Макс Лукадо ИН ОДАМОН КИҲОЯНД? Одамони муқаррарӣ дар дастони Худои тавоно Ба Лэндон Сондерс Ман то ҳол гармии суханон ва табассуми шуморо ҳис мекунам Муқаддима Дар назди шумо дар назди мизи кафе ҷавони сиёҳмӯйи тақрибан бистсола нишастааст. Либосаш аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ӯ ба синфи коргар тааллуқ дорад. Ба офтобхӯрда будан ва ба дастони сермушаки ӯ нигариста, тахмин кардан мумкин аст, ки ӯ дар ҳавои кушод кор мекунад. Даравидани газонҳо? Корҳои сохтмонӣ? Шумо ношиносро нороҳат карданӣ нестед… аммо бори дигар ба ӯ назар меафканед. Аз тарҳи рӯяш маълум аст, ки ӯ хориҷӣ аст. Шумо ӯро нороҳат карданӣ нестед, аммо пеш аз он ки худро ба даст гиред, ӯ нигоҳатонро пай бурда, ба шумо табассум мекунад: — Ман яҳудӣ ҳастам. — Бубахшед, чӣ гуфтед? — Ман на танҳо ба шумо аҷиб метобам. Ман яҳудӣ ҳастам. Ҳамагӣ ду сол инҷониб дар Миср мебошам. Шумо курсии худро наздиктар мебаред ва ба ӯ мегӯед: — Бо чӣ кор ин ҷо омадаед? — Шояд, ман варианти мухтасари қиссаи худро баён намоям? Шумо ба аломати тасдиқ сар меҷунбонед, ва ӯ сар мекунад: — Падарам бо фиреб мероси амакамро кашида гирифт. Ин табиист, охир, маҳз бибиям мехост, ки падарам чунин кунад. Ӯ ин нақшаи ҳилагаронаро тартиб дод. Амакам Эсав аз боиси ин фиреб хашмгин шуда, қарор дод, ки падарамро кушад. Падарам гурехт. Ӯ қариб ки бе патаку пайтоба фирор кард, аммо сараш саломат монд, ва ӯ хурсанд буд, ки бо чунин осонӣ халос шуд. Ӯ дар хонаи тағоияш паноҳ ёфт. Шояд шумо дар бораи Лобон шунидаед? Албатта, не. Аз чӣ сабаб шумо ӯро мешинохта бошед, аммо шояд аз он сабаб, ки дар он маҳалле ки ман аз он ҷо омадаам, ӯ чорводори шинохта буд. Падарам яке аз духтарони ӯро дӯст дошт, аммо аз боиси беэҳтиётӣ духтари дигарашро ба занӣ гирифт. Лобон ба ҳар ҳол фиребгарро фиреб дод. Биёед чунин мегӯем, холаам беҳад содда буд, то ки ба худ шавҳар ёфта тавонад, ва Лобон ин корро барои ӯ кард. Рости гап, дар ниҳояти кор падарам модари маро низ ба занӣ гирифт. Ӯ зани дӯстдоштаи падарам буд. Аммо ин занаш ҳеҷ фарзанддор намешуд, бинобар ин падарам аз занҳои дигар, ки яке аз онҳо холаам буд, соҳиби як тӯда фарзандон шуд. Он вақте ки ман таваллуд шудам, хона пур аз фарзандон буд. Аммо ман фарзанди дӯстдоштаи падар будам. Ин қадар тӯҳфаҳо ва дӯстдориро, ки насиби ман мешуд, фарзандони дигар аз ӯ намедиданд. Ҳамаи онҳо ба ман ҳасад мебурданд. Ва онҳо маро ҳамчун мол ба тоҷирон фурӯхтанд. Ҳамин тавр ман ба ин ҷо, ба Миср омадам. Эҳтимол, падарам гумон мекунад, ки ман мурдаам. Аммо ман зиндаам. Илова бар ин, хеле гуруснаам. Шумо боқимондаи хӯрокатонро мехӯред? Шумо табақчаи хӯроки худро ба ӯ дода, нигоҳ мекунед, ки чӣ тавр ӯ онро холӣ мекунад, ва ҳайрон мешавед, ки чӣ қиссаеро ӯ ба шумо нақл намуд! Қаллобон маккоронро фиреб медиҳанд. Ҳилагарон дузанаҳоро аҳмақ мекунанд. Умуман, онҳо чӣ гуна одамон мебошанд? Маҳз ҳамон одамоне ки Худо барои дигаргун кардани ҷаҳон истифода бурд. Юсуф ва аҳли оилаи ӯ — ҳамагӣ якчанд намунаҳои соддафеълҳо ва қаллобон аст, ки қиссаҳояшон бофтаҳои Навиштаро ташкил медиҳанд. Яъқуб бо маслиҳати модараш Ривқо мероси Эсавро дуздид. Тағояш ҳангоми тӯй тӯҳфаи ғайричашмдоштро чунон ҳилагарона тайёр кард, ки Яъқуб на бо он зане ки интихоб карда буд, оиладор шуд. Ӯ дар ин бора фақат саҳарӣ фаҳмид, ҳангоме ки ваъдаҳо аллакай дода шудаанд, ва торти тӯёна аллакай хӯрда шудааст. Юсуф чӣ? Бубинед, ки чӣ тавр ӯ либоси зебо дар тан, ҳамчун товус қадам зада, бародаронашро беҳад хашмгин мекунад, ҳамон бародаронеро, ки ба дувоздаҳ сибти Исроил номҳои худро медиҳанд ва дар насабномаи Исо ҷойҳои қонунии худро ишғол мекунанд. Ҳа-ҳа, дар насабномаи Исои Масеҳ. Дар шаҷараи аслу насаби Ӯ боло равед ва себҳои кирмхӯрдаро меёбед. Ҳамаи ин дар аввалин боби Аҳди Ҷадид баён шудааст. Матто номҳои чилу ду нафар аҷдодонро меоварад, ва ҳамаи онҳо шахсиятҳои хеле шубҳаовар мебошанд. Оё якчанд намунаро аз назар гузарондан мехоҳед? • Яке аз бибикалонҳо худро фоҳиша вонамуд кард, то Яҳудоро (бародари Юсуфро) маҷбур кунад, ки ба ваъдааш вафо намояд (ниг. Ҳас. 38). • Барои бибикалони дигар худро фоҳиша вонамуд кардан ҳам даркор набуд. Ӯ фоҳиша буда, дар кӯчаи фонусҳои сурх дар Ериҳӯ нақши хонумеро мебозид (ниг. Еҳуш. 2). • Батшобаъ аз саҳифаҳои таблоидҳо берун намешуд; ин зебосанами шустушӯйкунанда ба шарофати Довуд ба саҳифаҳои Навишта дохил гардидааст (ниг.: 2 Подш. 11). • Худи Довуд, ки азимҷуссаро мағлуб карда буд, тестостеронҳои дар хун ҷӯшзанандаро ором карда натавонист. Занҳои ӯ назар ба андешаи солим хеле бештар буданд. • Писари ӯ Сулаймон ҳам занҳои зиёд, ҳам ақли расо, ҳам ганҷи зиёд дошт. Оё ягон подшоҳи дигар ба ҳамин андоза сарватманд ва ҳамин қадар танҳо буд? «Ҳеҷу пуч аст, — ҳамааш ҳеҷу пуч аст!» — навишта шудааст дар санги қабри ӯ. Аҷдодони Исо. Як қисса аз пайи дигар пур аз фактҳои шармандавор, рафтори бадахлоқона, дасисаҳо. Ин одамон умуман киҳоянд? Мо. Ана киҳоянд онҳо. Дар қиссаҳои онҳо мо инъикоси қиссаҳои худро мебоинем. Ва мо умедҳои худро дар ҳамон ҷое пайдо мекунем, ки онҳо пайдо мекарданд. Ва дар байни онҳо… бар болои ҳама қаҳрамони асосии ҳамаи воқеаҳо — Парвардигор Худо мебошад. Офаридгор. Ҳайкалтарош. Наҷотдиҳандаи дилҳои ҳалокшаванда. Диҳандаи мақоми баланд, боз як кӯшиши дигар, қутбнамои ахлоқӣ ба ҳар касе ки омада чизи пешниҳодшударо мегирад. Ба Мусо, ки одамро кушт; ба Шимшӯн, ки хато кард; ба Тумо, ки ба Худо шубҳа кард; ба Яҳёи Таъмиддиҳанда, ки чун одами ваҳшӣ либос мепӯшид ва чун хирс хӯрок мехӯрд. Чунин мебошанд одамони Китоби Муқаддас, ки назар ба он чи бисёр касон гумон мекунанд, хеле худраъйтар ва пешгӯинашаванда мебошанд. Қиссаҳо дар бораи онҳо ба ман маъқул мебошанд. Бо мурури замон ман ҳатто кӯшиш кардам баъзе аз ин қиссаҳоро ба таври худ нақл намоям. Дар ин китоб натиҷаҳои чунин кӯшишҳои ман ҷамъ карда шудаанд. Иҷозат диҳед ба Лаура Кендалл, Карен Ҳилл ва Андреа Лукадо барои ёрдам «дар ҷамъоварии ҳосил» изҳори миннатдорӣ баён намоям. Инчунин ба Давид Моберг ва кормандони нашриёти «Thomas Nelson» барои пешниҳод намудани ин фикр ташаккур мегӯям. Мо ба шумо ин саҳифаҳоеро, ки аз ваъдаи хуш илҳом ёфтаанд, пешниҳод мекунем: агар Худо барои ҳамаи ин одамон дар назди Худ ҷой ёфта бошад… Ӯ барои мо ҳам ҷой ёфта метавонад. Ин дар сатрҳои гаронбаҳои Нома ба Ибриён баён карда мешавад: Зеро ки ҳам Тақдискунанда ва ҳам тақдисшавандагон, ҳама аз Ягона ҳастанд; ба ин сабаб Ӯ ор намекунад, ки онҳоро бародар хонад, ва мегӯяд: «Исми Туро ба бародаронам шӯҳрат хоҳам дод, дар миёни ҷамоат Туро мадҳ хоҳам кард». Ва боз: «Ман ба Ӯ таваккал хоҳам кард». Ва боз: «Инак, Ман ва фарзандоне ки Худо ба Ман додаст». Ибр. 2: 11, 13 Боби 1. Юсуф Ва зодашавии Исои Масеҳ чунин буд: ҳангоме ки модари Ӯ Марям ба Юсуф номзад шуд, пеш аз он ки ҳамбистар шаванд, маълум гардид, ки вай аз Рӯҳулқудс ҳомила аст. Ва шавҳари вай Юсуф, ки марди росткор буд ва намехост вайро нангин кунад, ба дили худ гуфт, ки вайро пинҳонӣ сар диҳам. Аммо ҳангоме ки ӯ дар чунин андеша буд, фариштаи Худованд дар хоб ба ӯ падид омада, гуфт: «Эй Юсуф, писари Довуд! Аз гирифтани зани худ Марям натарс; зеро он чи дар вай ба вуҷуд омадааст, аз Рӯҳулқудс аст; ва Писаре хоҳад зоид, ва ту Ӯро Исо хоҳӣ номид; чунки Ӯ мардуми Худро аз гуноҳҳошон наҷот хоҳад дод». Ва ҳамаи ин рӯй дод, то ба амал ояд каломе ки Худованд бо забони пайғамбар гуфтааст: «Инак, бокирае ҳомила хоҳад шуд ва Писаре хоҳад зоид, ва Ӯро Имонуил хоҳанд номид, ки маънояш ин аст: Худо бо мо». Мат. 1:18–23 ДУОИ ЮСУФ Он чи дар Китоби Муқаддас «паси парда» мемонад, — заминаест барои саволҳои мо. Китоби Муқаддасро хонда, аз зери лаб гуфтани суханҳои «Бароям шавқовар аст, ки оё…» худдорӣ намудан душвор аст. «Бароям шавқовар аст, ки оё Ҳавво пас аз ин умуман мева хӯрда бошад?» «Ҳангоми тӯфонҳо Нӯҳ чӣ тавр хоб мерафт?» «Оё Юнус моҳиро дӯст медошт ва оё Ирмиё дӯст пайдо кард?» «Оё баъд аз ин Мусо аз буттаҳо канораҷӯӣ мекард?» «Оё Исо латифа нақл мекард?» «Оё Петрус боз як маротибаи дигар бар об қадам заданӣ шуд?» «Агар Петрус пешниҳод накунад, оё ягон зан бо ӯ хонадор мешуд?» Китоби Муқаддас монанди девори серсӯрохест, ки аз байни онҳо чизи асосиро дидан мумкин аст, вале манзараи пурраро дидан имконнопазир аст. Ин албоми суратҳост, ки дар онҳо одамони бо Худо муошираткунанда тасвир ёфтаанд, аммо на ҳама вақт оқибатҳои он ифшо гардидаанд. Дар драмае ки миқёси кайҳонӣ дорад, вале сарбаста аст, қаҳрамонони хеле зиёд ҳастанд. Бинобар ин мо донистан мехоҳем: Зане ки ҳангоми зинокорӣ ба даст афтода буд (ниг.: Юҳ. 8:3–11), вақти ба хона омаданаш ба шавҳари худ чӣ гуфт? Чӣ тавр он девона пас аз шифо ёфтанаш барои худ ризқу рӯзӣ меёфт (ниг.: Марқ. 5:2–19 ва ғайра)? Оё ягон вақт духтари Ёир барои аз мурдаҳо эҳё карда шуданаш пушаймон нашудааст (ниг.: Луқ. 8: 41–56)? Сӯрохиҳои девор, суратҳои албом ва саволҳои «бароям шавқовар аст, ки оё…» -ро шумо дар ҳар як бобе меёбед, ки сухан дар бораи қаҳрамонҳои муайян меравад. Аммо ба ғайр аз таваллуд шудани Масеҳ дигар ҳеҷ чиз саволҳои зиёдро ба миён намеорад. Одамон, пештар аз он ки мо аз онҳо чизеро мепурсем, пайдо мешаванд ва ғайб мезананд. Соҳиби меҳмонхона (ниг.: Луқ. 2:7), ки хеле серкор буд, то ки Худоро қабул кунад, — оё ягон вақт фаҳмида бошад, ки Киро қабул накард? Оё ҳамон чӯпонҳои саҳро (ниг.: Луқ. 2:13) баъд навои сурудхонии фариштаҳоро ба хотир меоварданд? Оё муғоне ки аз паси ситора мерафтанд (ниг.: Мат. 2:1–12), нақл карданд, ки тифлро парастиш кардан чӣ гуна аст? Ва Юсуф, махсусан Юсуф! Ман ба Юсуф саволҳои бисёр дорам. Ман мехоҳам донам, ки оё ӯ бо Исо дар дастхобонӣ қувваозмоӣ кардааст? Оё Исо ягон вақт имконияти ғолиб баромаданро ба ӯ додааст? Оё, ҳангоми дуо гуфтан Юсуф сарашро бардошта дидааст, ки Исо ӯро гӯш мекунад? «Исо» дар забони мисрӣ чӣ тавр талаффуз карда мешавад? Баъд бо муғон чӣ ҳодиса рӯй дод? Юсуф чӣ шуд? Мо намедонем, ки бо Юсуф чӣ шуд. Нақши ӯ дар пардаи якум чунон муҳим аст, ки мо дар қисми боқимондаи драма давомашро интизор ҳастем. Аммо, ба истиснои саҳнаи кӯтоҳи дувоздаҳсолагии Исо дар Уршалим (ниг.: Луқ. 2:41–51), ӯ дигар пайдо намешавад. Ҳаёти ояндаи ӯ ҳамчун муаммо боқӣ мемонад, вале мо танҳо хулосаҳои назарӣ бароварда метавонем. Аммо аз тамоми саволҳои ман савол дар бораи Байт-Лаҳм якум мешавад. Ман мехоҳам дар бораи он шаб, дар оғил, ҳар чи бештар донам. Ман дар он ҷо Юсуфро мебинам. Чарогоҳҳои аз нури моҳтоб равшангардида. Дар осмон ситораҳо медурахшанд. Дар дурӣ чароғҳои Байт-Лаҳм метобанд. Ана Юсуф, ӯ дар назди оғил ин тарафу он тараф мегардад. Вақте ки Исо таваллуд мешуд, Юсуф дар бораи чӣ фикр мекард? Ҳангоми таваллуд кардани Марям ба сари ӯ чӣ фикрҳо меомаданд. Ӯ ҳама корҳои метавонистагиашро кард, — об гарм кард, ҷой тайёр кард, то ки Марям дар он ҷо дароз кашида тавонад. Ӯ Марямро ҳамон қадаре ки ин кор дар оғил имконпазир буд, бароҳат ҷойгир кард ва баъд берун баромад. Марям хоҳиш кард, ки ӯ барояд, воқеан ҳам барои истодан тобу тоқати ӯ намерасид. Ва дар ин муддати тӯлонӣ — аз ҳамон лаҳзае ки ӯ аз оғил баромад то таваллуд шудани Исо, — Юсуф дар бораи чӣ фикр мекард? Ӯ ба торикии шаб баромад ва ба ситораҳо нигоҳ мекард. Оё ӯ дуо мегуфт? Бо як қатор сабабҳо ман ӯро хомӯш тасаввур карда наметавонам. Ман мебинам, ки ӯ бо ҳаяҷон пешу қафо меравад. Гоҳо сар меҷунбонаду гоҳо дастонашро мефишорад. Ӯ ин чизро интизор набуд. Пас он вақт ӯ чӣ мегуфт… Ман ҳамаи чизро ин тавр ташкил кардан намехостам. Худоё. Тамоман ин тавр не. Тифли ман дар оғил таваллуд мешавад? Не, ман фикр намекардам, ки ин тавр мешавад. Ғори пур аз гӯсфандону харҳо ва бедаву коҳи рехташуда? Зани ман ба фарзандам ҳаёт мебахшад ва дарди ӯро танҳо ситораҳо мешунаванд. Ман инро тамоман дигар хел тасаввур мекардам. Не, ман интизор будам, ки тамоми оила, ҳамаи бибиҳо ва ғайраҳо ҷамъ мешаванд. Ман фикр мекардам, ки дар назди дар ҳамсояҳо ҷамъ мешаванд ва дар бари ман рафиқонам меистанд. Ман тасаввур мекардам, ки чӣ тавр бо фарёди аввалини кӯдак тамоми аҳли хона ба ҷунбиш медарояд. Ба китфам мезананду табрик мекунанд. Ид! Ман фикр мекардам, ки ин бояд ҳамин тавр ба вуқӯъ меояд. Доя фарзандамро ба ман дароз мекунад ва ҳама қарсак мезананд. Марям дам мегирад, вале мо ид мекунем. Тамоми Носира ид мекунад. Аммо ҳоло, мо чиро мебинем? Носира аз ин ҷо дар масофаи роҳи панҷрӯза. Вале мо бошем дар ин ҷо… дар қӯраи гӯсфандон. Дар ин ҷо кӣ бо мо ид мекунад? Гӯсфандон? Чӯпонҳо? Ситораҳо? Ҳама чиз ким-чӣ хел нодуруст шуд. Охир ман чӣ хел шавҳар ҳастам? Ман ҳатто доя наёфтам, ки ба занам ғамхорӣ намояд. Ман барои таваллуд кардан ба занам бистар фароҳам наовардам. Болишти ӯ — полони харам аст. Ман ӯро на ба хона, балки ба анбори пур аз бедаву коҳ овардам. Аз ҳайвонҳо бӯй ва ҳамин садои тоқатфарсо меояд. Ҳамааш як тараф, аз худи ман ҳам аллакай бӯи чӯпон меояд. Оё ман ягон чизро нодуруст кардам? Ҳамин тавр, Худоё? Вақте ки Ту фариштаро фиристодӣ ва дар бораи таваллуд шудани Писар гуфтӣ, — ман инро ҳамин тавр тасаввур намекардам. Ман Уршалим, калисо, саркоҳинон ва тӯдаи ҷамъшудаи одамонро медидам. Шояд, намоиши калон. Маросими ботантана. Ҳеҷ набошад ягон базмро. Ман гуфтан мехоҳам, ки ба ҳар ҳол ин Мавлуди Масеҳ аст-ку? Ё ин ки, агар дар Уршалим набошад ҳам, чаро дар Носира нашавад? Магар дар Носира беҳтар намешуд? Ба ҳар ҳол хона ва кори ман дар он ҷост. Аммо дар ин ҷо ман чӣ дорам? Хари хасташуда, банди шохчаҳо ва як кӯза оби гарм. Ман умуман ин чизро намехостам! Ман умуман намехостам, ки таваллудшавии писари ман ана ҳамин хел бошад. Оҳ, боз ҳамон кори худам. Боз ҳамон гапи кӯҳна, ҳамин тавр не, Падар? Ман гуфтан намехостам, фақат каме фаромӯш кардаам. Охир ин писари ман нест-ку… ин — Писари Туст. Писари Ту. Матлаби Ту. Мақсади Ту. Ва саволи маро бубахш, аммо… магар Худо ба олам бояд ҳамин тавр ворид гардад? Зоҳиршавии фариштаро ман қабул кардам. Ба саволҳое ки ҳама дар бораи ҳомиладорӣ медоданд, ман тоқат карда тавонистам. Сафар ба Байт-Лаҳм — ин ҳам бахайр. Аммо, Худои ман, магар дар оғил таваллуд кардан шарт аст? Ҳозир Марям ҳар лаҳза зоида метавонад. Ба кӯдак не, балки ба — Масеҳ ҳаёт мебахшад. Ба кӯдак не, ба Худо. Фаришта ҳамин хел гуфт. Марям ба ин бовар мекунад. Ва, Худоё, Худои ман, ман ҳам ба ин бовар кардан мехоҳам. Аммо Ту, албатта, мефаҳмӣ, ки бароям на он қадар осон аст. Ҳама чиз чунон… чунон ғайриодӣ менамояд… Худоё, ман ба ин хел чизҳои ғайриодӣ одат накардаам. Ман дуредгар ҳастам. Ман бо ғӯлачӯбу тахта сару кор дорам. Ман аз рӯи ченак ғӯла метарошам. Бо шоқул сутун мегузорам. Ҳафт бор чен карда, як бор бур. Бинокорон бо тасодуфҳо дӯстӣ намекунанд. Ман бояд нақшаро донам. Пеш аз сар кардани кор ман нақшаи биноро дидан мехоҳам. Аммо ин дафъа ман бинокор нестам, ҳамин тавр не? Ман — фақат олат, асбоб ҳастам. Болғае дар дасти Ту. Мехе дар байни нарангушт ва ангушти ишоратӣ мебошам. Исканаи ба даст гирифтаи Ту ҳастам. Ин кори Туст, на кори ман. Аҳмақона аст, ки ман Туро бо саволҳоям безор мекунам. Шубҳаҳои маро бубахш, Худоё, бовар кардани ман хеле душвор аст. Аммо Ту ваъда ҳам надодаӣ, ки осон мешавад, ҳамин тавр не? Ҳа, ана боз як чиз, Падар. Дар хотир дорӣ, Ту фариштаро фиристодӣ? Оё боз ягон фариштаи дигарро фиристодан мумкин аст? Агар фаришта набошад, ақаллан ягон одамро? Ман дар ин ҷо ягон касро намедонам, аммо чунон бо касе гап задан мехоҳам. Шояд, ин соҳиби меҳмонхона ё ягон мусофир бошад? Ҳатто чӯпон ҳам ба кор меояд. Ман ғарқи андешаҳоям. Оё Юсуф чунин дуоро гуфта бошад? Шояд, ҳа. Шояд, ки не. Аммо шумо, яқинан, гуфтаед. Шумо дар худи ҳамон ҳолате ки Юсуф буд, қарор доред. Дар байни он чи Худо гуфтааст ва он чи ба назаратон оқилона менамояд, дармондаед. Шумо кореро иҷро намудед, ки Худо гуфтааст, аммо шубҳа кардед, ки оё Худо бо шумо сухан гуфтааст… Шумо ба осмони аз шубҳаҳо торикгашта назар меафканед. Ва саволҳоеро медиҳед, ки Юсуф додааст. Шумо мепурсед: оё шумо мисли пештара дар роҳи рост ҳастед? Магар дар ҷое ки шумо ба тарафи рост рафтед, ба тарафи чап рафтан лозим набуд? Ва оё дар асоси ҳама чизҳои рӯйдодаистода матлабе ҳаст? Охир ҳама чиз на ҳамон хел шуд, ки шумо интизор будед. Ҳар яки мо медонем, ки дар шаби торик ҷустани чароғ чӣ гуна аст. На ин ки дар назди дари оғил, аммо, шояд, дар назди дари ҳуҷраи ҷарроҳӣ. Дар лаби роҳ. Дар сабзаи даравидашудаи қабристон. Мо саволҳои худро медиҳем. Мо ба мақсади Худо шубҳа мекунем. Ва мо намефаҳмем, ки чаро Худо кори кардаашро кард. Дар торикии шаби Байт-Лаҳм на як бору ду бор дуоҳои мусофири ба ҳаяҷон омада шунида мешуд. Агар шумо худи ҳамон саволҳоеро, ки Юсуф медод, дода истода бошед, иҷозат диҳед шуморо даъват намоям ва кореро кунам, ки Юсуф кардааст. Итоаткорӣ — ҳамин буд кори ӯ. Ӯ ба Худо итоаткор буд. Вақте ки ба вай фаришта зоҳир шуд, ӯ итоаткор буд (ниг.: Мат. 1:20–24). Вақте ки Марям воқеаи рӯйдодаистодаро мефаҳмонд, ӯ итоаткор буд. Вақте ки Худо ба сафар баромаданро ба вай фармуд, ӯ итоаткор буд (ниг.: Мат. 2: 13–14). Ӯ ба Худо итоаткор буд. Ӯ дар зери осмони соф итоаткор буд. Ӯ дар зери осмоне ки абрҳо онро фаро гирифта буданд, итоаткор буд. Ӯ ба шубҳаҳои худ имкон надод, ки ӯро аз итоаткорӣ гардонанд. Ӯ ҳама чизро намедонист. Аммо ӯ он чиро, ки медонист, иҷро кард. Ӯ кори худро партофт, оилаашро ба сафар тайёр кард ва ба макони дурдаст рафт. Чаро? Зеро ки Худо ба ӯ чунин фармуд. Корҳои шумо чӣ тавранд? Оё шумо ҳам мисли Юсуф тамоми манзараро пурра дида наметавонед? Мисли Юсуф, шумо бояд танҳо бинед, ки Исо ба як қисми ҳаёти шумо ворид гашт. Ва мисли Юсуф, шумо бояд ё итоаткорӣ, ё саркаширо интихоб намоед. Азбаски Юсуф итоаткориро интихоб кард, ӯ асбоби Худо шуд, ки тамоми оламро тағйир дода метавонад. Оё айнан ҳамин чиз бо шумо ҳам рӯй дода метавонад? Имрӯз Худо мисли пештара Юсуфҳои навро меҷӯяд. Мардҳо ва занҳоеро, ки боварӣ доранд, ки Худо аз ин олам рӯй натофтааст. Одамони одиро, ки Худои ғайриоддиро парастиш мекунанд. Оё шумо яке аз онҳо мешуда бошед? Оё шумо Худоро парастиш мекарда бошед… ҳатто агар ба чизе сарфаҳм наравед ҳам? Дар торикии шаби Байт-Лаҳм на як бору на ду бор дуои дили соф шунида мешуд. Ва, эҳтимол, Худо он вақт ба ҳамаи саволҳои Юсуф ҷавоб надод. Аммо Ӯ ба саволи асосӣ — «Ту мисли пештара бо ман ҳастӣ — Худоё?» — ҷавоб гуфт. Ва бо фарёди якуми кӯдак-Худо ҷавоб омад. «Ҳа. Ҳа, Юсуф. Ман бо ту ҳастам». Саволҳои бисёри бо Китоби Муқаддас алоқаманд мавҷуданд, ки мо, то ба хонаи Падар барнагардем, ба онҳо ҷавоб дода наметавонем. Дар девор сӯрохиҳои бисёр ва дар албом суратҳои зиёде ҳаст. Чандин бор мо зери лаб мегӯем: «Бароям шавқовар аст, ки оё…» Аммо, бо вуҷуди ҳамаи нофаҳмиҳои мо, чунин саволҳое ҳастанд, ки додани онҳо ҳатто шарт ҳам нест. Оё Худо ба мо ғамхорӣ мекунад? Оё мо дар назди Ӯ ягон эътиборе дошта бошем? Оё Ӯ мисли пештара фарзандони Худро дӯст медошта бошад? Бо нигоҳи Тифли дар гаҳвора хобида Ӯ ҷавоб медиҳад: «Ҳа». Ҳа, гуноҳҳои шумо бахшида шудаанд. Ҳа, номи шумо дар осмонҳо навишта шудааст. Ҳа, марг мағлуб карда шуд. Ҳа, Худо ба олами шумо ворид гашт. Имонуил. Худо бо мост (ниг.: Мат. 1:23). БАРОИ АНДЕШАРОНӢ ВА МУҲОКИМА 1. Ҳолатҳоеро тасвир кунед, ки шумо «дар байни он чи Худо мегӯяд ва он чи ба назари шумо оқилона менамояд, побанд шуда монда будед». 2. Муносибати байни итоаткории мо ва роҳнамоии Худо чӣ гуна аст? Чаро, вақте ки шумо баъзе фармудаҳои Навиштаро вайрон мекунед, аз Худо талаб кардани он ки Ӯ ҳаёти шуморо роҳбарӣ намояд, бефоида аст? 3. Чӣ тавр ҳодисаҳои ҳаёти гузаштаатон шуморо маҷбур кардааст, то бо ҳайрат аз худ пурсед, ки чаро Худо кори кардаашро кард? 4. Ҳангоме шумо шубҳа мекунед, ки Худо ба ҳаётатон ва ба ҳамаи он чи дар он рӯй медиҳанд, мудохила мекунад, бо шумо одатан чӣ ҳодиса рӯй медиҳад? 5. Нома ба Ибр. 3:12–19-ро хонед. Дар нома ба Ибр. 3:13 чӣ гуна насиҳате дода мешавад, то ки ҳамаи мо якҷоя ба Худо итоаткор бошем? Ба вобастагии зичи байни итоаткорӣ ва имон дар Нома ба Ибр. 3:18–19 диққат диҳед. Ин чӣ вобастагӣ аст? Боби 2. Матто Ва Исо аз он ҷо гузашта, Матто ном шахсеро дид, ки дар боҷгоҳ нишаста буд, ва ба вай гуфт: «Аз пайи Ман биё». Вай бархоста аз пайи Ӯ равона шуд. Ва ҳангоме ки Исо дар хона дар сари дастархон нишаста буд, бисёре аз боҷгирон ва гуноҳкорон омада, бо Ӯ ва шогирдонаш дар сари дастархон нишастанд. Чун фарисиён инро диданд, ба шогирдони Ӯ гуфтанд: «Чаро Устоди шумо бо боҷгирон ва гуноҳкорон хӯрок мехӯрад?» Исо чун шунид, ба онҳо гуфт: «На тандурустон, балки беморон ба табиб ҳоҷат доранд; ва шумо биравед ва маънои ин суханонро биомӯзед: «Марҳамат мехоҳам, на қурбонӣ»; зеро Ман омадаам, ки на росткоронро, балки гуноҳкоронро ба тавба даъват кунам». Мат. 9:9–13 ДӮСТИ РАДДИ МАЪРАКАҲО Исо, дар роҳ рафта истода, Маттои дар дӯкончаи боҷғундории худ нишастаро дид. «…Ва ба ӯ гуфт: аз пайи Ман биё. Ва ӯ бархесту Ӯро пайравӣ кард» (Мат. 9:9). Дар ин даъват он чиз ҳайратангез аст, ки он ба кӣ равона карда шудааст, — ба боҷгир. Ҳарисии амалдори хазинадуздро бо савлатмандии тарғибгари телевизионии сар то по қалбакӣ омехта кунед. Берӯии ҳимоятгари виҷдонфурӯш ва разилии одамеро, ки ба тахтапушт тир мепарронад, илова кунед. Каме аз «росткорӣ»-и занҷаллоб пошед ва рӯяшро бо «кодекси ахлоқӣ»-и нашъафурӯш оро диҳед. Ва чӣ ҳосил шуд? Ғундорандаи боҷ дар садсолаи аввал. Ба ақидаи яҳудиён, дар иерархияи мавҷудоти зинда боҷгирон ҷои аз планктон на он қадар баландтарро ишғол мекарданд. Қайсар ба ин шаҳрвандони Яҳудо иҷозат дод, ҳамчун боҷ қариб ҳама чизро гиранд: заврақатон, моҳии сайд кардаатон, хона ва ҳосилатон. Модоме ки қайсар ҳаққи қайсарро мегирифт, аз чизҳои дигар ба боҷгир ҳам каму беш мерасид. Матто боҷгири давлатӣ буд. Боҷгирони хусусӣ барои корҳои ифлос дигаронро ҷалб мекарданд. Боҷгирони давлатӣ, ба монанди Матто, ҳамту бо лимузинҳои дарози худ ба маҳаллаҳои бенавоён мерафтанд ва якбора аз шохи наргов медоштанд. Роҳи ҳаётии онҳо мисли пармача «рост» буд. Ҳангоми таваллуд шуданаш ӯро Левӣ номиданд (ниг.: Марқ. 2:14; Луқ. 5: 27–28), ин ном ҳамоҳанги калимаи «левит» аст, ки маънои табақаи рӯҳониҳоро дорад. Эҳтимол, волидонаш орзу мекарданд, ки Левии онҳо коҳин мешавад? Агар ҳамин тавр бошад, ӯ дар оила радди маърака шуд. Кафолат додан мумкин буд, ки аз ӯ канораҷӯӣ мекарданд. Зиёфати саҳроии ҳамсояҳо? Ӯро ҳеҷ гоҳ даъват намекарданд. Вохӯрии хатмкунандагон? Номи ӯ чаро ки аз рӯйхат афтида мондааст. Аз ӯ чун аз вируси гепатит ҳазар мекарданд. Ҳама кӯшиш мекарданд, ки худро аз Матто дуртар нигоҳ доранд. Ҳама, ба ғайр аз Исо. «…Ва ба ӯ мегӯяд: аз пайи Ман биё. Ва ӯ бархесту Ӯро пайравӣ намуд». Шояд, Матто ба ин чиз рӯҳан тайёр буд. Гумон намеравад, ки Исо ӯро дуру дароз ба гап дароварда бошад. Инчунин ҳамон чиз берун аз қавс монд, ки дӯстони шубҳаноки Матто ва шогирдони нави Исо рақамҳои телефонҳояшонро ба якдигар доданд. «Ва Левӣ дар хонаи худ барои Ӯ зиёфати калон орост; ва дар он ҷой боҷгирони бисёр ва дигарон низ буданд, ва онҳо бо Ӯ назди суфра нишастанд» (Луқ. 5:29). Ба фикри шумо, ин шабнишинӣ чаро арзи вуҷуд кард? Фикр карда меёбем. Ба назари ман чунин менамояд, ки Матто ба офиси худ баргашта, майда чуйдаҳои худро ҷамъ мекунад. Ӯ аз девор дипломи лауреати ҷоизаи ҳарсолаи Квислинг[1] ва дипломи Коллеҷи найрангҳои сиёҳро гирифт. Ҳамкорон ба саволдиҳӣ сар мекунанд: — Чӣ шуд, Мет? Ба круиз меравӣ? — Ҳой, Матто, туро магар берун партофтанд? Матто чӣ гуфтанашро намедонад. Ӯ ғурунгос зада, дар бораи дигар кардани ҷои кор чизе мегӯяд. Аммо ба назди дар омада, меистад. Дар дасташ қуттии ашёҳояшро дошта, ба тарафи ҳамкоронаш менигарад. Афташон афсурдахотир аст, — андӯҳгин ва гаранг шуда, нишастаанд. Луқмаи дар гулӯ монда ба ӯ халал мерасонад. Оҳ, ин бачаҳо содалавҳ нестанд. Модарон кӯдаконашонро бо онҳо метарсонанд, мегӯянд, ки онҳо метавонанд айнан ҳамин хел шаванд. Бадзабонон. Маънои роҳпаймоии айёшона дар вақти ид. Телефони букмекери сиёҳ дар рӯйхати онҳо дар ҷои якум аст. Муштзӯри клуби шабона дар хотир дорад, ки рӯзҳои таваллуди онҳоро медонад. Аммо дӯстон дӯстонанд. Ва ба ҳар ҳол, аз дасти ӯ чӣ ҳам меояд? Онҳоро ба вохӯрӣ бо Исо даъват намуданд? Ҳаминаш кам буд. Мавъизакунандагонро онҳо чуноне ки гӯсфандон қассобро дӯст медоранд, дӯст медоранд. Оё ба онҳо гӯям, ки канали телевизионии диниро гиронанд? Он вақт онҳо гумон мекунанд, ки мӯйсари ба пахтақанд монанд — талаби асосии ба Исо пайравӣ кардан аст. Агар ба қуттиҳои мизҳои онҳо ҷилдҳои Тавротро гузорем, чӣ мешуда бошад? Ҳа… охир онҳо ҳатто хондан ҳам наметавонанд-ку. Инак, чӣ кор карданро надониста, Матто китфонашро ба ҳам мекашад ва сар ҷунбонда, хайрухуш мекунад. — Аллергияи лаънатӣ, — ашки хурдеро аз гӯшаи чашмаш пок карда, мегӯяд ӯ. Дертар воқеа такрор мешавад. Матто барои пӯшондани қарзи худ ба майкада медарояд. Шароити он ҷо чун карру фарри маҳаллаҳои коргарнишин аст: деворҳои чиркин, пур аз дуди тамоку, дар болои мизи билярд чароғпояҳо бо рекламаи пиво овехта шудаанд, дар кунҷ дастгоҳи мусиқӣ ҷойгир шудааст. Маҳфили на он қадар берун аз шаҳр, аммо барои Матто он хонаи дуюм аст. Ҳангоме ӯ ба бармен мегӯяд, ки ӯ меравад, ӯ ҷавоб медиҳад: — Сабр кун, Мет. Ба ту чӣ шудааст? Матто ғурунгос зада дар бораи иваз кардани ҷои кор чизе мегӯяд, аммо бо дили холии ғамангез меравад. Қарибиҳои бегоҳ ҳангоми хӯроки нисфирӯзӣ ӯ бо Исо вомехӯрад ва дар бораи мушкилоти худ нақл мекунад. — Онҳо рафиқони ман ҳастанд, мефаҳмӣ, ҳамкорон. Ва, боз бачаҳо аз майкада. — Ба онҳо чӣ шудааст? — мепурсад Исо. — Хайр, ҳамаи мо гӯё ҳамфикр ҳастем, мефаҳмӣ. Эҳтимол, ман онҳоро пазмон мешавам. Масалан, Ҷошро гирем, — ӯ, албатта, на он қадар тоза аст, мисли ҳочатхона дар хонаи квакерҳо, аммо рӯзҳои якшанбе ӯ ба ятимон ғамхорӣ мекунад. Бруно чӣ? Дар татамӣ чун хирс туро шикаста метавонад, аммо ман ягон вақт дӯсти беҳтаре надоштам. Ӯ се маротиба ба ҷои ман пули гаравро додааст. Исо бо имову ишора ба ӯ нишон медиҳад, ки давом диҳад: — Аммо мушкилӣ дар чист? — Чӣ хел фаҳмонам, Исо, эҳтимол, ман ин бачаҳоро пазмон мешавам. Ман гуфтан мехоҳам, ки ба Петрус, Яъқуб, Юҳанно муқобил нестам… аммо онҳо — субҳи равшани якшанбе мебошанд, вале ман — шоми торики шанбе. Ман доираи дӯстони худро дорам, мефаҳмӣ? Исо табассум мекунад ва сарашро меҷунбонад: — Матто, Матто, охир ту фикр намекунӣ, ки Ман барои ба карантин фиристодани ту омадаам? Ба Ман пайравӣ кардан — маънои фаромӯш кардани дӯстони худро надорад. Тамоман баръакс. Ман бо онҳо шинос шуданӣ ҳастам. — Ту инро ҷиддӣ мегӯӣ? Аммо, Исо, ин бачаҳо… нисфи онҳо — шартан пеш аз мӯҳлат аз ҳабс баромадаҳо ҳастанд. Ҷош аз бар-митсваи[2] худ инҷониб ҷӯроби тоза напӯшидааст. — Матто, охир ман дар бораи хизматгузории динӣ гап намезанам. Иҷозат деҳ аз ту пурсам — ту чӣ хел машғулиятҳоро дӯст медорӣ? Боулинг? «Монополия»? Голфро чӣ? Чашмони Матто равшан мешаванд: — Ту бояд бинӣ, ки ман чӣ тавр хӯрок мепазам. Бифштексҳоро ман мисли он, ки кит бо Юнус кард, саранҷом мекунам. — Олӣ, — табассум мекунад Исо. — Ин хел бошад, шабнишинии хуб ташкил мекунем. Базми умумиро. Тамоми дастаро ҷамъ кун. Матто саргарми кор шуд. Ба тарабхона занг мезанад, то ки таомро ба хона оваранд, ба дарбони худ, ба котибаи худ ҳам: — Телма, ҳамаро огоҳ кун. Хӯрок ва нӯшокӣ имрӯз бегоҳӣ дар хонаи ман. Ба бачаҳо занг зан, то ки худашон оянду рафиқонашонро ҳам оранд. Ва инак Исо дар хонаи Матто, дар иморати дуошёнаи зебо, ки тирезааш ба тарафи кӯли Ҷалил кушода мешавад, истодааст. Дар истгоҳи мошинҳо аз «БМВ» то «Харлей-Дэвидсон» ва лимузинҳои дароз истодаанд. Ва агар шумо ба тӯдаи ҷамъшуда нигоҳ кунед, дарҳол мегӯед, ки дар ин ҷамъомад тамоман ба симпозиуми клерикалҳо монанд нест. Бачаҳои гӯшвордор, духтарони холкӯбкардашуда. Мӯйсарҳои локзада. Аз садои мусиқӣ решаҳои дандонҳо меларзанд. Дар маркази тӯда Матто давуғеҷ намуда, назар ба васлгари бунгоҳи телефонҳо алоқаҳои бисёртаре пайдо мекард. Ӯ Петрусро ба оркестри боҷгирон ҳамроҳ мекунад, Марторо — ба коргарони ошхона. Шимъӯни Ғаюр бо рафиқи деринаи худ аз клуби мубоҳисавии мактабӣ вомехӯрад. Исо чӣ? Ӯ медурахшад. Магар аз ин ҳам беҳтар шуда метавонад? Гунаҳкорон ва росткорон дар зери як бом ва ҳеҷ кас муайян кардан намехоҳад, ки кӣ дар куҷост. Аммо тахминан як соат баъд аз саршавӣ дар кушода мешавад ва ба дарун шамоли хунуки сахт мевазад. Боз касе омад. «Китобдорон ва фарисиён шикоят мекарданд ва ба шогирдони Ӯ мегуфтанд: чаро шумо ҳамроҳи боҷгирон ва гунаҳкорон хӯрок мехӯред?» (Луқ. 5:30). Лабҳояшро бо ҳазар газида, полиси динӣ медарояд. Дар зери бағал китобҳои ғафси сиёҳ. Тугмаҳои гиребончаҳои шубонӣ чунон сахт гузаронда шудаанд, ки рагҳои гардани онҳо варам кардааст. Онҳо ҳам гӯштбирён мехоҳанд. Аммо бифштекс не. Матто якум шуда ҳис кард, ки вазъият шиддатнок шуда истодааст. — Шумо ба ҳар ҳол одамони диндор ҳастед, — мегӯяд яке аз одамони омада. — Аммо бинед, ки бо кӣ улфат шудаед. Матто намедонад, ки бехуд шавад ё аз хонаи худ берун равад. Пеш аз он ки ӯ ба қароре ояд, Исо дахолат мекунад ва мефаҳмонад, ки Матто — айнан дар ҳамон ҷоест, ки бояд бошад. «Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «На тандурустон, балки беморон ба табиб ниёз доранд; ман омадаам, ки на росткоронро, балки гуноҳкоронро ба тавба даъват кунам» (Луқ. 5:31–32). Ана ин қисса! Матто аз қаллоб ба шогирди Исо мубаддал мегардад. Ӯ базме ташкил кард, ки ходимони динии ҷамъиятро ба хашм овард, аммо Масеҳ аз ӯ розӣ аст. Дар ҳақиқат, ана ин қисса! Ва мо бо ин чӣ кор кунем? Ҳама чиз ба он вобаста аст, ки шумо худро дар кадом тарафи мизи боҷгир мебинед. Ҳам шумо, ҳам ман — Матто мебошем. Ба ман ин тавр нигоҳ накунед. Ҳатто ба беҳтаринҳои мо аз фиребгар чизҳои зиёде гузаштааст, то дар паси мизи Матто нишинем. Шояд, шумо ҳеҷ гоҳ боҷ нағундоштаед, лекин аз озодӣ маҳрум кардаеду ҳақиқатро поймол кардаед, заифонро ғорат карда, барои худ моликият ҷамъ мекардед. Яъне мову шумо кистем? Айнан Маттоҳо. Агар шумо дар паси ҳамин миз монед, пешниҳодро қабул мекунед: «Аз пайи Ман биё». Хайр, чӣ шудааст, ки шумо обрӯ ва номи мувофиқ надоред? Матто ҳам айнан ҳамин хел буд. Эҳтимол, оқибат шумо ҳам Инҷили худро менависед. Лекин агар шумо аз ин миз дур шавед, танҳо эзоҳ мегиред. Барои ба Исо пайравӣ кардан ягон чизи ғайриоддӣ лозим нест. Барои ба Ӯ пайравӣ кардан дӯстони худро фаромӯш кардан ҳам лозим нест. Баръакс, чанд нафарашонро бо худ бурдан беҳтар мешуд. Шумо бифштекс бирён карда метавонед? Боре маро ба бозии голф даъват намуданд. Дар бозӣ ду шубон, роҳбари калисо ва «Маттои давраи мо» иштирок мекарданд. Фикри гузарондани чор соат бо се масеҳӣ, ки ду нафарашон аз кафедра мавъиза мекунанд, диққати ӯро он қадар ҳам ҷалб намекард. Аммо дӯсти беҳтарини ӯ, масеҳӣ (ва босси ӯ), бо исрор хоҳиш мекард, бинобар ин Матто маҷбур буд розӣ шавад. Аз хабар додани он ки оқибат ӯ таҷрибаро бомуваффақият ҳисобид, хеле шодам. Дар чуқурчаи нӯҳум, ба тарафи як нафари мо гашта, ӯ гуфт: «Шумоён умуман бачаҳои муқаррарӣ будаед». Ба фикрам, зимнан ӯ чизи зеринро дар назар дошт: «Ман хеле хурсандам, ки маро бо иқтибосҳои Китоби Муқаддас гулӯлаборон накардед. Ташаккур, ки аз латифаҳои ман ба ханда омадед ва худатон ҳам як-дуто нақл кардед. Ташаккур, ки муқаррарӣ будаед». Мо дараҷаи ахлоқии худро паст нафаровардем. Аммо онро аз сар болотар ҳам набардоштем. Мо фақат хайрхоҳ будем. Хайрхоҳ ва муқаррарӣ. Пайрави Масеҳ баъзан бо ҳамин муқаррарии худ муайян карда мешавад. Як зан аз шаҳри хурдакак дар Арканзас яккамодар буду кӯдаки бемор дошт. Ҳамсояи ӯ мунтазам ба хонаи онҳо меомад ва бо кӯдакаш менишаст, то ки барои ба мағоза рафтан ба модараш имконият диҳад. Пас аз чанд вақт ҳамсоя, назар ба вақти худ, ба ӯ як чизи гаронтареро дод. Ӯ дар бораи имони худ нақл кард ва зан ҳамон кореро, ки Матто карда буд, кард. Ӯ пайрави Масеҳ шуд. Дугонаҳои модари ҷавон эътироз мекарданд. — Охир ту медонӣ, ки ин одамон чиро ёд медиҳанд? — эътироз мекарданд онҳо. — Ман фақат як чизро медонам, — ҷавоб дод. — Онҳо ба кӯдаки ман ғамхорӣ мекунанд[3]. Ба фикрам, чунин ҷавоб ба Исо маъқул мешуд, ба фикри шумо чӣ? БАРОИ АНДЕШАРОНӢ ВА МУҲОКИМА 1. Чаро ин қадар муҳим аст, ки гунаҳкорон ва росткорон дар зери як бом ҷамъ шаванд? 2. Чаро ба кадоме аз ин ду гурӯҳ тааллуқ доштани одамонро муайян кардан шарт нест? 3. Чаро базми оростаи Матто ходимони динро ба хашм овард? 4. Шумо имрӯз бо кадом вазъиятҳои ба ҳамин монанд рӯ ба рӯ шудед? Шумо одатан ба онҳо чӣ тавр муносибат мекунед: монанди Исо ё ин ки монанди роҳбарони динии яҳудиён? Чаро? 5. «Шумо бифштекс бирён карда метавонед»? Дар ин ҷо аслан чӣ дар назар дошта шудааст? Ба ин савол шумо чӣ тавр ҷавоб медодед? Боби 3. Ане, ки пойҳои Исоро шуст Яке аз фарисиён аз Ӯ хоҳиш кард, ки бо вай хӯрок хӯрад; ва Ӯ ба хонаи фарисӣ даромада, назди дастархон нишаст. Ва инак, зане ки дар он шаҳр гуноҳкор буд, чун шунид, ки Ӯ дар хонаи фарисӣ назди дастархон нишастааст, зарфи гаҷине бо равғани хушбӯй овард; ва аз пас назди пойҳои Ӯ истода, гирякунон пойҳои Ӯро бо ашки худ шуст ва бо мӯйҳои сари худ хушконид, ва пойҳои Ӯро бӯсида, равғани хушбӯй молид. Фарисие ки Ӯро даъват карда буд, чун инро дид, дар дили худ гуфт: «Агар Ӯ пайғамбар мебуд, медонист, ки вай кист ва чӣ гуна зан аст, ки ба Ӯ даст расонад, зеро вай гуноҳкор аст». <…> Бинобар ин ба ту мегӯям: гуноҳҳои бисёри вай бахшида шудаанд, чунки вай бисёр дӯст дошт; вале касе ки кам бахшида шуда бошад, кам дӯст медорад». Луқ. 7: 36–39,47 ПРИНСИПИ 7:47 Оё ду одам аз ҳар дуи инҳо бисёртар фарқ карда метавонанд? Ба вай аз поин ба боло нигоҳ мекунанд. Ба зан аз боло ба поён нигоҳ мекунанд. Ӯ роҳбари динӣ аст. Зан — фоҳишаи кӯчагӣ. Ҳаёти ӯ — нигоҳ доштани принсипҳои баланди ахлоқӣ аст. Ҳаёти зан — вайрон кардани онҳо. Ӯ базм оростанӣ мешавад. Зан дар он ҷо тамоман кори ҷанҷолиро карданист. Аз дигар сокинони Капарнаҳум хоҳиш кунед, то нишон диҳанд, ки кадоме аз ин ду нафар бисёртар худотарс аст, ва онҳо Шимъӯнро интихоб мекунанд. Набошад чӣ, охир ӯ илоҳиётро таълим медиҳад, ба аҳли дин тааллуқ дорад. Ҳар кас ӯро интихоб мекард. Аниқтараш, ҳар кас, ба ғайр аз Исо. Исо ҳар дуи онҳоро медонист. Исо занро нишон дод. Ӯ чунин ҳисоб кард, ки зан нисбат ба Шимъӯн порсотар аст. Илова бар ин, Ӯ ба Шимъӯн фаҳмонд, ки чаро. Шимъӯн ба хашм меояд. «Фақат ба вай нигоҳ кунед — дар пеши пойи Исо мехазад. На каму на зиёд, онҳоро мебӯсад! Агар Исо дар ҳақиқат ҳамон Касе мебуд, ки Худро нишон медиҳад, бо ин зан ошноӣ намекард». Яке аз дарсҳои ибрат, ки ҳамон рӯз Шимъӯн омӯхт, ин буд: агар нахоҳӣ, ки онҳоро Исо шунавад, аз чунин фикрҳо худдорӣ намо. Охир Исо онҳоро шунид. Ва қарор дод баъзе фикрҳои худро ба Шимъӯн гӯяд. Ба ӯ муроҷиат намуда, Исо гуфт: Шимъӯн! Ман ба ту чизе гуфтанӣ ҳастам. Ӯ мегӯяд: — Гап зан, Устод. Исо гуфт: Як қарздиҳанда ду қарздор дошт: якеаш панҷсад динор қарздор буду дигараш панҷоҳ, аммо азбаски чизе надоштанд, ки пардохт кунанд, ӯ қарзи ҳар дуяшонро бахшид. Ку бигӯ, кадоме аз онҳо ӯро бисёртар дӯст хоҳад дошт? Шимъӯн ҷавоб медод: ба фикрам, ҳамоне ки маблағи бисёрашро бахшид. Исо ба ӯ рӯ оварда гуфт: «Эй Шимъӯн! Ба ту чизе гуфтанӣ ҳастам». Гуфт: «Бигӯй, эй Устод». Исо гуфт: «Аз қарзхоҳе ду кас қарздор буданд: яке панҷсад динор ва дигаре панҷоҳ динор қарз дошт. Азбаски барои адо кардан чизе надоштанд, ӯ ҳар дуро бахшид. Бигӯ, ки кадоме аз онҳо ӯро бештар дӯст хоҳад дошт?» Шимъӯн дар ҷавоб гуфт: «Ба гумони ман, ҳамон касе ки ба вай ӯ бештар бахшидааст». Ба ӯ гуфт: «Дуруст фикр кардӣ». Ва ба тарафи зан рӯ гардонда, ба Шимъӯн гуфт: «Оё ин занро мебинӣ? Ман ба хонаи ту омадам, ва ту об барои пойҳоям надодӣ; аммо вай пойҳои Маро бо ашк шуста, бо мӯи сараш хушконид. Ту Маро бӯса накардӣ; аммо вай, аз вақти омаданам, бӯсидани пойҳои Маро бас намекунад. Ту ба сари Ман равғани зайтун намолидӣ; аммо вай ба пойҳои Ман равғани хушбӯй молид. Бинобар ин ба ту мегӯям: гуноҳҳои бисёри вай бахшида шудаанд, чунки вай бисёр дӯст дошт; вале касе ки кам бахшида шуда бошад, кам дӯст медорад». Луқ. 7:40–47 Шимъӯн Исоро ба хонаи худ даъват кард, аммо ба Ӯ чун ба хеши камбағали дилбазан муносибат мекунад. Ягон хел меҳрубониҳои анъанавӣ нест. Бӯсаи табрикӣ нест. Оби пойшӯӣ нест. Барои мушку анбар кардан равған ҳам нест. Ё ин ки, мувофиқи тасаввуротҳои ҳозира, дар назди дар пешвоз нагирифтанд, барои баровардани палто ёрӣ нарасонданд, ҳатто даст дароз накарданд. Одатҳои граф Дракула беҳтар мебошанд. Шимъӯн барои нишон додани он ки Исо дар ин ҷо меҳмони дилхоҳ аст, ягон коре ҳам накард. Аммо он зан, тамоми он корҳоеро, ки Шимъӯн накардааст, мекунад. Ба мо гуфта нашудааст, ки номи ӯ чист. Фақат ҳамон чизе ки бо он машҳур аст — ӯ гунаҳкор аст. Яқин аст, ки бо фоҳишагӣ машғул аст. Ӯро ба ин базм касе даъват накардааст, дар ҷамъияти нек барои ӯ ҷой нест. Аммо нигоҳи бад ва таҳқиромези ягон кас халал нарасонд, ки ӯ ба ин ҷо ояд. Ӯ ба хотири ин одамон наомадаст. Вай ба хотири Ӯ омадааст. Ҳар як ҳаракати вай оромона ва мулоҳизакорона аст. Ҳар як ишорааш гайриоддист. Вай рухсораашро ба пойҳои Ӯ, ки ҳоло ҳам пур аз чанги роҳ мебошанд, ҷафс мекунад. Ӯ об надорад, аммо ашк дорад. Ӯ дастпоккунак надорад, аммо мӯйҳои дароз дорад. Бо ёрии ину он ӯ пойҳои Масеҳро мешӯяд ва пок мекунад. Чӣ тавре ки дар як тарҷима гуфта шудааст, ӯ «бо борони ашк пойҳои Ӯро шуст» (муқ.: Луқ. 7:38). Ӯ зарфи равғани атрафшонро, шояд ягона чизи қиматбаҳоеро, ки ҳақиқатан аз они худаш аст, мекушояд ва ба пойҳои Ӯ мемолад. Бӯи хуши мурр чунон сахт аст, монанди зиддияти мафҳумҳои қиёснопазир: Исо ва фоҳиша. Шояд мо фикр мекардем, ки аз байни тамоми ҳузурдоштагон ин хел муҳаббатро Шимъӯн зоҳир карда метавонист. Магар ӯ яке аз ходимони дин нест, ки Навиштаро бо ҷидду ҷаҳд меомӯзанд? Аммо ӯ худро душманона ва дилхунук нигоҳ медорад. Мо фикр карда метавонистем, он зан бояд аз Исо канораҷӯӣ кунад. Магар ӯ фарзанди гуноҳҳои шабона, ҳамту фоҳишаи кӯчагӣ нест? Аммо вай дар назди Ӯ истодагарӣ карда наметавонад. «Муҳаббат»-и Шимъӯн хеле эҳтиёткорона ва сарфакорона чен карда шудааст. Аммо муҳаббати зан — хатарнок ва бознадоштанӣ аст. Фарқи байни ин ду одамро мо бо чӣ шарҳ медиҳем? Бо тарбия? Бо маълумот? Бо дороӣ? Не, дар ин ҷо Шимъӯн аз ҳама ҷиҳат аз ин зан бартарӣ дорад. Аммо як соҳае ҳаст, ки дар он зан ӯро дар қафо гузошта, чанг мехӯронад. Дар ин бора фикр кунед. Ӯ барои худ чиро ошкор кард, ки Шимъӯн ошкор карда натавонист? Ба кадом ганҷ зан баҳои баланд медиҳаду Шимъӯн не? Хеле осон. Ин муҳаббати Худо ба мост. Мо намедонем, ки ин ганҷ ба ӯ кай ошкор гардидааст. Ба мо гуфта нашудааст, дар ин бора ӯ дар куҷо шунидааст. Оё суханони Исо ба гӯши ӯ расидаанд: «…Падари шумо меҳрубон аст» (Луқ. 6:36)? Вақте ки Исо ба бевазане аз Ноин дилсӯзӣ кард, оё вай дар ягон наздикиҳо буд (ниг.: Луқ. 7:11–15). Оё ягон кас ба вай нақл кард, ки чӣ тавр Исо ба махавҳо даст мерасонд ва боҷгиронро ба шогирдони Худ мубаддал мекард? Инро мо намедонем. Лекин мо як чизро медонем. Зан ташнагии сахтро эҳсос кард. Ташнагии ӯ — аз ҳисси гуноҳ. Аз пушаймонӣ. Аз шабҳои ишқи бешарафе буд, ки ӯ онро надошт. Ӯ ташнагиро эҳсос намуд. Ва замоне ки Исо ба ӯ косаи файзро дароз мекунад, ӯ менӯшад. Ӯ фақат ҷуръаи санҷишӣ намегирад. Ӯ ангушташро барои лесидан тар намекунад ва ба кафи дасташ гирифта наменӯшад. Ӯ ба сарчашма хам шудаву сарашро набардошта, ҳарисона, мисли зиёраткунанда дар биёбон менӯшад. Ӯ ҳамон хел менӯшад, ки меҳрубонӣ аз манаҳи ӯ мерезад, аз гардан ва синааш мешорад. Ӯ то сер шудани ҳар як ҳуҷайраи ӯ, ҳар як гӯшаи ҷони ӯ менӯшад. Ӯ ташнагиро эҳсос кард ва ӯ менӯшад. Ӯ ба сарчашма часпида гирифтааст. Шимъӯн, аз тарафи дигар, ҳатто намедонад, ки ӯ ташна аст. Шимъӯн барин одамон ба файз эҳтиёҷ надоранд. Онҳо онро таҳлил мекунанд. Онҳо меҳрубониро хоҳиш намекунанд. Онҳо баҳс мекунанд ва онро тақсим мекунанд. Масъала дар он аст, ки Шимъӯн бахшида шуда наметавонад; умуман ӯ ҳеҷ гоҳ дар ин бора хоҳиш накардааст. Бинобар ин, вақте ки зан файзро менӯшад, ӯ мешинад, мағрур ва худписанд. Муҳаббати зан беандоза аст, аммо Шимъӯн умуман муҳаббат дода наметавонад. Чаро? Дар ин ҷо принсипи 7:47 амал мекунад. Боз як маротибаи дигар Луқ. 7:47-ро мехонем: «Бинобар ин ба ту мегӯям: гуноҳҳои бисёри вай бахшида шудаанд, чунки вай бисёр дӯст дошт; вале касе ки кам бахшида шуда бошад, кам дӯст медорад». Монанди аэробуси «Боинг», болҳои принсипи 7:47 вусъати калон доранд. Мисли тайёра, ин ҳақиқат моро ба баландиҳои бемисл бардошта метавонад. Боз як маротиба хонед. «…вале касе ки кам бахшида шуда бошад, кам дӯст медорад». Ба ибораи дигар мо он чизеро, ки нагирифтаем, дода наметавонем. Агар мо муҳаббат нагирифта бошем, чӣ тавр мо одамонро дӯст дошта метавонем? Аммо чӣ тавр мо кӯшиш мекунем! Гӯё ки муҳаббатро танҳо бо як худи ирода ба вуҷуд оварда метавониста бошем. Гӯё ки дар даруни мо зарфи истеҳсолкунандаи эҳсосоти пурҳарорат вуҷуд дошта, барои баланд бардоштани ҳарорат фақат камтар ҳезум намерасида бошад. Ва мо бо тамоми қувват кӯшиш мекунем. Оё медонед, ки агар муносибатҳо вайрон шаванд, рафтори хос чӣ хел мешавад? Одамон бо тамоми қувва кӯшиш мекунанд. «Ба занам лозим аст, ки ман ӯро бахшам? Намедонам, ки чӣ тавр, аммо ман ин корро мекунам». «Аҳамият надорад, ки ба ман то чӣ андоза душвор мешавад, аммо ман бо тундхӯ хайрхоҳ мешавам». «Ман бояд хеш худро дӯст дорам? Хуб. Кӯшиш мекунам. Ва хеле зиёд!» Мо ҳам кӯшиш мекунем. Даҳон маҳкам. Дандонҳо ғиҷиррос мезананд. Мо дӯст медорем, ҳатто агар он моро кушад ҳам. Ва он моро кушта метавонад. Аммо, эҳтимол, мо як қадамро партофта рафта бошем? Шояд, ки қадами аввал дар муҳаббат — на ба сӯи «онҳо», балки ба сӯи Ӯст? Шояд, сирри муҳаббат дар он аст, ки онро ба даст орӣ? Шумо муҳаббатро барои он медиҳед, ки пештар онро гирифтаед. «Ӯро дӯст медорем, чунки аввал Ӯ моро дӯст дошт» (1 Юҳ. 4:19). Мехоҳед, ки бисёртар дӯст доред? Аз он чиз сар кунед, ки ҷои фарзанди ниҳоят дилхоҳро ишғол намоед. «Пас, чу фарзандони маҳбуб, ба Худо тақлид намоед, ва дар муҳаббат рафтор кунед, чунон ки Масеҳ низ ба мо муҳаббат дошт…» (Эфс. 5:1–2). Мехоҳед бахшиданро ёд гиред? Он гоҳ дар бораи он фикр кунед, ки чӣ тавр шуморо мебахшанд. «…Ба якдигар меҳрубон ва дилсӯз бошед ва якдигарро авф намоед, чунон ки Худо низ моро дар Масеҳ авф намудааст» (Эфс. 4:32). Дигаронро аз худ болотар гузоштан душвор аст? Дар бораи он фикр кунед, ки чӣ тавр Масеҳ шуморо аз Худаш болотар гузошт. «…Ӯ, бо вуҷуди он ки дар сурати Худо буд, бо Худо баробар буданро ҳарисона барои Худ нигоҳ надошт» (Флп. 2:6). Ба шумо сабру тоқати бисёр лозим аст? Ба сарчашмаи сабри Худо бичаспед (ниг.: 2 Пет. 3:9). Ҳеҷ саховатманд шуда наметавонед? Он гоҳ дар бораи он фикр кунед, ки чӣ тавр Худо бо шумо саховатманд аст (ниг.: Рум. 5:8). Бо хешу табори ношукр ва ё ҳамсояҳои тоқатнопазир оштӣ шуда наметавонед? Худо бо шумо оштӣ мешавад, вақте ки шумо айнан ҳамин хел рафтор мекунед. «…Ӯ ба носипосон ва бадон некӯ аст» (Луқ. 6:35). Оё мо низ ҳамин тавр дӯст дошта наметавонем? Не, бе ёрии Худо қодир нестем. Ҳа, як муддати муайян мо дар ин кор муваффақ шуда метавонем. Мо, монанди Шимъӯн, метавонем дари худро кушоем. Аммо барои муносибат, ба ғайр аз амалҳои боилтифот, чизи бисёртаре лозим аст. Ба баъзе наздикони мо таҳорати пой лозим аст. Ба якчанд рафиқ сели ашк лозим аст. Ба фарзандони мо бошад равғани атрафшони муҳаббати мо. Аммо агар худи мо ҳамаи ин чизҳоро нагирифта бошем, чӣ тавр онро ба дигарон дода метавонем? Бе Худо «дили одам бештар аз ҳама айёру ниҳоят вайрон аст» (ниг.: Ирм. 17:9). Дар даруни мо муҳаббате ки муносибатҳои зану шавҳарро мустаҳкам мекунад, нест. Дар дили мо садоқатеро, ки дӯстӣ дар он асос ёфтааст, пайдо кардан мумкин нест. Ба мо ёрии сарчашмаи беруна лозим аст. Ин чизҳо бояд дар дили мо ҷой дода шаванд. Агар мо ҳамон тавре ки Худо моро дӯст медорад, дӯст доштан хоҳем, он гоҳ бояд аз қабул кардани муҳаббати Худо сар кунем. Мо, воизон, дар он чиз гунаҳкор ҳастем, ки одамон қадами якумро намемонанд. Мо ба аҳли калисо — «Якдигарро дӯст доред!» — мегӯем. «Пурсабр, меҳрубон, раҳмдил бошед» — мегӯем мо. Аммо он чизро, ки онҳоро дӯст медоранд, ба одамон нагуфта, ба дӯстдорӣ даъват намудани онҳо, — ба он баробар аст, ки ба суратҳисоб ягон маблағ нагузаронда, ба онҳо чек пешниҳод намоӣ. Ягон чизи ҳайратовар нест, ки дар аксари муносибатҳо қарз барзиёд аст. Дар дил муҳаббат намерасад. Ҳавворӣ Юҳанно тартиби дурустро нишон медиҳад. Пеш аз он, ки ба навиштани чек даъват намояд, ӯ ба суратҳисоб маблағ мегузаронад. Аввал маблағгзорӣ: Муҳаббати Худо ба мо дар он зоҳир шуд, ки Худо Писари ягонаи Худро ба ҷаҳон фиристод, то ки мо ба воситаи Ӯ ҳаёт ёбем. Муҳаббат дар ин аст, ки на мо Худоро дӯст доштаем, балки Ӯ моро дӯст дошт ва Писари Худро барои кафорати гуноҳҳои мо фиристод. 1 Юҳ. 4:9–10 Ва баъд, ба ин маблағи гӯшношунид, ки маблағи ошкороро дар бар мегирад, ишора карда, Юҳанно мову шуморо даъват мекунад, ки китобчаҳои чекамонро барорем: «Эй маҳбубон! Агар Худо моро ин гуна дӯст дошта бошад, мо низ бояд якдигарро дӯст дорем» (1 Юҳ. 4:11). Сирри дӯст дошта тавонистан дар он аст, ки муҳаббатро ба даст оварда зиндагӣ намоӣ. Ана ҳамин аст қадами якуми фаромӯшшуда дар муносибатҳои дутарафа. Дуои Павлусро дар ёд доред? «…Масеҳ ба василаи имон дар дилҳои шумо сокин гардад, то ки шумо дар муҳаббат реша давонед ва устувор шавед…» (Эфс. 3:17–18). Чӣ тавре ки дарахт аз замин шираи таъминкунандаро мегирад, мо ғизои маънавиро аз Падар мегирем. Аммо агар дарахт дар замин реша надошта бошад, он гоҳ чӣ? Ман дирӯз, вақти гирифтани арчаи мавлудӣ, дар ин бора фикр кардам. Ин машғулияти анъанавии ман дар рӯзи якуми соли нав аст. Ороишҳоро гирифтан, дарахтро берун баровардан, тамоми сӯзанбаргҳои афтидаро рӯфта партофтан. Онҳо бошанд, аз ҳазор зиёданд! Дарахт қариб шикаста истодааст. Аз набудани реша. Он ду ҳафта дар баки оҳанин «месабзид». Магар аз пайвандҳои оҳанин чизе гирифта мешавад? Ошноямон Шимъӯн айнан ҳамин хел мушкилӣ дошт. Манзараи таъсирбахш, ороишҳои бисёр, аммо ҳама чиз метавонад аз як такондиҳӣ пароканда шавад. Шояд ту ҳам ба ҳамин гуна вазъият рӯ ба рӯ шудаӣ? Оё шумо бо одамоне ки оташин мекунанд, ҳисси беманфиат буданро бедор мекунанд, вохӯрдаед? Оё хеле осон пош намехӯред? Агар ҳамин тавр бошад, он гоҳ, эҳтимол, решаи муҳаббати шумо ба замини даркорӣ нарафтааст. Он, эҳтимол, аз муҳаббати дигарон ба шумо ғизо мегирад (ин хел муҳаббат доимӣ нест) ё аз ҷуръати дигаронро дӯст доштани шумо сар мешавад (ин ҳам боэътимод нест). Юҳанно даъват мекунад, ки мо ба «муҳаббате ки Худо ба мо дорад» такя намоем (1 Юҳ. 4:16; курсиви ман. — М. Л.). Фақат Ӯ сарчашмаи тавонои он аст. Аксари одамон моро даъват мекунанд, ки дӯст дорем. Фақат як худи Худо барои дӯст доштан қувват мебахшад. Мо медонем, ки Худо аз мо чӣ мехоҳад. «Аммо фармудаи Ӯ ҳамон аст, ки […] мо якдигарро дӯст дорем…» (1 Юҳ. 3:23). Вале мо метавониста бошем? Оё мо ба одамоне ки қасами худро вайрон мекунанд, раҳмдил буда метавонем? Ба онҳое ки нисбат ба мо бераҳм ҳастанд? Оё мо ба одамоне ки чун лошахӯрон хайрхоҳ ҳастанду чун ҷайра меҳрубон, нармдил буда метавонем? Оё мо он ғоратгарон ва хоинонеро, ки аз пас зарба мезананд ва мо онҳоро шинохтему дӯст доштем, бо онҳо оила барпо кардем, бахшида метавонем? Оё мо, ҳамон тавре ки Худо моро дӯст медорад, дӯст дошта метавонем? Мо инро мехоҳем. Аммо метавониста бошем? Ҳа, агар муҳаббатро ба даст оварда зиндагӣ кунем. Мувофиқи принсипи 7:47 зиндагӣ кунем — аввал муҳаббатро ба даст орему баъд дӯст дорем. Санҷида дидан мехоҳед? Ин принсипро ба Эверести тамоми чизҳое ки дар бораи муҳаббат навишта шудааст, мебардорем. На як одам 1 Қӯр. 13-ро боби беҳтарини Китоби Муқаддас эълон кардааст. Ягон хел калимаҳои дигар мисли ин калимаҳо дар дили одами дӯстдошта ҷой гирифта наметавонанд. Ва ягон ояти дигари ин боб мисли 1 Қӯр. 13:4–8 дили одамро ба ҳаяҷон намеорад: Муҳаббат пуртоқат ва бошафақат аст, муҳаббат ҳасад намебарад, муҳаббат бо худ намеболад, мағрур намешавад. Бадкирдорӣ намекунад, нафъи худро толиб нест, ба хашм намеояд, ба дил кина намегирад, аз зулм шод намешвад, балки аз ростӣ хурсанд мешавад; ҳама чизро рӯпӯш мекунад, ба ҳама чиз боварӣ дорад, ба ҳама чиз умед мебандад, ба ҳама чиз тоб меоварад. Муҳаббат ҳаргиз хотима намеёбад… Чанд сол пеш касе ба ман пешниҳод кард, ки дар ин матн ба ҷои калимаи «муҳаббат» номи худамро гузорам. Ман санҷида дидам ва дарҳол дурӯғгӯй шудам. «Макс пуртоқат, меҳрубон аст, Макс ҳасад намебарад, Макс худписандӣ, такаббур намекунад…» Бас, бас! Тамом! Ин дурӯғ аст. Макс умуман пуртоқат нест. Ва Макс меҳрубон ҳам нест. Аз зану фарзандонам пурсед. Макс метавонад тамоман тоқатфарсо бошад! Ӯ ҳамин хел мушкилӣ дорад. Солҳои дароз ман бо ин матн мушкилӣ доштам. Дар ин ҷо идеале нишон дода шудааст, ки ман ба он баробар шуда наметавонам. Ба он ҳеҷ кас баробар шуда наметавонад. Яъне ҳеҷ кас, ба ғайр аз Масеҳ. Оё ин ҷо дар бораи муҳаббати беандозаи Худо ба мо сухан меравад? Биёед, ба ҷои калимаи «муҳаббат» номи Масеҳро гузошта, санҷида мебинем, ки оё ин рост мешавад. Исо пуртоқат ва бошафақат аст, Исо ҳасад намебарад, Исо бо худ намеболад, мағрур намешавад. Бадкирдорӣ намекунад, нафъи худро толиб нест, ба хашм намеояд, ба дил кина намегирад, аз зулм шод намешавад, балки аз ростӣ хурсанд мешавад; ҳама чизро рӯпӯш мекунад, ба ҳама чиз боварӣ дорад, ба ҳама чиз умед мебандад, ба ҳама чиз тоб меоварад. Исо ҳаргиз хотима намеёбад… Бигузор ин матн муҳаббатеро, ки мо ба он қодир нестем, ба хотири мо наоварда, танҳо муҳаббатеро ба хотир оварад, ки мо дар пеши он истодагарӣ карда наметавонем — муҳаббати Худоро. Баъзеи шумо ташнаи ҳамин хел муҳаббат ҳастанд. Онҳое ки бояд шуморо дӯст медоштанд, дӯст намедоштанд. Онҳое ки шуморо дӯст дошта метавонистанд, дӯст намедоштанд. Шуморо дар бистари беморхона партофта рафтанд. Дар назди қурбонгоҳ партофта рафтанд. Дар бистари холӣ партофта рафтанд. Бо дили шикаста партофта рафтанд. Бо саволи вазнине дар дил партофта рафтанд: «Оё маро ягон кас дӯст медошта бошад?» Аз шумо хоҳиш мекунам ҷавобро аз осмонҳо гӯш кунед. Худо шуморо дӯст медорад. Шахсан шуморо. Хеле сахт. Гарму ҷӯшон. Одамон ваъда доданд, ки дӯст медоранд ва фиреб доданд. Аммо Худо ваъда дод ва фиреб накард. Ӯ шуморо бо муҳаббати беинтиҳо дӯст медорад. Ва муҳаббати Ӯ, — агар шумо розӣ шавед, — метавонад шуморо то лабҳо пур кунад ва ба шумо муҳаббатеро диҳад, ки ба дигарон тақдим намудан мумкин аст. Пас биёед. Биёед, ташнагон ва ба сарчашма рӯ оваред. БАРОИ АНДЕШАРОНӢ ВА МУҲОКИМА 1. 1 Юҳ. 4:19 -ро хонед. Оё шумо розӣ ҳастед, ки мо он чизеро, ки нагирифтаем, дода наметавонем? Шарҳ диҳед. 2. Чӣ тавр муҳаббатро «ба даст меоранд»? Чӣ тавр аз муҳаббат «даст мекашанд»? 3. Шумо чӣ тавр ба дигарон «равғани атрафшон»-и муҳаббати худро дода метавонед? «Равғани атрафшон»-и муҳаббати дигарон барои чӣ ба шумо лозим аст? 4. Луқ. 7:36–50 -ро хонед. Исо кадом принсипро дар Луқ. 7:47 исбот мекунад. Ин принсип ба шумо чӣ хел муносибат дорад? Шарҳ диҳед. 5. Дар бораи одами ба шумо аз ҳама наздик фикр кунед (зан, шавҳар, рафиқ, кӯдак, яке аз волидон ва ғайра). Рӯйхати ҷавобҳоро ба ин савол тартиб диҳед: «Ман муҳаббати худро ба ин одам чӣ тавр бисёртар зоҳир карда метавонам?» Дар тӯли ҳафтаи наздик ба иҷро кардани ҳеҷ набошад як нуқтаи рӯйхати худ шурӯъ кунед. Боби 4. Мефибӯшет Ва Йӯнотон писари Шоул писари ланге дошт; ӯ панҷсола буд, ки хабари Шоул ва Йӯнотон аз Изреил расид, ва дояаш ӯро бардошта гурехт, ва ҳангоме ки вай ба гурехтан шитоб менамуд, ӯ афтода, ланг шуд; ва номаш Мефибӯшет буд.<…> Ва подшоҳ гуфт: «Оё касе боз аз хонадони Шоул ҳаст, то ки ба вай меҳрубонии Худоро ба амал оварам?» Ва Сибо ба подшоҳ гуфт: «Боз писари Йӯнотон ҳаст, ки пойҳояш ланг аст». Ва подшоҳ ба ӯ гуфт: «Вай куҷост?» Ва Сибо ба подшоҳ гуфт: «Инак, вай дар хонаи Мокир писари Амиил дар Лӯ-Дабор мебошад». Ва подшоҳ Довуд фиристода, вайро аз хонаи Мокир писари Амиил, аз Лӯ-Дабор гирифт. Ва Мефибӯшет писари Йӯнотон писари Шоул назди Довуд омад, ва бар рӯи худ афтода, ба ӯ саҷда бурд; ва Довуд гуфт: «Эй Мефибӯшет!» Гуфт: «Инак бандаи ту». Ва Довуд ба вай гуфт: «Натарс, зеро ки ба хотири падарат Йӯнотон ба ту албатта меҳрубонӣ хоҳам намуд, ва тамоми замини падарат Шоулро ба ту хоҳам баргардонид; ва ту ҳамеша дар сари дастархони ман нон хоҳӣ хӯрд». Ва вай саҷда бурда, гуфт: «Бандаи ту чист, ки ба саги мурдае мисли ман илтифот намудаӣ?» Ва подшоҳ навкари Шоул Сиборо даъвар намуда, ба вай гуфт: «Ҳар он чиро, ки ба Шоул ва тамоми хонадонаш тааллуқ дошт, ба писари хоҷаат додам. Ва ту ва писаронат ва навкаронат заминро барои ӯ кор карда, ҳосили онро биёред, то ки писари хоҷаат нон барои хӯрданаш дошта бошад; вале Мефибӯшет, писари хоҷаат, ҳамеша дар сари дастархони ман нон хоҳад хӯрд». Ва Сибо понздаҳ писар ва бист навкар дошт. Ва Сибо ба подшоҳ гуфт: «Мувофиқи ҳар он чи хоҷаам подшоҳ фармудааст, бандаат ҳамон тавр амал хоҳад кард». Ва подшоҳ гуфт, ки «Мефибӯшет мисли яке аз писарони подшоҳ дар сари дастархони ман хоҳад хӯрд». 2 Подш. 4:4; 9:3–11 ИМТИЁЗ БАРОИ ГАДОЁН Огоҳӣ: мазмуни ин боб ҳисси гуруснагиро ба вуҷуд оварда метавонад. Аз афташ, онро дар ошхона хондан лозим аст. Хизматгузории чӯпонии худро ман дар Флорида, дар Майамӣ сар кардам. Маълум шуд, ки дар ҷамоати мо фоизи зиёди хонумҳои ҷанубӣ хӯрокпазиро дӯст медоштанд. Ман ба онҳо писанд омадам, зеро ки ҳаёти муҷаррадонаро ба сар мебурдам, аммо нағзакак хӯрданро дӯст медоштам. Дар калисои мо бегоҳиҳои якшанбе бо маблағи шарикӣ ташкил намудани хӯроки шом қабул шуда буд, ва тахминан як маротиба дар се моҳ мо базмҳо барпо мекардем. Баъзе хӯрокҳои шоми калисо сазовори номи «деги умумӣ» мебошанд ва маълум нест, ки аз он алҳол чӣ бардошта баровардан мумкин аст. Дар ҷои мо ин тавр набуд. Хӯрокҳои шоми мо ҷашни ҳақиқӣ мешуданд. Дар универсамҳои маҳаллӣ аз мо хоҳиш мекарданд, ки онҳоро пештар огоҳ кунем, то ки онҳо захираҳояшонро пур карда тавонанд. Китобҳои ошпазӣ ба як «мижа задан» фурӯхта мешуданд. Одамонеро, ки дар хизматгузориҳои калисо хеле кам медидед, дар навбати назди кассаҳо вохӯрдан мумкин буд. Барои занҳо ин озмуни эълоннашудаи ошпазӣ буд, барои мардон бошад — пурхӯрии бешармона. Оҳ, чӣ гӯям, он ҷо дар болои хони неъмат фаровонӣ ҳукмфармо буд. Гӯшти дуддодашудаи гӯсфанд дар ананаси обдор, лӯбиёбирён, очору маринадҳо, пироги чормағзӣ (оҳ, оби даҳонам ба болои клавиатура чакид!). Оё ягон бор фикр накардаед, ки чаро дар байни воизон мардҳои тануманд ин қадар бисёранд? Барои ҳамин хел зиёфатҳо хизматгузориро барои худ интихоб мекунӣ. Азбаски муҷаррад будам, ин шомхӯриҳоро ба стратегияи зиндагии худ дохил кардам. Вақте ки дигарон чӣ пухтанро ба нақша мегирифтанд, ман аз уштурон маҳорати барои захира хӯрданро ёд мегирифтам. Бо назардошти он ки ман ҳам бояд ягон чиз биёрам, дар охири рӯзҳои якшанбе холӣ кардани рафҳои яхдони худро ба ҳукми одат даровардам. Натиҷаҳо ночиз буданд: боре ман ним қуттича чормазғи заминӣ овардам; дафъаи дигар шаш дона сендвичи мураббодор тайёр кардам. Яке аз тӯҳфаҳои беҳтарини ман чипсиҳои коғазпечи накушода буд; саҳми нисбатан хоксорона банкаи шӯрбои помидорӣ шуд, он ҳам накушода. Бисёр не, аммо ҳеҷ кас шикоят намекард. Умуман, рафтори хонумҳои моро дида, шумо қарор медодед, ки ман мурғи марҷони ҳақиқии мавлудиро овардаам. Онҳо қуттичаи чормағзи заминии маро мегирифтанду дар назди нозу неъмати дигари болои мизи дароз мегузоштанд ва ба ман табақчаро дароз мекарданд. — Биё, Макс, хоксорӣ накун. Ба худат бисёртар гир. Ва ман хоксорӣ намекардам! Пюреи картошка бо зирбакаш… Ростбиф… Чӯҷаи бирён… Ман аз ҳама чиз, албатта, ба ғайр аз чормағзи заминӣ, кам-кам мегирифтам. Ман мисли гадо меомадаму лекин чун шоҳ мехӯрдам! Агарчи Павлус ҳеҷ гоҳ дар шомхӯриҳои мо иштирок намекард, рамзӣ будани онҳо ба ӯ маъқул мешуд. Ӯ мегуфт, ки Масеҳ барои мо айнан ҳамон кореро мекунад, ки занҳо барои ман мекарданд. Ӯ ба шарофати муҳаббате ки ба мо дорад ва бо хоҳишамон моро ба мизи Худ даъват мекунад. Ҷои моро дар базм аслан на он чизҳое ки мо бо худ меоварем, таъмин мекунанд; дар ҳақиқат, ҳар чизе ки мо меоварем, дар пеши мизи Ӯ ҳақирона менамояд. Ягона чизе ки аз мо талаб карда мешавад, — эътироф кардани гуруснагии худ мебошад, охир «хушо гуруснагон ва ташнагони адолат, зеро ки онҳо сер хоҳанд шуд» (Мат. 5:6). Ҳамин тариқ, гуруснагии мо ҳирс нест, ки аз он азоб кашем, балки хоҳиши худодод аст барои қонеъ гардондан. Заифии моро инкор не, балки таҳқиқ кардан лозим аст. Магар моҳияти суханҳои Павлус дар ин нест, вақте менависад: «…Зеро Масеҳ, ҳангоме ки мо ҳанӯз суст будем, дар вақти муқараршуда барои осиён мурд. Зеро гумон намеравад, ки касе барои росткоре бимирад, вале эҳтимол дорад, ки барои ягон некӯкоре касе ба мурдан ҷуръат кунад. Лекин Худо муҳаббати Худро нисбат ба мо бо ҳамин исбот мекунад, ки ҳангоме ки ҳанӯз гуноҳкор будем, Масеҳ барои мо мурд» (Рум.5:6–8)? СИМОИ ГАДО Павлус моро баҳои бад медиҳад. Мо нотавон ва гунаҳкор ҳастем, мо гунаҳкор ва душманони Худо ҳастем (ниг.: Рум 5:6, 8,10). Одамоне ки Худо барои онҳо мурд, ҳамин хел мебошанд. Мушовир оид ба масъалаҳои оилавӣ Пол Фолкнер дар бораи одаме нақл мекунад, ки духтараки навраси бетарбияро духтархонд кардан мехост. Бисёриҳо ӯро нафаҳмиданд. Духтарак бадқасд, якрав ва беинсоф буд. Боре, аз мактаб омада, духтархонд дар ҷустуҷӯи пул тамоми хонаро чаппаву роста кард. Вақте ки падар баргашт, ӯ ғайб зад, аммо хона бесарусомон буд. Аз кирдори ӯ хабардор шуда, дӯстон ба падар маслиҳат медоданд, ки духтархондкуниро ба расмият надарорад. — Бигузор ба куҷое ки мехоҳад, рафтан гирад, — мегуфтанд онҳо. — Охир, ӯ умуман духтари ту нест-ку. Ӯ ҷавоб дод: — Медонам. Аммо ман ба вай гуфтам, ки духтари ман аст.[4] Худо ҳам бо халқи Худ дар бораи писархондкунӣ аҳд бастааст. Аҳди Ӯ аз саркашии мо қувваи худро гум намекунад. Вақте ки мо рӯҳан қавӣ, итоаткор ва боғайрат ҳастем, дӯст доштани мо — як масъала. Аммо вақте ки мо ба ғорат кардани хонаи Ӯ ва гирифтани он чизе ки аз они Ӯст, тайёр ҳастем? Ин санҷиши муҳаббат аст. Ва Худо аз ин хел санҷиш гузашт. «…Худо муҳаббати Худро нисбат ба мо бо ҳамин исбот мекунад, ки ҳангоме ки ҳанӯз гуноҳкор будем, Масеҳ барои мо мурд» (Рум. 5:8). Он хонумҳои ҷамоати мо ман ва қуттичаи чормағзи заминии маро бо нигоҳи сахтгирона ва суханҳои зерин баҳо намедоданд: — Вақте ки хӯрокпазиро ёд гирифтӣ, баъд биё. Он падар ба хонаи бесарусомон кардашуда нигоҳ карда, намегуфт: — Вақте ки ҳурмат кардани волидонро ёд гирифтӣ, ҳамон вақт биё. Худо ба ҳаёти ҳақиронаи мо нигоҳ карда, намегӯяд, ки: — Ман ҳамон вақт барои шумо мемурам, ки шумо ба ин сазовор шавед. Худи ҳамин хел Довуд ба Мефибӯшет нигоҳ карда, нагуфт, ки: — Вақте ки роҳравиро ёд гирифтӣ, ба ту ёрӣ мерасонам. Ба Мефи… кӣ? Ба Мефибӯшет. Вақте ки саргузашти ӯро мешунавед, мефаҳмед, ки чаро ман ӯро ба хотир овардам. Чангро аз Китоби 1-ум ва 2-юми Подшоҳон афшонед ва шумо дар ҳамон ҷо бо ӯ шинос мешавед. (Ва Йӯнотон писари Шоул писари ланге дошт; ӯ панҷсола буд, ки хабари Шоул ва Йӯнотон аз Изреил расид, ва дояаш ӯро бардошта гурехт, ва ҳангоме ки вай ба гурехтан шитоб менамуд, ӯ афтода, ланг шуд; ва номаш Мефибӯшет буд) 2 Подш. 4:4 Дар ин ҷо қавс ғалати чоп нест.[5] Мефибӯшет дар Китоби Муқаддас ба қавс гирифта шудааст. Ҳикоят дар бораи ӯ маълумоти на он қадар бисёр медиҳад: фақат номи ӯ (Мефибӯшет), дар бораи бадбахтие ки бо ӯ рӯй додааст (доя ӯро афтондааст), дар бораи он ки ӯ чӣ гуна маъюбӣ дошт (ланг), — ва идома меёбад. Аммо ин кифоя аст, ки якчанд савол ба миён ояд. Ӯ кӣ буд? Чаро номи ӯ дар Навишта зикр карда шудааст? Ин ҷо маълумот дар бораи таърихи гузашта лозим аст. Мефибӯшет писари Йӯнотон ва набераи Шоул — подшоҳи якуми Исроил буд. Шоул ва Йӯнотонро дар ҷанг куштанд ва Довуд подшоҳ шуд. Он замонҳо подшоҳи нав бисёр вақт тамоми хешу табори подшоҳи пешинаро кушта, мавқеи худро мустаҳкам кардан мехост. Довуд ба ин анъанаи бераҳмона пайравӣ кардан намехост, аммо хешу табори Шоул инро намедонистанд. Бинобар ин онҳо бо роҳи гурез наҷот ёфтанӣ шуданд. Ҳама махсусан аз тақдири Мефибӯшети панҷсола хавотир буданд, охир пас аз марги падар ва амакаш ӯ даъвогари асосии тахту тоҷ мешуд. Агар Довуд ворисони Шоулро нобуд кардан мехост, ин писарбача дар рӯйхат ҷои якумро ишғол мекард. Бинобар ин ба хонавода танҳо ҳамин монда буд, ки ҳар чи тезтар гурезанд. Аммо дар саросемагӣ доя Мефибӯшети хурдакакро аз дасташ афтонд; ҳар ду пои ӯ сахт маъюб шуданд. Бо ҳамин сабаб ӯ тамоми умр ланг буд. Агар саргузашти ӯ ба шумо шинос намояд, бояд ҳамин тавр бошад. шумо бо ин писарбача умумияти бисёр доред. Магар шумо, монанди ӯ, шоҳзода нестед? Магар шумо аз боиси шикаст хӯрданатон азоб намекашед? Ва оё дар пеши подшоҳе ки ҳеҷ гоҳ надидаед, дар ҳарос зиндагӣ намекунед? Шояд ба Мефибӯшет тасвири мо, гадоён фаҳмо буд: «…ҳангоме ки мо ҳанӯз суст будем…» (Рум. 5:6). Охир қариб бист сол шоҳзодаи ҷавон дар маҳалли дурдаст зиндагӣ мекард ва ба назди подшоҳ омада наметавонист; ва хеле метарсид, ки ба ӯ муроҷиат намояд. Ӯ ҳақиқатан нотавон буд. Дар ҳамин асно подшоҳии Довуд равнақ меёфт. Дар вақти ҳукмронии ӯ Исроил ҳудуди худро даҳ маротиба зиёд кард. Довуд дар ҷанг ва исёнҳо мағлубиятро намедонист. Исроил дар осоиштагӣ зиндагӣ мекард. Халқ аз подшоҳ миннатдор буд. Аммо Довуд, чӯпони подшоҳшуда, ваъдаи ба Йӯнотон додаи худро фаромӯш намекард. ВАЪДАИ ПОДШОҲ Довуд ва Йӯнотон мисли тугмаҳои фортепиано буданд, ки дар алоҳидагӣ нота мебароварданд, аммо якҷоя оҳанг месохтанд. Йӯнотон Довудро «чун ҷони худ» дӯст медошт (1 Подш. 20:17). Дӯстии фавқулодаи онҳо ҳамон рӯзе ки Довуд фаҳмид, ки Шоул ӯро куштан мехоҳад, ба санҷиши олӣ рӯ ба рӯ шуд. Йӯнотон қасам хӯрд, ки Довудро наҷот медиҳад, аммо ба ивазаш аз дӯсти худ хоҳиш кард, ки ӯ низ ваъда диҳад: «…меҳрубонии худро аз хонадони ман то абад қатъ накунӣ, ҳатто дар замоне ки Парвардигор душманони Довудро саросар аз рӯи замин барҳам дода бошад». Ва Йӯнотон бо хонадони Довуд паймон баст…» (1 Подш. 20: 15–16). Оё шумо медонед, ки хотираи ин чиз ба Довуд чӣ қадар қиматбаҳо буд? Оё шумо тасаввур карда метавонед, ки чанд сол пас ӯ ин дақиқаро чӣ тавр ба ёд меорад? Дар балкон истодаву ба шаҳри осоишта ва гулгулшукуфони худ нигоҳ карда. Дар пеши киштзорҳо асп давонда. Бо тамоми аслиҳаву лавозимоташ лашкари тавонои худро аз назар гузаронда. Оё ягон вақт ӯро хисси миннатдорӣ фаро намегирифт? Оё ҳар замон ба сари ӯ фикре намеомад, ки: «Агар Йӯнотон он вақт ҳаёти маро наҷот намедод, тамоми ин чизҳо намебуданд»? Аз афташ, дар яке аз ҳамин гуна лаҳзаҳо воқеаҳои ба ёд омада ӯро водор карданд, ки ба тарафи хизматгорон нигоҳ карда, пурсад: «Оё касе боз аз хонадони Шоул боқӣ мондааст, то ки ба хотири Йӯнотон ба вай меҳрубонӣ намоям?» (2 Подш. 9:1). Барои онҳое ки файзи ба даст овардаро ба дигарон паҳн карда одат кардаанд, чунин саволҳо хос мебошанд. Оё ман барои одамони дигар коре карда метавонам? Оё барои он ки дигарон ба ман некӣ кардаанд, ман ба касе некӣ карда метавонам? Ин амали сиёсӣ нест. Довуд на барои он некӣ кардан мехоҳад, ки дар ҷавобаш чизеро ба даст оварад. Ӯро як фикри одӣ пеш мебарад: замоне ӯ ҳам нотавон буд. Ва дар ҳамон нотавонӣ ба ӯ ёрӣ расонданд. Довуд, вақте ки аз Шоул пинҳон мешуд, пурра ба тасвири Павлус мувофиқат мекард — «вақте ки мо ҳанӯз суст будем» (Рум. 5:6). Ба Довуд ёрӣ расонданд; акнун ӯ мехоҳад айнан ҳамон хел кунад. Хизматгор Сибо дар бораи авлоди Йӯнотон медонад: «…Боз писари Йӯнотон ҳаст, ки поҳояш ланг аст». Ва подшоҳ ба ӯ гуфт: «Вай куҷост?» Ва Сибо ба подшоҳ гуфт: «Инак, вай дар хонаи Мокир писари Амиил дар Лӯ-Дабор мебошад» (2 Подш. 9:3–4). Ҳамагӣ як ҷумла, ва Довуд мефаҳмад, ки аз ӯ назар ба ваъдаи додааш чизи бисёртаре талаб карда мешавад. Писарбача «ланг аст-ку». Агар Довуд аз Сибо мепурсид, кӣ ӯро маҳкум мекард: «Магар ягон варианти дагар нест? Оё аз одамони солим ягон кас намодааст?» Кӣ ӯро барои ин хел муҳокимарониҳо маҳкум карда метавонист: «Ба ланг дар дарбор ҷой нест. Ба ин ҷо фақат асилзодагони номдор даромада метавонанд; ӯ бошад, ҳатто гаштан наметавонад! Аз ӯҳдаи кадом кор мебаромада бошад? На сарват, на маълумот, на таҷриба. Ҳоло маълум нест, ки намудаш чӣ хел аст. Тамоми ин солҳо ӯ дар… номаш чӣ буд? Дар Лӯ-Дабор зиндагӣ мекард. Худи номаш маънои «хароба»-ро ифода мекунад. Бешубҳа ягон нафаре ёфт мешавад, ки ман ба вай ёрӣ расонда метавонам, ба касе ки корҳояш на он қадар бад аст». Аммо ин хел суханҳо садо надоданд. Довуд фақат пурсид: «Ин писар дар куҷост?»[6] Ин писар. Номаълум аст, ки аз он даме ки Мефибӯшетро бори охир «писар» гуфта буданд, чанд вақт гузаштааст. Дар бораи ӯ ҳама вақт мегӯянд, ки ӯ ланг аст. То ҳол ба номи ӯ ҳамин муайянкунанда илова карда мешуд. Аммо дар суханҳои Довуд норасоии ҷисмонии ӯ ёдовар намешавад. Довуд напурсид, ки: «Мефибӯшети бечора дар куҷост?» Ӯ фақат пурсид, ки: «Ин писар дар куҷост?». Аксари мо медонанд, ки бардошта гаштани ин тамға чӣ гуна аст. Ҳар боре ки ба номи шумо бадбахтиатонро илова мекунанд. — Хабарҳои охиринро дар бораи Ҷон шунидаед? Ҳамон Ҷон, ки аз занаш ҷудо шудааст. — Мо ба хабаргирии Ҷеррӣ рафта будем. Оё дар ёд доред, як майзада ҳаст-ку? — Шарон боз дар шаҳр аст. Ба ҳар ҳол чӣ хел шармандагӣ аст, ки ӯ фарзандони худро танҳо калон мекунад! — Имрӯз Мелиссаро дидам. Хеле ҳайратовар аст, ки чаро ӯ дар ягон корхона муддати зиёд кор карда наметавонад… Ба ҳар ҷое ки равед, гузаштаи шумо мисли сагчаи дайду аз пасатон кашола шуда меравад. Магар ягон касе ёфт мешуда бошад, ки барояш на чӣ кор кардани шумо, балки кӣ будани шумо муҳимтар аст? Ҳа. Ӯро ёфтан мумкин аст. Ин Подшоҳи мост. Вақте ки Худо бо мо гап мезанад, Ӯ хатоҳои мо, бадбахтиҳо ва мушкилиҳои моро ба ёд намеоварад; Ӯ ба мо имконият медиҳад, ки ба ҷалоли Ӯ ҳамроҳ шавем. Ӯ моро фарзандони Худ мехонад. Ҷовидона сарзаниш намекунад, ва хашмашро дер доимӣ нигоҳ намедорад. Бо мо мувофиқи хатоҳоямон амал накардааст, ва моро мувофиқи гуноҳҳоямон сазо надодааст. Зеро, ба андозае ки осмон аз замин баланд аст, меҳру вафои Ӯ бар тарсгоронаш ба ҳамон андоза бузург аст. Ба андозае ки шарқ аз ғарб дур аст, ҷиноятҳои моро ба ҳамон андоза аз мо дур кардааст. Чунон ки падар ба фарзандон раҳм мекунад, ончунон Парвардигор ба тарсгорони Худ раҳм менамояд. Зеро ки Ӯ сиришти моро медонад: дар хотир дорад, ки мо хок ҳастем Заб. 102: 9–14 Мефибӯшет тамғаи худро бист сол бардошта гашт. Кадом вақте ки одамон номи ӯро ба забон оваранд, онҳо лангии ӯро ба ёд меоварданд. Аммо вақте ки номи ӯро подшоҳ ба забон овард, вайро «писар» гуфт. Аммо як сухани дарбор ба ҳазор фарёди кӯча баробар аст. Фиристодагони Довуд дари Мефибӯшетро кӯфтанд, ӯро ба аробаи дучарха шинонданд ва ба дарбор бурданд. Ба пеши подшоҳ ҳозир шуда, Мефибӯшет замин бӯсид ва худро ғуломи Довуд хонд (ниг.: 2 Подш. 9:6). Тарси ӯ фаҳмост. Эҳтимол, ба ӯ нагуфта бошанд, ки Довуд хайрхоҳ аст, аммо ӯ чӣ хел кафолат дошт? Агарчи одамоне ки барои бурдани ӯ омаданд, ваъда доданд, ки Довуд ба ӯ зарар намерасонад, аз афташ, Мефибӯшет метарсид (магар шумо наметарсидед?). Сари хамидаро воҳима бурма кард. Ва сухани якуми Довуд ба ӯ ин буд: «Натарс». Воқеан, аз Подшоҳи мо бисёриҳо айнан ҳамин чизро шунидаанд. Оё шумо медонед, ки фармудаи беш аз ҳама такроршаванда, ки аз даҳони Исо мебарояд ин аст: «Натарсед»? Оё шумо медонед, ки фармудаи натарсидан, ки аз осмонҳо нозил шудааст, дар ҳар як китоби Китоби Муқаддас вомехӯрад? Мефибӯшетро ба назди подшоҳ даъват намуданд, ӯро ёфтанд, ӯро ба дарбор баргардонданд, аммо ба ӯ ба ҳар ҳол исбот лозим буд. Оё ба ҳамаи мо низ ҳамин чиз лозим нест? Оё мо ҳам, монанди меҳмони тарсида, ба исботи он чиз эҳтиёҷ надорем, ки мо дар пеши подшоҳи раҳмдил сари таъзим фуруд овардем? Павлус мегӯяд, ки ин хел исботро мо дорем. Ҳавворӣ ба салиб чун ба гарави муҳаббати Худо нисбат ба мо ишора мекунад. «Лекин Худо муҳаббати Худро нисбат ба мо бо ҳамин исбот мекунад, ки ҳангоме ки ҳанӯз гуноҳкор будем, Масеҳ барои мо мурд» (Рум. 5:8). Худо Писари Худро қурбонӣ карда, муҳаббати Худро ба мо исбот кард. Дар гузашта Худо пайғамбаронро мефиристод, то ки онҳо ба мо мавъиза кунанд. Акнун Ӯ Писари Худро мефиристад, то ки Ӯ барои мо бимирад. Аввал Худо ба фариштаҳо мефармуд, ки ба мо ёрӣ расонанд, акнун Ӯ барои кафорат додан Писари Худро қурбон мекунад. Вақте ки мо метарсем, Ӯ ба мо хуни ба салиб рехташударо нишон медиҳад ва мегӯяд: «Натарсед». Дар аввали ҷанги шаҳрвандӣ як сарбозро бо айби аз ҷанг фирор кардан ба ҳабс гирифтанд. Ӯ бегуноҳии худро исбот кардан натавонист ва айбдор дониста шуда, ҳамчун фирорӣ ба ҷазои катл маҳкум карда шуд. Дархости аз нав дида баромадани парвандаи ӯ ба мизи Абраҳам Линколн афтид. Президент ба сарбоз раҳм кард ва фармони афвро имзо кард. Сарбоз ба саф баргашт дар давоми ҷанг далерона меҷангид ва дар муҳорибаи охирин кушта шуд. Дар кисаи сари синагиаш ҳамон ҳуҷҷатеро ёфтанд, ки прзидент имзо карда буд.[7] Сарбоз суханони фармондеҳи худро дар бораи афв дар сари сина, дар наздикии дил нигоҳ медошт. Ӯ мардонагиро дар файз пайдо кард. Ва кӣ мегӯяд, ки боз чандин ҳазорҳо мардонагиро дар салиби Подшоҳи ҷалолёфтаи худ пайдо кардаанд? ИМТИЁЗИ ПИСАРХОНДКУНӢ Довуд ваъдаи ба Йӯнотон додаи худро мисли Худое ки ваъдаи ба мо додаи Худро иҷро мекунад, иҷро кард. Номи Мефибӯшет чунин маъно дорад — «касе ки шармандагиро пароканда мекунад». Довуд барои шоҳзодаи ҷавон маҳз ҳамин корро кард: шармандагии ӯро пароканда кард. Дере нагузашта Довуд ба Мефибӯшет тамоми мулк, саҳроҳо ва коргаронашро баргардонд ва баъд аз он хоҳиш кард, ки ланг аз мизи подшоҳӣ хӯрок хӯрад. На як бор, балки чор бор гуфта шудааст! …ту ҳамеша дар сари дастархони ман нон хоҳӣ хӯрд». <…> Мефибӯшет, писари хоҷаат, ҳамеша дар сари дастархони ман нон хоҳад хӯрд». <…> «Мефибӯшет мисли яке аз писарони подшоҳ дар сари дастархони ман хоҳад хӯрд». <…> «ҳамеша дар сари дастархони подшоҳ мехӯрд; ва ду пояш ланг буд». 2 Подш.9:7, 10, 11, 13 Як дақиқа истед ва саҳнаи ошхонаи подшоҳиро тасаввур карда бинед. Зид нестед, агар ман қалами худро ба Чарлз Суиндолл диҳам, то шумо ёрӣ расонам? Садои зангӯлаи нисфирӯзӣ дар қасри подшоҳӣ паҳн мешавад ва Довуд, ба ошхона даромада, ҷои худро дар сари миз банд мекунад. Баъд аз чанд лаҳза Амнӯн — ҳилагар ва маккор, — аз тарафи чапи Довуд мешинад. Томори меҳрубону дилрабо, духтари зебо ва хушқаду қомат, даромада, дар бари Амнӯн мешинад. Баъд аз он, машғулиятҳои илмии худро як тараф гузошта, ба тарафи муқобили миз саросема нашуда Салмӯн — писарбачаи фавқулода боистеъдод, бодиққат ва андешаманд — мегузарад. Ворис бо оҳистагии бузургворона менишинад. Ана Абшолӯм — Абшолӯми зебо бо мӯйҳои қир барин сиёҳу то китфҳо дарози ҳилпиросзананда — дар паси миз мешинад. Имрӯз барои хӯроки нисфирӯзӣ хӯрдан ба дарбор Юоб, ҷанговари далер, сарлашкари Довуд, даъват шудааст. Юоби сермушак ва гандумгун дар бари подшоҳ мешинад. Ва баъд ҳама интизор мешаванд. Онҳо шап-шапи пойҳо, «қарс, қарс, қарс»-и асобағалҳоро мешунаванд — ин Мефибӯшет аст, ки бесулуқай ба ҷои худ дар паси миз мегузарад ва оҳиста ба нишастгоҳи курсӣ мешинад… ва суфра пойҳои ӯро мепӯшонад. Ман аз шумо мепурсам: оё Мефибӯшет мефаҳмад, ки файз чист?[8] Ва ман аз шумо мепурсам, оё шумо дар зиндагии ӯ инъикоси ҳаёти худро мебинед? Кӯдакони хонаводаи подшоҳ, ки бо сабаби афтидани худ маъюб шудаем, аз пургуноҳӣ сахт вайрон шудаем. Дар солномаи замин танҳо ба шарофати он ки моро Подшоҳ ба хотир овард, аз қавс бароварда шудаем. На барои манзалати мо, балки ба хотири ваъдаи Худ, Ӯ моро назди худ даъват мекунад ва пешниҳод менамояд, ки ҷои доимии худро дар сари дастурхони Ӯ ишғол намоем. Агарчи мо ба ҷои гаштан аксаран пешпо мехӯрем, ҷои худро дар бари гунаҳкорони дигари ба муқаддасон табдилёфта мегирем ва ба ҷалоли Худо ҳамроҳ мешавем. Ҳеҷ набошад рӯйхати нопурраи он чиро, ки шуморо дар рӯи миз интизор аст, донистан мехоҳед? Шумо аз маҳкумият берун ҳастед (ниг.: Рум 8:1). Шумо аз ҳукми шариат берун ҳастед (ниг.: Рум. 7:6). Шумо ба Худо наздик ҳастед (ниг.: Эф. 2:13). Шумо аз подшоҳии торикӣ озод кардашуда ҳастед (ниг.: Қӯл. 1:13). Шумо шаҳрванди Подшоҳии Ӯ ҳастед (ниг.: Қӯл. 1:13). Шумо сафед карда шудаед (ниг.: Рум 5:1). Шумо комил ҳастед (ниг.: Ибр.). Шумо фарзандхонд шудаед (ниг.: Рум. 8:15). Шумо ҳар лаҳза ба Худо наздик шуда метавонед (ниг.: Эфс. 2:18). Шумо каҳонати муқаддаси Ӯ ҳастед (ниг.: 1 Пет. 2:5). Ӯ ҳеҷ гоҳ шуморо тарк намекунад (ниг.: Ибр. 13:5). Шумо мероси бефано доред (ниг.: 1 Пет. 1:4). Шумо дар ҳаёти Масеҳ шарик мешавед (ниг.: Қӯл. 3:4), дар имтиёзҳои Ӯ шарик мешавед (ниг.: Эфс. 2:6), дар азобҳои Ӯ шарик мешавед (ниг.: 2 Тим. 2:12), дар хизматгузории Ӯ шарик мешавед (ниг.: 1 Қӯр. 1:9). Шумо: узви Бадани Ӯ ҳастед (ниг.: 1 Қӯр. 12:13), навдаҳои ток ҳастед (ниг.: Юҳ. 15:5), санги гӯшаи бино ҳастед (ниг.: Эфс. 2:19–22), арӯс барои домод ҳастед (ниг.: Эфс. 5:25–27), коҳини насли нав ҳастед (ниг.: 1 Пет. 2:9), маъбади Рӯҳулқудс ҳастед (ниг.: 1 Қӯр. 6:19). Шумо (инро фаҳмед!) тамоми баракатҳои рӯҳониро доро мебошед. Худо «моро дар Масеҳ бо ҳар гуна баракати рӯҳонӣ дар осмон» баракат додааст. (Эфс. 1:3). Ин тӯҳфаест, ки ба гунаҳкори аз ҳама пасттарини замин дода шудааст. Кӣ, ба ғайр аз Худо, онро дода метавонист? «…Аз пуррагии Ӯ ҳамаи мо файз бар файз пайдо кардем…» (Юҳ. 1:16). Павлус ҳангоми хитоб карданаш ба ҳамаи мо муроҷиат мекунад: Зиҳӣ умқи сарват ва ҳақиқат ва маърифати Худо! Чӣ қадар ақлнорас аст доварии Ӯ ва таҳқиқнопазиранд роҳҳои Ӯ! Зеро кист, ки афкори Худовандро дарк арда бошад? Ё кист, ки мушовири Ӯ шуда бошад? Ё кист, ки ба Ӯ пешакӣ чизе дода бошад, то ки подошашро ба вай баргардонад? Зеро ки ҳама чиз аз Ӯст, ба воситаи Ӯст ва барои Ӯст. Ӯро то абад ҷалол бод, Омин. Рум. 11:33–36 Мисли Мефибӯшет, мо фарзандони Подшоҳ мебошем. Ва, чӣ тавре ки дар Майамӣ бо ман шуда буд, тӯҳфаи бузургтарини мо — фақат қуттичаи чормағзи заминӣ аст — як чизи ночиз дар муқоиса бо он чизе ки ба мо медиҳанд. БАРОИ АНДЕШАРОНӢ ВА МУҲОКИМА 1. «Ҷои моро дар базм аслан на он чи мо бо худ меоварем, таъмин мекунад; дар асл, ҳар он чи мо меоварем, дар рӯи мизи Ӯ ночиз менамояд. Ягона чизе ки аз мо талаб карда мешавад, — эътироф кардани гуруснагии худ мебошад». Эътироф кардани гуруснагӣ гуфта мо чиро дар назар дорем? Мо инро чӣ тавр мекунем? Шумо инро чӣ тавр мекунед? Шарҳ диҳед. 2. «Худо ба ҳаёти ҳақиронаи мо нигариста, чунин намегӯяд: ”Вақте ки шумо ба ин сазовор мешавед, ман барои шумо мемирам”». Агар Худо ҳамин тавр кунад, ин ба шумо худи ҳамин лаҳза чӣ хел таъсир мекард? Оё ягон кас сазовор шудааст, ки Худо барои вай бимирад? Шарҳ диҳед. 3. Рӯйхати баракатҳои дар охири ин боб ҷойдодашударо мулоҳиза кунед. Кадоме аз онҳо барои шумо арзишнок аст. Чаро? Кадоме аз онҳо ба назаратон аз ҳама дастнорас менамояд? Чаро? Чӣ тавр донистани ин баракатҳо ба тарзи зиндагии шумо таъсир расонда метавонад? 4. Мат. 5:6-ро хонед. Исо дар ин оят дар бораи чӣ хел одамҳо гап мезанад? Ӯ ба онҳо чӣ хел ваъда медиҳад? 5. Оё бовар мекунед, ки ба шумораи ин хел одамон дохил мешавед? Шарҳ диҳед. Боби 5. Зани сомарӣ Ва дар он ҷо чоҳи Яъқуб буд, ва Исо аз сафар монда шуда, бар сари он чоҳ нишаст, ва тақрибан соати шашум буд, ки зане аз сомариён барои об кашидан омад. Исо ба вай гуфт: «Ба Ман барои нӯшидан об деҳ». Зани сомарӣ ба Ӯ гуфт: «Чӣ тавр Ту, ки яҳуди ҳастӣ аз ман об мехоҳӣ, дар сурате ки ман зани сомариам? Зеро ки яҳудиён бо сомариён муошират надоранд». Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Агар атои Худоро медонистӣ, ва кист, ки ба ту мегӯяд: «Ба Ман барои нӯшидан об деҳ», ҳоло худат аз Ӯ хоҳиш мекардӣ, ва Ӯ ба ту оби ҳаёт медод». Зан ба Ӯ гуфт: «Эй Хоҷа! Ту зарфе надорӣ, ки об кашӣ, ва чоҳ чуқур аст, пас, аз куҷо оби ҳаёт дорӣ? Магар Ту аз падари мо Яъқуб бузургтар ҳастӣ, ки ин чоҳро ба мо дод, ва худаш ва фарзандонаш ва чорвояш аз он менӯшиданд?». Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Ҳар кӣ аз ин об нӯшад, боз ташна мемонад; Лекин ҳар кӣ аз обе ки Ман ба вай медиҳам, нӯшад, абадан ташна намемонад, балки обе ки Ман ба вай медиҳам, дар вай чашмаи обе гардад, ки то ҳаёти ҷовидонӣ меҷӯшад». Зан ба Ӯ гуфт: «Эй хоҷа! ба ман аз он об деҳ, то ки дигар ташна намонам ва ба ин ҷо барои об кашидан наоям». Исо ба вай гуфт: «Бирав, ва шавҳаратро бихон, ва ба ин ҷо биё». Зан дар ҷавоб гуфт: «Ман шавҳар надорам». Исо ба вай гуфт: «Ту рост гуфтӣ, ки шавҳар надорӣ; Зеро ки панҷ шавҳар доштӣ, ва касе ки алҳол дорӣ, шавҳари ту нест; ин суханат рост аст». Зан ба Ӯ гуфт: «Эй хоҷа! Мебинам, ки Ту пайғамбар ҳастӣ; Зан ба Ӯ гуфт: «Медонам, ки Христос, яъне Масеҳ меояд: чун Ӯ ояд, аз ҳар чиз ба мо хабар хоҳад дод». Исо ба вай гуфт: «Ман, ки бо ту сухан мегӯям, Ҳамонам». Зан кӯзаи худро монда, ба шаҳр рафт ва ба мардум гуфт: «Биёед ва Касеро бубинед, ки ҳар он чи кардаам, ба ман гуфт; оё Ӯ Масеҳ нест?» Юҳ. 4:6–7, 9–19, 25–26, 28–29 ДУ САНГИ МАЗОР Ҳисобро гум кардаам, ки чанд маротиба аз ин ҷо гузашта будам. Ҳар рӯз ман ин порчаи заминро ҳангоми ба кор рафтан медидам. Ҳар рӯз ман ба худам мегуфтам: «Боре ман бояд ба он ҷо равам». Имрӯз ҳамон «боре» фаро расид. Ман рӯйхати шиддатнок ва пур аз кори худро розӣ кардам, ки бароям ягон сӣ дақиқа ҷудо кунад ва ба он ҷо рафтам. Ба як назар чорраҳа аз дигар чораҳаҳои Сан-Антонио бо ягон чиз фарқ намекунад. Аммо ба самти шимолу ғарб, ба зери лавҳаи кӯҳнаи чӯянӣ равед ва шумо ба ҷазираи таърих меафтед, ки дар мавҷҳои пурталотуми тараққиёт бетағйир мемонад. Шумо мепурсед, ки дар лавҳа чӣ навишта шудааст? «Қабристони Лок-Ҳилл». Вақте ки ман мошини худро мемондам, осмони торикшуда бо борон таҳдид мекард. Ман дар ҳамон ҷо. Пайраҳаи бенигоҳубин даъват мекунад, ки зиёдтар аз дусад санги мазорро гузарем. Шохаҳои паҳнгардидаи дарахтони булути қавиҳайкал дар болои ин оромгоҳ гунбазро ташкил медиҳанд. Алафи баланди ҳанӯз ҳам аз шабнами саҳарӣ тар буҷулакҳои пои маро мелесад. Замони гузашта дар сангҳои мазори бо мурури вақт аррамонанд шудаву кафида зинда аст. Навиштаҷоти «дар Худованд ором гирифтааст» тахтаҳои сари қабрро бо чунин номҳо, ба монанди Шмидт, Фаустман, Грюндмаер ва Эккерт ҷудо мекунад. Дар ин ҷо Рут Лейсӣ дафн карда шудааст. Дар замонҳои Наполеон — соли 1807 таваллуд шудааст. Зиёда аз сад сол пеш — соли 1877 мурдааст. Ман дар ҳамон ҷое истодаам, ки рӯзи хунуки декабр ҳаштод сол пештар модари тасаллонопазир гиря мекард. Навиштаҷот содда аст: «Кӯдакча Болд — 10-уми декабри 1910 таваллуд шуд ва мурд». Ҳаррӣ Фергюсони ҳаждаҳсола дар ин ҷо соли 1883 бо чунин хайрбод ором гирифтааст: «Осуда бихоб, зиёраткунандаи ҷавони хаста». Ман донистан мехоҳам, ки чӣ чиз тамоми қувваи ӯро гирифтааст? Баъд ман онро дидам. Навиштаҷот дар санги мазори тарафи шимоли қабристон кандакорӣ карда шуда буд. Он дар бораи паноҳгоҳи охирини ҷисми фонии Грейс Ллуэлин Смит хабар медод. На соли таваллуду на соли вафот. Фақат номҳои ду шавҳари ӯ ва чунин катиба: Мадфун аст, вале нест осоишаш. Дӯст медошт, вале дӯст надоштандаш. Мехост писанд ояду аммо натавонист. Он тавр, ки мезист — танҳо — ҳамон тавр бимурд. Суханҳо дар бораи беҳудагии ҷидду ҷаҳд. Ман ба санги мазор назар афканда, дар бораи Грейс Ллуэлин Смит фикр мекардам. Ман дар бораи зиндагии ӯ фикр мекардам. Оё ӯ барои худаш чунин катибаро навишта бошад… ё онро худи ҳаёт бофтааст? Оё ӯ ба азобҳояш сазовор аст? Дар ҳаёт то чӣ андоза зуд-зуд ба ранҷу озурдагӣ дучор мешуд? Оё ӯ назарногир буд? Оё ӯ зебо буд? Ман фикр мекардам, ки чаро ҳаёти баъзе одамон ин қадар шукуфон асту аз они дигарон ин қадар бесамар? Ман як чизро пай бурдам, ки бо овози баланд мепурсам: «Хонум Смит, дили шуморо чӣ шикастааст?» Вақте ки ман ин калимаҳоро рӯбардор мекардам, қатраҳои борон рангро мешустанд. Дӯст медошт, вале дӯст надоштандаш. Шабҳои дароз. Бистари холӣ. Оромӣ. Ба даъватҳои пурҳарорат чавобе нест. Ба мактубҳои фиристодашуда ҳам ҷавоб нест. Муҳаббат, аммо яктарафа. Мехост писанд ояду, аммо натавонист. Ба гӯшам зарбаҳои гурзи ноумедӣ мерасанд: «Чанд бор ба ту гӯям!» Бум! «Аз ту ҳеҷ гоҳ чизи нек ҳосил намешавад» Бум! Бум! «Чаро як умр ту ҳама чизро вайрон мекунӣ?» Бум! Бум! Бум! Он тавр, ки мезист — танҳо — ҳамон тавр бимурд. Онҳо чӣ қадаранд, одамони ба Грейс Ллуэлин Смит монанд? Чӣ қадар одамон дар танҳоие ки дар он зиндагӣ мекарданд, мемиранд? Бехонумон дар Атланта. Ҳамешаҳозири майкадаҳои Лос-Анҷелес. Гадо дар Майамӣ. Воиз дар Нашвилл. Ҳар касе ки шубҳа мекунад, ки оё ӯ ба ҷаҳон лозим аст? Ҳар касе ки боварӣ дорад, ки ҳеҷ кас ба вай коре надорад. Ҳар касе ки телефонаш занг мензанад, аммо касе нест, ки бо ӯ самимона гап занӣ. Касе ки танқидаш мекунанд, аммо имконияти ислоҳ шуданро намедиҳанд. Касе ки хонаву ҷой дорад, аммо осоиш надорад. Қурбониҳои давуғеҷи беҳуда. Ва агар ягон кас дахолат накунад, агар ягон чиз рӯй надиҳад, онҳо то катибаи санги мазори Грейс Смит зиндагӣ мекунанд. Ана барои чӣ саргузаште ки шумо ҳозир мехонед, ин қадар муҳим аст. Ин саргузашти санги мазори дигар аст. Аммо ин дафъа санги мазор на ба марги зан, балки ба таваллуди нави ӯ ишора мекунад. Ана ӯ меояд, чашмонаш аз офтоби нисфирӯзӣ нимпӯш мебошанд. Китфонаш дар зери вазни зарфи сангини обгирӣ хам шудаанд. Ӯ пойҳояшро хастаҳолона шалпас занонда чанги пайраҳаро мебардорад. Ӯ ба замин нигоҳ мекунад, то ки ба нигоҳи ягон кас рӯ ба рӯ нашавад. Ӯ сомарӣ аст; ӯ медонад, ки сӯзанҳои нажодпарастӣ чӣ тавр мехаланд. Ӯ зан аст; ӯ чандин бор ба девори нобаробарии ҷинсӣ рӯ ба рӯ шудааст. Ӯ панҷ маротиба шавҳар кардааст. Панҷ маротиба! Панҷ шавҳари гуногун. Панҷ бистари гуногун. Панҷ талоқи гуногун. Садои дари бо хашм пӯшидашуда ба ӯ шинос аст. Ӯ медонад, ки ишқи яктарафа чӣ маъно дорад. Ҳамхонаи имрӯзаи ӯ ҳатто намехоҳад, ки вай номи ӯро гирад. Ӯ танҳо ҷои хоби вайро муайян кардаасту бас. Агар дар Аҳди Ҷадид Грейс Ллуэлин Смити худаш бошад, ана вай. Ӯро катиба дар бораи ҷидду ҷаҳди беҳуда интизор аст. Ва ба дидораш мерасид, агар бо як ношинос вонамехӯрд. Ҳамон рӯз нимрӯзӣ ӯ ба назди чоҳ омад. Чаро ӯ мисли занҳои дигар саҳарии барвақт наомад? Шояд, омада буд. Шояд, дар ин гармӣ ба вай оби бисёртар лозим шуд. Ё ин ки не. Эҳтимол, ӯ аз ҳамон занҳои дигар дурӣ меҷуст. Роҳи на он қадар наздик дар зери офтоби сӯзон — нархи камтарин аст барои имконияти аз забонҳои тези онҳо пинҳон шудан. — Ана ӯ меояд. — Шумо шунидед? Ӯ боз марди нав ёфтааст! — Мегӯянд, ки ӯ бо ҳар кас хоб меравад. — Тш-ш-ш. Вай наздик мешавад. Бинобар ин ӯ ба назди чоҳ нимрӯзӣ рафт. Ӯ ба танҳоии ором умед баста буд. Аммо дар он ҷо Касеро пайдо кард, ки ӯро аз худаш ҳам нағзтар медонист. Ӯ пойҳояшро дароз, дастонаш рӯи ҳам гузошта, бо тахтапушташ ба санги чоҳ такя намуда дар замин нишаста буд. Чашмонаш пӯшида. Зан истод ва ба ӯ бо диққат нигоҳ кард. Атрофро аз назар гузаронд. Дар наздикиҳо касе нест. Боз ба ӯ нигоҳ кард. Аниқ яҳудӣ. Ӯ дар ин ҷо чӣ кор мекунад? Ӯ чашмонашро кушод ва зан саросемавор нигоҳашро гардонд. Шитобкорона кори худашро давом дод. Хиҷолати ӯро ҳис карда, Исо аз вай об пурсид. Аммо вай дар зиндагӣ зани хеле пухта буд то фикр кунад, ки гӯё ба ин шахс фақат як ҷуръа об лозим аст. — Аз кай инҷониб ту барин ҷанобон аз ман баринҳо об мепурсанд? Зан мехост фаҳмад, ки Ӯ дар асл чӣ фикре дар сар дорад. Гувоҳии дилаш занро фиреб надод. Ба Ӯ об лозим набуд. Ба Ӯ дили вай лозим буд. Сӯҳбати онҳо гарм шуд. Оё касе ба ёд оварда метавонист, ки кай ягон мард бори охирин бо ӯ бе нафрат гап зада бошад? Ӯ ба вай дар бораи сарчашмаи обе нақл кард, ки ташнагии лабҳоро не, балки ташнагии ҷонро дафъ мекунад. Ин диққати ӯро ҷалб кард. — Ҷаноб, ба ман ҳамин хел обро деҳ, ки ман ташна намонам ва дигар ба ин ҷо барои об омадан лозим нашавад. — Бирав, шавҳаратро даъват карда, баргард. Эҳтимол, дили ӯ гум зад. Ана яҳудие ки аз боиси сомарӣ будани вай худро барканор намегирад. Марде ки ба вай, зан, аз боло ба поён нигоҳ намекунад. Ин ниҳояти меҳрубониест, ки ӯ дидааст. Аммо акнун Ӯ аз вай дар бораи… дар бораи ҳамон чиз мепурсад. Ҳар чи бошад, бошад, аммо ин не. Шояд, майли дурӯғ гуфтан дошт: «Ҳа, шавҳари ман? Ӯ ҳозир банд аст». Шояд, ӯ мавзӯъро дигар кардан мехост. Эҳтимол, ӯ рафтан мехост, — аммо ӯ нарафт. Ва росташро гуфт: — Ман шавҳар надорам (меҳрубонӣ ба тарафи софдилӣ мекашад). Яқинан, шумо хотимаи ин воқеаро медонед. Аммо ман мехостам, ки шумо надонед. Ман мехостам, ки шумо онро бори аввал шунида бошед. Охир он вақт шумо чашмонатонро калон кушода, интизор мешудед, ки акнун Исо ба ӯ чӣ мегуфта бошад. Чаро? Зеро шумо ҳамон кореро кардан мехостед, ки ӯ кард. Шумо мехостед тамоми ниқобҳоро аз рӯй бардоред. Аз ҳама гуна сохтакорӣ даст кашед. Шумо донистан мехоҳед, ки агар дари пур аз тори тортанак гардидаи сирҳои гуноҳҳоятонро кушоед, Худо чӣ кор мекунад? Зан донистан хост, ки Исо чӣ кор мекунад. Шояд ӯ фикр мекард, ки оё ҳангоми ошкор шудани ҳақиқат меҳрубонӣ аз байн мерафта бошад: «Ӯ ба ғазаб меояд. Ӯ меравад. Ӯ фикр мекунад, ман махлуқи ноҷинсам». Агар шумо айнан ҳамин хел тарсро ҳис карда бошед, ба дастатон қалам гиред. Ҳозир шумо мехоҳед, ки ҷавоби Исоро бо ду хат ҷудо кунед. — Ин рост аст. Ту панҷ шавҳар доштӣ, аммо марде ки ҳозир бо туст, ҳатто намехоҳад, ки ту зани вай номида шавӣ. Ӯ вайро таъна намекунад? Эътироф кардани ӯро бе ғазаб қабул кард? Лексия намехонад, ки «ту то чӣ андоза паст фаромадаӣ»? Не. Исо на камолот, балки самимиятро меҷуст. Зан дар ҳайрат аст. — Мебинам, ки Ту пайғамбар ҳастӣ. Ин ҷумла чиро ифода карда метавонист? «Ту тамоман ғайриодӣ мебошӣ. Ту муқобил нестӣ, агар ман аз Ту чизеро пурсам?» Ва он вақт зан саволеро медиҳад, ки захми кушодаи дили ӯро ошкор мекунад. — Худо дар куҷост? Дар ҷои мо мегӯянд, ки Ӯ дар баландиҳост. Дар ҷои шумо мегӯянд, ки Ӯ дар Уршалим аст. Ман намедонам, ки Ӯ дар куҷост. Ман ҳазор ғуруби офтобро барои он медодам, ки қиёфаи Исоро ҳангоми шунидани ин суханҳо бинам. Оё чашмони Ӯ тар шуданд? Оё Ӯ хандид? Оё, ба Падари худ чашмак зада, ба абрҳо нигоҳ накард? Аз байни тамоми ҷойҳое ки дар он ҷо дили ташнаро меҷӯӣ — Сомария? Аз байни тамоми сомариҳое ки рӯяшонро сӯи Худо нигарондаанд — зан? Аз байни тамоми занҳое ки ташнаи Худоанд — ҳамин панҷ маротиба аз шавҳар ҷудошуда? Аз байни тамоми одамоне ки ба онҳо дар ваҳй сирри чандинасраро ошкор кардан мумкин аст — радди маърака дар байни радди маъракаҳо? Одами аз ҳама «ноҷинстарин»-и гирду атроф? Тааҷҷубовар. Охир Исо сирри Худро ба подшоҳ Ҳиродус ошкор накард-ку. Ӯ даъват накрд, ки шӯрои пирон барои эълон кардани ин хабар ҷамъ шавад. Ва Исо дар байни қаторсутунҳои маҳкамаи румӣ нагуфтааст, ки Ӯ кист. Не, ин кор дар сояи чоҳи замини осиён ба амал омад. Ӯ инро ба зане ки ҳама аз ӯ нафрат доранд, гуфт. Шояд, ки ҳангоми оҳистаякак ба ӯ гуфтани ин сир дар чашмони Ӯ шарорачаҳо медурахшиданд. — Ман Масеҳ ҳастам. Ҷумлаи аз ҳама муҳими ин боб аз таваҷҷӯҳи шумо дур шавад. Зан обкаши худро дар назди ҷоҳ гузошт ва ба деҳа давида рафта ба ҳамаи одамони рӯ ба рӯ омада муроҷиат намуд: «Наздик оед, ба Одамеро бубинед, ки ҳар он чӣ кардаам, ба ман гуфт: оё Ӯ Масеҳ нест?» (Юҳ. 4:29). Драматизми ин лаҳзаро аз назар дур накунед. Ба чашмони аз ҳайрат калон кушодашудаи ӯ нигоҳ кунед. Диққат карда гӯш кунед, ки чӣ тавр ӯ қариб ки аз гап монад: — Т-т-ту — М-м-ма-сеҳ ҳастӣ? Ва бубинед, чӣ тавр ӯ ногоҳ давида хест ва боз як дафъа, дафъаи охирин ба ин Носирӣ чашм андохта, чолокона тоб мехӯрад ва медавад, рафта рост ба сари синаи паҳни Петрус мезанад, қариб меафтад, ба зӯр дар пойҳояш рост мемонад, тез ба деҳаи худ давида меравад. Оё шумо фаҳмидед, ки ӯ чӣ кор карданро фаромӯш кард? Ӯ гирифтани кӯзаи оби худро фаромӯш кард. Ӯ дар он ҷо зарфи вазнини обдорро, ки дар зери он китфонаш хам мешуданд, фаромӯш кард. Ӯ аз бори вазнини худ халос шуд. — Худо дар ҳамин ҷост! Худо омад! Ӯ бо ман меҳрубонона … муносибат намуд! Бинобар ин ӯ зарфи обгирии худро фаромӯш кард. Бинобар ин ӯ ба шаҳр давида рафт. Бинобар ин ӯ ба назди аввалин касе ки аз пешаш баромад, бо ин хабар давида рафт: — Ман ҳозиракак бо Касе гап задам, ки ҳар кори кардаамро медонад… Ва бо вуҷуди ин Ӯ маро дӯст медорад! Шогирдон ба Исо пешниҳод мекунанд, ки хӯрок хӯрад. Ӯ рад мекунад. Ӯ сахт ба ҳаяҷон омадааст! Ӯ ҳозиракак кори беҳтаринеро кард, ки замоне карда буд. Ӯ ҳаёти ба тарафи харсангҳои зериобӣ шинокунандаро гирифт ва ба самти наҷотёбӣ равона кард. Ӯ хеле шод аст! — Бубинед! — ба зани ба тарафи шаҳр давидаистода нишон дода, ба шогирдонаш мегӯяд ӯ. — Ба киштзори [ҷони одамон] нигоҳ кунед, чӣ тавр онҳо сафед шудаанду барои дарав кардан пухта расидаанд (ниг.: Юҳ. 4:35). Оё ягон кас дар чунин лаҳза чизе хӯрда метавонист? * * * Ба баъзеи шумо саргузаштҳои ин ду зан таъсирбахш, аммо хеле дур аз ҳаёти ӯ менамоянд. Шумо бо одамон муносибатҳои ҷиддӣ доред. Шумо ба одамон лозим ҳастед ва инро медонед. Шумо он қадар дӯстон доред, ки бо ҳамаашон вохӯрдан наметавонед ва кори бисёре доред, ки иҷро кардани онҳо амри маҳол аст. Дар санги мазори мо ягон калимае дар бораи бефоида будани ҳаёт намешавад. Шукргузор бошед. Аммо корҳои дигарон на он қадар хубанд. Шумо дар хусуси ин катиба мулоҳиза мекунед, зеро ки он шуморо низ интизор аст. Ҳар гоҳе ки ба оина нигоҳ кунем, рӯи Грейс Смит дар пеши назари мо пайдо мешавад. Шумо хеле хуб мефаҳмед, ки чаро он зани сомарӣ аз атрофиён канораҷӯӣ мекард. Шумо низ ҳамин тавр рафтор мекунед. Шумо медонед, ки чӣ тавр вақте ки дар қаҳвахона дар назди шумо ягон кас намешинад, чӣ мешавад. Шумо тасаввур мекунед, ки агар шумо як дӯсти ҳақиқӣ медоштед, чӣ ҳодиса рӯй медод. Шумо дӯст медоштед ва шубҳа мекунед, ки оё боз як маротибаи дигар аз сар гузарондани ин азобҳо ба он меарзад. Ва шумо ҳам намефаҳмед, ки дар ин ҷаҳон Худо дар куҷост. Ман як шиноси хуб дорам, ки номаш Ҷой аст; ӯ дар мактаби якшанбегии калисои гузари бенавоён муаллима аст. Синфи ӯ — кӯдакони нӯҳсолаи шӯх мебошанд, ки ҳаётро дӯст медоранду аз дин наметарсанд. Аммо, ба истиснои як духтараки беҷуръат, ки номаш Барбара мебошад. Бо сабаби нотинҷ будани шароити оилавӣ ӯ ҳама вақт тарсида менамояд ва ба худаш боварӣ надорад. Дар тӯли тамоми ҳафтаҳое ки Ҷой дар синф дарс мегузашт, Барбара ягон сухан нагуфтааст. Ягон сухан. Вақте ки кӯдакони дигар бо ҳамдигар бо шавқ гуфтугӯ мекарданд, ӯ наҷунбида ором менишаст. Вақте ки ҳама суруд мехонданд, ӯ хомӯш буд. Вақте ки дигарон механдиданд, ӯ ҳатто табассум намекард. Ҳама вақт дар ҷояш. Ҳама вақт гӯш мекунад. Ҳама вақт хомӯш аст. То худи ҳамон рӯзе ки Ҷой ба кӯдакон дар бораи осмонҳо нақл кард. Ӯ дар бораи он чиз мегуфт, ки чӣ тавр мо Худоро мебинем, чӣ тавр аз чашмони мо ҳар қатраи ашк пок карда мешавад (ниг.: Ваҳй. 7:17) ва ҳаёти абадӣ сар мешавад. Барбара монанди афсуншуда гӯш мекард. Ӯ чашмонашро аз Ҷой намеканд. Ӯ ҳарисона гӯш мекард. Баъд дасташро бардошт. — Хонум Ҷой… Ҷой ба ҳайрат омада буд. Барбара ҳеҷ гоҳ савол намедод. — Ҳа, Барбара… — Аммо магар осмонҳо барои ман барин духтарҳо низ ҳастанд? Ва боз як бори дигар, ман ҳазорҳо ғуруби офтобро барои он медодам, ки рӯи Исоро вақте ки ин дуои хоксорона ба тахти Ӯ расид, бинам. Охир он маҳз дуо буд. Дуои самимӣ, то ки Худои меҳрубон дар осмонҳо ҷони дар замин фаромӯшшударо ба ёд орад. Дуо дар бораи он ки файзи Худо ба ягон сӯрохӣ дарояду ба сари ҳамон касе ки калисо аз даст додааст, бирезад. Хоҳиши гирифтани ҳаёте ки ба ҳеҷ кас лозим нест ва зарурӣ кардани он. Ғайр аз Худо ҳеҷ кас ин тавр карда наметавонад. На ин ки дуо аз кафедраи калисо, балки дуо аз болои кат дар шӯъбаи шифоёфтаистодагон. На он чизе ки семинаристи либоси сиёҳ пӯшида гуфтааст, балки ҳамон чизе ки майзадаи шифоёфта ҳаросон гуфтааст. Илтиҷои иҷро кардани беҳтарин коре ки Худо мекунад: гирифтани чизи одитарин ва ба чизи ғайриодитарин табдил додани он. Дубора гирифтани чӯбдаст ва аз ҳам ҷудо кардани оби баҳр. Гирифтани санг ва куштани Ҷолиёт. Гирифтани наҳории чӯпонбача ва сер кардани ҳазорҳо одамон. Гирифтани як каф хок ва шифо додани нобино. Гирифтани се меху дастаки чӯбин ва онҳоро умеди тамоми насли одам кардан. Гирифтани зани радди маърака ва миссионер кардани ӯ. * * * Дар ин боб ду қабр аст. Якумаш — қабри танҳо дар қабристони Лок-Ҳилл. Қабри Грейс Ллуэлин Смит. Ӯ муҳаббатро намедонист. Ӯ хурсандиро намедонист. Ӯ танҳо дарди теғеро медонист, ки ин катибаро дар ҳаёти ӯ ҳаккокӣ мекард. Мадфун аст, вале нест осоишаш. Дӯст медошт, вале дӯст надоштандаш. Мехост писанд ояду аммо натавонист. Он тавр, ки мезист — танҳо — ҳамон тавр мурд. Аммо дар ин саргузашт қабр нест. Дуюмаш — дар назди ҳамон чоҳ аст. Дар болои он чӣ хел катиба аст? Ҳамон зарфи сангини обгирӣ, ки он вақт зани сомарӣ фаромӯш кардааст. Дар болои он ягон калима нест, аммо маънои онҳо ҳаст: дар ин ҷо давуғеҷи беҳудаи ҳаёт дафн карда шудааст. БАРОИ АНДЕШАРОНӢ ВА МУҲОКИМА 1. Агар барои худатон катибае навиштан лозим мешуд, ки тақдири шуморо дар ҳаёт, дар ҳамин лаҳза ифода мекард, он чӣ мегуфт? 2. Юҳ. 4:4–42 –ро хонед. Чӣ тавр Исо ташнагии Худро ба асбоби хушхабаррасонӣ табдил дод (ниг.: Юҳ. 4:6–15)? Ин ба шумо чиро меомӯзад? Дар Юҳ. 4:10 Исо дар бораи кадом «оби ҳаёт» гап мезанад? Қуввати он дар чист? 3. Дарси муҳимтаринеро, ки аз ин саргузашти зани сомарӣ омӯхтед, тасвир намоед. 4. Ҳамроҳи дӯсти наздик ё занатон (шавҳаратон) шинед ва нависед, ки чӣ ба ҳаёти шумо мақсад ва мазмун медиҳад. Аниқ нависед. Вақте ки шуморо ҳисси беҳудагии оворагардӣ ғарқ мекунад, ин навиштаҳоро гиред ва дубора онҳоро хонед. 5. Шумо ягон каси ба Грейс Ллуэлин Смит монандро медонед? Шумо чӣ тавр ба ӯ ёрӣ расонда метавонед, ки ӯ худро зарур эҳсос кунад? Чаро имрӯз сар накунем? Боби 6. Марям, Марто ва Лаъзор Шаш рӯз пеш аз иди песаҳ Исо ба Байт-Анё омад, ба он ҷое ки Лаъзори мурдаро аз мурдагон эҳё карда буд. Дар он ҷо барои Ӯ шом ҳозир карданд, ва Марто хизмат мекард, ва Лаъзор яке аз онҳое буд, ки бо Ӯ бар сари дастурхон менишастанд. Он гоҳ Марям ратле аз равғани атрафшони сунбули холиси гаронбаҳо гирифта, пойҳои Исоро тадҳин кард ва пойҳои Ӯро бо мӯи худ хушконид; ва хона аз бӯи равғани атрафшон пур шуд. Юҳ.12:1–3 ҶОИ ШУМО ДАР ОРКЕСТРИ ХУДО Ду соли мактабии ман ба бардошта гаштани тубаи[9] оркестрамон дар парадҳо бахшида шуда буд. Модарам мехост, ки ман нотаҳоро омӯзам, аммо хор аллакай ташкил дода шуда буд ва дар оркестр касе набуд, ки туба навозад, бинобар ин ман худро ба он ҷо номнавис кардам. Шумо, эҳтимол, инро истеъдоди худодод намегуфтед, вале ин сарфи беҳудаи вақт ҳам набуд. Ман бо тамбурмажорнавоз мулоқот мекардам. Бо креми сафеди пойафзол рангубор кардани канорҳои автобусҳои мактабиро ёд гирифтам. Донистам, ки агар нотаҳои партияи худро дар хотир надошта бошӣ, лабгирро гирифта, вонамуд кунӣ, ки гӯё менавозӣ, назар ба он ки навозиву тамоми шубҳаҳоро қатъиян пароканда кунӣ, беҳтар аст. Ва ман дар бораи ҳамоҳангии мусиқӣ якчанд ҳақиқатро фаҳмидам, ки ба шумо баён мекунам. Ман дар паҳлуи нақораи калон қадам мезадам. Чӣ хел овози қавӣ! Бум-м. Бум-м. Бум-м. Чуқур, ғулғуладор, раъдосо! Дар андозаи дуруст барои мусиқии дуруст ягон чизи аз нақора беҳтар вуҷуд надорад. Бум-м. Бум-м. Бум-м. Дар канори қатори ман найнавозон қадам мезаданд. Оҳ, чӣ хел садоҳои баланд! Таъсирбахш, болораванда, ба сӯи абрҳо нигарондашуда. Рост дар пеши ман, дар қатори пеш, шайпурнавози асосии мо мерафт. Ҳама вақт дар оркестр. Вақте ки баъзе бачаҳо баскетболбозию дигарон мошинсаворӣ мекарданд, вай шайпур менавохт. Ва ин як чизи аҷибе буд. Ӯро ба хат гузореду монед, ки навозад. Ӯ рӯҳи шуморо мебардорад. Ӯ байрақро ҳам бардошта метавонист. Ӯ боми стадионро бардошта метавонист, агар мо онро медоштем. Най ва шайпурҳо садои гуногун доранд. (Мебинед? Охир ман ба шумо гуфта будам, ки дар оркестр бисёр чизҳоро фаҳмидам!). Най пичиррос мезанад. Шайпур дод мезанад. Най тасаллӣ медиҳад. Шайпур даъват мекунад. Ягон чиз ба шайпур баробар шуда наметавонад — дар миқдори маҳдуд. Вагарна шунавандагонро шамол барин гирифта мепартояд. Пас аз чанд вақт ягон чизи маҳинтарро мехоҳед. Ягон чизи форамтарро. Найи садояш пастро шунидан хуб мешуд. Аммо, агар оҳанг вазн надошта бошад, ҳатто овози ширини най ҳам фач шуда метавонад. Маҳз барои ҳамин ба шумо боз нақора ҳам лозим аст. Аммо кӣ фақат нақораро гӯш мекунад? Шумо ягон вақт оркестреро дидаед, ки фақат аз нақораҳо иборат бошад? Оё шумо ба симфония (барои садҳо нақораи бе оркестр) мерафтед? Ба фикрам, не. Аммо кори кадом оркестр бе нақора, ё бе най, ва ё бе шайпур буд мешавад? Найи хушоҳанге ки ба он шайпури далер, нақораи содиқ найи хушоҳанг ва шайпури далер лозим аст. Мақсади гапро фаҳмидед? Дар ин ҷо калимаи асосӣ «лозим» аст. Онҳо ба якдигар лозиманд. Худ аз худ онҳо мусиқиро ба вуҷуд меоранд. Вале ҳамаашон якҷоя муъҷизаро тавлид мекунанд. Инак, он чизе ки ман бист сол пеш дар оркестри мактабӣ дида будам, имрӯз дар калисо мебинам. Мо ба ҳамдигар лозим ҳастем. На ҳама ҳамон як асбобро менавозанд. Баъзеашон регистри баланд доранд, дигарашон паст. Баъзеашон якканавозию дигарашон дирижёрӣ мекунанд. На ҳамаашон ҳамон як садоро ба вуҷуд меоранд. Дар баъзеашон он таъсирбахш асту дар дигарашон даъваткунанда. Ва на ҳар кадоми мо қобилияти якхела дорем. Ба баъзеҳо ҳангоми бардоштани байрақ дар хат истодан лозим аст. Ба дигарон — дар қатори пас истодан ва ба шайпурнавоз ҷӯр шудан лозим аст. Аммо барои ҳар яки мо ҷои худамон ёфт мешавад. Кӣ нақора менавозад (мисли Марто) Кӣ най менавозад (мисли Марям) Ки шайпур менавозад (мисли Лаъзор). Марям, Марто ва Лаъзор барои Исо мисли оилаи худаш буданд. Баъд аз он ки Худованд Лаъзорро аз мурдаҳо эҳё кард, онҳо қарор доданд, ки барои Исо таоми шом ҳозир кунанд. Қарор доданд, ки ба шарафи Ӯ зиёфат ороста, Ӯро иззат кунанд (ниг.: Юҳ. 12:2). Онҳо барои ҷои хубтар баҳс намекарданд. Онҳо ба қобилияти якдигар ҳасад намебурданд. Онҳо кӯшиш намекарданд, ки аз дигаре бартарӣ дошта бошанд. Ҳар сеяшон якҷоя барои як мақсад меҳнат мекарданд. Аммо ҳар кадоме барои ба даст овардани мақсад саҳми махсуси худро мегузошт. Марто хизмат мекард: ӯ доимо назми корро муайян мекунад. Марям парастиш мекард: ӯ Худовандро бо равғани атрафшон тадҳин кард, ки бӯи он хонаро фаро гирифт. Лаъзор ҳикояи тайёре дошт ва онро нақл кардан мехост. Се одам, ҳар кадоме бо маҳорат ва истеъдоди махсуси худ. Аммо ҳар кадоми онҳо як хел арзишноканд. Дар ин бора фикр кунед. Магар оилаи онҳо бе ягон нафари ин сегона аз ӯҳдаи коре мебаромад? Магар имрӯз мо бе ягон нафари ин се кас аз ӯҳдаи коре баромада метавонем? Ба ҳар як калисо Мартои худаш лозим аст. Не, ин тавр не. Ба ҳар як калисо садҳо Мартоҳо лозиманд. Остинро бар задаву ба кор омода шуда, онҳо назми кори калисоро муайян мекунанд. Ба шарофати Мартоҳо буҷети калисо баробар карда шудааст, кӯдакон омӯзонда шудаанду сохтмони иморати калисо анҷом дода шудааст. Мартоҳоро, вақте ки онҳо ҳастанд, қадр намекунӣ, лекин агар ягонто намонад-чӣ, ҳамаи Марямҳо ва Лаъзорҳо дар ҷустуҷӯи калид азоб мекашанд ва термостату чароғҳои болоиро гирондан наметавонанд. Мартоҳо дар байни аҳли калисо батареяҳои «энерҷайзер» мебошанд. Онҳо кор мекунанд, кор мекунанд ва кор мекунанд. Онҳо ҳамеша захираи қувват доранд, мисли уштур, ки доимо захираи об дорад. Азбаски онҳо барои ба зери нури муштариҳо рафтан кӯшиш намекунанд, онҳо на ҳама вақт ба кафкӯбиҳо ноил мегарданд. Ин чунин маъно надорад, ки кафкӯбиҳо ба онҳо лозим нестанд. Фақат онҳо ба ин чиз одат накардаанд. Марто миссияи худро дорад. Аслан, агар Марто ягон заифӣ дошта бошад ҳам, ин майли миссияи худро болотар аз эҳтиёҷи Устод гузоштан аст. Дар ёд доред, ки Марто ин корро кай кард? Пештар Марто аллакай Исоро ба зиёфат даъват карда буд. Исо он вақт омад ва шогирдони Худро ҳам овард. Дар саҳнае ки дар Инҷили Луқо тасвир шудааст, Марям нишастааст, вале Марто норозӣ аст. Марторо хашмгин мекунад, ки Марям — оҳ, худоё! — дар пеши пои Исо нишастаат. Чӣ хел нобоб! Чӣ хел бемаврид! Чӣ хел бемаънӣ! Ман он чизро дар назар дорам, ки охир кӣ барои нишастан ва гӯш кардан вақт меёбад, дар ҳоле ки нон пухтан, дастархон паҳн кардан ва ҷонҳоро наҷот додан лозим аст? Бинобар ин Марто шикоят мекунад: «Худовандо! Оё Туро парвое нест, ки хоҳарам маро вогузоштааст, ки танҳо хизмат кунам? Ба вай бигӯй, ки ба ман ёрдам диҳад» (Луқ. 10:40). Оббо, оббо, оббо! Касе ба хашм омадааст? Ногаҳон Марто аз хизмат кардан ба Исо ба кори ба Ӯ пешниҳод кардани талабҳо гузашт. Ҳама хомӯш шуданд. Шогирдон чашмонашонро ба як тараф мегардонанд. Марям якбора даргирифт. Исо ҷавоб медиҳад. Ӯ на танҳо ба Марто аз Байт-Анё, балки ба тамоми Мартоҳое ки «нақора асбоби ягонаи оркестр мебошад» гуфта фикр мекунанд, муроҷиат менамояд. «Марто! Марто! Ту дар хусуси чизҳои бисёр ғамхорӣ ва давутоз мекунӣ, аммо фақат як чиз лозим аст. Марям қисмати некӯро интихоб кардааст, ки он аз вай кашида гирифта намешавад» (Луқ. 10:41–42). Аён аст, ки Марто дарсро аз худ кардааст, чунки дертар мо мебинем, ки ӯ боз хизмат мекунад. Дар он ҷо барои Ӯ шом ҳозир карданд, ва Марто хизмат мекард, ва Лаъзор яке аз онҳое буд, ки бо Ӯ бар сари дарстахон менишастанд. Он гоҳ Марям ратле аз равғани атрафшони сунбули холиси гаронбаҳо гирифта, пойҳои Исоро тадҳин кард ва пойҳои Ӯро бо мӯи худ хушконид; ва хона аз бӯи равғани атрафшон пур шуд. Юҳ. 12:2–3 Магар Марям дар ошхона аст? Не, ӯ барои Исо найи худро менавозад. Ӯ парастиш мекунад, зеро ки ӯ маҳз ҳамин корро дӯст медорад. Аммо ин дафъа Марто муқобил нест. Ӯ фаҳмид, ки ҳамду сано ва парастиш ҷои худро доранд ва Марям айнан бо ҳамон кор машғул аст. Ва нақши Марям дар зиёфат чӣ гуна аст? Ӯ ратле аз атрафшони гаронбаҳо гирифта пойҳои Исоро тадҳин кард, сипас бо мӯйҳои худ онҳоро хушконид. Бӯйи атрафшон, ҳамон тавре ки мусиқии ситоишкунанда тамоми калисоро пур мекунад, тамоми хонаро фаро гирифт. Мартои пешина зид мебаромад. Ин тавр рафтор кардан ниҳоят ифроткорона, ниҳоят беақлона, ниҳоят саховатмандона аст. Аммо Мартои ба камол расида аллакай мефаҳмад, ки дар Подшоҳии Худо барои хизматгузории фидокорона ва ҳамду санои беист низ ҷои муайяне ҳаст. Марям истеъдоди ҳамду сано гуфтан дорад. Марямҳо на танҳо месароянд; онҳо Худоро парстиш мекунанд. Онҳо ба калисо ҳамин тавр намераванд; онҳо барои ситоиши Худо меоянд. Онҳо дар бораи Исо ҳамин тавр гап намезананд; онҳо аз Исо нур мегиранд. Марям бо як пояш аллакай дар осмонҳо аст. Ба замин фаромадани Марям барин касон осон нест, аммо баъзан зарур мешавад. Баъзан ба ёди онҳо овардан лозим аст, ки суратҳисобҳое ҳастанд, ки онҳоро пардохт кардан ва фарзандоне ҳастанд, ки онҳоро омӯзондан зарур аст. Аммо инро ба хотири онҳо хеле сахт нарасонед. Найҳо хеле нозуканд. Марям ҷони одам ва меҳрубон аст. Агар ӯ ҷои худро дар пеши пои Исо ёфта бошад, аз он ҷо рафтанро ба ӯ пешниҳод накунед. Беҳтараш аз ӯ хоҳиш кунед, ки барои шумо дуо гӯяд. Ман айнан ҳамин тавр мекунам. Вақте ки ман Марямро мебинам, аз худ мепурсам: «Ман чӣ тавр ба дуоҳои шумо ҳамроҳ шавам?» Ба ҳар як калисо Марямҳои худ бениҳоят заруранд. Онҳо ба мо лозиманд, ки барои фарзандони худ дуо гӯем. Онҳо ба мо лозиманд, ки дар хизматгузории мо ба Худо шавқу рағбат зоҳир гардад. Онҳо ба мо лозиманд, ки сурудҳои ситоишкунанда нависем ва сурудҳои ҳамду сано хонем. Онҳо ба мо лозиманд, ки таъзим кунем ва гиря кунем, ва даст ба дуо бардорем, ва дуо гӯем. Онҳо ба мо лозиманд, зеро баъзан мо фаромӯш мекунем, ки чӣ тавр Худо парастишро дӯст медорад. Марямҳо фаромӯш намекунанд. Онҳо медонанд, ки Худо мехоҳад, ки дар Ӯ Падарро бинанд. Онҳо медонанд, ки Падар беш аз ҳама чиз мехоҳад, ки фарзандон дар пеши пои Ӯ нишинанд ва бо Ӯ муошират кунанд. Дар ин кор Марямҳо ивазнашавандаанд. Ба онҳо ҳам эҳтиёт шудан лозим аст. Онҳо бояд тез-тез дар хусуси ояти Луқ. 6:46 фикр кунанд: «Чаро маро “Худовандо! Худовандо!” мегӯед, вале он чиро ки Ман мегӯям, ба ҷо намеоваред?» Марямҳо бояд дар хотир дошта бошанд, ки хизматгузорӣ — парастиш аст. Мартоҳо бояд дар хотир дошта бошанд, ки парастиш — хизматгузорӣ аст. Лаъзорҳо чӣ? Онҳо бояд дар хотир дошта бошанд, ки на ҳар кас шайпур навохта метавонад. Мефаҳмед, чунон ки ба мо маълум аст, Лаъзор ҳангоми зиёфат ҳеҷ кор намекард. Ӯ дар берун амал мекард. Юҳ. 12:9–1-ро бо диққат мехонем. Бисёре аз яҳудиён чун хабар ёфтанд, ки Ӯ дар он ҷост, омаданд, то ки на танҳо Исоро, балки низ Лаъзорро, ки Ӯ аз мурдагон эҳё карда буд, бубинанд. Он гоҳ, саркоҳинон қарор доданд, ки Лаъзорро низ бикушанд, чунки ба хотири вай бисёре аз яҳудиён ба он ҷо меомаданд ва ба Исо имон меоварданд. Ана халос! Ба шарофати Лаъзор бисёре аз яҳудиён ба Исо имон овардаанд. Ба Лаъзор шайпурро супоридаанд. Ӯ дар бораи Исо шаҳодат дорад, — ва ин чӣ шаҳодате будааст! «Ман ҳамеша одами хуб будам, — гуфта метавонист ӯ. — Ман пули суратҳисобҳоро пардохт мекардам. Хоҳарони худро дӯст медоштам. Бо Исо муошират кардан ба ман ҳатто маъқул буд. Вале ман яке аз пайравони Ӯ набудам. Ман ҳамон тавре ки Петрус, Яъқуб ва дигарон буданд, ба Ӯ на чандон наздик будам. Ман худро дуртар нигоҳ медоштам. Не, не. Ягон чизи дигаре не. Фақат ман аз ҳад зиёд муштоқ шудан намехостам. Аммо баъд ман бемор шудам. Баъд аз он мурдам. Ман гуфтан мехостам, ки мурда будам. Ҳеҷ чиз намонд. Сардии санг. На ҳаёт. На нафас. Ҳеҷ чиз. Ман барои тамоми ҷаҳон мурдам. Аз қабр ман зиндагиро медидам. Ва баъд Исо маро аз қабр ҷеғ зад. Аз суханони Ӯ дили ман ба тапиш даромад, ҷонам қад парид ва ман боз зинда шудам. Ва мехоҳам шумо донед, ки Ӯ худи ҳамин корро барои шумо низ карда метавонад». Худо барои хизматгузорӣ ба Марто нақораро дод. Худо барои ҳамду сано гуфтан ба Марям найро дод. Ва Худо ба Лаъзор шайпурро дод. Ва Лаъзор дар мобайни саҳна истода, шайпур менавозад. Худо мисли пешина шайпур тақсим мекунад. Худо мисли пешина шаҳодатҳои ҳайратовар медиҳад — «оҳ! Маро пучида гиред, ман хобам» ва «наход ин рост бошад». Лекин на ҳар кас ин хел шаҳодат дорад. Ба кӣ оркестре ки танҳо аз шайпурҳо иборат мебошад, лозим аст? Касе роҳгумкардагонро ба имон меоварад. Касе наҷотдодашудагонро рӯҳбаланд мекунад. Каси дигаре назми ҳаракатро нигоҳ медорад. Ҳамаи онҳо лозиманд. Агар Худо даъват кунад, ки шумо Марто бошед, — хизмат кунед! Ба ёди боқимондаҳо расонед, ки хушхабар дар он аст, ки гуруснагонро сер кунӣ ва парастиш дар он аст, ки беморонро нигоҳубин кунӣ. Агар Худо даъват кунад, ки шумо Марям бошед, — Ӯро парастиш кунед! Ба ёди боқимондаҳо расонед, ки барои росткор будан кордон будан ҳатмӣ нест. Бо мисоли худ бовар кунонед, ки барои диққатро ба парастиш ҷалб кардан, китобчаҳои хотира ва мегафонҳоро як тараф гузоштан лозим аст. Агар Худо даъват кунад, ки шумо Лаъзор бошед, — дар бораи Ӯ шаҳодат диҳед. Ба ёди боқимондаҳо расонед, ки онҳо ҳам чизи гуфтанӣ доранд. Онҳо ҳам наздиконе доранд, ки дар торикӣ мегарданд. Онҳо ҳам мемиранд, то ки эҳё шаванд. Ҳар кадоми онҳо дар паси миз ҷои худро доранд. Ба истиснои як нафар. Дар хонаи Марто касе буд, ки ҷои худро наёфт. Бо вуҷуди он ки ӯ назар ба дигарон дар назди Исо бисёртар буд, дар имони худ ӯ аз Исо аз ҳама дуртар меистод. Номи ӯ Яҳудо буд. Ӯ дузд буд. Вақте ки Марям равғани атрафшонро гирифт, ӯ кӯшиш кард рӯҳонияти баландро тасвир кунад. «Равғани атрафшонро фурӯхта, ба мискинон тақсим кардан мумкин буд», — гуфт ӯ (муқоиса кунед.: Юҳ. 12:5). Аммо Исо дили Яҳудоро медонист ва Марямро, ки Худоро парастиш мекард, ҳимоя кард. Баъд аз чанд сол Юҳанно ҳам, ки дар дили Яҳудо чӣ буданашро медонист, шарҳ дод, ки Яҳудо дузд буд (ниг.: Луқ. 12:6). Тамоми ин солҳо ӯ даст ба хазинаи умумӣ мезад. Сабабе ки ӯ фурӯхтани равғани атрафшонро мехост, ҳамон чиз буд, ки он гоҳ ӯ онҳоро ҳам дуздида метавонист. Чӣ хел хотимаи ғамгинонаи саргузашти хуб… Аммо боз чӣ хел бамаврид. Охир дар ҳар як калисо имондороне ҳастанд, монанди Марто, ки худро ба хизматгузорӣ бахшидааст. Одамоне ҳастанд, ки монанди Марям худро ба парастиши Худо бахшидаанд. Одамони ба Лаъзор монанд ҳам ҳастанд, ки худро ба шаҳодат дар бораи Худо бахшидаанд. Ва боз одамоне ҳастанд, ки мисли Яҳудо фақат мегиранду, мегиранду, мегиранд ва ба касе чизе намедиҳанд. Оё шумо ҳам Яҳудо ҳастед? Ман ин саволро бо эҳтиёт медиҳам, вале софдилона. Шумо дар бари Исоед, аммо аз дили Ӯ дур ҳастед? Шумо дар паси миз ғамгин нишастаед? Шумо ҳама вақт истеъдоди дигаронро танқид мекунед, аммо аҳён-аҳён, агар умуман мекарда бошед, истеъдоди худро ба дигарон пешкаш мекунед? Аз калисо манфиат меёбеду бар ивазаш чизе намедиҳед? Дигарон фидокорона медиҳанд, шумо бошед бо таассуф нигоҳ карда медиҳед? Оё шумо Яҳудо ҳастед? Шумо мегиред, мегиред, мегиред ва чизе намедиҳед? Агар ҳамин тавр бошад, дар ин саргузашт шумо Яҳудо ҳастед. Агар шумо Марто бошед — устувор бошед. Худо хизматгузории шуморо мебинад. Агар шумо Марям бошед — рӯҳбаланд шавед. Худо парастиши шуморо қабул мекунад. Агар Лаъзор бошед — қавӣ шавед. Худо ба эътиқоди шумо баҳои баланд медиҳад. Вале агар шумо Яҳудо бошед — эҳтиёт шавед. Худо худписандии шуморо мебинад. БАРОИ АНДЕШАРОНӢ ВА МУҲОКИМА 1. Шумо бисёртар ба кӣ монанд ҳастед: ба Марто, Марям ё Лаъзор? Шарҳ диҳед. 2. Касеро аз калисои худ тасвир кунед, ки ба Марто, Марям ва Лаъзор монанд бошад. 3. «Марямҳо бояд дар хотир дошта бошанд, ки хизматгузорӣ — парастиш аст. Мартоҳо бояд дар хотир дошта бошанд, ки парастиш — хизматгузорӣ аст. Лаъзорҳо чӣ? Онҳо бояд дар хотир дошта бошанд, ки на ҳар кас шайпур навохта метавонад». Чӣ тавр хизматгузорӣ парастиш шуда метавонад? Чи тавр парастиш хизматгузорӣ шуда метавонад? 4. Ҷоятон ва навохтанатон дар оркестри Худо шуморо қонеъ карда метавонад? Чаро ҳа, чаро не? 5. Рум. 12:4–8 –ро хонед. Ин матн дар бораи ягонагӣ, фарқ ва дар бораи муносибати байни ягонагӣ ва фарқиятҳои мо чӣ мегӯяд? Боби 7. Абиҷайл Ва Абиҷайл шитобон дусадто нон, ва ду машк шароб, ва панҷ гӯсфанди пухта, ва панҷ сео хӯшабирён, ва сад сар мавизи соягӣ, ва дусад қурс анҷир гирифта, ба харҳо бор кард ва ба навкаронаш гуфт: «Пешопеши ман равона шавед, инак, ман аз қафои шумо меоям». Валекин ба шавҳараш Нобол хабар надод. Ва ҳангоме ки ӯ ба хар савор шуда, бо пайроҳаи ба назар ноаёни кӯҳ мерафт, инак, Довуд ва одамонаш ба пешвози вай фурӯд омаданд, ва ӯ бо онҳо рӯ ба рӯ шуд. Ва Довуд мегуфт: «Ҳақиқатан, ман тамоми дороии ин шахсро дар биёбон беҳуда нигаҳбонӣ намудам, ва аз тамоми дороии вай чизе талаф нашудааст; валекин вай ба бадали некӣ ба ман бо бади подош додааст. Худованд ба душманони Довуд чунин ва зиёда аз ин бикунад, агар ман то субҳидам аз тамоми дороии вай як наринае боқӣ гузорам». Ва ҳангоме ки Абиҷайл Довудро дид, шитобон аз болои хар фуромад, ва пеши Довуд рӯ ба замин афтода, ба ӯ саҷда кард. Ва назди поҳои ӯ афтода, гуфт: «Ин гуноҳ бар ман аст, эй хоҷаам; лутфан, канизат дар гӯши ту сухан гӯяд, ва суханони чӯрии худро бишнав. Бигзор хоҷаам ба ин марди нобакор, яъне ба Нобол, диққат надиҳад, зеро, номи вай чӣ гуна бошад, худаш ҳамон гуна аст: номаш Нобол аст, ва зиштӣ бо ӯст. Вале ман, чӯрии ту, навкарони хоҷаамро, ки ту фиристодӣ, надидам. Ва алҳол, эй хоҷаам, қасам ба ҳаёти Худованд ва қасам ба ҳаёти ту, ки Худованд туро аз хунрезӣ нигоҳ дошта, нагузоштааст, ки бо дасти худ интиқом гирӣ; ва алҳол душманонат, ва онҳое ки ба хоҷаам бадӣ мехостанд, бигзор мисли Нобол шаванд. Ва ин аст инъоме ки канизат барои хоҷаам овардааст, ва он ба навкароне ки ҳамроҳи хоҷаам мераванд, дода мешавад. <…> Ва Довуд ба Абиҷайл гуфт: «Муборак аст Худованд Худои Исроил, ки туро имрӯз ба пешвози ман фиристод. Ва хиради ту муборак аст, ва худат муборак ҳастӣ, ки имрӯз маро нагузоштӣ, ки хун бирезам, ва бо дасти худ интиқом гирам. Валекин, қасам ба ҳаёти Худованд Худои Исроил, ки маро аз бадӣ кардан ба ту нигоҳ дошт: агар ту шитобон ба пешвози ман намеомадӣ, албатта назди Нобол то субҳидам наринае боқӣ намемонд. Ва Довуд он чиро, ки барои ӯ оварда буд, аз дасти вай гирифта, ба вай гуфт: «Ба саломатӣ ба хонаат бирав; инак, ман ба овози ту гӯш андохта, туро рӯихотир кардам». 1 Подш. 25:18–27;32–35 РАФТОРИ БЕРАҲМОНА Эрнест Гордон дар Хонаи марг дар Бирма бемадор шуда буд. Ӯ нолаҳои мурдаистодагонро мешунавид ва бӯйи бади ҷасадҳоро, ки аз ҳар тараф меомад, ҳис мекард. Нафаси гарми ҷангал пӯстро месӯзонд ва ҳалқро хушк мекард. Бо каме истодагарӣ шояд ӯ миёни хароби худро пӯшонда метавонист. Аммо аллакай на қуввату на хоҳиши зиндагӣ кардан монда буд. Дифтерия ин ва онро рабуда буд. Дар кати лагери асирони ҳарбии японҳо, ки магасҳо ва тахтаканаҳо забт карда буданд, ӯ дар танҳоӣ интизори марг буд. Ҷанг ба ӯ чӣ хел бераҳмӣ кардааст! Ӯ, шотландии кӯҳистонии боқувват, дар синни аз бист каме болотар иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ шуд. Аммо баъд… Дар асорати японҳо будан, моҳҳои зиёди кори пурмашаққат дар ҷангал, зарбу лати ҳаррӯза, ҳаёти нимгурусна, бемадорӣ. Чунин менамуд, ки Шотландия абадан аз даст рафтааст. Ҳаёти хуб — алалхусус. Сарбозони иттифоқчиён мисли ваҳшиҳо рафтор мекарданд, чизҳои якдигарашонро медуздиданд, мурдаистодагонро ғорат мекарданд, барои як кам хӯрок ҷанг мекарданд. Тақсимкунандагон озуқаи ночизро кам мекарданд, то ки ба худашон бисёртар монад. Дар лагер қонуни ҷангал ҳукмфармо буд. Гордон хурсанд буд, ки ба ҳамаи ин чизҳо падруд гӯяд. Дар ин ҷо ҳаёт дар пеши бемориҳои марговар оҷизӣ мекард. Аммо баъд як чизи ҳайратоваре рӯй дод. Ба лагер ду асири нави ҳарбиро оварданд, ки умедашон ҳанӯз канда нашуда буд. Бо вуҷуди он ки онҳо ҳам ҳамин хел, мисли ҳама, бемор ва бемадор буданд, ахлоқи олиро пайравӣ мекарданд. Онҳо озуқаи ночизи худро тақсим мекарданд ва ба зиммаи худ кори иловагӣ мегифтанд. Онҳо захмҳои пӯсидаистодаи Гордонро тоза карданд ва пойҳои азкормондаи ӯро мемолиданд. Онҳо бори аввал дар давоми шаш ҳафта ӯро шустанд. Оҳиста-оҳиста қувват ва ҳамроҳи он ҳисси иззати нафсаш бармегаштанд. Меҳрубонии онҳо сирояткунанда будааст ва ба Гордон ҳам гузашт. Ӯ ҳам ба нигоҳубин кардани беморон ва тақсим кардани озуқаи худ сар кард. Ӯ ҳатто баъзе чизҳои боқимодаи худро ҳам тақсим мекард. Сарбозони дигар низ ҳамин тавр рафтор мекардагӣ шуданд. Бо мурури вақт вазъияти лагер тоқатпазир ва тоза шуд. Фидокорӣ худпарастиро фишор дода баровард. Сарбозон Худоро парастиш мекарданд ва Китоби Муқаддасро мехонданд. Баъд аз бист сол, вақте ки Гордон коҳини университети Принстон буд, ӯ ин дигаргуншавиро бо чунин суханҳо тасвир мекард: Марг аз мо ба ягон ҷо нарафт — ба ин чиз шубҳае набуд. Вале мо оҳиста аз ишкели марговари он озод мешудем… Худпарастӣ, адоват… ва такаббур душманони ҳаёт буданд. Муҳаббат… фидокорӣ… ва имон, баръакс, моҳияти ҳаёт… тӯҳфаҳои Худо ба одамон… будаанд. Акнун сухани охирин аз марг набуд[10]. Худпарастӣ, адоват ва такаббур… барои бо онҳо вохӯрдан ба лагери асирони ҳарбӣ рафтан ҳоҷат нест. Хобгоҳи умумӣ ҳам пурра мувофиқат мекунад. Аз ҷумла хонаи машварати ширкат, ё хонаи хоби ҳамсарон, ё ҷои дурдасти беодам низ. Қонуни ҷангал зиндаву саломат аст. Ҳар кас барои худаш. Ҳар чиро, ки метавонӣ, бикан ва он чиро, ки бикандӣ, баргардонда надеҳ. Бақувваттарин зинда мемонад. Оё ин қонун ҷаҳони шуморо тира намекунад? Оё дар забони атрофиёни шумо ҷонишинҳои шахсӣ ва нафсӣ бартарӣ надоранд? Мартабаи ман, орзуҳои ман, ашёи ман. Ман мехоҳам, ки хости ман, аз рӯи нақшаи ман шавад. Агар ҳамин тавр бошад, шумо медонед, ки ин аждаҳо чӣ тавр даҳшатовар шуда метавонад. Албатта, баъзан дар лой алмос ҷило дода метавонад: рафиқ чизҳои аз ҳама заруриашро тақсим мекунад; сарбоз дар лаҳзаи душвор ёрӣ мерасонад; ё Абиҷайл, Абиҷайли ҳайратангез, дар роҳи шумо пайдо мешавад. Ӯ дар замонҳои Довуд зиндагӣ мекард ва шавҳари ӯ Нобол буд, ки номи ӯ маънои «девона, беақл»-ро ифода мекард. Ӯ пурра ба ин таъриф мувофиқат мекард. Ӯро Саддом Ҳусайни он замонҳо тасаввур мекунем. Ӯ соҳиби гӯсфанд ва бузҳои бисёр буд ва бо ину он фахр мекард. Бари кабинети ӯ доимо пур буд, ӯ бо бисёриҳо вохӯрӣ мекард ва ба лимузини дароз савор шуда, ба ҳар тараф мерафт. Ӯ ба ҳамаи бозиҳои НБА абонимент дошт. Ӯ ҳавопаймои шахсӣ харид ва ба Лас-Вегас — ба бозии покер дар Техас рафтанро дӯст медошт. Шаш-ҳафт муҳофиз дар ҳама ҷо аз паси ӯ мегаштанд. Чунин муҳофизат барои Нобол зиёдатӣ набуд. Ӯ «одами сахтгир ва бадкор […] буд, ӯ — одами нобакор аст, бо ӯ гап задан намешавад» (1 Подш. 25:3, 17)[11]. Санъати бо одамон муошират карданро ӯ дар боғи ҳайвонот меомӯхт. Чунин одаме ки ӯ аз вай ба ғазаб наомада бошад, набуд ва чунин муносибатҳое ки ӯ онҳоро вайрон карда натавонад, вуҷуд надоштанд. Чаҳони Нобол дар атрофи як одам давр мезад — худи Нобол. Ӯ аз касе қарздор набуд ва танҳо аз фикре ки чизеро ба дигарон додан мумкин бошад, ба ханда меомад. Махсусан ба Довуд. Он вақт Довуд, мисли Робин Гуди биёбон, бо шашсад ҷанговари худ зироаткорон ва чӯпонҳоро аз тохтутози роҳзанҳо ва бадавиҳо муҳофизат мекард. Дар Исроил он вақт полис ва МЧС набуд, бинобар ин Довуд ва дастаи ӯ барои сокинони он чойҳо айни муддао буданд. Онҳо муҳофизони боэътимод буданд, яке аз чӯпонони Нобол онҳоро чунин таъриф мекард: «…Дар тамоми айёме ки мо бо онҳо гашта, рамаҳоро мечаронидем, ҳам рӯзона ва ҳам шабона, онҳо барои мо мисли ҳисоре буданд…» (1 Подш. 25:16). Ҳамзистии Довуд ва Нобол дар ин сарзамин ба муҳаббати ду барзагови дар як чарогоҳ чаридаистода монанд буд. Ҳар дуяшон бақувват ва якрав. Задухӯрди ошкорои онҳо бояд дер ё зуд ба амал меомад. Ҳама чиз пас аз ҷамъоварии ҳосил сар шуд. Баъд аз тарошидани пашми гӯсфандон ва алафдаравӣ вақти пухтани нон, бирён кардани баррачаҳо ва нӯшидани шароб омад. Муваққатан ба як тараф гузоштани киштзор ва рамаҳо, барои ҷашн гирифтани ба охир расидани мавсим бо меваҳои заҳмати тобистона. Чӣ тавре ки аз ҳикоят маълум мешавад, одамони Нобол маҳз бо ҳамин чиз машғул шуданд. Довуд аз ҷашн хабардор шуд ва фикр кард, ки одамони ӯ сазовори даъват буданд. Охир, онҳо ғалла ва чорворо муҳофизат мекарданд, душманонро дар теппаҳо мепоиданд ва водиҳоро муҳофизат мекарданд. Онҳо сазовори мукофот мебошанд. Довуд даҳ одамро ба пеши Нобол бо чунин хоҳиш фиристод: «…Пас бигзор ин ҷавонон дар назари ту илтифот ёбанд, зеро ки мо дар рӯзи нек омадаем; лутфан, аз он чи зери дасти туст, барои бандагонат ва барои писарат Довуд бидеҳ» (1 Подш. 25:8). Ноболи берӯ ин фикрро таҳқир мекунад: Довуд кист, ва писари Йисой кист? Имрӯз ғуломони зиёде ҳастанд, ки ҳар яке аз пеши хоҷагони худ гурехта рафтаанд. Оё равост, ки ман нони худ ва оби худ ва гӯшти худро, ки барои пашмбурони худ муҳайё кардаам, бигирам ва ба касоне ки намедонам аз куҷо пайдо шудаанд, бидиҳам? 1 Подш. 25:10–11 Нобол вонамуд мекунад, ки ҳеҷ гоҳ дар бораи Довуд нашунидааст ва ӯро ба ғуломони гуреза ва оворагардон монанд мекунад. Ин кор фиристодагонро меранҷонад ва онҳо бе гапи зиёдатӣ бармегарданд, то ки Довуд дар бораи воқеаи рӯйдода тезтар огоҳ шавад. Ҳикояро ба Довуд ду бор нақл кардан лозим нест. Ӯ фармон медиҳад, ки дастаро барои шабохун задан тайёр кунанд: «Ҳар яке шамшери худро ба миён бандед!» (1 Подш. 25:13). Чорсад одам тайёр мешаванд ва ба роҳ мебароянд. Чашмонашон медурахшанд. Сӯрохии биниашон медамад. Лабҳояшон ҷафс мешавад. Довуд ва дастаи ӯ ба тарафи Ноболи нобакор мешитобанд, ки, гӯё чизе нашуда бошад, оби ҷав менӯшиду сихкабоб мехӯрд. Роҳ аз шарфаи пои хашмгинона ба ларза меомад. «Парвардигор ба душманони Довуд ҷазо диҳад ва зиёда аз он бикунад, агар ман то субҳидам аз тамоми дороии вай як наринае боқӣ бигузорам» (1 Подш. 25:22). Сабр кунед. Охир ин ким чи хел Ғарби ваҳшӣ дар Шарқ аст-ку! Ва ногаҳон, тамоман тасодуфан, зебоӣ пайдо мешавад. Дар биёбон гули мино мерӯяд; дар хобгоҳи мардона накҳати атри фаронсавӣ мавҷосо мегузарад. Дар роҳ Абиҷайл, зани Нобол, истодааст. Дар баробари он, ки Нобол бадқаҳр ва бераҳм буд, Абиҷайл — «ниҳоят доно ва хушандом буд» (1 Подш. 25:3). Хирад ва зебоӣ. Абиҷайл аз ҳар ду ҷиҳатҳои хуби худ истифода мебарад. Аз ҷавоби дағалонаи Нобол хабардор шуда, ӯ бе таъхир амал мекунад. Ба шавҳараш чизе нагуфта, ӯ тӯҳфаҳои бисёре ҷамъ мекунад ва барои нигоҳ доштани Довуд мешитобад. Вақте ки Довуд бо ҷанговарони худ ба дашт мефарояд, ӯ бо захираи стратегии «дусадто нон, ва ду машк шароб, ва панҷ гӯсфанди пухта, ва панҷ сео гандумбирён, ва сад гирда қурс мавиз, ва дусад қурс анҷир»–и ба харҳо бор кардашуда, хати мудофиаро ишғол мекунад (1 Подш. 25:18). Чорсад одам якбора лаҷоми аспҳоро мекашанд. Баъзеҳо хӯрокро бӯй мекашанд; дигарон ба зан нигоҳ мекунанд. Ҳамлаи рӯҳӣ ба воситаи чашм ва меъда — ин тавр ҳар гуна лашкарро тобеъ кардан мумкин аст (зардинамӯйи моткунандаеро тасаввур кунед, ки савори мошини боркаши пур аз гамбургеру яхмос дар қисми ҳарбӣ пайдо мешавад). Абиҷайл содда нест. Ӯ аҳамияти лаҳзаро мефаҳмад. Ӯ дар хати охирини байни оилаи худ ва марги ногузир истодааст. Ба пеши пои Довуд афтида, вай ба ӯ муроҷиат мекунад, ки дар Навишта сазовори як сарсатр гаштааст: «Ин гуноҳ бар ман аст, эй хоҷаам; лутфан, канизат дар гӯши ту сухан гӯяд, ва суханони канизи худро бишнав» (1 Подш. 25:24). Ӯ Ноболро ҳимоя намекунад, балки эътироф мекунад, ки вай нобакор аст. Ӯ, гуноҳеро, ки дар зиммаи ӯ нест, ба сари худ гирифта, на ин ки адолат, балки раҳмдилиро талаб мекунад. «Аз гуноҳи канизи худ бигзар» (1 Подш. 25:28). Ӯ аз хонаи худ тӯҳфаҳо пешкаш мекунад ва даъват мекунад, ки Довуд Ноболро ба ихтиёри Худо супорад, то ин ки баъд азоби виҷдонро эҳсос накунад. Суханони ӯ барои Довуд чун офтоби моҳи июл чун ях аст. Вай об мешавад. Муборак аст Парвардигор Худои Исроил, ки туро имрӯз ба пешвози ман фиристод… …Агар ту шитобон ба пешвози ман намеомадӣ, албатта назди Нобол то субҳидам наринае боқӣ намемонд… Ба саломатӣ ба хонаат бирав; инак, ман ба овози ту гӯш андохта, туро рӯихотир кардам. 1 Подш. 25:32–35 Довуд ба қароргоҳи худ бармегардад. Абиҷайл ба назди Нобол бармегардад. Ӯро барои гуфтугӯ хеле маст дарёфта, ӯ то субҳи оянда ӯро мунтазир мешавад, то нақл кунад, ки Довуд чӣ қадар наздик омаду чӣ қадар Нобол ба марг наздик шуда буд. «…дили ӯ андаруни ӯ шах шуда монд, ва худаш мисли санг гардид. …баъд аз даҳ рӯз Парвардигор Ноболро гирифтори дард гардонид, ва ӯ мурд» (1 Подш. 25:37–38). Довуд, аз марги Нобол ва озодшавии ғайричашмдошти Абиҷайл хабардор шуда, барои якумаш Худоро шукр гуфту аз дуюмаш истифода бурд. Аз хотираҳо дар бораи зани мафтункунандае ки ӯро дар роҳ пешвоз гирифта буд, раҳо ёфтан натавониста, ба Абиҷайл пешниҳод мекунад, ки ӯро ба шавҳарӣ қабул кунад ва зан розӣ мешавад. Довуд зани навро ба даст меорад, Абиҷайл — хонаи навро, вале мо қонуни муҳимеро дарк мекунем: зебоӣ бераҳмиро мағлуб карда метавонад. Ҳалимӣ он рӯз илоҷи воқеаро ёфт. Итоаткории Абиҷайл дарёҳои ғазабро пас гардонд. Фурӯтанӣ бар одамон ҳамин хел қудрат дорад. Бо узрхоҳӣ одами дағалро бесилоҳ кардан мумкин аст. Пушаймонии самимӣ метавонад хашмро паст кунад. Навдаи зайтун, назар ба ҳар гуна табари ҷангӣ, некии бисёртар карда метавонад. «…Забони нарм устухон мешиканад» (Мас. 25:15). Абиҷайл ба мо бисёр чизҳоро меомӯзад. Қувваи некӣ гузаранда аст. Назокати дил ба болои одамон қудрат дорад. Аммо сабақи олитарин дар он аст, ки нигоҳи худро аз зебоии ӯ канда, ба чизи дигаре гузаронда тавонӣ. Абиҷайл фикри моро аз роҳи биёбон то ба салиби Уршалим боло мебардорад. Абиҷайл Исоро намедонист. Вай ҳазор сол пештар аз Ӯ зиндагӣ мекард. Бо вуҷуди ин саргузашти вай ҳаёти Ӯро пешакӣ намоиш медиҳад. Абиҷайл байни Довуд ва Нобол меистад. Исо байни Худо ва мо меистад. Абиҷайл тайёр аст барои гуноҳҳои Нобол чазо бинад. Исо ҷазоро барои гуноҳҳои мову шумо қабул кард. Абиҷайл ғазаби Довудро фурӯ нишонд. Оё Масеҳ моро аз ғазаби Худо муҳофизат намекунад? Исо — «воситачии байни Худо ва одамон… аст, Исои Масеҳи одамизод аст, ки Худро ҳамчун фидияе барои ҳама дод» (1 Тим. 2:5–6). Воситачӣ кист, агар ҳамон касе набошад, ки байни одамон меистад? Ва Исо чӣ кореро анҷом дод, агар байни ғазаби Худо ва ҷазои мо наистода бошад? Як чизи ба ҳам ин монанд дар лагери асирони ҳарбии японҳо рӯй дод. Як бегоҳ баъд аз кор посбони японӣ эълон кард, ки як бел гум шудааст. Афсар “белро касе дуздидааст” гуфта, асиронро дар саф нигоҳ медошт. Бо забони вайрони англисӣ ӯ дод мезад, ки бояд худи гунаҳкор пеш барояд. Ӯ милтиқро ба китфаш монд ва маҳбусонро нишон гирифт ва тайёр буд ҳамаи онҳоро парронад, то даме ки ягон кас иқрор шавад. Як сарбози шотландӣ қадам гузошт ва дар пеши саф истод; ӯ гуфт: «Ин корро ман кардам». Афсар лаҷоми ғазабашро сар дод ва ӯро мурданивор зад. Вақте ки ҳама чиз тамом шуд, маҳбусон асбобҳои худ ва ҷасади мурдаро ба лагер бурданд. Танҳо дар ҳамон ҷо белҳоро ҳисоб карданд. Сарбози японӣ хато карда буд. Дар ҳақиқат ҳамаи белҳо дар ҷояшон буданд[12]. Кӣ ин хел рафтор мекунад? Чӣ хел одамон гуноҳи кореро, ки накардаанд, ба гардани худ мегиранд? Вақте ки муайянкунандаро меёбед, ин одамонро бо Исо муқоиса намоед. «…Худованд гуноҳи ҳамаи моро ба гардани Ӯ монд» (Иш. 53:6). Худо ба Писари бегуноҳи Худ чун ба насли пургуноҳи одамизод, ба Қуддуси Худ — гӯё ба нобакори дурӯғгӯй, ба Абиҷайл — гӯё ки ба Нобол муносибат кард. Масеҳ ҳаётеро ба сар бурд, ки мо ба сар бурда наметавонем, сазоеро гирифт, ки мо гирифта наметавонем. Барои додани умеде ки аз он мо рӯ тофта наметавонем. Қурбонии Ӯ моро водор мекунад, ки ба худамон саволҳо диҳем: агар Ӯ моро ин қадар бисёр дӯст дошта бошад, оё мо метавонем якдигарро дӯст надорем? Оё бахшида шуда, дигаронро набахшидан метавонем? Оё ба базм омада, дар паси мизи файз чанд нонрезаеро ба касе надода метавонем? «Эй маҳбубон! Агар Худо моро ин гуна дӯст дошта бошад, мо низ бояд якдигарро дӯст бидорем» (Юҳ. 4:11). Қабул кардани ҷаҳони Нобол, ки шуморо иҳота мекунад, бароятон душвор аст? Он гоҳ ҳамон тавр рафтор кунед, ки Довуд кардааст, — дигар ба Нобол нигоҳ накунед. Нигоҳатонро ба Масеҳ гузаронед. Бисёртар, на ин ки ба одамони ҷанҷолӣ, балки ба воситачӣ нигоҳ кунед. «Ба бадӣ мағлуб нашав, балки бадиро бо некӣ мағлуб кун» (Рум. 12:21). Як маҳбус ҳама чизро дар лагер тағйир дода метавонад. Як худи Абиҷайл оиларо наҷот дода метавонад. Зебоиро ба ваҳшоният муқобил гузоред ва мебинед, ки чӣ мешавад. БАРОИ АНДЕШАРОНӢ ВА МУҲОКИМА 1. Мисол оваред, ки дар пеши назари шумо таъсири хуби як одам муҳити ягон гурӯҳ ё ташкилотро тағйир дода бошад. 2. Нишон диҳед, ки дар куҷо вазъият ба шарофати шумо аниқ рӯ ба беҳбудӣ овардааст? 3. Оё шумо ҳамон «зебоие» шуда метавонистед, ки ба ваъияти шиддатнок ва муноқишавӣ оромиро меорад? Шумо чиро ба даст овардан мехостед? 4. Масали 15:1-ро хонед. Нобол ба кадом қисми ин оят ҳамчун намуна хизмат мекунад? Абиҷайл ба кадом қисми ин оят ҳамчун намуна хизмат мекунад? Шумо одатан ба кадом қисми ин оят ҳамчун намуна хизмат мекунед? 5. Дар бораи одамоне фикр кунед, ки онҳоро ранҷондаед, таҳқир кардаед ва ё аз худ дур кардаед. Аз Худо файз ва фурӯтаниро хоҳиш кунед, то ки ба назди чунин одам оед ва бахшиш пурсида тавонед. Эҳтимол ин душвор мешавад, аммо дуо гӯед, ки Худованд дар ин вазъият осоиш ва шифоёбиро диҳад. Боби 8. Бемор дар назди ҳавз (ДАР ЭПИЗОДҲО: ЮНУС, ДОНИЁЛ ВА ЮСУФ) Пас аз он яҳудиёнро иде буд, ва Исо ба Уршалим омад. Дар Уршалим дар назди дарвозаи Меш ҳавзе ҳаст, ки ба ибронӣ Байт-Ҳасдо мегӯянд, ва он ҷо панҷ равоқ дорад: Дар он ҷо шумораи зиёди беморон, кӯрон, лангон ва шалон хобида, мунтазири ҳаракати об буданд; зеро фариштаи Худо вақт-вақт ба ҳавз фуромада, обро ҳаракат медод, ва ҳар кӣ дар аснои ҳаракати об аввал ба ҳавз дарояд, аз ҳар беморие ки дошт, шифо меёфт. Ва касе дар он ҷо буд, ки сиву ҳашт сол боз гирифтори беморӣ буд. Чун Исо вайро хобида дид ва донист, ки муддати дарозе бемор аст, ба вай гуфт: «Оё мехоҳӣ шифо ёбӣ?» Бемор ҷавоб дод:«Эй хоҷа! Касе надорам, ки чун об ба ҳаракат ояд, маро ба ҳавз андозад; пеш аз он ки ман оям, дигаре худро ба ҳавз меандозад». Исо ба вай гуфт: «Бархез, бистаратро бардор ва бирав». Ҳамон дам бемор шифо ёфт ва бистарашро бардошта, ба роҳ доромад. Он рӯз рӯзи шанбе буд. Юҳ. 5:1–9 НУРҲОИ РАВШАН ДАР ШАБИ ТОРИК Дар ин саргузашт ман хеле вақт маънои ҳақиқиро намедидам. Ман инро тасаввур карда наметавонистам. Сухан дар бораи одаме меравад, ки имонаш базӯр расид, то ки бархезад, аммо Исо ба вай чунин муносибат мекард, ки гӯё ӯ писари худро ба қурбонгоҳи Худо хобонда бошад (муқоиса кунед.: Ҳас. 22). Ба ин гуна шараф танҳо эҳтиёҷмандон ва ҳаввориҳо сазоворанд, на ин ки кадом як гадое ки Исоро ҳатто нашинохт. Ба ҳар ҳол, ман ҳамин тавр фикр мекардам. Хеле вақт ман фикр мекардам, ки Исо дар он вазъият аз ҳад зиёд меҳрубон буд. Саргузашт ба назари ман ниҳоят ҳайратангез менамуд. Ман чунин меҳисобидам, ки ин хеле хуб аст, то ки рост бошад. Баъд ман баъзе чизҳоро фаҳмидам. Ин саргзашти кадом як маъюби Уршалимӣ нест. Ин саргузашти шумо аст. Ва дар бораи ман. Ин маъюби беном нест. Вай ном дорад — номи шумо. Вай бадбахтӣ дорад — ба монанди шумо. Исо ин одамро дар назди ҳавзи калон, ки дар Уршалим, дар шимоли маъбад, воқеъ буд, вохӯрд. Дарозии он 360 фут, бараш — 130 фут, ва чуқуриаш — то 75 футро (мувофиқ ба 110 м, 40 м ва 23 м) ташкил медиҳад. Панҷ равоқи пӯшида дар оинаи об инъикос мешаванд. Ин муҷассамаи сарват ва пешравӣ аст, аммо сокинони он — беморон ва маъюбон мебошанд. Ҳавз Байт-Ҳасдо ном дорад. Боғи марказӣ, «Метрополитан-ҳоспитал» ва ҳатто «Бар грили Ҷо» ин хел манзил шуда метавонист. Он метавонист тӯдаи бехонумонҳо дар зери кӯпрук бошад. Он метавонист ҳар як тӯдаи дигари одамони бадбахт бошад. Бо сабаби чашмаи зериобӣ оби ҳавз гоҳ-гоҳ «меҷӯшад». Одамон бовар мекунанд, ки об, вақте ки фаришта нӯги болҳояшро ба он мерасонад, ба ҳаракат медарояд. Онҳо инчунин боварӣ доранд, ки одами якуме ки баъд аз фаришта ба об даст расонад, сиҳат мешавад. Оё дар он ҷо ҳодисаи шифоёбӣ шудааст? Ман намедонам. Вале ман медонам, ки тӯдаи маъюбон дар он ҷо ҷамъ омада, имконияти худро интизор мешуданд. Майдони набарди пур аз одамони захмдорро тасаввур кунед ва Байт-Ҳасдоро мебинед. Хонаи пирони серодамро тасаввур кунед, ки ҳайати кормандонаш кам аст ва дар пеши назаратон ҳамин ҳавз менамояд. Аксҳои сағирони Бангладеш ё радди маъракаҳои Ню-Делиро ба хотир оред ва манзараеро мебинед, ки дар пеши назари ҳар касе ки аз назди Байт-Ҳасдо мегузарад, кушода мешавад. Роҳгузарон дар он ҷо чиро мешуниданд? Мавҷи нолишҳои пайиҳамро. Дар пеши назари онҳо чӣ кушода мешуд? Муҷассамаи бадбахтиро. Ва роҳгузарон чӣ кор мекарданд? Аксарият, бадбахтонро надида, гузашта мерафтанд. Фақат Исо не. Ба Уршалим Ӯ ба ид мерафт. Танҳо. Ва дар ин ҷо Ӯ на барои он аст, ки шогирдонро ба роҳи рост ҳидоят кунад ва тӯдаи шунавандагонро ҷамъ кунад. Ӯ ба ин одамон лозим аст — бинобар ин Ӯ дар ин ҷост. Шумо инро тасаввур карда метавонед? Исоро, ки дар байни эҳтиёҷмандон мерафт. Ӯ дар бораи чӣ фикр мекунад? Вақте ки дасти махав ба буҷулаки пои Ӯ мерасад, Ӯ чӣ кор мекунад? Вақте ки кӯдаки нобино рост дар роҳи Исо пайдо мешавад, оё Ӯ барои бардоштани кӯдак хам мешавад? Вақте ки дасти аз ожангҳо захмдоршуда барои садақа дароз карда мешавад, Исо чӣ тавр рафтор мекунад? Хоҳ чашмаи Байт-Ҳасдо бошад ё ин ки бари Билл… вақте ки аҳволи одамон ба даст, Худо чиро ҳис мекунад? Ин саргузаштро танҳо барои дидани он, ки Ӯ чӣ тавр мегардад, нақл кардан меарзад. Танҳо барои фаҳмидани он, ки Ӯ ба он ҷо омада буд. Вале Ӯ, чӣ тавре ки мефаҳмед, вазифадор набуд, ки ин корро иҷро кунад. Бешубҳа, дар Уршалим издиҳомҳои нисбатан шоистае ҳам буданд. Бешубҳа, дар он ҷо машғулияти сазовортаре ҳам ёфт мешуд. Охир ин иди Песаҳ аст. Барои шаҳри муқаддас ин вақти махсус мебошад. Одамон ба ин ҷо аз ҳар тараф меоянд, то ки дар маъбад Худоро парастиш кунанд. Ва онҳо намедонанд, ки Худо бо беморон ва маъюбон аст. Онҳо намедонанд, ки Худо дар байни гадоён ва нобиноён эҳтиёткорона қадам гузошта, оҳиста-оҳиста меравад. Онҳо намедонанд, ки дуредгари бақуввати ҷавон, ки ба манзараи зишти дарду алам нигоҳ мекунад, Худо аст. «Дар ҳар тангии онҳо Ӯ дилсӯзӣ мекард…», менависад Ишаъё (Иш. 63:9). Эҳтимол, он рӯз Исо, аз аз назди ҳавзи Байт-Ҳасдо гузашта истода, хеле оҳ кашид… ва, ба назди мову шумо низ омада, оҳ мекашад. Дар ёд доред, ман ба шумо гуфта будам, ки ин саргузашти мову шумост? Дар ёд доред, ман гуфта будам, ки дар Китоби Муқаддас чеҳраҳои худамонро мебинем? Хайр ана, мо дар ҳамин ҷоем, сатрҳои холии байни калимаҳои ояти Юҳ. 5:5-ро пур мекунем «Ва касе дар он ҷо буд, ки сию ҳашт сол боз гирифтори беморӣ буд». Эҳтимол чунин тавсиф ба шумо маъқул намешавад. Шояд, шумо ба худатон нисбат додани далерии Довуд ва садоқати Марямро авлотар мешуморед. Ҳамаи мо ҳаминро мехоҳем. Аммо пеш аз он ки мо ба онҳо монанд шуда тавонем, эътироф кардан лозим аст, ки мо ба маъюб монанд ҳастем. Ба одаме ки имкониятҳояш маҳдуд аст. Касе ки гаштан наметавонад. Кор кардан наметавонад. Ба худаш ғамхорӣ кардан наметавонад. Барои аз оби фариштавӣ шифо ёфтан худро ҳатто ба ҳавз партофтан наметавонад. Эҳтимол, шумо ин китобро дар дастони бақуввати худ дошта истодаед, бо чашмони солиматон мехонед ва тасаввур карда наметавонед, ки байни шумо ва ин маъюбе ки собиқаи чилсола дорад, ягон чизи умумиро ёфтан мумкин бошад. Моро бо ӯ чӣ тавр муқоиса кардан мумкин аст? Мо чӣ умумият дорем? Ҳама чиз хеле содда аст. Мо бадбахтӣ ва умеди умумӣ дорем. Бадбахтии мо чӣ гуна аст? Он дар Ибр. 12:14 дар назар дошта шудааст: «…ва қудсиятро толиб бошед, ки бе он ҳеҷ кас Худовандро нахоҳад дид». Бадбахтии мо ана дар ин аст: танҳо муқаддасон Худоро мебинанд. Муқаддасӣ — роҳи ягона ба осмонҳост. Камолот — заминаи зарурии ҳаёти абадӣ аст. Мо мехоҳем, ки ин тавр набошад. Мо чунин рафтор мекунем, ки гӯё ин тавр нест. Мо мисли онҳое рафтор мекунем, ки «сазовори» дидани Худо ҳастанд. Мо чунин мешуморем, ки касоне ки талоши зиёд мекунанд, Худоро мебинанд. Мо чунин рафтор мекунем, ки мо, агар, ба ақидаи худамон, ягон кори хеле бад накарда бошем, хуб ҳастем. Ва гӯё ки барои ба осмонҳо рафтан ҳамин чиз кифоя бошад. Ин барои мо оқилона садо медиҳад, аммо на ба Худо. Ва Ӯ барои мо ченакҳоро муайян мекунад. Ва ин ченакҳо баланд мебошанд. «Пас, комил бошед, чунон ки Падари шумо, ки дар осмон аст, комил аст» (Мат. 5:48). Мефаҳмед, мувофиқи мақсади Худо, намунаи камолот Худо аст. Худро бо одамони дигар муқоиса кардани мо лозим нест; онҳо айнан монанди мо бадахлоқанд. Мақсади мо ба Ӯ монанд шудан аст; ҳеҷ чизи аз ин камтаре кофӣ намешавад. Бинобар ин ман гуфтам, ки он маъюб ман ва шумо мебошем. Мо, монанди вай, дар дом ҳастем. Монанди вай, мо дар роҳи сарбаста ҳастем; мо қуввати бартараф кардани бадбахтии худро надорем. Ин мову шумоем, ки дар замин хобидаем. Ин мову шумоем, азобдида ва бемадор. Вақте ки сухан дар бораи шифоёбии вазъи рӯҳии мо меравад, мо имконияти хурдтарин ҳам надорем. Айнан ҳамин хел аз мо талаб кардан мумкин буд, ки бо хода ба моҳ ҷаҳем. Мо он чизеро, ки барои шифоёбӣ лозим аст, надорем. Ягона чизе ки мо ба он умед баста метавонем, ҳамон чиз аст, ки Худо кореро, ки барои одами дар Байт-Ҳасдо буда, кардааст, барои мо низ мекунад, — аз маъбад мебарояд ва ба манзили дарду нотавонии мо медарояд. Ӯ маҳз ҳамин корро карда истодааст. Суханони Павлусро дар бораи он чи Худо барои шумо мекунад, оҳиста ва бодиққат хонед: «…Ва шуморо, ки дар гуноҳҳо ва дар бехатнагии ҷисми худ мурда будед, бо Ӯ зинда карда, ҳамаи гуноҳҳотонро бахшид. Ва он дастнависро, ки бо фароизаш моро маҳкум менамуд ва бар зидди мо буд, Ӯ хат зада, аз миён бардошт ва бар салиб мехкӯб кард, ва сарварону ҳукуматдоронро аз қувваташон маҳрум сохта, гирифтори шармандагӣ кард ва бар онҳо дастболо шуд» (Қӯл. 2:13–15). Акнун ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед. Кӣ меҳнат мекунад? Шумо ё Худо? Кӣ амал мекунад? Шумо ё Худо? Кӣ наҷот медиҳад? Шумо ё Худо? Кӣ қудрат дорад? Ва кӣ нотавон аст? Биёед баъзе ҷумлаҳоро дар алоҳидагӣ муҳокима мекунем. Якум, ба вазъияти худ бингаред. Шумо «дар гуноҳ мурда будед». Аҳволи он маъюб назар ба мо беҳтар буд. Ӯ, ҳеҷ набошад, зинда буд. Чӣ тавре ки Павлус мегӯяд, агар мову шумо берун аз Масеҳ бошем, мо мурда ҳастем. Рӯҳан мурдаем. Ҷасад ҳастем. Беҷон. Мурда. Мурда чӣ кор карда метавонад? Кори на он қадар бисёрро. Аммо бубинед, ки Худо бо мурдагон чӣ кор карда метавонад. Ӯ моро «ҳамроҳи Ӯ зинда кард». Зинда кард ва «тамоми гуноҳҳоямонро бахшид». «…дастнависро, ки бо фароизаш моро маҳкум менамуд ва бар зидди мо буд, хат зада». «Аз миён бардошт ва бар салиб мехкӯб кард». «Сарварону ҳукуматдоронро аз қувваташон маҳрум сохта». «Бар онҳо дастболо шуда». «Гирифтори шармандагӣ кард». Ва боз саволҳои дигар. Кӣ амал мекунад — мову шумо ё Худо? Кӣ дар дом аст ва Кӣ ба ёрдам меояд? Худо чанбарҳои наҷотро дар ҳар насли одамон мепартояд. Ба Юнусе ки дар шиками моҳии бузург, дар қаъри обҳои меъда ва обсабзҳои ба он жӯлида аст, назар меафканем (ниг.: Юнус 2). Худо ӯро се рӯз дар он ҷо монд. Се рӯз Юнус дар хусуси интихоби худ фикр мекунад. Ва се рӯз ба ҳамон як хулоса меояд: ӯ ягон интихобе надорад. Аз он ҷое ки ӯ нишастааст (ё шино мекунад), ду роҳи баромад аст, — ва ҳар ду на он қадар диққатҷалбкунандаанд. Вале охир худи Юнус ҳам беҳтар нест-ку. Ӯ аз сарнавишти воиз шудани худ гурехт. Ҳамчун гуреза ба нокомӣ дучор шуд. Дар ҳолати беҳтарин ӯ дузд ва дар ҳолати бадтарин — хиёнаткор аст. Ва он чизе ки ҳама вақт ба ӯ намерасид, — даруни на он қадар пӯсида — ҳозир дар атрофи ӯ фаровон аст. Бинобар ин Юнус ягона кореро, ки монда буд, мекунад — ӯ дуо мегӯяд. Ӯ калимае ҳам дар бораи он намегӯяд, ки чӣ тавр худи ӯ накӯкор аст, — балки бисёртар дар бораи он мегӯяд, ки чӣ тавр Худо накӯкор аст. Ӯ ҳатто ёри наметалабад, вале ёрӣ мегирад. Ҳанӯз «омин» нагуфта буд, ки шикам ларзид ва моҳӣ оруғ дод ва Юнус ба пастоб афтид. Ба Дониёле ки ҳамроҳи шерон дар чоҳ буд, менигарем (ниг.: Дон. 6:16–22). Пешомади ӯ, назар ба Юнус, беҳтар набуданд. Юнус фурӯ бурда шуд. Ба зудӣ Дониёлро низ ҳамин чиз интизор аст. Ӯ оҷизона дар тахтапушташ хобидааст ва фукҳои шерон чунон наздик буданд, ки нафаси бадбӯйи онҳо ҳис карда мешуд. Шери аз ҳама калон панҷаи худро ба синаи Дониёл мемонад ва хам мешавад, то ки ба даррондани қурбонӣ сар кунад, вале … ҳеҷ чиз намешавад. На ғурриш ва на чалпаси даҳон шунида намешуд. Дониёл ба пойҳояш нигоҳ мекунад, он ҷо шери дигар худашро молида истодааст. Лабҳои вай ҳарисона мепаранд, аммо даҳонаш кушода намешавад. Ана ҳамон вақт Дониёл аз кунҷе овози хандаро мешунавад. Ӯ намедонад, ки дар он ҷо кист, аммо касе аниқ хеле хушҳол аст ва бо камоли майл шодӣ мекунад. Дар рухсорааш бошад, навишта шудааст: «Чӣ, фиреб хӯрдӣ?» Ё ба Юсуф, ки дар чоҳ, дар сойи оҳаксанги биёбони тафсон буд, нигоҳ мекунем (ниг.: Ҳас. 37). Либосашро бароварданд ва кулоҳашро аз сараш гирифтанд. Дар худи ҳамин ҷо бародарон, механданд ва хӯрок мехӯранд, гӯё кори аз танбеҳи безарар даҳшатноктареро накарда бошанд (чӣ тавре ки асосан то ин дам бо ӯ мекарданд) ва фақат мехоҳанд, ки Юсуф ба онҳо халал нарасонад. Не, бародарон дидаву дониста ӯро ба ҳаёти байни тортанакҳо ва морҳо, ба марги оҳиста маҳкум карданд. Мисли Юнус ва Дониёл, Юсуф ҳам дар ҳолати ноилоҷ аст. Ӯ интихоб надорад. Умед надорад. Аммо азбаски бародарони Юсуф ба андозаи бадиашон хасис низ ҳастанд, онҳо Юсуфро ба кадом як тоҷирони корвоне ки ба ҷануб меравад, мефурӯшанд ва Юсуф дар оянда ба рафти таърих таъсир расонда метавонад. Агарчи роҳи дарбор аввал ба тарафи маҳбас тоб мехӯрад, он ба ҳар ҳол Юсуфро ба назди тахти подшоҳӣ меоварад. Юсуф оқибат дар пеши бародарони худ меистад, аммо ин дафъа аллакай онҳо ба ёрдами вай мӯҳтоҷ мешаванд. Ва ӯ ба қадри кофӣ хирадманд аст, то ба онҳо на он чиро, ки сазовораш ҳастанд, балки он чиро, ки мепурсанд, диҳад. Ё ба Бараббо, ки дар камераи ба қатл маҳкумшудагон буд, нигоҳ мекунем (ниг.: Мат. 27: 16–26 ва ғайра). Дархости охирин барои афв кардан рад карда шудааст. Вақти қатл муайян карда шудааст. Барои кӯтоҳтар кардани вақт, Бараббо то вақти катл дар кати худ нишастааст ва пасянс бозӣ мекунад. Ӯ ба наздик будани марг тан додааст. Чизе намепурсад. Чизе талаб намекунад. Эътироз намекунад. Ҳукм бароварда шудааст ва Бараббо бояд бимирад. Мисли воқеаҳои Юнус, Дониёл ва Юсуф, фақат гиряи талхе кардан мондаасту халос. Аммо, мисли он воқеаҳо вақти гиряву нола фаро намерасад. Дар камера шарфаи пойҳои посбони зиндон шунида мешавад. Бараббо фикр мекунад, ки вай занҷирбанди даст ва сигаретаи охиринро овардааст. Аммо не. Посбони зиндон либоси тоза овард. Ва Бараббо аз зиндон озод шуда, мебарояд, зеро каси дигаре ки вай ӯро, аз афташ, умуман надидааст, ҷои ӯро ишғол кард. Саргузаштҳои Китоби Муқаддас чунинанд. Як хатари марговар аз паси дигараш. Вақте ки сар аллакай дар болои кундаи сарбурӣ аст, вақте ки дар гирди гардан аллакай ҳалқа кашида шудааст, салиби Ҷолҷолто меояд. Фариштаҳо дари Лутро мекӯбанд — Ҳас. 19. Аз тӯфон ҷавоби озорҳои Айюб меояд — Аюб. 38–42. Обҳои Урдун Наамонро аз махавӣ пок мекунанд — 4 Подш. 5. Фаришта ба зиндон назди Петрус меояд — Аъм. 12. Саъю кӯшиши Худо тавоно мебошанд, ҳол он ки саъю кӯшиши мо нисбатан бефоидаанд. Як лаҳза ба Байт-Ҳасдо бармегардем. Ман мехоҳам, ки шумо гуфтугӯи кӯтоҳ, вале ибратбахши байни эҳтиёҷманд ва Наҷотдиҳандаро шунавед. Пеш аз он ки ӯро шифо диҳад, Исо пурсид: «Оё мехоҳӣ шифо ёбӣ?» (Юҳ. 5:6). «Эй хоҷа! Касе надорам, ки чун об ба ҳаракат ояд, маро ба ҳавз андозад; пеш аз он ки ман оям, дигаре худро ба ҳавз меандозад» (Юҳ. 5:7). Оё ин одам шикоят мекунад? Оё ба худаш раҳмаш меояд? Ё ин ки ҳамин тавр воқеиятро баён мекунад? Кӣ медонад? Аммо, биёед, чунин андешаҳоро як сӯ гузошта, фақат мебинем, ки баъд чӣ шуд. «Бархез, бистаратро бардор ва бирав» (Юҳ. 5:8). «Ҳамон дам бемор шифо ёфт ва бистарашро бардошта, ба роҳ доромад» (Юҳ. 5:9). Ман мехоҳам, ки мо низ ҳамин тавр рафтор кунем; ман мехоҳам, ки Исоро аз гапаш дорем. Ман на камтар аз сафар ба осмонҳо, мехоҳам фаҳмам, ки агар Ӯ чизе гӯяд, он ҳатман иҷро мешавад. Ин чӣ бемории ҳайратангези фалаҷ аст, ки моро карахт мекунад? Ин хоҳиши якравона қабул накардани шифоёбӣ аз куҷост? Вақте Исо мефармояд, ки хезем, биёед хезем. Вақте Ӯ мегӯяд, ки мо бахшида шудаем, аз бори гуноҳ озод шавем. Вақте Ӯ мегӯяд, ки мо сарвати қиматбаҳо ҳастем, ба Ӯ бовар кунем. Вақте Ӯ мегӯяд, ки мо абадӣ ҳастем, тарсу ваҳми худро гӯронем. Вақте Ӯ мегӯяд, ки ба мо ғамхорӣ мекунад, дигар хавотир нашавем. Вақте Ӯ фармояд, ки хезем, хезем. Ба ман сагузашти сарбози одие ки расида рафт ва аспи гурехтаи Наполеонро баргардонда овард, маъқул аст. Вақте ки ӯ лаҷоми аспро ба император дод, вай изҳори миннатдорӣ кард: «Ташаккур, капитан». Ҳамин як калима сарбози одиро афсар кард. Ҳамин ки император инро гуфт, сарбози одӣ ба Ӯ бовар кард. Ӯ ба назди каптенармус рафт, либоси афсариро гирифт ва онро пӯшид. Ба истиқоматгоҳи афсарон рафт ва барои худ кат интихоб кард. Ба ошхонаи афсарон даромад ва хӯроки шоми афсарӣ хӯрд. Модоме ки инро худи император гуфт, ӯ ба ин бечуну чаро бовар кард. Кошки мо низ ҳамин тавр рафтор мекардем! Магар саргузашти шумо низ ҳамин гуна аст? Он ҳам айнан ҳамин хел шуда метавонад. Тамоми заминаҳо айнан ҳамон хеланд. Дар ҷаҳони даҳшатовари мо ношиноси меҳрубоне пайдо мешавад ва ба шумо дасти ёрӣ дароз мекунад. Акнун вазифаи шумо — ба он маҳкам часпида гирифтан аст. БАРОИ АНДЕШАРОНӢ ВА МУҲОКИМА 1. Шумо чӣ қадар тез-тез дидаву дониста қарор қабул мекунед, ки вақтатонро бо эҳтиёҷмандон гузаронед? Оё дар ҳавзи Байт-Ҳасдо пайдо шудани Исоро ҳамчун таънае ки шахсан ба шумо дода шудааст, қабул мекунед? Ё ҳамчун бахшиш? Ё дар як вақт, чун ину чун он қабул мекунед? Шарҳ диҳед. 2. Ба фикри шумо, чаро дар саргузашти он бемор сухан аслан дар бораи мову шумо меравад? 3. «…Бояд эътироф кард, ки мо ба маъюб монанд ҳастем. Ба он одаме ки имкониятҳои маҳдуд дорад». Ин ҷо чӣ дар назар дошта шудааст? Шумо бо ин розӣ ҳастед? Чаро ҳа ва чаро не? 4. Қӯл. 2:13–15-ро хонед. Дар асоси ин матн номбар кунед, ки Исо дар салиби Худ барои шумо чӣ кор кардааст. 5. Оё Исо дар вазъияти имрӯзаатон ба шумо чуноне ки ба он бемор мегуфт,— «бархез» мегӯяд? Агар ҳамин тавр бошад, он гоҳ ин ба чӣ дахл дорад? Вақте ки Ӯ инро ба шумо мегӯяд, шумо чӣ кор кардан мехоҳед? Боби 9. Юҳанно [Марям гуфт]: «Худовандро аз қабр бурдаанд, ва намедонем, ки Ӯро куҷо гузоштаанд». Дарҳол Шимъӯни Петрус ва он шогирди дигар берун омада ҷониби қабр рафтанд. Ҳар ду бо ҳам медавиданд, вале он шогирди дигар зудтар давида, аз Петрус пеш гузашт ва аввал бар сари қабр омад, ва хам шуда, кафанро гузошта дид; лекин ба дарун надаромад. Аз ақиби вай Шимъӯни Петрус омада, ба қабр даромад ва кафанро гузошта дид ва рӯймолеро, ки бар сари Ӯ буд, на бо кафан, балки дар гӯшае алоҳида печида дид. Он шогирди дигар, ки аввал бар сари қабр омада буд, низ ба дарун даромад, ва дид, ва имон овард. Юҳ. 20:2–8 ХУДО БАДБАХТИИ ШУМОРО БА ТАНТАНА ТАБДИЛ ДОДА МЕТАВОНАД Шумо чӣ мегӯед, агар ман дар бораи либосҳои дафн сӯҳбат карданро пешниҳод кунам? Ҷозибанок садо медиҳад? Мавзӯи шӯху шавқовар? Гумон намеравад. Феҳристи мавзӯъҳои азобдиҳандаро тартиб диҳед ва либосҳои дафн дар байни тафтишоти мақомоти андоз ва табобати давомноки духтури дандон афтода мемонад. Ҳеҷ кас дар бораи либосҳои дафн фикр кардан намехоҳад. Ҳеҷ кас бар бораи онҳо гап намезанад. Оё ягон вақт сӯҳбати сари мизро бо саволи зерин ҷоннок карда тавониста будед: «Шумо бо кадом либос дар тобут хоб рафтан мехостед?» Шумо ягон вақт хонаи мӯдро, ки дар фурӯши либосҳои дафн ихтисос пайдо кардааст, дидаед? (Агар чунин хона бошад, шиореро пешниҳод карда метавонам: «Либоси моро дидан ва мурдан!») Аксаорияти одамон дар бораи либосҳои дафн гап намезананд. Аммо ҳавворӣ Петрус истисно буд. Аз вай пурсед, ва ӯ нақл мекунад, ки чӣ тавр дар либосҳои дафн рамзи тантанаро дидааст. Ӯ ба чунин фаҳмиш якбора наомадааст. Чун ёдоварӣ дар бораи марги дӯсти беҳтаринаш Исо, онҳо барои ӯ рамзи бадбахтӣ буданд. Оё ӯ айнан ҳамон чизро барои шумо карда метавонад? Ҳамаи мо ба бадбахтиҳо дучор мешавем. Илова бар он, ҳар яки мо рамзҳои бадбахтии худамонро дорем. Аз они шумо телеграмма аз вазорати мудофиа, асари ҷароҳати кӯҳна, даъватномаи суд буда метавонад. Ин рамзҳо ба мо маъқул нестанд, мо онҳоро дидан намехоҳем. Мисли мошинҳои шикастаи партовгоҳ, онҳо бо хотираҳои бади ҳаёти мо ба дил фишор меоранд. Оё ин гуна чизҳо дар Худо некӣ шуда метавонанд? Масалан ҳангоми дар бораи чунин оятҳо, ба монанди «ба дӯстдорони Худо… ҳама чиз бар нафъашон ёрдам медиҳад» (Рум. 8:28) мулоҳиза кардан, мо то чӣ андоза чуқур рафта метавонем? Оё калимаи «ҳама чиз» дар ин ҷо маънои ҳам инсулт, ҳам санҷишҳо, ҳам васвасаҳо, ҳам ғайб заданро дар назар дошта метавонад? Аммо Юҳанно чунин ҷавоб медод: «Ҳа». Юҳанно ба шумо мегуфт, ки Худо метавонад бадбахтии шуморо ба тантана табдил диҳад, агар шумо фақат интизор шавед ва нигоҳ кунед, ки чӣ мешавад. Барои исбот кардани ин, вай ба шумо дар бораи он нақл мекард, ки боре дар рӯзи ҷумъа чӣ ҳодиса рӯй дода буд: Пас аз он Юсуф, ки аз аҳли Ҳаромот буда, аз тарси яҳудиён, шогирди махфии Исо буд, аз Пилотус хоҳиш кард, ки Ҷасади Исоро бардорад; ва Пилотус ба вай иҷозат дод. Вай омада, Ҷасади Исоро бардошт. Ва Ниқӯдимус, ки пештар шабона назди Исо омада буд, низ омад ва тақрибан сад ратл мур ва уди омехта бо худ овард. Онҳо Ҷасади Исоро гирифтанд ва мувофиқи маросими дафни яҳудиён, ҳанут пошида, ба кафан печонданд. Юҳ. 19: 38–40 Юсуф ва Ниқӯдимус ҳангоми зинда будани Масеҳ беҷуръат буданд, аммо пас аз марги Ӯ нотарс шуда, ба назди Исо омаданд. Онҳо омаданд, то ки Ӯро дафн кунанд. Пилотус ба онҳо иҷозат дод. Юсуфи Ҳаромотӣ мақбараи харидаи худро дод. Ниқӯдимус хушбӯиҳо ва матоъ овард. Юҳанно мегӯяд, ки Ниқӯдимус ҳафтоду панҷ ратл мур ва уд овард. Ин ҷо бояд ба миқдораш диққат дод, зеро хушбӯиҳое ки барои дафн кардан истифода мешаванд, ба ин фаровонӣ танҳо ҳангоми дафни подшоҳон сарф карда мешаванд. Юҳанно инчунин кафанро ба хотир мерасонад, чунки он барои ӯ тимсоли аёни бадбахтие шуд, ки рӯзи ҷумъа рӯй дода буд. Ҳоло ки кафан набуд, ҳоло ки мақбара набуд, ҳоло ки коронер[13] набуд, ҳанӯз ҳам умед боқӣ монда буд. Аммо пайдо шудани аробаи тобуткашӣ умеди оҳиринро нобуд мекунад. Барои Юҳанно, назар ба марги Исо, чӣ чиз бадбахтии бисёртаре шуда метавонист? Се сол пеш Юҳанно аз ояндаи худ даст кашид ва ҳаёти худро бо ин дуредгари Носирӣ пайваст кард. Дар аввали он ҳафта, вақте ки Исо бо шогирдонаш ба Уршалим медаромаданд, Юҳанно роҳпаймоиро бо пойандозҳо ва конфеттӣ дида буд. Оҳ, чӣ тавр ҳама чиз зуд тағйир ёфт! Одамоне ки рӯзи якшанбе Ӯро подшоҳ меномиданд, ҷумъаи оянда марги Ӯро металабиданд. Ин кафан ёдрасии намоёни он чиз мебошад, ки дӯсти ӯ ва тамоми ояндаи ӯ ба кафан печонда шудаанд ва дар зери санги қабр гӯр карда шудаанд. Он вақт, рӯзи ҷумъа, Юҳанно ҳанӯз он чизро, ки мову шумо имрӯз медонем, намедонист. Ӯ намедонист, ки бадбахтии рӯзи ҷумъа то якшанбе ба тантана табдил меёбад. Чӣ тавре ки худи Юҳанно дертар иқрор мешавад, «онҳо ҳанӯз Навиштаро нафаҳмида буданд, ки Ӯ бояд аз мурдагон эҳё шавад» (Юҳ. 20:9). Бинобар ин донистани он чиз хеле муҳим аст, ки Юҳанно рӯзи шанбе чӣ кор кардааст. Дар бораи ин рӯз мо ягон маълумоте надорем — на матне ки онро хондан мумкин бошад, на воқеаҳое ки дар бораи онҳо нақл кардан мумкин бошад. Мо танҳо як чизро медонем: бо фарорасии якшанбе Юҳанно ҳоло ҳам дар он ҷо, дар ҷояш буд. Вақте ки Марями Маҷдалия ба ҷустани ӯ рафт, вай ӯро ёфт. Исо мурд. Ҷасади Устод беҷон буд. Дӯсти Юҳанно ва тамоми ояндаи ӯ дар қабр гӯр карда шудааанд. Аммо Юҳанно ба ҳеҷ куҷо нарафт. Чаро? Ё ин ки ӯ якшанберо интизор буд? Не. То андозае ки ӯ медонист, лабҳо абадӣ хомӯш шуданд ва дастҳо абадӣ шах шуда монданд. Ӯ дар рӯзи якшанбе ягон воқеаи ногаҳониро пешбинӣ накарда буд. Он гоҳ чаро ӯ дар ҳамон ҷое ки буд, меистод? Эҳтимол, шумо ба хулосае меомадед, ки рафтани ӯ хубтар мешуд. Кӣ гуфт, ки одамони Масеҳро ба салиб кашида, барои ӯ намеомаданд? Аз таслиби якум издҳом қаноатманд буд; роҳбарони динӣ метавонистанд ба дуюмаш ҳам даъват кунанд. Чаро Юҳанно аз шаҳр берун нагурехт? Эҳтимол, ҷавоби ин пурра амалӣ аст; шояд ӯ ғами модари Исоро мехӯрд. Ва шояд, ӯ ҷои рафтан ҳам надошт. Шояд, ӯ пул, ё қувват, ё нақшаи хуби кор… ё ҳамаи ин чизҳоро надошт. Ва шояд ӯ барои он камтар таъхир кард, ки Исоро дӯст медошт. Барои баъзеҳо Исо муъҷизакор буд. Барои дигарон Исо Муаллим ва Устод буд. Барои баъзеҳо Исо умеди Исроил буд. Аммо барои Юҳанно Ӯ аз ҳамаи ин чизҳо болотар ва зиёдтар буд. Барои Юҳанно Исо дӯсти вай буд. Дӯстонро тарк намекунанд — ҳатто дар марг ҳам. Юҳанно дар бари Исо меистод. Барои Юҳанно ин аллакай одат шуда буд. Юҳанно ҳангоми хӯрдани хӯроки шом, ки дар болохона мегузашт, бо Исо буд. (ниг.: Луқ. 22:12). Ӯ бо Исо дар боғи Ҷатсамонӣ буд. Ӯ ҳангоми маслубшавии Исо дар пеши салиб буд ва баъд аз дафн кардан дар наздикиҳои мақбара буд. Оё ӯ Исоро мефаҳмид? Не. Магар он чизе ки Исо кард, ӯро хурсанд менамуд? Не. Магар ӯ Исоро тарк кард? Не. Шумо чӣ? Агар шумо дар ҷои Юҳанно мебудед, чӣ кор мекардед? Вақте ки дар ҳаёти шумо шанбе мешавад, шумо чӣ тавр рафтор мекунед? Вақте ки шумо дар ягон байни бадбахтии дирӯза ва тантанаи имрӯза истодаед, чӣ кор мекунед? Шумо Худоро тарк мекунед — ё ин ки дар наздикиҳои Ӯ мемонед? Юҳанно истоданро афзалтар шуморид. Ва азбаски ӯ рӯзи шанбе монд, рӯзи якшанбе ӯ ба қадри кофӣ наздик буд, то ки муъҷизаро бинад. [Марям гуфт]: «Худовандро аз қабр бурдаанд, ва намедонем, ки Ӯро куҷо гузоштаанд». Дарҳол Шимъӯни Петрус ва он шогирди дигар берун омада ҷониби қабр рафтанд. Ҳар ду бо ҳам медавиданд, вале он шогирди дигар зудтар давида, аз Петрус пеш гузашт ва аввал бар сари қабр омад, ва хам шуда, кафанро гузошта дид; лекин ба дарун надаромад. Аз ақиби вай Шимъӯни Петрус омада, ба қабр даромад ва кафанро гузошта дид ва рӯймолеро, ки бар сари Ӯ буд, на бо кафан, балки дар гӯшае алоҳида печида дид. Он шогирди дигар, ки аввал бар сари қабр омада буд, низ ба дарун даромад, ва дид, ва имон овард. Юҳ. 20:2–8 Субҳи барвақти якшанбе Петрус ва Юҳанно хабареро шуниданд: «Ҷасади Исо ғайб задааст!» Марям на танҳо дар эълон кардани хабар, балки дар баён кардани фикри худ низ шитоб кард. Ӯ гумон кард, ки ҷасади Исоро душманони Ӯ дуздидаанд. Ду шогирд дар ҳол ба назди мақбара давида рафтанд, вале Юҳанно аз Петрус гузашт ва якум давида омад. Аммо чизҳои дидааш ӯро чунон ба ҳайрат оварданд, ки ӯ дар назди даромадгоҳ карахт шуда монд. Ӯ чиро дид? «Кафани гузоштаро». Ӯ «рӯймолеро, ки бар сари Ӯ буд […] дар гӯшае алоҳида печида» дид. Ӯ «кафанро» дид. Дар ин ҷо ишорҳои фоиданокро дар нусҳаи асли юнонӣ дидан мумкин аст. Юҳанно калимаеро истифода мебарад, ки маънои «печондашуда»[14], «мисли пештара гузошташуда»[15]-ро ифода мекунад. Ин кафанро касе кушода гирифта, ба як сӯ напартофтааст. Онҳо шакли аввалини худро нигоҳ дошта буданд! Ҳеҷ кас ба онҳо даст нарасонда буд. Онҳо мисли пештара печонда ва ҷо ба ҷо меистоданд. Чӣ тавр ин хел шуданаш мумкин буд? Агар ҷасадро дӯстон бурда бошанд, он гоҳ чаро бо либосаш набурдаанд? Агар ҷасадро душманон дуздида бошанд, чаро онҳо айнан ҳамин хел накарданд? Аммо агар ба ҳар ҳол ягон сабабе пайдо шуда бошаду дӯстон ё душманон либосҳояшро бароварда бошанд ҳам, магар онҳо метавонистанд ба дараҷае дақиқкор бошанд ва ин чизҳоро ин қадар дуруст ва дар шакли пештарае ки дар тани ҷасад буд, ҷо бо ҷо гузоранд? Албатта не! Аммо агар ҷасадро дӯстон ва душманон набурда бошанд, он гоҳ кӣ бурдааст? Чунин савол дар пеши Юҳанно истода буд ва ин савол Юҳанноро бино кард «…ва дид, ва имон овард» (Юҳ. 20:8). Дар матои марг Юҳанно тавоноии ҳаётро дид. Ба шумо ҳайратангез наменамояд, ки Худо кафан барин чизи ғамангезро барои дигаргун сохтани ҳаёт истифода мебарад? Аммо Худо ҳамин хел одат дорад. Дар дасти Ӯ зарфи дар базми арӯсӣ холишудаи шароб рамзи тавоноӣ мешавад (ниг.: Юҳ. 2: 3–10). Тангаи бевазан рамзи саховатмандӣ мешавад (ниг.: 12:42–44). Гаҳвораи одӣ дар Байтлаҳм рамзи вафодории Ӯ мешавад (ниг.: Луқ. 7). Ҳатто афзори қатл рамзи муҳаббати Ӯ мешавад. Магар ҳайратовар нест, ки Ӯ матои маргро мегирад ва манзараи ҳаётро меофарад? Ва ин моро ба саволамон бармегардонад. Оё Худо ягон чизи ба ҳамин монандро дар ҳаёти шумо иҷро карда метавонад? Магар Ӯ метавонад он чизеро, ки барои шумо нишонаи бадбахтӣ аст, гирифта ба рамзи тантана мубаддал намояд? Худо ин корро барои дӯсти ман, ки номаш Рафаэл Розалес аст, кард. Рафаэл дар ватани худаш Салвадор хизматгузорӣ мекард. Партизанҳои Салвадор ӯро душмани сиёсии худ меҳисобиданд ва кӯшиш мекарданд ӯро кушанд. Рафаэл, ки ӯро дар ҳолати марг дар мошин партофта рафта буданд, аз ин дом раҳо ёфт ва аз кишваре ки хатарнок шуда буд, рафт. Вале Ӯ аз хотираҳо халос шуда наметавонист. Доғҳои захм имконият намедоданд. Ҳар як нигоҳ ба оина бераҳмии азобдиҳандагони ӯро ба ёдаш меовард. Агар Худованд ба дили ӯ муроҷиат намекард, ӯ метавонист ҳеҷ гоҳ ба худ наояд. «Онҳо бо Ман ҳам айнан ҳамин корро карданд» — Рафаэл суханони Наҷотдиҳандаро шунид. Ва бо кӯмаке ки Худо ба вай мерасонд, ӯ ба захмҳои худ дигар хел муносибат мекардагӣ шуд. Онҳо барои Рафаэл аз хотираҳо дар бораи дарди шахсӣ ба тимсоли фидокорӣ, табдил меёфтанд, ки Наҷотдиҳанда ба амал оварда буд. Бо мурури вақт ӯ тавонист душманони худро бахшад. Ҳамин ҳафта (айнан ҳамон вақте ки ман ин бобро навиштам) ӯ ба ҷустуҷӯи ҷои нав барои бунёд кардани калисо ба ватанаш рафт. Магар ин гуна дигаргуншавӣ бо шумо ҳам рӯй дода метавонад? Ман шубҳа надорам. Шумо бояд фақат ҳамон кореро кунед, ки Юҳанно кардааст. Ба ҳеҷ куҷо наравед. Дар наздикиҳо монед. Рум. 8:28-ро ба хотир меорем: «…ба дӯстдорони Худо… ҳама чиз бар нафъашон ёрдам медиҳад» (курсиви ман. — М. Л.). Юҳанно ба Исо маҳз ҳамин тавр муносибат мекард. Вай Ӯро дӯст медошт. Вай Ӯро намефаҳмид ва на ҳама вақт бо Ӯ розӣ мешуд, аммо вай Ӯро дӯст медошт. Ва барои он ки вай Ӯро дӯст медошт, вай дар бари Ӯ меистод. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки ҳама чиз бар нафъашон ёрдам медиҳад. Пеш аз анҷом додани ин боб машқи одиро иҷро мекунем. Калимаи «ҳама чиз»-ро гирифта партоед ва онро бо рамзи бадбахтии худ иваз намоед. Барои ҳавворӣ Юҳанно ин оят чунин садо медод: «Ба дӯстдорони Худо хатто кафан бар нафъашон ёрдам медиҳад». Барои Рафаэл: «Ба дӯстдорони Худо хатто доғҳои захм бар нафъашон ёрдам медиҳад». Ояти Рум. 8:28 нисбат ба ҳаёти шумо чӣ тавр садо медод? Ба дӯстдорони Худо ҳатто ҳукми духтурон бар нафъашон ёрдам медиҳад. Ба дӯстдорони Худо ҳатто қарор дар бораи талоқ ҳам бар нафъашон ёрдам медиҳад. Ба дӯстдорони Худо ҳатто ҳукми маҳкама бар нафъашон ёрдам медиҳад. Агар Худо ҳаёти Юҳанноро ба воситаи бадбахтии ӯ тағйир дода тавониста бошад, наход Ӯ ба воситаи бадбахтиатон ҳаёти шуморо дигаргун сохта натавонад? Ба ин бовар кардан душвор бошад ҳам, шояд аз эҳё шудан шуморо танҳо шанбе ҷудо карда истодааст? Эҳтимол, то дуои ҳайратангези дили дигаргуншуда танҳо соатҳои башумор боқӣ мондаанд: «Худоё, Ту ин корро барои ман кардӣ?» БАРОИ АНДЕШАРОНӢ ВА МУҲОКИМА 1. «Вақте ки дар ҳёти шумо шанбе мешавад, шумо чӣ хел рафтор мекунед?» Ин ҷо дар шанбеи ҳаёти шумо чӣ дар назар дошта шудааст? Вақте ки шумо ба бадбахтӣ дучор мешавед, Худоро тарк мекунед ё кӯшиш мекунед, ки ба Ӯ наздиктар шавед? Шарҳ диҳед? 2. Юҳ. 19: 38–40; 20:3–9-ро хонед. Петрус ва «шогирди дигар» (Юҳанно) рӯзи эҳё шудани Исо ба қабри холӣ даромада, чиро диданд? Чаро чизи дидашуда Юҳанноро водор кард, ки имон оварад? 3. Рум 9:28-ро хонед. Ин ҷо дар бораи чӣ «медонем» гуфта шудааст? 4. Машқро иҷро кунед: «Дар (Рум. 8:28) калимаи «ҳама чиз»-ро гирифта партоед ва онро бо рамзи бадбахтии худ иваз кунед». Вақте ки ин корро мекунед, чӣ мешавад? 5. Мустақилона ё ҳамроҳи касе якчанд ҳикояи Китоби Муқаддасро ба ёд оред, ки дар онҳо Худо он чиро, ки ба назари халқи Ӯ аниқу равшан бадбахтӣ менамуд, ба тантана табдил медиҳад? Дар кадом соҳаи ҳаёти шумо маҳз ҳамин вақт ин гуна тантана ба вуқӯъ омада метавонист? Аз дӯстатон хоҳиш кунед, ки ҳамроҳи шумо дар бораи он дуо гӯяд, ки Худо дар ҳёти шумо айнан ҳамин хел дигаргуниро ба вуҷуд орад. Боби 10. Павлус Дар аснои роҳ, вақте ки ба Димишқ наздик омад, баногоҳ нуре аз осмон давродаври ӯ дурахшид; Ӯ бар замин афтод ва овозе шунид, ки мегуфт: «Шоул, Шоул! Барои чӣ маро таъқиб мекунӣ?». Гуфт: «Худовандо, Ту Кистӣ?» Худованд гуфт: «Ман он Исо ҳастам, ки ту Ӯро таъқиб мекунӣ; лагад заданат ба сихак душвор аст». Ва ӯ ба ларза ва даҳшат афтода, гуфт: «Худовандо! Чӣ амр мефармоӣ, то ки ба ҷо оварам?» Ва Худованд дар ҷавоб гуфт: «Бархез ва ба шаҳр бирав, ва дар он ҷо ба ту гуфта хоҳад шуд, ки чӣ бояд бикунӣ». Аъм. 9:3–6 Ман боз ҳам бештар ҳастам: дар меҳнатҳо бештар, дар зери зарбаҳо аз андозаи берун, дар зиндонҳо бештар, дар чанголи аҷал дафъаи бисьёр. Панҷ маротиба аз дасти яҳудиён як кам чилтагӣ тозиёна хӯрдам; Се бор маро калтаккорӣ карданд, як карат сангсор карданд, се карат киштии ман ғарқ шуда, шабу рӯзро дар қаъри баҳр гузарондам; Дафъаи бисьёр дар сафарҳо будам, дар хатарҳои дарьёҳо, дар хатарҳои роҳзанон, дар хатарҳо аз ҷониби қавми худ, дар хатарҳо аз ҷониби халқҳо, дар хатарҳо дар шаҳр, дар хатарҳо дар биёбон, дар хатарҳо дар баҳр, дар хатарҳо дар миёни бародарони козиб, дар меҳнат ва дар аҷз, аксар вақт бе хоб, дар гуруснагӣ ва ташнагӣ, аксар вақт дар рӯзадорӣ, дар сармо ва дар бараҳнагӣ. 2 Қӯр.11:23–27 ҚАҲРАМОНҲОИ НОМАЪЛУМ Қаҳрамонҳои ҳақиқиро шинохтан душвор аст. Онҳо ҳамчун қаҳрамонҳо наменамоянд. Ана ба шумо мисол. Дар Яҳудо ҳамроҳи ман ба таҳхонаи намнок дароед. Ба сӯрохии дари камераи ҳабсхона нигоҳ кунед. Дар бораи азобҳои одами дар фарш хобида андеша кунед. Ӯ навакак саршавии ҷараёни нави таърихро эълон кард. Аз пешгӯиҳои ӯ дигаргуншавии ҷаҳон оғоз ёфт, ки ду ҳазорсоларо дар бар мегирад. Таърихшиносони оянда ӯро шахси ҷасур ва бошарофат меноманд. Дар ин лаҳза дар ӯ ҳар касро дидан мумкин аст, аммо фақат чунин шахсияти каҳрамонро не. Рухсораҳои фурӯрафта. Риши пахмоқ. Дар рӯяш — мӯҳри ҳаяҷон ва дудилагӣ. Ӯ ба девори хунук такя кардааст, чашмонашро пӯшидаасту оҳи вазнин мекашад. Яҳё ҳеҷ гоҳ шубҳаро намедонист. Гуруснагиро хуб медонист. Танҳогии пурраро ҳам аз сар гузарондааст. Аммо шубҳаҳо? Онҳо ҳеҷ гоҳ набуданд. Танҳо боварии қатъӣ, мавъизаи ҷиддӣ, ҳақиқати бе пардоз. Чунин буд Яҳёи Таъмиддиҳанда. Бовариаш мисли офтоби биёбон қатъӣ. То ин вақт. Акнун офтоб ба куҷое ғайб зад. Ҷасорати ӯ нест шуд. Осмони софро абрҳо фаро гирифтанд. Ва дар пеши рӯи марг ӯ дастонашро ғолибона бардошта намеистад; баръакс, дар пеши ӯ саволҳо истодаанд. Кори охирини ҳаёти ӯ — на ин ки пешгӯии далерона, балки эътирофи дудилагии худ: «Чӣ тавр бояд донист, ки Исо Писари Худо аст ё не?» Саромади Масеҳ аз хато кардан метарсад. «Чӣ тавр донистан мумкин аст, ки ман дуруст эълон кардам ё не?» Чӣ тавр донистан мумкин аст, ки ман одамонро ба назди Масеҳи ҳақиқӣ равона кардам ё не? Чӣ тавр донистан мумкин аст, ки ман ҳақ будам ё ин ки фиреб хӯрдаам? (ниг. Мат. 11:2). На он қадар қаҳрамонона менамояд, ҳамин тавр не? Мо мехостем, ки Яҳё дар осоиштагӣ мемурд. Мо мехостем, ки кашфкунандаи заминҳои нав дурахшидани қуллаҳои кӯҳро бинад. Охир одилона аст, агар ба баҳрнавард дидани соҳил муяссар гардида бошад. Оҳир, магар Мусо пеш аз маргаш даштро надида буд (ниг. Так. Шар. 34:1–3)? Вале Яҳё — магар хеши Исо нест? Агар касе сазовори дидани охири роҳ бошад ҳам, ба ғайр аз ӯ дигар кист? Аз афти кор, мо ҳақ нестем. Муъҷизаҳоеро, ки дар бораи онҳо Яҳё пешгӯӣ мекард, ҳамин тавр ӯ надид. Подшоҳиеро, ки эълон карда буд, расидан натавонист. Ва акнун аз шубҳаҳо азоба мекашад: магар Касе ки ӯ нишон додааст, Масеҳ аст. Ӯ ба қаҳрамон монанд нест. Қаҳрамонҳо ин тавр наменамоянд. Зид нестед, агар ман, барои овардани мисоли дуюм, шуморо боз ба як ҳабсхона даъват намоям? * * * Ин дафъа ҳабсхона дар Рум аст. Маҳбусро Павлус меноманд. Кори Яҳёи Таъмиддиҳанда нишон додани Масеҳ буд, аммо кори Павлус — шарҳ додани таълимоти Ӯ. Яҳё роҳро кушод; Павлус бошад дар он фарсангсор гузошт. Павлус дар зиндони ситамгар мемирад. Дар бораи қатли ӯ дар ахбор чизе намегӯянд. Ягон шоҳид чизи рӯйдодаро тасвир намекунад. Вақте ки табар сари Павлусро мебурад, ҷамъияти румиён ҳатто мижа намезанад. Барои онҳо Павлус — танҳо паҳнкунандаи соддалавҳи дини бемаънӣ аст. Ба зиндон назар афканда худатон онро бинед: хамидақомат ва беҳол, занҷири ишкел — дар дасти посбони румие ки ӯро пеш мебарад. Дар назди шумо ҳаввории Худованд аст. Кӣ медонад, ки чанд вақт боз ӯ дар ҷогаҳи дуруст нахобидааст ва чанд вақт боз ӯ хӯроки дуруст нахӯрдааст? Си соли оворагардӣ ва мусибат, ва ӯ ба чӣ муваффақ шуд? Дар Филиппӣ — низоъ (ниг. Фил. 4), дар Қӯринтус — тақсимшавӣ, Ғалотия пур аз ҷонибдорони яҳудият. Крит аз дасти тамаъкорон азият мекашад (ниг. Тит. 1:11). Эфесус пур аз фосиқон аст. Ҳатто баъзе аз дӯстони Павлус аз ӯ рӯ тофтаанд. Шикасти пурра. Оила нест. Ягон хел молу мулк нест. Чашмонаш хира ва азобдида. Ҳа, ӯ лаҳзаҳои парвози худро дошт. Боре бо император сӯҳбат карда буд (ниг. Аъм. 27:24), аммо ӯро ба дини худ даровардан натавонист. Дар маҳфили мардонаи Арюпоги Атино баромад кард (ниг. Аъм. 17:22–33), аммо дигар ӯро ба он ҷо даъват накарданд. Чанд рӯзро ҳамроҳи Павлус ва бародарон дар Уршалим гузарронд, аммо бо онҳо муросо карда натавонист; маҷбур шуд аз он ҷо равад. Ва дигар ист намекард. Эфесус, Тасолуникӣ, Атино, Саркузо, Малит. Танҳо феҳристи бадбахтиҳои ӯ аз феҳристи ҷойҳое ки ӯ ба он ҷо сафар кардааст, дарозтар аст. Дар як шаҳр сангсор шудааст, дар дигараш бе ягон тин дармонд. Чанд боре ки қариб мурда буд, қариб ҳамон қадар ғарқ ҳам шуд. Агар ӯ дар ягон ҷо аз як ҳафта зиёдтар монда бошад, албатта, дар он ҷо зиндонӣ буд. Ҳеҷ гоҳ маош нагрифтааст. Маҷбур буд тамоми хароҷоти роҳро худаш пӯшонад. Кори иловагӣ мегирифт, то ки базӯр нӯг ба нӯг расонад. Қаҳрамон наменамуд. Ва дигар хел гап мезад. Ӯ худро гунаҳкори бузургтарини таърих меномид. То сарвари масеҳиён шудан, таъқибкунандаи онҳо буд. Баъзан дили ӯ чунон сангин буд, ки қалам дар варақ карахт шуда мемонд. «Вой бар ҳоли ман, ки шахси мискин ҳастам! Кӣ маро аз ин ҷисми гирифтори марг раҳоӣ медиҳад?» (Рум. 7:24). Фақат як худи осмон медонад, ки ӯ чанд вақт ба саволи навишташуда нигоҳ мекард, пеш аз он ки мантиқро як тараф партофта давом диҳад: «Худоро ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ шукр мегӯям. Пас, ман бо хиради худ шариати Худоро бандагӣ мекунам, вале бо ҷисми худ қонуни гуноҳро» (Рум. 7:25). Дар як лаҳза — боғайрат роҳбарӣ мекунад, дар лаҳзаи дигар — аз шубҳа азият мекашад. Як рӯз мавъиза мекунад, рӯзи дигарро дар зиндон мегузаронад. Тасаввур кунед, ки шумо ӯро намедонед. Шумо посбон ё ошпаз, ё ин ки ҷӯраи ким-кадом каллабур ҳастед, ва то вақте ки дар он ҷо табарро тез мекунанд, даромадед, то ки бори охир ба ин одам назар афканед. Намуди пире ки дар зиндон пойҳояшро кашола карда мегардад, на он қадар таъсирбахш аст. Аммо ман, ба тарафи шумо хам шуда, ба гӯшатон гуфтам: «Ин одам рафти таърихро тағйир медиҳад». Шумо уфф гуфтед, лекин ман давом медиҳам: «Шӯҳрати Нерон дар партави шарафи ин пирамард тира мегардад». Шумо ба ақиб рӯ гардондед ва бо ҳайрат ба ман нигоҳ мекунед. Ман давом медиҳам: «Калисоҳои бунёдкардаи ӯ нест мешаванд. Аммо на фикрҳои ӯ. Баъд аз дусад сол ақидаҳои ӯ ба таълимоти ҳар як мактаби динии масеҳӣ таъсир мерасонанд». Шумо сар меҷунбонед. «Ин мактубҳоро мебинед? Ана инҳоро, ки дар пергамент навишта шудаанд? Онҳоро ба ҳазор-ҳазор забонҳо тарҷима мекунанд, дар оянда онҳо ба тамоми эътирофҳои имон ва сарқонунҳо таъсир мерасонанд. Ҳар як одами барҷаста онҳоро мехонад. Ҳар яке». Тоқататон тоқ шуд: «Ин тавр шуданаш мумкин нест! Ин пирест, ки дини бемаъниро тарғиб мекунад. Ӯро қатл мекунанд ва, сараш ба замин нарасида, фаромӯшаш мекунанд». Ин ҷо чӣ гуфтан мумкин аст? Ва кадом одами оқил ба ин чиз шак меовард? Номи Павлусро мисли он хоке ки устухонҳои вай ба он мубаддал мегарданд, бод мебарад. Монанди устухонҳои Яҳёи Таъмиддиҳанда. Ягон одами дурандеш ба ақидаи дигар намеояд. Ҳар ду бошарафанд, аммо миранда. Нотарс, аммо хурд. Қатъӣ, аммо эътирофнашуда. Ягон кас, таъкид мекунам, ягон кас наомад, ки бори охирин бо фикре ки номҳои онҳоро чанд пушти авлодон ба ёд меоранд, ба онҳо нигоҳ кунад. Ҳамзамонони онҳо ҳатто имконият надоштанд, ки дар ин бора чизеро фаҳманд — мо ҳам. Бо ҳамин сабаб қаҳрамонон метавонанд дар бари шумо зиндагӣ кунанд, аммо эҳтимол шумо дар бораи онҳо ҳеҷ чиз намедонед. Ҳамон ҷавоне ки равғани мошини шуморо иваз мекунад, метавонад яке аз онҳо бошад. Қаҳрамони комбенизонпӯш? Аҷаб нест. Эҳтимол, вақти кор кардан ӯ Худоро парастиш мекунад ва аз Ӯ хоҳиш мекунад бо дили вай ҳам ҳамон кореро кунад, ки механик бо муҳаррики мошин мекунад. Мураббияи кӯдакистон, ки шумо фарзандонатонро дар он ҷо мемонед? Шояд. Эҳтимол, дар дуои пагоҳирӯзии вай ҳар як кӯдак бо умеди он номбар карда шудааст, ки ягон нафари онҳо замоне ҷаҳонро дигаргун мекунад. Кӣ гуфт, ки Худо ӯро намешунавад? Корманди полис, ки шартан пеш аз мӯҳлат озодшудагонро назорат мекунад? Эҳтимол. Эҳтимол, аз қабили ҳамон одамоне мебошад, ки ба ҷавонон ёрӣ мерасонад, то ки онҳо ҷинояткор нашаванд. Медонам, медонам. Ин одамон ба тасаввуроти мо дар бораи қаҳрамонҳо мувофиқат намекунанд. Онҳо хеле… хеле одӣ барин менамоянд. Ба мо ситораҳои калони унвондорро, ки номҳояшон дар сарлавҳаҳои рӯзномаҳо зикр мешаванд, нишон диҳед. Аммо чизе ба ман мегӯяд, ки ба ҳар як қаҳрамони дар зери равшании прожекторҳо буда, даҳҳо қаҳрамонони ноаён баробар меоянд. Дар бораи онҳо дар рӯзномаҳо наменависанд. Онҳо издиҳоми одамонро ҷамъ намекунанд. Онҳо ҳатто китоб ҳам наменависанд! Аммо ҳар як тарма аз зарраи барф сар мешавад. Сангреза аз сангча сар мешавад. Таркиши ҳастаӣ аз ҳастаи якум сар мешавад. Эҳёи рӯҳонӣ метавонад аз аз як мавъиза сар шавад. Таърих инро тасдиқ мекунад. Ҷон Эгглен дар ҳаёташ ягон бор мавъиза накардааст. Ягон бор. На ин ки ӯ намехост, фақат ҳеҷ кас ба он эҳтиёҷ надошт. Аммо як пагоҳӣ ҳама чиз тағйир ёфт. Шаҳри ӯ — Колчестери[16] Англияро барфи сафеди хаффак пахш кард. Вақте ки Эгглен субҳи ҳамон якшанбеи моҳи январи соли 1850 бедор шуд, карор дод, ки дар хона мемонад. Кӣ дар ин хел боду ҳаво ба калисо меояд? Аммо Эгглен ба ҳар ҳол аз фикраш гашт. Охир ӯ диакон буд. Агар диаконҳо ба калисо нараванд, он гоҳ кӣ ба он ҷо меравад? Ҳамин тавр ӯ пойафзол, палто ва шляпаашро пӯшиду шаш мил роҳро то калисои методистии худ тай кард. На танҳо ӯ дар бораи он фикр мекард, ки дар хона монад. Рости гап, ӯ дар қатори одамони хеле каме буд, ки ба ҳар ҳол омаданд. Танҳо сездаҳ нафар ҳузур доштанд. Дувоздаҳ тан аз қавми калисо ва як меҳмон. Ҳатто кашишро дар куҷое барф зер карда буд. Касе хона ба хона рафтанро пешниҳод кард. Эгглен дар ин бора шунидан ҳам намехост. Онҳо ба чунин дурӣ омаданд! Хизматгузорӣ мешавад. Ба ғайр аз ин, имрӯз онҳо меҳмон доранд. Писарбачаи сездаҳсола. Аммо кӣ мавъиза мекунад? Эгглен диакон буд. Яъне, ягон каси дигар не. Ва ӯ сар кард. Мавъизаи ӯ ҳамагӣ даҳ дақиқа давом кард. Фикрҳои ӯ дар кӯшишҳои якбора чизҳои бисёреро фаҳмондан парешон мешуданду дармемонданд ва шунавандагонро гаранг мекарданд. Аммо дар охир диаконро ҷасурии ғайриоддӣ фаро гирифт. Ӯ чашмонашро бардошт ва, рост ба писарбача нигоҳ карда, ӯро даъват намуд: «Ҷавон, ба Исо нигоҳ кун. Нигоҳ кун! Ба Ӯ нигоҳ кун!» Оё ин даъват таъсир кард? Мегузорем, ки худи писарбачае ки калонсол шудааст, ҷавоб диҳад: «Ман нигоҳ кардам, ва дар он ҷо, ҳамон вақт абр дили маро тарк намуд, торикӣ пароканда шуд, ва ман офтобро дидам». Номи писарбача чӣ буд? Ин Чарлз Ҳеддон Сперҷен буд. Подшоҳи воизони англис[17]. Оё Эгглен медонист, ки чӣ кор кард? Не. Оё қаҳрамонҳо медонанд, ки қаҳрамонӣ нишон додаанд? На ҳама вақт. Оё лаҳзаҳои таърихии саршударо пай бурдан мумкин аст? Ҷавоби ин саволро шумо медонед (агар надонед, ба гаҳвораи Байт-Лаҳм нигоҳ кунед ва бисёр чизҳоро мефаҳмед). Мо на ҳама вақт мефаҳмем, ки дар пеши чашми мо таърих рӯй медиҳад, аҳён-аҳён дарк мекунем, ки қаҳрамонро мебинем. Ва ин умуман бад нест, зеро агар мо ҳам ин ва ҳам онро мефаҳмидем, халал расонда метавонистем. Аммо мо бояд чашмонамонро кушода нигоҳ дорем. Шояд Сперҷени оянда ҳозир алафзори пеши хонаамонро медаравад. Ва қаҳрамоне ки ӯро рӯҳбаланд мекунад, аз он чи гумон мекунед, хеле наздиктар буда метавонад. Шояд шумо ӯро дар оинаатон мебинед. БАРОИ АНДЕШАРОНӢ ВА МУҲОКИМА 1. Чаро қаҳрамонон аксаран чун қаҳрамонон наметобанд? Шумо дар бораи қаҳрамонон чӣ тасаввурот доред? 2. Кадом қаҳрамонҳои берун аз прожекторҳоро шумо медонед? Қаҳрамонии онҳо дар чӣ зоҳир мегардад? 3. Оё шумо ягон вақт қаҳрамон будед? Оё барои ягон кас қаҳрамон буда метавонед? 4. Марқ. 1:1–8-ро хонед. Шумо Яҳёи Таъмиддиҳандаро бо забони ҳозиразамон чӣ гуна тасвир менамудед? Чӣ гуна намуди зоҳирӣ ва тарзи зиндагии ӯ барои иҷрои вазифааш ба ӯ ёрӣ мерасонданд? Ӯ аз кадом ҷиҳат қаҳрамон буд? 5. 2 Қӯр. 4:7–11; 6:4–10; 11:22–28-ро хонед. Аз ин порчаҳо дар бораи Павлус чиро фаҳмидед? Оё фаҳмидан мумкин аст, ки ӯ чӣ гуна қаҳрамон буд? Оё ин матнҳо шуморо рӯҳбаланд мекунанд ё ноумед менамоянд. Чаро? Боби 11. Ду ҷинояткор Ду ҷинояткорро низ бо Ӯ барои куштан мебурданд.Ва чун ба ҷое ки Косахонаи сар ном дорад, расиданд, дар он ҷо Ӯро, ва он ҷинояткоронро — яке аз дасти росташ ва дигаре аз дасти чапаш — маслуб карданд <…> Ва яке аз ҷинояткорони маслубшуда Ӯро дашном дода мегуфт: «Агар Ту Масеҳ бошӣ, Худро ва моро наҷот деҳ». Аммо дигаре, баръакс, вайро сарзаниш намуда, гуфт: «Оё ту аз Худо наметарсӣ, дар сурате ки худат низ ба ҳамин ҷазо маҳкум шудаӣ? Ҷазои мо аз рӯи инсоф аст, чунки мукофоти амали худро гирифтаем; лекин Ӯ ҳеҷ бадӣ накардааст». Ва ба Исо гуфт: «Эй Худованд, вақте ки ба Подшоҳии Худ бирасӣ, маро ба ёд овар!» Ва Исо ба вай гуфт: «Ба ростӣ ба ту мегӯям, ки имрӯз бо Ман дар биҳишт хоҳӣ буд». Луқ. 23:32–33, 39–43 ХУДО ИНТИХОБРО БА ШУМО ВОМЕГУЗОРАД Бо Эдвин Томас, шоҳи саҳна, шинос шавед. Дар нимаи дуюми асри XIX ин шахси қадпаст бо овози раъдмонанд рақибон надошт. Дар 15-солагӣ ӯ бори аввал дар «Ричарди III» нақш бозид ва ба зудӣ ҳунарпешаи асосии спектаклҳои Шекспир гардид. Дар Ню-Йорк ӯ боре сад бегоҳ пайиҳам нақши «Гамлет»-ро бозид. Дар Лондон ӯ сазовори таҳсини мунаққидони сахтгири британӣ гардид. Агар бораи фоҷиаҳо дар саҳна сухан ронем, Эдвин Томас дар он мақоми махсус дошт. Агар дар бораи фоҷиа дар зиндагӣ сухан ронем — ҳамчунин. Эдвин ду бародар дошт, Ҷон ва Ҷуниюс. Ҳар дуи онҳо, ба монанди Эдвин, касби ҳунарпешагиро интихоб намуданд, агарчи ба ӯ баробар шуда наметавонистанд. Дар соли 1863 ҳар се бародар истеъдодҳои худро дар дар спектакли «Юлий Сезар» муттаҳид намуданд. Он факт, ки Ҷон нақши Брутро интихоб намуд, сарахбори бадбахтие метобад, ки баъди ду сол бародаронро (ва тамоми кишварро) интизор буд. Зеро ҳамон Ҷон, ки дар «Юлий Сезар» нақши Брутро бозида буд, — ҳамон Ҷон, ки дар театри Форд нақши қотилро бозид, бегоҳии сарди соли 1865 ноаён ба нишастгоҳи театр дар шаҳри Вашингтон наздик шуда, ба сари Абраҳам Линколн тир парронд. Ҳа, фамилияи бародарон Бут буд — Эдвин Томас Бут ва Ҷон Уилкс Бут. Аз ҳамон рӯз Эдвин дигар ҳеҷ гоҳ чун пештара набуд. Хиҷолат барои ҷинояти бародараш ӯро водор намуд, ки аз саҳна равад. Агар гардиши ҳайратовари тақдир намебуд, шояд ӯ ҳеҷ гоҳ ба касби ҳунарпешагӣ барнамегашт. Эдвин дар истгоҳи роҳи оҳани Ню-Ҷерсӣ қатораро интизор буд. Ҳамин вақт як ҷавони хушлибос зери фишори издиҳом мувозинатро гум карда, ба болои релсҳо афтид. Эдвин ҳамон замон ба ёрии ӯ шитофт ва ӯро аз зери чархҳои қатораи наздикшаванда наҷот дод. Ҷавон нафасашро рост карда, Эдвин Бути машҳурро шинохт. Аммо Эдвин ҷавонеро, ки наҷот дод, нашинохт. Номи вай ба ӯ фақат баъди якчанд ҳафта аз номае ки ӯ гирифт, маълум шуд. Баъд ӯ ин номаро то охири умр дар кисааш нигоҳ медошт. Онро генерал Адамс Будйе, котиби асосии президент Улисс Симпсон Грант навишта буд. Дар нома ба Эдвин Бут барои наҷот додани писари қаҳрамони миллии Амрико — марҳум Абраҳам Линколн изҳори миннатдорӣ мекарданд. Гардиши ҳайратовари тақдир дар он буд, ки яке аз бародарон президентро кушт, бародари дигарӣ ҳаёти писари ӯро наҷот дод. Ҷавоне ки Эдвин Бут наҷот дод, чӣ ном дошт? Роберт Тодд Линколн.[18] Эдвин Бут ва Ҷон Бут. Ҳамон як падар, ҳамон як падар, як касб, табъи якхела. Аммо яке ҳаётро интихоб мекунад, дигарӣ — маргро. Чӣ тавр чунин шуда метавонист? Ман намедонам, аммо ҳамин тавр буд. Агарчи қиссаи ҳаёти ин бародарон драматикӣ аст, он нотакрор нест. Ҳобил ва Қобил, ду писари Одам. Ҳобил Худоро интихоб намуд. Қобил кушторро интихоб намуд. Ва Худо интихоби ӯро қабул намуд. Иброҳим ва Лут, ду муҳоҷир ба замини Канъон. Иброҳим Худоро интихоб намуд. Лут Садӯмро интихоб намуд. Ва Худо интиохоби ӯро қабул намуд. Довуд ва Шоул, ду подшоҳи Исроил. Довуд Худоро интихоб намуд, Шоул ҳокимиятро интихоб намуд. Ва Худо интихоби ӯро қабул намуд. Петрус ва Яҳудо, ҳар ду Худовандро инкор намуданд. Петрус бахшидашавиро интихоб намуд, Яҳудо — маргро. Ва Худо интихоби Ӯро қабул намуд. Дар ҳар асри таърихи инсоният, дар ҳар як саифаи Навишта ин ҳақиқат ошкор мегардад: Худо ба мо иҷозат медиҳад, ки худамон интихоб намоем. Ва ҳеҷ кас дар ин бора беҳтар аз Исо гап назадааст. Мувофиқи суханони ӯ, мо метавонем интихоб намоем: дари танг ё фарох (ниг.: Мат. 7:13–14); роҳи танг ё васеъ (ниг.: Мат. 7:13–14); бо кӣ ҷустан: бо бисёриҳо ё бо миқдори ками одамон (ниг.: Мат. 7:13–14); Мо метавонем интихоб намоем: бар санг бунёд намоем ё бар рег (ниг.: Мат. 7:24–27); ба Худо хизмат намоем ё ба мамуно (ниг.: Мат. 6:24); гӯсфанд ҳисобида шавем ё буз (ниг.: Мат. 25:32–33); «Ва онҳо [яъне касоне ки Худоро рад кардаанд] ба азоби ҷовидон хоҳанд рафт, вале росткорон — ба зиндагии ҷовидон» (Мат. 25:46). Худо ба мо имконияти дар абадият интихоб карданро медиҳад ва ин интихоб дар абадият натиҷаҳо дорад. Оё ин ба шумо се шахси дар Ҷолҷолто маслубшударо ёдрас намекунад? Оё ягон вақт фикр накардаед, ки чаро дар назди салиби Масеҳ боз ду салиб буд? Чаро на шаш ва на ҳафт салиб? Оё ягон вақт фикр накардаед, ки чаро Масеҳ дар миёна буд? Чаро аз канори чап ё рост не? Оё чунин буда наметавонад, ки ду салиб дар ин теппа рамзи яке аз атоҳои бузургтарини Худост? Атои интихоби озод. Он ду ҷинояткор бисёр умумиятҳо доштанд. Онҳоро ҳамон як маҳкама маҳкум карда буд. Ба онҳо ҳамон як ҳукм бароварда шуда буд. Онҳоро ҳамон як издиҳом иҳота карда буд. Онҳо дар масофаи баробар аз Исо маслуб шуда буданд. Умуман, онҳо бо ҳамон як муносибати истеҳзоомез ба Исо сар мекунанд: «Ҳамчунин роҳзаноне ки бо Ӯ ба салиб кашида шуданд, Ӯро дашном медоданд» (Мат. 27:44). Аммо баъд бо яке аз онҳо дигаргунӣ рӯй медиҳад. Ва яке аз ҷинояткорони маслубшуда Ӯро дашном дода мегуфт: «Агар Ту Масеҳ бошӣ, Худро ва моро наҷот деҳ». Аммо дигаре, баръакс, вайро сарзаниш намуда, гуфт: «Оё ту аз Худо наметарсӣ, дар сурате ки худат низ ба ҳамин ҷазо маҳкум шудаӣ? Ҷазои мо аз рӯи инсоф аст, чунки мукофоти амали худро гирифтаем; лекин Ӯ ҳеҷ бадӣ накардааст». Ва ба Исо гуфт: «Эй Худованд, вақте ки ба Подшоҳии Худ бирасӣ, маро ба ёд овар!» Ва Исо ба вай гуфт: «Ба ростӣ ба ту мегӯям, ки имрӯз бо Ман дар биҳишт хоҳӣ буд. Луқ. 23:39–43 Дар бораи дуои роҳзани тавбакарда бисёр гуфта шудааст, ва албатта рафтори ӯ сазовори ҳама гуна таҳсин аст. Аммо дар ҳоле ки мо барои ҷинояткори имоноварда шодӣ мекунем, оё ҷинояткори дигариро, ки тавба накард, сарфи назар карда метавонем? «Бо вай чӣ мешавад, Исо? Магар шахсан ба вай муроҷиат кардан даркор набуд? Магар дар чунин вазъият сухани насиҳат бамаврид намебуд?» Магар чӯпон 99 гӯсфандашро монда, ба ҷустуҷӯи як гӯсфанди гумшуда намеравад (ниг.: Мат. 18:12–13)? Магар зан хонаро намерӯбад, то даме ки ягона тангаи гумшударо ёбад (ниг.: Луқ. 15:8)? Ҳа, чӯпон ҷустуҷӯ мекунад, зан низ меҷӯяд, аммо падари писари гумроҳ, чунон ки дар ёд дорем, барои бозгардондани ӯ ҳеҷ кор накард (ниг.: Луқ. 15:11–32). Гӯсфанд на бо хости худ гум шуд. Танга на бо хости худ гум шуд. Аммо писари гумроҳ бо хости худ аз хона рафт. Падар ба ӯ ҳуқуқи интихобро дод. Исо ба ду ҷинояткор ҳамин гуна ҳуқуқро дод. Замонҳое мешаванд, ки Худо раъду барқ мефиристад, то ки моро бедор кунад. Замонҳое мешаванд, ки Худо васвасаҳоро мефиристад, то ки моро озмояд. Аммо чунин замонҳо низ мешаванд, ки Худо ғайр аз хомӯшӣ ҳеҷ чиз нафиристода, ба мо имкон медиҳад интихоб намоем, ки абадиятро дар куҷо мегузаронем. Ин чӣ атои муъҷизаосо аст! Аммо бисёр чизҳоро мо дар ҳаётамон интихоб карда наметавонем. Дар ин бора фикр кунед. Шумо ҳангоми таваллуд шудан ҷинси худро интихоб накардаед, миллат ва ҷои таваллудро интихоб накардаед. Гоҳо набудани интихоб моро ҳайрон мекунад. «Ин аз рӯи адолат нест», — мегӯем мо. Аз рӯи адолат нест, ки ман дар камбағалӣ таваллуд шудаам, ё бад месароям, ё ноӯҳдабароёна медавам. Аммо ҳангоме ки Худо дар боғи Адан он дарахтро шинонд, паллаи тарозуи ҳаётамон абадан ба тарафи адолат хам шуд. Ҳамаи шикоятҳоро хомӯшӣ фурӯ бурд, ҳангоме ки ба Одам ва авлодонаш озодии ирода, — озодии чунон интихоб дар абадият, ки мо мехоҳем, — дода шуд. Ҳама гуна беадолатӣ дар ин зиндагӣ бо имтиёзи интихоб намудани тақдире ки дар ҳаёти оянда хоҳем дошт, ҷуброн карда мешавад. Оё шумо розӣ нестед? Шумо мехоҳед, ки дигар хел бошад? Шумо принсипи дигарро интихоб мекардед, то ҳамаи он чиро, ки дар ин зиндагӣ мешавад, шумо интихоб кунед, аммо дар ҳаёти оянда ба куҷо рафтанатонро Худо интихоб намояд? Шумо шакли бинӣ, ранги мӯйҳо, генҳои худро интихоб мекунед, аммо Худо интихоб мекунад, ки шумо абадиятро дар куҷо мегузаронед. Оё шумо ҳақиқатан инро интихоб мекардед? Хеле хуб мебуд, агар Худо ба мо имкон медод, ки ҳаётамонро фармоиш диҳем, чунон ки дар тарабхона хӯрокро фармоиш медиҳем. Ман барои худ саломатии хуб ва фоизи зиёди ақл фармоиш медодам. Шунавоии идеалии мусиқӣ ба ман зарур намебуд, аммо ба ман мубодилаи босуръати моддаҳоро диҳед, ки ба шарофати он калорияҳои зиёдатӣ месӯзанд… Ин олидараҷа мебуд. Аммо чунин нашуд. Ҳангоме ки сухан дар бораи ҳаёти заминии шумо меравад, шумо ҳуқуқи овоз додан надоред. Аммо ҳангоме ки сухан дар бораи ҳаёт пас аз марг меравад, ҳамаашро шумо ҳал мекунед. Дар китоби ман ин чун мубодилаи боинсофонатарин метобад. Ҳамин тавр не? Оё мо, назар ба ҳуқуқи интихоб, имтиёзи бештареро ба даст оварда метавонистем? Чунин имтиёз на танҳо ҳама гуна беадолатиро кафорат мекунад, ба шарофати озодии ирода ҳама гуна хатоямонро ислоҳ кардан мумкин аст. Дар бораи ҷинояткоре ки тавба кард, андеша намоед. Агарчи мо дар бораи ӯ маълумоти кам дорем, як чизро медонем — дар ҳаёти худ ӯ бисёр хатоҳои даҳшатовар карда буд. Ӯ шарикони бад, принсипҳои фосиди ахлоқ, роҳи нодурусти ҳаётро интихоб намуд. Аммо оё шумо чунин меҳисобидед, ки ҳаёти ӯ ба чизҳои беҳуда сарф шудааст? Оё ӯ ҳозир дар абадият натиҷаи қарорҳои ҳалокатовари худро аз сар гузаронда истодааст? Не, тамоман баръакс. Ӯ самари як амали дурусти худро ғундошта истодааст. Дар ниҳояти кор ҳамаи қарорҳои бади ӯ бо як амали хуб кафорат карда мешаванд. Шумо низ дар ҳаёти худ қарорҳои бад қабул кардаед, ҳамин тавр не? Дӯстони нодуруст ё на он касбро интихоб намудед, шояд ҳатто дар оиладоршавӣ хато кардед? Ба гузаштаи худ нигариста, шумо мегӯед: «Кошки… кошки қарорҳои хатои худро ислоҳ карда метавонистам». Шумо метавонед. Як интихоби дуруст дар абадият ҳазор хатои дар замин содиркардаатонро ислоҳ карда метавонад. Интихоб аз шумост. Чӣ тавр чунин буда метавонад, ки ду бародар аз як модар ба дунё омадаанд, дар як хона ба воя расидаанд, аммо яке ҳаётро интихоб намуд, аммо дигарӣ — маргро? Ман сабабашро намедонам, аммо ҳамин тавр буд. Чӣ тавр чунин буда метавонад, ки ду шахс дар як вақт ва Исо менигаристанд, аммо яке қарор дод, ки Ӯро масхара кунад, аммо дигарӣ — ба Ӯ дуо гӯяд? Ман сабабашро намедонам, аммо ҳамин тавр буд. Ва ҳангоме ки ҷинояткор дуо мегуфт, Исо ба қадри кофӣ ӯро дӯст медошт, то наҷот диҳад. Ва ҳангоме ки ҷинояткори дигар масхара мекард, Исо ба қадри кофӣ ӯро дӯст медошт, то роҳ диҳад, ки ӯ чунин кунад. Ӯ интихобро ба худи онҳо вогузошт. Ва айнан ҳамин тавр Ӯ интихобро ба шумо вомегузорад. БАРОИ АНДЕШАРОНӢ ВА МУҲОКИМА 1. Шумо чӣ фикр доред, чаро Худо интихобро ба мо вомегузорад? 2. Ҳозир бояд кадом қадами қарорҳои ҷиддиро қабул намоед? Шумо инро чӣ тавр мекунед? 3. «Худо ба мо имконияти дар абадият интихоб карданро медиҳад ва ин интихоб дар абадият натиҷаҳо дорад». «Дар абадият интихоб кардан» чӣ маъно дорад? 4. «Замонҳое мешаванд, ки Худо раъду барқ мефиристад, то ки моро бедор кунад. Замонҳое мешаванд, ки Худо васвасаҳоро мефиристад, то ки моро озмояд. Аммо чунин замонҳо низ мешаванд, ки Худо ғайр аз хомӯшӣ ҳеҷ чиз нафиристода, ба мо имкон медиҳад интихоб намоем, ки абадиятро дар куҷо мегузаронем». Бигӯед, ки кай Худо раъду барқро фиристода буд, то ки шуморо бедор кунад? Оё Ӯ васвасаҳоро фиристода буд, то ки шуморо озомояд? Фаҳмонед. Чаро Худо хомӯш аст, ҳангоме ки мо бояд чунин интихоби фундаменталӣ кунем? 5. Так. Шар. 30:19–20 ва Еҳуш. 24:14–15-ро хонед. Дар ин матнҳо дар бораи кадом имкониятҳои интихоб гуфта шудааст? Кӣ бояд интихоб намояд? Шумо дар ин соҳаи муҳими ҳаёт чӣ гуна интихоб мекунед? Фаҳмонед. Боби 12. Мусо Ва Мусо рамаи падарарӯси худ Йитрӯ, коҳини Мидёнро мечаронид, ва рамаро ба он тарафи биёбон бурд, ва ба Ҳӯриб, ки кӯҳи Худо бошад, омад. Ва фариштаи Парвардигор дар алангаи оташ аз миёни хорбуттае ба вай зоҳир шуд; вай дид, ки инак хорбутта дар оташ фурӯзон аст, валекин хорбутта намесӯзад. Ва Мусо гуфт: «Наздик омада, ин манзараи аҷоибро бубинам, ки чаро хорбутта намесӯзад». Ва Парвардигор дид, ки вай барои дидан наздик меояд, ва Худо аз миёни хорбутта сӯи вай хонда, гуфт: «Мусо, Мусо!» Вай гуфт: «Лаббай!» Ва Ӯ гуфт: «Ба ин ҷо наздик наой; кафшҳоятро аз пойҳоят бикаш, зеро маконе ки ту дар он истодаӣ, замини муқаддас аст». Ва гуфт: «Ман Худои падарат ҳастам, Худои Иброҳим, Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб»…<> Ва Парвардигор гуфт: «…алҳол, инак доду фарёди банӣ Исроил сӯи Ман расидааст; ва низ зулмеро, ки мисриён ба онҳо мекунанд, дидаам. Ва алҳол биё, ки туро назди фиръавн бифиристам, то ки қавми Ман — банӣ Исроилро аз Миср берун оварӣ». Хур. 3:1–6, 7, 9–10 ОВОЗ АЗ САТИЛ БО ШВАБРА Дар долон хомӯшӣ, фақат ғиҷирроси чархҳои сатил бо швабра ва садои пойҳои пирамард шунида мешаванд? Ҳам ин, ҳам он садои дилгиркунанда доранд. Ӯ ин фаршҳоро хуб медонад. Ҳэнк онҳоро аз кай инҷониб мешӯяд? Ҳамеша бо ҷиддият ҳамаи кунҷу канорҳоро тоза мешӯяд. Ҳамеша лавҳачаи зардро, ки дар хусуси тар будани фарш огоҳӣ медиҳад, овехта мемонад. Дар айни ҳол ҳамеша табассум мекунад. «Ба ҳама маслиҳат медиҳам, ки боэҳтиёт бошанд», — табассум намуда мегӯяд ӯ, агарчи медонад, ки дар ин ҷо касе нест. Охир ҳозир соат сеи шаб аст. Саломатии Ҳэнк акнун чун пештара нест. Дарди банду буғумҳо хобидан намемонад. Аз боиси артрит Ҳэнк мелангад. Шишаҳои айнаки ӯ чунон ғафс мебошанд, ки аз паси онҳо чашмони ӯ ду баробар калон метобанд. Китфонаш хамидаанд. Аммо ӯ кори худро медонад. Оби собундорро ба линонеум мепошад. Пайҳои фаъолияти пурҷӯшу хурӯши ҳуқуқшиносони маоши баланд мегирифтаро пок мекунад. Ӯ корашро як соат пеш аз басти корӣ ба охир мерасонад. Ҳамеша пеш аз мӯҳлат ба охир мерасонад. Ҳамеша пештар анҷом медиҳад. Аллакай бист сол инҷониб. Дар охир ӯ бакро бо швабра ба анбор мемонад, дар назди кабинети сарҳуқуқшинос ба курсӣ мешинад ва интизор мешавад. Ҳеҷ гоҳ пеш аз вақт намеравад. Ҳеҷ кас намефаҳмад. Аммо ӯ намеравад. Як дафъа ӯ қоидаро вайрон кард. Акнун бас аст. Гоҳо, агар дар кушода бошад, ӯ ба ягон кабинет медарояд. Ба муддати кӯтоҳ. Фақат барои дидан. Кабинет аз тамоми манзили зисти ӯ калонтар аст. Ангушташро ба болои миз мекашад. Чарми мулоими диванро тап-тап мезанад. Дар назди тиреза истода, нигоҳ мекунад, ки чӣ тавр дар осмони тира аввалин нури тиллоранг ба худ роҳ мекушояд. Ва он гоҳ ӯ ба ёд меоварад. Замоне ӯ ҳамин гуна кабинет дошт. Замоне Ҳэнк Ҳенрӣ ном дошт. Он вақт фаррош ҷонишини президенти ширкат буд. Кайҳо. Пеш аз ин бастҳои шабона. Пеш аз ин сатил бо швабра. Пеш аз ин униформа. Пеш аз он фалокат. Ҳозир Ҳэнк дар ин бора бисёр фикр намекунад. Ин маъное надорад. Дар ҷинояти ҳангомадоре айбдор гардид, корманди нодаркор шуд, аз кор ронда шуд. Ана ҳамин тавр. Кам касе дар ин бора медонад. Ҳамин тавр буданаш беҳтар аст. Ба онҳо нақл кардан нафъе надорад. Ин сирри ӯст. Дар омади гап, қиссаи Ҳэнк — қиссаи воқеӣ аст. Ман танҳо ном ва баъзе ҷузъиётро дигар кардам. Ман ба ӯ кори дигар додам ва ба садсолаи дигар гузарондам. Аммо ин қисса дар фактҳо асос ёфтааст. Шумо онро шунидаед. Шумо онро медонед. Ҳангоме ки ман номи ҳақиқии ӯро мегӯям, шумо ба ёд меоваред. Аммо ин қисса на танҳо воқеӣ аст, он боз хеле паҳншуда низ ҳаст. Ин қиссаи орзуи барбодрафта аст. Ин қиссаи майлу ҳавасҳои олӣ аст, ки ба воқеият бархӯрдааст. Ин бо ҳар касе ки орзу мекунад, рӯй медиҳад. Ва азбаски ҳамаи мо орзу мекунем, ин бо ҳамаи мо рӯй медиҳад. Дар мавриди Ҳэнк гап дар як хато буд, ки онро ӯ ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад. Хатои таассуфангез. Ӯ касеро кушт. Ба авбоше дучор шуд, ки роҳгузари бегуноҳро лату кӯб мекард, ва худдорӣ карда натавонист. Ӯ он разилро кушт. Ҳангоме ки ин ба ҳама маълум шуд, қарор дод, ки пинҳон шавад. Пинҳон шудан назар ба зиндонӣ шудан беҳтар аст. Ҳэнг рӯ ба гурез ниҳод. Аз шахси баландмартабаи ҷамъият ба гуреза табдил ёфт. Қиссаи воқеӣ. Қиссаи ҳақиқӣ. Агарчи дар аксари мавридҳо кор то ин дараҷа намерасад, чунон ки бо Ҳэнк рӯй дод. Кам касе нисфи умр аз қонун гурезон мешавад. Аммо бисёр касон бо афсӯсу надомат аз гузашта зиндагӣ мекунанд. — Ман ба коллеҷ бо идрорпулӣ барои бозии голф дохил шуда метавонистам, — гуфт ба ман як рафиқам ҳафтаи гузашта, ҳангоме ки мо голф бозӣ мекардем. — Онҳо худашон ба ман пешниҳод карда буданд. Аммо он вақт ман бо як дастаи мусиқии рок банд будам. Дар охир ман ба ҳеҷ куҷо дохил нашудам. Акнун дар таъмири дарҳои гаражҳо дармондаам. «Акнун… дармондаам». Навиштаҷот дар мақбараи орзуи барбодрафта. Албоми хатми мактабро гиред ва рубрикаи «Бо чӣ кор машғул шудан мехоҳам»-ро дар зери ҳар як сурат хонед. Аз ҳавои ками қуллаҳои кӯҳҳо нафасгир мешавед. «Хатм намудани донишгоҳ аз «лигаи гули печак»»; «Китоб навишта дар Швейтсария зиндагӣ кардан»; «Дар кишвари ҷаҳони сеюм духтур будан»; «Таълим додан ба кӯдакон дар гетто». Аммо албоми бистсолагии хатмро гиред ва дигар суханонро хонда метавонед. Баъзе орзуҳо амалӣ шудаанд, аммо бисёрии онҳо барбод рафтаанд. Ва умуман, беҳтар он аст, ки на ҳамаи онҳо амалӣ гарданд. Ман умедворам, ки писараке ки гӯштингири сумо шудан мехост, аз раъяш гаштааст. Ман умедворам, ки ӯ дар рафти зиндагӣ ғайратмандии худро аз даст надод. Дигар шудани майлу ҳавасҳои ҳаётӣ фоҷиа нест. Фоҷиа он аст, ки кас дигар ҳаловати зиндагиро ҳис намекунад. Дар роҳ ба сӯи орзу бо мо чизе рӯй медиҳад. Майли дигаргун кардани ҷаҳон то дараҷаи сари вақт пардохт намудани пули суратҳисобҳо кам мешавад. Мо аллакай инқилоб ба амал намеоварем, мо пул ба даст меоварем. На ба оянда, балки ба гузаштаи худ менигарем. На ба ҷаҳони калон, балки ба он чи дар ботинамон аст, менигарем. Ва он чи мебинем, ба мо маъқул нест. Ба Ҳэнк низ маъқул набуд. Ӯ шахсеро медид, ки ба мавҷудияти қаноатбахш ва тира тозӣ шудааст. Ӯ дорои маълумоти олӣ буд, тайёрии сатҳи баландтаринро дошт, аммо ҳоло дар ивази музди ночиз ба басти шабонаи фаррошӣ мебарояд, ба хотири он ки рӯзона ӯро касе набинад. Аммо ҳамааш он вақт тағйир ёфт, ки Ҳэнк овозеро шунид, ки аз даруни сатил бо швабра мебаромад (ман огоҳ карда будам, ки қисса тамоман воқеӣ аст!). Дар аввал Ҳэнк гумон кард, ки ин ягон шӯхӣ аст. Яке аз ҳамкорон аз ошёнаи сеюм ҳамин гуна ҳазлҳоро дӯст медошт. — Ҳенрӣ, Ҳенрӣ! — ҷеғ зад овоз. Ҳэнк ба гирду пеш нигарист. Ӯро кайҳо инчунин касе «Ҳенрӣ» гуфта ҷеғ назада буд. — Ҳенрӣ, Ҳенрӣ! Ҳэнк ба тарафи сатил нигарист. Сатил бо ранги сурхи баланд медурахшид. Бо ранги суп-сурх. Гармӣ аз масофаи даҳ метр ҳис карда мешуд. Ҳэнк наздиктар рафта, эҳтиёткорона ба сатил нигарист. Об намеҷӯшид. — Аҷабо, — зери лаб гуфт Ҳэнк ва пояшро бардоштанӣ шуд, то ки як қадам наздиктар равад ва беҳтар дида тавонад. Аммо овоз ӯро боздошт. — Наздиктар набиё. Пойафзолатро каш. Ту бар лавҳаҳои муқаддас истодаӣ. Ҳэнк ногоҳ фаҳмид, ки бо ӯ Кӣ гап зада истодааст. — Худо?! Ман инро бофта набаровардаам. Мефаҳмам, ки шумо дарҳол гумон кардед, ки ман дурӯғ гуфтам. Ҳамаи ин хеле ғайримуқаддарӣ метобад. Қариб монанди куфр гуфтан. Худо аз сатил бо швабра ба Ҳэнк ном фаррош муроҷиат мекунад? Агар ман ба шумо мегуфтам, ки Худо аз буттаи фурӯзон ба Мусо ном чӯпон муроҷиат кард, оё бовар мекардед? Шояд ба қиссаи Мусо бовар карданатон осонтар бошад, — чунки шумо онро пештар шунида будед. Аммо аз боиси он ки дар он сухан на дар бораи Ҳэнк ва сатил бо швабра, балки дар бораи Мусо ва буттаи фурӯзон меравад, ҳайратовар будани ҳикоят камтар намешавад. Албатта, Мусо тирвор аз пойафзолаш ҷаста баромад. Маълум нест, ки чӣ чиз Мусоро бештар ҳайрон кард: аз бутта сухан гуфтани Худо ё умуман гап задани Ӯ. Мусо, ба монанди Ҳэнк, боре хатои нобахшиданӣ кард. Шумо қиссаи ӯро медонед (ниг.: Хур. 2). Писархонд дар оилаи ашрофон. Исроилӣ, ки дар қасри мисриён ба воя расидааст. Ҳамқавмонаш ғулом буданд, аммо Мусо мавқеи имтиёзнок дошт. Дар сари дастурхони подшоҳ нишаста, хӯрок мехӯрд. Муаллимони беҳтарин ба ӯ таълим медоданд. Аммо муаллими асосии ӯ унвонҳои илмӣ надошт. Чунин муаллим барои ӯ модараш буд. Яҳудизане ки барои нигоҳубин кардани ӯ киро карда шуда буд. «Мусо, — гӯё мо пичирроси ӯро мешунавем, ҳангоме ки ӯ бо писари хурдакакаш танҳо мемонад, — туро ба ин ҷо овардани Худо беҳуда нест. Боре ту халқи худро озод мекунӣ. Фаромӯш накун, Мусо, фаромӯш накун». Мусо фаромӯш накард. Алангаи майл ба адолат торафт бештар фурӯзон мешуд, то даме ки ба таври тавоно дурахшид. Мусо мисриеро дид, ки исроилии ғуломро мезанад. Ҳэнк авбошро кушт, Мусо бошад мисриро кушт. Рӯзи дигар Мусо ҳамон исроилиро дид. Шумо гумон мекунед, ки ғулом ба халоскунандаи худ миннатдорӣ баён намуд? Не. Дар ӯ на шукргузорӣ, балки кина сокин буд. «Оё ту қасд дорӣ маро бикушӣ, чунон ки он мисриро куштӣ?» (ниг.: Хур. 2:14). Мусо фаҳмид, ки ӯ дар хатар аст. Ӯ аз Миср гурехта, дар биёбон пинҳон шуд. Чунон ки мегӯянд, соҳаи фаъолияти худро дигар кард. Ба ҷои хӯрокхӯрӣ дар сари дастурхони сарвари давлат — ҳисоб кардани саршумори гӯсфандон. Инро пешрафт дар мартаба номидан ғайриимкон аст. Ҳамин тариқ, исроилии болаёқат ва ояндадор дар теппаҳо гӯсфандбонӣ мекард. Аз «Лигаи гули печак» — ба ҷамъияти гӯсфандон. Аз Кабинети мудаввар — ба кабинаи таксӣ. Аз бозии голф — ба кандани канализатсия. Мусо гумон дошт, ки ин тағйирот барои ҳамеша аст. Ишорае ҳам ба он нест, ки ӯ мехост ягон вақт ба Миср баргардад. Мо ҳамаи асосҳоро дорем чунин ҳисобем, ки ӯ тамоман намехост аз гӯсфандонаш ҷудо шавад. Пойлуч дар назди бутта истода, ӯ оҳ мекашид: «Ман кистам, ки назди фиръавн равам ва банӣ Исроилро аз Миср берун оварам?» (Хур.: 3:11). Ман хурсандам, ки Мусо чунин савол дод. Саволи хеле хуб. Чаро маҳз Мусо? Ё, боз аниқтар, чаро маҳз Мусои ҳаштодсола? Вариант бо Мусои чилсола боварибахштар метофт. Мусое ки дар Миср дида будем, ҷасур буд ва ба худ боварӣ дошт. Аммо Мусое ки баъди чил сол мебинем, дар худ маҳдуд шудааст ва рӯҳафтода метобад. Агар мо ба Мусо дар Миср менигаристем, мегуфтем: «Инак шахсе ки тайёр аст ба муҳориба равад». Беҳтарин донишгоҳҳои ҷаҳонро хатм кардааст, Ӯро ҷанговарони пуртаҷиба таълим додаанд. Ба доираи танги муоширати фиръавн дохил аст. Мусо бо мисриён ба забони онҳо гап мезанад ва урфу одатҳои онҳоро медонад. Ӯ барои ин кор шахси муносибтарин аст. Мусои чилсола ба мо маъқул аст. Аммо ҳаштодсола? Не. Беҳад пир аст. Аз зиндагӣ хеле хаста шудааст. Аз ӯ чун аз чӯпон бӯй меояд. Дар гуфтори ӯ як чизи аҷнабӣ ҳаст. Ӯ ба фиръавн чӣ гуна таассурот гузошта метавонад? Ӯ барои чунин кор муносиб нест. Худи Мусо ҳам бо мо розӣ мешуд. «Ман аллакай чунин корро карда дида будам, — гуфта метавонист ӯ. — Ин одамон намехоҳанд, ки касе ба онҳо ёрӣ диҳад. Беҳтараш ман гӯсфандони худро бонӣ кунам Онҳоро ба ҳар ҷо бурдан хеле осонтар аст». Мусо назди фиръавн намерафт. Шумо ӯро назди фиръавн намефиристодед. Ман ӯро назди фиръавн намефиристодам. Аммо Худо ӯро назди фиръавн фиристод. Инро чӣ гуна маънидод мекунед? Дар чилсолагӣ аз майдон дур карда шуд, аммо дар ҳаштодсолагӣ боз даркор шуд. Чаро? Акнун ӯ чӣ чизро медонад, ки он вақт намедонист? Ӯ дар биёбон чиро омӯхт, ки дар Миср омӯхта наметавонист? Аввалан, ҳамаи илму дониши ҳаёти кӯчманчигиро омӯхт. Мусои чилсола сокини шаҳр буд. Мусои пиронсол дар биёбон ҳар як мор ва ҳар як сангеро, ки дар зери он об ҳаст, медонад. Азбаски ӯ бояд ҳазорҳо исроилиёнро аз биёбон гузаронда барад, бояд дар он зинда монданро донад. Сониян ҳамаи илму дониши ҳаёти оилавиро донад. Агар чил сол бо миқдори бешумори оилаҳо оворагардӣ карданаш даркор бошад, бояд дар хусуси ҳаёти оилавӣ тасаввурот дошта бошад. Ӯ оилаи худро дорад, — бо зани имондор, духтари коҳини Мидён, оиладор шудааст (ниг.: Хур. 2:16). Аммо барои Мусо, дар баробари ҳамаи илму донишҳои ҳаёти оилавӣ ва зинда мондан дар биёбон, дар бораи худ чизеро донистан хеле муҳимтар буд. Аз афташ, Мусо ҳама чизи даркориро аз худ намуд. Худо гуфт, ки акнун ӯ тайёр аст. Ва барои он ки худи Мусоро бовар кунонад, Худо ба ӯ аз буттаи фурӯзон муроҷиат мекунад (диққати Мусоро бо ягон чизи назаррас ҷалб намудан даркор аст). «Таълим дар мактаб ба охир расид», — мегӯяд ба ӯ Худо. — Акнун аз пайи кор шав». Мусои бечора. Ӯ тамоман намедонист, ки ба рӯйхати аз конкурс гузаштаҳо дохил шудааст. Аммо ӯ дар рӯйхат буд. Ва оё медонед чӣ? Шумо ҳам дар ин рӯйхат ҳастед. Овоз аз буттаи фурӯзон — ҳамчунин шахсан ба шумо равона карда шудааст. Он ба шумо ёдрас мекунад, ки кор бо шумо ҳанӯз ба охир нарасидааст. Шумо метавонистед дигар хел фикр кунед. Шумо метавонистед фикр кунед, ки кори асоситаринро аллакай ба ҷо овардаед. Шумо метавонистед фикр кунед, ки Ӯ барои иҷрои нақшаи Худ ягон каси дигарро пайдо мекунад. Агар чунин бошад, бори дигар фикр кунед. «…Ӯ ки дар шумо ба кори хайр шурӯъ намудааст, онро то рӯзи Исои Масеҳ ба анҷом хоҳад расонд» (Флп. 1:6). Оё мефаҳмед, ки Худо чиро ба анҷом хоҳад расонд? Кори хайрро дар шумо. Оё мефаҳмед, ки кай Ӯ онро ба анҷом хоҳад расонд? Дар рӯзи бозомадани Исои Масеҳ. Оё мумкин аст, ки ба шумо боз як хабарро расонам? Худо ҳанӯз корро бо шумо ба охир нарасондааст. Падаратон мехоҳад, ки шумо инро донед. Ва барои он ки шумо ба ин боварӣ ҳосил намоед, Ӯ метавонад шуморо хеле ҳайрон кунад. Ӯ метавонад бо шумо аз буттаи фурӯзон, аз сатил бо швабра, ё аз саҳифаҳои ин китоб гап занад. БАРОИ АНДЕШАРОНӢ ВА МУҲОКИМА 1. Оё бо мурури он ки шумо калонсолтар мешавед, ақидаҳоятон тағйир меёбанд? Агар ҳа, ба кадом самт? Шумо ба худ нигариста, чиро мебинед? Фаҳмонед. 2. Оё шумо ба Мусо супориш медодед, ки исроилиёнро аз ғуломии Миср берун оварад? Фаҳмонед. 3. Шумо чӣ фикр доред, Худо дар Мусо чиро дид? Шумо чӣ фикр доред, Ӯ дар шумо чиро дида метавонад? 4. Шумо чӣ фикр доред, Худо шуморо чун пештара ба чӣ кор даъват карда метавонад? 5. Флп. 1:6-ро хонед. Дар ин оят чӣ ваъдаҳо дода шудаанд? Онҳо ҳаёти шуморо чӣ тавр дигаргун карда метавонанд? Оё онҳо ба тарзи зиндагии шумо таъсир расонда метавонанд? Фаҳмонед. Боби 13. Юсуф Ва Юсуф аз ақиби бародарони худ рафта, онҳоро дар Дӯтон ёфт. Вале онҳо ӯро аз дур диданд, ва пеш аз он ки ба онҳо наздик ояд, қасд карданд, ки ӯро бикушанд. Ва ба якдигар гуфтанд: «Инак, соҳиби хобҳо ба ин ҷо меояд; акнун биёед, ӯро бикушем ва ба яке аз ин чоҳҳо биафканем, ва гӯем, ки ҳайвони даррандае ӯро хӯрдааст; ва бубинем, ки хобҳояш чӣ мешавад». Вале Реубен инро шунида, ӯро аз дасти онҳо раҳо кард, ва гуфт: «Ӯро накушем!» Ва Реубен ба онҳо гуфт: «Хун нарезед; ӯро ба ин чоҳе ки дар биёбон аст, биафканед, ва бар ӯ дастдарозӣ накунед». Мехост, ки ӯро аз дасти онҳо раҳонида, назди падари худ гардонда фиристонад. Вақте ки Юсуф назди бародарони худ расид, куртаи Юсуфро, он куртаи рангинро, ки дар бар дошт, кашиданд, ва ӯро гирифта, дар чоҳ афканданд; вале чоҳ холӣ буд: об надошт <…> Ва ҳангоме ки тоҷирони мидёнӣ аз пеши онҳо мегузаштанд, Юсуфро аз чоҳ кашида бароварданд, ва Юсуфро ба исмоилиён ба бист сиккаи нуқра фурӯхтанд; ва Юсуфро ба Миср бурданд <…> Ва бародарони Юсуф диданд, ки падари онҳо вафот кард, ва гуфтанд: «Шояд Юсуф ба мо кина варзида, қасоси он бадиеро, ки ба ӯ кардем, аз мо бигирад?» Ва ба касе фармуданд, ки ба Юсуф бигӯяд: «Падарат пеш аз вафоти худ васият карда, гуфта буд: Ба Юсуф чунин бигӯед: марҳамат фармуда гуноҳ ва хатоҳои бародаронатро, ки ба ту бадӣ кардаанд, бубахш»; ва акнун гуноҳи бандагони Худои падаратро бубахш». Ва ҳангоме ки ба ӯ гуфтанд, Юсуф бигирист. Ва бародаронаш низ омада, пеши ӯ афтоданд, ва гуфтанд: «Инак, ғуломони ту ҳастем». Ва Юсуф ба онҳо гуфт: «Натарсед; оё ман дар ҷои Худо ҳастам? Шумо дар ҳаққи ман қасди бад доштед, вале Худо онро ба некӯӣ гардонид, то коре кунад, ки мардуми зиёдро зинда нигоҳ дорад Ҳас. 37:17–24, 28; 50:15–20 ҲАНГОМЕ КИ ЧИРЧИРАКҲО БЕЗОР МЕКУНАНД Пешакӣ хоҳиш мекунам, ки агар ин боб каме берабт барояд, маро бубахшед. Ман ҳангоми навиштани он асабонӣ мешавам. Маро чирчирак асабонӣ мекунад. Беҳад безоркунанда. Он дар куҷое пинҳон шудааст. Ва ҳамин ки ман онро ёбам, ҳолаш табоҳ мешавад! Ман барвақт ба кабинети худ омадам. Ду соат пеш аз занги соат ман аллакай дар ҷои худ будам. Остинҳоямро барзада, компютерро ба кор андохтам. «Телефонро хомӯш мекунам», — фикр мекардам ман. «Барвақттар сар кунам, бештар кор мекунам, — нақша мекашидам ман. — Аз саҳарӣ барои тамоми рӯз табъи болида муҳайё мекунам». Аммо… «Кошки ин чирчиракро ёфта мегирифтам!» — акнун гаштаву баргашта ҳамин суханонро такрор карда метавонам ман. Умуман, ман ба табиат ҳеҷ зид нестам. Масалан, чаҳ-чаҳи парандагони хушхон ба ман хеле маъқул аст. Аммо пеш аз субҳ чир-чир кардани чирчирак маро асабонӣ мекунад. Аз ҳамин сабаб ман ба зону истода, дар ҳуҷра хазида, ба ҷустуҷӯи сарчашмаи садо сар кардам. Ба зери ҷевонҳо нигаристам. Китобҳоро аз рафҳо гирифтам. Ба шикам дароз кашида, зери мизи хатнависиро даст-даст карда кофтам. Чӣ хел таҳқиромез! Ҳашароти андозааш на калонтар аз нохун ба ман кор кардан намемонад. Куҷост ин мавҷуди ночиз, ки марди калонсолро ба сайёди ҳашарот табдил медиҳад! Ниҳоят, ман дар куҷо будани он нобакорро фаҳмидам. Он дар паси раф аст. Дастнорас. Дар паноҳгоҳи фанерӣ пинҳон шудааст. Ман ручкаҳоро ба девори паси раф партофтан гирифтам. «Тақ! тақ! тақ!» Яке паси дигар. Дар натиҷа чирчирак дамашро гирифт. Мутаассифона, танҳо як дақиқа. Бинобар ин дарҳамбарҳамии суханамро бубахшед, зеро пас аз ҳар як банди навиштаҳоям ручка партофтанро сар мекунам. Кор кардан ғайриимкон аст. Рӯзро хуб сар кардан ғайриимкон аст. Ба фарш ҳама гуна чизҳо партофта шудаанд. Шимам пур аз чанг шудааст. Равиши фикрҳо бетартиб шудааст. Ман мепурсам, ки ҳангоме дар ҳуҷраи корӣ як ҳашароти шилқин шир-чир мекунад, чӣ тавр дар бораи хашм оромона ва мулоҳизакорона навиштан мумкин аст? Оҳо! Аз афташ, ман сари калобаро пайдо намудам… Хашм. Ин пагоҳӣ дар бораи хашм навиштан бароям осон аст — он ғавғои безоркунандаест, ки аз ботини кас берун меояд. Хашм. Озордиҳандаи нонамоёни дил. Хашм. Вайронкунандаи боздоштанашавандаи оромӣ. Ба монанди чирчирак, хашм касро асабонӣ мекунад. Ба монанди чирчирак, хашмро ором кардан душвор аст. Ба монанди чирчирак, хашм метавонад тамоми атрофро бо садои худ пур кунад, то даме ки он ягона чизе мегардад, ки мо пайхас мекунем. Ва ҳар қадар бештар дар ин бора фикр кунем, аҳволамон ҳамон қадар бештар беилоҷ мегардад. Ҳангоме ки ба мо бадӣ мекунанд, табиати ҳайвонӣ бедор мешавад, — мо тайёрем ба шикор равем. Мо ба таври рефлексӣ панҷаҳоямонро мушт мекунем. Ҳисобӣ кардан — охир, ин табиист! Аммо, мутаассифона, мушкилӣ маҳз дар ҳамин аст. Қасос асли табиӣ дорад, на ин ки рӯҳонӣ. Интиқомгирӣ — қонуни ҷангал аст. Файзро ато намудан — ҳамин аст қонуни Подшоҳии Худо. Касе ҳозир чунин фикр мекунад: «Макс, дар ҳуҷраи кории худ нишаста чунин гуфтан барои ту осон аст, охир, ғайр аз чирчирак, ҳеҷ чиз туро хашмгин намекунад. Агар бо ҳамсари ман барин зан мезистӣ, дигар хел фикр мекардӣ». Ё: «Агар он чи ман аз сар гузарондам, ба сарат меомад, ин тавр намегуфтӣ». Ё: «Агар ту фарзандони маро тарбия мекардӣ, мефаҳмидӣ, ки гап дар чӣ будааст. Ту тасаввур карда наметавонӣ, ки собиқ шавҳарам бо ман чӣ гуна муносибат мекард. Кошки медонистӣ, ки зиндагии ман чӣ қадар вазнин аст!» Ва ҳақ ба ҷониби шумост. Ман ҳамаи инро намедонам. Аммо хеле равшан мебинам, ки агар аз хашми худ даст кашидан натавонед, ояндаатон чӣ гуна бадбахтона мешавад. Дили қасосгирандаро аз асбоби рентген гузаронед ва варами саратонии хашмро мебинед — сиёҳ, баднамо, ба таври марговар хатарнок. Саратони рӯҳ. Варамиҳои ҳалокатовари он дар дил месабзанд ва ба он таъсири харобиовар мерасонанд. Шумо он чиро, ки дирӯз буд, дигаргун карда наметавонед, аммо муносибати худро ба он дигаргун карда метавонед. Шумо гузаштаи худро тағйир дода наметавонед, аммо муносибатро ба он тағйир дода метавонед. Шумо мегӯед, ки ин ғайриимкон аст? Иҷозат диҳед, ки баръакси инро ба шумо исбот намоям. Тасаввур кунед, ки шумо дар оилаи калон ба воя расидаед — зиёда аз даҳ фарзанд. Оила не, кадом як винегрет. Падари ҳамаи фарзандон як кас аст, аммо онҳо чор ё панҷ модарони гуногун доранд. Боз тасаввур кунед, ки падаратон фиребгар аст, ва аз кӯдакӣ фиребгар буд. Инро ҳама медонанд. Ҳама дар ёд доранд, ки ӯ бо роҳи фиреб амакатонро аз мероси бобоятон маҳрум намуд. Ҳама медонанд, ки баъд аз ин ӯ, чун буздили ҳақир, рӯ ба гурез овард, то ки аз ҷазо халосӣ ёбад (ниг.: Ҳас. 27–28). Боз илова мекунем, ки бародари бибиятон ҳиларо ба кор бурд, то ки падаратон хоҳари модаратонро ба занӣ гирад. Пеш аз тӯй ӯ падаратонро маст карда, ба ҷои духтари зебояш, ки падаратон ӯро ба занӣ гирифтанӣ буд, духтари безебашро барои никоҳ кардан овард, аммо падаратон инро пай набурд. Аммо падари шуморо ин бознадошт. Ӯ ҳар ду хоҳаронро ба занӣ гирифт. Ҳамон зане ки ӯ дӯсташ медошт, муддати зиёд бефарзанд буд, бинобар ин ӯ бо канизаки вай мехобид (ниг.: Ҳас. 29–30). Умуман, ӯ одате дошт, ки қариб бо ҳамаи канизакҳое ки дар ошхона кор мекарданд, мехобид. Аз ҳамин сабаб бисёрии бародарони шумо ба ошпаззанҳо шабоҳат доранд. Ва, ниҳоят, он зане ки падаратон аз худи аввал бо вай оиладор шуданӣ буд, ҳомила шуд… ва шуморо таваллуд кард (ниг.: Ҳас. 30:22–24). Шумо писари дӯстдошта ҳастед… ва бародаронатон инро хеле хуб медонанд. Падаратон ба шумо мошин харид, аммо ба онҳо — не. Шумо костюмҳои дӯхти Арманиро мепӯшед. Онҳо — чизеро аз секонд-ҳэнд. Шуморо ба лагери тобистона мефиристанд, онҳоро — ба корҳои тобистона. Шумо маълумоти ҷиддӣ мегиред; онҳо — асоси ҷиддӣ барои хашмгин шудан. Ва бародарон интиқом мегиранд. Онҳо шуморо ба кадом як агенти хориҷӣ оид ба таъмин бо кор мефурӯшанд, ба ҳавопаймое ки ба Миср парвоз мекунад, мешинонанд, аммо ба падар мегӯянд, ки шуморо васвосие бо милтиқи снайперӣ паррондааст. Шумо ба байни одамони тамоман ношинос меафтед, ки забонашонро намефаҳмед, дар муҳити фарҳангии бароятон бегона зиндагӣ мекунед (ниг.: Ҳас. 37). Қиссаи аз аввал то охир бофташуда? Не. Ин қиссаи Юсуф аст. Дар оилаи ба худ хос писари дӯстдошта буда, ӯ пурра асос дошт, ки хашмгин шавад. Аммо Юсуф кӯшиш кард аз вазъият ҳама чизи имконпазирро истифода барад. Дар хонаи сардори Хадамоти махфӣ сардори хизматгорон шуд. Зани соҳибаш ӯро ба худ моил карданӣ шуд, аммо ҳангоме ки ӯ рад кард, зан хашмгин шуда, дар ҳаққи ӯ тӯҳмат кард. Юсуфро ба зиндон партофтанд. Фиръавн хабар ёфт, ки Юсуф хобҳоро таъбир карда метавонад, ва ӯро ба дарбор даъват карданд, то ки хобҳои фиръвнро таъбир кунад. Юсуф онҳоро чунон хуб таъбир намуд, ки ӯро аз зиндон ба қаср гузаронда, сарвазир таъин намуданд. Шахси дуюм дар тамоми Миср. Юсуф танҳо ба фиръавн таъзим менамуд (ниг.: Ҳас. 39:41). Ин вақт дар ватани Юсуф қаҳтӣ фаро расид, ва Яъқуб, падари Юсуф, писаронашро, бародарони Юсуфро барои қарзи молиявӣ ба Миср фиристод. Писарони Яъқуб, бе он ки худашон пай баранд, дар назди бародарашон истоданд, ки ӯро зиёда аз бист сол пеш ба савдогарони аҷнабӣ фурӯхта буданд (ниг.: Ҳас. 42). Онҳо Юсуфро нашинохтанд, аммо Юсуф онҳоро шинохт. Мӯйҳои онҳо кам шуда буд ва худашон андаке ғафстар шуда буданд, аммо ба ҳар ҳол онҳо ҳамон бародарони ӯ буданд. Тасаввур кунед, ки Юсуф чӣ фикр мекард. Бори охир ӯ ин чеҳраҳоро он вақт дида буд, ки аз поён ба боло менигарист, аз чоҳи беоб. Бори охир ӯ овозҳои онҳоро он вақт шунида буд, ки онҳо ба ҳоли ӯ механдиданд. Бори охир онҳо бо ӯ он вақт гап зада буданд, ки ӯро бо суханони қабеҳ ҳақорат мекарданд. Акнун ӯ имконияти ҳисобӣ карданро дорад. Ҳама чиз пурра дар ихтиёри ӯст. Як ишораи ангушт — ва бародарони ӯ кушта мешаванд. Аз ин ҳам беҳтар — ба дастони онҳо ишкел зада, нишон диҳад, ки аҷнабиён дар зиндони мисрӣ чӣ гуна зиндагӣ мекунанд. Бигузор дар лой хоб раванд, Бигузор фаршҳоро шӯянд. Бигузор забони мисриро омӯзанд. Юсуф қасос гирифта метавонад. Ва қасос қувваи худро дорад. Қувваи масткунанда. Магар мо таъми онро намедонем? Магар ягон вақт хоҳиши ҳисобӣ кардан надоштем? Озордиҳандаро ба толори маҳкама тела дода, мо эълон мекунем: «Ӯ ҷуръат кард маро ранҷонад!» Доварон бо нафрат сар меҷунбонанд. «Ӯ маро тарк кард!» — мегӯем мо, ва акси садо дар толор айбдоркунии моро такрор мекунад. «Айбдор аст!» мегӯяд довар, ва болғаашро ба миз мезанад. «Айбдор аст!» — розӣ мешаванд ҳакамон. «Айбдор аст!» — тасдиқ мекунанд ҳама дар толор. Мо аз ин амали адлия шод мешавем. Мо дар паллаи тарозу хунро мехоҳем. Мо ҳаловатро тӯл мекашонем. Он чиро ки рӯй дод, гаштаву баргашта нақл мекунем. Акнун биёед саҳнаро бозмедорем. Ман савол дорам. На ба ҳамаи шумо, балки ба баъзе касон. Баъзеи шумо аз толори доварӣ намебароянд. Аз маҳкамаи шикваҳо. Ҳамин ки имконият пайдо шавад, баъзеи шумо худи ҳамон ранҷишро гаштаву баргашта нақл мекунанд. Саволи ман маҳз ба шумо нигаронида шудааст: «Кӣ гуфтааст, ки шумо Худо ҳастед?» Намехоҳам беҳад густох тобам, аммо чаро шумо кори Худоро ба ҷои Ӯ карданӣ мешавед? «Интиқом аз ҷониби Ман аст, Ман сазо хоҳам дод, мегӯяд Худованд» (Ибр. 10:30). «Нагӯй: «Барои бадӣ интиқом мегирам»; ба Парвардигор таваккал намо, ва Ӯ туро наҷот медиҳад» (Мас. 20:22). Барқарор намудани адолат — кори Худост. Агар дигар хел ҳисобед — пас шумо чунин меҳисобед, ки Худо аз ӯҳдаи ин кор намебарояд. Қасос чизи таҳқиромез аст. Ҳангоме ки дар ҷавоби зарба зарба мезанем, мо гӯё чунин мегӯем: «Ман медонам, ки интиқом аз ҷониби Туст, Худо, аммо чунин намеҳисобам, ки ҷазои медодаи ту кофӣ хоҳад буд. Ба фикрам, беҳтар он аст, ки худам инро ба ҷо оварам. Ту гоҳо беҳад раҳмдилӣ мекунӣ». Юсуф инро мефаҳмид. Ӯ интиқом нагирифт, балки худро ба бародарон ошкор намуд ва онҳоро ҳамроҳи падар ва дигар хешовандон дар Миср сокин намуд (ниг.: Ҳас. 44:46). Ӯ ба онҳо бехатариро кафолат дод ва барои сокин шудан замин дод. Онҳо 17 сол дар осоиш ва фаровонӣ зиндагӣ карданд (ниг.: Ҳас. 47:28). Аммо баъд падари онҳо вафот кард, ва лаҳзаи ҳақиқат фаро расид. Бародарон шубҳа доштанд, ки оё баъди марги Яъқуб сиҳату саломат аз Миср баромада рафта метавонанд ё не. Бинобар ин онҳо ба Юсуф бо илтиҷо муроҷиат намуданд. «Падарат пеш аз вафоти худ васият карда, гуфта буд: Ба Юсуф чунин бигӯед: марҳамат фармуда гуноҳ ва хатоҳои бародаронатро, ки ба ту бадӣ кардаанд, бубахш»…» (Ҳас. 16–17). (Аз фикри он ки калонсолон чунин рафтор мекунанд, табассум накарда наметавонам; магар кӯдакон гиря карда чунин намегӯянд: “Падарам гуфт, ки маро ранҷондан мумкин нест“?) Юсуф чӣ кор кард? «Ва ҳангоме ки ба ӯ гуфтанд, Юсуф бигирист» (Ҳас. 50:17). «Ман боз чӣ кор карда метавонам? — мегуфтанд ашкҳои ӯ. — Ман ба шумо хонаҳо додам. Ман дар ҳаққи оилаҳои шумо ғамхорӣ намудам. Чаро шумо ҳанӯз ҳам ба меҳрубонии ман бовар намекунед? Ду қисми ҷавоберо, ки Юсуфро ба бародарон дод, хонед: Дар аввал ӯ гуфт: «Натарсед; зеро ман аз Худо метарсам» (Ҳас. 50:19) Оё чизи маълумро фаҳмондан даркор аст? Фақат Худо бояд ҷазо диҳад! Агар қасос аз ҷониби Худо бошад, пас он аз ҷониби мо нест. Худо ба мо пешниҳод намекунад, ки қасос гирем ва ҳисобӣ кунем. Ҳеҷ гоҳ. Чаро? Ҷавобро шумо дар қисми дуюми суханони Юсуф ёфта метавонед:«Шумо дар ҳаққи ман қасди бад доштед, вале Худо онро ба некӯӣ гардонид, то коре кунад, ки мардуми зиёдро зинда нигоҳ дорад…» (Ҳас. 50:20) Агар шумо тамоми манзараро мушоҳида намоед, бахшидан осонтар мешавад. Юсуф ба вазъият маҳз ҳамин тавр менигарист. Ӯ тамоми диққатро ба хиёнати бародарон равона накард, дидани вафодории Худоро бас накард. Тамоми манзараро мушоҳида намудан ҳамеша фоиданок аст. Ба қарибӣ ман дар толори фурудгоҳ як дӯстамро дидам. Ман муддате ӯро надида будам, аммо зуд-зуд ба ёд меовардам. Ӯ аз занаш ҷудо шуда буд, ва ман оилаи ӯро хуб медонистам, то фаҳмам, ки худи ӯ низ айбдор аст. Ман дидам, ки ӯ танҳо нест. Дар назди ӯ зане буд. «Ана нобакор! Ҳамагӣ ду моҳ гузаштааст, ва ӯ аллакай бо зани дигар аст?!» Ҳамин ки ман дар бораи ӯ ҳукми худро баровардам, ҳама гуна хоҳиши бо ӯ вохӯрдан аз байн рафт. Аммо ҳамин вақт ӯ маро дида монд. Даст афшонд. Сӯи ман равона шуд. Ман ба даст афтодам. Ба дом гирифтор шудам. Лозим меояд, ки бо ин бадкордор гуфтугӯ кунам. Ман салом додам. — Макс, бо холаам ва шавҳараш шинос шав. Ман марди дуюмро дар назди ӯ надида будам. — Мо ба ҷашни оилавӣ меравем. Боварӣ дорам, ки онҳо аз шиносоӣ бо ту хеле хушнуданд. — Мо китобҳои шуморо дар маҳфили библиявии худ истифода мебарем, — гуфт язнаи дӯсти ман. — Шумо фикрҳои олидараҷаи амиқ доред. «Кошки ӯ медонист», — фикр кардам ман. Ман ба гуноҳи хеле паҳншудаи набахшидан дода шудам. Ман аз асли масъала бохабар нашуда, ҳукми худро баровардам. Бахшидан маънои онро дорад, ки мо маҳдуд будани имкониятҳои худро эътироф менамоем. Мо танҳо қисми хурди муаммои нақшунигор шудаи ҳаёти одамиро мебинем. Фақат Худо тамоми кошинкориро бо тартиб ҷо ба ҷо карда метавонад. Бахшидан маънои эҳтиром намудани Худоро дорад. Бахшидан маънои онро надорад, ки мо ҳақ будани шахси ранҷонандаро эътироф мекунем. Бахшидан эътирофи он аст, ки Худо одил аст ва он чиро ки дуруст аст, ба ҷо меоварад. Чаро мо кӯшиш мекунем кори Худоро ба ҷои Ӯ иҷро намоем. Дар ниҳояти кор, магар мо кори дигар надорем? Ҳеҷ ёфта наметавонед, ки ҳозир ман чиро пайхас кардам. Чирчирак хомӯш шуд. Ман чунон ба навиштани боб банд шудам, ки онро фаромӯш кардам. Ман як соат инҷонин ба тарафи девор ручка напартофтам. Эҳтимол, ӯ хоб рафт. Шояд ӯ кайҳо хобидан мехост, аммо ман бо ручкапартоии худ ба ӯ халал мерасондам. Дар охир ӯ оромии дилхоҳро ба даст овард. Ман бошам дар охир ин бобро навиштам. Хеле хуб аст, ки ҳангоме мо хашми худро тарк мекунем, ба чӣ дастовардҳо ноил шуда метавонем. БАРОИ АНДЕШАРОНӢ ВА МУҲОКИМА 1. Ҳангоме ки ба шумо бадӣ мекунанд, чиро бештар истифода мебаред: «қонуни ҷангал»-ро ё «қонуни Подшоҳии Худо»-ро? Намунаҳо оваред, ки бо ранҷонандаҳо чӣ тавр муносибат мекунед. 2. «Ман медонам, ки интиқом аз ҷониби Туст, Худо, аммо чунин намеҳисобам, ки ҷазои медодаи ту кофӣ хоҳад буд. Ба фикрам, беҳтар он аст, ки худам инро ба ҷо оварам. Ту гоҳо беҳад раҳмдилӣ мекунӣ». Оё ягон вақт чунин фикр кардаед? Фаҳмонед. 3. Чаро бахшидан осонтар аст, агар тамоми манзараро мушоҳида намоед? 4. Чаро бахшидан душвортар аст, агар танҳо ба ҷузъиёт нигаред? 5. Мас. 20:22-ро хонед. Кадом фармуда дар ин ҷо дар шакли «накун» дода шудааст? Кадом фармуда дар ин ҷо дар шакли «бикун» дода шудааст? Онҳо бо ҳам чӣ муносибат доранд? Боби 14. Довуд Ва Довуд бомдодон бархоста, рамаро ба қаровуле вогузошт, ва борашро гирифта, чунон ки Йисой фармуда буд, равона шуд; ва ба сангари гирди урду вақте расид, ки лашкар берун омада саф мебастанд ва барои ҷанг наъра мезаданд. Ва сафҳои исроилиён ва фалиштиён ба муқобили якдигар меистоданд. Ва Довуд ашёеро, ки дошт, назди посбони ашё гузошта, сӯи сафҳои лашкар давида омад, ва саломатии бародаронашро пурсид. Ва ҳангоме ки ӯ бо онҳо гуфтугӯ мекард, инак, он марди паҳлавон, ки Ҷолёти фалиштӣ ном дошта, аз аҳли Ҷат буд, аз миёни сафҳои фалиштиён баромада, ҳамон суханонро гуфт, ва Довуд шунид. Ва ҳамаи мардони Исроил он мардро дида, аз вай мегурехтанд ва бағоят ҳаросон мешуданд. <…> Ва Довуд ба фалиштӣ гуфт: «Ту бо шамшер ва найза ва найзаи хурд бар ман меоӣ, валекин ман бо номи Парвардигори лашкарҳо, Худои фавҷҳои Исроил, ки Ӯро таҳқир намудаӣ, бар ту меоям. Имрӯз Парвардигор туро ба дасти ман хоҳад супурд, ва ман туро кушта, каллаатро аз танат ҷудо хоҳам кард, ва лошаҳои бошишгоҳи фалиштиёнро имрӯз ба мурғони ҳаво ва даррандагони замин хоҳам дод, то тамоми аҳли замин бидонанд, ки дар Исроил Худо ҳаст. Ва тамоми ин ҷамоат хоҳанд донист, ки Парвардигор на бо шамшер ва найза наҷот медиҳад, балки ин ҷанги Парвардигор аст, ва Ӯ шуморо ба дасти мо хоҳад супурд». Ва ҳангоме ки фалиштӣ бархост ва равона шуда, ба Довуд наздик омадан гирифт, Довуд шитоб намуда, сӯи лашкар ба пешвози фалиштӣ давид. Ва Довуд дасташро ба кӯлбор бурд, ва аз он ҷо санге гирифта, бо фалахмон андохт, ва ба пешонии фалиштӣ зад; ва санг ба пешонии вай ғӯтида, вай рӯй бар замин фурӯ ғалтид. Ва Довуд, ки бо фалахмон ва санг мусаллаҳ буд, аз фалиштӣ зӯр баромад, ва фалиштиро зада кушт; ва дар дасти Довуд шамшер набуд. 1 Подш. 17:20–24, 45–50 МУҲОРИБА БО АЗИМҶУССАИ ХУД Ҷавони хушандоми бериш дар болои ҷӯйбор хам шудааст. Зонуҳояш бо лой ифлос шудаанд. Оби равон дастро ях мекунонад. Агар барояш шавқовар мебуд, ӯ акси худро тамошо мекард. Мӯйҳои мисранг. Пӯсти офтобхӯрда низ қариб ҳамон рангро дорад; чашмоне дорад, ки духтарони исроилӣ аз он ба ҳаяҷон меоянд. Аммо ӯ бо тамошои ақси худ машғул нест — ӯ сангҳоро меҷӯяд. Сагҳои суфта ва ҳамвор. Чунон сангҳое ки аз онҳо кӯлвори чармини чӯпониро пур кардан мумкин бошад, то ки онҳо ба ҳалқаи фалахмони чармини чӯпонӣ хуб ҷойгир шаванд. Сангҳои даврашакл, ки бо вазнини худ кафи дастро шод мегардонанд ва бо қувваи зиёд ба тарафи сари шер, хирс ё, чун дар мавриди додашуда, ба тарафи сари фалиштии азимҷусса парвоз мекунанд. Ҷолиёт аз доманаи теппа ба поён менигарад. Фақат боварнокарданӣ будани воқеа ӯро аз ханда бозмедорад. Ӯ бо тӯдаи фалиштиён қисми водиро ба ҷангали найзаҳо табдил додааст; дастаи хуношоми қавиҳайкалҳое ки аз мушакҳои худ, бӯи бади даҳон ва вашм дар бадан фахр мекунанд. Ҷолиёт аз ҳамаи онҳо қоматбаландтар аст — қади ӯ нӯҳ фут ва нӯҳ дюйм аст, ӯ 125 фунт аслиҳаро дар бар дорад, на камтар аз довталаби ғалаба дар мусобиқаи Федератсияи умумиҷаҳонии армрестлинг фарёд мезанад. Фигураи ӯ «идеалӣ» аст: 140–140–140, фақат сараш каме хурдтар аст. Инак мушакҳои ӯ сахт мешаванд, мушакҳои пояш меҷунбанд, ва дар водӣ ғурроси ӯ паҳн мешавад: «Ман имрӯз фавҷҳои Исроилро таҳқир намудам; пас, касеро ба ман бидиҳед, то ки бо ҳам ҷанг кунем» (1 Подш. 17:10). Ҳеҷ яке аз сарбозони Исроил ба даъват ҷавоб надод. То имрӯз. То омадани Довуд. Довуд пагоҳӣ ба лашкаргоҳ омад. Ӯ муваққатан гӯсфандонашро тарк намуд, то ки ба бародарони ҷанговараш нон ва панир барад. Дар ҳамон ҷо ӯ шунид, ки Ҷолиёт Худоро таҳқир мекунад, ва дарҳол қарор қабул намуд. Довуд асоро ба даст гирифт, аз ҷӯйбор панҷ санги суфтаро интихоб намуда ба кӯлбори чӯпонӣ, ки бо ӯ буд, гузошт. Бо кӯлбор ва фалахмон дар даст ӯ ба тарафи фалиштӣ равона шуд (ниг.: 1 Подш. 17:40).[19] Ҷолиёт ҷавонро масхара карда, ӯро «қоқина» номид. «Оё ман саг ҳастам, ки бо чӯбдасте назди ман меоӣ?» (1 Подш. 17:43). Довуди сабуки лоғарандом. Ҷолиёти азимҷуссаи ҳайвонмонанд. Дандонхилол бар зидди торнадо. Мопед бар зидди мошини боркаши азим. Той-териер, ки ба ротвейлер ҳуҷум мекунад. Дар муҳорибаи Довуд бо ин азимҷусса чанд пулро ба қимор гузошта метавонистед? Ба фикрам, на зиёда аз он миқдоре ки барои худ дар муҳориба бо азимҷуссаи худ. Ҷолиёти шумо шамшер ва найза надорад; ӯ теғи бекорӣ, танҳоӣ, суиистифодаи шаҳвонӣ, рӯҳафтодагиро дар даст дорад. Ӯ дар доманаҳои водии Эло қадам намезанад (ниг.: 1 Подш. 17:2), ӯ ба офиси шумо, ба ҳуҷраи хоби шумо, ба аудиторияи шумо зада медарояд. Он қарзҳоеро ёдрас мекунад, ки ҳеҷ пардохт карда наметавонед. Одамонеро мефиристад, ки шумо бо онҳо забон ёфта наметавонед. Машруботеро пешкаш мекунад, ки аз он даст кашида наметавонед, порнографияро, ки дар пеши он истодагарӣ карда наметавонед. Шуморо ба коре водор мекунад, ки беҳол мекунад. Ба гузаштае ишора мекунад, ки аз сояҳои он гурехта наметавонед, ва ба ояндае ки ба он нигаристан даҳшатнок аст. Ғурроси Ҷолиёт ба шумо шинос аст. Довуд бо он Ҷолиёт меҷангид, ки рӯзу шаб исроилиёнро ба майдон металабид: «Ва он фалиштӣ ҳар субҳ ва шом пайдо мешуд, ва чил рӯз худро нишон дод» (1 Подш. 17:16). Ҷолиёти шумо низ ҳамин тавр рафтор мекунад. Аввалин фикри саҳарӣ, хавотиршавии охирин — Ҷолиёти шумост, ки рӯзҳоятонро банд мекунад ва аз хурсандӣ маҳрум намуда, ҳаётатонро заҳролуд мекунад. Аз кай инҷониб ӯ шуморо таъқиб мекунад? Ҳамқавмҳои Ҷолиёт душманони қадимии исроилиён буданд. Еҳушаъ ибни Нун сесад сол пеш онҳоро аз замини ваъдашуда ронда буд. Ӯ ҳамаи онҳоро нобуд кард, ғайр аз сокинони се шаҳр: Ғазза, Ҷат ва Ашдӯд (ниг.: Еҳуш. 11:21–22). Дар Ҷат азимҷуссаҳо ба воя мерасиданд, чун секвойяҳо дар парки миллии Йосемит. Оё медонед, Ҷолиёт дар куҷо ба воя расида буд? Оё дар курткаи варзишии ӯ ҳарфи «Ҷ»-ро мебинед? Мактаби миёнаи Ҷат. Аҷдодони ӯ барои исроилиён ҳамон касоне буданд, ки роҳзанҳои баҳрӣ барои флоти маликаи Британия. Сарбозони Шоул Ҷолиётро дида, мегуфтанд: «Боз сар шуд! Падари ман бо падари ӯ ҷангида буд. Бобоям бо бобои ӯ ҷангида буд!» Шумо тақрибан ҳамон гапро мегӯед: «Ман беҳад зиёд кор мекунам, айнан монанди падарам»; «Ҷудошавиҳои қариб ҳар як ҷуфти оилавӣ дар байни аҷдодонам тамоми шаҷараи маро чун баргҳои кирмхӯрда фаро гирифтаанд»; «Маъшуқони модари ман зуд-зуд иваз мешуданд. Ин кай ба охир мерасад?» Ҷолиёт кайҳо инҷониб аҳли ин водиро метарсонад. Аз бифштекси дудоллара сахттар. Аз ду доберман баландтар ғуррос мезанад. Ӯ саҳарии барвақт шуморо интизор мешавад, шабҳо азоб медиҳад. Ӯ волидони шуморо азоб медод, акнун аз пайи шумо шудааст. Ӯ офтобро панаҳ карда, шуморо маҷбур мекунад, ки дар сояи шубҳаҳо зиндагӣ кунед. «Ва Шоул ва тамоми Исроил ин суханони фалиштиро шуниданд, ва воҳима карда, бағоят ҳаросон шуданд» (1 Подш. 17:11). Аммо чаро ман ҳамаи инро ба шумо мегӯям? Шумо худатон Ҷолиётатонро медонед. Шумо қадаммониҳои ӯро медонед ва аз ғурроси ӯ қад мепаред. Шумо Годзиллаи худро бисёр мушоҳида намудаед. Масъала дар он аст, ки оё шумо танҳо ӯро мебинед? Шумо овози ӯро мешиносед, аммо оё ин ҳамаи он чиз аст, ки шумо мешунавед? Довуд на танҳо инро, балки чизи бештарро медид ва мешунид. Суханонеро хонед, ки ӯ мегуфт, — на танҳо дар ин муҳориба, балки дар дигар вазъиятҳое ки дар Китоби Муқаддас тасвир ёфтаанд: «Ва Довуд ба касоне ки назди ӯ истода буданд, гуфт: «Ба шахсе ки ин фалиштиро бикушад ва нангро аз Исроил дур созад, чӣ хоҳад шуд? Зеро ин фалиштии бехатна кист, ки лашкарҳои Худои зиндаро таҳқир намояд?»» (1 Подш. 17:26). Довуд аз он сар мекунад, ки дар бораи Худо гап мезанад. Сарбозон Ӯро зикр намекунанд, бародарони Довуд номи Ӯро ба забон намеоваранд, аммо худи Довуд, ҳамин ки дар саҳна пайдо шуд, дар бораи Худои зинда сухан меронад. Ҳангоми дар назди Шоул ҳозир шудан низ ӯ ҳамин тавр мекунад, — дар бораи стратегия сухан намеронад, дар бораи имкониятҳо гап намезанад. Танҳо боварие дорад, ки аз Худо бармеояд: «Парвардигор, ки маро аз чанголи шер ва аз чанголи хирс раҳоӣ додааст, аз дасти ин фалиштӣ низ раҳоӣ хоҳад дод» (1 Подш. 17:37). Дар мавриди Ҷолиёт низ Довуд ба ҳамин мавзӯъ бармегардад. Ҳангоме ки азимҷусса Довудро масхара мекунад, чӯпони ҷавон ҷавоб медиҳад: Ту бо шамшер ва найза ва найзаи хурд бар ман меоӣ, валекин ман бо номи Парвардигори лашкарҳо, Худои фавҷҳои Исроил, ки Ӯро таҳқир намудаӣ, бар ту меоям. Имрӯз Парвардигор туро ба дасти ман хоҳад супурд, ва ман туро кушта, каллаатро аз танат ҷудо хоҳам кард, ва лошаҳои бошишгоҳи фалиштиёнро имрӯз ба мурғони ҳаво ва даррандагони замин хоҳам дод, то тамоми аҳли замин бидонанд, ки дар Исроил Худо ҳаст. Ва тамоми ин ҷамоат хоҳанд донист, ки Парвардигор на бо шамшер ва найза наҷот медиҳад, балки ин ҷанги Парвардигор аст, ва Ӯ шуморо ба дасти мо хоҳад супурд. 1 Подш. 17:45–47 Ғайр аз Довуд, ҳеҷ каси дигар дар бораи Худо гап намезанад. Довуд, ғайр аз Худо, дар бораи ҳеҷ каси дигар гап намезанад. Дар қисса хатти нави сюжет пайдо мешавад. Ин на «Довуд бар зидди Ҷолиёт», балки «Ба Худо равона кардани диққат бар зидди ба азимҷусса равона кардани диққат» аст. Довуд он чиро мебинад, ки дигарон намебинанд, ва ба он чи дигарон менигаранд, нигоҳ кардан намехоҳад. Ғайр аз Довуд, ҳамаи дигарон ба азимҷуссаи сермушак ва ҷангҷӯ, ки нафратро нафас мекашад, менигаранд. Ғайр аз Довуд, қутбнамои ҳамаи дигарон ба ситораи қутбӣ — ба фалиштӣ нигаронида шудаанд. Ғайр аз Довуд, дар рӯзномаҳои ҳамаи дигарон рӯз ба рӯз даҳшатҳои кишвари Неандерталия тасвир карда мешаванд. Одамон тамасхурҳо, даъвоҳо, симои девмонанд ва роҳгардии хирсмонанди ӯро омӯхтаанд. Онҳо бо тадқиқи Ҷолиёт фаро гирифта шудаанд. Довуд бо тадқиқи Худо фаро гирифта шудааст. Чунон ки мефаҳмед, ӯ азимҷуссаро возеҳу равшан мебинад, аммо Худоро боз ҳам возеҳтар мебинад. Ба суханони Довуд бо диққат гӯш диҳед: «…Ту бо шамшер ва найза ва найзаи хурд бар ман меоӣ, валекин ман бо номи Парвардигори лашкарҳо, Худои фавҷҳои Исроил, ки Ӯро таҳқир намудаӣ, бар ту меоям» (1 Подш. 17:45). Ба шумораи ҷамъ диққат диҳед — фавҷҳои Исроил. Фавҷҳо? Мушоҳидакунандаи одӣ фақат як фавҷро медид. Аммо на Довуд. Ӯ ба соҳил фаромадани десанти иттифоқчиёнро дар «рӯзи Р»[20] мебинад. Ӯ эскадраҳои фариштаҳо, баталионҳои муқаддасон, аслиҳаи ҳамаи унсурҳои табиат ва тамоми қувваҳои оламро мебинад. Худо метавонад бар сари душман жола боронад, чунон ки барои мадад ба Мусо карда буд; деворҳоро фурӯ ғалтонад, чунон ки барои мадад ба Еҳушаъ ибни Нун карда буд; бо раъду барқ зарба занад, чунон ки барои мадад ба Самуил карда буд (ниг.: Хур. 9:22–23; Еҳуш. 6:15–20; 1 Подш. 7:10). Ба Довуд ҳамаи фавҷҳои Худо намоён мебошанд. Ва азбаски ӯ онҳоро возеҳу равшан мебинад, ӯ шитобон ба пешвози фалиштӣ медавад (ниг.: 1 Подш. 17:48).[21] Бародарони Довуд аз тарс ва изтироб чашмонашонро мепӯшанд. Подшоҳ Шоул ҷавони исроилиро, ки ба сӯи марги ногузир мешитобад, дида оҳ мекашад. Ҷолиёт қоҳ-қоҳ хандида, сарашро боло мекунад, ва ин кифоя аст, ки хӯд каме ақиб равад ва пешониро дар болои абрӯвон луч кунад. Довуд вақтро беҳуда сарф намекунад. Хомӯшии дар водӣ фарорасидаро фақат вижжоси фалахмони даврзананда халалдор мекунад. Санг парвоз карда, ба пешонии Ҷолиёт бармехӯрад; чашмони Ҷолиёт нимпӯш мешаванд, пойҳояш беқувват мегарданд. Ӯ ба замин ғалтида мемирад. Довуд давида омада, шамшери Ҷолиётро аз ғилоф мегирад ва сари ӯро мебурад. Гуфтан мумкин аст, Довуд медонист, ки чӣ тавр аз азимҷуссаи худ болотар шавад. Кай бори охир шумо ба ин монанд коре карда будед? Аз он вақте ки шумо ба пешвози душмани худ мешитофтед, чӣ қадар вақт гузаштааст? Мо ақиб нишастан, дар паси мизи кории душвориҳоямон пинҳон шудан, ба маҳфили шабонаи фаромӯшии мастона ё ба ҷойгаҳи муҳаббати мамнӯъ рафтанро афзал меҳисобем. Мо худро дақиқае, рӯзе, соле дар бехатарӣ, дар паноҳгоҳ, зери таъсири наркоз эҳсос мекунем, аммо баъд кор ба охир мерасад, ё таъсири май аз байн меравад, ё ҷойгаҳ холӣ мешавад, ва мо боз Ҷолиёти ғурросзананда, мағрурро мешунавем. Кӯшиш кунед самти ҳаракатро тағйир диҳед. Ба азимҷуссаҳои худ бо рӯҳи сӯи Худо нигаронидашуда ҳуҷум кунед. Деви ҷудошавии ҳамсарон, ту ба хонаи ман намедароӣ! Азимҷуссаи рӯҳафтодагӣ, бигузор барои мубориза тамоми умр сарф шавад, аммо ту маро мағлуб намекунӣ! Қавиҳайкалҳои майзадагӣ, таассуб, бераҳмӣ ба кӯдакон, нооромӣ — шумо шикаст хӯрдаед. Аз он замоне ки ба фалахмон сангро гузошта, сӯи азимҷуссаи худ ҳаво додед, чӣ қадар вақт гузаштааст? Беҳад зиёд? Пас Довуд барои шумо намуна аст. Худо ӯро «марде мувофиқи табъи дили Ман» номидааст (муқоиса кунед: Аъм. 13:22). Ҳеҷ каси дигар сазовори чунин суханони Худо нашудааст. На Иброҳим, на Мусо, на Юсуф. Ӯ Павлусро ҳаввории Худ номид (ниг.: Рум. 1:5), Юҳанноро шогирди дӯстдошта меномид (ниг.: Юҳ. 13:23 ва дигарон), аммо ҳеҷ каси дигар марде мувофиқи табъи дили Худо номида нашудааст. Касе қиссаи Довудро хонда, ҳайрон шуда метавонад: Худо дар ӯ чиро ёфт? Фурӯ ғалтиданҳои ӯ аз болоравиҳояш камтар нестанд, ӯ ба ҳамон андозае ки ғалаба мекард, пешпо низ мехӯрд. Ӯ ба нигоҳи Ҷолиёт тоб овард, аммо ба Батшобаъ нигариста монд; таҳқиркунандагони Худоро дар водӣ шармсор намуд, аммо дар биёбон ба онҳо ҳамроҳ шуд (ниг.: 1 Подш. 21:10; 27 ва ғайра). Имрӯз — сарвари бойскаутҳо. Пагоҳ — узви мафия. Ӯ лашкарро ба муҳориба бурда метавонист, аммо оилаашро идора карда наметавонист. Довуди хашмгин. Довуди гирякунанда. Ташнаи хун. Хоҳони Худо. Ҳашт зан. Як Худо. Марде мувофиқи табъи дили Худо? Довудро чунин ҳисобидани Худо ба ҳамаи мо умед мебахшад. Ҳаёти Довуд ба росткори беайб қариб ҳеҷ чиз намедиҳад. Ӯ ба аълочиёни тайёрии рӯҳонӣ таассурот намебахшад. Ба дигарон умед мебахшад. Мо дар ҳамон «теппаҳои амрикоӣ» ҳаракат мекунем. Гоҳо тамоман бе пош хӯрдани об ғӯта мехӯрем, гоҳо бо шикам ба об меафтем; гоҳо торти олидараҷа мехӯрем, гоҳо лӯлакабоби нимсӯхтаро. Дар лаҳзаҳои хуб касе беҳтар аз Довуд набуд. Аммо дар лаҳзаҳои бад — кӣ аз ӯ бадтар буда метавонист? Дар дили марде ки Худо ӯро дӯст медошт, беҳад бисёр чизҳо ба ҳам омехта буданд. Қиссаи Довуд ба мо даркор аст. Азимҷуссаҳо дар атрофамон мегарданд. Ҷанҷолҳо. Хатоҳо. Қасос. Азоби виҷдон. Ихтилофоти мо ба анонсҳои муҳорибаҳои боксёрҳо монанд мебошанд. • Дар муҳорибаи асосии имрӯза — Ҷо Сазовор зидди даста аз «Оғилхона». • Дар вазни сабук — Элизабети Кассир бар зидди Ҳақире ки дили ӯро шикастааст. • Дар кунҷи рост — оиладории ноустувори Ясон ва Патрисия. Дар кунҷи муқобил — аъҷубаи оилавӣ бо лақаби Ба-ҳеҷ-кас-бовар-накун, ки онҳоро ба майдон талабидааст. Азимҷуссаҳо. Мо бояд бар зидди онҳо бароем. Мо набояд ба муқобили онҳо дар танҳоӣ биҷангем. Аввалан (ва пеш аз ҳама), диққати худро ба Худо равона кунед. Ҳангоме ки Довуд чунин мекард, азимҷуссаҳо фурӯ меғалтиданд. Ҳангоме ки чунин намекард, худаш меғалтид. Ин назарияро бо матни Навишта муқоиса кунед. 1 Подш. 17-ро кушода, ҳамаи суханони Довудро дар бораи Ҷолиёт навишта гиред. Ман фақат дуторо ёфтам. Аввалан: баёни сифатҳои Ҷолиёт дар гуфтугӯ бо Шоул (ниг.: 1 Подш. 17:36). Дуюмаш ҳангоми нигаристан ба Ҷолиёт буд: «Ин фалиштии бехатна кист, ки лашкарҳои Худои зиндаро таҳқир намояд?» (1 Подш. 17:26). Ана ҳамин тавр. Ду баёни сифатҳои Ҷолиёт (сифатҳои хеле бад) ва ҳеҷ гуна савол. Довуд ба сифатҳои ҷангии Ҷолиёт, синну соли ӯ, мақоми иҷтимоӣ ё коэффисиенти ақлнокии ӯ аҳамият намедиҳад. Довуд дар бораи вазни найза, андозаи сипар, маънои вашмҳо дар бозувонаш бо тасвири косахонаи сар ва устухонҳои рӯи ҳам гузошташуда чизе намепурсад. Довуд дар бораи ин диплодок дар теппа фикр намекунад. Ҳамин тавр, ҷои холӣ. Аммо ӯ дар бораи Худо бисёр фикр мекунад. Суханони Довудро бори дигар мехонем, аммо ин дафъа ба он аҳамият медиҳем, ки ӯ чанд бор Худоро зикр мекунад. «Лашкарҳои Худои зинда» (1 Подш. 17:26). «Бо номи Парвардигори лашкарҳо, Худои фавҷҳои Исроил» (1 Подш. 17:45). «Имрӯз Парвардигор туро ба дасти ман хоҳад супурд… то тамоми аҳли замин бидонанд, ки дар Исроил Худо ҳаст» (1 Подш. 17:46). «Парвардигор на бо шамшер ва найза наҷот медиҳад, балки ин ҷанги Парвардигор аст, ва Ӯ шуморо ба дасти мо хоҳад супурд» (1 Подш. 17:47). (Дар ин иқтибосҳо курсив аз ман аст. — М. Л.) Ман нӯҳ бор зикр шудани номи Худоро мушоҳида намудам. Фикр дар бораи Худо назар ба фикрҳо дар бораи Ҷолиёт бо таносуби нӯҳ ба ду афзалият доранд. Ин таносуб дар фикрҳои шумо чӣ гуна аст? Оё дар бораи файзи Худо чор баробар бештар аз гуноҳҳои худ фикр мекунед? Ва оё рӯйхати баракатҳои ба даст овардаатон назар ба рӯйхати шикоятҳоятон чор баробар бештар аст? Ва оё папкаи фикрии умедҳоятон назар ба папкаи фикрии тарсҳо чор баробар ғафстар аст? Ва оё дар бораи қувваи Худо назар ба мушкилоти ҳаррӯзаатон чор баробар бештар гап мезанед? Не? Пас Довуд касест, ки ба шумо даркор аст. Гоҳ дар ин қисса набудани муъҷизаҳоро зикр мекунанд. На обҳои аз ҳам ҷудошудаи баҳри Қулзум, на аробаҳои оташин, на зинда шудани Лаъзори мурда. Ҳеҷ гуна муъҷиза. Аммо як муъҷиза ба ҳар ҳол ҳаст. Ин худи Довуд аст. Муъҷизаи пурихтилоф, зиндаи Худо буда, ӯ барои мо як ҳақиқатро баръало ошкор намуд: агар ба азимҷуссаҳо нигарӣ — худат пешпо мехӯрӣ; ба Худо нигарӣ — азимҷусаҳо пешпо мехӯранд. Сӯи Худо нигаред, эй онҳое ки бар зидди азимҷуссаҳо меҷангед! Худо, ки бо Довуд муъҷиза ба амал овард, тайёр аст бо шумо низ боз як муъҷиза офарад. БАРОИ АНДЕШАРОНӢ ВА МУҲОКИМА 1. Кадом Ҷолиётҳо дар гузашта ба шумо муқобил меистоданд? Чӣ тавр ҳозир Ҷолиёт ба дидани Худо ва шунидани суханони Ӯ халал мерасонад? 2. «Довуд бо тадқиқи Худо фаро гирифта шудааст. Чунон ки мефаҳмед, ӯ азимҷуссаро возеҳу равшан мебинад, аммо Худоро боз ҳам возеҳтар мебинад». Чӣ тавр «бо тадқиқи Худо фаро гирифта шудан» барои кам кардани нақши Ҷолиёт дар ҳаёти шумо ёрӣ медиҳад? 3. Ҳангоме ки шумо ба азимҷуссаҳои худ менигаред, беш аз ҳама чӣ тавр пешпо мехӯред? Ҳангоме ки ба Худо менигаред, душманонатон беш аз ҳама чӣ тавр пешпо мехӯранд? 4. 1 Подш. 17:1–54-ро хонед. Довуд ба ғалаба боварӣ доштани худро чӣ гуна маънидод мекунад (ниг.: 1 Подш. 17:34–37)? Оятҳои 1Подш. 17:45–47 дар бораи марде ки мувофиқи табъи дили Худост, чӣ мегӯянд? 5. Кадом Ҷолиёт ҳозир ба шумо нигариста, шуморо масхара мекунад ва мегӯяд, ки Худо ба шумо ёрӣ мерасонад? Барои ба Худо ва қудрати Ӯ, хиради Ӯ ва ҷалоли Ӯ равона кардани фикрҳо соатеро ҷудо намоед, ва дар хусуси мадад дар ҳалли ин мушкилӣ бо ҷидду ҷаҳд дуо гӯед. Мебинед, ки бо чӣ зудӣ Худо дар рафти муборизаи шумо гардиши қатъиро ба амал меоварад! Боби 15. Эстер Мордахай гуфт, ки ба Эстер чунин ҷавоб гардонанд: «Дар дили худ гумон накун, ки дар хонаи подшоҳ аз миёни ҳамаи яҳудиён раҳо хоҳӣ шуд, балки, агар дар ҳамин вақт хомӯш бимонӣ, раҳоӣ ва наҷот аз ҷои дигар падид хоҳад омад, вале ту ва хонадони падарат нобуд хоҳед шуд, ва кист бидонад, ки оё барои чунин вақт ба подшоҳӣ нарасидаӣ?» Ва Эстер гуфт, ки ба Мордахай чунин ҷавоб гардонанд: «Бирав ва ҳамаи яҳудиёнро, ки дар Шушан мебошанд, ҷамъ кун, ва барои ман рӯза дошта, се рӯз, шабонаву рӯзона, чизе нахӯред ва нанӯшед; ман низ бо канизони худ ҳамчунин рӯза хоҳам дошт, ва ба ин тариқ назди подшоҳ хоҳам омад, гарчанде ки ин бар хилофи қонун аст, ва агар нобуд шавам, бигзор нобуд шавам». <…> Ва подшоҳ дар рӯзи дуюм низ дар вақти майнӯшӣ ба Эстер гуфт: «Эй Эстери малика! Хоҳишат чист? Он қонеъ карда хоҳад шуд. Ва илтимосат чист? Ҳатто нисфи мамлакат бошад ҳам, ба ҷо оварда хоҳад шуд». Ва Эстери малика ҷавоб гардонда гуфт: «Эй подшоҳ! Агар дар назари ту илтифот пайдо карда бошам, ва агар подшоҳ салоҳ донад, бигзор ҷони ман мувофиқи хоҳиши ман ва қавми ман мувофиқи илтимоси ман ба ман бахшида шавад. Эст. 4:13–16; 7:2–3 ДАР НАЗАРИ ХУДО ИЛТИФОТ ЁБЕД Ба қарибӣ тамоми аҳли оилаи мо ба ҷустуҷӯи мизҳои хатнависӣ равона шуданд. Барои ҳуҷраи кории ман мизи нав даркор буд, ва боз мо ба Андреа ва Соро ваъда додем, ки дар ҳуҷраҳои онҳо мизҳо мегузорем. Соро махсусан шавқмандӣ зоҳир менамуд. Оё медонед, ки он рӯз ӯ баъди дарсҳо ба хона омада, бо чӣ кор машғул буд? Ӯ мактаббозӣ мекард! Ман дар кӯдакӣ тамоман ин тавр намекардам. Баробари ба охир расидани дарсҳо ман кӯшиш мекардам, ки онҳоро фаромӯш кунам. Деналин ба ман гуфт, ки ташвиш кашидан даркор нест, зеро ин яке аз фарқҳои муқаррарии психологии байни ҷинсҳо аст. Ва мо ба мағозаи мебел равона шудем. Ҳангоме ки Деналин мебел мехарад, ба яке аз ду ифротҳо меафтад: ё мебели тамоман кӯҳнаро мехарад, ки зуд фарсуда мешавад, ё чунон навашро, ки ҳатто ранг карда нашудааст. Он дафъа мо варианти дуюмро интихоб намудем ва ба мағозаи махсус даромадем. Андреа ва Соро зуд интихоби худро карданд, ва ман кӯшиш кардам, ки аз онҳо ақиб намонам. Ногоҳ Соро фаҳмид, ки мизҳои нав имрӯз дар хонаамон пайдо намешаванд, онҳоро аввал ранг кардан даркор аст, бинобар ин онҳоро баъди чор ҳафта ба хонаи мо меоваранд. Ман бо ҳамин гуна муваффақият «баъди чор ҳазор сол» гуфта метавонистам. Чашмони ӯ пур аз ашкҳо шуданд: — Аммо, дада, ман онҳоро ҳамин рӯз ба хонаамон овардан мехоҳам. Бояд гуфт, ки Соро пойкӯбӣ ва доду фарёд намекард. Аммо бо вуҷуди ин ӯ бо исрор мехост маро ба дигар кардани фикрам водор намояд. Ба кадом гӯшае ки ман равам, ӯ дар он ҷо маро интизор буд. — Дада, магар мо худамон онро ранг карда наметавонем? — Дада, ман дар мизи нави худ тасвирҳо кашидан мехоҳам. — Дада, биё онро ҳамин рӯз ба хона барем… Баъди муддате ӯ ба куҷое ғайб зад, аммо ба зудӣ бо дастони ба ду тараф кушода, дар бораи кашфиёти худ гап зад: — Дада, як фикр кун, — он ба бордони мошинамон меғунҷад! Чунон ки мову шумо мефаҳмем, кӯдаки ҳафтсола тасаввуроте надошт, ки ба бордони мошин чӣ чиз меғунҷад ва чӣ чиз намеғунҷад, аммо он факт, ки ӯ андозаҳоро бо дастонаш чен кард, ба дили ман таъсир намуд. Суханони зерини ӯ маро ба таври ниҳоӣ розӣ кунонданд: — Дадаҷон, илтимос, биё имрӯз онро мебиёрем… Дар он рӯз оилаи Лукадо мизи хатнависиро ба хона овард. Ман бо ҳамон сабаб ба илтиҷоҳои Соро гӯш додам, ки Худо ба илтиҷоҳои мо гӯш медиҳад. Иҷрошавии хоҳиши ӯ ба фоидаи худаш буд. Кадом падар намехоҳад, ки фарзандаш навиштан ва сурат кашиданро ёд гирад? Сара ҳамон чизеро мехост, ки ман барои ӯ мехостам, аммо мехост ин дарҳол, бе таъхир рӯй диҳад. Ҳангоме ки мо ҳамон чизеро мехоҳем, ки Худо бароямон мехоҳад, Ӯ низ моро мешунавад (ниг.: 1 Юҳ. 5:14). Илтиҷоҳои Соро рӯякӣ набуданд. Худо низ ба илтиҷоҳои самимии мо гӯш медиҳад: «…дуои боисрори шахси росткор қуввати бузурге дорад» (Яъқ. 5:16). Аммо беш аз ҳама он чиз ба ман таъсир расонд, ки Соро маро «дадаҷон» номид. Маҳз аз он сабаб, ки ӯ фарзанди ман аст, ман ба дархости ӯ ҷавоб додам. Маҳз аз он сабаб, ки мо фарзандони Худо ҳастем, Ӯ дархостҳои моро мешунавад. Подшоҳи офариниш ба овозҳои аҳли оилааш махсусан диққат медиҳад. Ӯ на танҳо тайёр аст ба мо гӯш диҳад. Ӯ ҳатто ба мо мефаҳмонад, ки аз Ӯ чиро дархост намоем. «Подшоҳии Ту биёяд…» (Мат. 6:10). ПОДШОҲИИ ТУ БИЁЯД Бисёр вақт мо розӣ ҳастем бо чизи кам қаноат намоем. Мо бо халтаи дархостҳои худ ба толори тахти Худо медароем. Мо мехоҳем дар вазифа пешрафт намоем, маоши баландтар дошта бошем, мошинамонро таъмир кунем ва пули таҳсил дар коллеҷро супорем… Одатан мо дархостҳоямонро бо ҳамон осонӣ баён мекунем, ки аз даруни мошин гамбургер фармоиш медиҳем: «Ба ман як ҳалли мушкилӣ ва ду баракат диҳед. Ва, агар мумкин бошад, зудтар». Аммо чунин худписандӣ дар маъбади парастиши Худо бемаврид метобад. Дар ин ҷо мо дар назди Подшоҳи подшоҳон истодаем. Мо чун пештара ба пешрафт дар вазифа ва баланд кардани маошамон эҳтиёҷ дорем, аммо оё бояд аз ҳамин чиз сар кунем? Исо ба мо мегӯяд, ки аз чӣ бояд сар кунем. «Пас ин гуна дуо гӯед: “Эй Падари мо, ки дар осмонӣ, номи Ту муқаддас бод; Подшоҳии Ту биёяд; хости Ту, чунон ки дар осмон аст, дар замин ҳам ба амал ояд”» (Мат. 6:9–10). «Подшоҳии Ту биёяд» гуфта, шумо Худи Масеҳро даъват мекунед, ки ба ҷаҳони шумо дохил шавад. «Биё, Подшоҳи ман! Ба тахти Худ дар замини мо бинишин. Дар дили ман бош. Ба оиладории мо даро. Худованди оилаам, тарсҳоям ва шубҳаҳоям бош». Ин кадом як дархости ночиз нест; шумо бо ин дуо аз Худо хоҳиш мекунед, ки ба тамоми гӯшаҳои ҳаётатон дохил шавад. Мегӯед, ки шумо кистед, ки дар ин бора хоҳиш намоед? Шумо кистед, ки аз Худо хоҳиш кунед, то дар ҷаҳони шумо подшоҳӣ кунад? Охир, як фикр кунед, шумо фарзандони Ӯ ҳастед-ку! Аз ҳамин сабаб далерона дархост намоед. «Бинобар ин бо ҷуръат ба тахти файз наздик оем, то ки марҳамат ба даст оварем ва барои мадади саридарвақт файз ёбем» (Ибр. 4:16). ДРАМАИ РӮҲОНӢ Намунаи олидараҷаи чунин далериро дар қиссаи Ҳадаса (ҳамон Эстер; ниг.: Эст. 2:7) ёфтан мумкин аст. Агарчи забон ва фарҳанги халқи ӯ барои мо дар гӯшаи дигари харитаи ҷаҳон мебошанд, ӯ ба мо дар бораи қудрати илтиҷое ки ба подшоҳ нигаронида шуда буд, бисёр чизҳоро нақл карда метавонист. Бояд гуфт, ки ин ҷо як-ду фарқ ҳаст. Дархости ӯ на ба падар, балки ба шавҳараш, ба подшоҳ нигаронида шуда буданд. Ӯ на дар хусуси овардани мизи хатнависӣ, балки дар хусуси халос кардани халқи ӯ дархост мекард. Ва азбаски ӯ ба толори тахти подшоҳ даромада, дархости худро ба ӯ баён намуд, ӯ нақшаҳои худро дигар кард, — ва дар натиҷа миллионҳо одамон дар 127 кишвари ҷаҳон наҷот ёфтанд. Ман хеле мехоҳам, ки шумо бо Ҳадаса гап занед! Аммо азбаски ӯ дар асри панҷуми то милод мезист, вохӯрии мо ғайриимкон аст. Мо маҷбурем бо хониши қиссаи ӯ аз китобе «Эстер» ном дорад, маҳдуд шавем. Ин чӣ китоб аст? Агар Ҳолливуд ин қиссаро ба навор гирифтанӣ мешуд, барои ифода намудани тамоми шиддати драматизми он хеле душворӣ мекашид. Ҳомони бадхашм, ки мехост ҳама дар назди ӯ сар хам кунанд… Мордахайи нотарс, ки ба Ҳомон таъзим кардан нахост… Суханони таъсирбахши Мордахай ба Эстер дар бораи он ки шояд ӯ маҳз барои «чунин соат» малика шудааст… Ва азми қавии Эстер барои наҷот додани халқи худ. «Агар ҳалок шавам — бигзор ҳалок шавам», — гуфта ӯ ба марг тайёр буданашро нишон медиҳад. Ба шахсиятҳои асосии амалкунанда менигарем. Аҳашверуш подшоҳи Форс буд. Ҳукмронии мутлақи шоҳонаи ӯ аз Ҳинд то Ҳабашистон паҳн мешуд. Агар подшоҳ як абрӯяшро боло мекард, тақдири ҷаҳон дигаргун мешуд. Аз ин ҷиҳат ӯ таҷассумкунандаи ҳокимияти Худо бар офариниш аст, охир, Подшоҳи мо ҷараёнҳои ҳаётро равона мекунад, агарчи ҳатто абрӯвонашро боло карданаш зарур нест. Ҳомон дасти рости подшоҳ буд. Ҳамаи он чиро, ки дар бораи ӯ навишта шудааст, хонед, ва шумо ҳеҷ чизи хубро намеёбед. Ӯ шахси худпараст буд, ки аз ҳар як шахс дар подшоҳӣ таъзимро талаб мекард. Ба ӯ «яҳудиён» ном ақаллияти миллӣ халал мерасонд, ва ӯ қарор дод, ки онҳоро нобуд кунад. Ӯ подшоҳро бовар кунонд, ки баъди нобуд шудани онҳо ҷаҳон беҳтар мешавад, ва аллакай рӯзи қатли ҳамагонии фарзандони Иброҳимро таъйин намуд. Ҳомон ходими дӯзах, таҷассумгари худи иблис аст. Ӯ мақсади дигар надорад, ғайр аз он ки ҳар як шахсро ба таъзим кардан маҷбур намояд. Шайтон низ мақсади дигар надорад, ғайр аз он ки халқи Худоро ба ҳуҷумҳо гирифтор намояд. Ӯ «меояд, то ки бидуздад, бикушад ва талаф кунад» (Юҳ. 10:10). Ӯ «бо хашми зӯре фуруд омадааст, чун медонад, ки вақташ кам мондааст!» (Ваҳй 12:12). Аз замони фиреби худ дар боғи Адан ӯ кӯшиш мекунад нақшаи Худоро вайрон кунад. Дар мавриди додашуда шайтон мехост ҳамаи яҳудиёнро нобуд кунад, то ки хатти насабномавии Исо канда шавад. Барои Ҳомон ин куштор масъалаи ба мақсад мувофиқ будан аст. Барои шайтон — масъалаи ҳаёт ва марг. Ӯ ба ҳама кор тайёр аст, то ки ба ҷаҳон омадани Исоро пешгирӣ намояд. Маҳз аз ҳамин сабаб ӯ намехоҳад он тавре ки Исо омӯзонда буд, дуо гӯяд: «Подшоҳии Ту биёяд». Эстер, духтархонди Мордехай, дар конкурси зебоии «Бонуи Форс» ғолиб гардида, малика шуд. Дар як лаҳза ӯ аз номаълумӣ ба қасри подшоҳ гузаронида шуд, ва дар айни замон ӯ аз якчанд ҷиҳатҳо ба худи шумо монанд аст. Ҳам шумо, ҳам ӯ дар қаср сокин мебошед: Эстер — чун арӯси Аҳашверуш, шумо — чун Арӯси Масеҳ (муқоиса кунед.: Эфс. 5:23–24). Ҳам шумо, ҳам ӯ ба тахти подшоҳ дастрасӣ пайдо намудаед, шумо, ба монанди ӯ, барои омӯзиш ва насиҳати даркорӣ маслиҳатгар доред. Маслиҳатгари шумо Рӯҳулқудс аст. Маслиҳатгари Эстер — Мордахай. Маҳз Мордахай ба Эстер маслиҳат дод, ки асли насаби яҳудии худро пинҳон дорад. Ҳамчунин ӯ Эстерро бовар кунонд, ки ба Аҳашверуш дар бораи тайёрӣ ба қатли ҳамагонии яҳудиён гӯяд. Шояд шумо ҳайрон мешавед, ки умуман ӯро бовар кунондан чӣ даркор шуд. Аз афти кор, Мордахай низ аз ин ҳайрон шуд. Гӯш кунед, ки Эстер ба ӯ чӣ ҷавоб дод: Ҳамаи маъмурони подшоҳ ва қавми вилоятҳои подшоҳ медонанд, ки барои ҳар мард ва зане ки назди подшоҳ ба саҳни дарунӣ биёяд, бе он ки даъват шуда бошад, фақат як қонун ҳаст, ки бояд қатл карда шавад, ба ҷуз касе ки подшоҳ чӯбдасти тиллоро сӯи вай дароз кунад, то ки зинда монад; инак сӣ рӯз аст, ки ман даъват нашудаам, ки назди подшоҳ биёям. Эст. 4:11 Агарчи ин барои мо аҷиб намуда метавонад, аммо ҳатто малика ҳақ надошт бе даъват назди подшоҳ биёяд. Ба толори тахти подшоҳ бе даъват ҳозир шудан — хатари дарҳол кушта шуданро дошт. Аммо Мордахай Эстерро бовар кунонд, ки бояд чунин кунад. Агар ҳамонандкунии нақши Мордахай ва нақши Рӯҳулқудс бароятон аҷиб тобад, бубинед, ки чӣ тавр Мордахай ба Эстер насиҳат менамуд, ки дуруст амал намояд: «Дар дили худ гумон накун, ки дар хонаи подшоҳ аз миёни ҳамаи яҳудиён раҳо хоҳӣ шуд, балки, агар дар ҳамин вақт хомӯш бимонӣ, халосӣ раҳоӣ ва наҷот аз ҷои дигар падид хоҳад омад, вале ту ва хонадони падарат нобуд хоҳед шуд, ва кист бидонад, ки оё барои чунин вақт ба подшоҳӣ нарасидаӣ?» (Эст. 4:13–14). Акнун мебинем, ки Эстер чӣ кор кард: «…либоси шоҳона пӯшида, дар саҳни дарунии хонаи подшоҳ рӯ ба рӯи дарбори подшоҳ биистод, ва подшоҳ бар тахти шоҳонаи худ дар дарбори шоҳона рӯ ба рӯи даромадгоҳи хона нишаста буд» (Эст. 5:1). Оё ӯ пеши назаратон ҷилвагар намешавад? Айнан чун сурат дар муқоваи маҷаллаи «Glamour». Ва оё дар ин сурат подшоҳ Аҳашверуш, ки феҳристи «Аробаҳои ҷангӣ: чархҳо ва шинаҳо»-ро варақ мезанад, наметобад? Дар ду тарафи ӯ посбонон истодаанд. Ӯро рӯзи дарози маҷлисҳо ва расмиятҳои шоҳона дар пеш аст. Ӯ оҳ кашида ба тахт мешинад… ва бо гӯшаи чашм Эстерро мебинад, ки дар саҳни дарунӣ истодааст. «Ва чун подшоҳ Эстери маликаро дид, ки дар саҳн истодааст, вай дар назари ӯ илтифот пайдо кард…» (Эст. 5:2а). Иҷозат диҳед, ки ман ин оятро ба таври худ аз нав тарҷума кунам: «Ва чун подшоҳ Эстери маликаро дид, ки дар саҳн истодааст, вай нидо кард: «Оҳо!»».— «Ва подшоҳ чӯбдасти тиллоро, ки дар дасташ буд, сӯи Эстер дароз кард, ва Эстер наздик омада, ба нӯги чӯбдаст даст расонд» (Эст. 5:2б). Воқеаҳои минбаъда ба омехтакунии дастаи қартаҳо, ки шайтон онҳоро таҳриф кардааст, монандӣ дошт. Ҳомон дасисаҳо ба амал меовард, то ки Мордахайро — ягона шахсеро, ки ба ӯ таъзим накард, ба дори баландтар овезад. Эстер қарор медиҳад, ки барои Аҳашверуш ва Ҳомон ду базм орояд. Дар охири базми дуюм подшоҳ ба Эстер пешниҳод мекунад, ки ҳар чизи мехостаашро талаб кунад. Эстер хиҷолатмандона нигоҳашро ба поён равона карда, мегӯяд: «Хуб, агар худат пешниҳод мекарда бошӣ, ман аз ту хоҳиши хурдакаке дорам». Ва баъд ба подшоҳ дар бораи антисемити ашаддӣ гап мезанад, ки фикри иблисонаи ҳамчун калламушҳо нобуд кардани ҳамаи ҳамқавмҳои ӯро дорад, бинобар ин агар Аҳашверуш ба зудӣ чораҳо наандешад, баъди чанде аз маликааш маҳрум шуда метавонад. «Охир, ту инро намехоҳӣ-ку, ҳамин тавр не?» — илова мекунад вай. Аҳашверуш талаб мекунад, ки вай номи он бадкирдорро гӯяд, Ҳомон бошад оҳиста-оҳиста ба тарафи баромадгоҳ равона мешавад. Эстер ӯро фош мекунад, ва Аҳашверуш ба хашм меояд. Ӯ дақиқае берун мебарояд, то ки доруи оромкунанда истеъмол намояд, баъд баргашта мебинад, ки Ҳомон дар назди Эстер дароз кашидааст. Ҳомон аз малика илтиҷо мекунад, ки ба ӯ раҳм кунад, аммо подшоҳ гумон мекунад, ки ӯ ба худи малика изҳори муҳаббат карда истодааст! Ҳомон, бе он ки ягон имконияти фаҳмондани чизеро дошта бошад, ба ҳамон доре ки барои Мордахай тайёр карда буд, овехта мешавад (ниг.: Эст. 7:1–10). Ба Ҳомон ресмони Мордахай насиб кард. Ба Мордахай мақоми ӯ насиб кард. Эстер осуда хобида метавонист. Яҳудиён метавонистанд то саҳарии рӯзи дигар зинда монанд. Ва мо қиссаи драматикиро дар бораи он фаҳмидем, ки агар ба Подшоҳамон муроҷиат намоем, чӣ рӯй дода метавонад. Ба монанди Эстер, мо аз номаълумӣ даъват шудаем ва дар қасри подшоҳ ҷойи худро ишғол намудаем. Ба монанди Эстер, мо либосҳои шоҳона дар тан дорем, ӯ либосҳои худро мепӯшид, мо росткории худро дар бар мекунем (ниг.: Ваҳй 19:8). Ба монанди Эстер, ба мо имконият дода шудааст, ки дархостҳоямонро баён намоем. Соро маҳз ҳамин тавр кард. Дархости ӯ чун дархости Эстер драматикӣ набуд, аммо мақсади падарро тағйир дода тавонист. Бояд гуфт, ки маҷози ҳаётии Соро бо мизи хатнависии ӯ он вақт дар мағоза қатъ нагардид. Ҳангоми ба хона бозгаштан Соро фаҳмид, ки мизи хатнависии ман дар мағоза монд. — Шояд, ту хоҳиш накардӣ, ҳамин тавр не, дада? (Агар хоҳиш накунем, ба даст намеоварем.) Ҳангоме ки мо мизи ӯро дар ҳуҷраи хобаш гузоштем, ӯ маро даъват намуд, ки онро бо мӯқалам «номгузорӣ» кунад. Ман чунин навиштам: «Мизи Соро». Ӯ навишт: «Ман дадаҷонамро дӯст медорам» (ҳангоме ки илтиҷоҳои мо иҷобат карда мешаванд, муҳаббат ва ситоиш — аксуламали дурусттарин аст). Аммо қисми беҳтарини ин қисса рӯзи дигар рӯй дод. Ман он чиро, ки шумо шунидед, ҳангоми мавъизаи рӯзи якшанбе нақл кардам. Як ҷуфти оилавӣ аз аҳли калисоямон ба хонаамон омада, он мизро бо худ бурданд, то ки дар он тасвирҳо кашанд. Вақте ки баъди ду рӯз онҳо онро гашта оварданд, дар тамоми сатҳи он фариштаҳо тасвир ёфта буданд. Ин ба ман ёдрас намуд: ҳангоме мо дуо мегӯем, ки Подшоҳии Худо биёяд, он меояд! Тамоми фавҷҳои осмон ба мадади мо мешитобанд. БАРОИ АНДЕШАРОНӢ ВА МУҲОКИМА 1. Дар хусуси суханони «Подшоҳии Ту биёяд» андеша намоед. Ҳангоме ки шумо дар бораи Подшоҳии меомадаи Худо андеша мекунед, чӣ чиз пеш аз ҳама ба саратон меояд? Ба фикри шумо, чаро мо бояд дуо гӯем, то ки Подшоҳии Худо биёяд? 2. Эст. 3–9-ро хонед. Ба Эстер дар ин драма чӣ нақше дорад? Нақши Мордехай чӣ гуна аст? Нақши подшоҳ чӣ гуна аст? Кӣ, ба фикри муаллифи китоби Эстер, дар ин ҷо қаҳрамони асосӣ аст? 3. Агар Подшоҳии Худо ба ҷои коратон ояд, чӣ рӯй медиҳад? Агар он ба оиладории шумо ояд, чӣ рӯй медиҳад? Ба хонаатон ояд, чӣ рӯй медиҳад? 4. Ибр. 4:14–16. Дар Ибр. 4:16 аз ин оятҳо чӣ хулоса бароварда мешавад? Оё, аз рӯи ин ваъда, баракатҳо ба даст меоваред? Чаро ҳа, ё чаро не? 5. Вақт ҷудо карда, аз Худо хоҳиш намоед, ки ҳамаи гӯшаҳои ҳаётатонро пур кунад. Фикр кунед, ки кадом «гӯшаҳо»-ро шояд аз Ӯ пинҳон мекунед? Пул? Муносибатҳо бо наздикон? Кор? Таҳсил? Машғулиятҳо? То ҳадди имкон бо худ софдил бошед ва ҳамаи соҳаҳои ҳаётатонро тасвир намоед? Баъд аз Подшоҳ хоҳиш кунед, ки шуморо дар ҳар яке аз соҳаҳои ҳаётатон роҳбарӣ намояд. Боби 16. Айюб Марде дар замини Ус буд, ки Айюб ном дошт, ва он мард беайб ва росткор ва худотарс буд ва аз бадӣ дур мешуд. Ва ба ӯ ҳафт писар ва се духтар таваллуд ёфтанд. Ва чорвои ӯ аз ҳафт ҳазор бузу гӯсфанд ва се ҳазор шутур ва панҷсад ҷуфт гов ва панҷсад модахар иборат буд, ва ӯ ғуломону канизони бағоят зиёде дошт; ва ин мард аз тамоми аҳли шарқ бузургтар буд. <…> Ва Парвардигор ба шайтон гуфт: «Инак, ӯ дар дасти туст; фақат ҷони ӯро нигоҳдорӣ намо». Ва шайтон аз пеши Парвардигор рафт, ва Айюбро аз кафи пояш то фарқи сараш ба махави сахт гирифтор кард. Ва ӯ сафолпорае гирифт, то ки худро бо он бихорад, дар ҳолате ки андаруни хокистар нишаста буд. Ва Парвардигор суханашро давом дода, ба Айюб гуфт: «Оё касе ки ба Тавоно таъна мезанад, боз кашмакаш хоҳад кард? Сарзанишкунандаи Худо бигзор ҷавоб гардонад!» Ва Айюб ба Худо ҷавоб гардонда, гуфт: «Инак ман ҳеҷ ҳастам; ба Ту чӣ ҷавоб мегардонам? Дасти худро ба даҳонам мондаам. Айюб 1:1–3; 2:6–8; 39:31–34 ҲАНГОМЕ КИ ОДАМ ХОМӮШ МЕШАВАД Боре дар Бразилия ман модарамро бо дугонааш ба тамошои шаршараи Игуасу, ки калонтарин шаршараи ҷаҳон аст, бурдам. Якчанд ҳафта пеш аз ин ман мақоларо дар маҷаллаи махсус хонда, «мутахассис оид ба шаршараҳо» шудам. Ман фикр мекардам, ки меҳмононам мефаҳмад, ки корашон омад кардааст, зеро маҳз ман роҳбалади онҳо шудаам. Барои баромадан ба майдончаи панорамавӣ, сайёҳон аз пайраҳаи морпеч дар ҷангал мегузаранд. Ҳангоми ин гузариш ман имконияти ба модарам ва дугонааш додани тасвири ҷуғрофии шаршараро истифода бурдам. Ман аз маълумот чунон пур будам, ки беист гап мезадам. Аммо баъди як-ду дақиқа пай бурдам, ки бояд торафт баландтар гап занам. Кадом як садои ғуввосзананда аз дуродур маро водор мекард, ки бо овози баландтар гап занам. Бо ҳар як хамгашти пайраҳа овозамро баландтар мекардам. Дар охир ман аллакай дод мезадам, то ки суханонам аз он садое ки маро хеле асабонӣ мекард, баландтар бошанд. Ман фикран чунин мегуфтам: «Новобаста ба он ки ин садои чист, овозро хомӯш кунед, то ки ман лексияамро оромона ба охир расонда тавонам». Фақат ба ҷои кушод баромада, ман ниҳоят фаҳмидам, ки садое ки ба ман халал мерасонд, ғуввоси шаршара будааст. Тавоноии он муъҷизаи табиат, ки ман дар бораи он нақл карданӣ будам, садои суханони маро пахш мекард. Ман аллакай аз он баландтар дод зада наметавонистам. Ва агар метавонистам ҳам, ба ҳар ҳол бе шунаванда мемондам. Ҳатто модарам ин манзараи муъҷизаосоро аз тасвиркуниҳои ман афзал донист. Ва ман даҳонамро пӯшондам. Мавридҳое мешаванд, ки гуфтугӯ тантананокии лаҳзаро халалдор мекунад… он вақт хомӯшӣ эҳтироми олитаринро ифода менамояд. Чунин хомӯшӣ тарси эҳтиромона ном дорад. Ин тарси эҳтиромона дар дуои «Номи Ту муқаддас бод» (Мат. 6:9) ифода меёбад. Фақат Худо ва шумо ҳастед, ва фаҳмиданатон осон аст, ки дар тахт Кӣ нишастааст, ва кӣ бояд хомӯш бошад. Барои интихоби суханони дуруст кӯшиш кардан намеарзад, кӯшиш кунед, ки дилатон дуруст ҷӯр шуда бошад. Аз шумо ба Ӯ на хушсуханӣ, балки самимият даркор аст. ВАҚТ БАРОИ ХОМӮШӢ Айюб ин дарсро хуб аз худ намуд. Агар ӯ норасоӣ дошта бошад, пас он забони дарози ӯ буд. Ӯ беҳад зиёд гап мезад. Аммо касе барои ин ӯро маҳкум намекард. Бадбахтиҳо ба сари ин бечора, чунон ки шери мода ба галаи ғизолон ҳуҷум мекунад, фурӯ рехтанд. Ва ҳангоме ки тундбод ба охир расид, тамоми атроф хароб гардида буд ва аз наздикони ӯ қариб касе боқӣ намонда буд. Душманон чорвои ӯро дуздида бурданд, рамаҳои гӯсфандонро барқ зада кушт. Боди шадид хонаашро вайрон кард ва фарзандонаш, ки дар он базм доштанд, дар зери харобаҳо ҳалок шуданд (ниг.: Айюб 1:14–19). Ва ин фақат саршавии балоҳо буд. Пеш аз он ки Айюб гӯшаки телефонро ба даст гирад, дар дастонаш доғҳои махав ва захмҳоро дар баданаш ошкор намуд. Ҳамсараш, зани раҳмдил, ба ӯ чунин маслиҳат дод: «Худоро дашном деҳ ва бимир» (Айюб 2:9). Чор нафар дӯстони ӯ, ки назокати онҳо аз назокати фелдфебел бештар набуд, барои тасалло додан назди Айюб омада, ӯро бовар кунонданӣ мешуданд, ки Худо одил аст, ва азобҳо ҳамчун ҷазо барои гуноҳҳо фиристода мешаванд; аён аст, ки дар гузашта Айюб ҷинояте содир намудааст, бинобар ин ҷазо дода шудааст. Ҳар яки онҳо дар бораи Худо тасаввуроти Худро дошт ва ҳар яке дар бораи он ки Худо чӣ гуна аст ва чаро Ӯ чунин кард, бисёр гап зад. На танҳо онҳо дар бораи Худо гап мезаданд. Ҳангоме ки айбдоркунандаҳо хомӯш мешуданд, Айюб ба онҳо ҷавоб медод. Ҳамин тавр онҳо бо навбат гап мезаданд… Айюб даҳони худро кушода, рӯзи худро лаънат кард (Айюб 3:1). Ва Алифози Темонӣ ҷавоб гардонда, гуфт (Айюб 4:1). Ва Айюб ҷавоб гардонда, гуфт (Айюб 6:1). Ва Билдоди Шуҳӣ ҷавоб гардонда, гуфт (Айюб 8:1). Ва Айюб ҷавоб гардонда, гуфт (Айюб 9:1). Ва Сӯфори Наъмотӣ ҷавоб гардонда, гуфт (Айюб 11:1). Ин пинг-понги сухангӯӣ дар тӯли бисту се боб давом мекунад. Ниҳоят, Айюб аз «ҷавоб додан» безор шуд. Ин муҳокимарониҳо дар гурӯҳи мубосиҳавӣ бас аст. Вақти баромади барномавӣ расид. Айюб бо як даст микрофонро медорад, бо дасти дигар — минбарро ва… Дар тӯли шаш боб Айюб фикри худро дар бораи Худо баён мекунад. Ин дафъа бобҳо бо чунин суханон сар мешаванд: «Ва Айюб сухани худро давом дода, гуфт» (Айюб 27:1; 29:1). Айюб Худоро тавсиф медиҳад, Ӯро маънидод менамояд, таҳқиқ мекунад. Таассуроте ҳосил мешавад, ки Айюб дар бораи Худо пеш аз Худи Ӯ медонад! Пеш аз он ки Худо сулфа мекунад, то ки сухан гӯяд, мо то боби 38-ум мерасем. Боби 38-ум чунин сар мешавад: «Парвардигор ба Айюб ҷавоб гардонд» (Айюб 38:1). Агар шумо ҳамин гуна Китоби Муқаддас дошта бошед, ки ман дорам, дар ин оят хатое ҳаст. Суханон дурустанд, аммо ҳуруфчин бояд ҳарфҳои калонро интихоб менамуд: Он гоҳ ин сатр чунин шакл медошт: Парвардигор ба Айюб ҷавоб гардонд Худо гап зад. Ҳамаи чеҳраҳо сӯи осмон нигаронида шудаанд. Дарахтон аз вазидани бод хам мешаванд. Ҳамсояҳо ба паноҳгоҳҳои зеризаминии худ мефароянд. Гурбаҳо ба болои дарахтон хазида мебароянд, сагҳо дар паси буттаҳо думҳояшонро хам мекунанд. «Азизакам, тундбод мешавад. Беҳтараш ҳозир либосҳоро ба тор наовезӣ». Ҳамин ки Худо даҳон мекушояд, Айюб мефаҳмад, ки бояд даҳонашро пӯшонад. Ку, камари худро мисли мард бибанд: Ман ба ту савол хоҳам дод, ва ту ба Ман бифаҳмон. Вақте ки Ман бунёди заминро мениҳодам, ту куҷо будӣ? Бигӯ, агар аз хирад хабардор бошӣ. Кист, ки андозаҳои онро муайян намуд? Оё медонӣ? Ё кист, ки ресмонро бар он кашид? Пояҳои он бар чӣ чиз ниҳода шудааст, ё кист, ки санги кунҷи онро гузошт, дар сурате ки ситорагони субҳ якҷоя сурудхонӣ мекарданд ва ҳамаи фарзандони Худо нидоҳои шодӣ медоданд? Айюб 38:3–7 Осмонҳо аз саволҳои Худо пур мешаванд, ва Айюб мефаҳмад: Худоро фақат Худо тавсиф медиҳад. Барои хондан алифборо донистан даркор аст, ва Худо гӯё ба Айюб мегӯяд: «Ту ҳатто алифбои осмонҳоро намедонӣ, алалхусус сарфу наҳви онро». Бори аввал Айюб хомӯш мемонад. Ӯ аз ин сели саволҳо лол шуд. Оё ту ба чашмаҳои қаъри баҳр фуруд омадаӣ? Ва ба поёни обҳои азим расидаӣ? Оё ту ба хазинаҳои барф фуруд омадаӣ, ва хазинаҳои жоларо дидаӣ? Оё ту ба асп қувват бахшидаӣ, ва гардани онро бо ёл пӯшондаӣ? Оё ту аспро мисли малах ба давутози пуғулғула овардаӣ? Оё аз хиради туст, ки қарчиғай парафшон мегардад ва болҳои худро ба самти ҷануб менигаронад? (ниг.: Айюб 8:16, 22; 39:19–20, 26). Пеш аз он ки Aйюб дар пайи саволе сар ҷунбонад, дарҳол саволи дигар шунида мешавад. Падари Осмонӣ ӯро ба хулосаи комилан равшан мебарад: «Ҳангоме ки аз ӯҳдаи корҳои одӣ мебароӣ, масалан, галаситораҳоро ба осмон мебарорӣ ё гардани шутурмурғро дароз мекунӣ, ҳамон вақт дар бораи ғамҳо ва азобҳо гап мезанем. Аммо то он вақт бе тафсирҳои ту ҳам кор пеш меравад». Оё Айюб инро фаҳмид? Ба фикрам, ҳа. Ҷавоби ӯро гӯш мекунем: «…ман ҳеҷ ҳастам; ба Ту чӣ ҷавоб мегардонам? Дасти худро ба даҳонам мондаам» (Айюб 39:34). Ба ин дигаргуншавӣ диққат медиҳем. Пеш аз он ки Айюб Худоро шунавад, бисёр гап мезад. Акнун, суханони Худоро шунида, ӯ умуман чизе гуфта наметавонад. Хомӯшӣ ягона ҷавобест, ки барои ӯ бамаврид аст. Дар ҳаёти Тумои Кемпиягӣ низ вақте фаро расид, ки ӯ хомӯш монд. Ӯ дар бораи сифатҳои шахсии Худо бисёр навишта буд. Аммо боре Худо ӯро дар рӯ ба рӯи он гуна муқаддасии файз гузошт, ки аз ҳамон вақт Тумои Кемпиягӣ ҳамаи суханони худро «хас ва коҳ» меҳисобид. Ӯ қалами худро як сӯ гузошта, дигар як сатр ҳам нанавишт. Ӯ дасташро ба даҳонаш гузошт. Ин тарси эҳтиромона ном дорад. «Номи Ту муқаддас бод». ҶУДОШУДА БУДАН Ин на даъват, балки илтимос аст. Илтиҷо, на ин ки эълон. Номи Ту муқаддас бод. Ҳама кори даркориро бикун, то дар ҳаёти ман қуддус бошӣ. Дар тахти осмонӣ бинишин. Худро болобардор кун. Худро ҷалол деҳ. Ту Худованди ман мешавӣ, ман бошам хомӯш мешавам. Калимаи «муқаддас» маънои «ҷудо кардашуда»-ро дорад. Пас, муқаддас будан маънои аз меъёр фарқ кардан, аз он афзунтар буданро дорад. Худои қуддус дар сатҳи дигар аст, на дар он сатҳе ки мо ҳастем. Он чи моро метарсонад, Ӯро тарсонда наметавонад. Ман худро барҳнавард намеҳисобам, аммо ба қадри кофӣ дар баҳр зери бодбон шино кардаам, то ки сирри ҳангоми тӯфон муайян кардани самтро ба сӯи соҳил донам… Самтро аз рӯи хатти ҳаракати дигар қаиқҳо аниқ кардан даркор нест. Ва, албатта, ба мавҷҳо нигоҳ кардан даркор нест. Он чиро пайдо намоед, ки бод намебарад: манораи роҳнаморо дар соҳил — рост ба самти он ҳаракат кунед. Манораи роҳнаморо ҳеҷ гуна бод рӯфта бурда наметавонад. Ҳангоме ки шумо ба Худоятон менигаред, ба самти Касе ҳаракат мекунед, ки аз ҳама гуна тӯфонҳои ҳаёт «ҷудо карда шудааст». Ба монанди Айюб, дар азобҳо осоиш пайдо мекунед. Ба монанди Айюб, дастонатонро ба даҳонатон гузошта, хомӯш мешавед. «Бозистед ва бидонед, ки Ман Худо ҳастам» (Заб. 45:11). Дар ин оят ҳам фармуда ва ҳам ваъда ҳаст. Кадом фармуда? Бозистед, гуфтугӯҳоро бас кунед. Ба зону биистед. Кадом ваъда? Шумо метавонед бидонед, ки Ман Худо ҳастам. Киштии имондор дар обҳои ором ҳаракат мекунад. Имони ӯ бо болҳои интизорӣ парвоз мекунад. Дар ҳамаи тӯфонҳои зиндагии ҳаррӯза хомӯш бинишинед. Бигузор Худо Худо бошад. Бигузор бо мавҷи ҷалоли Худ шуморо бишӯяд, то ки аз ҳаяҷон нафасгир шавед ва ҳамаи изтиробҳои шуморо бод барад. Бозистед. Хомӯш шавед. Ба вохӯрӣ кушода ва омода бошед. Он вақт фаҳмида метавонед, ки Худо Худо аст. Ва наметавонед чунин нагӯед: «Номи Ту муқаддас бод». БАРОИ АНДЕШАРОНӢ ВА МУҲОКИМА 1. Чӣ тавр номи Худоро «муқаддас кардан» мумкин аст? Ва баръакс, чӣ тавр онро нопок мекунанд? Шахсан шумо дар ҳафтаи гузашта кадоме аз ин корҳоро бештар кардед? Фаҳмонед. 2. Айюб 38:3:18-ро хонед. Ҳамаи ин саволҳои Худо ба чӣ бурда мерасонанд? Айюб аз онҳо бояд чӣ дарси ибрат мегирифт? Шумо аз ин матн дар бораи Худо чиро фаҳмидед? 3. Айюб 39:34–35: 42:1–6-ро хонед. Дар ниҳояти кор Айюб дар бораи Худо чиро фаҳмид? Чӣ тавр ин муносибати ӯро ба ғамҳояш дигаргун намуд? 4. Агар дар ҷои Айюб мебудед, оё ба монанди ӯ рафтор менамудед? Чаро ҳа, чаро не? 5. Оё дар давраи нохушиҳо шумо ягон вақт аз Худо ҷавобро металабед? Агар Ӯ ба саволҳои шумо ҷавоб медод, ба фикратон, Ӯ чӣ мегуфт? Боби 17. Ниқӯдимус Дар байни фарисиён шахсе ки Ниқӯдимус ном дошт, аз сардори яҳудиён буд, Вай шабона назди Исо омада, гуфт: «Эй Устод! Мо медонем, ки Ту Устоде ҳастӣ, ки аз ҷониби Худо омадаӣ. Зеро муъҷизаҳоеро, ки Ту нишон медиҳӣ, ҳеҷ кас наметавонад нишон диҳад, магар ин ки Худо бо вай бошад». Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегӯям: кас агар аз олами боло таваллуд наёбад, Подшоҳии Худоро дида наметавонад». Ниқӯдимус ба Ӯ гуфт: «Чӣ гуна мумкин аст, ки одаме ки пир шуда бошад, таваллуд ёбад? Оё метавонад боз ба шиками модараш баргашта, таваллуд ёбад?». Исо ҷавоб дод: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегӯям: кас агар аз об ва Рӯҳ таваллуд наёбад, ба Подшоҳии Худо даромада наметавонад: он чи аз ҷисм таваллуд меёбад, ҷисм аст, ва он чи аз рӯҳ таваллуд меёбад, рӯҳ аст. Аз он чи ба ту гуфтам, тааҷҷуб накун: бояд шумо аз олами боло таваллуд ёбед. Бод ҳар ҷо ки хоҳад мевазад, ту овози онро мешунавӣ, лекин намедонӣ, ки аз куҷо меояд ва ба куҷо меравад: чунин аст ҳолати ҳар кӣ аз Рӯҳ таваллуд ёфта бошад». Ниқӯдимус дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Чӣ тавр мумкин аст, ки чунин шавад?» Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Ту ки як устоди Исроил ҳастӣ, инҳоро намедонӣ?» Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегӯям: Мо аз он чи медонем, сухан мегӯем ва бар он чи дидаем, шаҳодат медиҳем, лекин шумо шаҳодати Моро қабул намекунед; вақте ки ба шумо аз чизҳои заминӣ сухан гуфтам, бовар накардед, пас ҳар гоҳ аз чизҳои осмонӣ сухан ронам, чӣ сон имон хоҳед овард? Ҳеҷ кас ба осмон боло нарафтааст, магар фақат Он ки аз осмон фуруд омадааст, яъне ки Писари Одам, ки ҷояш дар осмон аст; ва чунон ки Мусо дар биёбон морро боло бардошт, Писари Одам низ бояд ончунон боло бурда шавад, то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад. Зеро Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи Худро дод, то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад. Зеро Худо Писари Худро ба ҷаҳон барои он нафиристод, ки бар ҷаҳон доварӣ кунад, балки ҷаҳон ба воситаи Ӯ наҷот ёбад. Юҳ. 3:1–17 СӮҲБАТИ МАШҲУРТАРИНИ КИТОБИ МУҚАДДАС Ӯинтизор аст, ки торикӣ фаро расад. Торикӣ барои ӯ паноҳи дилхоҳ мешавад. Аз ҳамин сабаб ӯ тамоми бегоҳ нишаста интизор мешавад. Ӯ дар назди тирезаи хонаи сеошёнааш нишаста чойи аз баргҳои зайтун дамкардашударо менӯшад ва ба ғуруб нигариста, соати худро интизор мешавад. Дар ин вақт Уршалим зебост. Нурҳои охирини офтоби ғурубкунанда дар кӯчаҳои сангфарш мелағжанд, хонаҳои сафедро пур аз нурҳои тиллоранг мегардонанд, маъбади калони росткунҷаро равшан намоён мекунанд. Нигоҳи Ниқӯдимус аз бомҳои тираранг гузашта, ба деворҳои баланди маъбади дурахшон ва пуршукӯҳ равона мешавад. Ниқӯдимус ин саҳарӣ ба саҳни дарунии он рафта буд. Ва пагоҳ боз меравад. Ӯ бо роҳбарони динӣ вомехӯрад, то ки бо онҳо бо он чи сарварони динӣ машғул мешаванд, машғул шавад, — ӯ дар бораи Худо гап мезанад. Дар бораи он муҳокима мекунад, ки чӣ тавр назди Худо омадан, дили Худоро нарм кардан мумкин аст. Худо. Фарисиён дар бораи Худо мубоҳисаҳо мекунанд. Ва Ниқӯдимус дар байни онҳо нишастааст. Баҳсҳо. Андешарониҳо. Ҷустуҷӯи ҷавобҳои дуруст. Ҳалли мушкилот. Бастани бандҳои пойафзол дар рӯзи шанбе. Ба бекормондагон хӯрок додан. Ҷудошавӣ аз ҳамсар. Беэҳтиромӣ ба волидон. Худо дар ин бора чӣ мегӯяд? Ниқӯдимус бояд донад. Ин кори ӯст. Ӯ росткор аст ва бар росткорон роҳбарӣ мекунад. Номи ӯ дар рӯйхати бонуфузи донишмандони Таврот сабт ёфтааст. Ӯ ҳаёти худро ба омӯхтани Шариат бахшидааст ва дар Маҳкамаи олии яҳудиён яке аз ҳафтоду як ҷойро ишғол мекунад. Ӯ дар ҷамъият шахси обрӯманд ва эътиборнок аст, ва ӯ саволҳо дорад. Саволҳои ӯ ба ин Марди Ҷалилӣ, ки тӯдаҳои мардумро ҷамъ мекунад, нигаронида шудаанд. Ин муаллими деҳотӣ таҳсилоти олӣ надорад, аммо одамонро ҷалб мекунад. Барои одамони бекор вақт сарф мекунад, аммо аз сарварони динӣ ва росткорони соҳибэҳтиром канораҷӯӣ мекунад. Баъзеҳо мегӯянд, ки Ӯ девҳоро меронад; дигарон мегӯянд, ки Ӯ гуноҳҳоро мебахшад; Ӯ маъбадро пок кард (ниг.: Юҳ. 2:13–21), инро худи Ниқӯдимус хуб медонад. Ниқӯдимус худаш шоҳиди он буд, ки Исо савдогаронро аз равоқи Сулаймон[22] пеш кард; дида буд, ки чӣ тавр Ӯ хашмгинона ин амалро ба ҷо овард. Тозиёнаи бофташуда, кафтарҳои ба ҳар сӯ парвозкунанда. «Хонаи Маро барои сарватманд шудан истифода бурдан бас аст» — нидо кард он вақт Исо. Ҳангоме ки чанг пароканда шуд ва тангаҳо ба замин афтоданд, фарисиён ва шариатдонҳои ҷамъшуда ба муҳокимаи масъалае сар карданд, ки Ӯ бо кадом ҳуқуқ ин корро мекунад. Одам аз Носира он рӯз дар маъбад сазовори эҳтиром ва ҳусни таваҷҷӯҳ нагардид. Аз ҳамин сабаб Ниқӯдимус ба вохӯрӣ бо Ӯ шабона меравад. Сарварони динӣ набояд дар бораи ин вохӯрӣ бохабар шаванд. Онҳо ин амали ӯро қабул намекунанд ва намефаҳманд. Аммо Ниқӯдимус наметавонад интизор шавад, ки кай онҳо мефаҳманд. Ҳангоме ки шаҳр ба торикӣ ғӯтавар шуд, ӯ аз хона баромада, дар кӯчаҳои пурпечутоб равона шуд. Аз назди ҳавлиҳо бо эҳтиёт гузашта, аз хизматгорони чароғ дар даст канораҷӯӣ намуда, Ниқӯдимус ниҳоят ба хонаи назарногире омад. Чунон ки ба ӯ гуфтанд, Исо ва пайравонаш дар ин ҷо ҷои зист карда буданд. Ниқӯдимус дарро тақ-тақ кард. Ҳангоме ки ӯ даромад, ҳозирон хомӯш шуданд. Дар хона ким-кадом боркашҳо ва андозғундорони дур аз илму фарҳанг ҷамъ шуда буданд. Онҳо нороҳат шуданд. Исо бо ишора ба меҳмон ишора кард, ки бинишинад. Ниқӯдимус сӯҳбати машҳуртарини Китоби Муқаддасро сар кард: «Эй Устод! Мо медонем, ки Ту Устоде ҳастӣ, ки аз ҷониби Худо омадаӣ. Зеро муъҷизаҳоеро, ки Ту нишон медиҳи, ҳеҷ кас наметавонад нишон диҳад, магар ин ки Худо бо вай бошад» (Юҳ. 3:2). Ниқӯдимус аз он мекунад, ки ӯ «медонад». Ман вазифаи хонагии худро иҷро кардам, — дар назар дорад ӯ. Амалҳои Ту ба ман таассурот бахшиданд». Мо аз Исо ба ҳамин монанд ҷавобро интизор ҳастем: «Ман низ дар бораи ту шунидаам, Ниқӯдимус». Мо — ва Ниқӯдимус низ — интизори мубодилаи муқаррарии суханони боилтифот ҳастем. Аммо чунин нашуд. Исо дар бораи мақоми баланди иҷтимоии Ниқӯдимус, дар бораи ниятҳои неки ӯ, эътиборнокии илмии ӯ ҳарфе назад. Аммо на аз он сабаб, ки ҳамаи ин набуд, балки аз он сабаб ки барои Исо ҳамаи ин аҳамият надошт. Исо фақат чунин гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегӯям: кас агар аз олами боло таваллуд наёбад, Подшоҳии Худоро дида наметавонад» (Юҳ. 3:3). Инак он, обтақсимкунаки континенталӣ дар Навиштаи Муқаддас, хатти байналмилалии табдили имон. Ниқӯдимус дар як тараф аст, Масеҳ дар тарафи дигар. Ӯ ин фарқро возеҳу равшан таъкид мекунад. Ниқӯдимус дар кишвари ниятҳои нек, хоҳишҳои самимӣ ва меҳнати вазнин сокин аст. Фалсафаи ӯ чунин мегӯяд: «Ба Худо беҳтарин кореро, ки карда метавонӣ, бидеҳ, ва Худо боқимондаи корро ба анҷом мерасонад». Исо чӣ ҷавоб дод? Беҳтарин коре ки карда метавонӣ, ҳеҷ арзише надорад. Фаъолияти ту хушку холӣ аст. Кӯшишҳои боҷидду ҷаҳди ту арзиши як пули пучакро надоранд. То даме ки аз олами боло таваллуд нашавӣ, ҳатто дида наметавонӣ, ки Худо чиро тайёр карда истодааст. Ниқӯдимус ҳайрон аст — аз номи ҳамаи мо. Бори дигар таваллуд шудан? «Чӣ гуна мумкин аст, ки одаме ки пир шуда бошад, таваллуд ёбад?» (Юҳ. 3:4). Эҳтимол, ин ҳазл аст. Ҳаётро ақиб гардондан? Кассетаро ба ақиб тоб додан? Ба тифлӣ бозгаштан? Мо бори дуюм таваллуд шуда наметавонем! Оҳ, магар мо инро намехоҳем? Ҳамаашро аз нав сар кардан. Бори дигар санҷида дидан, пас аз барқароршавӣ. Дилҳои шикаста ва имкониятҳои барбодрафта дар ақиб, дар паси суккони киштӣ алвонҷ мехӯранд. «Оҳ, оё мумкин аст ба он тараф гузарам?» Кӣ намехоҳад имкониати дуюм дошта бошад. Аммо оё касе онро ба даст оварда метавонад? Ниқӯдимус паси сарашро мехорад ва хандида мегӯяд: «Ман барин мӯйсафедон ба парпечҳо бармегарданд». Дар чеҳраи Исо сояи табассум ҳам нест: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегӯям: кас агар аз об ва Рӯҳ таваллуд наёбад, ба Подшоҳии Худо даромада наметавонад» (Юҳ. 3:5). Дар ин вақт вазиши бод ба дари кушода якчанд баргҳои афтидаро медарорад. Исо яке аз онҳоро аз фарш бардошта, дар даст нигоҳ медорад. Қувваи Худо чун бод озод аст, мефаҳмонад Исо. Дили нав аз олами боло тавлид меёбад. Онро бо амалҳо сазовор шудан ё аз нав офаридан ғайриимкон аст. Таваллуди нав? Он ғайриимкон аст. Инро Худо мекунад, аз аввал то охир. Ниқӯдимус ба пайравони Исо, ки дар ҳуҷра нишастаанд, менигарад. Ифодаи ҳайрат дар чеҳраҳои онҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо на бештар аз худи ӯ фаҳмидаанд. Ниқӯдимус ҳатто қуттича надорад, ки чунин фикрҳоро дар он ҷойгир кунад. Ӯ ба забони одамоне гап мезанад, ки худро бо кӯшишҳои худ ислоҳ карданӣ мешаванд. Аммо Исо забони дигарро истифода мебарад (ва ҳатто таъсис медиҳад). На кӯшишҳои одамон, балки меҳнати Худо — ана он чи аҳамият дорад. Бори дигар таваллуд шудан. Таваллуд моҳиятан амали ғайрифаол аст. Тифл худаш аз батни модар берун намешавад. Таҳсинҳо пас аз таваллуд — эътирофи кӯшишҳои модар аст. Ҳеҷ кас навзодро таҳсин намекунад («хуб кӯшиш кардӣ, майдаяк!») Не, ба ӯ на медал, балки соска дода мешавад. Медали тилло насиби модар мешавад. Маҳз модар меҳнат кард. Ӯ зӯр зад, оҳу воҳ кард, таваллуд намуд. Ҳангоме ки духтари хоҳарам кӯдаки аввалинашро таваллуд мекард, ӯ модар ва бародарашро ба палатаи таваллудкунӣ даъват намуд. Пас аз се соати азобҳо, ки бо таваллуди кӯдак анҷомид, писари хоҳарам ба модараш рӯ оварда, гуфт: «Ман барои ҳар як дафъае ки ба ту дағалона муомила мекардам, бахшиш мепурсам». Азоби таваллудро модар пардохт мекунад. Ӯ мадади кӯдакро интизор намешавад ва аз ӯ маслиҳат намепурсад. Ҳамин кам буд! Ба ҷаҳони нав роҳ кушодан он тараф истад, тифл бе найчаи ноф ҳатто нафас кашида наметавонад. Чунон ки Исо мегӯяд, мову шумо низ наметавонем. Барои таваллудшавии рӯҳонӣ лаёқатҳои волидӣ даркоранд, на тифлона. Ин волид кист? Маҷмӯи аз ҷиҳати стратегӣ муҳими калимаҳоро аз назар мегузаронем. Дар забони юнонии қадим ду калима буд, ки бо онҳо таваллуди дубораро[23] ифода кардан мумкин мебуд. 1. Palin, ки амали такрорӣ, ислоҳ намудани кори пештараро ифода мекунад.[24] 2. Anothen, ки ҳамчунин ба амали такрорӣ ишора мекунад, аммо талаб мекунад, ки онро ҳамон иҷрокунандаи амал ба ҷо оварад. Он маънои «аз боло, аз сарчашмаи олӣ, он чи аз осмонҳо, ё аз Худо бармеояд»[25]-ро дорад. Касе ки амалро дафъаи аввал ба ҷо оварда буд, онро бори дигар такрор мекунад. Исо маҳз ҳамин калимаро интихоб намуд. Фарқи байни ин ду калима ба монанди фарқи ягон мусаввараи нотакрори Леонардо да Винчи ва ягон сурати кашидаи ман аст. Тасаввур мекунем, ки мову шумо дар Лувр истода, аз тасвири «Ҷоконда»-и машҳур ба ваҷд меоем. Аз ин зебоӣ илҳом гирифта, ман молбертро дар пеш мегузорам ва мегӯям: «Ман ин тасвири олидараҷаро бори дигар эҷод кардан мехоҳам». Ва ман сурат мекашам! Дар худи ҳамон ҷо, дар Salle des Etats[26] ман палитраи худро гирифта бо мӯқалам кор кардан мегирам ва Мона Лизаро аз нав эҷод мекунам. Афсӯс, ки Лукадо — Леонардо нест. Мона Лизаи ман, чун мусаввараҳои Пикассо, таносуб надорад: бинӣ каҷ аст. Як чашм аз чашми дигар калонтар аст. Аммо ба ҳар ҳол, ман ба қавлам вафо карда, сурати Ҷокондаро бори дигар кашидам. Исо чизи дигареро дар назар дошт. Ӯ калимаи дуюми юнониро истифода мебарад, ки амалро такроран ба ҷо овардани иҷрокунандаи аввалиро ифода мекунад. Ин калимаи anothen, агар онро дар Лувр ба ёд меовардем, дар он ҷо ҳозир шудани Леонардо да Винчиро талаб менамуд. Калимаи anothen чизҳои зеринро қабул намедорад: репродуксияҳои ҳозиразамонро; тақлидгариро; нусхабардории боинсофонаро; Касе ки аз ибтидо коре карда буд, бояд аз нав он корро кунад. Офаридгори ибтидоӣ чизи офаридаашро аз нав меофарад. Исо маҳз дар ҳамин хусус мегуфт: Таваллуд: Худо ба амал меоварад; Аз олами боло: Худо зебоии офариниши Худро барқарор мекунад. Мо набояд кӯшиш кунем, ки чизеро такрор намоем. Ба мо на қувваи худамон, балки қувваи муъҷизаи Худо даркор аст. Чунин идея Ниқӯдимусро ҳайрон мекунад. «Чӣ тавр мумкин аст, ки чунин шавад?» (Юҳ. 3:9). Исо ба ӯ ганҷи библиявии умеди моро нишон дода, ҷавоб медиҳад: Зеро Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи Худро дод, то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад. Юҳ. 3:16 Бисту чор калимаи умед: аз Худо — ба ҳаёт, бо даъвати ҳамон гуна дӯст доштан. Ба қадри кофӣ кӯтоҳ, то ки ин калимаҳо бе душворӣ дар салфетка гулдӯзӣ карда шаванд ё аз ёд карда шаванд, аммо ҳамчунин ба ҳамон андоза боэътибор, то ки ба ду ҳазор соли таъқибот ва шубҳаҳо тоб оварад. Агар шумо аз Китоби Муқаддас ҳеҷ чизро надонед, аз ҳамин ҷо сар кунед. Агар дар Китоби Муқаддас ҳама чизро медониста бошед, ба ҳамин оят баргардед. Ба ҳамаи мо такрор даркор аст. Асоси мушкилоти насли башар — дили инсон аст. Ва Худо онро шифо медиҳад (ниг.: Юҳ. 3:16). Худо дӯст медорад. Худо медиҳад. Мо имон дорем. Мо зиндагӣ мекунем. Ин суханон аз Навиштаи Муқаддас — чун Миссисипӣ дар Амрико мебошанд — роҳ ба маркази кишвар. Хоҳ ба ин суханон бовар кунед ё онҳоро рад намоед — дилхоҳ муҳокимаронии ҷиддӣ дар бораи Масеҳ бояд дар онҳо асос ёфта бошад. Оё таърихшиносони британӣ Хартияи бузурги озодиҳоро фаромӯш карда метавонанд? Оё мисршиносон бе санги Розетта коре карда метавонанд. Оё шумо, дар бораи таълимоти Масеҳ андешаронӣ намуда, ягон бор дар бораи ҳақиқате ки дар Юҳ. 3:16 ҳаст, андеша намекунед? Ин оят ба алифбои файз, ба нишондиҳандаи предметии умеди масеҳӣ дохил мешавад, ҳар як калима дар он — дурдона аз ганҷина аст. Онро бори дигар, андешамандона ва бо овози баланд хонед ва калимаҳоеро ишора намоед, ки диққататонро бештар ҷалб мекунанд. «Зеро Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи Худро дод, то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад». «Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт…» Мо дар бораи Худои сахтгир, хашмгин фикр кардем, Худое ки ҷаҳонро ҷазо медиҳад, ҷаҳонро ислоҳ мекунад, аз ҷаҳон рӯ мегардонад… Аммо дар бораи Худое ки ҷаҳонро дӯст медорад? Ҷаҳон? Ин ҷаҳон? Ҷаҳоне ки дар он касоне сокин ҳастанд, ки дилҳоро мешикаканд, умедҳоро кашида мегиранд, орзуҳоро мекушанд? Диктаторҳо бераҳмӣ мекунанд, озордиҳандагон азоб медиҳанд. Сутунҳои ҷамъият чунин меҳисобанд, ки сазовори иззату эътиром мебошанд. Аммо Худо ин ҷаҳонро дӯст медорад. Ва чунон дӯст медорад, ки ба он чиро медиҳад? Қонунҳои Худро? Дастурҳои Худро? Принсипҳои Худро? Фармудаҳои Худро? Не. Ваъдаеро, ки дилро осуда мекунад, ақлро мафтун менамояд, тақдири моро ҳал мекунад: Худо Писари ягонаи Худро дод. На идеяи абстрактиро, балки таҷассуми Худоро. Навишта Исоро ба Худо баробар мекунад. Пас, Худо Худро дод. Чаро? То «ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, талаф нашавад». Ба Ҷон Нютон, ки имони худро дар суруди «Эй файз» ифода намудааст, ин ҷонишин, ки ҳама гуна маҳдудиятҳоро дур мекунад, маъқул буд. Ӯ мегуфт: «Агар ман мехондам, ки «Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи Худро дод, то ки Ҷон Нютон ба Ӯ имон оварда, ҳаёти ҷовидонӣ ёбад», ба хулосае меомадам, ки ин кадом як Ҷон Нютони дигар аст; аммо ҷонишини «ҳар кӣ» ҳам ин Ҷон Нютонро дар назар дорад, ҳам он Ҷон Нютонро, ва ҳар касро, новобаста ба номаш».[27] Ҳар кӣ… калимаи фарогир аст Талаф… калимаи хавотиркунанда. Мо хат задани онро афзал медонистем. Мо, аммо на Исо. Ӯ ҳар як ваҷаби дарвозаҳои дӯзахро бо аломати «Надароед» иҳота намудааст ва ба васвосиёне ки ба он ҷо даромаданӣ мешаванд, роҳ ба сӯи ин дарвозаҳо — ба воситаи бадани мурдаи Ӯст. Аммо ба ҳар ҳол хоҳишмандон ёфт мешаванд. Дар охир баъзеҳо ҳалок мешаванд, баъзеи дигар — наҷот меёбанд. Ин фарқ бо чӣ муайян карда мешавад? На бо амалҳо ва на бо лаёқатҳо, на бо аслу насаб ва на бо дороӣ. Ниқӯдимус ҳамаи инро ба фаровонӣ дошт. Фарқ бо имони мо муайян карда мешавад: «Зеро Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи Худро дод, то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад». Тарҷумонҳои Китоби Муқаддас дар ҷазираҳои Гебриди Нав бо мушкилии тарҷумаи калимаи «имондор» дучор шуданд. Аммо ин хеле муҳим буд, зеро худи калима ва мафҳуми мувофиқи он дар Навишта нақши хеле муҳимро мебозанд. Яке аз тарҷумонҳо, Ҷон Ҷ. Пэтон, тасодуфан ҳалли масъаларо ёфт. Боре ӯ ҳамроҳи мардуми маҳаллӣ шикор мекард. Ду кас гавазни калони сайдшударо гирифта, ба хода овезон карда, бо пайраҳаи нишеби кӯҳӣ ба хонаи Пэтон бурданд. Онҳо дар назди веранда бори вазнинро аз китфонашон фароварда, худро ба роҳаткурсиҳои бофташуда партофтанд. Яке аз онҳо ба забони модарии худ чунин гуфт: «Оҳ, дар ин ҷо дароз кашида дам гирифтан чӣ гуна дилписанд аст». Пэтон дарҳол коғазу қаламро гирифта, ин суханонро навишта гирифт. Дар натиҷа, тарҷумаи ниҳоии Юҳ. 3:16 чунин садо медод: «Зеро Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи Худро дод, то ҳар кӣ дар Ӯ ором гирад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад».[28] Дар Масеҳ «дароз кашед» ва истироҳат намоед. Чун Мартин Лютер. Пеш аз марг ислоҳотчии бузург аз боиси дардҳои сахти сар бистарӣ шуда буд. Ба ӯ барои паст кардани дард дору пешниҳод намуданд. Ӯ рад кард ва гуфт: «Ресепти беҳтарин барои сар ва дил — ҳақиқат дар бораи он аст, ки Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи Худро дод, то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад».[29] Ресепти беҳтарин барои сар ва дил. Ин дору ба кӣ ёрӣ намедиҳад? Маълум мешавад, ки Ниқӯдимус вояи даркории ин доруро истеъмол карда буд. Ҳангоме ки Исоро ба салиб кашиданд, ин илоҳиётшинос бо Юсуф аз Ромо Исоро бо иззату эҳтиром дафн намуданд. Ин на танҳо зоҳир намудани ҳусни таваҷҷӯҳ буд, агар ба назар гирем, ки аксари мардум ба Масеҳ зид буданд. Ҳангоме овоза паҳн шуд, ки Исо дар қабр нест, ва одамони гуногун мегуфтанд, ки Ӯро аз нав зинда дидаанд, Ниқӯдимус бо табассум он гуфтугӯи шабонаро ба ёд овард: «Аҳа… таваллуди нав! Кӣ фикр карда метавонист, ки Ӯ аз Худ сар мекунад». БАРОИ АНДЕШАРОНӢ ВА МУҲОКИМА 1. «Ниқӯдимус дар кишвари ниятҳои нек, хоҳишҳои самимӣ ва меҳнати вазнин сокин аст. Фалсафаи ӯ чунин мегӯяд: «Ба Худо беҳтарин кореро, ки карда метавонӣ, бидеҳ, ва Худо боқимондаи корро ба анҷом мерасонад»». Оё бо чунин фалсафаи аксари диндорони бароятон шинос ҳамфикр ҳастед? Ба фикри шумо, он аз чӣ ҷиҳат хуб аст? Чӣ чиз дар он нодуруст аст? 2. Юҳ. 3:16-ро оҳиста ва андешамандона хонед, гӯё бори аввал мехонда бошед. Кадом калимаҳо шуморо бо ғайриимкон будани худ беш аз ҳама ҳайрон мекунанд. Чаро? 3. «То ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад». Оё имон ба Масеҳ бароятон осон аст ё душвор? Чаро? 4. Ҳангоме ки шумо шабона назди Исо меоед, ба Ӯ кадом саволҳоро медиҳед? Кадом ҷавобҳоро ба даст меоваред, ки ба шумо умед ва осоиш мебахшанд? 5. Агар шумо бори дигар таваллуд мешудед — аз олами боло, — дар натиҷа ҳаёти шумо чӣ тавр дигаргун мешуд? Агар ҳанӯз Исоро ба ҳаёти худ даъват накарда бошед, ҳозир дар ин бора фикр кунед. «Эй Падари Осмонӣ, ман бовар мекунам, ки Ту ин ҷаҳонро дӯст доштӣ. Ту Писари ягонаатро додӣ, то ки ман абадан бо Ту зиста тавонам. Ман бе ту ҳалок мешавам. Бо ту ман зиндагӣ хоҳам кард. Ман ҳаётро интихоб мекунам. Ман Туро интихоб мекунам». Боби 18. Ёир Ва инак, марде ки Ёир ном дошт ва сардори куништ буд, омада, пеши пойҳои Исо афтод ва аз Ӯ илтимос кард, ки ба хонаи вай биёяд. Чунки духтари ягонаи вай, ки тақрибан дувоздаҳсола буд, дар ҳолати мурдан буд. Ҳангоме ки Ӯ ба он ҷо мерафт, тӯдаҳои мардум аз ҳар тараф Ӯро фишор медоданд. Ва зане ки дувоздаҳ сол боз гирифтори хунравӣ буда, тамоми дороии худро ба табибон сарф карда буд, лекин ҳеҷ яке вайро шифо дода натавониста буд, — аз пас наздик шуда, ба домани ҷомаи Ӯ даст расонд, ва дарҳол хунравии вай бозистод. Ва Исо гуфт: «Кист, ки ба Ман даст расонд?» Ҳангоме ки ҳама инкор карданд, Петрус ва онҳое ки бо Ӯ буданд, гуфтанд: «Эй Устод, тӯдаҳои мардум Туро иҳота намуда, аз ҳар тараф фишор медиҳанд, — ва Ту мегӯӣ: «Кист, ки ба Ман даст расонд?»» Аммо Исо гуфт: «Касе ба Ман даст расондааст; зеро Ман ҳис кардам, ки қуввате аз Ман берун рафт». Он зан чун дид, ки натавонист пинҳон монад, ларзон омада, назди Ӯ афтод ва дар пеши ҳамаи мардум гуфт, ки аз чӣ сабаб ба Ӯ даст расонд, ва чӣ гуна дарҳол шифо ёфт. Ба вай гуфт: «Духтарам! Имонат туро шифо бахшид; ба осудагӣ бирав». Ӯ ҳанӯз сухан мегуфт, ки касе аз хонаи сардори куништ омада, гуфт: «Духтарат мурд; Устодро дигар ташвиш надеҳ». Аммо Исо инро шунида, ба вай гуфт: «Натарс, танҳо бовар кун, ва ӯ наҷот хоҳад ёфт». Ва ҳангоме ки ба хона расид, ғайр аз Петрус, Юҳанно ва Яъқуб, ва падару модари духтар, ҳеҷ касро даромадан намонд. Ҳама барои вай гиря ва навҳа мекарданд. Вале Ӯ гуфт: «Гиря накунед; вай намурдааст, балки хобидааст». Бар Ӯ хандиданд, зеро медонистанд, ки вай мурдааст. Аммо Ӯ ҳамаро берун карда ва дасти вайро гирифта, нидо кард: «Эй духтар! Бархез». Ва рӯҳи вай баргашт; вай дарҳол бархост; ва Ӯ фармуд, ки ба вай хӯроке диҳанд. Падару модари вай ҳайрон монданд. Ва Ӯ ба онҳо фармуд, ки ин рӯйдодро ба ҳеҷ кас нагӯянд Луқ. 8:41–56 ШАРОРА АЗ АБАДИЯТ Уоллес шахсияти муҳим буд. Ӯ аз ҷумлаи шахсоне буд, ки пеш аз саршавии бозии футбол бо ҳама дуо мегӯянд ё президенти «Маҳфили шерон»-и маҳаллӣ мебошанд. Ӯ унвони ифтихорӣ, гиребони сафед ва дастони нигоҳубиншудаи мулоим ва бе обила дошт. Уоллес дар қисми меҳроби калисо ҳуҷраи корӣ дошт. Котибаи ӯ дар муқоиса бо ӯ бештар хасташуда метофт. Ҳамин ки ба ҳуҷраи кории Уоллес дароед, ӯ бо табассуми дилпазири худ ҳамаи ташвишҳои шуморо аз байн мебурд. Ӯ дар роҳаткурсии чармини даврзананда дар назди девори пур аз дипломҳои дар чаҳорчӯба гузошташуда менишаст. Ӯ метавонист чунон гӯш кунад, ки шумо хоҳиш пайдо менамудед тамоми асрори ниҳонии худро ба ӯ бигӯед. Ӯ шахси хуб буд. Оиладории ӯ на ба он дараҷа бомуваффақият буд, ки ӯ мехост, аммо аз оиладории бисёрии одамони дигар беҳтар буд. Калисои ӯ серодам буд. Ӯро эҳтиром менамуданд. Ӯ дар понздаҳ мусобиқаи голф ғолиб шуда буд, ва аҳли калисо ҳангоми ҷашн гирифтани 20-солагии хизматгузорияш ба ӯ шаҳодатномаи узвияти маҳфили голфро тӯҳфа карданд. Одамон дар кӯча ӯро мешинохтанд ва ҳангоме ки ӯ дар иди Песаҳ ё иди Милод мавъиза мекард, дар толор пешакӣ ҷой ишғол мекарданд. Пасандозҳои нафақавии ӯ афзун мешуданд, ва то он замоне ки ӯ либоси шубониро бадар карда, аз тирамоҳи осудаи худ бо майи сабук ва китобҳои хуб ҳаловат хоҳад бурд, камтар аз даҳ сол монда буд. Агар ӯ ягон гуноҳ карда бошад, ҳеҷ кас дар бораи он намедонист. Агар ӯро ягон чӣ азоб медода бошад, ҳеҷ кас аз ӯ дар ин бора нашунида буд, — ва маҳз ҳамин гуноҳи калонтарини ӯ буда метавонист. Уоллес одамонро дӯст медошт. Аммо он саҳарӣ бо ҳеҷ кас муошират кардан намехост. Ӯ мехост танҳо бошад. Ӯ котибаро ҷеғ зада, эълон намуд, ки то охири рӯз ба ҳеҷ як занги телефон ҷавоб намедиҳад. Котиба ба хулосае омад, ки ба ӯ барои машғулиятҳои илмӣ вақт даркор аст. Ин танҳо қисман дуруст буд. Ӯ тамоми саҳар аз телефон дур нашуда буд, ва ба ӯ вақти холӣ даркор буд. Аммо на барои машғулиятҳо. Ӯ мехост гиря кунад. Уоллес ба сурати калони назди меҳроби ҳуҷраи корӣ, ки аз чӯби сурх сохта шудааст, менигарад. Аз пайи ашкҳое ки чашмонашро фаро мегиранд, ӯ духтари 12-солаашро мебинад. Дандонҳо. Мӯйҳо. Доғҳои кунҷитак. Ӯ нусхаи модари худ аст. Чашмони осмониранг, мӯйҳои сиёҳ, бинии боло кашидашуда. Аз падар ба ӯ фақат дили ӯ насиб шуда буд. Духтарак онро соҳиб шуд. Ва падар ҳеҷ гуна хоҳиш надошт бозгардондани онро талаб кунад. Духтараш ягона фарзанди ӯ нест, аммо ӯ дар оила хурдтарин аст. Ва ӯ дигар духтар надорад. Ӯ дар атрофи духтарчааш девори ҳимоякунанда бунёд намуд. Шояд ҳамин чун рӯзҳои охир ба ӯ дард мерасонад. Деворҳои ҳимоякунанда барҳам хӯрд. Ҳамааш шаш рӯз пеш сар шуд. Духтараш аз мактаб барвақт ба хона баргашт. Ӯ таби баланд дошт. Занаш ӯро ба ҷойгаҳ хобонд, ва гумон кард, ки ин шамолхӯрии муқаррарӣ аст. Дар давоми шаб таб боз баландтар шуд. Пагоҳӣ модар бо духтарчааш ба қабули духтур шитофт. Духтурон ҳайрон буданд. Онҳо ташхиси аниқ гузошта наметавонистанд. Танҳо як чиз аниқ буд: кӯдак бемор аст ва беморӣ тез инкишоф ёфта истодааст. Уоллес ҳеҷ гоҳ худро ин гуна нотавон ҳис накарда буд. Ӯ намедонист, ки чӣ тавр дарди худро таскин диҳад. Ӯ ба тавоно будан чунон одат карда буд, ки нотавон буда наметавонист. Ҳамаи онҳоеро, ки занг мезаданд, ӯ бовар мекунонд, ки аҳволи духтараш бад нест. Ӯ ҳамаро бовар мекунонд, ки Худо меҳрубон аст. Ҳамаро, ғайр аз худ. Аммо дар ботини ӯ ҳиссиёт ғалаён мекарданд. Ва сарбанд аллакай рахнаҳо пайдо карда буд. Зарбаи ҳалкунандаро занги духтур расонд: «Духтарак ба ҳолати кома афтодааст». Уоллес гӯшаки телефонро гузошт ва котибаро огоҳ намуд, ки зангҳои телефониро ба телефонин ӯ пайваст накунанд. Даст дароз карда, сурати духтарашро гирифт. Ногоҳ дар сараш суханони зерин чарх задан гирифтанд: «Ин аз рӯи адолат нест, аз рӯи адолат нест». Ӯ хам шуда, суратро бӯсид ва гиря кард. Ин нодуруст аст. Тамоман нодуруст. «Чаро духтараки 12-сола? Чаро маҳз ӯ?» Ӯ аз тиреза ба осмони тира нигарист ва чеҳрааш карахт шуд. «Чаро Ту маро намегирӣ?» — фарёд кард ӯ. Уоллес бархест. Ба мизи кофе дар назди диван наздик шуда, як баста рӯймолчаҳои коғазинро гирифт. Ӯ онҳоро барои касоне ки барои маслиҳат оид ба масъалаҳои оилавӣ меомаданд, нигоҳ медошт. Бинияшро холӣ карда, аз оина ба ҳавлии калисо нигарист. Пирамард дар харак нишаста рӯзнома мехонад. Дигарӣ омада, назди ӯ нишаст ва резаҳои нонро ба роҳрави сангфарш партофтан гирифт. Садои болзании кабӯтарон — онҳо парида омада, нонрезаҳоро мехӯранд. «Магар намедонед, ки духтари ман дар ҳолати мурдан аст? Чаро дар он ҷо нишастаед, гӯё ҳеҷ гап нашуда бошад?»Уоллес дар бораи духтараш фикр мекунад. Баҳорон ҳангоми аз мактаб омадан духтараш одатан ба назди ӯ медаромад. Интизор мешуд, ки падар ӯро ба хона барад. Аз пайи кабӯтарон давидани духтарчаашро шунида, ӯ мефаҳмид, ки вақти рафтан шудааст. Ӯ ҳамаи корҳоро як тараф гузошта, дар назди ана ҳамин тиреза меистод ва ба духтарчааш менигарист. Ӯ мушоҳида мекард, ки чӣ тавр духтарчааш дар болои парапети гирди боғча истода, мувозинатро нигоҳ медорад. Ӯ мушоҳида менамуд, ки чӣ тавр духтарчааш дар байни алафзор гулҳо мечинад. Ӯ мушоҳида мекард, ки чӣ тавр духтарчааш ба абрҳои осмон нигариста, давр зада-давр зада, охир ба болои алафҳо меафтад. «Шоҳдухтарам, — мегуфт он вақт ӯ. — Духтараки азизи ман». Баъд, ҳамаи китобҳо ва ҳамаи ташвишҳои худро дар рӯи миз гузошта, назди ӯ мефаромад. «Шоҳдухтари азиз ва дӯстдоштаи ман». Ногоҳ дар ҳавлӣ боз як кас пайдо мешавад. Ӯ ба он ду нафар чизе мегӯяд. Ва ҳар се шитобон ба куҷе мераванд. «Шояд, ягон мусобиқаи варзишӣ бошад», — фикр мекунад Уоллес. Баъд ба ёд меоварад. «Муаллим. Ӯ дар ин ҷост». Ӯ қариб фаромӯш кард. Имрӯз ба шаҳри онҳо Исо меояд. Ҳангоме ки Уоллес саҳарӣ аз хона мебаромад, ҳамсоя пурсид, ки оё ӯ ба дидани Муаллиме ки ҳама дар бораи Ӯ баҳс мекунанд, меравад. Ӯ дар хусуси ин идея фақат дарунакӣ хандид. — Не, имрӯз ман хеле банд ҳастам, — ба ҳамсоя даст ҷунбонда гуфт Уоллес. Ӯ медонист, ки ҳатто дар рӯзи нисбатан холӣ ӯ барои дидани воизи мусофир вақт намеёфт. Хусусан ба ин воиз. Дар маълумотномае ки ба калисоҳо фиристода шудааст, ин воизро бидъаткор номидаанд. Касе Ӯро ҳатто аз ақл бегона номидааст. Аммо тӯдаҳои одамон барои дидани Ӯ ҷамъ меомаданд, гӯё барои насли башар Ӯ атои Худо бошад. «Аммо ман меравам», — гуфт ҳамсоя ба Уоллес. «Ҳа, — хандида гуфт Уоллес, — охир, ту дӯстдори навигариҳо ҳастӣ-ку». «Мегӯянд, ки Ӯ шифо медиҳад…» — боз сухани ҳамсояро ба ёд овард Уоллес. Уоллес китфонашро рост кард. Баъд боз хамидақомат шуд. «Фикрҳои аҳмақонаро ба сар роҳ надеҳ», — ба худ маслиҳат дод ӯ. «Табибоне ки амалҳои худро ба номи дин ба ҷо меоваранд, барои касби мо шармандагӣ мебошанд, — гуфта буд ӯ тирамоҳи гузашта ҳангоми лексия дар семинария. — Туфайлихӯрон дар бадани халқ, фиребгарон, пайғамбарони пулпараст». Ӯ дар ҳар гуна намоишҳои телевизионӣ ин гуна одамонро, ки сару либоси зебо ва табассумҳои сохта доштанд, дида буд. Уоллес сарашро ҷунбонд ва ба мизи хатнависӣ наздик шуд. Боз сурати духтарчаашро ба даст гирифт. Уоллес ба чеҳраи кӯдаке ки ба қарибӣ аз ӯ гирифта мешавад, нигарист. «Мегӯянд, ки Ӯ шифо медиҳад…» Уоллес дар хусуси вариантҳо андеша намуд: «Агар ман равам ва маро шиносанд, аз ҷои кор маҳрум мешавам. Аммо агар Ӯ ягон илоҷ карда тавонад…» Гоҳо ноумедии шахс аз ғурури ӯ қавитар аст. Ӯ китфонашро дарҳам кашид: «Оё ман интихобе дорам?» * * * Воқеаҳои он рӯз ҳаёти Уоллесро дигаргун карданд. Ин қиссаро ӯ баъд ӯ ҳангоми ҳар як имконият нақл менамуд. Пеш аз он ки барои мондани мошин ҷой ёбам, се бор дар атрофи вокзали автобусҳо давр задам. Баъд барои танга андохтан ба ҳисобкунаки пули истгоҳи мошин кисаҳоямро мекофтам, шамоли хунук гӯшҳоямро ях мекунонд. Ман тугмаҳои палтоямро то гиребон гузаронда, рӯ ба шамол гардонда, равона шудам. Аз витринаи мағоза, ки бо табрикномаҳои суратдори соли гузашта пур буданд, гузаштам. Касе аз дари майкадае ки аз наздаш мегузаштам, баромад. Тақрибан даҳ нафар наврасон дар назди девори хиштӣ ҷамъ шуда буданд. Сигори нимсӯхта ба пеши поям афтид. Се мард, ки дар тан палтоҳои чармин ва шалворҳои варзишӣ доштанд, дар болои гулхан дастҳояшонро гарм мекарданд. Яке аз онҳо аз ақиби ман бо истеҳзо гуфт: «Ба ин олуфта нигоҳ кун». Ман ба ақиб нигаристам. Агар онҳо дар бораи ман мегуфта бошанд, ин бароям ҳеҷ аҳамият надошт. Ман худро нороҳат ҳис мекардам. Дар ин қисми шаҳр ман чандин сол инҷониб набудам. Ба акси худ дар оинаи дорухона нигаристам. Палтои пашмин. Пойафзоли хуб. Костюми хокистарранг. Галстуки сурх. Ҳайратовар нест, ки роҳгузарон ба ман мегигаранд. Дар чашмони онҳо саволе нақш баста буд: «Ҷаноби гиребонсафед бо чӣ кор ин ҷо омада бошад?» Вокзали автобус пур аз одамон буд. Ман базӯр аз дар даромада тавонистам. Ба дарун даромада ман фаҳмидам, ки ҳатто агар баромаданӣ шавам ҳам, аллакай наметавонам. Сарҳо чун шиновараки шасти моҳигирӣ боло-поин шуда, ғайб мезаданд. Ҳар кас кӯшиш мекард ба баромадгоҳи мусофирони меомада наздиктар равад. Ман ба қатори аввал даромада тавонистам. Дигаронро кунҷковӣ пеш мебурд; маро — рӯҳафтодагӣ. Назди тиреза омада, ман Ӯро дидам. Ӯ дар назди автобус истода буд. Ӯро аз издиҳоми кунҷковон як-ду қадам ҷудо мекард. Намуди зоҳирии Ӯ хеле одӣ буд. Ӯ дар тан пинҷаки махмали рах-рах, дошт, ки ба оринҷҳояш дарбеҳи чармин дӯхта шудааст. Шимаш на он қадар нав, аммо шинам. Галстук надошт. Андак ҷои болои пешонияш бемӯй аст, аммо умуман — мӯйҳояш сиёҳи дароз. Ман овози Ӯро намешунидам, аммо чеҳраашро дидам. Абрӯҳои ғафс. Дар чашмонаш шарора медурахшид, дар лабонаш табассум буд, гӯё Ӯ мушоҳида мекунад, ки чӣ тавр шумо тӯҳфаи мавлудии додаи Ӯро кушода истодаед. Ӯ аз тимсоле ки дар тасаввури худ ба вуҷуд оварда будам, он қадар фарқ дошт, ки ман аз зани дар наздам истода пурсидам, ки оё ин маҳз Ӯст. — Ин Ӯст, — табассумкунон гуфт ӯ ба ман. — Ин Исо аст. Исо хам шуд, лаҳзае аз назар дур шуд ва ҳангоме ки боз намоён шуд, аллакай дар даст кӯдакеро дошта меистод. Ӯ табассум мекард. Кӯдакро дошта истода, баланд бардошт. Дастони Ӯ қавӣ ва газгӯшт мебошанд. Касе ба ман гуфта буд, ки Исо дар иёлати Миссисипӣ ба воя расидааст — гӯё Ӯ писари автомеханик аст. Кӯдакро ба модар дода, ӯ ба тарафи дар равона шуд. Ман мефаҳмидам — агар Ӯ ҳозир ба бинои автовокзал дарояд, ман аллакай Ӯро берун бароварда наметавонам. Бо кафҳои дастонам ба шиша такя карда, ман ба даромадгоҳ наздик шудан гирифтам. Ҳамсояҳо норозӣ буданд, аммо ман бо қатъият сӯи мақсад равона будам. Ман баробари Исо ба даромадгоҳ расидам. Нигоҳҳои мо ба ҳам вохӯрданд. Ман дар ҷоям наҷунбида мондам. Аз афташ, ман фаромӯш кардам, ки ба Ӯ чӣ гӯям. Шояд, ман гумон доштам, ки Ӯ маро мешиносад. Шояд ман гумон доштам, ки Ӯ аз ман мепурсад, ки чӣ мехоҳам, то бароям кунад. «Ҳа, ҳа, духтарам касал аст, ва ман фикр кардам, ки агар Шумо дуо мегуфтед…» Ҳамааш дигар хел шуд. Суханон дар гулӯям дармонданд. Ман ҳис кардам, ки чашмонам пур аз ашкҳо шуданд, манаҳам меларзад, ва зонуҳоям худ аз худ ба роҳрави ноҳамвор поин мефароянд. — Духтарчаам, майдаяки ман… Ӯ сахт касал аст. Оё метавонед ба вай даст расонед то ки намурад? Ҳамин ки ин суханонро ба забон овардам, аз гуфтаам пушаймон шудам. Агар Ӯ одам бошад, ман чизи ғайриимконро дархост карда истодаам. Агар Ӯ аз одам бештар бошад, оё ман ба чунин дархост кардан ҳақ дорам? Ман ҷуръат надоштам ба Ӯ нигоҳ кунам. Шарм медоштам. Агар издиҳом ба ягон тараф ҳаракат кунад, ба ҳама лозим меояд, ки аз ду тарафи ман гузашта раванд. Барои боло кардани чашмон далериям камӣ мекард. Аз афти кор, Ӯ фаҳмид, ки ман барои ин қувват надорам. Ӯ ба ман ёрӣ дод. Ман ангуштони Ӯро дар манаҳи худ ҳис кардам. Ӯ рӯямро сӯи худ гардонд. Ба Ӯ лозим наомад, ки сарамро боло кунад. Ӯ дар назди ман ба зону меистод. Ман ба чашмони Ӯ нигаристам. Нигоҳи ин воизи ҷавон шубони миёнсолро чун ба оғӯши дӯсти дерина ба худ ҷалб намуд. Он вақт ман ҳис кардам, ки Ӯро медонам. Ман ин чашмонро дар куҷое дидаам. Ин нигоҳ ба ман шинос буд. — Маро назди вай бар. — Ӯ аз оринҷи ман гирифта, барои бархестан ёрӣ дод ва гуфт: — Мошинат дар куҷост? — Мошин? Дар он ҷо. Аз дасти ӯ дошта, ман аз байни издиҳом гузаштан гирифтам. Ин осон набуд. Бо дасти дигарам одамони дар он ҷо истодаро яктарафа мекардам, чунон ки пояҳои ҷуворимаккаро яктарафа мекунанд. Ҳама ба тарафи мо менигаристанд. Модарони ҷавон барои кӯдаконашон баракат ба даст овардан мехостанд. Пирони лунҷҳояшон чӯкида аз бемориҳо раҳоӣ ёфтан мехостанд. Ман ногоҳ дасти Ӯро гум кардам. Он аз дасти ман ҷудо шуд. Ба ақиб ниганиста, ман дидам, ки Ӯ истода ба атроф менигарад. Ногаҳон бозистодани Ӯ издиҳомро ҳайрон кард. Ҳама хомӯш шуданд. Ман пай бурдам, ки ранги рӯи Ӯ сап-сафед шуд. Ӯ гӯё ба Худ гуфт: — Касе ба Ман даст расонд. — Чӣ-чӣ? — пурсид яке аз ҳамроҳонаш. — Касе ба Ман даст расонд. Ман гумон кардам, ки Ӯ ҳазл мекунад. Ӯ ба атроф гашта, ба ҳар як шахс бо диққат менигарист. Ман дар ивази ҳаёти худ гуфта наметавонистам, ки Ӯ хашмгин шудааст ё, баръакс, шод аст. Ӯ касеро меҷуст, ки намешинохт, аммо боварӣ дошт, ки дидан замон ӯро мешиносад. — Ман ба ту даст расондам, — шунида шуда овозе аз ақиби ман. Исо ба ақиб нигарист. — Ин ман будам. Ман афсӯс мехӯрам, аммо… Духтарро дар миёна монд, издиҳом бошад аз гирди ӯ барканор шуд. Духтараки лоғарандом, ҳатто нозук. Агар аз бозуи ӯ даст мегирифтам, ангуштони калон ва ишоратиям ба ҳам мерасиданд. Гандумгун, мӯйҳояш майдабофӣ карда шудаанд ва ва ҳар яке шаба гузаронда шудааст. Ӯ дар тан палто надошт. Ӯ дастонашро ба баданаш ҷафс карда, бо кафҳои дастонаш оринҷҳояшро дошта меистод, на танҳо аз хунукӣ, балки ҳамчунин аз тарс. — Натарс, осуда кард ӯро Исо. — Бо ту чӣ рӯй додааст? — Ман бемори СПИД ҳастам. Касе дар паси ман «оҳ» гуфт. Касе худро ақиб кашид. Исо пеш рафта гуфт: — Ба ман дар бораи худ гап зан. Духтар ба чашмони Ӯ нигарист, баъд ба одамони ҷамъшуда нигариста, бо изтироб сар кард: — Ман пул надорам. Духтурон мегӯянд, ки ин танҳо ба вақт вобаста аст. Ман дигар ҷои рафтан надорам. Аммо акнун… Ӯ чашмонашро поён карда, табассум намуд. Чунон табассум намуд, ки гӯё касе ба гӯшаш пичирросзанон хабари хушеро гуфта бошад. Ман ба Исо нигаристам. Ӯ низ табассум мекард! Онҳо дар он ҷо истода, ба якдигар менигаристанд ва чунон табассум менамуданд, ки гӯё дар синф ягона талабагоне бошанд, ки ҷавобро ба саволи муаллим медонанд. Ҳамон вақт ман боз ҳамон нигоҳро дидам. Ба духтар низ ҳамон гуна нигоҳе насиб гардид, ки дақиқае пештар ҳангоми ба зону истоданам дида будам. Ман боз ба чашмоне ки пештар дида будам, менигаристам. Ман ин чашмонро дар куҷо дида будам? Ман рӯямро ба тарафи духтарак гардондам. Ӯ дақиқае ба ман менигарист. Ман мехостам ба ӯ чизе гӯям. Ба фикрам, ӯ низ чунин хоҳиш пайдо намуд. Ману он духтар аз ҳам хеле фарқ доштем, аммо ногоҳ маълум шуд, ки умумиятҳои зиёде дорем. Мо ҷуфти хеле аҷиб будем. Ӯ бо дастони аз сӯзандору сӯрох-сӯрохшуда ва маъшуқони нимишабӣ: ва ман бо нохунҳои тоза ва конспектҳои мавъизаҳоям. Ман тамоми умр одамонро бовар мекунондам, ки монанди ин духтар набошанд. Ин духтар тамоми умр аз ман барин дурӯяҳо канораҷӯӣ карда, зистааст. Аммо ҳозир ману ӯ бар зидди душмани умумӣ, зидди марг, муттаҳид шуда будем ва умед доштем, ки ин воиз метавонад дар нӯги бандҳои мо гиреҳе бандад, ки мо ба он часпида гирем. Исо ба духтар гуфт: — Имони ту ин корро кард. Акнун бирав ва аз зиндагӣ ҳаловат бар. Духтар хурсандии худро пинҳон карданӣ набуд. Ӯ табассумкунон ба Исо нигарист аз рухсораи Ӯ бӯса кард. Издиҳом ханда кард. Исо сурх шуд, ва духтар рафт. Ман дарҳол пай набурдам, ки ҳангоме Исо гап мезад, аз байни издиҳом боз баъзе касон гузашта омаданд. Онҳо аз паси ман истоданд. Ҳамин ки онҳо гап заданд, ман дарҳол овозҳои онҳоро шинохтам. Аҳли калисои ман. Яке аз онҳо дасташро ба китфи ман гузошта гуфт: — Акнун Муаллимро заҳмат додан лозим нест. Духтари ту вафот кард. Ин суханон маро чун тир сӯрох карданд, аммо Исо гапи гӯяндаро бурид: — Тарсидан даркор нест. Ба ман боварӣ намо. Дар якчанд дақиқаи минбаъда мо фаъолияти пурҷӯшу хурӯш намудем. Аз байни издиҳом гузашта ба мошини касе ки хабари вафоти духтарамро овард, нишаста ба беморхона шитофтем. Дар қабулгоҳи беморхона ҳама чиз ба ҳам омехта буд. Аҳли калисои ман, ҳамсояҳо, дӯстон аллакай дар он ҷо ҷамъ шуда буданд. Касе гиря мекард. Занам, рангпарида ва хомӯш, дар яке аз курсиҳо нишаста буд. Ӯ бо дасти ларзон аз чашмони сурхшудааш ашкҳояшро пок мекард. Ҳангоме ки ман даромадам, одамон хостанд барои тасаллодиҳӣ назди ман биёянд. Исо сари роҳи онҳоро гирифт. Ҳама истода, ба ношинос нигоҳ карда монданд. — Чаро шумо гиря мекунед? — гуфт Ӯ. — Духтарак намурдааст, ӯ хоб аст. Ин онҳоро ҳайрон намуд. Онҳо ранҷиданд. — Ин чӣ беназокатӣ аст! — нидо кард касе. — Умуман ин кист?! — Ин шахсро аз ин ҷо бароред! Аммо Исо ба ҳеҷ куҷо рафтанӣ набуд. Зуд тоб хӯрда, баъди якчанд сония Ӯ аллакай дар назди палатаи духтари ман буд. Бо ишора якчанд нафари моро даъват намуд, ки аз пайи Ӯ равем. Мо даромадем. Мо шашкаса дар назди кати духтарам истодем. Чеҳраи духтарам мурдавор сафед буд. Лабҳои хушки беҳаракат. Ман ба дасти вай расидам. Хунук. Пеш аз он ки ман чизе гуфта тавонам, Исо дасташро ба дасти ман гузошт. Ба истиснои ин лаҳза Ӯ ба ҳеҷ кас нигоҳ намекард, танҳо ба духтари ман менигарист. Аммо ҳозир Ӯ ба ман нигарист. Бо ҳамон нигоҳ, бо ҳамон табассуми базӯр намоён нигарист. Ӯ боз як тӯҳфаи дигарро тайёр карда буд, ва бесаброна интизори дидани он буд, ки бо кадом ифодаи чеҳра онро мекушоянд. — Шоҳдухтар, — бо овози паст, қариб пичиррос зада, гуфт Ӯ, — бархез! Духтарам каме сарашро гардонд, гӯё даъватро шунида бошад. Исо каме ақибтар рафт. Қисми болоии бадани духтари ман хам шуда, ба ҳолати амудӣ ҳаракат кардан гирифт, то даме ки ҳолати дар ҷойгаҳ нишастаро гирифт. Чашмони ӯ кушода шуданд. Пойҳояшро ба фарш гузошта, ӯ бархест. Ҳеҷ кас наҷунбид, то даме ки ману духтарам мушоҳида мекардем, ки чӣ тавр духтарамон сӯи мо меояд. Мо муддати зиёд ӯро дар оғӯш нигоҳ доштем, як нимаи шуурамон медонист, ки ин ҳақиқат буда наметавонад, аммо нимаи дигар ҳеҷ чизи ба ин монандро донистан намехост. Ва мо дидем, ки ин рост аст. — Беҳтараш ба вай ягон чизи хӯрданӣ диҳед, — бо табассум ба мо гуфт Исо. — Шояд, ӯ хеле гурусна бошад. Ӯ ба тарафи баромадгоҳ равона шуд. Ман сӯи Ӯ шитофта, дастамро ба китфи Ӯ гузоштам. Миннатдории ман дар чашмонам намоён буд. — Иҷозат деҳ бароят коре бикунам. Ман Туро бо одамони даркорӣ шинос мекунам. Бароят даъватнома ташкил мекунем, то дар ҷои даркорӣ баромад намоӣ. — Бигузор ҳамаи ин махфӣ монад, майлаш? — Ва Ӯ бо се дӯсти камгапи худ аз ҳуҷра баромад. Пас аз он рӯз ман ҳафтаҳои дароз фикр мекардам. Албатта, ман хурсанд будам. Аммо дар паси хурсандии ман сирри фаҳмонданашаванда меистод. Ба ҳар ҷое ки равам, чеҳраи Ӯро пеши назар медидам. Нигоҳи Ӯ маро таъқиб менамуд. Ҳатто ҳозир Ӯро дида истодаам. Сараш каме ақиб кашида шудааст. Дар чашмон аз зери абрӯвони ғафс — шарораи хурсандонаи тӯҳфаи ғайричашмдоште ки омода намудааст. Ифодаи чеҳра оҳиста ба кас мегӯяд: «Ин ҷо биё. Ман сирреро медонам». Ва акнун ман медонам, ки инро кай дида будам. Ман инро баъд ҳам медидам — ва на як бор. Ман инро дар чашмони зани бемори шифонопазир, ки дирӯз ба хабаргирияш рафта будам, дидам. Пас аз химиотерапия мӯйҳои ӯ рехтаанд. Чашмонаш аз беморӣ сиёҳ шудаанд. Пӯсташ тунук шудааст, худаш лоғар гардидааст. Ӯ ба ҳуш омада, маро шинохт. Ӯ ҳатто саломалейк накард. Фақат абрӯвонашро, ки аз зери онҳо ин шарора дурахшид, боло кард ва гуфт: — Ман тайёрам, Уоллес. Ман ба рафтан тайёрам. Ва ман инро як ҳафта пеш дидам, ҳангоме ки дар маросими дафн сухан мегуфтам. Шавҳари зани фавтида — марди мӯйсафедест, ки дар рӯяш ожангҳои чуқур ҳастанд, айнакҳояш линзаҳои бифокалӣ доранд. Бар хилофи дигарон, ӯ намегирист. Дар кадом як лаҳза ба ман чунин тофт, ки ӯ табассум мекунад! Баъд ман барои фишурдани дасташ назди ӯ омадам. — Барои ман ташвиш накашед, — гуфт ӯ. Баъд ба пеш хам шуд, то ба гӯши ман пичирросзанон гӯяд: — Охир, ман медонам, ки ӯ ҳозир дар куҷост. Аммо аз ҳама возеҳтар ман инро имрӯз пагоҳӣ дидам. Ман кайҳо боз аз духтарам пурсиданӣ будам, аммо фурсати муносиб набуд. Ин пагоҳӣ он фурсат фароҳам омад. Мо дукаса наҳорӣ мекардем, духтарам шавла мехӯрд, ман рӯзнома мехондам. Ман ба тарафи ӯ тоб хӯрда гуфтам: — Шоҳдухтар… — Ҳа… — Дар он ҷо чӣ буд? — Дар куҷо? — Дар он ҷое ки ту будӣ? Он ҷо чӣ ҳаст? Ӯ ҷавоб надод. Фақат каме сарашро гардонда, ба тиреза нигарист. Ҳангоме ки ӯ боз ба ман нигарист, дар чашмонаш боз ҳамон шарора буд. Ӯ даҳонашро кушоданӣ буд, аммо боз пӯшид… Баъд гуфт: «Дадаҷон, ин чун тӯҳфаи ғайричашмдошт аст. Он беҳад хуб аст, то ки дар бораи он гӯям». Осудагӣ — ба ҷои дард. Дилпурӣ — дар байни баҳри нохушиҳо. Умед — бар хилофи ноумедӣ. Ин нигоҳ дар хусуси ана ҳамин чиз мегӯяд. Ин нигоҳи пур аз донистани ҷавоб ба саволест, ки ҳар як шахс ба худ медиҳад: наход сухани охирин аз они марг бошад? Ман гӯё мебинам, ки чӣ тавр Исо чашмакӣ мезанад, ҳангоме ҷавоб медиҳад: — На дар ин зиндагӣ. Қисса дар Марқ. 5:22–43; Мат. 9:18–26; Луқ. 8:41–56 асос ёфтааст. БАРОИ АНДЕШАРОНӢ ВА МУҲОКИМА 1. «Ӯ ҳамаро бовар кунонд, ки Худо меҳрубон аст. Ҳамаро, ғайр аз худ». Шумо чӣ фикр доред, чаро нотавон шудан барои «шахси тавоно» мушкил аст? Чӣ тавр ин метавонад норасоии ӯ шавад? 2. Оё ягон вақт чунин ҳиссиёт доштед, ки бар хилофи он чи шумо фикр мекардед, Худо на ба он андоза меҳрубон аст аст? Фаҳмонед. 3. Оё ягон вақт монанди Уоллес ба чунин дараҷаи ноумедӣ расида будед? Он вақт чӣ рӯй дода буд? 4. Чаро озмоишҳои ҳаётӣ ин қадар зуд-зуд одамонро назди Исо меоваранд? 5. Оё аҳамият додед, ки Исо ба дархости Ёир дар хусуси мадад расондан чӣ тавр аксуламал намуд? Агарчи Исо банд буд, лаҳзае ҳам дудила нашуд. Оё шумо ба чунин дархостҳои мадад бо майли том ҷавоб медиҳед? Оё дӯстонатон дар шумо шахси ғамхорро мебинанд, ки ҳангоми бад будани ҳолат ба ӯ занг задан мумкин аст? Шумо ба кӣ занг зада метавонистед? Аз ин одамон пурсед, ки оё онҳо чунин меҳисобанд, ки ба шумо занг зада метавонанд, ва чаро чунин меҳисобанд. Боби 19. Ҷавони сарватманде аз сардорон Ва инак, яке назди Ӯ омада, гуфт: «Эй Устоди некӯ! Чӣ кори нек кунам, то ки зиндагии ҷовидон ёбам?» Ба вай гуфт: «Чаро Маро некӯ мегӯӣ? Ҳеҷ кас некӯ нест, ғайр аз Худои ягона. Лекин агар мехоҳӣ дохили ҳаёт шавӣ, фармудаҳоро ба ҷо овар». Ба Ӯ гуфт: «Кадом фармудаҳоро?» Исо гуфт: «Накуш; зино накун; дуздӣ накун; гувоҳии бардурӯғ надеҳ; падару модаратро ҳурмат кун; ва ёри худро монанди худ дӯст бидор». Ҷавон ба Ӯ гуфт: «Ҳамаи инро ман аз кӯдакӣ ба ҷо овардаам; дигар чӣ камбудӣ дорам?» Исо ба вай гуфт: «Агар хоҳӣ комил шавӣ, рафта, ҳар он чи дорӣ, бифурӯш ва ба бенавоён бидеҳ; ва дар осмон ганҷе хоҳӣ ёфт; ва биё, Маро пайравӣ кун». Чун ҷавон ин суханро шунид, ғамгин шуда, рафт, чунки молу мулки бисёр дошт. Ва Исо ба шогирдони Худ гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ба Подшоҳии Осмон даромадани сарватдор душвор аст; ва боз ба шумо мегӯям: аз сӯрохи сӯзан гузаштани шутур осонтар аст аз он ки сарватдор ба Подшоҳии Худо дохил шавад». Чун шогирдон инро шуниданд, хеле ҳайрон шуда, гуфтанд: «Пас кӣ метавонад наҷот ёбад?» Исо ба онҳо нигоҳ карда, гуфт: «Барои одамизод ин ғайриимкон аст, лекин барои Худо ҳама чиз имконпазир аст». Мат. 19:16–26; муқоиса кунед: Луқ. 18–18 КАМБАҒАЛИ САРВАТМАНД Мо аз хандаи Соро сар карда метавонистем. Рӯи пурожанги ӯ бо кафи дасти газгӯшташ пӯшонида шудааст. Китфонаш меларзанд. Шуши ӯ хир-хир мекунад ва ҳуштак мекашад. Ӯ медонад, ки набояд ханда кунад, — ба суханони Худо ханда кардан тамоман нодуруст аст. Аммо ҳамин ки нафасашро рост карда, оби чашмонашро пок кард, боз суханони Ӯро ба ёд меоварад, — ва боз қоҳ-қоҳ механдад. Мо ҳамчунин аз нигоҳи Петрус сар карда метавонистем. Ин нигоҳи ҳайратовар аст. Чашмони ӯ чун грейпфрутҳо мебошанд. Ӯ моҳиёни зиёдро, ки қаиқро то зону пур карда буданд, ва обро ки берун аз қаиқ шалаппос мезанад, фаромӯш мекунад. Рафиқона ба ӯ нидо мекунанд, ки ба худ ояд ва ба дигарон ёрӣ расонад. Петрус гап зада наметавонад, ӯро як фикр фаро гирифтааст — фикри беҳад ночаспон, то ки ба забон оварда шавад. Мо метавонистем аз истироҳати Павлус сар кунем. Ӯ се рӯз бо худ мубориза мебурд, акнун истироҳат мекунад. Ӯ дар гӯшаи хона дар фарш нишастааст. Ӯ хеле хаста шудааст. Шикамаш холӣ аст. Лабонаш хушк шудаанд. Дар зери чашмони нобинояш халтаҳо ба назар мерасанд. Аммо дар чеҳрааш табассум ҳувайдост. Ба ҳавзи сарбаста оби тоза омад, ва оби он акнун ширин аст. Аммо биёед аз ин сар намекунем. Аз чизи дигар сар мекунем. Аз як яппии[30] замонҳои Аҳди Ҷадид сар мекунем. Ӯ сарватманд аст. Дар пойҳояш пойафзоли италиявӣ. Сару либосаш аз моделиери машҳур. Сармояи ӯ ба таври боваринок сармоягузорӣ шудааст. Ҳатто корти пластикии ӯ аз платина аст. Тамоми чизҳо дар ҳаёти ӯ танҳо дар сатҳи олидараҷа аст. Ӯ ҷавон аст. Хастагиро дар фитнес-клуб аз худ дур мекунад, пириро — дар корти теннис. Шикамаш кашидашуда, нигоҳаш тез. Ғайратмандӣ шиори ӯст, ва то замони вафот карданаш — муддати беандоза зиёд ҳаст. Ӯ шахси хеле бонуфуз аст. Агар бовар накунед, аз худаш пурсед. Шумо саволҳо доред? Ӯ ҷавобҳо дорад. Шумо мушкилот доред? Ӯ роҳи ҳалли онҳоро дорад. Шумо муаммоҳо доред? Ӯ онҳоро рамзкушоӣ мекунад. Ӯ медонад, ки чиро мехоҳад, ва медонад, ки пагоҳ ба чӣ ноил мешавад. Ӯ аз насли нав аст. Аз ҳамин сабаб пиронсолон беҳтараш ақиб намонанд, вагарна барканор карда мешаванд. Ӯ алифбои яппиро аз худ кардааст: Фаъол будан. Сарват. Қудрат. Ӯ ҷавони сарватманд аз сардорон аст (ниг.: Мат. 19; Марқ. 10; Луқ. 18). То ин рӯз ҳаёти ӯ сафари сабук дар кӯчаи марказии пур аз чароғҳои неонӣ буд. Аммо акнун дар назди ӯ саволе истодааст. Ӯро чӣ ҳавасманд мекунад: кунҷковӣ ё тарси ҳақиқӣ? Мо намедонем. Мо медонем, ки ӯ барои маслиҳат омадааст. Ӯ, ки ба одамон калонгирона нигариста одат кардааст, ба ин писари дуредгар барои ёрӣ муроҷиат карда, худро андаке нороҳат ҳис мекунад. Маслиҳат пурсидан аз як марди деҳотӣ — барои мақоми иҷтимоии ӯ тарзи амали муқаррарӣ нест. — Устод, — мепурсад ӯ, — чӣ кори нек кунам, то ки соҳиби ҳаёти абадӣ шавам? Худи тасвияи савол аз он шаҳодат медиҳад, ки ӯ чизи асосиро намефаҳмад. Ӯ гумон мекунад, ки ҳаёти абадиро ҳамон тавр ба даст оварда метавонад, ки ҳама чизи дигарро ба даст меоварад — бо кӯшишҳои худ. «Ман бояд чӣ кор кунам?» Исо, дар ин ҷо чӣ гуна талабот ҳаст? Балли гузариш чанд аст? Муҳокимарониҳои зиёдатӣ намекунем. Дарҳол ба хулосаи ниҳоӣ меоем. Ман бояд чӣ қадар ва чӣ кор кунам, то ки ба натиҷааш боварӣ дошта бошам? Ҷавоби Исо бояд ӯро ҳайрон мекард. — Агар ба ҳаёти абадӣ дохил шуданӣ бошӣ, фармудаҳоро риоя намо. Касе ки каме боинсоф аст, чунин ҷавобро шунида, чунин мегуфт: «Фармудаҳоро риоя кунам? Фармудаҳоро риоя кунам? Оё медонӣ, чӣ қадар фармудаҳо ҳастанд? Кай бори охир Шариатро хонда будӣ? Ман кӯшиш кардам — дар ҳақиқат хеле кӯшиш кардам, — аммо натавонистам!» Ҷавон бояд ҳаминро мегуфт, аммо ӯ аз тавба хеле дур аст ва гуноҳҳои худро эътироф кардан намехоҳад. Ба ҷои он ки мадад пурсад, ӯ қаламу коғаз гирифта, хоҳиш мекунад, ки оҳистатар сухан гӯянд. — Кадом фармудаҳо? — қаламашро тайёр карда ва абрӯвонашро боло карда мегӯяд ӯ. Исо ба Ӯ чунин мегӯяд: — «Одамкушӣ накун»; «зино накун»; «дуздӣ накун»; «шаҳодати бардурӯғ надеҳ»; «падару модари худро иззат намо»; «ёрӣ худро ба монанди худ дӯст дор». «Хеле хуб!» — сатрро то охир навишта, хурсандона мегӯяд яппӣ. — Саволҳои имтиҳонро дорам. Мебинем, ки оё аз имтиҳон гузашта метавонам ё не». «Одамкушӣ? Албатта, не. Зинокорӣ? Ҳеҷ кореро, ки ҳар одами муқаррарӣ намекунад, накардаам. Дуздӣ? Баъзе қаллобиҳо ҳастанд, аммо ҳамааш дар ҳудуди қонун аст. Шаҳодати бардурӯғ. Ҳмм… хуб, давомаш. Иззат намудани падару модар? Албатта, дар рӯзҳои ид ба хабаргирии онҳо меравам. Дӯст доштани ёри худ?…» «Хеле хуб! — табассумкунон мегӯяд ӯ. — Ин душвор нест. Ҳамаи фармудаҳоро ман ҳамеша риоя мекардам. Ман онҳоро аз замоне риоя мекардам, ки ҳанӯз ба боғчаи кӯдакон мерафтам». Қоматашро андаке рост карда, ӯ нарангуштҳояшро ба паси тасма дароварда мегӯяд: «Оё боз ҳамин гуна саволҳои сабук ҳастанд?» Ман тасаввур карда наметавонам, ки чӣ тавр Исо хандаи (ё ашкҳои) Худро боздошта метавонад. Саволҳое ки бояд ба ин шахс нишон медоданд, ки то чӣ андоза ӯ аз сатҳи даркорӣ поёнтар аст, ӯро танҳо дилпур намуданд, ки имкониятҳои ӯ хеле зиёд мебошанд. Ин шахс чун кӯдаки сар то по пур аз оби лойқа аст, ки модарашро бовар кунонданӣ мешавад, ки дар кӯлмакҳо давутоз накардааст. Исо ба моҳияти масъала мегузарад: — Агар комил будан хоҳӣ, рафта, молу мулкатро фурӯш ва ба камбағалон тақсим кун; ва дар осмонҳо ганҷ пайдо хоҳӣ кард. Ин насиҳат ҷавонро ҳайрон мекунад ва шогирдонро саргаранг менамояд. Саволи онҳоро мо ҳам дода метавонистем: — Пас кӣ наҷот ёфта метавонад? Ҷавоби Исо шунавандагонро ҳайрон мекунад: — Барои одамизод ин ғайриимкон аст… Ғайриимкон аст. Ӯ нагуфт: тасаввурнопазир. Ӯ нагуфт: шубҳаовар. Ӯ нагуфт, ки ин хеле душвор аст. Ӯ гуфт: ғайриимкон аст. Ҳеҷ як имконият нест. Ҳеҷ гуна восита. Ҳеҷ як роҳи ниҳонӣ. Ҳеҷ гуна умед. Ғайриимкон аст. Шиновар уқёнуси Оромро шино карда гузашта наметавонад. Бо бодбарак ба моҳ парвоз карда рафтан ғайриимкон аст. Ба Эверест бо асо ва сабадчаи хӯрокворӣ барои пикник баромадан ғайриимкон аст. Ва то даме ки Касе чизеро дигаргун накунад, шумо ба осмонҳо рафта наметавонед. Оё аз шумо хунукии марговар навазида истодааст? Тамоми умр ба шумо барои он чи мекардед, мукофотҳо медоданд. Шумо мувофиқи давомоти худ баҳоҳо мегирифтед. Шуморо барои дастовардҳоятон таҳсин менамуданд. Шумо барои кори худ пул мегирифтед. Маҳз аз ҳамин сабаб ҷавони сарватманд фикр мекард, ки аз осмонҳо ӯро танҳо боз як амали хайрия ҷудо мекунад. Фақат ҳамин чиз аҳамият дорад. Софдилона меҳнат мекунӣ, вазифаҳоро ба ҷо меоварӣ, ва инак суратҳисоби ту пурра пардохта шудааст. Исо мегӯяд, ки чунин намешавад. Арзиши он чи ту мехоҳӣ, назар ба он чи пардохт карда метавонӣ, хеле бештар аст. Ба ту на системаи пардохтҳо, ба ту Кафораткунанда даркор аст. Ба ту на резюме, ба ту Наҷотдиҳанда даркор аст. Зеро «Он чи барои одамон ғайриимкон аст, барои Худо имконпазир аст» (Луқ. 18:27). Моҳияти ин оятро гум накунед: худи шумо худро наҷот дода наметавонед. Бо ҳеҷ чиз — на бо маросимҳои дуруст, на бо таълимотҳои дуруст, на бо хизматгузории дуруст. На бо ҳиссиёти дуруст. Фикри Исо комилан фаҳмост. Худи одамон худро наҷот дода наметавонанд. Барои ҷавони сарватманд ҳамаи гап на дар пул буд; ҳамаи гап дар худкифоякунанда будани ӯ буд. Масъала ба моликият, балки ба ҷоҳталабӣ оид буд. На курси баланди доллар, балки бинии боло бардошташуда. «Ба Подшоҳии Худо даромадани сарватдорон чӣ гуна душвор аст!» (Марқ. 10:23). Душвориҳо на танҳо дар сарватмандон пайдо мешаванд. Онҳо ҳамчунин дар шахсони соҳибмаълумот, боқувват, зебо, машҳур, диндор ба миён меоянд. Дар шумо низ, агар чунин ҳисобед, ки аз боиси диндорӣ ё мақом дар ҷамъият метавонед ба Подшоҳии Осмон дароед. Ва агар он чиро, ки Исо ба ҷавони сарватманд гуфт, ҳал карданатон душвор бошад, суханони Ӯ дар хусуси рӯзи доварӣ дар гулӯятон дармемонанд. Ин тимсоли пайғамбаронаи рӯзи охирин аст: «Бисёр касон дар он рӯз ба Ман хоҳанд гуфт: «Худовандо! Худовандо! Оё ба номи Ту пайғамбарӣ накардем? Оё ба номи Ту девҳоро нарондем? Оё ба номи Ту муъҷизаҳои зиёде нишон надодем?»» (Мат. 7:22). Ҳайратовар! Ин одамон дар назди тахти Худо истодаанд ва боз бо чизе худситоӣ мекунанд. Садои бузурги карнай шунида шуд, аммо онҳо ҳанӯз найнавозӣ мекунанд. Ба ҷои он ки суруди ситоиши Ӯро сароянд, онҳо худро ситоиш мекунанд. Ба ҷои он ки Худоро парастиш кунанд, онҳо резюмеи худро мехонанд. Ҳангоме ки бо тарси эҳтиромона хомӯш мондан даркор аст, онҳо суханронӣ мекунанд. Дар шукӯҳи Подшоҳ истода, онҳо худро ботамкин нишон медиҳанд. Чӣ бадтар аст: худписандии онҳо ё нобиноии онҳо? Шумо офарандагони киштиҳои кайҳониро бо ҳавопаймои коғазӣ ҳайрон карда наметавонед. Дар намоишгоҳи Пикассо бо мусаввараи акварелии худ фахр кардан лозим нест. Шумо фақат аз он сабаб ки формулаи H2O-ро навишта метавонед, худро ба Эйнштейн баробар карда наметавонед. Ва дар назди Мавҷуди Комил бо хубиҳоятон худфахр накунед. Он гоҳ дар ҷавоби онҳо хоҳам гуфт: «Ман ҳаргиз шуморо намешинохтам; аз Ман дур шавед, эй бадкорон!» Мат. 7:23 Инро дар хотир нигоҳ доред. Худо моро на аз боиси амалҳоямон наҷот медиҳад. Фақат Худои ночизро бо даҳякӣ харидан мумкин буд. Фақат Худои худпараст аз азобҳои мо ба латофат меомад. Фақат Худои бадфеъл бо қурбониҳо қонеъ шуда метавонист. Фақат Худои бераҳм наҷотро ба касоне мефурӯхт, ки пули бештар дода метавонанд. Ва танҳо Худои Бузург барои фарзандонаш он чиро мекунад, ки онҳо барои худ ба ҷо оварда наметавонанд. Павлус дар бораи ҳамин мегӯяд: «Азбаски шариат бо айби ҷисм суст шуда, ноилоҷ монда буд, Худо Писари Худро… фиристод…» (Рум. 8:3). Ва моҳияти фармудаи якуми хушбахтӣ аз Мавъизаи Масеҳ дар болои кӯҳ дар ҳамин аст: «Хушо бенавоёни рӯҳ, чунки Подшоҳии Осмон аз они онҳост» (Мат. 5:3). Ганҷи шодӣ ба касоне насиб мешавад, ки рӯҳан мискин ҳастанд, на сарватманд[31]. Баракати Худо ба касоне насиб мегардад, ки таслим мешаванд, аммо ба ғолибон дода намешавад. Қадами аввалин ба сӯи хурсандӣ — илтиҷо дар хусуси мадад, эътирофи рӯҳан мискин будан, ва ботинан ночиз будани худ аст. Касоне ки ҳузури Худоро ҳис кардаанд, рӯҳан қашшоқ шудани худро эълон мекунанд ва бӯҳрони рӯҳонии худро дарк менамоянд. Дар дӯконҳои онҳо чизе нест. Кисаҳои онҳо холӣ мебошанд. Имкониятҳои онҳо ба охир расидаанд. Онҳо талаб кардани адолатро бас кардаанд: онҳо бо илтиҷо марҳамат мехоҳанд.[32] Оно худситоӣ намекунанд; онҳо илтимос менамоянд. Онҳо аз Худо хоҳиш мекунанд, ки барои онҳо кореро кунад, ки худашон бе Ӯ карда наметавонанд. Онҳо дарк мекунанд, ки чӣ тавр Худо қуддус аст ва худи онҳо то чӣ андоза пургуноҳ мебошанд, ва бо суханони Исо розӣ мешаванд: «Наҷот ёфтан ғайрииимкон аст». Оҳ, ин парадокси лутфу марҳамати Худо, ки на дар замини ҳосилхези дастовардҳоямон, балки дар заминҳои беҳосили мискинии мо мешукуфад. Ин роҳи дигар аст, ки барои мову шумо одатӣ нест. Мо аҳён-аҳён нотавонии худро эътироф мекунем. Эътирофи шикаст одатан роҳро ба сӯи хурсандӣ намекушояд. Аз пайи пурра иқрор шудан одатан бахшидашавии пурра намеояд. Аммо бори дигар такрор мекунем: Худо ҳеҷ гоҳ ба таври муқаррарӣ амал намекунад. БАРОИ АНДЕШАРОНӢ ВА МУҲОКИМА 1. Дар ин боб ибораи «мискинони рӯҳ» чӣ тавр фаҳмида мешавад? Ин бо маънидодҳои пештараи фармудаи якуми хушбахтӣ чӣ тавр мувофиқат мекунад? 2. Луқ. 6:20, 24-ро хонед. Дар варианти Луқо пуркунандаи «рӯҳ» нест; дар он фақат гуфта шудааст, ки «сарватмандон» аллакай дар замин мукофоти худро мегиранд, аз ҳамин сабаб ҳақ надоранд интизори мукофоти осмонӣ шаванд. 3. Акнун Мат. 19:23–24-ро хонед. Исо ба ҷавони сарватманд рӯйрост мегӯяд, ки «ба Подшоҳии Худо даромадани сарватманд душвор аст» Оё шумо чунин меҳисобед, ки фармудаи якуми хушбахтӣ хусусан ба касоне дахл дорад, ки аз ҷиҳати моддӣ мискин ҳастанд? Агар не, пас чаро Матто суханонеро баён мекунад, ки аниқ ба сарвати моддӣ ишора мекунад. 4. Ба фикри шумо, худро росткор пиндоштани ҷавони сарватманд ва ба дастовардҳои худ марказонида шудани андешаҳои ӯ чӣ сабаб дорад? Кӯшишҳои ба даст овардани наҷот ва кӯшишҳои ба Худо писанд омадан аз ҳам чӣ фарқ доранд? Байни рӯҳан мискин будан ва идоракунандаи мискини атоҳои додаи Худо будан чӣ фарқе ҳаст? 5. «Касоне ки ҳузури Худоро ҳис кардаанд, рӯҳан қашшоқ шудани худро эълон мекунанд ва бӯҳрони рӯҳонии худро дарк менамоянд». Оё шумо ягон вақт дар хусуси рӯҳан қашшоқ шудани худ эълон кардаед? Агар ҳа, оё аз Худо хоҳиш кардаед, то бароятон кореро кунад, ки бе Ӯ ба ҷо оварда наметавонед? Агар хоҳиш накарда бошед, оё ҳозир фурсати он нест, ки чунин бикунед? Боби 20. Соро, Петрус ва Павлус Ва гуфт: «Соли оянда дар ҳамин вақт ҳатман назди ту хоҳам баргашт, ва занат Сороро писаре хоҳад шуд». Ва Соро ба дари хайма, ки дар ақиби ӯ буд, шунид. Ва Иброҳим ва Соро пир ва солхурда буданд; ва одати занон аз Соро қатъ шуда буд. Ва Соро дарунакӣ хандида, гуфт: «Оё баъд аз фарсудагиам маро ҳузуру ҳаловате хоҳад буд? Ва хоҷаам низ пир шудааст». Ҳас. 18:10–12 Ва ҳангоме ки суханаш ба поён расид, ба Шимъӯн гуфт: «Ба чуқуроб бирон, ва тӯрҳои худро барои сайд андозед». Шимъӯн дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Эй Устод! Тамоми шаб заҳмат кашида, чизе нагирифтем; лекин аз рӯи сухани Ту тӯрро меандозам». Ва онҳо чунин карданд, ва миқдори зиёди моҳиро сайд карданд, ва кам монда буд, ки тӯрашон кафида равад. Ва ба рафиқони худ, ки дар киштии дигар буданд, ишорат карданд, ки ба ёрии онҳо биёянд; ва онҳо омада, ҳар ду киштиро пур карданд, ба тавре ки қариб буд зери об раванд. Луқ. 5:4–7 Шоул, ки ҳанӯз таҳдид ва қатл бар шогирдони Худованд меангехт, назди саркоҳин рафт ва аз ӯ номаҳо барои куништҳои Димишқ пурсида гирифт, то ки агар марде ё занеро аз пайравони ин тариқат биёбад, бандӣ карда ба Уршалим оварад. Дар аснои роҳ, вақте ки ба Димишқ наздик омад, баногоҳ нуре аз осмон давродаври ӯ дурахшид; ӯ бар замин афтод ва овозе шунид, ки мегуфт: «Шоул, Шоул! Барои чӣ маро таъқиб мекунӣ?». Гуфт: «Худовандо, Ту Кистӣ?» Худованд гуфт: «Ман он Исо ҳастам, ки ту Ӯро таъқиб мекунӣ; лағад задан ба сихак душвор аст». Ва ӯ ба ларза ва даҳшат афтода, гуфт: «Худовандо! Чӣ амр мефармоӣ, то ки ба ҷо оварам?» Ва Худованд дар ҷавоб гуфт: «Бархез ва ба шаҳр бирав, ва дар он ҷо ба ту гуфта хоҳад шуд, ки чӣ бояд бикунӣ». Аъм. 9:1–6 ПОДШОҲИИ БЕМАЪНИГӢ Подшоҳии Осмон. Сокинони он аз муъҷизаҳо ҳаловат мебаранд. Қиссаи Сорайро аз назар мегузаронем (ниг.: Ҳас. 16:18, 21). Ӯ аллакай пиронсол буд, аммо Худо ба ӯ писарро ваъда дод. Сорай ба изтироб омад. Ӯ ба мағоза барои занҳои ҳомила рафта дар он ҷо якчанд курта харид. Аз боиси тести мусбат ӯ аллакай даъват намудани меҳмононро ба нақша гирифта, мебели хонаро аз нав ҷо ба ҷо кард… аммо писар нест. Ӯ аллакай якчанд бор тортҳои зодрӯзии худро хӯрд, миқдори зиёди шамъҳоро пуф карда хомӯш намуд… аммо писар ҳанӯз ҳам нест. Ӯ чандин тақвимҳои девориро иваз намуд… писар нест. Он гоҳ Сорай қарор дод, ки корро ба дасти худ гирад («шояд, Худо мехоҳад, ки ман худам дар ин бора ғамхорӣ кунам»). Ӯ Абромро бовар кунонд, ки вақт рафта истодааст («Абром, охир, ту ҳам пир шуда истодаӣ»). Ӯ ба канизакаш Ҳоҷар фармуд, ки ба ҳуҷраи хоби Абром рафта, пурсад, ки оё ягон чиз даркор нест («ва ин чиз карда шуд!») Ҳоҷар ба ҳуҷраи хоб чун канизак даромад, ва аз он ҳамчун модари оянда баромад. Ва мушкилот сар шуданд. Ҳоҷар ҳавобаланд аст. Сорай бадрашк аст. Абром чӣ кор карданашро намедонад. Ва Худо тифлро «хари ёбоӣ» меномад — номи мувофиқ барои касе ки аз боиси якравӣ таваллуд шудааст ва бояд якравона ба худ дар таърих роҳ кушояд. Ин на он роҳат ва осудагии оилавӣ аст, ки Сорай орзу дошт. Ва ин на он мавзӯъ аст, ки Абром дар сари дастурхон бо Сорай муҳокима кардан мехоҳад. Ва ниҳоят, пас аз чордаҳ сол… Ҳангоме ки Абром садсола шуд, ва Сорай — навадсола… Ҳангоме ки Абром ба маслиҳатҳои Сорай гӯш доданро бас кард, ва Сорай додани онҳоро бас кард… Ҳангоме ки зардевориҳои ҳуҷраи кӯдакон рангпарида шуданд, ва мебел кайҳо кӯҳна шуд… Ҳангоме ки ҳар як ёдрасӣ дар бораи кӯдаки ваъдашуда фақат боиси оҳ кашиданҳо, гиряҳо ва нигоҳҳои тӯлонӣ ба осмони сокит мегардид… Худо ба боздиди онҳо меояд ва мегӯяд, ки вақти он расидааст, то барои писар ном интихоб намоянд. Абром ва Сорай як хел ҷавоб медиҳанд — бо ханда. Онҳо қисман аз он сабаб механданд, ки ин беҳад хуб аст, то ки ҳақиқат бошад, ва қисман — аз боиси он ки ҳамааш ҳақиқат буда метавонад. Онҳо аз он сабаб механданд, ки умедро тарк карданд, ва орзуи нав пайдошуда ҳамеша хурсанд мекунад, то даме ки амалӣ гардад. Онҳо аз боиси чизи бемаънӣ механданд. Абром ба Сорайи бедандон менигарад. Сорай бисёр вақт дар роҳаткурсии худ сарашро пас карда ва даҳонашро кушода хуррок кашида хоб меравад. Ӯ ба монанди ғӯлинг «тару тоза» ва ба ҳамон андоза пурожанг аст. Абром қоҳ-қоҳ механдад. Ӯ худро нигоҳ доштанӣ буд, аммо натавонист. Ӯ ҳамеша ҳазли хубро дӯст медошт. Сорай аз он ҳам бештар қаноатманд аст. Хабарро шунида, ӯ хандаро боздошта натавонист. Ӯ зери лаб дар бораи он мегӯяд, ки ба шавҳари ӯ бештар як чиз даркор аст, ва боз механдад. Онҳо механданд, зеро ҳамеша чунин мешавад, ҳангоме ки ба кас иҷро намудани кори ғайриимконро ваъда медиҳанд. Онҳо андаке ба Худо механданд, аммо асосан бо Худо — охир Худо низ механдад. Баъд, бо чеҳраи пуртабассум, Худо ба иҷрои беҳтарин амале ки ба ҷо оварда метавонад, сар мекунад, — амали ғайриимконро. Ӯ чизеро дигаргун мекунад, Пеш аз ҳама — номҳои онҳоро. Абром, яъне «падар», акнун Иброҳим ном хоҳад дошт — «падари бисёриҳо». Сорай — «нозой», Соро мешавад — «модар». Аммо Худо на танҳо номҳои онҳоро дигар мекунад. Ӯ фикрҳои онҳоро дигар мекунад. Ӯ имони онҳоро дигар мекунад. Ӯ миқдори имтиёзҳои андозро, ки онҳо бояд дошта бошанд, дигар мекунад. Ӯ маънидоди калимаи «ғайриимкон»-ро барои онҳо дигар мекунад. Аммо аз ҳама муҳимтар он аст, ки Ӯ ба Худо боварӣ карда тавонистани Сороро тағйир медиҳад. Агар Соро суханони Исоро дар бораи мускинони рӯҳ мешунид, чунин шаҳодат медод: «Ҳақ ба ҷониби Ӯст. Ман корро ба дасти худ гирифтам ва дарди сар ба даст овардам. Ба ихтиёри Худо супоридам — ва писарро ба даст овардам. Худатон фикр кунед. Фақат ҳамин чизро медонам, ки дар тамоми шаҳр ягона зане ҳастам, ки ҳаққи хизмати духтури кӯдаконро бо чеки нафақавии худ пардохт намудам». ПАС АЗ ДУ ҲАЗОР СОЛ мо боз як шаҳодатро вомехӯрем (ниг.: Луқ. 5). Камтар аз ҳама дар ҷаҳон ман он саҳарӣ моҳӣ сайд кардан мехостам. Аммо маҳз ҳамин корро баъди чанде Исо ба ман пешниҳод намуд. Мо тамоми шаби пеш аз он ба кӯл тӯр мепартофтем. Дастонам дард мекарданд. Чашмонам сурх шуда буданд. Гарданам дард мекард. Ман як чизро мехостам: ба хона равам, то ки занам тахтапуштамро молад. Шаб дер давом кард. Намедонам, ки чанд бор ба торикӣ тӯр мепартофтем ва мешунидем, ки он ба об меафтад. Намедонам, ки чанд бор бандро сар дода, тӯрро ба чуқурӣ мефаровардем. Тамоми шаб мо ин кашишхӯриҳо, таранг шудани бандро интизор будем, ки бояд аз он гувоҳӣ медод, ки сайдро кашида баровардан даркор аст… аммо ҳеҷ чиз ба даст наовардем. Саҳаргоҳон ман тайёр будам ба хона равам. Ҳангоме ки ман ба соҳил фаромадам, гурӯҳи одамонро дидам, ки сӯи мо меомаданд. Онҳо аз паси ҷавони қоматбаланде мерафтанд, ки чун баҳрнавард алвонҷ хӯрда роҳ мерафт. Маро дида, Ӯ номамро гирифта салом дод. — Салом, Исо! — ҷавоб додам ман. Агарчи то Ӯ қариб сад ярд масофа буд, ман табассуми васеи Ӯро дидам. — Издиҳоми кам не, а? — ба одамоне ки аз пасаш меомаданд, ишора карда гуфт Ӯ. Ман сар ҷунбондам ва нишастам, то бубинам, ки чӣ мешавад. Дар канори об истода, ӯ гап задан гирифт. Агарчи ман на ҳамаи гапҳои Ӯро мешунидам, ҳама чизро медидам. Боз бештар одамон меомаданд. Ҳайратовар аст, ки дар ин издиҳом Исоро ба об нағалтонданд. Аллакай то ба зону дар об истода, Ӯ ба ман нигарист. Ман муддати зиёд фикр накардам. Исо ба қаиқи ман нишаст, ману Юҳанно низ. Каме аз соҳил дуртар шудем. Ман дар ақиби қаиқ нишастам, ва Исо ба таълим додан сар кард. Ба соҳил гӯё нисфи Исроил ҷамъ шуда буд. Мардон машғулиятҳои худро, ва занҳо корҳои хонагии худро тарк карда, омада буданд. Ман ҳатто якчанд коҳинонро шинохтам. Одамон бо диққат гӯш мекарданд! Онҳо қариб намеҷунбиданд, аммо чашмонашон ҳаёти алоҳида ба сар мебурданд, гӯё дар пеши онҳо паҳноҳои нав кушода шуда бошанд. Гапашро ба охир расонда, Исо ба ман рӯ овард. Ман бархеста, лангарро кашида баровардан гирифтам. Ҳамин вақт Ӯ гуфт: — Ба ҷои чуқуроб рон, Петрус. Каме моҳӣ сайд мекунем. Ман нолиш карда, ба Юҳанно нигаристам. Мо якдигарро бе сухан фаҳмидем. То даме ки Ӯ аз қаиқи мо ба мардум гап мезад, ҳамааш хуб буд. Аммо бо он моҳӣ сайд намудан — кори мост. Ман ба ин муаллим, ки падараш дуредгар аст, чизеро фаҳмонданӣ будам (ту бо мавъизаҳои худ машғул шав, ман — бо сайди моҳӣ). Аммо бо мулоимат гуфтам: — Мо тамоми шаб сайд кардем. Ҳеҷ чиз ба даст наовардем. Ӯ хомӯшона ба ман менигарист. Ман ба Юҳанно нигаристам. Юҳанно интизори он буд, ки ман ба чӣ қарор меоям… Ман гуфтан мехостам, ки аз боиси дӯстдорӣ розӣ шудам. Ман мехостам гӯям, ки аз боиси вафодорӣ розӣ шудам. Аммо ин тавр нест. Фақат медонам, ки барои шубҳа кардан вақте ҳаст, барои хомӯш мондан низ вақте ҳаст. Ва мо на он қадар бо дуо, балки бештар бо оҳу воҳ белҳои қаиқро ба даст гирифтем. Ман бел зада ғур-ғур мекардам. Такрор ба такрор мегуфтам: «Ҳеҷ чиз ҳосил намешавад. Ҳеҷ чиз ҳосил намешавад. Чунин шуда наметавонад. Шояд ман чизеро намедонам, аммо моҳигирӣ карда метавонам. Ва ҳозир мо фақат бо тӯрҳои тар бармегардем». Ғавғои соҳил дар ақиб монд, ва ба зудӣ танҳо шалаппоси мавҷҳо дар паси қаиқ шунида мешуд. Ниҳоят мо бозистодем. Ман тӯри вазнинро бардошта, ба партофтан тайёр шудам. Ҳамон вақт бо гӯшаи чашм ба Исо нигаристам. Он чиро, ки дар чеҳраи ӯ хонда мешуд, дида, ман ҳатто истода мондам. Ӯ аз канори қаиқ ба об хам шуда, ба он ҷое ки ман тӯрро партофтанӣ будам, менигарист. Ва тасаввур намоед, Ӯ табассум мекард! Дар лабонаш табассуми бачагона буд, чашмони кулӯлаи Ӯ ба ду моҳи нави дурахшон табдил ёфтанд. Ин табассуми писаракест, ки ба дӯсташ тӯҳфаеро пешкаш намуда, интизор мешавад, ки вай онро мекушояд. Ӯ пай бурд, ки ман ба Ӯ нигоҳ карда мондаам, ва табассумро аз чеҳрааш дур карданӣ шуд, аммо натавонист. Табассум дар гӯшаҳои даҳонаш пинҳон мешуд, то даме ки боз дандонҳояш дурахшиданд. Ӯ барои ман тӯҳфа тайёр карда буд, ва интизори он буд, ки ман онро мекушоям. «Чӣ ноумедие Ӯро интизор аст», — тӯрро партофта, фикр кардам ман. Он баланд парида, нисфи осмонро банд кард ва баъд ба сатҳи об бархӯрда поён рафтан гирифт. Ман бандро ба дастам печондам ва ба интизории тӯлонӣ тайёр шуда, нишастам. Аммо интизор шудан лозим наомад. Банди овезон ногоҳ кашида шуда, қариб маро кашида аз қаиқ берун мекард. Бо пойҳоям ба канори қаиқ такя карда. Ман рафиқонамро ҷеғ задам. Юҳанно ва Исо сӯи ман шитофтанд. Мо тӯрро пеш аз он ки ба даридан сар кунад, кашида баровардем. Ман ҳеҷ гоҳ ин қадар моҳии бисёр сайд накарда будам. Мисли он ки ба қаиқ як тӯда сангҳоро рехта бошанд. Ба қаиқ об даромадан гирифт. Ана ин манзара буд: чор моҳигир дар ду қаиқ, то ба зону дар моҳӣ, ва як дуредгар дар ақиби қаиқ нишаста, аз ҳамаи ин ҳаловат мебарад. Ҳамон вақт ман фаҳмидам, ки Ӯ кист. Ва ҳамон вақт ман фаҳмидам, ки ман кистам — яке аз касоне ки ба Худо мегӯяд, ки чӣ корро Ӯ метавонад ва чӣ корро карда наметавонад! — Аз ман дур шав, Худовандо, ман шахси гуноҳкор ҳастам, — ман дигар гапи гуфтанӣ надоштам. Намедонам, Ӯ дар ман чиро пайдо кардааст, аммо Ӯ маро тарк накард. Шояд Ӯ фикр мекард, ки агар ҳангоми ба ман моҳигириро ёд доданаш халал нарасонда бошам, пас ҳамчунин ҳангоме ки Ӯ ба ман ҳаётро ёд медиҳад, халал намерасонам. Дар давоми ду соли минбаъда ман ин гуна воқеаҳоро бисёр дидам: дар қабристонҳо бо мурдаҳо, дар теппаҳо бо гуруснаҳо, дар баҳри пурталотум бо одамони тарсида, дар лаби роҳҳо бо беморон. Иштирокчиён дигар мешуданд, аммо ҳақиқат худи ҳамон буд. Ҳангоме чунин метофт, ки «ҳеҷ кас ин корро карда наметавонад», Ӯ мегуфт: «Ман мекунам». Ва баъд касоне ки шубҳа доштанд, намедонистанд, ки чӣ тавр баракатро ба худ бозгардонанд. Ва касе ки баракатро медиҳад, аз тӯҳфаи ғайричашмдошти додааш ҳаловат мебурд. «…қуввати Ман дар нотавонӣ комил мешавад» (2 Қӯр. 12:9). Худо ин суханонро ба забон овард. Павлус онҳоро навишт. Худо гуфт, ки на мушакҳои қавӣ, балки зарфҳои пурнашударо меҷӯяд. Павлус инро дар намунаи худ исбот намуд. Пеш аз вохӯрӣ бо Масеҳ Павлус барои фарисиён чун қаҳрамон буд. Гуфтан мумкин аст, ки ӯ барои онҳо Беррӣ Стапп[33] буд. Павлус низ қонун ва тартиботро ҳифз менамуд. Аниқтараш Шариатро риоя менамуд ва тартиботро ҷорӣ мекард. Модарони яҳудӣ ӯро намунаи писари росткор меҳисобиданд. Ба ӯ дар вохӯриҳои ҳарҳафтаинаи «Маҳфили шерон»-и Уршалим ҷои ифтихориро ҷудо мекарданд. Дар рӯи мизи ӯ китоби маълумотҳо «Дар яҳудият кӣ кист» мехобид, ва дар шабнишинии хатм ба ӯ унвони «ҷаноби имконияти бештарини муваффақият дар зиндагӣ»-ро доданд. Ӯ зуд чун вориси имконпазири устоди худ Ҷамлиил устувор гардид. Агар дар диндорӣ омади кор вуҷуд дошта бошад, Павлус онро дошт. Ин миллиардери рӯҳонӣ аз вақти таваллуд аллакай бо як пой дар осмонҳо буд. Ва ӯ инро медонист: Гарчанде ки маро асосе ҳаст ба ҷисм ҳам эътимод дошта бошам. Агар каси дигар гумон кунад, ки метавонад ба ҷисм эътимод дошта бошад, ман бештар, ки ман дар рӯзи ҳаштум хатна карда шудам, аз насли Исроил ҳастам, аз сибти Бинёмин, ибронӣ аз иброниён, аз ҷиҳати шариат фарисӣ, аз ҷиҳати ғайрат таъқибкунандаи Калисо, аз ҷиҳати адолати шаръӣ беайб. Флп. 3:4–6 Ин мутаассиби ҷавони асилзодаи нигоҳаш шиддатнок пайрави идеяи дар покӣ нигоҳ доштани Подшоҳӣ буд. Ин маънои онро дошт, ки ӯ бояд онро аз масеҳиён ҳифз намояд. Чун сарлашкар, ӯ бо қадамзании бонизом аз шаҳрҳову деҳот гузашта, талаб мекард, ки яҳудиёни муртад парчами ватанро бӯса кунанд ё абадан бо оилаҳо ва ҳамаи умедҳои худ хайрбод гӯянд. Аммо ҳамаи ин дар сари роҳи калон ба охир расид. Павлус як тӯда огоҳиномаҳо аз маҳкама ва ишкелҳоро гирифта, ҳамроҳи ихтиёриёни мусаллаҳ бо мавъизаи кӯтоҳ, аммо баҳснопазир ба Димишқ равона шуд. Ва дар ҳамин ҷо касе ҳамаи юпитерҳоро[34] фурӯзон кард, ва Павлус овозеро шунид. Ҳангоме ӯ фаҳмид, ки ин овози кист, даҳонаш калон кушода шуд, ва худи ӯ ба пойҳо устувор истода натавонист. Ӯ чизи бадтаринро интизор шуд. Ӯ мефаҳмид, ки барои ӯ ҳама чиз ба охир расидааст. Ӯ аллакай ҳалқаро дар гулӯяш ҳис кард. Ба гулӯяш бӯи гулҳои гулчанбари маросими дафн расид. Ӯ дуо мегуфт, ки марг зуд ва бедард бошад. Аммо танҳо хомӯшӣ ва ибтидои ҳаёти пур аз воқеаҳои ғайричашмдоштро дид. Ӯ дар кадом як ҳуҷраи иҷоравӣ ба худ омад. Ӯ ҳайрон буд ва чӣ кор карданашро намедонист. Худо ӯро дар он ҷо якчанд рӯз нобино нигоҳ дошт, то ки ӯ танҳо дар ботини худ чизеро дида тавонад. Ва он чи ӯ дид, ба ӯ маъқул нашуд. Павлус худро он гуна дид, ки дар асл буд, — ва қавли худи ӯ, бадтарини гуноҳкорон (ниг. 1 Тим. 1:15). Шариатпараст. Кушандаи ҳар гуна хурсандӣ. Худситои беҳаё, ки изҳор менамуд, ки андозаи доварии Худоро ба даст оварда бошад. Тақсимкунандаи адолат, ки дар тарозуи худ атои наҷотро бармекашад. Ҳамон вақт Ҳанониё ӯро ёфт. Дар асл чизи сазовори дидан набуд: пас аз се рӯзи бӯҳрони рӯҳонӣ ӯ хаста ва беқувват шуда буд. Намуди зоҳирии Соро низ на он қадар хуб буд, ҳамчунин намуди Петрус пас аз моҳигирӣ. Аммо он чизи умумӣ, ки онҳо доштанд, назар ба як ҷилд китоби илоҳиёти систематикӣ бештар мегӯяд. Охир, ҳангоме ки ҳамаи онҳо барканор истоданд, он гоҳ Худо дохил шуд, ва дар натиҷа онҳо бо суръати зиёд рост ба сӯи Подшоҳии Осмонӣ равона шуданд. Павлус аз ҷавони сарватманд як қадам пеш гузашт. Ӯ фаҳмид, ки бо Худо савдо кардан мумкин нест. Ӯ барои сафед кардани худ баҳона намеҷуст; ӯ фақат марҳамат мехост. Дар танҳоии он ҳуҷра, бо гуноҳҳои зиёд ва хун дар дастон, ӯ хоҳиш мекард, ки Худо ӯро пок кунад. Маслиҳати Ҳанониё арзиши онро дорад, ки онро бихонем: «Пас, чаро таъхир мекунӣ? Бархез ва таъмид бигир ва номи Ӯро хонда, аз гуноҳҳои худ пок шав» (Аъм. 22:16). Ба Павлус ду бор гуфтан зарур набуд. Шоули шариатпараст дафн карда шуд, Павлуси озодкунанда таваллуд шуд. Пас аз ин ӯ ҳеҷ гоҳ чун пештара набуд. Чунон ки ҷаҳон низ чун пештара набуд. Мавъизаҳои пур аз илҳом, шогирдони вафодор ва шаш ҳазор километр сафарҳо. Ҳангоме ки пойафзоли ӯ чангро намехезонд, қалами ӯ ба кор медаромад. Ҳангоме ки ӯ сирри файзро намефаҳмонд, ӯ илоҳиётшиносиро, ки роҳҳои фарҳанги Ғарбро муқаррар намуданд, инкишоф медод. Ҳамаи суханони ӯро бо як изҳорот хулоса кардан мумкин аст: «…мо Масеҳи маслубшударо мавъиза мекунем…» (1 Қӯр. 1:23) Гап на дар он аст, ки ӯ барои мавъиза мавзӯъҳои дигар надошт; балки ӯ ин мавзӯъро ба охир расонда наметавонист. Павлусро худи бемаънигии воқеаҳо пеш мебурд. Исо бояд ӯро дар роҳи Димишқ нобуд мекард. Ӯ бояд Павлусро ба дӯзах мефиристод. Аммо Ӯ ин корро накард! Ӯ Павлусро назди ҷонҳои гумроҳ фиристод. Худи Павлус инро беақлӣ меномид. Ӯ инро бо «васваса» ё «беақлӣ» барин суханон тавсиф медод, аммо дар ниҳояти кор инро «файз» номид (ниг.: 1 Қӯр. 1:23; Эфс. 2:8). Вафодории қатъии худро ӯ чунин маънидод менамуд: «…муҳаббати Масеҳ моро водор менамояд…» (2 Қӯр. 5:14). Павлус ба курсҳои хизматгузорӣ нарафта буд. Ӯ дар хусуси инкишофи калисо китобе нахонда буд. Ӯ аз Рӯҳулқудс илҳом мегирифт ва сармасти муҳаббате буд, ки чизи ғайриимконро, — наҷоти моро, — имконпазир мегардонад. Принсипе ки сазовори ҳама гуна диққат аст, чунин амал менамояд: ба шахс норасоиҳои ӯро бе Исо нишон диҳед, ва натиҷаашро дар заҳбури лаби роҳ меёбед. Ба шахс динро бе ёдрасии нафратоварии ӯ диҳед, ва натиҷааш ҳавобаландӣ бо костюми олидараҷа мешавад. Аммо ҳам ин ва ҳам онро дар як дил муттаҳид намоед, — то ки гуноҳ бо Наҷотдиҳанда вохӯрад, ва Наҷотдиҳанда бо гуноҳ вохӯрад, — ва натиҷааш метавонад боз як фарисии ба росткор табдилёфта шавад, ки ҷаҳонро аланга занонд. ЧОР ШАХС: Ҷавони сарватманд аз сардорон, Соро, Петрус ва Павлус. Онҳоро чизи ҷолибе ба ҳам мепайвандад. Се нафари охир номҳои нав гирифтанд. Сорай Соро шуд, Шимъӯн Петрус шуд, Шоул — Павлус. Ва танҳо аввалӣ — ҷавони сарватманд бо номи худ зикр нашудааст. Шояд ин маънидоди беҳтарини фармудани якуми хушбахтӣ аст. Касе ки худаш барои худ ном пайдо карданӣ мешавад, беном мемонад. Аммо касе ки номи Масеҳро — ва танҳо номи Ӯро мехонад, номи нав мегирад, ва зиёда аз он, ҳаёти нав ба даст меоварад. БАРОИ АНДЕШАРОНӢ ВА МУҲОКИМА 1. Чаро барои бисёрии мо мискинони рӯҳ шудан ин қадар душвор аст (ба о? н маъное ки дар ин бора дар ду боби охири ин китоб гуфта мешавад)? Чаро норасоиҳои худро эътироф намудан бароямон ин қадар душвор аст, ҳатто дар назди Худо ва дар назди худ? 2. Панҷ хусусияти худро, ки афзалиятҳои асосии худ меҳисобед, ва панҷ хусусияти худро, ки норасоиҳои асосии худ меҳисобед, нависед. Оё розӣ ҳастед, ки рӯҳан мискин будан — рад кардани ҷиҳатҳои қавии худ ва кӯшиши ислоҳ намудани ҷиҳатҳои сусти худ аст? Оё ин маънои бад дидани худро дорад? Чаро «ҳа» ва чаро «не»? 3. Масалҳои зеринро, ки дар бораи Подшоҳии Осмон нақл мекунанд, хонед: Мат. 13:24–33; 44–50. Оё ин масалҳо имконият медиҳанд, то дар хусуси табиати Подшоҳии Осмон, ки мискинони рӯҳ дар он хоҳанд зист, боз чизе фаҳмед? 4. Мат. 16:13–20-ро хонед, ки дар он гуфта мешавад, ки дар кадом вазъият номи Петрус дигар карда шуд ва чӣ тавр ӯ «калидҳои Подшоҳии Осмон»-ро ба даст овард. Кадом унсурҳои ин ҳикоят аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки Петрус рӯҳан мискин буд? Ин матн ба шумо дар бораи табиати Подшоҳӣ чиро ошкор намуд? 5. «Ҳангоме чунин метофт, ки «ҳеҷ кас ин корро карда наметавонад», Ӯ мегуфт: «Ман мекунам»». Оё бо шумо чунин буд? Агар ҳа, фаҳмонед. Боби 21. Лаъзор Шахсе Лаъзор ном бемор буд аз аҳли Байт-Анё, ки деҳаи Марям ва хоҳараш Марто буд. Марям ҳамон буд, ки Худовандро бо равғани атрафшон тадҳин карда, пойҳои Ӯро бо мӯи худ хушконид; Лаъзори бемор бародари вай буд. Ва хоҳарон ба Ӯ кас фиристода, гуфтанд: «Худовандо! Инак, он касе ки дӯст медорӣ, бемор аст». < …> Чун Исо омад, фаҳмид, ки вай чор рӯз боз дар қабр мебошад. Байт-Анё дар наздикии Уршалим, ба масофаи тақрибан понздаҳ стадия воқеъ буд, ва бисёре аз яҳудиён назди Марто ва Марям омада буданд, то ки барои бародарашон онҳоро тасаллӣ диҳанд. < …> Марто ба Исо гуфт: «Худовандо! Агар Ту дар ин ҷо мебудӣ, бародарам намемурд. Лекин ҳоло низ медонам, ки ҳар чи аз Худо талаб кунӣ, Худо онро ба Ту хоҳад дод». Исо ба вай гуфт: «Бародари ту эҳё хоҳад шуд». <…> Исо, вақте ки вайро ашкрезон ва яҳудиёни бо вай омадаро низ гирён дид, аз дил оҳи аламноке кашиду музтариб шуд, ва гуфт: «Вайро куҷо гузоштаед?» Ба Ӯ гуфтанд: «Худовандо! Биё ва бубин». Исо гиря кард. <…> Исо, дар ҳолате ки аз дил оҳ мекашид, ба сари қабр омад; ва он як ғоре буд, ки санге бар даҳонаш гузошта буданд.Исо гуфт: «Сангро бардоред» Марто, хоҳари мурда, ба Ӯ гуфт: «Худовандо! Аллакай бадбӯй шудааст; зеро ки чор рӯз боз дар ин ҷост». Исо ба вай гуфт: «Оё ба ту нагуфтам, ки агар имон оварӣ, ҷалоли Худоро хоҳӣ дид?». Пас сангро аз он ҷое ки мурда гузошта шуда буд, бардоштанд. Исо чашмони Худро сӯи осмон боло карда гуфт: «Эй Падар! Туро шукр мекунам, ки сухани Маро шунидӣ; Ва Ман медонистам, ки ҳамеша сухани Маро мешинавӣ; лекин барои мардуме ки дар ин ҷо истодаанд, гуфтам, то имон оваранд, ки Ту Маро фиристодаӣ». Чун инро гуфт, бо овози баланд нидо кард: «Эй Лаъзор, берун ой!» Ва мурда, ки дастҳо ва пойҳояш ба кафан печида ва рӯяш бо рӯймоле пӯшида буд, берун омад. Исо ба онҳо гуфт: «Вайро воз кунед ва бигзоред биравад Юҳ. 11:1–3; 17–19; 21–23; 33:35; 38–44 ШОҲИДИ ОХИРИН Юҳанно ба мо на дар бораи ҳама чизе ки Исо ба амал овардааст, нақл мекунад. Фақат дар бораи он амалҳои Ӯ, ки моро ба сӯи имон роҳнамоӣ мекунанд. Юҳанно танҳо якчанд муъҷизаҳоро интихоб намуд. Ӯ аз муъҷизаи одии ба май табдил ёфтани об сар мекунад, ва баъд ба муъҷизаи бузургтарини зинда шудани Лаъзор рӯ меоварад, ки дар пеши назари одамони бисёр рӯй дода буд. Дар ин ҷо дар бораи ҳафт муъҷиза гуфта мешавад, ва ҳафт шоҳид баёнот медиҳанд, ки ҳар кадоми онҳо ба суханони шоҳиди пештара суханони худро илова менамояд. Мебинем, ки ҳамаи ин шаҳодатҳо дар маҷмуъ ба доварӣ чӣ гуна таъсир мерасонанд. Тасаввур кунед, ки шумо дар толори доварӣ мебошед, ки қариб холӣ аст. Танҳо чор кас ҳастанд: довар, адвокат, ятим ва номзад ба парасторӣ. Довар Худост, ятим шумоед, ва Исо парастори шумо шудан мехоҳад. Шумо ном надоред, пул надоред, хона ҳам надоред. Адвокат пешниҳод мекунад, ки шумо таҳти парастории Исо дода шавед. Ин адвокат кист? Юҳанно ном моҳигири ҷалилӣ. Ӯ ба маҳкама аллакай шаш шоҳидро пешниҳод намуд. Вақти даъват намудани шоҳиди ҳафтум расид. Аммо пеш аз он ки он шоҳид ҷои худро гирад, адвокат шаҳодатҳоро такрор кардан мехоҳад. — Мо аз мавриди базми арӯсӣ дар Қонои Ҷалил сар кардем (ниг.: Юҳ. 2:1–11), — мегӯяд ӯ ва ҳангоми суханронӣ ҳар як калимаро андешида, оҳиста қадам мезанад. — Майи онҳо тамом шуда буд, як қатра ҳам намонда буд. Аммо бо сухани Исо об ба май табдил ёфт. Майи олидараҷа. Беҳтарин. Шумо баёноти ходимро шунидед. Ӯ чӣ тавр рӯй додани инро дидааст. Пас аз фосила адвокат давом медиҳад. — Баъд мо суханони дарбориеро гӯш кардем, ки писараш дар дами марг буд (ниг.: Юҳ. 4:46–54). Шумо ба аломати тасдиқ сар меҷунбонед. Шумо баёноти ин шахсро дар ёд доред. Ӯ нақл кард, ки чӣ тавр ба ҳамаи духтурон муроҷиат намуд, ҳамаи доруҳоро санҷида дид, аммо ҳеҷ чиз ба писари ӯ ёрӣ надод. Ҳангоме ки ӯ ҳама гуна умедро тарк карданӣ буд, касе ба ӯ дар бораи шифокоре ки ба Ҷалил омадааст, гап зад. Дарборӣ бо аксенти зиёд фаҳмонд: — Ман интихобе надоштам. Ман дар рӯҳафтодагии пурра ба ӯ муроҷиат намудам. Бубинед! Бубинед, ки ин муаллим барои писари ман чӣ кард. Дар ин лаҳза. Писараке даромад, ва шумо ӯро бо диққат аз назар гузарондед. Шумо бо душворӣ бовар мекунед, ки ин бачаи солиму бардам замоне дар дами марг буд. Шумо давоми суханони Юҳанноро бо диққат гӯш мекунед: — Ва, ҷаноби довар, он бемореро, ки дар назди ҳавз буд, фаромӯш накунед (ниг.: Юҳ. 5:2–9). Ӯ 38 сол роҳ гашта наметавонист. Аммо баъд Исо пайдо шуд, ва инак — аҳли маҳкама худашон ҳама чизро диданд. Оё дар ёд доред, ки чӣ тавр ӯ ба толор даромад? Мо қиссаи ӯро шунидем. — Сипас, мегӯяд Юҳанно, — агар ин ҳам кифоя набошад, мо қиссаи писаракеро шунидем, ки дар сабади ӯ як миқдор хӯрокворӣ буд (ниг.: Юҳ. 6:1–14). Ӯ дар байни издиҳоми якчанд ҳазор одамон буд, ки аз пайи Исо мерафтанд, то таълимоти Ӯро гӯш кунанд ва бинанд, ки чӣ тавр Ӯ шифо медиҳад. Ҳангоме ки писарак хӯроквории худро хӯрданӣ буд, аз ӯ хоҳиш карданд, ки онро ба Исо диҳад. Ҳозиракак ин хӯроквории писарак тамоман кам буд, аммо акнун он барои одамони беҳад бисёр кифоякунанда шуд. Юҳанно боз лаҳзае хомӯш мемонад, то ки дар толор хомӯшӣ ҳукмфармо шавад. Ҳеҷ кас чунин баёнотҳоро рад карда наметавонад. Шумо бошед, ятим, ҳеҷ чиз нагӯед. — Баъд тӯфон дар баҳр буд (ниг.: Юҳ. 6:16–21), — мегӯяд Юҳанно. — Петрус дар бораи он нақл мекард. Қаиқ дар мавҷҳо алвонҷ мехӯрд. Раъду барқ. Чунин тӯфонҳо ҳалокатовар мебошанд. Охир, ман медонам-ку! Замоне ман ҳам бо қаиқ ба баҳр мебаромадам, ин касби ман буд. Петрус дар бораи он чи рӯй дод, дуруст нақл намуд. Ман худам дар он ҷо будам.Устод бар об қадам зада омад. Ва ҳамин ки Ӯ ба қаиқ даромад, мо дар бехатарӣ будем. Боз як фосила. Нури офтоб аз тиреза гузашта, дар фарш чоркунчаеро тасвир намуд. Юҳанно ба ин чоркунҷа даромада, давом медиҳад. — Дирӯз мо бо шахсе шинос шудем, ки дар ҳаёташ нури офтобро надида буд. Ӯ дар олами торикии шаб мезист. Дар торикӣ. Ӯ нобино буд. Кӯри модарзод (ниг.: Юҳ. 9). Юҳанно хомӯш мемонад, ва баъд суханони собиқ нобиноро ба забон меоварад: — Исо чашмони маро шифо дод. Шаш шаҳодат баён карда шуданд. Шаш муъҷиза тасдиқ карда шуданд. Юҳанно ба сӯи мизе ки далелҳои шайъӣ дар болои он мебошанд, ишора мекунад: кӯзаҳои об, ки дар он об ба май табдил ёфт; хулосаи ташхиси тиббӣ, ки духтури табобаткунандаи писари дарборӣ имзо намудааст; кӯрпачаи шахсе ки роҳ гашта наметавонист, сабадчаи писараке ки як миқдор хӯрокворӣ дошт. Петрус бели шикастаи қаиқро овард, то нишон диҳад, ки тӯфон чӣ қадар сахт буд. Ва нобино асо ва косаи гадоии худро монда буд. Акнун гадоӣ кардани ӯ даркор набуд. — Акнун, — ба довар рӯ оварда, мегӯяд Юҳанно, — мо бояд шоҳиди охиринро даъват намоем ва баёноти ӯро шунавем. Ӯ назди мизи худ рафта, бо ҷойпӯши калони сафед бармегардад. Шумо ба пеш хам мешавед, то бубинед, ки ӯ чиро дар даст дорад. — Ин кафан аст, — мефаҳмонад Юҳанно. Кафанро ба рӯи мизи назди довар гузошта, ӯ мегӯяд: — Ҷаноби довар, иҷозат диҳед шоҳиди охиринамонро даъват намоям — Лаъзорро аз Байт-Анё. Дарҳои вазнини маҳкама кушода мешаванд ва ба толор шахси қоматбаланде дохил мешавад. Дар роҳрав қадам зада, ӯ дар назди Исо бозмеистад ва дасташро ба китфи Ӯ гузошта, мегӯяд: — Ташаккур. Дар овози ӯ навозиш шунида мешавад. Лаъзор тоб хӯрда, ба курсии шоҳидон мешинад. — Номи худро ба маҳкама гӯед, — сар кард Юҳанно. — Лаъзор. — Шумо дар бораи Исои Носирӣ ном шахс шунидаед? — Кӣ номи Ӯро нашунидааст? — Шумо Ӯро хуб мешиносед? — Ӯ дӯсти ман аст. Ману хоҳаронам дар Байт-Анё хона дорем. Ҳангоми ба Уршалим омаданаш Ӯ бисёр вақт дар хонаи мо меҳмон мешуд. Хоҳаронам, Марто ва Марям, ҳамчунин ба Ӯ имон овардаанд. — Имон оварданд? — Имон оварданд, ки Ӯ Масеҳ аст. Ӯ Писари Худост. — Чаро шумо ба ин бовар мекунед? Лаъзор табассум мекунад: — Чӣ тавр ба ин бовар накунам? Ман мурда будам. Чор рӯз дар қабр будам. Дар тобут будам. Бароям дуо гуфта, маро дафн намуданд. Ман мурда будам. Аммо Исо маро даъват намуд. — Ба мо бигӯед, ки ин чӣ тавр рӯй дод. — Умуман, ман ҳамеша саломатии хуб надоштам. Мефаҳмед, аз ҳамин сабаб бо хоҳаронам монда будам. Аз замони кӯдакӣ дилам он қадар солим набуд, бинобар ин боэҳтиёт будан лозим меомад. Марто, хоҳари калонӣ, барои ман чун модар буд. Ҳангоме ки дарди дилам хуруҷ намуд, маҳз Марто ба назди Исо кас фиристод. — Шумо ҳамон вақт мурдед? — Не, қариб. Ман боз якчанд рӯз зинда будам. Аммо ман намедонистам, ки ба канор наздик шудаам. Табибоне ки барои муоинаи ман меомаданд, фақат сар ҷунбонда мерафтанд. Ман бо як пой дар лаби гӯр будам. — Ҳамон вақт Исо омад? — Не, мо Ӯро интизор будем ва умед доштем, ки меояд. Марто шабҳо дар назди бистари ман нишаста, гаштаву баргашта ба ман мегуфт: «Бардам бош, Лаъзор, Исо ба қарибӣ меояд». Мо медонистем, ки Ӯ меояд. Ман дар назар дорам, ки Ӯ ин ҳама одамони ношиносро шифо медод, ва албатта, Ӯ маро шифо медиҳад. Охир, ман дӯсти Ӯ ҳастам. — Ӯро чӣ чиз боздошт? — Мо муддати зиёд намедонистем. Ман фикр мекардам, ки шояд Ӯ дар зиндон бошад, ё чизе ба монанди ин. Ман интизор будам ва умед доштам. Рӯз то рӯз ман беқувваттар мешудам. Биноии ман тамоман суст шуд. Ман қариб ҳеҷ чизро намедидам. Зуд-зуд ба нимбеҳушӣ меафтодам. Ҳар боре ки касе ба ҳуҷраи ман медаромад, ман фикр мекардам, ки ин Ӯст. Аммо Ӯ наомад. — Шумо хашмгин шудед? — Аниқтараш, ҳайрон будам, на хашмгин. Ман намефаҳмидам, ки чаро Ӯ намеояд. — Баъд чӣ шуд? — Боре, шабона, ман бедор шудам. Чизе ба сандуқи синаам чунон фишор меовард, ки нафар кашиданам душвор буд. Ман дар ҷойгаҳам нишастам, зеро Марто ва Марям назди ман омаданд. Онҳо дастони маро медоштанд. Ман мешунидам, ки онҳо маро ҷеғ зада истодаанд, аммо аллакай ба куҷое фурӯ рафтан гирифтам. Ин чун дар хоб буд. Ман дар холигӣ сахт тоб хӯрда, поён меафтидам.Овозҳои онҳо торафт пасттар шунида мешуданд ва дар охир қатъ гардиданд. Даврзанӣ бозистод, афтидан ба охир расид. Ва дард аз байн рафт. Ман дар оромӣ будам. — Дар оромӣ? — Мисли он ки хобида истироҳат мекарда бошам. Ман мурда будам. — Баъд чӣ шуд? — Марто тафсилоти воқеаро нақл карда метавонад. Ба маросими дафн тайёрӣ диданд. Хешовандон ҷамъ шуданд. Дӯстон аз Уршалим омаданд. Маро дафн карданд. — Исо ба дафн омад? — Не. — Ӯ ҳанӯз наомада буд? — Не, ҳангоме Ӯ фаҳмид, ки маро дафн кардаанд, боз чор рӯз сабр кард. — Барои чӣ? Лаъзор хомӯш монд ва баъд ба Исо нигариста гуфт: — То он чиро, ки нишон доданӣ буд, нишон диҳад. Юҳанно ба маънои фаҳмидан табассум намуда гуфт: — Баъд чӣ шуд? — Ман овозеро шунидам. — Овози киро? — Овози Исоро. — Аммо, охир, шумо мурда будед-ку… — Мурда будам. — Ман… фикр кардам, ки шумо дар қабр будед. — Дар қабр будам. — Чӣ тавр мурда дар қабр овозҳои одамонро шунида метавонад? — Наметавонад. Мурда танҳо овози Худоро шунида метавонад. Ман овози Худоро шунидам. — Ӯ чӣ гуфт? — Ӯ нагуфт. Ӯ фарёд намуд. — Ӯ чӣ гуфта, фарёд намуд. «Лаъзор, берун ой!» — Ва шумо Ӯро шунидед? — Мисли он ки ӯ дар назди ман дар мақбара бошад. Чашмони ман кушода шуданд: дастонам ҷунбиданд. Ман сарамро бардоштам. Ман боз зинда будам. Шунидам, ки сангеро, ки даромадгоҳи қабрро маҳкам мекард, як сӯ ғелонданд. Рӯшноии рӯз ба қабр дохил шуд. Чашмони ман тадриҷан ба он одат карданд. — Шумо чиро дидед? — Бисёр чеҳраҳоеро, ки сӯи ман нигаронида шуда буданд. — Ва шумо чӣ кардед? — Ман бархестам. Исо дасташро ба ман дароз карда ба берун баровард. Ӯ гуфт, ки ба ман либос диҳанд, ва ба ман либос оварданд. — Ҳамин тариқ, шумо мурдед, чор рӯз дар қабр будед, ва баъд Исо шуморо ба ҳаёт баргардонд? Оё шоҳидони ин воқеа ҳастанд? Лаъзор гуфт: — Ҳамагӣ сад-дусад кас, на зиёда аз ин. — Хуб, Лаъзор, ташаккур. Метавонед равед. Юҳанно ба довар рӯ оварда гуфт: — Шумо баёноти шоҳидонро шунидед. Акнун ман қабули қарорро ба ихтиёри шумо вомегузорам. Баъд ӯ ба курсии худ баргашта, нишаст. Парастор бархест. Ӯ Худро номбар накард. Ин зарурат надошт. Ҳама Ӯро шинохтанд. Ин Исои Масеҳ буд. Овози Исо толорро пур кард: — Ман манфиатҳои ятимро намояндагӣ мекунам, дар ӯ гӯё ҳамаи касоне ки шаҳодат доданд, ба ҳам муттаҳид шудаанд. Мисли меҳмоне ки дар базми арӯсӣ бе май мондааст, ӯ хурсандӣ карда наметавонад. Ин ятим ба монанди писари нотавони дарборӣ нотавон аст. Ба монанди шахси нобино ва шахсе ки роҳ гашта наметавонад, ӯ нобиност ва роҳ гашта наметавонад. Ӯ гурусна аст, аммо дар замин барои ӯ ғизо нест. Ӯ ба тӯфоне афтодааст, ки аз тӯфони баҳри Ҷалил сахттар аст, аммо дар замин барои ӯ қутбнамои боварибахш нест. Аммо аз ҳама муҳим он аст, ки ӯ мурда аст. Чун Лаъзор. Мурда. Рӯҳан мурда аст. — Ман барои ӯ ҳамон кореро мекунам, ки барои онҳо карда будам, — ваъда медиҳад Исо. — Ман ӯро шифо мебахшам, ба ӯ хурсандӣ, қувват, биноӣ, осоиш, ғизо, ҳаёти нав медиҳам. Ӯ ҳамаи инро хоҳад дошт, агар Ту иҷозат диҳӣ. Довар қарори Худро мебарорад: «Ту Писари дӯстдоштаи Ман ҳастӣ; Ман аз Ту хушнудам!» (Луқ. 3:22). Худо ба шумо менигарад. — Ман иҷозат медиҳам, — мегӯяд Ӯ, — аммо бо як шарт. Агар худи ятим дар ин бора хоҳиш кунад. Юҳанно шоҳидонро даъват намуд. Шоҳидон баёнот доданд. Устод пешниҳод намуд, ки барои шумо ҳамон корҳоеро, ки барои онҳо кардааст, кунад. Ӯ ба шумо барои базм май медиҳад, биноӣ, қувват, ва аз ҳама муҳимаш, — қудратро бар қабр. Ӯ барои шумо ҳамон кореро мекунад, ки барои онҳо кардааст. Довар баракати Худро дод. Боқимондааш ба худи шумо вобаста аст. Акнун худатон интихоб менамоед. БАРОИ АНДЕШАРОНӢ ВА МУҲОКИМА 1. «Мурда танҳо овози Худоро шунида метавонад, — гуфт Лаъзор. — Ман овози Худоро шунидам». Агар одам мурда бошад, оё ӯ чизеро шунида метавонад? Аз куҷо Лаъзор медонист, ки овози Худоро мешунавад? Чӣ тавр «мурда» дар замони мо низ овози Худоро шунида метавонад? 2. Исо гуфт: «Ман ӯро шифо мебахшам, ба ӯ хурсандӣ, қувват, биноӣ, осоиш, ғизо, ҳаёти нав медиҳам». Оё Исо дар замони мо низ ин атоҳоро медиҳад? Агар ҳа, пас чӣ тавр? 3. Кадоме аз ин атоҳо барои шумо аҳамияти бештар дорад? Интихоби худро фаҳмонед. 4. Юҳ. 20:20–31-ро хонед. Муъҷизаҳои Исо бо кадом мақсад навишта шудаанд? Оё онҳо ба шумо ба тавре ки дар назар дошта шуда буд, таъсир расонданд? Чаро «ҳа» ё чаро «не»? 5. Эфс. 2:1–5-ро хонед. Чӣ тавр моро, мувофиқи Эфс. 2:1–3, дар давраи пеш аз масеҳӣ шуданамон тавсиф додан мумкин аст? Чӣ тавр, мувофиқи Эфс. 2:3–4, ҳолати мо дигаргун шуд? Ин дигаргунӣ аз боиси чист? Боби 22. Петрус Баъд аз гузаштани шанбе, Марями Маҷдалия ва Маряме ки модари Яъқуб буд, ва Салӯмит дорувори хушбӯй хариданд, то рафта ба Ӯ бимоланд. Ва саҳарии рӯзи якшанбе, чун офтоб баромад, онҳо ба сари гӯр омаданд, ва ба ҳамдигар мегуфтанд: «Сангро аз даҳанаи гӯр барои мо кӣ меғелонад?» Чун нигаристанд, диданд, ки санг ғелонда шудааст; ва ҳол он ки он бисёр калон буд. Ва чун ба гӯр даромаданд, ҷавонеро дар тарафи рост нишаста диданд, ки либоси сафед дар бар дошт; ва ҳайрон шуданд. Вай ба онҳо гуфт: «Ҳайрон нашавед. Исои Носирии ба салиб кашидашударо ҷустуҷӯ мекунед; Ӯ зинда шуд ва дар ин ҷо нест. Инак ҷое ки Ӯро гузошта буданд. Лекин рафта, ба шогирдони Ӯ ва ба Петрус гӯед, ки Ӯ пеш аз шумо ба Ҷалил меравад; Ӯро, чунон ки ба шумо гуфта буд, дар он ҷо хоҳед дид. Марқ. 16:1–7 ХУШХАБАР ДАР БОРАИ ИМКОНИЯТИ ДУЮМ Ин чунон буд, ки гӯё ман дар пакети ярма тӯҳфаро, ё дар қуттии тугмаҳо гавҳареро, ё дар ғалладони мактубҳо пули калонеро ёфта бошам. Чунин чизи хурдро дар байни миқдори зиёди чизҳои дигар дида тавонистан осон нест. Ҳамагӣ се калима. Ман медонам, ки ин саҳифаро садҳо бор хонда будам, Аммо ба ин калимаҳо ҳеҷ гоҳ аҳамият намедодам. Шояд ман ин калимаҳоро аз боиси ваҷд барои ҳикоят дар бораи Эҳё аз назар соқит мекардам. Ё, аз сабаби он ки ҳикояти Марқус дар ин бора аз се ҳикояти дигар кӯтоҳтар аст, шояд, ман ба ин калимаҳо диққат намедодам. Ё, шояд, аз он сабаб ки ин боби охирини Инҷили Марқус аст, чашмони хасташудаи ман ҳар дафъа сатрҳои боқимонадаро беҳад тез хонда мегузаштанд, ва аз ҳамин сабаб пай намебурданд. Аммо ман боз онҳоро аз назар соқит кардан намехоҳам. Акнун онҳоро ман бо маркери зард ишора карда, бо ручкаи сурх дар зерашон хат кашидаам. Шумо низ ҳамин тавр карда метавонед. Боби 16-уми Инҷили Марқусро кушоед. Панҷ ояти аввалро дар бораи ҳайрон шудани занҳо, ки аз даҳони қабр як сӯ гузошта шудани сангро диданд, хонед. Баъд аз суханони олидараҷа, ки фаришта гуфт, шод шавед: «Ӯ зинда шуд ва дар ин ҷо нест. Инак ҷое ки Ӯро гузошта буданд» (Марқ. 16:6). Аммо бисёр таваққуф накунед. Давомашро хонед. Қаламатонро тайёр карда, ин гавҳари гаронбаҳоро дар ояти 7 баҳо диҳед (он дар ҳамин ҷо пайдо мешавад): «Лекин рафта, ба шогирдони Ӯ ва ба Петрус гӯед, ки Ӯ пеш аз шумо ба Ҷалил меравад…» (Марқ. 16:7). Он калимаҳоро ёфтед? Бори дигар хонед (акнун ман калимаҳои даркориро бо хати курсив ҷудо мекунам). «Лекин рафта, ба шогирдони Ӯ ва ба Петрус гӯед, ки Ӯ пеш аз шумо ба Ҷалил меравад». Акнун ба ман ҷавоб диҳед — магар ин ганҷи ниҳон нест? Агар иҷозат медоштам, ки ин суханонро дигаргун кунам, чунин мегуфтам: «Ин ҷо истодан бас аст, равед ва ба шогирдон гӯед, — фосила, баъд табассум: — Ва махсусан ба Петрус гӯед, ки Ӯ пеш аз шумо ба Ҷалил меравад». Ин чӣ ҷумла аст? Мисли он ки тамони осмонҳо фурӯ ғалтидани Петрусро диданд — ва гӯё тамоми осмонҳо мехоҳанд ба Петрус ёрӣ диҳанд, то аз нав бархезад: «Ҳатман ба Петрус гӯед, ки ӯ тарк карда нашудааст. Ба ӯ гӯед, ки як хато ҳанӯз шикасти пурра нест». Ана ҳамин тавр! Ҳайратовар нест, ки дар ин робита «хушхабар дар бораи кӯшиши дуюм»-ро ба ёд меоваранд. Дар ҷаҳони имрӯза мо на он қадар зуд-зуд имконияти дуюм ба даст меоварем. Аз писараке пурсед, ки ӯро ба дастаи бейсболи «Лигаи хурд» қабул накардаанд. Ё аз ҷавоне ки дар бораи аз кор холӣ карда шуданаш огоҳинома гирифтааст. Ё аз модари се фарзанд, ки шавҳараш ӯро ба хотири зани соҳибҷамоле тарк кардааст. Барои аз нав сар кардан имкониятҳои бисёр вуҷуд надоранд. Дар замони мо бештар чунин суханон шунида мешаванд: «Ҳозир, ё ҳеҷ гоҳ». «Дар дастаамон ба бесалоҳоятӣ роҳ намедиҳем», «Зуд давр зан, то аз меҳвар берун наафтӣ», «Дар боло ҷой кам аст», «Агар се тӯб сар диҳӣ — мо дарвозабони дигарро мегирем». «Агар бо гургҳо зистан хоҳӣ, чун гургҳо уллос зан». Исо ба ин суханон ҷавоби одӣ дорад: «Чун гургҳо уллос задан? — пурсида метавонад Ӯ. — пас бо гургҳо зиндагӣ накун». Ин ҷо маънои хубе ҳаст, ҳамин тавр не? Чаро ба як тӯда шахсони нобарори дигар ба шумо гӯянд, ки шумо чӣ гуна шахси нобарор ҳастед? Бе шубҳа, шумо имконияти дуюм ба даст оварда метавонед. Агар хоҳед, аз Петрус пурсед. Ба ҳамин қарибӣ ӯ худро тамоман паст фаровардашуда ҳис карда буд, ва ногоҳ дар зинаи мартабаҳо хеле баланд парвоз намуд. Ҳатто фариштаҳо мехостанд, то ин моҳигири ноумедшуда фаҳмад, ки ҳанӯз ҳама чиз аз даст нарафтааст. Ба воситаи нидои осмонӣ аз тахти Худо ба таври возеҳу равшан хабаре расонида шуд: «Ҳатман ба Петрус гӯед, ки ҳозир ӯ боз дар дарвоза хоҳад истод». Инҷили Марқус, чунон ки муахассисон мегӯянд, моҳиятан хотираҳои Петрус мебошанд, ки аз даҳони ӯ навишта шуда, ба низом дароварда шудаанд. Агар ин дуруст бошад, пас он се калимаро худи Петрус дохил намудааст! Агар ин дар ҳақиқат хотираҳои ӯ бошанд, ман тасаввур мекунам, ки ҳангоме моҳигир ба ин ҷои ҳикоят расид, чӣ тавр ба изтироб омад ва ашки чашмонашро пок кард. На ҳар рӯз кас имконияти дуюм ба даст меоварад. Петрус бояд инро медонист. Ҳангоме ки ӯ Исоро бори дигар дид, хеле ба ҳаяҷон омада, базӯр фурсат ёфт шалворашро дар бар кунад, пеш аз он ки худро ба оби хунуки баҳри Ҷалил партояд (ниг.: Юҳ. 21:7). Чунон ки мегӯянд, имконияти дуюми додашуда кифоя буд, ки ин ҷалилии деҳотӣ «хушхабари худро дар бораи имконияти дуюм» то ба Рум расонад ва дар он ҷо риёзаткашона ҳалок шавад. Агар шумо ҳеҷ гоҳ намефаҳмидед, ки чӣ чиз метавонад касро водор кунад, то ба кушта шудан равад (ӯ сарнишеб маслуб карда шуд), умедворам, акнун медонед. На ҳар рӯз касеро вомехӯред, ки ба шумо имконияти дуюмро медиҳад, — алалхусус касеро, ки ҳар рӯз онро медиҳад. Аммо дар Исо Петрус ҳам имконияти якум, ҳам дуюмро ба даст овард. БАРОИ АНДЕШАРОНӢ ВА МУҲОКИМА 1. «Хушхабар дар бораи имконияти дуюм» гуфта, чӣ дар назар дошта шудааст? Инро ба таври дигар чӣ тавр номидан мумкин мебуд? 2. Аз ҳамаи пайравони Исо, ки аз Ӯ рӯ гардонда буданд, шояд, Петрус таасуроти бештар мегузорад. Исоро инкор кардани Ӯро дар Марқ. 14:27–31, 66–72 хонед, ва баъд хабари фариштаро дар бораи эҳёи Исо дар Марқ. 16:1–7 хонед. Ҳамчунин Луқ. 24:33–34 ва Юҳ. 21:15–19-ро хонед. Чунин муносибати махсус ба Петрус бояд аз чӣ гувоҳӣ диҳад? Ба фикри шумо, Исо бояд чиро эҳсос менамуд: таассуф, ноумедӣ, ғамхорӣ, дӯст доштан? 3. Ба фикри шумо, Оё Исо ба шумо имконияти дуюм, сеюм ва чорумро дода метавонад? Оё Ӯ барои шумо, назар ба он чи барои Петрус кард, камтар мекард? 4. Оё мавридеро ба ёд оварда метавонед, ки ба шумо имконияти дуюм дода буданд? Ин ба шумо чӣ гуна таъсир расонд? То чӣ андоза шумо худатон тайёред ба дигарон имкон диҳед, ки кореро кунанд ё онро бори дигар аз сар гузаронанд? 5. Ҳамчун ёдрасӣ дар хусуси он ки Ӯ Худои боз як имконият аст, дар Марсияҳо 3:19–26 хонед ва ин иқтибосро навишта гиред, то ки ҳар саҳар хонед. Хотима. Ин одамон киҳоянд? Умуман, аз эҳтимол дур аст, ки ҳамаи онҳо ба рӯйхати номҳо дар китоби «Шахсиятҳои машҳури ҷаҳони покӣ ва муқаддасӣ» дохил мешуда бошанд. Рости гап, баъзе корҳои онҳо ба амалҳои тӯдаи авбошон монанд мебошанд, ки бегоҳии шанбе боздошт шуда, ба шӯъбаи полис бурда шудаанд. Баъзе фаррҳоро бар болои сарҳои ин қаҳрамонон каме дуруст кардан ва пок намудан даркор мебуд. Аммо ба ҳар ҳол, агарчи ҳайратовар аст, маҳз нокомилии инсон онҳоро чунин боварибахш мегардонад. Чунон боварибахш, ки ҳар боре ки ба шумо ёдрасӣ дар бораи пурсабрии Худо даркор мешавад, шумо ба ин одамон нигариста, онро ёфта метавонед. Агар шумо шубҳа дошта бошед, ки Худо ба воситаи шумо ҷаҳонро дигаргун карда метавонад, ба ин одамон нигаред. Ин омехтаи «одамони бе оянда», пайравони бевафо, роҳбарони ноумедшудаи калисо мебошанд, ки на дар дастовардҳои худ, балки дар дастони Худо, ки барои онҳо кушода мебошанд, умед ба даст овардаанд. Иброҳимро, падари халқҳои бисёрро ба ёд меоварем, ки бе камбудӣ набуд. Забонаш бисёр вақт ӯро ба ҳолатҳои нохуш мегузошт. Боре, барои наҷот додани сари худ, ӯ гуфт, ки Соро на зани ӯ, балки хоҳараш аст, ва ин ними ҳақиқат буд (ниг.: Ҳас. 12:10–20). Баъди чанде ӯ боз ҳамон корро кард. «Ва Иброҳим дар ҳаққи зани худ Соро гуфт: «Ӯ хоҳари ман аст»» (Ҳас. 20:2). Ӯ ба хотири бехатарии худ ду бор дурӯғ гуфт. Магар ин боварӣ ба ваъдаҳои Худост? Оё дар асоси чунин имон халқеро ба вуҷуд овардан мумкин аст? Худо метавонад. Худо чизи хубро гирифта, чизи бадро фаромӯш мекунад, то ки бо ёрии «пири сергап» барои Худ халқе ба вуҷуд оварад. Юнусро низ ба ёд меоварем. Ӯ фиристодаи Худо ба аҳли Нинве буд. Аммо худи Юнус нақшаҳои дигар дошт. Ӯ тамоман хоҳиш надошт ба ин шаҳри ғайрияҳудиён равад. Аз ҳамин сабаб, то даме ки Худо намедид (дар ҳадди ақалл, Юнус ба ин умед дошт), ӯ ба киштии дигар нишаст. Худо ӯро ба даруни моҳии бузург ҷойгир намуд, то ки ба ҳуш оварад. Аммо ҳатто моҳии бузург ин миссионерро муддати зиёд дар худ нигоҳ дошта натавонист ва ӯро қайъ намуд. Ва Юнус бо чашмони калон кушода ва дили пур аз тавба ба регзори соҳил афтид (ин, аз афташ, бояд нишон диҳад, ки одами хубро вайрон кардан ғайриимкон аст). Қисса ба қисса зам карда мешавад: Элишоъ — пайғамбари зудранҷ; Сулаймон — подшоҳе ки аз ҳад зиёд доно буд; Яъқуб — қаллоб; Роҳоб — фоҳиша. Дар ҳар як қисса Худо барои мақсадҳои Худ чизи беҳтарини шахсро мегирад ва чизи бадтарини ӯро паси сар мекунад. Дарси тасаллибахш фаҳмост. Худо одамонро ба дигаргун кардани ҷаҳон ҷалб мекард (ва ҷалб мекунад!) Одамонро! На муқаддасон, на фавқулодамҳо, на азимушшаънҳо, балки одамони одиро. Дурӯғгӯён, миҷингҳо, зинокорон ва фиребгарон — Худо ҳама гуна одамонро истифода мебарад. Ва ҳамаи нокомилиҳои онҳоро Худо бо муҳаббати Худ комил менамояд. Дертар Исо муҳаббати ҳамешагии Худоро дар масале ифода намуд. Ӯ дар бораи ҷавоне нақл намуд, ки ҳаёти деҳот барои ӯ хеле дилгиркунанда метофт. Аз ҳамин сабаб ӯ кисаҳояшро бо пули падар пур карда, барои айшу ишрат кардан рафт. Аммо ба ҷои ҳаёти хурсандона ӯро тамоман чизи дигар интизор буд — хумори вазнин, дӯстони бевафо, навбатҳои дарози бекорон. Ниҳоят ӯ ба хулосае омад, ки аз ҳамаи ин сер шудааст, ва ғурури худро ба кисаи сӯрох-сӯрохаш пинҳон карда, ба сӯи хона равона шуд. Дар давоми роҳ ӯ суханонеро, ки барои вохӯрӣ бо падар тайёр карда буд, машқ мекард. Аммо он ба ӯ даркор нашуд. Ҳамин ки ӯ ба теппаи охирин баромад, падар, ки дар назди дарвоза интизораш буд, ӯро дид. Суханони бахшидани падар дарҳол суханони худсафедкунии писарро пахш карданд. Ва ҷавони хаста ба оғӯши кушодаи падар афтид. Ӯро ҳамон оғӯш қабул намуд, ки Иброҳим, Мусо, Довуд ва Юнусро қабул карданд. Ҳеҷ гуна ангуштҳои таҳдидкунанда. Ҳеҷ гуна муштҳои фишурдашуда. На торсакиҳо («ман ба ту гуфта будам-ку!»), на саволҳои истеҳзоомез («хайр, чӣ хел айшу ишрат кардӣ?») На дастони рӯи ҳам гузошташуда. На чашмони теғ кашида нигоҳкунанда, на лабҳои фишурда. Ҳеҷ чиз. Фақат оғӯши меҳрубонона. Агар шумо ягон вақт шубҳа карда бошед, ки Худо ба воситаи шумо ҷаҳонро дигаргун карда метавонад, ба одамоне нигаред, ки Ӯ аллакай ба воситаи онҳо ин корро кардааст, ва рӯҳбаланд шавед. Ба бахшидан, ки ин оғӯш ваъда медиҳад, нигаред, ва далер бошед. Ва, дар омади гап, ҳеҷ гоҳ ин оғӯши кушода, чун дар салиби Ҷолҷолто, ин қадар фарогир набуд. Як даст ба гузашта нигаронида шудааст, дигарӣ — ба оянда. Ҳар касеро, ки назди ӯ меояд, оғӯши бахшидан интизор аст. Мокиён чӯҷаҳояшро ҷамъ мекунад. Падар чизеро ба даст меоварад, ки сазовор аст. Кафораткунанда ҷаҳонро кафорат мекунад. Ӯ мегӯяд: «Инак, Ман ва фарзандоне ки Худо ба Ман додааст» (Ибр. 2:13). БАРОИ АНДЕШАРОНӢ ВА МУҲОКИМА 1. Номҳои кадом мардон ва занони барҷастатарини Китоби Муқаддасро (ғайр аз Исо) ба рӯйхати номҳо дар китоби «Шахсиятҳои машҳур» дохил мекардед? Ҳар кадоми онҳо кадом ҷиҳатҳои хуб дорад? Кадом норасоиҳо? Чӣ гуна ҳар кадоми онҳо барои дигаргун намудани ҷаҳон хизмат намудааст? 2. Мувофиқи 2 Қӯр. 4:7–18 ва 2 Қӯр. 12:7–10, чӣ тавр Худо норасоиҳои моро ба асбоб барои иҷрои нақшаҳои Худ табдил медиҳад? 3. Агар шайтон шуморо бовар кунонданӣ мешуд, ки шумо барои Худо арзише надоред, ӯ инро чӣ тавр карда метавонист? Шумо ба ӯ чӣ ҷавоб медодед? 4. Шумо дар рӯйхати одамони Худо ҷои намоёнеро ишғол мекунед. Дар асоси он чи шумо дар хусуси одамони муқаррарӣ дар дастони Худо фаҳмидед, тасвир намоед, ки ҳозир дар драмаи Худо кадом нақшро мебозед? 5. Боз ба рӯйхати асоситарин ҷиҳатҳои хуби худ (аз боби 20) баргашта, ҷавоб диҳед, ки Худо шуморо дар боби ояндаи ҳаётатон ба чӣ даъват карда метавонад? Ҷавоби худро нависед. Баъд аз Худо хоҳиш намоед, то Ӯ шуморо роҳбарӣ намояд ва дастгирӣ кунад, ҳангоме кӯшиш мекунед ҷиҳатҳои хуб ва норасоиҳои худро барои дигаргун намудани ҷаҳон истифода баред. Сарчашмаҳо Бобҳои ин китоб аз китобҳои зерини Макс Лукадо гирифта шудаанд: 1. Юсуф. Дуои Юсуф: He Still Moves Stones. 2. Матто. Дӯсти радди маъракаҳо: Next Door Savior (ба русӣ тарҷума шудааст. Ниг.: М. Лукадо. Спаситель рядом. СПб.: Библейский взгляд, 2009. 3. Зане ки пойҳои Исоро шуст. Принсипи 7:47: A Love Worth Giving. 4. Мефибӯшет. Имтиёз барои гадоён: In the Grip of Grace (ба русӣ тарҷума шудааст. Ниг.: М. Лукадо. В деснице благодати. СПб.: Шандал, 2008). 5. Зани сомарӣ. Ду санги мазор: Six Hours One Friday. 6. Марям, Марто ва Лаъзор. Ҷои шумо дар оркестри Худо: A Gentle Thunder. 7. Абиҷайл. Рафтори бераҳмона. Facing Your Giants. 8. Бемор дар назди ҳавз. Нурҳои равшан дар шаби торик: He Still Moves Stones. 9. Юҳанно. Ман бадбахтии шуморо ба тантана табдил дода метавонам: He Chose the Nails. 10. Павлус. Қаҳрамонҳои номаълум: When God Whispers Your Name. 11. Ду ҷинояткор. Ман интихобро ба шумо вомегузорам. He Chose the Nails. 12. Мусо. Овоз аз сатил бо швабра: When God Whispers Your Name. 13. Юсуф. Ҳангоме ки чирчиракҳо безор мекунанд: When God Whispers Your Name. 14. Довуд. Муҳориба бо азимҷуссаҳои худ: Му Facing Your Giants. 15. Эстер. Ба дили подшоҳ таъсир расондан: The Great House og God. 16. Айюб. Ҳамгоме ки одам хомӯш мемонад: The Great House og God. 17. Ниқӯдимус. Сӯҳбати машҳуртарин дар Китоби Муқаддас: 3:16. 18. Ёир. Шарора аз абадият. Six Hours One Friday. 19. Ҷавони сарватманде аз сардорон. Гадои сарватманд. The Applause of Heaven. 20. Соро, Петрус ва Павлус. Подшоҳии бемаънигӣ: The Applause of Heaven. 21. Лаъзор. Шоҳиди охирин: A Gentle Thunder. 22. Петрус. Хушхабар дар бораи имконияти дуюм. No Wonder They Call Him the Savior. Тавзеҳот 1. Квислинг — сиёсатмадори норвегӣ, фашист, ба истило кардани Норвегия мусоидат намудааст; ба маънои маҷозиаш — хоин. — Эзоҳи тарҷ. 2. Бар-митсва — истилоҳот дар дини яҳудӣ барои тавсифи писарбачаи яҳудӣ, ки камолоти динӣ расидааст, истифода мешавад. 3. Ба Лэндон Сондерс, ки ин қиссаро ба ман нақл намуд, миннатдорӣ баён мекунам. 4. Dr. Paul Faulkner. Achieving Success Without Failling Your Family (W. Monroe, LA: Hovard Publishing, 1994), 14–15. 5. Дар Китоби Муқаддаси синодӣ қавс нест. — Эзоҳи муҳ. 6. Бо тарҷумаи синодии 2 Подш. 9:4 муқоса кунед, ки дар ин ҷо калимаҳои «ин писар» вуҷуд надоранд, муаллиф дар фикрҳои худ ба тарҷумаи англисии Китоби Муқаддас такя мекунад. Эзоҳи муҳаррир. 7. 1041 Sermon Illustrations, Ideas and Expositions, compiled and edited by A. Gordon Nasby (Grand Rapids, MI: Baker, 1953), 244. 8. Charles R. Swindoll, The Grace Awakening (Waco, TX: Word, 1990, 2003), 70. Used by permission. 9. Туба — асбоби нафасии мисин, аз рўи бузургӣ аз ҳама калонтарин ва аз рўи овоз аз ҳама пасттарин. — Эзоҳи муҳ. 10. Ernest Gordon, To End All Wars: A True Story About the Will to Survive and the Courage to Forgive (Grand Rapids, MI: Zondervan, 2002), 105–6, 101. 11. Hans Wilhelm Hertzberg, I and II Samuel, trans. J.S. Bowden (Philadelphia: Westminster John Knox Press, 1964), 199–200. 12. Gordon, 101–2. 13. Коронер — муфаттише ки парвандаҳои қатл ва марги ногаҳониро пеш мебарад. — Эзоҳи муҳаррир. 14. Arthur.W. Pink, Exposition of the Cospel of John (Grand Rapids, MI: Zondervan, 1975), 1077. 15. William Barclay, The Gospel of John, vol. 2, rev. ed. (Philadelphia: Westminster Press, 1975), 267. 16. Колчестер дар масофаи 80 км, дар шимолу шарқи Лондон ҷойгир шудааст. 17. 1041 Sermon Illustrations, Ideas and Expositions, 180–181. 18. Paul Autrandt, Paul Harvey’s the Rest of the Story (New York: Bantam Press, 1977), 47. 19. Дар баёни ман. — М. Л. 20. «Рӯзи Р» ва «соати С» — рӯзи (ва соати) сар шудани амалиёти ҳарбӣ, аз ҷумла ба соҳили Нормандия фаромадани десанти иттифоқчиён дар соли 1944. — Тавзеҳи тарҷумон. 21. Дар баёни ман. — М. Л. 22. Равоқи Сулаймон — силсилаи сутунҳо дар қисми шарқии маъбад. Аз рӯи анъана, ин қисми маъбади Сулаймон аст, ки баъди аз ҷониби бобилиён хароб карда шудани Уршалим боқӣ мондааст. (See Bible Enciclopedia, S.V. «Solomon’s Porch». http://www.christiananswers.net/dictionary/porchsolomons.html.) 23. Дастнависҳои қадимтарини китобҳои Аҳди Ҷадид ба забони юнонии асри якум навишта шудаанд, бинобар ин донистани лексикаи юнонӣ ёрӣ барои рӯшанӣ андохтан ба маънои як қатор гуфтаҳо дар матнҳои Аҳди Ҷадид медиҳад. 24. The New Testament Greek lexicon, S.V. «pa/lin», http://www.searchgodsword.org/lex/grk/view.cgi?number=3825. 25. Ibid., S.V. «anothen» http://www.searchgodsword.org/lex/grk/view.cgi?number=509. 26. Salle des Etats (фр.) — Толори давлатӣ. — Тавзеҳи тарҷ. 27. Stanley Barnes, comp., Sermons on John 3:16 (Greenville, SC: Ambassador Productions, 1999), 90. 28. James Montgomery Boice, The Gospel of John: An Expositional Commentary (Grand Rapids, MI: Zondervan Publishing House, 1985), 195. 29. Barnes, 25 30. Яппӣ (yuppie) — дар Амрико: ҷавони таҳсилкардаи сердаромад. 31. Фредерик Дейл Брунер дар тафсири Мат. 5:3 инро чунин маънидод мекунад: «Хушо касоне ки мискин будани худро ҳис мекунанд […] ва аз ҳамин сабаб бо илтиҷо ба осмонҳо рӯ меоваранд». Frederick Dale Bruner, The Christbook: Matthew 1–12 (Waco, TX: Word Publishing, 1987), 135. 32. Калимае ки Исо барои ифода намудани маънои «мискин» истифода мебарад, дар маънои асосии худ на ба он камбағале ишора мекунад, ки маҷбур аст ҳар рӯз барои дарёфтани ризқу рӯзӣ меҳнат кунад, балки ба гадое ки аз ҳисоби садақаҳо зиндагӣ мекунад. William Hendicksen, Exposition of the Gospel of Matthew (Grand Rapids, MI: Baker, 1973), 269. 33. Беррӣ Стапп (1848-1929) — тирандоз ва ҳимоятгари тартибот аз Амрико. — Тавзеҳи тарҷумон 34. Юпитер — дар ин ҷо: чароғи пурқуввати электрикӣ