Елена Соколова ШАҲРИ ХУШБАХТӢ Афсонаҳо барои кӯдакон ва калонсонон Барги зуф Хорҳо ба либоси роҳгузар мечаспиданд, пойҳои лучи ӯ хуншор шуда буданд. Аз қадамзании зиёд пойафзол пойҳояшро соиш дода, чунон дардманд карда буд, ки лозим омад пойлуч шавад. Пайраҳа аз деҳаи камбағал то шаҳр кайҳо пайдо шуда буд. Сокинони деҳа ба шаҳр маҳсулоти деҳотро барои фурӯш меоварданд: равған, сметана, тухм, творог, сабзавот, асал. Инак ҳозир низ роҳгузар ба бозор асалро аз пасекаи худ мебурд. Дар наздикиҳои шаҳр роҳгузар дар назди дарахти афтода барои каме дам гирифтан бозистод, то ки бо чеҳраи хастаи худ харидоронро гурезон накунад. Баъди дам гирифтан ӯ поафзолашро пӯшиданӣ шуд, аммо пойҳояш ҳеҷ ба пойафзол намедаромаданд. Онҳо, ки обила карда ва пур аз хор шуда буданд, сӯзиш мекарданд, ва баробари расидан ба чарми дағали пойафзол гӯё аз оташ дармегирифтанд. Роҳгузар ба атроф нигарист ва дар байни алафҳо, дар назди худи замин баргҳои васеи сабзро ёфт. Онҳо аз байни буттаҳо баромада меистоданд, гӯё мехостанд ба назар намоён бошанд. Роҳгузар бо дасташ баргҳои васеъро ламс кард. Онҳо хунук ва мулоим буданд. Он гоҳ ӯ онҳоро канда ба пойафзолаш гузошт ва пас аз ин онҳоро пӯшид. Дарди пойҳояш таскин ёфт. Ҳангоми аз шаҳр бозгаштан, пас аз фурӯши бомуваффақияти асал, роҳгузар дар ҳамон ҷе ки баргҳои васеъро канда буд, бозистод. Ӯ пойафзолашро бароварда, пойлуч дар болои баргҳо бо навдаҳо ва тухмиҳояшон қадам зад ва фақат пас аз ин, дар роҳ аз хорҳое ки ба либосаш мечаспиданд, канораҷӯӣ карда, ба тарафи деҳаи худ равона шуд. Ҳамин тавр тухмии алаф дар тамоми маҳал паҳн шуданд ва он растанӣ ҳудуди торафт бештарро фаро мегирифт. Дар бораи растании мӯъҷизаосои шифобахш роҳгузар ба сокинони деҳаи худ нақл намуд, ва одамон аллакай махсус баргҳои васеъро меҷустанд, то ки дар болои онҳо қадам зананд ва пойҳои хасташудаашонро осоиш диҳанд. Баъди як сол дар дар якчанд ҷои пайраҳае ки аз деҳа ба шаҳр мебурд, ин растании мӯъҷизаосои баргаш васеъ мерӯид. Он аз тухмиҳое рӯид, ки роҳгузарон бо пойҳои худ паҳн карданд. Баргҳои васеи мулоим чун пойандоз густурда мешуданд, одамон пойафзолашонро бароварда, дар болои ин баргҳо қадам мезаданд, ва тухмиҳо боз пештар паҳн мешуданд. Растанӣ торафт бештар паҳн шуда, буттаҳои алафи хордорро танг карда мебаровард, ва онҳо аллакай ба роҳгузарон намерасиданд, ба либосҳои онҳо намечаспиданд ва паҳн шуда наметавонистанд. Хорҳо хашмгинона ба растании баргҳояш васеъ ва мулоим фарёд зада мегуфтанд: — Ин қадар сол мо туро бо буттазорҳои худ пахш мекардем! Ва ҳамааш беҳуда! Чаро ту, ки ин қадар мулоим ва беҷуръат, тамоман беозор ҳастӣ, аз мо тавонотар шудӣ, охир, мо ин қадар кордон чолок ҳастем-ку? — Шумо бар зидди одам мубориза мебурдед, аммо ман барои одам мубориза мебурдам, — бо овози базӯр шунаво гуфт растании Зуф. Гамбуск, одам ва гули садбарг Пойҳояшро бо навбат гузошта, гамбускак дар танаи баланди гули садбарг боло мерафт, то хӯрданиеро, ки бо бӯи ширинаш ҷалб менамуд, пайдо намояд. Роҳи кӯтоҳтарро интихоб кардан мумкин буд, аммо он гоҳ зиёфат низ оддитар мебуд, чунки гулҳои дар поёнтар буда шираи камтар доштанд. Баргҳои суп-сурхи гул бо бӯи хуше ки аз офтоби тобистон ва вазиши боди гарм пайдо шуда буд, ба худ ҷалб мекарданд. Ниҳоят гамбускак то мобайни ғунчаи гул расид ва ба нӯшидани шираи он сар кард. Дар ин вақт гамбускак дар болои худ одамро дид, ки дар боғ сайр мекард, ва фикр кард: «Агар ман одам мебудам… ин қадар муддати зиёд азоб кашида, хазидан лозим намеомад. Як қадам — ва шира аз они ман аст!» Одам зебоии гули садбаргро мушоҳида намуда, дар он гамбускакро дид ва фикр кард: «Агар ман гамбускак мебудам… ин қадар зиёд меҳнат кардан лозим намешуд. Дар болои баргҳои гул хазида мегаштам ва муфт аз шираи гул баҳравар мешудам». Ва гамбускак одам шуд. Гамбуск-одам гули зебои садбаргро дида аз зебоии он хурсанд шуда, онро канда гирифт ва бӯй кашид, ва баъд ба гиребони пиджакаш часпонд. Одам бошад гамбускак шуд. Одам-гамбуск гули садбаргро дида, ба воситаи танаи он хазида, то ғунчаи гул расид ва ҳамин ки бо пойҳояш мулоимии баргҳои гулҳо ҳис кард, ба нӯшидани шираи он сар кард. Дар айни замон ӯ дар ҷустуҷӯи гулҳои дигар ба атроф менигарист. Гамбуск-одам ба одам-гамбуск хайрхоҳона нигариста, гули дар гиребонаш бударо рост кард ва сар ҷунбонда гуфт: — Бечора гамбускак, вай фақат дар фикри шикам сер кардан аст. Ҳатто намефаҳмад, ки чӣ гуна зебоиро поймол карда истодааст. Одам-гамбуск раҳмдилона ба гамбуск-одам нигарист, ва ҳарисона шикамашро пур карда, гуфт: — Бечора, дар гирду атрофи хӯрок давр мезанад ва намедонад, ки худро аз чи гуна хӯроки болаззат маҳрум кардааст. Ин бефаҳм гулро ба ороиш табдил додааст. Гамбуск-одам ногоҳ парешонҳолона ба гул дар гиребони пиджакаш нигарист ва тарсид: — Ман чун одам фикр карда истодаам! Гул ба ман чӣ даркор аст, агар ман аз шираи он чашида натавонам? Одам будан намехоҳам! Ва гамбуск-одам боз ба гамбускак табдил ёфт, ки хурсандона ба воситаи танаи растанӣ ба ҷустуҷӯи гули болаззаттарин шитофт. Гамбуск-одам, ки дар болои гул буд, ногоҳ парешонҳолона ба атроф нигарист ва тарсид: — Ман чун гамбуск фикр карда истодаам! Барои чӣ ман баргҳои ин гули зеборо поймол карда истодаам? Наход ман лаёқати қадр кардани зебоии онро аз даст дода бошам? Гамбуск будан намехоҳам! Ва одам-гамбуск боз ба одам табдил ёфт, ки ба ҳашароти дар танаи растанӣ мехазида аз боло менигарист. Гули садбарг бошад… Гули садбарг хеле хурсанд буд, чунки хурсандӣ мебахшид. Ба ҳар яке — ба таври худ. Бобои Барфӣ Барфтӯдаҳои сафед дар зери нурҳои офтоби хунуки зимистонӣ медурахшиданд. Санавбар ва коҷҳо, ки онҳоро барф пӯшонда буд, тантананок ва идона зебо менамуданд. Дар айвони кандакорӣ кардашуда ва яхини хонаи сафед Бобои Барфӣ яхмос мехӯрд ва телевизор тамошо мекард. Дар бораи ҳаёти одамони шаҳри калон, ки дар кӯчаҳои он хонаҳои баландошёна қомат афрохта буданд, филми ҳуҷҷатӣ нишон дода мешуд,. Дар шаҳр низ зимистон буд. Одамон субҳидам дар хонаҳои худ бедор мешуданд, атола ва кофе мепухтанд, омлет ва бутерброд тайёр мекарданд ва баъд аз он касе ба кор, касе ба таҳсил, касе ба мағоза, касе ба духтурхона мерафтанд. Одамон гуногун буданд: дағал ва навозишкор, бад ва нек. Онҳо дар истгоҳҳо якдигарро тела медоданд, аз роҳ давида мегузаштанд, мешитофтанд, ки дар нақлиёт ҷой банд кунанд ва ҳамаашон мунтазир буданд, ки кай соли Нав меояд, дар бораи тӯҳфаҳо орзу мекарданд. Ҳама метарсиданд, ки бе тӯҳфа мемонанд. Соли навро Бобои Барфӣ ҳам интизор буд, фақат Ӯ назар ба сокинони шаҳр тамоман ором буд, зеро аниқ медонист, ки ҳама тӯҳфа мегиранд: кӯдакон — бозича ва шириниҳо, калонсолон хурсандиву дилхуширо. Бобои Барфӣ кайҳо ба сафар тайёр шуда буд, чанаи зарҳалдавондашудаи ӯ то болояш пур карда шуда буд. Бобои Барфӣ, он чизеро, ки дар телевизор нишон медоданд, тамошо кард ва ба сараш фикре омад, ки ба шаҳр як рӯз пеш равад, дар кӯчаҳо теле-тела карда, гардад, на ин ки одамони телевизионӣ, балкӣ одамони зиндаро бинад, гӯш кунад, ки онҳо дар бораи Ӯ чӣ мегӯянд, фаҳмад, ки онҳо дар бораи чӣ орзу мекунанд. Бобои Барфӣ яхмоси худро хӯрда тамом кард ва стаканчаи яхинеро, ки яхмос дар он буд, хоида хӯрд, телевизорро хомӯш кард, аз хона берун баромад ва аз ҳавлӣ гузашта ба тарафи дарвозаи аспхонаи зарҳалдавондашуда равон шуд. Аспҳо, қадамҳои соҳибашонро шунида, хурсандона хур-хур карданд. Дарвоза кушода шуд ва партави сафеди ёлҳои аспон Бобои Барфиро ҳатто маҷбур кард, ки чашмонашро нимроғ кунад. — Оҳ, аспҳои зебои ман! Дӯстони боэътимоди ман! Ҳайрон шудед, ки ман як рӯз пеш ба назди шумо омадам? Мехоҳам дар назди одамон як рӯзакак меҳмон бошам. Аспҳо бо эътироз ёлҳояшонро ларзонданд, аммо Бобои Барфӣ дар гапи худ сахтм меистод: — Бо ман баҳс накунед. Медонам, ғами чиро мехӯред, то ки шуморо нашиносанд, фикр накунанд, ки соли Нав омадааст. Ман ҳама чизро ба назар гирифтаам: маҷбур ҳастед, ки ҳамроҳи ман каме сайр кунед ва он гоҳ дар шаҳр намефаҳманд, ки шумо аллакай омадаед. Бо ин суханҳо Бобои Барфӣ дарвозаи гаражро кушод, трейлерро берун баровард ва аспҳои ба чанаи зарҳалдавондашуда бастаро ба он бор кард. Худаш дар паси чанбарак нишаст ва ба роҳ даромад. Офтоб аллакай ғуруб мекард. Барфи майдаи реза-реза меборид. «Барфтозакунакҳо» итоаткорона онро аз оинаи пеш тоза мекарданд. Кабина бароҳат буд, сурудҳои беҳтарини солинавӣ садо медоданд: «Арчаяк дар ҷангал рӯид», «Салом, Соли Нав», «Арчаяки хурдакак зимистон хунук мехӯрд» ва бисёр чизҳои дигар. Бобои Барфӣ гоҳ педали газрову гоҳ педали тормозро пахш мекард, ва ҳамин тавр, ба автомобилҳои шитобкардаистода роҳ дода, роҳ мепаймуд. Ӯ қоидаҳои ҳаракати роҳро нағз медонист ва ба талаботи аломатҳои роҳ итоат мекард. Ана яке аз онҳо дар бораи он хабар дод, ки трейлер ба дидбонгоҳи ХБР наздик меояд, ва Бобои Барфӣ суръатро то сад километр дар як соат паст кард. Чӯбдасти сиёҳу сафедро бардошта, афсари ХБР пеши роҳи ӯро гирифт. Бобои Барфӣ истод. — Ҳуҷҷатҳои ронандагии худро нишон диҳед! — худро номуайян муаррифӣ карда, талаб кард ходим. Бобои Барфӣ дастпӯшаки калонро, ки дар курсии мусофирон хобида буд, гирифт ва ҳуҷҷати ронандагиро аз он ҷо баровард. — Чӣ мекашонед? — ба риши дарозу сафеди ронанда шубҳаомез нигоҳ карда, пурсид афсари ХБР. — Тӯҳфа барои кӯдакон. Бобои Барфӣ боз чӣ ҳам бурда метавонад? Ту, азизам, магар намебинӣ, ки ман кӣ ҳастам? Дар хотир надорӣ, ки бисту панҷ сол пеш ман дар зери арча барои ту тӯҳфа гузошта будам, аммо ту, балоча, хоб набудӣ, мепоидӣ, мехостӣ маро дар сари корам датгир кунӣ. Лекин ман чолокӣ кардам ва ҳама чизро чунин ташкил кардам, ки ту маро фош накунӣ. Нозири тартиботи роҳ ба таври ҷиддӣ пурсид: — Шумо артист? — Не. Охир ман мегӯям-ку, Бобо ман Барфӣ, ба тарафи рост нигоҳ кун, он ҷо равшан навишта шудааст ва акси ман низ ҳаст… — Ҳуҷҷатҳои борро пешниҳод кунед. — Боз кадом ҳуҷҷатҳо? Ин бори ман аст. Шахсӣ. Ба онҳо ҳуҷҷат лозим нест. Ман намефурӯшам, ман тӯҳфа мекунам. Ходими ХБР қарор дод, ки ба пора ишора мекунад ва қотеъона хоҳиш кард: — Фургонро кушоед, боро нишон диҳед. Тартиб тартиб аст. Бобои Барфӣ аз кабина баромад ва посбони роҳ, пӯстини дарози сурх ва мӯзаи намадиро дида, худашро базӯр аз ханда нигоҳ дошт. Ҳангоме ки фургон кушода шуд, ӯ қавоқашро ҷинҷ кард: — Шумо чӣ, шӯхӣ мекунед? Як мошин чизҳое, ки интиқоли онҳо манъ аст, илова бар он ҳайвонҳо. Барои гӯш кардани афсонаҳои шумо ман вақт надорам, вайронкориро ба расмият медарорем. Бобои Барфӣ худашро гум кард: — Чӣ тавр манъкардашуда, чаро манъкардашуда? Магар ваннача барои лӯхтакчае, ки духтарчаи ту Глашаҷон, фармудааст, манъ карда шудааст? Ҳамон лӯхтакчае, ки ту ба ӯ дар рӯзи таваллудаш тӯҳфа карда будӣ. — Аз куҷо медонед, ки духтари ман барои лӯхтакчае ваннача мехост? Аз куҷо медонед, ки Глашаҷон?.. Бобои Барфӣ ба нофаҳмии одами калонсол хандид ва нармдилона ҷавоб дод: — Охир ӯ ба ман мактуб фиристод. Ба сармодони яхдон гузошт. Ман ҳозир онро ба ту нишон медиҳам. Ва Барфӣ аз кисаи калони пӯстини худ дастаи мактубҳоро баровард, варақи бо диққат қаткардашудаи коғази белиффофаро гирифт ва ба ходим дароз кард. Ӯ хати каҷу килеби духтари шашсолааш Глашаҷонро чанд маротиба гаштаю баргашта хонд — ин ҳақиқатан ҳусни хати ӯ буд, аммо шубҳаҳо нест нашуданд. — Медонед, ман ҳозир дар хизмат ҳастам ва ба афсонаҳо бовар кардан наметавонам, аммо… Агар шумо ҳақиқӣ бошед, бигузор аспҳои шумо дар ҳаво парвоз кунанд. — Ба онҳо пеш аз мӯҳлат, то фаро расидани шаби соли нав, парвоз кардан мумкин нест, вагарна Соли Нав бемаҳал меояд ва аз ин чиз бало ва нохушиҳои зиёд рӯй медиҳанд: касе «дӯст медорам» ва касе «мебахшӣ» нагуфта мемонад… — Ҳамаи ин баҳона аст. — Медонам, вақте ки ту супоришҳои падаратро иҷро кардан намехостӣ, ӯ ҳам ба ту доимо ҳамин хел мегуфт. Аммо ана ман ба ту чӣ мегӯям, охир на ҳама чизро аз паи волидон такрор кардан лозим аст. Чашмони афсари ХБР чун чашмони кӯдаки хушбахт дурахшиданд. — Чаро ман ин қадар ба шумо бовар кардан мехоҳам? — Эҳтимол, аз он сабаб, ки ту ҳоло ҳам ҳақиқати афсонаҳоро фаромӯш накардаӣ ва ба Глашаҷон китобҳои хуб мехонӣ. — Хайр, дигар ҳуқуқи нигоҳ доштани шуморо надорам. Гузаред ва — дар ҳар куҷое, ки шумо дар байни мо, одамон, бошед, — барори кор. Саҳарии барвақт Бобои Барфӣ дар канори шаҳр, дар назди парки аттраксионҳо, истод ва сигнал дод. Посбон аз дарвоза баромад ва нидо кард: — Бобои Барфӣ, азизам, чӣ хел хурсандам, ки туро мебинам! Чаро ки ин дафъа барвақттар. Ман туро танҳо пагоҳ интизор будам. — Салом, посбони меҳрубон! — аз кабина парида фаромада истода, ҷавоб дод Бобои Барфӣ. — Ана хостам, ки дар шаҳр каме сайр кунам, дар байни одамон гардам. — Ин тавр мумкин нест, либосатро иваз кардан лозим аст. Аммо аз либос дар дасти ман фақат ҷинс ва камзӯл аст. — Он чизе, ки лозим аст, акнун ҳамаи одамон ҳамин хел мепӯшанд. Фақат ман ҳеҷ набошад ним соат хоб меравам, дар роҳ хеле хаста шудаам. Бобои Барфӣ дар хоначаи посбон аз хоб сер шуд ва бегоҳӣ ҷинс, камзӯли равшани синтетикиро пӯшид, дар таги он ришашро пинҳон кард ва аз дарвозаи парки аттраксионҳо берун қадам зад. Аз кӯчаҳои танг гузашта, ба хиёбони серодам расид, дар байни анбӯҳи одамон ғайб зад, меравад ва гӯш меандозад, ки дар атроф чӣ мегӯянд. Ана зану шавҳар баҳс мекунанд, ки дар куҷо Соли Навро пешвоз гиранд. Ана ҷавон ва духтаре ҳисоб мекунанд, ки пулашон барои харидани арча мерасида бошад ё не. Ана ду зан муҳокима мекунанд, ки ба «Оливйе» ҳамроҳ кардани себ меарзида бошад ё не. — Ҳой, нигоҳ кунед, чӣ хел бобояки хандаовар! — нидо кард касе. — Зимистон, сармо, ӯ бошад бо камзӯли синтепонӣ! Боз чӣ хел ғавс! Эҳтимол, тарбуз хӯрда бошад. дастпӯшакҳояш чӣ қадар хандаовар! Аз они Бобои Барфӣ барин! Дар пеши Бобои Барфӣ писарбачаи тахминан дувоздаҳсола, бо ангуштонаш ба тарафи ӯ нишон додаю диққати одамони аз наздик гузаштаистодаро ҷалб намуда, меҷаҳид. Бобои Барфӣ хиҷолат кашид ва гашта ба тангкӯча, сӯи парки аттраксионҳо давида рафт. Писарак, бачаҳои дигарро ҷеғ зада, аз ӯ ақиб намемонд: — Ҳой, бачаҳо, биёед ӯро барфшапак мекунем! Бобои Барфӣ тарсид, рӯяшро бо дастонаш пӯшонда, суръаташро зиёд кард. Аммо бачаҳо аз ӯ дида, тездав буданд, қариб расида гирифтанд ва аллакай ба қафояш барфкулӯлаҳо мепариданд. Дар ҳамин ҷо Бобои Барфӣ бе шӯхӣ сахт тарсид ва ба мағозаи якум, ки ба чашмаш тофт, давида даромад. — Шумо бо мақсади харид кардан? — пирамарди шубҳанок пӯшидаро аз назар гузаронда, ҷиддӣ пурсид посбон. — Не, ёрӣ диҳед, бачаҳои бад дарафтоданд. — Ин ҷо ба шумо полис не, балкӣ мағоза, агар ягон чиз хариданӣ набошед, он гоҳ бояд аз ин ҷо равед. — Илтимос, маро наронед, қариб гиря кард Бобои Барфӣ, — Ман ба писари шумо тӯҳфаи аз ҳама беҳтаринро тайёр кардаам! Посбон хандаашро гигоҳ дошта натавонист ва қарор дод, ки бо чунин меҳмон нозбардорӣ кардан бас аст: — Ту барои тӯҳфа аз куҷо пул дорӣ, боз барои беҳтаринаш? Ту-ку бехонаву ҷой ҳастӣ! — Ман бомж нестам, ман ин гуна одамонро умуман намешиносам. Ман Бобои Барфӣ. Ман ба шумо тӯҳфа овардам. — Сари маро гаранг накун, аз мағоза берун баро! Бобои Барфӣ рӯяшро пӯшонд ва аз мағоза баромад ва ҳамон лаҳза бо барфкулӯла ба сараш хӯрд. Бачаҳо хурсанд буданд. — Ҳой, бомж, дар куҷо зиндагӣ мекунӣ? Мо туро то худи хонаат гусел мекунем! — Ором шавед, бачаҳо, — таҳдид кард Бобои Барфӣ, — вагарна полисро ҷеғ мезанам, ман як ходими шиноси ХБР дорам, ӯ падарони шуморо ҷарима мекунад! — Ҳа-ҳа-ҳа! — хурсандӣ мекарданд, бачаҳо. — хеле хандаовар-ку, ӯ бо полис дӯст будааст. Падарони мо бошанд президентҳо! Аз они ҳамамон! Аз пеш одамон мегузаштанд, Бобои Барфӣ бо умед ба онгҳо менигарист, аммо онҳо гӯё ки ҳеҷ чизро намешуниданд, ҳеҷ чизро намедиданд. Ҳеҷ кас ба ёрдами таъқибшаванда шитоб намекард ва ӯ бо тамоми қувваташ ба тарафи парки аттрраксионҳо давид. Аммо бачаҳо чаққонтар буданд. Дар назди дарвозаи парк онҳо қариб аз камзӯли пирамард доштанд. Он гоҳ Бобои Барфӣ рӯяшро зуд ба тарфи таъқибкунандагонаш гардонд, дасташро ба тарафи онҳо дароз карда, норавшан чизе гуфт. Бачаҳо дарҳол карахт шуданд, ба муҷассамаҳои яхин мубаддал гаштанд ва ҳамон лаҳза ҷарангос зада, пароканда шуданд. Акнун дар асфалти сербарф якчанд теппачаи ба шишамайда монанд мехобиданд. Бобои Барфӣ ҳамаи ин яхпораҳоро ба дастпӯшак ва халта ҷамъ кард ва ба хонаи посбон бурд. Посбони пир Бобои Барфии ғамгинро дид ва пурсупос кардан гирифт, ӯ дар шаҳр чиро дид, ягон чизи шавқоваре ёфт ё не. — Эҳ, — оҳи ғамгин кашид Барфӣ, — агар пештар медонистам, ки дар ин шаҳр чӣ шуда истодааст, ягон кас аз ман тӯҳфа намегирифт! На кӯдакон, на калонсолон умед баста наметавонистанд! Ҳеҷ кас! — Охир чӣ шуд? — Бачаҳо ҳуҷум карданд, масхара карданд, барфкулӯла партофтанд… Аз мағоза ронданд… ва ҳеҷ кас, тасаввур мекунӣ, ҳеҷ кас тарафгирӣ накард. Аммо ман, ҳатто Барфӣ бошам ҳам, ба ҳар ҳол бобоям. — Ту чӣ хел наҷот ёфтӣ? — Чӣ хел, чӣ тавр? Агарчӣ бобо бошам ҳам, аммо ба ҳар ҳол Барфӣ ҳастам. Ана онҳо, бачаҳо, — гуфт Бобои Барфӣ ва аз халта ва дастпӯшакҳо тӯдаи яхпораҳоро ба рӯи миз рехт. Посбон тарсида, дод зад: — Охир ту чӣ кор кардӣ? Охир ту онҳоро ях кунондӣ, аммо онҳо аз ту тӯҳфа интизор буданд! — Ту ин қадар натарс, нағзаш чароғро ба ман биёр, он дар кабинаи трейлер аст. Посбон зуд бо чароғи калоне, ки овезон карда мондан мешуд, баргашт. — Ин чароғи оддӣ не, балкӣ сеҳрнок буд, агар равшанӣ ба тарафи дил равон карда шавад, он корҳои неки дар муддати як сол кардашударо нишон медиҳад, ҳатто агар ин дил дар ҳолати карахтшуда бошаду, муваққатан аз тапиш монда бошад ҳам. Ана нигоҳ кун. Бобои Барфӣ чароғро дар болои миз, ки яхпораҳо теппача шуда мехобиданд, овехт ва онро гиронд. Дар гирда теппача равшание пайдо шуд, ки монанди тиру камони ранга дар девор акс меёфт. Дар деворҳо, чун дар экран, манзараҳои ҳаёти бачаҳое, ки ба ях табдил дода шуда буданд, пайдо мешуданд. Ана яке аз онҳо барои паррандагон донхӯрак месозад. Ана дигараш ба хоҳараки хурдаш китоб мехонад. Сеюмаш бошад ба модараш ёрӣ мерасонад, боҷидду ҷаҳд табақҳоро мешӯяд. Ҳар қадаре, ки ин гуна манзараҳо бисёртар пайдо шаванд, нурҳои чароғ ҳамон қадар равшантар ва гармтар мешуданд. Яхпораҳои рӯи миз об шудан гирифтанд, аз обе, ки ба рӯи фарш мерехт, кӯлмакчаҳо ба вуҷуд омаданд, аз он об бачаҳо рост шуда мехестанд. Ниҳоят дар хонаи посбон тамоми даста, ҳамаи онҳое, ки ба ях мубаддал гардонда шуда буданд, меистоданд. Ҳама, ба ғайр аз як нафар. Чароғ гармтару гармтар мешуд, аммо тӯдаи боқимондаи ях дар девор равшании тиру камонро нишон намендод. Дар он айнан ҳамон бачаи шаттоҳи ҷангара буд, ки бо бафкулӯлаҳо тирборон кардани боборо ташкил карда буд. Барфӣ тарсид: — Ман фикр намекардам, ки чунин кӯдакони дар давоми як сол ягон амали нек накрда, вуҷуд дошта бошанд. — Акнун чӣ мешуда бошад? — якҷоя пурсиданд бачаҳо ва посбони ҳаросон. — Ӯро чӣ тавр баргардонем. — Як роҳ ҳаст, — Бобои Барфӣ бо андеша ришашро хорид. — Кадом? — Лозим аст, ки яке аз шумо гашта ба ях шудан розӣ шавад, гӯё ки ба ҷои ин авбош. Бачаҳо ба якдигар нигоҳ карданд, ҳеҷ кас боз як бори дигар ба ях мубаддал шудан намехост, ҳама, чашмонашонро поён фароварда, хомӯш буданд. — Вақт гузашта истодааст, — гуфт Бобои Барфӣ,—Ба зудӣ чароғи ман хомӯш мешавад ва он гоҳ ин бача то абад ях шуда мемонад. — Хуб, — гуфт як бача, — ман розӣ. Бобои Барфӣ дасташро афшонд ва бачаи нотарс аз нав ба тӯдаи ях мубаддал шуд. Нури чароғ, ки дақиқа ба дақиқа кам мешуд, ду тӯдаи яхинро равшан кард ва дар девор манзараи рангоранг пайдо шуд: бачаи нотарс дасташро ба бачаи дигар, ки дар тӯри бадӣ дармонда буд, дароз мекунад. Дармонда дасти бачаи нотарсро мегирифт ва ӯ қариб ба тӯр меафтид. Бачаи нотарс, дасту по мезад, кӯшиш мекард тӯрҳоро канад, дар кафи дасти ӯ қатраҳои хун намоён шуданд. Ва қатраҳои сурх бо ях омехта шуданд, мисли оташ онро об мекарданду онро ба моеъ табдил медоданд. Об ба рӯи фарш мерехт ва аз ду кӯлмакча ду писарак зинда шуда, сиҳату саломат қомат рост карданд. — Маро бубахшед, — ба Бобои Барфӣ муроҷат намуд ҷангараи пешина, — ман шуморо сахт ранҷондам, ҳамааш аз он сабаб, ки ҳеҷ гоҳ афсона нахондаам, бинобар ҳамин ҳам ин қадар бад калон шудам. — Ба зудӣ Соли Нав меояд, — аз хурсандӣ қарсак зад Бобои Барфӣ, — дар ин гуна ид бе тӯҳфа ва нобахшида мондани мумкин нест. Аммо шитоб кардан лозим, канӣ ба чанаи ман парида савор шавед. Барфи боридаистода дар равшании чароғои кӯча медурахшид. Чанаи заррин аз паси худ тӯфони барфро хезонда, пеш мерафт. Бобои Барфӣ дар як мижа задан бачаҳоро ба суроғаҳои зарурӣ бурда расонд. Ҳангоме ки бачаҳо ба ҳонаҳои худ омаданд, дар зери арча тӯҳфаҳоро ёфтанд, ҳар кас — аз они худашро, ҳамонеро, ки соли дароз орзу мекард. Бобои Барфӣ дар болои шаҳре, ки аз чароғҳои идона равшан мешуд, то холӣ шудани чана давр мезад. Шаби соли нав ба охир расида истода буд, ба бозгашт тайёрӣ дидан лозим буд. Ногаҳон ӯ пирамардеро дид, ки дар майдон базӯр по гузошта мерафт ва либоси чиркину дарида дошт. Чанаи заррин рост дар пеши гадо ба замин фаромад. Ӯ дар ҷояш карахт шуд, гӯё ки ях карда ба замин часпида бошад ва намефаҳмид, ки чӣ шуда истодааст. — Ту чаро дар паси мизи идона нестиву дар кӯча танҳо мегардӣ? — пурсид Бобои Барфӣ. — Масхара мекунӣ? Кадом миз? Ман бехонумон ҳастам. Ман бомж. — Ана бомжҳо чӣ гуна будаанд! — нидо кард Бобои Барфӣ. — Яъне дар мағоза маро ба ту монанд кардаанд! Дар Соли Нав ба ту чӣ тӯҳфа кунам, бомжи азиз? — Хот-доги гармакак айни муддао мешуд. — Хуб, ту он чизеро, ки мепурсӣ, мегирӣ. Аммо вақте ки ид карда шудӣ, ба парки аттраксионҳо рав, посбонро ёб ва ба ӯ бигӯй, ки туро Бобои Барфӣ фиристод. Посбон ба ту ғамхорӣ мекунад, фақат ту ҳама гапҳои ӯро гӯш кун. Бобои Барфӣ қарсак зад ва дар пеши пирамард мизе пайдо шуд, ки пур аз хот-догу чои гарму мандарин буд. Пирамард ба зиёфат дарафтоду ҳатто пай набурд, ки чӣ хел чана ба осмон парида рафт. Аммо вақте ки нонрезаҳо рӯфта ба даҳон партофта шуданд, худи миз ҳам ғайб зад. — Ин хелаш ҳам ба хоб медаромадааст, — лабханд кард пирамард, — лекин гӯё, ки дар бедорӣ бошад, муҳимаш он, ки шикам қуррос намезанаду дигар хӯрдан намехоҳам. Ин соддалавҳи ришдароз боз чӣ гуфта буд? Гӯё ки, ба парки аттраксионҳо рав, ким кадом посбонро ёб. Фарз мекунем, ки мераваму меёбам. Баъд ман ба ӯ чӣ мегӯям? Яъне ки, Бобои Барфӣ маро ба назди ту фиристод… Он гоҳ маро аниқ ба девонахона мебаранд. Не, асло не, моро фиреб намедиҳӣ. Ягон хел бобои барфӣ вуҷуд надорад, ман алҳол дар кӯдакиам, вақте ки волидонам пеш аз Соли Нав ба ман афсонаҳои ширин мегуфтанд, инро медонистам. Худашон тӯҳфаҳоро ба зери арча пинҳон мекарданд ва мегуфтанд, ки ин Бобои Барфӣ… Ходимони ХБР, ки навбатдории шаби ид насибашон гашта буд, якдигарро бо соли Нави фарорасида табрик мекарданд. — Мо ин дафъа аз Бобои Барфӣ тӯҳфаҳои нағз гирифтем! — дар пеши якдигар таъриф мекарданд онҳо. — Ман Бобои Барфиро, вақте ки ӯ бо ин тӯҳфаҳо ба шаҳр медаромад, дидам. Аммо шарм мекунам, ки аз ӯ ҳуҷҷатҳои борашро талаб кардам. Ходимон ҳайрон шуда ба ҳамдигар нигоҳ карданд ва ба одаме, ки нохост рози пинҳониашро бой дода буд, бо саволҳои писхандкунанда дарафтоданд: — Бобои Барфиро дидӣ? Ӯ чӣ гуна будааст, ҳамон хеле, ки дар кӯдакӣ тасвир мекарданд? Шояд, ҳангоми хизмат хоб рафтӣ ва ин ба хобат даромадааст? Афсари ХБР дарҳол пушаймон шуд, ки дар бораи Бобои Барфӣ, дар бораи он, ки чӣ тавр ба ӯ вохӯрд, нақл кард. Ҳамхизматон рӯйрост ба ҳоли ӯ механдиданд ва ӯ тайёр буд аз шарм ба замин даромада равад. Аммо ҳамин вақт… ҳама диданд, ки чизе бо суръати калон ва ба роҳ нарасида, дар иҳотаи партави нур ба тарафи онҳо парида меояд. Ин «чизе» дар назди дидбонгоҳи ХБР сахт таваққуф кард. Чанаи заррин бо ду аспи сафеди серёли ба он басташуда дар пеши онҳо меистод. Чанаро Бобои Барфӣ идора мекард, ки ба шиноси худ даст афшонд: — Салом ҷӯраҷон, зиндагӣ чӣ хел? — Салом, корҳоям хуб аст, — хурсандона ҷавоб дод афсари ХБР. — Ааммо трейлерат куҷост? — Дар шаҳр монд. Барф об шавад, посбони парки аттраксионҳо онро ба ҷои даркорӣ мебарад. Фақат, илтимос, ба вай мамониат накун. — Намекунам, ваъда медиҳам. Аммо фаҳмидан мумкин аст, ки ин дафъа аз ту кӣ тӯҳфаи аз ҳама беҳтаринро гирифт? — Як бачача. — Ва ту ба ӯ чӣ тӯҳфа кардӣ? — Дили солим. Ғамхор ва олиҳиммат, — ҷавоб дод Бобои Барфӣ. Чанаи заррин аз замин канда шуд, дар болои дидбонгоҳи ХБР давр зад ва парида рафт. То Соли Нави оянда! Дар бораи қурбоққа дар ҷангал ва сабади занбӯруғҳо Катя, базӯр ашкҳояшро нигоҳ дошта, дар майдончаи зинапоя меистод ва занги хонаи худашро пахш мекард. Бибиаш дарро ба ӯ кушод ва пурсид: — Хайр, ба ту чӣ ҳодиса рӯй дод? Беист занг мезанӣ. Катя портфелашро дар даҳлез партофт, наистода туфлиҳояшро кашида партоф, ба ошхона давида рафт ва дар паси миз нишаст, рӯяшро бо кафи дасташ пӯшонду сахт гиря кард. Бибиаш аз паси наберааш шитоб кард: — Катяҷон, фаҳмон, чӣ ҳодиса рӯй дод? Катя, ҳиқ-ҳиқ карда, ғурунгос зад: — Имрӯз бачаҳо дар синф Лёшаро масхара мекарданд ва ман тарафи ӯро гирифтам. Вале онҳо гуфтанд, ки ман худписандӣ мекунам, калонӣ мекунам, худамро ба муаллима ширин мекунам, ва ошиқ шудаам, аз ҳамин сабаб ба кори дигарон дахолат мекунам. Катя боз гиря кард. Бибӣ дар печкаи микромавҷӣ чалпакҳоро гарм кард ва аз яхдон мураббои олучагинро гирифт: — Бихӯр. Дарҳол табъат хуш мешавад. — Ман хӯрок хӯрдан намехоҳам. Ягон чиз намехоҳам, — гуфт Катя. Бибӣ ашкҳои Катяро пок кард ба наберааш як пиёла чои гарм рехт. Катя панҷ дона чапак хӯрд, чой нӯшид ва гуфт: — Ман хӯрдан намехоҳам. — Медонӣ, — гуфт бибӣ, — ҳамаи ин чизҳо ҳикояеро дар бораи як қурбоққа ба хотирам меоранд. — Қурбоққа? — ҳайрон шуд Катя ва ҷиддӣ ба бибиаш нигоҳ кард. — Ҳа, қурбоққа. Боре бобои ту ба ҷангал барои занбӯруғчинӣ рафт. Бо худ сабади хеле калонро гирифт. Ӯро дар ҷангал қурбоққа дид ва ба тамоми ҷангал қур-қур кард: ба назди мо одам барои хӯрокӣ омад! Ба ин сабади калон чӣ қадар хомӯшак медаромада бошад! Хӯрокӣ захира кунед, мардуми ҷангал, нобошад аз гуруснагӣ мемурем! Ва ин қурбоққа саросемавор аз паси хомӯшакҳо паридан гирифт ва кӯшиш мекард онҳоро ҳар чӣ зиёдтар фурӯ барад. — Боз ту, бибиҷон, бо ҳамон афсонаҳоят. Ман кори муҳим дорам, — ба қаҳр омад Катя. — Ман ҳам дар бораи кори ҷиддӣ, — ҷавоб дод бибӣ.— Ту медонӣ, дар ҷангал чӣ хел воҳима хест? Санҷобҳо қарор доданд, ки чалғӯза ҷамъ кардан лозим аст, хорпуштҳо маргимагасҳои дӯстдоштаашонро ба хонаҳои худ пинҳон кардан гирифтанд, паррандагон бошанд, зуд ба кирмхӯрӣ даромаданд. — Табиист, ки ҳар кадоме дар бораи хӯроки худ фикр кард, — қайд кард Катя. — Айнан ҳамин хел. Аммо вақте ки бобои ту ба ҷамъ кардани занбӯруғҳо сар карду онҳоро ба сабад гузоштан гирифт, қурбоққа аз ҳайрат даҳонашро кушода монд. Ҳатто якчанд хомӯшак аз даҳонаш афтид. Ин қурбоққа намефаҳмид, ки чӣ тавр ба ҷагал на ин ки барои хомӯшакҳо, балкӣ барои чизи дигар омаданд мумкин бошад. Он гоҳ сабади ин қадар калон барои чӣ? — Санҷобҳо нафаҳмиданд, ки, — ҳамроҳ шуд Катя, — чӣ хел на барои чалғӯза ба ҷангал рафтан мумкин аст, паррандагон бошанд — чаро на барои кирмакҳо, хорпуштҳо бошанд ғами чизҳои худро мехӯрданд… ана ин хандаовар! — Агар бобоят дар хона менишаст, он гоҳ воҳима ҳам намешуд. Аммо не, ба ҷангал бо сабади хеле калон рафт. Фаҳмидӣ? — Не, — софдилона гуфт Катя. Бибӣ китфҳояшро ба ҳам кашид: — Вақте ки одам ҳеҷ кор намекунад, он гоҳ дар бораи ӯ ягон чиз ҳам намегӯянд. Аз ҷоят, ки ҷунбидӣ, гапу калоча сар мешавад. Ҳар кас хулосаи худро мебарорад ва аҳамият деҳ, зимнан, бо назардошти он, ки одам чизеро, ки хӯрад, ҳамонро дӯст медорад. Мақсади ҳаёти касе, агар — пул бошад, ӯ фикр мекунад, ки дар дунё ҳама чиз ба хотири пул карда мешавад. Касе, ки мақсадаш — шӯҳратманд шудан аст, фикр мекунад, ки ҳама шӯҳрат мехоҳанд. Касе худро нишон додан мехоҳад ё ин ки боз ягон чизи дигар… Ва ин гуна одам фаҳмида наметавонад, ки чӣ тавр ягон корро на барои пул, ё шӯҳрат, ё боз на барои ягон чизи дигар кардан мумкин аст. Ё ин ки… на аз он сабаб ки ошиқ шудаӣ. Катя ҳиқ-ҳиқ гиря кард: — Вале аз ин чиз худро чӣ тавр эҳтиёт кардан мумкин аст? — Ягон хел, — бепарвоёна ҷавоб дод бибӣ, — ин хел даво нест. Аммо барои он, ки худат ҳамин гуна довар нашавӣ, дастур вуҷуд дорад, ва хеле содда. Чашмони Катя якбора хушк шуданд ва дар онҳо умед чароғон шуд. — Медонӣ, Исои Масеҳ дар бораи Худаш чӣ гуфтааст? — пурсид бибӣ. — Ғизои ман — иҷро кардани иродаи Падари Осмонии Ман аст. Мефаҳмӣ, маҳз бо ҳамин сабаб Исои Масеҳ ба одамон бо чашми нек нигоҳ мекард, дар бораи одамон фикри хуб мекард ва бо ҳама дар мавзӯъҳои гуногун сӯҳбат карда метавонист. Бо занҳо ва мардон, бо боён ва камбағалон, бо подшҳон ва ғуломон. Агар ғизои ману ту — иҷро кардани иродаи Худо бошад, он гоҳ ба рафтор ва амалҳои одамон бояд бо чашми нек нигоҳ кунем ва бо мо муошират кардани одамон осон мешавад. Чӣ тавре ки дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, касе, ки чашми нек дошта бошад, он гоҳ ҳама чизи ӯ нек аст. Катя аз паси миз хест, бибиашро сахт ба оғӯш кашид ва бӯсид: — Чӣ қадар ту доноӣ! — Ин, набераҷон, на ин ки ман, балкӣ Китоб доно аст. Фақат ман онро хеле дер боз мехонам. Падар, футбол ва мисоли математика Мисли ҳарвақта, Степан мехост вазифаи хонагиро барвақтар иҷро кунад. Машқи забони русиро аз сари нав ба дафтар навиштан ва дар матн ба зери ҳиссаҳои нутқ хат кашидан мушкил набуд. Степан аз ӯҳдаи ин кор ба зудӣ баромад ва танҳо мисолеро, ки якчанд муодила дошт, ҳал кардан лозим буд. На он қадар осон. Степан онро якчанд бор хонд ва фаҳмид, ки мустақилона ҳал кардан наметавонад. Ӯ дафтарро пӯшид ва телевизорро гиронд. Ба хона падараш даромад ва пурсид: — Мумкин аст ҳамроҳи ту футбол тамошо кунам? Ҳозир бозӣ сар мешавад. — Албатта! Дукаса мухлисӣ кардан шавқовартар аст, ҷавоб дод Степан. — Дарсҳоятро аллакай иҷро кардӣ? — дар диван дар бари писараш бароҳаттар нишаста истода, пурсид падар. Асосан иҷро кардам. — Кадомашро накардӣ? — пурсид падар. — Мисолро. Онро фаҳмида наметавонам. Ҷои тарс нест. — Агар як мисол ҳал карда нашуда бошад, ба мо чор мемонанд. — Ту бо роҳи осон рафтанро ёд нагир, писарам. Канӣ биё ин мисолро бинем. Агар панҷ гирифтан мумкин бошад, чор ба мо чӣ лозим? — Дадаҷон, ба зудӣ, бозӣ сар мешавад, — хотиррасон кард Степан. — Мо ҳеҷ набошад шарташро мехонем, мефаҳмем ва баъд аз бозӣ ҳал мекунем. Степан дафтар ва китобро ба падараш овард. Ӯ ғарқи хондани шартҳои мисол шуд. Бозӣ сар шуд ва падару писар диққаташонро ба экрани телевизор ҷалб намуданд. Ин манзараи ҷолибе буд, ки падараш онро на бадтар аз шореҳи тахассусӣ шарҳ медод. Бозингаронро барои нафаҳмидани тактикаи рақибон, карори мустақилона қабул карда натавонистан, моҳирона партофта натавонистани тӯб танқид мекард. — Андеша, ки накардӣ — ба дарвозаат тӯб хӯр! — Ба ҷаҳл меомад падар. Бозӣ ба охир расид, Степан дафтар ва китоби математикаро гирифт ва падараш гуфт: — Кӯшиш кун, ки аз ӯҳдаи ҳал кардани мисол худат бароӣ. Степан гаштаву баргашта шартро хонд, ва оқибат фикре ба сараш омад, ки чӣ тавр ҷавобашро ёбад. Ӯ якчанд роҳро дида баромад ва ҷавоби дурустро ёфт, баъд аз он қаноатмандона дафтару китобро ба портфел андохт. Ба хонаи ӯ падарраш даромад: — Хайр, корҳо чӣ хел, ёрдам лозим нест? — Не, худам ҳал кардам. — Офарин! Медонӣ, ҳоло дар ҳаёт на як бору ду бор ту ба масъалаҳои на он қадар осон рӯ ба рӯ мешавӣ. Қафонишинӣ кардан гирӣ — одат шуда мемонад. Одати бад. — Падар, росташро гӯям, ман ҳам худро шоистаи аҳсан ҳис мекунам. Ташаккур, ки ба ман роҳи дурустро нишон додӣ. — Боре, писаракам, ҳамин гуна суханҳоро ба Худо гуфта будам, —қайд кард падараш. — Ба ростӣ? Ва ин кор кай шуда буд? — Вақте, ки Ӯ маро бо роҳи дил ва ақли худам рафтан намонд, — ҷавоб дод падар. Роҳи сафед! Гурӯҳи баҳрнавардони диловар ба сафари кишвари дур ва зебое, ки одамони бисёр онро орзу мекарданд ва он шодии Абадӣ ном дошт, рафтанӣ шуда, дар бораи он аз ҳикояҳои он нафароне, ки гӯё дар он ҷо будаанд, ягон чиз фаҳмиданӣ мешуданд. Дар болои киштие, ки бо ранги сафед дубора нав карда шуда буд, байрақе бо навиштаҷоти «Камолот» афрохта шуд. Кӣ барои дар киштӣ шино кардан тайёрӣ медид? Чӣ хел одамон аз номаълумии уқёнуси беҳадду канор наҳаросиданд? Ин каҳонати шоҳона, ҳалқи муқаддас, одамоне ҳастанд, ки мулки Ӯ мебошанд. Онҳо ба ҷалоли абадӣ бо подшоҳ ва ҳокими кишваре, ки дар он ҷо тамоми орзу ва умедҳо амалӣ мегарданд, даъватшудагон мебошанд. Дар таҳхонаи киштӣ боигариҳои ҷовидон боэътимод ҷойгир карда шуда буданд: хурсандӣ, осоиш, фурӯтанӣ, раҳмдилӣ, қаноатмандӣ, марҳамат, муҳаббат ва пуртоқатӣ. Хавфи ба киштӣ ҳуҷум кардани роҳзанҳое, ки дар пайи шикори ганҷҳо, аниқтараш, қисме аз онҳо буданд, вуҷуд дошт. Ҷазираи хурдакаке паноҳгоҳи роҳзанон шуда буд, ки киштии худро дар паси теғаи харсанг пинҳон карда буданд. Роҳзанҳои баҳрӣ маслиҳат мекарданд. — Мо ин маллоҳчаҳои хубу соддалавҳро мағлуб мекунем! — бо овози шамолхӯрда мегуфт роҳзани Асосӣ, ки доимо месулфиду ҳаммаслаконашро нороҳат мекард. Бояд гуфт, ки роҳзанҳо ҳамаро бад медиданд, ҳатто якдигарро. — дар соҳил ман ба назди ин маллоҳчаҳои «Камолот» рафта будам, пул, сангҳои қиматбаҳо, шӯҳрат, хона пешниҳод кардам, то ки онҳо як қисми ганҷҳои худро бо ихтиёри худ ба мо диҳанд, аммо ҳеҷ кас розӣ нашуд. Ин хаёлпарастони гузароро танҳо бо зӯрӣ гирифтан мешавад, — давом дод роҳзани Асосӣ. Роҳзани якчашма гуфт: — Агар фақат хурсандиро аз онҳо мегирифтам. Аммо боқимондааш: фурӯтанӣ, раҳмдилӣ, қаноатмандӣ, муҳаббат ва пуртоқатӣ ба ман зарурат ҳам надоранд. Ман барои ба даст овардани танҳо хурсандӣ меҷангам. Роҳзанон хандиданд ва гапи якдигарро бурида, мағал бардоштанд: — Фикр кардан мумкин аст, ки ба дигарон ғайр аз хурсандӣ боз ягон чизи дигаре лозим бошад! — Фурӯтанӣ! — роҳзанон чунон механдиданд, ки дуру дароз аз ханда гулӯгир мешуданд ва ягон кас чизе гуфта наметавонист. Ниҳоят шунида шуд: — Ё раҳмдилӣ? Канӣ биёед барои ин ганҷ кашокаш мекунем! Аҷоиб, он ба кӣ мерасида бошад? Роҳзани асосӣ хурсандиро нигоҳ дошту фармон дод: — Ҷо ба ҷо! «Камолот» аллакай аз соҳил дур шудааст. Ба роҳ! Киштии роҳзанон бодбонҳои сиёҳро бардошт ва сахт ба сӯи уқёнуси кушод ҳаракат кард. Капитани «Камолот» бодбони сиёҳро дид ва ба дастаи худ фармон дод: — Ба мо ҳамла мекунанд! Ҳама мард бошед ва умедро аз даст надиҳед! Асосаш, хурсандиро эҳтиёт кунед! Киштии бодбони сиёҳ дошта ба «Камолот» наздик шуд ва Роҳзани асосӣ бо овози хиррӣ ба карнай дод зад: — Талаб мекунам, ки хурсандиатонро ба ман диҳед! Капитани «Камолот» ягон дақиқа фикр накарда, ҷавоб дод: — Агар шумо аз ман ваъдае мепурсидед, ки онро иҷро карда, хурсандиро ба даст овардан мумкин мебуд, ман онро ба шумо медодам. Агар шумо дар роҳе, ки ба хурсандӣ бурда мерасонад, дастгирӣ талаб мекардед, ман онро рад мекардам. Аммо хурсандӣ кардан ва ҳаётеро, ки шумо барои худ интихоб кардаед, ба сар бурдан имконнопазир аст. Роҳзанон бенавбат гулӯ дарронда шавқун бардоштанд: — Ин боз чӣ хел гапу гапча! Ӯ ба мо мавъиза мекунад… Ба пеш! Садои ҳуштак баланд шуд, тӯпҳо гулдуррос заданд, аз киштии роҳзанҳо гулӯлаҳо париданд — ҳамаашон хеле хатарнок: ҳасад, шаттоҳӣ, низоъ, ғурури зиндагӣ. Зери ин хел тирборон монда, маллоҳони «Камолот» бо душворӣ хурсандиро дар худ нигоҳ медоштанд. Он аз дилҳое, ки аз ин гуна тирҳо захмӣ шуда буданд, мерафт. Он гоҳ капитани далерон фармон дод: — Мард ва боз як бори дигар мард бошед! Ба душман муқобилат намоед, ва ӯ аз шумо мегурезад! Яке аз маллоҳон тарсида дод зад: — Тахтабанди киштии мо сӯрох шуд! Ва дарҳол ғур-ғури рафиқони ӯ шунида шуд: — Ин аз он сабаб, ки касе дар вақти лозимӣ дар ҷои худ набуд! — Чӣ, магар туро барои назорат кардани он мондаанд, ки кӣ дар куҷо бошад? — Ҳа, ба ҷои худат рав ва бо кори худ машғул шав! — Аммо ту ба худат ва ба таълимот аҳамият деҳ ва ба дигарон ёд надеҳ… Овози капитан таҳдидомез садо дод: — Сӯрохӣ маҳкам карда шавад! Низоъро бас кунед! — Капитан, саҳни киштӣ месӯзад! — овози дигари ҳаросон шунида шуд. Капитан фарёд зад: — Ин ҳасад аст! Нигоҳ кунед, ки оташ ба қисмҳои дигари киштӣ зарар нарасонад! Ба мо лозим меояд, ки барои хомӯш кардани оташ таваққуф намоем, вагарна он ҳама чизро нест мекунад. Киштӣ истод. Маллоҳон боҷидду ҷаҳд бо оташ мубориза мебурданд. Аммо дар айни замон дар киштии роҳзанҳо ин хел гапҳо шунида мешуданд. — Мо ба киштие ҳамла кардем, ки онро капитани моҳир идора мекунад, — гуфт Роҳзани асосӣ. — Ӯ, пеш аз ба сафар баромадан, аз афташ, таълимоти китоби муқуддасро хуб аз худ намудааст. Шумо медонед, ки ин китоб хирад медиҳаду подшоҳи кишваре, ки «Камолот» ба он ҷо равон аст, барои иҷро кардани навиштаҳои он қувват медиҳад. Фармон медиҳам тамоми кӯшишу ғайратро ба капитан ҷалб намуда, зарбаҳоро сӯи капитан равона кудед! Ва ҳамин вақт аз киштии роҳзанҳо гулдурроси навбатии тир садо дод, аммо на ба тарафи киштие, ки ба он ҳамла мекарданд, балкӣ ба сӯи осмон. Ин фейерверки чашмхиракунандаи хеле равшан буд. Маллоҳони «Камолот», сарашонро бардошта, аз ин манзарае, ки дар болои сари онҳо бо рангҳои гуногун афрӯхта шуда буд, мафтун шуда буданд. Капитан фармон дод: — Диққатро ба ҳар тараф пароканда накунед, аз онҳо на чизи хубу на бадро қабул накунед! Аммо овози ӯро садои ғалоғула ва виззаси аз киштии наздикомада баромада истодаи роҳзанон пахш карданд. Ба девори «Камолот» соскан сахт часпида гирифт. Аммо дар он ҷо хатарро ҳатто пай намебурданд, маллоҳоне, ки дар саҳни киштӣ ҷамъ шуда буданд, оҳиста ғур-ғур мекарданд: — Капитани мо одами беадолат, намегузорад, ки фейерверкро тамошо кунем! Наход нафаҳмад, ки дар байни ҷанг ба мо дилбардорӣ лозим аст? Охир хурсандии мо ба куҷое ғайб зад-ку… Капитан фармон дод: — Ғавғоро бас кунед! Ба рӯҳафтодагӣ ва шубҳаҳо роҳ надиҳед! Фармон медиҳам, ки хурсандӣ кунед! Ва боз як бори дигар хурсандӣ кунед! Инро гуфта, капитан ба саҳни киштӣ давида рафт, чунки роҳзанҳо аллакай ба воситаи арғамчин ба «Камолот» гузашта истода буданд. Ӯ табарро гирифт ва арғамчинро буридан гирифт, аммо кӯшиши ӯ натиҷаи дилхоҳ надод. Арғамчин хеле ғафс буд, ва роҳзанон ба ҷасорати капитани шердил фақат хандиданд. Дастаи «Камолот», хандаҳои роҳзанонро шунида, ба худ омаданд ва ба ёрии капитани худ шитофтанд. Бо ҷидду ҷаҳди умумӣ арғамчин бурида шуд ва роҳзанон ба уқёнус афтиданд. — Ғалаба! — нидо кард капитан. — Пурра ба пеш! Киштӣ бо тамоми суръат пеш рафт ва ба зудӣ аз киштии роҳзанон дур шуд. Дар «Камолот» хурсандӣ мекарданд, даста муҳорибаи ҷиддиро паси сар кард, хурсандӣ ба дилҳои маллоҳон баргашт, лекин хастагӣ худашро нишон медод. Ногоҳ ба болои уқёнус тумани ғафс фаромад. Он киштиро бо қабати зич печонда гирифт, ва аз ҳамин сабаб хоби маллоҳон бурдан грифт. Дар ин ҳолат ба пеш ҳаракат кардан хатарнок буд, «Камолот» ҳаракати худро суст кард, даста аз по монда, дар ҳамон ҷое, ки истода буданд, афтиданд. Ҳатто капитан дар пояш рост истода наметавонист, фақат роҳзанҳо намехобиданд. Онҳо машъалҳоро афрӯхтанд ва, хеле эҳтиёткорона ҳаракат намуда, ба «Камолот» наздик омаданд. Роҳзани Асосӣ ба дастаи худ муроҷиат намуд ва хиррос зада гуфт: — Мо дар муҳорибаи якум мағлуб шудем, инак биёед акнун ғалабаро аз даст намедиҳем! Ва боз ба девори «Камолот» соскан часпид, аммо ин дафъа касе набуд, ки арғамчинро бурад, даста ҳамроҳи капитани худ сахт мехобид. Роҳзанон барои забт карда гирифтани киштӣ ва, асирони хоболудро баста ба таҳхонаи киштӣ партофтан, мушкилие надоштанд. Ана баъд аз он ғоратгарии беист сар шуд. Роҳзанон дари ганҷхонаро шикастанд ва ҳарисона ба ғанимати матлуб дарафтоданд: — Ба ман хурсандии бисёртар! — Не, ба ман! — Ман барои ин хурсандӣ аз ҳама зиёдтар ҷонамро ба хатар андохтам! — Не, ин ман қариб буд, ки ҳаётамро аз даст диҳам! Якдигарро бад дидаву танҳо дар бораи худ фикр карда, роҳзанон ҷанги бераҳмонаро сар карданд. Дар ҳамин асно туман пароканда шуд, ҳамроҳи он хоб ҳам парида рафт, маллоҳон ва капитани онҳо худро дар таҳхона баста диданд, дар дилҳои онҳо хурсандӣ набуд. Онҳо фаҳмиданд, ки дуздидани моли онҳо ба роҳзанон муяссар гаштааст ва онҳо рӯҳафтода шуданд. Вақте ки роҳзани асосӣ ба таҳхонаи киштӣ фаромад, онҳо аз сустие, ки роҳ додаанд, аз шикаст ва мағлубияти рӯйдода, ғамгин буданд. — Ту ҳама чизро аз даст додӣ, — ба капитани «Камолот» муроҷиат намуда, гуфт Ӯ— ба ту ғайр аз рӯҳафтодагӣ чизи дигаре боқӣ намондааст. Аммо ман он қадар ҳам бад нестам, ки ту фикр мекунӣ, ман ба ту роҳи на он қадар бади аз ин ҳолати ногувор баромаданро мегӯям: киштӣ ва дастаи худро ба сӯи шаҳри Нобоварӣ равон кун. Ба он ҷо баргард, ки аз он ҷо ба ҷустуҷӯи хурсандии абадӣ ва наҷотёбӣ раҳсипор шуда будӣ. Мо ҳар чиз гӯем ҳам, ин шаҳри хуб аст, ту дар он ҷо, аз вақтхушиҳое, ки пештар онҳоро рад мекардӣ, ҳаловат бурда, умри худро бо муваффақият ба охир расонда метавонӣ. Ту арзиши ҳақиқии тилло ва ба ивази он чӣ қадар чизҳои хубро ба даст овардан мумкин аст, мефаҳмӣ. Ту ҳақиқатро дар бораи он чиз мефаҳмӣ, ки тилло — ин асос аст ва барои ҳаловат бурдан фақат он лозим аст, аммо дӯст доштан, дилсӯзӣ кардан, хурсандӣ кардан ва… боз чиҳои дигар, — тамоман шарт нест. Капитан, қуввати охиринашро ҷамъ карда, мардонавор ҷавоб дод: — Ҳеҷ гоҳ гуфтаи ту намешавад! Ва агар ба ман ҳатто лозим шавад, ки дар ҳаёти боқимодаам хурсандиро надонам, ман ба шаҳри Нобоварӣ барнамегардам. Роҳзан сахт хандид: — Албатта, акнун ту бе хурсандӣ зиндагӣ мекунӣ, ту аз он ба таври абадӣ маҳрум шудӣ, он ғанимати мо шуд. Ба хотир ор, ки ту ба зердастони худ чӣ ваъда карда будӣ? Кишвари хурсандии Абадӣ ва наҷотёбиро? Аммо акнун ба онҳо нигоҳ кун. Нигоҳ кун, нигоҳ кун, ки ту онҳоро ба куҷо овардӣ! Онҳо мемуранд, ва ту ҳам мемурӣ, ҳамаатон мемуред! Тамоми дастаи ту! Дар ин ҷо овози яке аз маллоҳони басташуда садо дод: — Капитан, пеш аз мурдан мо ба ту гуфтан мехоҳем, ки аз он чиз, ки ҳамроҳи ту ба шановарӣ баромадем, ягон лаҳза пушаймон нестем. Ҳаёти мо танҳо дар ҳамин ҷо маънои ҳақиқӣ ёфт ва фақат акнун бештар аз ҳар вақт мо чӣ будани ганҷи абадиро, ки дар дастдоштем, фаҳмидем. Ҳамин лаҳза ба таҳхонаи киштӣ сари жӯлидамӯе овезон шуд: — Ҳой, Сардор, дар боло равшанӣ, дар баҳр талотум! Роҳзани асосӣ, ҳама чизро фаромӯш карда, тир барин ба саҳни киштӣ баромад. Дар он ҷо дар ҳақиқат як чизи нофаҳмо ба амал омада истода буд. Нури дурахшон гоҳ-гоҳ ҳама чизи атрофро, ҳамон тавре, ки ҳар як тори мӯи риши роҳзан аниқ дида мешуд, равшан мекард — ин минои баҳрӣ огоҳӣ медод. Соҳил, ки пештар бо сабаби туман наметофт, тамоман наздик будааст ва аз он ба тарафи киштии забткардашуда бо тамоми суръат киштиҳое меомаданд, ки дар байрақҳои онҳо навишта шуда буд: «Барои муҳаббат, барои марҳамат, барои наҷотёбӣ!» Ба ёрии «Камолоти» ба фалокат дучоршуда мешитофтанд. Дар иҳота буданашонро фаҳмида, роҳзанон фарёд карданд: — Мо дӯстони шумоем! Мо ин ҷо дар меҳмонием! Худи капитани «Камолот» моро ба саҳни киштиаш даъват кардааст! — Бигузор худи капитан гӯяд, — гуфтанд ҳамлаварон. Аз таҳхонаи киштӣ, саросемавор аз бандҳо озод карда истода, капитанро бароварданд. — Канӣ, гап зан, ки мо — дӯстони туем, —кордро ба тахтапушти асир ҷафс карда, ба гӯши ӯ пичиррос зад Роҳзани асосӣ. — Гап зан, ё ин чизи охирине мешавад, ки ту мегӯӣ. Капитани «Камолот» чашмонашро ба осмон бардошт ва, ба шушаш бисёртар ҳаво кашида, фарёд кард: — Ин тӯҳмат аст! Ба ёрдам шитофта омадагон дарҳол зинаҳоро ба саҳни «Камолот» партофтанд. — Биёед ҷанҷол намекунем! — барои наҷот додани вазъият кӯшиши охирин кард Роҳзани асосӣ, ки барои ба тахтапушти асири худ халондани корд ҷуръат накард. — Охир шумо одамони сулҳпарвару хуб ҳастед. Он ҷо шумо чӣ тавр мегӯед: хушҳоланд сулҳоварон… Шумо бояд ба мо бовар кунед, охир шумо барои имон мубориза мебаред, ва мо ҳам — барои имон! — Ба онҳо бовар накунед! — дод зад капитани «Камолот». — Бигузор насиби ман мурдан бошад, аммо шумо ба дурӯғ ва тӯҳмат бовар накунед! Ба ёрдам шитофтагон аллакай дар саҳни «Камолот» буданд, роҳзанон пароканда шуда гурехтанд, аммо Сардор ба зону афтида амон мепурсид. Худи ҳамин вақт аз таҳхонаи киштӣ асирони озодкардашуда ба саҳни киштӣ мебаромаданд. — Салом ба дастаи шуҷоатманди «Камолот»: ба шумо капитани далер ва ба шумо маллоҳони нотарс! — сарвари озодкунандагон ба озодшудагон муроҷиат кард. — подшоҳи кишвари Хурсандии абадии мо, бо фаҳмидани он чиз, ки киштии шумо ба бадбахтӣ дучор шудааст, ба шумо кӯмак фиристод. Шумо чанд мил дуртар аз он мақсаде карор доред, ки ба он ҷо равона будед ва подшоҳ барои сазовор қабул кардани шумо тайёрӣ мебинад. Киштӣ ва худатонро ба тартиб дароред ва ба вохӯрӣ бо подшоҳи кишвари зебо омода шавед. Дастаи «Камолот» ҳамроҳи капитани худ ба чамъ кардани ганҷҳое, ки роҳзанон партофта зери по карда буданд, сар карданд. Онҳо аз саҳни чиркини киштӣ фурӯтантиро бардоштанд, аз кунҷи дуртарини таҳхона раҳмдилӣ ва қаноатмандиро ёфтанд. Дар қуллаи баланди сутуни киштӣ марҳамат, муҳаббат ва пуртоқатӣ овезон шуда меистоданд. Даста ҳама чизҳои ғоратшударо, ба ғайр аз хурсандӣ, ёфт. Капитан бодиққат ба атроф нигоҳ мекард, аммо онро ёфта наметавонист. Он гоҳ ӯ фармон дод, ки тамоми киштиро аз ифлосӣ тоза кунанд, системаи ролҳпаймоии киштиро дуруст кунанд. Ҳангоме ки ин кор ҳам иҷро карда шуд, даста тамоман беқувват гашта буд. Маллоҳон ва капитани онҳо хаста шуда ба саҳни киштӣ нишастанд ва дар бораи он фикр мекарданд, ки чӣ тавр бо чунин намуд ба назди подшоҳи кишвари зебо мераванд. Ва ногаҳон ҳар кадоми онҳо ҳис кард, ки чӣ тавр хурсандӣ, оҳиста ва номаълум, ба дилҳои онҳо дохил шуд. Табассум рӯйҳои онҳоро мунаввар кард. Онҳо медонистанд, ки акнун ба қабули бузург омодаанд ва барои бо подшоҳи хурсандии Абадӣ рӯ ба рӯ вохӯрдан тайёр ҳастанд. Ҳаштпо Буд набуд Ҳаштпои хурди содда буд. Ӯ дар аквариуми калоне зиндагӣ мекард ва одамони аз пешаш гузашта истодаро медид. Ҳар як одам чор узви ҳаракат дошт — бо дутоаш онҳо мегаштанд, аммо дутои дигарашро, вақте ки ӯ, Ҳаштпочаро медиданд, дар пеши рӯяшон меафшонданд. Одамон дар назди аквариум меистоданд, бо ангуштонашон ба тарафи Ҳаштпо ишора карда, механдиданд. Ин ба Ҳаштпо аламовар менамуд, ӯ боварӣ дошт, ки ба ӯ механданд, чунки ӯ мисли онҳо на ин ки чор, балкӣ ҳашт по дорад. Сокини бечораву хурдакаки аквариум чор пои «иловагии» худро пинҳон мекардагӣ шуд ва машқ карда бо дутоаш гаштан ва бо дутои дигараш дар пеши рӯяш афшонданро ёд гирифт. «Акнун ҳеҷ кас ба ман намехандад ва бо ангушташ ба тарафи ман нишон намедиҳад», — фикр кард Ҳаштпо. Ҳамин тавр ҳам шуд. Дигар ба ӯ аҳамият намедоданд. Ҳеҷ кас дар назди аквариум намеистод, ҳеҷ кас намехандид. Ҳаштпои содда, ҳамин тавр не? Аммо соҳиби аквариум он қадар ҳам содда набуд. Ӯ ҳаштпочаи дигарро харид ва ӯро ба аквариум андохт. Ҳаштпои нав ҳудуди навашро обод мекард ва аз сидқи дил, дар тамоми аквариум шино карда, бозӣ мекард. Одамон аз назди онҳо мегузаштанд. Онҳо боз меистоданд, механдиданд ва ба тарафи Ҳашпочаи нави чолок нишон медоданд. Ҳашпои дупою дудаста ба ҳамаи ин кор нигоҳ карда, пойҳои пинҳон кардаашро сар дод, бо онҳо, бо ҳамаи ҳашт пояш, худро тела дод ва шино кардан гирифт ва ба меҳмони нав нишон доданӣ мешуд, ки ӯ ҳам ин корро метавонад. Меҳмони нав истод ва гуфт: — Пойҳоят ин қадар зебо ҳастанд! — Ҳа. Ҳамаи ҳашттоашон — хурсандона ҷавоб дод Ҳаштпо. Мурғ Модар-мурғ ба чӯҷаи худ ёд медод: — Ту бояд дар бораи ҷаҳоне, ки дар он зиндагӣ мекунӣ, бисёртар донӣ. нигоҳ кун, ин — донача. Он барои ҳамин лозим аст, ки ману ту хӯрок дошта бошем. Ин гамбуск. Ӯ барои он лозим аст, ки ману ту хӯроки гуногун дошта бошем. Чӯҷа пурсид: — Модар, ана дар он ҷо чист? Ана, дар баландӣ, дар болои сари ман. Мурғ аз паси писари худ сарашро бардошт: — Ин гул аст, гули момо ном дорад. Ӯ барои он лозим аст, ки дар зери онҳо бадқавоқчаҳо пинҳон шаванд, ва ману ту ин бадқавоқчаҳоро ёфта хӯрем. — Аммо ин чист? Боз ҳам баландтар, баланди баланд, — ором намешуд чӯҷа. — Онҳо абрҳоанд, — босаброна мефаҳмонд мурғ, — онҳо барои он лозиманд, ки борон борад. Баъд аз борон аз замин кирмҳо хазида мебароянд ва ману ту соҳиби хӯрдании болаззати бисёр мешавем. — Ана инаш чист? — кунҷковӣ мекард чӯҷа. — Ин кӯл аст, — бепарвоёна гуфт мурғ.— Он ба ҳеҷ кас лозим нест. Фақат халал мерасонад. — Агар лозим набошад, он гоҳ он барои чист? — Ҳамту оби зиёдатӣ аз абрҳо дар як ҷо ҷамъ мешавад ва кӯл ба вуҷуд меояд — дигар барои ҳеҷ чиз.Пурсупос бас аст, — гуфт мурғ. Чӯҷа ба тарафи кӯл рафт ва дар соҳил мурғобии калон ва мурғобичаи хурдакакро дид. Мурғобӣ ба мурғобича ёд медод: — Ин сӯзанак. Вай барои он лозим аст, ки мо хӯрок дошта бошем. Ин қурбоққаҳо мебошанд. Онҳо барои он лозиманд, ки мо хӯроки гуногун дошта бошем. — Модар ана инаш чист? — ба тарфи кӯл нишон дода, пурсид мурғобича. — Ин гули момо, — бепарвоёна гуфт мурғобӣ. — Ӯ ба ҳеҷ кас лозим нест. Танҳо халал мерасонад. — Он гоҳ вай барои чӣ мерӯяд? — пурсид мурғобича. — Ба фикрам, тасодуфан пайдо шудааст. — Ана ин чист? Ана дар он ҷо, дар баландӣ, — мароқ зоҳир кард мурғобича. — Онҳо абрҳоанд, — ба зарурати он таъкид намуда, гуфт мурғобӣ. — Онҳо барои он лозиманд, ки борон борад ва кӯли моро аз об пур кунад. Чӯҷа ба назди мурғобӣ омад ва пурсид: — Марҳамат карда гӯед, ки ин кӯл баои чӣ лозим аст? Мурғобӣ ҷавоб дод: — Барои он, ки дар он шино кунанд ва гамбуску қурбоққаҳоро ёфта, онҳоро хӯранд. Чӯҷа ба назди модар-мурғ омад ва ба вай гуфт: — Модар, дар кӯл мурғобиҳо шино мекунанд. Мурғ фикр карду гуфт: — Акнун ту фаҳмидӣ, ки кӯл барои чӣ лозим будааст? Барои он, ки мурғобиҳо дар он шино кунанд ва дар он гамбускҳо, қурбоққаҳоро ҷӯянду аммо кирмчаҳою бадқавоқчаҳои моро нахӯранд. — Мурғ боз каме фикр кард ва акнун ба худаш гуфт: — Аз ҳамин сабаб нӯли мурғобиҳо ин қадар безеб ва ноқулай аст. Алёнкаи пухтакор Дар шаҳри калон ва серғалоғула духтараки даҳсола зиндагӣ мекард, ки бофтан метавонист ва ин корро дӯст медошт. Ӯ бо чангаки оддӣ мебофт, аммо чунон зебо, ки тамоми шиносҳо ӯро на ин ки Алёнка, балкӣ Алёнкаи пухтакор меномиданд. Алёнкаи пухтакор боқимондаҳои риштаҳоеро, ки аз чизҳои бофтаи бибиаш монда буданд, мегирифт ва бозичаҳо тайёр мекард. Риштаҳои ҳархела, ҳатто риштаҳои хеле хурд ҳам ба кор мерафтанд. Алёнка калобаҳоеро, ки бибиаш корношоям гуфта мепартофт, босаброна мекушод. — Охир риштаҳо ҳам партофташуда будан намехоҳанд-ку, — мегуфт Алёнка. Аммо зимнан бибаш ба набераи худ бо муҳаббат нигоҳ мекард: чӣ гуна соҳибхона ба воя расида истодааст. Рӯзона Алёнка дар гулгашти назди хона сайр мекард. Бибиаш аз тиреза набераашро назорат мекард. Дар гулгашт як писарча, Петя низ, аз ҳавлии ҳамсоя сайр мекард. Ӯ ҳама вақт бо ғӯлакандоз меомад, то ки паррандаҳоро парронад. Аммо дили Алёнка ба паррандаҳо месӯхт ва, барои муҳофизат кардани онҳо, ӯ бибиашро ба ёрдам ҷеғ мезад, ки барои рондани Петяи дар ҳавлии ҳамсоя зиндагӣ мекарда, дарҳол ба гулгашт расида меомад. Боз бибӣ ғӯлакандози авбошро кашида гирифтан мехост, аммо чӣ фоида, охир ӯ барои худаш навашро месозад. — Ана, — андӯҳгинона оҳ мекашид бибӣ, —истеъдод ва маҳорати худро кӣ ба чӣ сарф мекунад. Касе, барои ҷамъ кардан ва захира кардан меҳнат мекунад, аммо дигаре — барои шикастану вайрон кардан. Писарак Петя, аз гулгашт гурехта истода, доимо Алёнкаро масхара мекард: — Бофанда! Ҳама гурезед, набошад аз ҳама ришта мебофад! Як рӯзи абрнок ва боронӣ писарак Петя ба гулгашт омад, дид, ки Алёнка дар он ҷо нест ва натарсида, паррандаҳоро бо ғӯлакандоз паррондан гирифт. Паррандаҳо дар зери баргҳо аз борон пинҳон шуда буданд. Петя оҳиста ба назди буттае омад, ки дар он ҷо гунҷишки пахмоқ пинҳон шуда буд, нишон гирифт ва акнун сангро ба тарафи вай сар доданӣ буд, ки дар бехи гӯшаш чирросро шунид. Ана нагуфта хомӯшак ӯро мегазад. Петя хомӯшакро бо дасташ пеш кард, аммо вай ӯро ором намегузошт. Он гоҳ авбош қулоч кашид, то ки бо тамоми қувва ӯро занад, аммо ба ҷои ин дар ҷояш тоб хӯрдан гирифт. Тоб мехӯрду тоб мехӯрд, ҳеҷ истодан наметавонист, мисли дук ва ӯ намедид, ки ба ришта мубаддал гашта истодааст ва ришта ба калобаи калоне табдил меёбад. Шамол, борон… ба зудӣ Петя-ришта ба калобаи чигил монанд шуд, ки дар лой мехобид. Баъд аз борон Алёнка ба сайри гулгашт баромад. Албатта, ӯ калобаи риштаро дид, ки дар лой мехобид ва натарсида, онро ба хона овард. Бибиаш фақат даст афшонд, вале Алёнка гапи дӯстдоштаашро гуфт: — Охир риштаҳо ҳам партофташуда будан намехоҳанд. Бибӣ риштаҳоро нағзакак шуст ва, замоне ки онҳо хушк шуданд, Алёнка онро як печ як печ кушодан гирифт. Аммо ин риштаҳо чунон ҳархела буданд-кӣ: Баъзе ҷояш ҳамвору маҳин, баъзе ҷояш хордору дурушт, тамоман корношоям. Ҳатто буридани баъзе қисмҳои он ва, мутаассифона, партофтани онҳо лозим омад — тамоман ба кор намеомаданд. — Ин чӣ бало буд, — оҳ кашид Алёнка, вақте дид, ки риштаҳои хуб тамоман кам ҷамъ шудаанд. Бибӣаш дид ва гуфт: — Хайр, ҳеҷ набошад камтарак монд, яъне, ин корро беҳуда накардӣ. Рӯзи оянда Алёнка бофтанро сар кард ва аллакай то бегоҳ аз риштаҳои кушодашуда одам баромад. — Оҳ оқилаки ман! — даст афшонд бибӣ. — Инро бин, чӣ хел бозичаи зебо шудааст! Ба ягон кас тӯҳфа мекунӣ? — Инашро барои худам мемонам, — ҷавоб дод Алёнка. Одамчаи бофташударо ба рӯи мизи хатнависӣ дар поёни чароғи саримизӣ гузошт ва гузашта хоб рафт. Петяи бофташуда дар таги чароғ чунон аламовар гиря мекард, ки ӯро сагчаи бофташуда, ки дар рафи китобҳо мехобид, шунид. Вай аз рафча ба рӯи миз парида фаромад ва ба назди Петя давида омад: — Ҳав-ҳав! Петя сагчаро сила кард ва пурсид: — Акнун ман чӣ кор кунам? Сагча хурсандона ва меҳрубонона думашро ҷунбонд, баданашро ба пои петя молид. Дар хона тамоман оромӣ буд. Соати электронӣ 02:35 –ро нишон медоданд. Ногоҳ дар дар лавҳаи соат ба ҷои рақам ҳарфҳо пайдо шуданд ва Петя хонд: «Вақте ки гунҷишки пахмоқ, ки ту онро нишон мегирифтӣ, туро бахшад, вақте ки парранда боз хурсанд ва хушҳол шавад, он гоҳ ту гашта одам мешавӣ». Петя тарсида дод зад: — Охир ман ин паррандаро чӣ тавр меёбам? Ман ӯро дар куҷо меҷӯям? Наход ки ман як умр бозича шуда мемонам? Петя боз гиря кардан мехост, аммо сагча аккос зад ва сарашро ба тарафи ӯ ҷунбонд ва бо тумшуқаш ба тарафи дар ишора кард. — Ту чӣ фикр дорӣ? — пурсид Петя. — Ман туро намефаҳмам. Ва ин чӣ хел афсона аст, ки дар он сагча мисли одамон гап зада наметавонад? Сагча бошад аккос заданро давом медод. — Ту пешниҳод мекунӣ, ки ман аз хона берун бароям? — пурсид Петя. Сагча сар ҷунбонд ва Петя бо ҳайрат ба поён нигоҳ кард: — Ман аз ин гуна баландӣ чӣ тавр мефароям? Сагча бо ҳар чор пояш паридан гирифт, сарашро ҷунбонд, ҳамин вақт Петя дар паси гӯши вай нӯги риштаро дид. — Ту мехоҳӣ, ки ман туро кушоям? — тарсида пурсид Петя. Сагча бо қаҳр аккос зад ва норозиёна сар ҷунбонд. Петя бо дасташ сари сагчаро аз назар гузаронд ва муайян кард, ки гӯшҳои вай алоҳида бофта шудаанду ба танаи бофташудаи ӯ дӯхта шудаанд. — Ту иҷозат медиҳӣ, ки ман як гӯши туро кушоям? — пурсид Петя. Сагча хурсандона сар ҷунбонд. Петя нуги риштаро кушод, онро кашид, аз ин кор гӯш кушода шудан гирифт, нӯги озодашро ба чароғи рӯимизӣ баст. Баъд бо як дасташ сагчаро гирифт, бо дигараш, аз ришта дошта, эҳтиёткорона ба фарш фаромадан гирифт. То вақти оҳиста, қатор ба қатор кушода шудани гӯш, ришта торафт дарозтар мешуд, ҳамин хел дӯстон ба поён фаромаданд. Сагча як гӯшашро гум кард, ки ба ришта табдил ёфта буду аз мизи хатнависӣ то худи фарш овезон меистод. Петя ғамгинона оҳ кашид, сагча аккос зад ва ба тарафи дари нимроғ давида рафт, ҳамин тариқ Петя аз тарқиш ба даҳлез гузашта тавонист. Аз паси ӯ сагча ҳам гузашт ва писарчаи бофташударо ба ошхона бурд. Дар он ҷо дар қафаси хеле калон тӯтӣ зиндагӣ мекард, бофтанашуда, балкӣ ҳақиқӣ. Дар донхӯраки ӯ хӯрданиҳои бисёре буданд, ки дар мағозаҳҳои махсус барои ҳайвонот фурӯхта мешуданд. Петя зуд фаҳмид, ки сагча чӣ фикр дорад ва аз хурсандӣ дод зад: — Офарин сагча! Боракалло донояк! Мо хӯрокро ба зертахтаи тиреза мерезем, гунҷишкҳо парида меоянд ва шояд дар байни онҳо худи ҳамон пахмоқат ҳам мешавад! Петя ба аккоси дӯсти безобиташудааш эътибор надода, аз байни симҳои оҳании қафас гузашт. Ӯ гӯё ки намешунавид ва аз донхӯрак донҳоро тез-тез ба мизи ошхона мепартофт. Ба зудӣ ӯ ҳис кард, ки касе аз сари бофташудааш дошт ва ӯро ба боло партофт. Вақте ки Петя дар пеши рӯяш тӯтии бузургеро дид, тарсида дод зад. Дар ҳақиқат тӯтӣ паррандаи он қадар ҳам калон набуд, фақат Петя бача не, балкӣ бозича буд. Тӯтӣ ба Петя воҳиманок нигоҳ мекард ва тайёр буд дуздаки беҳаёро боз як бори дигар нӯл занад. — Илтимос, иҷозат деҳ камтар аз хӯрокат гирам, — раҳмоварона хоҳиш кард Петя. — Ин барои гашта одам шудани ман хеле зарур аст. Тӯтӣ ба назди Петя парида омад, бо нӯлаш аз дасти ӯ гирифт ва ба арғунчак шинонд, ки, ҳангоми табъи хуш доштан, худаш дар болои он гузарондани вақтро хеле дӯст медошт. Баъд аз он вай дар назди Петя нишаст ва, арғунчакро алвонҷ дода, ба хондани суруди насиҳатомез сар кард: Агар ба ту чизе лозим шавад — бипурс! Вақти душворӣ мо ёрӣ медиҳем. Одам шудан мехоҳӣ, — ва чӣ? Бе иҷозат арзани маро мегирӣ? Оҳ, дуздии маккорона! Петя хеле шарм кард ва гуфт: — Илтимос, маро бубахш, паррандаи боҳиммат, ман фикр накардам, ки кори бад мекунам, фақат роҳи наҷот меҷустам. Тӯтӣ, бо нӯлаш Петяро гирифта, аз арғунчак парид ва ҳамроҳи ӯ ба назди донхӯрак фаромад. Петя боз камтар хӯрокро ба фарш партофт, сагча хурсанд шуда тамоми донҳоро бо думаш ба салфетка рӯфта гирифт. Петя аз қафаси парранда берун баромад ва ҳамроҳи сагча салфеткаи донадорро аз кунҷҳояш гирифта, аз ошхона гузаронда бурданд. Аммо чӣ тавр ин ғаниматро дар паси тиреза, ки он ҷо паррандаҳо ба зиёфат парида меоянд, ҷойгир кунем? Петя ба ёд овард, ки тӯтӣ ба ӯ чиро ёд дода буд ва гашта ба назди қафас омад: — Дӯсти меҳрубон, — ба парранда муроҷиат кард ӯ, — барои ман боз як хизмати ночиз кун. Ёрӣ деҳ, ки ин донаҳои зеборо ба зертахтаи тиреза барорем ва, умуман, агар ману сагча ҳам ба он ҷо парида рафтан метавонистем, кори бад намешуд. — Хайр, дӯсти ҷавони ман, — бо савлат ҷавоб дод тӯтӣ, — шумо панд омӯхта метавонед. Агар шумо қафасро кушода тавонед, ман ба шумо ёрӣ мерасонам,. Петя мехост давида дари қафасро кушояд, аммо ногоҳ истода монд: — Оҳ, охир ман чӣ кор карда истодаам? Аммо агар ту, дӯсти азиз, вақти аз қафас баромаданат, аз тирезаи кушода парида рафтан хоҳӣ, он гоҳ чӣ мешавад? Соҳиби ту Алёнка бисёр зиқ мешавад ва худо накунад, ки бигиряд, ман-ку ӯро медонам. Аммо ман инро намехоҳам. — Шумо ҳақ ҳастед, дӯстам, — бо виқор гуфт тӯтӣ — мо паррандаҳои озодидӯст ҳастем, ва агар ин гуна имкогният вуҷуд дошта бошад, кӯшиш мекунем қафасро тамоман тарк намоем. Аммо шумо ҳақ нестед, агар фикр кунед, ки гӯё аз зиқ кардани Алёнка аз ман дида зиёдтар метарсед. Ҳар касе, ки бошад, аммо ман ҳеҷ гоҳ ӯро нагирёндаам! Петяи бофташуда каме зӯр зад ва дари қафас кушода шуд. Тӯтӣ салфеткаи донадорро аз кунҷҳояш гирифт ва бо он ба болои зертахтаи тиреза парид, баъд аз ин ба он ҷо Петя ва сагчаи якгӯшаро бурд. Парвозҳоро ба охир расонда, чӣ тавре ки ваъда дода буд, ӯ ба қафаси худ баргашт. Дар соат вақти 04:30 намоён буд. Дар кӯча гунҷшкҳои бедоршуда хурсандона чириққос заданд. Петя аз салфетка донаҳоро мегирифт ва онҳоро ба тирезаи нимроғ мепартофт. Ӯ медид, ки чӣ тавр паррандагон, ба болои хӯроки дар рӯи замин чош хӯрда парида фаромада, бесаранҷомии ҳақиқиро ба вуҷуд оварданд. Дар байни гунҷишкони дигар худи ҳамон пахмоқча ҳам буд. Ӯ, бахилӣ кардаю хӯрокро аз даҳони дигарон кашида гирифта, бо қаҳр рафиқонашро аз пеши донаҳо тела медод. Чаро ки хӯрок ниҳоят бомаза ва ғизонок буд. Ӯ ин хелашро бори аввал мечашид. Охир ин хӯроки махсуси витаминдор буд, ки аз он болҳои гунҷишк дарҳол ҳамвор шуданд ва ӯ хеле хурсандона фарёд кард! Петя аз шодӣ як қад парид, қарсак зад, хост, ки ба тарафи тирезаи нимроғ давида равад, то ки дар бари гунҷишки хушҳолшуда бошад. Аммо одами бофташуда ин корро чӣтавр кунад? Ва ҳамин лаҳза ӯ ҳис кард, ки чӣ тавр тумшуқи нарме ба пои ӯ расид. Сагча гӯши дуюми худро ба Петя нишон дод, дар он, чун бори аввал, базӯр нӯги риштае менамуд, ки бо ёрии он гӯши бофташуда ба тана часпонда мешуд. — Ту гӯши дуюми худро ҳам барои он, ки ман гашта одам шавам, фидо мекунӣ? — пурсид Петя. Сагча хурсандона сар ҷунбонд, Петяро ҳам дер розӣ кунондан лозим нашуд. Ӯ гиреҳро кушод, аз нӯги ришта сах дошт ва ба тирезаи нимроғ худро партофт. Баъд аз як дақиқа Петя дар иҳотаи селаи шавқундори паррандагон буд ва ба чашми гунҷишки сер ва қаноатманд нигоҳ мекард. Паррандагон аввал аз ин хел зада даромадани ӯ ҳатто тарсиданд ва ба ин мавҷуди нофаҳмо: ё бача, ашё — бо кунҷковӣ нигоҳ мекарданд. Гунҷишки аз ҳама далер мехост ӯро нӯл занад, аммо лаҳзаи оянда аз тарс ба шохча парида рафт. Ашёе, ки аз риштаҳо бофта шуда, ба писарбачаи хурдакак монанд буд, калон шудан гирифт ва ба писараки ҳақиқӣ табдил меёфт. Петя ҳам, вақте ки селаи паррандагони қаду басташон аз ӯ баланд, ногоҳ пару бол заданд ва, чангу ғубор бардошта, парида ба дарахтон нишастанд, камтар тарсид. Ӯ ба дастони худ нигоҳ кард ва дид, ки онҳо оддӣ, монанди дастони одам шуданд, ки пештар буданд. Петя худашро дат-даст кард ва фаҳмид, ки дар таги тиреза ҳамон хеле, ки пеш буд, истодааст. Хурсанд шуда, ӯ ба хона давида рафт, оҳиста ба хонаи худ даромад ва хоб рафт. Пагоҳӣ Алёнка барои наҳорӣ хӯрдан ба ошхона омад. — Мӯъҷиза дар элак, — шавларо ба табақ кашида истода, гуфт бибӣ, — мебинам, ки тӯтии мо Кеша дар арғунчаки худ алвонҷ мехӯрад, аммо дари қафас кушода аст. Онро кӣ кушода бошад? — Оҳ, бибиҷон, сагчаи ман дар болои зертахтаи тиреза истодааст, аммо гӯш надорад! Гӯшҳои вай куҷо шудаанд? Бибӣ ва набера дар хусуси воқеаҳои ҳайратангезе, ки дар хонаи онҳо рӯй дода буданд, фикр мекарданд, аммо ягон хел шарҳ дода натавонистанд. Алёнка шавларо хӯрд, бо худ чангак ва риштаҳоро гирифта, ба сайри гулгашт рафт. Петя, бо вуҷуди саргузаштҳои шабона, мисли ҳарвақта хест, нахорӣ кард ва ба гулгашти ҳамсоя рафт. Дар он ҷо ӯ Алёнкаро дид, ки дар харак менишаст ва барои сагчаи худ ду гӯши намерасидаро мебофт. Дар наздаш гунҷишки хушҳол меҷаст. Петя ба онҳо нигоҳ карда, дар бораи он фикр мекард, ки вуҷуд доштани бачаҳои ғӯлакандоз дошта чӣ тавр бад аст. Охир ӯ ғӯлакандозҳои худро партофт-ку. Пианино Ҳангоми танаффус Максим дар назди тирезаи долон меистод. Дар назди ӯ ду писарбача байни худ сахт баҳс мекарданд, ки кадоме аз онҳо ба Худо имони бисёртар дорад. Витя гуфт: — Ман дар як сол ду бор ба калисо меравам! — Ман бошам ҳамаи рӯзаҳоро риоя мекунам! — ҷавоб дод Костя. Витя ҷавоб гардонд: — Аммо ман хеле боз суханҳои бад намегӯям! — Падару модари ман бошанд аз кӯдакӣ ба ман ёд медоданд, ки ҳақорат накунам, калимаҳои бадро ман ҳатто намедонам! — бо ифтихор ҷавоб дод Костя. Бачаҳо то худи занги ба дарс даромадан баҳс карданд, аммо пас аз машғулятҳо ҳамроҳи бачагони дигар барои футболбозӣ ба ҳавлии мактаб рафтанд. Аз пеши футболбозони навёдгир Максим мегузашт. Ӯ ба мактаби мусиқӣ мерафт. Витя ба Костя гуфт: — Нигоҳ кун, Максим ба мусиқӣ меравад. — Мусиқӣ — ин хуб аст! — ҷавоб дод Костя. — Аммо ту, Витя, пианино навохтан метавонӣ? — Намедонам, санҷида надидаам, — китфонашро ба ҳам кашид Витя. Максим ин гапро шунид ва хандид: — Агар насанҷида бошӣ, яъне, аниқ наметавонӣ. Витя ранҷид: — Хайр, албатта, фақат як худи ту метавонӣ. Дар ин наздикиҳо пианино ҳаст? Максим пешниҳод кард: — Биё ҳамроҳи ман ба мусиқӣ меравем — дар ҳамон ҷо мебинем, ки чӣ тавр навохтан метавонӣ. Витя ва Максим ба мактаби мусиқӣ, ба синфе, ки дар он ҷо фортепяно истода буд, омаданд. Витя ба назди асбоб омад ва онро бепарвоёна кушод: — Хайр дар он чӣ садо медиҳад? — Витя пардаро пахш кард ва ба садо гӯш андохт. — Шунидӣ? Мусиқӣ! — хурсандона гуфт ӯ. Максим ҳайрон шуд: — Ин чӣ хел мусиқӣ будааст? Фақат пардаро зер кардиву халос. — Яъне, ин парда ном дорад? — Витя ба паси пианино нишаст. — дар ин ҷо чанд парда ҳаст? — Ӯ кафи дасташро аз болои тамоми пардаҳо гузаронд ва хушбахтона гуфт: — Мусиқӣ… Ман пианино навохта метавонам. Инро бинед-а, пардаро зер карду — мусиқӣ будааст! — Одамонро нахандон, — бо қаҳр гуфт Максим, — беҳтараш гӯй, ки пианиноро бори аввал мебинӣ ва акнун донистӣ, ки ин хел асбоб вуҷуд дорад. — Охир ман ҳозиракак онро навохтам-ку. Худат шунидӣ, — ба ғазаб омад Витя. — Он гоҳ номи нотаеро бигӯй, ки ҳозир навохтӣ! — хоҳиш кард Максим. — Аммо худи нота чист? — ҳайрон шуд Витя. — яъне дар он ҷо нота ҳам будааст? Яъне, сафедҳояш — пардаю, вале сиёҳҳояш — нота мебошанд? Нотаҳоро ман ҳоло пахш накардаам. Муаллимаи мусиқӣ омад ва Максим вақташро барои бо Витя баҳс кардан сарф накард. Дар паси пианино нишаста истода, Максим ба Витя гуфт: — Эҳтимол, имондориат ҳам мисли пианино навохтанат бошад. — Чаро? — худашро гум кард Витя. — Барои ҳамон, — ва ӯ суханони Витяро, ки худаш ҳангоми танаффус ба Костя гуфта буд, иқтибос овард: — «Дар як сол ду бор ба калисо меравам». Зоғ ва чӯҷа Чӯҷа аз мурғхонаи сермағали худ ба ҳавлӣ қадам монд. Офтоб равшан буд, дар болои сар говзанбӯрҳои ғафс мепариданд. Чӯҷа дар рӯи замин мегашт ва бо ким кадом сабаб хушбахт буд. Эҳтимол, аз он сабаб ки офтоб дар болои сар аст ва аз он сабаб ки говзанбӯрҳо ғунгос мезананд ва боз аз он сабаб, ки чӯҷа, ҳоло ин қадар майдаяк мебошаду аллакай чунин доно аст, ин қадар бисёр медонад: медонад, ки офтоб медурахшад, говзанбӯрҳо ғунгос мезананд. Чӯҷа тухмҳои офтобпараст, тухми гулҳо ва алафҳоро меёфт, онҳоро нӯл зада мехӯрд, бомаза буд ва ӯ мефаҳмид, ки маънои «бомаза» чист. Ба ӯ ёд медоданд, ки на фақат семичка ва тухмҳоро, балкӣ сангчаҳоро ҳам чида хӯрдан лозим аст, то ки ин сангчаҳо ғизоро дар меъда ҳал кунанд. Сангчаҳо бемаза буданд, аммо бе онҳо чида хӯрдани семичка маъно надошт. Чӯҷа ба он чиз хурсандӣ мекард, ки ӯ чунин гапдарост ва на фақат чизҳои бомаза, балкӣ чизҳои барои ҳазм кардани хӯрок фоиданок ва заруриро низ мехӯрад. Ва агар ӯ ин қадар гапдаро бошад, он гоҳ ӯ ҳақиқатан боақлак мебошад. Ногоҳ рост дар болои сараш чӯҷа садои хирросии «Қар, қар-р-р…» -ро шунид. Ин чӣ мавҷуди бефаҳмест, ки ӯ дар роҳ вохӯрд? Чӯҷа ба ҳар тараф нигоҳ кард, аммо ба ғайр аз зоғи қар-қар карда истода, дигар чизеро надид. Вай дар болои тағора менишаст, ки дар он ба хукбача хӯрок медоданд. Зоғ ҳам чӯҷаро дид ва қар-қар карда гуфт: — Махлуқи аз ин дида бефаҳмтарро вохӯрдан ҳам ғайриимкон аст! Чӯҷа қарор дод, ки ин хел сӯҳбатро давом додан аз рӯи одоб нест ва қадам зада, он тарафтари ҳавлӣ рафт, аммо зоғ, аз тағора парида фаромад ва пеши роҳи чӯҷаро гирифт: — Махлуқи бефаҳмтареро вохӯрдан ҳам ғайриимкон аст! Чӯҷа ба ҳеҷ куҷо рафтан наметавонист ва ӯ боадабона аз зоғ пурсид: — Бефаҳмтар аз кӣ? Зоғ чунон хандид, ки ҳатто шикамаш дард кард. Ниҳоят, ором шуда, зоғ гуфт: — Бефаҳмтар аз ту! Нафаси чӯҷа танг шуд, сараш чарх зад. Эҳтимол, аз он сабаб бошад, ки офтоб хеле равшан медурахшад ва говзанбӯрҳо хеле сахт ғунгос мезаданд. Ӯ аз нигоҳи таҳқиромези зоғ чунон безобита шуд, ки ба ягон ҷо пинҳон шудан хост, сарашро паст фаровард ва аз замин фақат сангчаҳоро чида хӯрдан гирифт ва тамоман аз ёд баровард, ки онҳо танҳо барои дар меъда ҳал кардани семичкаҳо лозиманд. Шиками хурдакаки ӯ вазнин шуд ва чӯҷа раҳмоварона чӣ-чӣ кард. Зоғ аз хурсандӣ механдид: — Хайр, охир ман гуфтам, ки махлуқи бефаҳмтарро ёфтан мумкин нест! Мурғ даъвати чӯҷаи ба бало гирифтор шудаи худро шунид ва дарҳол ба ёрии ӯ шитофт. Зоғро дида, ӯ болҳои худро фаххак кард ва чунон баланд қут-қут кард, ки зоғ тарсиду гурехта рафт. Модар-мурғ аз чӯҷа пурсид: — Майдаяк, чаро ту ин қадар зиқ ҳастӣ? Ягон ҷоят дард мекунад? Чӯҷа ҷавоб дод: — Шикам ва сарам дард мекунад. Боз зоғ гуфт, ки ман бефаҳм ҳастам. Модар-мурғ навозишкорона пурсид: — Аз ҳамин сабаб сари ту дард кард? — Ҳа, — ғамгинона оҳ кашид чӯҷа. Модар-мурғ навозишкорона сари писари худро бо нӯлаш сила кард ва гуфт: — Он гоҳ ту дар ҳақиқат ҳам бефаҳм будаӣ. Чӣ хел ба ҳар як зоғи пешомада бовар кардан мумкин аст? Гапи бисёреро гуфтан мегирад! Фақат ба он Касе бовар кун, ки туро офаридааст ва Ӯ тамоми мавҷудоти зиндаро хирадмандона офаридааст. Чӯҷа бо кадом як сабабе аз ин суханҳо хеле хурсанд шуд. Дар болои сар офтоби калон медурахшид! Говзанбӯрҳо ғунгос мезаданд! Чӯҷа ба рӯи ҳавлӣ қадам монд, семичкаҳоро чида мехӯрд ва хушбах буд, зеро ки дигар ҳеҷ кас ӯро бовар кунондан наметавонад, ки ӯ рафтори бефаҳмона мекунад. Шаҳри хушбахтӣ Буд набуд дар як деҳа Бадқавоқ, Бадқаҳр, Танқидгар ва Бахил буданд. Ва онҳо хеле бадбахтона зиндагӣ мекарданд. Бовар намекунед? Аммо ин дар ҳақиқат ҳамин хел аст. Охир чӣ тавр бо ин феълу хӯ хушбахт будан мумкин аст? Охир Бадқавоқ, агар аҳволи касе, ки ӯро ранҷондаст, бад намешуд, бадбахт буд. Бадқаҳр аз он чиз бадбахт буд, ки ба ҳама ва ҳар кас бадӣ карда наметавонист. Танқидгар — аз он чиз, ки на ҳар касро танқид карда метавонист ва Бахил доимо метарсид, ки касе аз ӯ дида, чизи бисёртар меёбад. Боре як мусофир аз ин деҳа мегузашт. Бахил зуд тахмин кард, ки ин мусофир камбағал аст ва ором шуд, фақат дари хонаро зичтар маҳкам кард. Бадқаҳр ба нотавонии мусофир хандиду, фикр кард, ки ин хел одамро ҳар кас ранҷондан метавонад. Танқидгар сарашро ҷунбонд: «Либосаш ҳам мувофиқи мӯд не, андомаш ҳам назарногир». Аммо Бадқавоқ барои он чиз аз мусофир ранҷид, ки ӯ ба вай аҳамият надод. Мусофир барои истироҳат кардан ба суфача нишаст. Ба назди ӯ Бадқавоқ омад ва бо овози андӯҳгин гуфт: — Ту, гӯё ки ман вуҷуд надошта бошам, гузашта рафтӣ. Ту маро ранҷондӣ, ношинос. Мусофир ба Бадқавоқ нигоҳ кард ва ҷавоб дод: — Ин тавр бошад, мебахшӣ. Бадқавоқ пурсид: — Ту ба куҷо меравӣ? — Ман ба шаҳре меравам, ки дар он ҳама хушбахт хастанд, чунки ҳар кас он чизеро, ки орзу мекунад, ба даст меорад, — ҷавоб дод мусофир ва аз суфача хест, то ки роҳашро давом диҳад. Бадқавоқ ба фикр фурӯ рафт ва қарор дод, ки бояд ин шаҳри зеборо ёбад. Он гоҳ орзуҳои Бадқавоқ амалӣ мегарданд: ҳар касе, ки замоне ӯро ранҷондааст, ҷазои сахт мегирад. Бадқаҳр сӯҳбати Бадқавоқро бо мусофир шунид ва ӯ ҳам қарор дод ба ин шаҳре, ки дар он ҷо тамоми орзуҳо амалӣ мегарданд, равад. Ниҳоят ӯ қобилияти ба ҳар касе, ки ба ӯ маъқул нест, бадӣ карданро пайдо мекунад. Танқидгар аз Бадқаҳр қафо намонд, магар ӯ метавонист ин имкониятро аз даст диҳад ва орзуи деринаашро амалӣ нагардонад — ҳамаро ба он чиз бовар кунондан, ки ҳар кас камбудиҳои зиёд дорад ва ҳамаи онҳо дар муқоиса бо ӯ, Танқидгар, арзише ҳам надоранд. Бахил ба шаҳре, ки дар он ҷо орзуҳо амалӣ мегарданд, шитоб кард, то ки ниҳоят тамоми чизҳои беҳтарин аз они ӯ ва танҳо аз они ӯ бошанд. Ва ҳамаи онҳо, Бадқавоқ, Бадқаҳр, Бахил ва Танқидгар, ба роҳ даромада истода, боварии комил доштанд, ки чизҳои мехостаашонро ба даст меоранд. Ана онҳо мераванду мераванд, ба якдигар нигоҳ намекунанд, чунки якдигарро бад мебинанд ва ҳар кадоме ба фикри худ банд аст. Бахил тамоми захираҳои роҳашро хӯрд ва Бадқавоқ ғур-ғур кард: — Ту ин қадар бахил! Ягон касро зиёфат ҳам накардӣ. Бахил ҷавоб дод: — Аммо ту чаро меранҷӣ, ки ман чизи худамро ба ту надодам? Аҷаб одами бадқавоқ будаӣ! Бадқаҳр дод зад: — Баҳс накунед! Ба шумо, ки доимо хархаша мекунед, қаҳри одам камӣ мекунад! Бадқавоқ ҳамроҳи Бахил ба Бадқаҳр дарафтоданд: — Агар ҳама туро ба ҷаҳл оранд, он гоҳ дар хона мешиштӣ! Бадқаҳри гузаро! Фақат Танқидгар гап намезад, аммо худ ба худ фикр мекард: «То чӣ андоза одамчаҳои оҷиз маро иҳота мекунанд! Бахилӣ мекунанд, меранҷанд, ҷанҷол мекунанд! Аммо ман тамоми роҳ бояд онҳоро тоқат кунам». Ногаҳон роҳ тамоман ба охир расид. Ба маънои пурраи ин сухан. Мусофирон ба лаби ҷар расиданд. Чӣ бояд кард? Дар ҷангал дарахтони баланд мерӯиданд, ҷамоат барои гузаргоҳ сохтан ба ҷустани дарахти аз ҳама мустаҳкам рафтанд. Ба кофтан-ку ёфтанд, аммо, барои ба болои ҷарӣ мондан, онро ҳоло ғалтондан ва кашида бурдан лозим буд. Аммо, агар ҳама беохир баҳс ва ҷанҷол кунанд, ин корро чӣ тавр иҷро кардан мумкин аст. Баҳсу муноқишаро ба як тараф гузоштан ва аз паи кор шудан лозим омад. Ҳама якҷоя дарахтро тарошиданд, ба назди ҷарӣ оварданд, то лаби ҷар ғелонданд, як нӯгашро ба он тарафи он партофтанд ва акнун гузаштан мумкин буд. Фақат бе чораҳои эҳтиётӣ ва алоҳида-алоҳида — хатарнок аст, таҳдиди ба поён афтидан вуҷуд дорад. Ба бадхоҳон лозим омад, ки сахт дасти ҳамдигарро гиранд ва натарсида ба болои ғӯлачӯбе бароянд, ки бо меҳнати зиёд ба даст омада буд. Оҳиста қадам мемонанд, ғами якдигарро мехӯранд, то ки ягон кас наафтад. Як нафар ба поён афтад — ҳама аз паи ӯ мераванд. Ҳама ҳалок мешаванд. Бо чунин фикр ва ҳиссиёт онҳо ба канори дигари ҷарӣ расиданд. Ниҳоят аз якдигар ҷудо шудан ва давоми роҳро алоҳида-алоҳида паймудан мумкин буд, аммо онҳо ногоҳ гиря карданд, аз хушбахтӣ якдигарро ба оғӯш мегирифтанд, ки бомуваффақият аз ҷар гузаштанд ва зинда монданд. Онҳо дигар ҷудо шудан нахостанд. Ҳамин тавр, даст ба даст роҳро идома доданд. Табассум мекунанд, охир ҳаёти навро барои худ ошкор карданд. Дер ё наздик мерафтанд, аммо ногоҳ ба дарё расиданд, ки васеъ буду гузаргоҳ надошт. Бо диққат нигоҳ карданд — дар соҳили дигар заврақ буд. Фақат як худи Бадқаҳр шино карда метавонист ва ӯ пешниҳод кард: — Ҳамаи шумо маро дар ҳамин ҷо мунтазир шавед, ман бошам он заврақро меорам. Бадқавоқ, Танқидгар ва Бахил мунтазир шуда, дар соҳил монданд, аммо Бадқаҳр ба ҳар ҳол бо як азоб то соҳили муқобил шино карда рафт, аз об баромад ва шаҳреро дид. — Тамоман наздик, дастатро дароз кунӣ, мерасад. Худи ҳамон, ки дар он тамоми орзуҳо амалӣ мегарданд. Оҳ, чӣ хел Бадқаҳр ба қафо баргаштан намехост, ҳамагӣ як қадам — ва ӯ аллакай ба мақсад мерасад. Аммо Бадқаҳр ба тарафи заврақ равон шуд, онро кушод ва ба назди ҳамсафароне, ки интизораш буданд, шино карда рафт. Аммо ҳамсафаронаш Бадқаҳрро интизор буданду ӯро муҳокима мекарданд: — Ӯ бадқаҳр бошад ҳам, агар ғарқ шавад, дили одам месӯзад. — Агар хушбахтӣ кофта ба роҳ баромада бошад, он гоҳ он қадар ҳам бадқаҳр нест. Ҳамин вақт Бадқаҳр ба соҳил расид ва ҳама бо як овоз дод заданд: «Ура!» Бахил пиҷаки худро баровард ва онро ба Бадқаҳр, ки аз заврақ мефаромад, дароз кард: — Камтар гарм шав, ҷӯра. Мусофирон дар заврақ шино мекунанд, Бадқаҳр дар бораи шаҳр нақл мекунад, аммо Танқидгар мегӯяд: — Ҳа, ту тамоман бадқаҳр не, балкӣ раҳмдили ҳақиқӣ! Моро напартофтӣ. Бадқаҳр гуфт: — Ту ҳам ягон хел танқидгар не, баръакс бачаи хуб ҳастӣ, сухани некро дареғ намедорӣ. Бадқавоқ ханда кард: — Бахил ҳам тамоман бахил не. Пиҷаки худро дареғ надошт. Бо кадом як сабабе ман ҳам аз он чиз, ки маро таъриф намекунанд, тамоман намеранҷам. Дар соҳили муқобили дарё ҳама шаҳри зебоеро диданд, ки ба он мерафтанд. Дар ин шаҳр ҳақиқатан одамони хушбахт зиндагӣ мекарданд. Аммо медонед, ки мири шаҳр кӣ буд? Ҳа-ҳа, ҳамон ношиносе, ки ба мусофирон дар бораи ин шаҳри ғайриоддӣ нақл карда буд. Маълум шуд, ки ӯ ҳам сафар карданро дӯст медорад, боз дар тамоми ҷаҳон ва ҳамаи бадбахтонро ба шаҳре, ки дар он орзуҳо амалӣ мегарданд, даъват менамояд. — Мусофирони азиз, роҳи душвор паси сар шуд, шумо чӣ хел мукофот гирифтан мехостед? — аз сокинони нав пурсид мир. — Шумо дар бораи чӣ орзу мекардед? Нобахил гуфт: — Ман аз он чизе, ки орзу мекардам, шарм мекунам. Нобадқаҳр гуфт: — Ман ҳам шарм мекунам, ки гузаштаро ба хотир орам. Нотанқидгар гуфт: — Росташро гӯям, ман ҳам шарм мекунам. Нобадқавоқ гуфт: — Аммо ман аллакай ягон чизро ба ёд овардан ҳам наметавонам. Ман чунон хушбахт ҳастам-ки! Ва ҳақиқатан, магар бо чунин феълу хӯи зебои инсонӣ, ба монанди саховатмандӣ, бехашмӣ, некхоҳӣ ва одамдӯстӣ бадбахт будан мумкин аст?