асл намефаҳмем, ки барои фарзандони мо чӣ муҳим аст. Аммо агар шумо ин қоидаро аз худ кунед, он гоҳ аз нигоҳи фарзандонатон фаҳмида метавонед, ки оё ин вақти дуруст аст барои чунин сӯҳбат ё не. Агар вақти нодуруст бошад, беҳтар мешавад, ки ин сӯҳбататонро ба вақти муносибтар гузаронед. Вақти муносиб барои нақл кардани дуое, ки шуморо ба ҳаяҷон овардааст, пеш аз дуохонии бегоҳирӯзӣ аст. Дар ин вақт кӯдакон ба муҳокима кардани чунин мавзӯъ тайёр ҳастанд. Акнун, ки сухан дар бораи дуои бегоҳирӯзӣ рафт, хотиррасон кардан муҳим аст, ки шумо ба ҳуҷраи кӯдакон бо табъи хира ё бо ҳолати мондашуда ва бо хоҳиши дуоро зудтар гузарондан надароед. Агар шумо ҳис кунед, ки ҳолатон айнан ҳамин тавр аст, беҳтараш ҳамсаратонро хоҳиш кунед, ки шуморо иваз кунад. (Аммо нагузоред, ки фарзандонатон баҳси шуморо оид ба гузарондани дуо бишнаванд, чунки онҳо шуморо нодуруст мефаҳманд). Ё ба худ хотиррасон кунед, ки кори мекардаатон чӣ қадар муҳим аст ва аз Худованд мадад талаб карда, қуввати охиринатонро ҷамъ намоед, то аз он соате, ки ҳамроҳи кӯдаконатон дуо мекунед, роҳат баред. 4. Аз имконият истифода баред. Вақте ки фарзандатон аз шумо хоҳиш мекунад, ки ҳамроҳаш барои ягон мушкилӣ дуо кунед, вайро таъриф кунеду бо шодӣ талабашро қонеъ гардонед. Мумкин шумо машғули ягон кор ё монда шуда бошед, вале вақте ки кӯдак худаш дуо кардан мехоҳад, вақти аз ҳама муносиб барои дуо кардан ва дар бораи дуо таълим додан аст. Дар ин лаҳза ӯ барои ёд гирифтан хуб тайёр аст! 5. Ҷашнҳо ташкил кунед. Вақте ки шумо барои дуои яке аз аъзои оилаатон ё ба дуои умумии оилаатон ҷавоб мегиред, онро, кам бошад ҳам, ҷашн гиред. Ба Худованд миннатдории худро баён кунед, сипас бо ягон тарз онро ҷашн гиред: ягон таоми дӯстдоштаатонро тайёр кунед, ё ба сайр бароед, ё ба фарзандатон иҷозат диҳед, ки дӯстони худро ҷамъ намуда, ҳамроҳи онҳо хурсандӣ кунанд. Ҳар дафъае, ки шумо аз ӯҳдаи иҷрои ягон вазифа мебароед, бояд мукофот гиред. Ҷавоби дуо — ин мукофоти дуо аст ва агар шумо онро ҷашн гиред, ин ҳодиса дар ёди кӯдакон бисёр хуб нақш мебандад. Мукофот аз душворие, ки ҳангоми иҷрои вазифа дучор шуданд, бояд баландтар бошад. Фикр кунед 1. Барои ёд додани дуо шумо ба кӯдаконатон чӣ гуна намунаи ибрат ҳастед? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ Агар шумо дар ҳақиқат шахси боҷуръат бошед, ин саволро ба худи фарзандонатон диҳед. Шумо чӣ ҷавоб гирифтед? Оё чунин ҷавобҳоро шумо шунидан мехостед? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ 2. Шумо барои намунаи хуби ибрат ба онҳо шудан чӣ кор карда метавонед? Бигӯед, ки фарзандони шумо боре ҳам дуо хондани шуморо дидаанд, ё шумо фақат бо дари маҳкам дуо мекунед? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ 3. Ҳамроҳи фарзандонатон як ба як номбар кунед, ки одатан барои дуо нахондан чӣ гуна баҳонаҳои беҷо мекобед. Ин баҳонаҷӯиро масхара карда, ба ин ҳолатон бихандед ва баъд даҳ сабаби муҳим будани дуоро номбар кунед. __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ Зарурати ба дуо такя карданро нишон диҳед Мо ба кӯдакон бояд иҷозат диҳем, ки ба ҳаёти дуохониамон дароянд! Барои ба даст овардани ин мақсад, мо метавонем дар бораи дуоҳои иҷрошуда нақл кунем, вақтҳои дуохонии оилавӣ ташкил диҳем, ба онҳо имконият диҳем, ки рафтори моро дар вақтҳои душворӣ назорат кунанд. Ҳикояҳо дар бораи дуоҳое, ки иҷро шуданд Фарзандони ман мисли кӯдакони дигар гӯш кардани ҳикояҳоро дӯст медоранд. Боре ман ба онҳо воқеаи ҳақиқиро нақл кардам, ки чӣ тавр аз Худо бист доллар хоҳиш кардам ва Ху-до ба таври мӯъҷиза ин пулро ба ман дод. Ба кӯдакон ин воқеа хеле маъқул шуд ва онҳо аз ман хоҳиш карданд, ки боз воқеаҳои монанди инро нақл кунам. Дар натиҷа мо воқеаҳои ҳақиқиро дар бораи ҷавоб ёфтани дуоҳо ҷамъ мекардагӣ шудем. Ин ҳикояҳо воситаи беҳтарин барои ёд додани дуо шуданд ва баробари ин кӯдакон хушхол мешуданд. Акнун ҳикояҳои дӯстдоштаи оилаи мо ин нақлҳо дар бораи дуоҳое аст, ки Худо ба онҳо ҷавоб додааст. Кӯдакон бояд амал кардани Рӯҳи Муқаддасро дар ҳаёти падару модари худ бинанд. Ба фарзандонатон ҳаёти гузаштаи худро нақл кунед: шумо чӣ тавр зиндагӣ мекардед, аз таҷрибаи ҳаётатон чӣ гуна дарсҳо гирифтаед, ин қисми аз ҳама муҳими устод аст. Роҳи беҳтарин барои фарзандонатонро ба роҳи ростӣ роҳнамоӣ кардан — ин бо мисолҳои шахсии худ нақл кардани он дуоҳоест, ки ҷавоб ёфтаанд. Ин имконият медиҳад, ки ҳаёти дуохонии худро барои кӯдакатон кушода диҳед ва аз рӯи таҷрибаи ҳаёти худ таълим диҳед. Аввалин маротиба шумо барои чӣ дуо кардаед? Аввалин (ё аз ҳама натиҷаовар) ҷавоби дуои шумо чӣ гуна буд? Шумо дуо карданро чӣ тавр омӯхтед? Оё пайваста дуо кардан барои шумо душвор буд ё не? Оё шумо ягон маротиба ҳузури Худоро ҳис карда будед? Оё Худо дар ҷавоби дуои шумо бароятон ҳикмат дода буд, ки роҳи ҳалли мушкилиатонро бифаҳмед? Оё барои дигарон дуо карда, натиҷаи дуоҳоятонро дидаед? Барои боварии шумо, ки дуо ва муносибат кардан бо Худо таҳкурсии ҳаёти мо аст, чӣ сабаб шуд? Ҷавобҳои самими шумо ба ин саволҳои муҳим ба фарзандони шумо ёрӣ мерасонанд, ки амалиёти Рӯҳи Муқаддасро дар ҳаёти падару модарашон бинанд. Дӯст ва муҳаррири ман нақл кард, ки чӣ тавр ба назди Худо омад: «Як вақтҳо ки ман ҷавон будам, дар назди миссияи мо низои байни қабилаҳо ба вуҷуд омад ва падарамро, ки миссионер буд, хоҳиш карданд, ки барои овардани милиса равад. Вақте ки вай аз роҳи танг бо мошини «Фолксваген»-и худ поён мешуд, яке аз ҷанговарон ба сӯи падарам найза парронд. Он найза дар резини байни тиреза ва дари мошин дармонд. Аз ҳудуди низоъ баромада, падарам аз мошинаш берун шуд ва найзаро аз мошин бароварда гирифт. Баъдтар мо фаҳмидем, ки айнан ҳамон вақте ки падарам аз байни ҷанговарони қабилаҳо мегузашт, бобоям, ки дар Канада мезист, ҳис кард, ки бояд барои падарам дуо кунад. Ӯ ба зону истода дуо хонд ва дар ҳамин вақт Худо падарамро халос кард. Албатта, мо боварӣ ҳосил кардем, ки Худо ба дуоҳои мо ҷавоб медиҳад!». Тартиб додани рӯйхати ҳикояҳо дар бораи дуоҳои шунида шуда — фикри хуб аст. Ҳодисаҳои муҳимро кӯтоҳ бинависед. Баъд ин навиштаҳоятонро дар вақти сӯҳбат бо кӯдаконатон истифода баред. Пас аз нақл кардани чанд воқеаҳое, ки дар он Худо ба дуо ҷавоб додааст, ҳодисаҳои аҷоиб рӯй медиҳанд. Фарзандони шумо худашон мехоҳанд, ки ба ин монанд саргузашт дошта бо-шанд, ва сипас дар бораи он нақл кунанд! Вақте ки онҳо дар бораи чизе нақл карда метавонанд, хеле хурсанд мешаванд. Ҳикояҳо дар бораи дуоҳое, ки Худо ҳанӯз ҷавоб надодааст Вақте, ки шумо фарзандонатонро бо давраи ояндаи ҳаёти дуохониатон шинос мекунед, ба онҳо воқеаҳоеро дар бораи дуоҳои ҳанӯз ҷавоб наёфтаатон нақл кунед. Як шаб ман худро бениҳоят рӯҳафтода ҳис кардам (вале, ба ҳар ҳол мондагӣ қувватамро барои дуо хондан ҷамъ кардам), ҳамин вақт яке аз духтаронам хоҳиш кард, ки ман дар бораи дуои ҷавоб шуда нақл кунам. Зиёд фикр накарда, ман ба вай гуфтам, ки барояш ягон ҳикояи нав надорам, чунки ҳамон вақт ман мунтазири ҷавоби Худо ба дуоям будам. Ҳамин, ки ман ба вай ин суханамро гуфтам, якбора ба сарам як саволе омад: «Чӣ мешавад, ки агар ман ба вай нақл кунам, ки ҳоло дар ҳаётам чӣ рӯй дода истодааст ва шаҳодат диҳам, ки ман ба Худованд таваккал менамоям?» Албатта, шубҳа низ зуд ба дилам омад: «Чӣ мешавад агар...?» Аммо ман чанд маротиба «Хайр, чӣ мешавад!» гуфта ин шубҳаро аз худ дур кардам. Худо мӯҳтоҷи он нест, ки ман Ӯро муҳофизат кунам. Агар ман дар ин ҳолат ба Худо таваккал карда тавониста бошам, пас ба духтарам ҳам имконият дода метавонам, ки аз мушкилии ман бохабар шавад. Ҳатто агар оқибат лозим ояд, ки ба вай бигӯям, ки Худо на ҳамеша мувофиқи хости мо мекунад. Ҳамон тавр ҳам шуд, ки пеш аз фикрҳоямро тамом карданам, духтарам хоҳиш кард, ки ҳикояи дуои ҳанӯз ҷавобнаёфтаамро нақл кунам. Ин ҳикоя дар бораи пул буд ва дар муддати чанд ҳафта Худованд мушкилиҳои маро ҳал кард. Ӯ ҳамин тавр ҳал кард, ки мӯъҷизаи Ӯ аниқу равшан буд. Духтарам, ки аз мушкилиҳои ман хабар дошт, аз ҷавоби дуои ман ба ҳайрат афтода буд. Фарзандон бояд донанд, ки мо дар бораи чӣ дуо мекунем. Муҳим аст, ки мо онҳоро аз ҳамаи масъалаҳои ҳаёти дуохониамон огоҳ созем ва хоҳиш кунем, ки онҳо барои мо дуо кунанд. Баъд лозим аст, ки ба онҳо хабарҳои натиҷаҳои дуоҳоямонро бигӯем. Фикр кунед Ҳар як масеҳӣ ақаллан як ҳодисае нақл карда метавонад, ки чӣ тавр Худо ба дуояш ҷавоб дод, ё ба ҳаёташ бо мӯъҷизае дахолат кардааст. Ин кадом ҳодиса? Ба дастатон дафтар ва қа-лам гирифта ба сари миз шинед ва аз Худо хоҳиш кунед, ки ин ҳодисаҳоро ба ёдатон оварад. Лаҳзаҳои асосии ҳар ҳодисаро бинависед: Сана: ______________________________ Шароит: __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ Фикр ва дуоҳои ман: __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ Оятҳо аз Китоби Муқаддас, ки бан кӯмак карданд: __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ Ҷавоби Худо: __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ Натиҷаҳои ба даст овардашуда: __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ Чӣ тавр ман таҷрибаи гирифтаамро дар ҷараёни таълимдиҳии дуо ба фарзандонам истифода бурда метавонам: __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ Ҳамин, ки шумо ба тартиб додани ҳикояҳои дуоҳои ҷавобёфтаатон сар мекунед, лаҳзаҳои муносибе пайдо кунед, ки ин ҳикояҳоро ба фарзандонатон нақл кунед. Масалан, агар фарзандони шумо аз чизе ба ташвиш оянд, ба онҳо нақл кунед, ки рӯзе шумо ҳам дар вазъияти вазнин будед, вале ба Худованд таваккал кардед. Баъд нақл кунед, ки ин чӣ тавр дар ҳал кардани вазъиятатон кӯмак кард ва Худо вафодориашро исбот кард. Маҷлисҳои дуохонии оилавӣ Ташкил додани маҷлиси дуохонии оилавӣ ин ҳам яке аз роҳҳое ҳаст, ки мо фарзандонамонро ба ҳаёти дуохонии худ шарик карда, ҳамин тавр дуо карданро ёд дода метавонем. Вақте ки воқеаҳои оилавӣ рӯй медиҳанд, масалан, кӯчидан, харидани мошини нав ё интихоб кардани калисо, он гоҳ мо ҳамроҳ ҷамъ шуда, ин ҳолатро муҳокима ва ҳамаи мӯҳтоҷиҳоямонро нависта метавонем. Баъд ҳамаи мо ҳамроҳ дуо карда, кӯмак ва роҳбарияти Худоро пурсида метавонем. Мо бо тамоми оилаамон назди Худо истода, Ӯро барои шунидани дуоҳо ва ҷавоб доданаш шукргузорӣ карда метавонем. Дар дуо содда ва камсухан бошед. Баъд ба ҳамаи аъзоёни оилаатон хабар додани воқеаҳои ояндаро фаромӯш накунед. Вақте ки Худо ба дуои шумо ҷавоб медиҳад, ҳамроҳ ба Ӯ миннатдорӣ баён карда, ин ҳодисаро ҳамчун ид қайд кунед. Вазифа: дуоҳои оилавӣ ва китоби ҷавобҳои дуоҳо Кадом ҳодисаҳо ё вазъиятҳо барои ташкил кардани маҷлисҳои дуохонии оилавӣ сабаб шуда метавонанд? Ин сабабҳоро номбар карда, бо фарзандони худ муҳокима кунед. __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ Шояд, шумо хоҳиш пайдо мекунед, ки як китоб ё дафтари дуоҳои оилавиро тартиб диҳед, ки барои мушоҳида кардани мавзӯъҳои дуоҳоятон ба шумо ёрдам медиҳад. Бубинед, ки бароятон чӣ беҳтар аст. Шояд шумо барои навистани дуоҳоятон варақчаҳо, тахтаи махсус ё боз ягон чизи дигар истифода мебаред. Ҳар дафъае, ки ба дуоятон ҷавоб мегиред «шабнишинии шукргузорӣ» қайд кунед. Пайваста ҳамроҳи оилаатон дуо кунед ва дуоҳои пештараатонро низ такрор кунед. Он гоҳ мебинед, ки бо ҳар ҷавоби Худованд ба дуои шумо тамоми оилаатонро шавқи зиёдтар фаро мегирад. Қабул кардани «тӯбҳои тобдода» Беҳтарин имконият барои ба фарзандон нишон додани намунаи такя ба дуо он рӯзҳое мебошанд, ки бо ҳодисаҳои нохуш ва ғайричашмдошт дучор мешавем. Дар чунин мавридҳое, ки ба назари мо «замин сахту осмон баланд», ва Худо бошад, ба дуоҳои мо ҷавоб намедиҳад менамояд, фарзандон ҳаёти моро бодиққат мушоҳида мекунанд. Дар ин вақтҳо онҳо бояд бинанд, ки мо дуо мекунему рӯҳафтода намешавем. Имони мо ва инчунин имони онҳо санҷида мешавад. Ин суханони ман сабаби баҳс шуда метавонанд, вале аз ҳама фурсати муносиб барои ба фарзандон нишон додан, ки ба Худо таваккал кардан хеле муҳим аст — ин маҳз дар ҳамон вақте аст, ки ба Худо таваккал кардан ба назар ғайриимкон менамояд. Дар чунин рӯзҳои мушкил имони шумо усули самарабахши таълимот мегардад. Дар лаҳзаҳои вазнини ҳаётамон суханони ҳаввориён Яъқуб ва Петрус моро дастгирӣ мекунанд: Эй бародарони ман, вақте ки ба озмоишҳои гуногун дучор мешавед, инро барои худ шодии бузург ҳисоб кунед, чун медонед, ки имтиҳони имони шумо сабрро ба вуҷуд меоварад ва сабр бояд амали комил дошта бошад, то ки шумо комил ва солим буда, ҳеҷ камбудие надошта бошед. Яъқ. 1:2–4 Дар ин бора шодӣ кунед, дар сурате ки ҳоло, агар лозим шаад, аз озмоишҳои гуногун андаке андӯҳгин мешавед. Имони шумо аз тилло, ки бо вуҷуди озмуда шуданаш дар оташ ҳам фонӣ мебошад, гаронбаҳотар аст. Ин имон аз имтиҳон мегузарад ва барои ҳамд ва шавкат ва ҷалол дар вақти зоҳиршавии Исои Масеҳ холис ба миён ояд. 1 Пет. 1:6–7 Боре, якчанд сол пеш, ки ману занам нав нашриёти худро сар карда будем, ба ҳолати душвор дар соҳаи маблағ афтодем. Мо чӣ кор карданамонро надониста, мушкилиамонро ба Худо гуфтем. Мо дуо карда, мунтазир будем, ки Худо мӯҳтоҷии моро ҳал мекунад. Маблағе, ки мо зарурат доштем бениҳоят калон буду мӯҳлаташ кӯтоҳ. Инак, вақти супоридани он маблағ ҳам наздик омад. Рӯзи дигар соати ҳашти саҳар мо бояд он маблағро медоштем. Ҳар чӣ аз дастам меомад, ман карда будам, акнун фақат мунтазир шуда метавонистему халос. Тамоми рӯз, ҳамин ки рӯҳафтодагиву маъюсӣ дили маро фаро гирифтан мехост, ман ба Худо муроҷиат карда, оромӣ меёфтам. Ман ба Худо таваккал карданро афзалтар медонистам, ҳарчанд ки оқибати дар вақт насупоридани ин маблағ бароямон на он қадар хуб буд. Ман тасаввур мекардам, ки маблағи бароямон зарур ё ба воситаи почта меояд ё худи хаткашон онҳоро меорад. Ман қарор кардам, ки пулҳо соати панҷи бегоҳ, дар охири соати корӣ ба мо оварда мешаванд. Соати шонздаҳу панҷоҳ дақиқа ман дуо карданро бас карда, рӯҳафтода шудам. Агар шикояту ғур-ғурҳои маро, ки «Чаро ин бо ман мешавад?», «Вой бар ҳоли ман!» ва «Худо Ту куҷо ҳастӣ?» мегуфтам, дуо ҳисоб карда шавад, пас ман ҳамин тавр дуо мекардам. Баъд аз даҳ дақиқа, расо соати панҷ дари мо занг зад. Ман ба тарафи дар парида рафтам. Нафаре, ки ба ман ҳеҷ вақт почта намеовард, бароям як лифофа овард. Дар он лифофа чеки пулӣ айнан бо ҳамон маблағе буд, ки барои ҳал кардани мушкилӣ ва баъзе мӯҳтоҷиҳои дигарамон кифоягӣ мекард. Фарзандони мо бодиққат ҳаёти моро мушоҳида мекунанд. Онҳо бояд бинанд, ки мо рӯҳафтода нашуда, дуо карданро давом медиҳем. Ман аз худам шарм доштам. Худо аз рӯи муҳаббаташ маро бахшид. Беқарории маро Ӯ ба баракат табдил дод. Аз ҳамон рӯз сар карда, ҳар дафъа, ки ман дар мунтазири ҷавоби Худо мешудам, қувват пайдо мекардам, ки рӯҳафтода нашавам, зеро медонистам, ки Худо бовафо аст ва ҷавоби Ӯ баъд аз «даҳ дақиқа» меояд. Як зарбулмасали кадимро ёдовар шудан ба маврид аст: «Агар ҳаёт ба ту лимӯ пешниҳод кунад, аз он лимонад тайёр кун». Агар мо ба ҳеҷ чиз нигоҳ накарда имконияти ба Худо таваккал карданро дошта бошем, пас, биёед, ба Ӯ таваккал мекунем. Фарзандони мо моро мушоҳида мекунанд ва дар лаҳзаҳои душвори ҳаётамон агар аз Худо дур нашавем, ба Худо ҷалол оварда метавонем. Вақте ки мо ба фарзандон дар вақти санҷишҳо ва нохушиҳои гуногуни ҳаёт дуруст рафтор карданро ёд медиҳем, он гоҳ онҳо натарсида бо ҳама чизе, ки дар ҳаёт рӯй медиҳад, дучор мешаванд. Санҷишҳое, ки ба дӯши мо меоянд, барои ин имконияти бениҳоят хуберо муҳайё месозанд! Саволҳо Бо кадом нохушиҳо дар оянда фарзандони шумо дучор шуда метавонанд? Аз дарсҳои шумо дар бораи он ки чӣ тавр дуо кардан лозим аст ба фарзандони шумо барои аз мушкилиҳои оянда гузаштан чӣ беҳтар ёрдам дода метавонад? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ Мавзӯъҳои дуо • Баъзе ҷавобҳои дуоҳои худро, ки дар чанд моҳҳои охир гирифта будед, ба ёд оварда, Худоро барои бовафоиаш шукр кунед. • Аз Худо хоҳиш кунед, ки ба шумо ёрдам диҳад, то ба фарзандонатон намунаи рафтори мусбӣ нисбат ба дуоро нишон дода тавонед. • Аз Худо хоҳиш кунед, ки ба шумо ёрдам диҳад, то пеш аз қарор кардан шумо аз Ӯ маслиҳат пурсиданро фаромӯш накунед. • Аз Худо хоҳиш кунед, ки роҳи чӣ тавр ба фарзандонатон ёд додани сӯҳбати самимона бо Худо карданро нишон диҳад. Дуои кӯдак «Падари Осмонӣ, илтимос, ба ман ёрдам деҳ, ки дар вақтҳои вазнин ё вақте, ки ба ман ёрдам лозим аст, ба ту муроҷиат карданро аз ёдам набарорам. Дар номи Исои Масеҳ, омин» Боби 8. Кӯшиши ба Худо монанд шуданро кунед Дуо барои шумо — ин рул ё чархи эҳтиётӣ аст? Корри тен Боом Вақте ки мо ба кӯдакон дуохонданро дар асоси намунаи ҳаёти худ таълим медиҳем, самараи бештаре мебинем. Роҳи дигаре барои таълимоти самарабахш — ин ба Худо монанд шудан аст. Агар шумо кӯшиши бештар ба Худо монанд шуданро кунед, он гоҳ ба фарзандатон ёрӣ медиҳед, ки беҳтар Худоро бишносад ва мағзи дуоро бифаҳмад. Ҳоло фаҳмонда медиҳам. Фарзандони мо Худоро дида наметавонанд, вале онҳо моро мебинанд. Мо мегӯем, ки Худо Падари Осмонии онҳост, Ӯ ба падарони дигар монанд аст. Дар аввал фарзандонатон чӣ гуна будани Худоро аз он мебинанд, ки шумо чӣ гуна ҳастед. Худо Худро Падари мо меномад ва моро ба сурат ва шабоҳати Худ офаридааст. Яъне, мо ӯҳдадор ҳастем, ки бо фарзандонамон айнан ҳамон тавре рафтор кунем, ки Худо дар ҷои мо бо онҳо рафтор мекарда бошад, то ки онҳо тасаввуроти дуруст дар бораи Ӯ пайдо карда тавонанд. Мо оинае шуда метавонем, ки Худованди дар дохиламон бударо инъикос мекунад. Худо мехоҳад, ки фарзандони мо ба Ӯ ва Писари Ӯ, Исои Масеҳ монанд бошанд. Аммо хости Худост, ки на фақат Ӯ ва Исо барои фарзандонамон намунаи ибрат шаванд, балки онҳо дар он мисоле, ки мо ибрат медиҳем, ба Худо монанд шаванд. Саъю кӯшиши ба Худо монанд шуданро карда, мо ба фарзандон ҳамон таре хизмат карда метавонем, ки Худо ба онҳо хизмат мекунад ва ҳамон тавре онҳоро дӯст дошта метавонем, ки фақат Худо онҳоро дӯст дошта метавонад. Намунаи хизмати Худо Худо чун хизматгор Пеш аз сар кардани таоми шоми охирин Масеҳ шогирдони дар болохона ҷамъшударо сахт ба ҳайрат овард. Вай аз сари дастархон хеста, ҷомаашро кашиду сачоқро ба миёнаш баста ба шустани пойҳои шогирдонаш даромад. Шогирдонаш тамоми рӯз бо кафшҳояшон дар роҳҳои чангу ғубордор роҳ гашта буданд ва ҳатман пойҳояшон чиркин шуда буданд. Одатан хизматгороне, ки мавқеи пастаринро доштанд, пойҳоро мешустанд. Азбаски онҳо хизматгор надоштанд, шогирдон худашон метавонистанд пойҳояшонро шӯянд ё ақаллан ба Устодашон пешниҳод карда метавонистанд, ки пойҳои Ӯро бишӯянд. Онҳо суханони Исоро, ки гуфта буд: «Бузургтарини шумо хизматгори шумо бошад, зеро ҳар кӣ худро баланд кунад, паст гардад ва ҳар кӣ худро паст гирад, сарбаланд гардад» (Мат. 23:11–12) дертар фаҳмиданд. Шогирдон баҳс мекарданд, ки дар Подшоҳии Масеҳ кӣ ҷои баландтарро ишғол мекунад. Шустани пойҳо, ҳатто агар ин пойҳои Устодашон бошад, маънои онро дошт, ки онҳо дар байни ҳамаи ҳозирбудагон пастарин ҳастанд. Лекин Исо барои диққати шогирдонашро ба суханони Худ ҷалб кардан, Худро «паст» гирифт. Шустани пойҳои шогирдонашро ба охир расонда, Ӯ аз онҳо пурсид, ки оё маънои кори Ӯро фаҳмиданд ё не. «Агар Ман, ки Устод ва Худованд ҳастам, пойҳои шуморо шуста бошам, шумо ҳам бояд пойҳои якдигарро бишӯед» (ниг.: Юҳ. 13:13–14). Бо ин кораш Исо нишон дод, ки шахси мансабдор бояд айнан мисли Ӯ рафтор кунад. Масеҳ мӯҳтоҷиву хоҳишҳо ва некӯаҳволии моро аз мақсадҳои Худ болотар мегузорад. Тамоми ҳаёти заминиаш Ӯ ба Худо ва одамон хизмат мекард, баъд ихтиёран ҷонашро фидо кард, то ки одам ҳаёти абадӣ пайдо карда тавонанд. Ман боварӣ дорам, ки шогирдон фикр мекарданд, ки онҳо бояд ба Исо хизмат кунанд, зеро одамон ҳамеша ба одамони бузург хизмат мекунанд! Онҳо шояд фикр мекарданд, ки Исо ҳалқро бо мақсади машҳур ва бузург шудан ва ҳукмронии Худро дар рӯи замин пойдор кардан таълим медоду шифо мебахшид. Вале ҳар амали Масеҳ, ҳар соати дуои Ӯ, ҳар соати таълимоти Ӯ, ҳар изҳори муҳаббаташ, ҳар мӯъҷизаи кардааш дар асл хизматгузории Ӯ ба шогирдон ва онҳое, ки дар оянда бояд шогирдонаш мешуданд, буд. Масеҳ ҳеҷ корро барои манфиати Худ намекард. Ҳамчун роҳбари ҳақиқӣ ва шахси ҳақиқатан бузург Ӯ Худро пурра барои хизмати дигарон бахшида буд. Ана ба ҳамин чиз ҳангоми шустани пойҳои шогирдонаш Исо диққати онҳоро ҷалб кардан мехост. Баъд ба онҳо низ фармон дод, ки ҳамин тавр рафтор кунанд. Худо муҳаббат аст. Худо на аз барои Худ, балки аз барои мо заминро офарид, Писари Ягонаи Худро қурбон кард ва бо сабру тоқати беохир ҳаракат мекунад, ки одамро ба роҳи ростӣ баргардонад. Суханони Худо «Ман Худои шумо мешавам» чунин маъно доранд: «Ман шуморо дӯст хоҳам дошт, бароятон ғамхорӣ мекунам. Ман шуморо баракат медиҳам ва ба шумо хизмат мекунам». Падару модарон чун хизматгор «Ғулом бузургтар аз хоҷаи худ нест» (ниг.: Юҳ. 13:16). Мо, пайравони Масеҳ низ бояд хиз-мат кунем. Вақте ки Худо моро падару модар гардонд, Ӯ моро хизматгорон барои насли оянда кард. Баробари ҳукми падару модарӣ Худо ба ӯҳдаи мо инчунин ҳамон вазифаҳоеро мегузорад, ки ба ӯҳдаи Худаш гирифтааст, яъне: бешарту шароит дӯст доштани онҳоеро, ки таҳти масъулияти мо гузошта шудаанд, ба онҳо ғамхорӣ ва хизмат кардан. Чӣ қадар, ки шумо бештар ба онҳое хизмат мекунед, ки тахти ҳукми шумо ҳастанд, ҳамон қадар камтар шумо дар фикри мӯҳтоҷӣ ва хоҳишҳои худ мешавед, ҳамон қадар шумо хоҳишу мӯҳтоҷиҳои онҳоро баландтар мегузоред. Вақте ки Худо моро падару модар гардонд, Ӯ моро хизматгор барои насли оянда кард. Мо бояд ба фарзандонамон ҳамон тавр Худоро нишон диҳем, то онҳо бинанд, ки Ӯ онҳоро дӯст медорад, барояшон ғамхорӣ ва хизмат мекунад. Агар мо онҳоро ба фикре такон диҳем, ки одами ҳукмдор ба ҳеҷ кас хизмат карданаш лозим нест, баръакс дигарон бояд ба вай хизмат кунанд, дар ин сурат оё фарзандони мо муҳаббати Худо ва хоҳиши ба онҳо хизмат кардани Ӯро фаҳмида ва қабул карда метавонанд? Бо амалиёти худ мо бояд нишон диҳем, ки он, ки аввал аст (яъне худаш худро аввал гузоштааст) дар охир мешавад, аммо он ки, дар охир аст (яъне худаш худро охир гузоштааст), аввалин мешавад. Ин фикрро бояд бештар ба он касоне фаҳмонд, ки ҳар дафъа аз суханони ман, ки «Худо ба мо хизмат кардан мехоҳад» мегӯям, хиҷолат мекашанд. Мо дар оламе калон шудаем, ки хизматгор инсони паст ҳисоб мешавад ва бояд ба шахсони бузург хизмат кунад. Вале Исо чунин фикрро рад кард ва бо таълимоту ҳаёташ нишон дод, ки ин нодуруст аст. Кори аз ҳама бузургтаре, ки шумо карда метавонед, ин хизмат ва ғамхорӣ кардан ба одамони наздики худ ва онҳоро дӯст доштан аст. Хизмат ин роҳ ба сӯи муносибатҳои хуб, сӯи муҳаббат ва худи ҳаёт аст. Худо ҳамин тавр ҳама муқаррар кардааст. Худо мехоҳад, ки мо ба Ӯ, ки Падари меҳрубону ғамхор аст ва ба фарзандонаш хизмат мекунаду дар ивазаш ҳеҷ чиз барои манфиати Худ талаб намекунад, монанд шавем. Ӯ фақат аз мо он чизеро талаб мекунад, ки оқибат ба худамон фоида меоварад. Ҳар нақшае, ки Ӯ мекашад ва ҳар коре, ки мекунад барои манфиати мо аст. Агар мо аз фарзандонамон иҷрои ягон корро хоҳиш кунем, бояд на аз рӯи танбалии худ, балки барои ягон чиз ба онҳо ёд додан хоҳиш кунем. Мо ба онҳо на барои он маълумот медиҳем, ки онҳо аз душвориҳо гузашта тавониста ҳаёти моро осон кунанд, балки барои он, ки ба ҳаёти оянда тайёр шаванд. Вақте ки фарзандонамон аз мо чизе хоҳиш мекунанд, ҷавоби мо набояд аз рӯи хоҳишҳои худамон шавад, балки аз рӯи манфиатҳо ва мӯҳтоҷиҳои онҳо бошад. Агар хоҳем, ки ба фарзандонамон Худоро ҳамчун Падари меҳрубон, ки ба дуоҳои онҳо ҷавоб медиҳад, нишон диҳем, мо пеш аз ҷавоб додан ба онҳо бояд ба худ савол диҳем: «Ба-рои онҳо чӣ фоида дорад?» Агар мо, падару модарон ҳамчун хизматгорон ҳаёти худро барои фарзандонамон бахшем, натиҷаҳои ҳайратовар ба даст меоварем. Хизмат — ин роҳ ба сӯи муносибатҳои хуб, сӯи муҳаббат ва худи ҳаёт аст. Ҳаёти ҳақиқӣ — ин хизмат ба дигарон аст. Баъзе вақт фарзандонамон мехоҳанд, ки ба тағйир додани ҷавоби аз мо гирифтаашон моро розӣ кунонанд. Барои чӣ? Чунки онҳо медонанд, ки чӣ дуруст ва ҳақ аст. Дар ҳақиқат дар 99% ҳолатҳое, ки мо ҷавобҳои худро тағйир медодем, ҷавобҳои аввалаамон нодуруст буданд, чунки амали мо дар асоси фоидаи фарзандонамон намуд, яъне мо ҳамчун хизматгорон амал намекардем. Бо вуҷуди он, вақти он аст, ки мо усули мувозинатро ба ёд оварем. Вақте ки шумо барои фарзандонатон ҳаётатонро мебахшед, ба Масеҳ тақлид мекунед ва ба онҳо ёд медиҳед, ки нисбат ба дигарон онҳо низ ҳамин тавр рафтор кунанд: «Дар тарси Худо мутеи якдигар шавед» (ниг.: Эфс. 5:21). Фикр кунед 1. Фикр кунед, ки бо кадом сабабҳо хизмат кардан бароятон душвор шуда метавонад. Масалан, шояд шумо худро ночиз ҳис мекунед, гӯё ба дигарон хизмат кардан шуморо аз онҳо пасттар нишон медиҳад. Ё шояд шумо фикр мекунед, ки ин обрӯю эътибори шуморо дар назди фарзандонатон мерезонад? Нависед, ки кадом фикру ақидаҳо ба шумо халал мерасо-нанд, ки ба фарзандонатон хизмат кунед. __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ 2. Барои ҳал кардани ин масъала ва ба Масеҳ монанд шудан шумо чӣ кор карда метавонед? Шумо дар асоси фикру ақида ва одатҳои худ чӣ тавр амал мекунед? Барои тағйир додани онҳо шумо чӣ кор карда метавонед? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ Намунаи муҳаббати Худо Дар боби 13-уми Номаи Якуми ҳавворӣ Павлус ба Қӯринтиён («Боб дар бораи муҳаббат») фикрҳои хуб навишта шудаанд. Оятҳои ин бобро (1 Қӯр. 13:4–8) дар нишонаҳову хатҳо бисёр менависанд, онҳоро дар тӯйҳои арӯсӣ ва маҳфилҳои донишгоҳҳо ва ғайра гаштаю баргашта иқтибос меоваранд. Онҳоро он қадар зиёд ба забон мегиранд, ки таассуроте пайдо мешавад, ки гӯё онҳо шеърҳои зебо ҳастанд ва фаромӯш мешавад, ки онҳо маслиҳатҳои амалӣ ҳастанд. Бо вуҷуди ин, панҷ оят аз ин боб нишон медиҳанд, ки мувофиқи фармони Худо мо чӣ тавр бояд дӯст дорем. Барои таассуроти бештар бахшидан ин оятҳо ба сатрҳо тақсим шудаанд: Муҳаббат пуртоқат ва бошафқат аст, муҳаббат ҳасад намебарад, муҳаббат бо худ намеболад, мағрур намешавад, бадкирдорӣ намекунад, фоидаи худро намеҷӯяд, ба хашм намеояд, ба дил кина намегирад, аз зулм шод намешавад, балки аз ростӣ хурсанд мешавад; ҳама чизро рӯпӯш мекунад, ба ҳама чиз боварӣ дорад, ба ҳама чиз умед мебандад, ба ҳама чиз тоб меоварад. Муҳаббат ҳаргиз хотима нахоҳад ёфт. 1 Қӯр. 13:4–8 Рӯзе ин оятҳоро гаштаю баргашта хонда ва андеша карда, ки онҳоро дар амал чӣ тавр иҷро кунам, ман чизеро пайхас кардам, ки барои фаҳмидани ин оятҳо ба ман ёрдам дод. (Ман намедонам, ки дар забони аслии юнонӣ ва таълимоти қабулшуда то чӣ андоза ин нуқтаи назари ман оид ба истифода бурдани амалии ин оятҳо тасдиқ мегардад, бинобар ин бигзор гуфтаҳои зеринро на ҳамчун таълимот, балки як фикри ҷолиб ҳисоб кунем). Ман боварии қатъӣ дорам, ки ҳамаи хислатҳои муҳаббат, ки дар ин оятҳо оварда шудаанд, бо якдигар алоқаманд ҳастанд. Муҳаббат пуртоқат ва бошафқат аст Ба ҷуфти аввали хосиятҳои муҳаббат нигоҳ мекунем. Сабру тоқат — ин сифат, аммо шафқат нишон додан — ин амал аст. Маълум аст, ки агар мо сабру тоқатамонро аз даст диҳем, мо хашмгин мешавем. Аз ҳаёти худам дидам, вақте ки аз дасти кӯдакон ё ягон вазъиятҳои зиндагӣ сабру тоқатам адо мешавад, ман бо овози пурхашм суханони қабеҳ мегӯям. Як бегоҳ табъам хира буд ва ман диққатамро ҳеҷ ба дуо ҷалб карда наметавонистам, ва ба духтарам ҳеҷ сабру тоқат надоштам. Ман сард бо вай гап зада, аз наздаш рафтам. Аз ҳуҷраи духтарам баромада, ман фаҳмидам, ки ба духтарам фаҳмондан мехоҳам, ки чӣ қадар Падари Осмонӣ ӯро дӯст медорад, вале худам, падари заминӣ, бераҳмона рафтор кардам. Магар ин мухолифат нест? Ман боз ба ҳуҷраи духтарам баргаштам. Дар назди кати духтарам ба зону истода, аз вай узр пурсидам. Баъд вақти зиёдтар дар наздаш истода, бо мақсади нишон додани намунаи муҳаббати Худо, ба суханонаш бодиққат шудам. Муҳаббат ҳасад намебарад, муҳаббат бо худ намеболад Сарчашмаи ҳасад ин нобоварӣ ба қобилиятҳои худ ва худпарастӣ шуда метавонанд. Ҷиҳати дигари ҳасад ин таърифҷӯӣ ва кӯшиши худро аз дигарон беҳтар нишон додан аст. Мо, падару модарон бояд бениҳоят боэҳтиёт бошем ва аз сабаби ҳисси нобоварӣ ба қувваю қобилияти худ, набояд фарзандони худро паст занем, мо набояд онҳоро бо худ ё кӯдакони дигар муқоиса кунем. «Ту фикр мекунӣ, ки ҳаётат душвор аст! Аммо вақте ки ман хурд будам, роҳи дарозро дар барфи баланд бо қутии қоғазин ба ҷои пойафзол тай мекардам, то ки ба мактаб равам!» Чунин таъна кӯдакро ба пешравӣ водор намекунад, балки ӯро паст мезананд. Муҳаббат мағрур намешавад ва бадкирдорӣ намекунад Ғурур ба сари мо фикреро меорад, ки гӯё аз дигарон дида мо беҳтар ҳастем. Вақте ки мо худро аз дигарон баландтар ҳисоб мекунем, муносибати мо дағал ва беэҳтиромона мешавад. Агар мо ба дигарон гап гардонем, бояд тафтиш кунем, ки мабодо мағрур нашуда бошем. Агар мо бинем, ки фарзандонамон мисли мо бофаросот ва боистеъдод нестанд, мо бо онҳо дурушт муносибат карда метавонем ва суханони пасту баланд гуфт хафа кунонда метавонем. «Наход ҳаминро ҳам нафаҳмӣ?», «То кай ба ту инро фаҳмонам?» «Ту чӣ, беақл ҳастӣ?» Мо ба фарзандонамон бояд Худоро нишон диҳем, ки моро дӯст медорад, рӯҳбаланд мекунад, ҳарчанд мо ҳатто қатраеро аз он чӣ, ки Худо медонад, намедонем. Мо бояд худро хоксор бошем ва бо муҳаббат фарзандонамонро тарбия кунем. Инчунин бояд аз ёд набарорем, ки худамон ҳанӯз ёд гирифта истодаем. Мо ба фарзандонамон бояд Худоро нишон диҳем, ки моро дӯст медорад, рӯҳбаланд мекунад, ҳарчанд мо ҳатто қатраеро аз он чӣ, ки Худо медонад, намедонем. Муҳаббат фоидаи худро намеҷӯяд ва ба хашм намеояд Яке аз устодони рӯҳонии ман дар мавъизаи худ гуфта буд, ки решаи ғазаб худпарастӣ аст. Мо аз барои он ба хашм меоем, ки хоҳишҳои мо ё иҷро намешаванд, ё дар он вақте ки мо мехоҳем, иҷро намешаванд. Агар касе ё чизе ба иҷрошавии нақшаҳои мо халал расонад, мо ба хашм меоем. Ҳамин, ки дар дили мо хашм бардошта мешавад, мо зуд бояд ба худ савол диҳем, ки оё ба шахсияти худ зиёд банд нашудаем, магар беҳтар нест, ки дар бораи мӯҳтоҷиҳо, хоҳишҳо ва нақшаҳои дигарон фикр кунем. Мавридҳое мешаванд, ки баъд аз фаҳмондану огоҳ кардан низ кӯдакон корҳоеро, ки бар зиёни худашон аст, мекунанд. Дар чунин ҳолатҳо мо метавонем ба хашм оем, чунки дар бораи худ фикр намекунем. Ин хашм на аз сабаби худпарастии мо, балки аз сабаби муҳаббати мо нисбат ба фарзандонамон аланга мегирад. Бо вуҷуди он, дар бисёр ҳолатҳои хашми мо нисбат ба фарзандонамон, сабаби онро ҷустуҷӯ карда, мебинем, ки он дар худпарастист. Дар чунин сурат бозистода диққати худро бояд ба объекти муҳаббат ва ғамхориамон, яъне фарзандонамон гардонем. Муҳаббат аз зулм шод намешавад, балки аз ростӣ хурсанд мешавад Ҳар маротиба, ки мо дар ҳаёти ягон шахс хатогиро бинем, онро дар ёд нигоҳ медорем ва баъд дар ҳар фурсати мусоид онро хотиррасон мекунем, то диққати атрофиёнро ба он ҷалб кунем. Ин нишон медиҳад, ки мо аз зулм (бадӣ) шод мешавем. Ин хатои одам дар дасти мо ба асбоби хуб барои ҳукмронӣ кардан дар ҳаёти он одам ва таъсир кардан ба вай табдил мегардад. Аммо муҳаббат, баръакс ба ростӣ хурсандӣ мекунад. Он одамро рӯҳбаланд мекунад. Он одами хатокардаро таълим медиҳад, ба ислоҳ карда, такрор накардани он хато кӯмак мекунад. Инчунин муҳаббат ба корҳои дурусти одам низ аҳамият медиҳад ва ба ҷои таъна кардани хатогиаш водор месозад, ки одам пешравӣ дошта бошад. Мо, ҳамчун устодони фарзандонамон ба онҳо бояд нишон диҳем, ки Худо ҳамеша мебахшад, моро рӯҳбаланд мекунад, ки ба нобарории корамон нигоҳ накарда, пеш равем. Муҳаббат ҳаргиз хотима нахоҳад ёфт Чор баёноти зерин хулосаи «Боб дар бораи муҳаббат» ҳастанд ва гуфтаҳои болоро ҷамъбаст мекунанд. «Муҳаббат ҳама чизро рӯпӯш мекунад, ба ҳама чиз боварӣ дорад, ба ҳама чиз умед мебандад, ба ҳама чиз тоб меоварад». Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки Худо муҳаббат аст. Ӯ ҳамеша ҳама чизро рӯпӯш мекунад (яъне муҳофизат ва дастгирӣ мекунад). Вай ҳамеша ба мо бовар мекунад (дар бораи мо фикрҳои нек дорад ва бовар мекунад, ки мо одилона рафтор мекунем). Ӯ ҳамеша умед мебандад. Ин маънои онро дорад, ки боварии Ӯ ба мо ҳеҷ вақт гум намешавад. Инчунин Худо ба ҳама чиз тоб меоварад. Новобаста аз ҳеҷ чиз Худо моро ҳеч вақт намепартояд ва нисбат ба мо муҳаббат доштану ғамхорӣ карданро бас намекунад. Мо ҳамчун, падару модар, вақте ки хатогиҳои фарзандонамонро рӯпӯш мекунем, онҳоро муҳофизат ва дастгирӣ мекунем, бо ин Худоро нишон медиҳем. Мо дар бораи онҳо бояд фикрҳои нек дошта бошем ва боварӣ дошта бошем, ки онҳо дуруст рафтор мекунанд. Мо ҳа-меша ба онҳо умед мебандем ва аз онҳо умед намеканем. Муҳаббати мо бояд ҳама вақт дар амал бошад. Ва новобаста аз ҳеҷ чиз мо тарбия кардану таълим додани онҳо ва ба онҳо ғамхорӣ карданро бас намекунем. Вақте ки мо монанди Худо шуда, мисли Ӯ дӯст медорем, он гоҳ натиҷаҳои беҳтаринро ба даст меоварем. Оқибат муҳаббат ҳамеша ғалаба мекунад. «Муҳаббат ҳаргиз хотима нахоҳад ёфт», — дар Навиштаҷот ҳамин тавр гуфта шудааст. Ман оилаҳоеро дида будам, ки тамоми диққаташон ба интизоми сахти рӯҳонӣ ҷалб шуда буд, вале муҳаббат намерасид. Инчунин оилаҳоеро дида будам, ки интизоми рӯҳонӣ намерасид, вале муҳаббаташон кам намешуд. Он оилаҳое, ки ба фарзандон пеш аз ҳама дӯст доштани одамонро ёд медоданд, оилаҳои мустаҳкам ва иттифоқ буданд. Аммо мувафаққияти зиёдро мо бештар дар он оилаҳое медидам, ки дар он ҷо фарзандонро дӯст медоштанд, ғамхорона дуо карданро ба онҳо ёд медоданд. Чунин оилаҳо пур аз файзи Худованд буданд. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки имон бо муҳаббат амал мекунад (ниг.: Ғал. 5:6). Ҳавворӣ Юҳанно низ эълон мекунад: «Агар касе гӯяд, ки “Ман Худоро дӯст медорам”, вале аз бародари худ нафтар кунад, вай дурӯғгӯй аст» (1 Юҳ. 4:20). Мо бо ҳаёти худамон ба фарзандонамон бояд Худоро нишон диҳем. Нишон диҳем, ки Худо бе ягон шарту шароит дӯст медорад, ба мо ҳамеша ғамхорӣ мекунад, моро таълиму тарбия медиҳад ва ба ром кардани хоҳишҳои нафсониамон ба мо ёрдам медиҳад ва ҳар коре, ки Ӯ мекунад, барои фоидаи мо мекунад. Худо муҳаббат аст. Муҳаббат ҳаргиз хотима нахоҳад ёфт. Вақте ки мо монанди Худо шуда, мисли Ӯ дӯст медорем, он гоҳ натиҷаҳои беҳтаринро ба даст меоварем. Саволҳо Шумо ба фарзандони худ чӣ тавр хизмат карда метавонед? Панҷ мисол оваред. Рӯйхати ин хизматҳоро тартиб дода ба рӯзҳои ҳафта тақсим кунед. __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ Вазифа: тақвим (календар) Барои фарзандони худ тақвими махсус тартиб диҳед. Дар он тақвим шумо чанд моҳ пешакӣ бояд қайд кунед, ки барои ба фарзандонатон нишон додани муҳаббати Худо чӣ кор карда метавонед. Ин тақвим ин тавр сохта мешавад: тақвимеро бихаред, ки ба фикратон ба фарзандонатон маъқул мешавад. Дар он идҳои оилавиро мисли рӯзҳои таваллуд, рӯзҳои таътил, солгириҳо ва ғайра қайд кунед. Дар ҳар моҳ ду рӯзи махсусро қайд кунед. Баъд фикр карда, бинед, ки дар ҳар як ин рӯз шумо чӣ тавр ба фарзандонатон хизмат карда, муҳаббататонро нишон дода метавонед. Шумо ягон чорабинии махсусро ба нақша гирифта метавонед ё ягон тӯҳфа барояшон кунед, ягон иде ташкил кунед, ки онҳо бетоқатона мунтазираш шаванд. Ин ҳатто сӯҳбати оддӣ як ба як бо фарзандонатон шуда метавонад. Он тақвимро ба фарзандона-тон тӯҳфа кунед, бигзор онро дар ҷои намоён овехта, донанд, ки ҳар моҳ барояшон чӣ тайёр мешавад. Мавзӯъҳои дуо • Худоро шукр кунед, ки дар Исои Масеҳ Ӯ ба мо муҳаббати ҳақиқиро нишон дод. • Аз Худо хоҳиш кунед, ки ба шумо дӯст доштани фазандонатон ва ба онҳо хизмат карданро ёд диҳад. • Аз Худо хоҳиш кунед, ки ба шумо кӯмак кунад, то дар ҳар кору суханатон шумо ба фарзандонатон муҳаббати худро нишон дода тавонед. Дуои кӯдак «Падари Осмонӣ, барои падару модарам Туро шукр мекунам. Аз Ту хоҳиш мекунам, ки ба падару модарам ёрӣ деҳ, то онҳо ба ман дар бораи Ту нақл кунанд ва Туро нишон диҳанд. Дар номи Исои Масеҳ, омин». Боби 9. Хайру баракати ҳайратангез Худованди азиз, барои бархестан ба ман кӯмак кун, зеро ман худам фақат афтида метавонам. Зарбулмасали яҳудӣ Каме болотар ман ба шумо гуфта будам, ки агар ҳис кунед, ки гӯё ин китоб аз шумо бисёр чиз талаб мекунад, рӯҳафтода нашавед. Акнун, ки шумо порчаи зиёди қисми дуюми ин китобро хондед, ба саратон фикре омаданаш мумкин: «Ин Рик ба ман мегӯяд, ки ман комил бошам, намунаи ибрат бошам, фарзандонамро дӯст дорам, дар ҳаёти дуохониашон таълим диҳам ва ҳамаи ин то рӯзи душанбеи оянда иҷро шавад. Ҳо, шояд боз мехоҳад, ки баъзе мушкилиҳои сиёсии ҷаҳонро ҳал кунам». Албатта, то рӯзи душанбеи оянда ҳеҷ каси мо комил шуда наметавонем, ва тарбияи рӯҳонӣ инро дар назар ҳам надорад. Ман ба шумо як роҳеро пешниҳод кардан мехоҳам, ки ман худам ба он таваккал мекунам. Бе ин роҳ ман аз ӯҳдаи вазифаи падар баромада наметавонистам. Ин тарбия аз рӯи файз аст, яъне тарбия аз рӯи марҳамати Худо. Корҳои Худованд Барои фаҳмидани маънои тарбия аз рӯи файз ё барои нишон додани қувваи файзи Худованд дар тарбияи фарзандони худотарс, яке аз ҷиҳатҳои таҷрибаи аввалаи масеҳии маро дида мебароем. Вақте ки ман масеҳӣ шудам, фақат дар мунтазири он будам, ки маҷлиси дуохонии навбатӣ кай мешавад. Як шахси нек маро «аскари рӯҳонӣ» номида буд. Ман бисёр саъйю кӯшиш мекардам, ки ба Худо писанд оям, корҳои дуруст кунам ва комил гардам, ки дар натиҷа агар ба хатогии хурд ҳам роҳ диҳам, худро зиёд сарзаниш мекардам. Ҳолатам то дараҷае омада мерасид, ки аз ҳама чиз даст мекашидам. Ман ба таслим шудан тайёр будам. Баъд ба дастам китоби Эндрю Мюррей афтод. Маротибаи дигар ман мазаммату сарзанишиши худро бас кардам, ва ба хондани ин китоб даромадам. Ҳангоми хондан диққатамро суханон аз Нома ба Филиппиён ба худ ҷалб кард: «Зеро ки Худованд дар шумо, бо ҳусни таваҷҷӯҳи Худ, ҳам хоҳиш ва ҳам амалро ба вуҷуд меоварад» (Фил. 2:13). Ин оят маро ба ҳайрат овард ва дар вуҷудам ҳама чиз гӯё дод зада мегуфт: «Рик наметавонад, ки дар худ аввал хоҳиши иҷро кардани иродаи Худоро ба вуҷуд оварад ва баъд ба иҷро кардани он худро маҷбур кунад. Ин корро Худо мекунад. Ин кори Худо аст». Вақте ки мо дар назди Худо сар хам мекунем, Ӯ бо муҳаббат дилҳо ва ҷонҳои моро тағйир медиҳад. Қалъаи ман шикаст ва ман аз фаҳмидани он, ки то чӣ андоза ба қувваи худам таваккал мекардам, вақти дароз гиря мекардам. Исо на фақат барои ҳал кардани масъалаи гуноҳ ҷон дод, балки инчунин барои он, ки мо аз нав муносибатҳои хуб бо Худо дошта бошем, ки Ӯ моро дӯст медорад, ҳамроҳамон меҳнат мекунад ва ба ҳаётамон роҳбарӣ мекунад ва бо муҳаббат моро ба инкишофи рӯҳонӣ водор месозад, то мо ҳамон тавре, ки Ӯ моро офаридааст, шавем. Мо таслим намешавем, балки худро ба дасти Худо месупорем. Мо ба пеш ҳаракат карда, на ба қувваи худ таваккал мекунем, балки ба роҳнамоии Худо ва Писари Ӯ Исои Масеҳ итоат мекунем. Вақте ки мо дар назди Худо сар хам мекунем ва ҳаёти худ ва инкишофи рӯҳониамонро ба дасти Ӯ месупорем, Ӯ бо муҳаббат ба воситаи Рӯҳи Муқаддас дилҳо ва ҷонҳои моро тағйир медиҳад. Баъд аз ин воқеа ман дар Китоби Муқаддас оятҳои дигареро низ пайдо кардам, ки дар ҳаёти ман роҳбарӣ кардани Худоро тасдиқ менамуданд. Ин ҷо фақат қисми хурди он чист, ки ман пайдо кардам. Бигзор [Худо] шуморо дар ҳар кори нек барои иҷрои иродаи Ӯ комил гардонад ва он чӣ ба Ӯ писандида бошад, дар шумо ба василаи Исои Масеҳ ба амал оварад, ки Ӯро то абад ҷалол бод! Омин. Ибр. 13:21 Худи Худои осоиштагӣ бигзор шуморо ба куллӣ пок гардонад ва рӯҳу ҷону ҷисми шуморо дар вақти омадани Худованди мо Исои Масеҳ комилан беайб нигоҳ дорад. Даъваткунандаи шумо бовафо аст ва инро низ ба амал меоварад. 1 Тасл. 5:23–24 Ва дили тоза ба шумо хоҳам дод два рӯҳи тоза андаруни шумо хоҳам ниҳод ва дили сангинро аз ҷисми шумо дур хоҳам кард ва дили гӯштин ба шумо хоҳам бахшид. Ва рӯҳи Худро андаруни шумо хоҳам ниҳод ва шуморо водор хоҳам намуд, ки бар тибқи фароизи Ман рафтор кунед ва дастурҳои Маро риоя намоед ва ба ҷо оваред (Ҳиз. 36:26–27; инчунин ниг. 1 Қӯр. 15:10 ва Фил. 1:6). Худо Худаш моро роҳбарӣ мекунад ва тағйироти заруриро, то ки мо бо роҳҳои Ӯ рафта ва баракатҳои Ӯро гирифта тавонем, ба вуҷуд меоварад. Аз мо фақат ҳамин чиз талаб карда мешавад, ки ба Ӯ таваккал кунем ва назди Ӯ сар хам кунем, то ба пеш рафта тавонем. Мо бояд барои он соҳаҳои ҳаётамон, ки кӯмаки Ӯ лозим аст, аз Ӯ роҳбариашро хоҳиш кунем. Тарбияи фарзандон низ ба чунин соҳаҳо дохил мешавад. Худованд ба мо ҳикмат медиҳад, то мо ҳамон гуна падару модари мувофиқи хости Ӯ шавем. Фикр кунед 1. Дар бораи оятҳои оварда шуда фикр кунед (шумо оятҳои дигарро низ ҷустуҷӯ карда метавонед). Дар кадом соҳаҳои ҳаётатон дониш дар бораи он, ки Худо шуморо роҳбарӣ мекунад, аз ташвишҳову хавотирӣ озод мекунад? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ 2. Дар кадом ҳолатҳо шумо аниқ мебинед, ки ҳамчун падар ё модар ҳақиқатан мӯҳтоҷи файзи Худованд ҳастед? Бо кадом тарз шумо метавонед, ки аз он мамонияте, ки дар сари роҳи гирифтани файзи Худованд меистад, озод шавед? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ 3. Шумо чӣ тавр ба Худованд бештар боварӣ карда метавонед? Оё шумо медонед, ки дар назди Худо чӣ тавр сар хам карда ва бо мувафаққият ба пеш рафта метавонед? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ Тарбия аз рӯи файзи Худованд Фарзандони мо аҷиб офарида шудаанд, ҳар яки онҳо офариниши бемисли Худованд ҳастанд. Ҳамаи онҳо тоҷи офариниши Худо мебошанд. Сохти онҳо чунон мураккаб аст, ки олимон, психологон ва духтурон ба кушодани банди муаммои ҳамаи сирру асрори сохт ва амал кардани организми кӯдакон ҳатто наздик ҳам нашудаанд. Агар инро донем, он гоҳ тарсидан лозим нест, ки Худо моро дар тарбияи фарзандонамон бе кӯмаку ҳикмати Худ мемонад. Чӣ тавр мо фикр карда метавонем, ки гӯё дар бораи тарбияи кӯдакон чизеро медонем? Худо моро роҳбарӣ мекунад Худо мехоҳад, ки мо аз Ӯ хоҳиш кунем, то моро падару модарони хуб созад. Ӯ мехоҳад, ки ба мо ҳикмат диҳад ва рӯз аз рӯз ба иҷро кардани ин вазифаамон ба мо кӯмак кунад. Мо комил намешавем, вале вақте ки Худо бо мо роҳбарӣ мекунад ва мо ба файзи Ӯ таваккал мекунем, Ӯ хатогиҳои моро ислоҳ карда, ҳама чизро ба фоидаи мо мегардонад. Вазифаи аз ҳама асосии мо, ҳамчун тарбиягарон ин аст, ки кӯдаконро ба Худованд наздик кунем ва ба онҳо дуо карданро ёд диҳем. Дар иҷрои ин вазифа мо аз Худо ҳикмат ва кӯмак талаб карданамон лозим аст, то ки Ӯ моро насиҳат карда тавонад. Ба мо барои рӯҳан калон шудан, одамони хуб ва муаллимони меҳрубон шудан ва барои фарзандонамон қурбон карда тавонистани ҳаётамон, ёрии Худо зарур аст. Умедворам, ки ин ба назар суханони баланд наменамоянд, чунки ҳамаи ин ҳақиқати ҳаёти мост. Душвор нест, ки ба Худо ҳар рӯз чунин суханонро гӯем: «Ман худам инро карда наметавонам. Ту гуфта будӣ, ки маро роҳбарӣ мекунӣ ва маро водор месозӣ, ки аз паи Ту равам ва иродаи Туро иҷро кунам. Ёрдам деҳ, ки фарзандонамро мувофиқи фармонҳои Ту тарбия кунам». Вақте ки шумо ба ҳолате гирифтор мешавед, ки ҳалли онро намедонед, беқарор нашавед, балки аз Худо мадад ва ҳикмат талаб кунед. Боз як вазъияти хуб он аст, ки Худо моро на фақат дар он мавриде, ки дуо мекунем ё ба фаздандонамон дуо карданро ёд медиҳем, роҳнамоӣ мекунад. Ӯ ҳар дақиқа, дар ҳар ҷое, ки мо, падару модарон набошем, ба фарзандони мо ғамхорӣ мекунад. Ин ба плакати рекламавӣ монанд аст, ки дар тасвираш як одам истироҳат карда меистад ва навишта шудааст: «Ман плитаи газамро тоза мекунам». Мо метавонем боварии қавӣ дошта бошем, ки Худо ҳатто дар он мавридҳое, ки мо бо фарзандонамон машғул нестем (баъзан маҳз дар ҳамин мавридҳо), дар ҳаёти онҳо ҳузур дорад. Раҳмдил бошед ва аз нишон додани ҷиҳатҳои сусти худ натарсед Боз як эзоҳ оиди «тарбия аз рӯи файз»: ҳар касе, ки ҳақиқатан ҳамчун масеҳӣ рӯҳан калон мешавад, аз рӯи марҳамати Худо калон мешавад. Бинобар ин касе, ки аз рӯи файзи Худованд калон мешавад, нисбат ба дигарон раҳмдил мешавад. Чунки вай мефаҳмад, ки на бо кӯшишҳои худ дар имон устувор мешаваду ба пеш ҳаракат мекунад. (Бе кӯмаки Худо ман ҳеҷ вақт муборизаро бар зидди худ бас намекардам.) Ба фарзандони худ раҳмдил шавед, чӣ тавре, ки Падари Осмонии мо нисбат ба мо раҳмдил аст. Худро комил нишон доданро кӯшиш накунед. Кӯдакон намегузоранд, ки онҳоро фиреб диҳанд. Дар файз калон шавед ва аз фарзандонатон пинҳон накунед, ки худи шумо низ рӯҳан калон шуда истодаед. Бигзор онҳо бубинанд, ки шумо чӣ қадар саъю кӯшиш мекунед ва Худо барои ғалаба кардани шумо чӣ қадар мадад мерасонад. Аз нишон додани ҷиҳатҳои сусти худ натарсед. Вақте ки дар дуо ҳамроҳи фарзандонатон ҳастед, ба зону истода, аз Худованд бахшиш пурсед, хоҳиш кунед, ки Ӯ шуморо тағйир диҳад ва устувор гардонад, то ки падару модари хуб шуда тавонед. То ки ҳаёти дуохонии фарзандонамон бомувафақият шавад, то ки онҳо бо Худованд муносибат карда тавонанд, онҳо бояд ба марҳамати Худо таваккал карданро ёд гиранд. Ба онҳо лозим аст, ки аз Худо хоҳиш кунанд, то онҳоро таълим ва тағйир диҳад ва аз ҳама муҳимтар ба шиноҳтани Ӯ ёрдам диҳад. Аммо ин чизҳоро онҳо аз ҳаёти мо дида ёд гирифта метавонанд. Онҳо бояд бинанд, ки мо, падару модарон низ чӣ тавр ба Худо таваккал мекунем ва дар имонамон қавӣ мегардем, чӣ тавр хато карда, баъд оҳиста-оҳиста ислоҳ мешавем. Дар файзи Худованд ба воя расед ва аз фарзандонатон рӯҳан калон шудани худро пинҳон накунед. Афзалияти нокомилӣ Он насли исроилиёне, ки Худо онҳоро якрав ва гарданшах номид, онҳое, ки дар биёбон мурданд, наслеро тарбия кард, ки баъдан Канъон, замини ваъдашударо забт кард. Шояд насли нав беҳтарин аз ҳама наслҳое буд, ки дар Китоби Муқаддас тасвир ёфтааст. Ин насл Худоро дӯст медошт ва Ӯро пайравӣ мекард, бо вуҷуди ин, онҳо насли бадкоронро тарбия карданд, ки аз рӯи гуфтаҳои Китоби Муқаддас худотарсӣ надошт ва ба бутҳои канъонӣ саҷда мекард. Чаро? Магар мавҳуми «падару модари худотарс» бо мавҳуми «фарзандони худотарс» баробар нест? Не. Нобаробарии ин ду мавҳум бо натиҷаи калоншавӣ дар имон муайян мегардад. Ҳарчанд, ки исроилиёни насли аввал якрав ва гарданшах буданд, онҳо ёд гирифта тағйир меёфтанд. Ҳангоми хато карданашон онҳо аз Худо бахшиш ва мадад пурсиданро ёд мегирифтанд. Фарзандонашон ҳамроҳи онҳо дар биёбон мегаштанд. Онҳо хатогиҳои падару модаронашон, мӯъҷизаҳои Худованд ва ҷазоҳои Худоро медиданд. Имони онҳо якҷоя бо имони падару модарашон калон мешуд ва оқибат онҳо ба Худо хизмат карданро ёд гирифтанд. Дар замини ваъдашуда онҳо ҳаёти ором ва фаровон доштанд. Онҳо бо мушкилиҳои пештара дучор намешуданд ва дигар он мӯъҷизаю ҷазоҳои гуноҳҳоро намедиданд. Дар натиҷа онҳо ба фарзандонашон ҳамроҳи худ рӯҳан калон шуданро ёд надоданд. Агар мо нокомил бошем, метавонем хурсанд бошем, чунки вазифаи мураббияи фарзандонро хуб иҷро карда метавонем, то ки онҳо худотарс шаванд. Дуоҳои Линколн Дар аввали қисми дуюм мо дар бораи Авраам Линколн зикр кардем, ки гуфта буд, ки дуо ин пояи ҳаёти ӯст. Шарҳи ҳоли ӯро хонда, шумо мебинед, ки ӯ дуоро воситаи охирин мекард. Ҷавони қоматбаланд, боқувват дар байни шиносони худ бисёр машҳур буд, вай хушҳол, ҳозирҷавоб буд ва ҳар гуна ҳикояҳоро он чуноне, ки касе наметавонист, нақл мекард. Ӯ коргари ҳалолкор буд. Ӯ мактаби ҳуқуқшиносиро тамом карда, ба пастию баландии ҳаёт, ҳолатҳои душвор ва пастравиҳо нигоҳ накарда, ба сӯи мақсадаш ҳаракат мекард. Вале баъд аз президенти ИМА интихоб шуданаш ба гардани Линколн масъулияти калон гузошта шуд, ки тамоми мамлакаташро аз ҷанги дохилӣ барорад, ӯ дар суханони худ дар пеши мардуму сӯҳбатҳои шахсӣ дар бораи дуо, иқрор мешуд, ки норасогии қувват ва ҳикмати худро мебинад. Рӯзе президент Линколн гуфт: «Ман зуд ба фикре расидам, ки бе ёрдами бевоситаи Парвардигор қуввати ман ба ягон кор кифоя намерасад. Ман бисёр вақт мехостам, ки аз он ки будам, бештар худотарс шавам. Аз барои мушкилиҳое, ки дар пеши ҳукуматдориам истода буданд, ба ғайр аз ба Худо таваккал кардану бовар кардан, ки Ӯ ҳама корро ба ҳаққи адолат ҳал мекунад, дигар чораеро намедидам». Маротибаи дигар вай ба духтуре, ки ба Линколн барои ба аскарони маҷрӯғ ғамхорӣ карданаш изҳори миннатдорӣ мекард, чунин ҷавоб дод: «Як шаб, ки борон меборид, хобам ҳеҷ намеомад. Маро ҳолати аскарон ва баҳрнавардони маҷрӯҳ нороҳат месохт, ҷароҳатҳои онҳо дили маро пора-пора мекард ва ман аз Худо хоҳиш кар-дам, ки ба ман роҳи ба онҳо кӯмак карданро нишон диҳад. Баъд аз дуои ман Худо ба ман нақшаи сохтани шӯъбаи санитариро нишон дод ва он айнан ҳамон тавре, ки Худованд ҳамон шаб ба ман нишон дода буд, сохта шуд. Духтур, маро не, Падари Осмонии некро шукр гӯед»[10]. Баъд аз муҳориба назди Геттисберг аз Авраам Линколн пурсиданд, ки аз куҷо ӯ боварӣ дошт, ки ин муҳориба бо муваффақият анҷом меёбад. Ӯ каме таъхир карда, ҷавоб дод: Хуб, ман ҳамаи воқеаро нақл мекунам. Дар лаҳзаи муҳими муҳориба, ки ба назар гӯё ҳама бесаранҷом шуданд ва касе гуфта наметавонист, ки муҳориба бо чӣ анҷом меёбад, ман аз вазнинии ҳолатамон парешонхотир шуда, ба ҳуҷраам даромада, дарро аз қафоям бастам. Дар он ҷо назди Худои пурқудрат ба зону истода, бо тамоми вуҷудам барои ғалаба назди Геттисберг дуо кардам. Ман ба Худо гуфтам, ки ин ҷанги Ӯ аст ва кори мо ин кори Ӯ аст. Аммо агар ин дафъа мисли муҳорибаҳои назди Фредериксберг ё Чэнслорсвилл мағлуб шавем, тоб оварда наметавонем. Баъд ман ба Худованд қавл додам, ки агар бо аскарони мо назди Геттисберг бошад, ман бо Ӯ мебошам. Пас аз ин дуо (баён карда наметавонам, ки чӣ тавр) дили маро як оромии ширине фаро гирифт ва ман медонистам, ки Худои пурқудрат тамоми корро ба дасти Худ мегирад ва натиҷаи муҳориба назди Геттисберг бомуваффақият мешавад. Барои ҳамин ман дигар ташвиш намекашидам[11]. Авраам Линколн бештару бештар ба дуо такя мекард ва дар назди мардум низ ба ин иқрор мешуд. Вай дар замони аз ҳама вазнинтарин ба тамоми мамлакат роҳбарӣ мекард ва ин корро аз барои он карда тавонист, чун фаҳмид, ки пояи ҳаёт дуо аст, ва агар дар дуо бо Худо иттифоқ нашавем, ҳеҷ кори боаҳамияте карда наметавонем. Саволҳо 1. Дар чӣ шумо комил нестед? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ Шумо, барои ба фарзандонатон нишон додани амали файзи Худованд, чӣ тавр камбудиҳои худро ислоҳ карда метавонед? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ 2. Фарзандони шумо бо кадом мушкилиҳо дучор мешаванд? Баъзе мушкилиҳоеро, ки фарзандонатон дар давоми ҳафтаи охирин ё ду ҳафтаи охирин нақл карданд, қайд кунед. __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ 3. Шумо барои ёрдам додан дар ҳал кардани ин мушкилиҳо чӣ тавр таҷрибаи худро истифода бурда метавонед? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ Мавзӯъҳои дуо • Худоро шукр гӯед, ки ҳамеша барои мадад дар тарбия фарзандонатон ба Ӯ муроҷиат карда метавонед. • Фикр кунед, ки дар кадом ҳолатҳо ба шумо, ҳамчун падару модарон роҳнамоии Худо лозим аст. Аз Худо ҳикмат талабед, то бидонед, ки дар чунин ҳолатҳо чӣ тавр бояд рафтор кунед. • Ба Худованд дар бораи ғалабаҳо, пастравиҳо, фикру андешаҳо, суханон ва корҳоятон нақл кунед. Хоҳиш кунед, ки ҳамаи инро Ӯ барои ҷалоли Худ истифода барад. • Аз Худо хоҳиш кунед, ки ба шумо ва фарзандонатон файзи Худро бидиҳад ва шуморо ба Худ наздик кунад. Дуои кӯдак «Падари Осмонӣ, Туро барои падару модарам шукр мекунам. Ёрдам деҳ, ки ман нисбат ба онҳо ва онҳо нисбат ба ман бо сабру тоқат бошанд. Шукр мекунам Туро, ки ба ман падару модареро додаӣ, ки маро дӯст медоранд ва барои ҳал кардани мушкилиҳоям ба ман ёрдам медиҳанд. Дар номи Исои Масеҳ, омин». * Қисми 3. Сар кардем! * Бо хоҳиши шинохтани Худо як воиз зиёд дуо мекард, ҳамеша Китоби Муқаддасро хонда меомӯхт ва ба дониши муҳимтарин омада расид, ки ин боварии қатъӣ ба он аст, ки Худо ба дуо ҷавоб медиҳад. Вай дида буд, ки Худо бисёр маротиба мӯҳтоҷиҳояшро ҳал мекард ва пойҳои ӯро равона карда, таълим ва тағйир медод. Вай ба Худои зинда таваккал мекард ва ба Ӯ хизмат мекард, барои ҳамин ба дуоҳои худ ҷавоб мегирифт. Рӯзе ӯ навист: «Ман фикр кардам, ки бояд ба Калисои Масеҳ бо он бахшоиши файзе, ки Ӯ ба ман додааст, яъне ба ваъдаҳои Худо пурра таваккал кардан, хизмат кунам»[12]. Ба воситаи дуо ӯ дар имон калонтар мешуд. Вақте ки дигарон шубҳа мекарданд, вай умед мебаст. Ҳангоме, ки вай бо одамоне, ки давраи мушкили ҳаёташонро аз сар мегузаронданд, сӯҳбат мекард, хоҳ онҳо коргари оддӣ, хоҳ тиҷоратчӣ ё олим бошад, вай доимо онҳоро ба дуо кардану ба Худо таваккал кардан ва мунтазири мадади Худо шудан водор мекард. Бисёр вақт одамон шубҳа карда, аз таваккал кардан ба Худо метарсиданд. Он воиз дар бораи ин чунин мегуфт: «Маълум буд, ки одамон Худоро ҳамчун Худои зинда ҳисоб намекарданд. Ин бисёр вақт маро азоб медод ва ман бисёр мехостам, ки ягон кор бикунам, то ба ҳамаи фарзандони Худо нишон диҳам, ки Худо ҳатто дар замони мо касони ба Ӯ таваккал мекардаро танҳо намемонад»[13]. Ин одам дар бораи иҷро шудани як нақшаи бениҳоят калон, ки ҳам ба масеҳиён ва ҳам ғайримасеҳиён зинда будани Худо ва ба дуоҳо ҷавоб медодани Ӯро хотиррасон мекард, дуо хонданро сар кард. Ин воиз на пул ва на воситаи дигар барои иҷро кардани ин нақша дошт. Аммо вай як қарори диловаронае гирифт, ки ба ғайр аз Худо ба касе дар бораи мӯҳтоҷиҳое, ки вобаста аз ин нақша дошт, намегӯяд ва аз касе ғайр аз Худо чизе талаб намекунад. Худо бошад, ҳамеша ба дуоҳои вай ҷавоб медод ва ба иҷрошавии нақшаҳояш ёрдам медод. Он чӣ Худо аз рӯи дуоҳои Ҷорҷ Мюллер кард, ҳазорҳо одамонеро, ки дар бораи вай хондаанд ё шунидаанд, рӯҳбаланд сохт, то ба Худо таваккал кунанд. Имони фарзандони мо низ устувор шуда метавонад. Дуоҳои пайваста барои мустаҳкам кардани имони онҳо ёрдам медиҳад, ки дар натиҷа онҳо Худои зинда ва роҳнамоии Ӯро мебинанд. Дар ин қисми ҷамъбастӣ мо ба шумо дар таълим додани дуои ҳаррӯза ба фарзандатон ёрӣ медиҳем. Дар ин ҷо маслиҳатҳои амалӣ ва вазифаҳо пешниҳод мешаванд, ки барои иҷрои ин масъулият ба шумо кӯмак мекунанд. Вале мо ба шумо як системаи комил ва ҷавобҳо ба ҳар саволҳо пешниҳод намекунем. Ҳар ҳолат ва ҳар кӯдак бемисл аст, бинобар ин фақат Худо ҷавоби ба шумо лозимро дода метавонад. Дар бобҳои оянда ба шумо мегӯянд, ки шумо барои калон шудани имони фарзандони худ ва мустаҳкам гаштани муносибати онҳо бо Худо ёрдам дода метавонед. Боби 10. Дар дуо инкишоф ёфтан Дуо Худоро не, балки касеро, ки дуо мекунад, тағйир медиҳад. Сёрен Кҳеркегор Ҷаҳони зиндагии мо мураккаб аст ва барои ҳалҳои содда ҷое нест. Ана барои ҳамин дар бораи роҳҳои баромадан аз ҳолатҳои гуногун бисёр баҳсу мунозира мекунанд. Шаҳрвандон, сиёсатмадорон ва иқтисодчиёни амрикоӣ ҳеҷ ба як фикр омада наметавонанд, ки оё даромад ва харҷи бюҷет баробар шуда метавонад ва агар шавад, чӣ гуна онро муваффақ шуда метавонанд. Одамони Канада баҳс мекунанд, ки оё худмухториро ба фаронсазабонони Квебек диҳанд ё не. Ҷомеашиносон баҳс мекунанд, ки оё метавонанд падару модарони коргар бо фарзандони худ кам вақт гузаронанду ҷуброни норасогии онро бо бештар диққат додан ба фар-зандон супоранд: баъзеҳо «мешавад» мегӯянд, вале бисёр касон «намешавад» мегӯянд[14]. Вақте, ки мо ба фарзандонамон дуо карданро ёд медиҳем, бояд эҳтиёт шавем, ки дар ҳар ҳолат ҷавобҳои якхела надиҳем. Ҷараёни тарбия ва омӯзиши дуо барои ҳар кӯдак бемисл аст. Барои ҳамин ҳар ҳолат ҳалли махсусро талаб мекунад ва ҳамаи онҳоро мо дар саҳифаҳои ин китоб номбар карда наметавонем. Вале таскин меёбем, ки фикрҳои ин ҷо оварда шударо мо на аз сарварони ҷумҳур, олимон, психологон ё диндорон, балки аз падару модарони оддӣ гирифтаем, ки дуо мекунанду бовар мекунанд, ки барои бо муваффақият иҷро кардани ин вазифаи душвор Худо ба онҳо ҳикмат ва қувват мебахшад. Ҳамин тавр, дар ин қисми ҷамъбастӣ мо масъалаҳои аз ҳама муҳимро дида мебароем ва ба шумо базаи аҷоиби маълумотҳоро пешкаш мекунем, ки шумо ба он такя карда тавонед. Бо вуҷуди ин, шумо, ҳамчун падару модарон пурра аз Худо вобаста ҳастед ва пеш аз ҳама аз Ӯ бояд ҳикмат ва мадад талаб кунед. Кӯдак қобилияти иҷро кардани ҳар кор ва ҳар чизро оҳиста-оҳиста ёд мегирад. Ана, боз як огоҳӣ оид ба методи таълим: дар ёд дошта бошед, ки кӯдаконро маҷбур кардан мумкин нест. Ҳар як кӯдак бемисл аст ва барои сохтани муносибати махсуси худ бо Худованд офарида шудааст, ки ин муносибат аз худи ҷараёни таълимот муҳимтар аст. Агар шумо яке аз маслиҳатҳои дар ин қисми китоб пешниҳодшударо истифода бурда бошеду он ба шумо ёрдам надод, пас, ҳамту дуо карда, ягон ҳалли дигари онро пайдо кунед. Аммо таълим доданро қатъ накунед! Дар ёд дошта бошед, ки Худованд ба мадади шумо ҳама вақт тайёр аст. Қобилияти дуо карданро чӣ тавр тараққӣ додан лозим аст Кӯдак қобилияти иҷро кардани ҳар кор ва ҳар чизро оҳиста-оҳиста ёд мегирад. Вақте ки фарзандонамон хурд ҳастанд, мо ба онҳо чизҳои оддӣ ёд медиҳем ва умедвор мешавем, ки ҳангоми калон шудан онҳо ба ҷаҳони калонсолон хуб тайёр шуда медароянд ва ҷои худро дар ҷомеа пайдо карда метавонанд. Ҷараёни таълимдиҳии дуо низ истисно нест. Дар аввал мо ба кӯдакон чизҳои оддӣ, масалан, кӯтоҳ дуо карданро ёд медиҳем, баъд ёрдам медиҳем, ки рӯҳан калон шуда, то вақти ба балоғат расиданашон дар ҳаёти дуохонӣ ба камолот мерасанд. Вақте ки мо мақсади охиринро ба даст овардан мехоҳем, бояд мақсадҳои хурдро ҳам дар назди худ гузорем, то ки аз роҳамон нагардем. Аз як мақсади хурд ба дигараш гузаштанро мо зинаҳои инкишофи рӯҳонӣ номида метавонем, ки фарзандонамон бо он боло мебароянд. Албатта, мо доимо бояд дар ёд дошта бошем, ки гузариш аз як зина ба зинаи дигар на бояд суръати инкишофи кӯдакро муқаррар созад. Бештар инкишофи рӯҳонӣ бояд гузаришро аз як зина ба зинаи дигар муқаррар кунад, чунки ҷараёни таълими дуо барои ҳар кӯдак махсус аст ва онро тезонда намешавад. Самуил ва Исо Давраҳои маъмулии инкишофи рӯҳониро мо дар ҳаёти Самуил мушоҳида карда метавонем. Самуил яке аз хизматчиёни бузурги Худо, пайғамбар буд, ки дар борааш дар Китоби Муқаддас навишта шудааст, ки ӯ натарсида ҳақиқати Худоро эълон мекард ва ҳама фармонҳои Худоро иҷро мекард. Дар Китоби Муқаддас айёми кӯдакии на он қадар бисёр одамон нақл шудааст, аммо дар бораи хурдии Самуил навишта шудааст. Дуюм шахсе, ки мо дар бораи хурдсолиаш аз Китоби Муқаддас каму беш таассурот пайдо мекунем, Исо аст. Муқоиса кардани хурдсолагии ин ду бачаҳо аҷиб аст. 1. Модари Самуил, Ҳанно пеш аз таваллуд шудани Самуил, ӯро ба Худо бахшид, то ки писарашро Худи Худо барои Худ тарбия кунад. Пеш аз он ки Исо таваллуд шавад, Худо Ӯро ба мо бахшид, то ки мо Ӯро дар ҷаҳонамон барои худ калон кунем. 2. Вақте ки Самуил ба дунё омад, модараш ба Худо суруди ҳамду сано хонд. Вақте ки Марям бо Исо ҳомиладор шуд, суруди монанд ба суруди ҳамду санои Ҳанно ба Худо хонд. Марям ҳатто баъзе чизҳоро аз суруди Ҳанно гирифта буд. 3. Ҳар дуи ин бача аз ҷониби Худо хирад гирифта буданд ва ҳар дуяш Худоро шод мегардонданд. Оятҳои 1 Подш. 2:26 ва Луқ. 2:52-ро муқоиса кунед 4. Лаҳзаи тағйиротӣ дар ҳаёти дуохонии ҳардуяшон ҳанӯз дар давраи бачагиашон рӯй дода буд. Вақте ки Самуил тақрибан дувоздаҳсола буд дар Хонаи Худо бо вай Худи Худо гап зад. Ин лаҳза муносибати ӯро бо Худо пурра тағйир дод. Вақте ки Исо дувоздаҳсола шуд, он се рӯзе, ки Ӯ дар Хонаи Худо гузаронд, лаҳзаи тағйирдиҳанда дар муносибати Ӯ бо Худо гашт. Оқибат, ки падару модараш Исоро ёфтанд, Ӯ ба саволи Марям чунин ҷавоб дод: «Чаро Маро ҷустуҷӯ кардед? Магар намедонистед, ки Ман бояд дар ҳамон ҷое бошам, ки ба Падарам тааллуқ дорад?» (Луқ. 2:49). Ҳарчанд Исо мисли пештара ба падару модари заминии Худ итоат мекард, аммо роли асосии тарбияи Ӯ ба масъулияти Худо гузашта шуда буд. Эҳтимол, Марям ба намунае эҳтиёҷ дошт, то ки аз рӯи он Писари Худоро ҳамон тавр тарбия карда тавонад, ки Худо ваъдаи ба Иброҳим додаашро иҷро мекард. Самуил ҳамон намуна буд. Шояд вай барои мо низ намуна аст. Давраҳои инкишофи Самуил Дар Китоби Муқаддас шаш воқеа дар бораи хурдсолии Самуил нақл шудаанд, ки давраҳои гуногуни инкишофи ҳам ҷисмӣ ва ҳам рӯҳонии ӯро тасвир мекунанд. Ин шаш давраҳо чун намуна барои тарбияи фарзандонамон, аз рӯзи таваллуди онҳо сар карда то вақти ба камолоти рӯҳонӣ расидаашон, ба мо хизмат карда метавонанд. Имони фарзандони мо ба монанди имони Самуил калон мешавад, яъне оҳиста-оҳиста, бинобар ин ҷараёни таълимдиҳии дуо ба онҳо бо ин давраҳои инкишофашон бояд мувофиқат кунанд. Лекин пеш аз ҳама мо аз Ҳанно ибрат гирифта бояд фарзандони худро ба дасти Худо супорем. Мо ба ҷои онҳо чунин қарорро гирифта наметавонем, аммо вақте ки онҳоро ба Худо месупорем мо қарорро аз номи худ мегирем. Ба Худо бахшидани фарзандон (инро дар ҳар синну соли онҳо кардан мумкин) ин фақат дуо кардан нест, балки чунин маъно дорад, ки мо худро вазифадор мекунем, ки аз дастамон омадагӣ корро мекунем, то ки онҳоро таълим дода ба Худо итоат карданро ёд диҳем. Инчунин ин маъно медиҳад, ки мо ӯҳдадорӣ ба худ мегирем, ки (бо ёрии Худо) ба фарзандонамон он тарзи зиндагиро ёд медиҳем, ки дар марказаш Исо мешавад, ва ёрӣ мерасонем, ки бо Худо муносибатҳои наздик созанд. 1. Ғамхорӣ кардан ва хӯрондан (ниг.: 1 Подш. 1:10–23) Ҳанно то сесола шудани Самуил ба ӯ шири худро медод. Дар ин муддат вай ба фарзандаш бо меҳру навозиш ғамхорӣ мекард. Дар он замон занони Шарқи Наздик кӯдаконашонро то се сол ё зиёдтар шир медоданд. (Сабаб дар он буд, ки дар ҳавои гарми онҳо шири дигар зуд вайрон мешуд.) Се соли аввал ба кӯдак бо нозу назокат ғамхорӣ кардан лозим аст. Ҳаёти кӯдакро ба дасти Худо супорида ӯро танҳо намонед. Агар аз Ҳанно ибрат гирем, пас, се соли аввал ба кӯдак бо нозу навозиш ғамхорӣ кардан лозим аст. Ҳаёти кӯдакро ба дасти Худо супоридан маъно надорад, ки шумо ӯро ба ҳоли худаш партофта мемонед. Ӯро хӯронда ва пӯшонда, барояш ғамхорӣ нишон диҳед. Аз рӯзе, ки шумо ҳомиладор шуданатонро фаҳмидед ва то ақаллан сесола шуданаш барои кӯдакатон кӯтоҳ ва содда дуо кунед, то вай фаҳмад, ки Худо ӯро дӯст медорад ва барояш ғамхорӣ мекунад. Ба вай ёд додани ҳақиқатҳои оддиро аз Китоби Муқаддас сар кунед, яъне ба вай «шири поки калом»-ро (1 Пет. 2:2) диҳед. Ана ин ҳақиқатҳо: 1) Худо туро дӯст медорад; 2) ҳама чизро Худо офарид; 3) Худо ба мо ғамхорӣ мекунад, 4) дуо — ин сӯҳбат кардан бо Худо аст. Фикр кунед Фикр кунед, ки ин чор ҳақиқатро шумо ба фарзандонатон чӣ тавр фаҳмонда метавонед (новобаста аз синну солашон). Шумо чӣ тавр ба онҳо муҳаббати Худоро нишон дода ё хотиррасон карда метавонед? Шумо чӣ тавр ба фарзандонатон дар бораи қуввати Худо ва амали он дар ҳаёти онҳо ва дар бораи хоҳиши сӯҳбат кардани Худо бо онҳо хотиррасон карда метавонед? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ 2. Шиносоӣ бо Худо (ниг.: 1 Подш. 1:24–28) Ҳанно Самуилро аз шир бароварда, ӯро барои зиндагӣ кардан ба Хонаи Худо бурд: То охири умраш ӯро ба Худованд ва хизмати Ӯ мебахшам. 1 Подш. 1:28 Шояд қарори Ҳанно қатъӣ ба назар намояд, вале аз ҳама чизи муҳим аст, ки вай писари худро ба Худо бахшид. Дар давраи дуюм, ки аз чор то шашсолагии кӯдакро дар бар мегирад, мо бояд фаъолона ба ӯ фармонҳои Худоро ёд диҳем ва ёрдӣ диҳем, ки ӯ худро ба Худо башхида тавонад. Дар аввали ин давра пеш аз хоб ё ҳар вақте ки кӯдакон хоҳиш пайдо мекунад мо бояд ҳамроҳашон дуо кунем (ҳамон тавре дуо кунед, ки онҳо барояшон дуо кардани моро фаҳманд) ё бигзор онҳо дуои оддиро аз паси мо такрор кунанд. Дар охири ин давра онҳо бояд оддӣ дуо карданро ёд гиранд. Дар таълими дуо ба фарзандатон саросема нашавед, ки аз як намуди дуо ба намуди дигар гузаред. Аввал боварӣ ҳосил кунед, ки вай чизи зиёдро ёд гирифтан мехоҳад, баъд ба зинаи дигари таълимот гузаред. Масалан, вақте ки давраи он мерасад, ки фарзандатон бояд на ҳамту дуои шуморо гӯш кунад, балки аз паси шумо такрор кунад ё аллакай такрор накунаду худаш дуо кунад, он гоҳ дар давоми чанд бегоҳ бо навбат бо намудҳои гуногуни дуо кунед. Пеш аз дуоро сар кардан аз кӯдакатон пурсед, ки бо Худо дар бораи чӣ гап задан мехоҳад. Пурсед, ки дар дуо вай чӣ гуфтан мехоҳад ва инчунин ёрдам дода, гӯед, ки бо Худо дар бораи чӣ сӯҳбат карда метавонад: дар бораи ягон воқеъаҳои рӯз ё дар бораи чизҳое, ки ҳоло шавқманд аст, ё дар бораи ягон ҳодисаҳои махсус, дар бораи мӯҳтоҷӣ ё хоҳишҳояш, дар бораи дӯстонаш ё хешонаш, ки ба дуо эҳтиёҷ доранд. Инчунин вай Худоро барои он ҳодисаҳои хубе шукр карда метавонад, ки дар давоми рӯз бо вай рӯй медиҳанд. Ин барои фаҳмидани кӯдак ёрӣ медиҳад, ки дар бораи чӣ ва чӣ тавр дуо бояд кунад, аммо аз ҳама чизи муҳиме, ки ба кӯдак бояд ёд дод — ин ба Худо шукргузорӣ кардан ва ба Ӯ таваккал намудан. Аз ҳама чизи асосие, ки кӯдак дар ин давра бояд ёд гирад ин аст, ки Худо ва дуо дар ҳаёти мо кадом ҷойро ишғол мекунад ва мақсади дуо дар чист. Вай бояд фаҳмад, ки дуоро ҳар рӯз ва то охири умр кардан лозим аст ва инчунин бояд бидонад, ки Худо ба мо иҷозати шинохтани Ӯ, ва аз ҷониби Ӯ гирифтани меҳру навозиш ва мададро медиҳад. Дар ин давра кӯдакон бояд панҷ ҳақиқатро ёд гиранд: 1. Худо дуоҳои моро мешунавад. 2. Худо Дӯсти мо шудан мехоҳад. 3. Худо мегӯяд, ки мо ҳар рӯз фикру мӯҳтоҷиҳоямонро ба Ӯ нақл кунем. 4. Дуо аҳамияти калон дорад. 5. Худо мехоҳад, ки мо барои дигарон низ дуо кунем. Вақте ки ба фарзандонатон ин ҳақиқатҳоро ёд медиҳед, ҳаракат кунед, ки бо онҳо мулоим гап занед ва ба тавре гап занед, ки онҳо ба шунидани шумо ҳавасманд бошанд. Аммо дуру дароз гап назанед. Дар бораи чизҳое, ки онҳоро ташвиш медиҳад, дуо кунед. Ба онҳо оҳиста масъалаҳои ҷиддиро нишон диҳед. Агар фарзанди шумо ҳангоми дуо ҷунбида истаду чашмонашро кушода, ҳушаш ба ҳар чиз банд мешавад, вайро водор созед, ки диққаташро ҷамъ кунад. Вай бояд ҷиддӣ бошад. 3. Ғамхории Худо (ниг.: 1 Подш. 2:18–21) Аз ин порча, ки дар бораи айёми бачагии Самуил нақл мекунад, мо мебинем, ки Самуил бо ҳама чизи зарурӣ таъмин шуда буд, чунки модараш ҳар сол ба вай либос барои хизматаш дар Хонаи Худо дӯхта меовард. Рӯҳониён замини худ надоштанд, ки даромад дошта бошанду аз ҳисоби он зиндагӣ кунанд. Ҳиссаи онҳо ба Худованд хизмат кардан буд. Аммо дар чанд оятҳои болотар сухан дар бораи писарони бадкори Элӣ меравад. Ба ҷои таваккал кардан ба Худо, онҳо фармонҳои Худоро вайрон карда ва халқи Худоро ғорат намуда, худашон хӯрокашонро ба даст меоварданд. Дар охири ин порча гуфта шудааст: «Самуили наврас дар ҳузури Худованд калон мешуд» (ниг.: 1 Подш. 2:21). Самуил фаҳмид, ки Худо барояш ғамхорӣ мекунад. Фарзанди шумо бояд донад, ки агар имонаш калонтар шаваду вай фармонҳои Худоро риоя кунад, Худо барояш ғамхорӣ мекунад, мӯҳтоҷиҳояшро қонеъ мегардонад ва ба дуоҳояш ҷавоб медиҳад. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки мо Худоро дӯст медорем, чунки Ӯ аввал моро дӯст дошт. Дар давраи сеюм, яъне дар синни аз ҳафт то нӯҳсолагӣ, бачаҳо бояд бинанд, ки Худо онҳоро дӯст медорад ва барояшон ғамхорӣ мекунад. Маҳз дар ҳамин вақт онҳо бояд нақлҳои шуморо дар бораи он, ки Худо ба дуоҳо ҷавоб медиҳад, гӯш кунанд ва ба ҷамъ кардани нақлҳои худ бояд сар кунанд. Онҳо барои гирифтани ҷавобҳои аниқ аз Худованд, бояд дар дуо чизҳои аниқ талаб кунанд. Дар ин давра бача аллакай мустақилона дуо мекунад, вале таҳти роҳбарию дастгирӣ ва ёрдами шумо. Вай бояд хоҳишҳо ва мӯҳтоҷиҳои худро дида баромада тавонад ва аз Худо талаб кардани ёрдам ва ғамхориро ёд гирад. Вақте ки шумо ба фарзандонатон дар дуо кардан ёрдам додан хоҳед, ин ду маслиҳат ба шумо фоида меоварад. Маслиҳати якум: ба фарзандонатон пешниҳод кунед, ки ба таври ғайриоддӣ дуо кунанд. Дар назар дуое дошта шудааст, ки аз рӯи бозии пинг-понг сохта мешавад. Аввал фарзандатон худаш барои мӯҳтоҷиҳояш дуо мекунад, баъд шумо барои вай дуо мекунед, баъд боз вай дуо мекунад ва ғайра. Маслиҳати дуюм: ботафсил муҳокима кунед, ки дар бораи чӣ дуо кардан лозим аст. Нишаста, бо фарзандатон дар бораи воқеаҳои рӯзмара сӯҳбат кунед. Пурсед, ки вайро чӣ ба ташвиш меорад, вай чӣ мехоҳад, чӣ барояш лозим аст. Ҳамин тавр шумо рӯйхати он чизҳоеро, ки бояд ба Худованд дар дуо нақл кунед, тартиб дода метавонед. Дар синни аз ҳафт то нӯҳсолагӣ бачаҳо бояд бинанд, ки Худо онҳоро дӯст медорад ва барояшон ғамхорӣ мекунад. Маҳз дар ҳамин давра шумо бояд ба фарзандонатон ба Худо таваккал карданро омӯзонед. Барои ин ба фарзандонатон дар бораи хислати Худо нақл кардан ва дар онҳо боварӣ пайдо кунондан лозим аст, ки Худо онҳоро дӯст медорад ва барои ғамхорӣ кардан ба онҳо тайёр аст. Дар ин кор ба шумо оятҳои мувофиқ аз Китоби Муқаддас ёрӣ расонда метавонанд, ки онҳоро ҳамроҳи фарзандонатон ҳар бегоҳ хонда метавонед. (Масалан, Заб. 36:25; Иш. 26:3; Юҳ. 16:24.) Ғайр аз ин, ба фарзандатон барои фаҳмидани ҷавобҳои Худо ба дуоҳои онҳо ва барои тартиб додани нақлҳо дар бораи дуоҳои ҷавобёфта ёрдам диҳед ва бо ин шумо имони онҳоро низ боқувват мекунед. 4. Инкишофи шахсият (ниг.: 1 Подш. 2:22–26) Дар боби дуюми китоби Якуми Подшоҳон мо дар бораи мухолифати байни Элӣ ва писаронаш мехонем, ки дар асоси рафтори писаронаш ва овозаи бад дар бораи онҳо ба вуҷуд омад. Онҳо падарашонро гӯш намекарданд. Дар бораи Самуил бошад, суханони хуб гуфта мешаванд: «Валекин Самуили наврас торафт калон шуда, ҳам дар назари Худованд ва ҳам дар назари мардум илтифот меёфт» (1 Подш. 2:26). Дар давраи чорум (тақрибан дар синни 10–11-солагӣ) фарзандони мо бояд дуо кардан ва ба иродаи Худо итоат карданро ёд гиранд. Онҳо бояд бифаҳманд, ки Худо ба онҳо ҳикмат додану онҳоро роҳбарӣ намудан ва дар пайдо кардани ҷои худ дар ҷамъият ёрӣ додан мехоҳад. Дар ин давра бачаҳо бояд барои инкишофии рӯҳонии худ дуо карданро ёд гиранд. Дар ин синну сол ба онҳо донистан муҳим аст, ки Китоби Муқаддас дар бораи чӣ гуна рафтор кардани мо, ва дархости Худо аз мо, чӣ мегӯяд. Дар ин давра фарзандонамон ба дуои мустақил кардан ҳаракат мекунанд. Ба шумо мисли пештара дар назди онҳо шуданатон лозим аст, то дар вақти зарурӣ ба онҳо ёрдам дода тавонед ва ба пайваста дуо кардан водор созед. Аммо доимо ин корро накунед, баъзе вақт ва фақат дар аввал инро бикунед, то ба дуо ягон ранге бахшед ва дар вақти зарурӣ ба фарзандонатон ёрӣ ҳам расонда тавонед. Дар синни 10–11-солагӣ ба бачаҳо донистан муҳим аст, ки Китоби Муқаддас дар бораи чӣ гуна рафтор кардани мо ва дархости Худо аз мо чӣ мегӯяд. Дар ин давра низ мисли пештара дар назди кати хоби бачаатон нишаста дар бораи дуо бо вай гап задании шумо муҳим аст. Ба вай дар бораи ҳаёти дуохонии худ нақл кунед; дар бо-раи дар имон калон шуданатон нақл кунед; дар бораи чизҳое, ки ёд гирифтед ё ёд гирифта истодаед; пурсед, ки дар ҳаёти бачаатон ҳоло чӣ рӯй дода истодааст. Шумо ӯро роҳнамоӣ карда метавонед, ки ӯ дар бораи чӣ бояд дуо кунад ва чӣ тавр бояд дуо кунад. Вақте ки фарзандатон мустақил дуо карданро сар мекунад, шояд вай мехоҳад, ки шумо дар наздаш нишаста, дуояшро гӯш кунед. Ё, эҳтимол, вай дуои оддиро бо овози баланд хонда, баъд дар бораи ягон чиз дар даруни дилаш дуо кардан хоҳад. Олиҷаноб. Фарзандатон бо Худо муносибат кардан ва ба Ӯ дар бораи он чизҳо гуфтанро ёд мегирад, ки ба каси дигар дар бораи онҳо гуфтан намехоҳад. Оқибат фарзанди шумо мехоҳад, ки шумо ӯро танҳо гузоред, то ки вай мустақил дуо карда тавонад. Дар ин давра ба фарзандатон дидани инкишофи худро ёд диҳед. Ҳеҷ вақт танқид карда нагӯед: «Беҳтар мешуд, ки ту дар бораи тағйир ёфтани хислати (хатогиҳои) худ дуо мекардӣ». Ба таври дӯстона вайро дастгирӣ кунед, дар бораи он ҷиҳатҳои хубе, ки шумо дар хислати ӯ мебинед, барояш гӯед ва барои дар имон калон шуданаш таъриф кунед. Набояд бачаро пеш аз хоб барои мустақилона дуо кардан фиристод. Дар ин давра дуои пеш аз хоб вақти хуби муносибат барои худатон ва фарзандатон мешавад. Дуои умумиро беэътибор мондан ба натиҷаҳои ғамангез оварда расонда метавонад. Фикр кунед Нависед, ки агар фарзандатонро рӯҳбаланд карданӣ шавед, барояш чӣ мегӯед. Дар кадом соҳаҳои ҳаёташ шумо инкишофро мебинед? Дар бораи ин ба вай бигӯед. __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ 5. Муносибат, роҳбарӣ ва итоат (ниг.: 1 Подш. 2:27–3:18) Дар ин порча як хизматчии Худо эълон мекунад, ки Худо писарони Элиро барои рафтори бадашон дар Хонаи Худо ва худи Элиро, барои ҳеҷ чора надидан ва ҷилави писаронашро накашидан, ҷазо медиҳад. Сабаб дар ин буд: писарони Элӣ ба имконияти бо Худо наздик будану Ӯро шинохтан назарногирона рафтор мекарданд. Онҳо фармонҳо ва роҳбарияти Худоро қадр намекарданд, қонунҳои Худоро иҷро намекарданд ва кори бад карда, бо ин ба иродаи Худо зид мебаромаданд. Баъдтар боз як шаҳодат дар бораи инкишофи рӯҳонии Самуил оварда мешавад (1 Подш. 3:1–18). Дар ин порча гуфта мешавад, ки чӣ тавр Самуили хурд овози Худоро мешунавад. Ӯ се бор овози Худоро шунида, фикр кард, ки Элӣ ӯро садо мекунад ва назди Элӣ омада мепурсид, ки чаро ӯро садо кард. Дар дафъаи сеюм Элӣ фаҳмид, ки бачаро Кӣ садо мекунад ва ба Самуил гуфт, ки агар боз ин садоро шунавад ин тавр ҷавоб диҳад: «Эй Худованд, бигӯй, зеро ки бандаат мешунавад» (1 Подш. 3:9). Самуил ҳамин тавр амал кард ва Худованд барояш гуфт, ки бо Элӣ ва писарони ӯ чӣ рӯй медиҳад. Саҳарии барвақт Самуил вазифаҳои одатии худро иҷро мекард. Вақте Элӣ хоҳиш кард, ки суханони шаб Худо гуфтаро бигӯяд, бача ба тарси худ нигоҳ накарда ҳамаашро нақл кард. Мухолифат дар ин ҷо маълум мегардад. Самуил баръакси писарони Элӣ, имконияти шинохтани Худо ва дар ҳузури Ӯ буданро қадр мекард. Ӯ ҳаёти худро ба иродаи Худо тобеъ кардан мехост ва ба Худо итоат мекард. Нақл дар бораи айёми бачагии Самуил бо чунин суханон ба охир мерасад (ки ин ӯро ва инчунин моро ба давраи шашум, яъне камолоти рӯҳонӣ оварда мерасонад): Ва Самуил калон мешуд; ва Худованд бо ӯ буд ва аз ҳамаи суханонаш чизе зоеъ намерафт. Ва тамоми Исроил, аз Дон то Беэр-Шобаъ, донистанд, ки Худованд Самуилро набии бовафоии Худ ёфтааст. Ва Худованд боз дар Шилӯ зоҳир шудан гирифт, чунон ки Худованд дар Шилӯ бо каломи Худованд бар Самуил зоҳир шуд. Ва каломи Самуил ба тамоми Исроил расид… 1 Подш. 3:19–4:1 Вақте, ки фарзандони мо ба синни наврасӣ мерасанд, онҳо бояд донанд, ки чизҳои зерин барояшон зарур аст: 1. Худоро ҷустуҷӯ кардан ва аз Ӯ хоҳиш кардан, ки барои шинохтани Ӯ ва донистани Каломаш, барои ёд гирифтани муносибат кардан бо Ӯ барояшон ёрӣ диҳад. 2. Ба Худо ҳаёти худро бахшидан, аз Ӯ ҳикмат ва роҳбарият (барои ба даст овардани мақсади охирин ва дар ҳалли мушкилиҳои муҳим) хоҳиш кардан. 3. Аз Худо хоҳиш кардан, ки ба онҳо қобилияти дар ҳама чиз ба Ӯ итоат кардану Ӯро пайравӣ карданро диҳад. Дониш дар бораи зарурати дуои пайваста, яъне дуоҳо дар давоми тамоми рӯз, бояд дар ҳамаи давраҳои таълимот қайд карда шавад, вале дар давраи панҷум таълим додани ин намуди дуо вазифаи асосии падару модар ҳисоб мешавад. Агар фарзандони навраси шумо ба Худо дар бораи ҳамаи ҳодисаҳои рӯзашон зуд нақл карданро ёд нагирифта бошанд, он гоҳ дуои бегоҳирӯзӣ ва умуман худи дуо қиммати худро барояшон гум мекунад. Агар дар давоми тамоми рӯз шумо як дафъа ҳам Худоро ба ёд наоварда бошед, пас дар вақти дуои бегоҳ бо Худо самимӣ сӯҳбат кардан бароятон ғайриимкон мешавад. Дар асоси ҳаёти мо муносибат бо Худо бояд бошад, ин пойдеворест, ки дар болояш ҳама чиз сохта мешавад ва аз он ҳама чиз сар мезанад. Бинобар ин вақти пеш аз хоб барои шумо ва фарзандонатон дигар «майдони машқкунӣ» ҳисоб намешавад. Шумо фарзандони худро роҳбарӣ мекунед ва ҳар рӯз, ҳар дақиқа, яъне то охири умрашон ба онҳо ёрдам медиҳед. 6. Камолоти рӯҳонӣ (ниг.: 1 Подш. 3:20–21) Ин шаҳодати охирин дар бораи ҳаёти Самуил ба замони камолоти ҷисмонӣ ва рӯҳонии ӯ тааллуқ дорад. Самуил дигар дар Хонаи Худо, ки дар он ҷо фақат бо Элӣ ва падару модараш муносибат дошт, зиндагӣ намекард. Ӯ акнун дар байни исроилиён зиндагӣ мекард. «Ва тамоми Исроил, аз Дон то Беэр-Шобаъ, донистанд, ки Худованд Самуилро набии бовафоии Худ ёфтааст. <...> Каломи Самуил ба тамоми Исроил расид… (1 Подш. 3:20–4:1). Дар ин давраи ҷамъбастӣ фарзандони мо ба камолоти рӯҳонӣ мерасанд, яъне хости Худоро иҷро мекунанд, овози Ӯро гӯш мекунанд, бо Ӯ муносибат мекунанд ва ҳаёти онҳо бомазмун мешавад. Вақте ки фарзандонатон бо мушкилӣ дучор мешавад, ба онҳо кӯмак кунед, бо суханоне, ки рӯҳбаланд карда метавонанд, онҳоро дастгирӣ кунед. Ин имкониятҳоро истифода бурда бо фарзандонатон сӯҳбат кунед (ҳамон тавре ки пештар мекардед), нақл кунед, ки чӣ тавр Худо ба ягон дуои шумо ҷавоб дода буд, назарашонро ба Худованд ҷалб кунеду ба онҳо ёрии худро пешниҳод карда, ҳамроҳашон дуо кунед. Агар бачаҳо давраи аввали таълими дуоро гузашта бошанд, он гоҳ онҳо тайёр шудаанд, ки давраҳои панҷу шашумро ҳам гузаранд. Онҳо мефаҳманд, ки Худо онҳоро дӯст медорад ва барояшон фақат чизи беҳтарини офаридаашро мехоҳад, онҳоро роҳбарӣ мекунад, барояшон ғамхорӣ мекунад ва ба дуоҳояшон ҷавоб медиҳад. Онҳо боварӣ ҳосил мекунанд, ки онҳо тағйир ёфта метавонанд, Масеҳро бештар шинохта ва дар ин дониш калонтар шуда метавонанд ва тамоми қобилиятҳои Худо ба онҳо додаро истифода мебаранд. Содда карда гӯем, агар мо ба фарзандонамон дуо карданро пайдарҳам ёд дода бошем, он гоҳ онҳо ба давраи ҷамъбастӣ, яъне ба дастрас кардани ҳолати камолоти рӯҳонӣ сад фоиз тайёр ҳастанд. Эҳтимол, синни фарзандони бисёре аз хонандагон калон аст, ки сатҳи инкишофи рӯҳониашон бо синну солашон мувофиқат намекунад. Ҳеҷ гап не. Синну сол аҳамият надорад. Масалан, дар бораи тараққиёти рӯҳонии худ фикр карда, ба ёдам зинаҳои зерини инкишофи рӯҳониам меояд, ки ҳамаашро дар ҷавониам аз сар гузарондам: 1. Фаҳмидам, ки Худо маро дӯст медорад. 2. Фаҳмидам, ки дуо кардан зарур аст ва ба ёд гирифтани дуо кардан даромадам. 3. Қабул кардани муҳаббати Худоро ёд гирифтам, фаҳмидам, ки Худо ба дуоҳои ман ҷавоб медиҳад ва эҳтиёҷоти маро қонеъ мегардонад. 4. Фаҳмидам, ки Худо аз ман мехоҳад, ки ба Ӯ монанд шавам ва Ӯ ба ман дар тағйир ёфтан ва рӯҳан калон шуданам ёрӣ медиҳад. 5. Инкишоф додани муносибати худро бо Худо сар кардам. Фаҳмидам, ки Худо нақша дорад ва ҷустуҷӯ кардани ҳузури Ӯро сар кардам. 6. Ба Каломи Ӯ ва роҳбарияташ итоат карданро ёд гирифтам. Ҷараёни таълимоти дуо ба кӯдакон аз шиносоӣ бо муҳаббати Худо сар мешавад, баъдтар бачаҳо шунидани Худо ва бо Ӯ муносибат карданро ёд мегиранд, пас иҷро кардани хости Ӯро ёд мегиранд. Новобаста аз синну соли фарзандатон, ба вай дуо хонданро аз нақл дар бораи муҳаббати Худо сар кунед ва оҳиста-оҳиста ба пеш равед. Эҳтимол, бачаҳои синну солашон калонтар дар дуохонӣ зудтар инкишоф ёбанд. Аммо назорат кардани онро, ки фарзандонатон дар кадом зина ҳастанду ва чӣ тавр Худо онҳоро роҳбарӣ мекунад, фаромӯш накунед. Шумо маҷбур карда наметавонед, ки инкишофи рӯҳонии фарзандонатон ба инкишофи ҷисмониашон мувофиқат кунад. Шумо бояд мушоҳида кунед, ки онҳо дар шинохтани Худованд чӣ тавр пешравӣ доранд ва онҳоро аз як зина ба зинаи дигар гузаронед. Новобаста аз синну соли фарзандатон, ба вай дуо хонданро аз нақл дар бораи муҳаббати Худо сар кунед ва оҳиста-оҳиста ба пеш равед. Агар шумо ба фарзандонатон дуо хонданро дар синни ба болиғ расиданашон таълим медода бошед, он гоҳ эҳтимол шумо намехоҳед, ки ҳамаи он дастуротеро, ки дар ин китоб оид ба дуои якҷоя бо фарзандон дода шудааст, риоя кунед. Масалан, ба фарзанди чордаҳсолаи шумо дуо дар асоси принсипи бозии тениси рӯи миз маъқул намешавад. Онҳо шояд хоҳиши худашон ин китобро хонданро пайдо кунанд. Дар ёд дошта бошед, ки бачаҳоро маҷбур кардан мумкин нест, хусусан агар сухан дар бораи наврасон равад. Худо ҳеҷ касро шитоб намедиҳад ва маҷбур намекунад, балки бо муҳаббат одамро ба назди Худ ҷалб мекунад. Ҳамон қадар, ки одам худаш ба муносибат бо Худо майл дорад, ҳамон қадар Худо бештар ӯро ба Худ ҷалб мекунад. Аз ҳама кори беҳтарин он аст, ки ба навраси худ воқеъаҳое аз ҳаёти худ нақл ку-нед, ки дар зинаи чоруми инкишофи рӯҳонӣ буданатон рӯй дода буданд. Ин кори шумо ӯро дӯстона дастгирӣ мекунад ва рӯҳбаланд месозад. Ҷазои гуноҳ марг аст, аммо агар фарзандони шумо мисли Самуил рӯҳан инкишоф ёбанд, онҳо соҳиби ҳаёти абадӣ мешаванд. Вазифа: зинаҳои инкишофи рӯҳонӣ ва дуо Як варақи қоғаз гирифта, дар қисми болои он ҳамаи номҳои фарзандонатонро нависед. Баъд нависед, ки ба назари шумо ҳар яки ӯ дар кадом зинаи рӯҳонӣ мебошад. Ҳар яки ӯ дар он зинае, ки ҳаст, дар бораи дуо чӣ бояд ёд гирад? Дар бораи Худо чӣ бояд ёд гирад? Барои ин чизҳоро ёд гирифтанашон шумо чӣ тавр ёрдам карда метавонед? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ Саволҳо Дар кадом зинаи инкишофи рӯҳонӣ фарзанди шумо ҳоло ҳаст ва дар кадом зина шумо ӯро дидан мехостед? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ Бинависед, ки ба фарзандатон бо чӣ ёрдам дода метавонед, то ӯ ба зинаи дигари инкишофи рӯҳонӣ гузашта тавонад. __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ Мавзӯъҳои дуо • Худоро шукр кунед, ки шумо ва фарзандонатон ҳар рӯз дар дуо ба Ӯ наздик шуда метавонед. • Аз Худо хоҳиш кунед, то ба шумо нишон диҳад, ки барои ба камолот расидани фарзандонатон шумо ба онҳо бо чӣ ёрдам дода метавонед. • Аз Худо хоҳиш кунед, ки имони фарзандонатонро устувор гардонад ва дар онҳо хоҳиши бештар шинохтани Ӯро бедор кунад. Дуои кӯдак «Падари Осмонии азиз, ман Туро беҳтар шинохтан мехоҳам. Илтимос, ба ман нишон деҳ, ки Туро чӣ тавр беҳтар шинохта метавонам. Ёрӣ деҳ, ки ман бисёртар бо Ту вақт гузаронда тавонам. Дар номи Исои Масеҳ, омин». Боби 11. Шиносоӣ бо Худо Агар ҳаёти мо мувофиқи он нақшае, ки Худо барои мо дорад, набошад, сабабаш дар он аст, ки мо ба муҳаббат, қувват ва иҷрошавии ваъдаҳои Худо бовар намекунем. Эндрю Мюррей Ду шарҳи дуои Худовандро дида мебароем (ниг.: Мат. 6:9–13). Ин ду шарҳ нишон медиҳанд, ки бо тарзи гуногун Кӣ будани Худоро фаҳмидан мумкин. Мисоли оварда шуда исбот мекунад, ки аз рӯи дуоҳои мо ва он чизҳое, ки мо аз дуо гирифтан мехоҳем, дидан мумкин, ки мо ва фарзандони мо дар ҳақиқат ба чӣ гуна Худо бовар мекунем. «Падари комил ва меҳрубони мо, ки дар осмон ҳастӣ — дар ҷои равшанӣ ва хурсандӣ, — ҷое, ки хушбахтӣ ҳукмфармост ва ғаму бадӣ нест. Номи Ту муқаддас бод, зеро ҳар инсон бояд бузургии Туро бубинад. Подшоҳии Ту, ки Подшоҳии ҳақиқат ва некӣ аст, бигзор ба замин биёяд ва одамон озод шуда, халқи дӯстдоштаи ту гашта тавонанд. Бигзор иродаи Ту иҷро шавад, то ки одамон дар ин замин бо сулҳи комил зиндагӣ карда тавонанд ва мисли он одамоне, ки дар осмон ҳастанду монанди Ту мебошанд ва ягдигарро дӯст доранду аз неъматҳои Ту баҳраманд ҳастанд, дар замин низ хушбахт шаванд. Аз Ту хоҳиш мекунам мӯҳтоҷиҳои ҳаррӯзаи моро қонеъ гардон, ҳамон тавре, ки Ту ҳамеша ба таври аҷиб қонеъ мегардонӣ. Гуноҳҳо ва камбудиҳои моро бубахш, чунки Ту ба мо қобилияти дар имон калон шуданро медиҳӣ ва инчунин барои он, ки мо низ онҳоеро, ки ту ба ҳаётамон меоварӣ, дӯст медорем ва хатогиҳояшонро мебахшем…» «Эй Падари Осмонии мо, ки ҳама чизро мебинӣ. Номи Ту муқаддас аст ва Туро шинохтан имконнопазир аст. Бигзор Подшоҳии Ту биёяд, то ҳамаи онҳое, ки ба Ту итоат накардаанд, нобуд гарданд. Бигзор иродаи Ту ба ҳар як нафари рӯи замин маҷбуран талқин карда шавад, то, ки ҳама комил гарданд. Ризқу рӯзии ҳаррӯзаамон деҳ, ки мо аз гуруснагӣ намирем. (Ман хоҳишҳои худро ба Ту бор кардан намехоҳам.) Гуноҳоямро бубахш (Худо накунад, ки ман ба дӯзах равам), ҳамон тавре, ки ман гуноҳҳои ин гуноҳкорони нафратоварро мебахшам…» Фарзандони мо аз ҳамон лаҳзае, ки худро медонанд, бояд дар бораи Худо дониши азалӣ пайдо кунанд. Мо бояд ба фарзандонамон нишон диҳем, ки Худо чӣ гуна аст ва барои онҳо Ӯ ба чӣ корҳо тайёр аст. Агар онҳо бовар накунанд, ки Худо онҳоро дӯст медорад, ё агар фикр кунанд, ки Худо онҳоро мушоҳида мекунад оё онҳо умедвории Худоро амалӣ мегардонанд ё не, он гоҳ дуоҳои онҳо бефоида ҳастанд. Фарзандонамон бо Худо муносибат карданро ёд намегиранд ва натиҷаҳои мусбатро низ ба даст оварда наметавонанд. Онҳоро мо бояд ёд диҳем, ки Худо нек аст ва аз рӯи иродаи некаш Ӯ амал мекунад. Худо моро барои он офарид, ки мо бо Ӯ муносибат кунем. Вақте ки фарзандонамон дар ҳақиқат мефаҳманд, ки Худо чӣ гуна аст ва барои онҳо чӣ кор кардан мехоҳад, он гоҳ барояшон мушкил намешавад, ки бо Ӯ муносибат кунанд ва ҳамон тавре дуо кунанд, ки ба дуояшон ҷавоби Худоро гиранд. Ба фарзандонатон панҷ ҳақиқати зеринро дар бораи Худо фаҳмонда диҳед ва ин ба инкишофи рӯҳонияшон кӯмак мекунад. Дар ин боб маслиҳатҳое дода мешаванд, ки шумо онҳоро истифода бурда метавонед, то ба фарзандонатон дар фаҳмидани ин ҳақиқатҳо ёрӣ диҳед. Инчунин оятҳои Китоби Муқаддас оварда мешаванд, ки онҳоро ҳамроҳи фарзандонатон хонда ё ҳатто аз ёд карда метавонед. 1. Худо — Офарандаи абадӣ аст Ин ҷо чанд саволҳое оварда мешаванд, ки бачаҳо одатан дар бораи Худо медиҳанд: Худоро кӣ офарид? Ӯ аз куҷо омадааст? Худо ба кӣ монанд аст? Ӯ дӯст дорад ё тамоман танҳост? Фарзандони мо аз ҳамон лаҳзае, ки худро медонанд, бояд дар бораи Худо дониши азалӣ пайдо кунанд. Ана он чизҳое, ки онҳо бояд донанд: • Худо ҳама чизи аён ва ноаёнро офаридааст. • Танҳо як Худо вуҷуд дорад. Ӯ пурқудрат аст. Ӯ ҳама чизро медонад ва дар ҳама ҷо ҳузур дорад. • Худоро касе наофаридааст. Ӯро касе таваллуд накардааст. Худо вақтро офарид ва ба одам қобилияти эҷодкориро дод. Худо ба ҳама чиз аввал ва охиратро муқаррар кард. Мо фикр мекунем, ки ҳама чиз бояд аввалу охир дошта бошад, чунки Худо аввал ва охирати ҷаҳони моро муқаррар кардааст. Вале Худи Худо аз офариниши Худ бузургтар аст. Маслиҳатҳо Вақте ки мо ба фарзандонамон дар бораи Кӣ будани Худо мефаҳмонем, аз ҳама муҳимтар ин аст, ки барои фаҳмидани он хислатҳои Худо барояшон кӯмак кунем, ки дарк кардани онҳо душвор ҳастанд. Вақте шумо ба фарзандон мефаҳмонед, ки Худо ҳамеша вуҷуд дошт, ҳама чизро медонад, аз ӯҳдаи ҳар кор мебарояд ва дар як вақт дар ҳама ҷо шуда метавонад, барои ин шумо муқоисаро истифода баред. Ман кӯшишҳоямонро, ки барои шинохтани Худо мекунем бо амали ду мушчаҳои хурд муқоиса карданро дӯст медорам. Онҳо дар қутии шишагин нишаста бо якдигар баҳс мекунанд, ки оё берун аз ин қутӣ ҳақиқатан ягон чиз вуҷуд дорад ё не. Аз қафои деворҳои қутӣ онҳо ба чизҳои дигар даст расонда наметавонанд ва дар натиҷаи ин онҳо хулоса мебароранд, ки чизҳои медидаашон ҳақиқӣ нестанд, балки як расме мебошанд. Онҳо на маълумоти кофӣ доранд ва на қобилияти ба он маълумот сарфаҳм рафтанашонро доранд. Аммо ин маъно надорад, ки берун аз қутӣ чизе вуҷуд надорад. (Шумо ба ҷои мушчаҳо ягон ҳайвончаҳои дигаре, ки дар хонаатон доред, истифода бурда метавонед.) Вақте шумо ба фарзандон фаҳмондан мехоҳед, ки Худо дар як вақт дар ҳама ҷо шуда метавонад, ҳама чизҳои рӯймедодаро медонад, дар як вақт ҳамаи дуоҳоро шунида метавонад, ба фарзандонатон ба мушчаҳое ишора кунед, ки дар қутии нишастаанд. Ҳар кӯдакро Худо бемисл офаридааст, вале қобилиятҳои вай маҳдуд ҳастанд. Худованд ба инсон қобилият надодааст, ки дар як вақт дар чанд ҷо шуда тавонад, инчунин дигар маҳдудиятҳо низ гузоштааст. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки Худо ҳама чизро медонад ва дар ҳама ҷо дар як вақт ҳузур дорад. Барои Худо чизи имконнопазир вуҷуд надорад. Вақте Худо шуморо меофарид, ҳақ надод, ки дар як вақт дар чанд ҷой шуда тавонед ва муайян кард, ки фақат он чизҳоеро донед, ки ба шумо ёд медиҳанд ва вазифаҳои муайянро иҷро кунед. Бинобар ин Худоро бо худ муқоиса кардан беақлист. Агар қобилиятҳои мо маҳдуд бошад ин маъно надорад, ки қобилиятҳои Худо низ маҳдуд ҳастанд. Агар дар бораи қобилияти инсонии дарк кардани сиру асрори мавҷудот мулоҳиза кунем, он гоҳ моро бо ҳамон мушчаҳои дар қуттӣ буда монанд кардан мумкин. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки мо ҳатто тасаввур карда наметавонем, ки Худо барои мо дар он дунё чӣ тайёр кардааст. Аммо то он дунё рафтанамон Худо хост, ки қобилиятҳои моро маҳдуд кунад. Оятҳои асосӣ аз Китоби Муқаддас Ба шумо оятҳои асосӣ аз Китоби Муқаддас пешниҳод мекунем, ки фарзандонатон онҳоро хонда (ва аз ёд карда) метавонанд. Ин оятҳо ба онҳо барои фаҳмидани он, ки Худо дар ҳама ҷо дар як вақт ҳузур дорад, аз ӯҳдаи ҳамаи кор мебарояд ва ҳама чизро медонад, кӯмак мекунанд. Аз Рӯҳи Ту куҷо равам? Ва аз ҳузури Ту куҷо гурезам? Агар ба осмон бароям, он ҷо Ту ҳастӣ ва агар дар гӯр бистар андозам, он ҷо низ Ту ҳастӣ. Агар болҳои шафақ субҳро гирифта, дар ақсои баҳр сокин шавам, дар он ҷо низ дасти Ту маро ҳидоят хоҳад намуд ва ямини Ту маро дастгирӣ хоҳад кард (Заб. 138:7–10; ниг.: Ирм. 23:23–24). Ё Худоё Худовандо! Инак, Ту осмон ва заминро бо қуввати бузурги Худ ва бо бозуи тӯлонии Худ ба вуҷуд овардӣ; барои Ту чизи мушкиле нест (Ирм. 32:17; ниг.: Айюб 42:2 ва Луқ. 1:37). Худованди мо бузург аст ва пурқувват; хиради Ӯ беҳадду канор аст (Заб. 146:5; ниг.: Заб. 43:22, Иш. 46:10). Ҷавоби кӯдакон ба Офаранда Се ҳақиқат: 1) танҳо як Худо вуҷуд дорад; 2) Худо - Офаранда ва Соҳиби тамоми мавҷудот аст; 3) Ӯ абадӣ аст, барои Ӯ на аввал ва на охир вуҷуд дорад — ана ин асоси тасаввуроти оддӣ дар бораи Худо мебошад. Мо бояд фаҳмем, ки бачаҳо танҳо ба воситаи муносибат кардан бо Исои Масеҳ бо Худо шинос шуда метавонанд. Бачаҳо аллакай дар синни сесолагӣ метавонанд Исои Масеҳро чун Наҷотдиҳанда қабул кунанд. Дар ин ҷо чанд маслиҳатҳо оварда мешаванд, ки барои бо Худо шинос кардани фарзандатон шумо истифода бурда метавонед. 1. Ба фарзандатон ҳикояро дар бораи ҳаёт, марг ва аз нав эҳё шудани Исои Масеҳ хонед. Бачаҳо аллакай дар синни сесолагӣ метавонанд Исои Масеҳро чун Наҷоткор қабул кунанд. 2. Ба вай ояти Юҳ. 3:16-ро хонед ва баъдан фаҳмонед, ки каси беайб ва бенуқсон нест, ҳамаи мо ягон вақтҳо нодуруст рафтор мекунем. «Ин гуноҳ ном дорад, гуноҳ бошад халал мерасонад, ки мо фарзандони Худо номида шавем. Ҷазои гуноҳ марг ва ҷудоӣ аз Худо аст. Аммо Худо ба замин Писари Ягонаи Худро фиристод, то ки Ӯ дар рӯи салиб ба ҷои гуноҳҳои мо ҷон диҳад. Исо ба ивази ҷои мо мурд. Инак, агар мо аз Худо хоҳиш кунем, ки гуноҳҳои моро бубахшад, чунки Исо аз барои онҳо аллакай мурда буд, Худо мебахшад. Ӯ моро фарзандони Худ мекунад». 3. Аз фарзандатон пурсед, ки оё худи ҳозир аз Худо бахшиши гуноҳҳояшро пурсидан ва фарзанди Худо шудан намехоҳад. Вақте ки «худи ҳозир» мегӯед, ба ҳар ҳол ба фарзандатон ҳуқуқ медиҳед, ки агар ба тавба кардан ҳанӯз тайёр набошад, ин корро маротибаи дигар кунад. Агар ҷавоби вай «не» бошад, ин ҳикояро маротибаи дигар боз хонед. Худо вайро бо Рӯҳи Муқаддасаш пур мекунад. Аммо агар фарзандатон розӣ шавад, бигзор ин тавр дуо кунад: «Худованд, ман медонам, ки корҳои нодуруст ва ганда мекардам. Ман аз корҳоям афсӯс мехӯрам. Ман медонам, ки Исо аз барои гуноҳҳои ман мурд ва аз нав эҳё шуд. Ман медонам, ки Ӯ Худои ҳама чиз аст. Аз гуноҳам гузар, Худо. Ёрдам деҳ, ки ба Ту таваккал карданро ёд гирам, Туро гӯш кунам ва ҳама вақт корҳои дурустро интихоб кунам. Раҳмат, ки Ту маро дӯст медорӣ ва маро фарзанди Худ кардӣ. Ба номи Исои Масеҳ, омин». Баъд ҳамроҳи фарзандатон хурсандӣ кунед. «Ба шумо мегӯям, ки дар миёни фариштагони Худо барои як гуноҳкоре, ки тавба мекунад, ҳамин тавр шодӣ мешавад» (Луқ. 15:10). Дар осмон хурсандӣ мекунанд. Шумо ҳам хурсандӣ кунед. «Рӯзи аз боло таваллуд шудани» фарзандатонро, ки акнун фарзанди Худо шуд, қайд кунед (ниг.: Юҳ. 1:12). Фикр кунед 1. Барои чӣ ба фарзандатон донистани он, ки Худо Офаранда аст, муҳим мебошад? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ 2. Қабул кардани ин ҳақиқат чӣ тавр ба ҳаёти ҳаррӯзаи фарзандатон таъсир расонда метавонад? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ 2. Худо моро дӯст медорад Ояти бисёр машҳур аз Юҳанно 3:16 ин тавр сар мешавад: «Зеро Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари Ягонаи Худро дод…» Ӯ аз рӯи муҳаббат ин корро кард. Дӯст доштан, яъне додан аст. Ҳавворӣ Павлус гуфтааст, ки Худои меҳрубон саховатманд будан мехоҳад: «Он Худое, ки Писари Худро дареғ надоштааст, балки Ӯро барои ҳамаи мо таслим кардааст, чӣ гуна бо якҷоягии Ӯ ҳама чизро ба мо намебахшад?» (Рум. 8:32). Вақте мо ба фарзандонамон мегӯем, ки Худо муҳаббат аст ва онҳоро дӯст медорад, баробари ин бояд ба онҳо кӯмак кунем, то маънои ҳақиқии ин суханонро фаҳманд, яъне ки Худо на фақат нисбат ба онҳо хуб муносибат мекунад, балки барои онҳо саховатманд аст. Ӯ инчунин мехоҳад, ки онҳо низ мисли Худо саховатманд бошанд. (ниг.: 1 Юҳ. 3:16–18). Дӯст доштан, яъне додан аст. Фарзандони мо бояд донанд, ки ҳамон Худо, ки муҳаббат аст, онҳоро зиёдтар аз он, ки онҳо тасаввур карда метавонанд, сахт дӯст медорад, ҳеҷ вақт аз кӯмак кардан барояшон монда намешавад ва дар мадад «не» намегӯяд. Вақте ки Худо «Ман туро дӯст медорам» мегӯяд, калимаи «дӯст медорам» бештар амал карданро мефаҳмонад. Маслиҳатҳо Ба фарзандатон ҳама вақт дар бораи муҳаббати Худо хотиррасон кунед. Пеш ва баъд аз дуо барояш гӯед, ки Худо ӯро дӯст медорад. Баъд гӯед, ки аз барои муҳаббаташ Худо ба вай чӣ кор мекунад (кӯшиш кунед, ки гуфтаҳои худро бо он чизҳое, ки бачаатон ба наздикӣ дуо карда буд, пайват намоед): «Худо туро дӯст медорад, барои ҳамин дуоҳоятро мешунавад ва ба онҳо ҷавоб медиҳад. Вай медонад, ки ту дучарха мехоҳӣ». «Худо туро дӯст медорад, барои ҳамин дар ҳал кардани мушкилиҳоят ба ту ёрдам додан мехоҳад: масалан, ёрдам медиҳад, ки ту бо дӯсти худ оштӣ шавӣ». «Худо туро дӯст медорад ва мехоҳад, ки ту хушбахт бошӣ». Агар хоҳед, ки фарзандонатон ёд гиранд, ки муҳаббат ин амал аст, ба онҳо додани «тӯҳфаҳои муҳаббат»-ро сар кунед. Ин ягон тӯҳфаҳои ногаҳонӣ шуда метавонанд, ки бо муҳаббат тақдим карда мешаванд. Қарор кунед, ки кадом вақт ба аъзоёни оилаатон «тӯҳфаҳои муҳаббат» медиҳед, вале ба худашон чизе нагӯед. Фарзандонатон дар ин кор ба шумо кӯмак карда метавонанд. Ин кор ба онҳо ёд медиҳад, ки муҳаббатро бо ягон амал нишон додан лозим аст, ва инчунин онҳо мефаҳманд, ки чӣ қадар одам хурсанд мешавад агар барои дигарон ғамхорӣ кунад ва бинад, ки дигарон ӯро чӣ қадар дӯст медоранд. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки Худо ба мо бештар аз он чӣ талаб мекунем ва ё ҳатто фикр карда метавонем, медиҳад. Бисёр вақт Худо моро бо ҷавобҳои Худ ба ҳайрат меоварад. Дар чунин мавридҳо мо гуфта метавонем, ки Худо ба мо «тӯҳфаи муҳаббаташ»-ро тақдим кард. Оятҳои асосӣ аз Китоби Муқаддас Ин оят дар бораи муҳаббати Худо нисбат ба мо шаҳодат медиҳад: «Бубинед, ки Падар ба мо чӣ гуна муҳаббате ато намудааст, то ки мо фарзандони Худо номида шавем ва чунин ҳастем» (1 Юҳ. 3:1; инчунин ниг. Рум. 8:32 ва 1 Юҳ. 4:16). 3. Худо раҳмдил ва нек аст Мо аз тарафи Худо файзу баракат мегирем, новобаста аз он ки лоиқи он ҳастем ё не. Вақте мо мегӯем, ки Худо раҳмдил ва нек аст, мо дар назар дорем, ки ҳатто агар мо сазовор набошем ҳам, Ӯ ба дуоҳои мо ҷавоб медиҳад ва муҳтоҷиҳои моро қонеъ мегардонад. Ӯ аз барои муҳаббате, ки нисбат ба мо дорад, ин корро мекунад. Ӯ ба мо ёрдам додан мехоҳад, зеро хоҳиши Ӯ ҳамин аст. Аз рӯи раҳмдилиаш Ӯ моро ҷазо намедиҳад, ҳарчанд ки мо сазовори он ҳастем (чунки гуноҳкорем). Аз барои раҳмдилиаш мо «бо ҷуръат ба тахти файз наздик меоем, то ки марҳамат ба даст оварем ва барои мадади саридарвақт файз ёбем». (Ибр. 4:16) Ҳар касе, ки дар имон калон шудан ва ба дуоҳои худ ҷавоб гирифтан мехоҳад, бояд донад, ки Худо бениҳоят раҳмдил аст. Баъзан мо фикр мекунем, ки Худо моро аз барои хуб буданамон ё дӯстдорони Ӯ буданамон мешунавад. Ё баръакс: мо аз Худо пурсидани ягон чизро ё ба Ӯ таваккал карданро метарсем, чунки на он қадар хуб ҳастем ё Худо аз мо норозӣ аст. Худо моро водор месозад, ки ба комил шудан ва некӣ кардан саъю кӯшиш кунем. Аммо дар Исои Масеҳ Ӯ дӯсти мост. Ӯ довар нест, ки дар майдони варзиши бо асбоби сониясанҷ нишаста, натиҷаҳои моро баҳо медода бошад. Вақте, ки мо (ё фарзандони мо) бо дуо ба Худо муроҷиат карда, аз Ӯ чизе талаб мекунем, набояд ба корҳои неки худ ё муваффақиятҳоямон такя кунем. Худо ба мо имконияти бо Худ муносибат карданро барои он додааст, ки моро шунидан мехоҳад ва новобаста аз сатҳи инкишофи рӯҳониамон, аз дараҷаи худқадркуниамон ва чизҳои муваффақ шудаамон ба мо ҷавоб додан мехоҳад. Ҷавоб додани Ӯ аз меҳру шавкаташ вобаста аст ва на аз кормандиҳои мо. Бинобар ин мо ҳамеша далерона ба Ӯ муроҷиат карда ва аз Ӯ мадад гирифта метавонем. Мо чизеро сазовор нашудаем, вале Худо ба талабгорони Худ раҳму шавкат нишон додан мехоҳад. Ҳамон тавре, ки дар Нома ба Ибриён навишта шудааст, ки мо «бо ҷуръат ба тахти файз наздик оем, то ки марҳамат ба даст оварем ва барои мадади саридарвақт файз ёбем» (Ибр. 4:16;). Агар бачаҳо инро фаҳманд, он гоҳ барояшон осон мешавад, ки Худоро ҳамчун Дӯсти худ шиносанд, ки бо муҳаббат ба инкишоф ёфтани онҳо ёрдам медиҳад ва донанд, ки Ӯ Довар нест, ки аз бачаҳо беайбу бенуқсон буданашонро талаб карда, ҳар хатогии онҳоро сахт ҷазо медиҳад. Маслиҳатҳо Дар оилаатон рӯзи «раҳму шафқатро» муқаррар кунед. Ягон рӯзро интихоб карда, ҳамон рӯз ба фарзандонатон фаҳмонда диҳед, ки ин калимаҳои «раҳму шафқат» чӣ маъно доранд. Гӯед, ки дар ҳамон рӯз ҳама чизро аз рӯи муҳаббат мекунед ва на аз рӯи «сазовор ҳастӣ — сазовор нестӣ». Агар шумо маслиҳати моро иҷро кунед, бароятон ин шавқовар ва хурсандибахш мешавад. Аз ҳамаи аъзоёни оилаатон хоҳиш кунед, ки ба якдигар раҳму шафқат нишон диҳанд. Яъне, агар фарзандатон аз шумо чизе хоҳиш кунад (аз имконият берун набаромада) шумо аз рӯи ду ақида бояд ба вай ҷавоб диҳед: 1) Оё ман имконият дорам, ки хоҳиши вайро қонеъ гардонам ё не? 2) Оё ин ба вай фоида дорад ё не? Дар айни ҳол, ҳеҷ фарқ надорад, ки ӯ сазовори иҷрошавии хоҳишаш ҳаст ё не, вазифаи хонагиашро кард ё не, ҳуҷраашро ба тартиб овард ё не. Инчунин, агар шумо аз фарзанди худ бароятон иҷро кардани ягон корро хоҳиш кунед, ҳеҷ баҳона монанди «Ман ба наздики инро карда будам» ё «Имрӯз навбати ман нест», ё «Ман кардани инро бад мебинам» қабул намешавад. Ӯ фақат «Хуб шудааст» ҷавоб дода метавонаду бас. Чунин рӯзро худи бачаҳо ҳам ташкил карда метавонанд. Эҳтимол, дар аввал онҳо якдигарро бо хоҳишҳояшон «тирпаронӣ» кунанд, вале баъдтар ҳама чиз ҷо ба ҷо мешавад. Хоҳиши онҳо бо суханони «ба ман раҳму шафқат нишон деҳ» бояд сар шавад. Ташкил кардани рӯзи «раҳму шафқат» имконияти хуб мебахшад, ки ба фарзандонамон дар бораи раҳму шафқати Худо хотиррасон кунем ва баробари ин боз ба дигарон раҳму шафқат нишон доданро ба онҳо ёд медиҳем, чунки Худованд аз онҳо (ва аз мо низ) ҳамин чизро талаб мекунад. Ба худ як оиларо тасаввур кунед, ки ҳама аз рӯи муҳаббат, аз барои он, ки қарори нисбат ба якдигар бо раҳму шафқат буданро карданд ба якдигарашон ёрдам мерасонанд. Оятҳои асосӣ аз Китоби Муқаддас Дар ин ҷо чанд оятҳои олиҷаноб оварда шудаанд, ки дар бораи раҳму шафқати Худо ба мо хотиррасон мекунанд: Пас, раҳмдил бошед, чунон ки Падари шумо раҳим аст (Луқ. 6:36; инчунин ниг. Ибр. 4:16). Гӯши Худро, эй Худои ман, хам намо ва бишнав ва чашмони Худро бикшо ва бар вайронаҳои мо ва бар шаҳре, ки ба исми Ту хонда шудааст, бингар; зеро ки мо на ба сабаби адолати худ, балки ба сабаби марҳаматҳои зиёди Ту тазаррӯъҳои худро пеши пои Ту меандозем (Дон. 9:18). 4. Худо вафодор аст Одамони бовафо устувор, дилпур ва соҳиби эътиқод мебошанд. Мо бовар карда метавонем, ки чунин одамон ваъдаҳои худро иҷро мекунанд. Вақте ки дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки Худо бовафо аст, як фикр бештар қайд мешавад, ки Ӯ пурра боваринок аст. Пас, мо ба Ӯ таваккал карда метавонем, ки дар Исои Масеҳ Худованд ваъдаҳои ба мо додаашро иҷро мекунад. Вақте, ки мо ба назди Худо бо хоҳишҳои худ меоем, бояд дар ёд дошта бошем, ки Ӯ вафодор аст ва таваккал кунем, ки Ӯ мӯҳтоҷиҳои моро беэътибор намемонад. Мо набояд роҳ диҳем, ки фарзандони мо ба назди Худо бо фикри он, ки Худо метавонад ба онҳо ҷавоб диҳад ё надиҳад, биёянд. Зеро чунин тасаввурот дар бораи Худо ба вафодории Худованд зид мебарояд. Агар мо аз Худо иҷро кардани хоҳишамонро талаб кунем, вале шубҳа кунем, ки Ӯ моро мешунавад, он гоҳ мунтазири ҷавоб шудан низ лозим нест. Вақте ки мо ба назди Худо бо хоҳишҳои худ меоем, бояд дар ёд дошта бошем, ки Ӯ вафодор аст ва таваккал кунем, ки Ӯ мӯҳтоҷиҳои моро беэътибор намемонад. Агар касе аз шумо аз ҳикмат камӣ дошта бошад, бигзор талаб кунад аз Худое, ки ба ҳама бо саховат ва бе сарзаниш ато менамояд, — ва ба вай ато хоҳад шуд. Валекин бигзор бо имон талаб кунад ва ҳеҷ шакку шубҳа надошта бошад, чунки шаккок ба мавҷи баҳр монанд аст, ки аз шамол баланд шуда, ҷавлон мекунад: бигзор чунин кас гумон накунад, ки аз Худованд чизе ба даст хоҳад овард. Шахси дудила дар ҳамаи роҳҳои худ ноустувор аст. Яъқ. 1:5–8 Яъқуб моро аз шубҳа кардан огоҳ месозад. Дар асл, суханони ӯ чунин маъно доранд: «Он касе, ки дуоро лотерея фикр мекунад (яъне ки бой доданаш ҳам мумкин), бигзор мунтазир ба гирифтани ҷавоб ба дуои худ нашавад». Чаро? Чунки вай боварӣ надорад! Шубҳаи вай ҳамон монеаест, ки ба сабаби он Худо ба дуояш ҷавоб дода наметавонад. Агар мо ба фарзандонамон роҳ диҳем, ки фикри нодуруст кунанд, гӯё Худо метавонад ҷавоб диҳад ва метавонад ҷавоб надиҳад, он гоҳ Худо ба онҳо ҷавоб намедиҳад ва онҳо ҳар хоҳиши дуо карданро гум мекунанд. Фарзандонамон бояд донанд, ки Худо бовафо аст. Ба Вай мо метавонем ва бояд таваккал кунем. Оё мешавад, ки мо ба дуои худ ҷавоби манфӣ гирем? Оре, мешавад. Оё мешавад, ки мо ба дуоямон чӣ гуна ҷавоб гирифтанамонро намедонем? Оре, мешавад. Оё мешавад, ки мо қатъӣ медонем, ки Худо ба дуои мо мусбӣ ҷавоб медиҳад? Оре, мешавад. Аммо чӣ тавр мо ба фарзандони худ ёд дода метавонем, ки ин фарқиятҳоро дида тавонанд? Маслиҳатҳо Се намуди дуо вуҷуд дорад: 1. Дуоҳое, ки Худо ба онҳо «не» ҷавоб медиҳад. Шумо бояд фарзандони худро огоҳ кунед, ки онҳо чунин дуоҳоро накунанд. Худо дар Каломи Худ ба мо гуфтааст, ки ҳастанд он чизҳое, ки мо набояд аз Ӯ хоҳиш кунем. Мо аз Худо чизҳоеро, ки бар зидди хосту хис-латаш аст, хоҳиш карда наметавонем. Мисол, агар мо дар дуо аз Худо хоҳиш кунем, ки нафареро, ки фарзанди моро озор дод, танбеҳашро диҳад, Худо ба чунин дуо ҷавоб намедиҳад. Инчунин агар мо ба иродаи Худо итоат накунем ва таваккал накунем, ки Ӯ барои мо ғамхорӣ мекунад, Худо низ ба дуоҳои мо манфӣ ҷавоб хоҳад дод (ниг.: Яъқ. 4:1–3; 1 Юҳ. 5:14–15). 2. Дуоҳое, ки Худо ба онҳо «ҳа» ҷавоб медиҳад. Ин ҳамон дуоҳое мебошанд, ки мо аз Худо он чиро талаб мекунем, ки Ӯ Худаш ба мо ваъда додааст. Аммо ин дуоро ба дуои «ваъда интихоб карда, иҷрошавии онро талаб кун» табдил надиҳед, ки гӯё фақат аз барои он, ки Худо ваъда додааст, он ҳатман бояд зуд иҷро шавад, яъне мо аз Худо иҷро кардани хоҳи-ши моро талаб мекунем. Зеро дар чунин намуди дуо хосиятҳои муносибати мо бо Худованд ва меҳрубон будани Ӯ ба эътибор гирифта намешаванд. Фарқи ин ду намуд дуоро бо мисолҳои зерин тасвир кардан мумкин. Шумо вазифадор ҳастед, ки фарзандони худро хӯронед ва онҳо инро медонанд. Шумо аз рӯи меҳру муҳаббате, ки нисбат ба онҳо доред, аз дастатон омадаро мекунед, то онҳо сер бошанд. Акнун, агар фарзанди шумо панҷ дақиқа пеш аз таоми шом омада гӯяд: «Ҳой, куҷост таоми ман? Шумо вазифадор ҳастед, ки маро хӯронед, ман гурусна ҳастам», баъд таомашро хӯрда, ба тарафи шумо ҳатто нигоҳ накарда, ношукрона аз сари дастархон хеста биравад, дар ин ҳолат чӣ ҳис мекунед? Маротибаи оянда мумкин ба вай лағмони фақат дар об ҷӯшонда-шударо медиҳеду халос. Албатта, шумо вазифадор ҳастед, ки фарзандонатонро хӯронед, вале аз сабаби онҳоро дӯст доштанатон шумо ба онҳо хӯроки бомазза тайёр мекунед ва онҳоро солиму хушбахт дидан мехоҳед. Шояд шумо инчунин мехоҳед, ки муносибататон бо онҳо беҳтар гардад. Агар фарзандони шумо ба ҷои ношукрона талаб кардан, миннатдории худро ба шумо баён кунанд, ба беҳтаршавии муносибататон ёрӣ мерасонад. Албатта мо метавонем бовар кунем, ки Худо ба дуоҳои муайяни мо ҷавоби мусбат медиҳад ва бояд ба фарзандонамон ба бовафоии Худо таваккал карданро ёд диҳем, чунки Худо моро дӯст медорад ва нисбат ба мо раҳмдил аст. Ӯ муносибатҳоеро, ки мо бо Ӯ месозем, ба назар гирифта, хоҳишҳои моро иҷро мекунад. Дуо ин савдогарӣ нест, балки тарзи сохтани муносибатҳост. Чизҳое ҳастанд, ки Худо аз рӯи файзу марҳамати Худ додани онро ба мо ваъда додааст, агар аз Ӯ хоҳиш кунем. Ба ин чизҳо ҳикмат (ниг.: Яъқ. 1:5), инкишофи рӯҳонӣ (ниг.: 1 Қӯр. 1:8–9; 1 Тасл. 5:23–24), дастгирӣ дар озмоишҳо (ниг.: 1 Қӯр. 10:13) ва муҳофизат аз шайтон (ниг.: 2 Тасл. 3:3) дохил мешаванд. Тамоми Аҳди Навро ҳамчун шаҳодатнома дар бораи файзу баракат ва ваъдаҳои Худо хондан лозим аст. Ҳар ваъдаи Худо, ки дар саҳифаҳои Навиштаҷот омадаанд, мавзӯи дуо шуда метавонад, ки ба чунин дуо Худо «ҳа» ҷавоб медиҳад. Аз ин рӯ, Худо аз мо як чиз талаб мекунад, ки мувофиқи ваъдааш дуо кунед, зеро онро Худо ҳатмат иҷро хоҳад кард. Мо бояд аз Ӯ барои саховатманд шудан, дӯст доштан, бо дӯстон, ҳамкорон ва ҳамсинфо-намон сулҳу осоиштагӣ доштан, барои пуртоқат ва меҳрубон будан, ба ҷамоати калисо пайваст шудан ёрдам талаб кунем. Ба ҳамаи чунин дуоҳо Худо мусбӣ ҷавоб медиҳад, чунки ин дуоҳо бо иродаи Ӯ, ки дар Китоби Муқаддас ошкор мешавад, мувофиқат мекунад. Дуо ин савдогарӣ нест, балки тарзи сохтани муносибатҳост. Бисёри аз ин дуоҳоро маротибаи зиёд такрор кардан лозим аст, чунки иҷрошавии ваъдаҳои муайян равиши дароз аст: масалан, дуо барои гирифтани ҳикмат. Аз ҳама муҳим барои фарзандони мо донистани он аст, ки Худо дар вақташ ба дуоҳои онҳо ҷавоб меди-ҳад, эҳтимол, ҳатто на ҳамон тавре, ки онҳо умедворанд. Худо вафодор аст, бинобар ин ҳатман ҷавоб медиҳад. 3. Дуоҳое, ки ба он Худо ҳам мусбӣ ва ҳам манфӣ ҷавоб дода метавонад. Мо ба Худо чунин дуоҳоро карда метавонем, вале онҳо он қадар хусусӣ ҳастанд, ки дар Китоби Муқаддас дар бораашон чизе аниқ гуфта нашудааст. Дар Навиштаҷоти Муқаддас гуфта шудааст, ки «Ҳар чӣ хоҳиш кунед, ба шумо дода хоҳад шуд», ин чӣ маъно дорад? Магар ин гуфтаҳо ба дуоҳое, ки ҳоло зикр кардем, тааллуқ надоранд? Дар ҷавоб ҳам «ҳа» ва ҳам «не» гуфтан мумкин. Матни ин оят ва дигар ҷойҳои Навиштаҷоти Муқаддас, ки оид ба ин масъала сухан мегӯяд, муайян мекунад, ки суханони «ҳар чӣ хоҳиш кунед» чиро дар назар дорад. Масалан, дар бобҳои 14–16-и Инҷили Юҳанно дар бораи муносибатҳои наве, ки имондорон бо Худо Падар, Писар ва Рӯҳи Муқаддас доранд, навишта шудааст. Барои ин муносибатҳоро сохтан муҳаббат ва файзи Худоро қабул кардан ва аз Ӯ роҳнамоӣ хоҳиш кардан, инчунин ба воситаи Рӯҳи Муқаддас, ки дар мо зиндагӣ мекунад, бо Ӯ муносибат кардан лозим аст. Чизи дигаре, ки лозим аст — ин ба иродаи Худо тобеъ шудан, ба Худо таваккал карданро ёд гирифтан ва фармоишҳои Ӯро иҷро кардан. «На шумо Маро баргузидаед, балки Ман шуморо баргузидаам ва шуморо таъин кардам, ки шумо биравед ва мева оваред ва меваи шумо бимонад, то ки ҳар чӣ аз Падар ба исми Ман талаб кунед, ба шумо ато кунад» (Юҳ. 15:16–17). Яъне гуфтан мумкин, ки ибораи «ҳар чӣ хоҳиш кунед» дар он маврид амалӣ мегардад, ки мо дар назди Худо сар хам мекунем, ба Ӯ итоат карда, ба муҳаббаташ бовар мекунем ва барои Ӯро Падари Худ ҳисоб кардан тайёр ҳастем. «Ва ҷуръате, ки мо ба ҳузури Ӯ дорем, дар он аст, ки агар мо мувофиқи иродаи Ӯ чизеро талаб кунем, Ӯ моро мешунавад. Ва агар донем, ки Ӯ моро дар ҳар чӣ талаб кунем мешунавад, онро низ медонем, ки он чӣ аз Ӯ талаб кардаем, меёбем» (1 Ин. 5:14–15;). Юҳанно як шарт мегузорад: «агар аз рӯи иродаи Ӯ хоҳиш кунем». Ин суханон албатта ба он дуоҳое тааллуқ доранд, ки Худо ба онҳо розигии худро медиҳад, вале инчунин ба онҳое, ки Худованд ё ҷавоби мусбӣ ё манфӣ дода метавонад. Суханони «ҳар чӣ хоҳиш кунем» нишон медиҳанд, ки Худо аз мо ба Ӯ таваккал карданамонро мехоҳад, то ки ба Ӯ дар бораи ҳамаи мушкилиҳоямон нақл кунем. Инчунин онҳо нишон медиҳанд, ки Худо ният дорад, ки ба дуоҳои мо мусбӣ ҷавоб диҳад ва мушкилиҳоямонро ба фоидаи мо ҳал кунад. Лекин ин фоида баъзе вақт на чизи талаб кардамон мебошад. Ибораи «ҳар чӣ хоҳиш кунед» дар он маврид амалӣ мегардад, ки мо дар назди Худо сар хам мекунем ва ба Ӯ итоат мекунем. Ҳар дуои мо ба хости Худо бояд мувофиқат кунад. Мо бояд ба Худо ва ҳикмати Ӯ бовар кунем. Агар ҳамааш ҳамин тавр шавад, он гоҳ ҳамаи корҳоямон барор меёбанд, чунки Худованд ба мо некӣ мехоҳад ва Ӯ медонад, ки барои мо чӣ нек аст, мо на ҳама вақт инро медонем. Ба дуоҳои кӯдакон, ки Худо ё ҷавоби мусбӣ ё манфӣ дода метавонад, дуоҳо барои чизҳои нав, ки кӯдакон ба даст овардан мехоҳанд, дуоҳо барои мавқеи муайян дар мактаб ва калисо, дуоҳо дар бораи машғулияти нав ё дар бораи лагере, ки онҳо рафтан мехоҳанд, дохил шуда метавонанд. Бигзор фарзандони мо бо Худо сӯҳбат карда, дар бораи ҳамаи он чизҳое, ки онҳоро нороҳат месозад, дар бораи чизҳое, ки онҳо фикр мекунанд ё орзу мекунанд, нақл кунанд. Баъд онҳо бояд бигӯянд, ки ба Худо таваккал мекунанд ва мехоҳанд, ки Худи Худо қарор кунад, ки барояшон чӣ фоида мебахшад. Онҳо дар қабул кардани ягон қарор аз Худо ҳирад хоҳиш карда метавонанд. Вақте ки кӯдакон дуо мекунанд ва намедонанд, ки оё Худо ба хоҳиши онҳоро иҷро мекунад ё не, вале онҳо дониста метавонанд, ки Худо онҳоро роҳнамоӣ мекунад ва ҳамаи корҳояшонро хуб анҷом медиҳад. Пас, фарқ надорад, ки Ӯ ин корро чӣ тавр анҷом медиҳад. Оятҳои асосӣ аз Китоби Муқаддас Оятҳои зерин аз Китоби Муқаддас нишон медиҳанд, ки Худо бовафо аст: Худованд дар ҳамаи тариқҳои Худ одил аст ва дар тамоми аъмоли Худ пур аз эҳсон аст. Заб. 144:17 ...Ва эътирофи умеди худро собитқадамона нигоҳ дорем, зеро ки Ваъдадиҳанда амин (бовафо) аст (Ибр. 10:23; инчунин ниг. Ибр. 11:1). 5. Худо сазовори боварӣ аст Агар мо ба шахс боварӣ намоем, ин маънои онро дорад, ки мо ин шахсро бисёр хуб мешиносем ва барои ҳамин ба вай боварӣ дорем. Эҳтимол, яке аз суханони беҳтарине, ки ҳамкорон ба якдигар гуфта метавонанд ин «ман ба ту боварӣ дорам» аст. Агар бовафоӣ дар амал намоён гардад, боварибахш будан бештар дар хосияти хислат ифода меёбад. Худо сазовор аст, ки мо пурра ба Ӯ боварӣ карда тавонем. Мо тамоми ҳаёти худро, чизҳои аз ҳама бароямон қиматро ба дасти Ӯ супорида метавонем, чун медонем, ки Ӯ моро ҳеҷ вақт маъюс ва ноумед намекунонад. Мо ба фарзандонамон бояд ёд диҳем, ки ҳама чизро ба Худо боварӣ карда тавонанд: гузаштаашон, ҳозираашон, ояндаашон ва худашонро. Ҳар рӯз онҳоро ба чунин дуо водор кардан лозим аст: «Худовандо, ман худамро пурра ба дасти Ту месупорам. Аз Ту хоҳиш мекунам ба ман ёрдам кун, ки шахси мувофиқи хости Ту шавам ва маро ба он ҷое равона кун, ки ба фикрат ман ҳамон ҷо бояд бошам». Агар фарзандони мо ёд гиранд, ки Худо сазоворӣ боварӣ аст ва ба Ӯ таваккал карда тавонанд, он гоҳ дар дилҳои онҳо шодӣ ва осоиштагӣ ҳукмронӣ мекунанд ва онҳо зиндагии пур аз умед ба сар мебаранд (ниг.: Рум. 15:13). Асоси муносибатҳои мо бо Худованд ин такя кардан ба Ӯ аст, ки дар натиҷа Ӯ барои мо ғамхорӣ мекунаду ҳаёти моро муҳофизат менамояд. Дониш дар бораи он, ки Худо бовафо ва нек аст, бачаҳоро дар вақти мунтазири ҷавоби дуо шуданашон қувват мебахшад. Маслиҳатҳо Оятҳои асосиро аз Китоби Муқаддас (ё ҳар ояти дигареро, ки шумо аз Китоби Муқаддас дар бораи ба боварӣ сазовор будани Худо пайдо мекунед) ба варақе навишта, дар ҷои намоён овезед. Ҳар саҳар ин оятҳоро ба фарзандонатон такрор ба такрор бихонед ва маънои онҳоро барояшон фаҳмонед. Ин ба шумо (ва фарзандонатон) хотиррасон мекунад, ки Худо мӯҳтоҷиҳоятонро фаромӯш накардааст ва баъд аз чанд вақт ин оятҳои Навиштаҷотро шумо (ва фарзандонатон) аз ёд мекунед! Оятҳои асосӣ аз Китоби Муқаддас Дили шумо музтариб нашавад; ба Худо имон оваред, ба Ман низ имон оваред. Юҳ. 14:1 Ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, хиҷил нахоҳад шуд. Рум. 10:11 Бо тамоми дили худ ба Худованд таваккал намо ва ба хиради худ такя накун. Дар ҳамаи тариқҳои худ Ӯро дарк намо ва Ӯ роҳҳои туро ҳамвор хоҳад кард. Мас. 3:5–6 Фикр кунед 1. Ба ёд оваред, ки дафъаи охирин шумо ба фарзандонатон дар бораи Худо чӣ гуфта будед. Ҳангоми дар бораи Худо гап заданатон диққати онҳоро ба чӣ ҷалб мекардед? Оё диққати онҳоро ба пурмеҳру муҳаббат будани Худо, одил ва моро дӯст доштанаш ҷалб кардед? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ 2. Дар бораи кадом хосиятҳои хислати Худо шумо ба фарзандонатон дар навбати аввал нақл мекардед? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ Дар ҷамъбаст ба фарзандонатон бигӯед: «Худо нек аст. Ӯ бо муҳаббат ва вафодориаш шуморо ба ҳайрат оварда метавонад». Баъд ин оят фарзандони шуморо дар вақти мунтазири ҷавоби дуо шуданашон дастгирӣ мекунад: «Ӯро, ки бо қуввате, ки дар мо амал мекунад, қодир аст аз ҳар он чӣ мо мехоҳем ё фикр мекунем, беандоза зиёдтар бикунад» (Эфс. 3:20). Ин оятро ба коғази ғафс навишта ба ҷои намоён овезед. Вақте ки фарзандатон онро мехонад, ба ҳайрат меояд! Вазифа: «сандуқчаи боварӣ» Як «сандуқчаи боварӣ» созед. Ягон қуттии пойафзолро гирифта, ҳамроҳи фарзандонатон онро ранг дода оро диҳед, то ки он ба сандуқчаи зебо монанд шавад. Қаламҳо ва варақҳои хурди қоғазро гиред. Ба ду гурӯҳ тақсим шуда, бинависед, ки ҳалли кадом масъалаҳоро ба Худо бовар мекунед. Бинед, ки бисёртар масъалҳоро кӣ менависад. Баъд, вақте ки ягон фарзандатон бо мушкилӣ дучор мешавад, он мушкилиро дар рӯи коғаз нависед ва барои ҳалли он дуо карда, он коғазро ба «сандуқчаи боварӣ» андозед. Агар фарзандатон боз дар бораи ин мушкилӣ ташвиш кашад, ба ёдаш «сандуқча»-ро оваред ва илҳом бахшед, ки ба Худо бовариашро гум накунад, инчунин ҳамроҳаш дар дуо ба Худо шукргузорӣ кунед, ки ба Ӯ таваккал карда метавонем. Саволҳо 1. Шумо одатан ба саволҳои фарзандонатон дар бораи Худо ва дуо аз куҷо ҷавоб меҷӯед? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ 2. Фарзандони шумо дар бораи Худо чӣ гуна саволҳоро бештар медиҳанд? Даҳ саволи аз ҳама одатии онҳоро бинависед __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ Мавзӯъҳои дуо • Худоро шукр кунед, ки Худро ба мо ошкор мекунад. • Аз Худо хоҳиш кунед, ки бароятон ба саволи фарзандонатон содда ва фаҳмо ҷавоб доданро ёд диҳад. Дуои кӯдак «Худованди азиз, ман хеле бисёр саволҳо дорам. Туро шукр мекунам, ки ба ман имконият медиҳӣ, ки Туро шиносам. Аз Ту хоҳиш мекунам, ба ман ёрдам деҳ, ки ба саволҳои худ ҷавоб ёфта тавонам. Дар номи Исои Масеҳ, омин». Боби 12. Ҷавобҳои дуоҳо Худовандо, ба мо кӯмак кун, ки ҷавобҳои Туро қабул карда тавонем. Ҳамин тавр кун, ки мо ҳеҷ вақт шакку шубҳа накарда бовар кунем, ки Ту моро мешунавӣ ва ҷавобҳои Ту ба дуоҳои мо ҳамеша дуруст ва дақиқ ҳастанд. Бигзор ҷавобҳои Ту дар дили мо шубҳаро ба вуҷуд наоваранд. Ҳамин тавр кун, ки мо бо шодӣ гуфта тавонем, ки аз тарафи Ту ҷавоби дуруст ва дақиқро ба дуо худ гирифтем. Омин. Мартин Лютер Бачаҳо зудбоваранд. Онҳо бо осонӣ бовар мекунанд, ки Худо ба дуоҳои онҳо ҷавоб медиҳад. Аммо мо бояд ин бовариро дастгирӣ намоем ва дар роҳи пайравӣ кардани Худованд ба онҳо қувват бахшем. Барои ин мо аз ҳаёти худ мисолҳое оварда метавонем, ки исбот мекунанд, ки Худо моро мешунавад ва ба ёрдами мо тайёр аст. Имон ва шубҳа Пеш аз он, ки мо шубҳаҳои фарзандонамонро муҳокима кунем, бояд дар бораи шубҳаҳои худамон бояд гап занем. Баъзан фарзандони мо аз мо дида бештар тайёр ҳастанд, ки ба Худо боварӣ кунанд. Дар ин сурат фикри аввале, ки ба сарамон мезанад, чунин аст: «Агар ҳеҷ чиз рӯй надиҳад-чӣ? Агар Худо ҷавоб надиҳад-чӣ? Он гоҳ фарзандонам рӯҳафтода ва маъюс мешаванд ва дигар дуо кардан ва Худоро шинохтан намехоҳанд!» Ором шавед. Агар шумо ин тарсеро, ки ҳамаи моро фаро мегирад, ғалаба накунед, он гоҳ фарзандони шумо дар оқибат мунтазири ба дуояшон гирифтани ҷавобҳои Худованд намешаванд. Дар натиҷа дуоҳои онҳо дуоҳои расмӣ мешаванд. Вақте ки шубҳа дар дили шумо ҷой гирифтан мехоҳад, дар дуо ба Худо гӯед, ки ба шумо имон овардан душвор аст. Аз Ӯ хоҳиш кунед, ки шуморо аз шубҳаҳо озод кунад ва барояш иҷозат диҳед, ки шуморо ором кунад, яъне Китоби Муқаддасро кушоед, то ки имонатон қувват гирад. Дар ҳаёти ҳамаи мо вақтҳое меоянд, ки мо ташвиш мекашем, шубҳаҳо моро фаро мегиранд ва дар натиҷа мо беқарор мегардем. Мо ё ба қудрати Худо шубҳа карда, дар диламон тарсро роҳ медиҳем, ё пеши Худо омада, дар бораи ҳиссиёти худ ба Ӯ нақл мекунем ва қарор мекунем, ки ба Ӯ бовариамонро аз даст намедиҳем ва хоҳиш мекунем, ки кӯмак кунад, то аз шубҳаҳо раҳо шавем. Имон ин як чизи сеҳрноке нест, ки мо онро дар ягон «шиша»-и ҷони худ то вақти тайёр шуданаш мепазем. Имон — ин интихоб аст. Имони он марде, ки ба Исо бо хоҳиши писарашро аз рӯҳҳои нопок ва табларза озод кардан муроҷиат карда буд, суст буд: «Лекин агар метавонӣ, ба мо раҳм кун ва ёрӣ расон». Исо ба вай гуфт: «Агар имон оварда тавонӣ, барои имондор ҳама чиз имконпазир аст». Дарҳол падари кӯдак фарёд зада, гирякунон гуфт: «Имон меоварам, эй Худованд! Ба беимонии ман мадад кун» (ниг.: Марқ. 9:22–24). Вай содиқона дар назди Исо ба шубҳаҳои худ иқрор шуда, дар асл ин тавр гуфт: «Ман бовар мекунам, ман қарори имон оварданро кардам, вале шубҳа маро ором намегузорад. Оё Ту метавонӣ ба ман ёрӣ расонӣ, ки аз онҳо озод шавам?» Дар ҷавоб Исо писари он мардро шифо дод. Исо гуфтааст, ки агар имони мо мисли «донаи хардал» хурд бошад ҳам, мо бо он кӯҳҳоро кӯчонда метавонем (ниг.: Мат. 17:20). Имон ин як чизи сеҳрноке нест, ки мо онро дар ягон «шиша»-и ҷони худ то вақти тайёр шуданаш мепазем. Имон - ин интихоб аст. Падари бачаи девона зиёд кардани имонашро талаб накард, балки аввал қарор кард, ки имон меоварад, баъд аз Исо мадад барои аз шубҳа озод шудан талаб кард. Имони ин мард суст, шояд мисли «донаи хардал» буд, вале он дар ҳар сурат натиҷаи ҳайратовар дод. Аз шубҳа кардан шарм накунед. Шубҳа ин чизи оддӣ аст. Вале онро бо дуо ғалаба кунед. Ба «сардор ва анҷомдиҳандаи имон, ба Исо» нигоҳ кунед. (ниг.: Ибр.12:2). Дар ёд дошта бошед, ки Худо ба дилҳои мо имон гузоштааст, то ки мо шубҳа накарда, яқин донем, ки Ӯ ҳатман ба ёрдами мо меояд. Интихоб дар дасти мост. Мо қарор мекунем, ки ба Худо бовар кунем ва ба раҳму шавкати Худо муроҷиат намоем, то ки Ӯ шубҳаҳои моро пароканда кунад, чӣ тавре, ки шамол абрҳои сиёҳро пароканда мекунад. Фикр кунед 1. Дар кадом ҳолатҳо имони шумо ба Худо озмуда мешавад? Чаро? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ Дар чунин ҳолатҳо барои ғалаба кардан ба шумо чӣ ёрӣ медиҳад? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ 2. Дар кадом ҳолатҳо имони фарзандатон ба Худо озмуда мешавад? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ Оё фарзандони шумо аз озмоишҳои якхела мегузаранд? Чаро «ҳа» ё чаро «не»? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ 3. Шумо ба фарзандонатон барои ғалаба кардани ин ҳолатҳо чӣ тавр ёрӣ дода метавонед? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ «Шартҳо» барои гирифтани ҷавоби дуо Ҳамаи мо шунидаем, ки агар ба дуои худ ҷавоб гирифтанӣ бошем, бояд шартҳои муайянро иҷро кунем. Аммо агар Худо ба одаме, ки дар дуо ба Ӯ муроҷиат мекунад, амр кунад, ки фақат ба марҳамату файзи Худо ва на ба амалу кормандиҳои худ таваккал кунад, сухан дар бораи кадом шартҳо меравад? Магар ин ду қоида ба якдигар мухолифат намекунанд? Саволи хуб аст. Албатта ба назар мухолифат мекунанд. Аммо он чизҳое, ки мо баъзан чун шарт ҳисоб мекунем, дар асл ташкилкунандаи инкишофи рӯҳонӣ ва муносибатҳои мо бо Худо мебошад. 1. Хости Худо Вақте ки Худо хости Худро мегӯяд, он ҳеҷ вақт зидди КаломиӮ намешавад. Ва инчунин, бешубҳа ниятҳои Худо зидди ҷавоби дуоҳои мо нест, ки файзу шафқати Ӯро нишон медиҳад. Худо мехоҳад, ки ба мо ҳама чизи беҳтаринро диҳад ва файзу баракатҳояшро аз болои сарамон резад. Ҷавобҳои Ӯ бо ниятҳои дилаш мухолифат намекунанд! Худо ин тавр нест, ки ногаҳон ба мо «не» ҷавоб додан мехоҳаду фақат аз барои ҳамин ягон чизи барои мо фоидаоварро аз мо дареғ медорад. Не, Ӯ ҳеҷ чизро дареғ намедорад, чунки Ӯ муҳаббат аст ва фақат фоидаи моро, беҳбудии моро фикр мекунад. Бинобар ин хости Худо шарте нест, ки моро муҳдуд созад, балки изҳори муҳаббати Ӯст. 2. Имон ва таваккал Имону таваккал кардан — ин шартҳое нест, ки онҳоро иҷро кардан лозим бошад, балки қонуни Худо аст ва аз рӯи онҳо Ӯ ҳама чизро мувофиқи табиати Худ, на ин, ки аз рафтори ҳамеша тағйирёбандаи мо иҷро мекунад. Файз, на ин, ки қонун. Имон ва таваккал ин шарте нест, ки моро маҳдуд созад, балки роҳи аниқ ба сӯи файзи бепоёни Худост. 3. Рафтор ва инкишофи мо дар Масеҳ Бисёр одамон фикр мекунанд, ки таҷрибаи масеҳиёна пайдо карда ва масеҳиёни ба камолрасида шуда, мо ба дуоҳои худ бештар ҷавобҳои мусбӣ мегирем. Гӯё рӯҳан ба камол расидан кафолати «муваффақият ёфтани» дуоҳои мо мешавад. Аз як ҷиҳат ин дуруст ва аз дигар ҷиҳат нодуруст аст. Ин баёнот аз он ҷиҳат нодуруст аст, ки Худо ба камолоти рӯҳонии фарзандони мо нигоҳ накарда, мувофиқи имони онҳо нисбат ба файзаш ва на аз мувофиқи рафторашон ба дуоҳои онҳо ҷавоб медиҳад. Аммо ин баёнот аз он ҷиҳат дуруст аст, ки Худоро бештар шинохта, фарзандони мо рӯҳан ба камол мерасанд ва ҳаёти дуохониашон бештар муваффақият пайдо мекунад. Аслан, мағзи ҳаёти масеҳӣ ин такмил додани муносибати мо бо Худо аст, то ки Ӯ Падари Осмонии мо гардад ва мо ба Ӯ иҷозат диҳем, ки барои мо ғамхорӣ кунаду дар инкишофи рӯҳониамон ба мо кӯмак кунад. То мо ба дараҷаи он намуд шахсе, ки Худо аз аввал барои мо нақша кардааст, нарасем, кӯмаки Ӯ ба мо зарур аст. Вақте ки мо на ба худ, балки ба Худо таваккал мекунем, он гоҳ ба дуоҳои худ бештар ҷавобҳои мусбӣ мегирем. Агар ҳамаи шартҳои зарурӣ иҷро шаванд, он гоҳ ҳар ҳиссаи вуҷуди мо мувофиқи тартибе, ки Худо муқаррар кардааст, мешукуфад. Инкишофи рӯҳонии фарзандонамонро бо сабзиши дарахтони боғ муқоиса кардан мумкин. Ба сабзиши дарахтон бисёр сабабҳо таъсир мекунанд. Барои хуб сабзиданашон замини ҳосилхез, оксиген, об, элементҳои қувватбахш ва нури офтоб лозим аст. Он гоҳ шоху баргҳояш пайдо мешаванд ва оқибат гул карда бор меоварад. Инсон — офариниши аз ҳама мураккаб аз байни дигар офаринишҳои Худо аст. Агар ҳамаи шартҳои зарурӣ иҷро шаванд, он гоҳ ҳар ҳиссаи вуҷуди мо мувофиқи тартибе, ки Худо муқаррар кардааст, мешукуфад. Ман намедонам, ки ин чӣ тавр рӯй медиҳад, вале Худо моро ҳамин тавр офаридааст, ки мо оҳиста-оҳис-та дар ҳар соҳаи ҳаётамон баробар инкишоф меёбем. Масалан, вақте мефаҳмем, ки гуноҳҳои мо бахшида шудаанд, мо мефаҳмем, ки чӣ тавр дигаронро бояд бахшем. То чӣ андоза мо Худоро шиносем, то ба он андоза бештару бештар ба Ӯ таваккал мекунем. Инчунин беҳтар мефаҳмем, ки чӣ гуна шудани моро Худо мехоҳад ва кадом рафторро аз мо мунтазир мебошад. Ин бошад, моро низ тағйир медиҳад ва мо аз Худо чизҳои аз пештара дида дигарро мунтазир мешавем. Чунин аст тарзи инкишофи рӯҳонӣ. Содда карда гӯем, имони мо баробари он калон мешавад, ки мо муносибати худро бо Худо устувор мегардонем ва дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти масеҳии худ инкишоф ёфтанамонро мебинем. Ана чунин равиши корро Худо барои фоидаи мо муқаррар кардааст. Фикр накунед, ки мо масеҳиёни нек ҳастем ва корҳои нек мекунем, бинобар ин Худо ба дуоҳои мо ҷавоб медиҳад. Ӯ бовафо аст ва фарзандони моро дӯст медорад. Бори дигар такрор мекунам, ки инкишофи рӯҳонӣ ин шарте нест, ки моро маҳдуд месозад. Рӯҳан ба камол расида, мо чуқуртар файзу муҳаббати Худоро мешиносем. 4. Ба гуноҳ иқрор шудан Вақте ки бачаҳо гуноҳ мекунанд, ба онҳо ваъдаи хуби Худоро хотиррасон кардан лозим аст: «Агар мо гуноҳҳои худро эътироф кунем, Ӯ амин ва одил аст, ки гуноҳҳои моро биомурзад ва моро аз ҳар ноинсофӣ пок намояд» (1 Юҳ. 1:9). Ҳангоме, ки онҳо дуо карданро ёд мегиранд ва имонашон дар ҷараёни инкишоф аст, рафтори нодурусти онҳо ба гирифтани ҷавоб ба дуояшон халал намерасонанд. Мо оҳиста-оҳиста дар имон калон мешавем. Агар фарзандони мо ягон гуноҳ кунанд, ба онҳо фаҳмондан лозим аст, ки кори кардаашон нодуруст буд ва акнун ба бахшида шудан эҳтиёҷ доранд. Онҳо бояд дар дуо аз Худо бахшиш пурсанд. Аммо на аз барои он, ки Худо аз онҳо қаҳр кардааст, бахшиш пурсанд, балки аз барои он, ки Худо аз рӯи хоҳиш, ки ба онҳо беҳтарин чизҳоро додан мехоҳад, барои ислоҳ шуданашон ба онҳо ҳикмат ва қувват дода, ёрӣ медиҳад. Ӯ мисли тренер аст, ки агар варзишгаронаш дар бозӣ боз ба хатогӣ роҳ диҳанд, мегӯяд: «Ҳамааш хуб. Шумо бозингарони хуб ҳастед. Ман шумо ёрӣ медиҳам, ки маротибаи оянда ғалаба кунед». Мо ҳаргиз набояд фарзандони худро маҷбур созем, ки аз Худо бахшиш пурсанд. Худо аз фарзандонамон қаҳр намекунад, балки мехоҳад, ки дар инкишофи рӯҳонии онҳо барояшон ёрӣ диҳад. Худо медонад, ки мо беайбу бенуқсон шуда наметавонем. Ҳамчун падару модар мо аз фарзандони худ талаб карда наметавонем, ки онҳо ба ҳар як айби хурд ё барои ҳамаи гуноҳҳое, ки дар оянда карда метавонанд, бахшиш пурсанд. Дар натиҷа таассуроти онҳо дар бораи ҷараёни калон шудани имонашон шакли нодуруст мегирад ва Худо дар назари онҳо ба ҷои Падари меҳрубон шудан, Довари сахтгир менамояд. Ҳамаи мо медонем, ки Рӯҳи Муқаддаси дар дохиламон буда ҳудудҳои заруриро мегузорад ва вақте ки мо аз он ҳудуд мегузарем, инро ҳис мекунем ва мефаҳмем, ки бояд бо Худо оштӣ шавем. Ҳамин чизро мо ба фарзандонамон низ бояд ёд диҳем. Бале, агар мо гуноҳ карда, ба он иқрор нашавем, балки корҳои нодурустамонро давом диҳем, ба худ мамонияти муносибат кардан бо Худоро месозем, вале ба фарзандони мо ин дахл надорад. Ҳангоме, ки онҳо дуо карданро ёд мегиранд ва имонашон дар ҷараёни инкишоф аст, рафтори нодурусти онҳо ба гирифтани ҷавоб ба дуояшон халал намерасонанд. 5. Бахшидани гуноҳҳои дигарон Вақте ки мо аз Худо бахшиш мепурсем, мо мефаҳмем, ки бояд «шарти» дигареро боз иҷро кунем, то ба дуоямон ҷавоб гирифта тавонем. Ин шарт бахшидани гуноҳҳои дигарон аст. Бо вуҷуди ин, Худо ба дуоҳои мо аз рӯи файзу марҳамати Худ ҷавоб медиҳад. Худо раҳмдил аст, ҳатто агар мо сазовори бахшиш набошем, Ӯ моро мебахшад. (Ин файз аст.) Ӯ талаб мекунад, ки мо низ онҳоеро, ки бо сухан ё кирдор моро хафа кардаанд, бахшем ва бо ин нишон диҳем, ки ин ҳакикати Ӯро фаҳмидаем. Мо озордиҳандагони худро на аз барои он мебахшем, ки онҳо сазовор ҳастанд, балки ба сабаби он, ки мо низ мисли Падари Осмонии худ раҳмдил ҳастем. Агар фарзандони шумо онҳоеро, ки ба назарашон озор доданд, бахшида натавонанд, эҳтимол чӣ будани раҳмдилӣ ва бахшишро нафаҳмидаанд. Агар инро нафаҳмида бошанд, пас вақте, ки аз Худо бахшиши гуноҳашонро мепурсанд, онҳо фикр мекунанд, ки умуман бачаҳои хуб ҳастанд ва сазовори бахшишанд. Аммо кассе сазовори бахшиш нест. Инчунин мо набояд аз касоне, ки моро хафа мекунанд, сазовори бахшиш шуданро талаб кунем. Албатта, вақте ки шумо ба фарзандатон мегӯед, ки вай озордиҳандаи худро бояд бахшад, вай норозӣ шуда гуфта метавонад: «Лекин вай аз ман бахшиш напурсид. Вай ҳатто фикр намекунад, ки маро хафа кардааст! Вай мегӯяд, ки ин айби ман аст!» Ба фарзандатон фаҳмонда диҳед, ки ин аҳамият надорад. Дӯстон (ва душманони) мо набояд барои аз тарафи мо бахшида шудан, саъю кӯшиш кунанд. Охир, мо худамон сазовори бахшиш шуда наметавонем. Ба фарзандонатон гуфтани чунин суханонро ёд диҳед: «Худовандо, ман озордиҳандаи худро мебахшам. Ба мо ёрӣ деҳ, ки оштӣ шавем ва аз рӯи хости Ту бо якдигар муносибат кунем». Исо аниқу равшан мегӯяд: «Зеро, агар шумо ба мардум хатоҳошонро бибахшед, Падари шумо, ки дар осмон аст, ба шумо низ хоҳад бахшид; ва агар шумо ба мардум набахшед, Падари шумо низ хатоҳои шуморо ба шумо нахоҳад бахшид» (Мат. 6:14–15). Аммо ин «шарт», мисли шартҳои дигар, барои гирифтани ҷавоб ба дуоямон, ба он далеле, ки Худо нисбат ба мо раҳмдил аст, мухолифат намекунад. Бахшидани гуноҳҳои дигарон — ин рафторест, ки мо ҷавобан ба файзи Худованд, ба амал меоварем. Дар ҳақиқат ҳам дар маркази тамоми ҳаёти мо, аз он ҷумла дуоҳоямон, Худо меистад. Фикр кунед 1. Он чизҳоеро, ки шумо хондед, ба эътибор гирифта, бигӯед, ки барои ба дуоҳои худ ҷавоби Худоро гирифтан кадом «шартҳо»-ро бояд иҷро кард? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ 2. Ба ёд биёред, ки кадом вақт Худо ба дуои шумо на он тавре, ки шумо мехостед ҷавоб дода буд. Аз ин ҳодиса шумо чӣ гуна дарс гирифтед? Агар Худо айнан ҳамон тавре, ки шумо аз Ӯ хоҳиш карда будед, иҷро мекард, чӣ мешуд? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ 3. Барои ба фарзандонатон фаҳмондани он, ки Худо ба дуо чӣ тавр ҷавоб медиҳад, ин таҷрибаатонро бо кадом тарз истифода бурда метавонед? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ Бо сабру тоқат мунтазир шудани ҷавоб Албатта, дар бисёр мавридҳо фарзандони шумо мефаҳманд, ки баъд аз дуо бо як миҷа заданашон ҷавоб намегиранд. Лекин одатан бачаҳо агар донанд, ки ана-мана чизи орзу кардаашонро бояд гиранд, бетоқат мешаванд. Ман боварии комил дорам, ки чунин рафтори онҳо на аз барои бетоқат будани онҳо аст, балки аз барои он, ки онҳо дарк намекунанд, ки барои иҷро шудани хости онҳо чӣ қадар вақт лозим мешавад. Сабру тоқат нишонаи боварӣ аст ва ҳамеша имонро ҳамроҳӣ мекунад. Чӣ тавре, ки муаллифи Нома ба Ибриён қайд кардааст: «То ки шумо танбал нашавед, балки ба касоне тақлид кунед, ки ба василаи имон ва пурсабрӣ ворисӣ ваъдаҳо мегарданд» (Ибр. 6:12). Ҳайратовар аст, вале барои бисёр бачаҳо мушкил нест, ки баъд аз дуо ҳалли ҳамаи мушкилиаашонро ба Худо бовар кунонанд. Аммо калонтар шуда онҳо се ҳақиқатеро бояд аз худ кунанд, ки барои сабру тоқат нишон додан ба онҳо кӯмак мекунанд: 1. Ҷавоб вақт талаб мекунад Ҳарчанд, ки Худо дар ҳар вақт бо ҳар тарз ба дуои шумо ҷавоб дода тавонад ҳам, одатан ҷавоби Ӯ дар як силсилаи воқеаҳо зоҳир мешавад. Вақте ки фарзанди шумо аз Ӯ хоҳиш мекунад, ки ба хонданаш ёрӣ кунад, ҷавоб эҳтимол дар чунин зоҳир мешавад: вай бештар бодиққат мегардад, зеҳнаш тезтар мешавад, хоҳиши хондан пайдо мекунад ва ғайра. Ҷавоб ба дуо барои аробаи дучарха дар он мешавад, ки фарзандатон дарси пасандоз кардани пулро мегирад ва имкониятҳои пул кор карданро пайдо мекунад. Ҳатто агар аробаро ба рӯзи таваллудаш тӯҳфа кунанд, Худо барои ҷавоб додан ба воситаи одамон амал мекунад, ки онҳо бояд қарори пул сарф карда харидани аробаро мекунанд. Инчунин, бача тӯҳфаи худро аз рӯзи таваллудаш чанд моҳ гузашта, гирифта метавонад. Ягон саҳар дар вақти ноништа ба фарзандатон ширинии дӯстдоштаашро ваъда диҳед. Агар вай пурсад, ки кай ин шириниро мегирад, гӯед, ки босабру токат шавад. Ба вай гӯед: «Ман ваъда додам ва ваъдаамро иҷро мекунам». Аммо нагӯед, ки кай иҷро мекунед. Агар шавад, то бегоҳ ӯро мунтазир кунонед, баъд ҳамаи маводи даркориро тайёр кунед. Шириниро пухта, як тараф монед ва бо ягон кори дигар машғул шавед. Баъд дар лаҳзаи охирин, ки фарзандатон аллакай хоб рафтанӣ мешавад, ӯро ба пешатон хонда шириниро барояш диҳед. Сабру тоқат нишонаи боварӣ аст ва ҳамеша имонро ҳамроҳӣ мекунад. Ҳангоми шириниро хӯрданаш, ин ҳодисаро бо дуо муқоиса кунед. Вақте ки мо аз Худо чизе хоҳиш мекунем, Ӯ моро мешунавад ва ҷавоб медиҳад. Аммо барои ҷавоб чанд вақте лозим меояд. Аммо чӣ тавре, ки бо ширинӣ рӯй дод, ҳамон тавр бо дуо низ мешавад: ҳамон вақте ки шумо ба фарзандатон шириниро ваъда додед, гуфтан мумкин, ки ӯ ҳамон лаҳза онро ба даст овард. Гап фақат дар вақт аст. Ба фарзандатон аз худ кардани ин дарс душвор намешавад, ва дар вақти мунтазири ҷавоби дуо будан, босабру тоқат будан барояш осонтар мегардад. 2. Худо вақти аз ҳама беҳтаринро интихоб мекунад Агар ба фарзандонатон ин тавр фаҳмонед, маъқул мешавад: «Худо ҳамаро дӯст медорад, Ӯ ҳама чизро медонад ва дар як лаҳза ҳамаи хоҳишҳои моро иҷро карда метавонад. Вақте ки Худо ба дуои як одам ҷавоб медиҳад, Ӯ медонад ва ба назар мегирад, ки оқибатҳои ҷавоби Ӯ ба ҳамаи одамон дар ҳар ҷо, дар замони ҳозира ва оянда чӣ гуна мешавад. Худованд ҳар рӯз миллиардҳо дуоро гӯш мекунад. Аммо барои Худо дар як вақт ҳамаи ин ҳисобҳоро карда қарор баровардан ё муайян намудан, ки ба дуои ягон нафар чӣ тавр ҷавоб диҳад ва ҷавоби Ӯ ба дигарон чӣ таъсир мерасонад, мушкил нест. Қобилиятҳо ва имкониятҳои Худо маҳдуд нестанд». Ин тасвири бузург таассуроти бачагонаро ба ҳайрат меоварад. Баъд ба фарзандонатон як ҳақиқати оддиро хотиррасон кунед: одатан Худо бо равиши одии воқеаҳо ба мо ҷавоб медиҳад. Дар хулоса онҳоро бовар кунонед, ки Худо боҳикмат аст: «Худо ҳисоб карда, ҷавоби аз ҳама беҳтаринро тайёр кардааст, ки онро дар вақти аз ҳама бароят дуруст медиҳад. Эҳтимол ин дар он вақте ки ту фикр мекунӣ, рӯй намедиҳад. Аммо бовар кун, ки он дар вақти лозим рӯй медиҳад». 3. Мо бояд ҳеҷ вақт таслим нашавем Рӯзе Уинстон Черчиллро хоҳиш карданд, ки дар назди хатмкунандагони донишгоҳ баромад кунад. Ҳама ба шунидани суханҳои таъсирбахш ва ҳаяҷоновар тайёр шуданд. Ва сарвазир ба саҳна баромада гуфт: «Ҳеҷ гоҳ, ҳеҷ гоҳ, ҳеҷ гоҳ таслим нашавед!». Инро гуфта рафт. Фарзандони мо (ва худи мо) дуо хонданро ҳеҷ вақт набояд бас кунем. Худо ҳеҷ як дуои моро аз ёд намебарорад ва ё аз назараш дур намекунад. Мавридҳое мешуданд, ки чизи дуо кардагиам тамоман аз ёдам мерафт, аммо баъд аз чанд солҳо ҷавоби ин дуои пештараамро мегирифтам. Ҷавобро гирифта дуоям ба ёдам меомад. Баъзан пул айнан ҳамон вақт ба дастам меомад, ки ман онҳоро барои ба даст овардани он чӣ пештар дуо карда будам, истифода бурда метавонистам. Дуоро бо шинондани донаҳо монанд кардан мумкин: шумо ҳоло мекоред, вале майсааш дар оянда мебарояд. Ҳолатҳое мешуданд, ки Худо хоҳиши маро баъд аз чанд соли дуо карданам иҷро мекард. Вақте ки ман барои ин ё он эҳтиёҷам дуо мекардам, фикр мекардам, ки ин чиз ана ҳозир ба ман лозим аст. Аммо ҷавобашро баъд аз гузаштани чанд сол гирифта, ман он дуои пештараамро ба ёд меовардам ва ба ақиб, ба ҳамон вақти дуо карданам нигоҳ карда, мефаҳмидам, ки дар он замон ман ба гирифтани ҷавоби Ӯ ҳанӯз тайёр набудам. Худо барои фоидаи мо шуда ҳама чизро ба эътибор мегирад, ки дар натиҷаи ҷавоби Ӯ дар ҳаёти мо ва дар ҳаёти одамони дигарон чӣ рӯй дода метавонад. Агар писари шумо дар синни дувоздаҳсолагӣ мошинрониро ёд гирифтан хоҳад, шумо ба вай розигӣ намедиҳед, балки мегӯед: «Ту ҳоло ба ин тайёр нестӣ. Калон шуда, мошинрониро ёд мегирӣ». Ба фарзандонатон ёд диҳед, ки ҳал кардани ҳамаи мушкилиҳояшонро ба Худо супоранд. Ба онҳо фаҳмонед, ки Худо ҳама чизро ба эътибор мегирад ва ҳама чизро ҳисобу китоб карда, ба амал кардан медарояд. Ба онҳо гӯед, ки дуоро бо шинондани донаҳо монанд кардан мумкин: шумо ҳоло мекоред, вале майсааш дар оянда мебарояд. Хоҳиши зуд гирифтани ҷавоб аз Худо набояд бачаҳоро то он дараҷае фаро гирад, ки дар натиҷа онҳо ба бовафо будани Худо шубҳа карда, бо роҳи худ ба иҷрои хоҳишашон сар кунанд. Дар онҳо хоҳишеро пайдо кунонед, ки ба Худо наздик шаванд, тамоми ҳаёташонро ба дасти Ӯ супоранд ва ба Ӯ имконият диҳанд, ки ҳамаи хоҳишҳояшонро иҷро кунад. Ӯ ҳама вақт ҳама чизро бо тарзи беҳтарин мекунад ва дар вақти аз ҳама мувофиқ. Аз ёд набароред, ки мақсади дуо — ин муносибат кардан бо Падари Осмонӣ аст ва на фармоиш додан ба Ӯ. Фикр кунед Ҳоло фарзандони шумо барои чӣ дуо мекунанд? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ Бо онҳо дар бораи ин сӯҳбат кунед ва барояшон ёрдам диҳед, то бубинанд, ки оё чизи дуо мекардаашон бо хости Худо, ки дар Китоби Муқаддас омадааст, мувофиқат мекунад ё не. Онҳо дуои худро барои бештар ба хости Худо мувофиқат кардан чӣ тавр тағйир дода метавонанд? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ Имтиҳони имони мо Дар Китоби Муқаддас аниқ гуфта шудааст, ки Худо бовафо аст, ки Ӯ дуоҳои моро мешнавад ва ба онҳо ҷавоб медиҳад, инчунин барои инкишофи рӯҳонии мо ба мо ёрӣ медиҳад. Лекин дар ягон ҷои Китоби Муқаддас гуфта нашудааст, ки ҳаёти мо осон ва беғам мешавад. Ҳатто агар мо бо Худо муносибатамонро тараққӣ диҳем, бо тарзи дуруст зиндагӣ кунем, ба ҳар ҳол мо дар ин ҷаҳони пур аз гуноҳ ва «ифлосӣ» зиндагӣ мекунем. Мо фарзандонамонро бояд ба он вақте тайёр кунем, ки имонашон имтиҳон карда мешавад. Худо мегӯяд, ки чунин имтиҳонҳо меоянд. Яъқуб дар номаи худ менависад, ки бисёр вақт Худо саркунандаи ин имтиҳонҳо аст (вале Ӯ барои мо ҳеҷ бадӣ намехоҳад ва мо инро дар боби оянда дида муҳокима мекунем): Эй бародарони ман, вақте ки ба озмоишҳои гуногун дучор мешавед, инро барои худ шодии бузург ҳисоб кунед, чун медонед, ки имтиҳони имони шумо сабрро ба вуҷуд меоварад ва сабр бояд амали комил дошта бошад, то ки шумо комил ва солим буда, ҳеҷ камбудие надошта бошед. Яъқ. 1:2–4 Ман ба фарзандони худ ҳикояҳои аҷоибро дар бораи ба дуоҳои худ дар он вақтҳое ки наздики ноумед шуданам буд, ҷавобҳои Худоро гирифтанамро нақл мекардам. Баъзе дарсҳои зиндагии хеле ҷиддӣ, ки ман ҳангоми инкишоф ёфтани шахсиятам гирифтаам, бо чунин воқеаҳо вобаста буданд. Худо моро ба имтиҳон дучор мекунад, чунки Ӯ аз рӯи гуфтаҳои Яъқуб мехоҳад, ки «то ки шумо комил ва солим буда, ҳеҷ камбудие надошта бошед» (Яъқ. 1:4). Роҳи хуби фаҳмондани ин фикр ба бачаҳо ин аст, ки дар тасаввуроти онҳо «чархуфалаки амрикои»-ро тасвир кунед. «Шумо дар назди онҳо меистед. Баъд хоҳиши сахт барои ба он савор шуданро пайдо мекунед. Оқибат, ки ба он савор шудед, дилатон сахт ба тапиш медарояд ва шумо тайёр ҳастед, ки аз тарс дод занед. Аммо шумо медонед, ки бехатар ҳастед ва боз ба замин пойҳои худро мемонед ва аз ин дониш ором мешавед». Ба фарзандонатон фаҳмонед, ки вақте Худо имони моро имтиҳон мекунад, ин мисли «чархуфалаки амрикоӣ» аст, зеро дар охир мо сиҳату солим мемонем. Оё ин маънои онро дорад, ки дар лаҳзаҳои душворӣ мо ба Худо дар бораи мушкилиҳоямон набояд гӯем, зеро медонем, ки онҳо ба хубӣ анҷом меёбанд? Не, баръакс дар ҳамин вақт мо фаъолона бояд бо Худо муносибат кунем, чунки мӯҳтоҷи ҳикмат, роҳнамоӣ, қувват, мадади Ӯ ҳастем ва танҳо Ӯ ин абрҳои шубҳаро аз мо дур карда метавонад. Худо моро барои он имтиҳон мекунад, ки моро таълим додан, дар имон боқувват кардан ва ба Худ наздик кунондан мехоҳад. (Ба фарзандонатон метавонед аз 1 Петрус 1:7 хонед.) Инчунин, дар вақти имтиҳон дуо накардан айнан ҳамон хатареро дорад, ки дар вақти савори «чархуфалаки амрикоӣ» буданатон хобатон барад. Агар кӯдак инро нафаҳмад, метавонад ноумед гашта, фикр кунад, ки Худо ба вай ғамхорӣ намекунад, ба дуоҳояш ҷавоб додан ва ӯро дастгирӣ кардан намехоҳад. Кӯмак кунед, то фарзандатон бифаҳмад, ки Худо барои фоидаи худи ӯ имонашро имтиҳон мекунад. Бигзор писар ё духтари шумо инро ҳеҷ вақт аз ёдаш набарорад. Шояд ҳодисаи аз ҳама ҳаяҷоновар дар бораи он, ки Худо чӣ тавр ба дуои ӯ ҷавоб медиҳад, баъд аз зинаи ояндаи «чархуфалаки амрикоӣ» рӯй медиҳад. Вақте ки фарзандони мо намефаҳманд, ки чаро ба сарашон имтиҳонҳо меоянд Ҳавворӣ Павлус дар ҳудуди империяи Рум бисёр сафар карда буд. Чанд маротиба ӯ ба ин ё он шаҳр барои мавъиза кардани Хушхабари Исо рафта наметавонист. Як маротиба шайтон ба ӯ халал расонд (ниг.: 1 Тасл. 2:18); маротибаи дигар ӯро Рӯҳи Муқаддас боздошт (ниг.: Аъм. 16:16), мавридҳое мешуданд, ки вай аз барои обу ҳавои бад ба ҷои муқаррар кардааш рафта наметавонист. Павлус медонист ва боварии комил дошт, ки ҳама чиз дар дасти Худост ва ҳар чӣ Худованд мекунад барои фоидаи Павлус аст. «Дар баробари ин медонем, ки ба дӯстдорони Худо, ки мувофиқи пешбинии Ӯ даъват шудаанд, ҳама чиз бар нафъашон ёрдам медиҳад» (Рум. 8:28). Ба фарзанди шумо ҳама чизро фаҳмидан лозим нест. Ҳарчанд, ки Худо қудрати бепоён дорад ва ҳама чизро мувофиқи мақсадҳои Худ иҷро мекунад, ба ҳар ҳол дар Китоби Муқаддас бисёр далелҳое оварда мешаванд, ки Худо масъулияти ҳамаи мушкилиҳои ҳаёти моро надорад. (Вақте ки мо ангушти поямонро захмдор мекунем, магар мегӯем, ки инро Худо кард?) Бинобар ин мо набояд дар мусибатҳои ҳаётамон зуд Худоро айбдор кунем, чунки мақсади Худо фақат барои мо чизҳои беҳтаринро додан аст. Аммо ман намегӯям, ки ба фарзандонатон гӯед, гӯё ҳама чизе, ки ба онҳо маъқул аст, аз тарафи Худост ва он чӣ маъқул нест аз тарафи шайтон аст. Он гоҳ бисёр чизҳои монанди кадую карам ба рӯйхати нодуруст дохил ме-шаванд. Ман дар назар дорам, ки агар шумо дуруст будани тахминҳои худро аниқ надонед (ва шумо аниқ намедонед), пас ҳар маротибае, ки бо ягон мусибат дар ҳаётатон дучор мешавед ва сабаби онҳро фаҳмонда натавонед, тамоми балоро ба сари Худо напартоед. Агар шумо барои дарс додан гурбаи дӯстдоштаи фарзандатонро кушта натавонед, пас наход Худо ин корро карда тавонад? Агар гурбаи дӯстдоштаи бачаатон зери мошин монда бошад, беҳтараш ба бачаатон бигӯед, ки сабаби рӯй додани ин воқеаро намедонед ва ҳамроҳаш дуо кунед, ки Худо ӯро ором кунад (ё, эҳтимол, ба ёфтани дигар гурба ёрдам диҳад). Ба фарзандатон ин тавр нагӯед: «Мумкин ба Худо гурбаи ту даркор шуда бошад», ё «Дар ин ҳаёт ҳеҷ чиз ҳамту рӯй намедиҳад. Мумкин мо ягон чиз ёд гирифтанамон даркор бошад». Агар шумо барои дарс додан гурбаи дӯстдоштаи фарзандатонро кушта натавонед, пас наход Худо ин корро карда тавонад? Агар шумо чизеро нафаҳмед, Худоро айбдор накунед, балки фарзандатонро ба назди Худо равона кунед, то ки аз Ӯ ёрдам ва ҳикмат бигирад. Барои Худо мушкилиҳои ҳалнашаванда вуҷуд надорад. Ҳанӯз, ки фарзандамон хурд ҳастанд, мо бояд онҳоро ёд диҳем, ки онҳо набояд саъю кӯшиши фаҳмидани ҳама чизро кунанд. Ҳикояи оянда ба онҳо ёрӣ медиҳад, ки ҳатто агар ҳамаи роҳҳои Худоро нафаҳманд ҳам ниятҳои дили Ӯро фаҳманд. (Ин ҳамту мисол аст, қонуни масеҳиён нест). Тасаввур кунед, ки фарзанди шумо кӯҳнавард аст ва тамоми ҳаёташ аз баромадан ба қуллаҳои кӯҳ иборат аст. Худо устоди варзиш аст ва ҳамроҳи ӯ ба кӯҳ мебарояд. Устод ба ӯ ба боло баромаданро ёд медиҳад ва дар ин роҳ ба тарафи қулла ба вай ёрдам медиҳад. Ба фарзандатон гӯед: «Мақсади боло баромадан фақат ба қулла расидан нест (фикр накун, ки Худо туро бардошта ба қулла мегузорад). Мақсад ин аст, ки ту кӯҳнаварди хуб ва шахси боқувват шавӣ. Худо туро маҷбур намекунад, ки афтида гарданатро шиканӣ. Ӯ инчунин сангҳоро ба болои сарат намеафтонад. Дар лаҳзаи мушкилӣ ҳам туро танҳо намегузорад. Оё дар ин роҳ ба сари ту санг афтида метавонад? Ҳа, метавонад. Магар Худо барои чизе ба ту ёд доданӣ шуда туро дар хатар мемонад? Не! Оё Вай туро наҷот намедиҳад ва ба роҳи дуруст боз намегузорад? Албатта, наҷот медиҳад ва ба роҳи дуруст мегузорад! Акнун, ки ту ба ҷои мушкили роҳи худ мерасӣ ва фикр мекунӣ, ки аз ӯҳдаи он намебароӣ, магар Худо туро гирифта ба сатҳи дигар мегузаронад? Не! (Агар ту гӯӣ, ки риёзиёт барои ту душвор аст, бинобар ин ту футбол бозӣ мекунӣ, магар Худо дарс доданро бас карда, ба ту иҷозат медиҳад, ки дарсҳои Ӯро беэътибор монӣ? Не!). Ӯ ба ту ҳикмат медиҳад, дастгирӣ мекунад ва қувват мебахшад, то аз ҳамаи мушкилиҳо гузашта ба зинаи дигар бароӣ? Дуруст! Агар ба кӯҳ баромадан имконнопазир бошад, магар Ӯ ба ту ба таври мӯъҷизаовар кӯмак мекунад? Ҳатман. Ӯ бо мақсади муайян туро бо роҳи мушкил мебарад, то, ки туро ёд диҳад, боқувват кунад ва ба қуллаҳои баландтар тайёр кунад? Дуруст! Ӯ ба ту осоиштагӣ ва хурсандӣ медиҳад, дастгирӣ мекунад, туро таъриф мекунад, ҳамаи тарсҳои дар роҳат пайдо мешударо дур мекунад? Дуруст. Ӯ ба ту ёрдам дода, бо хӯрок, чизҳои барои ба кӯҳ баромадан зарурӣ туро таъмин мекунад? Мекунад!» Ба фарзандатон фаҳмонед, ки ба қуллаи кӯҳ бисёр пайраҳаҳо мебаранд, лекин Худо барояшон як роҳро мекушояд, ки бо он роҳ рафта, онҳо дар ин ҳаёт ҷои худро пайдо карда, одамони хуб шуда метавонанд. «Оё ту бо ин роҳе меравӣ, ки Худо тайёр кардааст ва медонад, ки дар он сангҳои хатарнок нестанд, ки ба сарат афтанд? Эҳтимол, меравӣ! Худованд лоиқи боварии мо аст». Ба фарзандонатон гӯед, ки онҳо набояд саъю кӯшиши фаҳмидани ҳама чизро кунанд. Ба фарзандатон оятҳои Китоби Муқаддасро хотиррасон кунед, ки он ҷо гуфта шудааст, ки дар мусибатҳо мо метавонем хурсандӣ кунем, чунки дар мусибатҳо сабру тоқат, таҷриба ва умеде, ки хиҷолат намекунонад, ба вуҷуд меоянд (ниг.: Рум. 5:3–5). Маслиҳатҳо ва ёрдам Одатан Худо, ҳангоми ба дуои бача ҷавоб медиҳад, ба вай имконият, қобилият ё ҳикмат медиҳад, ки мушкилиашро худаш ҳал карда тавонад. Масалан, агар бача барои ягон чизи моддӣ дуо кунад, Худо ба вай имконият медиҳад, ки пули заруриро кор карда, чизи хостаашро харад. Агар бача барои оштӣ шудан дуо кунад, шояд лозим меояд, ки дӯсташро ёфта, ҳамаи мушкилиҳояшонро ҳамроҳ муҳокима кунанд. Агар бачаатон аз Худо чизи аниқро пурсад, ҳамроҳаш дуо кунед. Бигзор вай аз Худо пурсад, ки барои ба мақсадаш расидан худаш чӣ кор карда метавонад. Баъд, пеш аз давом додани дуо, бача бояд камтар хомӯш истода, дар бораи ин фикр кунад. Бо бачаатон имкониятҳои гуногуни ҳалли мушкилиҳояшро муҳокима кунед. Баъд ба бачаатон маслиҳат диҳед, ки ба Худо дар бораи он саъю кӯшишҳои худаш, ки барои иҷро кардани хоҳишаш мекунад, нақл кунад. Баробари он, ки бачаатон ба мақсади худ наздиктар мешавад, Худо аз тарафи Худ меҳнат мекунад, ки хоҳиши бача иҷро шавад. Вақте, ки шумо ба фарзандонатон мунтазир шудани ҷавоби дуоҳояшонро ёд медиҳед, яке аз масъалаҳои асосие, ки шумо бояд ба он аҳамият диҳед, масъалаи вафодорӣ аст. Шиори оилаи мо чунин аст: «Агар ман «ҳа» гӯям, ин маънои онро дорад, ки ман ваъдаамро иҷро мекунам. Агар ман нисбат ба ту вафодор бошам, пас ту ба ман такя карда метавонӣ» Ин қариб мисли бозӣ шудааст, чунки фарзандони мо медонанд, ки агар аз мо розигӣ гиранд, ки онҳоро бо худ ягон ҷо мебарем ё барояшон чизе тӯҳфа мекунем, онҳо аллакай медонанд, ки ин ҳатман мешавад. Вақте ки фарзандатон мебинад, ки шумо ҳамеша дар қавлатон меистед, он гоҳ ба Худо таваккал карданаш осон мешавад. Аз ҳама бодиққат дар ҳалли он хоҳиши бачаатон бошед, ки ба Худо нақл кардааст. Худованд бисёр вақт ба дуоҳои фарзандони шумо ба воситаи шумо ҷавоб медиҳад. Вале фикр накунед, ки Ӯ ҳамеша шуморо истифода мекунад. Худо ба ин эҳтиёҷ надорад. Дуо карда, ба амал кардан шитоб накунед, балки аввал боварии қатъӣ ҳосил кунед, ки бо харидани ягон чиз ё иҷро кардани ягон кор барои фарзандатон шумо дуруст рафтор мекунед. Агар шумо фикр кунед, ки Худо ба воситаи шумо ба дуои фарзандатон ҷавоб медиҳад, пас ба бачаатон гӯед, ки дар бораи ин чиз бисёр дуо кардед ва Худованд бисёр вақт барои ба дуои бачаҳо ҷавоб додан падару модарашонро истифода мебарад. Падару модар вазифадор ҳастанд, ки ба фарзандонашон ғамхорӣ кунанд ва эҳтиёҷи онҳоро қонеъ гардонанд. Аммо агар шумо ба дуруст будани хулосаи худ боварӣ надошта бошед, саросема нашавед. Шояд Худо муҳаббати Худро ба фарзанди шумо бо тарзи дигар нишон додан мехоҳад. Бозиҳое, ки мо ба шумо пешниҳод мекунем, ёрдам медиҳад, ки боварии бача ба он, ки Худо ба дуояш ҷавоб медиҳад, мустаҳкам гардад. Бозӣ: «шикорчиёни ганҷ» ва «ҷӯяндагон» 1. Ба бачаҳоятон бозии «ҷӯяндагон»-ро ёд диҳед. Бачаҳо бисёр вақт чизеро хоҳиш мекунанд, вале баъд он аз ёдашон меравад. Агар аз ёдашон наравад ҳам, онҳо вобастагиро байни дуои худ ва ҷавоби он дида наметавонанд. Асосан ин бо бачаҳои хурдсол рӯй медиҳад. Ба фарзандатон чизи дуо кардаашро хотиррасон кунед ва вақте ки онро ба даст меоварад, нишон диҳед, ки ин ҷавоби Худо буд. Дида бароед, ки чӣ тавр Худованд хоҳиши вайро иҷро кард. Ба фарзандатон бигӯед, ки ҷавоби дуояш ин ҳамон ҳикояе ҳаст, ки вай онро нависта ё ба дигарон нақл карда метавонад. Бачаҳо метвонанд китоби худро бо ҳикояҳои дуоҳои ҷавобёфтаашон тартиб диҳанд. Барояшон дафтари зебо харед (ё «китоби имон»-ро истифода баред, ки дар борааш дар боби дуюм гуфта гузаштем) ва бигзор онҳо ҷавобҳои дуоҳои худро ба он нависанд. Ба онҳо шукр кардани Худоро хотиррасон кунед. 2. Ба бачаҳоятон бозии «шикорчиёни ганҷ»-ро ёд диҳед. Ягон шириниро дар хонаатон пинҳон кунед. Боз як одами калонро хоҳиш кунед, ки ба бозии шумо шарик шавад. Вай набояд ҷои «ганҷи» пинҳонкардашударо донад. Акнун ба фарзандонатон дар бораи «ганҷ» гӯед. Барои ёфтани он ганҷ онҳо ба ҳарду одамони калон саволҳое дода метавонанд, ки ҷавобаш ё «ҳа» ё «не» бошад. Дар равиши бозӣ, дуюм одами калон бояд ҷавобҳои ноаниқ диҳад, мисли: «Ман аниқ ба ту гуфта наметавонам» ё «Намедонам, ки чӣ тавр ба ту ёрдам кунам». Баъд аз чанд вақт маълум мешавад, ки фақат яке аз калонҳо ҷои «ганҷ»-ро медонад. 3. Вақте ки «ганҷ» ёфт мешавад ва бачаҳо мазза карда онро мехӯранд, ба онҳо фаҳмонда гӯед: ба назар менамояд, ки ба орзуи мақсадамон чанд роҳҳо ҳастанд, вале Худо ягона касест, ки дар ҳақиқат медонад, ки барои мо чӣ беҳтар аст ва онро ба мо дода метавонад. Аз фарзандатон пурсед: «Чаро барои ба даст овардани хоҳишамон вақт сарф кунем? Худоро биҷӯй ва Ӯ ба ту ҳама чизро медиҳад». Саволҳо 1. Вақте мо мегӯем, ки Худо имони моро имтиҳон мекунад, мо чиро дар назар дорем? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ Чаро Ӯ ин корро мекунад? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ 2. Яке аз имтиҳоншавии имони худро, ки ба наздикӣ рӯй дода буд, тасвир кунед. Чӣ тавр Худо имони шуморо имтиҳон мекард? Шумо барои худ чӣ гуна дарс гирифтед? Шумо барои устувор гардондани имони фарзандони худ ин таҷрибаатонро чӣ тавр истифода бурда метавонед? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ Мавзӯъҳои дуо • Худоро шукр кунед, ки ба шумо қудрати Худро, ки бар ҳар ҳолати ҳаётии шумо дорад, нишон медиҳад. • Худоро шукр кунед, ки дар ҳар ҳолати мушкил Ӯ ҳама чизи заруриро барои пайдо кардани ҳалли ин ҳолат ба шумо медиҳад. • Аз Худо хоҳиш кунед, ки имони шуморо мустаҳкам кунад ва ба шумо нишон диҳад, ки барои мустаҳкам кардани имони фарзандатон шумо чӣ кор карда метавонед. Дуои кӯдак «Худовандо, шукр мекунам Туро, ки ту ҳар рӯз ба ман ёрдам медиҳӣ. Ба ман ёрӣ деҳ, то бовар кунам, ки ту роҳи ба ҳамаи дуоҳои ман ҷавоби беҳтарин доданро медонӣ. Дар номи Исои Масеҳ, омин». Боби 13. Таълим додани баъзе нозукиҳои дуо Дуо — ин сақич барои парҳезгорон нест, фикр накунед, ки чӣ қадар онро дароз карда метавонед. Лайонел Блу Мо, падару модарон, на танҳо сарпарастони фарзандонамон бояд бошем, ки онҳоро калон карда, то мустақил шуданашон муҳофизат мекунем. Мо устодони онҳо ҳастем, ки ба онҳо на фақат қонуну қоидаҳоро таълим медиҳем, балки дар амал истифода бурдани дониши назариявиро низ ёд медиҳем. Ин ба дуо низ тааллуқ дорад. Чанд масъалаҳоро дида мебароем. Дуоро чӣ тавр сар кардан ва ба охир расондан лозим Вақте ки Масеҳ ба шогирдонаш ёд медод, ки баъд аз маргу эҳёаш онҳо чӣ тавр бояд зиндагӣ кунанд, Ӯ ба онҳо гуфт, ки ба Худо дар номи Ӯ муроҷиат кунанд (ниг.: Юҳ. 15:16; 16:23–24, 26–27). Дар бораи тарзи дуо кардани Павлус мо дар Номаҳои ӯ ба Эфсӯсиён (ниг.: Эфс. 1:17) ва Қӯлассиён (ниг.: Қӯл. 1:3) хонда метавонем. Ҳарчанд қисми зиёди Навиштаҷот моро таълим медиҳад, ки ба Худо Падар муроҷиат кунем, дар баъзе ҷойҳои он боз гуфта шудааст, ки ба Писари Ӯ низ муроҷиат кунем. Исо Худо аст. Ӯ Худо Падар нест, вале яке аз шахсиятҳои Сегонагии Муқаддас мебошад. Бинобар ин вақте ки фарзандони мо ба Исо муроҷиат мекунанд, онҳо айнан ба ҳамон як Худо муроҷиат мекунанд. Лекин бо мақсади он, ки онҳо чӣ будани дуо ва тарзи дуо карданро ёд гиранд, беҳтар мешавад, ки ба онҳо мувофиқи намунаҳо аз Китоби Муқаддас тарзи сар кардан ва ба охир расондани дуоро ёд диҳем. Дар ин ҷо сухан дар бораи се элементи асосии дуо меравад: 1) мо дуоро бо муроҷиат кардан ба Худо сар мекунем: «Эй Падари мо»; 2) баъд номи Писари Худоро, ки ба воситаи Ӯ Худо дуои моро мешунавад, бояд зикр кунем: «Дар номи Исо»; 3) дар охири дуо мо «Омин» мегӯем. Ин се элементҳои асосӣ мавзӯи якчанд дарсҳои ҷиддӣ ҳастанд, ки бачаҳо бояд онҳоро аз худ кунанд. 1. Муроҷиат Ҳар маротибае, ки бачаҳо ба Худо ҳамчун ба Падар муроҷиат мекунанд, дар тасаввуроти худ симои падари заминии худро мебинанд. Худо мехоҳад, ки онҳо ба Ӯ ҳамчун ба Падар муроҷиат кунанд ва ҳангоме, ки дар дуо наздаш меоянд, ба ёд оранд, ки Ӯ онҳоро офаридааст ва онҳоро дӯст медораду тайёр аст барояшон ғамхорӣ кунад. Муроҷиат тамоми дуоро муайян месозад. Дуои бачаҳоро Падари Осмонии меҳрубон ва ғамхор гӯш мекунад, ки мехоҳад бо онҳо сӯҳбат кунад, таълимашон диҳад, дар ҳаёташон роҳбарӣ кунад ва ба онҳо ҳикмат диҳад. Худо мехоҳад, ки бачаҳо ба Ӯ ҳамчун ба Падар муроҷиат кунанд ва ҳангоме, ки дар дуо наздаш меоянд, ба ёд оранд, ки Ӯ онҳоро офаридааст ва онҳоро дӯст медорад, ва тайёр аст барояшон ғамхорӣ кунад. Фарзандонатонро ёд диҳед, ки ҳар дуои худро бо муроҷиат кардан ба Падари Осмонӣ сар кунанд ва барояшон фаҳмонед, ки ин чӣ маъно дорад. Вақте ки бача калимаи «духтури дандон»-ро мешунавад, вай мефаҳмад, ки назди кӣ рафта истодааст ва ин одам барояш чӣ кор мекунад ва бо чӣ мақсад мекунад. Вақте ки бача калимаи «Падар»-ро таллафуз мекунад дар тасаввуроташ бояд образи Ҳамон Шахсе, ки вай муроҷиат мекунад, пайдо шавад. Фарзандатонро водор созед, ки ба Худо муроҷиат карданашро бо номбар кардани сифатҳои хислати Ӯ васеъ гардонад. Ҳар сари вақт худатон низ ин корро кунед, то ба бачааатон намуна шавад. Масалан гӯед: «Падари Осмонии азизу меҳрубон ва пурқудрат, ки ба ман ғамхорӣ мекунӣ». Оё мо ҳар дуоро бо муроҷиат кардан ба Худо бояд сар кунем? Магар мо наметавонем, ки роҳравон бо Худо гап занем? Охир Ӯ дар ҳама ҷо моро мешунавад ва медонад, ки мо бо Ӯ сӯҳбат крада истодаем, магар ҳамин тавр не? Дуруст аст. Албатта, шумо бо Худо оддӣ сӯҳбат карда метавонед. Лекин, вақте ки ба фарзандонамон муносибати дуруст бо одамон карданро ёд медиҳем, мо мехоҳем, ки насли мо аниқ ва равшан фикрҳояшонро баён кунанд ва баробари ин нисбат ба ҳамсӯҳбаташон иззату эҳтиром нишон диҳанд, бинобар ин мо бояд онҳоро бовар кунонем, ки ҳар дафъа дуоро бо муроҷиат ба Худо сар кунанд. Вақте ки бачаҳо ба Худо муроҷиат мекунанд, онҳо диққаташонро ҷамъ мекунанд ва иззату эҳтироми худро ба Худо нишон медиҳанд. Он гоҳ онҳо мефаҳманд, ки як ҳадде ҳаст, ки фикронии онҳоро аз он чӣ онҳо ба Худо гуфтан мехоҳанд, ҷудо мекунад. 2. Зикр кардани номи Исо Мо метавонем бешубҳа донем, ки Худо дуои моро мешунавад, чунки Исо гуноҳҳои моро ба Худ гирифта, алоқаро байни мо ва Худо барқарор намуд. Аммо ба мо лозим нест, ки ҳар маротиба ба дуои худ калимаҳои «бо номи Исо»-ро бо мақсади шунида шудани дуоямон илова кунем. Агар дуо бе ин калимаҳо бошад, Худо онро «пастсифат» ҳисоб намекунад. Вақте ки мо фарзандони Худо мешавем, байни мо ва Падари Осмониамон алоқа сохта мешавад, зеро Исо барои мо ҷон дод ва мо қурбонии Ӯро қабул кардем, яъне алоқа бо Худо аз барои Исо, «дар номи Исо» сохта мешавад. Яъне гуфтан мумкин, ки ба мо гирифтани иҷозатнома барои назди Падари Осмонӣ омадан лозим нест. Мо аллакай ҳуқуқ пайдо кардем, ки аз барои Исо, ки як маротиба ва то абад қарзи гуноҳҳои моро супоридааст, ба назди Худо биёем. Вале, ба ҳар ҳол, ман боварӣ дорам, ки бачаҳо ба дуоҳои худ калимаҳои «дар номи Исо»-ро бояд илова кунанд. Вақте ки мо ба онҳо маънои ин суханонро мефаҳмонем, ба онҳо чизҳои зеринро хотиррасон мекунем: 1. Файзи Худовандро. Мо метавонем дуо карда, боварии комил дошта бошем, ки Худо моро дӯст медорад, вале на ба сабабе, ки мо инро лоиқ шудаем, балки аз барои он, ки Исо ба ҷои мо мурда буд. Суханони «дар номи Исо» файзи ба мо тӯҳфашударо ба ёд меоваранд. 2. Худо дуоро мешунавад ва ҷавоб медиҳад. Ба Худо ҳеҷ чиз халал расонда наметавонад, ки дуоҳои моро шунида, ба онҳо ҷавоб диҳад. Ҳеҷ чиз! Номи Исо, аз рӯи шаҳодати Навиштаҷот, «аз ҳар ном болотар аст» (Фил. 2:9). 3. Хости Худоро. Мо наметавонем, ки дар номи Исо чизеро хоҳиш кунем, ки ба хоҳиши Худи Исо ва инчунин хости Худо зид бошад. Худо ҳамаи суханони дуои моро мешунавад, онро аз назар мегузаронад ва мувофиқи хости Худ амал мекунад. Ин се ҳақиқатро хуб ёд гирифта, бачаҳо ҳангоми талаффуз кардани «дар номи Исо» ҳамеша онҳоро ба хотирашон меоваранд. Ин суханон ба ёди мо меоваранд, ки аз барои Исо мо медонем, ки Худо моро дӯст медорад, дуоҳои моро мешунавад ва ба онҳо ҷавоб медиҳад. Мо медонем, ки барои Ӯ чизи имконнопазире вуҷуд надорад ва ҳеҷ қувват Ӯро аз шунидан ва ба мо ҷавоб додан боздошта наметавонад. Мо медонем, ки Ӯ аз ҳама чиз бохабар аст ва ба мо мувофиқи ниятҳои Худ, ки ба фоидаи мо ҳастанд, ҷавоб медиҳад. 3.Ҷамъбаст Ва акнун дар бораи калимаи ҷамъбастии «омин». Маънои ин калима «бигзор ҳамин тавр шавад» ё «бигзор ин иҷро шавад», «ин мувофиқи ваъдаҳои Худост» мебошад[15]. Магар лозим аст, ки дар охири дуо «омин» гӯем, фақат барои он, ки дуоямон назди Худо «фиристода» шавад, мисле, ки мо бо компютер хат мефиристонем ва барои фиристода шуданаш калимаи «фиристодан»-ро пахш мекунем? Не. Калимаи «омин» ҳамчун қисми дуо мақсади ҷиддӣ дорад. Якум, он кӯмак мекунад, ки бодиққат шавем. Инчунин ёрӣ медиҳад сӯҳбатеро, ки бо Худо мекунем, аз сӯҳбатҳо бо одамони дигар ё аз фикрҳои шахсиамон ҷудо кунад. Бачаҳо медонанд, ки то «омин» гуфта нашавад, диққати онҳо бояд ба Худо ҷалб карда шавад. Дуюм, ва ин муҳим аст, ки бо гуфтани «омин» мо имони худро ба Худо, ба он ки Ӯ моро аллакай шунид ва ба дуоямон ҷавоб медиҳад, эълон мекунем. Вақте ки шумо ба бачаҳо мефаҳмонед, ки чаро мо «омин» мегӯем, ба онҳо ёд диҳед, ки дуоҳои худро бо ибораҳои васеътар ба охир расонанд (ё худатон ин корро кунед): «Худованд, Туро шукр мекунам, ки дуоҳои маро мешунавӣ ва ба онҳо ҷавоб медиҳӣ. Ман медонам, ки дар бораи ҳама чизе, ки ман ба Ту гуфтам, Ту мувофиқи хости Худ ғамхорӣ мекунӣ!» Соддатар карда гӯем, «омин» ҳамеша дар охири дуо хотиррасон мекунад, ки Худо моро шунид ва ҷавоб медиҳад. Омехтани мутаносиби элементҳои гуфтугӯи расмӣ ва сӯҳбати дӯстона дар дуо Дӯстон метавонанд байни худ дӯстона ва расмӣ гуфтугӯ кунанд: 1. «Сӯҳбати хизматӣ». Дар гуфтугӯи хизматӣ мо тарафи кории муносибатҳоямонро муҳокима мекунем. Агар, масалан, муносибатҳои худамонро бо фарзандонамон дида бароем, мо, ҳамчун падару модар бояд назорат кунем, ки онҳо вазифаи муайяни хонагӣ, корҳои хонагиро иҷро мекунанд ё не, ва инчунин мӯҳтоҷиҳои моддии онҳо ва ғайраро муҳокима мекунем. 2. «Сӯҳбати дӯстона». Дар сӯҳбати дӯстона мо оид ба ҳар мавзӯъ сӯҳбат карда метавонем: дар бораи ҳолатамон, чизҳои дӯстдоштаамон, дар бораи фикрҳоямон. Чунин намуди муносибат ёрдам медиҳад, ки мо якдигарро беҳтар шиносем, саргузаштҳои худро ба якдигар нақл кунем ва вақти хуб гузаронем. Дар бораи дуо низ айнан ҳамин чизро гуфтан мумкин. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки кадом мавзӯъҳоро мо ва фарзандонамон ҳама вақт бояд бо Худо муҳокима кунем, яъне бо Ӯ гуфтугӯи расмӣ дошта бошем. Лекин Худо намехоҳад, ки фарзандони мо фақат ҳамин намуд муносибатро дошта бошанд. Худо мехоҳад, ки онҳо бо Ӯ муносибати дӯстона низ инкишоф диҳанд, дар бораи ҳиссиётҳои худ ва хоҳишҳои худ барояш гӯянд ва аз Ӯ пурсанд, ки онҳоро чӣ гуна дидан мехоҳад. Ба фарзандони худ ёд додани он, ки сӯҳбат бо Худо ҳам расмӣ ва ҳам дӯстона шуда метавонад, хеле муҳим аст. Сӯҳбати расмӣ бо Худо доштан — ин маънои дуоҳо ё оятҳои аз Китоби Муқаддас аз ёд кардаро фаҳмида ба Ӯ гуфтанро дорад. Дар Китоби Муқаддас мо даъват мешавем, ки барои одамони ҳуқуматдор дуо кунем, бинобар ин мо бояд фарзандони худро водор созем, ки барои мо, муаллимон, коргарони қонун, барои роҳбарон ва ғайра дуо кунанд. Дуо барои муаллимон ҳатто бетағйир монда метавонад. Ба ин роҳ додан мумкин, мисли он, ки айни ҳамон сӯҳбати байни муаллим ва талаба бисёр маротиба такрор ёфта метавонад: «Ба ман ҷавоб медиҳед?». Муаллим мепурсад: «Ту вазифаи хонагиатро иҷро кардӣ?». «Не, баъдтар мекунам». «Илтимос, аввал вазифаи хонагиатро иҷро кун, ана баъд рав». Чунин сӯҳбати корӣ ё тақрибан ба ин монанд метавонад бисёр маротиба такрор ёбад. Лекин дуо набояд фақат ҳамин тавр бошад. Вақте, ки фарзандон калонтар шуда бо одамони гуногун муносибат карданро сар мекунанд, он гоҳ мефаҳманд, ки бо касе озодона муносибат кардан ин яъне ихтиёран ба ҳар мавзӯъ сӯҳбат кардан аст. Бачаҳо бояд дар ёд дошта бошанд, ки сӯҳбат бо Худо расмӣ ва дӯстона шуда метавонад. Ҳангоме, ки ба фарзандонатон зарурати ҳам сӯҳбати расмӣ ва ҳам дӯстона бо Худо доштанро мефаҳмонед, ҳамчун мисол муносибати байни одамонро оред. Агар барои ба бача ёд додани омехта тавонистани ин элементҳои сӯҳбати расмӣ ва дӯстона дар дуо шумо худатон аввал бо вай дар бораи ягон коратон сӯҳбатро сар карда баъд оҳиста суханро ба сӯҳбати дӯстона тағйир диҳед, ин роҳи хубтари таълимдиҳӣ мешавад. Дар хулоса ба вай нишон диҳед, ки сӯҳбати расмӣ аз дӯстона чӣ фарқ дорад ва инро ба дуо низ дахлдор кунед. Фикр кунед 1. Тарзи дуохонии шумо бештар ба сӯҳбати расмӣ ё дӯстона монанд аст? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ Дар давоми ҳафта дафтари дуохонии ҳаррӯзаатонро ташкил диҳед ва назорат карда бинед, ки чанд маротиба дуоҳои шумо «расмӣ» буданд ва чанд маротиба дуоҳои шумо ҳамчун вақти хушгузаронӣ бо Худо буд, ки аз сӯҳбат бо Ӯ баҳра бурдед. Чӣ гуна натиҷаҳо гирифтед? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ Бо кадом тарз шумо дар дуоҳои худ омехта кардани элементҳои сӯҳбати расмӣ ва дӯстонаро ёд гирифта метавонед? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ 2. Вақте ки шумо бо фарзандони худ дуо мекунед, ба чӣ бештар шумо диққататонро ҷалб кардан мехоҳед ва ба чӣ фарзандонатон? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ Барои ҳаёти дуохонии фарзандони худро ҳамоҳанг кардан шумо чӣ чораҳо дида метавонед? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ Дуоҳои аз ёдкардашуда Мақсади дуо кардан ҳеҷ вақт набояд ин бошад, ки дуо дуру дароз гардад ё суханони зебо гуфта шаванд; ба воситаи дуо мо бо Падари Осмониамон сӯҳбат карданро ёд мегирем, ба Ӯ таваккал кардану аз Ӯ ҷавоб қабул карданро ёд мегирем. Дуоҳои аз ёдкардашуда метавонанд намунаи хуб ва илҳомбахш, инчунин воситаи таълими дуо шаванд. Вале боэҳтиёт бошед. Ҳангоми гуфтани дуоҳои аз ёдкардашуда мо бо васвасаи он дучор шуда метавонем, ки бо забон дуо мекунему ҳушамон дар фикри дигар чиз мешавад. Пеш аз он, ки фарзандатон аз ёд кардани ягон дуоро сар мекунад, маънои онро барояш фаҳмонда диҳед. Боварӣ ҳосил кунед, ки онҳо суханони шуморо фаҳмиданд. Онҳоро водор созед, ки дуоро оҳиста, ва ба суханони дуо мегуфтаашон аҳамият дода хонанд. Бигзор дар охири дуо суханони худашонро ҳам илова кунанд, масалан гӯянд: «Ман ҳақиқатан ҳамин тавр фикр мекунам, Худованд!» Дуоҳои аз ёдкардашуда метавонанд намунаи хуб ва илҳомбахш, инчунин воситаи таълими дуо шаванд. Дар ҳаёти дуохонии фарзандонатон дуоҳои аз ёдшуда набояд мавқеи муҳимро ишғол кунанд. Баъд аз он, ки кӯдак дуои аз ёд кардаашро мегӯяд, водор созед, ки ӯ боз бо суханони худ низ дуо кунад. Бисёри бачаҳо он қадар қобилияти бодиққат шуданро надоранд, ки маънои дуоҳои аз ёдкардаашонро чуқур бифаҳманд ва онҳоро бо имон гӯянд. Танҳо аз ёд кардани дуоҳо дар ёд гирифтани сӯҳбатҳои самимона бо Худо кардан ёрдам дода наметавонад. Аз такроршавиҳо дур бошед Ҳар бача ҳаракат мекунад, ки як дуоеро тартиб диҳад, ки ҳам ба худаш ва ҳам ба шумо маъқул бошаду онро ҳар рӯз такрор кунад. Ӯ чунин фикр мекунад: «Агар ҳамин дуо дуруст бошад, пас дуои дигар чӣ лозим?» Ана ду қоидае, ки дар ёд доштан лозим аст: ба худ иҷозат надиҳед, ки хашмгин шавед ва ба фарзандонатон нагузоред, ки дар як дуо бозистанд. Бори дигар мегӯям: ба худ иҷозат надиҳед, ки хашмгин шавед ва ба фарзандонатон нагузоред, ки дар як дуо бозистанд. (Бубахшед, аз такрор кардан худдорӣ карда натавонистам). Ҳанӯз, ки фарзандонатон хурд ҳастанд амал карданро сар кунед. Ба онҳо ёрдам диҳед, ки ҳар бегоҳ дар дуои худ ягон хоҳиши навро аз рӯи мӯҳтоҷии рӯзи гузашта илова кунанд. Бо онҳо ҳодисаҳову мушкилиҳои рӯзи гузашта ва нақшаҳои ояндаашонро муҳокима кунед, баъд муайян кунед, ки онҳо хоҳиши барои чӣ дуо карданро доранд. Ба онҳо нақл кунед, ки Худо ба ҳал кардани мушкилиҳои онҳо ёрӣ расонда метавонад ва онҳо чӣ тавр дуо карда метавонанд. Вақте ки фарзандонатон камтар калон мешаванд, ба онҳо намудҳои дигари дуоро ёд диҳед ва гӯед, ки боз дар бораи чӣ онҳо ба Худо нақл карда метавонанд. Инро то он вақте давом диҳед, ки дуо барои мушкилиашон, аз дуои ҳар рӯз такрор мекардаашон дарозтар шавад. Дар ягон зина шумо мебинед, ки фарзандонатон фаҳмидаанд: дуо — ин ҷараён аст ва шумораи хоҳишҳое, ки такрор меёбанд, то ба сетои аз ҳама дӯстдоштаашон рафта мерасад. Ҳолатҳои бадан дар дуохонӣ Савол чунин аст — оё ба зону истодан лозим аст ё не. Дар Китоби Муқаддас мисолҳои бисёр ҳолатҳои гуногуни дуохонӣ омадаанд. Аммо аниқ дар бораи ҳолати бадан дар вақти дуо чизе навишта нашудааст. Эҳтимол ин аз намуди дуо ва ҳолати табъи дуохонанда вобаста аст. Вақте ки Мӯсо мунтазири ғазаби Худо буд ё ба марҳамати Худованд эҳтиёҷ дошт, рӯй ба замин мекард. Довуд ҳангоми эълон кардани файзи неки Худо ва ҳамду сано хонданаш рақс мекард. Илёс ва пайғамбарони дигар ҳангоми дуо карданашон дар ҳузури одамони бисёр аз ҷояшон бармехестанд, шояд бо мақсаде, ки ҳамаи иштирокчиёни дуо суханони онҳоро шунида тавонанд. Маротибаи дигаре, ки Илёс аз Худо борон хоҳиш мекард, вай дар болои замин нишаста, сарашро хам карда буд. Барои дуо амалкунанда шуданаш, диққати калон ҷалб кардан лозим ва шояд чунин ҳолати бадан ба пайғамбар кӯмак мекард, ки диққаташро ҷамъ ку-над. Ҳолатҳои бадан дар дуо дуруст ё нодуруст ҳисоб шуда наметавонанд. Ҳолати бадан дар вақти дуо аз намуди дуо ва табъи дуохон вобаста аст. Пеш аз он, ки ба бачаҳо дар бораи ҳолатҳои бадан дар дуохонӣ нақл кунем, се саволи зеринро бояд дида бароем: эҳтиром, диққат додан ва забони бадан. Боз ҳам дуоро бо сӯҳбати байни одамон муқоиса мекунем: фарзандонамон мефаҳманд, ки ҳангоми бо мо сӯҳбат карданашон мо аз онҳо мунтазири он ҳастем, ки иззату эҳтироми моро ба ҷо оваранд. Эҳтиромро онҳо бо чунин шарт ба мо нишон дода метавонанд, ки ба ҳар тараф наҷунбида моро бодиққат гӯш кунанд. Вақте, ки дар бораи диққат додан мегӯем чунин чизро дар назар дорем: агар фарзандонамон машғули бозӣ бо бозичаҳояшон ҳастанду бо кунҷи чашмашон телевизор та-мошо кунанд, гумон аст, ки онҳо ба суханони мо аҳамият дода истодаанд. Забони бадан бошад, вақте ки мо бо фарзандамон ҷиддӣ гап мезанем вай набояд ба ягон чиз такя карда ё рӯяшро ба тарафи дигар гардонда истад. Фаҳмо аст, ки бачаҳо бо ҳолати баданашон ба одамони гирду атроф чӣ ҳиссу ҳолат доштаашонро нишон медиҳанд. Ҳамин, ки фарзандонатон инро мефаҳманд, ба онҳо ёрӣ диҳед, то ором дар як ҷо истода нишон додани иззату ҳурматро ёд гиранд. Ба онҳо фаҳмонед, ки бо чашмони пӯшида дар вақти дуо бодиққат будан осонтар мешавад, ва вобаста аз он, ки онҳо чӣ ҳис мекунанд, ҳолати баданашонро тағйир дода метавонанд. Агар шумо пеш аз хоб дуо мекарда бошед, эҳтимол фарзандатон дар рӯи каташ дароз кашидан мехоҳад. Аммо агар чашмонаш ба пӯшида шудан наздик бошанд иҷозат надиҳед, ки дароз кашад. Хоҳиш кунед, ки вай ба лаби кат шинад ё ба зону истад. Ана чанд маслиҳатҳое, ки бо истифода бурдани онҳо шумо ба фарзандатон ёрӣ дода метавонед, ки дар вақти дуо диққаташро ҷалб карда тавонад. • Агар фарзандатон одат дошта бошад, ки пеш аз хоб чизе хӯрад, он гоҳ зуд баъд аз дуо вайро ба сари дастархон даъват кунед. Вақте мефаҳмад, ки ширинии болаззат мунтазираш аст, зудтар диққаташро ҷалб мекунаду ба дуо шурӯъ менамояд. • Агар фарзандатон беқарор ҷунбида истад, барояш гӯед, ки баъд аз дуо ҳамроҳаш бозӣ мекунед, аммо ҳоло бояд ором истода дуо кунад. Агар дар вақти дуохонӣ ҷунбида истад, мунтазири ором шуданаш шавед ва баъд аз ором шуданаш дуо хонданро аз нав сар кунед. • Ҳамаи бозича ва чизҳоеро, ки ҳуши бачаро парешон мекунад, дур кунед. Агар вай хафа шавад, фаҳмонед, ки ҳангоми бо касе сӯҳбат кардан ором истода бодиққат будан муҳим аст. Ваъда диҳед, ки ҳамаи бозичаҳояшро баъд аз тамом шудани дуо баргардонда медиҳед. • Фарзандатонро шавқманд нигоҳ доред! Агар вай диққаташро ҷалб карда натавонад, кӯтоҳ дуо кунед. Дар бораи чизе, ки ӯро ба ташвиш меоварад, дуо кунед. Баъд ӯро барои дар вақти дуо хондан (дар давоми ин сӣ сония) бодиққат буданаш таъриф кунед. Маротибаи дигар, ки дуо мекунед, дар ёд дошта бошед, ки ба бачаатон диққаташро ҷалб кардан мушкил аст. • Баъзе вақт ҳангоми дуо хондан вобаста аз шароит ҳолати баданро тағйир диҳед. Агар шумо дар боғ дуо карданӣ бошед, кӯдакатонро ҳамроҳи худ гиред. Агар шумо дӯст дошта бошед, ки дар сари миз бо қалам дар даст дуо кунед, бигзор фарзандатон низ айнан ҳамин тавр карда бинад. Агар шумо аз Худо чизе аниқро хоҳиш карданӣ бошед, маслиҳат медиҳам, ки ҳамроҳи писаратон (духтаратон) ба зону истед. (Аммо вақте ки ба фарзандатон аз Худо бахшиш пурсиданро ёд медиҳед, маҷбур накунед, ки ба зону истад. Чунки дар оянда вай ба зону истоданро ҳамчун як чизи шармсор ҳисоб мекунад. Диққати бачаҳоро ба муҳаббати Худо ва ба нияти Ӯ, ки ба ислоҳшавии онҳо кӯмак кардан мехоҳад, ҷалб кардан лозим аст. Аз онҳо фақат дуои кӯтоҳи «Худованд, бубахш» даркор асту бас. Баъд онҳоро таъриф карда, ба оғӯшатон кашед.) Дуои хомӯш ва бо овози баланд Дар Китоби Муқаддас мисолҳои дуоҳои беовоз ва инчунин дуоҳо бо овози баланд оварда шудаанд. Маълум аст, ки агар як гурӯҳ одамон дуо кунанд, бо овози баланд дуо кардан лозим аст. Вақте ки шумо ҳамроҳи фарзандони худ дуо мекунед ва ба онҳо дуо карданро ёд медиҳед, дуо бо овози баланд ягона тарзи қобили қабул аст, чунки дуои фарзандатонро нашунида, ба вай ёрӣ дода наметавонед. Аммо, баъзан кӯдак намехоҳад, ки шумо ягон дуои вайро шунавед. Дар ин ҳолат ба вай иҷозат диҳед, ки дар даруни дилаш дуо кунад, вале бигзор шуморо аз вақти тамом кардани дуояш огоҳ созад. Вақте ки кӯдак калонтар шуда, бо тарзи худ дуо карданро сар мекунад, эҳтимол, ӯ хоҳиш пайдо мекунад, ки дар даруни дилаш дуо кунад. Аммо агар барои ӯ ҳушашро ҷамъ карда дуо кардан душвор бошад, вайро ба гап дароварда гӯед, ки бо овози баланд дуо кунад, ҳатто агар овозашро базӯр шунида ҳам шавад. Дуои кӯдак чӣ қадар дароз бояд бошад? Фарқ надорад, ки кӯдак чӣ қадар дароз дуо мекунад. Исо ба мо ёд додааст, ки сергап набошем ва фикр накунем, ки аз барои суханони зиёдамон Худо моро мешунавад. Агар шумо барои дуои худро дароз нишон додан, ки ба назаратон ҳамон қадар дуо бояд тӯл кашад, баъзе ибораҳо ё дуоҳои аз ёд кардаатонро такрор ба такрор гӯед, ин дигар дуо нест, балки лаққиданӣ аст. Агар дар дуо шумо мақсад гузошта бошед, ки дуоятонро тӯлонӣ кунед ва дуру дароз давом диҳед, бидонед, ки шумо беҳуда вақт сарф мекунед. Аммо агар мо кам-кам ба фарзадонамон дар бораи он чизҳое дуо карданро ёд диҳем, ки дар Китоби Муқаддас навишта шудааст ва дар онҳо майлу рағбати шинохтани Худоро инкишоф диҳем, он гоҳ вақти дуои онҳо мувофиқи он чизҳое, ки ба гуфтанаш зарурат доранд, дарозтар мешавад. Чӣ қадар, ки одам бештар Худоро шиносад, ҳамон қадар бештар дар дуо вақт мегузаронад. Саъю кӯшиш кардан, ки дуо аз ним соат то як соат дарозтар карда шавад, нияти хуб аст. Фарзандони мо бояд донанд, ки ба чӣ саъю кӯшиш мекунанд, вале онҳо фақат дар сурате ба ин мақсад мерасанд, ки зиёдтар дар бораи дуо дониш пайдо кунанд ва дуо карданро дӯст доранд. Бинобар ин, бигзор ин ҷараёни инкишоф то он вақте ки зарур аст давом диҳад. Дуои пеш аз таом ва дуо бо дигарон Вақте, ки кӯдак аввалин бор ҳамроҳи одамони дигар дуо мекунад, беҳтар мешавад, ки инро дар хонаи худ кунад. Зинаи аввал — ин дидан ва шунидан аст, ки шумо бо наздикони худ чӣ тавр дуо мекунед. Дар зинаи дигар кифоя аст, ки кӯдак дар вақти муқаррар нашуда ҳамроҳи шумо дуо кунад. Вақте ки фарзандонатон каме дуо карданро ёд мегиранд ва дар сари дастархон дуо кардан хоҳанд, ба онҳо иҷозати дуо карданро диҳед. Ин имконияти хуб аст, ки ба кӯдак ҳамроҳи одамони дигар дуо карданро ёд диҳем. Ҳангоме, ки фарзандонатон ҳанӯз хурд ҳастанд, дуоҳои умумӣ бояд содда бошанд, то ки фарзандонатон ҳамроҳи шумо иштирок кар-да, онро фаҳмида ва ёд гирифта тавонанд. Вақте ки кӯдак бори аввал дуо мекунад, бигзоред, ки дуои кӯтоҳ кунад, агар ӯ ҳатто дуои шуморо такрор кунад. Ҳамон замон вайро таъриф карда, дастгирӣ кунед. Дар ҳузури меҳмонон кӯдакатонро ба дуо кардан маҷбур насозед. Ҳамту пурсед, ки оё дуо кардан мехоҳад ё не. Агар розӣ нашавад, ҳеҷ гап не. Барои фаҳмидани сабаби норозигиаш, баъдтар бо худаш танҳо монда, ҳамроҳаш гап занед ва ӯро рӯҳбаланд кунед. Агар кӯдак ҳамроҳи дигарон дуо карданро нав сар карда бошад, лозим нест, ки дар назди меҳмонон дуо карданро аз вай хоҳиш кунед. Агар шумо фикр кунед, ки вақти он расидааст, ки кӯдакатон ба зинаи дигар гузарад ва дар ҳузури меҳмонон дуо кунад, он гоҳ пешакӣ ҳамроҳаш дар бораи ин гапзанон кунед, то ки дар назди дигарон вай дасту по нахӯрад. Вақте ки яке аз фарзандонатон дар сари дастархон дуо карданро сар карда бошад, рӯҳбаланд кунед, ки дафъаҳои дигар дуояшро каме дигаргун созад ва аз Худо иҷро кардани баъзе аз мӯҳтоҷиҳои оилавиро низ хоҳиш кунад. Дар вақти бо овози баланд дар ҳузури дигарон дуо кардан, одам беихтиёр зуд аз чизи асоси диққаташро канда, дар фикри тарзи баёни дуояш мешавад. Ба фарзандонатон ёрӣ диҳед, ки аз ин чиз озод шуда тавонанд ва пеш аз сар кардани дуохонӣ бо овози баланд аз Худо хоҳиш кунанд, ки ба дуо карданашон ёрӣ диҳад ва инчунин барояшон гӯед, ки дуои пеш аз таом ин як расму оин нест. Онҳо бояд боварӣ дошта бошанд, ки Худо онҳоро мешунавад ва ба дуоҳои онҳо ҷавоб медиҳад. Вақте ки фарзандон бо дигарон дуо карданро сар мекунад, онҳо фарқи байни дуои шахсӣ ва дуои умумиро бояд донанд. Дар дуоҳои умумӣ дар бораи мӯҳтоҷиҳои ҳамон гурӯҳ дуо мекунанд. Дар дуои шахсӣ шумо дар бораи чизҳое, ки барои худатон муҳим аст, мегӯед. Лозим нест, ки дар дуои пеш аз таом ҳамаи мӯҳтоҷиҳои оилаатонро номбар кунед. Ин дуо бояд кӯтоҳ бошад ва барои таом шукргузориву баракат талабидану ягон мӯҳтоҷии таъҷилиро дар бар гирад. Баъд хӯрданро сар кунед. Агар шумо дуои дароз хонеду фарзандонатон гурусна бошанд, диққати онҳо парешон шуда ҳеҷ чиз ёд намегиранд, чунки фақат дар фикри як чиз мешаванд, ки зудтар хӯранд. Дар вақти маҷлисҳои дуохонӣ, ки дар он ҷо як нафар дуо мекунад, дигарон бояд диққаташонро ба дуои вай ҷалб кунанд, ки гӯё худашон дуо мекарда бошанд ва бо гуфтаҳояш бояд розӣ шаванд. Вақте, ки кӯдак аввалин бор ҳамроҳи одамони дигар дуо мекунад, беҳтар мешавад, ки инро дар хонаи худ кунад. Агар шумо қарор дода бошед, ки ба дуо ҳамаи аъзоёни оилаатонро ҷамъ карда барои ягон мушкилии оилавиатон дуо кунед, инро он вақт пешниҳод намоед, ки ҳар яки онҳо дар ҳалли ин мушкилӣ ҳавасманд бошанд. Шумо он вақт оилаатонро ба дуохонии умумӣ ҷамъ карда метавонед, агар барои ин ягон сабаби махсус дошта бошед, ки ба пешниҳоди шумо мувофиқат кунад. Фурсати беҳтарин барои ин вақти пеш аз хоб аст. Якум, фарзандонатон аллакай медонанд, ки пеш аз хоб бояд дуо кунанд, дуюм, ин як тағйироти тоза ба тартиби ҳаррӯзаи ҳаётатон меоварад. Агар шумо мехоҳед, ки пайваста дуохониҳои оилавӣ гузаронед, он гоҳ онро ҳафтае як маротиба пеш аз хоб гузаронед. Ё вақти махсус, ки барои ҳамаи аъзоёни оила мувофиқ бошад, муайян кунед. Соати дуохонии оилавиатонро пешакӣ ба нақша гиред, то ки ҳама онро донад. Дуохониҳои оилавӣ бояд кӯтоҳ бошанд. Дар ёд дошта бошед, ки кӯдакон диққати худро ба як чиз вақти дароз ҷалб карда наметавонанд. Кӯшиш кунед, ки ин соати дуохониро шавқовар созед. Масалан, баъд аз дуо ба ҳама яхмос диҳед. Боварӣ ҳосил кунед, ки чунин дуо натиҷаҳои мусбӣ медиҳад. Таълим додани онҳое, ки ёд гирифтану дар амал истифода бурдани донишро мехоҳанд, осонтар аст. Мо бояд ба фарзандонамон бо мақсади муайян дар гурӯҳи одамон дуо карданро ёд диҳем. Агар онҳо дар байни масеҳиён калон шуда истода бошанд, эҳтимол, даъват мешаванд ё худашон эҳтиёҷи роҳбари кардани маҷлисҳои дуохониро мебинанд. Онҳро ба ин тайёр кунед. Саволҳо 1. Маротибаи аввал ба шумо дуо карданро чӣ тавр ёд доданд? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ Оё ин усули таълим натиҷабахш буд? Чаро «ҳа» ё чаро «не». __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ 2. Аз ҳамон лаҳзае, ки шумо масеҳӣ шудед, то имрӯз дар ҳаёти дуохониатон кадом тағйирот омадааст? Оё он бештар маънидор шуд? Бештар боинтизом шуд? Чаро? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ Мавзӯъҳои дуо • Худоро барои хурсандӣ аз муносибати ҳаррӯза бо Ӯ шукр кунед. • Аз Ӯ кӯмак хоҳиш кунед, ки ҳаёти худро ба Ӯ бахшида тавонед ва дар дуо иродаи Ӯро фаҳмида тавонед, на ин ки иҷрошавии хости худро хоҳиш кунед. • Аз Худо кӯмак хоҳиш кунед, ки ба фарзандонатон нишон дода тавонед, ки чӣ тавр онҳо дар дуо ҳам элементҳои сӯҳбати расмӣ ва ҳам дӯстона дошта тавонанд. Дуои кӯдак «Падари Осмонӣ, шукр мекунам Туро, ки ҳар рӯз бо Ту муносибат карда метавонам. Ба ман суханони дурустро ёд деҳ, ки дар вақти дуохонӣ бояд истифода барам. Дар номи Исои Масеҳ, омин». Боби 14. Дар бораи чӣ бояд дуо кард Дар ҷаҳон ҳодисаҳои бениҳоят бисёр аз рӯи дуоҳои имондорон рӯи медиҳад, ҳатто бештар аз он, ки мо гумон мекунем. Лорд Теннисон Кӯдакон бояд донанд, ки онҳо бо Худо дар бораи ҳама чиз, дар ҳар вақт ва дар ҳар ҷо гап зада метавонанд. Аммо чизҳое ҳастанд, ки аз рӯи фармони Худо мо онҳоро дар дуоҳои худ набояд фаромӯш кунем. Масалан, мо бояд барои ҳукуматдорон дуо кунем. «Пас, дар навбати аввал хоҳишмандам, ки дуоҳо, илимосҳо, тазаррӯъҳо ва шукронаҳо ба ҷо оварем барои ҳамаи одамон, барои подшоҳон ва барои ҳамаи ҳукуматдорон, то ки ором ва сокит, бо камоли пар-ҳезгорӣ ва покӣ умр гузаронем» (1 Тим. 2:1–2). Вақте ки мо ба кӯдакон дар бораи чизҳое, ки дар борааш бояд дуо кунем, мефаҳмонем ва намудҳои гуногуни дуоро тасвир мекунем набояд калимаҳои дурударози мушкилро истифода барем. Агар мо дар бораи дуо бо калимаҳои махсуси динӣ гап занем ва дуоҳоро ба намудҳо ва навъҳо тақсим мекунем, беихтиёран дар сари фарзандонамон фикре пайдо мешавад, ки ёд гирифтани дуо мисли ёд гирифтани забони хориҷӣ душвор аст. Он гоҳ мо ба фарзандонамон халал мерасонем, ки дуо карданро ёд гиранд. Барои фаҳмондан ба фарзандонамон, ки дар бораи чӣ онҳо дуо карда метавонанд, мо сӯҳбати онҳоро, ки бо мо мекунанд бо сӯҳбати онҳо, ки бо Худо мекунанд, монанд карда метавонем. Барои фаҳмондан ба фарзандонамон, ки онҳо дар бораи чӣ дуо карда метавонанд, мо сӯҳбати онҳоро, ки бо мо мекунанд бо сӯҳбати онҳо, ки бо Худо мекунанд монанд карда метавонем. Чӣ тавре, ки мо дар сӯҳбат бо якдигар дар бораи масъалаҳои гуногун мегӯем, ҳамон тавр дар дуо низ мо ба Худо дар бораи чизҳои гуногун нақл мекунем. Вақте ки кӯдакон бо мо сӯҳбат мекунанд, он чӣ ба онҳо лозим аст аз мо мепурсанд ва инчунин ба мо мегӯянд, ки чиро намехоҳанд. Мо дар бораи чизҳое гап мезанем, ки ҳамаи моро ҷалб мекунад: дар бораи ягон чорабиниҳо ё идҳои дарпешистода, дар бораи мӯҳтоҷиҳо ва мушкилиҳои дигарон, дар бораи чӣ тавр ба онҳо ёрдам дода тавонистанамон, дар бораи мавзӯъҳои имон ва барои зиёд шудани имондорон мо чӣ кор карда метавонем. Мо бо фарзандонамон дар бораи хонишу муваффақиятҳои онҳо гап мезанем, муносибатҳои якдигарамонро муҳокима мекунем, аз якдигар бахшиш мепурсем ё миннатдорӣ баён мекунем, дар бораи интихоботҳо сӯҳбат мекунем. Ҳамаи инро мо сӯҳбат меномем ва онро ба намудҳо ва шаклҳо тақсим намекунем. Кӯдакон бо Худо низ дар бораи ҳамаи ин чизҳо гуфта метавонанд. Дуои Худованд: намунаи дуо Дар дуои Худованд ҳамаи он масъалаҳое, ки мо бояд барояшон дуо кунем, оварда шудаанд (ниг.: Мат. 6:9–13). Исо ин дуоро ба шогирдонаш ҳамчун асоси дуо ва намунаи муносибат ба дуо пешниҳод кард. Ана, шарҳи кӯтоҳи маънои ҳар мисраи дуо, айнан ҳамон тавре, ки он дар Китоби Муқаддас оварда шудааст. «Эй Падари мо, ки дар осмонӣ!» Ҳамин тавр Исо дар бораи имконияти сӯҳбат кардан бо Падари Осмонӣ мегӯяд. Мо метавонем бо Ӯ сӯҳбат кунем ва Ӯро шиносем. «Номи Ту муқаддас бод». Мо бояд Худовандро барои ҳастиаш ва кори кардааш ҳамду сано хонем. Ба кӯдакон содда карда бигӯед, ки мо бояд Худовандро шукр кунем. «Подшоҳии Ту биёяд». Ин дуо на дар бораи омадани дуюмбораи Масеҳ, балки дар бораи боқувваттар шудани Калисо аст. Мо бояд дар бораи паҳн шудани хабари хуш ва устувор шудани тамоми Калисо, инчунин барои имони ҳар як масеҳӣ дар алоҳидагӣ дуо кунем. «Иродаи Ту, чунон ки дар осмон аст, дар замин ҳам ба амал ояд». Боз ҳам ин дуо дар бораи олами оянда нест, балки дар бораи ба иродаи Худо тобеъ гардондани ҳаёти худамон ва ҷаҳони гирду атрофамон аст. Мо бояд барои онҳое, ки дар роҳбарият ҳастанд ва барои воқеаҳои ҳозира дуо кунем (ниг.: 1Тим. 2:1–2). «Ризқу рӯзии моро имрӯз ба мо бидеҳ». Мо аз Худо хоҳиш мекунем, ки ба мо ғамхорӣ кунад ва мӯҳтоҷиҳои моро қонеъ гардонад. Мо ҳама чизро, яъне ҳамаи мушкилиҳои худ, хоҳишу саргузаштамонро ба дасти Худо супорем. «Ва қарзҳои моро бубахш». Бо калимаи «қарзҳо» гуноҳҳои калон не, балки камбудиҳои хислати мо ифода шудаанд. Мо бояд таҳти роҳбарии Рӯҳи Муқаддас бо Худо дар бораи дар имон калон шуданамон сӯҳбат кунем. «Чунон ки мо низ ба қарздорони худ мебахшем». Мо барои дигарон дуо мекунем. На танҳо барои онҳое дуо мекунем, ки моро ранҷондаанд, балки барои ҳамаи онҳо низ, ки мисли мо бо нобарории кор дучор мешаванд. «Ва моро ба озмоиш дучор накун, балки моро аз иблис раҳоӣ деҳ». Мо Худоро хоҳиш мекунем, ки моро роҳнамоӣ кунад, муҳофизат намояд, ҳикмат диҳад, дастур диҳад ва роҳбарӣ кунад. Мо бояд дуо кунем, ки бо роҳҳои Худо, ва на бо роҳҳои шайтон равем. «Зеро ки Подшоҳӣ ва қувват ва ҷалол то абад аз они Туст. Омин». Худо қудрат ва қувват дорад, ки иродаи Худро иҷро карда ба дуои мо ҷавоб диҳад. Ӯ сазовори боварӣ аст ва мо набояд ба иҷрошавии иродаи Ӯ халал расонем. Дар тасдиқи он, ки Худо дуои моро мешунавад ва ба он ҷавоб медиҳад, мо «омин» мегӯем. Хоҳишу миннатдорӣ Ҳамаи инро шумо чӣ тавр ба фарзанди худ ёд дода метавонед? Таълим доданро аз рӯзҳои аввали ҳаёташ сар кунед, ва чӣ қадар вақт барои дарсҳои шуморо фаҳмидан ба кӯдак лозим бошад, ҳамон қадар барояш вақт диҳед. Пеш аз ҳама ба вай нишон диҳед, ки дуоро чӣ тавр сар кардан ва баъд чӣ тавр тамом кардан лозим аст. Баъдан бигзор дар байни калимаҳои «Эй Падари Осмонӣ» ва «омин» вай шукргузории худ (ин тариқи бачагонаи ибораи «Номи Ту муқаддас бод» мешавад) ва хоҳиши худро дарорад (ин тариқи бачагонаи ибораи «Ризқу рӯзии моро имрӯз ба мо бидеҳ» мешавад) ё бигзор дар бораи мушкилиҳою мӯҳтоҷиҳои худ нақл кунад. Кӯдак метавонад ба Худованд барои ҳодисаҳои хурсанде, ки дар ҳаёташ рӯй додаанд, раҳмат гӯяд ва баъд метавонад аз Худованд ду-се хоҳишҳои ҳозираашро талаб карда, хоҳиш кунад, ки дар қабул қардани қарорҳои ҷиддӣ дар оянда ба вай ёрӣ диҳад. Инак, дуои кӯдаке, ки акнун дуо карданро ёд мегирад, метавонад чунин бошад: «Эй Падари Осмонӣ, ман туро дӯст медорам. Раҳмат барои яхмос. Раҳмат, ки Ту барои ман ғамхорӣ мекунӣ. Аз Ту хоҳиш мекунам, ки рӯзи таваллуди ман хурсанд гузарад. Ту ба ман рондани аробаи дучархаро ёд медиҳӣ? Раҳмат, ки Ту маро дӯст медорӣ ва ба дуои ман ҷавоб медиҳӣ. Дар номи Исои Масеҳ, омин». Дуоҳои дигар — тарзҳои дуои Худованд Аз рӯи зарурат боз хоҳишҳои дигарро илова кардан мумкин аст. Ба таври дигар гуфтан мумкин, ки агар ҳоло шумо ба кӯдакатон фаҳмонед, ки вай бояд аз Худо бахшиш пурсад ва бовар кунад, ки Худо ба вай ёрӣ медиҳад, бегоҳи ҳамон рӯз ба дуо хоҳиш илова кардан лозим аст, ки бо сӯҳбати саҳар кардаатон ҳаммазмун бошад. Ин варианти хоҳиши бачагона ба ҷои «Ва қарзҳои моро бубахш» мешавад, ё кӯдакатон хоҳиш карда метавонад, ки Худо барои ислоҳшудани камбудиҳояш ёрӣ диҳад, то вай шахси мутобиқи хости Худо шавад. Сипас, дуоро бо ин тарз васеътар карда мешавад: «Худовандо, ба ман ёрдам деҳ, ки нисбат ба бародарам меҳрубон шавам. Кӯмак кун, ки аз рӯи хости Ту рафтор кунам ва он гоҳ ман медонам, ки рафторам дуруст мешавад». Дар ёд дошта бошед, ки дар дуо ҳамеша мӯҳтоҷиҳои ҳалталабро гуфтан лозим аст. Агар ҳоло шумо ба кӯдакатон ростқавлиро таълим диҳед, пас бегоҳии ҳамон рӯз ба Худованд бо чунин хоҳиш муроҷиат кардан лозим аст: «Худованд, ба ман хотиррасон карда ист, ки ман ҳамеша бояд ҳақиқатро гӯям». Ин ҷо боз дуоҳои дигаре оварда шудаанд, ки кӯдак мувофиқи калоншуданаш онҳоро гуфта метавонад: • Дуоҳо дар бораи Калисо (тариқи бачагона дар ивази «Подшоҳии Ту биёяд»). Ин дуо дар бораи иҷро шудани хости Худо дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт мебошад. Ин дуоҳо барои миссионерон, ки кӯдакон бо онҳо вохӯрдаанд ё дар бораашон шунидаанд, шуда метавонанд; дуоҳо барои хешу табор ё рафиқонашон, ки ҳанӯз масеҳӣ нашудаанд; дуоҳо барои Калисо, ки тавонад ба шумораи зиёди одамон ёрдам кунад. • Дуоҳо барои сардорону роҳбарон (тариқи бачагона дар ивази «Иродаи Ту, чунон ки дар осмон аст, дар замин ҳам ба амал ояд»). Ин дуоҳоро кӯдакон барои касоне мекунанд, ки ба онҳо бояд итоат кунанд: барои падару модарашон, муаллимони мактаб ва калисо, парасторашон. Вақте ки кӯдакон калонтар мешаванд ба дуои онҳо раиси ҷумҳур ва мавзӯи ватанро низ илова кунед. • Дуоҳо барои бародарону хоҳарон, ҳешон, дӯстон, шиносон (тариқи бачагона дар ивази «Чунон ки мо низ ба қарздорони худ мебахшем»). • Дуоҳо дар бораи роҳбарӣ кардани Худо (тариқи бачагона дар ивази «Ва моро ба озмоиш дучор накун, балки моро аз иблис раҳоӣ деҳ»). Ин дуоҳо дар бораи он аст, ки Худо ба мо ҳикмат бахшад ва дар ҳолатҳои муқаррарӣ ва инчунин махсус, ки кӯдакатон дучор мешавад, моро роҳнамоӣ кунад. Дуоҳо дар бораи он, ки Худо ба кӯдакатон дар фаҳмидани ниятҳои Худо ёрдам диҳад. Дуоҳо дар бораи шинохтани Каломи Худо ва иҷро кардани фармонҳои Ӯ. Баъзеи ин дуоҳо кӯмак мекунад, то фарзанди шумо аз хурдсолӣ фаҳмад, ки хости Худо ин аст, ки вай ба Худо таваккал ва итоат кунад. Агар дуоҳои кӯдаки шумо фақат аз талаб кардани хоҳишҳо бошад, ӯ бо фикре калон мешавад, ки дуо ин мисли ба мағоза рафтан аст. Мо, падару модарон вазифадор ҳастем, ки ба фарзандонамон ҳамеша хотиррасон кунем, ки онҳо бояд ба Худованд таваккал кунанд, ҳаёти худро ба дасти Ӯ супоранд ва пайрави Ӯ бошанд. Мо ба фарзандонамон гуфтанамон лозим аст, ки барои наҷоти беимонон шуда, онҳо бояд кори худро ҳамчун аъзои Тани Масеҳ ва ҳамчун аскарони артиши Ӯ иҷро кунанд. Ба кӯдакон дар бораи ҳамаи ин чизҳо дуо карданро ёд диҳед ва онҳо бо ҳаёти бароҳат зиндагӣ мекунанд, инчунин дар бораи Худо, дар бораи худашон ва мақсади ҳаёташон тасаввуроти дуруст пайдо мешавад. Бештар аҳамият диҳед, ки кӯдакатон муносибати озодона бо Худои зинда дошта бошад. Аммо дар хотиратон бошад, ки ин нақшаро бо ҷидду ҷаҳди аз ҳад зиёд татбиқ кардан лозим нест. Онро ҳамчун роҳнамо истифода бурда, назорат кунед, ки кӯдаконатон дар бораи мӯҳтоҷиҳои ҳалталабашон дуо кунанд ва самимӣ, бе сохтакорӣ монанд. Нақшаи дуохониро фаҳмонда дода, оҳиста-оҳиста аз он дур шавед, то ки диққати кӯдак ба муносибати озодона бо Худои зинда ҷалб бошад. Шумо ба кӯдакатон ёрӣ карда, гуфта метавонед, ки боз дар бораи чӣ ӯ дуо карда метавонад. Вале фаромӯш накунед, вай зарурат надорад, ки ҳар бегоҳ дар дуо ҳамаи хоҳишҳо ва шукргузориҳоро, ки шумо ҳамроҳаш гуфта будед, такрор кунад. Дуои беҳтарин он аст, ки танҳо ба як мушкилӣ бахшида мешавад. Одатан кӯдаки шумо барои ҳал шудани якчанд масъалаҳои алоҳида дуо мекунад. Ин ҳам хуб аст. Беҳтар аст, ки дуои вай кӯтоҳ ва бомазмун, ва на дарозу бемазмун бошад. Ба вай кӯмак кунед, ки дар дуо маънои ҳамаи мӯҳтоҷиҳоро фаҳмида номбар кунад. Ба вай иҷозат диҳед, ки дар бораи чӣ дуо карданро худаш қарор кунад. Айнан ҳамон хоҳишҳоро такрор ба такрор нагӯед, вагарна ба дили кӯдакатон мезанад. Водор кунед, ки вай пеш равад ва ҳангоме ки мавзӯъҳои нав барои дуо пайдо мекунад, ӯро таъриф кунед. Шеър дар бораи дуои бачагона Ин шеър, ки «Ман дар бораи чӣ дуо мекунам» ном дорад, аз чанд «тариқҳои бачагона» аз мавзӯъҳои дуои Худованд иборат аст ва бо ҳамон тартибе, ки дар дуои Худованд аст, дар ин шеър низ омадааст. Вале ин тариқҳо барои бачагон фаҳмотар аст. Ин шеър ба кӯдак ёрӣ медиҳад, ки дар бораи чӣ дуо хонданашро дар ёд дошта бошад. Шумо ин шеърро ба кӯдакатон гуфта метавонед ва сипас, ҳар бегоҳ пеш аз сар кардани дуохонӣ аз рӯи «рӯйхататон» шеърро такрор карда метавонед. Ин шеърро бо ҳиссиёт бихонед, то ки кӯдакатон завқманд гардад. (Ин шеър на ба ҳамаи кӯдакон ёрӣ медиҳад. Чӣ тавре, ки пештар гуфтем, муносибати ҳар кӯдак бо Худованд гуногун сохта мешавад.) Ман дар бораи чӣ дуо мекунам Вақте ба забон гирам дуоро Бикунам ҳамеша шукри Худоро. Диҳам баракат низ Калисоро, Дуои хайр кунам ҳукумати моро. Аз Худо кунам орзуямро талаб, Дар Масеҳ гардам қавӣ ва боқувват. Аз дилу ҷон бо вуҷуди муҳаббат Бар одамони дигар кунам шафоат. Хоҳиш намоям як умр аз Худованд, Ки қадамҳоям аз роҳаш берун нашаванд. Имон дорам, Худо маро мешунавад Ва дуоямро бе ҷавоб намемонад. Дуо кардам дар номи Масеҳ Худованд Бигзор гуфтаҳоям ҳамин тавр шаванд! Омин. Мумкин касе аз кӯдакон ин шеърро аз худ карда, ҳамчун намуна барои сохтани дуои худ истифода бурдан мехоҳад. Фарзандонатонро рӯҳбаланд кунед, ки ҳар бегоҳ ба дуояшон хоҳишҳои шахсиашонро илова кунанд. Водор кунед, ки ҳангоми ба Худо нақл кардани мушкилиашон бо Худо мисли дӯст, озодона гап зананд. Барои касоне, ки калонтар ҳастанд Барои кӯдаконе, ки ин шеърро «гузаштаанд», намунаи дуои шабонаро пешниҳод мекунем. Он ҳам дар асоси нақшаи дуои Худованд ва ин шеъри бачагона тартиб дода шудааст. «Падари мо, ман Туро дӯст медорам. Ман Туро бештару бештар шинохтан мехоҳам. Ту ҳамеша ба ман меҳрубонӣ мекунӣ. Барои оилаамон ва он сафаре, ки мо рафтан мехоҳем, Туро шукр мекунам. Моро дар паноҳат нигоҳ дор ва ёрдам деҳ, ки вақтро бо хурсандӣ гузаронем. (Ин ҷо аз нақша каме дур мешавем, чунки фарзанди шумо Худоро барои сафар шукр мекунад; хуб аст, ки вай барои чизе, ки Худо ҳанӯз накардааст, ба Ӯ миннатдорӣ баён мекунад). Барои калисоамон Туро шукр мекунам. Ёрӣ деҳ, ки гурӯҳи ҷавонон рӯзи ҷумъа нағз баромад карда тавонад. Ба ман бигӯ, ки чӣ тавр ман пул кор карда метавонам, ки дар моҳи оянда барои ҳадя ба миссионерон дода тавонам. Худованд ба муаллими мо ҳикмат деҳ, ки вақте ҳамсинфонамон боз ҷанг мекунанд, чӣ тавр дуруст рафтор карданро донад. Ба падару модарам дар вақти иштироки интихобот хирад деҳ. Худованд, ман бозичаамро шикастам. Дар ёфтани одаме, ки онро таъмир карда метавонад ёрӣ деҳ. Ё шояд ман бозичаи нав ба даст оварда метавонам? Ягон коре кун, ки ман боз бо Тамми бозӣ карда тавонам. Ёрӣ деҳ, ки ба кори контролии фардо хуб тайёрӣ дида тавонам. Шукр мекунам Туро, Худованд, ки дар хониш ва дар имон калон шуданам ба ман ёрӣ мерасонӣ. Ман медонам, ки нисбат ба бародарам бояд меҳрубонтар шавам. Хоҳиш мекунам, ки инро ба ёдам оварда истӣ. Ёрӣ деҳ, ки Китоби Муқаддасро беҳтар фаҳмам. Худовандо, ба падари Тамми кори нав лозим аст. Ба вай ёрӣ деҳ, ки онро ёбад. Метавонӣ ба Ҷозеф ёрӣ диҳӣ, ки бо муаллим баҳсу мунозира карда, ӯро озор надиҳад? Кӯдаконро рӯҳбаланд кунед, ки ҳар бегоҳ ба дуоҳои худ боз хоҳишҳои шахсии худро илова кунанд. Ман бо роҳи Ту рафтан мехоҳам, чунки ин роҳи беҳтарин аст. Ман духтур шудан мехоҳам, вале ту нақшаи Худро дорӣ. Ёрӣ деҳ, ки нақшаи туро фаҳмида тавонам ва интихоби дуруст кунам. Шукр мекунам, ки Ту дуоҳои маро мешунавӣ ва ҷавоб медиҳӣ. Аз ёдам набарояд, шукр мекунам, ки Ту ба дуои ман дар бораи Мелисса ҷавоб додӣ. Дар номи Исои Масеҳ, омин». Имони Ҷорҷ Мюллер Дар аввали ин қисм мо дар бораи имони Ҷорҷ Мюллер гуфта гузаштем. Соли 1853 дар Аврупо шумораи зиёди кӯдакони сағира буданд ва дар сағирахонаҳо ба ҳамаи онҳо ҷой намерасид. Мюллер боварӣ дошт, ки агар одамони оддӣ ва бечорагон мисли ӯ, ба Худо дуо карда, барои сохтани сағирахонаҳои нав маблағ гиранд, он гоҳ имони фарзандони Худо устувор мегардад. Баъдтар вай дар бораи дуоҳои худ ин тавр мегуфт: Албатта, ман аз рӯи хоҳиши дилам амал кардам ва орзу доштам, ки Худо барои некӯаҳволии кӯдакони бечораи бе падару модар маро истифода барад. Бо ёрдами Ӯ ман ин кӯдаконро ба ҳаёти болиғ тайёр кардан мехостам. Ман ният доштам, ки онҳоро бо ҳисси худотарсӣ тарбия кунам, вале мақсади асосии кори ман шӯҳрату ҷалол додани Худо буд (ва ҳаст). Сағирагон фақат ба хотири дуоҳои мо ва боварие, ки раҳму шавкати Худо бепоён аст, бо ҳама чизи зарурӣ таъмин шуда буданд. На ман ва на ҳеҷ ҳамкорам аз ҳеҷ як инсон ёрдам напурсидем ва бо ҳамин исбот кардем, ки Худо бовафо асту, пештара барин ба дуоҳо ҷавоб медиҳад[16]. Вақте ки Мюллер аз паи ин кораш шуд, ӯ ғайр аз боварӣ ҳеҷ чизи дигар надошт. Ӯ маош гирифтан нахост ва аз касе як тин ҳам талаб накардааст. Дар тӯли тамоми умраш аз дастони ӯ ҳашт миллион доллар гузашта буд, дар он замон ин маблағи бениҳоят калон буд. Мюллер бой набуд, вале дар муддати кӯтоҳ тавонист панҷ сағирахона барпо кунад. Дар соли 1870 дар сағирахонаҳо дусад ҳазор кӯдакон зиндагӣ мекарданд. Ин одам ҳеҷ вақт қарз намегирифт, балки боварӣ дошт, ки Худо эҳтиёҷи сағираҳо ва шахсии вайро қонеъ мегардонад. Ҳикояҳо дар бораи сағирахонаҳои Мюллер, ки дар вақташ ёриро аз ҷониби одамоне, ки аз мӯҳтоҷии онҳо бехабар буданд, мегирифтанд, имони моро қувват дода метавонанд. Худо ҳеҷ вақт Ҷорҷ Мюллерро бе мадад намемонд. Мюллер ба Худо на фақат ғами пулҳо ва мӯҳтоҷиҳои моддиро супорида буд, балки боз аз Худованд хоҳиш мекард, ки ба сағирахона кӯдаконро равона созад, коргаронро диҳад, тамоми кори сағирахонаро ташкил кунад, то ки ба кӯдакон маълумоти ҳам рӯҳонӣ ва ҳам дунявӣ дода шавад. Сатҳи дониш дар сағирахонаҳо чунон баланд буд, ки Мюллерро боз айбдор карданд, ки ӯ камбағалонро баланд бардошта, корхонаҳои ангиштсангбарориро аз қувваи корӣ маҳрум сохт. Ҳар як донишҷӯ дар сағирахона ягон касбу ҳунарро ёд мегирифт ва ҳангоми аз сағирахона баромаданаш соҳиби ҷои кор буд. Соли 1880 Ҷорҷ Мюллер на фақат сағирахонаҳо дошт, балки боз ҳафтоду ду мактабро идора мекард, ки дар Инглистон, Итолиё, Испаниё ва Амрикои Ҷанубӣ ҷойгир буданд ва ҳафт ҳазор нафар шогирд доштанд. Ташкилоти ӯ ҳар ҳафта садҳо ҳазор варақаҳо ва Китоби Муқаддас нашр мекард. Ба воситаи иҷрошавии фикрҳои аҷиби ӯ дар Инглистон ва давлатҳои дигар даҳҳо ҳазорҳо одамон масеҳӣ гаштанд. Дуои кӯдакон ва ба Худо муроҷиат карданашон имони онҳоро боқувват мекунад ва ҳаёташонро тағйир медиҳад. Оре, дуои кӯдакон ва муносибати онҳо бо Худо имонашонро боқувват мекунад ва ҳаёташонро тағйир медиҳад. Ҷорҷ Мюллер ба одамон нишон додан мехост, ки Худованд зинда аст ва ба дуоҳо ҷавоб медиҳад, ки Ӯ бовафост ва ба Ӯ таваккал бояд намуд. Инро Ҷорҷ Мюллер бо ҳаёт ва дуоҳояш исбот кард. Аз ҳама муҳим аст, ки фарзандони мо дуоро таҳкурсии ҳаёти худ гардонанд. Дар давоми солҳои зиёд Авраам Линколн дуоро ҳамчун воситаи охирин истифода мебурд. Аммо баъд аз фаҳмидани он, ки дуо бояд дар асоси ҳаётамон бошад, Худо ӯро ва дуоҳои ӯро истифода бурда, ба амрикоиён мадад расонд, ки замонҳои сахтарини давлаташонро аз сар гузаронда тавонанд. Ҳамин тавр Ҷорҷ Вашингтон Карвер фақат ба сабаби он, ки аз хурдсолӣ медонист, ки муносибат бо Худованд ояндаи моро, кӣ будан, чӣ шуданамонро муайян месозад, муваффақиятҳои бузургро ба даст оварда тавонист. Ман дуо мекунам, ки шумо барои фарзандони худ мисли Ҷорҷ Мюллер шавед, то ки бо ҳаёти худ мақсад ва имкониятҳои дуоро нишон дода тавонед. Ман умедворам, ки новобаста аз ҳолати ҳозираатон, Худованд шуморо ба ҳолате меорад, ки дуо асоси ҳаётатон мегардад ва ягона такягоҳатон мешавад, чӣ тавре, ки дар ҳаёти Авраам Линколн буд. Инчунин дуо мекунам, ки ҳангоми ба фарзандонатон таълим додани дуохонӣ Худо ба шумо ва фарзандонатон роҳбарӣ намояд, то ки онҳо мисли Ҷорҷ Вашингтон Карвер бо Худо муносибат карда, ҳаёти бо муваффақият дошта бошанд. Саволҳо 1. Чӣ тавр дуо ба сӯҳбат монанд аст? Дуо аз сӯҳбат бо чӣ фарқ мекунад? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ 2. Ба шумо чӣ бисёртар маъқул аст: дуои аз ёд шударо гуфтан ё бо суханони худ дуо кардан? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ Шумо дар бораи фарзандони худ чӣ гуфта метавонед? Онҳо чӣ тавр дуо мекунанд? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ 3. Шумо дуои ҳамроҳи кӯдакон мехондаро чӣ тавр тағйир дода метавонед, то онҳо боз ҳам беҳтар ва натиҷаовар гарданд? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ 4. Ба фикри шумо дар кадом ҳолатҳо дуоҳои тайёрро истифода бурда мешавад? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ Дар кадом ҳолатҳо бо Худованд сӯҳбати озод кардан мумкин? __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ __________________________________________________________________________ Принсипҳои асосии ҳаёти дуохонӣ • Бо Худо на фақат дар вақти пайдо шудани ягон душворӣ, балки ҳар рӯз сӯҳбат кунед. • Ҳангоми дуохонӣ, дар хотир доред, ки Худо кист ва табиати Ӯ чӣ гуна аст. (Масалан, аз Ӯ хоҳиш накунед, ки хасисӣ кунад!) • Барои он чизҳое, ки Китоби Муқаддас ба мо амр мекунад, дуо кунед. • Аз Худо хоҳиш кунед, ки ҳангоми ба дуои мо ҷавоб доданаш на хости моро, балки хости Худро иҷро кунад. Ба Ӯ бовар кунед, чунки Ӯ аз мо дида зиёдтар медонад! • Ба худ савол диҳед, ки имонатон чӣ гуна аст. Агар он суст бошад, аз Худо боқувват кардани онро талаб кунед. • Шукр кардани Худоро фаромӯш накунед. Худо дуоҳои шукронаро дӯст медорад. • Таслим нашавед. Новобаста аз ҳеҷ чиз дуо кунед. Худо ҳамеша амал мекунад, ҳатто вақте, ки мо инро намебинем. Фаромӯш накунед • Байни шумо ва Худо гуноҳ истода метавонад. Дар вақти дуо ба ҳамаи гуноҳҳое, ки кардед, иқрор шуда, бахшиш пурсед. • Одамонеро, ки шуморо ранҷондаанд, бахшед. Аз Худо хоҳиш кунед, ки дар ин ба шумо ёрдам диҳад. Ӯ медонад, ки ин кор чӣ хел душвор аст. Мавзӯъҳо барои дуо • Барои ҳама чизе, ки шумо ҳангоми хондани ин китоб ёд гирифтед, ба Худо миннатдорӣ баён кунед. • Аз Худо хоҳиш кунед, ки барои дар ҳаёти дуохонии худ ва кӯдаконатон татбиқ кардани дониши гирифтаатон ба шумо ёрдам диҳад. • Аз Худо хоҳиш кунед, ки ба шумо ва кӯдаконатон ёд додани дуоро давом диҳад. Дуои кӯдак «Падари Осмонӣ, раҳмат, ки Ту ба ман дуо карданро ёд медиҳӣ. Раҳмат ба Ту барои одамоне, ки дар ин китоб дуоҳоро навистаанд ва ман онҳоро ҳамчун мисол истифода бурда метавонам. Ёрдам деҳ, ки вақти калон шуданам нағзтар дуо карда тавонам. Дар номи Исои Масеҳ, омин». Адабиёти тавсияшуда Барои кӯдакон Bowler K. Christie. The Amazing Treasure Bible Storybook. Grand Rapids, MI: Zondervan, 1997. (Ages 8–12) Osborne Rick, with Ed Strauss and Kevin Miller. Kidcordance. Grand Rapids, MI: Zonderkidz, 1999. (Ages 8–12) Osborne Rick, with K. Christie Bowler. I Want to Know About the Bible. Grand Rapids, MI: Zondervan, 1998. (Ages 8–12) ____ I Want to Know About God. Grand Rapids, MI: Zondervan, 1998. (Ages 8–12) ____ I Want to Know About Jesus. Grand Rapids, MI: Zondervan, 1998. (Ages 8–12) ____ I Want to Know About Prayer. Grand Rapids, MI: Zondervan, 1998. (Ages 8–12) ____ I Want to Know About the Church. Grand Rapids, MI: Zondervan, 1998. (Ages 8–12) ____ I Want to Know About the Holy Spirit. Grand Rapids, MI: Zondervan, 1998 (Ages 8–12) ____ I Want to Know About the Ten Commandments. Grand Rapids, MI: Zonderkidz, 1998. (Ages 8–12) ____ I Want to Know About the Fruit of the Spirit. Grand Rapids, MI: Zonderkidz, 1999. (Ages 8–12) Osborne Rick, and Elaine Osborne. The Singing Bible. Wheaton, IL: Tyndale, 2000. (Audiotape; ages 2–7) van der Maas, Ed M. Adventure Bible Handbook. Grand Rapids, MI: Zondervan, 1994. (Ages 8–14) The NirV Kids’ Quest Study Bible. Grand Rapids, MI: Zondervan, 1998. Барои падару модарон Burkett Larry and Rick Osborne. Financial Parenting. Colorado Springs, CO: Chariot, 1996. ____ Your Child Wonderfully Made. Chicago, IL: Moody, 1998. Lucas Daryl J., gen. ed. 105 Questions Children Ask About Money Matters. Wheaton, IL: Tyndale, 1997. Osborne Rick. Talking to Your Children About God. New York: HarperSanFrancisco, 1998. ____ Teaching Your Children How to Pray. Chicago, IL: Moody, 2000. Osborne Rick, with K. Christie Bowler. Your Child and the Christian Life. Chicago, IL: Moody, 1998. Osborne Rick, with Kevin Miller. Your Child and the Bible. Chicago, IL: Moody, 1998. ____ Your Child and the Jesus. Chicago, IL: Moody, 1999. Trent John, Rick Osborne, and Kurt Bruner, gen. eds. Parents’ Guide to the Spiritual Growth of Children. Wheaton, IL: Tyndale, 2000. Veerman David R. et al. 101 Questions Children Ask About God. Wheaton, IL: Tyndale, 1992. ____ 102 Questions Children Ask About the Bible. Wheaton, IL: Tyndale, 1994. ____ 103 Questions Children Ask About Right from Wrong. Wheaton, IL: Tyndale, 1995. ____ 104 Questions Children Ask About Heaven and Angels. Wheaton, IL: Tyndale, 1996. ____ 106 Questions Children Ask About Our World. Wheaton, IL: Tyndale, 1998. ____ 107 Questions Children Ask About Prayer. Wheaton, IL: Tyndale, 1998. ____ 108 Questions Children Ask About Friends and School. Wheaton, IL: Tyndale, 1999. ____ 801 Questions Kids Ask About God. Wheaton, IL: Tyndale, 2000. ҚАЙДҲО 1. Д-р Уилям Р. Брайт — шавҳари Вонетт Брайт. 2. «The Parenting Poll Parenting», December\January 1996, 123. 3. Плотар, таърихчӣ ва муаллифи шарҳҳои ҳол дар Юнони қадим ин тавр гуфтааст: «Дар ин ҷаҳон сафар карда, шояд мо шаҳрҳои бе девор ва бе достонҳо, бе сарват, бе пул, бе мактаб ва бе театрҳоро мебинед, вале ҳеҷ вақт шумо шаҳри бе ибодатхона, бе ҷои дуохонӣ ва щайра намебинед» С. L. Sulzberger, Go Gentile into the Good Night (Englewood Cliffs, N. J.: Prentice-Hall, 1976), 24. 4. Claudia Wallis, «Faith &Healing» Тime, 24, June 1996, 61. 5. Wallis, Time, 24 June 1996, 61. 6. Ҷеймс Добсон. Ҷавобҳои кофӣ. СПб.: Мирт, 2000. С. 233. 7. Gordon Dalbey. Fight Like a Man (Wheaton, III.: Tyndile, 1995), 205. 8. B. Miller. Gorge Washington Carver, God’s Ebony Scientist (Grand Rapids: Zondervan, 1943). 9. Дар ҳамон ҷо. 10. Emmanuel Hertz. comp., Lincoln Talks (New York: Halcyon, 1941), 576. 11. William J. Wolf, The Almost Chosen People: A Study of the Religion of Abraham Lincoln, New York: Doubleday, 1959), 125. 12. A.C. Brooks, comp., Answers to Prayer: From George Mueller’s Narratives (Chicago: Moody, n.d.), 8. 13. Ibid. 14. “The Myth of Quality Time”, Newsweek, 12 May 1997, 62-68. 15. J. D. Douglas and Merrill C. Tenney, eds. New International Dictionary of the Bible, rev. ed. (Grand Rapids, Mich: Zondervan, 1988), s.v. “amen”. 16. George Mueller, Answer to Prayer (Chicago: Moody, n. d.), 10.