Елена Соколова СУПОРИШИ ПОДШОҲ Афсонаҳо барои кӯдакон ва калонсонон Ботинкаҳои афсонавӣ Дар мағозаи пойафзол, дар шўъбаи кўдакона, интихоби калони пойафзол буд, чӣ тавре ки мегўянд, мувофиқи табъ. Ва як ҷуфте буд, ки аз байни дигаронаш фарқ мекард. Ботинкаҳои ялаққосӣ бо сатҳи бенуқсони худ ҷило медоданд ва харидори худро мунтазир шуда истода, худашонро таъриф мекарданд: «Шумо фақат бингаред, ки мо аз чӣ гуна пўсти тунук ва қимат дўхта шудаем, чӣ тавр мо зебо, нарм ва қулай ҳастем! Мо на танҳо барои дар рўзғор ба ў хизмат кардан, балкӣ барои расондани ҳаловати фасонӣ низ таъйин гардидаем. Ва боз пинҳонӣ хабар мерасонем, ки мо на фақат ботинкаҳои оддӣ, балкӣ ҷуфти сеҳрноке мебошем, ки ба соҳибонаш барори ғайриоддӣ меоранд». Каме дуртар ботинкаҳои аз пўсти ғафс дўхташуда меистоданд ва ҳамчунин харидори худро интизор буданд. Онҳо ҳам ба одам хизмати хуб карданӣ буданд, аммо хоксорона хомўш буданд. Ботинкаҳои ялаққосӣ, ба пўстғафсҳо нигоҳ карда, танҳо оҳи ҳасрат мекашиданд: «Оҳ, дар олам ҳақиқат нест. Ана мо беҳтарини беҳтаринҳо ҳастем, аммо шуморо бошад дар навбати аввал мехаранд. Шумо моли серистеъмолед… Ботинкаҳои пўстғафс ҷавоб доданд: «Зиқ нашавед, ҷуфти меҳрубони ялаққосӣ, шумо талаботи махсус доред, шумо, албатта дер ва бомуваффақият хизмат мекунед, зеро ки инро хеле бисёр мехоҳед. Орзуҳо амалӣ мегарданд! Ба назди рафҳо харидорон омаданд — падар ва писар. Онҳо саросема нашуда пойафзолҳоро чен мекарданд. — Ана инҳо ҳамон чизи лозимианд. Дар пойҳо қулай ҳастанду намудашон ҳам зебо! Нархашон кам не, лекин мо онҳоро мегирем. Розӣ ҳастӣ Юлий? — аз писараш пурсид падар. — Розиям! — ба пойафзоли нав хурсанд шуда, тасдиқ кард писарак. Юлий қуттии дар касса бандубаст кардашударо ба даст гирифт ва хурсандона бо падараш аз мағоза баромаданд. Дар қуттӣ ботинкаҳои афсонавии ялаққосӣ буданд. Ба мағоза боз харидорони дигар даромаданд. Боз падару писар. Онҳо низ вақти зиёде ба пойафзолҳо нигоҳ мекарданд, чанд ҷуфташро чен карданд ва оқибат падараш гуфт: — Ана он чизе, ки лозим аст. Дар пойҳо қулай ва бадошт мебошанд! Нархашон ҳам маъқул аст. Ҳамин тавр не, Юрий? Писар аз пойафзоли нав қаноатманд шуда, розиёна сар ҷунбонд. Онҳо пулашро доданду аз мағоза берун баромаданд. Дар хона Юлий ботинкаҳояшро кушод ва дар рафи даҳлез гузошт. Гурбаи серпашм ба назди сокинони нав омад, дар лок ба акси худ нигоҳ кард бо нишонаи дўстӣ худро ба пушти пойафзол молид. Ботинкаҳо як ҳафта дар бари чатрҳо, шипакҳо ва ботиҳо истоданду ба ҳеҷ кас лозим набуданд, танҳо гурба барои чун дар оина дидани зебогии худ ба назди онҳо омада, онҳоро аз эҳсосоти нодаркор будан халос мекард. Ботинкаҳо тамоман зиқ шуданд, ва оқибат як рўз Юлий аз мактаб баргашта костюми зебояшро пўшид ва ба назди раф омад. Писарак шипакҳои хонагиашро бароварда, пойафзолашро дигар кард ва дар даҳлез ин тарафу он тараф роҳ рафт. Гурба ба даҳлез даромад, то ки аз рўи одат худашро ба пушти пойафзоли ялаққосӣ бимолад. Юлий бошад айнан ҳамин вақт сарашро монанди артистон боло бардошт, дастонашро ба пушташ монда думи ўро зер кард. Гурба аз дард ва ғазаб даҳшатовар чирроос зад. Ин Юлийро безобита ҳам накард. Ў бо ботинкаи ялаққосӣ думи сермўи гурбаро то дами аз хона баромадани садои ғазаболуди модараш кўфта меистод: — Юлий, гурбаро азоб надеҳ! Хайвони бечорае, ки думашро сар доданд, бо қаҳр аз озордиҳандаҳои худ дуртар гурехт. Охир вай маҳз онҳоро сабаби азобҳои худ меҳисобид. Аммо ботинкаҳои ялаққосӣ намедонистанд, ки аз шарм ба куҷо пинҳон шаванд. Охир онҳо чӣ тавр ба гурба фаҳмонда метавонистанд, ки ягон гуноҳе надоранд, ва ҳарчанд онҳо афсонгавӣ бошанд ҳам, аммо на ҳама чиз дар ихтиёри онҳост, зеро ки бояд ба иродаи соҳибашон итоат намоянд — ҳар ҷое ки ў меравад, онҳо ҳам ҳамон чо мераванд. Ҳангоме ки ботинкаҳои афсонавӣ аз эҳсоси шарм азоб мекашиданд, падар Юлийро, ки мўҳйҳои бенуқсон шоназадаву либоси олӣ ба бар дошт, бо мошин ба назди бинои дурахшоне овард. Ба зудӣ онҳо ба толори васеъ даромаданд, ки дар он ҷо дар зери мусиқии зебое ҷуфтҳои раққосон бо либосҳои хеле зебо давр мезаданд. Ботинкаҳои ялаққосӣ аз шавқ оҳ кшиданду бо пўсти худ тамоми шукўҳи муҳитро инъикос мекарданд. — Озмуни моро ҷуфти Юлий ва Олеся идома медиҳанд! — эълон карданд дар микрофон ва ботинкаҳои ялаққосӣ ҳамроҳи пойҳои раққос ба иҷро кардани ҳамин хел паҳо шурўъ карданд, ки сарҳои тамошобиноне, ки ба онҳо нигоҳ мекарданд, чарх заданд. Ҳатто вақте ки мусиқи хомўш шуд ва Юлий, шарики худро ба назди падару модараш бурда, дар байни тамошобинон ҷой гирифт, пойафзолҳои ялаққосӣ ором шуда наметавонистанд. Аз паҳлуи онҳо ҷуфти навбатӣ ба рақс мебаромад. Юлий номаълум пояшро гузошт ва писараке, ки ба маркази толор мерафт, пешпо хўрду афтид, аз паси ў шарикаш ҳам афтид. Тамошобинон оҳ кашиданд. Ҳеҷ кас намехандид, танҳо ҳамдардона оҳ мекашиданд. Ва танҳо Юлий хандаашро нигоҳ дошта наметавонист. Тамошобинон ба ў нигоҳ мекарданд, ва ботинкаҳои ялаққосиро боз шарми тоқатфарсо фаро гирифт. Ҷои хурсандиро ноумедӣ гирифт, акнун ҷуфти пойафзоли ялаққосӣ афсўс мехўрданд, ки ба озмуни раққосон омаданд, аз ҷилои худ шарм мекарданд ва чунин меҳисобиданд, ки ин кор бадии рафтори соҳибашонро фақат вазнинтар мекунад. Ва, замоне ки дар хона онҳоро ба дарунтари рафи пойафзол андохтанд, бори аввал ботинкаҳо хурсанд шуданд. Дар он ҷо, онҳо дар бари чатрҳо ғамгин шуда, хобиданд. Субҳидам ҷуфти ялаққосӣ алакай худро афсонавӣ ҳисоб намекард. «Ана корҳо чӣ хел анҷом ёфтанд… Пойафзолҳои пўстғафс ҳақ набуданд, вақте мегуфтанд, ки ман хизмати хуб мекунам. На ҳама орзуҳо амалӣ мегарданд». Гурба барои дар сатҳи локзадашуда дидани худ наомад. Ботинкаҳо, то дами ба баромади навбатӣ рафтани Юлий, чанд рўз тамоман танҳобуданд. Ва ҳама чиз такрор шуд: мусиқии зебо, рақс, қарсакҳо, шарм ва даҳшат, вақте ки дар оинаи лок на танҳо шукўҳи муҳит, балкӣ рафтори ношоистаи Юлий инъикос мешуд, ки рақибонашро пешпо медод, домани дарози куртаҳоро мекўфт ва дар зиёфати ба шарафи артистон оросташуда онҳоро, ботинкаҳоро, бо кунҷи дастархони сафед пок мекард. Дар рафи даҳлез хоб рафта, ботинкаҳои афсонавӣ фақат як чизро мехостанд: то қадри имкон дар зери кунҷи палтои дар болои онҳо овехташуда пинҳон кардани нўгҳои дурахшони худро. Аз мағоза Юрий бо ботинкаҳои нав баромад. Падараш ботинкаҳои кўҳнаи ўро дар кўча, дар назди ахлотқуттӣ гузошт — шояд, ки боз ба ягон кас лозим шаванд? Дар хона модараш интихоби падару писарро таъриф кард: — Бо пўшидан кўҳна намешаванд. Чармаш ғафс, бақувват. Тагчармиаш дўхташуда. Ботинкаҳо ҷои худро дар рафи даҳлез гирифтанд, мисли пойафзолҳои ялаққосӣ, қариб буд, ки аз таъриф дурахшанд. Онҳо дер наистоданд. Падар аз писараш хоҳиш кард, ки пакети хўроквориро ба сағирхона барад. Юра пойафзолашро пўшид ва ба роҳ баромад. Борон меборид, ботинкаҳо бо диққат кўлмакҳоро давр зада мегузаштанд, аммо ин онҳоро аз об наҷот надод. Рўи пойафзол аз сели обе, ки аз боло ҷорӣ мешуду асфалтро пур мекард, торик шуд, лекин дохилашон гарму хушк буд, пойҳо роҳат мекарданд. Сағирхона на он қадар дур буд ва Юра тез ба назди хонаи истиқоматии намудаш оддӣ омад, рақамро чинд, домофон кор кард ва дар кушода шуд. Юра ба ошёнаи охирин баромад. Он ҷо дар яке аз дарҳо лавҳае мустаҳкам карда шуда буд: «”Дарёча”, сарпаноҳ барои барои кўдакони бехонумон». Дар ин ҷо ўро ҳамчун дўсти дерина пешвоз гирифтанд: кўдакон ва мураббия бо саломи хурсандона ўро иҳота карданд. Онҳо барои хўрокворӣ ба Юра миннатдорӣ мекарданд, вале баъзе тарбиягирандаҳо дод мезаданд: — Юра, биё, биё бо мо бозӣ кун! Коляи ҳаштсола аз ҳама устувортар буд. Ў аз дасти меҳмон дошта гирифт ва ба хонаи бозӣ кашида бурд. Юра бисёр илтимос накунонда, ботинкаҳои таршударо баровард ва ҳамроҳи тўдаи серғалоғула ба он ҷое, ки бозичаҳо буданд, рафт. Аз конструктори калон онҳо пойгоҳи кайҳонӣ месохтанд. Кўдакон зиндагии кайҳоннавардонро дар он ба таври хеле ҷиддӣ ба нақша гирифта буданд: ин ҷо гаражи капсулаҳои парвозкунанда мешавад; дар ин ҷо майдончаи роботҳоро месозем, ки барои таҳқиқот хок ҷамъ мекунанд; ана дар ин ҷо кайҳоннавардон хоб мераванд… — Ва боз толори калони рақсро сохтан лозим аст! — хурсандона фарёд кард Коля. — Ту чӣ, охир ин кайҳон аст-ку! Дар он ҷо рақс нест! — эрод гирифтанд боқимондаҳо. — Аммо дар стансияи мо мешаванд. Ин хеле зебо аст… Вақте ки ман калон мешавам, — гуфт Коля, — кайҳоннавард мешавам ва рақс мекунам. Аз ҳама хубтар. — Хести, ки хобат! Орзуҳо амалӣ мегарданд, аммо фақат дар афсонаҳо, — нармдилона гуфт яке аз бачаҳои сағирхона. Вақте ки Юра ба хона бармегашт, борон тамом нашуда буд. Аммо Юра шитоб накарда мерафт, дар дилаш барои кўдакони сағирхона ва барои онҳое, ки монанди ин кўдакон, ба хўрок, либос ва ғамхорӣ эҳтиёҷ доранд, дуо мегуфт. Ва боз барои Коля, то ки орзуи ў амалӣ гардад. Пойҳо дар гармӣ буданд, зеро ки ботинкаҳои пўстғафс бо об хуб мубориза мебурданд, обро намегузаронданд. Се моҳ нагузашта Юлий ба волидонаш гуфт, ки ботинкаҳои рақсии ў фарсуда шудаанд. Падараш ҷуфти ялаққосиро аз раф гирифт ва, бодиққат онро аз назар гузаронда, гуфт: — Охир онҳо нав баринанд. Юлий таслим намешуд: — Нав ҳастанд? Нав — яъне мўдшуда, аз феҳристи охирин. Аммо инҳо — рўзи гузаштаанд, яъне, аллакай кўҳна шудаанд. Модар фақат нолиш мекард: «Охир ту онҳоро ҳамагӣ якчанд маротиба пўшидаӣ». Худи ботинкаҳо дар бораи корношоямиашон шунида, хеле зиқ шуданд. Наход, ки онҳо, ҳамин хел ялаққосӣ, ҷилодор, афсонавӣ, ба ҳеҷ кас лозим намешуда бошанд? Наход, ки онҳоро мепартофта бошанд? Ботинкаҳо қариб ки гиря мекарданд. Волидон бо писар ягон чизро ҳал накарда, рафта хоб рафтанд. Субҳидам падар эълон кард: — Хуб, писарам, ман ба ту ботинкаҳои нав мехарам. Аммо бо шарте, ки ту барои онҳо кор мекунӣ. Юлий қариб буд аз хурсандӣ қарсак занад, аммо пешомади коркунӣ ўро ғамгин мекард: «Боз чӣ кор кардан лозим аст?» — Ту дар консерти хайриявӣ иштирок мекунӣ. Ман эълонро дидам, ки қасри Маданият ҳамин хел консерт барпо мекардааст ва маблағашро ба сағирхонаи «Дарёча» мегузарондаанд». — Дар қасри маданият рақс кардан? Фу! Ман дар саҳнаҳои беҳтарин кор кардаам, ҷоизадори конкурсҳо шудам ва баъд аз ҳамаи ин қасри маданият! — таҳқиромез гуфт Юлий. — Чаро ки ҳунармандони касбӣ дар ин консерт иштирок намуданро айб намешуморанд, баръакс, хеле кўшиш мекунанд, ки ба он ҷо раванд. Ба барнома нигоҳ карда, худат боварӣ ҳосил кун. — Хайр, агар ҳатто касбиҳо он ҷо бошанд… — андеша карда, гуфт Юлий — он гоҳ ман, эҳтимол, розӣ ҳастам. Толори консертии қасри ноҳиявии маданият пур буд. Кўдакони сағирхонаи «Дарёча» дар қатори пеш нишаста буданд. Ҳамроҳи онҳо одамоне нишаста буданд, ки монанди Юрий ва падари ў ба онҳо ёрӣ мерасонданд. Юлий бо костюми олиҷаноб ва ботинкаҳои ялаққосӣ дар паси парда барои баромад кардан тайёрӣ медид. Дар бараш шарики ў Олеся бо куртаи дилрабое истода буд. Баранда баромади ин ҷуфти рақсиро эълон кард ва ботинкаҳои ялаққосӣ бо садои мусиқии мафтункунанда ба рақс даромаданд. Пойафзолҳои ялаққосӣ тез чарх мезаданд, аммо ин халал нарасонд, ки онҳо ошноҳои деринаи худро шиносанд — ботинкаҳои пўстғафсро, ки дар қатори пеш бароҳат ҷой гирифта буданд, онҳо дар пойҳои писараке буданд, ки чашмони меҳрубон дошт. Ботинкаҳои пўстғавфси Юрий ҳам дарҳол пойафзолҳои ялаққосиро, ки замоне дар мағоза онҳоро бо ҳавас тамошо мекарданд ва бо онҳо дўстона сўҳбат меоростанд, шинохтанд ва акнун аз муваффақияти онҳо шод буданд. Вақте ки баромад ба охир расид ва раққосҳо таҳти чапакзаниҳо ба таъзим баромаданд, ботинкаҳои Юрий ба ботинкаҳои Юлий самимона сар ҷунбонда, гуфтанд: — Шумо олиҷанобед. Ботинкаҳои ялаққосӣ гўё ки аз дард бошад чиндор шуданд ва тез-тез ғурунгос заданд: — Ин қадар олиҷаноб намебудем беҳтар мешуд. Ҳоло рўзи охирини мост. Моро мепартоянд, лекин чӣ тавр ба одамон хизмат кардан мехоҳем! — Рўҳафтода нашавед, мо ягон илоҷ меёбем! — дилбардорӣ карданд пойафзолҳои пўстғафс. Дар паси парда Юлийро падараш бо қуттиие интизор буд. Дар он ҷо пойафзолҳои ваъдашуда аз феҳристи нав буданд. Юлии хурсанд саросемавор пойафзоли навашро пўшидан гирифт ва дид, ки ба ў ду писараки ношинос наздик мешаванд. — Номи ман Юра, ин бошад Коля, ў тарбиятгирандаи сағирхонаи «Дарёча» аст, — гуфт яке аз омадагон. — Ба мо баромади шумо ва Олеся маъқул шуд. Махсусан ба Коля, ки орзу мекунад мисли шумо хуб рақс карданро ёд гирад. Шумо ба ў ягон маслиҳат дода метавонед? Юлий фақат як пойафзолашро дигар карда буд ва ҳис кард, ки ҳамон пойафзоли кўҳнаи ялаққосӣ ногоҳ пояшро фишор дод. Ў ба писараке, ки бо чашмони аз ҳайрат кулўлашуда интизори ҷавоб шуда, ба Юлий менигарист, бодиққат нигоҳ кард ва сабабашро худаш ҳам надониста, гуфт: — Ман пойафзоле дорам, ки барор меоранд. Онҳо афсонавианд. Касе, ки онҳоро пўшад, раққоси хуб мешавад. — Юлий ботинкаи дуюмашро ҳам баровард ва ҷуфт карда, ба писарак дароз кард: — Гир, ман онҳоро ба ту тўҳфа мекунам. Ҳеҷ кас надид, ки ҳамин вақт пойафзолҳои пўстғафс ба пойафзолҳои ялаққосӣ чашмак заданду пойафзолҳои ялаққосӣ бошанд аз хушбахтӣ дурахшиданд. Ягон кас инро пай набурд, зеро ки ҳамаи атрофиён хушбахт буданд: Юра ва Юлий, падарони онҳо ва писарак Коля аз сағирхона. Даманҳо Даманҳо — ҷонваракони хурде мебошанд, ки дар кўҳсор зиндагӣ мекунанд. Боре баҳорон, вақте ки дар қуллаҳои кўҳ обшавии барфҳо сар шуд, об мисли дарё паҳн гашт ва бо ҷараёни худ се даманро гирифта бурд. Онҳо ба ин хел ҳодиса тайёр набуданд ва ҳатто фурсате ҳам наёфтанд, ки ягон касро ба ёрӣ ҷеғ зананд. Коре, ки ҷонваракони аз офат зарардида карда тавонистанд: — аз пўстлоқи калоне дошта гирифтан буд, ки хушбахтона аз назди онҳо мегузашт. Дар соҳил санҷобаке чаҳида мегашт. Ў ҷонваракони ба бадбахтӣ гирифторшударо дид ва чӣ тавр ёрӣ расонданашро надониста, аз паси онҳо дар соҳил медавид. Барои каме ҳам бошад дилбардорӣ кардани онҳое, ки бо об мубориза мебурданд, ба онҳо дилсўзона фарёд кард: — Шояд, ки шумо чормағз мехоҳед? Метавонам камтар диҳам. Даманҳо аз ғазаб чашмонашонро ало карданд ва санҷобак ба дарахти наздиктарин ҷаста баромад, ки ба зудӣ аз назар ғоиб шуд. Он гоҳ даманҳо фаҳмиданд, ки наҷоти онҳо ба худи онҳо вобаста аст ва фикр карданд, ки чӣ тавр наҷот ёбанд. Яке аз ҷонваракон аз хунукӣ ларзида, гуфт: — Биёед якдигарро медорем, вагарна дар алоҳидагӣ ҳама ҳалок мешавем. Ҳар дуи шумо аз думи ман гиред ва сахтакак доред. Ду даман бо панҷаҳои часпакашон аз думи рафиқи ҳамтақдири худ доштанд ва ў, аз лаҳзае, ки порчаи пўстлоқ аз таги шохаҳои маҷнунбеди дар рўи об овезоншуда мегузашт, истифода бурда, бо тамоми қувва ҷаҳид ва як шохаро маҳкам дошта гирифт. Ду дамани дигар, аз ин гуна барор истифода бурда, ба шохаҳои дигар париданд, ана ҳамин тавр ҳамаашон ба воситаи дарахт ба соҳил гузаштанд. Онҳо дар зери офтоби форам хеле хушк ва гарм шуда хоб рафтанд ва замоне ки оқибат ба худ омаданд, ба сўи хона, ба он тарафе, ки об онҳоро аз он ҷо оварда буд, раҳсипор шуданд. Вақте ки даманҳо ба зодгоҳи худ наздик шуданд, аз ғорчаҳо ҳамқабилаҳояшон ба истиқболи онҳо баромаданд. Онҳо сухани якдигарро бурида дод мезаданд: — Чӣ хел хурсандӣ! Нигоҳ кунед, дўстони мо баргаштанд! Ин иди ҳақиқи буд. Даманҳои наҷотёфтаро ҳамчун қаҳрамонҳо пешвоз мегирифтанд. Санҷобак аз болои дарахт ба хурсандии серғалоғула хеле нигоҳ кард ва аз зоғи пир, ки ҳодисаи рўйдодаистодаро бодиққат тамошо мекард, пурсид: — Охир аслан чӣ шудааст? Чаро онҳоро ҳамчун қаҳрамон пешвоз мегиранд? Ин даманҳо чӣ кори бузургеро анҷом додаанд? Зоғ ба санҷоб нигоҳ кард ва, оҳ кашида, ҷавоб дод: — Онҳо наҷот ёфтанд. Ҷавоб, на ин ки ба саволдода, балки бисёртар ба худи ў дахл дошт. Ҳуҷраи рўҳшинос Дар назди хуҷраи рўҳшинос навбат буд. Он аллакай пеш аз вақти қабул ба вуҷуд омада буд. Ҳамин ки рўҳшинос ба ҷои кории худаш нишаст, ҷавони ситорагарме бо либоси қиматбаҳо ва мувофиқи баданаш дўхташуда даромад. Рўҳшинос дар паси мизи калони хатнависӣ менишаст. Бемор, худро каме ба қафо партофта, пойҳояшро рў ба рў гузоштаву бо ангуштони ба ҳам часпида зонуҳояшро дошта, дар роҳаткурсии муқобил менишаст. — Ман шуморо бодиққат гўш мекунам, — гуфт соҳиби ҳуҷра. — Шумо мефаҳмед, мушкилӣ дар он аст, ки ҳангоми дар паси мизи қаҳвахона дар назди ман бо бачаҳои худ нишастани ягон кампираки бечора, иштиҳои ман баста мешавад. — Эҳтимол, шумо онҳоро зиёфат карданӣ мешавед ва намедонед, ки чӣ тавр ба онҳо хубтар карда, дар ин бора гап занед? Бемор абрўвонашро чин, даҳонашро бурма кард ва тез ғурунгос зад: — Не, ба фикрам не. — Баъд оҳиста ҷавоб дод: — Ба фикри ман барои камбағалон ва бойҳо бояд ҷойҳои алоҳида мавҷуд бошанд. — Ҳа, мушкилии ҷиддӣ, — тасдиқ кард рўҳшинос. — Шумо худбаҳодиҳии баланд доштаед ва ман мебинам, ки ҳалли масъала чунин аст: ҳар саҳар пеш аз хўрокхўрӣ Нома ба Филиппиёнро хонед, махсусан ояти сеюми боби дуюмро: «…ҳар яке дигареро аз худ болотар бишмаред». Ояти шонздаҳуми боби дувоздаҳи Нома ба Румиён ҳам беҳтар мешавад: «…худро бисёр доно нагиред ва ба хоксорон пайравӣ намоед; хаёлпараст набошед…». Бемор бо нобоварӣ ва умед ба мутахассис нигоҳ кард ва пурсид: — Ба фикратон, ин ёрӣ мерасонад? — Ба ҳар ҳол, ин барои шумо имконият аст. — Ташаккуур, ман санҷида мебинам, — изҳор кард муштарие, ки ҷуръаташ ба куҷое ғайб зада буд. Бемори дигар аз остона фарёд кард: — Шумо дар даҳлез навбатро мебинед? Чаро одамонро мунтазир мекунед? Қабул тезтар гузаронед намешавад? — Шинед, — ба одами жўлидамўй боодобона пешниҳод кард соҳиби ҳуҷра. — Ба ғайр аз ин шуморо боз чӣ безобита мекунад? — Ҳамсояҳои ман. Маро ҳамсояҳои ман безобита мекунанд. Онҳо ба назди шумо омадан намехоҳанд. — Аммо ба фикри шумо, ин ба онҳо зарур аст? Бемор нидо кард: — Ба онҳо хеле пештар ба назди шумо омадан зарур буд! Онҳо талаби маро қатъиян рад мекунанд. Охир якравиро ягон хел карда табобат намудан лозим аст! Рўҳшинос оҳ кашид, оҳиста гулў афшонд ва гуфт: — Ҳолати вазнин, ман гоҳ-гоҳ ин хел маслиҳат медиҳам, аммо ин ба шумо зарур аст. Пеш аз хоб ояти панҷуми боби панҷумро аз Номаи якуми Петрус хонед: «…Худо ба мағрурон муқобилат мекунад, аммо ба фурўтанон файз мебахшад». — Маслиҳат ба ман аст? — Ба шумо. — Ба ҳамсояҳо чӣ? — Ба фикрам, ҳама чиз худ ба худ ба тартиб медарояд. Аммо ба ҳуҷра аллакай бемори дигар даромада истода буд: — Илтимос, бубахшед, ки вақти қимати шуморо мегирам, мефаҳмам, ки шумо чӣ тавр банд ҳастед, лекин марҳамат карда маро гўш мекардед… Рўҳшинос маҷбур шуд ва хоҳиш кард, ки ин ҷавон ба роҳаткурсӣ шинад. Баъд аз он, ки вай сухани бесару нўги ўро бодиққат гўш кард, гуфт: — Шумо аз худбаҳодиҳии паст азият мекашед. Илтимос, саҳарҳо Нома ба Ғалотиён, боби се, ояти бисту шаш: «Зеро ки ҳамаи шумо аз рўи имон ба Исои Масеҳ фарзандони Худо ҳастед…» ва Номаи якум ба Тасолуникиён, боби панҷум, ояти панҷумро хонед: «Зеро ки ҳамаи шумо — фарзандони нур ва фарзандони рўз ҳастед…» Ба ҷои ҷавони беҷуръат зани солхўрдае омад. — Ман хеле азоб мекашам, — гуфт ў. — Ба фикри шумо сабаби ин азобҳо дар чист? — Ман чизеро мехоҳам, ки дигарон доранд. — Яъне шуморо ҳасад азоб медиҳад? — тахмин кард рўҳшинос. Бемор чашмонашро поён кард ва оҳиста гуфт: — Ман инро ин тавр номидан намехостам. — Аммо агар мушкилиро нодуруст муайян намоем, он гоҳ аз он раҳо ёфтан ҳам имконнопазир мешавад. Бемор оҳ кашид ва гуфт: — Хайр, шумо ҳақ ҳастед, ман фикр мекунам, ки ҳолати ман дар ҳақиқат ба ҳасад наздик аст. — Ин ислоҳшаванда аст. Илтимос, то аз хона баромадан ояти нўҳуми боби сездаҳро аз Нома ба Румиён хонед: «… моли касро маталаб…» Бемор барои маслиҳат ташаккур гуфт ва бо фикру хаёл баромада рафт, аммо ба ҳуҷра якдигарро тела дода, якбора ду беморе даромаданд, ки чун бародарони дугоник ба якдигар монанд буданд. Якеаш бо тамоми қувват ба дигараш дод мезад: — Илтимос, гўед, ки мо чӣ кор кунем? Мо якдигарро тамоман бад мебинем. Охир мо дар осмонҳо чӣ тавр созиш мекарда бошем? — Оҳ, ба шумо комилан ғам хўрдан лозим нест: ягон нафари шумо, — ба ҳар яки онҳо муроҷиат намуд рўҳшинос, — дар он ҷо нахоҳад буд. Дугоникҳо бо як овоз фарёд заданд: — Аммо ин ба мо маъқул нест! — Он гоҳ аввал кўшиш карда ояти понздаҳуми боби сеюмро аз Номаи якуми Юҳанно хонед: «Ҳар касе, ки бародари худро бад мебинад, одамкуш аст…» Беморон бо як овоз гуфтанд: — Бубахшед, ин суханҳоро ҳатто талаффуз кардан даҳшатовар аст. — Лекин онҳо ба ҳақиқат хеле наздиканд, — буд ҷавоб ба онҳо. Аз ҳуҷра берун баромада истода, бародарон-дугоникҳо ба якдигар роҳ медоданд. Рўзи кории рўҳшинос ба охир мерасид, даҳлезе, ки каме пештар пури одам буд, холӣ шуд. Танҳо дарро пўшондан лозим буду халос, аммо ҳамин вақт худи ҳамон ҷавони ситорагарме, ки имрўз якум қабул карда шуда буд, давида даромад: — Мебахшед, ки вақтатонро мегирам, аммо як савол боқӣ мондаааст: вақте ки ман шифо меёбам, боячд чӣ кор кунам? Чӣ тавр дубора бемор нашавам? Чӣ тавр сироятнопазириро мустаҳкам намоям? Рўҳшинос, калиди қулфро тоб дода истода, ҷавоб дод: — Витамин хўред. — Кадомашро — Доимо хурсанд бошед, беист дуо гўед. Ва боз навишта шудааст: «…шумо маъбади Худои зинда ҳастед», — имрўз маслиҳати охирини рўҳшинос ҳамин буд. Гунҷишк — Ту ҷазо дода мешавӣ! — гунҷишк ба фотимачумчуқ, ки аз таги бинии ў донаеро дуздида бурд, таҳдид кард. Фотимачумчуқ донаро шикаста хўрд ва парида рафт. Гунҷишк тамоман ором шуда наметавонист. Ў ин донаро дар муҳорибаи ҳалол аз кафтари пир кашида гирифта буд, аммо кадом як фотимачумчуқ моли ўро дуздид! Гунҷишкак сахт пару бол мезад, дар болои гулгашти боғ худро ба ҳар тараф мезад, оқибат, хаста шуд ва ба шохаи сафедори пире нишаст. Ҳалқи гунҷишк қоқ шуд, нўшидан мехост. Дар поён кўлмаке метофт. Гунҷишк ба поён парвоз кард. Ў намедонист, ки дар ин кўлмак об набуд, бо шитоб ба он парида даромад ва… ба даруни қатрони гудохташуда афтид. Бинокорон бомҳоро таъмир мекарданд ва пас аз кор ҷои худро ба тартиб надароварда будаанд. Панҷаҳои паррандаи бечора ба қатрон сахт часпида монданд. Аввал гунҷишк кўшиш кард, ки зўр зада барояд, аммо зуд фаҳмид, ки ин имконнопазир аст ва ором шуд. Аз болои кўлмаки қатрон кафтари пир парида гузашт ва гунҷишкро дида, дилаш ба ў сўхт ва қарор дод, ки ба ў ёрӣ расонад. Дар боғ кўдакон сайр мекарданд, пеши ҳамин хел як кўдаки сайркардаистода кафтар ба замин фаромад. — Очаҷон, очаҷон, — ҷеғ зад писарак, — нигоҳ кун, кафтари бечораи захмдор! Чӣ хел ў мелангад, биё панҷаашро мебандем. Модар хост, ки кафтарро ба дасташ гирад, аммо вай тез ба як тараф ҷаҳид. Ў боз кўшиш кард кафтарро бардорад, аммо вай боз ба як тараф парид. Ана ҳамин тавр зан ва кўдак то вақти ба қатрони гудохташуда наздик шудан дар роҳрав ҳаракат мекарданд, ки дар он ҷо гунҷишк ҳалок шуда истода буд. — Гунҷишки бечораро дидан замон, — Ана ин ҳилагар моро ба куҷо оварданӣ будааст! — гуфт модари кўдак. Паррандаро аз қатрон кашида бароварданд ва ў, озодиро ҳис кард, ба сафедори пири баланд парида рафту аз дасти наҷотдиҳандаи худ халос хўрд. Панҷаҳои чиркинаш часпак ва баднамо буданд. Барои тоза кардани онҳо гунҷишк дар болои шоха паридан гирифту аз паси худ пайҳои чиркин мегузошт. Дар шохаи ҳамсоя зоғе менишаст ва ин париданҳоро тамошо карда, механдид. Гунҷишк бо хашм дод зад: — Ман — мегиряму ту механдӣ? Зоғ парида рафт, аммо гунҷишки ғазаболуд то бевақтии бегоҳ рафтори ношоистаи ўро маҳкум мекард. Офтоб дар паси дарахтони баланд пинҳон шуд ва гунҷишк, болу парашро фаххак кард, аз шохаи сафедори пир сахтакак дошт ва хоб рафт. Вай барвақт бедор шуд ва худро дамгирифта, бардаму хурсанд ҳис кард. Айнан вақти ба ҷустуҷўи ризқу рўзӣ рафтан буд. Дар назди хараки боғ писараке ба паррандаҳо нонреза медод. Гунҷишк ба маркази бозори серғалоғулаи паррандагон парида фаромад ва чолокона пораҳои бамазаро аз таги бинии кафтарони лаванд рабудан гирифт. Писарак партофтани нонро бас кард ва ба андеша фурў рафт, ки чӣ тавр паррандаи бешармро пеш кунад. Охир зиёфат на танҳо барои як худи вай буд! Ў ба тарафи дигар тоб хўрд, аммо дар ҳама ҷое, ки вай нонрезаҳоро мепартофт, якум шуда гунҷишки бешарм пайдо мешуд. Писарак кепкаашро аз сараш гирифт ва гунҷишкро дошт. Гунҷишк дар таги кепка даҳшатнок чириққос мезад ва инро зани солхўрдае, ки аз назди харак мегузашт, шунавид. Ў истод ва ба писарак гуфт: — Магар паррандаро ин тавр азоб додан мумкин аст? Ту нонро ана барои ҳамин, барои ба дом афтондани вай овардӣ? — Ин парранда тамоми паррандаҳои дигарро гурусна мононд. Бигузор то сер шудани дигарон дар зери кепка шинад, — ҷавоб дод писарак. — Паррандагон қонуни худро доранд, худашон ҳал мекунанд. Асиратро сар деҳ, ўро азоб надеҳ. Писарак кепкаашро бардошт ва гунҷишк бо ҷаҳл чириққос зада, ба ҳар тараф паридан гирифт: — Нонрезаро аз ман дареғ доштанд! Ба ин паррандагони баднафс нигаред! Танҳо дар бораи худашон фикр мекунанд! Охир чаро ҳама нисбати ман беадолатӣ мекунанд?! Охир чаро ман ҳама вақт ба ҳар гуна ҳодисаҳо рў ба рў мешавам?! Пас аз як дақиқа гунҷишк аллакай дар шохаи сафедори пир нишаста буд, ки ногоҳ касе оҳи вазнин кашид. Вай тарсида, ба чор тараф нигоҳ кард, аммо ҳеҷ касро надид. Наход ки сафедори пир ин хел овоз бароварда бошад? Гунҷишк ҳатто тасаввур карда наметавонист, ки дарахт оҳ кашида метавонад. Илова бар ин, сафедор ногоҳ гап ҳам зад: — Паррандаи содда, ту мепурсӣ, ки чаро дар ҳаёти ту ин қадар нохушиҳо ҳастанд? Ба худат нигоҳ кун. Ту чӣ кор мекунӣ? Ту шохаҳои маро харошидӣ, маро бо қатрон олуда кардӣ, ту ҳама вақт маро бо чириққосзании бемаънии худ нороҳат мекунӣ, аммо ман ҳар дафъа дар зери шоху баргам ба ту паноҳ медиҳам ва интизор мешавам, ки кай ту боақлу меҳрубон мешавӣ. Кай фақат дар бораи худат фикр карданро бас мекунӣ? — Охир ман барои ту чӣ кор карда метавонам? — ба ваҳм афтода пурсид гунҷишк ва, ҷавобро интизор нашуда, дар гирди сафедор болу пар задан гирифт ва паррандагони дигарро аз пеши вай меронд, то ки дарахтро аз нотинҷӣ халос кунад. Гунҷишк хушбахт буд, оқибат ба вай муяссар гашт, ки кори хайр кунад. Баъд ў ба ахлотпартояк рафт ва аз он ҷо наворҳо ва латтачаҳоро оварда, онҳоро дар шохаҳои сафедор часпондан гирифт — ин аломати огоҳкунанда буд, то ки паррандаҳо ба шохаҳо нашинанду онҳоро ифлос накунанд. Гунҷишк тамоми рўз давуғеҷ мекард, аммо сафедор доимо кўшиш мекард, ки ба гунҷишк як чизи муҳимро гўяд, вале ин ба ў муяссар намешуд. Гунҷишк чунон банд буд, ки вақти гўш кардан надошт, вай фақат мепариду мепариду мепарид. Баъд ў қарор дод, ки сафедор нўшидан мехоҳад ва аз назди кўлмаки наздиктарин ҳамаи паррандагонро пеш карда, гуфт, ки об барои сафедор зарур аст ва танҳо дар бораи худ фикр кардан дуруст нест. То расидани торикӣ гунҷишк дар нўлаш об меоварду ба сафедор об медод ва қарибиҳои шаб, вақте ки аз дасту по монд, дар паноҳи шоху барги дарахти пир хоб нарафту, барои ба сафедор ягон кори дилписанд кардан, ба тамоми норасоиҳову азобҳо пурра тайёр шуда, дар байни буттаҳои хордор пинҳон шуд. Саҳарии барвақт гунҷишк бо ҳисси хастагӣ аз хоб бедор шуд, аммо боз тамоми рўз ба сафедор об доданӣ шуда, ба даводав даромад. Ба амалӣ гаштани ин нақшаҳо абри калону вазнине, ки борони сахтро овард, халал расонд. Дар як лаҳза боғ пури об шуд. Гунҷишк худашро гум кард. Ў то нўги пару бол тар шуд ва ҳамаи ин аз сабаби он буд, ки вай дар бораи худаш фикр накарда, танҳо ғами сафедори пирро мехўрд. Паррандагони дигар худро хеле беҳтар ҳис мекарданд, чунки дар шохаҳои дарахтони боғ бомуваффақият паноҳ бурда буданд. Гунҷишки оҷизу тар ба лабаки шохаи сафедори пир нишасту гиря кард: — Чаро ҳама чиз аз рӯи инсоф нест? Онҳо меҳнат накардаанд, дар бораи касе фикр накардаанд, аммо хушку қаноатманд нишастаанд. Ман бошам рўзи дароз заҳмат кашидам, ҳатто як маротиба ҳам дар бораи худ фикр накардам, вале тамоман тар шудааму гиря мекунам. Сафедор оҳи вазнин кашид ва гуфт: — Ман хушбахтам, ки барои паррандагон паногоҳгоҳ шуда метавонам. Ман хушбахт ҳастам, ки панҷҳои чўчачаҳои бетаҷриба маро харошидаанд. Ба ман маъқул аст ҳамон чизе бошам, ки ҳастам ва боз ба ман маъқул аст, ки ту барои дар шохаҳои ман паноҳ бурдан баргашта меоӣ. — Ман барои ту чӣ кор кунам? — ғамгинона чир-чир кард гунҷишк. — Фақат зиндагӣ кун. Фақат дон, ки ман доимо аз ту хурсандам, — ҷавоб дод сафедор. Гунҷишк ба шохаи аз ҳама қулайтар нишаст, парҳояшро дар зери офтоби аз паси абрҳо намоёншуда паҳн кард, то ки вай онҳоро хушк кунад. Дар поён паррандагон дар ҷустуҷўи хўрока давуғеҷ мекарданд. Гунчишк ба онҳо нигоҳ мекард ва дар сари ў дигар фикри аз таги бинии касе рабудани пораи бомазза пайдо намешуд. Ў чизеро ба касе исбот кардан ва илова бар он даводави бемаънӣ кардан намехост. Ў танҳо хурсанд буд, ки ҳамин гуна аст ва касе ўро ҳамон хеле, ки ҳаст, қабул мекунад. Ҷашн Игор ба фикр фурў рафта, дар балкон меистод. — Агар танҳоии туро вайрон кунам ҳеҷ чиз намешавад? — аз хона овози падараш садо дод. Игор хурсанд шуд, ки андешаҳояшро бо падараш муҳокима карда метавонад. — Ман дўстонамро хурсанд кардан ва барои онҳо ҷашне оростан мехоҳам — гуфт ў. Падар, худат медонӣ, ки ман дар мактаб чӣ қадар рафиқ дорам ва онҳо чӣ хел одамони хуб ҳастанд. Онҳо сазовори ҷашн мебошанд. Падар табассум кард: — Ман бошам туро хурсанд кардан мехоҳам: дар ҳама кор ба кўмаки ман умед баста метавонӣ. Игор ҷузъиёти ҷашнро бо тамоми нозукиҳояш фикр карда баромад: ороиши даъватномаҳо ва зебу зиннат додани толор, намуди рўшноӣ, мусиқӣ, ранги дастарҳонҳо ва сачоқҳо, намуди дегу табақ ва анвои зиёфатро. Макони баргузоршавии ҷашнро падару писар якҷоя интихоб намуда, дар яке аз зеботарин биноҳои идонаи шаҳр таваққуф карданд. Барои меҳмонон тўҳфаҳои ғайричашмдошт ва барои онҳое, ки дар озмун ва викторинаҳо иштирок кардан мехоҳанд, мукофотҳо тайёр карда шуданд. Дар вақту соати муайяншуда ҳама чиз тайёр буд. Танҳо тортро, ки Игор махсус барои ҷашн фармоиш дода буд, овардан лозим буд. — Аз ўҳдаи ин кор бе ман ҳам мебароӣ, — гуфт падараш. Игор фикр кард ва фаҳмид, ки ба ҳар ҳол бе ёрдами касе кораш буд намешавад ва бинобар ин аз ду нафар дўстонии наздики худ хоҳиш кард, ки барвақттар оянд. Дўстон бо хушнудӣ розӣ шуданд. — Ман фақат барои торт меравам, ба зудӣ меоям ва мо дарҳол ҷашнро сар мекунем, — гуфт Игор. Ў навакак рафта буд, ки яке аз паси дигар меҳмонони бетоқат ҷамъ шудан гирифтанд. Дўсти беҳтарини Игор гуфт: — Нигоҳ кунед, ҳама чиз барои ҷашн тайёр аст, меҳмонон ҳам аллакай дар ҳамин ҷо. Аммо Игор чӣ? Баромада рафт, гуфт, ки зуд меояд, вале ин мафҳуми духура аст. Биёед ўро интизор намешавем. Дўсти дигари наздикаш дастгирӣ кард: — Ман розӣ. Охир Игор ҳамаи инро на барои худаш, балки барои меҳмонон барпо кардааст. Аз ин рў сар мекунем, то ки меҳмонон зиқ нашаванд. — Ва ба ҷамъомадагон муроҷиат намуд: — Дўстони азиз, ҷашн оғоз меёбад! Меҳмонон бо омодагӣ дар паси мизҳо нишастанд ва тантанаро сар карданд. Бисёриҳо ҳатто намедонистанд, ки ҷашнро кӣ ва бо кадом сабаб ташкил кардааст, чунки ягон кас ба онҳо чизеро нафаҳмонда буд. Игор бо торт баргашт. Аз дур ў садои мусиқиро шунид ва дид, ки дарҳои толори ҷашн қулф карда шудаанд. Ў хеле дарро кўфт, аммо ҳеҷ кас онро накушод. Оқибат посбон баромад ва пурсидан гирифт, ки кӣ ва барои чӣ дарро мекўбад. Дўстони хушвақт берун баромаданд, пурсиданд, ки чӣ мушкилист ва, Игорро дида, ба посбон фармон доданд: — Роҳ диҳед, ў аз они худӣ! — Баъд олиҳимматона ба Игор пешниҳод карданд: — Ҳамроҳ шав! Ин ҷо ҳама чиз хеле хуб аст! Игор дид, ки чӣ тавр мукофот ва тўҳфаҳоро кашонда мебаранд. Бе озмун ва викторина. Дид, ки дар атрофи сабадҳои тўҳфаҳои бо меҳр тайёр кардашуда чӣ гуна талотум ҳукмфармо аст. Бетартибӣ танҳо пас аз холӣ шудани сабадҳо ба охир расид. Ў зиқ шуд. Худи ҳамин лаҳза яке аз дўстони беҳтаринаш давида омад ва хурсандона гуфт: — Хеле хуб шуд! Ҷашни ҳақиқӣ, чӣ тавре ки ту мехостӣ. Ҳама хушбахт ҳастанд. Аммо худат чаро ғамгин ҳастӣ? Рўзи дигар Игор дар мактаб бо дўстонаш вохўрд ва аз онҳое, ки дар ҷашн буданд, пурсидан гирифт: — Чӣ хел, дирўз ба ту маъқул шуд? «Олиҷаноб буд», — мегуфтанд аксарияти бачаҳо. Хўрданиҳо, мусиқӣ, ороиши толор, торти бомазатарин, тўҳфаҳо… Ҷашни ғайриоддӣ! — Аммо ту медонӣ, ки кӣ онро барпо кард? — аз ҳама мепурсид Игор. Бисёртар – «Барои ман аслан муҳим нест, асосаш он, ки хурсандиовар буду ба ҳама маъқул шуд» — гуфта, ҷавоб медоданд дўстон. Игор ноумед шуд. Баъд аз мактаб ба хона баргашта, ў ба балкон баромад, ки дар он ҷо хубтар андешаронӣ мекард. Вақте ки ў овози падарашро шунавид, аллакай бегоҳ шуда буд: — Оё мумкин аст, ки ман танҳоии туро халалдор кунам? Игор эҳсосоти худро ба падараш нишон додан намехост, аммо аз ў магар ягон чизро пинҳон кардан мумкин аст?.. — Чӣ, ноумед шудаӣ? Инкор кардан маъно надошт. Падар писарашро аз китфонаш ба оғўш гирифт ва гуфт: — Дар ёд дорӣ, мо ҳамроҳи ту дар Инҷил масалеро дар бораи токзор ва дар бораи он чиз хонда будем, ки чӣ қадар меҳнат кардан лозим буд, то ки токзор калон шавад ва ба ҳосил дарояд. Ту медонӣ, ки Исои Масеҳ чӣ қадар парастиш кардааст, то ҳар яки мо хурсандии ҳақиқӣ дошта бошем, то ки ҳар яки мо мукофотеро ки барои корҳои неки ба шарофати Ў иҷро кардааш ба он сазовор аст, ба даст орад. Охир хоҳиши амалҳои некро Ў дар дили мо ҷойгир кардааст. Бифаҳм, донистани он, ки инро маҳз Ў ташкил кардааст, ҷашнро омода крдааст, чӣ қадар муҳим аст. Вақте ки мефаҳмӣ, он гоҳ бо ман розӣ мешавӣ: магар баъд аз ин ноумед ва ғамгин шудан мумкин аст? Торикӣ ва нур Ваняҷон яхмоси бисёре хўрд ва гулўяш дард кард. Маҷбур шуд, ки ба дарс наравад. Падараш, ки як рўз аз кор ҷавоб гирифт, ҳамроҳи ў дар хона монд. Ваня хеле хурсанд шуд, ки як рўзи пурраро бо падарраш мегузаронад, зеро ки ҳамроҳи ў ҳамеша шавқовар буд. Ва ин дафъа ҳам падар писари худро ноумед накард. Ў албоми расмкаширо гирифт ва гуфт: — Биё ҳамроҳи ту афсонаро мекашем. — Якҷоя! –пурсид Ваняҷон. — Албатта, — гуфт падар, ба дасташ қалам гирифт ва нақлро сар кард: — буд набуд дар як шаҳр одамони оддӣ зиндагӣ мекарданд. Ва онҳо дар торикӣ ҳаёт ба сар мебурданд. Яъне дар ғафлат, зеро торикӣ — ҳамон вақтест, ки одам некӣ ва бадиро фарқ намекунад. — Ҳа, охир мо дар ин бора дар Китоби Муқаддас хонда будем! Он ҷо гуфта мешавад, ки торикии бехабарӣ — вақтест, ки одамон рафтори бади худро гуноҳ намешуморанд, — ба хотир овард Ваня. — Ҳа, дуруст. Вақте ки атроф торик аст, он гоҳ ба куҷо рафтанатро намедонӣ ва, албатта, ба он чизе, ки намехоҳӣ, дучор мешавӣ. — Ба гуноҳ ва бадӣ? — Албатта, ба бадӣ ҳам. Бояд гуфт, ки зоҳиран ҳама кори сокинони ин шаҳр хуб буд. Хонаҳояшон тоза, либосашон дарзмолкардашуда ва мўзаҳояшон ҳам тоза, аммо дилҳояшон ана ин хел буданд. — Падараш сурати чиркинаки хандаовареро бо либосҳои дарида кашид ва давом дод: — Чӣ тавр барпо шудани муносибатҳоро дар ин шаҳр ана аз ин саҳнаи барои ин шаҳр маъмул фаҳмидан мумкин аст: харидор ба мағоза даромад, аз фурўшанда дағалона панир ва равған талаб кард. Фурўшанда молро баркашид ва онро ба рўи пешдўкон партофт. Падар ин саҳнаро бо қалам тасвир кард. — Харидор дарро сахт тараққос занонда аз мағоза берун баромад. Ба мағоза харидори дигар даромад ва фурўшандаи аз кори харидори якум ба ҷаҳл омада, қасдашро аз ў гирифт. Харидори ранҷида дарро сахт зада аз мағоза баромад. Падар инро ҳам, чӣ тавре ки буд, тасвир кард. — Баъд аз рўзи корӣ фурўшанда дар хонаи худ ба наздиконаш ҳиссиёти худро, ки бо кор вобаста буд, изҳор кард ва тамоми ғазабу эҳсосоташро сар дод. Худи ҳамин вақт харидорони ў рафтори дағалонаи фурўшандаро бо суханони болохонадор ба аҳли оилаашон тасвир мекарданд. Ва ҳар рўз ана ҳамин тавр идома меёфт. Одамони ин шаҳр ҳамин тарзи зиндагониро меъёр меҳисобиданд. Торикие, ки онҳо дар он қарор доштанд, ҳақиқатро дар бораи ҳолати рўҳонӣ ва рафтори онҳо маҳфуз медошт. Ана ҳамин хел шаҳри ҳайратовар. На танҳо дар хусуси мағозаҳо, балки дар тамоми соҳаҳо. Як дафъа ба он аз шаҳри дигар мусофире омад. Ў мошини худро дар назди ҳамон мағоза монд, ба ў чизе лозим шуда буд. Ба дарун даромада, мусофир ба фурўшанда боодобона салом гуфт ва хоҳиш кард, ки панир ва равған баркашад. Фурўшанда аз ин гуна муносибати боодобона ҳатто худашро гум кард, дар куҷо будани паниру равғанро фаромўш кард. Хамин лаҳза сокини маҳаллӣ даромад ва аз рўи одат дод зад: «Хайр, то кай ҳамин хел меистӣ?» Фурўшанда ҳам аз рўи одат ҳамин хел дағалона ҷавоб доданӣ шуд, аммо ҳузури харидори хушмуомила чаро ки ўро аз ин кор нигоҳ дошт. Ў барои сусткориаш бахшиш пурсид ва молҳоро додан гирифт. Харидори дағаликарда, ҷавоби боодобонаро шунида, ногоҳ эҳсосоти ба вай ношиносро ҳис кард: ў шарм кард, ў фаҳмид, ки ноҳақ буд ва… ба хашм омад. «Биё мон, коратро кун, — дод зад ба фурўшанда, — охир барои чӣ пул мегирӣ». Бадмуомила интизор буд, ки фурўшанда, мисли ҳарвақта, аз худ баромада, бо дағалӣ ҷавоб медиҳад. Аммо тираш хок хўрд! Фурўшанда боз худашро нигоҳ дошт ва боодобона гуфт: «Ман кўшиш карда истодаам». Харидори хушмуомила, моли худро гирифта, ташаккур гуфт, хайрухуш кард ва аз мағоза баромад. Бадмуомила ҳам моли худро аз болои пешдўкон чангол зада гирифт, дарро тараққос занонда ба кўча давида баромад. Ў ниҳоят ғазаболуд буд. — Падар, гўй, ки чаро ин одам, кори некро дида, бад буданро афзалтар донист? — пурсид писар. — Корҳои ў чунон бад буданд, ки барои некӣ ҷой намонда буд. Дар роҳ ин одам ба ҳар як раҳгузар дар бораи фурўшандаи содда ва беҳунаре, ки дар рўи пешдўконаш чизеро ёфта наметавонад, намедонад, ки панир куҷосту равған куҷост, нақл мекард. Хабар то соҳиби мағоза расид ва фурўшандаро аз кор озод карданд. Зани бечора ноҳақ ранҷонда шуд. Хоҳиши табии сокинони ин шаҳр — қасос гирифтан, ба номи ў ҳақоратҳо равон карда, лаънат намудани харидори бераҳм буд. Аммо барои иҷро кардани ин кор ба ў чизе халал мерасонд. Ў ҳатто намефаҳмид, ки чӣ. Дар ин шаҳр ягон кас ба вай фаҳмондан наметавонист, ки, ба рафтори боодобонаи ношиноси хушмуомила пайравӣ карда, худи ў ҳам ҳамон нуреро, ки дар харидор буд, ба даст овард. Ва ин нур акнун роҳи дурустро нишон медод. Он нишон медод, ки барои дар тозагӣ нигоҳ доштани ҷони худ ва ҷони одамони дигар чӣ кор кардан лозим аст. Бо вуҷуди маломати ҳамшаҳриён, фурўшандаи собиқ дар рафтори худ равшаниро зоҳир мекард. Ин кори осон набуд. Аммо ў чӣ қадар хурсанд буд, вақте пай бурд, ки аввал шумораи на он қадар зиёди шаҳр низ пас аз сўҳбат бо ў ба нур бовари ҳосил мекарданд. Бо мурури замон шумораи одамоне, ки ба равшанӣ рў меоварданд, бисёртар мешуд. Онҳое, ки дар торикӣ мемонданд, ба ғазаб меомаданд, охир нопокии онҳо торафт аёнтар мешуд. Онҳо одамонеро, ки нурро дўст доштанд, масхара мекарданд: «Ҳой, заифон ва беақлон!» Ва дар ин ҳолат на ҳама тоқат мекард. Баъзеҳо бе дудилагӣ аз нуре, ки дар дохили онҳо аланга мезад рўй мегардонданд. Медонӣ чӣ хел? Ба дағалӣ дағалона ҷавоб медоданд, то ки аз одамони дар торикӣ мегашта, фарқе надошта бошанд. На бо сабаби он, ки инро мехостанд, балки метарсиданд, ки ногоҳ онҳоро масхара мекунанд. Боз онҳо метарсиданд, ки барои худ ҳаёти шоиста бунёд карда наметавонанд, метарсиданд, ки аз кор меронанд, боз аз нохушиҳои дигаре метарсиданд, ки аз тарафи бадӣ интизор шудан мумкин буд. Дар ботини онҳо нур буд, онҳо бадиро аз хубӣ фарқ карда метавонистанд, аммо аз тарс ба бадӣ итоат мекарданд. Бинобар ин боз ана ҳамин хел менамуданд. — Падар он чизеро нишон дод, ки якум тасвир карда буд — сурати чиркинакро. Ба ту, писарам, дар мактаби якшанбегӣ дар бораи шамъ вазифа супорида шуда буд. Ин ҳам аз Китоби Муқаддас аст. Дар он ҷо гуфта мешавад, ки шамъро дар гиронда, на дар зери кўза, балки дар ҷое мегузоранд, ки одамони даромадаистода равшаниро бинанд. Ин ҷои Навиштаро дар хотир нигоҳ дор, майлаш, писарам? — Майлаш, падар, аммо гўй, ки чӣ тавр ба торикӣ наафтам? — Нуреро, ки ба ту тўҳфа кардаанд, дар худат гум накун. Лўхтакҳои, ки зуд ба по мехезанд Лўхтакҳои зуд ба по мехестаи нав ва баланд рагкардашуда хурсандона зангўлачаҳои худро ҷарангос мезанонданд. Онҳо дар конвеери фабрика меистоданд ва интизори он буданд, ки кай танаффуси хўроки нисфирўзӣ тамом мешаваду коргарон онҳоро ба қуттиҳои рангоранги фурўшӣ андохта, банду баст мекунанд. Бозичаҳо хушҳолона ба ҳар тараф алвонҷ мехўрданд, онҳо, ҳар қадаре, ки онҳоро сахт тела диҳанд, аз нигоҳ доштани мувозинат лаззат мебурданд. Онҳо аз сохти дарунии худ, ки хеле боэътимод буду ба ҳеҷ сурат намегузошт, ки онҳо шармандавор ба фарш афтанд, фахр мекарданд. Аммо ногоҳ табъи баланди умумӣ бо ҳодисаи фавқулодда халалдор карда шуд: як лўхтаки зуд ба по мехеста, алвонҷ хўрда, афтид ва ҳамин тавр якпаҳлу ғелида монд. — Чӣ шуд? — тарсиданд дугонаҳояш. Лўхтаки зуд ба по мехестаи афтида бо писханд ҷавоб дод: — Бо ман? Ҳеҷ чиз нашудааст. Фақат ман монанди шумо будан ва бо иродаи саққочаи дағалу беҷоне, ки дар дохили ман насб карда шудааст, зиндагӣ кардан намехоҳам. — Охир ту лўхтаки зуд ба по мехеста ҳастӣ, аммо ғелида хоб рафтаӣ, — боварӣ ҳосил мекунонд дугонаи беҳтаринаш. Канӣ ман барин ғел зада бин. Намешавад? — Зеро ту — тўдаи номаълум, издиҳом ҳастӣ. Аммо ман шахсият мебошам. Хоҳам ғел мезанам. Хоҳам — мехезам. Лўхтакҳои зуд ба по мехестаи алвонҷхўрдаистода аз ин суханҳо карахт шуданд. Яке аз онҳо бо шубҳа гуфт: — Шояд ў ҳақ бошад? Чаро мо бояд ба кадом як порчаи оҳан итоат кунем? Ман ҳам ҳар кори мехостаамро кардан мехоҳам. Лўхтаки зуд ба по мехестае, ки ин суханҳоро гуфта буд, бо тамоми қувва алвонҷ хўрду худашро ба кунҷи конвеер зад. Дастгоҳи нигоҳ доштани мувозинат ба кор даромад ва лўхтаки зуд ба по мхеста ба ҳолати аввала баргашт, аммо сари ў каме пачақ шуд. Баъд аз ў боз як лўхтаки зуд ба по мехеста шўрид: — Аммо дар ҳақиқат, ин меъёрҳои рафторро кӣ ба сари мо ҷой дод? Чаро мо бояд ба кадом як кўдакон бозӣ карда, аҳамияти вазъияти устуворро ёд диҳем? Бо ин суханҳои нафратангез лўхтаки зуд ба по мехеста боло ҷаҳид ва дигар ҳеҷ кас овози ўро нашунид. Зангўлачаҳои ў, ки садои шўхи ҷарангосӣ мебароварданд, часпида монданд. Бо вуҷуди ин лўхтаки зуд ба по мехестае, ки ғелида меистод, ором намешуд ва дигаронро васваса мекард: — Канӣ, боз кӣ монанди ман нотарсу озод шудан мехоҳад? Ғалоғула бархест, бозичаҳо барои афтидан ва дигар нахестан амалҳои гуногунро фикр карда мебароварданд, то даме, ки як лўхтаки зуд ба по мехеста бо даҳшат гуфт: — Мо набояд ин хел рафтор кунем. — Чаро? — гуфта пурсиданд дугонаҳои исёнбардошта. — Ман намедонам, ҳамту мумкин нест, тамом вассалом. — Аммо чӣ мумкин аст? Лўхтаки зуд ба по мехестаи гапдаро гиря кард: — Танҳо лўхтакҳои зуд ба по мехеста будан мумкин аст. Вагарна… — Вагарна чӣ? Давом деҳ! Лўхтаки зуд ба по мехестаи гапдаро оҳиста гуфт: — Касе, ки моро ихтироъ кардааст, ғамгин мешавад. Ҳамин вақт дар сех чароғ фурўзон шуд ва коргарон аз танаффуси хўроки нисфирўзӣ баргаштанд. — Ин ҷо чӣ рўй додааст? — ҳайрон шуд яке аз онҳо. Тамоми лўхтакҳои зуд ба по мехеста ба тарафе нигоҳ мекарданд, ки бозичаи вайроншуда ғелида хоб мерафт. Онҳо аз мардонагии лўхтаки зуд бапо мехестаи якпаҳлу хобида ба ваҷд меомаданд, охир вай аз одамон натарсид ва ҳангоми омадани онҳо барои хестан ҳатто кўшиш ҳам накард. Онҳо аз ў дастурҳои ояндаро дар бораи чӣ тавр зиндагӣ ва амал кардан интизор буданд. Аммо ҳамин вақт коргар лўхтаки зуд ба по мехестаи якпаҳлу хобидаро дид ва гуфт: — Инаш вайрон аст. — Соз кардан мешавад? — пурсид рафиқи ў. — Не, дастгоҳ чунин аст, ки агар кор накунад, он гоҳ тамоми бозича вайрон аст, таъмир кардан намешавад. — Яъне он вайрон аст… — тарсида пичиррос заданд лўхтакҳои зуд ба по мехеста. — Нигоҳ кун, сари ин лўхтаки зуд ба по мехеста пачақ шудааст, зангўлаи инаш ҷарангос намезанад, — гуфт коргар. — Онҳоро ҳам ба назди бозичаҳои вайрон монда, боқимондаашонро банду баст кардан лозим аст. Ёрдам Пеш аз дарс синф серғалоғула буд. Баъд аз истироҳат бачаҳои синфи чоруми «а» ба якдигар дар бораи он нақл мекарданд, ки вақти озоди худро чӣ тавр гузаронда буданд. Слава таъриф мекард: — Ман дар сирк будам. Филҳоро дидам. — Онҳо чӣ қадар буданд? — пурсиданд аз ў. — Сето, — ҷавоб дод Слава. — Ман бошам ба назди бибиям рафта будам, — дод мезад Павел. — Ў дар соҳили халиҷ зиндагӣ мекунад. Мо ҳамроҳи бибиям субҳидам… — Маро гўш кунед, — гапи Павелро бурид Семён, — ман ҳам бо бибиям ба сирк рафта будам. Фақат он вақт филҳо неву баҳмут буд, хеле калон ва дар болои сутунчаҳо роҳ мерафт. Баъд ман, бибиям ва баҳмут якҷоя сурат гирифтем. Боз масхарабозҳои хандаовар буданд… Семён чунон бо шавқ нақл мекард, ки ба ҷойҳои худ рафтани як қисми бачаҳоро ҳатто пай набурд, вале боқимондаҳо ба вай бо чашмони бепарво нигоҳ мекарданд. Дигар ҳеҷ кас ягон чизро нақл карда натавонист. Баъд аз дарс Павел ва Слава ба долон баромаданд. Ту ба рўзи таваллудат киро даъват мекунӣ? — пурсид Павел. — Ман ҳамаро даъват мекардам. Ҳамаро, албатта ба ғайр аз Семён, — ҷавоб дод Слава. — Ӯро ҳеҷ касс ба ягон ҷо даъват намекунад, — писханд зад Павел. — Зеро дар он ҷое, ки ӯ ҳаст, каси дигарро шунидан намешавад, — тасдиқ кард Слава. — Ба ягон кас гап задан намемонад. Семён, гӯё ки ӯро ҷеғ зада бошанд, якбора ба назди бачаҳо давида омад ва пешниҳод кард: — Бачаҳо, биёед имрӯз баъд аз мактаб разведчикбозӣ мекунем. Славаю Павел ба якдигар нигоҳ карданд. — Шахсан ман дарсҳоямро тайёр мекунам, — ҷавоб дод Павел. — Ман бошам, ба Павел ёрӣ мерасонам, — гуфт Слава. Семён сарашро хам кард. Ана, боз ӯро писанд накарданд. Магар ӯ намедид ё намефаҳмид, ки бо ӯ дустӣ кардан намехоҳанд? Лекин чаро? Ӯ ин қадар ба ҳама маъқул шудан, ҳамаро ҳавасманд кардан, ва ба тарафи худ ҷалб кардан мехост. Баъд аз дарс Семён боз ба назди Павел омад ва ин дафъа қотеона неву, аниқтараш, илтимосомез пешниҳод кард: — Шояд, ки ба ҳар ҳол разведчикбозӣ кунем? Боду ҳаво хеле хуб аст… Павел ба ҳамсинфаш раҳм кард, оҳе кашиду ҷавоб дод: — Майлаш. Фақат портфеламро дар хона монам. Охир разведчикбозӣ кардан ин қадар шавқовар аст! Бо ҳаво ҳам корамон омад кард. Шамоли хунуки баҳорӣ гӯё сӯрох карда мегузашт, дар ҳама ҷо кӯлмакҳои пур аз оби хунуки барф буданд. Разведчикҳо ва қаҳрамонхои ҷанг маҳз дар ҳамин гуна шароит амал мекарданд. Агар танҳо дар зери кӯпруки вайроншудаи боғи кӯҳна набошад, пас дар куҷо худро гӯё дар ҷанг ҳис кардан мумкин аст. Ана ба ҳамон ҷо Семён ва Павел равон шуданд. — Оҳиста фаро, то ки моро ҳеҷ кас набинад, — пичиррос зад Семён ва, чашмонашро чун разведчики ҳақиқӣ нимпӯш карда, поида ба назди кӯпрук рафтан гирифт. — Ту боварӣ дорӣ, ки аз паси мо намепоянд? — хавотир шуда, пурсид Павел. — Боварӣ дорам, — тез ва бо овози паст, чӣ тавре, ки дар разведка кардан лозим аст, ҷавоб дод Семён ва баъд вазифаро аниқ кард: — Ба зудӣ эшелон бо хурокворӣ мегузарад, мо бояд моддаи тарканда гузорем. Ӯ таноби тасаввуршавандаи бикфордро мекушод ва ҳамон лаҳзае, ки онро дар зери кӯпрук «часпонд», дарҳол ба назди об давида рафт, зеро разведчикҳои ҳақиқӣ на ин ки дар соҳил, балки дар рӯи об медаванд. Дар тамоми филмҳо ҳамин хел нишон медиҳанд. Монанди разведчикҳои ҳақиқӣ, Павел ба рӯи об қадам монд ва мехост далерона давад, то ки қатраҳои об ба ҳар тараф пош хӯранд, аммо ин тавр нашуд. Ӯ пояшро бардошта наметавонист. Соҳил ва қаъри дарёча серлойқа будааст, лойқаи часпак пои бачаро печонда гирифт. — Семён! — фарёд кард Павел. — Ман ғӯтида истодам. Семён аввал бовар накард. Фикр кард, ки ин бозӣ аст, аммо баъд аз дидани он, ки Павел аллакай то зону дар даруни об аст, бе шӯхӣ тарсид ва ба ёриаш давида рафт. Ӯ аз дасти Павел гирифт ва бо тамоми қуввааш кашид. Ин ҷидду чаҳд камӣ кард ва Семён маҷбур шуд ба зону истад ва бо дасти дуюмаш аз бутта маҳкам дорад. Ҳамин тариқ аз даруни ботлоқ баромадан имконпазир гашт. Павел дар зери пояш замини сахтро ҳис мекард ва базӯр гиряашро нигоҳ медошт. Ӯ ба ваҳм афтида буд, сахт ба ҳаяҷон омад, ҳа, вазъияти ҳозираи ӯ хеле раҳмовар буд. Аз шимаш лойқа мешорид, камзӯлаш тамоман тар шуд. Шамол бераҳмона то мағзи устухон сӯрох карда медаромад. — Акнун мо разведчикҳои ҳақиқӣ ҳастем, — гуфт Павел. — Шояд, ки ман барои либоси хушк ба хона давида равам? — пурсид Семён ва фаҳмондан мехост, ки бо ҳамин бозӣ ба охир расид. — Ман метарсам дар инҷо танҳо монам, — бо лабони аз хунукӣ ларзидаистода гуфт Павел. Қарор доданд ба хонаи Семён раванд, зеро дар хонаи ў ҳеҷ кас набуд. Роҳи хона он қадар ҳам осон набуд. Пойҳо ях карданд ва гапро гўш намекарданд. Роҳгузарони рў ба рў омада, ба бачаҳои бечора, ки дар куҷоҳо буданашон маълум набуд, бо ҳайрат менигаристанд. Дар хонаи Семён разведчикҳо шустушўй карданд, либосҳои чиркинашонро шустанд ва либосҳои хушк пўшиданд. — Аммо ба ҳар ҳол мо хеле хуб ҷангбозӣ кардем, ҳамин тавр не? — гуфт Семён. — Ҳа, ба ман ҳам маъқул шуд, — ҷавоб дод Павел. Ў мехост ба рафиқаш миннатдорӣ баён намуда, ба ў ягон хизмат кунад ва бинобар ин ў гуфт: — Медонӣ чӣ, умуман ту бачаи бисёр хуб ҳастӣ. Аз ин гуна таъриф Семён гул барин шукуфт. Аммо Павел давом дод: — Фақат ниҳоят бисёр гап мезанӣ. Ҳама бояд туро гўш кунанд, аммо ту ягон касро гўш кардан намехоҳӣ. Бинобар ин ҳеҷ кас бо ту дўстӣ кардан намехоҳад. Павел аз худаш розӣ буд, ў боварӣ дошт, ки Семён ба самимияти ў баҳои дуруст медиҳад, охир ин танқид ба фоидаи ў буд. Аммо ба ҷои ин Семён нохост ба ҷаҳл омад: — Канӣ рав аз ин ҷо. Ҳоло маълум нест, ки дўстӣ ба кӣ бисёртар лозим аст. Ҳамроҳи ман ҳама хурсанд ҳастанд, аммо бо ту чӣ? Дар дарё гиря кардӣ, лабу лунҷатро овехтӣ. Сустак! Ман бошам боз ўро ба разведчикбозӣ ҷеғ задам. Ин ҳодиса нохост дастраси тамоми синф шуд. Бачаҳо тафсилоти онро муҳокима карда, байни худ пичир-пичир мекарданд. Ба гўши Павел порчаҳои ғайбатҳо мерасиданд, ки дар онҳо Семён қаҳрамону худи ў гирёнчак ва сустак менамуд. Аз дарду алам Павел санг барин карахт шуда, мардумгурезӣ мекард. Мутассифона, ин воқеаи кўдакона дар оянда оқибатҳои дурнамое дошт. Таҷрибаи талх, ки боре аз сар гузашт, Павелро водор кард ҳар дафъае, ки фикри худро баён кардан лозим буд, хомўш нишинад. Боре Павел, ки аллакай калон шуда буду вазифаи хуб дошт, ба шарафи ҷашни таъсисдиҳандаи ширкат ба зиёфат даъват карда шуд. Сардори шўъбае, ки Павел дар он ҷо кор мекард, ба ў хабар дод: — Табрикотро якҷоя мехонем! Матнашро ман ба ҳама тақсим кардам, то ки аз ёд кунанд. Павел варақро гирифт ва он чизеро, ки дар он ҷо навишта шуда буд, хонд. Матн андўҳгин кард, Павел фаҳмид, ки бо он баромад карда наметавонад, хусусан дар ҳайати хори ҳамкорон. Наметавонад ба соҳибҷашне, ки ўро эҳтиром ва қадр мекунад, пули зиёд, ҳаёти беғаму дард ва хурсандии бепоён орзу кунад. Павел аз ҷояш хест ва гуфт: — Ман ин матнро хондан намехоҳам. Намехоҳам орзуи марди баркамоли солимро неву хаёлоти аҳмақеро овоздор кунам. Сардор ба зердасти худ чунин нигоҳ кард, ки гўё ўро бори аввал мебинад. — Касе, ки бо мо нест, дар ширкат ҳам нест. Инро ба назар гир ва аҳмақӣ накун, — гуфт ў ва фаҳмонданӣ шуд, ки бо ҳамин гап тамом. Рўзи ҷашн коргарони шўъба қатор шуданд, то ки матни аз ёд кардаашонро овоз дода, якҷоя шефро табрик намоянд. Ва танҳо Павел откриткаеро, ки дар он орзуҳои шахсии ў ба сардори ширкат буданд, дар дасташ дошта, алоҳида меистод. Агар ин афсона мебуд, он гоҳ шояд охираш чунин мешуд: рафтори ғайриоддии Павел ба шеф маъқул шуд ва ў қарор дод, ки бо ў наздиктар шинос шаваду, сифатҳои кории мутахассиси нодирро хубтар дониста, вазифаи баландтар диҳад. Аммо ин афсона не, балки ҳаёт аст. Павел корашро аз даст дод. Лекин чизи қиматтареро ба даст овард. Ў дар ботин дигар писарак Павел не, аммо Павели ҷавонмард буд, ки акнун, ҳатто агар тамоми атрофиён ўро дастгирӣ накунанд ва маҳкум намоянд ҳам, аз рўйрост баён кардан ва ҳимоя намудани ақидаи худ наметарсид. Чатр Ҷентлмен бо корҳои худ ба шаҳри дигар рафт. Аз тайёра баромад ва ба зери борон афтид. — Чатрро фаромўш кардам! Ба ёд овард ҷентлмен ва рост ба мағоза рафт. Як чатр ҳамин қадар мехост, ки ўро харидорӣ кунанд ва ҳангоми дидани харидор аз раф ғалтид. Ҷентлмен чатрро бардошт, онро бодиққат аз назар гузаронд. — Зебо, — гуфт ў ва харид. Дар кўча чатрро кушода, ҷентлмен озодона нафас баровард, чунки худро бароҳат ҳис кард. Чатр аз хурсандӣ, ки онро хариданд ва оқибат он ба одам хизмат карда метавонад, тамоми симҳояшро боло бардошта, таранг кард ва матои болонии худро қарсас занонд: — Оҳ, ман чӣ хел хушбахтам! Чӣ хел хушбахт! Шамол, ман аз ту наметарсам, борон, ту барои ман даҳшатангез нестӣ! Ман тар намешавам! Ман аз ягон чиз наметарсам, ман ба одамон чунон зарур ҳастам–кӣ! Ура! Ура! Салом, бачаҳо, чаро шумо ин қадар ғамгин ҳастед?! Чатрҳои аз наздаш гузаштаистода хомўшона китфҳои худро поён мекарданд, онҳо дар зери борони сел хуши хурсандӣ кардан надоштанд. Бар зидди ҳуҷуми шамоли сахт истодагарӣ карда, онҳо танҳо дар бораи он фикр мекардаанд, ки бутун ва безарар то хона расанд. Чатри ҷентлмен ҳайрон буд, ки чаро ба вай аҳамият намедиҳанд ва боз ҳам баландтар дод мезад: — Ҳой шумо, ноумед шудан бас аст, биёед якҷоя шодӣ мекунем! Мо ба одамон хизмат мекунем! Симҳо ба боло! Чатр чунон дод мезад, ки ҳатто нафаҳмида монд, ки чӣ тавр шамоли навбатӣ онро чаппагардон кард, аксари симҳояш шикастанд, матоаш овезон шуд.Ҷентлмени якбора тар шуда чатри бефоидаро чамъ кард ва, оташин шуда, ба мағоза баргашт. Як чиз хуб шуд, ки ҳоло дур нарафта будам. — Шумо пулатонро баргардондан мехоҳед ё ин ки чатрро иваз мекунед? — пурсид фурўшандаи ғамгин. — Беҳтараш аз мағозаи дигар мехарам, — дилсардона ҷавоб дод ҷентлмен. Вақте ки дар аз паси харидори ба ҷаҳл омада пўшида шуд, фурўшанда чатрро аз назар гузаронд ва барои фаҳмидани он, ки чизи вайроншударо таъмир кардан мешавад ё не, ба хадамоти таъмиркунӣ занг зад. — Дидан лозим аст, — ҷавоб дод усто, — як ду соат пас ба наздатон меравам. Тамоми ин вақт чатр дар болои пешдўкон хушбахт мехобид ва андеша мекард: — Чатрҳои дигарро як маротиба мехаранд, аммо маро таъмир мекунанд ва боз мехаранд. Ана ҳамин хел маро аз як даст ба дасти дигар мегузаронанд, то ки ман ба одамон хизмат намоям. Ана ин зиндагӣ! Усто чатрро дар дасташ тоб дод, онро кушод ва гуфт: — Сахтиашро гум кардааст, пайвандҳои заводиаш на он қадар мустаҳкаманд. Кўшиш карда, онро мустаҳкам менамоям. Бо ҳамин суханҳо ў ҷомадончаи худро кушод ва ба кор сар кард. Чатр муқобилат мекард, дар бораи муносибати ноодилона бо ў чизе дод мезад. Ва инак пурра тақсим карда шудаву дубора пайванд карда шуда, тамоман ғамгину бо чашмони тар, он гашта ба фурўш гузошта шуд. Таъмир ба он таъсири ҳайратоваре кард: чатр камгап буд, худро нишон намедод ва дигар намехост, ки онро харанд. Аммо онро хариданд. Ҳангоми борон онро кушоданд ва симҳои он дар зер таъсири шамол қат намешуданд, ба боло сих намешуданду рост меистоданд, матои болониаш обро намегузаронд. Борон бо ҷараён аз рўи он мерехт ва одам худро дар зери ҳимояи боэътимод ҳис мекард. Чатр хушбахт ва ором буд, аммо дар ин бора ба ҳеҷ кас нақл кардан намехост. Симҳои он боэътимод ва сахт буданд, ба тарфи дигар каҷ намешуданд, чаппа намешуданд. Аммо ба чатр ҳамаи ин умуман лозим ҳам набуд. Лаклак Болҳои пурқувват паррандаи калонро аз замин баланд нигоҳ медоштанд. Ҷараёни ҳаво гарданаш, тахтапушташро мелесид ва дар парҳояш чарх мезад. Лаклак қувваташро ба давуғеҷи беҳуда сарф намекард, ў, тағйироти хурдтарини ҷараёни ҳаворо ҳис карда, боҳашамат ва равон ҷой иваз мекард. Ҳамин тавр омадааст, ки паррандагони зиёд доимо ба лаклак бо ваҷд менигаристанд. Ҳама чизи ў зебо буд, аммо эҳтироми аз ҳама бузурги атрофиёнро ў барои он сазовор гашт, ки далерона ба морҳо ҳуҷум мекард. Фароштурукҳо чаққонакак масъалаи ҳомўшакҳоро ҳал мекарданд, сочҳо — гамбўсакон ва ва ҳатто занбўрҳоро мехўрданд, аммо ягонтои онҳо гуфта наметавонист, ки аз мор наметарсад. Ана аз ҳамон морҳое, ки доимо лонаҳои онҳоро вайрон ва чўҷаҳои онҳоро нобуд мекарданд. Баҳор ҳоло беҷуръат, аммо ба ҳар ҳол хунукиҳои зимистонро оҳиста-оҳиста танг карда мебаровард. Нурҳои офтоб дар сатҳи барф то ба замин фурў мерафтанд ва барфобаҳоро пайдо мекарданд. Яхи дарё суст мешуд, аз сойҳо об ҷорӣ мешуд, буттаҳо ва дарахтон муғҷа мекарданд. Ҳавои баҳор аз накҳати ҳаёти эҳёшаванда пур шуд. Лаклак барои лонасозӣ ҷои нав меҷуст. Дар он ҷое, ки ў бо ҷуфти худ даҳ сол зиндагӣ карда буд, одамон, хонаҳои чўбинро вайрон карданд ва сохтмони биноҳои баландошёнаро сар карданд. Лаклак ба ҷое парида мерафт, ки он ҷо одамон набошанд. Ва инак дар канори ҷангал ў манораи дидбонии партофташударо дид. Як вақтҳо дар ин ҷо қисми ҳарбӣ буд. Лаклак ба лаби дидбонгоҳ фаромад, дар як ҷо истода каме пойкўбӣ кард, то ки ба қадри кофӣ мустаҳкам будани ҷои лонасозиро муайян кунад. Баъд аз он ў сарашро бардошт, гарданашро ёзонд ва бо нўлаш шақар-шақар карда, ба ҳамсараш ишора фиристод. Ў ҳамин тавр ба вай хабар медод, ки ҷои на он қадар бадро барои лонаи ояндаи оилавӣ ёфтааст. Барои лонасозӣ ҷои муносиберо ёфтан — кори осон нест. Хеле вақт лаклакҳо дар наздикиҳои одамон ҷойгир мешуданд. Ин хел ҳамсоягӣ ҳам одамону ҳам лаклакҳоро хурсанд мекард. Аммо ҳама чиз тағйир ёфт, одамон ҳамсоягии лаклакҳоро торафт камтар қадр мекарданд ва муҳити атрофи худро бо сохтмонҳо, ки лаклакҳо дар он ҷо зиндагӣ кардан наметавонистанд, пур мекарданд. Лекин лаклакҳо, бо вуҷуди он ки дар бари онҳо ҷой ёфтан торафт душвортар мешуд, одамонро ҳоло ҳам дўст медоштанд. Сохтани лона ҳам кори осон набуд. Ба ғайр аз асоси мустаҳкам, боз навдаҳои нав ва бадошт лозиманд. Лаклак аз манора ҷаст ва дар болои ҷангал парвоз кард. Аз баландӣ бомҳои рангоранги хонаҳои деҳаи хурдаакак, ки дар пеши ҷангал ҷойгир шуда буд, ба вай хеле хуб намоён буданд ва чашми пуртаҷрибаи ў дар назди яке аз хонаҳо лонаи моронро дид. Парранда поёнтар фаромад ва дар болои деҳа давр задан гирифт. Одамоне, ки дар назди ҳонаҳо буданд, лаклакро дида, меҳрубонона ба вай даст меафшонданд, аммо ў хеле банд буд, ки ба ин аҳамият диҳад. Диққати ўро хонаи партофташудаи нимшикаста бо дудбарои мустаҳками хиштӣ ҷалб кард. Лаклак ба болои он фаромад, бодиққат гирду атрофро аз назар гузаронд ва ба фикр фурў рафт. Ин ҷо ҳам барои лонасозӣ пурра мувофиқ аст, аммо дидбонгоҳи партофташуда бо сабаби аз одамон дуртар буданаш, бисёртар мувофиқ буд. Чанд вақт гузашт ва лаклак бо нўлаш баланд шақар–шақар кард ва ба ҳамсараш фаҳмондани мешуд, ки шитоб кунад. Вай қарори қатъӣ қабул кард. — Бубин, кӣ марҳамат кардааст, — дар алафи порсола фашшоси мори пир шунида шуд. — Чӣ гуна худписандӣ! — Бале, сарашро хам намекунад. Ғурур — гуноҳи азим аст, — ҷавоб дод морбача. Лаклак аз канори дудбарои хиштӣ ҷаст ва ба тарафи замин парид. — Мо ҷонварони хоксор ҳастем, дар зери пои ҳама оҳиста мехазем, ба ҳеҷ кас халал намерасонем… — море, ки сўҳбатро гарм кардан мехост, гапашро ба охир расондан натавонист. Лаклак ўро дошта гирифт, ба боло партофт ва, нўли тавоноашро калон кушода, зуд фурў бурд. Охир вай моҳияти ин ҷонварони оҳиста хазида мегаштаро хеле хуб медонист. Дар бораи ҳар чиз фашшос кунанд ҳам, ба онҳо бовар кардан мумкин набуд. Ба зудӣ пас аз ин ҳодисаҳо дар дудбарои хиштӣ давраи бофта ба вуҷуд омадан гирифт. Лаклак, навдаро ба навда, шохаро ба шоха печонда, лонаи худро месохт ва боре, вақте ки кор қариб тамом шуда буд, ба канори лонаи бунёдкардашуда ҳамсари лаклак фаромад, ки лаклак шақар–шақар карда, дар давоми бо кори сохтмон банд буданаш, даъват кардани ўро лаҳзае ҳам бас намекард. Боз чанд рўзи дигар гузашт ва дар лонаи тайёршуда ду тухм пайдо шуд ва пас аз ин ҳамсари лаклак дигар паноҳгоҳи худро тарк намекард, аммо лаклак пайваста меҳнат мекарду барои вай хўрок меовард. — Подшоҳии мории мо ба охир расид, — фашшос зад мори пир аз таги хиштҳои дар назди хона чиндашуда. — Охир ту гуфта будӣ, ки дар ин деҳа мо аз ҳеҷ чиз наметарсем ва мо ин ҷо, дар назди чоҳҳои об тобистони аз ҳама беборишро ҳам паси сар када метавонем, — фашшос зад ҳамсари вай. — Гуфта будам. Ҳоло ҳам мегуфтам, агар ана ин лаклаки нўлдароз намебуд, ки ягон вақт хато намекунад… Охир ин барои қавми мо ҳалокат аст! — Дигар ягон чиз нагўй! Ин ҷо бо хирад амал кардан лозим аст. Бо хираде, ки мо морҳо шўҳрат ёфтаем. — Шояд ба ботлоқ рафта зиндагӣ мекунем? — пешниҳод кард мори ҷавон. Асло не! Барои чӣ ман ин қадар ҳилагарӣ кардам, ин хиштҳоро аз душманон кашида гирифтам, магар барои он, ки мавқеъро ҳамин хел ба осонӣ супорам? Худатон фикр кунед, мо чанд ғалабаро ба даст овардем. Соҳиби хонаи ҳамсоя ҳар саҳар ба мо шир меорад. Ҳамроҳи мо бо эҳтиром гап мезанад, дилёбӣ мекунад. Ў барои мо, ҳар чизеро, ки хоҳем, мекунад. Дар кадом ботлоқ шумо ин гуна муносибатро ёфта метавонед? Ҷамъияти морон розиёна фашшос заданд. Аммо мори ҷавон аз ханда меларзид: — Ман барои нагазидани ин зани гаранге, ки ба зарф шир мерезад, худамро базўр нигоҳ медорам. Одамонро бераҳмона бад мебинам… — Баъд аз ин ту чӣ хел мор ҳастӣ? Ман ба ту чиро ёд медодам? — ба ғазаб омад мори пир. — Нешро пинҳон кардан, ба боварӣ даромадан лозим аст. Ин кор барои ман душвор аст. Аммо зарур аст, — гуфт мори пир. — Махсусан ҳозир, вақте ки лаклакҳо пайдо шудаанд. Паррандагони нафратангез! — Шумо чӣ хеле, ки хоҳед, — якравона ба гапаш меистод мори ҷавон, — ман бошам дар пеши ягон кас хушомадгўӣ намекунам… Ба вай суханашро давом додан намонданд. Мори пир якравро аз лона рост ба нўли лаклаки аз наздашон парида гузашта истода қатъиян тела дода баровард. Ва ҳатто ҳангоме, ки сари мори ҷавон ба гулўи калон кушодашуда фурў рафта истода буд, фашшоси бо ақидаи мори пир норозӣ шунида мешуд. — Сўҳбатро дар вазъияти ором давом медиҳем, — гуфт мори пир. — Ман нақшае дорам. Аз афташ, дигар эътирозкунандагон набуданд. — Мо, — оҳиста фашшос зад мори пир, — аз паноҳгоҳи худ рост ба таги пои одмон хазида мебароем. Одамон фикр мекунанд, ки айби лаклакҳост, зеро ки онҳо ба мо ҳуҷум мекунанд. Ҳамин хел, ҳар гуна овозаҳо пайдо мешаванд, ба мо бошад айнан ҳамин чиз лозим аст. Дар ин бесарусомонӣ ва баҳсу мунозира мову шумо паноҳ мебарем. Зимнан дар лонаи лаклакҳо ҳама чиз аз рўи одат мегузашт. Ду чўҷа ба дунё омаданд, ки ҳоло чашмонашонро накушода, аллакай хўрок мепурсиданд. Лаклакҳои падару модар шуда, ба ташвиш афтода буданд, ки чӣ тавр чўчаҳои худро сер кунанд. Аммо онҳо ташвишҳои дигар ҳам доштанд: лаклакҳо ба фарзандони худ дар бораи ҷаҳони зебое, ки онҳо бояд дар он зиндагӣ кунанд, дар бораи алафии тару тоза, гулҳои хушбўй, паррандагони хурдакак, ки морон ба онҳо таҳдид мекунанд, нақл мекарданд. Нест кардани ин морҳо бар дўши онҳо гузошта шуда буд. Зеро ки агар онҳо набошанд, ин корро дигар кӣ ҳам мекард? Лаклакҳо рўзҳои зиёд чўҷаҳоро парвариш карданд ва замоне, ки онҳо калон шуданд, парвоз кардан ва хўрокёбиро ёд медоданд. Боре саҳарии барвақт лаклак лонаро танҳо не, балки ҳамроҳи чўҷаҳои калоншудаи худ тарк намуд. Онҳо ба тарафи майдони паси деҳа парвоз карданд ва дар он ҷо то ғуруби офтоб морҳоро медоштанд. Дар яке аз рўзҳои хуби офтобӣ, вақте ки шикори морҳо бобарор буд, лаклакҳо ногоҳ фарёдеро шуниданд, ки аз деҳа меомад: — Мор! Мор! Лаклакҳо ба сўи хона шитофтанд ва шоҳиди воҳимаи одамон шуданд. Нидоҳо садо медоданд: — Ин чӣ бадбахтист? Ягон вақт морҳо ин қадар бебокона рафтор намекарданд. — Сабаби ин лаклакҳо мебошанд, — дод мезад кадом як пиразан. — Онҳо лонаҳои морҳоро тагу рў мекунанд, морҳо илоҷи дигар надоранд, аз ҳамин сабаб беқарор мешаванд. — Ин дар ҳақиқат рост аст, — дастгирӣ кард модари шаш фарзанд. — Морҳо ҳеҷ гоҳ якум шуда ба одамон ҳамла намекунанд. Ман инро медонам. Ҳар саҳар ба онҳо дар зарф шир медиҳам. Бо морҳо ҳам дўстӣ кардан мумкин аст. Одами хуб бо ҳама муросо карда метавонад. — Лаклакҳо ба ин чиз дахл надоранд, — гуфт духтараки тахминан дувоздаҳсола, — лаклакҳо ба мо ёрӣ расондан мехоҳанд. Сокинони деҳа сахт баҳс карданд ва хеле вақт ба ҳавлиҳои худ пароканда намешуданд. Торик шуд. Деҳа оҳиста-оҳиста ба хоб фурў мерафт. Дар оромии фаро расида ногоҳ даре ғиҷиррос зад. Нури хираи чароғ намоён шуд, овози пиронаи серғурбат шунида шуд: — Ана халос, ёфтанд, ки дар бораи чӣ баҳс кунанд! Ин лонаи лаклакҳоро нест кардан лозиму — вассалом! Бигузор дар ягон ҷои дигар сокин шаванд… Дере нагузашта, хонаи кўҳнаи партофташуда аз дарун равшан шуд. Дудбарои хиштин ғуввос зад, аз он ҳалқаҳои дуд баромаданд, шарораҳо ба боло париданд ва дарҳол шохаҳои лонаи калон дар гирифтанд. Чор паррандаи безобиташуда аз лона париданд ва дар болои хона давр мезаданд. Онҳо то вақти ба замин афтидани лонаи сўхтаистодаи худ мепариданд. Фақат ҳамон вақт лаклакҳо баландтар баромада, парида рафтанд. — Вале мо ба кадом тараф равонаем? — тамоман беқувват шуда, пурсид яке аз чўҷаҳо. — Дуртар аз одамон. Ҳар чӣ дуртар аз одамон, — ҷавоб дод лаклак–падар. Дар поён ботлоқ паҳн шуда буд, дар канори он дарахти хушке меистод, ки нўги онро раъду барқ бурида партофта буд. Лаклакҳо ба шохаҳои луч нишастанд. — Ана ин ҷои нави лонасозӣ аст, — гуфт лаклак-модар. — Ҷойгиршавиро сар мекунем, — нафаси хаста баровард лаклак. Каме онсўтар аз ботлоқ деҳае ҷойгир буд. Боре лаклак аз баландии парвозаш мореро дид, ки ба тарафи деҳа хазида мерафт. Аввал ў чашмонашро ба тарафи дигар гардонд, гўё донистан ҳам намехост, ки дар ин деҳа низ морбачаҳо пайдо мешаванд. Аммо худи ҳамон лаҳза, нафас кашида, гуфт: — Агар мо набошем, кӣ мекунад? Боре сокинони деҳаи назди ботлоқ диданд, ки чӣ тавр паррандаҳои калон дар болои боми хонаҳои онҳо парвоз мекунанд. Барқ Дар хонаи ғўлачўбии деҳаи харобгашта, бегоҳ зани солхўрдае дар паси миз нишаста буд ва ҷуроби ба сари дастгоҳи дарбеҳкунӣ кашидашударо таъмир мекард. Шамъи дар шамъдон часпондашуда месўхт. Дарро касе кўфт. Соҳибхоназан кори худро як тараф монд ва дарро кушоданӣ шуд. Вақте ки ў чангакро бардошт, дар ҷои дар ҷавонеро дид, ки дар даст қуттӣ дошт. — Чӣ лозим? — дағалона пурсид зан. Ҷавон меҳрубонона салом гуфт ва ҷавоб дод: — Ба ман не, ба шумо лозим. — Ба ман чӣ лозим будааст? — писханд зада пурсид соҳибхоназан. — Барқ. — Ман барқ дорам. Ана чӣ хел шамъи равшан. Ҷавон қуттиро эҳтиёткорона кушод ва аз даруни он лампочкаро баровард: — Дар ин ҷо садто ҳамин хел шамъ ҳаст! — Дар куҷо? — Дар ҳамин лампочка. Зан хомўш истода, рост ба ҷавон менигарист ва ў худашро гум карда, аллакай беҷуратона давом дод: — Ростӣ, ин чиз на ин ки шамъ аст… Зан мисли пешина хомўшона рост ба меҳмон нигоҳ мекард. Ў тамоман худашро гум кард ва бо забони гирифта гуфт: — Хулоса, ман мехоҳам, ки шумо барқ дошта бошед. Ин лампочка. Соҳиби хона оқибат даҳонашро кушод: — Ҳа, ту инро аллакай гуфта будӣ. Ҷавон сарашро хам кард ва нобурро гап зад: — Ин лампочка монанди сад шамъи шумо равшанӣ медиҳад. — Ту маро кӣ гумон мекунӣ? Ягон хел девона? Ман ин сад шамъи туро чӣ тавр дар мегиронам, оҳир онҳо ягон дона пилта надоранд-ку, ин ҷо ба чӣ гўгирд занам? — рўйрост ба ғазаб омад соҳибхоназан. Ҷавон фаҳмонданӣ шуд: — Гўгирд лозим нест, барқро гузарондан лозим аст. Сим кашидан лозим аст ва равшанӣ меояд. Агар шумо ба ман бовар кунеду ба хонаи худ роҳ диҳед, он гоҳ ман ҳама корро иҷро мекунам: сим мегузаронам, калидак мемонам… Соҳиби хона ба айвонча баромад ва гуфт: — Ман ҳозир дружинникро ҷеғ мезанам, ту дар бораи барқи худ ба ў нақл мекунӣ. Баъд аз ин зан тоба ва тиракро, ки барои ҳолатҳои махсус дар айвонча меистоданд, гирифт ва баланд тақ-тақ кард. Бонги хатарро шунида, дружинник давида омад: — Чӣ воқеа шуд, Маря Ивановна? — Ана бин, ин қаллоб мехоҳад, ки ман шамъро ба кадом як барқ иваз кунам, — фаҳмондан гирифт соҳибхоназан. Дружинник оҳи вазнин кашид: — Ҳозир ин хел қаллобон бисёр шудаанд. Гурўҳҳои муташаккили ҷиноӣ. Муҳимаш, ҳамаи онҳо дар хусуси як чиз, дар бораи барқ гап мезананд, аммо нишон додани ҳамон барқро талаб кунӣ, наметавонанд, ҳар гуна сафсатаҳоро мебофанд: гўё, ки онро дидан намешуда бошад, фақат ҳис кардан мумкин будааст ва ин ҳодисаро танҳо аз рўи натиҷааш баҳо додан мешудааст… Аммо, медонӣ, ман чӣ фикр дорам? Ана шамъ. Он месўзад, ҳама онро мебинанд, ягон чизро ихтироъ кардан лозми нест. Ту шамъро мебинӣ? — дружинник ба ҷавон муроҷиат кард. — Мебинам, — оҳ кашид ў. — Акнун ба ман барқи худро нишон деҳ. — Охир аввал сим гузарондан, лампочкаро тоб додан лозим аст. Ман ин корро метавонам, — шитоб кард ҷавон. — Боз гапи худатро такрор мекунӣ, — ба ҷаҳл омад дружинник. — Ҳоло ист, ман медонам, ки чӣ тавр туро аз ташвиқоти зарарнок тарки одат кунонам. Ҳамин дам аз ким куҷо ба ҳавлӣ ҳамсояи Маря Ивановна бо калобаи симе давида даромад. — Аҳа, канӣ ин ҷо биё, мебинам, ки ин қаллоб ба ин ҷо ҳам фиреб карда, даромадааст! — бо ғазаб дод мезад ў. — Тамоми хонаамро бо сим печонд, аммо барқ нест-ку. — Чаро иҷозат додӣ? Чаро бо шавҳарат маслиҳат накардӣ? — қатъӣ пурсид дружинник. — Охир ин гуфт, ки маслиҳат кардан лозим нест, танҳо шахсан бовар кардан лозим аст. Ва ман бовар кардам… Ҷавон асабонӣ шуд: — Истед, охир ман огоҳ карда будам, ки барқ вақти ба зеристгоҳ пайваст шудан пайдо мешавад. Аммо барои ин аввал тамоми хоҳишмандон бояд сим гузаронанд. Ман барои ҳамин ҳам хона ба хона мегардам, мефаҳмонам, баъд ҳамаро пайваст мекунам ва шумо соҳиби барқи равшан ва ҳақиқӣ мешавед. — Ҳамааш фаҳмо, — хулоса баровард дружинник, — ҳабси серўза. Мешинӣ, нағзакак фикр мекунӣ, ана ҳамон вақт ба сўҳбатамон бармегардем. Се рўз пас ба шўъбаи навбатдорӣ Маря Ивановна, ҳамсояаш ва сокинони дигари деҳаи харобшуда омаданд. Ба онҳо эълон карда буданд, ки маросими аз ташвиқоти зарарноки барқ даст кашидани қаллоб барпо мегардад. Дружинник камераро кушод ва аз он асири бечора баромад. — Хайр, оё эътироф мекунӣ, ки ягон хел барқ вуҷуд надорад? — таҳдидомез пурсид дружинник. Ҷавон ғамгинона ҷавоб дод: — Эътироф мекунам. Шумо барқ надоред ва ҳеҷ гоҳ, то тағйир ёфтани шууратон, соҳиби он намешавед. Дружинник қаноатмандона чапак зад ва гуфт: — Хеле хуб, афсонаҳои худро фаромўш кун ва дигар ман туро дар ин ҷо набинам. Бирав! Ҷавон калобаи сим ва қуттии лампочкаҳоро бо худ гирифта, рафт. Дружинник аз паси ў нигоҳ кард ва гуфт: — Нафратангезии кор дар он аст, ки худаш ба ҳамаи ин чизҳо бовар мекунад! — Ва ин гуна мўътақидон чӣ қадар бисёранд! — оташин мешуданд ҷамъшудагон. Саволҳои зиёдатӣ Саҳарии барвақти рўзи истироҳат падар ба писари худ гуфт: — Имрўз ба ман лозим аст, ки ту зўр бошӣ, бинобар ин нағзакак наҳорӣ бихўр. — Инаш боз барои чӣ? — пурсид писар. — Намегўям. — Хайр, то нафаҳмам, ки ин барои чӣ ба ту лозим аст, хўрок намехўрам. Падар бе шўхӣ қаҳр кард ва ҷавоб дод: — Ман ба ту тўҳфаи ногаҳонӣ карданӣ будам, бояд ба боғи аттраксионҳо мерафтем. Дар он ҷо бо либосҳои хандаовар мусобиқаҳо оид ба гўштингирӣ гузаронда мешаванд. Мехостам туро ҳайрон кунам, аммо нақшаи ман бо сабаби нолидани ту вайрон шуд. Афсўс Писар пурсид: — Лекин мо ба ҳар ҳол меравем, ҳамин тавр не? Падар ҷавоб дод: — Албатта, аммо табъи ман аллакай хира шуд. Тамоми роҳ писар дар мошин хаста нашуда савол медод: — Падар, падарҷон, чаро таъмид гирифтан лозим аст? Падар, чаро дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки хандаоварӣ шоистаи мо нест? Падар, чаро калимаи «девона»-ро талаффуз кардан мумкин нест? Падар ба саволи писараш бо савол ҷавоб медод: — Аммо ту ҳақиқатан инро донистан мехоҳӣ? — Албатта, — тасдиқ кард писар, — вагарна ман ин қоидаҳоро иҷро кардан наметавонам. Рўзи истироҳати оянда падар ба писараш гуфт: — Канӣ биё, сару либоси наватро пўш. Писар пурсид: — Чаро? Падараш ҷавоб дод: — Ин тўҳфаи ғайричашмдошт аст. Писар гуфт: — Хайр, он гоҳ, то вақте ки сабабашро нафаҳмам, либоси навро ҳам намепўшам. Падараш зиқ шуд ва фаҳмонд: — Ман туро ба суратгирии рекламаи ширкати худам мебарам. Аз рўи нақша ту бояд дар кадр ногаҳон пайдо мешудӣ, аммо акнун лаҳзаи ғайричашмдошт аз даст рафт ва реклама бозии оддии актёрҳо мешавад. Боз як ҳафта пас падар саҳарии барвақт ба куҷое рафт ва ҳангоми баргаштан дар дасташ мошини бозичагини боркашро дошта меистод. Радиоидорашаванда. Падар мошинро ба фарши хона монд ва гуфт: — Ман хеле боз мехостам ин мошинро барои ту харам ва, оқибат, баъд аз иҷрои супориши навбатӣ, ин корро карда тавонистам. Бигир! Писар, албатта, ба тўҳфаи падараш бо чашмони боваҷд нигоҳ мекард ва ҳангоми ба мошин даст расондан хеле ба ҳаяҷон меомад. Мошини боркашро аз назар гузаронда, ў пурсид: — Аммо чаро ту ин хел мошинро ба ман пештар харида наметавонистӣ? — Ман дар ин бора ба ту нақл кардан намехостам. — Падар, хайр нақл кун… — боз нолиш кард писар. Ин дафъа падараш сахт оташин шуд ва гуфт: — Ту ҳақиқатан донистан мехоҳӣ? Набошад гўш кун! Ман як моҳи пурра дар болои лоиҳаи дарҳое кор кардам, ки аз рўи принсипи сенсорӣ кор мекунанд. Ширкате, ки дарҳои моро ба мағозаҳо бурда мерасонад, муфлис шуд ва ба ман лозим омад, ки худам бо шахси алоҳида, на танҳо барои пур кардани зараре, ки бо амалӣ гардондани лоиҳа вобаста аст, балки барои ба даст овардани фоидае низ, шартнома бандам. Ин шахси алоҳида бо қонун муросои дуруст надоштааст ва дарҳои маро то охири тафтишот «ҳабс» карданд. Ҳақиқати дахолат доштан ё надоштани маро ба амалҳои ин шахси алоҳида муайян мекарданд. Вақте ки оқибат корро дида баромаданд ва мол ба ман баргардонда шуд, ман тавонистам онро ба мағоза фиристам, аммо вақти зиёдро аз даст додам, аммо ин — зарар аст. Лекин вақте ки дарҳо ба дасти харидорон рафтанд, фурўхта шуданд ва ман фоида ба даст овардам, ин мошинро барои ту харида тавонистам. Писарак, тамоми ин ҳикояро гўш карда, оҳи вазнин кашид ва гуфт: — Агар ман инро намедонистам, хубтар мешуд. Акнун, вақте ки ман тамоми мушкилоти харидорӣ кардани онро медонам, ба тўҳфаи ту шод шуданам душвор аст. Падар гуфт: — Ман ҳам, писарам, намехостам маълумоти нолозимро ба сари ту бор кунам. Ман медонистам, ки он хурсандии туро фурў мебарад. Ҳамту истифода бурдани чизҳоеро, ки ман барои ту мехарам, ёд гир. Ёд мегирӣ? — Ҳа, ман кўшиш мекунам, — ҷавоб дод писар. — Бо як чизро ҳам фаҳм, ки Худо ба мо донишро нишон додааст, ки ба шарофати он мо зиндагӣ мекунем. Фақат гўш кун, ки Худо чӣ мегўяд ва, фармудаҳои Ўро, саволҳои зиёдатӣ надода, иҷро кун. Супориши подшоҳ Дар толори қасри зебо подшоҳ Одоб ба писари ҳабдаҳсолаи худ насиҳат мекард: — Ту, писарам, бояд қоидаҳои муносибати некро бо шаҳрвандони кишвари худ ва шаҳрвандони кишварҳои ҳамсоя ёд гирӣ. Одоб ва хушмуомилагӣ — пяҳое мебошанд, ки мусоҳиба бояд дар он асос ёбад. Ягон калимаи таҳқиромез бояд аз даҳони ту набарояд. — Падар, ман кўшиш мекунам, ки дарси туро аз худ кунам, — ваъда дод шоҳзода, ки номаш Зудбовар буд. — Ба ту супориши ҷиддӣ доданӣ ҳастам, — идома медод подшоҳ. — Ба сафар омода шав, туро саёҳати дур интизор аст. Шоҳзода китфҳояшро рост кард, дили ў аз хурсандӣ метапид, оқибат падараш ба ў корӣ ҷиддиро мемефармояд! — Писарам, дар давлати ҳамсоя корҳо ниҳоят бад мебошанд. Худат медонӣ, ҳокими ин кишвар, хеши мо, подшоҳ Хайрхоҳӣ, чанд сол боз кўшиш мекунад аз ҷанг халос шавад, ба ҳамсояи истилогари худ, Дағалӣ, ки доимо ба ў таҳдид мекунад, боҷи калоне месупорад. Аммо ин сол чизи доданӣ нест, хазинаи подшоҳ холист. Мо хешамонро дар бадбахтӣ танҳо монда наметавонем, ту ба ў ҷавоҳиротеро, ки ман аз ганҷинаи худ ҷудо кардам, мебарӣ. Дар роҳ боэҳтиёт ва бодиққат бош. Бо ҳеҷ кас шинос нашав, аз бегонаҳо эҳтиёт шав. Ҳар як калимаи ноандешида ба ту гарон, ҳатто ба арзиши ҳаёт, афтида метавонад. Ман ҳама чизҳои заруриро муҳайё мекунам, харитаи боэътимод медиҳам, аммо чизи бисёре аз худи ту вобаста мешавад. Дар рўзи муайяншуда аз дарвозаи касри подшоҳ фойтуни ба чор аспи сафед басташуда баромад. Дар фойтун шоҳзода буд, муҳофизон савори аспҳои тўруқ ўро ҳамраҳӣ мекарданд. Роҳ ҳақиқатан ҳам наздик набуд, тамоми рўз аспҳо беист медавиданд ва танҳо бегоҳӣ дар назди меҳмонхонаи сари роҳ бозистоданд. Ин макон дар харитае, ки ба шоҳзода падараш дода буд, ҳамчун ҷое қайд карда шуда буд, ки дар он хўрок хӯрдан ва шабро саҳар кардан мумкин аст. Ҳам одамон, ҳам аспҳо хеле хаста шудаанд, бинобар ин истгоҳ айни муддао шуд. Хўҷаини меҳмонхона бо нигоҳи пухта дарҳол сарватманд будани меҳмонро муайян намуд ва даводави омода кардани зиёфат даромад. Хеле зуд ба шоҳзода чуҷаҳои бирёни серравған, нони хушбўй, панир ва нўшокии қувватбахши пудинагӣ оварданд. Гарм ва бароҳат буд, шоҳзода ҳис кард, ки чӣ тавр бадани дар давоми рўз аз бардорузани фойтун хасташудаи ў суст шуда, роҳат мекунад. Аз табъи хушҳоли иҷоранишин истифода бурда, хўчаини меҳмонхона пурсупосро сар кард: — Ба куҷо раҳсипор ҳастед, тақсир? — Ба давлати ҳамсоя, ба назди хешу таборамон, — ҷавоб дод шоҳзода Зудбовар. — Ҳа, бале, ҳозир бисёриҳо дар ҷустуҷўи саргузашту вақтхушиҳо сафар мекунанд. — Кӣ вақтхушӣ меҷўяд, ман? — ба ҷаҳл омад шоҳзода. — ман аз подшоҳ супориши ҷиддӣ гирифтаам! Супориши бошараф, ба ёрии ҳокиме, ки ба бадбахтӣ дучор шудааст мешитобам. — Супориш аз худи подшоҳ Одоб? Магар шумо ба подшоҳ Хайрхоҳӣ ёрӣ расонданӣ ҳастед? — кунҷковиашро пинҳон кардан натавонист хўҷаин. Шоҳзода фаҳмид, ки гапи зиёдатӣ задааст, барои хўроки шом ташаккур гуфт, аз паси миз бархест ва ба хўҷаин як тангаи тилло дода, сўи ҳуҷраи барои ў тайёр кардашуда шитоб кард. — Оҳ, шумо чӣ хел саховатманд ҳастед, — илтифоти зиёд зоҳир мекард хўҷаини меҳмонхона, ки аз дидани тилло дастонаш ба ларзидан даромаданд. Шоҳзода Зудбовар ба хоби ширин рафт, аммо хўҷаини меҳмонхона саросемавор аспро зин кард ва зуд дар торикӣ ғайб зад, рост ба тарфи ҷангал гашт ва бо овози зоғ ба касе ишора кард. Аз паноҳгоҳ ду нафар баромаданд. Яке аз онҳо пурсид: — Ин туӣ, Бадкирдор? — Ман, ман, салом, роҳзанҳо! Ман ба шумо чӣ хел хабари хуш овардам! Бодиққат гўш кунед, ман вақти зиёд надорам, бори дуюм такрор намекунам. Ба фикри шумо, кӣ хонаи маро иҷора гирифт? Худи шоҳзода Зудбовар! Ў бо худ ҷавоҳироти беҳисоб дорад. — Аниқ медонӣ? — Аниқтар намешавад. Фойтун, аспҳо, муҳофизон, ва асосаш, гапҳояшон — пурра подшоҳӣ! Нигоҳ кунед, ў бо чӣ пардохт кард. — Бадкирдор аз кисааштангаи тиллоиро баровард, ки аз дидани он чашмони роҳзанҳо оташ барин дурахшиданд. — Ва дар дасти ў ҳамин хел танга бисёр аст. Ў ба хеши худаш, подшоҳи қашшоқшуда Хайрхоҳ, кўмак бурда истодааст. — Чаро худат ҳуҷум накардӣ, кашида нагирифтӣ? — бо шубҳа пурсиданд роҳзанҳо. — Дастаи посбонони шоҳзода чунон аст, ки беҳтараш сар ба сар нашавӣ, аммо худи ў ҷавон ва содда аст. Ана дар ҳамин ҷо шумо ба ман ёрӣ мерасонед. Аломати дуроҳаро дар ёд доред? Онро тоб додан лозим аст, то ки шоҳзода на ба назди хешаш, балки ба назди дўсти мо, Дағалӣ, равона шавад. Зудбовар фиребро пай бурдан наметавонад. Ман бошам қарздор шуда намемонам, агар ҷавоҳирот ба дасти ў афтад, аз мукофотпулие, ки Дағалӣ ба ман ваъда кардааст, ҳаққи шуморо ҷудо мекунам. Хайр, чӣ хел, розӣ ҳастед? Офтоби пагоҳирўзӣ шоҳзодаро бедор кард, ў зуд хест, наҳорӣ кард, ба хизматгорон ва посбонҳои худ фармон дод, ки ба роҳ тайёрӣ бинанд ва меҳмонхонаро тарк намуд. Ба болои роҳ туман фаромад ва фойтуни посбондор оҳиста ҳаракат мекард. Тадриҷан туман пароканда шуд, имконияти тезтар ҳаракат кардан пайдо шуд. То нисфирўзӣ мусофирон ба гардиши ду роҳ омаданд. Шоҳзода шитоб мекард, ки ба ҷои муайяншуда то фаромадани торикӣ расида равад, бинобар ин роҳро бо харита муқоиса накарда, ба аломат бовар кард, мувофиқи аломат, ки роҳи подшоҳии Хайрхоҳиро нишон медод, ҳаракат кард. Аспҳо то худи бегоҳӣ давиданд ва, замоне ки савораҳо дар пеши худ қалъаи даҳшатнокро диданд, хеле ҳайрон шуданд. — Ҳайратовар, — гуфт шоҳзода, — дар роҳи мо будани ин хел қалъа мумкин нест. Мусофирон ба назди дарвозаҳои баста омаданд, хизматгор дарро кўфт. Равзанаи дидбонӣ кушода шуд, касе пурсид: — Шумо кистед? Ба куҷо ва барои чӣ меравед? Шоҳзода супориши падарашро ба ёд овард, аз фойтун баромад ва боодобона ҷавоб дод: — Салом ба шумо, шаҳрвандони иззатманди ин шаҳр! Ман — шоҳзода Зудбовар мебошам, ба подшоҳии Хайрхоҳӣ равона ҳастам, аммо ба назарамон мо роҳгум задаем. Афсўс, аммо қалъаи шумо дар харитаи ман қайд карда нашудааст. Дарвозаҳо кушода шуданд, пеши роҳи мусофиронро посбонҳо гирифтанд, ки рост ба чашми ҳозиршудагон нигоҳ карда, густохона хандиданд. Барои саволи густохона бубахшед, лекин чӣ ба назари шумо хандаовар намуд?— пурсид шоҳзода. — Тарзи гапзании ту, эркачаи падар. Маро девона гўй ва ба шаҳр даромада метавонӣ, — гуфт яке аз посбонҳо. Шоҳзода боодобона аниқ кард: — Ҳар дуи мо дуруст мефаҳмем, ки сухан дар бораи чист? Ба ман шаҳри шумо лозим нест. Ман роҳро гум кардаам ва мехоҳам фаҳмам, ки дар куҷоям. — Хеле хушмуомила ҳастӣ? Ин тавр бошад хуш омадед ба ҷаҳони дигар, бо аробаат дармадан гир. — Посбонҳо аспҳоро аз лаҷомашон доштанд, савораҳо ва фойтунро ба дарун кашида дароварданд. — Марҳамат карда, маро ба назди ҳокиматон баред, — гуфт шоҳзода. Сардори посбонҳо ба роҳ туф кард ва ҷавоб дод: — Аҳмақ, беҳтараш ту инро намепурсидӣ. — Ҳой, оҳистатар, ҷўраҷон, — пеш баромад сардори посбонҳо ва зердастони ў, шоҳзодаро ба давра гирифта, шамшерҳояшонро берун бароварданд. Аммо онҳо дигар ягон қадам ҳам монда натавонистанд. Сардори посбонҳо бо дасташ ишора кард ва аз боло ба сари шоҳзода ва посбонҳои ў тўри оҳанин афтид ва одамонро ба замин пахш кард. Аспҳо ва фойтунҳоро посбонҳо аз тўр озод карданд ва гирифта бурданд. — Ин чӣ шаҳри ҳайратовар аст? — бо ҳаяҷон пурсид шоҳзода. — Ба фикрам, мо ба дом афтидем, — гуфт сардори посбонҳои ў. — Касе кўшиш карда, моро аз роҳ баровард ва акнун дар меҳмонии ҳоким Дағалӣ ҳастем. — Чӣ бояд кард? — ба ҳаяҷон омад шоҳзода. — Интизор шудан лозим, — ҷавоб дод сардори посбонҳо. Посбон, ба асирон нигоҳ карда, баланд механдид: — Чӣ, аҳмақҳо, ба даст афтидед! Камтар ҳамин ҷо шинед, ором шавед, зеро мебинам, ки шумо хеле пурҳарорату дуруст менамоед. Шаб наздик мешуд, хунукӣ ба зери либоси мусофирон гузаштан гирифт. Шоҳзода, ашрофзода будани худ ва мақоми баланди худро фаромўш карда, бо сардори посбонҳо дар зери як боронӣ паноҳ бурд, дигарон тўда шуданд, то ки гармтар шаванд ва ҳамин тавр мунтазири субҳидам шуданд. Саҳарӣ сардори посбонҳо омад, бо дасташ ишора кард ва тўр бардошта шуд. Ба мусофирони азобдида посбонҳо дарафтоданд, аз дасти посбонон ва аҳли рикоби шоҳзода аслиҳаашонро кашида гирифтанд, сандуқи ҷавоҳиротро гирифта бурданд. — Дўсти азиз, — дубора ба сардори посбонҳо муроҷиат карданӣ шуд шоҳзода, — ба ҳар ҳол ман метавонам бо ҳокими шумо гап занам? Аммо фақат як худи ҳамин муроҷиат чунон ғазаби посбонро овард, ки ў шамшерашро ба даст гирифт. — Оё ту мехоҳӣ, ки ман сари беақли туро аз танат ҷудо кунам? — шамшерашро тоб дода, фарёд кард ў. — Аълоҳазрат, — пичиррос зад ба гўши шоҳзода сардори посбонҳо, — бубахшед, ки ҷуръат карда маслиҳат медиҳам, аммо, ба фикрам, ҳозир хомўш будан кори оқилона мешуд. — Ҳамаатон дафъ шавед! — фарёд кард сардори посбонҳо ва посбонҳоеро, ки шоҳзодаро иҳота карда буданд, лагад зада пароканда кард. — Ба фикрам, ман асли воқеаро фаҳмидам, — гуфт сардори посбонҳо, — мо дар шаҳри исёнкоронем. Падари шумо, подшоҳамон Одоб, одамони бадро ба ин ҷо бадарға мекунад. Ана ҳамон одамонеро, ки доимо бар зидди ҳокимият исён мебардоранд, бо ҳама ҷанг мекунанд, ҳамаро таҳқир мекунанд, дағалӣ мекунанд. Ин ҳудуди онҳост ва агар ҳақорати қабеҳро ба забон оред ё ин ки шўхии бешармона кунед, он гоҳ онҳо дарҳоро дар пеши шумо мекушоянд. Ору номуси ҳокими онҳоро бедор кардан бефоида аст, бешубҳа ҳоким Дағалӣ ҳодисаи рўйдодаистодаро назорат мекунад ва ин бадфеълҳо бо фармони ў амал карда истодаанд. — Падарам доимо ба ман ёд медод, ки дар ҳама ҳолатҳо бододоб ва хушмуомила бошам. — Он гоҳ шумо дар ин ҷо зинда намемонед. — Мо аз ин ҷо чӣ тавр халос шавем? Сахт гурусна ва аз ҳама бисёртар ташна мондаам. — Аввал месанҷем, ки ман ҳақ ҳастам ё не, — гуфт сардори посбонҳо ва бо овози баланд дод зад: — Магар дар ин шаҳр ягон аҳмақе нест, ки аҳмақони дигарро ба хонааш роҳ диҳад. Дарҳол дарҳо кушода шуданд ва овозҳои дағалона бенавбат ба даъваткунӣ даромаданд: — Биё, аҳмақ, ба хонаи ман даро! Сардори посбонҳо ба назди як дар омад ва касе аз гиребонаш гирифту кашида ба хона даровард. Аз паси ў шоҳзода ҳам даромаданӣ шуд, аммо аз ў пурсиданд: — Аммо ту чӣ мегўӣ? — Салом, одамони нек. Чӣ хел корҳо сар шуданд — ҳай гиру ҳай мон гўӣ, ҳуштаккашӣ, ханда. — Ин нозуктабъро бинед-а! Ў аз куҷо пайдо шуда бошад? Охир бо ту ягон кас дар паси як миз намешинад. Рав аз ин ҷо, бигузор туро одобат хўронда гарм кунад. Шоҳзода гуруснагиашро ҳатто фаромўш кард, ў чун бачаи хурдакак гиря кардан мехост. Ў дар мобайни кўчаи чиркин ва туфолуд тамоман танҳо меистод, ҳамаи посбононаш пароканда шуданд, дарҳои хонаҳо пўшида буданд. Шоҳзода ба куҷо рафтанашро надониста, қадам мезад ва ногоҳ бўи дилкашеро ҳис карда, истод. Дар пеши ў дўкони нон буд. — Илтимос, ба ман каме ҳам бошад нон диҳед. Ман ба шумо пули бисёр медиҳам, — гиря карда, пурсид шоҳзода. — Чанд пул? — дағалона пурсиаднд аз ў, аз афташ, дар ин ҷо гиря ба ҳеҷ кас таъсир намекард. — Чанд пуле, ки гўед. — Пўшоки худро деҳ, як бурда нон гиру дафъ шав, — биниашро аз дар баровард, дўкондор. Ин одами хуб буд, ба ивази либоси шоҳона ў ба шоҳзода ҷандаҳои бўин ва нон партофт, аммо Зудбовар ба ҳаминаш ҳам хурсанд буд, акнун ў сер шуда қувват мегирад. Чанд газ нагирифта буд, ки посбонони аллакай шинос пайдо шуданд, дастонашро печонданд ва аз буни гарданаш тела дода, фармон доданд, ки тезтар ҳаракат кунад. Латхўрдаву маҷрўҳ пас аз чанд вақт дар пеши одами кўтоҳпой ва тоҷдори дар тахт нишаста, ки тахташ ба тахти подшоҳ Одоб монанд буд, рост меистод. Дар назди тахт зердастони ҳоким гирд омада буданд, аммо дар фарш ҳамон дўкондор хазида мегашт, ки ба ивази либосаш ба шоҳзода нон дода буд ва лаганбардорона мегуфт: — Ҷаноби олӣ, ба модари ҷалоҷинам қасам, ин ҳамон дуздест, ки нон ва чизҳои маро дуздидааст. — Хомўш, аҳмақ! Худам ҳал мекунам, — чиррос зад одам. Шоҳзода пай бурд, ки дар пеши ў ҳоким Дағалӣ нишастааст, чӣ тавр муроҷиат карданро надониста, барои дигар ба худаш зарар нарасондан, қариб буд ба ў боодобона салом гўяд. — Ту кистӣ ва барои чӣ ба шаҳри ман зада даромадӣ? — дод зад ҳоким. — Ман шоҳзода Зудбовар ҳастам, ба шаҳри шумо зада надаромадаам, балки роҳро гум кардам, ман бояд умуман ба тарафи дигар, ба назди подшоҳ Хайрхоҳӣ, мерафтам. Посбонони шумо ба ман ҳамла карданд, фойтун, аспҳо, сандуқи ҷавоҳиротамро кашида гирифтанд… — Не, ба ин гадои бешарму бўин нигоҳ кунед, шоха ба қабурғаҳояш! — гапи шоҳзодаро бурид ҳоким. — Ў мегўяд, ки сарватманд ва ашрофзода аст! Ба афтат нигоҳ кун, хўса! Издиҳом уллос мекашиду ба гадои бешарм лаънат мефиристод. — Худатон мебинед, — аз ҳама баландтар дод мезад дўкондор, — ки ин дузд ва дурўғгўи разил аст. — Марг ба ў, марг ба ў! — хашмгинона талаб мекард издиҳом. — Албатта, марг! — чиррос зад ҳоким. — Лекин ман имрўз раҳмдил ҳастам, ин дурўғгўяк ва дуздакро афв мекунам… агар ў ҳуҷҷатеро имзо кунад, ки дар он аз суханҳои худ, ки гўё худаш шоҳзода Зудбовар асту падараш — подшоҳ Одоб аст, даст мекашад. Бигзор эътироф кунад, ки аз ин подшоҳ ягон хел супориш нагирифтааст, супоришҳои Одоб, ки онҳоро тасодуфан дар куҷое шунидааст, барои ў хеле нафратоваранд. Бигузор эълон кунад, ки ҳамчун дурўғгўяк ва дуздаки аз ҳама пасттарин, ў ҳеҷ гоҳ одамони дар муомила боэҳтиром ва дилписандро дўст намедошт ва танҳо як чизро — дар шаҳри зебои мо, ки дар ин ҷо ягон рўз бе ҳақорат намегузарад, зиндагӣ карданро мехост. Бигузор зиндагӣ кунад. Агар тавонад, — илова кард ҳоким ва ханда кард. «У — у — у», — ноумедона уллос кашид издиҳом. — Шумо аз чӣ норозӣ ҳастед, аҳмақҳо?! Дафъ шавед! — чиррос зад ҳоким ва посбонон издиҳомро лагад зада, пароканда кардан гирифтанд. — Бо хурсандии том ин писарбачаи боодоб ва росткорро ба қатл мерасондаму, — аммо мумкин нест, — гуфт ба машваратчии гўш ба қимор, ҳоким. Ман бо подшоҳ Одоб аҳдномаи сулҳ бастаам. Агар фаҳмад, ки бо фармони ман вориси ягонаашро аз ҳаёт маҳрум кардаанд, аз ҷанг халос намешавем. Лекин мо ҳоло он қадар ҳам зўр нестем, ки Одобро мағлуб кунем. Подшоҳ Одоб қариб ним сол писарашро бемуваффақият меҷуст. Хизматгорони содиқ мегуфтанд, ки шоҳзода дар қайди ҳаёт нест, ўро ғорат кардаанд ва куштаанд, вагарна писари меҳрубон ҳатман дар бораи худаш хабар медод. Подшоҳ ноумед намешуд. — Ман боз як бор кўшиш мекунам, ки ўро ёбам, — ба хизматгоронаш гуфт ў. — Мо тамоми гўшаҳои подшоҳии маро кофта баромадем. Ҳамаашро, ба ғайр аз як ҷо. Дар сарҳад як ҷои партофташудае ҳаст, ки дар он ҷо меҳмонхона чойгир шудааст, хўҷаини он кайҳо боз аз боварӣ баромадааст. Аллакай чандин бор ман дар бораи вай шикоят мегирам. Касе ба ман ҳатто гуфт, ки номи ў — Бадкирдор аст. Вақти он расидааст бисанҷем, ки оё ин рост аст ё не. То бегоҳ подшоҳ Одоб ба ҳамон меҳмонхона расида рафт. Хўчаин, дар меҳмон подшоҳро шинохта, аз бўр ҳам сафедтар шуд ва бо забони гирифта ба ў салом дод. — Ин барои муассисаи мо шарафи хеле бузург аст! Ба аълоҳазрат чӣ хизмат карда метавонам? — Ба мусофирон одатан чӣ хизмат мекунед? — ҷавоб дод подшоҳ ва фаҳмонд, ки сўҳбати дуру дароз карданӣ нест, аммо ба ў ана ин чиз лозим аст: — Кани гўй, рафиқи азиз, оё ним сол пеш дар меҳмонхонаи ту ҷавони хушмуомилае таваққуф карда буд? Хўҷаини меҳмонхона ҳақиқатан тарсида буд: — Ним сол пеш? Магар ҳама иҷорашинонро дар ёд нигоҳ доштан мумкин аст! Ба назарам, ин хел одам буд, мегуфт, ки ба ҳокимигарии Дағалӣ ба меҳмонӣ меравад. Баъд аз хўроки шом подшоҳ ба ҳуҷраи алоҳидаи барои ў тайёр кардашуда рафт. Роҳ ўро хаста карда буд, аммо хобаш намебурд. Рафтори хўҷаини меҳмонхона ҳайратовар буд, вале хабараш дар бораи он, ки касе бо ихтиёри худ ба ҳокимигарии Дағалӣ мерафта бошад, ба сараш намеғунҷид. Подшоҳ базўр то саҳар тоқат кард ва фармон дод, ки аспҳоро зин кунанд. То нисфи рўз экспедитсияи ў ба дуроҳа расид. Ў ба назди аломат омад: роҳи тарафи рост — ба сўи подшоҳ Хайрхоҳӣ мебарад, тарафи чап — ба шаҳри исёнгарон, ки ба он ҷо ҳеҷ кас бо ихтиёри худ рафтан намехост. Илова бар он шоҳзода ҳам ба он ҷо рафта наметавонист, охир ў харитаи дуруст дошт. Подшоҳ андеша карда, бо дасташ ба аломат зад ва он ногаҳон ҷунбид. Он гоҳ ў аломатро тела дод ва он афтид. — Хайр, — гуфт подшоҳ, — ба фикрам, ман фаҳмидам, ки сабаб чист. Аломатро тағйир додаанд ва агар, мувофиқи он, ман ба тарафи рост равам, он гоҳ айнан ба ҳамон чо меравам, ки бояд тарафи чап бошад. Мо ба тарафи рост гаштанӣ будем, ба назди бародари мо, аммо худро фиреб додан намемонем — ба тарфи чап меравем. Вақте ки дари шаҳри исёнгаронро кўфтанд, бегоҳ шуда буд. — Боз киро бало овард? — овози дағале шунида шуд. — Подшоҳи туро! — ҷавоби таҳдидомез шунида шуд ва дарвозаҳо кушода шуданд. — Шумо, эҳтимол, ба назди ҳокими мо омадаед? — хушомадгўёна гап зад посбон. Дар қасри ҳоким дарҳол тирезаҳо равшан шуданд ва хўҷаини он бо камзўли ҷилодори тиллоӣ ба пешвози подшоҳ баромад, бо эҳтиром таъзим кард: — Дуруд ба шумо, аълоҳазрат! Шуморо дар ин бевақтӣ ва бе огоҳии ташриф чӣ ба назди мо овард? — Ман писари худро меҷўям, — рўйрост гуфт подшоҳ, — фикр мекунам, ки ў ба ба бадбахтӣ дучор шудааст ва дар кадом як гўшаи кишвари шумост. — подшоҳ ба курсии васеъи ба ў пешниҳод кардашуда, ба чашмони ҳоким Дағалӣ бодиққат нигоҳ карда, нишаст. — Дар кишвари мо? Оҳ не, аълоҳазрат! Ман ҳама чизеро, ки дар ҳокимигарии ман мешавад, медонам. Вазъиятро назорат кардан лозим аст, худатон мефаҳмед, одамони бад, дағал, шумо дигаронро ба мо намефиристед. Аммо, истед, як ҳодиса ба ёдам меояд. Ним сол пеш дар кишвари мо як гадои дурўғгў ва дуздак пайдо шуда, ба ҳама эълон мекард, ки ў писари шумост ва номаш Зудбовар аст. Ўро барои чунин густоҳӣ ба қатл расондан лозим буд, аммо ман, вақте ки сохтаном ба тўҳмат иқрор шуда, ҳуҷҷатеро имзо кард, ба ў ҳаёташро бахшидам. Дили подшоҳ Одоб аз эҳсоси он чиз, ки ў ба мақсади кофтуковҳои худ наздик омадааст, ба тапиш даромад, аммо ў ба ҳоким чизе нагуфт ва фаҳмонд, ки сўҳбат хотима ёфт ва фармон дод, ки ҳуҷраи истироҳатро ба ў нишон диҳанд. Саҳарии барвақт подшоҳ, сару либоси оддӣ пўшида, ба шаҳр баромад. Ў дар кўчаҳои ифлос мегашт, ба рўи роҳгузарон назар мекарду бо даҳшат медид, ки то чӣ андоза онҳо дағал ва бераҳм ҳастанд. Ин шаҳри аз ҳама нафратангезе буд, ки ў замоне дида буд. Дар байни сокинони паст писарашро чӣ тавр ёбад, чӣ кор кунад, ки писараш инро фаҳмад, ки падараш ин ҷост ва ўро меҷўяд? Дар бораи ин масъала шабу рўз андеша карда, подшоҳ оқибат нақшаи муракаберо фикр карда ёфт. Аввал ў ба ҳоким эълон кард, ки маҷбур аст дар кишвари вай камтар бимонад ва бинобар он ки аз ҳисоби хўҷаин зиндагӣ кардан намехоҳад, мағозаи хурде мекушояд ва дар он ҳар гуна тўҳфаҳо, маснуоти нодиреро, ки шахсан ба ў тааллуқ доранд, мефурўшад ва тайёр аст аз маблағи даромад ба ҳоким андоз супорад. Ҳоким Дағалӣ хеле боз аз ҳузури подшоҳ нотинҷ буд. Охир ин чӣ зиндагист, ки агар аз таги дил ҳақорат карда натавонӣ, латифаи фаҳшеро нақл карда натавонӣ! Аммо аз даромади муфт дил канда натавонист. Худи ҳамон рўз дар яке аз кўчаҳои шаҳр мағозаи хурде кушода шуд, ки пешдўконҳои онро тугмаҳо, лентаҳо, калобаҳо ва ҳар хел чизҳое, ки подшоҳ ва хизматгорони ў аз либоси худ бурида гирифтан тавонистанд, оро медоданд. Мол хеле ҷолиб метофт, бисёриҳо ҳатто сўзанакеро аз камзўли подшоҳ ба даст овардани буданд, алалхусус, ки онҳо хеле арзон буданд. Дар назди дари мағоза харидорон тўда мешуданд, аммо ҳеҷ кас ба даромадан ҷуръат намекард. Ба дар эълон часпонда шуда буд: «Илтимос, бадсуханӣ накунед!» Издиҳом ба матни лавҳа механдид ва масхара мекард, касе ҳақорати қабеҳ мекард ва хабари мағозаро бо ин гуна қоидаҳои бемаънӣ дар шаҳр паҳн мекард. Овозаҳо то шоҳзода ҳам расиданд, ки дар тўли ним соли оворагӣ бо душворӣ дар як саисхона барои худаш ҷой ёфта буд. Дар тамоми шаҳр ин ягона ҷое буд, ки дар он ўро тоқат мекарданд. Муносибати саис-шоҳзода ба аспҳо маъқул буд, аммо барои тоза кардани саисхона гап задан умуман лозим набуд. Ў аз ҳамон чизе, ки ба ҳайвонот медоданд, хўрока меёфту мехўрд ва дар бораи он, ки рўзе ба хона бармегардад ҳатто орзу намекард, охир худи ў инкорномаашро имзо кардааст. Вақте ки овозаҳои мағозаи ғайриоддӣ то саисхона расиданд, шоҳзода Зудбовар фаҳмид: «Ин падари ман аст!» Дар ин шаҳр ба ғайр аз подшоҳ Одоб дигар ягон кас қобилияти навистани чунин эълонро надорад. Ва инак боре ба назди мағозаи ғайриоддӣ гадои чиркине бо ҷомаи бўин омад ва дар назди дар истод. Кулоҳашро, ки рўяшро мепўшонд, камтар якнима карда, лавҳаро хонд. Аз чашмон ў ашк мерехт. Дари мағоза кушода шуд ва коргари аз он ҷо баромада, аз гадо пурсид: — Ту даромадан мехоҳӣ? — Шумо чӣ мегўед, одами нек, ман пул надорам. Бо иҷозати шумо ман фақат мехонам. — Хонданро ба ту кӣ ёд дод? — худи подшоҳ аз дари мағоза берун баромад. Ин саҳна кунҷковонро ба худ ҷалб накардан наметавонист. Дар назди мағоза як тўда сокинони исёнгар ҷамъ шуда буданд, ки ба гадо механдиданд ва ўро таҳқир мекарданд: — Ин аҳмақро бинед-а! Даро, ба худат тўҳфачае бихар. Фақат баъд аз ин туро ҳатто ба саисхона ҳам роҳ намедиҳанд. Аз гуруснаги мемурӣ! Ба шаҳрвандон алам мекард, ки ягон нафари онҳо аз остонаи мағозаи дилхоҳ даромада наметавонист, аммо ин ҷандапўш истода, фикр мекунад, ки дарояд ё не. Шоҳзода ҳақиқатан дар пеши муаммои мушкиле истода буд. Ў дар ҷаҳон аз ҳама бисёртар мехост, ки ҳозир дарояд ва ҳеҷ набошад маротибаи охирин дар ҳудуде бошад, ки он ҷо ҳама чиз бо қонун ва асосҳои муқаррар кардаи падараш амал мекунад. Ҳа, ў фарзанди ноқобил баромад, ў супориши падарашро иҷро накард, аз ўҳдаи супориши муҳим набаромад, ҳама чизро аз даст дод, ҳатто номи некашро. Подшоҳ Одоб бо дили соф ўро дар ин шаҳри нафратангез партофта рафтан метавонад, махсусан вақте ки аз хиёнате хабардор мешавад, ки шоҳзода коғази нафратангезро бар ивази ҳаёти худ имзо карда, содир намудааст. Аммо ҳаёти ў акнун чӣ гуна шудааст? Аз давом додани ин хел зиндагӣ дида, барои як лаҳзае, ки дар тозагии фикру сухан гузаронда шудааст, мурдан беҳтар аст. Шоҳзода боҷуръат кулоҳро аз сараш гирифт ва ба пеш қадам монд. — Писарам, — оғўшашро кушод подшоҳ, — ман туро хеле кофтам! — Падар, ман дигар сазовори он нестам, ки худро писари ту гўям, — эҳсосоти худро нигоҳ дошта натавониста, гиря кард шоҳзода. Подшоҳ бачаи худро, ки ба пўсти ў бўи саисхона зада монда буд, сахт ба оғўш кашид ва гуфт: — Иҷозат деҳ ин корро ман ҳал кунам. — Аммо баъд аз он чизе, ки ман содир кардаам, чӣ тавр ба дарбор баргашта метавонам? — Ҳамчун асири озодкардашуда, — гуфт подшоҳ. — Бирав, баданатро тоза кун, ягон чиз хўр ва либосатро дигар кун, роҳи хона моро интизор аст. Подшоҳ Одоб ба тайёрӣ вақти зиёд сарф накард. Ба зудӣ фойтуни ў бо шоҳзода ва хизматгорон ба тарафи дарвозаи шаҳр рафтанд. Онҳо бояд аз назди қалъаи ҳоким мегузаштанд. Вақте ки фойтуни подшоҳ ба он баробар шуд, дар балкон ҳоким пайдо шуд: — Ба куҷо меравед, аълоҳазрат? — дар овози ҳоким дигар меҳрубонӣ шунида намешуд, ў мағрурона ва густохона гап мезад. — Шумо ин гадоро бо худ бурда наметавонед, ў писари шумо нест, чунки ҳуҷҷатеро имзо карда, дар он иқрор шудааст, ки танҳо дурўғгў ва дуздаки паст ва номдуздест, гўё шумо ба вай супориши муҳим додаед! — зимнан ҳоким коғазеро боло бардошту онро ҷунбонд. Подшоҳ Одоб аз ин гуна берўӣ каме саросема шуд, аммо зуд худашро ба даст гирифт ва ҷавоб дод: — Ман ба гапи одаме, ки ба суханҳои худаш аҳамият намедиҳад, бовар намекунам. Ту гуфтӣ, ки шоҳзода дар шаҳри ту набуд, аммо акнун, чӣ тавре ки мегўӣ, гўё ин ҳуҷҷати ба ман нишон дода истодаи туро писари ман имзо карда бошад,. Туро чӣ хел фаҳмидан мумкин аст? Ҳоким дигар тамоман худро нигоҳ намедошт: — Ту, подшоҳи номард, бар зиди суханони ман мебароӣ? Ҷанг мехоҳӣ? Ту онро меёбӣ. — Созишномаи сулҳи мо чӣ мешавад? — пурсид подшоҳ Одоб. — Ман онро на барои он баста будам, ки вайрон кунам. — Ҳатто умед накун, ин дафъа аз ҷанг халос намешавӣ. Ман фикр кардам, ки ақлат барои ҷони худ ва ворисатро ба зери хатар намондан мерасад. Аммо ту мисли ҳамаи нозуктабъон беақл ҳастӣ, бинобар ин ҳалок мешавӣ. Ва медонӣ, ки ман ба ту пеш аз мурданат боз чӣ мегўям, подшоҳи беҳунар? Ман дер боз орзу мекардам, ки давлати туро ба даст дарорам ва он қонунеро ҷорӣ намоям, ки ба одамон маъқул аст! Ту фикр мекунӣ, ки ба онҳо поквиҷдонӣ ва софдилии ту лозим аст? Аммо интавр нест! Ҳамаи онҳо дод задан ва бадгўӣ кардан, бешармӣ ва таҳқир кардан мехоҳанд. Ҳамаи онҳо мурдор, паст ва бад мебошанд, ки бо онҳо танҳо ту нозбардорӣ мекардӣ. Ман бошам ба онҳо он чизеро медиҳам, ки онҳо мехоҳанд, — ифлосиро. Бигузор сер шаванд! Ҳоким Дағалӣ боз ҳам зиёдтар ғазабнок мешуд, чиррос мезад ва пойҳояшро ба замин мезад, туф мекард ва либосашро медарронд. Рўи ў суп-сурх шуд, чашмонаш пурхун шуданд, ў ҳамчун тўби резинӣ дам кард… ва аз ғазаб кафид. Посбонон ва сокинони шаҳри исёнгар, ки дар майдон чамъ шуда буданд, гаранг шуда ба якдигар менигаристанду чӣ кор карданашонро намедонистанд. Онҳо бо ҳароси ошкоро ба тарафи подшоҳ Одоб нигоҳ мекарданд, оё пас марги Дағалӣ ў «одамчаҳои мурдорро» ҳам нест мекарда бошад. Охир акнун ҳокимияти ҳоким тамом шуд ва подшоҳ Одоб — ҳокими онҳост. — Дар ҳақиқат, бо онҳо чӣ кор кардан лозим аст? — аз подшоҳи худ пурсид мушовир. Подшоҳ Одоб бодиққат ба тўдаи одамони ифлос ва оҷиз нигоҳ кард ва гуфт: — Ба онҳо одати хубро ёд диҳед. — Магар ин имконпазир аст? — Чизе, ки ба одам имконнопазир аст, ба Худо имконпазир мебошад. Бигузор аз он чиз сар кунанд, ки аз Довари Олӣ дар бораи тағйир додани дилҳояшон хоҳиш намоянд. Ман бошам аз тарафи худ дар ин кор ба онҳо ёрӣ мерасонам, мағозаи хурдакаки худро ба онҳо мемонам. Бигузор лавҳаи он ҳамон чизро ба хотир орад, ки барои чӣ ҷидду ҷаҳд кардан лозим аст: «Илтимос, бадгўӣ накунед!» Вақти бозгашт подшоҳ, шоҳзода ва дарбориён бояд дар меҳмонхонаи сари роҳ шабро саҳар мекарданд. Вақте ки онҳо ба он ҷое наздик шуданд, ки меҳмонхона истода буд, фақат тарошаҳои нимсўхта — ҳамон чизеро, ки аз бинои пешина боқӣ монда буд — диданд. Савораҳоро дида, аз ҷангал одами ришу мўяш дарозшудае баромад. — Ту кистӣ? — пурсид аз ў сардори посбонҳо. — Замоне ман хўҷаини ин меҳмонхона будам, баъзеҳо маро Бадкирдор меномиданд. Илтиҷо мекунам, иҷозат диҳед ба нази подшоҳ равам! Подшоҳ Одоб марҳамат карда бо хонасўхта, ки дар пеши подшоҳ ба зону афтода буд ва то бахшидани гуноҳаш аз ҷой хестан намехост, сўҳбат карданӣ шуд. Бадкирдор барои тамоми гуноҳҳояш тавба кард ва нақл кард, ки чӣ хел роҳзанҳоро иғво андохт, чӣ хел ба онҳо музд ваъда кард, аммо аз хасисӣ ҳаққи ваъдашударо надод ва бинобар ин аз ў қасд гирифтанд, меҳмонхонаашро оташ заданд. — Ман туро бахшидам, — гуфт подшоҳ, — илова бар он, агар ваъда диҳӣ, ки дигар разилӣ намекунӣ, ман ба ту пул медиҳам, то ки ту меҳмонхонаи нав созӣ. — Ташаккур, подшоҳи меҳрубон. Дар ҳақиқат меҳмонхонаи нав сохтан мумкин аст, аммо аз куҷо ман зан ва фарзандони навро меёбам? Охир тамоми оилаам дар оташ ҳалок шуданд. Не, подшоҳи меҳрубон, иҷозат деҳ, ки ман ба шаҳри исёнгарон равам. Ман шунидам, ки ҳоким Дағалӣ аз ғазаби худ кафидааст ва зердастони ў ба ҳоли худ мондаанд. Бовар кунед, акнун ман медонам, ки ба онҳо чӣ гўям ва ба кадом тараф равон кунам. Албатта, ҳоло аз ман муаллими хуби рафтори нек намебарояд, аммо ман, бо писари шумо сўҳбат карда, баъзе чизҳоро аз худ намудам. — Бирав, дўстам, — хурсандона гуфт подшоҳ. — Бирав ва дигар гуноҳ накун.