А. И. Абрамов ВАҚТИ МУРДАН Ба шубон Александр Алшанов бахшида мешавад (1963-1998) Ман намедонам, ки ту дар куҷо кор мекунӣ ва чӣ зиндагӣ дорӣ. Ман намедонам, ки ту аз чӣ хурсанд мешавӣ, ва чӣ туро ба ҳарос меорад. Ман ҳеҷ чиз дар бораи ақида ва майлу рағбати сиёсии ту намедонам. Ба ман фикр ва хоҳишҳои ту маълум нест… Вале ман як чизро дар бораи ту аниқ медонам: ТУ МЕМИРӢ. Новобаста аз он, ки ту дар ин бора фикр мекунӣ, ё монанди дигарон кӯшиши рад намудани ин далели баҳснопазирро дорӣ, ин ба амал меояд. Марг дари туро мекӯбад, ва намепурсад, ки ту ба омадани вай тайёр ҳастӣ ё не. Ва пеш аз он, ки саҳифаро варақ гардонӣ, бозист. Ба ақрабаки сониягарди соати худ нигар. Ба ту ногузир вақти аз ҳама масъулиятнок наздик мешавад – ВАҚТИ МУРДАН. Муқаддима Баъзан ба ман чунин менамояд, ки аллакай якчанд наслҳои одамони дар рӯи замин мезиста, бо тамоми қувват кӯшиш менамоянд, ки маргро ёдовар нашаванд. Зиёда аз ин, онҳо кӯшиш мекунанд, ки ҳар чи камтар дар бораи он гап зананд ё андеша намоянд. Онхо намехоҳанд бори дигар ҷони худро побанди фикру хаёле кунанд. Бешубҳа, даст кашидан аз фикрҳои душвор ҳаёти одамро осонтар ва гуворо мегардонад, вале сабукфикрие, ки ҳангоми ҳаёти заминӣ содир мешавад, метавонад дар дӯзах ба маъюсӣ табдил ёбад. Вале илова бар он, ки чаҳон бо имрӯзи худ дар бораи Осмон фикр накарда зиндагӣ мекунад, ҳатто он қисми масеҳиёни ҳозиразамон, ки ҳарчӣ бештар ба фақеҳияти либералӣ дода мешаванд, дар бораи марг хомӯш монданро давом медиҳанд, зеро ки як ёдоваршавӣ дар бораи он қодир аст оромии нимхобу нимбедоронаи ботлоқи гарму бароҳати онҳоро вайрон созад. Инҷили бе мурофиа, бе ғазаб, бе дӯзах, бе азоб ва таъқибот — ин ҳамон бидъати харобкунандае мебошад, ки имрӯзҳо барои калисоҳо хатари ҷиддӣ дорад. Маҳз хоҳиши вайрон сохтани «сеҳри хомӯшӣ» таккони аввалин барои навиштани ин китоб буд. Вазифаи асосии худро ман дар хотиррасонии соддаи марг мебинам, ҳамон хотиррасоние, ки бо суханони ҳавворӣ Петрус, фикри покро таҳрик месозад (2Пет. 3:1). Ман мехостам, ки ба ҳама масеҳиён бе истисно дар бораи ногузирии марг ва ҷаъмбасти натиҷаҳои ҳаёт баъди марг дар назди тахти Худо ёдовар шавам. Ман ба хонандагон пешкаш менамоям, ки чунин як ҳодисаи асрорангезро, монанди марг, бодиққат дида бароянд. Дар бораи он, ки оё тарси марг ва ҳокимияти иблис бо ҳам алоқаманданд, ё ин ҳодисаҳо ҳеҷ гуна алоқае надоранд, андеша кунанд. Навиштаҳои Аҳди Қадимро дида бароянд, ва ба ҳаёту марг бо чашмони Воиз нигоҳ кунанд. Дар бораи он фикр кунанд, ки оё марг шахсият аст ё ин, ки ҳодисаи табиии маротибаҳои зиёд такроршаванда. Ва ниҳоят, дар бораи он, ки чӣ хел ба марги худ тайёр шудан даркор аст, ва оё онро умуман кардан даркор аст ё не, фикр кунанд. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки тайёр будан ба марг шарти муқаррарии масеҳии ҳақиқӣ мебошад. Ҳавворӣ Павлус навишта буд: «…тайёрам… ба хотири исми Исои Худованд бимирам» (Аъм. 21:13). Мо медонем, ки гуфтаҳои ҳавворӣ суханони хушку холӣ набуданд, вай дар ҳақиқат маргро барои Исои Масеҳ қабул кард. Бар замми ин, ӯ наметарсид, ки дар бораи марг мавъиза кунад, ё ба масъалаҳои ба он алоқаманд дахл кунад. Ёдоварии ҳушёркунанда дар бораи ногузирӣ махсусан ба он касоне зарур аст, ки ҷиддӣ ба «хушхабари гулгулшукуфоӣ ва осудаҳолӣ» мароқ зоҳир намудаанд, касоне, ки одат кардаанд муваффақияти хизматро бо пул, андозаи даромадҳо ва маъбадҳо, обрӯ дар ҷамъият, ҳокимият ва нуфӯз андоза кунанд. Вале, шояд, маҳз имрӯз Худованд ба ягон нафари онҳо гӯяд: «Эй нодон! Худи имшаб ҷонатро аз ту талаб мекунанд; пас он чӣ захира кардӣ, насиби кӣ мешавад?»(Луқо 12:20). Ва ба ҳамаи он касоне, ки ин китобро ба даст меоранд, ё онро ҳамчун тӯҳфа мегиранд (ҳарчанд, эҳтимол, тӯҳфаи аҷоибтарро ёфтан душвор аст), ман самимона мехоҳам ҳар он чизе, ки дар ин ҷо чунин бисёр ва муфассал гуфта шудааст, шуморо ҳар чӣ дертар ба даст орад. Боби якум. Дар наздикии бевосита Дар ҳама замон ва дар ҳама халқиятҳо муносибат ба марг ба таври махсус буд. На дар Шарқ ва на дар Fарб ягон маданияте нест, ки маргро ба эътибор нагирад, ба вай бетараф бошад, ва кӯшиши кор карда баромадани муносибатҳои худро нисбати масъалаҳои абадии ҳаёт ва марг накунад. Ҳамин тавр низ, ягон дине вуҷӯд надорад, ки дар бораи ҳаёти баъди марг, ин ё он хел таълим надиҳад. Ҳамаи халқҳо бар мурдагони худ маросимҳои дафнӣ мегузаронанд, ки моҳияти онҳо дар он аст, ки одамон баъди марг ҳаёти ондунёиро давом ме диҳанд. Дар гӯшаву канорҳои гуногуни дунё одамон ба таври гуногун ба марг муносибат менамоянд, ва ба таври гуногун ба худ ҳастии ондунёии одамро тасаввур менамоянд, вале як чиз равшан аст, ҳеҷ кадоми онҳо ба марг бетарафона муносибат намекунанд. Марг дар бисёрии аврупоиён тарс, ва баъзан даҳшати носохтаро ба вуҷуд меоварад, ки онҳоро маҷбур месозад аз марг ҳарчӣ дуртар шаванд. Одамро барои мурдан ба беморхона мефиристанд, ӯро барои гӯрондан мутахассисон аз бюрои дафнкунӣ тайёр менамоянд. Агар кас ногаҳон мурда монад, кӯшиш мекунанд, ки кӯдаконро аз бистари шахси мурда дур созанд. Имрӯзҳо намояндагони тамаддуни ғарб меҳисобанд, ки бо мурдагон бояд одамони кордон машғул шаванд. Онҳо тайёранд, ки барои хизматҳояшон ба ин шахсон пули калон диҳанд, то ки бори дигар ба марг наздик нашаванд. Ба ақидаи ман ҳамаи ин дар бораи як чиз мегӯяд: тараққиёти бузургро дар соҳаи технология ва соҳаи иҷтимоӣ ба даст оварда, ҷаҳони ғарб як чизи хеле муҳимро аз даст додааст. Ва ба ҳар ҳол, ҳар як аврупоии миёна аз марг метарсад. Дар қалби ӯ шарорачаи кунҷкобии инсонӣ даргирифтанро давом медиҳад — марг, ҳамчун ҳодиса, дар як вақт ҳам ҷалб мекунад ва ҳам метарсонад. Ақидаи философии ғарбӣ на танҳо аз болои чӣ будани марг кор мекунад, балки кӯшиш мекунад тасаввур намояд, ки дар паси хати охирин чӣ пинҳон аст. Вале ҳама кӯшишҳои одамро, ки бо ёрии назарияи мантиқӣ мехоҳад дар он тарафи марг чӣ ниҳон буданро фаҳмад, нокомӣ интизор аст. Одамони зинда дар бораи марг ягон чизи аниқро намедонанд, ва мурдаҳо бошанд, мутаассифона, майли таассуротҳои худро бо мо дидан надоранд. Ва ҳатто фикри Плутон дар бораи он, ки «философия — тайёршавӣ ба марг аст», дар гумон аст, ки одамиро тасалло дода тавонад. Китоби Муқаддас, Каломи ҳақиқӣ ва поки Худо, ба одамӣ, ба чунин саволҳоӣ зиёд ҷавобҳои оддӣ, ва, муҳимтараш, аниқро медиҳад. Танҳо Худованд, ки мутлақо аз болои вақт ва фазо, ҳаёт ва марг назорат мекунад — дар бораи ҳамаи ин ҳодисаҳо донишҳои пурра дорад. Барои фаҳмидани табиати марг, ба ҳаёт бодиққаттар назар кардан лозим аст. Китоби Муқаддас дар бораи офариниши ҳаёт мегӯяд: «Ва Худованд Худо одамро аз хоки замин бисиришт, ва ба бинии вай рӯҳи ҳаёт дамид, ва одам ҷони зинда шуд» (Ҳастӣ 2:7). Ҳаёт, бе гуфтугӯ, аз тарафи Худованд, пурра мувофиқи нақшаҳои Ӯ офарида шудааст. Дар рафти офариниш Ӯ маротибаҳои зиёд муносибати Худро ба натиҷа иброз медорад. Дар боби якуми Китоби Ҳастӣ ибораи ҳашт маротиба такроршавандаи «ин хуб аст», дар ин бора мегӯяд. Аммо, оё марг аз тарафи Худо айнан ҳамин тавр навишта шуда буд? Навиштаҳои Муқаддас ба ин савол ҷавоби аниқ надода, барои тасфир ва андешаронӣ озодии муайянро медиҳад. Агар офариниши ҳаёт аниқ аз рӯи нақша ба амал омада бошад, пас марг ба ҷаҳон на бо иродаи Худо, вале бо иҷозати Ӯ дохил шудааст. Байни роҳдиҳӣ ва ирода, ё хоҳиши Худо фарқияти бузурге аст. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки иблис ҳамон лаҳза баъди исёнаш нобуд карда нашуд. Оё ба Худо нигоҳ кардан ба душмани Худ гуворо буд? Дар гумон аст. Наход, ки Худои Қодир натавонист иблисро, ҳамон лаҳза барои исён кардан муқобили Ӯ, ба хокистар табдил диҳад? Метавонист, вале нахост. Барои чӣ? Вақте, ки ба ман чунин саволҳоро медиҳанд, ягона коре, ки ман карда метавонам, ин китф дарҳам кашидан аст, ва илова менамоям, ки агар ман ба ҳамаи ин саволҳо ҷавоб дода метавонистам, дар Оксфорд дарси фақеҳият мегузаштам. Аммо, мантиқи муайяне дар он, ки марг ба ҷаҳон баъди гунаҳкоршавӣ дохил шудааст, ҳар чӣ ҳам набошад, ҳаст. Марг, ки ҳаёти одамонро маҳдуд менамояд, гуноҳро низ, ки дар одам зиндагӣ мекунад, маҳдуд менамояд, ва ба он имкон намедиҳад, ки то абад ҳукмфармоӣ кунад. Баъди он, ки Одам аз дарахти маърифати неку бад хӯрд, Худо ба вай нигоҳ карда гуфт:»…мабодо дасти худро дароз кунад, ва аз дарахти ҳаёт низ хӯрад, ва то абад зинда монад» (Ҳастӣ 3:22). Худованд ҳатто дар боғи Адан посбон гузошт (Ҳастӣ 3:24), то ки Одам аз дарахти ҳаёт нахӯрад, ва дар рӯи замин то абад зинда намонад, ва бо ин ба иблис рухсат диҳад, ки заминро як майдони ҳаматарафа барои мухолифат бар зидди Худо гардонад. Агар гунаҳкор медонист, ки мавҷудияти вай бо марг намеанҷомад, ва ӯ бемалол гуноҳ карда метавонад, ва ба ӯ аз ягон ҷазоҳои баъди марг парво кардан лозим нест, манзараи ҳаёт дар рӯи замин тамоман дигар хел мешуд. Ва баъди ҳазор сол замин ба андозае аз гуноҳ пур мешуд, ки ба изолятори нигоҳдории муваққатӣ монанд мешуд, ки дар он тахтакатҳои ду-се қабата гузоштан лозим меомад. Бори нахуст калимаи марг дар Китоби Муқаддас дар Китоби Ҳастӣ 2:17 вомехӯрад, ғайр аз ин, дар нусхаи аслии забони ибрӣ он на дар шакли танҳо, балки дар шакли ҷамъ мебошад, на «бо марг мемирӣ», балки «бо маргҳо мемирӣ». Тарҷумаи аслии ин матн барои гӯши тоҷик маҳз ҳамин хел, як қадар аҷоиб, садо медиҳад. Ман намехоҳам тарҷумаи синодиро дар ноаниқӣ гунаҳкор кунам, балки баръакс, комилан аён аст, ки чунин варианти тарҷума бо забони тоҷикӣ хеле вазнин ва гӯшхарош садо медод. Вале забони аслӣ онро мефаҳмонад, ки чунин ифода намуда, Худованд дар мадди аввал қайд кардан мехост: марг — ин на танҳо интиҳои ҳаёт, балки як чизи мураккабтар ва ҳодисаи сернақша мебошад. Навиштаҳо се ҳодисаи тамоман гуногунро аниқ ҷудо менамояд, ки ҳар кадоми он марг номида шудааст. Зарур аст, ки сари вақт равшанӣ андохта, ба чигилӣ роҳ надиҳем. Якум ҳодисае, ки дар Навиштаҳо марг номида шудааст — ин марги рӯҳонӣ аст; дуюм — марги ҷисмонӣ, ё ин ки марги якум. Ва ниҳоят, сеюм — ин марги абадӣ, баъзан чун ҳалокати абадӣ ё марги дуюм ифода мешавад. Марги рӯҳонӣ Одамро ҳамон замон баъди гунаҳкоршавӣ фаро гирифт. Чун қоида, ҳаввориён вақте, ки истилоҳи «маргро» истифода мебаранд, маҳз марги рӯҳониро дар назар доранд. Онро аз ҳама бештар Павлус истифода мебарад. Дар яке аз номаҳои худ вай гуноҳкоронро тавсиф медиҳад, ва дар онҳо одамони «дар ҷиноятҳо ва гуноҳҳо мурдаро» мебинад (Эфс. 2:1). Одами рӯҳан мурда на ҷисман мурдааст, балки рӯҳан барои Худо мурдааст — ва нисбати Ӯ кар, кӯр ва гунг аст. Ҳаввории муқаддас, Юҳаннои фақеҳ менависад: «Аъмоли туро медонам; агарчӣ ту ном дорӣ, ки зинда ҳастӣ, валекин ту мурда ҳастӣ» (Ваҳй 3:1). Ҷаҳони мо пур аз одамони мурда аст, ба онҳо чунин менамояд, ки онҳо зиндагӣ мекунанд, вале дар ҳақиқат мавҷудияти онҳо — худ фиребӣ, нашъаест, ки хаёли хомро нисбати ҳаёт ба вуҷуд меорад. Ва ҳар боре, ки худро бо даву този навбатӣ «сӯзандору» мезанад, одам ҳар чӣ бештар аз он Касе дур мегардад, ки гуфта буд: «Ман роҳ ва ростӣ ва ҳаёт ҳастам; касе наметавонад назди Па дар ояд, магар ин ки ба василаи Ман» (Юҳ. 14:6). Ба ҳамин тариқ, марги рӯҳонӣ — ин ҳаёт бе Худо мебошад, ихтиёрона инкоркунии он Касе мебошад, ки дар бораи Худ гуфтааст: «Ман нони ҳаёт ҳастам» (Юҳ. 6:48). Албатта ҳар як одам озод аст, ӯ метавонад ҳар қадаре, ки хоҳад Каломи Худоро рад намояд, вале бигзор ин одамон донанд, ки чунин интихоби худро ба манфиати шайтон карда, ҳар чӣ чуқуртар ба гирдоби марги рӯҳонӣ фурӯ мераванд. Ва вақте, ки онҳо ба интиҳои ҳаёти худ омада мерасанд, ва онҳоро марги ҷисмонӣ ба чанг медарорад, аз он ба ҳайрат омадан лозим нест, ки ҷони тавба накардаи онҳо ба даҳшатҳои беохири дӯзах фурӯ мераванд. Ин марги дуюм аст, вале муфассалтар дар бораи он дар боби оянда. Ба ҳар куҷо ки наравем, мо ҳамеша ба пешвози марг ҳаракат мекунем. Ҳаёт — ин роҳи ҳаракати яктарафа мебошад. Боби дуюм. Марги якум ва марги дуюм Вақте ки Масеҳ ва Воиз аз саҳифаҳои Навиштаҳои Муқаддас дар бораи марг мегӯянд, ба ҳеҷ ваҷҳ ба он фикр роҳ додан даркор нест, ки онҳо дар бораи як чиз мегуфта бошанд. Навиштаҳо байни ду фаҳмиш, монанди марги якум ва марги дуюм, аниқ ҳудудгузорӣ менамояд. Марги якум — ин ҷудошавии ҷон аз бадан мебошад, ки бо воситаи он мутлақо ҳама мегузаранд. Марги дуюм — ин дӯзах, азобҳои беохир ва маҳкумшавии абадӣ мебошад. Дар бораи марг дар Аҳди Қадим хонда истода, мо мебинем, ки одатан сухан дар бораи марги якум — марги ҷисмонӣ меравад, вақте ки бадани инсонӣ мемирад. Аз рӯи хусусиятҳои ҷаҳонро дарккунӣ ва Худошиносии аҳдиқадимӣ, одамони он замон маргро анҷоми охирин медиданд. Ягона кафолати ёдоварӣ дар бораи одам наслҳои вай буданд. Таълимот дар бораи абадият, дар бораи ҳаёт баъди марг, дар бораи эҳёшавии мурдагон танҳо дар замони аҳди ҷадидӣ шакли ба охиррасидаро мегирад. Масеҳ дар бораи афзалияти ҳаёти абадӣ аз болои ҳаёти муваққатӣ мегӯяд. Дар рӯи замин масеҳӣ метавонад гирифтори ғаму азоб ва таъқибот гардад, вай ҳатто метавонад бо интихоби даст кашидан аз имон ё гирифтори марг шудан дучор гардад. Вале Худованд дар ин масъала тамоман ба таври муайян мегӯяд: «Ва аз кушандагони ҷисм, ки ба куштани рӯҳ қодир нестанд, натарсед, балки аз ӯ ҳаросон бошед, ки қодир аст ҳам ҷисм ва ҳам рӯҳро дар дӯзах нобуд кунад» (Мат. 10-28). Ҳавворӣ Юҳаннои Фақеҳ дар ин бора дар Китоби Ваҳй менависад: «То дами мамот амин бош, ва тоҷи ҳаётро ба ту хоҳам дод. Ҳар ки гӯш дорад бишнавад, ки рӯҳ ба калисоҳо чӣ мегӯяд: касе ки ғолиб ояд, аз мамоти дуюм зараре нахоҳад дид» (Ваҳй 2:10-11). Дар ин порча ҳавворӣ якбора дар бораи ду марг ёдовар мешавад, ҳам дар бораи якум ва ҳам дар бораи дуюм. Вале марги якум чун як чизи ногузир, ҳамчун зинаи охирини садоқати масеҳӣ, дар лаҳзаи мазкур, барои гирифтани ҳаёти ҷовидонӣ чун як чизи бисёр лозим омадааст. Маҳз дар рӯи замин ин масъала ҳал карда мешавад, ки бо ҷони одам баъди марги якум чӣ мешавад: ҳаёти ҷовидона фаро мерасад ё марги абадӣ. Барои хубтар фаҳмидани чунин як ҳодиса ба монанди «марги дуюм», руҷӯи кӯтоҳи фақеҳӣ кардан зарур аст. Имрӯз ҷони гуноҳкорон ба дӯзах меафтанд — ба ҷое, ки одамон азоб мекашанд ва иблис ҳукмронӣ мекунад. Вале ин то абад давом намекунад. Китоби Ваҳй мегуяд, ки «Ва мамот ва дӯзах дар кӯли оташ андохта шудаанд. Ин — мамоти дуюм аст» (Ваҳй 20:14). Дар охири кор ҳамаи мавҷудоте, ки ба онҳо иродаи озод дода шудааст, дар ду ҷо ҷамъ мешаванд: дар кӯли оташ ва дар Ерусалими осмонӣ. Ба ҳамин тариқ, порсоён марги якумро аз сар мегузаронанд, вале аз марги дуюм зарар намебинанд. Чунон ки навишта шудааст: «касе ки ғолиб ояд, аз мамоти дуюм зараре нахоҳад дид» (Ваҳй 2:11). Ҳақиқатро дар бораи марг танҳо аз Худо фаҳмидан мумкин аст, зиндаҳо дар бораи он чизе намедонанд, ва мурдагон низ чизе намегӯянд. Боби сеюм. Ногузирии мутлақ Ҳамин ки дар бораи марг гуфтани шавам, ҳамон замон маро саволборон мекунанд: «Ҷавони хуб, чаро шумо мудом дар бораи марг мавъиза мекунед, ва ҳамеша дар бораи он гап мезанед?» Ҳамеша хоҳиши пурзӯре пайдо мешавад, ки саволи муқобилро диҳам: «Барои чӣ шумо дар бораи он андеша намекунед? Пинҳон мешавед? Ё метарсед? Ё шумо фикр мекунед, ки он ба шумо таҳдид намекунад?» Ҷавоби ман ба чунин савол ба андозае оддист: ман мехоҳам, ки тайёр бошам, ба андозае тайёр бошам, ки ба марг тайёр шудан мумкин аст. Тайёрӣ ба марг, ва аниқтараш тайёрӣ ба вохӯрӣ бо абадият на бо имзо кардани васиятномаҳо ва тақсими молу мулк, балки тамоман бо роҳи дигар, бо меъёри ғайри материалӣ муайян карда мешавад. Мутаасифона, имрӯзҳо дар калисоҳои масеҳӣ мавъиза дар бораи вохӯрии ногузир бо абадият, дар бораи он, ки чӣ хел ба он тайёр шудан лозим аст, хеле кам шунида мешавад. Ва ин сарфи назар аз он, ки қисми зиёди калисоҳоро одамони солхӯрда ташкил медиҳанд ва ин мавзӯъ барои онҳо бениҳоят муҳим аст. Охир дар вақташ дар калисоҳои махфӣ таълимоти фикр карда баромадае дар бораи тайёрӣ ба абадият вуҷуд дошт. Зиёда аз ин, таълим медоданд, ки тайёрии ҳамешагӣ ба марг хусусияти ҷудонаша вандаи масеҳият мебошад. Дар чунин ҷамоатҳо имондорони солхӯрда аз гуфтани он наметарсанд, ки онҳоро аз дигар корҳои ҳаёти дида, тайёрии вохурӣ бо Худо бештар ба ташвиш меандозад. Шӯбонон ба калисоҳо, ва махсусан ба ҷавонон аз гуфтани он наметарсанд, ки одам баъд аз марг барои ҳама корҳояш дар назди Худо ҳисобот хоҳад дод. Дар баъзе ҷамоатҳои ҳозиразамон барои калимаи «мамот»-ро талафуз кардан дар вайронкунии имон ва эътиқоди нодуруст гунаҳгор карда мешавӣ. Эҳтимол ягон кас гӯяд, ки мавзӯи тайёрии ҳамешагӣ ба марг нисбат аз калисоҳое, ки аз баракатҳои озодӣ баҳраваранд, ба калисоҳои таъқи бшаванда наздиктаранд. Вале иҷозат диҳед қайд намоям, ки аъзоёни калисоҳои махфӣ чун дигар азоёни калисоҳо ҳаёти худро як хел ба анҷом мерасонанд — онҳо мемиранд. Ба ҳамин тариқ, дар бораи марг фикр кардан ба ҳама зарур аст, ба таъқибшавандагон ва шахсони озод, ба ҷавонон ва ба пирон, ва ҳар чӣ барвақттар бошад, ҳамон қадар хуб аст. Ба бисёр касоне, ки ҳоло зиндагӣ мекунанд, чунин менамояд, ки марг аз онҳо хеле дур аст, вале ин хатои нобахшиданист. Одамон бо ин худфиребӣ худро тасалло медиҳанд ва ором менамоянд — ин чун як намуди муҳофизат мебошад. Вале марг ҳамеша дар наздикист, чунки дар он ҷое, ки ҳаёт аст, дер ё зуд мамот пайдо мешавад. Одамонро далели он, ки марг дар зери назорати онҳо намебошад, беҳад ғамгин месозад. Кӯшишҳои ҳаматарафаи тиб ва дигар илмҳо — ин фақат кӯшишҳои заифонаи ба таъхирандозии иҷрои ин ҳукми ногузир аст. Чӣ хеле, ки таронасаро мегӯяд: «Рӯзҳои умри мо ҳафтод сол аст, ва агар бақувваттар бошем — ҳаштод сол; вале ифтихори онҳо аз заҳмат ва ҷафо иборат аст, зеро ки зуд гузашта меравад, ва мо низ парвоз мекунем» (Заб. 89:10). Тарафи дигари ин назоратнашавандагӣ дар он ифода меёбад, ки одам на танҳо миранда аст, балки боз ногаҳон мемирад. Дар ин бора Михаил Афанасевич Булгаков дар романи худ «Мастер ва Маргарита» хеле аниқ гуфта аст. Шоҳи зулмот, Воланд, луқмаи тамасхуромезро дар бораи марги ногаҳонӣ мегӯяд, вақте ки бо атеистони мағрургашта ҳамсӯҳбат мешавад. Вай бо шавқ ҳамсӯҳбатони худро дар бораи нақшаҳои онҳо барои оянда пурсӯҷӯ менамояд, ва аз беҳаёии инсонӣ ба ҳайрат афтода, ба ҷавобҳои худбоваронаи онҳо гӯш медиҳад. Аз афташ, ҳеҷ як масеҳии солимақл бо Булгаков нисбати тарафҳои догматикии асари вай розӣ намешавад. Ман низ бо вай розӣ нестам. На Масеҳ, на ҳаввориён, на иблис, ки дар асар тасвир карда шудаанд, тамоман ба он симоҳое, ки мо дар Китоби Муқаддас мебинем, мувофиқат намекунанд. Вале як чизро Булгаков аниқ қайд намудааст — ҳаёт назарияҳои ҳақири атеистиро якҷоя бо паҳнкунандагони он пора-пора месозад. Ҳар як одам, дар рӯи ин замин гашта, бояд дар хотир дорад, ки дар болои сари онҳо балои муаллақи марг овезон аст. Ва агар вай дар бораи абадият ва дар бораи Худо фикр накунад, ва тамоми ҳаётро қатъиян барои худ сарф кунад, он гоҳ марг барои вай — ҳалокати ҳақиқист. Ба андозаи наздикшавӣ ба абадият вай ҳарчи бештар ҳақ будани фоҷиаи Аюби азобкашидаро дарк мекунад: «Аз батни модари худ бараҳна омадам, ва ба он ҷо бараҳна хоҳам баргашт…» (Аюб 1:21). Ҳикмати халқӣ қисман ҳазломез мегӯяд, ки дар тобут бо худ чизе намегирӣ ва ба қабр чизе намебарӣ. Ва чи гуна даҳшатҳои шекспирӣ кушода мешаванд, вақте аён мегардад, ки ҳаёти барои ба даст овардани беҳбудии моддӣ сарф кардашуда бо азоб ва даву ғеҷ гузаштааст, ва фоидаи онро «каси бегона» мебинад (Воиз 6:2). Ҳар қадар кӯшиш накунӣ ҳам, ҳамаи неъматҳои моддӣ дар замин мемонад, ва илоҳо одами миранда бинад, ки ворисони вай — одамони бошууранд ва натиҷаи меҳнатхои вайро барбод на медиҳанд. Вале агар миранда худпарастиро талқин карда, дар бораи абадият фикр намекард, ман ба вай ҳасад намебарам, зеро ки интиҳои кори вай даҳшатнок мебошад. Агар касе хоби даҳшатнок бинад, бедор шуда хурсандӣ мекунад, ки ин фақат хоб будааст, вале ҳангоми марги гуноҳкор ва худпараст ҳама чиз тамоман баръакс ба ҷо меояд. Хоби вай ҳаёти заминӣ буд, марг бошад — ин бедоркунӣ бо ғут тазании минбаъда ба даҳшатҳои беохири дӯзах мебошад. Ва таронасаро ҳақ буд вақте, ки мегуфт: «Мисли хобе пас аз бедоршавӣ, Ту эй Худованд, онҳоро бедор карда, шавкаташонро барҳам хоҳӣ дод» (Заб. 72:20). Ҳаёт — ин хоб аст, ҷаҳони мо ғайриҳақиқӣ, ва агар ҳақиқӣ ҳам бошад, пас ҳақиқати он дуюмдараҷа аст, марг — ин бедоршавӣ аз хоб аст, ва он чизе, ки баъд аз марг аст, ҳақиқат аст. Ба ин ақида фалсафа ва санъат маротибаҳои зиёд рӯ овардааст. Нуқтаи назари додашударо тарафдорӣ накарда, мехоҳам қайд кунам: барои он касоне, ки барои худ зиндагӣ мекунанд, ин алоқаи бевосита дорад. Ҳаёти онҳо — ин дидаву дониста инкоркунии масъулият чӣ дар наз ди виҷдони худ, ва чӣ дар назди Худо мебошад — ва барои ҳар он чизе, ки одам дар вақташ кардааст, дар абадият ҷавоб хоҳад дод. Аз фикр кардан дар бораи марг тарсидан даркор нест, чунин намуди андешаронӣ ҳеҷ гоҳ халал намерасонад, зеро, ки аз онҳо ҳангоми ғамгинии рӯй, дил нек мегардад (Воиз 7:3). Дар бораи марг фикр карда, одам ба абадият гӯш медиҳад. Ба андешаи ногузирии интиҳо ғуттавар шуда ва наздикшавии ҳатмии онро дарк карда, ба ӯ лозим аст эътироф намояд, ки ӯро зарӯрати баровардани натиҷаҳо дар мурофиаи даҳшатнок интизор аст. Маҳз аз ҳамин сабаб одамоне, ки дар ҳақиқат ба чашмони марг нигоҳ кардаанд, ҳеҷ гоҳ ҳаётро чун пештара қабул намекунанд. Ва агар беимони ашаддӣ нишаста аз рӯи виҷдон дар бораи марг андеша намояд, ин метавонад ба вай, аз ошкорсозиҳо ва ваъдаҳои зиёд дида, бештар таъсир расонад. Гуфтан даркор аст, ки кофтани ягон хел мантиқ дар амалҳои марг, ва муҳокимаи он, ки кӣ тӯъмаи навбатии он мегардад, мутлақо бефоида аст. Барои чӣ ҷавонони зебо, боақл дар камолоти ҳаёти худ мемиранд, ва одамоне, ки онҳоро навиштаҳо «гумном» меномад (Аюб.30:8), рекордҳои дарозумриро гузашта, ҳаёти атрофиёнро заҳролуд мегардонанд, ва гӯё, ки марг онҳоро сарфи назар мекунад? Ҳар як кӯшиши ба ин савол яктарафа ҷавоб додан қаблан маҳкуми гирифтори нокомӣ шудааст. Дар кӯшиши ёфтани ҷавоб, мантиқи заминӣ бо мантиқи осмонӣ, иродаи одамӣ бо иродаи Худо, ва нуқтаи назари заминӣ бо нуқтаи назари Илоҳӣ бармехӯрад. Марги он касоне, ки бадмастӣ мекунанд, ба наздикони худ тамасхур мезананд, куфр мегуянд, ва намехоҳанд аз гуноҳҳои худ тавба намоянд, дар куҷо «роҳгум» задааст? Ман намедонам. Роҳи Худованд надонистанист. Дар баробари ин, ҳамеша бовар кардан лозим аст, ки Худо тоқат мекунад, ҷонҳоро барои тавбакунӣ, ва на барои мамот тайёр менамояд (Рум. 9:22). Нақшаи марги наздики касеро кашидан — беақлона ва беандеша аст. Таърих маротибаҳои зиёд нишон додааст, ки одам қудрат надорад, ки ояндаро аниқ пешгӯӣ намояд. Классик ҳақ буд вақте, ки гуфта буд: «Ҷавон бегоҳӣ сиҳату саломат буд, ҳоло мурдааст, ва инак вайро чор нафар мӯйсафедон бо қоматҳои хамида ба қабристон мебаранд». Аз ин ру агар касе марги хеши наздики худро интизор бошад ва фикран аллакай васиятномаашро мекушояд, ба чунин одамон ман тавсия медодам, ки каме таваққуф намоянд ва андеша кунанд, ки боз ҳамон пири васияткунанда дар маросими дафни меросхӯр меҳмони олиқадр нагардад. Ҳеҷ ҷои тааҷуб нест, ки чунин ранг гирифтани воқеа аз эҳтимол дур нест, ва аз ин рӯ ҳар одамро лозим аст, ки ҳақиқати оддиро дар хотир дорад: марг дар ҳама ҳолат ба ӯ расида метавонад. Шахси хирадманд (маҳз фаҳмиши ҳақиқатҳои оддӣ қисми ҷудонашавандаи хирадмандӣ аст) мефаҳмад, ки чизи аз ҳама асосӣ ин чӣ гуна аст, на балки кай. Лекин кай мурдани одам ҳам муҳим аст, зеро, ки ин ба ҳаёт муносибати бевосита дорад. Агар тахминан санаи ин кай маълум мебуд, қарзҳоро додан, нақшаҳо кашидан мумкин мебуд ва васиятномаҳо навишта мешуданд… Вале чӣ гуна ту мемирӣ муҳимтар аст, зеро, ки ин ба абадият алоқаи бевосита дорад. Ҳарчанд таъсири абадиятро ҳангоми ҳаёти заминӣ ҳис кардан, аз сар гузарондан осон нест, вале имконпазир аст. Барои ин лозим аст, ки бо зи стӣ, даву ғеҷро аз ақл ва дил биронӣ, ва чи хеле, ки як воиз гуфта буд, ба зери пусти худ баргардӣ — ва ба зудӣ шумо садои аз ҳама бераҳмонаи рӯи замин — садои вақтро мешунавед. Агар одам дар хомӯшии том бошад, фақат нафаскашӣ ва таппиши дили худро мешунавад. Ин назми ҷисми инсонист, бе он мавҷудият имконнопазир аст. Назме, ки онро бо гӯши инсонӣ шунидан мумкин аст. Вале овозҳое низ ҳастанд, ки онҳоро бо дил гӯш кардан лозим аст, чунки онҳо на дар фазои сеченака, балки дар ҷаҳони рӯҳонӣ паҳн мешаванд. Беҳуда нест, ки Худованд Исо тез-тез такрор мекард: «…ҳар ки гӯши шунаво дорад, бишнавад !» (Луқо 8:8). Чӣ гуна бе таппиши дил вуҷуд доштани ҷисм имконнопазир аст, ҳамин хел бе вуҷуд доштани вақт вуҷуд доштани материя ва фазо, ва умуман ҷаҳон мумкин нест. Набзи вақт бо акси садои ҷарангосии худ дар коинот садо медиҳад, ва барои таҷассумёбии моддии онро дидан кифоя аст, ки ба ақрабаки сониягарди соати худ нигоҳ кунем. Чунин намунаҳо, ки бори дигар ба мо дар бораи ногузирӣ ёдовар мешаванд, ҳаётро тамоман за ҳролуд намегардонанд, агар одам ҳамроҳи Худованд бошад. Баръакс ин одамро рӯҳбаланд мегардонад, чи хеле, ки наздикшавии марра варзишгарро рӯҳбаланд мегардонад. Наздикшавии марг — ин на танҳо хатти рости марраи ҳаёти одам, ин боз наз дикшавии доварӣ аст, аз ин рӯ бисёр одамон, ҳатто бо Инҷил ноошно, аз марг метарсанд, на танҳо аз рафтан ба ҳаёти дигар, балки чун лаҳзаи ҷамъбасти натиҷаҳои ҳаётӣ. Хатти охиринро ҷамъбаст намуда марг абадан рӯҳи одам, таркибдиҳандаи бевақтро, ки ба он ҳукм карда шудааст сарҳади абадиятро убур намояд, таҷассум менамояд. Марг — ин хатти марра аст, ки баъди он беҳшавии натиҷаҳо ғайри имкон аст, аз ин рӯ дар хотир доштан зарур аст, ки ба одам танҳо як озмоиш дода мешавад. Баъди марг ҷон наметавонад ба тарафи хуб ва ё ба тарафи бад тағйир ёбад. Дар ҳамон ҳолате, ки онро марг дарёфта буд, ҳамон хел дар назди Худо ҳозир хоҳад шуд. Маргро дуруст фаҳмида, ба ҳаёт ба таври дигар муносибат карданро ёд мегирӣ. Агар мо аз мурдагон дар бораи ояндаи худ пурсида метавонистем, онҳо ба мо мегуфтанд: «Ояндаи шумо — ин гузаштаи мост. Оядаи шумо — ин марг аст». Боби чорум. Тарси марг ва ҳокимияти иблис Ҳокимияти иблисро аз болои ин ҷаҳони гуноҳкор қайд карда, ба таърихи ин масъала дахолат накардан мумкин нест. Баъди исёни худ иблис аз осмонҳо сарнагун, ва ба канори фалак бе ягон хел ҳуқуқ партофта шуда буд. Дар он вақт вай дар ҳақиқат муртад (радди маърака) буд. Ҳамаи умедҳои вай аз одаме, ки ҳоло офарида нашуда буд, вобастагӣ дошт. Агар иблис Одам ва Ҳавворо фиреб дода наметавонист, ҳамон хел фариштаи ғайри қонунӣ мемонд. Гарчи, эътироф кардан лозим аст, ки баъди аз осмон сарнагун шудан, дар Навиштаҳо гуфта нашудааст, ки иблис аз марта-баи баланди худ маҳрум шуда бошад. Вале инчунин мо ягон ёдоваршавиро дар бораи он ёфта наметавонем, ки то гунаҳкоршавии одам иблис чӣ гуна ҳуқуқҳоро дошта буд. Баръакс тавсифи муфассал баёнкардаи пайғамбар Ишаъё маро ба андешае меандозад, ки сарнагуншавии шайтон барои вай ҳиссиёти ногаҳонӣ ва бениҳоят ногувор буд, ки амалан ба пуррагӣ ҳокимияти пештараи ӯро барҳам дод. «Асфалуссофилин аз барои ту музтариб шудааст, то ки туро ҳангоми омаданат истиқбол намояд; арвоҳи мурдагонро, ҳамаи пешвоёни дунёро барои ту бедор кардааст; ҳамаи подшоҳони халқҳоро аз тахтҳошон бархезонидааст; Ҳамаашон ба ту хитоб карда хоҳанд гуфт: «Ту низ мисли мо бемаҷол шудаӣ! Монанди мо гардидаӣ!» Кибриёи ту, садои барбатҳои ту ба дӯзах фурӯд омадааст; дар таги ту кирмҳо густурда шудааст, ва болопӯши ту кирмҳост. Эй зӯҳраи субҳидам, чӣ гуна аз осмон афтодаӣ! Эй, ки халқҳоро поймол мекардӣ, чӣ гуна ба замин бархӯрдаӣ! Ва ҳол он ки ту дар дили худ мегуфтӣ: «Ман ба осмон сууд карда, курсии худро болотар аз ситорагони Худо хоҳам гузошт, ва бар кӯҳи анҷумани худоён, дар ақсои шимол хоҳам нишаст; Бар баландиҳои абрҳо сууд намуда, монанди Ҳаққи Таоло хоҳам шуд». Аммо ту ба дӯзах, ба ақсои асфалуссофилин сарнагун хоҳӣ шуд» (Иш. 14:9-15). Пайғамбар Ҳизқиёл мегӯяд, ки баъд аз сарнагун шудан мақоми шайтон танҳо бадтар шуд: «Дили ту аз зебоии ту мағрур шуд, ту ҳикмати худро аз боиси латофати худ нобуд кардӣ» (Ҳиз. 28:17). Аз рӯи ин ҷойҳои Навиштаҳо дилпурона як хулосаи оддӣ баровардан мумкин аст: ҳокимият ва нуфӯзи иблис баъди сарнагуншавӣ аз осмон ҳеҷ буд. Худованд, пас аз Одамро офаридан, ҳуқуқ ва имтиёзҳои вайро аниқ муайян намуд. Гуфтан лозим аст, ки онҳо кӯдак набуданд. Одам аз болои ҳамаи офаридаҳо ва аз болои боғи Адан гузошта шуда буд, то ки «кори онро бикунад ва онро нигаҳдорӣ намояд» (Ҳастӣ 2:15). Амалан Одам ҳуқуқ ва ваколатҳои шоҳонаро барои идора кардани замин гирифта буд. Вақте, ки баъди гунаҳкоршавии одам иблис дорои ҳамаи ҳуқуқҳои вай гашт, ӯ нишон дода тавонист, ки ба чӣ қодир аст. Моҳияти иблисро муайян карда, Масеҳ гуфта буд: «Дузд меояд, то ки бидуздад, бикушад ва талаф кунад» (Юҳ. 10:10). Эҳтимол қисми зиёди таърихи инсониятро бо ёрии ин се феъл тавсиф додан мумкин аст. Аз ин рӯ ҳайратовар нест, ки дар Китоби Аюб мо мебинем, ки чи тавр шайтон тамоман оромона ба тахти Худованд наздик меояд. «Ва рӯзе воқеъ шуд, ки писарони Худо омаданд, то ки пеши Худованд ҳозир шаванд; ва шайтон низ дар миёни онҳо омад. Ва Худованд ба шайтон гуфт: «аз куҷо омадӣ?» Ва шайтон ба Худованд ҷавоб гардонда гуфт: «Аз давр задан бар замин, ва аз гаштугузор кардан бар он» (Аюб 1:6-7). Бо вуҷуди ин Худованд вайро аз назди тахти Худ намеронад, баръакс, Ӯ тамоман оромона бо вай сӯҳбат менамояд. Бо ҳуқуқҳои кӣ шайтон ба назди тахти Худованд омад? Бо ҳуқуқҳои Одам! Маҳз ба ин ҳуқуқҳо такя карда, иблис ба Исо дар биёбон ҳамаи шоҳигариҳои дунёро дар як лаҳза нишон дода, бо ин гуфтаҳо васваса намуд: «Тамоми салтанат ва ҷалоли онҳоро ба ту медиҳам, зеро ки он ба дасти ман супурда шудааст, ва ман, ба ҳар кӣ хоҳам, онро медиҳам» (Луқ. 4:6). Ва Масеҳ иблисро дар дурӯғгӯӣ айбдор намекунад, барои он ки шайтон рост гуфта буд, вай дар ҳақиқат дар рӯи замин ҳокимияти бузурге дошт. Вале баъди аз мурдагон эҳёшавиаш Масеҳ мегӯяд, ки тамоми пуррагии ҳокимият ба Ӯ тааллуқ дорад, ва Ӯ дорои калидҳои дӯзах ва мамот аст (Ваҳй 1:18). Имрӯз ҳуқуқҳои Одами кӯҳан ба Исои Масеҳ, Одами дуюм тааллуқ дорад. Вале, бо вуҷуди ин, шайтон ҳокимияти худро аз болои ҷаҳон нигоҳ медорад, ки ин бе гуфтугӯ бо иродаи озоди одам ва интихоби мустақили вай вобаста аст. Агар фарз кунем, ки пагоҳ тамоми инсоният ҳақиқатро қабул мекунад, ва ба Масеҳ имон меорад, дар он вақт ҳокимияти шайтон дар рӯи замин пурра барҳам мехӯрад. Вале мутаассифона, одами гуноҳкор ба дурӯғ бовар карданро давом медиҳад ва аз марг метарсад. Бо ёрии ин ду чиз иблис ҳокимияти худро аз болои ҷаҳон нигоҳ медорад. Дар бораи сабаби аввалин ҳавворӣ Павлус дар яке аз но маҳои худ менависад, ки одамон «…аз тарси мамот тамоми умри худ гирифтори ғуломӣ буданд» (Ибр. 2:15). Тарс умуман, ва тарси марг қисман яке аз гӯшакҳои аз ҳама пурзӯри идоракуние мебошад, ки аз тарафи шайтон истифода бурда мешавад. Шумораи зиёди одамон танҳо барои он, ки ҳангоми дар қайди ҳаёт будан тарсиданд қадамҳои қатъиро ба сӯи Худованд гузоранд, дар оташи дӯзах абадан месӯзанд. Дар навбати аввал тарсиданд, ки тавба кунанд ва ҳаёти худро тағйир диҳанд, тарсиданд, ки Худовандро чӣ хеле ки ҳаст, ҳамон хел қабул кунанд, тарсиданд, ки ба муқобили ҷараён раванд ё дар назари ҷамъият аҷоиб намоянд. Тарс на танҳо иродаро фалаҷ мегардонад, балки ҳаётро ба азобҳои доимӣ мубаддал сохта, қабулкунии ҷаҳони атрофро вайрон карда нишон медиҳад. Ҳавворӣ Юҳанно инро хеле аниқ қайд карда гуфта буд: «Ҳарос азоб дорад»(1 Юҳ. 4:18). Шахси тарсончак он чизеро мебинад, ки ҳанӯз нест, аз он чизе азоб мекашад, ки ҳоло ба амал наомадааст, ҳаётро ҳатто на ба таври сиёҳу сафед, балки умуман, дар ранги сиёҳ қабул менамояд. Таҷрибаи манфӣ, ин писари тарс, бисёр вақт имонро фалаҷ мегардонад. Ё тарс имонро меронад, ё имон тарсро. Ҳаёти одамро метавонад танҳо як чиз идора намояд: ё ин, ки тарс ё имон, ё ин, ки шайтон, ё Худо. Fайр аз он, ки одамон дар тарс зиндагӣ карданро афзалтар медонанд, онҳо ҳанӯз ҳам ба дурӯғ бовар карданро давом медиҳанд. Дурӯғро интихоб ва ҳақиқатро инкор намуда, инсоният боз ва боз бо овозҳои зиёди пахшкунанда, ба таври демократӣ, ошкоро ва кушоду равшан барои ҳукмронии иблис овоз доданро давом медиҳад. Насл аз паси насл одамон инкор кардани ҳақиқатро давом медиҳанд, чунки Масеҳ, таҷассуми зиндаи ҳақиқат, санги пешпо ва санги васваса мебошад. Маҳз дар Ӯ, дар шахсияти Ӯ, ҳазорҳо одамон ба васваса меафтанд, ки онҳоро Инҷил назди интихоб гузоштааст: тавба карда ба Худованд бовар кунанд, ё бо рафти об шино карда, рост ба дӯзах раҳсипор шаванд. Ба ҷои ҳақиқат дурӯғ ва ба ҷои ҳақиқат тарсро интихоб намуда, инсонияти гуноҳкор дар пурпечухамии роҳгумзаниҳои худ сарсон буданро давом медиҳад. Сабаби ҳар як роҳгумиҳо нодонӣ ҳисоб мешавад. Дар ин бора Масеҳ ба фарисиён мегӯяд: «…гумроҳ ҳастед, аз он рӯ ки на Навиштаҳоро медонед, на қудрати Худоро» ( Мат. 22:29). Каломи Худо ҳақиқат аст, иблис бошад — «…дурӯғгӯй ва падари дурӯғ аст» (Юҳ. 8:44). Аз ин доираи сарбаста танҳо як роҳ аст — Масеҳ, вагарна одамони муқовиматкунандаро он чизе интизор аст, ки ҳавворӣ Юҳанно мегӯяд: «Валекин тарсончакон, ва беимонон, ва палидон, ва қотилон, ва зинокорон, ва ҷодугарон, ва бутпарастон, ва ҳамаи дурӯғгӯёнро — насибашон дар кӯлест, ки бо оташ ва кибрит месӯзад» (Ваҳй 21:8). Табиати ақлнорас ва ғайриматериалии марг дар гуноҳкорон тарси фаҳмонданашаванда ва беихтиёрона доштанро давом медиҳад. Дар назари бисёр одамон марг бо пардаи асрорнок пӯшида шудааст, бисёриҳо дар бораи он қариб чизе намедонанд, аниқтараш чизе донистан намехоҳанд. Ва ба одамон тарсидан аз он чизе, ки онро намедонанд, хос аст. Маҳз дар нодонӣ сабабҳои ақлнораси тарс дар назди марг реша мегиранд. Он на дар ақл, балки дар рӯҳи инсон пайдо мешавад, он ба ирода ва ақл итоат намекунад, онро пешгӯӣ карда ва фаҳмонда намешавад. Бисёр вақт дурахши но гаҳонии ин тарс одамро ба афсурдаҳолӣ ва ноумедӣ оварда мерасонад. Мубориза бурдан зидди ин бо қувваи инсонӣ ҳеҷ имкон надорад, зеро марг на он қадар ба ҷаҳони материалӣ, балки бештар ба ҷаҳони рӯҳонӣ тааллуқ дорад, ва ҳар он чизе, ки рӯҳи инсонӣ аз сар мегузаронад — ин танҳо акси садое мебошад, ки ба гулдурроси дури раъди оҳиста-оҳиста наздикшаванда монанд аст. Ва ҳар қадаре, ки сомеаи одам нозук бошад, ҳамон қадар ғавғои ногузири тӯфони наздик мешударо хубтар мешунавад, ки номи он — доварии Худованд мебошад. Пайғамбар Ирмиё, пешгӯӣ карда, зоҳиршавиҳои рӯҳониро бо истилоҳҳои фалокати табиат тасвир менамояд: «Инак, тундбоде бошиддат вазида, хашми Худованд берун омадааст, ва тундбод чарх зада, бар сари шарирон фурӯд хоҳад омад» (Ирм. 23:19). Ҳар он чизе, ки Ирмиё ба забони тимсолҳо мегӯяд, муаллифони Аҳди Ҷадид тамоман ошкоро иброз медоранд -баъди марг ва доварӣ гуноҳкоронро ноумедии пурра интизор аст. Маҳз дар бораи чунин ҳолат Масеҳ дар масали шахси сарватманд ва Лаъзор мегӯяд: «Вақте ки он мискин мурд, фариштагон ӯро ба оғӯши Иброҳим бурданд; он сарватманд низ мурд, ва ӯро дафн карданд; Ва дар дӯзах ӯ дар ҳолате ки азобу уқубат мекашид, чашм андохта, аз дур Иброҳимро бо Лаъзор, ки дар оғӯшаш буд, дид. Ва фарёд зада, гуфт: «Эй падарам Иброҳим! Ба ман марҳамат кун ва Лаъзорро бифирист, то ки нӯги ангушташро ба об тар карда, забони маро салқин гардонад, зеро ки ман дар аланга азият мекашам».Лекин Иброҳим гуфт: «Эй фарзандам! Ба хотир овар, ки дар зиндагият чизҳои хуб насиби ту ва чизҳои бад насиби Лаъзор шуда буд; акнун вай дар ин ҷо фароғат меёбад, ва ту азоб мекашӣ; Ва илова бар ҳамаи ин, дар миёни мо ва шумо вартаи бузурге воқеъ аст, ба тавре ки онҳое ки аз ин ҷо назди шумо гузаштан мехоҳанд, наметавонанд, ҳамчунин аз он ҷо назди мо намегузаранд» (Луқо 16: 22-26). Ҳангоми ҳаёти заминӣ одам, агар хоҳад ҳам, наметавонад ҳолати ноумедии томро ҳис кунад. Онро танҳо дар як ҷо пурра ҳис кардан мумкин аст — дар дӯзах. Ва Воиз, ки чунин гуфта буд, ҳақ аст: «Касе ки дар миёни зиндаҳост, барои вай ҳанӯз умеде ҳаст, зеро ки саги зинда аз шери мурда беҳтар аст» (Воиз 9:4). Марг ҳар касро дар назди далелҳо мегузорад: ё ҷалоли абадӣ, ё азобҳои ҷовидонӣ ва ноумедӣ. Боби панҷум. Зоҳиршавӣ ё шахсият? Агар табиати маргро дар партави Навиштаҳои Муқаддас бодиққат тадқиқ намоем, дер ё зуд дар назди мо як саволи бениҳоят аҷоиб пеш меояд. Оё марг шахсият аст, ё ҳамин тавр, як зоҳиршавиест, ки дорои хусусиятҳои шахсият намебошад, бе ақл, бе ҳиссиёт ва бе ирода. Ва худи калимаи «марг» — ин ҳамин хел як истилоҳи қабулкардашуда мебошад, ки раванди ҳамеша такроршавандаро ифода мекунад. Китоби Муқаддас ба ин савол ошкоро ҷавоб надода, бо вуҷуди ин, барои андешаронӣ ғизои васеъ медиҳад. Барои ман бошад, ҷавоб тамоман равшан аст. Ман боварӣ дорам, ки марг ин шахсият аст, ман боварии худро дар асоси Навиштаҳои Муқаддас мебинам. Ба ақидаи ман, мамот дорои ҳамаи хусусиятҳои ба шахсият хосро дорад: он ақл, ҳиссиёт ва ирода дорад. Марг аз номи шахси якум гап мезанад. Ин якчанд маротиба дар Аҳди Қадим такрор мешавад: «Асфалуссофилин ва марг мегӯянд: «овози онҳоро бо гӯши худ шунидаем». Худо роҳи онҳоро медонад, ва Ӯ аз макони он хабардор аст» (Аюб 28:22-23). Дар бораи гуноҳкорон гуфта мешавад: «Мисли гӯсфандон ба дӯзах бурда мешаванд; мамот онҳоро чӯпонӣ мекунад» (Заб. 48:15), ва ишора менамояд, ки марг амалро ба ҷо меорад. Инчунин Павлус дар бораи ҳокимияти мамот мегӯяд: «Бо ин ҳама аз Одам то Мусо мамот… ҳукмрон буд» (Рум. 5:14). Марг неш дорад; «Вабоҳоят куҷост, эй марг?» (Ҳушаъ. 13:14). Ва қудрат: «...ба воситаи мамот соҳиби қудрати мамотро… нобуд намояд» (Ибр. 2:14). Дар бораи марг ҳамчун дар бораи душман гуфта шудааст: «Душмани охирине ки маҳв карда хоҳад шуд, мамот аст» (1Қур. 15:26). Охири мамот пешгӯи карда шудааст: «Ва мамот ва дӯзах дар кӯли оташ андохта шуданд» (Ваҳй 20:14). Ниҳоят мо таҷассумёбии маргро дар савораи чоруми Ваҳй дида метавонем: «Ва назар андохтам, ва инак аспи саманд, ва бар он — саворе ки номаш мамот аст;» (Ваҳй 6:8). Эҳтимол, хонандаи бодиққат ба он диққат дода бошад, ки дар номгӯҳои дар боло овардашуда, намунаи таркибдиҳандаи эҳсосотӣ вуҷуд надоранд. Мо мебинем, ки марг сухан меронад — ин аз он шаҳодат медиҳад, ки вай ақл дорад. Марг ягон амалеро иҷро менамояд — ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ирода дорад, вале қариб ҳеҷ чиз дар бораи он гуфта нашудааст, ки марг ҳис мекунад. Вале қайд кардан даркор аст, ки Китоби Муқаддас инчунин на он қадар бо шавқу ҳавас дар бораи ҳиссиётҳои дигар душманони Худованд: девҳо ва иблис сухан меронад. Дар Аҳди Ҷадид танҳо якчанд лаҳзаҳое ҳастанд, ки дар он ҳиссиётҳои азозилон нишон дода шудаанд. Ин воқеа бо девонаи ҷадарӣ аст: «Ҳамин ки Исоро дид, фарёд зада, пеши Ӯ афтод ва ба овози баланд гуфт: «Туро бо ман чӣ кор аст, эй Исо, Писари Худои Таоло? Аз ту илтимос мекунам, ки маро азоб надиҳӣ!» Зеро Ӯ ба рӯҳи палид амр фармуда буд, ки аз ин мард берун равад (Луқ. 8:28-29). Дар Китоби Ваҳй гуфта шудааст: «Вой бар ҳоли сокинони замин ва баҳр, чунки назди шумо иблис бо хашми зӯре нузул кардааст, чун медонад, ки вақташ кам мондааст» (Ваҳй 12:12). Ба кам будани маълумот дар бораи таркибдиҳандаи эҳсосотӣ нигоҳ накарда, ягон мутахассиси соҳаи азозилшиносӣ намегӯяд, ки девҳо шахсият намебошанд. Дар номаи худ Павлус ба Қӯринтиён менависад, ки Масеҳро лозим аст «салтанат ронад то даме ки ҳамаи душманонро зери пои худ сарнагун созад. Душмани охирине, ки маҳв карда хоҳад шуд, мамот аст»(1Қӯр. 15:25-26). Тадқиқоти Павлус дар бораи он, ки марг душмани Худованд мебошад, ва Ӯ на нобуд сохтани он, балки ҷазодиҳии онро ба нақша гирифтааст, бар манфиати он аст, ки мамот — ин шахсият аст, на зоҳиршавӣ. Чунки танҳо шахсият бар зидди шахсият душманӣ карда метавонад. Охир хандаовар менамояд, ки Худо ба мубориза ба муқобили боду борон бархезад ва бо бӯрон ва обшавии барф душманӣ варзад. Илова бар ин, ҳамон далел, ман қайд мекунам, маҳз ҳамон далел, ки мамот бар кӯли оташ партофта мешавад (Ваҳй 20:14), инчунин ба андешаи ҷиддӣ водор месозад. Гап дар сари он аст, ки дар он ҷо мавҷудотҳо абадан азоб мекашанд, ки ҳар кадоми онҳо бегуфтугӯ шахсият мебошанд. Иблис, зиддимасеҳ, пайғамбарони козиб, девҳо, азозилон, ва ниҳоят, гуноҳкорони оддӣ — ҳамаи инҳо шахсият мебошанд, ва ба ҷои шахсият, ба ҷазои абадӣ гирифтор кардани ҳодисаҳои табиат, ки давра ба давра такрор мешаванд, шояд маъное надошта бошад. Онро дар чунин ҳолат манъ кардан, ё бекор сохтан мумкин аст, чӣ хеле, ки ин бо осмон ва замини ҳозира карда мешавад. Ҳамаи ин муҳокимарониҳоро хулоса карда, қайд кардан лозим аст, ки саволи шахсият будан ё набудани маргро дуюмдараҷа ҳисобидан мумкин аст. Дар гумон аст, ки он метавонад сабаби баҳси пурҷӯшу хурӯши фақеҳӣ гардад. Илова бар ин, аҳамияти амалии он ба қадре бузург нест, ки баҳри он дар баҳсу мунозираҳои фақеҳӣ бо ҳарорат баҳсу мунозира намоӣ. Ва ба одамони кунҷкоб, ман мехос там як маслиҳати оддӣ диҳам: Тоқат кунед, ва шумо ҷавобҳои аниқро дар бораи табиати мамот, ҳангоми бо он шахсан шинос шудан хоҳед гирифт. Боби шашум. Аз нуқтаи назари воиз Номи нек беҳ аз равғани атрафшон; ва рӯзи мамот беҳ аз рӯзи таваллуд. Рафтан ба азохона беҳ аз рафтан ба шаробхона, чунки ин оқибати ҳар як одам аст, ва зинда инро дар дили худ мегузорад» (Воиз 7:1-2). Эҳтимол Воиз дар Китоби Муқаддас дар бораи марг аз ҳама бештар гуфта бошад. Муносибатҳои вай ба мамот аз рӯи нуқтаи назари вай ба ҳаёт муайян карда мешавад. Агар ҳаёт — ин даву ғеҷ бошад, пас мамот — ин раҳоёбӣ, интиҳои беохири самои рангорангест, ки дар он инсоният аз рӯзи офариниш сарсон аст. Дар бораи марг андеша карда, Воиз боварӣ дорад, ки «зинда онро дар дили худ мегузорад». Ӯ ба фиреби ҳиссҳо тоқат надорад, вай бовиҷдониро талаб менамояд, на танҳо ногузирии мамотро, балки аз ин хулосаҳои муайян бароварданро низ талаб мекунад. Ӯ мегӯяд: «Эй ҷавон, дар наврасии худ айшу тараб намо, то ки дилат туро дар айёми ҷавонии ту шод гардонад; ва бо роҳҳои дили худ ва бо нигоҳи чашмони худ равона шав; вале бидон, ки барои ҳамаи ин туро Худо ба доварӣ хоҳад овард» (Воиз 11:9). Китоби Воиз, мисли Китоби Масалҳои Сулаймон, ба ҷавонон равона карда шудааст. Вале агар дар Масалҳои Сулаймон ин дар аввал нишон дода шуда бошад (Мас. 1:4), пас Воиз дар ин бора дар охир мегӯяд. Муттаасифона, фикрҳо дар бораи доварии омадаистода он қадар одамонро хурсанд намесозанд, хусусан дар ҷавонӣ. Бисёр ҷавонон чунин андеша доранд: «Дар аввал ман барои ҳаловати худ зиндагӣ мекунам, дилхушӣ менамоям, ва баъд, дар дами пирӣ шояд дар бораи Худо ва абадият фикр кунам». Чунин нуқтаи назар на танҳо аслан бархато аст, балки хатарнок низ мебошад. Якум ин, ки дар гуноҳ ҳаёт зуд дар мегирад, дуюм, марг барои одами ҷавон метавонад тамоман ногаҳонӣ бошад. Дар назди тахти доварӣ ҳар лаҳза одамони зиёди ба ҳайрат омада ҳозир мешаванд. Онҳо аз он ба ҳайрат намеоянд, ки Худо онҳоро доварӣ мекунад, балки аз он ба ҳайрат меоянд, ки онҳо ин қадар зуд дар он ҷо ҳозир шуданд. Яке аз гумроҳиҳои асосии ҷавонӣ нисбати марг дар он аст, ки он барои ҷавонон хеле дур, қариб ки ғайриҳақиқӣ менамояд. Аммо, дар асл, барои ҷавонон низ марг, чи тавре, ки барои пирон, ногузир аст, танҳо яке ба он наздиктар аст, дигаре каме дуртар. Бо вуҷуди ин, бисёр ҷавонон нисбати ҳаёт ва мамот бепарвоии ҳайратоваре зоҳир мекунанд. Беш аз ҳама, маҳз ҷавонии бемулоҳиза баҳри вақтхушӣ корҳоеро мекунад, ки одамони калонсолро барои иҷро кардани он бо ҳеҷ хел пул маҷбур карда наметавонӣ. Сабабҳои чунин муносибатҳо дар чӣ реша мегирад, гуфтан душвор аст, вале як чизро бо эҳтимол тасдиқ кардан мумкин аст, ки шумораи муайяни ҷавонони бебок барои сабукфикрии худ ҳаёт ва ё саломатиашонро аз даст медиҳанд. Вале Воиз дилмондагии пурраро ба ҳаёт нишон дода, муҳокимарониро давом медиҳад. Вай мегӯяд: «Ва ман мурдаҳоеро ки пеш аз ин мурдаанд назар ба зиндаҳое, ки ҳанӯз зинда ҳастанд, хушбахт мешуморам; Ва аз ҳар дуи онҳо хушбахттар аст касе, ки ҳанӯз ба дунё наомадааст, касе ки корҳои бадеро, ки дар таҳти офтоб карда мешавад, надидааст» (Воиз 4:2-3). Воиз дар ин бора на дар давраҳои ҷанг ва бадбахтиҳо мегӯяд, балки дар айни хушиҳои ҳукмрониҳои худ. Мавқеи ӯро фақат аз рӯи дараҷаи баландтарини рӯҳафтодагӣ ва нафрат ба ҳаёт, ки ба он ӯ дар охири ҳаёташ омада расидааст, баҳо додан мумкин аст. Аз саҳифаҳои аввал Воиз хонандаро бо муносибатҳои худ нисбати ҳаёт ба ҳайрат меандозад. Ва агар одам пеш аз ин танҳо Аҳди Ҷадидро хонда бошад, дар сари ӯ харҷу марҷ ба амал меояд, ва ба баъзеҳо чунин менамояд, ки дар Китоби Муқаддас мухолифат аст. Дар асл бошад ҳеҷ гуна мухолифате нест. Масалан вақте, ки Масеҳ дар бораи ҳаёт гап мезанад, Ӯ ин суханони машҳурро иброз медорад: «Ман роҳ ва ростӣ ва ҳаёт ҳастам» (Юҳ. 14:6), Ӯ тамоман он чизеро дар назар надорад, ки Воиз дар бораи ҳаёт мегӯяд: «Бинобар ин аз ҳаёт нафрат намудам, зеро корҳое ки дар таҳти офтоб карда мешавад, дар назарам нохуш аст, чунки ҳама ҳеҷу пуч ва бод паймудан аст!» (Воиз 2:17). «Ҳаёт» гуфта Воиз ва Масеҳ ба ин истилоҳ маънои гуногунро медиҳанд. Масеҳ дар бораи ҳаёт чун дар бораи муоширати абадӣ бо Худо, ки баъди тавба кардан ва озодшавӣ аз гуноҳ ба амал меояд, мегӯяд. Дар бораи ҳаёт мавъиза намуда, Масеҳ одатан на ҳаёти заминӣ, балки ҳаёти абадиро дар назар дорад. Воиз дар бораи ҳаёт гуфта истода, вуҷуддории бебақои заминиро дар назар дорад; ӯ ба атроф назар карда «бозори ҳеҷу пуч»-ро мебинад. Дар Воиз тасдиқотҳое низ ҳастанд, ки метавонанд масеҳии ҳозиразамонро ба дилмондагӣ, ҳатто ба афсурдаҳолӣ оварда расонанд. Воиз менависад, ки «Зеро воқеаи банӣ-одам мисли воқеаи чорпоён аст — барои онҳо айни як воқеа аст: чунон ки инҳо мемиранд, онҳо низ мемиранд, ва барои ҳама айни як рӯҳ аст, ва одамизод аз чорпоён бартарӣ надорад; дар асл ҳама ҳеҷу пуч аст! Ҳама ба як ҷо меравад: ҳама аз хок аст, ва ҳама ба хок бармегардад. Кист, ки бидонад, ки оё рӯҳи банӣ-одам ба боло сууд мекунад, ва рӯҳи чорпоён ба поён, ба сӯи замин нозил мешавад?» (Воиз 3:19-21). Ва каме поёнтар Воиз боз суханони сахтареро мегӯяд, вай тасдиқ менамояд, ки «Ҳар чиз барои ҳама баробар аст: айни як воқеа барои одил ва шарир аст, барои нек ва пок ва палид аст, барои касест, ки забҳ мекунад, ва барои касест, ки забҳ намекунад; хоҳ нек бошад, хоҳ хатокор; хоҳ қасам ёд кунад, хоҳ аз қасам тарсад. Дар ҳар коре ки дар таҳти офтоб када мешавад, аз ҳама бадтар ин аст, ки айни як воқеа барои ҳама аст, бинобар ин дили банӣ-одам аз бадӣ пур аст, ва дар зиндагии онҳо фисқу фуҷур дар дили онҳост, ва пас аз он сӯи мурдаҳо мераванд.» (Воиз 9:2-3). Дар назари аввал, боз дар ин ҷо қариб ки мухолифат дида мешавад, чунин тасаввуроте пайдо мешавад, ки муаллиф подоши баъди марг ва ҳаёти ҷовидониро инкор менамояд. Вале ба хулосабарорӣ саросема шудан даркор нест. Шарҳ дода фаҳмидани порчаҳоро аз Навиштаҳо, махсусан аз Аҳди Қадим, кӯшиш намуда, ҳамеша он дараҷаи илми фиқҳро, ки дар он давра вуҷуд дошт, ба назар гирифтан зарур аст. Масалан Китоби Аюбро хонда дар хотир доштан лозим аст, ки воқеаҳои он дар давраи сардорони қавмҳо, пеш аз даҳ аҳком, Шариати Мусо ва шоҳигарии Исроил шуда мегузаранд. Ба ҳар ҳол, ягон фамишҳои дар боло номбаршударо Аюб ҳатто ба ёд намеорад. Барои ҳамин Аюб ва ҳарифони вай ба сарчашмаҳои навиштаҳо такя намекунанд, ва онҳо дар баҳси худ маҷбур ҳастанд аз дигар далелҳо истифода баранд. Дар он вақте, ки Воиз китоби худро менавишт, таълимот дар бораи ҳаёт баъди марг нав ташаккул меёфт. Худо оҳиста-оҳиста ба одамон асрори подоши баъди маргро мекушояд. Барои ҳама масеҳии солимақл доварии баъди марг — ҳақиқати баҳснопазир мебошад. Вале он чизе, ки барои мо оддӣ мебошад, барои Воиз ҳатто мухтасар ифода карда нашудааст. Вай чунин меҳисобад, ки бо марг ҳама чиз ба охир мерасад. Ӯ наслҳоро ҳамчун ягона ёдоварӣ дар бораи одам дида мебарояд, ки ин ба ақидаҳои фақеҳии давраи сардорони қавмҳо мутобиқ мебошад. Дар асл Воизро хондан осон ва содда аст, вале як чизро дар хотир доштан лозим аст. Ҳар он чизе, ки вай мегӯяд, «дар зери офтоб» шуда мегузарад. Ин ибораро Воиз қариб сӣ маротиба истифода мебарад. Подоши баъди марг ва доварии даҳшатнок аз доираи ин қисса берун мондаанд. «Мамот»-гуфта Воиз танҳо як чизро дар назар дорад — охири ҳаёти заминии одамро. Бе фаҳмиши Воиз чуқур фаҳмидани Масеҳ имконнопазир аст. Бе фаҳмидани ҳеҷу-пучи ҳаёти заминӣ, ҳар одам дар назди васвасаҳои ин ҷаҳон суст мешавад, муносибатҳои вай бо Худо мӯътадил намегарданд, ва ба ӯ чизҳои лозимиро дар ҷои муносиб гузоштан мушкил мегардад. Ҳавворӣ Павлус инро дар ақидаи саргардонӣ ифода менамояд. Вай дар бораи порсоёни Аҳди Қадим мегӯяд: «Ҳамаи инҳо дар имон мурдаанд, ва ба муроди ваъдаҳо нарасидаанд, балки фақат аз дур онҳоро дида шод шуданд ва эътироф карданд, ки бар замин мусофир ва ғарибанд; Зеро онҳое ки чунин мегӯянд, нишон медиҳанд, ки дар ҷустуҷӯи ватане ҳастанд. Ва агар ватанеро, ки аз он берун омада буданд, ба ёд меоварданд, фурсат доштанд, ки баргарданд; Аммо иштиёқманди ватани беҳтаре буданд, ки он дар осмон аст; бинобар ин Худо ор намедонад, ки Худои онҳо хонда шавад: зеро ки Ӯ барои онҳо шаҳре муҳайё кардааст» (Ибр. 11:13-16). Агар ба ҳаёти худ аз нуқтаи назари худпарастӣ нигоҳ кунем, дар он вақт он мутлақ ва бебаҳост. Ба ҷаҳон аз баландии худ нигоҳ карда, фард худро маркази ҷаҳон ҳис мекунад. Ва ҳақ бар ҷониби он классик буд, ки нешдор карда гуфтааст: «дигаронро сифр ва худро воҳид меҳисобем». Вале агар аз нуқтаи назари абадият ва ҳақиқати Худо нигоҳ кунем, дар он вақт ба мо тамоман манзараи дигар кушода мешавад. Ҳамааш тамоман баръакс рух медиҳад. Ва агар сӯҳбатро дар мавзӯи Худо ва одам давом дода, кӯшиши муносибатҳои онҳоро бо забони математика ва барномаҳои компютерӣ тавсиф доданро кунем, дар он вақт манзараи тамоман аҷоибе ба амал меояд. Воҳид ягона мегардад ва ҳамаи боқимондаҳо дар ҳақиқат сифрҳои асосӣ мегарданд. Марг барои мо дар вақташ меояд, вай ҳеҷ гоҳ дер намекунад, чунки ба ҳеҷ куҷо намешитобад. Боби ҳафтум. Одамон Баъзан вақт одамон хурсандона хитоб менамоянд: «Дар ҳама ҷо ҳаёт!» Вале бо чунин муваффақият низ гуфтан мумкин аст, ки дар ҳама ҷо марг аст. Ҳамааш аз он иборат аст, ки аз кадом мавқеъ нигоҳ мекунем. Агар онро аз тарафи дигар нигоҳ кунем, мо гирдоби бераҳми маргро мебинем, ки аз рӯзи офариниш бас намешавад. Ва дар ҳақиқат, агар дурусттар нигоҳ кунем, мебинем, ки марг одамро аз ҳар тараф иҳота кардааст. Танҳо одамон ба ин маргҳои назарногир, ки ҳар як лаҳза дар пеши назари онҳо ба амал меояд, аҳамият намедиҳанд. Вақте, ки одам ба барги афтодаистода назар кунад, вай бо андеша мегӯяд: «Баргҳо меафтанд, ки ба хок мубаддал гарданд ва аз онҳо рустаниҳо бирӯянд». Вале вақте, ки яке аз ҳамсолони мо, дар бораи хешу табор ё дӯстон ногуфта, мемирад, ин ҳавсалаи фалсафӣ куҷо мешавад? Азоб ва марг дар табиат — ин он нархи гаронест, ки заминро лозим аст дар натиҷаи гунаҳкоршавии Одам пардохт намояд. Боғи Адан, ки аз тарафи Худованд бунёд гардида буд, комил ва зебо буд, дар ин ҷо барои марг ва азоб ҷо набуд. Одам, ки ба сурат ва шабоҳати Худо офарида шуда буд, миранда офарида нашуда буд, балки барои ҳаёти ҷовидонӣ офарида шуда буд. Агар дар ҷаҳон гунаҳкоршавӣ намешуд — дар он марг ҳам намебуд. Аммо, чи тавре, ки ҳавворӣ Павлус гуфтааст: «Пас, чунон ки ба воситаи як одам гуноҳ ба ҷаҳон дохил шуд ва бо гуноҳ мамот омад, ончунон низ ба ҳамаи одамон гузашт» (Рум. 5: 12). Аз гуноҳ ва тарси марг одам ҳангоми ҳаёт азоб кашида, илова бар ин, аз номаълумӣ низ азоб мекашад. Вайро як саволи ногувор ба танг меорад: кай. Дар ҳақиқат, санаи аниқи марги худро бисёр масеҳиён донистан мехоҳанд, вале ин на ба ҳама муяссар мегардад. Таронасаро Довуд аз Худо дар дуо мепурсад: « Аҷаламро эй Худованд, ба ман маълум кун, ва миқдори рӯзҳоямро, ки чист, то донам, ки кай фано мешавам. Инак, рӯзҳои маро ба қадри ваҷабе додаӣ, ва умрам дар назари Ту ҳеҷ аст « (Заб. 38: 5-6). Дар ҳақиқат муборак аст он одам, ки Худованд ба вай «замонҳо ва муҳлатҳоро» кушодааст (Аъм. 1:7), ва имконият додааст, ки ҷони худро ба абадият тайёр намояд. Баъзеҳоро худи фикр, ки рӯзи мурдани худро дониста, зиндагӣ кардан мумкин аст, ба ҳарос меорад. Барои ман бошад ин на лаънат, балки меҳрубонӣ ба шумор меравад. Қайд кардан даркор аст, ки ҳаввориён, муққадасон ва зоҳидон одатан тахминан вақти мурдани худро медонистанд. Павлус дар бораи ин менависад: «…замони риҳлатам фаро расидааст. Дар кашмакаши неке иштирок кардам, давишро анҷом додам, имонро нигоҳ доштам; Ва акнун барои ман тоҷи адолат муҳайё гардидааст, ки онро Худованд, Довари одил, дар он рӯз барои ман хоҳад дод» (2 Тим. 4: 6-8). Павлус на танҳо ҳис мекард, вай медонист, вай наздикшавии маргро медид, вай барои вохӯрӣ бо он тайёр буд, марг ӯро тамоман ба ташвиш намеандохт, тамоми фикру андешаи ӯ ба он мукофоте, ки Худованд ба вай дар абадият медиҳад, банд буд. Fайр аз он, ки марг айнан ҳамаро аз ҳар тараф иҳота кардааст, вай боз дар он баҳсҳое, ки то ӯ ҳал нагардида буданд, нақши доварро бозида метавонад. Бузургии ҳақиқиро қатъиян аз нуқтаи назари марг нигоҳ кардан мумкин аст. Дар ҳолати акс, онро бо машҳурии камарзиш омехта, доҳиро аз одами ночиз фарқ кардан мумкин нест. Ҳангоми ҳаёт классик гардидан хеле мушкил, аниқтараш, имконнопазир аст. Албатта, дар ин ҷо, чун дар ҳама ҷо, истисно вуҷуд дорад, вале онҳо танҳо ин қоидаро тасдиқ мекунанд. Илова бар ин, ҳар қадар, ки истеъдод бузург бошад, ба одамон ҳамон қадар бештар вақт лозим мешавад, ки ҳама чизро дар партави ҳақиқӣ бубинанд. Дар чунин ҳолат мамот дар нақши судяи олӣ баромад мекунад, ки ҳукми баровардааш қатъӣ буда ба эътироз эҳтиёҷ надорад. Маҳз барои ҳамин бештари одамони дар ҳақиқат бузург эътирофи худро, чун мукофоти ҷангӣ, баъд аз маргашон гирифтаанд. Марг на танҳо ҳаётро ҷамъбаст менамояд, балки ба вай шакли ба охиррасидаро медиҳад. Баъди марг ҳаёт ба тарҷумаи ҳол мубаддал мегардад, ва шакли бетағйири охиринро мегирад. Ва дар он вақт ягона чизе, ки барои атрофиён мемонад, ин нисбати тарҷумаи ҳол изҳор намудани баъзе муносибатҳои муайян аст. Баҳодиҳиҳо дар муддати вақт метавонанд тағйир ёбанд, вале он далелҳое, ки аз онҳо тарҷумаи ҳол иборат ёфтаанд, ҳеҷ гоҳ тағйир намеёбанд. Ин ҳам ба хурдсолон, ва ҳам ба калонсолон тааллуқ дорад. Вақте, ки камбағале аз ғаму дард азоб кашида мемирад, атрофиён инро ба таври муқаррарӣ қабул менамоянд. Дар азоб зиндагӣ мекард, ва аз ташвишҳо ба танг омада мурд. Ва вақте, ки шахси доранда ва намоён бимирад, атрофиёнро ҳиссиёт пур месозад. Дар ин ҷо сухан аз тақсимоти дороӣ ва дафни пурдабдаба намеравад, балки аз он далеле, ки на ҳама чизро бо пул харидан мумкин аст. Дар ин замини пургуноҳ одамони зиёде ба он қатъӣ бовар карда зиндагӣ мекунанд, ки бо ҳама ва ҳамеша «шартнома бастан» мумкин аст. Барои онҳо вохӯрӣ бо марг — ин ноумедии бузург аст. Марг бо ягон кас савдо намекунад ва ба гуфтушунид намедарояд. Он тамоман хариданашаванда аст, бо вай судбозӣ кардан бефоида аст, онро тарсонидан ва ба иғво андохтан беандешагист. Эҳтимол марг — ягона зоҳиршавии демократӣ дар рӯӣ замин мебошад. Он ба таври айёнӣ баробар будани ҳамаи одамонро дар назди худ нишон медиҳад, охир дар ҳақиқат дар назди вай ҳама баробар мебошанд. Вале на танҳо марг одамони доро ва камбағалро домангир мешавад — беморӣ низ ба боигарӣ ва ҳолати иҷтимоӣ нигоҳ намекунад. Албата одамони доро бемор гашта, имконият доранд, ки каме зиёдтар бо бемории худ мубориза баранд, вале як одами хирадманд тамоман одилона қайд намудааст, ки: «Бо пул танҳо дору харидан мумкин аст, на саломатиро». Вуҷуд доштани беморӣ дар ин ҷаҳон — натиҷаи аниқи гуноҳ мебошад. Гуноҳ лаънатро тавлид мекунад, ва лаънат — бемориро. Фақат миқдори ками порсоён на дар натиҷаи гуноҳҳо азоб мекашанд, балки дар натиҷаи муқаддасии худ, чун Аюб, бори озмоиши Худоро ба дӯш мегиранд. Вале одатан беморӣ аз қафои гуноҳ меояд — ва ба марг ёрӣ медиҳад, ки кори харобкунандаи худро иҷро кунад. Бемориҳо — ҳамсафари марг мебошанд, миқдори зиёди одамон маҳз аз онҳо мемиранд. Онҳо насли инсониятро аз лаҳзаи гунаҳкоршавӣ то ба имрӯз роҳнамоӣ мекунанд. Баъзан ба баъзе масеҳиёни боэҳтимом чунин менамояд, ки боз як кӯшиши дигари имон — ва бемориҳо аз рӯи замин ба пуррагӣ решакан хоҳанд шуд. Дар баъзе калисоҳо шифодиҳии пурра ҳамчун нишонаи зарурии рӯҳонияти масеҳӣ мавъиза карда мешавад. Дуруст аст, ки одатан синну соли қавми калисо дар чунин ҷамоатҳо беш аз сӣ нест, вале шояд дар ҳақиқат ҳар як масеҳии ҳақиқӣ бояд тамоман тансиҳат бошад? Навиштаҳо ба ин саволи фақеҳӣ хеле оддӣ ҷавоб медиҳанд. Муаллифи китоби Подшоҳон менависад: «Элишоъ ба беморие ки аз он мурд, гирифтор шуд» (4 Подш. 13:14). Дар Аҳди Ҷадид бошад ҳавворӣ Павлус ба Тимотиюс хабар медиҳад, ки «Трофимусро дар Милитус бемор вогузоштам» (2 Тим.4:20). Ин ҷойҳои навиштаҳо хеле аниқ нишон медиҳанд, ки ҳатто хизматчиёни барҷастаи Худо ва ҳамкорони онҳо аз бемориҳо азоб мекашиданд ва ҳатто аз онҳо мемурданд. Аз мушкили бо саломатӣ дигар мардони имон низ гурехта натавонистанд. Масалан, навишта шудааст, ки «Ва чун подшоҳ Довуд пир ва солхӯрда шуд, ҳарчанд болои ӯро бо либосҳо мепӯшониданд, ӯ гарм намешуд» (3 Подш. 1:1). Мумкин, подшоҳи пиршударо вараҷа азоб медод. Дар Китоби Муқаддас ягон маълу моте нест, ки Довуд аз он шифо ёфта бошад, балки, баръакс, баъд аз подшоҳ эълон кардани Сулаймон, аз дунё даргузашт. Шифоёбӣ, ё марг аз беморӣ — ин дар ниҳояти кор қарори Худост, ки ҳеҷ кас қудрат надорад онро тағйир диҳад. Мо метавонем дуо кунем, ҳомигӣ намоем, нолаву фиғон кунем, вале ҳамеша сухани охирин аз они Ӯст. На имони мо, на ниятҳои неки мо, на фарзҳои фақеҳонаи мо, наметавонанд соҳибистиқлолии мутлақи Худовандро барҳам диҳанд. Ман ба ҳеҷ ваҷҳ кӯшиш надорам, ки имони ягон касро аз шифоёбии илоҳӣ суст намоям. Баръакс, ман амиқ боварӣ дорам, ки Худованд ҳамонест, ки дар Китоби Аъмол аст. Қобилияти шифодиҳии Ӯ дар давоми бист аср кам нашудааст, ва Худо ҳамаи он касонеро баракат диҳад, ки барои беморон дуо мекунанд. Ва ҳатто агар дар натиҷаи дуоҳо аққалан як одам ҳам шифо ёбад, гуфтан мумкин аст, ки онҳо беҳуда ҳаётро нагузаронидаанд. Бо вуҷуди ин қайд кардан зарур аст, ки марг аз ҳама гуна беморӣ ва нотобиҳо шифо медиҳад. Масеҳие, ки аз беморӣ мурдааст, шифо ёфт ва аз ҳама чиз озод гардид. Шояд, ин дар назари аввал, аз ақл берун намояд, вале ин танҳо дар назари аввал мебошад. Охир порсои мурда барои азоб, таъқибот, васвасаҳо, бемориҳо ва дигар чизҳо тамоман дастнорас мебошад. Мутаассифона, дар баъзе калисоҳои ҳозирзамон танҳо таълим ва мавъиза намудани чизҳои мусбиро авло дониста, Масеҳ ва масеҳиятро бо рангҳои дурахшон оро медиҳанд. Барои чунин муаллимон беморӣ, азоб ва марг — ин манъкунандаи аз ҳама асосист. Ман довталаб нестам, ки ба таври сазовор мурданро ба имондорон таълим диҳам, инро на китобҳо, на лексияҳо омухта наметавонад. Танҳо ҷафокашидагон ва озордидагоне, ки барои Масеҳ ҷони худро додаанд, омӯхта метавонанд. Ман фақат гуфтан мехоҳам, ки аз ҳабсхона ва гадоӣ тавба кардан беақлист, вале беақлитар — аз бемориҳо, азобҳо ва мамот мебошад, барои он, ки…. …марг, чун тулӯи хуршед, ногузир аст. Боби ҳаштум. Марг дар санъат ё марги санъат? Маданияти ҳозиразамон, ки аз нуқтаи назари ман, аллакай умуман маданият ҳам нест, балки танҳо асабобест, барои ба даст овардани манфиат -ин маданияти бардурӯғ дар дар ҳирси пулҳои бедардимиён ва шӯҳратмандии камарзиш, маргро то ба он дараҷае расво кард, ки муштарӣ, тамошобин ё шунаванда аллакай ба таври ҷиддӣ қабул кардани онро бас кардааст. Одаме, ки шабона ба оинаи нилгун менигарад, дар давоми як шаб метавонад бе шӯбҳа шоҳиди ҷиноятҳо ва кӯшторҳои вазнини зиёде гардад. Оҳиста-оҳиста одаткунӣ ба миён меояд, ва марг ба ҳаяҷон овардан, як чизи даҳшатнок, як чизи махсус буданро бас карда, ба як лаҳзаи бозӣ табдил меёбад. Ин саъю кӯшиш, ба назари ман, хеле ва хеле қобили қайд аст. Барои ман қисми ҷудонашавандаи ҳар як чизи камарзиш дар синамо, мусиқӣ ё адабиёт — муносибати беаҳамиятонаи таъкидкардашуда нисбати марг мебошад, ки дар миқдори комилан номувофиқ ва ноҳақ, зиёд ифода меёбад. Агар ақл ва истедоди нигоҳ доштани диққати шунаванда ё тамошобин набошад, пас куштори бузургеро барпо кардан даркор аст. Дар бораи дарёҳои хун ва тӯдаи гӯшт нақл кунанд, сароянд ё нишон диҳанд. Баҳри чӣ? Ҳамин тавр, то ки дилхушӣ бошад! Аз манзара ҳаловат баред. Ман ҳеҷ гоҳ кӯшиш намекунам, ки ҳуқуқи рассомро, барои мустақилона марг ва зӯриро дар асар ҳои худ талқин кардан, маҳдуд кунам. Ҳатто дар Китоби Муқаддас лаҳзаҳои хеле шадид бисёр аст, махсусан дар китобҳои таърихии Аҳди Қадим, вале як фарқияти асосӣ ҳаст. Дар Китоби Муқаддас ҳамеша фаҳмост, ки ба хонанда бо кадом мақсад ин ё он лаҳзаи хунин нишон дода шудааст. Вақте, ки муаллифони ҷиддӣ ба хонандагон ё тамошобинони худ ягон чиз мегӯянд, пас ин миқдори марг ва хун дар асарҳои онҳо аз рӯи зарурат сахт маҳдуд шудааст, зеро муаллиф ба воситаи ин ягон чизи муҳимро гуфтан мехоҳад, ё моро барои андеша водор карданист. Вале вақте, ки марг ва зӯрӣ бо ким-чӣ хел хурсандии садистона бо ҳам маззакунон кор мекунанд, ин аллакай ғайритабиӣ мебошад. Табиист, ки одамони муқарариро ин ғамгин накарда наметавонад. Одаме, ки ба марг дар экран одат мекунад, дар ҳаёти ҳақиқӣ қабул кардани онро комилан бас мекунанд. Дигаргуншавии тасаввуротҳо дар бораи марг ба дигаргуншавии ҳаёт оварда мерасонад. Зиёда аз ин, аз кори ҳарому хунин пур ва ба асбоби ҷамъоварии пул табдил ёфта, санъат оҳиста-оҳиста таназзул мекунад, ё ин, ки мемирад. Мумкин аст, ки дар хонанда савол пайдо шавад, ки чӣ тавр муаллиф кори ҳарому ҳаришро аз санъати ҳақиқӣ фарқ мекунад. Ба фикри ман, сарҳади аниқ гузарондан на танҳо қонунӣ, балки муфид ҳам мебошад. Ва, дар навбати аввал, ҳама чиз аз сабабҳои водоркунанда, ки одамро маҷбур месозад қалам ба даст гирад, ё ба наворгирӣ сар кунад, вобастагӣ дорад. Агар сабаби ягонаи ин кор ба даст овардани манфиат бошад, пас дар натиҷа на асари санът, балки танҳо маҳсулоти қобили рақобат, ки мисли картошкабирёни қоқ ё кока-кола арзиши бадеӣ доранд, ба вуҷуд меояд. Fайр аз сабабҳо, ки онҳоро чӣ қадар нахоҳӣ, фаҳмидан душвор аст, боз чунин довари беғараз, монанди вақт, вуҷуд дорад. Ҳама нақшаҳои якрӯза, ки барои ба даст овардани манфиат сохта шудаанд, пагоҳ тамоман аз хотир мебароянд, ва иштирокчиёни онро ҳамон тақдире, ки шишаҳои лимонад доранд, интизор аст — онҳо низ ҳамон хел ба канори роҳ партофта мешаванд. Дар баробари ин, табиати инсонӣ бегуфтугӯ, ҳадду ҳудуди муайяни қабулкуниро дорад, ва дар болои қоғаз ё дар экран зиёд кардани миқдори маргҳо ва бераҳмиҳо тамоман беақлист. Зиёдшавии беасоси хун ва зӯрӣ дар асарҳои бадеӣ ва экран дар як лаҳзаи муайян нафратовар мегардад ва одамро ба ғазаб меоварад. Хушбахтона, ғайр аз кори ҳарому ҳариши ҳар гуна жанр ва намуд, боз санъати ҳақиқӣ ва баланд вуҷуд дорад. Он ба даст овардани манфиатро вазифаи худ намегузорад, балки кӯшиш мекунад, ки ба ҷамъият ҳисси ҷаҳонбинии худро расонад. Он низ саволҳои ҷовидонии ҳаёт ва маргро ба як сӯ намегузорад ва дар давоми солҳои зиёд кӯшиш мекунад ҳолати гуфтугӯи онҳоро ба як шакл дарорад. Ин кӯшишҳо то ҳанӯз қатъ намегарданд. Дар хаёлотҳо нисбати ин мавзӯъ муаллифонро на худи марг, балки он чизе, ки аз ҳудуди марг берун аст, ба шавқ меорад. Мирандагон беихтиёр ҳис мекунанд, ки дар паси ин ҳад ҳақиқати дигаре вуҷуд дорад, ва чизи бисёре медоданд, то ки ба он назаре дӯзанд. Аз ҷавоб ба саволи: дар паси ҳадди марг одамро чӣ интизор аст, бисёр чиз вобаста аст, агар нагӯем, ки ҳама чиз. Агар баъд аз тобут барои ҳама торикӣ ва холигӣ бошад, пас ҳама чиз рухсат дода шуда аст: «Дар он сурат бихӯрем ва бинӯшем, зеро ки фардо хоҳем мурд!» (1 Қур. 15:32). Ҳавворӣ Павлус дар номаҳои худ он касонеро, ки дар бораи абадият фикр накарда, зиндагӣ мекарданд, маротибаҳои зиёд даъват мекард, ки дар ин бора андеша кунанд. Ӯ медонист, ки баъд аз марг одамро баровардани хулосаҳои ҳаёти заминии вай интизор аст, чӣ тавре, ки навишта шудааст: «Ва чунон ки одамонро насиб гардидааст, ки як бор бимиранд ва пас аз он ба доварӣ дучор шаванд» (Ибр. 9:27). Дар бисёр асарҳои санъат, ва дар гуфтугӯи муқаррарӣ низ, чунин гуфторҳоро, ба монанди: «бӯи марг», «қадамҳои марг», «нафаси марг» шунидан мумкин аст. Бисёр вақт барои он, ки ҳиссиётҳои рӯҳонии худро расонад, одам дар бораи онҳо гап зада истода, ҳамон истилоҳҳоеро кор мефармояд, ки дар ҳаёти ҳаррӯза аз онҳо истифода мебарад. Вай мегӯяд: ман мебинам, ман мешунавам, ман ҳис мекунам. Ягон нафари шаккок метавонад неш зада қайд кунад, ки ин аллакай аз соҳаи рӯҳшиносӣ аст, аммо вай ҳақ нахоҳад буд. Ҳама гап дар сари он аст, ки вақте миранда кӯшиш мекунад, ки дар бораи таассуротҳои рӯҳони худ нақл кунад, вай доимо ба масъалаи истилоҳшиносӣ вомехурад. Дар бораи кору бори ҳаррӯза сухан карда, одамон истилоҳҳои оддии забони муқаррарии инсониро истифода мебаранд. Вале вақте, ки сухан дар бораи қувваҳои фавқулодда меравад, ҳиссиётҳои худро тасвир кардан хеле душвор аст. Ҳамеша ба маҷоз, муқо исакуниҳо, рамз рӯ овардан лозим мешавад… Маҳз барои ҳамин қариб дар ҳар як забон ба ин монанд калимабандиҳо ҳастанд. Онҳо таҷрибаи наслҳои бисёреро, ки як хел ҳисиётҳоро аз сар гузарондаанд, ҷамъбаст мекунанд. Албатта дар замони ҳозира баъзе аз ин ибораҳо расво, ва то ба дараҷаи шинохтанашаванда бурда расонида шудаанд, бо вуҷуди ин, худи вуҷуд доштани онҳо дар бораи он мегӯяд, ки ҳиссиётҳоеро, ки онҳо ифода мекунанд, одамон то ба имрӯз аз сар мегузаронанд. Базан зиндаҳо наздикшавии маргро бурро ва равшан ҳис мекунанд: ин дар изтироби номуайян ва ҳаяҷон ифода меёбад; баъзеҳо хоб мебинанд, хобҳои тира ё аниқ; ин ба наздикон дахл дорад; ба мо қудрате дода шудааст, ки марги одамони ношиносро пешакӣ ҳис кунем. Ҳамаи ин аз нуқтаи назари материалистӣ тамоман фаҳмонданашаванда аст, аммо аз нуқтаи назари масеҳият ба таври хеле оддӣ фаҳмонда мешавад. Наздикшавии марг дар ҷаҳони рӯҳонӣ ба амал меояд, на дар ҷаҳони материалистӣ, бинобар ин онро танҳо дар рӯҳ эҳсос кардан мумкин аст, тезии ҳисиётҳои табиӣ дар ин ҷо ягон нақш намебозад. Мутаассифона, бисёр вақт чунин мешавад, ки маҳз марг нархи на танҳо ҳақиқати пурқимати Илоҳӣ, балки нархи ҳақиқати оддӣ низ мегардад. Ба рои ҳуқуқи расондани ҳақиқати Инҷилро ба одамон на як насли ҳаввориён, пайғамбарон ва масеҳиёни оддӣ ҷони худро фидо кардаанд, аммо барои чунин шукӯҳ, чун ҳақиқати оддӣ, бисёр вақт нархи хеле гаронеро пардохт кардан лозим меояд. Ҳамин тавр ҳам мешавад, ки ҳатто санъати ҳақиқӣ низ ҳам аз тарафи қайсар, ки гоҳ-гоҳ ба назорат кардани зердастони худ даст мезанад, ҳам аз тарафи иртиҷоъпарастони гуногун, ки кӯшиш мекунанд нуқтаи назари худро ба ҷамъият бор кунанд, думболагир мешавад. Ва агар ҷамъият санъатеро, ки кӯшиши ҳақиқати заминиро инъикос кардан дорад, инкор мекунад, пас чӣ қадар бештар масеҳиёнро, ки ба ҷаҳон ҳақиқати осмониро меоранд, таъқиб мекунад. Шояд касеро олиҳаи илҳом рӯҳбаланд карда бошад, вале маро марг саросема мекард. Боби нӯҳум. Онҳо ба худ марг металабиданд Агар ба шумо гӯянд, ки одам аз Худо танҳо ҳамон вақте, ки рӯҳан бемор аст, марг талаб мекунад, бовар накунед. Дар Китоби Муқаддас рӯйхати қаҳра монони имон, ки дар бораи марг илтиҷо кардаанд, ба қадри кофӣ васеъ аст. Пайғамбар Илёс «…дар биёбон роҳи якрӯзаро тай намуд, ва омада, зери дарахти ратам нишаст, ва ба ҷони худ маргро хоста, гуфт: «Бас аст! Алҳол, эй Худованд, ҷони маро бигир, зеро ки ман аз падарони худ беҳтар нестам» (3 Подш. 19:4). Аюби ҷафодида дар назди Худо-ванд фарёд мезад: «Ва он гоҳ ҷони ман ҳафақонро, яъне маргро аз ин устухонҳои ман афзал медонад. Аз ҷон безор шудаам, то абад зиндагӣ нахоҳам кард;»(Аюб 7:15-16). Пайғамбар Ирмиё аз ин ҳам мегузарад ва рӯзи таваллудшавии худро лаънат мехонад: «Малъун бод рӯзе ки дар он зоида шудаам! Муборак мабод рӯзе ки модарам маро зоидааст! Малъун бод шахсе ки ба падарам мужда дода, гуфтааст: «Барои ту фазанди нарина зоида шуд!»- ва ӯро бағоят шод кардааст» (Ирм. 20:14-15). Ниҳоят ҳавворӣ Павлус аниқ фаҳмондан мехоҳад, ки бо камоли майл мемурд ва дар ин дунё ӯро танҳо хоҳиши ба калисоҳои ҷавон хизмат кардан нигоҳ медорад: «Зеро ки барои ман ҳаёт — Масеҳ аст, ва мамот — фоида аст. Аммо агар ба ҳасби ҷисм дар ҳаёт буданам ба кори ман самаре мебахшида бошад, пас намедонам, ки кадомашро интихоб намоям. Ҳар дуяш ҳам маро ҷазб мекунад: орзу дорам, ки баромада равам ва ҳамроҳи Масеҳ бошам, чунки ин беандоза беҳтар аст; Валекин дар ҷисм монданам барои шумо заруртар аст» (Фил. 1:21-24). Ба одаме, ки чунин ҳодисаҳоро аз сар гузарондааст, фаҳмидани ин хоҳишҳои мухолиф хеле душвор аст. Аммо далел далел аст — ҳама хизматгузорони дар боло номбар кардашуда дар ҳақиқат мурдан мехостанд ва дар ин бора аз Худо хоҳиш карда буданд, вале дуоҳои онҳо шунида нашуда буд. Худо онҳоро дар лаҳзаи ғаму алам ва рӯҳафтодагӣ маломат накард, зеро хеле хуб медонист, ки дуоҳои онҳо дар авҷи ҳисиётҳо гуфта шудаанд. Баръакс, то он вақте, ки оромӣ ба амал омад, интизор шуда, Худованд ба ҳар кадоми онҳо рӯъёи нав ва тасаллии нав дод. Ҳамаи ин имкон медиҳад, ки як хулосаи муҳим барорем. Дар ҳаёти ҳар як шахс ҳолатҳое нохост ба миён меояд, ки аз нуқтаи назари вай аз он роҳи баромадан нест. Ҳаёт дар ҳамон лаҳза мушкил ва нодаркор менамояд, лекин дар хотир нигоҳ доштан лозим аст, ки бо шумо чӣ ҳодисае рӯй надиҳад, Худо ҳамаи инро назорат мекунад, ва ҳамин, ки шумо Ӯро даъват намудед, тайёр аст ба мадади шумо ояд. Дар бораи одамоне, ки ба худ марг хостаанд, гап зада, дар бораи Касе, ки бо марги ихтиёрии Худ барои мо наҷотро ба даст овард, хотиррасон накардан, ба назари ман, таҳқиромез аст. Ва ҳарчанд дар Инҷил ёдрас намешавад, ки Масеҳ аз Падари худ марг талабида бошад, бо он ақида розӣ нашуда наметавонем, ки Худованди мо ҳеҷ гоҳ дар бораи чӣ тавр ба охир расидани ҳаёти Худ хаёлҳои беҳуда намекард. Марг, ва баъди он эҳёшавии Худованд Исои Масеҳ — яке аз ҳодисаҳои асосӣ дар Инҷил мебошад. Ҳангоме, ки дар калисоҳо дар ин бора гап мезананд, бо сабабҳои маълум ба эҳёшавӣ диққати махсус медиҳанд. Дар Руссия аксари масеҳиён Фисҳ, Эҳёшавии Дурахшони Масеҳро, ҳамчун иди аз ҳама муҳим дар тақвими масеҳиён ҷашн мегиранд. Дар айни ҳол дар шуури бисёр масеҳиён ҷумъаи Пурэҳтирос ва шанбеи Бузург — ин рӯзҳое мебошанд, ки танҳо тоқат кардан лозим аст. Ин корро кардан он қадар душвор нест, вақте медонӣ, ки аз паси маслубкунӣ ҳатман Эҳёшавӣ фаро мерасад. Ҳавворӣ Павлус аҳамияти рӯҳонии нону шароби табаррукии калисоро муҳокима карда, тасдиқ мекунад, ки калисо ҳар бор, ҳангоми нону шароби табаррукро хурондан, марги Худованд Исои Масеҳро эълон мекунад. Чи тавре, ки навишта шудааст: «…мамоти Худовандро эълон мекунед, то даме ки Ӯ биёяд» (1 Қур. 11:26). Марг ва Эҳёшавӣ — ду чизи ба ҳам зич алоқаманд мебошанд. Ба ҳама маълум аст, ки агар яктои он набошад, дигараш ҳам намешавад. Марги Исо дар болои салиб — қисми ҷудонашаван даи кори кафоратдиҳӣ мебошад. Ман ба худ иҷозат медиҳам, ки дар муҳокимаронӣ каме пеш равам ва боҷуръат тасдиқ мекунам, ки ҳар як кори бузурги хизматгузорӣ ва ҳар як кори Худо низ аз марг ва эҳёшавӣ мегузарад. Дар бисёр ҳолатҳо, меҳнатро дар киштзори Худо сар карда, шубонони ҷавон ва хизматгузорон онро бо рашки хеле зиёд, бо хоҳиши бузурги тамоми ҷаҳонро чаппаву роста кардан, сар мекунанд. Дар баробари ин, бисёриҳо таҷриба надоранд, вале зиндадилӣ ва ҷидду ҷаҳд барзиёд аст. Бо мурури вақт, ҳангоме, ки ҳисси ҷидду ҷаҳди шахсии худ сӯхта хокистар мегардад, бӯҳрон, ва баъзан рӯҳафтодагии ҳақиқӣ фаро мерасад. Дар ин давраи хеле нофорам аз ҳама асосиаш он аст, ки рӯҳафтода нашавем ва шиква накунем. Баъзан ламскунии ҳаётбахши Худоро интизор шудан лозим аст, ва барои ин вақтро дареғ доштан мумкин нест. Барои он, ки вақти дар интизории Худованд сарф шуда, гум шуда наметавонад. Шахсе, ки то охир тоқат кард, ҳамроҳи таронасаро метавонад гӯяд: «Дар тангӣ маро вусъат додаӣ» (Заб. 4:2). Вале агар шиква карданро сар кунем, ба одамон, Худо ва ҳолатҳо эътироз баён кунем, рӯҳафтодагӣ зиёд мегардад, ва дар беҳтарин ҳолат он чӣ ба амал меояд, ки ҳавворӣ «шикасти киштӣ дар имон» номида буд. Аммо ҳолатҳо чӣ гуна набошад, ду чизро дар хотир гирифтан зарур аст: аввалан, ҳеҷ гуна инкишоф бе бӯҳрон намешавад, дуюм, одаме, ки бӯҳронро аз сар мегузаронад ва озмоишҳоро мегузарад, таҷрибаи беҳамто ба даст меорад, дар имон мустаҳкам мегардад ва ба давраи нави муносибатҳо бо Худованд мерасад. Агар ҳаёт — ин роҳ, марг — истгоҳи таъиншуда аст. Агар ҳаёт — ин ҳабсхона, марг — авфи умумӣ аст. Агар ҳаёт — ин беморӣ, пас марг — шифо аст. Агар ҳаёт — ин театр, пас марг парда — аст. Агар ҳаёт — ин сирк, дар он вақт марг — охири барнома аст. Агар ҳаёт мисли суруд бошад, дар он вақт марг — хотима аст. Агар ҳаёт — ин хоб бошад, пас марг — бедоршавист. Боби даҳум. Риёзаткашон Ҳангоме, ки ман дар бораи одамоне, ки маргро мардонавор пешвоз гирифтаанд, андеша мекунам, ман медонам, ки онҳо ин корро барои ақидаҳояшон мекарданд, на барои худ ё барои маблағ. Ақидаҳо метавонанд гуногун, баъзан аз решаашон хато бошанд, вале ҳар рафтор аз рӯи эътиқод сазовори ҳурмат аст. Касе барои пул намемирад, ҳаётро танҳо барои мақсадҳои олӣ медиҳанд. Агар одам ақида дошта бошад, ё ба ӯ чунин намояд, ки онро дорад, пас вай бояд ба он тайёр бошад, ки барои онҳо арзиши ҳаққониро пардохт кунад. Баъзан танҳо дар мувофиқат бо ақидаҳои худ зистан кифоя нест, барои онҳо баъзан мурдан лозим аст. Ин метавонад рӯй надиҳад, ҳаёт шояд ин масъаларо кундаланг нагузорад, вале пеш аз бо овози баланд мақсадҳои олии худро расман изҳор кардан, хуб мешуд дар хотир нигоҳ дорем, ки арзиши ҳақиқии онҳоро марг муайян мекунад. Агар ба мурдан барои ақидаҳои худ тайёр набошед, пас шумо онҳоро тамоман надоред. Бисёр масеҳиён дар бораи риёзаткашон фикр карда истода, ба даҳшат меафтанд. Баъзеҳо, махсусан нозукдилон, аз вазнинии чунин андеша рониҳо ба рӯҳафтодагӣ ва васваса меафтанд. Мантиқи онҳо комилан содда аст: чӣ тавр Худованди меҳрубон метавонад ба азобҳои фарзандони аз ҳама дӯстдоштаи Худ нигоҳ кунад. Ба ҳамаи он касоне, ки ин тавр фикр мекунанд, хотиррасон кардан лозим аст, ки пеш аз он, ки азияткаши аввалин Истефанус мурд, Худованд ба он нигоҳ кард, ки чӣ тавр дар азобҳо Писари дӯстдоштаи Ӯ мемирад. Фаромӯш кардан мумкин нест, ки ҳар гуна азоб баҳри Худованд, ва инчунин ҳадди камоли он — қабул кардани марги пуразоб — ин ҳамеша амали ихтиёрист. Охир ҳар як риёзаткаш имконият дошт, ки аз Худованд даст кашад ва ҳаёти худро нигоҳ дорад. Агар одам дар назди чунин интихоб намеистад ва имконият надорад, ки ба воситаи дасткашидан азобро паси сар кунад, пас он гоҳ, шояд вай азоб ҳам кашад, вале аниқ аст, ки на барои Масеҳ. Дар калисо ба қадри кофӣ одамони зиёде ҳастанд, ки рӯирост изҳор мекунанд, ки аз марг баҳри Масеҳ наметарсанд, вале онҳоро азобҳое, ки бо он меоянд, метарсонанд. Ба шахсони ин гуна фикр дошта ёдрас кардан мехоҳам, ки марги масеҳӣ — ин қадами охирин ба озодӣ аст. Ба озодӣ аз васвасаҳо, таъқиботҳо, азобҳо ва тарс. Одаме, ки дар Масеҳ мемирад, бииштро ба даст оварда, ҳама масъалаҳои ҳалталаби заминиро дар гузашта мегузорад. Шояд ин ба ягон кас сафсатта намояд, вале маҳз баъд аз марг шахси порсо озодии матлақро ба даст меорад. Ҳавворӣ Павлус муносибати худро ба ин чунин тасвият мекунад: «Зеро уқубати сабуки мо, ки кӯтоҳмуддат аст, ҷалоли абадиро барои мо ба андозаи бениҳоят бузург ба вуҷуд меоварад, ҳангоме ки мо на ба чизҳои намоён, балки ба чизҳои нонамоён нигоҳ мекунем: зеро ки он чи намоён аст, муваққатист, аммо он чи нонамоён аст, абадист» (2 Қур. 4:17-18). Чӣ тавре, ки аз суханони ҳавворӣ маълум аст, азоб кашидан баҳри Масеҳ ҳангоми ҳаёти заминӣ ҷалолро дар ҳаёти абадӣ ба амал меорад, ва маҳз марг он ҳадде мебошад, ки баъди он дарду алам тамом шуда, хурсандӣ сар мешавад. Ҳамин тавр, марг ҳеҷ гоҳ сарчашмаи азобҳо нест, баръакс халосӣ аз онҳост. Азоб бошад, кӯтоҳмуддат ҳисобида мешавад, ки дар ҳақиқат ҳам ҳамин тавр ҳаст. Зеро ҳар азоб, ҳатто аз ҳама дуру дароз, дар муқоиса бо абадият кӯто ҳ муддат аст. Одаме, ки тарси маргро паси сар кардааст, озодии ҳақиқиро ба даст меорад. Ӯ имконият дорад тавре рафтор кунад, ки ба вай ақидаҳояш мефармоянд, ӯ метавонад оромона ба овози виҷдон гӯш диҳад, ӯ метавонад ба овози Рӯҳулқудс гӯш диҳад, зеро ӯ аллакай аз тарс вобаста нест. Марг — ин на танҳо охири ҳаёт, аксаран марг — ин нархи ақидаҳост. Боби ёздаҳум. Худкушӣ Аҷоиб аст, ки дар худкушӣ ва ҳукми қатл як чизи умумӣ вуҷуд дорад. Охир агар дида бароем, ҳам ину ҳам он ба марги пеш аз мӯҳлат оварда мерасонад. Дар ҳар ду ҳолат пеш аз марг қарори ирода меояд. Ин ё қарори суд, ё зоҳир кардани иродаи худкӯшӣ аст. Илова бар ин, ҳам ину ҳам он ҷамъиятро маҷбур мекунад, ки аз тарс ва нафрат ба худ кашида шавад, дар як вақт ҳам ба худ ҷалб намуда ва ҳам дур сохта, чунин ҳиссиётҳоеро бедор мекунад, ки ҳар «манъи иҷтимоӣ» низ ҳамин гуна ҳиссиётҳоро ба амал меорад. Дар бораи марг андеша намуда, дар бораи ҳодисаи дигар, ба монанди худкушӣ, хомӯш истодан ғайриимкон аст. Ба он нигоҳ накарда, ки Навиштаҳо ба худкушӣ баҳои якранг намедиҳад, қариб ҳамаи равияҳои масеҳӣ аз рӯи ин масъала дар розигии ягона мебошанд. Далели асосӣ дар нуқтаи назари мантиқӣ мебошад: Худованд ҳаётро бахшидааст, ва танҳо Ӯ ҳуқуқ дорад онро гирад. Рӯйхати одамоне, ки худкушии онҳо дар Навиштаҳо тасвир карда шудааст, ба андеша кардан маҷбур месозад. Сарварии ин рӯйхатро Яҳудои Исқарют ба дӯш дорад, ки худро баъд аз хоинӣ овехта буд. Шоҳ Шоул, яке аз машҳуртарин худкушҳои Аҳди Қадим, муҳорибаи ҳалкунандаро бой дод ва нахост, ки ба асирӣ афтад, ва ба худкушӣ даст зад. Ҳамаи ин одамонро як хусусияти умумӣ муттаҳид месозад. Онҳо дар лаҳзаи марги худ дар иродаи Худо набуданд. Худованд аз Шоул рӯй гардонд ва Довуди ҷавонро аз вай афзалтар донист (1 Подш. 15:23). Дар бораи Яҳудо дар Навиштаҳо гуфта шудааст: «Ҷоҳу ҷалоли варо дигаре бигирад» (Аъм. 1:20). Дар абадият ин одамон куҷо шуданд, ба мо, ки дар рӯи заминем, гуфта нашудааст. Вале он далел огоҳ накарда наметавонад, ки баъд аз худкушӣ барои тавбакунӣ ва барқарор кардани муносибатҳои дуруст бо Худованд вақт намешавад. Як шубони протестантӣ дар бораи худкушӣ маъвиза карда мегуфт, ки барои ҷони абадзинда, шояд, беҳтараш аз худкӯшӣ дида куштор ба амал орад, зеро баъд аз куштор имконияти тавба кардан вуҷуд дорад. Албатта, куштор — ин гуноҳи даҳшатнок аст, вале ба ман муяссар гашт бо одамоне вохӯрам, ки аз ин гуноҳи худ тавба кардаанд ва Худованд онҳоро бахшидааст. Аммо барои одаме, ки худкушӣ кардааст, тавба кардан тамоман ғайриимкон аст. Ба бисёриҳо чунин менамояд, ки афзудани шумораи худкушиҳо — ин амалест, аз нодорӣ ва ноилоҷӣ. Вале аз рӯи ҳисобот мамлакатҳое, ки аз нуқтаи назари иқтисодӣ аз ҳама бобароранд, дар як вақт аз рӯи миқдори худкӯшиҳо дар байни аҳолӣ сарвар мебошанд. Далел — чизи саркаш аст, ва он якранг шаҳодат медиҳад, ки на ҳамеша аз ҳаёт рафтан — натиҷаи нодориву камбағалӣ аст. Дар ҷамъият, махсусан оне, ки дар асоси маданияти масеҳӣ сохта шудаанд, муносибати хеле аҷоиб нисбат ба худкушӣ дида мешавад. Ҷамият кӯшиш мекунад, ки аз рӯи имкон ба он аҳамият надиҳад. Ин дар шаклҳои аз ҳама гуногун зоҳир мешавад, аз манъкунии гӯро ндани худкушон дар як қабристон бо дигарон сар карда, то ба нафрати муқаррарӣ, ки аз хотиррасон кардани ин ҳодиса пайдо мешавад. Одамон дар бораи худкушиҳо шунидан намехоҳанд, онҳо чунин меҳисобанд, ки ба онҳо масъалаҳои ҳалталаби худашон басанда аст. Дар оинаи нилгун барномаи ҷиддиро, масъалан, дар бораи худкушӣ дар байни ҷавонон дида, онҳо фавран барномаи дигарро мемонанд. Мақола ё китобро дар ин бора ҳатто намехонанд. Чунин муносибат ба худкӯшӣ пурра табиист. Одамон фикр мекунанд, ки ин ҳодиса ба онҳо ва наздиконашон дахл надорад. Вале ҳисобот баръакси инро тасдиқ мекунад. Масъалан, дар ИМА худкушӣ дар даҳ сабаби аввалини марг ҷой дорад, ки ин тақрибан 1,5 фоизи ҳамаи маргҳоро ташкил меди ҳад. Дар Амрико ҳар сол 13 нафар аз 100 000 ҳаётро бо худкушӣ ба анҷом мерасонанд. Дар Руссия ин рақам тамоман зиёд аст: 38 нафар аз 100 000. Агар сабабҳоеро, ки одамонро ба худкушӣ таҳрик мекунанд, фаҳмидан хоҳем, пеш аз ҳама тағйирёбии чунин фаҳмиши асосӣ, ба мисли маънои ҳаёт, дида баромада мешавад. Хислати худнигоҳдорӣ — яке аз хислатҳои аз ҳама пурзӯр аст, вале одаме, ки қарори фалокатоварро қабул кардааст, онро низ таги по ме ку над. Пеш аз амал кардан, худкуш бояд қатъӣ бо ва рӣ дошта бошад, ки аз масъалаҳои ҳалталаби ӯ ғайр аз марг, роҳи дигаре вуҷуд надорад. Сабабҳои худкуширо таҳқиқ карда истода, олими америкоӣ Карл Менингер тасдиқ мекунад, ки худкушӣ дар асоси худ се сабаби асосии беихтиёрона дорад: қасос ва нафрат (хоҳиши куштан), рӯҳафтодагӣ ва ноумедӣ (хоҳиши мурдан) ва ҳисси гуноҳкорӣ (хоҳиши кушта шудан). Бисёр вақт ҳамаи ин дар вазъияти рӯҳафтодагии дуру дароз ва вазнин гузашта, ҳисси маъюсӣ ва ноумедиро маротибаҳои зиёд пурқувват мекунад, вале ба сифати тарконанда ягон нохушие баромад мекунад. Корҳои илмии бисёре вуҷуд доранд, ки ба масъалаи худкушӣ бахшида шудаанд, ва аз тарафи мутахассисони гуногун навишта шудаанд. Аммо бисёрии онҳо дар як чиз ба ҳам мувофиқат мекунанд: ба чизе, ки одам бовар надошта бошад — ба Худо, ба табиат, ба тараққиёт ва ё ба ғалабаи меҳнати коммунистӣ — имони ӯ, чӣ гунае, ки набошад, омили пурзӯртарин нисбати ҳаёт мебошад, ва монеаи табиӣ зидди худ кӯшӣ ба ҳисоб меравад. Баъзе муаллимон аз фа қеҳият чунин ақидаро тарафдорӣ мекунанд, ки бе имон ба ягон чиз одам вуҷуд дошта наметавонад, ва агар ӯ зиндагӣ мекунад, пас ба ягон чиз бовар дорад. Ҳамин тариқ, агар имон ҳатто дору набошад, ба ҳар ҳол воситаи пешгирӣ аз худкушӣ аст. Илова бар ин, имон ба ҳар чизи рост омада дар гумон аст воситаи боэътимод гардад, зеро аз гумроҳӣ то рӯҳа фтодагӣ як қадам аст. Вале имон ба ҳақиқати Худо одамро пурқувват мегардонад ва дар ҳар ҳолати зиндагӣ ба вай қувват мебахшад. Худкушӣ монанди паридан аз болои манора аст, — аз масъалаҳои ҳалталаби муваққатӣ ба азобҳои абадӣ. Боби дувоздаҳум. Ҳукми қатл Дар бораи ҳукми қатл ҳаминро гуфтан даркор аст, ки дар вақтҳои охир он мавзӯи муҳокимаҳои гарму ҷӯшон гаштааст. Ҳуқуқшиносон ва рӯҳониён, файласуфон ва муҳофизони ҳуқуқ, прокурор ва адвокатҳо, ва албатта, матбуоти виҷдонфурӯш дар ин бора бо ҳар мақом баҳс мекунанд. Ақидаҳои гуногун баён карда мешавад: аз паррондан дар ҷои ҷиноят то пурра манъ кардани ҳукми қатл. Дар баробари ин, дар қатори далелҳои асосӣ ҳамеша яке аз даҳ аҳкомҳо иқтибос оварда мешавад: «Қатл накун» (Хур. 20:13). Вале ҳарифони аз баҳс саргармшуда даҳҳо ҷойҳои дигарро дар шариати Мусо намебинанд, ки рӯирост дар бораи ҳукми қатл мегӯянд. Гап дар сари он аст, ки амалан ҳама гуноҳҳои ҷиддӣ ва барқасдона, дар бораи ҷинояткориҳои қабеҳу разилона гап намезанем, аз рӯи шариати Мусо танҳо бо воситаи марг ҷазо дода мешаванд. Ки ин, зимнан, пурра ҳам ба калом, ва ҳам ба рӯҳи Аҳди Қадим мувофиқат мекунад. Ва на танҳо ба Аҳди Қадим, дар Аҳди Ҷадид гуфта мешавад: «…музди гуноҳ мамот аст» (Рум. 6:23). Чунин гуноҳҳо ва ҷиноятҳо ба монанди куфр (Иб. 24:16), зино (Иб. 20:10), гомосексуализм (Иб. 20:13), ҷодугарӣ(Иб. 20:27), бутпарастӣ (Так. Шар. 13:6-10), ва ҳатто беитоатӣ ба волидон (Так. Шар. 21:18-21) аз рӯи шариати Мусо бо марг ҷазо дода мешуданд. Шояд ин рӯйхат фиғони эътирозро аз тарафи масеҳиёни озодфикри ҳозиразамон ба миён орад, вале Каломи Худо бетағйир мемонад. Ман ба барқарор кардани шиканҷа даъват намекунам, вале танҳо нишон додан мехоҳам, ки муносибати Худо ба гуноҳ чӣ гуна аст ва ҷазоҳои замони Аҳди Қадим барои гуноҳи барқасдона чӣ гуна аст. Аҳкоми «қатл накун» ба кушторе паҳн мешавад, ки на аз тарафи ташкилотҳои давлатӣ аз рӯи қарори суд ба амал бароварда мешаванд, балки аз тарафи шахсони алоҳида дар асоси қасд ё дигар сабаб иҷро карда мешаванд. Ин манъкунии гирифтани ҳаёти одам бо хоҳиши худ дар қонуни ҳар як давлати муқаррарӣ ҳаст. Ҳар қадар, ки хоҳӣ дар бораи хатоҳои судӣ ва баркамол набудани системаи судӣ баҳс кардан мумкин аст, вале шарте ҳаст, ки ҳанӯз Мусо гузошта буд: бе ҳуқуқи гирифтани ҳаёт аз рӯи қарори суд, давлат қонуниятро нигоҳ дошта наметавонад. Ин усули оддии дар давоми асрҳо санҷидашударо инкор карда, ҷамъият кӯшиш мекунад ба худ исбот кунад, ки метавонад тағйир ёбад, сабабҳои нахустини ҷинояткориро бартараф кунад ва ҳар ҷинояткор ё дузди ашаддиро аз нав тарбия кунад. Вале ин орзуи хаёлпарастона на танҳо ба ҳақиқат мувофиқат намекунад, балки ба калом ва рӯҳи Навиштаҳо мухолифат мекунад, ки Он мегӯяд, ки гуноҳкорро танҳо Масеҳ ислоҳ карда ва тағйир дода метавонад. Дар бораи ҳабси якумра бошад, ба ақидаи бисёрии одамон, шахсоне, ки ба ин ҷазо маҳкум шудаанд, барои онҳо ҳукми қатл ҳукми сабуктар мебуд. Ин тамоюлҳо ҳамаи таъсири зиёдшавандаи инсо ндӯстиро ба ҷамъияти ҳозиразамон хеле аниқ нишон медиҳанд. Албатта, агар интихоб дар байни инсондӯстӣ ва диктатура бошад, ягон одами му қар рарӣ охиринро интихоб намекунад. Ва инсондӯстӣ аниқ аз коммунизм беҳтар аст. Вале инсондӯстӣ ҳамчун ҷаҳонбинӣ, одамро дар сарварии ҳама чиз мегузорад, ӯро маркази ҷаҳон, ченаки ҳамаи чизҳо, алфа ва омегаи коинот эълон мекунад. Инҷил бошад, мегӯяд, ки одам беилоҷ гуноҳкор аст, табиати вай аз рӯзи таваллуд вайрон аст ва танҳо Масеҳ метавонад онро аз нав тағйир диҳад. Фарқияти ҷаҳонбинӣ байни инсондӯстӣ ва масеҳият ҳам дар ҳамин аст. Маркази Инҷил — Масеҳ аст, он Худовандро ҳамчун маркази офаридгорӣ эълон мекунад. Инсондӯстӣ бошад, маркази ҷаҳон «ман»-и инсониро эълон карда, аз рӯи муайянкунандагӣ шахспарастона аст. Шахспарастӣ ва масеҳият моҳиятан ду чизи якҷоянашавандаанд, зеро худпарастӣ — шакли пӯшидаи бутпарастӣ аст, ки дар он одам ба ҷои бутҳо ва санамҳо ба «ман»-и шахсии худ ибодат мекунад ва худашро Худо меҳисобад. Ва ба фикри ман, ин раванди босуръат дар лаҳзаи подшоҳии Антихрист нуқтаи аз ҳама баландтарини худро ба даст меорад. Аввал дуздӣ ва кушторҳоро барҳам диҳед, баъд дар бораи барҳам додани ҳукми қатл фикр кунед. Боби сездаҳум. Вақте, ки шубон мемирад Вақте, ки шубон мемирад, аз дили ҷамоат ягона дуои бо фиғон мебарояд: «Барои чӣ, Худовандо?» Барои чӣ мумкин набуд, ки аққалан андаке дертар ӯро мегирифтӣ? Барои чӣ маҳз ҳозир? Ҳангоме, ки марг ногаҳон меояд, дар дил дарду алами вазнини ногуфтаҳо мемонад. Чунин менамояд, ки боз як дуо, боз як мавъиза — ва он гоҳ як чизи нав, хеле муҳим ва ба тамоман оддӣ, ки метавонист ҳаёт ва хизматгузориро тағйир диҳад, кушода мешуд… Ва барои калисо замони вазнине фаро мерасад: «вақте барои мотам гирифтан, ва вақте барои гиристан» (Воиз 3:4). Ягона фикри равшане, ки ақлро гарм мекунад, ин фикр дар бораи вохӯрии ногузир дар осмонҳо мебошад. Ва ягона тасаллие, ки мемонад, ин такрор кардани он аст, ки муқаддасони Худо мераванд, вале чилликкашӣ мемонад. Табиист, ки ин тасдиқкунӣ ба ҳеҷ ваҷҳ ғамдо ронро тасаллӣ намедиҳад. Ҳар як хизматгузор беҳамтост, муносибатҳои вай бо Худованд беҳамто аст, хизматгузории вай беҳамто аст. Касе ҳеҷ гоҳ мавъизаҳои Петрус, номаҳои Павлус ё рӯъёҳои Юҳаннои Фақеҳро такрор карда наметавонад. Бо вуҷуди ин, барои ҳар як насл Худо хизматгузорони аниқро мегузорад ва баъд аз рафтани онҳо Рӯҳул қудс хизматгузорони навро рӯҳбаланд мекунад — ҳамин тавр то омадани Дуюми Масеҳ давом мекунад… Бар замми ин, калисо бояд фаҳмад, ки ба шубон дар осмон будан нисбат ба онҳое, ки дар заминанд, хубтар аст. Ҷамоат чӣ гуна «тиллоӣ» ҳам бошад, ба ҳар ҳол, калисо — ин ҷоест, пур аз корҳо ва масъа лаҳои ҳалталаб. Қариб ҳамаи шубонон — одамони хеле мондашуда, баъзан аз ҳад зиёд мондашуда мебошанд, вале чунин ҳам мешавад, ки муносибати худпарастонаи калисои дӯстдошта нисбати шубон ӯро дар ҳақиқат мекушад — ифодаи бадеӣ ҳақиқати фоҷианок мегардад. Аз одами аз ҳад зиёд мондашуда вай ба одами сахт бемор табдил меёбад, ва баъд дар ҳақиқат мемирад. Бисёр вақт баъд аз марги шубон ё хизматгузор, калисо ин суханони аниқро ба хотир меорад: «Он чӣ ки дорӣ, нигоҳ намедорӣ, гум мекунӣ -гиря мекунӣ». Бисёр масеҳиён сахт мӯътақиданд, ки шубон тамоми пуррагии масъулиятро барои калисо бар дӯши худ дорад, ва ҷамоат бояд танҳо ғамхорӣ ва дилсӯзиро қабул кунад. Дар ҳақиқати ҳол, на танҳо шубон барои калисо масъулиятро бар дӯш дорад, балки худи калисо низ масъулияти хеле ҷиддиро барои шубони худ бар дӯш дорад. Павлус инро бо ростии ба худ хос ин тавр тасвият медиҳад: «Ба сардорони худ фармонбардор ва мутеъ бошед, зеро онҳо ҳамеша ғами ҷонҳои шуморо мехӯранд, чунки ба ҳисобот додан вазифадор мебошанд; то ки онҳо ин вазифаро бо шодӣ ба ҷо оваранд, на бо оҳу нола, зеро ки ин барои шумо фоиданок нест» (Ибр. 13:17). Беитоатӣ ва фармонбардор набудан на танҳо дар назари Худо гуноҳи вазнин аст, балки боз шубонро низ сахт озурда месозад. Ва бисёр хизматгузорон меҳнати худро оҳкашон ва бе хурсандӣ иҷро мекунанд, зеро дар ҳар қадам дар хизматгузорӣ ба онҳо лозим меояд, ки муқобилати ин гӯсфандони «фарбеҳу зӯроварро» (Ҳизқ. 34:16) бартараф кунанд. Шахсан ба ман тамоман нофаҳмост, ки умуман ба одам шубон чӣ даркор аст, агар ба вай гӯш надиҳанд. Агар ин маъқул нашавад, дигареро ёб, ва дар итоати вай бош, «Зеро ки беитоатӣ мисли гуноҳи ҷодугарист, ва муқобилият — мисли бутпарастӣ» (1 Подш. 15:23). Нигоҳ кардан ба шубононе, ки тамоман дар бораи саломатӣ ё ояндаи худ фикр накарда, дар кор ҷонсӯзӣ мекунанд, ба ман дардовар аст. Вале боз ҳам дардовартар дидани усқуфҳо ва дигар роҳбарони рӯҳонӣ аст, ки ба ҷои он, ки онҳоро манъ кунонанд ва фаҳмонанд, баръакс онҳоро рӯҳбаланд мекунонанд: «Боз! Боз!» Охир натиҷаҳо, ҳисоботҳо ва рақамҳо даркоранд… Аз ҳама асосӣ, мегӯянд онҳо, кори Худо аст. Кори Худо — ин дар ҳақиқат муҳим аст, вале одамоне, ки онро иҷро мекунанд, онҳо низ муҳиманд, набошад маълум мешавад, ки мақсад воситаҳоро ҳақ мебарорад. Чӣ қадар шубонон ин ҷаҳонро пеш аз мӯҳлат тарк кардаанд, танҳо барои он, ки онҳо ба аҳкоми чорум дар бораи истироҳати рӯзи шанбе қатъиян беэъти ноӣ карданд. Лекин охир Каломи Худо ба ҳама дахл дорад: «Рӯзи шанберо дар хотир нигоҳ дор, то ки онро тақдис намоӣ. Шаш рӯз кор кун ва ҳар амалатро ба ҷо овар. Вале рӯзи ҳафтум — шанбеи Худованд Худои туст; дар он ҳеҷ кор накун, худат ва писарат, ва духтарат, ва ғуломат, ва канизат, ва чорпоят, ва ғарибат, ки андаруни дарвозаҳои туст» (Хур. 20:8-10). Барои он, ки маънои амрҳоро дар бораи рӯзи шанбе беҳтар фаҳмем, онро шартан ба ду ҷиҳат тақсим мекунем: аввалан, рӯзи шанбе — ин рӯзи хиз матгузорӣ ба Худо, дуюм, ин рӯзи истироҳат, рӯзи осоиш аст. Дар бораи хизматгузорӣ ба Худо ҳаминро гуфтан лозим аст, ки дар ин ҷода шубонон ҳамеша бо тартиб кор мекунанд, дар хизматгузорӣ ба Худованд ва ба наздикон онҳо доимо тайёр ҳастанд. Вале нисбат ба истироҳат баъзан масъалаҳои ҳалталаб ба миён меояд. Исроркорона хоҳиш надоштан барои ба тартиб даровардани истироҳати худ, онро мунтазам ба роҳ мондан, моҳиятан ин ҷиҳатро дар мувофиқат бо Навиштаҳо овардан бе натиҷа монда наметавонад. Мондашавии ҳамешагӣ, бехобӣ, инчунин «гулдастаи» бузурги бемориҳо, ки дар асоси мондашавии дуру дароз ба амал меоянд, — ана на тиҷаи қонунии ин гуноҳ. Ҳавворӣ Павлус дар ин бора якранг гуфта буд: «Оё шумо намедонед, ки маъбади Худо ҳастед, ва Рӯҳи Худо дар шумо сокин аст? Агар касе маъбади Худоро вайрон кунад, Худо ӯро хонавайрон хоҳад кард, зеро ки хонаи Худо муқаддас аст, ва он шумо ҳастед» (1 Қур. 3:16-17). Ба ман бисёр вақт шунидан лозим меомад, ки чӣ тавр ин ҷои Навиштаҳоро ба сифати далел бар зидди тамокукашӣ иқтибос оварда, одилона умед мебастанд, ки ин одати ба Худо нафратовар на танҳо ҷисми инсониро вайрон мекунад, балки намунаи пуртаъсири нолозимӣ мебошад. Ҳозир инро на танҳо масеҳиён, балки ҳукуматҳои баъзе мамлакатҳои ғарб низ дарк мекунанд. Онҳо бо тамокукашӣ мубориза мебаранд, қонунҳои «зиддитамокукашӣ» мебароранд, ба мил лионҳо талафотҳои пулии худ ишора мекунанд, ҳисо бот бошад, маблағҳои аниқро номбар мекунад. Тадқиқотҳои хоксоронаи ман имкон медиҳад тасдиқ кунам, ки талафоти калисо аз риоя накардани аҳкоми чорум аз ин камтар нест. Ин хизматгузорони азобдида ба таври дуру дароз мондашуда метавонистанд дар давоми шаш рӯз, нисбат ба ҳафт рӯзи кори кардаашон, бештар кор кунанд, вале асосиаш, ба калисоҳои худ ба муддати дарозтар хизмат мекарданд. Охир дар Аҳди Қадим барои вайрон кардани рӯзи шанбе беҳуда сангсор намекарданд. Вале агар касе исроркорона одатҳои гуноҳкоронаи худро дошта истад, бигзор баъдтар аз захмҳо, сактаи дил ва дигар бемориҳое, ки одами ҳанӯз дирӯз солим бударо дар синни си-чилсолагӣ аз по меафтонанд, ба ҳайрат наафтанд. Ва ҳоҷат нест, ки шумо ба наздиконатон нақл кунед, ки чӣ тавр дар киштзори Худо азоб кашидед. Ин ба Ӯ ҳеҷ гуна муносибат надорад. Чунин одамон барои гуноҳи худ, аз беақлии худ азоб мекашанд. Вале шубон ҳар қадар ки саломатии худро эҳтиёт накунад ва чӣ гуна мушаввашона калисо ба вай муносибат накунад, вайро низ чун дигарон -марг интизор аст. Кодекс Бусидоро, (дар тарҷума аз японӣ — роҳи ҷанговар), дигар хел ифода карда, бо дилпурии пурра гуфтан мумкин аст, ки дар ин ҷо, дар замин: Роҳи шӯбон — ин роҳ ба сӯи марг аст. Боби чордаҳум. Дафнкунӣ Дар бораи ногузирии марг барои ҳамаи хизматгорон гуфта истода, қайд кардан зарур аст, ки ҳатто дар ин қоида низ истисно мешавад. Дар тамоми таърихи инсоният танҳо ду одам аз марг халос шудаанд. Инҳо Ҳанӯх ва пайғамбар Илёс мебошанд. Китоби Ҳастӣ дар бораи Ҳанӯх мегӯяд: «Ва Ҳанӯх пеши Худо роҳ рафт, ва нопайдо шуд, зеро ки Худо ӯро гирифт» (Ҳастӣ 5:24). Ҳавворӣ Павлус ба гуфташуда илова менамояд: «Бо имон Ҳанӯх тавре кӯчонида шуд, ки мамотро надид: ва ӯ пайдо нашуд, чунки Худо ӯро кӯчонид. Зеро ки пеш аз кӯчонида шуданаш шаҳодат пайдо кард, ки ба Худо писанд омадааст (Ибр. 11:5). Ин ду шаҳо дат дар бораи гирифташавии Ҳанӯх дар ҷузъиёт равшании махсус андохта наметавонанд, вале далели бебақоро муқаррар менамоянд: аз марги ҷисмонӣ раҳо ёфта, Ҳанӯх рост ба осмон бурда шуд. Дар бораи гирифташавии пайғамбар Илёс Китоби Муқаддас қадре муфассалтар мегӯяд. Муаллифи Китоби Подшоҳон саҳнаи гирифташавии Илёсро тасвир менамояд: «Ва ҳангоме ки онҳо қадам зада мерафтанду сухан меронданд, инак аробаи оташин ва аспони оташин пайдо шуда онҳоро аз якдигар ҷудо карданд, ва Илёс дар гирдбод ба осмон сууд намуд» (4 Подш. 2:11). Шогирди Илёс, Элишоъ, ки дар натиҷа ҷои ӯро мегирад, фурсат ёфт, ки ридои дар лаҳзаи охир аз китфи устод афтодаро гирад. Дар бораи ҷузъиётҳои ин ҳодисаи фавқулодда зиёд баҳс карда, ва ба таври гуногун маънои рӯҳонии онро тафсир кардан мумкин аст, вале як чиз бебаҳс аст: қудрати Худованд дар ҳақиқат беҳудуд аст. Дар ин бора таронасаро гуфта буд: «…роҳҳои халосӣ аз мамот дар дасти Худованд Худост» (Заб. 67:21). Истисно истисно мемонад, вале қоида барои ҳама як аст — «Одамонро насиб гардидааст, ки як бор бимиранд» (Ибр. 9:27). Охирин ҳодисаи тарҷумаи ҳоли мо — дафнкунӣ аст. Дар ҳар ҳо лат ин натиҷаи табиии ҳаёти инсонист. Дар назари ман чизи даҳшатоваре дар имконнопазирии видоъ кардан бо шахси наздик ва гусел кардани ӯ ба роҳи вопасин вуҷуд дорад. Дар Аҳди Қадим дар ин бора ҳамчун дар бораи нишонаи бешаки лаънат гуфта мешавад. Тасвири аз ҳама равшани ин ақидаи рӯҳонӣ — марги малика Изобал мебошад. Ана ин саҳнаро Каломи Худо чӣ хел тасвир менамояд: «…Еҳу ба дарвоза дохил шуд… ва гуфт: Ба он лаънатӣ таваҷҷӯҳ намуда, варо дафн кунед, чунки вай духтари подшоҳ аст». Ва барои дафн карданаш рафтанд, вале ғайр аз косаи сар, ва пойҳо ва кафҳои даст, чизе аз вай наёфтанд. Ва баргашта ба ӯ хабар доданд, ва ӯ гуфт: «Ин Каломи Худованд аст, ки ба воситаи бандаи худ Илёси тишбӣ сухан ронда гуфтааст: «Дар қитъаи замини Изреъил сагон гӯшти Изобалро хоҳанд хӯрд». Ва лошаи Изобал бар рӯи саҳро дар қитъаи Изреъил мисли саргин гардида буд, ба тавре ки касе наметавонист бигӯяд: «Ин Изобал аст» (4 Подш. 9:34-37). Аз тарафи дигар, мо ба ҳеҷ ҳол набояд чун мисриёни қадим ба он бовар намоем, ки ҷои каси мурда дар абадият маҳз аз ҷои дурусти дафнкунӣ вобаста аст. Ҳангоми дафн кардан мо чӣ коре, ки накунем, тақдири шахси мурда аз ин тағйир намеёбад. Вале ҳамаи ин «чорабиниҳо» даромадҳои зиёдро барои он корчаллононе, ки бо дафнкунии динӣ машғуланд, оварда метавонад. Дар дафнкунӣ одамон метавонанд ҳиссиётҳои аз ҳама гуногунро аз сар гузаронанд. Масалан, марг ҳамчун натиҷаи бемории дуру дарози вазнин бисёр вақт дар наздикон оҳи сабукро меорад. Дафнкунии одами осӣ метавонад ба ид мубаддал гардад, чӣ тавре, ки навишта шудааст: «…ва ба ҳалокати шарирон – таронасароӣ» ( Мас. 11:10). Шубон, хизматчӣ ё ҳар як порсоро дафн кардаистода, наздикон ва дӯстон набояд аз андоза зиёд андӯҳгин шаванд, зеро ки Павлус ба онҳо аз саҳифаҳои На виштаҳо муроҷиат намуда, тасалло медиҳад: «…Лекин мо, эй бародарон, намехоҳем, ки шумо дар бораи мурдагон бехабар бошед, ки мабодо мисли дигарон, ки умед надоранд, андӯҳгин шавед. Зеро агар мо имон дорем, ки Исо мурд ва эҳё шуд, ба ҳамин тарз низ Худо онҳоеро, ки дар Исо мурдаанд, бо Ӯ хоҳад овард» (1 Тас. 4:13-14). Барои масеҳӣ да фнкунӣ — ин танҳо ҷудоии муваққатӣ мебошад. Худованд ба онҳо бо гузашти айём во хӯриро дар биҳишт ва хурсандии абадиро дар осмон кафолат медиҳад. Наздикшавии маргро ҳис карда, одам бештар кӯшиш мекунад, ки корҳояшро ба тартиб орад. Қарзҳояшро диҳад, васиятнома гузорад, бо наз дикон хайру хуш намояд, ва ба кӯдаконаш васияти охиринро кунад — ин хеле муҳим аст, зеро ин ба ҳаёте, ки одам онро тарк менамояд, алоқаи бевосита дорад. Вале боз чизҳои қатъиян ҷид дитаре низ ҳастанд, ки ба ҳаёти гузашта та аллуқ надоранд, вале ҳаёти ояндаро муайян менамоянд. Ин осоиш бо Худо ва имон ба Худованд Исои Масеҳ мебошад. Ин ё қарори асосӣ ё азда стди ҳии асосии ҳаёти ҳар як одам мебошад. Ва агар дар лаҳзаҳои охири ҳаёти заминӣ имконияти бо Худо оштӣ шудан бошад, онро зуд кардан даркор аст. Дертар кардан, аз ҳеҷ вақт накардан, беҳтар аст. Одам — ин танҳо мусофири транзитӣ дар роҳи абадият мебошад. Охирсухан барои нашри тоҷикӣ Ба куҷо ва ба кадом муҳити маданият ин китоб наафтад, бо вуҷуди ин ман мехоҳам ба хонандаи Тоҷикистон якчанд суханони худро иброз дорам. Бо ҳама эҳтиром нисбати дигарон ман тахмин мекунам, ки онҳо аксариятро ташкил медиҳанд. Ман на пайғамбар ва на писари пайғамбарам, ки ояндаро муфассал пешгӯӣ намоям ва вақту соатро бигӯям. Ба ман ин ато нашудааст. Ман на таҳли лкунанда ҳастам ва на сиёсатшинос, то ки бо воситаи таҳлилҳои илмӣ ояндаи Тоҷикистонро фаҳмам. Вале як чизро ман тамоман аниқ гуфта метавонам: калисоҳои протестантиро дар Тоҷикистон фишор ва зулм, дар баъзе ноҳияҳо тангкунӣ ва таъқиботи ошкоро барои имон интизор аст. Дар бисёр ҷойҳо ин аллакай ба амал омада истодааст, ва ин раванд бас намешавад, балки баръакс мунтазам зиёд шудан мегирад. Ба ман кушода нашудааст, ки оё ба мо лозим аст: «то рехтани хун ба муқобили гуноҳ фаъолият нишон диҳем», ё масеҳиёни ин замонаро лозим намеояд, ки мисли падарони худ, ки барои Масеҳ азоб кашида буданд, азоб кашанд. Вале то он даме, ки калисоҳои Тоҷикистон аз ҳамаи ин нагузаранд, бедоршавии бузург, ки онҳо дер боз онро интизоранд, ба замини мо намерезад. Масеҳ бо марги Худ нархи наҷоти моро пардохт кард, акнун мо бояд нархи шогирдии худро, нархи пайравӣ ба Масеҳро пардохт намоем. Дар ҳар ҷойҳои гуногун, дар ҳар одамони гуногун ин нарх гуногун хоҳад буд. Ман дар бораи он касоне дуо мекунам, ки ба онҳо лозим меояд, ки ин роҳро то ба охир раванд. Ман медонам ва бовар дорам, ки ба онҳо, ҳангоми расидани ВАҚТИ МУРДАН Худованд ёрӣ медиҳад.