Дар ин китоб доктор Тозер ба мо кӯмак мекунад, ки Худоро беҳтар фаҳмем ва аз сари нав бузургии Ӯро барои худ кушоем, то ки ин ба ҳаёти ҳаррӯзаи мо таъсири амиқе гузорад.
Эйден Тозер
БУЗУРГИИ ХУДО
Аз муаллиф
Дини ҳақиқӣ заминро бо осмонҳо муқоиса намуда, абадиятро аз болои вақт баланд мебардорад. Ҳар он касе, ки Хушхабарро дар бораи Масеҳ мерасонад, гарчанде бо суханони аз забони Худо омада иброз медорад, бо ибораи як вақтҳо қабулкардаи квакарҳо (масеҳиёне, ки дар Има ва Англия зиндагӣ мекунанд), “бояд мувофиқи фаҳмиши” шунавандагони худ бигӯяд; вагарна ӯ бо забоне сухан хоҳад ронд, ки танҳо ба худи ӯ шинос асту халос. Суханони ӯ бояд на танҳо ба абадият, балки ба давру замони худ низ нигаронида шуда бошад. Ӯ бояд ба насли худ сухан гӯяд.
Ҳарчанде ки масъалаи дар ин китоб бардошташуда имрӯз пайдо нашудааст, вале он маҳз ба даврони мо хос аст. Якчанд вақт шудааст, ки бештари одамони диндор фаҳмишро дар бораи бузургии Худо аз даст додаанд. Калисо тасаввуроти баланди худро дар бораи Худо бас карда, онро бо тасаввуротҳои пасту шармоваре иваз намудааст, ки ба одамони ба Худованд ибодаткунанда ва дар бораи Ӯ фикркунанда тамоман нолоиқ аст. Калисо инро на бо мақсади бадӣ, балки мунтазам, қадам ба қадам, худ онро нафаҳмида кардааст. Ва аз он сабаб, ки Калисо худ инро дарк намекунад, вазъияти он боз ҳам фоҷианоктар мегардад.
Муҳокимаронии маҳдуд дар бораи Худо, ки барои бисёр масеҳиён хос аст, қариб ки дар ҳама ҷост, ва ин дар назари аввал сабаби бисёр бадиҳои ба чашм нонамоён мебошад. Тамоми фалсафаи нави ҳаёти масеҳӣ — натиҷаи ин хатои ҷиддӣ дар муҳокимарониҳои мо дар бораи Худо мебошад.
Вақте ки мо ҳискунии бузургии Худоро аз даст додем, мо аз эҳтироми динӣ ва эҳсоскунии Худо низ маҳрум гаштаем. Ибодати мо ба Худо беилҳом гардида, мо қобилияти дар хомӯшии дуогӣ вохӯрдани Худоро низ аз даст додаем.
Масеҳияти муосир ба пайдоиши чунин масеҳиёне мусоидат намекунад, ки дар худ ҳаёт дар Рӯҳро баҳо дода тавонанд ва эҳсос намоянд. Суханони “Бозистед ва бидонед, ки Ман Худо ҳастам” (Заб. 45:11) барои имондори мағрури дар даву ғеҷҳо олуда гардидае, ки дар асри ХХ зиндагӣ мекунад, қариб ки ҳеҷ маъное надорад.
Тасаввуротҳо дар бораи бузургии Худо айнан дар он вақт аз даст дода шуда буд, ки ба дин муяссар гардид, ки чизи бисёреро ба даст орад ва калисоҳо дар давоми якчанд садсолаҳои охир аз ҳад зиёд тараққӣ кунанд. Вале он чиз ба ташвиш меандозад, ки дастовардҳои мо асосан зоҳирӣ буда, аздастдиҳиҳои мо — ба пуррагӣ ботинӣ мебошанд; ва азбаски маҳз шартҳои ботинӣ ба
Ягона усули подоши аздастдиҳиҳои рӯҳонии мо — ин фаҳмидани сабаби ҳолати ба амаломадаро барқарор сохта, ислоҳи хатоҳои роҳдодашуда мебошад. Бадбахтиҳои мо аз он сабаб ба амал меоянд, ки мо тасаввуротҳоро дар бораи муқаддасӣ аз даст додаем. Барои он ки шифо ёбем, моро лозим аст роҳи зиёдеро тай намоем, ки ҳангоми он аз сари нав барои худ бузургии Худоро мекушоем. Дар он вақте ки тасаввуротҳои мо дар бораи Худо бархатоанд ва ба ҳақиқат мувофиқат намекунанд, ахлоқи мо бетағйир ва нуқтаи назари мо бехато буда наметавонанд. Агар мо хоҳем, ки ба ҳаёти худ қувваи рӯҳониро баргардонем, бояд ба он ҷидду ҷаҳд намоем, ки дар ҳақиқат вуҷуд дорад.
Ин таҳқиқоти боэҳтиром, ки мақсади он — омӯзиши хусусияти Худост, ба шумо ҳамчун саҳми хоксоронаи худ дар такмили фаҳмиши бузургии Осмонҳо, пешкаш менамоям. Агар имрӯзҳо масеҳиён чунин китобҳоро ба монанди асарҳои Августин ё Анесема мехонданд, ба навиштани чунин китобҳо, ба монанди ин, ҳоҷат набуд. Вале масеҳиёни муосир танҳо номи ин одамони намоёнро медонанд. Аз рӯи масъулиятшиносии худ нашркунандагон китобҳои онҳоро аз сари нав чоп менамоянд ва баъд аз чанде ин китобҳо дар рафҳои утоқҳои мо пайдо мешаванд. Ва ҳама бадбахтии мо дар он аст, ки: онҳо дар рафҳо хоб мераванд. Ҳолати ҳозираи ақлҳои динӣ хондани ин китобҳоро ҳатто барои масеҳиёни босавод амалан имконнопазир мегардонад.
Равшан аст, ки масеҳиёне каме пайдо мегарданд, ки садҳо саҳифаҳои барои фаҳмиш мушкили рисолаҳои диниро аз худ намоянд, ки хониши онҳо нигаронидашавиро талаб менамоянд. Ба бештари одамон чунин китобҳо асарҳои классикони ашрофзодаро ёдовар мешаванд, ки хондани онҳо дар мактаб ба онҳо муяссар гардида буд ва ин одамон бо ҳисси навмедӣ аз ин асарҳо рӯй гардонда буданд.
Аз ин рӯ, чунин китоб шояд хандаовар буда ҳам метавонад. Зеро ин китоб на танҳо барои баргузидагон, на танҳо барои он касоне навишта шудааст, ки донишҳои махсуси техникӣ ё шакли дигари донишро доранд, ва азбаски он бо забони ҷалолдиҳии Худо бе даъво хушсалиқагии шакли адабӣ навишта шудааст, шояд одамоне пайдо шаванд, ки мехоҳанд онро бихонанд. Ҳарчанд ман тахмин мекунам, ки дар ин китоб чизе нест, ки онро дар илоҳиётшиносии масеҳӣ наёбем ва ман ин китобро на барои илоҳиётшиносони касбӣ, балки барои одамони оддӣ менависам, ки дилҳояшон онҳоро ба Худоҷӯӣ даъват менамоянд.
Ман умедворам, ки ин китоби начандон калон метавонад ба андозае дар дилҳои мо ба умқи инкишофи имони шахсии мо ба Худо мусоидат намояд. Ва агар якчанд одам ин китобро хонда боэҳтиром дар бораи моҳияти Худо андешарониро сар кунанд, ин зиёда аз он аст, ки қусури ҳамаи заҳматҳои кашидашуда дар навишта шудани ин китоб бароварда шаванд.
1
Барои чӣ мо бояд дар бораи Худо дуруст андеша намоем
Тасаввуроти мо дар бораи Худо ба таври пурра худи моро тавсиф медиҳад.
Таърихи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ҳеҷ як халқ ҳеҷ гоҳ аз дини худ баланд нашудааст, ва таърихи рӯҳонии инсоният шаҳодат медиҳад, ки ягон дине вуҷуд надошт, ки бузургии он аз бузургии ақидаҳои мавъизакунандаи он дар бораи Худо баландтар бошад. Парастиши Худо метавонад пок ва беайб бошад, ё ин ки, баръакс, вобаста аз он, ки ақидаҳои шахси имондор чӣ гуна аст, метавонад баланд ё заминӣ бошад.
Аз ин рӯ барои Калисо аз ҳама муҳим — ин ҳамеша Худо аст ва барои одам аз ҳама олиҷаноб — ин на суханони вай, на корҳои вай, балки тасаввуроти вай дар бораи Худо мебошад. Қонуни ниҳонии қалби мо моро ба он симои Худо бурда мерасонад, ки дар фикрҳои мо офарида шудааст. Ин на танҳо ба ҳар як масеҳии аниқ тааллуқ дошта, балки ба гурӯҳи масеҳиёне низ тааллуқ дорад, ки Калисоро ташкил медиҳанд. Ба таври пурратар, дар бораи Калисо аз рӯи тасаввуроти он дар бораи Худо муҳокимаронӣ кардан мумкин аст. Айнан ҳамон хеле, ки дар Калисо он чиз муҳим аст, ки он дар бораи Худо чӣ мегӯяд, ё ин ки он дар бораи Худо нагуфтани чиро афзалтар медонад, зеро хомӯшии он баъзан аз чизи мегуфтагиаш дида, гӯётар аст. Калисо наметавонад муносибати худро ба Худо пинҳон дорад.
Агар одам ба қадри кофӣ ҷавоб дода тавонад, ки ҳангоми дар бораи Худо фикр карданаш дар майнаи ӯ чӣ ба амал меояд, дар он вақт бо боварӣ ояндаи рӯҳонии ин шахсро пешгӯӣ кардан мумкин аст. Агар мо аниқ дониста метавонистем, ки доҳиёни мӯътабари рӯҳонии мо имрӯзҳо дар бораи Худо чӣ андеша дорад, мо аниқ пешгӯӣ карда метавонистем, ки пагоҳ Калисо дар куҷо хоҳад буд.
Бешубҳа фикри аз ҳама бузурге, ки дар майнаи мо пайдо мешавад — ин фикр дар бораи Худо мебошад, ва калимаи аз ҳама муҳим дар дилхоҳ забон — ин калимаи “Худо” аст. Фикрронӣ ва нутқ ин бахшоишҳои Худо мебошанд, ки Ӯ ба мо, мавҷудотҳои ба сурат ва шабоҳати Худ офаридашуда, ато намудааст; фикр ва нутқ ба Худо зич алоқаманд буда, наметавонад аз Ӯ ҷудо бошад. Ва он далел хеле аҳамияти бузург дорад, ки сухани аввалин Калом буд.
“Ва Калом бо Худо буд, ва Калом Худо буд” (Юҳ. 1:1).
Мо барои он сухан гуфта метавонем, ки Худо сухан мегуфт. Сухан ва фикр дар Ӯ ҷудонашаванда аст.
Барои мо хеле муҳим аст, ки тасаввуротҳои мо дар бораи Худо ҳар чӣ бештар ба моҳияти ҳақиқии Худо мусоидат намояд. Тасвияи имони мо дар муқоиса бо фикрҳои мо дар бораи Ӯ ҳеҷ аҳамияте надорад. Тасаввуротҳои ҳақиқии мо дар бораи Худо метавонад зери ахлоттӯдаҳои фаҳмишҳои қабулкардашудаи динӣ бимонад ва пеш аз оне, ки ба мо муяссар гардад, ки тасаввуротҳои ҳақиқиамонро дар бораи Худо бубинем ва бифаҳмем, эҳтимол моро ҷустуҷӯҳои бошуурона ва исроркорона лозим шаванд. Танҳо баъди худтаҳлилкунии қатъӣ мо, яқинан, фаҳмида метавонем, ки мо дар асл дар бораи Худо чӣ андеша дорем.
Тасаввуротҳои дуруст дар бораи Худо на танҳо асоси теологияи мунтазам, балки асоси ҳаёти амалии масеҳӣ низ мебошад; агар таҳкурсӣ нодурусту ноҳамвор гузошта шуда бошад, он вақт, дер ё зуд ин маъбад чаппагардон мегардад. Ба фикри ман, дар гумон аст чунин догмати Калисо ё вайроншавии ахлоқи масеҳӣ ёфт шавад, ки онро ҳамчун натиҷаи фикррониҳои нокомил ва носазовор дар бораи Худо фаҳмонидан мумкин набошад.
Ба андешаи ман, тасаввуротҳо дар бораи Худо, ки дар миёнаҳои асри ХХ ҳукмфармоӣ мекунанд, ба Худо шоиста нестанд, вале барои он касе, ки худро одамони имондор меҳисобанд, чизе ба монанди бадбахтии ахлоқӣ ба шумор меравад.
Ҳатто агар ҳама масъалаҳои осмониву заминӣ дар як вақт ба сари мо фурӯ резад ҳам, ин дар муқоиса бо он масъалаи бузурге ки ҳангоми дар бораи Худо андеша кардан: Оё Ӯ
Одаме, ки ба фаҳмиши дурусти Худо меояд, аз ҳазорон масъалаҳои фонӣ раҳоӣ меёбад, зеро вай ҳамон замон мефаҳмад, ки ин масъалаҳо агар вайро ба ташвиш оваранд ҳам, муваққатӣ мебошанд ва ҳатто агар вай бори масъалаҳои таъҷилиро аз худ дур созад ҳам, бори вазнини абадият аз ҳама бадбахтиҳои ҷаҳон дида, ба вай бештар фишор меоранд. Ин бори вазнин — масъулияти одам дар назди Худо: масъулияти ҳарлаҳзаина ва таркнакунандаи то охири умр дӯст доштани Худо бо тамоми ақл, ба пуррагӣ итоат кардан ба Ӯ, ва сазовор ба Ӯ хизмат кардан мебошад. Ва вақте ки виҷдони бедори одам ба ӯ мегӯяд, ки вай ҳеҷ кадоми инро накардааст ва баръакс вай аз хурдсолӣ ба муқобили Осмонҳо баромадааст, вазнинии худмаҳкумкунии ботинӣ метавонад тоқатфарсо гардад.
Инҷил метавонад ин борро аз мо бардорад, ба ҷои хокистар зебоӣ ва ба ҷои андӯҳ либоси ҳамду саноро бидиҳад. Вале агар одам ин борро ҳис накунад, Инҷил барои чунин одам ҳеҷ маъное надорад. Ва то он даме ки одам Худоро дар баландиҳои Осмон набинад, барои ӯ на ғаму андӯҳ ва на бори вазнин буда метавонад. Назари заминӣ ба Худо ҳамаи он касонеро, ки чунин нуқтаи назар доранд, аз Инҷил маҳрум месозад.
Дар байни гуноҳҳое, ки дили инсонӣ ба он майл дорад, ба гумон аст гуноҳе ёфт шавад, ки аз бутпарастӣ дида ба Худо нафратовартар бошад, зеро бутпарастӣ ин тӯҳмат ба шахсияти Ӯ мебошад. Дили бутпараст моҳияти Худоро вайрон месозад (ва ин худ аз худ гуноҳи пурдаҳшат аст) ва Худои ҳақиқиро ба мавҷудоте иваз менамояд, ки ба худи бутпараст монанд аст. Чунин худо ҳамеша ба нақши “офаридгори” худ мувофиқат менамояд, чунин худо метавонад заминӣ ё болобардошташуда, сангдил ё некӯ — вобаста аз ҳолати зеҳнии он касе бошад, ки ин худоро офаридааст.
Пурра табиист, ки худои дар зулмоти дили гунаҳкор офаридашуда ба Худои ҳақиқӣ монанд нахоҳад буд. Худованд ба шахси шарир рӯ оварда мегӯяд: “Ту гумон кардӣ, ки Ман мисли ту ҳастам” (Заб. 49:21). Албатта ин таҳқири ҷиддӣ нисбати Худоест, ки дар назди тахти Ӯ малоик ва исрофилон ҳамеша хитоб менамоянд: “Қуддус, қуддус, қуддус аст Худованд, Худои Лашкарҳо”.
Биёед аз рӯи ғурури худ фикр накунем, ки бутпарастӣ — ин танҳо зонӯзанӣ дар назди обектҳои дидашавандаи парастиш аст ва одамони мутараккӣ аз ин гуноҳ озод ҳастанд. Моҳияти бутпарастӣ — ин фикрҳо дар бораи худое мебошад, ки ба Ӯ сазовор нест. Бутпарастӣ дар ақли инсон ба амал омада, метавонад бе зоҳиршавиҳои ошкоро вуҷуд дошта бошад. “Агарчӣ онҳо Худоро шинохта бошанд — навишта буд ҳавворӣ Павлус, - Ӯро чун Худо ситоиш накарданд, ва шукр нагуфтанд, балки хаёлоти онҳо ботил, ва дили бефаросаташон тира шуд” (Рум. 1:21).
Баъд аллакай парастиши бутҳо сар мешавад, ки дар сурат ва шабоҳати одамон, паррандаҳо, ҳайвонҳо ва хазандаҳо офарида шудаанд. Фикрҳои нодуруст дар бораи Худо — ин натанҳо сарчашмаест, ки аз он оби гандидаи бутпарастӣ ҷорӣ мешавад; худи ин фикрҳо аз рӯи моҳияти худ — бутпарастӣ мебошад. Бутпараст ким-чизеро дар бораи Худо фикр карда мебарояд, баъд чунон рафтор менамояд, ки гӯё ин бофтаҳо ҳақиқат бошанд.
Фикрҳои хато дар бораи Худо дар он дине, ки пайдо шудааст, пӯсишро ба вуҷуд меорад. Таърихи дуру дарози Исроил ба таври кофӣ инро аниқ нишон медиҳад ва таърихи Калисо инро тасдиқ менамояд.
Тасаввуроти олӣ дар бораи Худо барои Калисо ба андозае зарур аст, ки агар ин тасаввурот ба андозае паст шавад, Калисо ҳам якҷоя бо хизматгузорӣ ва меъёрҳои ахлоқии худ паст мешавад. Дилхоҳ Калисо метавонад аз тасаввуроти олӣ дар бораи Худо даст кашида, қадами аввалини худро дар ин роҳ гузорад.
Пеш аз оне, ки Калисои масеҳӣ таназзул ёбад, албатта шикасти асосҳои таълимоти он сар мешавад. Калисо ба саволи “Худо чӣ гуна аст?” ҷавоби нодуруст медиҳад, ва баъд аз он боқимонда дигаронаш ба амал меоянд. Ҳарчанд, эҳтимол, Калисо кӯшиш мекунад исбот намояд, ки дар он ҳеҷ чиз тағйир наёфтааст, вале ин қалбакӣ менамояд. Қавми чунин калисо ба худое бовар хоҳанд кард, ки ба Худои ҳақиқӣ монанд нест ва ин бошад, аллакай бидъати хатарноку нанговар аст.
Доштани тасаввуротҳои поку олӣ дар бораи Худо, ки ба Худо ва Калисои Ӯ лоиқ аст — вазифаи аввалиндараҷаи калисоҳои муосири масеҳӣ мебошад. Дар ҳама дуоҳо ва дар ҳама корҳо ин бояд дар ҷои аввал бошад. Мо ба насли ояндаи масеҳӣ тасаввуроти бенуқсу беҳамтоеро дар бораи Худо, ки онро аз наслҳои пешина — аз яҳудиён ва масеҳиён гирифтаем, боқӣ гузошта, хизмати бузургеро ба ҷо меорем. Ва ин барои насли оянда аз он чизе, ки ба ӯ санъат ва илм мерос мегузорад, пурқимматтар хоҳад буд.
2
Худои ақлнорас
Дар майнаи кӯдак, одами файласуф ва ходими дин фақат айнан ҳамон як савол аст: “Худо чӣ гуна аст?”
Ин китоб — кӯшиши ҷавоб додан ба ин савол аст. Вале аз худи аввал ман бояд эътироф намоям, ки ба ин савол ғайр аз он, ки Худо ба ҳеҷ чиз ва ҳеҷ кас айнан монанд нест, ба таври дигар ҷавоб додан мумкин нест.
Мо он чизеро истифода бурда меомӯзем, ки аллакай онро медонем ва онро ба сифати купрӯке истифода мебарем, ки ба воситаи он ба як чизи номаълум мегузарем. Ақли инсонӣ наметавонад, ки яку якбора аз як чизи ба он хеле хуб шинос ба чизи тамоман ношинос гузарад. Ҳатто ақли аз ҳама солим наметавонад чизеро аз амали тадриҷии хаёлот ба вуҷуд орад. Он мавҷудотҳои аҷоибе, ки дар олами асотир (мифология) ва ҳуруфот сокинанд — ҳамин хел бофтаҳои хаёлот нестанд. Тасаввуротҳо ин мавҷудотҳоро дар асоси сокинони муқаррарии замин, осмон ва баҳрҳо гирифта, симои муқаррарии онҳоро то ба андозаи ғайримуқаррарӣ кам ё зиёд карда нишон медиҳанд, ва ё ду ё зиёда аз ин симоҳоро якҷоя карда, дар натиҷа як чизи наверо ба вуҷуд овардаанд. Ба ҳар навъе, ки ин мавҷудотҳо зебо ва бесулуқай набошанд ҳам, тимсоли онҳоро ёфтан мумкин аст. Онҳо ба чизҳое монанданд, ки ба мо аллакай маълуманд.
Кӯшиши одамони илҳомёфта дар иродаи он чизе, ки онро бо сухан ифода кардан номумкин аст ба он оварда расонд, ки мо онҳоро дар фикрҳо ва забони Навиштаҳои Муқаддас мебинем. Азбаски гоҳо ин рӯъёи олами
Вақте ки Рӯҳ ба мо он чизеро мекушояд, ки берун аз ҳудуди донишҳои мост, Ӯ мегӯяд, ки ин ба ким-чизе монанд аст, ки мо аллакай онро медонем, вале Ӯ инро хеле боэҳтиёт ифода менамояд, то ки моро дар назди маънои аслии калима ғулом нагардонад. Масалан, вақте ки пайғамбар Ҳизқиёл дид, ки осмонҳо кушода шуданд ва дар рӯъёи худ Худоро дид, ӯ фаҳмид, ки ба он чизе менигарад, ки бо суханон ифода кардан номумкин аст. Он чизе, ки ӯ дид, ба пуррагӣ аз ҳамаи он чизе фарқ мекард, ки пештар дида буд, ва аз ин рӯ ӯро лозим омад бо забони муқоиса сухан гӯяд.
“Ва сурати ин ҳайвонҳо чунин буд: намудашон мисли ахгарҳои оташи сӯзон” (Ҳизқ. 1:13).
Ва ҳар қадаре, ки ӯ ба тахти рахшон наздик мешавад, ҳамон қадар дар суханони ӯ боварӣ камтар дида мешавад:
“Ва дар фалаке ки бар сари онҳо буд, сурати тахте дида мешуд, ки намуди санг ёқути кабудро дошт; ва бар сурати тахт сурате мисли барқ дурахшон дидам, ки доирае мисли намуди оташ гирдогирди он буд… Ин намуди сурати ҷалоли Худованд буд” (Ҳизқ. 1:26-27; 2:1).
Ба ҳар навъе, ки ин забон аҷоиб намояд ҳам, таассуротеро дар бораи чизи ғайриҳақиқӣ бедор намесозад, фаҳмост, ки ҳамаи ин хеле ҳақиқӣ буда, вале барои одам бегона аст. Барои он ки бо суханон маънои он чизҳои дидаашро ифода намояд, пайғамбар бояд суханони “ба сурати”, “мисли” ва “ба намуди”-ро истифода мебурд. Ҳатто тахт ба “мисли тахт” медарояд, ва Он Касе ки бар тахт нишастааст, ҳарчанде ки ба одам шабеҳат дорад, он қадар ба одам
Вақте дар Навиштаҳо гуфта мешавад, ки одам бо сурат ва шабоҳати Худо офарида шудааст, мо ҷуръат намекунем, ки бо ин тасдиқот фикрҳои худро дар бораи он ҳамроҳ намоем, ки дар ин ҷо монандии
Вақте ки мо кӯшиш мекунем ба худ тасаввур кунем, ки Худо чӣ гуна аст, мо маҷбурем, ки ба сифати масолеҳи ибтидоии ақли худ он чизеро гирем, ки Худо нест.
Бинобар ин, ба ҳар навъе ки мо Худоро ба худ тасаввур накунем ҳам, тасаввуротҳои мо ба ҳақиқат мувофиқат намекунад, зеро ки мо тасаввуротҳои худро дар бораи Худо ба он асоснок мегардонем, ки Ӯ чӣ офаридааст, ва ҳар он чизе, ки Худо офаридааст, Худо нест. Агар мо исроркорона кӯшиш кунем, ки ба худ Ӯро тасаввур намоем, дар ниҳояти кор бутеро ба даст меорем, ки на бо дастони мо сохта шудааст, балки маҳсули фикрҳои мо мебошад; буте, ки самараи ақли инсонист, барои Худо айнан мисли буте, ки бо дастони инсонӣ сохта шудааст, таҳқиромез мебошад.
“Ақл медонад, ки Ту барои ӯ пурасрор ҳастӣ — гуфта буд Николай Кузанский, — Зеро ақл медонад, ки агар даркнашавандаҳо ошкор нагарданд, ва агар чизҳои диданашаванда дидашаванда нагарданд, ва дастнорасҳо — дастрас нагарданд, донистани Ту имконнопазир аст.”
“Агар ягон кас бо мақсади Туро ба даст овардан ягон хел фаҳмишро пешкаш намояд, — мегӯяд инчунин Николай Кузанский, - дар он вақт ман хоҳам донист, ки ин фаҳмиш ба Ту ҳеҷ гуна алоқае надорад, зеро охири ҳамаи фаҳмишҳо — дар девори биҳишт аст… Бинобар ин, агар касе дар бораи он бигӯяд, ки чӣ тавр Туро бифаҳмад ва дар бораи он бигӯяд, ки усулҳое ёфтан даркор аст, ки бо ёрии он Туро фаҳмидан мумкин бошад, фаҳмо мегардад, ки ин одам ҳанӯз аз Ту дур аст… Зеро ки Ту зоти мутлақе ҳастӣ, ки аз болои ҳамаи фаҳмишҳои ташаккулдодаи инсонӣ баландтар меистӣ.”
Ба ҳоли худ гузошта шуда, мо одатан ҳамон замон Худоро то ба фаҳмишҳое паст мезанем, ки онҳоро бо осонӣ истифода бурдан мумкин бошад. Мо мехоҳем, ки Ӯ ҳамеша дар он ҷое бошад, ки ҳамеша аз Ӯ истифода бурда шавад, ё ақаллан ҳамеша, агар ба мо даркор шавад, дониста шавад, ки Ӯро аз куҷо ёфтан мумкин бошад. Мо мехоҳем чунон Худое дошта бошем, ки ба андозае Ӯро идора карда тавонем.
Вақте мо мефаҳмем, ки Худо чӣ гуна аст, дар мо зарурати ҳисси бехатарӣ пайдо мегардад, ва тасаввуротҳои мо дар бораи Худо аз ҳама манзараҳои сюҷетҳои динӣ, аз нақшҳои одамони аз ҳама беҳтарини ягон вақт дида ё шунидаи мо, ё аз фикрҳои аз ҳама олие, ки ягон вақт дар мо пайдо шуда буданд, ба амал меоянд.
Агар ҳамаи ин ба одами ҳозиразамон аҷоиб намояд, ин аз он сабаб аст, ки дар давоми ним аср мо Худоро чун як чизи худ ба худ вуҷуд дошта қабул менамудем. Ҷалоли Худо ба ин насли одамон кушода нашуд. Худои масеҳияти муосир каме аз худоёни Юнони Қадим ва Рими Қадим беҳтар аст ва шояд аз онҳо бадтар бошад, чунки Ӯ заифу бечора аст, дар он вақте ки онҳо ба қадри ҳол қудратеро доро буданд.
Агар мо он чизеро, ки Худо нест, ҳамчун Худо қабул намоем, пас дар бораи Ӯ чӣ хел фикр кунем? Агар Худо, чӣ хеле ки дар рамзи имон гуфта мешавад, ақлнорас, ва ба гуфтаи ҳавворӣ Павлус дастнорас бошад, мо, масеҳиён, чӣ хел метавонем ҷидду ҷаҳдамонро ба Ӯ ба кор барем? Суханони рӯҳбаландкунандаи “Бо Ӯ мувофиқат намо, ва саломат бош…” (Айюб 22:21), бо гузашти садсолаҳо дар гӯши мо садо медиҳад, вале ба Он Кас, ки ба ҳама ҷидду ҷаҳди ақлу дили мо нигоҳ накарда, аз мо мелағҷад, чӣ хел наздик шуда метавонем? Ва чӣ хел аз мо талаб кардан мумкин аст, он чизеро бидонем, ки донистани он имконнопазир аст?
“Оё беинтиҳоии Худоро метавонӣ дарёбӣ? — мепурсад Сӯфори Наъмотӣ. — Оё то ба ақсои умқи Қодир метавонӣ бирасӣ? Он мисли баландиҳои осмон аст, - чӣ метавонӣ бикунӣ? Аз қаъри дӯзах чуқуртар аст — чӣ метавонӣ бидонӣ?” (Айюб 11:7-8). “…Ҳеҷ кас Падарро намешиносад, ҷуз Писар ва касе, ки Писар бихоҳад ба вай ошкор кунад” — мегӯяд Худованд (Мат. 11:27). Дар Инҷили Юҳанно бечорагии ақли одам дар назди Асрори бузург, ки он Худост, кушода мешавад ва ҳавворӣ Павлус дар Номаи Якум ба Қӯринтиён моро таълим медиҳад, ки Худоро ба андозаи он, ки Рӯҳулқудс чӣ хел моҳияти Худоро ба дили толиб мекушояд, дарк кардан мумкин аст.
Хоҳиши дарк кардани он чизе, ки мо фаҳмида наметавонем, ба даст овардани он чизи ақлнорас, даст расонидан ба чизи дастнорас ва санҷидани он, аз он бармеояд, ки шабоҳати Худо дар табиати инсонӣ гузошта шудааст. Он чизе ки дар замири қалб ниҳон аст, моро ба он даъват менамояд; гарчанде ки ҷони мо доғдор карда шудааст ва ба ҳамон фалокати бузург ҷаҳд менамояд, ки онро фақеҳон “гунаҳкоршавӣ” меноманд, ҷон пайдоиши худро эҳсос менамояд ва ба сӯи сарчашмаи худ кӯшиши баргаштан мекунад. Вале онро чӣ тавр ба даст орад?
Ҷавобе ки ба ин савол дар Китоби Муқаддас дода шудааст, хеле оддист: “ба воситаи Исои Масеҳ, Худованди мо”. Дар Масеҳ ва ба воситаи Масеҳ Худо ба пуррагӣ Худро мекушояд, ҳарчанде ки Ӯ Худро на ба ақл, балки ба имон ва муҳаббат мекушояд. Имон — ин воситаи дониш, муҳаббат бошад — воситаи таҷриба мебошад. Худо дар ҷисм нозил шуда назди мо омад, гуноҳҳои моро кафорат дода, моро бо Худ оштӣ дод ва ба воситаи имон ва муҳаббат мо ба ҳузури Ӯ меистем ва Ӯро ба даст меорем.
“Дар ҳақиқат Худо — ин бузургии беинтиҳост, — мегӯяд Ричард Ролл, хурсандона Масеҳро тараннум карда, — он бештар аз он бузургиест, ки мо фикр мекунем… Ба офаридаҳо донистани ин ато нашудааст; мо ҳеҷ гоҳ Ӯро ба андозае, ки Ӯ Худро мефаҳмад, фаҳмида наметавонем. Ва ҳатто дар ин ҷо ва худи ҳозир. Ҳар боре, ки дил бо хоҳиши бо Худо будан шӯълавар мегардад, аз бахшишҳои Рӯҳулқудс илҳом гирифта, ва аз онҳо пур гашта, хурсандии осмониро эҳсос менамояд. Дил аз ҳама ҳудудҳои чизҳои дидашаванда баромада, ба қуллаҳои ширини ҳаёти абадӣ баланд мешавад… Дар ин — муҳаббати Комил аст, ки ҳама ниятҳои ақл, ҳамаи асрорҳое, ки дар дил ниҳон аст, ба муҳаббати Худо баланд мешаванд”.
Он ки Худоро бо дил, бо муҳаббат, дар муоширати шахсӣ ва аз нигоҳи кунҷкобонаи ақл дур гашта, дарк кардан — парадоксе мебошад, ки беҳтараш чунин тавсиф додан мумкин аст:
Муаллифи китобчаи хурдакак, вале хеле машҳури “Абри нодонӣ” дар тамоми китоби худ ин фикрро тақвият медиҳад. Ӯ мегӯяд, ки ҷӯяндаи Худо ба Худо наздик шуда истода мефаҳмад, ки илоҳият дар зулмот, дар паси пардаи нодонӣ пинҳон аст, вале ноумед шудан даркор нест, ҳамаи дуюмдараҷагиҳоро як тараф партофта, ба Худо ҷаҳд кардан даркор аст. Ин абр байни толиби Худо ва Худо меистад, то ки мо Худоро дар партави фаҳмидан дида натавонем ва Худоро бо ёрии ҳиссиётҳоямон эҳсос нанамоем. Агар касе Худоро ҷӯё бошад, ба Каломи Ӯ бовар намояд ва исроркорӣ зоҳир созад, бо марҳамати Худо имон метавонад аз байни ин абрҳо гузашта ба он ҷое равад, ки дар он ҷо Худост.
Поксиришти испанӣ Мигел де Молинос айнан ҳаминро таълим медод. Дар “Роҳнамои рӯҳонӣ”-и худ ӯ мегӯяд, ки Худо аз дасти Рӯҳ мегирад ва бо роҳи имони пок мебарад “ва ақлро маҷбур месозад, ки ҳамаи муҳокимаронӣ ва хирадмандиро як сӯ гузошта, Ӯ онро ба пеш мебарад… Ӯ инро чунон мекунад, ки бо ёрии дониши оддӣ ва назарногире, ки имон медиҳад, Рӯҳ дар боли муҳаббат ба сӯи Домод шитоб мекунад”.
Барои ин ва дигар таълимотҳои ба ин монанд инквизитсия де Молиносро аҳли бидъат эълон намуда, ӯро ба ҳабси якумра маҳкум намуд. Дере нагузашта, ӯ дар ҳабсхона мурд, вале ҳақиқате ки ӯ таълим медод, ҳеҷ гоҳ намемирад. Дар бораи рӯҳи масеҳӣ гуфта истода, Мигел де Молинос менависад: “Бигзор вай фикр кунад, ки тамоми ҷаҳон ва муҳокимаронии баланди одамони аз ҳама хирадманд ба вай чизе гуфта наметавонанд ва он ки некӯӣ ва зебоии Дилдодаи ӯ якчанд маротиба аз дониши ин одамон бартарӣ дорад, ва бигзор вай фаҳмад, ки ҳамаи офаридаҳои Худо барои ифодаи маънои ҳақиқӣ дар бораи Худо ва барои ба ин дониш оварда расонидан, ноӯҳдабаро мебошанд… Вайро лозим аст ҳамаи фаҳмишҳоро партофта, бо муҳаббат ба пеш равад. Бигзор вай Худоро чуноне, ки ҳаст, дӯст дорад, на балки он чуноне, ки Ӯро хаёлотҳои ӯ тасвир менамояд.”
“Худо чӣ гуна аст?” Агар мо ин саволро дода истода, онро дар назар дошта бошем, ки: “Худо Худаш кист?”, дар он вақт ба ин савол ҷавоб нест. Агар мо онро дар назар дошта бошем, ки: “Худо дар бораи
3
Хусусиятҳои илоҳӣ: баъзе ҳақиқатҳо дар бораи Худо
Омӯзиши хусусиятҳои Худо барои масеҳии бомаърифат кори дилбазан ва мушкил набуда, он метавонад машғулияти гуворо ва диққатҷалбкунандаи рӯҳонӣ бошад. Бо диле, ки ташнаи Худост, аз ин дида чизи дигаре ҳаловатбахш буда наметавонад.
Барои он ки ин мавзӯро давом диҳем, моро лозим аст, ки ба калимаи
Дар ин китоб
Ва ин моро маҷбур месозад, ки оиди миқдори хусусиятҳои Худо саволе диҳем. Оиди ин масъала мутафаккирони гуногуни динӣ фикрҳои гуногун доранд.
Баъзеҳо исрор менамоянд, ки онҳо ҳафтоянд, вале, масалан, Фейбер бо
Албатта, ин одамон ба Худо хизмат мекарданд, на хусусиятҳои Ӯро мешумориданд, ва агар мо муҳокимаронии эҳтиёҳкоронаи фақеҳонро пайравӣ накарда, гувоҳии дили ба ваҷдомадаро пайравӣ намоем, оқилона рафтор менамоем. Агар хусусиятҳо — ин як чизе бошанд, ки ҳақиқатҳоро дар бораи Худо ифода намоянд, дар он ҳолат намеарзад, ки онҳоро ба шумор оварем. Зиёда аз ин, барои муҳокимаронӣ дар бораи моҳияти Худо шумораи хусусиятҳо аҳамият надоранд, зеро дар ин ҷо фақат шумораи маҳдуди ин хусусиятҳо ёдовар шудаанд.
Агар хусусиятҳо ҳақиқатҳоро дар бораи Худо кушоянд, дар он вақт мо метавонем онро ҳамчун ҳақиқат дар бораи Худо қабул намоем. Худо беинтиҳо буда, метавонад дорои чунон хусусиятҳое бошад, ки мо дар бораи онҳо чизеро намедонем. Хусусияте ки дар шакли он мо Ӯро дониста метавонем — ин фаҳмиши бофтаи ақл, ҷавоби ақл ба он аст, ки Худо Худро ба мо чӣ хел мекушояд. Ин ҷавоб ба савол аст, ҷавобе ки Худо ба саволҳои мо оиди Худ медиҳад.
Худо чӣ гуна аст? Ӯ чӣ гуна Худо аст? Ӯ барои мо ва барои он касоне, ки офаридааст, чӣ қадар корҳоро карда метавонед? Ин саволҳоро танҳо ба соҳаи илми фақеҳият дохил кардан мумкин нест. Ин саволҳо ба дили инсонӣ таъсири чуқур расонида ҷавоби ин саволҳо ба ҳаёт, хислат ва тақдири инсон таъсир мерасонанд. Вақте ки ин саволҳо бо эҳтиром дода шуда ба онҳо бо итоаткорӣ ҷавоб дода мешаванд, албатта ин ба Падари Осмонии мо мақбул аст. “Зеро Ӯ мехоҳад, ки мо то он лаҳзае, ки ба осмонҳо меравем, Ӯро донем ва дӯст дорем, — навишта буд хонум Юлиана Норвичская… — зеро назар дӯхтан ба Офаридгор ва муҳаббат ба Ӯ беш аз ҳама чиз рӯҳро дар назари худ паст мегардонад ва онро бо таппиши боэҳтирому мутеъкории самимӣ ва инчунин дилсӯзии бузург нисбати дигар масеҳиён пур месозад.”
Худо ба саволҳои мо ҷавоб тайёр кардааст; албатта на ба ҳама саволҳо, вале ба андозае, ки барои қонеъ гардондани ҳама саволҳо, ақли мо, ва барои ба ҷӯш овардани дилҳо кифоят мекунад. Худо ба мо ин ҷавобҳоро дар табиати Навиштаҳои Муқаддас ва шахсияти Писари Худ додаст.
Худо Худро ба таври пурра чун дар нури офтоб ба одамон он вақте зоҳир намуд, ки Каломи Абадӣ ҷисм гардид ва дар байни одамон сокин гашт — ин рӯъё муқаддас ва қисми ҷудонашавандаи Хушхабар мебошад.
Ҳарчанде, ки Худо ба ҳамин тариқ ба саволҳои мо оиди Худ ҷавоб дод, ин ҷавобҳо рӯякӣ нестанд. Онҳоро бо дуо, исроркорона ва мунтазам дар бораи Навиштаҳои Муқаддас андеша намуда, ҷустуҷӯ кардан даркор аст. Ҳар қадар ин нур ба таври рахшон надурахшад ҳам, онро танҳо он касоне дида метавонанд, ки барои ба даст овардани он рӯҳан тайёр карда шудаанд.
“Хушо покдилон, зеро ки онҳо Худоро хоҳанд дид” (Мат. 5:2).
Агар мо бихоҳем, ки ба таври ҷиддӣ оиди хусусиятҳои Худо андеша кунем, моро лозим аст аз суханони муайяне даст кашем, ки ҳангоми фикр кардан ба сари мо меояд: ин суханони:
Вақте ки сухан дар бораи офаридаҳо меравад, ин суханон қобили қабул ва ҳатто зарур мебошанд, вале вақте ки дар бораи Худо фикр мекунем, ин тамоман қобили қабул намебошад. Мо бояд дар бораи Офаридгор чун дар бораи офаридаҳо андеша накунем. Шояд бе чунин ибораҳо фикр кардан имконнопазир бошад, вале агар мо ба худ имкон диҳем, ки бо ёрии калимаҳои нодуруст фикр кунем, он вақт, ба зудӣ дар мо фикрҳои хато пайдо мешаванд, зеро калимаҳои ба мо барои ифодаи фикрҳои худ додашуда одати баромадан аз ҳудуди он чӣ, ки аз онҳо талаб карда мешавад, ва муайян кардани мазмуни фикрҳоро доранд. “Ҳеҷ чиз аз фикр кардан дида осонтар нест — менависад Томас Трейерн, — ва чизе аз хуб фикр кардан дида мушкилтар нест”. Дар бораи Худо фикр карда истода, мо бояд фикрҳои хубе кунем, ки то ин дам накарда будем.
Одам аз маҷмӯи узвҳои бадан иборат аст ва хислати ӯ бошад, аз маҷмӯи хусусиятҳои хислати ӯ. Дар одамони гуногун ин хусусиятҳои хислат гуногун аст ва гоҳо ҳатто дар як одам хусусиятҳои хислат метавонад гоҳ-гоҳ тағйир ёбад. Хислати одам ноустувор аст, чунки хусусиятҳои вай номӯътадил мебошад. Онҳо меоянд ва мераванд ва дар давоми ҳаёти мо гоҳ пурзӯртар ва гоҳ заифтар зоҳир мегарданд. Ҳамин тавр шахси нек ва хушодоб дар давоми сӣ сол, метавонад дар панҷоҳсолагӣ сангдил ва дағал гардад. Чунин тағйирот имконпазир аст, чунки одам
Табиӣ ва мутлақо дуруст мо фикр мекунем, ки одам эъҷози офаридаи ақли илоҳист. Одам ҳам офарида ва ҳам сохта шудааст. Он ки одам чӣ тавр офарида шудааст, ин яке аз асрорҳои кашфнашудаи Худо мебошад; Чӣ хел одам аз олами нестӣ пайдо шудааст ва аз ҳеҷ чиз чизе гардидааст, ба ҳеҷ кас, ба ҷуз он Касе, ки одамро офаридааст, маълум нест ва нахоҳад буд. Бо вуҷуди ин, Худо чӣ тавр одамро
Вале дар бораи ҳамаи ин мо бо он фикрҳое андеша менамоем, ки ба офаридаҳои Худо истифодашаванда мебошанд, ва ин фикрҳоро бо суханоне ифода менамоем, ки ба эъҷози Худо хос ҳастанд. Чунин фикру чунин суханонро нисбати илоҳият истифода бурдан мумкин нест. “Падарро касе наофаридааст, насохтааст ва аз касе таваллуд нашудааст. Писар аз Падари Ягона офарида ва сохта нашудааст, вале таваллуд шудааст. Рӯҳи Муқаддас аз тарафи Падар офарида ва сохта нашудааст, вале бароянда аст.”
Худо аз Худ ва Худ ба Худ вуҷуд дорад. Ӯ бо мавҷудияти Худ аз касе қарздор нест. Ӯ — ҷавҳари ҷудонашаванда аст. Ӯ аз қисмҳои алоҳида иборат нест, Ӯ дар моҳияти ягонаи Худ ягона аст.
Таълимот дар бораи ягонагии Худо на танҳо маънои онро дорад, ки танҳо як Худо аст; он инчунин маънои онро дорад, ки Худо — ин як чизи якмаънои аз қисмҳои гуногун иборат буда нест, ва Ӯ — дар Худ яктост. Ҳамоҳангии мавҷудоти Ӯ — ин на танҳо натиҷаи мувозинати комили қисмҳои таркибдиҳанда, балки вуҷуд надоштани қисмҳои асосӣ мебошад. Байни хусусиятҳои Ӯ ҳеҷ гуна мухолифатҳо буда наметавонад. Ӯро лозим нест, ки барои аз хусусияти дигараш истифода бурдан яктои дигарашро мавқуф гузорад; барои Ӯ ҳамаи хусусиятҳояш — як чизи том аст. Тамоми мавҷудоти Худо он кореро мекунад, ки Худо мекунад; Ӯ барои ба ҷо овардани ягон кор Худро ба қисмҳо ҷудо намекунад, Ӯ дар ягонагии пурраи моҳияти Худ амал мекунад.
Бинобар ин хусусиятҳо як ҷузъи Худо намебошанд. Ин он чизест, ки Худо Худро чӣ хел зоҳир месозад, ва ба ҳамин тариқ, ба қадри он, ки ин ба ақли мо дастнорас аст, мо гуфта метавонем, ки Худо ҳаст, ҳарчанде ман аллакай кӯшиш кардам фаҳмонам, ки аниқ фаҳмидани ин ба мо ато нашудааст. Онро, ки Худо ҳангоми дар бораи Худ фикр кардан чӣ фикр дорад, танҳо Худаш медонад.
“… Он чиро, ки дар Худо ҳаст, ҳеҷ кас намедонад, ба ҷуз Рӯҳи Худо” (1 Қӯр. 2:11).
Худо танҳо ба он касе, ки ба Ӯ баробар аст, сирри Илоҳияти Худро баён карда метавонист, вале фикр дар бораи он, ки касе ба Худо баробар аст, ин сафсатта аст.
Хусусиятҳои Худо — ин ҳақиқатҳое мебошанд, ки мо дар бораи Худо медонем. Онҳо сифатҳои Худо набуда, он мебошанд, ки чӣ хел Худо Худро ба офаридаҳояш мекушояд. Масалан, муҳаббат — ин як чизе нест, ки Худо дошта бошад, ва он метавонад зиёд ё кам гардад ва ё метавонад умуман мавҷудияти худро қатъ намояд. Муҳаббати Худо — ин яке аз шаклҳои мавҷудияти Худо мебошад ва вақте ки Ӯ дӯст медорад, Ӯ ба асли Худ медарояд. Айнан ҳаминро дар бораи дигар хосиятҳои Ӯ гуфтан мумкин аст.
4
Сегонаи муқаддас
Дар бораи се шахсияти Илоҳӣ фикр кардан — ин маънои фикран дар боғи Адан сайр кардан, ба сӯи шарқ, ба замини муқаддас дохил шуданро дорад. Кӯшишҳои аз ҳама самимии мо барои ба даст овардани асрори дастнораси Ваҳдати Сегона бояд ҳамеша бенатиҷа монад, ва танҳо эҳтироми беандоза метавонад ҷидду ҷаҳди моро аз гумонҳои беасос нигаҳдорӣ намояд.
Баъзе одамони инкоркунандаи он чизҳое, ки худашон намефаҳманд, инкор мекунанд, ки Худо дар се шахс як аст. Онҳо ба Худо синчакорона, бо нигоҳи сарду оромонаи худ нигоҳ карда, онҳо фикр мекунанд, ки Худо наметавонад дар як вақт вуҷуд дошта, Якеи аз он Се бошад. Ин одамон фаромӯш мекунанд, ки тамоми ҳаёти онҳо бо асрорҳо фаро гирифта шудааст. Онҳо дар бораи он фикр мекунанд, ки дилхоҳ фаҳмондадиҳии ҳақиқӣ, ҳатто ҳодисаҳои оддитарини табиат, дар зери парда буда, фаҳмонидани ин ҳодиса аз фаҳмонидани асрори илоҳиёт дида осонтар нест.
Ҳар як одам бо имон зиндагӣ мекунад — ҳам беимон ва ҳам рӯҳонӣ: яке аз рӯи имон ба қонунҳои табиат, дигаре аз рӯи имон ба Худо. Ҳар як одамро лозим меояд дар тӯли ҳаёти худ ба ягон чиз, бигзор бешуурона ҳам бошад, бовар кунад. Ҳатто олими аз ҳама оқилро бо як саволи оддии
Томас Карлейл баъд аз Плутон эҳсосотҳои мутафаккири ҳақиқии бутпарастеро тавсиф менамояд, ки дар ғори торик ба воя расида ва бори нахуст тулӯи офтобро дида буд. “Чӣ хел ӯ ҳайрон шуда буд”— хитоб мекунад Карлейл. - Ӯ аз дидани он чизе, ки мо ҳар рӯз бефарқона нигоҳ мекунем, ба ҳайрат омада буд! Бо дарккунии озоду кушодаи кӯдакона ва, якҷоя бо ин, бо ақли комили ба одами калонсол хос, ӯ ин манзараро тамошо мекард ва аз ин дили Ӯ ба хурӯш омад. Ин сарзамини пур аз харсанг, ки бо алафҳои сабзу гулҳо пӯшонида шудаанд, ин дарахтон, ин кӯҳҳо, ин дарёҳо, ин баҳрҳои пурталотум. Дар болои сари ӯ ин баҳри кабуди баланди аз бод лаппасзананда, ин абрҳои сиёҳ, ки ҳамеша шакли худро тағйир медиҳанд, аз ин абрҳо гоҳ оташ, гоҳ ҷола ва гоҳ борон мерезад; ин
Дарккунии мо, ки аз дидани чунин мӯъҷизаҳо сар шудааст, аз ин дарккунӣ чӣ хел фарқ мекунад. Мо аз фикр кардани ин на аз рӯи борикбиниамон канораҷӯӣ менамоем, — менависад Карлейл, — балки аз рӯи сабукфикрии беандоза, аз беаҳамиятӣ, аз он сабаб, ки ба мо нуқтасанҷӣ намерасад, аз он дурӣ меҷӯем. Мо аз ин ҳайрон намешавем, зеро фикр намекунем… Мо оташеро, ки аз абрҳои сиёҳи раъду барқӣ бармеоянд, бо ибораи олимон онро қувваи барқ меномем, дар бораи он лексияҳо мехонем ва ба ҳамон монандро бо роҳи соиш додани шоҳӣ ба тиреза ҳосил менамоем. Вале ин
Илм барои мо корҳои зиёдеро ба ҷо овардааст, вале он илм бад аст, ки кӯшиш кардааст аз мо Нодонии бузургу амиқ ва муқаддасу беинтиҳоро пинҳон созад, ки ба он мо ҳеҷ гоҳ ғӯттавар шуда наметавонем ва ҳама илмҳо дар назди он ҳамчун қаймоқаки рӯи об менамоянд. Ин ҷаҳон ҳатто ҳоло ҳам, ки дар он ҳама гуна илмҳо мавҷуданд, чун пештара барои ҳар он касе, ки дар ин бора фикр мекунанд, мӯъҷизаовар, даркнашаванда, пурасрор мемонад”.
Ин воқифшавиҳо қариб, ки суханони пайғамбаронаанд ва зиёда аз сад сол пештар навишта шудаанд, вале то ба ин дам ҳеҷ гуна дастовардҳои илму техника аҳамияти онҳоро кам накардааст ва ин ақидаҳоро ягон нуқта, ва ҳатто ягон вергулаш кӯҳна нашудаанд. Мо чун пештара намедонем. Барои он ки дар бораи мо фикри бад накунанд, мо сабукфикрона истилоҳҳои маълуми илмиро такрор менамоем. Мо барқи пурқудратеро, ки бо ҷидду ҷаҳд аз ҷаҳони мо мегузарад, лаҷом мезанем, мо ба амнияти бузург ин қувваро дар мошинҳо ва ошхонаҳои худ истифода мебарем, ва монанди Аловудин, ки ҷинро маҷбур мекард, мо низ онро маҷбур месозем, ки барои мо кор кунад, вале чун пештара намедонем, ки он чист. Секуляризатсия, материализм ва вуҷуддории дурнашавандаи
Бе дудилагӣ Калисо таълимотро дар бораи Ваҳдати Сегона мавъиза менамояд. Барои фаҳмиш довталабӣ накарда, ҳар он чизи Навиштаҳои Муқаддас таълимдиҳандаро такрор намуда, дар ин бора шаҳодат медиҳад. Баъзеҳо дар он асос гуфтаҳои Навиштаҳои Муқаддас, оиди дар се шахс як будани Худоро инкор менамоянд, ки худи фикр дар бораи сегонагӣ ва ягонагӣ — ин дар терминология мухолифат аст. Вале азбаски мо намедонем, ки барои чӣ барг аз шохи дарахт дар канори роҳ меафтад ва чӣ тавр гунҷишкбачаҳо айнан дар ҳамон дарахт дар лона аз тухм мебароянд, пас барои чӣ Ваҳдати Сегона барои мо масъалаи ҳалталаб набошад? “Фикрҳои мо дар бораи Худо на он вақте олӣ мегарданд, ки мо Худоро дар ким-кадом нақше тасаввур менамоем ва Ӯро бо зебоие оро медиҳем, ки ба фаҳмиши кӯчаки мо мувофиқат менамояд, балки он вақт олӣ мегарданд, ки мо донем, ки Ӯ даркнашаванда ва барои фаҳмиши мо дастнорас аст” — навишта буд Мигел де Молинос.
На ҳамаи он касоне, ки дар давоми садсолаҳо худро масеҳӣ меномиданд, ба доктринаи Ваҳдати Сегона эътиқод доштанд. Вале имон ба Ваҳдати Сегона аз замонҳои ҳаввориён инҷониб аз болои Калисои Писари Ягонаи Ӯ дар тӯли сайёҳати он дар давоми солҳо ба монанди он, ки Ҳузури Худо дар шакли сутуни оташ дар давоми тамоми роҳи биёбон дар болои ӯрдугоҳи халқи Исроил медурахшид ва ба тамоми халқи ҷаҳон шаҳодат медод, ки “Ин халқи Ман аст”, нурафшонӣ менамояд. Аз паи ин имон покӣ ва қудрат ба амал меомад. Дар зери ин ливо ҳаввориён, падарони Калисо, риёзаткашон, зоҳидон, муаллифони таронасароиҳои калисогӣ, ислоҳотчиён, муборизони барқарорсозиҳои калисоҳо мерафтанд ва дар ҳаёт ва аъмоли онҳо мӯҳри маъқул донистани Худо гузошта шуда буд. Бигзор дар ягон чизи дуюмдараҷа нуқтаи назари онҳо фарқ мекарда бошад ҳам, вале ҳамаи онҳоро тарафдорони таълимоти Ваҳдати Сегона муттаҳид месохт. Дили имондор он чизеро, ки Худо мегӯяд, эътироф менамояд ва кӯшиш намекунад, ки дигар исботҳоро ҷӯё бошад. Ҷӯстани исботҳо— ба зери шубҳа қарор додан, ёфтани исботҳо — ин имонро барзиёдатӣ шуморидан аст. Ҳар он касоне, ки дорои бахшоиши имон ҳастанд, мефаҳманд, ки гуфтаҳои яке аз падарони аввалини Калисо чӣ тавр оқилона ва ҷасурона мебошад. “Ман боварӣ дорам, ки Масеҳ барои ман мурдааст, зеро ки ин аз ақл берун аст; ман боварӣ дорам, ки Ӯ аз мурдагон эҳё шуд, зеро ки ин имконнопазир аст”.
Ба ҳама далелҳои ҳақиқӣ нигоҳ накарда, Иброҳим Худоро ҷалол дода, ба Худо чунин муносибат мекард ва дар имон мустаҳкам буд. Анселм — “Августини дуюм”, яке аз мутафаккирони бузурги давраҳои масеҳӣ, ки чунин меҳисобид, ки имон бояд пеш аз дарккунӣ биёяд, ба Худо чунин меносибат мекард. Табиист, ки ақидаронӣ дар бораи ҳақиқат ба воситаи рӯъё дарк карда шуда, баъд аз имон ба амал меояд, вале имон дар он ҷое пайдо мегардад, ки гӯшҳо мешунаванд, на ин ки ақлҳо дар ақидаронӣ ғӯттавар мешаванд. Шахси имондор ба имон бо роҳи хирадмандӣ намеояд, ӯ тасдиқоти имони худро дар фалсафа ва илм ҷӯё нест.
Ӯ фарёд мебарорад:
“Эй замин, эй замин, эй замин! Каломи Худовандро бишнав!” (Ирм. 22:29).
“…Худо барҳақ аст, агар чӣ ҳар одам козиб бошад…” (Рум. 3:4).
Оё ин маънои онро дорад, ки донишмандӣ дар соҳаи дине, ки ба мо рӯъёи Худо додаст, ҳеҷ аҳамияте надорад? Умуман не. Дар назди олимон хеле вазифаи муҳим меистад, вале он хеле маҳдуд карда шудааст. Вазифаи олимон — кафолати бехатогии матн ва ҳар чӣ бештар наздикшавии он ба матни аввалаи Каломи Худо мебошад. Донишманд метавонад як матни Навиштаҳоро бо дигараш то он даме муқоиса намояд, ки то фаҳмиши ҳақиқии маънои матн рафта нарасад. Вале маҳз дар ҳамин ҷо ваколати ӯ ба охир мерасад.
Таълимот дар бораи Ваҳдати Сегона — ин ҳақиқат барои дил аст. Танҳо рӯҳи инсонӣ қудрат дорад аз ин парда гузарад ва ба Қудси Қудсҳо дохил шавад. “Ба ман рухсат деҳ, ки Туро дар муҳаббат биёбам, — Худоро зорӣ мекард Анселм, — ва Туро дар муҳаббат ёфта дӯст дорам”. Муҳаббат ва имон дар асрори илоҳият худро ҳамчун дар хонаи худ ҳис мекунанд. Ва бигзор ақл ба ин хона надаромада, бо эҳтиром зонӯ занад.
Масеҳ бе дудилагӣ дар бораи Худ ва дар як вақт дар бораи Падар ва Рӯҳи Муқаддас гуфта истода, шакли ҷамъро истифода бурда буд: “…Ва Мо назди вай омада бо вай маскан хоҳем гирифт” (Юҳ. 14:23). Ва боз Ӯ гуфта буд: “Ман ва Падар як ҳастем” (Юҳ. 10:30). Хеле муҳим аст, ки мо моҳияти Ягонаи Худоро ҷудо накарда, се Шахсро омехта накарда, дар бораи Худо ҳамчун дар бораи Ваҳдати Сегонаи Ягона фикр кунем. Танҳо ҳамин тавр мо метавонем дуруст дар бораи Худо фикр кунем ва танҳо чунин фикрҳо лоиқи Ӯ ва лоиқи дилҳои мо мебошанд.
Маҳз он чизе, ки Худованди мо баробарҳуқуқии Худро бо Падар исрор мекард, ғазаби одамони диндори даврони Худро бедор сохт, ки дар ниҳояти кор Ӯро то ба маслубшавӣ оварда расонд. Афту дарафтҳое, ки ба таълимот дар бораи Ваҳдати Сегона ду даҳсола пештар аз тарафи Арӣ ва дигар одамон ба амал омада буд, ба он равона карда шуда буд, ки Масеҳро аз моҳияти Илоҳият маҳрум созанд. Дар он вақте ки арианизм худро ба тамоми ҷаҳони масеҳӣ зид гузошта буд, ва 318 падарони Калисо (бисёре аз онҳо маъюбкардашуда, ё дар натиҷаи шиканҷаҳо пур аз доғҳои ҷароҳатҳо буданд, ки ҳангоми азсаргузаронии таъқиботҳои масеҳиён гирифта буданд) дар Никей вохӯрда, рамзи имонро қабул карданд, ки яке аз қисмҳои он чунин садо медиҳад:
Дар давоми зиёда аз шонздаҳ садсолаҳо ин тафтиши қатъӣ ба хусусияти ҳақиқии масеҳият буд ва мемонад. Бояд чунин ҳам бошад, зеро ки дар ин суханон бо забони фақеҳӣ тамоми моҳияти таълимоти Аҳди Ҷадид дар бораи мавқеи Писар дар моҳияти Илоҳӣ ба таври кӯтоҳ баён карда шудааст.
Рамзи имон, ки аз тарафи собори Никей қабул карда шудааст, Рӯҳи Муқаддасро, ки Худо мебошад ва ба Падару Писар баробар аст, ҳақ мешуморад:
Агар саволи “Оё Рӯҳи Муқаддас танҳо аз Падар бармеояд ё аз Падар ва аз Писар?”— ро ба инобат нагирем, ин ҳолати рамзи имони қадимро шохаҳои шарқӣ ва ғарбии Калисо, ва умуман бештари масеҳиён бо ҳам мебинанд.
Муаллифони рамзи имони Афанасии муқаддас бо эҳтиёткории зиёд муносибатҳои байниҳамдигарии Ваҳдати Сегонаро ба андозаи имконпазир тасвир, ва ҳошияҳои холигии фикрҳои инсониро пур карда, ва берун аз ҳудудҳои тасвиркардае намебароянд, ки аз рӯи илҳомёбӣ аз олами боло бо Каломи Худо ба даст оварда шудааст. “Дар ин Ваҳдати Сегона — гуфта мешавад дар ин ҷо, — чизе пеш ё баъд нест, чизе кам ё зиёд нест, ҳар сеи ин Шахсҳо дар абадият як ҳастанд, бо якдигар муттаҳид ва баробар мебошанд”.
Вале ин суханон бо гуфтаҳои Исо чӣ хел рост меояд? “…Падар аз Ман бузургтар аст” (Юҳ. 14:28). Он фақеҳони қадим инро медонистанд ва дар рамзи имон навишта буданд: “Бо Падар дар моҳияти Илоҳӣ баробар: дар моҳияти инсонӣ аз Падар камтар”. Ва ин муайянкунӣ диққати ҳар як одамеро ба худ ҷалб менамояд, ки ба таври ҷиддӣ ният дорад дар он ҷое, ки нур базӯр ба чашм намоён аст, ҳақиқатро ҷустуҷӯ намояд.
Барои он ки гуноҳҳои инсоният кафорат дода шаванд, Писари абадӣ дар байни одамон қарор дошта, Падари Худро тарк накард. Ӯ дар бораи Худ ҳамчун дар бораи “Писари Ягонае ки дар оғӯши Падар аст” (Юҳ. 1:18), ва чун “Писари одам, ки ҷояш дар осмон аст” (Юҳ. 3:13) мегӯяд. Мо тахмин карда метавонем, ки дар ин ҷо тахмин аст, на омезиши фаҳмишҳо. Ба шакли одам даромада, Писар моҳияти илоҳии Худро пинҳон медошт, вале онро инкор намекард. Ягонагии илоҳият дилхоҳ ақибнишиниро аз моҳияти илоҳии Ӯ имконнопазир гардонд. Вақте ки Ӯ ба Худ табиати инсонӣ гирифт, Ӯ таназзул наёфт ва ҳатто лаҳзае дар чизе аз оне, ки пештар буд, кам нашуд. Зеро фикр кардан ҳатто имконнопазир аст, ки Худо метавонад аз он чизе, ки ҳаст, аз ягон ҷиҳат аълотар шавад.
Се Шахси моҳияти Илоҳидошта — ин як ҷузъи том ҳастанд ва онҳо иродаи ягона доранд. Онҳо ҳамеша якҷоя амал менамоянд, ва ҳеҷ гоҳ яке аз онҳо ҳатто чизи камтаринро бе розигии ду нафари дигар намекунанд. Ҳар як амали Худоро Ваҳдати Сегона дар Ягонагии Худ ба ҷо меорад. Дар ин ҷо мо албатта маҷбурем, ки дар бораи Худо бо ёрии фаҳмишҳое фикр намоем, ки танҳо барои одам хос ҳастанд. Мо Худоро дар монандӣ бо одам фикр менамоем ва дар натиҷа ҳақиқати ниҳоиро фаҳмида наметавонем. Вале агар умуман мо нияти дар бораи Худо фикр карданро дошта бошем, дар он вақт мо нисбати Офаридгор он фикру суханонеро истифода мебарем, ки одатан нисбати офаридаҳои Ӯ истифода бурда мешаванд. Хатогии ҷиддие, ки одамон содир менамоянд, гоҳо инро нафаҳмида мекунанд — ин фикркунӣ дар бораи Се Шахсияти илоҳидошта мебошад, ки онҳоро чун одамон фикр мекунанд, ки гӯё байни худ маслиҳат карда, фикрҳои якдигарро гӯш карда, дар ниҳояти кор ба ягон қароре меомада бошанд. Ба ман ҳамеша чунин менамуд, ки дар асари машҳури “Биҳишти гумкардашуда”-и Милтон як ҷои суст ба назар мерасад; ин он аст, ки Се шахсияти Илоҳидошта байни якдигар оиди кафорати гуноҳи инсоният сӯҳбат мекунанд.
Вақте ки Писари Худо дар рӯи замин ҳамчун Писари одам вуҷуд дошт, Ӯ зуд-зуд бо Падар сӯҳбат мекард ва Падар ба Ӯ ҷавоб медод; ҳамчун Писари одам Ӯ дар назди Худо барои одамони Худ кафоратхоҳӣ менамояд. Мусоҳибаи байни Падар ва Писарро, ки дар Навиштаҳои Муқаддас оварда шудааст, ҳамчун мусоҳибаи байни Падари абадӣ ва Исои Масеҳи одам фаҳмидан даркор аст. Он муоширате, ки дар як лаҳза байни се Шахсияти Илоҳидошта шуда мегузарад, он муоширате, ки ба таври абадӣ вуҷуд дорад бе овоз, бе ҷидду ҷаҳд ва бе ҳаракат мебошад.
Бисёр масеҳиён тахмин мекунанд, ки корҳои Худо байни Се Шахсҳо тақсим карда шудааст, масалан, Офариниши ҷаҳон ба Падар, кафорати гуноҳҳои инсониятро ба Писар ва эҳёшавии Рӯҳониро — ба Рӯҳулқудс мансуб медонанд, ин қисман дуруст аст, вале на ба пуррагӣ, зеро Худо наметавонад Худро чунон тақсим намояд, ки Як Шахсият амал намояд ва дигаронаш беамал бошанд. Дар Навиштаҳои Муқаддас нишон дода шудааст, ки чӣ хел Се Шахс ҳамаи корҳои бузургро дар ҷаҳон ба ҷо оварда, дар ҳамоҳангӣ ва ягонагӣ амал менамоянд.
Дар Навиштаҳои Муқаддас гуфта шудааст, ки ҷаҳон аз тарафи Падар (Ҳастӣ 1:1), аз тарафи Писар (Қӯл. 1:16) ва аз тарафи Рӯҳи Муқаддас (Айюб 26:13 ва Заб. 103:30)
Эҳтимол, тавсифи аз ҳама зебои
Ҳамин тариқ,
Таълимот дар бораи Ваҳдати Сегона, чӣ тавре ки ман аллакай гуфтам, ин ҳақиқат барои дилҳост. Далели он, ки ин таълимот ба таври қаноатбахш фаҳмонида намешавад, бар хилофи ин таълимот шаҳодат надода, балки баръакс, бар манфиати он мебошад. Чунин ҳақиқат танҳо ба воситаи рӯъё ба даст оварда мешавад, ҳеҷ кас наметавонад ҳамин хел онро ба худ тасавввур намояд.
5
Худкифоягии Худо
“Худо пайдоиш надорад”, — гуфта буд Новатиан, ва маҳз ақидаи вуҷуд надоштани пайдоиш маҳаки асосие мебошад, ки бо ёрии он Худоро аз он чизе, ки худо нест, фарқ кардан мумкин аст.
“Пайдоиш”— ин калимае мебошад, ки онро нисбати он чизҳое истифода бурдан мумкин аст, ки офарида шудаанд. Вақте ки мо дар бораи ягон чизе фикр мекунем, ки пайдоиш доранд, мо Худоро дар назар надорем. Дар он вақте ки ҳама чизи офаридашуда аз ягон чиз ба амал омадаанд, Худо Худ ба Худ вуҷуд дорад. Ғайр аз Худо чизе худ ба худ ба амал наомадааст.
Кӯшиши фаҳмидани пайдоиши ашёҳоро карда, мо онро эътироф менамоем, ки ҳама чиз аз тарафи Касе офарида шудааст, ки Ӯ аз ҳеҷ чиз пайдо шудааст. Ва таҷрибаамон моро ба ин мӯътақид мегардонад. Ҳама чизи вуҷуддоштаро бояд сабабе бошад, ки пеш аз он биёяд ё ҳеҷ набошад, ба он баробар бошад, чунки чизи камтар бештар офарида наметавонад. Дилхоҳ одам ё дилхоҳ предмет дар як вақт метавонад сабаби чизе ё натиҷаи чизе бошад ва ин то он вақте давом мекунад, ки мо ба Он Касе барнагардем, ки сабаби ҳама чиз буда, аз ҳеҷ чиз ба вуҷуд омадааст.
Кӯдак онро пурсида, ки “Худо аз куҷо омад?” худаш нафаҳмида тасдиқ менамояд, ки Худоро касе офаридааст. Дар шуури кӯдак аллакай консепсияи сабабҳои сарчашмаи пайдоиш пайдо шудааст. Ӯ медонад, ки ҳама чиз дар гирду атроф аз чизи дигаре ба вуҷуд омадааст, ва ӯ ин консепсияро ба Худо низ мансуб медонад. Файласуфи хурдсол оиди ҳама чиз ҳамчун дар бораи аз тарафи касе офаридашуда фикр мекунад, ва агар онро ба ҳисоб гирем, ки ба ӯ маълумоти асосӣ намерасад, гуфтан мумкин аст, ки ӯ дуруст фикр мекунад. Ба ӯ гуфтан даркор аст, ки Худо пайдоиш надорад, вале ба ӯ фаҳмидани ин хеле душвор хоҳад буд, зеро ин дараҷаест, ки ӯ бо ин шинос нест, ин дараҷаест, ки ба ҷидду ҷаҳди ба ҳама чиз сабаб ҷӯяндае, ки дар майнаи ҳама мавҷудотҳои бошуур чуқур реша давондааст, ба ҷидду ҷаҳде, ки одамонро маҷбур месозад ҳама чизро тафтиш карда, ҳар чӣ бештар ба гузашта назар андохта то ба он рафта нарасанд, ки ибтидои онро ёфтан номумкин аст, мухолифат менамояд.
Осон нест, ҳатто имконнопазир аст, ки бе тайёрӣ дар бораи он андеша намоем, ки нисбати он ақидаи пайдоишро истифода бурдан номумкин аст. Чунин мешавад, ки оташаки хурдро ҳангоми рост ба он нигоҳ кардан дидан мумкин нест, вале ҳангоми каме назари худро ба дигар тараф равона кардан, дидан мумкин аст. Чизе ба монанди ҳамин ҳангоми дар бораи Офариданашуда фикр кардан ба амал меояд. Вақте мо кӯшиш мекунем, ки фикри худро ба Он Касе равона созем, ки офарида нашудааст, мо чизе дида наметавонем, зеро Ӯ дар Нуре зиндагӣ мекунад, ки ба он ягон одам наздик шуда наметавонад. Танҳо ба василаи имон ва муҳаббат мо метавонем вақте ки Ӯ аз назди паноҳгоҳи мо дар “Тангнои шах” мегузарад, ба Ӯ назора намоем. “Ва ҳарчанде ин дониш тира, нофаҳмо ва аз ҳад зиёд умумист — мегӯяд Мигел де Молинос — ҳар чӣ ҳам набошад фавқуттабиӣ буда, аз фаҳмише, ки дар ин ҳаёт ба воситаи ақл ба даст оварда шудааст, бештар тасаввуроти комилу фаҳмотарро дар бораи Худо дода метавонад, зеро ҳама тимсолҳои материалӣ ва тимсолҳое, ки маҳсули ақл ҳастанд, аз Худо бениҳоят дур мебошанд.”
Ақли инсонӣ, ки офарида шудааст, бо сабабҳои ба пуррагӣ фаҳмо бо душворӣ ба худ Офариданашударо тасаввур карда метавонад. Мо ҳузури Он Касеро, ки берун аз ҳудуди донишҳои мо қарор дорад, роҳ дода, худро нороҳат ҳис менамоем. Мо моил ба он ҳастем, ки ҳангоми фикр кардан дар бораи Он Касе, ки дар бораи вуҷуддории Худ ба мо ҳисобот намедиҳад, дар назди касе ҷавобгӯ нест, Он Касе, ки Худ ба Худ вуҷуд дорад ва аз касе вобаста нест ва пурра мустақил аст, ба ташвиш биёем.
Фалсафа ва дигар илмҳо на ҳамеша ба фикрҳо дар бораи Худо хайрхоҳона муносибат мекарданд, зеро гап дар сари он аст, ки илм барои он офарида шудааст, ки ҳама чизро фаҳмонад, ва вақте фаҳмондани чизе ба онҳо муяссар нагардад, олимон безобита мешаванд. Олимон эътироф менамоянд, ки бисёр чизҳое ҳастанд, ки онҳо то ба ҳол намедонанд. Вале ин умуман айнан ҳамон нест, ки онҳо вуҷуд доштани ким-чизеро ки онҳо
Дар бораи он фикр кардан ҳузновар аст, ки миллионҳо нафари мо дар мамлакате зиндагӣ мекунем, ки Китоби Муқаддас мехонанд, ба калисоҳои гуногун таалллуқ дорем, дар саҳроҳои масеҳият кор мекунем, вале дар тамоми ҳаёти худ шояд ягон маротиба ба таври ҷиддӣ дар бораи вуҷуддории Худо фикр, ва ҳатто кӯшиши онро ҳам накардаем. Каме аз мо бо ҳайрат суханони “МАН ҲАСТАМ”-ро мехонад, Он Касеро мебинад, ки Худ ба Худ вуҷуд дорад, ва ақли ягон офаридаи Ӯ ба аз он дуртар намерасад. Чунин фикрҳо барои мо аз ҳад зиёд азиятдиҳанда мебошанд. Мо афзал медонем, ки дар бораи ягон чизи фоидаовар фикр кунем, масалан: дар бораи он ки чӣ тавр мушқапаки хуб созем, ё чӣ хел кунем, ки ба ҷои як алаф ду алаф рӯёнем. Ва барои ин мо нархи гароне медиҳем: дили мо ҳар чӣ бештар ашрафона ва ҳаёти ботинии мо ба таназзул дучор мегардад.
Эҳтимол ягон масеҳии самимӣ, вале саросемашуда мехоҳад бипурсад, ки амалан маънои он консепсияҳое, ки ман дар ин ҷо баён менамоям, дар чист? Шояд ӯ бипурсад, ки: “он ба ҳаёти ман чӣ хел таъсир расонида метавонад? Худкифоятии Худо барои ман ва барои одамоне, ки ба монанди ман дар ин ҷаҳон, ва дар ин замоне, ки зиндагӣ мекунем, чӣ аҳамият дорад?”
Ба ин ман ҷавоб медиҳам, ки азбаски мо офаридаҳои Худо ҳастем,
Худро дарк кун ва кӯшиши омӯхтани Худоро макун:
Танҳо одамро омӯхта истода инсониятро дарк кардан мумкин аст.
Агар ба ин маслиҳат айнан пайравӣ мекарданд, он одамро аз ҳама гуна имкониятҳои худдарккунӣ, ҳатто аз худдарккунии рӯякӣ маҳрум месохт. Агар мо то он даме, ки каме ҳам набошад, дар бораи он надонем, ки Худо чӣ гуна аст, мо ҳеҷ гоҳ намедонем, ки мо кӣ ва чӣ ҳастем. Аз ин рӯ худкифоягии Худо — ин порчаи хушку холии доктринаи беақлона ва аз ҳаёт дур намебошад. Дар ҳақиқат, ин чун методикаи навтарини амалиёти ҷарроҳӣ, масъалаи ҳаётан муҳим мебошад.
Бо сабабҳои танҳо ба Худи Ӯ маълум, Худо одамро ба сурат ва шабоҳати Худ офарида, аз болои дигар мавҷудотҳо баланд бардошт. Ва фаҳмидан даркор аст, ки сурат ва шабоҳати Худо — ин хаёлоти шоирона ва фикри аз рағбати динӣ пайдошуда нест. Ин далели аниқи фақеҳӣ мебошад, ки оиди он ошкоро дар Навиштаҳои Муқаддас гуфта мешавад, ва инро Калисо ҳамчун ҳақиқате эътироф менамояд, ки ба фаҳмиши дурусти имони масеҳӣ мусоидат менамояд.
Одам — ин мавҷудоти бо сурат ва шабоҳати Худо офаридашуда ва аз Худо вобаста мебошад, худ ба худ одам ҳеҷ аст. Ва ҳар лаҳзаи вуҷуддории худ одам аз Он Касе вобаста аст, ки ӯро ба сурат ва шабоҳати Худ офаридааст. Вуҷуддории Худо барои мавҷудияти одам ҳатмист. Андеша кунед, ки Худо нест — дар он вақт таҳкурсии мавҷудият нест мешавад.
Он чӣ, ки Худо — ҳама чӣ, ва одам — ҳеҷ аст, ин аҳкоми асосии имони масеҳӣ мебошад ва дар ин ҷо таълимоти масеҳӣ бо таълимоти пешқадами философии динҳои шарқ монанд мегардад. Одам бо тамоми ақли худ танҳо акси садои ибтидоӣ, инъикоси нури офариданашуда мебошад. Ба монанди он, ки нури офтоб аз офтоб ҷудо шуда нобуд мегардад, одами аз Худо ҷудо шуда аз сари нав ба холигии нестӣ, ки аз он дар лаҳзаи офариниш пайдо шудааст, фурӯ меравад.
Ва на танҳо одам, балки ҳама чизи вуҷуддошта аз набзи баснашавандаи офариниш баромада ва вобаста мебошад.
“Дар ибтидо Калом буд, ва Калом бо Худо буд, ва Калом Худо буд… Ҳама чиз ба воситаи Ӯ ба вуҷуд омад, ва ҳар он чӣ вуҷуд ёфт, бе Ӯ вуҷуд наёфт” (Юҳ. 1:1-3).
Юҳанно инро чунин мефаҳмонад, ва бо ӯ ҳавворӣ Павлус ҳамфикр мегардад:
“Чунки ҳама чиз дар осмон ва бар замин, ҳар чизи намоён ва нонамоён, дар Ӯ офарида шудааст: хоҳ тахтҳо, хоҳ салтанатҳо, хоҳ сарвариҳо ва хоҳ хукуматдориҳо, — ҳамааш ба воситаи Ӯ ва барои Ӯ ба вуҷуд оварда шудааст; Ва Ӯ пеш аз ҳама чиз аст, ва ҳама чиз дар Ӯ вуҷуд дорад” (Қӯл. 1:16-17).
Ва ба ин шаҳодат муаллифи Нома ба Ибриён ҳамовоз шуда, дар бораи Масеҳ шаҳодат медиҳад, ки Ӯ — дар дурахши ҷалоли Худованд аст, Ӯ — тимсоли шахсияти Худро ифода менамояд, ва он, ки Ӯ ҳама чиро бо қудрати Каломи Худ нигоҳ медорад.
Дар ин вобастагии мутлақ аз иродаи барпокунандаи Худо имконияти муқаддасӣ ва гуноҳ мавҷуд аст. Яке аз хусусиятҳои сурат ва шабоҳати Худо дар одам — ин доштани қобилияти озоди интихоб дар соҳаи ахлоқ мебошад. Мувофиқи таълимоти масеҳият, одам афзал донист, ки аз Худо вобаста набошад, ва ин интихоби худро бо он тасдиқ намуд, ки бошуурона аз нишондоди Худо даст кашид. Ин рафтор он муносибатҳоеро, ки байни Худо ва офаридаҳои Ӯ вуҷуд дошт, вайрон сохт; Худо таҳкурсии мавҷудияти инсоният буданро бас кард, ки ин инсониятро ба қафо — ба ҳоли худ партофт. Баъд аз ин одамият на он сайёрае гашт, ки дар гирди Офтоби дар марказбуда давр мезанад, балки офтоби мустақиле гардид, ки дар атрофи он бояд боқимонда дигар чизҳо давр зананд.
Тасдиқи худкифоягии Худоро беҳ аз он суханоне, ки Худо ба Мусо гуфта буд, ба худ тасаввур кардан мумкин нест:
“МАН ВОҶИБУЛВУҶУД ҲАСТАМ” (Хур. 3:14).
Худо ҳар он чизе, ки Ӯ ҳаст, ва ҳар он чизе, ки Худост, дар ин изҳороти қатъӣ тавсиф дода шудааст. Вале дар Худо худкифоягӣ — ин гуноҳ набуда, балки ҷавҳари некӯӣ, муқаддасӣ ва ҳақиқат мебошад.
Одами муқаррарӣ танҳо ва танҳо барои он гунаҳкор аст, ки ба Худкифоягии Худо дар Худ ҷанг эълон менамояд. Дар боқимонда ҳама чизи дигар ӯ бо майли том ҳукмронии Худоро қабул менамояд, вале дар ҳаёти худ онро инкор менамояд. Барои вай ваколати Худо дар он ҷое ба охир мерасад, ки ваколати худаш сар мешавад. Барои ӯ калимаи “худ” бо ҳарфи калон навишта мешавад ва дар ин вай бешуурона ба Лютсифер ба писари гунаҳкоршудаи субҳ монанд мешавад, ки дар дили худ гуфта буд:
“Ман ба осмон сууд карда, курсии худро болотир аз ситорагони Худо хоҳам гузошт… монанди Ҳаққи Таоло хоҳам шуд” (Иш. 14:13-14).
Вале худкифоятӣ — чизи ба андозае нозук мебошад, ки дар гумон аст касе ҳузури онро дарк кунад. Азбаски одам исёнгар таваллуд шудааст, исёнгарии худро дарк намекунад. Тасдиқкунии ҳамешагии “Ман”-и шахсӣ барои вай як чизи муқаррарӣ менамояд. Вай розӣ аст, ки аз қисме аз “Ман”-и шахсии худ ҷудо шавад, ва гоҳо барои ба даст овардани мақсади дилхоҳи худ ҷонашро фидо созад, вале вай ҳеҷ гоҳ намехоҳад аз тахти худ фарояд. Ва муҳим нест, ки одам аз ҷиҳати иқтисодӣ то чӣ андоза паст мефарояд, вале дар назари худ вай шоҳ аст ва ҳатто Худо ин тахтро аз вай гирифта наметавонад.
Гуноҳ зоҳиршавиҳои зиёд дорад, вале моҳияти он ягона аст. Мавҷудоти ахлоқии офаридаи Худо барои парастиши Ӯ бар тахти худ нишаста, аз он баландӣ иброз медорад: “МАН ҲАСТАМ”. Аз рӯи моҳияти худ ин гуноҳ аст, вале азбаски ин як чизи табиист, он метавонад ки хеле хуб намояд. Ин номувофиқатии ахлоқӣ танҳо ҳамон вақт азоби виҷдонро бедор месозад, ки рӯҳ дорои Хушхабар гашта, дар назди Муқаддастарин бе сипари паноҳкунандаи нофаҳмӣ мемонад. Бо забони Инҷил, одами ин гуна дар назди алангаи ҳузури Худои Қодир меистодаро “маҳкумшуда” мегӯянд. Масеҳ, вақте гуфт, ки Рӯҳро ба замин мефиристад, дар ин бора ёдовар шуда буд.
“Ва чун Ӯ ояд, ҷаҳонро ба гуноҳ ва бар адолат ва бар доварӣ мулзам хоҳад кард” (Юҳ. 16:8).
Бори нахуст ин суханони Масеҳ дар рӯзи Пантикост, баъди оне, ки ҳавворӣ Петрус мавъизаи нахустину бузурги масеҳиро ба забон овард, ба амал омад. “Чун шуниданд, дилреш шуда, ба Петрус ва ҳаввориёни дигар гуфтанд: «Эй бародарон, мо акнун чӣ кор кунем?»” (Аъм. 2:37).
“Чӣ кор кунем?”— ин фарёдест, ки аз қаъри дили ҳар як одаме мебарояд, ки ногаҳон мефаҳмад, ки ӯ - ғасбкунанда, нишинандаи тахте мебошад, ки аз каси дигар кашида гирифтааст. Ҳар қадаре ки ин дардовар ҳам набошад, вале маҳз ҳамин шахшавии ногаҳонии ахлоқӣ ба тавбаи ҳақиқӣ оварда мерасонад ва баъди оне, ки шахси тавбакунанда худро аз тахт ба зер меардозаду ба воситаи Инҷил бахшиш ва оромӣ меёбад, масеҳии матинро ташаккул медиҳад.
“Покии дил — ин ҷидду ҷаҳди одам ба мақсаднокӣ мебошад” — гуфта буд Керкегор. Мо бошем метавонем ин ибораро бо ҳамон дурустӣ тағйир дода бигӯем: “Моҳияти гуноҳ — ин ҷидду ҷаҳди одам ба мақсаднокӣ мебошад”, зеро вақте ки одам мехоҳад иродаи Худоро бо иродаи худ иваз намояд, ин маънои онро дорад, ки ӯ мехоҳад Худоро аз тахти Худ сарнагун созад ва дар шоҳигарии хурдакаки дили инсонӣ худро аз Худо боло гузорад. Ин аз рӯи моҳияти худ гуноҳ аст. Гуноҳ метавонад ба андозаи реги соҳили баҳр зиёд гардад, вале аз рӯи моҳият он гуноҳ мемонад. Гуноҳҳо вуҷуд доранд, зеро гуноҳ ҳаст. Ин сабаби ҳақиқии таълимоти борҳо танқидшудаи аз ибтидо фосиқшавии одам мебошад, ки мувофиқи он одами тавбанакарда метавонад танҳо гуноҳ кунад ва ҳама корҳои неки ӯ дар асл корҳои нек нестанд. Чӣ тавре ки Худо қурбонии Қобилро рад кард, Ӯ метавонад беҳтарин корҳои динии инсониро рад кунад. Танҳо ҳамон вақте ки одам ба Худо тахти аз Ӯ гирифтаашро баргардонад, Худо меҳнатҳои одамро қабул менамояд.
Ҷидду ҷаҳди масеҳӣ ба он, ки одами хуб бимонад, дар он вақте ки чун рефлекси ахлоқии бешуурона дар ботини ӯ ҳанӯз ҳам ҷидду ҷаҳди худсобиткунӣ зиндагӣ мекунад, ба таври хушбаён аз тарафи ҳавворӣ Павлус дар боби ҳафтуми Номаи ӯ ба Румиён тасвир карда шудааст, ва шаҳодати ӯ ба пуррагӣ бо таълимоти пайғамбарон мувофиқат менамояд. Ҳаштсад сол пеш аз тавлиди Масеҳ пайғамбар Ишаъё гуноҳро чун исён ба муқобили иродаи Худо ва тасдиқи ҳуқуқи ҳар инсон, ки ба ҳар куҷое, ки хоҳад, биравад, муайян карда буд. “Ҳамаамон мисли гӯсфандон гумроҳ будем: ҳар яке ба роҳи худ мерафтем” (Иш. 53:6). Чунин фикр мекунам, ки касе ҳеҷ гоҳ барои тавсифи гуноҳ аз ин дида ҷавоби аниқеро надодааст.
Шаҳодати муқаддасон пурра бо он чизе, ки аз тарафи пайғамбар ва ҳавворӣ гуфта шудааст, мувофиқат менамояд: дар асоси рафтори инсонӣ принсипи ботинии тасдиқкунии “ман” — и шахсӣ меистад ва ин принсипи ботинӣ ҳама он кореро ки одамон мекунанд, ба бадӣ мубаддал мегардонад. Барои он ки моро пурра наҷот диҳад, Масеҳ бояд ин каҷии табиати моро ба самти муқобил тоб диҳад; Ӯ бояд дар мо принсипи навро парвариш намояд, то ки ба рафтори минбаъдаи мо хоҳиши дар мадди аввал гузоштани ҷалоли Худо ва манфиати дигар одамон роҳбарӣ намояд. Гуноҳҳои пештара, ки аз сабаби исботи “ман”-и шахсӣ ба амал ба амал меомаданд, бояд бимиранд, ва онҳоро танҳо ба воситаи салиб куштан мумкин аст.
“Агар касе хоҳад аз ақиби Ман биёяд, бояд хештанро инкор карда ва салиби худро бардошта, Маро пайравӣ намояд” (Мат. 16:24).
Чунин гуфта буд Худованди мо, ва баъд аз чанд сол ғалаба ба даст оварда, ҳавворӣ Павлус гуфта тавонист:
“Ман бо Масеҳ маслуб шудаам. Ва акнун на ман зиндагӣ мекунам, балки Масеҳ дар ман зиндагӣ мекунад” (Ғал. 2:20).
6
Соҳибистиқлолии Худо
“Падар дар Худ ҳаёт дорад” (Юҳ. 5:26). Ва дар таълимоти Масеҳ он чиз хеле хос аст, ки дар ин ҷумлаи кӯтоҳ Ӯ ҳақиқати он қадар волоро баён кардааст, ки он аз ҳама гуна дастовардҳои таҳаюллоти инсонӣ боло меистад. “Худо мустақил аст, — гуфтааст Ӯ, — Худо ин он чизест, ки Ӯ дар
Худо чи гунае ки набошад, Ӯ дар Худи Худаш вуҷуд дорад. Новобаста аз он, ки ин шакли пасти бешууронаи ҳаёт аст, ё шакли олии бошууронаю оқилонаи ҳаёти исрофил, тамоми ҳаёт — дар Худо аст, ё аз Худо. Ягон махлуқот худ ба худ зиндагӣ намекунад; ҳар гуна ҳаёт — тӯҳфа аз Худост.
Ва баръакс, ҳаёти Худо — ин тӯҳфаи касе нест. Агар касе мебуд, ки Худо метавонист аз вай бахшоиши ҳаёт, ва ё умуман ягон намуди бахшоиш гирад, пас он ким-кӣ дар ҳақиқат Худо мебуд. Тарзи оддӣ, вале дуруст фикр кардан дар бораи Худо — ин фикр кардан дар бораи Ӯ ҳамчун дар бораи Он Касест, ки ҳама чизро дорост, Он Касе, ки ҳама чизеро, ки мумкин аст, медиҳад, вале Он Касе, ки он чизеро намегирад, ки Ӯ Худаш пештар надодааст.
Эътироф кардани он, ки Худо ба чизе эҳтиёҷ дорад — ин маънои эътироф кардани нопуррагии Махлуқоти Илоҳиро дорад. Эҳтиёҷот — ин калимаест, ки ба махлуқоти офаридашуда дахл дорад, вале он ба Офаридгор нисбат дода намешавад. Худо бо хости Худ бо он касоне муносибатро нигоҳ медорад, ки онҳоро офаридааст, вале Ӯ ба муносибатҳо бо касе, ғайр аз Худаш тамоман
Ва боз мо бояд равиши муқаррарии фикрҳои худро ба самти муқобил гардонем ва онро дарк намоем, ки он чиз беҳамтост, ки дар зоти худ ягона аст, ва он чӣ, ки танҳо дар ҳолати додашуда ҳақиқат аст, на дар дигар ҳолатҳо. Мо ба он фикр одат кардаем, ки махлуқоти офаридашуда ба чизе эҳтиёҷ дорад. Ҳеҷ чиз дар худи худаш пуррагӣ надорад, бинобар ин дилхоҳ махлуқоти офаридашуда барои зистан ба чизе аз берун эҳтиёҷ дорад. Ба ҳама махлуқоти нафасгиранда ҳаво лозим аст, ба дилхоҳ ҷисми зинда обу хӯрок даркор аст. Заминро аз обу ҳаво маҳрум кунед ва тамоми ҳаёт дар як лаҳза несту нобуд мешавад. Ҳамчун аксиома тасдиқ кардан мумкин аст, ки барои вуҷуд доштан дилхоҳ махлуқоти офаридашуда боз ба ягон чизи офаридашуда эҳтиёҷ дорад ва ба ҳама офаридашудаҳо Худо лозим аст. Танҳо ба Худо чизе лозим нест.
Дарё аз ҳисоби шохобҳои худ калон мешавад, вале куҷост он шохобе, ки тавонад Он Касеро бузург гардонад, ки аз Ӯ ҳама чиз пайдо шудааст ва ҳар гуна махлуқот бо мавҷудияти худ дар назди пуррагии беохир ва мукаммали Ӯ вазифадор аст?
Одамони андешакунанда то ҳанӯз банди ин савол мебошанд: “Худо Заминро барои чӣ офарид?”
Вале агар мо дониста натавонем ҳам, ки барои чӣ, ақаллан медонем, ки Ӯ ҷаҳонҳои Худро на барои он офаридааст, ки кадом як эҳтиёҷоти Худро қонеъ гардонад, ба монанди он, ки одам барои худ хона месозад, то ки зимистон худро аз хунукӣ муҳофизат намояд, ё гандум мекорад, то ки худро бо нон таъмин созад. Калимаи
Азбаски Худо — махлуқест аз ҳама олӣ, аз ин бармеояд, ки Ӯ наметавонад боз болотар бардошта шавад. Чизе, ки аз Ӯ поён аст, аз Ӯ болотар бардошта шуда наметавонад. Барои махлуқоти офаридаи Ӯ дилхоҳ ҳаракат ба сӯи Ӯ — болобардорӣ аст, дилхоҳ ҳаракат аз Ӯ - поён фаромадан аст. Ӯ дар ҷои Худ, Худ ба Худ меистад ва барои ин аз касе иҷозат намегирад. Айнан ҳамон тавре, ки касе Ӯро боло бардошта наметавонад, Ӯро касе паст фароварда ҳам наметавонад. Дар Навиштаҳо гуфта шудааст, ки ҳама ба қудрати Каломи Ӯ итоат мекунанд. Чӣ тавр Ӯ метавонад бо он касоне, ки дар зери ҳукми Ӯ ҳастанд, боло бардошта шавад, ё мустаҳкам гардад.
Агар нохост ҳама одамон кӯр шаванд ҳам, рӯзона офтоб нурпошӣ мекунаду, шабона — ситораҳо мебароянд, чунки офтоб ва ситораҳо дар назди миллионҳо одамоне, ки аз нури онҳо истифода мебаранд, вазифадор нестанд. Айнан ҳамин тавр, агар нохост ҳама одамони рӯи замин аз Худо рӯй гардонанд ҳам, ин ба моҳияти Худо ҳеҷ гуна таъсире намерасонад. Ӯ он аст, ки новобаста аз каси дигар ҳаст. Имон ба Ӯ, ба комилии Ӯ чизе илова намекунад; шубҳа кардан ба мавҷудияти Ӯ, аз Ӯ чизеро кам намекунад.
Ба Худои Пурқудрат танҳо барои он, ки Ӯ пурқудрат аст, ҳеҷ гуна дастгирӣ даркор нест. Худои асабонӣ, хушомадгӯро, ки ба одамон чоплӯсӣ мекунад, то ки ҳусни таваҷҷӯҳи онҳоро ба даст орад, ба худ тасаввур кардан душвор аст; вале агар мо ба тасаввуроти бисёр одамон дар бораи Худо нигоҳ кунем, маҳз ҳамин манзараро мебинем. Масеҳияти асри ХХ Худоро дар вобастагӣ аз хайрияҳои инсонӣ гузошт. Мо дар бораи худ чунин фикри волое дорем, ки барои мо осон аст, агар нагӯем, ки форам аст, ба он бовар кунем, ки мо ба Худо зарур ҳастем. Аммо ҳақиқат дар он аст, ки мавҷудияти мо Худоро бузург намесозад, ва агар мо тамоман вуҷуд намедоштем, Ӯ аз ин камтар намешуд. Мо ба шарофати иродаи озоди Худо вуҷуд дорем, на ба шарофати хизматҳоямон, ва на ба шарофати он, ки Худо ба мо эҳтиёҷ дорад.
Эҳтимол барои худпарастии табиии мо фикри аз ҳама вазнин — ин фикр дар бораи он аст, ки Худо ба мадади мо мӯҳтоҷ нест. Мо одатан Ӯро ҳамчун Падари серкор, бетоқат, дар ягон як кор нобаро тасаввур мекунем, ки барои ёфтани касе шитоб шитоб мекунад, ки ба Ӯ дар амалӣ гардондани нақшаи олиҳимматона оиди ба даст овардани осоиштагӣ ва наҷоти одамони дар рӯи замин зиндагикунанда мадад расонад, вале чӣ тавре, ки Юлиана Норвичская гуфтааст: “Дар ҳақиқат Худо ҳама корро мекунад ва ин ҳеҷ гоҳ кам нест”.
Ба Худое, ки ҳама чизро офаридааст, на мадад даркор аст, на мададгорон.
Бисёр вақт дар даъватҳои миссионерӣ Худои Пурқудратро дар шакли шахси нобарор тасвир мекунанд. Нотиқи суханпардоз метавонад ба осонӣ дар шунавандагони худ на танҳо нисбат ба бутпарастон, балки нисбат ба Худо низ ҳисси тараҳҳумро бедор созад, ки Ӯ ин қадар кӯшиш наҷот додани онҳоро кард, вале ин ба Ӯ муяссар нагашт, зеро Ӯро дастгирӣ накарданд. Ман метарсам, ки ҳазорон ҷавонон хизматгузории масеҳии худро бо роҳнамоии водорсозиҳои на волотар аз хоҳиши мадад расондан ба Худо дар ёфтани роҳи баромад аз ҳолати ногуворе, ки ба он ӯро муҳаббати Ӯ бурдааст ва аз он Ӯ баромада наметавонад, сар мекунанд. Ба ин як ҳиссаи лоиқи таҳсини идеологизм ва миқдори зиёди ҳамдардӣ ба мазлумонро илова намоед ва шумо мефаҳмед, ки дар ҳақиқат дар бисёр ҳолатҳо дар паси фаъолияти масеҳӣ чӣ меистад.
Вале ба Худо муҳофизатчиён даркор нестанд. Ӯ ба таври абадӣ бе муҳофизатчӣ вуҷуд хоҳад дошт.
Барои он ки бо мо бо забоне сухан кунад, ки мо фаҳмида тавонем, Худо дар Навиштаҳои Муқаддас зуд-зуд истилоҳҳои ҳарбиро истифода мебарад, вале ин мутлақо барои он нест, ки мо фикр кунем, ки душманон тахти боҳашамати Ӯро иҳота кардаанд ва Микоили муқаддас бо лашкари осмонӣ ва бо дигар махлуқоти осмонӣ ҳуҷуми бошиддати душманро зада мегардонанд. Ин тавр фикр кардан — ин маънои нодуруст фаҳмидани ҳамаи он чиро, ки дар Китоби Муқаддас дар бораи Худо гуфта мешавад, дорад. На яҳудизм, на масеҳият чунин фикрҳои кӯдаконаро маъқул намешуморанд. Худое, ки Ӯро муҳофизат кардан даркор аст, — Он Касест, ки метавонад танҳо ҳамон вақт ба мо мадад расонад, ки касе ба Ӯ ёрӣ медиҳад. Мо танҳо дар ҳамон ҳолат ба Ӯ умед баста метавонем, ки агар Ӯ дар муҳорибаи умумиҷаҳонии байни некию бадӣ ғалаба ба даст орад. Чунин Худо дар одами солимақл иззату ҳурматро пайдо кунонда наметавонад; он метавонад танҳо ҳисси тараҳҳумро бедор созад.
Барои он ки дар бораи Худо тасаввуроти дуруст дошта бошем, мо бояд дар бораи Ӯ ҳамон тавре фикр кунем, ки Ӯ сазовор аст. Қарзи ахлоқии мо — аз ақли худ берун кардани ҳама тасаввуротҳои нолоиқ дар бораи Худо мебошад, ва тавре кардан лозим аст, ки Ӯ дар ақли мо ҳамон Худое бошад, ки дар ҷаҳони офаридаи Худ аст. Дини масеҳӣ ҳам ба Худо кор дорад ва ҳам ба одам, вале дар он симои асосӣ бояд Худо бошад, на одам. Ягона даъвои одам ба ягон нақши муҳим аз он иборат аст, ки одам ба сурат ва шабоҳати Худо офарида шудааст; худ ба худ одам — ҳеҷ аст.
Муаллифони Таронаҳо ва пайғамбарони Навиштаҳои Муқаддас бо кинояи талх дар бораи одами заиф мегӯянд, ки нафас — дар димоғ аст, дар бораи одаме, ки чун алаф пагоҳӣ танҳо барои он месабзад, ки ҳанӯз то ғуруби офтоб паҷмурда шавад. Дар Китоби Муқаддас қайд карда мешавад, ки Худо барои Худ вуҷуд дорад, одам бошад, — барои ҷалоли Худо. Ба Худо аввал дар осмонҳо иззату эҳтироми зиёд адо карда мешавад, ва баъд аллакай дар рӯи замин адо карда мешавад.
Агар мо ҳамаи инро ба ҳисоб гирем, шояд фаҳмиданро сар кунем, ки барои чӣ дар Навишатҳои Муқаддас дар бораи он гуфта мешавад, ки имон ҳаётан муҳим аст, беимонӣ чун гуноҳи марговар мӯҳр зада мешавад. Дар байни ҳама махлуқони офаридашуда касе ҷуръат намекунад, ки ба худаш бовар кунад. Танҳо Худо ба Худ бовар мекунад: ҳама махлуқоти боқимонда бояд ба Ӯ бовар кунанд. Нобоварӣ — ин дар ҳақиқат имони барғалат аст, зеро он бовариро на ба Худои зинда, балки ба одамони фаношаванда пешниҳод мекунад. Одами беимон мустақилияти Худоро инкор мекунад ва он хусусиятҳоеро ба худ нисбат медиҳад, ки дар вай нест. Ин гуноҳи дучанда Худоро таҳқир намуда, дар ниҳояти кор рӯҳи одамро мекушад.
Дар муҳаббат ва тараҳҳуми Худ Худо ба назди мо чун Масеҳ омад. Дар ин бора Калисо аз замони ҳаввориён ҳамеша мегуфт. Имони масеҳӣ ин фикрро дар таълимот дар бораи таҷассумёбии Писари Абадӣ мустаҳкам гардонд. Вале дар замониҳои охир ин маънии як чизи дигар ва як чизи камтареро нисбат ба оне, ки барои масеҳиёни аввала дошт, медиҳад. Одам — Исо ҳамон тавре ки Ӯ ба ҷисм табдил ёфт, ба моҳияти Илоҳӣ баробар буд ва ҳамаи заифиҳои инсонии Ӯ ва маҳдудиятҳо ба Худо нисбат дода шудаанд. Ҳақиқат дар он аст, ки Одаме ки дар байни мо буд, бо Худ на асрори бепардаи моҳияти Илоҳӣ, балки моҳияти комили инсониро зоҳир сохт. Иззату ҳурмати даъваткунандаи бузургии Худо бо меҳрубонии Худо бо ҷилди заифи табиати инсонӣ пӯшонида шуд, то ки инсониятро наҷот диҳад. Худованд ба Мусо дар баландии кӯҳ гуфта буд: “Фуруд омада, қавмро огоҳ намо, мабодо барои дидани Худованд ҳадро вайрон карда гузаранд, — ва бисёре аз онҳо бимиранд” (Хур. 19:21). Ва боз гуфт: “Ту рӯи Маро наметавонӣ бубинӣ, зеро ки одамизод наметавонад Маро бубинад ва зинда монад” (Хур. 33:20)
Масеҳиёни муосир аз афташ, Масеҳро танҳо дар ҷисм медонанд. Онҳо кӯшиш мекунанд ягонагиро бо Ӯ ба даст оранд, ва бо ин Ӯро аз қудсияти дурахшон ва бузургии дастнорас маҳрум месозанд — худи ҳамон хусусиятҳое, ки Ӯ дар рӯи замин буда, пинҳон медошт, вале вақте ки ба осмон сууд кард ва дар тарафи рости Падари Худ нишаст, бо тамоми пуррагии ҷалол қабул кард. Бисёр масеҳиён Масеҳро ба худ бо табассуми сохтакорона ва ҷилое дар атрофи сар тасаввур мекунанд. Ӯ дар тасаввуроти ин одамон Касе гаштааст, ки дар ким-куҷо, дар боло аст ва одамонро дӯст медорад, ақаллан баъзе одамонро ва ин одамон аз Ӯ миннатдор ҳастанд, вале Ӯ ба онҳо таассуроти махсус намегузорад. Агар Ӯ ба онҳо даркор бошад, пас онҳо низ ба Ӯ даркоранд.
Биёед, фикр накунем, ки ҳақиқат дар бораи мустақилияти Худо фаъолияти масеҳиро суст мекунад. Балки баръакс, он сабаби ҳама саршавиҳои муқаддас мешавад. Ин ҳақиқат — кинояи зарурӣ ба зудбовариҳои инсонист, ва дар як вақт агар ба ин ҳақиқат аз нуқтаи назари каломӣ нигоҳ кунем, он аз ақли мо бори вазнини онро мегирад, ки мо ҳама мирандаем, ва ба мо мадад мерасонад, ки бори сабуки Масеҳро қабул кунем ва худро бо рӯҳбаландкунии Рӯҳулқудс ба меҳнат барои ҷалоли Худо ва манфиати инсоният бубахшем. Зеро муборак аст хушхабар дар бораи он, ки Худое, ки ба касе эҳтиёҷ надорад, дар нармдилии шоҳонаи Худ то он паст фаромад, ки ба воситаи фарзандони итоаткори Худ дар онҳо ва дар як вақт бо онҳо амал намояд.
Агар ба шумо чунин намояд, ки ин суханон яке мухолифи дигар аст, —
Вале ҳозир барои ба даст овардани комилии ботинӣ мо бояд бо муҳаббат ва итоаткорӣ аҳкомҳои Масеҳ ва нишондодҳои рӯҳбаландкунандаи ҳаввориёни Ӯро ба ҷо орем.
“Зеро ки Худо дар шумо, бо ҳусни таваҷҷӯҳи Худ, ҳам хоҳиш ва ҳам амалро ба вуҷуд меорад” (Фил. 2:13).
7
Абадияти Худо
Нуқтаи назари абадият ба мисли қуллаи кӯҳ аз тамоми Китоби Муқаддас боло меистад ва дар ақидаронии масеҳӣ ва яҳудиёни мӯътақид ҷои хеле муҳимро ишғол менамояд. Агар мо ин нуқтаи назарро инкор намоем, барои мо аз нав фикр кардан ҳамон тавре, ки ҳаввориён ва пайғамбарон фикр мекунанд, тамоман ғайриимкон мегардид, чунки фикри онҳо бо орзӯҳои дурудароз дар бораи абадият банд буд.
Азбаски муаллифони Навиштаҳои Муқаддас баъзан калимаи “абадӣ”-ро танҳо барои ифода кардани ягон чизи кӯҳна истифода менамоянд (масалан, дар ибораи “қадимтарин теппаҳои олам” (Ҳас. 49:26), баъзеҳо тасдиқ мекунанд, ки ин муаллифон,
Ҳақиқат дар он аст, ки агар Китоби Муқаддас таълим намедод, ки ба Худо беохир вуҷуд доштан хос аст дар он маъно, ки маънии асосии ин истилоҳ пешниҳод мекунад, мо бояд дигар хусусиятҳои Ӯро ба асос гирифта, дар ин бора хулосае мебаровардем, ва агар дар Навиштаҳои Муқаддас калимаи ифодакунандаи беохирии пурра намебуд, моро лозим меомад, ки барои ифода кардани ин фаҳмиш калимаи навро фикр карда бароем, зеро ин фаҳмиш таҳлил карда, дар назар дошта ва қабул карда мешавад, ҳамчун як чизи худ ба худ фаҳмидашаванда дар тамоми матни Навиштаҳои Муқаддас, ки бо рӯҳбаландкунии Худо навишта шудааст. Барои Малакути Худо фикр дар бораи беохирӣ — ин айнан ҳамон чизест, ки гази карбон барои шоҳи табиат аст. Ба монанди он, ки гази карбон дар ҳама ҷо вуҷуд дорад, ва қисми таркибдиҳандаи ҳамаи ҷисмҳои зинда мебошад ва ҳама чизи зиндаро бо қувва таъмин менамояд, фаҳмиши беохирӣ ба таълимоти масеҳӣ барои додани маъно зарур аст. Дар ҳақиқат ман ягон аҳкоми дини имони масеҳиро намедонам, ки агар аз он ақидаи абадият дур карда шавад, аҳамияти худро нигоҳ дошта бошад.
“…Ва аз азал то абад Ту вуҷуд дорӣ, эй Худо” (Заб. 89:2), — гуфт Мусо дар Рӯҳ. “Аз нуқтаи дар дуродур гумшаванда то нуқтаи дар дуродур гумшаванда” — инро ба таври дигар, вале дар мувофиқати пурра бо он чӣ, ки Мусо гуфтааст, гуфтан мумкин буд. Зеҳни мо ба қафо дар вақт то он даме менигарад, ки гузаштаи базӯр фарқкардашаванда дар дуриҳо гум мешавад ва баъд баргашта ба оянда то он даме менигарад, ки фикр ва тасаввуротҳо тамом нашудаанд; вале Худо ҳам дар ин ва ҳам дар он нуқта аст, ва на аз ину на аз он вобаста нест. Вақт ибтидои мавҷудияти он чиро, ки офарида шудааст, қайд мекунад, вале азбаски Худо ҳеҷ гоҳ Мавҷудияти Худро сар накарда буд, вақт нисбати Ӯ истифода карда намешавад. Калимаи “сар кардан” ба вақт тааллуқ дорад ва он наметавонад шахсияти Худои Волоро, ки дар абадият маскун аст, тавсиф диҳад.
Азбаски Худо дар замони ҳозираи абадӣ зиндагӣ мекунад, Ӯ на гузашта дорад, на оянда. Вақте ки дар Навиштаҳои Муқаддас калимаҳои вақтро ифода мекарда истифода мешаванд, онҳо ба замонаи мо тааллуқ доранд, на ба замони Ӯ. Ва ҳангоме ки чор махлуқ дар назди тахт рӯзу шаб фарёд мекунанд:
“Қуддус аст, қуддус аст, қуддус аст Худованд Худои Қодири Мутлақ, ки Ӯ буд, ҳаст ва хоҳад омад” (Ваҳй 4:8)
онҳо Худоро ба ҷараёни махлуқони офаридаи Ӯ мутталлиқ медонанд, ки ба онҳо гузашта, ҳозира ва оянда — категорияҳои ба мо шиноси вақт хос аст, ва ин дуруст аст, зеро Худо бо иродаи шоҳонаи Худ мехост, ки Ӯро бо вақт муттаалиқ донанд. Вале азбаски Худо офарида нашудааст, тағйиротҳои пай дар пай ба амал меомада, ки мо онро “вақт” меномем, ба Худи Ӯ дахл надоранд.
Худо дар абадият маскан дорад, вале вақт дар Худо сокин аст. Ӯ аллакай ҳама рӯзҳои ояндаи моро ба монанди рӯзҳои гузаштаамон аз сар гузарондааст. Дар ин ҷо ба мо мисолҳои овардаи К. С Люис мадад мерасонад. Вай ба мо пешниҳод мекунад, ки ба худ варақи коғази дар фазо беохир тӯлкашидашударо тасаввур кунем. Ин абадият аст. Баъд дар ин коғаз хати кӯтоҳе кашед, ки он вақтро ифода мекунад. Ба монанди он ки хат дар сатҳи тӯлкашида сар мешавад ва ба охир мерасад, вақт дар Худо сар шуда буд ва дар Ӯ ба охир мерасад.
Ба худ тасаввур кардан он қадар душвор нест, ки Худо дар ибтидои вақт паӣдо мешавад, вале фаҳмидан он қадар осон нест, ки чӣ тавр Ӯ метавонад
Маҳз барои ҳамин Худо гуфта метавонад:
“Ман Худо ҳастам, ва Худои дигаре нест, ва амсоли Ман нест. Оқибатро аз ибтидо, ва он чиро, ки ҳанӯз рӯй надодааст, аз қадим баён менамоям…” (Иш. 46:9-10).
Ӯ бо як нигоҳ ибтидо ва интиҳоро мебинад. Зеро давомнокии абадӣ, ки худи абадият аст, тамоми пайдарҳамиро дар бар мегирад, - мегӯяд Николай Кузанский, — ва ҳамаи он чӣ, ки ба мо пай дар пай менамояд, на баъд аз мақсади Ту, ки абадият аст, вуҷуд дорад… Ҳамин тавр, азбаски Ту — Худои Қодир ҳастӣ, Ту дар Биҳишти бо девор иҳотакардашуда сокин ҳастӣ ва дар ин девор ҳодисаҳои баъдинаҳои дер бо пешинаҳои барвақт пайваст мешавад, интиҳо бо ибтидо, дар ин ҷо Алфа ва Омега — ҳама як ҳастанд… Зеро ҲОЗИР ва ОН ВАҚТ дар давраи девори Биҳишт пайваст мешаванд. Вале Худои ман, Ту вуҷуд дорӣ ва Каломи Худро берун аз ҳудуди ҳозираю гузашта мегуӣ”.
Дар пиронсолагии худ Мусо ҳамон таронаеро навишт, ки ман аллакай иқтибос оварда будам. Дар ин тарона Ӯ абадияти Худоро ҷалол медиҳад. Барои ӯ ин ҳақиқат — далели фақеҳие мебошад, ки чун кӯҳи Синои барои Ӯ хуб шинос, устувор ва ноҷунбон аст. Ва барои Ӯ аз ин ду хулосаҳои амалӣ бармеомад: азбаски Худо абадист, Ӯ метавонад барои фарзандони Худ, ки дар ҳар давру замон дучори таъқибот мегарданд, ягона паноҳгоҳ бошад.
“Худовандо! Ту асрҳои аср паноҳандаи мо будӣ” (Заб. 89:1).
Хулосаи дуюм на он қадар тасаллодиҳанда аст: абадияти Худо хеле дуру дароз буда, ҳаёти мо бошад, дар рӯи замин он қадар каманд, дар он вақт чӣ хел мо метавонем он чизеро, ки бо дастони худ сохтаем, тасдиқ намоем? Чӣ тавр мо аз амалҳои ҳодисаҳое, ки моро бемадор гардонида нобуд месозанд, канораҷӯӣ намоем? Худо ин Таронаро бо Худ пур сохта, дар он ҳукмфармоӣ дорад, бинобар ин Мусо маҳз бо бахшоишхоҳиҳои худ ба Ӯ рӯ меорад:
“Шумурдани айёми моро дурустакак таълим деҳ, то ки дили пурҳикмат пайдо кунем” (Заб. 89:12).
Бигзор донишҳо дар бораи абадияти Ту ба ман додашуда, баръабас набошад!
Барои мо ки дар ин асри пуризтироб зиндагӣ мекунем, оқилона мебуд, ки оиди ҳаёти худ, дар бораи рӯзҳои худ дар назари Худо ва дар абадият, дуру дароз ва зуд-зуд андеша намоем, зеро ки мо ҳамчун мавҷудоти ахлоқан масъул ҳам барои вақт ва ҳам барои абадият офарида шудаем, ва мо бояд ҳам бо ин ва ҳам бо он сару кор дошта бошем.
“…Ҳамчунин фикри абадиятро дар дили одамизод ҷо додааст…” (Воиз 3:11), ва ман фикр мекунам, ки дар ин ҷо ҳам дар бораи ҷалоли одамон ва ҳам дар бораи бадбахтиҳои онҳо гуфта мешавад. Барои абадият офарида шудан ва маҷбуран дар вақт зиндагӣ кардан — ин фоҷиаи бузурги инсонист. Ҳама чиз дар ботини мо ҳаёт ва ҳамешагиро талаб менамояд, вале ҳама чиз дар атрофи мо дар бораи он ёдовар мешаванд, ки мо фонӣ ва тағйирёбанда мебошем. Вале он ки Худо моро аз масолеҳи абадӣ офаридааст — ин шараф ва пешгӯӣ аст, шӯҳрате, ки амалӣ мегардад ва пешгӯие, ки дар оянда ба амал хоҳад омад.
Ман умедворам, ки агар ман аз сари нав ба яке аз асосҳои муҳими фақеҳияти масеҳӣ — ба сурат ва шабоҳати Худо дар одам баргардам, маро дар он айбдор намесозанд, ки ман барабас гаштаю баргашта, ҳамон як чизро такрор менамоям. Нишонаҳои сурат ва шабоҳати Худо ба андозае ба гуноҳ олуда гаштаанд, ки онҳоро пайхас кардан осон нест, вале тахмин кардан оқилона нест, ки яке аз ин нишонаҳо ҷидду ҷаҳди рафънопазири одам ба абадият мебошад:
Теннисон чунин ақидаронӣ менамояд, ва инстинкте, ки дар замири қалби ҳар як фарди солимақл ниҳон аст, моро маҷбур месозад, ки бо ин розӣ шавем. Сурат ва шабоҳати қадимаи Худо дар ботини ҳар як шахс дар бораи умедвории беохир пичиррос мезанад; одам дар ягон ҷо мавҷудияти худро давом хоҳад дод. Ва ҳар чӣ ҳам набошад, одам хурсандӣ карда наметавонад, зеро нури ботинии ҳар як фарди ба ин ҷаҳон меомадаро мунаввар месохта бо исботи гуноҳкорӣ ва марги наздикшаванда тарсонида, виҷдони вайро азоб медиҳад. Ҳамин тариқ, одам дар байни ду санги осиё мемонад: санги болоии умедворӣ ва зерсанги тарс.
Ва дар ҳамон ҷо айнан Хушхабари масеҳӣ пайдо мешавад.
“…Ӯ (Исои Масеҳ) мамотро ботил намуд ва ҳаёт ва бефаноиро ба воситаи башорат дурахшон кард” (2 Тим. 1:10).
Яке аз масеҳиёни бузургарин пеш аз он, ки ба пешвози ҷаллоде барояд, ки бояд вайро ба қатл мерасонд, ҳамин суханонро навишта буд. Абадияти Худо ва он, ки одам фонӣ аст, моро бовар мекунонад, ки имон ба Исои Масеҳ як чизи нодаркор нест. Барои ҳар як одам ин бояд — ё Масеҳ, ё фоҷиаи абадӣ бошад. Аз абадият Худованди мо сари вақт омад, то ки бародарони Худ — одамонро, ки рафторҳои беақлонаи ахлоқии онҳо дар ин ҷаҳони фонӣ онҳоро на танҳо гумроҳ, балки инчунин ғуломи гуноҳ ва марг гардонида буд, наҷот диҳад.
8
Беинтиҳоии Худо
Ҷаҳон бадҷаҳл аст, замонаҳои охир фаро мерасад ва, чуноне ки дар рӯъёи пайғамбар Ҳизқиёл абри оташ дар даромадгоҳи Маъбад баланд шуда буд, ҳамон тавр ҷалоли Худо Калисоро тарк намудааст.
Худои Иброҳим аз мо дур шудааст, мо ҳузури Ӯро дар байни худ эҳсос наменамоем; ба ҷои Ӯ дар байни мо худои дигаре пайдо шудааст, ки онро гузаштагони мо намедонистанд. Ин худоро худи мо офаридаем ва ӯ ба мо наздику фаҳмотар аст, зеро ки мо худамон онро офаридаем; он эъҷози мост, он моро ҳеҷ гоҳ ҳайрон намесозад, ба тааҷҷуб намеорад ва ҳеҷ гоҳ аз мо бартарӣ надорад.
Худо дар ҷалоли Худ ба одамон ба монанди офтоб кушода мешуд, то ки гарм созад ва баракат диҳад, вале зуд-зуд, пеш аз оне, ки шифо диҳад ва баракат бахшад, Ӯ моро ба ҳайрат меандозад ва ба тааҷҷуб меорад. Ин Худои аҷдодони мо мехоҳад, ки Худои насли оянда низ бошад. Ва моро лозим аст, ки барои Ӯ танҳо дар муҳаббат, имон ва фурӯтанӣ иқоматгоҳ тайёр кунем. Моро лозим аст бисёр хоҳони он бошем, ки Ӯ биёяд, ва Ӯ меояд ва ба мо кушода мешавад.
Шояд моро суханони шахси муқаддасу хирадманд мӯътақид гардонанд? Гӯш кунед, ки Анселми муқаддас чӣ мегӯяд, ва ё беҳтараш аз болои гуфтаҳои ӯ андеша намоед:
“Эй одами ҳақир, қомататро рост гир! Корҳои худро муддате як сӯ гузор; муддате аз фикрҳое, ки туро азоб медиҳанд, пинҳон шав. Бори заҳматҳо ва корҳои вазнини худро як тараф гузор. Муддате барои Худо ҷой ҷудо намо ва каме дар Ӯ истироҳат кун. Ба оромгоҳи ақли худ ворид шав, тамоми дарҳоро ғайр аз фикрҳо дар бораи Худо ва ғайр аз фикрҳое, ки ба ту дар ҷӯстани Ӯ ёрӣ медиҳанд, бубанд. Ва акнун аз дилу ҷон бигӯ: «Худоё, ман Туро меҷӯям ва хоҳам ҷӯст».”
Аз ҳамаи он чизҳое, ки дар бораи Худо гуфтан ё фикр кардан мумкин аст, мушкилтараш фаҳмиши беинтиҳоии Ӯ мебошад. Агар мо ҳатто кӯшиш кунем, ки онро ба худ тасаввур намоем, дар он вақт чунин менамояд, ки дар ин яке ба дигараш мухолифат менамояд, зеро чунин хулосабарорӣ аз мо талаб менамояд, ки, онро ба асос гирифта, ки фаҳмиданаш ба мо ато нашудааст, ба хулосаи ба мо маълум биёем. Ва ҳар чӣ ҳам набошад, мо бояд ин корро кунем, зеро Навиштаҳои Муқаддас таълим медиҳанд, ки Худо беохир аст, ва агар мо дигар хусусиятҳои Ӯро эътироф намоем, мо албатта бояд инро низ эътироф намоем.
Ба роҳи дарккунии беинтиҳоии Худо даромада, мо ба ҳама мушкилиҳо ва ё набудани асбобҳои техникии ба мо ҳангоми болоравӣ ёрӣ мерасонида, нигоҳ накарда, бояд аз ин роҳ нагардем. Ин сайёҳат на аз барои пойҳо, балки барои қалби мо мебошад. Аз баландӣ ҳама чиз беҳтар дида мешавад, аз ин рӯ биёед чунин “баландиҳои фикру хаёл ва қуллаҳои ақлро” ҷустуҷӯ намоем, ки Худо онро бо марҳамати Худ ба мо тӯҳфа менамояд ва мо бояд онро низ бидонем, ки Худо ба кӯрон биноӣ дода, ба гӯши кӯдакони ширмак ҳақиқатҳоеро мегӯяд, ки дар бораи он ҳатто одамони хирадманд орзӯ ҳам карда наметавонанд. Акнун карҳо шунаво ва кӯрон бино мегарданд. Акнун мо бояд интизори он бошем, ки ганҷи дар торикӣ пинҳонкардашуда ва боигарии дар ҷойҳои пинҳонӣ пинҳонкардашударо соҳиб мегардем.
Беохирӣ маънои беҳудудиро дорад, аз ин рӯ равшан аст, ки ақли маҳдуд наметавонад ба умқи хирад ва фаровонии хиради Худо сарфаҳм равад! Фикрҳои Ӯ чӣ тавр дастнорас ва роҳҳои Ӯ чӣ хел нофаҳмиданист!
Чӣ хеле ки ман аллакай гуфтам, мо кӯшиш мекунем тарзи мавҷудияти пурра ба мо бегона ва тамоман ба он чизе монанд набудаеро, ки дар ин ҷаҳон материя, фазо ва вақти ба мо шинос медонем, ба худ тасаввур намоем.
“Дар ин ҷо ва дар ҳама фикррониҳои мо дар бораи хусусиятҳо ва моҳияти Худо, — менависад Новатиан, — мо аз ҳудуди фаҳмишҳои худ мебароем ва ҳеҷ гуна суханпардозиҳои инсонӣ наметавонад бо бузургии Ӯ баробар шавад. Ҳангоми мулоҳизаи бузургии Ӯ, ва ҳангоми ёдоваршавии бузургии Ӯ ҳама гуна суханпардозиҳо хомӯш мегарданд ва дилхоҳ ҷидду ҷаҳд қудрати худро аз даст медиҳад. Зеро Худо аз ақл дида бузургтар аст. Бузургии Ӯро сарфаҳм рафтан номумкин аст. Агар мо бузургии Ӯро сарфаҳм рафта метавонистем, Ӯ аз ақли инсонӣ, ки қобилияти ташаккули фаҳмишҳоро дорад, залилтар мебуд. Дар ҳақиқат агар Ӯро бо суханон баён карда мешуд, Ӯ аз забони инсонӣ ҳақиртар мебуд, ки бо ёрии ин суханони волои мо дар муқоиса бо Ӯ бемаза мебаромаданд”.
Мутаассифона, калимаи
Вақте мо мегӯем, ки Худо беохир аст, мо онро дар назар дорем, ки Ӯ
Ва агар гӯем, ки Худо беохир аст, пас ин маънои онро дорад, ки Ӯ ба ягон
Наход фаҳмо набошад, ки ҳамаи ин нисбати Худо истифода нашаванда аст ва истифодашаванда ҳам буда наметавонад? Бо ҳамин роҳ мо на Худи Ӯро, балки офаридаҳои Ӯро қабул карда метавонем. Ӯ аз ҳамаи ин боло, берун аз ҳамаи ин қарор дорад. Тасаввуротҳои мо оиди андозакуниҳо, кӯҳҳо, одамон, атом, ситораҳо, қувваи ҷозиба, қувва, рақамҳо ва суръатро дар бар мегирад, вале на Худоро. Мо наметавонем дар бораи андозаи муайян ё вазни муайян гуфта истода Худоро дар назар дошта бошем, зеро ҳамаи ин ченакҳои бузургиро дар назар доранд, дар Худо бошад, ҳеҷ чизи андозашаванда вуҷуд надорад. Ҳама он чизе, ки Ӯ мебошад, — ин Ӯ аст, ва чизе дар Ӯ ба воя расида ё инкишоф ёфта наметавонад, ва чизе ба Ӯ ҳамроҳ карда намешавад. Дар Худо маҳфумҳои «хурд» ё «калон», «камтар» ё «зиёдтар» нест. Ӯ — ин Ӯ дар Худи Худ мебошад, ва Ӯро на бо ёрии калимаҳо, на бо ёрии фикрҳо тасвир карда намешавад. Ӯ — Худо аст.
Вартаи моҳияти Илоҳӣ, ки боиси эҳтироми зиёд аст, метавонад хусусиятҳои зиёде дошта бошад, ки мо дар бораи онҳо чизе намедонем ва онҳо метавонанд барои мо умуман аҳамияте надошта бошанд, ба монанди он, ки дилсӯзӣ ва тараҳҳум шахсан барои малоикҳо ҳеҷ аҳамияте надорад. Ин мавҷудотҳои муқаддас шояд ин хусусиятҳои Худоро медонанд, вале онро дар худ санҷида наметавонанд, чунки онҳо гуноҳе накардаанд, аз ин рӯ онҳо аз Худо дилсӯзӣ ва шавқат талабида наметавонанд. Айнан ба монанди ҳамин (ман боварӣ дорам, ки чунин аст) дигар ҷанбаҳои моҳияти Худо вуҷуд дошта метавонад, ки ҳатто ба фарзандони Ӯ, ки онҳоро бо чунин нархи гарон харидааст ва бо ҳузури Рӯҳи Муқаддас муқаддас гардонидааст, кушода нашуда бошад. Ин тарафҳои пӯшидаи табиати Илоҳӣ дар муносибат танҳо ба Худи Ӯ тааллуқ дорад. Онҳо ба монанди тарафи дигари моҳ ҳастанд, ки гарчанде онро касе тадқиқ накардааст, дар бораи вуҷуддории он мо медонем. Он барои одамони дар рӯи замин зиндагикунанда аҳамияти бевосита надорад. Моро лозим нест кӯшиш намоем он чизеро, ки ба мо зоҳир нашудааст, кушоем. Ҳаминро донистан кифоя аст, ки Худо — Худо аст.
Вале беохирии Худо ба мо тааллуқ дорад ва ин беохирӣ ба мо барои он кушода шуд, ки мо ҳамеша тавонем аз он як манфиате ба даст оварем. Ва ҳар чӣ ҳам набошад, он ғайр аз мӯъҷизаи ақидаронӣ дар бораи он барои мо чӣ аҳамияте дорад? Дар дилхоҳ ҳолат — ба андозаи он, ки ҳар кадар бештар дар бораи худ ва дар бораи Худо донем, он хеле аҳамияти калон дорад.
Азбаски табиати Худо беохир аст, ҳар он чизе, ки аз он бармеояд, беохир мебошад. Мо, одамони бадбахт, ҳамеша аз маҳдудиятҳое, ки ба мо аз ботин ва аз берун гузошта мешавад, азоб мекашем. Ҳаёти мо кӯтоҳ ва зудгузар аст. Ҳаёт — ин машқи кӯтоҳмуддат ва пуразоб пеш аз консерте мебошад, ки дар он баромад кардани мо ҳукм нашудааст. Ҳамин ки ба мо чунин намояд, ки ба мо муяссар гаштааст ба андозае маҳорати иҷрокуниро ба даст овардаем, моро маҷбур месозанд асбобҳоямонро як тараф гузорем. Мо вақт надорем он чизеро, ки табиати мо ба он қодир буданамонро нишон медиҳад, фикр карда бароем, амалӣ гардонем ва ба ҷо орем.
Ва вақте ки мо аз маҳдудиятҳои худ рӯ гардонида ба тарафи Худо мегардем, ки дар Ӯ ҳеҷ гуна маҳдудиятҳо нест, чӣ гуна қаноатмандии беандозаеро эҳсос менамоем. Дар дили Ӯ — абадият аст. Барои Ӯ вақт намеравад, балки дар як ҷой меистад; ва ҳар касе, ки дар Масеҳ аст, ин боигарии бемаҳдудиятии вақт ва абадиятро бо Ӯ бо ҳам мебинанд. Худо ҳеҷ гоҳ шитоб намекунад. Ягон мӯҳлате вуҷуд надорад, ки дар он Ӯ корҳои Худро бояд ба анҷом расонад. Танҳо фаҳмиши ин рӯҳи моро ором гардонда шиддати асабҳои моро паст мекунад. Барои он касоне, ки Масеҳро эътироф намекунанд, вақт — ин ҳайвони гурусначашм аст, барои фарзандони нави офаридаи вақт бошад, вақт — ин ҳайвончаи дӯстрӯяк мебошад, ки назди пойҳои онҳо ҷафс шуда, хур-хур карда дастони онҳоро мелесад. Душмани одами қадима дӯсти одами нав мегардад, ва ситораҳо дар осмон ҳаракат карда, барои одам мубориза мебаранд, ки Худо хурсанд аст ӯро эҳтиром намояд. Ана аз беохирии Худо мо чиро дониста метавонем.
Вале боз чизи дигаре низ ҳаст. Бахшоишҳои Худо дар табиат маҳдудиятҳои худро дорад. Онҳо тамомшавандаанд, чунки офарида шудаанд, вале бахшоиши ҳаёти абадӣ дар Масеҳ чун Худо беохир аст. Шахси масеҳӣ ҳаёти Худи Худоро дорад ва ин беохириро бо Ӯ бо ҳам мебинад. Дар Худованд ҳаёт ба ҳама мерасад ва вақт кофист, ки аз ин ҳаёт хурсандӣ ба даст орад. Он чӣ, ки ҳаёти табиӣ аст, он давраи муайяни худро мегузаронад, яъне аз таваллуд то марг рафта мерасад ва анҷом меёбад, вале ҳаёти Худованд ҳеҷ гоҳ қатъ намегардад. Ва ин ҳаёти ҷовидонӣ — шинохтани Худои Ягонаи ҳақиқӣ ва Исои Масеҳ мебошад, ки Ӯро Худо фиристодааст.
Меҳрубонии Худо низ беохир аст ва одаме, ки ягон вақт аз боиси гунаҳкории худ ҳисси дардро эҳсос карда бошад, медонад, ки ин суханони бемаънӣ нестанд.
“Ва ҳангоме, ки гуноҳ зиёд шуд, файз бағоят фаровон гардид” (Рум. 5:20).
Гуноҳи зиёдшаванда — ин тарс барои ҷаҳон, вале фаровоншавии файз — умедвории инсоният мебошад. Гуноҳ ҳар қадар зиёд ҳам шавад, он ҳадду ҳудуд дорад, зеро ки он — маҳсули ақлу дилҳои маҳдудшуда мебошад, вале фаровоншавии файзи Худо моро ба беохирӣ мебарад. Беморие, ки дар замири дили офаридаҳои Худо ниҳон аст, ба қобилияти беохири шифодиҳии Худо мухолифат менамояд.
Дар давоми садсолаҳо масеҳият дар бораи он шаҳодат медиҳад, ки “Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт” (Юҳ. 3:16), ва фақат моро лозим аст, ки ба ин муҳаббат дар партави беохирии Худо нигоҳ кунем. Муҳаббати Ӯро андоза кардан номумкин аст. Зиёда аз ин, муҳаббати Ӯ ҳудуд надорад. Муҳаббати Ӯ беҳудуд аст, зеро ки он ашё нест, он яке аз тарафҳои табиати Худи Худо мебошад. Муҳаббати Ӯ — як чизест, ки он Худи Ӯст, ва азбаски Ӯ беохир аст, ин муҳаббат метавонад тамоми ҷаҳони офаридашударо дар бар гирад ва дар он боз барои даҳ ҳазор чунин ҷаҳон даҳчанд ҷой боқӣ хоҳад монд.
9
Тағйирнопазирии Худо
Тағйирнопазирии Худо ба он хусусиятҳояш тааллуқ дорад, ки фаҳмидани он он қадар душвор нест, вале барои он, ки тағӣирнопазирии Худоро фаҳмем, мо ба фарқ кардани он фикрҳои муқаррарие, ки ба воситаи он мо дар бораи мавҷудотҳои офаридашуда фикр мекунем ва аз он фикрҳои фавқулоддае, ки ҳангоми ба дастовардани он чизе ба даст меояд, ки онро дар Худо ба даст овардан мумкин аст, одат кунем.
Гуфтани он, ки Худо тағйирнопазир аст — ин маънои онро дорад, ки Ӯ ҳеҷ гоҳ аз Худи Худаш фарқ намекунад. Дар Навиштаҳои Муқаддас дар бораи инкишофёбии Худо чизе гуфта нашудааст. Ба ман чунин менамояд, ки фикр кардан дар бораи он, ки Худо метавонад ягон хел аз Худаш фарқ намояд, имконнопазир аст. Ва ана барои чӣ.
Барои он ки мавҷудоти ахлоқӣ тағйир ёбад, лозим аст, ки тағйиротҳо дар яке аз он се самтҳо ба амал ояд. Он бояд аз чизи беҳтар ба бадтар, ё аз бадтар ба чизи беҳтарин табдил ёбад, ё агар фарз кардем, ки хусусияти ахлоқӣ бетағйир мемонад, дар он вақт тағйирот бояд дар дохили худи мавҷудоти ахлоқӣ ба монанди аз як чизи хом ба пухтарасида, ё аз як тартибот ба тартиботи дигар ба амал ояд. Равшан аст, ки Худо наметавонад ба ягонтои ин самтҳо ҳаракат намояд. Комилии Ӯ ба таври ҳамешагӣ чунин имкониятро инкор менамояд.
Худо наметавонад беҳтар гардад, зеро ки Ӯ мутлақо муқаддас аст. Ӯ ҳеҷ гоҳ аз ҳозира дида, камтар муқаддас набуд ва ҳеҷ гоҳ наметавонад аз ҳозира ва ҳарвақта дида бештар муқаддас гардад. Худо наметавонад ба чизи бадтаре мубаддал гардад. Дилхоҳ тағйирот ба сӯи бадӣ дар табиати беҳамтои Худо имконнопазир аст. Ман чунин меҳисобам, ки дар бораи ин фикр кардан ҳам номумкин аст, зеро дар ҳамон лаҳзае, ки мо кӯшиш чунин фикр карданро кунем, объекти андешаҳои мо аллакай Худо нагардида, як чизи дигар, як чизи аз Худо камтаре мегардад. Он касе, ки дар бораи ӯ мо чунин фикр мекунем, метавонад мавҷудоти офаридашудаи боэҳтиром бошад, вале мавҷудоти офаридашуда наметавонад Офаридгоре бошад, ки Худ ба Худ вуҷуд дорад.
Азбаски дар табиати ахлоқии Худо тағйирот буда наметавонад, дар Моҳияти Илоҳӣ низ тағйирот шуданаш мумкин нест. Ҳастии Худо дар ягона маънои дурусти ин калима беназир аст. Ҳастии Ӯ - ин ҳастии дигаре мебошад, ки ба ҳастии дигар мавҷудотҳо монанд нест. Мо аллакай дидем, ки Худо аз ҳама офаридаҳои Худ бо он фарқ мекунад, ки Ӯ Худ ба Худ, абадан ва новобаста аз дигарон вуҷуд дорад. Ҳар он касе, ки ақаллан ба хурдтарин тағйирот дучор шуда бошад, аллакай худ ба худ ва новобаста аз дигарон вуҷуд дошта наметавонад, пас Худо намебошад.
Танҳо он мавҷудотҳое тағйир ёфта метавонанд, ки аз қисмҳои алоҳида таркиб ёфтаанд, зеро тағйирёбӣ — ин одатан ҳаракати пурраи қисмҳо ё воридшавии элементи ғайр ба сохтори ибтидоӣ мебошад. Азбаски Худо Худ ба Худ вуҷуд дорад, Ӯ аз қисмҳои алоҳида иборат нест. Дар Ӯ ҷузъиётҳое вуҷуд надоранд, ки тавонанд тағйир ёбанд. Ва азбаски Ӯ новобаста аст, ҳеҷ чиз наметавонад аз хориҷ ба Ӯ ворид шавад.
“Ҳар он чизе, ки аз қисмҳо иборат аст, — менависад Анселми муқаддас, — ин тамоман ягона нест, аз баъзе ҷиҳат бисёрӣ аст ва аз худаш фарқ мекунад; ва ё феълан ё назариявӣ он метавонад ба қисмҳо ҷудо шавад. Вале ҳамаи ин барои Ту бегонаанд, Ва аз Ту беҳтарашро фикр карда баромадан имконнопазир аст. Пас дар Ту Худованд қисматҳо нест ва Ту яктоӣ. Вале Ту ба андозае дар ҳақиқат мавҷудоти ягона ва ба Худ айниятдошта ҳастӣ, ки Ту дар ҳеҷ чиз ба Худ монанд набуда наметавонӣ. Аниқтараш, Ту — ягонагии комиле мебошӣ, ки наметавонад ҳатто ба таври назариявӣ ҷудо шавад”.
“Ҳар он чӣ ки Худо аст, ҳамеша буд ва мемонад. Он ҳамеша Худо хоҳад буд”. Ҳар он чизе, ки Худо дар бораи Худ гуфта бошад, тағйир намеёбад. Ҳеҷ чизе аз гуфтаи пайғамбарон аз рӯи илҳоми илоҳӣ дар бораи Худо ботил гардонда намешавад. Тағйирнопазирии Ӯ инро кафолат медиҳад.
Агар тағйирнопазирии Худоро бо тағйирпазирии инсон муқоиса намоем, тағйирнопазирии Худо бо зебогии комили худ зоҳир мегардад. Дар Худо ҳеҷ гуна тағйирёбӣ нест; вале одам аз тағйирёбӣ ҷои гурез надорад. На одам, на ҷаҳони ӯ дар як ҷой намеистад, онҳо ҳамеша дар ҳаракат мебошанд. Ҳар як одам барои он муддате ба дунё меояд, ки хандад, гиря кунад, меҳнат кунад ва бозӣ кунад ва баъд аз ин дунё гузашта дар ин силсилаи қатънашаванда барои он касоне ҷойро холӣ намояд, ки баъд аз ӯ меоянд.
Баъзе шоирон аз ин қонуни бебақоӣ аз ҳад зиёд ҳаловат бурда, дар бораи тағйирпазирии абадӣ сурудҳо месароиданд. Яке аз он касони бо шавқу завқ ва ҳаҷв тағйирпазирӣ ва марг — ин ду бемориро, ки инсоният гирифтори он аст, сароянда, Умари Хайём буд. “Бо гил чунин дағалона рафтор накун, — панд медиҳад ӯ ба кулол — бо он чизе, ки ту озодона кор мекунӣ, шояд хоки аҷдодони ту бошад”. “Вақте ки ту қадаҳро мебардорӣ, то аз он майи сурх бинӯшӣ, — ёдовар мешавад ба шахси дар ҷашн шодикунанда, — шояд ту аз лабони зебосанами ким-кайҳо мурда рафтае бӯса кунӣ”.
Ин тобиши андӯҳи гуворо, ки бо каме ҳаҷв ифода ёфтааст, ба рубоиҳои ӯ зебоии беандоза мебахшад ва ҳар чӣ ҳам набошад, онҳо хеле зебоянд, ҳамаи ин шеърҳо пурдарданд ва ин дард марговар аст. Ба монанди паррандае, ки мор онро афсун кардааст ва мехоҳад онро фурӯ барад, шоир низ аз душман ба ваҷд меояд, ки ӯро, ҳамаи одамон ва ҳар як наслро нобуд месозад.
Муаллифони Навиштаҳои Муқаддас ҳам бо тағйирпазирии одам рӯ ба рӯ шудаанд, вале онҳо одамони солиманд ва суханони онҳо низ қувваи солимона доранд. Онҳо ба ин дарди бузург даворо ёфтаанд. Онҳо мегӯянд, ки Худо тағйир намеёбад. Қонуни тағйирёбӣ ба ҷаҳони гирифтори гуноҳшуда тааллуқ дорад, вале Худо тағйирнопазир аст ва одамони ба Ӯ имон дошта ниҳоят ҳамешагии абадиро меёбанд. Ҳоло бошад, тағйирпазирӣ на ба муқобили фарзандони Малакут, балки ба манфиати онҳо хизмат мекунад, чунки онҳо дар Рӯҳе, ки дар онҳо зиндагӣ мекунад, дохил карда шудаанд. “Аммо ҳамаи мо, — мегӯяд ҳавворӣ Павлус, — бо рӯи кушода, мисли он ки дар оина бошад, ба ҷалоли Худованд нигариста, ба ҳамон сурат аз ҷалол ба ҷалол табдил меёбем, ва ин аз Худованд, яъне аз Рӯҳ аст” (2 Қӯр. 3:18).
Дар ҷаҳони тағйирот ва вайрониҳо ҳатто одами имондор пурра хуштахт буда наметавонад. Аз рӯи инстинкт ӯ як чизи тағйирнопазир меҷӯяд ва вақте ки ӯро як чизи азизу шинос тарк мекунад, ӯро ҳисси аздастдиҳии вазнин фаро мегирад.
Ин суханони Фейбер дар ҳар як дил акси садои худро меёбанд, ва ҳар чӣ ҳам набошад, ҳар қадаре ки мо барои набудани бардавомӣ дар тамоми ҷаҳон мотам нагирем ҳам, дар ин ҷаҳони пургуноҳ ҳатто худи қобилият ба тағйиротҳо — ганҷи бузургтарин, арзиши бузургтарини бахшоиши Худо мебошад, ки барои он мо бояд ҳамеша Ӯро шукргузорӣ намоем. Барои одамон тамоми инконият барои кафорати гуноҳҳо — дар қобилияти онҳо ба тағйиротҳо ниҳон аст. Одам дигар хел буд — ва одами дигар гашт — ана моҳияти тавба; шахси дурӯғгӯй одами ростқавл мешавад, шахси дузд бошад, одами бовиҷдон, шахси фосиқ — пок, ва шахси мағрур — фурӯтан. Тамоми сохтори ахлоқии ҳаёт тағйир меёбад. Фикрҳо, хоҳишҳо ва ҳиссиётҳо дигаргун мешаванд, ва одам - аллакай он касе нест, ки пештар буд. Ин тағйирёбӣ ба андозае беназир аст, ки ҳавворӣ одами пешинаро “кӯҳан” ва одами тағйирёфтаро одами “нав” меномад, “ки вай дар дониш ба шабоҳати офарандаи худ нав мешавад” (Қӯл. 3:10).
Вале ин тағйиротҳо аз рафторҳои зоҳирии одам дида, амиқтар ва муҳимтар мебошанд, чунки он дар бораи қабулкунии ҳаёти наву сифати баландтардошта шаҳодат медиҳад. Одами қадим аз ҳама баландаш ҳаёти Одамро дорад, одами нав бошад, ҳаёти Худоро дорад. Ва ин сафсатта нест, инро дар маънои аслиаш бояд фаҳмид, ва ин ҳақиқат мебошад. Вақте ки Худо ба рӯҳи одам ҳаёти абадиро мерезад, барои одам вуҷуддории нав, вуҷуддории тартиботи баланд дошта сар мешавад.
Раванди кафоратро амалӣ намуда, Худои тағйирнопазир ба андозаи пурра тағйиротро ба кор мебарад ва ба воситаи як қатор тағйиротҳо ниҳоят ба ҳамешагӣ оварда мерасонад. Ба таври фаҳмотар ин дар Нома ба Ибриён гуфта шудааст: “Якумро ботил мекунад, то ки дуюмро барқарор намояд” (Ибр. 10:9). Дар ин суханон мазмуни ҳамаи он чизе, ки ин китоби аҷоиб таълим медиҳад, баён карда шудааст. Аҳди Қадим чун як чизи муваққатӣ ботил гардонда шуд, ва ҷои онро Аҳди Ҷадид ишғол намуд. Вақте ки Хуни Барраи Фисҳ рехта шуд, хуни бузу говҳо аҳамияти худро гум карданд. Шариат, қурбонгоҳ ва каҳонат — муваққатӣ буда, гирифтори тағйирот гардиданд; акнун шариати абадии Худо ба таври абадӣ ба чизи зиндаи эҳсоскунандае навишта шудааст, ки аз он ҷони одам вобаста аст. Муқаддасиҳои қадима дигар вуҷуд надоранд, вале дар осмонҳо қудсияти наву абадӣ вуҷуд дорад ва дар он ҷо — Писари Худо дар каҳонати абадии Худ нишастааст.
Дар ин ҷо мо мебинем, ки Худо чӣ тавр тағйиротҳоро, мисли ғуломи итоаткор, истифода мебарад, барои он ки одамонро баракат диҳад, ки гуноҳи онҳоро кафорат дода аст, вале Худи Ӯ берун аз қонуни тағйирот мемонад ва ҳеҷ гуна тағйиротҳое, ки дар ҷаҳон ба амал меоянд, ба Ӯ таъсире намерасонанд.
Ва аз сари нав оиди фоида саволе ба миён меояд. Шояд касе пурсад: “Барои ман чӣ фоида, ки ман оиди тағйирнопазирии Худо медонам? — Шояд ҳамаи ин муҳокимарониҳои метафизикӣ бошанд? Чизе, ки ба одамони тарзи тафаккури муайяндошта шояд қаноатмандӣ биёрад, вале барои одами ҳақиқӣ аҳамияти ҳақиқӣ надошта бошад-чӣ?”
Агар зери маънои “одамони ҳақиқӣ” одамони беимон дар назар дошта шуда бошад, ки ба корҳои ғайридинӣ фурӯ рафтаанд ва нисбати даъватҳои Масеҳ оиди беҳдошти ҷонҳои худ ва ба манфиати ҷаҳони оянда бетарафанд, барои онҳо чунин китоб ба монанди ин, ва дилхоҳ китобе, ки ба таври ҷиддӣ дар бораи дин мегӯяд, ҳеҷ аҳамияте надорад. Вале ҳатто агар чунин одамон аксариятро ташкил диҳанд ҳам, онҳо аҳолии ҳазор нафарае ҳастанд, ки назди Баал зонӯ назадаанд. Онҳо боварӣ доранд, ки барои ба Худо хизмат кардан ва аз ҳузури Ӯ хурсандӣ кардан офарида шудаанд, ки умедворанд бо Ӯ то абад монанд.
Дар ин ҷаҳоне, ки одамон барои манфиатҳои худ шуда, моро фаромӯш мекунанд, бо баҳонаи ночизе муносибатҳо ва ақидаҳои худро нисбати мо дигар мекунанд, магар донистани он, ки Худое, ки мо дорем тағйирнопазир аст, сарчашмаи мӯъҷизаовари қувва буда наметавонад? Ва муносибати Ӯ бо мо ҳамон хеле, ки пештарҳо буд, ва дар абадияти оянда ҳамон хел мемонад?
Фаҳмидани он, ки Падари Осмонӣ ҳамеша бетағйир аст, ба дили масеҳӣ чӣ гуна оромӣ меорад! Дар ҳар вақте ки мо назди Ӯ оем, моро лозим нест дар бораи он андеша намоем, ки кайфияти Ӯ чӣ хел бошад, оё мехоҳад, ки моро қабул кунад ё не. Ӯ ҳамеша ба ғаму андӯҳ ва эҳтиёҷот, ва инчунин ба муҳаббат ва имон ҷавоб медиҳад. Ӯ соатҳои қабул надорад ва соатҳое вуҷуд надорад, ки ба назди Ӯ одамонро роҳ намедода бошанд. Ӯ дар ҳеҷ хусус ақидаи Худро дигар намекунад. Имрӯзҳо, дар ин лаҳзаҳо, Ӯ нисбати офаридаҳои Худ, фарзандон, беморон, гунаҳкорон ҳамон эҳсосотҳоро дорад, ки дар вақташ дошт, вақте ки Писари ягонаи Худро ба ҷаҳон фиристода буд, ки Ӯ барои гуноҳи инсоният ҷон диҳад.
Рӯҳияи Худо ҳеҷ гоҳ тағйир намеёбад, дилбастагии Ӯ ҳеҷ гоҳ заиф намегардад ва ҳеҷ гоҳ шавқу завқаш гум намешавад. Муносибати Ӯ ба гуноҳ ҳоло ҳам айнан чунон аст, ки дар вақташ буд, вақте ки Ӯ одами гунаҳкорро аз боғи Адан ронда буд, ва муносибати Ӯ ба шахси гунаҳкор ҳоло ҳам ҳамон хел аст, ки вақте Ӯ дастонашро дароз карда гуфта буд: “Назди Ман оед, эй ҳамаи заҳматкашон ва гаронборон. Ва Ман ба шумо оромӣ хоҳам бахшид” (Мат. 11:28).
Худо ба созишкорӣ намеравад ва дили Ӯро нарм кардан даркор нест. Ӯро розӣ кардан мумкин нест, то ки сухани Худро дигар кунад ё ин ки ба дуои худпарастона ҷавоб диҳад. Дар ҳама кӯшишҳои ёфтани Худо, ба Ӯ маъқул будан ва бо Ӯ муошират кардан, мо бояд дар хотир дошта бошем, ки тағйирёбӣ танҳо аз тарафи мо буданаш мумкин аст. “Ман, ки Худованд ҳастам, тағйир наёфтаам” (Мал. 3:6). Моро танҳо лозим аст он шартҳоеро ба ҷо орем, ки Ӯ ба таври фаҳмо тавсиф додаст, то ҳаёти моро мувофиқи иродаи Худ ба роҳ монад, ки онро ба мо кушодааст, ва қувваи беохири Ӯ чӣ хеле ки ба воситаи Хушхабар дар Навиштаҳои Муқаддас гуфта мешавад, бар нафъи мо хизмат хоҳад кард.
10
Ҳамадонии илоҳӣ
Гуфтани он ки Худо ҳама чизро медонад, - ин гуфтани он аст, ки Ӯ дорои дониши комил аст, ва аз ин рӯ Ӯро лозим нест, ки чизеро омӯзад. Ва зиёда аз ин, ин гуфтани он аст, ки Худо ҳеҷ гоҳ таҳсил накардааст, ва Ӯро лозим нест, ки чизеро омӯзад.
Навиштаҳои Муқаддас моро таълим медиҳад, ки Худо ҳеҷ гоҳ аз касе таълим нагирифтааст. “Кист, ки Рӯҳи Худовандро андоза намудааст ва мушовири Ӯ гардидааст, ва Ӯро таълим додаст? Ӯ бо кӣ машварат кардааст, ва кист, ки ба Ӯ хирад бахшидааст ва тариқи адлу инсофро ба Ӯ таълим додааст, ва ба Ӯ дониш омӯхтааст ва роҳи дурустиҳоро ба Ӯ ёд додаст?” (Иш. 40:13-14). “Зеро кист, ки афкори Худовандро дарк карда бошад? Ё кист, ки мушовири Ӯ шуда бошад?” (Рум. 11:34). Ин тасдиқи саволдор аз тарафи пайғамбар Ишаъё ва ҳавворӣ Павлус додашуда онро тасдиқ мекунанд, ки Худо ҳеҷ гоҳ наомӯхтааст.
Аз ин танҳо як қадам ба хулосаи он аст, ки Худо ба омӯхтан эҳтиёҷ надорад. Агар чунин мешуд, ки Худо боре аз касе чизеро меомӯхт, ки онро намедониста бошад, Ӯ аз он чизи будааш нокомил ва пасттар мегардид. Фикр кардан дар бораи он, ки Худо метавонад назди пойҳои ким-кадом муаллим нишинад, бигзор, ки ин муаллим малоик бошад, — ин маънои онро дорад, ки на дар бораи Таоло, Офаридгори замину осмон, балки дар бораи каси дигар фикр мекунем.
Ман фикр мекунам, ки нуқтаи назар ба ҳамадонии Илоҳӣ “аз чизи манфур” дар шароити мазкур ба пуррагӣ ҳақ бароварда мешавад. Азбаски донишҳои зеҳнии мо дар бораи Худо кам ва номуайян аст, мо гоҳо дар ҷидду ҷаҳдҳоямон дар фаҳмидани он, ки Худо чист ва дар бораи он фикр карда, ки Ӯ чӣ нест, қадре пеш меравем. Аз ин рӯ дар раванди ин омӯзиши хусусиятҳои Худо мо зуд-зуд маҷбур будем, ки инкоркуниро истифода барем. Мо дидем, ки Худо пайдоиш надорад, Ӯ ибтидо надорад, ба Ӯ ёрдамчиҳо даркор нестанд, Ӯ ба ҳеҷ гуна тағйиротҳо дучор намегардад ва дар вуҷуддории пурқимати Ӯ ҳудуде нест.
Ин кӯшиши ба одамон фаҳмонидани он, ки Худо чист ва ба онҳо нишон додани он, ки Ӯ чӣ нест, аз тарафи муаллифони Навиштаҳои Муқаддас, ки аз Худо илҳом гирифта буданд, истифода бурда мешавад. “Магар ту намедонӣ? Магар ту нашнидаӣ? — мегӯяд пайғамбар Ишаъё — ки Худованд, Худои ҷовид, ки ақсои заминро офаридааст, хаста намешавад ва лакот намегардад?” (Иш. 40:28). Тасдиқоти мухтасари Худо дар бораи он, ки “Ман, ки Худованд ҳастам, тағйир наёфтаам” (Мал. 3:6) ба мо дар бораи ҳамадонии Худо аз рисолае, ки зиёда аз даҳ ҳазор калима иборат аст, чизи бештареро гуфта метавонад, ва чуноне тартиб дода шудааст, ки дар он ҳеҷ гуна инкоркунӣ нест. Ҳавворӣ Павлус бо ёрии инкоркунӣ дар бораи ростқавлии Худо мегӯяд: “Худо, ки наметавонад дурӯғ бигӯяд” (Тит. 1:2), ва вақте ки фаришта тасдиқ менамояд, ки “Назди Худо ҳеҷ каломе бе оқибат намемонад” (Луқ. 1:37), ду инкоркунӣ ба тасдиқот мубаддал мегарданд.
На танҳо Навиштаҳо таълим медиҳанд, ки ба Худо ҳама чиз маълум аст, балки дар ин бора аз ҳама он чизе, ки дар бораи Худо мегӯяд, фаҳмидан мумкин аст. Худо дар комилӣ Худро медонад, ва азбаски Ӯ — сарчашма ва офаридгори ҳама чиз аст, аз ин бармеояд, ки Ӯ ҳамаи он чизеро, ки донистан мумкин аст, медонад. Ӯ инро бо пуррагии дониши комил аз худи ибтидо медонад, ки он ҳар як ҳиссачаи имконпазири донишҳоро дар бораи ҳамаи он чизҳое дар бар мегирад, ки дар дилхоҳ вақт вуҷуд дорад, ё дар гузашта вуҷуд дошт, ё ин ки ягон вақте баъд аз сад сол ё ҳазор сол ба амал хоҳад омад.
Худо ҳамон замон ва бе душворӣ дар бораи материя, дар бораи ҳамаи корҳо, дар бораи ақлҳо, дар бораи ҳар як ақл дар алоҳидагӣ, дар бораи ҳамаи рӯҳҳо, дар бораи мавҷудотҳо ва дар бораи ҳар як мавҷудот дар алоҳидагӣ, дар бораи ҳамаи офаридаҳо, дар бораи ҳамаи махлуқот, дар бораи ҳар як маҷмӯъ, дар бораи ҳамаи маҷмӯъҳо, дар бораи ҳамаи қонунҳо, дар бораи ҳар як қонун дар алоҳидагӣ, дар бораи ҳамаи муносибатҳо, сабабҳо, фикрҳо, асрорҳо, муаммоҳо, ҳиссиётҳо, хоҳишҳо дар бораи ҳар як сирри ниҳонии гуфтанашуда, дар бораи ҳамаи тахтҳо ва дороиҳо, дар бораи ҳамаи шахсиятҳо, дар бораи ҳамаи чизҳои дидашаванда дар замину осмон, дар бораи ҳаракатҳо, дар бораи фазо ва вақт, дар бораи ҳаёт, дар бораи марг, дар бораи некӣ ва бадӣ, дар бораи осмонҳо ва дар бораи дӯзах медонад.
Чунки дониши Худо дар бораи ҳама чиз комил аст. Дониши Ӯ дар бораи чизе хубтар ё дар бораи чизе бадтар нест, балки Ӯ ҳама чизро як хел хуб медонад. Ӯ ҳеҷ гоҳ чизеро барои Худ кашф намекунад. Ӯ ҳеҷ гоҳ ба ҳайрат намеояд. Ӯ ҳеҷ гоҳ аз Худ намепурсад, дар бораи чизе маълумот намеҷӯяд, дар бораи чизе савол намедиҳад (ба истиснои он ҳолатҳое, ки Ӯ одамонро барои манфиатҳояшон ба сӯҳбат мекашад).
Худо дар Худ ва Худ ба Худ вуҷуд дорад, ва Ӯ дорои дониши комиле мебошад, ки ягон мавҷудоти офаридашуда дар бораи Ӯ дошта наметавонад.
“Он чиро ки дар Худо аст, ҳеҷ кас намедонад, ба ҷуз Рӯҳи Худо” (1 Қӯр. 2:11).
Танҳо Беохир метавонад дар бораи Беохир донад.
Мо мебинем, ки чӣ хел ҳамадонии Илоҳӣ дар мо назди Ӯ тарсу ваҷдро бедор месозад. Он ки Худо ҳар як одамро хеле хуб медонад, метавонад одамеро, ки гуноҳи махфие дорад, ки аз он то ба ҳол даст накашидааст, ё ягон ҷинояти махфие дорад, ки ба муқобили инсон ё Худо кардааст, ба ларза биёрад. Вале шахси баракатнаёфтаро он фикр ба ларза меорад, ки Худо беэътимодии ҳар як баҳонаро медонад ва ҳеҷ гоҳ ба рафтори гунаҳкорона ҳақбарории беасосро қабул намекунад, зеро Ӯ сабаби ҳақиқии чунин рафторро медонад.
“Гуноҳҳои моро дар пеши назари Худ гузоштаӣ, ниҳони моро дар нури рӯи Худ” (Заб. 89:8).
Чӣ хел даҳшатовар аст, вақте мебинӣ ки писарони Одам кӯшиш мекунанд на дар байни дарахтони боғи Адан, балки дар боғи дигаре пинҳон шаванд. Вале онҳо дар куҷо пинҳон мешаванд?
“Аз Рӯҳи Ту куҷо равам? Ва аз ҳузури Ту куҷо гурезам? …Ва агар гӯям: «Албатта торикӣ маро ниҳон хоҳад кард, ва шаб барои мо паногоҳ хоҳад шуд». Аммо торикӣ низ аз Ту пинҳон нахоҳад кард, ва шаб мисли рӯз равшан хоҳад шуд” (Заб. 138:7, 11-12).
Барои мо, ки дар ҷустуҷӯи паноҳгоҳ ҳастем, ва баъд ба умедворие, ки ба мо Инҷил медиҳад, сахт мечаспем, донистани он хеле гуворост, ки Падари Осмонии мо моро пурра медонад. Ҳеҷ як дурӯғгӯй наметавонад моро тӯҳмат кунад, ҳеҷ як скелети фаромӯшшудаи дар ҷевони махфӣ ниҳонбуда, аз он бароварда намешавад, ва моро гумроҳ намесозад, ва заҳматҳои гузаштаи моро ба мо намекушояд; ҳеҷ як заифӣ дар хислати мо, ки дар бораи он мо ҳатто худамон намедонем, ҳақиқӣ намегардад ва Худоро аз мо дур намегардонад, зеро Ӯ то он даме, ки мо Ӯро шинохтем, дар бораи мо ҳама чизро медонист, ва Ӯ дар бораи ҳамаи он чизе, ки ба муқобили мо шаҳодат медиҳад, пурра медонист ва Ӯ моро ба сӯи Худ даъват намуд.
“Зеро ки кӯҳҳо аз ҷои худ дур хоҳад шуд, ва теппаҳо футур хоҳад рафт, вале эҳсони Ман аз ту дур нахоҳад шуд, ва аҳди сулҳу осоиштагии Ман футур нахоҳад рафт — мегӯяд Худованде, ки ба ту раҳм мекунад” (Иш. 54:10).
Падари Осмонии мо медонад, ки мо аз чӣ таркиб ёфтаем, ва дар хотир дорад, ки мо хок ҳастем. Ӯ маккории модарзодии моро медонист ва аз баҳри Худ шуда, Ӯ қарор дод, ки моро наҷот диҳад (Иш. 48:8-11). Писари ягонаи Ӯ дар байни мо буда, азобҳои моро аз сар гузаронд, ба таври пурра азобҳои ҷисмонӣ дид. Донишҳои Ӯ дар бораи бадбахтиҳои мо танҳо назариявӣ нестанд: Ӯ шахсан онҳоро аз сар гузарондааст, ва Ӯ ба одамони азияткаш бо ғамхорӣ ва ҳамдардӣ муносибат менамояд. Бо мо ҳарчӣ ки рӯй надиҳад, Худо инро медонад ва аз ҳама бештар ба мо ғамхорӣ менамояд.
11
Хирадмандии Худо
Мо ин омӯзиши мухтасари хирадмандии Худоро аз имон ба Худо сар мекунем. Ба ангораи муқаррарии худ пайравӣ карда, мо кӯшиш мекунем хирадмандии Ӯро на барои он фаҳмем, ки имонамонро мустаҳкам гардонем, балки ба он бовар мекунем, ки тавонем хирадмандии Ӯро дарк кунем. Бинобар ин мо исботи онро намеҷӯем, ки Худо хирадманд аст. Ақли имоннадоштаро бо ягон хел исботҳо бовар кунондан мумкин нест, ва ба дили шахси Худопараст ягон хел исботҳо лозим нест.
“Исми Худо аз азал то абад муборак бод — гуфта буд пайғамбар Дониёл, — зеро ки ҳикмат ва қудрат аз они Ӯст. Ӯ … чизҳои амиқ ва ниҳонро ошкор месозад, он чиро ки дар зулмот аст, медонад, ва нур бо Ӯ сокин аст” (Дон. 2:20-22). Одами имондор ба ин ва ба сурудхонии фариштаҳо ҷавоб мегардонад: “Баракат ва ҷалол, ва ҳикмат, ва сипос, ва шавқат ва қудрат, ва қувват то абад аз они Худои мо бод!” (Ваҳй 7:12). Ба хаёли чунин одам ҳеҷ гоҳ намеояд, ки Худо бояд исботи хирадмандӣ ва қуввати Худро нишон диҳад. Магар он қофӣ нест, ки Ӯ — Худо аст?
Вақте фақеҳияти масеҳӣ иброз медорад, ки Худо хирадманд аст, ин чизи бештареро дар назар дорад, ки мегӯяд, ё ин ки гуфтан мехоҳад, зеро он кӯшиш мекунад ба калимаи заиф нисбатан пуррагии беандозаи он маъноро бидиҳад, ки тайёр аст ин калимаро бо вазни худ маҷақ созад. “Хиради Ӯ бе ҳадду канор аст” (Заб. 146:5), — мегӯяд муаллифи Тарона. Ва дар ин ҷо фақеҳият кӯшиш мекунад на як чизи камтар, балки маҳз як чизи андозанашавандаро баён созад.
Азбаски калимаи “бе ҳадду канор” як чизи беназирро тавсиф медиҳад ва ба он ҳеҷ гуна зарфро илова кардан мумкин нест. Мо намегӯем, ки “каме беназиртар” ё “бениҳоят беназир”. Дар назди беохирӣ мо хомӯш мемонем.
Албатта, ақли дуюми офаридашуда вуҷуд дорад ва Худо онро ба офаридаҳои Худ ба андозае ҷудо намудааст, ки ба манфиати онҳо хизмат карда метавонад, вале хирадмандии дилхоҳ мавҷудотҳои офаридашуда ва тамоми мавҷудотҳо дар якҷоягӣ дар муқоиса бо хирадмандии беандозаи Худо ҳеҷ аст. Аз ин рӯ, вақте ки ҳавворӣ Худоро “Якто то абад” меномад, ҳақ аст (1 Тим. 1:17). Яъне Худо Худ ба Худ хирадманд аст ва ҳама хирадмандии тобандаи одамон ва фариштаҳо — ин танҳо инъикоси дурахши офариданашудае мебошад, ки аз тахти бузурги осмонҳо бармеояд.
Фикр дар бораи Худо ҳамчун дар бораи мавҷудоти беинтиҳои хирадманд — решаи ҳама гуна ҳақиқатҳо мебошад. Ин нуқтаи ибтидоии имон барои он зарур аст, ки тамоми имон ба Худо бояд солим бошад. Азбаски Худо новобаста аз офаридаҳои Худ вуҷуд дорад, Ӯро муҳокимарониҳои мо муттаассир гардонида наметавонанд, вале барои солимии ахлоқамон моро лозим аст, ки ба Офаридгор ва Холиқ ба пуррагӣ хирадмандии комилро мансуб донем. Аз ин даст кашидан — ин маънои хиёнат кардан ба он чизеро дорад, ки моро аз ҳайвонҳо фарқ мекунонад. Дар Навиштаҳои Муқаддас хирадмандии Худо ва одамони порсо ҳамеша маънои баланди ахлоқиро дорад. Он ҳамчун хирадмандии некӯ, дӯстдоранда ва пок фикр карда баромада шудааст. Хирадмандие, ки зиракона аст, бисёр вақт дар одамони бад вуҷуд дошта, чунин хирадмандӣ маккорона ва сохта аст. Ин ду намуди хирадмандӣ ҳамеша дар рақобат мебошанд.
Дар ҳақиқат, агар аз баландии кӯҳи Сино ё Ҷолҷолто назар андозем, ҳамаи таърихи ҷаҳон чун ҷанги тан ба тан байни хирадмандии Худо ва маккории иблису одамони гунаҳкор менамояд. Натиҷаи ин ҷанги тан ба тан бе шубҳа аст. Чизи нокомил дар ниҳояти кор бояд назди Комил таслим шавад. Худо таъкид кардааст, ки Ӯ хирадмандонро аз рӯи макрашон ба даст афтонда, фаҳмиши оқилонро ба ҳеҷ табдил медиҳад.
Хирадмандӣ дар қатори дигар чизҳо — ин боз дар назди худ гузоштани мақсадҳои комил ва ба даст овардани ин мақсадҳо ба воситаи аз ҳама комил мебошад. Хирадмандӣ интиҳои ин корро аз ибтидои он мебинад, ва дар ин ҷо ҳоҷати фолбинӣ ва фарзу тахмин нест. Хирадмандӣ ҳама чизро дар тарҳи дуруст, ҳар як ашё ва зуҳуротро дар муносибати дуруст бо дигар ашёҳо ва зуҳуротҳо мебинад, ва ба ҳамин тариқ, он метавонад мақсадҳои пешакӣ гузошташударо бехато ва аниқ ба даст орад.
Ҳамаи аъмолҳои Худо дар хирадмандии комил аввал барои ҷалоли Худо, ва баъд ҳар чӣ бештари вақт барои баракатҳои бузурги одамони зиёд ба ҷо оварда мешавад. Ва ҳамаи корҳои Ӯ, чӣ хеле ки хирадмандона бошанд, ҳамон хел пок ҳастанд ва онҳо ҳамон қадар хирадмандонаю пок бошанд, ҳамон қадар неканд. Тамоми корҳои Ӯро на танҳо беҳтар кардан мумкин нест, балки ба худ тасаввур кардан мумкин нест, ки онҳоро аз ин беҳтар кардан мумкин бошад. Худои хирадманди беинтиҳо чунон мекунад, ки одамонро зарурати он нест, ки корҳои Ӯро ислоҳ намоянд. Оҳ Худованд, аъмолҳои Ту чӣ гуна бешуморанд! Ҳамаи онҳоро Ту дар хирадмандӣ ба ҷо овардаӣ, замин аз ҷавоҳироти Ту пур аст!
Агар офариниши ҷаҳон намебуд, хирадмандии Худо ба таври ҳамешагӣ дар вартаи беҳудуди табиати Илоҳӣ маҳфӯз мемонд. Худо ба офаридаҳои Худ ҳаёт дод, то ки Ӯ тавонад аз онҳо шодӣ кунад ва онҳо аз Ӯ.
“Ва Худо ҳар он чиро, ки ба амал овард, дид, ва инак, хеле хуб аст”. (Ҳас. 1:31).
Дар давоми садсолаҳо бештари одамон ба он боварӣ намекарданд, ки асоси ин ҷаҳон хирад аст: зеро ин ҷаҳон аз ҳад зиёд нокомил менамояд. Волтер дар повести философии худ “Кандид, ё Оптимизм” оптимисти мӯътақидшудаеро бо номи доктор Панглос тавсиф менамояд, ки ба забони вай муҷдаи фалсафӣ мегузорад: “Дар ин ҷаҳони аз ҳама беҳтарин ҳама чиз барои беҳбудӣ аст”. Албатта, ин франсузи бешарм, ин муаллими кӯҳансолро дар чунин ҳолат гузошта, ки фалсафаи вайо хандаовар менамуд, ҳаловат мебурд.
Вале нуқтаи назари масеҳӣ оиди “кифоягии ақл” дар ҳақиқат аз тасаввуроти доктор Панглос дида, мулоҳизакоронатар аст. Ҳоло ҷаҳони мо — ҷаҳони аз ҳама беҳтарин нест, ҳоло дар ин ҷаҳон ҷаҳонест, ки бар он бадбахтии бузург — гунаҳкоршавӣ соя афкандааст. Муаллифоне, ки аз рӯи илҳоми Илоҳӣ менависанд, бовар мекунонанд, ки ҳамаи офаридаҳои Худо аз ин зарбаи сахте, ки ба онҳо ин гунаҳкоршавӣ расонидааст, азоб мекашанд. Онҳо кӯшиш намекунанд, ки дар “ақли кофӣ” фаҳмондадиҳиро ҷустуҷӯ кунанд, онҳо тасдиқ менамоянд, ки “махлуқот на бо ихтиёри худ, балки ба хотири мутеъкунандаи худ мутеи оворагӣ шудааст” (Рум. 8:20). Дар ин ҷо ҳеҷ гуна кӯшиши дар назди одамон ҳақ баровардани роҳҳои Худо нест. Ин танҳо муайянкунии далел мебошад. Вуҷуддории Худо худаш худро муҳофизат менамояд.
Вале дар ҳама ғамҳои мо умедворие ҳаст. Вақте ки соати тантанаи Масеҳ фаро мерасад, ҷаҳони азияткашанда озодии пуршарафи фарзандони Худоро ба даст меорад. Барои одамони офариниши нав асри тиллоӣ дар гузашта набуда, дар оянда аст, ва вақте ки он фаро мерасад, ҷаҳони ҳайроншуда мебинад, ки Худо дар ҳақиқат нисбати мо хирадмандии бузург ва ақли солимро истифода мебарад. Ҳоло бошад, мо танҳо ба Худои хирадманд — ба Наҷоткорамон умед мебандем, ва пуртоқатона онро интизор мешавем, ки кай мунтазам нақшаҳои хайрхоҳонаи Ӯ амалӣ мегарданд.
Ба ашку дард ва марг нигоҳ накарда, мо боварӣ дорем, ки Худое, ки ҳамаи моро офаридааст, бениҳоят хирадманд ва меҳрубон аст. Ба монанди он, ки Иброҳим дар имон қавӣ буд ва Худоро ҳамду сано хонда, пурра боварӣ дошт, ки Он Касе, ки ваъда додаст, ваъдаи худро ба ҷо меорад, ҳатто он вақте ки чунин намояд, ки дигар ягон умедворие намондааст, то он даме, ки нур натобад, мо низ бояд танҳо ба Худои Ягона умед бандем. Мо ба он умед мебандем,
“Исо ба вай гуфт: «Ба хотири он, ки Маро дидаӣ, имон овардӣ; хушо касоне ки надида, имон меоваранд»” (Юҳ. 20:29).
Имон шаҳодат медиҳад, ки дар ин ҷаҳони гунаҳкор шароитҳо ба ҳар навъе, ки набошанд ҳам, корҳои Худо дар хирадмандии комил ба ҷо оварда мешаванд. Таҷассумёбии Писари Абадӣ ба ҷисми инсонӣ яке аз аъмолҳои бузурги Худо буд, ва мо боварӣ дошта метавонем, ки ин аъмоле, ки эҳтироми бузургро бедор месозад, бо чунин комилӣ ба ҷо оварда шудааст, ки он танҳо дар Худои Беохир буда метавонад.
“Ва бечуну чаро бузург аст сирри диндорӣ: Худо дар ҷисм зоҳир шуд” (1 Тим. 3:16).
Кафорати гуноҳҳо ҳамон хел бо маҳорати бенуқсон ба ҷо оварда шуд, ки он ба ҳама аъмолҳои Худо хос аст. Ва бигзор, ки мо дар ҳамаи ин хеле чизҳои камро мефаҳмем, вале мо медонем, ки кори кафоратдиҳандаи Масеҳ ба пуррагӣ Худоро бо одамон оштӣ дод, ва Малакути Осмонро барои тамоми имондорон кушод. Вазифаи мо — на фаҳмонидан, балки шаҳодат додан аст. Ман бисёр мехостам донам, ки оё Худо ба мо ҳамаи он чизеро фаҳмонда метавонист, ки дар салиб чӣ ба амал омада буд. Ба гуфтаи ҳавворӣ Петрус, ҳар қадаре фариштаҳо мехоҳанд, ки ба моҳияти ин сарфаҳм раванд, инро намедонанд.
Таъсири Хушхабар, таваллуди нав, даромадани Рӯҳи Илоҳӣ ба табиати инсонӣ, ғалабаи қатъӣ аз болои бадӣ ва, ниҳоят, барқарорсозии Малакути парҳезкоронаи Масеҳ — ҳамаи ин аз хирадмандии беохиру пурраи Худо бармеомад ва бармеояд. Чашмҳои аз ҳама тезбини мушоҳидачии муқаддасӣ дар байни баракатёфтагони осмон қарор дошта наметавонад, ки ягон нуқсонеро дар он дарёфт намояд, ки чӣ хел Худо ҳамаи инро амалӣ мегардонад, ҳатто хирадмандии ҳамаи малоикаҳо дар якҷоягӣ наметавонанд ба корҳои Худо ягон хел тағйирот дароранд.
“Донистам, ки ҳар он чӣ Худо кардааст, то абад хоҳад монд; чизе бар он илова намудан ва аз он кам кардан мумкин нест; ва Худо чунин кардааст, то ки аз Ӯ битарсанд”. (Воиз 3:14).
Барои мо муҳим аст, ки хирадмандии беинтиҳои Худоро аҳкоми имони худ ҳисоб кунем; вале ин кофӣ нест. Мо бояд бо ёрии имон ва дуо инро ба ҳаёти ҳаррӯзаамон дохил намоем.
Имони фаъол ба он, ки Падари Осмонии мо ҳамеша ба мо шароитҳои мусоидро мефиристад, ки ба манфиати ҳозира ва беҳдошти оянда хизмат менамояд, ба ҷон баракати ҳақиқӣ меорад. Бештари мо каме дуо карда, каме ба нақша гирифта, барои ба даст овардани мақсадҳо маблағҳои зарурӣ дошта, умедворона зиндагӣ мекунем, вале ба ҳеҷ чиз боварӣ надошта, ҳамеша дар дили худ дар хавфи он ҳастем, ки ягон корамон намешавад. Ин аз сарфи ҳақиқати баръабаси ҳалокатовар аст, ва он ҳеҷ гоҳ ба дил оромӣ намеорад.
Роҳи беҳтаре ҳаст. Ин роҳ дар он меанҷомад, ки аз хирадмандии шахсии худ даст кашида, ба ҷои ин хирадмандии беохири Худоро гирем. Хоҳиши донистани он, ки дар оянда чӣ мешавад, пурра табиист, вале ин дар роҳи пешравии рӯҳонии мо монеа мебошад. Худо ӯҳдадории пурраро барои хушбахтии абадии мо ба ӯҳдаи Худ гирифт, ва Ӯ тайёр аст, ки ҳамин ки мо бо имон ба Ӯ рӯ орем, дар ҳаёти мо ҳама корро дуруст кунад. Ана Ӯ чӣ ваъда медиҳад:
“Ва кӯронро бо роҳе ки намедонанд, хоҳам бурд; онҳоро ба тариқҳое ки баллад нестанд, ҳидоят хоҳам намуд; торикиро пеши онҳо ба рӯшноӣ, ва каҷукилебиҳоро ба роҳи рост табдил хоҳам дод. Ин корҳоро Ман барояшон ба ҷо хоҳам овард, ва онҳоро тарк нахоҳам кард” (Иш. 42:16).
Худо ҳамеша моро мӯътақид месозад, ки мо бояд кӯр-кӯрона ба Ӯ бовар кунем.
“Ман пешопеши ту хоҳам рафт ва ноҳамвориҳоро ҳамвор хоҳам кард, дарҳои мисинро пора-пора хоҳам кард ва ғалақаҳои оҳанинро хоҳам шикаст. Ва хазинаҳои зулмот ва ганҷҳои ниҳониро ба ту хоҳам дод, то бидонӣ, ки Ман — Худованде ки туро ба номи ту хондаам, Худои Исроил ҳастам” (Иш. 45:2-3).
Ҳамон лаҳза рӯҳбаланд мешавӣ, вақте мефаҳмӣ, ки Худо дур аз чашмони кунҷкобонаи одамон ва фариштаҳо чӣ қадар корҳои бузургро иҷро кардааст. Ҳангоме, ки Худо осмон ва заминро офарид, дар рӯи варта торикӣ буд. Ҳангоме, ки Писари Абадӣ ҷисм гашт, муддате чанд Ӯ дар торикӣ, дар батни бокира буд. Вақте ки Ӯ барои ҳаёти ин ҷаҳон мурд, ин дар торикӣ рӯй дод ва лаҳзаҳои охирини ҳаёти Ӯро касе надид. Вақте ки Ӯ аз мурдагон эҳё шуд, хеле барвақт, “субҳидам” (Луқ. 24:1) буд. Ҳеҷ кас надид, ки Ӯ чӣ тавр эҳё шуд. Гӯё Худо мегуфт: “Бояд барои шумо танҳо он чиз аҳамият дошта бошад, ки Ман чӣ ҳастам, зеро дар ин умед ва осоиштагии шумост. Ман он чиро мекунам, ки мекунам, ва ин ҳама дар ниҳояти кор маълум мегардад, вале Ман ин корро чӣ тавр мекунам, — ин сирри Ман аст. Ба Ман бовар кунед ва натарсед”.
Агар некии Худо некӯаҳволии бузурги моро хоҳон бошад, агар хирадмандии Худо онро ба нақша гирифта бошад, ки мо ин баракати бузургро чӣ тавр ба даст орем, агар қудрати Худо тавре мекунад, ки мо онро ба даст орем, пас мо дигар чӣ норасоӣ дорем? Бешубҳа, мо — аз ҳама имтиёзноктарин офаридае ҳастем дар байни мавҷудоти офаридашуда.
12
Пурқудратии Худо
Дар рӯъёи худ Юҳанно — муаллифи “Ваҳй” — овози халқҳои бешуморро мисли шувваси обҳои бисёр, мисли гулдурроси раъди пурзӯр, ки дар тамоми Замин шунида мешаванд, шунид ва ин овозҳо, ин ғавғо ҳокимияти олӣ ва пурқудратии Худоро хабар медоданд:
“Ҳалелуёҳ! Зеро ки Худованд ва Худои Қодири Мутлақ бар тахти салтанат нишастааст” (Ваҳй 19:6).
Ҳокимияти олӣ ва муқтадирӣ бояд якҷоя бошанд. Яке бе дигар вуҷуд дошта наметавонанд. Барои он, ки ҳукмронӣ намояд, Худо бояд ҳокимият дошта бошад, вале барои он, ки аз болои ҳама кас ва ҳама чиз хукмронӣ намояд, Ӯ бояд тамоми ҳокимиятро дошта бошад. Тамоми ҳокимиятро доштан — ҳамин аст маънои
Худо дорои он чизест, ки ягон офаридаи Ӯ онро доро нест — ҳокимияти пурраи беохир, муқтадирие, ки мутлақ аст. Мо дар ин бора бо ёрии ваҳйи Илоҳӣ мефаҳмем, вале дар баробари ин, ин хулосаи мантиқӣ аз он аст, ки ба мо аллакай маълум аст. Агар мо онро, ки Худо беохир аст ва Худ ба Худ вуҷуд дорад, ҳамчун як чизи даркорӣ қабул намоем, пас мо фавран мебинем, ки Ӯ бояд пурқудрат ҳам бошад, ва мо дар назди пурқудратии Худо зонӯҳои худро хам менамоем.
“…қувват дар Худост” — мегӯяд муаллифи Таронаҳо (Заб. 61:12), ва ҳавворӣ Павлус иброз медорад, ки худи табиат ба абадӣ будани ҳокимияти Илоҳӣ шаҳодат медиҳад (Рум. 1:20). Инро дониста истода, мо дар бораи пурқудратии Худо ба таври зерин муҳокима мекунем: Худо дорои ҳокимият аст. Азбаски Худо инчунин беохир низ аст, ҳамаи он чӣ, ки Ӯ ҳаст, ҳудуд надорад, бинобар ин Худо дорои ҳокимияти беҳудуд аст. Ӯ муқтадир аст. Боз мо мебинем, ки Худо — Худ ба Худ Офаридгор — сарчашмаи тамоми қудрати амалкунанда ва ҳокимият аст, ва азбаски сарчашма, ақаллан, бояд ба он чизе баробар бошад, ки аз он бармеояд, ин боз як маротиба тасдиқ менамояд, ки Ӯ муқтадир аст.
Худо муқтадириро ба офаридаҳои Худ додааст, вале дар айни ҳол пурқудратии Ӯ ҳатто андаке кам нагардид. Ӯ мебахшад, вале гардонда намедиҳад. Ҳамаи он чизе, ки Ӯ медиҳад дар моликияти Ӯ мемонад ва боз ба Ӯ бармегардад. Ӯ ҳамеша ҳамоне мемонад, ки буд — Худованд Худои Қодири Мутлақ.
Агар Навиштаҳои Муқаддасро бодиққат хонда бароем, пай набурдани фарқияти бузурги байни нуқтаи назари одамони дар Китоби Муқаддас тасвиршуда ва ҳамзамонони мо мумкин нест. Имрӯзҳо мо аз он азоб мекашем, ки фикрронии мо ғайрирӯҳонӣ гаштааст. Дар он ҷое, ки муаллифони Навиштаҳои Муқаддас Худоро медиданд, мо қонунҳои табиатро мебинем. Ҷаҳони муаллифони Навиштаҳои Муқаддас зинда ва шахсӣ буд, ҷаҳони мо бешахс ва мурда аст. Ҷаҳони онҳоро Худо идора мекард, ҷаҳони моро қонунҳои табиат идора менамоянд, ва мо ҳамеша аз Худо дур ҳастем.
Чистанд ин қонунҳои табиат, ки Худоро аз зеҳни миллионҳо одамон танг карда баровардаанд? Калимаи “қонун” ду маъно дорад. Дар яке аз ин маъноҳо ин калима қоидаи зоҳириро мефаҳмонад, ки аз тарафи ҳукмронон барқарор карда шудааст, масалан қонуни ба муқобили дуздӣ ва зӯрӣ равона кардашуда. Ин калима инчунин барои ифода кардани якрангии ҳодисаҳои дар замин ба амал меомада истифода бурда мешавад, вале ин маънии дуюм хато аст. Он чи ки мо дар табиат мебинем, — ин танҳо роҳҳое мебошанд, ки ба воситаи офаридаҳои Худо пурқудратӣ ва хирадмандии Ӯ амал мекунанд. Дар ҳақиати ҳол ин на қонун, балки ҳодисаҳо мебошанд, вале мо онҳоро дар монандӣ ба қонунҳои субъективии ҷамъият “қонунҳо” меномем.
Илм назорат мекунад, ки муқтадирии Худо чӣ тавр амал мекунад, дар он ягон қонуниятро меёбад ва онро “қонун” меномад. Якрангии амали Худо дар он чӣ, ки Ӯ офаридааст, ба олим имкон медиҳад, ки равиши ҳодисаҳои табиатро пешгӯӣ кунад. Дилпурии рафтори Худо дар ҷаҳони Ӯ — асоси ҳақиқати илмӣ мебошад. Олим дар ин кор имони худро ба асос мегирад, ва ба шарофати ин дастовардҳои бузург ва фоидабахш дар чунин ҷанбаҳои ҳаёт, ба монанди киштигардӣ, химия, хоҷагии қишлоқ ва тандурустӣ пайдо мешаванд.
Аз тарафи дигар, дин аз табиат гузашта ба Худо меравад. Онро на пайҳои Худо дар роҳи офаридаҳо, балки Он Касе, ки бо ин роҳҳо меравад, ба шавқ меовард. Дин пеш аз ҳама ба Он Касе шавқ дорад, ки сарчашмаи ҳама чиз, идоракунандаи ҳама ҳодисаҳо мебошад. Дар философия Ӯ бо номҳои гуногун маълум аст, ки аз ҳама тарсовари он, чанде ки ман медонам, аз тарафи Рудолф Отто гуфта шуда буд: “Стресси азим, мутлақ, фаъоли ҳеҷ гоҳ хомӯшнашавандаи ҷаҳонӣ”. Шахси масеҳӣ бо хурсандӣ ба хотир меорад, ки ин “стресси ҷаҳонӣ” боре гуфта буд: “МАН ВОҶИБУЛВУҶУД ҲАСТАМ” (Хур. 3:14) ва бузургтарини устодон ба шогирдони Худ насиҳат карда буд, ки онҳо ба Ӯ ҳамчун ба шахсият рӯ оранд: “Ба онҳо гуфт: «Вақте ки дуо мегӯед, чунин бигӯед: Эй Падари мо, ки дар осмонӣ! Исми Ту муқаддас бод…»” (Луқ. 11:2). Одамони дар Китоби Муқаддас тасвиршуда ҳамеша бо ин шахсияти “азим ва мутлақ” бо забони амиқи шахсӣ сӯҳбат мекарданд ва бо Ӯ пайғамбар ва авлиё аз самимияти наздик ва гарму ҷӯшон, ки қаноатмандии амиқ меорад, дар ваҷд буданд.
Муқтадирӣ на ҷамъи ҳамаи қудрат, балки хусусиятҳои шахсияти Худоро мефаҳмонад, ки мо, масеҳиён, Ӯро Падари Худованди мо Исои Масеҳ ва ҳамаи он касоне меҳисобем, ки “барои ҳаёти ҷовидонӣ ба Ӯ имон” (1 Тим. 1:16) доранд. Барои одаме, ки Худоро эҳтиром мекунад, донистан дар ин бора сарчашмаи ғайриоддии қувва дар ҳаёти ботинии вай мегардад. Имони вай боло меравад ва ҷаҳиши бузургеро барои он мекунад, то бародариро бо Он Касе ба даст орад, ки ҳама кори хостаашро карда метавонад, барои Ӯ чизе душвор ва вазнин нест, зеро Ӯ дорои муқтадирии комил аст.
Азбаски Худованд Худои Қодири Мутлақ тамоми қувваҳои дар ҷаҳон бударо идора мекунад, Ӯ ҳама корро бо як дараҷаи осонӣ метавонад иҷро кунад. Ҳама амалҳои Ӯ бе ягон зӯрзанӣ ба ҷо оварда мешаванд. Ӯ қувваеро сарф намекунад, ки бояд онро пур кунад. Ӯ аз касе вобаста нест, ва бинобар ин ба Ӯ лозим нест қувваеро, ки аз берун мегирад, аз нав барқарор созад. Тамоми қувва барои иҷро кардани он чизе, ки Ӯ мехоҳад, дар пуррагии камнашавандаи ҳастии беохири Ӯ ҳаст.
Шӯбони пресвитерианӣ А. Б. Симпсони солхӯрда, бемор, тамоман рӯҳафтода ва тайёр буд, ки хизматгузории худро партояд. Нохост тасодуфан суруди оддии рӯҳонии ҳабашҳоро шунид:
Маънии ин суханон чун найза дили вайро сӯрох карда ба дилу ҷонаш имон, умед ва ҳаёт овард. Вай ба хилваткадае рафта якчанд моҳ дар танҳоӣ бо Худо монд, аз бемории худ шифо ёфт, ва баъд пур аз хурсандӣ баромада рафт, то ки яке аз ҷамъиятҳои аз ҳама бузургтарини миссионериро дар ҷаҳон таъсис диҳад. Дар давоми сию панҷ соли баъд аз ин вохӯрӣ бо Худо вай ба Масеҳ хизмат карда, корҳои зиёдеро анҷом дод. Имони ӯ ба Худо, ки дорои қудрати беҳудуд буд, ба вай тамоми қувваеро медод, ки барои давом додани кор зарур буд.
13
Транссендентнокии Худо
Вақте ки мо дар бораи Худо ҳамчун дар бораи махлуқе, ки дорои транссендентнокӣ аст, мегӯем, мо албатта онро дар назар дорем, ки Ӯ аз ҳама ҷаҳони офаридаи Худ боло меистад, ончунон баланд, ки ҳатто фикри инсонӣ инро ба худ тасаввур карда наметавонад.
Вале барои он, ки дар ин бора дуруст муҳокима кунем, мо бояд онро дар назар дошта бошем, ки калимаи “баланд” дар ин ҷо на масофаи ҷисмонӣ аз заминро дар назар дорад, балки сифати ҳастиро. Диққати моро на ҷой дар фазо, на баландӣ худ ба худ, балки ҳаёт ҷалб менамояд.
Худо рӯҳ аст ва барои Ӯ бузургӣ ва масофа аҳамият надорад. Барои мо онҳо ба монанди шабоҳат ва тасвирҳо манфиатнок мебошанд, бинобар ин Худо ҳамеша ин фаҳмишҳоро истифода мебарад, то ки он ба фаҳмиши маҳдуди мо дастрас бошанд. Суханони Худо, ки мо дар Китоби пайғамбар Ишаъё мехонем: “Зеро Ӯ, ки Олӣ ва Баланд аст, ва дар Абадият сокин мебошад, ва исмаш Қуддус аст, чунин мегӯяд” (Иш. 57:15), дар бораи баландӣ тасаввуроти аниқ медиҳанд, вале ин барои он аст, ки мо, сокинони ҷаҳони моддӣ, фазо ва вақт ҷидду ҷаҳд менамоем, ки бо дараҷаҳои моддӣ андеша намоем ва фикрҳои мавҳумро танҳо ҳамон вақт фаҳмида метавонем, ки онҳо ин тавр ё ба таври дигар бо ашёҳои моддӣ ҳаммонанд карда мешаванд. Барои озод шудан аз зулми ҷаҳони табиӣ ҷаҳд намуда, дили инсон бояд истифода кардани забони волотареро омӯзад, ки Рӯҳ барои панд додани мо истифода мебарад.
Маҳз Рӯҳ ба ҷисм аҳамиятнокӣ медиҳад, ва дар ниҳояти кор бе Рӯҳ чизе ҳеҷ гуна арзиш надорад. Аз гурӯҳи одамони ба тамошои зебоиҳои кӯҳ омада, духтарчаи хурде ҷудо шуд ва дар яке аз кӯҳҳо гум шуд. Дар ҳамин ҷо рӯҳияи зеҳнии ин одамон тағйир ёфт. Ҷои хурсандии ба ваҷд омадан аз зебоиҳои табиатро рӯҳафтодагӣ ва тарс барои кӯдаки гумшуда фаро гирифт. Одамон ба тамоми нишебиҳои кӯҳ пароканда шуда бо изтироб номи кӯдакро гирифта ҷеғ мезананд ва бодиққат ҳар як гӯшаи хилватро, ки дар он ҷо кӯдак метавонад пинҳон шавад, аз назар мегузаронанд.
Ин тағйироти ногаҳонӣ барои чӣ ба амал омад? Кӯҳи бо дарахтони сарсабз пӯшидашуда чун пештара бо зебоиҳои мафтункунанда то худи абрҳо қад кашидааст, вале ин зебоиро аллакай касе пай намебарад. Тамоми диққат ба ҷустуҷӯи дуртарчаи хурди фатиламӯй, ки дусола ҳам нест ва ҳамагӣ камтар аз сӣ фунт вазн дорад, кашида шудааст. Ҳарчанд вай тамоман кам зиндагӣ кардааст, ва ҳарчанд вай ин қадар хурд аст, барои волидон ва дӯстони онҳо вай қиматтар аз кӯҳи азиму қадима аст, ки онҳо ҳамагӣ якчанд лаҳза пештар аз зебоиҳои он ба ваҷд меомаданд. Ва ин нуқтаи назарро тамоми ҷаҳони мутаррақӣ дастгирӣ менамояд, зеро духтарчаи хурд метавонад дӯст дорад, хандад, гап занад ва дуо кунад, вале кӯҳ наметавонад. Сифати ҳастии кӯдак арзиши вайро муайян мекунад.
Ва ҳар чӣ ҳам набошад, мо набояд ҳастии Худоро бо ягон чизи дигар, ба монанди он, ки худи ҳозир кӯдакро бо кӯҳ муқоиса намудем, монанд кунем. Мо набояд дар бораи Худо ҳамчун мавҷудоти олии шаҷараи болоравандаи махлуқот, ки аз якҳуҷайрагиҳо сар карда, аз моҳӣ ба паррандаҳо, баъд аз он ба ширхӯрон ва баъд ба одаму баъдтар ба фариштаву малоикҳо табдил ёфта, дар ниҳоят Худо мегардад, андеша кунем. Ин маънои онро медошт, ки мо ба Худо мавқеи аз ҳама баландро медиҳем, вале ин кофӣ нест: мо бояд
Хомӯшӣ ва қуввае, ки гуфтани суханро маҷбур месозад, ҳамеша бо якдигар дар дили одаме, ки дар бораи Худо гуфтан мехоҳад, мубориза мебаранд.
Вале мо медонем, ва ин ба мо тасаллӣ мебахшад, ки Худо ба дилҳои мо хоҳиши ҷустуҷӯ кардани Ӯро медиҳад, ва имкон медиҳад, ки ба андозае Ӯро бидонем ва Ӯ ҳатто аз камтарин ҷидду ҷаҳди мо дар роҳи дарки Худо шод мегардад.
Агар нохост ягон авлиё, ки ҳаёти худро аз ин ҷаҳон дур дар муошират бо Худо гузаронидааст, ба назди одамоне бармегашт, ки дар ташвишҳо ғӯтидаанд, сафсаттаҳои беохири онҳо барои вай ғалатӣ ва бемаъно менамуданд. Суханони забонзадаву бефоидаи онҳо, ки ҳар ҳафта дар мавъизаҳо шунидан мумкин аст, барои вай ғалатӣ ва бемаъно менамуданд. Ва агар ин авлиё сухан гӯяд, албатта дар бораи Худо мегӯяд. Магар Ӯ шунавандагони худро бо тавсифи пурваҷди Илоҳият мафтун сохта, ба худ ҷалб намесозад? Ва ба ӯ гӯш дода, оё мо розӣ мешавем, ки минбаъд ба ягон чизи аз ин камтар гӯш диҳем? Мо, албатта, аз он касоне, ки ба худ имкон медиҳанд ба мо таълим диҳанд, талаб менамоем, ки онҳо бо мо аз баландии рӯъёи Илоҳӣ сухан кунанд, ё умуман хомӯш истанд!
Муаллифи Тарона равоншиносии гуноҳро кушода, ба мо гуфта буд: “Тарси Худо дар пеши чашми вай нест” (Заб. 35:2). Вақте ки одамон аз Худо наметарсанд, онҳо накалавида, аҳкомҳои Ӯро вайрон мекунанд. Вақте ки тарс аз Худо набошад, тарси оқибатҳо касро ба таҳлука намеорад.
Дар замонҳои қадим дар бораи одамони имондор мегуфтанд, ки онҳо “дар тарси Худо зиндагӣ мекунанд” ва “бо тарс ба Худованд хизмат мекунанд”. Муоширати одам бо Худо ҳар қадар наздик ва дуоҳои ӯ ҳар кадар боҷасорат набошад ҳам, дар асоси ҳаёти динии ӯ тасаввурот дар бораи Худо ҳамчун Мавҷудоте, ки ҳисси тарс ва эҳтироми зиёдро ба миён меорад, меистад. Ақида дар бораи Худое, ки аз ҳама болотар аст, аз мағзи тамоми Китоби Муқаддас мегузарад. Ин тарс дар назди Худо аз фаҳмиши табиии хатар дида, бештар буд: ин тарси аз ақл берун, дарки сахти нокомилии худ дар ҳузури Худои Пурқудрат буд.
Ҳар боре, ки дар замонаҳои каломӣ Худо ба одамон зоҳир мегашт, онҳо худи ҳамон як ҳиссиётро аз сар мегузаронданд: эҳсосоти ҷонро пуркунандаи тарс ва изтироб, ҳисси азиятдиҳандаи гуноҳ ва гуноҳкорӣ. Ҳангоме ки Худо ба сухан даромад, Иброҳим ба замин афтод ва ба Ӯ гӯш дод. Вақте ки Мусо Худовандро дар хорбуттаи сӯзон дид, вай аз тарс рӯи худро пӯшонд ва ҷуръат накард, ки ба Худо нигоҳ кунад. Ҳангоме ки Худо дар рӯъё ба пайғамбар Ишаъё зоҳир шуд, ин вайро маҷбур сохт, ки фарёд занад: “Вой бар ман!” ва эътироф намояд: “Тамом шудам! Зеро ки ман шахси ҳаромлаб ҳастам…” (Иш. 6:5).
Эҳтимол вохӯрии аз ҳама даҳшатовар ва аз ҳама ғалатӣ вохӯрии Худо бо пайғамбар Дониёл бошад. Пайғамбар чашмонашро боло бардошт ва Он Касеро дид, ки бадани Ӯ “…мисли забарҷад буд ва чеҳрааш мисли барқи дурахшон, ва чашмонаш мисли машъалҳои сӯзон, ва дасту пойҳояш монанди миси сайқалдор, ва садои гуфтораш мисли ғулғулаи селоб”. “Ва танҳо ман, Дониёл, ин рӯъёро дидам, — баъдтар навишта буд вай — ва касоне ки бо ман буданд, ин рӯъёро надиданд, аммо ларзаи азиме онҳоро фаро гирифт, ва онҳо гурехтанд, то ки пинҳон шаванд. Ва ман танҳо мондам, ва ин рӯъёи бузургро медидам, вале маҷолам намонд, ва ранги рӯям канда, дигаргун шуд, ва ман тамоман бекувват гаштам. Ва садои гуфторашро шунидам; ва чун садои гуфторашро шунидам, ман дар ҳолати мадҳушӣ рӯйнокӣ афтода, рӯй ба замин афтодам” (Дон. 10:6-9).
Таҷрибаи ин одамон нишон медиҳад, ки дарки бартарии Илоҳӣ ҳамаи мухолифатҳои байни Худо ва одамро зуд ҳал мекунад. Хоҳиши бо Худо мубориза бурдан одамро тарк менамояд ва ӯ аллакай тайёр аст монанди Павлуси мағлубшуда, фурӯтанона пурсад: “Худовандо! Чӣ амр мефармоӣ, то ба ҷо оварам?” (Аъм. 9:6). Ва баръакс, худбоварии масеҳиёни муосир, сабукфикрие, ки дар асоси ин қадар ҷамъомадҳои бисёри динии мо меистад, беҳурматии моту мабҳуткунандае, ки нисбати шахсияти Худо зоҳир месозанд, ба қадри кифоя дар бораи кӯрии дил шаҳодат медиҳанд. Бисёриҳо худро пайравони Масеҳ меноманд, дар бораи Худо бисёр гап мезананд ва ҳатто гоҳо бо номи Ӯ дуо мекунанд, вале эҳтимол намедонанд, ки Ӯ Кист. “Худотарсӣ чашмаи ҳаёт аст…” (Мас. 14:27), вале ин тарси шифобахш гумон аст, ки имрӯзҳо дар масеҳиён ёфт шавад.
Боре дар гуфтугӯ бо дӯсти худ Эккерман шоир Гёте ба мавзӯи дин дахл кард ва дар бораи нодуруст истифода бурдани номи Илоҳӣ гап зад. “Одамон бо Ӯ тавре рӯ меоранд, ки — гуфт вай, — гӯё ин Мавҷудоти дастнорас ва олӣ, ки ҳатто берун аз ақл мебошад, ҳамагӣ ба онҳо баробар бошад. Набошад, онҳо намегуфтанд “Худоё Худовандо, Худои азиз, Худои меҳрубон”. Ин ибораҳо барои онҳо, махсусан барои рӯҳониён, ки ҳар рӯз такрор кардани онро бас намекунанд, ибораи оддие мегарданд, ки ҳеҷ гуна аҳамият надошта, бо ягон фикр мувофиқат намекунад. Агар онҳо дар зери таъсири таассурот аз бузургии Ӯ мебуданд, онҳо аз ҳисси эҳтиром хоҳиши ном гирифтани Ӯро накарда, хомӯш мемонданд.”
14
Ломаконии Худо
Калимаи
Дар Навиштаҳои Муқаддас чунин ҳақиқатҳое кам вомехӯранд, ки чун таълимоти ломаконии Илоҳӣ фаҳмотар бошанд. Гуфтаҳои Навиштаҳои Муқаддас, ки дар онҳо ин ҳақиқат тасдиқ карда мешавад, ба андозае саҳеҳанд, ки ҷидду ҷаҳди зиёде даркор аст, то онҳо нодуруст фаҳмида шаванд. Дар он гуфта мешавад, ки Худо ҳамеша дар офаридаҳои худ ҳузур дорад ва на дар осмон, ва на дар замин, ва на дар дӯзах ҷое вуҷуд надорад, ки одам тавонад аз назари Худо пинҳон шавад. Навиштаҳои Муқаддас таълим медиҳанд, ки Худо дар як вақт ҳам дуру ҳам наздик ва ҳам дар паҳлӯ мебошад, ва дар Ӯ одамон ҳам ҳаракат мекунанд, ва ҳам зиндагӣ мекунанд, ва ҳам арзи вуҷуд доранд. Ин сатрҳо моро маҷбур месозанд, ки ломаконии Худоро эътироф намоем ва онҳо дигар ҳақиқатҳоро дар бораи Худо мефаҳмонанд.
Масалан, дар Навиштаҳои Муқаддас гуфта мешавад, ки Худо беохир аст. Ин маънои онро дорад, ки вуҷуддории Ӯ ҳудуд надорад. Аз ин рӯ ҳузур доштани Ӯ низ беҳудуд аст; Ӯ ломакон аст. Дар беҳудудии Худ Ӯ офаридаҳои маҳдуди Худро иҳота намуда, онҳоро дар Худ нигоҳ медорад. Ягон ҷое вуҷуд надорад, ки ягон чиз бе ҳузури Ӯ вуҷуд дошта бошад. Худо — ин муҳити зиндагонии мо, чун баҳр барои моҳиҳо ва осмон барои паррандаҳо мебошад. Гилдеберт Лавардинский навишта буд: “Худо — дар болои ҳама чиз — дар зери ҳама чиз, берун аз ҳудуди ҳама чиз, дар дохили ҳама чиз буда, вале дар таркиби он намебошад, дар берун, вале бо истисно; дар боло, вале баланд бардоштанашуда, дар зер, вале паст зада нашуда; ба пуррагӣ дар боло дар сарварӣ; ба пуррагӣ дар зер бо дастгирӣ; ва пур сохта ба пуррагӣ дар дохил мебошад.”
Имон ба он, ки Худо дар ҷаҳони Худ вуҷуд дорад, дар ҷудоӣ вуҷуд дошта наметавонад. Он дар бисёр соҳаҳои фикрҳои илоҳиётшиносӣ истифодаи амалии худро дошта ба баъзе масъалаҳои динӣ мустақилона таъсир мерасонад, масалан, ба масъалаи табиати ҷаҳон. Қариб ки мутафаккирони ҳама давру замон ва ҳар як тамаддун аз болои он масъала андеша доранд, ки ин ҷаҳон чист. Оё ин ҷаҳон ҷаҳони материалӣ аст, ки худ ба худ вуҷуд дорад, ё ҷаҳони рӯҳонӣ аст, ки бо қувваҳои ноайён ба ҳаракат дароварда мешавад? Оё ҷавоби ин саволро аз дохили худи ин системае, ки ҳама чиз бо ҳам алоқаманданд, ёфтан мумкин аст, ё ин ки сирри он дар зери пардаи асрор ниҳон аст? Оё дар ҳақиқат ин сели вуҷуддорӣ худ ба худ вуҷуд дошта ба охир мерасад ё…? Ё сарчашмаи он аз теппаҳо баландтар ё аз теппаҳо ҳам дуртар ҷойгир аст?
Фақеҳияти масеҳӣ тасдиқ менамояд, ки ҷавоби ин саволро медонад. Он ба муҳокимаронӣ дода намешавад ва ақидаи шахсиро намегӯяд ва барои эътиборнокӣ чунин суханонро пешкаш менамояд: “Худованд, чунин мегӯяд”. Он бо боварӣ онро исрор менамояд, ки ҷаҳон рӯҳонист ва он аз Рӯҳ ба вуҷуд омада аз Ӯ ибтидо мегирад ва он рӯҳонӣ буда, аз Рӯҳ ҷудо маъное надорад.
Таълимот дар бораи ломаконии Худо муносибатҳои байни одаму Ҷаҳонро таҷассум менамояд. Ин ҳақиқати бузургу асосӣ ба ҳамаи дигар ҳақиқатҳо маъно бахшида, ба ҳаёти кӯтоҳи одам арзиши баланд медиҳад. Худо дар ин ҷо дар паҳлӯи одам ҳузур дорад. Ӯ дуртар аз одам қарор дошта, ба пуррагӣ одамро мебинад ва медонад. Имон аз ҳамин сар мезанад ва оҳиста-оҳиста он метавонад ҳазорҳо ҳақиқатҳои мӯъҷизаоварро дар бар бигирад ва ҳамаи ин ҳақиқатҳо ба он ҳақиқати ягона рафта мерасанд, ки чунин садо медиҳад:
Аҳди Ҷадид таълим медиҳад, ки Худо ҷаҳонро ба воситаи
Кашиши католикҳо У.Ҷ. Холмс аз Ҳиндустон дар бораи он нақл намуд, ки чӣ тавр ҳиндуён ибодат мекунанд; онҳо дарахтону сангҳоро тақ-тақ зада, саҷдакунон ба Худо пичиррос мезананд: “Ту дар ин ҷоӣ? Ту дар ин ҷоӣ?”, ва умедвори онанд, ки Худо дар дохили ин дарахтон ва сангҳо мебошад. Масеҳии соҳибмаърифат бо оромии пурра ба ин савол ҷавоб медиҳад. Худо дар ҳақиқат ҳамон ҷост. Ӯ дар он ҷо, ва дар ин ҷо, ва дар ҳама ҷо, на танҳо дар дарахтону сангҳо, балки дар фазои Ҷаҳон, ба ҳама чӣ наздик, дар паҳлӯи ҳама чиз, ва ба шарофати Исои Масеҳ дар дилхоҳ лаҳза барои ҳар дили дӯстдоранда дастрас мебошад. Таълимот дар бораи ломаконии Худо ба таври абадӣ ин масъаларо ҳал менамояд.
Барои масеҳии мӯътақид ин ҳақиқат — сарчашмаи тасаллои бузург ва боварии комил мебошад, ки аз ягон шароитҳои ҳаёт вобаста нест. Барои вай “ҳузури амалии Худо” на дар он аст, ки фикран объекти тасаввурнашавандаро аз доираи зеҳни шахсӣ гузаронида, баъд усулҳои амалӣ гардонидани ҳузури онро ҷустуҷӯ намояд, балки дар он аст, ки ҳузури ҳақиқии он Касеро дарк намояд, ки мувофиқи дилхоҳ таълимоти фақеҳӣ аллакай дар ин ҷост, ва новобаста аз он, ки мавҷудияти Ӯро офаридаҳои Ӯ эътироф менамоянд ё не, ба таври объективӣ вуҷуд дорад. Натиҷаи ин ҳақиқат таҷрибае мебошад, ки ба одам на дар рӯъё, балки дар асл дода мешавад.
Боварӣ ба он, ки Худо ҳамеша дар паҳлӯи мост, Ӯ ҳамеша дар ҳамаи ҷузъҳои ҷаҳони Худ ҳузур дорад, он ки Ӯ аз фикрҳои мо дида, ба мо наздиктар аст, метавонад моро дар ҳолати хушбахтии баланди ахлоқӣ нигоҳ дорад. Вале на ҳамеша. Бевиҷдонӣ мешуд, ки ба ҳар як имондор хурсандии доимиро ваъда менамудем ва интизор шудани он аз ҳақиқат дур мебуд. Ба монанди он, ки гоҳо кӯдак дар рӯи дастони модар аз дард гиря мекунад, масеҳӣ ҳам метавонад онро дарк карда, ки дар ҳузури Худо мебошад, гоҳо азоб кашад. Ҳавворӣ Павлус ҳарчанде, ки гуфта буд: “Мо ҳамеша шодӣ мекунем” (2 Қӯр. 6:10), онро эътироф мекард, ки гоҳо ӯ ғамгин буд; ва Масеҳ, ҳарчанде ки “оғӯши Падарро” тарк накарда буд, баҳри мо ашкҳои зиёде рехтааст.
Вале ҳамааш хуб мешавад. Дар ин ҷаҳоне, ки ба монанди ҷаҳони мост, ин ашкҳо хусусиятҳои шифобахшро доранд. Марҳами шифобахше, ки аз ҷилдҳои моро аз ҳузури Худо нигоҳдоранда тайёр карда мешавад, дардҳои моро то он замоне, ки шифонопазир мегарданд, шифо мебахшад. Донистани он, ки мо ҳеҷ гоҳ танҳо намемонем, баҳри пурталотуми ҳаёти моро ором сохта, ба дили мо осоиштагӣ меорад.
Ҳам Навиштаҳои Муқаддас ва ҳам хурофот ба мо мегӯяд, ки Худо дар назди мост. Танҳо моро лозим аст, ки фаҳмидани онро бо ёрии таҷрибаи бошуурона ёд гирем. Ҷумлае, ки аз мактуби доктор Аллен Флис гирифта шудааст, шаҳодати бисёр касонро мухтасар месозад: “Донистан, ки Худо ин ҷо ҳузур дорад, - ин баракат аст, вале
15
Садоқати Худо
Чӣ хеле, ки аллакай гуфта шуда буд, хусусиятҳои Худо — ин хусусиятҳои алоҳидаи хислати Ӯ набуда, балки паҳлӯҳои моҳияти ягонаи Ӯ мебошад. Ин чизе дар худ нест, аниқтараш, ин фикрҳое мебошанд, ки бо ёрии он дар бораи Худо фикр мекунем, ҷанбаҳои комили он номгӯҳое мебошанд, ки мо ҳамчун ҳақиқат дар бораи Ӯ медонем.
Барои он, ки хусусиятҳои Худоро дуруст бифаҳмем, моро зарур аст, ки онҳоро чун як чизи том бубинем. Мо метавонем дар бораи ҳар як хусусияти Худо дар алоҳидагӣ фикр намоем, вале онҳоро аз якдигар ҷудо кардан мумкин нест. “Ҳамаи хусусиятҳои ба Худо нисбатдодашаванда бинобар сабаби соддагии комили Худо дар ҳақиқат наметавонанд аз якдигар фарқ кунанд, гарчанде дар бораи Худо гуфта истода, мо онҳоро бо таври гуногун тавсиф дода, барои ин суханони гуногунро истифода мебарем, — мегӯяд Николай Кузанский. — Аз ин рӯ, гарчанде ки мо қувваи босира, шунавоӣ, зоиқа, шомма, ломиса, дарккунӣ, фаросат, ақл ва ғайраро ба Худо нисбат диҳем, вобаста аз маънои гуногуни ҳар як калима, дар Ӯ босира аз шунавоӣ, ё зоиқа, ё шомма, ё ломиса, ё фаҳмидан ҳеҷ фарқ намекунад. Аз ин рӯ мегӯянд, ки тамоми фақеҳият аз рӯи доира ҳаракат менамояд, чунки дилхоҳ хусусиятҳои Ӯ аз тарафи дигараш тасдиқ карда мешавад.”
Ҳангоми омӯзиши ягон хусусиятҳои Худо ба зудӣ ошкор мегардад, ки моҳиятан ҳамаи хусусиятҳои Ӯ — як чизи бутун мебошанд. Масалан, агар Худо Худ ба Худ вуҷуд дошта бошад, пас Ӯ новобаста аст; агар Ӯ беохир буда дорои қудрат бошад, пас ин бояд пурқудратӣ бошад. Агар Ӯ дорои дониш бошад, дар он вақт беохирии Ӯ моро мӯътақид мегардонад, ки Ӯ дорои ҳама донишҳо мебошад. Айнан ба монанди ҳамин тағйирнопазирии Ӯ фарзи садоқати Ӯ мебошад. Агар Ӯ тағйир наёбад, аз ин бармеояд, ки Ӯ наметавонад бевафо бошад, зеро барои ин Ӯро лозим меомад, ки тағйир ёбад. Дилхоҳ камбудӣ дар хислати Худо нишонаи нокомилӣ мебуд ва азбаски Худо комил аст, чунин буданаш ҳеҷ мумкин нест. Бинобар ин хусусиятҳо якдигарро мефаҳманд ва исбот менамоянд, ки онҳо фақат инъикоси мутлақи ақли комили Худо мебошад.
Ҳар амалеро ки Худо ба ҷо меорад, дар мувофиқати пурра бо ҳама хусусиятҳои Ӯ мебошанд. Ҳеҷ кадоме аз ин хусусиятҳо мухолифи якдигар намебошанд, ва онҳо дар ҳамоҳангӣ бо ҳам ҷӯр шуда, дар вартаи беохири Илоҳият бо ҳам пайванд мегарданд. Ҳар он кореро, ки Худо мекунад, бо он мувофиқат мекунад, ки Ӯ ҳамон аст, ва дар Ӯ вуҷуддориву аъмол — ҳамон як чиз аст. Аксар вақт Худоро тасвир карда, кӯшиш мекунанд адолати Ӯро аз меҳрубониаш ҷудо созанд, ки ин пурра бар хилофи далелҳо мебошад. Дар бораи Худо ҳамчун дар бораи мавҷудоте фикр кардан, ки аввал ба як хусусият ва баъд ба хусусияти дигараш майл мекунад — ин маънои онро дорад, ки Худоро ба Худ боварӣ надошта, беқудрат ва рӯҳан ноустувор фикр кунем, ва дар ин вақт ин аллакай Худои ҳақиқӣ набуда, фақат акси ночизи Ӯ мебуд.
Ҳамон Кас буда, Худо наметавонад Ҳамон Кас буданро бас кунад, ва бинобар ин Ӯ наметавонад чуноне амал намояд, ки ба хислати Ӯ мухолифат намояд. Ӯ дар як вақт содиқ ва бетағйир аст, аз ин рӯ суханон ва аъмоли Ӯ бояд чунин бошанд ва бояд содиқ бимонанд. Одамон аз таъсири қувваҳои беруна ё ба хоҳишҳо, ба тарсҳо ва заифиҳо роҳ дода метавонанд, ки бевафоӣ кунанд. Равшан аст, ки ҳеҷ кадоме аз ин омилҳо наметавонанд ба Худо таъсир расонанд. Ӯ Худ сабаби шахсии Худ мебошад, ки Ӯ чӣ мебошад ва чӣ мекунад. Шароитҳои беруна наметавонанд Ӯро ба ягон кор маҷбур созанд. Ӯ ҳамеша аз рӯи иродаи ягонаи Худ, чӣ тавре ки лозим медонад, мегӯяд ва амал мекунад.
Ман фикр мекунам, он чиро исбот намудан мумкин мебуд, ки қариб ҳамаи бидъатҳое, ки Калисо дар давоми ҳамаи солҳои вуҷуддориаш аз он азоб мекашад, натиҷаи тасаввуроти нодуруст дар бораи Худо ё ҷидду ҷаҳди бештар аҳамият додан ба ягон чизи дуруст, ва дар баробари ин рӯйпӯш намудани ягон чизи дурусти дигар мебошад. Муболиға намудани як хусусият ва ба пуррагӣ сарфи назар кардани дигараш — ин рост ба яке аз ботлоқҳои тираву торики фақеҳият рафтан аст; ва ҳар чӣ ҳам набошад, мо ҳамеша ба васвасаи чунин корро кардан гирифтор мешавем.
Масалан, Китоби Муқаддас таълим медиҳад, ки Худо муҳаббат аст. Баъзе одамон ба андозае ба он аҳамият медиҳанд, ки ба пуррагӣ адолати Ӯро инкор менамоянд, ки зимнан, дар Китоби Муқаддас дар бораи он гуфта мешавад. Дигарон ба таълимоти каломӣ оиди некӯии Худо такя мекунанд, ки ин ба муқаддасии Худо мухолифат менамояд. Ё ин ки онҳо ҳамдардии Ӯро маҷбур месозанд, ки ҳақиқатҳои Ӯро бекор созад. Ва боз баъзеҳо ҳокимияти олии Худоро чуноне мефаҳманд, ки ба пуррагӣ ё ҳеҷ набошад, қадре некӯӣ ва муҳаббати Ӯро камтар месозад.
Агар мо ҷуръат намуда ба ҳар он чизе, ки Худо дар бораи Худ гуфтааст бовар намоем, метавонем ҳақиқатро дуруст бифаҳмем. Вақте одам кӯшиш мекунад, ки Худоро аз он хусусиятҳое маҳрум созад, ки аз рӯи нофаҳмиҳои худ ба он нигоҳ накарда, ки онҳо дар рӯъёи Худо зоҳир гардидаанд, қабул карда наметавонад, масъулияти ҷиддиеро ба зимаи худ мегирад. Агар касе аз мо густохӣ намуда чунин корро бикунем, дар зулмот мемонем. Чунин корро кардан беҳуда аст. Моро лозим нест аз он ҳақиқате битарсем, ки ҳамон хел тасвир карда шудааст. Байни хусусиятҳои Худо мухолифат нест. Мавҷудоти Худо Ягона аст. Ӯ наметавонад ба қисмҳо ҷудо шавад ва дар як давраи муайян аз як хусусияти Худ ба дигараш гузашта, дигар хусусиятҳои Худро дар бефаъолиятӣ монда амал намояд. Худо ҳар он чизе, ки ҳаст, бояд ба он коре, ки мекунад, мувофиқат намояд. Дар дилсӯзӣ бояд адолат ҳузур дошта бошад ва дар маҳкумкунӣ — муҳаббат. Ҳамаи хусусиятҳои Худо бояд дар якҷоягӣ амал намоянд.
Садоқати Худо — ин яке аз омилҳои ибтидоии муқаррарии фақеҳияти масеҳӣ мебошад, ва барои одами имондоре, ки ин хусусияти Худоро дарк кардааст, садоқат ғизо барои ҷон мебошад. Зеро навиштаҳои Муқаддас на танҳо ҳақиқатҳоро таълим медиҳад, балки он ба инсоният нишон медиҳад, ки чӣ хел ин ҳақиқатҳоро истифода барад. Муаллифони Навиштаҳои Муқаддас, ки аз Худо илҳом гирифта буданд, ба мисли мо одамоне буданд, ки шавқу рағбат дошта бо ҳаёти муқаррарӣ зиндагӣ мекарданд. Ҳар он чизе, ки онҳо дар бораи Худо фаҳмиданд, барои онҳо шамшер, сипар ва путк гардид; ин барои онҳо асоси зиндагӣ, умедвории нек ва интизории самимӣ гардид. Аз омилҳои воқеии фақеҳият қалбҳои онҳо хулосаҳои зиёди хурсандона баровардаанд ва ҳазорон маротиба онҳоро нисбати худ истифода бурдаанд! Дар Китоби Забур суханони хурсандонаи миннатдорӣ ба Худо барои садоқаташ оварда шудаанд. Аҳди Ҷадид ин мавзӯъро тақвият дода, садоқати байни Падар-Худо ва Писари Ӯ Исои Масеҳро ситоиш мекунад, ки дар назди Понтии Пилотус дар бораи имони нек шаҳодат дода буд; ва дар Ваҳй бошад, мо Масеҳро савори аспи сафед мебинем, ки тантана мекунад, ва дар он ҷо Ӯ Вафодор ва Ҳақиқӣ номида мешавад.
Дар сурудсароиҳои масеҳӣ инчунин хусусиятҳои Худо васф карда мешавад ва дар байни онҳо — садоқати Худо низ мебошад. Ин хусусиятҳо сарчашмае гардидаанд, ки аз он дарёи мусиқиҳои хуш ҷорӣ мешаванд. Масалан, дар маҷмӯи сурудномаи соли 1949 нашр шуда сурудҳо ном надоранд, дар болои ҳар суруд — фақат як сатр навишта шудааст, ки бо курсив ишора шудааст: “
Тамоми умедвориҳои мо ба баракатҳои оянда дар садоқати Худо асос меёбад. Танҳо барои он, ки Ӯ вафодор аст, аҳди Ӯ нигоҳ дошта мешавад ва ваъдаҳои Ӯ ба ҷо меоянд. Танҳо барои он, ки мо аниқ медонем, ки Ӯ вафодор аст, метавонем оромона зиндагӣ кунем ва ҳаёти ояндаро интизор шавем.
Ҳар як одам метавонад эҳтиёҷотҳои худро ба ҳисоб гирифта, ин ҳақиқатро дар худ истифода барад. Ҳар як дили васвасашаванда, беором, тарсу, афсурдаҳол онро дониста, ки Падари Осмонии мо ба мо вафодор аст, умедвории нав ва табъи болидаро ба даст меорад. Ӯ ҳамеша ба аҳди додаи Худ содиқ аст. Риёзаткашони зери бори мусибатҳо монда, фарзандони Аҳд, метавонанд ба он боварӣ дошта бошанд, ки Ӯ ҳеҷ гоҳ онҳоро аз муҳаббат ва некӯии Худ маҳрум намесозад ва Ӯ ҳеҷ гоҳ ба онҳо бевафоӣ намекунад.
16
Некӯии Худо
Калимаи
Вақте фақеҳияти масеҳӣ мегӯяд, ки Худо некӯ аст, чизеро дар назар дорад, ки болотар аз он аст, ки Ӯ порсо ва муқаддас аст. Муқаддасии Худо дар осмонҳо баланд ҷалол дода мешавад ва акси садои ин ҷалолдиҳӣ — овози муқаддасон ва хирадмандон дар рӯи замин мебошад, ки ҳар гоҳи Худо Худро ба одамон зоҳир сохтан, садо медиҳад; вале мо ҳоло на муқаддасии Ӯро, балки некӯии Ӯро дида мебароем, ки ин тамоман чизи дигар аст.
Некӯии Худо — ин он чизест, ки Ӯро ба он моил мегардонад, ки нисбати одамон меҳрубон, боилтифот, хайрхоҳ ва некирода бошад. Дили Ӯ меҳрубонӣ ва ҳамдардии зиндаро паҳн намуда, муносибати Ӯ ба ҳама мавҷудотҳои ахлоқӣ ошкоро самимонаю дӯстона мемонад. Аз рӯи табиати Худ Ӯ моил ба он аст, ки ба одамон саодатмандӣ бидиҳад, ва Ӯ аз хушбахтии халқи Худ қаноатмандии бузург мегирад.
Дар ҳар саҳифаи Китоби Муқаддас мустақиман ё ғайримустақим дар бораи он гуфта мешавад, ки Худо нек аст ва лозим аст, ки инро ҳамчун тахти ноҷунбони Худо, қисми таркибии имон қабул намоем. Ин санги асос барои ҳар гуна фикрҳои солим дар бораи Худо ва шарти зарурии солимии ахлоқ мебошад. Фарзи он, ки Худо номеҳрубон буда метавонад — ин маънои онро дорад, ки моҳияти ҳама гуна фикрҳоро инкор намоем ва, дар ниҳоят, инкор кардани ҳама гуна муҳокимарониҳои ахлоқӣ мебошад. Агар Худо номеҳрубон бошад, он гоҳ фарқ байни некӯӣ ва сангдилӣ нест, ва осмонҳо метавонад дӯзах бошад ва дӯзах осмонҳо.
Некӯии Худо — ин дастгоҳест, ки ҳамаи он баракатҳоеро, ки Ӯ ҳар рӯз ба мо мефиристад, ба ҳаракат медарорад. Худо моро барои он офарид, ки Ӯ дар дили Худ меҳрубон аст, ва аз ҳамон сабаб Ӯ гуноҳҳои моро кафорат дод.
Юлиана Норвичская, ки шашсад сол пеш аз ин зиста буд, ба таври возеҳ дидааст, ки асоси ҳама саодатмандӣ— некӯии Худо мебошад. Боби шашуми китобчаи беандоза хубу таъсирбахши вай бо номи
Некӯии Худо чун яке аз хусусиятҳои Худо ба ғайр аз Худи Худо сабаби дигаре надорад, он беохир, комил ва абадист. Азбаски Худо тағйирнопазир аст, Ӯ ҳеҷ гоҳ дараҷаи муҳаббат ва некӯии Худро тағйир намедиҳад. Ӯ ҳеҷ гоҳ аз ҳозира дида некӯ, ва ё ҳеҷ гоҳ аз ҳозира дида, камтар меҳрубон нахоҳад буд. Ӯ ба шахсиятҳои алоҳида эҳтироми махсус зоҳир намесозад, ва Ӯ маҷбур месозад, ки офтоб ба золимон ва накӯён равшанӣ бубахшад ва боронро ба сари одилон ва золимон меборонад. Сабаби некӯии Ӯ - дар худи Ӯст; ҳар он касоне, ки некӯии Ӯро соҳиб мегарданд, новобаста аз он, ки онҳо Худоро барои некӯномӣ чӣ тавр қадр менамоянд, сазовори эҳсони Ӯ мегарданд.
Фаросат ба ин розӣ мешавад, инчунин хирадмандии ахлоқӣ низ эътироф менамояд, ки ҳатто агар рафтори инсонӣ аз ҳама беҳтару бенуқсон бошад ҳам, гап дар сари он нест. Дар асоси интизориҳои мо ҳамеша накӯии Худо меистад. Тавба, гарчанде ки ҳатмист, ба ҳисоби хизматҳои одам дохил карда намешавад, он танҳо шарти қабули тӯҳфаи меҳрубононаи бахшиш мебошад, ки Худо аз рӯи накӯии Худ медиҳад. Дуо хизмати шоён ба шумор намеравад. Он Худоро ба ҳеҷ чиз вазифадор намекунад ва Ӯро дар назди касе қарздор намегардонад. Ӯ на аз дигар сабаб, балки аз он сабаб дуоҳоро мешунавад, ки Накӯ аст. Ба монанди ҳамин имон низ хизмати шоёни инсон нест; ин танҳо боварӣ ба накӯии Худо аст, вале набудани боварӣ — ин мазаммати хислати муқаддасии Худо мебошад.
Агар одамон ба он бовар мекарданд, ки дӯстона зиндагӣ мекунанд ва ҳарчанде ки Худо дар осмонҳо дар бузургӣ ва қудрати Худ баланд ҷойгир аст, мехоҳад дӯсти мо бошад, нуқтаи назари онҳо ба ҷаҳон дигар мешуд.
Вале гуноҳ моро беҷуръат ва шармгин сохтааст ва дар ин ҳеҷ чизи ҳайратовар нест. Солҳои исён ба муқобили Худо дар мо тарсеро ба вуҷуд овардааст, ки дар як рӯз бартараф кардан номумкин аст. Исёнгари ба ҳабс гирифташуда бо хоҳиши худ ба ҳузури шоҳе намедарояд, ки муддати дуру дароз, вале бемуваффақият кӯшиш мекард, ки вайро сарнагун созад. Вале агар вай дар ҳақиқат пушаймон шуда бошад, вай метавонад ба муҳаббат ва некӯии Худованди худ бовар карда, назди Ӯ биёяд, ва вайро ба он айбдор намесозанд, ки дар гузашта чӣ кор кардааст. Ҷаноби Экхарт онро ёдовар шуда моро рӯҳбаланд месозад, ки агар мо назди Худо баргардем, ва агар миқдори гуноҳҳои мо ба андозаи шумораи одамони рӯи замин баробар бошад ҳам, Худо моро дар ин гуноҳҳо айбдор намесозад, ва бо мо бо чунон боварӣ рафтор менамояд, ки гӯё мо ҳеҷ гоҳ гуноҳ накарда бошем.
Одаме, ки ба гуноҳҳои гузаштаи Худ нигоҳ накарда, сидқан мехоҳад бо Худо оштӣ созад, эҳтимол эҳтиёткорона аз худ пурсад: “Агар ман назди Худо оям, Ӯ бо ман чӣ хел рафтор мекарда бошад? Ҳолати рӯҳии Ӯ чӣ гуна хоҳад буд? Ман Ӯро дар кадом ҳолат дарёфт мекарда бошам?”
Ӯ айнан ҳамон тавре хоҳад буд, ки Исо гуфта буд: “Ҳар кӣ Маро бинад, Падарро дидааст” (Юҳ. 14:9). Масеҳ бо одамон дар рӯи замин мегашт, то ба одамон, ки дар бораи Худо тасаввуроти нодуруст доштанд, табиати Ӯро кушояд. Ин фақат яке аз корҳои Ӯ буд, ки дар ҷисм буда дар замин зиндагӣ мекард, вале Ӯ инро бо комилии мӯъҷизаовар ба ҷо овард.
Аз Ӯ мо фаҳмидем, ки чӣ хел Худо нисбати одамон рафтор менамояд. Дурӯябозон ва касони аз рӯи моҳияти худ риёкор, чуноне ки инро пештар дида буданд, Ӯро бераҳм ва бегона дармеёбанд, вале ҳар он касе, ки тавба мекунад, Ӯро меҳрубон ва ҳар он касе, ки худро маҳкум месозад, Ӯро олиҳиммат ва некӯ мебинад. Барои тарсгорон — Ӯ хушмуомила, ва барои мискинони рӯҳ — нармдил, барои касони намедониста — боодоб, барои заифон — ҳалим, ва барои ғарибон — меҳмоннавоз мебошад.
Аз рӯи муносибати шахсиамон бо Ӯ мо муайян карда метавонем, ки Ӯ моро чӣ тавр қабул мекунад. Ҳарчанде ки некӯии Худо ба монанди селоби бузурги меҳрубонӣ беохир аст, Худо диққати Худро ба мо дилбазан намекунад. Агар мо хоҳем, ки чун писари ноқобил хуш қабул карда шавем, моро лозим аст, ки чӣ тавре ӯ омада буд, ҳамон хел биёем; ва вақте ки мо чун вай омадем, бигзор, ки дар паси дар фарисиёну шариатдонони ба ғазабомада бошанд ҳам, дар дохил, вақте ки Падар аз сари нав фарзанди Худро ба оғӯш мегирад, ба муносибати омадани мо ҷашну сурур ва рақсҳо мешавад.
Бузургии Худо дар мо тарсро бедор месозад, вале некӯии Ӯ ба мо имкон медиҳад, ки аз Ӯ натарсем. Дар тарс будан ва натарсидан — чунин аст қонуни имон.
17
Адолати Худо
Дар Навиштаҳои Муқаддас, ки бо илҳоми Илоҳӣ навишта шудааст,
Дар Аҳди Қадим адолати Худо чунон зебо, фаҳмо ва ҳаматарафа фаҳмонида шудааст, ки дар ягон адабиёти инсоният он тавр фаҳмонида нашудааст. Вақте ки ҳалокати Садӯм эълон шуд, Иброҳим онро дониста, ки Худо дар ин ҳолати барои одамон фавқулодда аз рӯи хосияти Худ амал менамояд, барои одамони порсое, ки дар ин шаҳр зиндагӣ мекарданд, пуштибонӣ менамояд: “Калло ва ҳошо ба Ту, ки коре мисли ин бикунӣ, ки одилро бо шарир бикушӣ, ва одилу шарир баробар бошанд; Калло ва Ҳошо ба Ту! Оё Довари тамоми замин аз рӯи адл амал нахоҳад кард?” (Ҳас. 18:25).
Муаллифи Таронаҳо ва пайғамбарони Исроил Худоро ҳамчун ҳокими пурқудрат, баландбардошташуда ва одил тасаввур мекарданд. “Абр ва тирагӣ гирдогирди Ӯст; адолат ва инсоф асоси тахти Ӯст”(Заб. 96:2). Оиди Масеҳе, ки дер боз интизораш буданд, пешгӯӣ мекарданд, ки Ӯ одамонро одилона доварӣ менамояд ва нисбати бенавоён одилона рафтор менамояд. Муқаддасоне, ки пур аз меҳру муҳаббат ва ҳамдардӣ ба дигар одамон буданд, аз беадолатии ҳокимон ба ташвиш омада, дуо мекарданд: “Эй Худои интиқомҳо, таҷаллӣ намо! Бархез, эй Довари замин, подоши мағруронро бидеҳ. То ба кай шарирон, эй Худованд, то ба кай шарирон шод бошанд?” (Заб. 93:1-3). Инро на ҳамчун зориву тавалло дар бораи қасдситонии шахсӣ, балки ҳамчун хоҳиши он фаҳмидан лозим аст, то бубинанд, ки адолати ахлоқӣ аз болои ҷамъияти инсонӣ тантана мекунад.
Чунин одамон, ба монанди Довуд ва Дониёл, пургуноҳии худро дар муқоиса бо адолати Худо эътироф кардаанд, ва аз ин рӯ дуои тавбаи онҳо чунин пурқувват ва таъсирбахш гардидааст. “Адолат аз они Туст, эй Худованд ва хиҷолат аз они мост” (Дон. 9:7). Ва вақте ки доварии тӯлкашидаи Худо ба замин меояд, Юҳанно ҳафт фариштаро, ки дар рӯи баҳре гӯё аз шиша ва бо оташ омехта истодаро мебинад. Дар дастҳои онҳо барбатҳои Худо дода буда, суруде ки онҳо мехонанд, суруди Мусо ва Барра буд. Ва матни он суруд — адолати Худо аст. “Бузург ва аҷоиб аст аъмоли Ту, эй Худованд Худои Қодири мутлақ! Ҳақ асту рост роҳҳои Ту, эй Подшоҳи муқаддасам! Кист ки аз Ту, эй Худованд натарсад ва исми Туро ҷалол надиҳад? Зеро ки танҳо Ту Қуддус ҳастӣ. Ҳамаи халқҳо омада дар пеши Ту саҷда хоҳанд кард, зеро ки довариҳои одилонаи Ту зоҳир шудааст” (Ваҳй 15:3-4).
Адолат ақидаҳои баробарии ахлоқиро таҷассум менамояд, нобаробарӣ бошад — мустақиман мухолиф аст; нобаробарӣ вуҷуд надоштани баробарӣ дар фикру корҳои одам мебошад. Доварӣ — ин истифодаи адолат ва баробарӣ нисбати ҳолатҳои ахлоқӣ мебошад, ва ин доварӣ метавонад нисбати маҳкумшаванда вобаста аз он, ки маҳкумшаванда дар дил ва рафторҳои худ одил буд ё беадолат, хайрхоҳона ё беилтифотона бошад.
Гоҳо мегӯянд: “Адолат талаб менамояд, ки Худо ин корро кунад”, гӯё мо мақсадҳои Худоро медониста бошем. Ин хато аст ҳам дар андешаҳо, ва ҳам дар суханон, зеро дар ин ҷо принсипи адолат пешниҳод карда мешавад, ки на аз Худо вобаста аст, адолате, ки Худоро маҷбур месозад, ки ба таври муайян рафтор намояд. Албатта, чунин принсип вуҷуд надорад. Агар он вуҷуд медошт, он аз Худо боло мебуд, зеро танҳо ҳокимияти олӣ итоаткориро талаб карда метавонад. Ҳақиқат дар он аст, ки чизе берун аз ҳудуди табиати Худо нест ва буда наметавонад, ки он тавонад ба Ӯ ақаллан дар дараҷаи каме таъсир расонад. Ҳама андешаҳои Худо аз моҳияти офариданашудаи Ӯ бармеояд. Чизе ба моҳияти Худо аз абадият дохил нашуд, чизе аз он гирифта нашуд ва чизе дар Ӯ тағйир дода нашуд.
Адолат нисбат ба Худо истифода шаванда аст — ин номест, ки мо ба оне медиҳем, ки Худо аст, ва на бештар аз ин; ва вақте ки Худо одилона амал мекунад, Ӯ ин корро на барои он мекунад, то ки ба ягон маҳаки мустақил мувофиқат намояд, балки ҳамин тавр рафтор менамояд танҳо барои он ки Ӯ дар ҳолати мазкур ҳамин тавр рафтор мекард. Ба монанди он, ки тилло худ аз худ элементи химиявӣ аст ва ҳеҷ гоҳ наметавонад на тағйир ёбад, на созиш кунад, балки дар куҷо ки онро наёбанд, тилло мемонад, ҳамин тавр Худо низ Худо аст, ҳамеша ягона, дар ҳама пуррагии мавчудияти Худ, ва Ӯ ҳеҷ гоҳ наметавонад ғайр аз Худ каси дигаре бошад. Ҳама чиз дар замин то он андозае хуб аст, ки ба чӣ андоза ба табиати Худо мувофиқат менамояд, ва он андоза бад аст, ки то чӣ андоза ба он мувофиқат намекунад. Худо — ин шарти шахсии новобастаи адолати ахлоқии Ӯ мебошад, ва ҳангоме ки Ӯ одамони бадро маҳкум месозад ва одилонро қадрдонӣ мекунад, Ӯ водорсозиҳои ботинии Худро ба асос гирифта ва танҳо ба Худ итоат намуда, амал мекунад.
Ҳамаи ин, чунин менамояд (вале танҳо ҳамин тавр менамояд!), умедро барои кафорат ёфтани гунаҳкори ба назди Худо баргашта барҳам мезанад. Философи масеҳӣ Анселми муқаддас, усқуф Кентерберийский, ҳалли ин мухолифати зоҳирии байни адолат ва меҳрубонии Худоро меҷӯст. “Чӣ тавр Ту ба шарирон раҳм мекунӣ, — мепурсад вай аз Худо — агар Ту пурра одил ва аз аз ҳама одилтарин ҳастӣ?” Баъд вай дар ҷустуҷӯи ҷавоб рост ба Худо нигоҳ кард, зеро вай медонист, ки ҷавоб — дар он аст, ки
Ғамхории Худо аз некии Ӯ бармеояд, вале некӣ бе адолат — некӣ нест. Худо ба мо раҳм мекунад, зеро Ӯ меҳрубон аст, вале Ӯ наметавонист меҳрубон бошад, агар одил намебуд. Анселми муқаддас ба хулосае меояд, ки Худо одамони бадро танҳо барои он ҷазо медиҳад, ки онҳо ба ин сазовор ҳастанд; вале вақте ки Ӯ ба одамони бад тараҳҳум менамояд, ин танҳо барои он ба амал меояд, ки ин бо меҳрубонии Ӯ мувофиқат менамояд; ҳамин тавр, Худо ҳамон амалеро иҷро мекунад, ки ба Ӯ ҳамчун ба Худои аз ҳама меҳрубонтарин муносиб аст. Сабаб дар ин аст, ва инро одам танҳо баъд аз бовар кардан ба Худо сарфаҳм меравад.
Таълимоти масеҳӣ дар бораи кафорати гуноҳҳо ба таври оддитар мефаҳмонад, ки чӣ тавр Худо метавонад одил бошад ва бо вуҷуди ин ноодилонро ҳақ барорад. Вақте ки Худо ба гуноҳкор раҳм мекунад, маҳз бо шарофати қурбонии кафоратдиҳандаи Масеҳ, адолат поймол карда намешавад, балки баръакс, риоя карда мешавад. Фақеҳият таълим медиҳад, ки тараҳҳум то он даме босамара намешавад, ки адолат кори худро кунад. Ҷазои одилона барои гуноҳ он гоҳ амалӣ шуда буд, ки Масеҳ ба ҷои мо дар салиб ҷон дод. Бо вуҷуди ин, барои одами оддӣ ин ҳодиса метавонад ҳеҷ гуна аҳамияте надошта бошад, вале дар имондорон он хурсандиро ба вуҷуд меорад. Миллионҳо одамон ба шарофати ин хабар ахлоқан ва рӯҳан дигаргун шуданд ва ҳаётеро аз сар гузаронданд, ки аз қувваи бузурги ахлоқӣ пур буд ва ба ин хабар бовар карда, оромона мурданд.
Ин хабар дар бораи довари боадолати амалигашта ва дилсӯзии амалкунанда — на танҳо назарияи гуворои фақеҳӣ аст; он дар бораи ҳодисаҳое эълон менамояд, ки зарур гашт, зеро инсоният ба он ба таври амиқ эҳтиёҷ дошт. Бинобар сабаби гуноҳи мо ба ҳамаи мо ҳукми қатл бароварда шудааст, чунин мебуд қарори суд, агар суд ҳолати ахлоқии моро дида мебаромад. Ҳангоме, ки адолати беохир бо беадолатии одатӣ ва бошууронаи мо дучор шуд, дар байни онҳо якбора муҳорибаи сахте аланга зад, муҳорибае, ки дар он Худо ғолиб омад ва бояд ғолиб меомад. Вале вақте ки гунаҳкори тавбакунанда дар ҷустуҷӯи наҷот ба назди Масеҳ меояд, ҳолати ахлоқӣ бар хилофи он тағӣир меёбад. Адолат бо ҳолати тағйирёбанда рӯ ба рӯ мешавад ва одами имондорро одил эълон менамояд. Ҳамин тавр, адолат дар ҳақиқати ҳол ба тарафи фарзандони Худо, ки ба Ӯ бовар мекунанд, мегузарад. Аҳамияти суханони далеронаи ҳавворӣ Юҳанно низ дар ҳамин аст: “Агар мо гуноҳҳои худро эътироф кунем, Ӯ амин ва одил аст, ки гуноҳҳои моро биомурзад ва моро аз ҳар ноинсофӣ пок намояд” (1 Юҳ. 1:9).
Вале адолати Худо ҳамеша ба муқобили гуноҳкор равона карда хоҳад шуд. Умеди тира ва ботил ба он, ки Худо аз ҳад зиёд меҳрубон аст, то ки бехудоёнро ҷазо диҳад, барои виҷдони миллионҳо одамон маводи муходири марговар гардид. Ин умед тарсҳои онҳоро хомӯш месозад ва ба онҳо имкон медиҳад, ки барои ҳаловати шахсии худ дилхоҳ беадолатиро ба амал оранд, дар он вақте ки марг рӯз аз рӯз наздик мешавад, вале ба даъвати тавба кардан аҳамият намедиҳанд. Агар мо махлуқоти ахлоқӣ ва масъул бошем— мо ҷуръат намекунем ба ояндаи абадии худ ин тавр сабукфикрона муносибат намоем.
18
Раҳмдилии Худо
Ҳангоме ки мо, фарзандони зулмот, ба воситаи хуни аҳди абадӣ ниҳоят хонаи худро ба даст меорем, ки он дар рӯшноист, удҳои мо дорои ҳазорҳо торҳо мегарданд, вале садои аз ҳама хубро он торҳое медиҳанд, ки ба ҳамду санои комили дилсӯзии Худо ҷӯр карда шудаанд.
Зеро аз рӯи кадом ҳуқуқ мо дар он ҷо хоҳем буд? Оё мо бо гуноҳҳои худ дар исёни гуноҳкорона иштирок карда, шитобкорона барои аз тахт фаровардани Шоҳи пурҷалоли офаридаҳо кӯшиш накарда будем? Ва оё дар гузашта ба иродаи иблис, ки ҳукмрон аст, — рӯҳе, ки ҳозир дар фарзандони беитоат амал мекунад, итоат намуда, мо бо роҳҳои ин ҷаҳон намерафтем? Ва оё мо боре ба шаҳавоти ҷисм зиндагӣ накардаем? Ва оё аз рӯи табиати худ мо низ мисли дигар одамон фарзандони қаҳру ғазаб нестем?
Аммо мо, ки як вақт ба Худо душман ва бегона будем, дар назди Ӯ ҳозир мешавем, ва дар пешонии мо номи Ӯ хоҳад буд. Мо, ки сазовори таъқибот ҳастем, аз муошират бо Худо лаззат мебарем; мо, ки сазовори азоби дӯзах ҳастем, аз саодати осмонҳо ҳаловат мебарем. Ва ин ҳама ба шарофати раҳмдилии ғамхоронаи Худои мо мебошад, ки бо ёрии Ӯ шафақи осмонӣ моро фаро гирифта аст.
Раҳмдилӣ — ин рамзи Худо, қудрати беохир ва тамомнашавандаи ботини табиати Илоҳист, ки Худоро бо тараҳҳуми фаъолона мусоидат мекунонад. Ҳам дар Аҳди Қадим ва ҳам дар Аҳди Ҷадид раҳмдилии Худо эълон карда мешавад, вале дар Аҳди Қадим нисбат ба Аҳди Ҷадид чор маротиба зиёдтар дар ин бора гуфта мешавад.
Мо бояд ба таври ҳамешагӣ аз фикрҳои худ тасаввуроти ҳама қабул карда, вале бархаторо дар бораи он, ки адолат ва довари одилона ба Худои Исроил хос аст, дар он вақте ки раҳмдилӣ ва некхоҳӣ ба Худованди Калисо хос аст, аз фикри худ гирифта партоем. Дар ҳақиқати ҳол, дар ин ҷо дар байни Аҳди Қадим ва Аҳди Ҷадид фарқияти ҷиддӣ нест. Дар Навиштаҳои Муқаддаси Аҳди Ҷадид ҳақиқат дар бораи кафорати гуноҳҳо пурратар кушода мешавад, вале дар ҳар ду қисми Навиштаҳои Муқаддас ҳамон як Худо сухан меронад ва он чӣ, ки Ӯ мегӯяд, бо он чӣ, ки Ӯ ҳаст, мувофиқат менамояд. Кай ва дар куҷое, ки Худо ба одамон зоҳир нашавад, Ӯ монанди Худаш рафтор менамояд. Он хоҳ боғи Адан бошаду, хоҳ боғи Ҷатсамонӣ. Худо якранг раҳмдил ва одил аст. Ӯ нисбати инсоният ҳамеша меҳрубон буд ва ҳамеша дилсӯзӣ зоҳир намуда, одил хоҳад буд. Ӯ то тӯфони Нӯҳ ҳамин тавр мекард, ва он замоне, ки Масеҳ дар рӯи замин, дар байни одамон буд, низ ҳамин тавр рафтор менамуд; ва ҳозир ҳам ҳамин тавр мекунад ва оянда низ ҳамин тавр хоҳад кард, танҳо бо он сабаб, ки Ӯ — Худо аст.
Агар мо метавонистем дар хотир гирем, ки раҳмдилии илоҳӣ — ин кайфияти муваққатӣ не, балки хусусияти мавҷудоти абадӣ — Худо аст, мо наметарсидем, ки ин раҳмдилӣ ягон вақт қатъ мегардад. Раҳмдилӣ ҳеҷ гоҳ сар нашудааст, он абадан вуҷуд дошт ва он ҳеҷ гоҳ қатъ намегардад. Он ҳеҷ гоҳ афзун намешавад, зеро он худ ба худ беохир аст, ва он ҳеҷ гоҳ кам намешавад, зеро беохир кам шуда наметавонад. Ҳеҷ чиз аз оне, ки дар осмонҳо, дар замин ё дар дӯзах ба амал омадааст, ё ба амал меояд, наметавонад раҳмдилии ҳассосонаи Худои моро тағйир диҳад. Раҳмдилии Ӯ абадан мемонад — тараҳҳуми беохир, беканор, беҳудуд ва шафқати илоҳӣ.
Доварӣ — ин адолатнокии Худост, ки дар назди беадолатии ахлоқӣ меистад, вале раҳмдилӣ — ин дилсӯзии Худост, ки дар назди азобҳо ва гуноҳҳои одамон меистад. Агар дар ҷаҳон гуноҳ, дард ва ашк намешуд ҳам, Худо бо вуҷуди ин бениҳоят раҳмдил мебуд, вале меҳрубонии Ӯ метавонист дар дили Ӯ пинҳон монда, ба ҷаҳони офаридаҳои Ӯ номаълум монад. Ва овозе намебаромад, то ки раҳмдилиеро ҷалол диҳад, ки ба он эҳтиёҷ нест. Раҳмдилии Худоро бадбахтиҳо ва гуноҳҳои инсонӣ ба миён меоранд.
Шояд мо хурсандии тозаи раҳмдилии бошуурона санҷидашударо дар натиҷаи беимонӣ ё нодонии мо, ё ҳам ину ҳам он, фаҳмида натавонем?
Боре бо халқи Исроил ҳамин тавр шуда буд. “Зеро дар бораи онҳо шаҳодат медиҳам, — мегӯяд ҳавворӣ Павлус дар бораи халқи Исроил, — ки рашки Худоро доранд, аммо на аз рӯи фаҳм” (Рум. 10:2). Халқи Исроил Худоро ба даст наовард, зеро ақаллан як чизро намедонист, худи ҳамонеро, ки имконияти фаҳмидани фарқиятро медод. Дар бораи халқи Исроил дар биёбон муаллифи Нома ба Ибриён мегӯяд: “… аммо ба онҳо каломе ки шуниданд, фоидае набахшид, чунки ба имони шунавандагон напайваст” (Ибр. 4:2). Барои он, ки дилсӯзиро қабул намоем, мо бояд аввал донем, ки Худо раҳмдил аст. Ва танҳо бовар кардан ба он, ки як вақтҳо Ӯ раҳмдилии Худро ба Нӯҳ, ё Иброҳим, ё Довуд зоҳир карда буд, ва ягон вақт дар як рӯзи хушбахтона дар оянда Ӯ боз раҳмдилии Худро зоҳир месозад, нокифоя аст. Мо бояд бовар кунем, ки раҳмдилии Худо беҳудуд, озод ва ба воситаи Исои Масеҳ — Худованди мо ба мо ҳозир, дар ҳолати ҳозираи мо, дастрас аст.
Мо метавонем тамоми умр дар бораи раҳмдилӣ дуо кунем ва бовар накунем, ва дар охири ҳаёти худ мо танҳо бо андӯҳ ба он умед бандем, ки ягон вақт дар ягон ҷо ин раҳмдилиро ба даст меорем. Ин ба он монанд аст, ки дар назди толоре, ки дар он ҷо зиёфат рафта истодааст ва моро бо хушнудӣ ба он ҷо даъват кардаанд, аз гуруснагӣ бимирӣ. Ё мо метавонем, агар хоҳем, бо имон ба раҳмдилии Худо бовар кунем, ба толор дароем ва дар паҳлӯи ҷонҳои ҷасур ва ташна нишинем, ки ба беҷуръатӣ ва нобоварӣ имкон намедиҳанд, ки онҳоро ба зиёфат роҳ надиҳанд, ки дар он ҷо барои онҳо хӯрокҳои фаровон тайёр карда шудааст.
19
Файзи Худо
Раҳмдилӣ ва файз дар Худо ягонаанд; вале вақте ки онҳо моро фаро мегиранд, онҳо на чун як чизи айниятдошта, балки чун ду хусусияти гуногун ба чашм мерасанд.
Раҳмдилӣ — ин некӯии Худост, ки азобҳои одам ва гуноҳи ӯро муқоиса менамояд, файз — ин некӯии Ӯст, ки ба қарзҳо ва норасоиҳои инсонӣ равона карда шудаааст. Маҳз ба шарофати файзи Худ Худо хизматҳоро дар он ҷое барқарор менамояд, ки пештар дар он ҷо набуд, ва эълон менамояд, ки қарзҳо дар он ҷое нестанд, ки пештар буданд.
Файз — ин иродаи неки Худост, ки ба Ӯ имкон медиҳад ба он касоне файз диҳад, ки сазовори ин нестанд. Ин шарти мустақил аз худи ибтидо дар табиати Худо вуҷуддошта ҳамчун майли тараҳҳум кардан ба бадбахтон, раҳм кардан ба гуноҳкорон, бо хурсандӣ қабул кардани радшудагон ва зоҳир кардани хайрхоҳӣ ба он касоне, ки ба маҳкумкунии одилона гирифтор шудаанд, зоҳир мешавад. Ба шарофати амали ин шарт мо, одамони гуноҳкор, наҷот ва имконияти дар осмонҳо буданро ба даст меорем, ва дар тӯли асрҳо боигариҳои бузурги некӯии Худо дар Исои Масеҳро мебинем.
Мо бартариро то абад ба даст меорем, зеро Худо — Он Касест, ки Ӯ ҳаст. Ва бинобар ин Ӯ ба мо ёрӣ мерасонад, ки дар ҳабсхонаи худ мо бо фахр сарамонро бардошта гардем, моро аз хилъатҳои маҳбасӣ бо либосҳои шоҳона мепӯшонад ва ба мо имконияти тамоми ҳаёт дар ҳузури Ӯ нон хӯрданро медиҳад.
Файз аз худи қаъри дили Худо, аз тарси боэҳтиром нисбат ба вартаи дастнораси мавҷудияти муқаддаси Ӯ бедоркунанда бармеояд; ин ҷӯест, ки бо он файзи Худо ба одамон омада мерасад — ин Исои Масеҳи маслубшуда ва эҳёшуда мебошад. Ҳавворӣ Павлус, ки бештар аз дигарон дар бораи файзи Худо ва кафорати гуноҳҳо мегӯяд, ҳеҷ гоҳ файзи Худоро аз Писари маслубшудаи Худо ҷудо намекунад. Дар таълимоти вай онҳо якҷоя, дар ягонагии органикӣ ва аз якдигар ҷудонопазир ёдовар мешаванд.
Ин мавзӯъ дар Номаи вай ба Эфсӯсиён пурратар ва аниқтар мухтасар ифода ёфтааст: “Моро пешакӣ муайян намудааст, ки ба василаи Исои Масеҳ бар тибқи салоҳдиди иродаи Худ ба фарзандӣ қабул кунад. Барои ҳамду санои ҷалоли файзи Худ, ки ба мо дар Маҳбуби Худ бо саховатмандӣ бахшидааст. Дар Ӯ мо бо Хуни Ӯ фидияе ва омурзиши гуноҳҳоро бар ҳасби сарвати файзи Ӯ пайдо кардаем” (Эфс. 1:5-7).
Ҳамин тавр Юҳанно низ дар Инҷили худ Исои Масеҳро ҳамчун миёнараве, ки ба воситаи Ӯ файзи Худо ба инсоният дастрас мегардад, тасвир мекунад: “Зеро ки шариат ба воситаи Мусо ато шуд, аммо файз ва ростӣ ба воситаи Исои Масеҳ омад” (Юҳ. 1:17).
Вале маҳз дар ҳамин ҷо роҳгум задан ва аз ҳақиқат дур рафтан осон аст: баъзе одамон ҳамин тавр ҳам карданд. Танҳо ҳамин оятро ба асос гирифта, берун аз алоқаи он бо дигар қисмҳои Навиштаҳои Муқаддас, ки дар он ҷо таълимот дар бораи файзи Худо баён карда шудааст, онҳо дар бораи он хулоса бароварданд, ки Мусо танҳо шариатро медонист, Масеҳ бошад, танҳо файзро. Ҳамин тавр, Аҳди Қадимро ҳамчун китоби шариат, Аҳди Ҷадидро ҳамчун китоби файзи Худо тасаввур мекарданд. Вале ҳақиқат тамоман дар дигар ҷост.
Шариат ба одамон ба воситаи Мусо дода шуда буд, вале он на аз Мусо бармеомад. Он дар дили Худо ҳанӯз то оне, ки ҷаҳон офарида шуда буд, вуҷуд дошт. Дар болои кӯҳи Сино он маҷмӯи қонунҳои халқи Исроил гашт; вале принсипҳои ахлоқии дар он ифода ёфта, абадианд. Ҳеҷ гоҳ чунин замоне набуд, ки шариат иродаи Худоро барои одам ифода нанамояд, ва ҳеҷ гоҳ чунин замоне набуд, ки вайрон кардани шариат бе ҷазо монда бошад, ҳарчанд Худо пуртоқат буд, ва баъзан ба корҳои бади аз нодонӣ кардани одамон “аз паси панҷа нигоҳ мекард”. Фактҳои аниқи ҳавворӣ Павлус дар бобҳои сеюм ва панҷуми Нома ба Румиён ба ин масъала пурра равшанӣ меандозанд. Сарчашмаи ахлоқи масеҳӣ — муҳаббати Масеҳ аст, на шариати Мусо; ва бо вуҷуди ин принсипҳои ахлоқии дар қонун буда бекор карда нашуда буданд. Ҳеҷ гуна синфи дорои имтиёз вуҷуд надорад, ки аз порсоии таъин намудаи шариат озод бошад.
Дар ҳақиқат, Аҳди Қадим — китоби шариат, вале на танҳо шариат аст. Пеш аз тӯфон “Нӯҳ дар назари Худованд илтифот ёфт” (Ҳас. 6:8), вале пас аз додани шариат Худо ба Мусо гуфт: “…ту манзури назари Ман шудаӣ” (Хур. 33:17). Чӣ хел ба таври дигар буда метавонад? Худо ҳамеша Худ ба Худ мебошад, вале файз — хусусияти мавҷудияти Ӯст. Ӯ файзи Худро ҳамон қадар пинҳон карда метавонад, ки офтоб нури дурахшони худро пинҳон мекунад. Одамон метавонанд аз нури офтоб ба зулмот ва ба ғорҳои дар таги замин буда гурезанд, ки дар он ҷо ҳаво рутубатнок ва деворҳо бо мағор пӯшида шудаанд, вале ин одамон наметавонанд офтобро хомӯш созанд. Айнан ҳамин тавр, одамон метавонанд худро аз ин ё он ӯҳдадорӣ озод ҳисобида, ба файзи Худо беэътиноӣ намоянд, вале онро хомӯш карда наметавонанд.
Агар замонаҳои Аҳди Қадим замонаҳои шариати қатъӣ ва устувор мебуданд, пас тамоми тобишҳои давраи аввали таърихи каломӣ нисбат ба оне, ки мо дар ин китобҳои қадима мебинем, камтар назаррас мебуд. Иброҳим — дӯсти Худо, намебуд, Довуд — одаме, ки ба дили Худо буд, вай низ намебуд; на Самуил мебуду, на Ишаъё, ва на Дониёл. Боби ёздаҳуми Нома ба Ибриён, ки дар он ҷо бузургии рӯҳонии Аҳди Қадим қайд карда мешавад, нофаҳмо ва нодаркор мемонд. Файзи Худо қудсиятро дар замони Аҳди Қадим ба монанди имрӯз имконпазир гардонд.
Касе ҳанӯз ҷуз шарофати файзи Худо, аз Ҳобил то замони мо, ба таври дигар наҷот наёфтааст. Аз он даме, ки Одам аз боғи Адан ронда шуд, ҳанӯз касе ҳусни таваҷҷӯҳи Худоро ба ҷуз меҳрубонии Ӯ ба даст наовардааст. Ва файзи Худо дар куҷое, ки одамро ба даст орад, ин ба воситаи Исои Масеҳ ба амал омадааст. Баракати Худо дар ҳақиқат ба воситаи Исои Масеҳ омадааст, вале файзро ҳоҷат набуд, ки таваллудшавии Ӯро дар охур, ё марги Ӯро дар рӯи салиб интизор шавад, ин файз пеш аз ин ҳам амал мекард. Масеҳ — барраест барои қурбонӣ, ки аз офариниши олам таъин гардидааст. Одами нахустин дар таърих, ки ба дӯстии Худо баргашт, инро ба воситаи имон ба Масеҳ кардааст. Дар замонҳои қадим одамон дар интизории кори кафоратдиҳандаи Масеҳ зиндагӣ мекарданд, ва акнун, вақте ки ин ба амал омадааст, онҳо ҳамеша ба он бармегарданд, вале ба Худо аз рӯи марҳамати Ӯ ва ба воситаи имон меоянд.
Мо инчунин бояд онро дар назар дошта бошем, ки файзи Худо беохир ва абадист. Файзи Худо ибтидо надошт ва интиҳо низ дошта наметавонад. Ҳамчун хусусияти Худо буда, чун абадият беҳудуд аст.
Ба ҷои он, ки кӯшиш кунем инро ҳамчун ҳақиқати фақеҳӣ бифаҳмем, беҳтар ва осонтар аст, ки файзи Худоро бо эҳтиёҷоти мо ба он муқоиса намоем. Мо ҳеҷ гоҳ дониста наметавонем, ки то чӣ андоза гуноҳҳои мо бузурганд, ва дар ин ҳеҷ зарурате нест. Вале мо бояд хуб бидонем, ки “…ҳангоме ки гуноҳ зиёд шуд, файз бағоят фаровон гардид” (Рум. 5:20).
“Зиёдкунии” гуноҳ — ин аз ҳама кори бадест, ки мо мекунем ва карда метавонем. Калимаи “зиёд кардан”, ҳудуди қобилиятҳои маҳдудгаштаи моро муайян месозад; ва ҳарчанд мо ҳис мекунем, ки нуқсонҳои мо чун кӯҳ аз мо баланд мегарданд, вале кӯҳҳо низ ҳудуду андозаҳои худро доранд, онҳо бузургии муайян, баландии муайян ва вазни муайянро доранд. Вале кӣ метавонад файзи беандозаи Худоро муайян намояд? Он фикрҳои моро ба беохирӣ бурда, ва онҳоро дар ҳамон ҷо гузошта “фаровон” мегардад. Ҳамду сано ба Худо барои файзи бузург!
Мо ки худро аз дӯстии Худо маҳрумшуда меҳисобидем, акнун метавонем сарҳои хамшудаи худро баланд бардорем ва ба боло нигоҳ кунем. Ба шарофати марги Масеҳ, ки гуноҳҳои мо кафорат ёфтаанд, сабаби аз биҳишт рондашавии мо дигар вуҷуд надорад. Мо метавонем чун писари ноқобил баргардем, ва моро бо хурсандӣ пешвоз мегиранд. Вақте ки ба боғи Адан, ки пеш аз гуноҳкоршавӣ хонаамон буд, наздик мешавем, шамшери оташборро дур месозанд. Вақте посбонони дарахти ҳаёт мебинанд, ки фарзандони файз наздик мешаванд, худро канор мегиранд.
20
Муҳаббати Худо
Ҳавворӣ Юҳанно аз рӯи илҳоми Рӯҳулқудс навишта буд: “Худо муҳаббат аст”, ва баъзеҳо ин суханонро ҳамчун муайянкунии моҳияти Худо қабул кардаанд, ё қабул мекунанд. Ин хатогии бузург аст. Юҳанно бо ёрии ин калимаҳо танҳо далелро исбот намуд, аммо ягон муайянкуниро пешниҳод накард.
Шабоҳат додани муҳаббат ва Худо — ин хатогии калон аст, ки боиси пайдошавии қисми зиёди фалсафаҳои носолими динӣ ва як қатор назми пуч мегардад, ки пурра ба Навиштаҳои Муқаддас мувофиқат наменамояд ва бо таърихи масеҳият умумияте надорад.
Агар ҳавворӣ мегуфт, ки муҳаббат — он чизест, ки Худо ҳамон аст, моро лозим меомад фарз кунем, ки Худо ҳамон чизест, ки муҳаббат ҳамон аст. Агар дар маънои аслӣ Худо муҳаббат бошад, пас дар маънои аслӣ муҳаббат Худо аст, ва дар он вақт мо маҷбурем, ки муҳаббатро чун Худои ягонаи вуҷуддошта парастиш намоем. Агар муҳаббат бо Худо баробар бошад, дар он вақт Худо бо муҳаббат баробар мегардад ва Худову муҳаббат айниятдошта мешаванд. Ба ҳамин тариқ, мо консепсияи шахсияти Худоро вайрон месозем ва ба пуррагӣ ҳамаи хусусиятҳои Худоро, ғайр вз яктояш, инкор менамоем ва ин як хусусияти Ӯро ба сифати ивазкунандаи Худо пешбарӣ менамоем. Он Худое, ки баъди он дар мо ҳосил мегардад, на Худои Исроил; Ӯ на Худо ва на Падари Худованди мо Исои Масеҳ; Ӯ на Худои пайғамбарон ва ҳаввориён, Ӯ на Худои муқаддасон, ислоҳотчиён, риёзаткашон ва ҳатто Худои фақеҳону муаллифони сурудсароёни калисогӣ мебошад.
Баҳри ҷонҳои худ мо бояд фаҳмидани Навиштаҳои Муқаддасро омӯзем. Мо бояд аз ғуломвор саҷда намудан дар назди суханон канораҷӯӣ намуда, ба ҷои ин маъноро дар ҷои аввал гузорем. Суханон бояд фикрҳоро ифода намоянд, на балки онҳоро ба миён биёранд. Мо мегӯем, ки Худо муҳаббат аст; мо мегӯем, ки Худо равшанӣ аст; мо мегӯем, ки Худо ҳақиқат аст; ва мо онро дар назар дорем, ки ин суханон ҳамон хеле қабул карда мешаванд, ки вақте мо онро дар бораи ягон одам мегӯем: “Ӯ — худ некӯист”. Инро гуфта мо онро дар назар надорем, ки ҳамин одам ва некӯӣ айниятдор мебошанд, ва ҳеҷ кас ин суханонро чунин қабул намекунад.
Суханони “Худо муҳаббат аст” маънои онро дорад, ки муҳаббат яке аз хусусиятҳои муҳими Худо мебошад. Муҳаббат — ин як чизи ҳақиқие мебошад, ки дар бораи Худо гуфтан мумкин аст, вале он Худо буда наметавонад. Ин яке аз зоҳиршавиҳои ҷудонашавандаи Худо ба монанди “муқаддасӣ”, “адолат”, “вафодорӣ” ва “ҳақиқат” мебошад. Азбаски Худо тағйирнопазир аст, Ӯ ҳамеша дар амалҳои Худ ба Худ мувофиқат менамояд, ва азбаски Ӯ — мавҷудоти Ягона аст, барои он ки хусусиятҳои дигари Худро истифода барад, ҳеҷ гоҳ хусусияти дигари Худро барҳам намедиҳад.
Хусусиятҳои дигари Худоро омӯхта истода, мо чизҳои зиёдеро дар бораи муҳаббати Ӯ дошта метавонем. Масалан, мо медонем, ки азбаски Худо Худ ба Худ вуҷуд дорад, муҳаббати Ӯ ибтидо надорад; азбаски Ӯ абадист, муҳаббати Ӯ беинтиҳост; азбаски Ӯ беинтиҳост, муҳаббати Ӯ беҳудуд аст; азбаски Ӯ муқаддас аст, муҳаббати Ӯ ҷавҳари покии бенуқсони Ӯ мебошад; азбаски Ӯ бузург аст, муҳаббати Ӯ беандоза бузург аст, ин баҳри бетаг ва беохир аст, ки дар назди он дар хомӯшии хурсандона сари таъзим фуруд меорем, ва дар назди он суханпардозиҳои баланд дар хиҷолат ва ошуфтагӣ хомӯш мемонанд.
Ва ҳар чӣ ҳам набошад, агар мо Худоро донем ва хоҳем, ки ба дигарон дар бораи чизҳои медонистагиамон нақл намоем, мо бояд дар бораи муҳаббати Ӯ бигӯем. Ҳамаи масеҳиён кӯшиши инро кардаанд, вале ба касе муяссар нагаштааст, ки инро ба таври аъло ба ҷо биёрад. Кӯшишҳои ман дар ба таври ҳақиқӣ тавсиф додани ин мавзӯъ, ки ҳайрат ва тарси боэҳтиромро бедор месозад, зиёда аз он кӯшиши кӯдаке нест, ки ситораро доштан мехоҳад. Аз ду сар дастонашро ба ситора дароз намуда, кӯдак метавонад диққати атрофиёнро ба он ҷалб намояд, ва ҳатто ба онҳо нишон медиҳад, ки ба кадом тараф нигоҳ кунанд, то ки ситораро бубинанд. Вақте ки ман дили худро ба муҳаббати баланди дурахшандаи Худо боз мекунам, ягон кассе, ки пештар дар бораи он намедонист, шояд ба боло нигоҳ кунад ва дар вай умедворие пайдо гардад.
Мо намедонем, ва шояд фаҳмида ҳам натавонем, ки муҳаббат чист, вале мо дониста метавонем, ки он чӣ хел зоҳир мегардад, ва ин барои мо кофист. Пеш аз ҳама мо мебинем, ки он дар шакли илтифот пайдо мегардад. Муҳаббат ба ҳама некӯӣ хоста, хоҳони зиён ва бадӣ нест. Ин аз суханони ҳавворӣ Юҳанно фаҳмо мегардад: “Дар муҳаббат ҳаросе нест, балки муҳаббати комил ҳаросро бадар меронад…” (1 Юҳ. 4:18). Тарс — ин ҳисси дарднокест, ки ҳангоми фикри он ба амал меояд, ки ба мо зарар расонида метавонанд ё маҷбур месозанд, ки азоб кашем. Ин тарс то он даме боқӣ мемонад, ки мо зери таъсири касе қарор нагирем, ки ба мо хайрхоҳӣ менамояд. Дар он вақте ки мо зери ҳомигии он касе қарор гирем, ки ба мо хайрхоҳӣ менамояд, тарс барҳам мехӯрад. Кӯдаки дар мағоза дар издиҳоми харидорон гумгашта метарсад, зеро ба одамони ба ӯ ношинос чун ба душманон нигоҳ мекунад. Баъд аз чанде, вақте ки кӯдак модарашро меёбад, ин тарс барҳам мехӯрад; кӯдак дар бораи хайрхоҳии модар медонад ва ин тарсро аз вай меронад.
Ҷаҳон пур аз душманон аст, ва ҳанӯз, ки эҳтимолияти зараррасонии онҳо вуҷуд дорад, тарс ногузир аст. Кӯшиши ғалаба кардан ба тарс бе барҳам задании сабаби он, мутлақо бефоида аст. Дил аз он касоне дида хирадмандтар аст, ки осоиштагиро мавъиза менамоянд. Ҳанӯз ки мо дар дасти тасодуфҳо ҳастем, ҳанӯз мо дар назарияҳои эҳтимолият ҷӯёи умедвориҳо ҳастем, ҳанӯз, ки мо умедвори он ҳастем, ки ба шарофати қобилияти фиреб кардани душман зинда монда метавонем, дар мо асоси тарсиданҳо ҳаст. Ва тарс моро азоб медиҳад.
Бо донистани он, ки муҳҳаббат аз Худост, ва ворид шудан ба ҷои тамоман ношинос зери ҳимояи Дӯстдошта, танҳо ҳамин тавр ва на дигар гуна тарсро бадар рондан мумкин аст. Бигзор одам боварӣ дошта бошад, ки ҳеҷ чиз ба вай зарар расонида наметавонад, ва ҳамон замон тамоми тарсҳои рӯи замин аз вай дур мегарданд. Шояд гоҳо рефлекси асаб, дардҳои табиии ҷисмонӣ эҳсос карда шавад, вале тарси азобдиҳандае, ки аз мағзи ҷон мегузарад, ба таври ҳамешагӣ дур мегардад. Худо муҳаббат аст ва Худо Ҳокими ҳама чиз мебошад. Муҳаббаташ Ӯро водор месозад, ки ба мо беҳбудиҳои абадиро хоҳон бошад ва ҳокимияти олии Ӯ ба Ӯ имкон медиҳанд, ки ин беҳбудиро таъмин намояд. Ба одами порсо ҳеҷ чиз зарар расонида наметавонад.
Муҳаббати Худо ба мо мегӯяд, ки Ӯ нисбати мо дӯстона рафтор менамояд ва Каломи Ӯ моро бовар мекунонад, ки Ӯ — рафиқи мост, ва Ӯ мехоҳад, ки мо дӯстони Ӯ бошем. Ҳеҷ як шахси каме хоксор фикр карда наметавонад, ки вай дӯсти Худост; вале ин фикр на аз одамон бармеояд. Иброҳим ҳеҷ гоҳ гуфта наметавонист, ки “Ман — дӯсти Худо ҳастам”, вале Худи Худо гуфт, ки Иброҳим дӯсти Ӯст. Шогирдони Исо ҷуръат намекарданд бигӯянд, ки онҳо дӯстони Ӯянд, вале Масеҳ ба онҳо гуфт: “Шумо дӯстони Ман ҳастед” (Юҳ. 15:14). Ҳамин ки мо дар ин бора фикр кунем, шояд хоксорӣ моро маҷбур месозад, ки шубҳа кунем, вале имони далерона ҷуръат мекунад ба Калом бовар кунад ва ба дӯстии Худо довталабӣ намояд. Барои Худо шарафи бузург мебуд, ки агар мо ба ҳар он чизи гуфтаи Ӯ бовар карда, бо ҷуръат ва бе дудилагӣ назди тахти файзи Ӯ биёем, аз оне, ки чун Одам дар байни дарахтони боғ гирифтори шарму хоксорӣ гашта, аз Ӯ пинҳон шавем.
Муҳаббат ин ҳаммонанд кардани эҳсосотӣ низ мебошад. Он ҳеҷ чизро чун як чизи шахсии худ дида намебарояд, балки ҳама чизро озодона ба предмети дӯстдоштаи худ медиҳад. Мо ҳамеша инро дар ин ҷаҳон мебинем. Модари ҷавон, хароб ва мондашуда ширмаки лӯндачаи солимро мемаконад ва бо вуҷуди ин на танҳо шикоят намекунад, балки ба кӯдак бо чашмони аз хушбахтӣ ва ғурур дурахшанда нигоҳ мекунад. Худфидокунӣ ба муҳаббат хос аст. Масеҳ дар бораи Худ гуфта буд: “Касе муҳаббати бузургтар аз ин надорад, ки ҷони худро барои дӯстон фидо кунад” (Юҳ. 15:13).
Дар он, ки Худои озод ба дили Худ имкон додаст ба ҳиссиётан ба одамон ҳаммонанд гардад, ломарказии ғалатӣ ва зебоии Ӯ анҷом меёбад. Аз касе вобаста набуда, Ӯ хоҳони муҳаббати мо мебошад ва, то он вақте ки онро ба даст наорад, қаноатманд намегардад. Озод буда, ба дили Худ имкон дод, ки ба мо ҳамешагӣ меҳр бандад.
Муҳаббат дар ин аст, ки на мо Худоро дӯст доштаем, балки Ӯ моро дӯст дошт ва Писари Худро барои кафорати гуноҳҳои мо фиристод. (1 Юҳ. 4:10)
“Зеро он касе ки аз ҳама баланд аст, чунон ба таври махсус ҷонҳои моро дӯст медорад, — мегӯяд Юлианна Норвичская, — ки ин барои ҳамаи мавҷудотҳои офаридашуда ақлнорас мебошад, яъне мавҷудоти офаридашудае нест, ки дониста тавонад чӣ тавр Офаридгори мо моро чунин сахт, чунин мӯъҷизаовар ва ҳалимона дӯст медорад. Аз ин рӯ мо метавонем фикран бо файзу ёрии Ӯ ба тааҷҷуби абадӣ ба он муҳаббати воло ва бебаҳое нигоҳ кунем, ки Худои Қодир аз рӯи некӯии Худ нисбати мо эҳсос менамояд”.
Барои муҳаббат боз он чиз хос аст, ки объекти он ба вай қаноатмандӣ мебахшад. Худо аз он чизе ки офаридааст, қаноатмандӣ мегирад. Ҳавворӣ Юҳанно сидқан мегӯяд, ки мақсади офаридани ҷаҳон барои Худо — ин ҳаловат бурдани Худи Ӯ мебошад. Худо дар муҳаббати Худ нисбати офаридаҳояш хушбахт аст. Мо он ҳисси ҳаловатеро мушоҳида накарда наметавонем, ки Худо бо завқ дар бораи офаридаҳои Худ фикри Худро баён месозад. Таронаи 103 таронаест, ки аз рӯи илҳоми Илоҳӣ навишта шудааст, дар он ба андозае хушбахтӣ ифода ёфтааст, ки онро таронаи пуршавқ номидан мумкин аст, ва дар ҳар як сатри он ваҷди Худо эҳсос карда мешавад. “Ҷалоли Худованд то абад аст; Худованд аз аъмоли Худ шод хоҳад буд” (Заб. 103:31).
Муқаддасони Ӯ ба Худо ҳаловати махсусе мебахшанд. Бисёриҳо фикр мекунанд, ки Худо дур аст, ва Ӯ бадқаҳр буда, аз ҳама норозӣ мебошад, ва Ӯ бепарвоёна ба замин нигоҳ мекунад, ки кайҳо боз аз он беҳавсала гаштааст; вале ин фикр хато аст. Дар ҳақиқат Худо гуноҳро бад мебинад ва ҳеҷ гоҳ бо қаноатмандӣ ба беадолатӣ нигоҳ намекунад, вале вақте ки одамон кӯшиш мекунанд иродаи Худоро ба ҷо оранд, Ӯ ба ин бо самимият ҷавоб мегардонад. Масеҳ бо қурбонии кафоратдиҳандаи Худ монеаеро барҳам дод, ки садди роҳи дӯстии одамон бо Худо мегашт. Акнун дар Масеҳ ҳамаи имондорон — объекти ваҷди Худо мебошанд.
Худованд Худои Ту андаруни туст, Ӯ ҷаббор аст, ва наҷот хоҳад дод; дар ҳаққи ту бо шодмонӣ дилхуш хоҳад шуд, дар ҳаққи ту бо тараннум шодӣ хоҳад кард. (Саф. 3:17)
Мувофиқи Китоби Айюб Худо ҷаҳонро дар зери оҳанг офаридааст. “Вақте ки Ман бунёди заминро мениҳодам, ту куҷо будӣ?... — мепурсад Худо, - дар сурате ки ситорагони субҳ якҷоя тараннум мекарданд ва ҳамаи фарзандони Худо нидоҳои шодӣ медоданд?” (Айюб 38:4,7). Ҷон Драйден ин фикрро боз ҳам мукаммал мегардонад, вале шояд на ба андозае, ки онро аз ҳақиқат дур гардонад:
Мусиқӣ — дар як вақт ҳам ифода ва ҳам сарчашмаи ҳаловатҳо аст, ва ҳаловати аз ҳама наздик ва пок ба Худо — ин ҳаловати муҳаббат мебошад. Дӯзах — ин ҷоест, ки дар он ҷо ҳаловат нест, зеро ки дар он ҷо муҳаббат нест. Биҳишт пур аз мусиқист, чунки ин ҷо ҷоест, ки муҳаббати муқаддас фаровон аст. Замин — ин ҷоест, ки ҳаловати муҳаббат бо дард якҷоя шудаанд, зеро ки дар ин ҷо гуноҳ, нафрат ва иродаи бад вуҷуд дорад. Дар ҷаҳони мо муҳаббат бояд чуноне, ки Масеҳ Худро барои наҷоти одамон дода азоб кашидааст, азоб кашад. Вале ба мо ваъдаи катъӣ дода шудааст, ки дар ниҳояти кор ҳамаи сабабҳои ғаму андӯҳ бартараф карда хоҳанд шуд, ва одамони нав ба таври абадӣ аз осоиштагӣ, муҳаббати комили фидокорона ҳаловат хоҳанд бурд.
Барои муҳаббат фаъолияти эъҷодӣ хос аст. “Худо муҳаббати Худро ба мо бо ҳамон исбот мекунад, ки ҳангоме ки ҳанӯз гунаҳкор будем, Масеҳ барои мо мурд” (Рум. 5:8). “…Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари Ягонаи Худро дод” (Юҳ. 3:16). Дар ҳар ҷое, ки муҳаббат аст, бояд чунин бошад; муҳаббат ба ҳар арзише ки набошад, бояд ба предмети муҳаббат чизеро бидиҳад. Ҳаввориён яку якбора калисоҳои ҷавонро зери танқид гирифтанд, чунки баъзе аз аъзоёни он дар ин бора фаромӯш карда, ба муҳаббати худ имкон доданд, ки барабас худро ба ҳаловатҳои шахсӣ харҷ намоянд, дар он вақте ки бародарони онҳо дар эҳтиёҷот қарор доштанд. “Ва агар касе ки дар ҷаҳон осудаҳол аст, бародари худро дар ҳолати мӯҳтоҷӣ дида, раҳмдилии худро аз вай дареғ медорад, - чӣ гуна муҳаббати Худо дар ӯ сокин аст?” (1 Юҳ. 3:17). Чунин навишта буд Юҳанно, ки дар давоми садсолаҳо ҳамчун шогирди дӯстдоштаи Исо машҳур буд.
Муҳаббати Худо — ин яке аз ҳақиқатҳои бузурги Олам мебошад, ин сутунест, ки умедвориҳои тамоми ҷаҳонро дастгирӣ менамояд. Вале ин боз як чизи шахсӣ, маҳрамона мебошад. Худо на аҳолии замин, балки халқро дӯст медорад. Ӯ на омма, балки одамонро дӯст медорад. Ӯ ҳамаи моро бо муҳаббате дӯст медорад, ки на ибтидо дорад, на интиҳо.
Дар амалияи масеҳият чунон муҳаббат бисёр аст, ки ин масеҳиятро аз дигар динҳо фарқ кунонида, онро аз ҳама гуна фалсафаи софу асил боло мебардорад. Мазмуни баланди муҳаббат — ин предмет нест; ин Худи Худо аст дар байни Калисои Худ, ки барои халқи Худ хурсандӣ мекунад. Хурсандии ҳақиқии масеҳӣ — ин ҷавоби ҳамоҳангонаи дил ба суруди муҳаббати Худо мебошад.
21
Муқаддасии Худо
Садамаи ахлоқие, ки мо бинобар сабаби ҷудоии бузург аз иродаи осмонӣ аз сар гузаронидаем, ба мо зиёни сахте расонд, ки ба ҳар як узви табиати мо кора кардааст. Ин беморӣ ҳам дар худи мо, ва ҳам дар он чизест, ки моро иҳота намудааст.
Ногаҳон фаҳмидани пурнуқсонии худ, чун зарбаи аз осмон расида, ба дили ларзони Ишаъё кора кард ва дар ҳамон лаҳза ӯ рӯъёи муқаддаси Худо ва сарнагуншавии нуқтаҳои назари худро дид. Фарёди пурдарди вай: “Вой бар ман, ки тамом шудам! Зеро ки ман шахси ҳаромлаб ҳастам, ва дар миёни қавми ҳаромлаб сукунат дорам, — ва чашмонам Подшоҳро, Худованди лашкарҳоро дидааст” (Иш. 6:5), эҳсосоти ҳар як шахсеро ифода менамояд, ки пештар барои вай моҳияти шахсии пӯшидааш кушода шуд, вақте ки ӯ бо нигоҳи ақл он бенуқсонии муқаддасро мебинад, ки Худо аст. Чунин ҳолат азсаргузаронии сахти эҳсосотӣ набуда наметавонад.
Агар мо худро чуноне набинем, ки Худо моро ҳамон хел мебинад, эҳтимол аст, ки мо дар бораи он чизҳое безобита шавем, ки моро иҳота намудаанд, агар онҳо ин ё он хел ба фароғати ҳаёти мо таҳдид накунанд. Мо дар нуқсон зиндагӣ карданро ёд гирифтаем ва одат кардаем, ки ба он чун ба як чизи худ ба худ вуҷуддошта нигоҳ кунем. Мо аз он ғамгин намегардем, ки дар муаллимони худ ҳақиқатро, ё дар сиёсатмадорони худ садоқат, ё дар корҳои савдоиямон бовиҷдонии пурра, ё дар рафиқони худ боварии пурраро намебинем.
Барои он, ки минбаъд ҳам вуҷуд дошта бошем, мо чунон қонунҳоеро меофарем, ки моро аз дигар одамон муҳофизат менамояд ва ҳама чизро чуноне, ки ҳаст, нигоҳ медорад.
На ҳар он касе, ки ин суханонро менависад, ва на ҳар он кассе, ки ин суханонро мехонад, муқаддасии Худоро баҳо дода метавонад. Гуфтан мумкин аст, ки ҷӯи нав бояд барои ҷорӣ шудани оби ширини ҳақиқат, ки бемории бузурги моро шифо мебахшад, дар биёбони ақлҳои мо канда шавад. Мо дар бораи ягон кас ё ягон чизи поку беайб фикр карда ва баъд ин фаҳмишро то ба дараҷаи баланде, ки ба худ тасаввур карда метавонем, баланд бардошта маънои ҳақиқии муқаддасии илоҳиро фаҳмида наметавонем. Муқаддасии Худо на чизи аз ҳама беҳтарин аст, ки мо медонем, балки чизест, ки то беохирӣ беҳтар гардонида шудааст. Мо ба муқаддасии Худо монанд чизеро намедонем. Он аз ҳама дар канор меистад, он ягона аст, ба он ҳеҷ чиз баробар шуда наметавонад, ва он дастнорас мебошад. Одами муқаррарӣ онро дида наметавонад. Шояд Ӯ аз бузургии Худо тарсад, ё аз хирадмандии Ӯ ба ваҷд ояд, вале муқаддасии Ӯро ба худ тасаввур ҳам карда наметавонад.
Танҳо Рӯҳи Он Касе, ки муқаддас аст, метавонад ба рӯҳи инсон донишро дар бораи муқаддасӣ диҳад, ба монанди он, ки қувваи ҷараён ба воситаи ноқил мегузарад, Рӯҳ ба воситаи ҳақиқат мегузарад. Он бояд пеш аз оне, ки дили ин одамро мунаввар созад, дар ақли вай каме ҳақиқатро ёбад.
Имон овози ҳақиқатро шунида, бедор мешавад ва ба дигар овозҳо эътино намекунад. “Пас, имон аз шунидани вазъ аст ва шунидани вазъ ба воситаи каломи Худост” (Рум. 10:17). Дониши фақеҳӣ — ин муҳите мебошад, ки ба воситаи он Рӯҳ ба дили инсон то он даме ҷорӣ мегардад, ки ҳақиқат тавонад имонро тавлид кунонад. Рӯҳи Худо — Рӯҳи ҳақиқат аст. Одам наметавонад дар дили худ Рӯҳро надошта, дар ақли худ заррае ҳақиқат дошта бошад, вале ҳеҷ гоҳ чунин намешавад, ки Рӯҳ бе ҳақиқат бошад.
Дар тадқиқоти чуқури худ оиди муқаддасӣ Рудолф Отто ба он бештар диққат медиҳад, ки дар ақли инсонӣ чизе ҳаст, ки онро “numinous” (аз калимаи numen — илоҳият, худо, гирифта шудааст, —
Ин тарси аз ақл берун, ин эҳсоси асрори офариданашудаи ҷаҳон берун аз доираи дин қарор дорад. Дини поки Каломӣ на камтар аз дини пасти бутпарастии одамони бараҳнаи ибтидоӣ дида, танҳо барои он вуҷуд дорад, ки ин инстинкти асосӣ дар табиати инсонӣ вуҷуд дорад. Албатта, фарқияти дини пайғамбар Ишаъё ва ҳавворӣ Павлус аз дини бутпарастӣ дар он аст, ки дар дини пайғамбар Ишаъё ва ҳавворӣ Павлус ҳақиқат ҳаст, вале дар дини бутпарастӣ бошад, ҳақиқат нест, бутпараст танҳо инстинкти илоҳӣ дорад. Бутпараст Худои номаълумро “беихтиёр ҳис мекунад”, Ишаъё ва Павлус бошанд, Худои ҳақиқиро ба шарофати аз рӯи илҳоми Ӯ навишта шудани Китоби Муқаддас, ки дар он Ӯ моҳияти Худро мекушояд, ёфтаанд.
Ин эҳсоси асрор, ҳатто
Ин
Ба шарофати Худро кушодани Худо дар Навиштаҳои Муқаддас ва илҳомбахшии Рӯҳулқудс шахси масеҳӣ дорои ҳама чиз мегардад ва чизеро аз даст намедиҳад. Ба тасаввуроти шахсии ӯ дар бораи Худо ду консепсияи ба ҳам алоқаманд илова мегарданд; консепсияи шахсият ва консепсияи хусусияти ахлоқӣ дошта, вале бо вуҷуди ин, эҳсоси ҳайрат ва тарси пештара дар ҳузур доштани
Муқаддасӣ — ин хислатномаи ҳастии Худо мебошад. Барои он, ки муқаддас бошад, Ӯ ба зери ягон меъёр намедарояд. Ӯ Худ — ҳамин меъёр аст. Ӯ бо покии комили дастнорас, ки ғайр аз он чизи будааш дигар чиз буда наметавонад, мутлақо муқаддас аст. Азбаски Ӯ муқаддас аст, тамоми хусусиятҳои Ӯ муқаддасанд, яъне ҳар вақте ки мо дар бораи ягон чизи ба Худо тааллуқдошта фикр кунем, мо бояд дар бораи он чун дар бораи чизи муқаддас фикр кунем.
Худо муқаддас аст, ва Ӯ муқаддасиро шарти зарурӣ барои солимии Олами Худ муқаррар намудааст. Муваққатан вуҷуддории гуноҳ дар ҷаҳон инро қайд менамояд. Ҳар он чизе, ки муқаддас аст — хуб аст; бадӣ — ин бемории ахлоқист, ки дар ниҳояти кор бояд бо марг анҷомад. Ҳатто калимасозӣ ин фикрро тахмин менамояд. Дар забони англисӣ калимаи “муқаддас” —
Азбаски Худо пеш аз ҳама дар бораи солимии ахлоқии Олами Худ ғамхорӣ менамояд, яъне дар бораи муқаддасии он, пас ҳар он чизе, ки ба муқобили муқаддасии Олам равона карда шудааст, ҳамеша норозигии Ӯро бедор месозад. Барои он, ки офаридаҳои Худро маҳфӯз дорад, Худо бояд ҳар он чизеро, ки офаридаҳои Ӯро нобуд месозад, маҳв намояд. Мегӯянд, ки вақте Ӯ қарор медиҳад нуқсонро пок созад ва ҷаҳонро аз пастшавии ахлоқи ислоҳнашаванда наҷот диҳад, ба ғазаб меояд. Ҳама гуна доварии пурғазаби Худо дар таърихи олам барои нигоҳ доштани офаридаҳои Ӯ нигаронида шуда буд. Муқаддасии Худо, ғазаби Худо ва солимии офаридаҳои Худо ба таври ногусастанӣ бо ҳам алоқаманд мебошанд. Ғазаби Худо — ин муносибати оштинопазир ба ҳамаи он чизҳое мебошад, ки ба таназзул ва ҳалокат мебарад. Ӯ нуқсонро ба монанди модаре, ки полиомиэлит — шалшавиро, ки кӯдакро ба ҳалокат мерасонад, бад мебинад.
Худо мутлақо ба андозае муқаддас аст, ки ҳудуд надорад, ва ин муқаддасиро Ӯ метавонад ба офаридаҳои Худ бидиҳад. Вале боз муқаддасии нисбӣ ва аз шароитҳо вобаста низ вуҷуд дорад, ки Ӯ бо фариштаву малоикаҳои осмон ва бо одамоне, ки дар рӯи замин гуноҳҳояшон кафорат дода шудаанд, ва ин одамон ба ҳаёти осмонӣ тайёрӣ мебинанд, бо ҳам мебинад. Ин муқаддасиро Худо метавонад бидиҳад ва ба фарзандони Худ медиҳад. Ӯ ин муқаддасиро бо фарзандон ҳамчун хизмати шоиста ҳисобида, бо ҳам мебинад. Азбаски Ӯ ин муқаддасиро барои онҳо ба воситаи хуни Барра дастрас гардондааст, Ӯ талаб менамояд, ки дар онҳо ин муқаддасӣ бошад. Худо аввал ба Исроил ва баъд ба Калисои Худ гуфт: “Муқаддас бошед, чунки Ман муқаддас ҳастам” (1 Петр. 1:16). Ӯ нагуфтааст: “Чун Ман муқаддас бошед”, зеро ин маънои онро медошт, ки аз мо муқаддасии комилро талаб мекард, ки он танҳо ба Худо тааллуқ дорад. Пеши оташи офариданашудаи муқаддасии Худо фариштаҳо рӯйҳои Худро мепӯшонанд. Бале, дар назари Ӯ осмонҳо пок ва ситораҳо бенуқсон нестанд. Ҳеҷ як одам гуфта наметавонад, ки “ман пок ҳастам”, вале бо вуҷуди ин, ҳеҷ як одам намехоҳад суханони муҳими, бо илҳоми Худо навишташударо, инкор намояд. “Осоиштагиро ба ҳама пеша кунед ва қудсиятро толиб бошед, ки бе он ҳеҷ кас Худовандро нахоҳад дид” (Ибр. 12:14).
Масеҳиён чӣ бояд кунанд, ки ин мухолифатро ҳал намоянд? Мо бояд чун Мусо дар имон ва хоксорӣ устувор гашта, ба Худо назари сатҳӣ андозем, ки Ӯро ягон одам дида, ва баъд аз дидан, зинда монда наметавонад. Худо аз дилҳои шикаставу сарнагунгашта нафрат намекунад. Чуноне ки Мусо ҳангоми ҷалоли Худо аз наздаш гузаштан дар тангнои шах пинҳон шуда буд, мо низ бояд нуқсонҳои худро дар захмҳои Масеҳ пинҳон созем. Мо бояд аз Худо дар Худо панаҳ барем. Пеш аз ҳама мо бояд бовар кунем, ки Худо моро ба интизом дароварда, нигоҳ дошта, пок сохта, дар Писари Худ комил дидан мехоҳад, то ки мо шарикони муқаддасии Ӯ гардида тавонем.
Имон оварда, итоат намуда, ҳамеша дар бораи муқаддасии Худо фикр карда, порсоиро дӯст дошта, нуқсонҳоро бад дида ва ҳар чӣ наздиктар бо Рӯҳи муқаддасӣ ошно гашта, мо метавонем ба дӯстии муқаддасон дар рӯи замин одат намоем ва худро ба дӯстии абадӣ бо Худо ва муқаддасони осмонӣ тайёр созем. Ва, чӣ хеле ки ҳангоми вохӯрӣ одамони фурӯтани имондор мегӯянд: “Дар ин ҷо осмонҳо мешавад, то ки мо баъд ба осмонҳо равем”.
22
Ҳокимияти олии Худо
Ҳокимияти олии Худо — ин воситаест, ки бо ёрии он Ӯ аз болои ҳама офаридаҳои Худ ҳукмронӣ менамояд; барои он, ки дорои ҳокимияти олӣ бошад, Худоро лозим аст ҳамадон, қодир ва мутлақо озод бошад.
Агар чизе мебуд, ки Худо онро намедонист, бигзор, ки заррачаи хурди назарногир ҳам бошад, бо ҳамин ҳукмронии Худо барҳам мехӯрд. Барои он, ки Худованди тамоми офаридаҳои Худ бошад, Худоро лозим аст дорои тамоми донишҳо бошад. Агар ба Худо заррачаи хурдтарини қудратмандӣ намерасид, ин норасоӣ ба ҳукмронии Ӯ хотима мебахшид ва шоҳигарии Ӯро вайрон месохт; ин як атоми дар куҷое раҳгумзадаи қудрат ба каси дигар тааллуқ медошт, ва Худо дар ҳукмронии Худ маҳдуд карда мешуд ва дорои ҳокимияти олӣ намегардид.
Боз, ҳокимияти олии Ӯ талаб менамояд, ки Ӯ мутлақо озод бошад, ин маънои онро дорад, ки Ӯ дар ҳар коре ки мекунад, дар дилхоҳ вақт ва дар дилхоҳ ҷой бояд соҳибихтиёр бошад, то ки ҳатто дар чизи аз ҳама хурдтарин бе дахолати чизе ба мақсади абадии Худ бирасад. Агар Ӯ пурра озод намебуд, ҳокимияти Ӯ пурра олӣ намебуд.
Барои мақсади беҳудуди озодиро ба даст овардан, ҷидду ҷаҳди зиёди ақлӣ лозим аст. Мо рӯҳан тайёр нестем, ки озодиро ба ғайр аз шакли нокомилаш ба таври дигар фаҳмем. Тасаввуроти мо дар бораи озодӣ дар ҷаҳоне ташаккул ёфтааст, ки мутлақо озодӣ надорад. Дар ин ҷаҳон ҳар як объекти табиӣ аз бисёр объектҳои дигар вобастагӣ дорад, ва ин вобастагӣ озодиро маҳдуд месозад.
Уорд Сворт дар аввали “Муқаддима”-и худ аз он шодӣ мекард, ки аз шаҳри калоне, ки муддати зиёд дар он ҷо дар ҳабс буд, гурехтааст, ва акнун “чун парранда озод мебошад”, ва метавонад дар ҳар куҷое, ки хоҳад зиндагӣ кунад. Вале чун парранда озод будан умуман маънои онро надорад, ки озод бошем. Натуралист медонад, ки паррандае, ки дар борааш мегӯянд, ки вай дар ҳақиқат озод аст, дар асл як умр дар асирии тарсҳо зиндагӣ мекунад, озодии он бо шароитҳои обу ҳаво, фишори атмосферӣ, миқдори хӯрок дар ҳамон маҳал ва ҳайвонҳои дарранда маҳдуд мегардад, аз ҳама асосиаш — ҷидду ҷаҳди рафънашавандаи мондан дар доираи қитъаи начандон калони осмону замин, ки мувофиқи қонуни дар паррандаҳо вуҷуддошта амал менамояд. Паррандаи аз ҳама озод, чун дигар мавҷудотҳои офаридашуда, танҳо ҳамон корро карда метавонад, ки тӯри заруратҳои вайро печонида имкон медиҳад, ки ҳамон корро бикунад. Танҳо Худо озод аст.
Мегӯянд, ки Худо мутлақо озод аст, чунки ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз наметавонад ба Ӯ дар кардани ягон кор на халал расонад, на Ӯро маҷбур созад, на боздорад. Ӯ метавонад аз рӯи салоҳдиди Худ ҳамеша, дар ҳама ҷо ва абадӣ амал намояд. То ба ин андоза озод будан инчунин маънои аз болои ҳама чиз қудрат доштанро дорад. Аз рӯи Навиштаҳои Муқаддас мо медонем, ки Ӯ қудрати беҳудуд дорад; инчунин мо баъзе дигар хусусиятҳои Ӯро дида баромада, дар ин бора фаҳмида метавонем. Вале дар бораи ҳокимияти Ӯ чӣ гуфтан мумкин аст?
Аз афташ, муҳокима кардани ҳокимияти Худои Қодир бемаъно, ва онро зери шубҳа қарор додан ҳарзагӯӣ мебуд. Магар мо ба худ тасаввур карда метавонем, ки Худованд Худо маҷбур аст аз касе иҷозат пурсад, ё ин ки аз мақомоти болотар хоҳиш намояд. Барои иҷозатпурсӣ Худо ба назди кӣ мерафт? Аз Ҳаққи Таоло дида кӣ болотар аст? Аз Худои Қодир дида, кӣ пурқудраттар аст? Вазифаи кӣ аз вазифаи Худои Абадӣ дида баландтар аст? Худо назди тахти кӣ зонӯ зада метавонад? Он бузургтар дар куҷост, ки Худо тавонад аз Ӯ илтимос намояд? “Худованд, ки Подшоҳи Исроил ва Раҳокунандаи ӯст, яъне Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: «Ман аввалин ҳастам, ва Ман охирин ҳастам ва ғайр аз Ман Худое нест»” (Иш. 44:6).
Ҳокимияти олии Худо — ин далелест, ки дар бораи он ба таври равшан дар Навиштаҳои Муқаддас гуфта мешавад ва дар бораи он ба ҳама шунавонида мантиқи ҳақиқат шаҳодат медиҳад. Вале тахмин карда мешавад, ки аз ин далел баъзе масъалаҳое бармеоянд, ки то ба ҳол ҳалли дурусти худро наёфтаанд. Масъалаи асосӣ дар ин ҷо ду то аст.
Масъалаи якум — ин вуҷуд доштан дар байни офаридаҳои Худо он чизҳое мебошад, ки Худо инро намеписандад, масалан, бадӣ, дард ва марг. Агар Худо дорои ҳокимияти олӣ бошад, дар он вақт Ӯ метавонист зоҳиршавии онҳоро бартараф созад. Барои чӣ Ӯ ин корро накард?
Дар
Барои масеҳӣ чунин фаҳмондадиҳӣ рост намеояд, зеро ин бо он ҳақиқате мухолифат менамояд, ки дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки Худо — яктост ва танҳо Ӯ замин, осмон ва ҳама чизи дар замин бударо офаридааст. Хусусиятҳои Худо чунинанд, ки онҳо вуҷуддории худоҳои дигарро имконнопазир мегардонанд. Масеҳӣ эътироф менамояд, ки ба муаммои дар ҷаҳон вуҷуд доштани бадӣ ҷавоби ниҳоӣ дода наметавонад. Вале вай медонад, ки ин ҷавоб чӣ гуна буда наметавонад. Ва Ӯ боз медонад, ки дар
Дар он вақте ки фаҳмондадиҳии пурраи пайдоиши бадӣ аз мо пӯшидааст, вале ҳар чӣ ҳам набошад, мо чизеро дар бораи он медонем. Бо хиради олии Худ Худо вуҷуддории бадиро дар соҳаҳои қатъиян маҳдудкардашудаи офаринишҳои худ роҳ дода аст, бадӣ — ин ба монанди ҷинояткоре мебошад, ки аз ҷазо мегурезад. Амалҳои он дар вақт ва аз рӯи имкониятҳои худ маҳдуд карда шудааст. Инро карда, Худо аз рӯи хиради беохир ва меҳрубонии Худ рафтор менамояд. Бештар аз ин ба касе маълум нест, ва бештар аз ин донистани касе лозим нест. Номи Худо — кафолати кофӣ аст, то ки мо ба он шубҳа накунем, ки корҳои Ӯ комиланд.
Масъалаи бешубҳаи дигар бо иродаи одам вобаста аст. Агар Худо Олами Худро бо фармонҳои шоҳонаи Худ идора намояд, одам чӣ хел метавонад дорои озодии интихоб кардан бошад? Агар одам интихоби озодонаро надошта бошад, пас ӯ чӣ тавр метавонад барои рафторҳои худ ҷавоб гӯяд? Магар вай лӯхтакеро намемонад, ки ҳамаи амалҳои вай аз тарафи Худо, ки дар паси парда аст, муайян карда мешаванд ва Худо риштаи онро ҳар хеле, ки бихоҳад, мекашад?
Кӯшиш аниқи ба ин саволҳо ҷавоб додан Калисои масеҳиро ба ду лагер тақсим намуд, ки номи онҳо аз номи ду фақеҳиятшиносони машҳур бармеояд — Якоб Армини ва Ҷан Калвин. Бештари масеҳиён аз он қаноатманданд, ки дар ин ё он лагер ҳастанд, ва ё ҳокимияти олии Худоро инкор менамоянд, ё иродаи озоди одамро. Ҳарчанд кӯшиши дар зер овардашуда барои тарафдорони ин ё он гурӯҳ беэътимод намояд ҳам, бо вуҷуди ин, ин ё он нуқтаи назарро инкор накарда, пешниҳоди имконпазири оштидиҳии ҳар ду нуқтаи назар мавҷуд аст.
Нуқтаи назари ман чунин аст: ба ҳокимияти олии Худ Худо ба одам интихоби озодии ахлоқро дод, ва одам аз худи ибтидо ҳамаи шартҳои Ӯро ба ҷо оварда, байни некию бадӣ интихоби худро кард. Вақте ки одам бадиро интихоб менамояд, бо ин ба ҳокимияти олии Худо мухолифат наменамояд, балки баръакс, иродаи Худоро ба ҷо меорад, зеро амри абадии Худо одамро маҷбур намесозад, ки интихоби аниқеро бикунад, балки тасдиқ менамояд, ки одам дар интихоб кардан озод аст. Агар бо озодии мутлақи Худ Худо мехост, ки ба одам озодии маҳдудкардашударо диҳад, кӣ метавонист, ки “дасти Ӯро рад намояд ва ба Ӯ бигӯяд: “Чӣ мекунӣ?” (Дон. 4:32). Иродаи одам озод аст, зеро Худо дорои ҳокимияти олӣ мебошад. Агар Худо дорои ҳокимияти олӣ намебуд, Ӯ ба офаридаҳои Худ озодии ахлоқро дода наметавонист. Ӯ аз кардани ин кор метарсид.
Шояд барои фаҳмидани ин ба мо намуна аз ҳаёти ҳаррӯза ёрӣ дода тавонад. Киштии уқёнусӣ аз Ню-Йорк ба Ливерпул равона мешавад. Нуқтаи таъинот аз тарафи одамони ба ин кор масъул муайян шуда аст. Ҳеҷ чиз онро тағйир дода наметавонад. Ин як намуд тасаввуроти дурро дар бораи ҳокимияти олӣ нишон дода метавонад.
Дар киштӣ мусофирони зиёде ҳастанд. Онҳо занҷирбанд карда нашудаанд, амалҳои онҳо маҳдуд карда нашудааст. Онҳо комилан озод ҳастанд ва чӣ тавре ки хоҳанд, ҳамон тавр ҳаракат карда метавонанд. Онҳо хӯрок мехӯранд, мехобанд, бозӣ мекунанд, дар саҳни киштӣ сайру гашт менамоянд, китоб мехонанд, чӣ тавре ки хоҳанд сӯҳбат мекунанд; ва дар айни замон киштии калон онҳоро ба нуқтаи таъинот мебарад.
Дар ин ҷо ҳам озодӣ ва ҳам ҳокимияти олӣ вуҷуд дорад, ва онҳо ба якдигар мухолифат намекунанд. Ман фикр мекунам, ки нисбати озодии одам ва ҳокимияти олии Худо кор чунин аст. Киштии азимҷуссаи нақшаи шоҳонаи Худо дар баҳри таърих ба нуқтаи таъиноти худ ҳаракат мекунад. Худо бе мамониат ба он мақсадҳои абадие ҳаракат менамояд, ки то офариниши олам дар Исои Масеҳ муайян намуда буд. Мо ҳамаи ин нақшаҳоро намедонем, вале ба мо аллакай ба қадри кофӣ чизҳои зиёде кушода шудааст, ки барои мо умедвории нек ба беҳдошти оянда ва боварии пурра ба он бошад.
Мо медонем, ки Худо ҳар як ваъдаи Худро, ки ба пайғамбарон додаст, ба ҷо меорад, мо медонем, ки гуноҳкорон ягон вақте аз замин бардошта мешаванд; мо медонем, ки он касоне, ки гуноҳҳояшон кафорат дода шудааст, дар хурсандӣ бо Худо хоҳанд буд, ва порсоён дар Малакути Падари Худ медурахшанд; мо медонем, ки нуфӯзи Худо мақбули умум мегардад, ва ҳамаи офаридаҳо, ки дорои хирад ҳастанд, Худованд Исои Масеҳро дар ҷалоли Падар-Худо эътироф менамоянд, ва бо бетартибиҳои нокомили ҳозира хотима гузошта мешавад ва замину осмони нав ба таври абадӣ барқарор мегардад.
Ба ҳамаи ин Худо бо хирадмандии беохир ва амалҳои дақиқи комил ба пеш меравад. Ҳеҷ кас наметавонад Ӯро розӣ кунонад аз мақсадҳои Худ даст кашад; ва ҳеҷ чиз наметавонад нақшаҳояшро барои Ӯ манфур гардонад. Азбаски Ӯ ҳама чизро медонад, ҳодисаҳои ногаҳонӣ ва фалокатҳо буда наметавонад. Азбаски Ӯ дорои ҳокимияти олист, дар байни роҳбарият фармонҳои ҷавобӣ ва мухолифат буда наметавонад, ва азбаски Ӯ Қодир аст, Ӯ ба қадри кофӣ қудрате дорад, ки мақсадҳои гузоштаашро ба даст биёрад. Бо ҳамаи ин Худо камбудӣ надорад, ва ҳамаи инро Ӯ новобаста аз касе доро мебошад.
Чӣ хеле ки дар ин тавсифи мухтасар мебинем, ҳанӯз ҳама чиз хуб нест. Асрори бадӣ аллакай амал мекунад. Дар доираи васеи иродаи шоҳона, вале мусоҳилакории Худо задухӯрди марговар байни некӣ ва бадӣ давом дошта, шадидтар мегардад. Худоро ҳанӯз лозим меояд, ки аз байни бӯрону тӯфон роҳ паймояд, вале ин бӯрону тӯфон танҳо дар ин ҷаҳон аст, ва ҳамчун мавҷудоти масъул мо дар вазъи ахлоқии ҳозира бояд интихоби худро бикунем.
Дар озодона интихоб намудани қарорҳои Худ Худо барои мо супоришҳои муайянро таъин намудааст, ва яке аз онҳо қонун дар бораи интихоб ва оқибатҳо мебошад. Худо эълон намудааст, ки ҳар он касе, ки бо тайёрӣ, фурӯтанӣ ва имон худро ба Писари Ӯ — Исои Масеҳ мебахшад, ҳаёти ҷовидона меёбад ва фарзанди Худо мегардад. Ӯ инчунин эълон намуд, ки агар касе зулмотро дӯст медорад ва исёнро ба муқобили ҳокимияти олии осмон давом медиҳад, дар ҳолати бегонагии рӯҳонӣ монда, дар ниҳояти кор ба таври абадӣ азоби маргро мечашад.
Агар ҳамаи инро бо шароитҳои индивидуалӣ муқоиса намоем, дар он вақт мо ба хулосаҳои ҳаётан муҳими шахсӣ меоем. Дар ин муноқишаи ахлоқӣ, ки ҳоло дар атрофи мо талотум мекунад, ҳар он касе ки дар тарафи Худо бошад, дар тарафи ғолиб аст ва мағлуб намегардад; ҳар он касе, ки дар тарафи дигар бошад — дар тарафи ҳариф, ғалаба карда наметавонад. Дар ин тасодуфе нест, дар ин ҷо бо ёрии қартаи бобарор бурд кардан мумкин нест. Интихоби озодона вуҷуд дорад, ки дар тарафи кӣ бошем, вале на интихоби инкор кардани натиҷаи интихоб. Бо марҳамати Худо мо метавонем аз интихоби нодуруст тавба кунем ва оқибати интихобамонро бо интихоби нави дуруст ислоҳ намоем. Аз ин дуртар мо рафта наметавонем.
Тамоми моҳияти интихоби ахлоқӣ дар атрофи Исои Масеҳ муттаҳид мегардад. Масеҳ дар ин бора рӯирост гуфта буд: “Ҳар кӣ бо Ман нест, ба Ман муқобил аст” (Мат. 12:30), ва “Касе наметавонад назди Падар ояд, магар ин ки ба василаи Ман” (Юҳ. 14:6). Маънои Инҷил дар худ се элементро таҷассум менамояд: эълон, амр ва даъват. Инҷил Хушхабари кафорати гуноҳро бо марҳамати Худо эълон менамояд. Ба ҳамаи одамон амр менамояд, ки дар ҳар ҷое набошанд, тавба кунанд, ва ҳамаи одамонро даъват менамояд ба Исои Масеҳ, ҳамчун ба Худованд ва Наҷоткор, имон оварда шарти файзи Худоро қабул кунанд.
Мо бояд интихоб намоем: ба Инҷил итоат намоем, ё беимон гашта, ҳокимияти онро аз болои худ инкор намоем. Ҳар кас интихоби худро мекунад, вале оқибати ин интихоб аллакай аз тарафи иродаи шоҳонаи Худо муайян карда шудааст, ва он вақт дигар ҳеҷ гуна зорию тавалло ба кор намеравад.
23
Сирри кушода
Агар ба ин аз рӯи миқёси абадият нигоҳ кунем, пас имрӯзҳо аз ҳама бештар даркор аст, ки Калисоро аз асирии дуру дарози Бобил баргардонем, то ки чун пештара номи Худоро баланд ҷалол бидиҳанд. Мо набояд дар бораи Калисо ҳамчун дар бораи як сохтори бешахс, чун абстраксияи тасаввуфӣ динӣ фикр кунем. Мо, масеҳиён, — Калисо ҳастем, ва ҳар коре ки мо мекунем, Калисо мекунад. Зимнан, ин кори шахсии ҳар кадоми мо мебошад. Дар Калисо ҳар як қадам бояд аз ҳар як фарди конкретӣ сар шавад.
Масеҳиёни оддӣ чӣ кор карда метавонанд, ки ҷалоли рафтаро баргардонанд? Оё дар ин ҷо ягон сирре ҳаст, ки мо бояд онро донем? Оё барои барқароршавии шахсӣ ягон формулае вуҷуд дорад, ки мо тавонем онро дар вазъияти ҳозира, дар вазъияти шахсӣ истифода бубарем? Ҷавоб ба ин савол —
Ва ҳар чӣ ҳам набошад, ин ҷавоб метавонад комилан баъзе одамонро рӯҳафтода созад, чунки он тамоман мураккаб нест. Ман асрори хати рамзӣ ё рамзи тасаввуфиро намеорам, ки бо душворӣ кушода шавад. Ман ба ягон тасаввурот, ҳиссиёти норавшани махфӣ ва донишҳои симиёвӣ, ки барои начандон шумораи бештари одамон пешбинӣ шудааст, рӯ намеорам. Ин сирри кушода аст, ва дилхоҳ касе, ки ба он мароқ зоҳир месозад, метавонад онро хонад. Ин маслиҳати кӯҳнаи абадан ҷавон аст:
Вале Худое, ки мо бояд Ӯро бинем, ин на ҳамон Худои манфиатпараст аст, ки имрӯзҳо чунин машҳур аст. Он Худое, ки ба Худ фақат диққати одамонеро ҷалб менамояд, ки аз рӯи қобилияти Худ ба ҳар корҳои онҳо муваффақият меорад, ва аз ин сабаб ҳар касе агар чизе гирифтан хоҳад, Ӯро таъриф мекунад. Худоеро, ки мо бояд донем — ин Бузургӣ дар осмонҳост, Худо-Падар, Холиқ, Офаридгори замину осмон, Худои ягона ва хирадманд, Наҷоткори мо мебошад. Он Касе, ки дар мадори замин менишинад, он Касе, ки осмонро чун парда ба ду тараф ҷудо менамояд, ва мисли хайма паҳн мекунад, то ки дар он зиндагӣ кунад, Касе, ки шумораи фариштагонро, ки мисли ситораҳо нур мепошанд, медонад, ва ба шарофати қудрати Худ ҳамаи онҳоро бо номҳояшон ном мебарад. Он Касе, ки мебинад, ки корҳои инсонӣ — шӯҳратпарастист, Он Касе, ки ба ҳокимон бовар намекунад ва аз шоҳон маслиҳат намепурсад.
Бо роҳи омӯзиш донишро дар бораи чунин мавҷудот ба даст овардан мумкин нест. Ин донишҳо ба воситаи хирадмандӣ меоянд, ки дар бораи он одами муқаррарӣ чизе намедонад, ва дониста ҳам наметавонад, чунки он танҳо ба воситаи Рӯҳ дарк карда мешавад. Донистани Худо — ин дар як вақт кори аз ҳама осон ва кори аз ҳама мушкил дар ҷаҳон мебошад. Ин барои он осон аст, ки на бо роҳи меҳнати вазнини зеҳнӣ ба даст меояд, балки озод ва оддӣ. Ба монанди он, ки нурҳои офтоб саҳрои кушодаро равшан месозад, дониш дар бораи Худои Муқаддас, агар одамон онро гирифтан хоҳанд, ҳамчун тӯҳфа ба онҳо дода мешавад. Вале ин дониш бо душворӣ ба даст меояд, чунки шартҳои муайяне ҳастанд, ки онҳоро бояд риоя кард, вале табиати саркаши одами гунаҳкор ба ин шартҳо мухолифат менамояд.
Ба ман рухсат диҳед шартҳоеро, ки Китоби Муқаддас таълим медиҳад, он шартҳоеро, ки дар давоми садсолаҳо одамони аз ҳама муқаддасу порсо такрор намудаанд, ба таври мухтасар баён намоям.
Якум, мо бояд аз гуноҳҳои худ даст кашем. Бовар кардан ба он, ки Худои Муқаддас аз тарафи одамони ҳаёти порсоёна надошта шинохта намешавад, як чизи нав ва танҳо барои масеҳият хос нест. Дар Китоби қадимаи яҳудии Ҳикматҳои Сулаймон, ки чандин солҳо пеш аз масеҳият навишта шудааст, чунин як лаҳзае ҳаст:
“Доварони замин, ҳақиқатро дӯст доред, дар бораи Худованд дуруст фикр кунед ва бо дили содда Ӯро ҷӯед, зеро Ӯро онҳое ба даст меоранд, ки Ӯро васваса намекунанд, ва Ӯ ба онҳое наменамояд, ки ба Ӯ бовар намекунанд. Зеро фикррониҳои нодуруст аз Худо дур мекунанд, ва озмоиши қудрати Ӯ ҷоҳилонро фош мекунад. Ба ҷони маккор хирад намедарояд ва дар бадане, ки ба гуноҳ ғулом гаштааст, сокин намешавад, зеро Рӯҳи Муқаддаси хирадмандӣ аз маккорӣ дур мешавад, ва аз фикррониҳои нооқилона худро канор мекашад, ва аз дурӯғи наздик шудаистода шарм медорад”. (1:1-5).
Ҳамин фикр якчанд маротиба дар Навиштаҳои Муқаддас, ки бо илҳоми Худо навишта шудааст, садо медиҳад; ва эҳтимол аз ҳама маъмули он суханони Масеҳ мебошад: “Хушо покдилон, зеро ки онҳо Худоро хоҳанд дид” (Мат. 5:8).
Дуюм, лозим аст, ки тамоми ҳаёти худро бо имон ба Масеҳ бубахшем. “Ба Масеҳ бовар кардан” — маънои онро дорад, ки ба Ӯ дилбастагии боирода ва эҳсосотӣ, ва якҷоя бо ин, қарори қатъии дар ҳама кор ба Ӯ итоат кардан дошта бошем. Барои ин моро зарур аст, ки аҳкомҳои Ӯро риоя намоем, салиби худро бардорем, Худо ва одамонро дӯст дорем.
Сеюм, мо бояд ба худ ҳамчун ба одамоне нигоҳ кунем, ки барои гуноҳ мурдаанд ва барои Худо дар Исои Масеҳ зиндаанд, ва баъд дари дили худро кушоем, то ки ба он Рӯҳи Муқаддас ворид шавад. Баъд мо бояд ба он тартиботе итоат намоем, ки барои дар Рӯҳ будан зарур аст, ва шаҳвонияти ҷисмамонро поймол созем.
Чорум, мо бояд далерона аз арзишҳои ночизи ин ҷаҳони гунаҳкор даст кашем ва комилан аз ҳамаи он чизе ҷудо гардем, ки дили одамони беимон ба он ҷаҳд менамояд, ва ба худ имкон диҳем, ки аз он ҳаловатҳои муқаррарие истифода барем, ки Худо барои порсоён ва шарирон тӯҳфа намудааст.
Панҷум, мо бояд дар амалия санъати ақидаронии пур аз муҳаббатро дар бораи бузургии Худо истифода барем. Барои ин баъзе ҷидду ҷаҳд лозғим аст, чунки тасаввурот дар бораи бузургӣ дар одамон ба пуррагӣ барҳам хӯрдааст. Ҳоло ҳусни таваҷҷӯҳи одамон танҳо ба худ равона карда шудааст. Гуманизм дар шаклҳои гуногуни худ ба ҷои фақеҳият калиди фаҳмиши ҳаёт гашта, доираи онро танг карда баровардааст. Вақте ки дар асри ХIХ шоир Суинберн навишт, ки: “Ҷалол бар одам дар арши аъло! Зеро ки одам — хоҷаи чизҳост”, ба ҷаҳони ҳозира варианти нави дуои: “Туро Худо ҷалол медиҳем” — ро дод. Ҳамаи инро ба ҳолати аввала бо амали мақсадноки ирода гузошта, дар ҳамон ҳолат бо ҷидду ҷаҳди хирад нигоҳ доштан зарур аст.
Худо шахсият аст, ва дилро ба мӯъҷиза тайёр намуда, бо Ӯ ҳарчӣ аз наздиктар шинос шудан мумкин аст. Шояд моро лозим ояд имони муқаррарии худро ба Худо иваз намоем, ки чун ҷалоле, ки Навиштаҳои Муқаддасро мисли тилло рупӯш менамояд, мисли офтоби тулӯъкунанда аз болои ҳаёти ботинии мо баланд хоҳад шуд. Шояд инчунин моро лозим ояд, ки оромона ва ба таври сазовор аз расмиятчигие, ки дар калисоҳои инҷилӣ ҳукмфармост, дур шуда, ба муқобили бисёр чизҳо, ки сабукфикрона дар байни мо масеҳият ҳисобида мешавад, эътироз баён намоем. Шояд дар натиҷаи ин мо муддате чанд дӯстонамонро гум мекунем ва чун “тақводор” ном барорем; вале касе, ки дар чунин кори муҳим аз оқибатҳои ногувор меҳаросад, Малакути Худоро сазовор нест.
Шашум, ба андозаи он, ки дониш дар бораи Худо аҷибтар мегардад, хизматгузорӣ ба дигарон барои мо ҳарчӣ бештар ҳатмӣ мешавад. Донишҳои пурбаракат ба мо барои он дода намешавад, ки мо худпарастона аз онҳо ҳаловат барем. Ҳар қадаре ки донишҳои мо дар бораи Худо комилтар мегарданд, хоҳиши аз нав ташкил додани ин донишҳои ба дастовардаамон дар кори хайр нисбати инсонияти ситамдида бештар мегардад. Худое, ки ба мо ҳама чизро додаст, ба андозаи он, ки мо ҳар чӣ қадар Ӯро беҳтар меомӯзем, ба воситаи мо доданро давом медиҳад.
То ба ҳол мо муносибатҳои шахсии одамро бо Худо дида баромадем, ва ба монанди равғани молиданӣ дар дасти рости одам, ки бо хушбӯии худ “худро ошкор месозад”, дилхоҳ дониши амиқ дар бораи Худо ба он касоне, ки дар ҷамъияти масеҳӣ моро иҳота менамоянд, таъсир расонданро сар мекунад. Ва мо низ бояд ба он ҷаҳд намоем, ки ин нуреро, ки дар мо инкишоф меёбад, бо дигар аъзоёни оилаи Худо бо ҳам бинем.
Агар мо ҳамеша ба бузургии Худо нигаронида шуда бошему дар ҳузури дигар одамон ба Ӯ хизмат намоем, ин корро беҳтар ба ҷо оварда метавонем. На танҳо дуоҳои шахсии мо, балки шаҳодатдиҳиҳои мо, сурудхониҳои мо, мавъизаҳои мо ва ҳар он чизе, ки менависем, бояд аз Худо пур бошанд, ва ҳамаи ин бояд дар атрофи шахсияти Худованди муқаддаси мо муттаҳид шаванд, ва мо ҳамеша бояд бузургӣ, шоистагӣ ва қудратмандии Ӯро баланд бардорем. Дар осмонҳо, дар ямини рости Бузург, дар ҷалол Одаме нишастааст, ки бо садоқат манфиатҳои моро ҳимоя менамояд. Мо дар байни одамон ба мӯҳлати на он қадар дуру дароз монда шудаем, аз ин рӯ биёед дар замин намояндагони содиқи Ӯ бошем.