Ҷош ва Шон Макдауэлл ҲАҚИҚАТЕ, КИ РАФТИ ТАЪРИХРО ДИГАР КАРД Сафари шахсии ман Вақте ки ман қарор додам масеҳиятро рад кунам, чӣ ҳодиса рӯй дод? Ҷош Макдауэлл Дар коллеҷи Келлогг таҳсил карда истода, ман барои ба мактаби ҳуқуқшиносӣ дохил шудан тайёрӣ медидам, то ки ягон вақт ба сиёсатмадорӣ машғул шавам. Дар байни донишҷӯён як гуруҳе ҷудо шуда меистод, ки ҳаёти онҳо тамоман ба дигарон монанд набуд ва онҳо диққати маро ҷалб карданд. Ба ҷои он ки онҳо барои сарват, муваффақият ва шуҳрат зиндагӣ кунанд, ин донишҷӯён дар ҳақиқат якдигарро дӯст медоштанд. Агар гап дар бораи ман равад, ман дар оилаи носоз калон шудам ва дар солҳои бачагӣ, ҳар ҳафта, дар давоми якчанд сол, Уэйн Бейли, ки дар фермаи мо мардикорӣ мекард маро дастизӯрӣ мекард. Барои ҳамин ман хеле сахт ҷӯёи муҳаббате будам, ки онҳо ҳис мекарданд ва нисбати якдигар нишон медоданд. Муҳаббати онҳо ба ҳама одамон, — ҳам ба онҳое, ки дар гуруҳашон буданд, ҳам ба одамони бегона — ба назари ман хеле ғайриоддӣ менамуд. Вале ман бо ноумедӣ хоҳони чунин муҳаббат будам. Аммо ба ғайр аз ин, ман боз шаккок ҳам будам, ки бо ҳама нобоварӣ ба худ, хеле сергап будам. Ман намехостам, ки онҳо дар бораи ҷароҳат ва дардҳои дар қаъри дилам пинҳон буда хабардор шаванд. Ҳамин тариқ, ба умеди фаҳмидани сирри онҳо, ман бо онҳо дӯст шудам. Боре, вақте ки мо дар паси миз, дар иттиҳоди донишҷӯён менишастем, ман гуё ки беғаразона ба як духтар аз ин гуруҳ савол додам: сабаб чист, ки вай ба дигар донишҷӯён ва муаллимони донишгоҳ монанд нест? Ман чунин вонамуд кардам, ки инро ҳамту, омади гап мепурсам, вале ман дар ҳақиқат инро донистан мехостам. Вай бо нимтабассум рост ба чашмони ман нигоҳ карда ду калима гап зад, ки манн шунидани онро дар ҷавоб аз ягон кас дар донишгоҳи мо умедвор набудам. Вай оддӣ гуфт: — Исои Масеҳ. Ман фикр накарда, дар ҷавоб гуфтам: — Фақат ҳамаи ин сафсатаҳоро оиди дин баён кардан лозим нест. Ман аз дин, калисо ва Китоби Муқаддас гулугир шудаам. Аз афташ ман ӯро музтариб кардам, барои он, ки вай бо ҳамон ҷӯшу хӯруш эътироз кард: — Ҷаноб, ман ба шумо на дар бораи дин мегӯям. Ман ба шумо дар бораи шахсияти Исои Масеҳ мегӯям. Ман ҳатто фикри дағалона рафтор карданро надоштам, барои ҳамин ҳам зуд барои тезиам бахшиш пурсидам. Вале дар айни ҳол ман фикр кардам, ки масеҳиён саросар бебурд ҳастанд, аз дин бошад дили ман беҳузур мешавад. Чӣ хел ин мумкин аст, ки як шахси ду ҳазор сол пештар вафот карда, имрӯз ба ҳаёти ман ягон муносибат дошта бошад? Маро дар ҳайрат гузошта, ин гуруҳи донишҷӯён ба ман пешниҳоди зеҳнӣ карданд: чӣ хел мешавад, агар ту худат ҳамаашро таҳлил карда, ба рост будани он чӣ Масеҳ дар бораи Худ гуфтааст бовар кунӣ? Ин дар ҳақиқат масъалаи оддӣ набуд, — омӯхтани далелҳои таърихӣ оиди Навиштаҳо, Худо будани Масеҳ ва эҳёи Ӯ аз мурдагон. Ҳамин тавр ман коллеҷро тарк карда, аз маблағе ки дар натиҷаи тиҷорати рангмолӣ ба даст оварда будам, Штатҳои Муттаҳида, Англия ва Шарқи наздикро давр задам, то ки барои радкунии масеҳият маводеро пайдо кунам. Дар рӯзҳои мо ин хел маводро дар китобҳо, китобхонаҳои маҳаллӣ ва Интернет пайдо кардан мумкин аст. Вале дар солҳои 1950 фақат худи шахс метавонист онро дар китобхонаҳо ва университетҳои тамоми дунё пайдо кунад. Ман барои масхара кардани масеҳият ба роҳ баромадам. Он чизе ки ман дарёфт кардам, дар ҳақиқат ҳаёти маро дигар кард. Боре шомгоҳон ман дар яке аз китобхонаҳои шаҳри Лондон, пас аз тадқиқотҳои чандмоҳа мондагиро ҳис карда, танҳо менишастам. Баногоҳ ман чизеро монанди овоз, ки ба ман муроҷиат мекард, шунидам. Одатан ман ягон хел овозҳоро намешунидам, барои ҳамин ҳам ин ҳодиса маро хеле ҳайрон сохт ва аз пой афтонд. Овоз гуфт: «Ҷош, ҳамин тавр ту ягон далели асоснок пайдо накардӣ». Ман дарҳол аксуламали ҷавобии худро фурӯ нишондам. Билохир, ман қасди радкунии масеҳиятро доштам, на қабулкунии онро. Аҷибаш он буд, ки пас аз ин қариб ки ҳар рӯз ман худи ҳамон овозро мешунидам, фақат торафт баландтару баландтар! Чӣ қадар бештар ман маводҳои радкунандаи масеҳиятро меомӯхтам, боз ҳам бештар онҳо маро ба хулосаи баракси оне ки ман мехостам пайдо кунам меоварданд. Ман дар назди худ мақсад гузошта будам, ки беасосии масеҳиятро фош кунам, вале тадқиқотҳои ман маро ба чунин хуллосае оварданд, ки ман метавонам ба Библия бовар кунам, Исои Масеҳ — Худо аст ва дар рӯзи сеюм аз мурдагон эҳё шудааст. Бо вуҷуди ин, ҳатто он даме ки ба ман ростии ин аён шуд, ман ба хоҳиши аз қафои Масеҳ рафтан ва ҳаёти худро ба Ӯ бахшидан зиддият мекардам. Фикри он ки одамон дар бораи ман чӣ фикр хоҳанд кард ва масеҳишавӣ ба ман чи арзише хоҳад дошт, маро хеле метарсонд. Вале акнун, пас аз панҷоҳ соли пайравии Масеҳ ман метавонам самимона ва бо дили пок бигӯям, ки ин қарори хубтарин дар ҳаёти ман буд. Далелҳои ҳаққонияти масеҳият диққати маро ба худ ҷалб карданд, вале дар ниҳоят дили маро маҳз муҳаббати Худо, ки ин қадар кушода дар ҳаёти он донишҷӯёни коллеҷ, ҳангоми оғози сафари ман зоҳир мешуд, мафтун кард. «Эҳё аз мурдагон ва шумо» — ин китобест, ки бар он ман ва писарам Шон якҷоя кор кардем. Агар шумо ба Масеҳ имон дошта бошед, он гоҳ, мо умедворем, ки вай ба шумо далелҳои муайяни онро, ки имони шумо асоси мустаҳкам дорад, нишон медиҳад. Ва бо ин розӣ шуда, мумкин шумо ба фикри он афтед, ки ин китобро ба дӯсти ғайримасеҳиатон тавсия медиҳед. Агар шумо ба масеҳият шак доред, он гоҳ, ҳамаи он чӣ мо аз шумо мепурсем, — хондани беғаразонаи ин китоб аст. Агар Исо дар ҳақиқат аз мурдагон эҳё шуд ва бо ин исбот кард, ки Ӯ — Худо аст (нигаред: нома ба Румиён 1:4), он гоҳ дар ҳаёт ягон чизи муҳимтар аз пайравии Исо нест. Агар Исо аз мурдагон эҳё нашуда бошад, дар он сурат ҳам шумо ягон чӣ бой намедиҳед, — ин ҳамагӣ як шӯхии ноком аст. Ягон кас ин ҷаҳонро мисли Исои Масеҳ дигар накардааст. Ва Ӯ мисли пештара бар он кор мекунад, ки ҳаётҳоро дигар кунад. Пас, акнун биёед далелҳои эҳёро дида мебароем ва бар он андеша кунем, ки ин барои шумо чӣ аҳамият дорад. Боби 1 Барои чӣ эҳё аз мурдагон ин қадар муҳим аст? Ягона умеди ҷаҳон Ба шарҳдиҳие ки як духтар дар веб-сайти атеистӣ ҷойгир кардааст нигоҳ кунед: Ман худро гум кардаам… Ман ҳамавақт боварӣ доштам, ки илм дармони ҳамаи мушкилиҳои ман мешавад, аммо ман мутмаин нестам, агар ҳаёти абадӣ набошад, чи тавре ки пештар зиндагӣ мекардам, умр ба сар бурда метавонам. Фикр мекунам, ки бояд роҳи мустақилонаи худамро пайдо кунам, то миёни ин чизҳои маънӣ надошта коре карда умр ба сар бурда тавонам. Ман чунин хоҳиш дорам, ки ягон шахсе ёфт шавад, то ба ман роҳи ҳаёти абадиро нишон диҳад. Агар ҳатто илм ҷавоб дода натавонад, пас ки метавонад ҷавоб диҳад? K Оё чунин наменамояд, ки як қувваи олие ҳаст, ки ба ҳаёти мо маънӣ медихад? Илм мегуяд, ки нест… хайр, чӣ илоҷ, агар набошад — маълум мешавад, кӣ нест.[1] Оё ба шумо чунин тарзи фикрронӣ ба монанди ин духтар шинос аст? Ин гуна ҳасрат ба шумо шинос аст? Оё шумо дар бораи он ки дар ин ҷаҳони атеистӣ дар ҳамаи ин чизҳо ягон маъни ҳаст фикр кардаед? Ҳатто Бертран Рассел, файласуфи бузург ва таъсирбахш, мефаҳмид, ки ҷаҳони атеистӣ дар ҳақиқат маъно надорад.[2] Умед — ана он чизе, ки имрӯз дар маданияти мо норасогӣ мекунад. Агар ҳаёт, чуноне ки имрӯз дар ин замини пуразоб ба назар менамояд — ҳамааш ҳамин аст ва дигар ягон чӣ нест, он гоҳ вуҷуд доштан дар ҳақиқат бемаъно аст ва лозим меояд, ки чуноне ки ин духтар гуфт: «шахсан роҳро пайдо кунем». Вай мефаҳмад ки фақат як чиз вуҷуд дорад, ки метавонад ба ҳама чизҳои боқимонда маъно бахшад, — ин ҳаёти ҷовидонист. Як вақтҳо вай умед дошт, ки илм воситаеро меёбад, то одамон ҷовидона зиндагӣ кунанд, вале ба мурури замон фаҳмид, ки илм ба ин қодир нест. Як вақтҳо дар гузашта гуруҳи муттаҳиди одамон вуҷуд доштанд ва ба Одаме умед доштанд, Кӣ чи хеле онҳо самимона боварӣ доштанд, метавонист дар ҳақиқат ҷаҳонро ба хубӣ дигар кунад. Гӯруҳи яҳудиёне, ки онҳоро имони қавӣ муттаҳид мекард, чунин меҳисобиданд, ки Одаме бо номи Исо Масеҳ буд — наҷотдиҳандае, ки онҳоро аз зери ҳукми румиён озод карда, дар замин подшоҳии абадии одилона таъсис медиҳад. Пайғамбари онҳо Ишаъё дар навиштаҳои қадимаи яҳудӣ пешгӯи кард, ки Масеҳ меояд ва ҳама чиро, чуноне ки дар ҷаннат буд, барқарор мекунад ва дигар на ҷангҳо, на истисмор, на тарс ва на марг намемонад (ба Ишаъё 11:35 нигоҳ кун). Ҳама дар сулҳу осоиштагӣ боҳамдигар абадӣ зиндагӣ хоҳанд кард. Фақат тасаввур кунед, ки ин гуруҳи ками пайравони Исо дар чи гуна вазъияти мудҳишонаи руҳӣ ва эҳсосӣ қарор доштанд, ҳангоме ки онҳо медиданд, ки чи гуна Масеҳ, наҷотдиҳандаи онҳо ба марг дар салиби румӣ маҳкум шуда, ҳамчун ҷинояткори оддӣ ҷон медод. Онҳо ҳама чиро тарк карданд, то кӣ Ӯро пайравӣ намоянд. Вале инак Ӯ ба салиб мехкуб шудааст. Мемирад! Ва бо ҳамроҳии Ӯ ҳамаи умедҳое ки онҳо ба Ӯ доштанд тамом мешуданд. Шояд ки пайравони Ӯ худро мисли духтаре, ки мо суханашро иқтибос овардем ҳис мекарданд. Ҳаёт тамоман бемаъно менамуд. Дигар умед намонд. Чунин менамуд ки аз ин вазъияти нобоби онҳо ягон баромад, ягон роҳ ба суи ҳаёти олии абадӣ нест. Марями Маҷдалия яке аз ин пайравони Исо — Масеҳ буд. Вай бо пулҳои худ барои хизмати Ӯ ёрӣ медод ва боварӣ дошт, ки Исо — Он Касе аст, Кӣ Ӯро Худо интихоб кардааст, то ки ба ин замини пургуноҳ осоиштагии абадӣ биёрад. Вай дар назди салиб истода, бо чашми худ ҷазои бераҳмонаи Муаллими худро медид. Чунин менамуд, ки ин изтироби фавқуллода то асосҳо ҳама ҳаёти ӯро вайрон кардааст. Баъд аз он ки румиён қарор карданд, ки Исо мурдааст, онҳо Ӯро аз салиб фароварда, ҷисмашро ба яҳудии бои аъзои шӯрои пирон доданд, то Ӯро дар қабри нави худ гӯр кунад. Дигар қуввати дидани ин манзараи ғамоварро надошта, Марям ҷои қатлро тарк кард ва қарор дод, ки ба назди қабри Ӯ пас аз тамом шудани маросими дафнкунӣ меояд. Пагоҳирӯзии барвақти рӯзи якшанбе вай ба назди қабри Исо рафт ва дар он ҷо уро боз як изтироб мунтазир буд. Кам буд, ки Исоро ноҳақ ба қатл расониданд, — Марями Маҷдалияи сахт мушавваш гардида дарёфт, ки қабр кушода, вале ҷисми Ӯ нопайдо шуда буд. Аз тарси он ки касе ҷисмро дуздидааст, вай ба назди Петрус ва Юҳанно, ду пайравони Исо давида рафт, то ки дар бораи чизи дидааш нақл кунад. Сахт ошуфтаҳол гардида, ва ба ягон сухани вай бовар накарда, ин ду мард ба сӯи қабр давиданд, то ки шахсан ба ҳақиқат будани суханони ӯ боварӣ пайдо кунанд. Ба ҷои ҳодиса расида, онҳо фақат кафани ғиҷимшударо, ки бо он танро печонида буданд диданд, вале худи тан дар ҳеҷ куҷо набуд. Хеле ба ҳарос афтода ва дасту по хӯрда, ду шогирд ба хона баргаштанд. Марями Маҷдалия аз қафои онҳо равона шуд. Каме бозистода, то кӣ боз як бор ба қабр назар кунад, вай чизеро дид, кӣ уро хеле ба ташвиш овард: дар даруни қабр ду фаришта бо либосҳои сафеди дурахшон менишастанд. — Барои чӣ ту гиря мекунӣ? — пурсиданд аз ӯ фариштагон. — Барои он кӣ онҳо Худованди маро гирифтаанд, — ҷавоб дод вай, — ва ман намедонам, онҳо Ӯро ба куҷо гузоштанд (ба Юҳанно 20:13 нигар). Вай ба қафо гашт ва дар ин ҷо дар пеши назари ӯ боз як манзараи аҷибтаре пайдо шуд: Исо рост дар назди ӯ зинда меистод! Вале аҷиб аст, ки ба ҷои он кӣ Исоро шиносад, вай гумон кард, ки Ӯ боғбон аст. Масеҳ ба вай худи ҳамон саволро дод: — Эй зан, барои чӣ ту гиря мекунӣ? Чун пештара, нафаҳмида аз он кӣ бо Кӣ гап мезанад, Марями Маҷдалия бо овози нимшунаво ҷавоб дод: — Ҷаноб! Агар ту Ӯро бурда бошӣ, ба ман бигӯй кӣ Ӯро ба куҷо гузоштӣ, ва ман Ӯро мегирам (ба Юҳанно 20:15 нигар). Он гоҳ дар лаҳзаи меҳрубонии аҷоиб, Исо бо номаш ӯро даъват кард: — Марям! — гуфт Ӯ. — Устод! — фарёд зад вай, баногоҳ Ӯро шинохта (ба Юҳанно 20:16 нигар). Исо дар назди Марям зинда, сиҳат ва саломат меистод, барои он ки марг қудрати боздоштани Масеҳи ваъдашударо надошт. Худо Ӯро эҳё кард то кӣ кори Ӯро ба охир расонад ва ба ҷаҳони бемору нобудшудаистода ҳаёти абадӣ биёрад. Умеди мо ба эҳё Вақте ки Исо дар салиб буд, чунин менамуд, ки ҳама чӣ аз даст рафтааст. Марг ғалаба кард. Вале пас аз се рӯзи дар қабри сарватдор мондан, Исо боз аз нав зинда пайдо шуд. Хабар дар ин бора пайравони Ӯро чунон ба ҳайрат овард, ки онҳо ба он бовар накарданд, то даме кӣ Ӯ Худро ба онҳо дар ҷисм нишон дод ва ба онҳо пешниҳод кард, ки бо чашмони худ пайҳои мехҳоро дар кафи дасташ ва пойҳояш бубинанд. Исо ба шогирдон бо суханони ҳайратовар муроҷиат намуд: дар оянда онҳо низ, чун бадани Ӯ, баданҳои эҳёшуда хоҳанд дошт, баданҳое ки ба бемориҳо гирифтор намегарданд, пир намешаванд, фаноро намебинанд. Онҳо умеди бузурге хоҳанд дошт. Ин умед ба мавҷудияти заминӣ маъно хоҳад дод, ки дар ҳолати баръакс он (яъне ҳаёти заминӣ) ҳеҷ маъное надорад. Онҳо ҳаёти нави бе марг ва азобҳо ба даст оварда, то абадулобод дар ҳузури Худо дӯстдор хоҳанд буд. Чунин аст, он умеди бузурге, ки масеҳият ба ҷаҳони бовариашро гумкарда пешниҳод менамояд, — эҳё пас аз марг ва зиндагӣ бо Худо, озод аз бемориҳову азобҳо ва пур аз хурсандии беканор. Ва новобаста аз тасдиқҳои мунаққидони сершумор, гуфтан мумкин нест, ки имон ба эҳё ба мо «ягон хел фоидаи амалӣ намерасонад». Дар ҳақиқат имон ба эҳё ба мо умедро ба оянда медиҳад ва бевосита ба муносибатҳои мо ҳам ба одамон, ҳам ба чизҳои офаридашуда, дар ин ҷо ва ҳозир таъсир мерасонад. Имон ба ҳаёти ҷовидонӣ ягон хел «қасрҳои ҳавоӣ», ки барои зеб додани мавҷудияти мо дар заминӣ бе умед бофта шудааст намебошад; ин боварие аст ки ба далелҳои асоснок асос ёфтааст. Мо ин далелҳои радношуданиро дар ин рисолаамон дида мебароем. Муҳимияти авалиндараҷаи эҳё Далели таърихӣ будани эҳё — ин худи асоси имони масеҳӣ аст. Ин на ягон қисми камэътибори қонуни имон аст — балки худи имон ҳамин аст! Эҳёи Исои Масеҳ ва масеҳият бе ҳамдигар вуҷуд дошта наметавонанд. Яке аз он наметавонад бе дигарӣ ҳақиқат бошад. Имон ба ҳақиқӣ будани масеҳият — ин на фақат имон ба ягон хел бовариҳост, аз они мо ё боз ягон кас, балки имон ба Масеҳи эҳёшуда ва дар ҳақиқат вуҷуд дошта аст. Бе таърихан эҳё шудани Исо имони масеҳӣ бештар аз бозичае шуда наметавонист. Бе эҳёи ҳақиқии табии мо метавонем Худо, калисо ва рафторҳо мувофиқи қоидаҳои маънавиро фаромӯш кунем. Мо ҳам метавонем бо ҳамон муваффақият ба худ гӯем: «Бихӯрем ва бинӯшем, чунки фардо хоҳем мурд!» (1 Қуринтиён 15:32). Аз тарафи дигар, агар Исо аз мурдагон эҳё шуда бошад, он гоҳ худи ҳозир ҳам Ӯ зинда аст (ба 1 Қуринтиён 15:4 нигар) ва мо метавонем Ӯро шахсан шиносем. Гуноҳҳои мо бахшида шудаанд (ба 1 Қуринтиён 15:3 нигар) ва «ғалаба маргро фурӯ бурдааст» (ба 1 Қуринтиён 15:54 нигар). Бештар аз он, Ӯ ваъда медиҳад, ки мо ҳам боре эҳё хоҳем шуд (ба 1 Қуринтиён 15:22 нигар). Мо метавонем ба Ӯ бовар кунем, барои он ки Худо «ҳама чиро ба Ӯ мӯтеъ кардааст» (ба 1 Қуринтиён 15:27 нигар), Исо ба мо ғалабаи охирон (ба 1 Қуринтиён 15:57 нигар) ва ҳаёти пур аз маъниро (ба 1 Қуринтиён 15:58 нигар) медиҳад. Олими бритонӣ Н.Т. Райт барои чӣ эҳё дар ҳаёти калисо ҷои марказӣ доштанашро чунин мефаҳмонад: Ягон шакли ба мо маълуми масеҳияти аввала мавҷуд нест, — ҳарчанд баъзе чизҳое вомехӯранд, ки онро олимони сохтакор тартиб додаанд, — ки ҳақиқати пас аз оне ки Исо марги шармандаворро аз сар гузаронд, Худо Ӯро ба ҳаёт баргардонд тасдиқ накунад. Аллакай дар замони ҳавворӣ Павлус, замоне ки мо дастнависҳои қадимтаринашро дорем, эҳёи Масеҳ ин фақат ягон қонуни ҷудогонаи имон, ки ҷудо карда шудааст нест. Вай ба худи сохти ҳаёт ва ақидаҳои масеҳият печида аст[3]. Ва ҳарчанд эҳёи Исо — ин аз далели оддии таърихӣ бештар аст, вай, бо вуҷуди ин, чунин далел мебошад. Дар зер мо нишон медиҳем, кӣ далелҳои боварибахши исботи бе баҳси рӯй додани ин воқеа вуҷуд доранд. Маънои шахсии эҳё Озодӣ аз тарси марг Барои одамон тарс аз марг кори оддӣ аст. Ба худ тассавур кардан, ки он маънои — дигар мавҷуд надоштан, нобуд шуданро дорад, на танҳо бениҳоят душвор, балки даҳшатовар аст. Агар муҳокима кунем, барои чи мо аз марг метарсам? Иҷозат диҳед ман шаш сабабро пешниҳод намоям[4]: 1. Марг як муаммоест ва қобили дарк нест. 2. Мо бояд маргро худамон, як ба як пешвоз гирем. 3. Мо наздикони худро тарк мекунем. 4. Умедҳо ва орзӯҳои шахсии мо амалӣ нашуда мемонанд. 5. Мумкин ки мо беному нишон гум шавем. 6. Марг ногузир аст. Китоби Муқаддас ҳарчанд халосии пурраи раҳоӣ аз қисмҳои эҳсосан вазнини маргро ваъда намедиҳад, ба ҳар ҳол ба мо мегӯяд, ки ғалаба бар тарси фалаҷкунандаи марг барои мо дастрас аст. Дуруст фаҳмидани таълимоти Китоби Муқаддас оиди эҳё моро аз тарси беҳолкунанда дар назди сафари охиронамон ба сӯи номаълумӣ раҳои медиҳад. Эҳё шудан аниқ ба мо нишон медиҳад, ки мушкилиҳои мо чӣ хеле хастакунанда ва маъюскунанда набошанд, дилхунукиҳо ва ташвишҳо, ба ҳар ҳол гузаранда мебошанд. Чи ҳодисае ки бо шумо рӯй надиҳад, чӣ қадаре фоҷиа ё дарди шумо сахт ва чуқур набошад, чӣ гуна марг шумо ва наздиконатонро пайгирӣ накунад, эҳё ба шумо ояндаи неки беохирро ваъда медиҳад. Иҷроиши умедҳо ва орзӯҳои мо Нависанда — фантаст Айзек Азимов нуқтаи назари бисёриҳоро нисбати ҳаёт пас аз марг ифода кард, боре гуфтааст: «Ман ба ҳаёти пас аз марг боварӣ надорам, барои ҳамин ҳам ба ман лозим намеояд, ки тамоми ҳаёти худро бо тарси дузах гузаронам, ва боз ҳам бештар аз он- аз биҳишт тарсам. Азобҳои дузах чӣ хеле ки набошанд, ман фикр мекунам, ки зиқӣ дар ҷаннат хеле бадтар аст»[5]. Чи хел ин ғамангез аст, ки чунин нуқтаи назар ба ҳаёт, ҳатто дар байни масеҳиён паҳн шудааст. Тасаввуроти мо дар бораи осмонҳо бештар бо дидани манзараи кашолёфтаи дилгиркунанда ва бенурии хизмат дар калисо маҳдуд шудааст. Ва боз бисёриҳо, аз дидани расмҳои масхараомез сер шуда, латифаҳоро гӯш карда, осмонҳоро ҳамчун ҷое тасаввур мекунанд, ки мо дар он ҷо, дар байни абрҳо, бо либосҳои сафед, торҳои арфаро диринг диринг карда мегардем. Чи гуна, ҳамин хел тасаввурот, ки намуди осмонҳои Худоро то ба дараҷае ношинохтани таъғир дода, ба ким чӣ хел муболиға табдил гардондааст, ва пешомади ҳаёти пас аз марг дигар қодир нест тасаввуроти моро ба даст гирад ё кӣ ҳаёти моро таъғир диҳад. Ман (Шон) ба наздикӣ ба донишҷӯёни худ чунин савол додам: ба чӣ кор онҳо машғул мешуданд, агар онҳо то мурдан ва ба осмон рафтан фақат се рӯз вақт медоштанд? Дар байни ҷавобҳо ҳамчунин ҷаҳиши давомдор бо парашют, сафар, серфинг ва албатта шаҳват (алоқаи ҷинсӣ) ҷой доштанд. Пас аз саволи якум ман боз як саволи оддӣ додам: «Яъне, ба фикри шумо, дар ҳаёт танҳо ҳамин гуна кайфиятҳо буда метавонанд ва онҳоро пеш аз мурдан ҳатми бояд чашид, вагарна шумо ҳеҷ гоҳ онҳоро таҷриба нахоҳед кард, зеро дар осмонҳо ин ҳаловатҳо вуҷуд надоранд?» Ва ҳама, ба ғайр аз ду нафар донишҷӯ «ҳа» гуфта ҷавоб доданд. Ояндаи ҳаёти пас аз марг онҳоро ғамгин ва маъюс мекард. Чунин пешбинии нодурусти ҳаёти абадӣ одамонро маҷбур месозад, ки ба ноумедӣ ва гуноҳ афтанд. Ба бисёриҳо чунин менамояд, ки агар онҳо ягон намуди ҳаловатро ҳоло насанҷанд, дигар ба онҳо илоҷи онро ба амал овардан намемонад ва онҳо дигар нахоҳанд фаҳмид, ки ин чӣ аст. Онҳо ин нуқтаи назарро қабул доранд, барои он ки дар ақлҳои онҳо тасаввуроти нодуруст дар бораи он ки осмонҳо дар ҳақиқат чӣ гунаанд, ҷо шудааст. Моро хеле зуд зуд таълим медоданд, ки осмони нав ва замини навро ҷоннок кунем ва онро ҳамчун як чизи аз табиати ҷисмонӣ дур тасвир кунем. Аксар вақт, агар одамон ягон чиро рӯҳонӣ меноманд, онҳо чунин дар назар доранд, ки ин табиати ҷисмонӣ надорад. Ин сабаби иштибоҳи васеъ паҳн шудае гардид ва ба чунин тасавурот оварда расонд, ки гӯё офаридаҳои ҷисмонӣ аз чизҳои дар ҳақиқат руҳонӣ ва осмонҳо мақоми пасттар доранд. Бисёриҳо ҳамчунин боварӣ доранд, ки дар осмонҳо мо мавҷудоти руҳонӣ хоҳем буд ва инро чунин мефаҳманд, ки мо ҷисмҳои материалии даркшавандаи ба маънои пуррааш тани ҷисмонӣ нахоҳем дошт. Ин нуқтаи назар ба фаҳмиши ғайрибиблиявии тақсимоти руҳонӣ ва ҷисмонӣ мебарад ва бисёриҳоро маҷбур мекунад, ки фақат руҳониро хуб ҳисоб карда, ҷисмониро ҳамчун як чизи муваққатӣ, якбор истифодашаванда ва дар баъзе чизҳо ҳатто бад ҳисоб кунанд, Чунин нуқтаи назар камбудиҳои ҷиддӣ дорад. Одамоне ки чунин боварӣ доранд, аз ёд мебароранд, ки дар охири ҳар рӯзи офариниш Худованд эълон мекард, ки ҳама офаридаҳои Ӯ «хеле хубанд». Ҳамаи он чӣ ки аз атомҳо ва молекулаҳо, ҳуҷайраҳо ва хоки замин ба вуҷуд овард Ӯ «хеле хуб» меномид. Осмони нав ва замини нав фақат руҳонӣ (ё ки ғайрифизикӣ) буда наметавонанд, барои он ки ҷисмҳои физики мо эҳё карда хоҳанд шуд. Эҳёи ғайрифизикӣ — ин ҳамчун тирукамони беранг аст. Яке бар зидди дигарӣ аст! Ҳангоме кӣ ҳавворӣ Павлус дар бораи эҳёи мо менависад, ӯ мегӯяд: …Баногоҳ, дар як мижа задан, баробари садои карнаи охирин; зеро карнай садо хоҳад дод, ва мурдагон ба таври бефано эҳё хоҳанд шуд, ва мо тағир хоҳе, ёфт. Зеро он чи фонист, бояд либоси бефаноӣ бипӯшад, ва он чи миранда аст, либоси ҷовидонӣ бипӯшад. Ва ҳар гоҳ ин фонӣ либоси бефаноӣ бипӯшад, ва ин миранда либоси ҷовидонӣ бипӯшад, он гоҳ ин каломе ки навишта шудааст, ба амал хоҳад омад: «Ғалаба маргро фурӯ бурд». 1 Қуринтиён 15:52–54 Ҳавворӣ Павлус ба мо намегӯяд, ки мо руҳҳои беҷисм мегардем. Дар ҳақиқат Ӯ баръакси инро таъкид мекунад. Мо ҷисм хоҳем дошт, — ҷисмҳои ҳақиқӣ, монанди оне ки ҳоло дорем, вале онҳо намиранда хоҳанд буд. Онҳо дигар зери таъсири бемориҳо, синну сол ва марги вайронкунанда нахоҳанд монд ва дигар ҳаргиз нахоҳанд мурд. Онҳо дар ҳар қисми худ мукаммал хоҳанд буд, хеле зебо, пурқувват, беохир сиҳату саломат, ва зери таъсири пирӣ ва марг нахоҳанд буд. Ҷаҳоне кӣ ҳоло мо дар он зиндагӣ дорем, ба мо имконият медиҳад, ки хурсандиҳо ва ҳаловатҳо ба монанди оне ки мо вақте кӣ Худо осмони нав ва замини нав туҳфа мекунад, ҳис мекунем, дошта бошем (ба Ваҳй 21 нигар). Дар китоби худ «Осмонҳо» Ренди Алкорн инро чунин шарҳ медиҳад: «Тамоми умри худ мо дар бораи замини нав орзӯ мекардем. Ҳар бор, вақте кӣ мо зебогиро дар об, шамол, гулҳо, дар оҳувон, дар мард, зан ва кудакон мебинем, мо гӯйё осмонҳоро эҳсос менамоем. Монанди боғи Адан, замини нав ҷои ҳаловатҳои эҳсосӣ, зебогии ба ваҷд оваранда, муносибатҳои пурраи шахсӣ ва хурсандии одамон хоҳад буд»[6]. Мо дар ягон муҳити беғубор ва ё дар миёни абрҳои беканор парвозкунон зиндагӣ намекунем. Ва дар андешаи он намешавем, ки худро бо чи кор овора кунем. Мо дар замини тамоман нав, — ба монанди ин замин, лекин бе туфонҳо, заминҷумбӣ, хушксолиҳо ва обхезиҳо ё ин ки дигар катаклизмҳо зиндагӣ хоҳем кард. Ҳама растаниҳо осон ва оддӣ хоҳанд сабзид, бе ягон хел алафҳо ва хорҳои бегона. Ҳайвонҳо дигар ба мо зарар нахоҳанд овард, аниқтараш ба мо дилсӯзона ҳамчун сардорон ва хайрхоҳони худ нигоҳ хоҳанд кард. Ва бигзор мо ба пуррагӣ мавҷудияти худро дар замини нав тасаввур карда натавонем, вале дар як чӣ мо метавонем пурра бовар кунем: Худо моро барои хурсандӣ офаридааст. Ӯ ин заминро барои хурсандӣ ва ҳаловати мо ба вуҷуд овард. Ва гарчанде ки ҳамаи хурсандиҳо акнун бо исёни инсон таҳриф гаштаанд, ниятҳои Ӯ чунинанд, ки ягонтои аз онҳо гум нашаванд. Ҳамаи он чӣ офарида шуда буд, барқарор карда хоҳад шуд. Аз сабаби муҳаббати беканораш нисбати мо, Ӯ ният дорад он тамоми дилхушиҳоеро, ки ҳангоми дар ибтидо офаридани мо дар нақша дошта буд, мо ҳамаи онро аз сар гузаронем. Боби 2 Оё мо метавонем бехато донем, ки эҳё дар ҳақиқат рӯй додаст? Ин рост аст? Ба ин бовар кардан мумкин аст? Эҳёи Масеҳ ё буд, ё ин ки рӯй надода буд. Ин ҳақиқати воқеист ва барои ҳамин наметавонад барои як одам ҳақиқат бошад, барои дигаре не. Аз куҷо ин ба мо маълум аст? Ман (Шон) боре бо донишҷуёни худ чунин таҷриба гузарондам. Дар назди онҳо зарферо бо саққочаҳои шишагӣ гузошта, ба онҳо савол додам: «Дар зарф чанд дона саққо ҳаст?» Онҳо тахмин ва ҷавобҳои гуногун медоданд: 221,168 ва ҳоказо. Баъд аз он ки ман ба онҳо шумораи дурусти саққоҳоро, 188 дона, хабар додам, аз онҳо пурсидам: «Кадоме аз шумо ба ҷавоби дуруст наздиктар будед?» Қарор доданд ки рақами 168 бештар аз ҳама ба миқдори саққочаҳо дар зарф наздик аст, онҳо фаҳмида ба он розӣ шуданд, ки миқдори саққочаҳо дар зарф — ин ҳақиқати воқеӣ аст ва аз афзалиятҳои ягон шахс вобаста нест. Баъд аз он ман як қуттӣ кулчақандро гирифта, ба ҳамаи донишҷӯён яктогӣ додам ва пурсидам: «Кадоме аз кулчаҳои қандин аз ҳама бомаззатар аст?» Чи хеле ки интизор шудан мумкин буд, ҳамаи онҳо ҳисоб карданд, ки ин саволи бемаъно аст, барои он ки ҳар кас дар бораи чи бомазза ва чи бемазза тасаввуроти худро дорад. «Дуппа дуруст, — ҷамъбаст кардам ман, — бомаззагӣ аз рӯи афзал донистани ин ё он одам муайян карда мешавад, вале на ҳақиқати воқеист». Баъд ман пурсидам: «Оё мумкин аст, ки тасдиқҳои диниро ҳақиқати воқеӣ шуморем, чуноне кӣ миқдори саққочаҳои дар зарф буда, ё ин ки онҳо — фақат савол оиди фикри шахсист, чуноне ки маззаи ин ё он кулчақанд буд?» Бештари донишҷӯён бо он розӣ шуданд, ки тасдиқҳои динӣ ба гуруҳи афзалият дар маззаҳо дохил аст. Аз ин ҷо сар карда, мо ба муҳокимаи тасдиқҳои воқеъии масеҳият гузаштем. Ман ба ин восита нишон додам, ки масеҳият ба ҳақиқати воқеъии таърихӣ, — эҳёи Масеҳ асос меёбад. Ва ҳарчанд, ба ёди донишҷуён расондам ман, одамони зиёде тарафдори рад кардани эҳёи таърихии Исо мебошанд, ба ҳар ҳол ин тасдиқ на аз онҳоест ки метавонад «ҳақиқат барои ту вале дуруғ аст барои ман» бошад. Қабр дар рӯзи сеюм ё холӣ буд, ё пур — дигар ҳолат вуҷуд дошта наметавонад. Пеш аз он, ки ягон кас қудрати дигаркунандаи эҳёи Масеҳро дарк карда тавонад, ӯ бояд фаҳмад, ки бо ҳақиқати воқеъи сарукор дорад, на бо интихоби он чӣ ба ӯ маъқул аст. Чӣ хел ба кофтукоби дурусти ҷавоб ба саволи оё Исо аз мурдагон эҳё шуд ё не сар кардан лозим аст? Таърихшиноси аз назари танқид фикркунанда, боэътимод будани шаҳодати шоҳидонро аз тафтиш гузаронида, далели марги Исоро дар натиҷаи маслуб кардан месанҷад, маводи расмияти маросими дафнро омӯхта ба дуруст будани хабарҳоро оид ба қабри холӣ ва дар бораи он ки рӯзи сеюм пас аз маргаш Исоро зинда диданд, мутолиа мекунад. Баъд аз ин маънидор мебуд, агар ҳама фаҳмондадиҳиҳои алтернативии рафти ҳодисаро дида барояд. Мароқангез аст, оё чунин нест? Дар ин сурат мо ҳаракатамонро давом медиҳем, барои он ки дар қисми боқимондаи ин рисола мо фақат бо ҳамин кор машғул хоҳем шуд. Ҳикояҳо дар бораи муъҷизаҳо оё дурустии далелро зери шубҳа мегузоранд? Дар оғоз, воқеъан, пеш аз он ки кушоду равшан исботи эҳёро омӯхта тавонем, мо бояд эҳтимолияти муъҷизаҳоро дида бароем. Агар муъҷизаҳо мувофиқи муқаррарот номумкин бошанд, он гоҳ эҳё наметавонист ба вуқуъ ояд ва ба мо лозим меомад, ки ба кофтукоби ягон хел сабабҳои табии, ки барои фаҳмондадиҳии ҳодисаҳои гузашта хизмат мекарданд, машғул шавем. Вале агар мо қарор диҳем ки муъҷизаҳо ҳеҷ набошад мумкин аст, он гоҳ мо метавонем барои исботҳои дигар берӯихотир кушода бошем. Дар рафти тадқиқот мо ду фикри муҳимро бояд ба назар гирем, ки ба он тадқиқотчии Аҳди Навин доктор Крейг Бломберг ишора кардааст: Як навъ эҳсоси интуитивӣ[7] мавҷуд аст, ки ҳатто имондорни қавӣ бо шаккокон як гапа мешаванд, ин ҳамон мавридест, ки сухан дар бораи ҳақиқӣ будани ҳикояҳо оид ба мӯҷизаҳо меравад. Бештар аз он, ҳатто одаме, ки ба рӯй додани муъҷиза розӣ аст, ба ҳар ҳол барои бовар кардан ба ҳар як таърихи аҷиб оиди ҳодисаҳои ғайритабии саросема намешавад[8]. Дигар хел карда гӯем, ҳар дафъае кӣ мо дар бораи ягон ҳодисае, ки ба назари мо ба амали қонунҳои табии ба он мо одаткарда зид менамоянд, мешунавем, табиист ки мо онро бо нобоварӣ қабул менамоем. Барои ҳамин ҳам мо он чизеро ки шунидаем, бо он ки чӣ хел табиат амал мекунад, муқоиса мекунем. Чунки ҳеҷ кас намехоҳад фиреб хӯрда бошад. Ва мо медонем, ки дар табиат ҳама чиз пешгӯинашаванда аст, зеро мувофиқи қоидаҳои муқарраршуда рух медиҳад. Аммо дар айни замон мо набояд ба шаҳодатҳо дар бораи чунин воқеа бо ақидаи пешакии нодуруст муносибат намуда, имконпазир будани муҷизаҳоро танҳо аз он сабаб рад намоем, ки онҳо дар чаҳорчубаи бароямон муқаррарӣ ҷойгир шуда наметавонанд. Ин тамоман ғайри илмӣ мешуд, агар мо пеш аз он ки далелҳоро бодиққат омӯзем, қарор диҳем ки натиҷаи тадқиқотамон чӣ гуна мешавад. Барои намуна як ҳодисаро дида мебароем. Дар охири асри XVIII ҷаҳони ғарбӣ бо чунин ҳайвон, ки мурғобинӯл ном дорад шинос шуданд. Ин сокини муқимии Австралия, андозаи ҷисмаш баробари заргӯш, саросар бо пашм пӯшида, ва панҷаҳояш пар дорад. Вале вай тухмгузор аст, яъне ҳамчун хазандагон афзоиш мекунад. Вақте кӣ бори аввал пусти мурғобинулро ба Европа оварданд, ин навигарӣ ҳамаро ба ҳайрат андохт. Ин чӣ аст — ширхӯр ё ин ки хазанда? Ба он нигоҳ накарда, ки далели воқеӣ — пусти ин ҳайвон ки барои тамошои ҳамагон гузошта шуда буд ва ҳикояи онҳое ки шахсан мурғобинулро дида буданд, мурғобинул чунон махлуқи ғайриоддӣ менамуд ва бисёр сокинони Лондон ба ҳамаи ин ҳодиса ҳамчун ба фиребгарӣ муносибат мекарданд. Фақат вақте ки мурғобинули ҳомиладор парронда захмдор карданд ва ба Лондон фиристоданд, то ки ҳама хоҳишмандон онро бо чашмони худ бубинанд, одамон кам кам боварӣ пайдо карданд, ки ҳикояҳо дар бораи мурғобинӯл рост аст. Вале то он дам, бисёре аз мутафаккирони бузургтарин ҳам мавҷудияти мурғобинулро эътироф намекарданд, дигарон бошанд тасдиқҳоро дар бораи нодир будани сохти вай зери шубҳа мегузоштанд. Масъала, аз рӯи гуфти апологети масеҳӣ Росс Клиффорд, дар он буд, ки «ин далел ба тасаввуроти баъзе одамон дар бораи он ки ҷаҳони мо чӣ гуна зиндагӣ мекунад, ҷой намегирифт, барои ҳамин ҳам онҳо онро рад мекарданд ва хуллосаи манфии худро бароварданд, новобаста аз он, ки ҷамъи ҳамаи далелҳо дар бораи баракси ин гап мезанананд»[9]. Муносибати одамон ба ҳодисаи мурғобинӯл ба он ки бисёриҳо чӣ гуна ба эҳё аз мурдагон муносибат доранд, хеле монанд аст. Бисёре аз одамон намехоҳанд, ки далелҳои эҳёро ба инобат гиранд, барои он ки чунин ҳодиса ба тасвири ҷаҳони онҳо намеғунҷад. Фаҳмо аст ки чунин тарзи муносибат натавонистани холисона ба ҳодисаҳо нигоҳ карданро ошкор мекунад, ва ҳангоми дида баромадани далелҳо, ба ҷои бо ақли солим баҳо додан, аз рӯи ғараз интихоб кунӣ бартарӣ медиҳанд. Ба ҷои он ки пеш аз гузаронидани тадқиқоти ҳаматарафа гузаронидан хуллоса барорем, ки муъҷизаҳо имконнопазиранд, — ё ин ки ҳатто муъҷизаҳо аниқ рӯй медиҳанд, — мо бояд мақоми бетарафиро интихоб кунем, ки метавонад эътироф кунад, муъҷизаҳо метавонанд ё наметавонанд рӯй диҳанд. Он гоҳ мо метавонем шоҳидиҳоро беғаразона омӯзем ва нигоҳ кунем, ки онҳо моро ба куҷо меоранд. Крейг Бломберг мақоми онҳоеро ки боасос будани ҳам қонунҳои илмӣ, ҳам мавҷудияти муъҷизаҳоро муҳофизат мекунанд, чунин мефаҳмонад: Новобаста аз тараққиёти ҳайратангези физика, ҳоло ягон кас исбот накардааст: агар Худо бошад — чӣ хеле кӣ Ӯ аз рӯи урфу одати яҳудиён ва масеҳиён фаҳмида мешавад, он гоҳ, барои чӣ Ӯ наметавонад дар муддати ягон вақт амали қонунҳои табиатро, ки дар дигар ҳолатҳо бетаъғиранд нигоҳ дорад, ё ин ки онҳоро вайрон кунад. Илми физика дар замони ҳозира зоҳиран, ба дараҷаи бештар тайёр аст, ки эҳтимолияти будани Худоро эътироф кунад, нисбат ба оне ки дар чанд насли пештара буд[10]. Доктор Норман Грейслер инро чунин шарҳ медиҳад: Имон ба муъҷизаҳо яклухтии методологияи илмиро вайрон намекунад, фақат ҳокимияти мутлақи онро. Вай дар ҳақиқат мегӯяд, ки илм қодир нест ҳар як ҳодисаро ҳамчун зуҳуроти табии фаҳмонад, фақат онеро ки ботартиб, такроршаванда ва/ё пешгӯишаванда бошад[11]. Мӯъҷизаҳо ҳамон дам ғайриимкон мешаванд, ки агар мо ба ақидаи вуҷуд надоштани Худо роҳ диҳем. Вале аз сабаби он ки атеистҳо барои ин ягон далели раднопазир надоранд, лозим меояд тайёр будан на танҳо ба роҳ додани он ки Худо бевосита ба корҳои ҷаҳон мудохила мекунад, балки аз назар гузаронидани шоҳидиҳоро дар бораи он ки Ӯ ин корҳоро мекард. Тасдиқи таърих Қабри холӣ, кафани холӣ, санги аз дари қабр дуркардашуда ва зуҳуроти Исо — ин ё фақат сайри хаёлҳо аст, ё ҳақиқат аст. Аз ин ҷо барои муайян кардани он ки чӣ дар ҳақиқат дар он Фисҳи аввал рӯй дод, гузаронидани тадқиқоти таърихӣ лозим мешавад. Далелҳоро оиди марг ва эҳёи Исо бояд холисона, беғаразона ва воқеъӣ аз назар гузаронд. Ва ҳарчанд, ки мо нисбати ин савол тасаввуротҳо ва хулосаҳои ҷойгирифтаи худро дорем, мо набояд роҳ диҳем, ки онҳо ба рафти тадқиқот таъсир расонанд. Бигзор далелҳо худашон ба ҷои худ гап зананд. Таърихнигор Роналд Сайдер менависад: «Мо ҳақ дорем, ки далелҳои дурустро нисбати ҳар як ҳодисаи дарназардошта талаб кунем, агар мо иштирокчии бевоситааш набошем, вале мо набояд дар бораи воқеа фақат аз рӯи таҷрибаи маҳдуди худ баҳо диҳем. Ва ман метавонам фарз кунам, ки мо ҳамин хел далелҳои дурустро ба фоидаи эҳёи Исои Носирӣ дорем»[12]. Он чизеро ки мо мехоҳем дар ин ҷо муқаррар кунем, — ин саҳеҳии таърихӣ ва аниқии Навиштаҳост, вале на боилҳом будани он. Ва ҳатто агар хонанда метавонад барои худаш қарор диҳад, ки Навиштаҳо аз Худо илҳом ёфтаанд, қарори монанди ин зарур нест, то ки ҳаёт, марг ва эҳёи Исоро аз мурдагон ҳамчун ҳодисаи таърихӣ тадқиқ кунем. Эҳёи Масеҳо ҳам метавонад мувофиқи ҳамон меъёрҳое ки нисбати ҳар як ҳодисаи таърихии дигар истифода бурда мешаванд, тадқиқ гарданд. Имони Калисои аввал дар асоси шоҳидии одамоне, ки иштирокчиёни ҳодисаҳои аниқрӯйдода дар ҷаҳони воқеи асос ёфта буд. Барои мисол инҷилнавис Луқо чунин менависад: Азбаски бисёр касон ба тартиб додани нақли рӯйдодҳое сар кардаанд, ки рӯй доданашон дар миёни мо пурра маълум аст, Чунон ки аз ибтидо ба василаи шоҳидон ва ходимони Калом ба мо расондаанд, — Ман низ салоҳ донистам, ки ҳама чизро аз худи аввал бодиққат тадқиқ намуда, пай дар ҳам барои ту, эй Теофилуси мӯҳтарам, бинависам, То ки ту боэътимодии таълимотеро, ки дар он тарбият ёфтаӣ, бидонӣ. Луқо 1:1–4. Луқо мақсад дошт, ки далелҳои таърихии воқеиро баён кунад. Ҳикояҳои шоҳидон Яке аз сабабҳое, ки аз рӯи он шоҳидиҳои инҷилӣ дар бораи Масеҳ сазовори боварӣ мебошанд, дар он аст, ки онҳо аз тарафи худи шоҳидон ё аз рӯи суханони онҳо навишта шудаанд.Таърихнигор Луис Готтсчок дар асари худ оиди тадқиқоти аниқии манбаи аввалин чунин менависад: «Қобилияти гуфтани ҳақиқат қисман аз наздикии шоҳид ба ҳодиса вобаста аст. Наздикӣ дар ин ҷо ҳам ба маънои ҷуғрофӣ, ҳам хронологӣ фаҳмида мешавад»[13]. Муаллифони Аҳди Ҷадид на танҳо суханони аз ягон кас фаҳмидаро нақл мекарданд, балки дар бораи воқеаҳое хабар медоданд, ки худашон шахсан тадқиқ кардаанд, ва дар бисёр ҳолатҳо, онҳо бо чашмони худашон дидаанд. • Дар Номаи дуюми Петрус (1:16) гуфта мешавад: «Зеро, ҳангоме ки мо қувват ва омадани Худованди мо Исои Масеҳро ба шумо хабар додем, аз паи афсонаҳои фиребгарона нарафтаем, балки кибриёи Ӯро бо чашмони худ дидаем» (курсиви муаллифон, — Ҷ.ва Ш.М.). • Номаи якуми Юҳанно (1:1) ба мо хабар медиҳад «Дар бораи он чи аз ибтидо буд, ва мо онро шунидаем ва бо чашмони худ дидаем ва муоина намудаем, ва онро дастҳои мо ламс кардааст, дар бораи Каломи ҳаёт». • Луқо менависад, ки Исо «Ба онҳо низ, баъд аз азобу уқубаташ, бо далелҳои бисёр Худро зинда нишон дод ва дар давоми чиҳил рӯз ба онҳо зоҳир шуд…» (Аъмол 1:3). • Дар китоби Аъмол (2:32) шаҳодати ҳавворӣ Петрус оварда шудааст: «Ҳамин Исоро Худо эҳё кард, ва ҳамаи мо шоҳидони он ҳастем. (курсиви муаллифон, — Ҷ.ва Ш. М.) • Инҷилнавис Юҳанно чунин мегӯяд: «Ва он касе ки дид, шаҳодат дод, ва шаҳодати вай рост аст; вай медонад ки рост мегӯяд, то ки шумо низ имон оваред» (Юҳанно 19:35). Шаҳодатдиҳии худро давом дода, ҳаввориён аз баргаштан аз имони худ ба Масеҳи эҳёшуда рӯй намегардонданд, ҳарчанд ки ба онҳо таҳдид мекарданд, онҳоро мезаданд ва ба маҳкама мепартофтанд, ҳатто барои эълони имонашон онҳоро мекуштанд. Чи хеле кӣ бобҳои авали Китоби Аъмол фаҳмо нишон медиҳад, ҳаввориён Масеҳи аз мурдагон эҳёшударо дар байни таъқиботҳо эълон мекарданд. Бо боварии чуқур ба он ки Исо аз мурдагон бархост, онҳо ҳаёташонро бо ихтиёри худ дар хатар мегузоштанд. Масалан, барои мавъиза ба мардум дар бораи эҳёи Исо дар Иеруссалим пешвоёни динӣ ба ҳаввориён таҳдид карданд, баъд аз он ба маҳкама партофтанд. Ба ин нигоҳ нокарда Петрус ва Юҳанно чунин ҷавоб доданд: «Худатон ҳукм кунед, оё дар назари Худо дуруст аст, ки итоати шуморо аз итоати Худо авло донем? Мо наметавонем аз гуфтани он чи дидаем ва шунидаем, даст кашем» (Аъмол 4:19–20). Дар бораи он ки касе аз ҳаввориён аз имони худ рӯй гардонидааст, ягон шоҳидие нест. Ва бешубҳа ба мо маълум аст, ки баъзе аз онҳо марги пуразобро қабул карданд[14]. Ҳарчанд ин тасдиқ намекунад, ки эҳё дар ҳақиқат ба амал омадааст, вале барало нишон медиҳад, ки ҳаввориён дар ҳақиқат ба он бовар мекарданд. Онҳо дуруғгӯй набуданд[15]. Оё ҳархела будани шоҳидиҳо дурустии таърихии онҳоро зери шубҳа мегузоранд? Мумкин аст, ки аз ҳама далели паҳншуда бар зидди дурустии баёни эҳёи Исои Масеҳ, ки мо дар Инҷил меёбем, ин тасдиқкунӣ дар бораи он аст, кӣ онҳо ба ҳамдигар мухолифанд ва барои ҳамин ҳам шоҳидиҳои боварибахши таърихӣ шуда наметавонанд. Мисол, чор Инҷил ба мо мегӯянд, ки Марям аввалин шахсест, ки Масеҳи эҳёшударо дидааст, вақте ки дар Номаи якум ба Қуринтиён (15:5) гуфта мешавад, ки шоҳиди авали воқеӣ ҳавворӣ Петрус буд. Инҷилнавис Марқус мегӯяд, ки занони барои масҳ кардани Исо ба сари қабр рафта, «Ва чун ба гӯр даромаданд, ҷавонеро дар тарафи рост нишаста диданд, ки либоси сафед дар бар дошт» (Марқус 16:5). Инҷилнавис Матто менависад, ки либоси фаришта «ҳамчун барф сафед» буд (Матто 28:3), вале дар инҷили Луқо мо мехонем: «…дар пешашон ду марди ҷомаҳои дурахшанда дар бар пайдо шуданд» (Луқо24:14). Оё ин шоҳидиҳо хеле аз ҳам фарқ карда, бо ҳамин дурустии худро зери шубҳа намегузоранд? Не. Тасдиқот метавонанд аз ҳам фарқ кунанд, ва бо ин ҳама зидди якдигар набошанд. Ҳар яке аз ин дигаргуниҳоро фаҳмонда додан мумкин аст, бе он ки ростии онҳо вайрон шавад. Аз ин рӯ бори далелҳо бар он касест, ки гумон дорад ки ин тасдиқҳо ба ҳамдигар ба тариқи ҳалнашаванда зид ҳастанд. Ва ҳарчанд дар чор Инҷил дар ҳақиқат ҷойҳои мушкилфаҳм вомехӯранд, олимон набояд ба саросемагӣ роҳ дода ба хулосае оянд, ки ин душворфаҳмиҳо – ихтилофоти ҳақиқӣ мебошанд. Бештари олимони дар замони ҳозира бо он розиянд, ки услуби навиштани Инҷилҳо ин ҳолноманависии қадимаи юнонӣ — румӣ мебошад. Ин жанр ба муаллифон иҷозат медод, ки ҳангоми нақли ҳодисаҳо чунин фасеҳиро истифода кунанд, ки одамон онро одатан ҳангоми мушоракати ҳаррӯза истифода мебаранд. Масалан, Луқо чунин услуби баёнро, ки «телескопӣ» меноманд ва дар он вақт фишурда мешавад, барои он ки баён кардани ҳар хел ҳодисаҳо осон шавад, истифода мебарад. Аз ҷумла, ӯ вақти эҳё, зоҳиршавии Масеҳи эҳёшуда ва ба осмон рафтани Ӯро чунон фишурда нишон медиҳад, ки мумкин ҳамин хел таассурот бардорем, ки ҳамаи ин ҳодисаҳо дар якшанбеи фисҳ рӯй дода бошанд. Аммо Инҷили Юҳанно нишон медиҳад, ки онҳо дар як рӯз ба амал наомадаанд. Оё ин зиддият аст? Не. Аниқтараш, чунин «фишурдан», ки онро инҷилнавис Луқо истифода мебарад, дар ҳолноманависии юнониву румӣ тарзи услуби одатӣ буд. Чунин ихтилофҳоро зидди ҳамдигар номидан ин нишон додани надонистани қонунҳои жанр аст, аммо мутлақо дурустии Инҷилҳоро зери шубҳа намегузорад. Тадқиқотчии Аҳди Ҷадид марҳум Ҷон Уэнем дар китоби худ «Муаммои Фисҳ» ҳамоҳангкунии дурусти ҳодисаҳои бо эҳёи Масеҳ вобастаро пешниҳод кард. Дар асоси тадқиқоти дақиқи матнҳои инҷилӣ ӯ ба чунин хуллоса омад: Ман шубҳа надоштам, ки муаллифони Инҷилҳо одамони бовиҷдон, хуб ва ахборотдор буданд… вале ман тарафдори чунин нуқтаи назар набудам, ки ҳамаи нақлҳо дар ҳар як қисмаш аниқ бошанд. Дар ҳақиқат, дар тадқиқотҳои аввалаам оиди таърихи эҳё ман зери таассуроти вонамудии номумкинии ҳалли ин зиддиятҳо будам… Ҳамаи он чиро ки хонда метавонистам, хондам ва бодиққат матни юнониро омӯхта, ман оҳиста – оҳиста пайдо кардам, ки қисми бештари муаммо бо ҳам мутаносиб меоянд. Акнун ба назари ман чунин менамояд, ки ин ҳикояҳо дар бораи эҳё, бо тарзи хеле диққатҷалбкунанда сифатҳои хеле хуб маълуми аниқ ва новобаста нақлкунии ҳодисаҳоро нишон медиҳанд, чунки ҳангоми омӯзиши рӯякӣ, онҳо ба назар зидмаъно менамоянд, вале ҳангоми чуқур дида баромадан ҳама қисмҳо оҳиста оҳиста дар ҷои худ меистанд[16]. Ба ихтилофҳои мавҷуда нигоҳ накарда, таҳлили бодиққатонаи ҳикояҳо, умумияти ниҳонии онҳоро нишон медиҳад. Файласуф Стивен Девис қайд мекунад: Ба фарқкуниҳо дар ҷузъиёташон нигоҳ накарда, чор инҷилнависон дар он мувофиқанд, ки мо онро далелҳои асосӣ меномем. Ҳамаи онҳо дар ин тасдиқ як ҳастанд, ки пагоҳирӯзии барвақт, дар рӯзи якуми ҳафта ким кадом занон, ки дар байни онҳо Марями Маҷдалия буд, ба назди қабр рафтанд; онҳо қабрро холӣ ёфтанд; онҳо бо фаришта ё фариштаҳо вохӯрданд; ва ба онҳо гуфта шуда буд ё ин ки бо воситаи дигар ба онҳо маълум гашт, ки Исо зинда аст. Ҳамчунин мувофиқии байони инҷилнавис Юҳанно ва аққалан яке аз «синоптикҳо»[17] ба ҳар яке аз ин ҷузъиёт дида мешавад: занҳо ба Петрус ва/ё дигар шогирдонро дар бораи кашфиёташон хабардор карданд. Пётр ба назди қабр рафта онро холӣ ёфт, Исои эҳёшуда Худро ба занҳо нишон дод, ва ба онҳо барои шогирдон дастур дод[18]. Оё метавонанд ихтилофҳои аён дар шоҳидиҳо исботи дурустии онҳо шаванд? Ҳуқуқшиносон, файласуфон, таърихчиён, журналистон ва дигар тадқиқотчиён дарёфт карданд, ки ин ихтилофҳои аён, ба ҷои он ки дурустии Инҷилҳоро коҳиш диҳанд, дар амал онро тасдиқ мекунанд. Н.Т. Райт қайд мекунад, қи номувофиқӣ ва ким чӣ хел «саросемагӣ» дар тасвири ҳодисаҳои матни Инҷилҳо фақат арзиши онҳоро зиёдтар мегардонанд. «Дар ҳақиқат, мегӯяд ӯ, шоҳидии воқеъи бояд танҳо ҳамин хел садо диҳад ва ба назар намояд»[19]. Доктор Пол Майер хулоса мекунад, ки «таъғиротҳои ҷузъии ҳикояҳо дар бораи эҳё бештар тасдиқ мекунанд, на ин ки саҳеҳии онро барбод медиҳанд. Онҳо ошкоро нишон медиҳанд, ки чандин урфу одатҳои новобаста аз ҳамдигар вуҷуд доштанд ва аз ҳодисаи муайян оғози худро меёфтанд, ки бояд ба амал меомад, то ки онҳоро ба вуҷуд оварад»[20]. Агар мо дарк кардани бошем, ки дар он Фисҳи аввалин чӣ ҳодиса рӯй дод, биёед акнун ба баъзе аз шоҳидиҳо, ки онҳоро фаҳмондан лозим аст, назар меандозем. Боби 3 Далелҳои эҳё Оё дар ҳақиқат Исо мурд, дафн гардид ва эҳё шуд? Бар салиб кашидан ва марги Масеҳ Яҳудиён дар бораи он ки Исо эҳёи Худро пешгӯи карда буд, хуб огоҳӣ доштанд. Аз тарси он ки пайравони Ӯ кушишҳои фавқуллода хоҳанд кард, то ки чунин нишон диҳанд, ки гӯё Исо мурд ва баъд зинда шуд, онҳо ҳам чораҳои фавқуллодаи эҳтиётиро ба кор бурданд, то ки боварӣ дошта бошанд: Ӯ мурдааст ва мурда боқӣ мемонад. Чораи фавқуллодаи якум ин марг бо воситаи маслубкунӣ дар салиб буд. Ҷазои Исо бояд сахт, бераҳмона, бешубҳа ва дар пеши мардум мебуд. Бераҳмияти маслубкунӣ Маслубкунӣ дар салиб дар замони Масеҳ шакли одатшудаи қатл буд. Тситсерон онро «шиканҷаи аз ҳама бераҳмона ва нафратангез» ва «охирин ва ҳадди охири ҷазо барои ғулом»[21] меномид. Ин намуди қатл то ба дараҷае ваҳмовар ва пастзананда буд, ки румиён одатан барои шаҳрвандони румӣ аз он истисно карда, фақат ҳангоми ҷазои ғуломон ва шӯришгарон истифода мебурданд, то ки мардумро тарсонанд ва шуришҳоро пешгирӣ кунанд. Онро бештар дар ҳолатҳое истифода мебурданд, ки вазъият, шакли сиёсиро гирифта буд. «Дард тамоман аз тоқат берун буд, — қайд мекунад доктори илмҳои тиббӣ Александр Метерелл, — дар ҳақиқат онро ягон хел тасвир карда намешавад; маҳз аз ҳамин ҷо калимаи нав пайдо шудааст: excruciating[22]. Фақат фикр кунед: калимаи наверо истифода кардан лозим омад, барои он кӣ дар луғат ягон чизе набуд, ки қувваи азобҳои бо воситаи маслубкунӣ мерасондаро, нишон диҳад»[23]. Одати қамчинкорӣ кардан Пас аз он ки ҳукми қатл бо воситаи салиб аз тарафи суд эълон карда мешуд, чунин расм шуда буд, ки айбдоршавандаро ба сутуне мебастанд. Либосҳои ҷинояткорро бо зӯри мекашиданд ва баъд ӯро бераҳмона қамчинкорӣ мекарданд. Инҷилҳо хабар медиҳанд, ки Исоро пеш аз маслубкунӣ бераҳмона қамчинкорӣ карданд (нигоҳ кун: Юҳанно 19:1; Матто 27:26; Марқус 15:15). Қамчине, ки одатан дар ин ҳолатҳо истифода мешуд, дастаи ғафс дошт, ки ба он тасмаҳои чармини дарозиашон гуногун васл карда мешуданд. Ба ин тасмаҳо порчаҳои аррамонанди тези устухон ё сурб бофта мешуданд. Дар як мақола аз «Журнали ассотсиатсияи тиббии Америка» чунин гуфта мешавад: Дар он вақте, ки сарбозони румӣ ба тахтапушти қурбонии ҷазо бо тамоми қувват зарба заданро давом медоданд, саққоҳои оҳанин захмҳои чуқури пӯшида ба вуҷуд меоварданд, тасмаҳои чармӣ бо порчаҳои устухони гусфандон, чуқур ба пуст ва бофтаҳои зери пуст медаромаданд. Баъд аз ин, то он даме қамчинкорӣ давом меёфт, мушакҳои скелетии зери пуст меканданд ва ба порчаҳои ларзони ҷисми хунрав мубаддал мешуданд[24]. Бе парастории лозимаи тиббӣ чунин ҷароҳатҳои дарида дар пуст ва мушакҳо метавонистанд одамро дар давоми чанд соат, бисёраш дар муддати чанд рӯз аз ҳаёт маҳрум кунанд. Чи хел маслубкунӣ ба марг меовард Ба шахси дар салиб овезони маслубшуда, нафас кашидан бениҳоят мушкил буд. Барои он ки ба таври лозима нафас кашад ё нафасро барорад, ба ӯ лозим меомад, ки бо дасту пойҳояш баланд шуда, қоматашро рост кунад, ин дарди ҷонкоҳеро бармеангехт. Бо мурури вақт ин зӯрзаниҳо, ҳамчунин хунравии зиёд то он дараҷа маслубшударо хаста мекард, ки одам дигар ҳаракати нафас каширо натавониста, нафасгир мешуд. Агар румиён мехостанд, ки марги шахси маслубро тезонанд, тарзи оддии баохиррасонии маслубкуни чунин буд: бо чубдаст устухонҳои пойҳои маслубшударо мешикастанд ва пас аз ин одам дигар худро бардошта наметавонист, то ки нафас кашад. Баъди шикастани устухони пойҳо марг ногузир мешуд. Пойҳои ду роҳзане, ки бо Масеҳ маслуб шуда буданд, зада шикастанд, вале пойҳои Масеҳро нашикастанд, зеро ҷаллодон диданд, ки Ӯ аллакай мурдааст. Рехтани хун ва об Пас аз он ки сарбозони румӣ диданд, ки Исо мурда аст, яке аз онҳо найзаашро ба паҳлуи Ӯ зад ва «дарҳол хун ва об ҷорӣ шуд» (Юҳанно 19:34). Муаллифи англис Майкл Грин маънои ҳодисаи ба амал омадаро чунин мефаҳмонад: Аз шоҳиди воқеъи мо мефаҳмем, ки «хун ва об» аз паҳлуи сурохкардашудаи Исо рехт. (ба Юҳанно 19:34–35 нигар). Шоҳид ба ин далел ошкоро диққати ҷиддӣ медод. Агар он дам Исо зинда мебуд, вақте найза ба тани Ӯ даромад, аз сабаби кор кардани дил ҷараёни сахти хун намудор мешуд. Баракс, бинанда лахтаи хуни тираи ниммоеро мушоҳида кард, ки аз хунобаи ҳамроҳикунанда фарқ мекард ва ҷудо буд. Чунин нишонаи ошкорои лахтшавии хун дар артерияҳои асосӣ махсусан далели асосноки тиббии исботи марг мебошад. Ин боз бештар таассурот мебахшад, барои он ки инҷилнавис ба гумон аст тасаввур кунад, ки ин далел барои патологоанатом чӣ аҳамияте дорад. «Хун ва об» аз зарбаи найза — ин далели раднашавандаи он аст, ки Исо аллакай мурда буд[25]. Пилотус пеш аз он, ки ҷисми Ӯро ба Юсуфи Ҳаромотӣ диҳад, талаб кард, ки мурдани Масеҳ яқин карда шавад. Фақат пас аз он, ки мирисади ба маслубкунӣ роҳбарӣ мекарда, ӯро бовар кунонд, Пилотус ба фаровардани ҷисм аз салиб иҷозат дод. Исо аниқ мурда буд. Аксарияти мутлақи таърихчиён ба ин далел ягон хел шубҳа надоранд. Доктор Гери Хабермас қайд мекунад, ки миқдори зиёди маълумотҳои саҳеҳ оиди марги Исо дар сарчашмаҳои ғайримасеҳӣ вуҷуд доранд. Ба онҳо мақолаҳои Корнелия Татсит (солҳои 55–120 аз мавлуди Масеҳ), ки бисёриҳо ӯро бузургтарин таърихнигори руми қадим меноманд; асарҳои нависанда ва таърихнигори яҳудӣ Юсуфи Флавий (солҳои 37–97 пас аз мавлуди Масеҳ); ҳамчунин Талмуди яҳудиён (солҳои 70–200 пас аз мавлуди Масеҳ). Гэри Хабермас дар бораи ин иншоҳои ғайримасеҳӣ чунин мегӯяд: «Аз ҳама бештар 12 сарчашмаро ки дар он марги Исо ёдрас карда шудааст ном мегиранд. Онҳо дар замони аз 20 то 150 сол пас аз марги Масеҳ санагузорӣ шудаанд ва ин манбаҳои ғайридинӣ аз рӯи меъёрҳои таърихнигории қадим хеле барвақтӣ мебошанд»[26]. Далели он ки Исои Масеҳ дар ҳақиқат ба марг маҳкум шуда буд, ончунон бешубҳа аст, ба монанди ҳар як дигар далеле, ки дар таърихи қадимӣ қайд шудаанд. Мо бояд ҳама гуна назарияеро, ки кушиш мекунад эҳёро ҳамин тавр фаҳмонад, рад кунем, гӯё Исо зинда монд, озмоиши вазнинро бардошт кард, назди шогирдон чун ҷасади хуншор пойдо шуда, онҳоро бовар кунонд, то ба одамон гӯянд, ки Ӯ аз мурдагон эҳё шудааст. Ин савол ва масъалаи ҷиддӣ аст... Дафни Масеҳ Кам нестанд шаккоконе, ки ҳодиса ва шароити фарогирифтаи дафни Масеҳро бодиққат омӯхтаанд, то ки дар тасдиқи он ки Ӯ аз мурдагон эҳё шуд «ҷойҳои сусташро» ёбанд. Аз ин мебарояд, ба мо ҳам хеле муҳим аст, ки ба далелҳои таърихи назар карда, чӣ қадар аниқ ва боварибахш будани онҳоро санҷем. Чи хеле ки мо пештар ёдрас карда будем, ҳукуматдорон чораҳои эҳтиётии фавқуллодаро истифода карданд, то ки паҳншавии овозаҳоро дар бораи он ки Исо пас аз маргаш эҳё шуд, пешгирӣ кунанд ва роҳ надиҳанд. Пеш аз ҳама биёед далелҳоеро, ки ба худи қабр дахл дорад, дида мебароем. Қабр дар қабати харсанг Чор инҷил қайд мекунанд, ки тани Исоро дар қабре, ки дар даруни харсанг кофта шуда буд, гузоштанд ва даҳони онро бо санги калоне маҳкам карданд. Инҷилнависон Матто, Луқо ва Юҳанно қайд мекунанд, ки ин қабри наве буд, дар он ҳоло ҳеҷ касро нагӯронида буданд (ба Матто 27:60; Луқо 23:53; Юҳанно 19:41 нигар). Инҷилнавис Матто ҳамчунин ба он ишора мекунад, ки ин қабр ба Юсуфи Ҳаромотӣ тааллуқ дошт. Археологон се намуди қабрҳоро, ки дар замони Исо истифода мешуданд, муайян кардаанд. Ҳамаи онҳо чунин маҳкам карда мешуданд: аз тарафи даромад санги калони даврашклро, ки вазнаш ба ҳисоби миёна ду тонна буд, ғелонда мешуд. Ҳар як қабр аз берун новадони дар харсанг буридашударо дошт, ки дар вақти зарурӣ барои сангро ғелонидан хизмат мекард. Ин новадон бевосита чуқуртар дар назди даромад ҷой дошта ба самти кунҷи болои мерафт. Санги доирашакл дар ҷои аз ҳама баланд қарор дода мешуд ва зери он санги хурде, барои нағелиданаш мегузоштанд. Вақте ки санги хурдро мегирифтанд, санги қабр метавонист бо осонӣ ба поён ғелида, даҳони қабрро пушонад. Аён аст, ки агар ҷисми Исо дар ҳамин хел қабр гузошта шуда бошад, кушиши фавқуллода лозим мешуд, то ки Ӯро аз он ҷо берун оваранд. Мо чанд сабаби асоснок оиди ҳолатҳои гӯронидани Исо дорем, то ки шубҳа накунем, зеро онҳо дар чор Инҷил қайд гардидаанд. Аввалан ҳавворӣ Павлус ҳодисаи дафнкуниро да номаи Якум ба Қуринтиён тасдиқ мекунад (15:3–5). Далелҳои раднашавандае мавҷуданд, ки ҳавворӣ Павлус маводҳоеро истифода кардааст, ки аз вақти номанависии ӯ пештар ба амал омада буданд ва метавонистанд ба замони аз се то ҳашт соли баъд аз марги Масеҳ нисбат дода шаванд. Ба ҳамин тариқ, таърихи дафнкуниро метавон чунон наздик ба вақти марги Масеҳ тадқиқ кард, ки тартиб додани ривоят дар ин байн амалан имконнопазир мегардад. Дуюмаш таърихи дафнкунӣ бо ягон тарзи обурангдода ё ин ки сабкан бо тарзи дабдабанок пешниҳод карда намешавад. Вай бо забони сода ва фаҳмо баён карда мешавад. Сеюм, ягон хел дигар таърихи дафнкунии ба баёни додашуда муқобил вуҷуд надорад. Ягон ҳуҷҷати ба замони аввала дахл доштае нест, ки бар зидди ҳикояҳо оиди дафнкунии дар Инҷилҳо нишон дода шуда бошанд. Чорум, аз эҳтимол дур аст, ки масеҳиён чунин фарди таърихиро ҳамчун Юсуфи Ҳаромотӣ фикр карда бароранд, ки аъзои суди Исоро ба марг маҳкум карда буд. Барои чи ба масеҳиёни аввал лозим буд, ки одамеро чун қаҳрамон нишон диҳанд ки аъзои ҳамон суде буд, ки ба марги Исо ҷавобгариро ба уҳда дошт? Агар ҳаввориён таърихи дафнкуниро мебофтанд, онҳо аниқтараш фардеро монанди Юсуф ба он дохил намекарданд. Ёдраскунии Юсуфи Ҳаромотӣ дар ҳамаи чор Инҷил, дар қатори онҳое ки Исоро дафн мекунанд, ин ҳикояро ба ҳақиқат монанд месозад. Раймонд Браун, тадқиқотчии Аҳди Нав, чунин натиҷагирӣ мекунад: «Оне ки Исо дафн карда шуд, таърихан бешубҳа аст. Оне ки дафнкунӣ аз тарафи Юсуфи Ҳаромотӣ иҷро мешуд, — бағоят эҳтимол дорад»[27]. Маросими дафнкунии яҳудиён Аҳди Нав ошкоро дар бораи он мегӯяд, ки дафнкунии Масеҳ мувофиқи урфу одатҳоияҳудиён қабул карда мегузашт. Исо аз салиб фароварда шуда бо порчаи матоъ пушонида шуда буд. Яҳудиён аз болои он, ки ҷисм дар салиб тамоми шаб намонад, сахт назорат мекарданд. Аҳди Нав ба мо хабар медиҳад, ки ду мард, Ниқудимус ва Юсуфи Ҳаромотӣ ҷисми Исоро барои гуронидан тайёр карданд (ба Юҳанно 19:38–42 нигар). Мувофиқи одати яҳудиён, ҷисми фавтидаро ба болои мизи сангин дар хона барои дафнкунӣ бояд мегузоштанд. Дар оғоз бояд ҷисмро бо оби гарм мешустанд. Баъд, мувофиқи расму одат, ки ривоятҳои аҳдинавӣ ҳам онро тасдиқ мекунанд, ҷисми фавтидаро бояд барои гӯронидан бо ёрии ҳар хел моддаҳои хушбӯйкунанда тайёр мекарданд. Мувофиқи баҳодиҳии мо, ҳангоми дафни Масеҳ қариб аз 30 то 45 килограмм ҳамин хел хушбӯйкунандаҳо истифода шуда буданд. Ин миқдори хеле боасос барои чунин шахсияти маъруф буд. Масалан, барои тайёр кардани ҷисми Ҷамлиил, набераи олими бузурги яҳудӣ Ҳиллел ва ҳамзамонӣ Исо, қариб чил килокрам хушбӯйкунандаҳо истифода шуда буданд. Мувофиқи Юсуфи Флавий, вақте кӣ Ҳиродус мурд, барои бурдани хушбӯйкунандаҳо иштироки панҷсад хизматгор лозим шуд[28]. Истифодаи матоъи катонӣ Пас аз он ки ҳамаи қисмҳои бадан ба тартиб оварда мешуданд, фавтидаро бо пушоки махсус барои гӯронидан аз матои катонии сафед мепушонданд. Ин пушок аз тарафи занон дӯхта тайёр карда мешуд. Ҳангоми дӯхтан ба ягон хел гиреҳкунӣ иҷозат дода намешуд. Фавтидаро бе на кам аз се пушокии ҷудо ҷудо, ба гуронидан роҳ дода намешуд. Дар ин ҳангом хушбӯйкунандаҳо, ки аз порчаҳои ордкардашудаи дарахти хушбӯйкунанда бо номи уд, бо моддаи сершилм бо номи мур омезиш мекарданд. Аз кафи пой сар карда, тан бо матои катонӣ печонида мешуд. Илова бар ин хушбӯйкунандаҳо, ки бо мури часпанда омехта карда шудаанд, дар байни қабатҳо ҷогир карда мешуданд. Он касоне ки фавтидаро барои дафн тайёр мекарданд, танро то зери бағал бо матоъ печонида, дастҳоро аз болои матоъ мемонданд, ва баъд то гардан мепечониданд. Порчаи ҷудои матоъ дар гирди сар печонида мешуд. Дар намуди охир, чунин пушокӣ барои гуронидан метавонист то панҷоҳ килограмм ва аз он ҳам зиёд вазн дошта бошад. Юҳаннои Зарринкалом ҳануз дар асри чоруми баъд аз таваллуди Масеҳ, вобаста ба ин қайд намудааст, ки «мури дар ин вақт истифода мешуда, аз чунин маҳсулоти дорувор иборат аст, ки хеле сахт ба тан мечаспад ва кушодани ин кафан меҳнати зиёдро талаб мекунад»[29]. Чораҳои эҳтиётӣ Посбонони румӣ Пешвоёни яҳудӣ ба ҳарос афтода буданд, барои он ки ҳазорон одамон ба Масеҳ рӯй меоварданд. Барои пешгири кардани мушкилиҳо бо решаи сиёсӣ, ҳам ба яҳудиён ва ҳам ба румиён фоидаовар буд, ки ҷасади Исоро тезтар дур кунанд. Барои ҳамин ҳам саркоҳинон ва фарисиён ба назди Пилотус бо чунин суханон омаданд: …Эй оғо! Дар хотир дорем, ки он фиребгар, ҳангоме ки зинда буд, гуфта буд, ки «пас аз се рӯз зинда хоҳам шуд»; Пас, бифармо, ки қабрро то рӯзи сеюм посбонӣ кунанд, то шогирдонаш шабона Ӯро дуздида, ба мардум нагӯянд, ки аз мурдагон бархост; ва фиреби охирин аз аввалин бадтар шавад». Пилотус ба онҳо гуфт: «Шумо посбонҳо доред; биравед ва, чунон ки медонед, посбонӣ кунед». Онҳо рафта, дар назди гӯр посбононро гузоштанд ва санги онро мӯҳр карданд. Матто 27:63–66 Легионҳои машҳуршудаи румӣ олоте буданд, ки бо ёрии онҳо қайсар тартибро дар империяи бузурги худ нигоҳ медошт. Империяи рум барои муттасилӣ ва дарозии вуҷуди худ ба ҳамин «мошинҳои ҷангии» беназир, ҷанговарони аз ҳама бештар таълим ва обутобёфта, ки таърих ягон вақт онҳоро медонист, уҳдадор буданд[30]. Чӣ хеле ки аз бисёр сарчашмаҳои боварибахш медонем, ки интизоми армияи румиро қайд мекунанд, маълум аст, посбонони румӣ — ин қисми ҳарбие ки дар он аз чор то шонздаҳ нафар ҷанговар дохил буд. Ҳар як одам таълим дода шуда буд, ки якуним метр ҷойро дар гирди худ муҳофизат кунад. Шонздаҳ одам ба шакли квадрати аз ҳар тарафи он чор нафарӣ саф кашида, метавонистанд сӣ метр заминро нигоҳ доранд ва онро аз ҳуҷуми як баталон ҷанговарон муҳофиза намоянд. Одатан посбонони румӣ, ки ба онҳо муҳофизати ягон қитъа супурда мешуд, чунин амал мекарданд: чор кас дар назди он чӣ, ки бояд муҳофизат мекарданд, меистоданд. Дувоздаҳ одами дигар дар назди онҳо ба шакли нимдавра ҷой гирифта, хоб мекарданд, ба тарзе ки сарҳояшон ба тарафи дарун нигаронида шуда буд. Барои дуздидани он чизеро ки ин сарбозон муҳофизат мекарданд, ба дуздон лозим меомад, ки аввал аз назди сарбозони ба хоб рафта гузаранд. Ҳар чор соат навбатдорони дигари аз чор сарбоз иборат бударо бедор мекарданд, ва барои онҳое, ки дар посбони буданд, навбати хобкунӣ меомад. Ҳамин хел яке дигареро иваз карда, сарбозон беист дар давоми рӯзу шаб посбонӣ мекарданд. Муҳри румӣ Инҷилнавис Матто менависад, ки саркоҳинон «дар назди қабр посбононро гузоштанд ва санги онро мӯҳр карданд» (Матто 27:66). Аз рӯи суханони библеист А.Т. Робертсон ин санг фақат дар ҳузури посбонони румӣ, ки барои муҳофизати қабр гузошта шуда буданд, муҳр зада мешуд[31]. Мақсади ҳамаи ин чорабиниҳо, ба касе пинҳонӣ ивазкунии чизи дар қабр бударо роҳ надодан буд. Пас аз он ки посбонон қабрро аз назар гузарониданд, ва сангро ба ҷояш ғелониданд, харсанг бо ресмоне ки дар ҳар як тарафаш як лунда лой буд, печонида шуда буд. Дар охир ба ҳар як лундаи лой муҳри расмии ҳокими румӣ гузошта мешуд. Аз сабаби он ки муҳр азони румиён буд, вай тасдиқ мекард, ки қабри Масеҳ на зиёд, на кам, балки бо қувва ва ҳокимияти империяи Рум муҳофизат карда мешавад. Ҳар касе кушиши ҷумбонидани сангро мекард, албатта муҳрро мешикаст ва бо ин ба сари худ ғазаби қонуни румиро меовард. Далелҳои эҳё, ки онҳоро бояд ба назар гирифт Касе ки набошад ва чи хел ба Исои Масеҳ ва эҳёи Ӯ муносибат намекарда бошад, ҳар кас бояд эътироф кунад, ки дар он саҳар як ҳодисаи бузург рӯй дод — ҳодисаи он қадар таъсирбахш, ки он пурра ҳаёти ёздаҳ мардро дигар кард, ва ба онҳо қувват дод, ки ба таҳқирҳо ва таъқиботҳо, азобҳо ва дардҳо тоқат кунанд, вале дар бисёр ҳолатҳо ҳатто ба марг раванд. Ин ҳодиса — холи будани қабр аст ва ҳамагӣ понздаҳ дақиқа роҳ гаштан аз маркази Иерусалим кифоя буд, ки ба холӣ будани он боварӣ пайдо кунанд, ё онро рад кунанд! Навигарӣ оиди қабри холӣ ва зуҳуроти Исои Масеҳи эҳёшуда, мутафаккиронро ба ларза овард ва аз он вақт муайянкунии равиши таърихро сар кард. Равшан буд, ки дар он ҷо чӣ ҳодисае рӯй дод. Як чизи дар ҳақиқат бузург! Агар шумо хоҳед, ки оқилона ҳодисаҳои гирди марг ва эҳёи Масеҳ бударо шарҳ диҳед, ба шумо лозим меояд, ки бо лаҳзаҳои муайяне рӯ ба рӯ шавед, ки онҳоро мантиқан фаҳмонда намешавад. Яҳудиён ва румиён бо тарзи хеле бодиққат ҳаракат карданд, ки ҳамаро ончунон нишон диҳанд, ки ягон шубҳае набошад ба он ки Исо мурд ва дар қабр мемонад. Ва он далел, ки дар он ҷо ба ҳар ҳол ҳодисае рӯй дод, ба чораҳои эҳтиётии пешакӣ онҳо ба амал оварда — ба маслубкунӣ, дафн, муҳрзанӣ ва ҳифзи қабр нигоҳ накарда, — эродгарони эҳёро, ки мавқееро ҳимоя мекунанд, ки мувофиқи он Масеҳ аз мурдагон эҳё нашудааст, ба ҳолати хеле ногувор мегузорад. Биёед боз як бор ба ин ҳодисаҳо назар мекунем ва баъзе хуллосаҳоро мебарорем. Далели № 1: муҳри румиён шикастааст Дар он саҳари рузи Фисҳ муҳре ки нишонаи қувват ва ҳукумати империяи Румро ифода мекард, шикаста шуда буд. Ягон кас ин далелро рад намекунад. Оқибатҳое ки ин ҳодиса аз паси худ меовард андӯҳовар буданд. Агар одаме ё чанд нафар одамоне, ки ба ин ҷавобгар буданд, ба даст меафтоданд, онҳо ҷазояшонро медиданд. Оё шогирдони Масеҳ ба он ки ин муҳрро шикананд ҷасорат мекарданд? Пас аз ҳабси Ӯ онҳо ҳама нишонаҳои изтироб ва тарсро нишон доданд. Петрус ҳатто инкор мекард, ки Масеҳро мешиносад. Далели № 2: қабр холӣ аст Боз як ҳодисаи воқеъии он саҳари рӯзи якшанбе ин қабри холӣ буд. Ягон кас ва ягон вақт онро инкор накардааст, ки қабр холӣ буд. Қайд кардан муҳим аст, ки пас аз эҳё шогирдони Масеҳ, баногоҳ боҷуръат ва нотарс шуда, ба Афина ё Рум барои мавъизакунии эҳёи Ӯ нарафтанд; онҳо рост ба Иерусалим рафтанд — ва агар ҳамаи суханони онҳо дурӯғ мебуд, суханҳои онҳоро бо осонӣ рад намудан мумкин буд. Агар қабр дар ҳақиқат холӣ намешуд, ба таври оддӣ дар Иерусалим мавъизаи эҳё номумкин буд. Пол Майер инро чунин мефаҳмонад: Он чи, ки дар Иеруссалим пас аз ҳафт ҳафтаи Фисҳи якум рӯй дод фақат дар он сурат ҷой дошта метавонист, ки агар тани Исо ба ягон восита аз қабри Юсуфи Ҳаромотӣ гум мешуд. Дар акси ҳол сардорони маъбад дар мубоҳисаҳои худ бо ҳаввориён дарҳол ҳамаро ба сари қабр бурда ва ба тамошои умум далели исботкунандаи № 1–ро гузошта, ба тарзи оддӣ ҳаракати навтавлидшудаистодаро бо решааш меканданд. Вале саркоҳинон ин корро накарданд, барои он ки холӣ будани қабрро медонистанд. Шарҳи расмии ин ҳодиса аз тарафи онҳо — маҳз он ки, шогирдон танро дуздиданд — эътирофи он далел буд, ки қабр дар ҳақиқат банд нест[32]. Баъзеҳо бар зидди қабри холӣ эътироз баён карда, тасдиқ мекунанд, ки ин аниқтараш инкишофёбии қисса ё найранги худмуҳофизатӣ аст, на ин ки далели таърихӣ. Вале яке аз исботҳои боварибахши он ки қабри холӣ на найранги худмуҳофизатӣ ва на қисса аст, дар он далел аст, ки аввал қабри холиро занҳо ошкор карданд. Дар фаластини асри якум занҳо дар ҳолати пасти иҷтимоӣ ҳамчун шаҳрвандон ва шоҳидон, ки метавонистанд дар суд шаҳодат диҳад, буданд. Ба истиснои ҳодисаҳои камчин, шариати яҳуд ба занҳо кардани инро иҷозат намедод. Ҳамин хел барои чӣ онҳое ки мехостанд масеҳиятро ба пеш баранд, чунин қиссаро тартиб доданд, ки шогирдонро ошуфта кард — ҳомиёни асосии имони навро, — онҳоро маҷбур кард, ки ҳангоми маслубкунӣ гурезанд, вале занҳо нотарсона ба назди қабр раванд, ва шоҳидони аввалини холигии вай шаванд? Ақли солим ба мо мегӯяд, ки фаҳмондани аз ҳама хуби он, ки чаро маҳз занҳо ҳамчун шоҳидони аввалин нишон дода шудаанд, — он ки ин рост аст. Далели № 3: худсарона дидбонгоҳро тарк карда рафтани посбонони румӣ Сарбозони румӣ он ҷоеро, ки бояд ҳифз мекарданд тарк карданд. Ин далели аҷиб аст, ки фаҳмондадиҳиро талаб мекунад. Доктор Ҷорҷ Кэрри, ки бодиққат ташкилоти ҷангии румиёнро омӯхтааст, ба мо дар бораи он хабар медиҳад, ки барои вайронкуниҳои муайяни интизоми ҳарбӣ ҷазои қатл дода мешуд, масалан, барои гурехтан, гумкунӣ ё вайрон кардани яроқ, барои додани нақшаҳо ба душман, барои рад кардани ҳифзи афсар ва рафтан аз ҷои посбонии шабона[33]. Ба далели охирон метавон ҳамчунин хобро дар ҷои дидбонӣ ҳамроҳ кард (ба Матто 28:13 нигар). Агар маълум карда намешуд, ки кадоме аз сарбозон рафтори ношоям кардааст, он гоҳ барои муайянкунии он ки киро ба марг ба ҷои ҳамаи посбонон месупурданд, қуръа мепартофтанд. Яке аз воситаи қатли маҳкумшуда чунин буд: либосҳои ӯро медарронданд ва зинда ба зинда дар гулхан месӯзониданд ва оташи онро бо либосҳои ӯ дармегиронданд. Таърихи интизоми ва бехатарии ҷангии румӣ ба фоидаи он далел шаҳодат медиҳанд, ки агар посбонон худашон ба холӣ будани қабр боварӣ намекарданд, онҳо ҳеҷ гоҳ ҷои дидбонии худро тарк намекарданд. Тарс дар назди афсарон ва ҷазои минбаъда кафолат медод, ки сарбозон ба қисмҳои майдатарини ҳар он чӣ ки иҷро карданаш ба онҳо фармон дода мешуд, диққати махсус зоҳир кунанд. Доктор Билл Уайт, як вақте маҷмааи археологии «Қабристон дар боғ»[34]-ро — дар Иерусалим сардорӣ мекард, эҳё ва ҳодисаҳои минбаъдаи пас аз Фисҳи якум рӯй додаро муфассал меомӯхт. Уайт нисбати пирони яҳудӣ, ки посбонони румиро бо пора тарафдори худ карданд, баъзе мулоҳизаҳои танқидӣ мекунад (ба Матто 28:11–14 нигар): Барои ба даруни қабр даромадан, санг ба таври оддӣ ба канори қабр ғелонида мешуд, пас онҳо пурра ҳақ доштанд, ки сарбозони посбонӣ мекардаи дар хоб мондаро айбдор кунанд ва барои онҳо ҷазои бераҳмонаро талаб кунанд. Ҳатто агар посбонон инкор карда, худро бо он сафед мекарданд, ки заминҷумбӣ муҳрро шикастааст ва санг аз ҷумбиши замин ғелида рафтааст, аздусар онҳо айбдор буданд ва барои рафторашон, ки метавонист ҳамчун тарсончакӣ баҳо дода шавад, ҷазо гиранд. Вале вазъияти корҳо ба ин имкониятҳо роҳ намедиҳанд. Далелҳои раднашавандае мавҷуд буданд, ки саркоҳинонро намегузоштанд посбононро ягон хел айбдор кунанд. Пирони яҳудӣ бешак ба ҷои ҳодиса рафта, бодиққат сангро аз назар гузарониданд ва ба ҳолати он боварӣ пайдо карданд, ҳамчунин дар бораи он ки посбонон наметавонистанд ба чунин ҷойивазкунии санг роҳ диҳанд. Ягон ақли расо наметавонист ҷавоби муносиб диҳад ё касеро барои ин айбдор кунад, бинобар ин онҳо маҷбур буданд, ба посбонон пора дода, дар бораи ҳодисаи рӯйдода хомӯш бошанд[35]. Далели № 4: матоҳои дафнкунӣ (кафан) ҳикояи худро нақл мекунанд Ба вуҷуди ҳамаи ин, ки он саҳари рӯзи якшанбе бадани Масеҳ дар қабр набуд, худи қабр низ тамоман холи нест. Чизҳои андаруни он, падидаи аҷоибе буд. Занҳо ба назди қабр омада, санги дуршударо дида, ба назди шогирдон баргаштанд ва дар ин бора ба онҳо хабар доданд. Петрус ва Юҳанно дарҳол ба он ҷо давиданд. Юҳанно аз Петрус пештар давида ба назди қабр омад, вале ба даруни он надаромад. Ба ҷои ин, ӯ хам шуда, ба даруни он нигоҳ кард ва як чизи он қадар ҳайратовареро дид, ки дарҳол ба он ки Масеҳ дар ҳақиқат аз мурдагон эҳё шуд, имон овард. Ӯ ба он ҷое нигоҳ мекард, ки ҷисми Масеҳро гузошта буданд. Вале дар пеши назари ӯ фақат кафани холӣ мехобид. Ва дигар ҳеҷ чиз! Он чизе ки ӯ дид, барои тамоми ҳаёти боқимонда дар хотираш нақш баст. Аввалин чизе ки ба чашмони Петтрус ва Юҳанно намудор шуд ва чунин шогирдонро такон дод, қабри холӣ не, балки кафани холӣ буд. Майк Грин вобаста ба ин дақиқона қайд мекунад: «Аҷоиб нест, ки онҳоро ларзаи боэҳтиромона фаро гирифт ва онҳо ба ростии суханони Ӯ бовар карданд. Кардани чунин кори аз ақл берун аз дасти ягон тороҷгари қабрҳо намеомад. Ва ҳатто ин ба фикри ӯ ҳам намеомад. Ӯ ба тарзи оддӣ ҷисмро бо кафан бардошта мебурд ва тамом»[36]. Далели № 5: Зуҳури Масеҳ тасдиқ шудааст Каме аз олимон дар замони мо шубҳа доранд, ки шогирдон ҳадди ақал ба он бовар доштанд, ки Масеҳи эҳёшударо дидаанд. Тадқиқотчии Библия Реҷиналд Фуллер боҷасорат изҳор мекунад, ки «ҳамагӣ дар давоми чанд ҳафта пас аз маслубкунӣ шогирдони Исо ба он бовар карданд, ки ин яке аз далелҳои баҳснашавандаи таърих аст»[37]. Чӣ сабаби он шуд, ки шогирдон дар ин имон қувват ёфтанд? Аз лаҳзаи пайдошавии Калисо тасдиқ карда мешуд, ки Исо шахсан ба пайравони Худ зоҳир мегардид. Вақте кӣ ягон ҳодисаи таърихиро меомӯзӣ, хеле муҳим аст равшан кунӣ, ки оё миқдори одамон, иштирокчиён ё шоҳидони ин ҳодиса дар он лаҳза зинда буданд, кай маълумот дар бораи он қайд ва оммавӣ гардид. Миқдори зиёди шоҳидон ёрӣ медиҳад, аниқ будани маълумоти навиштаро тасдиқ кунем. Яке аз аввалин шаҳодатҳои зуҳури Масеҳ пас аз эҳё гаштанаш — ин суханони ҳавворӣ Павлус дар Номаи якум ба Қуринтиён (15:3–8) аст: Зеро ки дар аввал он чиро, ки низ қабул кардаам, ба шумо супурдаам, ки яъне Масеҳ, мувофиқи Навиштаҳо, барои гуноҳҳои мо мурд, Ва Ӯ дафн карда шуд ва, мувофиқи Навиштаҳо, дар рӯзи сеюм эҳё шуд, Ва ба Кифо ва баъд ба он дувоздаҳ нафар зоҳир шуд; Пас аз он ба зиёда аз панҷсад нафар бародарон дар як вақт зоҳир шуд, ки қисми зиёди онҳо то ҳол зиндаанд, вале баъзе вафот кардаанд, Пас аз он ба Яъқуб, инчунин ба ҳамаи ҳаввориён зоҳир шуд; Ва пас аз ҳама ба ман низ, ки гӯё тифли хоме будам, зоҳир шуд. Қариб ҳамаи олимон бо он розиянд, ки дар ин оятҳо ҳавворӣ Павлус имони (ё ривояти) қадимаро менависад, ки пеш аз навиштани Номаи якум ба Қуринтиён, (миёнаи солҳои 50-и баъд аз мавлуди Масеҳ) навишта шуда буд. Дар асл, олимони бисёре ки ин рамзи имонро омӯхтаанд, таърихи онро дар сарҳади аз се то ҳашт сол пас аз маслубшавии Масеҳ мегузоранд. Чунин ҳисоб мекунанд, ки ҳавворӣ Павлус ин нишонаи имонро дар Иерусалим, вақте ки Петрус ва Яъқубро хабар гирифт, пас аз се соли имон оварданаш, ки дар замони аз як то чор сол пас аз маслубкунии Масеҳ ба амал омада буд, гирифтааст (ба Ғалотиён 1:18–19 нигар). Ана барои чӣ таърихнигор Ҳанс фон Кампенгаузен тасдиқ мекунад, ки ин матн «ба ҳама талаботи дурустии таърихӣ, ки ба монанди ин матнҳо пешниҳод кардан мумкин аст мувофиқ мебошад»[38]. Дар ин оятҳо Павлус чунин мепиндорад, ки ба хонандагони ӯ далели он, ки Масеҳро беш аз панҷсад нафар дар як вақт дидаанд маълум аст. Ҳавворӣ ба онҳо хотиррасон мекунад, ки бештари ин одамон ҳоло зиндаанд ва метавонанд пурсида шаванд. Ин тасдиқ — чунин исботи эътиборнок аст, ки барои тасдиқи он чӣ дуҳазор сол пештар ба амал омада буд ёфтан мумкин аст. Аз мушоҳидаи ба ин монанди як олими Аҳди Ҷадид Ч. Х. Додд, ки чунин мегӯяд; агар зарур намебуд Павлус ин далелро, ки «Пас аз он ба зиёда аз панҷсад нафар бародарон дар як вақт зоҳир шуд, ки қисми зиёди онҳо то ҳол зиндаанд, вале баъзе вафот кардаанд», хотиррасон намекард ва бо ин суханон ӯ гуфтанӣ аст: «шоҳидон инро шахсан тасдиқ карда метавонанд»[39]. Дар байни ин шоҳидон онҳое низ буданд, ки ба Масеҳ ҳамчун душман муносибат мекарданд ё ки ба эҳёшавии Ӯ шубҳа мекарданд. Ягон одами ба қадри кифоя маълумот дошта чунин ҳисоб намекард, ки Шоули Тарсусӣ ба пайравони Масеҳ тааллуқ дорад. Ӯ ба Масеҳ нафрат дошт ва масеҳиёнро бо мақсади решакан кардани ҳама ҳаракатҳои масеҳият таъқиб мекард. Вале бо ин ҳама Шоул, ки номаш баъдтар ба Павлус иваз карда шуд, яке аз бузургтарин аз дилу ҷон ҳимоятгари масеҳият гардид. Чӣ метавонист чунин табаддулоти қатъиро ба амал орад? Барои ин на кам на зиёд, аз зуҳури шахсии Масеҳи эҳёшуда лозим шуд. (нигар: 1 Қуринтиён 9:1; Аъмол 22:4–21). Ё ин кӣ барои мисол, Яъқуб, бародари Исоро мегирем. Инҷилҳо ба он нишон медиҳанд, ки ягон кас аз бародарони Исо ба Ӯ ҳангоми зиндагониаш бовар намекард (нигар Юҳанно 7:5; Марқус 3: 21–35). Бештар аз он, онҳо мехостанд Исоро ба қапқони марговар дар иди халқии дар Иерусалим қайд мешуда ҷалб кунанд. Бо вуҷуди ин Яъқуб минбаъд ба пайравони бародари худ ва ба гуруҳи масеҳиёни зери таъқибот буда ҳамроҳ шуд. У яке аз онҳое шуд, ки Калисои авваларо сардорӣ мекард ва яке аз аввалин ҷабрдидагон гардид, ки инро Юсуфи Флавий, Егезипп, ва Клименти Александриягӣ тасдиқ мекунанд. Чӣ боиси чунин дигаргунии тааҷубовар нисбати муносибати ӯ бо масеҳият гардид? Мумкин, Яъқуб ҳам Исоро пас аз эҳё шуданаш дида буд? Кушишҳои «фаҳмондадиҳии» эҳё Дар кушишҳои нишон додани он ки эҳёи Исои Масеҳ сохта аст, бисёр назарияҳо пешниҳод карда шудаанд. Ва аз сабаби он ки бисёрии далелҳои дар гирди эҳёбуда раднашавандаанд, ин кушишҳо бо дигар хел фаҳмондадиҳии далелҳо ва хоҳиши ёфтани чунин фаҳмондадиҳӣ, ки эҳёро ба доираи ривоят, афсона, ё ки амали қонунҳои табиат дохил кунанд, вобаста мебошанд. Каманд шаккоконе ки далелҳои асосиро рад мекунанд, — доварӣ, маслубкунӣ, дафнкунӣ, посбонон, муҳр ё қабри холӣ, — барои он ки шаҳодатҳои таърихие ки онҳоро тасдиқ мекунанд, аз ҳад пурзуранд. Онҳо ин далелҳои пас аз марг ба ҳаёт баргаштани инсонро қабул надоранд. Мавқеъи онҳоро чунин ифода кардан мумкин аст: «Бале, ҳамаин ин дуруст, вале бояд шарҳи дигаре низ вуҷуд дошта бошад». Барои бо баъзе аз ин назарияҳо бовар кардан, хеле кӯшиш ва ғайрати зиёд лозим аст, назар ба оне ки шаҳодати дар Аҳди Нав пешниҳод карда шударо қабул кунем. Мо ҳар яке аз ин назарияҳоро дар бораи эҳё дар китобамон «Исботи эҳё» дида баромадаем. Дар ин ҷо фақат қайд карданием, ки дилхоҳ назария бояд ҳамаи далелҳоро фаҳмонад, аз он ҷумла он далелро, ки ҳаввориён тайёр буданд азобҳо ва маргро барои имонашон ба он ки Исо ҷисман дар рӯзи сеюм эҳё шуд қабул кунанд. Агар эҳё фиреб бошад, он гоҳ онҳо барои чӣ бо ҳамин хел тайёрӣ ба азобҳо ва марг мерафтанд? Ким ки мехост инро бо он фаҳмонад, ки ҳаввориён зери таъсири галлютсинатсияи умумӣ буданд, аммо руҳшиносон ба мо мегӯянд, ки голютсинатсия ин таассуроти шахсист ва номумкин аст, то ки дар гуруҳи одамон худи ҳамон як голлютсинатсия бошад. Ин фаҳмондадиҳиҳои алтернативӣ ба таври оддӣ бо далелҳо воқеӣ пайваста нестанд. Боби 4 Давомаш чист? Шумо исботи таърихии эҳёи Масеҳро, ки дар ин китоб нишон дода шудааст, чи хел баҳо медиҳед? Дар бораи тасдиқҳои ҳуҷҷатии далели қабри холии Масеҳ дониста истода, шумо чи хел қарор қабул мекунед? Шахсан шумо дар бораи Масеҳ чи фикр доред? Вақте ки ман (Ҷорҷ) бо исботҳои раднашавандаи эҳёи Масеҳ рӯй ба рӯй шудам, ба ман лозим омад, ки ба худ саволи мантиқан аз ин ҷо бармеомадаро диҳам: «Агар ман бовар кунам ё бовар накунам, ки Масеҳ барои гуноҳҳои ман дар салиб мурд ва аз мурдагон эҳё шуд, ин ба ҳаёти ман чи тавр таъсир мекарда бошад?» Барои он ки шумо ё ягон каси дигар ба ин савол ҷавоб диҳед, шумо бояд дар бораи он чӣ Масеҳ ба шогирдонаш гуфт, фикр кунед: «Ман роҳ, ростӣ ва ҳаёт ҳастам; касе наметавонад назди Падар ояд, магар ин ки ба воситаи Ман» (Юҳанно 14:6). Ҳаввори Петрус ин гуфтаҳои устувори Устоди худро такрок карда, чунин мегуяд: «Ӯ ҳамон аст (Масеҳ)… Дар ҳеҷ каси дигаре наҷот нест, ва дар зери осмон ҳеҷ исми дигаре ба одамон ато нашудааст, то ки ба васитаи он наҷот ёбем» (Аъмол 4:11–12). Исо кушоду равшан мегӯяд, ки Ӯ — ягона роҳ барои муносибат бо Худои Падар аст. Сабаби он ки муносибатҳои мо бо Худо ба ислоҳкунӣ муҳтоҷанд, — ин гуноҳ аст. Мувофиқи Нома ба Румиён (3:23), ҳама — яъне ҳар яке аз мо — ба стандартҳои комили ахлоқии Худованд, расида наметавонем. Дар натиҷа мо аз Худои қуддус ҷудо карда шуда, бояд барои гуноҳи худ ҷазо гирем, ки он ҷудоии абадӣ аз Худо аст. Вале ҳақиқати аҷоиби Инҷил дар он аст, ки мо метавонем бо Худо ба воситаи тавба аз гуноҳҳои худ ва эълони имони мо ба Масеҳ (нигар: Нома ба Румиён 5:1), сулҳ кунем. Дар бораи далелҳои баҳснашавандаи эҳёи Масеҳ дониста истода, ва он ки Исо бахшиши гуноҳҳо ва муносибати абадӣ бо Худоро пешниҳод мекунад, ки метавонад ҳамин қадар беандеша бошад, то ки Ӯро инкор кунад? Масеҳ зинда аст! Ӯ имрӯз зиндагӣ дорад! Қарори аз ҳама бомантиқ — ҳаёти худро ба Ӯ бовар кардан ва он дигаргуние, ки фақат Ӯ метавонад ба амал биёрад, санҷидан аст. Шумо ба он ки Исо бароятон чӣ кор кард, чи хел ҷавоб дода метавонед? Шумо метавонед ба саволи он, ки Исо барои шумо бо воситаи маргу эҳёи Худ чи кор кард, дар дуои худ ҷавоб гардонед. Дуо ин суҳбати оддӣ бо Худо аст. Худо шуморо медонад ва барои Ӯ суханон он қадар муҳим нестанд, вале ҳолати дили шумо муҳим аст. Агар шумо ягон вақт худро бо боварӣ ба Масеҳ насупурда бошед, метавонед ин корро худи ҳозир бо чунин дуо ба ҷо оред: Худованд Исо, ман ба Ту муҳтоҷам. Ман Туро барои он сипосгузорӣ мекунам, ки Ту дар салиб барои гуноҳҳои ман ҷон додӣ. Ман дари ҳаётамро мекушоям ва Туро Наҷотдиҳанда ва Худованди худ эътироф мекунам. Раҳмат ба Ту, барои он ки гуноҳҳои маро мебахшӣ ва ба ман ҳаёти ҷовидонӣ медиҳӣ. Дар тахти ҳаёти ман, ки аз рӯи ҳақ ба Ту тааллуқ дорад ҷойгир шав. Маро чунин одаме гардон, чуноне ки Ту мехоҳӣ маро бини. Оё ин дуо хоҳиши дили шуморо ифода мекунад? Агар ҳа, худи ҳозир онро эълон намоед ва Масеҳ мувофиқи ваъдаҳояш ба ҳаёти шумо дохил мешавад. Оё шумо барои Масеҳро ба дили худ қабул кардан дуо кардед? Он гоҳ мувофиқи ваъдаи Ӯ дар Китоби Ваҳй (3:20), Ӯ худи ҳозир нисбати шумо дар куҷо ҷойгир аст? Масеҳ гуфт, ки Ӯ ба ҳаёти шумо дохил мешавад. Оё Ӯ метавонад ваъдаи Худро иҷро накунад? Не! Шумо метавонед бовар кунед, ки Худо ба дуои шумо ҷавоб дод, барои он ки ба Ӯ ва ба каломи Ӯ метавонем ҷасурона бовар кунем. Библия ваъда медиҳад, ки Масеҳро қабул карда, шумо ҳаёти ҷовидонӣ пайдо мекунед: «Ва ин шаҳодат аз он иборат аст, ки Худо ба мо ҳаёти ҷовидонӣ ато намудааст, ва ин ҳаёт дар Писари Ӯст. Касе ки Писарро дорад, ҳаёт дорад, касе ки Писари Худоро надорад, ҳаёт надорад. Ба шумо, ки ба исми Писари Худо имон доред, инро навиштаам, то донед, ки шумо ба Писари Худо имон дошта, ҳаёти ҷовидонӣ доред» (1 Юҳанно 5:11–13). Худи ҳозир ба Худо сипосгузорӣ кунед, барои он ки Масеҳ дар ҳаёти шумо аст ва Ӯ шуморо ҳаргиз танҳо намегузорад (нигар: Ибриён 13:5). Дар асоси ваъдаи Ӯ шумо метавонед донед, ки Масеҳ дар шумо зиндагӣ мекунад ва шумо аз он лаҳзае, ки Ӯро ба дили худ даъват кардед, ҳаёти ҷовидониро ба даст овардед. Ӯ шуморо фиреб намекунад. Чӣ хел шумо метавонед дар имонатон калон шавед? Шумо на барои он сохта шуда будед, ки ҳаёти масеҳиёнаро дар танҳои гузаронед. Каломи Худо боисрор шуморо даъват менамояд, ки бо дигар масеҳиён вохӯрӣ гузаронед, то ки руҳан калон шавед ва ба ҳамдигар ёрӣ расонед (нигар: Ибриён 10:25). Чанд дона ангишт назар ба як ангишт сахттар месӯзанд. Кор нисбати муносибати шумо бо дигар масеҳиён низ ҳамин тавр мебошад. Агар шумо аъзои ягон калисо набошед, он гоҳ даъватро мунтазир нашуда, ташаббусро ба даст гиред. Ба шубони калисои наздиктарин, ки дар он ҷо Масеҳро мепарастанд ва Каломи Ӯро меомӯзонанд, муроҷиат намоед. Аз худи ҳамин ҳафта сар кунед ва барои худ нақша кашед, ки мунтазам ба калисо равед. Агар шумо, ин сатрҳоро хонда истода, аллакай ба воситаи Масеҳ бо Худо муносибати мустаҳкам барқарор кардаед, ба мо навишта дар ин бора нақл кунед. Мо бо хурсандӣ ба шумо маводҳоеро мефиристем, ки ба шумо дар пайравии Масеҳ ёрӣ медиҳанд. Шумо метавонед бо мо ба воситаи веб — сайти мо: www.JoshMcDowell.ru муроҷиат намоед. Дар ин сайт шумо хеле маълумотҳои фоиданокро пайдо мекунед, аз ҷумла маводҳои видео, мақолаҳо, китобҳо ва дигар манбаҳоро, ки ба шумо дар сайри руҳониатон ёри медиҳанд. Бигзор ин китоб ва қарори шумо оиди боварӣ ба Масеҳ, дар натиҷаи муносибатҳои нав бо Худо, пурра ҳаёти шуморо дигар намоянд. Ҷош Д. Макдауэл Шон Ҷ. Макдауэл Дар бораи муаллифон Ҷош Макдауел арбоби ҷамъиятии америкоии баландшуҳрат, публитсист, мавъизачӣ, ки аз соли 1961 хизмати худро мебарад; эксперти фирқаҳои динӣ ва пешгӯиҳои дуруғин; муқобил ва мунаққиди таълимотҳои масеҳии неортодоксалӣ ва парастишҳо мебошад. Дар ҳисоби Ӯ бештар аз 24000 баромадҳо, ки зиёда аз 10 миллион одамро дар 118 мамлакат ҷамъ овардааст. Ӯ муаллиф ва ҳаммуаллифи наздики яксаду панҷоҳ китоб, ки ба 85 забонҳо чоп шудаанд. Ҷош сафарашро дар ҷаҳон давом дода, ба ҷавонон ва калонсолон барои устуворшуданашон дар имон ёрӣ медиҳад. Вай бо ҳамсараш Дотти бештар аз 40 сол ҳамроҳ зиндагӣ мекунанд, онҳо чор фарзанд ва даҳ набера доранд. Шон Макдауэл — муҳофизатчии барҷастаи имони масеҳӣ, ёрдамчии имондорон, махсусан ба ҷавонон, ки ақидаҳои худро муҳофизат карда тавонанд; нотиқи боистеъдод, баромадкунанда дар ҳар гуна муассисаҳои таълимӣ, калисоҳо, лагерҳо, дар конферентсияҳо; ҳаммуаллиф ва муҳаррири бештар аз 18 китоб аст. Шон ҳам ҳамчун падари худ, семинарияи илоҳиётшиносии Талботро (магистри фалсафа ва илоҳиёт) хатм кардааст; ҳоло ӯ — адъюнкт — профессори Университети Биол мебошад. Бо ҳамроҳии ҳамсараш Стефани ва се фарзандаш дар шаҳри Сан-Хуан-Капистрано (Калифорния) зиндагӣ мекунад. Тавзеҳот 1. «Super Ninjtte», хабар дар www.atheistnetwork.com чоп шудааст, июл 16, 2007. 2. «…Ки ҳама корҳои бисёр асра, ҳама сӯзишҳои руҳӣ, ҳар гуна илҳом ва дурахши одамони доҳӣ ба нобудшавӣ маҳкум карда шудааст… ки тамоми маъбади комёбиҳои одамӣ ногузир бояд дафн карда шавад… Танҳо ба ҳамин ҳақиқатҳо такя карда, танҳо дар асоси мустаҳками ноумедии чуқур, — фақат ҳамин хел мумкин аст манзили ҷонро боэътимод барпо кард». Бертран Рассел, «Ибодати одами озод». 3. N. T. Wright, The Challenge of Jesus (Downers Grove, IL: Inter- Varsity Press, 1999), 126. 4. Ин нуқтаҳо баён шуда буданд дар: Stephen T. Davis, Risen Indeed (Grand Rapids: Eerdmans, 1993), 203–4 5. Isaac Asimov, иқтибос аз: Randi Alcorn, Heaven (Carol Stream, IL: Tyndale, 2004), 393 6. Alcorn, Heaven, 241. 7. Интуитивӣ, интуится — гувоҳии дил, ҳисси пешакӣ. 8. Craig Blomberg, The Historikal Reliability of the Gospels (Downers Grove, IL: InterVarsity Press, 1987), 73 9. Ross Clifford, Leading Lawyers’ Case for the Resurrection (Edmonton, Alberta: Canadian Institute for Law, Theology & Public Policy, 1996), 104–5 (курсиви ман, — Ҷ.М.). 10. Blomberg, Historikal Reliability of the Gospels, 75–76 11. Norman L. Geisler, Miracles and Modern Thought (Grand Rapids: Zondervan, 1982), 58 12. Ronald Sider, «A Case for Easter» HIS (Апрел 1972), 27–31 13. Louis Gottschalk. Understanding History, 2nd ed. (New York: Knopf, 1969), 150 14. Sean McDowell, The Fate of the Apostles (Farn-ham, UK: Ash- gate Press, 2015) 15. Азназаргузаронии дақиқтари дурустии дастнависҳои Аҳди Навро шумо дар китоби мо «Исботе, ки ҳукмнома талаб мекунад: ҳақиқати зиндадилона барои ҷаҳони шубҳакунанда» меёбед. 16. John Wenham, Easter Enigma (Oxford, UK: Paternoster Press, 1984), 10–11. Боз як кушиши ҳамоҳангкунӣ, нигаред Jesus Christ: The Greatest Life Ever Lived, cjmp.and trans. Johnston M, Cheney and Stanley Ellisen (Eugene, OR: Paradise Publishng, 1994), a revision of the lLife of Christ in Stereo (Portland, OR: Western Baptist Seminary Press, 1969). 17. Яъне инҷилнависон Матто, Марқус, ва Луқо, муаллифони се Инҷили аввал, ки онҳоро ҳамчунин синоптики (аз забони юнонӣ синоптикос, яъне ҳамроҳ мушоҳида кунанда), барои он ки онҳо дар бисёр чизҳо якдигарро такрор мекунанд, ки инро дар бораи Инҷили Юҳанно гуфтан мумкин нест, ки аз дигарон ҳам бо мазмун, ҳам бо тарзи навишт фарқ мекунад.— Қайди тарҷимони. 18. Stephen T, Davis, Risen Indeed ((Grand Rapids: Eerdmans, 1993), 69 (курсиви ман, — Ҷ.М.). 19. N. T. Wright «The Transformation of the Bodily Resurrection» in The Meaning of Jesus: Two Visions, Marcus Borg and N. T. Wright (New York: Harper San Francisco, 2000), 121–122. 20. Paul Maier, In the Fullness of Time: A Historian Looks at Christmas, Easter, and the Early Church (Grand Rapids: Kregel, 1998), 180 (курсиви ман, — Ҷ.М.). 21. Тситсерон, V «Бар зидди Веррес». 22. Excruciating (англ.) — пуразоб, тоқатнопазир; аз лотинӣ excruciare < cruciare (ба чор тараф дастҳо ва пойҳоро кашидан, муслуб кадан) < crux (салиб). 23. Мусоҳиба бо доктор Александр Метерелл дар китоби: Lee Strobel, The Case for Christ (Grand Rapids: Zondervan, 1982), 197–98 чоп шуда буд. 24. William D. Edwards J. Gabel, and Floyd E. Hosmer, «On the Physical Death of Jesus Christ», Jounal of American Medical Association 255, no. 11 (March 21, 1986). 25. Michael Green, Man Alive! (Downers Grove, IL: Inter Varsity Press, 1968), 33. 26. Gary R. Habermas, «Why I Believe the New Testament Is Historically Reliable» in Why I Am a Christian: Leading Thinkers Explain Why They Believe, ed. Norman L. Geisler and Paul Raymond E. Brown, The Death of the Messiah, vol. 2 (New York: Doubleday, 1994), 1240. 27. Raymond E. Brown, The Death of the Messiah, vol. 2 New York: Doubleday, 1994), 1240. 28. Will Durant, Caesar and Christ (New York: Simon and Schuster, 1944), 572 29. John Chrysostom, Homilies of St. John (repr., Grand Rapids: Eerd- mans, 1969), 321. 30. Аҳамияти қушунҳои румӣ дар корҳои таърихнигори ҳарбии қадим Флавий Вегетсий Ренат, ки чанд аср дертар аз Масеҳ зиндагӣ кардааст, дида мешавад. Дар рисолаи худ: «Иншои кутоҳи кори ҳарбӣ» Вегетсий сирри муваффақияти қушунҳои румиро мекушояд: «Ғалаба дар ҷанг на танҳо аз миқдор ё фақат аз ҷасорат вобастааст; фақат маҳорат ва интизом гарави вай мешаванд. Мо фаҳмидем, ки румиҳо фақат бо шарофати… ҳамавақт таълимдиҳии маҳорати ҷангӣ, сахт нигоҳ доштани интизом дар ӯрдугоҳашон ва машқи пайваста дар дигар санъатҳои ҷанг ҷаҳонро тобеъ кардаанд». 31. Archibald Thomas Robertson, Word Pictures in the New Testament, 6 vols. (Nashville: Broadman Press, 1930), 1: 238–39. 32. Paul Maier, «The Empty Tomb as History», Christianity Today, 28 март 1975, 5. 33. George Currie, «The Military Disipline of the Romans from the Founding of the City to the Close of Republic», порча аз диссертатсия, к ибо ёрии Graduate Council of Indiana University, 1928., чоп шудааст. 34. Гӯристони ғории қадима дар Иерусалим; Ҷои эҳтимолии дафнии Исои Масеҳ ҳисобида мешавад. — эзоҳи тарҷимон. 35. Bill White, A Thing Incredible: A Reassessment of the Resurrection Narratives in Relation to Holy Week and Israel (Israel: Yanetz Ltd., 1976). 36. Michael Green, The Empty Cross of Jisus (Downers Grove, IL: Inter Varsity Press, 1984), 22–23. 37. Reginald H. Fuller, The Foundations of New Testament Christology (New York: Scribner’s, 1965), 142. 38. Hans von Campenhausen, «The Events of Easter and the Empty Tomb», in Tradition and Life in the Early Church (Philadelphia: Fortress, 1968), 44. 39. C. H. Dodd, «The Appearances of the Risen Christ: A Study in FormCriticism of the Gospels» in More New Testament Studies (Manchester, UK: University of Manchester Press, 1968), 128.