Макс Лукадо ИН ОДАМОН КИҲОЯНД? 2 Вохӯриҳои ғайричашмдошт бо Худои зинда Ман ин китобро ба яке аз дӯстони азизтаринам, шахсияти намоён — Арт Ҳилл бахшидан мехоҳам. Ӯ солҳои зиёд вазифаи пири калисоро ба ҷо меоварад, илова ба ин ӯ шавҳари ёвари муҳаррири ман ва умуман шахси олиҷаноб аст. Ташаккур ба ту, Арт, ки чунин ҳастӣ. Боби 1. Ёир Чун Исо боз бо киштӣ ба он сӯи кӯл гузашт, тӯдаи калони мардум назди Ӯ ҷамъ омад, ва Ӯ дар канори кӯл буд. Ва инак яке аз сардорони куништ омад, ки Ёир ном дошт, ва чун Ӯро дид, назди пояш афтод, ва аз Ӯ хеле илтимос карда, гуфт: «Духтари ман дар ҳолати мурдан аст; биё ва даст бар вай гузор, то шифо ёбад ва зиндагӣ кунад». Пас бо вай равона шуд, ва тӯдаи калони мардум аз пайи Ӯ рафта, Ӯро фишор медод. <…> …Ӯ ҳанӯз сухан мегуфт, ки аз хонаи сардори куништ омада гуфтанд: «Духтарат мурд; боз барои чӣ Устодро заҳмат медиҳӣ?» Аммо Исо ин суханонро шунида, ба сардори куништ гуфт: «Натарс, танҳо бовар куну бас». Ва, ғайр аз Петрус, Яъқуб ва Юҳанно бародари Яъқуб, касеро иҷозат надод, ки аз пайяш равад. Чун ба хонаи сардори куништ расид, мардуми парешонҳолро дид, ки гиря ва навҳаи бисёр мекарданд. Ва даромада, ба онҳо гуфт: «Чаро парешонҳол шудаед ва гиря мекунед? Духтар намурдааст, балки хобидааст». Ва онҳо бар Ӯ хандиданд, лекин Ӯ ҳамаро берун карда, бо падару модари духтар ва бо ҳамроҳонаш ба ҳуҷрае ки духтар хобида буд, даромад. Ва дасти духтарро гирифта, гуфт: «Талито, қумӣ», ки маънояш ин аст: «Эй духтар, ба ту мегӯям, бархез». Дарҳол духтар бархоста, равон шуд, чунки дувоздаҳсола буд. Онҳо хеле ҳайрон монданд. Ва Ӯ онҳоро сахт таъкид карда, фармуд, ки касе аз он огоҳ нашавад, ва гуфт, то хӯроке ба вай диҳанд Марқ. 5:21–24; 35–43 ДИДАНИ ЧИЗИ НОНАМОЁН Боре духтарони ҳанӯз тамоман хурди ман ҷуръат намуданд дар «озмоиши имон», ки ман бофта бароварда будам, иштирок кунанд. Ин аз он сар шуд, ки Ҷеннаи ҳаштсола ва Андреаи шашсола ба гӯшаҳои муқобили ҳуҷраи қабули меҳмонон рафтанд, ман ва Сара дар маркази ҳуҷра дар диван нишаста, мушоҳида мекардем. Ҷенна бояд бо чашмони пӯшида ба тарафи муқобили ҳуҷра рафта мерасид. Андреа, ки вазифаи роҳнаморо иҷро менамуд, бояд аз гӯшаи дигари ҳуҷра хоҳарашро роҳнамоӣ мекард, то ки вай то ҳадди имкон бе хатар ба мақсади муқарраршуда рафта расад. Андреа бо маслиҳатҳо аз қабили «ду қадами хурд ба чап» ё «чор қадами калон ба пеш» ба хоҳараш имкон дод аз лабиринте ки аз курсиҳо, чангкашак ва сабад барои либосҳои чиркин тартиб дода шуда буд, гузарад. Баъд духтарон нақшҳояшонро иваз карданд. Ва акнун Ҷенна ба Андеа ёрӣ медод, ки лампаи дӯстдоштаи модарашро нашикаста, аз назди миз гузарад, ва ҳангоме ки хоҳараш ба ҷои тарафи рост ба чап тоб хӯрд, сари вақт ӯро огоҳ намояд, ки ба девор барнахӯрад. Баъди якчанд чунин саргузаштҳо бо чашмони пӯшида озмоиш ба охир расид ва духтаракон таассуроти худро баён намуданд. — Ба ман тамоман маъқул нашуд, — шикоят намуд Ҷенна. — Ҳангоме ки ҳеҷ чизро намебинӣ, роҳ рафтан хеле тарсовар аст. — Ман метарсидам, ки меафтам, — гуфт Андреа. — Ба ман лозим омад, ки бо қадамҳои тамоман хурд пеш равам. Ман чӣ гуфта метавонистам? Калонсолон ҳам дар торикӣ роҳ рафтанро дӯст намедоранд, аммо маҷбуранд чунин кунанд. Ба монанди Ҷенна, мо бисёр вақт шикоят мекунем, ки ҳеҷ чизи атрофро надида пеш рафтан ва барои наафтидан, ба монанди Андреа, қадамҳои хурд-хурд гузоштан тарсовар аст. Мо барои эҳтиёҷткорӣ асос дорем — мо нобиноем. Мо ояндаи худро намебинем. Мо тасаввурот надорем, ки фардо моро чӣ интизор аст. Масалан, ман боварӣ надорам, ки ба қадри кофӣ умр мебинам, то ки ин банди китобро ба охир расонам. (Уф, зинда мондам!) Аммо шумо ҳам намедонед, ки оё фурсат меёбед, ки онро то охир хонед, пеш аз он ки ба он дунё раҳсипор шавед. (Умедворам, шумо ҳоло дар ин ҷо мебошед?) Ман дар бораи хирагии чашмон ё мушкилии мушоҳида намегӯям, балки дар бораи нобиноии пурра гап мезанам. Ман он ҳолати биноиро дар назар надорам, ки бо гузашти солҳо торафт бадтар мешавад. Не. Ман бемориеро тасвир менамоям, ки фақат марг моро аз он раҳо карда метавонад. Мо нобиноем, ва намедонем, ки дар оянда моро чӣ интизор аст. Нобиноие ки ман дар бораи он мегӯям, ба ҳама бе истисно хос аст. Одамони осудаҳол баробари бенавоён нобино мебошанд. Одамони соҳибмаълумот ба монанди одамони бемаълумот нобино мебошанд. Оянда барои одамони маъруф ба ҳамон андоза номаълум аст, ки ба одамони номашҳур номаълум аст. Ҳеҷ кас намедонад, ки фарзандонашро дар даҳсолаи наздик чӣ интизор аст, ҳеҷ кас намедонад, ки кай вафот мекунад, ҳеҷ кас пешакӣ дониста наметавонад, ки кадом шахс ҳамсараш мешавад, ва умуман оё ҳамсар хоҳад дошт ё не. Мо, ба монанди Ҷенна, бо чашмони пӯшида, даст-даст карда, ба овози шинос гӯш дода, дар торикӣ роҳ меравем. Аммо як чиз фарқ дорад: дар атрофи Ҷенна наздикони мушфиқ буданд, аммо атрофиёни мо муносибати душманона дошта метавонанд. Ҷенна беш аз ҳама аз пешпо хӯрдан метарсид. Аммо мову шуморо тарсҳои ҷиддитар интизоранд: саратон, ҷудошавӣ, танҳоӣ, марг. Ва кӯшиши пешпо нахӯрда роҳ рафтан бо имконияти пешпо хӯрда барнахӯрдан баробар аст. Масалан, Ёир. Ана ин кас ҳақиқатан кӯшиш кард пешпо нахӯрда роҳ равад! Дар айни ҳол, бо чунин роҳи рости худ қадам зада, ӯ ногоҳ ба ғори тамоман торик дучор шуд. Ва ӯ тамоман намехост ба он ҷо як худаш дарояд. Ёир сарвари куништ буд. Ин вазифа ба мо дар бораи ҳеҷ чиз тасаввурот намедиҳад, аммо барои ҳамзамонони Масеҳ шахсе ки чунин мақомро дошт, бешубҳа, дар яке аз баландтарин сатҳҳои зинаи иҷтимоӣ меистод. Дар он замон куништ маркази фаъолияти динӣ, таҳсилотӣ, маъмурӣ ва ҷамъиятӣ буд. Сарвари куништ на танҳо сарвари динӣ, балки ҳамчунин профессори пешрави илоҳиётшиносӣ, мири шаҳр ва шаҳрванди маъруфтарин буд. Ёир маҳз ҳамин гуна мақом дошт: вазифаи бонуфуз, ки аз бекорӣ пурра ҳифз мекунад, пазироии хуш дар дилхоҳ тарабхонаи шаҳр, системаи боварибахши таъминоти нафақавӣ, бозии голф дар рӯзҳои панҷшанбе ва сафарҳои ҳарсола ба анҷумани ҳизб барои пешбарии номзад (хароҷоти роҳ пурра пардохта мешавад). Оё дар бораи чизи бештар орзу кардан мумкин аст? Ва бо вуҷуди ин Ёир орзу мекард. Ӯ маҷбур буд дар хусуси боз як имтиёз илтимос намояд. Дар асл ӯ тайёр буд аз ҳамаи он чи дар боло зикр шуд, даст кашад, то ки духтараш зинда монад. Дар ин қиссаи Ёир на сарвари дурандеши миллат, ки дар тан либоси расмӣ дорад, балки нобиноест, ки садақа металабад. Ӯ пеши пойҳои Исо афтода, «аз Ӯ хеле илтимос карда, гуфт: “Духтари ман дар ҳолати мурдан аст; биё ва даст бар вай гузор, то шифо ёбад ва зиндагӣ кунад”» (Марқ. 5:23). Ӯ бо Исо савдо намекунад («Барои ман хизматеро ба ҷо овар, ва ман чунин мекунам, ки ту ба ҳеҷ чиз мӯҳтоҷ нашавӣ») Ӯ шарт намегузорад («Аҳли Уршалим аз корҳои Ту норозигӣ баён мекунанд. Биё чунин мекунем: ту мушкилии маро ҳал мекунӣ, ман бошам ба одамони даркорӣ занг мезанам…»). Ӯ худро дар назди Исо сафед намекунад («Умуман, ман воҳимачӣ нестам, аммо бифаҳм, Исо, ин ҷо масъалаи хурде ба миён омадааст»). Ёир илтиҷо мекунад. Дар зиндагӣ лаҳзаҳое мешаванд, ки ҳамаи он чи мо пешкаш карда метавонем, дар муқоиса бо он чи металабем, ҳеҷ аст. Барои Ёир ҳамин гуна вақт фаро расид. Дар ивази ҳаёти фарзанд чиро пешкаш кардан мумкин аст? Бозиҳо ба охир расиданд! Ӯ савдо намекунад ва дар вазъияти аён худро дигар хел вонамуд намекунад: Ёир ояндаи худро намедонад, Исо бошад онро медонад. Аз ҳамин сабаб сарвари куништ ба Худованд муроҷиат намуда, ёрӣ металабад. Ва Исо, ки одамони дилсофро дӯст медорад, бо майли том ёрӣ медиҳад. Худо, ки чӣ будани аз даст додани фарзандро мефаҳмад, ба Ёир марҳамат мекунад. Аммо пеш аз он ки Исо ба мадади Ёир ояд, дар қиссаи мо боз якчанд шахсони амалкунанда пайдо мешаванд — онҳо одамон аз хонадони Ёир мебошанд. «Духтарат мурд; боз барои чӣ Устодро заҳмат медиҳӣ?» (Марқ. 5:35). Акнун диққат диҳед! Тайёр шавед. Қаҳрамонони қисса ҷойҳояшонро иваз мекунанд. Акнун на Ёир Исоро, балки Исо Ёирро ба гап медарорад. Ба ҷои ваҷд Исо тамасхурро мешунавад. Ва инак Исо вазъиятро зери назорат мегирад: «Аммо Исо ба онҳо аҳамият надода, гуфт»[1] (Марқ. 5:36). Ин оят ба ман хеле маъқул аст! Он принсипи муҳимтаринро инъикос мекунад, ки имкон медиҳад чизи нонамоёнро бинем: ба суханон ва ақидаи одамон аҳамият надодан. Онҳоро сарфи назар кардан, гӯш накардан, худро кар вонамуд кардан, дар ҳадди ақалл, бо тамоми қувват аз онҳо гурехтан. Ба касоне ки «барои аз нав сар кардани ҳама чиз дер шудааст» мегӯянд, гӯш надиҳед. Ба касоне ки талқин карданӣ мешаванд, ки аз шумо ягон шахси шоиста ҳосил намешавад, аҳамият надиҳед. Ба суханони касоне ки шуморо на ба қадри кофӣ боақл, тезҳаракат, қоматбаланд, муҳим меҳисобанд, гӯш надиҳед, — чунин ҳисобед, ки ҳеҷ чизро нашунидаед. Гоҳо барои бовар кардан гӯшҳоро бо пахта маҳкам кардан даркор аст. «Аммо Исо ин суханонро шунида, ба сардори куништ гуфт: “Натарс, танҳо бовар куну бас”» (Марқ. 5:36). Исо Ёирро водор менамояд, ки чизи нонамоёнро бинад. «Танҳо бовар куну бас» гуфта, Ӯ хоҳиш менамояд: «Чизи аёнро ба назар гирифта, имкониятҳои худро маҳдуд накун. Ба ақидаи мардун гӯш надеҳ. Ба мантиқ итоат накун, ҳар қадар қатъӣ ва асоснок тобад ҳам. Бовар намо, ки воқеияти рӯҳониро бо биноии табиӣ дидан ғайриимкон аст!» «Ба Ман боварӣ намо, — хоҳиш мекунад Исо. — Натарс, фақат бовар кун». Инак қиссаи боз як падар, ки дар дар ҷазираҳои Баҳама рӯй додааст. Ӯ бо ҳамин илтиҷо ба писари хурдияш муроҷиат мекард, ҳангоме ки сӯхтори дар хонаи дуошёнаашон рӯйдода роҳи наҷоти ӯро баста буд. Аҳли оила, ки аз падар, модар ва якчанд фарзандон иборат буд, хонаи сӯхтаистодаро тарк карда тавонистанд, аммо писари хурдӣ тарсида, кӯшиш кард дар ҳуҷраи кӯдакон, ки дар ошёнаи дуюм буд, паноҳ ёбад. Падараш дар зери тирезаи хона, ки онро оташ фаро гирифта буд, истода, ба писараш нидо мекард: — Худатро ба поён ҳаво деҳ, писарам! Ман туро дошта мегирам. — Дада, ман туро намебинам, — гирякунон мегуфт писараки тарсида. — Медонам, — бо исрор мегуфт падар, — аммо ман туро мебинам. Падар писарро медид, агарчи вай падарро дида наметавонист. Намумаи ба ҳамин монанди имон дар девори конслагер ёфт шуда буд. Яке аз маҳбусон дар он ҷо чунин навишта буд: Ман ба офтоб бовар мекунам, агарчи он дар паси абрҳо ниҳон аст, Ман ба муҳаббат бовар мекунам, агарчи онро ҳис намекунам, Ман ба Худо бовар мекунам, агарчи Ӯ хомӯш аст. Ман кӯшиш мекунам шахсеро тасаввур намоям, ки ин суханонро дар девор навиштааст. Чашмонамро пӯшида, дастони беҳолшудаи ӯро мебинам, ки бо пораи шиша ё санг ин суханонро дар девор менависад. Ман мебинам, ки чӣ тавр ӯ чашмонашро нимпӯш карда, дар торикӣ ҳар як ҳарфи навиштаашро диданӣ мешавад. Дасти кӣ изҳороти некбинонаро боқӣ гузошта тавонист? Чашмони кӣ дар торикии зулмот нурро дида тавонистанд? Ягона ҷавоби дуруст ин хоҳад буд: чашмони шахсе ки дидани чизи нонамоёнро интихоб намудааст. Ҳавворӣ Павлус гуфтааст: «…мо на ба чизҳои намоён, балки ба чизҳои нонамоён нигоҳ мекунем: зеро ки он чи намоён аст, муваққатист, аммо он чи нонамоён аст, абадист» (2 Қӯр. 4:18). Исо ба Ёир пешниҳод мекунад, ки ба чизи нонамоён нигоҳ кунад. Интихоб кунад: ё ба фактҳо боварӣ намояд, ё вазъиятро бо чашмони имон бинад. Ҳангоме ки ба сарамон фоҷиа меояд, мо низ дар назди ҳамин гуна интихоб қарор мегирем ва метавонем ё ба дард нигоҳ кунем, ё ба Шифодиҳанда. Мо интихоб мекунем. Ёир интихоби худро кард. Ӯ имон ба Исоро интихоб намуд… Ва имон ба Исо духтарашро ба ӯ баргардонд. Аммо ин ҳанӯз охири қиссаи мо нест. Дар хонаи сардори куништ Исо ва Ёир бо гурӯҳи навҳагарон рӯ ба рӯ мешаванд. Доду фарёди онҳо Худовандро ҳайрон мекунанд. Зиёда аз ин, ба Ӯ халал мерасонанд, зеро зоҳиршавии тарс аз марги ногузир мебошанд. «Ва даромада, ба онҳо гуфт: “Чаро парешонҳол шудаед ва гиря мекунед? Духтар намурдааст, балки хобидааст”» (Марқ. 5:39). Ин савол на кунҷковӣ, балки ифодаи ҳайрати ҳақиқӣ аст. Исо медонад, ки духтарак намурдааст, ӯ фақат хобидааст. Аз нуқтаи назари Худо, марг нороҳатии муваққатӣ, қадами зарурӣ ҳангоми гузариш аз як дунё ба дунёи дигар аст. Марг на анҷомёбӣ, балки саршавӣ аст. Ман дар хурдсолӣ ду чизро беш аз ҳама дӯст медоштам: бозӣ ва хӯрокро. Тобистон барои он офарида шуда буд, ки тамоми рӯзро дар майдони бейсбол гузаронда, баъд дар сари дастурхон нишаста, хӯрокҳои пухтаи модарро хӯрам. Аммо модарам як қоида дошт. Писаракони арақкарда ва ифлос ба сари дастурхон роҳ дода намешуданд. Ӯ ҳамеша моро бо ҳамон як суханон пешвоз мегирифт: «Агар хӯрок хӯрданӣ бошед, дарҳол шустушӯй кунед ва либосҳоятонро иваз намоед». Ман, чун ҳар писараки муқаррарӣ, шустушӯй кардан ва иваз кардани либосро дӯст намедоштам. Бо вуҷуди ин ягон бор ба модарам нагуфтам, ки бӯй гирифта нишастанро аз шустушӯй карда хӯрок хӯрдан афзал медонам! Дар назари ман шустушӯй кардан ва иваз кардани либос барои хӯроки болаззат музди беандоза кам буд. Барои Худо низ марг барои имтиёзи нишастан дар сари дастурхони Худо музди беандоза кам аст. «…Гӯшт ва хун наметавонанд вориси Подшоҳии Худо шаванд… <…> Зеро он чи фонист, бояд либоси бефаноӣ пӯшад, ва он чи миранда аст, либоси ҷовидонӣ пӯшад» (1 Қӯр. 15:50, 53; курсиви ман. — М.Л.). Чунон ки шумо пай мебаред, Худо назар ба модари ман хеле бештар боисрор аст. Барои дар сари дастурхони Ӯ нишастан мо бояд либосамонро дигар кунем. Мо бояд бимирем, то ки баданҳои мо бо баданҳои нав иваз карда шаванд. Аз ҳамин сабаб, аз нуқтаи назари Худо, марг на як чизи тарсонанда, балки чизест, ки мукофотро ваъда медиҳад. Ҳайратовар нест, ки Исо шахсони дар болои ҷасади мурда нолаву фиғон кардаистодаро дида, пурсид: «Чаро парешонҳол шудаед ва гиря мекунед?» (Марқ. 5:39). Барои мо марг фоҷиа аст, барои Исо — озодшавӣ. Албатта, одамон назари Ӯро ба воқеа шаккокона пешвоз гирифтанд. «Ва онҳо бар Ӯ хандиданд» (Марқ. 5:40). (Ҳангоме ки шуморо дафъаи оянда масхара мекунанд, ба ёд оваред, ки на танҳо шумо дучори тамасхур гардидаед). Акнун чизи муҳимтарин: бубинед, ки Исо чӣ гуна аксуламал намуд. Ӯ навҳагаронро аз хона берун ронд! Ин воқеа дар тарҷумаи NCV маҳз ҳамин тавр баён гардидааст: «…ва баъд, ҳамаро берун ронда…» (Марқ. 5:40). Исо аз онҳо хоҳиш накард, ки раванд, Ӯ онҳоро пеш кард. Ӯ баъзеро аз гиребон, баъзеи дигарро аз камарбанд гирифта, берун кард. Аксуламали Исо қатъӣ ва фаврӣ буд. Дар нусхаи асли юнонии ин оят ҳамон феъл истифода мешавад, ки ҳангоми тасвири кирдори Исо бо саррофон ва савдогарон истифода шуда буд. Ин феъл 37 бор дар саҳнаҳое вомехӯрад, ки дар онҳо кирдори қатъии Исо бо девҳо тасвир меёбад. Аммо чаро? Чаро чунин зӯроварӣ? Чунин бетаҳаммулӣ аз куҷост? Агар мо ба озмоиши имон баргардем, ки дар ҳуҷраи қабули меҳмонон баргузор шуда буд, шояд ҷавоб ёфт мешавад. Пас аз он ки Ҷенна ва Андреа нақшҳои роҳнамоикунанда ва роҳнамоишавандаро иваз намуда, якчанд бор аз як гӯшаи ҳуҷра ба гӯшаи дигари он гузаштанд, ман қарор додам вазифаро бо як ҳилаи иблисона мураккаб намоям. Ҳангоме ки бори охир Ҷенна бо чашмони пӯшида аз як гӯшаи ҳуҷра ба гӯшаи дигари он мегузашт, ман аз қафо ба ӯ наздик омада, ба гӯшаш пичиррос задан гирифтам: «Ба овози хоҳарат гӯш надеҳ, ба овози ман гӯш деҳ. Ман ба ту мегӯям, ки чӣ тавр рафта расӣ». Ҷенна истода, фикр кард, ва байни ду овоз интихоб намуда, гуфт: — Падар, халал нарасон, — ва ханда карда, ба дастурҳои Андреа гӯш карданро давом дод. Аммо ман таслим нашудам, чумча ва сарпӯши дегчаро гирифта, аз тарафи дигар ба духтарам наздик шудам, то ки бо овози баланди гонги худсохт диққати ӯро ба худ ҷалб кунам. Ҷенна аз садои ғайричашмдошт тарсида, як қад парид ва истод. Чун Андреа дид, ки хоҳараш тарсидааст, иқдоми олидараҷа намуд. Ӯ тез давида омад ва ба ба гӯши хоҳараш пичирросзанон гуфт: «Натарс, ман бо туям». Андреа намехост ба кадом як садо имкон диҳад, ки хоҳарашро аз роҳи муқарраршуда берун барад. Худо низ роҳ додан намехоҳад, ки кадом як садо моро аз роҳе ки Ӯ бароямон тайёр кардааст, берун барад. Ӯ доимо танқидкунандагонро аз назди мо меронад ва садоҳоеро, ки моро тарсонданӣ мешаванд, хомӯш мекунад. Натиҷаи баъзе кӯшишҳои Ӯро мо пай мебарем, аммо дар аксари мавридҳо — не. Фақат абадият ҳама чизро нишон медиҳад. Фақат ба хона омада, мо мефаҳмем, ки чанд бор Ӯ моро аз садоҳои фиребанда ҳифз намудааст. Ба интиқоли миқдори зиёди пул халал расонда, моро аз иштирок дар соҳибкории ноинсофона ҳифз намуд. Фурудгоҳро бо тумани ғафс пӯшонда моро аз вазъиятҳои номусоид дур кард. Ба кафидани шинаи мошин роҳ дода, моро аз имконияти вохӯрдан бо мард ё зани ношиноси дилфиреб маҳрум намуд. Ва танҳо осмонҳо нишон медиҳанд, ки чанд бор Ӯ: Дӯстонеро назди мо меовард, ки Худоро аз мо бештар дӯст дошта метавонанд. Дарро барои соҳибкории нав мекушод, то ки мо ба тарк кардани калисоямон маҷбур нашавем. Дар рӯзе ки мо ба дилбардории Ӯ эҳтиёҷи зиёд доштем, барои шунидани он паём ва дар он мавҷ, ки ин қадар даркор буд, ба мо ёрӣ медод. Нависед ва дар ёд нигоҳ доред: Худо медонад, ки мо нобино мебошем. Ӯ медонад, ки мо бо лаёқати бо имон зистан таваллуд намешавем. Ба фикрам, ин яке аз сабабҳои он аст, ки Ӯ духтари Ёирро зинда кард. На ба хотири духтарак — дар осмонҳо духтарак дар ҳолати хеле беҳтар мебуд. Аммо ба хотири мо, то ки мо ҳақиқати одиро фаҳмем: осмонҳо имони моро мебинанд. Ва инак охирин мушоҳидае ки ман ҳангоми гузарондани озмоиши «бо чашмони пӯшида дидан» кардам. Ман аз Ҷенна пурсидам, ки чӣ тавр ӯ овози роҳнамоикунандаи Андреаро шунида тавонист, ҳангоме ки ман бо пичирросҳои худ ӯро аз роҳ заданӣ мешудам. Оё медонед, ки ӯ чӣ ҷавоб дод? — Ман бо тамоми қувват гӯш медодам. БАРОИ АНДЕШАРОНӢ ВА МУҲОКИМА 1. Шумо дар бораи «озмоиши имон», ки Макс барои духтаронаш бофта баровард, чӣ фикр доред? Ӯ ба онҳо чиро омӯзонданӣ буд? Ва ин озмоиш ба шумо чиро омӯзонд? 2. Оё шумо мехостед ягон вақт ба оянда назар андозед? Агар чунин имконият медоштед, чиро ба даст меоваред? Чиро аз даст медодед? Агар шумо ояндаи худро дида метавонистед, оё аз ин истифода мебурдед? Фаҳмонед, ки чаро. 3. Макс мегӯяд, ки принсипи муҳимтарине ки ба дидани чизи нонамоён ёрӣ медиҳад, сарфи назар кардани ақида ва муҳокимаронии одамон аст. Ӯ чиро дар назар дорад? Шумо ақидаҳои киро сарфи назар мекунед? Ба кадом маслиҳатҳо аҳамият намедиҳед? Оё маслиҳати Макс дар вазъиятҳои муайян хатарнок буда наметавонад? Маҳз кай? 4. Чаро Исо навҳагаронро аз хонаи Ёир ронд? 5. 2 Қӯр. 4:16–18-ро хонед. Дар бораи олами дидашаванда чӣ гуфтан мумкин аст. Дар бораи олами нонамоён чӣ? Мо ба Исо чӣ гуна «менигарем»? Боби 2. Шимъӯн ва Марям Он гоҳ Марям ратле аз равғани атрафшони сунбули холиси гаронбаҳоро гирифта, пойҳои Исоро тадҳин кард ва пойҳои Ӯро бо мӯи худ хушконид; ва хона аз бӯи равғани атрафшон пур шуд Юҳ. 12:3 МУҲАББАТИ БЕҒАРАЗОНА «Эддии Сабук», ки фамилияаш О‘Ҳайр буд, бе ҳеҷ гуна мӯҳтоҷӣ, ҳаёти шукуфон ба сар мебурд. Ӯ дар байни адвокатҳои чолок беандоза чолоктарин буд. Яке аз шахсиятҳои муҳими давраи Солҳои пурҷӯшу хурӯши бистум[2]. Ӯ дӯсти наздики Ал-Капоне буда, дар ташкил намудани пойгаи сагҳо барин соҳибкории гангстерӣ иштирок дошт. Ӯ бо роҳи одитарин ба ғалаба ноил мешуд: дар арафаи мусобиқа ба ҳафт саг хӯроки фаровон медод, ва ба саги ҳаштум саҳм мегузошт. Моликияти бениҳоят калон, мартаба дар ҷамъият, тарзи зиндагии бошукӯҳ — Эддии Сабук бе ҳеҷ гуна мӯҳтоҷӣ, ҳаёти шукуфон ба сар мебурд. Пас чаро ӯ назди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ омада, дар гуноҳи худ иқрор шуд? Чаро пешниҳод намуд, ки Ал-Капонеро ба ҳукуматдорон таслим мекунад? Эддӣ медонист, ки ин қарори ӯ чӣ натиҷаҳо дошта метавонад. Ҳа, ӯ натиҷаҳои амали худро медонист, аммо ба ҳар ҳол ҷуръат намуд чунин кунад. Ӯ ба чӣ умед мебаст, чӣ натиҷаро хоҳон буд? Охир, ӯ ҳама чиз дошт: пул, қудрат, нуфуз. Чӣ чиз ӯро ба ин қадам таҳрик дод? Эддӣ аз боиси писараш ба чунин қарор омад. Ҳаёти худро беҳуда сарф намуда, муддати зиёд бӯи бади соҳибкории ғайриқонуниро бӯй кашида, ӯ барои писараш тақдири дигарро хоҳон буд. Ӯ ба писараш номи нек боқӣ гузоштан мехост. Ва ба Эддӣ лозим омад, ки номи худро пок намояд, то ки ба писараш ин номро диҳад. Эддӣ тайёр буд ҳаёти худро ба хатар андозад, то ки писараш зиндагиро аз саҳифаи тоза сар карда тавонад. Эддии Сабук амалӣ гаштани орзуи худро надид. Ҷинояткорон ин амали ӯро набахшиданд: тирҳои автомати онҳо Эддиро барои ҳамеша ба хомӯшӣ водор намуданд. Аммо оё фидокории ӯ беҳуда буд? Барои писари Эддӣ беҳуда набуд. Ӯ сазовори фидокории падараш буд, ва акнун номи неки ӯ ба тамоми ҷаҳон маълум аст. Аммо пеш аз он ки ба нақл дар бораи писар гузарем, биёед дар бораи муҳаббати беғаразона гап мезанем. Он муҳаббате ки тайёр аст худро ба хатар андозад, аз хатар наметарсад, ҳақиқатро мегӯяд ва ҳамаи дороии худро ба наздикон медиҳад, — муҳаббати фидокорона. Муҳаббати пешгӯинашаванда, ҳайратовар, ҳаяҷонбахш, ки амалҳои он дар дили кас таассуроти амиқ мегузоранд ва барои ҳамеша дар хотир мемонанд. Ва чунин муҳаббат дар рӯзҳои охири ҳаёти Исо зоҳир карда шуд. Ҷаҳон садоқатеро дид, ки ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад: раҳмдилии беандоза, ки Исо дар он на тарафи диҳанда, балки қабулкунанда буд. Мо Исоро дар Байт-Анё, дар байни дӯстон мебинем. Онҳо дар хонаи Шимъӯн дар сари дастурхон нишастаанд. Пештар ӯро ҳамчун Шимъӯни махавӣ мешинохтанд. Ҳоло бошад ӯ фақат Шимъӯн аст. Маълум нест, ки Исо ӯро кай шифо дод. Аммо аниқ маълум аст, ки агар Худованд ба ӯ марҳамат намекард, намуди зоҳирии ӯ чӣ гуна мебуд: миёни хамида, дастони пур аз захмҳои карашхбаста, дар кафҳои дастон қариб ангуштон нестанд, ҷандаҳое ки замоне либос буданд, рӯи ӯро пӯшонда, барои чашмон сӯрохии тангеро мегузоранд, ки аз байни онҳо ду чашмони сафед намоён ҳастанд. Пеш аз он ки Исо ба Шимъӯн даст расонад, намуди зоҳирии ӯ чунин буд. Оё ӯ яке аз касоне буд, ки Худованд пас аз Мавъизаи болои кӯҳ шифо дод? Ё яке аз даҳ махавӣ, ҳамоне ки барои ба Исо изҳори миннатдорӣ намудан баргашт? Ё яке аз панҷ ҳазор кас, ки Исо дар Байт-Сайдо ба онҳо хизмат намуд? Ё яке аз миқдори зиёди ҳамзамонони Масеҳ буд, ки дар Инҷил ҳатто зикр нашудаанд? Маълум нест. Аммо маълум аст, ки Исо бо шогирдонаш дар хонаи ӯ меҳмон шуд. Дар назари аввал ҳеҷ воқеаи муҳим рӯй надодааст. Аммо барои Исо даъвати Шимъӯн аҳамияти зиёд дошт. Охир, фарисиён барои Исо аллакай камераи ба марг маҳкумшудагонро тайёр карда буданд. Онҳо тайёр буданд Лаъзорро низ шарик ва ҳамдасти Ӯ эълон намоянд. Эҳтимол, дар тамоми шаҳр суратҳои бисёр шогирдони Ӯ бо зернавишти «ҷинояткор ҷустуҷӯ карда мешавад» часпонда мешаванд. На ҳар кас ҷуръат мекунад касеро, ки ҳамчун ҷинояткор ҷустуҷӯ карда мешавад, ба меҳмонӣ даъват кунад. Аммо ёфтани касе ки ҷуръат мекунад бар захмҳои махавӣ дасташро гузорад, аз он ҳам мушкилтар аст. Шимъӯн фаромӯш накард, ки Исо барои ӯ чӣ карда буд. Инро чӣ тавр фаромӯш кардан мумкин аст? Охир Исо дастони аз аз махав маъюбшудаи ӯро шифо дод, ва акнун дастони сиҳати ӯ дастони духтарашро маҳкам дошта метавонанд. Худованд захмҳои ӯро шифо дод, ва акнун зани дӯстдоштааш ба ӯ даст расонда метавонад. Исо ӯро аз танҳоии вазнин дар карантин раҳо намуд, ва акнун ӯ дар хонаи пур аз дӯстон, дар сари дастурхони пур аз нозу неъмат аз хушбахтӣ ҳаловат мебарад. Не, Шимъӯн фаромӯш накард. Ӯ фаромӯш накард, ки ин чӣ гуна аст — дар рӯ ба рӯи марг будан. Ӯ фаромӯш накард, ки бехонаву беҷой ва радди маърака будан чӣ маъно дорад. Шимъӯн мехост Исо донад, ки агар ягон вақт хӯрок ва сарпаноҳ даркор шавад, дар Байт-Анё хонае ҳаст, ки дарҳои он ҳамеша барои Ӯ кушода мебошанд. Аммо на дар ҳама ҷо Исоро ин гуна хуш қабул хоҳанд кард. Пеш аз он ки ин ҳафта ба охир расад, Ӯ дар хонаи саркоҳин хоҳад буд, дар беҳтарин хонаи Уршалим, ки се анбор дорад ва аз он манзараи зебои водӣ намоён аст. Аммо Исо аз манзараи зебо ҳаловат нахоҳад бурд. Ӯро дурӯғи шоҳидони дурӯғин ва торсакиҳои таҳқиромез интизоранд. Ӯ дар хонаи саркоҳин меҳмоннавозиро намебинад. Пеш аз он ки ин ҳафта ба охир расад, Исо дар қасри Ҳиродус хоҳад буд, ки толорҳои ороишёфта, хизматгорони бисёр ва мизҳое дорад, ки дар онҳо эҳтимол меваҳо ва май ҳаст. Аммо Ҳиродус Исоро зиёфат намекунад. Ӯ фиреберо меандешад, ки диққатро ба тарафи дигар равона мекунад. — Ба ман мӯъҷиза нишон деҳ, деҳотӣ — беҳаёёна мегӯяд ӯ бо ҳамовозии хандаи таҳсинкунандаи посбононаш. Пеш аз он ки ин ҳафта ба охир расад, Исо дар хонаи Пилотус хоҳад буд. Ба ҳузури прокуратори румӣ истодан чӣ шарафест! Дар назар буд, ки ин лаҳза таърихро зеб хоҳад дод, аммо ба ҷои ин яке аз шармандавортарин лаҳзаҳои таърих гардид. Пилотус имконият дошт бузургтарин раҳмдилӣ дар ҷаҳонро ба амал оварад, аммо ӯ онро аз даст дод. Ба хонаи Пилотус Худо даромад, аммо прокуратор Ӯро нашинохт. Хоҳ-нохоҳ саволе ба миён меояд: «Чӣ мешуд, агар…?» Чӣ мешуд, агар Пилотус бегуноҳро тарафдорӣ мекард? Чӣ мешуд, агар Ҳиродус аз Исо на тамошо, балки мадад дархост менамуд? Чӣ мешуд, агар саркоҳин ҳамон андозае ки барои мансабаш ғамхорӣ мекард, барои ҳақиқат низ ғамхорӣ менамуд? Чӣ мешуд, агар яке аз онҳо аз издиҳом рӯ мегардонд ва ба Исо рӯ оварда, Ӯро ҳимоя менамуд? Аммо ҳеҷ кадоми онҳо чунин накард. Кӯҳи ҷоҳталабиҳои онҳо беҳад калон буд — аз он афтидан хеле дарднок мебуд. Аммо Шимъӯн кард. Муҳаббати беғаразона имконияти зоҳир гардиданро ҳамеша истифода мебарад. Шимъӯн худро ба хатар мононда, Исоро меҳмондорӣ кард. Ин он қадар амали бузург нест, мегӯед шумо, аммо Шимъӯн хеле бештар аз ҳамзамононаш кард. Ва ҳангоме ки саркоҳинон Исоро айбдор мекарданд, ва сарбозон мезаданд, умедворам, дили Худованд бо хотираи амали Шимъӯн таскин меёфт. Шояд дар бораи меҳмондории дӯсташ фикр карда, Исо амали Марямро низ ба ёд овард. Шояд, либоси Ӯ ҳанӯз бӯи равғани атрафшони гаронбаҳоро дошт? Аз эҳтимол дур нест, ки маҳз ҳамин тавр буд. Охир, зарфи гаҷин 12 унсия равғани атрафшони бӯяш ба қадри кофӣ устуворро ғунҷоиш медод, то ки либос дар давоми якчанд рӯз хӯшбӯй бошад. Оё ҳангоме ки ба тахтапушти Исо зарбаҳои қамчин зада мешуданд, оё Ӯ амали Марямро дар ёд дошт? Оё ҳангоме ки Ӯ ба сутун сахт бахта шуда буд ва ба қабул намудани зарбаи навбатӣ тайёрӣ дида, қувваташро ҷамъ менамуд, дар бораи равғани гаронбаҳое ки пӯстро мулоим мекунад, фикр мекард? Оё Ӯ дар байни заноне ки ба Ӯ менигаристанд, чеҳраи меҳрубони Марямро дида метавонист? Кӣ медонад… Як худи Марям ба Ӯ бовар намуд. Ҳар боре ки Исо дар бораи марги Худ гап сар мекард, касе китфонашро дарҳам мекашид, касе шубҳа мекард, ва фақат Марям бовар мекард. Бовар мекард, чунки дар суханони Ӯ қатъияте буд, ки вай пештар шунида буд. «Лаъзор! Берун ой», — нидо кард Ӯ бо овози баланд, ва бародари ӯ, ки чор рӯзро дар қабри бо санг маҳкам кардашуда гузаронда буд, зинда шуда баромад. Ва ҳангоме ки дастони гарми бародарашро бӯса карда, Марям ба ақиб нигарист, Исоро дид. Пайҳои ашкҳо дар рухсораҳои Ӯ ҳанӯз хушк нашуда буданд ва Ӯ табассум менамуд. Он вақт Марям фаҳмид, ки дигар ҳеҷ гоҳ ба суханони Ӯ шубҳа намекунад. Аз ҳамин сабаб, ҳангоме Исо дар бораи марги худ гап мезад, вай ба Ӯ бовар кард. Се дӯсти худро якҷоя дида, вай шубҳа намекард, ки вақти амал кардан расидааст. Инак Шимъӯни аз махав шифоёфта сарашро боло карда, баланд механдад, Лаъзори эҳёшуда бошад ба сӯи Исо хам мешавад, то ки суханони Ӯро беҳтар шунида тавонад. Ба Касе ки барои ҳар дуи онҳо Сарчашмаи ҳаёт аст, латифаеро нақл мекунад ва онҳо барои касоне ки хуб нашунидаанд, такрор менамояд. «Ҳозир айни вақт аст », — фикр кард Марям. Боандеша амал намудани Марямро он факт исбот менамояд, ки ба хонаи Шимъӯн равона шуда, ӯ зарфи равғани атрафшони гаронбаҳоро бо худ гирифт. Дар амалҳои Марям на ҳардамхаёлӣ, балки саховатмандии беандозаи дили ӯ зоҳир гардид. Арзиши равғани атрафшони овардаи ӯ ба музди меҳнати яксола баробар буд, ва шояд ин ягона чизи гаронбаҳои ӯ буд. Амали Марям мантиқ надорад, аммо кай муҳаббат мантиқро ба назар мегирифт? Ба захмҳои Шимъӯн на мантиқ даст расонд. На ақли солим дар болои қабри Лазор ашк мерехт. На корозмудагӣ ҳазорон гуруснагонро бо панҷ нон сер кард. Ин корро муҳаббат ба ҷо овард. Муҳаббати беандоза саховатмандона ва беғаразона, ки хатарро сарфи назар мекунад. Ва акнун касе бояд ба худи Сарчашмаи чунин муҳаббат ҳамон гуна саховатмандиро зоҳир менамуд. Ин нақшро Марям ба худ гирифт. Назди Исо омада, ӯ зарфи гаҷин дар даст аз паси Ӯ истод. Лаҳзае ҳама хомӯш монда, чун ҷодушудагон ба тарафи ӯ, ки бо ҳаяҷон сарпӯши ороишёфтаи зарфро мекушод, нигаристанд. Танҳо Исо гӯё ҳузури Марямро пай намебурд. Инак Ӯ дид, ки нигоҳи дӯстон ба он чи дар паси Ӯ рӯй дода истодааст, нигаронида шудааст. Марям бошад ин вақт равғани атрафшонро бар сар, китфон ва таштапушти Ӯ рехта, маросими тадҳинро сар кард. Агар дар ихтиёри ӯ мебуд, ӯ дили худ, ҳаёти худ, тамоми ҳастии худро бар Ӯ фурӯ мерехт. Бӯи хуши равғани атрафшон дар ҳуҷра паҳн шудa, бӯи гӯшти гӯсфанд ва сабзавоти тару тозаро пахш кард. Исоро тадҳин кардани Марям чунин маъно дошт: «Ба ҳар ҷое ки Ту равӣ, ин бӯйро нафас каш ва касеро, ки Туро дӯст медорад, дар ёд нигоҳ дор». Бадани Исоро роиҳаи имон хушбӯй намуд. Либоси ӯ бӯи боварии комилро ба худ ҷабид. Ҳатто ҳангоме ки сарбозон либоси Ӯро тақсим мекарданд, қатлгоҳро бӯи аҷибе фаро гирифта буд. Дигар шогирдон амали Марямро на танҳо исрофкорона, балки бехирадона ҳисобида, ӯро масхара карданд. Боиси таассуф аст, ки касоне ки Исо онҳоро ҳангоми тӯфон наҷот бахшид, лаёқати шифо додан ва мавъиза намуданро дод, ҳаёти бемақсадашонро пурмаъно гардонд, ва ниҳоят, касоне ки Ӯ ба онҳо муҳаббати беандозаи Худро зоҳир намуд, саховатмандии ин занро нафаҳмиданд ва маҳкум карданд. «Ин исрофкорӣ барои чист? Чунки равғани хушбӯйро ба нархи гарон фурӯхта, ба бенавоён додан мумкин буд» — эътироз намуданд онҳо. Аҳамият диҳед, Исо дарҳол Марямро ҷонибдорӣ мекунад: «Чаро занро меранҷонед? Вай барои Ман кори некӯ кард…» (Мат. 26:10).[3] Маънои гуфтаҳои Исо то ҳол аҳамияти худро гум накардаанд. Инак он чи Ӯ дар назар дошт: «Барои муҳаббати беғаразона вақте ҳаст, барои саховатмандии беандоза вақте ҳаст. Барои зоҳир намудани ғамхорӣ ба касоне ки бароямон азиз ҳастанд, вақте ҳаст. Ва ҳангоме ки вақт фаро мерасад, имкониятро истифода баред, онро аз даст надиҳед». Марде ки ба қарибӣ занаш вафот кардааст, чизҳои занашро ба тартиб меоварад. Ӯро ғам фишор медиҳад. Марги ногаҳонӣ — он чи ӯ камтар аз ҳама чиз интизор буд. Аммо саратон, ки ба тақдири ҳамсари ҷавонаш зада даромад, ин қадар зуд ҳаёти ӯро қатъ намуд. Дар таги ғалладони комод ӯ қуттичаеро меёбад. Коғазпечашро канда ва онро кушода, ӯ пенюарро меёбад. «Вай мавриди махсусеро интизор буд, ки онро пӯшад, — фикр мекунад мард, — ҳамеша интизор буд» Ҷавоне дучарха ронда, мебинад, ки дар лаби роҳ якчанд нафар ҷавонон бачаеро, ки қариб ду баробар аз онҳо хурдсолтар аст, масхара мекунанд. Ин саҳнаро дида, тамоми ботини ӯ дарҳам-барҳам мешавад, зеро онҳо додари ӯро масхара карда истодаанд. Албатта, ӯ бояд додарашро ҳимоя кунад, аммо масхаракунандагон… дӯстонаш мебошанд. Эрод гирифтани ӯ ба онҳо маъқул намешавад. Ва азбаски ба ин ҷавон ақидаи дӯстонаш дар хусуси ӯ муҳим аст, ӯ дучархаашро гардонда дур мешавад. Мард витринаи мағозаи ҷавоҳиротро бо диққат аз назар гузаронда, фикр мекунад: «Албатта, занам аз чунин соат хурсанд мешуд, аммо он хеле қимат аст. Занам сариштакор аст, ӯ фикри маро мефаҳмад. Имрӯз фақат дастпона мехарам, соатро бошад… ягон вақти дигар мехарам». Ягон вақт — душмани муҳаббати беғаразона аст, мори васвасакунанда аст, ки дар фиреб кардан моҳир шудааст. — Ягон вақт, фашшос зада мегӯяд мор. — Ягон вақт занамро ба саёҳат мебарам. — Ягон вақт ман вақт ёфта, занг мезанам. — Ягон вақт фарзандон мефаҳманд, ки чаро ман ин қадар банд будам. Аммо ҳамаи мо ҳақиқатро хуб медонем, ман метавонистам барои навиштани ин ҷумла вақт сарф накунам, зеро шумо онро хеле хуб медонед: «Ягон вақт» ҳеҷ гоҳ фаро намерасад. Прагматизм[4] гоҳо назар ба саховатмандии беандоза гаронтар меғалтад. Ва подоши муҳаббати беғаразона ҳамеша назар ба хароҷоти он болотар аст. Кӯшишҳоро дареғ надоред. Вақтро сарф намоед. Нома нависед. Бахшиш пурсед. Ба саёҳат равед. Тӯҳфа харед. Кореро кунед, ки кайҳо ба нақша гирифта будед. Имконияти зоҳир намудани муҳаббати беғаразонаро истифода бурда, шумо хурсандиро ба даст меоваред, ва агар онро аз даст диҳед, афсӯс мехӯред. Мукофоти Шимъӯн бузург буд: ӯ ҳуқуқи истисноӣ ба даст овард, ки Офаридгори оламро дар хонааш қабул кунад. Амали Шимъӯн ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад. Ҳамчунин амали Марямро. Исо ваъда додааст: «…дар тамоми ҷаҳон ҳар ҷо, ки Инҷил мавъиза шавад, кори вай низ барои ёдоварии вай зикр хоҳад ёфт » (Мат. 26:13). Шимъӯн ва Марям намунаи муҳаббати беғаразонаи сари вақт зоҳиршуда мебошанд. Акнун ба гангстер аз Чикаго Эддии Сабук бармегардем, ки Ал Капонеро ба полис таслим намуд, то ки писараш бо виҷдони пок зиста тавонад. Агар Эддӣ зинда мемонд ва ба воя расидани писараш Эдуард О‘Ҳайрро, ки лақабаш Бутч буд, медид, аз ӯ фахр мекард. Ӯ аз он фахр мекард, ки Бутч пас аз хатми Академияи ҳарбии баҳрӣ аз рӯи тақсимот ба Аннаполис (иёлати Мэриленд, Има) фиристода шуд. Ӯ аз он фахр мекард, ки сарнишини ҳавопаймои ҳарбӣ Бутч дар вақти Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ чӣ қаҳрамонӣ нишон дод. Ӯ аз он фахр мекард, ки писараш панҷ ҳавопаймои бомбаандозро зада ғалтонда, ҳаёти садҳо аъзоёни экипажи киштии ҳавопаймобари «Лексингтон»-ро наҷот дод. Номи ӯ аз шармандагӣ пок карда шуд, ва Медали ифтихории конгресс[5], ки Бутч гирифт, далели он буд. Сокинони Чикаго номи О‘Ҳайрро шунида, на гангстерро, балки сарнишини ҳавопайморо ба ёд меоваранд. Ва акнун ин номро ба забон оварда, дар хусуси манфиатҳои нагузаранда, ки муҳаббати беғаразона бо худ меоварад, фикр кунед. Кӯшиш кунед онҳоро баҳо диҳед, ҳангоме бори дигар ба фурудгоҳи ба номи Эдуард О‘Ҳайр, ки аз худ номи нек боқӣ гузоштааст, фуруд меоед. Писари гангстер Эддӣ О‘Ҳайри Сабукро ба ёд оваред. БАРОИ АНДЕШАРОНӢ ВА МУҲОКИМА 1. Аксуламали аввалини худро ба амали Марям тасвир намоед? Он ба шумо чӣ гуна тофт? Бехирадона? Исрофкорона? Таъсирбахш? Дилангез? 2. Кадом вазъиятҳоро барои зоҳир намудани муҳаббати беғазаразона муносиб ҳисобидан мумкин аст? Онҳоро номбар намоед. Оё шумо ягон вақт муҳаббати беғаразона зоҳир намудаед? Натиҷааш чӣ буд? Оё бори дигар чунин муҳаббатро зоҳир мекунед? Чаро? 3. Чаро прагматизм гоҳо назар ба саховатмандии беандоза қиматтар меафтад? Оё бо он изҳорот розӣ ҳастед, ки «мукофоти муҳаббати беғаразона ҳамеша назар ба хароҷоти он болотар аст»? Ҳа ё не? Ва чаро? 4. Мат. 26:6–13-ро хонед. Чаро амали ин зан дилпазир аст? Чӣ тавр он рамзи он чи буд, ки бояд рӯй медод? Ба фикри шумо, чаро Исо суханонеро ба забон овард, ки дар о. 13 навишта шудаанд? 5. Макс Лукадо чунин меҳисобад, ки имконияти зоҳир намудани муҳаббати беғаразонаро истифода бурда, хурсандӣ ба даст меоваред, ва агар аз даст диҳед, афсӯс мехӯред. Оё имконият доред, ки худи ҳозир муҳаббати беғаразона зоҳир намоед? Чӣ чиз барои истифода будани ин имконият ба шумо халал мерасонад? Боби 3. Яъқуб Ва шабонгоҳ бархост, ва ду занаш ва ду канизаш ва ёздаҳ писарашро гирифта, аз гузаргоҳи Яббӯқ гузашт. Ва онҳоро гирифта, аз он дарё гузаронид, ва тамоми дороии худро гузаронид.Ва Яъқуб танҳо монд. Ва касе бо ӯ то дамидани субҳ гӯштин гирифт; ва чун он кас дид, ки зӯраш ба ӯ намерасад, ба банди сурини ӯ расид, ва банди сурини Яъқуб, ҳангоми бо Вай гӯштин гирифтан, фишурда шуд. Ва гуфт: «Маро сар деҳ; зеро ки субҳ дамид». Гуфт: «То маро баракат надиҳӣ, Туро сар намедиҳам». Ба ӯ гуфт: «Номат чист?» Гуфт: «Яъқуб». Ва гуфт: «Минбаъд номи ту Яъқуб хонда нашавад, балки Исроил; зеро ки бо Худо ва бо одамон гӯштин гирифтӣ, ва ғолиб шудӣ». Ва Яъқуб савол дода, гуфт: «Хоҳишмандам, номи Худро бигӯй». Гуфт: «Чаро номи Маро мепурсӣ?» Ва ӯро дар он ҷо баракат дод. Ва Яъқуб он ҷойро Фануил номид; зеро ки, гуфт ӯ, Худоро рӯ ба рӯ дидам, ва ҷонам раҳо шуд. Ҳас. 32:22–30 МУБОРИЗА БО ГУЗАШТА Яъқуб, яке аз нахустпадарон, дар гузашта қаллоби гузаро, фиребгар ва ҳилагари моҳир, шахси шубҳаовар буд, ки бо росту дурӯғи бисёр ба мақсад мерасид. Ӯ ду бор бародари кундфаҳми худро фиреб дод, то дар дарахти оилавӣ ба шохаи болотар баромада, бароҳаттар ҷойгир шавад. Боре ӯ як кори махсусан ҳақирона кард: аз биноии сусти падари пиронсолаш истифода бурда, худро Эсави серпашм вонамуд кард ва баракатеро ба даст овард, ки дар мавриди дигар фақат орзу карда метавонист. Дертар падарарӯси худро фиреб дода, ӯро аз чорвои беҳтарин маҳрум намуд. Чун ҳамеша ҳилагарона амал намуда, ӯ чизи барояш маъқулшударо аз худ кард ва рӯ ба гурез ниҳод. Ҳа, номи Яъқуб бо бадӣ машҳур шуда буд. Барои расидан ба мақсад ҳамаи воситаҳо хубанд — чунин буд шиори ӯ. Бо чолокии ӯ фақат густохияш қувваозмоӣ карда метавонист. Виҷдони ӯ, ки сахт ва беҳис шуда буд, барои осуда хобиданаш халал намерасонд, пойҳои тезҳаракаташ имкон медоданд, ки аз натиҷаҳои кирдори худ як қадам пештар бошад. Ин то он вақт давом кард, ки ӯ ба назди наҳри Яббӯқ омад (ниг. Ҳас. 32). Дар он ҷо ҳила ҳилагарро ғофилгир кард. Ба Яъқуб, ки дар лаби наҳри Яббӯқ ӯрду зада буд, хабар оварданд, ки Эсави калони серпашм ба сӯи ӯ омада истодааст. Аз замони вохӯрии охирини онҳо бист сол гузашта буд, ва Яъқуб пай мебурд, ки бародари фиребхӯрдааш дар ин муддат вақти кофӣ дошт, то нияти қасосгириро ба нуқтаи ҷӯшидан расонад. Яъқуб бо мушкилӣ рӯ ба рӯ шуд. Ноомади кор он буд, ки маҳз ҳозир ӯ дар даст қартаҳои кузур надошт! Дар чунин ҳолат Яъқуб маҷбур буд бо худ… ва бо Худо вохӯрад. Бояд гуфт, ки Яъқуб аз мушкилии омадаистода фирор накард. Чаро? Шояд аз гурехтан хаста шуд, ё ҳар саҳар дар оина дидани ҳамон як шахсияти тира ба дилаш зад, ё шояд фаҳмид, ки муддати зиёд фақат қартаҳои кузурро ба худ мегирифт? Новобаста ба он ки таҳрикдиҳандаи Яъқуб чӣ буд, ин ӯро водор намуд, ки ба рӯшноӣ барояд, дар танҳоӣ аз наҳри Яббӯқ гузарад ва ба воқеият рӯ ба рӯ шавад. Калимаи Яббӯқ ба забони ибронӣ маънои «мубориза»-ро дорад, ва рафтори Яъқуб мубориза буд. Ӯ бо гузаштаи худ мубориза мебурд: бо ҳамаи он дурӯғ барои халосӣ, дасисаҳо ва корҳои ношоиста. Ӯ бо вазъияте мубориза мебурд, ки бо айби худ ба он афтода буд, чун тортанаке ки дар торҳои дурӯғ ва фиреби худ печидааст. Аммо пеш аз ҳама Яъқуб бо Худо мубориза мебурд. Ӯ бо Худое мубориза мебурд, ки дар Байт-Ил аз осмон нардбонеро фаровард, то Яъқубро бовар кунонад, ки ӯ танҳо нест (агарчи Яъқуб пурра сазовори танҳоӣ буд) (ниг. Ҳас. 28:12–22). Ӯ бо Худо вохӯрд, ки пештар ба ӯ кафолат дода буд, ки ҳеҷ гоҳ ваъдахилофӣ намекунад (агарчи кӣ Худоро таъна карда метавонист, агар Ӯ бо Яъқуб чунин мекард). Ӯ бо Худо рӯ ба рӯ шуд, ва Худо ба Яъқуб ёдрас намуд, ки замини ваъдашуда чун пештара ба ӯ тааллуқ дорад. (Боз як далели он ки Худо на аз боиси хизматҳои мо, балки новобаста ба онҳо баракат медиҳад) Яъқуб тамоми шаб бо Худо қувваозмоӣ кард. Дар соҳили дарёи Яббӯқ ӯ дар лойи хатоҳои худ ғел зад. Ӯ бо Худо рӯ ба рӯ вохӯрд, ҳангоме ки гузашта ба дилаш зад ва мехост ҳама чизро аз саҳифаи тоза сар кунад. Азбаски Яъқуб ба ин эҳтиёҷи зиёд дошт, Худо хоҳиши ӯро қонеъ намуд. Ӯ ба Яъқуб номи нав ва ваъдаи нав дод, ва дар баробари ин, ҳамчун хотира дар бораи вохӯрии таърихӣ дар назди наҳр, банди сурини ӯро осеб дод. Яъқуб ягона қаҳрамони Китоби Муқаддас нест, ки аз боиси хатоҳои гузаштааш бо Худо гӯштин гирифтааст. Довуд низ пас аз мулоқот бо Батшобаъ ба чунин мубориза дохил шуда буд. Шимшӯни нобино, бемӯй, ба васвасаи Далило гирифторшуда ҳамчунин бо Худо мубориза мебурд (ниг. Дов. 16). Илёс пеш аз шунидани «садои пичирроси оҳиста» дар соҳили наҳри Яббӯқи худ буд (ниг. 3 Подш. 19:12). Петрус бо ҳисси айбдорӣ, бо бонги хурӯс, ки дар гӯши ӯ садо медод, мубориза мебурд. Ман тахмин мекунам, ки бисёрии мо ҳамчунин гоҳ-гоҳ ба чунин наҳрҳо наздик мешаванд. Корҳои бади мо чӣ гуна ғофилгир кардани моро медонанд. Оё намунае мехоҳед? Марҳамат. Шавҳари бевафо дар назди миз истода монд — занаш хатчае навишта дар рӯи миз гузоштааст: «Ман дигар тоқат карда наметавонам. Кӯдаконро бо худ мебарам». Духтари бистсолаи бешавҳар дар ҳуҷраи қабули духтур. Суханони духтур барои ӯ ҳамчун ҳукм садо медиҳанд: «Тест натиҷаи мусбат дод. Шумо ҳомила ҳастед». Бизнесмен дар курсии идораи Хадамоти андози дохилии ИМА нишастааст. «Ревизия нишон дод, ки шумо барои худ имтиёзҳои андозро муқаррар намудаед, ҳол он ки ба онҳо ҳақ надоштед». Донишҷӯ ҳангоми рӯйбардор кардани ҷавоби саволҳои имтиҳон ба даст афтодааст. «Мо бояд падару модаратонро огоҳ намоем». Ҳар яки мо ақаллан як бор бо гузаштаи худ рӯ ба рӯ шудааст. Ва бояд гуфт, ки ин вохӯриҳо хурсандибахш набуданд. Ҳангоме ки гуноҳҳоямон моро таъқиб мекунанд, мо метавонем ё гурезем, ё бо онҳо қувваозмоӣ кунем. Бисёр касон аз мушкилот канораҷӯӣ карда, гурехтанро афзал меҳисобанд ва чунин далелҳои мантиқӣ меоваранд: «Ман қурбонии вазъиятҳо будам»; «Ин айби ӯ буд»; «Дигарон аз ин ҳам бадтар корҳоро мекунанд». Бадбахтии чунин гурехтанҳо дар он аст, ки онҳо дар асл тамоман на гурехтан, балки худфиребӣ мебошанд. Муҳим нест, ки дар гирди чашмони зарбхӯрдаатон чанд қабат пудраи ҳамранги пӯст мемолед, ҷои зарбхӯрда ба ҳар ҳол сиёҳ аст ва чун пештара дард мекунад. Инро дарк намуда, Яъқуб ба мо намунаи шоистаи пайравӣ нишон медиҳад. Беҳтарин воситаи ҳал намудани мушкилоти гузашта — миёнро маҳкам баста, остин барзада, онҳоро рӯ ба рӯ вохӯрдан аст. Бас аст, дигар ҳеҷ гуна ба гардани дигарон бор кардани масъулияти худ ё ҷустуҷӯи шахсе ки дар гуноҳҳои мо айбдор аст, ҳеҷ гуна баҳонаҳо барои худсафедкунӣ, ҳеҷ гуна рӯпӯшкунӣ. Ҳазлу шӯхиҳоро бояд як тараф гузорем. Ба мо лозим меояд, ки бо Парвардигор қувваозмоӣ кунем. Мо низ бояд ба танҳоӣ аз наҳр гузарем ва барои худ бо Худо қувваозмоӣ кунем. Мо низ бояд бо Ӯ рӯ ба рӯ вохӯрем, то Ӯ ёдрас намояд, ки бе Ӯ мо зинда монда наметавонем. Мо низ бояд дилҳои доғдоршуда ва ҷонҳои ифлосшудаамонро барои гуфтугӯи ошкоро бо Ӯ, ки ҳамаи асрори даҳшатовари моро медонад, кушоем. Ва натиҷааш моро ба таври хурсандибахш ҳайрон карда метавонад. Ба ҳар ҳол, барои Яъқуб натиҷа маҳз ҳамин гуна буд. Пас аз қувваозмоии тан ба тан бо Худо ӯ дигаргун шуд. Пагоҳии рӯзи дигар ӯ бо далерие ки нав ба даст оварда буд, аз наҳр гузашт ва бо Эсав вохӯрд. Аммо акнун ҳар як қадам ба ӯ дард мерасонд. Сурини осебдидааш дарсеро, ки ба ӯ дар назди наҳри Яббӯқ омӯзонда шуд, ёдрас менамуд: корҳои бад дард мерасонанд. Нависед ва дар ёд нигоҳ доред: имрӯз гуноҳ кунӣ — пагоҳ подоши онро мебинӣ. Ва ба касоне ки шубҳа доранд ва фикр мекунанд, ки оё барои дигаргуншавӣ дер нашудааст, маслиҳат медиҳам, ки далерӣ пайдо намоянд ва қиссаи Яъқубро ба ёд оваранд. Барои Худо шахси беҳад гуноҳкор вуҷуд надорад. Ҳа, қаллобро ба марди имон табдил додан осон нест, аммо Худо дар давоми як шаб аз ӯҳдаи ин вазифа баромад. БАРОИ АНДЕШАРОНӢ ВА МУҲОКИМА 1. Чӣ рӯй медиҳад, ҳангоме ки мо гузаштаро сарфи назар мекунем? Макс Лукадо чиро дар назар дорад, ҳангоме мегӯяд: «Беҳтарин воситаи ҳал намудани мушкилоти гузашта — миёнро маҳкам баста, остин барзада, онҳоро рӯ ба рӯ вохӯрдан аст»? Ва дар гузашта «маҳкам мондан» чӣ маъно дорад? 2. Ҳас. 32:1–33:3-ро хонед. Чаро Яъқуб аз вохӯрдан бо Эсав метарсид? Ба шарофати кадом воқеа ин вохӯрӣ акнун ӯро наметарсонд? 3. Муборизаи мо бо Худо дар чӣ ифода ёфта метавонад? Ланг шудани мо дар чӣ ифода ёфта метавонад? 4. Оё шумо бо шахсе дучор шудаед, ки худро гуноҳкори ашаддӣ меҳисобад, ки сазовори бахшида шудан нест? Шумо ба чунин шахс чӣ мегуфтед? 5. Худо ҳангоми пиронсолии Яъқуб ба ӯ чӣ ваъда дод (ниг.: Ҳас. 46:2–4)? Кадом баракатҳо, ба шарофати авлодони Яъқуб, ба мо дастрас ҳастанд? Боби 4. Корнилюс …вале Худо ба ман дастур дод, ки ҳеҷ касро палид ё наҷис надонам. Аъм. 10:28 БОЗДОШТАНИ ҒУРУР Ҷазираи Молокан — лаъл дар шаддаи дурру гавҳари ҷазираи Ҳавайя мебошад. Сайёҳонро манзараҳои мафтункунандаи он, навозиши боди сабук ва садои дилпазири ба соҳил бархӯрдани мавҷҳо ҷалб мекунад. Аммо падари рӯҳонӣ Дамиан ба ин ҷазира тамоман бо мақсади дигар омад: ӯ қарор дод ба одамон дар вохӯрдани марг ёрӣ диҳад. Ӯро ба Молокан лепрозорийи[6] маҳаллӣ овард. Маълум нест, ки ин бемории даҳшатовар чӣ гуна ба Ҳавайя омадааст. Тақрибан дар соли 1840 дар ҷазираҳо аввалин мавриди гирифторшавӣ ба ин беморӣ расман ба қайд гирифта шудааст. Аммо то даме ки сабаби беморӣ маълум набуд, бо натиҷаҳои он — бадафтшавӣ, зинда ба зинда пӯсидани одам ва даҳшат аз як худи зикр дар бораи махав — мубориза бурдан ғайриимкон буд. Аксуламали ҳукумати онвақтаро версияи мутамаддинтари аз ҷамъият дур кардани махавиён дар Аҳди Қадим номидан мумкин буд. Беморонро дар канори сегӯшаи ҷазираи Калаупапа ҷойгир намуданд, ки аз се тараф дар иҳотаи об буда, аз тарафи чорум — бо дамбаи баландтарин дар ҷаҳон маҳкам карда шуда буд. Ин зиндоне буд, ки худи табиат офаридааст. Ба ин ҷой омадан осон набуд, аммо аз ин ҷой берун шудан боз ҳам мушкилтар буд. Махавиёнро ҷамъият рад карда буд: онҳо дар кулбаҳо мезистанд ва нимгурусна рӯз мегузаронданд. Киштиҳо ба ҷазира ба масофаи то ҳадди имкон наздиктар омада, бори хайрияро ба баҳр мепартофтанд, бо умеди он ки мадд қуттиҳоро ба соҳил мепартояд. Паёми ҷамъият чунин маъно дошт: шумо акнун ҳеҷ кас нестед, ва мо аз шумо парвое надорем. Аммо паёми падари рӯҳонӣ Дамиан дигар буд. Ӯ аллакай 10 сол инҷониб дар ҷазираҳои Ҳавайя хизматгузорӣ мекард, аз он вақте ки дар соло 1873 дар синни 33-солагӣ ба архиепископи маҳалли худ навишт, ки қарор додааст ба хотири хизматгузорӣ ба махавиёни бечора худро фидо кунад. Ӯ як қисми ҷаҳони онҳо шуд, то ки ҷароҳатҳои онҳоро бандад. Кӯдаконро тасалло диҳад ва фавтидагонро дафн намояд Аввалин гурӯҳи сарояндагони ӯ Худоро дар ҳолати ҷандапӯш будан ситоиш менамуд, ва аҳли калисо бо дастони бе ангушт нону майи табаррукиро мегирифтанд. Дамиан ба ин одамон хизмат мекард, зеро медонист, ки Худо онҳоро тарк накардааст. Ӯ ба аҳли калисо на «бародарон ва хоҳарон», балки «мо, махавиён» мегуфт. Ӯ ба маънои таҳтуллафзӣ бо онҳо ҳамтақдир шуд. Хизматгузории душвори худро ба ҷо оварда, падари рӯҳонӣ Дамиан, ё ҳангоми дастгузорӣ бар махавиёни бечора, ё ҳангоми ба онҳо додани кулчаи бенамак, сироят ёфт ва ҳамчунин махавӣ гардид. 15-уми апрели соли 1889, чор рӯз пеш аз Ҷумъаи азобҳо ӯ вафот кард.[7] Дар замони мо муолиҷа намудани махавро ёд гирифтаанд, ва акнун беморонро аз ҷамъият дур намекунанд. Калаупапа ном маҳалҳо дигар нестанд. Аммо оё баробари онҳо чунин муносибат ба одамон низ аз байн рафтааст? Ё мо чун пештара ба баъзеи онҳо чун ба мавҷудоти навъи дуюм менигарем? Агар қоидаҳои нонавиштаи мактаби худро ба ёд оварам, дар он ҷо чунин муносибат одатӣ буд. Мо, писаракони синфи якуми миссис Эмберҷӣ, вазифадор будем бо як овоз афзалияти ҷинси мардро бар ҷинси зан намоиш диҳем. Барои ин мо ҳар рӯз ҳангоми танаффусҳо ҷамъ омада, китф ба китф дар ҳавлии мактаб қадам зада, нидо мекардем: «Писаракон аз духтаракон беҳтаранд!» « Писаракон аз духтаракон беҳтаранд!» Рости гап, ман ҳеҷ гоҳ чунин фикр намекардам, аммо аз ҳисси ҳамбастагии бародарона ҳаловат мебурдам. Дар ҷавоб духтаракон маҳфили худро ташкил намуданд. Онҳо дар мактаб сайру гашт намуда, аз писаракон нафрат доштани худро намоиш медоданд. Ҳа, солҳои мактабӣ беҳтарин солҳо мебошанд. Одамон ба тартиби иерархии ҷамъият майл доранд. Мо ҳама ба ин ё он андоза фахр мекунем: писаракон дар назди духтаракон, ё духтаракон дар назди писаракон. Сарватмандон ба камбағалон ҳавобаландона менигаранд, Соҳибмаълумотҳо дар назди бемаълумотҳо калонгирӣ мекунанд, собиқадорони артиш дар назди навхизматҳо, яҳудиён дар назди ғайрияҳудиён. Ин, чунон ки шумо мефаҳмед, имрӯз сар нашудааст, ҳанӯз дар замони калисои ибтидоӣ байни яҳудиён ва ғайрияҳудиён ҷарии калоне ба миён омада буд. Агар говро ғайрияҳудиён ҷӯшида бошанд, яҳудиён ширро нӯшида наметавонистанд, ҳамчунин хӯроки пухтаи онҳоро хӯрда наметавонистанд. Агар ба модари ғайрияҳудӣ ёрии фаврӣ даркор шавад, яҳудӣ ёрӣ дода наметавонист. Табибони яҳудӣ ба аёдати беморони ғайрияҳудӣ рафта наметавонистанд.[8] Ҳеҷ як яҳудӣ бо ғайрияҳудиён умумияте дошта наметавонист, зеро онҳо нопок ҳисобида мешуданд. Ин то он вақт давом дошт, ки Исо ном яҳудӣ пайдо шуд. Пас аз гуфтугӯи ғайриоддии Ӯ бо зани канъонӣ овозаҳо паҳн шуданд, ки тартиботи кӯҳна ба қарибӣ дигаргун мегарданд. Гап дар он буд, ки духтари ин зан бемор ва дар арафаи марг буд, аз ҳамин сабаб модар бо исрор илтиҷо менамуд. Аммо гап дар он буд, ки ин зан яҳудӣ набуд. «Ман танҳо барои гӯсфандони гумшудаи хонадони Исроил фиристода шудаам», — эътироз намуд Исо. «Лекин зан омада, ба Ӯ саҷда кард ва гуфт: «Хоҷаам! Ба ман ёрӣ деҳ». Исо дар ҷавоб гуфт: «Нони бачагонро гирифта, пеши сагон партофтан хуб нест». Зан гуфт: «Оре, Хоҷаам! Лекин сагон низ нонрезаҳоеро, ки аз мизи хоҷаҳошон меафтанд, мехӯранд» (Мат. 15:24–27). Исо духтари зани канъониро шифо бахшида, ба ғайрияҳудиён муносибати раҳмдилона доштани худро нишон дод. Вазифаи ӯ ҷалб кардани ҳар як шахс буд, на ин ки аз категорияи муайяни одамон канораҷӯӣ кардан. Петрус мухолифати возеҳу равшанро дар рафтори Исо пай бурд. Муҳити фарҳангии яҳудӣ водор менамуд, ки яҳудиён аз бутпарастон канораҷӯӣ кунанд. Масеҳ бошад даъват мекунад, ки бо ғайрияҳудиён муносибатҳо барпо карда шаванд. Петрус интихоби худро кард, ва вохӯрӣ бо Корнилюс ба ӯ дар ин кор ёрӣ дод. Корнилюс афсари лашкари румиён буд — ғайрияҳудӣ ва «одами бад» дар як шахс. (Ба фикрам, дар Бостони асри ҳаждаҳум ба «мундирҳои сурх»[9]-и британиҳо ҳамин тавр муносибат мекарданд.) Хӯроки ӯ нодуруст буд, доираи муошират — сазовори маҳкумкунӣ, илова ба ин ӯ дар хусуси вафодорӣ ба қайсар қасам ёд карда буд. Ӯ аз Таврот иқтибос намеовард ва Иброҳимро нахустпадари худ номида наметавонист. Ба ҷои ин — тога[10] дар ҷевони либосҳо ва гӯшти дуддодашудаи хук дар яхдон. Ҳеҷ гуна тоқӣ, риш, пейс — ҳамаи он чи барои коҳини некрафтор даркор аст, — бехатна, ҳаром, нопок. Ба ин шахс як нигоҳ кунед! Ҳа-ҳа, нигоҳ кунед, аммо акнун бо диққат. Маълум мешавад, ки Корнилюс ба мӯҳтоҷон ёрӣ медод ва ба дини яҳудӣ эҳтиром зоҳир менамуд. Ӯ шахси нек ва вафодор буд. «Ва бо тамоми аҳли байташ парҳезгор ва худотарс буда, ба қавм садақаҳои бисёре медод ва ҳамеша назди Худо дуо мегуфт» (Аъм. 10:2). Илова ба ин Корнилюс бо яке аз фариштаҳо муносибати хуб дошт. Охир, маҳз фаришта ба ин афсари румӣ фаҳмонд, ки бояд Петрусро, ки дар хонаи дӯсташ дар Ёфо дар масофаи сӣ мил аз хонаи Корнилюс буд, ёбад, ва ӯ дарҳол се шахсро ба ҷустуҷӯи ӯ фиристод. Петрус бошад ин вақт тамоми кӯшиши худро ба он равона карда буд, ки меъдаи аз гуруснагӣ қурқуркунандааш диққати ӯро аз дуо дур накунад. «Дар он ҷо гурусна монда, хост чизе бихӯрад, ва ҳангоме ки барои ӯ муҳайё мекарданд, ҳолати бехудӣ ӯро фаро гирифт, ва осмонро кушода дид, ва инак зарфе сӯи ӯ поин меомад, монанди суфраи калоне ки аз чор гӯшааш овезон ба замин мефуромада бошад; дар дохили он ҳар гуна чорвои замин, ҳайвоноти ваҳшӣ, хазандагон ва мурғони ҳаво буданд. Хитобе ба гӯшаш расид, ки мегуфт: “Эй Петрус, бархоста, забҳ кун ва бихӯр!”» (Аъм. 10:10–13). Ин суфра он қадар махлуқоти барои яҳудиён ҳаромро дар бар мегирифт, ки танҳо аз як нигоҳ ба онҳо пейсҳои ҳар яҳудии хассид рост мешуданд. Петрус низ аз чунин пешниҳоди «дилфиреб» қатъиян даст кашид. «Ҳошо, Худовандо, зеро ки ҳаргиз чизе ҳаром ё палид нахӯрдаам» (Аъм. 10:14). Аммо Худо ҳазл намекард ва рӯъёро се бор такрор намуда, Петруси бечораро хеле ҳайрон кард. Ҳангоме ки Петрус ҳанӯз дар фикру андеша буд, дар кӯфта шуд. Ин тақ-тақи дар дили Петрус ҳамчун даъвати Рӯҳулқудс садо дод. «Инак, се мард туро суроғ мекунанд; пас, бархоста, фуруд ой ва ҳеҷ шубҳа накарда, ҳамроҳи онҳо бирав, зеро ки Ман онҳоро фиристодаам» (Аъм. 10:19, 20). «Ҳеҷ шубҳа накарда»-ро ҳамчунин «ҳеҷ фарқ накунонда» ё «аз хурофот даст кашида» ё «беғаразона» тарҷума кардан мумкин аст. Ин барои Петрус лаҳзаи дарки ҳақиқат буд. Бояд гуфт, ки ӯ Худовандро ба ҳолати ногувор нагузошта, ба мусофирон ҷойи хоб пешниҳод намуд, ва саҳарии рӯзи дигар ба вохӯрӣ бо мирисади румӣ равона шуд. Ҳангоме ки Петрус ба хонаи Корнилюс омад, соҳиби хона ӯро пешвоз гирифта ва бар пойҳояш афтода, таъзим кард. Аммо Петрус ӯро ба по хезонд ва эътироф намуд, ки ин қарор барои ӯ хеле душвор буд: «Шумо хуб медонед, ки бо шахси бегона муошират доштан ё наздик шудани яҳудӣ номумкин аст, вале Худо ба ман дастур дод, ки ҳеҷ касро палид ё нопок надонам» (Аъм. 10:28). Петрус ба Корнилюс дар бораи Исо нақл намуд, Инҷилро расонд, аммо пеш аз он ки ӯро ба тавба даъват кунад, хонаро ҳузури Рӯҳулқудс фаро гирифт ва он чи боре дар рӯзи Пантикост рӯй дода буд, такрор шуд: ҳама дар хона ба забонҳои дигар гап заданд ва Худоро ситоиш кардан гирифтанд. Петрус ба Корнилюс ва аҳли хонаводаи ӯ пешниҳод намуд, ки таъмиди обӣ гиранд. Пешниҳод бо хушнудӣ қабул карда шуд, ва соҳиби хона аз Петрус хоҳиш кард, ки шабро дар хонаи ӯ гузаронад, ва ҳамчунин розигӣ ба даст овард. Боварӣ дорам, ки он шаб Петрус худаш бо гӯшти дуддодашудаи хук бутербродҳо мекард. Мо чӣ? Мо ҳанӯз дар бораи ин суханон андеша менамоем: «Вале Худо ба ман дастур дод, ки ҳеҷ касро палид ё нопок надонам». Ҳаёти мо бе ин фармуда то чӣ андоза содда ва фаҳмо мебуд! Охир, агар ягон касро «зоти паст» ҳисобидан мумкин бошад, онҳоро далерона ба ҷазираи Калаупапа фиристодан мумкин аст, зеро онҳо бояд бо мо набошанд. Ёри худро айбдор намудем ва акнун аз масъулият озод ҳастем. Ақидае ки боре пайдо намуда будем, ба мо имкон медиҳад, ки дастамонро шуста, бо виҷдони пок дур шавем. — О, ман Ҷонро медонам, ӯ майзада аст. (Дар назар дошта мешавад: «Чаро ӯ худро идора карда наметавонад»). — Ин сардори нав либерал-демократ аст. (Дигар хел карда гӯем: «Худоё, чашмони ин гумроҳро кушо!») — Ман дар бораи ин зан шунидаам, ки аз шавҳар ҷудо шудааст. (Аъне: «Ӯро росткор номидан намешавад».) Муҳокимаронии қатъӣ дар бораи атрофиён моро аз онҳо ҷудо мекунад ва бепарвоиро нисбат ба онҳо сафед мекунад. Аммо Исо ба ҳалли ин масъала муносибати тамоман дигар дошт. Ӯ байни одамон сангарҳо сохтанӣ набуд, балки онҳоро ба ҳам муттаҳид карданӣ буд. «Ва Калом ҷисм гардид ва дар миёни мо сокин шуд, пур аз файз ва ростӣ; ва мо ҷалоли Ӯро дидем, ки ҷалоли шоистаи Писари ягонаи Падар аст» (Юҳ. 1:14). Исо ба махавиён даст мерасонд, ба аҷнабиён дилсӯзӣ мекард ва бо шахсони айёш он қадар бисёр вақт мегузаронд, ки дар бораи Ӯ чунин мегуфтанд: «Инак марди пурхӯр ва майгусор». Бе ин ҳам ҳамааш чун рӯзи равшан маълум аст, ки Ӯ «дӯсти боҷгирон ва гуноҳкорон аст» (Мат. 11:19). Хурофоти миллатгароёна ба Исо халал нарасонд, ки дар назди чоҳ бо зани сомарӣ гуфтугӯ кунад, ва ҳангоме ки Ӯ девзадаро аз девҳо раҳо менамуд, онҳо дар назди Ӯ нотавон буданд. Дар саҳифаи Ӯ дар Facebook «лайк»-ҳои Заккай, ки мутахассиси сохторҳои молиявии қалбакӣ буд, Маттои боҷгир ва якчанд «шабпаракҳои шабонгаҳ» (фоҳишаҳо) буданд, ки Ӯ бо онҳо дар хонаи Шимъӯн шинос шуда буд. Сию се соли ҳаёти Исо дар байни ҳарҷу марҷи ин ҷаҳон гузаштанд. «…Ӯ, бо вуҷуди он ки дар сурати Худо буд, бо Худо баробар буданро ҳарисона барои Худ нигоҳ надошт, балки Худро кам дониста, ба сурати ғуломи даромад ва ба одамон монандӣ пайдо карда, ба зоҳир мисли одамизод шуд» (Флп. 2:6,7; курсиви ман. — М. Л.). Намунаи ӯ дар бораи ин чиз мегӯяд: нест бод ҳавобаландӣ! Ҳеҷ касро «зоти паст» ҳисобидан мумкин нест. Ба фикрам, рафиқам Рузвелт (сарвари ҷамоати мо ва яке аз беҳтарин шахсон дар таърихи инсоният) бо ман розӣ мешуд. Ӯ дар ҳамсоягии зани танҳо мезист, ки ӯро иттиҳоди соҳибони манзилҳо барои ҳолати ношоями алафзори пеши хонааш ба маҳкама кашиданд. Буттаҳои сабзида ва дарахтони навдаҳояшон кӯтоҳ карда нашуда хонаи ӯро чун ҷангали анбӯҳ иҳота карда буданд. Иттиҳод ба зан огоҳӣ дода, вазифадор намуд, ки ҳавлияшро ба тартиб оварад. Пас аз огоҳӣ афсари полис омад ва мӯҳлати иҷрои огоҳиро то ду ҳафта тамдид намуда, зарурати ба ҷо овардани корҳои зикршударо ёдрас намуд. Агар чунин намекард, лозим меомад, ки ба маҳкама ҳозир шавад, зеро ҳолати ҳавлии ӯ на танҳо барои растаниҳои коштаи ҳамсояҳо, балки ҳамчунин барои саломатии атрофиён таҳдидкунанда ҳисобида шуда буд. Ин воқеа ба Рузвелт монеъ нашуд, ки ба хабаргирии Террӣ (зан чунин ном дошт) равад. Ҳар як падида сабабҳои ҳақиқии худро дорад, ва Рузвелт қиссаи ғамангези ҳамсоязанро шунид. Маълум шуд, ки ӯ аз шавҳараш ҷудо шудааст, ва ба қарибӣ ҷарроҳиро аз сар гузаронда, ҳанӯз то охир сиҳат нашудааст, ва барои рӯзгузаронӣ, ба ғайр аз кори шабона дар беморхона, боз маҷбур аст кори иловагӣ кунад. Ягона писари ӯ дар хизмати ҳарбӣ дар Ироқ буд. Ва худи Террӣ, зани танҳо, бемор, беқувват, дар байни ҳаёт ва марг буд. Ҳолати хуби алафзори пеши хона? Ин масъала аз ҳама камтар ӯро ба ташвиш меовард. Дар натиҷа Рузвелт якчанд ҳамсояҳоро даъват намуд, ва онҳо дар як саҳарии шанбе ҳавлии занро ба тартиб оварданд. Онҳо буттаҳо ва шохаҳои дарахтонро кӯтоҳ карданд ва якчанд халта баргҳои рехтаро бурда ба хокрӯба партофтанд. Баъди якчанд рӯз Террӣ ба идораи иттиҳоди соҳибони манзилҳо чунин нома фиристод: Ҷанобони муҳтарам, Умедворам шумо ба самъи ҳамаи сокинони кӯчаи мо мерасонед, ки ман ҳамсояҳои хубе дорам, ки беғаразона дар ҳавлии ман кор карданд. Амали онҳо маро на танҳо рӯҳбаланд намуд, балки ҳамчунин ёдрас кард, ки дилсӯзӣ ҳанӯз вуҷуд дорад, ва дар байни мо одамони ғамхор ҳастанд, ки тайёранд ба шахси ношинос дасти ёрӣ дароз кунанд, ҳангоме ки ӯ ба он эҳтиёҷ дорад. Ин одамон сазовори ҳама гуна таҳсину офарин мебошанд, ва бароям суханон камӣ мекунанд, то ба онҳо барои меҳнати ғайратмандона ва муносибати некашон миннатдорӣ баён намоям. Бо назардошти он ки бобоям раввин буд ва ба дари даромади ман мезуза[11] насб карда шудааст, ҳамаи ин хеле ҳайратовар аст. Рузвелт айнан ҳамон гуна амал намуд, ки Масеҳ низ, агар ба чунин вазъият дучор мешуд, чунин мекард. Ба ҷои он ки одамонро ҳамчун мушкилии ҳалталаб қабул намояд, Исо дар онҳо имконияти ҳалли мушкилотро медид. Шояд, боз якчанд ҷиҳатҳои «синдроми Корнилюс»-ро мебинем? Масалан, шумо бо рафиқонатон ба кафе даромада, ба курсиҳо мешинед. Ҳамин вақт яке аз онҳо бо оринҷаш шуморо тела дода, пичиррос мезанад: «Ба он шахс нигоҳ кун». Шумо дарҳол пай мебаред, ки сухан дар бораи кӣ меравад. Дар кафе ҳамагӣ як донишҷӯ дар сар салла дорад. Рафиқатон ҳазли нешдоре мекунад: «Аз афташ, баъди душ аз сар гирифтани сачоқро фаромӯш кардааст». Шояд, шумо низ ба ҳамоҳангии суханони рафиқатон ягон ҳазли нешдор кардед, аммо дирӯз шумо мавъизаро дар бораи Петрус ва Корнилюс шунидед, ва як порчаи Китоби Муқаддас дар хотиратон монд: «…вале Худо ба ман дастур дод, ки ҳеҷ касро палид ё нопок надонам » (Аъм. 10:28). Ана гапу мана гап… Ин рафиқи тамасхуркунанда дар хобгоҳ дар ҳуҷраи ҳамсоя зиндагӣ мекунад, бутсӣ мепӯшад, тамоку мекашад ва мошини боркашро меронад. Шумо бошед мокасин мепӯшед, реҷаи хӯроки солимро риоя мекунед ва бо дучарха ба донишгоҳ меравед. Чаро ӯ ҳазлҳои нажодпарастона мекунад? Магар ӯ намебинад, ки шумо сиёҳпӯст ҳастед? Эҳтимол, ӯ аз авлодони ғуломдорони Ҷануб аст, бобокалони шумо бошад, ғулом буд. Шумо бо майли том аз ин ҷанубиҳо канораҷӯӣ мекардед! Аммо ин саҳарӣ дар дарси Китоби Муқаддас ояти зерин таҳлил карда мешуд: «Вале Худо ба ман дастур дод, ки ҳеҷ касро палид ё нопок надонам». Чӣ бояд кард? Намунаи дигар. Шумо директори ятимхона ҳастед ва ҳангоми ба расмият даровардани шаҳодатномаи таваллуд бо чунин сабте ба монанди ҳаромзода дучор шудед, ки шуморо ба ташвиш овард. Бо ин масъала машғул шуда, шумо ошкор мекунед, ки чунин сабт доимо вомехӯрад, он дар ҳуҷҷати таваллуди кӯдак барои ҳамеша сабт ёфтааст. Эдна Глэднӣ инро ошкор намуд, ва фикр дар ин бора барояш тоқатфарсо буд. Агар калимаи ҳалолзода маънои «қонунӣ, ҳаққонӣ ва ба таври даркорӣ ба расмият даровардашуда будан»-ро дошта бошад, пас калимаи ҳаромзода чиро бояд ифода кунад? Тасаввур кунед, бо чунин тамға зистан чӣ гуна аст? Миссис Глэднӣ бо ин муросо кардан натавонист. Ӯ се солро сарф намуд ва ба он ноил шуд, ки аз аъзоёни легислатураи[12] Техас аз шаҳодатномаи таваллуди ӯ ин сабтро дур карданд.[13] Худо моро даъват мекунад, ки ақидаи худро дар хусуси одамон дигар кунем. Онҳоро на ҳамчун ғайрияҳудиён ва яҳудиён, худиҳо ва бегонаҳо, либералҳо ва муҳофизакорон қабул намоем. Тамғаҳо начаспонед, тамға тӯҳмат аст. «Бинобар ин мо минбаъд ҳеҷ касро ба ҳасби ҷисм намешиносем. Ва агар Масеҳро ба ҳасби ҷисм шинохта бошем, алҳол дигар намешиносем» (2 Қӯр. 5:16). Биёед одамонро дигар хел қабул намоем; масалан, он тавре ки мо худро қабул менамоем. Дур аз камолоти ҷисмонӣ (шояд). Ба хатоҳо роҳ медода (аниқ). Аммо ба ҳар ҳол боре аз ҷониби Худо наҷот додашуда ва барқароршуда. Одам чун ду витраж дар тирезаҳои кабинети ман нур афканда метавонад. Бародарам ин витражҳоро дар ахлоттӯда ёфт. Кадом як калисо онҳоро партофтааст. Дӣ, ки устоди хеле моҳир аст, онҳоро барқарор намуд. Ӯ чорчӯбаи чӯбини кафидаро ранг кард, каркаси каҷшударо рост кард, якчанд кафидаҳои шишаи рангаро таъмир кард. Албатта, ҳолати витражҳои таъмиршуда аз камолот дур аст, аммо агар онҳоро дар он ҷое гузоред, ки нурҳои офтоб ба хона медароянд, онҳо ҳуҷраро бо нурҳои ҳарранга пур мекунанд. Дар зиндагӣ ҳам шумо, ҳам ман бо одамони радшуда вомехӯрем. Бо радди маъракаҳо. Ва мо ҳамеша интихоб дорем — сарфи назар кунем ё наҷот диҳем? Тамға часпондан ё муҳаббат зоҳир намудан? Интихоби Исо маълум аст. Биёед бовар намоем, ки Ӯ ин корро ба воситаи мо низ карда метавонад. БАРОИ АНДЕШАРОНӢ ВА МУҲОКИМА 1. Шумо дар кадом муҳити иҷтимоӣ ба воя расидаед ва тарбия ёфтаед? Ҳозир дар кадом муҳит ҳастед? Кӣ дар сатҳи болотарини ин зина аст, ва кӣ дар сатҳи поёнтарин, ва шумо дар кадом сатҳ ҳастед? 2. Дар кадом вазъият шумо лақабҳои таҳқиромез шунидаед? Оё онҳоро такрор кардаед? Шумо чӣ кор карда метавонистед, то ки дар иҳотаи худ инро дигар кунед? 3. Ба ёд оваред, оё шумо ба вазъиятҳое чун вазъияте ки Петрус ба он афтода буд, наафтидаед (ниг.: Аъм. 10)? Оё чунин буд, ки анъанаҳо ё рафтори намояндагони фарҳанг ё нажоди дигарро нороҳаткунанда ё ҳатто таҳқиромез меҳисобидед? Худо шуморо даъват мекунад, ки ин фарқҳоро қабул намоед, то ки ин одамон ба шумо гӯш диҳанд. Шумо ба ин даъват чӣ гуна аксуламал менамудед? 4. Чаро Корнилюс ба шогирди Исо монанд набуд, агарчи шогирди Ӯ буд? Дар замони мо аз рӯи кадом нишонаҳои зоҳирӣ дар бораи рӯҳонияти шахс муҳокимаронӣ мекунанд? 5. Ғамхории мо дар ҳаққи масеҳиёне ки ҷамъият онҳоро қабул намекунад, дар чӣ зоҳир мешавад? Боби 5. Зане ки гирифтори хунравӣ буд Исо бо вай равона шуд, ва тӯдаи калони мардум аз пайи Ӯ рафта, Ӯро фишор медод. Як зан ки дувоздаҳ сол боз гирифтори хунравӣ буд, ва азоби бисёре аз табибони зиёд кашида ва ҳамаи дороии худро сарф карда, ҳеҷ фоидае надида буд, балки аҳволаш торафт бадтар мешуд, чун овозаи Исоро шунид, дар миёни он гурӯҳ аз пас омада, ба ҷомаи Ӯ даст расонд; чунки гуфт: «Агар ба ҷомаи Ӯ танҳо даст расонам, шифо меёбам» Ва дарҳол чашмаи хуни вай хушк шуд, ва дар ҷисми худ ҳис кард, ки аз беморӣ шифо ёфтааст. Дар айни замон Исо дар Худ ҳис кард, ки қуввае аз Ӯ берун рафт, ва ба тӯдаи мардум муроҷиат карда, гуфт: «Кист, ки ба ҷомаи Ман даст расонд?» Шогирдонаш ба Ӯ гуфтанд: «Мебинӣ, ки тӯдаи мардум Туро фишор медиҳад, ва мегӯӣ “Кист, ки ба Ман даст расонд?”» Аммо Ӯ ба гирду пеш менигарист, то он занро, ки ин тавр амал кардааст, бубинад. Он зан, чун донист, ки ба вай чӣ ҳодиса рӯй дод, тарсону ларзон омада, пеши Ӯ афтод ва тамоми ҳақиқатро ба Ӯ гуфт. Ӯ ба вай гуфт: «Духтарам! Имонат туро шифо бахшид; ба осудагӣ бирав ва аз балои худ дар амон бош». Марқ. 5:24–34 ИДЕЯИ ХАЁЛӢ ВА УМЕДИ ГУСТОХОНА Агар ба бачаи ҳаштсола ҳамчун тӯҳфаи милодӣ соати зангзанандаро тақдим намоед, ӯ хурсанд намешавад, аммо ман ташаккур гуфтам ва соатро ба ҳуҷраи хоб бурда, ба болои тумба гузоштам ва ба кор андохтам. Ин соати чоркунҷаи Bulova буд, ки вақтро на бо рақамҳо, балки бо ақрабаки муқаррарии даврзананда нишон медод. Он соат CD-pleer надошт, аммо садои тиқ-тиқи пасти оромкунанда мебаровард, ки онро ҳангоми оромии пурра дар ҳуҷра шунидан мумкин буд. Ҳозир соатҳое харидан мумкин аст, ки ҳангоми фаро расидани вақти хоб садои борон мебароваранд, ва пагоҳиҳо бо овози модаратон бедор мекунанд. Дар соате ки ба ман тӯҳфа карданд, ин чизҳо набуданд, аммо садои занги он ҳамаи сагҳои атрофро бедор карда метавонист. Соатҳои ҳозира реҷаи занги дубораро доранд. Тӯҳфаи маро ба тарафи дигари ҳуҷра партофта ба хомӯшӣ маҷбур кардан мумкин буд. Охир мо дар бораи нахустпадари соатҳои рӯимизӣ, дар бораи давраи неандерталии онҳо мегӯем. Ҳозир, дар замони зӯроварии нишондиҳандаҳои рақамӣ ва соатҳои мусиқидор, ҳангоми фурӯши ашёҳои гараж барои онҳо панҷ-даҳ сент ҳам намедиҳанд. Аммо бо мурури замон ман ба он соат дил бастам. Одатан эҳсосотнокӣ на он ҳиссиётест, ки нисбат ба соат ҳис мекунанд, аммо ин механикаи аз дақёнус монда бароям хеле азиз гардид. На аз боиси аниқӣ, не, он каме дер мемонд. На бо тиқ-тиқи навозишкорона — ман онро сарфи назар мекардам. Ман ин соатро барои рӯшноияш дӯст медоштам. Тасаввур мекунед, ақрабак ва рақамҳои он дар торикӣ рӯшноӣ медоданд. Дар давоми рӯз ақрабаки соат вақтро нишон медоданд ва нури офтобро ҷамъ мекарданд. Ва ҳангоме ки шаб фаро мерасид ва ман барои хобидан чароғро хомӯш мекардам, ин соати хурд рӯшноӣ медод. Рӯшноии он суст буд, аммо ҳангоме ки ҷаҳони атроф ба торикӣ фаро гирифта шудааст, ҳатто чунин рӯшноӣ назаррас метобад. Зане ки Исоро дид, чизеро ба монанди рӯшноӣ дид. Мо номи ӯро намедонем, аммо медонем, ки ин вохӯрӣ дар кадом вазъият рӯй дод. Ҳаёти ӯ даҳшати доимии шабонгаҳ буд. Мисли он ки ӯ даст-даст карда роҳ мерафт, ва ҳеҷ гуна мададе набуд. Ин се оятро хонда шумо мефаҳмед, ки ман чиро дар назар дорам. Тӯдаи калони мардум аз пайи Ӯ рафта, Ӯро фишор медод. Як зан ки дувоздаҳ сол боз гирифтори хунравӣ буд, ва азоби бисёре аз табибони зиёд кашида ва ҳамаи дороии худро сарф карда, ҳеҷ фоидае надида буд, балки аҳволаш торафт бадтар мешуд… Марқ. 5:24–26 Ин зан «найи нимшикаста»-и ҳақиқӣ буд: «дувоздаҳ сол боз гирифтори хунравӣ буд», «азоби бисёре аз табибони зиёд кашида буд», «ҳамаи дороии худро сарф карда буд» ва «аҳволаш торафт бадтар мешуд». Ихтилоли бардавоми давраи ҳоизагӣ, яъне хунравии доимӣ — чунин ҳолати ҷисмонӣ ҳаёти ҳар гуна занро, дар дилхоҳ садсола, барбод дода метавонад. Аммо барои зани яҳудӣ ҳеҷ чиз аз ин бадтар буда наметавонист, зеро ин беморӣ ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ӯ дахл менамуд: Соҳаи муносибатҳои ҷинсӣ… ӯ бояд ба шавҳараш наздик намешуд. Соҳаи модарӣ… ӯ фарзанд таваллуд карда наметавонист. Соҳаи маишӣ… ҳамаи он чи ӯ даст мерасонд, нопок ҳисобида мешуд. Ӯ на зарф шустан метавонист, на хонаро рӯбучин кардан. Соҳаи рӯҳонӣ… ба маъбад рафтани ӯ мумкин набуд. Ӯ аз ҷиҳати ҷисмонӣ хаста ва аз ҷиҳати маънавӣ таҳқиршуда буд. Албатта, ӯ мадад меҷуст: «…азоби бисёре аз табибони зиёд кашида буд» (о. 26). Талмуд на камтар аз ёздаҳ тарзи муолиҷаи чунин ҳолати ҷисмониро тавсия медод. Бешубҳа, ин зан ҳамаи воситаҳоро санҷида дида буд. Ҳам он воситаҳоеро, ки оқилона метофтанд, ҳам он воситаҳоеро, ки хурофоти маҳз буданд. Масалан, яке аз усулҳои муолиҷа тухми сӯхтаи шутурмурғро ба либос дӯхта гаштанро тавсия медод. Ӯ «ҳамаи дороии худро сарф карда буд» (о. 26). Ба мушкилоти ҷисмонӣ илова намудани мушкилоти молиявӣ — ба ҳадди охирин расондани одам аст. Дӯсти ман боре гуфт, ки таъқиботи қарздиҳандагон, ки пардохти қарзро барои курси табобати саратон металабанд, ӯро на камтар аз дарди ҷисмонӣ азоб медиҳанд. Аммо «ҳеҷ фоидае надида буд, балки аҳволаш торафт бадтар мешуд» (о. 26). Ин зан дар ҳақиқат «найи нимшикаста» буд, ва ҳар рӯзи нав ҳисси беарзишии ӯро торафт зиёдтар мекард. Ҳамаи он чи барои ӯ боқӣ монда буд, — дуои охирин буд. Ва дар рӯзе ки мо бо ӯ вомехӯрем, ӯ тайёр буд онро ба забон оварад. Вақте ки ӯ Исоро дид, Ӯ дар иҳотаи мардуми зиёд ба сӯи хонаи Ёир, ки шахси обрӯмандтарини шаҳр буд, равона буд, то ки ба духтари вай ёрӣ диҳад. То чӣ андоза имконпазир аст, ки Исо меистад ва аввал ба ин зан ёрӣ медиҳад, ва баъд — ба шахси олимартаба? Чунин эҳтимолият ночиз аст. Ва то чӣ андоза имконпазир аст, ки агар зан ин имкониятро аз даст диҳад, зинда мемонад? Ҳеҷ гуна. Аз ҳамин сабаб зан муддати зиёд фикр накард. «…Чунки гуфт: «Агар ба ҷомаи Ӯ танҳо даст расонам, шифо меёбам» (Марқ. 5:28). Ӯ ба қарори хатарноке омад. Барои он ки ба Исо даст расонад, лозим меояд, ки ба издиҳом дохил шавад. Агар касе ӯро шиносад, чӣ мешавад? Он гоҳ ба ҷои шифо ӯро нохушиҳои зиёд интизоранд. Аммо оё ин зан интихоби дигаре дошт? Ҳангоми набудани пул, либос, дӯстон, доруҳо ҳамаи он чи ин зан дорад, идеяи хаёлӣ аст, ки Исо ба вай ёрӣ дода метавонад, ва умеди густохона, ки Ӯ маҳз ҳамин тавр мекунад. Эҳтимол, ҳамаи он чи мо дорем, идеяи хаёлӣ ва умеди густохона аст, ва ҳеҷ чизи дигар. Шумо бемори вазнин ҳастед ва ғайр аз дарди худ, ба Исо ҳеҷ чиз пешниҳод карда наметавонед. Эҳтимол, аз ҳамин сабаб шумо аз наздик шудан ба Худо метарсед. Ҳа, замоне шумо ба сӯи ӯ аллакай як ё ду қадам гузошта будед. Аммо чун дидед, ки Ӯ дар иҳотаи одамон аст (ин қадар тозаву озода, имондорони ҳақиқӣ), шумо ақиб нишастед. Агар шумо худро дар ин тасвир шинохта бошед, хоҳиш мекунам, аҳамият диҳед, ки дар ин рӯз Исо фақат як шахси имондорро зикр намуд. Ин шахс на хайркунандаи сарватманд, на пайрави вафодор, на муаллими Китоби Муқаддас буд. Ин зани бо шармандагӣ фаро гирифташуда буд, ки як тини зард надошт. Вай идеяеро пайгирӣ менамуд, ки Исо вайро шифо дода метавонад, ва умед дошт, ки Ӯ маҳз ҳамин тавр мекунад. Ва бояд гуфт, ки ин таърифи хуби имон аст: боварӣ ба лаёқатҳои Ӯ ва умед ба некӯии Ӯ. Таъриферо, ки дар Китоби Муқаддас дода шудааст, ёдрас мекунад: «Аммо бе имон ба назари Худо писанд омадан мумкин нест; зеро ҳар кӣ сӯи Худо меояд, бояд имон дошта бошад, ки Ӯ ҳаст, ва ба толибони Худ мукофот хоҳад дод» (Ибр. 11:6). Хеле одӣ, ҳамин тавр не? Имон — боварӣ ба он аст, ки Худо ҳаст ва Ӯ некӯст. Имон кадом як таҷрибаи мистикӣ, рӯъё ё овозе дар ҷангалзор нест. Ин интихоб аст — бовар кардан ба он ки Офаридгори ин ҷаҳон онро фаромӯш накардааст, ва Ӯ чун пештара торикиро бо нур равшан мекунад ва зоҳиршавии имонро подош медиҳад. Албатта, ин зан ҳеҷ гуна кафолат надошт. Ӯ ба мадади Исо фақат умед дошт… хеле хоҳини он буд, аммо аниқ намедонист, ки Ӯ вайро шифо медиҳад. Исо дар наздикӣ аст, ва Ӯ некӯст — ин ҳамаи он чи буд, ки вай медонист. Имон ҳамин аст. Имон боварӣ ба он нест, ки Худо мувофиқи хости шумо амал менамояд. Имон боварӣ ба он аст, ки Ӯ дуруст амал мекунад. «Хушо касоне ки тамоман бенаво шуда, ноилоҷ мондаанд ва радди маърака шудаанд, бемор ҳастанд, — гуфт Исо, — Подшоҳии осмон барои онҳост» (Мат. 5:6; тарҷумаи ман. — М.Л.). Дар хоҷагии Худо ҳама чиз сарнагун гузошта шудааст (не, дар хоҷагии худи мо ҳама чиз сарнагун гузошта шудааст, аммо дар хоҷагии Худо ҳама чиз ҳамон таврест, ки бояд бошад!) Худо мегӯяд, ки ҳолат ҳар қадар ноилоҷтар бошад, наҷот ҳамон қадар бештар имконпазир аст. Эҳтиёҷ ҳар қадар бештар бошад, дуо ҳамон қадар самимитар аст. Хона ҳар қадар ториктар бошад, рӯшноӣ ҳамон қадар бештар даркор аст. Ҳамин тариқ, ба нақл дар бораи соати ман бармегардем. Рӯзона ман ба рӯшноӣ дода тавонистани он аҳамият намедодам, аммо ҳуҷраам ҳар қадар ториктар шавад, ман ин хусусияти онро ҳамон қадар бештар қадр мекардам. Агар зани солим ба домани либоси Исо даст мерасонд, эҳтимол, ҳеҷ чизро ҳис намекард. Аммо зане ки сухан дар бораи ӯ меравад, хеле ва хеле бемор буд. Ва ҳангоме ки ноилоҷӣ ба некӯии Ӯ даст расонд, мӯъҷиза рӯй дод. Хизмати зан дар шифо ёфтанаш беандоза кам буд: ӯ фақат дасташро аз байни издиҳом дароз кард. «Агар ба ҷомаи Ӯ танҳо даст расонам, шифо меёбам…» Аммо дар ин вазъият на коре ки ӯ кард, балки он чиз муҳим аст, ки ӯ умуман коре кард. Ӯ қарор дод, ки дигар ягон рӯз ҳам бо беморӣ муросо накарда, амал менамояд. Шифоёбӣ он вақт сар мешавад, ки мо қарор медиҳем амал намоем. Шифоёбӣ он вақт сар мешавад, ки мо даст дароз мекунем. Шифоёбӣ он вақт сар мешавад, ки мо ба пеш қадам мегузорем. Мадади Худо дар наздикӣ аст, он ҳамеша дастрас аст, аммо фақат ба касоне дода мешавад, ки онро меҷӯянд. Аммо ноумедӣ мададгори бад аст. Воқеаи бузурги ин қисса шифоёбӣ буд, ва ҳақиқати бузург он буд, ки шифоёбӣ баъди даст расондан рӯй дод. Амали одӣ ба ин зани нотарс қувваи ғамхоронаи Исоро ошкор намуд. Нома нависед. Бахшиш пурсед. Ба адвокат занг занед Гуноҳи худро эътироф намоед Ба модаратон занг занед Ба қабули духтур равед Таъмиди обӣ гиред Гуруснаро сер кунед Дуо гӯед Таҷрибаи худро расонед Дар як ҷой наистед! Кореро ба ҷо оваред, ки имонатонро нишон медиҳад. Зеро имон бе амалҳо имон нест. Худо ҳатман ба дуоятон ҷавоб медиҳад. Ӯ ҳеҷ гоҳ зоҳиршавии имони ҳақиқиро сарфи назар накардааст. Ҳеҷ гоҳ. Худо имони далеронаро, ки худро ба хатар андохта метавонад, эҳтиром мекунад. Ҳангоме ки киштиҳо сохта мешаванд, ҳаётҳо наҷот дода мешаванд. Ҳангоме ки сарбозон роҳпаймоӣ мекунанд, деворҳои Ериҳӯ фурӯ меғалтанд. Ҳангоме ки даст асоро мебардорад, мавҷҳои баҳр аз ҳам ҷудо мешаванд. Ҳангоме ки нон пора карда мешавад, гуруснагии ҳазорон кас рафъ мегардад. Ва ҳангоме ки даст ба либос расонда мешавад (хоҳ дасти зани бемор аз Ҷалил бошад, ё дасти сокини Бангладеш, ки гадоӣ мекунад), Исо таваққуф мекунад. Ӯ таваққуф мекунад, то ки ба дархост дар хусуси мадад ҷавоб диҳад. Бовар намекунед? Аз Марқус пурсед. Ҳангоме ки зан ба либоси Масеҳ расид, ду воқеаи ғайриоддӣ рӯй дод, ки дигар дар ҳеҷ ҷои Китоби Муқаддас зикр намешавад, аммо Марқус ҳар дуои онҳоро сабт намудааст. Аввалан, шифоёбии зан пеш аз он рӯй дод, ки Исо инро дарк намояд. Қувваи Рӯҳулқудс аз Ӯ фавран ва ба таври автоматӣ берун шуд. Мисли он ки Падари Осмонӣ расиши кӯтоҳро ба амал овард, ва табиати илоҳии Масеҳ аз моҳияти инсонии Ӯ қадаме пештар гузашт. Эҳтиёҷи зиёди ин зан шифодиҳии Ӯро «ба кор даровард». Дар айни ҳол ҳеҷ гуна лавҳаҳои неонӣ ё нидоҳои хурсандӣ, ҳеҷ гуна давуғеҷ, шӯру ғавғо ё ҳангома. Шифодиҳии одии илоҳӣ. Чунон ки торикии зиёд барои дидани рӯшноии сусти соати ман имконият медод, ҷаҳони ба торикӣ фаро гирифташуда дурахши муҳаббати Худро «ба кор медарорад». Сониян, Исо ин занро духтарам номид. «Духтарам! Имонат туро шифо бахшид» (Марқ. 5:34). Ин ягона мавридест, ки Исо занеро духтарам номидааст. Тасаввур кунед, ки зан чиро эҳсос намуд! Кай бори охир ӯ дар ҳаққи худ суханони некро шунида буд? Кай бори охир чашмони ӯ бо нигоҳи дӯстдорона вохӯрда буданд? Нависандаи маъруфи рус Лев Толстой нақл кардааст, ки боре дар кӯча сайр карда, аз назди гадое гузашт. Ӯ ба вай пул доданӣ шуда, даст ба киса зад. Аммо кисааш холӣ буд. Толстой ба ӯ нигариста гуфт: — Бубахш, бародар, чизе надорам, ки ба ту диҳам. Дар ҷавоб гадо гуфт: — Шумо беш аз он чи ман хоҳиш кардам, додед. Шумо маро бародар номидед. Барои шахсе ки бо муҳаббат фаро гирифта шудааст, як сухани нек ба базми ҳақиқӣ табдил ёфта метавонад. Дар ҳақиқат Исо барои зан зиёфати пуршукӯҳе орост. Чунин ҳисобида мешавад, ки он зан кореро, ки Исо барояш кард, аз ёд набаровард. Ривоят мекунанд, ки ӯ Худовандро тарк накард ва ҳангоме ки Ӯ салибро бардошта ба Ҷолҷолто мебурд, дар баробари Ӯ қадам мезад. Баъзеҳо боварӣ доранд, ки ӯ Вероника ном дошт ва ӯ Худовандро дар роҳи салибӣ ҳамроҳӣ мекард, ва ҳангоме ки арақ ва хун пеши чашмони Исоро мегирифтанд, пешонии Ӯро пок мекард. Ламси Ӯ дар лаҳзаи эҳтиёҷи бузург занро шифо дод, ва дар лаҳзаи андӯҳи Ӯ зан хам шуда, азобҳои Ӯро сабук намуд. Мо намедонем, ки оё ин ривоят ҳақиқат аст ё не, аммо медонем, ки чунин буда метавонист. Ма намедонам, ки оё бо шумо чунин мешуд ё не, аммо медонам, ки чунин буда метавонист. БАРОИ АНДЕШАРОНӢ ВА МУҲОКИМА 1. «Идеяи хаёлӣ ва умеди густохона»-и зане ки дар Марқ. 5 тасвир ёфтааст, дар чист? Дар кадом мавридҳо ин зан ҳозир барои мо намуна буда метавонад? 2. Таърифи имонро, ки Макс Лукадо додааст, муҳокима намоед: «Имон боварӣ ба он аст, ки Худо ҳаст ва Ӯ некӯст». 3. Инак суханони Макс Лукадо: «Имон боварӣ ба он нест, ки Худо мувофиқи хости шумо амал менамояд. Имон боварӣ ба он аст, ки Ӯ дуруст амал мекунад». Оё ин изҳорот дуои шуморо тасҳеҳ карда метавонад? Чаро? 4. Оё рост аст, ки «имон бе амалҳо имон нест»? Ҷавоби худро асоснок намоед. 5. Оё барои шумо муҳим аст, ки Исо занеро, ки аз беморӣ азоб мекашид, «духтарам« номид? Оё ин ба муносибатҳои шумо бо Исо ягон хел таъсир мерасонад? Боби 6. Филиппус Дар ин миён, дар аснои роҳ, онҳо ба обе расиданд, ва хоҷасаро гуфт: «Инак, об; ба таъмид гирифтанам чӣ чиз монеъ мешавад?» Филиппус гуфт: «Агар аз таҳти дил имон оварда бошӣ, раво аст» Вай дар ҷавоб гуфт: «Имон дорам ки Исои Масеҳ Писари Худост». Аъм. 8:36–37 ХАРОБ НАМУДАНИ МОНЕАҲО Ҳаводорони футбол ғайратмандона мухлисони дастаи ҳариф мешаванд, чирлидерҳо бо ваҷд бозингарони ҳарифро дастгирӣ менамоянд, тренери дастаи рақобаткунанда бошад, бо тамоми қувва барои ғолиб шудани он ёрӣ мерасонад. Волидоне ки барои тамошои бозии фарзандонашон ба варзишгоҳ омада буданд, ҳарифони онҳоро хурсандона шодбош мегӯянд. Чӣ рӯй дода истодааст? Ҳамин тавр нақшаи тренери ҳимматбаланди футбол аз шаҳраки Грейпвайн, иёлати Техас, амалӣ гардид. Крис Ҳоган дастаи талабаҳои синфҳои болоии мактаби масеҳии маҳаллиро бо муваффақият машқ мекунонд. Ӯ 17 бозингар, таҷҳизот ва либосҳои варзишии хуб ва фаъолон аз ҷумлаи волидон дошт, ки тайёр кардани баннерҳоро бо ҷиддият назорат менамуданд, ба ҳар гуна ҷамъомадҳо мерафтанд, ва ба бозии дастаи худ нарафтани онҳо танҳо дар мавриди фавти онҳо имконпазир буд. Дастаи Ҳоган бо ҳисоби 7:2 бар дастаи мактаби давлатии Гейнсвилл ғолиб шуд, ва ин боиси ҳайрат набуд, зеро он бо дастаи ғолиб тамоман муқоисанашаванда буд. Таҷҳизот ва либоси варзишии футболбозон китфмонакҳои чармини бо намад пуркардашудаи ҳафтсола ва шлемҳое буданд, ки даҳсолаҳои охир нав карда нашудаанд. Илова ба ин, бозингаронро бо дастони кишанзада ба бозӣ меоварданд. Ва ба ҷои волидон бозиро дувоздаҳ афсари полис назорат мекарданд. Зеро ки мактаби Грейсвилл муассисаи ислоҳкунандаи реҷааш сахтгирона аст. Ин даста на варзишгоҳи худро дошт, на гурӯҳи дастгирӣ, ва ҳатто камтарин умед ба ғалаба надошт. Ҳамаи ҳашт бозии ин даста бо мағлубият анҷом ёфта буданд, ва дар тамоми сол ба ҳисоби даста ҳамагӣ ду тачдаун сабт шуда буд. Бовар кунед, ки чунин вазъиятро боинсофона номидан ғайриимкон аст. Бинобар ин тренер Ҳоган нақшаи «амалиёти махсус»-ро кор карда баромад. Ӯ ба ҳаводорони дастаи худ бо хоҳише муроҷиат намуд, ки фақат як бегоҳ ба нишастгоҳҳои муқобили варзишгоҳ гузаранд, то ки мухлисони дастаи ҳариф бошанд. Ба ин хоҳиши ӯ зиёда аз дусад нафар ихтиёриён розӣ шуданд. Нишастгоҳҳои Грейсвиллро ишғол намуда, онҳо ба қатори 36-метра саф кашида, плакати «Ба пеш, «Торнадо»!»-ро бардоштанд. Ин мухлисон, ки номҳои бозингаронро пешакӣ аз ёд карда буданд, дастаи Грейсвиллро дар майдон вохӯрда, онҳоро ном гирифта рӯҳбаланд менамуданд. Маҳбусон пештар ҳам мешуниданд, ки мухлисон номҳои онҳоро гирифта, нидо мекунанд, аммо ин дафъа ҳамааш тамоман дигар буд. Ҷералд, ҳуҷумкунандаи даста, ки ба муддати се сол маҳкум шуда буд, ин воқеаро чунин тафсир дод: «Умуман, ҳангоме ки мо ба майдон мебароем, дар нишастгоҳҳо нишастагон аз мо каме метарсанд. Ин аз чашмони онҳо маълум аст. Онҳо ба мо чун ба ҷинояткорон менигаранд. Аммо ин дафъа одамон номҳои моро гирифта, дар ҳақиқат моро рӯҳбаланд карданӣ буданд!» Аз рӯи анъана, пас аз бозӣ дастаҳо дар маркази майдон барои дуои якҷоя ҷамъ шуданд. Яке аз бозингарони дастаи маҳбусон иҷозат хост, ки дуоро ба забон оварад. Ҳоган розӣ шуд, агарчи намедонист, ки баъд чӣ мешавад. — Худованд, — сар кард дуоро он ҷавон, — намедонам, ки ин чӣ гуна рӯй дода метавонист, ва намедонам, ки чӣ гуна Туро барои ин шукргузорӣ намоям, аммо ман тасаввур ҳам карда наметавонистам, ки ин қадар одамонеро вомехӯрам, ки нисбат ба мо бепарво нестанд. Аммо мухлисони Грейсвилл нақшаи Ҳоганро на то ба охир иҷро карда буданд. Пас аз бозӣ, онҳо дар назди автобуси дастаи Грейсвилл ҷамъ шуда, онҳоро таҳсину офарин гуфтанд ва ба ҳар як бозингар тӯҳфа доданд: гамбургер, картошкаи фрӣ, конфетҳо, як банка нӯшокии газнок, Китоби Муқаддас ва кафкӯбиҳо. Ҳангоме ки автобуси ҳабсхона аз таваққуфгоҳ мерафт, фулболбозон ба шишаҳои автобус часпида, фикр мекарданд, ки чӣ чиз онҳоро ҳайрон кардааст? Ин кори дастаи мутахассисони ҳақиқӣ буд, ки «Нест бод бетаҳаммулӣ!» ном дошт. Супориши онҳо чӣ буд? Ақидаи нодурусти пешакиро барҳам задан. Силоҳи онҳо? Аниқ ба нишон мерасонад: «Ту шахси беаҳамият нестӣ» ва «Касе ҳаст, ки ту ба Ӯ даркор ҳастӣ». Мақсади онҳо? Хароб намудани монеаҳое ки фарзандони Худоро аз ҳам ҷудо мекунанд. Ҷаҳони шуморо кадом монеаҳо ҷудо мекунанд? Масалан, шумо аз як тараф, аз тарафи дигар — кӣ? Кист он касе ки сарфи назар кардани ӯ ва ҳатто бо нафрат ба ӯ нигоҳ карданро ба шумо омӯхтаанд? Сардор, ки дар суратҳисобаш пули зиёде ҳаст? Муҳоҷире ки талаффузи душворфаҳм дорад? Шахсе ки ақидаҳои сиёсияш ба шумо маъқул нест? Гадое ки ҳар рӯзи якшанбе дар назди дари калисоятон нишастааст? Ё сомариён, ки берун аз ҳудуди Уршалим зиндагӣ мекунанд? Биёед дар бораи монеаи ба қадри кофӣ қадимӣ ва баланд гап мезанем. Яҳудиён, чунон ки аз Инҷили Юҳанно бармеояд, бо сомариён муошират намекарданд (ниг.: Юҳ. 4:9). Ду халқ дар давоми садсолаҳо аз ҳамдигар нафрат доштанд. Ин душмании бардавом боиси айбдоркуниҳо дар муртадӣ, оиладоршавӣ бо пайравони динҳои дигар ва вайрон кардани вафодорӣ ба маъбад гардида буд. Сомариён ба рӯйхати сиёҳ дароварда шуда буданд. Катҳои онҳо, асбобу анҷоми хона, ҳатто оби даҳони онҳо нопок ҳисобида мешуд. Ҳеҷ як яҳудии мӯътақид аз сарзамини онҳо гузашта намерафт, ва бисёриҳо роҳи ду баробар дарозтарро афзал медонистанд, то ки аз Сомария гузашта нараванд. Бо вуҷуди ин Исо қоидаҳои тамоман дигар дошт. Ӯ қисми зиёди рӯзро дар ҳудуди зани сомарӣ гузаронд, оби аз чоҳ кашида баровардаи ин занро нӯшид, ва ба саволҳои ӯ ҷавоб дод (ниг.: Юҳ. 4:1–26). Ӯ манъи қатъиро сарфи назар намуд. Ҳар чи гӯед ҳам, Исо хароб кардани монеаҳоро хеле дӯст медорад! Аз ҳамин сабаб Ӯ Филиппусро ба Сомария равон кард. Чунончи Филиппус ба як шаҳри Сомария омада, ба онҳо Масеҳро мавъиза мекард; мардум ба суханони Филиппус якдилона гӯш медоданд ва мӯъҷизаҳоеро, ки ба амал меовард, мешуниданд ва медиданд; зеро ки рӯҳҳои нопок аз бисёр мубталоён наъра кашида берун мешуданд, ва фалаҷшудагону лангони бисёре шифо меёфтанд <…> Лекин вақте ки ба башорати Филиппус дар бораи Подшоҳии Худо ва исми Исои Масеҳ имон оварданд, мардон ва занон таъмид гирифтанд. Аъм. 8:5–7, 12 Хабари ҳангомадор: дар шаҳр бедоршавӣ сар шуд! Петрус ва Юҳанно дар бораи воқеаҳои он ҷой шунида, Уршалимро тарк карданд ва ба Сомария равоан шуданд, то дар ин чиз иштироки фаъолона намоянд. «…Ва чун омаданд, барои онҳо дуо гуфтанд, то ки Рӯҳулқудсро қабул кунанд: зеро ки Рӯҳ ҳанӯз бар ҳеҷ кадоме аз онҳо фуруд намомада буд, балки фақат ба номи Исои Худованд таъмид ёфта буданд; пас, дастҳои худро бар сари онҳо гузоштанд, ва онҳо Рӯҳулқудсро қабул карданд» (Аъм. 8:15–17). Гардиши шавқовари воқеаҳо, ҳамин тавр не? Чаро бар сомариён Рӯҳулқудс фуруд наомад? Охир, дар рӯзи Пантикост Петрус ба ҳамаи онҳое ки тавба карда, бо об таъмид меёбанд, атои Рӯҳулқудсро ваъда дода буд-ку. Пас факти дар Инҷили Луқо сабтёфтаро, ки сомариён бо об таъмид гирифтанд, аммо дар айни замон таъмид бо Рӯҳулқудсро аз сар нагузаронданд, чӣ гуна маънидод кардан мумкин аст? Хеле одӣ: барои ҷашн гирифтани воқеаи таърихӣ — фурӯ ғалтидани девор. Бори аввал дар таърихи инсоният Инҷил дар девори қадимии хурофотҳо рахна ба вуҷуд овард. Худованд ин воқеаи назаррасро бо ҷамъомади тантанавии мардуми зиёд дар кӯчаҳои шаҳр қайд накарда наметавонист. Ҳамчун нишонаи оштӣ Ӯ пояндоз густурда, ҳаввориёни худро фиристод, то ки бедоршавии ба амал омадаро тасдиқ намоянд ва бар сомариён дастҳояшонро гузоранд, то ҳеҷ шубҳа боқӣ намонад, ки Худо ҳама гуна одамро қабул мекунад. Аммо Худованд ҳанӯз нақшаи худро то ба охир амалӣ накарда буд. Ӯ Филиппусро бо вазифаи нави фарҳангӣ фиристод. Фариштаи Худованд ба Филиппус гуфт: «Бархез ва ба тарафи ҷануб, ба роҳе ки аз Уршалим сӯи Ғазза меравад, ва роҳи биёбон аст, равона шав». Бархост ва равона шуд. Ва инак, шахси ҳабашӣ, хоҷасаро ва кабири Кандока маликаи Ҳабаш, нигоҳбони тамоми хазинаи вай, ки ба Уршалим барои ибодат омада буд, ба ватан бармегашт ва бар аробаи худ нишаста, китоби Ишаъёи пайғамбарро мехонд. Рӯҳ ба Филиппус гуфт: «Наздик биё ва ба он ароба ҳамроҳа шав» Аъм. 8:26–29 Филиппусро аз хоҷасарой якчанд монеаҳо ҷудо мекарданд. Монеаи якум монеаи нажодӣ буд: хоҷасарои ҳабашӣ ба нажоди негроид тааллуқ дошт, Филиппус бошад — ба нажоди европеоид, яъне ранги пӯсти онҳо фарқ дошт. Дуюм — ҳудудӣ: дарборӣ аз Африқои дурдаст буд, Филиппус бошад — сокини маҳаллии кишвари пуршукӯҳ дар Шарқи Наздик. Сеюм — иҷтимоӣ: дарбории маликаи Ҳабаш шахси сарватманд буд, то ба маҳалҳои дур сафар кунад, Филиппус бошад гурезаи аз Уршалим рондашуда буд. Ниҳоят, фарқи сатҳи тестостеронро низ аз мадди назар дур кардан лозим нест. Филиппус, чунон ки баъд мефаҳмем, падари чор духтар буд (ниг.: Аъм. 21:9), дарбории малика бошад хоҷасарой буда, на зан дошт, на фарзандон, на умеде ки дар оянда соҳиби зану фарзандон мешавад. Новобаста ба он ки ин чӣ ном дорад, ин монеаи чорум аст. Хулоса, ин ду шахс одамони тамоман гуногун буданд. Аммо Филиппус бе ҳеҷ шубҳа «…даҳони худро кушод ва аз ҳамон Навишта сар карда, ба ӯ аз Исо башорат дод. Дар ин миён, дар аснои роҳ, онҳо ба обе расиданд, ва хоҷасаро гуфт: «Инак, об; ба таъмид гирифтанам чӣ чиз монеъ мешавад?» (Аъм. 8:35, 36). Саволи беҳуда не. Дарбории ҳабашӣ аз исроилии сафедпӯст, ки тамоман асилзода нест, мепурсад, ки оё он чиро, ки ин ношинос дорад, ба даст оварда метавонад? Филиппус чунин гуфта метавонист: «Ба саволи ту ҷавоб медиҳам, ки ҳа, маҳдудиятҳо ҳастанд. Бубахш, аммо даромадани ту барин одамон мумкин нест». Аммо ӯ, яке аз таъсисдиҳандагон ва узви фаъоли гурӯҳи «Нест бод таҳаммулнопазирӣ!», монеаро хароб намуда, гуфт: «Агар аз таҳти дил имон оварда бошӣ, раво аст». Дарборӣ дар ҷавоб гуфт: «Имон дорам ки Исои Масеҳ Писари Худост» (Аъм. 8:37). Шумо хеле хуб медонед, ки баъд чӣ рӯй дод: хоҷасарой ҳуштаккашон оҳанги суруди «Исо маро дӯст медорад»-ро замзама карда, аз об баромад; Филиппус ба супориши навбатӣ равона шуд; калисо бошад аввалин имондори ғайрияҳудиро ба сафи худ қабул намуд. Аммо мо каме ҳайрон шудаем. Бо ин боб чӣ кунем? Сомария, дастгузории Петрус ва Юҳанно, фуруд омадани Рӯҳулқудс, баъд Ғазза, дарбории маликаи Ҳабаш, Филиппус — ҳамаи ин дар бораи чист? Дар бораи он аст, Худованд ба шахсе ки дар он тарафи монеа аст, чӣ гуна ҳиссиёт дорад. Зеро ки Ӯ осоиштагии мост, ки ҳар дуро як гардонд ва девори ҷудоиро, яъне душманиро дар Бадани Худ хароб кард, ва шариати фармудаҳоро, ки аз амрҳо иборат буд, бекор кард, то ки дар Худ аз ҳар ду як одами навро ба вуҷуд оварда, осоиштагӣ барқарор намояд, ва ба воситаи салиб дар як ҷисм ҳар дуро бо Худо оштӣ диҳад ва душманиро бикушад Эфс. 2:14–16 Салиби Масеҳ ҷамъияти нави одамонеро бунёд менамояд, ки ба ранги пӯст ё ба душмании оилавӣ аҳамият намедиҳанд. Шаҳрвандони навро на аслу насаби умумӣ ё кишваре ки дар он сокин ҳастанд, ба ҳам мепайвандад, онҳоро Наҷотдиҳандаи умумӣ мепайвандад. Дӯсти ман Бакнер Фаннинг инро аз рӯи таҷрибаи шахсӣ медонад. Ҳангоми ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ӯ дар базаи ҳарбии баҳрӣ хизмат мекард, ки дар Нагасакӣ се ҳафта пас аз бомбаборони ҳастаӣ ҷойгир шуда буд. Сарбози ҷавони амрикоиро дар байни харобаҳои шаҳри хоку туробшуда тасаввур кунед. Кӯчаҳо пур аз қурбониёни шуои радиоактивӣ мебошанд. Боришоти радиоактивӣ бо борон бар шаҳр меборанд. Дар ҳама ҷо ҷасадҳои сӯхтаи сиёҳшуда. Зиндамондаҳо дар кӯчаҳо базӯр қадам зада, хешовандонашон, хӯрок, умедро меҷӯянд. Сарбози ғолиб нисбат ба касоне ки ҳамчун соя дар шаҳри мурда мегарданд, на тантана, балки ҳамдардиро ҳис мекунад. Ногоҳ, ба ҷои хашм ва хоҳиши қасос гирифтан аз ӯ барин касон, Бакнер воҳаи файзи ҳақиқиро ёфт. Ҳангоми назорат намудани кӯчаҳо дар яке аз биноҳои вайроншуда ӯ лавҳачаеро ёфт, ки дар он ба англисӣ навишта шуда буд: «Калисои методистӣ». Он ҷойро дар ёд нигоҳ дошта, ӯ қарор дод, ки рӯзи якшанбеи наздиктарин ба он ҷо бозгардад. Ва ҳангоме ки рӯзи якшанбе фаро расид, сарбози ҷавон ба остонаи калисои нимвайрона қадам зад. Тирезаҳо канда шуда ғалтидаанд, деворҳо афгор шудаанд, ӯ бар фарши пур аз шикастапораҳо қадам мезад ва намедонист, ки ӯро чӣ гуна қабул мекунанд. Тақрибан 15 нафар японҳо ба хизматгузорӣ тайёрӣ дида, курсиҳоро ҷо ба ҷо мегузоштанд ва шикастапораҳои биноро бартараф менамуданд, аммо Бакнерро дида, онҳо бозистоданд ва ӯро аз назар гузарондан гирифтанд. Дӯсти ман ба забони японӣ фақат як калимаро мефаҳмид, ва ӯ маҳз онро шунид: бародар. «Онҳо маро чун бародар пешвоз гирифтанд», — нақл мекард Бакнер, ва баъди қариб шаст сол аз замони он воқеаҳо, қувваи он лаҳзаи авҷ то ҳол эҳсос ҳис карда мешавад. Ба меҳмон пешниҳод намуданд, ки бинишинад. Бакнер Китоби Муқаддаси худро кушод ва аз мавъиза ягон суханро нафаҳмида, гӯш мекард ва мушоҳида менамуд. Ҳангоми чашидани нон ва май яке аз масеҳиён нон ва майро ба ӯ дароз кард. Дар ин лаҳза фариза ба ҷо оварда шуд, ва душмании байни ду халқ ва азобҳое ки аз боиси ҷанг расонда шуда буданд, рафъ карда шуданд, ҳангоме ки як масеҳӣ бадан ва хуни Масеҳро (нон ва майро) ба масеҳии дигар расонд. Боз як девор барҳам хӯрд. Боз кадом деворҳо ҷаҳони шуморо ҷудо мекунанд? Брайан Оверкаст ҳамчун директори маркази NOE (New Opportunities in Education — имкониятҳои нав дар таҳсилот) монеаҳоро дар Морелия, дар Мексика хароб менамояд. Брайан ва дастаи ӯ дар ҳалли масъалаи муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба ИМА тарзи корбурди навро пешниҳод намуданд. Кормандони он ба қарибӣ ба ман чунин гуфтанд: «Мексикоиҳо сарҳадро вайрон карданӣ нестанд. Онҳо бо хушнудӣ дар хона мемонданд, аммо аз чунин имконият маҳруманд, зеро дар он ҷо кор ёфта наметавонанд. Аз ҳамин сабаб мо ба онҳо забони англисиро таълим медиҳем. Агар онҳо забони англисиро донанд, метавонанд ба яке аз донишгоҳҳои арзони маҳаллӣ дохил шуда, дар кишвари худ кор ёбанд. Касе дар муҳоҷирони ғайриқонунӣ мушкилотро мебинад, мо бошем имкониятҳоро мебинем». Инак боз як девор барҳам хӯрд. Агар мо аз ақидаҳои нодурусти пешакии худ даст накашем, зинда монда наметавонем. Сомариён ва хоҷасароёни ҳабаши мо киҳоянд? Аз киҳо канораҷӯӣ кардан ва эҳтиёт шуданро ба мо ёд додаанд? Вақти он расидааст, ки аз ин девор якчанд хиштро кашида барорем. Шод бошед, ҳангоме Худованд шуморо ба Сомарияи худатон равона мекунад, ки аз ҷиҳати ҷуғрофӣ на он қадар дур аст, аммо шумо дар он ҷо касонеро вомехӯред, ки тарзи зиндагӣ, забон ё анъанаҳояшон хеле фарқ мекунанд. Ва хоҷасарои ҳабаширо, яъне шахсеро, ки ба шумо монанд нест, аммо самимӣ аст, вохӯрда, ӯро рад накунед. Ба мақоми иҷтимоӣ, нажод, ҷинс, ақидаҳои сиёсӣ, ҷуғрофия ё фарҳанг имкон надиҳед, ки ба кори Худо халал расонад. Ва ниҳоят, ҳамаи гуфтаҳои болоро ҷамъбаст мекунем: агар мо ба нишастгоҳҳои тарафи дигари варзишгоҳ гузашта, мухлисони дастаи ҳариф шавем, ҳама ғалаба мекунанд. БАРОИ АНДЕШАРОНӢ ВА МУҲОКИМА 1. Филиппус ба Сомария равона шуд, ва файзи Худо монеаҳоро байни яҳудиён ва сомариён барҳам дод. Макс Лукадо савол медиҳад: «Кадом монеаҳо ҷаҳони шуморо ҷудо мекунанд?» Кадом монеаҳо дар фарҳанги шумо афзалият доранд? Кадом қоидаҳои нонавиштаи ҷудокунӣ ақидаи пешакии шуморо ғизо медиҳанд? Ин девор аз кай инҷониб вуҷуд дорад? Сабабҳои асосии мавҷудияти он чиҳо мебошанд? Чаро он то ҳол хароб карда нашудааст? 2. Худро бо воситаҳое тасвир намоед, ки Макс Лукадо барои тасвири Филиппус истифода бурдааст (ранги пӯст, маҳалли зист, вазъи молиявӣ, муносибатҳо ва ғайра). Акнун касеро тасвир намоед, ки аз рӯи ҳамаи ин категорияҳо баръакси шумост. Шахси маъруферо номбар намоед, ки ҳамин гуна тавсифот дорад. 3. Оё мо, масеҳиён, мувофиқи он чи дар Ғал. 3:28, 29 гуфта шудааст, зиндагӣ мекунем ва оё деворҳои ҷудокунандаро хароб менамоем? Дар кадом соҳа мо ба муваффақият ноил шудаем? Дар кадом соҳа ноком шудаем? 4. Ба шахсе ки дар он тарафи монеа мебошад, чӣ тавр бояд нишон диҳед, ки нисбат ба ӯ бепарво нестед? Дилсӯзии худро чӣ гуна нишон дода метавонед? 5. Ақидаҳои нодурусти пешакии худро эътироф намоед. Вақт ёбед, то дар ин бора оромона фикр кунед. Рӯйхати гурӯҳҳои иҷтимоӣ ё шахсони алоҳидаро тартиб диҳед, ки нисбат ба онҳо ақидаи пешакии нодуруст дошта метавонед. Дуо гӯед, аз Худо хоҳиш намоед, ки дилатонро дигаргун намояд. ва баъд рӯйхатро даронда, озодиеро, ки дар натиҷаи холисона қабул кардани атрофиён меояд, қабул намоед. Боби 7. Шахси шал Пас аз чанд рӯз Ӯ боз ба Капарнаҳум омад; овоза шуд, ки Ӯ дар хона аст. Дарҳол мардуми бисёр ҷамъ омаданд, ба андозае ки назди дари хона низ дигар ҷой набуд; ва Ӯ ба онҳо сухан мегуфт. Ва назди Ӯ бо марди шале омаданд, ки вайро чор кас бардошта буданд; ва чун ба сабаби бисёрии мардум ба Ӯ наздик омада натавонистанд, боми он ҷоеро, ки Ӯ буд, кушода шикоф карданд ва бистареро, ки марди шал дар болояш хобида буд, поён фуроварданд. Чун Исо имони онҳоро дид, ба марди шал гуфт: «Эй фарзанд, гуноҳҳои ту бахшида шуданд». Баъзе китобдонон, ки дар он ҷо нишаста буданд, дар дили худ андеша доштанд, ки «чаро Ӯ дар ҳаққи Худо чунин бадгӯӣ мекунад? Ғайр аз Худои ягона кист, ки гуноҳҳоро бахшида тавонад?» Исо дарҳол дар рӯҳи Худ дарёфт, ки онҳо чунин андеша доранд, ва ба онҳо гуфт: «Барои чи дар дили худ ин тавр андеша доред?» Кадомаш осонтар аст: ба ин шал гуфтани он ки «гуноҳҳои ту бахшида шуданд», ё гуфтани он ки «бархез, бистари худро бардор ва равона шав»? Лекин то бидонед, ки Писари Одам дар рӯи замин қудрати бахшидани гуноҳҳоро дорад», — ба он шал гуфт: «Ба ту мегӯям: бархез, бистари худро бардор ва ба хонаи худ равона шав». Вай дарҳол бархост ва бистари худро бардошта, дар пеши назари ҳама равона шуд, ба тавре ки ҳама ҳайрон шуданд ва Худоро ситоишкунон гуфтанд: «Монанди инро ҳаргиз надидаем» Марқ. 2:1–12 ЧӢ ЧИЗ БАРОИ ХУДО ОСОНТАР АСТ? Дурахши муҳаббат. Лаҳзае фикр кунед — ин чист? Маънои калимаи дурахшидан ба ҳама маълум аст — ин нури равшанест, ки офтоб, ситораҳо, шамъҳо меафкананд. Кам касон дурахши шимолӣ ном феноменро дидаанд, аммо албатта шунидаанд. Касе бо дурахши ақл ном мафҳум шинос аст. Аммо ҳама бе истисно ақаллан як бор дар ҳаёташон дурахши муҳаббатро аз сар гузарондаанд. Шояд шумо онро андаке дигар хел меномидед, аммо албатта аз сар гузарондаед. Дурахши муҳаббати ногаҳонӣ, пурэҳтиром, хомӯшнашаванда, вафодорона, пурҳарорат. Шояд ман намунаи беҳтареро меёбам? Шумо бо шавҳаратон ба меҳмонӣ, ба яке аз шабнишиниҳое даъват шудаед ки он ҷо одатан рост истода хӯрок мехӯранд, ва дар ҳуҷраи қабули меҳмонон ба гурӯҳҳои хурд-хурди аксаран ҳамҷинсон тақсим шуда, муошират мекунанд. Шумо ба яке аз гурӯҳҳои занон ҳамроҳ мешавед, шавҳаратон бошад дар канори дигари ҳуҷра ҳамфикронашро пайдо мекунад. Дар гурӯҳи шумо мавзӯи сӯҳбат шавҳарон мебошанд. Ҳама дар ин масъала зуд ба хулосаи якдилонаи манфӣ омаданд. Ҳар як зан шикоят кард, ки шавҳараш ё беҳад зиёд бо бозии голф машғул мешавад, ё ҷӯробҳояшро дар ҳама ҷои хона мепартояд, ё то дергоҳ дар ҷои кор мемонад. Аммо шумо хомӯш ҳастед, чунки ҳеҷ гапи гуфтанӣ надоред. Албатта, шавҳаратон аз камолот дур аст, аммо даҳшатнок ҳам нест. Амалан, дар муқоиса бо он мардоне ки сухан дар бораи онҳо рафт, ӯ фаришта аст. Ӯ уребчаҳои кӯдаконамонро бо муваффақият иваз мекард, клюшкаҳои голфи ӯ бошанд аз вақти таваллуд шудани кӯдаки аввалинамон дар чердак чанг зер карда хобидаанд. Шумо ба канори дигари ҳуҷра менигаред, ва ба таври ғалатӣ галстукашро дуруст кардани шавҳаратонро дида, табассум менамоед. Ӯ пештара барин зебост, чун дар ҳамон рӯзе ки бо ӯ шинос шудед. Шояд миёнаш каме ғафстар шудааст ва мӯйҳояш камтар шудаанд, аммо шумо ба ин ҷузъиёти ночиз аҳамият намедиҳед. Шумо фақат мардеро мебинед, ки дили шуморо рабудааст. Ва агар ногоҳ барои ба ӯ изҳор намудани он ки то чӣ андоза хушбахт ҳастед, то Хитой бо қаиқ шино карда рафтанатон лозим ояд, шумо фикр накарда, бели қаиқрониро ба даст мегиред. Ин дурахши муҳаббат аст. Инак намунаи дигар. Худоё, шумо кайҳо инҷониб кӯдакро дар даст нагирифтаед! Муддати тӯлонӣ дар хонаатон тифлони ширхор набуданд. Писаратон бо занаш ба куҷое рафтанӣ шуда, хоҳиш карданд, ки кӯдакашонро нигоҳубин кунед. Занатон барои харидани омехтаи ширӣ ба мағоза давида рафт, ва шумо бо ин мавҷуди хурдакак танҳо мондед. Ӯ якчанд рӯз пеш таваллуд шудааст, ва аз сигоре ки шумо ба дӯстон пешкаш мекунед, сахттар бо парпеч печонда шудааст. Ӯро дар дастонатон дошта, алла мегӯед ва дарк мекунед, ки бори аввал бо ӯ танҳо мондаед. Аз боиси ҳамаи ин давуғеҷҳо, табриккуниҳо ва боздидҳои дӯстон шумо фақат ҳозир чунин имкон пайдо намудед. Шумо ба креслои худ нишаста, кӯдакро чунон тоб медиҳед, ки рӯяшро бинед, ва дар бораи оянда — ояндаи ӯ — андеша мекунед. Қадами аввалин, бӯсаи аввалин, футбол, донишгоҳ — дар бораи он чи ӯро дар пеш аст — дар ҷаҳоне ки дар он нохушиҳо моро дар ҳар як гӯша интизоранд. Чашмони хурди ӯ, бинии ӯро аз назар гузаронда, шумо монандии оилавиро пай мебаред, ва ин шуморо то умқи дил мутаассир мекунад. Ҳисси ногаҳонии дилбастагии зиёд шуморо чун зарбаи барқ зада мегузарад, ва дар айни замон шумо дарк мекунед, ки агар лозим шавад, бо худи иблис дастбагиребон мешавед, то кӯдакеро, ки номи шуморо дорад, ҳифз намоед. «Ҳамааш хуб мешавад, — мешунавед шумо ваъдаеро, ки ба набераи хобидаатон медиҳед. — Ҳар чи шавад ҳам, дар ёд нигоҳ дор, ки ман дар наздат ҳастам. Ҳамааш хуб мешавад». Оё як намунаи дигар овардан мумкин аст? Шумо ба хона бо табъи хира омадед, зеро мӯҳлати анҷомёбии лоиҳа қариб ба охир расидааст, лекин ҳанӯз корҳои зиёдеро ба ҷо овардан даркор аст. Занатон ҳам ба хона бо табъи хира омадааст, чунки ҳамшираи шафқат ба духтари панҷсолаатон дору доданро фаромӯш кардааст. Ҳар яке интизори дилсӯзӣ аз ҷониби ҳамсар буд, аммо бенатиҷа. Ва инак шумо, озурдахотир ва асабонӣ, дар сари дастурхон нишастаед, ва дар байни шумо Эмилии хурдакак. Вай барои дуо гуфтан кафҳои дастонашро ба ҳам ҷафс кардааст (ба ӯ ҳамин тавр ёд додаанд), ва ҳар дуи шумо сарҳоятонро хам намуда (аммо на дилҳоятонро), гӯш мекунед. Барои саволи беназокат узр мепурсам, дуои шумо аз куҷо бармеояд? Худо медонад. — Худованд, ин манам, Эмилӣ. Корҳоят чӣ тавр? Корҳои ман хубанд, ташаккур. Аммо табъи падару модарам хира аст, ва ман намедонам, ки ин аз чӣ сабаб аст. Мо парандаҳо, бозичаҳо, пюреи картошкагӣ дорем, ва боз мо якдигарро дорем. Шояд ту чунин мекунӣ, ки онҳо озурдахотир буданро бас кунанд? Илтимос, чунин кун, вагарна ин бегоҳ, ғайр аз ману Ту, ҳама озурдахотир хоҳанд буд. Омин. Ҷавоби ин дуоро шумо пеш аз тамом шудани он ба даст овардед; ҳар дуятон дар миёнаи дуо сарҳоятонро бардоштед, дар охири он хандидед ва ба аломати тасдиқ сар ҷунбонда, аз якдигар бахшиш пурсидед. Ва ҳар ду аз Худо барои овози кӯдакона шукргузорӣ намудед, зеро он ба шумо ёдрас намуд, ки дар асл чӣ чиз аҳамият дорад. Дурахши муҳаббат ҳамин тавр амал мекунад. Ӯ ба мо ёдрас мекунад, ки дар асл чӣ чиз аҳамият дорад. Ин монанди телеграммаи сари вақт гирифташуда аст: «Ганҷеро, ки ба ту дода шудааст, қадр кун». Ин чист, пичирроси фаришта ё дигар фиристодаи осмон, ки ҳақиқати одиро ёдрас мекунад? Он чи мо дорем, аз он чи мо мехоҳем, муҳимтар аст; ва он чи чун бори гарон аст, бароямон умуман аҳамият надорад. Ин дурахши муҳаббат аст. Инро шумо медонед, ман ҳам медонам. Эҳтимол, шумо ҳайрон мешавед, аммо Исо низ инро хеле хуб медонад. Дар он рӯзе ки Исо шахси фалаҷшударо вохӯрд, муҳаббат хеле равшан дурахшид. Шахси фалаҷшуда на роҳ гашта метавонист, на барои рост истодан қувват дошт: пойҳои ӯ каҷ шуда буданд, баданаш бешакл гашта буд. Ӯ рӯзи дароз нишаста мушоҳида мекард, ки чӣ тавр ҷаҳон аз пеши назараш бо шитоб гузашта меравад. Шояд ӯ аз тифлӣ шал буд. Дар он вақте ки ҳамсолонаш медавиданд ва меҷастанд, ӯ базӯр қошуқро ба даҳонаш наздик бурда метавонист. Ва ҳангоме ки бародарон ва хоҳаронаш гуфтугӯ мекарданд ва суруд мехонданд, сухангӯии ӯ муҷмал ва нофаҳмо буд. Шояд ӯ ҳеҷ гоҳ намедонист, ки солим будан чист. Ё шояд медонист. Шояд замоне ӯ солим буд ва на бо маъюбӣ, балки бо чусту чолокии худ маъруф буд? Шояд дар давидан аз ҳама пеш мегузашт? Аз ҳама боқувваттар буд? Шояд замоне дар деҳаи онҳо ҳар як писарбача орзу мекард, ки монанди ӯ бошад? Баъд ӯ афтид, шояд ба ҷарӣ ғелида рафт, ё дар зинапоя пешпо хӯрда афтид. Сараш аз дард гӯё мекафид, аммо аз ҳама бадтар он буд, ки ӯ на дастонашро ҷунбонда метавонист, на пойҳояшро; дар як лаҳза узвҳои баданаш бефоида шуда монданд. Ӯ пойҳояшро медид, аммо ҳис намекард. Хоҳ ӯ шал таваллуд шуда бошад, хоҳ баъд шал шуд, натиҷааш як буд — вобастагии пурра ба атрофиён. Ягон кас бояд ӯро мехӯронд ва шустушӯй мекунонд. Ӯ ба сайру гашт рафта наметавонист. Акнун ӯ фақат дар хоб медавид, он ҳам баробари бедор шудан ба охир мерасид. Баъд аз ин муддати зиёд хобаш намебурд, зеро хобҳо барои ӯ боз як азоб гардида буданд. — Ба ӯ бадани нав даркор аст, — гуфта метавонист ягон каси каму беш бофаҳм. — Худо лаёқатҳоеро, ки ӯ ба таври фоҷиавӣ аз даст дода буд, — даст ҷунбондан ва рақсиданро, — ба ӯ бозгардонда метавонист. Ба шал нигариста, ҳама на одамро, балки бадани маъюбро медиданд, ки ба шифои муъҷизаосо эҳтиёҷ дорад. Инро одамон медиданд, аммо на Исо. Дӯстони шахси шал инро албатта медиданд, аз ҳамин сабаб кореро карданд, ки ҳар як шахс барои дӯсти худ мекард. Онҳо ба ӯ ёрӣ доданӣ шуданд. Овозае паҳн шуд, ки дар шаҳр дуредгаре пайдо шудааст, ки муаллим шудааст. Мегуфтанд, ки Ӯ мӯъҷиза ба амал оварда метавонад. Ва ҳангоме ки овоза паҳн мешавад, одамон меоянд. Ва тӯдаҳои эҳтиёҷмандон аз деҳаҳои Исроил ба он шаҳр раҳсипор шуданд. Омадагон ба сарбозони аз майдони ҷанг омада монанд буданд: латтабандшудаҳо, лангон, нобиноҳо. Дар ин ҷо пирамардони бедандони чеҳраҳояшон сурхи бунафштоб, ҳамсарони ҷавони кӯдакони кар дар даст, занҳои нозой буданд — чунин метофт, ки тамоми ҷаҳон барои он ҷамъ омадааст, ки ба мавҷудият ва ёрӣ дода тавонистани Ӯ, ё ба ҳар ду боварӣ ҳосил намояд. Дӯстони шахси шал ба маҳалле омаданд, ки Исо дар он ҷо буд. Хонае ки Исо дар он ҷо таваққуф намуд, пур аз одамон буд. Одамон дар назди дар тӯда шуда буданд, кӯдакон дар тоқчаҳои пеши тирезаҳо ё бар китфони волидонашон нишаста буданд. Бигӯед, ки чӣ тавр ин гурӯҳи одамон бо дӯсти шали худ диққати Исоро ҷалб карда метавонистанд? Дӯстон дар назди интихоб истода буданд: дароянд ё раванд? Чӣ мешуд, агар онҳо қарор медоданд, ки ба тақдир тан дода, раванд? Чӣ мешуд, агар онҳо китфонашро дарҳам кашида, шикоят мекарданд, ки одамон торафт бештар омада истодаанд, хӯроки нисфирӯзӣ хунук шуда истодааст, ва пас гашта мерафтанд? Дар ниҳояти кор, онҳо бе ин ҳам кори нек карданд, зеро ин қадар масофаи зиёдро тай карда омаданд. Кӣ онҳоро барои рафтанашон таъна карда метавонист? На ҳар кас барои барои дӯсташ ин қадар мекунад. Аммо ин дӯстон ақиб гаштанӣ набуданд. Яке аз онҳо фикри худро баён намуд: онҳо бояд ба боми хона баромада, онро сӯрох кунанд ва бо ёрии тасмаҳо шалро ба поён, ба ҳуҷра фароранд. Ин хатарнок буд, дӯстон метавонистанд афтанд. Низ дӯсташон аз дасти онҳо афтида метавонист. Ин гӯшношунид буд, сӯрох кардани боми хонаи бегона, — ин амали зиддиҷамъиятӣ буд. Ва ниҳоят, ин густохона буд, зеро Исо ҳақиқатан банд буд. Аммо ин ягона имконияти дидани Исо буд, бинобар ин онҳо ба боми хона баромаданд. Имон бисёр вақт чунин корҳои аз ақл берунро мекунад. Имон пешгӯинашаванда аст. Ва имон диққати Худоро ҷалб мекунад. Бубинед, ки инҷилнавис Марқус дар ин бора чӣ мегӯяд: «Чун Исо имони онҳоро дид, ба марди шал гуфт: «Эй фарзанд, гуноҳҳои ту бахшида шуданд» (Мар. 2:5). Ниҳоят касе Исоро дар сухани Ӯ ғофилгир намуд! Чор дӯст ба қадри кофӣ ба Исо умед доштанд ва дӯсташонро нағз медиданд, то ки худро ба хатар андозанд. Дӯсташонро ба бом баровардани онҳо аломате аз боло буд: онҳо ба Ӯ бовар мекунанд! Чунон бовар мекунанд, ки ба хотири якчанд дақиқаи ҳузур дар назди Ӯ ба чунин иқдоми аз ақл берун даст мезананд. Исо аз ин амали онҳо мутаассир гардид. Чун он зане ки ба шавҳари шикамғафс, аммо маҳбубаш меҳри беандоза дорад. Чун бобое ки қарор дод набераашро нигоҳубин кунад. Чун волидоне ки дуои духтарашон ба онҳо таъсир расонд. Исо аз имони ин мардон мутаассир гардид. Ӯ ба онҳо кафкӯбӣ намуд, агар на бо дастон, пас дар ҳадди ақалл, ботинан. Зиёда аз ин, Ӯ онҳоро баракат медиҳад, ва мо шоҳидони дурахши муҳаббати Худо мешавем. Дӯстон мехостанд, ки дӯсташон шифо ёбад. Аммо Исо танҳо бо шифои ҷисм қонеъ намешавад, Ӯ мехоҳад, ки ҷони инсон шифо ёбад. Аз ҳамин сабаб Ӯ диққаташро ба ҳалли масъалаҳои рӯҳонӣ равона мекунад, ва танҳо баъд аз он ба масъалаҳои ҷисмонӣ, зеро шифои ҷисм муваққатӣ аст, дар ҳоле ки шифои ҷон абадӣ аст. Дархости дӯстон ночиз набуд, аммо беҷуръатона буд. Ҳозирон интизори дидани мӯъҷизае буданд, аммо на ин гуна. Ҳама интизори он буданд, ки Исо чунин мегӯяд: «Ҷисми туро шифо медиҳам», аммо ба ҷои ин онҳо чунин суханонро шуниданд: «Гуноҳҳоят бахшида шуданд». Одамон бо умеди шифои ҷисмонӣ назди Исо омаданд, зеро ин он чизест, ки онҳо мебинанд. Аммо Ӯ на танҳо аз ҷиҳати ҷисмонӣ, балки аз ҷиҳати рӯҳонӣ шифо медиҳад, зеро ин он чизест, ки Ӯ мебинад. Аз Ӯ бадани навшударо интизор буданд, то ки шал роҳ гашта тавонад, Аммо Исо файзро медиҳад, то ки шахс зиста тавонад. Ҳайратовар! Гоҳо Худо аз чизи дидааш чунон мутаассир мешавад, ки моро бо чизе ки ба он эҳтиёҷ дорем, баракат медиҳад, агарчи мо онро дархост накардаем. Ва ин олидараҷа аст. Зеро кӣ аз Худо чунин дархост мекард? Кӣ ҷуръат мекард чунин гӯяд: «Худовандо, ман бисёр хатоҳо содир кардаам. Оё Ту ба ҷои ман ба салиб намеравӣ? — ва баъд далертар шуда, илова намояд: Баъди он ки Ту маро мебахшӣ, шояд ҳамчунин барои ман дар осмонҳо ҷой тайёр мекунӣ, то ки ман абадан зиндагӣ кунам?» Далертаринҳо, шояд, бо ин ҳам қонеъ нашуда, давом медоданд: «Ҳа, бад намебуд, ки Ту дар ман зиста, маро ҳифз намоӣ, роҳнамоӣ кунӣ ва албатта баракат диҳӣ, аммо на мувофиқи он чи ман ба он сазовор ҳастам, балки хеле бештар. Аз Ту хоҳиш мекунам». Бо дили соф иқрор шавед, оё ҷуръат мекардед, ки чунин хоҳиш намоед? Не, мо, чун дӯстони шахси шал ҷуръат мекунем дар бораи ягон чизи хеле хурд хоҳиш намоем. Хайр, масалан, умру дароз, саломатӣ ва кори хуб. Аз нуқтаи назари худамон, мо чизи тамоман дастнорасро хоҳиш карда истодаем, аммо аз нуқтаи Худо — ин монанди он аст, ки ба дучарха часпида гиред, дар ҳоле ки ба шумо лимузинро пешниҳод мекунанд. Исо медонист, ки шал дар бораи чӣ хоҳиш карданро намедонад. Аз ҳамин сабаб Ӯ ба шал чизеро медиҳад, ки вай ҳақиқатан ба он эҳтиёҷ дошт: «Эй фарзанд, гуноҳҳои ту бахшида шуданд» (Марқ. 2:5). Фарисиён дарҳол гуфтанд, ки амалҳои Ӯ хилофи шариат мебошанд. Зеро яҳудиён бо шири модар азхуд мекунанд, ки фақат Худо гуноҳро бахшида метавонад (Марқ. 2:7). Дар ҷавоб Исо яке аз саволҳои беҳтарини худро медиҳад: «Кадомаш осонтар аст: ба ин шал гуфтани он ки «гуноҳҳои ту бахшида шуданд», ё гуфтани он ки «бархез, бистари худро бардор ва равона шав»?» (Марқ. 2:9). Фикр кунед ва ҷавоб диҳед, ки барои Исо чӣ чиз осонтар буд: бахшидани ҷон ё шифо додани ҷисм? Чӣ чиз ба Ӯ азоби камтар мерасонд: ба шахс бозгардондани саломатӣ ё ҳаёти абадӣ. Барои шифои ҷисмонии одам кифоя буд, ки Исо сухане гӯяд, аммо барои бахшидани гуноҳҳои вай лозим омад, ки хуни Худро резад. Шифо ҳамон замон, дар ҳузури дӯстон рӯй дод, бахшидашавӣ — дар Ҷолҷолто, дар иҳотаи роҳзанон. Барои шифо лаҳзаи кӯтоҳтарин кифоя буд, барои бахшидан ҳаётро додан лозим омад. Кадомаш осонтар буд? Касонеро, ки ба Ӯ бовар карданд, ва боварӣ доштанд, ки Ӯ аз он чи хоҳиш карда буданд, беш дод, Исо чунон дӯст дошт, ки ҳаёти Худро барои онҳо дар салиб дод. Исо медонад, ки файз барои ӯ чӣ арзише хоҳад дошт, ӯ арзиши бахшиданро медонад, аммо ба ҳар ҳол онро пешниҳод мекунад. Дар дили Ӯ муҳаббат медурахшад. Дар омади гап, аз он вақт Ӯ тамоман дигаргун нашудааст. Он чи он вақт рӯй дода буд, ҳоло ҳам рӯй медиҳад. Худо қадамҳои имони моро мебинад. Худи ҳамон Исо, ки ба шахси шал табассум намуд, ба майзадае ки аз майнӯшӣ даст мекашад, табассум менамояд. Ҳамон чашмоне ки дӯстонро ба амал водор намуданд, модарон ва падаронро водор мекунанд, ки фарзандонашонро назди Исо оваранд. Ҳамон лабоне ки ба марде аз Капарнаум муроҷиат менамуданд, ба мардон аз Детройт, занон аз Белфаст, кӯдакон аз Москва муроҷиат мекунанд… ба ҳамаи онҳое ки ҷуръат мекунанд ба ҳузури Худо дароянд ва аз Ӯ мадад пурсанд. Ва агарчи дар ин ҷо, дар замин, мо гоҳо Ӯро намешунавем, фариштаҳо Ӯро ҳамеша мешунаванд. Ва осмонҳо ба ваҷд меоянд, ҳангоме ки ягона суханони аҳамиятнок садо медиҳанд: «Гуноҳҳои ту бахшида шуданд». БАРОИ АНДЕШАРОНӢ ВА МУҲОКИМА 1. Макс Лукадо менависад, ки дурахши муҳаббат ба мо ҳақиқати оддиро ёдрас мекунад: «Он чи мо дорем, аз он чи мо мехоҳем, муҳимтар аст; ва он чи чун бори гарон аст, бароямон умуман аҳамият надорад». Ин чӣ тавр ба амал меояд? Якчанд мисол оваред, ки шумо шоҳиди он будед. 2. Оё дӯстони шахси шал пур будани хонаро дида, аз фикрашон гаштанд? Ба фикри шумо, агар онҳо ақиб мегаштанд, бо ин шахс чӣ мешуд? Оё шумо дӯстоне доред, ки тайёранд бароятон чунин амалҳои далерона кунанд? Оё худро ба ҳамин гуна одамон мансуб медонед? 3. Макс Лукадо менависад: «Имон пешгӯинашаванда аст. Ва имон диққати Худоро ҷалб мекунад». Оё шумо аз рӯи имон амал намуда, корҳои ғайричашмдошт кардаед? Агар ҳа, дар натиҷа чӣ рӯй дод? 4. Изҳороти зеринро маънидод кунед: «Аз Ӯ бадани навшударо интизор буданд, то ки шал роҳ гашта тавонад, Аммо Исо файзро медиҳад, то ки шахс зиста тавонад». Оё ин дар ҳаёти ҳаррӯза аҳамият дорад? 5. Оё аз фаҳмидани он шод мешавед, ки Худо хоҳишамонро сарфи назар карда, ба мо чизеро медиҳад, ки ҳақиқатан ба он эҳтиёҷ дорем? Мавқеи худро фаҳмонед. Боби 8. Нӯҳ Ва баъд аз гузаштани чил рӯз Нӯҳ даричаи киштиро, ки сохта буд, воз кард. Ва зоғро сар дод, ва он берун парида, мерафту меомад, то даме ки оби рӯи замин хушк шуд. Баъд кабӯтарро аз пеши худ сар дод, то бубинад, ки оё об аз рӯи замин фуромадааст. Аммо кабӯтар ҷои осоише барои кафи пои худ наёфт, ва назди ӯ ба киштӣ баргашт; зеро ки об дар тамоми рӯи замин буд; ва ӯ дасти худро дароз кард ва онро гирифта, назди худ ба киштӣ даровард. Ва ҳафт рӯзи дигар сабр кард; ва боз кабӯтарро аз киштӣ сар дод. Ва шомгоҳ кабӯтар назди ӯ баргашт; ва инак, барги тозаи зайтун дар нӯли вай; ва Нӯҳ донист, ки об аз рӯи замин фуромадааст. Ҳас. 8:6–11 ҲАНГОМЕ КИ УМЕД ҚАРИБ ТАМОМАН НАМОНДААСТ Об. Ҳамаи он чи Нӯҳ мебинад, об аст. Офтоби бегоҳирӯзӣ ғуруб карда, ба об фурӯ меравад, абрҳо дар об инъикос меёбанд, киштӣ дар иҳотаи об аст. Дар атроф то худи уфуқ об аст. Хоҳ шимол бошад, хоҳ ҷануб, ғарб, ё шарқ — ғайр аз об ҳеҷ чизи дигар нест. Ҳамаи он чи Нӯҳ мебинад, об аст. Ӯ дар ёд надорад, ки ғайр аз он чизеро дида бошад. Ҳамин ки ӯ ва фарзандонаш баҳмути охиринро ба киштӣ дароварданд, дарҳол осмонҳо ҳазорон гидрантҳоро ба кор андохтанд. Аз ҳамон вақт алвонҷ хӯрдани киштӣ ягон лаҳза қатъ намешавад, борони сел меборад. Нӯҳ гаштаву баргашта аз худ мепурсад: «Ин боз чӣ қадар давом хоҳад кард?» Борон чил рӯз инҷониб беист меборад. Зиёда аз як моҳ шудааст, ки онҳо дар рӯи мавҷҳо давродавр мегарданд. Тамоми ин муддат аҳли оилаи ӯ ҳамон як чизро мехӯрад, ҳамон як чизро нафас мекашад ва ҳамон як одамонро мебинад. Амалан онҳо дигар ҳеҷ гапе надоранд, ки ба якдигар гӯянд. Ниҳоят киштӣ ба як чизи мустаҳкам рафта мерасад ва алвонҷ хӯрдани киштӣ қатъ мегардад. Зани Нӯҳ ба Нӯҳ менигарад, Нӯҳ бошад, даричаро кушода, ба берун менигарад. Киштӣ бар хушкӣ истодааст, аммо замин ҳанӯз бо об пӯшонида шудааст. — Нӯҳ, — нидо мекунад занаш аз поён, — чиро мебинӣ? — Обро, Нӯҳ зоғро сар медиҳад, то ки он аз вазъият бохабар шуда ояд, аммо зоғ барнамегардад. Он гоҳ ӯ кабӯтарро сар медиҳад. Кабӯтар барои нишастан хушкиеро намеёбад, ва тамоман беҳол шуда бармегардад. Ва инак, ҳамин саҳарӣ Нӯҳ боз як кӯшиши дигар мекунад. Ӯ боз кабӯтарро гирифта, бо зина ба саҳни болоӣ мебарояд. Аз нурҳои офтоби саҳарӣ ҳар ду чашмонашонро нимпӯш мекунанд. Нӯҳ парҳои сари синаи кабӯтарро бӯсида, ҳис мекунад, ки чӣ тавр дили кабӯтар метапад. Агар ӯ ба сари синаи худ дасташро мегузошт, худи ҳамин чизро ҳис мекард. Ӯ дуо гуфта, парандаро сар медиҳад ва чашмашро аз он намеканад, то даме ки он дар осмон ба нуқтачае табдил меёбад. Тамоми рӯз ӯ бесаброна интизори бозгаштани кабӯтар аст ва дар танаффусҳои байни кори ҳамешагӣ гаштаву баргашта даричаи киштиро кушода ба осмон менигарад. Писаронаш ӯро даъват мекунанд, ки бо онҳо дар бозии «Думи харро часпон» иштирок кунад, аммо ӯ рад мекунад. Ба ҷои он Нӯҳ ба саҳни мушоҳида баромада, мушоҳидаҳои худро давом медиҳад. Бод мӯйҳои сафеди ӯро парешон мекунад, офтоб рӯи офтобхӯрдаи ӯро навозиш менамояд, аммо дилаш осуда намешавад. Ӯ ҳеҷ чизро надид, на саҳарӣ, на пас аз нисфирӯзӣ, на боз дертар. Ва инак, ҳангоме ки офтоб қариб дар уфуқ фурӯ рафта буд, ва баъди чанде бояд шаб фаро мерасид, Нӯҳ бори охир баромада, ба осмон менигарад, аммо боз ҳамон манзараро мебинад: дар ҳама ҷо об аст — дар шимол, дар ҷануб, дар шарқ, дар… Ин ҳиссиёт, на камтар аз Нӯҳ, ба шумо шинос аст. Шумо медонед, ки ин чӣ хел аст, ҳангоме мавҷҳои ғаму андӯҳ ҳангоми дафни шахси наздик шуморо фаро мегиранд, дар ҷои кор тӯфонҳои стресс ба варта мекашанд ва селобҳои хашм аз нотавонии худ ё ноилоҷии ҳамсар гулӯгир мекунанд. Торафт баландтар шудани обҳои тӯфонро дида, шояд шумо низ борҳо ғуруби умеди худро мушоҳида кардаед. Шумо дар киштии Нӯҳ будаед. Шумо низ ба он чи барои Нӯҳ даркор буд, эҳтиёҷ доред, — ба умед. Не ба чархболи МЧС умед надоред, аммо хеле мехоҳед садои наздик шудани онро шунавед. Умед на раҳои фаврӣ, балки имконпазир будани онро дар назар дорад. Гоҳо ба мо танҳо нури хурдакаки умед даркор аст. Нӯҳ низ танҳо ҳамин умедро дошт. Ва умеди ӯ амалӣ гашт. Ӯ, баҳрнаварди таҷрибадор, ба уфуқ, ки нисфи доираи офтобро фурӯ бурдааст, менигарад, — манзараи пуршукӯҳтарро тасаввур кардан душвортар аст. Аммо ӯ, шубҳа накарда, ин зебоии фавқулодда ва садҳо чунин манзараҳои баҳриро ба як порча замин ва якчанд токи ангур иваз мекард. Занаш ӯро ба хӯроки шом даъват мекунад, даричаро маҳкам кардан даркор аст, ва инак, ҳангоме ки дасташро дароз мекард, ӯ қур-қури кабӯтарро мешунавад. Ба Китоби Муқаддас рӯ меоварем: «Ва шомгоҳ кабӯтар назди ӯ баргашт; ва инак, барги тозаи зайтун дар нӯли вай; ва Нӯҳ донист, ки об аз рӯи замин фуромадааст» (Ҳас. 8:11). Барги тозаи зайтун. Нӯҳ аз бозгаштани кабӯтар, ва алалхусус аз дидани барги зайтун хеле шод буд. Он аз ҳама гуна баргҳо бештар буд, он рамзи умед буд. Кабӯтар на порчаи растании сабзро овард, вай умедро овард. Магар моҳияти он дар ҳамин нест? Умед барги зайтун аст, ки ба охир расидани тӯфонро ифода мекунад. Далели аёнӣ дар хусуси он ки орзу кардан меарзад. Кадоми мо аз барги зайтун шод нашудааст? — Имконият ҳаст, ки саратон ба марҳалаи ремиссия гузарад. — Ман дар ҳалли масъалаҳои молиявӣ ба шумо ёрӣ дода метавонам. — Мо якҷоя аз ӯҳдаи ин мебароем. Ва ниҳоят, кӣ аз кабӯтаре ки онро меоварад, шод нашудааст? Падар ба писараш дар рафъ намудани аввалин драмаи ошиқона ёрӣ медиҳад. Ӯ чӣ мекунад? Ӯ ба писараш барги зайтунро меоварад. Зане ки собиқаи тӯлонии ҳаёти ҳамсарона дорад, ба зане ки ҳамагӣ якчанд моҳ пештар ба шавҳар баромадааст, тасалло дода мегӯяд, ки ҷанҷолҳо ногузирад, ва ҳамаи мардон табъи хира дошта метавонанд ва ин тӯфонҳо гузарандаанд. Ӯ чӣ мекунад? Ӯ ба ин зани ҷавон барги зайтунро меоварад. Мо баргҳои зайтунро қадр мекунем, ва касонеро, ки онҳоро меоваранд, дӯст медорем. Эҳтимол, маҳз аз ҳамин сабаб одамон ин қадар ба Исо таваҷҷӯҳ мекарданд. Занеро назди Ӯ оварданд, ки ҳангоми зино дастгир шуда буд. Ӯ то ҳол аз асабоният меларзад. Дари хонаи ӯро тараққосзанон кушода, полиси ахлоқ зада даромад. Ва инак ӯ дар ин ҷо истодааст. Нӯҳ ғайр аз об ҳеҷ чизро намедид. Зан ғайр аз хашму ғазаб ҳеҷ чизро намедид. Умеде нест. Ногоҳ Исо мегӯяд: «Он ки аз шумо бегуноҳ аст, аввалин касе бошад, ки ба вай санг андозад» (Юҳ. 8:7). Ҳамаи айбдоркунандагон хомӯш монданд. Чашмони онҳо ба замин нигаронида шудаанд, сангҳои дар дасташон буда низ ба замин меафтанд. Баъди лаҳзае ҳама баромада мераванд, ва дар назди зан танҳо Исо мемонад. Кабӯтари осмонӣ ба зан барги зайтунро пешниҳод мекунад: Исо чун рост шуд ва ғайр аз зан ҳеҷ касро надид, ба вай гуфт: «Эй зан! Даъвогарони ту куҷо шуданд? Оё касе туро маҳкум накард?» Зан гуфт: «Ҳеҷ касе, эй хоҷа!» Исо ба вай гуфт: «Ман низ туро маҳкум намекунам; бирав ва дигар гуноҳ накун». Юҳ. 8:10, 11 Ба ҳаёти ӯ, ки бо тӯфони шармсорӣ фаро гирифта шуда буд, Ӯ барги зайтунро овард. Ҳангоме ки Марто дар баҳри ғаму андӯҳ ғарқ мешуд, Исо ба ҳамин монанд чизеро ба ӯ низ пешниҳод кард. Бародари Марто мурд, ва ӯро дафн карданд. Исо дар куҷо буд? Исо дер кард. «Худовандо! Агар Ту дар ин ҷо мебудӣ, бародарам намемурд. — Ба фикрам, баъди ин суханон Марто хомӯш монд ва баъд илова намуд: — Лекин ҳоло низ медонам, ки ҳар чи аз Худо талаб кунӣ, Худо онро ба Ту хоҳад дод» (Юҳ. 11:21, 22). Нӯҳ барои қабул намудани умед даричаи киштиро кушод, Марто дили худро кушод. Ва Масеҳ, ки бародари ӯро зинда кард, кабӯтаре гардид, ки барги зайтунро овард. Ман қиёмат ва ҳаёт ҳастам, ҳар кӣ ба Ман имон оварад, агар бимирад ҳам, зинда хоҳад шуд; ва ҳар кӣ зинда бошад ва ба Ман имон оварад, то абад нахоҳад мурд. Оё ба ин имон дорӣ?» Ба Ӯ гуфт: «Оре, Худованд! Ман имон дорам, ки Ту Масеҳ Писари Худо ҳастӣ, Он Шахс, ки ба ҷаҳон меояд. Юҳ. 11:25–27 Чӣ гуна Ӯ ин суханонро сарфи назар карда метавонист? Ӯ кӣ буд, то чунин изҳорот кунад? Чӣ чиз ба ӯ имкон дод, ки ба як зан файзро пешниҳод кунад, ва ба дигарӣ эҳё аз мурдагонро? Ин душвор набуд. Ӯ нақши кабӯтарро бозид: аз сарҳади оянда гузашта, дарахти даркориро ёфт. Ва дар дарахтзори файз барги зайтунро барои зани шармсоршуда кард, ва аз дарахти ҳаёт барои Марто шохчаеро канд. Ӯ ба мо низ ҳамин гуна умедро ато менамояд. Файз ва ҳаёт. Бахшидашавии гуноҳ ва ғалаба бар марг — ана он умеде, ки Исо медиҳад. Умеде ки ба мо ин қадар даркор аст. Дар китоби «The Grand Essentials» Бен Паттерсон дар бораи киштии зериобии S-4[14] нақл мекунад, ки дар соҳилҳои иёлати Массачусетс ғарқ шуда буд. Экипаж ба дом афтод. Ҳамаи кӯшишҳои наҷот додани онҳо бе муваффақият буданд. Ҳангоми яке аз охирин дафъаҳои ба об ғӯтавар шудан ғаввос-наҷотдиҳанда тиқ-тиқеро дар корпуси пӯлодии киштии зериобӣ шунид. Ба киштӣ наздик омада, ӯ паёмеро шунид, ки бо алифбои Морзе фиристода мешуд: «Оё умеде ҳаст?»[15] Ба баҳрнавардоне ки ба марг маҳкум шуда, чунин савол медиҳанд, Исо ҷавоб медиҳад: «Ҳа!» Ба касоне ки дар остонаи марг буда, чунин савол медиҳанд, Исо ҷавоб медиҳад: «Ҳа!» Ба ҳамаи касоне ки чун Нӯҳ ба уфуқ нигариста, ягон нишонаи умедро диданӣ мешаванд, Исо мегӯяд: «Ҳа!» Ӯ чун кабӯтар меояд. Ӯ ба мо самари ҳаёти ояндаро аз хонаи ояндаамон меоварад. Ӯ умедро меоварад. Шумо умед ба даст овардед? Агар киштии шумо дар варта роҳгум зада бошад, натарсед. Фикр накунед, ки тӯфони шумо ҳеҷ гоҳ ба охир намерасад. Мушкилоти мураккабтарини шумо — барои Худо санҷак ва сарсӯзан аст. Санҷак ва сарсӯзан? Хоҳарам ба ман аз санҷак ва сарсӯзанҳояш медод. Ва ман бо ифтихор велосипеди сечарчаамро дар роҳрав ронда, тасаввур мекардам, ки санҷак калиди мошин аст, ва велосипеди сечарха — мошини боркаш. Аммо боре ман «калид»-амро гум кардам. Фоҷиа! Чӣ бояд кард? Ҷустуҷӯҳо бо гиря анҷомиданд, илова ба ин ман метарсидам, ки хоҳарам маро танбеҳ медиҳад. Аммо ҳангоме ки ман дар ин бора ба ӯ гуфтам, ӯ фақат табассум намуд. Даҳ сол фарқ дар синну сол ба ӯ имкон медод, ки ба вазъият тамоман аз дигар нуқтаи назар нигоҳ кунад. Худо низ имконият дорад, ки мушкилоти моро тамоман аз дигар нуқтаи назар мушоҳида намояд. Ва ҳар қадар онҳо ба мо ҳалнопазир тобанд ҳам, аз нуқтаи назари Ӯ онҳо аз гум кардани санҷак барои мӯй ҷиддитар нестанд. Табъи Худо хира намешавад, Ӯ ба изтироб намеафтад ва рӯҳафтода намешавад. Оё шумо умеди Ӯро ба даст овардан мехоҳед? Барои он ки он ба шумо даркор аст. Ва барои он ки онро ба дигарон расонда тавонед. Ба фикри шумо, Нӯҳ бо умеди худ чӣ кард? Ӯ он барги зайтунро чӣ кард? Берун аз киштӣ партофт ва фаромӯш кард? Ё ба кисааш андохта, қарор дод, ки ин ибтидои ҳербарий мешавад? Ё ба ҳар ҳол, аз хурсандӣ нидо карда, ва ҳамаи аҳли оиларо ҷеғ зада, даст ба даст гузаронд, чун бриллианти «Умед»[16], зеро арзиши ин барг барои ӯ аз ин бриллиант камтар набуд. Албатта, Нӯҳ аз хурсандӣ нидо кард! Ин он чизест, ки мо пеш аз ҳама мекунем, ҳангоме ки умед ба даст меоварем. Шумо бо барги зайтуни худ чӣ мекунед? Охир шумо онро дар киса пинҳон намекунед, балки ба ҳама нишон медиҳед. Онро ба касоне медиҳед, ки дӯсташон медоред. Муҳаббат ҳамеша умед мебандад. «Муҳаббат… ҳама чизро рӯпӯш мекунад, ба ҳама чиз боварӣ дорад, ба ҳама чиз умед мебандад, ба ҳама чиз тоб меоварад» (1 Қӯр. 13:4:7; курсиви ман. — М. Л.). Муҳаббат дар шумо умедро ба вуҷуд меоварад. Муаллифи навкор тамоман умед надошт. Қариб ҳамаи нашриётҳо чоп намудани дастнависи ӯро рад карданд. «Ин китобро нашр кардан ғайриимкон аст, — гуфт яке аз муҳаррирон. — То даме ки шумо машҳур нашавед, нашркунандагон бо шумо гап ҳам намезананд». Дигарӣ чунин маслиҳат дод: «Нависандагӣ вақти беҳад зиёдро мегирад. Ғайр аз ин, шумо ҳар он чи ба гӯшаи хотиратон ояд, наменависед-ку?» Дар аввал ихтисосмандони варзида навёдгирро бовар кунонда тавонистанд. Ӯ розӣ шуд, ки эҷодкорӣ сарфи беҳудаи вақт аст ва вақти худро амалӣ намудани дигар идеяҳо равона бояд кард. Аммо худаш пай набурд, ки ба «нашъаманди сухан» табдил ёфтааст, ки барои ӯ қалам ва дафтар ба ҳамон андоза даркорӣ мебошанд, ки барои майзада — май. Ӯ навиштанро аз хондан бештар дӯст медошт. Чӣ қадар шабҳои бехобиро ӯ дар дивани гӯшаи ҳуҷра гузаронда, бо майли зиёд феълҳоро бо исмҳо даромехтааст? Ва чӣ қадар соатҳои дароз занаш дар назди ӯ нишастааст? Ӯ бо қалам дар рӯи коғаз менавишт, занаш бошад гулдӯзӣ мекард. Ниҳоят сиёҳнавис ба охир расонида шуд, бо хатоҳои зиёд, аммо ба охир расонда шуд. Занаш исрор намуд, ки дастнавис ба нашриёт фиристода шавад. — Дар ниҳояти кор, ту чиро аз даст медиҳӣ? — мегуфт ӯ ба шавҳараш. Ҳамин тариқ, дастнавис ба понздаҳ нашриёт фиристода шудааст. То даме ки ҳамсарон интизори ҷавоб ҳастанд, муаллифи мо навиштанро давом медиҳад. Ҳеҷ чизро интизор нашуда, ҳар ду умедвор мешаванд. Ва қуттии почта тадриҷан бо ҷавобҳои муҳаррирон пур мешавад. — Бубахшед, мо корҳоеро, ки нашриёт фармоиш надодааст, қабул намекунем. — Маҷбурем коратонро баргадонем. Ба шумо барори кор мехоҳем! — Дар ҷадвали нашриёт барои муаллифоне ки пештар асарҳояшон нашр нашудаанд, ҷой нест. Ман ин номаҳоро то ҳол дар куҷое нигоҳ медорам. Барои ёфтани онҳо бояд бисёр ҷустуҷӯ кунам. Аммо барои дидани гулдӯзии занам кифоя аст, ки нигоҳамро аз монитор дур карда, ба девор равона кунам ва хонам: «Агар фикратро дар рӯи коғаз оварда тавонӣ, атои беҳтарини ҷаҳонро дорӣ»[17]. Дӯхтани ин иқтибос тақрибан ҳамон вақт ба охир расида шуд, ки ҷавоби понздаҳум бо ҷавоб омад. Аз ин нома мо фаҳмидем, ки нашркунанда ба нашр намудани дастнависи ман розӣ шудааст. Ин нома низ дар чаҳорчӯба дароварда шудааст. Кадоми онҳо арзиши бештар дорад? Тӯҳфаи занам ё номаи нашркунанда? Албатта, тӯҳфа. Зеро занам бо ин гулдӯзӣ ба ман умед ато намуд. Муҳаббат умед ато мекунад. Муҳаббат ба шахси дӯстдошта барги зайтунро дароз карда, мегӯяд: «Ман ба ту умед дорам». Ва боз муҳаббат бо омодагӣ мегӯяд: «Ман ба ҷои ту умед мебандам!» Касе ки тӯфонро аз сар гузарондааст, бо ҳуқуқи пурра ин суханонро гуфта метавонад. Аз рӯи файзи Худо шумо ба соҳил расидед. Шумо медонед, ки аз ҳама тараф дар иҳотаи об будан чӣ гуна аст. Ва азбаски шумо тӯфонро аз сар гузаронда, зинда мондед, то ки дар бораи он нақл намоед, ба касе ки ба он эҳтиёҷ дорад, умед бахшида метавонед. Чӣ тавр? Ягон тӯфони худро ба ёд оварда наметавонед? Иҷозат диҳед ба хотиратон оварам. Оё наврасии худро дар ёд доред? Солҳои ҷавонии худро дар ёд доред? Ҳамаи ин гормонҳо, балоғати ҷинсӣ, доначаҳо дар рӯйро? Он рӯзҳо рӯзҳои осон набуданд. «Ҳа, — розӣ мешавед шумо, — аммо онҳо дар гузашта мебошанд». Наврасон бояд ҳамин чизро шунаванд. Онҳо бояд аз касе ки дар ҳамин гуна мавҷҳо ғӯтавар шуда, зинда мондааст, барги зайтунро ба даст оваранд. Навхонадорон низ ба ҳамин чиз эҳтиёҷ доранд. Тӯфон ҳар як оиладориро фаро мегирад. Моҳи асалӣ дер ё зуд ба охир мерасад, дарёи роматика ба уқёнуси воқеият мерезад, ва навхонадорон ба воҳима афтода, мепурсанд, ки оё умуман зинда мемонанд ё не? Шумо дилпурона ба онҳо гуфта метавонед, ки албатта зинда мемонанд. Оиладории шумо низ бо ҳамин гуна тӯфон озмуда шуд, ва агарчи осон набуд, шумо ба соҳили умед расида, муносибатҳоятонро нигоҳ доштед. Барги зайтунро канда, ба киштии онҳо оваред! Оё ягон вақт ҳангоми ташхиси тиббӣ ошкор шудааст, ки шумо гирифтори саратон ҳастед? Касе ки духтурон ба ӯ барои паси сар намудани ин беморӣ ёрӣ медиҳанд, ба шаҳодати шумо эҳтиёҷ дорад. Шумо ҳамсаратонро ба хок супурдаед, аммо ноумед нашуда, зиндагӣ мекунед ва боз табассум намуданро ёд мегиред? Ба касоне ки ба қарибӣ ҳамсарашонро аз даст додаанд, ёрӣ диҳед. Таҷрибаи ҳаётиятон шуморо ба дастаи кабӯтарон номнавис кардааст. Шумо имконият доред, зиёд аз ин, вазифадор ҳастед умеди худро ба касоне ки дар киштӣ ҳастанд, расонед. Оё суханони Павлусро дар ёд доред? Муборак аст Худо ва Падари Худованди мо Исои Масеҳ, Падари марҳаматҳо ва Худои ҳар тасалло, ки моро дар ҳар андӯҳи мо тасалло медиҳад, то ки мо андӯҳгинонро дар ҳар андӯҳашон тасалло дода тавонем бо ҳамон тасаллое ки худамон аз Худо меёбем 2 Қӯр. 1:3, 4 Касонеро, ки бо тамоми қувват кӯшиш мекунанд дар обҳои тӯфон ғарқ нашаванд, дастгирӣ намоед. Намедонед, ки ба онҳо чӣ гӯед? Пас Китоби Муқаддасро кушоед. Порчаи Навиштаи Муқаддас — ҳамин аст барги зайтун барои масеҳиён. «Зеро ҳар он чи пештар навишта шудааст, барои омӯхтани мо навишта шудааст, то ки мо аз Навиштаҳо сабр ва тасаллӣ пайдо карда, умедвор бошем» (Рум. 15:4). Шумо Китоби Муқаддас доред? Қиссаи Нӯҳро хондаед? Пас расондани баргҳоро сар кунед. Барои касоне ки дар банди дарду ғам мебошанд: «Зеро ки Худи Ӯ гуфтааст: “Туро тарк нахоҳам кард в туро нахоҳам партофт”» (Ибр. 13:5). Барои касоне ки зери бори ҳисси айбдорӣ мебошанд: «Пас, ҳеҷ маҳкумияте нест барои онҳое ки дар Исои Масеҳ ҳастанд ва на ба ҳасби ҷисм, балки ба ҳасби рӯҳ зиндагӣ мекунанд» (Рум. 8:1). Барои касоне ки файзи Худоро қабул карда наметавонанд: «Зеро Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи Худро дод, то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад» (Юҳ. 3:16). Китоби Муқаддас сабадест бо баргҳои зайтун. Оё як баргро аз он ба дигарон намедиҳед? Ин баргҳо дар ҳақиқат мӯъҷизаосо мебошанд. Нӯҳ барги худро ба даст оварда, шахси дигар шуд. «…Ва Нӯҳ донист, ки об аз рӯи замин фуромадааст» (Ҳас. 8:11). Ҳангоме ки Нӯҳ ба киштӣ мебаромад, саволҳои зиёде дар сараш давр мезаданд, аммо ҳангоме ки киштиро тарк мекард, боварӣ пайдо намуд. Ҳамагӣ як барг чӣ гуна тағйирот ба амал оварда метавонад! БАРОИ АНДЕШАРОНӢ ВА МУҲОКИМА 1. Дар кадом соҳаи ҳаётатон худи ҳозир ба шумо умед даркор аст? Кадом умед одамонро дар гузашта аз «тӯфон» наҷот медод? 2. «Умед на раҳои фаврӣ, балки имконпазир будани онро дар назар дорад. Гоҳо ба мо танҳо нури хурдакаки умед даркор аст». Касеро номбар намоед, ки ин нур ба ӯ худи ҳозир даркор аст. 3. Чӣ тавр шумо ба касоне ки бароятон азиз ҳастанд, «баргҳои зайтун»-ро дода метавонед? Агар ба онҳо гӯед, ки ба онҳо умед доред ва тайёред ба ҷои онҳо умедвор бошед, оё ин ёрӣ мерасонад? 4. Чаро ҳавворӣ Павлус аз азобҳои ҳозираи муваққатии худ шикоят намекард (ниг.: Рум. 8:18)? 5. Суханони Павлус дар бораи умед дар замони мураккаби мо чӣ гуна ёрӣ расонда метавонанд (ниг.: 8:24, 25)? Боби 9. Зане ки дар амали зино дастгир шуда буд Лекин Исо ба кӯҳи Зайтун рафт, ва бомдодон боз ба маъбад омад, ва тамоми мардум назди Ӯ омаданд; ва Ӯ нишаста онҳоро таълим медод. Дар ин вақт китобдонон ва фирисиён занеро, ки дар амали зино дастгир шуда буд, назди Ӯ оварданд, ва дар миёна ба по ниҳода, ба Ӯ гуфтанд: «Устод! Ин зан дар амали зино дастгир шуд; ва Мусо дар шариат ба мо гуфтааст, ки чунин занон бояд сангсор шаванд; аммо Ту чӣ мегӯӣ?» Инро барои озмоиш ба Ӯ гуфтанд, то ки далеле ёфта, Ӯро айбдор кунанд. Лекин Исо хам шуда, бо ангушташ бар рӯи замин чизе менавишт. Чун дар савол исрор намуданд, Ӯ рост шуда, ба онҳо гуфт: «Он ки аз шумо бегуноҳ аст, аввалин касе бошад, ки ба вай санг андозад». Ва боз хам шуда, бар замин навиштан гирифт. Чун шуниданд, виҷдонашон нороҳат шуд, ва аз пирон сар карда, то каси охирин паси якдигар баромада рафтанд; ва Исо танҳо монд, ва зан дар миёна ба по меистод. Исо чун рост шуд ва ғайр аз зан ҳеҷ касро надид, ба вай гуфт: «Эй зан! Даъвогарони ту куҷо шуданд? Оё касе туро маҳкум накард?» Зан гуфт: «Ҳеҷ касе, эй хоҷа!» Исо ба вай гуфт: «Ман низ туро маҳкум намекунам; бирав ва дигар гуноҳ накун Юҳ. 8:1–11 ШАРМСОРИРО ПАСИ САР НАМУДА Ребекка Томпсон ду бор мурд, ва ҳар ду марг ба таври фоҷиавӣ ба кӯпрук дар канйони Фримонт вобастагӣ доштанд. Марги аввал дили ӯро шикаст, марги дуюм — гарданашро. Ӯ ҳамагӣ 18-сола буд, вақте ки аз таваққуфгоҳи назди мағоза дар шаҳри Каспер, Иёлати Вайоминг, ӯро бо хоҳарчаи 11-солааш ду разил дуздиданд. Духтараконро ва самти шимолу ғарб, ба масофаи 40 мил аз хонаашон, ба назди кӯпруки Фримонт (кӯпруки пӯлодии равоқдор бо ҳаракати яктарафа, ки аз дарёи Норт-Платт дар баландии 34 метр аст) бурданд. Ин ду разил Ребеккаро сахт лату кӯб карда, ба номусаш таҷовуз карданд. Бо кадом як восита ӯ онҳоро розӣ кунонда тавонист, ки ба хоҳарчааш Эмӣ даст нарасонанд. Он разилон ҳар дуи онҳоро аз кӯпрук ба дараи танг партофтанд. Эмӣ ба сангҳои соҳили дарё бархӯрда, ҳалок шуд, аммо Ребекка ҳангоми афтидан ба канори барҷастаи кӯпрук бархӯрда ба ҷои чуқури дарё афтид. Ӯ бо сурини дар панҷ ҷой шикаста ба соҳил расид. Барои он ки як илоҷ карда, аз хунукӣ паноҳ ёбад, ӯ ба байни ду санг худро тиққонда, субҳро интизор шуд. Аммо субҳ барои Ребекка дигар ҳеҷ гоҳ фаро нарасид. Не, албатта, офтоб дар вақташ баромад, духтаракро ёфтанд, духтурон ба ӯ ёрии тиббӣ расонданд, ҷинояткоронро дастгир карда, зиндонӣ намуданд. Чунин ба назар метофт, ки ҳаёт давом дорад. Ҳа, аммо субҳ фаро нарасид. Шаби тираи даҳшат Ребеккаро сар намедод, вай аз он канйон баромада натавонист. Ва сентябри соли 1992, баъди 19 сол, ӯ ба он кӯпрук баргашт. Бар хилофи илтиҷоҳои дӯсташ, Ребекка мошинро бо суръати зиёда аз 112 км соат ба сӯи дарёи Норт-Платт меронад. Инак он кӯпрук. Ребекка дар канори он нишаста мегиряд; дар наздаш духтари дусолааш ва дӯсташ, ки ӯро дилбардорӣ карданӣ мешавад. Ӯ ҳой-ҳой гириста, ба ӯ дар бораи он шаби даҳшатовар нақл мекунад. Мард кӯдакро гирифта сӯи мошин меравад, то ки ӯ ашкҳои модарашро набинад. Ӯ надид, балки шунид, ки чӣ тавр ҷисми Ребекка ба об бархӯрд. Ребекка Томпсон бори дуюм мурд, зеро офтоб торикии шабро аз дили ӯ бадар ронда натавонист. Аммо чаро?! Чаро барои ӯ нури офтоб барои ҳамеша хомӯш шуд? Аз боиси тарс? Шояд. Ребекка дар толори маҳкама бар зидди он ҷинояткорон шаҳодат медод, ҳамин вақт яке аз қотилон ба ӯ нигариста нешханд намуд, ва ишорае кард, ки маънояш ба ҳама маълум аст — бо ангушти калони дасташ гулӯяшро гӯё бурид. Дар он рӯз он ду ноодам шартан пеш аз мӯҳлат озод карда шуданд ва Ребекка худкушӣ кард. Шояд тарси боз вохӯрдани онҳо хеле зиёд буд. Аз боиси ғазаб? Ғазаб аз боиси қотилон? Ғазаб аз худ барои шабҳои беохири пур аз хобҳои даҳшатнок? Ё ғазаб аз Худо барои он ки канйоне ки ӯро ба он партофтанд, торафт чуқуртар мешуд, шаб ториктар мегардид ва субҳ фаро нарасид? Аз боиси ҳисси айбдорӣ? Баъзе аз шиносҳои ӯ ба ҳамин ривоят таваҷҷӯҳи бештар доранд. Бо вуҷуди табассум ва кушодачеҳра будани Ребекка, дӯстон ҳис мекарданд, ки доимо бо он факт мубориза мебарад, ки ӯ зинда монд аммо хоҳарчааш не. Аз боиси шарм? Тафсилоти таҳқиромези фоҷиаи ӯ ба ҳамаи шиносҳо ва ҳазорон ношиносҳо маълум буд. Ба шарофати ранги типографии рӯзномаҳо, тамғаи шармандагӣ боз ҳам чуқуртар фурӯ рафт. Ба номуси ӯ таҷовуз намуда, ӯро шармандаву шармсор карда буданд. Ва кӯшишҳои фаромӯш кардани воқеаи рӯйдода ва даст кашидан аз хотираҳо… бенатиҷа анҷомиданд. Аз ҳамин сабаб, баъди 19 сол, ӯ ба ҳамон кӯпрук баргашт. Канйонҳои шармсорӣ бетаг мебошанд, дар дараҳои онҳо ҳисси айбдории беандоза ниҳон аст, деворҳои тира гӯё бо марг фаро гирифта шудаанд, ва фарёдҳои ноумедӣ дар онҳо беохир акси садо медиҳанд. Метавонед гӯшҳоятонро бо дастонатон маҳкам кунед, ба рӯятон об пошед, дар бораи гузашта фикр накунед, бо тамоми қувва фоҷиаҳои дирӯзаро фаромӯш карданӣ шавед, аммо чанголҳои онҳо ба шумо расида мегиранд, ин чанголҳо аз он чи шумо мехостед, дарозтар мебошанд. Ва онҳо шуморо ба ақиб, ба кӯпруки ғаму андӯҳ кашида мебаранд, то ки шумо гаштаву баргашта аз дарди тоқатфарсо азоб кашед. Агар дар он чи рӯй дод, шумо айбдор мебудед, ҳамааш дигар хел мебуд. Он гоҳ шумо бахшиш пурсида метавонистед. Агар ғалтидан ба канйон хатои шумо мебуд, шумо барои он пурра ҷавобгар мебудед. Аммо ҳамаи гап дар он аст, ки шумо на айбдор, балки қурбонӣ мебошед. Гоҳо шармандагиро аз чашмони дигарон пинҳон доштан муяссар мегардад. Ба ҷастан аз кӯпрук шуморо муносибати бераҳмонаи ҳамсар, зӯроварии падари фасодкор, дастдарозиҳои ҷинсии сардори корхона водор карда метавонад. Дар ин бора ҳеҷ кас намедонад. Аммо шумо медонед-ку. Ва ин кифоя аст. Ва гоҳо шармандагӣ ба ҳама маълум мешавад. Шумо бо ҷудошавӣ машҳур шуданӣ набудед, интизор набудед, ки гирифтори беморӣ мешавед, маъюб шуданро ба нақша нагирифта будед (ва муҳим нест, ки оё атрофиён ҳақиқатан дар ин бора медонанд ё ба шумо фақат чунин метобад), ба шумо лозим меояд, ки бо шармсории ҷудошавӣ, маъюбӣ, ятимӣ ё СПИД рӯ ба рӯ шавед. Муҳим нест, ки шармсорӣ ниҳонӣ аст ё аён, он ҳамеша дард меоварад, ва аз ҳама муҳимаш, он шуморо беист таъқиб мекунад. То даме ки ба шумо ёрӣ расонда нашавад, ҳаёти шумо дар торикӣ мемонад ва субҳ ҳеҷ гоҳ фаро намерасад. Охир, шумо ҳайрон намешавед, агар ман гӯям, ки дар ҳар шаҳр Ребекка Томпсонҳо ва кӯпрукҳои Фримонт ҳастанд. Дар Китоби Муқаддас низ Ребекка Томпсонҳо кам нестанд. Дар асл онҳо он қадар бисёранд, ки гоҳо чунин метобад, ки чунин воқеаҳо қариб дар ҳар як саҳифаи Навиштаи Муқаддас вомехӯранд. Дар бораи бисёрии онҳо шумо дар ин китоб хондаед. Ҳар кас ақаллан як бор ба қаъри канйони шармсорӣ ғалтида, ба хун оғушта шудааст. Дар Китоби Муқаддас зане ҳаст, ки қиссаи ӯ ҳамаи онҳоро муттаҳид мекунад. Қиссаи ӯ ҳам дар бораи барҳам хӯрдани умедҳо, ҳам дар бораи муносибати бераҳмона, ҳам дар бораи шармсорӣ ҳикоят мекунад. Ҳам дар бораи файз. Ин қисса дар бораи ӯст, зане ки дар байни мардоне ки ӯро иҳота кардаанд, истодааст, ва на танҳо мардон, балки сарварони динӣ. Онҳо фарисиён ном доранд. Онҳо худро посбонони ахлоқ эълон намудаанд. Ва марди дигар, касе ки либосаш одитар аст. Касе ки дар замин нишаста, ба чеҳраи зан менигарад,… Исо аст. Исо таълим медод ва мавъиза менамуд. Зане ки дар ин ҷо истодааст, зино кардааст. Фарисиён бошанд мехостанд ҳар дуи онҳоро ҷазо диҳанд. «…Ба Ӯ гуфтанд: «Устод! Ин зан дар амали зино дастгир шуд» (Юҳ. 8:4). Айбдоркунӣ дар саҳни дохилӣ садо дод. «Дар амали зино дастгир шуд». Як худи ин суханон кифоя мебошанд, ки кас аз шармсорӣ суп-сурх шавад. Ба хона зада даромаданд. Кӯрпаро бардоштанд. «Дар амали зино». Дар бағали мард. Дар ҷойгаҳ бо мард. «Дастгир шуд». Аҳа! Ин ҷо чӣ шуда истодааст? Ин мард шавҳари ту нест. Баданатро пӯшон! Мо медонем, ки бо ту барин занҳо чӣ кардан даркор аст! Зан, ки дар як лаҳза аз оғӯши мард кашида гирифта шудааст, ба тамошогоҳи ҳама табдил меёбад. Аз тирезаҳо шахсони кунҷков менигаранд: аз байни издиҳом киро тела дода, пеш ронда истодаанд? Сагҳо аккос мезананд. Ҳамсояҳо бо нигоҳҳои маҳкумкунанда мегуселонанд. Хулоса, ӯро дар тамоми шаҳр шарманда карданд. Худро ба болопӯши тунук печонда, ӯ урёнии худро пӯшонданӣ мешавад. Аммо ҳеҷ чиз шармсории ӯро пӯшонда наметавонад. Аз ҳамин лаҳза ӯ чун зинокор маъруф аст. Акнун, ба ҳар ҷое ки равад, аз пасаш пичир-пичир карда, нигоҳҳои маҳкумкунанда менамоянд. Ва ба номи ӯ барои ҳамеша лақаби шармандавор мечаспад. Одамон шармандагии дигаронро муддати зиёд дар ёд нигоҳ медоранд. Аммо, боиси ҳайрат аст, ки ҳеҷ кас факти шармовартарро пай намебарад. Ҳа, рафтори ин зан сазовори ҳама гуна маҳкумият аст, аммо он чи фарисиён кардаанд, сазовори нафрати ошкоро аст. Шариат мегӯяд: зино бояд бо марг ҷазо дода шавад… фақат дар он маврид, ки ин амалро ду шоҳид тасдиқ кунанд. Дар байни фарисиёне ки занро дастгир карда буданд, бояд камаш ду шоҳид бошанд. Савол: оё имонпазир аст, ки ин ду шахс тасодуфан шоҳидони зино шудаанд? Оё имконпазир аст, ки ин ду шахс саҳарии барвақт аз хона баромада, ошиқ ва маъшуқаи бо зино машғулро дидаанд? Ин ғайриимкон аст. Аммо агар ба ҳар ҳол чунин воқеаро дида бошанд ҳам, ин тасодуфӣ буда наметавонад. Ин намунаҳои камолоти ахлоқӣ чанд муддат аз тиреза нигоҳ мекарданд, пеш аз он ки дахолат кунанд? Оё муддати зиёд аз паси парда ин рӯйдодро тамошо мекарданд, пеш аз он ки худро ошкор кунанд? Мард куҷо шуд? То андозае ки маълум аст, дар зино ду кас иштирок мекунанд. Пас бо ӯ чӣ рӯй додааст? Эҳтимол, гурехтааст? Аз суханони шоҳидон аён мегардад, ки рӯйдод махсус ташкил карда шудааст. Занро дар амали зино дастгир карданд, аммо баъди муддате ӯ мефаҳмад, ки барои ӯ на нақши ҷинояткор, балки нақши хӯрхӯракро муқаррар кардаанд. «Ва Мусо дар шариат ба мо гуфтааст, ки чунин занон бояд сангсор шаванд; аммо Ту чӣ мегӯӣ?» (Юҳ. 8:5). Ин ҷонибдорони ахлоқи ҳамида густохона рафтор карда истодаанд. Онҳо, ҷонибдорони росткорӣ, хеле мағрур мебошанд. Ин барояшон лаҳзаи олитарин хоҳад буд, ки дар бораи он ба авлодон нақл кардан мумкин аст, — ин саҳарӣ онҳо Носирии бузургро шармсор мекунанд. Бо зан чӣ мешавад? Кӣ аз ӯ парвое дорад? Ӯ ҳамагӣ пиёдае дар бозии онҳост. Ояндаи зан? Муҳим нест. Обрӯи ӯ? Ҳеҷ кас парво надорад… Дар амалӣ гардидани нақшаи онҳо ба ӯ нақши ночиз, аммо даркорӣ муқаррар гардидааст. Зан сарашро набардошта, ба замин менигарад. Мӯйҳои аз арақ таршуда ва парешоншудаи ӯ рӯяшро мепӯшонанд. Дар чашмонаш ашкҳои аз алам сӯзон меҷӯшанд. Лабонаш ба ҳам ҷафс карда шудаанд, ӯ марҳамат дархост карданӣ нест. Аз кӣ? Ва барои чӣ? Ӯ дилсӯзиро вонамехӯрад. Инак сангҳо дар дастони ин одамон. Онҳо сангҳоро чунон сахт фишурдаанд, ки ангуштонашон сафед шудаанд. Шояд гурезад? Аммо ба куҷо? Дар бораи муносибати бад шикоят кунад? Аммо ба кӣ? Ҳама чизро инкор кардан боқӣ мемонад. Аммо шоҳидони амали ӯ ҳозиранд. Шояд ба ҳар ҳол марҳамат дархост кунад? Не, ин одамон раҳм намекунанд. Мадад аз ҳеҷ ҷой нахоҳад омад. Шояд шумо гумон мекунед, ки Исо ҳозир хеста, барои фош кардани ин риёкорон сухане мегӯяд! Не, Ӯ хомӯш нишастааст. Пас, варианти дигар, Ӯ аз дасти зан гирифта, бо вай ба Ҷалил мегурезад. Аммо ин ҳам рӯй намедиҳад. Чӣ боқӣ мемонад? Ҳозир фаришта фуруд меояд! Ё аз осмон овозе шунида мешавад, ё замин мекафад. Не, ҳеҷ чизи ба ин монанд рӯй намедиҳад. Боз ҳам амалҳои ӯ пешгӯинашаванда мебошанд. Аммо дар айни замон аниқ мебошанд. Исо чӣ мекунад? (Агар аллакай медониста бошед, вонамуд кунед, ки намедонед ва ҳайрон шудаед.) Дар рӯи рег навиштанро давом медиҳад. Ӯ хам шуда, бо ангушт дар замин хат мекашад. Ҳамон ангуште ки дар кӯҳи Сино фармудаҳоро сабт намуд ва дар девори қасри Балтшасар огоҳиро навишт, акнун дар фарши хокии саҳни дарунӣ аломатҳо мекашад. Исо амали Худро қатъ накарда, мегӯяд: «Он ки аз шумо бегуноҳ аст, аввалин касе бошад, ки ба вай санг андозад» (Юҳ. 8:7). Ҷавонон ба пирон менигаранд, пирон дилҳои худро месанҷанд ва муштҳои худро кушода, сангҳоро ба замин мепартоянд ва тоб хӯрда мераванд, аз пайи онҳо ҷавонон низ, ки пештар бо худбоварии густохона тайёр буданд ба калонсонон тақлид намоянд, мераванд. Ин рафтани хомӯшона фақат бо садои ба замин афтодани сангҳо ва шарфаи пойҳо халалдор мегардад. Исо ва зани шармсоршуда танҳо мемонанд. Ҳангоме ки ҳакамон толори маҳкамаро тарк карданд ва акнун он ба утоқи довар табдил ёфт, зан интизори ҳукм аст. Ҳозир Ӯ (Исо) ҳукмро ба забон меоварад. Ӯ, албатта, талаб мекунад, ки ман ба таври расмӣ бахшиш пурсам. Аммо довар хомӯш аст. Сараш чун пештара хам аст, шояд Ӯ ҳанӯз дар рӯи рег чизе менависад. Эҳтимол, ҳанӯз дар ин ҷо будани занро дида, Ӯ ҳайрон шуд. «“Эй зан! Даъвогарони ту куҷо шуданд? Оё касе туро маҳкум накард?” Зан гуфт: “Ҳеҷ касе, эй хоҷа!” Исо ба вай гуфт: “Ман низ туро маҳкум намекунам; бирав ва дигар гуноҳ накун”» (Юҳ. 8:10, 11). Агар касе аҳамият дода бошад, ки Худо ба нобарориҳои мо чӣ гуна аксуламал мекунад, ин иқтибосро ба чаҳорчӯба гузошта ба девор овезед. Ин суханонро гаштаву баргашта хонед. Дар бораи онҳо андеша намоед. Онҳоро дар дил парваред. Бигузор онҳо бар шумо фурӯ рехта, дилу ҷонатонро пок намоянд. Ё аз ин ҳам беҳтар, онҳоро ба канйони шармсории худ баред. Масеҳро ба сафар ба кӯпруки Фримонти худ даъват намоед. Бигузор то даме ки шумо ба Ӯ дар бораи воқеаҳои шабҳои ториктарини ботини худ нақл мекунед, Ӯ дар назди шумо истад. Баъд суханро ба Ӯ диҳед ва он чиро, ки Ӯ мегӯяд, бо диққат гӯш кунед: — Ман туро маҳкум намекунам. Ва бо диққат нигоҳ кунед, нигоҳ кунед, ки Ӯ чӣ менависад. Паёми Ӯро хонед. Ӯ онро на дар болои рег, балки дар салиб гузоштааст. Ва онро на бо даст, балки бо Хуни Худ навиштааст. Дар паёми Ӯ чунин суханон ҳастанд — айбдор нест. БАРОИ АНДЕШАРОНӢ ВА МУҲОКИМА 1. Макс Лукадо чунин навиштааст: «Муҳим нест, ки шармсорӣ ниҳонӣ аст ё аён, он ҳамеша дард меоварад, ва аз ҳама муҳимаш, он шуморо беист таъқиб мекунад. То даме ки ба шумо ёрӣ расонда нашавад, ҳаёти шумо дар торикӣ мемонад ва субҳ ҳеҷ гоҳ фаро намерасад». Ба фикри шумо, ӯ бо ин суханон чӣ гуфтанӣ буд? Оё шумо бо ӯ розӣ ҳастед? Ҳа ё не, ва чаро? 2. Калимаи шармсорӣ барои шумо чӣ маъно дорад? Файз барои шумо чӣ маъно дорад? Кадоми онҳо тавонотар аст? Чаро? 3. Шумо дар кадоме аз қаҳрамонони Юҳ. 8:4 худро мешиносед? Дар зан? Дар марди айбдор (аммо ғоиб)? Дар фарисиён? Дар тамошобинон аз байни издиҳом? Интихоби худро фаҳмонед. 4. Исо ба зан гуфт: «Ман низ туро маҳкум намекунам; бирав ва дигар гуноҳ накун» (Юҳ. 8:11). Оё шуморо ягон қисми ин суханони Ӯ безобита намекунад? Оё шумо ҳаминро шунидан мехостед? Чаро? 5. Оё суханони «айбдор нест» нисбат ба шумо қобили истифода мебошанд? Ҷавоби худро фаҳмонед. Ин суханон дар шумо чӣ гуна ҳиссиётро бедор мекунанд? Боби 10. Петрус ва Юҳанно Ҳангоме ки онҳо ба мардум сухан мегуфтанд, коҳинон ва сардори посбонони маъбад ва саддуқиён бар сари онҳо тохтанд Аъм. 4:1 ЗАМОНҲОИ ТАЪҚИБОТ 18-уми апрели соли 2007 дар Туркия се масеҳӣ барои имони худ кушта шуданд. Яке аз онҳо шубони 35-сола аз шаҳри Малатия, Наҷотӣ Ойдин буд. Он саҳарӣ ӯ метавонист ба офиси худ наравад. Як рӯз пеш ӯ аз сафари даҳрӯза баргашта буд, ва Семсе, ҳамсараш, мехост, ки ӯ дар хона монда дам гирад. Занаш ба фарзандонашон Илайша ва Эстер хӯрок хӯронда, онҳоро ба мактаб бурд, ва ҳангоми баргаштан то ҳадди имкон беовоз ба ҳуҷра даромад, то ки шавҳарашро бедор накунад. Аммо шавҳараш ба ҳар ҳол бедор шуд ва аз нури офтоб чашмонашро нумпӯш карда, ба атроф нигарист, ва иқрор шуд, ки хеле хаста шудааст: — Имрӯз аз ҷойгаҳи хоб бархестан намехоҳам. Аммо ӯ бархест. Чун ҳарвақта, кор бисёр буд. Дар кишваре ки аксари аҳолӣ мусулмонанд, фақат 0,2 фоизи аҳолӣ масеҳиятро пайравӣ мекунанд. Гардиши фалакро бинед, ки ин маҳз ҳамон кишварест, ки Павлус дар он ҷо қадам мезад, сарзаминест, ки гаҳвораи аввалин калисоҳо гардидааст. Имрӯз вазъият чӣ гуна аст? Дар кишваре ки 76 миллион аҳолӣ дорад, камтар аз 153 000 масеҳиён ҳастанд.[18] Наҷотӣ ва ӯ барин касон кӯшиш мекунанд вазъиятро дигаргун кунанд. Аз ҳамин сабаб шубони нав, бо вуҷуди хастагӣ, аз ҷойгаҳи хоб хест. Дар бораи воқеаҳои он саҳарӣ нақл намуда, Семсе баъзан хомӯш мемонад. Ӯ суп сурх шудааст, як даста мӯйҳои сиёҳ аз зери рӯймол берун баромадааст. То ҳол, дар бораи ҳуҷуми ваҳшиёна ба шавҳараш, дар бораи ногаҳон бева монданаш нақл карда, ӯ ҳиссиёташро нигоҳ медошт. Аммо суханони охиринро ӯ ашкҳояшро пок карда ба забон овард. — Шавҳари азизам дар соати 11 аз хона баромад. Дар назди дар истода ман интизор будам, ки ӯ ба лифт дарояд. Ҳангоми хайрухуш ӯ ба ман табассум намуд, аммо он вақт ман намедонистам, ки ин табассуми охирин аст. Ман онро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам… Ӯ оҳ кашида, нигоҳашро ба тарафи дигар равона кард, гӯё ба чизе менигарист, ки танҳо ба ӯ аён аст, ва суханашро давом дод: — Бароям хеле вазнин аст, ман бе табассуми ӯ дилгир мешавам… бе табассуми ӯ ҳатто офтоб тира мегардад… — Ба пеши пойҳояш нигариста, Семсе оҳиста гиря кард, аммо ҳамон замон худро ба даст гирифт: — ин косаи талх аст, ва ману фарзандонам маҷбурем ҳар рӯз аз он чашем. Ҳангоме ки Наҷотӣ ба офис омад, дар он ҷо ғайр аз ду ҳамкори ӯ, панҷ марди ҷавон буданд. Онҳо гуфтанд, ки мехоҳанд дар бораи имони масеҳӣ бештар маълумот пайдо кунанд. Аммо ин шахсони кунҷков на танҳо бо саволҳо омада буданд, онҳо бо худ силоҳ, кордҳо ва сачоқҳо оварда буданд. Онҳо силоҳ ба даст гирифта, ба Наҷотӣ фармуданд, ки дуои ба ислом рӯ оварданро ба забон оварад: «Нест худое ғайр Аллоҳ, ва Муҳаммад паёмбари Ӯст». Наҷотӣ рад кард. Ҳар серо бастанд. Дар давоми як соат масеҳиёнро таҳқир менамуданд ва азоб медоданд, ва фақат ҳамон вақте ки полис дарро кӯфтан гирифт, гулӯҳои онҳоро буриданд. Охирин суханон, ки аз офис шунида шуданд: «Масеҳ, Масеҳ!»[19] — фарёди масеҳии аз имонаш нагашта буданд. Чунин қиссаҳоро шунида, мо на танҳо ба хомӯшӣ фурӯ меравем, мо акнун дар роҳ танба шудани мошинҳоро озмоиш бо оташ намеҳисобем. Ва агар ақаллан лаҳзае тасаввур кунем, ки ман марди имон ҳастам, пас дар бораи риёзаткашон аз Малатия фикр карда, чунин савол надодан имкон надорад: «Оё ман ба чунин фидокорӣ қодир ҳастам? Оё охирин суханони ман «Масеҳ! Масеҳ!» мебуданд? Оё ман бо ҳаёт падруд гуфта метавонистам?» Пас чаро гоҳо даст кашидан аз ҷой дар таваққуфгоҳи мошинҳо бароям ин қадар душвор аст? Агар ин шубони турк «Нест худое ғайр аз Аллоҳ» мегуфт, зинда мемонд. Дастоне ки кордҳоро бардошта буданд, поён мешуданд ва се кас зинда мемонданд. Семсе шавҳарашро аз даст намедод, Илайша ва Эстер — падарро, Наҷотӣ бошад ба хона ба оила бармегашт. Ба ҷои ин ӯ бо тамоми овоз дар бораи имони худ ба Масеҳ изҳор намуданро афзал донист. Шумо дар ҷои ӯ чӣ кор мекардед? Ин саволи абстрактӣ нест — таъқибот вуҷуд доранд. Се чоряки ҳамаи масеҳиён дар кишварҳои ҷаҳони сеюм зиндагӣ мекунанд, ва аксаран дар байни мардуме ки ба онҳо муносибати душманона доранд. Миқдори умумии аҳолии Аврупои Ғарбӣ аз миқдори масеҳиён дар Хитой, ки рӯзҳои якшанбе барои парастиш ҷамъ мешаванд, камтар аст. Дар Лубнон масеҳиён 39% мебошанд, дар Судон — 5%, дар Миср — 10%[20]. Бисёриҳо худро ба хатар гузошта, парастиш менамоянд. Шояд шумо яке аз онҳо бошед: ягона масеҳӣ дар донишгоҳи Ироқ, зани араб, ки беовоз дуо мегӯяд, ё яҳудии масеҳӣ, ки дар маркази Уршалим зиндагӣ мекунад. Аммо пурра имконпазир аст, ки дар ҷамъияти озодии дин зиста, шумо бо зӯроварии рӯҳонии табақаҳои алоҳидаи аҳолӣ дучор мешавед. Шояд ба шумо теғи корд ё террор таҳдид намекунад, аммо танқид ва айбдоркуниҳо шинос мебошанд. Дар оила имони шуморо масхара мекунанд. Дар донишгоҳ профессорҳо беасос будани ақидаҳои шуморо исбот карданӣ мешаванд. Ҳамсинфон якдилона ба хулосае омадаанд, ки «шумо аз ақл бегона шудаед». Дар ҷои кор ҳамкорон шуморо водор мекунанд, ки бо виҷдонатон созиш кунед. Корд ба гулӯ? Не. Аммо бовар кунед, ки ба шумо ба қадри кофӣ фишор оварда мешавад, то ки бовариятон ноустувор карда шавад. Ман Мария Литтонро дар ёд дорам, ки ҳангоми дар Бразилия миссионер буданам ба ман забони португалиро меомӯзонд. Ӯ дар оилаи ашрофона ва бонуфуз ба воя расидааст. Ҳангоме ки масеҳӣ шуд, падар аз ӯ рӯ гардонд. Ӯ ба тӯйи арӯсии духтараш нарафт, ҳангоми идҳо ба хабаргирӣ намерафт. Дар давоми якчанд сол ӯ на бо духтараш муошират менамуд, на бо фарзандони вай. Ҳайдӣ — ягона имондор дар байни иштирокчиёни гурӯҳи дастгирӣ дар мактабашон аст. Ҳангоме ки баъди бозӣ духтаракон, чунон ки мегӯянд, ба хурсандӣ дода мешаванд, ӯ ба хона меравад. Ҳангоме ки баъди анҷом ёфтани бозиҳо дар сафар иштирокчиёни гурӯҳ «ғалабаро ҷашн мегиранд», ӯ ба меҳмонхона меравад. Таъқибот воқеӣ мебошанд. Дар ин бора аз Петрус ва Юҳанно пурсед, онҳо ба шумо нақл мекунанд, ки чӣ тавр маъюберо, ки гадоӣ мекард, шифо дода, ҳамон дам фаҳмиданд, ки на ба монанди ҳама будан чӣ гуна аст. «Ҳангоме ки онҳо ба мардум сухан мегуфтанд, коҳинон ва сардори посбонони маъбад ва саддуқиён бар сари онҳо тохтанд, зеро хеле нороҳат шуданд аз ин ки онҳо мардумро таълим медоданд ва дар шахси Исо эҳёи мурдагонро мавъиза менамуданд» (Аъм. 4:1, 2). То ҳол калисои ибтидоӣ дар бораи ҳеҷ гуна таъқибот нашунида буд. Ба шарофати мӯъҷизае ки дар рӯзи Пантикост рӯй дод, калисо дарҳол се ҳазор пайравони нави Масеҳро ба даст овард. Калисо дар байни имондорон, ки корҳои неки онҳо беҳтарин тасдиқи Хушхабар буданд, бо амалҳои хайрия, дилсӯзӣ ва муҳаббати бародарона маъруф буд. Миқдори масеҳиён торафт меафзуд. Се боби аввали Китоби Аъмол дар бораи рӯзҳои хушбахтонаи калисои ибтидоӣ нақл мекунанд. Аммо аллакай дар боби чорум калисои навташкил ба ҳуҷумҳои дастаи каллабурҳои шаҳр дучор мешавад: «коҳинон ва сардори посбонони маъбад ва саддуқиён бар сари онҳо тохтанд». Сардори тануманди посбонон аз байни тӯдаи тамошобинон мегузарад: мӯйҳои дарози сиёҳ бар китфон меафтанд, дар сари сина нишонаи ҳокимият овезон аст, ӯ дар даст қамчин дорад, пойҳои калонаш гӯё оҳанин мебошанд. Қонун ба ӯ имкон медиҳад, ки ҳар шахси ба саҳни маъбад қадам гузоштаро ҳабс кунад. Ӯ барои риояи қонун омад. Аз паси ӯ коҳинон намоён шуданд: Қаёфо ва падарарӯси ӯ Ҳонон. Аз ду тарафи сардори посбонон истода ва дастонашро дар сари сина рӯиҳам гузошта, онҳо ба ҳозирон нишон доданӣ буданд: «Фаромӯш накунед, ки Масеҳи шуморо чӣ тақдире насиб гардид. Оё се мех дар салиби румӣ ба шумо ҳеҷ чизро ёд надоданд?» Ба Петрус нигариста, саркоҳин Ҳонон хашмгинона абрӯ чин мекард. Ӯ фаромӯш накарда буд, ки ин ҳавворӣ якчанд ҳафта пеш дар боғи Ҷатсамонӣ чӣ карда буд. Ҳангоме ки хизматгори Ҳонон бо дастаи сарбозон барои ҳабс кардани Исо омад, Петрус шамшерро гирифта, «ба ғуломи саркоҳин, ки Малхус ном дошт, зад, ва гӯши рости вайро бурида партофт» (Юҳ. 18:10). Ва агарчи Исо хизматгори бадбахтро шифо дод, саркоҳин ин воқеаро фаромӯш накард. Манзараеро тасаввур мекунем: Ҳонон гӯши буридаро дар даст дошта, бо таҳдид дандонҳояшро зич карда, мегӯяд: «Ҳоло ист, ман ба ту нишон дода мемонам, Петрус». Дар айни ҳол Петрус шояд кӯшиш мекунад баъзе хотираҳояшро дар бораи он шаб ба тартиб оварад: на танҳо дар бораи зуд шамшерро ба даст гирифтанаш, балки ҳамчунин дар бораи он ки чӣ тавр гурехт. Ӯ ва дигар шогирдон Исоро бо душманаш танҳо гузошта, аз боғ гурехта рафтанд. Дертар, ҳамон шаб Петрус тамоми далерии худро ҷамъ карда, ҷуръат намуд, ки ба доварӣ бар Исо ҳозир шавад. Аммо ҳамин ки ӯро шинохтанд, боз тарсид. Ва на танҳо тарсид, балки Наҷотдиҳандаро инкор намуд, ва на як бор, балки се бор. Петрус бо ҳеҷ чиз фахр карда наметавонист, зеро аз ду озмоиш нагузашт ва ҳисоб 2:0 ба фоидаи таъқибот буд. Аммо аз озмоиши сеюм бошарафона гузашт. Сегонаи мо устувор меистад, ва агар пойҳои онҳо каме меларзида бошанд, ин фақат аз он сабаб аст, ки гадо ҳозиракак ба по хеста, аввалин қадамҳои мустақилона гузошт, ва ин дафъа ҳаввориён қарор доданд, ки ба ҳеҷ ҷой нагурезанд. Петрус аз Рӯҳулқудс пур шуда, ба онҳо гуфт: «Эй сардорони қавм ва пирони Исроил! Агар имрӯз барои некие ки ба марди нотавоне кардаем, моро тафтиш менамоед ва мехоҳед бидонед, ки вай ба чӣ васила шифо ёфтааст, пас ба ҳамаи шумо ва ба тамоми қавми Исроил маълум бод, ки ба исми Исои Масеҳи Носирӣ, ки Ӯро шумо маслуб кардед, ва Худо Ӯро аз мурдагон эҳё намуд, оре, ба исми Ӯ ин одам дар ҳузури шумо тандуруст истодааст Аъм. 4:8–10 Дар ин суханон ишорае ба ақибнишинӣ нест. Баръакс, дар онҳо оҳанги таънаи истеҳзоомез («Агар имрӯз барои некие ки ба марди нотавоне кардаем, моро тафтиш менамоед… ») ва андозаи зиёди изҳороти ошкоро («пас ба ҳамаи шумо ва ба тамоми қавми Исроил маълум бод, ки ба исми Исои Масеҳи Носирӣ…») шунида мешаванд. Ва ниҳоят бо овози баланд, возеҳу равшан эълон мекунад: «Дар ҳеҷ каси дигаре наҷот нест, ва дар зери осмон ҳеҷ исми дигаре ба одамон ато нашудааст, то ки ба василаи он наҷот ёбем» (Аъм. 4:12). Ҳонон ва Қаёфо аз чунин густохӣ лол шуда мемонанд. Сардори посбонон қамчини худро мефишурад. Чашмони саддуқиён аз нафрат тамоман танг мешаванд. Кардиналҳои тираранги Уршалим тайёранд Петрус ва Юҳанноро бо нигоҳ сӯзонда хокистар гардонанд. Аммо Петрус ва Юҳанно ҳатто наҷунбиданд. Бо онҳо чӣ рӯй дод? Дафъаи гузашта, ҳамин намояндагони ҳокимиятро дида, Петрус ва Юҳанно пасашонро надида гурехта буданд! Имрӯз бошад ба Маҳкамаи олии Уршалим муқобил меистанд. Бо онҳо чӣ гап шудааст? Инҷилнавис Луқо дар ояти 13-ум ба мо чунин мегӯяд: «Вақте ки ҷасорати Петрус ва Юҳанноро диданд ва пай бурданд, ки одамони нохонда ва одӣ ҳастанд, ҳайрон шуданд ва онҳоро шинохтанд, ки аз ҳамроҳони Исо буданд…» (Аъм. 4:13). Петрус ва Юҳанно бо Исо, бо Исои эҳёшуда буданд. Онҳо бо Ӯ дар болохона вақт мегузаронданд, ҳангоме ки Ӯ аз даруни девор гузашта, ба онҳо ҳамроҳ шуд, ва дар назди Тумо истода, ба шогирдон имкон дод, ки ба захмҳои Ӯ даст расонанд. Ва дар соҳили баҳр, ҳангоме ки Исо барои онҳо моҳӣ бирён кард. Дар давоми чил рӯз назди пойҳои Исо нишаста, онҳо ба суханони Ӯ дар бораи роҳҳои Подшоҳии Худо гӯш медоданд. Онҳо аз соатҳои тӯлонии дилпазир дар ҳузури Подшоҳи эҳёшуда ҳаловат мебурданд: бо Ӯ бедор шуда, ҳамроҳи Ӯ сайру гашт менамуданд. Ва дар натиҷаи ин муошират онҳо чунон дигаргун шуданд, ки на хомӯш монда метавонистанд, на гурехтан. «Мо наметавонем аз гуфтани он чи дидаем ва шунидаем, даст кашем» (Аъм. 4:20). Оё шумо ба нотарсии экстремалӣ рӯ овардаед? Агар на вуҷуд доштан, балки зистан хоҳед, он ба шумо даркор мешавад. То даме ки шумо амал намекунед, хавфи ҳуҷумҳо вуҷуд надорад. Сагҳо ба мошинҳои беҳаракат аккос намезананд. Аммо ҳамин ки муҳаррики мошинро ба кор медароред, дигар хел карда гӯем, аз майзадагӣ сӯи ҳушёрӣ, аз дурӯғгӯӣ ва ростгӯӣ ё аз бепарвоӣ ва дилсӯзӣ қадам мегузоред, — интизори он бошед, ки ғулғулаи даҳшатовар ба миён меояд. Маҳкумкунӣ, масхараҳо ва таъқибот сар мешаванд. Пас чӣ тавр ба таъқибот тайёрӣ бояд дид? Ба таври одӣ. Аз шогирдони Ӯ намунаи ибрат гиред. Зуд-зуд ва муддати бештар дар ҳузури Масеҳ бошед. Дар бораи файз ба муҳаббати Ӯ андеша намоед. Суханони Ӯро дар ёд нигоҳ доред. Ба чеҳраи Ӯ нигаред. Бо Ӯ гуфтугӯ кунед. Нотарсӣ аз муошират бо Исо ба миён меояд. Петрус дар ин бора чунин гуфтааст: «Лекин агар барои адолат уқубат кашед, хушо шумо; аз воҳимаи онҳо натарсед ва музтариб нашавед. Худованд Худоро дар дилҳои худ тақдис намоед; ҳамеша тайёр бошед, ки ба ҳар касе ки аз шумо дар бораи умедатон ҳисоб талаб кунад, бо фурӯтанӣ ва эҳтиром ҷавоб диҳед» (1 Пет. 3:14, 15). Дар бораи ҳаёти Масеҳ андеша намуда, мо барои ҳаёти худ қувват пайдо менамоем. Намунаи Сюй Юнхай ба ёд меояд, ки барои қонунӣ гардондани калисоҳои хонагӣ дар Хитойи коммунистӣ бисёр кӯшишҳо кардааст. Дар ҷавоб ҳукумат ӯро ба муддати ду сол ба ҳабсхонаи Пекин, ба камераи масоҳаташ шаш метри мураббаъ партофт. Дар ин камера лӯлаи об ки обаш ба фарш мерехт, ҳамчун ванна хизмат мекард. «Камераи ман барои маҳбусоне ки ба марг маҳкум шуда буданд, охирин паноҳгоҳ буд, — нақл мекард ӯ, — Гоҳо дар ин ҷо то се маҳбус буданд, ки рӯзи қатлро интизор буданд». Юнхай ба шарофати он зинда монд, ки дуо мегуфт, андеша менамуд ва менавишт. Порчаи собунро истифода бурда, ӯ дар девори камера тезисҳои асосии китоби худро дар бораи Худо менавишт. Ва ҳангоме ки собун тамом шуд, ӯ фикран навиштани онро давом медод. Пас аз озод шудан фикрҳои зиндонии ӯ ба китоби иборат аз 50 000 калима табдил ёфтанд, ки «God the Creator» ном дошт. Ба монанди Петрус ва Юҳанно, Юнхай дар ҳузури Масеҳ буда, қувват пайдо намуд. Нотарсӣ аз андешаронӣ дар бораи амалҳои Исо меояд.[21] Оё пагоҳ нотарс будан мехоҳед? Пас имрӯз бо Исо муошират намоед. Дар каломи Ӯ, бо халқи Ӯ, дар ҳузури Ӯ бошед. Ва ҳангоме ки таъқибот меоянд (ва онҳо меоянд), шумо тавоно хоҳед буд. Кӣ медонад, шояд дар шумо низ боре шогирдеро хоҳанд дид, ки бо Масеҳ буд. БАРОИ АНДЕШАРОНӢ ВА МУҲОКИМА 1. Ҳангоме ки қиссаҳоро дар бораи Наҷотӣ барин қаҳрамомон-риёзаткашон, ё қиссаҳоро дар бораи таъқиботи даҳшатовар дар тамоми ҷаҳон мешунавед, чиро ҳис мекунед? 2. Дар ҷамъияти озодии дин, дар ҳаёти ҳаррӯза бо таъқибот дучор нашуда, мо ба фишор аз тарафи танқидгарон, айбдоркунандагон, аъзоёни оила, муаллимони мактабҳои олӣ, ҳамсинфон, ҳамкорон ва дигарон рӯ ба рӯ шуда метавонем. Оё ин рӯйхат ба шумо вазъиятеро ёдрас мекунад, ки дар он шумо хомӯш монда, имони худро нишон надодед? 3. Ба фикри шумо, Петрус дар вазъияте ки дар Юҳ. 18:15–18, 25–27 тасвир ёфтааст, чиро эҳсос менамуд? Оё шумо дар шароити фишор ё таъқибот ақибнишинӣ кардаед ва хомӯш мондаед? Ва баръакс, ҳангоме ки чун Петрус аз Аъм. 4:5–13, бо вуҷуди фишор ё таъқибот, шумо нотарсона ҳақиқатро эълон мекардед? 4. Кадом одатҳо ба шумо имкон медиҳанд, ки муддати зиёд ва бо майли том дар ҳузури Масеҳ бошед? Ва ин чӣ тавр ба атрофиён ёрӣ медиҳад, то бинанд, ки шумо бо Ӯ будед? 5. Кадом таҷрибаҳои рӯҳонӣ нотарсии имондорро инкишоф дода метавонанд? Боби 11. Ниқӯдимус Дар байни фарисиён шахсе ки Ниқӯдимус ном дошт, аз сардори яҳудиён буд, Вай шабона назди Исо омада, гуфт: «Эй Устод! Мо медонем, ки Ту Устоде ҳастӣ, ки аз ҷониби Худо омадаӣ. Зеро мӯъҷизаҳоеро, ки Ту нишон медиҳӣ, ҳеҷ кас наметавонад нишон диҳад, ҷуз ин ки Худо бо вай бошад». Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегӯям: кас агар аз олами боло таваллуд наёбад, Подшоҳии Худоро дида наметавонад». Ниқӯдимус ба Ӯ гуфт: «Чӣ гуна мумкин аст, ки одаме ки пир шуда бошад, таваллуд ёбад? Оё метавонад боз ба шиками модараш баргашта, таваллуд ёбад?». Исо ҷавоб дод: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегӯям: кас агар аз об ва Рӯҳ таваллуд наёбад, ба Подшоҳии Худо даромада наметавонад: Он чи аз ҷасм таваллуд меёбад, ҷисм аст, ва он чи аз рӯҳ таваллуд меёбад, рӯҳ аст. Аз он чи ба ту гуфтам, тааҷҷуб накун: бояд шумо аз олами боло таваллуд ёбед. Бод ҳар ҷо ки хоҳад мевазад, ту овози онро мешунавӣ, лекин намедонӣ, ки аз куҷо меояд ва ба куҷо меравад: чунин аст ҳолати ҳар кӣ аз Рӯҳ таваллуд ёфта бошад». Ниқӯдимус дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Чӣ тавр мумкин аст, ки чунин шавад?» Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Ту ки як устоди Исроил ҳастӣ, инҳоро намедонӣ?» Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегӯям: Мо аз он чи медонем, сухан мегӯем ва бар он чи дидаем, шаҳодат медиҳем, лекин шумо шаҳодати Моро қабул намекунед; вақте ки ба шумо аз чизҳои заминӣ сухан гуфтам, бовар накардед, пас ҳар гоҳ аз чизҳои осмонӣ сухан ронам, чӣ сон имон хоҳед овард? Ҳеҷ кас ба осмон сууд накардааст, магар фақат Он ки аз осмон фуруд омадааст, яъне ки Писари Одам, ки ҷояш дар осмон аст; Ва чунон ки Мусо дар биёбон морро боло бардошт, Писари Одам низ бояд ончунон боло бурда шавад, то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад. Зеро Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи Худро дод, то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад. Зеро Худо Писари Худро ба ҷаҳон барои он нафиристод, ки бар ҷаҳон доварӣ кунад, балки ҷаҳон ба воситаи Ӯ наҷот ёбад. Ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, маҳкум намешавад, лекин ҳар кӣ имон наоварад, аллакай маҳкум шудааст, чунки ба исми Писари ягонаи Худо имон наовардааст. Ва ҳукм ин аст, ки нур ба ҷаҳон омад; вале мардум торикиро аз рӯшноӣ бештар дӯст доштанд, чунки аъмоли онҳо бад аст. Зеро ҳар киро кирдор бад бошад, аз рӯшноӣ нафрат дорад ва пеши рӯшноӣ намеояд, то ки аъмолаш ошкор нашавад; лекин ҳар кӣ росткор аст, пеши рӯшноӣ меояд, то ошкор бошад, ки аъмолаш ба воситаи Худо содир шудааст. Юҳ. 3:1–21 ОН ЧИ ТАНҲО ДАР ИХТИЁРИ ХУДОСТ Инро ҳар фермер медонад: агар кишт накунед, замин ҳар қадар ҳосилхез бошад ҳам, ҳосил намедиҳад. Аз афти кор, Ниқӯдимус аз ин бехабар буд. Ӯ гумон мекард, ки кишт накарда, ҳосил ғундоштан мумкин аст. Ӯ дар соҳаи шудгор кардани замин мутахассиси калон буд, аммо дар масъалаи тухмӣ тамоман беэҳтиёт буд. Ниқӯдимус шариатдон буд, ва онҳо бисёр вақт заминро шудгор мекунанд, аммо кишт карданро фаромӯш менамоянд. Ниқӯдимус пайрави ҳарфи шариат будани худро пинҳон намекард, зеро фарисӣ буд. Фарисиён таълим медоданд, ки имонро аз рӯи нишонаҳои зоҳирӣ муайян кардан мумкин аст: либос, рафтор, унвони ифтихорӣ, суханони дуо, миқдори атоҳои рӯҳонӣ — ҳамаи ин меъёри фарисии рӯҳоният буд. Агар онҳо фермер мебуданд, аз саҳар то шаб дар қаҳвахона нишаста, технологияи кишоварзиро муҳокима мекарданд. Кай пору андохтан беҳтар аст: пеш аз борон ё баъди он? Оё як сол пас заминро кишт накарда мондан даркор аст ё ҳар соли сеюм? Оё фермер бояд либоси махсус пӯшад ё либоси ҷинс, кулоҳи ковбойҳо ё бейсболка? Фарисиён фақат як мушкилӣ доштанд: аз боиси баҳсҳо дар хусуси ягона усулҳои дурусти кишоварзӣ онҳо ҳосили тамоман кам меғундоштанд. Дар ҳоле ки як Ҷалилии дар масъалаҳои кишоварзӣ камтаҷриба дар давоми якчанд моҳ беш аз ҳамаи фарисиён самар овард. Ин боиси ҳасад, хашм, ранҷиши онҳо шуд, ва онҳо ҳеҷ чизи беҳтареро наёфта, натиҷаҳои Ӯро сарфи назар намуданд ва дар бораи усулҳои Ӯ бадгӯӣ кардан гирифтанд. Ҳамаи фарисиён чунин мекарданд. Ғайр аз Ниқӯдимус. Ӯ кунҷков буд, ва на танҳо кунҷков, балки нақлҳои касонеро, ки бо Исо муошират доштанд, бо майли зиёд гӯш мекард, ӯ ба ин таваҷҷӯҳи зиёд дошт. Таассуроте ҳосил мешуд, ки танҳо Исо ҳақиқатро дошт. Мисли ин ки Ӯ пайғамбар бошад. Корҳои Исо ба Ниқӯдимус маъқул буданд. Ӯ ба он мавриде таваҷҷӯҳ дошт, ки Исо ба маъбад даромада, мизҳои саррофонро чаппа кард. Замоне Ниқӯдимус низ ҳамин гуна хоҳиш дошт. Аммо аз он вақт муддати зиёде гузаштааст!.. Акнун ӯ шахси соҳибэҳтиром аст, ридо мепӯшад, қоидаҳоро риоя мекунад. Нуқӯдимус майли зиёд дошт, ки бо ин дуредгар сӯҳбат кунад, аммо инро чӣ тавр кардан мумкин аст? Сарвари динии яҳудиён рӯзона назди Исо омада наметавонад. Ниқӯдимус қарор дод, ки шабона ба вохӯрӣ бо Исо равад. Ӯ шабона меравад. Оҳ, чунин рафтор ба фарисиён хос аст. Шариатдонон рӯшноии зиёдро дӯст намедоранд. Ниқӯдимус гуфторро бо суханони ботакаллуф сар мекунад: «Эй Устод! Мо медонем, ки Ту Устоде ҳастӣ, ки аз ҷониби Худо омадаӣ. Зеро мӯъҷизаҳоеро, ки Ту нишон медиҳи, ҳеҷ кас наметавонад нишон диҳад, ҷуз ин ки Худо бо вай бошад» (Юҳ. 3:2). Исо ба такаллуфи ӯ аҳамият надода, ҷавоб медиҳад: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегӯям: кас агар аз олами боло таваллуд наёбад, Подшоҳии Худоро дида наметавонад» (Юҳ. 3:3). Ҳеҷ гуна гапи зиёдатӣ. Ҳеҷ гуна беҳудагӯӣ. Исо рост ба сари мақсад меояд. Бевосита ба моҳияти масъала, ба ҳалли он дахл мекунад. Исо медонад, дили шариатпараст чун санг сахт аст, онро бо панду насиҳати одӣ шикастан ғайриимкон аст. Ин ҷо искана даркор аст. Аз ҳамин сабаб Ӯ гуфтани ҳаққи гапро давом медиҳад: Ниқӯдимус, ту бо зиёдтар кардани рӯшноӣ кӯрро бино карда наметавонӣ. Ниқӯдимус, ту бо баландтар кардани мусиқӣ карро шунаво карда наметавонӣ. Ниқӯдимус, ту бо ороиш додани намуди зоҳирии шахс моҳияти ӯро дигаргун карда наметавонӣ. Нуқӯдимус, ту тухмӣ накошта, самар ба даст намеоварӣ. Ту бояд аз олами боло таваллуд шавӣ. Вохӯрии Исо бо Ниқӯдимус на танҳо вохӯрии ду ходими динӣ буд. Ду ҷаҳонбинӣ, ду нуқтаи назари оштинопазир дар хусуси наҷот бо ҳам бархӯрданд. Ниқӯдимус чунин меҳисобид, ки масъулият барои наҷот бар дӯши худи одам аст, аммо Исо мегуфт, ки ҳамаи он чиро, ки барои наҷот даркор буд, Худо аллакай кардааст. Ниқӯдимус чунин меҳисобид, ки одам бояд бо амалҳои нек сазовори наҷот шавад. Исо мегуфт, ки вазифаи одам фақат қабул кардани наҷот аст. Ин ду назария тамоми спектри ақидаҳои мавҷударо дар бар мегиранд. Ҳамаи динҳои ҷаҳониро ба яке аз ин ду лагер мансуб донистан мумкин аст: шариатпарастӣ ё файз. Наҷотро ё Худо ба амал меоварад, ё одам. Наҷот ё подош барои хизмати нек аст. ё тӯҳфаест, ки ба шарофати марги Масеҳ ба даст омадааст. Шариатпараст бовар мекунад, ки шумо бояд барои наҷот кӯшишҳои қаҳрамонона кунед. Агар намуди зоҳирии шумо дуруст бошад, дуруст гап занед ва узви вафодори ҳизби дуруст бошед, наҷот меёбед. Ҳамин тариқ, бори асосии масъулият на ба дӯши Худо, балки ба дӯши шумо гузошта мешавад. Натиҷааш чӣ мешавад? Дурахши зоҳирӣ, ки ҳатто чашмонро хира мекунад, сӯхангӯии дуруст, рафтори ҳамида. Аммо агар аз наздиктар нигарем, бо диққати бештар гӯш кунем — ба ҳар ҳол чизе камӣ мекунад. Чӣ чиз? Хурсандӣ. Чаро? Аз боиси тарс (ки кам кӯшиш кардед). Аз боиси ғурур (ки шумо хеле хуб кӯшиш кардед). Аз боиси ноилоҷӣ (ки шумо ба хато роҳ додед). Шариатпарастӣ — калимаи нохуб аст. Агар шумо ҳеҷ гоҳ зери фишори шариатпарастӣ набуда бошед, Худоро шукр гӯед. Шумо бо курта таваллуд шудаед (яъне коратон омад кардааст). Аммо кори на ҳама чунин омад мекунад. Медонед, шариат ҷонкании тадриҷӣ, нафасгир кардани рӯҳ, бурида партофтани орзу аст. Шариатпарастӣ ба қадри кофӣ диндорона аст, то ки одамро боздорад, аммо гуруснагии рӯҳонии ӯро рафъ карда наметавонад. Аз ҳамин сабаб шумо гурусна ҳастед. Ва устодони рӯҳонии шумо дар куҷо ба даст овардани ғизоро надониста, ҳамроҳи шумо гуруснагӣ мекашанд. Шуморо дар парҳези қатъи қоидаҳо ба меъёрҳо нигоҳ медоранд. Ҳеҷ гуна витаминҳо, ҳеҷ чизи бомаза, ҳеҷ чизи тунд — фақат дини бенамак, ки ба дандонҳо часпидааст. Ин ба ман гурӯҳеро ёдрас мекунад, ки ман дар кӯдакӣ ҷузъи он будам. Ман дар синни ҳаштсолагӣ дар гурӯҳи писаракони сароянда месурудам. Мо ҳар ҳафта ду бор дар машқҳои дусоатаи даста иштирок мекардем, пинҷакҳои махсус мепӯшидем ва дар тантанаҳои гуногун иштирок менамудем. Мо ҳатто ба сафарҳои ҳунарӣ мерафтем. Он чиз ҷолиб аст, ки роҳбари дастаи сарояндагон сержанти ба истеъфо баромада — иструктори қадамгузории низомӣ буд. Пеш аз он ки ба хор роҳбарӣ кунад, ӯ аъзоёни нави гурӯҳро таълим медод. Ва таҷрибаи фаъолияти пештараи ӯ ба амалияи оянда таъсир расонд: ҳангоми ҳар як машқ мо саф кашида, қадамзании низомӣ мекардем. Ин чунин буд: роҳбари дастаи сарояндагон фармонҳо медод, ва мо ба ҷо меовардем. — Як, ду, се, чор. Як, ду, се, чор. Дар аввал чунин амалия дар ман саволҳоро ба вуҷуд намеовард. Ман метарсидам пурсам, ки чаро мо ин корро мекунем. Илова ба ин, худи сардори гурӯҳ намуди тарсовар дошт. Ниҳоят, тамоми мардонагии худро ҷамъ карда, ман ба писараки дар наздам истода муроҷиат намудам: — Барои чӣ мо ин корро мекунем? — Намедонам. — Ба хотири чӣ? — Намедонам? Ва ҳеҷ кас намедонист. Ду сол мо ҳар ҳафта ду бор қадамзании низомӣ мекардем, аммо ҳеҷ кас намедонист, ки мо инро барои чӣ мекунем. Як чиз фаҳмо буд: агар сурудан хоҳӣ — ҳамроҳи дигарон қадам зан. Ин шариатпарастӣ аст. Он сахтгирона, якранг ва якнавохт буда, албатта ба нақшаҳои Худо дохил намешавад. Оё дар бораи шариатпарастӣ ҳама чизро бе обу ранг донистан мехоҳед? Шариатпарастӣ ба Худо эҳтиёҷ надорад. Шариатпарастӣ на бахшида шудан, балки сафед шуданро меҷӯяд. Ин раванди худҳимояткунӣ ва худсафедкунии доимӣ аст. Шариатпарастон диққатро на ба Худо, балки ба худ равона мекунанд. Шариатпарастӣ… …нуқтаи назари маро ба шумо бор мекунад. Танҳо як нуқтаи назар дуруст буда метавонад. Оё медонед, кадом нуқтаи назар? Нуқтаи назари шумо? Хато мекунед! …нуқтаи назари маро ба маҳдудиятҳои шумо табдил медиҳад. Агар нуқтаи назари шумо аз нуқтаи назари ман фарқ дошта бошад, ман ҳақ дорам на танҳо дар хусуси муоширати минбаъда бо шумо, балки ҳамчунин дар хусуси наҷотёфта будани шумо шубҳа кунам. …нуқтаи назари маро ба ӯҳдадории шумо табдил медиҳад. Масеҳиён ҳамеша бояд баробар қадам зананд. Шумо бояд фикр накунед, балки қадамзании низомӣ кунед. Агар як қисми ҷамъият будан хоҳед, баробар қадам занед ва савол надиҳед. Ниқӯдимус қадамзании низомӣ карда метавонист. аммо ӯ хеле мехост сурудхонӣ кунад. Ӯ пай мебурд, ки як чизи бузург вуҷуд дорад, аммо намедонист, ки онро аз куҷо ёбад. Аз ҳамин сабаб ӯ назди Исо рафт. Ӯ шабона назди Исо рафт, зеро аз норозигии ҳамсафони худ метарсид. Шариатпарастӣ тарсро меоварад. Он моро ба ақидаи дигарон вобаста мекунад. Шумо доимо андеша менамоед, ки дигарон дар бораи шумо чӣ мегӯянд ё фикр мекунанд, аз ҳамин сабаб шумо фақат кореро мекунед, ки таҳсин карда мешавад. Мутобиқшавӣ кори нохуш аст, аммо бехатариро ваъда медиҳад. Униформа ноқулай аст, аммо он тасдиқ шудааст, бинобар ин шумо онро пӯшида мегардед. Шумо намедонед, ки барои чӣ ё ба хотири чӣ қадамзании низомӣ мекунед, аммо шумо кистед, то ки саволҳо диҳед? Аз ҳамин сабаб ҳамроҳи ҳама бо пайраҳаи муқовимати камтарин пеш меравед. Аммо агар бо роҳи дигар рафтанӣ шавед, ба монанди Ниқӯдимус, ин корро бояд шабона кунед. Ана ӯ поида-поида пеш меравад ва кӯшиш мекунад дар соя бошад (агарчи шабона соя аз куҷост), то даме ки ба назди Масеҳ рафта расад. Ба Ниқӯдимус, муаллими маъруфи шариат, ҳангоми сӯҳбат бо ин дуредгар ҳамагӣ се бор сухан гуфтан муяссар мешавад — як дафъа суханони таҳсиномез гӯяд ва ду бор савол диҳад. Ин китобдон, ки тамоми умр Навиштаи Муқаддасро бо корди мантиқ ҷарроҳӣ менамуд, ногоҳ хомӯш мешавад, ҳангоме ки Исо дарғоти ҳақиқатро мекушояд ва ба катакомбаҳои шуури фарисиёнаи ӯ селоби файз ҷорӣ мешавад. Исо аз он сар мекунад, ки сарчашмаи рӯҳонияти ҳақиқиро ошкор менамояд: «Он чи аз ҷисм таваллуд меёбад, ҷисм аст, ва он чи аз рӯҳ таваллуд меёбад, рӯҳ аст» (Юҳ. 3:6). Ҳаёти рӯҳонӣ самари кӯшишҳои инсонӣ нест. Онро Рӯҳулқудс медиҳад ва дастгирӣ менамояд. Ҳама гуна нашъунамои рӯҳонӣ аз аввал то охир ба шарофати Худо ба даст меояд. Рӯҳоният, ба қавли Исо, на аз боиси ба калисо рафтан, рафтори писандида, ё таълимоти дуруст, балки ба шарофати дахолати олами боло меояд. Эҳтимол чунин изҳорот Ниқӯдимусро ҳайрон намуд, аммо Исо ҳанӯз чизи асосиро нагуфта буд. «Бод ҳар ҷо ки хоҳад мевазад, ту овози онро мешунавӣ, лекин намедонӣ, ки аз куҷо меояд ва ба куҷо меравад: чунин аст ҳолати ҳар кӣ аз Рӯҳ таваллуд ёфта бошад» (Юҳ. 3:8). Оё вазидани бод ягон бор аз шумо мадад хоста буд? Оё тундбодеро, ки ба девор такя карда, нафасашро рост мекунад, дидаед? Шубҳа дорам. Бод ба мадади шумо эҳтиёҷ надорад, ва низ дар бораи ниятҳои худ хабар намедиҳад. Он беовоз ва нонамоён аст, чунон ки Рӯҳулқудс низ. Аммо акнун Ниқӯдимус асабонӣ шуд. Чунин рӯшноӣ барои ӯ беҳад зиёд аст. Мо, устодони рӯҳонӣ, назорат намудани ҳама чиз ва идора кардани равандро дӯст медорем. Мо тавсиф додан ё тасвир намудани ягон чизро беш аз ҳама дӯст медорем. Сохтор ва аниқӣ — дӯстони воиз мебошанд. Аммо ин маънои онро надорад, ки Худо вазифадор аст айнан мувофиқи протоколи шумо амал намояд. Наҷот додан касби Худост. Файз ақидаи Ӯ, меҳнати Ӯ, хароҷоти Ӯст. Ӯ онро ба ҳар касе ки хоҳад ва ҳар вақте ки хоҳад, пешниҳод мекунад. Вазифаи воизон ба одамон хабар расондан аст, аммо на ба навъҳо ҷудо кардан онҳо. Ва инак он саволе ки шояд Ниқӯдим аз Исо пурсиданӣ буд. Ин ба Худо чӣ даркор аст? Чаро Ӯ қарор дод наҷот бахшад? Ҷавоби Исо дар майнаи Ниқӯдимус намеғунҷад. Чаро Худо қарор дод наҷот бахшад? Чунки дӯст медорад. «Зеро Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи Худро дод, то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад» (Юҳ. 3:16). Ниқӯдимус ҳеҷ гоҳ ба ин монанд чизеро нашунида буд. Ҳеҷ гоҳ! Ӯ дар баҳсҳо дар бораи наҷот варзида ва ботаҷриба буд, аммо бори аввал баёнро шунид, ки дар он ҳеҷ гуна қоидаҳо зикр намешуданд, ҳеҷ гуна шартҳо пеш оварда намешуданд, риояи маҷмӯаи қонунҳо ё иҷрои маросимҳо талаб карда намешуданд. «Ҳар касе ки ба Ман имон дорад, ҳаёти абадӣ дошта метавонад», — фаҳмонд Исо ба Ниқӯдимус. Магар Худо ин қадар саховатманд аст? Ҳайрати Ниқӯдимус ҳадду ҳудуд надошт. Ҳар касе ки имон дорад, ҳаёти абадӣ дошта метавонад. На «ҳар касе ки ба дараҷае расидааст », на «ҳар касе ки ба муваффақият ноил шудааст», на «ҳар касе ки муносиб аст», балки «ҳар касе ки имон дорад». Диққат диҳед, ки чӣ тавр Худо Ниқӯдимусро аз бандҳои шариатпарастӣ озод мекунад. Ба монанди фермери ботаҷриба, Ӯ дар аввал замини хушкидаро шудгор мекунад ва фақат то қабати намноки ҳосилхез расида, тухмӣ мекорад, тухмии файзро. Оё он самар овард? Ин порчаро хонед ва худатон мебинед. Ва Ниқӯдимус, ки пештар шабона назди Исо омада буд, низ омад ва тақрибан сад ратл мур ва уди омехта бо худ овард. Онҳо ҷасади Исоро гирифтанд ва мувофиқи дафни яҳудиён, ҳанут пошида, ба кафан печонданд. Дар он ҷое ки Ӯ маслуб шуд, боғе буд, ва дар боғ қабри наве ки дар он ҳанӯз ҳеҷ кас дафн нашуда буд: Дар он ҷо Исоро дафн карданд, зеро ки арафаи шанбеи яҳудиён буд, ва он қабр наздик буд Юҳ. 19:39:42 Ҳайратовар аст, ки одам дар Подшоҳии Худо чӣ тавр дигаргун мешавад! Касе ки дар торикии шаб ба вохӯрӣ бо Масеҳ мерафт, дар рӯзи равшан назди салиб меояд, то ки ба Ӯ хизмат кунад. Касе ки дар дилаш тухми файз рӯид, тухмиҳои ҳаёти абадиро кишт мекунад. БАРОИ АНДЕШАРОНӢ ВА МУҲОКИМА 1. Юҳанно 3:2-ро хонед. Шумо чӣ фикр мекунед, чаро Исо суханони Ниқӯдимусро сарфи назар карда, гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегӯям: кас агар аз олами боло таваллуд наёбад, Подшоҳии Худоро дида наметавонад». 2. Изҳороти зеринро маънидод кунед: «шариат ҷонкании тадриҷӣ, нафасгир кардани рӯҳ, бурида партофтани орзу аст». Агар ягон вақт дар зери фишори шариатпарастӣ будаед, таассуроти худро баён намоед. 3. Қӯл. 2:20–23-ро хонед. Шумо чӣ фикр доред, чаро мо ба осонӣ аз афзалиятҳои файз даст кашида, ба шариатпарастӣ бармегардем? Ягона воситаеро номбар намоед, ки имконияти аз он озод шуданро медиҳад. 4. Ғал. 5:1–6-ро хонед. Чӣ тавр ин порча мефаҳмонад, ки имон ва корҳои некро ба ҳам омехта, наҷот ёфтан ғайриимкон аст? 5. Чӣ тавр Юҳ. 19:39–42 нишон медиҳад, ки Ниқӯдимус ниҳоят аз банди шариатпарастӣ озод шуд? Ӯ чӣ тавр ба ин муваффақ шуд? Боби 12. Ҳанониё ва Шоул Эй бародар Шоул! Исои Худованд, ки дар роҳе ки меомадӣ, бар ту зоҳир шуд, маро фиристод, то ки боз бино гардӣ ва аз Рӯҳулқудс пур шавӣ Аъм. 9:17 БА КАНОРАҶӮӢ НАМУДАН ШИТОБ НАКУНЕД Ҳанониё кӯчаҳои танги Димишқро тай намуда, ошкоро шитоб мекунад.[22] Ҳатто риши зиёд ифодаи ҷиддиятро дар чеҳраи ӯ пинҳон карда наметавонад. Дӯстон ба Ҳанониё муроҷиат мекунанд, аммо ӯ намеистад. Ӯ дар аснои роҳ пичиррос мезанад: «Шоул? Шоул! Ин ғайриимкон аст! Чунин буда наметавонад». Аммо агар ба ҳар ҳол ӯ хато карда бошад-чӣ? Магар беҳтар он нест, ки бозгардад ва бо занаш дар ин бора гуфтугӯ кунад? Ягон касро боздошта, ба куҷо рафтанашро гӯяд ҳам, нодуруст намешавад, то ки агар ягон воқеаи ғайричашмдошт рӯй диҳад, дар куҷо ҷустани ӯро донанд. Аммо ӯ қадамашро суст накарда, рафтанро давом медиҳад. Дӯстон метавонистанд ӯро аҳмақ номанд. Занаш метавонист ба рафтани ӯ роҳ надиҳад. Аммо ӯ бояд равад. Ӯ аз назди ҳавлиҳое ки дар онҳо мурғон, шутурони калон ва харҳои хурд ҳастанд, аз назди дӯкони дӯзанда, аз назди чармгар қариб давида мегузарад. Чармгар таъзим намуда салом медиҳад, аммо Ҳанониё барои ҷавоб додан вақт надорад, ӯ мешитобад. Ӯ қариб нафасгир шуд, аммо суръаташро суст накард, то даме ки ба кӯчаи Рост расид. Инак меҳмонхона. Равоқҳои паст, ҳуҷраҳои калон бо кӯрпачаҳо — аз рӯи меъёрҳои Димишқ нисбатан бароҳат. Чунин ҷой барои шахсиятҳои муҳим ё қудратмандон муқаррар шудааст, ва Шоул, албатта, ҳар дуи ин сифатҳоро дорад. Ҳанониё ва дигар масеҳиёнро огоҳ намуданд, ки Шоул ба шаҳр омадааст. Баъзеҳо ҳамон замон Димишқро тарк карданд, дигарон пинҳон шуданд. Овоза дар бораи Шоул, ки таъқибкунандаи масеҳиён буд, ба ин ҷо ҳам расида буд. Чӣ тавр ин гуна шахс пайрави Масеҳ буда метавонад? Аммо дар рӯъё ба Ҳанониё маҳз дар бораи ҳамин чиз гуфта шуд. Ӯ фикран гаштаву баргашта онро пеши назар меовард. «Худованд ба ӯ гуфт: «Бархез ва ба кӯчае ки Рост ном дорад, бирав ва Шоул ном тарсусиро дар хонаи Яҳудо суроғ кун, ки ӯ ҳоло ба дуо машғул аст. Ва Ҳанониё ном шахсеро дар рӯъё дидааст, ки омада, бар ӯ даст гузоштааст, то ки бино шавад» (Аъм. 9:11, 12). Хӯрок қариб дар гулӯи Ҳанониё дармемонд. Ин ғайриимкон аст! Ӯ ба Худо дар бораи бераҳмии Шоул ёдрас намуд: «Худовандо! Дар бораи ин одам аз бисёр касон шунидаам, ки дар Уршалим ба муқаддасони Ту чӣ қадар бадиҳо кардааст…» (Аъм. 9:13). Шоул — масеҳӣ? Ин тамоман ғайриимкон аст. Аммо Худо шӯхӣ намекард. «Ту бояд биравӣ, зеро ки ӯ зарфи баргузидаи Ман аст, то ки исми Маро пеши халқҳо ва подшоҳон ва банӣ-Исроил эълон намояд» (Аъм. 9:15). Ҳанониё ин суханонро тамоми роҳ такрор мекард. Шоул зарфи баргузида аст? Ин гапи беҳуда аст. Аммо агар гӯем, ки Шоул аблаҳ аст, Шоул танқидгар аст, дуруст садо медиҳад. Аммо Шоул зарфи баргузида аст? Ҳанониё сарашро меҷунбонад, гӯё фикри бемантиқро ронданӣ мешавад. Ва ҳатто то ними кӯчаи Рост расида, ӯ ҳанӯз фикр мекард, ки оё ақиб нагардад? Ӯ ҳамин тавр ҳам мекард, агар ду посбон намебуданд, ки ба тарафи ӯ менигаристанд. — Ба ту чӣ даркор аст? — мепурсанд посбонони тирарӯй, не, аниқтараш, хавотиршуда. Ҳанониё пай бурд — онҳо посбонони маъбад мебошанд, ки Шоулро ҳамроҳӣ мекунанд. — Маро барои мадад расондан ба раввини шумо фиристодаанд. Посбонон найзаҳояшонро поён мекунанд: — Умедворем, ту мадад расонда метавонӣ. Ӯ… намехӯрад, наменӯшад ва сухангӯияш низ аҷиб аст. Акнун роҳи ақибнишинӣ баста шуд. Ҳанониё бар зинаҳои сангин қадам зада боло меравад, посбонон ба ӯ роҳ медиҳанд, ва ӯ ба ҳуҷра медарояд. Манзарае ки пеши назари ӯ намоён мегардад, ӯро хеле ҳайрон мекунад. Партави рӯшноӣ аз тирезаи кушода бар марди лоғаре ки пойҳояшро ба худ кашида, дар фарш менишаст, рӯшанӣ меандозад. Рухсораҳояш чӯкидаанд, лабҳояш кафидаанд, ӯ пасу пеш хам шуда, нолиш мекунад, аниқтараш дуо мегӯяд. — Аз кай ӯ ин тавр нишастааст? — Се рӯз шуд. Аз боиси гардани борик ва китфони бегӯшт сари Шоул ба таври номутаносиб калон метобад. Бинии тези уқобӣ, абрувони бутта-бутта. Ӯ ба хӯрок ва об, ки дар наздаш гузошта шудаанд, даст нарасондааст. Нигоҳи ӯ ба тарафи тирезаи кушода равона шудааст, аммо чашмонаш бо парда пӯшонида шудаанд. Шоул ҳатто магасҳоро аз рӯяш намеронад. Ҳанониё дудила шуда, истодааст. Агар ин дом бошад, ҳоли ӯ табоҳ аст. Агар не, пас лаҳзаи мувофиқ фаро расидааст. Бояд гуфт, ки ин вохӯрӣ бояд дар вазъияти нисбатан тантананоктар мегузашт: албатта, дар ин ҷо нақоразанӣ, карнайнавозӣ, мушакпарронӣ намерасад. Ҳамчунин бад намебуд, ки дар виртажи тирезаи калисо суратҳои ин воқеа часпонда шаванд, дар китоби «Ту дар минбар ҳастӣ?» якчанд саҳифа ба он бахшида шавад. Пеш аз он ки дар бораи ҳаёти Августин ва овози кӯдак, ки ба ӯ нигаронида шудааст, дар бораи ҳаёти Клайв Люис ва «Инклингҳо»[23] хонед, қиссаи Шоулро, Шоули якравро хонед, ҳамчунин дар бораи он касе ки аз ӯ рӯ нагардонд. Агар Ҳанониё ба ин шахс ёрӣ додан намехост, ҳеҷ кас ӯро айбдор намекард. Шоул масеҳиёнро паҳнкунандагони бидъат меҳисобид. Ҳангоми куштори Стефанус Шоул дар назди коҳин истода, либосҳои касонеро, ки ӯро сангсор мекарданд, посбонӣ мекард. Ва ҳангоме ки Стефанус ҷон дод, ба аломати тасдиқ сар ҷунбонд, яъне кор иҷро шуд. Ҳангоме ба шӯрои пирон шахсе даркор шуд, ки калисои масеҳиро бо террор маҳв кунад, Шоул бо ихтиёри худ ба ин амал даст зад. Ӯ вазифаи фариштаи маргро ба худ гирифт. Ӯ бар масеҳиён хашмгинона дарафтода, «таҳдид ва қатл… меангехт» (Аъм. 9:1). Ӯ «Калисои Худоро аз ҳад зиёд таъқиб менамуд, ва онро несту нобуд мекард» (Ғал. 1:13). Ҳанониё медонист, ки Шоул бо калисо дар Уршалим чӣ кардааст. Аммо ӯ бояд медид, ки Исо дар роҳи Димишқ бо Шоул чӣ кард. Ин сафар бо ташаббуси Шоул буд. Ӯ шунид, ки дар Димишқ миқдори зиёди яҳудиён ба Масеҳ имон овардаанд, ва аз рӯи одати худ пешниҳод намуд, ки инро ислоҳ намояд. Ва инак ҷавони ғайратманди яҳудӣ, ки мехост бидъати навро аз байн барад, Уршалимро тарк карда, ба сафари якуми миссионерии худ равона мешавад. Роҳ то Димишқ наздик набуд, Ӯ бояд қадиб 242 километр масофаро тай менамуд. Эҳтимол Шоул аспсавор буда, кӯшиш мекард аз маҳалҳои ғайрияҳудиён барканор бошад, то ки нопок нашавад ва сафарро аз муқаддасӣ маҳрум накунад. Ӯ на танҳо аз «хашми муқаддас» тафсида буд. Дар водии байни кӯҳи Ҳермӯн ва Димишқ нуқраро бе ҳеҷ гуна кӯраи оҳангарӣ гудохтан мумкин буд. Офтоб бо тирҳои тафсони нурҳояш ба бадан мехалид, гармӣ чун мавҷ латма мезад. Дар байни ҳамин танӯри тафсон Исо Шоулро ба замин ғалтонда, пурсид: «Шоул, Шоул! Барои чӣ маро таъқиб мекунӣ?» (Аъм. 9:4). Чашмони Шоул ба дард даромаданд, гӯё ба онҳо рег даромада бошад; ӯ чашмонашро бо дастон пӯшонда ба зону афтид ва пешонияшро ба замин расонд. «Худовандо, Ту Кистӣ?» Худованд гуфт: «Ман он Исо ҳастам, ки ту Ӯро таъқиб мекунӣ; лагад задан ба сихак душвор аст» (Аъм. 9:5). Ҳангоме ки Шоул сарашро бардошт, то ки ба Гӯянда нигоҳ кунад, фаҳмид, ки чашмонаш лаёқати диданро гум кардаанд. Шоул нобино шуд. Акнун нигоҳи чашмони ӯ аз нигоҳи ҳайкали румӣ фарқ надошт. Посбонон ба мадади ӯ шитофтанд, аммо онҳо чӣ кор карда метавонистанд? Магар ин ки ба меҳмонхона бурда, барои аз зинапоя баромадан ёрӣ доданд. Он вақте ки Ҳанониё омад, Шоул дар партави дигар дидани Исоро сар кард. Ҳанониё даромада ба фарши сангин мешинад. Ба дасти собиқ террорист расида, ӯ ҳис мекунад, ки он меларзад. Лабҳои Шоул низ меларзанд. Ба гӯшаи ҳуҷра нигариста, Ҳанониё шамшер ва найзаи партофташударо мебинад. Ӯ фаҳмид, ки Масеҳ аллакай кори Худро ба анҷом расондааст. Ҳамаи он чи Ҳанониё бояд кунад, он аст, ки ба Шоул қадами навбатиро нишон диҳад: «Эй бародар Шоул…» (Аз афташ, ин суханон барои Шоул хеле ширин садо доданд! Боварӣ дорам, ки ӯ ин суханонро шунида, гиря накарда наметавонист.) Эй бародар Шоул! Исои Худованд, ки дар роҳе ки меомадӣ, бар ту зоҳир шуд, маро фиристод, то ки боз бино гардӣ ва аз Рӯҳулқудс пур шавӣ. Аъм. 9:17 Ашкҳо, ки аз чашмони пардапӯши Шоул шашқатор шуданд, пардаро шуста бурданд. Ӯ мижа зада, чашмонашро нимпӯш мекунад ва рӯи шиноси нави худро мебинад. Як соат нагузашта, Шоул таъмид гирифта, аз об мебарояд. Пас аз якчанд рӯз ӯ дар куништ аввалин мавъизаи худро аз ҳазорон мавъизаҳои худ ба забон овард. Баъди чанде Шоул Павлус мешавад, ва аллакай Павлус аз теппаҳои Атино мавъиза мекунад, аз зиндон номаҳо менависад, ва дар ниҳояти кор, сардафтари як зумра илоҳиётшиносон мегардад, бо зимни Тумои Аквинӣ, Лютер ва Калвин. Бо ёрии Павлус Худо ба ҷаҳони офаридааш даст расонд. Аммо дар аввал бо ёрии Ҳанониё Ӯ ба Павлус даст расонд. Оё ба шумо Худо чунин супориш додааст? Оё Худо ҳеҷ гоҳ шуморо ба назди “Шоул“ нафиристодааст? Як зан ба қарибӣ ба ман дар бораи писараш гап зад. Вай барои роҳзанӣ аз озодӣ маҳрум гардида, дар ҳабсхонаи реҷааш қатъӣ нигоҳ дошта мешавад. Ҳама, ҳатто падараш, аз ин ҷавон даст кашиданд. Аммо модараш ояндаи писарашро дигар хеле мебинад. Ӯ боварӣ дорад, ки солҳои беҳтарини ӯ дар пеш мебошанд. «Ӯ писари хуб аст, — гуфт модар дилпурона, — Ҳангоме ки ӯ озод мешавад, ҳатман дар зиндагӣ ягон кори олидараҷа мекунад». Боз як Шоул ва боз як Ҳанониё. Ман дар мағозаи китобфурӯшӣ бо дӯстам вохӯрдам. Ба қарибӣ ӯ панҷоҳсолагии оиладории худро ҷашн гирифт. Ӯ ҳамсари худро, ин зани муқаддасро, ки бо ӯ барин нобакор оила барпо карда буд, тасвир намуд. «Ман ба Худо бовар намекардам, аз одамон нафрат доштам. Боре, шаш ҳафта пас аз оиладоршавӣ, ман ба хона омада, дидам, ки ӯ ҳой-ҳо гиря мекунад, ӯ барои оиладориямон навҳа мекард. Аммо ӯ аз ман даст накашид». Боз як Шоул ва боз як Ҳанониё. Шумо чӣ? Ҳама кайҳо аз Шоули шумо даст кашидаанд. «Ӯ аз ҳад гузаштааст». «Ӯ беҳад дағал… беҳад бадахлоқ… беҳад пир… беҳад бепарво аст». Ҳеҷ кас барои Шоули шумо дуо намегӯяд. Аммо шумо ногоҳ мефаҳмед, ки шояд Худо кори ноаёни худро дар дили ин шахс давом дода истодааст. Шояд барои таслим шудан хеле барвақт бошад… Ва шумо ба дигаргуншавии ӯ бовар мекунед. Ба ин фикр гӯш диҳед. Юсуф гӯш дод. Ва агарчи бародаронаш ӯро ба Миср ба ғуломӣ фурӯхта буданд, ӯ онҳоро дар қасраш хуб пазироӣ намуд. Довуд гӯш дод. Подшоҳ Шоул Довудро таъқиб менамуд, аммо Довуд ба ӯ ҳусни таваҷҷӯҳ дошт ва ӯро масеҳи Парвардигор меномид (ниг.: 1Подш. 24:11). Ҳушаъ гӯш дод. Зани ӯ Ҷӯмар дар кӯчаи фонусҳои сурх шахсияти машҳур буд, аммо Ҳушаъ дари хонаро намебаст, ва Ҷӯмар ба хона бармегашт. Албатта, ҳеҷ кас беш аз Исо ба одам боварӣ надошт. Ӯ медид, ки Петрус ба корҳои бештар қодир аст, ва зане ки зино кардааст, сазовори бахшидан аст, ва Юҳанно барои мақсади неки Ӯ хизмат хоҳад кард. Ӯ ҳатто дар роҳзан дар салиб як чизи сазовори наҷотро дида тавонист. Ва дар экстремисти мутаассиб Ӯ ҳаввории файзро дид. Исо ба Шуол боварӣ дошт ва ин бовариро ба воситаи Ҳанониё зоҳир намуд. «Эй бародар Шоул! Исои Худованд, ки дар роҳе ки меомадӣ, бар ту зоҳир шуд, маро фиристод, то ки боз бино гардӣ ва аз Рӯҳулқудс пур шавӣ» (Аъм. 9:17). Аз Шоули худ даст накашед. Ва агарчи ҳама аз ӯ даст кашидаанд, ба ӯ боз як имконият диҳед. Боисрор бошед. Ӯро бародар номед. Ӯро хоҳар номед. Ба Шоули худ дар бораи Исо нақл намоед ва барои ӯ дуо гӯед. Ва аз ҳама муҳим, дар ёд нигоҳ доред: Худо ҳеҷ гоҳ шуморо назди шахсе намефиристад, ки аввал Худаш назди ӯ нарафта бошад. Ва ҳангоме ки шумо ба хонаи Шоули худ медароед, кӣ медонад, дар он ҷо шумо чиро ошкор мекунед. Қиссаи дӯстдоштаи ман аз силсилаи «Ҳанониё ва Шоул» дар бораи ду нафар донишҷӯ нақл мекунад, ки бо ҳам дӯст буданд. Онҳо дар хобгоҳи донишгоҳ дар як ҳуҷра зиндагӣ мекарданд. Ҳанониё дар ин ҷуфт хеле пурсабр буд. Ҳангоме ки дӯсташ шабона майнӯшӣ намуда, қай мекард, ва ҳангоме ки вай тамоми шаб айёшӣ карда, тамоми рӯз мехобид, ӯ таҳаммул менамуд. Ӯ шикоят намекард, ҳангоме ки дӯсташ рӯзҳои истироҳат ғайб мезад ё дар мошин сигор мекашид. Ӯ ба вай насиҳат намекард, ки бештар ба калисо равад, бадгӯӣ накунад, ва на танҳо ба духтарони зебо аҳамият диҳад, балки дар ҳаққи атрофиён ғамхорӣ кунад. Аммо ӯ гӯё ба Шоули шахсии худ часпида буд, шояд гумон мекард, ки боре ин ҷавон тамоми ҳаёти худро аз шикастапораҳо ҷамъ карда, аз он ягон чизи ҷолиберо бунёд карда метавонад. Аз ҳамин сабаб ӯ қайҳои дӯсташро тоза мекард, ӯро ба калисо даъват менамуд ва дар мавриди зарурат ӯро ҳимоя мекард. Ман рӯшноии чашмбар ё овозро аз осмон дар ёд надорам. Дар роҳи беодами Димишқ низ набудам. Аммо аниқ дар ёд дорам, ки Исо маро аз ҷои бароҳатам ғалтонда, чароғро фурӯзон намуд. Чор семестр даркор шуд, то ки намунаи дӯстам Стив ва паёми Исо ниҳоят ба ҳадаф расанд. Бинобар ин агар ин китоб шуморо рӯҳбаланд кунад, метавонед далерона Худоро барои Ҳанониёи ман — Стив Грин — шукргузорӣ намоед. Зиёд аз ин, метавонед ба овозе ки дар дилатон садо медиҳад, гӯш диҳед ва дар харитаи худ кӯчаи Ростро пайдо намоед. БАРОИ АНДЕШАРОНӢ ВА МУҲОКИМА 1. Номи шахси машҳуреро зикр намоед, ки масеҳӣ шудани ӯро ҳеҷ кас интизор набуд. Чаро имон овардани ӯ ин қадар ғайриимкон метобад? 2. Дар бораи худ ё дар бораи он касе нақл намоед, ки шахсан мешиносед, агар ба Худо имон овардани шумо ё он шахс тамоман ғайричашмдошт ва радикалӣ бошад. 3. «Оё Худо ҳеҷ гоҳ шуморо назди «Шоул» нафиристодааст»? Оё дар назди шумо касе аст, ки қариб ҳама аз ӯ даст кашидаанд ё ӯро рад кардаанд? Оё шумо барои ин шахс Ҳанониё шуда метавонистед? 4. Навиштаи Муқаддас дар бораи мадад ба касоне ки мӯҳтоҷи ёрӣ мебошанд, чӣ мегӯяд? Ба маслиҳатҳои Худо дар ин соҳа чӣ тавр ҳассостар шудан мумкин аст? 5. Чӣ тавр шумо ба Худо имон овардани худро тасвир карда метавнистед? Оё он ногаҳонӣ буд ё тадриҷӣ? Шумо чӣ кор мекунед, то ки дигарон ба Худо имон оваранд? Боби 13. Довуд Ва Довуд ба Нотон гуфт: «Ман пеши Парвардигор гуноҳ кардаам». Ва Нотон ба Довуд гуфт: «Парвардигор низ аз гуноҳат гузароӣ кардааст; ту нахоҳӣ мурд». 2 Подш. 12:13 ШИКАСТИ БУЗУРГ Ватикан барои номи папаи Рум чӣ қадар пул дода метавонад? Роҷер Кейденҳед инро аниқ карданӣ шуд. Пас аз вафоти понтифик Юҳанно Павлуси II, пеш аз он ки номи сарвари нави Калисои католикӣ эълон карда шавад, ӯ адреси электронии www.BenedictXVI.com-ро ба қайд гирифт. Пеш аз он ки мувофиқи мақсад будани ин иқдом то ба мақомоти расмии Калисои католикӣ расад, Кейденҳед онро аз худ намуд. Ҳуқуқи соҳиби номи доменӣ[24] будан хеле фоиданок буда метавонад. Ҳамин тавр, масалан, арзиши номи дигар, www.PopeBenedictXVI.com, дар музоядаи интернетии eBay аз 16 ҳазор доллар зиёдтар буд. Аммо ташаббуси Кейденҳед на аз боиси ба даст овардани пул буд. Ӯ католик буда, бо хушнудӣ ба калисо номи барои он аҳамиятнокро бозгардонд. «Ман кӯшиш мекунам миллиард ва сад миллион католикҳо, ва низ бибиямро хашмгин накунам», — ҳозирҷавобона гуфт ӯ. Аммо амали ӯро беғаразона номидан ғайриимкон аст, зеро дар ивазаш Кейденҳед ин чизҳоро ба даст овардан мехост: 1. «яке аз кулоҳҳои сарвари Калисои румӣ-католикӣ»; 2. «дар меҳмонхонаи Ватикан бепул зиндагӣ кардан»; 3. «пурра ва бечунин чаро бахшидани гуноҳҳое ки ӯ дар ҳафтаи сеюми моҳи марти соли 1987 содир намудааст»[25]. Шавқовар аст, ки дар он ҳафтаи фаромӯшнашаванда чӣ рӯй дода метавонист? Беихтиёр «санаҳои таърихӣ»-и худи кас ба ёд меоянд. Бисёрии мо ҳамин гуна ҳафта, ҳатто дуто ҳамин гуна ҳафта доранд. Тобистоне ки бепарвофалакона гузаронда шудааст, моҳе ки бетакаллуфона паси сар карда шудааст, рӯзҳое ки бо бебокӣ сипарӣ гардидаанд… Агар тасаввур намоем, ки дар ягон ҷой қуттие бо кассетаҳо ҳаст, ки дар онҳо тамоми ҳаёти шумо сабт ёфтааст, кадоми онҳоро нобуд мекардед? Оё дар ҳаёти шумо даврае буд, ки ба хоҳишҳои худ тағофул менамудед, беҳад зиёд майнӯшӣ мекардед ё чун паровоз сигор дуд мекардед. Дар ҳаёти подшоҳ Довуд чунин давра буд. Оё шикастеро бузургтар аз шикасти ӯ тасаввур кардан мумкин аст? Довуд Батшобаъро ба зино водор намуд, ва чун фаҳмид, ки вай ҳомила шудааст, шавҳари вайро ба марг фиристода, дар айни ҳол сарлашкарон ва сарбозони худро фиреб дод. Баъд Довуд Батшобаъро ба занӣ гирифт, ва вай писардор шуд. Чунин ба назар мерасид, ки ҳама чиз рӯпӯш карда шудааст. Мушоҳидакунандаи беруна барои безобита шудан ҳеҷ сабаберо намебинад, фақат ин ки Довуд зани нав гирифтааст ва ҳаёти оилавии хушбахтона дорад. Тахт низ ноустувор нашудааст. Аммо чизе дар дили Довуд ноустувор шуд: дар он оҳиста-оҳиста ҳисси айбдорӣ ба ҷӯш меояд. Дертар ӯ ин давраи рӯпӯш кардани гуноҳашро чунин тасвир мекунад: Вақте ки хомӯш будам, устухонҳоям аз фиғони ҳаррӯзаи ман мепӯсиданд, Зеро ки рӯзу шаб дасти Ту бар ман фишор меовард; тару тозагии ман ба хушкии тобистон табдил ёфтааст. Заб. 31:3, 4 Дар ботини Довуд хунукии зимистон ҳукмфармо мешавад, ки бесамар ва яхбаста аст. Торҳои барбати ӯ кайҳо канда шуданд, умед дар зери кафани барфӣ дафн гардидааст. Хулоса, ҳаёти Довуд сарнишеб рафта истодааст. «Ҳафтаи сеюми моҳи март» ӯро чун галаи гургони гурусна таъқиб карда истодааст. Аз он гурехтан ғайриимкон аст. Чаро? Чунки Худо доимо онро ба ӯ ёдрас мекунад. Дар ояти 27-уми боби 11-уми Китоби Дуюми Подшоҳон зери ҷумлаи охирин хат кашед: «Ва коре ки Довуд кард, ба назари Парвардигор бад намуд». Бо ин суханон дар драмаи Довуд ва Батшобаъд персонажи наве муаррифӣ карда мешавад: Худо. То ин вақт Ӯ дар ҳикоят ҳузур надошт, дар қиссаи мо Ӯ зикр нашудааст. Довуд ба зино водор намуд — дар бораи Худо сухане гуфта нашудааст. Довуд бадӣ андешид — дар бораи Худо сухане гуфта нашудааст. Уриё дафн карда шуд, Довуд Батшобаъро ба занӣ мегирад — хомӯшӣ. Дар бораи Худо сухане гуфта нашудааст, Худо низ чизе намегӯяд. Нимаи аввали ояти 27 ба хонанда умеди хаёлии хушбахтиро медиҳад: Батшобаъ «завҷаи ӯ шуд, ва барои ӯ писаре зоид». Навхонадорон бо оро додани ҳуҷраи кӯдакон машғуланд ва дар ҷустуҷӯи ном маҷаллаҳои ҷилодорро варақ мезананд. Нӯҳ моҳ мегузарад, онҳо писардор мешаванд. Ва мо нафаси сабук мекашем — уф, кор бо хубӣ анҷомид, парванда ба бойгонӣ супурда шуд. Худо ҷиноятҳои Довудро сарфи назар намуд. Ва ҳамин ки мо чунин фикр кардем (Довуд хеле умедвор буд, ки чунин мешавад!), Касе аз паси саҳна ба пеш мебарояд. «…Коре ки Довуд кард, ба назари Парвардигор бад намуд». Худо хомӯш монданӣ нест. Касе ки номаш то ояти охири боби 11-ум тамоман зикр нашуда буд, дар боби 12-ум ҳукмфармо мешавад. Довуд хомӯш мешавад, дар ҳоле ки Худо вазъиятро зери назорат мегирад. Ӯ ба назди Довуд Нотонро мефиристад. Нотон пайғамбар, воиз, ба навъе устоди рӯҳонии сарвари Қасри сафед аст. Ин шахс аллакай аз он сабаб, ки ҷуръат намуд назди подшоҳ равад, сазовори медал аст. Охир, ӯ медонад, ки подшоҳ бо Уриё чӣ кард: шахсеро, ки ба ӯ ҳеҷ бадӣ накарда буд, кушт… Пас коҳинеро, ки подшоҳро барои амалҳояш мазаммат карданист, чӣ интизор аст? Аммо ба ҳар ҳол Нотон назди Довуд меравад. Пеш аз он ки бо кадом мақсад омадани худро фаҳмонад, пайғамбар ба подшоҳ қиссаеро дар бораи шахси камбағал ва барраи ягонаи ӯ нақл мекунад. Ин қисса фавран ба дили Довуд таъсир мерасонад. Охир, худи ӯ замоне гӯсфандонро мечаронд. Довуд, ки дар байни бародарон хурдӣ аст, дар бораи мӯҳтоҷӣ маълумот дорад, зеро дар оилаи камбағале ба воя расидааст, ки барои киро кардани чӯпон пули зиёдатӣ надошт. Нотон ба Довуд дар бораи он нақл мекунад, ки он чӯпони камбағал баррачаашро хеле дӯст медошт, онро ба дастонаш бардошта мегашт ва аз табақи худ ба вай хӯрок медод. Ин баррача ягона сарвати шахси камбағал буд. Аммо инак қитъаи чарогоҳҳо қатъ мегардад ва баробари дар саҳна пайдо шудани сарватманди ноинсоф ба драма табдил меёбад. Сарватманд ба хонаи худ меояд, то ки дар он ҷо базм ташкил кунад. Аммо ба ҷои он ки аз рамаи худ барраеро кушад, ӯ посбононашро мефиристад, то ки баррачаи шахси камбағалро гирифта оваранд. Онҳо ба ҷипҳо савор шуда мераванд ва ба хонаи камбағал зада даромада, баррачаи ӯро мегиранд ва аз он кабоб тайёр мекунанд. Довуд довариро интизор нашуда, хашмгинона қарор мебарорад (моҳӣ хӯрхӯракро фурӯ бурд!): «Марде ки чунин амал кардааст, сазовори қатл аст! Ва барои барра вай бояд чор баробар товон диҳад: аз барои он ки чунин амал кардааст, ва аз барои он ки раҳм нанамудааст » (2 Подш. 12:5, 6). Довуди бечора! Ту нафаҳмидӣ, ки Нотон тамоми ин вақт дар бораи ту мегуфт. Аз худи аввали ҳикоят барои худ дор сохтанро сар мекунӣ. Нақл давом мекунад, ту бошӣ ҳалқадавакро овезон мекунӣ. Ту ба сужети ҳикоят дода шуда, ҳис намекунӣ, ки пайғамбар дастони туро аз пас баста, бо зинапоя ба қатлгоҳ мебарад ва дар болои дарича мегузорад. Инак аллакай ҳалқадавак ба гарданат андохта мешавад, нафаскашӣ душвор мегардад, аммо ту чун пештара бехабар ҳастӣ. Ва танҳо ҳамон вақт бедор мешавӣ, ки суханони охирини Нотон ҳалқадавакҳо дар гирди гарданат таранг мекунанд: «Он мард ту ҳастӣ!» (2 Подш. 12:7). Хекиртак дар гардан кашиш мехӯрад, рӯй сап сафед мешавад, дар пешонӣ қатраҳои арақ пайдо мешаванд. Довуд хаста шуда, ба китфаки тахт такя мекунад. Ӯ худро ҳимоя намекунад. Ӯ умуман чизе намегӯяд. Ӯ гапи гуфтанӣ надорад. Худо фақат сулфа кард, акнун бошад Ӯ ба воситаи Нотон мегӯяд: Ман туро ба подшоҳӣ бар Исроил тадҳин намудам, ва Ман туро аз дасти Шоул раҳоӣ додам; ва хонаи хоҷаатро ба ту додам ва занони хоҷаатро ба оғӯши ту; ва хонадони Исроил ва Яҳудоро ба ту додам, ва агар ин кам бошад, ба ту боз ва боз илова менамудам. Пас чаро ту ба сухани Парвардигор беэътиноӣ намуда, он чиро, ки дар назари Ӯ бад аст, ба амал овардӣ? Уриёи ҳиттиро бо шамшер зарба зада, занашро барои худ ба занӣ гирифтӣ; ва ӯро бо шамшери банӣ Аммӯн куштӣ 2 Подш. 12:7–9 Дар суханони Худо на нафрат, балки дард ҳаст; на қасосгирӣ, балки ҳайрат. Рамаҳои ту дар теппаҳои Ман беҳадду ҳисобанд, чаро ту ғорат мекунӣ? Бонувони зебо дар қасри ту аз ҳуҷраҳо зиёдтар мебошанд, пас чаро зани бегонаро кашида мегирӣ? Чаро сарватманд камбағалро ғорат мекунад? Довуд барои сафед кардани худ баҳонае надорад. Ва Худо ҳукми Худро баён мекунад: Ва алҳол шамшер аз хонадони ту то абад дур нахоҳад шуд, ба он сабаб ки ба Ман беэътиноӣ намудӣ, ва зани Уриёи ҳиттиро гирифтӣ, то ки зани ту бошад. Парвардигор чунин мегӯяд: Инак, Ман аз хонаи худат ба сари ту бадӣ хоҳам овард, ва занони туро пеши назари ту гирифта, ба ёри ту хоҳам дод, ва ӯ пеши назари ин офтоб бо занони ту хоҳад хобид. Дар сурате ки ту ин корро пинҳонӣ кардаӣ, Ман ин корро пеши назари тамоми Исроил ва пеши назари офтоб ба ҷо хоҳам овард. 2 Подш. 12:10–12 Минбаъд дар хонадони Довуд бесарусомонӣ ва ғаму андӯҳ сокин мешаванд. Ҳатто кӯдаке ки аз зино таваллуд шуда буд, мемирад (ниг.: 2 Подш. 12:18). Дигар хел буда ҳам наметавонад. Халқҳои атрофи Исроил акнун ба қуддусияти Худо шубҳа мекунанд — Довуд обрӯи Ӯро резонд, шарафу эътибори Ӯро доғдор намуд. Ва Худо, ки ҷалоли Худро ҳифз мекунад, Довудро барои гуноҳи ошкоро ба таври ошкоро ҷазо медиҳад. Кӯдак мемирад. Подшоҳи Исроил ҳақиқати ногузирро, ки дар Ад. 32:23 зикр шудааст, мефаҳмад: «…ва барои ин гуноҳатон ҷазо хоҳед ёфт». Оё мавридҳое буданд, ки шумо ба ҳаққонияти ин суханон боварӣ ҳосил мекардед? Оё «ҳафтаи сеюми моҳи марти соли 1987» шуморо таъқиб кардааст? Агар чунин бошад, шуморо ҳатман шикасти бузург интизор аст. Ва он худро ба монанди думмали дарднок ва бадшакл аён менамояд. Боре дар гардани бародари ман ҳамин гуна думмали нафратовари римдор баромад, он чун вулқони Сент-Ҳеленс варам карда буд. Модарам, ки ҳамшираи тиббӣ буд, медонист, ки думмалро кафондан даркор аст, ва онро бо ду ангушти калони дастонаш фишор додан гирифт. Ҳар қадар ӯ сахттар зер кунад, бародарам ҳамон қадар баландтар дод мезад. Аммо модарам «муолиҷа»-ро то кафидани думмал бас накард. (Ана гапу мана гап, Макс, ташаккур барои тимсоли фаромӯшнашаванда!) Маро барои тафсилоти ҷонкоҳи анатомӣ бубахшед, аммо ин чизро таъкид кардан даркор буд. Гумон мекунед, ки модарам шахси сахтгир буд? Пас дасти Худоро санҷида бинед. Гуноҳи эътирофнашуда дар дили шумо чун думмал илтиҳоб карда, торафт калонтар мешавад. Ва Худо бо ангуштони раҳмдил фишор медиҳад: «…вале роҳи бадкирдорон сахт аст» (Мас. 13:15). «Чунон ки ман дидаам, касоне ки барои бадӣ шудгор намуда, ноинсофиро кишт мекунанд, ҳосили онро медараванд» (Айюб. 4:8). Худо шуморо аз хоб ва оромӣ маҳрум мекунад. Оё медонед барои чӣ? Чунки Ӯ гуноҳи шуморо дур кардан мехоҳад. Оё модар оромона мушоҳида карда метавонад, ки илтиҳоби римкарда фарзандашро заҳролуд мекунад? Оё Худо бепарвоёна мушоҳида мекунад, ки чӣ тавр гуноҳ фарзанди Ӯро заҳролуд менамояд? Ӯ ором намешавад, то даме ки мо кореро кунем, ки Довуд кард: дар гуноҳи худ иқрор шавем: «Ва Довуд ба Нотон гуфт: “Ман пеши Парвардигор гуноҳ кардаам”. Ва Нотон ба Довуд гуфт: “Парвардигор низ аз гуноҳат гузароӣ кардааст; ту нахоҳӣ мурд”» (2 Подш. 12:13). Чизи дигар ҷолиб аст. Довуд рабояндаи баррачаро ба марг маҳкум намуд, аммо Худо аз Довуд хеле раҳмдилтар аст. Ӯ гуноҳи вайро аз байн мебарад. Ба ҷои пинҳон кардани гуноҳ, Худо онро дур мекунад. «Ба андозае ки шарқ аз ғарб дур аст, ҷиноятҳои моро ба ҳамон андоза аз мо дур кардааст. Чунон ки падар ба фарзандон раҳм мекунад, ончунон Парвардигор ба тарсгорони Худ раҳм менамояд» (Заб. 102: 12, 13). Ба Довуд як сол, ва низ ғайричашмдошт ҳомила шудани Батшобаъ, ҳалокати Уриё, мазаммати Нотон, тадқиқ бо зонд ва ҷарроҳии Худо даркор шуд, то ки дили Довуд ниҳоят нарм шавад ва ӯ гуноҳашро эътироф кунад: «Ман пеши Парвардигор гуноҳ кардаам» (2 Подш. 12:13). Худо бо гуноҳи Довуд чунон амал намуд, ки бо гуноҳи шумо ва ман кард, — Ӯ онҳо дур кард. Вақти он расидааст, ки ба «ҳафтаи сеюми моҳи марти соли 1987» хайрбод гӯед. Ҳар сеятон ҷамъ шавед: шумо, Худо ва хотираатон. Гуноҳатонро ба доварии Худо оваред, ва бигузор Ӯ бар гуноҳ ҳукм барорад, онро бахшад ва дур кунад. Бовар кунед, Ӯ маҳз ҳамин тавр мекунад. Ва ба шумо лозим намеояд, ки номи папаи Румро аз они худ кунед, то ки аз гуноҳ раҳо шавед. БАРОИ АНДЕШАРОНӢ ВА МУҲОКИМА 1. Макс Лукадо менависад: «Довуд Батшобаъро ба зино водор намуд — дар бораи Худо сухане гуфта нашудааст. Довуд бадӣ андешид — дар бораи Худо ҳарфе нест. Уриё дафн карда шуд, ва Довуд Батшобаъро ба занӣ гирифт — хомӯшӣ. Дар бораи Худо чизе гуфта нашудааст, Худо низ чизе намегӯяд». Шумо чӣ фикр доред, чаро то даме ки Довуд гуноҳ мекунад, Худо ба ӯ муроҷиат намекунад? Чаро Ӯ хомӯш аст? 2. Заб. 31:3–5-ро хонед. Довуд гуноҳро рӯпӯш карданӣ шуда, чиро ҳис мекард? Худо чӣ гуна аксуламал намуд, ҳангоме ки Довуд ниҳоят дар гуноҳи худ иқрор шуд? 3. Дар бораи гуноҳҳои ниҳонӣ дар ҳаёти худ фикр карда, шумо метарсед, ки Худо шуморо намебахшад ё ин гуна гуноҳкори даҳшатовар ба Худо даркор нест? 2 Подш. 11:27–12:25-ро хонед. Довуд баъди ба охир расондани исёни чандинмоҳаи бошуурона пеш аз ҳама чӣ кор кард? Ва Худо ба ӯ чӣ ҷавоб дод? 4. Оё дар аёти шумо шикасти бузург рӯй додааст? Агар ҳа, қадом қадамҳоро гузоштед, то ки баъди он барқарор шавед? 5. Оё дар гузаштаи наздики шумо ягон гуноҳ ҳаст, ки тоҳ ҳол эътироф накардаед ва тарк нанамудаед? Агар ҳа, ба маслиҳати Макс Лукадо пайравӣ намоед: «Гуноҳатонро ба доварии Худо оваред, ва бигузор Ӯ бар гуноҳ ҳукм барорад, онро бахшад ва дур кунад». Боби 14. Бародарони Исо …Зеро ҳар кӣ хости Худоро ба ҷо оварад, ҳамон кас бародару хоҳару модари Ман аст». Марқ. 3:35 ҲАЛЛИ ИХТИЛОФОТИ ОИЛАВӢ — Оё яке аз хешовандони худро, ки ҳақиқатан шуморо безор мекунад, бо якчанд калима тасвир карда метавонед? Бо ин дархост ман ба дӯстонам он вақт муроҷиат намудам, ки мо дар сари дастурхон ҷамъ шуда будем. Ҳар яки онҳо бо суханони каму беш парламентӣ пурсид, ки ин ба ман барои чӣ даркор аст. Лозим омад, ки фаҳмонам: — Ман гоҳ-гоҳ одамонеро вомехӯрам, ки бо ҳама хеле хуб муошират мекунанд, ғайр аз аҳли оилаи худ. Ё хушдомани онҳо албастӣ аст, ё амаки онҳо бекорхӯҷа, ё падарашон бо онҳо чунон муносибат мекунад, ки гӯё онҳо тамоман арзише надошта бошанд. Ана акнун ҳамаи дӯстонам ба аломати тасдиқ сар ҷунбонданд. Онҳо фаҳмиданд, ки ман чиро дар назар дорам, ва тасвирҳои шифоҳӣ сар шуданд. — Шумо ба ин чӣ мегӯед? — ба гап сар кард ихтиёрии якум. — Туфайлихӯр бар гардан. Занам бародаре дорад, ки ҳеҷ гоҳ кор накардааст, аммо боварӣ дорад, ки мо бояд ӯро таъмин намоем. — Кактус бо либосҳои шоҳӣ, — давом дод дигарӣ. — Ин модари ман аст. Дар назари аввал ӯ шахси хеле боилтифот аст. Ҳама ӯро олидараҷа меҳисобанд, аммо наздиктар омада нигоҳ кунед ва мебинед, ки то чӣ андоза ӯ тундмизоҷ, дилсахт… бераҳм аст. — Сутуни мармарӣ, — яке аз дӯстонам холаашро чунин тасвир намуд. — Ӯ бовиқор ва пуршукӯҳ аст, аммо ҳавобаланд, мағрур ва бераҳм. — Хӯса аз афсона дар бораи Бародар Харгӯш. — ногоҳ илова намуд касе. Ҳама, ғайр аз ман, маънои ин маҷозро фаҳмиданд. Ман ин афсонаро дар ёд надоштам ва хоҳиш намудам, ки онро мухтасар нақл кунанд. Боре Бародар Рӯбоҳи ҳилагар Бародар Харгӯшро фиреб дод. Ӯ аз коҳ ва қир хӯсаи одамро сохта, дар назди роҳ рост карда монд. Харгӯш Хӯсаро зинда гумон карда, бо он гуфтугӯ карданӣ шуд. Аммо, чунон ки мефаҳмед, гуфтугӯ ҳосил нашуд, ва хомӯшии якравонаи Хӯса Бародар Харгӯшро хеле хашмгин намуд. Ӯ рафтори Хӯсаро дағалона ҳисобид ва хашмгинона ба сари ӯ мушт зад! Мушти ӯ часпид, онро ҳеҷ ҷудо кардан намешавад, қир онро сахт медорад. Баъд Харгӯш мушти дигарашро ба кор андохт, баъд пойҳояшро, хулоса Харгӯш диққати Хӯсаро ба худ ҷалб карданӣ шуда, тамоман ба он часпида монд. — Муоширати мо бо хешовандони душвор маҳз ҳамин гуна метобад, — хулоса кард он дӯсти ман, ки афсонаҳоро хуб медонист. — Мо бо касоне ки муошират бо онҳо ғайриимкон аст, «часпидаем». Аммо басташуда будан дар ин ҳолат бамаврид аст. Мо аз хешовандон кӯчида рафтан наметавонем, чун дар мавриди ҳамсояҳо, ё онҳоро аз кор холӣ карда наметавонем, чун дар мавриди коргарони кироя. Шумо дӯстонро интихоб карда метавонед, аммо наметавонед… давомашро худатон медонед. Боварӣ дорам, ки хеле хуб медонед. Шояд шумо Хӯсаи худро доред, ҳамоне ки муошират бо ӯ ғайриимкон аст ва тарк кардани ӯ низ ғайриимкон аст: модари доимо шикояткунанда, амаке ки дар сари дастурхон чалп-чалпкунон хӯрок мехӯрад ё хоҳаре ки доимо фигураи худро ба намоиш мегузорад. Падаре ки ҳанӯз интизор аст, ки кай ҷои кори ҳақиқӣ пайдо мекунед. Хушдомане ки ҳамеша ҳайрон аст, ки чаро духтараш бо шумо оила барпо намудааст. Муносибатҳо бо Хӯса кӯшиши ба ҳам часпондани чизи шикаста мебошад. Онҳоро ба лифти пуропур монанд кардан мумкин аст, ки одамон дар он ба хотири як сафари кӯтоҳмуддат ба ҳам зич ҷафс шудаанд, ва дар айни ҳол муошират байни онҳо то ҳадди имкон маҳдуд аст. Ягона фарқ дар он аст, ки аз лифт шумо дер ё зуд мебароед, то ки «ҳамсафарон»-ро дигар ҳеҷ гоҳ вонахӯред, аммо дар мавриди хешовандони душвор чунин нест. Тантанаҳои оилавӣ, иди Милод, рӯзи Шукргузорӣ, тӯйҳо, маросимҳои дафн — ҳамаи онҳо дар он ҷо хоҳанд буд. Ва шумо дар ҳамаи ин чорабиниҳо иштирок менамоед ва кӯшиш мекунед, ки онҳо дар сатҳи аъло гузаранд. Чаро ҳаёти шумо чун масъалаи мураккаб аст? Мо аз аҳли оила ҳамдардӣ ва дилсӯзиро интизор мешавем. Ҳангоми дардҳои ҷисмонӣ мо мехоҳем, ки оила ба онҳо ақаллан ягон хел аксуламал намояд. Азобҳои эҳсосотиро паси сар намуда, мо умедвор мешавем, ки аҳли оила дар бораи онҳо чизе медонанд. Аммо хешовандон гоҳо чунон рафтор менамоянд, ки гӯё аз чизе хабардор нестанд, ва чунон амал мекунанд, ки гӯё ба он чи бо мо рӯй медиҳад, тамоман таваҷҷӯҳ надоранд. Дар китоби «Irregular People» Ҷойс Лендорф дар бораи зане нақл мекунад, ки дар сисолагӣ бояд мастоэктомия[26] карда мешуд. Муносибатҳои ӯро бо модар наздик номидан душвор буд, бинобар ин ӯ ба вай дар бораи бемории худ чизе намегуфт. Аммо боре баъди хӯроки нисфирӯзӣ қароре омада, ба модараш гуфт: — Модар, ман ба қарибӣ фаҳмидам, ки маро мастоэктомия дар пеш аст. Модар дар ҷавоб чизе нагуфт. Духтар пурсид, ки оё вай суханони ӯро шунид. Модар ба аломати тасдиқ сар ҷунбонд ва гӯё ки ҳеҷ воқеае нашуда бошад, дар мавзӯи дигар гап зад: — Медонӣ, хоҳарат ресепти олидараҷаи энчиладаро бо ҳашв аз гӯшти мурғ дорад.[27] Чӣ бояд кард, ҳангоме ки шахси наздиктарин бепарвоӣ зоҳир мекунад ва худро барканор мегирад? Чӣ кор кардан лозим аст, агар шумо бо одамони дигар хеле хуб муошират намуда, бо наздикони худ забон ёфта натавонед? Исо дар хусуси муошират бо хешовандони душвор чӣ мегуяд? Оё Ӯ намунаи ҳалли ихтилофоти оилавиро боқӣ гузоштааст? Албатта! Намунаи Худро. Шумо ҳайрон мешавед, аммо Исо дар оила мушкилиҳо дошт. Шояд шумо боз бештар ҳайрон мешавед, чун мефаҳмед, ки Ӯ умуман оила дошт! Оё шумо аз бародарон ва хоҳарони Исо бехабар будед? Ҳа, Ӯ хешовандон дошт. Эродҳоеро, ки Исо дар шаҳри зодгоҳаш ба онҳо дучор шуд, иқтибос оварда, инҷилнавис Марқус менависад: «Оё ин ҳамон дуредгар нест, ки писари Марям ва бародари Яъқуб, Юсӣ, Яҳудо ва Шимъӯн аст? Оё хоҳарони Ӯ ин ҷо дар байни мо намебошанд?» (Марқ. 6:3). Шояд ҳайрати шумо ҳадду канор нахоҳад дошт, ҳангоме мефаҳмед, ки оилаи Исо аз камолот дур буд. Бо вуҷуди он, ин ҳақиқат аст. Агар наздиконатон шуморо қадр накунанд, рӯҳафтода нашавед, бо Исо низ ҳамин тавр мекарданд. «Лекин Исо ба онҳо гуфт: «Пайғамбар беқадр набошад, ҷуз дар шаҳри худ ва дар байни хешовандон ва дар хонаи худ» (Марқ. 6:4). Ҷолиби диққат аст, ки Исо ин суханонро ба забон оварда, чӣ гуфтан мехост? Ӯ ба куништ мерафт, ва дар он ҷо аз Ӯ хоҳиш мекарданд, ки мавъиза намояд. Мардуми шаҳр фахр мекарданд, ки ҳамватани онҳо чунин шахси барҷаста аст. Ин то он вақте давом кард, ки Ӯ дар бораи Худ чун дар бораи Масеҳ гуфт — Ҳамоне ки барои иҷро намудани пешгӯӣ омадааст. Пай бурдан душвор набуд, ки онҳо чӣ гуна аксуламал намуданд. «Оё ин ҳамон дуредгар нест, ки писари Марям аст?» Тарҷума кунам? Ин Масеҳ нест! Ӯ чун яке аз мо мебошад! Ӯ писари таъмиргари лӯлаҳои обгузар аз кӯчаи ҳамсоя аст. Ӯ муҳосиб аз ошёнаи сеюм аст. Ӯ коргари сохтмончӣ аст, ки хоҳари маро ба мулоқот даъват карда буд. Хулоса: Худо ба воситаи одамони одӣ гап намезанад! Исо расо як дақиқа қаҳрамон буд, ва баъди як дақиқа бидъаткор шуд. Баъд чӣ шуд? «Ва бархоста, Ӯро аз шаҳр бадар карданд ва бар қуллаи кӯҳе ки шаҳрашон бар он сохта шуда буд, бурданд, то ки Ӯро ба зер афкананд; аммо Ӯ аз миёни онҳо гузашта, ба роҳи Худ рафт» (Луқ. 4:29, 30). Чӣ даҳшат! Дӯстони Исо, ки дар ҳамсоягӣ мезистанд, Ӯро куштанӣ шуданд! Аммо он чи намебинем, аз он чи мебинем, боз ҳам даҳшатноктар аст. Ба суханоне ки дар ин оят зикр нашудаанд, диққат диҳед. Онҳо бояд дар ин ҷо бошанд, аммо нестанд: «Ӯро бар қуллаи кӯҳе… бурданд, то ки Ӯро ба зер афкананд; аммо бародаронаш баромада, Ӯро ҳимоя карданд». Мо бо хушнудӣ дар ин бора мехондем, аммо наметавонем, зеро ин ҷо дар ин бора гуфта нашудааст. Чунин нашуд. Ҳангоме ки Исо ба нохушӣ дучор шуд, бародаронаш гӯё нест шуданд. Аммо на ҳамеша чунин буд. Замоне буд, ки онҳо дар бораи худ изҳор менамуданд. Замоне буд, ки одамон онҳоро бо Ӯ медиданд. Аммо на аз он сабаб ки аз Исо ифтихор доштанд, балки аз Ӯ шарм мекарданд. «Ва хешовандони Ӯ, чун шуниданд, барои бурдани Ӯ омаданд, зеро мегуфтанд, ки Ӯ бехуд шудааст» (Марқ. 3:21). Бародаронаш Ӯро девона меҳисобиданд ва аз Ӯ шарм медоштанд! — Оча, корҳои ӯро таҳаммул кардан имконнопазир аст. Кошки мешунидӣ, ки одамон дар бораи ӯ чиҳо мегӯянд. — Ӯро девона меҳисобанд. — Ҳа, боре аз ман пурсиданд, ки чаро мо ба ӯ имкон медиҳем, ки дар кӯчаҳо гардад. — Хуб аст, ки падарамон корҳои ӯро намебинад. Суханони бад, ки наздиктарин шахсони Исо мегуфтанд. Аммо ин ҳанӯз ҳамаи гап нест: Пас бародаронаш ба Ӯ гуфтанд: «Ин ҷоро тарк карда, ба Яҳудо равона шав, то шогирдонат низ он аъмолеро ки Ту ба ҷо меоварӣ, бубинанд; зеро касе ки мехоҳад машҳур бошад, дар пинҳонӣ амал намекунад; агар Ту чунин амалҳоро ба ҷо меоварӣ, Худро ба ҷаҳон бинамо». Зеро бародаронаш низ ба Ӯ имон наоварда буданд Юҳ. 7:3–5 Оё дар суханони онҳо истеҳзоро мешунавед? Онҳо Ӯро масхара мекунанд. Чӣ тавр Исо чунин бефаҳмҳоро таҳаммул менамуд? Агар касоне ки туро хеле хуб мешиносанд, ба ту бовар накунанд. чӣ тавр ба худ боварӣ пайдо кардан мумкин аст? Ҳангоме ки аҳли оила туро ақиб мекашанд, чӣ гуна ба пеш ҳаракат кардан мумкин аст? Агар байни шумо ва аъзоёни оила ҳеҷ умумияте набошад, чӣ кардан даркор аст? Исо ба мо якчанд маслиҳатҳо боқӣ гузоштааст. Бояд зикр намуд, ки Ӯ рафтори наздиконашро идора карданӣ набуд, ва низ ба онҳо имкон намедод, ки рафтори Ӯро идора кунанд. Ӯ талаб намекард, ки бо Ӯ розӣ шаванд, ва ҳангоме ки Ӯро меранҷонданд, хашмгин намешуд. Хулоса, Ӯ дар назди Худ вазифа нагузошта буд, ки ба хешовандон писанд ояд. Ҳар кадоми мо орзу мекунад, ки оилааш чун оилаи Уолтон[28] бошад, ва интизори он аст, ки дӯстони наздиктарин чун хешовандони наздик мешаванд. Исо чунин интизориҳо надошт. Гӯш кунед, ки Ӯ киҳоро хешовандони Худ меҳисобид: «…ҳар кӣ хости Худоро ба ҷо оварад, ҳамон кас бародару хоҳару модари Ман аст» (Марқ. 3:35). Агар бародаронаш ақидаҳои Ӯро қабул накунанд, Ӯ кӯшиш намекард, ки онҳоро аз фикрашон гардонад. Ӯ медонист, ки оилаи рӯҳонӣ он чиро, ки оилаи ҷисмонӣ дода наметавонад, ҷуброн карда метавонад. Агар Исо натавонист аҳли оилаашро водор намояд, ки ба Ӯ бовар кунанд, ба натиҷаҳои бештар умед бастани мо густохона мебуд. Аммо мо ба муносибати надиконамон ба мо таъсир расонда метавонем. Ҳангоме ки сухан дар бораи аъзоёни оила меравад, дастони мо бастагӣ мебошанд. Мо бояд аз интизориҳои содалавҳона даст кашем, ки агар ба онҳо некӣ кунем, онҳо моро дӯст медоранд. Факт он аст, ки одамон метавонанд моро дӯст доранд ё надоранд, ва мо ин равандро идора карда наметавонем. Агар падаратон шахси дағал ва бераҳм бошад, шумо метавонед беҳтарин духтар дар ҷаҳон бошед, аммо ҳеҷ гоҳ аз ӯ суханони таҳсинро нашунавед. Агар холаатон бо кадом як сабаби ба худи ӯ маълум касби шуморо бад дида бошад, шумо метавонед, сад бор ҷои коратонро дигар кунед, аммо ба ҳусни таваҷҷӯҳи ӯ ноил нашавед. Агар хоҳаратон доимо аз он шикоят кунад, ки шумо ҳама чизро доред, аммо ӯ надорад, пас ҳатто агар ҳама чизи ҷаҳонро диҳед, муносибати ӯро ба худ дигар карда наметавонед. Ҳар қадар бештар худфиребӣ карда, гумон кунед, ки муносибати касеро ба худ дигар карда метавонед, ҳамон қадар бештар ба ин ақида вобаста мешавед. Агар чунин ҳисобед, ки ба ақидаи касе таъсир расонда метавонед, ва баъд маълум шавад, ки ақидаи ӯ нисбат ба шумо манфӣ аст, киро айбдор мекунед? Танҳо худро. Ин бозӣ қоидаҳои тоқатнопазир ва анҷоми пешакӣ маълум дорад. Исо ба чунин бозӣ машғул намешуд, шумо низ набояд машғул шавед. Мо намедонем, ки оё Юсуф хизматгузории Писарашро таҳсин менамуд ё не, аммо медонем, ки Худо таҳсин менамуд: «Ва инак, овозе аз осмон расид, ки мегуфт: «Ин аст Писари дӯстдоштаи Ман, ки аз Ӯ хушнудам» (Мат. 3:17). Ман ваъда намедиҳам, ки аҳли оила ба шумо дастгириеро, ки хеле хоҳони он ҳастед, медиҳад, аммо боварӣ дорам, ки Худо чунин мекунад. Ӯ ҳамаи он чиро, ки оила ба шумо дода натавонист, медиҳад. Агар шумо аз падари заминии худ таҳсин нашунида бошед, Падари Осмонӣ ба ҷои ӯ таҳсин мекунад. Оё донистан мехоҳед, ки ин маслиҳатро чӣ гуна амалӣ кардан мумкин аст? Ин осон аст: Худоро чун Падари худ қабул намоед. Ба Ӯ чун ба Худованд муносибат намудан як чиз аст, ва Ӯро ҳамчун Наҷотдиҳанда эътироф намудан — тамоман чизи дигар. Аммо барои ҳамчун Падар қабул намудани Ӯ асосҳои махсус даркоранд. Худоро ҳамчун Худованд эътироф намудан — дарк намудани фармонравоии соҳибихтиёрона ва олии Ӯ дар тамоми олам аст. Ӯро ҳамчун Наҷотдиҳанда қабул намудан қабул намудани қурбонии дар салиб овардаи Ӯст. Аммо Худоро Падар ҳисобидан — хеле пештар рафтан аст. Умуман, падар кист? Падар касест, ки моро мехӯронад ва ҳимоя мекунад. Магар Худо барои мо чунин намекунад? Ӯ дар ҳаққи эҳтиёҷоти мо ғамхорӣ кардааст (ниг.: Мат. 6:25–34); аз бадӣ ҳифз намудааст (ниг.: Заб. 138:5); писархонд кардааст (ниг.: Эфс. 1:5); ва ба мо номи наве додааст (ниг.: 1 Юҳ. 3:1). Худо исбот намудааст, ки ҳақ дорад Падари мо номида шавад, ва мо сазовори шарафе гардидаем, ки фарзандони Ӯ бошем. Бигузор Худо ба шумо он чиро диҳад, ки оила дода натавонист. Бигузор Ӯ он холигиеро, ки наздикон дар дили шумо гузоштаанд, пур кунад. Таҳсин ва дастгириро аз Ӯ биҷӯед. Суханони ҳавворӣ Павлусро ба ёд оваред: «Бинобар ин ту дигар ғулом нестӣ, балки писарӣ; ва агар писар бошӣ, вориси Худо низ ба василаи Масеҳ ҳастӣ» (Ғал. 4:7; курсиви ман. — М. Л.). Барои хушбахт ҳис кардани худ таҳсини оила даркор аст, аммо ҳатмӣ нест, ва мутаасифона, на ҳамеша имконпазир аст. Исо роҳ надод, ки мушкилоти оилавӣ пеши роҳи даъвати илоҳиро гиранд, ва аз ҳамин сабаб сарвари мо анҷоми нек дорад. Бо оилаи Исо чӣ шуд? Зарраи тиллои гаронбаҳо дар китоби Аъмоли Ҳаввориён ниҳон аст: «Он гоҳ онҳо ба кӯҳи Зайтун, ки дар наздикии Уршалим ба масофаи роҳравии рӯзи шанбе воқеъ аст, сӯи Уршалим равона шуданд… <…> Ҳамаи онҳо якдилона ба дуо машғул буданд, ва ҳамроҳашон занон ва Марям модари Исо ва бародарони Ӯ низ буданд» (Аъм. 1:12, 14; курсиви ман. — М. Л.). Чӣ гуна дигаргунӣ! Касоне ки Ӯро масхара мекарданд, акнун Ӯро парастиш мекунанд, ва касоне ки аз Ӯ шарм медоштанд, бо Ӯ дуо мегӯянд. Фикр кардан даҳшатовар аст, ки агар Исо аз онҳо рӯ мегардонд, чӣ мешуд! Ё аз ин ҳам бадтар, агар Ӯ ба талабҳои аҳли оила гузашт карда, дигаргун мешуд. Аммо ӯ дигаргун нашуд. Ӯ ба аҳли оила вақт ва файз дод, ва онҳо дигаргун шуданд. То чӣ андоза? Як бародари Масеҳ ҳавворӣ шуд (ниг.: Ғал. 1:19), дигарон — миссионер шуданд (ниг.: 1 Қӯр. 9:5). Аз ҳамин сабаб рӯҳафтода нашавед. Худо дигаргун намудани оилаҳоро давом дода истодааст, ва Хӯсаи аз қир сохташуда пагоҳ дӯсти наздики шумо шуда метавонад. БАРОИ АНДЕШАРОНӢ ВА МУҲОКИМА 1. Оё ягон нафар аз хешовандонатон аз қабили Хӯсаи дар ин боб зикршуда аст? Агар чунин бошад, чаро бо ӯ муошират намудан ин қадар душвор аст? 2. Шумо дар бораи мушкилоти оилавии Исо фаҳмида, чиро эҳсос намудед? Бори аввал дар ин бора хонда, чӣ гуна аксуламал намудед? 3. Ин бобро бори дигар хонед ва ҳамаи ранҷониданҳое ки аҳли оила ба Исо раво дида буданд, номбар кунед. Ӯ ба ин ранҷониданҳо чӣ гуна аксуламал менамуд? Ин воқеаҳо ба мо чиро меомӯзонанд? 4. Макс Лукадо менависад: «Бояд зикр намуд, ки Ӯ рафтори наздиконашро идора карданӣ набуд, ва низ ба онҳо имкон намедод, ки рафтори Ӯро идора кунанд». Ин принсипро дар амал чӣ гуна истифода бурдан мумкин аст? 5. Чӣ тавр оилаи Исо муносибати худро ба Ӯ дигаргун намуд? Ва оё ин ба мо умед бахшида метавонад? Боби 15. Шахси маъюб дар назди он дарвозаи маъбад, ки ҷамил ном дошт Петрус, ки бо Юҳанно буд, ба ӯ бо диққат нигариста, гуфт: «Ба мо нигоҳ кун». <…> Аз дасти росташ гирифта, ӯро ба по хезонд; баногоҳ пойҳо ва шитолингҳои ӯ қувват гирифт, Аъм. 3:4, 7 НИГОҲ КАРДАН ВА ДАСТ РАСОНДАН Ин дарвозаи маъбад Ҷамил но дошт, яъне зебо, беҳтарин, ифтихорӣ. Аммо ин суханонро дар ҳаққи шахсе ки назди дарвоза нишаста буд, гуфтан ғайриимкон буд. Ӯ роҳ гашта наметавонист ва ба зону истода, баданашро бо ёрии дастонаш кашола карда роҳ мерафт. Ӯ ҳар рӯзро дар ҷамъияти гадоёни ҳақиқӣ ва қалбакӣ, ки дар даромадгоҳи равоқи Сулаймон садақа мепурсиданд, мегузаронд.[29] Дар байни касоне ки ба маъбад омада буданд, Петрус ва Юҳанно буданд. Ҳаввориёнро дида, гадо овоз баланд карда, садақа пурсид. Ва агарчи онҳо чизи доданӣ надоштанд, ба ҳар ҳол бозистоданд. «Петрус, ки бо Юҳанно буд, ба ӯ бо диққат нигариста, гуфт: “Ба мо нигоҳ кун”» (Аъм. 3:4). Дар нигоҳи онҳо он қадар дилсӯзӣ буд, ки «ӯ ба онҳо назар дӯхт, ба умеди он ки аз онҳо чизе бигирад» (Аъм. 3:5). Дар нигоҳи ҳаввориён ба шахси маъюб на кунҷковии хиҷилкунанда буд, на бепарвоии бешармона, дар нигоҳи онҳо дилсӯзии ҳақиқӣ буд. Ба рӯи дарду азоб нигаристан душвор аст. Магар бо майли бештар мо аз он рӯ намегардонем? Дар тарафи муқобил ҳамеша ягон чизи сазовори диққат ёфт мешавад, ҳамин тавр не? Илова ба ин, дар атроф объектҳои барои мушоҳида назаррастар кам нестанд. Дарди одамиро фаҳмидан душвор аст: чеҳраҳои чангзеркардаи гурезаҳои покистонӣ, чашмони калон кушодаи ятим аз Перу ё риши мошубиринҷи ба ҳам печидаи оворагарде ки ману Стенлӣ дар Пенсилвания вохӯрда будем. Ман бо асоси пурра Стенлӣ Шиппро падари рӯҳонии худ ҳисобида метавонам. Ӯ аз ман 13 сол калонсолтар буд; Худо ба ӯ бинии уқобӣ, сари тоси дар атрофаш мӯйҳои сафед ва дили андозааш баробари нисфи Амрикоро дода буд. Дар варақаҳои боздид, ки ӯ ба ҳар каси дархосткунанда медод, чунин навишта шуда буд: «Стенлӣ Шипп — хизматгори итоаткори шумо». Соли аввали хизматро пас аз хатми донишгоҳ ман зери васояти ӯ гузарондам. Ҳангоми яке аз сафарҳо мо ба конфронс дар яке аз калисоҳои хурди деҳот дар Пенсилвания рафта будем. Дар бино, ғайр аз мо, касе набуд. Ҳамин вақт оворагарде дарро кӯфт. Аз ӯ бӯи бади шароб меомад. Аз худи остона ӯ ҳасби ҳол карда, суханони азёдкардаашро дар бораи ҳаёти беандоза вазнини худ баён кардан гирифт. Гӯё барои коре ки дорад, ӯ беҳад ихтисосманд аст, ва барои ба нафақа баромадан ба қадри кофӣ пиронсол нест; ва ӯ чиптаи автобусро гум кардааст, ва тахтапушташ дард мекунад ва фарзандонаш, ки дар Канзас зиндагӣ мекунанд, дар ҳаққи ӯ тамоман ғамхорӣ намекунанд. Агар суханрониҳои рекламавии пастсифат классикаи рок-н-ролл ҳисобида мешуданд, ин шахс аз худи Элвис Пресли ҳам дармегузашт. Ман дастонамро дар сари сина рӯи ҳам гузошта ва табассум намуда, ба тарафи Стенлӣ нигоҳи маънодор кардам: яъне, гӯш кун, ин шахс чӣ сафсатаҳо мебофад. Аммо Стенлӣ зиракии маро сарфи назар кард. Ӯ пурра ба мушоҳидаи ин оворагард банд шуда, ғайр аз ӯ ҳеҷ каси дигарро намедид. Дар ёдам ҳаст, ки ман фикр кардам: «Кай бори охир касе ба ин шахс ин қадар бодиққат нигариста буд?» Ниҳоят оворагард баёни қиссаи зиндагии худро ба охир расонд, ва Стенлӣ, ӯро ба ошхонаи калисо бурда, дар назди ӯ табақчаи хӯрок ва пакети коғазии хӯроквориро гузошт. Баъд аз он ки гадо аз калисо рафт, Стенлӣ бо чашмони пуроб ба саволи бесухани ман ҷавоб дод: — Ман медонам, шояд ӯ дурӯғ мегуфт. Аммо агар ақаллан як қисми қиссаи ӯ ҳақиқат бошад-чӣ? Ҳар дуи мо ба ҳамон як шахс менигаристем: ман дар ӯ чизеро надидам, Стенлӣ бошад ба дили ӯ нигариста тавонист. Ин то чӣ андоза муҳим аст — барои дида тавонистани шахс вақтро дареғ надоштан. Боре Шимъӯни фарисӣ муносибати неки Исоро ба зани обрӯяш шубҳаовар дида, рафтори Ӯро чун набудани идроки пайғамбарона баҳо дод. Бинобар ин Исо аз ӯ пурсид: «Оё ин занро мебинӣ?» (Луқ. 7:44). Шимъӯн намедид. Ӯ фоҳишаро, зани кӯчагардро медид, аммо одамро намедид. Мо киро мебинем… …ҳангоме ба одамони бехонаву бекӯй, ки шабро дар зери кӯпрук гузаронданӣ шуда, дар гирди гулхане ки дар бочкаи холӣ афрӯхта шудааст, тӯда шуда нишастаанд, менигарем? …ҳангоме кадрҳои филми мустанадро дар бораи кӯдакон аз лагерҳо барои гурезаҳо аз назар мегузаронем? …ҳангоме ҳисоботҳоро дар бораи 1,75 миллиард кас, ки даромади якрӯзаашон аз 1,25 доллар камтар аст, мешунавем?[30] Мо киро мебинем? «Ва анбӯҳи мардумро дида, ба онҳо раҳмаш омад, чунки онҳо монанди гӯсфандони бе чӯпон парешонҳол ва пароканда буданд» (Мат. 9:36). Феъле ки чун «раҳмаш омад» тарҷума шудааст, дар Китоби Муқаддас яке аз ғайриодитарин феълҳост. Луғатномаи забони юнонии Аҳди Ҷадид онро маънидод мекунад: «ботинан ҳис кардан» (ботин макони дӯст доштан ва раҳмдилӣ аст).[31] Ин феъл бо калимаи спланхнология — илм дар бораи узвҳои дарунӣ ҳамреша аст. Пас, дилсӯзӣ — ба дарун интиқол додан, як навъ зарба ба шикам аст. Шояд аз ҳамин сабаб мо ба ин эҳсосоти қавӣ тоб наоварда, шитобон рӯй мегардонем? Хусусан ҳангоме ки ёрӣ дода наметавонем. Агар чизеро дигаргун карда натавонем, ба азоб нигаристан чӣ лозим аст? Агар ба ҳар ҳол тавонем чӣ? Агар диққат додани мо дарди касеро паст кунад чӣ? Ба ваъда барои касоне ки ба нохушии дигарон бепарвоёна муносибат намекунанд, нигаред: Аммо Петрус гуфт: «Ман нуқра ва тилло надорам; лекин он чи дорам, ба ту медиҳам: ба номи Исои Масеҳи Носирӣ бархезу роҳ рав». Аз дасти росташ гирифта, ӯро ба по хезонд; баногоҳ пойҳо ва шитолингҳои ӯ қувват гирифт, ва аз ҷои худ ҷаста хеста, ба роҳравӣ даромад ва роҳравону ҷастухезкунон ва Худоро ҳамдгӯён ҳамроҳи онҳо вориди маъбад шуд. Аъм. 3:6–8 Аммо Петрус метавонист чунин фикр кунад: «Азбаски ман тилло ва нуқра надорам, беҳтараш хомӯш бошам». Худоро шукр, ки ӯ чунин накард! Амал ба андозаи донаи хардал (нигоҳ кардан ва даст расондан), ки ба хоки муҳаббати Худо ҷой дода шудааст, муъҷизаро ба амал овард. Дасти боқувват ва пуробилаи моҳигир ба дасти беқувват ва хастаи шахси маъюб мерасад. Капеллаи Сикст ба ёд меояд, ки дар он ҷо дасти тавонои Худо аз осмонҳо ба дасти Одами заминӣ мерасад. Ламси муқаддаси шифобахш. Петрус аз дасти шахси маъюб гирифта, ӯро ба по гузошт, ва ӯ чун гӯсолаи навзод, ки бо пойҳои борикаш рост истоданӣ мешавад, алвонҷ хӯрд. Лаҳзае чунин метобад, ки ҳозир ӯ меафтад, аммо ӯ устувор монд! Ва хурсандона фарёд кардан гирифт, ва роҳгузарон ҳайрон шуда бозмеистоданд. Онҳо ба ҷастухези аҷиби шахси маъюб нигариста, ба чашмонашон бовар намекарданд. Магар шумо гумон мекунед, ки ӯ аз ин худдорӣ карда метавонист? Албатта, дарҳол не, балки аввал қадами эҳтиёткорона гузошта, ва баъд боз якчанд қадам гузошта, ӯ албатта, ба рақсидан даромад. Ҳайрон намешавам, агар дар айни ҳол ӯ кӯрпачаашро низ, ки солҳои зиёди умраш бар он мехобид, алвонҷ медод. Ин се касро тӯдаи тамошобинон иҳота мекунанд. Дар айни ҳол ҳаввориён ба маъюб, ки ҷастухез ё рақс мекунад, нигариста, механданд. Дигар маъюбон низ онҳоро иҳота намуда, дастҳояшонро дароз карда, бо нидоҳои баланд ҳиссаи муъҷизаи худро талаб мекунанд: — Ман шифо ёфтан мехоҳам! Ба ман даст расон! Даст расон! Ва Петрус ба дархости онҳо гӯш дода, онҳоро ба Клиникаи Шифодиҳандаи Бузург даровард ва пешниҳод намуд, ки бинишинанд. «Ба хотири имон ба номи Ӯ ин шахс, ки мебинед ва мешиносед, қувват ёфтааст, бале, номи Ӯ… <…> Пас, тавба кунед ва руҷӯъ намоед, то ки гуноҳҳои шумо маҳв гардад » (Аъм. 3:16, 19). Маҳв гарданд — чунин тарҷума шудааст калимаи юноние ки маънои «хат задан» ё «пурра аз байн бурдан»-ро дорад. Петрус эълон менамояд, ки имон ба Масеҳ имкон медиҳад, ки ҳаёт бо Худо аз аввал сар карда шавад. Пойҳои ин маъюбро шифо дода, Исо ҷонҳои моро низ шифо дод. Ва акнун ба шарофати Ӯ онҳо комилан нав ҳастанд! Пас аз нигоҳи дилсӯзона ламси шифобахш буд, ва пас аз он — гуфтугӯ дар бораи абадият. Он чи ба номи Худо карда шудааст, ҳамчунин пас аз он ки мо ин ҷаҳонро тарк мекунем, боқӣ мемонад. Биёед дар назди дарвоза бозмеистем. Биёед ба чеҳраи азобкашандагон менигарем, то даме ки дарди онҳо дарди мо мешавад. Биёед гузашта намеравем, рӯ намегардонем ё нигоҳамонро ба тарафи дигар равона намекунем. Биёед аз риёкорӣ ё вонамудкунӣ даст мекашем. Биёед то он вақте менигарем, ки одамро мебинем. Дар калисои мо ҷуфти оилавӣ ҳаст, ки аз бехонаву ҷой будани писарашон азоби рӯҳӣ мекашанд. Ӯ дар 17-солагӣ аз хона гурехт, ва агар якчанд зангҳои телефониро аз ҳабсхона ва як боздидро дар он ҷо ба ҳисоб нагирем, волидонаш дар давоми 20 сол бо ӯ муошират накарда буданд. Модари ӯ ҳангоми яке аз ҷамъомадҳои сарварони калисо ба ман иҷозат дод, ки бо ӯ мусоҳиба кунам. Дертар ман аз ӯ пурсидам, ки чаро ӯ қарор дод қиссаи худро ба ҳама маълум намояд. — Ман мехоҳам, ки одамон муносибати худро ба одамони бехонаву ҷой дигар кунанд. Ман мехоҳам, ки одамон дар онҳо дидани мушкилиро бас карда, бубинанд, ки ҳар кадоми онҳо писари ягон кас аст. Дар яке аз ноҳияҳои Африқои Ҷанубӣ зулусҳои сокини он ҳангоми ба якдигар саломалейк кардан чунин мегӯянд: «Ман туро мебинам».[32] Пеш аз дигаргуниҳо дар ҳаёти инсон, одатан нигоҳи дилсӯзии самимӣ меояд. Ва дигаргуниҳо ба шарофати дасте ки барои мадад дароз карда мешавад, давом мекунанд. Ман ин бобро дар равшании хираи чароғ дар яке аз меҳмонхонаҳои Ҳабашистон навишта истодаам, ва маро аз версияи ҳозираи қиссаи библиявӣ танҳо якчанд мил масофа ҷудо мекунад. Роҳи хокии морпеч, ки аз теппаҳо мегузарад, дар назди хонаи Бзунех Тулема ба охир мерасад. Ӯ дар ин бинои аз блокҳои шлакобетонӣ сохташуда, ки масоҳаташ сесад фути мураббаъ буда, аз ду ҳуҷраи фаршаш заминӣ иборат аст, зиндагӣ мекунад. Ӯ деворҳои хонаро бо ранги осмонӣ рангубор карда, бо ду тасвири Исо оро додааст. Дар болои яке аз онҳо чунин навишта шудааст: «Исо — чӯпони нек». Ҳуҷра беҳад гарм аст, ҳаво тафсон аст, илова ба ин бӯи саргини гов касро нороҳат мекунад, ва ман аз тарси он ки магасеро фурӯ набарам, нафаси чуқур намекашам. Дар рӯ ба рӯи ман Бзунех табассумкунон нишастааст. Бо вуҷуди гармии тоқатфарсо, ӯ курткаи сурх ва бейсболка пӯшидааст. Ҳеҷ як подшоҳ аз қасри худ он қадар фахр намекард, ки ин шахс аз чор девори худ ифтихор дошт. Бо назардошти қиссаи ин шахси 35-сола, ман аз ин ҳайрон намешавам. Ҳамагӣ ду сол пеш ӯ майзада буд. Аз боиси майзадагияш занаш ӯро тарк карда буд ва пурра имконпазир буд, ки зани дуюмаш низ ӯро тарк мекунад. Бадмастии бардавом ӯ ва занашро ба он дараҷа расонда буд, ки онҳо фарзандонашонро ба ҳамсояҳо доданд, ва акнун ҳеҷ чиз ба онҳо халал намерасонд, ки ба одати зарарнок дода шаванд. Аммо онҳоро диданд. Чунон ки Петрус ва Юҳанно шахси маъюбро дар назди маъбад диданд, аъзоёни калисои маҳаллӣ низ ин вазъияти бадро сарфи назар накарданд. Онҳо ба ин ҷуфти оилавӣ хӯрок ва пӯшок меоварданд, ба парастиш даъват менамуданд. Бзунех ба ин даъватҳо бепарвоёна муносибат менамуд, аммо занаш Билилйе таваҷҷӯҳ зоҳир намуд. Ӯ майнӯширо кам карда, бештар дар бораи қиссаи Масеҳ андеша мекардагӣ шуд. Ӯро ваъдаи ҳаёти нав, имконияти дубораи аз нав сар кардани ҳама чиз ҷалб намуд. Хулоса, ин зан имон овард. Аммо Бзунех шитоб намекард. Ӯ майнӯширо давом медод, то даме ки боре, баъди як сол, чунон сахт афтид, ки пайи захм то ҳол дар бораи он рӯз хотиррасон мекунад. Дӯстон ӯро дар чуқурии лаби роҳ ёфта, ба ҳамон калисо оварданд ва дар бораи Ҳамон Исо нақл карданд. Аз ҳамон вақт ӯ майнӯширо бас кард. Аммо масъалаи камбағалӣ аз байн нарафт. Ҳамсарон ғайр аз либос ва заминкан чизе надоштанд. Ҳамин вақт корманди «World Vision»[33], Мескерем Транго пайдо шуд, ва хизматгузории нигоҳи дилсӯзии самимона ва ламси шифодиҳанда давом ёфт. Ба Бзунех, ки аз майзадагӣ шифо ёфта истодааст, чӣ гуна ёрӣ додан мумкин аст? Кор дар он маҳалҳо ёфт намешавад, илова ба ин, майзадаро ҳеҷ кас ба кор намегирад. Пул масъаларо ҳал намекард, ҳамсарон пулро ба май сарф карда метавонистанд. Мескерем дар назди Бзунех нишаста, вариантҳои ёриро аз назар гузарондан гирифт. Ниҳоят ҳалли масъала ёфт шуд. Саргини гов. Ба шарофати ҳамкории «World Vision» Бзунех қарз гирифта, модагов харид, анборхона сохт ва саргини говро коркард намуда, ба метан ва пору табдил доданро сар кард. Газ ба Билилйе даркор шуд, ӯ бо он хӯрок мепухт, поруро бошад мефурӯхтанд. Баъди як сол Бзунех қарзро бозгардонд ва боз чор модагов харид, ин хонаро сохт ва фарзандонашро гардонда гирифт. — Ҳозир ман даҳ модагов, сӣ буз, телевизор, магнитофон ва телефони мобилӣ дорам. Ҳатто занам телефони мобилӣ дорад. — Бзунех табассум намуд. — Ва ман дар бораи он фикр карда истодаам, ки бо фурӯши ғалла машғул шавам. Ибтидои ин мӯъҷиза дар нигоҳи дилсӯзии самимӣ ва дасти барои мадад дароз кардашуда буд. Шояд ин стратегияи Худо барои ҳалли масъалаҳои ҳалталаби инсонӣ аст? Дар аввал нигоҳи дилсӯзона бо нигоҳи ноумедона вомехӯрад, баъд дастони қавӣ ба нотавонон ёрӣ мерасонанд, ва баъд Худо мӯъҷиза ба амал меоварад. Мо он кори андакеро, ки аз дастамон меояд, ба ҷо меоварем, ва Худо ҳама кори боқимондаро мекунад, ва ҳаёти шахсе ки дар назди дарвозаи Ҷамил гадоӣ мекард, барои ҳамеша дигаргун мешавад. БАРОИ АНДЕШАРОНӢ ВА МУҲОКИМА 1. «Дарди инсонро фаҳмидан душвор аст». Бигӯед, ки оё шоҳиди чунин азоб будаед? Ба ёд оваред, ки кай дилсӯзии касе шуморо ба фикре водор намуд, ки шумо бо азоби худ танҳо нестед, ва шуморо дар ҳақиқат мебинанд? 2. Шахси эҳтиёҷманд, хусусан касе ки ба зинаи поёнтарини иҷтимоӣ афтодааст, ҳангоме ки шумо чашмонатонро пинҳон накарда, рост ба рӯи ӯ менигаред? 3. Ба ҳар як дастрасонии шифобахши Исо дар мӯъҷизаҳои Ӯ, ки дар порчаҳои зерин тасвир ёфтаанд, диққат диҳед: Мат.: 9:20–22; Марқ. 1:40–45; Марқ. 7:32–35; Луқ. 8:51–55; Луқ. 13:11–13; Юҳ. 9:1–7. Оё дар шифоёбии инсон даст расондани Исо ҳалкунанда буд? 4. Петрус ва Юҳанно ба шахси маъюб назар ба пуле ки ӯ мепурсид, чизи бештаре дода тавонистанд (ниг.: Аъм. 3). Шумо ғайр аз пул чӣ доред, то ба шахси эҳтиёҷманд ёрӣ расонед? 5. Петрус ва Юҳанно бо нигоҳи дилсӯзии самимӣ ва дастрасонии шифобахш барои амалӣ гардидани мӯъҷизаи Худо ёрӣ расонданд. Ин стратегияро дар ҳаёти ҳаррӯзаатон чӣ гуна истифода бурдан мумкин аст? Боби 16. Ишаъё Ва яке ба дигаре нидо карда, мегуфт: «Қуддус аст, қуддус аст, қуддус аст Парвардигори лашкарҳо! Тамоми замин аз ҷалоли Ӯ пур аст!» Ва паҳлудариҳо аз овози нидокунандагон ба ларза омад, ва хона аз дуд пур шуд. Ва ман гуфтам: «Вой бар ман, ки тамом шудам! Зеро ки ман шахси ҳаромлаб ҳастам, ва дар миёни қавми ҳаромлаб сукунат дорам, — ва чашмонам Подшоҳро, Парвардигори лашкарҳоро дидааст». Иш. 6:3–5 ФАРҚИ МУҚАДДАС Ҷон Ҳеннинг Спик[34] дар лаби ҷарӣ истода, ба масоҳати калони об менигарад. Қисми зиёди соли 1858-ро ӯ барои он сарф намуд, ки ба ин ҷо омада тавонад. Ӯ ҳафтаҳои дароз ҳамроҳи гурӯҳаш буттазорҳои зичро бурида мегузашт ва аз дарёҳои калон убур менамуд. Онҳоро мардуми маҳаллӣ, ки бо найзаҳои нӯгҳояшон оҳанин мусаллаҳ буданд, таъқиб менамуданд, тимсоҳҳо чашм наканда ба онҳо менигаристанд. Ва ниҳоят, пас аз гузариши хеле вазнин аз ҷангалҳои анбӯҳ, онҳо ба мақсади худ расиданд. Фақат британии ҳақиқӣ ҳангоми тасвири манзарае ки пеши назараш ҷилвагар шуд, ин гуна ботамкин буда метавонист. «Мо пурра мукофотонида шудем», — навишт ӯ дар рӯзномаи худ. Ҳазорон моҳиёни ҳиҷраткунанда, ки дар маҷрои пурталотум ҷастухез мекарданд, мардуми маҳаллӣ, ки бо қаиқҳо омада, бо шастҳои моҳигирӣ дар болои харсангҳои наздик ҷой мегирифтанд, баҳмутҳо ва тимсоҳҳо, ки дар об пинак меравафтанд, — ҳамаи ин дар якҷоягӣ манзараи зебоии ғайривоқеӣ, фантастикиро ба вуҷуд меовард[35]. Спик ҳамчун ҷодушуда истода буд. Ӯ гаштаву баргашта суратҳои ин манзараи беандоза таъсирбахшро мекашид. Пай бурдан душвор нест, ки барои чӣ. Ӯ дар Англия ҳеҷ чизи ба ин монандро дида наметавонист. Ва умуман, кам касе то ҳол ин гуна манзараи олидараҷаҳо мушоҳида карда буд. Кори Спик хеле омад кард, ва ӯ аз он чи дид, моту мабҳут шуд. Баъди чордаҳ сол, дар дигар қисми кураи замин, Фредерик Делленбо таассуроти на камтар аз инро ҳосил намуд. Ӯ ҳамагӣ 18-сола буд, ҳангоме ки ба собиқадори Ҷанги шаҳрвандӣ, майор Ҷон Пауэлл дар шинои муҳаққиқона дар дарёи Колорадо, ки аз Гран-Канйон мегузарад, шарик шуд. Муҳаққиқон таҳти роҳбарии Пауэлли якдаст бо қаиқҳо шино карда, ба оби калон дучор шуданд. Ҳайратовар аст, ки онҳо умуман зинда монданд. Он чи онҳо диданд, аз ин ҳам ҳайратовартар буд. Делленбо ин манзараро чунин тасвир намудааст. Ман ба обшора наздик шуданамонро надида мондам, зеро ба он пушт гардонда истода будам… Ғурроси даҳшатовар ҳар лаҳза бештар мешуд, майор ба ман фарёд зад: «Об!» — қаиқ ногоҳ дар ҳаво муаллақ шуд, ва ҳамон замон мавҷҳои азим ба канорҳои он бархӯрданд. Мавҷ қаиқро боло партофт, мо бо суръати 25 мил дар як соат парвоз мекардем, ва ҳангоми ҳар дафъаи ба об расидан мавҷи кафкдор моро фаро мегирифт. «Обро аз қаиқ берун партофтан гиред!» — фарёд мезад майор.— «Обро аз қаиқ берун партофтан гиред, вагарна ҳоламон табоҳ мешавад!» Мо белҳоро монда, обро аз қаиқ берун партофтан гирифтем, агарчи натиҷаи кӯшишҳои мо қариб маълум набуд… мавҷҳо қаиқро чун пароха тоб медоданд ва мепартофтанд… об кафк карда, аз болои харсангҳои калон ҷорӣ мешуд, аввал аз як тараф, баъд аз тарафи дигар… Агар соат медоштем, медидем, ки ҳарҷу марҷе ки моро фаро гирифт, на зиёда аз якуним дақиқа давом кард, аммо ба мо чунин тофт, ки ин чархофалаки обӣ хеле бештар давом кард. Баъд ҳамааш ҳамон гуна ғайричашмдошт ба охир расид.[36] Обшораҳо ва ҷойҳои гуми дарёҳо барои Делленбо нав набуданд. Аммо ин дарё аз ҳамаи он чи ӯ пештар дида буд, фарқ дошт. Аз тавоноии боздоштанашавандаи дарё, ки пеши назар ҷилвагар шуд, белзанҳои қаиқ моту мабҳут шуданд. Ҷавон аллакай аз обшораҳои дарёҳо гузашта буд, аммо онҳо бо обшораи ин дарё тамоман баробар шуда наметавонистанд. Спик аз ваҷд сухан гуфта наметавонист. Делленбо, ки тамоман тар шуда буд, бо тарси эҳтиромона фаро гирифта шуд. Ишаъё бошад ба фарши маъбад фурӯ ғалтид. Ӯ сарашро бо дастонаш пӯшонда, бо овози паст марҳамат мехост. Ба монанди муҳаққиқон, ӯ чизеро дид, ки то ҳол надида буд. Аммо бар хилофи онҳо, ӯ на офариниши боҳашамат, балки Худи Офаридгорро дид. Ишаъё Худоро дид. Ҳафту ним садсола пеш аз омадани Масеҳ, ба Ишаъё вазифаи капеллани исроилӣ дар назди ҳокимияти олӣ ё коҳин дар маҳкама вогузошта шуда буд. Ӯ аз оилаи ашрофон буд. Ӯ ба забони тозаи ибронӣ гап мезад, худаш боназокат, соҳибмаълумот ва бомуваффақият буд. Аммо дар он рӯзе ки Ишаъё Худоро дид, фақат чунин гуфта тавонист: «Вой бар ман, ки тамом шудам!» Чаро ӯ чунин гуфт? Чаро чунин аксуламали аҷиб кард? Инак ҷавоб — сорофиён онро се бор ба забон меоваранд: «Қуддус аст, Қуддус аст, Қуддус аст». Сорофиён дар гирди Ӯ истода буданд, ки ҳар яке аз онҳо шаш бол дошт: бо дутояш вай рӯи худро мепӯшид, ва бо дутояш пойҳои худро мепӯшид, ва бо дутояш парвоз мекард. Ва яке ба дигаре нидо карда, мегуфт: «Қуддус аст, Қуддус аст, Қуддус аст Парвардигори лашкарҳо! Тамоми замин аз ҷалоли Ӯ пур аст!» Ва паҳлудариҳо аз овози нидокунандагон ба ларза омад, ва хона аз дуд пур шуд. Ва ман гуфтам: «Вой бар ман, ки тамом шудам! Зеро ки ман шахси ҳаромлаб ҳастам, ва дар миёни қавми ҳаромлаб сукунат дорам, — ва чашмонам Подшоҳро, Парвардигори лашкарҳоро дидааст. Иш. 6:2–5 Сорофиён дар Навиштаи Муқаддас бо ягона вазифа пайдо мешаванд: гаштаву баргашта такрор кардани суханони зерин: «Қуддус аст, Қуддус аст, Қуддус аст Парвардигори лашкарҳо!» Дар забони ибронӣ такрор вазифаеро иҷро мекард, ки дар замони мо маркери флуорессентӣ аз ӯҳдаи он хеле хуб мебарояд. Ин унсури ифоданокӣ, марказонидани диққат аст. Фариштаҳое ки шаш бол доштанд, ба олам хабар медиҳанд, ки Худо на танҳо қуддус аст, ва на танҳо қуддус аст, қуддус аст, балки қуддус аст, қуддус аст, қуддус аст. Кадоме аз хусусиятҳои фарқкунандаи Худо бо ҳамин гуна шиддатнокӣ ҷудо карда мешавад? Мо дар Китоби Муқаддас ягон оятеро намеёбем, ки дар он гуфта шуда бошад, ки Худо «хирадманд аст, хирадманд аст, хирадманд аст» ё «тавоност, тавоност тавоност», балки «қуддус аст, қуддус аст, қуддус аст». Қуддусияти Худо — ҳамин аст фарқи принсипиалии Худо. Ин тавсиф Худоро беш аз ҳамаи тавсифҳои дигар тасвир менамояд.[37] Суруди аввалин ва охирин дар Китоби Муқаддас қуддусияти Худоро тавсиф мекунанд. Аз баҳри Қулзум гузашта, Мусо ва исроилиёни озодшуда чунин месароянд: «Кист мисли Ту, эй Парвардигор, дар миёни худоён? Кист мисли Ту олиқадр дар қуддусият? Ту аз ҳар мадҳ болотарӣ, эй Офаридгори мӯъҷизот!» (Хур. 15:11). Дар китоби Ваҳй муқаддасоне ки бар ҳайвони ваҳшӣ ғолиб шудаанд, чунин суруд мехонанд: «Кист, ки аз Ту, эй Худованд, натарсад ва исми Туро ҷалол надиҳад? Зеро ки танҳо Ту Қуддус ҳастӣ». Муодили ибронии калимаи қуддус — қодеш аст, маънои таҳтуллафзии он — ҷудо кардан аст. Ҳамин тариқ, қуддусияти Худо дар бораи ҷудо будан, алоҳида будан, бемонанд будан, хулоса, «фарқ доштан»-и Ӯ мегӯяд. Худо комилан беназир аст. Ҳама чиз дар Ӯ аз он чи Ӯ офаридааст, фарқ мекунад. Оё байни шумо ва ҳавопаймои коғазин умумияти зиёде ҳаст? Аз эҳтимол дур аст, ки монандии шумо ва Худо аз ин бештар бошад. Шумо ҳанӯз шубҳа доред? Варақи коғазро гирифта, ҳавопаймо созед. Худро бо он чи сохтед, муқоиса намоед. Онро ба конкурси дурустнависӣ даъват намоед. Кӣ ғолиб мешавад? Бо он дар суръатнокӣ мусобиқа намоед. Кӣ суръати бештар дорад? Маҳорати онро дар майдони баскетбол озмоед. Кӣ дар он ҷо подшоҳ ва худост? Шубҳае надорам, ки — шумо. Он чи шумо сохтед, мустақил ва қобили ҳаёт нест. Он бо хости шумо ба вуҷуд омадааст ва танҳо ба шарофати кӯшишҳои шумо парвоз карда метавонад. Акнун, фарқи байни шумо ва ҳавопаймои коғазинро ба беохирӣ зарб зада, шумо дар бораи муқоисанашавандагии Худо ва офаридаи Ӯ тасаввуроти камтаринеро ҳосил менамоед. Худоро ба кӣ монанд кардан мумкин аст? «Зеро кист дар осмон, ки ба Парвардигор баробар бошад? Кист аз фарзандони Худо, ки ба Парвардигор монанд бошад?» (Заб. 88:7). «Пас, Худоро ба кӣ монанд мекунед? Ва чӣ гуна ташбеҳро ба Ӯ баробар медонед?» (Иш. 40:18). Ҳатто Худо мепурсад: «Пас, Маро ба кӣ монанд мекунед, то ки Ман ба вай баробар бошам?» (Иш. 40:25). Ва агар саволи Ӯ ба ҷавоб эҳтиёҷ дошта бошад, Ӯ ҷавоб медиҳад: …зеро ки Ман Худо ҳастам, ва Худои дигаре нест, ва амсоли Ман нест. Оқибатро аз ибтидо, ва он чиро, ки ҳанӯз рӯй надодааст, аз қадим баён менамоям; Ман мегӯям: «Иродаи Ман иҷро хоҳад шуд, ва ҳар он чиро, ки хостаам, ба ҷо хоҳам овард». Уқоберо аз шарқ, иҷрокунандаи қарори Худро аз кишвари дурдаст хондаам; он чи гуфтаам, яқинан ба амал хоҳам овард; он чи пешбинӣ намудаам, яқинан иҷро хоҳам кард. Иш. 46:9–11 Ҳама гуна ҷустуҷӯи ҳамтои Худо беҳуда аст. Дилхоҳ кӯшиши ғасб намудани ҳокимияти Ӯ бо нокомӣ меанҷомад. Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз бо Ӯ баробар шуда наметавонад. Худо ба маслиҳат ва мадади ҳеҷ кас эҳтиёҷ надорад. Зеро Худо «довар аст: якеро сарнагун мекунад, дигареро сарафроз мегардонад» (Заб. 74:8). Мо низ қувват дошта метавонем, аммо Худо худи Қувва аст. Мо ҳамагӣ шабчароғҳо мебошем, дар ҳоле ки Ӯ таҷассуми Нур аст, «…ҳикмат ва қудрат аз они Ӯст!» (Дон. 2:20). Ба атроф нигаред, ва мефаҳмед, ки Худо кулол нест, ки аз ягон чиз чизе месозад. Худо аз ҳеҷ чиз чизе меофарад. Худо ҳамаи мавҷудотро бо фармони Худ exnihilo (аз ҳеҷ чиз) офарид. Ӯ ҳеҷ гуна маводи азалиро дар ихтиёр надошт. Пеш аз офаридани коинот торикии ғализ вуҷуд надошт, ҳеҷ чиз набуд: на коинот, на торикӣ. Ҳатто торокиро Худо офарид: «Ман рӯшноиро ба вуҷуд меоварам ва зулмотро меофарам…» (Иш. 45:7). Ҳавворӣ Юҳанно мегӯяд: «…зеро ки Ту ҳама чизро офаридаӣ, ва ҳама чиз мувофиқи хости Ту вуҷуд дорад ва офарида шудааст» (Ваҳй 4:11). Коиноти офаридаи Худо дар бораи тавоноии Ӯ шаҳодат медиҳад. Тавоноии Худо ба хирадмандии Ӯ робита дорад. Ҳамадонии Худо тавоноии Ӯро роҳнамоӣ мекунад. Дониши номаҳдуди Худо аз қувваи номаҳдуди Ӯ афзунтар аст. «Ӯ донодил ва дар қувват тавоност…» (Айюб 9:4). «Инак, Худо тавоност ва касеро тарк намекунад; ҳам дар қувват тавоност ва ҳам донодил аст» (Айюб 36:5). Ба қувваи Ӯ саҳлангорӣ ё ноустуворӣ хос нест. Баръакс, хиради Ӯ қуввати Ӯро ром мекунад ва ба низом медарорад. Ҳавворӣ Павлус эълон мекунад: «Зиҳӣ умқи сарват ва ҳикмат ва маърифати Худо! Чӣ қадар ақлнорас аст доварии Ӯ ва таҳқиқнопазир аст роҳҳои Ӯ!» (Рум. 11:33). Дониши Ӯ дар бораи шумо ба ҳамон андоза комил аст, ки дониши Ӯ дар бораи коинот комил аст. «Калимае ҳанӯз бар забонам нест, ки Ту, эй Парвардигор, онро пурра медонӣ <…> Ҷанинамро чашмони Ту дидаанд, ва дар дафтари Ту ҳамаи узвҳоям навишта шудаанд, ва рӯзҳои пайдо шудани онҳо, ва дар сурате ки ҳеҷ яке аз онҳо ҳанӯз вуҷуд надошт» (Заб. 138:4, 16). Пардаи сирру асрор, ки биниши мову шуморо маҳдуд мекунанд, барои Худо вуҷуд надорад. Суханони гуфтанашуда ба Ӯ на камтар аз суханони гуфташуда маълуманд, фикрҳои ниҳон ба Ӯ ҳамчун фикрҳои баёншуда маълум мебошанд, оянда барои Ӯ ба монанди таърих аст. Ӯ ҳама чизро медонад: оянда ва гузашта, ниҳон ва ошкор. Ҳеҷ чиз аз назари Худо нуҳуфта нест. Ӯ тавоно, ҳамадон ва ломакон аст. Подшоҳ Довуд ҳайрон мешуд: «Агарчи андаруни тангӣ роҳ меравам, маро зинда хоҳӣ гардонд; бар хашми душманонам дасти Худро равона хоҳӣ кард, ва дасти рости Ту маро наҷот хоҳад дод» (Заб. 138:7). Худо ба мо ёдрас мекунад: «Оё Ман фақат аз наздик Худо ҳастам, — мегӯяд Парвардигор, — ва аз дур Худо нестам? Агар касе дар ҷои махфие пинҳон шавад, оё Ман вайро намебинам? <…> Оё Ман замин ва осмонро пур намекунам? — мегӯяд Парвардигор» (Ирм. 23:23, 24). Мебинед, ки «фарқи муқаддас»-и Худо аз чӣ иборат аст? Он чи Ишаъё дид, бори дигар тасдиқ мекунад: мо Худоро ҳар қадар возеҳтар бинем, ҳамон қадар бештар Ӯро қадр мекунем. Ӯ он қадар қуддус аст, ки ҳатто сорофиёни бегуноҳ ба Ӯ нигариста наметавонанд! Онҳо рӯйҳояшонро бо болҳояшон мепӯшонанд, ва агарчи ҳайратовар аст, пойҳояшонро низ мепӯшонанд. Чаро? Ба забони ибронӣ пойҳо ва узвҳои ҷинсӣ бо ҳамон як калима ифода меёбанд.[38] Барои густохӣ бубахшед, аммо бо ин амал фариштаҳо дар ҳузури Худо комилан нотавон будани худро намоиш медиҳанд. Ишаъёро фаҳмидан мумкин аст. Қуддусияти Худоро дида, ба гӯшаи хотири ӯ намеояд, ки худситоӣ кунад, фахр намояд, сабтҳо кунад, нақшаи мавъизаро тартиб диҳад, семинарҳои сафарӣ гузаронад. Ба ҷои ин ӯ рӯйнокӣ ба замин афтода, марҳамат мехоҳад. «Вой бар ман, ки тамом шудам! Зеро ки ман шахси ҳаромлаб ҳастам, ва дар миёни қавми ҳаромлаб сукунат дорам, — ва чашмонам Подшоҳро, Парвардигори лашкарҳоро дидааст» (Иш. 6:5). Рӯъёе ки Ишаъё дид, на табиати ӯро, балки табиати Худо ва ҷалоли Ӯро ошкор менамуд. Ишаъё инро фаҳмид. «На ман дар маркази диққат, балки Ӯст». Ишаъё ҷӯёи фурӯтанӣ набуд, аммо ба Худо нигариста, фурӯтан шуд. Як нигоҳи кӯтоҳ кифоя буд, ки пайғамбар худро бо махавиён ва беморон, «нопокон», чунон ки махавиёнро меномиданд, дар як қатор бинад. Қуддусияти Худоро дида, ғурури одамӣ хомӯш мешавад. Ва моро марҳамати Худо муқаддас мегардонад. Бубинед, ки ин чӣ тавр ба амал меояд: Ва яке аз сорофиён назди ман парида омад, ва дар дасташ ахгаре буд, ки бо оташгирак аз қурбонгоҳ гирифта буд, ва онро ба даҳонам расонда, гуфт: «Инак, ин ба лабҳоят расид, ва гуноҳат дур шуд, ва хатоят кафорат ёфт». Иш. 6:6–7 Ишаъё ҳеҷ чиз талаб намекунад. Ӯ марҳамат мехоҳад. Зиёда аз ин, ӯ эҳтимол чунин меҳисобад, ки сазовори марҳамат нест. Аммо Худои пурсабр ва пур аз марҳамат Ишаъёро аз гуноҳ пок менамояд ва равиши ҳаёти ӯро дигаргун менамояд. Худо шахсеро меҷӯяд, ки тайёр аст аз номи Ӯ гап занад. «Ман киро бифиристам? Ва кист, ки барои Мо биравад?» (Иш. 6:8). Дил ва дастони Ишаъё боло мешаванд: «Инак ман ҳозирам, маро бифирист» (Иш. 6:8). Нигоҳи кӯтоҳ ба қуддусияти Худо — ва Ишаъё ба даъвати Худо ҷавоб медиҳад, гӯё сарчашмаи он дарёи хурӯшони мавҷҳояш дар қаъри канйон ҷоришавандаро ёфта бошад. Ва агарчи худи рӯъё кӯтоҳмуддат буд, ин рӯъёи Худо буд. Натиҷа чӣ гуна буд? Ишаъё тағйир ёфт, ӯ дигаргунӣ ба даст овард. Дигаргунии муқаддас. БАРОИ АНДЕШАРОНӢ ВА МУҲОКИМА 1. Калимаи «муқаддасӣ»-ро шумо чӣ гуна мефаҳмед? Шумо ин мафҳумро ба касе ки ҳеҷ гоҳ Китоби Муқаддасро нахондааст, чӣ гуна тасвир менамудед? 2. Чӣ гуна қуддусияти Худо ғурури инсонро ба хомӯшӣ водор менамояд? 3. Кай бори охир ба пурсабрӣ ва пур аз марҳамат будани Худо боварӣ ҳосил намуда будед? Нақл намоед, ки чӣ рӯй дода буд? 4. Иш. 6:1–8-ро хонед. Ишаъё ба ошкоршавии ҷалоли Худо чӣ гуна аксуламал намуд (о. 5)? Шумо чӣ гуна аксуламал менамудед? Фаҳмонед. 5. Дар натиҷаи покшавии Ишаъё чӣ рӯй дод (о. 8)? Он чиро, ки Ишаъё аз сар гузаронд, Худо дар ҳаёти шумо чӣ тавр истифода бурда метавонист? Боби 17. Девзадаи ҷадарӣ Чун аз киштӣ берун омад, дарҳол касе ки рӯҳи нопок дошт, аз миёни гӯрҳо баромада, бо Ӯ рӯ ба рӯ шуд, ки бошишгоҳи вай гӯристон буд, ва ҳеҷ кас наметавонист бо занҷир ҳам вайро бандад; чунки борҳо вайро бо завлона ва занҷирҳо баста буданд, лекин занҷирҳоро канда ва завлонаҳоро шикаста буд, ва ҳеҷ кас наметавонист вайро ром кунад; ва ҳамеша, рӯзу шаб, дар кӯҳҳо ва дар миёни гӯрҳо фарёд мекашид ва худро бо сангҳо мезад. Марқ. 5:2–5 РАҲОӢ АЗ БАНДҲОИ ДӮЗАХ Мӯйҳояш ба ҳам печида, ришаш то сандуқи сина, баданаш харошида ва хуншор аст. Нигоҳи чашмонаш беҷо, ҳаросон ва гардишкунандаи ноором аст. Ӯ урён, пойлуч ва аз сангҳои дар замин хобида ва аз санги дар дасташ буда беҳимоят аст. Ӯ худро бо сангҳо мезанад. Доғҳои кабудшуда сар то пои ӯро фаро гирифтаанд. Яраҳои кушода ва захмҳои чуқур пур аз магасҳо мебошанд. Хонаи ӯ мақбараи аз оҳаксанг кандашуда дар қабристони назди кӯли Ҷалил аст (инҳо мағораҳое мебошанд, ки дар камари ростхамидаи соҳили кӯл канда шудаанд). Эҳтимол, назар ба зиндаҳо, ки аз рафтанаш хурсанд буданд, ӯ худро дар байни мурдаҳо бештар дар бехатарӣ ҳис мекунад. Ӯ ба онҳо халал мерасонд. Ба завлонаҳои кандашуда дар бандҳои пойҳо ва порчаҳои занҷирҳо дар бандҳои дастонаш нигаред. Онҳо ин шахсро боздошта натавонистанд. Онро боздоштан ғайриимкон аст. Бесарусомониро чӣ гуна ром кардан мумкин аст? Роҳгузарон аз ин маҳал канораҷӯӣ мекунанд, метарсанд (ниг.: Мат. 8:28). Аммо сокинони маҳаллӣ маҷбуранд бо ин мушкилӣ муросо кунанд, ва мо ба ин бадбахт нигариста, аз амалҳои иблис ба даҳшат меоем. Вагарна рафтори ғайримуқаррарии моро: хашми боздоштанашавандаи падарро, майзадагии хомӯшонаи модарро, исёни ногаҳонии наврасро, тамоман сарф шудани пули кортҳои кредитиро, интернет-порнографияро чӣ гуна маънидод кардан мумкин аст? Чунон ки мебинед, иблис бекор намешинад. Ба девзадаи ҷадарӣ бо диққат нигаред, ва шумо мефаҳмед, ки иблис барои мову шумо чӣ гуна ояндаро омода намудааст. Азоб додани худ. Барои азоб додани худ девзада сангҳоро истифода мебурд. Мо усулҳои мукаммалтарро истифода мебарем: маводи нашъаовар, секс, кор, зӯроварӣ, пурхӯрӣ. (Дӯзах моро ба азоб додани худ тела медиҳад.) Васвасаи марг ва торикӣ. Ҳатто баъди кандани занҷирҳо, девзада дар байни мурдаҳо буд. Дар ин ҷо бадӣ худро дар хонаи худ ҳис мекунад. Муошират бо мурдаҳо. Қурбонӣ кардани зиндаҳо, таваҷҷӯҳи патологӣ ба марг ва ҳамаи он чи ба он вобаста аст, — ин кори Худо нест. Хавотиршавии дурнашаванда. Ин шахс шабу рӯз фарёд мезад (ниг.: Марқ. 5:5). Иблис боиси ҳолати васвосӣ шуда метавонад. «…Рӯҳи палид… [Исо мефаҳмонад, ки барои чӣ] дар ҷустуҷӯи роҳат дар ҷойҳои беоб гардиш мекунад…» (Мат. 12:43). Аз ҷамъият дур будан. Девзада дар азобҳои худ комилан танҳо буд. Нақшаи иблис чунин аст. «Ҳушёр ва бедор бошед, чунки душмани шумо, иблис, мисли шери ғуррон гаштугузор карда, касеро меҷӯяд, то ба коми худ кашад» (1 Пет. 5:8; курсиви ман. — М.Л.). Исо чӣ кор кард? Исо корҳои иблисро вайрон кард. Масеҳ бо ду таппончаи тирдор аз қаиқ ба соҳил қадам гузошт. «Эй рӯҳи палид, аз ин шахс берун шав!» (Марқ. 5:8). На гуфтушунид, на тарзи корбурди боназокат, ва на салому паём. Девҳо сазовори муносибати нармдилона нестанд. Онҳо ҳамон замон пеши пойҳои Масеҳ афтода, илтиҷо намуданд, ки ба ҳолашон раҳм кунад. Сарвари легион кӯшиш кард аз номи дигар девҳо бо Исо созиш кунад: …Туро бо ман чӣ кор аст, эй Исо, Писари Худои Бузург? Туро ба Худо қасам медиҳам, ки маро азоб надиҳӣ!» <…> Ва аз вай пурсид: «Номи ту чист?» Вай ҷавоб дод: «Номи ман легион аст, чунки мо бисёрем». Ва аз Ӯ бисёр илтимос мекарданд, ки онҳоро аз он сарзамин берун накунад. Марқ. 5:7, 9, 10 Легион — воҳиди калонтарини ҳарбии Руми Қадим буд, ки аз шаш ҳазор сарбоз иборат буд. Аз кӯшиши тасаввур намудани ин миқдори тасаввурнопазири девҳое ки дар як шахс сокин буданд, мӯйҳо рост мехезанд, аммо вазъият ғайривоқеӣ наметобад. Дар ғор чӣ қадар мушҳои паррон ва дар дӯзах чӣ қадар девҳо ҳастанд? Ҳисоб кардан ғайриимкон аст. Девҳо на танҳо сершуморанд, балки мусаллаҳ низ мебошанд. Легион — воҳиди ҳарбии пурра мусаллаҳ ва ба ҷанг омода аст. Иблис ва думравонаш барои ҷангидан меоянд. Пас, моро низ даъват мекунанд, ки «зиреҳи куллии Худоро бигиред, то ки дар рӯзи бад муқобилат намуда ва ҳама корҳоро анҷом дода, истодагӣ карда тавонед» (Эфс. 6:13). Ҳа, ҷангидан лозим меояд, зеро лашкари душман, ки ба ҷанг омода аст, бар зидди мо бархестааст. «…Муборизаи мо на бар зидди хун ва ҷисм аст, балки бар зидди сарварон, бар зидди ҳукуматдорон, бар зидди фармонравоёни ин олами зулмот аст, бар зидди қувваҳои рӯҳии шарорат, ки дар афлок аст» (Эфс. 6:12). Исо «дарвозаҳои дӯзах»-ро зикр кардааст (ниг.: Мат. 16:18), ин мавҷудияти «шӯрои ҳарбии дӯзах»-ро дар назар дорад. Лашкари душмани мо муташаккил буда, муборизаи ноинсофона мебарад. Тимсоли дар филмҳои тасвирӣ ифодаёфтаи иблисро, ки дар тан трикои сурх дошта, думашро рост карда ва панҷшохаи дар дасташ бударо ба пеш нигаронидааст, фаромӯш кунед. Иблис маккор ва тавоност. Аммо дар ҳузури Худо (ба ин диққат бояд дод!) иблис тамоман ночиз аст. Бар зидди Худо ӯ чун пашша бар зидди бомбаи ҳастаӣ аст. Ва дар чарогоҳи он кӯҳҳо галаи бузуги хукҳо мечарид. Ва ҳамаи девҳо аз Ӯ илтимос карда, гуфтанд: «Моро ба хукҳо равона кун, то дар онҳо дохил шавем». Исо дарҳол ба онҳо иҷозат дод. Ва рӯҳҳои палид берун шуда, ба хукҳо даромаданд ва он гала аз баландӣ якбора ба кӯл ҷаст, ва онҳо қариб ду ҳазор буданд ва дар кӯл ғарқ шуданд. Марқ. 5:11–13 Сокинони дӯзах дар ҳузури Масеҳ ба тарсу ларз меоянд! Девҳо пеши пойҳои Ӯ афтода, илтиҷо мекунанд ва ба Ӯ итоат менамоянд. Онҳо бе иҷозати Ӯ ҳатто дар хукҳо дохил шуда наметавонанд. Пас он таъсиреро, ки иблис ба одамон расонда метавонад, чӣ гуна маънидод кардан мумкин аст? Шояд Наталӣ[39] ин саволро ҳазор бор ба худ медод. Дар байни довталабон барои иҷро кардани нақши асосӣ дар версияи ҳозиразамони қиссаи ҷадарӣ қариб аввалин мебошад. Ӯ дар муҳити азобҳои ҳақиқатан дӯзахӣ ва воя расидааст. Ҷамоати калисоӣ аз ҳеҷ чиз хабар надошт. Ҳар рӯзи якшанбе Наталӣ ҳамроҳи хоҳарон аз роҳрави толори калисо мегузашт. Падари ӯ пири калисо буд, модараш арғунун менавохт. Аҳли калисо онҳоро эҳтиром менамуд. Наталӣ аз онҳо нафрат дошт. Ин вақт ӯ аллакай онҳоро «падар» ва «модар» наменомид. «Ҷодугар» ва «аҷузкампир» — чунин муроҷиат ба маънодод эҳтиёҷ надорад. Волидонаш аъзоёни фирқаи динӣ буданд. Дар синни шашмоҳагӣ ӯро ба иблис тақдим намуданд, ӯро объекти шаҳвонӣ гардонданд, ки баъдтар барои қонеъ намудани хоҳишҳои мардон дар ҳар ҷой ва ҳар вақт истифода мешуд. Аз ҳамон вақт Наталӣ дар ҷаҳоне мезист, ки ду тақсим шуда буд: рӯзи якшанбе барои парастиш куртаи сафед мепӯшид ва баъди якчанд соат барои базми шайтонӣ луч мешуд. Агар ҳангоми иштирок дар ин оргия ӯ доду фарёд ва қай накунад, ба ӯ яхмоси вафлидор мехариданд. Ин духтар фақат ба шарофати таҷрид, яъне «ба олами худ рафтан» аз воқеиат зинда монд. Наталӣ бо кадом як воситаи муъҷизаосо аз фирқа гурехта тавонист. Аллакай дар калонсолӣ ӯ ҳамчун ҳимоят шаш таҳпӯшак мепӯшид. Куртаҳо дар ӯ ҳисси беҳимоя буданро ба вуҷуд меоварданд, ва ӯ аз онҳо канораҷӯӣ мекард. Бисёр чизҳо дар ӯ нафратро ба вуҷуд меовард: ҳам зан будани ӯ, ҳам дар атрофаш будани мардҳо, ҳам зарурати давом додани зиндагӣ. Фақат Худо медонад, ки чӣ легиони тарсҳо ӯро таъқиб менамуд. Ва Ӯ дар ҳақиқат инро медонист. Дар байни ботлоқҳои ҷони ӯ, дар дурӣ аз ҳамаи даҳшатҳои беруна, ҷазираи хурдакаки бехатарӣ ниҳон буд (Наталӣ боварӣ дошт, ки онро Падари Осмонӣ ба вуҷуд овардааст) — ин он вақте буд, ки духтараки хурд дар калисо мегузаронд. Суханони муҳаббати Ӯ ва сурудҳои калисоӣ, ки марҳамати Ӯро ситоиш менамуданд, дар дили ӯ нақш баста буданд. Ӯ ба ин ҷазира гурехта рафта, дар он ҷо ба Худо дуоҳо мегуфт. Ӯ дуоҳои вайро мешунид, ва тасалло омад. Умед тадриҷан даҳшатро иваз кардан гирифт. Ба ҷои тарсҳо имон омад, ки рӯз то рӯз устувор мешуд. Раванди шифоёбӣ тӯлонӣ ва хастакунанда буд, аммо бо ғалаба анҷомид, ки нишонаи он — оиладорӣ бо марди тақводоре буд.[40] Дар озодшавии Наталӣ на деворҳои ростхамидаи ҷарӣ буд, на галаи хукон, ки худро аз ҷарӣ ба об мепартофтанд, аммо шубҳае боқӣ намонда буд, ки ӯ озод шудааст. Ва мо бояд дар ёд нигоҳ дорем: иблис метавонад ба мо зарар расонад, аммо ғалаба карда наметавонад. Сари мор аз тан ҷудо карда шудааст. Боре ман шоҳиди чунин аз тан ҷудо карда шудани мор гардидам. Ба як ширкати истихроҷи нефт барои гузарондани лӯлаҳои интиқоли нафт коргароне даркор шуданд, ки тахтапушташон боқувват буда, майнаашон бо дониши зиёд пур набошад. Азбаски ман ба ин талабот пурра ҷавобгӯ будам, қисми зиёди таътили тобистонаро бел дар даст дар траншеяҳои Техаси Ғарбӣ гузарондам. Экскаватори калон траншея меканд, мо бошем аз пайи он рафта, корро анҷом медодем — бо ёрии белҳо хоки зиёдатӣ ва сангҳоро берун мепартофтем. Ва инак, боре бегоҳӣ экскаваттор заминро канда, аз он ҷо на танҳо хокро берун овард. «Мор!» — фарёд кард бригадир. Мо дар як мижа задан аз траншея ҷаста баромадем, ва аллакай аз боло лонаи морро мушоҳида намудем. Мори калон морбачаҳои худро ҳимоя карда, фашшос мезад. Дар бораи боз ба траншея фаромадан ҳеҷ сухан ҳам буда наметавонист. Ҳамин вақт яке аз коргарон белро партофта, сари морро аз тан ҷудо кард. Мо дар канори траншея истода, медидем, ки чӣ тавр мори бесар печутоб мехӯрд. Мор, агарчи безарар гардонда шуда буд, ҳанӯз моро метарсонд. Ин қисса аз рӯзҳои муқаррарии меҳнатии заминковҳои Техаси Ғарбӣ — як навъ масал аст, ки рӯзҳои муқаррарии рӯҳонии моро тасвир медиҳад. Магар иблис мор нест? Ҳавворӣ Юҳанно онро «мори қадимӣ, ки иблис ва шайтон аст» (Ваҳй 20:2) меномад. Магар сари ӯ аз тан ҷудо карда нашудааст? Албатта, на бо бел, балки бо салиб. «Худо сарварони рӯҳиро бесилоҳ ва аз қудрат маҳрум намуд. Ӯ бо ғалабае ки Масеҳ дар салиб ба даст овард, онҳоро дар назди омма шарманда кард ва бар онҳо дастболо шуд»[41] (Қул. 2:15; NLT — New Living Translation). Ин ба мо чӣ медиҳад? Боварӣ. Чизи асосӣ, ки мо бояд аз ин порча дар ёд нигоҳ дорем, он аст, ки Исо иблисро идора мекунад. Як сухани Ӯ — ва инак девҳо ҳамроҳи хукҳо ба қаър мераванд, ва девзада «нишаста… ва либос пӯшидааст ва ақлаш солим гаштааст» (Марқ.5:15). Танҳо як фармон! Ва ҳеҷ гуна сеансҳои симиёӣ, дуогӯиҳои якранг ва амалҳои махсус бо шамъҳои афрӯхта даркор нестанд. Дӯзах — мӯрчахонаест дар сари роҳи трактори осмонии тахткунандаи роҳҳо. «Ҳама ба воҳима афтоданд, ба дараҷае ки аз якдигар мепурсиданд:… Ӯ ба рӯҳҳои палид низ боқудратона мефармояд, ва онҳо ба Ӯ итоат мекунанд?» (Марқ. 1:27). Мор дар траншея ва Лусифер дар дӯзах аз бисёр ҷиҳатҳо монанди якдигаранд. Ҳар ду зӯр мезананд ва худро тавоно вонамуд мекунанд, агарчи кайҳо мағлуб шудаанд. Пас, бо вуҷуди он ки дилпур ҳастем, мо бояд боэҳтиёт бошем. Зеро, иблис, ин бадкирдори бедандон, моро сахт газида метавонад! Вай моро метарсонад, амал кардан намемонад ва маҷбур мекунад, ки бо ҷиддият андеша намуда қадам гузорем. Пас чӣ бояд кард? «Ҳушёр ва бедор бошед, чунки душмани шумо, иблис, мисли шери ғуррон гаштугузор карда, касеро меҷӯяд, то ба коми худ кашад» (1 Пет. 5:8). Ҳушёрӣ зарур аст, аммо воҳима кардан даркор нест. Мор ҳанӯз печутоб мехӯрад ва метарсонад, аммо аллакай заҳр надорад. Вай мағлуб шудааст ва инро медонад! «…чун медонад, ки вақташ кам мондааст» (Ваҳй 12:12). «…Ӯ, ки дар шумост, аз он ки дар ҷаҳон аст, бузургтар аст» (1 Юҳ. 4:4). Шубҳа накунед. Ба ғалабаи Наҷотдиҳанда боварӣ намоед. «Пас, ба Худо итоат намоед, ба иблис муқобилат кунед, ва ӯ аз шумо хоҳад гурехт» (Яъқ. 4:7). Ҳозир ягона коре ки иблис карда метавонад, — печутоб хӯрдан аст. БАРОИ АНДЕШАРОНӢ ВА МУҲОКИМА 1. Макс Лукадо менависад: «Ба девзадаи ҷадарӣ бо диққат нигаред, ва шумо мефаҳмед, ки иблис барои мову шумо чӣ гуна ояндаро омода намудааст. Азоб додани худ. Барои азоб додани худ девзада сангҳоро истифода мебурд. Мо усулҳои мукаммалтарро истифода мебарем: маводи нашъаовар, секс, кор, зӯроварӣ, пурхӯрӣ». Одамони атрофи шумо ба кадом навъи азоб додани худ даст мезананд? Иблис кадом навъи азоб додани худро ба шумо бор кардааст? 2. Марқ. 5:1–20-ро хонед. Чаро Масеҳ девҳоро бо як худи фармон идора карда метавонист? Шумо ба он ки Масеҳ бар иблис чунин қудрат дорад, чӣ гуна муносибат мекунед? 3. Шумо чӣ фикр доред, чаро ҳангоме ки Худованд ба соҳил қадам гузошт, девзада ба пешвози Исо баромад (ниг.: Марқ. 5:2). Чаро ӯ нагурехт? 4. Ин шахси озодшуда аз Исо чӣ хоҳиш намуд (ниг.: Марқ. 5:18)? Исо чӣ ҷавоб дод (ниг.: Марқ. 5:19)? Ва чаро Ӯ чунин ҷавоб дод? 5. 1 Пет. 5:8–10-ро хонед. Оё шумо «ба вай бо имони қавӣ муқобилат кардан» метавонед? Чаро дар ёд доштан фоидаовар аст, ки мо аз азобҳо ва васвасаҳо (оятҳо) дар танҳоӣ намегузарем? Мо дар ниҳояти кор қувваи рӯҳониро аз куҷо ба даст меоварем (о. 10)? Боби 18. Махавие ки Исо ӯро шифо дод Пас, ҳамчун баргузидагони муқаддас ва маҳбуби Худо, марҳамат, меҳрубонӣ, хоксорӣ, фурӯтанӣ ва пурсабриро дар бар кунед. Қӯл. 3:12 ЛАМСИ ДИЛСӮЗӢ Оё мумкин аст ба шумо бо хоҳиши ғайриодӣ муроҷиат намоям? Ба дасти худ нигаред: аввал ба болои даст ва баъд ба кафи даст. Ҳар як ангуштро бо диққат аз назар гузаронед. Дар дар охир ангушти калонро давр занонед. Чӣ мешуд, агар дар сари ягон кас фикре меомад, ки дар бораи дастони шумо филми мустанад ба навор гирад? Агар дар назди продюсер вазифае мебуд, ки камераро фақат ба дастонатон равона карда, таърихи ҳаёти шуморо нақл кунад? Мо чиро медидем? Кадрҳои аввали филм дастони тифлро нишон медоданд, баъд дастчаи хурд, ки ба ангушти модар часпида гирифтааст, аз наздиктар нишон дода мешуд. Баъд? Шояд дасте ки ҳангоми омӯхтани қадамзанӣ курсиро дошта меистад. Ва ҳангоми омӯхтани хӯрокхӯрӣ чумчаро ба даст гирифтан. Баъди чанде дар экран дасти шумо, ки бари рӯи падарро ламс мекунад, ё ба гӯши сагча мерасад, намоён мешуд. Аммо ин чист? Баъди дақиқае мо шоҳиди амалҳои зӯроваронаи дасти шумо мешудем: инак он бародаратонро тела медиҳад ё бозичаро аз дасти ӯ кашида мегирад. Ҳамаи мо хеле барвақт мефаҳмем, ки дастон на танҳо амалҳои ҳаётан муҳимро ба ҷо меоваранд. Ва онҳо барои ифода намудани эҳсосот мадади калон мерасонанд. Ҳамон як даст метавонад ёрӣ расонад, ё тела диҳад, ё чизеро кашида гирад, ё диҳад, боло бардорад ё ба поён партояд. Ин хроникаро ба дӯстон намоиш дода, шумо аз лаҳзаҳои муайян фахр мекардед: ана дастони шумо тӯҳфаро дароз мекунанд, ангуштариро ба ангушти нозуки касе медароранд, захмро мебанданд, хӯрок тайёр мекунанд ё барои дуо ба ҳам ҷафс мешаванд. Аммо дар ин филм, эҳтимол, саҳнаҳои дигар низ мешаванд. Кадрҳо бо ангушти ишорат, ки бераҳмона айбдор мекунад ва тайёр аст бо мушт зарба занад. Дастоне тасвир мешаванд, ки намедиҳанд, балки мегиранд, пешниҳод на мекунанд, балки талаб менамоянд, дӯст намедоранд, балки захмдор мекунанд. Дар дастони мо чӣ қуввае ниҳон аст! Ин қувваро бе назорат монед, ва он ба силоҳе табдил меёбад, ки метавонад ба ҳокимият часпида гирад, рақибро гулӯгир кунад, бегуноҳеро ба бадахлоқӣ моил намояд. Аммо агар қувваро мутеъ намоед, дастон асбоби файз мегарданд, на ин ки асбоб дар дастони Худо, балки маҳз дастони Худо мегарданд. Онҳоро ба ихтиёри Худо диҳед, ба ин механизмҳои дорои панҷ панҷа дастони осмон мешаванд. Исо ҳамин тавр кард. Наҷотдиҳандаамон дастонашро пурра ба ихтиёри Худо дод. Дар воқеаномаи Ӯ шумо саҳнаҳои дастони ҳарисона ғункунанда ё бесабаб бо ангушти ишорат айбдоркунандаро вонамехӯред. Дар филм оид ба Исо саҳнаҳои тасвиркунандаи касоне ки ламси дилсӯзонаи Ӯро меҷӯянд, бисёр хоҳанд буд: волидоне ки фарзандонро дар даст доранд, камбағалони пур аз тарсу ҳарос, гуноҳкороне ки аз ғамҳо азоб мекашанд. Исо ҳар каси меомадаро ламс менамуд, ва ҳар касе ки бо ламси Ӯ баракат меёфт, дигаргун мешуд. Аммо ламси Ӯ ба ҳеҷ кадоми онҳо назар ба махавие ки дар боби 8-уми Инҷили Матто сухан дар бораи ӯ меравад, баракати бештар наовардааст. Ҳангоме ки Ӯ аз кӯҳ фуромад, мардуми бисёре аз пайи Ӯ равона шуданд. Ва инак, махавие омада, назди Ӯ зону зад ва гуфт: «Эй Хоҷа! Агар хоҳӣ, метавонӣ маро тоза кунӣ». Ва Исо дасташро дароз карда, ба вай расонд ва гуфт: «Мехоҳам, тоза шав». Ва дарҳол вай аз махав тоза шуд. Ва Исо ба вай гуфт: «Огоҳ бош, ки ба касе нагӯӣ; балки рафта, худро ба коҳин нишон деҳ ва он ҳадияро, ки Мусо фармудааст, пешкаш кун, то барои онҳо гувоҳие бошад». Мат. 8. 1–4 Инҷилнависон Марқус ва Луқо низ ба мо ҳамин ҳикояро нақл мекунанд. Аммо агарчи ҳар сеи ин муаллифонро эҳтиром менамоям, бояд зикр кунам, ки ҳеҷ кадоми онҳо ба ин воқеа диққати даркорӣ надодааст. Ҳа, ҳар сеи онҳо ба мо дар бораи бемории ин шахс ва шифо ёфтани ӯ хабар мерасонанд, аммо тафсилоти даркорӣ куҷоянд? Нақли онҳо саволҳои зиёди беҷавобро боқӣ мегузоранд. Инҷилшиносон на номи ӯро зикр кардаанд, на тарҷумаи ҳол, на тасвири ӯро. Гоҳо тахайюлотеро, ки маро фаро мегиранд, боздоштанам душвор мешавад. Ба фикрам, ҳозир лаҳзаи муносиб аст, ки онро ба озодӣ сар диҳам, то фаҳмам, ки он шахсе ки дилсӯзии Исо ҳаёти ӯро дигаргун намуд, чӣ фикрҳо дошт ва чиро эҳсос менамуд. Ҳамагӣ як қадам ба сӯи Ӯ, як дархосте ки ба Ӯ нигаронида шудааст, як ламси Ӯ — ва ҳаёти шахс самти худро комилан дигар мекунад. Иҷозат диҳед шуморо бо версияи худ дар бораи ин дигаргуншавии назаррас шинос намоям. Панҷ соли дароз ҳеҷ кас ба ман даст нарасонда буд. Ҳеҷ кас. Ҳеҷ як ҷони зинда: на завҷа, на фарзанд, на дӯстон. Тамоми ин муддат дасти ҳеҷ кас маро ламс накарда буд. Онҳо метавонистанд маро бинанд, бо ман гап зананд. Муҳаббат дар овози онҳо ва ҳамдардӣ дар чашмони онҳо дили маро гарм мекарданд, аммо ман ламси дӯстонаи онҳоро эҳсос карда наметавонистам, ламсҳо набуданд. Ҳеҷ як ламс, аз ҳеҷ як ҷони зинда. Ман хеле интизори он чизе будам, ки ҳамаи шумо муқаррарӣ меҳисобед: дастфишорӣ ҳангоми салом гуфтан, гарм ба оғӯш гирифтан, барои ҷалб кардани диққат ба китфон даст расондан, ва ниҳоят бӯса, ки дилро ба ҳаяҷон меоварад. Ман аз ҳамаи ин маҳрум будам. Ҳеҷ кас ба ман даст намерасонд ва ҳатто тасодуфан ба ман барнамехӯрд. Ман барои имконияти ба касе бархӯрдан, худро ба байни издиҳом тиққондан ҳама чизро медодам, то ки дар байни одамони муқаррарӣ бошам. Аммо инак панҷ сол мешавад, ки дар ҳаёти ман чизе ба монанди инҳо набуд. Шумо мепурсед, ки чаро? Дар кӯчаҳои шаҳр гаштани ман номумкин буд. Ҳатто раввинҳо аз ман канораҷӯӣ мекарданд. Ба куништ рафтани ман номумкин буд. Ман ҳатто ҳақ надоштам ба хонаи худ дароям. Ба ман даст расондан мумкин набуд. Ман махавӣ будам. Ва ҳеҷ як ҷони зинда ба ман даст намерасонд… то ҳамин рӯз. Ман ба ин шахс таваҷҷӯҳи самимӣ дорам, чунки дар замонҳои Аҳди Ҷадид махав бемории даҳшатноктарин буд. Дар натиҷаи махав бадани одам пур аз захмҳо мешуд ва зинда ба зинда мепӯсид. Ангуштони дастҳо каҷ шуда ба барҷастагии ҳалқашакл табдил меёфтанд. Баъзе қитъаҳои пӯст беранг шуда, бӯй мегирифтанд. Баъзе навъҳои махав боиси барҳам хӯрдани ҳассосияти торҳои асаби пӯст ва мушакҳо мегардиданд, ва ин боиси аз байн рафтани ангуштони дастон ва пойҳо ва ҳатто тамоми дастон ва пойҳо мешуданд. Махав қадам ба қадам одамро ба марг наздик мекард. Натиҷаҳои иҷтимоӣ барои касе ки гирифтори махав шудааст, баробари натиҷаҳои ҷисмонӣ даҳшатовар буданд. Махавиро сироятнок ҳисобида, ҷудо мекарданд ва ба маҳалли нигоҳдории махавиён меронданд. Дар Навиштаи Муқаддас махав рамзи радшавии бештарин аст. Шахси сироятёфтаро шиносҳо рад мекарданд, бегонаҳо аз ӯ канораҷӯӣ мекарданд, ӯ ба мавҷудияти тоқатфарсо маҳкум мешуд. Ман боварӣ дорам, ки ҳар як рондашуда бояд рӯзеро дар ёд нигоҳ медошт, ки ҳақиқатро дарк намуда, иқрор шуда буд: ҳаёти пештара то абад ба охир расидааст. Боре ҳангоми дарав ба ман чунин тофт, ки дасте ки досро медорад, қувваи пештараашро гум кардааст. Нӯгҳои ангуштонам гӯё беҳис шуда буданд: аввал дар як ангушт, баъд дар ангуштони дигар. Муддате гузашт, ва агарчи чун пештара асбобро дар даст дошта метавонистам, ман онро қариб ҳис намекардам. Дар охири мавсим дастам тамоман беҳис шуд. Дасте ки досро медошт, бо ҳамон муваффақият ба ҳар каси дигар тааллуқ дошта метавонист, ман онро тамоман ҳис намекардам. Ман ба занам чизе нагуфтам, аммо фаҳмидам, ки ӯ чизеро пай бурдааст. Чӣ тавр пай набарад? Ман бо дастам чун бо парандаи захмдор муносибат мекардам. Боре ҳангоми шустушӯй дастамро ба тағорача андохта, дидам, ки об сурх шуд: аз ангуштам хун мерафт, хун зиёд мерафт. Аммо ман ҳатто ҳис накардам, ки захмдор шудаам. Кай ва бо чӣ? Бо корд? Дастамро ба теғи тез расондаам? Ман бояд дардро ҳис мекарда, аммо ҳеҷ чизро ҳис накардам. Либосат ҳам пур аз хун аст, — бо овози паст гуфт занам. Ӯ дар паси ман истода буд. Пеш аз он ки ба ӯ нигоҳ кунам, ман доғҳои сурхи либосамро аз назар гузарондам. Ман муддати зиёд дар назди тағорача истода дастонамро аз назар мегузарондам. Ҳамааш маълум буд: ҳаёти ман умуман дигаргун шудааст. — Ҳамроҳат назди коҳин равам? — пурсид ӯ. — Не, — оҳ кашидам ман. — Ман танҳо меравам. Ман ба ақиб тоб хӯрда, ба чашмони пуроби ӯ нигаристам. Дар назди ӯ духтари сесолаамон истода буд. Сари ду пой нишаста, ман ба чеҳраи ӯ нигаристам ва хомӯшона рӯяшро сила кардам. Ман чӣ гуфта метавонистам? Рост шуда, ман боз ба занам нигаристам. Ӯ дасташро ба китфонам гузошт, ва ман бо дасти сиҳатам ӯро оғӯш кардам. Ин оғӯшгирии охирини мо буд. Панҷ сол гузашт, ва аз он вақт ҳеҷ кас ба ман даст нарасонда буд. То ҳамин рӯз. Коҳин дасти маро ламс накард. Ӯ фақат ба он чи бо латта баста шуда буд, нигарист, ва бе ҳеҷ гуна нишонаи ҳамдардӣ ба ман нигоҳ кард. Ман ӯро барои суханони гуфтааш айбдор намекунам. Ӯ он гуна рафтор намуд, ки ба ӯ омӯзонда буданд. Даҳонашро бо як даст маҳкам карда ва дасти дигарашро пеш бурда, ӯ гуфт: «Нопок». Ин ҳукм маънои онро дошт, ки ман оила, хона, оянда, дӯстонамро абадан аз даст додаам. Ман дар назди дарвоза занамро интизор будам. Ӯ ба ман либос, нон ва каме пулро ба бӯхча баста овард. Ӯ хомӯш буд, аммо ҳамин вақт ман дӯстонамро дидам. Ифодаи чашмони онҳо, ки он вақт маро ҳайрон кард, баъдтар одатӣ шуд: тарси сахт ва дилсӯзӣ — ана он чи ман абадан аз ҳамон вақт дар ҳар як нигоҳ мебинам. Ман ба сӯи онҳо қадам гузоштам, онҳо шитобон ақибнокӣ рафтанд. Тарси онҳо аз бемориям назар ба тарси ранҷонданам хеле бештар буд, аз ин рӯ ҳамаи касоне ки ман дар роҳам вомехӯрдам, худро ақиб мекашиданд. Аз ҷамъият ронда шудани махавӣ бераҳмии бемаврид метобад. Аммо амалияи Шарқи Қадимро дар ҳаққи ҳамқавмони нотавон ва сироятёфта истисноӣ ҳисобидан даркор нест. Шояд мо барои чунин шахсон колонияҳо намесозем ва дар ҳузури онҳо даҳонамонро бо дастон намепӯшем, аммо мо худро аз онҳо бо девор ҷудо мекунем ва шармгинона нигоҳамонро ба тарифи дигар мегардонем. Дар замони мо барои аз ҷамъият ронда шудан махавӣ будан шарт нест. Яке аз хотираҳои дардноктарини ман ба Ҷеррӣ дахл дорад, ба писараке ки дар синфи чорум бо ӯ дӯстӣ доштам.[42] Ӯ як қисми дастаи муттафиқи бачаҳое буд, ки мо бо онҳо аз саҳар то шаб дар майдончаи варзишӣ бозӣ мекардем. Боре ман ба хонааш занг задам, то пурсам, ки оё ба бозӣ меравад. Овози бадмастона дар телефон аввал ҳақорат кард, бад гуфт, ки Ҷеррӣ на имрӯз берун мебарояд, на ягон рӯзи дигар. Ман ба дӯстонам дар ин бора гуфтам. Яке аз онҳо ба ман фаҳмонд, ки падари Ҷеррӣ майзада аст. Дар ёд надорам, ки ман он вақт маънои ин калимаро мефаҳмидам ё не, аммо маънои онро зуд аз худ намудам. Ҷеррӣ бозингари базаи дуюм, Ҷеррӣ бачае ки дучархаи сурх дорад, Ҷеррӣ дӯсти ман аз кӯчаи ҳамсоя, ногоҳ «Ҷеррӣ писари майзада» шуд. Кӯдакон бетиҳоят бераҳм буда метавонанд, ва намедонам аз чи сабаб, мо маҳз ҳамин тавр кардем. Ӯ барои мо сирояткунанда, махавӣ шуд, ва агарчи ӯ дар ин айбе надошт, аммо чунон ки бояд бо махавӣ карда шавад, ӯ аз деҳа ронда шуд. Ба ҳар касе ки аз ҳамсар ҷудо шудааст, ин ҳиссиёт шинос аст. Он ҳамчунин ба одамони дорои норасоиҳои ҷисмонӣ, ва низ бекорон ва касоне ки маълумотнокияшон кам аст, шинос аст. Баъзеҳо аз модарони якка канораҷӯӣ мекунанд. Мо кӯшиш мекунем аз касоне ки дар рӯҳафтодагӣ мебошанд, дур бошем, аз беморони муолиҷанашаванда канораҷӯӣ мекунем. Мо барои муҳоҷирон маҳаллаҳо ва барои пирони барҷомонда хонаҳо месозем, барои ноқисулақлҳо мактабҳо месозем, барои нашъамандон марказҳои офиятёбӣ ва барои ҷинояткорон ҳабсхонаҳо месозем. Мо мехоҳем аз онҳо дур бошем. Фақат Худо медонад, ки чӣ қадар Ҷеррӣ барин одамон ихтиёрӣ аз дигарон ҷудо мебошанд, чӣ қадар одамони танҳо гирифтори тарси радшавӣ буда, аз хотираҳои дардноки кӯшишҳои паси сар кардани чунин ҳолат дар азоб мебошанд. Онҳо назар ба такроран ҳис кардани дарди даршавӣ, танҳо буданро афзал медонанд. Касоне ки ба ман менигаристанд, аз ман сахт нафрат менамуданд. Дар давоми панҷ сол махав ангуштони дастони маро ба барҷастагиҳои лӯнда табдил дод. Ман аз ангуштон ва як қисми гӯш ва бинӣ маҳрум шудам. Маро дида, падарон фарзандонашонро ба даст мебардоштанд, модарон онҳоро ба худ ҷафс карда, рӯяшонро мепӯшонданд. Кӯдакон ба ман нигариста, бо ангуштонашон сӯи ман ишора мекарданд. Латтакӯҳнаҳо захмҳоеро, ки бадани маро мехӯрданд, пӯшонда наметавонистанд, болопӯш бошад — нигоҳи хашмгинро. Ман онро пинҳон ҳам карданӣ набудам. Чанд шабро ман бо он гузарондам, ки бо мушти маъюбшуда ба осмони хомӯш таҳдид намуда мегуфтам: «Барои чӣ?» Дар ҷавоб хомӯшӣ. Баъзеҳо маро гуноҳкор меҳисобиданд, дигарон — волидонамро. Ман доварӣ карда наметавонам. Аммо медонам, ки аз ҳамаи ин хеле хаста шудаам, ва бӯи бадро нафас кашида, дар байни радди маъракаҳо зистан намехоҳам. Ва ин зангӯлаи нафратоваре ки бояд дар гардан дошта бошам, то ки одамонро аз наздик шуданам огоҳ намоям… Он чӣ даркор аст? Маро дидан замон одамон фарёд мекунанд: «Нопок! Нопок! Нопок!» Якчанд ҳафта пеш ман ҷуръат намудам, ки ба деҳаам наздик шавам. Ман ба он даромаданӣ набудам. Худо шоҳид аст, ман фақат мехостам ба киштзорам, хонаам, ва агар корам омад кунад, аз дур чеҳраи занамро бинам. Ман ӯро надидам. Аммо ба як гурӯҳ бачаҳо дучор шудам, ки дар чарогоҳ бозӣ мекарданд. Ман дар паси дарахте пинҳон шуда, мушоҳида мекардам, ки чӣ тавр онҳо бозӣ мекунанд ва медаванд. Чеҳраҳои онҳо чунон хурсандона буданд, ва хандаҳояшон чунон таъсирбахш буданд, ки лаҳзае, танҳо лаҳзае ман махавӣ буданамро фаромӯш кардам. Ман боз фақат кишоварз, падар, одам будам. Аз хурсандии онҳо рӯҳбаланд шуда, ман аз паси дарахт баромада, нафаси китфонамро рост кардам, чуқур кашидам… ва ҳамин вақт онҳо маро дида монданд. Пеш аз он ки ман ақиб гашта тавонам, онҳо доду фарёд карда, гурехтанд. Як духтарак истода монд, ӯ ба тарафи ман нигарист. Намедонам, аниқ гуфта наметавонам, аммо ба ман чунин тофт, ки ин духтари ман аст. Боварӣ надорам, метарсам, ки хато мекунам, аммо мехоҳам фикр кунам, ки ӯ падарашро меҷуст. Нигоҳи ӯ — ана он чи имрӯз маро ба чунин иқдом водор намуд. Ҳа, бехирадона, ҳа, хатарнок, аммо ман чиро аз даст медодам? Ӯ Худро Писари Худо меномад. Бигузор Ӯ шикояти маро шунида, маро ё кушад, ё шифо бахшад. Ман чунин қарор додам. Ман густохона ба пешвози ӯ баромадам, аммо на бо таҳрики имон, балки бо хашм аз ноумедӣ. Худо ин бадбахтиро ба сари ман овард, пас бигузор ё онро аз ман дур кунад, ё маро кушад! Аммо баъд ман Ӯро дидам, ва ҳангоме ки дидам, дигаргун шудам. Фаромӯш накунед, ки ман ҳамагӣ кишоварз ҳастам, на шоир, интихоб намудани суханони даркорӣ барои тасвири он чи дидам, бароям душвор аст. Ҳамаи он чи ман гуфта метавонам, — саҳариҳо дар Яҳудо ҳаво салқин, ва баромадани офтоб чунон пуршукӯҳ аст, ки ба он нигариста, ҳам гармии нимрӯзии гузашта, ҳам дардро фаромӯш мекунам. Ба Ӯ нигариста, ман саҳарии Яҳудоро дидам. Пеш аз он ки Ӯ сухане гуфта тавонад, ман ҳис кардам, ки Ӯ маро дӯст медорад. Намедонам чӣ тавр, аммо ман фаҳмидам, ки бемориям ба Ӯ чун ба худам (не, хеле бештар!) нафратовар аст. Хашми ман ба имон табдил ёфт, ва ғазаб — ба умед. Дар паси харсанг пинҳон шуда, ман медидам, ки чӣ тавр Ӯ аз теппа мефарояд. Издиҳоми одамон аз пайи Ӯ равона буд. Ҳамин ки Ӯ ба он ҷои истодагии ман баробар шуд, ман аз паси харсанг баромадам. — Худовандо! Ӯ бозистод ва ҳамроҳи бисёр касони дигар ба ман нигарист. Мавҷи тарсу ҳарос издиҳомро фаро гирифт. Онҳо бо дастон рӯйҳояшонро пӯшонданд. Кӯдакон ба паси волидон пинҳон шуданд. Нидоҳо шунида шуданд: «Нопок!» (боз ҳам, ман онҳоро айбдор намекунам). Онҳо ба мани манфур дигар хел муносибат карда наметавонистанд. Аммо ман воҳимаи онҳоро, ки пештар ҳазорон бор дида будам, қариб пай намебурдам. Аммо дилсӯзии Ӯро… Ман пештар инро надида будам. Ҳама аз ман худро барканор гирифтанд, ғайр аз Ӯ. Ӯ сӯи ман (сӯи ман!) қадам гузошт. Охирин касе ки панҷ сол пеш ҷуръат намуд ба ман наздик ояд, занам буд, акнун Ӯ. Ман шах шуда мондам, ва аз ҷунбидан тарсида, гуфтам: — Худовандо! Агар хоҳӣ, маро пок карда метавонӣ. Агар Ӯ маро бо сухан (масалан, бо дуо) шифо медод, ман хушбахт мебудам, пур аз нишот мегардидам. Ӯ фақат бо суханон маҳдуд шуданӣ набуд. Ӯ на танҳо наздик шуд. Ӯ ба ман даст расонд. Панҷ сол пеш занам ба ман даст расонда буд. Аз ҳамон вақт дигар касе ҷуръат намекард ба ман даст расонад. То имрӯз. — Мехоҳам, — Суханони Ӯ ба монанди ламси Ӯ навозишкорона буданд, — пок шав! Маро қуввае фаро гирифт, гӯё селоб дар замини шудгоршуда ҳаракат мекарда бошад. Дар ҳамон лаҳза ман ба ҷои беҳиссии муқаррарӣ гармиро, ва дар мушакҳои қариб аз кор мондаам қувваро ҳис кардам. Тахтапуштам рост шуд, сарам боло бардошта шуд, китфонам васеъ гардиданд. То ин лаҳза ман чунон хамидақомат будам, ки камарбанди ӯ дар сатҳи чашмони ман буданд, акнун бошад ман рост ба рӯи Ӯ, ба чашмони табассумкунандаи Ӯ нигариста метавонистам. Ӯ бо кафҳои дастонаш рӯямро дошта, маро чунон ба Худ наздик овард, ки ман гармии нафаси Ӯро ҳис кардам ва ашкҳои дар чашмонаш ҳалқазадаро дидам: — Огоҳ бош, ки ба касе нагӯӣ; балки рафта, худро ба коҳин нишон деҳ ва он ҳадияро, ки Мусо фармудааст, пешкаш кун, то барои онҳо гувоҳие бошад. Ман ҳозир маҳз ба ҳамон ҷо равонаам. Ман худро ба коҳин нишон медиҳам ва ӯро ба оғӯш мегирам. Ман худро ба занам нишон дода, ӯро ба оғӯш мегирам. Духтарамро ба дастам гирифта, ба худ ҷафс мекунам. Ва ман ҳеҷ гоҳ Касеро, ки ҷуръат намуд ба ман даст расонад, фаромӯш намекунам. Ӯ маро танҳо бо сухан шифо дода метавонист. Аммо Ӯ хост ба ман назар ба шифо чизи бештаре диҳад. Ӯ ба ман назар намуд, таҳсин намуд, номи дигар дод. Тасаввур намоед, касе ки сазовори ламси одамӣ набуд, сазовори ламси Худо гардид! Шумо медонед, ки махавӣ на аз боиси даст расондан шифо ёфт. Матни инҷилшинос Матто шубҳаеро боқӣ намегузорад, ки шахси азобкашанда на бо ламси Масеҳ, балки бо сухани Ӯ шифо ёфт. «Ва Исо дасташро дароз карда, ба вай расонд ва гуфт: “Мехоҳам, тоза шав“. Ва дарҳол вай аз махав тоза шуд» (Мат. 8:3). Махав бо сухани Исо нобуд карда шуд. Ва инак танҳоӣ бо ламси Ӯ шифо ёфт. Зиҳӣ, қувваи ламси Худо! Магар он ба шумо шинос нест? Духтуре ки баданро шифо медиҳад, ё муаллиме ки ашкҳоро пок мекунад… Шояд ин дасте буд, ки шуморо ҳангоми маросими дафн дастгирӣ мекард. Ё дасте ки ҳангоми мушкилоти вазнин ба китфатон гузошта шуд… Дастфишории дӯстона дар ҷои нави кор… Мавъизаи шубонӣ, ки ҷон ва баданро шифо медиҳад… Ҳа, қувваи ламси Худо ба мо шинос аст. Оё мо дар навбати худ ҳамон корро карда метавонем? Бисёрии шумо борҳо ба намунаи Масеҳ пайравӣ кардаанд. Ламси Табиби бузургтарин ба баъзеҳо шинос аст. Шумо даст гузошта, барои шифо ёфтани беморон дуо мегуфтед, ба нотавонон хизмат мекардед. Агар шахсан ба онҳо даст расондан натавонед, ба онҳо нома менавиштед, ба воситаи телефон гап мезадед, пирогҳо мепухтед. Шумо қувваи ламсро медонед. Аммо ба баъзеи шумо фаромӯшхотирӣ хос аст. Мо раҳмдил ҳастем, аммо хотираамон суст аст. Мо фаромӯш кардем, ки ҳамагӣ як ламс ҳаётро дигаргун карда метавонад. Мо метарсем ягон гапи нодуруст гӯем, нигоҳи нодуруст кунем, кори нодуруст кунем. Бинобар ин, аз тарси хато кардан, мо тамоман коре накарданро афзал меҳисобем. Чӣ хуш, ки Исо дигар хеле фикр мекард. Агар шумо танҳо бо тарси хато кардан амал мекарда бошед, тақдири махавиёни замони ҳозираро ба ёд оваред. Ба ростӣ, онҳо серталаб нестанд ва аз ҳад зиёд хурдагирӣ намекунанд. Онҳо хеле танҳоянд. Аммо ҳанӯз умедворанд ҳузури Худоро эҳсос кунанд. Исо ба махавиён даст мерасонд. Оё шумо ба намунаи Ӯ пайравӣ мекунед? БАРОИ АНДЕШАРОНӢ ВА МУҲОКИМА 1. Оё ягон касро ба ягон тарз рад кардаед? Агар ҳа, ин чӣ гуна рад кардан буд? Чаро он рӯй дод? Чӣ чиз боиси барқарор гардидани муошират бо ин шахс шуда метавонист? 2. Агарчи махавиро сухани Исо шифо дод, Макс Лукадо диққати моро ба он равона мекунад, ки фақат ламси меҳрубононаи Масеҳ ӯро аз танҳоӣ озод намуд. Нақл намоед, ки оё дар ҳаёти шумо вазъияте буд, ки бе сухан, танҳо бо як ламс ҳама чиз гуфта шуда бошад. 3. Қиссаи покшавии махавиро дар Мат. 8:1–4 бори дигар хонед. Чаро Исо зарур ҳисобид, ки ба ин шахс даст расонад? Оё ин қисса бе ин ламс чунин драматикӣ буда метавонист? Фаҳмонед? 4. Марқ. 1:40–45-ро хонед. Исо аз шахси шифоёфта хоҳиш кард, ки дар бораи воқеа нақл накунад, аммо ӯ ба ҳама дар ин бора нақл намуд. Агар чунин мӯъҷиза бо шумо рӯй медод, оё шумо хомӯш монда метавонистед? Фаҳмонед. 5. Ягон касро ба ёд оваред, ки рӯҳи дилсӯзӣ дошта бошад. Ин рӯҳ ба воситаи амалҳо, суханон ва хислати ӯ чӣ гуна зоҳир мешавад? Чӣ тавр, бо мадади Худо, шумо дилсӯзӣ карданро ёд гирифта метавонистед? Боби 19. Мефибӯшет Ва Довуд гуфт: «Оё касе боз аз хонадони Шоул боқӣ мондааст, то ки ба хотири Йӯнотон ба вай меҳрубонӣ намоям?» Ва дар хонадони Шоул навкаре буд, ки Сибо ном дошт; ва ӯро назди Довуд хонданд, ва подшоҳ ба ӯ гуфт: «Оё ту Сибо ҳастӣ?» Гуфт: «Бандаи ту ҳастам». Ва подшоҳ гуфт: «Оё касе боз аз хонадони Шоул ҳаст, то ки ба вай меҳрубонии Худоро ба амал оварам?» Ва Сибо ба подшоҳ гуфт: «Боз писари Йӯнотон ҳаст, ки поҳояш ланг аст». Ва подшоҳ ба ӯ гуфт: «Вай куҷост?» Ва Сибо ба подшоҳ гуфт: «Инак, вай дар хонаи Мокир писари Амиил дар Лӯ-Дабор мебошад». Ва подшоҳ Довуд фиристода, вайро аз хонаи Мокир писари Амиил, аз Лӯ-Дабор гирифт. Ва Мефибӯшет писари Йӯнотон писари Шоул назди Довуд омад, ва бар рӯи худ афтода, ба ӯ саҷда бурд; ва Довуд гуфт: «Эй Мефибӯшет!» Гуфт: «Инак бандаи ту». Ва Довуд ба вай гуфт: «Натарс, зеро ки ба хотири падарат Йӯнотон ба ту албатта меҳрубонӣ хоҳам намуд, ва тамоми замини падарат Шоулро ба ту хоҳам баргардонид; ва ту ҳамеша дар сари дастархони ман нон хоҳӣ хӯрд». Ва вай саҷда бурда, гуфт: «Бандаи ту чист, ки ба саги мурдае мисли ман илтифот намудаӣ?» Ва подшоҳ навкари Шоул Сиборо даъват намуда, ба вай гуфт: «Ҳар он чиро, ки ба Шоул ва тамоми хонадонаш тааллуқ дошт, ба писари хоҷаат додам. Ва ту ва писаронат ва навкаронат заминро барои ӯ кор карда, ҳосили онро биёред, то ки писари хоҷаат нон барои хӯрданаш дошта бошад; вале Мефибӯшет, писари хоҷаат, ҳамеша дар сари дастархони ман нон хоҳад хӯрд». Ва Сибо понздаҳ писар ва бист навкар дошт. Ва Сибо ба подшоҳ гуфт: «Мувофиқи ҳар он чи хоҷаам подшоҳ фармудааст, бандаат ҳамон тавр амал хоҳад кард». Ва подшоҳ гуфт, ки «Мефибӯшет мисли яке аз писарони подшоҳ дар сари дастархони ман хоҳад хӯрд». Ва Мефибӯшет писари хурдсоле дошт, ки номаш Мико буд. Ва ҳамаи сокинони хонаи Сибо навкарони Мефибӯшет буданд. Ва Мефибӯшет дар Уршалим сокин буд, зеро ки ҳамеша дар сари дастархони подшоҳ мехӯрд; ва ду пояш ланг буд. 2 Подш. 9:1–13 ВОРИДШАВИИ ФАЙЗ Писари гумроҳ хастаҳолона роҳ меравад. Аз ӯ чунон бӯи саргини хук меояд, ки роҳгузарон худро аз ӯ дур гирифта, гузашта мераванд, аммо ӯ инро пай намебарад. Пеши пойҳои худ нигариста, ӯ суханони аз ёд кардаашро гаштаву баргашта такрор мекунад: «Падар, — овози ӯ базӯр шунида мешавад, — ман зидди осмон ва дар назди ту гуноҳ кардаам ва сазовори он нестам, ки писари ту номида шавам». Ин суханонро ба забон оварда, ӯ андеша менамояд, ки шояд чизе илова намояд, ё умуман ҳеҷ чиз нагӯяд, шояд беҳтар он аст, ки ақиб гашта, ба оғил баргардад? Охир, ӯ моликияти падарро исроф намуда, номи ӯро беобрӯй намуд. Тамоми соли гузаштаро ӯ на камтар аз ягон ситораи савту наво гузаронд: майгусорӣ, занҳо, вашмзанӣ (тату). Оё падар ӯро бахшида метавонад? «Шояд аз ӯ хоҳиш кунам, то ба ман имкон диҳад, ки бо меҳнати худ ҳама чизи исрофкардаамро ҷуброн намоям?» Ҷавон чунон бо нақшагирии ояндаи худ банд аст, ки пайхас намекунад, ки падараш… ба пешвози ӯ медавад! Падар писари сар то по ифлосро ба оғӯш мегирад, мисли он ки ӯ қаҳрамони аз ҷанг баргашта бошад. Ӯ ба хизматгорон мефармояд, ки барои писараш либос, ангуштарӣ ва пойафзол оваранд, гӯё чунин гуфтан мехоҳад: «Не, писари ман чун ягон ҷулҳундӣ нахоҳад буд». Ва нидо мекунад: «Гӯшт бирён кунед, май биёред, базм меороем!» Дар айни замон бародари калонӣ дар назди остона истода, қавоқ андохта, озурдахотирона ба ин вохӯрӣ менигарад. «Барои ман ин гуна базмҳо барпо намешуданд», — дастонашро дар сари сина рӯиҳам гузошта, шиквакунон мегӯяд ӯ. Падар ба ӯ ҳамаашро фаҳмонданӣ мешавад, аммо писар шунидан намехоҳад. Ӯ меранҷад, китфонашро дарҳам мекашад ва дар бораи файзи арзон чизе гуфта, аспашро зин мекунад ва меравад. Хайр, шумо ҳамаи инро медонед. Шумо масалро дар бораи падари меҳрубон ва бародари номеҳрубон медонед (ниг.: Луқ. 15:11–32). Аммо оё медонед, ки баъд чӣ шуд? Ин қиссаи ҷолиб аст! Бародари калонӣ қарор дод дар ҳаққи додараш бадӣ кунад, то вай гумон накунад, ки ҳаёташ ба таври афсонавӣ хуб хоҳад буд. «Агар падарам ба таври бояду шояд адаби ин бачаро додан натавонад, ман бо ин кор машғул мешавам». «Оҳо, чӣ хел либоси зебо, додар! — гуфт боре ӯ ба додараш. — эҳтиёт бош, онро ифлос накун. Агар ягон ҷояш доғ шавад, падар туро назди хушкашӯй мефиристад». Бародари хурдӣ даст афшонд, аммо дафъаи дигар ҳангоме бо падар рӯ ба рӯ шуд, либосашро аз назар гузаронд, ки баногоҳ ягон доғ надошта бошад. Баъди якчанд рӯз бародари калонӣ ӯро дар хусуси ангуштарӣ огоҳ намуд: — Ангуштарие ки падар ба ту дод, гаронбаҳо аст. Ӯ мехоҳад, ки ту онро ба нарангуштат гузаронӣ. — Ба нарангушт? Аммо ӯ ба ман чизе нагуфт. — Чизҳое ҳастанд, ки ба шахсони рӯҳонӣ ёдрас кардан лозим нест. — Аммо он ба нарангуштам намеғунҷад. — Фикр кун, чӣ чиз муҳимтар аст, — ба падар писанд омадан ё нигоҳ доштани роҳати худ? — хандида гуфт нозири рӯҳонӣ ва рафт. Нақшаи бародари калонӣ ҳанӯз пурра амалӣ нашудааст. Ӯ бо эҳтиёткории аудитори хадамоти андоз, ки меъдааш хуб ҳал намекунад, бо диққат мегӯяд: — Агар падарам туро бо бандҳои кушода бинад, пойафзолро кашида мегирад. — Намегирад. Ин тӯҳфа аст. Ӯ чунин намекунад… ё мекунад? Собиқ писари гумроҳ хам мешавад, то ки банди пойафзолашро сахтар бандад. Ва мебинад, ки ба ҳар ҳол либоси додаи падарро доғдор кардааст. Банди пойафзолро фаромӯш карда, ӯ доғро пок карданӣ мешавад ва ҳамин вақт мебинад, ки ангуштарӣ ҳанӯз на дар он ангушташ аст. Дар ин лаҳза овози падар шунида мешавад: «Салом, писарам». Ҷавон, ки либосаш доғдор аст, банди поафзолаш сахт баста нашудааст ва ангуштарияш ба ангушти даркорӣ гузаронда нашудааст, бо тарс фаро гирифта мешавад ва мегӯяд: «Бубахш, падар», — ва тоб хӯрда гурехта меравад. Ӯҳдадориҳо беҳад бисёранд: аз доғдор кардан эҳтиёт намудани либос, дар ангушти номувофиқ гузаронда гаштани ангуштарӣ, ва боз банди пойафзолро назорат кардан. Кӣ ба чунин меъёрҳо мувофиқат карда метавонад? Тӯҳфаҳои падар барои ҷавон бори гарон мешаванд. Боиси ҳайрат нест, ки ӯ аз вохӯрдан бо падар канораҷӯӣ мекунад, зеро ҳис мекунад, ки ба ӯ писанд омада наметавонад. Ӯ акнун тӯҳфаҳои падарро намепӯшад, зеро метарсад, ки онҳоро вайрон мекунад. Ӯ ҳатто он рӯзҳоеро, ки хукбон буд, пазмон мешавад: «Ҳеҷ кас маро бо қоидаҳояш безор намекард». Ва инак, анҷоми ин қисса. Оё медонед, онро дар куҷо ёфтам? Дар Нома ба Ғалотиён! Ба шарофати баъзе «бародарони калонӣ» ки шариатро дӯст медоштанд, хонандагони номаҳои ҳавворӣ Павлус аз файз рӯ гардонда, ҳамчунин қарор доданд, ки шариатро риоя кунанд. Аз ҳамон вақт масеҳият ба онҳо ҳамон гуна хурсандӣ меовард, ки эндоскопияи меъда ба воситаи «фурӯ бурдани зонд» хурсандӣ меоварад. Ҳавворӣ ҳайрон буд: Тааҷҷуб менамоям, ки ин қадар зуд шумо аз Он ки шуморо ба файзи Масеҳ даъват намудааст, баргашта, ба башорати дигаре мегузаред, ки он на дигарест, балки фақат баъзе касон ҳастанд, ки шуморо ба изтироб меандозанд ва башорати Масеҳро таҳриф кардан мехоҳанд. <…> Лекин, чун донистем, ки одамизод на бо аъмоли шариат сафед мешавад, балки фақат бо имон ба Исои Масеҳ, мо ҳам ба Исои Масеҳ имон овардем, то ки бо имон ба Масеҳ сафед шавем, на ин ки бо аъмоли шариат; зеро ки бо аъмоли шариат ҳеҷ ҷисме сафед нахоҳад шуд. Ғал. 1:6, 7; 2:16 Чунин посбонони ғайратманд, ки масеҳиёнро аз воридшавии ғайриқонунии хурсандӣ ба сафи онҳо эҳтиёт мекунанд, дар калисои Рум ёфт шуданд. Павлус маҷбур буд ба онҳо ёдрас кунад: «Лекин барои касе ки амал намекунад, балки имон меоварад ба Он ки исёнкоронро сафед мекунад, имонаш росткорӣ ҳисоб карда мешавад» (Рум. 4:5). Масеҳиёни Филиппӣ низ бо ҳамин бефаҳмӣ сироят ёфта буданд. Дар он ҷо «бародарони калонӣ» ба нарангушт гузарондани ангуштариро талаб намекарданд, аммо талқин карданӣ мешуданд, ки навимонон барои наҷот ёфтан бояд хатна карда шаванд (ниг.: Флп. 3:2, 3). Ҳатто калисои Уршалим, ки пешоҳанги имон буд, аз мавъизаи навбаромади «Шӯрои назорати сифати имон» барканор намонд. Ба масеҳиёни ғайрияҳудӣ талқин карда мешуд: «Агар мувофиқи оини Мусо хатна карда нашавед, наҷот ёфта наметавонед» (Аъм. 15:1). Калисоҳо ба ҳамон бемории бародари калонӣ гирифтор буданд, — маҳкам мондани файз. Нишонаҳои ин беморӣ инҳоянд: онҳо мегӯянд, ки Падари Осмонӣ моро аз дарвозаи абадият мегузаронад, аммо ба ин сазовор шудан лозим аст. Худо музди наҷоти моро медиҳад, аммо мо бояд бо амалҳои росткорона ин қарзро пардохт намоем. Осмонҳо ба шумо қаиқ медиҳанд, аммо агар ба соҳили дигар гузаштанӣ бошед, худатон бояд бел занед. Маҳкам мондани файз. Ба лаб бурдан, аммо нанӯшидан. Лабро тар кардан, аммо ташнагиро тар накардан. Оё чунин дастурро дар назди чашма тасаввур карда метавонед? «Илтимос, аз фурӯ бурдан худдорӣ намоед. Даҳонатонро пур кунед, аммо на меъдаро». Бемаънӣ. Аз об чӣ фоида аст, агар онро нӯшидан мумкин набошад? Ва аз файз чӣ фоида аст, агар ба он иҷозат дода нашуда бошад, ки ҳаётатонро пур кунад? Ё иҷозат дода шудааст? Шумо ҳолати дилатонро ба чӣ монанд мекардед? Бо бачаи сар то по таршуда, ки дар назди фаввораи гидранти сӯхторхомӯшкунӣ давутоз мекунад, ё бо хори муғелони биёбон? Инро аниқ кардан осон аст. Ба худ савол диҳед. Оё дар ман нишонаҳои файзи Худо ҳастанд? Файзе ки дар ботин амиқ ҷойгир шудааст, моҳияти шахсро аниқ муқаррар мекунад. Аммо Худои пур аз марҳамат, аз рӯи муҳаббати бузурге ки ба мо дорад, моро, агарчи аз рӯи хатоҳо мурда будем, бо Масеҳ зинда кард, бо файз шумо наҷот ёфтаед, ва бо Ӯ моро бархезонд ва дар афлок дар Исои Масеҳ шинонд, то ки дар асрҳои оянда сарвари беҳадди файзи Худро дар меҳрубоние ки ба мо дар Исои Масеҳ дорад, зоҳир намояд. Зеро ки шумо бо файз ба воситаи имон наҷот ёфтаед, ва ин на аз шумост, балки атои Худост, ва аз амалҳо нест, то ки ҳеҷ кас фахр накунад. Эфс. 2:4–9 Бубинед, файз ба мо кадом хусусиятҳоро медиҳад. Мо акнун… • рӯҳан зинда ҳастем: «бо Масеҳ зинда кард» (о. 5); • дар осмонҳо сокин ҳастем: «дар афлок шинонд» (о. 6): • бо Худо муттаҳид ҳастем: «дар Исои Масеҳ» (о. 6); • файзро реклама мекунем: «то ки… сарвари беҳадди файзи Худро дар меҳрубоние ки ба мо дар Исои Масеҳ дорад, зоҳир намояд» (о. 7). • фарзандони дӯстдоштаи Худо ҳастем: «Зеро ки шумо бо файз ба воситаи имон наҷот ёфтаед, ва ин на аз шумост, балки атои Худост» (о. 8). Файз ба шахс хусусиятҳои худро медиҳад. Ҳангоме ки файз ба дили кас ворид мешавад, тамғаҳои заминӣ тира мегарданд. Чунон ки дар конвейер ба банкаи консерв номи молро мечаспонанд, атрофиён ҳатман ба шумо тамға часпонданӣ мешаванд: аблаҳ, бефоида, оҳистакор, сергап, танбал, хасис… Аммо ҳангоме ки файз ворид мешавад, ҳамаи ин мулоҳизаҳои танқидиро шуста мебарад. Ба шарофати ин фаҳмиши он меояд, ки шумо тамоман на он шахс ҳастед, ки шуморо меҳисобиданд. Шумо ҳамон касе ҳастед, ки Худо шуморо меҳисобад: рӯҳан зинда, сокини осмонҳо, бо Худо муттаҳид, зоҳиркунандаи файз ва умуман шумо фарзанди дӯстдоштаи Худо ҳастед. Албатта, на ҳамаи тамғаҳои ба шумо часпондашуда манфӣ мебошанд. Баъзеҳо шуморо ситорагарм, боақл, бомуваффақият ё ихтисосманд меҳисобанд. Аммо ҳатто мансаби ёвари президент бо мақоми ҳозираи шумо муқоисанашаванда аст, зеро шумо «дар афлок дар Исои Масеҳ шинонда шудаед». Файз резюмеи масеҳиро менависад. Албатта, файз ба Мефибӯшет маҳз ҳамин гуна хизматро расонд. Биёед бубинем, ки чӣ тавр файз ҳаёти одамро дигаргун карда метавонад. Довуд ба тахти Шоул нишаста, пурсид: «Оё касе боз аз хонадони Шоул боқӣ мондааст, то ки ба хотири Йӯнотон ба вай меҳрубонӣ намоям?» (2 Подш. 9:1). Фалиштиён, чунон ки дар ёд доред, бар Шоул ғолиб шуданд. Пас аз пароканда шудани дуди муҳорибаҳо Довуд қарор дод, ки ба авлодони Шоул марҳамат зоҳир намояд. «Ва подшоҳ гуфт: «Оё касе боз аз хонадони Шоул ҳаст, то ки ба вай меҳрубонии Худоро ба амал оварам?» Ва Сибо [хизматгори Шоул] ба подшоҳ гуфт: «Боз писари Йӯнотон ҳаст, ки поҳояш ланг аст» (2Подш. 9:3). Аҳамият диҳед, ки номи фарзанди Йӯнотон зикр намешавад, фақат маъюб буданаш зикр мешавад. Дар яке аз бобҳои пештара мо тасвири ин воқеаи нохушро меёбем. Ҳангоме ки овозаи марги Шоул ва Йӯнотон ба пойтахт расид, дояи хонадони Йӯнотон писари панҷсолаи ӯро гирифта давид, ва пешпо хӯрда, писарро аз даст афтонд, ва пойҳои писар маъюб шуданд. Чунин писар аз кӣ дастгирӣ пайдо кунад? Ӯ роҳ гаштан, кор кардан наметавонад. Падар ва бобояш ҳалок шудаанд. Набераи маъюбшудаи сарвари мағлубшуда ба куҷо равад? Магар ба Гӯрдара ном деҳаи дурдаст равад? Чунин ном ба гӯш на он қадар форам аст. Чизе ба монанди Аҷинатеппа дар минтақаи Девдара, ё Чучук дар минтақаи Ҷарқудуқ, ё Чӯнағар дар минтақаи Чугуртма. Маҳалли назарногири Исроил. Ҷои муносиб барои Мефубӯшет, шахсе ки талаффуз кардани номаш душвор аст. Ӯро ғалтонда буданд, чунон ки харбуза аз халтаи дарида шорида меафтад. Чӣ чиз аз ин бадтар буда метавонад? Ба қадри кофӣ бад, то ки дар кулбаҳои назарногири деҳаи дурдасте ҳаётро ба поён расонад. Шумо манзараҳои он маҳалро дидаед? Агар шуморо ягон вақт тарк карда бошанд, пас ҳа. Агар ягон вақт шуморо аз рӯйхат бароварда бошанд, аз даста ихтисор карда бошанд, ба ятимхона супорида бошанд. Илова ба ин, шумо ланг ҳам ҳастед? Одамон номатонро дар ёд надоранд, аммо маъюб буданатонро медонанд. — Вай майзада аст. — Ҳа, ман ӯро дар ёд дорам. Он зан бева аст. — Шумо он зани аз шавҳар ҷудошударо аз Подахона дар назар доред? — Не, вай аз Гӯрдара аст. Ин тамға ба кас сахт часпида мегирад. Баъд чизе ба монанди табдилёбии афсонавӣ рӯй медиҳад. Фиристодагони подшоҳ дари шуморо тақ-тақ мезананд. Шуморо ба ароба шинонда ба ҳузури подшоҳ мебаранд. Шумо чизи бадтаринро интизор шуда, дуо мегӯед, ки агар ба зиндон партофта шавед, дар он ҷо ҳамсояатон хуррок мекашидагӣ набошад. Аммо хизматгорон шуморо ба зиндон намебаранд, балки дар сари дастурхони подшоҳ мешинонанд. Ва дар варақаи меҳмонон, ки дар рӯ ба рӯи табақи шумо гузошта шудааст, номи шумо сабт ёфтааст. «Мефибӯшет мисли яке аз писарони Довуд дар сари дастархони подшоҳ хӯрок мехӯрд» (2 Подш. 9:11). Чарлз Суиндолл аз сюжетҳои Китоби Муқаддас илҳом гирифта, тимсолҳои олидараҷа офаридааст. Аммо беш аз ҳама ман саҳнаеро дӯст медорам, ки дар он қасри Довуд тасвир карда мешавад. Унсурҳои тиллоӣ ва мисини дохили қаср дар рӯшноии паст милт-милт мекунанд. Толорҳои васеъ сақфҳои баланди чӯбин доранд… Довуд бо фарзандонаш хӯрок хӯрданӣ аст. Дар сари дастурхон Абшолӯми гандумгун ва Томори соҳибҷамол нишастааст. Занг зада шуд, ва подшоҳ дар сари дастурхон нишастагонро аз назар мегузаронад, то боварӣ ҳосил намояд, ки ҳамаи даъватшудагон ҳозиранд. Як нафар ҳозир нест. Тарақ-туруқ, тап-тап, тарақ-туруқ, тап-тап. Садои наздикшаванда дар зери сақфи толор акси садо медиҳад. Тарақ-туруқ, тап-тап, тарақ-туруқ, тап-тап. Ниҳоят дар назди дар шахсе намоён мешавад, ва бо душворӣ қадам зада, ба ҷои худ дар сари дастурхон рафта мешинад. Ин Мефибӯшети ланг аст, ки бо марҳамати Довуд ба сари дастурхони подшоҳ роҳ дода шудааст. Акнун хӯрокхӯриро сар кардан мумкин аст.[43] Аз Гӯрдара ба қаср, аз гумномӣ ба узвияти оилаи подшоҳ, аз ноумедӣ ба сари дастурхони подшоҳ. Пешрафти олидараҷа дар мартаба барои Мефубӯшет! Ва ёдрасии олидараҷа барои мо. Ӯ намунаи хатти ҳаракати мо аз гадоӣ ба тавонгарӣ аст. Худо моро аз маҳалли зисти назарногир гирифта, ба сари дастурхони Худ шинонд. «Ва бо Ӯ моро бархезонд ва дар афлок дар Исои Масеҳ шинонд» (Эфс. 2:6). Ин оятро чун дуои «Эй Падари мо» дар ёд нигоҳ доред. Дафъаи оянда, ҳангоме ки бодҳои хушки биёбон вазида, мушкилоти дирӯзаро ба шумо ёдрас мекунанд, ба сӯи қадаҳи файзи Худо даст дароз кунед ва онро охир нӯшед. Файз моҳияти ҳақиқии шуморо муайян мекунад. Суханони падар, ки доимо аз шумо норозӣ аст, ба ҳамон андоза аз ҳақиқат дуранд, ки ваҷди амаки гирифтори заъфи пирӣ, ки шуморо хеле дӯст медорад. Фикри одамон дар ҳаққи шумо бароятон аҳамият надорад, аммо фикри Худо — баръакс, аҳамияти нагузаранда дорад. Ва Ӯ мегӯяд, ки шумо ба Ӯ тааллуқ доред. «Зеро ки мо офаридаи Ӯ ҳастем ва дар Исои Масеҳ барои аъмоли нек, ки иҷрои онҳоро Худо пешакӣ барои мо таъйин намудааст, ба вуҷуд оварда шудаем» (Эфс. 2:10). Ба фикрам, Мефибӯшет ин оятро медонист. Тасаввур кунед, ки ягон кас ҳангоми дар деҳаи дурдаст буданаш ба ӯ чунин мегуфт: «Рӯҳафтода нашав, дӯстам. Маълум аст, ки ту на рақсидан метавонӣ, на давидан. Ҳангоме ки дигарон дар ҳавлӣ тӯббозӣ мекунанд, ту маҷбур ҳастӣ дар назди тиреза шинӣ. Аммо гӯш кун, Худо қиссаи туро навиштааст. Ӯ дар Драмаи Худ туро барои иҷрои нақше интихоб кардааст. Баъди се ҳазор сол қиссаи ту барои баъзе одамони асри ХХI намунаи амали файз мешавад». Оё ӯ ба ин бовар мекард? Намедонам. Аммо ман дуо мегӯям, ки шумо бовар кунед. Охир шумо дар намоишгоҳи файзи Худо асари санъат ва далели баҳснопазири Ӯ ҳастед. Зиёда аз сад сол пеш дар толори як меҳмонхона дар соҳилҳои Шотландия гурӯҳи моҳигирон истироҳат дошт. Онҳо қиссаҳои моҳигирӣ нақл менамуданд. Ва яке аз онҳо андозаи моҳии аз даст рафтаро тасвир карданӣ шуда, дастонашро васеъ кушод. Тасодуфан дасташ ба лаълии чой бархӯрд, ва чойники чой парида рафта ба девори сафедкарда зад ва чойи рехтагӣ дар он доғи малларангеро боқӣ гузошт. Соҳиби меҳмонхона зарари расонидашударо аз назар гузаронда, оҳ кашид ва гуфт: — Тамоми деворро сафед кардан лозим меояд. — Ба фикрам, мо илоҷи корро меёбем, — шумо ҳалли масъаларо ба ихтиёрӣ ман вогузоред. Азбаски соҳиби меҳмонхона илоҷи дигар надошт, розӣ шуд. Ношинос аз қуттии рассомӣ қаламҳо, мӯқаламҳо, якчанд банкача равған ва тюбикҳои рангро баровард. Дар атрофи доғи чой якчанд хатҳои сатҳӣ кашида, ба болои доғ ранг молид. Тадриҷан дар девор тасвири гавазн бо шохҳои калон пайдо шуд. Мард дар зери тасвир имзои худро гузошт, пули хӯрокро дод ва рафт. Ин ношинос рассоми маъруф сэр Эдвин Лэндсир буд[44]. Дар дастони ӯ беэҳтиётии таассуфовар ба асари нотакрор табдил ёфт.[45] Дастони Худо гаштаву баргашта худи ҳамон чизро меофаранд. Худо моҳирона доғҳои ҷудогонаи ҳаёти моро ба ҳам пайваста, онҳоро бо муҳаббати Худ дигаргун мекунад, ва мо асарҳои нотакрори Ӯ мешавем: «…то ки дар асрҳои оянда сарвари беҳадди файзи Худро дар меҳрубоние ки ба мо дар Исои Масеҳ дорад, зоҳир намояд» (Эфс. 2:7). Кӣ шахсияти шуморо муайян мекунад? Кадом воқеа барои шумо ҳалкунанда мешавад? Он рӯзе ки шуморо ғалтонданд ё он вақте ки ба сари дастурхони подшоҳ шинонданд? Худро чун асари нотакрори Худо қабул намоед. Аз сарчашмаи файзи Ӯ бо ҷуръаҳои калон нӯшед. Ва пур аз файз шуда, шумо мебинед, ки маҳалли зисти назарногири шумо ба нуқтае табдил ёфтааст. Гузаштаи тира таъсири худро гум мекунад, зеро акнун шумо сокини қасри подшоҳ ҳастед. Ҳамин тариқ, шумо ба ҳар як бародари калонии ин ҷаҳон чӣ ҷавоб доданро медонед. Ҳар гуна равонандаҳои доғҳо ва қоидаҳои пӯшидани маснуоти заргариро фаромӯш кунед. Корҳоятон шуморо наҷот намедиҳанд ва наҷоти шуморо нигоҳ намедоранд. Аммо файз аз ӯҳдаи ҳамаи ин мебарояд. Ҳамгоме ки дафъаи оянда бародари калонӣ аз галаи сагҳо баландтар гуррос занад, банди пойафзолро кушоед, ангуштариро дар ангушти дуюм дуруст кунед, ва ба суханони ҳаввории файзро иқтибос оваред, ки ӯ гуфтааст: «Аммо ба файзи Худо он чи ҳастам, ҳастам; ва файзи Ӯ дар ман бар абас набуд, лекин ман аз ҳамаи онҳо зиёдтар меҳнат кардам; аммо на ман, балки файзи Худо, ки бо ман аст» (1 Қур. 15:10). БАРОИ АНДЕШАРОНӢ ВА МУҲОКИМА 1. Тасвир намоед, ки «қабул намудани файз» аз «риояи шариат» чӣ фарқ дорад? Чаро риояи шариат, одатан, аз хурсандӣ маҳрум мекунад? Ғал. 1:6. 7, 2:16-ро хонед. Чӣ чиз беш аз ҳама Павлусро ҳайрон кард? 2. Чӣ тавр мо гоҳо мо кӯшиш мекунем бо амалҳои худ сазовори ҷой дар сари дастурхони Худо шавем? 3. Чӣ тавр файз дилшикастагӣ, дард, ноумедӣ ва нуқсонҳои ҷисмонии шахсро ба ҷалоли Худо табдил медиҳад? Чӣ тавр файз ҳаёти шуморо ташаккул дод? Он ба амалҳои имрӯзаи шумо чӣ гуна таъсир расонд? 4. 2. Подш. 9:1–13-ро хонед. Чаро Довуд дар ҳаққи Мефибӯшет чунин марҳамат зоҳир намуд (о. 1)? Чӣ рӯй медод, агар Мефибӯшет ба ҷои он ки ба қасри подшоҳ равад, гурехтанӣ мешуд? Оё мавридҳоеро медонед, ки аз Подшоҳ гурехта, мо худро аз баракати нишастан дар сари дастурхони Ӯ маҳрум мекунем? 5. Мефубӯшет худро чӣ гуна қабул менамуд (о. 8)? Ӯ чӣ гуна имтиёзро ба даст овард (о. 11)? Боби 20. Йӯшиёҳу Ва қурбонгоҳҳои Баалҳоро пеши ӯ валангор карданд; ва ҳайкалҳои офтобпарастиро, ки бар болои онҳо буд, шикаста афтонид; ва Ашераҳо, ва бутҳо ва санамҳоро дарҳам шикаст ва гард-гард карда, бар рӯи қабрҳои онҳое ки барояшон қурбонӣ мекарданд, пошид. Ва устухонҳои коҳинонро бар қурбонгоҳҳошон сӯзонид, ва Яҳудо ва Уршалимро тоза кард… Қурбонгоҳҳоро валангор намуд, ва Ашераҳо ва бутҳоро дарҳам шикаста, гард-гард кард, ва ҳамаи ҳайкалҳои офтобпарастиро дар тамоми замини Исроил шикаста афтонид; ва ба Уршалим баргашт. 2 Вақ. 34:4, 5, 7 ПАСИ САР КАРДАНИ МЕРОС Стефан беш аз ҳар каси дигар ҳақ дорад дар бораи мерос гап занад. Ба шарофати мерос, ӯ барои зиндагӣ пул дарёфт мекунад. Ӯ дар ҳудуди Олмон ҷангалҳоеро ба мерос гирифт, ки онҳоро аҳли оилаи ӯ 400 сол инҷониб соҳибӣ мекунад. Дарахтонеро, ки ҳозир ба ӯ фоида меоваранд, 180 сол пеш бобокалони ӯ шинонда буд. Ва дарахтоне ки худи ӯ мешинонад, танҳо ҳамон вақт фоида меоваранд, ки абераҳои ӯ ба дунё меоянд. Стефан ҳалқае дар силсилаи наслҳо аст. «Ҳар як насл дар рӯ ба рӯи интихоб меистад», — мегуфт ӯ ба ман. — Ё хароб кардан, ё коштан. Заминро ё ғорат карда сарватманд шудан мумкин аст, ё оқилона коркард намуда, фақат он чиро, ки ба насли ту тааллуқ дорад, гирифтан ва мероси авлодонро афзун намудан».[46] Стефан самарҳоеро меғундорад, ки тухмиҳои онро аҷдодонаш кошта буданд. Стефан тухмиҳое мекорад, ки авлодони ояндаи ӯ хоҳанд ғундошт. Робита бо гузашта ва масъулият дар назди оянда силсилаи канданашавандаи наслҳоро ташкил мекунанд, ва Стефан ҳалқаест дар он силсила. Мо низ. Мо авлодони наслҳои гузашта ва аҷдоди наслҳои оянда мебошем. Мо ворисон, истифодабарандагони самарҳои меҳнате мебошем, ки пеш аз мо ба ҷо оварда шудааст. Мо дар ҷангале таваллуд шудаем, ки худамон накоштаем. Аз ин ҷо саволе ба миён меояд: «Дар ҷангали шумо корҳо чӣ гуна мебошанд»? Аҷдодонатон ба шумо чиро ба мерос мондаанд? Меросе ки онҳо ба шумо боқӣ гузоштаанд, дар шумо чӣ гуна эҳсосотро ба вуҷуд меоварад? Ифтихор? Пурра имконпазир аст. Баъзеи шумо заминҳои ҳосилхезро бо дарахтони чуқур решадавондаи имон ва кӯчабоғҳои рости ҳақиқатҳои рӯҳонӣ ба мерос гирифтаанд. Дар ин гуна дарахтзор сар баланд карда истодан ва аз мероси аҷдодон ифтихор намудан мумкин аст. Дар чунин маврид шумо бояд фақат аз онҳо шукргузор бошед, чунки кори на ҳама ин тавр омад кардааст. Бисёр касон аз шаҷараи авлодии худ шарм дошта метавонанд. Камбағалӣ, шармсорӣ, муносибати бераҳмона — баъзеҳо ана ҳамин гуна қитъаҳои бедолу дарахтро ба мерос гирифтаанд. Замини онҳо ғорат шудаанд, ҷангалзорҳояш бурида шудаанд, ва тухмиҳо кошта нашудаанд. Шояд дар муҳити таассуби ифротӣ ба воя расида, шумо ҳар гуна ақаллиятҳоро тамоман таҳаммул намекунед. Шояд, дар оилаатон хасисӣ маъмул буд, аз ин рӯ ба сарватмандшавӣ майли беандоза доред. Ҳайрон намешавам, агар хотираҳои кӯдакона шуморо рӯҳбаланд накунанд, балки дард расонанд; агар дар гузаштаи шумо азобҳои пештара, таҳқирҳо, бепарвоӣ ҷой дошта бошад, он вақт шумо чунин муносибатро муқаррарӣ меҳисобидед, аммо акнун мефаҳмед, ки чизе нодуруст аст. Ва кӯшиш мекунед гузаштаи худро фаҳмед. Ман ба шумо дар бораи шахсе нақл мекунам, ки шояд ӯро низ ҳамин гуна фикрҳо фаро мегирифтанд. Ба ӯ мероси даҳшатовар насиб гардида буд. Бобои ӯ одамкуш ва пайрави шайтон буд, ки бар фарзандони худ зӯроварии маросимии шайтонӣ мекард. Падари ӯ низ шахсияти шубҳанок буд, маъбадҳоро ғорат менамуд ва имонро масхара менамуд. Дар омади гап, ӯро дар синни 24-солагӣ … дӯстони худаш куштанд. Чунин рафтори хешовандон ягон чизи ҳайратовар надошт, баръакс, он барои замони худ хеле маъмулӣ буд. Он вақт маъбадҳо ҷои кори фоҳишаҳо ҳисобида мешуданд. Он вақт бемориҳоро бо азоимхониҳо муолиҷа карданӣ мешуданд. Он вақт мардум ситораҳоро парастиш мекарданд ва ба толеъномаҳо бовар мекарданд. Он вақт фикрҳои онҳо на бо таҳсилоти фарзандон, балки бо хурофотҳои гуногун банд буданд, аз қабили вуду. Ҳа, кори касе ки дар чунин вақти даҳшатовар таваллуд шудааст, тамоман омад накардааст. Касеро, ки бобояш ҷодугар, падараш разил, ва ҳамқавмҳояш фасодкор ва хиёнаткор мебошанд, чӣ гуна оянда интизор аст? Ҳамқадами онҳо шудан? Баъзеҳо гумон карданд, ки шахсе ки ман дар бораи ӯ мегӯям, «анъанаҳои оилавӣ»-ро давом хоҳад дод. Ӯро ҳанӯз пеш аз таваллуд шуданаш ҷинояткор ҳисобиданд, яъне себ аз дарахташ дур намеғалтад… Баъдтар ҳам аз қафои ӯ мегуфтанд: «Ана мебинед, ӯ аз падараш ҳам мегузаронад». Аммо онҳо хато карданд. Ӯ ҳамқадами ҳеҷ кас нашуд. Ӯ ба самти баръакс рафт ва назарияи эҳтимолиятро сарфи назар карда, чун дарғот, ба урфу одатҳои замони худ муқобил истод ва ояндаи халқи худро ба самти дигар равона кард. Дастовардҳои ӯ чунон барҷаста буданд, ки баъди 26 садсола мо нақл намудани қиссаи ӯро давом медиҳем. Қиссаи подшоҳ Йӯшиёҳуро. Дар ҷаҳон ҳокимони хирадмандтар, подшоҳони сарватмандтар ва фармонравоёни тавонотар буданд. Аммо дар таърих ҳанӯз подшоҳе нотарстар аз Йӯшиёҳуи ҷавон набуд. Қариб шашсад сол пеш аз Исо таваллуд шуда, Йӯшиёҳу тахти ноустувор, тоҷи бешараф, маъбади беодам, шариати тамоман гумшуда ва халқеро ба мерос гирифт, ки ҳар худои мехостаашро парастиш мекард. Аммо дар охири ҳукмронии 31-солаи Йӯшиёҳу маъбад барқарор карда шуд, бутҳо хароб карда шуданд, ва шариати Худо қувват ва нуфузи пештараашро ба худ бозгардонд. Ҷангал барқарор карда шуд. Бобои Йӯшиёҳу, Менашше, чун подшоҳе дар хотирҳо мондааст, ки «…хуни бегуноҳонро бағоят бисёр рехт, ба тавре ки Уршалимро сар то сар аз он пур кард» (4 Подш. 21:16). Падари ӯ, подшоҳ Омӯн, аз ҷониби сарлашкарони худ кушта шуд. «Ва он чи дар назари Парвардигор бад буд, ба амал овард», — чунин навишта шуда буд дар санги болои қабри ӯ. Шаҳриён мусаллаҳ шуда, қотилонро аз байн бурданд, ва Йӯшиёҳуи ҳаштсола ба тахт нишаст. Дар ибтидои ҳукмронии худ Йӯшиёҳу интихоби олидараҷае намуд: «Ва он чи дар назари Парвардигор писанд буд, ба амал овард; ва бо тамоми роҳи падараш Довуд равона шуд, ва ба тарафи рост ё чап майл накард» (4 Подш. 22:2). Йӯшиёҳу албоми оилавиро варақ зада, дар байни аҷдододонаш шахси шоистаро ёфт. Ӯ намунаи падарашро рад кард ва ҳаёти бобояшро ба назар нагирифт. Ӯ насабномаашро то он вақт аз назар мегузаронд, ки Довудро ёфт, ва пас аз он қарор қабул намуд: «Ман мисли ӯ мешавам». Инак усулеро ки ӯ онро пайравӣ менамуд: мо волидони худро интихоб карда наметавонем, аммо роҳбарони худро интихоб намуда метавонем. Ва ҳангоме ки Йӯшиёҳу Довудро интихоб намуд (ки ӯро, чунон ки дар ёд дорем, Худо интихоб карда буд), ҳама чиз сар шуд. Ва қурбонгоҳҳои Баалҳоро пеши ӯ валангор карданд; ва ҳайкалҳои офтобпарастиро, ки бар болои онҳо буд, шикаста афтонид; ва Ашераҳо, ва бутҳо ва санамҳоро дарҳам шикаст ва гард-гард карда, бар рӯи қабрҳои онҳое ки барояшон қурбонӣ мекарданд, пошид. Ва устухонҳои коҳинонро бар қурбонгоҳҳошон сӯзонид, ва Яҳудо ва Уршалимро тоза кард… Қурбонгоҳҳоро валангор намуд, ва Ашераҳо ва бутҳоро дарҳам шикаста, гард-гард кард, ва ҳамаи ҳайкалҳои офтобпарастиро дар тамоми замини Исроил шикаста афтонид; ва ба Уршалим баргашт. 2 Вақ. 34:4, 5, 7 Чораҳои на он қадар ба халқ маъқул аз ҷониби сарвари давлат. Аммо Йӯшиёҳу кӯшиш намекард бо ҳар гуна роҳҳои нодуруст ба худ дӯстон ҷамъ кунад. Ӯ азми қавӣ дошт ва чунин мегуфт: «Ман он чиро, ки падаронам меомӯхтанд, намеомӯзам. Ман интихоби онҳоро рад мекунам». Аммо кор бо ин ба охир нарасид. Баъди чор сол, дар синни 26-солагӣ, Йӯшиёҳу ба маъбад, ки дар ҳолати таассуфовар буд, диққат дод. Амалан он хароб гардида буд, аммо Йӯшиёҳу аз ин дилхунук нашуд. Он чи бо ӯ рӯй дод, дар ӯ майл ва хоҳиши барқарор намудани маъбадро ба вуҷуд овард: эстафета дода шуд, машъал гирифта шуд. Ба тахт нишаста, ӯ қарор дод, ки ба Худои бобокалони худ Довуд хизмат намояд. Ҳоло бошад ӯ боз касеро барои хизмат ба Худо интихоб мекунад: «Ва дар соли ҳаждаҳуми подшоҳии худ, баъд аз он ки замин ва хонаро тоза кард, Шофонро… фиристод, то ки хонаи Парвардигор Худои худро мустаҳкам намояд» (2 Вақ. 34:8; курсиви ман. — М. Л.). Худо Худои ӯ шуд. Имони Довуд имони Йӯшиёҳу шуд. Худои Довудро ба даст оварда, ӯ Худои худро ба даст овард. Ҳангоми корҳои барқароркунӣ дар маъбад яке аз коргарон лӯлапечеро ёфт. Маълум шуд, ки дар он лӯлапеч суханоне навишта шуда буданд, ки ҳазор сол пеш Худо ба Мусо дода буд. Ин суханонро шунида Йӯшиёҳу ба изтироб омад. Ӯ гиря кард, зеро халқаш аз Худо ин қадар дур шуда буд, ва Каломи Худо аз ҳаёти онҳо ин қадар фарқ дошт. Ӯ хизматгоронро назди набия фиристод, то аз ӯ пурсанд: «Бо халқи ман чӣ мешавад?» Набия ба Йӯшиёҳу гуфт, ки азбаски ӯ ин суханонро шунида, тавба кардааст, халқи ӯ аз ғазаби Худо раҳоӣ меёбад (ниг.: 2 Подш. 34:27). Тасаввурнопазир! Ҳамаи тобеони подшоҳ ба шарофати хирадмандии подшоҳашон афв карда шуданд. Магар Худо ӯро на барои ҳамин ба ин замин оварда буд? Магар Худо шуморо на барои ҳамин овард, то ки шумо низ ҳамин корро кунед? Шояд дар гузаштаи шумо сабабҳо барои фахр кардан бисёр нестанд. Шояд шумо ягон вақт шоҳиди зӯроварӣ будаед. Аммо шумо, чун Йӯшиёҳу, бояд интихоб намоед. Оё шумо гузаштаатонро паси сар мекунед, то ки ояндаро дигаргун намоед? Ё имкон медиҳед, ки гузашта бар шумо фишор оварад, то ки амалҳои нохуби худро сафед кунед? Бисёриҳо варианти дуюмро интихоб мекунанд. Бисёриҳо осудагии рӯҳӣ, саломатии ҷисмонӣ ва ақлониро интихоб мекунанд, аммо орзу намуданро бас мекунанд. Онҳо дар курсии алвонҷдияк таассуф алвонҷ хӯрда, суханони таслимшавиро такрор мекунанд. Гӯш кунед, ки онҳо пичирросзанон чӣ мегӯянд: «Агар…» Ин байрақи сафеди таслимшавии рӯҳонӣ аст. — Агар… — Агар ман дар кишвари дигар таваллуд мешудам… — Агар ман волидони дӯстдор, пули бештар, шароити мусоид медоштам… — Агар барвақттар ба ман дар тубак шиштанро ёд медоданд, камтар мезаданд ва чалп-чалп накарда хӯрданро ёд медоданд… Эҳтимол шумо сафед кардани худ сабаби дигар ёфтед. Баҳс намекунам, шояд барои ин сабабҳои асоснок доред. Шумо, чун Йӯшиёҳу, баробари ба ринг баромадан шунидед, ки довар нокаут шуданатонро пешакӣ ба назар гирифта, то даҳ ҳисоб намуданро сар кард. Шумо, чун Йӯшиёҳу, дар ҷустуҷӯи аҷдоди сазовори пайравӣ, албоми оилавиро ба тарафи баръкс варақ задед. Агар ҳамааш ҳамин тавр бошад, иҷозат диҳед ба шумо гӯям, ки ба куҷо бояд муроҷиат намоед. Албоми оилавии худро як сӯ гузошта, Китоби Муқадасро ба даст гиред. Инҷили Юҳанноро кушода, суханони Исоро хонед: «Он чи аз ҷисм таваллуд меёбад, ҷисм аст, ва он чи аз рӯҳ таваллуд меёбад, рӯҳ аст» (Юҳ. 3:6). Як лаҳза фикр кунед: ҳаёти рӯҳониро Рӯҳулқудс медиҳад! Волидон ба шумо генҳоро додаанд, аммо файзро — Худо додааст. Ба шарофати волидон шумо соҳиби ҷисм гардидед, Худо бошад дар хусуси рӯҳи шумо ғамхорӣ намуд. Шумо аз ҷиҳати зоҳирӣ ба модар монанд буда метавонед, аммо моҳияти рӯҳонии шумо аз Падар, аз Падари Осмонӣ аст. Дар омади гап, Ӯ аз мушкилоти шумо бохабар аст. Ӯ хоҳони он аст, ки ба шумо ҳамаи он чиро, ки оила ба шумо дода натавонистааст, диҳад. Агар падари заминиятон хуб набошад, Худо Падари шумо мешавад. Бинобар ин ту дигар ғулом нестӣ, балки писарӣ; ва агар писар бошӣ, вориси Худо низ ба василаи Масеҳ ҳастӣ Ғал. 4:7 Намунаи сазовори пайравӣ надоред? Барои намуна ба Худо муроҷиат намоед. Пас, чу фарзандони маҳбуб, ба Худо тақлид намоед Эфс. 5:1 Дар наздатон касе набуд, ки ашкҳоятонро пок кунад? Агар хуб фикр кунед, чӣ мегӯед? Худо ҳар як ашки шуморо пай бурдааст. Оворагардии маро Ту ба ҳисоб гирифтаӣ; ашкҳоямро дар машки Худ биандоз, — оё ин дар дафтари Ту нест? Заб. 55:9 Худо шуморо дар гирдоби мушкилоти меросӣ ба тақдир ҳавола накардааст. Шумо, чун Йӯшиёҳу, барои аҷдодонатон ҷавобгар нестед. Шумо барои ҷавоби худ дар назди Худо масъулият доред. Гузашта набояд зиндони шумо шавад. Шумо дар интихоби тақдири худ, ҳаёти худ, роҳи худ озод ҳастед. Интихоби дуруст кунед, ва боре наслҳои оянда, набераҳо ва абераҳои шумо барои тухми коштаатон Худоро шукргузорӣ менамоянд. БАРОИ АНДЕШАРОНӢ ВА МУҲОКИМА 1. «Мо волидони худро интихоб карда наметавонем, аммо роҳбарони худро интихоб намуда метавонем». Шумо кадом роҳбаронро интихоб намудаед? Чаро шумо маҳз ин одамонро интихоб кардаед? 2. Бо як калима тасвир намоед, ки гузаштаатон дар шумо чӣ гуна ҳиссиётро ба вуҷуд меоварад: шукргузорӣ, хашм, ноумедӣ, фахр, дилшикастагӣ? 3. Оё ба гузаштаи худ имкон медиҳем, ки моро идора кунад? Чаро ин рӯй медиҳад? Фаҳмонед. 4. «Ҳаёти рӯҳониро Рӯҳулқудс медиҳад! Волидон ба шумо генҳоро додаанд, аммо файзро — Худо додааст». Чӣ тавр ин принсип нуқтаи назари шуморо ба таърихи оила дигаргун намуд? 5. Ҳозир шумо чӣ гуна мероси рӯҳонӣ доред? Онро тасвир намоед. Боби 21. Айюб То ҳол ман овозаи туро шунида будам, ва акнун чашмонам Туро дидааст. Айюб 42:5 ХУДО АЗ ДАРУНИ ТУНДБОД ҶАВОБ МЕДИҲАД Ҳамааш дар як рӯз рӯй дод. Ҳанӯз дирӯз ӯ метавонист беҳтарин майдони голфро дар кишвар интихоб намояд, имрӯз бошад ҳатто кэддӣ[47] буда наметавонад. Ҳанӯз дирӯз ӯ метавонист бо ҳавопаймои худ ба гӯшаи дигари кишвар равад, то ки қувваозмоии варзишгарони вазнашон зиёдро дар казинои «Мираж» дар Лас-Вегас тамошо кунад, аммо имрӯз роҳкирои автобуси шаҳриро пардохт карда наметавонад. Дар бораи он гап мезанем, ки чӣ тавр равиши осоиштаи ҳаёт ба бесарусомонӣ табдил меёбад… Пеш аз ҳама империяи ӯ зарар дид. Фурӯ ғалтидани бозори молиявӣ боиси камшавӣ ва беқурбшавии активҳои ӯ гардид, ва дар натиҷа фурӯши онҳо мушкил гардид. Саҳмияҳое ки арзишашон доимо бештар мешуд, ногоҳ зуд паст фаромаданд, ва Айюб хонахароб шуд. Инак ӯ дар роҳаткурсии чармин дар назди мизи чӯби сурх нишастааст, ки баъд дар музояда фурӯхта мешавад. Ҳамин вақт телефон занг мезанад. Ӯ дар бораи фалокати дуюм мефаҳмад. Фарзандонаш дар осоишгоҳ истироҳат мекарданд, тӯфон шуд, ва ҳамаи онҳо ҳалок шуданд. Айюб ҳайрон ва парешонҳол шуда, аз тиреза ба осмон, ки торафт тиратар мешавад, менигарад. Ӯ дуо мегӯяд, ба Худо шикоят мекунад, мегӯяд, ки аз ин бадтар буда наметавонад… Ва боз хато мекунад. Аз дарди сахт дар сандуқи сина Айюб печутоб мехӯрад. Ин албатта аз боиси хӯрок нест, агарчи дирӯз бегоҳӣ ӯ беҳад зиёд равиолӣ хӯрд. Ва инак ӯро мошини «ёрии таъҷилӣ» мебарад. Ба сандуқи синааш ким чӣ хел симчаҳо пайваст карда шудаанд, ба дасташ бошад сӯзанҳо халонда шудаанд. Ҳамааш бо он ба охир мерасад, ки ӯро дар палатаи беморхонаи мунисипалӣ ба кардиомонитор пайваст мекунанд. Дар кати ҳамсоя муҳоҷири ғайриқонунӣ хобидааст, ки ба англисӣ гап зада наметавонад. Лекин ҳозир Айюб тамоман дар бораи сӯҳбат андеша намекунад. Дар аввал занаш ба хабаргирии ӯ омад. Кӣ ин занро барои он ки аз боиси фалокатҳои ба сараш омада парешонҳол аст, таъна зада метавонист? Кӣ ӯро барои маслиҳате ки ба Айюб дод, — Худоро дашном додан, — маҳкум карда метавонист? Аммо Худоро дашном дода, мурдан? Ин аз ҳад зиёд аст. Агар то ин вақт Айюб бо душворӣ худдорӣ карда истода бошад, баъди ин суханони занаш ӯ дар ҳақиқат қариб мемурд. Баъд дӯстон омаданд: назокати онҳо чун назокати фаррош буд, ва дилсӯзии онҳо — чун дилсӯзии шахси васвосӣ, ки дар даст арраи худкор дорад. Агар мухтасар гӯем, илоҳиёти онҳо аз ин иборат буд: «Дӯстам, аз афташ, ту бисёр корҳои бад кардаӣ! Ҳама медонанд, ки Худо некӯст, ва азбаски бо ту ҳамаи ин фалокатҳои тасвирнопазир рӯй доданд, пас, ту сазовори ин ҳастӣ». Ана ҳамин тавр. Гумон мекунед, ки Айюб ба ин хомӯшона муносибат намуд? Не! «Валекин шумо дурӯғ мебофед, ҳамаатон табибони беҳудагӯй ҳастед. Кошки тамоман хомӯш менишастед! Ин барои шумо ҳикмат ҳисоб меёфт» (Айюб 13:4, 5). Агар касе нафаҳмида бошад, ба таври дигар мегӯям: «Ин фалсафаи худро ба ҳамон хукхонае, ки аз он гирифтаед, бурда партоед». «Ман ҳеҷ кори бад накардаам, — эътироз мекунад Айюб, — Ман андоз месупурдам. Аз адои ӯҳдадории шаҳрвандӣ сар напечидаам. Агар донистан хоҳед, ман спонсори асосии созмони хайрия мебошам, ки бо ҷамъ кардани пул барои ёрии башардӯстона машғул аст, ва илова ба ин, волонтёри фурӯшҳои хайрия ба фоидаи муассисаҳои тиббӣ ҳастам». Айюб худро шахси сазовор меҳисобад. Ва шахси сазовор, ба фикри ӯ, лоиқи ҷавоби сазовор аст. «Азобҳоят ба нафъи ту мебошанд», — Элиҳу, коҳини ҷавон, ки ба қарибӣ семинарияро хатм кардааст. Ӯ на он қадар умру дароз ба сар бурдааст, то берӯй шавад, ва на он қадар азоб кашидааст, то фаҳмад, ки кай хомӯш монад. Китоби Муқаддас дар бағал, ӯ дар палатаи беморхона пешу пас қадам зада, гаштаву баргашта ангушти ишоратро сӯи осмон равона мекунад, гӯё ба касе таҳдид мекарда бошад, ё баръакс, ҳамчун далели раднашаванда истифода мебурда бошад. «Инак, ҳамаи ин чизҳоро Худо бо мард ду-се дафъа ба амал меоварад, то ки ҷони вайро аз гӯр баргардонад ва бо нури ҳаёт мунаввар созад» (Айюб 33:29, 30). Айюб хомӯшона ҳаракатҳои ӯро мушоҳида мекунад, чунон ки тамошобинон сарҳояшонро ин сӯ-он сӯ гардонда, зарбаҳои теннисбозонро мушоҳида мекунанд. Илоҳиёти ин ҷавон боварибахш садо медиҳад, аммо дилсӯзии ӯ низ беҳад кам аст. Айюб тадриҷан ба ӯ диққат доданро бас мекунад ва ба зери кӯрпа торафт дарунтар меравад. Сараш сахт дард мекунад, чашмонаш пӯшида мешаванд, пойҳояш аз дард печупоб мехӯранд — ӯ дигар тоқати шунидани беҳудагӯиҳоро надорад. Ӯ ба саволи худ: «Худоё, чаро ин бо ман рӯй дод?» ҷавобро нашунид. Ва дар ин ҷо Худо ба гап ҳамроҳ мешавад. Овози ӯ аз байни садоҳои тундбод ғуррос мезанад, аз осмон бар ҳар касе фурӯ мерезад, ки ба монанди Айюб худи ҳамон саволро дода, зери ҳар як сухани ӯ имзо мекунад. Худо ба ҳама ҷавоб медиҳад: • ба падаре ки гули садбарги аз сарпӯши тобути писараш бардошташударо дар даст дорад; • ба зане ки парчами аз болои сарпӯши тобути шавҳараш гирифташударо дар даст мефишорад; • ба ҳамсарони бефарзанд, ки дуоҳои пурэҳсос мекунанд; • ба касоне ки аз паси шишаи кафидаи мошин Худоро диданӣ мешаванд; • ба касоне ки ҷуръат карда гуфтаанд: «Агар Худо тавоно бошад, бигузор Ӯ…» Худо аз даруни тундбод ва ҳангоми тундбод ҷавоб медиҳад, зеро ин маҳз ҳамон вазъиятест, ки Айюб дар он аст. Ин ҳамон вазъиятест, ки дар он Худоро беҳтар аз ҳама шунидан мумкин аст. Овози Худо дар ҳуҷра садо медиҳад. Элиҳу мешинад, Айюб бошад дар ҷойгаҳаш нимхез мешавад. Ин ду нафар дигар ҳеҷ гоҳ чун пештара нахоҳанд буд. «Он кист, ки машварати Маро бо суханони бемаънӣ торик мекунад?» (Айюб 38:2). Айюб хомӯш аст. «Ку, камари худро мисли мард бибанд: Ман ба ту савол хоҳам дод, ва ту ба Ман бифаҳмон» (Айюб 38:3). «Вақте ки Ман бунёди заминро мениҳодам, ту куҷо будӣ? Бигӯ, агар аз хирад хабардор бошӣ» (Айюб 38:4). Барои Айюб як савол ҳам кифоя буд, аммо Худо ниятҳои дигар дошт. «Кист, ки андозаҳои онро муайян намуд? Оё медонӣ? Ё кист, ки шоқулро бар он кашид? Пояҳои он бар чӣ чиз ниҳода шудааст, ё кист, ки санги кунҷи онро гузошт, дар сурате ки ситорагони субҳ якҷоя сурудхонӣ мекарданд ва ҳамаи фарзандони Худо нидоҳои шодӣ медоданд?» (Айюб 38:5–7). Селоби саволҳо торафт калонтар мешавад. Онҳо бошиддат, бо ваҷд ва даҳшат аз умқи дил берун рехта, бар Айюб чун девори борон фурӯ мерезанд. Ва ҳар кадоми мо, чун Айюб, хомӯшона ба Офаридгор, ки дар бораи ҳуқуқи Худ ба олам мегӯяд, менигарад. «Оё ту дар яке аз рӯзҳои умри худ ба субҳидам фармудаӣ ва ба шафақ макони онро нишон додаӣ, то ки канорҳои заминро фаро гирад ва бадкорон аз он афшонда шаванд» (Айюб 38:12, 13). Саволҳо дода, Худо Айюбро таълим доданӣ нест, балки ҳайрон кардан мехоҳад Ӯ ақлро равшан карданӣ нест, балки виҷдонро бедор кардан мехоҳад. Саволҳои ӯ ба Айюб пешниҳод мекунанд, ки фикр накунад, балки ба зону истад. «Оё дарвозаи марг барои ту кушода шудааст? Ва дарвозаи сояи маргро дидаӣ? Оё ту ба фазои замин назар андохтаӣ? Бигӯ, агар аз ҳамааш хабардор бошӣ. Роҳи манзили нур чӣ гуна аст, ва макони торикӣ куҷост, то ки онро ба ҳудудаш бирасонӣ, ва роҳҳои хонаи онро ба хубӣ бидонӣ? Ба ростӣ, ту ин чизҳоро медонӣ, зеро он вақт таваллуд ёфтаӣ, ва шумораи рӯзҳоят бузург аст» (Айюб 38:17–21). Тамоман беҳол шуда, Айюб чун нишонаи таслимшавӣ дастонашро мебардорад, ва Худо хомӯш мешавад. Ҷавоби Айюб ба Саволдиҳанда муфассал аст: «Инак ман ҳеҷ ҳастам; ба Ту чӣ ҷавоб мегардонам? Дасти худро ба даҳонам мондаам. Як бор гуфтаам, ва дигар нахоҳам гуфт, ва дубора такрор нахоҳам кард» (Айюб 39:34–35). Аз суханони Худо чунин хулоса баровардан мумкин аст: • Айюб шахси омӣ аст, ки ба Подшоҳ чӣ гуна идора кардани подшоҳиро ёд доданӣ мешавад. • Айюб ҷоҳилест, ки ба Э. Э. Каммингс мефаҳмонад[48], ки ҳарфҳои калон барои чӣ даркоранд. • Айюб хизматгорбачаест, ки ба Бейб Рут маслиҳат медиҳад зарбаи худро такмил диҳад. • Айюб гил аст, ки ба кӯзагар маслиҳат медиҳад онро кам лат диҳад. «Кист, ки аз Ман пешдастӣ кардааст, ва Ман товон бидиҳам? Зери тамоми осмон ҳар чиз аз они Ман аст» (Айюб 41:3). Айюб ҷавобе дода наметавонад. Худо аз ҳеҷ кас қарздор нест. Ӯ вазифадор нест фаҳмонад, бахшиш пурсад, мадад талабад. Худо ҳеҷ гуна қарз надорад — на молиявӣ, ба ахлоқӣ. Пас саховати ҳайратоваре ки Ӯ ба мо зоҳир мекунад, боз ҳам ҳайратовартар метобад. Ба фикри шумо, чаро Худо бо Айюб гап зад? Албатта, кас агар хоҳад, метавонад сухангӯии Худоро беҳудагӯии ҳайратовар номад. Рӯйхати саволҳои беҷавоби Ӯро бошад, чун далели беназокатӣ, бераҳмӣ ва бепарвоии Ӯ истифода барад. Дар китоби Айюб тасдиқи чунин муҳокимарониро низ дидан мумкин аст, ки гӯё Худо моро саволборон мекунад, аммо ҷавобҳоро намедиҳад. Аммо дар чунин маврид ба шумо қайчӣ даркор мешавад. Барои он ки чунин муҳокимарониҳо боварибахш тобанд, ба шумо лозим меояд, ки қисми боқимондаи китоби Айюбро бурида партоед. Чунки ҳамаи тахминҳои шумо бо он чи Айюб шунид, мувофиқат надоранд. Айюб тамоми умр шахси сазовори таҳсин буд. Ӯ тамоми умр ба Худо имон дошт, Худоро меомӯхт, дар бораи Ӯ ақидаи худро тартиб медод ва ба Ӯ дуо мегуфт. Аммо ҳангоми тундбод Айюб Худоро дид! Ӯ Касеро дид, ки умед мебандад, дӯст медорад, хароб мекунад, ато менамояд, мегирад, орзу мекунад, наҷот мебахшад. Айюб дар ғазаби Худо меҳрубонӣ, муҳаббати беинтиҳои Ӯро мебинад, ки бисёр вақт нодуруст фаҳмида мешавад. Айюб дар рӯ ба рӯи алангаи фурӯбарандаи бузург ба монанди коҳреза аст. Даъвоҳое ки ӯ ба Худо арз мекунад, чун мум гудохта мешаванд, ҳангоме ки Офаридгор оҳиста пардаро мебардорад ва селоби чашмхиракунандаи нури осмонӣ заминро мунаввар мегардонад. Айюб Худоро дид. Ва акнун, чунин ба назар мерасад, ки гӯё Худо метавонад саҳнаро тарк кунад. Зарбаи хотимавии болғаи довар садо дод, қарор бароварда шуд. Довари Абадӣ ҳама чизи мегуфтаашро гуфт. Аммо Худо аз Айюб хашмгин нест. Сахтгир? Ҳа. Ошкорбаён? Бе ҳеҷ шубҳа. Мантиқӣ ва боварибахш? Комилан. Аммо оё Худо хашмгин аст? Ин ҷо ҳеҷ гуна хашм нест! Ҷустуҷӯҳои самимӣ, ҳатто дар партави нодурусти шамъ, боиси хашми Худо намегарданд. Агар шумо оятҳоеро дар китоби Айюб таъкид мекарда бошед, ҳатман ин оятро таъкид намоед: «То ҳол ман овозаи туро шунида будам, ва акнун чашмонам Туро дидааст» (Айюб 42:5). Айюб Худоро дид ва чунин ҳисобид, ки ин барои ӯ комилан кофист. Аммо барои Худо ин кофӣ нест. Солҳо мегузаранд, ва мо боз Айюбро мебинем. Корҳои ӯ равнақ ёфтаанд ва ӯ дар назди мизи чӯби сурх нишастааст. Ва дар болои зонуҳои ӯ аввал фарзандон, баъд набераҳо ва абераҳо мешинанд — чор насл! Агар Айюб ягон вақт пурсида бошад, ки чаро Худо фарзандони аз ӯ гирифтаашро барнагардонд, ӯ инро бо овози баланд нагуфтааст. Эҳтимол, ӯ медонист: фарзандони ӯ дар назди Ҳамоне ки Айюб ба наздикӣ дида буд, хеле хушбахт хоҳанд буд. Дилам гувоҳӣ медиҳад, ки Айюб наметарсид боз аз ин тундбод гузарад, то ки боз овози Худоро шунавад ва дар ҳузури Ӯ биистад. Ба фикрам, ҳатто набудани кафолати он ки Худо Ӯро бо захмҳо ва суратҳисобҳо барои пардохти пули табобат тарк намекунад, Айюбро бознамедошт. Зеро Худо ба Айюб беш аз он чи ӯ орзу мекард, дод. Худо ба Айюб Худро тӯҳфа намуд. БАРОИ АНДЕШАРОНӢ ВА МУҲОКИМА 1. Вазъиятҳои душвортаринро, ки бо онҳо дучор шудаед, тасвир намоед. Ин ба кӣ дахл дошт? Чӣ рӯй дод? Ин чӣ қадар давом кард? Оё шумо ба Худо бо саволҳо муроҷиат карда будед ё Ӯро айбдор намуда будед? Натиҷааш чӣ буд? Ин таҷриба ба шумо чиро омӯзонд? 2. Дӯстонеро, ки дар ин давраи душвор ба шумо «маслиҳатҳо» медоданд, ба ёд оваред. Онҳо чӣ гуна ҳикматро ба шумо мерасонданд? Шумо ба касоне ки бо мушкилиҳо дучор шудаанд, чӣ маслиҳат медиҳед? 3. Айюб 1:8–12: 2:3–7-ро хонед. Чаро Худо дар ҳаёти Айюб вазъиятҳои фоҷиавиро роҳ дод? Чӣ тавр ин маълумот ёрӣ медиҳад, то ба воқеаҳое ки дар ҳаёти Айюб рӯй доданд, аз нуқтаи назари дигар нигарем? Оё ин дониш ба азобҳо дар ҳаёти шумо ё дар ҳаёти дигарон рӯшанӣ меандозад? Агар ҳа, фаҳмонед, ки чӣ тавр. 4. Макс Лукадо менависад, ки овози Худоро ҳангоми тундбод беҳтар шунидан мумкин аст. Оё шумо бо ин фикр розӣ ҳастед? Ҳа? Не? Ва Чаро? 5. Ҳангоме ки Худо сухангӯиро ба охир расонд, Айюб гуфт: «То ҳол ман овозаи туро шунида будам, ва акнун чашмонам Туро дидааст » (Айюб 42:5). Дар натиҷаи ин таҷриба Айюб чӣ ба даст овард? Боби 22. Петрус Дастархоне барои ман пеши назари душманонам андохтаӣ… Заб.22:5 ХУРӮСИ БОНГЗАДА ВА МАН Оё он ҷавонро, ки аз назарҳо канораҷӯӣ мекунад, мебинед? Ин Петрус аст. Петрус ҳавворӣ аст. Ӯ ҳардамхаёл ва зудхашм аст. Боре ӯ ҳатто бар об қадам зада буд. Аз қаиқ рост ба сатҳи кӯл қадам гузошт. Баъди чанде ӯ дар назди ҳазорон одамон мавъиза менамуд. Петрус ҳам бо дӯстон ва ҳам бо душманон ҷасур аст. Аммо имрӯз касе ки натарсида, бар об қадам гузошт, кӯшиш мекунад пинҳон шавад. Касе ки мавъизаҳои таъсирбахш мекард, аз дард мегиряд. На ин ки бинияшро фих-фих кунонда, ашк мерезад, балки фиғон мекунад, рӯи ришдорашро бо кафҳои дағали моҳигир пӯшонда, бо тамоми овоз мегиряд. Нолаҳои ӯ дар Уршалими шабҳангом акси садо медиҳанд. Чаро ӯ ин гуна бо дарду алам мегиряд? Аз боиси он коре ки кард, аз боиси он ки қасам хӯрд ҳеҷ гоҳ ин корро намекунад? «Вай ба Ӯ гуфт: “Худовандо! Ман тайёр ҳастам, ки бо Ту ҳам ба зиндон ва ҳам ба марг биравам“. Лекин Ӯ гуфт: “Ба ту, эй Петрус, мегӯям, ки имрӯз пеш аз он ки хурӯс бонг занад, ту се бор инкоркунон хоҳӣ гуфт, ки Маро намешиносӣ“» (Луқ. 22:33, 34). Дар шабе ки Исоро таслим намуданд, Ӯро инкор намудан худ аз худ даҳшатовар аст, аммо худситоӣ кардан чӣ даркор буд, ки агар ҳама Исоро инкор кунанд ҳам, ӯ ҳеҷ гоҳ чунин намекунад? Як бор инкор кардан сазовори нафрат аст, аммо чӣ тавр чунин шуд, ки ӯ се бор инкор намуд? Тасаввурнопазир — се бор аз Худованд даст кашид, ва дар айни ҳол қасам мехӯрд! «Он гоҳ вай ба савганду қасам хӯрдан сар карда, гуфт: «Он Одамро намешиносам» (Мат. 26:74). Ва инак, дар гирдоби ғаму андӯҳ фурӯ рафта, Петрус пинҳон мешавад. Ӯ мегиряд, аммо баъди чанде ба моҳигирӣ меравад. Ҳайратовар аст, ки моҳигирӣ ба ӯ чӣ даркор шуд? Мо медонем, ки чаро ӯ ба Ҷалил омад: гуфта шуда буд, ки Масеҳи эҳёшуда дар он ҷо бо шогирдонаш вомехӯрад. Аммо ҷои муқарраршуда на кӯл, балки кӯҳ аст (ниг.: Мат. 28:16). Агар Масеҳ маслиҳат карда бошад, ки бо пайравонаш дар кӯҳ вомехӯрад, онҳо дар қаиқ чӣ кор мекуанд? Ҳеҷ кас аз онҳо хоҳиш накарда буд, ки моҳигирӣ кунанд, аммо онҳо маҳз бо ин кор машғул шуданд. «Ва Шимъӯни Петрус ба онҳо гуфт: «Мехоҳам ба сайди моҳӣ биравам». Ба вай гуфтанд: “Мо низ ҳамроҳи ту меравем”» (Юҳ. 21:3). Ғайр аз ин, магар Петрус моҳигириро бас накарда буд? Ду сол пеш, ҳангоме Исо ваъда дод, ки ӯро «сайёди одамон» гардонад, магар ӯ тӯрҳоро партофта, пайрави Худованд нашуд? Аз он вақт ӯ бо касби моҳигирӣ машғул нашуда буд. Акнун моҳигирӣ кардани ӯ чӣ сабаб дошт? Хусусан ҳозир! Исо аз мурдагон бархест, ва Петрус қабри холии Ӯро дид. Дар ин лаҳза кӣ дар бораи моҳигирӣ фикр карда метавонад? Шояд онҳо гурусна монда буданд? Шояд гап дар ҳамин бошад? Шояд ин идеяи бехирадона аз боиси қур-қури меъдаҳо ба сарашон омада бошад? Ё шояд бо ин амали бемаврид онҳо дарди дилҳои шикастаи худро таскин доданӣ буданд. Чунон ки мебинед, Петрус хиёнати худро фаромӯш накард. Қабри холӣ бонги хурӯсро аз хотири ӯ наравонд. Масеҳ бозгашт, аммо Петрус аз вохӯрӣ бо Ӯ канораҷӯӣ мекунад, ба ҳавворӣ чунин метобад, ки ӯ бояд равад: «Оё пас аз он чи ман кардам, Ӯ бо ман барин шахс вохӯрдан мехоҳад?» Мо низ ҳамин тавр канораҷӯӣ мекардем. Магар Петрус ягона касест, ки қасам мехӯрд, ки ҳеҷ гоҳ кореро, ки кард, намекунад? — Хиёнат ба ҳамсар? Ин дар бораи ман нест! — Минбаъд ӯҳдадор мешавам, ки забонамро назорат мекунам. — Дигар ҳеҷ гуна шартномаҳои шубҳаовар намебандам. Ин бароям дарси ибрат шуд. Худситоии мо то чӣ андоза беҳудуд ва вартаи шармсории мо чӣ қадар амиқ аст! Ба ҷои он ки ба ишқварзӣ муқобилат намоем, мо ба он дода мешавем. Ба ҷои он ки ғайбатҳоро сарфи назар намоем, мо онро ба дигарон мерасонем. Ба ҷои он ки ҳақиқатро ҷонибдорӣ намоем, мо аз он даст мекашем. Дар натиҷа хурӯс бонг мезанад, моро ҳисси айбдорӣ фаро мегирад, ва дар назди Петрус, ки худро дар гӯшае пинҳон карда буд, шарикон пайдо мешаванд. Мо баробари Петрус гиряву нола мекунем ва ба моҳигирӣ меравем. Мо ба тарзи пештараи зиндагӣ, ба одатҳои давраи пеш аз масеҳӣ шудан бармегардем. Ба ҷои он ки аз рӯи рӯҳ рафтор намоем, аз рӯи ҷисм амал менамоем ва ба худ савол медиҳем, ки оё мо барин касон ба Исо даркоранд? Исо ба ин савол ҷавоб медиҳад. Ӯ ба шумо, ба ман ва ба ҳамаи касоне ки ақаллан як бор дар ҳаёти масеҳии худ чун Петрус рафтор намуда буданд, ҷавоб медиҳад. Исо ба Петрус дар ҳамон ҷо, дар соҳили кӯл ҷавоб дод. Оё медонед, ки Ӯ чӣ кард? Магар оби кӯлро аз ҳам ҷудо кард? Оё қаиқро тиллоӣ, ва тӯрро нуқрагин кард? Не, Исо кори беандоза аҳамиятноктар кард. Ӯ Петрусро ба наҳорӣ даъват намуд. Ҳа, Исо барои шогирдон наҳорӣ тайёр кард. Албатта, ин наҳорӣ ягона воқеаи ҳайратовари он саҳарии фаромӯшнашаванда набуд. Пеш аз ин воқеа сайди моҳиёни зиёд буд, ва низ ваҷди шогирдон, ҳангоме онҳо фаҳмиданд, ки ношиноси дар соҳил буда Исо аст. Петрус ба об ҷаст, шогирдони дигар тез-тез бел заданд. Ба соҳил расида, онҳо бо Исо, ки дар соҳил онҳоро интизор буд, вохӯрданд. Дар болои лахчаҳо моҳиён бирён мешуданд, ҳангоме Ғолиби дӯзах ва Фармонравои осмонҳо нонро шикаста, дӯстонро даъват намуд, ки назди оташ оянд ва каме хӯрок хӯранд. Дар байни касоне ки назди гулхан нишаста буданд, Петрус беш аз ҳама шукргузор буд. Касе ки шайтон ӯро чун гандум бехта буд, аз дастони Худо нон мехӯрд. Петрус ба хӯрокхӯрӣ бо Масеҳ даъват шуда буд. Дар ҳамин ҷо иблис ва васвасаҳои мақомҳояшон пасттар шоҳидони он шуданд, ки Исо «дастархоне дар пеши назари душманон паҳн кардааст». Албатта, Петрус метавонист ин фикрро дигар хел баён намояд, аммо Довуд маҳз ҳамин тавр кард: «Дастархоне барои ман пеши назари душманонам андохтаӣ…» (Заб. 22:5). Дар амалҳои чӯпони ғамхор шабоҳатро бо он чи Исо барои Петрус кард, пай набурдан ғайриимкон аст. Довуд ҳангоми эҷод намудани ин таронаи Забур, аз афташ, ҳанӯз дар бораи чарогоҳҳои кӯҳӣ ва гӯсфандон фикр мекард. Ба ёд меовард, ки чӣ тавр гӯсфандонро аз водии дар офтоб сӯхта сӯи алафзори кӯҳистон мебурд, ӯ вазифаеро, ки бар чӯпон вогузошта шудааст, фаромӯш накарда буд: чӯпон бояд чарогоҳро омода намояд. Ӯ гӯсфандонашро ба замини нав мебарад, аз ин сабаб набояд эҳтиёткориро фаромӯш кунад. Дар асл, чарогоҳе ки ӯ меҷӯяд, бояд ҳамвор бошад, теппаи қуллааш ҳамвор ё суфакӯҳ. Чӯпон чарогоҳро бо диққат аз назар мегузаронад, то ки дар он растаниҳои заҳрнок набошанд. Ҳамчунин ӯ дар хусуси мавҷудияти оби нӯшокӣ ғамхорӣ кунад ва боварӣ ҳосил намояд дар наздикӣ гургҳо ва хирсҳо нестанд. Чӯпон хусусан аз мори афъӣ эҳтиёт мешавад. Мори афъӣ мори хурди сурхи сиёҳтоб аст, ки дар лонаҳои зеризаминӣ зиндагӣ мекунад. Ин мор аз он сабаб хатарнок аст, ки аз бинии гӯсфанд газида метавонад. Газидани мор бисёр вақт сирояткунанда ва ҳатто марговар буда метавонад. Ҳамчун ҳимоят аз морҳо чӯпон ба ҳар як лонаи мор каме равғани зайтун мерезад. Ҳамчунин ба фукҳои гӯсфандон равған мемоланд. Замине ки ба он равған молида шудааст, лағжонак мешавад, ва дар натиҷа мор аз лонааш намебарояд, ва бӯи равғани зайтун дар фуки гӯсфанд морро меронад. Чӯпон ба маънои ҳақиқии сухан барои гӯсфандон дастархон паҳн мекунад.[49] Агар Шубонатон дар ҳаққи шумо чун чӯпон дар ҳаққи гӯсфандонаш ғамхорӣ карда бошад-чӣ? Фарз мекунем, ки Ӯ душманатонро — иблисро аз байн бурда, барои шумо ҷои бехатарро бо зиёфати олидараҷа тайёр кардааст. Агар Исо барои шумо ҳамон чизеро, ки барои Петрус кард, омода намуда бошад-чӣ? Тасаввур намоед, ки дар он лаҳзае ки шумо шикаст хӯрдед, Ӯ шуморо ба сари дастархони Худ даъват намуд! Ва гар мефаҳмидед, ки Ӯ маҳз ҳамин тавр кардааст, чӣ гуна аксуламал менамудед? Шаби пеш аз дастгир шуданаш Исо барои дӯстонаш дастархон ороста буд. Дар рӯзи аввали иди фатир, ки барои песаҳ қурбонӣ мекарданд, шогирдонаш ба Ӯ гуфтанд: «Куҷо мехоҳӣ, ки песаҳро бихӯрӣ, то рафта тайёр кунем?» Пас ду нафарро аз шогирдонаш фиристода, ба онҳо гуфт: «Ба шаҳр биравед; марде ба шумо рост хоҳад омад, ки кӯзаи обро бардошта мебарад; аз ақиби вай равона шавед, ба куҷое ки дарояд, ба соҳиби хона гӯед: «Устод мегӯяд: меҳмонхона куҷост, ки он ҷо песаҳро бо шогирдони Худ бихӯрам?» Вай ба шумо болохонаи калони мафрушу тайёрро нишон медиҳад; дар он ҷо барои мо тайёрӣ бинед». Марқ. 14:12–15 Аҳамият диҳед, ки ҳама чизро кӣ тайёр кард. Исо пешакӣ дар хусуси болохонаи калон ғамхорӣ намуд. Ӯ бо шахсе маслиҳат намуд, ки шогирдонро ба он ҷо овард. Исо боварӣ ҳосил намуд, ки ҳам ҳуҷра, ҳам хӯрок тайёр карда шудааст. Шогирдон бояд чӣ мекарданд? Онҳо бояд талабҳои Ӯро аниқ ба ҷо оварда ба серӣ хӯрок мехӯрданд. Шубон дастархон тайёр кард. Аммо Исо бо ин маҳдуд нашуд. Ӯ морҳоро низ бартараф намуд. Шумо дар ёд доред, ки яке аз шогирдон он шаб аз сари дастархон хеста рафта буд. «Ва дар вақти таоми шом, ки иблис қасде дар дили Яҳудо ибни Шимъӯни Исқарют андохта буд, ки Ӯро таслим кунад» (Юҳ. 13:2). Яҳудо хӯрокхӯриро сар карда буд, аммо Исо ба ӯ имконияти ба охир расондани хӯрокхӯриро надод. Яҳудо ба Исо итоат намуда, аз болохона рафт. «Пас аз он ки луқмаро гирифт, шайтон дар вай дохил шуд. Он гоҳ Исо ба вай гуфт: «Он чи мекунӣ ба зудӣ бикун» <…> Вай луқмаро гирифта, дарҳол берун рафт; ва шаб буд» (Юҳ. 13:27, 30). Дар ин рондан як фоҷианокӣ ҳаст. Исо дар пеши назари душманон дастархон андохт. Ба Яҳудо имкон дода шуд, ки ба дастархон як нигоҳе кунад, аммо имкон дода нашуд, ки дар зиёфат иштирок кунад. «Ин ҷо ҷои ту нест. Ин дастархон барои фарзандони ман андохта шудааст. Ту метавонӣ онҳоро васваса намоӣ, онҳоро пешпо диҳӣ, аммо ту ҳеҷ гоҳ бо онҳо дар сари як дастархон намешинӣ» Ӯ моро ана ҳамин қадар дӯст медорад! Ва барои он ки охирин шубҳаҳо аз байн раванд, то ки на Петрус, на шахсони дигар напурсанд, ки оё дар сари дастархони Ӯ барояшон ҷой ҳаст ё не, Исо ба онҳо косаро дароз карда, чунин гуфт: «Ҳама аз ин бинӯшед; чунки ин аст Хуни Ман аз паймони навин, ки барои бисёр касон аз баҳри омурзиши гуноҳҳо рехта мешавад» (Мат. 26:27, 28). «Ҳама аз ин бинӯшед». Касоне ки худро нолоиқ меҳисобанд, аз он нӯшед. Касоне ки аз шарм суп-сурх шудаанд, аз он нӯшед. Касоне ки ба изтироб афтодаанд, аз он нӯшед. Иҷозат диҳед дар бораи он давраи ҳаётам нақл намоям, ки ҳамаи ин се ҳолатро дар як вақт аз сар гузарондам. Дар 18-солагӣ ман бисёр майнӯшӣ мекардам. Организми ман ба алкогол он қадар мутобиқ шуда буд, ки шаш шиша оби ҷав ба он таъсири назаррас намерасонданд. Аммо ҳангоме ки 20-сола шудам, Худо маро на танҳо аз дӯзахи пас аз марг раҳо намуд, Ӯ маро аз дӯзахе ки ҳангоми зинда буданам омода гардида буд, раҳо намуд. Фақат Ӯ медонист, ки ман дар канори чӣ ҷарӣ будам, агарчи дар бораи хатари таҳдидкунанда тасаввурот доштам. Маҳз аз ҳамин сабаб, пайрави Масеҳ шуда, ман на танҳо аз пиво даст кашидам, балки умуман майнӯширо бас кардам. Аммо шавқмандӣ ба оби ҷав маро тарк накард. Гуфта наметавонам, ки фикри нӯшидани оби ҷав маро таъқиб мекард ё шуурамро фаро мегирифт. Не, аммо ҳафтае ду ё се бор дар давоми ҳафта фикри нӯшидани оби ҷав бароям ҷолиб метофт. Далели он ки алкогол чун пештара бароям хатар дошт, он буд, ки ман ба оби ҷави бе алкогол тамоман таваҷҷӯҳ надоштам. Мазаи он ҳамон аст, аммо таъсире надорад. Ба ҳар ҳол, баъд дар давоми бист сол майзадагӣ ба ман таҳдид намекард. Аммо як-ду сол пеш он аз нав бароям хатарнок шуд. Ман каме ҳушёриро аз даст додам. Як шишача оби ҷав бо барбекю зарар намекунад. Баъд боз якто бо хӯроки мексикоӣ. Баъд боз як-ду бор бе ҳеҷ гуна хӯрок. Дар давоми ду моҳ ман аз худдории пурра ба ҳафтае як ё ду шиша оби ҷав гузаштам. Такрор мекунам, барои аксари одамон ин ҳеҷ мушкилӣ надошт, аммо барои ман ин гуна тағйирот мушкилии калон шуда метавонист. Медонед, кай ман ҳис кардам, ки абрҳо ғафс шуда истодаанд? Дар яке аз бегоҳиҳои гарми панҷшанбе ман бо мошин ба ҷамъомади мардона, ки дар он бояд баромад мекардам, равона шудам. Ман аллакай гуфтам, ки рӯз хеле гарм буд? Ҳаво чун дар дӯзах тафсон буд. Оби содадорро дилам накашид. Аз ин сабаб ман ба фикре афтодам, ки оби ҷав харам, аммо чунон ки дар фурӯшгоҳ ҳеҷ яке аз шиносҳоро вонахӯрам. Бо ин фикр ман аз хатти марра гузаштам. Чунки он чи дар ниҳон карда мешавад, беҳтараш ҳеҷ гоҳ накардан беҳтар аст. Аммо ман ба ҳар ҳол ниятамро амалӣ намудам. Ба мағозаи дурдасти қулай ҷойгиршуда рафта, мошинро дар таваққуфгоҳ мондам ва интизор шудам, то даме ки он тамоман холӣ шуд. Ба мағоза даромада, ман оби ҷав харидам ва онро ба паҳлӯям ҷафс карда, сӯи мошин шитофтам. Ана ҳамон вақт хурӯси ман бонг зад. Хурӯс аз он сабаб бонг зад, ки ман чун ҷинояткор ба атроф нигариста, сӯи мошин мерафтам. Аз он сабаб бонг зад, ки ман рафтори нодурусти худро дарк кардам. Аз он сабаб бонг зад, ки ин аз ҳама дардноктар буд — ҳанӯз бегоҳии рӯзи гузашта ман яке аз духтаронамро барои он сарзаниш кардам, ки ӯ на он қадар кушоду равшан бо ман гап мезанад. Ва инак ба ман нигаред, ман чӣ карда истодаам? Шишаро ба қуттии ахлот партофта, ман аз Худо бахшиш пурсидам. Ва баъди якчанд рӯз дар бораи мушкилоти худ ба пирони калисо ва баъзе аъзоёни он гуфтам, ва баъд хостам озмоиши бо муваффақият паси сар шударо ба ҳисоби худ дароварда, бо роҳи худ пеш равам. Аммо натавонистам. Маро хиҷолат азоб медод. Чӣ тавр ман чунин карда тавонистам? Аз боиси он одамони зиёде зарар дида метавонистанд. Барои ягон каси дигар ин узрнок бошад ҳам, барои ман нобахшиданист. Алалхусус дар он вақте ки ба хизматгузорӣ равона будам. Чӣ гуна риёкорӣ! Ман худро разили бадтарин ҳис мекардам. Гуфта наметавонам, ки фикр дар бораи бахшида шуданам ба ёдам намеомад, аммо лифте ки бояд ин фикрро ба дилам поён мефаровард, аз кор баромада буд. Дар ин миён, шояд барои тамоман аз қатор баровардани ман, якшанбе фаро расид. Ва инак, ман навбати мавъиза карданро интизор шуда, дар қатори пеш нишастаам. Ёдрас менамоям, ки ман дар назди Худо, пирон ва худ софдил будам. Аммо ба ҳар ҳол бо шубҳаҳо мубориза мебурдам, ки оё Худо мехоҳад, то ман барин шахс мавъиза кунад? Ҷавоб ҳангоми чашидани нону майи табаррук, ҳангоми шоми Худованд омад. Исо, ки барои Петрус дастархон густурда буд, барои ман низ онро густурд. Шубоне ки бар иблис ғолиб омад, ӯро боз ба тахтапушт хобонд. Наҷотдиҳанда, ки дар соҳили кӯл оташ афрӯхт, дар дили ман низ якчанд лахчаҳои нимсӯзро аланга дод. «Ҳама аз ин бинӯшед». Ман ҳамин тавр ҳам кардам. Боз дар сари дастархони Ӯ нишастан то чӣ андоза дилписанд буд! БАРОИ АНДЕШАРОНӢ ВА МУҲОКИМА 1. Бигӯед, ки кай, ба монанди Петрус, кореро мекардед, ки қасам хӯрда будед ҳеҷ гоҳ онро намекунед? Ин чӣ буд? 2. Оё «ба моҳигирӣ рафтаед» ё баъди шикасти рӯҳонӣ ба тарзи зиндагии пеш аз масеҳӣ шудан баргаштаед? Агар Ҳа, он вақт чиро ҳис мекардед? 3. Чаро мо аз худ мепурсем, ки оё Исо мо барин касонро қабул мекунад ё не? Оё ягон вақт шумо низ ба худ чунин савол додаед? Фаҳмонед. 4. Чӣ фикр доред, чаро Исо ба Яҳудо имкон дод, ки дастархони Худовандро бубинад? Чаро ӯро пеш аз ҷамъ шудани шогирдон наронд? 5. Чӣ тавр ҳар ду қисса (қиссаҳои Петрус ва Макс Лукадо) тавбаи ҳақиқиро тасвир менамоянд? Исо ба тавбаи ҳақиқӣ чӣ тавр аксуламал мекунад? Чаро инро фаҳмидан ин қадар муҳим аст? Боби 23. Роҳзан дар салиб Ва яке аз ҷинояткорони маслубшуда Ӯро дашном дода мегуфт: «Агар Ту Масеҳ бошӣ, Худро ва моро наҷот деҳ». Аммо дигаре, баръакс, вайро сарзаниш намуда, гуфт: «Оё ту аз Худо наметарсӣ, дар сурате ки худат низ ба ҳамин ҷазо маҳкум шудаӣ Ҷазои мо аз рӯи инсоф аст, чунки мукофоти амали худро гирифтаем; лекин Ӯ ҳеҷ бадӣ накардааст». Ва ба Исо гуфт: «Эй Худованд, вақте ки ба Подшоҳии Худ бирасӣ, маро ба ёд овар!» Ва Исо ба вай гуфт: «Ба ростӣ ба ту мегӯям, ки имрӯз бо Ман дар биҳишт хоҳӣ буд». Луқ. 23:39–41 НАҚЛ ДАР БОРАИ ҶИНОЯТКОРИ МАСЛУБШУДА Кафолати иҷро кардани дархост беш аз худи он бемаврид буд. Аз як худи кӯшиши тасаввур намудани ин саҳна ҳуш дар сари кас намемонад: ҷинояткоре ки дар ин зиндагӣ дарҳои зиёде пеши рӯяш баста шудаанд, ба Писари Худо бо дархости ҳаёти абадӣ муроҷиат мекунад. Ва тасаввурнопазир аст, ки ин дархости ӯ сазовори диққати Писари Худо мешавад. Аммо ҳар қадар ин ғайриимкон тобад ҳам, маҳз ҳамин тавр шуд. Ба роҳзане ки сазовори дӯзах буд, роҳ ба сӯи осмонҳо кушода шуд, ва мо ҳайрон шуда, аз худ мепурсем: ба ман бигӯед, Исо бо ин чиро ба мо омӯзонданӣ мешавад? Каллабуреро, ки аз афти кор, ҳеҷ гоҳ сазовори дилсӯзӣ набуд, ва ҳеҷ гоҳ ягон кори сазовори марҳамат накардааст, бахшида, Ӯ чиро исбот карданӣ мешавад? Ман як тахмин дорам. Аммо барои фаҳмондани он ман бояд қиссаеро нақл намоям, ки ба он бовар карданатон хеле душвор аст. Ба фурӯшгоҳи яке аз шаҳрҳои калон ду шахси аҷиб дохил шуданд. Маълум набуд, ки онҳо оворагард ҳастанд, ё қаллобон. Дохилшавии ғайриқонунии онҳоро ҳеҷ кас пай набурд, ва ин ба онҳо имкон дод, ки муддати зиёд дар он ҷо монда, нақшаи маккоронаи худро амалӣ кунанд ва боз ноаён баромада раванд. Ҳанӯз ҳеҷ чизи ғайриодӣ нест. Аммо он чи онҳо карданд, ғайриодӣ буд. Не, онҳо ба ҳеҷ чиз даст нарасонданд. Тамоман ба ҳеҷ чиз. Ҳеҷ яке аз молҳо дуздида нашуда буд, моликияти мағоза низ зарар надид. Аммо он чи онҳо карданд, дар ҳақиқат хандаовар буд. Онҳо чизе дуздиданӣ набуданд, аммо бо кадом як сабаб нархномаҳои ҳамаи молҳоро иваз карданд. Дар натиҷа ҳар як мол нархи нав пайдо кард. Масалан, ин ҳазлкашҳо нархномаи фотоаппарати нархаш 395 долларро ба қуттии лавозимоти канселярӣ, ки 5 доллар арзиш дошт, часпонданд, ва нархномаи китоби нархаш 5 доллару 95 сентро ба муҳаррики қаиқҳо часпонданд. Хулоса, ба ҳамаи молҳои фурӯшгоҳ нархи нав гузоштанд! Ғайриимкон аст? Албатта, аммо қиссаи мо бо ҳамин ба охир намерасад. Воқеаи ҳайратовартар дар пеш аст, он саҳарии рӯзи дигар рӯй дод. (Шумо бовар намекунед!) Фурӯшгоҳ дар вақти муқаррарӣ кушода шуд. Кормандон ҷойҳои худро ишғол намуданд. Харидорон харид кардан гирифтанд. Савдо дар давоми чор соат бо равиши ҳарвақтааш давом дошт, то даме ки тағйир дода шудани нархҳо маълум гардид. Чор соат! Дар ин муддат баъзеҳо харидҳои хеле муфид карданд, аммо баъзеи дигар қурбониёни нархҳои ғоратгарона шуданд. Аммо дар давоми чор соат ҳеҷ кас пай намебурд, ки нархҳо иваз карда шудаанд! Тасаввурнопазир! Не, мо мебинем, ки ҳар рӯз чунин мешавад. Системаи таҳрифшудаи арзишҳо, ки мо дар он ҳастем, кайҳо миқёси умумиҷаҳонӣ пайдо кардаанд: арзишҳои абадии ҳаётамон бо нархҳои ночиз фурӯхта мешаванд, аммо чизҳое ки арзиши зиёд надоранд, бо нархи милллионҳо доллар фурӯхта мешаванд. Намунаҳои ин хеле зиёданд. Инак баъзе таҳрифҳо, ки ман бо онҳо ҳафтаи гузашта рӯ ба рӯ шудам. Фурӯшандае ки қаллобии худро бо суханони зерин ҳимоя карданӣ мешавад: «Биёед тиҷоратро бо ахлоқ омехта накунем». Мансабдорони ҳарбӣ, ки маълумоти ниҳоят махфиро (дар баробари виҷдони худ) дар ивази шаш ҳазор доллар фурӯхтаанд. Узви шӯрои вазирони давлати калон дар қаллобиҳо бо сангҳои нимгаронбаҳо айбдор карда шудааст. Ӯ дар ҳукумат чӣ вазифаро дорад? Вазири адлия. Падаре ки дар куштори духтари 12-солааш иқрор шудааст. Сабаби куштор? Духтарак розӣ нашудааст бо ӯ алоқаи ҷинсӣ кунад. Чаро мо чунин корҳоро мекунем? Чаро сиёҳро бо сафед омехта мекунем, то даме ки ранги бароямон одатии хокистарранг ҳосил мешавад? Чаро меъёрҳои бебаҳои ахлоқ тарк карда мешаванд, дар ҳоле ки меъёрҳои аблаҳонатарин маъмул мегарданд? Чӣ чиз шуморо маҷбур мекунад, ки ҷисмро болобардор кунед ва аз ҷон нафрат намоед? Чаро пӯсти рӯйро нигоҳубин намуда, покии дилро сарфи назар мекунем? Арзишҳои мо беҳад бесарусомон шудаанд. Касе ба фурӯшгоҳи мо даромада, ҳамаи нархномаҳоро иваз кардааст. Чизҳои беҳуда боиси ваҷд мегарданд ва бо нархҳои беандоза зиёд фурӯхта мешаванд, дар ҳоле ки арзиши одам беандоза ночиз аст. Файласуф будан шарт нест, то ки сабаби чунин беқурбшавиро муайян намоем. Ҳамааш ҳамон вақт сар шуд, ки моро бовар кунонданд, ки инсоният ба самти номаълум равона аст. Ва инсон таъйинот надорад. Ва мо давродавр ҳаракат карда истодаем. Ва мавҷудияти мо ҳеҷ гуна маъно надорад. Ва мо ба он маҳкум шудаем, ки дар лойдоне ки ҳаёт ном дорад, бе ҳеҷ гуна мақсад ҷунбуҷӯл кунем. Ва кураи замин ҳамагӣ мақбараест дар Конноти бемаъно. Ва офариниш тасодуф аст, ва аз ин рӯ, инсоният маҳсули иловагии эволютсия аст. Хеле тира, ҳамин тавр не? Версияи дуюм аз ин ҳам бадтар аст. Агар инсон таъйинот надошта бошад, уҳдадорӣ ҳам надорад. Вазифа, масъулият нест. Агар инсон тайъинот надошта бошад, ҳаёти ӯ маъно ва мақсад надорад. Агар инсон тайъинот надошта бошад, кӣ гуфта метавонад, ки чӣ дуруст аст, ва чӣ не? Кӣ мегӯяд, ки шавҳар набояд ба зану фарзандонаш насиҳат кунад? Кӣ мегӯяд, ки исқоти ҳамл номумкин аст? Бе никоҳ бо ҳам зистани марду зан чӣ бадӣ дорад? Кӣ мегӯяд, ки бар сарҳои одамон қадам гузошта, сӯи мақсад рафтан номумкин аст? Системаи арзишҳои шумо бо системаи арзишҳои ман мухолифат дорад. Ҳеҷ гуна меъёрҳои ахлоқӣ, қонунҳо, стандартҳо нестанд. Ҳаёт фақат аз дилхушиҳо, пул ба даст овардан ва эҳсосоти пурваҷд иборат аст. Дар натиҷа — фалокат. «Эсзистенсиалист, — навишта буд Жан-Пол Сартр, — баръакс, аз набудани Худо дар ташвиш аст, зеро ҳамроҳи Худо ҳама гуна имконияти пайдо намудани ягон хел арзишҳо дар олами даркшаванда аз байн меравад… Дар ҳақиқат… агар Худо набошад, ҳама чиз мумкин аст, бинобар ин инсон тарк карда шудааст, ӯ на дар худ ба чизе такя карда наметавонад, на берун аз худ».[50] Агар шахс масъулият ва таъйинот надошта бошад, қадами навбатии мантиқӣ — ҳаёти инсон арзиш надорад. Агар инсон оянда надошта бошад, ӯ арзише надорад. Амалан, ӯ ҳамон қадар арзиш дорад, ки чӯб ё санг арзиш дорад. Ҳеҷ фарқе нест. Ҳаёт маъно надорад, пас он арзиш надорад. Ва шумо бо натиҷаҳои ин гуна хулосаҳо шинос ҳастед. Тартибу низоми ҷаҳон аз кор баромада истодааст. Бефоида ва беҳуда будани худро ҳис карда, мо ҳама кори аз дастамон меомадаро мекунем, ба қиморбозиҳо дода мешавем ва системаи бардурӯғи арзишҳоро ба вуҷуд меоварем. Эълон мекунем, ки инсон фақат ҳамон вақт арзиш дорад, ки зебо, фоиданок аст ва чизеро истеҳсол карда метавонад.Мо арзишнокии инсонро бо он чен мекунем, ки оё ӯ дар баскетбол тӯбро ба сабад партофтан ё дар бейсбол тӯби баланд парвозкунандаро доштан метавонад ё не. Агар дар пеши номатон «досент» ё «доктори фалсафа» истода бошад, агар маошатон аз адади шашрақама иборат бошад, агар дар сари чанбараки мошини гаронбаҳо нишаста бошед, арзишнокии шумо афзун мешавад. Арзишнокӣ дар замони мо бо ду меъёр муқаррар карда мешавад: намуди зоҳирӣ ва самаранокӣ. Меъёрҳои нисбатан сахтгирона, ҳамин тавр не? Ноқисулақлҳо, бадафтҳо, ё бесаводон дар ин системаи арзишҳо дар куҷоянд? Пиронсолон ва касоне ки нуқсонҳои ҷисмонӣ доранд, куҷоянд? Тифлони ҳанӯз таваллуднашуда чӣ умед доранд? Умеди ночиз. Аниқтараш, ҳеҷ гуна умед. Мо дар рӯйхати нодаркор пунктҳои беном мешавем. Фақат, илтимос, ба назар гиред, ки ин системаи арзишҳои инсонӣ аст. На илоҳӣ. Нақшаи Худо дар хусуси мо хеле умедбахштар аст. Худо бо чашмони ҷилодор ба назди тахтае ки пур аз навиштаҳои файласуфона аст, омада, доираи беохир, доимо такроршавандаи таърихро пок карда, ба ҷои он хати рост мекашад — хати борике ки пур аз умед ва ваъдаҳо аст. Ва барои боварӣ ҳосил намудан ба он ки синф ба тахта чашм дӯхтааст, Ӯ аз паси китф нигоҳ мекунад, ва дар охири ин хат тирча мекашад. Дар асари илмии Худо инсон мақсад ва таъйиноти олидараҷа дорад. Мо ба он тайёрӣ мебинем, ки аз гузаргоҳи калисо гузашта, арӯси Масеҳ шавем. Мо ба он тайёрӣ мебинем, ки бо Ӯ зиндагӣ кунем, бо ӯ подшоҳӣ кунем, бо Ӯ дар як тахт нишинем. Мо аҳамият ва арзиши бузург дорем. Ва аз ҳама муҳимтар он аст, ки арзиши мо тағйирнаёбанда аст! Арзишнокии мо модарзод аст. Агар ҳақиқате вуҷуд дошта бошад, ки Исо ба ҳар яки мо расондан мехост, инак он: инсон худ аз худ арзишнок аст, фақат аз он сабаб ки ӯ инсон аст. Аз ҳамин сабаб Ӯ бо мо он гуна муносибат мекунад, ки мекунад. Дар ин бора фикр кунед. Ӯ зани ҷавонеро, ки дар зино дастгир шудааст, мебахшад. Ба махавие ки аз Ӯ илтиҷо мекунад, то шифо диҳад, даст мерасонад. Ба нобиное ки ба ақидаи мардум аҳамият надода, бо овози баланд дар бораи бино шудан дархост мекунад, аҳамият медиҳад. Бемори пиронсоли сергапро, ки дар назди ҳавзи Байт- Ҳасдо мехобид, шифо медиҳад! Ва намунаи классикии тадқиқи арзишнокии шахсиятро, ки инҷилшинос Луқо дар нақл дар бораи ҷинояткори маслубшуда гузаронда буд, фаромӯш накунед. Агар ягон вақт шахси комилан нодаркор ва бефоида вуҷуд дошта бошад, ӯ ҳамон шахс буд. Агар ягон шахс сазовори марг бошад, ӯ ҳамон шахс буд. Агар шахсеро нобарор номидан мумкин бошад, ӯ дар рӯйхати довталабон дар ҷои аввал буд. Шояд аз ҳамин сабаб Исо ӯро интихоб намуд, то ба мо нишон диҳад, ки Ӯ дар бораи инсоният чӣ фикр дорад. Шояд ин ҷинояткор суханони Масеҳро шунида буд. Шояд дида буд, ки Худованд ба таҳқиршудагон чӣ гуна муҳаббат зоҳир менамуд. Шояд ӯ медид, ки чӣ тавр Исо бо боҷгирон ва гуноҳкорон хӯрок мехӯрд. Ё шояд надида буд. Шояд ягона чизе ки ӯ дар бораи Масеҳ медонист, он чизе буд, ки ҳозир медид: воизи латукӯбшуда, хуншор, ба салиб мехкӯбшуда. Агарчи чизе ба ӯ мегуфт, ки ӯ ҳеҷ гоҳ дар ҷамъияти аз ин беҳтар набуд. Ва бо кадом як тариқе ӯ фаҳмид, ки аз ҳамаи имкониятҳо барои ӯ якто боқӣ мондааст — дуо гуфтан, зеро ӯ ниҳоят Касеро вохӯрд, ки бояд ба Ӯ дуо гӯяд. — Агар мумкин бошад, дар хусуси ман ба Худо сухане бигӯй. (Тарҷумаи озод.) — Чунин ҳисоб кун, ки аллакай гуфтам. Чаро Исо чунин кард? Ба ман бигӯед, ба ин каллабур дар базм ҷои ифтихориро ваъда дода, Ӯ ба чӣ ноил шуд? Ва ин разил дар ҷавоб чӣ пешниҳод карда метавонист? Агар сухан дар бораи зани сомарӣ равад, ман фаҳмида метавонам. Ӯ метавонист ба шаҳр баргашта, дар бораи Ӯ нақл кунад. Заккай миқдори муайяни пул дошт, ки онро ба Ӯ хайр карда метавонист. Аммо ин шахс чӣ? Ӯ чӣ карда метавонист? Ҳеҷ чиз! Ҳамаи гап дар ҳамин аст. Ва ҳозир чизи асосӣ: моро дӯст доштани Исо ба он чи барои Ӯ мекунем, вобаста нест. Тамоман. Дар назари Подшоҳ шумо шумо фақат аз он сабаб гаронбаҳо ҳастед, ки вуҷуд доред. Шарт нест, ки намуди назаррас дошта бошед ё ба таври назаррас амал намоед. Арзишнокии шумо модарзод аст. Нуқта. Дар ин бора ақаллан як дақиқа фикр кунед. Шумо онқадар аз он сабаб гаронбаҳо ҳастед, ки вуҷуд доред. На аз он сабаб ки ба чизе ноил шудаед, балки фақат аз он сабаб ки таваллуд шудаед. Инро дар ёд нигоҳ доред. Инро он вақт дар ёд нигоҳ доред, ки дафъаи оянда шуморо селоби ғурури беандозаи касе фаро мегирад. Инро он вақт дар ёд нигоҳ доред, ки ягон корчаллон ба ҳисси арзишнокии шумо тамғаи моли арзоншударо часпонданӣ мешавад. Ҳангоме ки касе шуморо чун моли арзоншуда қаламдод мекунад. Фақат фикр кунед, ки Исо шуморо чӣ гуна арзишнок меҳисобад… ва табассум кунед. Ман табассум мекунам. Ман табассум мекунам, зеро медонам, ки сазовори чунин муҳаббат нестам. Ҳеҷ кас сазовор нест. Ҳангоме ки шумо софдилона ба ин менигаред, ҳама гуна дастовардҳое ки бо онҳо худситоӣ карда метавонед, ночиз хоҳанд буд. Ҳамаи мо, ҳатто беайбтаринҳо, на зиёда аз он роҳзан сазовори Осмонҳо ҳастем. Ҳамаи мо на корти кредитии худ, балки аз Исоро истифода мебарем. Ва боз ман бо он фикр табассум мекунам, ки дар осмонҳо дар кӯчаҳои тиллоӣ ҳамон роҳзане қадам мезанад, ки дар бораи файз беҳтар аз ҳазор илоҳиётшиноси заминӣ медонад. Ҳеҷ кас барои ин шахс дуо намегуфт. Аммо дар лаби гӯр дуо ягона чизе буд, ки ӯ дошт. Ва чӣ хушбахтист, ки ин барои ӯ пурра кифоякунанда буд! Боиси ҳайрат нест, ки Исоро Наҷотдиҳанда меноманд. БАРОИ АНДЕШАРОНӢ ВА МУҲОКИМА 1. Чӣ чиз дар партави анъанаҳои фарҳангии ҳозира инсонро дар назари ҷамъият арзишнок мекунад? Чӣ чиз метавониаст ҷамъиятро водор намояд, ки муҳокимарониҳои худро дар хусуси арзишнокии инсон тағйир диҳад? 2. Чӣ тавр порчаҳои зерин нуқтаи назари Худоро дар хусуси инсон ошкор мекунанд: Рум. 5:8; Эфс. 2:4, 5; Тит. 3:4–7; 1Юҳ. 4:9, 10? 3. Оё мо мефаҳмем, ки арзиши нагузаранда дорем? Агар одамон ҳақиқатан ба ин бовар мекарданд, кадом мушкилоти иҷтимоӣ ба таври ниҳоӣ аз байн мерафтанд? 4. Луқ. 23:32–43-ро хонед. Аз ин ҳикояти кӯтоҳ дар бораи ду роҳзан чиро фаҳмидан мумкин аст? Шумо чӣ фикр доред, чаро Исо ба роҳзан ваъда дод, ки ӯ дар биҳшт хоҳад буд? 5. Фикр кунед, ки чӣ тавр роҳзани маслубшуда бо як ҷумла файзро маънидод карда тавонист? Сарчашмаҳо Ҳамаи ҳуқуқ ба мундариҷаи китоби «Ин одамон киҳоянд?» ба муаллифи он, Макс Лукадо, тааллуқ дорад. Бобҳои ин китоб аз китобҳои зерини Макс Лукадо гирифта шудаанд: 1. Ёир. Дидани чизи нонамоён: He Still Moves Stones, боби 17. 2. Шимъӯн ва Марям. Муҳаббати беғаразона: And the Angels Silent (М. Лукадо. Ва фариштаҳо хомӯш буданд. СПб.: Шандал, 2006), боби 6. 3. Яъқуб. Мубориза бо гузашта: God Came Near. Боби 28. 4. Корнилюс. Боздоштани ғурур: Outlive Your Life, боби 14. 5. Зане ки гирифтори хинравӣ буд. Идеяи хаёлӣ ва умеди густохона: He Still Moves Stones, боби 7. 6. Филиппус. Хароб намудани монеаҳо: Outlive Your Life, боби 12. 7. Шахси шал. Чӣ чиз барои Худо осонтар аст? He Still Moves Stones, боби 12. 8. Нӯҳ. Ҳангоме ки умед қариб тамоман намондааст: A Love Worth Giving (М. Лукадо. Атои муҳаббат. СПб. Виссон, 2010), боби 14. 9. Зане ки дар амали зино дастгир шуда буд. Шармсориро паси сар намуда: He Still Moves Stones, боби 2. 10. Петрус ва Юҳанно. Замони таъқибот: Outlive Your Life, боби 8. 11. Ниқӯдимус. Он чи фақат дар ихтиёри Худост. He Still Moves Stones, боби 13. 12. Ҳанониё ва Шоул. Ба канораҷӯӣ намудан шитоб накунед: Outlive Your Life, боби 13. 13. Довуд. Шикасти бузург: Facing Your Giants. Боби 16. 14. Бародарони Исо. Ҳалли ихтилофоти оилавӣ: He Still Moves Stones, боби 4. 15. Шахси маъюб дар назди он дарвозаи маъбад, ки Ҷамил ном дошт. Нигоҳ ва ламс. Outlive Your Life, боби 7. 16. Ишаъё. Фарқи муқаддас. It’s Not about Me, боби 4. 17. Девзадаи ҷадарӣ. Раҳоӣ аз бандҳои дӯзах: Next Door Savior, боби 8. 18. Махавие ки Исо ӯро шифо дод. Ламси дилсӯзӣ: Just Like Jesus, боби 3. 19. Мефубӯшет. Воридшавии файз. Come Thirsty, боби 3. 20. Йӯшиёҳу. Паси сар кардани мерос: When God Whispers Your Name, боби 15. 21. Айюб. Худо аз даруни тундбод ҷавоб медиҳад: In the Eye of the Storm, боби 17. 22. Петрус. Хурӯси бонгзада ва ман: Traveling Light (М. Лукадо. Сафар бе борҳои вазнин. СПб.: Шандал, 2005), боби 14. 23. Роҳзан дар салиб. Нақл дар бораи ҷинояткори маслубшуда. No Wonder They Call Him the Savior, боби 4. Тавзеҳот 1. Иқтибос аз: NCV (New Century Version) — тарҷумаи барои кӯдакон мутобиқкардашудаи Китоби Муқаддас. — Тавзеҳи тарҷумон. 2. Солҳои пурҷӯшу хурӯши бистум — номи маҷозии солҳои бистуми асри ХХ — давраи босуръат ба шаҳрҳо кӯчидани одамон, гулгулшукуфӣ, муносибати сабукфикрона ба ҳаёт ва сарфи назар кардани мушкилоти ҷиддӣ. Ин давраи болоравии ҳаракати иттиҳодҳои касаба ва баромадҳои қувваҳои чапгаро, ҷорӣ гардидани «манъи шаробнӯшӣ» ва афзуншавии ҷинояткории вобаста бо савдои ғайриқонунии машруботи спиртӣ ва ғайра буд. Баъди ба экран баромадани филми «Солҳои пурҷӯшу хурӯши бистум» тамоми даҳсоларо чунин меномидагӣ шуданд. — Тавзеҳи тарҷумон. 3. Матто қиссаеро, ки аз ҷиҳати хронологӣ бояд дар боби 20-ум пайдо мешуд, то боби 26-уми нақли худ нигоҳ медорад. Агар Инҷили Юҳанноро ба ёд оварем, Марям тадҳинеро, ки сухан дар бораи он меравад, шаби шанбе дар Байт-Ҳинӣ ба ҷо оварда буд (ниг. Юҳ. 12:1). Чаро Матто бо баёни ин сюжет шитоб намекунад? Чунин ба назар мерасад, ки ӯ дидаву дониста хронологияи қатъиро вайрон мекунад. Охир, ҳафтаи охирин дар ҳаёти Масеҳ пур аз воқеаҳои ғамангез мебошад. Бобҳои 26-ум ва 27-уми Инлили Юҳанно силсилаи хиёнатҳо аст. Дар аввал сарварони динӣ ба Ӯ хиёнат карданд, баъд Яҳудо, ҳавворӣ Петрус, Пилотус. Ва, ниҳоят, ҳамаи касоне ки бар зидди Исо баромад мекарданд, «ӯро маслуб кун» гуфта фарёд мекарданд. Эҳтимол, дар байни шаҳодатҳо дар бораи хиёнатҳои бисёр ақаллан як воқеаи хубро дар бораи имони ҳақиқӣ ҷойгир карданӣ шуда, Матто сюжетро дар бораи Шимъӯн ва Марям то боби 26 нигоҳ медорад. 4. Равия дар фалсафа, ки мувофиқи он воқеияти ҳақиқат рад карда мешавад, танҳо он чизе, ки натиҷаҳои амалан муфид медиҳад, дуруст эътироф карда мешавад 5. Медали ифтихории конгресс — мукофоти олии ҳарбӣ дар ИМА, ки дар замони Ҷанги шаҳрвандӣ дар соли 1862 таъсис дода шудааст. Онро президенти ИМА аз номи конгресс месупорад. — Тавзеҳи тарҷумон. 6. Тога — либоси болоии румиёни қадим, болопӯш аз матои пашмин, ки аз болои туника (куртаи таг) мепӯшиданд. Тога рамзи шаҳрвандии Рум буд, ӯро ба ҷавонон ҳангоми ба воя расиданашон бо тантана месупурданд (17-солагӣ). — Тавзеҳи тарҷумон. 7. Gavan Daws, Holy Man; Father Damien of Molokai (Honolulu: University of Hawaii Press, 1984). 8. Alfred Edersheim, The Life and Times of Jesus the Messia, unabridged edition (Peabody, MA: Hendrickson Publishers, 1993), 62–63. 9. Мундири сурх — лақаби аскари англис дар давраи ҷанг барои истиқлолияти ИМА. Ном ба ранги либоси низомӣ дахл дорад, ки дар он замон дар лашкари британӣ маъмул буд. — Тавзеҳи тарҷумон. 10. Тога — либоси болоии румиёни қадим, болопӯш аз матои пашмин, ки аз болои туника (куртаи таг) мепӯшиданд. Тога рамзи шаҳрвандии Рум буд, ӯро ба ҷавонон ҳангоми ба воя расиданашон бо тантана месупурданд (17-солагӣ). — Тавзеҳи тарҷумон. 11. Мезуза — лӯлапеч аз пӯсти ҳайвони ҳалол, ки як қисми Тавротро дар бар мегирад. Яҳудиён пӯстро печонда ба ғилофи махсус мегузоранд, ва онро ба паҳлударии манзили истиқоматии худ насб мекунанд. — Тавзеҳи тарҷумон. 12. Легислатура — дар Британия ва бисёр иёлатҳои ИМА ва дигар кишварҳо — номи сохторҳои қонунгузор. — Тавзеҳи тарҷумон. 13. Bob Ray Sanders, “Blossom’s in the Dust Movie Fine, but the Woman Was Amasing“. Fort Worth Star-Telegram, November 17, 2002, www.angelfire.com/tx5/adoptee/sanders.html. 14. Hope Diamond — бриллиати осмониранги «Умед», ки андозааш 45,52 карат аст — яке аз экспонатҳои маъруфтарини Осорхонаи миллии таърихи табиӣ дар Вашингтон, ИМА. Ҳозир он гаронбаҳотарин предмети хурд дар ҷаҳон ҳисобида мешавад, арзиши он 200 миллион доллар аст, яъне андаке камтар аз 5 миллион доллар барои 1 карат. — Тавзеҳи тарҷ. 15. Charles Swindoll, The Tale of the Tardy Oxcartant 1,501 Other Stories (Nashwill: Word Publishing, 1998), 275. 16. Киштии зериобии S-4, 17-уми декабри соли 1927, пас аз озмоишҳо дар минтақаи димоғаи Кейп-Код, аз зери об боло мебаромад. Дар шароити тирагии биноӣ киштии ҳифзи соҳил «Paulding» ба он бархӯрд. Экипажро наҷот додан муяссар нашуд. — Тавз. тарҷ. 17. «Of those arts in which the wise excel, nature's chief masterpriece is writing well» — иқтибос ба Ҷон Шеффилд, ҳертсоги Букингем тааллуқ дорад (1648–1721), ки ходими давлатӣ, парварандаи аҳли санъат, шоир ва эссеист буд. — Тавзеҳи тарҷ. 18. CIA, The World Factbook, 2009, https://www.cia.gov/library/publications/the-world-factbook/geos/tu.html. 19. Malatya: The Story of the First Мartyrs of the Modert Turkish Church, www.malatyafilm.com. 20. CIA, The World Factbook, 2009. 21. dc Talk and Voice of the Martyrs, Jesus Freaks: Stories of Those Who Stood for Jesus; The Ultimate Jesus Freaks (Tulsa, OK: Albury Publishing, 1999), 208–9. 22. Бо Ҳанониё аз Аъм. 5 омехта накунед 23. «Инклингҳо» (англ. Inklings) — гурӯҳи ғайрирасмии мубоҳисавии адабӣ дар донишгоҳи Оксфорд, ки дар давоми ду даҳсола (1930-1950) вуҷуд дошт. Агарчи арзишҳои масеҳӣ дар корҳои якчанд аъзоён мавҷуданд, иштирокчиёни ғайридинии гурӯҳи мубоҳисавӣ низ буданд. Маркази асосии гурӯҳ, албатта, Ҷ.Р. Толкин ва К.С. Люис буданд. — Тавзеҳи муҳаррир. 24. Номи доменӣ — номе ки домен дар шабака бо он маъруф аст; аз пайдарҳамии ишораҳои бо нуқтаҳо ҷудо кардашуда иборат аст. — Тавзеҳи тарҷумон. 25. San Antonio Express News, «Does Texan have a prayer of trading domain name?» April 23, 2005. 26. Мастоэктомия — амалиёти ҷарроҳӣ, ки аз дур кардани ғадуди шир иборат аст. — Тавзеҳи тарҷумон. 27. Энчилада — нони ҷуворимакка, ки дар дарунаш ҳашви тез бо чилӣ дорад, хӯрокӣ миллии мексикоиҳо. — Тавзеҳи тарҷумон. 28. «Уолтонҳо» — сериали телевизионӣ дар бораи ҳаёти оилаи камбағал аз Вирҷиния дар замони Депрессияи бузург. — Тавзеҳи тарҷумон. 29. Равоқи Сулаймон — роҳрави болопӯшида, ки қад-қади тарафи шарқии саҳни берунӣ тӯл мекашид. — Тавзеҳи тарҷумон. 30. UNICEF. The State of the Word’s Children 2009: Material and Newborn Health, www.unicef.org/sowc09/report/report.php. 31. James Strong, New Strong’s Exhaustive Concordance (Nashville: Thomas Nelson, 1996), s.v. «compassion.» 32. Bill Gates Sr. with Mary Ann Makin, Showing Up for Life: Thought on the Gifts of a Lifetime (New York: Broadway Books, 2009), 155. 33. «World Vision» — созмони хайрияи масеҳӣ, ки барои дигаргуншавии ҳаёти одамони камбағалтарин қариб дар 100 кишвар ёрӣ мерасонад, бо зимни Иёлатҳои Муттаҳидаи Амрико. — Тавзеҳи тарҷумон. 34. Ҷон Ҳеннинг Спик (1827-1864) — муҳаққиқи англис, ки Африқоро тадқиқ менамуд. — Тавзеҳи тарҷумон. 35. Darren Brown, ed., The Tales of Searchand Discovery (Guilford, CT: Lyons Press, 2003), 207–19. 36. Darren Brown, ed., The Tales of Searchand Discovery (Guilford, CT: Lyons Press, 2003), 223. 37. Jerry Bridges, The Pursuit of Holiness (Colorado Springs: NavPress, 1978), 64. 38. Edward W. Goodrick and John R. Kohlenberger, Zondervan NIV Exhaustive Cobcordance, 2nd ed., James A. Swanson, ed. (GrandRapids: Zondervan, 1999), 1487. 39. Номи бофта баровардашуда. 40. Linda Dillow and Lorraine Pintus. Gift-Wrapped by God: Secret Answers to the Question, «Why Wait?» (Colorado Springs, CO: WaterBrookPress, 2002), 59–64. 41. Дар тарҷумаи тоҷикӣ: «... сарварону ҳукуматдоронро аз қувваташон маҳрум сохта, гирифтори шармандагӣ кард ва бар онҳо дастболо шуд». 42. Номи бофта баровардашуда. 43. Charles Swindoll, The Tale of the Tardy Oxcartant 1,501 Other Stories (Nashwill: Word Publishing, 1998), 250. 44. Эдвин Лэндсир (1802–1873) — рассоми англис, ки асосан чун рассом-анималист маъруф аст. — Тавзеҳи тарҷумон. 45. Ron. Lee Dawis with James D. Denny, Mistreated (Portland, OR: MultnomahPress, 1989), 147–48. 46. Миннатдорӣ ба Стефан Ричарт-Уиллмес. 47. Кэддӣ — писараке ки дар бозии голф чавгонҳо ва тӯбчаҳоро меоварад. — Тавзеҳи тарҷумон. 48. Эдуард Эстлин Каммингс (1894–1962) — шоири амрикоӣ, ки аз бисёр ҷиҳат ба футуристҳои аврупоӣ наздик аст. Тамоми умр снобизм, конформизм ва озод набудани одамонро рад карда, чун исёнкор баромад менамуд. Эътирози худро бар зидди муқаррароти ҳукмрон, ҳамчунин ба забони маъмулӣ равона карда, аз бисёр меъёрҳои грамматикӣ, аломатҳои китобатӣ, ҳарфҳои калон ва дигар «талаботи шартӣ» даст кашид (аз ҷумла дар навиштани номи худ). — Тавзеҳи тарҷумон. 49. Charles W. Slemming, He Leadeth Me: The Sheperd’s Life in Palestine (Fort Washington, PA: Christian Literature Crusade, 1964), иқтибос аз: Charles R. Swindoll, Living Beyond the Daily Grind, Book 1: Reflections on the Songs and Sayings in Scripture (Nashville: W Publishing Group, 1988), 77–78. 50. Walter Kaufmann, ed., Existentialism from Dostoevsky to Sartre (New York: Meridian Books, 1956), 29–95.