ПОЛ ЭСТЕБРУКС
ИСТОДАГАРӢ ДАР ТӮФОН
Миннатдорӣ
Кори мазкур натиҷаи тадқиқотҳои бисёрсолае мебошад, ки аз тарафи миссияи "Дарҳои кушода" (Open Doors) дар мамлакатҳое, ки озодии виҷдон маҳдуд карда мешавад, ва дар мамлакатҳои озод гузаронида шудааст. Ба андозаи ҷамъ овардани маълумотҳо фаҳмо гардид, ки таҷрибаи бомуваффақияти зинда монданро, ки калисоҳо дар шароити таъқибот ба даст овардаанд, бо ҳам дидан зарур аст. Аз ин рӯ кори мазкур баъзе ақидаҳои пештар гуфташударо бо истифодаи маълумотҳои нав дар бар мегирад.
Чунин дастур (The Challenge: Victory) cоли 1970 аз тарафи доктор Эверетт Бойс (Everett Boyce) корманди шӯъбаи миссияи осиёии "Дарҳои кушода", ҳамчун даъват барои муқовимат ба таъқибот нашр карда шудааст. Дар амалӣ гаштани ин лоиҳа доктор Вигго Согаард (Viggo Sogaard), ки дар Таиланд оиди мавзӯи мазкур тадқиқотҳои ҷиддӣ гузарондааст, ва ҳазрат Уолтер Раути хурдӣ (Walter Routh Jr.), ки дар асоси таҷрибаи шахсии худ дар Вйетнам маълумотҳоро муҳайё намудааст, ёрии калон расонидаанд. Аз ҳамон вақт ин ҷониб Бойс якчанд маротиба ин дастурро аз нав кор карда баромадааст.
Дар охири солҳои 1970-ум, баъди гузарондани конфронси "Муҳаббат ба Африқо", як китобчаи хеле хурд, вале бениҳоят фоидаовар оиди азоби ногузир дар ҳаёти масеҳиён (Destined To Suffer) ба табъ расид.
Айнан дар ҳамон вақт доктор Ян Пит (Jan Pit) асари хуберо бахшида ба мавзӯи таъқибот барои эътиқодҳои дин (Persecution: It Will Never Happen Here?) навишт.
Дар ибтидои солҳои 1980-ум шӯъбаи "Дарҳои кушода"дар Иёлоти Муттаҳида боз як китоберо нашр намуд, ки ба масеҳиён барои бомуваффақият истодагарӣ кардан ба зулм ёрӣ мерасонад (Victory in the Battle). Онро Ҷорҷ Фрейзер (George Fraser) тайёр карда буд. Дар солҳои 1990-ум шӯъбаи "Дарҳои кушода" дар Малайзия бахшида ба дида баромадани вазифаҳое, ки дар назди Калисоҳо истодаанд ва муҳокимаи масъалаҳои тайёрии рӯҳонии масеҳиён ба он, ки ба муҳити душманона тоб оваранд, семинарҳо ташкил намуд.
Вале на чандон пештар мо ҳис кардем, ки асри ХХI-и омадаистода тафсирҳои бештар замонавии чунин дастур ва иловаҳои навро ба он талаб менамояд. Барои ин мақсад бо ёрии кормандони миссияи "Дарҳои кушода" аз ҳамаи сарчашмаҳои дар боло номбаршуда истифода бурдем, ва инчунин бисёр ихтиёриён тафсирҳои дастури мазкурро тартиб додаанд.
Дар кор аз болои бобҳо шахсони зерин иштирок кардаанд:
Рег Реймер (Reg Reimer) аз иттифоқи Умумиҷаҳонии Инҷилӣ, ва Дан Кянда (Dan Kyanda), материалҳоро барои боби сеюм оиди аксуламали масеҳиён ба таъқибот муҳайё сохтанд;
Элис Смит (Alice Smith) аз Маркази дуокунӣ (ИМА), Клинтон Арнолд (Сlinton Arnold) ва Дин Шерман (Dean Sherman) аз ҳаракати занони ҷавон материалҳоро оиди ҷанги рӯҳонӣ муҳайё сохтаанд;
Доктор Чак Суиндолл (Chuck Swindoll) ва Филип Янси (Philip Yancеу) рӯҳбаландкунанда гардиданд ва китобҳои онҳо дар бораи бахшиш ва файзи Худо сарчашмаи материалҳо барои боби нуздаҳум шуданд (тафсилотро дар Илова нигоҳкунед).
Китоби ман дар бораи сирри устувории рӯҳонӣ асоси муҳокимарониҳо оиди пуртоқатиҳои масеҳӣ ва рӯҳбаландӣ (Secrets To Spiritual Success) гардид, ки дар боби ҳаждаҳум баён карда шудааст.
Таҳлил ва баҳодиҳии китоби мазкур аз нуқтаи назари илоҳиётшиносӣ аз тарафи доктор Терренс Тиссен (Terrance Tiessen), муаллифи корҳо оиди пешбинӣ ва дуо (Providence and Prayer) ба ҷо оварда шудааст. Мо ба ӯ барои тавсияҳо ва иловаҳо миннатдории зиёд изҳор менамоем.
Раҳмат ба ҳамаи он касоне, ки дар ин кор ҳиссаи кӯчак ё бузурги худро гузоштаанд!
Муқаддима
ИСТОДАГАРӢ ДАР ТӮФОН
Масалҳо 10:25
Масеҳиён ҳарчӣ бештар он ҳақиқатеро дарк мекунанд, ки худро набояд бо умедвориҳо ва хаёлҳои хом оиди ҳаёти осон ва беғамона тасалло дод. Худи Исо дар ин бора гуфта буд. Пайравони Ӯ дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон дар таҷрибаи худ ҳақиқӣ будани суханони Ӯро мебинанд.
Дар ҷаҳон ғаму кулфат хоҳед дошт; лекин далер бошед: Ман бар ҷаҳон ғолиб шудам (Юҳ. 16:33).
Аз ин рӯ аксуламали дуруст ба озмоиш на ҷидду ҷаҳди аз таъқибот ва азоб гурехтан, балки хоҳиши дар ин озмоишҳо истодагарӣ кардан аст. Бале, мо бояд ҳақиқати ашкро дар ҳаётамон эътироф намоем, вале вақте фаро мерасад, ки Худо ашкҳои моро пок мекунад.
Мо дар ҷаҳоне зиндагӣ мекунем, ки ба майдони муҳориба монанд аст, на ба майдончаи бозӣ. Аз ин рӯ моро лозим аст, ки ба суханони боби шашуми Нома ба Эфсӯсиён дар бораи дар бар кардани зиреҳи куллии Худо ҷиддӣ гӯш диҳем: "Бинобар ин, зиреҳи куллии Худоро бигиред, то ки дар рӯзи бад муқобилат намуда, ва ҳамаи корҳоро анҷом дода, истодагӣ карда тавонед" (Эфс. 6:13, аз тарафи худам хат кашида шудааст. — П. Э.).
Мо инчунин дигар суханони Исоро дар хотир дорем: "Пас, ҳар кӣ ин суханони маро бишнавад ва онҳоро ба ҷо оварад, ӯро ба марди оқиле монанд мекунам, ки хонаи худро бар санг бино кард; ва борон борида, селобҳо равон шуд, ва бодҳо вазида, ба он хона фишор овард; лекин он хона фурӯ нарафт, чунки бар санг бино шуда буд" (Матто 7:24–25).
Исо ваъда накарда буд, ки бодҳои тӯфонӣ ба рӯи мо намевазанд, вале Ӯ бовар мекунонд, ки хонаи дар рӯи санг бино кардашуда дар ҳама гуна тӯфон истодагарӣ карда метавонад. Таҳкурсии мустаҳкам гуфта он дар назар дошта шудааст, ки мо на танҳо суханони Исоро мешунавем, балки ба онҳо итоат низ мекунем. Чунин итоаткорӣ ба Каломи Худо кафолати он аст, ки мо ҳатто ба таъқиботҳои аз ҳама сахт тоб оварда метавонем. Мақсади курси мо — ёфтани ҳақиқатҳои ҳаётан муҳими каломӣ мебошад, ки ба мо барои истодагарӣ кардан дар ҳар гуна шароитҳо ёрӣ мерасонанд.
Дар баъзе минтақаҳои ҷаҳон қатъи назар аз таъқиботҳои имондорон бедоршавии рӯҳонӣ сар шуда истодааст. Худо имони пайравони Худро ба воситаи оташи азобҳо пок мегардонад. Сохти калисоҳо дигаргун мегарданд ва одамон ба сарфаҳм рафтани мақсадҳои афзалиятноки худ сар мекунанд. Худи Калисо ба моҳиятҳои асосии худ бармегардад. Шахсияти нав дар Масеҳташаккул меёбад. Маънои ҳақиқии дигаргуншавии шахсиятро дар Масеҳдар тасдиқотҳои Павлус ёфтан мумкин аст: "…бар ҳамаи ин мо ба воситаи Дӯстдорамон пурра ғолиб меоем" (Рум. 8:37). Дар бораи онҳое, ки душвориҳоро паси сар мекунанд ва ғолиб меоянд, дар Китоби Ваҳйи ҳавворӣ Юҳаннои Фақеҳгуфта мешавад.
Боз, дар давоми зиёда аз панҷоҳсоли хизматгузорӣ ба масеҳиёни гирифтори таъқибот (мо ба онҳо Китобҳои Муқаддас равон карда, онҳоро рӯҳбаланд месохтем), кормандони миссияи мо ба он боварӣ ҳосил карданд, ки таҷрибаи ба таъқибот гирифторшудагон дар ҳаёти ҳаррӯза истифода бурдани ҳақиқатҳои библиявиро ба мо омӯхта метавонад. Дар ин бора ҳавворӣ Павлус дар Номаи дуюм ба Қўринтиён мегӯяд (1:3–4):
Муборак аст Худо… Худои ҳар тасалло, ки моро дар ҳар андӯҳи мо тасалло медиҳад, то ки мо андӯҳгинонро дар ҳар андӯҳашон бо ҳамон тасаллое, ки худамон аз Худо меёбем, тасалло дода тавонем.
Ҳар як дарс дар китоби мо шаҳодати зиндаи масеҳиёни он Калисое мебошад, ки мо онро таъқибшаванда меномем. Онҳо бо бародарон ва хоҳарон аз ҷаҳони озод, ки дар назари мо озодиаш маҳдудтар мегардад, таҷрибаҳои худро бо ҳам мебинанд. Мо чунин меҳисобем, ки дар башоратҳои онҳо тухми навсозии рӯҳонӣ барои ҳамаи масеҳиён ниҳон аст.
Мо ҳамчунин қатъӣ боварӣ дорем, ки дар "замонҳои охир" зиндагӣ мекунем (Ба Матто 24 ва Марқ. 13 ниг.). Дар ин "рӯзҳои охир" барои масеҳиён нигоҳдоштани имони худ ҳар чӣ мушкилтар мегардад. Аз ин рӯ ба мо лозим аст, ки ба ҳаёти худ дар Масеҳ, ва ба қувваи ҳаёти Ӯ дар эҳё ба таври нав нигоҳкунем.
Навиштаҳо таълим медиҳанд, ки Худо ягона мақсадро пеш гирифтааст: Ӯ кӯшиш мекунад, ки моро аз рӯи тимсоли Писари Худ дигаргун созад. Вале "тимсоли Писари Ӯ" дар чист? Ҷавобро ба ин савол дар суханони худи Исо ёфтан мумкин аст: "Зеро Писари Одам низ на барои он омад, ки ба Ӯ хизмат кунанд, балки барои он, ки хизмат кунад ва ҷони худро барои фидияи бисёр касон бидиҳад" (Марқ. 10:45).
Ҳамин тавр далерона тасдиқ кардан мумкин аст, ки Худо мехоҳад, то мо низ дар ҳаёти худ чунин рафтор намоем — рўҳу ҷони худро бо итоаткории ҳақиқӣ диҳем ва бо хоҳиши самимона ба дигар одамон ёрӣ диҳем. Худо моро ба оилаи Худ ба воситаи имон ба Писараш меорад, ва баъди он ҳамон сифатҳоеро дар мо тарбия менамояд, ки Масеҳро шахсияти ягона гардонидааст. Дар мо бояд дили хизматгори Ӯ ва рӯҳи фидокоронаи Ӯ бошад. Масеҳиён бисёр вақт таъиноти асосии худро аз мадди назар дур месозанд.
Нишонаҳои аз ҳама маъмултари Масеҳӣ салиб, моҳӣ ва кабўтар мебошад, ки Рӯҳи Муқаддасро ифода менамояд. Эҳтимол нишонаи он на он қадар маъмул ва қариб, ки номувофиқ сачоқ бошад — ҳамон сачоқе, ки Исо дар хизматгузории фурӯтанона пойҳои шогирдонро бо он хушконида буд.
Боз як образи пурзӯри масеҳиён — ҷанговари ҷангидаистода мебошад. Аз сабаби ҳодисаҳои даҳшатноки таърихӣ, вақте ки масеҳиён яроқ ба даст гирифта ба муқобили дигар одамон ва ҳатто ба муқобили дигар масеҳиён мубориза мебурданд, моро лозим меояд, ки ҳангоми истифодаи ин рамз хеле эҳтиёткор бошем, вагарна баъзе одамон инро ҳамчун таҳдиди зӯроварии ҷисмонӣ фаҳмида метавонанд, ки мутлақо бар хилофи таълимотҳои каломӣ мебошад. Бо вуҷуди ин мо наметавонем аз тимсоли аҳдиҷадидии ҷанговари Масеҳ, ки дар муҳорибаҳои рӯҳонӣ фаъолона мубориза мебарад, даст кашем, аз ин рӯ дар дастури мазкур мо ин маҷозро — тимсоли ҷанговар-хизматгорро истифода мебарем. Дар Амбон (Индонезия) дар ибтидои соли 1999 лагери масеҳиёни ҷавон бо номи "Ҷанговари Салиб" ташкил карда шуда буд. Ба ин истироҳатгоҳмоҷароҷӯёни хашмгиншудаи мусулмон ҳуҷум карданд, ва писарбачаи понздаҳсоларо бо номи Рой Ронтон асир гирифта, ба истинтоқкунӣ сар карданд. Ба саволи "Ту кистӣ?" вай ҷавоб дод: "Ман ҷанговари Исои Масеҳҳастам". Моҷароҷӯёни ба девонагӣ расида дасти чапи ӯро буриданд.
Истинтоқ давом дошт. "Ту кистӣ?" Ва аз сари нав Рой ҷавоб дод: "Ман ҷанговари Исои Масеҳҳастам". Он вақт дасти рости вайро буриданд.
Вақте вайро маҷбур намуданд, ки суханони "Аллоҳу Акбар"-ро такрор намояд, вай ҷавоб дод: "Он қадаре ки ман медонам, Исои Масеҳягона Худованд мебошад". Баъди ин сарбурони хашмгиншуда шиками вайро чок карда, ба саволи "Ту кистӣ?" ҷавоб талаб намуданд.
Қувваҳои охирини худро ҷамъ намуда, Рой нафас баровард: "Ман ҷанговари Исои Масеҳҳастам". Сари вайро аз танаш ҷудо карда, баданашро ба ҷӯй партофтанд.
Шубҳа надорам, ки агар мо бо шумо дар арафаи ин ҳодиса бо Рой сӯҳбат менамудем, шояд мо дар ӯ чунин далерӣ ва садоқатро ба Исо пайхас карда наметавонистем. Вале Рой бошарафона озмоишро паси сар кард; ӯ ба назди Худованди худ ҳамчун ғолиб бурда шуд.
Мо тахмин мекунем, ки маълумотҳои моро одамони имондор мехонанд ва аз худ мекунанд, зеро ҳаёти масеҳии ҳама чизро паси саркунанда ба сар бурдан на танҳо мушкил аст, — балки чунин ҳаёт ба сар бурдан имконнопазир аст. Бе имон имконнопазир аст!
Ба мо гоҳо чунин менамояд, ки бовар кардан қарзи мост ё чизест, ки мо қарздорем ба Худо баргардонем. Дар ҳақиқат мо ҳатто худ бовар карда наметавонем, ва ба Худо ҳеҷ чиз дода наметавонем. Мо бояд дар ҳама кор ба Ӯ такя намоем, — ҳатто дар имон. Вақте ки мо имонро ҳамчун тӯҳфаи қиматбаҳои Ӯ қабул менамоем, мо аз болои гуноҳғалабаро ба даст меорем ва бошарафона аз ҳама озмоишҳо мегузарем. Ин берун аз қудрати мо мебуд, агар мо танҳо ба имони заифи худ умед мебастем. Имон аз азобҳо озод наменамояд, балки он ҳамеша ба мо қудрат медиҳад, ки дар азобҳо ғолиб оем.
Як роҳбари калисо аз мамлакате, ки дар он ҷо масеҳиёнро таъқиб мекунанд, чунин нақл кард: "Ҳаёти моро ба ҳаёт дар буғпазак монанд кардан мумкин аст. Барои зинда мондан мо бояд имоне дошта бошем, ки дар зери фишори баланд, дар буғ озмуда шудааст. Ҷавонони мо Масеҳро на барои он қабул мекунанд, ки Ӯ ба онҳо тақдири беҳтареро ваъда кардааст ва на барои он, ки имон ба Ӯ "ба мӯд даромадааст". Онҳо ҳамин тавр мефаҳманд, ки баҳри Ӯ мурдан меарзад. Эҳтимол, шогирдии онҳо онҳоро маҳз ба чунин интиҳо оварда мерасонад".
Дар дастури мазкур мо фактҳои таъқибот ва натиҷаҳои таъқибот — азоб ва андӯҳро тадқиқ менамоем. Бо ин таъқиботҳо ва андӯҳҳо иблис мехост, ки дар мо ҳисси рӯҳвфтодагиро бедор созад, ва бо ин моро тарсонад ва дар охир шикаст диҳад. Мо дурӯғи иблисро ошкор месозем, ва бо ин нишон медиҳем, ки чӣ хел Худо ба мо амр менамояд, ки умед бастан ба Ӯро — ҳавои тозаи барои рӯҳи инсон зарурро нигоҳдорем.
Дар солҳои 1980-ум корманди миссияи "Дарҳои кушода" меҳмони яке аз шубонҳо дар Вйетнам — идеологи яке аз калисоҳои хонагии зуд инкишофёбанда гардида буд. Ба ӯ маълум гашт, ки ҳукумат шубонро бо ҳабс кардан таҳдид менамояд. Шубон ба ҳамкори мо гуфт: "Ман медонам, ки ин дер ё зуд ба амал меояд. Агар маро ҳабс кунанд, ман аллакай одамҳои худамро тайёр кардаам. Ман ба ин тайёрам".
Дар чунин ҷавоб се ҷиҳатро ёфтан мумкин аст:
ақлӣ: "Ман медонам, ки… ин ба амал меояд".
амалӣ: "Дар ҳолате, ки маро ҳабс кунанд, ман аллакай одамҳои худро тайёр кардаам".
рӯҳонӣ: "Ман ба ин тайёрам".
Дар дастурамон мо кӯшиш мекунем ҳамаи ин се ҷиҳатҳоро дар ҳаёти масеҳиён дар шароитҳои таъқиботҳои динӣ тадқиқ намоем. Инчунин мафҳумҳои асосии китоб (салиб, Калисо, муноқиша, имкониятҳо ва захираҳои зиндамонӣ, тайёрӣ ба ғалабаи рӯҳонӣ, ғалаба) аз рӯи ин се нуқтаи назар — ақлӣ, рӯҳонӣ ва амалӣ таҳлил карда мешаванд.
Дар илова тавсияҳо барои гузарондани семинарҳо, муҳокимаи назарияи ҷанги одилона ва сабақҳое, ки мо аз ҳаёти имондорони собиқ давлатҳои шӯравӣ баъди барҳамхӯрии пардаи оҳанин бардоштаем, ҷой доранд. Ба дастур дафтари корӣ барои хонандагон пешкаш карда мешавад. Ва дар охир боз як тавсия: пеш аз он, ки ба омӯзиши боби якум сар кунед, китоби пайғамбар Ишаъё, боби 52-ум ва 53-юмро хонед.
ҚИСМИ I
Салиб
Бoби якум
НАXОТКОРИ БЕҲАМТОИ МО
Ибр. 13:8
Се тавсифномаи Исои Носирӣ беназирии шахсияти Ӯро тасдиқ менамояд:
1. Исои Масеҳфарди марказии таърих, Китоби Муқаддас ва Калисо аст!
Ӯ шахсияти беназирест дар байни ҳамаи одамоне, ки дар рӯи замин боре зиндагӣ карда буданд, ва номи Ӯ аз ҳама номҳо баланд мебошад. Худо буда, Ӯ ҷисм гардид ва дар байни мо зиндагӣ кард. Ба пуррагӣ одам ва ба пуррагӣ Худо! (ба Фил. 2:6–11 ниг.).
2. Исои Масеҳ— маркази ҳамаи тамаддун
Ӯ-меҳварест, ки дар атрофи он ҳамаи илоҳиётшиносии мо чарх мезанад. Ӯ нуқтаест, ки дар он абадияту вақт якдигарро бурида мегузаранд. Ӯ Наҷоткорест, ки аз азал вуҷуд дошт ва ба Худ тамоми мавҷудотҳоро ҷалб карда буд (ба Қўл. 1:15–17 ниг.).
3. Исои Масеҳ— ваҳйи пурраи Худо
Ӯ Каломи мутлақ ва Худои таҷассумёфта аст. Ӯ Писари пурқудрати Худо ва Наҷоткори дӯстдорандаи инсоният мебошад (ба Юҳ. 1:1–18 ниг.). Ӯ Намунаи такрорнашаванда, Устоди ҳамадон, Ҳокими меҳрубон ва Роҳбари хирадманд, Тасаллодиҳандаи азияткашида ва Шифодиҳандаи пурқудрат, Наҷоткори дилпур ва Кафоратдиҳандаи комилҳуқуқ, Дӯсти наздик ва ҳақиқӣ ва Худованди муқаддас ва меҳрубони мо мебошад. Ӯ иҷроиши ҳамаи он се вазифаҳои дар Аҳди Қадим гуфташуда: Пайғамбар, Коҳин ва Подшоҳмебошад (ниг.ба Ибр. 10:19–23; Ваҳй 7:14).
Як муаллифи номаълум дар хулосаи ҳикояти худ дар бораи аҳамияти ҳаёти Исо чунин мегӯяд: "Ҳамаи артишҳои ягон замон дар рӯи замин роҳпаймуда, тамоми қисмҳои баҳрӣ, ки ягон замон паҳнои уқёнусҳоро ба ҳар сӯ бурида мегузаштанд, тамоми шоҳони замоне дар рӯи замин ҳукмронӣ карда, ва ҳамаи ҳукуматҳои дар дунё замоне вуҷуд дошта — ҳамаи онҳо дар якҷоягӣ ба ҳаёти одам чунон таъсире расонда натавонистанд, ки худи як ҳаёти Исо расондааст!"
Ба ҳамин тариқ, Исо Шоҳи шоҳон ва Худованди сарварон мебошад. Ва ҳарчанд Исо Шоҳи ҳақиқӣ мебошад, Ӯ ба рӯи замин на барои он омад, ки аз баландиҳои мақоми худ ҳаловат барад, балки барои он омад, ки ба одамон хизмат кунад. Ӯ дар байни камбағалон ба дунё омад ва тамоми ҳаёти Худро ба бенавоён ва инкоркардашудагон бахшид. Ӯ шоҳаст, вале барои он омад, то ки аз дасти одамон азоб кашад, то ки дар салиб марги нанговарро қабул кунад, Худоро ҷалол диҳад ва бар иблис ғалаба ба даст орад.
Шашсад сол пеш аз таваллудшавии Исо, пайғамбар Ишаъё ба дунё омадани Кӯдакро аз Бокира пешгӯӣ карда буд, ки номи Ӯ Имонуил хоҳад буд, ки маънои "Худо бо мо"-ро дорад (ба Ишаъё 7:14 ниг.). Пайғамбар пешгӯии худро бо як қатор унвонҳои тамоман беназири Ӯ пурра менамояд: "Аҷиб, Мушовир, Худои Ҷаббор, Падари ҷовид, Мири осоиштагӣ" (Ишаъё 9:6). Вале пайғамбар манзараи Исои азоб кашидаистодаро боз ҳам муфассалтар тасвир кардааст.
Исо ҳукмронӣ намекард, балки хизмат мекард ва Китоби Муқаддас ба мо тасвири аниқи Исо — Хизматгори ҷафокашро нишон медиҳад, ки мартабаи ғуломии Ӯ ҳанӯз аз тарафи Ишаъё пешгӯӣ карда шуда буд. Қуллаи азобҳои Ӯ дар хизматгузорӣ — азобҳои салиб дар Ҷолҷолто мебошад. Биёед мавзӯи каломии хизматгори ҷафокашро бо тартиб дида мебароем.
1. Исо ба мо намунаи хизматгузориро нишон дод
Ӯ Худ гуфта буд, ки ба ҷаҳон на барои он омадааст, ки ба Ӯ хизмат кунанд, ҳарчанд Ӯ Шоҳи комилҳуқуқ буда, ба ин ҳуқуқи пурра дошт. Баръакс, Ӯ омад, то ки ғулом гардад (ниг. ба Фил. 2:7). Дар таълимотҳои Худ Ӯ тасдиқотҳои парадоксалиро иброз медошт: мурдан маънои зистанро дорад, гум кардан — маънои ба даст оварданро, ба сифати хизматгор хизмат кардан маънои ҳукмронӣ карданро дорад.
2. Тасвири аз ҳама аниқ ва ҳақиқии Исо, ки аз тарафи нависандаи Китоби Муқаддас офарида шудааст, тимсоли хизматгори ҷафокаш аст
Ин Исои маслубшуда аст. Ишаъё шашсад сол пеш аз ба дунё омадани Исо маслубшавии Ӯро пешгӯӣ карда буд.
3. Ишаъё Исоро дар нақши хизматгори ҷафокаш пешгӯӣ намудааст
Дар пешгӯиҳои Ишаъё мо чор "суруди ғулом"-ро дида метавонем. Аз ҳама машҳури онҳо, нуқтаи баландтарин — суруди чорум аст, ва дар он ҳар як ибора ва ҳар як калима диққати махсусро талаб мекунад. Чун дар ҳамаи сурудҳои дигар, дар ин суруд низ усули айнияти шоирона истифода бурда шудааст, ва ҳар боре ки мо онро мехонем, чизҳои бештаре ба мо ошкор мешаванд. Сурудро ба панҷ порча тақсим кардан мумкин аст, ки ҳар кадом се оят дорад:
Инак, бандаи Ман комёб хоҳад гардид, олиқадр ва болодаст ва ниҳоятдараҷа баланд хоҳад шуд.
Чунон, ки бисёр касон аз Ту дар ҳайрат монда буданд, — зеро ки намуди Ӯ аз ҳар шахс ва симои Ӯ аз банӣ одам бештар маиб шуда буд!
Ончунон Ӯ халқҳои зиёдеро дар ҳайрат хоҳад андохт; подшоҳон пеши Ӯ даҳони худро хоҳанд баст, зеро он чиро ки ба онҳо ҳикоят карда нашуда буд, хоҳанд дид, ва он чиро, ки нашнида буданд, хоҳанд фаҳмид.
Кист, ки ба овозаи ба гӯши мо расида бовар карда бошад, ва кист, ки бозӯи Худованд бар вай зоҳир гардида бошад?
Ӯ мисли навдае ба ҳузури Худованд рӯида аст, ва мисли решае аз замини хушк; Ӯро на симое буд, на ҷамоле, то ҳавас кунем, ки ба Ӯ назар андӯзем; ва на намуде буд, то муштоқи дидораш гардем.
Ӯ манфур буд ва радди мардум, дардманд ва ранҷур, ва мисли касе ки аз вай рӯй мегардонанд; Ӯ манфур буд, ва мо Ӯро писанд намекардем.
Аммо Ӯ бемориҳои моро ба сар мебурд, ва ба дардҳои мо мубтало буд, валекин мо гумон бурдем, ки Ӯро Худо зада, ба мусибат ва азиятҳо гирифтор карда аст.
Ва ҳол он, ки Ӯ аз ҷиноятҳои мо маҷрӯҳ, аз гуноҳҳои мо афсурдахотир шудааст; сазои осоиштагии мо бар ӯст, ва ба воситаи ҷароҳатҳои Ӯ мо шифо ёфтаем.
Ҳамаамон мисли гӯсфандон гумроҳбудем: ҳар яке бо роҳи худ мерафтем; ва Худованд гуноҳҳои ҳамаи моро ба гардани Ӯ монд.
Ӯ ситам кашид, вале гардан фаровард, ва даҳони худро воз накард; мисли гӯсфанде ки барои забҳбурда мешавад, ва мисли баррае ки назди пашмтарошонаш безабон аст, Ӯ ҳамчунон даҳони худро воз накард.
Ӯ аз банд ва аз доварӣ гирифта шуд, ва кист, ки бо насли Ӯ мусоҳиба намояд? Зеро ки Ӯ аз замини зиндаҳо қатъ карда шуд; барои гуноҳҳои қавми Ман ба Ӯ осеб расид.
Ва қабри Ӯро бо шарирон таъин карданд, ваде баъди мурданаш — бо сарватдоре гӯрониданд, гарчанде ки Ӯ гуноҳе накардааст, ва дар забонаш макре набуд.
Валекин хости Худованд ин буд, ки Ӯро зарба зада, ба дардҳо гирифтор кунад; вақте ки Ӯ ҷони Худро кафорат намояд, насл дида умраш дароз хоҳад шуд, ва хости Худованд дар дасти Ӯ муяссар хоҳад гардид.
Ӯ аз заҳматҳои ҷони Худ самар дида, қонеъ хоҳад шуд; Бардаи Одили Ман бо дониши Худ мардуми бисёреро сафед хоҳад кард, ва гуноҳҳои онҳоро бар дӯши Худ хоҳад бардошт.
Бинобар ин Ман ба Ӯ дар миёни бузургон ҳиссае хоҳам дод, ва Ӯ ғаниматро бо зӯроварон тақсим хоҳад кард, дар ивази он ки ҷони Худро ба марг таслим намуд, ва аз ҷинояткорон шуморида шуд, ва гуноҳи мардуми бисёреро бар Худ бор кард, ва барои ҷинояткорон шафоат намуд (Ишаъё 52:13–53:12).
Дар ин суруд нақши кафоратдиҳандагии Ӯ хусусияти фарқкунандаи беназири хизматгор номида шудааст. Ба фикрҳои асосии суруд диққат диҳед:
Он бо болобардор намудани хизматгор сар мешавад ва ба охир мерасад (порчаҳои якум ва панҷум);
Дар маркази ҳикоя — воқеаи радшавии хизматгор (порчаҳои дуюм ва чорум);
Дар порчаи марказӣ (сеюм) маънои кафоратдиҳандагии азобҳо фаҳмонида мешавад: "Ва ҳол он ки Ӯ аз ҷиноятҳои мо маҷрӯҳ, ва аз гуноҳҳои мо афсурдахотир шудааст; сазои осоиштагии мо бар Ӯст, ва ба воситаи ҷароҳатҳои Ӯ мо шифо ёфтаем".
Боз ва боз муаллифони Аҳди Ҷадид айнан ё маҷозан вақте ки Исои Масеҳва қурбонии кафоратдиҳандаи Ӯро дар салиби Ҷолҷолто тасвир менамоянд, ба ин суруд рӯ меоранд.
Ҳавворӣ Павлус мегӯяд, ки Исо Худро мутеъ намуд, салибро бардошта барои ҳамаи мо мурд. Баъд Ӯ баланд бардошта шуд, ва ба Ӯ номи аз ҳама номҳо баланд дода шуд. Дар пеши номи Исо ҳама зонуҳо қат мешаванд, ва ҳар як забон Ӯро ҳамчун Худованд мавъиза хоҳад кард (Ба Фил. 2:6 ниг.).
Мо танҳо ба таври хира метавонем ба худ бузургии асрорангези он чизеро, ки Наҷоткори мо ба ҷо овардааст, тасаввур намоем. Мо ба Ӯ бовар мекунем, ва ба он бовар карда шодӣ менамоем, ки Ӯ музди гуноҳҳои моро ба пуррагӣ пардохт намудааст. Азобҳои баённашавандаи Исо ба мо роҳро сӯи хурсандиҳои ифоданопазир кушод.
4. Ба ҳамин тариқ мо ба хулоса омада метавонем, ки сирри ғалабаҳо дар салиб ниҳон аст
Чунин аст роҳи Худо: Чӣ хеле ки мо аз Китоби ҳавворӣ Юҳаннои Фақеҳмебинем, Барра ки забҳ, карда буданд, — бар тахт нишонда шуд (ба Ваҳй 5;6; 17:14; 19:7–10 ниг.). Айнан ҳамин хел ғалабаи ҳақиқии мо дар рӯҳнишонаи салиб дар ҳаёти мо мебошад.
Ва ҳарчанд сурудҳои пешгӯии Ишаъё бевосита хизматгори азияткаш — Исоро дар назар доранд, инчунин аз порчаҳо маълум мегардад, ки ҳамон принсипҳои итоат ба иродаи Худо — қабули салиби худ ба ҳар арзише, ки бошад — барои шогирдони Исо низ қобили қабул аст.
Ҳавворӣ Павлус тез-тез дар бораи салиб мегӯяд, махсусан дар Нома ба Ғалотиён. Дар аввал вай изҳороти ғайримуқаррарие мекунад: "Ман бо Масеҳмаслуб шудаам. Ва акнун на ман зиндагӣ мекунам, балки Масеҳдар ман зиндагӣ мекунад. Ва ин ки ҳоло дар ҷисм зиндагӣ мекунам, ин яъне бо имон ба Писари Худо зиндагӣ мекунам, ки маро дӯст дошт ва Худро барои ман таслим кард (Ғал. 2:19–20). Баъдтар дар охири Нома ӯ ҷамъбаст менамояд: "Ва ман, ҳошо ва калло, ки фахр намоям, магар ин ки фақат бо салиби Худованди мо Исои Масеҳ, ки ба воситаи он ҷаҳон барои ман маслуб шудааст, ва ман — барои ҷаҳон" (Ғал. 6:14).
Дар ин ҷо дар бораи се намуди маслубкунӣ гуфта мешавад. Дар аввал маслубкунии Исо, ки асоси наҷоти мо мебошад. Маҳз марги Ӯ дар рӯи салиб кафорати моро таъмин намуд. Баъдтар маслубкунии ҷаҳон меояд. Мо бояд аз ҳаловатҳо, карру фар ва бойигариҳои ҷаҳон ва инчунин аз ҳамаи он чи ба гирифтани баракати комил халал мерасонад, даст кашем. Баъд мо ҳамчун имондор, рӯз аз рӯз бояд худро маслуб созем, то ки моро васвасаҳои ин ҷаҳони фосиқшуда ба худ ҷалб нанамояд.
Дар Номаи дуюм ба Қуринтиён (1:9) Павлус дар бораи ҳукми марг барои худ ҳамчун дар бораи усуле мегӯяд, ки бо ёрии он Ӯ маргро бартараф менамояд. Мо танҳо ҳамон вақт озодии рӯҳониро ба даст оварда метавонем, ки ҳар он чи дорем, ба Худо дода тавонем, — ояндаи худро, дӯстдорони худро ва ҳатто ҷони худро.
Дар Инҷили Луқо (9:23–25) мо мехонем, ки такяи асосиро на ба қурбонӣ кардан даркор аст, балки ба ҳақиқат. Танҳо масеҳиён метавонанд ин ҳукмро ба ҷо оранд. Барои чӣ? Барои он, ки ба воситаи маслубкунӣ Худо моро ба эҳёшавӣ даъват менамояд.
Мақсади аввали хушхабаррасонӣ — ба фаҳмиши имондорон расонидани умқи алоқаҳои хизматгузории фидокоронаи Исо ба фарзандони Худ, азобҳои Ӯ (салиб) ва эҳёшавӣ (наҷот) мебошад. Қайд кардан ва исбот карда тавонистан муҳим аст, ки маҳз азобҳо асоси хизматгузорӣ ва эҳёшавӣ мебошанд.
1. Азият — мавзӯи асосии Инҷил. Бе маслубшавӣ эҳёшавӣ буда наметавонад
Ақидаи асосии Хушхабар аз он иборат аст, ки Исои Масеҳна танҳо аввалин шуда намунаи ҳақиқии хизматгузорӣ ва азобро нишон дод — Ӯ аввалин шуда роҳро сӯи ҳаёти абадӣ кушод, ки ба воситаи эҳёшавист.
Эҳёшавии Исои Масеҳба мо имконият медиҳад, ки ҳамаи маънои образи ғуломи азияткашидаро фаҳмем: "Ӯ дар ин ҷо нест, зеро чунон, ки гуфта буд, эҳё шуд…" (Мат. 28:6). Чӣ хеле ки Исо азобҳои Худро пешгӯӣ карда буд, ҳамон хел ғалабаи Худро аз болои иблис ва марг низ пешгӯӣ карда буд.
2. Худованд барои мову шумо эҳёшавиро дастрас кард. Вале эҳёшавӣ танҳо баъди салиб меояд
Исои маслубшуда ва эҳёшуда салиби Худро бардошт, ва ҳамаи салибҳои мо ибтидои худро аз салиби Ӯ мегиранд.
Дар Номаи якум ба Қўринтиён (15:19), ҳавворӣ Павлус дар бораи ҳаёти мо дар қаринаи матни эҳёшавӣ мегӯяд. Ӯ мегўяд, ки агар эҳёшавӣ ҳеҷ гоҳдар рӯи замин набуда бошад, пас мо одамони аз ҳама бадбахттарини рӯи замин мебошем. Барои чӣ? Барои он, ки танҳо мо худро дар ҳолати вазнини имондорон ба Худованди эҳёшуда мегузорем. Танҳо мо баҳри Масеҳаз васвасаҳое, ки ин ҷаҳон пешкаш мекунад, даст мекашем.
Бисёрии мо метавонанд бо Павлус розӣ нашаванд, зеро тарзи ҳаёти мо на ҳамеша мувофиқи ақидаҳои эҳёшавии Масеҳба роҳмонда мешавад. Ҳатто агар эҳёшавӣ намебуд ҳам, мо метавонистем бо ҳаёти осудаҳолона зиндагӣ кунем. Мо баҳри Масеҳшуда, ба шароитҳои вазнин гирифтор намешудем. Вале озодии қатъии мо маҳз дар ин аст; мо онро вақте ба даст овардем, ки худро инкор кардем, салиби худро бардошта, Масеҳро пайравӣ намудем.
Исо вақте ки дар рӯзи Пантикост Рӯҳулқудсро равон кард, ба мо, ба пайравонаш додани қувваи эҳёшавии Худро ба охир расонд (ба Аъмол 2:1–41 ниг.). Шогирдони Ӯ, ки пештар ба тарсончакии худ машҳур буданд, акнун бо Рӯҳулқудс пур гашта, мардони имон гардида, бо қувваи рӯҳонӣ ва қудрат фаро гирифта шуда буданд.
Ба марг ва эҳёшавии Ӯ ҳамнафас буда, мо дар бадани Исо "ҳуҷайраҳо" мегардем (ба Эфс. 1:22–23 ниг.). Исо дар мо бо Рӯҳи Муқаддаси Худ медурахшад. Мартин Лютер гуфта буд: "Ман то он даме масеҳии ғалабаовар мемонам, ки дар бораи худ ва дар бораи Исои Масеҳчун шахсияти ягона фикр мекунам…"
Боби 54-уми Китоби пайғамбар Ишаъё бевосита баъди суруди чоруми хизматгор дар боби 53-юм меояд. Мазмуни он бо тасвири азобҳои Масеҳзиддияти ҳайратоваре дорад.
1. Пешгӯии эҳёшавӣ дар боби 54-уми Китоби пайғамбар Ишаъё
Шод бош, эй безурёт, ки назоидаӣ; тараннум намо ва хурсандӣ бикун, ки дарди зоишро накашидаӣ; зеро писарони зане ки матрук аст, назар ба зани шавҳардор зиёдтаранд, — мегӯяд Худованд (Иш. 54:1).
Ҳавворӣ Павлус ин оятро дар Номаи худ ба Ғалотиён иқтибос меорад ва Калисои Аҳди Ҷадидро дар назар дорад (ба Ғал. 4:25–27 ниг.). Оят рамзан манзараи хурсандиовари тантанаи пурҷалоли Инҷилро дар ҷаҳоне, ки баъди салиб ва эҳёшавӣ хоҳад буд, дар бар мегирад.
"Маънои пурраи хизматгори азияткашро аз боби 53-юми Китоби Пайғамбар Ишаъё танҳо баъди дарки маслубшавии Исо фаҳмидан мумкин аст, ва инчунин дарави хурсандиоварро дар боби 54-ум низ — танҳо баъди дарки тавлиди Калисо дар рӯзи Пантикост. Ҳосили рӯҳонӣ ба ҳиссиёти хурсандӣ монанд аст — он ваъдаи Инҷилӣ мебошад, ки мувофиқи он ба василаи мавъизаи Инҷил Калисои умумиҷаҳонии Масеҳгирд меояд" (Патрик Ҷонстон (Patrick Johnstone).
2. Дар васияти охирини Худ пеш аз ба осмон сууд карданаш Исо ба шогирдон амр намуд, ки Инҷилро ба тамоми ҷаҳон мавъиза намоянд
Дар бораи ин фармон дар чор ҳуҷҷати классикӣ гуфта мешавад, вале бештар дар Инҷили Матто (28:18–20) иқтибос оварда мешавад. Худованд амр менамояд, ки ба ҷаҳон бираванд, ва амри Худро бо чунин суханони ҳайратовар иброз медорад: "Ба Ман тамоми қудрат дар осмон ва дар замин дода шудааст".
Ҳар кас мефаҳмад, ки Исо тамоми қудратро дар осмон дорад, вале акнун Худованд ба гурӯҳи на чандон калони шогирдони Худ хабар медиҳад, ки Ӯ тамоми қудратро дар рӯи замин доро буда, онҳоро бо хушхабари Инҷил то ақсои замин мефиристад. Асоси таълимоти Ӯ маҳз дар ин аст — дар қудрати Ӯ, ки аз Падар гирифтааст.
Фақеҳи ҳолландӣ Абраҳам Кайпер (Abraham Kuyper) дар ин бора чунин мегӯяд: "Дар тамоми ҷаҳони офаридашуда ягон дюйми мураббаъ вуҷуд надорад, ки Исо гуфта натавонад: "Ин аз они Ман аст!"
Бародар Андрей (brother Andrew) мегӯяд: "Бо тасдиқи пурқудрати Худ Исо барои мо майдони набардро муайян кард, ва дар муноқишаи рӯҳонӣ мақсадҳоро барқарор намуд. Ӯ шогирдонро ба музофотҳои душман равон кард, то одамонеро талаб намоянд, ки иблис монеаҳои гуногун — маданӣ, забонӣ ва ҳатто давлатиро истифода бурда, онҳоро бо ёрии гуноҳдар асирӣ нигоҳмедорад".
Ба шогирдони Худ фармони ба назди халқҳои гуногуни ҷаҳон рафтан ва онҳоро ба имон даъват карданро дода, Исо ба онҳо ва ба мо барои тасалло чунин гуфт: "…Ман ҳаррӯза то охирзамон бо шумо ҳастам" (Мат. 28: 20).
Ҳамаи гуфтаҳои болоро ба назар гирифта, мо аллакай ба суханони самимонаи Ҳавворӣ Павлус ҳайрон намешавем, ки дар он ӯ ҷидду ҷаҳди пурҷӯшу хурӯши худро баён менамояд: "(Ман мехоҳам) то ки Ӯро, ва қуввати эҳёи Ӯро, ва ширкати уқубатҳои Ӯро дарк намоям ва дар мамоти Ӯ ба Ӯ монанд шавам. Ба умеди он ки ба эҳёи мурдагон бирасам" (Фил. 3:10–11).
Аъзоёни Калисои гирифтори таъқибот дар тамоми ҷаҳон аллакай маънои салиби Исоро фаҳмидаанд. Шубон Аллен Юан (Allen Yuan) аз Хитой, ки бисту ду соли ҳаёти худро барои имондориаш бар ҳабсхона гузаронидааст, тез-тез дар бораи азобҳои худ нақл мекунад. Вале ҳар бор вай нақли худро бо чунин суханон ба охир мерасонад: "Вале ин дар муқоиса бо салиб ҳеҷ аст!"
Шyбони аз ҳама номдор ва азизи бисёр касон Уочман Ни (Watchman Nee) аз Хитой дар ибтидои солҳои 1970 бо марги пуразоб мурд. Яке аз ҳамкорони ӯ на чандон пеш гуфт: "Мо худро масеҳӣ — пайравони Масеҳменомем, ва мо бояд донем, ки бо кадом роҳмеравем. Масеҳаз роҳи салиб гузашт. Мо ҳам бояд тайёр бошем, ки аз ин роҳгузарем".
Як хизматгори миссияи гуманитарӣ аз имондорони Судони Ҷанубӣ ба ҳайрат афтод, ки дар чӣ хел мўҳтоҷии азим зиндагӣ мекунанд. Ӯ ба хотир меорад, ки дар тани баъзе кӯдакони деҳотӣ ҳатто либос ҳам нест, вале дар гарданҳои онҳо салибҳои аз устyхон тарошида овезон аст. Ӯ бо ишора як духтарчаи хyрдакакро назди худ хонд ва ба салиби дар гардан овехтаи вай ишора кард. Духтарча фарох табассум карда салибро аз гарданаш гирифта ба хизматчӣ тӯҳфа намуд.
Ин вазъиятро таҳлил намуда корманд чунин мегӯяд: "Ин амал рамзи ҳолати Калисои азобкашанда дар Судон аст. Ҳеҷ гуна дороӣ надошта, судониҳо бо вуҷуди ин салиби Исои Масеҳро доранд. Онҳо тайёранд, ки бо роҳи Ӯ пайравӣ намоянд. Ҳатто агар он ба марг ҳам барад".
Миссионери Ҳинд Садҳу Сундар Сингҳ (Sadhy Sundar Singh) дар рӯзномаи худ навишта буд. "Барои Масеҳмурдан осон аст. Аммо барои Ӯ зиндагӣ кардан душвор мебошад. Азобҳои марг метавонад як ё ду соат давом кунад, вале барои Масеҳзиндагӣ кардан — маънои ҳар рӯз мурданро дорад".
Як шyбони сивудусола дар Мисри Боло кор мекунад. Дар ин минтақа масеҳиён ба таъқиботҳои сахт гирифторанд. Шyбон ба Маркази расонидани ёрии тибби клиникӣ, барномаи мубориза ба муқобили бесаводӣ роҳбарӣ менамояд, ва инчунин оилаҳои маҳкумшудагонро дастгирӣ менамояд. Моҷароҷӯёни мусулмон ду маротиба вайро лату кӯб карданд, ва ҳар рӯз таҳдиди куштанро мекунанд. Ӯ медонад, ки онҳо мехоҳанд ӯро кушанд, вале бурдани салиби худро давом медиҳад.
Шyбони дигар аз Миср саргузашти як узви калисои худро нақл кард, ки бо чашмони пурашк барои маслиҳатпурсӣ ба наздаш омада буд. Дар ҷои кор вай ба тайёр кардани мутахассисони ҷавон машғул буд, ки баъд онҳоро ба вазифаи роҳбарӣ пешкаш мекарданд. Ягона вайро вазифаи баланд надоданд, чунки вай масеҳӣ аст. Шyбон хулоса кард: "Дар ин ҷо, дар Миср моро лозим аст, ки салиби худро бардорем".
Маънои намунаҳо моро ба он андеша водор месозанд, ки мо мақсадҳои худро дунболагирӣ наменамоем ва иродаи шахсии худро иҷро намекунем, балки мувофиқ кардани ҳаёти худро ба ниятҳои Худо меомӯзем ва танҳо ба иродаи Худо итоат мекунем.
Хаткашонони мо меҳмони калисои хонагии шyбон Ламб (Lamb) дар Гуанчжоу (Хитой) гардида, дар он ҷо бо зани бистучорсола шинос шуданд, ки ёрдамчии ўст (аз рӯи маълумотҳои мавҷуда, ҳафтод фоизи роҳбарони калисоҳоро дар Хитой занон ташкил медиҳанд). Ба зудӣ онҳо фаҳмиданд, ки ӯ ҷои кори расмӣ надорад. Ҳамаи аҳолии Хитой бояд дар ҷои кории худ ба қайд гирифта шуда бошанд. Ҳуҷҷати чунин бақайдгириро ҳатто дар баъзе мағозаҳо талаб менамоянд. Вақте аз ӯ пурсиданд, ки оё ҷои кории расмӣ надошта, тамоми вақти худро ба хизматгузории калисои хонагӣ бахшидан хатарнок нест, вай оддиякак ҷавоб дод: "Роҳи салиб чунин аст".
Дар Куба мо як шубоне, ки аз миссияи мо миқдори зиёди Китобҳои Муқаддасро бо забони испанӣ гирифта буд, пурсидем: "Шумо бо мо ҳамкорӣ карда, худро ба хатар меандозед, ҳамин хелне?" Вай дасташро рӯи дил гузошт ва гуфт: "Чӣ гуна хатар? Ман вақте ки Худованд Исои Масеҳро Наҷоткори худ эътироф намуда, хизматчии калисо гардидам, худро ба хатар андохта будам ва агар онҳо хоҳанд, ки маро парронанд, боз хубтар. Ман ба зудӣ ба ҷалоли Худо ҳамроҳмешавам".
Дигар шyбони методист дар Куба, ки падараш панҷ соли ҳаёташро барои фаъолияти сиёсӣ дар ҳабсхона гузарондааст, дар бораи он нақл кард, ки чӣ хел падараш орзӯ дошт, ки оилаашро ба Майами (ИМА) равон кунад. Вале шyбон қарор дод, ки ҳаёти ӯ дар Куба — салиб аст, ки лозим аст бардорад. Падар писарро огоҳкард, ки чунин қарордод барои ӯ гарон меафтад. Ва дар ҳақиқат, омўзиши шyбони оянда дар семинария баногоҳқатъ карда шуд ва ӯро ба лагери меҳнатӣ фиристоданд, ки дар он ҷо лозим омад, ки дар байни ҷинояткорони ислоҳнопазир мӯҳлаташро ба анҷом расонад. Ӯ ва ҳафт масеҳии дигар махфиёна шабона, дар саҳро, ки дар он ҷо найшакар мерӯид, барои дуо, хондани Китоби Муқаддас ва якдигарро дастгирӣ кардан ҷамъ мешуданд. "Ман дар ҳамон лагер шyбон шудам, на дар семинария", — ба хотир меорад ин одам.
Фақеҳи намоён, доктор Томас Оден (Thomas Oden) дар ибтидои соли 1994 ба Куба рафт. Ӯ нақл мекунад: "Бо вуҷуди он ки, ки шароитҳои ҳаёт дар мамлакат беҳтар гардидаанд, вале масеҳӣ будан дар Куба чун пештара кори хатарнок мебошад. Дар он ҷо шаҳодат дода, худро ба хатар наандохтан номумкин аст. Аз ин рӯ, қисми зиёди мардуми Куба тайёранд, ки ба маънои аслӣ риёзаткаш гарданд. Ҳар як қабулкунии таъмид ва гузаронидани хизматгузорӣ тайёр будан ба оқибатҳои аз ҳама мудҳиштаринро талаб менамояд. Чунин вазъият ба Калисо ёрӣ медиҳад, ки вазифаҳои асосии худро дарк намояд, имондорони кубагӣ бошанд дар мадди аввал ба ақидае одат менамоянд, ки онҳо танҳо дар назди Худованди эҳёшуда масъулиятнок ҳастанд".
Боби дуюм
ВАЗИФАИ БЕНАЗИРИ МО
1 Пет. 2:21
Дар собиқ осорхонаи таърихи дин ва атеизм дар Ленинград ҳангоми ҷанги сард тамошобинон яку якбора ба намоишгоҳи шаҳодатҳои инкишофи эволютсионии ҷаҳон меафтоданд. Баъдтар шӯъбаҳое буданд, ки ба дин бахшида шуда буданд ва таърихи масеҳият аз тарафи манфӣ нишон дода мешуд, масалан дар бораи азобу шиканҷа ва юришҳои салибдорон нақл карда мешуд.
Дар маркази низоми намоиш салиби бузурге овехта шуда буд. Роҳбаладони осорхона ин "нигора"-ро чунин мефаҳмонданд: "Ба масеҳиён азоб кашидан маъқул аст. Аз он даме, ки сарвари онҳо Исои Масеҳдар рӯи салиб мурд, дар онҳо васвасаи дунболагирӣ инкишоф ёфтааст!"
Мо муайян мақсад надорем, ки дар худ васвасаи дунболагириро инкишоф диҳем, вале Китоби Муқаддас ҳамеша ба мо ёдовар мешавад, ки мо масеҳиён дар ҳақиқат бояд аз паси Худованд ва Муаллими худ равем.
Ҳангоми сӯҳбати охирини Исо бо шогирдон Ӯ онҳоро дар бораи он таъкид намуд, ки ба мавъизаи онҳо ҷаҳон чӣ хел эътино мекунад. Ӯ ба пайравони наздики Худ фаҳмонд, ки (ба Юҳ. 15–17 ниг.) онҳоро лозим аст дар Ӯ бошанд, чуноне, ки навда дар кунда аст (ба Юҳ. 15:5 ниг.). Баъдтар Исо ба шогирдон ёдовар шуд, ки онҳо бояд якдигарро дӯст доранд, чуноне ки Ӯ онҳоро дӯст медошт ва тайёр буд, ки барои онҳо ҷонашро диҳад. Дар он вақт онҳо суханони Ӯро нафаҳмида буданд, вале пешгӯии Ӯ аллакай рӯзи дигар ба амал омад.
Баъд Ӯ муҳаббати бародаронаи масеҳиёнро бо нафрати ҷаҳон муқоиса намуд:
Агар ҷаҳон аз шумо нафрат кунад, бидонед, ки пеш аз шумо аз Ман нафрат кардааст <…> Чунки Фиристодаи Маро намешиносанд (Юҳ. 15:18–21).
Каме баъдтар дар ҳамон сӯҳбат Худованд гуфта буд: "Шуморо аз куништҳо хоҳанд ронд; ва ҳатто соате мерасад, ки ҳар кӣ шуморо бикушад, гумон кунад, ки хизмате ба Худо мекунад (Юҳ. 16:2). Исо фаҳмонд, ки шогирдонаш чун Ӯ азоб хоҳанд кашид.
Ҳар як одамро ақаллан як маротиба дар ҳаёт лозим меояд, ки аз азоб гузарад. Шояд он азобҳои ҷисмонӣ ҳангоми бемориҳо ё заифиҳо ё азобҳо ҳангоми марги наздикон, хоинии дӯстон ё ҳамин тавр танҳоӣ хоҳад буд. Ҳар чӣ ҳам набошад, мо кӯшиш мекунем, ки аз азобҳо канораҷӯӣ намоем.
Эҳтимол маҳз бо ин сабаб масеҳиён кӯшиш мекунанд, ки ба ин мавзӯъ дахолат накунанд, ҳарчанд Китоби Муқаддас на ба таври сарбаста дар бораи ногузир будани ғаму андӯҳбарои имондорон огоҳменамояд. Баъзе масеҳиён бо эҳтимолияти куллӣ фикр мекунанд, ки агар мо ба Масеҳтааллуқ дошта бошем, Ӯ моро аз ҳар гуна бадӣ ва аз ҳамаи азобҳо муҳофизат мекунад.
Дар асл бошад дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки масеҳиён аз азобҳое, ки ба дӯши одамон меафтанд, эмин карда нашудаанд. Илова бар ин, онҳоро лозим меояд, ки барои имонашон ба Масеҳба таъқибот дучор шаванд. Дар ин бора Номаи Якуми Петрус бениҳоят пурқимат аст. Дар дарси мазкур мо тез-тез чун дигар порчаҳои Навиштаҳо ба ин Нома рӯ меорем.
Биёед фикр мекунем, ки масеҳиён дар ҷаҳон чӣ гуна мавқеъро ишғол мекунанд. Шайтон шоҳи ин ҷаҳон аст. Мо мусофирону ғарибони ба ватани беҳтар мерафта ҳастем (Ибр. 11:8–16).
Ба мо фоидаовар аст, ки ба худ фарзи "мусофир ва ғариб"-ро қабул намоем (ба 1 Пет. 2:11 ниг.). Имрӯзҳо дар ҷаҳон гурезагони зиёди сиёсӣ вуҷуд доранд. Дар бисёр мамлакатҳо барои онҳо лагерҳо мавҷуданд. Гурезагон наметавонанд ба ҷои аввалаи зисташон баргарданд ва ҳанўз ба он ҷойҳое нарасидаанд, ки умеди сокиншавӣ доранд. Ҳолати онҳо, аз рӯи меъёрҳои маъмул, чун қоида ҳақирона аст, вале онҳо худашон қарор додаанд, ки қисмати беҳтаринро ҷустуҷӯ намоянд. Онҳо бо умеди ояндаи беҳтар зиндагӣ мекунанд.
Мавқеи масеҳиён аз басёр ҷиҳат ба мавқеи гурезагон монанд аст. Одам ҷаҳони гуноҳро тарк мекунад, ҳаёти гузаштаро инкор намуда, ба ҷустуҷӯи Малакути осмонӣ меравад. Аз ин рӯ ба он ҳайрон шудан лозим нест, ки одамони дар ҷаҳони пешина монда ин одамро инкор мекунанд. Ӯ бошад бо умеди пурбаракати омадани пурҷалоли Исои Масеҳзиндагӣ мекунад.
Агар масеҳӣ ба таъкидҳои Исо дар бораи он, ки ҷаҳон мавқеи нави имондоронро чашми дидан надорад, гӯш накунад, дар он вақт ҳангоми фарорасии азобҳо, вай метавонад зуд дар имон рӯҳафтода шавад ва иблис аз вай қувваҳои охиринро кашида мегирад. Ана дар Номаи дуюм ба Тимотиюс чӣ гуфта мешавад (3:12):
Ва ҳамаи онҳое, ки мехоҳанд парҳезгорона дар Исои Масеҳзиндагӣ кунанд, ба таъқибот дучор мегарданд.
Якчанд намуди таъқибот вуҷуд дорад. Баъзан таъқибот (таҳқирҳо, фишор ва поймолкунии ҳуқуқ) асосан хусусияти рӯҳӣ доранд. Вале бисёр вақт онҳо шакли таҳдид ва тарсондан, маҳрумкуниҳои моддӣ ва ҳатто зӯровариҳои ҷиддиро мегиранд.
Дар Инҷили Луқо (6:22) Исо дар бораи он мегӯяд, ки ба мафҳуми таъқибот бадбинӣ, ҷудоӣ, дашном ва инкоркунӣ дохил мешаванд.
Мо набояд дар бораи масеҳиёни ба ҳабсхона афтода, гирифтори лату кӯб гардида ва мурда дар мамлакатҳое, ки тартиботи зўроварона доранд, фаромӯш кунем ва аз ин рӯ дар китобамон мо маҳз ин варианти таъқиботро дида мебароем.
Пеш аз он, ки ба мавзӯи таъқибот ва азобҳои бо он алоқаманд гузарем, лозим аст, ки баъзе хатоҳои маъмулеро, ки гоҳо масеҳиён дар фаҳмиши ин масъала роҳмедиҳанд, дида бароем.
1. Азоб на ҳамеша ҷазо барои гуноҳаст
Бисёр одамон тахмин мекунанд, ки азоб ҳамеша натиҷаи ягон гуноҳмебошад. Ба ҳамин тариқ онҳо ба пуррагӣ он далелро рад менамоянд, ки азоб қисми ҷудонашавандаи ҳар як одам аст, хоҳвай порсо бошад ё ки гуноҳкор. Бо вуҷуди ин, дар айни ҳол таълимоти Китоби Муқаддас дар бораи подоши одилона тамоман ҳақ аст, зеро ки одам ҳар чӣ корад, ҳамонро медаравад (ба Ғал. 6:7–8 ниг.), ва бадбахтӣ дар ҳақиқат табиатан метавонад дар натиҷаи гуноҳояд. Ғайр аз ин Худо метавонад азобро барои он роҳдиҳад, ки фарзанди дуршудаи Худро ба Худ ҷалб кунад (Ба Ибр. 12:3–12 ниг.).
Вале агар одами имондор дар назди худ бовиҷдон бошад, вай медонад, ки оё азоби ӯ натиҷаи гуноҳ, ё натиҷаи "ҳаёти парҳезкорона дар Исои Масеҳ" ё ҳамин хел ҳолати табиии одами дар ин ҷаҳон мезиста аст. Ва албатта агар худи имондор донад, ки сабаби азобаш дар чист, пас ҳеҷ каси дигар дар ин бора доварӣ карда наметавонад.
Дар китоби Айюб намунаи ғалатии одаме оварда шудааст, ки ба порсоии худ нигоҳнакарда, азоб кашидааст, дӯстонаш бошанд ин вазъиятро тамоман нодуруст баҳо додаанд. Вақте ки дар ҳаёти мо бадбахтиҳои гуногун меоянд, ва агар боварӣ дошта бошем, ки ин ҷазои Худо барои рафторҳои мо нест, аз сар гузарондани онҳо хеле осон мегардад.
Дар Номаи Якуми Юҳанно (3:18–21) гуфта мешавад: "Эй фарзандонам! На бо сухан ва забон, балки бо амал ва ростӣ дӯст бидорем. Ва аз ин хоҳем донист, ки мо аз ростӣ ҳастем, ва дили худро ба ҳузури Ӯ ором хоҳем кард, дар ҳар чизе ки дил моро маҳкум менамояд, чунки Худо аз дили мо бузургтар аст ва ҳар чизро медонад. Эй маҳбубон! Агар дили мо моро маҳкум накунад, мо ба ҳузури Худо ҷуръат дорем".
Петрус низ дар ин бора фаҳмо мегӯяд, ки ҳамчун имондорон мо барои он даъват шудаем, ки ноҳақ азоб кашем (ба 1 Пет. 2:19; 3:14 ниг.).
2. Азияткашон метавонанд ғам хӯранд ва андӯҳгин шаванд
Моро лозим аст аз он фикре даст кашем, ки имондорон ҳангоми фарорасии азобҳо бояд андӯҳгин нашаванд. Тасаввурот дар бораи он, ки имондор бояд ҳамеша хурсандиро нишон диҳад, дар Китоби Муқаддас асоснок карда нашудааст. Исо гиря кард, вақте ки дӯсти Ӯ Лаъзор мурд, ҳарчанд, шояд, Ӯ ба ғаму андӯҳи Марям ва Марто бештар ҳамдардӣ карда бошад, назар ба ин, ки барои худи Лаъзор андӯҳгин шавад (ба Юҳ. 11:33–35 ниг.). Павлус ба таври махсус ба мо таъкид менамояд, ки "бо гирякунандагон гиря кунед" (Рум.12 15). Петрус эътироф менамояд, ки васвасаҳо андӯҳмеоранд (ба Пет. 1:6 ниг.), вале дар ҳамон ҷо имондоронро даъват менамояд, ки ба азобҳои худ нигоҳнакарда шодӣ кунанд, зеро азият барои масеҳиён имтиёзи пурбаракот аст (ба 1 Пет. 3:12–19 ниг.). Моро фикр кардан лозим нест, ки чунин хурсандии ботинӣ дардеро, ки мо аз сар мегузаронем, кам карда метавониста бошад.
3. На танҳо ҳаёти муқаддасон, балки ҳаёти масеҳиёни қаторӣ низ бо азобҳо пур карда шудаанд
Боз як ақидаи нодуруст фикр дар бораи он мебошад, ки азият кашидан барои Масеҳтанҳо "муқаддасонро" фаро мегирад. Ин ақида метавонад тасдиқоти ҳиссиётҳои фахри он масеҳиён гардад, ки барои имон азоб мекашанд, ва ҳисси шикасти рӯҳониро дар он одамоне бедор созад, ки барои азоб кашидан даъват нашуданд. Диққат диҳед, Ҳиродус ҳам Яъқуб ва ҳам Петрусро ба ҳабс гирифт. Сари Яъқубро аз тан ҷудо кард, Петрус зинда монд. Магар ин маънои онро дорад, ки Яъқуб бештар рӯҳонӣ буд? Юҳанно ягона ҳавворие буд, ки бо марги табиӣ мурдааст. Магар ин маънои онро дорад, ки ӯ камтар рӯҳонӣ буд? Ирода ва ниятҳои Худо нисбати ҳар як имондор ўро бо роҳи тамоман беназири худ мебарад. Вақте ки мо бо роҳнамоии Рӯҳулқудс бо Худо меравем, дар байни бародарони ҳамимон гуногунии бузурги тақдирҳоро мебинем. Биёед Худоро барои ба ҳар яки мо диққат доданаш шукргузорӣ менамоем.
4. Дар азобҳо ҳеҷ чизи ҷолиби диққат нест
Боз як хатоии ба чизи дар боло ёдоваршуда монанд — баланд бардоштани азобҳо мебошад. Имондореро, ки чунин азобро аз сар гузаронидааст, дар натиҷаи чунин муносибати нодуруст ба мартабаи баланд мебардоранд ва муқаддас мешуморанд. Вале мо ҳама ҳамкорон дар Худо ҳастем. Ҳар кадоми моро лозим аст, ки иродаи Худоро ба ҷо орем, якҷоя шодӣ кунем ва аз "саҷда кардан ба қаҳрамон" канораҷӯӣ намоем (ба иловаҳо 2 ниг).
Мо бояд аз баландбардории андӯҳҳо дурӣ ҷуем, ва айнан ҳамин хел моро лозим нест, ки азобҳоро ҷӯё бошем. Ба ҳеҷ ваҷҳриёзаткаширо ҷустан лозим нест, ва ҳамон хел моро лозим нест, ки аз он сартобӣ кунем, агар вақти озмоиши мо аллакай фаро расида бошад.
5. Аз таъқибот тарсидан даркор нест
Баъзе масеҳиён хато мекунанд, ки ба иблис рухсат медиҳанд, то дар онҳо тарси шахкунанда оварад. Ин маънои онро надорад, ки ба масъалаи таъқибот сабукфикрона муносибат намоем, вале мо бояд боварӣ дошта бошем, ки Худо барои тоқат кардан ба он чизе, ки аз рӯи иродаи Ӯ ба мо насиб мегардад, қувват медиҳад. Тез-тез масеҳиён аз худи таъқибот дида бештар аз тарси таъқибот азоб мекашанд. Иблис кӯшиш мекунад моро маҷбур созад, ки барои гузашта азоб кашем, барои оянда ғам хӯрем, вале Масеҳҳамеша моро айнан ҳозир баракат медиҳад.
Як шyбон дар Вйетнам бо миссионерон алоқаи хеле зич дошт. Қарор дода шуда буд, ки бо ба сари қудрат омадани коммунистон ӯ мамлакатро тарк мекунад. Вақте ки рӯзи рафтан фаро расид, вай гуфт: "Ман рафта наметавонам, барои он ки ман ба халқи худ даркор ҳастам". Баъди якчанд рӯз вайро бо оилааш ба рӯйхати дигари кӯчкунандагон дохил карданд, вале ӯ боз гуфт: "Он одамонеро гиред, ки аз ману занам дида бештар метарсанд". Рӯзи дигар рӯзи охирин буд, ки ӯ метавонист аз мамлакат баромада равад, вале ӯ гуфт: "Мо рафта наметавонем. Бигзор хости Худо шавад". Вайро лозим омад, ки азоб кашад, вале вай ба Худованди худ содиқ монд.
Як падари Калисои бармаҳал, Тертуллиан гуфта буд: "Одаме, ки аз азобҳо метарсад, наметавонад ба Касе таалуқ дошта бошад, ки азоб кашидааст".
6. Азоб нишонаи шикасти рӯҳонӣ намебошад
Бисёр масеҳиён азобро ҳодисаи манфӣ меҳисобанд. Онҳо аз арзишҳои шогирдӣ дида бо камоли майл дар бораи баракот ва гул-гулшукуфӣ сухан мегӯянд. Онҳо ба он равона карда шудаанд, ки чӣ хел "фоидаҳо"-ро аз масеҳият ба даст овардан мумкин аст, на ба он, ки бо чӣ ба он хизмат кардан мумкин аст.
Яке аз таълимотҳои нодуруст тасдиқ менамояд, ки агар имони шумо кофӣ бошад, шумо метавонед аз таъқибот ва азобҳо канораҷӯӣ намоед. Назари дақиқтар ба қисми хотимавии боби 11-уми Нома ба Ибриён ин ривоятро фош менамояд.
Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки азият кашиданро баҳри Масеҳҳамчун нишонаи шикасти рӯҳонӣ дида баромадан мумкин нест. Баръакс, онҳо нишонаҳои ғалабаҳо мебошанд. Инҷили Луқоро (6:22–23) хонед. Биёед қайд мекунем, ки мо азобҳоро намеҷӯем, ки баракоти Худоро ба даст орем, вале вақте ки мо ба таъқибот дучор мегардем, мо метавонем баракотҳоеро, ки онҳоро ҳамроҳӣ менамоянд, интизор бошем.
Акнун вақте ки мо тасаввуротҳои нодурусти дар байни масеҳиён оиди азобҳо ба таври васеъ паҳншударо тадқиқ намудем, биёед нуқтаи назари Китоби Муқаддасро ба азоб дида мебароем.
1. Масеҳиён азоб хоҳанд кашид
Мо аллакай дидем, ки Китоби Муқаддас дар бораи ногузирии таъқибот ва азобҳо барои масеҳиён таъкид менамояд. Баъзе мавъизачиён чунин меҳисобанд, ки дар ин бора мавъиза кардан имондоронро дур сохта метавонад. Диққат диҳед, ки Павлус ҳангоми сафарҳои миссионерии худ дар Осиёи Хурд ба навимонон мегуфт: "…Мо бояд бо мусибатҳои бисёр дохили Малакути Худо гардем" (Аъмол 14:22). Ногузирии азобҳоро ба онҳо фаҳмонда истода, Ӯ онҳоро ба ояндаи ҳақиқӣ тайёр менамуд, ва мо ҳам бояд ба он тайёр бошем.
2. Худо ба азобҳо роҳмедиҳад
Азбаски ба мо гуфта шудааст, ки масеҳиён азоб мекашанд, мо бояд ба он тайёр шавем, ки ин ғаму андӯҳро ҳамчун хости Худо қабул намоем. Петрус дар ин бора дар Номаи Якуми худ (2:19) кушоду равшан мегӯяд: "Зеро савоб аст, ки кас агар аз рӯи виҷдон ба хотири Худо андӯҳгин шуда, ноҳақ уқубат кашад".
Дар Номаи якуми Петрус (3:17) инчунин мо мехонем: "Зеро, агар мутобиқи иродаи Худо бошад, барои аъмоли нек уқубат кашидан беҳтар аст аз он ки кас барои аъмоли бад уқубат кашад". Баъдтар дар ҳамин Нома (1 Пет. 4:19) Ӯ ин мавзӯъро чунин хулоса мекунад: "Пас, онҳое ки бар тибқи иродаи Худо уқубат мекашанд, бигзор ҷонҳои худро ба Офаридгори амин супоранд ва некӣ кунанд".
Павлус ба мо намунаи чунин муносибатро бо дуои секарата оиди он, ки Худо азобҳои Ӯро — "неш"-ро бартараф созад, нишон дод.
Вале вай баъд фаҳмид, ки он иродаи Худо буд, ва ин озмоишро ҳамчун ногузирӣ қабул намуд (ба 2 Қўр. 12:7–10 ниг.).
Бисёр масеҳиён ғаму андӯҳро ҳамчун шикаст қабул менамоянд, зеро боварӣ надоранд, ки дар иродаи Худо бошанд, аз ин рӯ аниқ намедонанд, ки бо иродаи Худо азоб мекашанд ё не. Агар мо Китоби Муқаддасро бо он тадқиқ намоем, ки иродаи Худоро фаҳмем, метавонем дар ин масъала хато кунем. Моро лозим аст дар хотир дошта бошем, ки мувофиқи иродаи бузурги Худои мо "ба дӯстдорони Худо ки мувофиқи пешбинии Ӯ даъват шудаанд, ҳама чиз бар нафъашон ёрдам медиҳад" (Рум. 8:28).
Агар мо бошуурона ба иродаи Худо итоат намоем, Худо ба мо роҳнамоии Худро таъмин менамояд. Мо метавонем бо амали оддии иродаи худ азоб ва андӯҳҳои худро ба дасти Ӯ супорем. Имондоронро лозим нест, ки дар шубҳаҳо азоб кашанд. Тамоми корҳои мо бояд ба Худо супорида шаванд (ба Мас. 16:3 ниг.).
3. Азобҳо бо иродаи Худо мақсад ва маънои аниқ доранд
Вақте ки мо бо иродаи Худо азоб мекашем, азобҳои мо мақсад ва мазмуни аниқ доранд. Аксаран одамоне, ки дар андӯҳафтодаанд, инро фаҳмида наметавонанд, дар он вақт онҳоро лозим аст, ки мақсадгузориҳои Худоро бо имон чун ҳақиқат қабул намоянд. Дар Китоби Муқаддас якчанд сабабҳо номбар карда шудаанд, ки дар онҳо Худо роҳмедиҳад, ки халқи Ӯ гирифтори азоб ва таъқибот шаванд:
Барои санҷидан ва пок кардани имон (1 Пет. 1:6–7; Рум. 5:3–4; Яъқ. 1:2–4 ниг).
То ки ғурурро паст кунад, ба монанди ҳодиса бо Павлус (ба 2 Қўр. 12:7–10 ниг).
То ки ҳаётамонро муқаддастар гардонем (ба Ибр. 12:3–10 ниг.).
То ба бародарон ёрӣ диҳем, ки дар қувваи рӯҳонӣ устувор гарданд (ба Фил. 1:14.ниг.).
То ки корҳоеро ба ҷо орем, ки ҳоло ба мо маълум нестанд (ба 1 Қўр. 3:12 ниг.).
То ки моро ба ягонагӣ орад (ба Юҳ. 17:23 ниг.).Чунин ягонагӣ қувваи рӯҳонӣ мебошад (ниг.ба Аъмол 2:42–47).
Дар баъзе мамлакатҳо, масалан, дар Эрон ҳанӯз то саршавии таъқибот ихтилофҳои калисоӣ мушоҳида карда мешуд. Ҳангоми таъқибот масеҳиён маҷбур шуданд, ки муттаҳид шаванд, дар натиҷа онҳо дар имон устувор гардиданд, ва шумораи имондорон афзуд;
То ки ҳосили фаровони ҷонҳоро орем (ба Аъмол 8:1–4 ниг.).
Дар бисёр мамлакатҳо баъди он, ки ба таъқибкунии масеҳиён сар мекунанд, мо ҳамеша инкишофи калисоҳоро мушоҳида менамоем. Касе гуфта буд: "Агар мо амри дар Китоби Аъмол (1:8) додашударо ба ҷо наорем, Худо дар ҳаёти мо ҳолатеро роҳмедиҳад, ки дар Китоби Аъмол (8:1) тасвир карда шудааст!"
4. Моро лозим намеояд, ки барои "бадии тасодуфӣ" азоб кашем
Дар бораи он ки моро нашояд барои "бадии тасодуфӣ" азоб кашем, Петрус дар бисёр порчаҳои Навиштаҳо мегӯяд, ва мо онҳоро аллакай иқтибос овардаем. Исо махсусан қайд намудааст, ки агар мо барои росткориамон ба хотири Ӯ азоб кашем, баракатёфта мебошем (ба Матто 5:10–11 ниг.). Гоҳо мо ба кӯшишҳои ҳукуматдорон барои таҳти назорат гирифтани ҳаёти рӯҳонӣ муқобилият намуда, қонунҳои мавҷударо вайрон месозем. Дар ин ҳолатҳо мо бояд барои ин ҷавобгар бошем, зеро намояндаи ҳукумат "шамшерро беҳуда бардошта нагаштааст" (Рум. 13:4).
Ғайр аз ин, ҳолатҳое вуҷуд доранд, ки мо худ ба сарамон азобҳоро меорем. Нисбати одамони дар ҷаҳони гирду атроф зиндагикунанда бепарво ва беадаб будан даркор нест. Нисбати дигар динҳо гуфтани суханони ношоиста, ё дар кӯчаҳо гузоштани баландгӯякҳо, ки хизматгузориро пахш кунад, ё гузарондани хизматгузориҳои пурмағал, ки диққати одамони ғайрикалисоро ба худ кашад, ё истифодаи шаклҳои муроҷиаткуниҳои беодобона даркор нест. Ҳамаи ин метавонад ҳиссиётҳои душманонаро нисбати калисо ва имондорон бедор созад.
5. Азияткашӣ барои ҳақиқат моҳиятан баракат аст
Ин баракат метавонад шакли осоиштагии ботинӣ ва хурсандиро гирад. Маънои калимаҳои "баракатёфта" ё "хушҳол" маҳз дар онҳо ниҳон мебошад (ба Матто 5:1–12 ниг.). Мо аллакай порчаҳои Номаҳоро ёдовар шудем, ки он ҷо Петрус ҳам дар ин бора гуфта аст (ба 1 Пет. 2:19–20;3:14; 4:14 ниг.).
Муаллифи дигари аҳдиҷадидӣ, ҳавворӣ Яъқуб, дар бораи он мегӯяд, ки фишороварӣ, ё таъқибот, моҳиятан шакли пӯшидаи баракат мебошад ва ба он бо хурсандӣ ҷавоб додан даркор аст (ниг. ба Яъқуб 1:2–3). Як парафрази ҳозиразамони ин оят чунин садо медиҳад: "Дӯстон, вақте, ки ба сари шумо аз ҳар тараф озмоишҳо ва васвасаҳо мерезанд, инро ба ҷои бахшоиш ҳисобед. Донед, ки дар зери фишор ҳаёти имондоронаи шумо симои ҳақиқии худро мекушояд, ва маънои ҳақиқии худро зоҳир месозад".
6. Азобҳо моро ба саодати осмонӣ равона месозанд
Азобҳо ва таъқибот дил ва хиради моро ба саодатмандие, ки барои мо дар осмонҳо кушода мешавад, равона месозад. Исо барои онҳое, ки азоб мекашанд, дар осмон мукофоти бузургеро ваъда намудааст (ба Мат. 5:12 ниг.). Павлус мегӯяд, ки азобҳои ҳозира ба баракоти оянда муқоисанашаванда мебошанд (ба Рум. 8:17–18 ниг.), ва Петрус бо вай розӣ гашт (ба 1 Пет. 1:6–7; 4:13; 5:1–10 ниг.). Имондороне, ки имрӯзҳо дар ҳолати "гyрезагон"-и рӯҳонӣ зиндагӣ мекунанд, бо умедворӣ хонаи абадиро интизор мебошанд.
7. Таъқибшавандагон азобҳои Исоро бо ҳам мебинанд
Дар азобҳо имондорон ба намyнаи Исо пайравӣ мекунанд (ба 1 Пет. 1:21–25 ниг.). Мо дар ҳақиқат бо азобҳои Ӯ, ки пешгӯӣ карда шудаанд, ҳамроҳҳастем (ба Рум. 8:17; Фил. 3:10; 1 Пет. 4:13 ниг.). Ҷаҳон Ӯро таҳқир кард, инкор кард, ҳамчунин моро инкор менамояд. Вай дучори дардҳои ҷисмонӣ ва марги ҷисмонӣ гардид. Магар мо, пайравони Ӯ, аз ин ҷаҳони гунаҳкор нисбати худ муносибатҳои беҳтареро интизор шуда метавонем?
Як шyбон, ки аз Хитой гурехта буд, ба рӯзноманигор нақл намуд, ки Артиши Сурх бо ӯ "ба таври даркорӣ" муносибат кардааст. Тамоми рӯи вай пур аз доғҳои ҷароҳатҳо буд. Вақте ки рӯзноманигор ба додани саволҳои конкретӣ сар кард, вай ҷавоб дод: "Онҳо бо ман чуноне, ки интизори он будам, муносибат карданд, охир онҳо Худованди маро куштаанд!"
8. Дар азобҳо ғалабаро ба даст овардан мумкин аст
Моро лозим аст, ки қатъиян як ҳақиқати муҳимро донем. Калиди саодатмандӣ имон мебошад. Воқеа бо Айюбро ба ёд оваред. Ӯ тахмин кард, ки ноҳақ азоб мекашад. Тамоми баҳсҳо бо дӯстонаш натиҷае надод. Дар охир вай ба Худо умед баст (ниг. ба Айюб 19:23–27). Сипас вай дар бораи азобҳо дар ин ҷаҳон муҳокимаронӣ кард. Айюб ба саволҳои худ ҷавоб ёфта натавонист ва вайро лозим омад ба Худои Ҳамадон ва Қодир итоат намояд (ниг. ба Айюб 42:1–6).
Петрус ба имондороне, ки уқубат мекашанд, маслиҳат медиҳад, ки "ҷонҳои худро ба Худо супоранд" (ба 1 Пет. 4:19 ниг.). Мо на ба тағйирёбии ҳаминзамонаи худ, балки ба Худо бовар мекунем, зеро Ӯ қувваи Худро мувофиқи иродаи Худ равона мекунад. Мо ба Худои дӯстдошта бовар мекунем, ба Он Касе, ки ваъда медиҳад, ки ба дӯстдорони Ӯ ҳама чиз бар нафъашон ёрӣ мерасонад (ба Рум. 8:22 ниг.). Худо фикри наҷоти моро дорад ва ба шарофати итоаткории мо ба таълимоташ Ӯ дар мо барои он амал менамояд, ки номи Худро ҷалол диҳад. Бо чунин имон мо метавонем аз ӯҳдаи ҳамаи мушкилиҳои зиндагӣ бароем.
Исо огоҳнамуд, ки моро азоб кашидан лозим меояд, вале дар айни ҳол Ӯ ба мо баракотро низ ваъда намуд (ба Юҳ. 16:33 ниг.). Ӯ инчунин ба мо Тасаллодиҳанда, Рӯҳулқудсро низ ваъда намуд. Шаҳодатҳои касоне, ки таъқиботҳои сахтро аз сар гузарондаанд, нишон медиҳанд, ки барои чӣ Исо Рӯҳулқудсро Тасаллодиҳанда номидааст. Вале дар хотир доред, ки имон дар асоси Каломи Худо сохта мешавад. Агар ҳангоми ғаму андӯҳмо ваъдаи Худоро, ки дар Каломаш дода шудааст, ба хотир овардан хоҳем, бояд онҳоро донем. Агар имони мо мустаҳкам бошад, мо бо сарбаландӣ азобҳоро аз сар мегузаронем.Сирри устувории мо на дар набудани мушкилот ва на дар гул-гулшукуфӣ, балки дар қабули хирадмандонаи таъқибот ниҳон аст.
Дар Номаҳои Якум ва Дуюми худ ба Қуринтиён Павлус дар бораи ҳаёти худ дар Масеҳнақл менамояд. Ӯ дар бораи ҳаёти осоишта, ҳамоҳанг, ҳузуру ҳаловат ва шаъну эътибор намегӯяд. Баръакс, ӯ гирифтори мушкилиҳо ва радкуниҳо мегардад ва ҳатто рӯҳафтодагиро аз сар мегузаронад. Ва бо вуҷуди ин ӯ ба таври сазовор аз ҳамаи ин озмоишҳо мегузарад, зеро ки мо дар худ, яъне дар зарфҳои гилини худ, ганҷи осмонӣ — Исои Масеҳва паёми Ӯро дорем (ба 2 Қўр. 4:7 ниг.).
Маҳз ин зарфҳои гилини маҷозӣ ғалабаи Худоро таъмин менамоянд. Ҳар чӣ тезтар мо инро эътироф намоем, ҳамон қадар тезтар метавонем ин донишро дар амалия истифода барем. Ҳар чӣ тезтар ба мо муяссар гардад, ки тимсоли худро бо мақсадҳои Ӯ мувофиқ гардонем, ҳамон қадар тезтар "ғалабаовар" мегардем. Айнан монанди он, ҳамин ки нисбати якдигар на аз рӯи ҷисм, балки дар Масеҳ, ҳамчун ба махлуқи нав, ҳамчун ба зарфҳои гилини заиф, ки бояд дар худ ганҷи осмонӣ — Исои Масеҳро дошта бошанд, муносибат карданро сар менамоем, дарк мекунем, ки дар рӯҳғалабаи қатъиро ба даст овардаем.
Дар ҳақиқатҳои каломӣ дар бораи азобҳо ду постулат вуҷуд дорад, ки масеҳиён бояд фаҳманд.
Аввалан, бояд дар он боварӣ дошт, ки азобҳо бо хости Худо ба амал меоянд. Он гоҳҳар он чизеро, ки дар ҳаёти мо ба амал меояд, қабул карда метавонем (ба Рум. 8:12–25 ниг.).
Дуюм, ҳатто чунин махлуқони заиф, чун мо, метавонанд бошарафона дар шароитҳои душвор истодагарӣ намоянд. Дилҳои худро ба ин мӯътақид созед, ва дар он вақт имони шумо устувор мегардад! Ҳамеша дар хотир доред, ки Исо дар байни халқи Худ зиндагӣ мекунад!
Дар ҷаҳони имрӯза масеҳиён бо андӯҳва таъқиботҳои гуногуни бераҳмона вомехӯранд. Дар Судон, ки онро ҷанг ҷудо кардааст, имондорон аз зӯровариҳои ҷисмонӣ ва гуруснагие, ки ба таври сунъӣ ба амал оварда шудааст, азоб мекашанд. Бисёриҳо айнан дар ғуломӣ зиндагӣ мекунанд.
Дар чунин мамлакатҳо ба монанди Эрон, Судони Ҷанубӣ, Ироқи Шимолӣ, Арабистони Саудӣ масеҳиён гирифтори маҳкамаҳо, азобҳо ва қатл дар назди омма мегарданд.
Дар Чяпa (Мексикаи Ҷанубӣ) зиёда аз сиву панҷ ҳазор масеҳиён ба таври ғайриқонунӣ аз хонаҳои худ танҳо барои он ронда шуда буданд, ки онҳо имони инҷилиро пайравӣ мекунанд. Ҳазорҳо нафари онҳо дучори азобҳои бераҳмона гардида, кушта шуда буданд. Хонаҳои бисёрии онҳо пурра сӯзонда шуда буд.
Дар Перу, Хитой, Судон, Куба, Вйетнам, Лаос ва инчунин дар бисёр мамлакатҳои дигари ҷаҳон масеҳиёнро барои фаъолияти диниашон, асосан барои махфиёна гузарондани хизматгузориҳое, ки аз тарафи қонун манъ карда шудааст, ба ҳабс мегиранд.
Дар Индонезия садҳо калисоҳо сӯзонда шуданд ва танҳо дар ҷазираи Амбон бисёр имондорон бо марги пуразоб аз дасти моҷароҷӯёни мусулмон нобуд шудаанд.
Масеҳиёни Непалро арзномае ба ташвиш андохтааст, ки ҷангҷӯёни ҳиндуия ба роҳбарияти ин давлат пешкаш намуда хоҳиш кардаанд, ки ба муқобили инкишофи тези шумораи калисоҳои масеҳӣ чораҳои қатъӣ бинанд. Президанти Ҷамъияти миллии масеҳиёни Непал имондорони тамоми ҷаҳонро даъват намудааст, то дар бораи он дуо кунанд, ки ин хоҳиш аз тарафи ҳукумат дастгирии худро наёбад.
Дар қисми шарқии Непал пайравони ҳиндуия ва буддоия баъди он, ки аҳолии таҳҷоӣ ба масеҳият рӯ оварданд, панҷ калисоро несту нобуд карданд. Солҳои 1950-ум дар мамлакат амалан ягон масеҳӣ набуд, вале ҳоло ба шарофати "амали мустақилонаи Рӯҳулқудс" калисоҳо дар сафҳои худ зиёда аз чорсад ҳазор одамонро доранд.
Аз соли 1991 ҳукуматдорони Непал ба қонун дар бораи манъкунии имоноварӣ ба масеҳият аҳамият намедиҳанд, вале ин гардиши мусоиди ҳодисаҳо метавонад дар ҳар лаҳза бурида шавад. Тез-тез масеҳиёнро барои башорат ба ҳабс меандозанд ва ё ба дигар шаклҳои маҳдудкуниҳои иҷтимоию иқтисодӣ дучор мегардонанд, масалан ба онҳо ёфтани ҷои кор мушкил мегардад.
Эҳтимол, ғайр аз шиканҷа, аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум кардани масеҳиёнро бо ғасби маҷбурии кӯдакон шакли аз ҳама азиятдиҳандаи таъқибот ҳисобидан мумкин бошад. Чунин далелҳо дар ноҳияҳои ҷанубии Филиппин, дар Покистон ва Перу ба қайд гирифта шудаанд.
Аз тарафи дигар, тез-тез масеҳиён дар худ муносибати танқидии оилаи худ ва ҷамъиятро ҳис мекунанд, ки он ба имондорон фишори бузурги рӯҳӣ меорад. Дар чунин ҳолатҳо шахси масеҳӣ метавонад ба ҳуҷумҳо аз тарафи ҳамсояҳо ё дӯстони пештара гирифтор гардад. Чунин шуда метавонад, ки аъзоёни оилаи масеҳӣ ба муқобили ӯ шаҳодат медиҳанд. Ба чунин намуди ҳуҷумҳо танҳо ҳамон одамоне тоб оварда метавонанд, ки пурра худро ба Худованд бахшидаанд. Дар хотир доред, ки дар Китоби Айюб зани ӯ маслиҳат медиҳад, ки "ба Худо куфр гӯяд ва бимирад".
Фаромӯш накунед, ки ҳеҷ яке аз ин гуна ҳодисаҳо наметавонад Худоро дар ғафлат гузорад. Бори дигар боби 11-уми Нома ба Ибриёнро хонед ва тадқиқ намоед, ки имондорон дар гузашта бо чӣ гуна мушкилот дучор мегардиданд. Ба оятҳои 33 то 38 диққати махсус диҳед, дар он гуфта шудааст, ки баъзеҳо раҳоӣ ёфтанд ва баъзеҳо не.
Ҳамаи вариантҳои азобҳоеро, ки имрӯзҳо масеҳиён аз сар мегузаронанд, муфассал номбар кардан номумкин аст, вале аниқ маълум аст, ки дар асри ХХ аз ҳамаи асрҳои таърихи калисо дида бештар масеҳиён мурдаанд. Ба масеҳиён намунаҳои аниқи рафторҳоро дар ҳар кадом ҳолати таъқибот пешкаш кардан имконнопазир аст, ғайр аз маълумотҳои умумии дар Китоби Муқаддас додашуда. Агар ҳатто мо чунин намунаҳоро пешкаш намуда тавонем ҳам, онҳо бефоида мебуданд, зеро мо агар танҳо тарафҳои сустамонро ба назар гирем, барои душмани пурқудратамон ҳарифи нолоиқ ҳастем.
Тайёрии мо бояд дар тадқиқи Каломи Худо, аз рӯи имон дар он сокин будан, ва худро ҳаррӯза ба Рӯҳулқудс мутеъ сохтан равона гардад. Мо инчунин ба дуои дигар имондорон баҳри худ умед мебандем. Тасодуфӣ нест, ки оятҳо дар бораи таъқибот аз Нома ба Ибриён, ки дар бораи он пештар ёдовар шуда будем, дар боби машҳури "боб дар бораи имон" ҷой гирифтааст. Дар боби 11-уми ин Нома калимаи "имон" 24 маротиба вомехӯрад. Маҳз имон боварӣ мебахшад, ки дар бораи он ҳавворӣ Павлус гуфта буд:
Ҳамааш аз дастам меояд, бо мадади Масеҳ, ки маро қувват мебахшад (Фил. 4:13).
Боби сеюм
АКСУЛАМАЛ БА ТАЪҚИБОТ
1 Пет. 3:9
Абдул дар оилаи мусулмони суннӣ, ки ба синфи миёна тааллуқ дошт, ба дунё омадааст. Дар синни даҳсолагӣ вай ба дини мусулмонӣ пайравӣ карданро сар кард ва то бисту сесолагӣ одами хеле тақводор буд.
Дар синни наврасӣ ӯ ба худ саволи барои ҳар як ҷавон хосро медод: "Ман кистам? Барои чӣ ман ба дунё омадам? Кӣ маро офарид? Барои чӣ ман мусулмонам?" Як савол вайро беш аз ҳама ба худ мекашид: "Вақте ки ман мемирам, оё ман бо Худо мешавам ё не?"
Абдулро омӯзонда буданд, ки масеҳиён ба се худо бовар мекунанд ва Китоби Муқаддас ҳақиқатро вайрон мекунад. Як миссионер аз вай хоҳиш намуд, то исбот намояд, ки дар куҷои Китоби Муқаддас вайрон кардани ҳақиқатҳо ҷой дорад. Дар давоми нӯҳмоҳӯ кӯшиши ёфтани исботҳоро кард, аммо наёфт. Тамоми ин моҳҳо Худо бо вай сӯҳбат намуд. Абдул пурра ба Ӯ итоат намуд ва Исои Масеҳро Худованд ва Наҷоткори худ эътироф кард.
Се сол вай имони нави худро пинҳон дошт, ва дар бораи эътиқоди нави худ ба касе чизе нагуфт — на ба оилааш, ва на ба дӯстон. Ӯ медонист, ки қарордодаш мухолифи талаботи ислом аст ва агар ба имони падаронаш барнагардад, ӯро кушта метавонанд.
Баъди муддати муайяни дар имон камол ёфтан, Абдулро ба Севиля (Испания) ба сифати баранда дар Павилиони аҳд дар доираи барномаи Экспо 92 даъват намуданд. Ӯ инро ҳамчун кор қабул накард. Ин имконияти ба Худо хизмат кардан буд. Барои ҷавон давраи баракоти фаровон сар шуда буд.
Вақте ки Абдул ба ватан баргашт, аллакай дар фурӯдгоҳвайро лозим омад, ки бо органҳои бехатарии давлатӣ cару кор гирад. Шиносномаи вайро аз дасташ кашида гирифтанд. Ба далелҳои имоновариаш мароқ зоҳир намуда, ӯро ду инспектор истинтоқ намуданд. Рост аз фурӯдгоҳба дастонаш завлона зада, вайро ба маркази шаҳр, ба Кумитаи бехатарии давлатӣ оварданд. Дар он ҷо чашмони ӯро бастанд ва ба ошёнаи ҳаштум бурданд ва дар он ҷо низ вайро истинтоқ карданд. Ба дасту пойҳои вай, ба рӯяш мезаданд, таҳқир мекарданд ва таҳдид мекарданд, ки якумра ҳабс карда хоҳад шуд. Тамоми баданаш аз зарбаҳо дард мекард. Ба вай ҳатто як ҷуръа об намедоданд.
Бо вуҷуди ин, баъди ҳамаи ин таҳқирҳо ва азобдиҳиҳо ӯро раҳо карданд, ва вазифадор карданд, ки дертар баргардад. Ба ӯ гуфтанд, ки агар аз муртадиаш тавба накунад, ин ба вай гарон меафтад ва пеш аз ҳама ба оилааш дар бораи хоиниаш мегӯянд.
Дар моҳҳои минбаъдаи пуризтиробу азобдиҳанда Абдул ба калисо тамоман нарафт. Вай намехост, ки дар бораи имоновариаш оилааш фаҳмад, зеро вай медонист, ки дар ин ҳолат вайро чӣ интизор аст. Ғайр аз ин, вай намехост, ки дӯстони масеҳии худро ба ин кор ҳамроҳкунад.
Билохира, дар бораи ҳамаи он ба хоҳари калониаш нақл намуд, зеро бо вай муносибати хуби дӯстона дошт. Ӯ медонист, ки ба ҳар ҳол вай ӯро то ба охир гӯш медиҳад. Вақте ки вай бо ашки шашқатор нақли ӯро гӯш мекард, мехост хоҳиш кунад, ки аз мамлакат фирор намояд, то ки оиларо ба хатар наандозад.
Дар хонаи Абдул воситаҳои пинҳонии гӯшкунӣ гузошта шуда буд, телефонаш ҳам гӯш карда мешуд, мактубҳои ӯро мекушоданд, аз болои хароҷотҳои бонкиаш назорат мекарданд ва аз қафои худаш низ назорат бурда мешуд. Баъди ҳашт моҳи пуризтироб, назоратбариҳо, кофтуковҳои ғайриқонунӣ, ки дар хонааш мегузаронданд, Абдул қарор дод, ки мамлакатро тарк намояд. Ӯ дигар ба шиддат ва тарс дар назди номаълумӣ тоб оварда натавонист, зеро тахмин намекард, ки намояндагони комитети бехатарии давлатӣ аз вай даст мекашанд.
Имрӯзҳо Абдул ва занаш дар мамлакати озод зиндагӣ мекунанд.
Як файласуфи хирадманд гуфта буд, ки ҳаёт аз бист фоиз амалҳо ва ҳаштод фоиз аксуламалҳо иборат мебошад. Китоби Муқаддас моро меомӯзад, ки масеҳӣ чӣ хел бояд ба таъқибот ва азобҳои ҳақиқӣ эътино намояд. Ана баъзе ҷанбаҳои аниқи ин таълимот.
1. Ҳайрон нашавед
Дар Навиштаҳо оиди муносибати мо ба он чи дар ҳаёти мо шуда мегузарад, бисёр гуфта шудааст. Петрус меомӯзад, ки вақте ба озмоишҳо, ғаму андӯҳва таъқибот дучор мешавем, ҳайрон нашавем.
Эй маҳбубон! Аз озмоиши оташе ки барои имтиҳони шумо фиристода мешавад, ҳайрон нашавед, ки гӯё воқеаи аҷиб ба шумо рӯй дода бошад, Балки, модоме ки шумо дар уқубатҳои Масеҳиштирок доред, шодӣ кунед, то ки дар вақти зуҳури ҷалоли Ӯ низ ба ваҷд оед ва хурсандӣ кунед (1 Пет. 4:12–13).
Дар ин ҷо Петрус насиҳатҳоро дар бораи таъқибот ва ранҷу азобҳое, ки дар Аҳди Ҷадид маротибаҳои зиёд вохӯрдан мумкин аст, такрор менамояд (ба Юҳ. 15–16; 2 Тим. 3:12; 1 Юҳ. 3:13 ниг.). Азобҳо бояд моро ба ҳайрат нагузоранд. Онҳоро бо дарки он интизор шудан лозим аст, ки онҳо ҳеҷ гоҳиҷро шудани нақшаҳои Худо халал намерасонанд.
2. Хурсандӣ кунед!
Директиваи ҳангоми озмоишҳо хурсандӣ кардан аз Номаи якуми Петрус (4:13), ҷои аз ҳама мушкили Китоби Муқаддас мебошад. Вале он ба пуррагӣ ба таълимоти Исо, ки дар "аҳкоми хушбахтӣ" пешкаш шудааст, (ба Мат. 5:11–12 ниг.), ва низ ба насиҳатҳои Яъқуб дар боби якуми Номаи ӯ аз оятҳои 2-юм то 4-ум, мувофиқат мекунад. Шакли феълӣ дар нусхаи асл амалро дар ҷараён ифода менамояд: Шодӣ кунед!
Агар ба ваъдаи Худо диққат диҳем, ин амрро фаҳмидан осонтар аст. Дар Нома ба Румиён (8:12) мо яке аз ваъдаҳои беҳтарини Худовандро мебинем. Дар яке аз нусхаҳои тарҷумаи англисии Китоби Муқаддас дар эзоҳгуфта мешавад, ки дар тарҷумаи аниқтар ин оят чунин аст: "Ва мо медонем, ки Худо ҳамеша бо он касоне мебошад, ки Ӯро дӯст медоранд, ва ҳама чизро бар нафъашон амалӣ мегардонад". Чӣ тавр мӯъҷизаовар!
Мо мазохист нестем, мо дардро ҳис карда, ҳаловат намебарем. Вале мо бо он шодӣ карда метавонем, ки метавонем бо Худованди Худ азобҳои Ӯро бо ҳам бинем, ва дар лаҳзаи баргаштанаш то абад бо Ӯ пайваст хоҳем шуд. Петрус дар Номаи якуми худ (4:14) боз дар бораи хурсандӣ дар уқубатҳо мегӯяд, зеро Рӯҳулқудс дар мо буда, моро аз дард ва тарс раҳо менамояд. Ҳамон Рӯҳба мо имкон медиҳад, ки қудрати азобҳоро дар дилхоҳтаъқибот дарк намоем. Маҳз он ба имондор баракати махсус медиҳад. Аз ин рӯ хурсандӣ кунед!
3. Бо шукрона дуо намоед
Дар Нома ба Филиппиён (4:6) ҳавворӣ Павлус моро даъват менамояд: "Ҳеҷ ғам нахӯред, аммо ҳамеша дар дуо ва илтимос бо шукргузорӣ хоҳишҳои худро ба Худо ошкор намоед". Тамоман фаҳмост, ки дар ҳолати эҳтиёҷот мо барои ёрӣ ба Худо муроҷиат карда метавонем, вале Павлус дар бораи норавоии шубҳаҳо, гунаҳгоркуниҳо ё масъалаҳои нофаҳмо нисбати Худо мегӯяд. Аниқтараш, мо бояд ҳамаашро бо шукрона қабул кунем, зеро ин фикри Худост, ки баҳри он моро бо қувваи эҳёшавии Худ таъмин менамояд. Ояти дигар дар ҳамон Номаи Павлус дар бораи баракот мегӯяд, ки дар дили шукргузор сокин мешавад: "Ва осоиштагии Худо, ки аз ҳар хирад болотар аст, дилҳои шумо ва фикрҳои шуморо дар Исои Масеҳнигоҳхоҳад дошт".
Навиштаҳо инчунин моро таълим медиҳанд, ки барои он касоне, ки азоб мекашанд (ба Аъмол 12:5; Ибр. 13:3; Қўл. 4:18 ниг.) ва барои таъқибкунандагони онҳо дуо кунем (ба Матто 5:44; Рум. 12:14 ниг.). Моро инчунин лозим аст дар бораи он дуо кунем, ки Худованд ба мо хирад диҳад, ки ба таъқибот дуруст эътино намоем.
4. Сарчашмаи азобҳоро муайян намоед
Дар Номаи якуми Петрус (4:15–19) мо ду далели зарури аксуламали дурустро ба таъқибот ва азобҳо мебинем. Яке аз ин далелҳо баҳодиҳии азобҳо мебошад. Петрус мегӯяд, ки на ҳамеша азобҳо бо иродаи Худо ба амал меоянд. Вай чор намуди ҷиноятро номбар мекунад, ки мо бояд содир накунем, то ки дар натиҷаи он азоб накашем: қатл, дуздӣ, бадаъмолӣ ва дастдарозӣ кардан ба чизи бегона. Моро лозим аст, ки ба сабаб ва мақсадҳои азобҳо дуруст баҳо диҳем, то дар он боварӣ дошта бошем, ки дар азобҳои худ мо иродаи Худоро ба ҷо меорем.
Петрус дар ояти 17-уми ҳамон Нома моро панд дода, даъват менамояд, ки ба азобҳо тайёр бошем, зеро Худо пеш аз омадани Худ моро чун аъзоёни Калисои Худ ҷазо медиҳад, меозмояд ва пок месозад. Ин консепсия низ ба мо ёрӣ медиҳад, ки асосҳои ҳаётамонро фаҳмем.
Маҳз тайёрии мо ба омадани Масеҳтаъқибот ва азобҳоро заиф мегардонад. Петрус инчунин мегӯяд: "Пас, чӣ тавре ки Масеҳбарои мо ба ҳасби ҷисм уқубат кашидааст, шумо низ бо ҳамон фикр мусаллаҳшавед…" (1 Пет. 4:1). Ин оят дар тарҷумаи хитоии Китоби Муқаддас пурзӯртар садо медиҳад: "Ба азобкашӣ тайёр буданро яроқи худ гардонед". Ҳайратовар нест, ки хитоиҳои зиёд яроқҳоро аз дасти душманон кашида гирифта, барои ғалабаи Худо истифода бурдаанд.
5. Аз азобҳо шарм надоред
Имондорон набояд ба иблис роҳдиҳанд, ки дар худ ҳисси шармро барои азобҳои худ ба вуҷуд оранд. Вақте ки намуди азобҳо ҷудоӣ аз дигар имондорон мешавад, иблис мехоҳад шахсро рӯҳафтода кунад ва дар дили имондор тухми шубҳа бикорад. Агар имондорон фаҳманд, ки азияткашӣ барои Масеҳкори тамоман муқаррарие мебошад, ки имондорони тамоми ҷаҳон ба он рӯ ба рӯ мешаванд, онҳо дастгирии бузургеро ба даст меоранд. Петрус мегӯяд: "Агар касе ҳамчун масеҳӣ уқубат кашад, бигузор хиҷил нашавад, балки барои чунин қисматаш Худоро ҳамду сано хонад" (1 Пет. 4:16).
6. Ба азобҳо чӣ хеле, ки Масеҳэътино карда буд, эътино кунед
Агар мо чӣ хеле, ки Масеҳазоб кашида буд, азоб кашем, мо бояд ба азобҳо ба монанди Масеҳэътино кунем. Агар мо ба таъқиботҳо аз рӯи ҷисм эътино кунем, азобҳои мо ба сифати шаҳодат ба ҷаҳони фаношудаистода маънои худро гум мекунад. Масеҳба бадӣ бо бадӣ ҷавоб надод. Ӯ ба ҳақорат бо ҳақорат ҷавоб надод. Ӯ ба ҷавоби таҳдидҳо таҳдид накард. Ӯ аз он касоне, ки ба Ӯ бадӣ мекарданд, қасос нагирифт. Ӯ таҳқиркунандагони Худро дӯст медошт, ва барои нафраткунандагони Худ дуо мекард. Ба мо амр шудааст, ки барои лаънаткунандагони худ баракат хоҳем, касонеро ки моро бад мебинанд, дӯст дорем ва барои таъқибкунандагони худ дуо гӯем (ба Матто 5:38–48 ниг.).
Фаромӯш накунед: ҳолатҳои аниқе ҳастанд, ки одамоне, ки масеҳиёнро меронданд ва таъқиб мекарданд, чӣ тавр таъқиботҳоро қабул намудани онҳоро дида, худ масеҳӣ шудаанд (ба 1 Пет. 3:14–18 ниг.).
7. Ба Худо бовар кунед!
Петрус дар Номаи якуми худ ишора менамояд, ки шогирдон бояд "ҷонҳои худро ба Худо супоранд" (4:19). Бо ин суханон вай гуфтан мехоҳад, ки Офаридгори амини мо мутлақо дилпур аст, ба Ӯ бовар кардан мумкин аст, зеро танҳо Ӯ қодир аст ҳамаи эҳтиёҷотҳои моро қонеъ гардонад. Агар мо дар дили худ қарор диҳем, ки ҳама чизро ба Худо диҳем, аз сар гузарондани азобҳо барои мо хеле осон мегардад. Агар мо дар итоаткорӣ ва хизматгузории фидокорона ба Ӯ итоат намоем, моро лозим нест, ки дар бораи озмоиш ва азобҳое, ки Ӯ дар ҳаёти мо роҳмедиҳад, безобита шавем.
8. Матин ва якдил бошед
Ҳамчун аъзои як оила, мо бояд ба ёрии он аъзое биёем, ки азоб мекашад. Бадани Масеҳҳамон замон пурзӯр аст, ки тамоми аъзои он бо ҳам алоқаи зич дошта бошанд. Вақте ки як узв азоб мекашад, узвҳои боқимонда низ азоб мекашанд (ба 1 Қўр. 12:20–27 ниг.).
Саламат Масиҳи ҷавон (Salamat Masih) аз Покистон дар бораи ёрие шаҳодат медиҳад, ки аъзоёни Калисои таъқибшавандаи покистонӣ аз дигар аъзоёни Бадани Маcеҳмегиранд. Ӯро, одами бесаводро, айбдор сохтанд, ки пайғамбар Муҳаммадро бо таври хаттӣ таҳқир карда бошад, ва дар асоси он ӯро ба марг ҳукм намуданд, вале оқибат ҳақ бароварданд. Тамоми ин муддат вай аз тамоми гӯшаву канорҳои замин дар бораи он мактуб мегирифт, ки дар бораи вай дуо мекунанд. Саламат мегӯяд: "Пештар аз ин ман ҳеҷ гоҳдарк намекардам, ки дар тамоми ҷаҳон чунин бародарону хоҳарони зиёд дорам!"
Ба як шyбони индонезиягӣ ҳуҷум карда, зарари ҷиддии ҷисмонӣ расонданд, ва маҷбур сохтанд, ки якҷоя бо оилааш мамлакатро тарк намояд ва аз хизматгузорияш даст кашад. Пеш аз он, ки вайро барои "тарсончакӣ" маҳкум кунем, эҳтимол моро лозим аст мароқ зоҳир намоем, ки ҳамон шyбон оё аз тарафи калисоҳо ё аз тарафи имондорон дастгирӣ ёфтааст ё не. Шояд ӯ худро яккаву танҳо ҳис намудааст, барои он, ки одамоне ёфт нашудаанд, ки ба ӯ муҳаббат ва дилсӯзӣ зоҳир намоянд?
Дар мамлакатҳое, ки масеҳиён ба таъқибот дучор намешаванд, ба мавзӯи таъқибот ба қадри ҳол бе фарқ меносибат менамоянд. Ана, баъзе гуфтаҳои имондорон дар ҷавоби зикр оиди таъқибот:
1. "Дар мо чунин шуданаш номумкин аст"
Чунин ҷавобро рӯҳшиносон аксуламале меноманд, ки дар ҷудоии ҷуғрофӣ асос ёфтааст. Бисёриҳо чунин меҳисобанд, ки таъқибот дар доираи васеъ имконнопазир аст, зеро "Сарқонун озодии виҷдонро кафолат медиҳад" ё ки "дар мамлакати мо калисоҳо бениҳоят бисёранд". Чунин имондорон ба мансабдорони бомаърифати давлати худ умед мебанданд, ва инчунин ба он далеле, ки Калисои масеҳӣ дар ҳаёти динии мамлакати онҳо мавқеи асосиро ишғол менамояд.
Калисои масеҳӣ дар Уганда аз ҷиҳати шумораи аъзоён бартарӣ дошт, ва тарафдорони он қариб 70 фоизи аҳолиро ташкил медод. Вале баъди он, ки Идӣ Амин дар мамлакат ҳокимиятро ба даст овард, таъқиботи бемисли масеҳиён сар шуд. Далели он, ки калисо аъзоёни зиёд дорад, бехатарии онҳоро кафолат дода наметавонад, ва аъзоёни онро аз чунин таъқиботи имконпазир муҳофизат карда наметавонад.
2. "Дар замони мо таъқибот имкон надорад"
Чунин ҷавобро одамоне медиҳанд, ки мувофиқи ақидаашон, онҳо аз таъқибот бо қудрати инсондӯстии либералии даврони мо озод ҳастанд. Вале вақте ки таъқибот фаро мерасанд, таърих дар ҳаёти онҳо нақши худро мегузорад.
3. "Худо ба ин роҳнамедиҳад"
Асоси фақеҳии таъқиботро нафаҳмида, имондорон дуо мекунанд ва аз Худо хоҳиш менамоянд, ки эҳтимолияти онро бартараф созад. Ба ҷои он, ки дар бораи аксуламали дуруст ба мушкилиҳо ё дар бораи ҷасурона мавъиза кардани Каломи Худо дуо кунанд (ба Аъм. 4:29 ниг.), онҳо дар бораи роҳнадодани таъқиботҳо дуо мекунанд, ва чунин меҳисобанд, ки чунин балоҳо танҳо аз тарафи иблис ба амал меоянд.
4. Мо вақт надорем, то дар ин бора фикр кунем
Одамоне, ки дар мамлакате ба монанди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зиндагӣ мекунанд, ва тамоман дар бораи он фаромӯш кардаанд, ки ба таъ-қибот дучор шуданашон мумкин аст, бисёр вақт чунин эътино мекунанд. Ҳайратовар нест, ки дар он ҷое, ки одамон дар бораи он фикр кардан намехоҳанд, таъқибот махсусан сахт мегарданд.
Рафтори сазовори мо дар зери фишори таъқибот пурра ба қувваи Масеҳвобаста аст. Мо танҳо ба шарофати Ӯ истодагарӣ карда метавонем. Вақте ки масеҳиёни тайёрнашуда ба таъқибот дучор мешаванд, онҳо ба хатоҳои зерин роҳмедиҳанд.
1. Аз имон даст кашидан ва ба тарафи душман гузаштан
Тамоман равшан аст, ки аз имон даст кашидан мумкин нест, вале масеҳиёни нотайёр ба таъқибот маҳз ҳамин хел аксуламал мекунанд. Ҳангоми ба ҳабс гирифтани МасеҳПетрус аз тарс Ӯро инкор карда буд. Яҳудо пинҳонӣ аз имони ба Исо доштааш даст кашида, Ӯро ба дасти душман супурд. Ҳамаи мо дар лаҳзаҳои гуногуни ҳаёти худ ба ин ё он дараҷа дар ин гуноҳайбдор ҳастем. Вале дар хотир доред, ки Худо метавонад ҳатто ин гуноҳро бахшад.
2. Кӯшиши пинҳон доштани эътиқоди худ ва ҷудошавӣ аз ҷамъият
Бархато будани чунин аксуламал камтар ба чашм мерасад. Имондорон метавонанд худро ба он ҳақ бароранд, ки онҳо аз имон ба Худованд даст намекашанд. Вале агар вай тарсида, аз дигар масеҳиён дур шавад, душман ин ҷудокуниро ба охир мерасонад, ва ҳаёти рӯҳонии имондор оҳиста-оҳиста хомӯш мешавад. Дар зиндон ҳатто Яҳёи Таъмиддиҳанда дар Исо шубҳа карданро сар кард (ба Луқо 7:18–23 ниг.). Бисёр масеҳиён ба таъқибот дучор шуда, маҳз чунин тактикаро пеш гирифтаанд, вале баъдтар хатои худро дарк кардаанд. Онҳо аз ҷудошавӣ баромаданд, алоқаҳоро бо дигар масеҳиён барқарор намуданд ва бародарии масеҳиро ба даст оварданд.
3. Рӯҳафтодагӣ ба исён тела медиҳад
Ин варианти аксуламал оқибатҳои аз ҳама дуру дарозро дошта метавонад. Исёни ошкоро, ки аз ғурури мо пайдо мешавад, дар назари аввал рафтори ҷасурона менамояд. Вале чунин амалҳо бегуфтугӯ аз тарафи ҳокимон таъқиботи қатъиро ба миён меоранд, ва ё ба несту нобуд кардани шӯришгар оварда мерасонад ё ба ҳабс гирифтани ӯ, ва ин гуна натиҷа ба ақидаи Китоби Муқаддас оиди таъқибот мухолифат намекунад.
Китоби Муқаддас ба истифодаи яроқ барои муҳофизати ҷамоаҳои масеҳӣ даъват менамояд, вале худи истодагарии яроқнок мушаввашии ҷиддиро дар байни масеҳиён ба вуҷуд меорад. Тадқиқоти каломии асоси чунин аксуламалҳо ба фаҳмиши он оварда мерасонад, ки мо бояд қарзи инсонии ҳар як имондор ва масъулияти шахсии ӯро дар бардоштани яроқ ё дасткашӣ аз он фарқ кунем.
Аз саргузашт, шаҳодатҳо ва таълимоти Исо мо мебинем, ки бо худ силоҳдоштанро илоҷи баромадани сазовор аз ҳолати бад шумурдан мумкин нест, ҳарчанд мо эътироф мекунем, ки бисёр шyбонон ва аъзоёни қатории калисоҳо ин вариантро пурра истифодашаванда меҳисобанд.
Худованд дар ҳақиқат метавонад касеро ба амалҳои душманона ба муқобили ҳокимон оварда расонад (чун Яҳёи Таъмиддиҳанда), аз ин рӯ боқимонда имондоронро ба ҳеҷ ваҷҳлозим нест, ки он касеро, ки чунин ба худ ғазаби ҳокимонро овардааст, маҳкум намоянд. Вале шояд иблис сабаберо истифода бурд, ки одамеро аз роҳбарорад, ки метавонист ба дигар имондорон ёрӣ диҳад?
4. Фирор кардан (агар он чораи ягона бошад)
Аксуламали муқаррарии масеҳиён ба таъқибот — дар он ҷое, ки ин имконпазир аст, — гузариш ба ҷои бехатар мебошад, ба он ҷое, ки барои гузаронидани хизматгузорӣ ва хушхабаррасонӣ шароитҳои мусоид фароҳам мебошад. Чунин ҳисобида мешавад, ки чунин муносибат ягона шакли имконпазири амал кардани калисоҳо мебошад. Дар замонҳои маслубкунии Масеҳҳамаи шогирдони Ӯ аз тарс пароканда шуданд, вале баъдтар онҳо фаҳмиданд, ки "бехатарӣ"-и ҳақиқиро фақат "ба иродаи Худо" умед баста ба даст овардан мумкин аст! Дар муҳити душманона Калисо метавонад на танҳо амал кунад, балки гул-гул шукуфад.
Ҳамаи намудҳои аксуламали дар боло номбаршуда дар байни он касоне ба таври васеъ паҳн шудааст, ки ба таъқибот тайёр нестанд. Ин на ҷавоби рӯҳонӣ ба вазъияти ҳалталаб, балки аксуламали ҷисмонӣ мебошад. Вақте ки мо ба Худованд умед намебандем, ҳама чиз ба амал омаданаш мумкин аст.
Инчунин вариантҳои гуногуни аксуламали масеҳиёни ба таъқиботҳо тайёр вуҷуд доранд, ки дар ҳаёти ҳақиқии имондорон ҷой доранд. Чунин одамон тайёранд, ки дар имон устувор бошанд ва ҳангоми бӯҳронҳо дар имон камол ёбанд. Се усули зерини муқовимати имондорон ҳам каломӣ ва ҳам таърихӣ мебошанд. Дар бисёр ҳолатҳо онҳо бо роҳнамоии Худо амал менамоянд.
1. Онҳо гурехтанд (вақте фаҳмиданд, ки ин иродаи Худост)
Дар аҳди Ҷадид Юсуф ва Марям бо Масеҳи навзод барои раҳоёбӣ аз марг ба Миср гурехтанд. Исо ба шогирдони Худ амр намуд, ки дар ҳолати таъқибот шаҳрро тарк карда, ба дигар шаҳрҳо гурезанд. Худи Ӯ якчанд маротиба аз фарисиён гурехта буд.
Масеҳиёни аввалин дар Ерусалим ба амри Исо итоат накарданд ва барои мавъизаи Инҷил то ба ақсои дунё нарафтанд, дар ин бора мо дар китоби Аъмол (1:8) мехонем. Аз ин рӯ Худо ба таъқиботе, ки дар Китоби Аъмол оварда шудааст роҳдод, то ки имондоронро дар тамоми рӯи замин пароканда намояд. Мувофиқи матни Навиштаҳо таъқибот мувофиқи иродаи Худо ба амал меомаданд, зеро ба андозаи парокандашавӣ имондорон дар рӯи замин "Каломро мавъиза" мекарданд (ба Аъмол 8:4 ниг.). Масеҳиёни аввалин, ки ба тамоми ҷаҳон пароканда шуда буданд, дар бораи номаи пурҷалоли Инҷил ба ҳар каси ростомада нагуфта наметавонистанд.
Ба ҳавворӣ Павлус, ки гирифтори таъқиботи зиёде гардида буд, борҳо дар ҳаёти миссионериаш лозим омада буд, ки гурезад (ба Аъмол. 9:25,30; 17:10 ниг.). Дар чунин ҳолатҳо ба вай дӯстон ва пайравонаш ёрӣ медоданд. Одамон ҳама корро мекарданд, ки ҷони вай ва хизматгоронашро наҷот ди-ҳанд, вале вай на ҳамеша кӯшиши аз таъқибот гурехтанро мекард.
Имрӯзҳо дар бораи он бисёр баҳс мекунанд, ки оё "дуруст аст", ки масеҳиёни таъқибшаванда хонаҳои худро тарк намоянд. Ҳар он касе, ки ба ин ҷуръат менамояд, бояд ба он боварӣ бошта бошад, ки ин иродаи Худост. Аз тарафи дигар, агар ҳамаи масеҳиён гурезанд, кӣ дар бораи Масеҳба одамон башорат медиҳад? Дар хотир доред, ки Худованди мо гуфта буд, ки дар ҷаҳоне, ки моро иҳота кардааст, мо бояд "Намак ва Нур" бошем (ба боби 18-ум ниг.).
2. Онҳо монданд ва истодагарӣ намуданд
Мақсади дастyри мазкур — омӯзондани имондорон дар сазовор аз сар гузаронидани таъқибот ва аз он ғолиб баромадан аст. Аз ин рӯ биёед варианти қобилияти ҳаётӣ доштаро дида мебароем, ки вақте масеҳиён имондорони "махфӣ" мегарданд, ё калисои махфӣ ё ғайрирасмиро таъсис медиҳанд.
Аксуламали қисми зиёди масеҳиён ба таъқибот дар асоси се ҳақиқати муҳими каломӣ мебошад:
Танҳо Худо Довар ва Худованди соҳибихтиёр мебошад. Танҳо Ӯ дили одамонро медонад, ва танҳо Ӯ роҳи онҳоро рост мекунад. Ба ҳамин тариқ, агар мо бо қуввати худ қасос гирифтан хоҳем, ба худ пурра вазифаи Худоро мегирем.
Интиқом ва подош назди Ман аст, вақте ки пои онҳо билағжад; зеро ки рӯзи ҳалокати онҳо наздик аст, ва шикасти ояндаи онҳо ба зудӣ фаро хоҳад расид (Так. Шар. 32:35).
Худо дуои мазлумонро мешунавад.
Маро, эй Худо, дар доварӣ ҳимоят намо, ва доди маро аз мардуми бераҳм бигир; аз шахси маккор ва ноинсоф маро раҳоӣ деҳ (Заб. 42:1).
Азбаски қасос аз Худост, моро лозим нест, ки қасос гирем.
Агар душмани ту гурусна бошад, шиками ӯро сер кун; ва агар ташна бошад, ба ӯ об деҳ, зеро ки бо чунин рафторат бар сари ӯ оташпораҳо фурӯ хоҳӣ рехт, ва Худованд ба ту подош хоҳад дод (Мас. 25:21–22).
Дар забони яҳудии қадим "подош медиҳад" инчунин маънои "ба охир мерасонад"-ро низ дорад. Худо кори он касонеро ба анҷом мерасонад, ки ба душмани худ ҳамдардӣ зоҳир намудааст.
Қисман таъқиботҳо бо марги таъқибшавандагон ба анҷом мерасад. Мо ба қадри ҳол се намунаро аз Аҳди Ҷадид дорем — Яҳёи Таъмиддиҳанда, Истефанус ва Яъқуб (инчунин ба Ибр. 11:36–37 ниг.). Дар ҳамаи ин ҳолатҳо марги пуразоб аз тарафи онҳо ҳамчун натиҷаи қонунии таъқибот қабул карда шуда буд. Дар замони мо инро фаҳмидан осон нест, ва зиёда аз ин, барои маданияти мо муҳофизат кардани "ҳуқуқҳои инсон" ва кӯшиши канораҷӯӣ кардан аз ҳама гуна азобҳо хос мебошад.
3. Онҳо аз ҳуқуқҳои қонунии худ истифода бурданд
Байни вариантҳои якум ва дуюми усулҳои аксуламал ба таъқиботҳо варианти миёна вуҷуд дорад. Ин такя ба дилхоҳвоситаҳои имконпазире мебошад, ки ба истодагарӣ кардан ёрӣ мерасонад. Павлус дар ин ҷо ҳам ба мо намуна нишон медиҳад. Дар боби бисту дуюми Китоби Аъмол вай ба ҷазое, ки ӯро таҳдид менамояд, ҳеҷ гуна мантиқро намебинад, ва барои муҳофизати шахсии худ аз шаҳрвандии румии худ истифода мебарад. Дар боби 25-уми Китоби Аъмол вай доварии қайсарро талаб карда, аз сари нав ҳамчун шаҳрванди Рум ҳуқуқи худро барои муҳофизат истифода бурда, аз марги қариб ногузир аз дасти яҳудиён раҳоӣ ёфтааст.
Лаҳзаи аз ҳама нозук дар ҳар се вариантҳо ҷидду ҷаҳд ба адолат мебошад, махсусан нисбати дигар одамон. Муҳофизати адолат ба доираи вазифаҳои масеҳиён медарояд. Масеҳиёне, ки ба муқобили беадолатӣ мебароянд, дар хатти пеши фронт буда, худро зери таъқибот ва думболагириҳо меандозанд.
Бародар Абдиас Товилла (Abdias Tovilla) қонунро барои он омӯхт, ки ба ҳамватанони худ дар Чяпa (Мексикаи Xанубb) ёрӣ диҳад. Сокинони Чяпаро танҳо барои он аз хонаҳо меронданд, ки онҳо масеҳиёни инҷилӣ буданд.
Дар Перу шўрои масеҳӣ ташкил карда шуд, ки муҳофизати садҳо масеҳиёнро, ки ноодилона дар фаъолияти зидди давлатӣ айбдор гардида ҳабс шуда буданд, ба таври қонунӣ ба роҳмонд.
Калисо дар Шри-Ланка, ақаллияти мазлум, намунаи зебои он мебошад, ки чӣ хел масеҳиён ба ёрии калисоҳои гирифтори таъқибот меоянд. Иттифоқи Инҷилии Шри-Ланка дар ҳамкорӣ бо комиссия оид ба озодии динии Иттифоқи Умумиҷаҳонии Инҷилӣ, дар он ҳолатҳое, ки калисо ё имондорон ба ҳуҷум ё таъқибот гирифтор мешаванд, дастурҳои зеринро кор карда баромад:
Ба аёдати калисоҳои зарардида омадани роҳбарони калисоҳои дигар, ва рӯҳбаланд кардани шyбон ва аъзоёни қатории он.
Тартиб додани актҳо дар бораи қонуншиканиҳо ва дар бораи он хабар додан ба ҷомеаи ҷаҳонӣ. Одатан ин ба воситаи интернет ба ҷо оварда мешавад. Дар натиҷаи он дигар имондорон дар бораи узви азияткашандаи Бадани Масеҳдуо карданро сар мекунанд.
Таъмин намудани ёрии моддӣ ба зарардидагон. Калисоҳо ҷидду ҷаҳди худро барои ҷамоварии маблағҳо барои ёрӣ ба қурбониёни таъқибот равона месозанд.
Ба сатҳи давлатӣ баровардани масъала дар бораи ҳодисаҳои аниқи таъқиботи имондорон. Истифодаи тартиботи қонун ва фикри умум барои бартараф кардани чунин ҳодисаҳо дар оянда.
Дастрас кардани маълумотҳо ба шyбон ва аъзоёни калисо дар бораи ҳуқуқҳои қонунии онҳо бо хоҳиши хабардор кардан оиди ҳамаи ҳолатҳои таъқибот.
Дастрас кардани маълумотҳо дар бораи он, ки дар доираи мавҷудаи озодиҳои динӣ чиро кардан мумкин аст ва чиро не.
Дар ин ҷо маслиҳатҳои амалиро нисбати он номбар кардан зарур аст, ки калисоҳо дар вазъияти душманона бояд чӣ гуна рафтор кунанд, то ки худро ба балоҳо гирифтор насозанд:
Кӯшиш кунанд, ки хизматгузориҳои пурмағал нагузаронанд;
Худро аз ҷаҳони атроф ҷудо насозанд ва дар айни замон барои ҷамоаи калисоӣ бегона нагарданд;
Дар рафтори худ нишондодҳои мадании атрофиёнро ба ҳисоб гиранд;
Канораҷӯӣ аз ҷалб кардани диққати умум дар рӯзҳои идҳои динӣ;
Ҳангоми мавъизаи Инҷил набояд барои ҷалб кардани одамон ба ёрии башардӯстона ва иҷтимоӣ рӯ овард;
Ҳаёти оддӣ гузарондан даркор аст, ва худро васваса барои ҷаҳони атроф кардан даркор нест.
Дар ҳолати таъқибот зимни гурӯҳҳои хурд ҷамъ шудан даркор аст;
Кӯшиш кардан даркор аст, ки ба ҷамъомадҳо хориҷиёнро даъват нанамоянд;
Аз носазо гуфтан дар бораи дигар динҳо худдорӣ намоянд.
Мулоҳизаҳои бофаросатонаи зеринро яке аз роҳбарони калисо пешниҳод кардааст, ки дар мубоҳисаи байниконфессиявӣ иштирок карда буд. Баъди муноқишае, ки дар пеши назараш ба амал омад, вай фаҳмид, ки дар чунин вазъият кор бурдан душвор аст. Ӯ мегўяд, ки барои мубоҳисаи пурсамар муноқишаҳо бояд пешгирӣ карда шаванд, на ин ки дар рафти кор хомӯш карда шаванд.
Вақте ки калисои маҳаллӣ ва ҳар як имондор ногузирии азобҳо ва вариантҳои библиявии аксуламалҳоро ба онҳо фикр карда мебарояд, ғалабаи онҳо на танҳо имконпазир аст, балки таъминшуда мебошад.
Таъқибот, ки бо он мо рӯ ба рӯ мешавем, ё ҷонҳои моро маиб месозад, ё дар инкишофи рӯҳонӣ ёрӣ мерасонад — ин аз аксуламали мо ба онҳо вобаста аст. Мутаассифона, қисми зиёди одамон намебинанд, ки Худо чӣ хел мехоҳад таъқиботро ба манфиати онҳо истифода барад. Онҳо ба азоб нодуруст эътино намуда, ба ҷои фикр кардан дар бораи он, ки аз ҳолати мавҷуда чӣ гуна бартариро бардоштан мумкин аст, онҳоро инкор менамоянд. Ана панҷ варианти ҷавоб ба саволе, ки барои чӣ Худо таъқиботоро дар ҳаёти мо роҳмедиҳад.
1. Худо таъқиботро барои он истифода мебарад, ки моро раҳнамун созад
Гоҳо Худоро лозим меояд, ки замини зери пои моро тафсонад, то моро маҷбур созад, ки ҳаракат кунем. Масъалаҳои ҳалталаб ва фишорҳои беруна гоҳо ба мо самти навро нишон медиҳанд ва моро водор месозанд, ки фаъолона ба пеш ҳаракат намоем. Эҳтимол, Худо мехоҳад диққати моро ба Худ ҷалб намояд? "Ҷароҳатҳои шаллоқ давои шахси бадкор аст…" (Мас. 20:30). Ба ҳамин тариқ гоҳо одамро лозим меояд, ки дардро аз сар гузаронад, то худро маҷбур созад, ки самти ҳаракати худро тағйир диҳад.
2. Худо таъқиботро барои он истифода мебарад, ки моро озмояд
Оё Худо шуморо дар назди интихоби мушкиле гузошта, ягон вақт озмоиш кардааст? Ва ин масъалаҳои душвор дар шумо чиро ошкор карданд? "Эй бародарони ман, вақте ки ба озмоишҳои гуногун дучор мешавед, инро барои худ шодии бузург ҳисоб кунед, чун медонед, ки имтиҳони имони шумо сабрро ба вуҷуд меоварад" (Яъқ. 1:2–3).
3. Худо таъқиботро барои он истифода мебарад, ки моро ислоҳнамояд
Баъзе сабақҳоро мо метавонем танҳо ба воситаи дард ва шикаст ба даст орем. Вақте ки мо кӯдакони хурд будем, падару модарамон моро таъкид мекарданд, ки ба оташдони тафсон даст нарасонем. Вале мо шояд маънои ин таъкидро дар амал фаҳмидем, яъне баъд аз дастамонро сӯзондан. Гоҳо мо ягон чизро аз даст дода, баъд ба қадри он мерасем, масалан саломатӣ, пул, муносибати хуб ва ғ. "Барои ман некӯст, ки уқубат кашидаам, то ки фароизи Туро таълим гирам" (Заб. 118:71).
4. Худо таъқиботро истифода мебарад, то ки моро муҳофизат намояд
Мушкилии ҳаётӣ метавонад баракотҳои махфӣ бошад, агар он моро аз хатарҳои ҷиддитар муҳофизат намояд. Соли гузашта рафиқи маро барои иҷро накардани фармони сардор, ки қатъиян мухолифи нормаҳои ахлоқии рафиқам буданд, аз кор озод карданд. Надоштани ҷои кор барои вай проблема гашт, вале баъди он, ки корҳои махфии фирма ба ҳукуматдорон маълум гашт, маҳз аз кор озод карда шуданаш вайро аз айбдоркунӣ ва ҳабсшавӣ раҳоӣ дод. "Шумо дар ҳаққи ман қасди бад доштед, вале Худо онро ба некӯӣ гардонд" (Ҳас. 50:20).
5. Худо таъқиботро истифода мебарад, то ки моро такмил диҳад
Агар ба проблемаҳо дуруст эътино намоем, онҳо шахсиятро ташаккул медиҳанд. Ба Худо аз ҳузуру ҳаловат дида шахсияти мо муҳимтар аст. Муносибатҳои шахсӣ бо Худо ва шахсияти мо — ин ягона чизест, ки мо бо худ ба абадият мебарем.
"(Мо) бо мусибатҳо низ меболем, зеро медонем, ки мусибат сабрро ба вуҷуд меоварад, ва сабр — ботаҷрибагиро, ва ботаҷрибагӣ — умедро, ва умед шарманда намекунад, чунки муҳаббати Худо дар дилҳои мо ба воситаи Рўҳулқудс, ки ба мо ато шуд, ҷорӣ шудааст" (Рум. 5:3–5).
Моҳият дар ин аст: Худо дар ҳаёти мо ҳатто он вақт амал мекунад, ки мо онро дарк наменамоем. Вале агар мо ба Ӯ ҳамкорӣ намоем, амали Ӯ пурсамартар мегардад. Ин роҳба сӯи ғалабаҳо мебошад.
ҚИСМИ II
Калисо
Боби чорум
КАЛИСО ЧИСТ?
Қўл. 1:18
Дар шимолу шарқи Ҳиндустон масеҳиёни камбағали қабилае ба навимонони қабилаи дигар баъди он, ки роҳбари онҳоро бо завҷааш ва духтарчаи даҳсолааш барои шаҳодаташон ба қатл расонданд, ёрӣ расонданд ва дастгирӣ намуданд.
Дар ҳабсхонаи Судон як шyбон як имондорро аз байни мусулмонон, бо истифодаи он, ки якҷоя кор мекарданд, пуртоқатона тарбия намуд. Баъди озодшавӣ масеҳии ҷавон шоҳиди пурҳарорати Масеҳгардид.
Дар Хитой ҳангоми инқилоби маданӣ гуруҳи хурдакаки имондорон ҳар ҳафта дар хоначаи паси мағозаи на чандон калон ҷамъ мешуданд. Азбаски дилхоҳодами ба мағоза воридшаванда метавонист онҳоро шунавад, онҳо сурудҳоро бе овоз ва бе оҳанг "месароиданд". Яке аз онҳо пичирросзанон номи сурудро мегуфт ва боқимондаҳо хомӯшона зери лаб онро замзама мекарданд.
Дар Русияи шўравӣ гуруҳи масеҳиён аз маросими дафни духтари яке аз имондорон истифода бурданд, то ки дар назди умум дар бораи Масеҳшаҳодат диҳанд. Дар роҳи қабристон дар ҳар сад метр онҳо ист мекарданд ва сурудҳои шукронаро месароиданд. Падари духтарчаи фавтида ҳам дар бораи наҷот дар Масеҳшаҳодати равшану возеҳдод. Бисёрии аҳли калисо аз чизҳои шунидаашон сахт ба ваҷд омаданд.
Дар Вйетнам шyбон Ҳо Ҳе Ҳа (Ho Hieu Ha) барои хизматгузорӣ дар калисои зуд инкишофёбанда шаш соли маҳбусиро паси сар кард. Ӯ чунин меҳисобид, ки дар ҳабсхона будан беҳуда гузаронидани вақт набуд, зеро вай ин муддатро барои хизматгузорӣ барои он одамоне гузаронд, ки дар пушти панҷара буданд. То лаҳзаи озодшавиаш вай наваду шаш касро назди Масеҳовард, ва дар имон калон кард.
Дар Китоби Муқаддас Калисо "киштзори Худо, иморати Худо", "Бадани Масеҳ", ва "Хонаи Ӯ" номида шудааст (ба 1 Қўр. 3:9; 12:13,27; ба Ибр. 3:6 ниг.). Он инчунин арӯси Ӯ ва завҷаи Ӯ номида мешавад (ба Ваҳй 19:7–9; 21:2,9; Эфс. 5:22–23 ниг.). Ҳамаи ин тимсолҳои оддӣ ба мо барои он дода шудаанд, то мо фаҳмем, ки Калисо ягонагии рӯҳонӣ мебошад, на ин ки бино ва ташкилоти инсонӣ. Эҳтимол хатои маъмули имондорон маҳз дар чунин тасавуроти нодуруст дар бораи Калисо сар мезанад. Фаҳмидан хеле муҳим аст, ки Калисои Исои Масеҳ, асосан ва дар мадди аввал, мафҳуми рӯҳонӣ мебошад.
Вақте Петрус мавъиза мекард, ки Исо-Масеҳ, Писари Худои зинда аст, Исо бо ваъдае ҷавоб дод, ки Калисои Худро дар рӯи "cанг"-и ин ҳақиқати бузург бино хоҳад кард, ва гуфт, ки дарвозаҳои дӯзах бар он ғолиб нахоҳанд омад (ба Мат. 16:13–18 ниг.). Мувофиқи гуфтаи Аҳди Ҷадид, одаме, ки чун Петрус эътироф мекунад, ки Исо-Масеҳаст, ва ба Ӯ чун ба наҷоткор ва Худованд бовар мекунад, аз "олами боло" таваллуд мешавад (ба Юҳ. 3:1–7 ниг.).
Ин таваллуди нав таҷрибаи рӯҳонӣ мебошад, ки дили одамро барои Рӯҳи Худо мекушояд. Худо ба дили кушода медарояд ва дар он ҷо зиндагӣ мекунад. Ба ҳамин тариқ, одам "коҳин"-и Худо гашта, ҳуқуқи ба ҳузyри муқаддаси Худо ворид шуданро доро мегардад (ба 1 Пет. 2:5,9; Ибр. 4:16 ниг.). Чунин муносибати одами алоҳида бо Масеҳхеле рӯҳонӣ мебошад, ва Исо одамони алоҳида, имондоронеро, ки ба Ӯ бовар доранд, ба бадани рӯҳонӣ — Калисои Худ муттаҳид месозад.
Китоби Муқаддас ба Калисо се талаботи асосиро пешкаш менамояд.
1. Имон ба Масеҳ
Мо бояд ба Исои Масеҳҳамчун Худованд ва Наҷаткоре, ки аз олами боло таваллудшавиро медиҳад, бовар намоем (ба Юҳ. 3:1–17; 2 Қўр. 5:17 ниг.).
2. Ду ё се имондор бо номи Масеҳ
Як имондор Калисо буда наметавонад, зеро Калисо аз "сангҳои зинда" иборат Буда, бадане мебошад, ки "узвҳо"-и зиёд дорад (ба Пет. 2:5; 1 Қўр. 12:12; Мат. 18:20 ниг.).
3. Содиқ будан ба Исо ва ба якдигар
Масеҳсари Калисо мебошад, ва бе итоаткорӣ ба Ӯ ҳеҷ гуна Калисо буда наметавонад. Худованд имондоронро ба муттаҳидшавӣ дар асоси муносибатҳои байниҳамдигарии махсус, ки дар Китоби Муқаддас он "бино ёфтан" номида шудааст, ҷалб менамояд (ба Эфс. 2:22 ниг.). Худи Масеҳдар ин муносибатҳо масеҳиёнро муттаҳид месозад ва онҳоро ба ғамхорӣ нисбати якдигар ҳидоят менамояд (ба 1 Қӯр. 12:25–26 ниг.). Аз ин фаҳмо мегардад, ки чунин Калисо кори Худоро ба ҷо меорад, на ин ки ҳамин хел як ташкилоти инсонӣ мебошад.
Ба андозаи тадқиқи ин таълимот мо мебинем, ки нисбати Калисо бисёр нуқтаҳои назари нодуруст вуҷуд доранд. Моро дар хотир доштан зарур аст, ки азбаски Калисо на биност ва на ташкилоти инсонӣ, сарвари он набояд одам бошад, ва он ба одамон "дастгузошташуда" ё "хизматчиён" эҳтиёҷ надорад.
Ҳамаи ин гуфтаҳо ба ҳеҷ ваҷҳмаънои онро надорад, ки Калисо набояд ба шyбони худ дастгузорӣ намояд, ё ки аз мавъизаи Инҷил он касонеро, ки маҳорати худододи роҳбарӣ кардани калисоҳоро доранд, дур созад. Ин ҳамчунин маънои онро надорад, ки одамони тайёрнабуда ва бетаҷриба метавонанд ба дӯши худ масъулияти кори хизматгузории Калисоро гиранд. Вақте ки дастгузорӣ ҳамчун шаҳодати атои рӯҳонӣ ва омӯзиши ҷиддии Каломи Худо хизмат кунад, он метавонад барои Калисо пурарзиш гардад. Вале вақте ки ин аломати бартарӣ ё ба "табақаҳо"-и динӣ ҷудокунанда гардад, он метавонад барои Бадани Масеҳмонеаи ҷиддӣ бошад.
Ба ҳар ҳол ҳодисаи дастгузорӣ ва одамони расман эътирофшуда бояд дар Калисо "хизматгор" бошанд. Ҳузури онҳо шояд беҳамто бошад, вале он дар раванди зинда мондани Калисо ҳангоми таъқиботҳо он қадар муҳим нест. Чунин роҳбарони калисоӣ, ки аз тарафи давлат эътироф карда шудаанд, метавонанд танҳо барои ба ҷо овардани маросимҳои муқаррарӣ ба монанди ақди никоҳё дафн лозим шаванд. Вале магар дар Китоби Муқаддас ин фаъолият вазифаи асосии Калисо шуморида шудааст?
Якумин чизе, ки Навиштаҳо дар бораи ҳаёти мо ҳамчун имондорон мегӯяд, ба ҳаёти "имон" тааллуқ дорад. Мӯъҷизаи таваллудшавӣ аз олами боло ва ҳузyри Рӯҳулқудс дар дилҳои мо бояд дар ҳаёти ҳаррӯзаи мо зоҳир гардад. Чунин принсипҳо ба монанди итоаткорӣ ба Масеҳва содиқ будан ба беҳдошти дигар имондорон бояд на танҳо ҳамчун принсип монанд, балки ҳатман дар ҳаёти имондорон таъсир расонанд.
Исои МасеҳКалисои Худро вазифадор кард, ки панҷ вазифаи асосиро иҷро намояд. Мо бояд башорат диҳем (ба Мат. 29:19 ниг), шогирдонро тарбия намоем (ба Мат.18:20 ниг.), муҳаббати Худоро нишон дода ба одамон хизмат намоем (ба Мат. 22:39; Эфс. 4:12 ниг.), бо якдигар мушоракат намоем (ба Эфс. 2:19; Ғал. 6:10 ниг.), ва якҷоя Худоро ибодат намоем (ба Мат. 4:10; Юҳ. 4:23 ниг.). Ҳеҷ кадоми ин вазифаҳо аввалиндараҷа нестанд. Ҳамаи инҳо баробар муҳиманд.
1. Хушхабаррасонӣ
Агар мо дар ҳақиқат ба дарки Масеҳҳамчун Худованд ва Наҷоткор омада бошем, мо албатта мехоҳем ин азсаргузаронии мӯъҷизаоварро бо он касоне, ки дӯст медорем, бо ҳам бинем. Гоҳо башоратдиҳӣ ба дӯстон ва хешу таборон кори хеле мушкил ва ноқулай менамояд. Агар мо дар ҳақиқат атрофиёни худро дӯст дорем ва бовар кунем, ки бе Масеҳонҳо дар абадият азоб мекашанд, новобаста ба вазъияти номусоиди маданӣ ва сиёсӣ мо албатта дар бораи Худо ба онҳо гап мезанем.
Одамони боҷуръат ҳамеша имконият меёбанд, ки бо муҳаббат ва эҳтиром Хушхабарро бо дӯстон ва хешу таборон бо ҳам бинанд. Кӯшиши дар бораи андешаи Худо оиди кафорат гап задан яке аз шаҳодатҳои муҳими муносибатҳои мо бо Худо мебошад. Ва ғайр аз ин, ин яке аз вазифаҳои асосии Калисо мебошад.
2. Тарбияи шогирдон
Ҳамин ки касе аз наздикони мо назди Масеҳбиёяд, мо бояд ба вай ёрӣ расонем, ки дар Худованд ба камол расад. Дар калисоҳои давлатии мамлакатҳои Ғарб чунин меҳисобанд, ки одам мунтазам ба калисо омада, мавъизаҳоро гӯш карда, худ ҳама чизҳои зарyриро аз худ менамояд. Дар чунин нуқтаи назар хатои ҷиддӣ ниҳон аст. Мувофиқи баъзе анъанаҳои маданӣ, одаме, ки ҳаёти одами дигарро наҷот медиҳад, барои шахси наҷотёфта ҷавобгар аст — ин намунаи хубест барои шахси масеҳӣ. Агар мо касеро ба ҳаёти нав дар Масеҳорем, мо ҷавобгар ҳастем, то ӯ донад, ки Китоби Муқаддас чиро меомӯзад.
Китоби Муқаддас барои инкишофи рӯҳонӣ фавқулодда муҳим аст, аз ин рӯ бисёрии масеҳиён ба ҳар касе, ки умеди ба Масеҳоварданашро доранд, ҳамон замон Китоби Муқаддасро медиҳанд. Дар баъзе мамлакатҳо ба монанди Руссия ё Хитой масеҳиён солҳои дароз бе Китоби Муқаддас зиндагӣ мекарданд, ва ин хеле мушкил буд. Онҳо оятҳои Китоби Муқаддасро аз он имондороне, ки пештар онҳо аз ёд карда буданд, аз худ мекарданд, масалан, аз барномаҳои масеҳии радио. Гуруснагии қариб ноумедона ба Китоби Муқаддас дар байни масеҳиён, ки онҳоро муддати зиёде маҳрум сохта буданд, муҳимии онро барои ҳаёти масеҳӣ баръало нишон медиҳад.
Имондорон ба Масеҳдар мамлакатҳое, ки вазъият барои онҳо номусоид аст, дар нигоҳдоштани нусхаҳои Китоби Муқаддас ва хоҳиши омӯзиши онро давом додан хеле эҷодкор мегарданд. Дар баъзе ҳолатҳо онҳо Китоби Муқаддасро ба қисмҳо ҷудо менамоянд, то ки ҳар китобҳои он брошюраи алоҳида гардад. На ҳамаи хоҳишмандони нобудсозии Китоби Муқаддас онро дар чунин намуд шинохта метавонанд. Ғайр аз ин дар ин ҳолат аз як Китоби Муқаддас дар як вақт метавонанд одамони зиёде истифода баранд. Шароит чӣ гуна, ки набошад, хеле муҳим аст, ки навимон ҳатман мунтазам Китоби Муқаддасро омӯзад.
Вақте ки Рӯҳулқудс гурӯҳи имондоронро якҷоя ҷамъ менамояд ва калисоро ташкил медиҳад, исботи калисо гардидани онҳо иҷрои панҷ вазифа мегардад: Мавъизаи Инҷил, омӯзиши Китоби Муқаддас, мушоракат, хизматгузорӣ ва ибодат. Калисоҳои хурди ғайрирасмӣ бисёр вақт аз имконияти мушоракат ва ибодати якҷоя хурсанд мегарданд, вале омӯзиши Китоби Муқаддас ва онро ба атрофиён мавъиза кардан барояшон мушкил мегардад. Ва ҳар чӣ ҳам набошад, аз ин вазифа ба ҳеҷ ваҷҳқатъи назар кардан даркор нест.
Агар дар мамлакат марказҳои таълимдиҳандаи каломӣ баста шаванд, калисоҳои маҳаллӣ ҳатман бояд масъулияти ба имондорон таълим додани Каломи Худоро ба ӯҳдаи худ гиранд (ба 1 Тим. 2:2 ниг.). Чунин омӯзишро ба таври инфиродӣ гузаронидан мумкин аст, ва дар он вақт масеҳии баркамол ва имондори ҷавон метавонанд бо ин мақсад мустақилона вохӯранд.
Дар Китоби Муқаддас намунаҳои зиёде мавҷуданд, ки роҳбарони калисоҳои ҷавон тайёриро маҳз бо ҳамин роҳгузаштаанд. Бар иловаи намунаи равшани он, ки Масеҳшогирдони Худро таълим медод, мо боз мебинем, ки чӣ хел Барнаббо Марқўсро таълим медод (ба Аъм. 12:25; 15:39 ниг.). Акило ва Прискила ба Апӯллӯс ёрӣ расониданд (ба Аъм. 18:24–26 ниг.). Павлус бошад Тимотиюсро ба хизматгузорӣ тайёр намуд (ба Аъм. 16:1–3 ниг.).
Павлус усулҳои худро оиди "тарбия"-и шогирдони ҷавон хеле муфассал тасвир менамояд. Аввал ин, ки вай онҳоро дар намунаи шахсӣ таълим медод (ба 1 Қӯр. 4:16 ниг.), ва ғайр аз ин, вай худро пурра ба шогирдон бахшида буд, бо онҳо зиндагӣ мекард, ва ҳар чизе, ки дошт, бо онҳо бо ҳам медид (ба Аъм. 20:34 ниг.). Муносибатҳои вай бо шогирдон аз рӯи принсипи "шогирд / муаллим" сохта намешуд, онҳо аз ин хеле зичтар ва наздик буданд (ба 1 Тим. 1:1–2 ниг.). Ӯ ба онҳо аллакай дар давраи омӯзиш масъулияти муайянро мегузошт, ва муносибатҳоро бо онҳо ҳатто баъди он, ки онҳо шубон мегаштанд, давом медод (ба 1 Тим. ва 2 Тим. ва Титус ниг.).
3. Хизматгузорӣ ба одамон
Мо ҳамчун масеҳиён бояд эҳтиёҷоти рӯҳонии дигар одамонро дарк намоем ва ба он тайёр бошем, ки аз рӯи имкон ҳамеша ҳам ба бародарони имондор, ва ҳам ба одамони беимони атрофамон ёрӣ расонем. Дастгирӣ ва рӯҳбаландсозӣ ҳатто дар кори ночизи нек гоҳо метавонад омили ҳалкунанда гардад, ки оё бародар ё хоҳар дар Масеҳметавонад ба муқобили ҳуҷумҳои душман истодагарӣ намояд ё не.
Хизматгузорӣ — ба дигар одамон нишон додани муҳаббати Худо ба воситаи қонеъ гардондани эҳтиёҷотои онҳо ё бо номи Исо шифо додани захмҳои онҳо аст. Ҳар боре, ки мо аз рӯи муҳаббат кӯшиш мекунем, то баҳри дигар одамон коре бикунем, мо ба онҳо хизмат мекунем. Калисо бояд муқаддасонро ба хизматгузорӣ тайёр намояд (ба Эфс. 4:12 ниг.).
4. Муошират бо якдигар
Мо ҳамчун масеҳӣ на барои он даъват шудаем, ки ба Исо бовар кунем, балки ба пуррагӣ ба Ӯ тааллуқ дошта бошем. Ин маънои онро дорад, ки мо худ ба худ дар ҷудоӣ аз дигар имондорон зиндагӣ карда наметавонем. Мо даъват шудаем, ки аъзоёни ҳақиқии бадани Ӯ — узви оилаи Худо гардем. Ба ҳамин тариқ, барои масеҳиён хеле муҳим аст, ки вақтро якҷоя гузаронанд, таҷрибаи ҳаёти рӯҳонии худро бо ҳам бинанд ва якдигарро дастгирӣ намоянд.
Иблис дилхоҳимкониятро истифода мебарад, то ба чунин муоширатҳо халал расонад. Вай медонад, ки имондоронро лозим аст якдигарро устувор гардонанд, аз ин рӯ фарқиятҳои вуҷуддоштаи байни онҳоро қайд карда, ё барои ин мақсад ҳама гуна асосҳоро истифода бурда, кӯшиш мекунад ба муошират халал расонад (ба Ибр. 10:24–25 ниг.). Барои дастгирӣ кардани масеҳиён Худованд метавонад вохӯриҳои ғайрирасмӣ ё ҳатто тасодуфиро истифода барад, махсусан вақте ки хизматгузориҳои расмӣ ва муоширатҳо дар гурӯҳҳои сершумор манъ карда шудаанд. Албатта ҷамъомадҳои калон хеле фоидаовар мебошанд, вале одатан ёрии ҷиддитарро ба имондорон дар гурӯҳҳои "ячейкагӣ" ҳангоми муоширатҳои шахсӣ расондан мумкин аст, зеро дар он ҷо эҳтиёҷотҳои конкретии онҳоро муҳокима кардан мумкин аст.
5. Ибодати якҷоя
Ҳамаи имондорони ҳақиқӣ масъулият ва ҳуқуқи ба Худо ибодат кардани худро медонанд. Ин дарккунӣ аз он вақте сар мешавад, ки Рӯҳулқудс ба дилҳои мо медарояд, то дар давоми ҳаёт дар он сокин буда, бо мо зиндагӣ намояд. Ҳар як имондор, ҳар гоҳе, ки имконпазир аст, бояд бо ҳам ба таври инфиродӣ ва ҳам дар ҷамъомадҳои умумӣ ба Худо ибодат намояд. Мо метавонем ба Худо барои он ибодат намоем, ки Ӯ Худост, ва барои он ки Ӯ дар офариниш ва кафорат чӣ кор кардааст, ва барои он, ки Ӯ бевосита барои ҳар яки мо чӣ кор мекунад.
Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки имондорон бояд ба Худо ибо-дат намоянд ва фаҳмонда мешавад, ки барои чӣ онҳо бояд ин корро кунанд. Вале дар он қариб ҳеҷ чиз дар бораи он гуфта нашудааст, ки маҳз чӣ тавр онҳо бояд ибодат намоянд. Тамоман равшан аст, ки дар калисо барои бисёр намуди ибодатҳо, ки дар дини бутпарастон ба кор бурда мешавад, ҷой нест (ибодат ба тимсолҳо, ибодат ба таври худазобдиҳӣ ва адами шаҳват, қурбон кардани чорпоён ва дигар расму русуми ба ҳамин монанд).
Ибодат ба Худо дар калисо бояд ба ситоиши Ӯ нигаронда шавад. Ин амали иродаи мост, ки бо шароитҳои ҳаёти мо ҳатман алоқаманд нест. Ба таври дигар гӯем, мо бояд Худоро дар он ҳолате ҳам ҷалол диҳем, ки гирифтори шароитҳои ногувор бошем. Ин аст итоат ба иродаи Худо ва кӯшиши ба Худо мақбул будан (Ба Заб. 66:4; Ибр. 13:15; Иш, 12:4 ниг.).
Дар хотир нигоҳдоштан зарур аст, ки ибодат муносибати одам бо Худо мебошад, ва зоҳиран метавонад дар дуо, зонузанӣ зоҳир шавад. Дар қисми зиёди имондорон мусиқӣ нақши муҳимро мебозад. Шаклҳои ибодати имондорон бояд анъанаҳои мадании онҳоро ифода намоянд, ки бо ёрии онҳо ҳурмати худро ба Худо зоҳир месозанд, агар онҳо ба нишондодҳои каломӣ мухолиф набошанд.
Дар давраҳои таъқибот Калисо ҳамеша панҷ вазифаи асосии худро ба ҷо меовард. Биёед дида мебароем, ки ба таъқибот нигоҳнакарда, Калисо чӣ хел аз ӯҳдаи ин вазифа мебаромад.
Дар аввали ибтидои пайдоиши калисоҳо ҳокимон гузарондани хизматгузориҳои оммавиро иҷозат медоданд. Петрус дар рӯзи Пантикост (ба Аъм. 2:1–41 ниг.), ва дар маъбад баъди шифодиҳии ланг (ба Аъм. 3:1–26 ниг.) ба ҳазорон одамон мавъиза карда буд. Баъдтар дар бораи Исо гуфтанро ба имондорон манъ карданд. Вақте ки онҳо аз итоат кардан саркашӣ намуданд (ба Аъм. 4:1–31 ниг), таъқибот сар шуд. Хизматгузориҳо оҳиста-оҳиста аз ҷойҳои ҷамъиятӣ ба хонаҳои шахсӣ гузаронда шуданд (ба Аъм. 5:42 ниг.), дар ҳоле, ки бисёр имондорон аз Ерусалим гурехта буданд. Имондорон дар парокандагӣ ҳам Хушхабарро бо худ бурданд (ба Аъм. 8:4 ниг.). Қайд кардан даркор аст, ки сухан дар бораи имондорони қаторӣ меравад (ба Аъм. 1:8 ниг.)
Дар натиҷаи парокандагии худ имондорон миссионер гаштанд ва ба дигар одамон як ба як бе ёрии Калисои расман эътирофшуда башорат доданд. Ба ҳамин тариқ таъқибот Калисоро маҳв накард, балки баръакс, ба мустаҳкамшавӣ ва зиёдшавии аъзоёни он мусоидат кард. Баъди ин ба Петрус амр дода шуд, ки бо Корнилюс, бо дӯстон ва хешу таборони ӯ, ки дар хонаи Корнилюс ҷамъ шуда буданд, сӯҳбат намояд (ба Аъм. 10 ниг.).
Дар он вақт Павлус аллакай имон оварда, ба бутпарастон дар бораи Исо башорат дода, хизматгузории худро сар карда буд. Аввал вай дар маъбадҳо таълим медод, вале вақте ки паёмҳои вайро дар он ҷо инкор карданд, ӯ дар ҳар ҷое, ки одамон ба гӯш кардани вай тайёр буданд, таълим медод. Масалан, дар Қўринтус барои ин хонаи шахсиро истифода мебурд (ба Аъм. 18:1–7 ниг.), дар Эфсӯс вай сомеони худро дар мадраса ҷамъ менамуд (ба Аъм. 19:1–10 ниг.), дар Филиппӣ бошад, дар соҳили дарё таълим медод (ба Аъм. 16:12–13 ниг.).
Масеҳиёни аввалин ҳамеша ва дар ҳама ҷое, ки имконпазир буд, дар бораи қувваи наҷотдиҳандаи Масеҳбашорат медоданд. Қобили зикр аст, ки нусхаҳои Навиштаҳо хеле кам буданд, вале ба ин нигоҳнакарда, Калисои бармаҳал ба пуррагӣ таълимоти худро бо Каломи Худо асоснок карда, оятҳои каломиро аз ёд мегуфтанд. Масеҳиён дар мамлакатҳое, ки онҳоро таъқиб мекунанд, ин принсипҳои мавъизаи Инҷилро бояд ба эътибор гиранд. Ҳар масеҳӣ ҳангоми дилхоҳимконият бояд танҳо дар асоси Навиштаҳо ва ба қувваи Рӯҳулқудс такя карда, дар бораи Масеҳгӯяд.
Илова бар хушхабаррасонӣ оиди наҷот дар Исои Масеҳ, Калисои бармаҳал инчунин имондорони навро таълим медод (ва тарбия мекард). Мо намедонем, ки онҳо барои таълим дар куҷо ҷамъ меомаданд, зеро онҳоро дар куништҳо дигар роҳнамедоданд. Эҳтимол онҳо дар хонаҳои шахсӣ ҷамъ мешуданд.
Китоби Аъмол ба мо дар он бора хабар медиҳад, ки имондорон баъди хушхабаррасонӣ дар бораи Масеҳкӯшиш мекарданд тарбияи минбаъдаи имондоронро амалӣ гардонанд. Барои ин мақсад калисои Ерусалим Барнабборо ба Антиохия фиристод (ба Аъм. 11:25–26 ниг.).
Павлус такроран ба он шаҳрҳое баргашт, ки дар онҳо аллакай бомуваффақият таълим дода буд, то ки навимононро қавӣ гардонад ва рӯҳбаланд созад (ба Аъм. 14:21–2 ниг.), ва баъдтар боз аз сари нав дар ин шаҳрҳо ҳангоми ба Ерусалим рафтан ист кард (ба Аъм. 20:6–8 ниг.). Аз шарҳи номаҳо маълум мегардад, ки Юҳанно ва Яъқуб ҳам ба тарбияи шогирдон машғул буданд. Дар бисёр ҳолатҳо чунин таълимдиҳӣ аъмоли пурқимати имондорро ифода менамояд. Ин кори муҳимест, ки дар шароити вазъияти душманона ба ҷо овардан мумкин аст.
Чунин таълимдиҳӣ метавонад дар вақти гуногун ва дар ҷойҳои гуногун ба вуқӯъ пайвандад, машғулиятҳо метавонанд давомнокии гуногун дошта бошанд, охир маҳз набудани озодӣ барои гузарондани машғулиятҳо дар гурӯҳҳо масъалаи ҳалталаб мегардад.
Вақт ва ҷои тайёр кардани шогирдон аҳамият надорад. Муҳим нест, ки гурӯҳхурд аст ё ки дар он ҳамагӣ як нафар аст. Муҳим он аст, ки таълим дар асоси Каломи Худо ба роҳмонда шавад ва он барои мустаҳкамкунӣ ва рӯҳбаландкунии бародарон ва хоҳарон дар Масеҳ, дар хизматгузории масеҳии онҳо нигаронда шуда бошад.
Мушоракатро дар Калисоҳои бармаҳал нисбат ба башоратдиҳӣ ва таълим муайян кардан мушкилтар аст, зеро он асосан дилбастагии самимиро нисбати якдигар ифода менамояд.
Калисоҳои расмӣ метавонанд дар барномаи фаъолияти худ мушоракати ҳарҳафтаинаро дохил кунанд, вале ин мушоракат ҳақиқӣ мегардад ё не, ин фақат ба муносибати ҳақиқии имондорон нисбати якдигар вобаста аст. Дар Калисоҳои бармаҳал муошират бо "таомхӯрӣ"-и (трапеза) умумӣ зич алоқаманд буд, ки ҳангоми он қисми муҳими шоми Худованд "ноншиканӣ" буд (ба Аъм. 2:42,46 ниг.).
Аз таҷрибаи калисои Қӯринтус мо метавонем як сабақи фоиданокеро гирем. Мушоракат дар он тазодро бо ҷамъомадҳои хурсандона дар Ерусалим ифода менамояд. Қӯринтиён амалан мушоракат надоштанд, зеро онҳо дар ҷудоӣ буданд. "Шоми муҳаббат"-и онҳо (трапезаҳо) ба ҷои мушоракат вақти муноқишаҳо мегардид (ба 1 Қӯр. 11:17–30 ниг.).
Агар Калисои Ерусалим проблемаҳои худро дар муҳаббат ҳал мекарда бошад, қӯринтиён ҳатто бародарони ҳамимони худро барои доварӣ назди бутпарастон мебурданд (ба 1 Қӯр. 6:1–8.ниг.). Ба онҳо ҷамъ намудани хайрияҳо барои масеҳиёни эҳтиёҷманди Ерусалим душвор буд (ба 2 Қӯр. 8:6б 10–11; 9:15 ниг.), ва ин ҳайратовар нест. Агар дар онҳо мушоракат ва дилсӯзӣ ба ҷамъомадашон набошад, онҳо наметавонанд барои бародарони ношиноси Ерусалим дилсӯз бошанд (ба 1 Юҳ. 4:20 ниг.). Номаи Павлус ба калисои Қӯринтус барои ҳалли ин проблемаҳои кӯҳнашуда нигаронида шуда буд.
Мушоракати имондорони аҳдиҷадидӣ дар рӯҳияи ошкорбаёнӣ, муҳаббат ва ғамхорӣ нисбати якдигар мегузашт. Муносибатҳои онҳо ба ҷамъомадҳо, ташкилотҳо, фаъолият дар доираи барномаҳои муайян вобаста набуд. Онҳо ба якдигар ёрӣ мерасонданд, бори якдигарро бардошта, яке барои дигаре дуо мекарданд. Чунин муносибатҳои байниҳамдигарӣ бо вуҷуди ҳамаи монеаҳое, ки ҳокимияти Рум дар назди масеҳиён мегузошт, инкишофёбиро давом медод.
Ҳар қадар, ки мухолифати давлат нисбати калисо пурзӯр бошад, мушоракати ҳақиқӣ барои Бадани Масеҳҳамон қадар аҳамияти калон дошт. Китоби Муқаддас тасдиқ менамояд, ки масеҳиёнро дар ҷаҳон аз он меши-носанд, ки якдигарро дӯст медоранд (ба Юҳ. 13:35 ниг.). Муҳаббат нисбат ба якдигар метавонад ифодаи пурзӯри зоҳирии имон бошад.
Ҳангоми таомхӯрӣ (трапеза) ҳамон имондороне, ки аз ҷиҳати моддӣ хуб таъмин буданд, метавонистанд бо дигар бародарони ҳамимон хӯрокро бо ҳам бинанд. Чунин намуди иштироки якҷоя дар баракатдиҳӣ шаҳодати муҳаббат ва ғамхориро ифода менамояд, ки мушоракати ҳақиқӣ аз он иборат мебошад (ба Аъм. 2:41–42, 44–47;4:34–35 ниг.).
Дар калисои Ерусалим ин ҷанбаи хизматгузорӣ таҳти хатар афтод, вақте баъзе бевазанон аз он шикоят карданд, ки ҳангоми тақсими озуқа ба онҳо беэътиноӣ мекунанд (ба Аъм. 6:1–4 ниг.). Вале ин проблемаро бо таъин намудани диаконҳо, ки вазифаи ба муоширати имондорон мусоидат намуданро бо эҳтимом ба ҷо меоварданд, зуд ҳал карданд. Мо мебинем, ки дар ин ҷамъомад ғамхорӣ дар ҳаққи аъзоёни эҳтиёҷманди калисо амалӣ гардид. Эҳтимол ин ба атрофиён низ хизмат карда бошад, зеро дар Навиштаҳо гуфта шудааст, ки онҳо "дар миёни тамоми мардум меҳру муҳаббат пайдо мекарданд" (Аъм. 2:47).
Калисоҳои дигар шаҳрҳо якчанд маротиба ба имондорони Ерусалим ёрии моддӣ расонданд. Ин далел исботи он муносибатҳои наздики байни одамон мебошад, ки ба ин калисоҳо тааллуқ доштанд, ва ҳеҷ гоҳякдигарро надида буданд.
Ҳавворӣ Юҳанно дар бораи чунин муносибатҳои байниҳамдигарӣ ва муҳаббат ба дигар масеҳиён ҳамчун асосе, ки дар он дастгирии башоратдиҳандагони оворагард сохта мешавад, навишта буд (ба 3 Юҳ. 1:8 ниг.). Ин намунаро калисоҳои ҳозиразамон ҳам, вақте ки хароҷотҳои миссионерони худро пардохт менамоянд, ё ки ба мамлакатҳои хориҷ нусхаҳои Китоби Муқаддас ва материалҳои таълимиро дастрас менамоянд, пайравӣ менамоянд.
Консепсияи даҳяк ё бо ҳам дидани неъматҳои худ бо Бадани Калисоҳо инчунин дар кори қонеъ гардондани эҳтиёҷотҳои ҳамаи аъзоёни калисоҳо ёрӣ мерасонад (ба Аъм. 4:34–35; Ибодат 27:30–32; Ибр. 7:4–5 ниг.).
Ва ниҳоят, ибодат, ки ҷалоли Худо, муқаддасӣ ва хизматҳо ба воситаи он эътироф ва қабул карда мешавад, амали ибодат баёни ин эътирофкунӣ мебошад. Муаллифони аҳдиҷадидӣ, аз афташ, тахмин кардаанд, ки ҳама ибодат карда метавонанд. Онҳо ба мо якчанд намунаи онро додаанд, ки чӣ хел масеҳиёни аввалин ибодат мекарданд. Эҳтимол, иштирок дар шоми Худованд ифодаи аз ҳама аълои ибодат буд. Онҳо дар дуо Исо ва қурбоншавии Ӯро дар рӯи салиб барои гуноҳҳои мо ба ёд оварда ба Худо ибодат мекарданд.
Калисои Ерусалим аз ҳад зиёд калон буд, то ки аъзоёнаш ин маросимро якҷоя гузаронанд, аз ин рӯ имондорон дар хонаҳо ибодат мекарданд (ба Аъм. 2:41–47 ниг.). Вале имондорон дар Трўос метавонистанд дар рӯзи якуми ҳафта дар болохона барои "ноншиканӣ" ҷамъ шаванд (ба Аъм. 20:6–9 ниг.).
Калисои Қӯринтус ба бисёрии худ нигоҳнакарда, барои шоми Худованд ҷамъ мешуд. Маҳз истифодаи нодурусти ин фарз Павлусро маҷбур сохт, ки ба онҳо принсипҳои асосиро фаҳмонад, ва мо онро дар Номаи якум ба Қӯринтиён ёфта метавонем (11:17–30).
Дар Навиштаҳо инчунин дигар ҳолатҳои ибодат, масалан, дуокунии Петрус (ба Аъм. 4:23–28 ниг.), ва дар ҳабсхона будани Павлус ва Сило (ба Аъм. 16:23–25 ниг.) оварда шудааст. Тахмин кардан мумкин аст, ки дар Калисои бармаҳал ибодат ҳамчун ибодати Мусо ва Довуд дар Аҳди Қадим, зуд-зуд ва худ ба худ рӯйдиҳанда буд. Он ифодаи самимии иззату икром ва ҳамду сано буд. Барои ибодат талаботи қатъӣ нисбати вақт, ҷой ва шакли гузарондан пешниҳод карда намешуд.
Ибодат дар Калисои бармаҳал — розгӯии дили мамнун мебошад, ки ба шароитҳо аҳамият надода, дар Худованд шодӣ мекунад. Ҳеҷ кас қудрат надорад, ки чунин намуди ибодатро манъ кунад ё қатъ гардонад. Гурӯҳи масеҳиён дар вазъиятҳои душманона метавонанд ба ҳамин таври оддӣ ибодат намоянд ва аз бино, вақти муайян ва аз барномаҳои бармаҳол кор карда баромадашуда вобаста набошанд.
Дар алоқамандӣ бо мақсадҳои дар назди Калисо гузошташуда фарзи шоми Худованд ва Таъмидро, ки Масеҳриояи онҳоро ба Калисо амр намуда буд, ёдовар шудан зарур аст (ба Луқ. 22:19; Мат. 28:19 ниг.). Ин ҷанбаҳои хеле муҳими ибодат, ҷанбаҳои асосии ҳаёти Калисои дар итоаткорӣ ба Масеҳмезиста мебошанд, ва ҳар боре, ки чунин имконият фаро расад, онҳоро риоя кардан зарур аст.
Инчунин қобили зикр аст, ки ин ду фарз ҳамаи панҷ вазифаи калисоро инъикос менамояд. Онҳо бо дигар одамон оиди мавқеи мо дар Масеҳ(хушхабаррасонӣ) шаҳодат медиҳанд. Онҳо ба дигар одамон ёрӣ мерасонанд, ки асоси ин мақомро (шогирдиро) фаҳманд. Онҳо масеҳиёнро дар башоратдиҳиашон ва якҷоя аз сар гузаронидани муҳаббати Худо дар мушоракат муттаҳид месозанд. Онҳо инчунин диққати моро ба Масеҳ(ба ибодат) ҷалб менамояд. Дар асоси ин ду фарз мо ба ҳаёти нав бо даъвати хизматгузорӣ дар муҳаббати Масеҳ(хизматгузорӣ) бузург мешавем.
Бо истиснои ин ду намунаи фарз, дар Китоби Муқаддас дар бораи усулҳое, ки бо ёрии онҳо ин панҷ вазифаҳои Калисо метавонанд амалӣ гарданд, хеле кам гуфта шудааст. Дар фаъолияти калисои ҷавони ҷаҳон асосан усулҳое такрор мешаванд, ки дар калисоҳои ғарб қабул шудаанд, ва онҳо аз оддӣ будан дар Масеҳ, ки дар бораи он мо дар Аҳди Ҷадид мехонем, хеле дур мебошанд.
Истифодаи биноҳои калон, ташкилоти дохиликалисоии муруккаб, барномаҳои бисёрмақсад, буҷети калон, ки мактабҳо, беморхонаҳо, хонаҳои кӯдакон ва дигар соҳаҳои иҷтимоиро маблағгузорӣ менамояд, танҳо дар мамлакатҳое имконпазир мебошанд, ки дорои иқтисодиёти пурзӯранд, ва ташкилотҳои калисоӣ ҳеҷ гуна маҳдудиятро аз сар намегузаронанд.
Худованд чунин намуди фаъолиятро дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон баракат додааст, вале эътироф кардан зарур аст, ки чунин намуди амал омили ҳалкунанда барои мавҷудияти Калисоҳо буда наметавонад. Дар баъзе мамлакатҳо он аз тарафи давлат манъ карда шудааст, ва дар дигараш аз боиси вазъияти мураккаби иқтисодӣ имконнопазир аст. Бо вуҷуди ин, дар он ҷо ҳам калисо гул-гул мушукуфад, зеро он ба омилҳои беруна вобастагӣ надорад. Вақте ки масеҳиён инро намефаҳманд, дар онҳо проблемаи ҷиддӣ ба миён меояд.
Якчанд сол пеш дар Вйетнам баъзе роҳбарони калисоҳо чунин ҳисобиданд, ки мавҷуд набудани имкониятҳои молиявӣ барои фаъолияти калисоҳо сабаби инкишофи сусти шумораи масеҳиён дар мамлакати онҳо гардидааст.
Боре, то замоне, ки коммунистон ба сари ҳокимият омаданд, ман чунин сӯҳбатро шунидам.
— Дар мамлакати шумо коммунистон ҳастанд? — пурсид аёдаткунандаи калисо.
— Ҳа, албатта, — ҷавоб дод шубон.
— Оё шумораи коммунистон меафзояд ва таъсири онҳо пурзўр мегардад? — садо дод саволи навбатӣ.
Шубон дар ҷавоб додан дудила шуд, вале баъд ғамгинона эътироф кард:
— Ҳа, шумораи онҳо хеле тез меафзояд.
— Шумо метавонед ҷои ҷамъомади онҳо ва мактабашонро, ки он ҷо роҳбаронро тайёр менамоянд, нишон диҳед? — пурсиданро давом дод айёдаткунанда.
— Албатта, не, — ҷавоб дод шубон. — Агар ин ба ҳокимон маълум гардад, онҳоро ба ҳабс мегиранд.
— Шумо гуфтан мехоҳед, ки ин ташкилоти махфӣ аст, ки бино ё моликият надорад, ва бо вуҷуди ин шуморааш меафзояд? — ҳайратмандона пурсид айёдатчӣ.
— Гуфтан мумкин, ки ҳа, — ҷавоб дод шубон.
— Пас, инкишоф ва пурзӯршавии таъсири онҳо ба ин чизҳо вобаста нест?
Агар коммунистон дар ақидаҳои худ хато мекарда бошанд, ва бо вуҷуди ин шумораи онҳо бе маблағ ва бино меафзуда бошад, пас барои чӣ шумо меҳисобед, ки Калисои Исои Масеҳба ҳамаи ин эҳтиёҷ дорад?
Агар Худо ба мо шароитҳои душворро равон кунад, онҳоро барои ҷалоли Худо истифода баред. Агар не, ба хотир гиред, ки Калисои аҳдиҷадидӣ чизе надошт, вале бо вуҷуди ин тавонист тамоми ҷаҳонро чаппагардон намояд. Калисои бармаҳал вазифаи Калисоро бо усулҳои фаъолияти он омехта намекард. Дар акси ҳол он дар чанголи легализми яҳудӣ, яъне гирифтори шариат шуда, нобуд мегардид.
Калисои бармаҳал барои сохтани бино ташвиш намекашид, ва аз набудани он ғам намехӯрд. Вақте ки иҷозат дода шуда буд, имондорон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ вомехӯрданд, вале вақте ки ҷамъомадҳо манъ карда шуданд, онҳо аз як хона ба хонаи дигар мерафтанд.
Ҳавворӣ Павлус то он даме, ки маъбадҳо барои ӯ кушода буданд, дар он таъмид медод, вале вақте ки вайро аз он ҷо ронданд, ӯ дар хонаҳои шахсӣ таълим медод. Гоҳо вай бо шогирдон дар соҳилҳои дарё ё бозорҳо вомехӯрд. Дар назди онҳо ягон хел аломатҳо ва лавҳаҳои рекламакунанда набуд, ки имондоронро ба маҳалли ибодат даъват намояд, вале онҳо дигар имондоронро меёфтанд, ки бо онҳо ба мушоракат медаромаданд. Муҳимии ин сохти оддӣ дар Китоби Аъмол нишон дода шудааст (13:1–4).
Калисои Антиохия бар муоширати худ бо Худо ҳеҷ гуна ҳокимияти муташаккилро эътироф намекард. Вақте ки Рӯҳулқудс Павлус ва Барнабборо ҳамчун миссионерон ҷудо намуд, калисои Антиохияро лозим набуд, ки барои амалӣ гаштани миссияи онҳо аз касе иҷозат пурсад. Фаъолияти онҳоро ҳеҷ гуна барномаҳои мураккаб ва лоиҳаҳо ба ташвиш намеовард. Танҳо шубон аз болои онҳо дуо карда, барои мавъизаи Инҷил равон кард.
Дар он рӯзҳо дар Калисо шўроҳои миссионерӣ набуданд, вале фаъолияти баланди миссионерӣ вуҷуд дошт. Сарчашмаҳои калони молиявӣ низ набуд, вале эҳтиёҷотҳои миссионеронро даромадҳои маҳаллӣ пурра месохт. Семинария ва мактабҳои библиявӣ набуд, фақат ҳақиқат ба одамони дилпур таълим дода мешуд, ки таълимоти Масеҳро қабул мекарданд, ва дар навбати худ онро ба дигарон таълим медоданд (ба 2 Тим. 2:2 ниг.). Калисо ҳар қадар хурд бошад ҳам, ман умуман қадру қимати роҳбарияти калисоро дар интихоби миссионерон паст заданӣ нестам. Худо Калисоро барои муҳофизати рӯҳонии мо барпо кардааст.
Дарк кардани он далел фавқулодда муҳим аст, ки дилхоҳкалисои маҳаллӣ метавонад вазифаҳои худро оиди хушхабаррасонӣ, тайёр кардани шогирдон, хизматгузорӣ, мушоракат ва ибодат ба ҷо орад, бе он, ки имконият дошта бошад, то фаъолияти худро бо усулҳои анъанавӣ ба амал барорад. Ин маънои онро дорад, ки дилхоҳгурӯҳи гирдовардаи Худо метавонад дар шароитҳои аз ҳамаи ногувор истодагарӣ намояд. Вале вақте ки шакл ва усулҳоро бо вазифаҳои калисоҳо омехта менамоянд, ин шаклу усулҳо метавонанд барои ҳаёти фаъолонаи вай монеа шаванд.
Дар замони ҳозира дар рӯи замин ҷойҳои зиёде вуҷуд доранд, ки шакл ва усулҳои ба фаъолияти Калисои Ғарб хос манъ карда шудааст. Баъзеҳо фикр мекунанд, ки дар натиҷаи ин калисо пойдор буда наметавонад. Аммо ин тавр нест. Бисёр ҳокимон аз давраҳои ҳукмронии империяи Рум шакл ва усулҳои ҳаёти Калисоро бо муваффақият барҳам додаанд, вале ҳеҷ кадоми онҳо натавонистанд худи Калисои Масеҳро нобуд созад. Агар шумо садоқатро ба консепсияи каломии Калисои рӯҳонӣ нигоҳдошта тавонед ва вазифаҳои онро ба ҷо оред, шумо ва бародарони ҳамимони шумо Калисое мегардед, ки метавонад дилхоҳмушкилиҳоро бартараф созад.
Ҳангоми тайёр кардани ин дастур роҳбарони калисоҳо аз Осиё ба ман даҳбандеро пешкаш карданд, ки ба ақидаи онҳо, метавонад тавсифи Калисои ғалабаовар бошад:
1. Калисо ҳар рӯз қувваи Рӯҳулқудсро дарк менамояд.
Аъзоёни он бо роҳи Худо мераванд, дар муошират бо Ӯ зиндагӣ мекунанд ва дар ҳаёти худ самараҳои Рӯҳулқудсро зоҳир месозанд.
2. Калисо дар мушоракат бо Бадани Масеҳзиндагӣ мекунад.
На танҳо муоширати имондорон муҳим аст, балки садоқати пурраи онҳо ба бародарону хоҳарон дар Масеҳниз муҳим мебошад.
3. Калисо Китоби Муқаддасро медонад ва метавонад онро истифода барад.
Донистани Китоби Муқаддас ба имондорон ёрӣ мерасонад, ки ба муқобили таълимотҳои бардурӯғ истодагарӣ намоянд.
4. Калисо ба расонидани Хушхабар ҷиддӣ муносибат менамояд.
Имондорон мақсади мавъизаи Инҷилро медонанд. Онҳо боварӣ доранд, ки ҷуз Исои Масеҳдигар роҳи наҷот нест.
5. Калисо ба кори хизматгузорӣ, эҳтиёҷотҳои ҷамъият содиқ аст.
Калисо бояд масъулият ва имкониятҳои худро дар ёрӣ додан ба дигар одамон донад, ва бар зидди муҳити инсонбадбин истодагарӣ намояд.
6. Калисо бояд аз назорати беруна (нисбати калисо) ва ҳокимият аз болои он новобаста ва озод бошад.
7. Калисо тарафҳои пурқувват ва заифи қувваҳои мухолифонро медонад.
8. Калисои ҷасур, ки ҳатто дар шароитҳои таъқибот башорат медиҳад.
9. Калисое, ки дар он аъзоёни қаторӣ ва муқаддасон бори хизматгузориро баробар ба дӯш мегиранд.
10. Калисои дуокунанда!
Боби панxум
ХУДО НАМЕГУЗОРАД, КИ ӮРО МАСХАРА КУНАНД
Эфс. 1:22–23
Рене пеш аз он, ки ба кунҷ тоб хўрад, ба атроф нигарист. Вай ҳеҷ гуна пайгириро мушоҳида накард. Ҷавон арақи пешонаашро пок карда ба соаташ нигоҳкард. То вақти таъиншуда бештар аз панҷ дақиқа монда буд. Вай оҳиста-оҳиста маҳалларо бори дигар давр зад, то ки ба назди дарвоза расо дар соати 7:14 дақиқа омада расад. Вай тугмачаи занги дарвозаро се маротиба пахш кард: Кӯтоҳ… дароз… кӯтоҳ. Ин рамзи ба қарибӣ ивазгардида буд, ва ба он ишора менамуд, ки бародари ҳамимон занг мезанад. Дарвоза кушода шуд, ва ҳамин, ки Рене ба дарун даромад, ҳамон замон маҳкам шуд.
Баъди ду соат дар таҳхона барои мушоракат чандсад одам ҷамъ шуданд.
Рене оромона нишаста боқимондаҳоро интизор буд. Вай он чиро, ки дар маҷалла хонда буд, ба хотир овард, ки гурӯҳи хурде дар Хитой дар хоначаи қафои мағоза ҳар ҳафта ҷамъ мешуданд, то ки ба Худо ибодат намоянд. Он вақтҳо инқилоби бадбахти маданӣ шуда мегузашт. Азбаски имондоронро одамони ба мағоза оянда шунида метавонистанд, онҳо якҷоя сурудҳоро беовоз "месароиданд". Ягон нафари онҳо зери лаб номи сурудро мегуфт, ва ҳама хомӯшона беовоз суруд мехонданд.
Вай он чизи шубон Валли гуфтаро ба хотир оварда, баланд хандид: "Калисои мо махфӣ аст, ба мисли имондорони паси пардаи бамбуқӣ, вале фарқ дар он аст, ки мо метавонем Худоро бо тамоми овоз ҷалол диҳем, зеро деворҳои садоногузар дорем. Моро ҳатто ҳамсояи наздиктарин шунида наметавонад".
Ин нақл дар бораи гурӯҳи калисоӣ аз Арабистони Саудӣ мебошад, мамлакате, ки дар он калисои расмии масеҳӣ дар давоми ҳазору чорсад сол вуҷуд надошт. Бо вуҷуди ин дар тамоми мамлакат бисёр имондорон, бо вууди хатари зиёд, махфиёна вомехўрданд.
Дар Ғарб бештар имон ифодаи худро дар калисоҳои расман эътирофшуда меёбад, аз ин рӯ имондорон танҳо чунин зоҳирсозии имони худро медонанд. Вале дар ҳолати ба сари қудрат омадани ҳукумати авторитарӣ ин шакл дар мадди аввал зери ҳуҷум қарор мегирад. Ба чунин Калисоҳо дар вазъияти душманона зинда мондан душвор аст. Биёед баъзе вариантҳои ташкилоти худро дар он ҳолате дида мебароем, ки агар мо дар зери ҳукми давлате қарор гирем, ки ба мо ҳамчун масеҳиён фишор меорад.
Ба фишори ҳокимон итоат карда, имкон дорад ба калисоҳо иҷозат диҳем, ки вуҷуд доштани худро қатъ намоянд, ва ба хомўш шудани имони худ роҳдиҳем. Албатта ҳеҷ як масеҳии ҳақиқӣ намехоҳад чунин вариантро интихоб намояд. Вале баъзе масеҳиён ҳангоми ба амал омадани вазъияти буҳронӣ ба шароитҳо итоат карда, маҳз бо чунин роҳрафтанд, зеро онҳо ба он тайёр набуданд. Агар мо мавқеи худро дар Масеҳба ҳисоб гирифта андеша накунем, ва пешакӣ қарор надиҳем, ки пурра ба роҳнамоии Ӯ итоат менамоем, ба ниятҳои аз ҳама хайрхоҳонаи худ нигоҳнакарда, мо ҳам ба чунин интиҳои ҳузновар омада мерасем.
1. Калисои бо режими мавҷуда ҳамзистикунанда
Якҷоя бо калисои худ мо метавонем ҳаёти муқаррарӣ барем ва дар айни замон ба ҳамаи талаботҳои ҳокимон итоат кунем. Дар дарси гузашта мо дар бораи он гуфтем, ки ҳокимияте, ки нисбати ҷамоаҳо душманӣ дорад, маҳдудкуниҳоро пурзӯр менамояд. Аммо ба ҳар ҳол, ба калисоҳои заиф ва на он қадар пурзӯр одатан имконият медиҳад, ки мавҷудияти худро давом диҳанд.
Калисоҳое, ки сиёсати ҳамзистӣ бо режими мавҷударо интихоб менамоянд, метавонанд ба яроқи тарғиботии давлат мубаддал гарданд, вале баъзан роҳбарони калисоҳои расмӣ интихоби дигар надоранд. Онҳоро лозим меояд, ки бо ҳукуматдорон ҳамкорӣ намоянд, вагарна ҷои онҳо пушти панҷара мегардад. Маҳз ҳукуматдорон ҳал менамоянд, ки калисои мазкур бояд вуҷуд дошта бошад ё не. Эътимоди комил дошта бошед, ки агар ин ё он калисо минбаъд ҳам ба ин сар фурорад, пас он ягон хел мақсадҳои ҳокимияти репрессивиро ба ҷо меорад. Ҳукуматдорон ҷосусҳои худро ба сатҳҳои чунин калисоҳо мефиристад, ва фаъолияти онҳоро ба манфиати худ истифода мебарад. Калисо ба вазъияте меафтад, ки бояд ба давлат писанд ояд ва дар айни замон дар кори ба атрофиён башорат додан ба таълимотҳои каломӣ содиқ монад. Одатан ҳар касе, ки сиёсати ҳамзистиро пеш мегирад, дар зери шубҳаи ҳам давлат ва ҳам гурӯҳҳои дигари масеҳӣ мемонад. Ин барои масеҳии ҳақиқӣ бениҳоят вазъияти душвор мебошад, вале калисо бо ҳамин роҳдорои имконияти давом додани хизматгузорӣ ва башоратдиҳӣ мегардад. Моро лозим меояд, ки чунин калисоҳоро бо дуоҳои худ дастгирӣ намоем, ва аз Худованд хоҳиш намоем, ки башоратдиҳии онҳоро пок нигоҳдорад, ва нагузорад, ки он барои дигар масеҳиён пешпо гардад.
2. Калисои эътирозкунанда
Варианти дигаре, ки калисо метавонад дар шароитҳои муҳити душманона интихоб намояд, сиёсати эътироз мебошад. Чунин калисо кӯшиш мекунад, ки кушоду равшан ба тартиботи ҳукуматдорон муқобилият намояд. Агар давлат барои гузаронидани ҳар як ҷамъомад иҷозатномаи пешакиро талаб намояд, пас масеҳиён ба ин манъкунӣ итоат накарда, ҷамъомадҳои "ғайриқонунӣ" мегузаронанд. Агар давлат бинои калисоро кашида гирад, масеҳиён ҷамъомадҳои худро дар ҳавои кушод мегузаронанд. Бисёр азияткашони Калисои асри хх аз чунин гурӯҳҳо баромадаанд. Онҳо қарор дода буданд, ки ба давлат муқобилият намоянд, ва тайёр буданд музди онро ба пуррагӣ пардозанд. Мо бо масеҳиёне мефахрем, ки дар вазъияти ноқулай тавонистанд мардонагӣ намоянд, вале ба чунин муқобилият бо риояи шартҳои муайян рафтан лозим аст.
Агар маҳдудкунии давлатӣ қатъӣ набуда, бо нақшаҳои ба дуродур нигаронидаи ҳукуматдорон алоқаманд набошад, чунин эътироз метавонад ба тағйироти мусбати калисо оварда расонад. Вале дар бораи сиёсати мамлакатҳои коммунистӣ ҳоҷати гап ҳам нест. Муқобилият метавонад ба андозае ба сиёсати ҳукуматдорон таъсир расонад, вале ҳокимияти ҷазодиҳанда ба муддати дароз тоқати масеҳиёнро надорад (масалан, чӣ хеле, ки он дар Эфиопия буд).
Агар қисми зиёди аҳолӣ масеҳӣ бошад, ва эътирози калисо дастгирии бештарро ба даст орад, давлат маҷбур мешавад, ки гузашт кунад (барои мисол вазъияти Полшаро овардан мумкин аст).
Агар масеҳият дар мамлакат дар давоми садсолаҳои зиёд вуҷуд дошта принсипҳои он ба имондорон ба таври васеъ маълум бошад, ва аъзоёни қатории калисо тавонанд ба ҷои роҳбарони калисоҳо, ки онҳоро ҳукуматдорон аз калисо дур карданд, кор кунанд, эътироз метавонад муддатҳои зиёд давом кунад (масалан, чӣ хеле, ки дар собиқ Иттифоқи Советӣ).
Дар бисёр мамлакатҳои Осиё ва Шарқи Наздик шартҳои зикркардаи мо вуҷуд надоранд, ки ба калисоҳо имконият медиҳанд, то ин варианти эътирозҳоро истифода баранд.
Дар баъзе мамлакатҳо калисои эътирозкунанда, баъди ба сари ҳокимият омадани қувваҳои зиддимасеҳӣ, тавонист муддати хеле кам тобоварӣ намояд, вале дар ин ҳолат ҳам тавонист ба ҷаҳон башорати хуберо пешкаш намояд.
Дар Мянма (пештар ҳамчун Бирма маълум буд), ҳаракати масеҳият ақаллиятро ташкил медиҳад, бо вуҷуди ин то ба ҳол мавҷудияти худро давом дода истодааст. Ҳукумат сохти худро сосиалистӣ меномад. Дар Мянма ба масеҳиён сахт фишор меоваранд, баъзе роҳбарони калисоиро ба ҳабс гирифтанд, барои он, ки гӯё масеҳиён бо қувваҳои зиддидавлатӣ муттаҳид бошанд.
Дар охири солҳои 1990 имондорони Инҷилии Колумбия кушта шудани сиву шаш нафар шубонони калисоҳо, ва баста шудани маҷбурии зиёда аз сесад калисоҳоро дар минтақаҳое, ки мубориза махсусан шадид буд, фош сохтанд. Боз панҷоҳу панҷ нафар шубонон маҷбур шуданд, ки калисо ва хонаҳои худро тарк намоянд. Ҳазорҳо масеҳиён бе сарпаноҳмонданд.
3. Калисои махфӣ (пинҳонкор)
Баъзан масеҳиён дарк менамоянд, ки ифодаи имони онҳо дар калисоҳои анъанавии расман эътирофшуда имконнопазир аст ва дар он вақт онҳо қарор медиҳанд, ки ба пинҳонкорӣ гузаранд. Ин метавонад қарори хаёлпарастиаш камтар намояд, вале чунин калисоҳо дар шароитҳои таъқиботи шадид метавонанд муддати дарозе фаъолият намоянд. Ҳокимон ба ҷамъомадҳои гурӯҳи на чандон калони одамон хеле кам аҳамият медиҳанд. Бисёр вақт калисоҳои хонагӣ, гурӯҳҳои ячейкагӣ ё калисоҳои оилавӣ метавонанд муддати зиёде махфӣ монанд ва ҳатто дар ҳолати ошкор гаштанашон метавонанд аз нав ба гурӯҳҳо тақсим шаванд. Ин гурӯҳҳои на чандон калон метавонанд ба муддати кӯтоҳбарои ба ҷо овардани вазифаи калисо ҷамъ гардад.
Масеҳиёни Хитой метавонанд ба мо намунаҳои зебои чунин ҳаёти масеҳиро нишон диҳанд. Дар солҳои душвор онҳо дастгирӣ кардани якдигарро омӯхтаанд, масалан ҳамин хел бо сарҷунбонӣ ҳангоми вохӯрдан дар саҳроҳо, ё ин ки вақте ки онҳо дар ҷамъомадҳои ороми якҷоя беовоз сурудҳои масеҳиро "месароиданд". Гоҳо онҳо якдигарро аз рӯи ҳамон муҳаббату ғамхорие мешинохтанд, ки нисбати дигар одамон зоҳир месохтанд. Онҳо дар бораи он дуо мекунанд, ки ҳаёти онҳо чунон осоишеро ифода намояд, то дӯстон ва наздикон онҳоро "биҷўянд" ва дар он вақт онҳо имконият пайдо менамоянд ба ҷаҳони фаношудаистода хушхабарро оиди Масеҳрасонанд.
Табиист, ки масеҳиёни пинҳонкор дар ҳолати ошкор шудан бояд ба таъқибот тайёр бошанд. Вале ҳаёти комили онҳо дар имон барои онҳо тайёриро ба ин ҳодиса таъмин менамояд. Агар калисои махфӣ аз усулҳои гузарондани ҷамъомадҳое, ки дар калисоҳои расмӣ қабул шудааст, даст кашад, пас ҳокимият наметавонад чунин калисоро маҳв созад. Масалан дар Шанхай ҳаракати калисоҳои хонагӣ то имрӯз ба бист ҳазор гурӯҳҳо омада расидааст.
Гурӯҳҳо бояд хурд бошанд ва ба андозаи он, ки Рӯҳулқудс имондоронро ба калисо ҳамроҳменамояд, гурӯҳҳо бояд ду тақсим шаванд. Хубтараш, гурӯҳҳо аз аҳолии ноҳияҳои гирду атроф иборат бошанд. Агар чунин гурӯҳҳоро ошкор созанд, ҷамъомадҳои ғайрирасмии онҳо манъ карда мешаванд, вале имондорон пароканда шуда, дар дигар ҷойҳо ҷамъ шуданро сар мекунанд.
Маҳдудияти ҷиддитар дар фаъолияти калисоҳои махфӣ эътирофи он далел мебошад, ки фақат қисми ками атрофиён метавонанд аз он дар бораи Масеҳшунаванд. Калисои махфӣ фақат қисман метавонад дар бораи Худованд башорат диҳад, дар ҳоле, ки дар ҷаҳони озод масеҳиён ҳамаи воситаҳоро барои хушхабаррасонӣ истифода мебаранд, ба монанди радиои масеҳии Байналхалқӣ, ки аз он тарафи сарҳад ба аҳолии мамлакатҳои дорои режими ҷазодиҳанда Инҷилро мерасонад.
Калисои махфӣ амалкунии худро аз рӯи принсипҳои каломӣ давом медиҳад, вале инро махфиёна ба ҷо меорад. Оё интихоби гузарондани чунин намунаро тарсончакӣ номидан мумкин аст? Шояд масеҳиёнро лозим аст, ки "қатъӣ истодагарӣ намоянд" ва ҳамаи таъқиботҳоро паси сар намоянд? Шояд. Вале мо бояд фаҳмем, ки Рӯҳулқудс дар ҳудуди як мамлакат одамони гуногунро бо роҳҳои гуногун мебарад.
4. Озодии бардурӯғи калисоҳо ва таҳдидҳо ба он
Калисое дар шароити нисбатан озод вуҷуд дорад, вале ба он таҳдид менамоянд. Дар ин ҳолат мо мувофиқатҳои гуногуни се шароити дар боло зикршударо мебинем. Ҳодисаҳое мешаванд, ки ҳамзистӣ умуман маънои ақибнишинӣ ё созишро надорад. Дар дигар ҳолатҳо калисо метавонад ба муқобили фишори ҳокимият эътироз баён намояд. Ҳолатҳое мешавад, ки қисми калисо маҷбур аст ба пинҳонкорӣ гузарад, то ки ба таъқиботҳои ногузир тайёр шавад, то вазифаҳоеро амалӣ гардонад, ки агар онҳоро кушоду равшан ба ҷо орад, ҳатман таъқиботро ба миён меоранд.
Чунин ҳолатҳо бо калисоҳои масеҳӣ дар баъзе мамлакатҳои мусулмонӣ вомехўрад, ки ба имондорон расман озодӣ дода мешавад, вале дар амал ба калисо аз ҳар тараф фишор меоранд.
Калисо метавонад бо овози баланд ба муқобили маҳдудкуниҳо нисбати худ эътироз баён намояд. Ва дар айни замон фаъолияти махфиёнаи калисоро ба тайёрии оромона ва тарбияи шогирдони нав равона кардан мумкин аст, бе он, ки ба хатар гирифтор шаванд.
Дар Непал вазъият тамоман дигар аст. Дини давлатӣ дар ин мамлакат ҳиндуия мебошад. Масеҳият амалан роҳдода мешавад, вале ба имондорон манъ карда шудааст, ки пайравони ҳиндуияро ба дини масеҳӣ ҷалб намоянд. Солҳои пеш агар ҳокимон далели имоновариро исбот карда метавонистанд, навимонон ва устодони онҳо шаш соли ҳаёти худро дар ҳабсхонаҳо мегузарониданд. Масеҳиёни Непал дар давоми солҳои зиёд ба муқобили чунин ҷазоҳо эътироз баён намуданд ва кӯшиш карданд, ки ин қонунҳоро сарфи назар намоянд. Бо вуҷуди ин солҳои 1990-ум Калисои масеҳӣ аз ҳафтод ҳазор то ба чорсад ҳазор одамон омада расид. Ба ақидаи як шубони непалӣ, ки дар пойтахти Непал зиндагӣ мекунад, ин инкишофи ҳайратовар бояд мавҷи нави таъқиботҳоро бедор созад. Ӯ тасдиқ менамояд: "Акнун таъқибот аз се тараф наздик мешаванд — аз тарафи фундаменталистони индуист, инқилобчиёни маоистӣ ва бюрократҳо".
Чунин калисо аз ҷиҳати монандии шароити вуҷуддориаш ба қатори калисоҳое, ки гоҳо "калисои шакли балканӣ" ё "колумбиягӣ" номида мешавад, мансуб аст. Маҳз роҳбарони калисоӣ дар Балкан ва Колумбия ва аъзоёни калисоҳо дар ҷанги байни артиши давлатӣ, шӯришчиён, армияи озодкунанда ва нашъаҷаллобон, дар зери оташи чортарафа мондаанд, ки ҳар кадоми тарафҳо кӯшиш мекунанд, ки аз болои дин назорат кунанд. Агар калисо садоқат ба Худоро нигоҳдорад ва ба ягон тараф ҳамроҳшуданро рад намояд, он душмани ҳама мегардад.
Чеченистон пеш аз он, ки соли 1999 артиши федералии Русия ба он ворид гардид, бо суръат ба давлати анархистӣ табдил меёфт. Машғулияти асосии тиҷоратии ҳар ду тараф дуздидани одамон ва баъд фидия талаб кардан буд. Масеҳиён ба шарофати "кисаҳои чуқур"-и калисо ба ҳадафи муҳим табдил ёфтанд. Дуздон камаш ду шубонро дар Грозный сар аз тан ҷудо намуданд, эҳтимол барои он, ки онҳо аз иштирок дар амалияи фасодкоронаи бо ёрии башардӯстона аз Ғарб таъмин намудани ғоратгарон даст кашиданд.
Калисо дар мамлакатҳое азоб мекашад, ки тамоюлҳои "балконӣ" ё "колумбияги"-и мавҷудияти онҳо гул-гул мешукуфад, дар он ҷое, ки гурӯҳҳои рақобатдошта барои ҳуқуқи назорат аз болои калисо мубориза мебаранд, дар он ҷое, ки ҳукумат барои дахолат кардан ва бас кардани зӯроварӣ на қудрат дорад на қувват.
Дар боби 9-уми Инҷили Луқо шогирдон ба Исо шикоят карданд, ки одамоне вомехўранд, ки бо номи Исо хизмат мекунанд, вале ба гурӯҳи онҳо тааллуқ надоранд. Шогирдон ба чунин одамон хизматгузориро манъ карданд, вале Исо гуфт: "Манъ накунед, зеро ҳар кӣ зидди шумо нест, вай тарафдори шумост" (Луқ. 9:50). Ба Петрус аз худ кардани ин сабақ хеле мушкил буд. Худовандро лозим омад ба вай рӯъёи қатъӣ ва азсаргузарониҳои ҳаяҷоновар диҳад, пеш аз он, ки гуфта тавонад: "…Акнун яқин донистам, ки Худо рӯйбинӣ надорад. Ва аз ҳар қавм ҳар кӣ аз Ӯ тарсад ва аз рӯи адолат рафтор кунад, дар ҳузури Ӯ мақбул аст" (Аъм. 10:34–35).
Ҳавворӣ Павлус ин фикрро дар боби 14-уми Нома ба Румиён инкишоф додааст. Вай таълимоти худро хулоса карда, гуфт: "Ту кистӣ, ки бандаи каси дигарро маҳкум мекунӣ? <…>. Пас чаро ту бародаратро маҳкум мекунӣ? <…>. Ҳамаи мо пеши курсии доварии Худо ҳозир хоҳем шуд" (Рум. 14:4,10). Павлус ҳатто мавъизаи дигар одамонро, ки сабабҳои водоркунандаи "нодуруст" доштанд, вале мавъизаи Инҷилро давом медоданд, хуш мепазируфт (ба Фил. 1:12–18 ниг.). Навиштаҳо фаҳмо таълим медиҳанд, ки дар Бадани Масеҳбарои идеологияҳои гуногун, ҳатто агар онҳо калисоро ба роҳҳои гуногун ҳам барад, набояд ихтилофот бошад (ба 1 Қӯр. 1:11–17 ниг.). Моро лозим аст, ки хеле эҳтиёткор бошем, ва дигар имондоронро танҳо аз он сабаб инкор нанамоем, ки онҳо ба Худованд на он чуноне хизмат мекунанд, ки мо хизмат мекунем. Агар мо кореро, ки Худованд ба мо бовар карда супоридааст, оромона ба ҷо орем, моро дар бораи он ба ташвиш афтодан лозим намеояд, ки дигар имондорон роҳнамоии Худоро дар хизматгузории худ ба Худо чӣ хел мебинанд.
Акнун биёед вариантҳои гуногуни аксуламали одамонро ба таъқибот, ки дар Китоби Муқаддас пешкаш карда шудаанд, дида мебароем.
Самуил. Вақте Худованд амр намуд, ки шоҳи ояндаро тадҳин намояд, вай тарсид. Он гоҳХудо ба вай роҳнишон дод, ки онро махфиёна ба ҷо оварда, дар айни ҳол ба дурӯғгӯӣ гунаҳкор нашудан мумкин аст (ниг. ба 1 Подш. 16:1–5).
Илёс. Боре вай далерона ба муқобили шоҳбаромад (ба 3 Подш. 17:1 ниг.). Дар ҳолати дигар Худо вайро ба фирор ва аз душманон пинҳон шудан амр намуд (ба 3 Подш. 17:3 ниг.).
Эстер. Вай аз подшоҳяҳудӣ будани худро пинҳон дошта, малика шуд. Дар вақти муайян, ҳаёти худро дар зери хатар монда, ба халқи худ хизмати хеле муҳиме кард (ба Эстер 7:1–4 ниг.).
Дониёл. Якҷоя бо се дӯсташ вай аз марг натарсида, далерона ба муқобили подшоҳбаромад, вале Худо вайро муҳофизат кард (ба Дон. 3 ва 6 ниг.).
Исо. Ӯ аз ҳокимони яҳудӣ канораҷӯӣ менамуд ва боре ҳатто аз онҳо пинҳон шуд (ба Юҳ. 8:59; 11:54 ниг.).
Петрус ва Юҳанно. Намояндагони ҳукумат мавъиза кардани Инҷилро ба онҳо манъ карданд, вале онҳо итоат накарданд (ба Аъм. 4:18–20 ниг.).
Павлус. Ӯ дар рў ба рўи мушкилиҳо тактикаи махсуси ӯҳдабароёнаро пеш гирифт. Гоҳо аз таъқибкунандагони худ мегурехт (ба Аъм. 9:23–30 ниг.), гоҳо дар дар зиндонҳо меафтод (ба Аъм. 16:22–24 ниг.), гоҳо Худоро даъват менамуд, ки мӯъҷиза нишон диҳад (ба Аъм. 13:10–11 ниг.). Вале дар ҳама ҳолатҳо вай ба Рӯҳулқудс иҷозат медод, то вайро омӯзонад, ки чӣ кор кардан даркор аст. Дар амалҳои худ вай аз рӯи принсипи зерин амал менамуд: "Барои ҳама кас ман ҳама чиз шудам, то ки ба ҳар роҳбаъзе касонро наҷот диҳам" (1 Қўр. 9:22).
Дар Китоби Аъмол мо калисоҳоеро мебинем, ки имони худро бо роҳҳои гуногун зоҳир месозанд. Бо вуҷуди ин, фаҳмидан лозим аст, ки ҳатто вақте ки калисо ё имондорони алоҳида аз қафои роҳнамоии Худо мераванд, итоаткорӣ наметавонад ба онҳо кафолати раҳоёбӣ аз таъқиботҳоро диҳад. Дар боби 11-уми Нома ба Ибриён мо мебинем, ки баъзе муқаддасон аз таъқибот раҳо ёфта буданд, ба дигаронаш бошад Худо роҳдод, ки азоб кашанд. Аз афташ, калид ба фаҳмиши интихоби Худо итоаткорӣ ва ӯҳдабароӣ таҳти роҳнамоии Рӯҳулқудс мебошад.
Ин намунаҳои каломии аксуламал ба шароитҳои душманона ӯҳдабароии қатъии Калисо ва имондорони алоҳидаро нишон медиҳанд. Масалан, калисо дар Ерусалим ва калисо дар Антиохияро муқоиса намоед. Калисо дар Ерусалим асосан аз имоновардагони яҳудӣ иборат буд. Онҳо имони худро бо усулҳои анъанавии ба яҳудия хос ифода менамуданд ва дар айни замон ба Инҷил зид намебаромаданд.
Калисо дар Антиохия бошад аз имонивардагоне иборат буд, ки пештар бутпараст буданд ва анъанаҳои яҳудиёнро намедонистанд. Дар усулҳои мушоракати онҳо лаҳзаҳои анъанавӣ хеле кам буданд. Вобаста ба ин дар Ерусалим сарварони ҷамоаҳо гирд омаданд, то муайян намоянд, ки оё аз имондорони Антиохия риоя намудани анъанаҳои яҳудиро талаб кардан лозим аст ё не. Баъди муҳокимаи дуру дароз қарор қабул карда шуд, ки имондорон аз ҷамоаҳои ғайрияудиён метавонанд имони худро ба Худованд, чуноне, ки Худо ба онҳо изн додааст, ифода намоянд, вале баъзе манъкуниҳоро, ки ба таҳқири ҳиссиёти динии яҳудиён оварда мерасонанд, ба назар гиранд. Вале калисои Ерусалим метавонист имони худро бо риояи анъанаҳои яҳудиён ифода намояд (ба Аъм. 15:1–35; 21:17–26 ниг.)
Дар хотир доред, ки Калисо дар замонҳои Аҳди Ҷадид ҳамеша Калисо дар муҳити душманона буд. Империяи Рум дар тамоми ҷаҳони ғарб масеҳиёнро таъқиб мекард, вале масеҳият баъд аз сари таъқиботчиёни худ бо тантана зинда монд.
Агар аз қафои аъзоёни калисоҳои ҳамзистикунанда ва эътирозкунанда назорати доимӣ бурда шавад, аъзоёни қатории калисоҳои махфӣ дар кори башоратдиҳӣ ба атрофиён озодии бештаре доранд. Ба василаи чунин башоратдиҳиҳои эҳтиёткорона аксаран гурӯҳҳои ячейкагии нав ба амал меояд. Вале ҳамеша дар хотир нигоҳдоштан зарур аст, ки ҳар се варианти ҷавоби калисо ба фишори давлат метавонанд ифодаи ҳақиқии имони масеҳӣ бошанд. Ба ҳеҷ ваҷҳлозим нест, ки як гурӯҳаз дигараш барои ба таври дигар ифода намудани имони худ рӯй гардонад.
Гоҳо Худо имондоронро ба тағйир додани самти рафтор мебарад. Ба сари калисоҳои эътирозбаёнкунанда чунон таъқиботи сахт меояд, ки аъзоёни қатории он маҷбур мешаванд ба ҷамъомадҳои пинҳонкорӣ табдил ёбанд. Калисои махфӣ метавонад ба ҳокимон худро маълум сохта калисои эътирозкунанда гардад. Баъзе калисоҳое, ки роҳи ҳамзистиро бо ҳокимон пеш гирифтаанд, дар айни замон аз байни аъзоёни худ гурӯҳҳои ячейкагӣ ва калисои хонагиро ташкил медиҳанд. Дар мамлакатҳое, ки ҳокимон нисбати масеҳият муносибати душманона доранд, шояд дигар шаклҳои ба мо номаълуми ифодаи имон вуҷуд дошта бошад. Амали Рӯҳулқудсро маҳдуд кардан имконнопазир аст. Ӯ метавонад мо ва гурӯҳи имондорони моро сўи ин ё он шакл ё маҷмўи шаклҳои аллакай маълуми ҳамкорӣ бо ҳокимони мамлакат барад.
Агар мо он далелро ба эътибор гирем, ки Рӯҳулқудс баъзеҳоро ба ҳамзистӣ бо сохти роҳбарикунанда мебарад, дигареро водор месозад, ки эътироз баён намояд ва сеюминро ба пинҳонкорӣ даъват менамояд, дӯст доштан ва эҳтиром кардани ҳамаи масеҳиён хеле осон мегардад. Мутаассифона, бисёр вақт ҳуҷумҳои як гурӯҳи масеҳӣ ба дигараш барои режими давлатии ҷазодиҳанда материали хуби ташвиқот мегардад, то ба муқобили масеҳият истифода мебарад.
Моро ҳамеша лозим аст дуои Исоро аз Инҷили Юҳанно дар хотир дошта бошем, ки Ӯ аз самими қалби Худ аз Падари Худ хоҳиш кардааст (17:20–21):
Танҳо барои онҳо илтимос намекунам, балки низ барои касоне ки ба василаи каломи онҳо ба Ман имон хоҳанд овард: то ки ҳама як бошанд; чунон ки Ту, эй Падар, дар Ман ҳастӣ ва Ман дар Ту, онҳо низ дар мо як бошанд, — то ҷаҳон имон оварад, ки Ту Маро фиристодӣ.
Табиист, ки бо касоне, ки Масеҳро инкор мекунанд ё аз Инҷил нафрат доранд, ҳеҷ гуна мушоракат набояд бошад. Вале агар шахси ба Масеҳимоноварда дар зери таъқибот Худовандро инкор намояд, дигар имондорон бояд кӯшиши дастгирӣ кардани вайро кунанд. Вайро дар назди умум шарманда кардан ва ё хашми тақводорона зоҳир сохтан даркор нест. Агар ҳамаи масеҳиён байни якдигар муносибатҳои муҳаббат ва эҳтироми байниҳамдигариро нигоҳдоранд, имконияти ба якдигар ёрӣ расондан бештар мегардад. Дастгирии бузург ба чунин рафтор дарки он мегардад, ки ҷамъомади имондорони мо ягона нест ва мо танҳо нестем.
Ҳокимияти ҷазодиҳанда бисёр вақт ба маккорие рӯй меорад, ки он дар кӯшиши барангехтани як гурӯҳи масеҳӣ ба муқобили дигараш мебошад. Бо ин роҳдавлат мушоракати бародаронаи онҳоро вайрон месозад.
Дар Хитой пеш аз инқилоби маданӣ ҳокимон имкон намедоданд, ки ду масеҳӣ дар як ҷо кор кунанд. Дар Вйетнам калисоҳое, ки фаъолияташон расмӣ буд, чунон аз якдигар дур ҷойгир буданд, ки ба масеҳиён якҷоя ҷамъ шудан қатъиян мушкил буд. Гузарондани конфронсҳо ва семинарҳои дохиликалисоӣ низ манъ шуда буд. Коммунистон мефаҳмиданд, ки ҳар чӣ камтар ба масеҳиён иҷозат дода шавад, ки бо якдигар муошират намоянд, ҳамон қадар зудтар онҳо ба садоқати дигар имондорон ба Худованд шубҳа мекунанд, ва ин маънои онро дорад, ки имони онҳо заиф мегардад.
Мувофиқи таълимоти Исо масеҳиён бояд аз рӯи муҳаббаташон ба якдигар шинохта шаванд (ба Юҳ. 13:35 ниг.). Агар мо ба ин принсип содиқ бошем, ҳеҷ кас наметавонад ягон масеҳиро ба муқобили якдигар барангезад, ва Калисои мо зинда мемонад ва мустаҳкам мегардад.
Маҳрум сохтани калисоҳо аз мақоми расмиашон дар мамлакатҳое, ки озодӣ маҳдуд карда шудааст, ё вуҷуд надоштани чунин озодиҳо асосан омили озодшавии онҳо мегардад. Дар Хитой, Вйетнам ва Куба роҳбарони калисоҳои хонагӣ мегӯянд, ки таърихи таъқиботи гурӯҳҳои онҳо метавонанд боби иловагӣ ба Китоби Аъмол гардад.
Баъзе имондорон ҳатто дар коммунаҳои махсус ба монанди ҷамоаҳое, ки дар онҳо масеҳиёни Калисои бармаҳал гирд меомаданд, ҷамъ мешаванд.
Ҷамоати масеҳии Чугуевка дар Шарқи Дур исботи он гардид, ки дилхоҳниятҳои марксистон (масалан, барпо кардани коммунаҳо) танҳо ба таври масеҳӣ амалӣ гардида метавонад. Одамони ин ҷамоа ҳеҷ гоҳтарзи ҳаёти худро ташвиқот намекарданд. Онҳо ақидаҳои ҳаёти худро дар коммуна реклама намекарданд, чуноне, ки инро масеҳиёни Калисои бармаҳал намекарданд. Мароқ зоҳиркунандагонро ҳамеша бо хурсандӣ таклиф мекарданд, ки муддате чанд дар ҷамоа зиндагӣ кунад. Баъзеҳо ба чунин экспримент розӣ мегаштанд ва дар ҷамоа ба таври ҳамешагӣ мемонданд, ҳарчанд қисми зиёди даъватшудагон қудрат надоштанд, ки ба таври қатъӣ тарзи ҳаёти худро тағйир диҳанд. Вале ҳеҷ кас талаб намекард, ки ҳамаи имондорон бояд ҳатман дар ин ҷамоа зиндагӣ кунанд. Аъзоёни коммуна бисёр вақт чунин мегуфтанд: "Он тавре, ки мо зиндагӣ мекунем, ягона тарзи ҳаёти масеҳӣ нест. Аз он ҳаёте, ки мо дар Масеҳнишон дода метавонем, Худо хеле пураҳамияттар мебошад". Роҳбари ҷамоа чунин гуфт: "Агар шумо Инҷилро мавъиза менамоед ва имондоронро ҷамъ менамоед, бояд ба гуфтани он қодир бошед, ки: "Биёед ва бубинед, ки мо масеҳиён чӣ хел зиндагӣ мекунем". Ин тавсияи аз ҳама ҳақиқӣ мебошад. Мо дар назди худ вазифаи асосӣ мегузорем, ки масеҳиёни танҳоро мустаҳакам созем ва ба онҳо ёрӣ расонем, ки ба атрофиёни худ намунаи хубе гарданд. Дар аввал худатон он гардед, ва баъд ба дигарон ёрӣ расонед, ки он гарданд, ҳамон вақт бисёриҳо ва бисёриҳо мехоҳанд ба Масеҳбиёянд".
Боби шашум
КАЛИСОИ ЗИНДА
Флм. 1:1–2
Як шубони машҳури канадагӣ ҳангоми наҳорӣ бо роҳбари калисои Эфиопияи марксистӣ, ки аз гуруснагӣ азоб мекашид, бо овози баланд гуфт:
— Эҳтимол дар режими давлати коммунистӣ зиндагӣ кардан ба шумо ва калисои шумо хеле мушкил бошад!
Рег Реймер (Reg Reimer) аз иттифоқи Байналхалқии Инҷилӣ роҳбари гурӯҳе буд, ки аз Эфиопия дидан намуда буд. Ӯ нақл менамояд, ки ҳангоми ин суханон роҳбари калисои маҳаллӣ ба атроф нигоҳкарда, бо овози хеле паст дар бораи мушкилиҳои ҷиддӣ дар мамлакат, ва дар бораи ҳабсҳои ғайриқонунии масеҳиён нақл кард.
— Ин мушкилиҳо имони халқи моро мустаҳкам гардонд. Дар рӯзҳои мушкил нисбат ба вақтҳои осудатари пешин дида одамони зиёде ба имон наздик мешаванд, — гуфт вай. — Ман ҳам дар мамлакати шумо будам, ва медонам, ки дар калисоҳои шумо ҳам мушкилиҳои ҷиддӣ ва васвасаҳо вуҷуд доранд. Бисёр масеҳиён ба чизпарастӣ олуда гаштаанд ва дар бораи эҳтиёҷҳои одамони камбағал кам ғамхорӣ зоҳир месозанд. Бисёр оилаҳои масеҳиён вайрон мешаванд. Баъзе калисоҳо кӯшиш мекунанд, ки одамонро бо барномаҳои шавқовар ҷалб намоянд, зеро таълимоти Масеҳдар онҳо ба таври сабук оварда шудааст. Ман аз он чи дидам ва шунидам, ғамгин гаштам.
Роҳбари калисои Эфиопӣ нутқи худро чунин ба охир расонд:
— Дар асл ман ҳатто намедонам, ки калисои кӣ дар ҳолати хуб аст, аз они шумо ё аз мо!
Дар ҷаҳони озод қисми зиёди калисоҳо расман эътирофшуда мебошанд. Ин калисоҳо имони худро ба Худованд Исои Масеҳбо барпо кардани бино, ташкил кардани ташкилотҳои гуногун ва барномаҳои масеҳӣ, фаъолияти хайрия ва ғайра ифода менамоянд, ва мавҷудияти минбаъдаи онҳо аз бисёр ҷиҳат ба нигоҳдоштани шароитҳои мусоид вобаста мебошад. Дар ҷамъияти озод чунин ифодаи имон имконпазир ва фоидаовар аст — он ба калисоҳо оромӣ ва муттасилиро таъмин менамояд. Вале чунин ифодаи имон дар бисёр мамлакатҳое, ки ҳокимияташон нисбати масеҳиён муносибати душманона дорад, имконнопазир мебошад.
Бародар Андрей "қочоқчӣ"-и машҳури Худо, мегӯяд, ки фақат ду намуди роҳбарони калисоиро дидааст, — он касоне, ки мегӯянд: "Дар ин ҷо чунин буда наметавонад", ва касоне ки мегӯянд: "Мо пештар фикр мекардем, ки дар ин ҷо чунин буда наметавонад".
Бо ифодаи дигар, ҳеҷ кадоми мо, ки дар ин ҷаҳони озод зиндагӣ мекунем, ҳуқуқ надорем тахмин кунем, ки калисо метавонад аз нишонаҳои зоҳирии ифодаи имон пурра вобастагӣ дошта бошад. Дар ҳолати дасткашӣ аз чунин шаклҳои ифодаи имон ва ё агар пайравӣ кардан ба Инҷили Исои Масеҳаз ҳад зиёд мушкил гардад, ҷамъомади имондорон бо кадом роҳмавҷудияти худро давом дода метавонад? Калисо ҷамъомади ҳақиқии имондорон аст ё ҳамин хел як намуди фаъолият мебошад?
Дар асоси таҷрибаи бародарон ва хоҳарони мо, ки дар асри гузашта дар мамлакатҳои нисбати масеҳият душман зиста буданд, чизҳои бисёреро омӯхта метавонем. Масалан, дар Хитой дар лаҳзаи ба сари қудрат омадани коммунистон дар соли 1949, дар мамлакат ҳамагӣ 1 млн. одамоне буданд, ки худро имондорони инҷилӣ меҳисобиданд. Вале бинед, ки аз он лаҳза чӣ воқеаҳо ба амал омаданд: роҳбарони масеҳиро таъқиб мекарданд ва ба ҳабс мегирифтанд; бисёр масеҳиёнро куштанд; дар давоми сенздаҳсол ҳокимон калисои расмиро эътироф намекарданд; калисоҳои хонагӣ аз таъқибот дар муддати зиёда аз панҷоҳсол азоб кашиданд, чӣ гуна ҳодисаҳо ба амал омаданд. Бо вуҷуди ҳамаи мушкилҳо калисои башоратдиҳандаи масеҳӣ пойдор ва амалкунанда аст! Калисо якчанд маротиба афзудааст ва ҳоло чӣ тавре тахмин мекунанд, зиёда аз ҳафтоду панҷ миллион одамро дар бар мегирад.
Тамоман равшан аст, ки калисо дар Хитой солҳои 1960 ва 1970-ум наметавонист кушоду равшан имони худро зоҳир созад. Вайро лозим омад, ки усулҳои нави ибодатро ёбад, то пайравӣ кардани роҳҳои Худоро давом диҳад. Вале вай чӣ тавр ба ин ноил шуд?
Албатта дар ибтидои солҳои 1950-ум масеҳиён дар Хитой аз шаклҳои қабулшудаи пештара пурра даст кашиданд ва ба таври дигар амал карданро сар карданд. Онҳоро лозим омад, ки ҳушёрӣ зоҳир намоянд ва ба усулҳои эҳтиёткоронаи ибодат рӯй оваранд, ва ин усулҳо хеле самаранок баромаданд. Дигар гурӯҳҳои имондорон низ буданд, ки ноумедона кӯшиш мекарданд, ҳарчӣ дарозтар шаклҳои ошкорои ибодатро нигоҳдоранд, ва аз он сахт зарар диданд. Бисёриҳо ба ҳабс афтоданд ва дигарон кушта шуданд. Худо қатъият ва устувории онҳоро қадр менамояд ва чуноне, ки Павлус гуфта буд, онҳо метавонанд боварӣ дошта бошанд, ки азобҳои онҳо ба паҳнкунии хушхабар ёрӣ расонд (ба Фил. 1:12 ниг.).
Вале ҳокимони мамлакат мунтазам ҳамаи усулҳои ошкорои зоҳирсозии имонро несту нобуд мекарданд. Бисёр масеҳиёни ҷаҳон аз чунин ранг гирифтани ҳодисаҳо сахт мутаассир гаштанд ва намедонистанд, ки чӣ кор кунанд. Онҳо сарфаҳм намерафтанд ва ба худ савол медоданд, ки оё Худо Хитойро тарк накардааст ва оё дар ин мамлакат Калисои Худо намурдааст? Вале бо гузашти айём таҳти роҳбарии Рӯҳулқудс содиқони Калисо, имондорон усулҳоеро ёфтанд, ки ба таври номаълум, вале бо дилпурӣ имони худро дар ҷамъомадҳои хилват ифода намоянд!
Аз тарафи дигар, дар Арабистони Саудӣ дар муддати ҳазору чорсад сол Калисои масеҳии расман эътирофшуда набуд. Дилхоҳшаҳрванди ин мамлакат, ки ба Масеҳимон меовард, ба қатл ҳукм карда мешуд ва ҳарчӣ ҳам набошад, садҳо масеҳиёни дар мамлакат мезиста ва аз он фироркарда ба хатари марговари муқовимати худ нигоҳнакарда, махфиёна вохӯрданро давом медоданд.
Аз гуногунии роҳу усулҳои эҷодие, ки одамони содиқи Калисо барои ҷамъомадҳо истифода мебурданд, ба ҳайрат омадан мумкин аст.
Барои бехатарӣ ин усулҳо на ҳамеша ошкор карда мешаванд, вале имондорон ба Худо ибодат карданро давом медиҳанд ва дар шароити режимҳои аз ҳама душманона миқдоран ва рӯҳан калон мешаванд.
Ба онҳо дар зинда мондан ихтироъкорӣ таҳти роҳнамоии Рӯҳулқудс ёрӣ мерасонад. Бародарон ва хоҳарон роҳҳои мушоракати аз ҳама ғайримуқаррариро истифода мебаранд, ҳамеша ҷойҳои ҷамъомадро иваз менамоянд, то ба гурӯҳимкон диҳанд, ки зинда монад. Худо ҷасорати ин бародарон ва хоҳаронро қадр менамояд, ва дар натиҷаи он Малакути Худо бо имондорони нав меафзояд.
Як масеҳӣ дар бораи он нақл кард, ки ҳангоми истироҳат ҷамоаи вай вақти худро ба ибодат ва башоратдиҳӣ мебахшад, ва инро хеле эҳтиёткорона ба ҷо меоранд, то ки ба худ диққати дигаронро ҷалб нанамоянд. Гурӯҳҳои иборат аз се-чор нафар ҳатто дар ҷойҳои ҷамъиятӣ вомехўранд, то ки башоратдиҳиро бо ҳам бинанд, ба Худо ибодат намоянд, ва якдигарро дастгирӣ кунанд. Ҳамаи ин дар маркази Арабистони Саудӣ, дар гаҳвораи Ислом ба амал меояд.
Ба гурӯҳи нишонаҳои зоҳирии ифодаи имон ба Масеҳмаросими никоҳ, дафн ва таъмидро дохил кардан мумкин аст. Давлатҳои алоҳидае, ки ба масеҳият муносибати душманона доранд, дар он вақте ки ҳамаи намудҳои ифодаи имон манъ карда шудаанд, гузаронидани маросими никоҳва дафнро ба калисо иҷозат медиҳанд. Ба ҳамин тариқ баъзе масеҳиён дар собиқ Иттифоқи Советӣ ҳатто баъди он, ки башоратдиҳиҳои кушоду равшан манъ карда шуда буданд, ин маросимҳоро барои башоратдиҳии умумӣ истифода мебурданд.
Барои ҳокимон назорат кардан аз болои маросими ҷаноза ва дафн махсусан мушкил мебошад. Дар ҷамъиятҳои аз ҳама зиддимасеҳитарин танҳо партави андӯҳи масеҳиён оиди марги наздикон ба одамон таасcуроти фаромӯшнашаванда мегузорад, ки дар натиҷа онҳо назди Масеҳмеоянд.
Таъмид фарзи калисо буда, барои ҳаёти калисо хеле муҳим мебошад. Он рамзи ошно сохтани навимоновардагон ба марг, дафн ва эҳёшавии Масеҳбуда, дар бисёр маданиятҳо шаҳодати эътирофгардидаи он мебошад, ки шахс масеҳӣ гардидааст.
Дар таъмид имондор марги шахсии худро барои ҳаёти пешина ва эҳёшавии худро ба ҳаёти нав тасдиқ менамояд. Дар давоми тамоми таърихи Калисо таъмид, чӣ барои таъмидгиранда ва чӣ барои шахси дар ин фарз иштироккунанда, шакли ибодат ҳисобида мешуд.
Масеҳиёни нахустин навимононро ҳама вақт дар ҳама ҷое, ки имконият мешуд, таъмид медоданд. Бисёр вақт ин дар назди умум ба ҷо оварда мешуд, ба монанди таъмидгирии Исо дар Урдун, вале ин метавонист дар биёбон, ки дар он ҷо ҳамагӣ ду одам бошад, ба амал ояд (ба Аъм. 8:36–39 ниг.). Ба он диққат диҳед, ки дар ҳолати махсус таъмидро на танҳо роҳбарони калисо, балки аъзоёни қаторӣ низ дода метавонанд (ба Юҳ. 4:1–2; Аъм. 8:39–39; 1 Қӯр. 1:11–17 ниг.).
Дар ҷамъияти озод асосҳои кофӣ барои он вуҷуд дорад, ки фарзи таъмид бо усули муайян ва аз тарафи шахси аниқ, ки ба он ваколатдор аст, гузаронида шавад. Вале дар калисоҳои таъқибшаванда дар давраҳои аҳдиҷадидӣ вазъият тамоман дигар буд, ва имрӯзҳо ҳам дар калисоҳои ба таъқибот гирифторшуда қоидаҳои муқарраршударо риоя кардан номумкин аст. Гоҳо лозим меояд, ки таъмиддиҳӣ ба нақша гирифта шуда, дар вазъияти махфӣ ва воситаҳои дастрас гузаронда шавад. Ва ба ҳар ҳол башорати масеҳиёне, ки дар ин таъмиддиҳии махфӣ иштирок менамоянд, дар бораи баракати бузурги рӯҳонии ин вазъият мегӯянд.
Ҳодисае шуд, ки дар Непал зиёда аз даҳнафар навимонон дар ҷамъомаде таъмид гирифтанд, ки дар он як мансабдори машҳури давлатӣ инштирок дошт! Ӯ фикр кард, ки ин одамон қарор додаанд оббозӣ кунанд ва баъд бо камоли майл ба касе эътибор надода, ба хӯрдани газакҳои махсус барои вай тайёркардашуда машғул шуд. Барои ба ҷо овардани маросими таъмидӣ пайрави ҳиндуия маҳбусии ҳафтсола таҳдид мекард. Тахмин кардан мумкин аст, ки дилхоҳимондоре, ки ба чунин ҷасорат тайёр аст таъмидро қабул намояд, барои Масеҳдар ҳама шароитҳо, ҳатто ба фишори ҳокимон нигоҳнакарда, шоҳиди итоаткор мегардад. Дар худи ҳамон Непал, масалан, дар солҳои навадуми асри гузашта инкишофи қатъии тези калисоҳо мушоҳида карда шуд.
Мо бо шумо панҷ вазифаи калисоро (хушхабаррасонӣ, шогирдӣ, хизматгузорӣ, мушоракат ва ибодат) дар он шакле тадқиқ намудем, ки онҳо дар калисоҳои аҳдиҷадидӣ амалӣ мегаштанд. Аз афташ шумо мушоҳида кардед, ки ҳамаи ин панҷ вазифа дар калисоҳои хонагӣ низ ба роҳмонда мешаванд.
Вале Калисои бармаҳал фақат бо калисоҳои хонагӣ маҳдуд намешуд. Имондорон ба маъбадҳо, ибодатгоҳҳо, толорҳои ҷамъомадгузаронӣ, форумҳои кушода мерафтанд, дар соҳилҳои дарё ва дар киштиҳо ва дигар ҷойҳо вомехӯрданд. Дарки он чиз рӯҳбаланд месозад, ки ҳамаи панҷ вазифаи Калисоро дар калисои на чандон калони хонагӣ ҳам ба ҷо овардан мумкин аст, дар бисёр мамлакатҳои дорои режими ҷазодиҳанда бошад иҷрои ин вазифаҳо танҳо дар хонаҳои хусусӣ имконпазир аст. Аҳди Ҷадид диққати моро махсусан ба панҷ "калисоҳои хонагӣ" ҷалб менамояд, ҳарчанд тамоман равшан аст, ки онҳо аз ин ҳам бештар буданд (ба Рум. 16:3–5, 23; 1 Қўр. 16:19; Қўл. 4:15; Филем. 1:2 ниг.).
Калисоҳои хонагӣ бартариҳои зиёде доранд. Барои сохтмон ва нигоҳдории бино, барои ҷамъомадҳо хароҷотҳои иловагӣ даркор нест. Дар мушоракати хонагӣ вазъи меҳрубонию дӯстонаро нигоҳдоштан мумкин аст. Вохӯриҳои хонагӣ диққати номатлуби ҳокимонро ҷалб намекунад ва ҷамъомадҳои имондорон метавонад бо осонӣ аз як хона ба хонаи дигар гузарад.
Албатта, масъалаи душвор нарасидани ҷой шуда метавонад, вале ин имондоронро барои ҷамъшавӣ дар гурӯҳҳои хурд ҳидоят менамояд, ки ба мушоракати наздиктар, ба ошкорбаёнӣ ва ҳисоботдиҳии пурра ва ба хизматгузории пурсамар нисбати якдигар оварда мерасонад. Агар гурӯҳбениҳоят калон гардад, он метавонад ба ду қисм тақсим шавад ва ба ҳамин тариқ, зиёдшавии калисоҳо давом меёбад.
Камбудии аниқи калисоҳои хонагӣ вуҷуд надоштани мушоракат байни гурӯҳҳои гуногуни имондорон буда метавонад. Дар мамлакатҳои дорои режими махсусан сахт ин норасоӣ ҷиҳати хуб мегардад, барои он, ки дар ҳолати ошкор сохтани як гурӯҳаъзоёни он имондорони гурӯҳи дигарро фурӯхта наметавонанд. Дар мамлакатҳои тартиботашон на чандон сахт калисоҳои хонагӣ гоҳо метавонанд ҷамъомадҳои якҷоя гузаронанд, то ки ба мушоракати байни имондорони гурӯҳҳои гуногун кӯмак расонанд ва метавонанд сари чанд вақт аз мушоракат дар сатҳи васеътар хурсандӣ кунанд, масалан, дар рӯзҳои ид.
Дар Хитой якчанд калисоҳои хонагӣ ҳангоми иди байналхалқӣ маслиҳат карданд, ки дар боғи шаҳр сайр кунанд. Ҳеҷ кас кӯшиши гузарондани ибодати умумиро накард, вале ҳамаи имондорон дигар имондорони "махфӣ"-ро дар як ҷо ҷамъ дида, рӯҳбаланд гаштанд.
Бори дигар ба таҷрибаи Калисои Бармаҳал рӯ оварда, мебинем, ки баъди якчанд рӯзи хизматгузории оммавии он таъқиботҳо сар шуданд. Вақте ки ҳокимон ба Петрус ва Юҳанно мавъиза карданро манъ карданд, ҳаввориён ба назди шогирдони худ баргаштанд. Дар он замон калисои Ерусалим ба андозае калон буд, ки наметавонист дар як ҷо ҷамъ шавад, вале имондорони гурӯҳи Петрус ва Юҳанно бо ҳам вохӯрданд, то оиди басанда шудани таҳдидҳо аз ҷониби ҳукуматдорон дуо кунанд (ба Аъм. 4:23 ниг.). Дар он вақт шyбонон ба тамоми халқ машҳур ва барои ҳама дастрас буданд.
Баъди марги Истефанус Калисо эҳтиёткоронатар рафтор мекардагӣ шуд. Ин аз он равшан мегардад, ки то даме, ки Барнаббо дар бораи Павлус нақл накард, вай натавонист бо шубонони Ерусалим вохӯрад (ба Аъм. 9:26–28 ниг.). Вале ба ҳамаи эҳтиёткорӣ нигоҳнакарда, Яъқубро ба ҳабс гирифтанд ва ба қатл расонданд, баъди он Петрусро ба ҳабс гирифта, вайро ҳам ба марг ҳукм карданд. Дар он вақт имондорон ба гурӯҳҳо тақсим шуда буданд ва дар як ҷо ҷамъ намешуданд, вале Калисо барои озодшавии Петрус пайваста дуо мекард.
Вақте ки фаришта ба таври мӯъҷизаосо ҳаввориро озод намуд, вай ба хонаи Юҳанно омад, ки лақаби Марқӯсро дошт ва медонист, ки дар он ҷо ҷамъомади дуо гузаронда мешавад. Ба он диққат диҳед, ки аъзоёни гурӯҳдар паси дарҳои пӯшида ҷамъ мешуданд, ва вақте ки Петрус омад, маҷбур шуд, ки дарро кӯбад. Имондорон хеле эҳтиёткорона рафтор мекарданд ва ҳамон замон баъди дарро кӯфтан онро накушоданд. Петрус ҳам хеле эҳтиёткор буд ва баъди нақл дар бораи ба таври мӯъҷизаосо раҳо ёфтанаш ҳамон замон онҳоро тарк кард.
Тамоман фаҳмост, ки эҳтиёткорӣ аз тарсончакӣ ва имони суст шаҳодат намедиҳад. Баъдтар, вақте ки Павлус ва Барнаббо дар калисои Ерусалим вохӯрданд, дар он ҷо ҳам пирон ва ҳам ҳаввориён буданд (ниг. ба Аъм. 15:4,22; 21:17–19). Эҳтимол, инҳо роҳбарони бисёр калисоҳои хонагӣ буданд, ки дар тамоми Ерусалим буданд.
Ин принсипи рафторро метавонанд калисоҳое, ки дар шароитҳои душманона зиндагӣ мекунанд, ё калисоҳое, ки давлат ба он фишор меоварад, қабул кунанд. Калисо метавонад башоратдиҳии кушодаро бо иштироки он роҳбароне давом диҳад, ки аллакай ба ҳокимон маълуманд, вале имондорон метавонанд дар гурӯҳҳои хурди ячейкагӣ ҷамъ шаванд, ки дар онҳо панҷ вазифаи Калисоро самаранок амалӣ кардан мумкин аст. Ба ҳамин тариқ, ба таври рамзӣ гӯем, башоратдиҳӣ дар назди умум фақат нӯги пирях мебошад.
Соли 1982 дар Эфиопия коммунистон ба сари қудрат омаданд ва таъқибот сар шуд. Ҳокимият бино ва дороии меннонитҳоро мусодира намуд. Бисёр роҳбарони масеҳӣ ба ҳабс гирифта шуданд ва ба аъзоёни калисоҳо манъ карда шуд, ки дар ҷамъомадҳо вохӯранд. Калисо бе роҳбар, бе бино ва бе имконияти ошкоро бо ҳам вохӯрдан ба пинҳонкорӣ гузашт. Дар чунин вазъият имондорон аз тарси он ки, касе ба ҳокимон аз болои онҳо хабар мерасонад, баланд суруд хонда наметавонистанд.
Даҳсол пеш ҳокимияти коммунистиро дар мамлакат сарнагун сохтанд ва калисо аз пинҳонкорӣ баромад. Бисёриҳо вақте дарёфтанд, ки калисо аз панҷ ҳазор то ба панҷоҳҳазор афзудааст, ба ҳайрат афтоданд. Дар Хитой ҳам намунаи эфиопии гурӯҳҳои калон ё ячейкаҳо самаранокӣ ва қудрати худро нишон доданд.
Ин нусха на танҳо дар шароити таъқибот хуб аст. Калисои аз ҳама калонтарин дар ҷаҳон дар лаҳзаи мазкур, ки аз ҳаштсаду панҷоҳҳазор аъзоён иборат аст — калисои шубон Дейвид Йонги Чо (David Yonggi Cho) мебошад. Он дар пойтахти Кореяи Ҷанубӣ дар Сеул мебошад. Ин калисои ячейкагӣ бештар ба амалӣ гаштани ҳамаи панҷ вазифаи Калисо диққат медиҳад, махсусан, ба хушхабаррасонӣ. Доктор Чо меҳисобад, ки гурӯҳи на чандон калон шароити хубтареро барои шиносоӣ бо Исои Масеҳфароҳам меорад. Дар назар дошта шудааст, ки "ширхорагон дар Масеҳ" бояд дар муддати ним сол "падарони рӯҳонӣ" гарданд. Дар гурӯҳҳои на чандон калон шароитҳои хубтаре барои тайёр кардани чунин роҳбарон фароҳам оварда мешавад. Калисоҳои ячейкагӣ ба Калисои Масеҳна танҳо имкон медиҳад, ки бо роҳи зиёдшавии аъзоёни нав инкишоф ёбанд, балки инчунин пайдошавии калисоҳои нави маҳаллиро тахмин менамоянд.
Калисо чи дар шароитҳои душвор ва чи дар шароитҳои мусоид бояд солим бошад. Калисо метавонад танҳо дар ҳамон вақт солим бошад, ки агар ҳамаи вазифаҳои худро иҷро намояд, чуноне, ки онро Калисои бармаҳал дар замонҳои аҳдиҷадидӣ мекард (ба Аъм. 2:42–47 ниг.). Вале агар аъзоёни он танҳо рӯзҳои якшанбе ба хизматгузорӣ ё барои ибодат оянд, ин ба амал намеояд. Аз ин рӯ гурӯҳҳои на чандон калон барои он заруранд, ки мувозинати вазифаҳоро нигоҳдоранд, ё чуноне, ки як муаллиф мегӯяд, барои он ки калисо "ду қанот" дошта бошад. Фаҳмост, ки бо ин ифодаҳои маҷозӣ чӣ дар назар дошта шудааст.
Мо гуфтан намехоҳем, ки калисои анъанавӣ ё расман эътирофшуда бад аст. Вале пурра эҳтимол дорад, ки бе гурӯҳҳои на чандон калон калисо нопурра, беэътидол ва заиф мешавад. Чунин калисо наметавонад супориши каломии мушоракати ҳақиқиро ба ҷо орад. Ана намунаи номгӯи он, ки чӣ гуна дастурҳоро имондорон дар мушоракат ба даст меоранд:
Ба якдигар хизмат кунед (Ғал. 5:13);
Якдигарро қабул кунед (Рум. 15:7);
Якдигарро авф кунед (Қўл. 3: 13);
Ба якдигар салом гӯед (Рум: 16:16);
Борҳои якдигарро бардоред (Ғал. 6:2);
Якдигарро бо муҳаббати бародарӣ дӯст доред (Рум. 12:10);
Якдигарро эҳтиром кунед (Рум. 12:10);
Якдигарро насиҳат кунед (Рум. 15:14);
Мутеъи якдигар шавед (Эфс. 5:21);
Якдигарро обод кунед (1 Тасл. 5:11).
Ячейка, ҳамчун ҳуҷайра, хишти бинокории дилхоҳофаридаҳо мебошад. Ба ҳамин тариқ, калисое, ки аз воҳидҳои зиёди ба ҷамоа ҷалбшуда иборат набошад, калисо нест. Ин воҳидҳо байни якдигар муттаҳид мешаванд, то ки бадани ягонаро ташкил диҳанд. Маҳз аз рӯи чунин намуна Калисои аҳдиҷадидӣ сохта шуда буд.
Ячейкаҳо барои ҷамъомади даҳнафара хеле хуб рост меоянд. Вақте ки гурӯҳба дувоздаҳнафар мерасад, он бояд тақсим шавад, то ки аз сари нав инкишоф ёбад. Ҳамеша ҷои нишасти холӣ доштан хуб аст, ки он рамзи каси навимон мебошад, ки ба зудӣ ба гурӯҳхоҳад пайваст. Он курсӣ (ҷои нишаст) ҳамеша ба гурӯҳи ячейкагӣ дар бораи вазифаи муқаррариаш — хушхабаррасонӣ ёдовар шуда меистад ва ёрӣ мерасонад, ки дар хоҳишҳои дуоӣ ба он аҳамияти махсус диҳанд. Вале фаромӯш кардан даркор нест, ки ҳар як ҷамъомади гурӯҳи хурд бояд боқимонда чор вазифаи Калисоро низ ба ҷо оварад. Дилхоҳкалисои маҳаллӣ ҳамон вақт вазифаи худро бо муваффақият адо менамояд, ки масъулият дар он ба дӯши ҳамаи аъзоён гузошта шудааст ва ба шубон ҳамчун ба сарвари ягона умед намебанданд. Агар калисо хоҳад, ки инкишоф ёбад, тарбия намудани сифатҳои роҳбарӣ дар аъзоёни қаторӣ шарти ҳатмӣ мебошад. Худованди мо ҳеҷ гоҳонро дар назар надошт, ки Калисои Ӯ ба монанди намоишномае мебошад, ки дар он як шахс нақш иҷро мекарда бошад.
Башоратдиҳии бомуваффақият дар ҷамъият бе ҷалб намудани ҳамаи аъзоёни калисо ба он тамоман имконнопазир аст. Шубонон бояд барои тайёр кардани аъзоёни қаторӣ вақт ҷудо намоянд, ҳамчунин онҳо бояд ваколатҳои худро ба дигар имондорон вогузор намоянд.
Усули аз ҳама беҳтарини тайёрӣ ба вақтҳои мушкил дар он аст, ки ба ҳамаи аъзоёни калисо дар дарки он ёрӣ расондан даркор аст, ки онҳо барои иҷрои нақшҳои муайян ва беназир дар Малакути Худо таъин карда шудаанд.
Як шубон дар Вйетнам дар бораи ногузирии ба ҳабс афтодани худ дониста, ҳамаи сӣ нафар аъзоёни калисои худро барои ба ҷо овардани вазифаҳои роҳбарӣ тайёр намуд. Вақте ки ин рӯз фаро расид, шубонро ба лагери дурдаст фиристоданд. Баъдтар, вақте шунид, ки калисои вай то ба сесад нафар расидааст, тасалло ёфт.
Ҳаёти мо дар ҷамъияте, ки ҳеҷ гоҳнавидро дар бораи Масеҳхуш напазируфтааст, метавонад пурҷӯшу хурӯш бошад, агар мо бартараф кардани тарзи ақидаронии муқаррарии худро ёд гирем ва таҳти роҳнамоии Рӯҳулқудс устувор бошем. Ҳеҷ гоҳба худ имкон надиҳед, ки дар асорати анъана ва одатҳои кӯҳна бошед. Худои мо қудрат дорад, ки ҳамеша эҳтиёҷоти моро пур созад ва моро бо роҳҳои гуногун баракат диҳад. Аз худи ҳамин рӯз ҷустуҷӯи усулҳои оддӣ ва нави ифодаи имони худро сар кунед. Дар ин масъала низ ба роҳбарии Рӯҳулқудс бовар кунед.
Боби ҳафтум
ОИЛАИ МАСЕҲӢ
Ишаъё 54:13
Мӯйсафеди лоғарандоме ба хонаи писараш, ки бо завҷа ва писарчаи чорсолааш зиндагӣ мекард, кўчида омад. Дастони мӯйсафед меларзиданд, нури чашмонаш рафта буд ва пойҳояш кор намекарданд. Ба сари дастурхон тамоми оила ҷамъ шуд. Ба мӯйсафед, ки хӯрокро дуруст намедид, бо дастони ларзон хӯрдан мушкил буд. Хӯрок аз қошуқ ба рӯи фарш меафтод ва вақте ки вай пиёларо мебардошт, шир ба рӯи дастархон мерехт.
Писар ва келинро ин нороҳат мекард. "Бояд чораи кори боборо бинем"-гуфт писар. "Маро шири рехта, чалп-чалп хӯрдан ва хӯрокҳои ба рӯи фарш афтода ба ҷон расондааст", — ҳамовоз шуд келин. Ҷавонон барои мӯйсафед дар кунҷак мизи хурдакаке гузоштанд. Дар он ҷо бобо танҳо менишаст, дар он вақте ки боқимонда аъзоёни оила дар паси мизи калон сӯҳбаткунон менишастанд.
Азбаски мӯйсафед якчанд табақча ва пиёларо шикаста буд, ба вай дар табақчаҳои чӯбин хӯрок медоданд. Баъзан аъзоёни оила ба мӯйсафеди танҳо назар мекарданд ва медиданд, ки дар чашмони вай ашк аст. Вақте ки вай чангакро меафтонд ё нӯшокиро мерезонд, барои ӯ фақат суханони насиҳатро меёфтанд.
Писарчаи чорсола хомӯшона ҳамаи инро низорат мекард. Боре пеш аз хӯроки шом падар мушоҳида кард, ки писараш дар рӯи фарш бо кундачаҳо бозӣ мекунад. Вай меҳрубонона аз писараш пурсид: "Писарам, ту чӣ кор карда истодаӣ?" Писар ҳамон хел меҳрубонона ҷавоб дод: "Ман барои ту ва модарам табақчаҳои чӯбин тайёр мекунам, то ки дар вақти калон шудани ман аз он хӯрок хӯред". Кӯдак табассуме кард ва аз сари нав машғули кор шуд.
Ин суханон чун раъд падару модарро моту мабҳут кард ва онҳо надонистанд чӣ гӯянд. Баъд аз рухсораҳои онҳо ашк ҷорӣ шуд. Онҳо сухане нагуфтанд, вале фаҳмиданд, ки чӣ бояд кард.
Худи ҳамон бегоҳҷавон меҳрубонона дасти падарро гирифт ва ба сари дастурхони умумӣ овард. Ва тамоми рӯзҳои боқимондаи ҳаёт мӯйсафед ҳамроҳи оила хӯрок хӯрд, вале аз чӣ бошад, ки вақти аз дасти мӯйсафед афтодани чангак ё рехтани шир, ки дастурхонро олуда месохт, ҷавонон ба ғазаб намеомаданд.
Кӯдакон ба таври ҳайратовар қабулкунанда мебошанд. Чашмони онҳо ҳамаро мебинанд, гӯшҳои онҳо ҳама чизро мешунаванд, ақли онҳо ҳамаи маълумотҳоеро, ки аз олами беруна қабул мекунанд, кор карда мебароянд. Агар онҳо бинанд, ки мо чӣ тавр пуртоқатона дар хонаи худ вазъи хушбахтона ва парҳезкоронаро барпо менамоем, онҳо ҳам тамоми ҳаёт чунин муносибатҳоро дар оила айнан такрор менамоянд
Падару модарони хирадманд мефаҳманд, ки ҳар рӯз онҳо дар таҳкурсии ҳаёти кӯдаки худ хиштчаҳоро барои барпо кардани ояндаи ӯ мегузоранд.
Аз худи ибтидо оила воҳиди асосии офариниши Худо буд. Баъди он, ки Худо ҷаҳон ва ҳамаи чизҳои дар он бударо офарид, Ӯ раванди офариниши одамро бо сурат ва шабоҳати Худ ба охир расонд. Аз мард Ӯ занро офарид. Худо метавонист чуноне, ки ҷонварону растаниҳои зиёдеро офаридааст, мардону занони зиёде низ офарад ва баъд ҳокимии одамро чун асоси ҳаёт муқаррар намояд. Вале Ӯ ин корро накард. Ӯ асосро барои оила офарид ва бо он муносибатҳои байниҳамдигарии Худро бо инсоният мустаҳкам намуд.
Ин махсусан дар намунаи оилаи яҳудӣ равшан аст. Ҳанӯз то он даме, ки Худо дар Аҳди Қадим писарони Исроилро даъват намуд, ки аз боқимонда ҷаҳониён ҷудо шаванд, Ӯ ба оилаи Одам ба воситаи Одам муроҷиат намуд ва баъд ба ҳар як насли минбаъда ба воситаи сардорони оилаҳо муроҷиат менамуд.
Мо мебинем, ки чӣ хел Худо бо Нӯҳсухан гуфт ва тамоми оилаи ӯро наҷот дод. Худо бо Иброҳим аҳд баст ва ба воситаи Иброҳим ин аҳд барои оилаи ӯ ва наслҳояш ҳақиқӣ гардид. Худо ҳатто Худро Худои Иброҳим, Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб номидааст ва ба ҳамин тариқ Худро бо ин оилаи инкишофёбанда айният медиҳад. Баъди он, ки Худо Яъқубро бо дувоздаҳнафар писаронаш баракат дод ва вайро Исроил номид, халқи Худо ҳамчун "Писарони Исроил" машҳур гардид.
Баъд аз чорсад сол, дар замони таваллуди Мусо, ягонагии оилаи яҳудӣ дар он зоҳир гардид, ки чӣ хел падару модар кӯшиш карданд ҷони ӯро нигоҳдоранд, агарчи ин барои ҳаёти онон хатарнок буд. Вақте ки Мусо ба даъвати Худо — аз Миср баровардани халқи Ӯ ҷавоб дод, бародари ӯ Ҳорун, Марям ва ҳатто падарарӯсаш Йитрўро Худо ба ёрии ӯ равон кард.
Дар биёбон Худо ба Мусо маҷмӯаи қонунҳоро дод, ки яке аз нишондодҳои онро яҳудиён "шма" меноманд (ба Так. Шар. 6:3–9; 11:18–21 ниг.). Дар ин нишондод оиди оила ва вазифаҳои он гуфта мешавад. Дар он оиди Кӣ будани Худованд, аҳкоми Худовандро бо тамоми ҷони худ дӯст доштан, ин ҳақиқатро ба фарзандон омӯхтан ва таълимоти мазкурро бо ёдовар намудани доимӣ устувор кардан гуфта мешавад.
Идҳои яҳудиён ҳам бояд оиларо устувор намоянд ва аъзоёни онро ба Худо наздик намоянд. Ҳангоми иди Фисҳпадари хонадон махсусан равшан нақши роҳбари рӯҳонии оиларо мебозад. Ба ҳар як падар қатъиян фармуда шудааст, ки ин вазифаро ба писари калонӣ расонад. Дар тамоми таърихи дуру дарози Исроил, аз хайма ва маъбад то куништ, маҳз дар оила ибодат ва садоқат ба Худо нигоҳдошта шудааст. Дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон, ки дар он ҷо яҳудиён бисёр набуданд, то ки маъбадҳо созанд ё ки антисемитизм ниҳоят пурзӯр буд, оилаи яҳудӣ мустақилона зинда мемонд ва бо он дини яҳудия мезист.
Таълимоти Аҳди Ҷадид оиди оила дар худ таълимотҳои Аҳди Қадимро бо иловаи тафсилотҳои нав тарбия намуд. Мард ва зан бо ҳам як мегарданд, вале мард сарвари рӯҳонии оила мебошад, ба монанди он, ки Масеҳсари Калисо мебошад (ба Эфс. 5:21–23 ниг.), ва ҳар ду ҳамсарон бояд ба якдигар итоат намоянд. Фарзандонро дар "таълимот ва панди Худованд" тарбия кардан лозим аст (Эфс. 6:1–4; Қўл. 3:20–21).
Худо на танҳо оиларо муқаррар намуд, Ӯ инчунин қонунҳоеро дод, ки онро муҳофизат менамоянд. Аз даҳаҳком шаштои он ба муносибатҳои байниҳамдигарӣ тааллуқ доранд. Сетои онҳо барои муҳофизати оила мебошанд:
Падар ва модари худро иззат намо;
Зино накун;
Зани ёратро талаб накун (Хур. 20:7–17).
Дар аввал Худо фикри худро дар бораи ташкил кардани оила амалӣ гардонд, баъд онро аз вайроншавӣ аз дарун ҳимоя кард ва сипас ҳимояро аз ҳуҷуми беруна таъмин намуд. Исо ин ҳимояро мустаҳкам намуд — фаҳмиши зиноро васеъ гардонд (ба Матто 5:27 ниг.) ва ҷудошавиро манъ кард, ба ғайр аз ҳолати хиёнат ба ҳамсари худ (ба Матто 5:32 ниг.).
Исо фаҳмо таълим медод, ки иттифоқи мустаҳками оилавӣ фикри беҳтарини Худо мебошад. Ана барои чӣ Павлус дар номаҳои худ таълимоти васеъро дар бораи никоҳва оила пешкаш менамояд. Дар Нома ба Тимотиюс ӯ дар бораи он мегӯяд, ки агар касе дар бораи хонадони худ ғамхорӣ намекунад, вай аз беимон ҳам бадтар аст (ба 1 Тим. 5:8 ниг.).
Анъанаҳои баланди ба Худо бахшидашавии оилавӣ оилаҳои масеҳиро дар бисёр мамлакатҳое, ки принсипҳои сиёсии идоракунии ғайримасеҳӣ доранд, дар ҳолати душвор мегузаранд. Чунин сохти сиёсӣ асосҳои оилаҳоро вайрон месозад, зеро барои онҳо манфиатҳои давлатӣ аз манфиатҳои падару модарон афзалтар мебошанд. Онҳо такаббури ҳокимонаи худро аз рӯи салоҳдиди худ амалӣ гардонда, бе ягон хел асос падару модаронро аз ҳуқуқи ғамхорӣ дар ҳаққи фарзандони худ маҳрум мекунанд, ва ба воситаи сохтори боғчаҳои кӯдаконаи давлатӣ масъулияти оилаҳоро оиди дар кӯдакон тарбия намудани сифатҳои ахлоқӣ ғасб намоянд. Онҳо тарбияи волидонро бо таъсири худ ба ақлу рўҳи кӯдакон иваз менамоянд, ва аҳамияти оила ва хонаи падару модарро дар назари кӯдак паст карданӣ мешаванд.
1. Вақт
Дар баъзе мамлакатҳои дорои тартиботи тоталиторӣ ҳуҷум ба оилаҳо боз ҳам фаъолтар аст. Сохторҳои давлатӣ дар ин мамлакатҳо вақтеро, ки аҳли оила метавонад бо ҳам бошанд, тамоман кўтоҳмекунанд. Ҳар ду волидон бояд на дар хона, балки дар кор бошанд, дар ҳоле, ки давлат "ғамхорӣ"-ро оиди кӯдакони онҳо амалӣ мегардонад. Ва ҳатто он вақтҳои холигиеро, ки волидон метавонанд бо кӯдакон бошанд, барои ҷамъомадҳои гуногуни партиявӣ бо иштироки ҳатмӣ ё барои истодан дар навбатҳои дуру дароз барои ба даст овардани маводҳои ночиз ё зарурӣ сарф мекунанд.
2. Таълим
Дар он вақте ки кӯдакон таҳти ғамхории тарбиятгарони давлатӣ мебошанд, ақли онҳо гирифтори коркарди интенсивӣ мегардад. Тарбияро онҳо асосан дар рӯҳияи зиддимасеҳӣ мегиранд, ки оҳиста-оҳиста ба вайроншавии оила оварда мерасонад.
Гоҳо чунин мешавад, ки кӯдаконро меомӯзанд, то аз қафои падару модар "ҷосусӣ" намоянд. Истилоҳнодуруст аст, зеро дар назар дорад, ки гўё онҳо дидаву дониста ба падару модари худ зарари конкретӣ мерасонанд. Одатан ҳамаи ин ба таври махфӣ, дар назари аввал номаълум гузаронда мешавад. Кӯдаконро меомӯзанд, ки онҳо "мушоҳидакор" бошанд ва агар онҳо дар рафтори падару модарони худ ягон-чизи "ғайримуқаррарӣ"-ро дида, ба мураббияҳои худ нақл кунанд, ба онҳо мукофот медиҳанд. Барои бештари кӯдакон ин ҳамин хел як навъи бозиест, вале дар бисёр мамлакатҳо кӯдакон барои ҳукуматдорон сарчашмаи маълумотҳо мегарданд.
Масалан, баъди мағлубшавии Вйетнами ҷанубӣ бисёрии одамоне, ки мехостанд аз мамлакат гурезанд, аз сабаби хабаркашии кӯдакони аз дувоздаҳсола хурдтар кушта шудаанд ё ба ҳабс афтодаанд! Масеҳиёни Вйетнам нақл мекунанд, ки яке аз масъалаҳои ҷиддӣ дар оилаҳои онҳо дар он аст, ки чӣ тавр ба кӯдакони хурдсоли худ дар бораи Масеҳнақл намоянд. Агар ба хурдсолон нақл кунанд, онҳо ин маълумотҳоро ба одамони ғайр мерасонанд ва оила аз ин сахт зарар мебинад.
Дар Хитой маҳрум кардани падару модарон аз ҳуқуқи тарбияи кӯдакон кори муқаррарӣ мебошад. Агар ҳокимон фаҳманд, ки падару модарон ба кӯдак дар бораи Масеҳнақл мекунанд, онҳо метавонанд кӯдакро кашида гиранд ва ба сағирхонаҳо супоранд. Вале агар падару модарон хушхабаррасониро ба кӯдакон мавқуф гузоранд, онҳо метавонанд ба таъсири идеологияи зиддимасеҳӣ афтанд.
3. Хӯрхӯраки дилангез
Масеҳиён гоҳо соддалавҳона тахмин менамоянд, ки фарзандони онҳо ҳеҷ гоҳба доми тартиботи вуҷуддошта намеафтанд. Ин хатои ҷиддӣ мебошад. Давлатҳои дорои сохти ҷазодиҳанда оиди он чи қудрати иҷро карданашро надоранд, накалавида ваъда медиҳанд, вале дар айни замон онҳо ваъдаҳои асосноке низ медиҳанд, ки иҷро карда метавонанд ва ба ҷо меоранд. Ҷавонони идеалистро бисёр вақт барномаҳое ба худ мекашанд, ки барои ба даст овардани адолатҳои иҷтимоӣ нигаронида шудаанд. Бисёр масеҳиён дар минтақаҳое зиндагӣ мекунанд, ки сатҳи пасти иқтисодӣ доранд. Тамоман равшан аст, ки дар он ҷо байни одамони доро ва миқдори зиёди одамоне, ки ҳаёти камбағалона ба сар мебаранд, фарқи азим вуҷуд дорад. Вақте ки давлат ба ҳаёт таҷассумкунии барномаҳои худро сар мекунад, чӣ тавре ки он дар Хитой шуда буд, идеалистони ҷавонро бо имкониятҳои ҳамкорӣ бо ҳокимиятҳо ба худ ҷалб менамояд.
Омили дигаре, ки ба ҷавонон таъсири сахт мерасонад, патриотизми табиӣ мебошад. Вақте ки ҳокимияти ҷазодиҳанда ғалаба мекунад, кӯшиш мекунад ба он касоне, ки онро гарму ҷӯшон дастгирӣ наменамоянд, тамғаи "душмани халқ"-ро занад. Бардошт кардани чунин фишороварии рӯҳӣ барои ҷавонон мушкил аст.
Масеҳиёни ҷавон бояд нисбати беадолатӣ ва фасодӣ аз аҳолии боқимондаи мамлакат ҳассостар бошанд. Вақте ки ҳокимият баробарии иҷтимоӣ ва адолатро ваъда медиҳад, хеле дилангез менамояд. Одамоне, ки сиёсати режимҳои ҷазодиҳандаро хуб медонанд, мефаҳманд, ки онҳо қодир нестанд, ки ваъдаҳои худро ба ҷо оранд ва шиорҳои машҳур баъдтар дар ҳаёт бо ёрии яроқ ва симхор таҷассум мегарданд. Вале идеализми ҷавон ин хатарро дарк намекунад.
Коммунистон ҳамеша барои ба даст овардани мақсадҳои худ ҷавононро истифода мебурданд ва ҳамаи корҳои имконпазирро мекарданд, то ки Калисоро бадном кунанд. Онҳо ҳатто роҳбарони либералии калисоҳоро, ки бонуфузии Навиштаҳо ва илоҳияти Масеҳро инкор менамоянд, иқтибос меоваранд. Танҳо оилаи масеҳӣ, ки Каломи Худоро қатъиян нигоҳмедорад, метавонад аз роҳи ҳақиқат дур карда шудани кӯдакон ва ҷавононро рафъ намояд.
4. Оянда: Таҳсил ва кор
Агар ҷавонон бо муваффақият имони худро нигоҳдоранд, бояд тайёр бошанд, ки музди онро пардохт намоянд. Ҷавононро метавонанд ба донишгоҳҳои олӣ қабул накунанд. Мансаби онҳоро дар ҷои кор баланд намебардоранд. Тамоми оила метавонад аз барои имон азоб кашад, аз он ҷумла аз зӯроварии ҷисмонӣ. Вале агар оилаҳои масеҳӣ муҳимии нақши мебозидаашонро дар кори зинда мондани Калисо фаҳманд, ҳамаи корҳоро мекунанд, то истодагарӣ намоянд.
Масеҳӣ будан умуман маънои ба масъалаҳои сиёсӣ ва адолати иҷтимоӣ бефарқ буданро надорад. Вале ҳамаи тағйиротpо дар мамлакат бояд на аз ҳисоби вайрон кардани асосҳои оилавӣ ва инкор кардани Калисо ба амал оянд, балки дар асоси принсипҳои каломӣ бошанд.
Оилаҳо дар таъмини ғалаба дар ҷанге, ки душман ба муқобили оилаҳои масеҳӣ сар кардааст, кори зиёдеро карда метавонанд. Оилаи масеҳӣ дар асоси худ таҳкурсии Калисо буда, як навъ микрокосми худи Калисо мебошад.
1. Якҷоя Китоби Муқаддасро омӯзед
Ҳамаи аъзоёни оила бояд якҷоя Каломи Худоро омӯзанд ва таълимотҳои каломиро дар бораи оила хуб донанд. Ба барпо кардани чунин муносибатҳое, ки таълимоти библиявиро инъикос менамоянд, ҷиддӣ муносибат намудан даркор аст. Ин қадами нахустин ва бениҳоят муҳим дар қабули қолибҳои библиявӣ ба сифати меъёрҳои рафтор мебошад. Оилаи мустаҳаками масеҳӣ наметавонад танҳо дар асоси донишҳо сохта шавад. Тамоман ҳатмист, ки садоқат ба принсипҳои библиявиро дар амал зоҳир созанд.
2. Кўдаконро ба Худо бахшед
Падару модарон бояд ҳар як кӯдаки худро ба Худо бахшанд. Ин корро дар маросими "бахшидан", ки дар калисо шуда мегузарад ё дар амали бахшидашавӣ дар хонаи худ ба ҷо овардан мумкин аст. Агар мо таносуби миқдори одамонеро медонистем, ки дар кӯдакӣ ба Худо бахшида шудаанд, ва ҳоло фаъолона ба Ӯ хизмат мекунанд, дар ҳайрат меафтодем. Ҳатто шиносоии рӯякӣ бо таърихи ҳаёти роҳбарони масеҳӣ ин тезисро тасдиқ менамояд. Албатта чунин бахшидашавӣ фақат ибтидои таъсири рӯҳонӣ мебошад, ки падару модарон бояд ба кӯдак расонанд.
3. Ҳамаи панҷ вазифаи Калисоро ба ҷо оред
Оилаи масеҳӣ бояд фаъолона ҳамаи панҷ вазифаи Калисоро ба ҷо орад. Он метавонад ибодати якҷояро сар кунад, ки онро бо роҳҳои аз ҳама гуногун амалӣ кардан мумкин аст: якҷоя Навиштаҳоро хондан ва дуо кардан, мусиқии илҳомбахши масеҳиро гӯш кардан ва Худоро ситоиш кардан, баъди он ба намунаи Калисои бармаҳал пайравӣ намуда дар шоми Худованд ё ба монанди ҳамин дар дигар намудҳои ибодат иштирок намудан мумкин аст.
Ибодат аз бисёр ҷиҳат метавонад ба иди Фисҳи яҳудӣ монанд бошад, агар дар раванди ибодат шоми Худовандро ҳамроҳкунем. Чунин ибодат ба тамоми оила таъсири сахти рӯҳонӣ расонда, онро муттаҳид месозад. Дар доираи оилаҳо инчунин омӯзиши Китоби Муқаддас ва доктринаҳои библиявиро гузарондан лозим аст. Баъзан муҳокимаи тасодуфии масъалаи мушкили доктриналӣ дар оила метавонад дар кӯдакон аз бисёр мавъизаҳои Калисо дида таъсири бузургтар расонад.
Фаромўш насозед, ки маълумоти масеҳӣ бояд дар хона сар шавад, вале дуоҳои номунтазами оилавӣ кофӣ нест. Оила бояд кӯшиш намояд, ки ҳар рӯз барои дуоҳои якҷоя вақт ёбад. Инчунин лозим аст, ки мунтазам хондан ва омӯзиши Навиштаҳоро ба нақша гирад. Ин усули беҳтарин аст, ки бо ёрии он падар метавонад мавқеи каломии худро ҳамчун роҳбари рӯҳонии оила мустаҳакам намояд.
Имрӯзҳо оилаи масеҳӣ ба мушоракат ва хизматгузорӣ эҳтиёҷи сахт дорад. Аъзоёни он бояд аз мушоракат бо ҳамдигар ва ғамхории фаъолона дар бораи якдигар хурсанд шуданро омӯзанд. Имондороне, ки эҳтиёҷотҳои дигар аъзоёни оиларо ҳис мекунанд, бояд дар ҳама корҳо муҳаббат зоҳир карданро омӯзанд.
Вақте ки аъзоёни оила бардоштани борҳои якдигарро меомӯзанд, онҳо ба ҷаҳони атроф бо башоратдиҳӣ рў меоваранд. Дар аввал ин хешу табор, баъд ҳамсояҳо ва дӯстон мегарданд. Бисёрии онхо шояд дар бораи Масеҳчизе надонанд. Оилаи дӯстдор ва ба хизмат тайёр навиди зиндаи Инҷил мегардад, ки инкор кардан номумкин аст. Масеҳиёни пуртаҷриба мегӯянд, ки аз ҳама мушкил ба Худо наздик сохтани хешу табор ва дӯстон аст, вале агар ҳаёти оила дар бораи Масеҳбашорат медода бошад, башоратдиҳӣ зиндатар ва амалкунанда мегардад. Чунин оила худ башорат барои атрофиён мегардад.
Хоҳар Бирал зани мусулмон буд, ки бо забони арабӣ дуо хонда метавонист. Ба василаи ин вай дар ин ҷазирачаи хурдакак дар ҷануби Филиппин сазовори ҳурмату эҳтироми ҳамсояҳо буд. Ҳоло бошад хоҳар Бирал масеҳӣ аст. Ба таъқиботҳо нигоҳнакарда вай содиқона ба Худованд хизмат карданро давом медиҳад. Якҷоя бо шавҳараш вай дар бораи калисое ғамхорӣ менамояд, ки асосан аз собиқ мусулмонон иборат мебошад.
Хонаи онҳо пур аз муҳаббат аст ва кӯдакони ҳамсоя ба хонаи онҳо омада ба кӯдакони Бирал бозӣ карданро дӯст медоранд. Инҳоро маъқул аст ба хонае биёянд, ки дар он ҷо онҳоро як чизи ғайри мукаррарӣ интизор аст. Дар он ҷо ба онҳо бо як муҳаббати беандоза рафтор менамоянд. Дар хона ҳамеша кӯдакони бегона ҳастанд, ва ин ба хоҳар Бирал имконият медиҳад, ки муҳаббати Масеҳро ба онҳо расонад. Чунин оила одамонро ба Масеҳҷалб менамояд.
Ба андозаи он, ки оилаҳо дар худ таъсири қувваи наҷотдиҳандаи Масеҳро эҳсос мекунанд, онҳо бояд чун калисо амал карданро омӯзанд.
4. Дар дуо намуна нишон диҳед
Падару модарон бояд ба фарзандон намунаи бовариро ба дуоҳои дорои илҳом нишон диҳанд. Ин ба ҳаёти шахсии дуоии онон ва инчунин ба роҳбарӣ бар оила ҳамчун ҷамъомадҳои хурди дуоӣ дахл дорад. Барои он, ки ҳаёти дуоӣ инкишоф ёбад, омӯхтани фаҳмидани ҷавобҳои Худо ба дуо хеле муҳим аст. Падару модарон метавонанд дар ин масъала ба фарзандон ёрӣ расонанд, то ки онҳо маъюс нашаванд ва дар имон суст нагарданд.
Гоҳо кӯдакон хато карда тахмин менамоянд, ки Худо ҳар он чизеро, ки онҳо бипурсанд, медода бошад. Баъзе мухолифони калисо кӯшиш мекунанд боварии кӯдаконро ба дуо вайрон кунанд, ва масалан, онҳоро водор месозанд дуо кунанд, ки Худо ба онҳо конфет диҳад. Кӯдакон дуо мекунанд, вале конфет намегиранд. Кӯдаконе, ки дар оилаҳои дуокунанда калон шудаанд, ба чунин ҳилаву найранг ба осонӣ сар намефароранд.
Оилаи масеҳие, ки ин чор шартро иҷро мекунад, дар имон мустаҳкам мегардад ва ба калисои таъқибшудаи худ то он даме ёрӣ мерасонад, ки Худо ба он рухсати ошкоро вуҷуд доштанро диҳад. Вале агар ҳокимон иҷозат надиҳанд ё аз сари нав фаъолияти калисоҳоро манъ кунанд, чунин оила чун пештара дар Худованд устувор мемонад.
Калисо чӣ кор карда метавонад, то оилаҳои мустаҳками масеҳиро бунёд созад? Равшан аст, ки калисо аз худи ҳозир бояд дар ин самт иқдомҳо намояд. Ана баъзе маслиҳатҳо оиди мустаҳкамкунии оилаҳои масеҳӣ, ки имондорони мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон бо мо бо ҳам мебинанд. Шумо метавонед ин маслиҳатҳоро бо дигар имондорони калисои худ муҳокима кунед.
1. Таълимоти каломиро оиди оила ба ҳар як имондор расонед
Лозим аст, ки умуман аз он ҷанбаҳои тарзи ҳаёти ҳозиразамон, ки асосҳои оилавиро вайрон месозанд, даст кашем. Иблис дар ҷамъияти озод ба мо бо ҳамон усулҳое наздик мешавад, ки дар мамлакатҳои дорои ҳокимияти зиддимасеҳӣ истифода мебарад. Масеҳиён ва калисоҳои онҳо бояд кӯшиш кунанд, ки ҷудошавиҳои оилаҳоро (талоқ) ба воситаи мустаҳкамсозии оилаҳо барҳам диҳанд. Афзоиши шумораи ҷудошавиҳо барои ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон хос мебошад, вале шумораи афзояндаи ҷудошавиҳо дар байни масеҳиён маҷбур месозад, ки мо сахт азоб кашем.
Калисоҳои маҳаллӣ бояд ба масеҳиён дар фаҳмиши қолибҳои библиявии ҳаёти оилавӣ дар ҳама ҷанбаҳо, аз маҳрамона сар карда, то ба молиявӣ ёрӣ расонад ва ҷавононро ба ҳаёти оилавӣ тайёр карда, ин қолибҳоро дар шуури онҳо мустаҳкам намоянд. Дар он вақт бисёр оилаҳо наҷот меёбанд ва дар гаштугузори худ дар назди Худо мустаҳкам мегарданд.
2. Таълим диҳед, ки ҷавонони имоноварда оилаҳои худро тарк накунанд
Ба ҷавонон онро таълим додан даркор аст, ки онҳо падару модари худро ҳурмат намоянд ва кӯшиш кунанд, ки бо тарзи ҳаёти парҳезкоронаи худ онҳоро ба Масеҳоранд. Мутаассифона, гоҳо ба ҷавонон маслиҳат медиҳанд, ки дар ҳаёти оила иштирок накунанд, барои он, ки падару модарашон масеҳӣ нестанд. Ин хатои ҷиддӣ аст. Масеҳиёни ҷавон бояд кӯшиш кунанд, ки дар оилаҳои худ монанд, агар ин иконпазир бошад. Ин махсусан дуруст аст, дар он ҳолате, ки агар онҳо дар шароитҳои душманона, масалан дар оилаҳои атеистӣ ё мусулмон ба камол расида бошанд. Гоҳо ин қариб имконнопазир аст, вале масеҳиёни ҷавонро панд додан даркор аст, ки дар оилаҳо монанд.
Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки имондор набояд ба беимон хонадор шавад. Вале он инчунин мегӯяд, ки агар як ҳамсар имондор ва дигараш беимон бошад, масеҳӣ бояд никоҳро нигоҳдорад ва бо муҳаббати худ кӯшиш намояд, ки ҳамсари худро ба имон ба Худованд орад (ба 1 Қўр. 7:10–17 ниг.).
3. Ёрӣ диҳед, ки дар ҷамъомадатон барои он имондороне, ки оила надоранд, муҳити оилавӣ барпо карда шавад
Инро кардан мумкин аст, агар ягон оилаи масеҳӣ чунин имондорро "писархонд" кунад. Калисо бояд чунин муносибатҳои байниҳамдигариро қадр намояд, то ки ҳар як имондор имконият дошта бошад худро аъзои оила ҳис намояд. Агар калисо хурдакак бошад, он метавонад дар дохили худ муносибатҳои оилавиро барпо кунад. Баъзе калисоҳо гумон мекунанд, ки дар онҳо чунин муносибатҳо вуҷуд доранд, аммо дар асл он вуҷуд надорад.
Инро санҷидан хеле осон аст. Аниқ кунед, ки дар байни имондорони шумо касе ҳаст, ки истироҳати охиринро дар танҳоӣ гузаронда бошад? Оё шумо метавонед ба иди оилавӣ ягон нафари аъзои оилаатонро ҷеғ назанед? Вақте ки Павлус ба Тимотиюс дар бораи он навишт, ки ба имондорон чун ба аъзоёни оилаи худ муносибат кардан даркор аст, маҳз дар бораи чунин намуди муносибатҳо гуфта буд (ниг. ба 1 Тим. 5:1–2; Рум. 16:1, 13; Тит. 1:4; 1 Тим. 1:2).
4. Барномаи таълимоти масеҳиро барои оилаҳо мавриди диққат қарор диҳед
Ҳангоми таълимдиҳии оила, масалан дар мактаби якшанбегӣ, кӯшиш кунед, ки оилаҳоро аз рӯи синну сол ва табақаҳо ҷудо накунед, балки баръакс, аъзоёни онро рӯҳбаланд созед, ки якҷоя бо ёрии роҳбарони калисо ё пирон хонанд. Тамоман ҳатмӣ нест, ки ҳамаи оилаҳо як фанро хонанд; мавзӯъҳои гуногунро омӯхтан ва материалҳои гуногуни таълимиро истифода бурдан мумкин аст. Чунин рафторе, ки ба таври қатъӣ аз шаклҳои анъанавии дар мактабҳои якшанбегӣ қабулшуда фарқ мекунад, метавонад оиларо мустаҳкам гардонад. Он ҳатто метавонад дар ҳаёти тамоми калисо маҷрои наве ҷорӣ намояд!
5. Ба оилаҳо ёрӣ расонед, ки дар ҳаёти худ ҳамаи панҷ вазифаҳои калисоро амалӣ гардонад
Баъзе калисоҳои расман эътирофшуда метавонанд ин ақидаро ҳамчун таҳдид ба нуфуз ва ҳокимияти худ ҳисобанд, ва онро дастгирӣ нанамоянд. Онҳо ба он ақида муқобилат менамоянд, ки на рӯҳониёни дастгузошта, балки падару модарон метавонанд кӯдакони худро тадҳин кунанд. Онҳо ба он оилаҳое механданд, ки дар хонаҳои худ кӯшиши гузарондани шоми Худовандро мекунанд. Онҳо "тахассус"-и падарро ҳамчун муаллим ва тафсирдиҳандаи Навиштаҳо зери шубҳа мемононанд. Чунин аксуламали нодуруст нисбати ҳаёти фаъолонаи оилаҳои масеҳӣ ҳам оила ва ҳам худи калисоро заиф мегардонад.
ҚИСМИ III
Муноқиша
Боби ҳаштум
ШИНОХТАНИ ДУШМАН
1 Юҳ. 3:8
Тобистони соли 1998 дар қисми марказии Хитой барои конференсия роҳбарони калисоҳои хонагӣ, ки зиёда аз даҳмлн. аъзоёни гурӯҳҳои хурди динӣ доранд, ҷамъ шуданд, то масъалаҳои кориро муҳокима намоянд. Онҳо се масъалаи аз ҳама муҳимро ҷудо намуданд ва страрегияи ҳал карда баромадани онро кор карданд.
Дар ҷои аввал масъалаи тӯҳмат меистод. Роҳбарон пайи ҳамдигар саргузаштҳоро дар бораи он нақл менамуданд, ки чӣ хел хизматгузории онҳо бо ин гуноҳи дар назари аввал назарногир беобрӯ гардидааст.
Роҳбари калисои хонагӣ аз Хенан чунин нақл намуд: "Ман ба як ноҳия омадам, ки курси омӯзиши Китоби Муқаддасро барои кормандонамон гузаронам ва ба ҷои таъиншуда расида, ҳайрон шудам, ки маро ба хонае, ки бояд дар он ҷо семинар мегузашт, роҳнамедиҳанд. Аз пушти дари баста пурсидам, ки чӣ шудааст, вале ба ман гап намезаданд. Танҳо ба ман маслиҳат доданд, ки аз ин ҷо дафъ шавам. Зимистон буд ва ман хостам, ки берун аз шаҳр равам ва гулхан афрӯхта, каме гарм шавам, чунки аз хунукӣ мурда метавонистам. Ман ҳеҷ фаҳмида наметавонистам, ки ин бародарону хоҳаронро чӣ маҷбур сохт, ки маро дар чунин шаби хунук бе ягон фаҳмондадиҳӣ бадар ронанд.
Вале як бародар раҳми маро хӯрд ва пинҳонӣ маро ба хонааш овард. Оҳиста-оҳиста ман аз вай ҳамаи ҳақиқатро фаҳмида гирифтам. Калисоҳои ин ноҳия мактуби беимзое гирифта буданд, ки дар он маро ба он айбдор мекарданд, ки гӯё ман "занакабози гузаро" бошам. Ҳарчанд ман кӯшиш кардам, ба он ноил гашта натавонистам, ки маро гӯш кунанд ё ба ман мактубро нишон диҳанд.
Каме баъдтар аллакай дар ноҳияи дигар ман фаҳмидам, ки ин мактуб аз тарафи як бародаре навишта шуда будааст, ки ман вайро барои бадахлоқияш ба ҷазо гирифтор карда будам ва вай қарор додааст, ки бо ҳамин роҳаз ман қасос гирад.
Ман ба назди вай рафтам ва вай тавба кард. Вай боз як мактуби дигар навишт, вале азбаски дар мактуби аввала имзо накарда буд, ба вай бовар накарданд. Мо қарор додем, ки якҷоя ба ҳамон ноҳия равем, вале моро гӯш кардан нахостанд. Башорати Калисо ба нокомӣ дучор гардид. Ҳар боре, ки маро ба ягон ҷо рафтан лозим ояд, ин ҳодисаи нобоб ба хотирам мерасад ва иблис ғалабаашро тантана мекунад.
Боре ман ин бародари тавбакардаро ба беруни шаҳр бурдам ва фармудам, ки чӯҷаеро пар канад. Вақте ки вай пар меканд, мо рафтанро давом медодем ва бод парҳоро дар саҳро пароканда мекард. Ниҳоят вай кори худро тамом кард ва пурсид: "Акнун чӣ?" Ман ба вай гуфтам: "Ҳамаи парҳоро ғундор ва дар ҷойҳояшон гузор, то ки чӯҷа пардор гардад". Вай ҷавоб дод: "Охир ин имконнопазир аст". Ман гуфтам: "Ту ҳақ ҳастӣ. Ин имконнопазир аст, айнан монанди додани товони ҳамон зараре, ки суханони ту ба ман расондааст".
Роҳбарони калисоҳо маслиҳат карданд, ки бештар муҳаббат зоҳир намоянд ва тез-тез бо ҳам вохӯранд, то ки гуноҳи тӯҳмат кам гардад.
Масеҳиён дар мадди аввал аз боиси миқёсҳои кайҳонии задухӯрди ду шоҳигарии ҷангкунанда азоб мекашанд: Шоҳигарии нур ва шоҳигарии зулмот. Дар ҳар ҷанг душман ҳаст ва ғалаба насиби ҳамон касе мегардад, ки душмани худро ва тактикаи вайро хуб медонад ва стратегияи бомуваффақиятро дар мубориза бо вай интихоб менамояд.
Китоби Муқаддас меомӯзад, ки барои муноқиша дар ҳаёти масеҳӣ чор сарчашма ҳаст: ҷисм, ё ин ки табиати гунаҳкори инсон (ниг. ба Марқ. 7:20–23), шароитҳои зиндагӣ (ба Юҳ. 16:33 ниг.), тартиботи ҷаҳон (ниг. ба Яъқ. 4:4; 1 Юҳ. 2:15–17) ва иблис (ниг. ба Эфс. 6:10–12; 1 Пет. 5:8). Вақте ки мушкилиҳо фаро мерасанд, сарчашмаи муноқишаҳоро ҳамеша муайян намудан осон аст. Ба мо бахшоиши фарқкунӣ лозим аст, то фаҳмем, ки маҳз кадом масъалаҳо бино ба сабаби ҳуҷумҳои рӯҳонии душман пайдо мешаванд, зеро аз дасисаҳои вай бехабар нестем (ба 2 Қўр. 2:11 ниг.). Мо бояд донем, ки кай моро лозим аст ҷанг кунем ва кай қатъӣ дар мавқеи худ монем!
Шайтон ё иблис душмани Худо ва Калисои Ӯ мебошад. Калимаи "шайтон" дар забонҳои яҳудӣ ва юнонӣ маънои "ҳариф"-ро дорад, яъне душман, касе, ки мухолифи мост ва ба Худо муқобилат менамояд. Дар хоҳиши монанди Худо гаштан вай кӯшиш кард мавқееро соҳиб шавад, ки танҳо ба Худои ҳақиқӣ тааллуқ дорад. Яке аз ҳилаву найрангҳои шайтон кӯшиши пардапӯш кардани ҳақиқати вуҷуд доштани худ аст. К. С. Люис (C. S. Lewis) дар ин бора дар асари худ "Мактуби Баламут" ба таври аъло мегӯяд. Шайтон хеле хурсанд мешуд, агар мо вайро таъсири баде ҳисобем, ки ба табиати инсонӣ хос аст, ва қарор диҳем, ки он самараи тасаввуротҳои қадимиён мебошад, ки кӯшиш мекарданд як навъе карда дар ин ҷаҳон вуҷуд доштани бадиро маънидод кунанд.
Аз тарафи дигар, баъзеҳоро шайтон фиреб карда тавонист, ва онҳо бовар карданд, ки гуё вай бо Худо баробар буда, бо Худо рақобат карда метавониста бошад. Вале вай наметавонад рақиби Худо бошад, чунки худ офаридаи Ӯ мебошад. Шайтонро ҳамчун фариштаи гунаҳкоршуда, хубтараш чун антиподи малоикаи муқарраб Микоил фаҳмидан лозим аст. Вай ломакон буда наметавонад ва ҳокимияту қудрати вай тамоман маҳдуд аст.
Дар айни замон моро лозим нест, ки ягон хел шахсиятҳоро, давлатҳо ё динро "душман"-и худ шуморем. Мо бояд дар бораи муҳофизат аз одамони шарир, ки имон надоранд, дуо кунем (ба 2 Тасл. 3:2 ниг.) ва ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки ин одамони шарир асосан душманони мо нестанд. Инҳо гаравгонони душмани фавқуттабиӣ, гаравгонони худи шайтон мебошанд. Мо бояд фаҳмем, ки қувваҳои аз нормаи "муқарраршудаи инсонӣ" баландтар ҳастанд ва маҳз ҳамин қувваҳо зидди Худо, зидди ақидаҳои Ӯ барои ҷаҳон, ки Ӯ ба воситаи Калисои Худ амалӣ менамояд, меҷанганд (ба Эфс. 6:12 ниг).
Китоби Муқаддас дар бораи душмани мо, шайтон, бисёр мегӯяд. Ҳафт Китоби Аҳди Қадим ва муаллифони Китобҳои Аҳди Ҷадид дар бораи вай мегӯянд ё вайро ёдовар мешаванд. Аз бисту нӯҳиқтибос дар бораи шайтон дар Аҳди Ҷадид Худи Исо дар бораи вай бисту панҷ маротиба мегӯяд. Моро лозим аст аниқ донем, ки Китоби Муқаддас дар бораи ин душмане, ки дар борааш дар Навиштаҳо гуфта шудааст, ки "иблис аз абтидо гуноҳкардааст" (1 Юҳ. 3:8), чӣ мегӯяд. Павлус навишта буд, ки мо набояд ба ҳолате роҳдиҳем, ки дар он иблис тавонад ба мо зарар расонад, зеро ки аз дасисаҳои вай бехабар нестем (ба 2 Қўр. 2:11 ниг.). Номгӯи номҳо ва лақабҳои иблис имкон медиҳанд, ки баъзе хусусиятҳои хислати вайро муайян созем.
1. Ҳокими исёнгар
Мире, ки дар ҳаво ҳукмрон аст (Эфс. 2:2);
Мири ин ҷаҳон (Юҳ. 14:30);
Худои ин дунё (2 Қўр. 4:4)
Калони девҳо (Мат. 12:24);
2. Дурӯғгӯй
Маломатгар (Ваҳй 12:9–11)
Падари дурӯғ (Юҳ. 8:44)
Фариштаи нур (хизматгузорони вай низ чун хизматгузорони адолат) (2 Қўр. 11:14-15);
Озмоянда (1 Тасл. 3:5);
3. Қотил
Шери ғуррон (1 Пет. 5:8–9)
Қотил (Юҳ. 8:44)
Гоҳо масеҳиён мепурсанд, ки иблис аз куҷо пайдо шуд, барои чӣ Худо вайро офарид? Дар Китоби Муқаддас тафсилотҳое нестанд, ки воқеаҳои то офариниши оламро дар боби 1-уми Китоби Ҳастӣ шарҳдиҳад, вале мо метавонем маълумотҳои ҷудогонаро дар бораи ин давра истифода барем.
Маълум аст, ки иблис чун яке аз фариштаҳо офарида шуда буд. Қисме аз фариштагон аз рӯи ғурур ба Худо итоат накарданд. Иблис хусусан фахр кард ва кӯшиш кард, ки худро баландтар бардорад (ба 1 Тим. 3:6; 2 Пет. 2:4; Яҳудо 6 ниг.). Дар натиҷа вай аз мавқеи имтиёзнокаш маҳрум карда шуда, аз осмон партофта шуд ва якҷоя бо вай баъзе фариштаҳое, ки дар исён ба муқобили Худо ҳамроҳшуда буданд, ба доварӣ дучор гаштанд. Тақдири онҳо дар абадият аллакай муайян гардидааст. Вале ҳоло онҳо ба амал омадани ҳукми Худовандро интизоранд ва бо ҳамаи усулҳо кӯшиш мекунанд, ки Каломи Худоро вайрон созанд. Худо барои он ба ин роҳмедиҳад, ки Калисои Ӯў боз пурқувваттар гардад, зеро ки ин танҳо ба шарофати мубориза имконпазир аст.
Имрӯзҳо ҷаҳон таҳти ҳокимияти иблис мебошад. Вай номи "мири дар осмон ҳукмрон" (Эфс. 2:2), "мири ин ҷаҳон" (Юҳ. 14:30) ва ҳатто "худои ин дунё" (2 Қўр. 4:4) ном гирифтааст. Вай ба Масеҳтаъриф кард, ки тамоми шоҳигариҳои ҷаҳонро дар ихтиёри худ дорад ва Масеҳба ин гуфтаҳо баҳс накард (ба Луқо 4:6 ниг.).
Худо ҷаҳонро офарид ва онро ба одам дод (ба Ҳастӣ 1:3–30 ниг), вале одам қудрати худро ба иблис дод ва худ ба вай итоат кард (Ҳастӣ 3:1–6). Одамон аз афташ, то ба ҳол принсиперо намефаҳманд, ки чунин фаҳмо дар Нома ба Румиён баён шудааст (6:16). Дар он ҷо гуфта шудааст: "Оё намедонед, ки ба ҳар кӣ шумо худро чун бандагон барои итоат таслим кунед, бандагони ҳамон кас гардида, ба вай мутеъ мешавед, хоҳгуноҳе барои мамот бошад, хоҳитоате барои адолат?" Албатта, иблис тамоми қудрати худро истифода мебарад, то ки ҳамеша одамонро фиреб диҳад, чӣ тавре, ки инро аз худи ибтидо мекард. Ва одамон чун пештара фикр мекунанд, ки хизматгузорӣ ба иблис метавонад ба онҳо ҳаёти солим, хурсандона ва сарватмандонаву бобаракатро диҳад.
Иблис танҳо метавонад ба Худо тақлид намояд, вале вай чизе на офарида ва на барпо карда метавонад. Худо "ҳаёт бо фаровонӣ"-ро ваъда менамояд (Юҳ. 10:10). Иблис бошад метавонад танҳо "ҳаловати муваққатӣ"-ро пешкаш намояд (Ибр. 11:25). Худо моро дӯст медорад ва Худро барои мо дод (ба Рум. 5:8 ниг.), иблис бошад қодир аст, ки танҳо тухми адоват ва вайрониро пошад. Вай ҳанӯз ҳам ба он умед мебандад, ки ба нақшаи Худо дар офаридани осмон ва замини нав, ки сокинони он одамони кафоратшудае мебошанд, ки Худоро бо хоҳиши худ дӯст медоранд, халал расонад.
Вақте ки мо дар ин ҷаҳон фоҷиа ва ранҷу озори бемаъноро мебинем, бояд фаҳмем, ки ин ҷаҳон ба иблис тааллуқ дорад ва онро чуноне, ки ба худаш маъқул аст, идора мекунад (ба Ваҳй 17:17 ниг.)! Вале Худои мо чун пештара ба ҳодисаҳо дахолат мекунад ва фарзандони кафоратёфтаи Худро ҳимоят мекунад. Мо метавонем ба ҳокимияти Ӯ истиғоса барем, дар он вақт иблисро лозим меояд, ки гурезад (ба Яъқ. 4:7 ниг.).
Чӣ тавр иблис, ки душмани Худост, фаъолияти бадниятонаи худро амалӣ карда метавонад?
1. Иблис чун мири исёнгар
Аввал ин, ки иблис ба муқобили Худо баромада, ҳокимиятеро, ки танҳо ба Худо тааллуқ дорад, ғасб менамояд. Вай мири дар ҳаво ҳукмрон, мири ин ҷаҳон, калони девҳо ва худои ин дунё номида шудааст.
Намунаи дурахшони он, ки иблис чӣ хел амал мекунад, дар кӯшиши Исоро ба гуноҳводор кардани вай равшан мегардад (ба Луқо 4:1–13 ниг.). Вай ҳамеша лаҳзаи фарорасии заифиро интизор аст. Чунин лаҳзаи заифӣ таъқиботҳо буда метавонад. Ва он вақт вай қаноатмандгардонии фаврии хоҳишҳои гунаҳкоронаро ваъда менамояд.
Дар ибтидо иблис пешниҳод кард, ки Исо қудрати илоҳии Худро барои қаноатманд гардондани талаботи инсонии Худ истифода барад. Баъд вай кӯшиш кард, ки хоҳиши ҳамчун доҳии халқҳо қабул шудани Исоро ба ҷо орад. Ва ниҳоят вай ба Исо тамоми ҷаҳонро ваъда намуд, ки ба ҳар ҳолат он мероси Исо буд, вале Исоро лозим буд, ки онро бо хости Худо ба даст орад. Иблис кӯшиш кард, ки дар Исо ҷойҳои нозукро ёбад ва ҳатто аз Навиштаҳо иқтибосҳо оварда, кӯшиши гумроҳкардани Исоро кард. Қайд кардан даркор аст, ки Исо Каломи Худоро моҳирона истифода бурд, то ки ҳуҷумҳои иблисро гардонад.
2. Иблис чун дурӯғгӯй
Барои маънидоди дигари иблис Китоби Муқаддас калимаи
Яке аз усулҳое, ки бо ёрии он иблис ба Худо муқобилият менамояд, аз вайрон кардани Каломи Худо иборат аст. Масалан, вақте ки Худо Одам ва Ҳавворо офарид, Ӯ гуфт: "…Аз ҳар дарахти боғ хӯрдан гир; аммо аз дарахти маърифати неку бад зинҳор нахӯр; зеро рӯзе ки аз он бихӯрӣ, ҳатман хоҳӣ мурд" (Ҳас. 2:16–17). Вале вақте ки иблис бо Ҳавво сӯҳбат кард, ба вай гуфт: "Оё Худо ҳақиқатан гуфтааст, ки аз ҳамаи дарахтони боғ нахӯред?" Вай тамоман кушоду равшан суханони Худоро вайрон кард. Ба ҳамин тариқ, бо суханони Худо бозӣ карда, мо метавонем ба дом афтем.
Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки иблис метавонад ба шакли Фариштаи Нур дарояд (ба 2 Қўр. 11:14–15 ниг.), ва хизматгорони вай бошанд — ба шакли хизматгорони тақводор.
Дар Китоби Айюб, вақте ки иблис ба назди Худо омад, вай хизматгори Худоро гуноҳкор кардан гирифт. Дар Китоби Вайҳи ҳавворӣ Юҳанно (12:10) инчунин дар бораи иблис чун дар бораи маломатгар гуфта мешавад.
"…Маломатгари бародарони мо, ки дар ҳаққи онҳо шабу рӯз дар пеши Худои мо маломат мекард, сарнагун шуд".
Ба ҳамин тариқ, аз он ҳайрон шудан лозим нест, ки дар вақти таъқибот иблис бештар ба калисо бо айбдоркуниҳои бардурӯғ ҳуҷум мекунад. Ба ҷои он ки ба ҳақиқат гӯш диҳанд, имондарон дар ҳаққи якдигар шаҳодатҳои бардурӯғ медиҳанд. Дар натиҷа муҳаббат ва боварӣ байни имондорон барҳам мехўрад ва дар калисо ихтилофот ва вайроншавии ягонагии Бадан ба амал меояд. Эҳтимол маҳз дар ин соҳаи ҳаёт ҳодисаҳои аз ҳама мудҳиш ба амал меояд. Имондоронро лозим меояд, ки дасисаҳои иблисро дарк намоянд ва онҳо бояд бо якдигар чунон муносибатҳоеро барпо намоянд, ки дилхоҳфишор ва ҳуҷум онро вайрон карда натавонад.
Мо аъзоёни яке аз калисоҳои хонагиро аз Хитой пурсидем, ки чӣ ба гурӯҳи онҳо ёрӣ дод, ки чунин пурзӯр гардад ва таъқиботро паси сар намояд. Онҳо ба мо ҷавоб доданд, ки аъзоёни гурӯҳро торҳои мустаҳками эҳсосотӣ бо ҳам мепайвандад. Онҳо дар ҳақиқат худро дар Бадани Масеҳаз ягон ҷиҳат ягона ҳис мекарданд. Аз ин рӯ ба айбдоркуниҳои бардурӯғ нигоҳнакарда, онҳо пурзӯр монданд.
3. Иблис чун қотил
Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки иблис қотил аст (ба Юҳ. 8:44 ниг.). Вай мухолифи Худо аст, зеро ҳамеша кӯшиш мекунад, ки инсонро нобуд созад. Муваффақияти вай дар васвасаи Одам ва Ҳавво онҳоро ба марг оварда расонд. Ҳоло ҳамчун пештара вай хоҳиши онро дорад ҳеҷ касро роҳнадиҳад, ки Исои Масеҳҳамчун Худованд ва Наҷоткор дарк кунад ва ба воситаи ин дарккунӣ аз марги ногузир наҷот ёбад.
Вақте ки Исо масалро дар бораи тухмиҳои дар хокҳои гуногун афтода нақл кард, дар бораи он тухмие ёдовар шуд, ки дар рӯи роҳафтодааст. Ин тухмиро паррандаҳои даргузар хӯрданд. Худованд одамонеро дар назар дошт, ки навидро дар бораи Малакути Худо қабул менамоянд, вале онро намефаҳманд. Маккор, яъне иблис, ба назди чунин одамон меояд ва аз онҳо ҳар он чизеро, ки дар дили онҳо шинонда шудааст, медуздад (ба Матто 13:19 ниг.).
Иблис метавонад ҳамчун "шери ғуррон" кушоду равшан ба Калисо ҳуҷум намояд ё кӯшиш менамояд, ки бо ёрии ҷосусони осии худ фиреб диҳад. Дар замонҳои Аҳди Ҷадид вай ба муқобили Калисо таҳдидҳо, маҳбусиҳо, зарбу лат, таҷовуз ва ҳатто кушторҳоро истифода бурдааст.
Вай инчунин кӯшиш кардааст, ки аз дарун амал кунад — ба воситаи одамоне чун Яҳудо ва шариатдонони яҳудӣ, ки худро пайравони Исо ба қалам дода, дар ҳақиқат хоҳони вайрон кардани Инҷил буданд. Китоби Муқаддас моро аз ҳамаи найрангҳои иблис, ки бо ёрии он ба калисо ҳуҷум мекунад, огоҳмесозад. Мо бояд донем, ки дар чунин ҳолатҳо чӣ кор кунем.
Иблис чун қотил ҳамаи имкониятҳоро истифода мебарад, то ки ба имондорон дар башоратдиҳӣ ва дар имон чун шогирдони Масеҳбузург шудан халал расонад. Хушбахтона, аз нақлҳо дар бораи Калисои гирифтори таъқибот мо мефаҳмем, ки таъқибот наметавонанд ба башоратдиҳӣ дар бораи Масеҳхалал расонанд. Баръакс, Худо таъқиботро барои он истифода мебарад, ки ба Малакути Худ бештар наҷотёфтагонро орад. Вақте одамон мебинанд, ки одамон таъқиботро чӣ тавр пешвоз мегиранд, онҳо ба Масеҳҷиддӣ муносибат карданро сар мекунанд.
Ҳамин тавр, имондорон бояд дар бораи он шаклҳои инҷилшиносонӣ фикр кунанд, ки ҳангоми таъқиботҳо пурсамартаранд. Шарт нест, ки дар чорраҳа истода мавъиза кунем, зеро шакл ва усулҳои башоратдиҳӣ хеле зиёданд ва дар бораи онҳо фикр кардан даркор аст. Эҳтимол он касоне масеҳиёни пурмаҳсул мегарданд, ки ба паси панҷара афтодаанд, ва дар он ҷо даҳҳо одамонро ба Масеҳназдик месозанд.
Донистани душман хеле муҳим аст, вале ба ҳеҷ ваҷҳақлу хиради худро ба андеша дар бораи қувва ва қудрати вай банд кардан даркор нест. Мо бояд чашм наканда, ба Исои Масеҳнигоҳкунем, зеро бо Ӯ ба мо ҳаёти сазовор таъмин гардидааст. Исо дид, ки иблис аз осмон чун барқ афтод, дар ҳоле, ки шогирдон бо қудрати Худо пур шуда, ба одамон хизмат мекарданд (ба Луқо 10:17–20 ниг.). Исо ба мо ҳамон хел ғалабаеро ваъда кардааст, ки онро ҳавворӣ Павлус ба даст овардааст (ба Юҳ. 16:33 ниг.), ва дар бораи он ба Калисои Рум навиштааст (ба Рум. 8:28 ниг.). Ҳавворӣ Юҳанно дар бораи шикасти қатъии иблис мегӯяд (ба 1 Юҳ. 3:8 ниг.). Ва ҳарчанд дар замонҳои Юҳанно калисоҳо аз дасти душманон азоб мекашиданд, ва аз дохил онҳоро доктринаҳои бардурӯғи он касоне вайрон мекарданд, ки аз бепарвоӣ ва бетарафии дигарон гуноҳкорона мезистанд, иблис наметавонист бар муқаддасони Худо ғалаба кунад (ба Ваҳй 3:8–10; 12:10–11; 2:10 ниг.).
Душман бераҳм ва маккор аст. Мо бояд ин далелро эътироф намоем. Вале мо метавонем бо ҳаёти ғалабаовар зиндагӣ кунем, зеро Китоби Муқаддас мегӯяд: "Худоро шукр, ки ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳба мо ғалаба бахшидааст" (1 Қӯр. 15:57).
Дар парафрази худ ба Инҷили Юҳанно (1:4–5) Юҷин Петерсон (Eugene Peterson) чунин гуфтааст: "Нуре, ки Ҳаёти одамон аст, дар торикӣ медурахшад, ва зулмот наметавонад онро хомӯш созад".
Боби нўҳум
СТРАТЕГИЯИ ДУШМАН
1 Пет. 5:8–9
Ба шубони Хитой Ван Мин-дао (Wang Ming-dao) баъди ба ҳабс гирифта шуданаш сахт фишор оварданд. Ба вай ваъда карданд, ки агар "ба манфиати давлат кор кунад", вайро озод менамоянд ва ҳатто рухсат медиҳанд, ки мавъиза намояд. Вайро маҷбур мекарданд, ки дурӯғ гӯяд, вай бошад риёкорона зиста наметавонист.
Шубон Ван қатъиян аз ин пешниҳод даст кашид, вале баъд шунид, ки завҷааш Дебраро, ки хеле дӯст медошт, ба ҳабс гирифтаанд ва вай дар вазъияти хатарнок мебошад. Вай фаҳмид, ки аз сабаби хӯроки нокифоя саломатиаш коҳида сахт бемор шудааст. Ба вай марг таҳдид менамояд. Ин навигарӣ чунон вайро такон дод, ки ба шартҳои таъқиботчиёни худ дар мавъиза кардани "дурӯғ" розӣ шуд ва дар калисои аз тарафи давлат назоратшаванда ба хизмат даромад.
Вай ба нақша гирифт, ки зану модарашро ба ҷои бехатар равон карда, худро мекушад. Мегӯянд, ки вай дар кӯчаҳо гашта, зери лаб ғур-ғур мекард: "Ман Петрус… Ман Петрус…" то он даме, ки дилаш суст шуд.
Вақте мансабдорон фаҳмиданд, ки ӯ ба мусолаҳа намеояд, шубон Ван ва завҷааш Дебраро аз сари нав ба паси панҷара партофтанд.
Завҷаашро ба муддати понздаҳсол ва Ванро ба ҳабси якумра маҳкум карданд.
Дар аввали мӯҳлати ҳабси дуюмбора Худо ба шубон оятҳоро аз Китоби пайғамбар Мико (7:7–9) кушод, ки онҳоро вай ҳанӯз дар синни бисту яксолагӣ аз худ карда буд:
Вале ман ба Худованд интизорӣ мекашам, ба Худои наҷоти худ таваккал мекунам: Худои ман маро иҷобат хоҳад намуд. Ба аҳволи ман шодӣ накун, эй душмани ман! Зеро агарчӣ фурӯ ғалтидаам, хоҳам бархост; зеро агарчӣ дар торикӣ нишастаам, Худованд нур аст барои ман. Ғазаби Худовандро хоҳам бардошт, зеро ки пеши Ӯ гуноҳкардаам; то даме ки Ӯ доди маро бигирад ва доварии маро ба амал оварад, маро ба рӯшноӣ хоҳад баровард, ва ман адолати Ӯро хоҳам дид.
Ван Мин-дао дигар на барои худ метарсиду на барои завҷааш. Соли 1980 вайро дар синни ҳаштодсолагӣ, ки заиф, қариб нобино ва тамоман кар шуда буд, аз ҳабс озод намуданд. Дар ҳабсхона вай ба муддати қариб бисту се сол хизматгузорӣ намуд. Завҷаи вай Дебраро бинобар сабаби бад шудани саломатиаш се сол пеш аз мӯҳлат озод намуданд. Дар муддати ёздаҳсоли боқимондаи ҳаёташ вай барои калисои Хитой ва ҳам бисёр меҳмонони хориҷие, ки вай бо Дебра дар хонаи худ қабул мекарданд, дастгирӣ ва рӯҳбаландкунии бузург буд.
Дар ҷанги муқаррарӣ ҷанговарони бомаҳорат метавонанд мағлубиятро ба ғалаба табдил диҳанд ва бо ин дар ҷанг ғалаба ба даст оранд. Ин мавзӯъ бисёр вақт дар Навиштаҳо такрор мешавад ва дар бораи он ҳамчун мавзӯи асосии Инҷил гуфта мешавад — ҳаёт аз болои марг ғалаба кард (ба Қӯр. 15:54–56; Ибр. 12:14–15 ниг.)!
Масеҳиёни калисоҳои таъқибшавандаро ҳамчун қаҳрамононе ҳисобидан лозим нест, ки ҳеҷ гоҳҳангоми қадамгузории худ дар назди Худо намекалаванд. Навиштаҳо табиати инсониро ба таври ҳақиқӣ тасвир мекунад. Ҷароҳатҳои ҷангро бо роҳи сунъӣ пайванд кардан мумкин нест. Ҳатто дар осмон Исо пайи ҷароҳатҳои Худро бардошта мегардад, то ки мо дар бораи маҳдудиятҳои инсонии худ ва дар бораи нархи гароне, ки барои кафорати мо пардохта шудааст, дар хотир дошта бошем.
Мо метавонем гуноҳкунем ва хато содир созем, вале хатоҳои мо бояд моро на ба худмаҳкумкунӣ, балки ба тавба ва дигаргуншавӣ бо вобастагии зиёд ба Худованд оварда расонад.
Дар бобҳои пештара мо аллакай дар бораи он гуфта будем, ки иблис қудрат дорад мӯъҷиза ва аломатҳо зоҳир созад (ба 2 Тасл. 2:9 ниг.), вале тамоми қувваи вай ба муқобили Худо ва Калисои Ӯ равона карда шудааст. Ана барои чӣ Китоби Муқаддас мегӯяд, ки майдони муҳорибаи мо ба муқобили ҳокимони заминӣ намебошад, ҳарчанд иблис метавонад онҳоро ба муқобили Калисоҳо истифода барад, — мо ба муқобили қувваҳои рӯҳонӣ мубориза мебарем (ба Эфс. 6:11–12 ниг.).
Кӯшишҳои иблис дар маҷбурсозии мо барои гуноҳкардан ҳеҷ гоҳморо аз масъулият барои амалҳоямон озод намесозад. Мо дар назди Худо барои ба гуноҳмайл доштанамон ҷавобгарии ахлоқӣ дорем, вале мо инчунин бояд тактикаи душманро донем, ки дар кӯшиши ба гуноҳмоил кардани мо истифода мебарад.
Гоҳо зарари гуноҳтанҳо ба гуноҳкор мерасад, вале қисми зиёди гуноҳҳои як одам ба таври назаррас ба дигар одамон таъсир мерасонад. Масалан, иблис адовати нажодпарастонаи як гурӯҳи аҳолиро ба муқобили дигараш бедор месозад ва баъзе масеҳиён инчунин ба ин гуноҳи даҳшатнок ҷалб мегарданд. Иблис гурӯҳҳои ҷангҷӯи масеҳиро ба амали зӯроварӣ, таҷовуз ва террор ба муқобили дигар масеҳиён водор месозад. Вай ҳатто кӯшиш мекунад, ки масеҳиёнро аз он одамоне ҷудо созад, ки ба онҳо таъсир расонида наметавонад. Ҳамчунин аз он одамоне ҷудо карданӣ мешавад, ки метавонанд имондоронро дар имон мустаҳкам гардонанд. Аз тарафи дигар, вай дар байни масеҳиёне, ки пештар байни худ мушоракат мекарданд, фитна ангехта, ҷудоӣ меандозад.
Дар зер баъзе усулҳое оварда шудаанд, ки иблис дар ин рӯзҳо ва дар шароитҳои мо истифода мебарад.
Фикр кардан даркор нест, ки як системаи сиёсӣ назар ба дилхоҳдигар системаи идоракунӣ "иблисонатар" аст. Ҳар як режими ҷазодиҳанда масеҳиён ва Калисоро дар асоси принсипи назоратӣ идора менамояд. Ба ҳамин тариқ, девонаавзоиро нишонаи фарқкунандаи дилхоҳрежими ҷазодиҳанда номидан мумкин аст.
1. Ҷудоӣ ва низоъҳо
Усули дӯстдоштатарини душман, ки бо ёрии он вай кӯшиш менамояд башоратдиҳии масеҳиро барҳам диҳад, ҷудосозии масеҳиёни боэҳтимом ва содиқ аз ҷамоа мебошад. Иблис кӯшиш менамояд ба имондор халал расонад, ки бо он касоне, ки ба онҳо таъсир расонида метавонад ва бо касоне, ки ӯро дар имон мустаҳкам гардонида метавонанд, вохӯрад. Барои бисёр имондорон ба муқобили ин тактикаи даҳшатнок мубориза бурдан мушкил аст. Гоҳо иблис давлатро водор месозад, ки ба ҷамъомадҳои оммавӣ ва баъд ба роҳбарони калисо фишор оварад, ки онҳоро ё мекушанд, ё ба ноҳияҳои дурдаст бадарға менамоянд.
Дар айни ҳол машинаи тарғиботӣ корро сар мекунад. Имондорони суст фаҳмида наметавонанд, ки дӯстони онҳо куҷо ғайб заданд ё барои чӣ баногоҳҳамаи миссионерон рафтаанд. Ҳеҷ кас ба онҳо намефаҳмонад, ки маҳз фишороварии ҳокимият боиси рафтани ногаҳонии миссионерон ва парокандашавии масеҳиён гардид. Агар имондорон аз рӯи тарс муоширатро бо дигар имондорон бас кунанд, ҳисобидан мумкин аст, ки иблис ғалаба кард. Масеҳиёни аз муошират ва шогирдӣ рӯҳан дуршуда дар муҳорибаи дуру дароз зинда монда ғалаба карда наметавонанд.
Агар имондорон гирифтори ҷудокунии ҷисмонӣ гардида бошанд, онҳоро лозим меояд ба муносибатҳои чуқуртари рӯҳонӣ бо Масеҳрӯ оваранд. Дар айни замон вай бояд барои ёфтани дигар масеҳиён ҷидду ҷаҳди пурзӯр кунад. Гоҳо як калимаи оддӣ, як банди шеъри бо нимовоз хондашуда, ё рамзи масеҳии ба таври ногаҳонӣ дидашуда боиси ба роҳмондани алоқаҳо бо дигар масеҳиёни "махфӣ" шуда метавонад.
Дар баъзе ҳолатҳо имондорон метавонанд дар оилаҳои худ муоширатҳои масеҳӣ дошта бошанд. Ин дастгирӣ метавонад ягона бошад, вале онҳоро лозим аст ҳамеша алоқаҳои дигарро кобанд. Чунин шуданаш ҳам мумкин аст, ки касеро ба дарки наҷотдиҳандагии Исои Масеҳовардан зарур аст, то ки ҷудоӣ барҳам хӯрад. Мо дидем, ки вақте имондорон қарори қатъии нигоҳдоштани муносибатҳои байниҳамдигариро бо Худо қабул кардаанд, чунин ҳодисаҳо маротибаҳои зиёд ба амал омадаанд.
Усули дигари дўстдоштаи душман барпо кардани ҳолатҳои муноқишавӣ ва ҷудосозии имондорони дар муошират буда мебошад. Чунин муноқиша метавонад бо сабаби нуқтаҳои назари гуногун ба шаклҳои ибодат, мубориза барои роҳбарӣ бар имондорон дар калисо, аз сабаби бесарусомониҳои шахсӣ ба амал ояд. Калисо бояд бо диққат аз қафои он назорат барад, ки аъзоёни он дар ягонагии рӯҳ, дар иттифоқ ва осоиштагӣ зиндагӣ кунанд (ниг. ба Эфс. 4:3). Барои ин манфиатҳои дигар одамонро аз манфиатҳои худ боло гузоштан лозим аст (ба Марқ. 9:35 ниг.). Қувваи мо дар мубориза ба муқобили иблис аҳз дар ҳамин аст.
Муноқишаҳои таҷовузкорона бо дигар гурӯҳҳои динӣ дар замони мо ҳодисаҳои хеле маъмул гардида истодаанд. Дар Индонезия анбӯҳи бадхашм, ка аз тарафи мусулмонони моҷороҷӯ бар ангехта мешавад, бисёр вақт ба масеҳиён дармеафтанд. Дар Ҳиндустон пайравони ҷангҷӯи ҳиндуия тез-тез амалиётҳои зӯровариро ба кор мебаранд ва ҳатто аз куштор даст намекашанд. Дар Шри-Ланка дар байни буддистон, ки одатан ҷангҷў нестанд, моҷороҷӯёне ҳастанд, ки калисоҳои инҷилиро хароб месозанд.
Вақте ки ба масеҳиён амалҳои зӯроварии ваҳшиёна равона карда шудааст, имондорон пурра ба муносибатҳои худ бо Рӯҳулқудс вобаста мебошанд. Оиди раҳоёбии мӯҷизаовар ба воситаи Рӯҳулқудс ва низ оиди маргҳои пуразоби ассеҳиён дар натиҷаи зӯровариҳо бисёр шаҳодатҳо вуҷуд доранд. Вале дар ин кор ҳолати мобайнӣ вуҷуд надорад ва дар ҳар ҳол — Масеҳҷалол дода шудааст, ҳаракат ба сӯи Малакути Худо боздоштанашаванда аст.
2. Миллатчигӣ
Иблис ҳокимонро водор месозад, ки масеҳиёнро маҷбур созанд ба шаклҳои пештараи дини миллии худ, яъне ба бутҳои аҷдодони худ баргарданд, — ва ҳамаи ин ба номи патриотизм ё миллатчигии "дуруст фаҳмидашуда" ба ҷо оварда мешавад.
Пайравони динҳои минтақавӣ ё миллӣ ба монанди индуизм ё синтоизм изҳор мекунанд, ки дин бояд ба минтақаҳои муайян, халқияти муайян алоқаманд бошад. Баъзе ҳиндуҳо ва непалиҳо меҳисобанд, ки ватани онҳо Ҳиндустон, яъне соҳили дарёи Ҳинд мебошад ва аз инҷост, ки ҳамаи динҳо ғайр аз индуизм барои халқи онҳо бегона буда хислати империалистона дорад. Ҳар он касе, ки дини ғайридавлатиро мепарастад, аз ҳамаи намудҳои ёрии давлатӣ маҳрум карда мешавад.
Кумитаи бехатарии давлатии Монголия як вақтҳо масеҳиятро "дини хориҷӣ" мешуморид ва қонунҳои ҳозиразамони Монголия тасдиқ менамояд, ки он "ба анъанаҳои муғулӣ мухолиф аст".
Дар Мексика мири яке аз шаҳрҳо дар штати ҷанубии Чяпа кӯшиш кард таъқиботи масеҳиёни инҷилиро бо он далеле ҳақ барорад, ки дини онҳо "қатъиян муқобили маданият ва анъанаҳои мост". Даҳҳо ҳазор масеҳиён барои дасткашӣ дар иштирок дар фаъолияти рӯҳонии ҷамоаи таҳҷоии бутпарастӣ аз хонаҳои худ ронда шуда буданд.
Доҳии яке аз минтақаҳои Свазиленд ба масеҳиён амр намуд, ки барои иштирок накардан дар маросими маъмули ҳарсола ба андозаи як гов ҷарима супоранд. Вай иброз дошт, ки рӯйхати ҳамаи зердастонашро тартиб додааст, ки бошуурона аз иштирок дар рақси маросими иди самарҳои аввалин, ки дар моҳи декабр қайд карда мешавад, даст кашидаанд. Дар байни ҷаримашудагон шyбон ҳам буд — вайро дар он айбдор мекарданд, ки дар мавъизаи худ ба муқобили маданият баромад карда бошад. Падару модарони масеҳӣ иброз доштанд, ки духтарони худро рухсат намедиҳанд дар рақси маросимӣ иштирок намоянд, зеро дар ин рақс духтарон рон ва суринҳои худро бо матои борик базӯр паноҳмекунанд, дар он вақте ки синаҳо урён мебошанд. Ҷавонон аз ҷамоаҳои масеҳӣ низ аз иштирок дар иди самарҳои аввалин даст кашиданд, зеро ки онҳоро лозим меояд маросимеро ба ҷо оранд, ки бо дастони холӣ куштани наргови сиёҳро дар бар мегирад. Роҳбарони калисо чунин меҳисобанд, ки ин гуна амалҳо ба фаҳмишҳои масеҳӣ дар бораи ахлоқ мухолифат менамояд. Шубонон гуфтанд, ки оиди ҷаримаи сарвар ба суд шикоят мекунанд.
Динро бо халқе ва халқеро бо дин шабоҳат додан тактикаи дӯстдоштаи иблис мебошад. Масеҳиёнро лозим аст аз ин дом гурезанд, вагарна, онҳо принсипҳои инкишофи Бадани Масеҳро, ки дар он "дигар на яҳудӣ аст, на юнонӣ" (Ғал. 3:28) дағалона вайрон месозанд.
3. Инсондӯстии ашрофона
Иблис ба нашъунамо ва инкишофи инсондӯстии ашрофона роҳбарӣ мекард, ки дар он хиради инсонӣ аз ваҳйи Худо баланд бардошта мешавад. Бисёр сарварони ҷаҳонӣ дар соҳаи сиёсат, маориф ва бизнеси байналхалқӣ ин дурӯғро қабул кардаанд ва аз ин сабаб ба имондорони масеҳӣ писханд мезананд.
Дар ҷаҳони ғарб иблис истифодаи тамоми имкониятҳояшро барои бадном кардани Китоби Муқаддас ва имони масеҳӣ давом медиҳад, махсусан дар доираҳои академикӣ ва воситаҳои ахбори умум.
Қувваҳои инсондӯстии ашрофона пур аз қатъияти маҳдудкунӣ ва паст кардани имони масеҳӣ мебошанд ва онҳо ба номзад ба президентӣ имкон медиҳанд, ки дурӯғ гӯяд, вале роҳнамедиҳанд, ки дар назди умум имони худро зоҳир созад. Душман огоҳменамояд: дар бораи имони худ гуфтан хатари бузург дорад. Қувваҳои мухолифе, ки кӯшиш менамоянд масеҳиятро несту нобуд созанд, фақат як чизро мехоҳанд — чунон кунанд, ки муҳаббати Масеҳҷуръат нанамояд номи худро ба забон орад.
Имрӯзҳо ҷамъияти мо, ва махсусан расонаҳои хабарӣ, ба муқобили Калисо, ки пояҳои ахлоқии он устувор аст, ҳуҷумҳои пурзӯр менамояд. Худо дар дурӣ аз ҷаҳон айбдор карда мешавад, Худоро полиси ҷаҳон меноманд ва ҷамъият кӯшиш менамояд, ки умуман Худоро ба эътибор нагирад.
Ҷон Александер (John Alexander) дар китоби худ дар бораи фишори ин ҷаҳон (The Secular Squeeze) тасдиқ менамояд, ки ҷудоӣ аз Калисо дар одамон ақидаҳои тарсоварро оиди холигӣ ва пучии ҳаёт пайдо менамояд. Касе гуфтааст: "Агар баҳри ҳеҷ чиз мурдан лозим бошад, магар меарзад, ки баҳри чизе зиндагӣ намоӣ?" Дар куҷое дар нимароҳмо тайёрии ба ҷо овардани рафторҳои қаҳрамононаро ба ҷидду ҷаҳд ба ҳаловат ва "шароитҳои ҳозиразамон" иваз кардаем. Гўё одамоне, ки кондитсионер доранд, метавонанд ҳаворо аз бӯи фано, ҳамсафари марг, тоза кунанд.
Худо одил ва росткор аст. Тарс аз Худованд — ибтидои ҳамаи хирадмандиҳо мебошад. Худои Ҳамадон, Қодир ва Ломакон баракот аст. Худо баракат аст, зеро дорои қудрати беназире мебошад, ки метавонад ба ҳаёти мо ворид шавад ва моро қудрати раҳоёбиро аз тамоюли худвайронкунӣ диҳад.
4. Бадбинии динӣ
Иблис дар муборизаи худ ба муқобили Калисои Исои Масеҳтез-тез яке аз воситаҳои аз ҳама даҳшатнок — гурӯҳҳои диниро истифода мебарад, ки онҳо бо якдигар забони умумӣ ёфта наметавонанд. Дар Китоби Аъмол мо боз ва боз мебинем, ки дар мадди аввал маҳз гурӯҳҳои динӣ ба Калисои бармаҳал дар кори паҳн кардани Инҷил муқобилият менамуданд. Вале мо ба ҳеҷ ваҷҳнабояд ба ин гурӯҳҳо чун ба душманон нигарем. Мо медонем, ки кӣ душмани асосии мо мебошад. Дар баъзе қисматҳои ҷаҳон фоизи начандон калони моҷароҷӯён дар байни индуистон, бутпарастон ва мусулмонон одамонро ба зӯроварӣ ва шаклҳои гуногуни таъқиботи масеҳиён ташвиқ мекунанд. Муносибати мо нисбати онҳо бояд бетағйир бошад: мо ҳамаи одамонро самимона дӯст медорем.
Иблис тактикаи дӯстдоштаи худро дар тамоми динҳои ҷаҳонӣ истифода мебарад, ки ҳар кадоми он заррае ҳақиқатро дар бар мегирад. Ин тактика дар пайравӣ ба дурӯғ ва фиреб асос ёфтааст.
Динҳои ғайримасеҳӣ ба тарафдорони худ имон оварданро ба масеҳият манъ мекунанд. Дар Непал одамонро барои имоноварӣ ба Масеҳва мавъизаи Инҷил ба ҳабс мегиранд. Дар ислом ин "маслакфурӯшӣ" бо марг ҳукм карда мешавад. Ба ҳамин тариқ, мусулмононеро, ки қарор додаанд ба Масеҳпайравӣ кунанд, дар ҳолати ошкоршавии имон оварданашон, хатар ба озодӣ ва ҷонашон таҳдид менамояд.
Дар мамлакатҳои дорои тартиботи сахти сиёсӣ, масалан ба монанди Арабистони Саудӣ дилхоҳнамуди ибодат бояд танҳо дар ҷойҳои расман муқарраршуда гузаронда шавад. Аз ин рӯ, одамони дар хона ибодаткунанда таъқиб карда ва ҷазо дода мешаванд.
Дар чунин мамлакатҳо ба монанди Эрон, хизматгузориҳо бояд ба забони модарӣ гузаронда шаванд. Шyбонон, пирон ва аъзоёни калисо оиди ба ҷо овардани дину оин ва иштироки онҳо истинтоқ карда мешаванд. Дар як калисое дар Теҳрон ба мо нақл карданд, ки одамонро ҳар рӯз ба истинтоқ даъват мекунанд.
Дар мамлакатҳое, ки нисбати масеҳиён муносибатҳои душманона доранд, ёфтани кори лоиқ барои масеҳиён душвор аст. Агар онҳо дар ҷойҳое кор кунанд, ки ба онҳо маъқул аст, ҳамин ки дар бораи имоноварияшон маълум гашт, онҳоро ё аз кор меронанд, ё мансабашонро паст мекунанд. Дар баъзе мамлакатҳо масеҳиён метавонанд кор ва муносибатҳои хайрхоҳонаро нисбати худ танҳо дар ҳамон ҳолат нигоҳдорад, ки дар бораи имони худ ба Исои Масеҳхомӯш монанд.
Ҳодисаҳое кам нестанд, ки усулҳои гуногуни назорат бар имон бесамар мегарданд, ва он гоҳмоҷароҷӯён аз муваффақияти сарвари масеҳӣ дар ғазаб шуда, қарор медиҳанд вайро кушанд. Дар чунин ҳолат шахси масеҳӣ риёзаткаш мегардад ва пеш аз вақт ба осмон меравад, завҷа ва кӯдакони вай дар замин дар ғаму андӯҳмемонанд.
Миссионерони ғайримасеҳӣ ҳар як имкониятро барои он истифода мебаранд, ки масеҳиёнро ба дом афкананд. Мутаассифона, ин тез-тез ба амал меояд, масалан дар Миср. Никоҳ, пул, ҷои кор, мавқеъ дар ҷамъият ва дигар чизҳо ҳамчун дом истифода бурда мешавад.
Хардини дар Индонезия дар оилаи мусулмони асил таваллуд шудааст. Оила чунин қоидае дошт, ки ҳар рӯз ба масҷид рафта ибодат кунанд. Падар дар хона қоидаҳои қатъиро ҷорӣ намуда буд, ки ҳама онро бояд иҷро мекарданд. Аз ҷумла, муошират накардан бо масеҳиён низ ба ин қоидаҳо дохил мешуд.
Ба содиқ будани худ ба ислом нигоҳнакарда, Хардини дар дили худ вазниниро ҳис мекард. Вай мехост оромии ботинӣ дошта бошад. Боре духтар бо як марди масеҳӣ шинос шуда, дӯстӣ пайдо кард. Аз ин имондор ҳиссиёти бузурги хурсандии бузург ва осоиштагӣ бармеомад.
Хардини ҷасорат пайдо карда, бо дӯсти худ дар бораи ташнагии рӯҳонии худ сӯҳбат намуд. Дӯсташ пешниҳод намуд, ки бо номи Исои Масеҳдуо кунад. Аз ҳамон лаҳза тамоми ҳаёти вай ба таври қатъӣ тағйир ёфт. Дили вайро оромии ботинӣ фаро гирифт.
Ҳангоме аҳли оила хабардор гаштанд, ки Хардини масеҳӣ шудааст, муддати дароз вайро ба гап дароварданӣ шуданд, ки аз имони нави худ даст кашад. Духтар устувор монд ва ба гап надаромад. Ниҳоят, падару модар ба қарори аламовар омаданд ва амр намуданд, ки хонаро тарк кунад. Онҳо аз вай рӯ гардонданд.
5. Идеология (коммунизм)
Таҳлил карда баромадан мароқовар аст, ки дар мамлакатҳое, ки то ба имрӯз коммунистон дар сари қудрат ҳастанд, ба масеҳиён чӣ хел муносибат менамоянд. Ҳукмронии коммунистон аз он сабаб имконпазир гардид, ки дар давоми асри ХХ доктринаи онҳоро бисёриҳо ҳамчун ҳақиқат қабул намуданд. Коммунистон чун қоида чор усули тактикиро истифода мебаранд:
Ленин бо масеҳиён ҷанг карданӣ набуд. Вай тахмин карда буд, ки имони масеҳӣ дар ҷамъияти коммунистӣ худ аз худ мурда меравад. Вале вақте ки ин ба амал наомад, вай кӯшиш кард, ки онро нест созад.
Баъзе масеҳиён ба тартибот муқобилият намуданд ва дар натиҷа ба ҳабс афтоданд ё кушта шуданд, баъзеҳо Масеҳро инкор карда ба ҳокимон итоат намуданд. Сеюминҳо аз мамлакат гурехтанд ё ҳангоми кӯшиши гурехтан мурда рафтанд. Вале ҳайратовар аст, ки миқдори зиёди имондорон дар шароити душманона зиндагӣ карданро омӯхтанд.
Масеҳиёне, ки бо усулҳои коммунистон шинос буданд, барои зинда мондан худро тайёр нишон доданд. Одатан, масеҳиёнро бо он суханон фиреб медоданд, ки онҳо метавонанд бо тартиботи коммунистӣ пурра дар осоиштагӣ зиндагӣ кунанд ва баъди он калисоро аз мактабҳо, беморхонаҳо, сағирхонаҳо ва барномаҳои иҷтимоӣ маҳрум сохтанд.
Ҳамаи алоқаҳо бо хориҷа ба таври қатъӣ маҳдуд карда шуда буданд, аз он ҷумла гирифтани ҳамаи намудҳои ёриҳо. Ташкилотҳои диние, ки ба ёрии беруна вобастагӣ доштанд, мавҷудияти худро қатъ карданд. Ва танҳо масеҳиёне, ки медонистанд чӣ хел ба сифати аъзои Бадани Масеҳамал кунанд, ба таври рӯҳонӣ гул-гулшукуфиро давом доданд.
Вақт мегузашт, таъқиботҳо бештар ошкоро ва қатъитар мегардиданд. Масеҳиёни алоҳида ба усулҳои сахти фишори иқтисодӣ гирифтор шуданд. Онҳоро аз кор меронданд ё мансабашонро паст мекарданд. Мушоракати байни имондорон манъ карда шуда буд. Ба мамлакат омадани мавъизачиёни машҳур низ манъ карда шуда буд. Махсусан фишори сахт ба роҳбарони калисоҳо расонда мешуд ва масеҳиёни заиф бе ёрӣ мемонданд.
Таъқибот барои масеҳиён кори муқаррарӣ гардид. Китоби Муқаддас китоби камёфт гардид. Тамоми матбааҳо таҳти назорати давлат қарор гирифт ва нашр кардани Китоби Муқаддас ё адабиёти масеҳӣ тамоман имконнопазир буд. Баъд ҳокимон ба мусодираи адабиётҳои барои онҳо нолозим машғул шуданд. Ҳадафи асосии ҳуҷум боз ҳамон Китоби Муқаддас гардид. Ба зудӣ нусхаҳои Навиштаҳои Муқаддас қариб ки намонд, баъди он ба Калисоҳо зарбаи аз ҳама сахт зада шуд.
Дар он вақт қисми зиёди биноҳои калисоҳо аллакай аз рӯи таъиноташон истифода намешуданд ва давлат онҳоро "ба ихтиёри халқ" дод. Дар баъзе мамлакатҳо фақат якчанд калисоҳоро ба мақсади ташвиқотӣ нигоҳмедоштанд. Масалан дар Лаос ҳангоми мусодираи бино мансабдорони давлатӣ қайдҳои калисоиро гирифтанд ва рӯйхати аъзоёни калисоро барои ошкор сохтани "иртиҷоъпарастон" истифода бурданд. Таъқиботи имондорони алоҳида пурқувват гардид. Ба кӯдакон доктринаҳои зиддимасеҳӣ талқин карда мешуд. Ба масеҳиён корҳои аз ҳама беқадр фармуда мешуд. Меъёри онҳо аз рӯи карточкаи озуқаворӣ кам карда шуданд.
Оё шумо дар чунин шароитҳо масеҳӣ монда метавонистед? Ҳайратовар аст, ки миллионҳо масеҳиён ба таъқиботҳо нигоҳнакарда, дар Россия, Руминия, Венгрия, Хитой, Вйетнам, Эфиопия ва дигар мамлакатҳои ҷаҳон ба Худованд содиқ монданд!
Тартиботи ҷазодиҳанда ба боварие асос меёбад, ки дилхоҳодамро бо таҳдидҳои ҷазодиҳӣ ва амалҳои қатъии зӯроварӣ тарсонидан мумкин аст. Диктаторҳо дар бораи он андеша намекунанд, ки қувваи аз ҳама пурзӯр (Худо) метавонад иҷроиши таҳдидҳои онҳоро нисбати фарзандони Худо роҳнадиҳад.
Дар Аҳди Қадим мо дар бораи шоҳи пурқудрати Ашшур мехонем, ки ба халқи Худо мегӯяд: "…Бигузор Худоят туро фирефта накунад, ки ту ба Ӯ таваккал намуда мегӯӣ… Инак, ту шунидаӣ, ки подшоҳони Ашшур ба ҳамаи кишварҳо чиҳо карданд, то ки ҳокимонашро маҳв намоянд; ва оё ту раҳо хоҳӣ шуд? Оё Худоёни халқҳое ки падарони ман несту нобуд карданд, онҳоро… наҷот доданд? "Вале яҳудиён ба Худои худ истиғоса намуданд ва Ӯ лашкари пурқудрати душманонро несту нобуд сохт (ба Иш. 37:10–12 ниг.)
Албатта мо бояд воқеъбин бошем ва онро дарк намоем, ки ҳар чӣ ҳам набошад, Худо ба амалҳои бадкоронаи одамони нопок нисбати пайравони худ роҳмедиҳад. Дар он ҳолате, ки подшоҳаз тобеонаш талаб намуд, ки ба ҳайкали тиллоияш таъзим намоянд ва таъкид намуд, ки барои итоат накардан кушта мешаванд, Дониёл ва се нафар дӯстонаш дуруст рафтор намуданд. Онҳо гуфтанд: "Моро Худое ҳаст, ки Ӯро ибодат менамоем, ва Ӯ қодир аст моро аз кӯраи оташи сӯзон бираҳонад, ва аз дасти ту, эй подшоҳ, низ раҳо хоҳад кард. Ва ҳатто агар на ин тавр аст, туро, эй подшоҳ, маълум бод, ки мо худоёни туро ибодат нахоҳем кард ва ба ҳайкали тиллои ту, ки барқарор намудаӣ, саҷда нахоҳем бурд" (Дон. 3:17–18). Ҳамин гуна муносибатро мо дар Китоби Ваҳйи ҳавворӣ Юҳаннои фақеҳмебинем (12:11), ва дар онҷо ба мо гуфта мешавад, ки танҳо он имондороне бар бадӣ ғолиб меоянд, ки ҳаёти худро ҳатто то марг дӯст надошта буданд.
Дар Хитой писари хонума Ченро, писарбача Питерро сарбозони армияи сурх то мурданаш заданд, чунки аз Масеҳ, ки Ӯро мепарастид, даст накашид.
Гоҳо ҳокимон ба таҳдидҳои махфиёна рӯ меоваранд, то ки қаҳру ғазаби аҳли ҷомеаи ҷаҳониро наоранд. Масалан, Китоби Муқаддасро китоби манъшуда эълон накарда, онро "иртиҷоӣ" (реаксионӣ) меноманд.
Азнавтаълимдиҳӣ ба таври васеъ дар Хитой, Вйетнам, Лаос ва Кореяи Шимолӣ паҳн шудааст ва он барои тағйир додани тафаккури одамони дорои "ақидаҳои нодуруст" равона карда шудааст. Одатан чунин азнавтаълимдиҳӣ аз раванди худбаҳодиҳӣ ва худтанқидкунӣ сар мешавад. Роҳбарони машҳури масеҳӣ ба лагерҳои дорои курсҳои муттасил равон мешаванд. Одамони зиёд маҷбуранд дар "гурӯҳҳои худтанқидкунӣ" иштирок намоянд, ки дар он ҷо соатҳои зиёдро ба андешаҳои негативӣ дар бораи худ ва амалҳои худ мебахшанд. Дар Хитой чунин азнавтаълимдиҳиҳо ҳеҷ гуна натиҷаҳо надоданд. Дар ниҳояти кор ҳокимон аз баҳри ин кор гузаштанд.
Вақте ки дар Лаос ҳокимияти коммунистон барқарор карда шуд, шубони номдор алоҳазрат Сали (Sali) ба лагери ислоҳотӣ ба муддати се сол барои "азнавтаълимдиҳӣ" фиристода шуд. Баъди озодшавӣ ӯ ин муддатро университети таҷриба ва амалия номид. Дар муддати се соли дар лагер буданаш вай ба Масеҳпанҷ касро наздик намуд. Вай Китоби Муқаддас надошт, аз ин рӯ вай навимоновардагонро аз рӯи оятҳои азёдкардааш тарбия намуд. Баъдтар ин одамон роҳбарони калисоӣ гаштанд.
Дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мансабдорони давлатӣ шубони машҳур Георгий Винсро дар он айбдор намуданд, ки гӯё вай аз супоридани андозҳо саркашӣ карда бошад. Ҳокимон тез-тез ба чунин намуди гуноҳкоркунӣ рӯ меоранд, зеро шумораи зиёди одамон ба осонӣ ба он бовар мекунанд, ки роҳбарон нисбати пулҳое, ки ба онҳо бовар карда шудааст, бевиҷдонӣ зоҳир мекунанд.
Ҳокимон инчунин "муфтхӯр" номидани шубононро дӯст медоранд, зеро онҳо чизе "истеҳсол" намекунанд. Онҳо дар бораи саҳми рӯҳонӣ қасдан гап намезананд, ба ҳамин тариқ, ин боз як роҳи осони ҳуҷум ба масеҳиён мебошад.
Вақте донишҷӯёни семинарияи рӯҳонӣ дар Вйетнам кӯшиш карданд, ки ба талаботҳои ҳукумат оиди иштирок дар корҳои самарабахш ҷавоб диҳанд ва ба он розӣ шуданд, ки дар вақтҳои холигӣ таҳсил намоянд, ҳукумат ҳамон замон меъёрҳои кории онҳоро бардошт ва вақт барои таҳсил намонд.
Шахси масеҳӣ бояд ҳамеша ба дараҷаи олӣ фаъол ва бовиҷдон бошад, то ки ба муқобили ҳуҷуми душман истодагарӣ карда тавонад.
6. Усулҳои ҳозиразамони фишороварӣ
Имрӯзҳо масеҳиён дар тамоми ҷаҳон дар худ усулҳои назорати нав ва кам ба назар расандаи душманро аз сар мегузаронанд. Яке аз чунин усулҳо фишори иқтисодӣ мебошад. Масалан, дар чунин мамлакатҳо ба монанди Перу, аз Китоби Муқаддас ва адабиётҳои масеҳии ба кишвар воридшаванда назар ба дигар адабиётҳо зиёдтар андоз меситонанд, аз он ҷумла китобҳое, ки ба дигар динҳо бахшида шудаанд. Ин боз як зарбаи тактикӣ ба Калисои Исои Масеҳмебошад.
Баъзе давлатҳо ҳамаи чораҳоро меандешанд, ки ба калисоҳо кори гирифтани ёрии башардӯстонаро аз дигар давлатҳо мушкил гардонанд. Масалан, дар Бангладеш ба ташкилотҳои ғайридавлатӣ гирифтани ёрии моддӣ манъ карда шудааст. Бо чунин усулҳо ҳокимият кӯшиш менамояд инкишофи масеҳиятро дар мамлакат боздорад. Ғайр аз ин, барои миссионерони хориҷӣ, ки онҳо ҳам метавонанд ёрии моддӣ расонанд, ҳарчи бештар маҳдудкуниҳои нав дар дарозкунӣ ва навсозии визаҳо гузаронда мешавад. Аз ин сабаб миқдори сафарҳои онҳо ба мамлакат мунтазам кам мешавад.
Дар Индонезия мувофиқи қонунҳои мавҷуда ба масеҳиён рухсат дода мешавад имони худро парастиш кунанд, вале муносибатҳои бартаридошта ба мусулмонон, ки аз ҷиҳати миқдор ва мавқеи ишғолкардаашон аз масеҳиён афзалият доранд, паҳншавии масеҳиятро маҳдуд месозад. Ҳукумат қонунҳои навро ҷорӣ мекунад, ки ҳаёти масеҳиёнро мушкил мегардонад. Ҳамин тавр, сохтани биноҳо барои калисо бе иҷозати ҳокимон номумкин аст, вале гирифтани иҷозат хеле мушкил мебошад ва дар натиҷаи ин бисёр биноҳо бе иҷозат сохта мешаванд. Баъд чунин биноҳои калисоии "ғайрирасмӣ" тӯъмаи осон барои ҳокимиятҳои маҳаллӣ ва моҷароҷӯёни мусулмон мегардад, ки барои несту нобуд кардани ҳузур ва таъсири масеҳиён дар ноҳия нигаронида шудаанд.
Дар Хитой чун пештара нусхаҳои Китоби Муқаддас хеле кам мебошанд, вале ҳукумат ба миқдори зиёд адабиётҳоро нашр мекунад, ки масеҳиятро маҳкум менамояд, дар он вақте ки китобҳо дар бораи дигар динҳо дар ҳамон мағозаҳои давлатӣ бо тиражи зиёд фурӯхта мешаванд.
Доктор Ҷим Каннингэм (James Cunningham) тахмин мекунад, ки раванди таъқиботро, ки мақсади несту нобуд сохтани масеҳиятро дорад, ба чор марҳала тақсим кардан мумкин аст.
Марҳалаи якум — таҳдидҳо дар ҷавоби он, ки шумо чӣ фикр доред, то шуморо бо мақсади маҳрум сохтан аз биниш ва умедҳои рӯҳонӣ фиреб диҳанд.
Марҳалаи дуюм — фишороварӣ дар ҷавоби он, ки шумо чӣ мегӯед, то шуморо маҷбур созанд хомӯш бошед ва рӯҳафтода созанд, бо мақсади он, ки шуморо маҷбур созанд, то шаҳодатдиҳиро бас кунед.
Марҳалаи сеюм — ҳабс кардан дар ҷавоби он, ки шумо чӣ кор мекунед, то шуморо таҳти назорат гиранд ва мағлуб созанд, бо мақсади аз шумо гирифтани дилсӯзӣ ва муҳаббат.
Марҳалаи чорум — марг дар ҷавоб бар он, ки шумо кӣ ҳастед, то шуморо несту нобуд созанд, дар мадди аввал — ҳамчун шахсият.
Одамон метавонанд дар ҳама марҳалаҳо ба таъқибот дучор шаванд, вале мақсади ниҳоии душман ҳамон мемонаду бас — марг.
Ҳазрат Йоҳан Канделин (Johan Candelin), сардори Комиссияи оид ба озодиҳои динӣ аз Иттифоқи Байналхалқии Инҷилӣ дар бораи раванди седараҷае мегӯяд, ки чӣ хел дар мамлакат мунтазам таъқибот ба масеҳиён амалӣ карда мешавад.
1. Марҳалаи якум дар бораи гурӯҳи интихобшуда (масеҳиён ё дилхоҳгурӯҳи дигар) маълумоти дурӯғро (аввал ғайрифаъол, баъд фаъол) дар бар мегирад, ки ин дар натиҷа боиси он мешавад, ки…
2. …поймолкунии ҳуқуқ (аввал ғайрифаъол ва баъд фаъол).
3. Марҳалаи сеюм, таъқибот (аввал ғайрифаъол ва баъд фаъол) мебошад, ки натиҷаи амалии раванди тайёрии пешина мебошад.
Агар маълумотҳои дурӯғ дар бораи ягон гурӯҳ, аз он ҷумла масеҳиён, муддати зиёд паҳн шавад, пас ҳамин, ки поймолкунии ҳуқуқи онҳо сар шавад, дигар ҳеҷ кас таъқибшавандагонро дастгирӣ намекунад барои он, ки аҳолии мамлакат таҳрири идеологиро гузаштааст. Агар раванди поймолкунии ҳуқуқ манъ карда нашавад, вақте ки таъқибот сар шавад, чун қоида, дигар ҳеҷ кас ба ин кор мудохила намекунад.
"Вақте ки кор то ба таъқибот омада мерасад, дигар ҳеҷ кас таъқибшавандагонро дастгирӣ намекунад, зеро одамон ба ҳар роҳбефаъолиятии худро ҳақ бароварданӣ мешаванд, масалан ин хел: "Медонед чӣ, онҳо дар ҳақиқат ҳам одамони бад ҳастанд ва ҳаминро интизор шудан лозим буд", — огоҳмекунад ҳазрат Канделин. — Ҳамин ки мо фарорасии марҳалаи якум — маълумотҳои дурӯғро бинем, моро лозим аст, ки амал намоем. Агар ҳамаи мо дар марҳалаи якум ба муқобили ҳуҷумҳо муттаҳид гардем, дар он вақт дар дилхоҳмамлакати ҷаҳон метавонем равандеро манъ кунем, ки дар акси ҳол бегуфтугӯ ба анҷом хоҳад расид".
Боби даҳум
АМАЛҲОИ ИБЛИС, КИ РӮҲРО ВАЙРОН МЕКУНАНД
Яъқуб 4:7
Як муаллифи номаълум ба мо чунин саҳначаи тасаввуршавандаро пешкаш менамояд.
Иблис конфронси байналмилалӣ барпо менамояд. Дар нутқи табрикии худ, ки ба фариштагони зулмот нигаронида шуда буд, вай чунин гуфт:
— Мо наметавонем одамонро манъ намоем, ки Китоби Муқаддасро хонанд ва ҳақиқатро фаҳманд. Мо ҳатто наметавонем онҳоро маҷбур созем, ки аз муҳаббат ба оила даст кашанд. Вале мо як чизи дигар карда метавонем. Мо метавонем ба инкишофи муносибатҳои наздик ва ҳамешагии онҳо дар Масеҳроҳнадиҳем.
Агар одамонро муяссар гардад, ки бо Исо алоқаҳои наздикро барқарор намоянд, пас ҳокимияти мо аз болои онҳо барҳам мехӯрад. Аз ин рӯ бигузор ба калисо раванд, бигузор ҳаёти парҳезкоронаро гузаронанд, вале шумо вақти онҳоро дуздед, то ки ин таҷрибаи мушоракати беҳамторо дар Масеҳба даст оварда натавонанд.
Ана, ман ба шумо чӣ кор карданро амр менамоям, фариштаҳои зулмот. Онҳоро ба дигар чизҳо ҷалб намоед, то онҳо натавонанд ҳамеша ба сӯи Наҷоткори худ ҷаҳд намоянд, то натавонанд дар давоми рӯз ин алоқаи ҳаётан муҳимро бо Ӯ нигоҳдоранд.
— Инро чӣ тавр кунем? — пурсиданд фариштаҳои гуноҳкор.
— Онҳоро бо корҳои на чандон муҳим банд созед, дар назди онҳо нақшаю масъалаҳои зиёдеро гузоред, то ки ҳушу хаёли онҳо ба он банд гардад, — ҷавоб дод ӯ. — Онҳоро маҷбур созед, ки пул сарф кунанду сарф кунанд ва барои ин қарз гиранду қарз гиранд. Занҳоро водор созед, ки ба кор бароянд, мардонро бошад водор созед, ки дар як ҳафта шаш ё ҳафт рӯз даҳ–дувоздаҳсоат кор кунанд, то имкон дошта бошанд, ки чизи дилхоҳашонро харанд. Онҳоро имкон надиҳед, ки вақти худро бо фарзандонашон гузаронанд. Ва ҳамин, ки оила ягонагиро бас кард, вай ба кори падару модарон вобаста мегардад.
Ақлҳои онҳоро чунон банд созед, ки онҳо овози хомӯшонаи Ӯро шунида натавонанд. Онҳоро маҷбур созед, ки радио, телевизор ва плейерҳоро монанд, то ки ҳамеша чизеро гӯш карда истанд.
Чуноне кунед, ки дар ҳар мағоза, қаҳвахона ва тарабхона мусиқӣ садо диҳад. Он ақлҳои онҳоро тира сохта, ягонагии онҳоро ба Масеҳпора мекунад.
Рӯи мизи онҳоро бо рӯзномаю маҷаллаҳо пур созед. Дар давоми шабонарӯз майнаи онҳоро бо навигариҳо пур кунед. Ҳангоми бо мошин сафар кардан бигзор диққати онҳо ба лавҳаҳои рекламавӣ равона карда шавад. Қуттиҳои почтаи онҳоро бо маҳсулотҳои рекламавӣ, бо рӯйхати маҳсулотҳои ба хона овардашаванда ва ҳар гуна ахбороти бо рекламаи бепули иловагӣ, лотереяҳо, васвасаҳои бурдҳо ва умедвориҳои бардурӯғ пур созед.
Ҳатто ҳангоми истироҳат лаҳзае онҳоро тарк накунед. Бигузор баъди рӯзҳои истироҳатӣ онҳо афсурда, ноором ва ба ҳафтаи корӣ нотайёр бошанд. Имкон надиҳед, ки онҳо дар оғӯши табиат истироҳат кунанд. Онҳоро ба боғҳои истироҳатӣ барои саргармӣ ба аттраксионҳо, ба мусобиқаҳои спортӣ, консертҳо ва кинотеатрҳо равон кунед. Вақте ки онҳо барои мушоракати рӯҳонӣ ҷамъ мешаванд, дар байни онҳо ғайбатро барангезед, онҳоро ба ҳарзагӯӣ маҷбур кунед, то ки онҳо ҷамъомадро бо виҷдони хиҷил ва рӯҳияи изтиробнок тарк кунанд.
Бигзор онҳо ба кори ба даст овардани ҷонҳо машғул шаванд. Вале ҳаёти онҳоро чунон бо ниятҳои нек пур созед, ки онҳо вақт наёбанд қувваи Масеҳро ҷӯё шаванд. Дар он вақт онҳо бо қуввати худ ба хизматгузорӣ сар мекунанд, саломатӣ ва ягонагии оиларо баҳри корҳои нек қурбон месозанд.
Конфронс ба охир расид. Фариштаҳои зулмот бо ҷӯшу хурӯш барои иҷрои супориш шитобиданд, ва дар ҳама ҷо масеҳиёнро маҷбур месохтанд, ки банд бошанд, шитоб кунанд, вале фурсат наёбанд, ва сарф кунанду сарф кунанд!
Тактикаи берунии душманро пай бурдан хеле осон аст, вале усулҳои даруние, ки аз тарафи душмани мо иблис истифода бурда мешаванд, ноаён буда, дар кори ба даст овардани мақсадҳояш аксаран хеле пурсамартар мебошад.
Баъзе муаллимон тактикаи дарунии душманро дар назар дошта, мегӯянд, ки вай "кафшҳои худро то сӯрох шуданаш аз по намекашад". Вай дар ҳаққи мо шабу рӯз бӯҳтон мезанад. Вақте ба вай муяссар гардид, ки моро аз муошират ва дастгирии Бадани Масеҳҷудо созад, маҷбур мекунад, ки аз рӯи қоидаҳои ӯ бозӣ кунем. Вай онро бо он ба даст меорад, ки ҳар гуна гуноҳва заифиҳои моро пеши назарамон оварда мазаммат мекунад. Инчунин бо ҳар як хоҳиши худпарастонае, ки дар мо бедор карда метавонад, бозӣ мекунад.
1. Ҳисси гуноҳкорӣ
Иблис ҳамеша моро гуноҳкор месозад, то ки дар мо ҳисси гуноҳкориро бедор созад ва ҳаёти моро ба шикаст оварда расонад. Вале гуноҳи ҳақиқӣ танҳо ҳамон вақт буданаш мумкин аст, ки ба Худо итоат накунем. Биёед, аз ҳар тараф дида мебароем, ки ҳисси гуноҳаз нуқтаи назари каломӣ чист.
Ҳисси гуноҳкории мо қисман дуруст аст. Ҳамаи мо дар назди Худованд гунаҳкор ҳастем. Ҳеҷ кадоме аз мо наметавонад дар бораи ғалаба аз болои ҳамаи шароитҳо лоф занад. Аз ин рӯ вақте ки иблис моро айбдор месозад, мо дар дили худ медонем, ки дар айбдоркуниҳои ӯ ҳақиқатҳои зиёде ниҳон аст.
Вале Худо ба мо имконият додааст, ки аз ҳама гуноҳҳо ва ҳисси гунаҳкорӣ озод гардем. Вақте мо дарк менамоем, ки Худовандро озор додаем, ҳамон замон тавба мекунем ва Худованд ҳар бор моро мебахшад ва пок менамояд (ба Юҳ. 1:9 ниг.). Ҳамин, ки мо аз гуноҳамон тавба кардем, он барҳам мехӯрад ва ҳисси гуноҳкории мо низ бояд гузарад.
Ҳодисае, ки бо Довуд рух дода буд, усулҳоеро нишон медиҳад, ки Худо гуноҳҳоро бо онҳо нобуд месозад: фошкунӣ, эътироф, тавба, ҷидду ҷаҳд барои бахшиш, гирифтани бахшиш, ҳамду сано ва хизматгузории хурсандона (ниг. ба Заб. 31:3–4; 50; 2 Подш. 12:1–13). Таҳлили ин оятҳои аҳди қадимӣ роҳро сӯи наҷотёбӣ аз гуноҳнишон медиҳад.
Павлус Тимотиюсро дар бораи он огоҳкард, ки дар замонҳои охир бисёр касоне, ки худро масеҳӣ меноманд, ҳаёти фосидона ба сар хоҳанд бурд. Ӯ гуфта буд, ки одамон дар зери бори гуноҳҳои худ ба андозае рӯҳафтода мегарданд, ки наметавонанд дар имон мустаҳкам бошанд ва бо осонӣ аз роҳи ҳақиқат мегарданд (ба 2 Тим. 3:1–7 ниг.). Ҳисси гуноҳи эътирофнашуда масъалаи хеле ҷиддӣ мебошад. Агар масеҳӣ дар ҳолати парешонӣ бошад, агар вай дар гаштугузори худ дар назди Худо устувор набошад ва қувват надошта бошад, ӯ бояд дили худро тадқиқ намояд ва боварӣ ҳосил кунад, ки дар вай гуноҳе нест, ки дар назди Худо эътироф накарда бошад. Агар имондор дар ростии дили худ боварӣ дошта бошад, бояд донад, ки ҳисси гуноҳкории ӯ бардурӯғ буда, онро иблис талқин менамояд.
Мувофиқи Ваҳйи ҳавворӣ Юҳаннои Фақеҳ(12:11) имондорон метавонанд ба муқобили айбдорсозиҳои иблис бо се роҳбаромад намоянд: "Онҳо бар вай ба василаи хуни Барра ва каломи шаҳодати худ ғолиб омадаанд, ва ҷони худро то ҳадди мамот гиромӣ надоштанд".
Мо бо имон ба хуни Масеҳпок гаштаем. Файзи наҷотдиҳандаи Ӯ ва моро ҳамчун гуноҳкорони аз рўи файз наҷотёфта қабул кардани Ӯ калиди бахшоиш мебошад, аз ин рӯ моро лозим нест, ки худро ба муҳаббати Ӯ нолоиқ шуморем.
Имондорон бо овози баланд бахшоиши гуноҳҳо ва муҳаббати Масеҳро эълон менамоянд, то ки дар ин бора худи Ӯ, иблис ва тамоми ҷаҳон шунавад (дар Рум. 8:31–33 ҳам дар ин бора гуфта мешавад).
Сирри бартараф кардани дилхоҳташвишҳо оиди обрӯи шахсӣ, бехатарӣ, осоиши рӯҳӣ ё озодӣ маҳз дар муҳаббат ва қурбонӣ ниҳон мебошад. Имондорон ҳамеша тайёранд ба Худи Масеҳпайравӣ карда, худро қурбон намоянд.
Сарбозони армияи инқилобии Чад масеҳии ҷавонро амр намуданд, ки дар маросими анимистии қабила иштирок намояд. Онҳо кӯшиш мекарданд, ки масеҳиятро дар мамлакати худ барҳам диҳанд ва ватанпарвариро ба танзим дароварда, анъанаҳои бутпарастонаи Чадро эҳё созанд. Роҳбарони калисоҳои маҳаллӣ дар байни худ қарор доданд, ки масеҳиёнро лозим аст аз иштирок дар маросимҳои анимистӣ даст кашанд.
Вақте, ки ҷавон аз иштирок кардан дар маросим даст кашид, вайро кӯфтанд, вале ӯ дар гапи худ истодагарӣ мекард. Сарбозон вайро бараҳна карда, дар пеши назари модар, хоҳар ва дигар духтарон аз сари нав зарбу лат намуданд. Ҷасорати вай тамом шуд ва ботинан таслим шуд.
Баъд вай худро хеле бад ҳис кард — ӯ фаҳмид, ки ба Худованд хиёнат кардааст. Ҳисси гуноҳкории вай бузург буд. Иблис кӯшиш мекард вайро бовар кунонад, ки Худованд дигар вайро қабул намекунад. Вале ҷавон ваъдаҳои каломии Худоро медонист ва аз ин рӯ барои гуноҳаш тавба кард. Худованд ӯро бахшид ва вай аз сари нав хурсандӣ ва оромии рӯҳиро ба даст овард.
Ӯ дар назди ҳамсояҳо ба башоратдиҳии имони худ сар кард ва ба ҳабс гирифта шуд. Ҳокимон аз вай талаб карданд, ки аз имони худ ба Масеҳдаст кашад ва ба вай таҳдид карданд, ки дар ҳолати рад кардан вайро зинда ба зинда мегӯронанд. Ин дафъа имони вай устувор буд ва аз Худованд даст накашид. Ӯро мурданивор заданд ва ба ҳабсхона партофтанд, ки дар он ҷо вай ҳукми қатлро интизор буд. Имони ӯ бузургтар гардид ва Худованд ба вай раҳоӣ бахшид. Ҳокимияти ҷазодиҳанда сарнагун карда шуд ва масеҳии ҷавон озод шуд.
2. Ҳисси бардурӯғи гуноҳ
Агар ҳисси гуноҳкории ҳақиқӣ аз сабаби беитоатӣ ба Худо сар занад, пас ҳисси бардурӯғи гуноҳкорӣ дар асоси номувофиқатӣ бо интизориҳои одамон ба амал меояд. Одатан он ҳамон вақте ба амал меояд, ки мо аз ҳад зиёд ба ақидаҳои одамон такя мекунем, на ба таълимотҳои Навиштаҳои Муқаддас. Имондорон бояд ҳамеша Каломи Худоро таҳти роҳбарии Рӯҳулқудс омӯзанд, то қудрат дошта бошанд, ки ҳисси ҳақиқии гуноҳро дарк намоянд.
Иблис кӯшиш менамояд моро зери бори гуноҳҳое монад, ки аллакай бахшида шудаанд. Ба ҳамин тариқ, вай моро рӯҳафтода менамояд. Мо дар ҳақиқат як вақтҳо гуноҳкарда будем, вале ҳисси гуноҳкории мо бардурӯғ мебошад! Иблис тоқати шунидани ҳақиқатҳои Навиштаҳоро надорад, ва аз ин рӯ, ҳамин ки шумо онро ба забон меоред, мегурезад. Албатта вай ба зудӣ бармегардад, вале шумо ҳар дафъа метавонед аз болои вай ғалаба кунед.
Вақте ки ба сари имондорон таъқибот меоянд, вақте ки калисоҳо баста мешаванд ва фаъолияти онҳо қатъ мегардад, вақте ки сарварони беобрӯ кардашуда гирифтори ҳуҷум мегарданд, одамон ба худ савол медиҳанд: "Барои чӣ ин ба амал меояд?" Иблис бо варианти ҷавоби худ тайёр аст. Вай мехоҳад, ки имондорон худро гуноҳкор ҳис кунанд. Вай мегӯяд, ки онҳо ба қадри кофӣ дуо накардаанд, имони онҳо хеле суст буд ва гуноҳҳои онҳо ғазаби Худоро овард. Ва дар он вақт бори бардурӯғи гуноҳчун бори вазнин бар дӯши имондорон меафтад, онҳоро аз қувваи рӯҳонӣ маҳрум месозад ва ба ҳеҷ чиз оварда намерасонад.
Иблис ҳамеша мехоҳад диққати моро ба гузашта ва оянда нигаронад. Худо бошад мехоҳад, ки мо ба ҳозира нигаронида шуда бошем ва бахшоиши гуноҳҳои пешинаро эълон намоем ва ҳозир барои Ӯ зиндагӣ карда, ояндаро ба дасти Ӯ супорем. Ана саволи асосие, ки мо ҳамчун имондор бояд ҳамеша ба худ диҳем: "Худоё, маро чӣ мефармоӣ, ки ба ҷо орам?"
Вақте ки таъқибот қатъитар мегарданд ва ба масеҳиён гузарондани хизматгузорӣ дар назди умум душвор мегардад, иблис онҳоро ё дар радикализм ё дар тарсуӣ айбдор месозад. Ва агар як пагоҳии якшанбе онҳо ба хизматгузорӣ рафта натавонанд, вай онҳоро дар он айбдор месозад, ки онҳо Масеҳро инкор кардаанд.
Оё ҷамъомади иборат аз ду ё се нафарро, ки рӯзи якшанбе дар ягон ҷо гирд омадаанд, хизматгузории ҳақиқӣ номидан мумкин аст? Оё ҳолатеро "омӯзиши Китоби Муқаддас" номидан мумкин аст, ки яке оятеро аз Китоби Муқаддас иқтибос меорад ва дигарон онро муҳокима менамоянд, дар он вақте ки ҳеҷ кадоми онҳо Китоби Муқаддас надоранд? Оё ҷамъомадеро дуоӣ номидан мумкин аст, ки ду ё се нафар хомӯш дар торикӣ нишаста, хомӯшона зери лаб дуо мегӯянд? Оё меҳнати ғайратмандонаи шуморо дар ҷои кориатон ва ҳангоми таъқиботҳо ба худ боварӣ зоҳир карданро башорати масеҳӣ номидан мумкин аст? Иблис кӯшиш менамояд имондоронро маҷбур созад, ки ба худ чунин саволҳоро диҳанд ва ҳамон замон ҷавобҳои маъюсонаро пешкаш менамояд ва дар он вақт бори гуноҳҳои мо меафзояд.
Вақте ки имондорон мехоҳанд ба аҳкомҳои каломӣ итоаткор ва дар айни замон дар шароити режими ҷазодиҳанда шаҳрвандони ба қонун итоаткор бошанд, иблис онҳоро дар он гунаҳгор мекунад, ки онҳо дар башорати масеҳии худ ба созиш мераванд. Агар имондорон ба фишороварии ҳокимон муқобилат намоянд, иблис онҳоро дар итоат накардан ба Навиштаҳо ва дар беитоатӣ ба ҳокимон айбдор мекунад. Агар масеҳиён дар шароити ҳокимияти зиддимасеҳӣ мамлакати худро хеле дӯст доранд, иблис ин бародарон ва хоҳаронро дар хоинӣ ба кори Масеҳайбдор месозад. Исо таълим медод: "…Он чи азони қайсар аст, ба қайсар диҳед, ва он чи аз они Худост —ба Худо" (Мат. 22:21). Павлус дар Нома ба Румиён таълим медиҳад (13:1–7), ки ҳеҷ ҳокимияте нест, ки аз Худо набошад, вале бонуфузони рӯи замин тамоми пуррагии ҳокимиятро дар рӯи замин доро нестанд (ба 1 Пет. 2:13–17, 1 Тим. 2:1–4; Тит. 3:1–2 ниг.). Мувофиқи таълимоти каломӣ масъулияти мо дар назди ҳокимони заминӣ аз инҳо иборат аст:
итоаткор будан;
ба қонун итоат кардан;
накӯкорӣ кардан;
ҳокимиятро эҳтиром кардан;
фурӯтан ва меҳрубон будан;
андозҳоро супоридан;
ҳокимонро бадгӯӣ накардан.
Аз таълимоти Исо мо медонем, ки баъзе соҳаҳои ҳокимият танҳо ба Худо тааллуқ дорад. Агар ҳокимони заминӣ кӯшиш кунанд, ки ин соҳаҳоро ба худ мутеъ созанд ва ба он соҳаҳое, ки танҳо Худо идора мекунад, сар халонанд, имондорон бояд танҳо ба Худо итоат кунанд, на ба одамон (ба Аъм. 4:19; 5:19 ниг). Дар Китоби Муқаддас ин консепсия маротибаҳои зиёд тасдиқ карда шудааст:
Шадрак, Мешак ва Абднаҷу аз фармони подшоҳсар тофтанд ва ба ҳай кали тиллоӣ саҷда накарданд;
Дониёл ба подшоҳ, ки дуокуниро манъ карда буд, итоат накард;
Петрус ва Юҳанно аз итоат ба фармони Шӯрои пирон оиди бас кардани мавъиза дар бораи Исо сар тофтанд;
Павлус ба фармони ҳокимони шаҳр эътино накард, ҳангоме, ки аз таъқиботчиёни худ мегурехт ва дар даруни сабад аз деворҳои шаҳри Димишқ ба поён фароварда мешуд;
Павлус дар бораи Масеҳба посбонони худ дар Рум мавъиза кард, ҳарчанд масеҳият аз рӯи қонун дини манъшуда ҳисобида мешуд.
Қайд кардан муҳим аст, ки чунин беитоатӣ танҳо ҳамон вақт ҳақ бароварда мешавад, ки ҳокимон аз доираи ҳуқуқҳои худ ба доираи ибодат ба Худо мегузаранд. Моро лозим аст, ки огоҳкуниҳои Петрусро дар хотир дошта бошем (ба Пет. 2:15–16 ниг.), ва озодии масеҳиро барои ҳақ баровардани бадӣ истифода набарем.
Агар масеҳӣ маҷбур шавад, ки муқобили мамлакати худ амал кунад, зеро он таҳти назорати қувваҳои сиёсии ба масеҳият душман афтодааст, иблис кӯшиш мекунад ба вай ҳисси гуноҳкориро бор кунад, ки метавонад ҳаёти рӯҳониро вайрон созад. Масеҳӣ метавонад вафодории худро ба мамлакати худ ҳамчун шаҳрванд бо меҳнатдӯcтӣ ва сифати кораш зоҳир созад. Итоаткории худро дар бо ҳам дидани меъёри ночизи хӯрок ё дилхоҳёриҳо ба эҳтиёҷмандон хушмуомилагӣ зоҳир сохтан мумкин аст.
Масеҳиёни дигар метавонанд аз имконияти гурехтан аз мамлакате, ки дар он ҷо режими ҷазодиҳанда ҳукмрон аст, истифода баранд. Дар чунин ҳолатҳо онҳо метавонанд интизори он бошанд, ки иблис ба онҳо бо ҳуҷумҳои бераҳмона ба ҷанг медарояд, ки мақсади вай онҳоро бо ҳисси гуноҳкорӣ азоб додан аст. Ба дилхоҳмасеҳӣ, ки таҳти роҳнамоии Рӯҳулқудс мавқеи ба омма маъқул намешударо ишғол мекунад, пардохт кардани чунин нарх лозим меояд. Вале мо аллакай медонем, ки чӣ гуна ҳисси ҳақиқии гуноҳкориро, ки аз итоат накардан ба Худо сар мезанад, аз он ҳисси бардурӯғ, ки дар асоси маҳкумкуниҳои одамон пайдо мешавад, фарқ кунем.
3. Тарс
Иблис тарсро чун яке аз инстинктҳои асосии табиати инсонии мо истифода мебарад. Барои шахси миранда тарс табиист, махсусан аз чизи номаълум. Фаҳмост, ки одам аз дард ва марг метарсад. Иблис ҳамеша бо ин ҳиссиётҳо бозӣ мекунад. Зиёда аз ин, вай мехоҳад моро аз тарс шахшуда бинад, чун Шоул дар назди фалиштиён.
Барои чӣ мо ба тарс имкон медиҳем, ки моро ба даҳшат андозад? Аз як тараф, мо азсаргузарониҳои пешинаро медонем ва аз такроршавии он мехоҳем гурезем, аз тарафи дигар мо намедонем, ки дар оянда моро чӣ интизор аст. Вале бештар он тарсу азобҳое, ки одамон аз сар мегузаронанд, ҳеҷ гуна асос надоранд.
Тамоми тарсҳо дар асоси фарзҳо бунёд ёфтаанд. Амалан тарс — интизориҳои бардурӯғ мебошанд, ки ҳақиқат менамоянд. Агар мо ҳамеша инро дар хотир гирем, метавонем аз болои бисёр тарсҳо ғолиб оем. Дуруст аст, ки гоҳо ин интизориҳои бардурӯғ аз ҳад зиёд эътимодбахш менамоянд! Вале мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки ҳисси тарс ва даҳшат чун дигар дилхоҳтактикаи душман дар асоси дурӯғ сохта шудааст. Ана барои чӣ дар Китоби Муқаддас маротибаҳои зиёд чунин амр садо медиҳад: "Натарс" (масалан ба Ишаъё 41:10 ниг.).
Барои бар тарс ғолиб омадан масеҳиён бояд чор асоси каломиро нағз донанд:
Худо ҳамаро таҳти назорати Худ нигоҳмедорад. Ӯ ба мо танҳо он азсаргузарониро рухсат медиҳад, ки ба фоидаи мост, зеро танҳо Ӯ медонад, ки чӣ ба мо фоидаовар аст. Мо бояд ба Ӯ бовар кунем (ба Фил. 4:6–7; Аъм. 27:23–25 ниг.).
Мо дар ин замин овора ва ғариб ҳастем. Хонаи асосии мо дар осмон аст. Ба баъзеи мо лозим меояд, ки пеш аз мӯҳлати тахмин кардаамон ба ин хона равем. Мо бояд ба ин тайёр бошем (ба Ибр. 10:32–39 ниг.).
Худо ҳамеша ҳар бадиро бар нафъи мо мегардонад (ба Рум. 8:28 ниг.). Юсуф ба бародарони худ гуфт, ки одам бадиро фикр карда мебарояд, вале Худо онро ба некӣ мубаддал месозад!
Душман метавонад танҳо ба ҷисмҳои мо зарар расонад, вале ба мавқеи мо дар абадият зарар расонда наметавонад (ба Луқо 12:4–5 ниг.). Исо ба имондорон маслиҳат дод, ки афзалиятҳои худро дуруст ҷо ба ҷо намоянд, вақте ки гуфт: "Ва аз кушандагони ҷисм, ки ба куштани рӯҳқодир нестанд, натарсед; балки аз Ӯ ҳаросон бошед, ки қодир аст ҳам ҷисм ва ҳам рӯҳро дар дӯзах нобуд кунад" (Матто 10:28).
Вақте ба иблис муяссар мегардад, ки моро ба ҳолати бӯҳронӣ андозад ва моро воҳима зер кунад, вай аз ин ба ваҷд меояд. Хитоиён барои маънои калимаи "бӯҳрон" сабақи аҷоибе бо ду қаҳрамон доранд. Яке аз қаҳрамонон хатар аст ва дигараш — имконият. Маъно дар он аст, ки дар ҳар ҳолати бӯҳронӣ ин ҳар ду иштирок менамоянд, аз ин ҷост, ки бӯҳрон ҳолати хатарнок мебошад, ки ба одам имкониятҳои муайян пешкаш менамояд.
Агар шумо тамоми диққати худро ба хатарҳо равона созед, аз тарс карахт мешавед. Вале агар ба имкониятҳо диққат диҳед, метавонед бо болҳои имон аз хатарҳо дур гардед. Танҳо мо метавонем интихоб намоем, ки ба кадоме аз ин ду элемент эътино кунем.
Ҳамон сабабҳои бар тарсҳои шахсӣ бунёдёфта ба мо имкон намедиҳанд, ки дар ин ҷаҳони гунаҳкор барои муҳофизати Калисои Ӯ овози Худованд гардем. Масеҳиён бояд кушоду равшан ба муқобили беадолатӣ ва гуноҳкории ҷамъият ва маданияти худ баромаданро омӯзанд. Ин махсусан дар дар ҳамон ҳолатҳое дуруст мебошад, ки мо метавонем ба хоҳарону бародарони азияткаши худ ёрӣ расонем. Вале тарс метавонад забони моро лол гардонад. Ҳамчун Калисо мо бояд кушоду равшан гуфтанро омӯзем ва ба ҳисси тарс дода нашавем.
Дар хотир доред, ки вақте метарсем, моро лозим аст ваъдаи Навиштаҳоро эълон кунем: "…Худо ба мо на рӯҳи тарсу ҳаросро, балки рӯҳи қувват ва муҳаббат ва парҳезкорӣ додааст (2 Тим. 1:7). Мо бояд доимо Он Касеро, ки аллакай ғалабаи пурраро ба даст овардааст, ва қисмати иблисро дар хотир дошта бошем (ба Ваҳй 20:10 ниг.)
Мо бояд инчунин фаромӯш накунем, ки тарафи дигари тарс он чизест, ки Китоби Муқаддас "тарси Худованд" меномад. Тарси боэҳтиром дар Худованд ҳамаи боқимонда тарсҳоро пароканда менамояд.
4. Якҷоякунии элементҳои динҳои гуногун (синкретизм)
Иблис бисёр гурӯҳҳои бардурӯғи диниро бо таълимотҳои омехтаи динӣ муттаҳид сохта, баъд аз он масеҳиёни ҳақиқиро ҳамчун "фанатикҳо" тамға зад, зеро мо ба доктринаи наҷот дар Масеҳсодиқ мемонем.
Ҷаҳони имрӯза бо он тавсиф дода мешавад, ки одамон дигар ба ҳақиқати мутлақ бовар намекунанд. Натиҷаи табиии вуҷуд надоштани Худо нуқтаи назари васеъ паҳншуда мебошад, ки мувофиқи он дар ҳар як дин як чизи хубе ҳаст ва ҳамаи роҳҳо ба осмон мебаранд. Дар ин ҳолат худи одамон метавонанд дилхоҳэлементҳои ҳар кадом динро интихоб намоянд ва онҳоро дар дилхоҳякҷоякунӣ омехта намоянд. Ва ин синкретизм мебошад. Масалан ҳаракати "Давраи нав"-ро (Nӯw agӯ) чун синкретӣ тавсиф додан мумкин аст.
Калимаҳои асоситарин дар синкретизм "пуртоқатӣ" ва "диалог" мебошанд. Худ ба худ инҳо калимаҳои хуб мебошанд, вале онҳо дар маъноҳое истифода бурда мешаванд, ки имондорони каломиро маҷбур месозанд ба созиш раванд.
Лут қаҳрамони каломӣ буда, имкон дод, ки синкретизм ба таври номаълум ба ҳаёташ ворид шавад. Дар боби 13-ум мо мебинем, ки чӣ хел ӯ дар водӣ, на чандон дур аз шаҳри фосиқи Садӯм ҷой гирифт. Дар боби 14-ум ӯ аллакай дар шаҳр зиндагӣ мекунад ва дар боби 19-ум бошад ҳамчун яке аз пирон дар назди дарвозаи шаҳр менишинад. Ба шарофати амакаш Иброҳим, ки барои Лут аз Худо хоҳиш карда буд, ҳаёти ӯ ҳангоми ҳалокати Садӯм ва Амўро наҷот дода шуд.
Иблис ба ваҷд меояд, ҳангоме ки одамон ба роҳҳои бардурӯғи наҷот бовар мекунанд. Вай намехоҳад, ки одамон ҳақиқатро фаҳманд ва ба дарки Исои Масеҳоянд, ки Ӯ ҳақиқат, роҳва ростӣ мебошад (ба Юҳ. 14:6 ниг.).
Як одам тамоми рӯи оламро дар ҷустуҷӯи ягона калимае тай кард, ки он ба пуррагӣ тавонад Худоро тавсиф диҳад ва одамонро муттаҳид созад. Баногоҳба фикри вай калимаи "муҳаббат" омад. Баъдтар вай навишта буд: "Ба Худо номи ҳаматарафаи Муҳаббатро диҳед ва мо метавонем риштаи тиллоиро созем, ки ҳамаи динҳои ҷаҳониро бо ҳам медӯзад". Вале муҳаббат номи Худо нест. Ин табиати Ӯ мебошад. Аниқтараш, Ӯ ин табиатро он вақт зоҳир сохт, ки Писари Худро барои мурдан барои гуноҳҳои мо фиристод (ба Юҳ. 3:16). Вақте ки мо ба пуррагӣ қурбонии Худоро бароямон қабул мекунем, метавонем муҳаббати ҳақиқии Худоро дарк намоем, ки танҳо Ӯ метавонад ҳамаи одамонро ба худ муттаҳид созад.
Моҳи октябри соли 1999 дар Ватикан намояндагони динҳои гуногун гирд омаданд. Дар ин гурӯҳПапаи Рум, Далай-лама ва имом У. Д. Муҳаммад буданд. Шоҳидон суханони як зани пайрави ҳиндуияро меоранд, ки гуфта буд: "Қайд кардан гуворост, ки аз худи аввал намояндагон ба якдилӣ ба ақидаи он омаданд, ки ҳамаи динҳо ҳақиқати ҳаматарафа доранд, вале ба сӯи як мақсад бо роҳҳои гуногун мераванд". Намояндагон ҳамчунин якдилона навмазҳабии "таҷовузкорона"-ро маҳкум карданд.
Чунин ақидаронӣ дар ҷаҳони имрӯза бартарӣ дорад. Иблис ҳамаи корҳои аз дасташ меомадаро мекунад, то ин тафаккур ва рафторҳо барои Калисоҳои нав ва низ барои имондорони алоҳида хос гардад. Натиҷаҳои охирини синкретизм дар ҷамъияти озод қонунҳое мегардад, ки башоратдиҳии масеҳӣ ва ба масеҳият имон овардани тарафдорони дигар динҳоро манъ менамояд.
Иблис эҳтиёткорона одамонро ба он нуқта оварда мерасонад, ки пул, моликият, дороӣ, ҳаловати ҷисмонӣ ва низ шӯҳрати ин ҷаҳон ва иззату ҳурмат аз ҳама асосӣ мегарданд.
Худо тамоми мавҷудотро офарид ва сарчашмаи ҳамаи неъматҳое мебошад, ки одамон доро мебошанд. Аммо агар мо дар ҳаёти худ ҷои аввалро, ки танҳо ба Ӯ тааллуқ дорад, ба пул ва ашёҳо диҳем, Ӯ ба он розӣ намегардад. Гул-гулшукуфие, ки Ӯ ба чунин тайёрӣ мехоҳад ба мо диҳад, дар ҳақиқат то он даме баракат аст, ки он ҷои Худоро ишғол менамояд. Ба ҳамин тариқ, меркантилизм чунин муносибат ба ҳаёт аст, ки пул, моликият, дороӣ, ҳаловати ҷисмонӣ, шӯҳрати ин ҷаҳон ва иззату икромро аз ҳама боло мегузорад. Гуфтан даркор нест, ки "Худо нест!" Гуфтани он кифоя аст, ки "Ба мо Худо даркор нест!"
Манфиатпарастӣ барои масеҳиён доми ноаён аст, зеро мо метавонем дорои тамоми нишонаҳои зоҳирии масеҳӣ, вале мутлақо материалист бошем. Чунин ҳаловатро бо қурбоққае монанд кардан мумкин аст, ки дар даруни зарфе мебошад, ва оби зарф оҳиста-оҳиста гарм карда мешавад. Азбаски об оҳиста-оҳиста гарм карда мешавад, қурбоққа мунтазам ба тағйирёбии гармӣ одат мекунад ва ҳатто кӯшиши аз оғӯши марг гурехтанро намекунад.
Як роҳбари калисоӣ аз Руминияи коммунистӣ, ки ҳозир мамлакати озод гаштааст, чунин мегӯяд: "Аз таҷрибаи шахсӣ ман медонам, ки наваду панҷ фоизи масеҳиён ба таъқибот ва озмоиши имон вохӯрда, бар ин озмоиш ғолиб меоянд, вале ҳамон наваду панҷ фоизе, ки ба озмоиши имон бо бойигарӣ рӯ ба рӯ омадаанд, озмоишро аз сар гузаронда наметавонанд ва мағлуб мегарданд.
Иблис ба ваҷд меояд, вақте ба вай муяссар мегардад, ки моро ба дом афтонад. Масеҳиён ё вуҷуд доштани ҷиҳатҳои манфиро дар пул ва моликият дарк намекунанд, ё ба эътибор гирифтан намехоҳанд. Дар натиҷа қувваи рӯҳонии бисёр касон тамом мешавад ва Калисо ба пуррагӣ рӯҳан заиф мегардад. Пул чун оташ, вақте ки хизмат мекунад, манфиат меорад, вале вақте ки ҳокими одам мегардад, ҳамаро вайрон месозад. Агар Калисо хоҳад, ки ба ин васваса хотима диҳад, ӯро лозим аст зуд табиати ҳақиқии онро дарк намояд.
Дар замонҳои Исо он одам доранда шуморида мешуд, ки барои имрӯзу пагоҳхӯрокии фаровон ё ду сару либос дошт. Аз рӯи ин меъёр бисёр одамоне, ки ҳоло нодор ҳисобида мешаванд, бой ҳастанд, махсусан одамони ғарб. Худ ба худ дороӣ чизи бад нест. Хатари он дар маркентилизм аст, ки тавсифҳои зеринро дорад:
Ба шарофати қувваи васвасакунандаи худ бойигарӣ дар худ хатаре дорад, ки бисёр вақт одамонро маҷбур месозад аз Исои Масеҳва Малакути Ӯ даст кашанд. Боре назди Исо ҷавони сарватманде омад; баъди он, ки Исо амр намуд, то дороияшро ба камбағалон тақсим кунад, вай ғамгин шуда, аз Худованд дур шуд. Исо ин ҳодисаро чунин шарҳдод: "Ба Малакути Худо даромадани сарватдорон чӣ гуна душвор аст! (Луқо 18:24; Марқ. 10–23; Мат. 19–23.).
Ҷидду ҷаҳд ба бойигарӣ метавонад одамонро маҷбур созад, ки амалан ба ҳама кор қодир бошанд, то ба фурӯхтани ҷони худ ба иблис. Дар натиҷа, таъкид менамояд Навиштаҳо, одамон ҳозир ба васваса афтода баъдтар ба лаънат гирифтор мешаванд (ба 1 Тим. 6:9–10 ниг.). Фаровонии ашёҳои моддӣ метавонад моро маҷбур созад фаромӯш намоем, ки Худо сарчашмаи ҳама чиз мебошад. Исроилиён пеш аз он, ки ба Замини ваъдашуда дохил шаванд, дар ин бора огоҳонида шуда буданд (ба Так. Шар. 8:11–17 ниг.).
Ҷидду ҷаҳд ба бойигарӣ бисёр вақт ба ҷанг оварда мерасонад. Дар ин бора дар Номаи Яъқуб (4:1–2) фаҳмо гуфта шуда, бо мисолҳои зиёде аз таърихи ҷаҳонӣ исбот карда шудааст. Бойигарӣ дили одамонро ба эҳтиёҷотҳои камбағалон раҳмгин намесозад, балки баръакс, онҳоро сангин мегардонад. Боён бисёр вақт нисбати камбағалоне, ки дар назди дарҳои онҳо меистанд, бетарафӣ зоҳир месозанд (ба Луқо 16:19–21; Ишаъё 5:8–10; Омӯс 6:4–7; Яъқуб 5:1–5 ниг.).
Пул қудрати муайян дошта, бо ҳаёти шахсии худ зиндагӣ мекунад. Аз рӯи хислати худ он қувваи иблисона дорад. Вақте ки Исо дар бораи бойигарӣ гап зада, истилоҳи арамии "маммона"-ро истифода бурд, Ӯ симои ҷисмонӣ ва рӯҳониро дар назар дошт, ки бо Худо рақобат мекунад. Маммона қуввае мебошад, ки кӯшиш мекунад аз болои мо ҳукмфармоӣ кунад.
Ба ҳамин тариқ, пул қувваи фаъол ва худ дар худ қонуне буда, қудрат дорад вафодорӣ ба худро талқин кунад. Қатъиян ибратбахш мебуд, ки худро канор гирифта, ба давуғеҷҳои саросемавори одамон назора кунем, ки барои ба даст овардани пул ба он афтодаанд. Ин давуғеҷ на танҳо дар байни одамони нодор ҳукмфармо мебошад. Одамони аз ҳама бойтарини ҷаҳон низ ба ҷидду ҷаҳди боз ҳам бойтар шудан афтодаанд. Намояндагони табақаи миёнаҳол харидани хона, мошин, либосҳоро аз андозаи зарурӣ зиёдтар давом медиҳанд. Агар пул ҳамин хел як чизи воситаи барои ба даст овардани молҳо мебуд, ҳирси ин қадар бисёр пул доштан маъное намедошт. Мо одамонро аз рӯи даромадҳояшон баҳо медиҳем ва аз рӯи он, ки чӣ қадар пул доранд, ҳурмату эҳтиром мекунем.
Аммо аз болои худо Маммона чӣ тавр ғалаба кунем? Аз ҳама асосиаш он аст, ки Рӯҳулқудс ва Исо — Муаллими мо бо мо ҳастанд. Китоби Муқаддас имкониятҳоро пешкаш менамояд, ки мо бояд қарорҳои иқтисодиро дар асоси он бароварем ва тамоми ваъдаро баҳо диҳем. Дар зер баъзе пешниҳодҳо оиди ин масъала оварда шудаанд.
Ҳиссиётҳоеро, ки пул дар шумо пайдо мекунад, яъне тарс, бепушту паноҳӣ, ҳисси гунаҳкорӣ, ғурур ё ҳасадро дида бароед. Мо аз он метарсем, ки кам пул дошта бошем ё ин, ки тамоман бепул мемонем. Тарсҳои мо дар ҳеҷ чиз асос наёфтаанд ва аз ҳақиқат дур мебошанд. Моро лозим аст пеш аз он, ки ба Каломи ваъдашуда муроҷиат намоем, ин ҳиссиётҳоро ҳал намоем.
Инкоркунии дороии моддии худро бас кунед. Ба ҷои он, ки аз дороии ками худ шикоят кунед, шаҳрвандони ҷаҳон гардед ва ба худ аз тарҳи тамоми инсоният нигоҳкунед.
Чунон муҳите офаред, ки дар он эътирофи гуноҳимконпазир бошад. Бисёр вақт мо дар мавъизаҳои худ эътирофи гуноҳҳоро маҳкум кардем ё онро таъриф намудем, вале ба одамон ёрӣ нарасондем, ки дар назди якдигар ба гуноҳиқрор шаванд. Бисёр касон худро танҳо ва ба касе нодаркор ҳис мекунанд. Хеле хуб мешуд, ки мо чунин гуфта, аз тарс ва васвасаҳои худ тавба карда метавонистем: "Маро бубахш, зеро ман гуноҳкардам, пул султони дили ман гардид!"
Одами дигареро ёбед, ки ба шумо ёрӣ диҳад, то аз ин чигилӣ бароед. Шумо метавонед бо якдигар аҳд бандед, ки дар он вақте ки қувваи васвасакунандаи пул ба шумо ғолиб меояд, ба якдигар ёрӣ расонед. Инро дар рӯҳияи муҳаббат ва дилсӯзӣ кардан даркор аст. Ба мо одамоне даркоранд, ки ба мо ёрӣ мерасонанд ва моро дастгирӣ менамоянд.
Имконият ёбед, ки бо одамони камбағал алоқа бандед. Даромад метавонад ба натиҷаи ҳалокатовар расонад, ва ин дар он ифода меёбад, ки мо аз камбағалон ҷудо мегардем ва дигар ранҷу азобҳои онҳоро намебинем. Моро лозим аст, ки дар байни камбағалон бошем, ба онҳо мавъиза накунем, балки аз онҳо омӯзем.
Бо дили кушод ва олиҳиматона ато кунед. Бахшоишҳои мунтазам мумсикиро аз дили мо решакан мекунад. Ҳатто камбағалон ҳам бояд донанд, ки онҳо ато карда метавонанд. Худи далели ҷудошавӣ аз пул ва бойигарӣ дар ботини мо ягон коре мекунад. Он дар ботини мо ҳарисиро барҳам медиҳад.
Дар муборизаи мо ба муқобили Маммона биёед ба Худо ҳамчун ба Дӯсте назар мекунем, ки мехоҳад ба мо ёрӣ расонад. Ӯ он душмане нест, ки моро маҳкум мекунад. Ҷидду ҷаҳди мо ба тарзи хоксоронаи ҳаёт аз дуо сар мешавад, вақте ба Худо мегӯем, ки тайёрем то ба охир Ӯро пайравӣ намоем. Ҳоло бошад фақат лозим аст ба Ӯ итоат намоем ва Ӯ моро равона месозад ва панд медиҳад.
Каме пештар сарварони хитоӣ бо ҳам вохӯрданд, то масъалаҳои дар хизматгузорӣ пайдошудаи худро ҳал намоянд. Масъалаи якумро пул ва васвасаҳои моддӣ номида буданд. Ду сарчашмаи ин хатар вуҷуд дорад. Якум сатҳи инкишофёбандаи ҳаёт дар минтақаҳои наздисоҳилии Хитой мебошад, ки роҳбарони калисоиро ба тиҷорат тела дода, калисоҳоро аз шубонони зарурӣ маҳрум месозад.
Масъалаи дигар аз он иборат аст, ки масеҳиёни ғарб барои калисоҳои хонагии Хитой хайрияҳо мекунанд. Гурӯҳи калисоҳои немис ба сарвари маъруфи калисоҳои хонагӣ даҳҳазор доллари амрикоӣ дод, то ки ӯ семинарияи махфӣ таъсис диҳад. Ӯ барои ин кор ҳамагӣ сеяки пулҳоро харҷ кард ва аз мамлакат муҳоҷират намуд.
Устоди вай чунин гуфт: "Кам касоне аз мо метавонанд чунин васвасаро бартараф намоянд, махсусан агар тамоми умрро дар қашшоқӣ гузаронда бошанд. Ӯро ба чунин ҳолат гузоштан лозим набуд, зеро пулро ба дасти вай нақд дода, ҳисобот талаб накарданд".
Роҳбарони калисоӣ стратегияи муайянро кор карда баромаданд, ки ба қатъияти ҳисоботдиҳӣ дар байни шубонон нигаронда шуда буд. Онҳо инчунин ба масеҳиёни ғарб чунин муроҷиатнома равон карданд: "Марҳамат карда, пеш аз он, ки мехоҳед пул диҳед, бо диққат дуо кунед ва кӯшиш кунед, ки онро ба воситаи миссияҳое диҳед, ки онҳо дар алоқа бо ҳаракатҳои калисоҳои хонагӣ таҷриба доранд. Пули нақдро ба имондорон ба миқдори кам диҳед".
Диққат диҳед: ҳуҷумҳои иблис дар асоси дурӯғ ва тарсонидан асос меёбад. Душман кӯшиш мекунад, ки маълумотҳои дурӯғро дар бораи имондорон пешкаш намояд, аз рӯи имкон дар ҳама ҷо онҳоро гумроҳсозад ва фиреб диҳад. Вай инчунин кӯшиш мекунад мутеии моро ба тарс истифода барад. Вале Рӯҳулқудс, ки Рӯҳи ҳақиқат мебошад, агар мо роҳнамоии Ӯро ҷӯё бошем, метавонад дилхоҳдурӯғи иблисро фош созад ва ба мо ҷасорати зарурӣ диҳад.
Моро лозим аст, ки қарори қатъӣ қабул намоем ва ба иблис дар ҳаёти худ ҷой надиҳем (ба Эфс. 4:27 ниг.). Мо бояд ба муқибили вай мусаллаҳшавем (ба Эфс. 6:10–18 ниг.) ва ба муқобили вай бо қуввае, ки Худо додааст, бароем (ба Яъқ. 4:7 ниг.). Мо метавонем ба Худо истиғоса намоем, то Ӯ барои иблис манъе бошад (Яҳудо 9) ва боварии пурра дошта бошем, ки бо хуни рехтаи Масеҳтамоми гуноҳҳои мо кафорат дода шудааст (ниг. ба Ваҳй 12:10–11).
Боби ёздаҳум
XАНГИ РӮҲОНӢ
2 Қўр. 10:4
Як шyбони филиппинӣ, собиқ мусулмон, дар ҷазираи Минданао дар қисми ҷанубии Филиппин зиндагӣ мекунад. Вай як замоне сарвари машҳури гурӯҳи роҳзанӣ буда, аз боиси роҳзанӣ ва куштор якчанд соли умри худро дар ҳабсхона гузарондааст. Дар ҳабсхона вай ба Масеҳимон овард.
Баъди озодшавӣ вай дигар мусулмононро чунон бомуваффақият ба Масеҳҷалб мекард, ки моҷароҷӯёни мусулмон маҷбур шуданд духтарчаи чордаҳсолаи вайро дузданд. Онҳо ваъда карданд, ки духтарашро ба он шарте бармегардонанд, ки башоратдиҳиро бас мекунад ва ба ислом бармегардад.
Якҷоя бо завҷааш ин шубон аз Худо муҳофизат хоста дуо мекарданд, ва ба зудӣ фаҳмиданд, ки ба ин найранг ҳеҷ гуна гузаштҳо кардан лозим нест. Дар давоми се сол вай дар бораи духтарчаи гумкардааш бо ҷидду ҷаҳд дуокуниро давом медод.
Вай мегӯяд: "Бо вуҷуди ҳамаи он даҳшатҳо, ки онҳо бо духтари ман карда метавонистанд, ман аз касе ҷуз аз Худо наметарсидам! Ман аз ҳама хоҳиш мекардам, ки барои духтари ман ва барои минбаъд ҳам мавъиза карда тавонистани ман дуо кунанд".
Дар аввали соли 1995, ниҳоят вай аз духтараш мактуб гирифт. Вай ба падару модараш нақл мекунад, ки вайро ба сифати фоҳиша ба Малайзияи Шарқии ҳамсоя фурӯхтанд. Вале Худо ба вай ёрӣ расонд, ки аз хӯҷаинон гурезад. Як оилаи малайзиягии дилсӯз духтарро дар хонаи худ пинҳон кард. Дар он ҷо вай як ҷавонро дӯст дошта оиладор шудааст. Духтар ба падару модар дар бораи вохӯрии махфиёна дар ҷои дилпур маслиҳат намуд.
…Чунки муборизаи мо на бар зидди хун ва ҷисм аст, балки бар зидди сарварон, бар зидди ҳукуматдорон, бар зидди фармонравоёни ин олами зулмот аст, бар зидди қувваҳои рӯҳии шарорат, ки дар афлок аст (Эфс. 6:12).
Дар саҳифаҳои пешина мо хислатҳои душманамонро дида баромадем ва ҳоло моро лозим аст тавсифи муҳорибаеро дида бароем, ки ба муқобили вай мебарем.
Дар ҷанги муқаррарӣ тарафҳои ҷангкунандаро аз рӯи гуногунии сару либос фарқ кардан мумкин аст, хатти фронт бошад мавқеъҳои тарафҳои мухолифро нишон медиҳад. Вале дар ҷанги партизанӣ ҳама чиз мушкилтар мебошад. Гуфтан мушкил аст, ки душман дар куҷо аст. Он метавонад дар ҳама ҷо бошад ё набошад. Душман ягон нишонаҳои фарқкунанда надорад, то ба мо ёрӣ диҳад, ки ӯро шиносем. Яроқи душман метавонад дар хонаи душман, дар воситаи нақлиёт ва ҳатто дар баданаш пинҳон бошад. Амалиётҳои ҳарбӣ метавонанд муддати зиёд бо талафоти қувваҳои инсонӣ тӯл кашанд. Чунин ҷанг метавонад рӯҳафтодагӣ биёрад ва аз бисёр ҷиҳат ғалабаи қатъиро имконнопазир гардонад.
Ҷанги рӯҳонӣ бештар ҷанги партизаниро ба ёд меорад. Аз ин ҷиҳат муҳорибаи рӯҳониро бурдан хеле мушкил мебошад. Бисёр масеҳиён ҳатто дарк намекунанд, ки ба ҷанги рӯҳонӣ ҷалб карда шудаанд ё ин, ки онҳо ба таври назариявӣ дар бораи муҳорибаи рӯҳонӣ медонанд, вале ба он диққат намедиҳанд. Агар мо қувваҳои ноаёнеро, ки дар ҷаҳони дидашавандаи мо амал мекунанд, эътироф накунем, агар мо ба таври зарурӣ мусаллаҳнашавем, барои бурдани муҳориба тамоман нотайёр мемонем.
Душманро дар ҳақиқат шинохтан хеле душвор аст ва стратегияи вай ба бисёриҳо номаълум аст, аз ин рӯ бисёр масеҳиён инро нафаҳмида, шикаст мехӯранд. Ва ҳарчӣ ҳам набошад, мо барои ин муҳориба таваллуд шудаем. Вақте ки мо аз боло таваллуд шудем, либоси росткорӣ пӯшидем ва мусаллаҳшудем, то ки бо роҳнамоии Худованди лашкари осмонӣ ба ҷанг равон шавем! (ба Заб. 22:5 ниг.).
Чун имондорони иштирокчии ҷанги ҳақиқӣ, мо бояд диққати худро на ба ҷанбаи иблисонаи ин ҷанг, балки ба Худои зинда равона созем. Агар душман диққати моро ба дигар тараф ҷалб кунад, мо мояд ба ин гуна падидаҳо чун ба хомӯшакҳои шилқин муносибат намоем. Вагарна ба иблис ва думравони он муяссар мегардад, ки моро ба тарафи дигар кашанд ва диққати моро ба онон ва ба ин ҷаҳони намоён, ки онро онҳо идора мекунанд, ҷалб намоянд. Вале диққати мо бояд ба идоракунии Худо дар ҷаҳони диданашаванда нигаронида шуда бошад (ба Эфс. 2:6; 2 Қўр. 4:18 ниг.).
Ҷанги рӯҳонӣ муноқишаи кайҳонӣ мебошад, ки байни Малакути Худо ва шоҳигарии иблис давом дорад. Дар хотир нигоҳдоред, ки мо дар бораи ду шоҳигарии баробарҳуқуқ намегӯем, ки барои ғалаба мубориза мебурда бошанд. Иблис ҳамагӣ махлуқи офаридашуда мебошад. Масеҳбошад ба пуррагӣ қудрат ва ҳокимиятро аз болои иблис дорад. Ҳокимияти иблис дар болои салиб барҳам хӯрд. Ҳавворӣ Павлус барои мо дар Нома ба Қўласиён (2:15) суханони зеринро менависад: "…Сарварону ҳукуматдоронро аз қувваташ маҳрум сохта, гирифтори шармандагӣ кард ва бар онҳо дастболо шуд". Ба ҳамин тариқ, ягона қудрате ки имрӯз иблис дорад, дар он аст, ки вай одамонро моҳирона фиреб медиҳад ва одамонро кӯр месозад, то ки одамон ҷалоли Худоро набинанд (ба 2 Қўр. 4:3–4 ниг.).
Стратегияи асосии иблис дар он аст, ки вай ҷидду ҷаҳд мекунад, то ҷудо кунад ва ҳукм ронад. Тактикаи асосии вай аз айбдоркунӣ, дурӯғ ва ҷудосозии мо аз Падари Осмонӣ ва аз якдигар иборат мебошад. Вай дар кори палидгардонии муҳити атроф, ки ба Худо тааллуқ дорад, ба одамон фаъолона роҳбарӣ мекунад, то ки инсониятро дар зулмот нигоҳдорад. Ана барои чӣ барои иҷрои Супориши Бузург ягонагӣ дар Бадани Масеҳин қадар муҳим мебошад.
Одамони беимоне, ки дар харҷу марҷи ин ҷаҳон раҳгум задаанд, бо одамони номуташакил, ки то ба худвайронкунӣ омада мерасанд, алоқа кардан намехоҳанд. Калисои Исои Масеҳро бояд муҳаббат роҳнамоӣ кунад. Мо бояд барои ҷаҳони фаношаванда паноҳгоҳ, ҷои бехатар бошем!
Акнун биёед ҳамаи сатҳҳои бурдани ҷанги рӯҳониро тадқиқ менамоем.
Азозилон ҳамон вақт ҳуқуқи пурраи ба одам таъсир карданро доро мегарданд, ки амалҳо ё ҳолати вай чунин тасвия шавад:
гуноҳи ихтиёрӣ (Рум. 3:9–12);
амалияи симиёӣ ё фаъолияти ҷодугарона (Аъм. 19:18–19);
гирифтори рӯҳи палид будан (Марқ. 9:17–27);
гуноҳи меросӣ ё авлодӣ (Адад. 14:18).
Дар Инҷили Марқўс (1:21–28) Исо ба мо оиди шахси дорои рӯҳи палид нақл мекунад, ки аз азобдиҳандагони худ озод карда шуда буд: "Ва онҳо ба Кафарнаҳум омаданд; ва дере нагузашта Ӯ дар рӯзи шанбе ба куништ даромада, ба таълим додан шурӯъ намуд. Ҳама аз таълими Ӯ дар ҳайрат монданд, зеро ки онҳоро ҳамчун соҳибқудрат таълим медод, на ҳамчун китобдонон. Дар куништи онҳо касе буд, ки рӯҳи палид дошт, ва якбора фарёд зада, гуфт: "Туро бо мо чӣ кор аст, эй Исои Носирӣ? Ту барои нест кардани мо омадаӣ! Ман медонам, ки Ту кистӣ, эй қуддуси Худо!" Исо вайро манъ карда гуфт: "Хомӯш шав ва аз вай берун ой!" Рӯҳи палид вайро ба ларза андохта, бо овози баланд фарёд заду аз вай берун шуд. Ҳама ба воҳима афтоданд, ба дараҷае ки аз якдигар мепурсиданд: "Ин чист? Ин чӣ таълимоти навест, ки Ӯ ба арвоҳи палид низ боқудратона амр мефармояд, ва онҳо ба Ӯ итоат мекунанд?" Ва овозаи Ӯ зуд дар тамоми сарзамини Ҷалил паҳн шуд."
Ин порчаро хонда, ба ин диққат диҳед:
Одами гирифтори рӯҳи палид дар маъбад якҷоя бо одамони имондор буд. Мо тахмин мекунем, ки вай аз ҷумлаи одамони Худоҷӯй буд. То ба куништ омадан ин одами гирифтори рӯҳи палид бояд худро ба қадри кофӣ баҳузyр ҳис мекард.
Вақте ки нури Худованд пайдо шуд, торикӣ пароканда шудан гирифт! Шахс дар ҳолати ҷонканӣ дод гуфт, зеро рӯҳи палид ҳамон замон фаҳмид, ки вақти доварии вай фаро расидааст.
Исо ба рӯҳи палид фармон дод, ки оромона рафтор намояд ва аз он шахс баромада равад! Моро лозим нест, ки бо ин одамони бечора чун ба одамони камақл нигоҳкунем. Шояд ҳамсояҳои мо, дӯстони калисоӣ ё аъзоёни оилаи мо ба чунин ҳолат гирифтор бошанд. Исо мехост он шахсро аз азобдиҳандааш раҳоӣ диҳад. Ӯ он шахсро таҳқир накарда ва ба хиҷолат наандохта, ин корро кард.
Исо ба ҳолати ба амаломада беэътиноӣ накарда, зуд онро ҳал намуд. Ӯ пур аз тараҳҳум буд ва мехост он шахсро озод бинад.
Исо фаҳмонда надод, ки барои чӣ одами ба куништ омада гирифтори рӯҳи палид буд. Рӯҳҳои палид хислати исёнгарӣ доранд. Ва ҳарчанд Исо амр кард, ки хомӯш бошад, он бо овози баланд фарёд баровард ва баъд аз он шахс берун шуд.
Шубони кореягӣ ҳазрат Дейвид Йонгги Чо (David Yonggi Cho) дар бораи зани соҳибмаълумоти зебое нақл мекунад, ки ба духтури номдоре ба шавҳар баромада буд. Вай даҳсол боз гирифтори дарди фалаҷ буд ва шавҳараш кӯшиш мекард, ки давои дарди ӯро ёбад. Ниҳоят, вай ба калисои шубон Чо меомадагӣ шуд.
Боре дар ҷамъомади дуо, ки пагоҳии барвақт мегузашт, зан баногоҳаз ҷояш хест ва ким-чӣ хел овозҳои даҳшатнок ва ғайритабиӣ баровардан гирифт, ва баъд хандаи иблисона садо дод. Масеҳиён тарсида аз хона давида баромаданд.
Вақте шубон Чо ба зан амр кард, ки чунин рафтор накунад, вай овози ҳалқумии дағалро шунид: "Имрӯз мо туро мекушем!"
Шубон Чо пурсид: "Шумо кистед?" Овози ҳалқумӣ ҷавоб дод: "Мо азозилонем!" Дар ин лаҳза зан ба сари шубон зарбае зад ва ӯро аз по афтонд.
Шубон аз Худо мадад пурсид: "Худовандо, хуни Худро бар ман бипош!" Баъд вай ба зан рӯ оварда, фармон дод: "Бо номи Исои Масеҳ, ту иблис, дафъ шав!"
Овози ҳалқумӣ ҷавоб дод: "Мо бисёрӣ ҳастем ва мо намебароем! Имрӯз ту шикаст хӯрдӣ!"
Шубон Чо чор соат дуо кард, баъди он аз бемадорӣ нишаст. Баъд вай боз чор соати дигар дуо карда, ба азозилон амр мекард, ки ба номи Исои Масеҳаз он зан берун шаванд!
Дар берун торикӣ фаромада буд ва шубон баъди ҷанги ҳаштсоатаи рӯҳонӣ рӯҳафтодагиро ҳис кард. Бо овози таваллокунанда вай аз Исо ёрӣ талабид ва ҳис кард, ки дар ботини ӯ Рӯҳулқудс сухан ронд.
Шyбон боз амр кард, вале ин дафъа бо овози баланд ва омирона:
"Ба номи Исои Масеҳ, ман ба шумо амр медиҳам, ки дафъ шавед!" Зан фарёде баровард ва қай кард. Аввал вай дар рӯи фарш ғел зад ва баъд ором гашта, чун мурда дароз хобид. Баъд вай чашмонашро кушода гуфт: "Шубон, маро бубахш. Вале ман ҳеҷ кор карда наметавонистам. Азозилон байни худ мегуфтанд, ки ту тамоман бетаҷриба ҳастӣ ва агар исроркорӣ зоҳир созанд, ба муваффақият ноил мегарданд. Тамоми бадани ман дард мекунад, гӯё ки шаллоқкорӣ карда бошанд. Вале акнун ман озод ҳастам".
Зан аз сари нав фарёд задан гирифт, вале ин дафъа аз хурсандӣ — фалаҷии вай гум шуда буд. Дар натиҷаи ин мӯъҷиза шавҳари вай ҳаёти худро ба Худованд бахшид.
Ҷанги рӯҳонӣ дар сатҳи симиёӣ бо истодагарӣ ба муқобили қувваҳои азозилӣ тавсиф дода мешавад. Одатан, ин сатҳи ҷанги рӯҳонӣ нисбат ба дигаронаш сахттар аст, ҳарчанд қисме аз одамон аз боисии васвасаҳои нозук ба азозилон вобаста гардидаанд, дигаронаш бошанд, ошкоро аз иблис мадад пурсидаанд. Дар Китоби Аъмол (16:16–23) мо дар бораи Павлус ва зани ҷавоне мехонем, ки рӯҳи ғайбгӯӣ дошт: "Як рӯз, ки мо ба ибодатгоҳмерафтем, ба мо канизе вохӯрд, ки рӯҳи ғайбгӯй дошт ва аз ғайбгӯӣ ба оғоёни худ даромади калоне меовард. Вай аз қафои мо ва Павлус омада, фарёд зад, ки ин одамон бандагони Худои Таолоянд ва роҳи наҷотро ба мо хабар медиҳанд. Азбаски вай чандин рӯз ҳамин тавр рафтор кард, Павлус дарғазаб шуд ва ба вай рӯ гардонда, ба он рӯҳгуфт: "Ба исми Исои Масеҳтуро амр мефармоям, ки аз вай берун баро". Ва дарҳол аз вай берун омад. Чун оғоёни вай диданд, ки умеди даромадашон аз даст рафт, Павлус ва Силоро дастгир карда, ба майдони шаҳр назди сардорон кашида бурданд; Вақте ки онҳоро назди волиён оварданд, гуфтанд: "Ин одамон, ки яҳудӣ ҳастанд, шаҳри моро ба шӯр овардаанд. Ва расму таомулеро мавъиза мекунанд, ки қабул кардан ва ба ҷо овардани он ба мо, румиён, ҷоиз нест". Мардум низ ба онҳо қиём карданд, ва волиён ҷомаҳои онҳоро канда партофта, фармуданд, ки онҳоро калтаккорӣ кунанд; Пас аз задани шаттаи бисёр, онҳоро дар зиндон андохтанд ва ба зиндонбон амр фармуданд, ки онҳоро дурустакак нигоҳбонӣ кунад".
Диққат диҳед:
Павлус ва Сило ба ибодатгоҳмерафтанд, вақте ки ба онҳо зани ҷавон вохӯрда, фарёдкунон ваҳйи худро баён кардан гирифт. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки вай ин корро якчанд рӯз такрор кардааст. Душман хеле дӯст медорад, ки диққати моро аз дуокунӣ ба худ ҷалб кунад.
Павлус медонист, ки ин зан гирифтори рӯҳи ҷодугарӣ мебошад. Вақте ки зан дар бораи Павлус мегуфт, вай гапи ҳақро ба забон меовард. Вале мо бояд аз нишонаҳои чашмрас дуртар нигоҳкарданро омӯзем, то фаҳмем, ки иблис бо он чӣ гуфтан мехоҳад. Вай мехост номаи Павлус ва Силоро бо он беэътибор гардонад, ки гӯё сарчашмаҳои пешгӯиҳои зан ва мӯъҷизаҳое, ки ҳаввориён нишон медоданд, яканд. Ба ҳамин тариқ, ба вай муяссар мегашт, ки Инҷил ва ҳаввориёнро беэътибор гардонад.
Павлус медонист, ки зан гирифтори рӯҳмебошад, вале то он даме кӯшиши манъ кардани вайро накард, ки Худо ба вай нисбати зан дилсӯзӣ намуда амр кард, ки қувваи рӯҳониро истифода барад, то рӯҳи нопокро ронад. Вақте ки мо оиди масъалаи конкретӣ рӯъё дорем ва ҳатто қувваи рӯҳонии худро дарк менамоем, ин маънои онро надорад, ки ба мо рухсати амал кардан дода шудааст. Диагноз маънои фармони амал карданро надорад! (ба Луқо 10:19 ниг.).
Биёед ба ду саргузашт диққат медиҳем, ин дафъа ба ҳодисаҳои ҳозиразамон. Дар як шаҳраки на чандон калони кӯҳнапарасти Канада калисои иблис ҳаст. Боре дар конфронси минтақавии пайравони иблис калисои иблисии ин шаҳр барои дастовардҳои намоёнаш зикр карда шуд. Дар он сол пайравони иблис аз рӯи рӯйхати пешакӣ тартибдодашуда барои несту нобуд кардани сарварони инҷилии шаҳри худ дуо карданд. Онҳо дуо карданд, ки роҳбарон рафторҳои ношоям нишон диҳанд ва оилаҳои онҳо вайрон шаванд. Дар як сол панҷ шубон аз ҷумлаи сарварони хуби масеҳиёни шаҳр маҷбур шуданд хизматгузории худро тарк намоянд.
Тахминан ҳамон вақт, ҳангоми парвоз як корчаллон мушоҳида кард, ки ҳамсафари ҳамсояаш аз хӯрок даст кашид. Вай аз ҳамсояаш чӣ воқеа шуданашро пурсид. Он шахс ҷавоб дод, ки рӯза дорад.
— Ҳа, пас шумо ҳам масеҳӣ ҳастед, — мароқ зоҳир кард корчаллон.
— Не, — ҷавоб дод он шахс, — ман шогирди иблис мебошам. Мо барои вайрон шудани панҷсад оилаи масеҳиён рӯза медорем ва дуо мекунем!
Ба миссионерони осиёӣ, ки дар деҳаҳои дурдасти Индонезия кор мекарданд, баъди он, ки онҳо ба номи Исои Масеҳбарои зани бемор дуо карданд ва Худо ба вай ба таври мӯъҷизаосо шифо дод, лозим омад, ки бо қувваҳои симиёӣ сар ба сар шаванд.
Ҷодугари таҳҷоӣ аз чунин ранг гирифтани кор ба ташвиш афтод. Вақте ки миссионерон аз сари нав ба ин деҳа омаданд, вай онҳоро даъват намуд, ки қувваозмоӣ кунанд. Вай ангуштаринашро, ки онро сарчашмаи қувваи фавқулодда меҳисобид, аз ангушташ кашида дар болои миз кӯҳнаи тахтагин гузошт. Баъд вай гуфт: "Биёед ҳар кас ба Худои худ дуо кунад. Кадом худое, ки он ангуштаринро тоб хӯронида тавонад, ҳамон худои пурқудрат мебошад ва пайравони худои бойдода бояд деҳаро тарк кунанд ва дигар ба ин ҷо барнагарданд. Ман аввал сар мекунам".
Бо табассуми заҳромез ҷодугари асосӣ аз ҷой нахеста, ба ангуштарӣ нигоҳкард. Миссионерони масеҳӣ, ки мусобиқаро тамошо мекарданд, аз он ба даҳшат омаданд, ки ангуштарин ҳамон замон ба чархзанӣ даромад.
Баъд навбати онҳо расид. Дар он вақте ки гурӯҳи хурд суруди "Ӯ Худованд аст"-ро месароид, сарвари миссионерон бо овози баланд дуо карда, аз Худованд хоҳиш кард, ки қуввати Худро зоҳир созад ва қудрат ва бартарии Худро исбот намояд.
Боиси ҳайрати бузурги ҳамаи ҷамъомадагон буд, ки ҳам ангуштарин ва ҳам ҷодугари асосӣ якҷоя ба чархзанӣ даромаданд. Чархзанӣ то он даме тезтар мегардид, ки ҷодугар бо овози хиррӣ аз қувваи олии Осмонӣ тавалло кард, ки дигар вайро тоб надиҳад.
Ҷодугари бойдода ба таври ҳамешагӣ деҳаро тарк намуд ва ҳамон бегоҳбаъди қувваозмоии рӯҳонӣ бисёр аҳолии деҳа ба Масеҳимон оварданд.
Дар ҷамъияти масеҳиён ба таълимот дар бораи "рӯҳҳои мавзеъ" мароқи бузурге вуҷуд дорад, яъне дар бораи соҳаи ҷанги рӯҳонӣ, ки ба муқобили ҳокимон ва сарварони рӯҳии минтақаи муайяни ҷуғрофӣ бурда мешавад. Ин рӯҳҳои палидро хуб донистан ва онҳоро аз рӯи номҳояшон муайян кардани мо зарур аст.
Аз Китоби пайғамбар Дониёл (10:12–14) маълум мегардад, ки аз афташ, баъзе рӯҳҳои палид ба мавзеъҳои муайян "вобаста" карда шудаанд. Аммо дар Китоби Муқаддас ягон хел намунаи алоқаҳо бо ин рӯҳҳои палид ё амр дар бораи бо онҳо алоқа кардан вуҷуд надорад. Дониёл, масалан ба Худо на барои марги сарварони рӯҳии алоқаманд ба халқиятҳои муайян дуо мекард, — ӯ ба Худо дуо мекард, ки бо қудрати ягонаи Худ фариштаҳоро равон созад, то ба муқобили ин ё он сарварони рўҳии ин ё он сарзамин биҷанганд.
Муаллими Китоби Муқаддас Клинтон Арнолд (Clinton Arnold) қайд менамояд, ки "Худи ҳавворӣ Павлус ҳеҷ гоҳқувваҳои шароратро бо ягон мамлакати муайян ё мавзеъҳо алоқаманд намекард. Масалан, вай ҳеҷ гоҳаз Худо хоҳиш намекард, ки ба муқобили қувваҳои палиде, ки аз болои Рум ё Қўринтус ҳукмронӣ менамоянд, ҷанг кунад… Дуруст аст, ки Павлус он далелро эътироф мекард, ки эммисарҳои пурқудрати азозилӣ вуҷуд доранд, ки ба Калисоҳо ҳуҷум менамоянд ва дар иҷрои вазифаҳои он халал мерасонанд, ва танҳо ба қуввати Худо умед баста бар онҳо ғалаба кардан мумкин аст."
Шаҳри Луқсор дар Мисри Боло дар замонҳои Аҳди Қадим ҳамчун Фива машҳур буд. Он дар соҳили дарёи Нил, ҳаштсад километр ҷанубтар аз Қоҳира, дар водии Шоҳон ҷойгир аст, ки дар он мақбараи фиръавн Тут ва дигар шахсони олимақоми Мисри қадим вуҷуд дорад.
Фива дар Китоби пайғамбар Ирмиё ёдовар мешавад ва худои онҳо Омўн (ба Ирм. 46:25 ниг.), ҳамаи тавсифи ҳокими рӯҳии минтақавиро дорад. Дар таърихи зиёда аз чор ҳазору панҷсадсолаи ин шаҳрҳо ягон шаҳодат дар бораи он нест, ки ягон ҷамоаи дуокунанда, рӯзагиранда ё ҷалолдиҳандаи Худо ба муқобили қувваҳои азозилӣ ба ҷанг даромада бошанд.
Дар охири солҳои 2000-ум қариб ҳафтод нафар шафоатгарони мисрӣ аз ноҳияҳои ҷанубии мамлакат (дар он ҷое, ки фаъолияти Калисо хеле суст мебошад) гирд омаданд, то ки барои Миср рӯза гиранд ва дуо кунанд. Онҳо инчунин дар бораи он дуо карданд, ки аз болои қувваҳои худо Омўн ғалаба кунанд. Шафоатгарон ба "ҷойҳои муқаддас"-и муқаддасгоҳи маҳаллӣ якчанд бор сафар карданд.
Бегоҳиҳо дар калисои маҳаллӣ ҷамъомадҳои дуоӣ гузаронда мешуд. Дар шаби дуюм Рӯҳулқудс Худро зоҳир сохт ва даҳҳо имондорон ба пеш баромаданд, то ки аз ҷодугарӣ ва иштирок дар маросимҳои симиёӣ тавба кунанд (ки ин кор дар он ҷо хеле паҳн шуда буд). Хизматгузорӣ то нимишабӣ давом кард ва тамоми ин вақт шафоатгарон дар назди қурбонгоҳистода дар бораи тавбакунӣ, раҳоёбӣ аз вобастагии нобудкунанда ва тадҳинкунӣ барои хизматгузорӣ дуо мекарданд.
Шафоатгарон бовар мекунанд, ки дар он шаб қувваи рӯҳи Омўн шикаст хӯрда буд.
Роҳпаймоиҳо ба хотири Исо усуле мебошанд, ки ба мубориза ба муқобили рӯҳҳои мавзеъҳо равона карда шудаанд. Як таҳлилкунанда чунин гуфт: "Ҷалол додани Худо дар кӯчаҳо, на дар паси дарҳои пӯшида, ҳуқуқи Худоро дар ҳокимӣ кардан дар ҷаҳони Худ тасдиқ менамояд ва ҳудуди идоракунии Ӯро паҳн месозад".
Шаҳри Кали (Колумбия) дар кори тадқиқи ҷанги рӯҳонӣ метавонад боз як намунаи ҳайратовар гардад. Ин шаҳр дар тамоми мамлакат бо дараҷаи баланди миқдори фавт, зӯроварӣ ва нашъамандии худ машҳур буд. Соли 1998 дар Колумбия бо марги зӯроварона сиву панҷ ҳазор одамон мурда буданд ва тахмин карда мешуд, ки соли 1999 миқдори онҳо то ба чил ҳазор нафар омада мерасад. Аз се як нафарашон дар ҷанги партизанӣ мемурд ва аз се ду нафарашон — бо сабабҳои дигар. Миқдори фавт махсусан дар байни ҷавонон хеле баланд буд. Шӯришгарон дар Колумбия тахминан се ҳазор одамонро гаравгон гирифтаанд. Онҳо тамоми даромадҳои худро аз фаъолияти ҷинояткорона ба ҷанги сивупанҷсола ба муқобили давлат равона мекунанд. Бо вуҷуди ин, дар байни ҳамаи ин зӯровариҳо, нашъамандиҳо ва муборизаҳо Калисои Исои Масеҳинкишоф меёбад ва мустаҳкам мегардад.
Соли 1962 доктор Билли Грэм дар Кали хизматгузорӣ гузаронд. Имондорон боварӣ доранд, ки чор даҳсола пеш дар варзишгоҳи Кали вай суханони пешгӯикунанда гуфта буд: "Вақте ки ман ин пагоҳӣ бедор шудам, дар яке аз теппаҳо се салибро дидам ва дар дигараш Худи МасеҳШоҳмеистод. Ман боварӣ дорам, ки дар Кали бедоршавии калон ба амал меояд".
Дуои якҷоя мақсад ва бори сарварони калисоҳо дар Кали гардида буд. Аввалин дуои шомгоҳии байниденоминатсиявӣ дар шаҳри Кали соли 1995 ташкил карда шуда буд. Дар он шаб мири шаҳр, масеҳӣ, Исоро Худованди шаҳри Кали эълон намуд.
Инкишофи калисо дар Кали тааҷубовар аст: соли 1980 дар шаҳр сӣ калисо, соли 1990 аллакай дусаду панҷоҳва дар соли 1999 — шашсад калисо мавҷуд буд. Дар охири августи соли 1999 чорсад нафар шубонони Кали аз сари нав бо ҳам барои дуокунӣ гирд омаданд, ки дар рафти он онҳо аз Худо ва аз якдигар бахшиш ва оштӣ хостанд. Доктор Луис Буш (Lғis Ӣғsh) дар бораи он тағйиротҳое, ки дар ин шаҳр шуда гузаштаанд, чунин нақл мекунад: "Аз як тараф мо навигариҳоро дар бораи рабуданҳои даҳшатнок мешунавем, аз тарафи дигар — дар бораи миқдори афзояндаи одамоне, ки Исои Масеҳро Худованд ва Наҷоткори худ қабул намудаанд.
Аз як тараф дараҷаи афзудаистодаи бадахлоқӣ ва фосиқиро шунидан мумкин аст, аз тарафи дигар — шаҳодатҳои зиёдеро дар бораи вохӯрӣ бо қувваи Инҷил, ки ба пуррагӣ ҳаёти одамро тағйир медиҳад.
Аз як тараф Кали маркази асосии нашъаҷаллобӣ мебошад, махсусан аз он вақте ки баронҳои нашъаҷаллоб бо сарварони шӯришчиён иттифоқ бастаанд, аз тарафи дигар — байни шубонони шаҳр рӯҳи мӯъҷизаовари ҳамкорӣ вуҷуд дорад.
Аз як тараф, зӯроварӣ, аз тарафи дигар осоиши Худо, ки бисёр колумбиягиҳо онро баъд аз он, ки Исои Масеҳро ҳамчун Наҷоткори худ қабул карданд, аз сар мегузаронанд."
Доктор Буш илова мекунад: "Ман навакак аз Кали баргаштам ва хеле хурсанд шудам, ки дар Амрикои Лотинӣ тавлиди биниши байнимаданиятии мавъизаи Каломи Худоро дидам. Шаби ҷумъа, вақте ки дар варзишгоҳтахминан чил ҳазор имондорон ҷамъ омада, ба Худо дар бораи шаҳр ва мамлакат дуо мекарданд, баракати махсус буд. Шумораи зиёди имондороне буданд, ки аз сабаби нарасидани ҷой дар берун монда буданд. Ҳангоми дуои шабона баъзе одамон мерафтанд, вале ҷои онҳоро ҳамон замон дигарон ишғол мекарданд".
Ҳангоми омӯзиши ин мавзӯъ эҳтимол васвасаи муболиғаи аҳамияти сатҳҳои ҷанги рӯҳонӣ пайдо шавад. Мо мефаҳмем, ки ин таълимот метавонад ба андозае баҳсталаб бошад. Дар айни замон лозим нест, ки одамонро қурбонии бадбахти қувваҳои диданашаванда ҳисобида, гунаҳкории инсониятро ҳақ барорем, зеро ҳеҷ кас онҳоро аз ҷавобгарии ахлоқӣ дар назди Худо барои аъмолашон маҳрум насохтааст. Вазифаи худро мо дар ин намебинем. Мо инчунин ба муҳориба ба муқобили сарварони рӯҳӣ даъват наменамоем.
Вале моро лозим аст, ки ба пуррагӣ ҳамаи нозукиҳои ҷанги рӯҳониро, ки ба он ҷалб шудаем, дарк намоем ва инчунин афзалиятҳои дуои ҷанговарона ва озодшавиро аз вобастагии рӯҳонӣ фаҳмем. Дар бобҳои оянда мо аслиҳаи рӯҳии пурқудратро, ки мо дар ихтиёрамон дорем ва инчунин усулҳои истифодаи пурсамари онро боз ҳам бодиққаттар тадқиқ менамоем.
Моро инчунин лозим аст донем, ки бо он одамоне, ки аз ҷаҳони симиё ё муҳити нопок ба Масеҳмеоянд, чӣ кор кунем. Чунин одамон ба покшавӣ эҳтиёҷ доранд.
Дуои ҷанговарона барои ноҳия ва шаҳре, ки дар он ҷо зиндагӣ мекунем, ҳамон вақте низ даркор аст, ки мо ба Худо дуо мекунем ва дар бораи фошсозӣ ва шикастдиҳии қувваҳои ҳукмрони бадӣ хоҳиш мекунем. Дар он вақт "кӯршавӣ"-и хирад, ки беимонон — калонсолон ва кӯдаконро намегузорад номаи Инҷилро шунаванд, мегузарад. Ҳамаи ин барои он зарур аст, то мо тавонем Инҷилро пурсамар мавъиза намоем.
Дар айни замон ақидае ҳукмронӣ мекунад, ки ҷанги рӯҳонӣ ҳуҷуми бевосита ба қалъаи иблис ва азозилон ба воситаи дуо мебошад. Дар ҳақиқати ҳол ҷанги рӯҳонӣ бо ин маҳдуд намешавад. Он дилхоҳ амалҳоеро дар бар мегирад, ки ба нақша ва мақсадҳои Малакути Худо мувофиқат менамояд. Ана баъзе намудҳои аслиҳаи пурсамаре, ки мо ба муқобили иблис истифода мебарем.
Шафоатдиҳӣ (Ишаъё. 62:6–7);
Ҳамду сано ва ибодат (2 Вақ. 20:21–22; Заб. 67:1–36);
Муҳаббат ба Худо, ва ҷони худро то ҳадди мамот гиромӣ надоштан (Ваҳй 12:11);
Рӯза (Иш. 58:6);
Наздикӣ ба Худо (Заб. 83:1–4);
Муқовимат (Яъқ. 4:7);
Башоратдиҳии шахсӣ бо ҳамроҳии мӯъҷизот ва аломатҳо (Аъм. 16:16–40).
Азбаски муҳорибаи мо рӯҳонӣ аст, пас яроқе, ки мо дар ин ҷанг истифода мебарем, бояд рӯҳонӣ бошад.
Тавсия:
Пеш аз он, ки ба қисми дигар гузаред, боби 6-уми Нома ба Эфсӯсиёнро хонед.
ҚИСМИ IV
Имкониятҳо ва захираҳо
Боби дувоздаҳум
ЗИРЕҲИ КУЛЛИИ ХУДОВАНД
Эфс. 6:11
Дар майдони муҳориба азимҷуссае меистод. Вай даҳфут қад дошт ва дар ҳаққи халқи Худо таҳдидҳо мекард. Вай ба Худо писханд мезад.
— Бигузор як нафар аз шумо ба муқобили ман барояд, — меғуррид вай.
— Агар ман вайро мағлуб кунам, шумо ба мо хизмат мекунед. Агар вай ғолиб ояд, мо ғуломони шумо мегардем.
На худи Ҷолёт ва қувваи вай, балки он тақдире тарсовар буд, ки Исроилро дар ҳолати мағлубшавӣ дар ин муҳориба интизор буд. Он бояд ё ба ғалабаи пурра меанҷомид ё бо шикасти пурра барои тамоми халқи Исроил. Зиёда аз ин, душман ба Худо писханд мезад. Ин муҳориба бояд зӯрозмоӣ байни худои бутпарастон ва Худои Исроил мебуд.
Довуди ҷасур қарор дод, ки ба муқобили ин одами девсурат барояд. ШоҳШоул заифии ҷисмонии ҷанговари ҷавонро ба назар гирифта ба он исрор кард, ки либосу аслиҳаи ҷангии вайро бипӯшад. Вале Довуд медонист, ки муҳорибаҳои рӯҳоние, ки дар пеш истодааст, аз ҷанги намоён муҳимтар мебошад. Наҷоти вай метавонист танҳо имон ба Худо гардад, на аслиҳаи аъло. Довуд бо номи Худо ба ҷанг даромад ва азимҷусса мағлуб шуд.
Бисёр касон ба андозае ба вазъиятҳои ҷисмонӣ аҳамият медиҳанд, ки дар назди худ мушкилиҳо ва проблемаҳои рӯҳонии ҷиддитарро намебинанд. Мо тамоми ҷидду ҷаҳдро ба он равона месозем, ки рўзғорро базӯр нӯг ба нӯг расонем. Мо дар кор ва хизматгузорӣ аз ҳад зиёд беҳол мегардем. Ҷаҳони дидашаванда моро метарсонад ва ба мо фишори бузург меорад, ҳамин тавр мо имконияти маҳв сохтани душмани азимҷуссаро аз даст медиҳем. Дар натиҷа вай пояшро дар гулӯи мо гузошта, имконияти ҷунбидан намедиҳад.
Худо моро чун ҷанговарон-хизматгорони Худ бо аслиҳаи рӯҳонӣ ва захираҳои зарурӣ чунон мусаллаҳнамудааст, то мо тавонем душманро шикаст диҳем ва барои Малакути Ӯ ғалабаҳои бузург орем.
Бинобар ин, зиреҳи куллии Худоро бигиред, то ки дар рӯзи бад муқобилат намуда ва ҳама корҳоро анҷом дода истодагӣ карда тавонед (Эфс. 6:13, аз тарафи ман хат кашида шудааст — П. Э.)
Павлус навимонони масеҳиро панд медиҳад, ки зиреҳи куллии Худовандро дар бар кунанд; Худо онро барои ҳамин муҳайё намудааст, ки мо дар ҳама гуна вазъиятҳое, ки дар роҳи мо вомехӯранд, истодагарӣ карда тавонем. Худо инчунин зиреҳи Худро барои он таъин намудааст, ки дифоъ ва муҳофизи хирад ва рӯҳбошад, то ки ҷароҳатҳои ҷисмонӣ решаҳои талх нагарданд ва қалбро вайрон насозанд.
Дар Нома ба Эфсӯсиён (6:10–18) Павлус таълимоти классикиро дар бораи он захираҳое гузоштааст, ки дар ихтиёри мо барои бурдани ҷанги рӯҳонӣ мавҷуд аст. Дар ояти 14-ум Павлус муфассал дар бораи зиреҳи куллии рӯҳонӣ гуфта истода, барои муқоиса сару либоси ҷанговари румиро истифода мебарад.
Пас, бо ростӣ камар баста ва ҷавшани адолатро дар бар карда, биистед, ва пойафзоли омодагиро барои додани башорати осоиштагӣ ба пои худ бипӯшед, дар айни ҳол сипари имонро бигиред, ки бо он ҳамаи тирҳои тафсони шарирро хомӯш карда метавонед; ва хӯди наҷотро бигиред ва шамшери Рӯҳро, ки каломи Худост; Дар ҳар вақт дар Рӯҳбо ҳар дуо ва илтимос дуо гӯед, ва ҳушёр ва босабот буда, ҳамеша дар бораи ҳамаи муқаддасон илтимос кунед… (Эфс. 6:14–18).
Аз ин порча мо мефаҳмем, ки зиреҳи куллии Худованд хусусияти мудофиавӣ дорад, ҳарчанд баъзе аз қисматҳои онро барои ҳуҷум истифода бурдан мумкин аст (масалан, пойафзол ва шамшер). Баъдтар мо муфассалтар ин ду намуди ҳуҷумии аслиҳаро тадқиқ менамоем.
1. Камарбанди ростӣ
Дар камарбанди паҳни чармин яроқи ҷанговар баста мешуд. Камарбанди сахт басташуда яке аз унсурҳои қулай ва дилпуронаи либос буд. Дар камарбанд инчунин ғилофҳо барои шамшер ва ханҷар овезон буданд. Камарбанд барои дар ҷои муайян ва дастрас нигоҳдоштани яроқ хизмат мекард.
Дар ҳаёти рӯҳонии мо ҳақиқат ҳамаро муайян менамояд. Бе донистани ҳақиқат дониста наметавонем, ки чӣ рост ва чӣ дурӯғ аст. Дар ҷанги рӯҳоние, ки мо ҳамеша мебарем, мо Масеҳро ба худ "мепӯшем", ки Худи Ӯ Ҳақиқат аст (ба Юҳ. 14:6 ниг.). Истифодаи камарбанд чунин аст. Вақте ки мо Худи Масеҳро, ки Ҳақиқат аст, дар бар мекунем, метавонем роҳгардем, гап занем ва "мубориза" барем ва Масеҳро, яъне Ҳақиқатро эълон намоем.
Дар дигар сатҳ, сатҳи амалӣ, камарбанд назар ба ҷустани ҳақиқат баъди дарёфти далелҳо чизи бештаре мебошад. Ҷанговар-хизматгори Масеҳ, ки зиреҳи куллии Худоро дар бар мекунад, бояд тайёр бошад, ки хурофотҳои шахсии худро бартараф созад, то ки ҳақиқатро ёбад. Вай бояд зидди ғурури шахсии худ мубориза барад, ки онро бо ақидаҳои беасос рӯҳбаланд сохта, ба худ имкон намедиҳад, ки онҳоро аз нав дида барояд ва дар ҳолати зарурӣ нуқтаи назари худро тағйир диҳад.
Дар бар кардани Камари Ҳақиқат маънои муттаҳид сохтани тамоми табиати инсониро дорад. Камари Ҳақиқат дарки гунаҳкории шахсӣ, заифӣ ва майл ба гуноҳдоштанро дар назар дорад (ба Мат. 7:4; 15:19 ниг.). ШоҳДовуд гуфта буд: "Инак, Ту ростиро дар замирам хоҳон ҳастӣ, ва дар ботинам ҳикматро ба ман меомӯзӣ" (Заб. 50:8). Аз ин рӯ ҷанговар-хизматгор бояд дар ҷустуҷӯи фурӯтанӣ ба Худо рӯ оварад ва рӯҳи ҳалим дошта, ташнаи росткорӣ бошад.
Ҳақиқат ба худи иблис, ба падари дурӯғ муқобилат менамояд. Дар муроҷиати худ ба Ҳавво вай ростии Худоро дар зери шубҳа гузошт. Вақте ки мо ҳақиқати Худоро медонем ва мувофиқи он рафтор менамоем, он моро озод менамояд (ба Юҳ. 8:32 ниг.). Ана барои чӣ Исо Мавъизаи болои кӯҳро дар Инҷили Матто (5:7) бо васияте тамом кард, ки Каломи Худоро на танҳо гӯш кардан, балки иҷро кардан даркор аст. Вақте ки мо ҳақиқатро мешунавем ва аз рӯи он зиндагӣ мекунем, мо имони худро дар таҳкурсии сахт бунёд менамоем.
Исо Ҳақиқат аст. Ҳақиқат тарафдори мост. Ҳақиқат аз болои дурӯғи душман ғалаба мекунад. Дилҳои худро бо Ҳақиқат пур созед ва дар он сокин бошед.
2. Ҷавшани Адолат
Ҷавшани ҷанговари империяи Рум бояд узвҳои ҳаётан муҳим ва аъзои бадани вайро муҳофизат менамуд. Одатан ҷавшан аз варақаҳои чарми сахт, биринҷӣ ё якҷоякунии ҳар ду мавод тайёр карда мешуд. Дар ҷавшан мартабаи ҷанговар нишон дода шуда, рамзи давлаташ кашида шуда буд. Он қафаси сина ва шиками ҷанговарро муҳофизат менамуд, вале тахтапушт бемуҳофизат буд. Ба ҳамин тариқ, ҷанговар бояд ба душман рӯ ба рӯ меистод, на ин ки тахтапушти худро бе ҳимоя гузошта мегурехт.
Азбаски мо бо душмани диданашаванда меҷангем, моро ҳамеша лозим аст, ки зиреҳпӯш бошем. Ҷавшани мо аз металл тайёр карда нашудааст, балки онро Рӯҳи Худои зинда тайёр кардааст ва ба "Ман"-и ботинии мо хуб рост меояд. Росткории мо бо металл пӯшонида нашудааст, балки аз тарафи Масеҳдода шудааст, то ки ҳар кас онро дар дилхоҳшариатҳо дар ҳаёти ҳаррӯзаи мо дида тавонад.
Душман ҳамеша ба хатоӣ ва норасоиҳои мо ишора менамояд. Вай кӯшиш менамояд моро бовар кунонад, ки мо фарзандони сазовори Худо нестем. Вай мутлақо ҳақ аcт. Вале муносибатҳои мо бо Худо на дар росткории мо, балки дар асоси росткории пурраи Исо дар назди Худо асос ёфтааст. Гуноҳҳои мо кафорат карда шудаанд. Вақте ки Худо ба мо менигарад, Ӯ Исоро мебинад.
3. Пойафзоли омодагӣ
Ҷидду ҷаҳд ба осоиштагӣ чун ҷаҳон кӯҳан ва чун шабнами пагоҳӣ тару тоза аст. Якчанд садсола пеш аз омадани Масеҳба ҷаҳон пайғамбар Ишаъё гуфта буд: "Чӣ гуна зебост бар кӯҳҳо пойҳои мубашшир, ки аз сулҳу осоиштагӣ башорат медиҳад, аз некӣ башорат медиҳад…" (Иш. 52:7).
Вақте ки пайғамбарони яҳудӣ омадани Наҷотдиҳандаи илоҳиро пешгӯӣ мекарданд, дар қатори дигар номҳо Ӯро Шоҳи ҷаҳон номиданд. Вақте ки Наҷоткор таваллуд шуд, фавҷи фариштагон ба шубонон гуфтанд: "Худоро ҷалол дар арши аъло, ва осоиштагӣ бар замин, ва ҳусни таваҷҷӯҳдар миёни мардум бод" (Луқо 2:14).
Аз ин рӯ ҳайратовар нест, ки Павлус дар номгӯи зиреҳи куллии Худованд тайёр будан барои башорат ба ҷаҳонро дохил мекунанд. Ба сифати сулҳҷӯёни Худо мо пойафзоли омодагиро пӯшида, қобили рафтан ба пешвози дилхоҳҳолатҳо мегардем, то ки ба ҷаҳон осоиш орем, на харобӣ. Масеҳодамони бо Худо оштикардаро ба мушоракати байниҳамдигарӣ даъват менамояд, на ба душманӣ (ба Ибр. 12:2 ниг.). Аз ин рӯ мо бояд тайёр бошем ба он ҷое равем, ки Худо моро бо навиди осоиш, бахшоиш ва умед мефиристад. Эҳтимол моро рост ба дарвозаҳои дӯзах мефиристанд, зеро Ӯ ваъда кардааст, ки онҳо бар мо ғолиб намеоянд (ба Матто 16:18 ниг.). Маҳз ба ин маъно мо бояд барои осоиштагӣ мубориза барем.
Ба ҳамин тариқ, ҳаёти мо ба Хушхабар нигаронида хоҳад шуд. Башоратдиҳиро омӯзед. Дарк кунед, ки Инҷил дар ҳаёти шумо чӣ кардааст. Андеша кунед, ки он бо чӣ метавонад ба дигарон ёрӣ расонад. Аз Худо хоҳиш кунед, ки ба шумо имконияти башоратдиҳӣ диҳад. Ин имкониятро аз даст надиҳед. Барои аз он истифода бурдан тайёр бошед.
4. Сипари Имон
Сипари ҷанговари румӣ барои муҳофизат пешбинӣ шуда буд ва қариб ҳамеша якҷоя бо шамшер истифода бурда мешуд. Дар вақте ки ҷанговар ба ҳуҷум мегузашт, он барои муҳофизат аз зарбаҳои душман истифода мешуд. Имони мо чун сипари ҷанговари румӣ мебошад, ин яроқи рӯҳоние мебошад, ки имконият медиҳад ҳуҷумҳои душманро, ки ақл ва ҷисми инсонӣ худ ба он истодагарӣ карда наметавонад, рафъ намоем.
Сипари Имон се вазифаи асосиро иҷро мекунад:
Имони наҷотдиҳанда — боварии ботинӣ ба Худо;
Имоне, ки ба мо хизмат менамояд ва моро ба хизматгузорӣ рӯҳбаланд месозад;
Имони муқаддасгардонанда, ки дар ҳаёти ҳаррӯзаи мо қувваи илоҳиро дорост.
Вақте ки мо дар зери оташи душман мемонем, мо дар боварӣ ба Худо паноҳгоҳмеҷӯем. Ба шароиту ҳодисаҳо имконият надиҳед, ки шуморо фиреб диҳанд. На бо биниш, балки бо имон зиндагӣ кунед. Ба он боварӣ дошта бошед, ки Худо аллакай ғалабаро таъмин намудааст. Ҳаёти худро ба содиқии Ӯ бовар карда супоред. Ба Ӯ бовар кунед ва Ӯ шуморо раҳо медиҳад.
5. Хӯди Наҷот
Дар бораи Хӯди Наҷоти масеҳиён гуфта истода, Павлус дар Номаи якум ба Таслўникиён (5:8) навишта буд: "Вале мо, ки писарони рӯз ҳастем, бояд ҳушёр бошем ва… хӯди умеди наҷотро дар бар кунем".
Яроқи аз ҳама беҳтарине, ки дар бораи он ҷанговар орзӯ карда метаво-над, яроқи диданашаванда мебошад. Павлус табиати абадии наҷоти Худовандро дониста истода, хизматгор-ҷанговаронро даъват менамояд, ки (бо имон) ба умеди ҳаёти осмонӣ мусаллаҳгарданд, ки ин ҳаёт аз ин ҷаҳон нест. Ҷанговарони бебок! Тасаввур кунед, ки ин чӣ гуна қуввати пурқудрат аст! Худо Хӯди Наҷотро барои муҳофизати ақлу хиради мо таъин намудааст. Вақте ки душман бо шубҳаҳо оиди наҷот ба мо ҳуҷум менамояд, ин хӯд муҳофизаткунандаи дилпури мо мегардад.
Шумо фарзандони дӯстдоштаи Худо ҳастед. Ӯ Худ шуморо аз ғуломӣ харидааст. Ӯ намегузорад, ки душман бар шумо ғалаба кунад. Шумо дар мушоракат бо Худо буда, дар бехатарии пурра мебошед. Қуввае, ки дар ботини шумост, аз қувваи душман хеле бартарӣ дорад. Ба ҳеҷ гуна шубҳаҳо роҳнадиҳед. Дар Худованд қатъӣ ва устувор бошед.
Аз ҳама намудҳои зиреҳи куллии Худованд, ки дар боби 6-уми Нома ба Эфсӯсиён номбар карда шудаанд, дутои он намуди муҳими силоҳи рӯҳонии ҳуҷумӣ мебошад. Биёед онҳоро каме муфассалтар дида мебароем.
1. Шамшери Рӯҳ
Навиштаҳо Каломест, ки онро Худо барои мо таъин намудааст. Кӯшиш кунед, ки онро ҳарчӣ хубтар донед. Дар он сарчашмаи ҳақиқат, боварӣ ва тасалло ниҳон мебошад. Аз ин Калом сабақҳо гиред. Бигузор Худо ба воситаи Навиштаҳо ба дили шумо муроҷиат намояд. Бигузор Каломи Ӯ ба шумо дар кушодани ҳақиқат, фош сохтани дурӯғи душман, дар истодагарӣ ба васвасаҳои рӯҳонӣ ёрӣ расонад ва айбдоркуниҳоро бартараф созад. Ин Каломро барои он истифода баред, ки дигаронро ба муҳаббати Худо ва бахшиш мӯътақид созед. Шамшери Рӯҳоятҳо ё суханони аниқи рӯҳбаландкунандаи Рӯҳмебошанд, ки барои муҳориба бо душман бароямон ошкор гардидаанд. Маҳз ҳамин тариқ Исо Каломи Рӯҳи Муқаддасро истифода бурда бар иблис дастболо шуд, вақте вай кӯшиш кард се маротиба Ӯро ба васваса андозад.
2. Дуо
Муҳорибаи Довуд бо Ҷолёт на он вақт бо ғалаба анҷомид, ки аз фалахмон санг парид. Довуд ғалабаро ба воситаи муносибатҳои наздики худ бо Худои зинда таъмин намуд. Ғалаба ё бохти мо дар муҳорибаҳоямон ба он вобаста аст, ки мо дар назди Худо чӣ гуна рафтор менамоем. Дуо сӯҳбат бо Худо мебошад, вақте ки шумо ба Ӯ муроҷиат менамоед, ва Ӯ ба шумо муроҷиат мекунад. Дуо истодагарӣ ба қувваҳои бадӣ мебошад, он ба таври қатъӣ дар ин ҷаҳон ҳодиса ва вазъиятҳоро тағйир медиҳад. Дуо тасдиқи ғалабаи Худо мебошад, ҳанўз то он даме, ки мо ба муҳориба шурӯъ менамоем.
Вале дуо аз зону задан дар назди Худо зиёдтар мебошад. Дуо ба дараҷаи баробар ҳам муносибат ва ҳам амал аст. Дуо ба таври ҳамешагӣ ва бетанаффус дар ҳузури Худо будан аст. Дуо дили ба роҳнамоии Ӯ кушода мебошад. Дуо мушоракати доимӣ бо Худост, зеро барои анҷоми миссияи Исо дар рӯи замин маҳз дуо зарур мебошад.
Китоби Муқаддас тамоман ба таври фаҳмо ба мо амр менамояд, ки зиреҳи куллии Худоро, яъне "аслиҳаи пурра"-ро истифода барем. Одатан мо чунин меҳисобем, ки доштани намудҳои асосии зиреҳба мо кифоя аст. Бо вуҷуди ин, агар яке аз қисматҳои он нарасад, дар мо ҷои заиф пайдо мегардад, ки ба он ҷо иблис метавонад зарба занад ва ба мо зарар расонад, ки дар натиҷаи он мо дар байни замину осмон муаллақ монда, қатъӣ истодагарӣ карда наметавонем (ба 1 Пет. 5:8–9 ниг.).
Дар тарҷумаи нави Китоби Муқаддас ба забони англисӣ дар ин бора чунин гуфта мешавад: "Аз Худо аслиҳаи пурраро қабул намоед, то ки тавонед қатъӣ истодагарӣ кунед, ва ба муқобили ҳар гуна найрангҳои иблис муқобилият намоед". Ва боз: "Ҳамаи қисматҳои аслиҳаро истифода баред, то дар лаҳзаи душвор ба душман муқобилият намоед, то ки баъди муҳориба ҳамон хел қатъӣ истодагарӣ карданро давом диҳед" (ниг. ба Эфс. 6:11–3, аз тарафи ман хат кашида шудааст. — П. Э.).
Пас мафҳуми "зиреҳи куллии Худованд" чӣ маъно дорад? Тарҷумаи нави англисии Китоби Муқаддас мефаҳмонад: "Дар мавқеи худ устувор истед, қамари ростиро маҳкам бандед ва ҷавшани адолати Худоро дар бар кунед. Пойафзоли сулҳро пӯшед, ки аз Хушхабар ибтидои худро мегирад, то ки тайёрии шумо пурра бошад. Дар ҳар муҳориба ба шумо имон даркор мешавад, ки нақши сипарро ба ҷо меорад ва тирҳои тафсонро, ки иблис ба шумо равона месозад, рад менамояд. Наҷотро ҳамчун хӯд пӯшед ва шамшери Рӯҳро ба даст гиред, ки Каломи Худост. Дар ҳар вақт оиди ҳар масъала бо қувваи Рӯҳулқудс дуо кунед. Дар дуоҳои худ дар бораи ҳамаи масеҳиёни рӯи замин ҳушёр ва исроркор бошед" (ниг. ба Эфс. 6:14–18, аз тарафи ман хат кашида шудааст. — П. Э.).
Моро лозим аст, ки аз болои ин суханон андеша намоем. Оё мо доимо чунон зиндагӣ мекунем, ки андеша ва корҳоямон дар ростӣ асос ёфта бошад, ё худро фиреб дода дигаронро низ фиреб медиҳем? Оё мо росткории Худоро дар бар мекунем ё аз рӯи қоидаҳои худ зиндагӣ дорем? Оё мо дар осоиш бо дилпурӣ дар наҷоти худ зиндагӣ дорем ё не? Оё мо тайёр ҳастем, ки сулҳҷӯёни фаъол гардем? Мо бо имон амал менамоем ё бо тарс? Мо суханони Худоро истифода мебарем ё суханони худро? Оё мо бо қувваи Рӯҳулқудс дуо мегӯем ё дуоҳои мо рӯякӣ ва худпарастона аст? Оё мо нисбати он чи, ки дар гирду атрофи мо дар майдонҳои набард шуда мегузарад, ҳассос ҳастем ё ба ягон чизи дигар аҳамият медиҳем? Оё мо дар дуоҳои худ барои дигар масеҳиён исроркор ҳастем, оё мо онҳоро рӯҳбаланд сохта, бо қудрати Рӯҳулқудс мустаҳкам намуда, бархезонда метавонем, ки ба мо якҷоя мубориза баранд ва донанд, ки онҳо танҳо нестанд?
Агар яке аз ин ҷанбаҳои ҳаёти мо заиф бошад, моро лозим аст, ки ин ҳалқаи сустро мустаҳкам гардонем. Мо бояд чуноне кунем, ки он ҳам боварбахш гардад, ва мо тавонем ба амрҳои Худо итоаткор бошем ва бар қувваҳои бадӣ ғалаба кунем.
Боби сенздаҳум
ДАСТГИРИИ ХУДО: РӮҲУЛҚУДС
Луқо 11:13
Кӯшишҳои бар хилофи вазъиятҳои душманона бо ҳаёти пурра дар Масеҳзиндагӣ кардани масеҳиён метавонанд пурсӯзу гудоз анҷоманд, агар онҳо бовар накунанд, ки Худо ҳамаи озмоишҳоро пешакӣ дар ҳаёти онҳо ба назар гирифтааст. Ҳанӯз то саршавии замонҳо Худои абадӣ дар бораи ҳамаи ҳуҷумҳое, ки душман ба муқобили мо ба нақша гирифтааст, медонист ва ба мо имкониятҳоро фароҳам овард, то ки мо ғалаба кунем. Дар боби пештара мо намудҳои аслиҳаеро дида баромадем, ки Худо ба мо таъмин намудааст, то мо тавонем дар дилхоҳшароитҳо истодагарӣ намоем. Дар се боби оянда мо се намуди яроқи ҳуҷумкунандаро тадқиқ менамоем, ки Худо ба Калисои Худ барои ғалаба бар иблис пешкаш менамояд: Рӯҳулқудс, Китоби Муқаддас ва дуо.
Дар давоми тамоми таърихи Калисо яке аз консепсияҳои асосии он доктрина дар бораи Воҳиди Сегона (Троица) буд. Худои зиндаи Китоби Муқаддас Худои ягона аст, вале Ӯ Худро дар се шахсият кушодааст: шахсиятҳои Худо Падар, Худо Писар, ки Ӯро мо Исои Масеҳменомем, ва Худо Рӯҳулқудс. Ин доктринаи мутлақо муҳим мебошад, ки дар худ сирри рӯҳонӣ дорад ва ба ақли инсонӣ онро фаҳмидан имконнопазир, вале бо имон қабул кардан мумкин аст.
Ҳайратовар он аст, ки бисёр имондорон дар рӯи замин ҳеҷ гоҳин доктринаро нафаҳмида ва ҳатто дар бораи он чизе надониста, бо вуҷуди ин, ламси Худои Воҳиди Сегонаро дар худ эҳсос намудаанд ва Ӯро дарк кардаанд.
Қисми зиёди имондорон Худо Падарро ба сифати Ҳокими тамоми ҷаҳон ва ҳамчун қувваи илоҳии абадӣ дар осмон эътироф менамоянд. Дар байни масеҳиён он далел қабули умум гаштааст, ки Худои ҷаҳон Худро дар Калом (Китоби Муқаддас) кушодааст, ва баъд ба таври драматикӣ дар Наҷоткори мо (Исои Масеҳ), ки ба ҷаҳон дар ҷисм омадааст, ва амиқтар дар сатҳи шахсиятӣ ба воситаи Рӯҳулқудс Худро кушодааст.
Аз афташ, имондорон шахси сеюми Сегонаро дуруст намефаҳманд. Вале мувофиқи Китоби Муқаддас маҳз Рӯҳулқудс ба кӯшишҳои дар Масеҳзиндагӣ кардани мо бештар мусоидат мекунад. Вақте мо Исои Масеҳро даъват менамоем, ки Худованди мо гардад, ба ҳаёти мо Рӯҳулқудс ворид мегардад ва дар мо сокин гашта, ба мо имкон медиҳад, ки ҳаёти бахшидашуда ба сар барем.
Норавшании фаҳмиши одамонро оиди таълимот дар бораи шахсият ва амали Рӯҳулқудс аз рӯи ду хатои асосӣ фаҳмонидан мумкин аст. Якум, баъзе одамон тахмин менамоянд, ки суханони Исо дар бораи он ки Рӯҳулқудс Ӯро "ҷалол" медиҳад (Юҳ. 16:14 ниг.), онро дар назар дорад, ки мавзӯи асосии таълимоти аз Рӯҳилҳомгирифта Худи Масеҳмебошад. Аз ин рӯ, чунин одамон Рӯҳулқудсро намефаҳманд. Дар ин маврид хоҳиши самимии ба ҳақиқати Навиштаҳо пайравӣ кардани онҳо зоҳир мегардад, вале бо ин корашон онҳо ишораҳои зиёдеро дар бораи шахсияти Рӯҳулқудс ва пешбинии Рӯҳулқудс, ки дар Аҳди Ҷадид ҷой доранд, сарфи назар менамоянд. Оё муаллифони аҳдиҷадидиро ҳангоми навиштани ин порчаҳо Рӯҳулқудс роҳнамоӣ мекард? Албатта. Хулоса баровардан мумкин аст, ки Рӯҳулқудс мехоҳад хизмати Ӯро дар Калисо, ки Масеҳро ҷалол медиҳад, дарк намоем. Зиёда аз ин, вақте ки масеҳиён ба фаҳмидани он сар мекунанд, ки Рӯҳулқудс барои онҳо чӣ карда метавонад, ба сар бурдани ҳаёте ки Масеҳро ҷалол медиҳад, барояшон осон мегардад.
Сабаби дуюме, ки аз рӯи он дар таълимотҳои масеҳӣ ба шахсият ва амалҳои Рӯҳулқудс диққати лозимӣ дода намешавад, он аст, ки хизматгузории Рӯҳулқудс метавонад беҳад динамикӣ ва пешгўинашаванда намояд. Аз рӯи гуфтаҳои Китоби Аъмол мо хулоса бароварда метавонем, ки Рӯҳулқудс аз рӯи қолиби доимӣ муқарраршуда амал намекунад. Ӯ ба ҳодисаҳое, ки барои мо якранг менамоянд, ҳар дафъа ҳар хел эътино менамояд! Дар чунин номунтазамӣ амали Рӯҳулқудсро пешгӯӣ кардан имконнопазир аст ва аз ин рӯ дар калисоҳои анъанавӣ на ҳамеша инро ба ҳисоб мегиранд.
Исо гуфта буд, ки Ӯ моро танҳо намегузорад, ба ёрии мо Тасаллодиҳандаро мефиристад, ки то абад бо мо хоҳад буд (ба Юҳ. 14:16–18 ниг.). Ӯ инчунин гуфта буд, ки Рӯҳулқудс моро таълим хоҳад дод (ба Юҳ. 14:26 ниг.). Боз Исо Ӯро Рӯҳи ҳақиқат номид (ба Юҳ. 14:17 ниг.). Рӯҳулқудс дар ҳаёти имондор ба андозае ҳақиқӣ мебошад, ки вазифа ва хусусиятҳои Ӯро номбар кардан аз фоида холӣ нест.
Ӯ гарави мероси мост (Эфс. 1:14)
Ӯ моро тасалло медиҳад (Юҳ. 14:16)
Ӯ ҷаҳонро мулзам мекунад (Юҳ. 16:8)
Ӯ таълим медиҳад (Юҳ. 4:26)
Ӯ ёдовар мешавад (Юҳ. 14:26)
Ӯ дар бораи Масеҳшаҳодат медиҳад (Юҳ. 15:26)
Ӯ ба тамоми ростӣ роҳнамоӣ хоҳад кард (Юҳ. 16:13; Рум. 8:14)
Ӯ аз Исо гирифта, ба мо хабар медиҳад (Юҳ. 16:14; Луқо 2:26)
Ӯ Масеҳро ҷалол медиҳад (Юҳ. 16:14)
Ӯ ба мо қувват медиҳад (Аъм. 1:8)
Ӯ ба воситаи мо мегӯяд (Аъм. 4:31)
Ӯ ба мо мегӯяд (Юҳ. 16:13)
Ӯ дар мо шаҳодат медиҳад (Рум. 8:16)
Ӯ моро тақвият медиҳад (Рум. 8:26)
Ӯ барои мо шафоат мекунад (Рум. 8:26)
Ӯ бахшоишҳои рӯҳонӣ медиҳад (1 Қӯр. 12:4–11)
Ӯ таҷдид медиҳад (Тит. 3:5)
Ӯ мӯҳри ваъдаро мезанад (Эфс. 1:13)
Ӯ дар мо самар меорад (Ғал. 6:22)
Аз рӯйхати овардашуда равшан аст, ки моро лозим аст аз хатоҳои маъмул канораҷӯӣ намоем ва аз як тараф Рӯҳулқудсро инкор накунем, ва аз тара-фи дигар — ба Ӯ чун ба сарчашмаи азсаргузарониҳои эҳсосотӣ рў наоварем. Масеҳиро мутлақо лозим аст, ки дар ҳаёти худ амалигардии вазифаҳои Рӯҳулқудсро бубинад ва муҳим нест, ки вай дар муҳити душманона аст ё не.
Бе назардошти вазифа ва сифатҳои дар боло зикршудаи Рӯҳулқудс мо ҳеҷ чизе надорем, ки ба ҷаҳони гунаҳкор пешкаш намоем ва мо қудрат надорем, ки ба он умуман ягон чиз пешкаш намоем. Ҳар як масеҳӣ бояд дар назди худ мақсад гузорад, ки таҳти роҳнамоии фарогири Рӯҳулқудс зиндагӣ кунад, то ки ҳар кас дар бораи мо гуфта тавонад, ки мо бар тибқи Рӯҳрафтор менамоем (ба Ғал. 6:23 ниг.). Павлус ба имондорони Ғалотия ёдовар мешавад, ки ҳаёти онҳо аз мӯъҷизаи Худо, дар Масеҳаз аз олами боло зода шудан сар шудааст ва онҳо давоми чунин ҳаётро танҳо бо ёрии қувваи Худо интизор шуда метавонанд. Ин эҳтиёҷот махсусан дар шароити таъқибот равшан мегардад. Шояд меарзад, ки ин рӯйхати вазифаҳои Рӯҳулқудсро дар хотир дошта бошем, то донем ва дар хотир дошта бошем, ки чун ба ҳолати душвор афтем, аз Ӯ чиро интизор шудан мумкин аст.
Боре, қосиди миссияи мо дар Хитой, ба ҳолати хатарнок афтод, вақте ки дар сарҳад ба вай саволҳои иғвогарона додан гирифтанд. Вай намедонист чӣ ҷавоб диҳад. Дар он вақт вай ваъдаи каломиро дар бораи он ба хотир овард, ки дар ҳолати зарурӣ Рӯҳулқудс ба вай суханони даркориро медиҳад ва баъди лаҳзаи парешонӣ як далелеро аз таърихи Хитой ёдовар шуд ва сӯҳбатро ба тарафи дигар кашид. Дертар вай нақл кард, ки дар хотир надорад, ки ягон вақт пештар ин тафсилотро аз курси таърихи Хитой шунида бошад. Рӯҳулқудс ба забони вай суханонеро гузошт, ки наҷотдиҳанда гардиданд!
Дар хотир гиред, ки Китоби Муқаддас чӣ меомӯзад: "…дар шумо кори хайр шурӯъ намудааст, онро то рӯзи Исои Масеҳба анҷом хоҳад расонд" (Филип. 1:6). Ин маънои онро дорад, ки агар мо имондор бошем, Рӯҳулқудс дар мо фаъолона амал мекунад. Оё шумо дарк мекунед, ки Ӯ маҳз чӣ мекунад?
Диққат диҳед, ки то чӣ андоза ҳамаи вазифаҳои Рӯҳулқудс барои роҳбарони калисоҳо муҳим мебошанд. Роҳбарӣ таҳти роҳнамоии Рӯҳулқудс махсусан ҳамон вақте зарур аст, ки Калисо ба ҳолати душвор меафтад. Шакли роҳбарии дар ғарб қабулшудаи калисо, ки тамоми фаъолияти Калисо дар дасти як кас марказонида шудааст, дар шароити режими ҷазодиҳанда тамоман қобили қабул нест. Аввалан чунин намуди роҳбарӣ ба калисо, аниқтараш, дар принсипҳои каломӣ асос наёфтааст, ва дуюм, ба ҳокимон аз байн бардоштани шахси асосӣ хеле осон мегардад ва ба ҳамин тариқ метавонад ба ҳаёти фаъолонаи калисо монеъ шавад.
Тарзи роҳбарӣ ба калисо, ки аз тарафи шубон ё муаллим ба ҷо оварда мешавад, новобаста ба он, ки калисо бо режими ҳукмрон ҳамзистӣ кардан мехоҳад, ё ба муқобили он эътироз баён кардан мехоҳад, ё ба кори махфиёна мегузарад, бояд тағйир ёбад. Калисоҳои ҳамзистикунанда ва ҳатто эътирозкунанда метавонанд шубон дошта бошанд, вале аз қафои фаъолияти онҳо назорати доимӣ бурда хоҳад шуд.
Шубонон метавонанд дар маркази диққати ҳокимон монанд, дар ҳоле ки аъзоёни қаторӣ метавонанд масъулияти ба аёдати беморон рафтан, таълим додани ҷавонон ва масеҳиёни навимонро ба зиммаи худ гиранд. Шубонон наметавонанд озодона бо қавми калисо вохӯрда, онҳоро пуштибонӣ кунанд, рӯҳбаланд созанд ва онҳоро панд диҳанд, вале дар чунин ҳолат оё аъзоёни боқимондаи калисо метавонанд эҳтиёҷҳои мазкури бародарон ва хоҳаронро қонеъ гардонанд? Агар Рӯҳулқудс чунин одамони бахшидашударо ёбад, Ӯ онҳоро аз Худ пур сохта, ба иҷрои вазифаҳои роҳбар мефиристад, ки то ин дам онҳо кӯшиши ба ҷо овардани онро накарда буданд.
Вақте ки дар як мамлакат диктатура барпо карда шуд, мансабдорони давлатӣ аллакай рӯйхати сарварони масеҳиро дар даст доштанд — аз олимақом то сатҳи миёна. Ҳар як хизматчии калисо, ки то табадуллот рӯзи пурраи корӣ дар калисо кор мекард, "нишонадор" ҳисобида мешуд.
Дар Вйетнам ҳатто он роҳбарони калисо "нишонадорон" ҳисоб мерафтанд, ки рӯзи пурраи корӣ дар калисо кор намекарданд, вале аъзои қаторӣ буда, мавқеи роҳбарикунанда доштанд. Ин одамон илоҷи махфиёна кор кардан надоштанд. Онҳоро лозим буд, ки ё имони худро дар Худованд ошкоро эътироф намоянд ва оқибати ин эътирофкуниро қабул намоянд, ё ба шикасти рӯҳонӣ рў ба рў шаванд.
Барои имондороне, ки дар чунин ҳолати фалокатовар афтодаанд, бояд тамоми ҷаҳон дуо кунад. Тасаввур кунед, ки дар мамлакати шумо ногаҳон ҳаёти масеҳӣ аз роҳбарони худ канда гардидааст. Дар давраи изтироб ва ошуфтагӣ, ки табиатан баъди табадуллот ба амал меояд, қисми на чандон калони масеҳиён метавонанд ба ҷои дигар раванд ва дар он ҷо калисои махфӣ ташкил кунанд, вале онҳоро лозим меояд, ки услуби пешинаи кори худро партоянд.
Вале дар чунин гурӯҳҳо кӣ сарвар мешавад? Кӣ ба калисоҳои хонагӣ ва оилавӣ роҳбарӣ мекунад? Худо дар чунин ҳолатҳо бо ёрии Рӯҳулқудс сарваронро барои Калисои Худ бармехезонад ва метаҷҳизонад, чуноне ки Ӯ инро дар гузашта карда буд. Аъзоёни гурӯҳи муоширатӣ дар калисоҳои хонагӣ бояд тайёр бошанд роҳнамоии Рӯҳро ва роҳбарии он имондоронеро, ки онҳоро Рӯҳба сифати хизматчиён интихоб мекунад, қабул кунанд.
Бори дигар ба намунаҳои калисоҳои аҳдиҷадидӣ, ки дар Китоби Аъмол оварда шудааст ва ба намунае ки ҳавворӣ Павлус дар номаҳои худ пешкаш кардааст, нигаред. Роҳбарӣ ба имондорон дар ҷамъомади калисоии на чандон калон таҳти роҳнамоии Рӯҳулқудс, аниқтараш ба воситаи ҳамкории осоиштаи якчанд одам амалӣ мегардад, ки метавонанд дигар имондоронро пуштибонӣ кунанд, дастгирӣ намоянд ва панд диҳанд.
Вақте ки имондорон дар гурӯҳи муоширатӣ дарк менамоянд, ки онҳо дар назди Худо коҳинон мебошанд (1 Пет. 2:5), ва барои мушоракат бо Ӯ ҷуз Исо воситачии дигаре ба онҳо лозим нест (ба Тим. 2:5 ниг.), ва ҳамеша онҳоро Рӯҳулқудс роҳнамоӣ менамояд, онҳо дар муносибат бо Исо дуруст рафтор менамоянд.
Китоби Муқаддас мегӯяд, ки МасеҳСар аст ва ҳамаи мо аъзоёни Бадани Ӯ ҳастем (ба Эфс. 1:22–23 ниг.) Оё боз ба шумо ягон чизи роҳбарикунандаи дигаре низ лозим аст, ки чӣ кор карданро ба шумо омӯзонад?
Вақте ки имондорони оддӣ ба дарк мекунанд, ки метавонанд бевосита ба Худованд дуо кунанд, вақте ки таҳти роҳнамоии Рӯҳулқудс порчаи Навиштаҳои навишта гирифтаашонро ё азёдкардаашонро мефаҳманд, онҳо дар ҳама гуна шароит ва дилхоҳмуҳити атроф дар роҳи дуруст ва озмудашуда рост мераванд. Ҳамин тавр саёҳат аз як рӯъёи ҳаяҷонбахш ба дигараш сар мешавад. Чунин масеҳиён ба Рӯҳулқудс имкон медиҳанд, то онҳоро барои он истифода барад, ки ба ҳаёти дигар одамон таъсир расонанд ва ба онҳо хизматгузориро сар кунанд. Ягон ҳокимият дар рӯи замин қудрат надорад, ки чунин калисои рӯҳониро вайрон созад!
Дар Хитой як масеҳизан ба хизмати бехатарӣ дар кон роҳбарӣ мекард. Боре вай ногаҳон ҳис кард, ки Рӯҳулқудс вайро водор месозад, то бонги хатарро занад. Ҳарчанд чунин менамуд, ки ягон сабабе барои безобитагӣ набуд. Ҳама ҷо ором ва табиӣ менамуд, вале вай ба овози дили худ гӯш дода, тугмачаи бонги хатарро пахш кард.
Дар натиҷаи бонги хатар ҳамаи нақбканонро зуд берун бароварданд ва вақте ки онҳо дар назди дари баромад ҷамъ шуданд, лаҳзае чанд ба вай чунин намуд, ки хатогии сахт кардааст. Ва дақиқае нагузашта, замин дар зери пои онҳо ба ларза омад ва аз заминҷунбии ба амаломада дар қисми кории кон резиш ба амал омад.
Ба шарофати бофаросатии ин хоҳар ва тайёр будан ба итоаткории вай ба Рӯҳулқудс ҳаёти ҳамаи ин одамон наҷот дода шуд. Ғайр аз он, чорсад нафар нақбканон эътироф карданд, ки Масеҳонҳоро ба таври мӯъҷизаовар аз марг раҳо додааст, ва ҳаёти худро ба Ӯ бахшиданд.
Пеш аз он ки мо тавонем аз чунин қувваҳои рӯҳонӣ, ки ба шарофати Рӯҳулқудс дастраси мо гаштааст, истифода барем, моро лозим аст таълимоти библиявиро дар бораи амали Рӯҳулқудс дар ҳаёти ҳар як имондор фаҳмем. Биёед мафҳумҳои асосии бо Ӯ алоқамандро ба хотир меорем.
Ӯ Худост (Ҳас. 1:2)
Ӯ абадист (Ибр. 9:14)
Ӯ дар имондор сокин аст (1 Қӯр. 3:16; Рум. 8:9)
Ӯ ҳеҷ гоҳимондорро тарк намекунад (Юҳ. 14:16)
Ҳузури Ӯ дар бахшоишҳои Ӯ зоҳир мегардад (Ғал. 5:22–23)
Ӯ қудрат медиҳад, ки ба душман истодагарӣ кунем (Яъқ. 4:7; Луқо 9:1–2)
Ин далелҳоро хуб аз худ намуда, имондорон метавонанд дар дилхоҳвазъият ғалаба кунанд. Ҳар як имондор бояд фаҳмад, ки Петрус чунин суханонро гуфта, чиро дар назар дошт: "Худатон низ, ҳамчун сангҳои зинда, аз худ хонаи рӯҳонӣ, каҳонати муқаддас барпо намоед, то ки қурбониҳои рӯҳонии мақбули Худоро ба василаи Исои Масеҳтақдим кунед" (1 Пет. 2:5). Боз ӯ илова намудааст: "Лекин шумо насли баргузида, каҳонати шоҳона, халқи муқаддас, қавме ҳастед, ки мулки азизи Худо дониста шудаед…" (1 Пет. 2:9).
Маънои он чи дар ин таълимот баён шудааст, барои масеҳие, ки ба шароити номусоид афтодааст, аҳамияти бузурге дорад. Ҳатто аз шаклҳои маъмулии фаъолияти калисоӣ ҷудо буда, онҳо метавонанд дар оилаҳои худ ва дар ҷамъомадҳои на чандон калон ҳамаи вазифаҳои Калисоро ба ҷо оранд! Ба ин башоратдиҳӣ, мавъиза ба беимонон оиди наҷоти онҳо дар Масеҳ, таъмиддиҳии навимонон ва иштирок дар шоми Худованд дохил мешавад.
Вале Рӯҳулқудс наметавонад он имондоронеро истифода барад, ки оиди ҳуқуқи худ дар сарвари рӯҳонӣ будан боварӣ надоранд. Аз ин рӯ мо бояд дар таълимоти каломӣ устувор бошем, ки мувофиқи он Исои МасеҳСари Калисо мебошад. Ӯ ин вазифаро на ба одамони алоҳида додааст, на ба ташкилотҳо, зеро танҳо Ӯ ягона воситачӣ байни Худо ва одамон мебошад.
Дар асоси нафаҳмидани ин масъала проблемаҳои гуногун пайдо шуда метавонанд, ки яке аз онҳо равшану возеҳдар симои як имондори хитоӣ нишон дода шудааст. Вай ба намояндаи мо дар Хитой гуфтааст, ки дар давоми даҳсол вай ба Худо ибодат карда натавонистааст. Вақте корманди ҳайроншудаи мо мепурсад, ки чӣ боиси он шудааст дар чунин муддати дароз ба Худои Таоло ибодат нанамояд, вай ҷавоб додааст, ки сабаб дар ҳабс шудани коҳини калисои вай мебошад. Чӣ тавр ҳузновар аст, ки ин одам он далелро дарк накардааст, ки ба воситаи Исои Масеҳвай ҳуқуқи пурра дорад ба тахти Худо бевосита муроҷиат намояд.
Ба сифати Сари Калисо Исо ба он ато кардани қувваи Рӯҳулқудсро давом медиҳад (ба Аъм. 2:33 ниг.). Ба Рӯҳулқудс боварӣ кардан мумкин аст, ки Ӯ ҳамаи эҳтиёҷоти ҳар як гурӯҳи имондоронро қонеъ мегардонад. Ӯ ба аъзоёни он бахшишҳои рӯҳонӣ медиҳад, то ки тамоми гурӯҳро мустаҳкам гардонад (ба Рум. 12:3–8 ниг.). Тамоман шубҳаовар аст, ки як одам дорои ҳамаи бахшоишҳое бошад, ки барои мушоракати аъзоёни Бадани Масеҳдаркоранд. Одатан ҳар як имондор як бахшоиши рӯҳоние дорад, ки ҳангоми истифодаи дуруст он метавонад ёрии ҳақиқӣ ба ҳамаи аъзоёни гурӯҳбошад.
Имондоронро лозим аст порчаҳои асосиро аз Навиштаҳо хуб донанд, ки дар бораи бахшоишҳои Рӯҳулқудс таълим медиҳанд, то ба он тайёр бошанд ки Рӯҳулқудс онҳоро дар гурӯҳи худ истифода мебарад. Павлус ба калисои Эфсӯс чунин мегӯяд: "Аммо ба ҳар яке аз мо файз ба андозаи атои Масеҳбахшида шудааст <…>. Ӯ баъзеро ҳавворӣ, баъзеро анбиё, баъзеро башоратдиҳанда, баъзеро шубон ва муаллим таъин намуд. Барои такмили муқаддасон ба кори ибодат, ба бинои Бадани Масеҳ" (Эфс. 4:7, 11:12).
Ба Қӯринтиён ӯ фаҳмонд: "Дар хусуси бахшоишҳои рӯҳонӣ бошад, намехоҳам, ки эй бародарон, бехабар монед. <…> Лекин ба ҳар кас зуҳуроти Рӯҳбарои манфиати ҳамаҷониба бахшида мешавад: зеро ки ба яке ба воситаи Рӯҳкаломи ҳикмат бахшида мешавад, ба дигаре — каломи дониш, бар тибқи ҳамон Рӯҳ; ба яке — имон, бар тибқи ҳамон Рӯҳ; ба дигаре — бахшоиши шифо додан, бар тибқи ҳамон Рӯҳ; ба яке — қудрати мӯъҷизанамо, ба дигаре — нубувват; ба яке ташхиси арвоҳ, ба дигаре — забонҳои гуногун ва ба сеюмӣ тафсири забонҳо. Ҳамаи инро ҳамон як Рӯҳба амал меоварад, ки ба ҳар кас махсусан, мувофиқи хости Худ, тақсим мекунад" (1 Қӯр. 12:1, 7:11).
Агар мо ба Рӯҳулқудс имконият додан нахоҳем, ки дар байни мо озодона амал намояд, Ӯ наметавонад моро бо сарвароне таъмин намояд, ки мо ба онҳо эҳтиёҷ дорем. Петрус исроркорона ҳар кадоми моро даъват менамояд: "Ба якдигар, ҳар яке аз рӯи бахшоише ки ёфтаед, ҳамчун муваккалони неки файзи гуногуни Худо хизмат кунед" (1 Пет. 4:10).
Дар раванди таълимдиҳӣ бо сухан ва аъмол, ки бо Рӯҳтақдис ёфтааст, зоҳир сохтани самараҳои Рӯҳулқудс хеле муҳим мебошад. Дар Нома ба Ғалотиён (5:22–23) мо мехонем: "Самари Рӯҳинҳост: муҳаббат, имон, фурӯтанӣ, парҳезкорӣ…"
Рӯйхати самарҳои Рӯҳулқудс бевосита ба хислати одам алоқаманд мебошад. Ин самарҳо дар баракати Рӯҳифода меёбанд ва қатъиян аз бахшоишҳои Ӯ фарқ мекунанд. Пеш аз он, ки бахшоиши махсуси одам зоҳир мегардад, бояд хислати ӯ ташаккул ёбад.
Павлус рўйхати худро аз муҳаббат сар мекунад, зеро ҳамаи самарҳои боқимонда аз рӯи маъно аз он ба амал меоянд.
Гурӯҳи якуми иборат аз се самар — муҳаббат, шодмонӣ, осоиштагӣ — ҷидду ҷаҳди масеҳиро сӯи Худо ифода менамояд. Гурӯҳи дуюми иборат аз се самар — пурсабрӣ, меҳрубонӣ, марҳамат — мақсад ва муносибати имондорро ба дигар одамон ифода мекунад. Ва ниҳоят гурӯҳи сеюм — имон, фурӯтанӣ, парҳезгорӣ — талаботи шахси масеҳиро нисбати худ ифода менамояд.
Вақте ки Рӯҳдар имондор самар меорад, Худо ҷалол меёбад.
Самарҳои Рӯҳдар шароити фаровонии баракоти Рӯҳва Калом мерўянд. "Бар тибқи Рӯҳрафтор кардан" маънои по ба по бо Рӯҳрафтанро дорад. На ба пеш давидан ва на қафо мондан, балки қадам ба қадам рафтан. Маънои ҳаёти парҳезгорона дар муносибатҳои зинда бо Рӯҳулқудс аст.
Номгӯи натиҷавии бахшоишҳои Рӯҳро дар Нома ба Эфсӯсиён (5:9) меёбем: "…Самари нур аз ҳар меҳрубонӣ, адолат ва ростӣ иборат аст". Агар дар ҳаёти мо ин самарҳо бошанд, ва агар ба Рӯҳулқудс имкон диҳем, ки бахшоишҳои бар мо бахшидаашро истифода бурда, моро тайёр кунад, башорати масеҳиамон ба мо имкон медиҳад, ки на танҳо зинда монем — он моро ғолиб мегардонад.
Боби чордаҳум
ДАСТГИРИИ ХУДО: КИТОБИ МУҚАДДАС
2 Пет. 1:20–21.
Даниел дар курсӣ нишаста, бо ҳайрат сарашро меҷунбонд. Вай худи ҳозир аз нахустин сафари дуру дарози худ аз Ҷумҳурии Халқии Хитой баргашта буд ва акнун дар ҳаловати озодонаи хонаи худ дар Сингапур кӯшиш мекард таассуротҳои худро хулоса карда, баён намояд.
— Ҳангоми сафари худ ту чиро фаҳмида гирифтӣ, Даниел? — пурсиданд аз ӯ.
Даниел сарашро ҷунбонда табассум мекард. Ниҳоят ӯ ба сухан даромад.
— Эҳтимол, аз ҳама асосиаш аёдати як калисои хонагӣ бошад, — андешамандона гуфт вай. — Ин калисо садҳо аъзо дошта, солҳои охир таҳти таъқиботи сахт афтодааст. Ман аз онҳо пурсидам, ки дар чунин шароити даҳшатнок ба онҳо чӣ хел муяссар мегардад, ки масеҳиёни шикастнопазир монанд ва ҳатто миқдоран афзун шаванд. Онҳо се бандро номбар карданд. Якум: Итоат ба Каломи Худо. Дуюм: мушоракат бо Худо, яъне дуо. Ва сеюм: муҳаббат ба бародарону хоҳарон.
Ин гурӯҳҳар ҳафта як боби Китоби Муқаддасро аз ёд мекунанд. Ҳамаи ин аз норасоии Китоби Муқаддас сар шуд, вале вақте онҳо дарк карданд, ки чунин муносибат ба Калом ба ҳаёти онҳо чӣ хел баракатҳо меорад, аз ёд кардани оятҳоро давом медиҳанд.
Китоби Муқаддас ошкоркунии навишташудаи Худо дар бораи Худ ва хоҳиши бо одамон мушоракат доштани Ӯ мебошад. Ин на танҳо ошкоркунӣ оиди шахсияти Худо, балки инчунин ошкоркунӣ оиди нақшаи мураккаби Ӯ оиди наҷоти ҷаҳон мебошад. Агар Худо Худро кушодан намехост, одамон ҳеҷ гоҳХудои бузурги моро фаҳмида наметавонистанд.
Албатта, ошкоркунии бузургтарин Писари Ӯ — Исои Масеҳмебошад, ки ба ин ҷаҳон омад, то дар байни мо зиндагӣ кунад. Вале ҳатто дарки ин ошкоркунӣ ба навиштаҳои Каломи Худо, ба Китоби Муқаддас вобаста аст.
Иблис дар садсолаҳои охир барои беобрӯ кардани Китоби Муқаддас ҷанги ҳақиқии ташвиқотӣ бурд. Вай бисёр мехост, ки масеҳиён имони худро ба Каломи Худо аз даст диҳанд. Вале ба ҳама ҷидду ҷаҳди ӯ нигоҳнакарда, ба ҳеҷ кас муяссар нагаштааст исбот намояд, ки Китоби Муқаддас асос надорад. Он ҳақиқати ягона ва мутлақи ба инсоният маълум хоҳад монд.
Китоби Муқаддас асоси имони мо мебошад, ки аз тарафи Худо дода шудааст. Маротибаҳои зиёд масеҳиён аз таълимоти он дур шуданд ва дар натиҷа азоб кашиданд. Вале одатан масеҳиён он вақте аз он дур мешаванд, ки таълимоти каломиро намедонанд ё намефаҳманд.
Калисо фақат дар он ҳолат метавонад ба ошкоркунии Каломи Худо содиқ монад, ки одамон таълимоти онро донанд. Омўхтани Каломи Худо қисми ҷудонашавандаи ҳаёти масеҳӣ мебошад. Вақте ки масеҳиён шубҳа мекунанд, эътино намекунанд ё таълимоти Навиштаҳоро фаҳмида наметавонанд ва аз принсипҳои он дур мешаванд, онҳо қувваи рӯҳонии худро аз даст медиҳанд.
Бештари ташкилотҳои имондорон, ки аз ибтидо дар асоси принсипҳои каломӣ барпо гардида буданд, маҳз бо ҳамин сабаб таъсири рӯҳонии худро гум кардаанд. Ва танҳо бозгашт ба нуфузи Каломи Худо ва садоқат ба принсипҳои таълимоти он метавонад ҳаёти рӯҳониро барқарор намояд, ки бояд дар аъзои ҳақиқии бадани Масеҳзоҳир гардад. Китоби Муқаддас ҳуқуқи Каломи Худо номида шудани худро равшан эълон менамояд: "Тамоми Навиштаҳо аз рӯи илҳоми илоҳист, ва барои омӯзиш, барои мазаммат, барои ислоҳ, барои ҳидоят ба роҳи адолат фоиданок аст. То ки марди Худо комил гардида, ба ҳар амали нек муҳайё бошад (2 Тим. 3:16–17; инчунин ба 2 Пет. 1:21 ниг.). Исои Масеҳгуфта буд: "Навиштаҳоро тадқиқ мекунед… Онҳо бар Ман шаҳодат медиҳанд" (Юҳ. 6:39). Ҳар он чизе, ки мо дар калисо меомӯзем, бояд танҳо дар асоси Китоби Муқаддас бошад. Эҳтимол шумо аҳамият дода бошед, ки дар китобамон ҳар як принсипро мо бо иқтибос аз Китоби Муқаддас тасдиқ менамоем. Бори дигар порчаҳои овардашударо дида бароед ва ба он боварӣ ҳосил кунед, ки ин дарсҳо шуморо танҳо дар таълимоти библиявӣ панд медиҳанд. Бе фаҳмиши он, ки Китоби Муқаддас чиро меомӯзонад, Калисо наметавонад ба ҳаёт дар ҳақиқат умед бандад.
Масеҳиён дар ҷаҳони озод муҳим будани Китоби Муқаддасро эътироф менамоянд, вале онро ба дараҷаи даркорӣ қадр намекунанд, агарчи ба онҳо дастрас аст. Вале агар он дастрас набошад-чӣ? "Оё шумо дар дили худ Каломи Худоро нигоҳмедоред?" (ба Заб. 118:11 ниг.). Оё шумо дорои фаҳмиши аниқи асосҳои таълимоти каломӣ ҳастед, то ки дар даст Китоби Муқаддас надошта, ба Худованд содиқ монда тавонед?
Исо ба мо намунаи беҳтарини ба Каломи Худо пурра вобаста буданро нишон додааст. Ӯ ҳамеша аз Навиштаҳо иқтибос меовард. Вақте ки, масалан, иблис Ӯро дар биёбон васваса мекард, дар ҷавоб ба ҳар як ҳуҷуми иблис Исо аз Навиштаҳо иқтибос меовард (ба Мат. 4:1–11 ниг.). Исо таълимоти Худро ба Навиштаҳои аҳдиқадимӣ асоснок мекард ва тез-тез ба онҳо рӯ оварда, ба сифати намунаҳои таърихӣ истифода мебурд. Гуфтан мумкин аст, ки Исо аз ҳар як китоби Аҳди Қадим ақаллан як маротиба иқтибос оварда, ҳақиқат будани онро бо нуфузи илоҳии Худ тасдиқ менамояд!
Махсусан қайд кардан мароқовар аст, ки чӣ тавр Исо Навиштаҳоро баъд аз марг ва эҳёшавии Худ истифода бурдааст. Бо ду нафар шогирдони Худ дар роҳи Аммоус рафта истода, Ӯ "аз Мусо ва тамоми анбиё сар карда, он чиро, ки дар ҳамаи Навиштаҳо дар бораи Ӯ гуфта шудааст, ба онҳо фаҳмонда дод" (Луқо 24:27).
Аз Китоби Аъмол равшан мегардад, ки дар ҳаёти Калисои бармаҳал Навишта ҷои асосиро ишғол мекард. Ҳаввориён онро барои фаҳмондани ҳодисаи Пантикост (ба 2:16–21 ниг.), тасдиқи мақоми Исо ҳамчун Масеҳ(ниг. ба 2:25–26), мавъизаи Масеҳ(ниг. ба 8:29–35), муайянкунии он, ки чӣ хел ба таъқибот эътино кардан даркор аст (ба 4:23–26 ниг.), муайянкунии мавқеи Калисо ҳангоми таъқибот (ба 7:1–53 ниг.) ва муносибатҳои худ ба имондорон ва бутпарастон (ба 15:13–21 ниг.) истифода мебурданд.
Ҳақиқатан садҳо намунаҳои он вуҷуд доранд, ки чӣ тавр масеҳиёни аҳдиҷадидӣ ва муаллифи номаҳо Навиштаҳои аҳдиқадимиро ба сифати исботи мавқеи худ истифода бурдаанд. Ин махсусан барои таълимоти каломӣ муҳим аст, ва гуворост, ки имрӯзҳо ҳам худи ҳамин дар байни имондорони инҷилӣ мушоҳида карда мешавад. Китоби Муқаддас дар ҳақиқат сарчашмаи илҳоми илоҳӣ мебошад.
Китобҳои Аҳди Қадим аз тарафи халқи яҳудӣ дар давоми ҳазорсолаҳо тартиб дода шуда буд ва Масеҳҳақиқат будани ин Навиштаҳоро тасдиқ намуд. Калисои бармаҳал оҳиста-оҳиста Китобҳои Аҳди Ҷадидро ба он ҳамроҳкард ва Рӯҳулқудс нуфузи онҳоро тасдиқ намуд.
Дар асрҳои I ва II баъди ба дунё омадани Масеҳсарварони Калисои бармаҳал аз иқтибосҳои Инҷил ва номаҳои Павлус, Юҳанно ва Петрус истифода мебурданд, то ки таълимоти худро тасдиқ намоянд, айнан ба монанди он ки арбобони барҷастаи каломӣ ва Худи Масеҳба Навиштаҳои бонуфузи аҳдиқадимӣ такя мекарданд.
Ҳамаи Китобҳои Аҳди Ҷадид тадриҷан нуфузи устуворро ба даст оварданд, дар ҳоле ки садҳо китобҳои динии давраи мо ба сифати китобҳои бонуфуз қабул карда нашудаанд.
Дар асри III сарварони рӯҳонии Калисоҳо дар ҳама ҷо ҳамаи Китобҳоро, ки ҳоло Аҳди Ҷадид меноманд, эътироф карданд ва қабул намуданд. Анҷумани байналхалқии калисоҳо инчунин он далелро эътироф кард, ки ин Китобҳо бояд "қонун" ё мазмуни расман қабулшудаи Аҳди Ҷадид гарданд, вале ҳамаи мо мефаҳмем, ки ин интихобро Рӯҳулқудс кардааст ва одамон онро фақат тасдиқ намудаанд.
Иблис муҳим будани Китоби Муқаддасро ба шубҳа намегузорад. Дар тамоми давру замонҳо вай фақат кӯшиш менамояд, ки онро несту нобуд созад. Вай кӯшиш кард, ки дар давраи Аҳди Ҷадид онро бо дастони румиён, дар асрҳои Зулмот варварҳо, дар Асрҳои миёна истилогарони испанӣ, дар асри ХVIII радикалҳои франсавӣ, дар асри гузашта коммунистони советӣ ва инқилобчиёни хитоӣ, ва дар Ҷанги дуюми ҷаҳон миллатчиён, несту нобуд созад. Дар давраҳои гуногуни таърих дар бораи гулханҳои бузурге шунидан мумкин буд, ки дар онҳо Китоби Муқаддас месӯхт.
Ва ба ҳар ҳол, он дар ҳама давру замонҳо ва дар ҳама халқҳо Китоби аз ҳама машҳур мемонад. Иблис на танҳо кӯшиш кард, ки Китоби Муқаддасро ҷисман нобуд созад. Вай инчунин ҷидду ҷаҳд намуд, ки имони одамонро ба он барҳам диҳад. Наслҳо пайи якдигар исботҳои илмии бардурӯғро ба муқобили он кор карда мебаромаданд.
Вале яроқи аз ҳама пурсамари иблис ба муқобили Китоби Муқаддас бепарвоӣ мебошад. Ба иблис дидани он маъқул аст, ки чӣ тавр Китоби Муқаддас дар рафҳои китобмонӣ чанг зер карда мехобад, ва ба ҳамон андоза вай аз гулханҳои алангазанандаи моҷароҷӯён, ки дар он Китоби Муқаддасро месӯзонанд, шодӣ мекунад. Иблис қаноатманд мегардад, агар Китоби Муқаддасро китоби хуб ва ҳатто китоби аъло ҳисобанд. Барои вай он ҳолат мудҳиш аст, ки одамон Библияро Каломи Худо барои ҷаҳони мурдаистода эътироф менамоянд!
Ба Китоби Муқаддас адовати сахт доштани одамони гуногунро ба монанди варварҳо, фашистон ва коммунистҳо яке аз далелҳои аниқ ба фоидаи он ҳисобидан мумкин аст. Вале барои чӣ ҳамаи онҳо ин тавр аз Китоби Муқаддас метарсанд? Барои чӣ ин қадар режимҳои диктаторӣ кӯшиш карданд, ки паҳнкунии ин Китобро манъ кунанд?
Боре дар Иттифоқи Советӣ ду зани скандинавиягии ҷавонро ҳангоми ба одамон тақсим кардани Китоби Муқаддас дастгир карданд. Дар милисахона ба онҳо дағалона муносибат карда, тамоми дороияшонро, аз он ҷумла, автомобилашонро мусодира намуданд ва худи онҳоро аз мамлакат ронданд. Дар ҳолати дигар, як марди англисро барои чунин "ҷиноят" ба ҳабсхона партофтанд. Барои чӣ? Зеро ҳокимиятҳои ҷазодиҳанда аз қувваи Китоби Муқаддас, ки назире надорад, метарсанд.
Пештар мо аллакай усулҳои гуногунеро муҳокима намудем, ки бо он ҳокимиятҳои ҷазодиҳанда барои несту нобуд сохтани масеҳият рӯ меоранд. Дар аввали таъқибот онҳо одатан тасдиқ менамоянд, ки таълимоти Исо пурра ба доктринаи онҳо мувофиқат мекунад ва дар асоси ин кӯшиш мекунанд имондорони ҷавонро ба он бовар кунонанд, ки тарафдори идеологияи онҳо буда, дар айни замон, масеҳӣ будан мумкин аст. Ва онҳо инчунин ҳамеша кӯшиш мекунанд ба одамон талқин намоянд, ки дар Китоби Муқаддас ақидаҳои мухолиф бисёранд ва ба ҳеҷ ваҷҳонро Китоби мутлақо боэътимод ҳисобидан мумкин нест.
Онҳо бисёр вақт ба "афсонаҳои бибиҳо" писханд мезананд, ки гӯё Китоби Муқаддас аз онҳо пур мебошад ва талаб менамоянд, ки таълимоти қатъиян дар имон асосёфта ба таври ратсионалӣ маънидод карда шавад. Миқдори ками масеҳиён ба чунин намуди ҳуҷумҳо тайёранд.
Гурӯҳи донишҷӯёни масеҳӣ дар донишкадаи асосии Хитой боре муаллимон — душманони масеҳиятро мулзам карданд, аммо дертар ҳукумат "ташвиқот"-и онҳоро манъ намуд ва ба таври зӯроварона имондорони ҷавонро маҷбур намуд, ки ба талаботҳои он итоат намоянд. Вақте ки масеҳиён ба чунин вазъият меафтанд, онҳоро лозим аст ба омӯзиши Китоби Муқаддас ҷиддӣ машғул шаванд.
Ба он боварӣ доштан мумкин аст, ки вақти озодонаи омӯзиши Навиштаҳо хеле кӯтоҳхоҳад буд. Ба қарибӣ Китоби Муқаддас аз пештахтаи мағозаҳои китобфурӯшӣ ва дӯконҳои калисогӣ нест мешаванд. Дар мамлакатҳои дорои режими ҷазодиҳанда ҳокимият тез-тез ба усули дӯстдоштаи худ рӯ меорад — Китоби Муқаддас дар витрина гузошта мешавад, вале барои харидани он "рухсатнома"-и махсуси ҳокимон лозим мешавад. Ин маънои онро дорад, ки агар касе ҷуръат намуда, чунин "рухсатнома" пурсад, полис номи ӯро ба қатори одамони шубҳанок дохил мекунад.
Албатта матбуоте, ки аз тарафи давлат назорат карда мешавад, Китоби Муқаддасро нашр намекунад. Яке аз истисноҳо рухсатномаи ҳукумати Хитой барои нашри Навиштаҳо ба нашриёти Amity Bible Press мебошад. Аз рӯи маълумотҳои мавҷуда ин матбаа бисту панҷ миллион нусха Китоби Муқаддас баровардааст. Қисми зиёди онҳо танҳо ба аъзоёни калисоҳои расман ба қайд гирифташуда фурӯхта мешаванд. Эҳтиёҷоти калисоҳои хонагӣ ба Китоби Муқаддас имрӯзҳо ба чил миллион адад мерасад.
Дар баъзе мамлакатҳо то ба ҳол норасоии бузурги Китоби Муқаддас вуҷуд дорад ва шубонон намедонанд, ки нусхаҳои пурқиматро дар байни қавми ба он эҳтиёҷдошта чӣ хел тақсим намоянд. Як калисои хонагӣ дар Вйетнам қарор дод, ки Китоби Муқаддасро ба он имондороне диҳанд, ки боэҳтимом оятҳои библиявиро азёд мекунанд. Бинобар ин Китоби Муқаддасро ба он касоне тақсим намуданд, ки тавонистанд боби 118-уми Китоби Забур — ҳамаи як саду ҳафтоду шаш оятро азёд гӯянд.
Ҳайратовар нест, ки мо дар миссияи "Дарҳои кушода" ҳамаи корҳои имконпазирро мекунем, то он мамлакатҳоеро бо Китоби Муқаддас таъмин намоем, ки нарасидани сахти он ба чашм мерасад, зеро қудрати Худо дар наҷот танҳо дар он ниҳон аст.
Вақте ки шубони машҳури хитоӣ Ван Миндао (Wang Ming-dao) аз ҳабс озод карда шуд, ӯ гуфт: "Ҳамаи ин бист сол дар ҳабсхона ман Китоби Муқаддас надоштам. Хушбахтона, аз синни бисту як то бисту чорсолагӣ дар хона зиндагӣ карда будам, ва ҳангоми иҷрои корҳои хона Китоби Муқаддасро омӯхта будам. Ман оятҳои зиёдро аз ёд карда будам. Ҳангоми дар ҳабс будан ин оятҳо яке паси дигар аз қаъри дили ман баромада, маро қувват медоданд. Агар ин суханони Худо намешуданд, на танҳо ман, балки бисёр касоне, ки дар паҳлӯи ман буданд, пурра шикаст мехӯрданд".
Шубон Лам (Lamb) аз қисми ҷануби Хитой дар худи ҳамон вақт дар маҳбусии дурудароз буд. "Ана он вақт ман фаҳмидам, ки дар мактаби каломӣ барои чӣ ин қадар зиёд оятҳоро аз Навиштаҳо аз ёд кардан даркор будааст, — гуфт ӯ. — Ман ақли солимро танҳо ба василаи такрори ҳамешагии оятҳои каломӣ нигоҳдошта тавонистам".
1. Хондани Китоби Муқаддас, омӯзиш ва адешаронӣ дар бораи он
Калисо ба ҳолатҳои душвор ба василаи омӯзиши ҷиддӣ ва дар хотир нигоҳдоштани мазмуни он ба таври беҳтар омода шуда метавонад. Аз ёд кардани Китоби Муқаддас ҳамчунин барои фаҳмиши андешаи Худо, ки дар он баён шудааст, ёрӣ мерасонад.
Омӯзиши Китоби Муқаддасро бо чӣ гуна муносибат сар кардан даркор аст? Аввалан ба тадқиқи Китоби Муқаддас бо фаҳмиши он наздик шавед, ки ин на фақат ба он одамоне зарур аст, ки ба онҳо дар ин бора нақл кардан мехоҳед, балки ба худи шумо низ. Дуюм, ба Китоби Муқаддас бо итоаткорӣ наздик шавед. Китоби Муқаддасро маҷбур насозед чизи мехостагии шуморо гӯяд, балки онро барои он омӯзед, ки гуфтаи Худи Худоро ошкор намоед. Омӯзиши Китоби Муқаддас на барои маълумотнок шудани одам, балки барои аз сари нав ташаккулёбии вай аст.
Боз ва боз Навишта ба мо амр менамояд, ки дар бораи Каломи Худо андеша намоем. Барои ин вақт ва интизом зарур аст, ва дар натиҷаи он мо баракат ва мукофот мегирем. Андеша кардан — мақсаднок дар бораи оятҳо ё порчаҳои каломӣ фикр кардан аст, то фаҳмем, ки ҳақиқатҳои онро дар ҳаёти шахсии худ чӣ гуна истифода барем. Барои истифодаи Навиштаҳо моро лозим аст, ки ба худ се саволи асосӣ диҳем:
Ин оятҳо барои шунавандагони нахустини Китоби Муқаддас чӣ маъно доранд?
Дар онҳо чӣ гуна принсипи ба вақт мутеъ набуда ниҳон аст?
Дар куҷо ва чӣ гуна ман метавонам ин принсипро дар амал истифода барам?
Ана, шаш роҳи аниқи ақидаронӣ аз болои оятҳо ё порчаҳои каломӣ:
Онро тасаввур кунед! Саҳначаи дар он тасвиршавандаро пеши назар оред.
Онро талаффуз кунед! Ҳар бор калимаҳои гуногунро қайд карда, бо овоз такрор кунед.
Онро нақл кунед! Нақли худро нависед.
Онро ба саҳна гузоред! Номи қаҳрамонро бо номи худатон иваз намоед.
Дар бораи он дуо кунед! Оятро ба дуо гардонед ва дар бораи он ба Худо гӯед.
Онро тадқиқ намоед! Ба он саволҳои зеринро диҳед:
• Оё ин оят маро дар гуноҳҳое фош намесозад, ки аз онҳо тавба кардан лозим аст?
• Оё ин оят ба ман ваъдаҳоеро нишон намедиҳад, ки дар бораи он ман метавонам дуо кунам?
• Оё ин оят ба ман муносибатеро нишон намедиҳад, ки ман бояд онро тағйир диҳам?
• Оё дар он ягон хел амре нест, ки ман бояд онро ба ҷо орам?
• Оё дар он ягон намунае нест, ки ман бояд пайравӣ намоям?
• Оё дар он дуое нест, ки бо ёрии он ман дуо карда тавонам?
• Оё дар он ишора ба хатоҳое нест, ки аз онҳо канораҷӯӣ намоям?
• Оё дар он ҳақиқатҳое ҳастанд, ки ба онҳо бояд бовар кунам?
• Оё дар он чизе ҳаст, ки барои он Худоро шукргузорӣ намоям?
2. Бахотиргирии Китоби Муқаддас
Бахотиргирии оятҳо хеле муҳим мебошад. Ҳар як шахси масеҳӣ бояд оятҳои асосиро аз Навиштаҳо аз ёд донад. Масалан, Инҷили Юҳанно (3:16; 5:24), Нома ба Эфсӯсиён (2:8–9).
Хеле хуб мешуд, ки ҳар ҳафта як оятро аз ёд кунед. Ва боз хубтар мешуд, ки ҳар рӯз як оят аз ёд кунед. Масалан, дар гурӯҳи мушоракатиатон шумо метавонед бахотиргирии бобҳои пурраи Китоби Муқаддасро ба нақша гиред. Як бобро байни ду ё се одам тақсим кардан мумкин аст. Баъд каме дертар аъзоёни гурӯҳметавонанд бо ҳам вохӯранд ва ин бобро рӯбардор намоянд. Малакаҳо ба даст оварда ва ҳамеша ин равандро таҳти назорат гирифта, ҳатто дар мушоракати на чандон калон чунин порчаҳо аз Навиш-таҳо ба монанди Номаи якуми Юҳанно ё Нома ба Филиппиёнро аз худ кардан мумкин аст. Муҳим аст, ки азхудкуниро аз худи ҳозир сар кунем. Меарзад, ки дар ин роҳҷидду ҷаҳди зиёд кунед, ҳатто агар шумо ҳеҷ гоҳба фоиданок будани Навиштаҳо шубҳа ҳам надошта бошед. Аз худи ҳамин рӯз сар кунед!
Як масеҳии ҷавон дар қисми шимолии Вйетнам зиндагӣ мекард, ки дар он ҷо коммунистон ба сари қудрат омада буданд. Ӯ қасам ёд кард, ки агар ба ҷамъияти озод рафтан насибаш гардад, Китоби Муқаддасро хеле бодиққат меомӯзад. Дертар районе, ки ӯ дар он ҷо зиндагӣ мекард, аз тарафи ҷанговарони қушӯнҳои ҷанубӣ озод карда шуд ва ӯ аз пайи иҷрои қавли додаи худ шуд. Ӯ оятҳоро аз Навиштаҳо аз ёд мекард ва дар як вақт кӯшиш мекард, ки асосҳои илоҳиёти каломиро фаҳмад. Баъди якчанд сол он қисми мамлакат боз аз сари нав дар зери зулми коммунистон монд. Вале ин маротиба ҷавон ба душвориҳо тайёр шуда буд. Баъд аз фирори худ ба Ғарб вай дар бораи он шаҳодат дод, ки аз ёд кардани оятҳои каломӣ барои вай чӣ хел тасаллӣ ва дастгирӣ буд. Бо ёрии ин оятҳо ӯ ва якчанд бародарони ҳамимон тавонистанд ба Худо ибодат намоянд ва якдигарро дастгирӣ кунанд.
Оятҳои каломӣ аз ҳама хубтар бо мусиқӣ аз худ карда мешаванд. Хотира метавонад миқдори зиёди оятҳои каломиро дар шакли суруд нигоҳдорад. Ғайр аз ин, Рӯҳулқудс метавонад оятҳои каломиро, ки ба оҳанг дароварда шудаанд, истифода барад, то ки рӯҳи моро барафрӯзад ва мазмуни Навиштаҳоро дар он ҳолате ёдовар шавад, ки моро лозим аст ба он муроҷиат кунем.
Албатта, бахотиргирӣ танҳо ибтидо аст. Имондорон дарёфтанд, ки ҷидду ҷаҳд барои бахотиргирии порчаҳо бо навиштани оятҳои азёдкардашуда ба кас ёрӣ медиҳад, ки аҳамият ва мазмуни онро фаҳмад. Агар шумо бо ҷидду ҷаҳд дар бораи ин суханон фикр карда, кӯшиши аз ёд кардани онҳоро кунед, маъноҳои онҳо хеле фаҳмотар мегардад.
Иштирокчиёни муҳими барномаи бахотиргирӣ дар ҳар гурӯҳбояд кӯдакон гарданд. Кӯдакон бисёр вақт оятҳоро аз калонсолон дида хубтар аз ёд менамоянд ва оятҳои азёдкардаашонро метавонанд ба насли оянда диҳанд.
Порчаҳои азёдкардашударо лозим аст моҳе як маротиба такрор кунед. Баъди он ки аъзоёни калисо порчаҳои калонро аз ёд мекунанд, ҳар яки онон бояд қисми азёдкардаи худро нависанд, то ки якҷоя порчаи пурраро тартиб диҳанд. Ба ҳамин тариқ, гурӯҳи шумо хоҳад донист, ки дар ҳолати ба миён омадани зарурати аз рӯи хотира барқарор сохтани порча чӣ хел порчаи пурраро тартиб диҳад. Дар воқеияти ҳақиқӣ одатан ҳусни хати гуногун ва варақҳои ҳархела коғазҳои назарногир менамоянд, ки боиси шyбҳа нестанд. Норасоии асосии чопи машинагӣ ё матне, ки дар принтер чоп карда шудааст, "назаррас"-ии он мебошад, ки ҳангоми кофтуков диққатро ба худ ҷалб мекунад.
Як зани солхӯрда, ки тез-тез аз Гонконг ба Хитой меомад, дар вақти холигии худ оятҳои библиявиро, ки дар хонааш аз ёд карда буд, менавишт. Дӯстони хитоии вай бо эҳтимом ҳамаи навиштаҳои вайро ҷамъ оварда, ҳамчун ганҷина маҳфуз медоштанд.
Дар баъзе минтақаҳои ҷаҳон имондороне ҳастанд, ки на навишта ва на хонда метавонанд, вале онҳо нақши муҳимро дар барномаи бахотиргирии Китоби Муқаддас бозида метавонанд. Ба одамони бесавод як порчаро якчанд маротиба хондан даркор аст, то ки онро аз ёд кунанд. Онҳо метавонанд онро ба дигар бесаводон ба ҳамин тариқе расонанд, ки анъанаи даҳонӣ хабарро аз як насл ба насли дигар дар давоми ҳазорсолаҳои зиёд мерасонад. Ба ин маъно аудиокассетаҳо шакли муҳими истифодабарӣ ва нигаҳдории Навиштаҳо гарданд.
Ба маслиҳати таронасаро пайравӣ карда ва Каломи Худоро дар дилҳои худ ҷо карда, мо метавонем сарчашмаи бойе барои муҳорибаҳои минбаъдаи рӯҳонӣ дошта бошем. Аз афташ, масеҳиёни калисои таъқибшаванда ин принсипро хеле хубтар мефаҳманд. Имондороне, ки солҳои зиёдеро дар маҳбусӣ гузарондаанд, дар бораи зарурати қатъии аз ёд кардани оятҳои Китоби Муқаддас гап мезананд.
Дар собиқ Иттифоқи Советӣ шубон Иван Антонов барои мавъизаи Инҷил бисту чор соли ҳаёти худро дар ҳабсхона гузарондааст. Ӯ моҳи ноябри соли 1988 озод карда шуд. Ба гузашта назар карда ӯ мегӯяд: "Аз ҳама асосиаш Каломи Худоро омӯхта, дар хотир нигоҳдоштан зарур аст. Вақте ки ман дар ҳабсхонаҳо ва лагерҳо будам, Китоби Муқаддас надоштам, вале тавонистам ҳар он чизеро, ки дар хотирам монда буд, ба ёд оварам. Ҳар рӯз ман ду бобро аз Аҳди Қадим ва ду бобро аз Аҳди Ҷадид такрор мекардам.
Вобаста ба ин ман Юсуфро дар Миср ба хотир овардам. Дар солҳои фаровонӣ ӯ ҳосили фаровони ғалларо дар анборҳо ҷой кард. Ва ҳамин ки гуруснагӣ фаро расид, вай аз анбор тақсим кардани гандумро сар кард ва одамон аз гуруснагӣ раҳо ёфтанд. <…>
Ин Навиштаҳо барои ҷони ман ғизо буданд… Худо ҳамеша маро барвақт бедор мекард… Ба ҳамин тариқ, ман вақт доштам, ки дуо кунам ва дар хомӯшӣ ва тинҷӣ андеша кунам".
Дигар бародари рус Вениамин Маркевич баъди озодшавӣ аз лагер ёдовар мешавад: "Дар ҳабсхона ман аз бобҳои Китоби Муқаддас, ки аз ёд карда будам тасалло ва рӯҳбаландӣ меёфтам. Ин оятҳо ғизои ҷони ман буданд ва ба ман дар мубориза ба зидди қувваҳои азозилон ёрӣ мерасониданд… Он рӯзҳо ҳамон "рӯзҳои бад" буданд, ва қувваи махсус лозим мешуд, то "ҳамаро паси сар карда истрдагарӣ намоем"…"
Илова ба барномаи бахотиргирӣ гурӯҳи мушоракатии шумо метавонад ягон кореро барои нигоҳдории нусхаҳои Китоби Муқаддас ба ҷо орад. Фикр накунед, ки Китоби Муқаддас ҳамеша барои ҳама китоби дастрас хоҳад буд. Ҳар як имондор бояд як нусхаи Китоби Муқаддас дошта бошад, ки онро ҳар рӯз хонад.
Агар шумо дар мамлакати озод зиндагӣ кунед, метавонед Китоби Муқаддасро ҳамчун шаҳодати имони худ ба Масеҳбо худ гардонед. Вале агар айёми таъқибот фаро расад, китоби шуморо ҳангоми ошкор сохтан мусодира менамоянд. Оё шумо медонед, ки онро чӣ хел нигоҳдоред ва нагузоред, ки ба дасти ҳокимон афтад? Баъзе имондорон дарёфтанд, ки гоҳо онро бо коғази қаҳваранг печондан кифоят мекунад. Дигарон муқоваи онро мекананд ва онро ба якчанд китобчаҳои на чандон калон тақсим менамоянд.
Шумораи ками беимонон метавонанд қисмҳои ҷудокардашудаи Китоби Муқаддасро дар китобчаҳои тунук-тунук шиносанд. Ҳар як оилаи масеҳӣ бояд кӯшиш намояд, ки ақаллан як нусхаи Китоби Муқаддасро муҳофизат намояд. Бисёр китобҳоро метавонанд ёбанд ва мусодира намоянд, вале як китоби ёфтанашуда метавонад дар имондорон тозагии таълимоти инҷилиро нигоҳдорад.
Дар хотир нигоҳдоред, ки барои масеҳиён дар шароитҳои душманона дар хотир доштани оятҳои каломӣ ва кӯшиши нигоҳдоштани нусхаҳои чопии Навиштаҳо хеле муҳим мебошад. Агар шумо дар гурӯҳи мушоракатӣ аллакай аз рӯи ҳар ду барнома кор карданро сар кунед, дармеёбед, ки онҳо ба шумо ёрӣ медиҳанд торҳои рӯҳонии байни аъзоёни гурӯҳатонро мустаҳкам гардонед, вазъияти ҷиддии ҷамъомадро фароҳам меоранд ва ба шумо ҳиссиёти чуқури ба Каломи Худо бахшида шуданатонро медиҳанд.
Агар миқдори нусхаҳои Китоби Муқаддас вобаста ба шароит маҳдуд карда шаванд, шуморо лозим аст ба худ масъулияти паҳн кардани он нусхаҳои Каломи Худоро ба зимма гиред, ки нигоҳдошта тавонистед. Вақте ки шумо дар бораи дигар масеҳиёне мефаҳмед, ки Китоби Муқаддасро дастрас карда наметавонанд, метавонед эҳтиёҷҳои онҳоро қонеъ гардонед. Ана, баъзе таҷрибаҳо оиди "махфиёна" паҳн кардани Китоби Муқаддас, ки аз тарафи масеҳиёни Калисои таъқибшаванда дар шароитҳои хеле вазнин ба даст оварда шудаанд:
Паҳн кардани Китоби Муқаддас дар шакли "ба қисмҳо ҷудокардашуда" нисбат ба китоби яклухт осонтар аст.
Нусхаҳои Китоби Муқаддасро ба одамоне диҳед, ки порчаҳоро аз он рӯйнавис менамоянд ва онҳоро дар байни имондорон паҳн менамоянд.
На ҳамаи давлатҳои дорои режими ҷазодиҳанда қобилият дорад, ки дар дохили мамлакат мукотибаи почтавиро назорат баранд. Миқдори на чандон зиёди нусхаҳои Навиштаҳоро ба воситаи почта равон кардан мумкин аст. Нусхаҳои равон мешудагӣ бояд дар коғазҳои оддие, ки аз дилхоҳмағозаи конселярӣ дастрас кардан мумкин аст, дастнавис шуда бошанд.
Истифодаи аудиосабтҳои каломӣ метавонанд на он қадар шубҳанок бошанд, махсусан агар матнҳо ба оҳанг дароварда шуда бошанд.
Истифодабарандагони компютер метавонанд Китоби Муқаддасро дар дискетҳо ва дискҳои лазерӣ нигоҳдоранд.
Зиёдкунӣ ва паҳнкунии Навиштаҳо дар мамлакатҳое, ки режими диктаторӣ доранд, хатарнок буда метавонад.
Вале ин фаъолият низ чун дархотиргирии оятҳои библиявӣ мукофоти бузурги рӯҳониро ваъда мекунад. Худованд содиқ будани шуморо дар паҳн кардани Каломи Ӯ баракат медиҳад.
Ҳатто имрӯзҳо шумо дар ҷамъияти озод зиндагӣ карда, метавонед дар таъмини Китоби Муқаддас ба масеҳиёне, ки дар шароити режими ҷазодиҳанда зиндагӣ мекунанд, иштирок намоед. Шумо боварӣ ҳосил менамоед, ки эҳтироми онҳо ба таълим ва паҳнкунии Каломи Худо чӣ хел бузург аст!
Масеҳиёни Хитой, ки дар қисми ҷанубии Хитой зиндагӣ мекунанд, соли 1980 аз миссияи "Дарҳои кушода" хоҳиш карданд, ки ба онҳо як миллион нусха Китоби Муқаддас фиристанд (ин чорабинӣ бо номи "Лоиҳаи Дурдона" машҳур гашт). Имондорон чунон боэҳтимом гирифтани Каломи Худоро мехостанд, ки оиди ин мавзӯъ шеърҳо эҷод карда, онҳоро ҳар рӯз месароиданд:
Худованд Каломи Худро бифирист,
Нури пурқимати Худро.
Дар он муҳаббату ҳақиқат,
Таълимот ва нони ҳаёт ҳаст.
Ман медонам, ки Худоям маро пеш мебарад,
Роҳамро равшан мекунад ва ба хонаи осмонӣ мебарад.
Боби понздаҳум
ДАСТГИРИИ ХУДО: ДУО
Ба Қўл. 4:2
Калисои шубон Ха (На) дар Вйетнам дар охирҳои солҳои 70-ум ҳангоми режими коммунистӣ дар давоми ҳамагӣ якчанд сол аз бист нафар то ба панҷ ҳазор нафар афзуд. Ҳангоме ки аз шубон дар бораи чунин инкишофи фавқулодда пурсиданд, вай ҷавоб дод: "Ман илоҳиёти хеле оддӣ дорам. Ҳангоме ки масъалаҳои ҳалталаб дар шумо сар мешаванд, дуо кунед! Агар масъалаҳо зиёд шуданд, боз бештар дуо кунед". Ҳар рӯз ин калисо соати шаши пагоҳӣ ба ҷамъомади дуо ҷамъ мешуданд. Барои ҳамин он афзун мегашт. Агарчи имондорон ҳамеша зери фишор зиндагӣ мекарданд, дар девори муқаддасгоҳи онҳо яке аз оятҳои дӯстдоштаи имондорон овезон буд: "Барои ҳама чиз шукргузорӣ кунед".
Баъд аз якчанд соли маҳбусӣ шубон Ха гуфт: "Вақте ки ман озод шудам, қариб беист дар фикр дуо карда, кор мекардам. Дар ҳабсхона ман дарёфтам, ки дуо ҳама чиз аст. Зарурати дуоро бо муҳим будани тафтиш кардани лавҳаи асбобҳои кабинаи ҳавопаймо пеш аз парвоз муқоиса кардан мумкин аст. Агар лётчик асбобҳоро насанҷад, вай метавонад ҳаёти бисёр касонро ба хатар гирифтор кунад. Асбоби асосӣ дар ҳаёти мо дуо мебошад. Агар мо дуо накунем, тамоми корҳои мо ба бетартибӣ рафта мерасанд".
Шубони вйетнамӣ Куонг (Cuong) зиёда аз шаш соли ҳаёти худро дар ҳабсхона гузарондааст. Вай дар бораи дуо чунин мегӯяд: "Пештар ман ончунон бо кор банд будам, ки вақти дуокунӣ надоштам. Аммо ман Худоро барои он шукргузорӣ мекунам, ки дар ҳабсхона барои дуо кардан вақти зиёде пайдо кардам. Ҳар рӯз ман қариб шаш соат дуо мекардам. Ман ба қадри кофӣ вақт доштам, то ки дар бораи ҳар як аъзои калисои худ ёдовар шавам ва дар бораашон дуо кунам. То ин муддат ман дар калисо хизмат мекардам, вале барои дуо кардан дар бораи одамони худ вақт надоштам. Вале дар он ҷо, ҳангоми мушоракати дуоӣ ман ҳузури ҳақиқии Худоро ҳис кардам. Вақте ки шумо зону зада, аз тамоми дилу ҷон ба Худованд дуо мекунед, ҷавоби Ӯро фавран меёбед".
Тамоми динҳои дунявӣ зарурати махсуси дуоро қайд мекунанд. Пайравони буддоия дуоҳои худро бо ғайрат такрор мекунанд, ҳарчанд чунин намеҳисобанд, ки ягон кас дуоҳои онҳоро мешунида бошад. Ҳиндуён мунтазам дуо мекунанд ва боварӣ доранд, ки онҳоро ақаллан яке аз худоёни сершумори ҳиндуён мешунавад, ҳарчанд онҳо низ ба дуоҳои худ ҷавобро интизор нестанд. Мусулмонон дар як рӯз панҷ маротиба намоз мегузоранд. Онҳо боварӣ доранд, ки Аллоҳонҳоро мешунавад, вале нақшаҳои худро, ки ба қонеъ гардондани эҳтиёҷотҳои онҳо равона карда шудааст, дигар намекунад.
Бутпарастон, ҳиндуён ва мусулмонони содиқ масеҳиятро имоне мешуморанд, ки дуокуниро талаб намекунад, зеро онҳо хеле кам мебинанд, ки масеҳиён дуо мекунанд. Аммо масеҳиён боварӣ доранд, ки онҳо Худое доранд, ки на танҳо дуои онҳоро мешунавад, балки ба онҳо бо қувваи пурқудрати Худ ҷавоб мегардонад!
Консепсияи масеҳии имон дар Аҳди Қадим решаҳои чуқур дорад. Довуд ба Калисо мероси бойи дуогиро дар шакли таронаҳо боқӣ гузоштааст ва бисёр масеҳиёни муосир ин меросро омӯхта, ба ҳаёти дуоии худ маънои нав медиҳанд. Вале сабақи аз ҳама бузургро дар дуо масеҳиён аз таҷрибаи Исои Масеҳмегиранд. Насл аз паси насл масеҳиён ба назди Масеҳмеоянд, чуноне ки шогирдони Ӯ омада буданд, ва хоҳиш мекунанд: "Худовандо! Дуо гуфтанро ба мо ёд деҳ!.." (Луқо 11:1).
Исо бо сухан ва кор таълим медод. Ҳаёти Ӯ аз дуо пур буд. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Ӯ хеле барвақт аз хоб мехест, то ки дуо кунад (ба Марқ. 1:35 ниг.). Дар ҳама ҷо, дар Навиштаҳо мо мебинем, ки Ӯ ё пеш, ё баъд аз ҳар як ҳодиса дар ҳаёти Худ дуо мекард (ба Луқо 6:6–13; 9:28–29; Матто 14:19; 15:36; Юҳанно 17. ниг.). Тамоман фаҳмост, ки дуо қисми зарурии ҳаёти Ӯ ва ҳалқаи махсусан аҳамиятноки марги Ӯ буд. Аз дуо дар боғи Ҷатсамонӣ сар карда ва бо дуои охирини худ дар рӯи салиб ба охир расонда, Исо доимо дар муҳити дуо ҳаракат мекард.
Ҳаёти дуоии Ӯ ба шогирдонаш таъсири бузург расонд. Исо инчунин ба онҳо дуо карданро васият кард (ба Юҳ. 16:24 ниг.) ва чизҳои бисёреро, ки ба дуо дахл доштанд, ба онҳо омӯхт (ба Мат. 6 ва 7 ниг.). Исо ба шогирдон ҳатто намунаи дуо карданро дод (ба Мат. 6:9–13 ниг.). Мувофиқи ин намуна мо бояд Худоро ҷалол диҳем, иродаи комили Ӯро ҷӯем, дар эҳтиёҷҳои ҳаррӯзаи худ ба вай умед бандем, аз Ӯ бахшиш пурсем ва ҳам худ дигаронро бубахшем, аз васвасаҳо нигоҳдоштани Ӯро ҷӯем ва Ӯро ҳамд гӯем.
Исо мегуфт, ки дар дуо аз шакл дида мақсад ё водорсозиҳои ниҳонии дил хеле муҳимтар аст. Шумо ба даст намеоред, зеро аз баҳри манфиатҳои шахсӣ мепурсед (ба Яъқ. 4:3 ниг.). Вақте дуо мекунед, дар назди омма дуо накунед, чуноне ки бутпарастон мекунанд, балки ба танҳоӣ рафта дуо кунед, ва он гоҳПадаре, ки ҳамаи асрори махфиро мешунавад, мукофоти шуморо медиҳад (ба Мат. 6:5–6 ниг.).
Исои Масеҳба мо инчунин имтиёзи ҳайратовареро дод — дуо кардан ба номи Ӯ. Ин "формулаи сеҳрнок" нест, ки натиҷаи мусбатро кафолат медиҳад. Ин имтиёзест, ки ба мо имкон медиҳад ба ҳузури Худо дароем ва чуноне, ки Исо қабул шуда буд, қабул шавем!
Бо номи Исо дуо кардан маънои онро дорад, ки мақсад ва иродаи мо бо ирода ва мақсадҳои Ӯ мувофиқанд. Маҳз ба ҳамин маъно Исо гуфта буд: "Агар чизе ба исми Ман биталабед, ба ҷо хоҳам овард" (Юҳ. 14:14). Исо Лаъзорро зинда карда, яке аз мӯъҷизаҳои бузурги Худро ба амал баровард, то ба таври аёнӣ ба мо як чизро нишон диҳад. Юҳанно нақл мекунад, ки Исо чашмонашро сӯи осмон боло кард ва гуфт: "Эй падар! Туро шукр мегӯям, ки сухани маро шунидӣ; ва Ман медонистам, ки ҳамеша сухани маро мешунавӣ; лекин барои мардуме ки дар ин ҷо истодаанд, гуфтам, то имон оваранд, ки Ту маро фиристодаӣ" (Юҳ. 11:41–42). Диққат диҳед, Худо ҳамеша дуои Исоро мешунавад. Айнан ҳамин тавр, Ӯ ҳар як дуои ба номи Исо гуфташударо мешунавад.
Эътиқоди мусулмонон ба он, ки Оллоҳон қадар бузург аст, ки дар ҷавоби дуои имондорон дар нақшаҳои худ чизеро тағйир намедиҳад, дар нигоҳи аввал таъсир мебахшад. Вале таълимоти Исо боз ҳам бузургтар аст. Худои мо қарор дод, ки дуоро ба сифати воситаи зоҳиршавии қудрати Худ ва дар асоси хоҳиши бо мо мушоракат доштан ва дар мо зоҳир шудан истифода барад! Ҳангоме ки фарзандон ба Ӯ ҳамчун ба Падар муроҷиат мекунанд, Ӯ ҳолатҳо ва ҳодисаҳоеро, ки ба муқобили амалӣ гардидани мақсадҳои Ӯ равона карда шудаанд, тағйир медиҳад. Ӯ инро дар абадият низ васият карда буд!
Масеҳиёни хитоӣ як шиори хеле хуб доранд: "Дуои бисёр — қувваи бисёр, дуои кам — қувваи кам!"
Ҳақиқати оддии калисои аҳдиҷадидӣ дар муносибати он ба дуо равшан зоҳир мегардад. Калисо дар интизории Рӯҳулқудси мавъуд дуо мекард (ба Аъм. 1:14 ниг.). Вақте ки ба ҷои Яҳудои Исқарют шахси ивазкунанда даркор шуд, ҳамаи яксаду бист нафар имондорон якҷоя ҷамъ шуданд, то ки дар ин бора дуо кунанд. Онҳо аз сари нав ба ҷамъомади дуо омаданд, вақте ки Рӯҳулқудс ба онҳо нозил шуд (ба Аъм. 2 ниг.). Баъд аз ин ҳодисаи бузург онҳо боз ба дуокунӣ баргаштанд (ба Аъм. 2:42 ниг.). Вақте ки ҳокимон ба онҳо таҳдид мекарданд, онҳо боз ҳам дуо карданд (ба Аъм. 4:23–31 ниг.).
Ин дуо дар боби 4-уми Китоби Аъмол дуои намунавӣ барои имондорон дар шароити таъқиботҳо мебошад. Дар он имондорон ҳокимияти соҳибистиқлоли Худоро эътироф мекунанд, пешгӯиҳои каломиро дар бораи он ки таъқибот хоҳад шуд, ба хотир меоранд ва инро ҳамчун падидаи ногузир қабул мекунанд. Онҳо на барои халос шудан аз таъқибот дуо мекунанд, балки барои далерӣ ва қувват хоҳиш мекунанд. Диққат диҳед, ки Худо аз чунин дуо розӣ буд ва ба таври аз ҳама драматикӣ ба он ҷавоб дод (ба Аъм. 4:31 ниг.).
Ба дуо вобаста будани Калисои барвақтиро дар давоми тамоми Китоби Аъмол дидан мумкин аст. Дар он замон имондорон бо чизе, ки рӯ ба рӯ оянд, хоҳон таъқибот аз хориҷ бошад (ба 7:59–60 ниг.), ё муноқиша дар даруни калисо (ба 6:1–4 ниг.), ё эҳтиёҷ ба қувваи Рӯҳулқудс барои навимонон (ба 8:14–17 ниг.), онҳо ба дуо рӯ меоварданд.
Ҳангоме ки Худованд дар фаъолияти Калисои Худ ягон чизро тағйир додан мехост, Ӯ инро бо мадади дуо мекард. Ӯ ҳангоми дуои Петрус ба вай фаҳмонд, ки мехоҳад вайро ба назди аввалин имондорони ғайрияҳудӣ фиристад (ниг. ба Аъм. 10:9). Вақте ки Калисо дар Антиохия дуо мекард, Ӯ Павлус ва Барнабборо ба сифати миссионерони аввалини Калисо ҷудо кард (ба Аъм. 13:2–3 ниг.).
Ҳавворӣ Павлус аз худи ибтидои хизматгузории худ то ба охир ба мо намунаи дуои ҳамешагиро нишон дод. Вай дуоро ончунон қисми ҷиддии ҳаёти имондор меҳисобид, ки дар ҳар яке аз номаҳои худ доимо дар бораи он ёдрас мешуд. Таълимоти вай таълимоти кӯтоҳи Масеҳро инкишоф медиҳад ва васеъ мекунад. Махсусан сатрҳои зерин дар номаҳои ҳавворӣ муҳим мебошанд:
"Доимо бо дуо машғул буда, дар он бо шукргузорӣ бедор бошед" (Қӯл. 4:2).
"Пайваста дуо гӯед" (1 Тасл. 5:17).
"Пас, дар навбати аввал хоҳишмандам, ки дуоҳо илтимосҳо, тазаррӯъҳо ва шукронаҳо ба ҷо оварем барои ҳамаи одамон, барои подшоҳон ва барои ҳамаи ҳукуматдорон, то ки ором ва сокит, бо камоли парҳезкорӣ ва покӣ умр гузаронем" (1 Тим. 2:1–2).
Павлус дорои таҷрибаи бузурги шахсии хизматгузорӣ дар шароити таъқибот буд ва вобаста ба ин маслиҳат медод, ки беист дуо кунем (ба Аъм. 16:25 ниг.). Вай халоскунии аҷоиби Худоро аз сар гузаронда буд ва боварӣ дошт, ки ин халосшавӣ ҷавоб ба дуо буд (ниг. ба 2 Қӯр. 1:9–11).
Яъқуб низ дар бораи аҳамияти амалии дуо мегӯяд. Вай ба мо онро меомӯзонад, ки дар ҷавоб ба дуо Худо ба мо ҳикмати заруриро медиҳад (ба Яъқ. 1:5 ниг.). Вай инчунин дар бораи дуо барои шифоёбӣ аниқ таълим медиҳад (ба Яъқ. 5:13–16 ниг.).
Ба андозаи таҳқиқи таълимоти каломӣ дар бораи дуо мо мебинем, ки дуо мушоракат бо Худо мебошад. Дуои намунавиеро, ки Исо ба шогирдони Худ дар Инҷили Матто (6:9–13) додааст, ба асос гирифта, дуои Худовандро ба шаш қисм ҷудо кардан мумкин аст:
1. Ҳамду сано
"Эй Падари мо, ки дар осмонӣ! Исми Ту муқаддас бод…"
Мо Худоро дар дуо ҳамду сано хонда, ба Ӯ барои баракот ва ғамхорӣ шукрона мекунем. Ҳамду сано ва шукрона ҷанбаҳои хеле муҳими муроҷиати мо ба Худо мебошад. Худо ҳамду санои моро сазовор аст ва Навиштаҳо ҳамеша моро даъват менамояд, ки Ӯро ҳамду сано хонем ва ҷалол диҳем (ба Заб. 104:1–2; Хур. 15:11 ниг.). Худо ба ҳамду санои мо эҳтиёҷ надорад, вале ба худи мо лозим аст, ки Ӯро ҳамду сано хонем! Ҳамду санои мо шаҳодати имони мо ба қувваи ягонаи Ӯ аст, ҳатто дар он ҳолате, ки шароитҳои мо хуб ҳам набошанд.
Масеҳиёни комил, ки дар шароитҳои таъқибот зиндагӣ мекунанд, бисёр вақт моро даъват менамуданд, ки якҷоя Худоро ҷалол диҳем ва дилҳои худро ба ҳамду сано ва шукргузорӣ тайёр созем, зеро маҳз бо чунин роҳмо комилҳуқуқии Ӯро эътироф менамоем, номи Ӯро ҷалол медиҳем ва худро мустаҳкам мегардонем. Онҳо дар бораи он шаҳодат доданд, ки вақте мо ба ҳолатҳои душвор нигоҳнакарда, Ӯро ҳамду сано мехонем, Худо имони моро қадр менамояд.
Ҳолатҳои аниқи зиёдеро номбар кардан мумкин аст, ки Худо ба дуои ситоиш бо дахолати ғайритабиии Худ ҷавоб додааст. Дар хотир доред, ки Худо шароитҳои шуморо хоҳтағйир диҳад ва хоҳне, Ӯ Худост ва Ӯ ҳамду сано ва шукронаи моро сазовор мебошад!
2. Мақсад
"…Малакути Ту биёяд, иродаи Ту, чунон ки дар осмон аст, дар замин ҳам ба амал ояд…"
Дар дуо шумо ҳаёти худ, оила, калисо, оянда, шаҳри худ, халқи худ ва тамоми ҷаҳонро ба иродаи Худо ҳавола менамоед.
3. Таъминот
"…ризқу рӯзии моро имрӯз ба мо бидеҳ…"
Дар дуо шумо аз Худо хоҳиш менамоед, ки эҳтиёҷҳои ҳаррӯзаатонро қонеъ гардонад. Дар Навиштаҳо бисёр ҷойҳое вуҷуд доранд, ки ба мо амр менамоянд дар мадди аввал ҳамаи ташвишҳои худро ба Худованд супорем ва дар бораи чизе ташвиш накашем.
4. Бахшиш
"…Ва қарзҳои моро бубахш…"
Боз як ҷанбаи муҳими дуо тавба аз гуноҳҳо мебошад. Азбаски ҳамаи мо Худоро ғамгин месозем ва гуноҳмекунем, ваъдаи Ӯ оиди он, ки агар дар назди Ӯ тавба кунем, моро пок месозад (ба 1 Юҳ. 1:9 ниг.), ба мо хурсандии бузург меорад. Вақте ки мо дар дуо ба ҳузури поки Худо ворид мегардем, мо ба Рӯҳулқудс рухсат медиҳем, ки моро дар хатоҳое ки пеши Худо кардаем, фош созад. Дар он вақт мо зуд аз гуноҳҳои худ тавба карда, боварӣ пайдо мекунем, ки Худо моро мебахшад. Тавбаи мо бояд аниқ бошад ва ғайр аз ин мо бояд ҳис намоем, ки тайёрем товони ҳамаи зарарҳоро диҳем ё он чиро, ки Худо ба мо ишорат менамояд, барқарор намоем.
5. Одамон
"…Чуноне ки мо низ ба қарздорони худ мебахшем…"
Барои дигар одамон хоҳиш кардан қисми хеле муҳими дуо мебошад, зеро ин амали дуоӣ бахшоиши ҳамаи он касоне мебошад, ки шояд аз мо бахшиш напурсидаанд ва пурсиданӣ ҳам нестанд (ба Мат. 5:44 ниг.).
6. Муҳофизат
"…ва моро ба озмоиш дучор накун, балки моро аз иблис раҳоӣ деҳ…"
Ҳар рӯз моро лозим меояд, ки дар муҳорибаи рӯҳонӣ иштирок намоем. Иблис кӯшиш мекунад, ки ба мо ба воситаи васвасаҳо ва тарсҳо шикаст расонад. Вақте ки шумо дар бораи муҳофизат дуо мекунед, шумо боварии заруриро барои он ба даст меоред, ки дар давоми рӯз аз ӯҳдаи ҳама гуна ҳолатҳо баромада метавонед (ба Юҳ. 4:4. ниг.).
1. Ваъдаҳоро ба хотир оварда дуо кунед
Дар Китоби Муқаддас ба таври ҳайратовар ваъдаҳои зиёде мавҷуданд, ки ба дуо тааллуқ доранд. Агар Каломи Худо ваъдаи ҷавобҳои тасодуфиро ба дуо медод, мо ба монанди бозингароне мешудем, ки ба бозии барорнок бо бурди калон умед мебанданд. Вале Китоби Муқаддас дар бораи чунин ваъдаҳои бузург мегӯяд, масалан:
Ва ҳар чиро ба исми Ман биталабед, ба ҷо хоҳад овард, то ки Падар дар писар ҷалол ёбад" (Юҳ. 14:13).
"Биталабед, ба шумо дода хоҳад шуд; биҷӯед, хоҳед ёфт, дарро бикубед, он ба рӯятон кушода хоҳад шуд" (Мат. 7:7).
"Маро бихон ва Ман туро иҷобат хоҳам намуд, ва ба ту чизҳои бузург ва ниҳонеро, ки намедонӣ, баён хоҳам кард" (Ирм. 33:3).
Ин ваъдаҳо бояд ба мо хоҳишеро диҳанд, ки ҳамаи ташвишҳои худро пеши Худованд биёрем ва назорат намоем, ки дуоҳои мо дуруст бошанд (ба Яъқ. 4:3 ниг.).
2. Ба овози Рӯҳулқудс гӯш дода дуо кунед
Ҳангоми дуокунӣ хеле муҳим аст, ки барои роҳнамоии Рӯҳулқудс кушода бошем. Рӯҳба мо ёрӣ мерасонад, ки Худоро ҳамду сано хонем. Ӯ ба мо дар бораи эҳтиёҷҳое ёдовар мешавад, ки барои онҳо дуо кардан даркор аст. Гоҳо Ӯ хеле фаҳмо амалеро нишон медиҳад, ки вобаста ба мушкилиҳо ва мўҳтоҷиҳое, ки дар дуоҳоямон номбар менамоем, бояд ба ҷо оварем (ба Юҳ. 16:13–14 ниг.). Бисёр вақт Ӯ ба мо оятҳои аниқро аз Китоби Муқаддас нишон медиҳад, ки дар онҳо ҷавоб ба эҳтиёҷҳои мо мебошад. Дар ин бора махсусан дар Номаи Яъқуб (1:5) фаҳмо гуфта мешавад: "Ва агар касе аз шумо аз ҳикмат камӣ дошта бошад, бигзор талаб кунад аз Худое ки ба ҳама бо саховат ва бе сарзаниш ато менамояд — ва ба вай ато хоҳад шуд".
3. Дар интизории иҷроиши хоҳишҳои аниқ дуо кунед
Дуо-илтиҷо бояд аниқ ва дар интизории иҷроиши он бошад. Танҳо хоҳишҳои аниқ ба мо хурсандии барпокунандаи имонро меорад, вақте ки мо қонеъ шудани эҳтиёҷҳоро дар ҳаёти худ, дӯстон, наздиконамон ва калисо мебинем.
Хеле муҳим аст, ки эҳтиёҷҳои дуоиро нависем, то ки баъд ҷавобҳои Худоро ба дуоҳои кардаамон муқоиса намоем. Албатта дар назар дошта мешавад, ки мо ҳамеша дуо мекунем.
Баъзе масеҳиён метарсанд, ки аз Худо дар бораи қонеъ гардондани эҳтиёҷҳои конкретиашон пурсанд, зеро дар асл онҳо умедвор нестанд, ки Ӯ ба дуоҳои онҳо ҷавоб медиҳад. Имони онҳо суст аст ва онҳо фикр кардан намехоҳанд, ки дуоҳои онҳо бетаъсиранд. Агар мо Навиштаҳоро тадқиқ намоем, дар он вақт дармеёбем, ки Худо ба мо амр менамояд, то бо интизорӣ дуо намоем. "Бинобар ин ба шумо мегӯям: ҳар чӣ дар дуо хоҳиш мекунед, яқин бидонед, ки онро пайдо хоҳед кард, — ва ба шумо ато хоҳад шуд" (Марқ. 11:24).
Ягона тавсифи ҳалкунанда дар муайянкунии масеҳии ғалабаовар дар малакаи мушоракати воқеии ӯ дар дуо ба Худо буда метавонад. Айнан ҳаминро дар бораи ғалабаи гурӯҳи имондорон, ки дар шароити режими ба масеҳият душман афтодаанд, гуфтан мумкин аст.
Вале гурӯҳчӣ хел метавонад мушоракати пурсамари дуоӣ бо Худоро инкишоф диҳад? Якум, он чизеро, ки Китоби Муқаддас оиди гуноҳмегӯяд, хондан лозим аст. Маълумотҳоро аз Навиштаҳо дар бораи намунаи он одамоне, ки қувваи Худоро дар дуо ба даст овардаанд, тадқиқ намоед. Барои он ки таълимоти каломӣ ба ҳаёти шумо таъсир кунад, шумо бояд онро фаҳмед. Таълимоти солими каломӣ дар бораи дуо бояд ҳамеша дар гурӯҳи мушоракатии шумо баён ёбад ва амалӣ гардад. Дар Аҳди Қадим ва Аҳди Ҷадид порчаҳои беҳамтое вуҷуд доранд, ки истифодаи амалии дуоро дар ҳаёти имондор нишон медиҳанд.
Агар ин имконпазир бошад, хуб мешуд, ки ба ҳар як навимон ба сифати шарики дуоӣ як масеҳии комилро ҳамроҳкунем. Онҳо бояд ҳамеша бо ҳам вохӯранд ва дуоҳои гуногунро ҳам дар назария ва ҳам дар амал омӯзанд. Вақте ки имондори ҷавон шафоатгари дуоии қавӣ мегардад, вай метавонад, ки шарики дуоии навимони дигар гардад.
Барои он, ки имондорон дар дуокунӣ қавӣ гарданд, Калисо бояд дарк кардани эҳтиёҷҳоро, ки барои онҳо дуо кардан мумкин аст, бидонад. Дар Китоби Муқаддас дархостҳо нисбати вақтҳои бӯҳрон вуҷуд доранд ва моро даъват менамоянд, ки бо ёрии онҳо дуо кунем. Вале бӯҳронҳо бисёр вақт натиҷаи ҳаёти дуоии ғайрифаъол мебошанд. Агар мо ба пеши Худованд эҳтиёҷҳои хурдтарини худро биёрем ва интизор нашавем, ки кай ба проблемаҳои калон мубаддал мегарданд, бисёр вазъиятҳои бӯҳрониро паси сар намуда метавонем. Худои мо он қадар беаҳамият нест, ки ба тафсилоти хурдтарини ҳаёти мо аҳамият надиҳад. Дар Навиштаҳо гуфта мешавад, ки Худо бо чунин ҷузъиёт, аз гунҷишк сар карда то миқдори мӯйҳои сари мо, мароқ зоҳир менамояд.
Гоҳо имондорони ҷавон нодуруст фикр мекунанд, ки гӯё танҳо барои чизҳои "муҳим" дуо кардан лозим бошад. Ба онҳо нишон додан даркор аст, ки Худои мо ба ҳар як ҷузъиёти ҳаёти фарзандони Худ мароқ зоҳир менамояд. Хеле муҳим аст, ки ҳамеша ваъдаҳои Худоро такрор намоем. Мо бовар мекунем, ки Худо ба дуоҳои мо ҷавоб медиҳад, зеро Худи Ӯ инро ваъда кардааст. Ҳисси интизорӣ метавонад азсаргузаронии ҳаяҷоновар бошад.
1. Эҳтиёҷҳои аниқ
Агар мо дар бораи эҳтиёҷҳои аниқи ҳаёти худ дуо кунем ва хоҳишҳои худро ба ваъдаҳои аниқи каломӣ асоснок гардонем, ҷавобҳои ба дуоҳо гирифтаамон имони моро устувор менамоянд. Ана барои чӣ аниқ дуо кардан ва эҳтиёҷҳои дуоии худро навиштан зарур мебошад. Имондорони ҷавон ҳамеша ҳолатеро, ки Худо ба дуои аниқи имондорон ҷавоб медиҳад, бо ҳайрати бузург қабул менамоянд! Чунин шаҳодатҳо имкон медиҳанд, ки худи онҳо ба умедворӣ ба он дуо кунанд, ки Худо ба дуоҳои онҳо ҷавоб медиҳад.
Фарқи байни эҳтиёҷ ва хоҳишро фаҳмидан хеле муҳим мебошад. Бисёр масеҳиёни заиф ин фарқиятро дарк намекунанд. Онҳо талаб менамоянд, ки Худо хоҳишҳои онҳоро ба ҷо орад, вале Худо медонад, ки чӣ барои онҳо фоидаовар аст, ва аз ин рӯ на ҳама вақт чизи пурсидаро медиҳад. Дар натиҷа онҳо рӯҳафтода шуда, тӯъмаи осони душман мегарданд.
Ҳангоми ҳуҷуми мушакӣ дар ҷанги Вйетнам Худованд ба афсари ҷавон боварӣ ба он дод, ки ҳеҷ кас аз масеҳиён ҳалок намешавад, вале баъди чанде яке аз дуокунандагон сахт ярадор шуд. Вале ба дарди пой нигоҳнакарда, вай Худоро барои он шукргузорӣ намуд, ки касе кушта нашуд. Тамоман равшан аст, ки вай хурсанд мебуд аз ярадории сахт азоб накашад, вале Худованд ин ҳодисаро барои он истифода бурд, ки имони якчанд сарбози навимонро қавӣ гардонад.
2. Тарз
Ҳангоми дуо кардан мо бояд дар кадом ҳолат бошем? Дар Китоби Муқаддас намунаи одамоне оварда мешавад, ки дар дуо хам шудаанд (ба Ҳастӣ 24:26 ниг.), зону задаанд (ба Подш. 8:54 ниг.). Тамоман равшан аст, ки ҳолати одам он қадар муҳим нест. Масалан, дар Китоби Наҳемё (2:4–5) одаме, ки подшоҳбо савол ба вай рӯ овард, пеш аз он, ки ҷавоб диҳад, зуд дуо кард. Ӯ ҳолати заруриро нагирифт ва ба рӯй қиёфаи даркориро надод, вай танҳо кӯтоҳакак дуо кард ва Худованд вайро шунид ва ба дуояш ҷавоб дод.
Бисёр масеҳиён дар шароити таъқибот дарёфтанд, ки чунин шакли дуо хеле пурсамар буда метавонад. Вақте ки мо дар ҳолати ногувор меафтем ва дар дили худ ба Худо истиғоса мекунем, мо медонем, ки Ӯ моро мешунавад. Гоҳо фоидаовар аст, ки бо овоз дуо кунем, то ки дигарон низ тавонанд якҷоя бо мо дуо кунанд ва инчунин муҳим аст, ки беовоз дуо карданро омӯзем. Дуои кӯтоҳи Наҳемё пеш аз он, ки ба шоҳҷавоб диҳад, аниқ хомӯшона буд.
Калисо бояд фаҳмад, ки гоҳо пурҳарорат, вале хомӯшона дуо кардан хубтараш аст. Ҳокимон метавонанд дуои ошкоро ва боовозро шунаванд ва чораҳои зарурӣ андешанд. Дуои ниҳонӣ, ки умқи хоҳишҳои дилро ифода менамояд, ба Худо бе ягон монеа пешкаш карда мешавад. Дар саҳро кор карда истода, дар автобус ва ҳатто ҳангоми гузарондани митинги ташвиқотӣ беовоз дуо кардан мумкин аст!
3. Пурсабрӣ ва исроркорӣ
Калисо бояд боз як сабақеро аз худ намояд, ки аз дуои пуртоқатона иборат мебошад. Худо эҳтиёҷҳои моро "дар вақташ" қонеъ мегардонад (ба Ғал. 6:9) ниг.). Масеҳиён гоҳо аз пурсидан монда шуда, ақиб менишинанд. Ин ақибнишиниро имондорон бо он ҳақ бароварданӣ мешаванд, ки агар Худо ба дуоҳои мо ҷавоб надиҳад — ин маънои онро дорад, ки хоҳиши мо ба иродаи Ӯ мувофиқат намекунад. Дар хотир доред, ки Худо ҷавобан ба дуоҳои мо метавонад:
• Ҳар он чизеро, ки ба номи Ӯ пурсем, диҳад;
• Иҷрои дархостро мавқуф гузорад, то ки онро дар вақти Худ иҷро кунад (танҳо Ӯ ҳама чизро аз аввал то охир медонад);
• Рад кунад ва "не" гӯяд, зеро ки мо на он чизеро мепурсем, ки ба мо даркор аст;
• Ҷавоби беҳтари дигаре диҳад.
Исо моро даъват намудааст, ки дар дуо исроркор бошем (ниг. ба Луқо 11:5–8). Ин маънои онро надорад, ки Худо намехоҳад эҳтиёҷҳои моро қонеъ гардонад ва мо кӯшиш менамоем Ӯро ба гап дарорем, то ки хоҳиши моро иҷро кунад. Баръакс, ин маънои онро дорад, ки танҳо Худо ба пуррагӣ тамоми вазъиятро мефаҳмад ва медонад, ки кай ва чӣ хел ба он ҷавоб диҳад. Ва танҳо ҳамон вақте ки дар дили мо боварӣ аз Худо бошад, мо метавонем дуокуниро дар бораи ҳолати аниқ бас кунем. Биёед, якҷоя бо Самуил мегӯем: "Худи ман низ, ҳошо ки ман ба ҳузури Худованд чунин гуноҳро ба худ раво бинам, ки… дуо гуфтанро тарк намоям…" (1 Подш. 12:23).
Масеҳиён гоҳо дар дуокунӣ рӯҳафтода мешаванд, зеро намефаҳманд, ки Худо аллакай ба онҳо ҷавоб додааст. Гоҳо ин аз он ба амал меояд, ки дуокунии онҳо хусусияти конкретӣ надорад, ё онҳо пешакӣ қарор медиҳанд, ки Худо ба эҳтиёҷотҳои онҳо маҳз чӣ гуна ҷавоб диҳад. Шояд онҳо фикр мекунанд, ки вазъияти онҳоро фақат мӯъҷизаи ошкор ва намоён ҳал карда метавонад.
Вале Худованд метавонад шароитҳоро чунон тағйир диҳад, ки эҳтиёҷ худ аз худ ба таври табиӣ аз байн меравад. Имондорони комил бояд фаҳманд, ки ҳамаи ҳодисаҳо ва вазъиятҳои рӯзмарра бо иродаи Худо ба амал меоянд. Дар ин ҷаҳони пуртаҳлука ва хатарнок ризқу рӯзӣ ва бехатариамон худ ба худ мӯъҷизаи Худо мебошад. Биёед ба Худо илқо намекунем, ки чӣ хел Ӯро лозим аст ба эҳтиёҷотҳои мо ҷавоб диҳад. Баръакс, биёед Ӯро барои ғамхории ҳаррӯзааш дар ҳаққи мо шукрона намоем. Ба масали куҳан ва хирадмандона гӯш диҳед: "Худо ба касоне, ки ба интихоби Ӯ умед мебанданд, чизҳои аз ҳама беҳтаринро медиҳад".
4. Дуои мақсаднок ва дуои мушоракат
Ҳазрат доктор Чо, шубони калисои аз ҳама калонтарини ҳуҷайрагӣ, инчунин дар бораи аҳамияти калони дуокунӣ мегӯяд. Шубони калисои инкишофёбандаи Корея буда, ӯ дуокуниро барои худ ҳатмӣ дониста, на камтар аз панҷ соат дар як рӯз дуо мекунад.
Ӯ дуоро ба ду намуд ҷудо менамояд — дуо бо мақсади аниқ ва дуои мушоракат. Ҳар ду шакли дуо муҳиманд, вале дуои мақсаднок меҳнати душвореро дар бар гирифта, сарфи қувваи заёдро талаб менамояд. Ин дуои пурзӯр ба дуои шафоат наздик буда, одатан ба эҳтиёҷҳои фаврӣ диққати махсус медиҳад (ба Яъқ. 5:16 ниг.).
Ана пайдарпаии дуои мақсаднок:
Мақсади аниқ гузоред ва ба он нигаронида шавед;
Калимаҳои оддиро истифода баред;
Тамоми ҳиссиёт, қувва ва дили худро сафарбар намоед;
Исроркор бошед (ба Луқо 18:1–8 ниг.)
Имондорони Хитой ҳангоми дуогўӣ маҳз чунин намуди дуоро истифода мебаранд. Дар зер тавсифи як хизматгузорӣ оварда шудааст, ки имондорон дар ғоре гирд омаданд, ки бисту панҷ фут аз сатҳи замин поёнтар ҷойгир буд. Баъди мавъизаи сесоата онҳо бо чашмони пурашк ба дуокунӣ сар карданд, ашк ба рухсораҳои онҳо мешорид, аммо ҳеҷ кас ба он аҳамият намедод. Дилҳои онҳо ба андозае ба Масеҳнигаронида шуда буданд, ки онҳо тамоман ҳолати изтиробноки худро эҳсос намекарданд. Як хоҳар рост истода, чилу панҷ дақиқа дуо карда, аз Худо хоҳиш намуд, ки як имондори инҷилиро, ки номзади вай буд, аз ҳабс озод намояд. То ҷамъомад рӯзҳои зиёде вай рӯза гирифта буд ва ба ҳукуматдорон додани маълумотро оиди фаъолияти инҷилии калисои худ инкор карда буд.
5. Дар вазъияти душманона
Калисое, ки дар вазъияти мухолифат аст, бояд ҳарчӣ бештар вақти худро ба дуо сарф намояд. Имондорон хатои ҷиддӣ содир мекунанд, вақте ки барои дуо дар як ҳафта танҳо як ҷамъомади дуоиро мегузаронанд, ки дар он ҷо дар бораи хоҳишҳои дуогии худ хабар додан ва аз ҷавобҳо барои дуо хурсанд шудан ва барои дуоии якҷоя ҷамъ шудан мумкин аст. Беҳтар мешуд, ки дар ҳар ҷамъомад имондорон ба ин ҷанбаи қатъиян муҳими ҳаёти масеҳӣ вақти зиёдтар ҷудо намоянд. Ҳатто вохӯриҳои ғайрирасмии масеҳиёнро ҳамчун имконияти якҷоя дуо кардан дида баромадан лозим аст.
Агар Калисо ҷамъомади ҳарҳафтаинаи дуоиро барои гурӯҳҳои на чандон калон ба нақшаи фаъолияти худ дохил намояд ва ба ҳар як имондор гўяд, ки ҳар рӯз дуо кунад, хеле ақлона мешуд. Баъзе калисоҳо дар ҷаҳони озод имондоронро дар байни ҳафта на дар ҷамъомадҳои дуоии умумикалисоӣ ҷамъ менамоянд, балки бо гурӯҳҳои на чандон калон дар хонаҳои гуногун. Дар натиҷа аъзоёни қатории калисо вазифаҳои роҳбариро ба ҷо меоранд, дараҷаи иштироки шахсии имондорон баланд мешавад, масеҳиёни ҷавон бошанд дарк мекунанд, ки Худованд метавонад дар ҷамъомадҳое ҳузур дошта бошад, ки берун аз бинои калисо шуда мегузаранд.
Дар илова ба гурӯҳҳои дуоии хонагӣ, ки ба ноҳияҳои ҷуғрофӣ нигаронида шудаанд, калисо метавонад дар дохили ин гурӯҳҳо вохӯриҳои дуоӣ ташкил кунад, масалан, барои соҳибхоназанҳо, фермерҳо, донишҷӯён, коргарон ва ғ. Агар ҳангоми таъқибот калисои маҳаллӣ таҳти зарба қарор гирад, имондороне, ки бо роҳҳои гуногун дуокуниро ёд гирифтаанд, ҳаёти дуоиро қатъ намекунанд. Ҳатто агар масеҳиён пароканда ҳам шаванд, бо ҳам дидани хоҳишҳои дуоӣ ва ҷавобҳоро ба дуоҳо ба воситаи почта давом дода метавонанд. Дар ин мавзӯъ навиштани мактуб хеле осон аст ва он диққати ҳокимонро ба худ ҷалб намекунад.
Бо вуҷуди ин, ҳаёти дуоии оилаи масеҳӣ қувваи асосии рӯҳонӣ мемонад. Агар иблис ғалабаи муваққатиро ба даст оварда, Бадани маҳаллии имондоронро пароканда созад, оила метавонад бемалол фаъолияти дуоии худро давом диҳад.
Масеҳиёни алоҳидае, ки ба ҳабсхона афтодаанд ё бадарға карда шудаанд, дар асоси таҷриба ба он боварӣ ҳосил кардаанд, ки сарчашмаи асосии қувваи онҳо дуо мемонад. Китобҳои зиёде бо шаҳодат дар бораи таҷрибаи ҳаяҷоновари чунин имондорони азияткаш навишта шудаанд. Дуо — таҷрибаи асосии рӯҳонии ҳар як масеҳӣ, таҷрибаи олӣ ва аз ҳама пурзӯри вай мебошад. Бешубҳа, дуои пуртаъсир сабақи аз ҳама бузургест, ки ҳар як шахси масеҳӣ метавонад аз худ кунад.
6. Дуо барои таъқибкунандагони шумо
Яке аз сабақҳои бузурге, ки Калисои таъқибшаванда бояд аз худ кунад, дуо барои таъқибкунандагони худ мебошад. Ин принсип ба талаботи дӯст доштани душманони худ хос аст. Намунаи зиёди онро овардан мумкин аст, ки Худо чунин намуди дуоро сарфароз мекард.
Носки пештар дар қисми ҷанубии Филиппин имом буд. Вай мусулмони содиқ буд ва дар ҷамоати на он қадар калон дорои ҳурмати сазовор буд. Боре, аз экспедитсияи моҳидорӣ баргашта, вай бо даҳшат фаҳмид, ки ду духтари вай ба масеҳият рӯ овардаанд. Вай хеле хуб дарк мекард, ки духтарон дар пеши чашми аҳли ҷамоа ба сари вай чӣ гуна шармандагӣ овардаанд. Бо қаҳру ғазаби зиёд вай онҳоро бераҳмона зад ва умед дошт, ки онҳо аз имони нави худ даст мекашанд. Аммо духтарон ба эътиқоди худ содиқ монданд. Онҳо падарро дӯст медоштанд ва медонистанд, ки барои Худо кори ғайриимкон нест, бинобар ин, дуо гуфтанро сар карданд, то ки падар имон орад.
Баъди гузаштани чанд муддат, ҳангоми кор дар киштии моҳидорӣ Носки дар меъдаи худ дарди сахтеро ҳис кард. Дард зиёд мешуд ва шикам чун кураи ҳавоӣ дам мешуд. Носки дар ҷонкании сахт печутоб мехӯрд. Вай дуо мекард, вале ҳеҷ ёрӣ намерасонд. Бо рӯҳафтодагӣ вай ба Худои духтарони худ, ба Исои Масеҳрӯ овард ва фавран шифо ёфт.
Баъд аз ин ҳодиса Носки одами нав шуд. Вай дили худро ба Исо дод ва Худованд будани Ӯро эътироф кард. Имрӯз вай ба Худованд ба сифати роҳбар содиқона хизмат мекунад, духтаронаш бошанд, дар хизматгузорӣ ба вай ёрӣ мерасонанд.
Рӯза соҳаи муҳими рӯҳонӣ аст, ки бо дуои исроркорона ҳамрадиф аст. Биёед ин мавзӯъро ба воситаи ҷавобҳо ба саволҳое, ки зуд-зуд ба миён меоянд, тадқиқ мекунем.
1. Рӯза доштан ва дуо кардан чӣ маъно дорад?
Рӯза доштан маънои дар ҷои аввал гузоштани Худоро дорад. Рӯза хоҳиши дил аст, вақте ки мо равиши одатии ҳаётро қатъ мекунем, то дар бораи ягон масъалаи ҳалталаб ё ҳолате дуо кунем. Рӯза маънои аз хӯрок ва дар баъзе ҳолатҳо аз об худдорӣ карданро дорад, то ки мо тавонем ба Худо нигаронида шавем ва ба масъалаҳои рӯҳонӣ ҳассостар бошем. Рӯза инчунин дуои исроркорона аст, то он даме ки шумо ҷавоб намегиред — бигзор он ҳа, не, интизор шав ё чизи дигаре бошад.
2. Оё "рӯза" мафҳуми каломист?
Биёед дар бораи лаҳзаҳои зерин андеша меронем:
Мусо ду маротиба чилрӯзӣ рӯза дошт (ба Хур. 34:38 ниг.);
Дониёл дар давоми бисту як рӯз (рӯзаи нопурра) рӯза дошт (ба Дон. 10:3 ниг.);
Юил имондоронро даъват кард, ки рӯзи рӯзаро муқаррар кунанд (ба Юил 1:4; 2:12;);
Эзро дар вақти рӯза доштан ва мотам гирифтан гӯшанишинӣ кард (ба Эзро 10:6 ниг.);
Илёс дар давоми чил рӯз рӯза дошт (ба 3 Подш. 19:8 ниг.);
Роҳбарони Калисои Антиохия рӯза медоштанд (ба Аъм. 13:2–3 ниг.);
Исо дар давоми чил рӯз рӯза дошт (ба Луқо 4:2 ниг.);
Павлус ва Барнаббо рӯза медоштанд (ба Аъм. 14:23; 27:33 ниг.).
Моҳиятан, рӯза чунин маъно дорад, ки мо дилҳои худро ба Худо медиҳем, барои гуноҳҳои худ тавба мекунем ва аз нав ба Худованд рӯ меорем (ба Юил 2:12–13 ниг.). Дар Инҷили Матто (6:16–18) Исо ба шогирдони Худ таълим медиҳад, ки дар вақти рӯза чӣ кор кардан даркор аст. Қайд кардан аҷиб аст, ки Ӯ ҳеҷ гоҳонҳоро барои рӯза доштан даъват намекард, зеро чунин меҳисобид, ки бегуфтугӯ имондорон бояд рӯза доранд.
3. Оё намудҳои гуногуни рӯзадорӣ вуҷуд доранд?
Аввалан рӯзаи муқаррарӣ вуҷуд дорад, вақте ки дар давоми муддати муайяни вақт шумо хӯроки сахт қабул намекунед, танҳо об менӯшед (аз ҳама зиёдаш чил рӯз).
Дуюм, рӯзаи пурра вуҷуд дорад, ки шумо дар муддати муайян на мехӯреду на менӯшед (одатан на зиёда аз се рӯз).
Намуди сеюми рӯза — рӯзаи нопурра аст, ки шумо дар муддати муайян аз қабул кардани ягон хел хӯроквории аниқ, масалан аз ширавор худдорӣ мекунед ё кам мехӯред ва кам менӯшед. Ҳангоми рӯзаи нопурра касе метавонад қарор диҳад, ки масалан танҳо нон хӯрад ва танҳо об нӯшад.
4. Маслиҳатҳо барои давраи рӯзадорӣ
Пеш аз сар кардани рӯза бо духтур маслиҳат кунед. Ба одамоне, ки дили бемор ё касалии қанд доранд, рӯза доштан маслиҳат дода намешавад. Ба он назорат кунед, ки организми шумо сари вақт ва ба миқдори кофӣ аз дажғолҳо халос шавад.
Дар вақти рӯзаи муқаррарӣ одамон моеъҳои гуногун менӯшанд. Ҳамон тавр рафтор кунед, ки дилатон гувоҳӣ медиҳад. Дар вақти рӯза бештар об нӯшед (кӯшиш кунед, ки оби пайвастагиҳои химиявӣ доштаро нанӯшед, масалан оби хлордор ё оби фтордор).
Одатан, се рӯзи аввали рӯзадорӣ аз ҳама мушкил мебошад.
Зиёда аз се рӯз бе истифодаи моеъҳо рӯза надоред.
Хеле осон мешавад, агар якҷоя бо шумо дигар имондорон низ рӯза доранд, махсусан агар рӯзаи шумо дурудароз бошад.
Агар дар вақти машғулиятҳои муқаррарӣ, кор ё хониш рӯза доред, вақти хӯроки нисфирӯзиро барои дуо кардан истифода баред. Кӯшиш кунед, ки ҳарчӣ бештар дуо кунед.
Дар зер баъзе маслиҳатҳо барои чӣ гуна ба нақша гирифтани рӯзи дуо ва рӯза оварда шудааст. Аз ин нақшаҳо барои дастгирӣ кардани худ ва аъзоёни гурӯҳи мушоракатии худ истифода баред.
1. Метавонед аз як қабулкунии хӯрок сарфи назар кунед, масалан метавонед наҳорӣ, хӯроки нисфирӯзӣ ё хӯроки шомро қабул накунед. Агар бе хӯрок нисфи рӯзро гузаронда тавонед, маротибаи дигар ин муддатро зиёд кардан мумкин аст.
2. Дафтар, ручка, Китоби Муқаддас ва агар хоҳед, китоби хуби рӯҳониро гиред. Ҷои ором ва бе телефонро ёбед, ки дар он ҷо касе ба шумо халал нарасонад. Пешакӣ қарор диҳед, ки шумо ба ин танҳоии дуоии худ чӣ қадар вақтро сарф карданӣ ҳастед ва кӯшиш кунед, ки ин қарорро иҷро кунед.
3. Аз ҳамду сано ба Худованд ва ибодат ба Ӯ сар кунед, баъд дар ҳузури Ӯ оромӣ ёбед.
4. Агар ақлатон шуморо гумроҳсозад ва шумо дар бораи иҷро кардани корҳои худ фикр карданро давом диҳед, ҳамаи нақшаҳоятонро дар як варақи коғаз нависед. Ин ба шумо имкон медиҳад, ки аз корҳо ҳушатонро барканед ва ба вазифаҳои рӯҳонӣ нигаронида шавед.
5. Яке аз китобҳои Китоби Муқаддасро интихоб кунед ва хондани онро аз худи аввал сар кунед. Шитоб накунед. Оят аз паси оят хонед. Аз Худованд пурсед, ки бо ин ояти аниқ Ӯ ба шумо чиро омӯхтан мехоҳад. Дар бораи он дуо кунед. Баъд ба ояти дигар гузаред. Дар дафтари худ он чизеро, ки Худованд ба шумо мегӯяд, нависед.
6. Баъд аз як соати машғулият бо Китоби Муқаддас метавонед бевосита ба дуо гузаред. Аз эътироф кардани гуноҳҳо сар кунед. Дар бораи эҳтиёҷоти аниқи шахсӣ ё оилавӣ, эҳтиёҷҳои хизматгузорӣ гап занед. Баъд дар бораи дигар одамон шафоат талабиданро сар кунед. Шитоб накардан хеле муҳим аст. Аз ҳама асосӣ — мушоракат бо Худованд аст.
7. Барои дуо кардан барои корҳои махсусан муҳим ва фаврӣ вақт ҷудо кунед ва дар ин кор роҳнамоии Худовандро ҷӯед.
8. Бо навбат Китоби Муқаддасро омӯзед ва дуо кунед, то ки аз якрангии машғулият монда нашавед. Инчунин якчанд боб аз китоби рӯҳонӣ низ хондан мумкин аст.
9. Агар каме сустӣ ё ланҷиро ҳис кунед, каме хобидан мумкин аст. Дар охири рӯз шумо худро бардам ҳис мекунед ва метавонед аз нав ба кор сар кунед.
10. Агар имконият бошад, гоҳ–гоҳдар давоми рӯз шунидани мусиқии хуб ва рӯҳбаландкунандаи масеҳӣ хуб аст.
Ғайр аз рӯзадориҳои якрӯза, ки дар бораи он мо ҳозиракак гуфта гузаштем, бисёр масеҳиён рӯзадориҳои серӯза, ҳафтрӯза ва чилрӯзаро амалӣ мегардонанд.
Ва дар хотима:
Ӯ барои корнамоиҳо қудрат хост,
Вале барои бардошт ба вай беқувватӣ дода шуд.
Ӯ барои корҳои бузург саломатӣ пурсид,
Вале ба вай барои он заифӣ дода шуд.
Ӯ қудрат хост, то одамонро ҳайрон созад,
Вале беқувват гашт, то Худоро ҷӯяд.
Ӯ сарват хост, то ки беташвиш бошад,
Вале бенаво гашт, то ҳикматро ба даст орад.
Ӯ ҳама чиз хост, то аз ҳаёт ҳаловат барад,
Вале дорои ҳаёт гашт, то ки аз ҳама чиз ҳаловат барад.
Ӯ аз чизҳои пурсидааш ҳеҷ чизро нагирифт.
Ӯ беш аз оне, ки умед дошт, ба даст овард.
Ӯ ба дуо ҷавоб гирифт!
Одами фархунда!
ҚИСМИ V
Тайёрӣ
Боби шонздаҳум
НУМӮ КАРДАН ДАР ТАҚВОДОРӢ
1 Қӯр. 9:25
Имондори ҷавони руминро ба шӯъбаи махфии полис барои истинтоқ ҷеғ заданд. Вай аз ин лаҳза чунон метарсид! Ӯро тарсу ҳароси азиме фаро гирифт, ва ӯ аз пешниҳодоти онҳо дар бораи ошкор кардани бародарон дар имон қатъиян рад карда натавонист, зеро ба вай бехатариро ваъда карда буданд. Вале вай ба ин таклиф розӣ ҳам нашуд ва худи он далел, ки вай калавид, вайро дар азоб гузошт.
Дар он шаб вай аз ҳисси тарс ва гуноҳхоб карда натавонист. Субҳи рӯзи дигар бо роҳбарии Рӯҳулқудс як масеҳии баркамолтар ба хабаргирии оилаи вай омад. Бародари калонии масеҳӣ дар бораи он ҳолати мушкиле, ки дар назди ин ҷавон меистод, чизе намедонист. Пештар вай аллакай дар ҳабсхона барои имон нишаста буд ва оятҳои ба ин ҳолат мувофиқаткунандаро аз Навиштаҳо ба ин ҷавон ёфта дод. Вай ҷавонро дар мушоракат дастгирӣ кард ва барои озмоиши душвори имон тайёр кард.
Озмоиш аллакай дар рӯзи дигар сар шуд, вақте ки ҷавонро ба истинтоқ ҷеғ заданд. Вале ҳамааш такрор шуд ва марди ҷавон аз нав рӯҳафтодагии сахтро дар худ ҳис кард. Ва боз имондори калонӣ омад, то ки ба вай мадад расонад ва рӯҳбаланд кунад.
Боз се рӯзи дигар гузашт ва ҳар рӯз марди ҷавонро ба истинтоқ ҷеғ мезаданд. Ниҳоят, имондори ҷавон тавонист таклифи полисро қатъиян рад кунад. Азбаски полис ба вай даъвое надошт, вайро ҷавоб доданд.
Маслиҳатҳои хирадмандона, дуоҳо ва ғамхории пуртоқатона ба вай мадад расонданд, ки васвасаро барҳам занад ва дар тақводорӣ инкишоф ёбад.
Мафҳумеро, ки бо феъли "тайёр кардан" ё "омода намудан" ифода ёфтааст, бо якчанд усул фаҳмондан мумкин аст:
Машқ додан, курси амалӣ гузарондан;
Барои кор ё мақсади муайян лоиқ кунондан;
Сабзондан ва ё тарбия кардани кӯдак;
Таълим додан, омӯзондан. то ки ба дигар одамон итоаткор бошад.
Дар мамлакатҳои ғарб тайёрӣ аксаран ба даст овардани маълумоти муайян ё дониш ҳисоб меёбад. Масъалаи тарбия дар чорчӯбаи фаҳмиши "тайёрӣ" қариб вуҷуд надорад. Дар Навиштаҳо бошад ин мафҳум дар баробари феълҳои ба ин монанди "насиҳат додан" ё "таълим додан" на танҳо дониш додан, балки раванди мувозии тарбияро пешбинӣ карда шудааст. Ин ақида дар Китоби Масалҳо ва дар порчаҳои зерин маротибаҳои зиёд тасдиқ карда мешавад:
"…барои омӯзиш… ба роҳи адолат" (2 Тим. 3:16);
"…файзи Худо, ки барои ҳамаи одамон наҷотбахш аст, зоҳир шудааст ва моро таълим медиҳад…" (Титус 2:11–12);
"…Худованд ҳар киро дӯст дорад, ҷазо медиҳад (яъне тарбия мекунад)… (Ибр. 12:6).
Дар Нома ба Румиён ҳавворӣ Павлус қайд мекунад, ки таъқибот ва тафтишҳо дар кори тайёр шудани одам ҷузъи асосӣ мебошанд:
Ва на фақат бо ин, балки бо мусибатҳо низ меболем, зеро медонем, ки мусибат сабрро ба вуҷуд меорад, ва сабр — ботаҷрибагиро, ва ботаҷрибагӣ — умедро, ва умед шарманда намекунад, чунки муҳаббати Худо дар дилҳои мо ба воситаи Рӯҳулқудс, ки ба мо ато шуд, ҷорӣ шудааст (Рум. 5:3–5).
Барои он, ки пуррагии каломиро нигоҳдорем, биёед мафҳуми тайёр шуданро ҳамчун курси қаблан тайёркардашуда ва фармудашудаи тақводорӣ дида мебароем, ки дар он ҳар як одам давраи тарбияро мегузарад, то ки ба роҳи Худо итоаткор бошад ва қудрат дошта бошад, ки ба муқобили ҳилаву найрангҳои душман истодагарӣ кунад.
Одамоне, ки ба сафи артиш даъват шудаанд, ё ба хизмати ҳарбӣ рафтаанд, ё худро ихтиёрӣ ба ягон кор бахшидаанд, ҳуқуқ доранд интизор шаванд, ки онҳоро ба он коре, ки барои он интихоб шуда буданд, тайёр хоҳанд кард. Дар баъзе намуди касбҳо чунин тайёрӣ "шогирдӣ" номида мешавад. Дар духтурӣ ин интернатура, дар кори ҳарбӣ — тайёрии умумӣ аст. Дар Навиштаҳо низ мо дар бораи шогирдӣ мехонем. Аммо дар рӯзҳои мо бисёр вақт давраи тайёрии имондорон аз сабаби набудани вақт ё нафаҳмидани зарурати вазифаи гузошташуда ба назари эътибор гирифта намешавад. Чунин муносибат мухолифи муносибати Исо ба интихоб ва тайёр кардани шогирдони Худ мебошад.
Баъд аз он, ки Исо шогирдони Худро даъват кард, то бо Ӯ бошанд, Ӯ онҳоро даъват намуд, ки худро барои пайравӣ ба Ӯ бахшанд, то ки "сайёди одамон" бошанд. Баъд Исо онҳоро ба ин хизматгузорӣ тайёр кардан гирифт.
Барои дар Малакути адолати Худо ҷанговар-хизматгор будан одам бояд аввал ҷанговар-хизматгор шавад!
Ҷанговар-хизматгор шудан — ин аст мақсади тайёрии вай, ки дар он хоҳиши ихтиёрии шогирди Исои Масеҳгаштан таъкид карда мешавад. Бе тайёрӣ худро бахшидан ё ба рӯҳафтодагӣ, ё ба ҳисси қаноатманд набудан бурда мерасонад.
Барои аниқ кардани он ки чӣ тавр хизматгор шудан мумкин аст ва ба сифати ҷанговар дар Малакути Худо чӣ гуна рафтор намудан даркор аст, мо бояд ба аҳкоми саодат аз мавъизаи Исои Масеҳдар болои кӯҳ, дар Инҷили Матто (5:3–12) рӯ оварем.
Ин аҳком барои масеҳиён дар мамлакатҳои мусулмонӣ аҳамияти махсус доранд. Онҳо дар шароитҳои маҳдудиятҳо ва маҳрумиятҳои сахт зиндагӣ мекунанд, ба онҳо ҳамчун ба одамони навъи дуюм нигоҳмекунанд, ба аҳволи онҳо механданд ва аз онҳо нафрат мекунанд, онҳо бисёр вақт дар тарсу ҳаросанд ва зуд-зуд дучори таъқибот мегарданд. Барои онҳо дар ин аҳком суханони рӯҳбаландкунанда ва умеди ягон вақт дар ҷои дигар будан, ки дар он ҷо ҳама чиз дар ҷои худ хоҳад буд, мавҷуд аст.
Дар чунин мамлакатҳо, ба монанди Малайзия ва Индонезия озодӣ бештар аст ва ҳаёт на он қадар душвор аст, ва ба ҳар ҳол, дар он ҷо низ таъқибот дида мешаванд. Дар дигар мамлакатҳо, ба монанди Покистон масеҳиён аз бисёр ҳуқуқҳои асосии инсон маҳруманд. Дар Арабистони Саудӣ, Миср, Эрон, Судон, Нигерия ва Марокко ҳолат қариб ҳамон хел аст, вале дараҷаи азобҳои масеҳиён метавонад гуногун бошад. Ва барои ҳамаи онҳо Исо номаи Худро пешниҳод мекунад.
Дар хотир нигоҳдоштан зарур аст, ки ҳамаи ҳашт аҳкоми саодат табиати дутарафа доранд, ба он маъно, ки онҳо "дониш"-ро ифода мекунанд ва натиҷаи ин дониш — "иҷро кардан" аст. Аҳкоми Исо одоби муоширати файласуфона мебошанд, ки онҳоро бояд дар хотир нигоҳдошт ва бояд дар бораи онҳо муҳокима карда тавонист.
Чор аҳкоми аввали саодат ба инкишофи дили имондоре, ки тайёр аст ба Худованд хизмат кунад, такя мекунад. Онҳоро дар шакли чор қадами пайдарпае дида баромадан мумкин аст, ки ба хизматгори итоаткори Худованд Исои Масеҳгардидан бурда мерасонад.
Гуруснагон ва ташнагони адолат
Ҳалимон
Мотамзадагон
Мискинони рӯҳ
1. Мискинони рӯҳ
Хушо мискинони рӯҳ, зеро ки Малакути Осмон аз они онҳост (Матто 5:3).
Мискинони рӯҳбенавоии рӯҳонии худро эътироф мекунанд. Ин ҳамон вақт ба амал меояд, ки одам пурра набудани қувваҳои шахсӣ, сарчашмаҳо ё захираҳоеро дарк мекунад, ки ба шарофати онҳо вай метавонист аз ӯҳдаи зиндагии худ барояд. Чунин одам дар Худо қувват меёбад. Ин муносибат ба вай мадад мерасонад, ки аз дилбастагӣ ба ибтидои моддии ин ҷаҳон раҳоӣ ёбад ва танҳо ба Худо ва осмонҳо умед бандад.
Калимаи "мискин" маънои бенавоии таҳқировар ва пурраро дорад. Чунин намуди бенавоӣ аз беқувватӣ ба зону меафтад. Дар ин алоқамандӣ аҳкоми додашудаи саодатро ба таври зерин андаке тағйир додан мумкин аст: "Хушо одаме, ки нотавонӣ ва нодорамии худро дарк кард ва ба Худо бовар кард. Чунин одам бо фурӯтанӣ хости Худоро қабул мекунад ва ҳамин тавр, шаҳрванди Малакути Ӯ мегардад".
Масеҳиён, махсусан дар чунин мамлакатҳо ба монанди Покистон, ин аҳкомро тасаллои бузург меҳисобанд, зеро қисмати зиёди онҳо фаррошони кӯча ва коргарони беихтисос мебошанд ва он кореро иҷро мекунанд, ки дигарон аз иҷро кардани он даст мекашанд. Онҳо кори беҳтаре ёфта наметавонанд. Фарзандони онҳо маълумоти олӣ гирифта наметавонанд ва барои ҳамин ҳам тақдири волидони хешро такрор месозанд, ва умеде ба беҳбудӣ надошта, дар бенавоии пурра зиндагӣ мекунанд. Ин нома дар навбати аввал ба онҳо навишта шудааст. Вақте ки онҳо пурра ба Худо бовар мекунанд, онҳо ба шаҳрвандии худ дар осмонҳо дилпур мешаванд.
Як зани масеҳиро дар Осиё ҳабс карда, ба зиндон андохтанд. Вай таҳти роҳнамоии Худованд бо ихтиёри худ ба иҷрои кори вазнин розӣ шуд ва ҳоҷатхонаҳои ифлос ва бадбӯи ҳабсхонаро тоза кардан гирифт. Аммо ин кори таҳқировар ба вай имкон дод, ки сурудҳо хонад ва хушхабарро дар бораи Исо ба маҳбусҳои дар дигар камераҳо буда бо ҳам бинад. Ба шарофати суханон ва амалҳои вай маҳбусони бисёр Худовандро дарк карданд.
2. Мотамзадагон
Хушо мотамзадагон, зеро ки онҳо тасаллӣ хоҳанд ёфт (Матто 5:4).
Гиря ғаму андӯҳи амиқро оиди ҳолати мо ифода мекунад, вақте ки мо худро нолоиқ дарк намуда, ба Худованд ҳамчун сарчашмаи ҳамаи некиҳо бовар мекунем ва ба ҳузури Ӯ, ба қувват ва роҳнамоии Ӯ саъю кӯшиш менамоем. Меҳрубонии пурфайзи Падар ин ҷидду ҷаҳдро подош медиҳад.
Чунин нола, чунин ғаму андӯҳро пинҳон кардан ғайриимкон аст. Онҳо аз сабаби азобҳо ва ғаму андӯҳе, ки дар ин ҷаҳон ҳукмронӣ мекунад, ба амал меоянд. Хушо одаме, ки кӯшиш мекунад азобҳо ва ғаму андӯҳва эҳтиёҷҳои дигар одамонро сабук гардонад. Ин аҳкомро низ мо метавонем ба таври дигар андаке тағйир дода, гӯем: "Хушо одаме, ки дили вай аз дидани азобҳои ҷаҳон ғамгин мешавад ва одаме, ки дар бораи ҳолати нолоиқ ва гуноҳкоронаи худ андӯҳи амиқро ҳис мекунад, зеро вай дар Худо хурсандӣ ва тасаллӣ меёбад".
Дар ин бора андеша карда, мо дарк кардани он ҳолати андӯҳовари Калисо ва ҳамаи масеҳиёнро, ки аз сар мегузаронанд, сар мекунем. Дар бисёр мамлакатҳо калисоҳо суст мебошанд, баъзеи онҳоро ба ном калисо гуфтан мумкин аст, онҳоро мухолифат ва ҷудоиҳо пора-пора мекунанд. Дар бораи чунин калисоҳо гиря бояд кард. Дар бораи он имондороне мебояд гиря кард, ки муборизаро қатъ карда. ба тарафи дигар гузаштаанд.
Дар бораи каммазмунии мавъизаҳо, норасоии дуоҳо ва қувваи рӯҳонӣ гиря кунед. Дар бораи он касоне гиря кунед, ки ба калисо омада, танҳо дарҳои пӯшида ва дилҳои хунукро дидаанд. Дар бораи масеҳиёне гиря кунед, ки хоҳиш надоранд ба ҷаҳони атроф нури Масеҳро расонанд. Дар бораи калисоҳое гиря кунед, ки нури худро пинҳон мекунанд, зеро аз дурахши он метарсанд. Ҳа, чизҳое ҳастанд, ки оиди онҳо гиристан месазад, зеро мо ваъдае дорем, ки агар мо гиря кунем, тасаллӣ хоҳем ёфт.
3. Ҳалимон
Хушо ҳалимон, зеро онҳо вориси замин хоҳанд шуд (Матто 5:5).
Ҳалимиро бояд аз сустӣ фарқ кард — дар зери мафҳуми ҳалимӣ "қувваи дар зери назорат буда" фаҳмида мешавад. Дар ин матн одами тавбакунанда ва дуокунанда бо роҳнамоии Рӯҳулқудсе, ки ҳамеша дар вай сокин аст ва он меросе, ки ба имондор ҳатто дар шароитҳои номусоид ва низоъҳо ваъда карда шудааст, баракат меёбад.
Таърих нишон медиҳад, ки маҳз ҳамин хел одамон, яъне касоне, ки ин ҳақиқатро фаҳмида ва ҳиссиёт, завқи табиӣ ва шавқу ҳаваси худро ба роҳнамоии Рӯҳулқудс тобеъ гардондаанд, одамони бузург гаштаанд (ба Ададҳо 12:3 ниг.). Дар Масалҳо (16:32) гуфта мешавад: "Собир беҳаз баҳодур ва шахси худдор беҳаз шаҳрситон". Хулоса: "Хушо касе, ки ҳар як савқи табиии худ, ҳар як шавқу ҳаваси худро ба роҳнамоии Рӯҳулқудс тобеъ намудааст! Чунин одам дар назди Худо, дар назди худ ва дигар одамон ҳақ хоҳад буд ва ба ҳаёте, ки онро танҳо Худо дода метавонад, дохил шуда метавонад".
Дар бораи чунин фурӯтанӣ дуо кунед, вақте ки бо одамони дорои ақидаи мухолиф ҳамсӯҳбат мегардед. Замоне фаро мерасад, ки сабр ва худназораткунии шумо сахт озмуда мешавад. Инчунин замоне фаро мерасад, ки Рӯҳба самти равиши сӯҳбат тағйирот ё ақибнишинии стратегӣ пешниҳод мекунад, ки дар назари аввал чун шикаст менамояд. Фурӯтан будан маънои ба ақибнишинии муваққатӣ розӣ шуда тавонистанро дорад, то ки дертар дар Рӯҳғалабаи пурраро ба даст орӣ.
4. Гуруснагон ва ташнагони адолат
Хушо гуруснагон ва ташнагони адолат, зеро ки онҳо сер хоҳанд шуд (Матто 5:6).
Ин сифат баркамолии имонро дар назар дорад, ва он нишон медиҳад, ки хизматгор ба хизматгузорӣ тайёр аст. Ҳангоме ки анҷомёбии шогирдӣ ё пуррагии тайёрӣ фаро мерасад, ҷанговар-хизматгор қаноатмандӣ ҳис мекунад, зеро Худо вайро барои ҳамон коре истифода мебарад, ки барои он даъват кард, тайёр кард ва ҷиҳозонид.
Дар замонҳои қадим даромади одамон дар ҳақиқат хеле паст буд ва одамон метавонистанд танҳо барои хӯрду хӯроки оила пул кор кунанд. Об низ ҳаловате буд, ки нархи гароне дошт. Дар аҳком қайд карда мешавад, ки майли пурзӯр доштан ба пуррагӣ, ба адолати пурра масъалаи марг ва ҳаётро дар бар мегирифт. Хушо касе, ки майли пурзӯри вай ба муҳаббат ба Худо ва ба дигар одамон нигаронида шудааст. Ҳамин тавр, "хушо он касе, ки ба адолати пурра ҳамон тавре ҷидду ҷаҳд мекунад, ки одами аз гуруснагӣ заифшуда, ба сӯи хӯрок майл мекунад, ё мисли одами аз ташнагӣ пажмурдашуда, ки обро мехоҳад, зеро чунин одам ҳаловати ҳақиқӣ меёбад".
Масеҳиёне, ки ба имони худ хеле ҷиддӣ муносибат мекунанд, ба тарафдорони дигар динҳо таассуроти бузурге мебахшанд. Онҳо он касонеро ҳурмат намекунанд, ки барои онҳо дин танҳо шакли зоҳирӣ буда, масалан, дар он ифода меёбад, ки рӯзҳои якшанбе ба калисо мераванд. Бисёрии он чизҳое, ки онҳо дар масеҳияти ғарбӣ мебинанд, онҳоро маҷбур месозад аз он рӯй тобанд. Ин муносибати беҳурматона ба покии ахлоқӣ, ишратпарастӣ, аниқ набудани нуқтаи назар ва хоҳиш надоштан ба он мебошад, ки ақаллан андаке барои имон азият бинанд, барои ягон чиз мубориза баранд ё ягон чизро қурбонӣ кунанд.
Бародар Андрей мегӯяд: "Шахси мусулмон чӣ тавр метавонад калисоеро ҳурмат кунад, ки аз одамон пинҳон мешавад? "Масеҳиён бояд парчами худро алвонҷ диҳанд, нишон диҳанд, ки тайёранд барои имон ва эътиқодҳои худ азият кашанд. Тақводории баркамолтар ба одамон таъсири пурзӯртар мерасонад ва он гоҳмавъизаи инҷилии мо дар онҳо ҳурмати самимиро пайдо мекунад.
Чор аҳкоми охирини саодат ба рафтори зоҳирии ҷанговар-хизматгор нигаронида шуда аст. Ҷанговар-хизматгор будан чунин маъноҳоро дорад:
Таъқибшудагон дар роҳи адолат
Сулҳҷӯён
Покдилон
Раҳимон
1. Раҳимон
Хушо раҳимон, зеро онҳо раҳм хоҳанд ёфт (Матто 5:7).
Ҳангоме ки мо бо фурӯтанӣ "мискинии рӯҳ"-и худро эътироф мекунем, Худо бо марҳамати худ моро мебахшад ва моро бо тамоми чизҳои зарурӣ меҷиҳозонад. Марҳамати Худоро ба даст оварда, мо бояд онро ба дигар одамон зоҳир созем.
Ин принсипи каломӣ ба ҷои дигар одам гузошта тавонистани худро дар назар дорад, то ки ба ҳама чиз бо чашмони вай нигарем ва бо дили вай ҳис кунем. Исо барои мо ба воситаи таҷассумёбии Худ маҳз ҳамин корро иҷро кард.
Ҳамин тавр, "хушо касе ки метавонад худро ба ҷои каси дигар гузорад, то ки ба ҳама чиз бо чашмони вай нигоҳкунад ва бо дили вай ҳис кунад. Он гоҳдигар одамон низ бо вай ҳамин тавр рафтор хоҳанд кард ва хоҳанд донист, ки Худо инро дар Исои Масеҳбарои онҳо офаридааст".
Мо ба дӯстони беимони худ чӣ тавр нигоҳмекунем? Оё мо, масалан, ба мусулмонон ҳамчун ба одамоне нигоҳкарда метавонем, ки дар зулмот бо нури базӯр намоёне, ки моҳи коста онро ба замин мерезад, палмосида роҳмераванд ва фикр мекунанд, ки моҳияти равшанӣ дар ҳамин нимторикӣ аст?
Вақте ки мо онҳоро ин тавр мебинем, калимаи аз ҳама дурусте, ки муносибати моро ба онҳо ифода мекунад, "дилсӯзӣ" мебошад. Чуноне ки мо ба кӯрҳои ба роҳи нодуруст рафта ёрӣ мерасонем, ҳамин тавр мо бояд ба гумроҳон ва хоҳишмандони шунидани мо меҳрубонӣ зоҳир кунем ва ёрӣ расонем, ки роҳро ба сӯи равшании ҳақиқӣ ёбанд. Агар мо ба он мӯътақид бошем, ки МасеҳОфтоби адолат аст, он гоҳягон чизро исбот карданамон лозим нест, балки танҳо бо пуртоқатӣ ва нармӣ эҳтиёҷмандонро ба роҳи ҳақиқӣ роҳнамоӣ кунем.
2. Покдилон
Хушо покдилон, зеро онҳо Худоро хоҳанд дид (Матто 5:8).
Гиряи мо сўи Худо раванди тағйирёбии моро ба ҳаёти нав дар Масеҳсар мекунад. Айнан ҳамин тавр, тарзи ҳаёти поки мо дар байни қабеҳиҳои ин ҷаҳон метавонад ибтидои раванди оштишавӣ гардад.
Ин ҳукми саодат талаб мекунад, ки худро қатъиян сахтгирона ва поквиҷдонона тадқиқ намоем. Мо бояд ҳама корро бо ниятҳои пок кунем. Чунин муносибат барои худ маргро талаб мекунад ва сарчашмаҳои ҳаёти масеҳиро дар даруни дил мекушояд.
Ҳамин тавр, "Хушо одаме, ки ниятҳояш пок ва кушоду равшан аст, касе ки пок зиндагӣ мекунад, зеро вай имконияти дидани Худоро дорад, на камтар аз ин". Вақте ки мо дар покӣ ба Ӯ наздик мешавем, мо Ӯро возеҳтар мебинем, нисбати Ӯ муҳаббати бештареро ҳис мекунем ва Ӯро бештар устуворона пайравӣ мекунем. Барои ҳамин "хушо одаме, ки ниятҳояш тамоман пок аст ва ҳаёти вай бо покӣ тавсиф меёбад, зеро чунин одам метавонад Худоро бинад".
Мусулмонон ба ҳаёти пок аҳамияти хеле калон медиҳанд. Онҳо хоксорӣ дар либос ва покӣ дар муносибатҳои ҷинсиро махсусан қайд мекунанд. Масеҳиён аз ин ҷиҳат дар назари онҳо бепарво менамоянд. Наход моро масъалаи покӣ ба ташвиш наорад? Не, ин тавр нест. Ҳама фарқият дар он аст, ки мо аз чӣ сар мекунем. Баъзеҳо фикр мекунанд, ки покӣ дар одам аз зоҳир ба ботин сар мешавад. Вале барои ҷанговар-хизматгор ҳама чиз бояд баръакс бошад — вай бояд аз ботин ба зоҳир пок бошад.
Ҳамин тавр, мусулмонон кӯшиш мекунанд, ки худро дар покӣ нигоҳдоранд ва дарк мекунанд, ки онҳо ба покшавӣ ниёз доранд, дар ҳоле ки мо, масеҳиён, медонем, ки аллакай пок шудаем. Вале мо майли нодида гирифтани як хатарро дорем — мо фаромӯш мекунем, ки агар мо аз ҳад зиёд бепарво шавем, ифлосӣ метавонад ба мо часпад. Фаҳмидан зарур аст, ки чунин бепарвоӣ, набудани ҳушёрӣ ҳатто ба "ифлосии метобида" одамонро ба хулосаҳои нодуруст оварда метавонад ва метавонад сабаби пешпохӯриҳои онҳо гардад. Гуфтани он, ки мо пок ҳастем, нокифоя аст. Одамон бояд покии моро бинанд.
3. Сулҳҷӯён
Хушо сулҳҷӯён, зеро ки онҳо фарзандони Худо хонда хоҳанд шуд (Матто 5:9).
Дорои рӯҳи ҳалимона буда, мо метавонем оромона ба муноқиша дароем, то ки қосидони "сулҳдӯстӣ" гардем, ки он аз ҳама гуна зеҳну идрок боло меистад.
Тобишҳои бойи калимаи аҳдиҷадидии "осоиштагӣ" ҳолати баркамол ва пурраи меҳрубонӣ дар ҳама чизро дар назар дорад. Ин калима инчунин муносибатҳои байниҳамдигарии дурустро ифода мекунад — муносибатҳои хеле наздик ва ниятҳои нек нисбат ба якдигарро. Осоиштагӣ ҳамон вақт ба даст меояд, ки мо барои гурехтан аз масъалаҳои ҳалталаб кӯшиш намекунем, балки бо оромии пурра ба онҳо нигоҳмекунем ва ҳатто ба ҳолатҳои пурэҳтирос ҳис ва ҳолати осоиштагиро ворид менамоем.
Ҳамин тавр, "Хушо он сулҳҷӯён, ки бо якдигар дар ҳамаи соҳаҳои зиндагӣ муносибати дуруст доранд, зеро онҳо пешбиниҳои Худоро иҷро мекунанд".
Чунин амалҳо метавонанд ба зарурати дар қурбонгоҳи оштии одамон бо Худо фидо намудани ҳаёти худ оварда расонанд, то монеаҳои байни одамон бартараф гарданд, чуноне ки инро Исо карда буд (ба Ғал. 3:26–29 ниг.). Оё мо тайёр ҳастем ин нархро пардохт намоем, то ки дигарон тавонанд бо Худо оштӣ шаванд? Оё мо тайёр ҳастем исрор кунем, ки ҳамаи одамон ҳуқуқи шунидани Инҷил ва имон оварданро доранд? Дар баъзе минтақаҳои муноқишаноки ҷаҳон масеҳиён ин намуди фаъолиятро сулҳҷӯӣ меноманд.
Бародарон ва хоҳарони мо дар Исроил, ки он ҷо ҳама осоиштагиро меҷӯянд, вале он ҳамеша аз онҳо мегурезад, хотиррасон мекунанд, ки таълимоти олии ахлоқии Исо талаб мекунад, ки мо "дар ивази бадӣ бадӣ накунем" (1 Пет. 3:9; Рум. 12:17; Тасл. 5:15) ё "ба бадӣ муқобилат накунем" (Мат. 5:39). Исо шогирдони худро даъват мекунад, ки ба беадолатӣ ва муносибати ғайриинсонӣ нисбати худ бо ташаббуси мухолифи он ҷавоб диҳанд. Исо ҷавоби беҳамтое медиҳад, ки барои одамони дорои аксуламали "зарбаи ҷавобӣ бизан ё гурез" берун аз одат аст.
Вақте Исо таълим медод, ки "рухсораи дигаратро гардон", Ӯ на амали муҳофизатӣ, балки амали ҳуҷумкунандаи сулҳҷӯёнаро дар назар дошт ва барои ин намунаҳоеро истифода кард, ки ба маданияти он замон фаҳмо буд. Одаме, ки шахси дигарро ба рухсорааш мезад, одатан бартарии таҳқиромези одами болоиро нисбат ба одами поёнӣ зоҳир карда, бо пушти даст мезад. Бинобар ин рухсораи дигарро дошта, одам нишон медиҳад, ки худро дар ҳолати таҳқиромези дар поёнбуда ҳисоб намекунад, ки инро таҳқиркунандаи вай дар назар дорад. Вай худро одаме меҳисобад, ки бо одами ранҷонанда ҳуқуқҳои баробар дорад. Ин одам хислати муносибатҳои байниҳамдигариро дигаргун месозад ва таҳқиркунандаро дар назди зарурати интихоби маънавӣ кардан: давом додани зӯрӣ ё пушаймонӣ ва оштишавӣ.
Боз як зоҳиршавии ташаббуси дигаргункунандаро ихтиёран аз либоси болоӣ ҷудо шудан пешниҳод мекунад, вақте ки касе куртаатонро гирифтанӣ мешавад (Мат. 5:40), ё тайёр будан ба ду фарсанг роҳрафтан, вақте ки аз рӯи шариат шуморо маҷбур мекунанд, ки як фарсанг роҳравед (ба Мат. 5:41 ниг.).
Сулҳдӯстӣ инҳоро дар назар дорад:
Зоҳиршавии муҳаббат, на нафрат;
Қадр кардани ягонагӣ дар байни бародарон;
Пешниҳод кардани шаҳодати Малакути осмон;
Пайравӣ ба намунаи Исо.
4. Таъқибшудагон дар роҳи адолат
Хушо таъқибшудагон дар роҳи адолат, зеро Малакути Осмон аз они онҳост (Мат. 5:10).
Бо ташнагии мо барои адолат, ваъда оиди таъқибот низ меояд, ва ҳамаи ононе, ки дар Худо мустаҳкам истодаанд, ба он гирифтор мешаванд. Мо барои ҳаёти бехатар ва роҳат даъват нашуда будем, балки дар байни таъқибот ва азобҳо бояд хизмат кунем.
Кӯшиши аз таъқибот гурехтан кардан даркор нест, зеро онҳо натиҷаи ҳаёти тақводоронаи шумо мебошанд. Барои он ки аз онҳо канораҷӯӣ намоем, лозим меояд, ки ҳаёти порсоёнаро бас кунем. Дар порча аз Инҷили Матто чунин гуфта мешавад: "Хушо шумо, вақте ки шуморо ба хотири Ман дашном диҳанд ва таъқиб намоянд ва барноҳақ ҳар навъ ғайбат кунанд. Шод ва хушҳол бошед, чунки мукофоти шумо дар осмон бузург аст: зеро ки анбиёи пеш аз шуморо низ ҳамин тавр таъқиб мекарданд" (Мат. 5:11–12).
Ҳолатҳои бисёри дигареро номбар кардан мумкин аст, ки қудрат доранд таъқиботро ба амал оранд. Вале ба монанди бобҳои пештараи китоби мазкур мо тасдиқ мекунем, ки сабаби таъқиб шудани масеҳиёнро
Исо дар боби 5-уми Инҷили Матто, инчунин Инҷили Юҳанно (15:20) баён кардааст:
Каломеро, ки ба шумо гуфтам, дар хотир нигоҳдоред: "Ғулом бузургтар аз оғои худ нест". Агар маро таъқиб карданд, шуморо низ таъқиб хоҳанд кард…
Тақдири оғо ба монанди тақдири ғуломи Ӯст. Шогирд ба ҳамин роҳе меравад, ки Устоди вай рафтааст, бинобар ин таъқибот барои масеҳиён ногузир аст. Ин тақдири наҷибона аст. Ба монанди қувваи муқовиматнопазир, ки ба чизи ҷунбонданашаванда бармехӯрад, Масеҳтамоми ҷаҳонро сар то по дигар кард ва тартиби дуруст ҷорӣ кард. Дар ин раванд Ӯ инчунин ҳамаи он чизеро, ки дар дохили ҷаҳон буд, "такон дод".
Калисои барвақтӣ барои имон ба Масеҳтаъқиботи зиёдеро аз сар гузарондааст. Ин таъқибот ба тарзи ҳаёти имондорони он замон таъсири бузург расонд. Масеҳии ҳайкалтарош наметавонист ба монанди тамоми атрофиёнаш барои маъбадҳои бутпарастӣ бут тайёр кунад. Ва дӯзанда наметавонист барои коҳинони бутпараст либос дӯзад.
Онҳо инчунин ба ҳаёти ҷамъиятӣ низ таъсири худро расонданд. Қисми зиёди идҳо дар маъбадҳое гузаронда мешуд, ки барои худоҳои гуногун сохта шуда буданд. Одатан ҷамъшудагонро барои нишастан ба сари дастурхоне, ки дар он қурбониҳои ба ин худоҳо бахшидашуда буд, даъват мекарданд. Ҳатто хӯрокхӯрии муқаррарӣ дар хонаҳо аз як пиёла шароб ба шарафи худоён ба сифати шукрона барои хӯрок сар мешуд. Аммо магар шахси масеҳӣ дар чунин хӯрокхӯрӣ иштирок карда метавонист?
Таъқибот метавонистанд дар ҳудуди оила бошанд, вақте ки як нафари онҳо имон меовард, вале дигарон ба вай муносибати душманона мекарданд. Дар натиҷа оилаҳо вайрон мешуданд. Масеҳият бисёр вақт шамшере гашта буд, ки ҷудо мекард, дарду ранҷи бисёр меовард ва ба муборизаи ботинӣ маҷбур мекард.
Дар замонҳои таъқиботи бераҳмона масеҳиёнро метавонистанд ба қафаси шерон партоянд ё дар гулхан сӯзонанд. Баъзеҳоро қатрон молида, зинда ба зинда месӯзонданд, то ки боғҳои қасри Неронро равшан кунанд, ё ба пӯстҳо андохта, ба назди сагҳои шикорӣ мепартофтанд (Ибр. 11:37).
Масеҳиёнро дар шиканҷа азоб медоданд, баданҳои онҳоро бо амбӯрҳо меканданд, ба сари онҳо қурғошими гудохта мерехтанд, порчаҳои оҳани тафсонидаро ба ҷойҳои аз ҳама нозуки бадан мечаспонданд, чашмонашонро канда мегирифтанд, дасту пойҳоро мебуриданд ва дар пеши чашмони азияткашон онҳоро бирён мекарданд, дасту пойҳоро месӯзонданд, дар он вақте ки ба бадан оби ях барин хунук мерехтанд, то ки азоби ҷонканиро дарозтар кунанд.
Бисёрии мо дар давоми тамоми умри худ ба Исои Масеҳягон хел қурбонии ҳақиқӣ наовардаем. Ба таъқибот дучор шудан — бо ҳамон роҳе, ки асрҳои аср пайғамбарон, муқаддасон ва азияткашон рафта буданд, рафтан аст. Аз таъқибот азоб кашидан — сабук гардондани ҳаёти он касонест, ки аз паси мо меоянд. Зарар дидан аз таъқибот — ҳамроҳшавӣ ба Масеҳро аз сар гузарондан аст, чуноне ки инро Шадрак, Мешак ва Абднаҷу дар даруни кӯраи оташи сӯзон карда буданд (Дониёл 3:19–25). Ҳамроҳшавӣ метавонад ин қадар фоҷиабор набошад, вале он ҳамеша ҳақиқӣ аст. Бисёр одамон имрӯзҳо аз баракати озодӣ ҳаловат мебаранд, зеро имондорон дар гузашта тайёр буданд онро бо нархи хун, заҳмат ва ашкҳои худ бихаранд.
Боби ҳабдаҳум
МУҲАББАТИ ДАР МУОШИРАТ ЗОҲИРШУДА
1 Юҳанно 3:18
"Азизам Рут, рӯзи шанбе Ман дар ноҳияи ту мешавам ва барои дидани ту меоям. Бо муҳаббати ҳамешагӣ Исо".
Вақте ки вай мактубчаро ба болои миз гузошт, дастони вай меларзид. "Барои чӣ Худованд мехоҳад маро хабар гирад? Дар ман ягон чизи махсус нест. Ман чизе надорам, ки Ӯро меҳмондорӣ кунам". Дар ин бора андеша карда, Рут рафҳои холии ҷевонҳои ошхонаро ба хотир овард. "Оҳ, ман дар ҳақиқат чизе надорам, ки Меҳмонро зиёфат кунам. Давида ба мағоза рафта, барои хӯроки нисфирӯзӣ ягон чиз харидан даркор аст." Вай даст ба сӯи ҳамён бурд ва пули дар он бударо шумурд: ҳамагӣ панҷу ним доллар. "Хайр чӣ илоҷ, ман ақаллан нон ва хӯриши хунук харида метавонам".
Вай палтояшро ба сари китф партофт ва ба сӯи дар шитофт.
Булкаи франсузӣ, ним фунт хўриш аз мурғи марҷон, як қуттӣ шир… баъд аз ин харидҳо то рӯзи душанбеи оянда дар дасти Рут ҳамагӣ дувоздаҳсент монд. Вале вай хурсанд буд ва дар дасташ сумкаи на он қадар калон бо харидҳояш саросема ба хона мерафт.
— Эй хонума, оё шумо ба мо мадад расонда наметавонед?
Рут бо андешаҳо оиди хӯроки нисфирӯзии дар пешистода банд буд ва дар аввал ду шахси аз хиёбон пайдошударо пайхас накард. Зану мард либосҳои дарида доштанд.
— Медонед, хонума, ман ҷои кор надорам, ману занам ҳама вақт дар кӯча зиндагӣ мекардем, вале акнун хунук шуда истодааст ва мо гурусна мондем ва… хуб, хонума, оё шумо ба мо ёрӣ расонда наметавонед, мо ончунон миннатдор мешудем.
Рут ба онҳо нигарист. Онҳо чиркин буданд, аз онҳо бӯи бад меомад ва рости гап, вай боварӣ дошт, ки онҳо метавонистанд кор ёбанд, агар хоҳиши кор кардан медоштанд.
— Ҷаноб, ман аз ёрӣ расондан хурсанд ҳастам, лекин худам зани камбағале ҳастам. Ман ҳамагӣ хӯриши хунук ва каме нон дорам ва имрӯз Меҳмони хеле муҳимро интизор ҳастам ва ҳамаи инро барои Ӯ тайёр кардаам.
— Хайр чӣ илоҷ хонума, ман мефаҳмам. Раҳмат, моро бубахшед.
Мард китфҳои занро ба оғӯш кашид ва онҳо баргашта, ба тарафи хиёбон равона шуданд. Рут нигоҳмекард, ки чӣ тавр онҳо мераванд ва ногоҳдар дили вай ҳисси хеле шинос пайдо шуд.
— Ҳой, истед!
Марду зан якбора истоданд ва ба сӯи вай баргаштанд, дар ҳоле ки вай ба сӯи онҳо медавид.
— Гӯш кунед, медонед чӣ, ин хӯрокро гиред. Ман барои меҳмондорӣ кардани Меҳмони худ ягон чиз фикр карда мебароям, — вай сумкаро бо хариди аз мағоза кардааш ба мард дод.
— Раҳмат хонума. Раҳмати калон.
— Раҳмат ба шумо, — аз паси мард такрор кард зан.
Дар ҳамин ҷо Рут дид, ки зан аз хунукӣ меларзад.
— Медонед чӣ, палтои маро гиред. Ман дар хона боз якто дорам. Ана боз инро гиред.
Руф кофтаи худро низ баровард ва онро ба китфи зан партофт. Баъд табассум карда, вай баргашт ва бе палтою бе савғотиҳо барои Меҳмони худ, ба кӯча қадам зад.
— Раҳмат ба шумо хонума! Раҳмати калон!
То дами ба хона омада расидан вай қариб ях кард. Ғайр аз ин, вай ба ташвиш афтодан гирифт. Охир Худи Худованд барои дидани вай омаданӣ буд, аммо вай чизе надошт, ки Ӯро меҳмондорӣ кунад. Дар назди дари хона вай аз даруни ҳамён калиди хонаро кофтан гирифт. Ва дар ҳамин вақт вай дар назди дар боз як мактубчаи дигарро дид. "Аҷоиб. Одатан хаткашон дар як рӯз ду маротиба хат намеорад", — фикр кард Рут. Вай лифофаро гирифта кушод.
"Рути азиз, туро дидан он қадар гуворо буд. Раҳмат барои меҳмондорӣ. Ва раҳмат барои палтои зебо. Ҳамеша бо муҳаббат Исо".
Ҳаво чун пештара хунук буд, аммо ҳатто бе палто Руф дигар хунукиро ҳис намекард.
Дар китоби худ оиди калисо, ки тамоми ҷаҳонро чаппагардон карда буд, шубон Грег Лори (Greg Laurie, The Upside Down Church) менависад: "Масеҳиёни аввалин бо бутпарастон баҳс накарданд, балки аз онҳо бештар умр диданд… Масеҳият кӯшиши зўран ба даст овардани бутпарастӣ ё дини яҳудиёнро накардааст ва ба зарба бо зарба ҷавоб надодааст. Баръакс, масеҳиёни асри 1 беимононро бо ақл, дуо ва тарзи ҳаёти худ аз худ кардаанд.
Аслиҳаи онҳо на инкор, балки тасдиқкунӣ буд. Чӣ тавре ки мо медонем, онҳо на эътироз баён карданду на тарки алоқа карданд. Онҳо кӯшиш накарданд, ки маъракае ташкил кунанд, то ки қайсарро аз тахт афтонанд. Ба ҷои ин онҳо дуо мекарданд, мавъиза мекарданд ва номаи Масеҳро эълон мекарданд, ки дар болои салиб маслуб шуд, аз мурдагон эҳё шуд ва тайёр аст, ки ҳаёти одамонро тағйир диҳад. Ва онҳо суханони худро бо амали худ тасдиқ карданд: доданд ва дӯст доштанд".
Мо дар ҷаҳони зуд тағйирёбанда зиндагӣ мекунем. Дар илму техника кашфиётҳои муҳим ва аҳамиятнок мунтазам ба амал меоянд. Дар сиёсат ва иқтисодиёт мо ҳамкории давлатҳо ва ширкатҳои истеҳсолкунандаро барои пурқувват кардани ҳокимият ва назорат бо мақсади якҷоя зинда мондан мебинем.
Вале мо инчунин доғҳои бузурги сафедро мебинем, ки ҳамаи ин тағйротҳо ба онҳо дахле надоранд. Дар он ҷо масъалаҳои гуруснагӣ ва қашшоқӣ асрҳои аср ҳукмронанд, дар он ҷо ҷангҳо ҷӯш мезананд, ҷинояткорӣ меафзояд ва бемориҳо кам шуданӣ нестанд. Мо ҳамчун масеҳиён ба ин чӣ гуфта метавонем?
Дар аҳкоми саодат, ки дар бораи онҳо мо дар боби пештара гуфта будем, Худованд суханҳои зеринро гуфта буд:
Шумо намаки ҷаҳон ҳастед. Лекин агар намак қувваташро гум кунад, ба кадом чиз боз намакин шавад? Дигар ҳеҷ кор намеояд, ҷуз он ки ба берун партофта шавад ва поймоли мардум гардад. Шумо нури ҷаҳон ҳастед. Шаҳре ки бар фарози кӯҳвоқеъ аст, наметавонад аз назар пинҳон шавад. Шамъро низ даргиронда, на дар зери зарфе, балки бар шамъдон мегузоранд, ва он гоҳба ҳама касоне ки дар хонаанд, рӯшноӣ медиҳад. Ҳамчунин бигзор нури шумо бар мардум битобад, то ки аъмоли неки шуморо дида, ба Падари шумо, ки дар осмон аст, ҳамду сано хонанд.
Дар ин ҷо Исо ду маҷози пурқувватро истифода мебарад, ки онҳоро шунавандагони нахустини Ӯ хеле хуб мефаҳмиданд, тимсоли нур ва намак. Дар он ҷое, ки Худованд Калисои Худро таъсис дод, он бояд ин функсияи дутарафаро амалӣ мегардонд. Барои ин ҷасурӣ, ахлоқи баланд, қувваи рӯҳонӣ, муҳаббат ва дилсӯзӣ даркор аст. Чунин таъсир ҳамон вақт эҳсос карда мешавад, ки масеҳиён бо ҳузури худ ба паҳн кардани бадӣ монеъ мешаванд.
Ба масъалаҳои беадолатӣ, зӯрӣ, ҷаҳолат, бепарвоӣ, қаллобӣ, ва бадахлоқӣ аз мавқеи шахси алоҳида ё гурӯҳе нигаристан мумкин аст, ки дар комитетҳо кор карда, ё бо намоиши оммавӣ, ё ба воситаи зангҳои телефонӣ ба роҳбарони партияҳо, ё матбуот нуқтаи назари худро баён карда метавонист. Баъзан барои ин чизи тамоман кам даркор аст. Дигар вақт лозим меояд, ки ба зиндонӣ шудан ва ҳатто ба марг тайёр буданамонро нишон диҳем. Оё мо дар ҳолати зарурӣ ин корро мекунем?
1. Намаки замин
Исо далелро баён менамояд, вақте мегӯяд: "Шумо намаки ҷаҳон ҳастед". Ин на амр аст, на ифода кардани хоҳиш. Ин ҳақиқати замони ҳозира аст. Бо ин суханон Исо гуфтан мехоҳад, ки мо бояд ҳамон касе бошем, ки Худо моро аллакай кардааст.
Дар иқтибос аз Инҷили Матто сухан дар бораи масеҳиёне меравад, ки ба онҳо таъқибот таҳдид мекунанд. Намак ба миқдори каме даркор аст, вале худ аз худ он аҳамияти махсусе надорад. Дар як ҷой ин маҳсулоти камарзиш аст, дар ҷои дигар он андаке қиматтар аст. Як зарбулмасали мо мегӯяд, ки қимати одам бо "вазн"-и дар эквиваленти намак ифодаёфтаи вай чен карда мешавад! Нархи намак дар ҳақиқат метавонад тағйир ёбад, вале худи намак дорои сифатҳои тамоман ғайриоддиест, ки аз нархи он хеле афзалтар аст.
Вақте ки масеҳиён дар имон мустаҳкам меистанд, маҳз ҳамин ба амал меояд. Чунин мавқеи масеҳиён инкишофи бадӣ ва таъсири гуноҳро ғайриимкон мегардонад. Вақте ки дар асри ХVIII дар замони хизматгузории Ҷон Уэсли (John Wesley) Ҷорҷ Уайтфилд (George Whitefield) дар Англия бедоршавӣ ба амал омад, он таҳдиди револютсияи хунинро бартараф кард, ки он худи ҳамон сол дар Франсия ба амал омада буд.
Чунин таъсири мусбати масеҳиён одатан дар сатҳи байнишахсиятӣ дида мешавад. Имоноварӣ ба амал меояд, одамон азоби виҷдонро ҳис мекунанд, дар онҳо ҳисси ҳурмат ба дигар одамон меафзояд.
Шогирдони Масеҳдар бораи имони худ хомӯш монда наметавонанд. Онҳо набояд пинҳон шаванд, онҳо бояд ошкоро зиндагӣ кунанд ва дар ҷойҳое кор кунанд, ки таъсири онҳо махсусан намоён бошад. Нури дар онҳо дурахшанда ба дигар одамон таъсир хоҳад кард ва онҳо нури ҳақиқии баракати масеҳиро мебинанд. Ин нур на аз ин ҷаҳон аст, балки он аз Худо меояд ва дар натиҷа метавонад ба Диҳандаи худ ҷалол ва ҳамду сано орад.
Намак дар замони қадим ба шарофати чор сифати худ дорои баҳои баланд буд.
Сап-сафед дурахшон, аз баҳр ва офтоб тавлидёфта буда, он аз ҳама соддатарин қурбонӣ ба Худо буд. Агар шахси масеҳӣ намак будан хоҳад, вай бояд намунаи покӣ бошад. Дар ҷаҳон дар тамоми замонаҳо кӯшишҳои паст задани қолибҳои бовиҷдонӣ, ҷидду ҷаҳд дар кор, виҷдони пок ва хушахлоқӣ ба амал меомаданд. Масеҳӣ бояд одаме бошад, ки қолибҳои баланди покии нутқ, рафтор ва ақидаҳоро тарафдорӣ мекунад. Суханҳо таъсирбахш намегарданд, агар онҳо бо ҳаёти пок тасдиқ нагарданд.
Масеҳиён миқдоран кам ва барои ҷамъият бефоида менамоянд. Дар номаи якум ба Қӯринтиён (1:26–31) Павлус ба масеҳиёни аввалин бо чунин суханон рӯ меорад:
Зеро, эй бародарон, бингаред, ки шумо, вақте ки даъват шудед, чӣ будед: бисёре ба ҳасби ҷисм ҳаким нестед, бисёре тавоно нестед, бисёре наҷиб нестед; лекин Худо ҷоҳилони ҷаҳонро баргузид, то ки ҳакимонро шарманда кунад, ва нотавонони ҷаҳонро баргузид, то ки тавонгаронро шарманда кунад; ва Худо бекасони ҷаҳон ва ҳақиронро, ва он чиро, ки номавҷуд аст, баргузид, то ки мавҷудро ботил кунад, — Барои он ки ҳеҷ ҷисме дар пеши Худо фахр накунад. Ва аз Ӯ шумо дар Исои Масеҳҳастед, ки барои мо ҳикмате аз ҷониби Худо, яъне адолат ва қудсият ва кафорат шудааст, то, чунон ки навишта шудааст, "фахркунанда бигзор ба Худованд фахр кунад".
Ҳарчанд масеҳиён каманд, онҳо даъват шудаанд, то ки ба тамоми ҷаҳон таъсири нек расонанд.
Намак ҳангоми ба гӯшт пошидан раванди вайроншавии онро суст мегардонад. Масеҳиёне, ки ҳаёти онҳо "пурбаракат" буданашонро исбот месозад, ҷамъиятеро, ки аз худ майли пӯсидан ва таназзул дорад, аз худнобудкунӣ нигоҳмедоранд. Дар Китоби Доварон (9:45) Абималик ба шаҳри Шакем ғалаба карда, онро вайрон кард ва ба территорияи он намак пошид. Дар маънои рӯҳонӣ шахси масеҳӣ маҳз ҳамин тавр рафтор мекунад, вақте ки ба мавқеи мустаҳками имон ба Худо меистад. Вай ин территорияро барои паҳншавии бадӣ ва таъсироти гуноҳкорона каме корношоям мегардонад, хоҳон мактаб бошад, ё дӯстон, ҳамкурсон дар коллеҷ, ё ҳамкорон ва ё ҳарифи варзишӣ.
Агар мо ба пардохт кардани нархи гарон тайёр бошем, метавонем шаҳодатеро, ки қодир аст дунёро аз вайроншавӣ нигоҳдорӣ кунад, бо ҳам бинем.
Намак ба таом таъми махсус медиҳад. Зиёдшавии халқи Худо бояд дар одамони гуногун таъми ҳаётро пурқувват кунад. Исо бо худи ҳузури Худ рӯҳи одамонро мебардошт. Дар ҳаёти Ӯ чизе буд, ки онро бо суханони оддӣ фаҳмондан ғайриимкон аст.
Нутқи мо бояд намакин бошад. "Бигзор сухани шумо ҳамеша пурфайз ва намакин бошад, то шумо бидонед, ки ба ҳар кас чӣ гуфта ҷавоб диҳед" (Қӯл. 4:6); "Ҳеҷ як сухани қабеҳе аз даҳонатон набарояд, балки фақат суханони нек, ки дар вақти эҳтиёҷот барои обод кардан бошад, то ки ба шунавандагонаш файз бахшад" (Эфс. 4:29).
Дар ин матн Павлус инчунин онро дар назар дорад, ки мо набояд Рӯҳулқудсро озурда созем. Азбаски нутқи инсонӣ бо ҳолати рӯҳонии одам бевосита алоқаманд аст ва дорои иқтидори бузурги офарандагӣ ва вайронкунандагӣ дорад (ба Яъқ. 3:3–12), мо бояд ҳамеша зарурати ҳушёр буданро дар хотир нигоҳдорем ва ба он назора кунем, ки аз даҳони мо чӣ ва чӣ тавр мебарояд.
Мо бояд хушбӯиҳои Масеҳро ба ҷаҳони беимонон бо услуби муоширати худ бо наздикон, бо ҳузури худ ва иштироки худ дар ҳаёти ҷамъият биёрем.
2. Нури ҷаҳон
Ҳамчунин бигзор нури шумо бар мардум битобад, то ки аъмоли неки шуморо дида, ба Падари шумо, ки дар осмон аст, ҳамду сано хонанд (Мат. 5:16).
Исо Нури бузург ба ҷаҳон аст (ба Юҳ. 8:12 ниг.). Он касоне, ки ба Ӯ имон доранд, аз зулмот ба нури мӯъҷизаноки Ӯ бароварда шудаанд (ба Қӯл. 1:12–13 ниг.) ва дар навбати худ онҳо низ нур мегарданд. Моҳиятан, онҳо аз рӯи аҳкоми саодат зиндагӣ мекунанд.
Агар масеҳиён зиндагии порсоёнаро аз сар гузаронанд, корҳои гуноҳкоронаи дигар одамонро ошкор месозанд (ба Эфс. 5:8–14). Масалан, одамоне, ки пора мегиранд, ба он касоне, ки ин корро намекунанд, хеле ҳассос ҳастанд. Масеҳиёне, ки дар ташкилотҳои ҳукуматӣ кор мекунанд, бо порсоӣ ва бовиҷдонии худ метавонанд сатҳи қаллобиро бо худи як ҳузури худ кам кунанд.
Каломи Ту чароғ аст барои поям; ва нур аст барои роҳам (Заб. 118:105).
Агар масеҳиён мувофиқи принсипҳои Каломи Худо зиндагӣ кунанд, ҳаёти онҳо маънӣ ва самти олӣ ба даст меорад, ки он ба ҳаёти барои худ муқоисанашаванда аст. Ин албатта диққати ҷаҳони мушоҳидакорро ба худ ҷалб месозад. Он гоҳдар назди ҷаҳон интихоб пеш меояд — чунин намунаро қабул кунанд ё инкор. Барои он касоне, ки намунаи моро инкор месозанд, нур зулмот мегардад. Вале ба он касоне, ки ин нурро қабул мекунанд, он ҳаёти онҳоро дурахшон мегардонад ва онҳо дигар қарорҳои нодуруст қабул намекунанд.
Аз рӯз дида, шабонгоҳҷиноятҳо бештар содир карда мешаванд.
Ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, маҳкум намешавад, лекин ҳар кӣ имон наоварад, аллакай маҳкум шудааст, чунки ба исми Писари ягонаи Худо имон наовардааст. Ва ҳукм ин аст, ки нур ба ҷаҳон омад; вале мардум торикиро бештар аз рӯшноӣ дӯст доштанд, чунки аъмоли онҳо бад аст. Зеро ҳар киро кирдор бад бошад, аз рӯшноӣ нафрат дорад ва пеши рӯшноӣ намеояд, то ки аъмолаш ошкор нашавад; лекин ҳар кӣ росткор аст, пеши рӯшноӣ меояд, то ошкор бошад, ки аъмолаш ба василаи Худо содир шудааст (Юҳ. 3:18–21).
Ҳангоме ки нур медурахшад, сояҳои шабона гум мешаванд. Одамоне, ки аз торикӣ метарсанд, бо чароғи фурӯзон хобиданро авлотар медонанд.
Рӯшноӣ ба мо ёрӣ мерасонад, ки дӯстро аз душман ва ҳақиқатро аз дурӯғ фарқ кунем. Он ба мо имкон медиҳад, ки кори худро иҷро кунем.
То вақте рӯз аст, Ман бояд аъмоли Фиристандаи Худро ба ҷо оварам; шаб ки ояд, ҳеҷ кас наметавонад коре бикунад (Юҳ. 9:4).
Рӯшноӣ ба растаниҳо имконияти сабзиш кардан медиҳад. Он инчунин дар технологияи ҳозиразамон дар соҳаи телекомуникатсия (шикасти нурҳо), барои шифобахшӣ ба беморон (бо ёрии лазер), дар нашри китобҳо ва ғайра истифода мешавад.
Нури Инҷил дар бисёр ҳолатҳо баракат мебошад. Масеҳиёне, ки дар нури он зиндагӣ мекунанд, метавонанд дар навбати худ ба дигарон ёрӣ расонанд, донишҳоеро, ки онҳо дар бораи ҳаёт, марг, гуноҳ, наҷот, Худо, иблис, осмонҳо ва дӯзах доранд, бо дигарон бо ҳам бинанд. Маҳз ҳамин саволҳо ҳамеша диққати инсониятро ба худ ҷалб мекарданд ва маҳз ба ҳамин саволҳо инсоният кӯшиш мекард, ки ҷавоби дуруст ёбад.
Нур доимо шинохташаванда аст ва на танҳо дар сухан, балки дар "аъмоли нек" низ, ки имкон медиҳад Падари моро дар осмонҳо ҳамд гӯем.
Дар Кумази (Гана) як ширкати африкоӣ бригадаҳоро барои рӯбучини шаҳр ташкил кард. Пеш аз сар кардани евангализатсия бисёр вақт масеҳиён аз мансабдорони давлатӣ барои ташкил кардани рӯбучини шаҳр иҷозат мепурсанд. Онҳо бригадаҳои коргаронро бо ҷорӯбҳо ва сатилҳои оби собундор равон мекунанд, то ки шаҳрро ба тартиб оранд. Пеш аз чорабиниҳои муҳими хушхабаррасонӣ масеҳиён беморхонаҳоро мешӯянд ва дар паркҳои шаҳрӣ ва ташкилотҳои ҳукуматӣ тозагиро барқарор мекунанд.
Баъзе масеҳиён худи ҳамин усули эҷодиро ҳангоми гузарондани вохӯрии гомосексуалистон дар Амстердам намоиш доданд. Онҳо хостанд имони худро бо гурӯҳҳои сершумори байналхалқии гомосексуалистон, ки ба фестивал омада буданд, бо ҳам бинанд. Ба ин вохӯрӣ тақрибан сад ҳазор иштироккунандагон, тамошобинон ва туристон ҷамъ омада буданд. Масеҳиён амали эътироз ташкил накарданд, балки панҷ ҳазор дона гулҳои садбарги зардро бо мактубчаҳое, ки муҳаббати Худоро эълон мекарданд, тақсим карданӣ шуданд. Ва ҳарчанд баъзе меҳмонони фестивал аз қабул кардани ин тӯҳфа даст кашида бошанд ҳам, чунин усул имкон дод, ки сӯҳбати ҷиддиро бо он касоне сар кунанд, ки гулҳоро қабул кардаанд. Онон имкониятҳои бештар пайдо карданд, то дар бораи муҳаббати Худо ба гомосексуалистон бештар фаҳманд, назар ба норозигии Ӯ оиди тамоюли шаҳвонии онҳо. Қариб сад нафар масеҳиён аз ҳашт мамлакати ҷаҳон дар ин чорабинии сеҳафтаина иштирок карданд. Ғайр аз тақсим кардани гулҳо, онҳо асбобҳои мусиқӣ навохтанд, дар кӯчаҳои серодам рақс карданд, тақсим кардани каҳваи сиёҳро ташкил карданд ва дар вокзали Амстердам ҷилодиҳандаи бепулро барои пойафзол пешниҳод карданд.
3. Огоҳӣ
Оё Калисои Исои Масеҳба даъвати азнавсозии ҷаҳон ҷавоб дода метавонад? Қобилияти ба ҷаҳон таъсир расондани мо ба он вобастагӣ дорад, ки мо ба ҷаҳон монанд нестем. Зарурате нест, ки дигар хел битобем ё ин далелро ба намоиш гузорем. Мо аллакай дигар хел ҳастем. Ба мо танҳо як чиз даркор аст — аз ин фарқият шарм накунем.
Агар дар мо ҷиддияти ҳисси ахлоқӣ набошад, ки он тарзи ҳаёти моро аз ҳаёти моро иҳотакунанда сифатан фарқ мекунонад, он гоҳмо наметавонем барои ин ҷаҳон намак бошем. Агар ҳаёти мо бо нурҳои ҷалоли Масеҳнадурахшад, мо наметавонем ба назди Ӯ одамонро биёрем. Маҳз дар ҳамин бора Исо дар дуои Худ дар Инҷили Юҳанно мегӯяд (17:14–19). Калисо даъват шудааст, ки ба ҷаҳон бо дилсӯзиҳои худ ва тарзи дигари ҳаёти аз ҷаҳон фарқкунанда ба ҷаҳон таъсир кунад, то ки одамонро ба сӯи Худованд барои наҷоти онҳо биёрад.
Дар Индонезия тӯдаи экстремистҳо калисоҳо ва мағозаҳои ба масеҳиён тааллуқ доштаро ғорат, таҳқир ва вайрон карданд. Яке аз ин гурӯҳҳо бинои калисоро сӯзонданӣ буд. Вале экстремистҳо фавқулодда ба ҳайрат афтоданд вақте диданд, ки биноро мусулмононе, ки дар ҳамсоягӣ мезистанд, печонида гирифтаанд ва илтиҷо доранд, ки онро насӯзонанд.
Дар ҳайрат афтода, экстремистҳо аз сокинон пурсиданд: "Барои чӣ шумо ин корро мекунед? Охир ин калисои масеҳӣ аст ва ба он дар ҷамъияти мо ҷой нест!"
Вале ҳамсояҳо ҷавоб доданд: "Ҳа, ин калисои масеҳӣ аст, вале ин масеҳиён одамони ғайриоддӣ мебошанд. Онҳо одамони хуб ҳастанд. Онҳо моро ҳурмат мекунанд ва барои ҷамоаи мо корҳои неки бисёре карданд. Мо ба шумо иҷозат намедиҳем, ки бинои онҳоро сӯзонед ё онҳоро ранҷонед".
Роҳзанон гум шуда рафтанд.
Вақте ки шумо ба ҷамъияти атрофатон бо муҳаббат, ғамхорӣ ва тарзи зиндагии порсоёнаи худ таъсир мерасонед, одамон ва ҳатто ҳукуматдорон шуморо ҳурмат мекунанд. Чунин шаҳодат одамонро ба Масеҳҷалб месозад.
Дар Номаи Яъқуб (1:27) гуфта шудааст: "Дини пок ва беайб ба ҳузури Худо ва Падар ин аст, ки ятимон ва бевазанонро дар андӯҳи онҳо парасторӣ кунед…"
Муҳаббати Худо моро даъват мекунад, ки гуруснаро сер кунем, камбағалро пӯшонем, камқувватро муҳофизат кунем ва ба одамоне ёрӣ расонем, ки аз обхезиҳо, заминҷунбиҳо, эпидемияҳо ва ҷангҳо зарар дидаанд. Дастгирӣ ва ёрӣ ба он касоне, ки барои имони худ ба Маcеҳзарар дидаанд, низ ба ҳамин дохил мешавад. Калисо ҳамеша сарвари барномаҳои тиббӣ ва таълимие буд, ки дар мамлакатҳои ҷаҳони сеюм амалӣ карда мешавад.
Мо бояд ин ташаббусҳоро дар он минтақаҳое, ки ба чунин намуди фаъолият эҳтиёҷ доранд, давом диҳем. Бисёр вақт лозим нест, ки барои ҷустани касони мӯҳтоҷи ғамхорӣ ба дуриҳо равем. Дар ҳар шаҳр ноҳияҳое ҳастанд, ки дар он ҷо одамони камбағал зиндагӣ мекунанд ва ба мадади башардӯстона мӯҳтоҷанд. Чӣ тавр зуд-зуд мо дар бораи чунин одамон фикр мекунем ва то чӣ андоза мо тайёрем ба онҳо ёрӣ расонем? Мо барои онҳо чӣ кор карда метавонем?
Ҳангоме ки мо ба эҳтиёҷоти ҷаҳон менигарем, сарамон гаранг мешавад: аҳолии сайёраи мо бо суръати навад миллион нафар одам дар як сол меафзояд. Истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ талаботҳои аҳолии афзуншавандаро базӯр қонеъ мегардонад. Ва агар дар ягон ҷой фалокатҳои табиӣ ба вуқӯъ оянд, дар натиҷа албатта норасоии сахти маҳсулот ва гуруснагӣ фаро мерасад.
Баъзан давлатҳои бой барои бехатар гардондани иқтисодиёти худ аз ёрӣ расондан ба миллатҳои камбағал дар инкишоф додани иқтисодиёт даст мекашанд. Ба ин мамлакатҳо дар шакли хӯроквориҳои барзиёд ёрии башардӯcтона расондан дар ниҳояти кор хоҷагии қишлоқи маҳаллиро вайрон мекунад.
Чунин бемориҳо ба монанди СПИД, сил ва дигарон дар баробари ифлос кардани муҳити атроф, мунтазам саломатии одамонро махсусан дар мамлакатҳои камбағал вайрон месозанд.
Масеҳиён чӣ кор карда метавонанд? Барои он дуо кунед, ки ҷамъиятҳои башардӯстонаи масеҳиён фондҳои молиявии худро хирадмандона тақсим кунанд ва Худованд ба сарпарастон нишон диҳад, ки чӣ гуна ва барои чӣ пул даркор аст. Гоҳо тайёр кардани роҳбарони рӯҳонӣ ва мусаллаҳгардондани онҳо бо Каломи Худо бисёр муҳим менамояд.
Бародар Андрей мегӯяд, ки эҳтиёҷот ва маҳрумиятхо таҷассуми тимсоли Исо аз Ваҳйи ҳавворӣ Юҳаннои Фақеҳмебошад. Дилҳои бисёр одамон дар калисо барои корҳои нармдилӣ ва муҳаббат бастаанд. Бинобар ин, Исо рост истода, дарро мекӯбад ва иҷозати даромадан мепурсад. Ҳузури Ӯ дилҳоро барои муҳаббати таъсирбахш мекушояд.
Миссияи "Дарҳои кушода" дар солҳои 1998 ва 1999 аввалин бор якчанд тонна хӯроквориро дар чорчӯбаи мадади башардӯстона барои масеҳиёни Судон фиристод. Ин кор барои он карда шуд, ки имондорон дар ин мамлакат то он дараҷа ҷисман заиф шуда буданд, ки барномаҳои таълимиро мавриди диққат қарор дода наметавонистанд ва дар ҳамон лаҳза касе ба ин минтақа мадад намерасонд. Ин лоиҳа "Меҳрубонӣ дар муҳаббат" номида шуда буд.
Дар рӯйхати самараҳои Рӯҳмуҳаббат дар ҷои аввал меистад. Касе гуфта буд: "Ягона исрофкории тарзи ҳаёти масеҳӣ дар барзиёд будани муҳаббат ифода меёбад". Дар Нома ба Қӯринтиён дар боби 13, мафҳуми муҳаббат, инчунин зоҳиршавии муҳаббат дар ҳаёти масеҳӣ батафсил дида баромада мешавад.
Agapе (муҳаббат) — ин принсипи тамоми мавҷудияти мо нисбати ҳар як одам ва ҳатто нисбати касонест, ки гўё ба он сазовор нестанд, зеро нисбати ҳеҷ кас ҳиссиётҳои нек зоҳир намекунанд.
Agapе (муҳаббат) — ин муҳаббати бешарт аст, он ба ивазаш чизе намепурсад ва ба аксуламали ҷавобӣ вобаста нест.
1. Муҳаббат ба Худо
Мо бояд дар навбати аввал ба Худо муҳаббат зоҳир созем ва баъд ба одамон. Ба андозаи он, ки мо таълимоти каломиро дар бораи муҳаббат тадқиқ мекунем, хусусан дар Аҳди Ҷадид, мо фаровонии муҳаббатро мебинем:
Муҳаббат ба Худо дар маркази ҳама чиз;
Муҳаббат ба зан (шавҳар), фарзандон ва оила;
Муҳаббат ба бародарон ва хоҳарон дар Масеҳ;
Муҳаббат ба наздикон;
Муҳаббат ба душманон.
2. Муҳаббат ба оила
Фаҳмидани амри каломии дӯст доштани зан (шавҳар) ва фарзандон душвор нест. Умуман, дӯст доштани зан даъватест ба дӯст доштани вай чуноне, ки МасеҳКалисоро дӯcт дошт ва ҳаёти Худро баҳри он фидо кард (ба Эфс. 5:25–29 ниг.)! Муҳаббати масеҳӣ аз хона сар мешавад.
Маҳз дар ҳамин ҷо озмоиши ҳаққонии муҳаббат ба амал меояд, зеро маҳз дар оила мо худро ошкор мекунем ва моҳияти он, онро, ки мо дар ҳақиқат кӣ ҳастем, аён месозем. Муҳаббатро дар оила сохтакорӣ кардан ғайриимкон аст.
3. Муҳаббат ба оилаи бузурги Худо
Дар Инҷили Юҳанно (13:35) Исо нишон дод, ки шаҳодати ҳақиқии шогирдии пайравони Ӯ зоҳир кардани муҳаббат (agapе) нисбати бародарони масеҳӣ хоҳад буд.
Маҳз ҳамин муҳаббат бояд нишонае барои ҷаҳон гардад, ки он касонеро, ки ҳақиқатан ба Исо пайравӣ мекунанд, фарқ мекунад.
4. Муҳаббат ба наздикон
Қисми дуюми супориши Бузург (ба Луқо 10:27 ниг.) ба таври зерин садо медиҳад: "…Ёри худро мисли худ дӯст бидор". Дар ин порча Исо масалро дар бораи сомарии некдил нақл кард ва дар ин масал ҳар як одами мӯҳтоҷи ёрмандӣ ёр номида шудааст. Чунин муҳаббат бояд дар ҳаёти мо низ зоҳир гардад.
Дар миёнаҳои зимистон, дар ҳабсхона гӯши як марди масеҳии солхӯрда сахт дард кард. Вай Худоро барои он шукрона гуфт, ки тавонист телпаки мӯинаро нигоҳдорад, ки он вайро аз хунукии сахт муҳофизат мекард. Ба ҳар ҳол, вай болиштчае дошт, ки шабҳо ба он сар мемонд.
Боре яке аз рафиқони ҳамхонааш аз вай телпаки мӯинаро пурсид. Марди масеҳӣ тайёр буд хӯрокашро бо дигар маҳбусон бо ҳам бинад, вале телпакро додан намехост. Охир вай гӯши хунукзада дорад ва ин телпак ба худи вай даркор аст.
Тамоми шаб вай бо виҷдонаш мубориза бурд. Чунин оятҳо ба монанди: "Ба касе ки аз ту металабад, бидеҳ, ва аз касе, ки мехоҳад аз ту қарз гирад, рӯ нагардон" (Матто 5:42) ба хотир меомаданд. Баъд аз дуои шабона вай аз Худо бахшиш пурсид ва телпакашро доданӣ шуд. Пагоҳӣ вай фаҳмид, ки ин маҳбусро ба хонаи дигар гузарондаанд, ки дар он ҷо хеле хунуктар буд.
Дар худи ҳамон пагоҳпосбонон тафтиши оддии хонагӣ гузаронданд ва дар миёнаи дигар чизҳои шахсӣ аз марди масеҳӣ телпаки мӯинаашро гирифтанд.
Вай кӯшиш кард, ки он чизеро, ки бояд гум мекард, нигоҳдорад, вале Худо мехост, ки ин телпак ба маҳбуси дигар хизмат кунад. Солҳои зиёде ин маҳбус сабақи камолоти масеҳиро, ки Рӯҳулқудс ба вай дода буд, дар хотир нигоҳмедошт.
5. Муҳаббат ба душманон
Шояд иҷро кардани амри Исо дар бораи дӯст доштани душманони худ (ба Матто 5:44 ниг.) аз ҳама душвор бошад. Масеҳии ҳақиқӣ ҳамеша барои нафъи одами дигар ҷидду ҷаҳд мекунад, ҳатто агар он одам ба вай муносибати бад дошта бошад ҳам. Касе гуфта буд: "Ягона усули масеҳии нест кардани душман аз он иборат аст, ки вайро то он даме дӯст медорӣ, ки вай ба дӯст мубаддал гардад".
Шубони румын, доктор Пол Негрут (Paғl Nӯgқғt) ба назди дӯсти дерини худ, ба хонаи оддии вай омад. Номи дӯсташ Триан Дорс буд. Ҳангоме ки Пол ба ҳуҷра ворид шуд, вай дид, ки дӯсташ аз хунравӣ бемадор шудааст. Вай пурсид, ки чӣ ҳодиса рӯй додааст.
Триан ҷавоб дод:
— Ҳозиракак дар ин ҷо полиси махфӣ буд. Онҳо омада дастнависҳои маро гирифтанд. Онҳо маро сахтакак кӯфтанд.
Пол аз усулҳои бераҳмонаи кори полиси махфӣ ба ғазаб омад. Вале Триан вайро нигоҳдошта гуфт:
— Бародар Пол, барои Масеҳазоб кашидан ин қадар ширин аст. Худо ин бегоҳморо на барои он ҳамроҳкард, ки аз полис ба ғазаб биёем, балки мо Ӯро ҳамд гӯем. Биё, зону мезанем ва дуо мекунем.
Вай зону зад ва барои полиси махфӣ дуо кардан гирифт. Вай аз Худо хоҳиш кард, ки онро баракат ва наҷот диҳад. Вай ба Худо гуфт, ки чӣ тавр ин полисро дӯст медорад. Вай гуфт:
— Худованд, агар онҳо боз биёянд, ман дуо мекунам, ки Ту ба ман имкон диҳӣ, то ба онҳо хизмат кунам.
Баъдтар Пол гуфт: "Дар ин вақт ман тамоман шарм доштам. Ман фикр мекардам, ки дар Руминия барои Худованд зиндагии аз ҳама вазнинро аз сар мегузаронам. Ва аз ин фикрҳои худ ба ман алам кард".
Баъд Триан Дорс ба Пол нақл кард, ки полиси махфӣ ба хонаи вай аллакай якчанд сол боз мунтазам меояд. Ду маротиба дар як ҳафта вайро лату кӯб мекунанд. Полис тамоми асарҳои вайро мусодира кард.
Баъд аз латукӯб вай одатан бо афсари полис сӯҳбат мекунад. Триан ба чашмони вай менигарад ва мегӯяд:
— Ҷаноб, ман шуморо дӯст медорам. Ва ман мехоҳам шумо донед, ки агар маротибаи дигар мо бо шумо дар назди тахти доварии Худо вохӯрем, шумо ба дӯзах на барои он меравед, ки ман шуморо бад мебинам, балки танҳо барои он, ки шумо муҳаббати Худоро инкор мекунед.
Триан ин суханонро баъд аз ҳар як латукӯб такрор мекард.
Баъд аз гузаштани якчанд сол боре шабона ба назди Триан ҳамон афсар омад. Триан ба латукӯби навбатӣ тайёр шуд. Вале афсар бо вай хеле меҳрубонона сӯҳбат кардан гирифт ва гуфт:
— Ҷаноби Дорс, вохӯрии навбатии мо дар назди тахти доварии Худо баргузор мегардад. Имрӯз ман барои пурсидани бахшиш барои ҳамаи корҳои бади кардаам омадаам. Ва ман гуфтан мехоҳам, ки муҳаббати шумо дили маро таккон дод ва ман аз Масеҳхоҳиш кардам, ки маро наҷот диҳад. Аммо ду рӯз пеш духтур дарёфт, ки ман бемории кӯҳнаи саратон дорам ва ман ҳамагӣ якчанд ҳафтаи дигар зиндагӣ мекунам, пеш аз он, ки ба назди Худо равам. Имрӯз ман ба назди шумо омадам то хабар диҳам, ки мо бо шумо якҷоя дар он тараф хоҳем буд.
Ҳангоме ки масеҳиён якҷоя худро ҳамчун намак ва нур зоҳир месозанд ва ба ҳар одам дар алоҳидагӣ agapе (муҳаббат)-и ҳақиқӣ мебахшанд, ғалаба насиби онҳост.
Боби ҳаждаҳум
ПУРТОҚАТӢ ВА ПАНДДИҲӢ
Ибр. 10:25
Дар Хитой як хоҳари масеҳӣ баъд аз ҳабс шудани шавҳараш, ки барои эътиқоди динии худ ба муддати бисту ду сол маҳкум шуда буд, бо шаш нафар кӯдак ва хушдоман танҳо монд. Ана, вай дар бораи худ чӣ нақл кард.
"Ҳангоме ки шавҳари маро, ки шубон шуда хизмат мекард, дар моҳи апрели соли 1958 ба ҳабс гирифтанд, ба ман гуфтанд, ки ман дигар ҳеҷ гоҳӯро намебинам. Ба ман хеле душвор буд. Дар дасти ман шаш нафар кӯдак ва хушдоманам монда буданд. Дили маро рӯҳафтодагӣ пур карда буд. Ман аз Худо гила кардан гирифтам. Оянда дар назари ман тира менамуд.
Боре шабона Худо бо ман гуфтугӯ кард ва гуфт:
— Ин ҳама аз Ман омад!
Ман ҷавоб додам:
— Агар ин ҳама аз ту бошад, илтимос, ман ва оилаи маро нигоҳбон шав. Ба ман мадад расон, ки исми Туро бадном накунам. Ман мехоҳам Туро пайравӣ кунам ва Туро ҷалол диҳам!
Ва он гоҳдар дили ман оромӣ ҳукмфармо гашт.
Одамон бисёр вақт маро фиреб медоданд, вале ҳамаи ин солҳо Худо ҳамеша дар бораи ман ғамхорӣ мекард. Вале Ӯ инчунин маро меозмуд.
Санҷиши аз ҳама аввалин душвориҳое буд, ки бо таъминоти молиявии оила вобаста аст. Ман дар як рӯз ҳамагӣ ҳафтод сент кор мекардам. Ба ин пул як оилаи калонро хӯрондан ғайриимкон буд. Аммо Худо моро он чунон таъмин мекард, ки Илёсро таъмин мекард. Ӯ ба ман Шубон ва Сарчашма буданро ваъда кард.
Боре бегоҳӣ хушдоманам арз кард, ки барои рӯзи оянда ягон хел хӯрокворӣ намондааст. Вай қарор дод, ки саҳарӣ ба хонаи духтараш меравад ва аз вай хоҳиш мекунад, ки ба мо ёрӣ расонад. Худи ҳамон шаб ман аз Худо пурсидам, ки барои чӣ Ӯ ба мо барои рӯзи дигар хӯрокворӣ надод. Баъд аз дуо кардан ман шунидам, ки Ӯ мегуфт: "Агар Ман дар бораи паррандагон ғамхорӣ кунам, пас дар бораи ту низ ғамхорӣ мекунам". Ва ман оромона хобидам.
Рӯзи дигар, пагоҳӣ соати панҷ дақиқа кам шаш дарро кӯфтанд. Ман дарро кушода, зани тахминан шастсолаеро дидам, ки вайро дар ҳаётам бори аввал медидам. Вай пурсид:
— Шумо хоҳар Элис ҳастед? Ман шуморо бо душворӣ ёфтам. Рӯҳмаро водор сохт, ки ба шумо ана инро диҳам.
Вай пакетро рӯи миз гузошт ва ба сӯи дар равон шуд.
Ман пурсидам, ки чӣ ном дорад, вале вай ҷавоб дод:
— Ман ном надорам.Танҳо ба Худованд шукрона гӯед!
Вай аз дар баромад ва ғайб зад. Ман пакетро кушодам. Дар байни хӯроквориҳо лифофаеро ёфтам, ки дар он панҷоҳдоллар буд. Худо ҳеҷ гоҳдер намекунад. Мо ҳеҷ гоҳгурусна намондаем. Хушдоманам гуфт:
— Пас, имрӯз ба ман лозим намеояд, ки ба хонаи духтарам равам.
Дар давоми солҳои дуру дароз чунин ҳодисаҳо бисёр буданд. Одамон мунтазам бо почта пул равон мекарданд ва суроғаи худро намегузоштанд.
Санҷиши дуюм фишори психологӣ аз тарафи ташкилотҳои ҳизбӣ буд. Азбаски шавҳарамро барои беитоатӣ ба сиёсати зиддидинии партияи коммунистии Хитой ба ҳабс гирифта буданд, маро низ аксулинқилобчӣ ҳисоб мекарданд. Ба ман боз гуфтанд, ки ман ҳеҷ гоҳшавҳарамро намебинам. Ҳар рӯз ҳукуматдорон кӯшиш мекарданд маро маҷбур созанд, ки аз эътиқоди худ ва аз шавҳарам даст кашам.
Ҳар рӯз ба ман сахт фишор оварда, то шаш соат бо истинтоқҳо азоб медоданд. Агар ман Худоро намедонистам, ман худкушӣ мекардам. Ду нафар заноне, ки ман онҳоро медонистам, дар ин шароит аз ақл бегона шуданд ва худкушӣ карданд. Ман бошам пурра ба мадади Худо умед бастам. Ҳангоми истинтоқҳои пуразоб ман танҳо чашмонамро мепӯшидам ва хомӯшона дуо мекардам.
Санҷиши сеюм аз кори вазнин иборат буд. Аз сабаби айбдоркуниҳое, ки ба муқобили ман пешниҳод карда буданд, ба ман иҷозат намедоданд, ки дар фабрика ё идора кор кунам. Баъд аз истинтоқҳои шашсоата ба ман лозим меомад, ки ҳашт соати боқимондаро дар кори вазнини ҷисмонӣ сарф кунам. Ман вагончаҳоро бо хишт, плитаҳои бетонӣ ва семент барои ҳаштод сент тела мекардам. Бор хеле вазнин буд.
Ман дар кор ончунон монда мешудам! Ман ҳанӯз то саршавии басти корӣ худро хаста ҳис мекардам. Аз сари рӯям арақ мешорид. Дар фасли зимистон тела додани вагонеткаҳо аз сабаби хунукиҳо ва лойи яхкарда боз ҳам душвортар буд. Баъзан ба ман лозим меомад, ки сементро бо бел ба ошёнаи дуюм партоям. Ман танҳо ба шарофати дуои ҳамешагие, ки дар он аз Худо хоҳиш мекардам ки ба ман мадад расонад, зинда мондам. Ӯ меҳрубонӣ зоҳир кард ва ба ман қувват дод.
Санҷиши чорум аз даъвати ҷисм иборат буд. Ман сию нӯҳсола будам, вақте ки шавҳарамро ба ҳабс гирифтанд. Мансабдорони ҳукуматӣ кӯшиш мекарданд маро маҷбур кунанд, ки ба одами дигар ба шавҳар бароям. Агар ман ба исрорҳои ҳукуматдорон гузашт мекардам, ба ман иҷозат медоданд, ки ба маҳаллаи нави истиқоматӣ кӯчида равам. Кори шахсии маро аз сари нав менавиштанд ва дигар ба ман лозим набуд, ки дар кори вазнин азоб кашам.
Ба назди ман мардон бо тӯҳфаҳо, пулҳо ва либосҳо меомаданд, як нафар ҳатто аризаро дар бораи ҷудошавӣ тайёр карда буд. Онҳо метавонистанд ҳатто бевақтии шаб дари маро оромона кӯбанд.
Ман ба онҳо мегуфтам: "Ман масеҳӣ ҳастам. Ман на ҷудо шуда метавонам, на аз нав шавҳар карда метавонам". Худо маро ончунон сахт дӯст медошт, ки ба ман қувват дод, то ба муқобили ҳамаи ин васвасаҳо ва хоҳишҳои ҳаёти оромона ва боҳузур доштан истодагарӣ кунам. Ҳар боре ки ман дуо мекардам, Ӯ ба ман ҳамаи он чизеро. ки даркор буд, медод… ва ҳатто бештар аз оне, ки ман мепурсидам.
Баъд аз бисту як сол ва ҳашт моҳшавҳарамро озод карданд. Қариб бисту ду сол — мӯҳлати дарозест барои ҷудоӣ. Аммо Худо моро аз ин санҷиш гузаронд".
Агар дар ҷанги рӯҳонӣ воситаҳои ҳуҷумкунанда Китоби Муқаддас ва дуо бошанд, пас онҳо бояд бо садоқат ва итоаткорӣ устувор карда шаванд. Барои он ки мо ҳамеша дар назди Худо бошем ва самараҳои Рӯҳро ба амал орем, мо бояд дорои сифате бошем, ки пуртоқатӣ ном дорад.
Дар Нома ба Румиён (5:3) ҳавворӣ Павлус мегӯяд, ки пуртоқатӣ аз ғам пайдо мешавад ва он дар навбати худ хислатро ба шакл медарорад. Андаке баъдтар дар Нома ба Румиён Павлус инчунин илова мекунад, ки ба шарофати пуртоқатии худ мо дар Навиштаҳо тасалло ва умед ба даст меорем (ба Рум. 15:4 ниг.). Яъқуб тасдиқ мекунад, ки пуртоқатӣ ба камолот бурда мерасонад (ба Яъқ. 1:4 ниг.).
Дар Ваҳйи ҳавворӣ Юҳаннои Фақеҳ(3:10) Исо калисои Филоделфияро барои он таъриф кард, ки он амри Ӯро дар бораи нигоҳдоштани садоқат дар сабр иҷро кард, яъне пурсабрӣ зоҳир кард. Ин на танҳо коре накарда "нишастан" аст, балки "бо ҷидду ҷаҳд меҳнат кардан, бо дарки он, ки Худованд ҳеҷ гоҳмағлуб намешавад". Ғолиб он касест, ки ҳеҷ гоҳтаслим намешавад.
Душман доимо кӯшиш мекунад, ки ба пурсабрӣ муқобилат кунад ва ин ҳиссиёти мондашавии сахтро баъд аз муҳорибаи рӯҳонӣ ба амал меорад, баъд рӯҳафтодагии рӯҳонӣ фаро мерасад, ё он ҳолати маъруфи ҷон, ки онро "ақибнишинӣ" ё "таслимшавӣ" меномем. Бисёр масеҳиён як дақиқа пеш аз ғалаба таслим мешаванд.
Ҷон Бенян (John Bunyan) дар ин бора дар китоби худ "Сафари зиёраткунанда" мегӯяд. Вай нақл мекунад, ки дар охири сафар мусофир ба территорияи мамлакати ҷодушуда медарояд ва хоб мекунад, то ки дигар ҳеҷ гоҳбедор нашавад ва роҳи худро ба охир расонад.
Хоҳари нозукандом аз Хитой, ки вайро бераҳмона таъқиб мекарданд, суханони зеринро мегӯяд: "Киштӣ ҳаракати худро танҳо барои он, ки баҳр талотум мекунад, қатъ карда наметавонад. Вай бояд мӯътақид бошад, ки ба самти дуруст меравад. Бе чунин озмоишҳо мо намедонем, ки ба Худованд чӣ тавр хизмат кунем".
Ҳаёт ба чунин киштӣ монанд аст. Ҳангоми бӯҳронҳои шадид аъзоёни калисоҳои таъқибшаванда шаҳодат медиҳанд, ки имондорон метавонанд худро ба суккони киштӣ сахт банданд ва ба садоқати Худо ва муҳаббати абадии Ӯ дар Исои Масеҳсахт умед банданд.
Порча аз Нома ба Ибриён (10:19–39) намунаи ин мавзӯъро дар бар мегирад. Ояти 36-ум дар ин порча аз ҳама асосӣ мебошад: "Зеро шуморо сабр лозим аст, то ки иродаи Худоро иҷро намуда, ваъдаро ба даст оваред". Қайд кардан ҷолиб аст, ки ин оят як қисми муҳокимарониҳо дар бораи азобу уқубатҳо, таҳқиркуниҳо, таъқибот, баҳабсгириҳо ва мусодираи молу амвол мебошад.
Як нафар шубонро дар Куба, ки ба таъқиботи сахт дучор гашта, душвориҳои зиёдеро аз сар гузаронда буд, пурсиданд: "Оё шумо намехоҳед, ки дар чунин шароитҳои вазнини ҳаёт ҳама чизро партоед ва таслим шавед?" Шубон табассум кард ва танҳо ҷавоб дод: "Агар муҳорибаҳо набошанд, ғалабаҳо низ намебуданд!" Боре касе гуфта буд: "Ҳамаи он чизе, ки маро намекушад, маро пурқувват мекунад".
Агар пуртоқатии миссионерони аввалини асрҳои гузашта намебуд, хитоиҳо то ба ҳанӯз дорои Китоби Муқаддас ба забони хитоӣ намешуданд.
Роберт Моррисон (Robert Morrison) дар ноҳияи камбағали шаҳри на он қадар калони шоҳибофони шотландӣ ба воя расидааст. Муаллими мактаби якшанбегӣ кӯшишҳои худро барои ба даст овардани дили писарбача барои Исо қатъ накард ва ба шарофати пуртоқатии ин муаллим Моррисони ҷавон пайрави Исо гашт.
Вай миссионери протестантӣ дар Хитой шуд ва дар ибтидои солҳои 1800-ум Китоби Муқаддасро ба забони хитоӣ тарҷума кард. Аммо кор бе изтиробҳо ва ҳаяҷонҳои зиёд ба амал наомад. Шонздаҳсоли пурра Моррисон дар шароити даҳшатнок зиндагӣ ба сар бурдааст. Ёрдамчии хитоии вай Ако бо худ заҳр гирифта мегашт, то ки дар мавриди "фош шуданаш" ҳангоми уқубатҳо азоб накашад. Дар натиҷа заҳматҳои Моррисон бо он сарфароз гардонда шуд, ки Ако аввалин имондори вай гашт.
Роберт Моррисон аввал писар, баъд занашро аз даст дод. Вале вай ба ин ҳам сабр кард. Имрӯз дар Макао дар қабристони кӯҳнаи протестантӣ қабри вайро дар бари қабрҳои наздиконаш дидан мумкин аст. Имрӯз пурсабрии парҳезкоронаи вай дар ҳаёти бисёр бародарон ва хоҳарон дар Хитой самар меорад.
Дороти Ай Чин (Dorothi Ai Ching) дар замони ҳозира дар Америкаи Шимолӣ сафар мекунад ва дар он бора нақл мекунад, ки вай маҳз дар натиҷаи бист соли дар лагерҳои меҳнатӣ гузарондааш, ки дар он ҷо бо бел пору бор мекард, то дараҷаи хизматгузорӣ ба Худованд ба камол расид. Дороти ба хулосае омад, ки сабақи аз ҳама аввалине, ки вай аз ҳаёти вазнини худ гирифт, ба таври намоён ба вай нишон дод, ки Худованд пурсабриро меписандад.
Имондори дигари хитоӣ ба барандаи барномаҳои масеҳии радио дар Гонконг дар бораи таъқиботҳое, ки писари навраси вай барои имони масеҳии худ гирифтор аст, менависад. Ин имондор ба писараш чунин гуфт: "Роҳи салиб душвор аст, вале дар ин роҳба сӯи абадият мо бояд пуртоқатӣ зоҳир намоем".
Ҷ. Ҷ. Эндрюс (J. J. Andrews) — шубони лютерании кӯҳансол ва дӯсти мо дар Рангун, дар Мянма, ки пештар Бирма номида мешуд, ба хизматгузорӣ бо тамоми ҷидду ҷаҳд муносибат мекард. Якчанд сол пеш аз ин аз бемории гепатити вирусӣ духтараш вафот кард. Баъд аз ду моҳзанаш аз кафидани дил мурд. Баъд аз ним сол тамоман нохост яке аз писарони вай мурд. Ба Эндрюс чунин менамуд, ки вай ба хок яксон карда шудааст. Дар бораи он давраи ҳаёти худ ёдовар шуда вай мегӯяд: "Ман худро чун Айюб ҳис мекардам, танҳо ба назди ман касе бо дилбардорӣ намеомад".
Дар бораи ин ҳолат Вер Энрикес, марди ҷавони филиппинӣ аз Бангкок (Таиланд)-и ҳамсоя шунид. Вай махсус барои дидани бародар Эндрюс омад, то ки вайро дастгирӣ кунад. Эндрюс мегӯяд: "Раҳмат ба ӯ барои он, ки вай дар соати душвори ҳаётам барои мадад расондан ба ман омад".
Баъд аз гузаштани якчанд моҳдар назди хонаи Эндрюс садои хандаи набераҳои аз ҳаёт хурсанди ӯ шунида мешуд. Эндрюс дар бораи сабақи фаромӯшнашаванда нақл карда истода, механдад: "Худо маро барои пурсабриам сарфароз гардонд ва дили шикастаи маро шифо дод!"
Боре мо дар девори як калисо чунин шиори масеҳиро дидем:
Гоҳо Худо бӯронро ором мекунад,
вале баъзан Ӯ ба бӯрон имконият медиҳад, ки талотум кунад…
Ва фарзандони худро ором мекунад.
Пурсабрӣ баракатест, ки Худо ба мо медиҳад, вақте мо бояд ба фишори тӯфонҳoву бӯронҳo истодагарӣ кунем. Бахшоиши дигари Худоро рӯҳбаландкунӣ номидан мумкин аст, вақте ки мо ба дигарон ёрӣ мерасонем, то душвориҳоро аз сар гузаронанд ва ба фишорҳо тоб оранд.
Оиди маънои як масали кӯтоҳандеша мекунем.
Боре аз байни ҷангал якчанд қурбоққа мегузаштанд. Нохост ду қурбоққа ба чоҳи чуқуре афтиданд. Дигарон дар назди чоҳистода монданд. Ҳангоме онҳо диданд, ки ҳамроҳонашон ба чоҳи чуқур афтодаанд, ба он бечорагон гуфтанд, ки кори онҳо тамом. Вале ҳар ду қурбоққа ба суханони онҳо аҳамият надода, бо тамоми қувват кӯшиш мекарданд, ки аз чуқурӣ ба берун ҷаҳида бароянд. Дигарон онҳоро бовар кунонда мегуфтанд, ки ин кори беҳуда аст ва кори онҳо тамом шудааст. Ниҳоят, яке аз қурбоққаҳо ба суханони ҳамроҳони худ гӯш дод ва таслим шуд. Вай дароз кашид ва мурд, вале дуюмӣ чӣ тавре ки метавонист, ҷаҳиданро давом медод. Ва боз анбӯҳи қурбоққаҳо дод задан ва маслиҳат доданро сар карданд, ки вай азобро бас кунад ва оромона мирад. Аммо қурбоққа боз исроркорона ҷаҳидан гирифт ва ниҳоят аз чоҳбаромад.
Ҳангоме ки вай ба берун баромад, дигар қурбоққаҳо гуфтанд: "Ту моро мешунидӣ?" Он гоҳқурбоққа фаҳмонд, ки вай каме кар аст. Вай фикр мекард, ки тамоми ин муддат ҳамроҳонаш вайро рӯҳбаланд мекарданд.
Суханони рӯҳбаландкунанда ҳангоми душворӣ дар ҳақиқат метавонад одамро бархезонад ва ба вай ёрӣ расонад, ки зинда монад ва ҳама чизро аз сар гузаронад. Аз тарафи дигар суханони вайронкунанда, ки ба одам дар ҳолати душвор гуфта шудааст, метавонанд вайро кушанд. Дар гуфтани он сухан, ки ба одамон мегӯед, боэҳтиёт бошед.
Ба одамоне, ки дар сари роҳи шумо вомехӯранд, суханони ҳаётро гӯед. Баъзан бовар кардан душвор аст, ки суханони тасаллоомез одамро ин қадар дастгирӣ карда метавонанд. Ҳар кас метавонад суханоне гӯяд, ки қувваҳои охирини одами бо бадбахтиҳо муборизабарандаро мегиранд. Хушо касе, ки барои вай суханони рӯҳбаландкунанда ёфта тавонад.
Якчанд сол пеш аз собиқ асирони ҳарбии америкоӣ пурсиданд, ки кадом усулҳои душман ба таври бомуваффақияттар тавонистанд рӯҳи онҳоро шикананд. Тадқиқотҳо нишон доданд, ки асирони ҳарбӣ аз камбудиҳои ҷисмонӣ ё шиканҷаҳо рӯҳафтода намешуданд. Вале маҳбусии яккаса ва зуд-зуд аз як хона ба хонаи дигар гузаронда аз дӯстон дур кардан рӯҳи одамро шикаста метавонанд. Сипас тадқиқотчиён ошкор карданд, ки аскарон қувваро асосан аз дилбастагӣ ба якдигар дар гурӯҳҳои на он қадар калоне, ки ба онҳо тааллуқ доранд, мегиранд.
Ин тадқиқотҳо ба мо имкон медиҳанд амиқтар фаҳмем, ки барои чӣ масеҳиён ба муошират бо дигар имондорон, ки ба онҳо ёрӣ мерасонанд ба Худованд содиқ монанд, эҳтиёҷ доранд. Муносибатҳои мо бо Худо, агарчи хеле зинда ҳам бошанд, барои ба даст овардани камолоти рӯҳонӣ ва пуртоқатӣ кифоя нест. Муносибатҳои байниҳамдигарӣ дар дохили Бадани ягонаи бо Рӯҳмуттаҳидгашта барои инкишофёбӣ ва нигоҳдоштани садоқати мо ба Наҷоткор тамоман зарур аст (ба Ибр. 10:23–25 ниг.).
Дар давоми тамоми матни Китоби Муқаддас даъвати такроршавандаи рӯҳбаланд кардани дигар имондорон дар оилаи Худо шунида мешавад. Дар боби 12-уми Нома ба Румиён дар байни дигар бахшоишҳои Рӯҳулқудс бахшоиши тасалло додан низ ёдрас шудааст. Баъдтар Павлус дар Номаи якум ба Таслӯникиён (5:11) навишта буд: "Бинобар ин ҳамдигарро тасалло диҳед ва якдигарро обод кунед, чунон ки низ мекунед".
Тасалло додан амали дастгирӣ ва рӯҳбаландкунӣ мебошад, вақте ки шумо дигаронро рӯҳбаланд месозед ва ба онҳо мадад мерасонед, ки зиндадил гарданд. Ҳар яки мо дар фурӯтанӣ бояд ба фаҳмише ояд, ки чунин тасаллодиҳӣ ба мо фавқулодда зарур аст. Умед барои рӯҳи инсон ҳаво аст.
Чак Суиндол (Chuck Swindoll) тасдиқ мекунад, ки решаи калимаи "тасалло додан", ки дар Нома ба Ибриён (10:25) истифода шудааст, ҳамонест, ки дар бобҳои 14 ва 16-и Инҷили Юҳанно амалҳои Рӯҳулқудсро тасвир месозад. Муаллиф ба чунин хулоса меояд: "Ҳангоме ки мо дигаронро тасалло медиҳем, мо кореро иҷро мекунем, ки кори Рӯҳулқудсро дар оилаи Худо ба хотир меорад".
Таълимдиҳандаи дигари намоёни Китоби Муқаддас ин ақидаро тасдиқ мекунад: "Тасалло додан ва дилбардорӣ кардан қарзи бузургтарини инсонист… Аз сари одами пурҷӯшу хурӯш як сатил оби хунук рехта, рӯҳи вайро шикастан хеле осон аст. Ҷаҳон пур аз одамонест, ки тайёранд дигаронро аз зиндагӣ дилхунук кунанд. Вале қарзи масеҳии мо тасалло додани якдигар аст. Суханони ҳамду ситоиш ё миннатдорӣ, сипос ё таъриф ба одам ёрӣ мерасонанд, ки дар муҳориба бо бадӣ истодагарӣ намояд".
Бародар Андрей дар худи ибтидои хизматгузории худ зарурати суханони рӯҳбаландкунандаро фаҳмид, вақте ки бо бародарони имондор дар мамлакатҳои Аврупои Шарқӣ муошират мекард. Онҳо ба вай мегуфтанд: "Андрей, худи ин далел ки ту ба ин ҷо омадӣ, аз даҳмавъизаи аз ҳама беҳтарини ту хубтар аст!" Имрӯз, вақте ки вай ба мамлакатҳое меравад, ки аксари аҳолиашон мусулмонанд, вай ҳамон суханонро мешунавад. Вай бисёр вақт моҳияти миссияи "Дарҳои кушода"-ро ҳамчун кори рӯҳбаландкунӣ муайян мекунад ва ин намуди хизматгузорӣ ба воситаи сафарҳои такроршаванда ба мамлакатҳои гуногун барои муоширатҳои минбаъда ва таъмин кардан бо маводҳои зарурӣ, ёрӣ расондан дар тайёр кардани хизматгузорон амалӣ мегардад.
Қосидҳои мо як шубонро дар қисми ҷанубии Вйетнам хабар гирифтанд. Онҳо ба забони вйетнамӣ гап намезаданд ва барои ҳамин вай бо онҳо бо шубҳа муносибат мекард. Он гоҳонҳо бо роҳнамоии Рӯҳулқудс ин тавр карданд. Дар калисо онҳо ба зону заданд ва ба забони англисӣ, бо овози баланд дуо кардан гирифтанд. Дере нагузашта шубони вйетнамӣ ба онҳо ҳамроҳшуд. Ашкҳои чашмонаш шашқатор буданд. Дертар ин шубон оиди зарурати ин сафар ба онҳо мактуб навишт.
Ана, тарҷумаи ин мактуб: "Маро он далел сахт ба риққат овард, ки мо бо шумо метавонем якҷоя дуо кунем ва номи Исоро ҷалол диҳем. Ва ҳарчанд мо ба забонҳои гуногун ҳарф мезанем, мо метавонем якдигарро дар муҳаббати Худованд ва бо ёрии Рӯҳулқудс фаҳмем.
Мо медонем, ки шумо ба калисои мо Китоби Муқаддас додан мехоҳед. Мо Худовандро барои он шукрона мегӯем, ки Ӯ ба шумо дар бораи мӯҳтоҷии мо хабар дод… ва Ӯ ба шумо мадад мерасонад, ки Китоби Муқаддасро биёред. Мо ба Ӯ ин эҳтиёҷи худро гуфта будем ва акнун аз Ӯ мунтазири ҷавоб ҳастем".
Дар саргузаштҳо дар бораи масеҳиёни маҳбус ҳамеша оиди тасалло гуфта мешавад. Чӣ тавр хурсандиовар аст шунидани он, ки дар ҳабсхонаҳо ё лагерҳо масеҳиён бародарон ё хоҳарони имондорро меёбанд. Чӣ тавр хурсандиовар аст донистани он, ки ду ё се нафар фарзандони Худо метавонанд якҷоя вақтро дар мушоракат гузаронанд.
Валентина Савелйева панҷ соли ҳаёташро дар лагерҳои советӣ барои ба мамлакат овардани адабиёти масеҳӣ гузарондааст. Дар лагер шароитҳои ҳаётӣ хеле вазнин буданд ва вай нақл мекунад, ки чӣ тавр Худо ба дуоҳои вай ҷавоб гардонд: "Худованд мӯҳтоҷии маро дид ва дар меҳрубонии Худ ба назди ман хоҳари масеҳиро бо номи Наташа равон кард… Худованд вайро фиристод, то ки ба ман дар лаҳзаи аз ҳама душвор сабукӣ диҳад. Мо якҷоя бисёр дуо мекардем ва ҳамеша кӯшиш мекардем, ки якдигарро дастгирӣ кунем. Дар ёдам ҳаст, мо шабҳо берун аз лагер, дар зери осмони кушод вомехӯрдем. Мо дар он ҷо дуру дароз истода наметавонистем, зеро ҳарорат бисёр вақт аз чил дараҷа поён мефаромад ва мӯзаҳои корӣ моро гарм карда наметавонистанд. Якчанд дақиқа мо суруд мехондем ва дуо мекардем, баъд ба барак бармегаштем, то ки каме гарм шавем ва боз дар кӯча вомехӯрдем. Баъзан мо хомӯшона рост меистодем ва танҳо ба осмонҳо менигаристем…
Гоҳо ман танҳо як чиз мехостам: то ки Худованд зуд биёяд ва маро ба назди Худ барад. Аммо Наташа маро бо қувваи нав пур мекард. Вай ба ҳаёти ман таъсири пурқувват ва мусбат расонд. Бисёр вақт ман фикр мекунам, ки Худованд вайро ба ин лагер танҳо аз барои ман фиристод".
Ричард Уормбранд (Richard Warmbrand) саргузаштро дар бораи ҳаждаҳнафар мардони солхӯрда нақл мекунад, ки онҳо дар ҳабсхонаи Бухарест нигоҳдошта мешуданд. Ин "хонаи зеризаминии бетиреза буд, ки аз шифташ об мечакид. Барои он ки аз хунукӣ ях карда намиранд, ҳар кадом ба рафиқи дар пеш истода сахт ҷафс мешуд. Агар ягон кас аз ҳуш равад, дигарон вайро аз об мебардоштанд ва маҷбур мекарданд, ки рост истад. Гармӣ, дастгирӣ ва ҳаёт — ҳамаи инро мо аз якдигар гирифтем".
Боби нуздаҳум
БАХШИШ ВА БАРАКАТ
Мат. 6:14–15
23-уми январи соли 1999 миссионери баптист аз Австралия Грэм Стейнс (Graham Staines) ва ду писари вай дар автомобиле, ки аъзоёни гурӯҳи фундаменталии индуистӣ дар штати Орриса бензин рехта оташ дода буданд, зинда ба зинда сӯхтанд. Грэм Стейнс дар давоми сию чор сол бо махавҳо кор мекард.
Садҳо миллион одамон дар Ҳиндустон шоҳиди он гаштанд, ки чӣ тавр Глэдис Стейнс — зани бевамондаи Грэм Стейнс дар баромади телевизионии худ гуноҳи қотилони аъзоёни оилаи худро ба хотири Инҷил бахшид. Ин саҳна бисёр одамонро то ашкрезӣ оварда расонд ва аз рӯи шаҳодати як имондори масеҳӣ "эҳтимол барои Инҷил дар Ҳиндустон аз кори дуру дарози миссионерӣ дида кори бештар кард".
Дар бораи хоҳиши худ — бахшидани қотилон иброз дошта, Глэдис Стейнс илова мекунад, ки бахшиш вайро аз дарду алам халос кард, набошад он дар дили вай мемонд.. Аз лаҳзаи фалокат сар карда, доимо ба назди хонаи вай омада мепурсанд, ки чӣ тавр масеҳӣ шудан мумкин аст.
Шаҳри мексикоии Квидад Хуарес дар воситаҳои ахбори умум "шаҳри ашкҳо" ва "подшоҳии марг" номида шуда буд. Аммо дар моҳи майи соли 1999 баъд аз фестивали беҳамтои "Ҳаёт-99" он ба "шаҳри сулҳу умед" табдил ёфт.
Ҳангоми гузарондани фестивал яке аз гурӯҳҳое, ки дар кӯча дар бораи Масеҳшаҳодат медоданд, ба ҳолати ғайримуқаррарие афтода монданд. Дар ин гурӯҳмарди ҷавони мексикоӣ бо номи Самуэл ҳамчун тарҷумон кор мекард. Аъзоёни гурӯҳнохост фаҳмиданд, ки модар ва хоҳари Самуэл ба наздикӣ кушта шуда буданд ва ӯ шоҳиди кушта шудани онҳо буд. Вай кӯшиш кард, ки фалокатро пешгирӣ кунад, вале натавонист. Самуэл гуфт, ки қотилро мешиносад.
Вай аз қотил қасос гирифтанӣ буд, лекин баъд масеҳӣ шуд ва муносибати вай ба ҳақиқатҳои ҳаёт тағйир ёфт. Вай ба гурӯҳи омӯзиши Китоби Муқаддас, ки дар он бист нафар таълим мегирифтанд, роҳбарӣ мекард. Дар шаби охирини фестивали "Ҳаёт-99" вай дид, ки чӣ тавр одаме, ки модару хоҳари вайро ба қатл расонда буд, ба пеш баромад, то ки Исои Масеҳро Наҷоткори худ эътироф кунад. Самуэл аз байни одамон ба худ роҳкушода, дасти вайро фушурд ва бо дохил шуданаш ба Малакути Худо табрик кард. Самуэл тавонист ин одамро бубахшад.
Корри тен Боом (Corrie ten Boom) даҳшатҳои лагери Равенсбрукро зуд-зуд ба хотир меовард ва дарк мекард, ки муносибати ҳақиқатан масеҳиро, ки меҳрубонии Худоро дар вай зоҳир кунад, дар дили худ нисбати фашистони пешина ёфтан барояш душвор аст. Дар лагере, ки аз рӯи ҳисоботҳо, зиёда аз 95 ҳазор занон кушта шуда буданд, на муҳаббат буду на бахшиш. Вай бераҳмии ифоданашавандаи посбонон ва дуди печҳои доимо кор карда истодаи хонаи мурдасӯзиро фаромӯш карда наметавонист.
Баъд, дар соли 1947 Корри дар Калисои Мюнхен баромад кард ва ҳагоме ки ҷамъомад ба охир расид, вай одами аз ҳама золимтаринро аз посбонони конслагер дид, ки ба пеш баромада бо вай сӯҳбат кардан мехост. Вай ба сӯи Корри даст дароз кард. "Ман масеҳӣ шудам, — фаҳмонд вай. — Ман медонам, ки Худо маро барои тамоми бераҳмиҳоям бахшид, вале ман мехостам ҳаминро аз даҳони шумо шунавам. Илтимос, маро бубахшед".
Дар дили Корри ҳиссиётҳои мухолиф мубориза мебурданд. Рӯҳи Неки Худо вайро водор сохт, ки бубахшад. Аммо рӯҳи дарду алам ва бераҳмӣ дар вай хоҳиши аз ин одам рӯй тофтанро пайдо мекард. "Исо, ба ман мадад расон. Ман метавонам ба вай даст диҳам. Ман ин корро карда метавонам".
Вақте ки дастони онҳо бо ҳам вохӯрданд, ҳар ду ҳис карданд, ки гӯё аз даруни ашкҳо гармӣ ва шифо ба берун баромаданд. "Ман шуморо мебахшам, бародар, аз тамоми дилу ҷонам" — гуфт Корри. Баъдтар вай шаҳодат дод, ки "ин қувваи Рӯҳбуд", ки дар он рӯз дар дили вай муҳаббати Худоро рехт. Рӯҳи Нек боз ғолиб омад.
Бахшиш яке аз воситаҳои аз ҳама пурқудрат дар дасти масеҳиён мебошад. Ҷаҳон намефаҳмад, ки чӣ тавр бахшидан мумкин аст ё бахшиш барои чӣ даркор аст. Бахшиш дар ҷаҳоне, ки одам ба одам гург аст, чизи ғайритабиӣ мебошад. Ғайр аз ин, ҳангоми бахшидан лозим меояд дарду аламро паси сар кунем, зеро дар паси ҳар яке аз ин амалҳои ихтиёрӣ ҷароҳат ё хоинӣ ниҳон аст. Аммо хоҳиши бахшидан надоштан ба одамон боз дарду алами зиёдтар меорад ва зарари бештару ҷиддитари ҳиссиётӣ, иҷтимоӣ ва ҷисмонӣ мерасонад.
Як адвокати масеҳии осиёгӣ мегӯяд: "Вақте аз ман мепурсанд, ки масеҳият аз дигар динҳо ё худи масеҳиён аз дигар имондорон бо чӣ фарқ мекунанд ва оё ҳамаи динҳо худи ҳамон як чизро мавъиза намекунанд, ман ҳамеша мегӯям: моро қобилияти бахшидан фарқ мекунонад".
Бахшидан лозим аст, ҳатто ҳамон вақте ки аз мо бахшиш намепурсанд. Суханони дар рӯи салиб гуфтаи Исо суханони бахшиш буданд: "Эй Падар! Инҳоро биомурз, зеро ки намедонанд, ки чӣ мекунанд" (Луқо 23:24). Сарбозоне, ки Исоро маслуб карданд, аз вай бахшиш напурсиданд, вале Исо талаботи онҳоро ба бахшиш дарк кард.
Бахшиш танҳо дар қувваи Рӯҳулқудс ҳақиқатан имконпазир аст. Дар бахшидан муҳаббати Худо равшантар зоҳир мегардад. Мо бошем барои он даъват шудаем, ки дар ҳама чиз ба Ӯ монанд бошем ва монандиро зоҳир созем.
Барои фаҳмидани он ки, бахшиш чист, мо бояд дарк кунем, ки бахшиш чӣ нест.
Бахшидан маънои пурра фаромӯш карданро надорад. Дарду алами бузург на ҳамеша аз хотираи инсон сутурда мешавад.
Бахшидан маънои оштишавиро надорад. Барои оштишавӣ хоҳиши ду одам даркор аст, аммо тарафи ҷабрдида метавонад тарафи муқобилро бе оштигавӣ бо вай бубахшад.
Бахшидан маънои саҳлангорӣ ё бетарафӣ зоҳир карданро надорад. Бахшиш албатта, рафтори бад ё бемасъулиятро ҳақ намебарорад.
Бахшидан маънои аз худ рондани фикрҳоро дар бораи дарду алам надорад. Баръакс, одами бахшанда ба дарду алам муносибати ҷиддӣ дорад ва онро чизи камаҳамият ё нозарур намеҳисобад.
Бахшиш ба фаҳмиши норавшани "муросокорӣ" баробар нест. Набошад дар ҳолати беҳтарин мо тақлиди рӯякии пастсифат ба бахшишро ба даст меорем ва дар ҳолати бадтарин — танҳо масъалаҳои ҷиддии ҳаётиро аз пеши назарамон дур месозем.
Бахшидан маънои аз гуноҳкор гирифтани гуноҳи вай ё ҳақ баровардани вайро надорад. Бегуноҳэълон кардани одам ҳуқуқи махсуси довар аст ва танҳо довар метавонад гуноҳкорро аз оқибати амалҳои вай озод кунад, масалан дар шакли ҷазо.
Бахшиш ташаббуси шахсӣ аст, ки ҷабрдидаро аз ҳисси дарду алам озод мекунад. Навишта бахшиши ҷузъӣ ё аз гардани худ соқит кардашударо талаб намекунад — бахшиш бояд пурра ва анҷомёфта ва бе ягон ҳиссиёти манфӣ нисбати ҷабркунанда бошад, инчунин бо барқарор кардан ва инкишоф додани муносибатҳо бо ҷабркунанда бошад.
Ана ин аст тавсифномаи бахшиш дар мувофиқат бо таълимоти Китоби Муқаддас:
1. Бубахшед, зеро Худо шуморо бахшидааст
Дар Аҳди Қадим дастурҳои зиёде оиди он, ки барои бахшидани гуноҳҳо чӣ талаб карда мешавад, вуҷуд дорад, зеро танҳо Худо метавонад гуноҳҳоро бубахшад. Мо мешунавем, ки Довуд чӣ тавр хитоб мекунад: "Ӯ ҳамаи гуноҳҳоятро меомурзад…" (Заб. 102:3). Мо инчунин намунаҳои бахшишро аз тарафи одамон мебинем — ҳатто агар одам дар натиҷаи озорҳои расондашуда сахт зарар дида бошад ҳам, масалан, дар воқеа бо Юсуф, ки бародаронашро бахшид, агарчи онҳо вайро ба ғуломӣ фурӯхта буданд. Бо ин амал Юсуф озодии ҳақиқиро ба даст овард. Вай яке аз писарони худро Менашше номид, ки маънои "он касе, ки ба ман имкони фаромӯш карданро дод"-ро дорад.
Дар Аҳди Ҷадид мо мебинем, ки чӣ тавр Исо, Барраи Худо, ба ҷаҳони одамон омад, то ки барои гуноҳҳои мо ҷон диҳад. Ба василаи хуни рехтаи Ӯ мо метавонем ба таври ҳамешагӣ бахшиши пурраи ҳамаи гуноҳҳои худро ба даст орем. Ин "Инҷили бахшиш" аст. Бахшидан тӯҳфа аст. Мо ба он сазовор нестем, вале Худо бо меҳрубонии Худ ба ҷаҳони мурдаистода бахшиш тӯҳфа мекунад.
Баъдтар, мо дар бораи он таъсире мехонем, ки бахшиш ба он касоне мерасонад, ки қарор додаанд бубахшанд. Дар натиҷа, онҳо қудрат меёбанд ин даъвати ахлоқиро иҷро кунанд: "Душманони худро дӯст бидоред" ва "Барои озордиҳандагону таъқибкунандагони худ дуо гӯед":
Ва ба ҳамдигар илтифот намуда, якдигарро афв кунед, агар касе аз дигаре ранҷида бошад: чӣ тавре ки Масеҳшуморо омурзидааст, шумо низ ҳамин тавр кунед (Қӯл. 3:13).
Дар ниҳояти кор, бахшиш амали имон аст. Одами дигарро бахшида, ман ба Худо дар он боварӣ мекунам, ки Ӯ талаботҳои адолатро нисбат ба ман беҳтар иҷро мекунад. Бахшида истода, ман ҳуқуқи шахсии худро амалӣ мегардонам, ки ин масъаларо ба анҷом расонам ва ҳалли ҳамаи масъалаҳоро ба Худо вогузорам. Ман тарозуеро, ки метавонад адолат ва меҳрубониро баробар кунад, дар дасти Худо мегузорам. Дар ин бора Филип Янси (Philip Yancey) дар китоби худ What’s So Amazing About Grace? дар бораи меҳрубонӣ ва эҳсони ҳайратангези Худо мегӯяд.
2. Бубахшед, зеро бахшида шудани шумо дар оянда ба ҳамин вобастагӣ дорад
Ба мо панд дода шудааст, ки на танҳо дигаронро бубахшем. Аз таълимоти Исо мо инчунин мефаҳмем, ки бахшида шудани мо дар оянда ба муносибатҳои мо нисбати дарду алам вобастагӣ дорад.
Дар дуои шогирдон, ки онро мо бисёр вақт дуои Худованд меномем, Исо моро таълим медиҳад, то аз Падари осмонӣ дар бораи бахшиш ҳамон тавре пурсем, ки мо дигаронро мебахшем. Дарҳол баъд аз дуо ҳамчун давоми таълимотҳои Исо як мулоҳизаи аҷибе меояд:
Зеро, агар шумо ба мардум хатоҳошонро бибахшед, Падари шумо, ки дар осмон аст, ба шумо низ хоҳад бахшид; ва агар шумо ба мардум набахшед, Падари шумо низ хатоҳои шуморо ба шумо нахоҳад бахшид (Мат. 6:14–15).
Ин мулоҳизаи қатъӣ ва равшан аст ва онро ба таври дигар шарҳдодан ғайриимкон аст. Бахшиши ояндаи мо бевосита ба амалҳои ҳақиқии бахшидани дигар одамон вобаста аст.
Петрус аз Исо пурсид, ки бародари гуноҳкардаро чанд маротиба бахшидан мумкин аст. Аз афташ, худро олиҳимат нишон доданӣ шуда, Петрус барои ҳафт маротиба бахшида тавонистан тайёр будани худро ифода кард. Он гоҳИсо ҷавоби ба ҳама машҳур ва аҷибро медиҳад: "…Ба ту намегӯям: "То ҳафт бор", балки то ҳафтод карат ҳафт бор" (Мат. 18:22).
Баъд Исо масалро дар бораи одаме, ки ба худ меҳрубонӣ талаб кард ва дар натиҷа ба вай бисёр чизҳо бахшида шуданд, нақл мекунад. Вале худи ҳамин одам бо дигаре вомехӯрад, ки аз вай каме пул қарздор буд ва намехоҳад ба вай меҳрубонӣ кунад ва қарзи ӯро бубахшад. Дар ин масал шоҳвайро ба зиндон мепартояд ва фармон медиҳад, ки то он даме ки қарзи калони худро насупорад, вайро шиканҷа диҳанд. Баъдтар хулоса карда шудааст: "Ҳамин тавр, Падари Ман, ки дар осмон аст, бо шумо низ амал хоҳад кард, агар ҳар яке аз шумо гуноҳҳои бародари худро аз самими қалб авф накунад" (Мат. 18:35).
3. Бубахшед, зеро бахшиш ба барқароршавии рӯҳонӣ шифо меорад
Мувофиқи таълимоти Исо, шубҳае буда наметавонад ки мо ҳамчун масеҳиён он касонеро, ки бо мо рафтори бад кардаанд, бояд бубахшем. Аммо фаҳмиши маҳдуди инсонии мо аз рўи ҷисм ба қаҳру ғазаб меояд ва оташин мешавад: "Барои чӣ? Дар кадом асос?"
Филип Янси дар мавриди зарурати бахшидан се ҷавоби амалан хеле муҳимро пешниҳод мекунад.
Танҳо бахшиш метавонад доираи сарбастаи айбдоркуниҳо, дардҳо, хоҳиши қасос гирифтан ва дарду алами ҷавобӣ гардонданро барканад.
Маънии калимаи аҳдиҷадидии "бахшидан" айнан маънои "озод шудан, худро озод кардан, ба як тараф рафтан"-ро дорад.
Усули ягонаи баркандани доираи сарбастаи дарду алам аз он иборат аст, ки истем ва бубахшем. Танҳо ҳамон вақт барпо кардани муносибатҳои нави байниҳамдигариро, ки мақсади барқарор кардани сулҳва якдигарфаҳмиро доранд, сар кардан мумкин аст. Нависандаи рус Солженитсин чунин меҳисобад, ки мо аз ҳайвоноти ҷаҳон танҳо бо ҳамон фарқ мекунем, ки қобилияти бахшиш дорем. Танҳо одамон метавонанд ин рафтори "ғайритабиӣ"-ро иҷро кунанд ва аз қонунҳои бераҳми табиат боло истанд.
Танҳо шубҳаҳо метавонанд аз худи бахшиш душвортар бошанд. Боре муаллима ба донишҷӯёни худ фармуд, ки ба дарс пакетҳои холии полиэтиленӣ ва алоҳида пакети картошкадор биёранд. Ҳар як донишҷӯ мебоист ба ҳар як картошка номи шахсеро, ки аз бахшидани вай даст мекашад, менавишт ва ин картошкаро ба пакети тоза меандохт. Пакетҳои баъзе донишҷӯён хеле вазнин буданд.
Баъд ба онҳо фармуданд, ки тамоми ҳафта ин пакетро бо "картошкаҳои бахшиданашуда" бо худ гиранд, шабона онро назди бистари худ гузоранд, ҳангоми ба ягон ҷой рафтан дар паҳлӯи ҷои нишаст ва дар ҷои кор болои мизи корӣ гузоранд.
Ҳамагӣ дар давоми як ҳафта ба донишҷӯён фаҳмо гашт, ки бо худ бардошта гаштани бори рӯҳонии азобҳои бахшиданашуда чӣ тавр вазнин аст ва чуноне ки маълум шуд, аз сабаби надоштани қобилияти бахшидан ва фаромӯш кардан онҳо ба ин озорҳо чи қадар диққат медиҳанд. Дар ҳаёти ҳақиқӣ картошкаҳо дар ниҳояти кор мепӯсанд ва бӯи бад мекунанд. Дар ин истиораи равшан дида мешавад! Ин худи ҳамон нархест, ки ба мо лозим меояд барои аз дарду алам ва негативизм ҷудо шудан нахостан пардохт кунем! Мо бисёр вақт бахшишро ба он одаме, ки моро ранҷондааст, тӯҳфаи носазо меҳисобем, вале дар ҳақиқати ҳол ин барои худи мо низ тӯҳфа аст!
Бахшиш, ҳатто гуноҳкор онро аз мо напурсида бошад ҳам, метавонад бандҳоеро, ки вайро дар асорати худ нигоҳмедорад, барканад ва аз вай ҳисси ғамовари гуноҳро гирад. Исои эҳёшуда Петрусро аз се марҳалаи бахшиш гузаронд, ки ин имкон дод вай тамоми ҳаёти боқимондаро бе ҳисси гуноҳкорӣ барои хиёнат ба писари Худо аз сар гузаронад.
Бо бахшиши худ шахси бахшанда бо шахси гуноҳкор дар як сатҳмеистад. Дар раванди бахшиш мо дарк мекунем, ки аз одаме, ки ба муқобили мо гуноҳкардааст, ҳеҷ фарқе надорем. Мо бо шахси гуноҳкор дар як сатҳмеистем.
Моҳиятан, Худо бо таҷассумёбии Худ бо мо дар як сатҳмеистод. Ба Худо лозим буд, ки барои офаридаҳои Худ, ки Ӯ онҳоро ин қадар сахт дӯст медошт, ягон кор кунад. Дар замин, дар байни мо зиндагӣ карда, Ӯ дар таҷрибаи шахсии Худ фаҳмид, ки одам будан чӣ маъно дорад, ҳарчанд Худи Ӯ бегуноҳбуд, вале Ӯ бо мо дар як қатор истод. Худо Он Касеро, ки дар Ӯ гуноҳнабуд, ҷавобгари гуноҳҳои мо кард.
Бахшиш ҷузъи асосии ҳаёти ғалабаовар ва ҳама чизро бартарафкунандаи ҷанговар-хизматгор аст. Чунин аст роҳи салиб, ки моро "зиёда аз ғолибон" мегардонад.
Дар пеши назари Чем масеҳии ҷавон аз Камбоҷа, яке аз афсарони кхмерони сурх, ки вайро Чем аз давраи мактабхонӣ мешинохт, модари вайро бо чӯбдасти резинӣ зада кушт.
Дар давоми моҳҳои дуру дароз Чем аз хотираҳои даҳшатнок дар бораи ин фоҷиа сахт азоб мекашид. Лекин мунтазам Худованд ба вай ёрӣ расонд, ки бар худ ғолиб ояд.
Баъд аз гузаштани даҳсол Чем аз кӯчаи асосии Пном-Пен мегузашт ва ҳамон марди ҷавонеро, ки модари вайро кушта буд, дид. Он ҷавон, вақте дид, ки Чем ба вай наздик шуда истодааст, аз имконияти қасос гирифтан сахт тарсид.
Бо чашмони аз ашк тар Чем ба вай гуфт: "Бо номи Исо ман туро мебахшам!" Чем дар Масеҳозодии ҳақиқиро ба даст овард.
Тавсифномаи аз ҳама асосии сатҳи тайёрии ҷанговар-хизматгорро мо дар охир гузоштем. Он бо қобилияти марҳамат ва файз зоҳир кардан ва бо ҳаёти масеҳӣ зистан тавсиф дода мешавад.
Бахшиш зоҳир кардан — зоҳир кардани хайрхоҳӣ ё некӣ нисбати он касе мебошад, ки онро сазовор нест ва ҳеҷ гоҳсазовор шуда наметавонад. Зоҳиршавии марҳамати (меҳрубонӣ) Худо ҳамеша муқобили ба даст овардани ягон чиз аз рӯи хизматҳо, дар асоси ягон кор аст. Ҳар як маротибае, ки сухан дар бораи бахшиш меравад, он дар назар дошта мешавад, ки ин бахшиш на аз рӯи хизматҳо ба даст оварда шудааст. Ҳеҷ гоҳшахси мегирифта он чизеро намегирад, ки сазовори он гаштааст. Бахшиш танҳо аз сабаби меҳрубонии дили диҳанда зоҳир карда мешавад.
Ғайр аз ин, бахшиш тамоман ва пурра ройгон дода мешавад. Ҳеҷ кас ва ҳеҷ гоҳаз шумо талаб намекунад, ки барои меҳрубонӣ пул диҳед. Ҳатто агар шумо хеле хоҳед ҳам, ин корро карда наметавонед. Меҳрубонӣ ба мо ройгон ва бе ягон хел шарт меояд. Ин танҳо амали хайрхоҳиест, ки мо сазовори он нестем — бисёр вақт ба паст задашудагон ва радшудагон.
Масеҳаз осмон барои он фаромад, то ба мо хотиррасон кунад, ки дар Малакути Ӯ бузургтарин он кас хоҳад буд, ки хизмат мекунад. Зинаи ҳокимият ба боло мебарад, зинаи некхоҳӣ ба поён мефарояд. Доктор Доналд Барнҳаус дар ин бора суханоне гуфтааст, ки аз ин беҳтар гуфтан мумкин нест: "Муҳаббате, ки ба боло равона карда шудааст, ибодат номида мешавад; муҳаббате, ки ба поён моил мешавад, некхоҳӣ ном дорад".
Исо дар бораи муносибати хайрхоҳона таълим медод ва бо раҳмдилӣ зиндагӣ мекард. Ҳавворӣ Юҳанно мегӯяд, ки ҷалоли Исо "пур аз файз ва ростӣ" буд (Юҳ. 1:14). Исо омада дар ҷаҳони талаботҳо, қоидаҳо, қарорҳо, шартҳо ва мунтазириҳои доҳиёни динии дурӯя ба таври ногаҳонӣ ва ғайриодатӣ хизмат кард.
Дар бораи раҳмдилӣ ва файз муҳокима карда истода, ҳавворӣ Павлус давом медиҳад: "Ва аз пуррагии Ӯ ҳамаи мо файз бар файз пайдо кардем" (Юҳ. 1:16). Юҳанно ва дигар шогирдони Исо одамони намоён шуданд. Онҳо ба Ӯ монанд шуданд. Ин одамон бо пуртоқатӣ, ҳамақабулкунандагӣ, муҳаббат, гармӣ ва дилсӯзии Ӯ мунаввар гашта буданд, ки инҳо ҳаёти онҳоро пурра тағйир дода буд.
Ҳамин тавр, марҳамат ва файз тӯҳфаи беҳтарин аст ба масеҳияти ҷаҳон. Ин қувва аз қасосгирӣ пурқудраттар, аз нажодпарастӣ ё нафрат пурқувваттар аст. Аммо ба бадбахтии ҷаҳони ба марҳамат ва файз мӯҳтоҷ, калисо баъзан муносибатеро нишон медиҳад, ки онро Филипп Янси "баръакси файз" меномад.
Чарлз Суиндолл ин душманони файзро номбар мекунад:
Аз хориҷ оянда: шариатпарастӣ, ба худ умед бастан, анъанаҳо, қаллобӣ кардан, аз атрофиён сахт талаб кардан, негативизм, назорат, рақобат, танқид, залилӣ нисбат ба худ, майдабозӣ ва кӯшиши аз ҳисоби дигарон кардан зиндагӣ кардан.
Аз дарун бароянда: ғурур, ҳасад, инкоркунӣ, алам, рӯҳи набахшидан, ҳисси бемуҳофизат будан, гуноҳва шарм, ғайбат, дурӯягӣ ва бисёр чизҳои дигар.
1. Корҳои амалии марҳамати Худо
Ҳеҷ чиз қудрат надорад, ки моро ботинан он тавре тағйир диҳад, ки инро озодии аз файз пайдошуда мекунад. Марҳамати Худо дар ҳаёти мо натиҷаи тамоман аниқ дорад.
Касоне, ки озодии пешниҳод кардаи Худоро доранд, барои бахшишҳое, ки онҳо дар натиҷаи раҳмдилии Худо ба даст меоранд, миннатдорӣ ҳис мекунанд; ин бахшоиши бахшидан, ҳаёт, хурсандӣ мусиқӣ, зебоӣ ва дӯстӣ мебошад.
Ба танқиди дигарон ва ташвиш кашидан барои он, ки онон чӣ тавр зиндагӣ мекунанд, вақт ва қувваи камтар сарф мешавад.
Ҳангоме ки шумо дар озодӣ ва марҳамати Худо зиндагӣ карданро сар мекунед, шумо майдагапию хӯрдагириро хеле кам мекунед. Шумо ба дигарон имкон медиҳед ҳамон тавре зиндагӣ кунанд, ки худашон зарур мешуморанд, ҳатто дар он ҳолате, ки шумо интихоби онҳоро маъқул намедонед. Масеҳии пур аз файз одамест, ки ба ҷаҳон ва дигар одамон аз қаъри "призмаи раҳмдилӣ" нигоҳмекунад.
Одами раҳмдил хоҳиши пурсабртар будан ва камтар маҳкум кардани дигаронро зоҳир мекунад.
Ҳангоме ки шумо бо ба даст овардани марҳамат ва файз барои ҳаёти шахсии худ машғул ҳастед, шумо одамони дигареро, ки бо онҳо розӣ нестед, айбдор намесозед.
Марҳамат ва файзи Худо имкон медиҳанд, ки дар роҳсӯи камолот қадамҳои бузург гузошта шавад. Ба андозаи он, ки ба шарофати бедоршавии фаҳмиш оиди файз, ҷаҳони шумо васеъ мешавад, камолоти шумо низ инкишоф хоҳад ёфт. Шумо акнун дигар ҳеҷ гоҳодами пештара нахоҳед буд!
2. Баракат дар ҷамъияте, ки хоҳиши қабул кардани марҳамати Худоро надоранд
Дар ҷамъияте, ки Худоро инкор мекунад, шахси масеҳӣ чӣ тавр метавонад марҳамат ва файзро паҳн кунад? Чуноне ки мо дар бобҳои пештара қайд карда будем, Илёс дар ғорҳо пинҳон мешуд. Аз тарафи дигар, ҳамзамони вай Убадёҳу дар байни он касоне кор мекард, ки дар қасри Аҳъоб хизмат мекарданд ва тавонист ҳаёти пайғамбаронеро, ки онҳоро ҳокими осӣ қир мекард, нигоҳдорад. Ба Эстер ва Дониёл лозим омад, ки ба подшоҳони бутпараст хизмат кунанд. Исо ба доварии ҳокими румӣ итоат кард. Павлус хоҳиш кард, ки парвандаи вайро барои дида баромадан ба қайсар равона кунанд.
Калисо бояд барои ҷаҳон кори муҳимеро иҷро кунад — ба он марҳамати Худоро зоҳир кунад. Исо ба касе имкон надод, ки дар дӯст доштани одамон ба вай халал расонанд. Маҳз дар ҳамин муҳит самараҳои Рӯҳулқудс барои мо ин қадар муҳим мебошанд. Исо гуфтааст, ки мо бояд як ҷиҳати фарқкунанда дошта бошем — на ҳолати дуруст дар сиёсати муошират ва на бартарии ахлоқӣ нисбат ба дигар одамон, балки муҳаббат ба онҳо. Дар боби 13-уми Номаи якум ба Қӯринтиён Павлус тасдиқ мекунад, ки бе муҳаббат мо ҳеҷ ҳастем.
Садоқат ба файз ва муносибати меҳрубонона ба одамон тамоман маънои онро надорад, ки масеҳиён бо ҳокимияти заминӣ дар розигии пурра зиндагӣ хоҳанд кард.
Кеннет Каунда, президенти пештараи Замбия ин тавр навишта буд: "Ба халқ на ҳукмрони масеҳӣ даркор аст, балки пайғамбари масеҳӣ, ки дар байни халқ шунидашуда бошад".
Исо огоҳкарда буд, ки ҷаҳон аз мо ҳамон тавре, ки аз Ӯ нафрат карда буд, нафрат хоҳад кард. Ба андозаи он, ки Калисои аввалин дар империяи Рум афзун мегашт, шиори "Исо Худованд аст" майдонталабии рӯйрост ба ҳокимони румӣ буд. Ҳангоме ки муноқиша пухта расид, масеҳиёни ҷасур ба муқобили давлат баромад карда, ба ҳокимияти олии осмонӣ даъват мекарданд.
Дар давоми асрҳо ҳамон як воқеа такрор мешуд. Маҳз масеҳият ба зулми ғуломдорӣ хотима гузошт. Худи ҳамон қувва ҳаракати коргарӣ, ҳаракати занонро барои ҳуқуқи овоздиҳӣ ба монанди дигар маъракаҳо барои ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва инсонӣ равона мекард. Дар ҳамаи ин ба мо лозим аст, ки чун мор хирадманд ва чун кабӯтар фурӯтан бошем. Ҳамаи амалҳои мо ва ҳатто аксуламалҳои мо бояд бо файз мунаввар гардонда шавад. Ҳангоме ки дар мо сифатҳои ба марҳамат муқобил зоҳир мегардад, мо бояд дар бораи қарордоди худ андеша кунем.
Муносибатҳои хуби байни давлат ва калисо барои давлат форам ва барои калисо зиёновар аст.
Маҳз дар ҳамин ҷо хатари асосӣ барои марҳамат ва файзи Худо ниҳон аст. Давлате, ки бо қонунҳои бе файз идора карда мешавад, чуноне ки ин дар тамоми ҷаҳон ба амал меояд, ба тадриҷ пайғоми бузурги файз ва марҳамати Худоро, ки Калисо барои ҷаҳон тайёр кардааст, аз даст медиҳад.
Калисо аз ҳама беҳтар чун қувваи мухолиф, ҳамчун муқобили қудрати истеъмолкунандаи давлат кор мекунад. Калисо барои давлат ҳар чӣ қадар "бароҳат" бошад, номаи он ба ҷаҳон ҳамон қадар каммазмунтар хоҳад буд. Оё шумо ба худ давлатеро тасаввур карда метавонед, ки маҷмӯи қонунҳои бар мавъизаи кӯҳии Исо (Инҷили Матто 5–7) асосёфтаро қабул карда бошад?
Ҳукумат метавонад кори мағозаҳо ва театрҳоро дар рӯзи якшанбе манъ кунад, аммо он қудрат надорад одамонро маҷбур созад, ки ба Худо ибодат кунанд. Он метавонад қотилонро ба ҳабс гирад ва ҷазо диҳад, вале наметавонад нафрати онҳоро шифо бахшад ва ба одамон муҳаббатро одат кунонад. Он метавонад қонунҳое қабул кунад, ки раванди аз никоҳҷудошавиро душвор мегардонад, лекин наметавонад мардҳоро маҷбур созад, ки занҳои худро дӯст доранд, занҳо бошанд шавҳарони худро ҳурмат кунанд. Он метавонад ба камбағалон ёрии моддӣ расонад, вале наметавонад шахсони бойро маҷбур кунад, ки нисбат ба камбағалон меҳрубон, ғамхор ва боадолат бошанд. Он метавонад хиёнати зану шавҳарро манъ кунад, вале на шаҳват, дуздӣ, даъво, фиреб ё ғурурро. Он метавонад одамонро ба зоҳир сохтани накӯкорӣ даъват кунад, вале аз ин онҳо муқаддас намегарданд.
Ҳамин тавр, бигзор Калисо Калисо монад, аммо он бигзор чун Калисо бо муҳаббат, дар ҳақиқат, ягонагӣ ва бо файзу марҳамат амал кунад. Ин бояд барои ҳар як шахси масеҳӣ роҳнамои ҳақиқӣ бошад.
3. Чӣ тавр одамонро ба бахшиши Худо водор кардан мумкин аст?
Чӣ тавр мо бо марҳамат он қадар пур гардем, то ки дигар одамонро бо озодии пурҷалоли он аз хоб бедор кунем?
Пеш аз ҳама, барои ин эътироф кардани заифии шахсии инсонии худ талаб карда мешавад. Ба таври дигар гӯем, ба худ бо тамоми бовиҷдонӣ гуфтан даркор аст: "Ман танҳо одам ҳастам. Ман кӯшиш намекунам, ки ба ту таассурот гузорам". Файзи Худо дар одамон маҳз ҳамин гуна бедор мешавад.
Баъд барои ин муносибати фурӯтанона даркор аст. Марҳамати Худо фурӯтаниро бо хурсандии бузург қабул мекунад. Фурӯтанӣ бо роҳҳои душвор ба мо имкон медиҳад дарк кунем, ки ҳеҷ кас наметавонад аз рӯи ҷисм амал кунад ва ҳеҷ кас қудрат надорад, ки бо қувваи худ корҳои нек офарад.
Танҳо бо меҳрубонии Худои бузург мо метавонем файзи ҳайратовари Худоро зоҳир кунем.
ҚИСМИ VI
Ғалаба
Боби бистум
ҒОЛИБОНИ МУЗАФФАРИЯТНОК
1 Қӯр. 15:57
Ҳамкори микробиологи машҳур Луи Пастер Феликс Ру, духтуре буд, ки дар Париж зиндагӣ мекард. Набераи духтур аз гулӯзиндонаки сиёҳвафот кард ва духтур қасам хӯрд, ки ошкор мекунад, ки маҳз чӣ вайро кушт. Вай дар давоми моҳҳои зиёд дар лаборатория, якҷоя бо ҳамкори худ Луи Пастер кор мекард, то исбот кунад, ки назарияи вирусӣ танҳо назария нест.
Иттиҳодияи духтурон заҳматҳои Пастерро тасдиқ накард ва вайро маҷбур сохт, ки аз шаҳр баромада равад. Пастер дар наздикии шаҳри Париж маскан гирифта дар он ҷо лаборатория сохт ва дар он тадқиқотҳои мамнӯъро давом медод.
Боре ба озмоишгоҳбист аспи зеборо оварданд. Барои тамошо кардани таҷрибаи эълоншуда олимон, духтурон ва хоҳарони шафқат омада буданд. Ру қуттии фӯлодинро кушод ва зарфи калонеро аз он берун овард, ки пур аз басиллаҳои гулӯзиндонаки сиёҳбуд. Ин басиллаҳоро вай бо ҷидду ҷаҳд муддати дуру дароз парвариш карда буд. Дар зарф миқдори кифояи микробҳо буд, то ки тамоми Франсияро несту нобуд созад.
Олим ба ҳар як асп наздик шуда, ба сӯрохии бинӣ, забон, гулӯ ва чашмони онҳо басиллаҳои марговар мемолид. Ҳамаи аспҳо, ғайр аз яктоаш, ба ин беморӣ гирифтор шуда мурданд. Қисми зиёди шахсоне, ки рафти таҷрибаро мушоҳида мекарданд, ба марги аспи охирин мунтазир нашуданд.
Боз якчанд рӯз ин асп дар рӯи алаф беҳаракат хобида, бо бемории дуру дароз мубориза бурд. Пастер, Ру ва якчанд нафар ёрдамчиёни онҳо дар аспхона, дар рӯи кати сафарӣ мехобиданд ва дар ҳолати тағйир ёфтани ҳарорати бадани ҳайвон навбатдори таъиншуда мебоист олимонро бедор мекард.
Қарибиҳои соати дуи шаб ҳарорати бадани асп каме паст шуд ва навбатдор Руро бедор кард. То пагоҳӣ ҳарорат боз ду дараҷа паст фаромад. То шаби дигар ҳарорат тамоман паст шуд ва асп тавонист аз ҷояш хезад, ба алафхӯрӣ ва обхӯрӣ сар кард.
Сипас, духтур Ру болғаи оҳанинро гирифт ва зарбаи марговаре дар байни чашмони аспи зебо зад. Олим аз раги вариди ин ҳайвон, ки бемории марговарро аз сар гузаронда, онро бартараф карда тавонист, хун гирифт. Баъд олимон саросема ба Париж, ба беморхонаи мунитсипалӣ равон шуданд. Ба муқобилат ва қаҳру ғазаби идоракунанда ва посбонон нигоҳнакарда, онҳо ба хобгоҳи беморон даромаданд, ки он ҷо сесад нафар кӯдакони ба марг маҳкумшуда дар изолятсия мехобиданд. Онҳо ба ҳар як кӯдак аз хуни асп эм карданд. Ҳама, ғайр аз се нафар, пурра сиҳат шуданд.
Ин кӯдаконро хуне наҷот дод, ки аз вирус иллат ёфтанро паси сар карда буд. Хуни Ғолиби мо низ ба бисёр одамон наҷоти рӯҳонӣ дод. Ба Наҷоткор лозим омад мирад, то ки ба дигарон ҳаёт диҳад.
Дар муҳорибаи рӯҳоние, ки ҳамаи мо ба он ҷалб карда шудаем, суст ва беҳавсала амал кардан ғайриимкон аст. Калисои ҳозиразамон як камбудӣ дорад — он бениҳоят зуд-зуд ба паноҳгоҳбарои имондороне табдил меёбад, ки дар корвон танбалона аз ҳама қафо меоянд, вале орзӯи ба даст овардани ҳамаи бартариҳои фарзандони Худоро доранд (ваъдаҳо ва баракат), лекин дар бораи таъқибот ва муҳорибаҳои рӯҳонӣ ҳатто шунидан намехоҳанд.
Барои он ки дар бӯрону тӯфонҳо истодагарӣ кунанд, ба имондорон лозим аст, ки фурӯтан, ҳалим ва сахӣ бошанд. Имондорон инчунин бояд пурзӯр, боғайрат ва дар иҷро кардани хости Худо далеру бебок бошанд.
Дар ҷаҳони мо ҳама дар бораи ба эътиқодҳои худ содиқ будани коммунистон, инқилобчиён ва мусулмонон хуб медонанд. Мо намунаҳои зиёди онро медонем, ки онҳо ба барпо шудани идоракунии нав дар мувофиқат бо принсипҳои худ чӣ қадар ҷиддӣ муносибат мекунанд.
Мо, ки худро пайравони Исои Масеҳменомем, як қисми инқилоби муҳаббат мебошем, ки инсонияти фаношавандаро ба Малакути Худо даъват менамояд. Ба мо мумкин нест, ки назар ба он касоне, ки идеология ё имони дигарро эълон мекунанд, ба кори худ камтар содиқ бошем.
Китоби Муқаддас ҳамеша пайравони Исои Масеҳва ҷанговаронро бо ҳам монанд мекунад: "Ҳамчун сарбози неки Исои Масеҳба уқубатҳо тоб овар. Ҳеҷ сарбоз худро бо корҳои рӯзгор банд намекунад, то ки ба сипаҳсолор писанд афтад" (2 Тим. 2:3–4); "Эй бародарон, гумон намекунам, ки ман аллакай расида бошам, балки фақат як чизро мегӯям: он чиро, ки дар қафост, аз хотир бароварда ва ба пеш ҳаракат карда, ман сӯи мақсаде шитоб менамоям, ки фарҷоми ғолибонаи даъвати Худост аз арши аъло дар Исои Масеҳ" (Фил. 3:13–14).
Инҷил даъват ба баракатҳои Худо ва низ даъват ба садоқат ва итоаткорӣ ба иродаи Худост.
Дар Инҷили Луқо (9:23) Исо дар муроҷиат ба шогирдон се унсури ба Масеҳбахшидани худро нишон додааст:
Ва ба ҳама гуфт: "Агар касе хоҳад аз ақиби Ман биёяд, бояд хештанро инкор кунад ва салиби худро бардошта, Маро пайравӣ намояд" (Луқо 9:23).
1. Садоқат бояд дуҷониба бошад
Муносибатҳои байниҳамдигарии имондорон ва Худоро дар ибораи "агар касе хоҳад аз ақиби Ман биёяд" дидан мумкин аст. Дар мо хоҳиши ба назди Исо омадан ва пайрави Ӯ гаштан ҳаст. Мо мехоҳем, ки бо Ӯ муносибатҳои ҳақиқӣ барпо кунем. Вале решаи ин муносибатҳо дар чист? Дар мо ягон чизи дар ҳақиқат нек нест, ки мо тавонем ба Худо пешкаш кунем. Аммо Худи Худо Худро ба мо бахшид. Маҳз Ӯ ташаббусро ба дасти Худ гирифт ва ба мо имкон дод, ки ҷавобан худро ба Ӯ бахшем.
Мо садоқати Худоро дар офаридаҳои Ӯ мебинем. Ӯ одамро дар сурат ва шабоҳати Худ офарид. Мо садоқат ва вафодории Ӯро дар он мебинем, ки Ӯ ба корҳои мо баъд аз ахлоқан вайрон шудани одам дахолат кард. Нақшаи Худо оиди наҷот, тамоми воқеаи кафорат дар омадани Исои Масеҳба нуқтаи олии худ расид.
Садоқати Худоро нисбати мо бо ду калима ифода кардан мумкин аст: муҳаббати комил. Маҳз муҳаббати Худо ба Писари ягонаи Ӯ раҳм накарда, Ӯро ба азобҳо дар салиб гирифтор кард, то ки моро наҷот диҳад.
Ғайр аз ин, ҳангоме ки Исо дар рӯи замин буд, маҳз Ӯ ташаббусро ба дасти Худ гирифт. Ва ҳангоме одамоне пайдо шуданд, ки фаҳмиши пурраи табиати ҳақиқии шогирдӣ ва бахшидашавандагиро надошта, хоҳиши ба Ӯ хизмат карданро доштанд, Исо онҳоро бо ҷавобҳои Худ ҳайрон мекард ва шасти онҳоро мегардонд: "Чун Исо мардуми бисёрро дар гирди Худ дид, фармуд, ки ба соҳили дигар гузаранд. Он гоҳяк китобдон назди Ӯ омада, гуфт:
Устод! Ҳар ҷо равӣ, Туро пайравӣ хоҳам кард. Исо ба вай гуфт: Рӯбоҳон лона ва мурғони ҳаво ошёна доранд; лекин Писари Одам ҷое надорад, ки сар ниҳад. Ва дигаре аз шогирдонаш ба Ӯ гуфт: "Худовандо! Ба ман иҷозат деҳ, ки рафта, аввал падари худро дафн кунам. Лекин Исо ба вай гуфт: Маро пайравӣ кун ва бигзор мурдагон мурдагони худро дафн кунанд" (Матто 8:18–22).
Тамоми спектри муносибатҳои мо бо Худо аз ҳамин иборат аст. Дар чорчӯбаи ин муносибатҳо мо мехоҳем ба Исо пайравӣ кунем, зеро Худо аввалин шуда Худро ба мо бахшид ва даъват кард, ки аз паси Ӯ равем. Мо, ки дар худ муҳаббат ва меҳрубонии Ӯро санҷидаем, мехоҳем ба Ӯ бо садоқат ҷавоб гардонем.
2. Садоқат боварии тарафайнро дар назар дорад
Дар асоси фактҳои муайяни байни ду тараф муносибатҳои аниқ барқарор карда шуданд. Акнун далелҳои ҳақиқии он даркоранд, ки одамон худро бо бандҳои шартномаҳои қабулшуда бастаанд. Дар ин ҳолат ба кор ҷанбаи боварӣ дохил мешавад, ки дар боварӣ кардани як тараф ба тарафи дигар ифода меёбад. Дар суханҳои аз Инҷили Луқо иқтибос овардашуда мо ду ибораро мебинем, ки ин ҷиҳати бахшидашавандагиро инъикос мекунанд: "хештанро инкор кунад" ва "салиби худро бардошта".
Садоқати мо ягон арзише дорад. Ибораи "инкор кардан" айнан маънои "худро инкор кардан" ё "ба худ "не" гӯй"-ро дорад.
Диққат диҳед, консепсияи каломии бахшидашавандагӣ хизматгорро даъват мекунад, ки "худро инкор кунад", на "худро фаромӯш кунад".
Дар ин ҷо сухан на дар бораи инкор кардани ягон чизи зоҳирӣ, балки дар бораи инкори пурра аз қонеъ кардани "эго"-и шахсии худ меравад.
Дар ин зиддиятро бо ҳолати муқаррарӣ, вақте ки одам танҳо барои худ зиндагӣ мекунад, дидан мумкин аст. Табиати гуноҳкоронаи одам дар ҳама ҷо якхела аст ва муҳим нест, ки дар кадом ҷамъият ё кадом сохт зиндагӣ мекунад — дар сохти капиталистӣ ё сотсиалистӣ. Одам хоҳиш дорад, ки ҳатто аз ҳисоби дигарон хоҳишҳои худро қонеъ гардонад.
Исо мегӯяд, ки пайравони Ӯро маҳз аз рӯи қобилияти худинкоркунии онҳо мешиносанд.
Қисми дуюми амри Исо ба мо талаботи бештарро пешниҳод мекунад. Дар бахшидани худ ба Исо мо бояд худро то дараҷае инкор кунем, ки ба қурбон кардани ҳаёти худ тайёр бошем!
Ҳангоме мо дарк мекунем, ин ҳаёт дар ҳар ҳолат бо марг ба анҷом мерасад ва моро танҳо Ҳамон Касе наҷот дода метавонад, ки ба мо бахшиш ва ҳаёти абадӣ ваъда кардааст, ҳамон вақт ба додани ҳаётамон тайёр мешавем.
Дар Исои Маcеҳимондор ҳаёти ҳақиқиро ба даст овард. Бинобар ин, худинкоркунӣ ва роҳи салиб барои имондор ҳамчун ягона қадамҳои мантиқӣ пешниҳод карда мешаванд.
Марди ҷавоне, ки ба наздикӣ Масеҳро қабул карда буд, ба хона бармегашт, ки дар он ҷо барои ба масеҳият имон овардан ҷазо марг буд. Аз вай пурсиданд, ки оё аз баргаштан ба хона метарсад. Вай ҷавоб дод: "Ман аллакай дар Масеҳмурдаам".
Ҷим Эллиот (Jim Elliott), миссионере, ки дар Эквадор бо ранҷу азоб ҳалок шудааст, чунин гуфтааст: "Одамеро беақл номидан мумкин нест, ки он чизеро, ки нигоҳдоштанаш ғайриимкон аст, барои ба даст овардани он чизе медиҳад, ки онро гум кардан ғайриимкон аст".
Ҳамин тавр, ҳавворӣ Павлус тавонист гӯяд:
…Ва акнун на ман зиндагӣ мекунам, балки Масеҳдар ман зиндагӣ мекунад. Ва ин ки ҳоло дар ҷисм зиндагӣ мекунам, ин яъне бо имон ба Писари Худо зиндагӣ мекунам, ки Ӯ маро дӯст дошт ва Худро барои ман таслим кард (Ғал. 2:20).
3. Садоқат иҷро кардани Супориши Бузургро дар назар дорад
Муносибатҳои бовариноки байни Худо ва пайравони Ӯ имондорро ба иҷро кардани ӯҳдадориҳои вай бурда мерасонад. Ин вазифа ба пайравони ҳақиқии Худо хос аст: "Маро пайравӣ намояд".
Дар ин ҷо имондор садоқатро на ба вазифаи гузошташуда, балки ба Шахсият зоҳир мекунад. Пайрави Исо будан маънои шогирди Ӯ буданро дорад. Шогирд он касест, ки ба таълимоти Устод пайравӣ мекунад, касест, ки ба намунаи Ӯ пайравӣ мекунад.
Вале Муаллими мо моро ба иҷро кардани кадом вазифа даъват кардааст? Ин вазифа аз он иборат аст, ки мо онро Супориши Бузург меномем:
Ва Исо наздик омада, ба онҳо гуфт: "Ба Ман тамоми қудрат дар осмон ва бар замин дода шудааст: Пас, биравед ва ҳамаи халқҳоро шогирд созед ва онҳоро ба исми Падар ва Писар ва Рӯҳулқудс таъмид диҳед, ва онҳоро таълим диҳед, то ҳар он чиро, ки ба шумо фармудам, ба ҷо оваранд: ва инак, Ман ҳаррӯза то охирзамон бо шумо ҳастам".
Вазифаи шахси масеҳӣ аз он иборат аст, ки ҷанговар-хизматгори Исои Масеҳбошад, пайғоми Исои Масеҳро эълон кунад ва ба дигарон ёрӣ расонад, ки пайравони Исои Масеҳгарданд.
Мо на барои барҳам задани ҳокимият ва идеологияҳои душманона даъват шудаем, балки барои тарбия кардани шогирдони Исо.
Дар раванди итоаткорӣ ба ҳокимияти Худо мо метавонем ба муноқиша бо ҳокимияти мавҷуда дароем. Мо барои он даъват шудаем, ки шаҳрвандони боинтизом бошем ва таърих исбот месозад, ки масеҳиён одатан меҳнатдӯст ва ба қонунҳо итоаткунанда мебошанд. Вале ҳангоме ки ҳолати муноқишавӣ ба миён меояд, шахси масеҳӣ садоқат ба Масеҳро дар ҷои аввал мегузорад ва онро аз садоқати шаҳрвандӣ нисбат ба ҳокимияти ин ҷаҳон афзалтар медонад (ба Аъм. 4:19–20).
Чор сирри ҳаёти сазовор дар Масеҳдар шароитҳои ҳолатҳои душманона ва таъқибот вуҷуд дорад.
1. Сирри якум — ҳамеша салиб
Ин роҳи Худо аст. Барра ба тахт шинонда шуда аст, чӣ тавре ки мо дар Ваҳйи ҳавворӣ Юҳаннои Фақеҳмебинем (5:6; 17:14; 19:7–10).
Айнан ҳамин тавр аломати салиб дар ҳаёти мо ба мо ғалабаи ҳақиқиро меорад.
Дар Номаи дуюм ба Қӯринтиён (1:9) Павлус дар бораи ҳукми қатл барои худ ҳамчун воситаи бартараф кардани марг гап мезанад. Танҳо ҳамон вақте ки мо метавонем ба Худо молу мулки худ, оянда ва наздикони худро супорем, озод мешавем ва ғолибони ҳақиқӣ мешавем.
2. Сирри дуюм — ҳаёт дар матни эҳёшавӣ
Дар Номаи якум ба Қӯринтиён (15:19) Павлус дар бораи он менависад, ки агар эҳёшавӣ ба амал наомада бошад, масеҳиён одамони аз ҳама бадбахтанд. Барои чӣ? Зеро мо танҳо ба воситаи имон ба Худованди эҳёшуда сафед мешавем. Танҳо мо аз пешомадҳои ҳаёти заминӣ даст кашидем ва аз баҳри Масеҳба васвасаҳои ин ҷаҳон муқобилат мекунем. Пуррагии озодии мо аз худинкоркунӣ, гирифтани салиби худ ва пайравӣ кардан ба Масеҳиборат аст. Бинобар ин, ҳаёти худро мо бояд бо тимсоли салиб аз сар гузаронем.
Дар мамлакатҳое, ки тартиботи ҷазоӣ доранд, ҳокимон ба имондорон таҳдид мекунанд ва кӯшиш мекунанд ҷойҳои сусти онҳоро ёбанд, то ки баъдтар зарбаи сахт зананд. Ҳамаи он чи дар дили имондор бо Масеҳмаслуб нашуда буд, ҷои сусти имондор мегардад.
3. Сирри сеюм — қабул кардани таъқибот ва аксуламали дуруст ба онҳо
Валекин умедворони Худованд қуввати тоза пайдо мекунанд, мисли уқобон бол меафшонанд, медаванд ва бемаҷол намегарданд, қадам мезананд ва хаста намешаванд (Ишаъё 40:31).
Уқоб дар бораи наздикшавии тӯфон хеле пеш аз саршавии он медонад. Он ба баландии зиёд мепарад ва мунтазир мешавад, ки шамол кай сар мешавад. Вақте ки тӯфон сар мешавад, уқоб чунон ҳолатеро мегирад, ки шамол вайро мебардорад ва вай дар болои тӯфон меистад. Ва то он даме ки дар поён тӯфон дар талотум аст, уқоб дар болои он бол наҷунбонда, парвоз мекунад. Вай кӯшиш намекунад, ки аз тӯфон гурезад. Вай танҳо шамоли сахтро барои он истифода мебарад, ки баландтар барояд. Уқоб бо қувваи шамоле, ки тӯфонро ба амал овардааст, боло мебарояд.
Ҳангоме ки ба сари мо шамолҳои сахт мевазанд, мо метавонем ақли худ ва имони худро бо итоат ба Худо ҷӯр карда, аз онҳо боло бароем. Тӯфонҳо набояд иродаи моро шикананд. Мо бояд ба қувваи Худо имкон диҳем, ки моро бардорад ва аз бӯрон болотар барорад. Худо ба мо имкон медиҳад, ки дар болои шамолҳои тӯфонӣ, ки ба ҳаёти мо бемориҳо, фоҷиаҳо, бохтҳо ва маъюсиҳо меоранд, бол наҷунбонда, парвоз кунем. Мо метавонем дар болои бӯронҳо бол наҷунбонда, парвоз кунем. Дар хотир нигоҳдоред, ба мо на бори ғаму ташвиш ва на вазнинии бор фишор меорад, балки он, ки мо ба ин бор ва вазнинӣ чӣ тавр муносибат мекунем.
Сирри устувории мо дар оқилона қабул кардани таъқибот мебошад, на дар набудани масъалаҳои ҳалталаб ва на дар гулгулшукуфӣ. "Агар дар ҳаққи шумо ба хотири исми Масеҳбадгӯӣ кунанд, хушо шумо, чунки Рӯҳи ҷалол, Рӯҳи Худо бар шумо қарор мегирад: онҳо Ӯро хорӣ медиҳанд, лекин шумо ҷалол медиҳед" (1 Пет. 4:14).
Дар Номаҳои якум ва дуюм ба Қӯринтиён Павлус дар бораи ҳаёти худ дар Масеҳнақл мекунад. Ин на саргузашти осоиштагӣ ва ҳамоҳангӣ, роҳат ва машҳурӣ аст, балки таърихи ҳаёти душвори пур аз маҳрумиятҳо, инкоркуниҳо ва ҳатто маъюсиҳо аст. Ва ба ҳар ҳол, Павлус, чун зарфи гилин, аз муҳорибаҳо бо ғалаба мебарояд ва ба одамон пайғоми Исои Масеҳро мебарад.
Ҳар чӣ зудтар мо хислати ба ин ҳолатҳо мувофиқаткунандаро ташаккул диҳем, ҳамон қадар зудтар мо аз ғолибон зиёдтар мешавем. Айнан ҳамин тавр, ҳар чӣ зудтар мо ба якдигар на аз рӯи ҷисм, балки дар Масеҳмуносибат карданро омӯзем, чун офаридаҳои нав, чун зарфҳои гилини беқувват, ки барои зоҳир кардани ҷалоли осмонии Исо таъин шудаанд, ҳамон қадар зудтар мо ғалабаро дарк мекунем.
Барои ҳамин мо Инҷили гулгулшукуфиро мавъиза намекунем. Мо Худои ҳақиқиро, ки дар рӯи салиб ғалаба ба даст меорад ва Писари ба ҳама ғолиби Ӯ Исоро мавъиза мекунем, ки гуфтааст: "…Ғулом бузургтар аз оғои худ нест. Агар Маро таъқиб карданд, шуморо низ таъқиб хоҳанд кард… <…> Дар ҷаҳон ғаму кулфат хоҳед дошт; лекин далер бошед: Ман бар ҷаҳон ғолиб шудаам" (Юҳ. 15:20; 16:33).
4. Сирри чорум — мақоми ҷанговар-хизматгор
Чуноне ки дар Мавъизаи болои кӯҳдар Инҷили Матто (5–7) гуфта шудааст, салиб хислати имондорро нишон медиҳад. Ҳамаи сифатҳои хислати масеҳӣ бо меъёри ахлоқ ва рафтори муқаррарии ин ҷаҳон зиддияти сахт дорад, махсусан дар муҳориба. Ба меҳрубонӣ, башардӯстӣ ва бахшиш дар дили аскари муқаррарӣ ҷой нест, вале маҳз ба шарофати ҳамин сифатҳо ҷанговар-хизматгор дар ҷанги рӯҳонӣ имконияти махсус дорад. Мо ҳамчун ҷанговар-хизматгор ғалаба ба даст меорем, маҳз барои он, ки ба яроқи рӯҳонии муҳаббат, хурсандӣ, осоиштагӣ ва худқурбонкунӣ рӯ меорем.
Дар худи ибтидои китоби дарсии худ мо гуфта будем, ки он дар асоси эътиқодҳое навишта шудааст, ки мувофиқи он масеҳиён дар тамоми ҷаҳон бо душмании ҳар чӣ бештар рў ба рӯ мешаванд. Мо чунин меҳисобем, ки дар ин бора дар боби 24-уми Инҷили Матто ва боби 13-уми Инҷили Марқўс гуфта мешавад.
Мо инчунин дар бораи он гуфта будем, ки мехоҳем ба ин озмоишҳо аз нуқтаи назари зеҳнӣ, рӯҳонӣ ва амалӣ тайёр бошем. Ба мо тайёрии зеҳнӣ даркор аст, зеро Калисо бояд фаҳмад, ки Китоби Муқаддас махсусан дар масъалаҳои таъқибот ва ғаму андӯҳчиро меомӯзонад. Тайёрии амалӣ ба мо барои он даркор аст, ки Калисо бояд барои вохӯриҳои гурӯҳҳои хурди имондорон ва муоширати онҳо шароит таъмин кунад, то ки онҳо чунин ҳис накунанд, ки дар масъалаҳои имон ба созишкорӣ рафта истодаанд. Мо бояд рӯҳан тайёр бошем, зеро Калисо бояд дуо кунад ва рӯза дорад ва дар дигар намудҳои фаъолият, ки зарурати муҳорибаҳоро дар ҷанги рӯҳонӣ таъкид мекунанд, иштирок кунад. Хонаи имондор бояд ҳамчун маркази кори масеҳият, шаҳодат ва ибодат бошад.
Мо бояд донем, ки ба зоҳиршавии хусумат (адоват) чӣ тавр эътино бояд кард. Мо бо роҳи Масеҳравон ҳастем:
…(Ӯ) Худро фурӯтан сохта, то вақти мамот, то дами мавти салиб фармонбардор буд. Бинобар ин Худо низ Ӯро сарфароз кард ва ба Ӯ номе дод, ки аз ҳар ном болотар аст, то ки ба исми Исо ҳар зонуе ки дар осмон ва бар замин ва зери замин аст, хам шавад, ва ҳар забон эътироф намояд ки Исои МасеҳХудованд аст барои ҷалоли Худои Падар (Фил. 2:8–11).
Мо барои пайравӣ ба ин роҳдаъват шудаем, бо донистани он ки Исои Масеҳна танҳо дар хизматгузорӣ ба одамон, балки дар ҳаёти абадии эҳёшавӣ низ кашшоф буд. Ягон халқ, ғайр аз мо, чунин ҳаёт ба сар бурда наметавонад. Аъзоёни таъқибшавандаи калисо қабул кардани чунин тарзи ҳаётро ёд гирифтаанд. Онҳо даъват мекунанд, ки ба онҳо расида гиранд, бо онҳо якҷоя ба пеш раванд ва аз ғолибон бештар бошанд, то ки дар ҳама ҷо бо ёрии Он Касе, ки моро дӯст медорад, ғолибият ба даст оранд.
Ҳазорон масеҳиён ба таъқиботҳои бераҳмона нигоҳнакарда, дар назди Худованд сахт истодагарӣ карданд, вале ҳазорони дигар натавонистанд барои имон истодагарӣ кунанд. Ҳатто дар рӯзҳои таъқиботҳои бузурги румиён танҳо чанд тан одамони ба Масеҳрӯоварда ба Худованд то охир содиқ монданд. Дар асри ХХ нисбат ба тамоми асрҳои гузаштаи таърихи Калисо масеҳиён бештар ранҷу азоб кашидаанд. Барои чӣ баъзе масеҳиён қудрати истодагарӣ кардан доранд? Онҳо ҷанговар-хизматгор буданро омӯхтаанд ва тавонистанд дар вақти бӯрону тӯфонҳо истодагарӣ кунанд ва мустаҳкам истанд.
Ҷанговарон-хизматгорон ба монанди мех мебошанд. Ҳар қадар онҳоро сахттар кӯбед, ҳамон қадар онҳо дар имони худ мустаҳкамтар мешаванд!
Ҷанговарон-хизматгорон мисли тӯбҳои резинӣ ҳастанд. Ҳар чӣ сахттар онҳоро ба замин занед, ҳамон қадар баландтар мепаранд!
Ҷанговарон-хизматгорон ба монанди гулҳо мебошанд. Ҳар қадар онҳоро фишор диҳед, ҳамон қадар накҳати онҳо бештар мегардад.
Ҷанговарон-хизматгорон ба монанди шишаҳои рангин мебошанд. Зебоии ҳақиқии >онҳо дар равшании баланд зоҳир мегардад.
Ҷанговарон-хизматгорон ба монанди пакетчаҳои чой мебошанд. Ба хуштаъмии чой ҳамон вақт боварӣ ҳосил кардан мумкин аст, ки онро ба оби ҷӯшидаистода андозем.
Шумо низ метавонед ҷанговар-хизматгор шавед! Ва танҳо ҳамон вақт шумо метавонед дар ҳар як бӯрону тӯфон истодагарӣ кунед!
"Гурӯҳи кӯдакони хурдсол футболи америкоӣ бозӣ мекарданд. Бачаҳо панҷ-шашсола буданд, вале онҳо бозии ҳақиқии ҷиддӣ мекарданд. Онҳо ба ду гурӯҳҷудо шуда, ҳар кадоми онҳо тренери худ, либоси худ ва тарафдорони худро доштанд.
Гурӯҳи якум аз рӯи қувва ба гурӯҳи дуюм қариб баробар буд. Дар даври аввал касе гол назад. Бачаҳо хурсанд буданд. Онҳо хеле боҳунарона бозӣ мекарданд. Онҳо меафтиданд, зарба мезаданд, вале он ба тӯб намерасид, аз афташ, ин ҳама онҳоро тамоман ба ташвиш намеовард. Онҳо аз худи раванди бозӣ қаноатмандии бузурге мегирифтанд.
Дар даври дуюм тренери гурӯҳи якум қариб тамоми ҳайатро иваз кард ва ба майдон бозингарони аз ҳама пурзӯрро баровард.
Акнун бозӣ пуршиддат шуда буд. Гурӯҳи дуюм атрофи писарбачаеро, ки дарвозаи гурӯҳи якумро муҳофизат мекард, печонда гирифта буданд. Вай варзишгари хуб буд, вале ба вай душвор буд, ки аз ӯҳдаи се ё чор нафар писарбачагоне, ки аз вай сусттар набуданд, барояд. Гурӯҳи дуюм гол заданро сар кард. Дарвозабони танҳо ҳар чи аз дасташ меомад, мекард. Вай бо тамоми ҷидду ҷаҳд ба сӯи тӯбҳое ки ба тарафи дарвоза меомаданд, медавид ва кӯшиш мекард, ки ба дарвоза даромадани онҳоро қатъ кунад.
Гурӯҳи дуюм ду тӯбро пайи ҳам заданд. Дар аввал писарбача дар қаҳру ғазаб шуд. Бо қаҳру ғазаб вай дод мезад, медавид ва нотарсона аз паси тӯб ба дарвозаи худ медаромад. Дар лаҳзаи ҳалкунанда тамоми қувваи худро ҷамъ карда, вай барои гирифтани сари роҳи писарбачае, ки тӯб дар дасташ буд, давид, вале ӯ онро ба дигаре ҳаво дод, ки аз вай бист фут дуртар буд ва то он лаҳзае, ки дарвозабон тавонист ба ҷои худ баргардад, тӯб аллакай дар даруни дарвоза буд. Дарвозабон дер кард.
Волидони дарвозабон одамони дилчасп ва калоншаванда буданд. Падар аз афташ, рост аз идорааш меомад, зеро дар тан костюми корӣ ва дар гардан галстук дошт. Волидон фарёд зада, писари худро рӯҳбаланд мекарданд.
Баъд аз голи сеюм писарбача тағйир ёфт. Вай фаҳмид, ки муқобилият кардан бефоида аст. Не, вай таслим нашуд, вай танҳо афсурдаҳол гашт. Дар тамоми андоми вай беқудратӣ хонда мешуд. Падари вай низ тағйир ёфт. Аввал вай писарашро рӯҳбаланд мекард ва ба вай маслиҳатҳо медод. Аммо акнун вай бесаранҷом менамуд. Вай тамоми ин муддат кӯшиш мекард ба писараш гӯяд, ки ҳамааш дар ҷояш, — танҳо иҷро кардани корро давом додан даркор аст. Падарро ба писар нигоҳкардан дардовар буд.
Баъди голи чорум ба писарбача мадад расондан бениҳоят зарур буд, вале он аз ҳеҷ куҷо намеомад. Вай тӯбро аз тӯри дарвоза гирифта, ба довар дод ва баъд гиря кард. Вай дар назди дарвоза рост меистод ва аз ду рухсорааш ашк шашқатор мерехт. Баъд вай ба зону афтод ва бо муштонаш ашки чашмонашро пок кардан гирифт. Вай бо ашкони беқудрати дили шикаста гиря мекард.
Вақте ки писарбача ба зону афтод, падар аз ҷояш ҷаста хест, то ки ба назди писараш равад. Занаш аз остини вай кашида гуфт: "Ҷим, даркор нест. Ба вай нобоб мешавад". Вале вай худро халос кард ва ба майдон давида рафт. Бозӣ бо пуррагӣ идома дошт, вай бошад ба сӯи дарвоза медавид. Дар тан костюм, дар гардан галстук вай ба сӯи писарбача давид ва ӯро ба рӯи дастонаш бардошт, то ки ҳама бинанд, ки ин писари вай аст. Вай ӯро ба оғӯш гирифт, сахт ба худ ҷафс кард ва якҷоя бо ӯ гиря кард. Баъд падар писарро дар рӯи даст аз майдон берун овард ва ба канори он расида гуфт:
— Скотти, ман бо ту чунон фахр мекунам. Ту хеле хуб бозӣ кардӣ. Ман мехоҳам ҳама бинанд, ки ту писари ман ҳастӣ.
— Падарҷон, — ҳиққос мезад писарак, — ман ҳеҷ кор карда натавонистам. Ман он қадар кӯшиш кардам, падарҷон, ман он қадар кӯшиш кардам, аммо онҳо ҳама вақт гол мезаданд.
— Скотти, тамоман муҳим нест, ки онҳо чанд гол заданд. Ту писари ман ҳастӣ ва ман бо ту мефахрам. Ана акнун ман мехоҳам, ки ту боз ба майдон бароӣ ва бозиро ба охир расонӣ. Ман медонам, ту мехоҳӣ ҳама корро партоӣ, вале мумкин нест. Ва ана боз чӣ, писарам, ба дарвозаи ту гол мезананд, вале ин муҳим нест. Хайр рав, писарам.
Акнун ҳама кор дигар хел буд. Ҳангоме ки ту танҳо ҳастӣ ва ба дарвозаи ту ҳама вақт тӯбҳо зада медароянд, донистан хеле зарур аст, ки ин голҳо барои он касоне, ки туро дӯст медоранд, аҳамияте надоранд. Писарбача бо осонӣ давида, ба назди дарвоза рафт, ва ба вай ду голи дигар заданд. Вале ин дафъа ҳамааш дуруст буд.
Ба ман ҳар рӯз гол мезананд. Ман кӯшиш мекунам. Ман маъюсона худро аз як кунҷ ба кунҷи дигар мепартоям. Ман ба қаҳру ғазаб меоям ва рӯҳафтода мешавам. Ман бо васвасаҳо мубориза мебарам ва бо ҳар як ҳуҷайраи бадани худ гуноҳмекунам, иблис бошад нешдор механдад. Ва ҳангоме ки вай голи навбатии худро мезанад, ашкҳои ман ҷорӣ мешаванд ва ман ба зону меафтам — гуноҳкор, айбдор ва нотавон.
Аммо ман танҳо нестам. Аз байни майдон назди ман Падарам давида меояд ва ошкоро дар пеши назари тамоми ҷаҳони ба аҳволи ман қаҳ–қаҳзананда ва тамасхуркунанда маро боло мебардорад, сахт ба оғӯш мегирад ва мегӯяд:
— Писарам, Ман бо ту чунон фахр мекунам. Ту хеле хуб бозӣ кардӣ! Ман мехоҳам ҳама донанд, ки ту писари Ман ҳастӣ. Ва азбаски Ман натиҷаи ин бозиро пешакӣ муайян кардаам, Ман ба ту эълон мекунам — Ту ғолиб ҳастӣ!" Муаллифи ҳикоя номаълум аст.
Ман қабул шудаам…
Ман фарзанди Худо ҳастам (Юҳ. 1:12);
Ман дӯсти Масеҳҳастам (Юҳ. 15:15);
Ман сафед шудаам (Рум. 5:1);
Ман бо Худованд пайванд шудаам ва ман бо Ӯ як рӯҳам (1 Қӯр. 6:17);
Ман бо нархи гарон харида шудаам ва ба Худо тааллуқ дорам (1 Қӯр. 6:19–20);
Ман Бадани Масеҳҳастам (1 Қӯр. 12:27);
Ман баргузидаи Худо ҳастам ва Ӯ маро ба сифати фарзанди Худ ба фарзандӣ қабул кардааст (Эфс. 1:3–8);
Ман наҷот ёфтаам ва ҳамаи гуноҳҳоям бахшида шудаанд (Қӯл. 1:13–14).
Ман дар Масеҳпуррагӣ дорам (Қӯл. 2:9–10).
Ман ба тахти файз ба воситаи Исои Масеҳдастрасии пурра дорам (Ибр. 4:14–16);
Ман ҳифз карда шудаам…
Ман аз ҳама гуна маҳкумиятҳо озод ҳастам (Рум. 8:1–2).
Ман боварӣ дорам, ки Худо дар ҳама чиз ба нафъам ёрдам медиҳад (Рум. 8:28).
Ман аз ҳар гуна айбдоркуниҳо, ки метавонанд ба муқобили ман пешниҳод карда шаванд, озод ҳастам ва маро аз муҳаббати Худо ҷудо кардан ғайриимкон аст (Рум. 8:31–39);
Худо маро тасдиқ кардааст, тадҳин намудааст ва бо Рӯҳмӯҳр задааст (2 Қӯр. 21:22);
Ман бо Масеҳдар Худо ниҳон ҳастам (Қӯл. 3:1–4);
Ман боварӣ дорам, ки Худо он кори хайреро, ки дар ман шурӯъ кардааст, ба анҷом мерасонад (Фил. 1:6);
Иқоматгоҳи ман дар осмон аст (Фил. 3:20);
Худо ба ман на рӯҳи тарсу ҳаросро, балки рӯҳи қувват ва муҳаббат ва парҳезкорӣ додаст (2 Тим. 1:7);
Ман аз Худо зода шудаам ва иблис ба ман даст намерасонад (1 Юҳ. 5:18);
Ман пурқимат ҳастам…
Ман навдаи Исои Масеҳҳастам, ки Токи ҳақиқист (Юҳ. 15:5);
Ман баргузида шудаам ва таъин карда шудаам, то ки мева биёрам (Юҳ. 15:16);
Ман маъбади Худо ҳастам (1 Қӯр. 3:16);
Ман хизматгузории мусолиҳа додани одамон бо Худоро дорам (2 Қӯр. 5:17–21);
Ман бо Исои Масеҳдар афлок шинонда шудаам (Эфс. 2:10);
Ман метавонам озодона ва дилпурона ба Ӯ наздик шавам (Эфс. 3:12);
Ман ҳама корро метавонам бо мадади Масеҳ, ки маро қувват мебахшад (Фил. 4:13).
Аз рӯи маълумотҳои миссияи "Озодӣ дар Масеҳ"
ҚИСМИ VII
Иловаҳо
Иловаи 1
ТАВСИЯҲО БАРОИ ГУЗАРОНДАНИ СЕМИНАРҲОИ ЯК-ЧОРРӮЗА АЗ РӮИ КИТОБИ ДАРСИИ "ИСТОДАГАРӢ ДАР ТӮФОН"
Маълумотҳои китоби дарсии додашуда барои гузарондани семинарҳо дар давоми чор рӯз (бист дарсҳои пай дар пай) муқаррар шудааст. Ҳангоми дар муддати аз ин ҳам кӯтоҳтар гузарондани семинар аз нақшаи зерин истифода бурдан мумкин аст:
Cеминарҳои якрӯза
Муқаддима
Бобҳои 1–4, 20
Семинарҳои дурӯза
Муқаддима
Бобҳои 1–4, 8, 13–15, 17, 20.
Семинарҳои серӯза
Муқаддима
Бобҳои 1–4, 8–17, 20.
Семинарҳои чоррӯза
Муқаддима
Бобҳои 1–20
Эзоҳ: Тамоми маълумотро дар семинари серӯза ба таври кӯтоҳбаён кардан мумкин аст.
Иловаи 2
МАВЪИЗА "ХУДО ВА КАЛИСОИ АЗИЯТКАШИ Ӯ"
Ин мавъизаро шубони як калисои хонагӣ дар Хитой тайёр карда буд. Дар он вай огоҳмекунад, ки сарварони калисо набояд дар таъқибот танҳо азобҳоеро бинанд, ки халқи Худо ба он бо хости Худо гирифтор мешаванд. Худо дар ҳақиқат ба таъқибот роҳмедиҳад, аммо онҳоро ба манфиати халқи Худ равона месозад.
Бархилофи маълумотҳое, ки роҳбарони калисои расмӣ ба аҳли ҷамъияти байналхалқӣ пешниҳод мекунанд, дар Хитой то ба имрӯз таъқибот ба масеҳиён давом дорад. Аз ин сабаб имрӯз ман мехоҳам диққати шуморо ба баъзе сабақҳое ҷалб кунам, ки аз таъқиботи ба сари ҷамоаи имондорони давраи Эстер омада гирифтан мумкин аст.
Эстер аз соли 483 то солшумории милодӣ маликаи Форс буд. Вай зани зебое буд, вале асрори ниҳоне дошт, ки ғайр аз падархондаш касе намедонист. Эстер миллати худро пинҳон медошт, вай яҳудӣ буд.
Замонаҳои таъқибот фаро расид. Аз китоби Эстер (3:8) мо мефаҳмем, ки мушовири шоҳи Форс ба ҳокими худ гуфт: "Қавме парешон ва пароканда дар миёни қавмҳо дар ҳамаи вилоятҳои мамлакати ту ҳастанд, ва қонунҳошон аз ҳар қавм фарқ дорад ва қонунҳои подшоҳро ба ҷо намеоваранд, ва подшоҳро норавост, ки онҳоро чунин вогузорад". Шоҳбо мушовир розӣ шуд ва фармон дод, ки тамоми яҳудиёнро несту нобуд кунанд.
Яҳудиён, аз он ҷумла Эстер, рӯҳафтода шуданд. Чӣ тавр онҳо ба ин ҳолат гирифтор шуданд, чӣ тавр онҳо аз ин ҳолат баромаданд ва баъд чӣ ҳодисаҳо рӯй доданд, — нақл дар бораи ин ҳодисаҳо Калисои азияткашро, ки мо ба он тааллуқ дорем, ба хотири мо меорад.
Таъқибот аз куҷо бармеоянд? Сарчашмаи онон дар куҷост? Китоби Эстер ба ин саволҳо хеле аниқ ҷавоб мегардонад. Таъқибот натиҷаи ғурури таъқибкунандагони мо мебошанд.
Мушовири шоҳҲомон гунаҳкор ва ташаббускори ин таъқиботҳоест, ки дар бораашон сухан меравад. Вай худро таҳқиршуда ҳисобид, зеро Мордахай ном марди яҳудӣ ба вай саҷда накард. Мо намедонем, ки чаро Мордахай ба Ҳомон ин тарз равшан беэътиноӣ кард, муҳим он аст, ки Ҳомон дар ғазаб шуд. Ба ҷои як худи Мордахайро нобуд кардан Ҳомони таҳқиршуда қарор дод, ки барои таҳқири шахсӣ аз тамоми қавм қасос гирад. Вай нақшаи нобуд кардани ҳамаи яҳудиён ҷузъан кор карда баромад, зеро онҳо гӯё қонунҳои шоҳро вайрон мекарда бошанд.
Ҳомон ҳама чизро хуб фикр карда баромад. Яҳудиён аз мо фарқ доранд, мегӯяд вай. Ин дуруст аст. Онҳо аз мо хеле фарқ мекунанд ва дар байни онҳо шахсони ботартиб ва одамшаванда нестанд, илова мекунад вай. Аммо ин дурӯғ аст, вале шоҳба он одамоне, ки ғайр аз вай боз ба ягон каси дигар садоқатро нигоҳмедоранд, бо шубҳаи зиёд нигоҳмекард. Худи ҳамин дар Хитой ба амал омада истодааст.
Ҳукумат моро таъқиб мекунад, зеро мо аз оммаи асосии аҳолӣ фарқ мекунем. Мо имондорони поквиҷдонем ва садоқатро на танҳо ба давлати худ нигоҳмедорем. Ин дар назари атрофиён моро одамони шубҳанок мекунад.
Ман хонда будам, ки дар Россия калисоҳо таъқиботи даҳшатнокро аз сар гузарондаанд, зеро бародари Ленинро ҳокимияти подшоҳӣ парронда буд. Ленинро хусусан он далел ба қаҳру ғазаб овард, ки рӯҳонии православии рус қатли бародари ӯро баракат дод, бинобар ин, вай интиқоми худро аз калисо гирифт.
Мо дар мамлакати худ иҷро кардани нақши қурбонии ғурури таҳқиршудаи асосгузорони коммунизми ҷаҳониро давом медиҳем. Агар масеҳиён гул-гулшукуфӣ дошта бошанд, пас, ҳама корҳояшон баҷо нест. Коммунистон мехостанд, ки дар рӯи замин биҳишт созанд, то ки талаботи одамон ба дин нодаркор шавад. Дар ҳақиқат, чӣ даркор аст дар бораи осмонҳо фикр кардан, вақте ки ту аллакай дар биҳишт ҳастӣ? Вале касе аз коммунистон натавонист, ки дар рӯи замин биҳишт созад, ва барои ҳамин ҳам онҳо ба мо нафрати зиёд доранд, ба он касоне, ки биҳишти осмониро мавъиза мекунанд. Ин ғурур аст. Сарчашмаи азобу уқубатҳо ҳамеша дар ғурури инсонӣ аст.
Масъалаи таъқиботро чӣ тавр ҳал кунем? Чӣ тавр дар вақти таъқибот зинда монем? Яке аз падарони калисо ба ин саволҳо ба тариқи зайл ҷавоб дод: "Дуо кунед, зеро ҳама чиз дар дасти Худо аст. Ҳамон тавре амал кунед, ки гӯё Худо ҳар як қадами шуморо равона карда истода бошад". Ҳамин тавр мо ба таъқибот муқобилият мекунем, то ки онҳоро осонтар гардонем ё онҳоро камтар кунем. Аммо мо инчунин Худоро меҷӯем, то ки Ӯ ба азобҳои мо хотима гузорад. Дар натиҷаи ин ҷидду ҷаҳдҳо раҳоёбӣ фаро мерасад.
Дар саргузашти Эстер чунин инкишофёбии ҳодисаҳоро дидан мумкин аст. Эстер далерӣ зоҳир карда, таваккал кард, ки ба ҳузури шоҳбе даъват ҳозир шавад. Вай иброз дошт: "…Агар талаф шавам, бигзор талаф шавам". Чӣ зани ҷасуре! Вай зиракӣ нишон дода, нақшаеро фикр карда баромад, ки бо ёрии он Ҳомонро ба дом афтонд. Вай зиёфате ташкил карда, ба ҳозирoн сирри худро кушод ва баъд Ҳомонро ҳамчун касе, ки вайро куштан мехоҳад, фош кард.
Оё нақшаи вай барбод рафта метавонист? Кӣ медонад! Шояд, ҳа. Ҳомон мушовири пуртаъсири шоҳбуд ва дар дарбор соҳиби обрӯи зиёд буд. Эстер малика буд, вале чӣ тавре ки ин китоб аниқ нишон медиҳад, маликаро ҳама вақт бо осонӣ иваз кардан мумкин буд.
Ба Худо мақбул буд, ки нақшаи Эстер амалӣ гардад.
Акнун биёед ба ин саргузашт аз тарафи дигар нигоҳкунем. Мо дуо мекунем, то ки Худо ба корҳои мо низ дахолат кунад. Дар ҳолатҳои мо бисёр чизҳои ба мо вобаста набуда ҳастанд. Нақшаҳои мо, зиракӣ, ҷасурӣ — ҳамаи ин ҳеҷ гоҳкофӣ нест. Ба мо мадади Худо даркор аст. Барои ҳамин барои яҳудиён мотами бузург ва рӯзадорӣ ва гиря ва овозандозӣ фаро расид (ба Эстер 4:1–3 ниг.), баъди ин Худо ба тақдири онҳо ба таври аз ҳама ҳайратовар дахолат кард.
Як шубони пир зуд-зуд ба ман мегуфт: "Ман дарёфтам, ки тасодуфҳои хушбахтона якбора қатъ мегарданд, вақте ки ман дуо карданро бас мекунам". Анҷоми хушбахтонаи саргузашти Эстер аз тасодуфҳо бой аст. Масалан дар худи ҳамон лаҳзае, ки Ҳомон гумон мекунад, ки Мордахай ҳалок мешавад, шоҳМордахайро болобардор мекунад. Аммо ҳар яке аз персонажҳо новобаста аз якдигар ба хотима омада мерасад. Барои мисол шоҳро гирем.
Шоҳро тасодуфан дар арафаи ба амал баровардани нақшаи Ҳомон бехобӣ фаро гирифт. Вай тамоман тасодуфан дафтари хотираҳои худро ба даст мегирад ва тамоман тасодуфан ба навиштаҳо дар бораи кирдори неки Мордахай вомехӯрад. Шоҳқарор медиҳад, ки пагоҳии рӯзи дигар, дар худи ҳамон лаҳзае, ки ба назди вай Ҳомон медарояд, Мордахайро мукофот диҳад. Маҳз дар ҳамин лаҳза вай мехост аз шоҳсари Мордахайро талаб кунад. Шоҳдар натиҷаи нодуруст фаҳмидани муноқишаи байни Ҳомон ва Эстер, қарор медиҳад, ки мушовири худро ба қатл расонад, зеро вай фикр кард, ки Ҳомон кӯшиши ба васваса андохтани маликаро кардааст, дар он вақте ки бечора танҳо аз Эстер илтиҷо мекард, ки гуноҳи вайро бубахшад.
Ҳамаи ин тасодуфҳо корҳои Худо мебошанд. Ин мадади Худо ба Эстер аст.
Ҳамин тавр, нақшаи несту нобуд кардани яҳудиён барбод рафт.
Ман бояд ба шумо гӯям, ки дар Хитойи мо бисёр вақт чунин ақидаро шунидан мумкин аст: "Таъқиботро Худо мефиристад ва мо ҳеҷ гоҳнабояд ба онҳо муқобилият кунем ё аз онҳо гурезем, балки бояд онҳоро ҳамин тавр, ҳамчун роҳнамоии Худо ба кори инкишофёбии Калисо қабул кунем". Ин бидъат аст, зеро ба ин тарз мо Худоро дар гуноҳкорӣ айбдор мекунем. Таъқибот бадӣ аст. Худо метавонад бадиро истифода барад, вале Ӯ Худаш ҳеҷ гоҳнаметавонад сарчашмаи бадӣ бошад.
Баъзе устодон, аз афташ, чунин меҳисобанд, ки агар Калисоро таъқиб накунанд, он афзун шуда наметавонад, вале ин нодуруст аст. Луқо дар Китоби Аъмол (9:31) чунин менависад: "Он вақт аҳли калисоҳо дар сар то сари Яҳудо, Ҷалил ва Сомария дар оромӣ буда, обод мешуданд ва модоме ки дар тарси Худованд ва тасаллои Рӯҳулқудс рафтор мекарданд, меафзуданд". Дар ин ҷо оиди таъқибот ҳатто ишорае ҳам нест, вале Калисо инкишоф меёфт ва афзун мегашт.
Ман мехостам, ки Китоби Эстер бо боби ҳаштум ба анҷом расад, лекин он давом мекунад. Китоб бо он ба охир мерасад, ки яҳудиён дар ҳама ҷо аз душманони худ интиқом мегиранд. Ба онҳо иҷозат доданд, ки дар давоми як рӯз ҳамаи он касонеро, ки ягон вақт ба онҳо зулм кардааст, кушанд. Эҳтимол дар ин рӯз ҳазорон одамон ҳалок шуда бошанд. Яҳудиён адолати бераҳмонаро ба амал бароварданд, вале бераҳмӣ чиро ҳал карда метавонад? Он танҳо дар хешу табори ҳалокшудагон нафратро бедор месозад ва онҳо ба фарзандони худ қасос гирифтанро меомӯзонанд, ва ҳамин тавр, доираи сарбастаи хунрезиро давом медиҳанд.
Ман ин ҳодисаҳои таърихиро ба калисои азияткаши ҳозиразамон айният медодам. Дар шароити таъқибот метавонад ҳисси рӯҳафтодагӣ пайдо шавад ва агар ҳушёриро аз даст диҳӣ, ин рӯҳафтодагӣ метавонад ба сангдилӣ бурда расонад.
Дар ёдам ҳаст, ки боре дар Хитой ман бо як мансабдори ҳукуматӣ cӯҳбат мекардам ва вай ба ман гуфт: "Шумо медонед, бо масеҳиён кор кардан аз ҳама осон аст, зеро шумо якдигарро санг мезанед". Маро аз он шармам меояд, ки як роҳбари калисоро роҳбарони дигар калисоҳои хонагӣ аз намояндагони ҳукумат бадқаҳронатар таъқиб мекарданд. Ин ҳузнангез аст. Мо бояд барои ин гуноҳи худ тавба кунем. Таъқибот бо худ масъалаҳоеро меоранд, ки метавонанд муҳаббати моро ба якдигар ва садоқатро ба ҳақиқат вайрон созанд. Барои чӣ Китоби Эстерро дар Китоби Муқаддас ҷой доданд? Чунки оиди он нақл мекунад, ки чӣ тавр Худо ба халқи Худ ёрӣ мерасонад. Агар қарори шоҳба ҳукм медаромад, он гоҳХолокост (куштори яҳудиён) фаро мерасид ва хости Худо иҷро намешуд. Аммо Худо ба амал омадани ин фоҷиаро роҳнадод, Ӯ ба яҳудиён дасти пурқудрати Худро дароз кард, то ки пеши фоҷиаро гирад. Ҳикоят дар бораи он, ки Худо ба тақдири фарзандони Худ дахолат мекунад, эҳтимол имони халқи яҳудиро ба монанди мову шумо сахт мустаҳкам гардонда бошад. Худо дахолат мекунад, то ки одамонро наҷот диҳад ва хости Худро амалӣ гардонад. Худо мехоҳад, ки ҳамаи мо ба дарки Ӯ ва муҳаббати Ӯ расем.
Ҳамин тавр, вақте мо мебинем, ки чӣ тавр Худои пурқудрат халқи Худро халос мекунад ва хости Худро амалӣ мегардонад, таъқибот метавонанд имони моро мустаҳкам гардонанд. Дар охир ба ман иҷозат диҳед саргузашти худамро нақл кунам.
Ман ягона имоновардаи одаме будам, ки худро барои Худо бефоида меҳисобид. Мо якҷоя дар ҳабсхона будем. Устоди ман дар ҳабсхона масеҳӣ шуд ва бисёр мехост, ки имондори инҷилӣ бошад. Азбаски ҳар дуи мо барои дуздию қулфшиканӣ маҳкум шуда будем, моро дар як камера ҷой карда буданд ва каси дигаре набуд. Вай ба ман дар бораи он нақл кард, ки чӣ хел — гӯё тамоман тасодуфан — вай дар як камера бо гурӯҳи масеҳиён афтода буд. Онҳо шабона якҷоя сурудҳо мехонданд ва якҷоя Худоро ҷалол медоданд. Вай қарор дод, ки онҳо "эркаҳои нармбадан" мебошанд ва савғоҳои хӯрокии онҳоро медуздид. Вай ҳатто онҳоро мезад, то нишон диҳад, ки дар камера кӣ хўҷаин аст. Ин хеле зӯр буд! Нахустин маротиба дар давоми понздаҳсол вай худро пурқувват ҳис мекард, вале ҳатто вақте ки вай онҳоро мезад ва хӯрокашонро медуздид, вай мефаҳмид, ки аз болои онҳо ҳукмронӣ карда наметавонад. Аз чӣ бошад, ки онҳо аз вай наметарсиданд. Боре, дар вақти хуруҷи қаҳру ғазаб вай корд кашид, то ки яке аз масеҳиёнро кушад, аммо нохост кадом як қуввае вайро манъ кард ва вай натавонист кордро ба дили он одам халонад.
Бори аввал вай бо қувваи аз худи вай беандоза пурқудраттар вохӯрд ва фаҳмида наметавонист, ки ин чист.
Вай ба Масеҳимон овард ва сардорон фаҳмиданд, ки вайро саҳван ба он камера шинондаанд, ва вайро ба камераи дигар гузарониданд. Вайро ба камераи яккаса ҷой карданд.
Вай ҳис кард, ки мемирад. Вай бо Худо сӯҳбат кард ва аз Ӯ илтиҷо намуд: "Худоё, ба ман имконият деҳ, ки пеш аз мурдан ба ягон кас дар бораи қудрат ва муҳаббати Ту шаҳодат диҳам".
Азбаски ҳабсхона пур шуда буд, маро дар назди вай, дар камераи яккаса шинонданд. Ман зуд фаҳмидам, ки аҳволи вай хеле бад аст — вай қариб беҳуш буд. Вай бо дасташ ба ман ишора карда, хоҳиш намуд, ки ба сӯи вай хам шавам. Дар он шаб вай ба ман дар бораи Исо ва дар бораи он нақл кард, ки Ӯ чӣ тавр маро дӯст медорад ва наҷоти маро хоҳон аст.
Пагоҳӣ, вақте ки ман бедор шудам, ҳамсояи ман аллакай шах шуда буд. Ман қарор додам, ки вай девона аст. Дар худи ҳамон рӯз посбонон хабар доданд, ки маро ба лагери тартиботаш сахт мегузаронанд. Вале азбаски мошини боркашоне, ки дар он маро мебоист ба лагер мебурданд, як ҳафтаи пурра қафо монд, ман ба камераи дигаре, ки пур аз масеҳиён буд, афтодам. Онҳо ба ман саргузашти башоратдиҳандаи маро нақл карданд ва хеле хурсанд шуданд, ки вай пеш аз марг ба ман шаҳодат додааст. Шаби пеш аз ба лагер рафтан ман дили худро ба Масеҳдодам.
Маҳз имон ҳаёти шахси мурдаистодаро нигоҳдошт, зеро вай пеш аз мурдан мехост дар бораи Масеҳшаҳодат диҳад. Он ба масеҳиён ҳангоми дар ҳабсхонаҳо будан хурсандӣ мебахшад. Он ба ман умед мебахшид, вақте ки ман дар бораи ҳашт соли кор дар бадарға фикр мекардам. Агар Масеҳнамешуд, ман кайҳо мемурдам. Акнун ман дар назди шумо истодаам, шаҳодати зиндаи қувваи азобҳо. Мо на ба шарофати имони худ қувват мегирем, балки аз он ки мебинем, Худо чӣ тавр моро аз азобҳо халос мекунад. Мо бояд пурқавват шавем, набошад мо ҳалок мешавем.
Иловаи 3
СТИВ ҲААС. ИМРӮЗҲО ИСО БА КАЛИСОҲОИ ДУЧОРИ ТАЪҚИБОТ ЧӢ МЕГУФТ?
Ба фариштаи Калисои гирифтори нафрат шуда, ба ҳабс афтода, таҳқирдида, азияткашида ва ба таъқибот дучоргашта. Ин каломи Он Касест, ки пуртоқатӣ ва истодагарии туро медонад, бадбахтиҳои туро мефаҳмад ва монанди ту садоқати Худро то рехтани хуни пурқимати Худ зоҳир кард.
Ту мегӯӣ, ки аз қисми боқимондаи халқи худ ҷудо шудаӣ ва касе ҳолати туро намефаҳмад. Ман даҳшатҳоеро, ки ба сари ту омадаанд, ҳуҷумҳоеро ки ту дар Лаос, Индонезия ва Хитой гирифтор мешавӣ, мебинам. Ман мебинам, ки чӣ тавр дар Эрон, Ҳиндустон ва Чеченистон шубонони туро таъқиб мекунанд ва мекушанд. Ман мебинам, ки чӣ тавр дар Судон деҳаҳоро пурра бомбаборон мекунанд ва аҳолиро ба ғуломӣ мебаранд.
Ман ҳар як қатраи ашки аз чашмони ту рехтаро ба ҳисоб гирифтаам, ҳар як умеду орзу ва ҳар як дуои кардаи туро навишта гирифтаам. Ман туро танҳо нагузоштаам. Бисёре аз фарзандони Ман, ки шояд бо даҳшатҳои азобу уқубатҳои ту шинос нестанд, аз қурбониҳои олиҳимматонаи ту умед ва қувват барои Ман мегиранд. Ман азобҳои туро ба бародарон ва хоҳарони ту дар Масеҳкушодам ва ҳазорон калисоҳоро даъват намудам, ки барои ту дуо кунанд ва барои ту хизмат намоянд.
Ту мегӯӣ, ки метарсӣ. Он чиро ки ту чӣ дорӣ ва онро аз ту гирифтан ғайриимкон аст, эътироф кун. Ман ба ту ҳаёти нав, хурсандии ифоданашаванда ва Рӯҳи ба таври абадӣ бо ту бударо додам. Имони тағйирдиҳандаи ту роҳнамоест, ки ҳамаи он касонеро, ки самимона Роҳ, Ҳақиқат ва Ҳаётро меҷӯянд, ҷалб мекунад.
Ту мегӯӣ, ки умедатро аз даст медиҳӣ. Аммо бидон, ки ин бадбахтиҳо на охири кор аст, ва Ман Худои пурқудрат ва одил ҳастам.
Ман барои ҳама чиз дар вақти муқарраркардаи Худ подош медиҳам. Ва ҳарчанд ҳамаи ин ғаму ғусса гӯё бар ту таҳдиди ғолиб омадан мекунанд, Ман барои ту ҷои абадии оромӣ, қудсияти абадии эҳё ва озодии ҳақиқиро тайёр кардаам, ки ту онро дар худи ҳамон лаҳзае ба даст меорӣ, ки Маро ҳамчун Худованд эътироф мекунӣ ва ба Ман ҳамчун ба Шоҳхизмат мекунӣ. Ман ҳамарӯза то абад бо туям.
Аз он касоне эҳтиёт шав, ки аз ягон тарафе омада, дар зери ниқоби муаллими Калисо пинҳон мешаванд, вале беҳбудии шахсии худро аз итоаткории бобаракот ба Ман болотар мегузоранд. Бисёриҳо худро чун устодони рӯҳонии имон мешиносонанд ва эълон мекунанд, ки ба имондорон танҳо саломатӣ ва бехатарӣ талаб кардан даркор аст. Ба онҳо гӯш мадеҳ. Ин таълимоти бардурӯғест, ки туро асири хўҷаини телбае мегардонад, ки номаш Ҳирс ва Изтиробо аст. Дар байни ҳама азобҳои ту Ман ба ту исбот мекунам, ки танҳо Ман ҷаҳони ҳақиқӣ ва лангари наҷоти ту ҳастам.
Аз он касоне эҳтиёт шав, ки дар назди ту ҳастанд, вале дар имон комил нестанд, он касоне, ки дар мавқеъҳои бардурӯғе меистанд, ки ба Каломи Ман мухолиф буда, танҳо ҷузъҳои наҷотро, ки аз матни пурраи Ҳақиқати Ман канда гирифта шудаанд, эълон мекунанд. Бидъати базӯр дидашавандаи онҳо ба монанди моддаҳои фасодовари байни гандуми солим муоширати имондоронро нопок мегардонад ва бисёриҳоро маҷбур месозад ба он бовар кунанд, ки ғайр аз Ман дигар воситаҳои ба даст овардани абадият вуҷуд доранд, ва онҳоро аз паси худ мебаранд. Кӯшиш кун, ки Каломи Маро дарк кунӣ ва ба аҳкоми Ман, ки дар муҳаббат асос ёфтаанд, реша давон.
Ман аз ихтироъкориҳои ту дар шароитҳои нодорӣ, аз ҷавонмардии ту дар азобҳо, пуртоқатии хурсандонаи ту дар бадбахтиҳо хурсандам. Маҳз ҳамин сифатҳо шаҳодати ҳақиқии қудрати Ман аст, ки он аз ҳама гуна шоҳигариҳои заминӣ болотар аст, маҳз дар онҳо сарчашмаи садоқат ниҳон аст, ки он метавонад ҳар гуна қувваи инсониро бартараф гардонад.
Содиқ бимон ва Ман туро ба боло мебардорам.
Пуртоқат ва парҳезкор бош, зеро Ман таъхир намекунам ва ба наздикӣ кори Худро амалӣ мекунам.
Иловаи 4
МАСЕҲИЯТИ ҚАТЪӢ ПОРЧА АЗ КИТОБИ БОБ МУЭРҲЕД "ДАР БОРАИ КАЛОМЕ, КИ ДАР XОЯШ ГУФТА ШУДААСТ"
Масеҳияти қатъӣ тарзи зиндагист, на махзани ақл. Он кӯшиш мекунад, ки ғалаба кунад, на пинҳон шавад, он бо ҳаёти қурбоникунанда зиндагӣ мекунад, на кӯшиш мекунад, ки худро қурбонӣ нишон диҳад, он ба таври ғалабаовар қадам мезанад, на кӯшиш мекунад, ки бо фаровонии суханон таасурот гузорад. Ин масеҳиятест, ки ҳисоби корҳои ҳақиқиро мебарад, на ин ки фаъолиятро вонамуд мекунад. Он ба умқи масъалаҳои ҳалталаб ворид мешавад ва созиш намекунад. Масеҳияти қатъӣ суръатро паст накарда, бо тамоми қувват ба пеш метозад. Он ҳамеша далерона амал мекунад ва ҳеҷ гоҳэҳтиёткорӣ намекунад. Он кӯҳро аз ҷо беҷо мекунад, аз баҳрҳо мегузарад, деворҳоро вайрон мекунад ва рӯи об роҳмеравад, баҳрҳоро ором мекунад, мурдаҳоро эҳё мегардонад, панҷ ҳазор нафарро сер мекунад ва аз дарҳои маҳкам мегузарад.
Масеҳияти қатъӣ бисёр вақт азоб мекашад, бисёр вақт баланд парвоз мекунад, ҳар рӯз арақи ҷабин резонда меҳнат мекунад. Он гуноҳро сиёҳ, дӯзахро кӯли оташ, дурӯягиро бадӣ, иблисро дурӯғгӯ ва довариро ногузир меномад. Масеҳияти қатъӣ ба мухолифони баландовоз гузашт намекунад, зери фишори сахт хам намешавад, аз танқид наметарсад, аз гузаштани вақт тира намешавад, дар маҳбас намемирад ва аз намӣ намепӯсад. Он ақибнишинӣ намекунад, аз қавли худ намегардад, фикрашро дигар намекунад, барнамегардад ва аз асл дур намешавад.
Масеҳияти қатъӣ ҳамеша Масеҳро ҳамд мегӯяд, душвориҳоро барҳам мезанад, аз болои дилхоҳмонеаҳо мегузарад, рӯҳафтодагиро барҳам мезанад ва беномусиро несту нобуд месозад. Он аз крититсизм зӯр мебарояд, аз мағлубиятхоҳӣ боло меистад ва шаккокиро несту нобуд месозад.
Масеҳияти қатъӣ саховатмандона ба дигарон ато мекунад, монда нашуда дуо мекунад, зиёду барзиёд бахшоиш мекунад, бо ҷидду ҷаҳд кор мекунад, бо муҳаббат шаҳодат медиҳад, дуру дароз тоқат мекунад ва бо умед имон дорад! Он барои одамон бозӣ намекунад, мавқеи худро паст намезанад, принсипҳои худро ба ҳеҷ чизе мувофиқат намекунонад. Аниқтараш, он ҳамчун термостат хизмат мекунад, ки ҳолати муҳитро назорат мекунад, аммо на чун термометр, ки он танҳо яке аз ҳолатҳои онро муайян мекунад. Он ҳеҷ гоҳоммавӣ, аз рӯи мӯд, бароҳат ва ҳамқадами замон нест. Тарафдорони ҳақиқии он каманд, фалсафаи он овозадор нест, аммо мукофоти он бузург аст. Шогирдони он дар ин ҷаҳон мукофот намегиранд, аммо Худо ба онҳо албатта мегӯяд: "Хуб, ғуломи нек ва содиқ!"
Иловаи 5
ПОРЧА АЗ МАЪРӮЗАИ ИОҲАН КОМПАНИЕН "ДАР ОСТОНАИ ҲАЗОРСОЛАИ НАВ"
Тамоюлҳои манфӣ, ки ба пастшавии дараҷаи озодиҳои динӣ таъсир мекунанд, аз афташ, давом хоҳанд кард ва таъқиби масеҳиён дар ин ё он шакл ба имондорон дар тамоми ҷаҳон азобу уқубатҳои навро меоранд. Ин масъалаҳои ҳазорсолаи нав ба қадри ҳол мураккаб мебошанд ва ҳал кардани он осон нест. Асосан сухан дар бораи тақдири одамон ва ҷонҳои онҳо меравад.
Маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳалталаб, ки бо озодиҳои динӣ алоқаманд мебошанд, дар бист соли охир бо ҳолатҳои муноқишавии дорои панҷ намуд тавсиф хоҳанд ёфт. Калисо аз ин озмоишҳо бояд пурқувват шуда барояд.
1. Муҳориба дар соҳаи идеология
Ин муҳориба дар он мамлакатҳое бурда мешавад, ки дар он ҷо Калисо таъқиб карда мешавад, вале ҳайратовар ҳам бошад, муноқишаи идеологӣ дар он ҷое низ дида мешавад, ки Калисо нисбатан дар ҳолати оромӣ аст. Дар замони ҳозира аҳли ҷомеаи ҷаҳон ба таври ҷиддӣ ба муқобили он баромад мекунанд, ки Ғарб дар шахси давлат ё шахсони алоҳида ба соҳаи озодии динии ҷаҳони боқимонда дахолат кунад, онро танқид кунад ва аз он ҳисобот талаб кунад.
Ин дар тезисҳои Хантингдон махсусан равшан зоҳир мегардад. Дар соли 1996 Самуэл Хантингдон (Samuel Huntingdon) китоберо дар бораи зиддияти маданиятҳо ва тағйирёбии тартиби ҷаҳонӣ (The Clash of Civilizatlons and the Remarking of World Order) аз чоп баровард, ки дар он тамоми ҷаҳонро ба шаш маданият ҷудо кард: ғарбӣ, синай, японӣ, ҳинду, исломӣ ва православӣ. Вай чунин меҳисобад, ки дар тамоми ҷаҳон таҳдид ба осоиштагӣ аз давлатҳое бармеояд, ки дар сарҳади ин маданиятҳои нисбатан ба якдигар муноқишакунанда ҷойгир мебошанд.
Бо худи ҳамин муаллиф гуфтан мехоҳад, ки ақидаҳои вай барои озодии динӣ дар ҷаҳон марговар аст ва масъалаи ҳалталаби дохилии ҳар як маданият ба дигар маданиятҳо дахл надорад. Ҳамин тавр, агар Покистон хоҳиши нобуд кардани аҳолии масеҳиро дошта бошад, Ғарб ба ин дар ҳеҷ ҳолат набояд дахолат кунад. Ҳар як маданият бояд ҷазирачаи ахлоқӣ бо принсипҳо ва мантиқи мавҷудияти худ бошад.
Дар давоми бист соли охир баландравии миқдори ташкилотҳое, ки барои ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ мубориза мебаранд, ба амал омад, масалан "Амнистияи байналхалқӣ" (Amnesty International) ва "Нозирони ҳуқуқҳои инсон" (Human Rights Watch). Фаъолияти онҳо бар он ақида асос ёфтааст, ки ҳуқуқҳои инсон ё қолибҳои ҳаёт дар ҳама ҷо якранг аст.
Душмани ҷиддии чунин ҳолат постмондернизм мебошад, ки он тасдиқ мекунад, ки ба ҳар як маданият қолибҳои худ хос аст. Постмондернизм аллакай дар донишгоҳҳои ғарбӣ ғалаба ба даст овардааст.
Дар амал дидан мумкин аст, ки ҳукуматдорони ғарбӣ хоҳиш надоранд ба ҳолатҳои муноқишавии дигар минтақаҳои ҷаҳон дахолат кунанд. Бо вуҷуди баромадҳо ба муқобили вайрон кардани ҳуқуқҳои инсон дар Тибет, Ғарб барои муҳофизати ҳуқуқҳои динӣ дар ин минтақа амалан коре намекунад — доираҳои пурқудрати расмӣ ҳар гуна кӯшишҳои дахолат карданро ба корҳои имондорон манъ кардаанд.
Дар муноқиша кӣ бурд мекунад? Кӣ ҳуқуқ дорад, ки дар давлатҳои мустақил дараҷаи озодии диниро муайян кунад ва онҳоро маҷбур созад, ки барои сиёсати худ ҳисобот диҳанд?
Бой додан дар ин ҷанг боиси афзудани номашҳурии калисоҳо ва миссияҳои инҷилӣ мешавад, зеро онҳо сиёсати танҳо инҷилиро амалӣ мегардонад ва дар мавқеъҳои плюралистии постмодернизм намеистанд. Ба наздикӣ радикалҳои ҳинду масеҳиёнро аз Иёлоти Муттаҳида ба зери тозиёнаи танқид гирифтанд, ки онҳо дар тақвими дуоии худ аз имондорон хоҳиш кардаанд, ки "барои ҳаштсад миллион ҳиндуёне, ки дар торикии рўҳониянд", дуо кунанд. Ҳиндуҳо мегӯянд: "Маданияти мо ба маданияти шумо арзиши баробар дорад". Аммо масеҳиёни имони инҷилӣ дошта ин тавр намеҳисобанд.
Баъзе маданиятҳо ҳақиқатан дар торикии рӯҳониянд, ва агар мо ҳуқуқи гуфтани фикри худро аз даст диҳем, озодии шахсии худро аз даст медиҳем ва барои озодии динии аъзоёни калисои таъқибшаванда мубориза бурда наметавонем. Шояд ин ҳама он қадар ҳам бад набошад, зеро таъқиботҳо бисёр вақт барои инкишоф ёфтани камолоти Калисо хизмат кардаанд. Аммо дар ин ҳол мо дар шахси муҳофизони ҳуқуқ ва ҳукуматҳои мамлакатҳои ғарб тарафдорони пурқиматро барои ҳуқуқи инсон аз даст медиҳем.
Аммо мо чӣ тавр бояд мубориза барем? Дар он бояд на танҳо шахсони баландмаърифати вазифаҳои баландро ишғолкунанда иштирок кунанд, зеро ҳар як кас имконият дорад тасдиқ кунад, ки масъалаҳои динӣ барои вай хеле муҳиманд. Бисёр масеҳиён дар ин муҳориба он вақте иштирок мекунанд, ки ҳақиқатҳои каломиеро эълон мекунанд, ки гоҳо ҳамчун зоҳиршавии бетаҳаммулӣ менамоянд. Масалан, усқуфи Кентербери дар Англия арз кард, ки ҳомосексуалистон ҳуқуқи ҳамчун рӯҳонӣ хизмат карданро надоранд. Вайро дар худи ҳамон ҷо ба бетаҳаммулӣ гунаҳгор карданд, илова ба ин, на танҳо дар чорчӯбаи маъракаи мубориза барои ҳуқуқҳои ақаллиятҳои ҷинсӣ. Усқуф ҳуқуқ дорад фикри худро, ки ба ҳақиқатҳои каломӣ асос ёфтаанд, баён кунад, аммо барои баъзеҳо ин ҳақиқатҳо тамоман таҳқиркунанда мебошанд.
Мо инчунин ба эътироф кардани таҳаммуле розӣ нестем, ки имкон намедиҳад, ки барои ягон чиз исрор кунӣ. Тавре ки Лешек Колаковский (Leszek Kolakowski) менависад, "вақте ки таҳаммул нисбати мо зоҳир карда мешавад, он шакли бепарвоиро мегирад. Масалан аз мо хоҳиш мекунанд, ки аз изҳор кардани ақидаҳои худ худдорӣ кунем ва ҳатто талаб мекунанд, ки бо дилхоҳварианти имконпазири рафтор ё фикрҳои дигар одамон муросо кунем".
Ин зиддияти тезу тундест бо фаҳмиши анъанавии таҳаммули динӣ, ки мувофиқи он давлат ҳуқуқ надорад дини ҳукмронро бо зӯрӣ бор кунад. Ин муҳориба дар Ғарб ба фоидаи мо ба анҷом расида буд, вале имрӯзҳо он дар дигар қисмҳои ҷаҳон, махсусан дар мамлакатҳои исломӣ ҷӯш мезанад.
Вале ғалаба аҳамияти худро гум мекунад, агар давлате ки ба корҳои динӣ дахолат намекунад, кӯшиш кунад, ки ҳамаро барои итоат кардан ба дини плюралистӣ (яъне дине, ки тарафдорони зиёд дорад. Тарҷ.) маҷбур созад. "Шумо наметавонед бутпарастони дар ИМА мезистаро маҷбур кунед, ки масеҳӣ шаванд" — гуфтан дигар аст (таҳаммули анъанавӣ). Ва тамоман кори дигар аст чунин гуфтан: "Шахси масеҳӣ набояд ба бутпараст башорат диҳад, вай бояд эътиқодҳои ӯро ҳурмат кунад ва ба ӯ бо таҳаммул муносибат кунад, зеро ҳама роҳҳо ба сӯи Худо мебаранд". Маҳз ҳаминро дар назар дорад Колаковский, вақте ки дар бораи бепарвоӣ ҳамчун муайянкунандаи нави таҳаммул гап мезанад. Маҳз бепарвоӣ муносибати бетарафонаро нисбат ба он эълон мекунад, ки ин одам масеҳӣ аст ё бутпараст, зеро ҳар ду роҳҳои онҳо ба сӯи Худо мебаранд. Аммо шахси масеҳӣ дар ин ҳолат эътироз баён мекунад ва ҳуқуқи "ҳуҷумкунанда" будани худро муҳофизат хоҳад кард. Интихоби дин на кори табъ аст, балки кори ҳаёт ва марг.
Бинобар ин дар бист соли минбаъда муноқиша пурзӯр хоҳад шуд. Аҷаб бошад ҳам, масеҳиён дар мубориза барои озодиҳои динӣ дар мамлакатҳое, ки онҳоро таъқиб менамоянд, ғалаба ба даст меоранд, вале дар мамлакатҳои Ғарб ғалабаро аз даст медиҳанд.
2. Муҳориба дар соҳаи алоқаи оммавӣ
Муҳориба дар соҳаи иттилоотӣ низ, ки ҳаёти моро ин қадар сахт тағйир медиҳад, ногузир зоҳир мегардад. Ғайриоддӣ будани асри иттилоотӣ аз он иборат аст, ки хабар бештар дастрас мегардад, вале одамон аз ин камтар бохабар мешаванд. Дар ин ҷо барои калисои таъқибшаванда хатар дар он аст, ки бисёриҳо мехоҳанд ба он мадад расонанд, вале аз норасоии дониш ё ба Калисо зарар мерасонанд, ё онро барои мақсадҳои худ истифода мебаранд. Мақсади муҳориба дар ин ҳолат он аст, ки манфиатҳои Калисои таъқибшаванда на истисмор, балки муҳофизат карда шавад.
Ҷаҳон бояд дар бораи далелҳои таъқибкуниҳои Калисо шаҳодат диҳад. Таъқиботҳо ва фишоровариҳо дар давоми бист соли минбаъда эҳтимол, ба тарзҳои гуногун амалӣ карда шаванд:
1. Калисои таъқибшаванда дар бораи худ қиссаҳои гуногун паҳн карда, сазовори диққати ноҳақ хоҳад шуд. Калисоҳои таъқибшаванда бисёр вақт азобу уқубатҳои худро аз нуқтаи назари фақеҳият нодуруст хоҳанд фаҳмонд. Ана баъзе ақидаҳои бардурӯғ, ки Калисои таъқибшаванда паҳн хоҳад кард:
"Таъқибот аз Худо бармеоянд". Не, таъқибот бадӣ аст. Таъқибот хислати азозилиро доранд, на илоҳиро. Чунин одамон нақшаи Худоро бо қобилияти ҳама чизро ба манфиат баргардондани Ӯ якҷоя мекунанд.
"Калисо дар шароитҳои таъқибот бештар афзун мегардад". Калисо ҳақиқатан дар шароити таъқибот афзун мегардад, аммо Луқо тасдиқ мекунад, ки он дар шароити осоиштагӣ беҳтар афзун мегардад (ба Аъм. 9:31 ниг.).
"Набояд ба таъқибот муқобилат кард, балки аз онҳо бояд хурсанд шуд". Исо ба мо маслиҳат медиҳад, ки аз таъқибот гурезем (Матто 10:23), Павлус бошад, амр медиҳад, ки баҳри осоиштагӣ кор кунем.
"Бояд аз таъқибот гузашт, то ки дар имон инкишоф ёбӣ. "Бисёр сарварони калисоҳои хонагӣ дар Хитой чунин меҳисобанд, ки таъқибот ягона роҳаст, на яке аз усулҳои инкишоф барои имондорон.
2. Овозаҳо дар асри Интернет хеле зуд паҳн мешаванд, ҳамин тариқ дар бораи ҷамоаҳои таъқибшаванда хабарҳои бардурӯғ хеле зиёд хоҳанд буд.
3. Миқдори хабарҳо дар бораи таъқиботи Калисо зиёд мешавад. Ҳозир тасдиқ кардан душвор аст, ки эраи идеология ба охир расидааст. Пештар ҳама чиз хеле соддатар буд. Масалан дар Хитой ҳангоми ҳукмронии Мао Цзе Дун ҳама масеҳиён як хел азоб кашиданд. Аммо ҳозир дар ин мамлакат ноҳияҳое ҳастанд, ки калисои расман эътирофшуда озод аст, вале дар дигар ноҳияҳо дар зери назорат буда, сахт гирифтори коррупсия шудааст ва ин ҳолат масеҳиёнро маҷбур месозад, ки ба калисоҳои хонагӣ раванд. Фарқият дар дараҷаи озодӣ ба бисёр унсурҳое вобаста аст, ки ба осонӣ фаҳмондашаванда нестанд. Вале мо ин парадоксро ба одамоне, ки вақти аз нав кор карда баромадани ин хабарро надоранд, чӣ тавр расонем? Чунин ҳолатҳо ба андозаи он, ки таъқибот ҳар чи сахттар мешаванд, ҳамон қадар муҳимтар мегарданд.
4. Аҳли ҷомеа ва имондорон метавонанд вазъи муносибати калисоро ба таъқибкунандагон нодуруст фаҳманд. Ба миссияҳо лозим меояд, ки бо он касоне, ки имондоронро таъқиб мекунанд, рӯ ба рӯ сӯҳбат кунанд (масалан дар Хитой мусоҳиба бо роҳбарони баландмартабаи давлатӣ ё сарварони мусулмонон). Имондорони қаторӣ метавонанд ба қароре оянд, ки ба онҳо хиёнат кардаанд.
5. Рақобат дар кори гирифтани мадади молиявӣ аз сарпарастони камшаванда пурзӯр хоҳад шуд, вале миқдори миссияҳо дар минтақаи Калисои таъқибшаванда афзун хоҳад шуд. Ба андозаи он, ки вазъияти молиявӣ душвор мешавад, ба миссияҳо лозим меояд, ки дар назди васвасаи аз ҳисоби якдигар "пул кор кардан" истодагарӣ кунанд.
6. Фаҳмидани Калисои таъқибшаванда ва муҳофизат кардани онро бояд омӯхт. Дар давоми панҷ соли охир Калисои таъқибшаванда мавзӯи муҳими сиёсатмадорон гаштааст, махсусан дар ИМА. Ин омили мусбат аст, вале хатаре вуҷуд дорад, ки дар муноқишаи ҳимоятгарони ҳуқуқ Калисои таъқибшавандаро метавонанд ба сифати далели сахт истифода кунанд. Масалан, баъзе миссияҳо ҳолати бадбахтонаи Калисои таъқибшавандаро дар Хитой истифода бурдаанд, то ки ба маъмурияти Клинтон фишор оваранд. Баъзе ҳимоятгарони ҳуқуқ аз фаҳмидани масъалаҳои ҳалталаб ва роҳҳои мадад расондан ба худи Калисои таъқибшаванда дида барои ба даст овардани мақсадҳои сиёсӣ дар соҳаи фаъолияти худ бештар манфиатдоранд. Дигарон нақши қонунгузориро дар мадад расондан ба калисо аз будаш бештар баҳо медиҳанд. Дар оянда дар соҳаи алоқаи оммавӣ вазъият боз ҳам бадтар мешавад. Доираҳое, ки телевизион ва киностудияҳо барояшон дастрас аст, метавонанд ба он майл кунанд, ки рақибони худро бо номаи "бештар қобили рақобат" аз сари роҳбардоранд.
3. Муҳориба дар соҳаи рӯҳонӣ
Барои он ки Калисои ҷаҳони озодро бо таҷрибаҳои имондорони Калисои таъқибшаванда бой гардонем, ба муҳорибаи рӯҳонӣ даромадан даркор аст. Ҳаёти имондорони таъқибшаванда барои тарбияи шогирдон дар Ғарб ёрӣ мерасонад. Дар давоми сӣ соли охир пешравии қатъӣ ба амал омад: Калисои ғарбӣ ба Калисои таъқибшаванда мадад расонданро сар кард, дар навбати худ Калисои таъқибшаванда шаҳодатҳои рӯҳбаландкунандаро дар бораи қувваи Худо бо Калисои ғарбӣ бо ҳам медид. Ин мубодилаҳо ба соҳаи рӯҳонӣ низ паҳн мешавад, яъне алоқаҳо бо Калисои таъқибшаванда нишон медиҳанд, ки чӣ тавр ба Худо наздик шавем. Калисои таъқибшаванда моро маҷбур месозад, ки воқеиятҳои рӯҳонӣ — воқеиятҳоеро, ки дар шароитҳои маданиятамон мо ба он майли аҳамият надодан дорем, дарк кунем. Ин метавонад ҳамчун калиди муҳим барои азнавсозии тамоми Калисои ғарбӣ хизмат кунад.
Ҷидду ҷаҳди пурқуввате даркор аст, то ки Калисои ғарбиро ба биниши рӯҳонӣ, ки онро Калисои таъқибшаванда дорост, бедор созад, то ки имондорон дар Ғарб ин фаҳмиши навро дар қадамгузории худ пеши Худо истифода карда тавонанд. Ин ба Калисо мадад мерасонад, ки дар тамоми рӯи замин дар ягонагӣ ва пурқувват бошад.
Масалан, яке аз бартариҳои Калисои азияткаш он аст, Ки вай тайёр аст ба ҷаҳон бо чашмони "аппокалиптикӣ" нигоҳкунад. Яке аз коркунони миссияи "Дарҳои кушода" дар соли 1999 тасодуфан шоҳиди чунин гуфтугӯи шубони хитоӣ бо шубони америкоӣ гашт:
Шубони америкоӣ (Ш. А.): Кадоме аз китобҳои Китоби Муқаддас барои шумо аз ҳама пурқимат аст?
Шубони хитоӣ (Ш. Х.): Хайр, эҳтимол, Китоби Ваҳйи ҳавворӣ Юҳаннои Фақеҳбошад, зеро…
Ш. А.: Зеро уқубатҳои шумо шуморо водор месозанд, ки тезтар ба охир расидани дунёро хоҳишманд бошед ва шумо бо дидани он, ки ин бо ғалабаи Масеҳчӣ тавр ба амал меояд, пурқувват мегардед?
Ш. Х.: Ва ин низ, вале мо ба Ваҳй танҳо ҳамчун ба охир расидани дунё нигоҳнамекунем, мо инчунин тасвири онро мебинем, ки дунё ҳозир дар кадом ҳолат аст.
Ш. А.: Ҳа, мо дар ҳақиқат дар рӯзҳои охирин зиндагӣ мекунем!
Ш. Х.: Не, ман онро дар назар дорам, ки мо ҳамеша дар рӯзҳои охирин зиндагӣ мекунем. Китоби Ваҳй ҳолати абадии ҷаҳони моро аз он лаҳзае, ки Масеҳдар болои салиб ҷон дод, ҳам барои шумо дар Америка, ҳам барои мо дар Хитой тасвир месозад.
Ш. А.: Ман шуморо намефаҳмам. Ваҳй ба мо дар бораи он хабар мерасонад, ки чӣ тавр дунё ба охир мерасад.
Ш. Х.: Аммо ман ба шумо мегӯям, ки он инчунин ҳолати ҳозираи ҷаҳони моро низ тасвир месозад. Азобу уқубатҳои мо дар ин ҷо, дар Хитой ба мо ёрӣ расонданд, ки инро фаҳмем. Эҳтимол дараҷаи баланди зиндагӣ ин фактро аз имондорон дар Хитой пинҳон дошта бошад. Дар Хитойи мо қайсари худӣ ҳаст, вайро Мао меноманд ва вай ҳамчун қайсари давраҳои Калисои барвақтӣ талаб мекунад, ки ба вай на танҳо он чизеро диҳем, ки аз они қайсар аст, балки он чизеро низ, ки аз они Худост. Вай ҳайвонро истифода мебарад, то ки ба мо фишор оварад ва пайғамбари бардурӯғро истифода мебарад, то ки моро ба васваса андозад. Ҳангоме, ки мо ба бутпарастӣ бо "шаҳодати барра" муқобилият кардем, моро ба ҳабсхонаҳо шинонданд ва куштанд. Ҳамин тавр, мо мебинем, ки Ваҳй тасвири ҷанги рӯҳониест, ки дар дилхоҳҷамъият ба амал меояд.
Ш. А.: Аммо имрӯз дар ҷамъияти америкоӣ ин гуна корҳо нест. Шумо мегӯед, ки ин аз мо ниҳон аст. Шумо чиро дар назар доред?
Ш. Х.: Ин муноқиша барои мо дар Хитой фаҳмост. Шумо надида наметавонед, ки Мао худро бут кардааст ва саҷда карданро талаб мекунад. Ҳамин тавр барои мо парда бардошта шуд ва мо ҷаҳонро ҳамон тавре дидем, ки он ҳаст — ҷое, ки бутҳо саҷда карданро талаб мекунанд. Ин дар Америкаи шумо низ ҳаст, вале ин равандҳо дар мамлакати шумо пинҳонӣ мегузарад.
Ш. А.: Вале шояд онҳо тамоман вуҷуд надошта бошанд? Мебинед, ки мо дар мамлакати масеҳиён зиндагӣ мекунем, ақаллан зиндагӣ мекардем.
Ш. Х.: Ба шумо мегӯям, ки дар ҷамъияти шумо низ қайсарҳои худ, ё бутҳо ҳастанд, онҳо ҳатто дар калисои шумо ҳастанд. Ва пайғамбарони бардурӯғ, ки ба шумо мегӯянд, ки бутпарастиро Китоби Муқаддас тарафдорӣ мекунад ва ҳайвонҳое, ки шуморо ба бутпарастӣ тела медиҳанд. Масалан, қайсари шумо шарт нест, ки одам бошад, он метавонад ақидае бошад. Ҳамроҳи мо марди ҷавоне ҳаст, ки ҳангоми таҳсил дар давоми як сол дар оилаи америкоӣ зиндагӣ кардааст. Ҳама дар оила одамони нек ва сахӣ буданд, вале вай пай бурд, ки онҳо ҳамеша дар ташвиш буданд. Ҳар ду волидайн хеле бисёр кор мекарданд, ҳарчанд пули хеле хуб мегирифтанд. Онҳо се мошин, ду хона доштанд, аъзои як клуби хеле пурқимати берун аз шаҳр буданд, вале чуноне ки вай мегӯяд, ба калисо танҳо ҳиссаи аз ҳама камро қурбонӣ мекарданд. Онҳо ҳатто маротибае аз донишҷӯ дар бораи калисои хитоӣ саволе напурсиданд ва дар охири муддати дар он ҷо буданаш ба вай лифофаеро доданд, ки дар дарунаш бист доллар буд. Вай ба ман гуфт: "Ман барои онҳо хеле таассуф мехӯрам. Онҳо фикр карданд, ки одамони озод ҳастанд, вале дар ҳақиқати ҳол онҳо ғулом ҳастанд. Онҳо аз бемадорӣ меафтанд, зеро ба онҳо лозим меояд, ки барои ба даст овардани он, ки "орзуи америкоӣ" меноманд, ҷидду ҷаҳд кардан лозим меояд. Мебинед, ки то даме иблис вуҷуд дорад, бутҳо низ вуҷуд хоҳанд дошт, ки онҳо барои моро аз саҷда кардан ба Худо дур карданӣ мешаванд. Баъзе бутҳо аниқ ҳастанд ва ба воситаи таъқиботҳо душман кӯшиш мекунад моро маҷбур созад, ки ба онҳо саҷда кунем ва мо ошкоро мебинем, ки ин чӣ гуна бут аст. Вале агар шумо дар партави дурахшони таъқибот набошед, метавонед ба худоҳои бардурӯғ саҷда кунед ва ҳатто инро дарк накунед. Муноқишаи дар Ваҳй пешниҳодшуда дар ҳама ҷо рӯй медиҳад. Таъқибот моро ба фаҳмидани ин водор карданд, вале гул-гулшукуфӣ чашмонро маҳкам мекунад.
Ш. А.: Ҳмм… Агар он чи, ки шумо гуфтед, рост бошад, пас ҷамъияти худпараст аз коммунизм ҳам бадтар-қотили имон аст.
Ш. Х.: Мо дар ин ҷо, дар Хитой, хеле метарсем, ки "чашмони апокалиптӣ"-и худро гум мекунем ва бо гузашти вақт он қуввати бутпарастиро дар ҷидду ҷаҳди истифода кардан дида наметавонем, ки дар замони коммунизм ин қадар аниқу равшан буд.
Ин шубони америкоӣ ба воситаи таҷрибаи Калисои таъқибшаванда ҳақиқатро дид ва ҳама масеҳиёни ғарбӣ бояд ба Калисои таъқибшаванда имкон диҳанд, ки аз чашмони онҳо пардаро бардорад. Ба Калисои таъқибшаванда имкон диҳед, ки ба шумо хизмат кунад. Озодиҳои нав мавҷи нави имондорони инҷилӣ ва устодони онҳоро баланд мекунанд, чӣ тавре ки ин дар Хитой ва Корея ба амал омада буд. Калисо бояд хизматгузорони навро қабул кунад.
4. Муҳориба дар соҳаи сиёсат
Аз давраи инқилоби Эрон дар соли 1979 баргузидаҳои сиёсӣ дар тамоми ҷаҳон ба фаҳмиши он омада расиданд, ки таъқиботро ба сифати қувваи сиёсӣ истифода кардан мумкин аст. Ҷанги диниро сар карда, ҳокимиятро ба даст овардан мумкин аст. Аз ҳарҷумарҷи ба амал омада барои мақсадҳои сиёсии худ моҳирона истифода кардан мумкин аст. Ҳамин гуна ҳодиса дар Эрон ба амал омад ва сиёсатмадорони бемаслак, ки барои ба даст овардани ҳокимият ҷидду ҷаҳд мекарданд, дар байни моҷароҷӯёни исломии тамоми ҷаҳон алангаи қаҳру ғазаби "боадолат"-и диниро моҳирона ба амал оварданд. Ин тактика дар барномаи амалиёти партияи моҷароҷӯёнаи ҳиндугии Ҷаната Бхаратия низ ифода ёфт. Дар Индонезия ин тактика метавонист аз паси худ бадбахтиҳои зиёде орад, агар агрессия дар ҷазираи Амбон нигоҳдошта намешуд.
Бинобар ин, масеҳиён беш аз пеш дар хати оташ мебошанд ва дар давоми бист соли минбаъда вазъият боз ҳам бадтар хоҳад шуд. Масеҳиён маркази маъракаи нафрат, дурӯғи бомаҳорат ва бо диққат бофта бароварда мегарданд, ки дар натиҷаи он кӯшиш мекунанд ба масеҳиён тӯҳмат зананд, то баъдтар айбдоркуниҳои бардурӯғро ҳамчун асос барои таъқиботҳои бераҳмона истифода баранд. Бинобар ин, ҳар як дурӯғро ҳар чи зудтар фош кардан даркор аст. Чуноне ки Солженитсин гуфта буд, "як сухани ҳақиқӣ бояд аз ҳама далелҳои тамоми ҷаҳон болотар истад". Тамоман имконпазир аст, ки ҷангҳои оянда ҷангҳои динӣ хоҳанд буд ва муҳобот намешавад, агар гӯем, ки мо бояд дар кори барқарор кардани сулҳдар тамоми ҷаҳон нақши худро иҷро кунем. Он касоне, ки кори таъқиботро дар ибтидо бозмедоранд, дар кори сулҳи ҷаҳон аз ҳар як президент ё дипломат дида, саҳми бештаре мегузоранд.
5. Муҳориба дар соҳаи Калисо
Дар давоми панҷ соли охир калисоҳои протестантӣ Калисои таъқибшавандаро дастгирӣ кардан гирифтанд. Рӯзи байналхалқии дуокунӣ барои таъқибшавандагон ба ин муносибати бевосита дорад. Пештар калисоҳои протестантӣ ба таъқиботи Калисои махфӣ бо соддагии зиёд муносибат мекарданд, бинобар ин таъқибшавандаронро калисоҳои мустақил ва бештар калисоҳои ғайрирасмӣ дастгирӣ мекарданд. Он далел, ки калисои аз ҳама бообрӯи пресвитерианӣ дар округи Вашингтон дар соли 1998 бародар Андрей (brother Andrew)-ро ба рӯзи Байналхалқии дуокунӣ даъват кард (ки ин даҳсол пеш ғайриимкон буд), нишонаи имкониятҳои нави рӯҳбаландкунанда гашт.
Агар калисоҳои анъанавӣ хоҳанд, ки калисоҳои инҷилиро шунаванд, пас инҳо метавонанд донишҳоро дар бораи таъқибот бо онҳо бо ҳам бинанд. Калисоҳои инҷилӣ низ метавонанд аз таҷрибаи дипломатии калисоҳои анъанавӣ ягон чизро омӯзанд. Ҳамин тавр, агар ба ин масъала боодобона ва боэҳтиёт наздик шавем, пас дар дохили протестантизми ғарбӣ метавонад тамоси экуменистии калисоҳо ба амал ояд. Шояд экунемизм ҳамчун лоиҳа бештар фаъол бошад, агар ба он чи ба воситаи фаъолияти якҷоя дастрас кардан мумкин аст, равона карда шавад. Ин лоиҳаи дарозмӯҳлатест, ки барои барҳам задани бадгумониҳои дар давоми даҳсолаҳои бисёр вуҷуддошта равона карда шудааст. Фарқиятҳои фақеҳиеро, ки монеаи муошират дар байни гурӯҳҳои динӣ гаштаанд, фаромӯш кардан мумкин аст. Дастгирии ягонае, ки ба Калисои таъқибшаванда расонда мешавад, метавонад барои муттаҳидшавии Калисои умумиҷаҳонӣ ибтидои муҳиме гардад, ки он боз метавонад овози ягона шавад. Вале то он даме, ки мо бо овозҳои зиёди худ якдигарро мекушем ва ҳамаи он касонеро, ки моро мешунаванд, гаранг мекунем, мо бо таълимоти Худованди мо Исои Масеҳба ҳаёти ҷаҳони атрофамон таъсир намерасонем.
Дар панҷ муҳорибаи асосие, ки дар давоми бист соли минбаъда Калисо ҷалб карда мешавад, иштирок карда, баъзе лаҳзаҳои муҳимро дар хотир гирифтан лозим меояд. Агар мо дар асосҳои мустаҳками имон истем, метавонем пуртаъсир мубориза барем.
1. Бедоршавӣ барои Калисои озод
Дар кори иҷрои Супориши Бузург бӯҳрон фаро расид. Моҳият на дар он аст, ки Калисо ба ин даъват итоат намекунад. Ин тамоман ин тавр нест. Вақте ки одамон имондор мешаванд ва барои бо дигарон бо ҳам дидани имони худ мераванд, бисёр вақт ба онҳо азоб кашидан лозим меояд. Барои ҳамин ҳам даъвати мо оддист: мо бояд ба фаҳмиши намунаи каломии азобҳо дар ҳаёти Калисо баргардем. Ин маънои онро дорад, ки мо бояд эътироф кунем: барои бисёр одамон бо овози баланд гуфтани он, ки онҳо Масеҳро қабул мекунанд, маънои онро дорад, ки онон ба ҳама чиз розӣ ҳастанд — аз поймолкунии ҳуқуқ то марг. Имрӯз дар ҷаҳон ин суханон нисбат ба миллионҳо имондорони масеҳӣ дурустанд.
Дастгирӣ кардани ҳар як ҷидду ҷаҳди хабар расондан дар бораи ҳақиқӣ будани азобу уқубатҳо ба он масеҳиёне, ки имрӯз озодона зиндагӣ мекунанд, муҳим аст. Воқеияти имрӯза — худи ҳамон азобҳост, ки ба дӯши Калисои барвақтӣ афтода буданд ва мо набояд аз ин ба ҳайрат афтем, зеро собиқаи каломӣ равшан аст. Чӣ тавре ки Павлус ба Тимотиюс гуфта буд: "На аз шаҳодат додан ба Худованди мо… ор дор, балки барои башорат ба ҳасби қуввати Худо уқубат бикаш" (2 Тим. 1:8).
Ба таъқибот бисёр вақт ҳамон масеҳиёне гирифтор мешаванд, ки ор накарда, шаҳодат медиҳанд. Дар мамлакатҳои дорои режими ҷазодиҳанда мавъизачиён барои ба ҳабсхона наафтодан ҷони худро ба хатар мемононанд, имондорони инҷилӣ маҷбур ҳастанд, ки аз рӯ ба рӯ шудан бо полис канораҷӯӣ намоянд ва навимононро бошад, "ҷинояткор" меноманд. Ба бародарони таъқибшаванда мадад расонда, мо кори Супориши Бузургро ҳифз мекунем ва ба пеш мебарем.
2. Дуо — ҷузъи муҳим
Аз масеҳии таъқибшаванда пурсед, ки бо чӣ ба вай мадад расонда метавонед, ҳатман чунин ҷавоб мешунавед: "Илтимос, барои мо дуо кунед". Имондорони Калисои таъқибшаванда қувваи дуоро хуб медонанд. Як бародари масеҳӣ ноодилона маҳкум шуда буд ва дар камераи яккасаи ҳабсхона дар Перу шаҳодат дод: "Ман бо дуои шумо зиндагӣ мекунам". Дигаре тасдиқ мекунад: "Мо танҳо барои он кори худро давом дода метавонем, ки шумо моро дар дуо дастгирӣ мекунед".
Мо Калисои таъқибшавандаро дастгирӣ мекунем ва ҳудудҳои нав ва ҳайратоварро дар муносибатҳои дуоӣ бо имондорони азияткаш ошкор менамоем. Калисои озод аз нав ҳақиқатро дар бораи он, ки масеҳиён ба Худо дуо мекунанд ва аз Ӯ бо дуоҳо ҷавоб медиҳад, дарк мекунанд. Мо дар Ғарб рӯҳбаландии тоза мегирем, вақте ки ба ҳомигиҳои беғаразонаи худ барои он касоне, ки барои имон ин қадар уқубат мекашанд, ҷавоб мегирем. Хурсандии духтури ҳолландиро ба худ тасаввур кунед, ки дар меҳнати дуоии миссияи "Дарҳои кушода" амал кардааст ва Худо вайро водор сохт, ки ба дӯсти қосиди худ доруҳо диҳад. Ин қосид Китоби Муқаддасро ба Аврупои Шарқӣ мебурд. Вақте ки қосид ба яке аз мамлакатҳои таъиншуда рафта расид, духтари бародаре, ки вайро қабул мекард, аллакай мурда истода буд, аммо қосиди мо дарёфт, ки вай худи ҳамон доруҳои камёфтро овардааст, ки ҳаёти духтарро наҷот доданд.
Воқеияти ҳаёти Калисои таъқибшаванда аз тарафи масеҳиёни тамоми ҷаҳон эътироф карда мешавад, ва ин далели равшани афзудани нуфузи рӯзи Байналхалқии дуо барои Калисои таъқибшаванда аст. Ин ташаббуси нек аз иқдоми гурӯҳи на чандон калони дуокунанда сар шуд ва акнун зиёда аз се ҳазор калисоҳоро дар саду сӣ мамлакат дар бар мегирад.
Калисои таъқибшаванда калисои дуокунанда мебошад. Дар Хитой дуокунандагон дар соати сеи шаб барои "ҷамъомади дуогии аввалини рӯз" аз хоб мехезанд. Ҳа, вақте ки шумо барои ин одамони аниқ дар дуоҳои худ дар назди Худованд мепурсед, ин ҷузъи ҳаяҷонбахш ва муҳими ҳамкории шумост. Шумо медонед, ки онҳо низ дар навбати худ барои шумо дуо мекунанд.
3. Хизматгузорӣ бо ҳузури шахсии худ
Ҳангоме ки масеҳиён дар дуо муттаҳид мешаванд, Худованд бисёриҳоро даъват мекунанд дуоҳоро ба назди он касоне "баранд", ки барояшон имондорон дуо мекунанд, ва шахсан бо аъзоёни Калисои таъқибшаванда вохӯранд. Имондорон танҳо ҳамон вақт метавонанд дилхоҳҳуҷум ва фишорро истодагарӣ кунанд, агар донанд, ки онҳоро фаромӯш накардаанд.
Хушбахтона, ташкилотҳо ва марказҳои машваратии байналхалқӣ мавҷуданд, ки барои алоқа кардан бо Калисоҳои таъқибшаванда мадад мерасонанд. Чунин ташкилотҳо бояд бештар бошанд. Бартарии технологияи навро дар соҳаи мубодилаи хабарҳо истифода бурда, мубодилаи хабарҳоро зиёд кардан ва имконияти ҳамкориро васеъ кардан мумкин аст.
Стратегияи асосии душман аз кӯшиши ҷудо кардани имондорон ва ба онҳо фишор овардан иборат аст. Алоқаҳои мо бо Калисоҳои таъқибшаванда ба душман имкон намедиҳанд, ки ин нақшаҳоро амалӣ гардонад ва ба имондорон имкон медиҳад, ки Хушхабарро ба тамоми минтақаҳои ҷаҳон бурда расонанд.
4. Бурда расондани Китоби Муқаддас
Дар худи ҳамон вақте ки масеҳиён амри Худоро дар бораи рафта"чарондани барраҳои Ӯ" иҷро мекунанд, онҳо боз ҳам нақши марказии Китоби Муқаддасро дар ҳаёти масеҳиён тасдиқ мекунанд. Дар Хитой ва Африка ба монанди тамоми ҷаҳон норасоии Китоби Муқаддас ва ба Каломи Худо эҳтиёҷи сахт доштани имондорони ҷудокардашуда ҳис мешавад. Аз Калисоҳо дар ҷаҳони озод исроркорона даъват карда мешавад, ки ин эҳтиёҷотро бинанд ва ба он ҷавоб диҳанд, то ки бо мадади Китоби Муқаддас ояндаи имондорони Калисои таъқибшаванда муҳофизат карда шавад.
Ин мадади дар принсипҳои каломӣ асосёфта инчунин онро мефаҳмонад, ки Калисои озод аз озодии худ суиистифода мекунад, агар онро барои сабук кардан ва озодкунии он касоне, ки дар ҳабсхонаҳо азоб мекашанд, истифода набарад. Мо бояд барои худ ақидаҳои аҳдиқадимии адолат ва росткориро аз нав барои худ кушоем ва эътироф кунем, ки мазамматҳои пайғамбарони қадима ба он, ки имрӯзҳо давлатҳо ва ҳокимияти гирифтори коррупсия ба халқи Худо чӣ тавр муносибат мекунанд, пурра истифодашаванда аст. Халқи Худо низ бояд ба ин даъвати тавбакунӣ ҷавоб диҳад. Гуноҳи қасдан хомӯш мондан, вақте ки тамоми ҷаҳон кӯшиш мекард уқубатҳои миллионҳо масеҳиёнро дар вақти режими советӣ нодида гирад, аллакай эътироф шудааст. Консепсияи ягонагӣ на танҳо калимае мегардад, ки маънои "созиш" ё "дурустрафтории сиёсӣ"-ро дорад, балки якдилии ҳақиқиро бо имондорони каломӣ дар тамоми ҷаҳон ифода мекунад.
5. Ғамхорӣ дар ҳаққи навимонон
Мо зарурати ғамхориро дар ҳаққи навимонон дар он ҷое, ки Инҷилро муқовимати сахт пешвоз мегирад, қайд мекунем. Дар айни замон мо қайд мекунем, ки эҳтиёҷ ба рӯҳонияти ҳаққонӣ ва роҳбарӣ дар Бадани Масеҳҳам дар ҷаҳони озод ва ҳам дар ҷаҳони ғайриозод ҳис карда мешавад. Навимонон аз сабаби норасоии дониш ва интизом ба гурӯҳи хатари зиёд дохил мешаванд. Онҳо барои ҳуҷумҳои душманони Инҷил ҳадафи дӯстдошта мебошанд.
Ба рӯйхат гирифтани имондорон кифоя нест. Хурсандӣ аз бедоршавии онҳо бояд бо ғамхорӣ ҳамвазн карда шавад, дар акси ҳол нархеро пардохтан лозим меояд, ки он бо миқдори зиёди ҳаёти навимонон баробар хоҳад буд. Дар баъзе мамлакатҳои мусулмонӣ ба масеҳият рӯ овардан маънои ба хатар андохтани ҳаёти худ дар ҳолати фош шудани имон оварданро дорад. Дар ин мамлакатҳо Инҷил бо муқовимати аз ҳама сахттарин дучор мешавад. Агар мо дар ҳақиқат дар бораи "таълим додани халқҳо" ғамхорӣ кунем ва ба он ҷидду ҷаҳд кунем, ки Калисо солим ва пурқувват гардад, ба мо лозим меояд, ки ғамхорӣ дар ҳаққи навимононро дар мадди аввал гузорем.
Иловаи 6
НАЗАРИЯИ XАНГИ БОАДОЛАТ
Аз маълумотҳои бародар Ҷон Реймонд (John Raymond) ва Рейли Финлейсон (Raleigh Finlayson)
Шубҳае нест, ки барои бисёр одамон муносибати масеҳиён ба ҷанг ҳамеша масъалаи баҳсталаб буд. Ҳангоми хотиррасон кардани ин масъала баъзе аз ҳарифони масеҳиён ба назарияи ҷанги боадолат такя мекунанд. Ин чӣ гуна назария аст ва он аз куҷо пайдо шудааст? Оё он ба ҷангҳои ҳозиразамон истифодашаванда аст? Ба тарафдорӣ ва муқобили назарияи ҷанги боадолат чӣ гуна далелҳоро пешниҳод кардан мумкин аст?
Пеш аз он, ки сӯҳбатро дар бораи назарияи ҷанги боадолат сар кунем, аниқ кардан лозим аст, ки дар зери калимаи ҷанг мо умуман чиро дар назар дорем. Дар зери калимаи ҷанг мо "мухолифати байни ду ва ё зиёда давлатҳои мустақил, ки дар он қувваҳои мусаллаҳиштирок мекунанд", дар назар дорем. Ин тасвияро бо диққат хонда, мо мебинем, ки ҷанг аз вазъиятҳои муноқишавӣ, ба монанди муноқишаҳои наздисарҳадӣ, фарқ мекунад. Дар ҷанг давлатҳои мустақили ба ҳамдигар мухолифаткунанда иштирок мекунанд, ин на задухӯрдҳои шаҳрвандӣ аст ва на бетартибиҳои дохилӣ. Як давлат бо давлати дигар ҷанг мекунад, на бо шахсияти аниқ ва на бо гурӯҳи одамони дар дохили давлат буда. Аммо истифодаи яроқ, масалан, манъ кардани савдо ё муҳосираро истисно намекунад. Ин тавсифномаи асосии ҷанг аст.
Қисми зиёди таърихчиёни калисо бо он розӣ мешаванд, ки муаллифи назарияи ҷанги боадолат Августини муқаддас мебошад. Ҳангоме ки кор ба худмуҳофизаткунии одами алоҳида дахл мекунад, аз рӯи тасдиқи Августин, куштани шахсе барои наҷот додани одам ё нигоҳдоштани моликияти вай ҳақ бароварда намешавад. Ин ақида ба мавқеи раҳмдилии масеҳӣ асос ёфтааст. Вале ҳангоме ки сухан дар бораи роҳбарони давлат меравад, онҳо бояд сулҳро нигоҳдоранд. Ин ӯҳдадорӣ ба онҳо ҳуқуқи сар кардани ҷангро медиҳад.
Консепсияи Августин дар чорчӯбаи назарияи ҷанги боадолат ба се принсипи асосӣ асос ёфтааст:
• сабаби одилона
• асоси қонунӣ барои сар кардани ҷанг
• мақсадҳои некбинона
Ин се принсипҳои ҷанги боадолат пурра дар асоси
Ҳуқуқи румӣ ба Августин шароитҳоеро пешниҳод кард, ки барои ҳал кардани масъалаҳои ҳокимияти қонунӣ дар ҷамъияти румӣ муқаррар шуда буданд. Ин сарчашмаҳо, ва низ шаҳодати шахсии Августин дар бораи ғораткунии Рум, вайро водор сохтанд, ки шароитҳои ахлоқан ҳаққониро барои
Ба ақидаи Августин, сабаби одалона бояд диққатро ба он шароитҳое, ки дар он ҷанги боадолат мегузарад, ба он ҳолатҳое ки истифодабарии қувваи марговар иҷозат дода шудааст ё зарур аст, ҷалб кунад. Вай ба хулосае омад, ки ҷанг ҳамчун мудофиа аз хатари беруна ҳаққонӣ аст: вақте ки барои ҳаёти бегуноҳе хатар пайдо мешавад, таҳдид барои ояндаи ҷамоа ё вайронкунии ҳуқуқҳои асосии инсон ба миён меояд. Мувофиқи шароитҳои он ҷанг дар он ҳолатҳо ҳақ бароварда мешавад, ки адолат муҳофизат карда мешавад, масалан ҷазо одилона амалӣ карда мешавад. Аммо Августин чунин меҳисобид, ки ҷанг ҳақ бароварда намешавад, вақте ки он ҳамчун асос барои қасосгирӣ ё барқарор кардани ҳукмронӣ истифода мешавад. Мувофиқи ҳолатҳои пешниҳодкардаи Августин, ҷанги боадолат бояд танҳо барои ба даст овардани сулҳбурда шавад ва воситаи охирини хирадмандонаи сиёсати давлати соҳибистиқлол бошад. Вай зимнан дар назар дошт, ки куштор аз нуқтаи назари ахлоқӣ бад аст ва қарорро дар бораи саршавии ҷанг танҳо баҳри пешгирӣ кардани аздастдиҳии минбаъдаи ҳаёти одамон қабул кардан мумкин аст.
Ғайр аз ин, Августин чунин меҳисобид, ки ҷанги боадолат ҷазо додани он шахси таҷовузкорро талаб мекунад, ки идеалҳои одилонаи мақбули умумро вайрон кардааст. Даҳаҳком, махсусан талаботи дӯст доштани ёри худро ба асос гирифта, Августин тасдиқ мекард, ки давлатҳои соҳибистиқлол дорои вазифаи ахлоқии мудофиа кардани шаҳрвандони худ ва ҷазо додани ташаббускорони зӯрии таҷовузкорона ва беадолатона ҳастанд. Зиёда аз он, дар принсипҳои Августин ақида оиди он, ки сабаби одилона барқарор кардани сулҳва тартибро талаб менамояд, ҷои муҳимро ишғол мекунад.
Нуқтаи сеюми асосӣ дар мавқеи Августин аз он иборат аст, ки ҷанги боадолат метавонад танҳо ҳамон вақт ҷоиз бошад, ки давлат ҳуқуқи қонунӣ ва сиёсии салоҳиятдори сар кардани ҷангро дошта бошанд. Мувофиқи меъёрҳои Августин дар чорчӯбаи
Дар ниҳоят, Августин дар навиштаҳои худ масъалаи мақсадҳои некӯкоронаро ба қадри ҳол пурра кушод. Ниятҳои нек ба мақсадҳои қонунии истифодаи қувваи марговар муносибат доранд. Аз рӯи гуфтаҳои Августин мо бояд барои ба даст овардани некӣ, ё ба он чиз ҷидду ҷаҳд намоем, ки муқобилат ба бадӣ ба воситаи ҷанг ҳисобида мешавад. Вай навишта буд: "Барои пайравони ҳақиқии Худо ҳатто ҷанг аз сулҳпур аст, зеро ҷангҳо на аз баҳри фоида ё бераҳмӣ, балки баҳри орзуи нигоҳдоштани сулҳ, муқобилият ба бадӣ ва мадад расондан ба некӣ бурда мешавад". Ин мақсадҳои қонунӣ, чун қоида, ба худмуҳофизаткунӣ ва муҳофизати одамони бегуноҳмансуб дониста шудааст. Августин чунин ақида дорад, ки ин меъёрҳо воситаҳои бераҳмонаи бурдани ҷангро манъ месозанд ва истифодаи қувваҳоро барои ба даст овардани назорат аз болои душман маҳкум мекунанд.
Ҷанги боадолат имкон медиҳад, ки шароитҳои назар ба пеш аз ҷанг мустаҳкамтари сулҳбарқарор карда шаванд. Августин тасдиқ мекард, ки бояд сулҳро бо он шарте ҷуст, ки он зарар нарасонад ва метавонад эҳтимолияти пайдошавии ҷанги навро кам кунад. Вай шоҳиди ғорат шудани Рум дар соли 410-и милодӣ буд, ки дар натиҷаи ин вай ба зӯрӣ ва хунрезӣ ба таври фавқулодда ҳассос гашт. Аммо дар бораи қувваҳои бад ва пурғурур ва ҳолатҳои табиии гунаҳкоронаи одам гуфта, Августин ин тавр қайд кардааст: "Мегӯянд, ки одамони оқил ҷангҳои боадолат мебаранд. Гӯё одам ба ҳар ҳол, дар бораи зарурати ҷангҳои одилона ғам намехӯрад, агар дар хотир дорад, ки вай одам аст. Гӯё агар ҷангҳо одилона намебуданд, вай ҷангҳоро намебурд ва тамоман аз ҳама гуна ҷангҳо халос буд. Зеро барои душман нохуб аст, ки инсони оқилро ба бурдани ҷанги одилона маҷбур кунад. Ва ин кори нохуб, ҳатто агар он ба ҷанг бурда нарасонад ҳам, дар одамон ғаму андӯҳро пайдо мекунонад, зеро ин зоҳиршавии бадии инсонӣ аст. Бигзор ҳар як шахсе, ки бо дард дар бораи ин бадии бузург, дар бораи ин ҳама даҳшатҳо ва бераҳмиҳо андеша мекунад, эътироф кунад, ки ин бадбахтӣ аст. Ва агар шахсе тавонад дар бораи онҳо бе дарди дил фикр кунад, ин боз бадбахтии бузургтарест, зеро чунин одам худро хушбахт мешуморад, чунки ҳиссиётҳои инсонии худро гум кардааст".
Дар ин порча Августин алоқаи байни се принсипи худро бо фикр дар бораи он нишон медиҳад, ки ҷанг ҳеҷ гоҳақли инсониро тарк намекунад ва Худо Рӯҳаст.
Тавре ки мебинем, Августин тартиби табиии чизҳоро ба асос гирифта, ҳуқуқи ҳукмрононро дар бораи эълон кардани ҷанг бо мақсадҳои нигоҳдоштани сулҳтасдиқ мекунад. Ҳаввории муқаддас Тумои Аквинӣ низ дар тартиби табиии чизҳо ҳақ будани ҷангро мебинад, вале вай ҷидду ҷаҳдро барои ба даст овардани некӯаҳволии халқ бештар қайд мекунад. Барои ҳақ баровардани назарияи ҷанги боадолат Навишта низ истифода мешавад. Тумо як тафсирро оиди мирисад иқтибос меорад, ки дар он гуфта мешавад: "Агар динӣ масеҳӣ дар ҷанг иштирок карданро тамоман манъ мекард, касе ки аз Инҷил маслиҳат мепурсад, мебоист яроқро ба як тараф мепартофт ва таври қатъӣ аз хизмати ҳарбӣ даст мекашид. <…> Аммо Яҳёи Таъмиддиҳанда ба ҷанговарон фармон дод, ки аз маоши худ розӣ бошанд, вале фармон надод, ки хизматро партоянд".
Тумо мегўяд, ки Павлус ба ҳокимон ҳуқуқ медиҳад, ки вайронкунандагони тартиботи дохилиро дар ҷамъият бо шамшер ҷазо диҳанд. Барои ҳамин онҳо вазифадоранд, ки яроқро инчунин ба муқобили душманони берунаи ватан истифода баранд. Тумо инчунин баъзе далелҳоро ба муқобили ҷанг пешниҳод мекунад. Далели аввал тасдиқ мекунад, ки Худо танҳо гуноҳкоронро ҷазо медиҳад. Бинобар ин, агар суханони Худовандро оиди он, ки касе шамшер ба даст гирад, аз шамшер мемирад, ҳамчун асос гирем, тамоми ҷангҳо бояд ғайриқонунӣ эълон карда шаванд. Тумо суханони Августинро иқтибос меорад: вай мефаҳмонад, ки дар суханони Худованд ба даст гирифтани шамшер бояд ҳамчун бе иҷозати ҳокимон истифода шудани яроқ фаҳмида шавад. Дар ҷанг бошад шамшер бо иҷозати ҳокимон ба даст гирифта мешавад.
Далели дуюм ба нишондоди Худо оиди ба бадӣ муқобилат накардан дахл дорад. Дар ин робита ба суханони Августин такя мекунанд, яъне чунин нишондодро бояд дар хотир нигоҳдошт ва дар амал истифода кард. Аз тарафи дигар, мегӯяд Тумо, баҳри манфиати умум ва манфиати он касоне, ки бо онҳо меҷангӣ, баъзан ба таври дигар амал кардан зарур аст. Августинро иқтибос оварда, Тумо қайд мекунад, ки баъзан одамонро бо сахтгирии меҳрубонона, ҳатто бар акси хости онҳо бояд ҷазо дод, то ки ба онҳо мадад расонем, ки аз гуноҳҳо халос хӯранд.
Ниҳоят далеле пешниҳод карда мешавад, ки дар он гуноҳба некукорӣ муқобил гузошта мешавад. Азбаски сулҳнекукорӣ асту ҷанг мафҳуми ба он муқобил, бинобар ин ҷанг бояд гуноҳбошад. Дар ҷавоб ба ин Тумо ақидаи Августинро такрор мекунад, ки мувофиқи он ҷанг бояд сулҳро биёрад. Барои ҳамин ҷанг бадӣ ва гуноҳнест.
Муаллифи муосир порчаеро иқтибос меорад, ки ҳангоме Иброҳим аз ҷанг ба муқобили чор подшоҳбо ғалаба бармегардад, Малкисодақ вайро баракат медиҳад. Ин порча ҳамчун намунаи он оварда шудааст, ки ҷанг ба "қонунҳои табиат" мувофиқат мекунад (ба Ҳастӣ 14:19–20 ниг.). Худо дар Аҳди Қадим "чӣ тавре ки аз Китоби Хуруҷ ва китобҳои минбаъда дида мешавад, маротибаҳои зиёд ҷангро фармон дод ё дуруст ҳисобид". Дар Аҳди Ҷадид Худованди мо мирисадро таъриф кард (ба Матто 8:10 ниг.). Худи Худованд ба муқобили он касоне, ки корҳои бад мекарданд, қувваи ҷисмониро истифода мекард (ба Юҳ. 2:15 ниг.). Мирисад Корнилюсро одами содиқи Худотарс меномиданд (ба Аъм. 10:2 ниг.). Павлус чунин ҷанговарон ба монанди Ҷидъўн, Бороқ ва Шимшӯнро ҳамд кардааст (ба Ибр. 22:32–34 ниг.). Ин ҳама порчаҳо ба сифати исботи он оварда шудаанд, ки Худо ба ҷанг пурра пуртоқатона муносибат мекунад.
Дар бораи қонунҳои табиӣ гап зада, Тумо дар бораи ҳуқуқҳои ҳам одами алоҳида ва ҳам давлати том муҳокима мекунад. Азбаски одам ҳуқуқ дорад худро аз таҷовузкории беадолатона муҳофизат кунад, давлат низ ҳамин гуна ҳуқуқ дорад. Одам метавонад адолатро ҷустуҷӯ ва товони зарарро талаб кунад, бинобар ин давлат низ метавонад қувваро ба кор барад, то халқи дигарро маҷбур намояд, ки зарари ба он расондаро диҳад. Ана, баъзе далелҳо, ҳарчанд на ҳамаи он далелҳо ба тарафдории ҷанги боадолат мебошанд.
Эътирозҳои асосӣ ба муқобили назарияи ҷанги боадолат аз се нуқта иборат мебошанд:
Аввалан, назарияи додашуда бо принсипҳои асосии масеҳӣ на аз нуқтаи назари каломӣ мувофиқат мекунад, на аз нуқтаи назари илоҳиёт.
Дуюм, ин назария тавсифномаи аниқ ва хислати умумии ҷанги муосирро ба назар намегирад, ки онро албатта ба назар гирифтан даркор аст, агар барои ба даст овардани муҳокимаҳои кофӣ оиди сабабҳои ахлоқии ҷанг кӯшиш кунем.
Сеюм, дар назарияи додашуда лаҳзаҳои аз ҳад зиёди номуайян ва нисбатан мухолиф дида мешавад, бинобар ин ҳайратовар нест, ки истифодаи он дар амал наметавонад ба натиҷаҳои дилхоҳоварда расонад.
Касоне ки ба муқобили ҷанг баромад мекунанд, хулосаҳои худро асосан ба таълимоти каломӣ, махсусан ба Аҳди Ҷадид рӯ оварда, месозанд. Далели асосии онҳо дар он асос меёбад, ки Исо мувофиқи принсипҳои ба бадӣ муқобилат накардан зиндагӣ мекард ва ҳамин принсипҳоро меомӯзонд. Павлус ва Калисои барвақтӣ ин анъанаро давом медоданд. Дар давраи Константин мавқеъҳои масеҳӣ беобрӯ карда шуданд, зеро Калисо бо давлат ҳаммонанд гардонда шуд. Аммо дар таърихи дертари Калисо намунаҳои фаъолияти пасифистонро* дидан мумкин аст. Нуқтаи назари дигар, ки аз ҷумла ақидаи Томас Мор, аз он иборат аст, ки ҷанги боадолат дар назария имконпазир аст, вале дар ҳаёти ҳақиқӣ ғайриимкон аст. Бисёриҳо назарияи ҷанги боадолатро дар шароити ҳозиразамон истифоданашаванда меҳисобанд.
Мо кӯшиш кардем, ки шарҳи умумии инкишофи назарияи ҷанги боадолатро бо баъзе далелҳои тарафдор ва зидди он нишон диҳем. Чӣ тавре ки мебинем, Августин асосгузори ин назария ҳисобида мешавад. Тумои Аквинӣ ва дигар муаллифони асри миёна дар ҳақ баровардани ин намуди ҷанг иштирок кардаанд. Дар худи ҳамин давр фаҳмишҳои истифодаи дурусти ҳокимият, сабабҳо ва мақсадҳои одилонаи эълон кардани ҷанг инкишоф ёфтанд. Франсиско Суарес ва Виктория дар асрҳои ХVI ва ХVII ба андозаи пурра назарияи ҷанги боадолатро кор карда баромаданд. Онҳо дар байни ҷангҳои таҷовузкор ва муҳофизаткунанда фарқият гузоштанд. Онҳо инчунин ду шартро ба ин назария илова карданд: ҷанг бояд воситаи аз ҳама охирин бошад ва дар ҷанг бояд усулҳои дурусти бурдани он истифода карда шавад. Худи ҳамон вақт гузаштан ба давраи муосири ҷангҳо бо таҳдиди несту нобудкунии умумӣ сар шуд. Принсипи дахлнопазирии аҳолии ғайринизомӣ дар назарияи ҷангҳои боадолат дар шароити ҳозиразамон саҳми хеле муҳим дорад. То ҳанӯз баҳсҳо дар бораи он, ки оё ин назария дар шароитҳои замони ҳозира истифодашаванда аст, давом дорад.
Аз рӯи масъалаи ҳақ баровардани ҷанг ақидаҳои аз ҳама гуногун баён карда мешаванд, то далелеро исбот кунанд, ки ҷангҳо ба хости Худо мухолифат намекунанд. Далели муҳим дар ин масъала ҳокимияти махсуси давлат, ки барои нигоҳдоштани тартиботи табиӣ ва некӯаҳолии халқи худ муқаррар шудаанд, мебошад. Ва ниҳоят, тарафдорони ин ақидаҳо ба таърих, таълимот ва амалияи Калисо муроҷиат мекунанд. Вале бо ин ҳама даъвати Исоро дар бораи дӯст доштани душманон фаромӯш набояд кард. Оё шумо метавонед душманони худро дӯст доред ва дар айни замон ба муқобили онҳо ҷанг кунед? [1]
Иловаи 7
МАЙКЛ БУРДО. САБАҚҲОИ ДАВРАИ СОВЕТӢ
Имони масеҳӣ дар риёзаткашӣ тавлид ёфтааст. Масеҳдар болои салиб ҷон дод, ва марги Ӯ Рамзи имон шуд. Инро ҳокимони румӣ, ки пай дар пай тарафдорони таълимоти масеҳиро дар давоми се асри масеҳият (то он даме, ки империя баъд аз имоноварии Константин масеҳӣ гашт) таъқиб мекарданд, хуб медонистанд.
Таъқибот дар замони Советҳо аз таъқибот дар империяи Рум каме фарқ мекарданд.
Онҳо мунтазамтар буданд
Соҳибони Кремл қарор доданд, ки дар Иттифоқи Советӣ тамоми нишонаҳои мавҷудияти имони масеҳиро решакан намоянд. Дар як вақт (дар солҳои 30-юм) тамоми калисоҳо дар мамлакат баста шуда буданд, худи биноҳои калисоҳо ё несту нобуд ё бештар барои истифода ба мақсадҳои нолоиқ — ба сифати анборҳои хоҷагии қишлоқ, клубҳо, кинотеатрҳо ва ҳатто ҳоҷатхонаҳо дода шуда буданд. Ниҳоят, ҳангоме, ки калисоҳоро боз ба имондорон баргардондан гирифтанд, биноҳо дар чунон ҳолати риққатовар буданд, ки амалан онҳоро барқарор кардан аз имкон берун буд.
Онҳо масоҳати бештареро фаро гирифтанд
Масоҳати Иттифоқи Советӣ аз рӯи андоза аз масоҳати империяи Рум калонтар буд. Ҳангоме ки дар охири Ҷанги Дуюми Ҷаҳон армияи Советӣ дар Европаи Шарқӣ ва Марказӣ режими коммунистиро барқарор кард, дар навбати аввал дар он ҷо калисоҳо гирифтори ҳуҷум мегаштанд.
Сафедкунии философии таъқибот қатъитар буд
Ҳеҷ гоҳдар таърихи инсоният кӯшишҳои дар ҷамъият решакан кардани дин ва барпо кардани системае, ки маркази он одам ҳамчун тақдирсози худ бошад, вуҷуд надошт. Агар таъқибкунандагони замони Нерон кӯшиш мекарданд амалҳои худро аз ҷиҳати философӣ ҳақ бароранд, онҳо чунин мефаҳмонданд, ки масеҳият рақиби император аст ва шаҳрвандони империяро аз имон ба худоҳои қадима дур мекунад.
Воситаҳои ҳангоми таъқибот истифодашаванда мукаммалтар буданд
Таъқибот дар ҷаҳони қадима он қадар ботартиб набуданд, дар ҳоле ки ҳангоми ҳокимияти советӣ онҳо хуб фикр кардашуда ва "ба маҷрои муайян даровардашуда" буданд. Масалан дар хонаи одамони гумонбаршуда воситаҳои гӯшкунӣ гузошта мешуданд, инчунин телефонҳои онҳо гӯш карда мешуданд. Бақайдгирии мошинаҳои хатнависӣ гузаронда мешуд, то ки гуноҳкорон дар чоп кардани маълумотҳои манъкардашуда, аз он ҷумла мазмуни динӣ дошта, муайян карда шаванд.
Мошинаи ташвиқотӣ аз халқ ҳақиқати таъқиботро пинҳон медошт
Гоҳо таъқибот ба таври хеле таъсирнок пинҳон дошта мешуданд. Роҳбарони калисоҳои таъқибшавандаро дар инкор кардани имон гуноҳкор мекарданд. "Онҳо партовҳои ҷамъият ва унсурҳои зиддисоветиянд… Онҳо азияткаш не, балки ҷикояткор ҳастанд, зеро дидаву дониста қонунро вайрон мекунанд". — чунин айбдоркуниҳо масалан ба адреси экуменистҳо садо медоданд ва ба маълумоти аъзоёни намояндагони калисоҳои ба СССР аз хориҷа сафаркунанда расонда мешуданд. Ин айбдоркуниҳо аз ҳад зиёд зуд-зуд бефикрона такрор карда мешуданд, гӯё дар онҳо ақаллан заррае ҳақиқат бошад.
Таҳкурсии системаи таъқибот атеизм буд
Масеҳиён дар Ғарб одатан ояндаро аз будаш беҳтар баҳо дода, умед мебастанд, ки ягон вақт коммунизм аз атеизм озод мешавад ва ҳамин тавр имкон медиҳад, ки ҷамъияти боадолат сохта шавад. Онҳо ҳеҷ гоҳба он далел аҳамият намедоданд, ки Ленин на танҳо дар маркази сиёсати худ атеизмро гузошта буд, балки дар худи ибтидои ҳукмронии худ ташаббускори таъқиботи бераҳмонаи масеҳиён буд.
Аз ҳама чизҳои дар боло гуфташуда хулосаи аҷибе баровардан мумкин аст. Таъқиботи масеҳиён ҳангоми ҳокимияти советӣ моҳиятан аз таъқиботе ки дар давраҳои империяи Рум буд, фарқ мекард. Онҳо мунтазамтар, мукаммалтар буданд ва масоҳати калонеро фаро гирифта буданд. Аммо кӯшишҳои несту нобуд кардани масеҳият дар ин ҳолат низ ба монанди замонаҳои империяи Рум барабас рафтанд. Агар шоир шикасти румиҳоро тасвир карда, навишта бошад: "Ту пирўз гаштӣ, эй ҷалилии рангпарида", пас барои тасвир кардани шикасти ҳалокатовари атеизми советӣ ибораҳои пурқувваттар даркор буданд. Ин мавзӯи тамомнашавандаест, ки метавонад таърихи масеҳияти асри ХХ-ро хеле бой гардонад.
Фикр мекунам, фаҳмост, ки аз ин давраи таърихи инсоният кадом сабақҳоро гирифтан мумкин аст. Мо намунаи онро ба даст овардаем, ки чӣ тавр дар шакли фигураи завол ёфтаистодаи одами советӣ — Homo sovieticus, ки дар харобаҳои шикасти ин ҷамъият пайдо шудааст, ҷамъият сохтан мумкин нест. Кӯшиши ин махлуқ барои назорат кардани тақдири худ — роҳи аз ҳама наздиктарин ба ҳалокатест, ки натиҷаҳои фалокатовари он боз ба даҳҳо ва ҳатто садҳо солҳои дароз таъсир хоҳад кард. Ҳаёти рӯҳоние, ки дар Россия вуҷуд дошт, ҳарчанд номукаммал ҳам бошад, ҳамин тавр ба худ дар нақши рӯҳонӣ ивазшавандае наёфт. Дар натиҷа чизе набуд, ки холигиро дар ҳолати маориф ва маданият пур кунад ва одамон на танҳо бе реша, балки бе дил инкишоф меёфтанд.
Таҷрибаи одами советӣ дар тарбияи одами типи нав бо шикаст ба анҷом расид. Аммо аз ин шикаст сабақи пурқимате гирифтан мумкин аст. Одамизод бе Худо зиндагӣ карда наметавонад. Арзиши кӯшиш ҳалокатовар буд, вале ин панд барои тамоми замонҳост: Худоро дар маркази тамоми корҳои инсонӣ гузоред.
Иловаи 8
САБАҚҲОЕ, КИ МИССИЯИ "ДАРҲОИ КУШОДА" АЗ ТАЪРИХИ ШИКАСТИ КОММУНИЗМ ГИРИФТААСТ
Аз лаҳзаи шикасти коммунизм дар Европаи Шарқӣ ва собиқ Идтиҳоди Шӯравӣ коркунони миссияи "Дарҳои кушода" ба ҳалли масъалае машғуланд, ки аз таърихи драматикии ин мамлакатҳо кадом сабақҳои ба Калисо алоқамандро гирифтан мумкин аст. Роҳбарони калисоҳои Хитой, Вйетнам ва Куба ба ин масъала мароқи зиёд зоҳир мекунанд — онҳо донистан мехоҳанд, ки вақте озодӣ фаро мерасад, бо Калисо чӣ ҳодиса рӯй медиҳад.
Сабақи 1. Озодӣ дар тамоми мамлакат яку якбора барқарор карда намешавад
Сарнагуншавии коммунизм ва кушода шудани сарҳадҳо маънои онро надорад, ки ҳамаи маҳдудиятҳои пештара ва таъқибот ба таври автоматӣ бас карда мешаванд. Барои он, ки режими коммунистӣ қатъиян ва дар ҳама ҷо барҳам хӯрад, моҳҳо ва ҳатто солҳои зиёд лозим аст. Ҳукумат дар пойтахт метавонад сиёсати навро пеш гирад, вале ҳокимиятҳо дар музофотҳо боз то якчанд муддат сиёсати пештараро дастгирӣ хоҳанд кард.
Сабақи 2. Озодӣ аксаран ба бӯҳрони ахлоқӣ оварда мерасонад
Ҳангоме ки сарҳадҳо кушода мешаванд, ба мамлакат ҳар кас хоҳад омада метавонад, аз он ҷумла нашркунандагон ва фурӯшандагони порнография, нашъаҷаллобон, шахсони ба мафия алоқаманд, сектантҳо ва ҳам дигару дигарон.
Дар мағозаҳои Европаи Шарқӣ китобҳои масеҳӣ ба пайдошавӣ фурсат наёфта, пештахтаҳо пур аз маҷаллаҳои "Плейбой" ва дигар нашриётҳои порнографӣ шуданд. Фоҳишагӣ амалияи ошкоро гардид. Тадқиқотҳои дар ибтидои соли 1993 дар Санкт-Петербург гузарондашуда нишон доданд, ки толибаҳои синни миёна ва калони мактабӣ чунин меҳисобанд, ки фоҳишагӣ дар Россия чун касаба аз рӯи нуфуз ҷои дуюмро мегирад.
Масеҳиёни ногаҳон озодиро ба даст оварда бо мафҳумҳои наве вомехӯранд, ки бисёр вақт онҳоро ба васваса меандозад. Манфиатпарастии ғарбӣ низ метавонад бисёрии ононро ба васваса дучор кунад. Роҳбарони калисоҳои пештар таъқибшаванда ба алоқаи бевосита ба Ғарб медароянд, барои онҳо роҳҳое кушода мешаванд, ки ба воситаи он чизҳоеро ба даст овардан мумкин аст, ки дар мамлакати онҳо арзиши бузурги моддӣ доранд. Талабот на танҳо ба Китоби Муқаддас ва адабиёти масеҳӣ зиёд аст, балки ба компютерҳо ва мошинҳои сабукрав. Дар натиҷа бисёр коркунони калисоҳо дар назди васвасаи бойшавӣ истодагарӣ карда натавонистаанд.
Сабақи 3. Доктринаҳои бардурӯғ ба ақлҳо ғолиб меоянд
Озодии пурраи динӣ низ ошуфтагӣ ва ҳарҷумарҷро дар зеҳни одамон ба амал меорад, ки ин ба иблис имкон медиҳад одамонро аз Масеҳрабояд.
Ҳаре Кришна, шоҳидони Иеҳова ва ҳама гуна қосидони дигар таълимотҳои бардурӯғ баъд аз шикасти пардаи оҳанин мамлакатҳои Европаи Шарқиро бо суръати ғайриоддӣ пур карданд. Баъд аз ҳафтоду ду соати афтиши девори Берлин шоҳидони Иеҳова ҳуҷуми аввалинро ба Берлини Шарқӣ сар карданд, то ки онҳоро ба имони худ дароранд.
Дар худи ҳамон вақт тарафдорони динҳои анъанавӣ, ки дар мамлакатҳои Европаи Шарқӣ бартарӣ доштанд, барои барқарор кардани таъсири аз даст рафтаи худ сар карданд. Ба Тошкент қосидони дини мусулмонӣ омаданд ва бо долларҳои аз нефт ба даст овардашуда аз нав масҷидҳо кушодан гирифтанд, имомҳоро тайёр карданд ва эълон карданд, ки Муҳаммад пайғамбар аст. Арабистони Саудӣ, Эрон ва Туркия мамлакатҳои асосии экспорткунандаи дини ислом ба мамлакатҳои Европаи Шарқӣ гаштанд. Арабистони Саудӣ ба сокинони Осиёи Миёнаи советӣ миллион нусха китоби Қуръон тӯҳфа кард. Дар ин қисми ҷаҳон ҳар ҳафта масҷиди нав кушода мешавад.
Сабақи 4. Вуҷуд надоштани ҳамкорӣ дар байни миссионерони ғарбӣ ба ҷудошавии калисоҳо бурда мерасонад
Банохост қариб ҳар як миссионери ғарбӣ хоҳиши ба Россия рафтан пайдо кард, "зеро Худованд моро даъват мекунад". Албатта, майдони нави фаъолияти миссионерӣ бисёриҳоро ба худ мекашад ва он далелро ба ҳисоб гирифтан лозим аст, ки акнун имконияти хеле хуби хизмат кардан ба одамоне ҳаст, ки пештар бо Инҷил шинос набуданд. Ва ба ҳар ҳол беихтиёр дар бораи мақсадҳои баъзе "миссионерон" фикр карда мемонӣ. Аҳволи камбағалонаи калисоҳо дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ барои бисёр калисоҳои ғарбӣ боиси ҷамъ кардани фондҳои бузурги молиявӣ гашт. Баъзан масеҳиён аз мамлакатҳои Европаи Шарқӣ бо одамони беэътимод дар Ғарб алоқа мебастанд ва бо бародарони имондори ин мамлакатҳо маслиҳат намекарданд.
Дар байни калисоҳои парокандаи протестантӣ ва махсусан ғайрипротестантӣ дар ҷаҳони ғарбӣ бисёр вақт хоҳиши якҷоя меҳнат кардан дар кори паҳнкунии Инҷил вуҷуд надорад. Мутаассифона, баъзе гурӯҳҳои инҷилӣ ва махсусан пантикостиҳои ғарбӣ ба ҷои он, ки ба мамлакатҳои озодшуда рӯҳбаландӣ ва таълимоти дурустро баранд, дар он ҷо ҳарҷумарҷ ва ҷудокунӣ барпо карданд.
Дар охири соли 1990 дар Руминия зиёда аз сесад гурӯҳҳои гуногун аз ғарб амал мекарданд. Миқдори зиёди онҳо ягон хел таҷрибаи корӣ дар ин мамлакат надоштанд ва ҳатто барои маслиҳат ба миссияҳое, ки дер боз дар Руминия кор мекарданд, рӯ наоварданд. Баъзе шубонони Руминия шикоят мекарданд, ки дар калисоҳои онҳо аз ҳашт рӯзи якшанбе ҳафттояш аз тарафи "миссионерони" ғарбӣ "мусодира карда" шудаанд, ки онҳо мехоҳанд барои мавъиза кардан аз минбари калисо имконият ба даст оранд ва ҳатто талаб мекунанд, ки иҷозат дода шавад.
Дар Булғория дар ҳаракати аллакай ҷудошудаи протестантии байни калисоҳо ҷудошавии минбаъда давом кард. Таълимот дар бораи гул-гулшукуфӣ ба имондорон ва калисо таъсири вайронкунанда ва ҷудокунанда расонд. Худи ҳамин ҳодиса дар Эстония ба амал омад.
Дар бораи таълимотҳои гуногуни масеҳӣ ҳатто тасаввуроти лозимиро надошта, неопротестантҳои ғарбӣ ба калисоҳои православӣ эътино намекарданд ва ба аҳволи онҳо механдиданд. Дар натиҷа ҷамоаҳои таҳҷоии протестантӣ аз оқибати чунин муносибати бемулоҳиза имрӯзҳо азоб мекашанд. Чунин ҳолат дар Сибир ва Булғория ба амал омад.
Баъзе (агар на бисёрӣ) миссияҳои ғарбӣ пул, имконияти саёҳат кардан ва гирифтани маълумотро истифода мебаранд, то дар калисоҳо дар Шарқ ҷой гиранд. Масеҳиёни аврупоӣ, ки маблағ, имконияти саёҳат кардан ва гирифтани маълумоти хуби фақеҳӣ надоранд, акнун ҳар як имкониятро истифода мебаранд, то ки ҷаҳонро бинанд ва дар коллеҷи ғарбӣ таҳсил кунанд, ва бисёр вақт андеша намекунанд, ки кадом таълимотро ба онҳо пешкаш мекунанд. Баъзе шубонон аз Руминия акнун дар ИМА аз ватани худ бештар вақт мегузаронанд. Ба масеҳиёни ғарбӣ ба таври автоматӣ ҳуқуқи мавъиза карданро додан мумкин нест. Аввал ё худи шубон ё агар мумкин бошад, гурӯҳи имондорон меҳмони омадаро бояд омӯзанд. Роҳнамоии Рӯҳулқудсро ҷустан даркор аст, вақте ки ба калисо меҳмононе меоянд, ки онҳоро масеҳиёни таҳҷоӣ намедонанд.Фаъолияти Шӯроҳои Машваратӣ, ки дар бисёр мамлакатҳо ташкил карда шудаанд, оиди мубодилаи ахбор ва васеъ кардани ҳамкориҳо дар байни миссионерони ғарбӣ хеле фоидабахш буд. Ин махсусан дар Албания дуруст ташкил карда шудааст. Дар Руминия ва Булғория кори ин шӯроҳо бемуваффақияттар буданд, асосан барои он, ки ба мамлакат омадани намояндагони ташкилотҳое, ки онҳоро даъват накардаанд ё кор карданро бо онҳо инкор мекунанд, давом дорад.
Сабақи 5. Бӯҳрони роҳбарони калисоҳо ба амал меояд
Дар бисёр деноминатсияҳо бӯҳрони чиддии роҳбарияти калисоҳо ба амал омад. Роҳбарони пешинаи калисоҳо, ки бисёр вақт аз тарафи органҳои махсус таъин ва назорат карда мешуданд, ивазкунандаи худро дар шахси роҳбарони бесозиш аз насли нави имондорон наёфтанд.
Дар мамлакатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мансабҳои роҳбарикунандаро дар калисоҳои православӣ ва баптистӣ чун пештара роҳбарони пешинаи ҳанӯз аз тарафи КБД таъиншуда ишғол мекунанд. Худи ҳамин ҳодиса дар Руминия ва Булғория шуда гузашта истодааст. Дар бисёр калисоҳои ин мамлакатҳо бедоршавии рӯҳонӣ нест ва аниқтараш, то даме, ки роҳбарияти пештара иваз карда нашавад, он ба амал намеояд.
Сабақи 6. Масеҳиён таъсири сиёсӣ надоранд
Эҳтимол, аз сабаби таҷрибаи нобарори ҳамкорӣ бо қувваҳои сиёсии пештара, роҳбарони масеҳии беобрӯшуда ва зӯран аз давлат ҷудо кардани калисо масеҳиён партияҳои демократии масеҳиро барпо накарданд, ки ба воситаи онҳо метавонистанд ба сиёсати мамлакатҳои худ таъсир расонанд. Ин имконият қариб дар тамоми мамлакатҳои Европаи Шарқӣ ва собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз даст дода шуд. Дар бисёр мамлакатҳо аз давраи ба даст овардани озодӣ Cарқонуни нав қабул карда шуд. Масеҳиён имкониятҳои бузурги дар ин ҳодиса ниҳон бударо аз даст доданд.
Шояд православиҳо дар ин кор нақши калоне бозида бошанд, зеро имондорон одат кардаанд, ки дар ин ё он дараҷа ҳокимияти мавҷударо қабул кунанд, дар натиҷаи ин набудани ташаббус ва номувофиқати амалҳои калисоро бо принсипҳои демократӣ дидан мумкин аст. Вале дар ин ҷо баъзе истисноҳо ҳастанд.
Дар Россия рӯҳонии православӣ ва собиқ маҳбус Глеб Якунин аъзои парламент аст. Дар Руминия шубони баптист Петр Дугулеску низ чунин ҳолатро ишғол мекунад.
Аз афташ, мусулмонон хеле осонтар ба сиёсат ҷалб карда мешаванд. Дар баъзе республикаҳои Осиёи Миёнаи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ онҳо аввалин шуда партияҳо ва гурӯҳҳои исломиро ташкил доданд.
Сабақи 7. Барҳам хўрдани коммунизм барқарор кардани озодиҳои диниро кафолат намедиҳад
Тағйиротҳо дар ҳайъати ҳукумат ба мӯътадилии вазъият оварда намерасонанд. Онҳо барои озодиҳои динӣ ҳеҷ гоҳкафолат намедиҳанд.
Дар мамлакатҳое, ки мо кор мекунем, таҳдидро аз ду ҷониб дидан мумкин аст: ин бунёдгароиии исломӣ ва худписандӣ аз тарафи калисоҳои анъанавӣ, масалан калисои православӣ. Таъсири дини ислом дар Узбекистон боиси баровардани қонунҳое гардид, ки фаъолияти инҷилӣ ва кори масеҳиро дар байни кӯдакон манъ мекунанд. Дар миқёси на он қадар калон калисоҳои протестантӣ ва католикӣ аллакай бо худсариҳои ҳукуматҳои православӣ дар Россия, Украина, Руминия ва Булғория вохӯрда буданд.
Сабақи 8. Пайдошавии миссияҳои таҳҷоӣ ва фароҳам омадани шароитҳои зиёд барои мавъизаи Инҷил
Пайдошавии миссияҳои таҳҷоӣ дар бисёр мамлакатҳое, ки дар гузашта маҳкам буда, озодиҳои динии маҳдуд доштанд, яке аз ҳодисаҳои мусбати солҳои охир мебошад. Акнун, вақте ки давлат дигар ба кори Калисо монеъ намешавад, имондорон аз имконияти мавъиза кардан ба ҷаҳони мурдаистода истифода бурданд.
Анита Дейнека (Anita Deyneka), эксперт дар соҳаи озодиҳои динӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), тасдиқ мекунад, ки дар давоми ин муддат дар он ҷо зиёда аз ҳазор миссияҳои таҳҷоӣ таъсис ёфт. Миссияи "Дарҳои кушода" дар он бора маълумот гирифт, ки баъзеи онҳо бо он гурӯҳҳои аҳолӣ кор мекунанд, ки пеш аз ин дар бораи Инҷил ҳатто нашунидаанд. Лоиҳаи "Самуил" дар чорчӯбаи миссияи "Дарҳои кушода", ки ба мамлакатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ овардани миллион нусха Китоби Муқаддаси бачагонаро таъмин кард, дар ҳамкории зич бо миссияҳои таҳҷоӣ, ки дар Россия, Сибир ва дар Украина таъсис ёфта буданд, амалӣ гардонда шуд.
Имрӯзҳо ба мо чунин менамояд, ки аз меҳмони ғарбӣ дида, русҳо, белорусҳо ва украинҳо ба аҳолии мамлакатҳои худ Хушхабарро пуртаъсиртар мавъиза мекунанд. Ғайр аз ин онҳо проблемаҳои забонӣ надоранд ва ҷидду ҷаҳди онҳо маблағгузории ками молиявиро талаб мекунад.
Калисоро барои сар кардани кори миссионерии худ даъват кардан мумкин аст. Мо бояд бо миссияҳои таҳҷоӣ муносибатҳои ҳамкориро барқарор кунем ва онҳоро бо бо адабиёт, таҷҳизоти чопкунӣ ва дигар мавод дастгирӣ кунем.
Озодие, ки дар бораи он масеҳиён ин қадар дуру дароз орзу мекарданд, ҳамаи мушкилоти Калисоро ба таври автоматӣ ҳал намекунад. Масъалаҳои наве пайдо мешаванд, ки ҳалли фавриро талаб мекунанд. Умуман барои Калисои пурқувват, солим ва инкишофёбанда озодӣ асосӣ нест. Ин аз ҳолате, ки калисоҳои Ғарбӣ ба он афтодаанд, аён аст. Миқдори масеҳиён дар бисёр мамлакатҳои озод кам мешаванд, дар ҳоле ки дар мамлакатҳои дорои режими ҷазодиҳанда ҳолати вазнини имондорон бисёр вақт ба инкишофи Калисо оварда мерасонад. Хитой намунаи хеле боварибахши ин аст.
Азбаски ғайр аз Албания дар ҳамаи малакатҳои Европаи Шарқӣ дар давоми даҳсолаҳо Калисои пурқуввати инҷилӣ амал мекард, мо дар миссияи "Дарҳои кушода" ба ин мамлакатҳои як вақтҳо маҳкам экспорт кардани таълимоти инҷилии худро зарур намеҳисобем. Калисо дар ин минтақа ба насли нави роҳбарон эҳтиёҷ дорад. Ин роҳбаронро дар мамлакатҳои худашон тарбия кардан авлотар аст.
Хеле муҳим аст, ки масеҳиёни Ғарб ба Европаи Шарқӣ бо муносибати дуруст ба кор биёянд. Мо набояд барои он равем, ки чӣ тавр кор ва зиндагӣ карданро ёд диҳем, балки мо бояд омодагии худро барои хизмат ба калисоҳои аллакай вуҷуддошта изҳор кунем. Дар он ҷое, ки имкон аст, бо калисоҳои таҳҷоӣ ҳамкорӣ карда, ба онҳо дар мавъиза кардан ёрӣ расондан лозим аст.
Исо асоси мо аст, "Сахрае", ки дар болои он Калисо бунёд карда шудааст. Некӯаҳволии рӯҳонии мо ба он вобаста нест, ки мо дар кадом мамлакат зиндагӣ мекунем — дар мамлакати озод ё маҳкам. Биёед нигоҳи худро на ба шароитҳои атроф, балки ба Ӯ равона кунем, ки Ӯ "роҳбар ва амалкунандаи имон" аст.
ПОЛ ЭСТЕБРУКС, ҶИМ КАННИНГЭМ
ИСТОДАГАРӢ ДАР ТӮФОН
Муқаддима
Масалҳо 10:25
1. Ояти (10:25)-ро аз Китоби Масалҳо бо суханони худ нақл намоед ва варианти худро нависед.
2. Барои чӣ баъзе масеҳиён фикр мекунанд, ки онҳо бояд ҳаёти осуда дошта бошанд?
3. Аз Инҷили Юҳанно ояти 16:33-ро хонед: "Дар ҷаҳон ғаму кулфат хоҳед дошт: Лекин далер бошед: Ман бар ҷаҳон ғолиб шудаам". Шумо ин оятро чӣ хел мефаҳмед?
Нома ба Эфсӯсиён 6:13-ро хонед: "Бинобар ин, зиреҳи куллии Худоро бигиред, то ки дар рӯзи бад муқобилат намуда ва ҳама корҳоро анҷом дода, истодагӣ карда тавонед" (аз тарафи мо хат кашида шудааст. — П. Э. Ҷ. К.).
Мо инчунин дигар суханони Исоро низ дар хотир дорем: "Пас, ҳар кӣ ин суханони Маро бишнавад ва онҳоро ба ҷо оварад, ӯро ба марди оқиле монанд мекунам, ки хонаи худро бар санг бино кард; Ва борон борида, селобҳо равон шуд, ва бодҳо вазида, ба он хона фишор овард; лекин он хона фурӯ нарафт, чунки бар санг бино шуда буд" (Мат. 7:24-25).
4. Сирри устувории масеҳиён дар дилхоҳ шароитҳо дар чист?
5. Дар бораи "тӯфонҳое" нақл кунед, ки шумо дар ҳаёт аз сар гузаронидаед.
Исо ба мо ваъда накарда буд, ки бодҳои тӯфонӣ бар рӯи мо намевазанд, вале бо вуҷуди ин Ӯ бовар мекунонад, ки хонаи бар санг бино кардашуда ба дилхоҳ тӯфон истодагарӣ карда метавонад. Дар зери маънии таҳкурсии устувор он дар назар дошта шудааст, ки мо на танҳо суханони Исоро гӯш мекунем, балки ба он итоат менамоем.Чунин итоаткорӣ ба Каломи Худо кафолати он мебошад, ки мо ҳатто дар шадидтарин таъқибот истодагарӣ карда метавонем. Мақсади курси мо ёфтани ҳақиқатҳои муҳими коломӣ мебошад, ки ба мо барои истодагарӣ дар дилхоҳ шароитҳо ёрӣ дода тавонад.
6. Панҷ сабақеро тавсиф диҳед, ки аз ҳама хуб ҳангоми бо таъқибот озмуда шудан аз худ карда мешаванд.
1)
2)
3)
4)
5)
"Худо моро дар ҳар андӯҳи мо тасалло медиҳад, то ки мо андӯҳгинонро дар ҳар андӯҳашон тасалло дода тавонем бо ҳамон тасаллое, ки худамон аз Худо меёбем. Зеро ба андозае, ки уқубатҳои Масеҳ дар мо зиёд мешавад, тасаллои мо низ ба воситаи Масеҳ меафзояд" (2 Қўр. 1:4-5).
7. Фаҳмонед, ки чӣ хел "уқубатҳои Масеҳ дар мо афзун мегарданд".
Ҳар як дарс дар дастури мо шаҳодати зиндаи масеҳиёни ҳамон Калисое мебошад, ки мо онро таъқибшаванда меномем. Онҳо таҷрибаи худро бо бародарону хоҳарони ҷаҳони озод, ки аз нуқтаи назари мо мунтазам озодиаш маҳдудтар мегардад, бо ҳам мебинанд. Мо чунин меҳисобем, ки дар шаҳодатдиҳиҳои онҳо тухми таҷдиди рӯҳонӣ барои ҳамаи масеҳиён ниҳон мебошад.
Навиштаҳо меомӯзанд, ки Худо ягона мақсадро пеш мегирад: Ӯ кӯшиш мекунад, ки моро бо тимсоли Писари Худ аз нав созад.
8. "Тимсоли Писари Ӯ" (ба Марқ. 10:45 ниг.) чӣ маъно дорад?
Рамзҳои аз ҳама машҳури масеҳият инҳоянд: салиб, моҳӣ ва кабӯтар, ки Рӯҳулқудсро ифода мекунад. Эҳтимол, рамзи на он қадар маълум, аммо муносибтарин сачоқ бошад, ҳамон сачоқе, ки Исо ҳангоми хизматгузории фурӯтанонаи Худ пойҳои шогирдонашро шуст ва бо он хушконид.
9. Шумо кадом хусусиятҳои мусбати хизматгор-ҷанговарро номбар карда метавонед?
Имон моро аз азобҳо раҳоӣ намедиҳад, вале он ҳамеша ба мо қувват медиҳад, ки дар азобҳо ғолиб оем.
10. Шумо ба шахси навимон чӣ тавр мефаҳмонед, ки имон чист?
Солҳои 1980-ум корманди миссияи "Дарҳои кушода" меҳмони яке аз шубонҳо дар Вйетнам-идеологи яке аз калисоҳои хонагии аз ҳама зуд афзуншаванда гардид. Ба вай маълум гашт, ки ҳокимон ба шубон таҳдиди ҳабс мекунанд. Шубон ба ҳамкори мо гуфт: "Ман медонам, ки дер ё зуд ин ба амал меояд. Ман одамони худамро ба он ҳолат, ки маро ба ҳабс гиранд, тайёр намудам. Ман ба ин тайёр ҳастам".
11. Чӣ гуна ҷавоби шубони вйетнамӣ се ҷиҳати тайёрии вайро ба ҷазо нишон медиҳад:
• ақлӣ
• амалӣ
• рӯҳонӣ
ҚИСМИ I
Салиб
Боби якум
НАXОТКОРИ БЕҲАМТОН МО
Ибр. 13:8
Се хусусияти хислати Исои Носириро номбар кунед, ки Ягонагии шахсияти Ӯро тасдиқ менамояд:
1)
2)
3)
Худи Ӯ гуфта буд, ки Ӯ ба ҷаҳон на барои он омада аст, ки ба Ӯ хизмат кунанд, ҳарчанд Ӯ ҳамчун Шоҳ, ба ин қудрати пурра ва мутлақо ҳуқуқ дошт. Балки баръакс, Ӯ барои он омадааст, ки хизматгор гардад (ба Фил. 2:7 ниг.).
Дар асоси китоби пайғамбар Ишаъё (52:13-52:12) панҷ хусусияти хислати Исои Носириро номбар кунед, ки мақоми ғуломии Ӯро тасдиқ менамояд.
1)
2)
3)
4)
5)
Ва ҳарчанд сурудҳо аз пешгӯиҳои Ишаъё бевосита хизматгори ҷафокаш — Исоро дар назар доранд, аз порча инчунин маълум мегардад, ки ҳамон принсипҳои итоаткорӣба иродаи Худо — қабули салиби худ ба ҳар арзише, ки бошад — ба шогирдони Исо қобили амал мебошад.
Дар матни Китоби Муқаддас дар бораи се навъи маслубкунӣ гуфта шудааст. Ҳар кадоми онҳоро фаҳмонда диҳед:
1. Ваҳй 17:14; 19:7-10; 5:6;
2. Ба Ғалотиён 2:19-20;
3. Ба Ғалотиён 6:14.
1. Азоб — мавзӯи асосии Инҷил. Бе маслубшавӣ эҳё буда наметавонад.
2. Худованд эҳёшавиро барои мову шумо ҳам дастрас гардонд. Вале эҳёшавӣ танҳо баъди салиб ба амал меояд.
Дар Нома ба Филиппиён (3:10-11) гуфта шудааст: "То ки Ӯро, ва қуввати эҳёи Ӯро, ва ширкати уқубатҳои Ӯро дарк намоям ва дар мамоти Ӯ ба Ӯ монанд шавам, ба умеди он, ки ба эҳёи мурдагон бирасам".
Маънои ин оятро ба шахси навимон фаҳмонед.
"Ва агар Масеҳ эҳё нашуда бошад, имони шумо бар абас аст: шумо ҳанӯз дар гуноҳҳои худ мебошед" (1 Қӯр. 15:17).
Агар Исо аз мурдагон эҳё нашуда бошад, барои чӣ имони мо бар абас аст?
Аҳамияти пурраи тимсоли хизматгори ҷафокашро аз боби 53 Китоби Пайғамбар Ишаъё танҳо баъд аз дарки маслубшавии Исо фаҳмидан мумкин аст, ба мисли он, ки дарави хурсандиоварро дар боби 54 танҳо баъд аз дарки тавлидшавии Калисо дар рӯзи Пантикост фаҳмидан мумкин аст. Ҳосили рӯҳонӣ ба ҳисси хурсандӣ монанд аст — ин ваъдаи инҷилӣ аст, ки мувофиқи он ба шарофати мавъизаи Инҷил Калисои умумиҷаҳонии Масеҳ ҷамъ мешавад (Патрик Ҷонстон).
"...Ба Ман тамоми қудрат дар осмон ва бар замин дода шудааст" (Матто 28:18). Барои шумо ин суханон чӣ маънӣ доранд?
Бародар Андрей мегӯяд: "Бо ин тасдиқот дар бораи соҳибқудратии Худ Исо барои мо майдони муҳорибаро муайян кард ва мақсадҳоро дар муноқишаи рӯҳонӣ барқарор намуд. Ӯ шогирдони Худро ба минтақаи душман мефиристод, то ки одамонеро талаб карда гирад, ки иблис бо ёрии гуноҳ онҳоро дар асорат нигоҳ медорад ва аз ҳудудҳои аз ҳама гуногунтарин — маданӣ, забонӣ ва ҳатто давлатӣ истифода мебарад".
Миссионери ҳинду Садҳу Сундар Сингҳ дар рӯзномаи худ навиштааст: "Барои Масеҳ мурдан осон аст. Вале зистан барои Ӯ душвор аст. Азобҳои пеш аз марг метавонанд як ё ду соат давом кунанд, вале барои Масеҳ зистан — маънои ҳар рӯз мурданро дорад".
Имондорон дар Америкаи Шимолӣ иқтибос оварданро аз Нома ба Румиён (8:28) дӯст медоранд: "Дар баробари ин мо медонем, ки ба дӯстдорони Худо, ки мувофиқи пешбинии Ӯ даъват шудаанд, ҳама чиз бар нафъашон ёрдам медиҳад". Имондорони хитоӣ иқтибос овардани ояти дигарро дӯст медоранд: "...Ба хотири Ту мо ҳар рӯз кушта мешавем, мисли гӯсфандони забҳ ба шумор меравем" (Рум. 8:36). Дар истифода нисбати таъқибот ва уқубатҳо фарқи асосӣ байни ин оятҳо аз чӣ иборат аст?
Саволҳо барои муҳокима:
1. Суруди хизматгори ҷафокашро ба асос гирифта, аҳамияти марг ва эҳёшавии Исоро чӣ хел мефаҳмонед?
2. Кадом суханони суруди хизматгори ҷафокаш ба шумо дар бахшиш ва муҳаббати Худованд боварӣ мебахшад?
3. Ин барои шумо чӣ маъно дорад? а) худро инкор кардан, б) ҳар рӯз салиби худро бардоштан ва в) Исоро пайравӣ кардан (ба Луқо 9:23 ниг.).
4. Чӣ хел мо метавонем ҳамеша аз қувваи Рӯҳулқудс илҳом гирем?
5. Чӣ гуна ҳокимияти Масеҳ ва ваъдаи Ӯ оиди бо мо будан ба итоаткории мо ва иҷрои супориши Охирини Ӯ таъсир мерасонад?
Хонед ва ба хотир гиред:
ШОҲИ МАН
Исои Масеҳ шахсияти бузургтаринест, ки ягон вақт дар ин ҷаҳон вуҷуд дошт.
Ӯ Писари Худост.
Ӯ Наҷоткори гунаҳкорон аст.
Ӯ ҳамдардӣ мекунад ва Ӯ наҷот медиҳад.
Ӯ муҳофизат мекунад ва Ӯ раҳнамун месозад.
Ӯ ба васвасашавандагон ва озмудашавандагон ёрӣ мерасонад.
Ӯ ба заифон қувват мебахшад.
Ӯ беморонро шифо медиҳад.
Ӯ мазлумонро муҳофизат менамояд.
Ӯ ҷавононро баракат медиҳад.
Ӯ дар бораи пирон ғамхорӣ менамояд.
Ӯ серғайратонро қадр мекунад.
Ӯ ҳалимонро рӯҳбаланд месозад.
Ӯ ганҷи хирад аст.
Ӯ роҳи наҷот аст.
Ӯ роҳи порсоӣ ва муқаддасӣ аст
Боби дуюм
ВАЗИФАИ БЕНАЗИРИ МО
1 Пет. 2:21
Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки масеҳиён аз азобҳо, ки ба дӯши ҳамаи одамон омаданаш мумкин аст, эмин карда нашудаанд; бар замми ин онҳоро лозим аст барои имонашон ба Масеҳ дучори таъқибот шаванд.
"Ва ҳамаи онҳое ки мехоҳанд парҳезкорона дар Исои Масеҳ зиндагӣ кунанд, ба таъқибот дучор хоҳанд шуд" (2 Тим. 3:12);
"Зеро ки шумо барои ҳамин даъват карда шудаед, чунки Масеҳ низ барои шумо уқубат кашида, барои шумо намунаи ибрат боқӣ гузошт, то ки аз пайи Ӯ равона шавед"(1 Пет. 2:21).
"Агар ҷаҳон аз шумо нафрат кунад, бидонед, ки пеш аз шумо аз ман нафрат кардааст" <...> "...чунки Фиристандаи Маро намешиносанд" (Юҳ. 15:18-21);
"...Ва ҳатто соате мерасад, ки ҳар кӣ шуморо бикушад, гумон кунад, ки хизмате ба Худо мекунад" (Юҳ. 16:2).
Шаш ақидаҳои бархатои паҳншудатарин аст? Фаҳмонед, ки барои чӣ шумо ин тавр фикр мекунед?
1)
2)
3)
4)
5)
6)
Аз нуқтаи назари шумо, кадоме аз ин ақидаҳои бархато аз ҳама паҳншудатарин аст? Фаҳмонед, ки барои чӣ шумо ин тавр фикр мекунед.
Дар Китоби Муқаддас камаш ҳафт сабаби он, ки барои чӣ Худо дар ҳаёти Халқи Худ ба азобҳо роҳ медиҳад, номбар карда шудааст. Ҳар як порчаи дар зер пешниҳодкардашударо хонед ва аҳамият ва маънои ин оятҳоро фаҳмонед:
1 Петрус 1:6-7; 5:10;
2 Қӯринтиён 12:7-10;
Ба Ибриён 12:3-10;
Ба Филиппиён 1:14;
1 Қӯринтиён 3:12;
Юҳанно 17:23 ва Аъмол 2:42-47;
Аъмол 8:1-4.
"Сирри устувории мо дар қабули хирадмандонаи таъқибот аст, на дар вуҷуд надоштани масъалаҳои ҳалталаб ва на дар гулгулшукуфӣ". Ҳафт қоидаро дар бораи азобҳо, ки мо дар Китоби Муқаддас меёбем, хонед ва фаҳмонед, ки барои чӣ шумо бо фикрҳои дар боло овардашуда розӣ ҳастед ё барои чӣ розӣ нестед.
Аз таҷрибаи шахсӣ намунаи онро биёред, ки чӣ тавр имондорон нисбат ба анъанаҳои мадании одамони атрофашон беназокатӣ зоҳир карда, ба сари худ таъқиботро овардаанд. Агар шумо ба онҳо се маслиҳат дода метавонистед, ба ин одамон чӣ мегуфтед?
1)
2)
3)
Дар порчаи дар зер овардашуда зери ибораҳое хат кашед (ё бо қалам дар доира гиред), ки барои шумо маънои фаҳмиши "фишор" ё "таъқибот"-ро мекушоянд. Вақте ки Павлус ба таъқибот дучор мешуд, чӣ кор мекард ва ба он чӣ тавр эътино менамуд?
"(Онҳо) хизматгузорони Масеҳ ҳастанд? Мисли касе ки ҳолати ҷунун дорад, мегӯям, ки ман боз ҳам бештар ҳастам: дар меҳнатҳо — бештар, дар зери зарбаҳо — аз андоза берун, дар зиндонҳо — бештар, дар чанголи аҷал — дафъаи бисёр. Панҷ маротиба аз дасти яҳудиён як кам чилтагӣ тозиёна хӯрдам; се бор маро калтаккорӣ карданд, як карат сангсор карданд, се карат киштии ман ғарқ шуда, шабу рӯзро дар қаъри баҳр гузарондам; Дафъаи бисёр дар сафарҳо будам, дар хатарҳои дарёҳо, дар хатарҳои роҳзанон, дар хатарҳо аз ҷониби қавми худ, дар хатарҳо аз ҷониби халқҳо, дар хатарҳо дар шаҳр, дар хатарҳо дар биёбон, дар хатарҳо дар баҳр, дар хатарҳо дар миёни бародарони козиб, дар меҳнат ва дар аҷз, аксар вақт бехоб, дар гуруснагӣ ва ташнагӣ, аксар вақт дар рӯзадорӣ, дар сармо ва дар бараҳнагӣ. Ғайр аз чизҳои дигар, шабу рӯз ғамхорӣ дар бораи ҳамаи калисоҳо бар зиммаи ман аст. Касе беҳол шавад, ман беҳол намешавам? Касе ба васваса афтад, ман намесӯзам? Агар фахр кардан лозим бошад, аз заъфи худ фахр мекунам. Худо ва Падари Худованди мо Исои Масеҳ, ки то абад муборак аст, медонад, ки дурӯғ намегӯям. Дар Димишқ волии подшоҳ Аретас шаҳри димишқиёнро посбонӣ мекард, то ки маро дастгирӣ намояд; ва маро аз тиреза дар сабаде аз болои қалъа фуроварданд ва ман аз дасти вай халос шудам. Агарчӣ фахр карданам фоида надорад, ба рӯъёҳо ва ваҳйҳои Худованд меоянд. Шахсеро дар Масеҳ мешиносам, ки чордаҳ сол пеш аз ин — оё дар ҷисм буд; намедонам; оё берун аз ҷисм буд, намедонам, Худо медонад, — то осмони сеюм бурда шуд. Ва ин шахсро мешиносам, — оё дар ҷисм буд, намедонам; оё берун аз ҷисм буд, намедонам, Худо медонад, — ки ба биҳишт бурда шуд ва суханони молокаломе шунид, ки ба одамизод ҷоиз нест онҳоро ифода намояд. Аз чунин шахс фахр хоҳам кард; лекин аз худам, ҷуз аз заъфҳоям фахр намекунам, зеро агар фахр кардан хоҳам, беақл намешавам, чунки рости гапро мегӯям; лекин худдорӣ мекунам, то касе дар ҳаққи ман аз он чи ки дар ман мебинад ё аз ман мешунавад, зиёдтар гумон накунад ва барои он ки ман ба сабаби фавқулоддагии ин ваҳйҳо худро баланд нагирам, неше дар ҷисми ман ҷой дода шудааст, яъне қосиди шайтон барои нихта задани ман, то ки худро баланд нагирам. Се маротиба ман ба Худованд тазаррӯъ намудам, ки онро аз ман дур кунад, вале ба ман гуфт: "Барои ту файзи Ман басанда аст, зеро ки қуввати Ман дар заъф комил мешавад". Ба ин сабаб ман бо рағбати бештар аз заъфҳои худ фахр менамоям, то ки қуввати Масеҳ дар ман сокин гардад. Бинобар ин ман аз заъфҳо, озорҳо, мӯҳтоҷиҳо, таъқиботҳо ва ситамҳое, ки ба хотири Масеҳ мебинам, дилшодам, зеро ки дар ҳолати заъф боқувватам" (2 Қӯр. 11:23-12:10).
Машқи нақшӣ:
Шумо имондоре ҳастед, ки дар муҳити душманона зиндагӣ мекунед. Ба кӯшишҳои шумо дар бораи зоҳир кардани муҳаббат ба атрофиён нигоҳ накарда, дар атрофи шумо одамони зиёде ҳастанд, ки барои имонатон, ки аз эътиқодҳои онҳо фарқ мекунад, аз шумо нафрат доранд. Ғайр аз ин, дар хонаи шумо ба таври пинҳонӣ имондорон барои ҷамъомади масеҳӣ ҷамъ мешаванд.
Боре пагоҳии барвақт ҳамсояҳо зада ба хонаи шумо медароянд. Баъд ходимони полис меоянд ва ҳар ду тарафро мешунаванд. Ходимони полис ба шумо пешниҳод мекунанд, ки ё ба участкаи полис равед (дар он ҷо, чуноне ки медонед, шуморо мезананд), ё ҳамсояҳоро ба суд диҳед.
Шумо чиро интихоб мекардед? Барои чӣ?
Cупоришҳои инфиродӣ:
1. Оятҳоро дар бораи таъқибот ва азобҳо, ки ба хотир оварда метавонед, аз ёд хонед.
2. Дар бораи қаҳрамонҳои каломӣ ва аксуламали онҳо ба таъқибот нақл кунед.
Саволҳо барои муҳокима:
1. Оё лозим аст, ки масеҳиён дар ҳаёт аз беимонони атроф бештар азоб кашанд?
2. Оё шумо ақидаҳои бархаторо оиди азобҳо дасгирӣ кардаед? Маҳз кадомҳояшро?
3. Дар бораи кадом ҷанбаҳои таълимоти каломӣ оиди азобҳо шумо пештар фикр накарда будед?
4. Чӣ гуна таълимоти каломӣ дар бораи азобҳо бо он гуфта мекунад, ки Худо моро дӯст медорад ва дар ҳаёти мо фақат он чиро роҳ медиҳад, ки ба манфиати мо бошад?
5. Чӣ гуна мометавонем масеҳиёнро дар минтақаҳои проблеманоки ҷаҳон дастгирӣ намоем, дар ҳоле ки онҳо азобҳои сахтро аз сар мегузаронанд? Мо аз онҳо чӣ омӯхта метавонем?
Боби сеюм
АКСУЛАМАЛ БА ТАЪҚИБОТ
1 Петрус 3:9
Мо бояд ҳама чиро бо миннатдорӣ қабул намоем, зеро ки дар он нақшаи Худованд аст, ки баҳри он Ӯ моро бо қувваи эҳёи Худ таъмин менамояд.
Як файласуфи хирадманд гуфта буд, ки ҳаёт аз бист фоизи амалҳо ва ҳаштод фоизи аксуламалҳо иборат мебошад. Китоби Муқаддас ба мо онро меомӯзонад, ки масеҳӣ чӣ хел бояд ба таъқибот ва азобҳои ҳақиқӣ эътино намояд. Ана баъзе ҷанбаҳои конкретии ин таълимот:
1. Ҳайрон нашавед! (1 Петрус 4:12-13)
2. Шодӣ кунед! (Матто 5:11-12)
3. Бо шукрона дуо кунед (Фил. 4:6). Инчунин барои таъқибгарони худ дуо кунед (Матто 5:44).
4. Сарчашмаи азобҳоро муайян намоед (1 Петрус 4:15-19).
5. Аз азобҳо шарм надоред (1 Петрус 4:16)
6. Ба азобҳо чунон эътино намоед, ки Масеҳ эътино мекард (Матто 5:38-48)
7. Ба Худо бовар кунед! (1 Петрус 4:19)
Агар имондорон фаҳманд, ки азобҳо баҳри Исо кори тамоман муқаррарӣ мебошад ва масеҳиёни тамоми ҷаҳон бо чунин вазъиятҳо вомехӯранд, онҳо дастгирии қавиро ба даст меоранд.
8. Устувор ва якдил бошед (1 Қӯр. 12:20-27)
Имондорон дар мамлакатҳое, ки ба таъқибот гирифтор намешаванд, одатан ба таъқибот бепарвоёна муносибат менамоянд. Ба фикри шумо барои чӣ имондорон дар ҷавоб ба ёдоваршавии таъқибот чунин мегӯянд:
1. "Дар мо ин тавр шуданаш мумкин нест"
2. "Таъқибот дар замони мо буда наметавонад"
3. "Худо ба ин роҳ намедиҳад"
4. "Мо барои дар ин бора фикр кардан вақт надорем"
Бисёриҳо чунин меҳисобанд, ки таъқибот ба таври васеъ имконнопазиранд, зеро "Сарқонун озодии виҷдонро кафолат медиҳад" ё "Дар мамлакати мо калисоҳо бениҳоят бисёранд".
Чор варианти аксуламали масеҳиёни тайёрнашударо ба таъқибот номбар намоед. Ҷавоби каломӣ ба ҳар яки ин аксуламалҳо чӣ гуна аст?
1)
2)
3)
4)
Рафтори сазовори мо дар зери фишори таъқибот пурра ба қувваи Масеҳ вобаста мебошад. Мо танҳо ба шарофати Ӯ устувор ҳастем.
Фаҳмонда диҳед, ки барои чӣ се варианти зерини аксуламали масеҳиёни ба таъқибот тайёрбуда ҳам каломӣ ва ҳам таърихӣ мебошанд.
1. Онҳо мегурехтанд (вақте медонистанд, ки ин хости Худост) (Аъм. 8:1-4)
2. Онҳо мемонданд ва истодагарӣ менамуданд (Заб. 42:1)
3. Онҳо аз ҳуқуқҳои қонунии худ истифода мебурданд (Аъм. 22)
Дар ҳар се вариантҳо лаҳзаи фавқулодда нозук ҷидду ҷаҳд ба адолат мебошад, махсусан нисбати дигар одамон. Ҳифзи адолат барои масеҳиён ба соҳаи даъвати онҳо дахл дорад. Имондороне, ки ба муқобили беадолатӣ мебароянд, дар хати пеши фронт буда, худро ба таъқибот дучор менамоянд.
Тавсияҳоро оиди ҷавоб ба таъқиботҳо, ки Комиссияи озодиҳои динии иттифоқи Умумиҷаҳонии Инҷилӣ тайёр кардааст, такрор намоед.
1. Аёдати калисои ҷабрдида аз тарафи роҳбарони дигар калисоҳо ва рӯҳбаландсозии шубон ва аъзоёни қатории он.
2. Тартиб додани санадҳо оиди қонунвайронкунии содиршуда ва дар бораи он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ хабар додан.
3. Расондани ёриҳои моддӣ ба зарардидагон.
4. Ба сатҳи ҳукуматӣ баровардани масъалаи ҳодисаҳои аниқи таъқиботи имондорон. Истифодаи системаи қонун ва фикри умум барои бартараф кардани чунин ҳодисаҳо дар оянда.
5. Расондани маълумотҳо ба шубонон ва аъзоёни қаторӣ дар бораи ҳуқуқҳои қонунии онҳо, ва хоҳиш оиди хабар расондан дар бораи ҳама гуна таъқибот.
6. Расондани маълумотҳо дар бораи он, ки дар доираи мавҷудаи озодиҳои динӣ чиро кардан мумкин аст ва чиро не.
Шумо ба ин тавсияҳо розӣ ҳастед ё не? Барои чӣ?
Ана панҷ варианти ҷавоб ба саволе, ки барои чӣ Худо дар ҳаёти мо ба таъқибот роҳ медиҳад:
1. Худо таъқиботро барои он истифода мекунад, ки моро роҳнамун созад (Масалҳо 20:30)
2. Худо таъқиботро барои он истифода мебарад, ки моро санҷад (Яъқуб 1:2-3)
3. Худо таъқиботро барои он истифода мебарад, ки моро ислоҳ намояд (Забур 118:71-72)
4. Худо таъқиботро барои он истифода мебарад, ки моро муҳофизат намояд (Ҳастӣ 50:20)
5. Худо таъқиботро барои он истифода мебарад, ки шуморо такмил диҳад (Рум. 5:3-5)
Моҳият дар он аст, ки Худо дар ҳаёти мо ҳатто дар он вақте амал менамояд, ки мо онро дарк намекунем. Вале амалҳои Ӯ пурсамартар мегарданд, агар мо бо Ӯ ҳамкорӣ намоем. Ин роҳ ба сӯи ғалаба мебошад!
Машқи нақшӣ:
Шумо дар малакати нисбатан озод зиндагӣ мекунед, вале масеҳиён қисми камро ташкил мекунанд. Ба сари қудрат моҷароҷӯёни зиддимасеҳӣ меоянд ва таҳдид менамоянд, ки ҷамоаи шуморо несту нобуд месозанд. Онҳо оҳиста-оҳиста моҷароҷӯёни таҳҷоиро ба иғво меандозанд, ки бинои калисо шуморо оташ зананд. Бар замми ин, ба масеҳиён дар ҷои кор фишор меоранд ва ҳатто аз кор озод менамоянд.
Шумо ба ин чӣ хел эътино менамоед? Шумо чӣ гуна вариантҳои амал доред? Чӣ кор кардан лозим аст, то ки ҳар як вариантҳо амалӣ гарданд?
Саволҳо барои муҳокима
1. Фактҳои дар дарси мазкур овардашуда метавoнанд шуморо рӯҳафтода созанд. Вале шумо ҳамчун масеҳӣ чӣ гуна ҳиссиётҳоро бояд аз сар гузаронед?
2. Шумо ба намунаи Масеҳ пайравӣ карда, чӣ гуна ба фишори сахт эътино менамоед?
3. Чӣ гуна азобҳои мо вафодории моро ба Масеҳ ва фаҳмиши онро, ки Ӯ барои мо азоб кашидааст, мустаҳкам месозад?
4. Оё масеҳиён метавонанд имони худро пинҳон доранд, то ки ҷои корро нигоҳ доранд, худ ва оилаашонро ҳифз намоянд?
5. Чӣ гуна баъзе масеҳиён ба сари худ таъқиботро меоранд? Шумо оиди ин мисолҳо доред?
6. Оё барои ҳифз кардани худ ва оилаи худ яроқро истифода бурдани масеҳӣ қобули қабул аст? Оиди ин масъала Китоби Муқаддас чӣ мегӯяд? Ин масъаларо бо гурӯҳ муҳокима кунед.
7. Оё Китоби Муқаддас байни қарзи шаҳрвандии имондорон ва ҷавобгарии шахсии вай дар гирифта гаштани яроқ ё даст кашидан аз яроқ тафриқа мегузорад? Ин масъаларо бо иқтибосҳо аз ҷойҳои аниқи Навиштаҳо муҳокима кунед.
ҚИСМИ II
Калисо
Боби чорум
КАЛИСО ЧИСТ?
Ба Қӯл. 1:18
Мувофиқи Номаи Якум ба Қӯринтиён (3:9; 12:13,27); Нома ба Ибриён (3:6); Ваҳйи ҳавворӣ Юҳаннои Фақеҳ (19:7-9; 21:2,9); Нома ба Эфсӯсиён (5:22-33); Инҷили Матто (16:13-18), калисо чист?
Калисо бино ва ё ташкилоти инсонӣ набуда, ягонагии рӯҳонӣ мебошад.
Кӣ метавонад ба Калисо тааллуқ дошта бошад? (Ба 1 Пет. 2:5,9; Ибр. 4:16 ниг.).
Кадом се талаботи асосиро, ки Китоби Муқаддас ба Калисо пешкаш менамояд, медонед?
1. Юҳанно 3:1-17 ва 2 Қӯринтиён 5:17;
2. 1 Петрус 2:5; 1 Қӯринтиён 12:12 ва Матто 18:20;
3. Эфсӯсиён 2:22 ва 1 Қӯринтиён 12:25-26.
Исои Масеҳ Калисои Худро вазифадор намуд, ки панҷ вазифаи асосиро ба ҷо орад. Мо бояд башорат диҳем (ба Матто 28:19 ниг.), шогирдонро тарбия намоем (ба Матто 28:20 ниг.), муҳаббати Худоро нишон дода, ба одамон хизмат намоем (ба Матто 22:39; ба Эфс. 4:12 ниг.), ба якдигар мушоракат намоем (ба Эфс. 2:19; ба Ғал. 6:10 ниг.), ва якҷоя Худоро ибодат намоем (ба Мат. 4:10; Юҳ. 4:23 ниг). Ҳеҷ кадоме аз ин вазифаҳо аввалиндараҷа набуда, ҳамаи онҳо якхела муҳим мебошанд.
Баъди он, ки шумо дар бораи панҷ вазифаи Калисо фаҳмидед, Рӯҳулқудс аз шумо чиро мехоҳад, то дар ҳар соҳаи зерин кор кунед ё чиро тағйир диҳед:
1. Башоратдиҳӣ
Агар мо дар ҳақиқат ба дарки он омадем, ки Масеҳ Худованд ва Наҷоткор мебошад, мо албатта мехоҳем, ки ин азсаргузаронии мӯъҷизаоварро бо он касоне, ки дӯст медорем, бо ҳам бинем.
Қадамҳои асосӣ дар ин самт:
Одамеро (одамонеро) номбар намоед, ки ба вай (ба онҳо) шумо фаъолона дар бораи Масеҳ башорат медиҳед.
2. Тарбияи шогирдон
Ҳамин ки касе аз наздикони мо назди Масеҳ меояд, мо бояд ба вай ёрӣ диҳем, ки дар Худованд камол ёбад.
Иқдомҳои воқеӣ дар ин самт:
Оё шумо дар айни замон шогирд доред?
3. Хизматгузорӣ ба одамон
Гоҳо сухани дастгирикунанда ё рӯҳбаландкунанда ё бигузор амали хурди неке дар он, ки бародар ё хоҳар ба муқобили ҳуҷумҳои душман истодагарӣ намуда метавонад ё не, омили ҳалкунанда мегардад.
Иқдомҳои воқеӣ дар ин самт:
4. Мушоракат бо якдигар
Барои масеҳиён хеле муҳим аст, ки вақтро якҷоя гузаронанд, таҷрибаи ҳаёти рӯҳонии худро бо ҳам бинанд ва якдигарро дастгирӣ намоянд.
Иқдомҳои воқеӣ дар ин самт:
5. Ибодати якҷоя
Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки имондорон бояд ба Худо ибодат намоянд, ва фаҳмонда мешавад, ки барои чӣ онҳо бояд ин корро кунанд. Вале он ҷо қариб ҳеҷ чиз гуфта нашудааст, ки маҳз чӣ хел бояд ибодат намоянд.
Иқдомҳои амалӣ дар ин самт:
Маҳдудиятҳо дар фаъолияти Калисо бояд ба пайдошавии усулҳои нави ибодат ва башоратдиҳӣ оварда расонанд. Усулҳои нави ибодатро, ки дар Навиштаҳо ё дар ҳолати аниқ ёфтан мумкин аст, номбар намоед.
Хусусиятҳои фарқкунандаи калисоҳои Ерусалим ва Қӯринтро аз Номаи Якум ба Қӯринтиён 6:1-8; Номаи Дуюм ба Қӯринтиён 8:6; 10-11; 9:15 номбар намоед.
Калисои Ерусалим Калисои Қӯринтус
Мушоракати имондорони аҳдиҷадидӣ дар рӯҳияи ошкорбаёнӣ, муҳаббат ва ғамхорӣ дар бораи якдигар мегузашт. Муносибатҳои байниҳамдигарии онҳо ба ҷамъомадҳо, ташкилотҳо ва фаъолиятҳо дар доираи барномаҳои муайян вобаста набуд. Онҳо борҳои якдигарро бардошта, яке баҳри дигар дуо карда, ба якдигар ёрӣ мерасонданд. Чунин муносибатҳо бо вуҷуди ҳамаи монеаҳое, ки ҳокимияти Рум ба масеҳиён мегузошт, инкишоф меёфт.
Барои он ки моҳият, вазифа ва шаклҳои Калисоро фаҳмем, биёед дар бораи раванди моҳидорӣ фикр мекунем.
Моҳияти моҳидорӣ дар таъмин намудани шароитҳои камтарини зарурӣ барои шикор аст. Барои ин қонеъ намудани ду талабот лозим аст: моҳигир даркор аст, ки моҳӣ гирад ва моҳӣ даркор аст. Бе моҳӣ моҳигирӣ намешавад, фақат моҳигир ва об даркор аст!
Вазифаи сайди моҳӣ дар иҷрои мақсади он аст: доштани моҳӣ.
Шаклҳои шикори моҳӣ метавонанд гуногун бошанд, вале онҳо бояд мақсад ва вазифаи асосии худро иҷро намоянд. Ин метавонад моҳидорӣ бо шаст, бо ходаи чангакдор, бо ёрии тӯр ва динамит бошад. Ҳоло дар бораи усулҳои қонунии шикор намегӯем, вале фақат дар бораи имкониятҳои шартӣ мегӯем, ки оё шакл вазифаро иҷро мекунад ва моҳиятро амалӣ мегардонад?
Ҳамин принсипҳои таҳлили ҳолат ба моҳият, вазифаҳо ва шаклҳои кори Калисоҳо истифодашаванда мебошанд.
Моҳияти Калисо дар шароитҳои камтаринест, ки барои мавҷудияти он заруранд: имондороне заруранд, ки бо номи Исои Масеҳ ҷамъ мешаванд.
Вазифаҳои Калисо хусусияти панҷгона доранд: инҳо башоратдиҳӣ (ба Матто 28:19 ниг.), тарбияи шогирдон (ба Матто 28:20 ниг.), муҳаббати Худоро нишон дода, ба одамон хизмат кардан (ба Матто 22:39; ба Эфс.4:12 ниг.), мушоракат бо якдигар (ба Эфс. 2:19; ба Ғал. 6:10 ниг.), ва ибодати якҷоя (ба Матто 4:10; Юҳ. 4:23 ниг.) мебошанд.
Шаклҳои фаъолияти Калисоҳо метавонанд гуногун бошанд — ҷамъомадҳо метавонанд дар бино, дар саҳро ё хона гузаранд; рӯзҳои якшанбе, шанбе ё бегоҳии душанбе гузаранд. Ҳозир мо дар бораи анъанаҳо намегӯем, балки танҳо дар бораи принсипҳо мегӯем, ки оё ин шаклҳо вазифаи асосии Калисоҳоро ба ҷо меоранд ва оё моҳияти онро амалӣ мегардонанд?
Моҳият, вазифа ва шакли кори Калисоятонро тавсиф диҳед.
Моҳият
Вазифа
Шаклҳо
Тавсифномаи Калисои ғалабаоварро, ки роҳбарони калисоии Осиё пешкаш кардаанд, ба хотир оред. Ҳар як хусусиятро дар ҳамон тартибе, ки ин сифатҳо дар Калисои шумо зоҳир мегарданд, бо рақамҳои аз 1 то 10 қайд кунед, аз сифати аз ҳама пурзӯри калисо сар карда то сифатҳое ки ба инкишофи минбаъда эҳтиёҷ доранд.
Калисо ҳар рӯз қувваи Рӯҳулқудсро дарк менамояд.
Калисо дар мушоракат бо Бадани Масеҳ зиндагӣ мекунад.
Калисо Китоби Муқаддасро медонад ва метавонад онро истифода барад.
Калисо ба башоратдиҳӣ ба таври ҷиддӣ муносибат мекунад.
Калисо ба кори хизматгузорӣ ва эҳтиёҷоти ҷамъият вафодор аст.
Калисо бояд аз назорати беруна ва ҳукмронӣ аз болои он озод бошад.
Калисо тарафҳои пурзӯр ва заифи қувваҳои мухолифони худро медонад.
Калисои ҷасур, ки ҳатто дар ҳолати таъқибот башорат медиҳад.
Калисое, ки дар он аъзоёни қаторӣ ва коҳинон бори хизматгузориро баробар ба дӯши худ доранд.
Калисои дуокунанда!
Машқи нақшӣ:
Оё калисои хурдакаки аз тарафи ҳокимон эътирофнашуда метавонист аз ӯҳдаи проблемаҳои зерин хубтар барояд?
Баъди ду моҳи он, ки Вйетнами ҷанубиро коммунистон забт намуданд, як масеҳӣ бо дасти худ навишта буд: "Ба хизматгузории мо одамони нав пайдо шуданд, ва онҳо моро водор месозанд, ки бисёр чизҳоро муҳокима намоем. Дар ҳақиқат мо аз ибодат дида бештар чун дар ҷамъомадҳои сиёсӣ муҳокимаронӣ менамоем. Одатан, вақте ки ба назди мо одамони нав меоянд, хурсанд мешавем, аммо дар ин ҳолат мо бо ҳуҷуми бегона ба ҳаёти ҷамоати мо сару кор дорем". Шумо ба ҷои қавми ин Калисо чӣ кор мекардед?
Дар Хитой давлат аввал ба Калисо рухсат дод, ки дар назди умум хизматгузориҳо гузаронад, вале баъдтар биноҳои калисоиро кашида гирифтанд. Онҳоро ба сифати беморхонаҳо, поликлиникаҳо, хонаҳои кӯдакон ва мактаб истифода бурданд. Шумо чӣ андеша доред, масеҳиёни ин муассисаҳо чӣ хел бояд эътино мекарданд?
Дар Куба ҳокимияти Фидел Кастро ба якчанд калисоҳо рухсат дод, ки амал намоянд, вале шумораи аъзоёни калисо дар онҳо аз андозае зиёд буд, ки толорҳо ҷой дода наметавонистанд. Ба масеҳиён рухсат дода намешуд, ки биноҳои калони калисо созанд, ё хизматгузориҳоро берун аз калисо гузаронанд, ва зиёда аз ин, дар хонаҳо. Агарчи ҳамаи аъзоёни калисо тайёр буд, ки тамоми хизматгузорӣ рост истанд (то ки ҷойҳоро сарфа намоянд), бисёрии онҳо ба дарун даромада наметавонистанд ва маҷбур мешуданд, ки ба хонаҳояшон баргарданд. Дар чунин ҳолат чӣ кор кардан даркор аст?
Дар баъзе мамлакатҳои мусулмонӣ масеҳиёни муҳоҷирро таҳаммул мекунанд, вале имондорони таҳҷоӣ қудрат надоранд, ки дар бораи имони худ ошкоро сухан гӯянд. Оё чунин имондорони "махфӣ"-ро масеҳиёни ҳақиқӣ номидан мумкин аст? Оё онҳо метавонанд, ки вазифаҳои ба Калисо хосро ба ҷо оранд? Онҳо бояд чӣ кор кунанд, бо кӣ ва чӣ тавр ибодат намоянд?
Ҳокимияти ба масеҳият душманӣ дошта бисёр вақт кӯшиш менамояд, ки имондоронро пароканда намояд, то ки таъсири онҳоро суст гардонад. Ба монанди Кампучия, ки тамоми аҳолиро маҷбуран ба ҷойҳои нави иcтиқоматӣ кӯчониданд. Дар Вйетнам дигар усули кор интихоб шуда буд — андозҳо то он даме зиёд карда шуданд, ки касодии молиявӣ оиларо фаро гирад, баъд ҳукумат онҳоро ба ҷойҳои дигар мекӯчонд. Дар собиқ Иттифоқи Cоветӣ он қадар масеҳиёни бисёр ба Сибир равон карда шуда буд, ки он ба яке аз минтақаҳои аз ҳама масеҳигардондашудаи мамлакат бо мавъизаи фаъолонаи Инҷил мубаддал гардид. Агар шуморо аз рӯи мулоҳизаи иқтисодӣ бо оилаатон маҷбур созанд, ки ба ноҳияи дигаре кӯчед, ки дар он ҷо ягон имондорро намедонед, чӣ кор мекунед?
Саволҳо барои муҳокима:
1. Масеҳиён нисбати якдигар бояд чӣ гуна масъулиятҳоро дошта бошанд?
2. Як роҳбари калисоӣ башоратдиҳиро ба тариқи зайл муайян намуд: "Ин бояд чунон мавъизаи фаҳмо ва бесозиш бошад, ки шунаванда ё Масеҳро қабул кунад ё Ӯро инкор намояд". Оё шумо бо чунин тавсиф розӣ ҳастед? Оё оилаи шумо Инҷилро шунидааст?
3. Чӣ хел ба таври беҳтар бародарони масеҳиро водор созем, ки ба атрофиён хубтар башорат диҳанд?
4. Дар ҷамъияте, ки хушхабаррасонӣ манъ карда шудааст, чӣ хел башорат диҳем? Агар адабиёти рӯҳонӣ надошта бошед, инро чӣ тавр бояд иҷро кард?
5. Бартарӣ ва камбудиҳои ёрии молиявии аз тарафи дигар масеҳиён гирифтаатонро муҳокима намоед.
6. Барои гурӯҳи шумо чӣ гуна сохти роҳбарикунанда лозим аст ва барои иҷрои хизматгузории роҳбарикунанда одами дорои чӣ гуна хислатҳо зарур аст?
7. Вазъиятҳои дар боло овардашударо, ки бо онҳо масеҳиён дучор мешаванд, бо нақшҳо иҷро намоед.
8. Даҳ хусусиятҳои Калисои ғалабаоварро, ки роҳбарони калисоии Осиё пешкаш намудаанд, муҳокима намоед. Шумо бо онҳо розӣ ҳастед? Мехоҳед, ки ба он ягон чиз илова намоед?
Боби панxум
ХУДО НАМЕГУЗОРАД, КИ ӮРО МАСХАРА КУНАНД
Эфс. 1:22-23
Тарафҳои пурзӯр (+) ва заифи (–) шаклҳои зерини муносибатҳои байниҳамдигарии калисоҳои маҳаллӣ ва ҳокимонро номбар намоед:
1. Калисое, ки бо тартибот ҳамзистӣ дорад (масалан, калисоҳо дар Хитой)
(+) (–)
2. Калисои эътирозкунанда (мас. калисо дар Эфиопия, Полша, собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, Мянма (собиқ Бирма) ва Колумбия)
(+) (–)
3. Калисои пинҳонӣ (мас. хонагӣ, ячейкагӣ ва калисоҳои оилавӣ дар Хитой)
(+) (–)
4. Озодии қалбакии калисоҳо ва таҳдидҳо ба он (мас. Дар Непал).
(+) (–)
Моро лозим аст, ки хеле эҳтиёткор бошем ва дигар имондоронро танҳо ба он хотир инкор накунем, ки онҳо ба Худованд ба монанди мо хизмат намекунанд.
Ин одамон ба таъқиботҳо чӣ гуна эътино кардаанд?
Самуил (ба 1 Подш. 16:1-5 ниг);
Илиёс (ба 3 Подш. 17:1,3 ниг.);
Эстер (ба Эстер. 7:1-4 ниг.);
Дониёл (ба Дон. 3 ва 6 ниг.);
Исо (ба Юҳ. 8:59; 11:54 ниг.);
Петрус ва Юҳанно (ба Аъм. 4:18-20 ниг.);
Павлус (ба Аъм. 9:23-30; 13:10-11; 16:22-24, 1 Қӯр. 9:22 ниг.);
Калисои бармаҳал ба таъқиботҳо чӣ хел эътино мекард? (ба Ибр. 11 ниг.)
Ин намунаҳои каломии аксуламал ба шароитҳои душманона ўҳдабароии мутлақи Калисо ва имондорони алоҳидаро нишон медиҳад.
Аз мақоми расмиашон маҳрум сохтани калисоҳо дар мамлакатҳое, ки озодии маҳдуд доранд ё чунин озодиҳо надоранд, чӣ гуна амалан омили озодшавии онҳо мегарданд?
Машқи нақшӣ:
Шумо шубони ҷамъомади на чандон калон дар қишлоқ мебошед. Боре ба назди шумо сардори дастаи шӯришгарон меояд. Ӯ ба шумо таҳдид менамояд ва талаб мекунад, ки фаъолияти диниатонро бас кунед, вагарна, хонаи шуморо (он ҷое, ки шумо зиндагӣ мекунед ва дар он ҷо имондорон ҷамъ мешаванд) месӯзонанд. Шумо чӣ кор мекунед? Аъзоёни ҷамъомади шумо чӣ кор мекунанд?
Саволҳо барои муҳокима:
1. Аз чор тактикаи пешниҳодшудаи калисои маҳаллӣ роҳбарони машҳури масеҳӣ амалан метавонанд танҳо сетоашро интихоб намоянд. Барои чӣ?
2. Интихоби тантикаи рафтори имондорон дар намунаҳои каломӣ дар чӣ маҳдуд мегардад (ба Аъм. 15:29 ниг.)? Имондорон ба худ чӣ гуна маҳдудиятҳоро мегузоранд, ки шумо шоҳиди он гаштаед?
3. Барои чӣ дарк кардан муҳим аст, ки имондорони дигар метавонанд на ба монанди мо рафтор намоянд ва ҳар ду тараф ҳам метавонад ҳақ бошад?
4. Қоидаи зеринро, ки як гурӯҳи масеҳӣ дар Хитой қабул кардааст, муҳокима намоед: "Ҳамаи бародаронро дар Масеҳ дӯст доред, вале ба ҳамонҳое бовар кунед, ки аз озмоишҳо гузаштаанд".
5. Агар мо дар пеши назари атрофиён аз озмоиши имон нагузашта бошем, бояд чӣ тавр рафтор намоем? Петрус баъди Масеҳро инкор карданаш чӣ кор кард? (ба Матто 26:69-75 ниг.). Оё баъди инкоркуниаш вай масеҳии ҳақиқӣ монд ё не?
Супориши инфиродӣ:
Аз ҳар як аъзои гурӯҳи Калисо хоҳиш кунед, ки ангораеро (схема), ки гурӯҳи вайро тавсиф медиҳад, пур кунад.
Тарафҳои пурқувват ва заифи ҳар як гурӯҳро муҳокима намоед, ва дида бароед, ки чӣ тавр онҳо ба имкониятҳо ва таҳдидҳои нисбати гурӯҳҳо вуҷуддошта мувофиқат менамоянд?
Боби шашум
КАЛИСОИ ЗИНДА
Ба Филем. 1:1-2
Бародар Андрей, "қочоқчии" машҳури Худо, мегӯяд, ки фақат ду намуди роҳбарони калисоро дидааст, — он касоне, ки мегӯянд: "Дар ин ҷо чунин буда наметавонад", ва касоне, ки мегӯянд: "Мо пештар фикр мекардем, ки дар ин ҷо чунин буда наметавонад".
Нақш ва масъулияти калисои расман эътирофшуда дар ҷамъияти озод чӣ гуна аст?
Маросимҳои ақди никоҳ, дафн ва таъмид дар ҷамъияти озод ва ҷамъияте, ки имкониятҳо барои масеҳиён маҳдуд карда шудаанд, чӣ гуна метавонанд дар кори башоратдиҳӣ истифода бурда шаванд?
Маросими ақди никоҳ
Маросими дафн
Таъмид
Калисои бармаҳал фақат бо калисоҳои хонагӣ маҳдуд намешуд. Имондорон ба маъбадҳо, ибодатгоҳҳо, толорҳои ҷамъомадгузаронӣ, форумҳои кушода мерафтанд, дар соҳилҳои дарё ва киштиҳо ва дар дигар ҷойҳо вомехӯрданд. Дарки он чиз рӯҳбаланд месозад, ки ҳамаи панҷ вазифаи Калисоро дар калисои на чандон калони хонагӣ ҳам ба ҷо овардан мумкин аст, дар бисёр мамлакатҳои дорои тартиботи ҷазодиҳанда бошад ин вазифаҳо танҳо дар хонаҳои хусусӣ имконпазир аст. Аҳди Ҷадид махсусан диққати моро ба панҷ "калисои хонагӣ" ҷалб менамояд, ҳарчанд тамоман равшан аст, ки онҳо аз ин ҳам бештар буданд (ба Рум. 16:3-5, 23; 1 Қӯр. 16:19; Қӯл. 4:15; Филем. 1:2 ниг.).
Бартарӣ ва норасоиҳои калисоҳои хонагиро номбар кунед:
Бартарӣ
Норасоӣ
Калисо чӣ дар шароитҳои душвор ва чӣ дар шароитҳои мусоид бояд солим бошад. Калисо метавонад танҳо ҳамон вақте солим бошад, ки ҳамаи вазифаҳои худро иҷро намояд, чуноне ки онро Калисои бармаҳал дар замонҳои аҳдиҷадидӣ мекард (ниг. ба Аъм. 2:42-47).
Чӣ гуна гурўҳҳои начандон калони имондорон метавонанд дар муошират мақсадҳои зеринро ба даст оранд?
Ба якдигар хизмат кардан (Ғал. 5:13)
Якдигарро қабул кардан (Рум. 15:7)
Якдигарро афв кардан (Қӯл. 3:13)
Ба якдигар салом гуфтан (Рум. 16:16)
Борҳои якдигарро бардоштан (Ғал. 6:2)
Якдигарро бо муҳаббати бародарӣ дӯст доштан (Рум. 12:10)
Якдигарро эҳтиром кардан (Рум. 12:10)
Якдигарро насиҳат кардан (Рум. 15:14)
Мутеи якдигар шудан (Эфс. 5:21)
Якдигарро тасалло додан (1 Тасл. 5:11)
Системаи гурӯҳҳои ячейкагӣ на танҳо барои зинда мондани Калисо дар шароитҳои душвор, балки барои инкишофи он низ хуб мебошад. Тайёр намудани сарварон аз мардум — шарти ҳатмӣ барои калисое мебошад, ки мехоҳад чӣ дар шароити мушкил ва чӣ дар шароити мусоид инкишоф ёбад.
Бартарӣ ва норасоиҳои калисои ячейкагиро номбар намоед:
Бартарӣ
Норасоӣ
Машқи нақшӣ
Ба намунаи калисоҳои хонагии Хитой пайравӣ намоед:
1. Сурудҳоро хомӯшона сароед.
2. Порчаҳоро аз Китоби Муқаддас рӯйнавис кунед.
3. Таҷрибаи ғаму андӯҳи худро бо ҳам бинед.
4. Ҳар як ҳафтаи нав бо ояти нави каломӣ зиндагӣ кунед.
5. Чунон дуо кунед, ки гӯё дар ҳабсхона бошед.
6. Барои он минтақаҳои ватани худ дуо кунед, ки ба мавъизаи Инҷил эҳтиёҷ доранд.
Чӣ бояд кард, ки масеҳиёни мамлакатҳои озод азобҳои имондорони Калисои таъқибшавандаро ба дил наздик қабул намоянд?
Саволҳо барои муҳокима:
1. Оё коммунизм дар Хитой ва Эфиопия Калисоро тағйир дода ё нест карда тавонист? Ҷавоби худро асоснок ва аниқтар намоед.
2. Оё шумо дар бораи мушоракати масеҳӣ, чуноне ки он дар ин боб пешниҳод шудааст, андеша кардаед? Оё шумо худ дар чунин мушоракатҳо иштирок кардаед?
3. Дар ҳолате, ки барои вохӯрӣ дар хона беандоза калон гардад, гурӯҳи калисоӣ чӣ бояд кунад?
4. Иблис масеҳиёнро ба ноҳияҳои дурдаст равон карда, кӯшиши чиро мекунад? Оё чунин тактикаи вай ба муқобили худи вай баргашта метавонад? Чӣ гуна?
5. Оё шумо кӯшиши "ислоҳ кардан"-и таҷрибаи калисои расман эътирофшударо кардаед, то ки ба шароитҳои маҳал мутобиқ шавед? Инро муҳокима намоед. (Диққат: Дар бисёр ҳолатҳо истифодаи дарсҳои мо яке аз воситаҳои "ислоҳкунӣ" мегардад).
Боби ҳафтум
ОИЛАИ МАСЕҲӢ
Ишаъё 54:13
Аз худи ибтидо оила воҳиди асосии офариниши Худо буд ва ба шарофати оила Худо муносибатҳои Худро бо инсоният мустаҳкам намуд.
Чаро оила барои Худо чунин муҳим аст?
Аз даҳ аҳком шаштоаш ба муносибатҳои байниҳамдигарӣ дахл дорад. Аз онҳо сетоаш баҳри муҳофизати оила мебошанд:
Падару модаратро иззат намо;
Зино накун;
Зани ёратро талаб накун (Хур. 20:7-17).
Одамон барои мустаҳкам гардондани муносибатҳои хуб дар оила чӣ кор карда метавонанд?
Фаҳмонед, ки ҷиҳатҳои зерини ҳаёт дар мамлакатҳои озод ва мамлакатҳои дорои тартиботи тоталитарӣ ба имондорон чӣ гуна таъсир мерасонанд?
1. Вақт
2. Таълим
3. Хӯрхӯраки дилангез
4. Оянда: Таҳсил ва кор
Агар оилаи масеҳӣ дар асоси худ таҳкурсии Калисо бошад, пас, чӣ гуна он макрокосми худи Калисо аст?
1. Якҷоя Китоби Муқаддасро омӯзед.
2. Кӯдаконро ба Худо бахшед.
3. Ҳамаи панҷ вазифаи Калисоро ба ҷо оред.
4. Дар дуо намуна нишон диҳед.
Маслиҳатҳои зеринро барои мустаҳкам гардонидани оилаи масеҳӣ дар калисои шумо чӣ гуна амалӣ гардонидан мумкин аст?
1. Ба ҳар як имондор таълимоти каломиро оиди оила расонед.
2. Таълим диҳед, ки ҷавонони имоноварда оилаҳои худро тарк накунанд.
3. Дар ҷамъомадҳои худ ёрӣ диҳед, то барои имондароне, ки оила надоранд, вазъи оилавӣ барпо карда шавад.
4. Барномаи таълими масеҳиро ба оила нигаронед.
5. Ба оилаҳо ёрӣ расонед, ки дар ҳаёти худ ҳамеша панҷ вазифаи Калисоро амалӣ гардонанд.
Машқи нақшӣ
Шумо медонед, ки дар гурӯҳи мушоракатии шумо як оила давраи мушкилро аз сар мегузаронад. Падари хонадон вазифаи худро ҳамчун роҳбари рӯҳонии оила иҷро намекунад ва бо ин ба зану фарзандони худ мушкилиҳо меорад. Муносибатҳои онҳо костаанд. Агар шароитҳо тағйир наёбанд, оила вайрон мешавад. Шумо ва гурӯҳи мушоракатиатон барои ин оила чӣ карда метавонед? Чӣ гуна мушоракат дар гурӯҳ метавонад вазъияти вуҷуддоштаро ислоҳ намояд?
Бисёр қувваҳои зиддимасеҳӣ имрӯзҳо кӯшиш менамоянд кӯдаконро ба тарафи худ кашида, ба оилаҳои масеҳӣ ҳуҷум намоянд. Душман хеле хуб дарк мекунад, ки мо ба он касоне, ки хеле нозуканд — махсусан ба кӯдакон, кам аҳамият медиҳем ва тайёрии даркориро таъмин наменамоем. Коммунистон ҳамеша он кӯдаконеро, ки аз болои падару модари худ маълумот медоданд, қадр менамуданд. Ин бениҳоят масъалаи аламовар аст, зиёда аз ин, вақте ки гап дар бораи кӯдакони хурдсол меравад, ки намедонанд чӣ кор мекунанд. Дар бисёр оилаҳои Хитой падару модарон эътиқодҳои масеҳии худро аз кӯдаконашон пинҳон медоштанд, зеро метарсиданд, ки онҳоро мефурӯшанд! Кӯдакони шумо дар имон то чӣ андоза мустаҳкаманд?
Агар ҷавонон нисбати сиёсати давлат шавқу завқ зоҳир насозанд, давлат ба онҳо имкон намедиҳад, ки маълумотҳои минбаъдаро гиранд. Дар ҷамъиятҳои авторитарӣ чунин муносибат бисёр ҷавононро маҷбур намуд, ки аз эътиқодҳои динии падару модарони худ даст кашанд. Дар яке аз давлатҳои Африқо сохторҳои ҳукуматӣ кӯшиш мекунанд, ки анъанаҳои бутпарастонаро эҳё намоянд ва ҷавононро маҷбур месозанд, ки дар маросимҳое, ки ба рӯҳҳои палид бахшида мешаванд, иштирок намоянд. Дар ҳолати инкор кардан онҳоро сахт таъқиб менамоянд. Агар онҳо ба ҳокимон итоат намоянд, метарсанд, ки имони масеҳии худро палид месозанд ё тамоман аз даст медиҳанд. Оё фарзандони шумо чунин озмоишҳоро паси сар карда метавонанд? Худи шумо чӣ?
Дар баъзе мамлакатҳо сарони оилаҳо интихоби эътиқодҳои диниро ба боқимонда аъзоёни оила ҳукм менамоянд. Агар зан ва фарзандон, бар хилофи шавҳар ва падар масеҳӣ бошанд, чӣ кор кунанд? Чӣ тавр онҳо ба сарвари оила муносибат карданро давом диҳанд ва дар айни замон садоқати худро ба эътиқодҳояшон нигоҳ доранд?
Саволҳо барои муҳокима:
1. Як муаллифи сурудҳо боре гуфта буд: "Ин ҷаҳон ба Худо дӯст нест". Ҷаҳони атроф ба оилаҳои шумо ва дар гаштугузори шумо дар пеши Худо чӣ гуна фишор меоварад?
2. Усулҳоеро муҳокима намоед, ки бо ёрии онҳо оилаҳои масеҳӣ метавонанд кӯдакони худро дар шароити дар мактабҳои ғайримасеҳӣ будан, ки дар онҳо доктринаҳои дурӯғро меомӯзанд, муҳофизат намоянд ва ба онҳо ёрӣ расонанд, то дар имон устувор монанд.
3. Оё дар гурӯҳи мушоракатии шумо ҳодисаҳое буданд, ки аз гурўҳатон аъзоёни он рафта бошанд? Чӣ онҳоро аз роҳи ҳақиқат гардонд?
4. Шумо чӣ андеша доред, гурӯҳи мушоракатии шумо чӣ кор карда метавонад, то муносибатҳои оилавии аъзоёни худро мустаҳкам гардонад?
ҚИСМИ III
Муноқиша
Боби ҳаштум
ШИНОХТАНИ ДУШМАН
1 Юҳанно 3:8
Тобистони соли 1998 дар қисми марказии Хитой роҳбарони калисоҳои хонагӣ, ки зиёда аз даҳ миллион аъзоёни гурӯҳҳои хурди динӣ доранд, барои конференсия ҷамъ шуданд, то ки масъалаҳои кориро муҳокима намоянд. Онҳо се масъалаи аз ҳама муҳимро ҷудо намуданд ва стратегияи ҳал кардани онҳоро кор карда баромаданд.
Шумо дар се ҷои аввал кадом се масъалаи Калисоро мегузоштед?
1)
2)
3)
Китоби Муқаддас меомӯзад, ки муноқиша дар ҳаёти масеҳӣ аз чор сарчашма ба амал меояд. Ин сарчашмаҳо кадомҳоянд?
1. Марқўс 7:20-23;
2. Юҳанно 16:33;
3. Яъқуб 4:4 ва Юҳ. 2:15-17;
4. Ба Эфсӯсиён 6:10-12 ва 1 Пет. 5:8.
Яке аз ҳилаву найрангҳои шайтон кӯшиши пардапӯш кардани ҳақиқати вуҷуд доштани худ аст.
Китоби Муқаддас дар бораи душмани мо шайтон бисёр мегӯяд. Ҳафт китоби Аҳди Қадим ва муаллифони китобҳои аҳдиҷадидӣ дар бораи он мегӯянд ё онро ёдовар мешаванд. Аз бисту нўҳ иқтибос дар бораи шайтон дар Аҳди Ҷадид Худи Исо дар бораи он бисту панҷ маротиба мегӯяд. Мо бояд аниқ донем, ки Китоби Муқаддас оиди ин душмане, ки дар бораи он дар Навиштаҳо гуфта шудааст, ки "Иблис аз ибтидо гуноҳ кардааст" (1 Юҳ. 3:8), чӣ мегӯяд. Павлус навишта буд, ки мо набояд ҳолатеро роҳ диҳем, ки дар он иблис тавонад ба мо зарар расонад. Зеро, ки аз дасисаҳои вай бехабар нестем (ба 2 Қӯр. 2:11.ниг.). Рўйхати номҳо ва лақабҳои иблис имкон медиҳад, ки баъзе хусусиятҳои хислати вайро муайян созем.
1. Ҳокими исёндӯст
Мире, ки дар ҳаво ҳукмрон аст (Ба Эфс. 2:2)
Мири ин ҷаҳон (Юҳ. 14:30)
Худои ин дунё (2 Қӯр. 4:4)
Калони девҳо (Мат. 14:24)
2. Дурӯғгӯй
Маломатгар (Ваҳй. 12:9-11)
Падари дурӯғ (Юҳ. 8:44)
Ҳамчун фариштаи нур (хизматгорони вай бошанд чун хизматгорони адолат) (2 Қӯр. 11:14-15)
Озмоянда (1 Тасл. 3:5)
3. Қотил
Шери ғуррон (1 Пет. 5:8-9)
Одамкуш (Юҳ. 8:44)
Фаҳмонед, ки чӣ хел иблис нақши асосии худро нисбати ҳаёти масеҳиён мебозад?
Фаҳмонед, ки муайянкуниҳои зерин чӣ хел ба мо ёрӣ медиҳанд, то фаҳмем, ки иблис кист?
Шоҳи дар ҳаво ҳукмрон (Ба Эфс. 2:2);
Шоҳи ин ҷаҳон (Юҳ. 14:30);
Худои ин аср (2 Қӯр. 4:4);
Агар иблис ба Худо тақлид карда, худаш чизе офарида наметавониста бошад, пас мақсади асосии вай дар чист?
Чӣ хел иблис, душмани Худо буда истода, фаъолияти бадниятонаи худро дар дохили Калисои масеҳӣ ва оилаҳои масеҳӣ амалӣ карда метавонад?
1. Иблис чун мири исёнгар
2. Иблис чун дурӯғгӯй
а) Вай каломи Худоро вайрон мекунад
б) Вай имондоронро маломат мекунад
3. Иблис чун қотил
Душман бераҳм ва маккор аст. Мо бояд ин далелро эътироф намоем. Вале мо метавонем бо ҳаёти ғалабаовар зиндагӣ кунем, зеро Китоби Муқаддас мегӯяд: "Худоро шукр ки ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ ба мо ғалаба бахшидааст" (1 Қӯр. 15:57).
Дар парафрази худ ба Инҷили Юҳанно (1:4-5) Юҷин Петерсон чунин гуфтааст: "Нуре, ки Ҳаёти одамиён аст, дар торикӣ медурухшад, ва зулмот наметавонад онро хомӯш созад".
Cаволҳо барои муҳокима:
1. Гоҳо одамон чунон рафтор менамоянд, ки гӯё иблис фақат як қувваи бадӣ бошад. Чӣ хел ба он боварӣ ҳосил намоем, ки вай шахсияти ҳақиқӣ аст? Барои чӣ ин далел пураҳамият аст?
2. Ба саволи "Агар Худо бошад, барои чӣ роҳ медиҳад, ки одамони бегуноҳ ҳангоми заминҷунбӣ (обхезӣ, дигар ҳодисаҳои табиат) бимиранд" чӣ хел ҷавоб додан мумкин аст?
3. Бо кадом роҳ бадӣ ба зери ниқоби некӣ медарояд ва моро ба гумроҳӣ мебарад, то ки дар охир моро нобуд созад?
4. Касе гуфтааст: "Иблис наметавонад ба масеҳӣ зарар расонад". Шумо ба ин розӣ шуда метавонед? Оиди ин дар Нома ба Ибриён чӣ гуфта шудааст? (11:32-39)
5. Ҳар яке аз усулҳои иблисро, ки дар ин боб зикр шудаанд, муҳокима намоед. Оё амалҳои вайро дар муҳити атрофатон дидан мумкин аст?
Боби нeҳум
СТРАТЕГИЯИ ДУШМАН
1 Пет. 5:8-9
Чӣ гуна намунаҳои зерин метавонанд тасвири усулҳое гарданд, ки бо ёрии онҳо иблис амал мекунад.
• Зоҳирсозии адовати нажодпарастонаи як гурӯҳи аҳолӣ нисбати дигараш;
• Амалҳои зӯроварӣ, таҷовуз ва террор аз тарафи гурӯҳҳои динии ҷангҷӯ ба муқобили масеҳиён;
• Ҷудосозии масеҳиён аз он одамоне, ки иблис ба онҳо таъсир расонда наметавонад, ва низ аз касоне, ки онҳоро дар имон мустаҳкам мегардонанд;
• Сар задани муноқишаҳо ва ҷудоӣ байни имондорон, ки пештар байни худ мушоракат доштанд.
Фикр кардан даркор нест, ки як системаи сиёсӣ назар ба дилхоҳ дигар системаи идоракунӣ "иблисонатар" аст. Ҳар як тартиботи ҷазодиҳанда масеҳиён ва Калисоро дар асоси принсипи назорат идора менамояд. Ба ҳамин тариқ, нишонаи фарқкунандаи дилхоҳ тартиботи ҷазодиҳанда девонаавзоӣ аст.
Масеҳиён дар шароити мухолифати аниқи зӯроварона пурра ба муносибатҳои худ бо Рӯҳулқудс вобаста мебошанд.
Чӣ гуна унсурҳои дар зер номбаршудаи тактикаи берунаи иблис метавонанд ба масеҳиён дар хизматгузории онҳо халал расонанд?
1. Ҷудокунӣ ва муноқишаҳо
2. Миллатчигӣ
3. Инсондӯстии ашрофона
4. Оштинопазирии динӣ
Манъ кардани имоноварӣ
Ибодат дар ҷойҳои расман муқарраршуда
Тарсондан
Фишори иқтасодӣ
Риёзаткашӣ
Навмазҳабӣ (ба имони худ ҷалб кардан)
5. Идеология (коммунизм)
Чӣ тавр коммунистон чор тактикаи зеринро ба муқобили масеҳиён истифода мебурданд?
Бетаъсир кардан
Таҳдидҳо
Азнавтаълимдиҳӣ
Айбдоркуниҳои бардурӯғ
6. Усулҳои ҳозиразамони фишороварӣ
Имрӯзҳо масеҳиён дар тамоми ҷаҳон бо усулҳои назорати нав ва кам ба назар мерасидаи душман дучор мешаванд. Фаҳмонед, ки чӣ хел ба масеҳиён фишори иқтисодӣ овардан мумкин аст (масалан, дар Перу, ки аз нусхаҳои воридшавандаи Китоби Муқаддас ва адабиётҳои масеҳӣ нисбат ба дигар адабиётҳо андози бештар меситонанд, аз он ҷумла, аз китобҳое, ки ба дигар динҳо бахшида шудаанд; манъкунии ёрии башардӯстона аз дигар мамлакатҳо ба калисоҳои Бангладеш; мушкилӣ ҳангоми гирифтан ва дароз кардани мӯҳлати визаҳо барои миссионерон дар Индонезия).
Доктор Ҷим Каннингэм чунин мешуморад, ки раванди таъқиботро, ки мақсади несту нобуд сохтани масеҳиёнро дорад, ба чор марҳала тақсим намудан мумкин аст. Фаҳмонед, ки ҳодисаҳои дар зер номбаршуда ба хизматгузории шумо чӣ гуна таъсир мерасонанд:
Марҳалаи якум — таҳдидҳо дар ҷавоби он чи шумо фикр мекунед, то ки шуморо ба мақсади аз биниш ва умеди рӯҳонӣ маҳрум сохтан фиреб диҳанд.
Марҳалаи дуюм — фишороварӣ дар ҷавоби он чи шумо мегӯед, то шуморо маҷбур созанд, хомӯш бошед ва рӯҳафтода созанд, бо мақсади он, ки шаҳодатдиҳиро бас кунед ва бовар накунед.
Марҳалаи сеюм — маҳбусӣ ба ҷавоби он, ки шумо чӣ кор мекунед, то шуморо таҳти назорат гиранд ва мағлуб намоянд, бо мақсади он, ки шуморо аз дилсӯзӣ ва муҳаббат маҳрум намоянд.
Марҳалаи чорум — марг дар ҷавоб ба он, ки шумо ҳастед, то шуморо несту нобуд созанд, дар мадди аввал ҳамчун шахсият.
Одамон метавонанд дар ҳамаи марҳалаҳо ба таъқибот дучор гарданд, вале мақсади ниҳоии душман ҳамон мемонад — марг.
Фаҳмонед, ки чӣ хел дар мамлакат тадриҷан дар се марҳала таъқиб кардани масеҳиён сар шуда метавонад:
Маълумоти дурӯғ
Поймолкунии ҳуқуқ
Таъқибот
Машқи нақшӣ:
Давлат қарор мебарорад, ки дар давоми сол қонуне кор карда барояд, ки мувофиқи он ҳамаи калисоҳои барои фаъолияти худ рухсатнома надошта баста мешаванд. Зиёда аз ин, масеҳиён аз ҳуқуқи иҷора гирифтани толорҳо ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ вохӯрдан маҳрум карда мешаванд.
Шумо шубони калисое мебошед, ки чунин рухсатнома надорад. Шумо кадом иқдомҳоро пеш мегиред, то ба калисои худ дар зинда мондан ёрӣ расонед?
Машқи нақшӣ гузаронед ва баъд ҳар кадоме аз шаш тактикаҳои иблисро муҳокима намоед, ки ба муқобили калисо нигаронда шудааст.
Шумо дар ҳар ҳодисаи конкретӣ чӣ кор мекардед? Дар муқоиса бо вазъияти шумо боз кадом ҳодисаҳо ҳастанд? Шуморо махсусан дар бораи чӣ лозим аст дуо намоед, ки дастгирии рӯҳонӣ ёбед?
Саволҳо барои муҳокима:
1. Шумо чӣ андеша доред, бо кадом сабаб калисо дар мамлакатҳои коммунистӣ чунин пурзӯр шуд, ва дар бисёр ҳолатҳо афзуд?
2. Барои чӣ дар калисоҳои расмӣ раванди "инфилтратсия" ё воридшавии унсурҳои бегонаро манъ кардан мушкил аст? Барои чӣ мушоракати ҳақиқии калисоӣ аз ӯҳдаи ин вазифа пурмаҳсултар мебарояд? Ба дигар масеҳиён бовар кардан ва дар байни онҳо ягонагиро дар шароитҳои душманонаи атрофиён нигоҳ доштан чӣ гуна мумкин аст?
3. Чӣ гуна Калисои бармаҳал аз ӯҳдаи ҳалли масъалаи таъқибот ва ҷудоиандозиҳо мебаромад?
Боби даҳум
АМАЛҲОИ ИБЛИС, КИ РӮҲРО ВАЙРОН МЕКУНАНД
Яъқуб 4:7
Тактикаи берунаи душманро пайхас кардан хеле осон аст, вале усулҳои даруние, ки дашмани мо — иблис истифода мебарад, номаълум буда, аксар вақт барои ба даст овардани мақсадҳояш бештар пурсамаранд. Гӯед, ки шумо дар кадоме аз ҳодисаҳои зерин ба муқобили иблис чӣ хел истодагарӣ менамоед:
1. Ҳисси гуноҳкорӣ
Барои чӣ ҳисси гуноҳкорӣ ба муқобили одам чунин яроқи пурсамар буда метавонад?
Шумо чӣ тавр аз ӯҳдаи ҳисси гуноҳи эътирофнашуда баромада метавонед?
Мувофиқи Ваҳйи ҳавворӣ Юҳаннои Фақеҳ (12:11), имондорон метавонанд ба муқобили айбдоркуниҳои иблис бо се роҳ баромад кунанд: "Онҳо бар вай ба василаи хуни Барра ва каломи шаҳодати худ ғолиб омаданд ва ҷони худро то ба ҳадди мамот гиромӣ надоштанд".
Фаҳмонед, ки лаҳзаҳои зеринро ба муқобили айбдоркуниҳои иблис чӣ тавр истифода бурдан мумкин аст:
Хуни Барра
Каломи шаҳодат
Муҳаббати фидокорона
2. Ҳисси айбдории бардурӯғ
Ба саволи "Барои чӣ шумо ба ҳокимон итоат намекунед?" шумо чӣ тавр ҷавоб медиҳед?
Агар шумо ба шубҳа афтед ва ба худ саволе диҳед, ки "Магар ҳангоми вақти корӣ дар сояи дарахтон ҷамъ омадани ду-се одамро ибодат номидан мумкин аст", чӣ ҷавоб медиҳед?
Мувофиқи таълимотҳои каломӣ, масъулияти мо дар назди ҳокимони заминӣ аз инҳо иборат аст:
Итоаткор будан
Ба қонун итоат кардан
Некӣ кардан
Ҳокимонро эҳтиром кардан
Фурӯтан ва меҳрубон будан
Андозҳоро супурдан
Ҳокимонро бадгӯӣ накардан
Чӣ гуна персонажҳои зерини каломӣ "Итоати Худоро аз итоати одамон авлотар донистанд" (Аъмол 4:19; 5:29)?
Шадрак, Мешак ва Абднаҷӯ
Дониёл
Петрус ва Юҳанно
Павлус
3. Тарс
Тарс ҳамеша дар фарзҳо асос ёфтааст. Амалан тарс интизориҳои бардурӯғ мебошанд, ки ҳақиқӣ метобанд.
Чӣ хел иблис тарсро истифода мебарад, то ки дар мо ҳисси рӯҳафтодагиро зиёд намояд?
Нишон диҳед, ки агар чор асоси каломиро донем, чӣ тавр ба тарс ғолиб омадан мумкин аст:
Ба Филиппиён 4:6-7 ва Аъмол 27:23-25
Ба Ибриён 10:32-39
Ба Румиён 8:28
Матто 10:28
Чӣ тавр ҳиссиётҳои манфии зеринро бартараф кардан мумкин аст:
Тарс дар ҳолатҳои бӯҳронӣ
Тарс аз баромад кардан ба муқобили беадолатӣ ва гуноҳ
4. Якҷоякунии унсурҳои динҳои гуногун (синкретизм)
"Натиҷаи охирини синкретизм дар ҷамъияти озод қонунҳое мегардад, ки башоратдиҳии масеҳӣ ва ба масеҳият имон овардани тарафдорони дигар динҳоро манъ менамояд". Шумо бо ин фикрҳо розӣ ҳастед? Барои чӣ?
Дар моҳи октябри соли 1999 дар Ватикан намояндагони динҳои гуногун гирд омаданд. Дар ин гурӯҳ Папаи Рим, Далай-Лама ва имом У. Д. Муҳаммад буданд. Шоҳидон суханони як зани пайрави ҳиндуияро меоранд, ки вай гуфта буд: "Қайд кардан гуворост, ки аз худи аввал намояндагон бо якдилӣ ба он ақида омаданд, ки ҳамаи динҳо ҳақиқати ҳаматарафа доранд, вале ба сӯи як мақсад бо роҳҳои гуногун мераванд".
Манфиатпарастӣ барои масеҳиён доми намоён аст, зеро мо метавонем дорои тамоми нишонаҳои зоҳирии масеҳӣ буда, вале дар дили худ мутлақо материалист бошем.
Як роҳбари калисоӣ аз Руминияи коммунистӣ, ки ҳоло мамлакати озод гаштааст, чунин мегӯяд: "Аз таҷрибаи шахсӣ ман медонам, ки 95% маcеҳиён ба таъқибот ва озмоишҳои имон вохӯрда, бар ин озмоиш ғолиб меоянд, вале ҳамон наваду панҷ фоизе, ки ба озмоиши имон бо бойигарӣ рӯ ба рӯ шудаанд, аз озмоиш гузашта наметавонанд ва мағлуб мегарданд". Барои чӣ? Ғалабаро бар шавқу ҳаваси "чизҳои моддии ҷаҳон" чӣ гуна ба даст овардан мумкин аст?
Роҳбарони хитоӣ ба масеҳиёни ғарб бо чунин илтимос муроҷиат карданд: "Хоҳишмандем, пеш аз он ки пул медиҳед, бо диққати том дуо кунед ва кӯшиш кунед, ки пулро ба воситаи миссияҳое диҳед, ки онҳо таҷрибаи алоқаро бо калисоҳои хонагӣ доранд. Барои эҳтиёҷҳои шахсии имондорон маблағҳои камтаринро диҳед". Оё шумо бо чунин тарзи масъалагузорӣ розӣ ҳастед? Барои чӣ?
Диққат диҳед: ҳуҷумҳои иблис дар дурӯғ ва тарсондан асос меёбад.
Машқи нақшӣ:
Шумо дар мамлакати дорои тартиботи ҷазодиҳанда зиндагӣ мекунед ва пули кам доред. Дар мамлакати шумо норасоии Китоби Муқаддас ва адабиётҳои рӯҳонӣ сахт ба назар мерасанд.
Боре дар гурӯҳи муоширатии шумо шахси хориҷие пайдо шуд, ки ба шумо самимӣ ва меҳрубон намуд. Ӯ ба шумо пули калоне ваъда кард, ба шарте, ки шумо барои калисои онҳо дар Ғарб калисои хоҳарӣ гардед.
Вай ба шумо ваъда кард, ки агар шумо калисоҳои нав кушода тавонед, ба шумо хайрияҳои зиёд дода мешаванд.
Роҳбарони калисоҳои маҳаллӣ бояд чӣ корҳоро анҷом диҳанд, то ки талаботҳои худро чӣ ба диҳандагон ва чӣ ба гирандагон мухтасар баён намоянд, то ки ҳисоботдиҳии қатъиро дар истифодаи воситаҳои молиявӣ таъмин намоянд?
Ба кӣ пул додан лозим аст? Ба шахси алоҳида ё ба комитет? Чӣ гуна қоидаҳои ҳисоботдиҳиро барқарор кардан даркор аст?
Дар машқи нақшӣ пешниҳодоте, ки дар боби "Чӣ гуна вобастагиҳои моддиро паси сар кунем" оварда шудааст, дохил кунед".
Саволҳо барои муҳокима:
1. Ҳисси ҳақиқии гуноҳро аз ҳисси бардурӯғи гуноҳ чӣ гуна фарқ бояд кард?
2. Агар шумо аз гуноҳатон тавба кунед, бо ҳисси ҳақиқии гуноҳ чӣ мешавад?
3. Кадом воқеиятҳо берун аз ҳудуди ҳокимияти инсонӣ ҳастанд?
4. Оё дар гурӯҳи динии шумо ба монанди Калисои бармаҳал, ки дар имондорон ҳама чиз умумӣ буд, ҳаёти ҷамоавӣ гузарондан мумкин аст? Ин ҳаёти ҷамоавӣ чӣ гуна шаклҳоро гирифта метавонад?
Боби ёздаҳум
XАНГИ РӮҲОНӢ
2 Қӯр. 10:4
"Ҳамчун имондороне, ки дар ҷанги ҳақиқӣ иштирок менамоянд, мо бояд тамоми диққати худро на ба ҷанбаи азозилонаи ин ҷанг, балки ба Худои зинда нигаронем". Барои чӣ ин маҳз имрӯз муҳим аст?
"Ҷанги рӯҳонӣ беш аз ҳама маҳз ҷанги партизаниро ба хотир меорад". Барои тасдиқи ин исботҳо оред (ба Эфс. 2:6; 2 Қӯр. 4:18. ниг.).
Агар стратегияи асосии иблис ҷидду ҷаҳд баҳри ҷудоиандозӣ ва ҳукмронӣ бошад, вай чӣ гуна ба ин ноил мегардад?
Чӣ гуна азозилон ҳуқуқи қонунӣ пайдо мекунанд, ки ба одам таъсир расонанд?
Ба Румиён 3:9-12;
Аъмол 19:18-19;
Марқӯc 9:17-27;
Ададҳо 14:18.
Мо аз нақлҳое, ки дар Китоби Аъмол оварда шудаанд, оиди нақши худ дар ҷанги рӯҳонӣ чӣ фаҳмида метавонем? (16:16-29).
Инҷили Матто (12:29)-ро хонед. Исо чиро дар назар дошт, вақте мегуфт, ки агар пеш аз ҳама "зӯровар"-ро набандӣ, кӯшиши раҳо кардани шахс бемаъно аст?
Фаҳмонед, ки шумо ба муқобили иблис оятҳои зерини Навиштаҳоро чӣ тавр истифода мебаред (агар истифода бурда тавонед):
Ишаъё 62:6-7;
2 Вақ. 20:21-22; ва Заб. 67:1-36;
Ваҳй 12:11;
Ишаъё 58:6;
Заб. 83:1-4;
Яъқ. 4:7;
Аъм. 16:16-40;
Машқи нақшӣ:
Шумо дар гурӯҳи мушоракатӣ дуо мекунед. Ногаҳон дар яке аз ҳозирон гирифтории рӯҳи палид зоҳир мегардад. Шумо чӣ кор мекунед? Шумо ба талаби худ дар озод намудани бадбахт чӣ қадар исрор менамоед?
Агар худатон ин масъаларо ҳал карда натавонед, киро ба ёрӣ ҷеғ мезанед? Оё меарзад, ки барои озодшавии пурра аз азозил мубориза барем?
Саволҳо барои муҳокима:
1. Оё шумо ҷиддияти ҷанги рӯҳониро пурра дарк менамоед? Шумо ва гурӯҳи мушоракатии шумо барои баланд бардоштани сатҳи фаҳмиши ин масъала чӣ кор карда метавонед.
2. Шумо дар бораи вуҷуд доштани пайравони шайтон дар минтақаатон медонед? Оё аъзоёни дигари гурӯҳи мушоракатиатон ҳам дар бораи онҳо медонанд? Чӣ гуна ин маълумот метавонад ҳаёти якҷояи дуоии шуморо тағйир диҳад?
3. Оё аз қувваҳои азозилӣ тарсидани масеҳӣ асос дорад?
ҚИСМИ IV
Имкониятҳо ва захираҳо
Боби дувоздаҳум
ЗИРЕҲИ КУЛЛИИ ХУДО
Ба Эфс. 6:11
Худо моро чун ҷанговарон-хизматгорони худ бо аслиҳаи рӯҳонӣ ва захираҳои зарурӣ барои он мусаллаҳ намудааст, ки мо тавонем душманро шикаст диҳем, ва барои Малакути Ӯ ғалабаи бузург орем.
Ҳар як ҷузъи зиреҳи рӯҳонии худро тадқиқ намоед ва гӯед, ки ҳар як ҷузъро "чӣ хел дар бар мекунед", то ки аз онҳо дар вазъияти имрӯза истифода баред:
Ду намуди зиреҳи куллии Худоро, ки дар боби шашуми Нома ба Эфсӯcиён оварда шудааст, ва намуди муҳими силоҳи ҳуҷумии рӯҳонӣ мебошад, батафсил дида бароед.
Шамшери Рӯҳ
Дуо
Машқи нақшӣ:
Дар гурӯҳи худ раванди мусаллаҳшавии ҷанговари румиро ба саҳна гузоред, ва нишон диҳед, ки ҷанговар онро чӣ тавр истифода мебарад. Дар ҳолати набудани яке аз қисматҳо бемуҳофизатиро нишон диҳед. Якҷоя кӯшиш кунед, ки доираи истифодаи ҳар як намуди яроқи рӯҳониро васеъ намоед. Вақт ҷудо намуда, барои эҳтиёҷҳои рӯҳонии гурӯҳи мушоракатиатон ва калисоатон дуо кунед. Инчунин имондорони калисоҳои таъқибшавандаи рӯи заминро ба хотир оред.
Супориши инфиродӣ:
1. Боби 17-уми Китоби 1 Подшоҳонро хонед ва принсипҳои бурдани ҷанги рӯҳониро, ки дар ин боб ёфтан мумкин аст, номбар намоед.
2. Муҳокима намоед, ки Довуд чӣ тавр ҳар як унсури зиреҳи куллии Худоро, ки дар бораи он дар боби 6-уми Нома ба Эфсӯсиён гуфта мешавад, истифода мебарад.
Саволҳо барои муҳокима:
1. Дар ҳаёти худ истифода бурдани ҳар як унсури зиреҳи куллии Худоро муҳокима намоед.
2. Дар ҳаёти воқеӣ чӣ хел ба он боварӣ доштан мумкин аст, ки мо зиреҳи куллии Худоро истифода мебарем?
3. Кадом тимсоли аз маданияти ҳозиразамон (ба ҷои зиреҳ ва яроқи ҷанговари румӣ) иқтибосшударо барои фаҳмидани принсипҳои муҳофизат ва зоҳирсозии қувва дар ҷанги рӯҳонӣ истифода бурдан мумкин аст?
Дар Ҳиндустон масалан, масеҳиён тимсоли крикетерро пешкаш менамоянд, ки тайёр аст зарбаи сахт занад. Дар Канада тимсоли дарвозабони дастаи хоккейбозонро истифода мебаранд, ки тайёр аст шайбаи ба тарафи вай бо суръат парвозкунандаро бидорад. Дар Япония ин тимсоли бейсболист аст, ки либоси муҳофизатиашро пӯшидааст.
4. Ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:
Оё мо, чӣ дар андешаву чӣ дар рафтор, ҳамеша аз рӯи ҳақиқат зиндагӣ мекунем, ё худ ва дигаронро фиреб медиҳем?
Оё мо адолати Худоро дар бар мекунем ё аз рӯи қоидаҳои худ зиндагӣ менамоем?
Оё мо дар осоиштагии Худо бо боварӣ ба наҷоти худ зиндагӣ мекунем?
Оё мо тайёрем сулҳҷӯёни фаъол гардем?
Оё мо дар имон меҳнат мекунем ё дар тарс?
Оё мо суханони Худоро истифода мебарем ё аз худамонро?
Оё мо дар қувваи Рӯҳулқудс дуо мекунем ё дуоҳои мо рӯякӣ ва худпарастонаанд?
Оё мо ба он чи дар атрофамон шуда мегузарад, ҳассос ҳастем ё ба ягон чизи дигар мароқ зоҳир менамоем?
Оё мо дар дуоҳои худ барои дигар масеҳиён исроркор ҳастем, оё мо онҳоро дар қувваи Рӯҳулқудс дастгирӣ намуда рӯҳбаланд месозем, то ки онҳо ҳам тавонанд якҷоя бо мо мубориза баранд ва донанд, ки танҳо нестанд?
Боби сенздаҳум
ДАСТГИРИИ ХУДО: РӮҲУЛҚУДС
Луқо 11:13
Худо барои Калисои Худ се намуд силоҳи ҳуҷумкунандаро барои ғалаба бар иблис пешкаш намудааст: Рӯҳулқудс, Китоби Муқаддас ва дуо.
Исо гуфт, ки моро танҳо намегузорад, ва барои ёрӣ Пуштибонеро равон мекунад, ки то абад бо мо хоҳад буд (ба Юҳ. 14:16 ниг.). Ӯ инчунин гуфт, ки Рӯҳулқудс моро таълим хоҳад дод (ба Юҳ. 14:26 ниг.). Баъдтар Исо онро Рӯҳи ҳақиқат номид (ба Юҳ. 14:27 ниг.). Рӯҳулқудс дар ҳаёти имондор ба андозае ҳақиқӣ мебошад, ки вазифа ва хусусиятҳои Ӯро номбар намудан фоидаовар мебуд. Фосилаҳоро бо вазифа ва хусусиятҳои Рӯҳулқудс пур кунед:
• Ӯ гарави мероси ________________________ (Эфс. 1:14)
• Ӯ моро ______________________________ (Юҳ. 14:16)
• Ӯ ҷаҳонро _____________________________ (Юҳ. 16: 8)
• Ӯ ____________________________________ (Юҳ. 14:26)
• Ӯ ____________________________________ (Юҳ. 14:26)
• Ӯ дар борам Масеҳ ______________________ (Юҳ. 16:26)
• Ӯ ба таълимоти ростӣ _______________ (Юҳ. 16:13; Рум. 8:14)
• Ӯ аз Исо _________ ба мо ___________ (Юҳ. 16:14; Луқо 2:26)
• Ӯ Масеҳро _______________________________ (Юҳ. 14:16)
• Ӯ қувват ______________________________ (Аъм. 1:8)
• Ӯ ба воситаи мо _____________________________ (Аъм. 4:31)
• Ӯ ба мо __________________________________ (Юҳ. 16:3)
• Ӯ дар мо _______________________________ (Рум. 8:16)
• Ӯ моро __________________________________ (Рум. 8:26)
• Ӯ барои мо ________________________________ (Рум. 8:26)
• Ӯ __________________________________ медиҳад (1 Қӯр. 12:4-11)
• Ӯ ______________________________________ (Тит. 3:5)
• Ӯ ________________________________________ мегузорад (Эфс. 1:13)
• Ӯ дар мо ___________________________________ меорад (Ғал. 5:22)
Ҳаёти мо аз мӯъҷизаи Худо, аз таваллуд дар Масеҳ аз олами боло сар шудааст ва мо метавонем давоми чунин ҳаётро танҳо бо ёрии қувваи Худо интизор бошем.
Дар рӯйхати боло дар зери он вазифа ва хусусиятҳои Рӯҳулқудс хат кашед, ки Рӯҳулқудс барои имондорон дар мамлакатҳое амалӣ мегардонад, ки озодиҳои диниашон маҳдуданд, бинои калисо ё роҳбари калисои расман эътирофшуда надоранд.
Шумо аз Навиштаҳо дар бораи Рӯҳулқудс чӣ медонед?
• Ӯ ____________________________________ (Ҳас. 1:2)
• Ӯ ____________________________________ (Ибр. 9:14)
• Ӯ ______________________ зиндагӣ мекунад (1 Қӯр. 3:16; Рум. 8:9)
• Ӯ _________________________ ҳеҷ гоҳ тарк намекунад (Юҳ. 14:16)
• Ҳузӯри Ӯ дар _____________________ зоҳир мегардад (Ғал. 5:22-23)
• Ӯ ______________________ қувват мебахшад (Яъқуб 4:7; Луқо 9:1-2)
Порчаҳои зерини каломӣ ба мо чиро омӯхта метавонанд?
Ба Эфсӯсиён 4:7,11-12
1 Қӯринтиён 12:1,7-11
1 Петрус 4:10.
Машқи нақшӣ:
Шумо бо гурӯҳи мушоракатӣ вазифаҳои Рӯҳулқудсро такрор кунед, ва намунаҳои дар амал татбиқшавии ин вазифаҳоро дар ҳаёти ҳаррӯзаи худ ба ҳам бинед. Аз номбар кардани ин вазифаҳо сар кунед. Баъд аз ҳозирон пурсед, ки кадоме аз онҳо дар якчанд рӯзи охир он далелро аниқ дарк кардааст, ки Рӯҳулқудс ба ӯ дар ягон мавриди аниқ тасалло додааст. Аз имондорон хоҳиш кунед, ки оиди ҳодисаҳои аниқ дар ин маврид аз ҳаёташон нақл кунанд. Муҳокима кунед, ки барои чӣ онҳо амали гардидани ҳамаи вазифаҳои Рӯҳулқудсро намебинанд. Дар бораи он дуо кунед, ки Рӯҳулқудс ҳар як соҳои ҳаёти шуморо назорат кунад.
Саволҳо барои муҳокима:
1. Иблис бо тамоми қувва ба он мухолифат менамояд, ки мо Худоро ҳамчун Шахсият, ҳамчун Худое, ки Худро дар се шахс кушодааст, қабул намоем. Дар бораи кадом намунаҳои аниқи мухолифат ба ин таълимот нақл карда метавонед? Чӣ хел ба бародарони имондор ёрӣ расонем, ки ин таълимотро фаҳманд?
2. Кадом вазифаҳои Рӯҳулқудс ба шумо махсусан муҳим менамояд?
3. Нақл кунед, ки дар кадом соҳаи ҳаётатон шумо амалҳои Руҳулқудсро дарк менамоед?
4. Бори дигар бахшоишҳои Рӯҳулқудсро номбар намоед. Ба фикри шумо аъзоёни гурӯҳи мушоракатиатон кадом бахшоишҳоро доро ҳастанд? Худи шумо дорои кадом бахшоиш ҳастед?
5. Самараҳои фаъолияти Рӯҳулқудсро номбар намоед. Чӣ хел муайян кардан мумкин аст, оё дар ҳаёти мо самараҳои Рӯҳулқудс зоҳир мешаванд? Оё онҳо дар шумо зоҳир мешаванд? Дар гурӯҳи мушоракатиатон чӣ?
Боби чордаҳум
ДАСТГИРИИ ХУДО: КИТОБИ МУҚАДДАС
2 Пет. 1:20-21
Барои чӣ масеҳиён ба Китоби Муқаддас чун як қисми силоҳи рӯҳонии худ эҳтиёҷ доранд?
Фосилаҳоро бо калимаҳои мувофиқ пур кунед:
Китоби Муқаддас ____________________ навиштаи Худо дар бораи Худ ва хоҳиши Худо дар доштани __________________ бо одамон аст. Ин на танҳо ваҳй дар бораи _________________ Худо, балки ваҳй дар бораи ____________ Ӯ ба ҷаҳон мебошад. Одамон ҳеҷ гоҳ Худои бузурги моро фаҳмида наметавонистанд, агар Ӯ Худро __________________ намехост.
Барои чӣ иблис ба Китоби Муқаддас нафрати сахт дорад?
Барои чӣ ҳокимони мамлакатҳои дорои тартиботи ҷазодиҳанда Китоби Муқаддасро бад мебинанд?
1. Хониши Китоби Муқаддас, омӯзиш ва андешаронӣ дар бораи он.
Барои он, ки Навиштаҳоро дар ҳаёти шахсии худ истифода барем, моро лозим аст ба худ се саволи зеринро диҳем:
Ин оятҳо барои нахустшунавандагони Китоби Муқаддас чӣ маъно дошт?
Дар онҳо кадом принсип ниҳон аст, ки тобеи вақт нест?
Дар куҷо ва чӣ гуна ман метавонам ин принсипро дар амал истифода барам?
Ана шаш роҳи аниқи андешаронӣ оиди оятҳо ё порчаҳои каломӣ:
Онро тасаввур кунед! Саҳнаи дар он тасвиршавандаро пеши назар оред.
Онро талаффуз кунед! Ҳар бор калимаҳои гуногунро қайд карда, бо овоз такрор кунед.
Онро нақл кунед! Нақли худро нависед.
Онро ба саҳна гузоред! Номи қаҳрамононро бо номи худатон иваз намоед.
Дар бораи он дуо кунед! Оятро ба дуо гардонед ва дар бораи он ба Худо гӯед.
Онро тадқиқ намоед! Ба он саволҳои зеринро диҳед:
— Оё ин оят маро дар гуноҳе фош намесозад, ки аз онҳо тавба кардан лозим аст?
— Оё ин оят ба ман ваъдаеро нишон намедиҳад, ки дар бораи он ман метавонам дуо кунам?
— Оё ин оят ба ман муносибатеро нишон намедиҳад, ки ман бояд онро тағйир диҳам?
— Оё дар он ягон хел амре нест, ки ман бояд онро ба ҷо орам?
— Оё дар он ягон намунае нест, ки ман бояд ба он пайравӣ намоям?
— Оё дар он дуое нест, ки бо ёрии он ман дуо карда тавонам?
— Оё дар он ишора ба хатоҳое нест, ки аз онҳо канораҷӯӣ намоям?
— Оё дар он ҳақиқатҳое ҳастанд, ки бояд ба онҳо бовар кунам?
— Оё дар он чизе ҳаст, ки барои он Худоро шукргузорӣ намоям?
2. Ба хотир гирифтани Китоби Муқаддас.
Дар як варақ ҳамаи оятҳоро нависед, ки шумо ба хотир гирифтан мехоҳед. Миқдори оятҳоеро, ки барои бахотиргирӣ навиштаед, ба як доллар зарб занед. Ба ҳамин тариқ шумо метавонед "арзиш"-и ганҷинаи каломии худро ҳисоб карда бароед. Ҳисоби худро бо "арзиш"-и ҳамаи оятҳои Китоби Муқаддас муқоиса кунед: 31 102 000 доллар.
Ана баъзе таҷрибаҳо оиди "махфиёна" паҳн кардани Китоби Муқаддас, ки аз тарафи масеҳиёни Калисои таъқибшаванда дар шароитҳои хеле вазнин ба даст оварда шудаанд:
Паҳн кардани Китоби Муқаддас дар шакли ба қисмҳо ҷудокардашуда нисбат ба китоби яклухт осонтар аст.
Нусхаҳои Китоби Муқаддасро ба одамоне диҳед, ки порчаҳоро аз он рӯйнавис менамоянд ва онҳоро дар байни имондорон паҳн менамоянд.
На ҳамаи давлатҳои дорои тартиботи ҷазодиҳанда қобилият доранд, ки дар дохили мамлакат мукотибаи почтавиро назорат кунанд. Миқдори на чандон зиёди нусхаҳои Навиштаҳоро ба воситаи почта равон кардан мумкин аст. Нусхаҳои мефиристодаатон бояд дар коғазҳои оддие, ки аз дилхоҳ мағозаи конселярӣ дастрас кардан мумкин аст, дастнавис шуда бошанд.
Истифодаи аудиосабтҳои каломӣ метавонанд на он қадар шубҳанок бошанд, махсусан агар матнҳо ба оҳанг дароварда шуда бошанд.
Истифодабарандагони компютер метавонанд Китоби Муқаддасро дар дискетҳо ва дискҳои лазерӣ нигоҳ доранд.
Машқи нақшӣ:
1. Гурӯҳи шумо дар хонае ҷамъ шудааст, ки ба он ҷо овардани Китоби Муқаддас иҷозат намедиҳед. Бигузор ҳар яке аз ҳозирон дар варақ оятҳоро аз Навиштаҳо, ки аз ёд медонад, нависад. Баъди он шумо онҳоро бо нусхаи аслӣ муқоиса менамоед. Дар ниҳояти кор шумо то чӣ андоза порчаи калони каломиро ба даст овардед? Натиҷаи таҷрибаи гузаронидаатонро муҳокима намоед.
Саволҳо барои муҳокима:
1. Шумо ягон маротиба танқиди каломиро шунидаед? Масеҳӣ чӣ хел бояд ба он эътино намояд?
2. Чӣ гуна боварӣ ҳосил намоем, ки Исои Масеҳ Навиштаҳои аҳдиқадимиро муҳим мешуморид?
3. Барои чӣ моро лозим аст, ки оятҳои каломиро дар хотир нигоҳ дорем?
4. Нақшаҳо оиди ба хотиргирии Китоби Муқаддас бештар пешкаш менамоянд, ки оятҳои асосиро аз ёд кунем. Вале барои чӣ тамоми бобҳоро аз ёд кардан низ чунин муҳим аст?
5. Шумо чӣ хел нусхаҳои Китоби Муқаддасро нигоҳ медоред, агар ногаҳон ба мамлакате афтед, ки ҳокимон Навиштаҳоро манъ кардаанд?
Боби понздаҳум
ДАСТГИРИИ ХУДО: ДУО
Ба Қӯлассиён 4:2
Шумо ба навимоноварда чӣ тавр мефаҳмонед, ки дуо чист?
Порчаҳо аз Навиштаҳо оиди он, ки кай ва дар куҷо дуо кунем, чӣ мегӯянд?
• Бо ___________________________ дуо кунед; (1 Вақ. 26:10-13);
• Бо ___________________________ дуо кунед; (2 Вақ. 7:14);
• Бо ________________ пок ва мақсадҳои нек дуо кунед (Заб. 65:18-20);
• Бо ___________________________ дуо кунед (Матто 6:6);
• Чӣ тавре ки моро ___________________ , дуо кунед (Матто 6:9);
• Мувофиқи _________________________ Худо дуо кунед (Юҳ. 15:7);
• Бо _______________________________ дуо кунед (Рум. 12:12);
• Бо ________________________________ дуо кунед (Фил. 4:6);
• Бо бедорӣ ва ________________________ дуо кунед (Қӯл. 4:2);
• Бо ______________________________ дуо кунед (1 Тасл. 5:17);
• Бо _________________________ муқаддасро боло бардошта, дуо кунед (1 Тим. 2:8);
• Дар бадбахтӣ дуо кунед, ва бо _____________________ дуо кунед (Яъқуб 15:13-16);
• Дар асоси муносибатҳои ақлона нисбати ________________ худ дуо кунед (1 Пет. 3:7);
• Дар дуо ______________________ буда, дуо кунед (1 Пет. 4:7);
• Аз рӯи ___________________ Худо дуо кунед (Юҳанно 5:14-15);
• Бо ____________________________ дуо кунед (Яҳудо 1:20);
Шаш қисми дуоҳои намунавӣ, ки Исо ба шогирдони худ дод, кадомҳоянд? Ҳар як қисмро чунон фаҳмонед, ки гӯё ба навимонон мефаҳмонда бошед.
1. Ҳамду сано
"Эй Падари мо, ки дар осмонӣ! Исми Ту муқаддас бод..."
2. Мақсад
"Малакути Ту биёяд, иродаи Ту, чуноне ки дар осмон аст дар замин ҳам ба амал ояд..."
3. Таъминот
"Ризқу рӯзии моро имрӯз ба мо бидеҳ..."
4. Бахшиш
"...Ва қарзҳои моро бубахш..."
5. Одамон
"Чуноне, ки мо низ ба қарздорони худ мебахшем..."
6. Муҳофизат
"...ва моро ба озмоиш дучор накун, балки моро аз иблис раҳоӣ деҳ..."
1. Ваъдаҳоро ба хотир оварда дуо кунед.
Ваъдаҳои зеринро нисбати дуо фаҳмонед:
"Ва ҳар чиро, ки ба исми Ман биталабед, ба ҷо хоҳам овард, то ки Падар дар Писар ҷалол ёбад" (Юҳ. 14:13).
"Биталабед, ба шумо дода хоҳад шуд; биҷӯед хоҳед ёфт; дарро бикӯбед, он ба рӯятон кушода хоҳадшуд" (Мат. 7:7).
"...Моро бихон, ва Ман туро иҷобат хоҳам намуд, ва ба ту чизҳои бузург ва ниҳониеро, ки намедонӣ, баён хоҳам кард..." (Ирм. 33:3).
2. Ба овози Рӯҳулқудс гӯш дода дуо кунед.
Барои чӣ шунидани Худо қисми муҳимтарини дуо мебошад?
3. Дар интизории иҷрои хоҳиши аниқ дуо кунед.
Барои чӣ дар дуо чунин аниқ будан даркор аст?
Ба амрҳои зерин аниқ дуокунӣ диққат диҳед:
Дар дуоҳои худ сулҳу осоиштагӣ ________________ (Заб. 121:6);
Барои ________________________ худ дуо кунед (Мат. 5:44).
Барои аз бадӣ ______________________ дуо кунед (Мат. 6:13).
Барои ________________________ масеҳиён дар тамоми олам дуо кунед (Мат. 9:37-38).
Барои ғалаба бар ____________________ дуо кунед (Мат. 26:41).
Барои муҳофизат, тақдис ва ягонагии _____________________ дуо кунед (Юҳ. 17).
Дар бораи ҳамаи _____________________ дуо кунед (Эфс. 6:18);
Барои _________________________ дар тамоми ҷаҳон дуо кунед (2 Тасл. 3:1);
Барои _________________________ роҳбарони масеҳӣ дуо кунед (2 Тасл. 3:2);
Барои ҳамаи ______________________ дуо кунед (1 Тим. 2:1-7);
Барои ______________________ рӯҳонӣ дуо кунед (Яъқуб 1:5);
Барои бародаре, ки дар ҳаёти худ ___________________ дуо кунед (1 Юҳ. 5:16).
Ба чор усули зерин диққат диҳед, ки Худо метавонад ба дуоҳои мо ҷавоб диҳад:
Ҳар он чизе, ки ба исми Ӯ бипурсем ба мо диҳад;
Иҷрои хоҳишро маъқуф гузорад, то ки онро дар вақте ба ҷо орад, ки Худ салоҳ мебинад (танҳо Ӯ ҳама чизро аз аввал то охир мебинад);
Хоҳиши моро рад карда "не" гӯяд, зеро он чизеро мепурсем, ки ба мо лозим нест;
Ҷавоби беҳтари дигаре диҳад.
Китоби Муқаддас дар порчаҳои зерин кадом монеаҳоро барои дуокунӣ номбар менамояд:
Дуо бо _________________________ худпарастона (Яъқуб 4:3);
Дуо бе тавбаи ____________________________ (Юҳ. 9:31);
Дуо бе ____________________________ Худо (Ирм. 14:10-13);
Дуо бе ҷавоб ба _________________________ Худо (1:24-33);
Дуо бе аксуламали таъсирбахш ба ______________ (Масалҳо 21:13);
Дуо бо дастони пур аз ____________________ (ки ба қотилӣ баробар аст) (Ишаъё 1–15);
Дуо бо хизматгузории ҳамзамон ба дигар _____________________ (Ирм. 11:11-14);
Дуо бо _____________________________ (Яъқ. 1:6-7);
Дуо риёкорона ё ___________________________ (Айюб 27:8);
Дуои одамони ___________________________ (Айюб 35:12);
Дуои одамони ____________________________ (Луқо 18:9-14);
Дуои _________________________ халқи Худо (Заб. 17:41-42);
Ҳазрат доктор Чо, шубони калисои дар ҷаҳон калонтарини ячейкагӣ, дар бораи аҳамияти дуокунӣ мегӯяд. Шубони калисои инкишофёбандаи Корея буда, вай дуокуниро барои худ ҳатмӣ дониста, на камтар аз панҷ соат дар як рӯз дуо мекунад.
Вай дуоро ба ду намуд ҷудо мекунад — дуои дорои мақсади аниқ ва дуои мушоракат. Ҳар ду шакл муҳиманд, вале дуои мақсаднок меҳнати душворе буда, сарфи қувваи бисёреро талаб менамояд. Ана пайдарпаии дуои дорои мақсади аниқ:
Мақсади аниқ гузоред ва ба он нигаронида шавед.
Калимаҳои оддиро истифода баред;
Тамоми ҳиссиёт ва қувваи дили худро сафарбар намоед;
Боисрор бошед (ба Луқо 18:1-8 ниг.);
Фарқи байни дуои мушоракат ва дуои мақсаднокро фаҳмонед.
Яке аз сабақҳои бузурге, ки ба Калисои таъқибшаванда аз худ кардан лозим меояд, зарурати дуо кардан барои таъқибкунандагони худ аст. "Таъқибкунандагон"-и аз ҳама асосии худро муайян намоед. Дар бораи ин одам дуо нависед.
Ба фактҳои зерини каломӣ диққат диҳед:
Мусо ду маротиба чилрӯзӣ рӯза дошт (ба Хуруҷ 4:28 ниг.);
Дониёл дар давоми 21-рӯз рӯза (рӯзаи нопурра) дошт (Ба Дон. 10:3 ниг.).
Юил имондоронро даъват мекард, ки рӯзи рӯзадориро муқаррар кунанд (ба Юил 1:14; 1:12 ниг.);
Эзро дар вақти рӯза доштан ва мотам гирифтан ба хилват рафт (Эзро 10:6);
Илёс дар давоми чил рӯз рӯза дошт (ба 3 Подш. 19:8 ниг.);
Роҳбарони калисои Антиохия рӯза медоштанд (ба Аъм. 13:2-3 ниг.);
Исо дар давоми чил рӯз рӯза дошт (ба Луқо 4:2 ниг.);
Павлус ва Барнаббо рӯза медоштанд (ба Аъм. 14:23; 27:33 ниг.);
Оё намудҳои гуногуни рӯза вуҷуд дорад?
Оё фарқият байни ин навъи рӯзаҳо ҳаст:
Муқаррарӣ
Пурра
Нопурра
Маслиҳатҳоро барои давраи рӯзадорӣ ба хотир оред.
Дар китоби Билл Брайт дар бораи бедоршавии оянда ва даъват ба Америка оиди рўза гирифтан, дуо кардан ва ҷустани Худо (Bill Bright, The Coming Revival-America`s Call to Fast, Pray and Seek God`s Face) гуфта мешавад, ки аз 100 миллион шаҳрвандони Америка, ки ҳар рӯзи якшанбе ба калисо меоянд, 50%-и онон ба наҷоти худ боварӣ надоранд, 95%-и онон ба шахсият ва хизматгузории Рӯҳулқудс шинос нестанд, танҳо 25%-и имондорони Америка ҳамеша имони худро ба Масеҳ бо дигарон бо ҳам мебинанд (саҳ. 65).
Наход ин рост бошад? Наход мо чунин вонамуд месозем, ки мо масеҳӣ ҳастем ва худ мувофиқи ахлоқ ва принсипҳои ин ҷаҳон зиндагӣ карда, чуноне тарзи ҳаёт мегузаронем, ки аз се ришта бофта шудааст — аз дудилагӣ, дурӯягӣ ва маслакфурӯшӣ? Чӣ бояд кард?
"Доктор Билли Грэм гуфта буд, ки мувофиқи тадқиқотҳои ӯ қариб 90% масеҳиёни Америка бо ҳаёти ноумедона зиндагӣ мекунанд" (The Coming Revival, p. 192).
Калисо дар Хитой бо ҷидду ҷаҳд ба 100 млн. аъзо наздик мешавад, ки қариб ними аҳолии ИМА-ро ташкил медиҳад. Ин имондорони сидқан ба Худо додашуда тайёранд ҳар он чизеро, ки доранд, ба хатар гузоранд — мартаба, мавқеи иқтисодӣ, саломатӣ, оила — моҳиятан ҳар он чизеро, ки дар Ғарб гиромӣ медоранд. Барои имондорони Хитой дуо, Навиштаҳо, башоратдиҳӣ ва пуршавӣ бо Рӯҳулқудс дар мадди аввал меистад. Барои чӣ, фикри шумо чист?
Дар боби 53-уми китоби Ишаъё пайғамбар дар бораи рӯзаи ҳақиқӣ мегӯяд, ки ба Худо мақбул аст. Дар чунин рӯза ҳамдардӣ ва итоаткорӣ, ки дар қатори худдорӣ кардан аз хӯрок, ба муқобили беадолатӣ равона карда шудаанд, ифода карда мешавад.
Бартарии ҷисмонии рӯза (фосилаҳоро пур кунед):
Тозакунии организмро аз ___________________ таъмин менамояд;
Ба таври физиологӣ __________________________ (барои узвҳои ҳозима, роҳҳои нафаскашӣ ва инчунин барои рагҳои хунгард);
Организмро аз ______________________ зарарнок раҳо месозад;
________________________ паст мекунад ва системаи хунгард ва лимфатикиро тоза мекунад ва _________________________ ;
Тамоми организмро ба _________________________ меорад.
Калимаҳои партофташуда: истироҳат, вазн, боқимондаҳо, моддаҳои зарарнок (токсинҳо), азнавсозӣ.
Бартариҳои рӯҳонии рӯза (фосилаҳоро пур кунед):
Вақти _____________________ бо Худованд дар ҳузури Ӯ будан;
_______________________ худ дар назди Худо дар дуо;
Баланд бардоштани дараҷаи ҳиссиётнокии рӯҳонӣ, ҳушёрӣ ва ______________ ;
Вақти тадқиқи сабабҳои шахсӣ, мақсадҳо ва _________________ ;
Калимаҳои партофташуда: арзишҳо, фурӯтанӣ, дар танҳоӣ, фарқият.
Машқи нақшӣ:
Шумо роҳбари гурӯҳи мушоракатӣ мебошед ва рӯзи дуокунӣ ва рӯзаро ба нақша мегиред. Вариантҳои гуногунеро, ки ба шумо ва гурӯҳи шумо ба таври беҳтар мувофиқат мекунанд, муҳокима кунед ва ба нақша гиред. Вохӯрии дуоии якҷояеро ба нақша гиред, ки дар он ҳама пешниҳодоти номбаршудаи шумо амалӣ кардан мумкин бошад. Бигзор ҳангоми дуо барои эҳтиёҷоти аниқи дуоӣ бахшишҳои Рӯҳулқудс зоҳир гарданд.
Саволҳо барои муҳокима:
1. Бо кадом сабаб дуоҳои мо метавонанд бетаъсир бароянд?
2. Павлус вақте ба мо панд дод, ки "Пайваста дуо гӯед" (1 Тасл. 5:17) чиро дар назар дошт? Оё ин имконпазир аст?
3. Чӣ тавр навиштани эҳтиёҷҳои дуоии мо метавонад имони моро тасдиқ кунад? Оё шумо ба навиштани эҳтиёҷҳои дуоии худ тайёред?
4. Оё чунин ҳолатҳо буданд, ки Худо ба дуоҳои шумо ҷавоб дода бошад? Дар бораи онҳо нақл кунед.
5. Дар ҳолати набудани ҷавобҳо ба дуоҳо ё ҷавобҳое, ки ба чашмдошти шумо мувофиқат намекунанд, чӣ тавр эътино бояд кард?
Хулоса
Ӯ барои корнамонхо қудрат хост,
Вале барои бардошт ба вай беқувватӣ дода шуд.
Ӯ барои корҳои бузург саломатӣ пурсид,
Вале ба вай барои он заифӣ дода шуд.
Ӯ қудрат хост, то одамонро ҳайрон созад,
Вале беқувват гашт, то Худоро ҷӯяд.
Ӯ сарват хост, то ки беташвиш бошад,
Вале бенаво гашт, то ҳикматро ба даст орад.
Ӯ ҳама чиз хост, то аз ҳаёт ҳаловат барад,
Вале дорои ҳаёт гашт, то ки аз ҳама чиз ҳаловат барад.
Ӯ аз чизҳои пурсидааш ҳеҷ чизро нагирифт,
Ӯ беш аз оне, ки умед дошт, ба даст овард.
Ӯ ба дуо ҷавоб гирифт!
Одами фархунда!
ҚИСМИ V
Тайёрӣ
Боби шонздаҳум
НУМӮ КАРДАН ДАР ТАҚВОДОРӢ
1 Қӯр. 9:25
Барои он, ки пуррагии каломиро нигоҳ дорем, биёед мафҳуми тайёриро ҳамчун амр ё курси тақводории бароямон тайёр кардашуда дида мебароем, ки дар он ҳар як одам давраи тарбияро мегузарад, то ки ба роҳнамоии Худо итоаткор буда, қобилияти ба дасисаҳои душман истодагарӣ карда тавонад.
Ҳамаи ҳашт аҳкоми саодат табиати духела доранд — ба он маъно, ки онҳо "донишро ифода менамоянд ва натиҷаи ин дониш "амал кардан" аст. Дар назди ҳар як ҳукм қайд кунед, ки мувофиқи иродаи Худо шумо бояд чиро "донед" ва чӣ "кунед".
"Хушо мискинони рӯҳ, зеро ки Малакути Осмон аз они онҳост" (Мат. 5:3).
"Хушо мотамзадагон, зеро ки онҳо тасаллӣ хоҳанд ёфт" (Мат. 5:4).
"Хушо ҳалимон, зеро ки онҳо вориси замин хоҳанд шуд" (Мат. 5:5).
"Хушо гуруснагон ва ташнагони адолат, зеро ки онҳо сер хоҳанд шуд" (Мат. 5:6)
"Хушо раҳимон, зеро ки раҳм хоҳанд ёфт" (Мат. 5:7).
"Хушо покдилон, зеро ки онҳо Худоро хоҳанд дид" (Мат. 5:80).
"Хушо сулҳҷӯён, зеро ки онҳо фарзандони Худо хонда хоҳанд шуд" (Мат. 5:9).
"Хушо таъқибшудагон дар роҳи адолат, зеро ки Малакути Осмон аз они онҳост" (Мат. 5:10).
1. Ба гурӯҳҳои хурд тақсим шавед ва дарсҳои дар ин боб пешкашшударо муҳокима намоед. Кадоме аз аҳком ба шумо барои истифода бурдан дар амалия мушкил менамояд?
2. Имондорони махфии Кореяи Шимолӣ дар ҷамъомадҳои махфиёнаи худ дар баробари дуои Худованд панҷ принсипи зеринро баён мекунанд.
Мо таъқибот ва азиятҳоро бо хурсандӣ ва бошарафона аз сар мегузаронем.
Мо таҳқирҳо, тамасхурҳо ва маҳрумиятҳоро бо хурсандӣ бо номи Исо қабул кардан мехоҳем.
Мо мехоҳем ашкҳои дигаронро пок кунем ва азияткашонро тасалло диҳем.
Мо мехоҳем тайёр бошем, ки аз боиси муҳаббати худ ба наздикон ҳаёти худро ба хатар гузорем, то ки онҳо низ масеҳӣ гарданд.
Мо мехоҳем ҳаёти худро дар мувофиқат бо намунаҳое гузаронем, ки дар Калисои Худо оварда шудаанд.
Муҳокима намоед, ки ин имондорон чӣ хел ба ҳаёти порсоёна тайёр шудаанд.
3. Ҷузъиёти дуои зеринро дар бораи осоиштагӣ, ки ба Франсиски муқаддас нисбат дода мешавад, муҳокима кунед:
Худовандо, маро аслиҳаи сулҳдӯстии Худ бигардон,
Ба ман имкон деҳ, то дар он ҷое, ки нафрат аст, муҳаббат корам,
Дар он ҷое, ки дард аст, бубахшам,
Ба он ҷо ки хатоҳост, ҳикматро барам,
Имонро ба он ҷое, ки шубҳа ҷой дорад,
Умедро ба он ҷое, ки ноумедист,
Нурро ба он ҷое, ки зулмот аст,
Ва хурсандиро ба он ҷое, ки ғаму андӯҳ аст.
Эй Худованди Қодири Мутлақ,
Ато кун, то ман тасалло наҷӯям, балки худам тасалло диҳам,
Фаҳмишро наҷӯям, балки дигаронро фаҳмам,
Муҳаббатро наҷӯям, балки муҳаббат бахшам,
Зеро дар ато кардан ба даст меоварем
Ва дар бахшиш бахшиш меёбем,
Барои худ мурда истода, мо барои ҳаёти абадӣ зода мешавем.
Омин.
4. Одамеро, ки хоҳиши ҳаёти муқаддасона ба сар бурдан дорад, чӣ гуна душвориҳо интизоранд? Кадом ҷиҳатҳои қудсият барои иҷро кардан дар ҳаёти ин замона душвор аст?
5. Якҷоя барои осоиштагии бардавом ва ҳамоҳангӣ дар байни халқҳои гуногун ва гурӯҳҳои динӣ дар мамлакати шумо ва дигар мамлакатҳои ба шумо маълум, ки дар он ҷо масеҳиён аз таъқибот азият мекашанд, дуо кунед.
Боби ҳабдаҳум
МУҲАББАТИ ДАР МУОШИРАТ ЗОҲИРШУДА
1 Юҳанно 3:18
Исо гуфта буд: "Шумо намаки ҷаҳон ҳастед". Қувва ва маънои ин муқоиса дар чист?
Намак чор сифати асосӣ дорад — ин масолеҳи тоза ва арзон буда, хусусияти аз вайроншавӣ нигоҳ доштан ва қобилияти бомаза карданро дорад. Масеҳиён дар чӣ метавонанд ба намак муқоисашаванда бошанд?
Исо инчунин масеҳиёнро бо нур муқоиса намудааст. Нур ифлосиро ошкор мекунад; роҳро мунаввар месозад, аз ин рӯ барои мо чизи пешподиҳанда нест; торикиро меронад; тарсро пароканда карда, имкон медиҳад, ки мо дӯстро аз душман, ҳақиқатро аз дурӯғ фарқ созем ва имкон медиҳад, ки меҳнат кунем. Дар кадом маъно масеҳиён метавонанд ба нур муқоисашаванда бошанд?
Дар Номаи Яъқуб (1:27) гуфта шудааст: "Дини пок ва беайб ба ҳузури Худо ва Падар ин аст, ки ятимон ва бевазанонро дар андӯҳи онҳо парасторӣкунем...". Маънои ин суханонро чунон фаҳмонед, ки гӯё ба навимонон мефаҳмонда бошед.
Номаи якуми Петрус (2:12)-ро хонед: "...Дар миёни халқҳо умри некӯкорона ба сар баред. То ки онҳо ба ҷои он, ки дар ҳаққи шумо ҳамчун бадкирдорон бадгӯӣ кунанд, аъмоли некатонро дида, Худоро дар рӯзи тафаққуд ҳамду сано хонанд". Ин оятро бо Нома ба Эфсӯсиён (2:10), муқоиса намоед: "Зеро ки мо офаридаи Ӯ ҳастем ва дар Исои Масеҳ барои аъмоли нек, ки иҷрои онҳоро Худопешакӣ барои мотаъин намудааст, ба вуҷуд оварда шудаем".
Чиро "аъмоли нек" номидан мумкин аст (ёрии озуқаворӣ, об, либос. сарпаноҳ ва ёрии тиббиро)?
Ин "аъмоли нек" аз дигар "амалҳои нек" чӣ фарқ доранд? (аз башоратдиҳӣ ва дуо)?
"Мо бо худ ба осмон танҳо ду чизро мебарем: дуоҳои худ ва ҷонҳои касонеро ки мо ба имон ба Масеҳ овардаем. Агар шумо ба ҳақиқат будани ин тасдиқот бовар дошта бошед, пас "ёрии башардӯстона"-и масеҳӣ дар чист?
1. Сабақҳои мусбатеро, ки шумо аз ин боб гирифтаед, муҳокима кунед. Дастовард ва норасоиҳоеро, ки шумо ҳамчун шахси алоҳида ва ё калисои маҳаллӣ доред, нисбати ҳар яке аз ҷиҳатҳои номбаршудаи ин дарс номбар кунед. Агар чунин имконият пайдо шавад, шумо аз болои чӣ кор карданӣ ҳастед?
2. Машғулиятро бо дуо ба охир расонед, тарафҳои сусти худро эътироф кунед ва Худоро барои он корҳое, ки шумо ва ё калисои маҳаллии шумо карда тавонистед, шукр гӯед. Инчунин барои он корҳое шукр гӯед, ки карданашон дар пеш аст.
Саволҳо барои муҳокима:
1. Ҷамоаи масеҳие, ки шумо ба он тааллуқ доред, чӣ тавр метавонад дар минтақаи шумо нур ва намак гардад?
2. Кадом соҳаи зоҳиршавии agapе (муҳаббат) нисбати дигар одамон бароятон аз ҳама душвор менамояд?
3. Душманро дӯст доштан қариб имконнопазир аст. Ба масеҳие, ки мехоҳад ин муҳаббатро зоҳир созад, кадом қувва дастрас аст? Оё душманони худро дӯст дошта, дар айни замон ба муқобили онҳо мубориза бурдан мумкин аст?
Боби ҳаждаҳум
ПУРТОҚАТӢ ВА ПАНДДИҲӢ
Ибр. 10:25
Барои он ки ҳамеша дар пеши Худо қадамгузор бошем ва самараҳои Рӯҳро ҳосил намоем, мо бояд дорои сифатҳое бошем, ки пурсабрӣ ном дорад. Аз ҳаёти Роберт Моррисон, ки дар зер ба шумо пешкаш менамоем, он омилҳоеро қайд кунед, ки ба вай ёрӣ доданд дар худ пурсабриро ҳосил намояд.
Агар пурсабрии миссионерони аввалини асрҳои гузашта намебуд, хитоиҳо то ҳанӯз дорои Китоби Муқаддас ба забони хитоӣ намешуданд.
Роберт Моррисон дар ноҳияи камбағали шаҳри на он қадар калони шоҳибофони Шотландия ба воя расидааст. Муаллими мактаби якшанбегӣ кӯшишҳои худро барои ба даст овардани дили писарбачае барои Исо қатъ накард ва ба шарофати пурсабрии ин муаллим Моррисони ҷавон пайрави Исо гардид.
Вай миссионер-пешоҳанги протестантӣ дар Хитой буд ва дар ибтидои солҳои 1800-ум Китоби Муқаддасро ба забони хитоӣ тарҷума карда буд. Аммо кор бе ҳаяҷонҳо ва изтиробҳои зиёд ба амал наомад. Шонздаҳ соли пурра Моррисон дар шароити даҳшатнок зиндагӣ кард. Ёрдамчии хитоии вай Ако бо худ заҳр гирифта мегашт, то ҳангоми уқубатҳое, ки дар ҳолати "фош шудан" ба вай таҳдид мекарданд, азоб накашад. Дар натиҷа заҳматҳои Моррисон бо он сарфароз гардонда шуд, ки Ако аввалин имондори вай гашт.
Роберт Моррисон аввал писар баъд занашро аз даст дод. Вале вай ба ин ҳам сабру таҳаммул кард. Имрӯз дар Макао дар қабристони кӯҳнаи протестантӣ қабри вайро дар паҳлӯи қабрҳои наздиконаш дидан мумкин аст. Имрӯз пурсабрии парҳезкоронаи вай дар ҳаёти бисёр бародарон ва хоҳарон дар Хитой самар меорад.
Барои чӣ рӯҳбаландкунӣ барои рафтору муомилаи масеҳӣ чунин муҳим аст? Моҳияти рӯҳбаландкуниро дар асоси Номаи якум ба Таслӯникиён (2:6-12) фаҳмонед.
Чӣ гуна Нома ба Ибриён (10:25) метавонад чун илова ба фаҳмиши рӯҳбаландкунӣ хизмат кунад?
Бо овози баланд ҳамчун эътирофи имон хонед:
• Дигар ҳеҷ гоҳ ман наметарсам, "зеро ки Худо ба мо на рӯҳи тарсу ҳаросро, балки рӯҳи қувват ва муҳаббат ва парҳезкорӣ додааст" (2 Тим. 1:7).
• Дигар ҳеҷ гоҳ ман бартарии иблисро дар ҳаёти худ ҳис намекунам, зеро "...аз Худо ҳастед, ва онҳоро мағлуб кардаед, зеро Ӯ, ки дар шумост, аз он ки дар ҷаҳон аст, бузургтар аст" (1 Юҳ. 4:4).
• Дигар ман ҳеҷ гоҳ набудани хирадмандиро дар худ ҳис намекунам, зеро ман акнун "...дар Исои Масеҳ ҳастед, ки барои мо ҳикмате аз ҷониби Худо, яъне адолат, қудсият ва кафорат шудааст" (1 Қӯр. 1:30).
• Дигар ман ҳеҷ гоҳ чунин намешуморам, ки ман ягон кореро наметавонам, зеро "Ҳамааш аз дастам меояд, бо мадади Масеҳ, ки маро қувват мебахшад" (Фил. 4:13).
• Дигар ҳеҷ гоҳ шикаст нахоҳам хӯрд, чунки "...Ӯ ҳамеша ба мо дар Масеҳ зафар мебахшад..." (2 Қӯр. 2:14)
• Дигар ҳеҷ гоҳ худро нолоиқ намешуморам, "Зеро Ӯро, ки аз гуноҳ бехабар буд, барои мо қурбони гуноҳ сохт, то ки мо дар Ӯ адолати Худо шавем" (2 Қӯр. 5:21).
• Дигар ҳеҷ гоҳ худро одами бетолеъ ҳис намекунам, зеро "...бар ҳамаи ин мо ба воситаи Дӯстдорамон пурра ғолиб меоем" (Рум. 8:37).
• Дигар ман ҳеҷ гоҳ рӯҳафтодагиро ҳис намекунам, зеро "Дили боматонатро Ту дар осоиштагии комил нигоҳ медорӣ, зеро ки вай ба ту таввакал мекунад" (Ишаъё 26:3).
• Дигар ман ҳеҷ гоҳ хавотир намешавам, зеро Исо гуфтааст: "...Дар ҷаҳон ғаму кулфат хоҳед дошт; лекин далер бошед: Ман бар ҷаҳон ғолиб шудаам" (Юҳ. 16:33).
• Дигар ҳеҷ гоҳ ман дар изтироб нахоҳам буд, "чунки Худо Худои ҳарҷумарҷ нест, балки Худои осоиштагист" (1 Қӯр. 14:33) ва "мо на рӯҳи ин ҷаҳонро, балки Рӯҳеро қабул кардаем, ки аз Худост, то он чиро ки Худо ба мо ато кардааст, бидонем" (1 Қӯр. 2:12).
• Дигар ман ҳеҷ гоҳ ҳолати беэътимодии худро аз будаш зиёд баҳо намедиҳам, зеро "Вақте хоб равӣ, нахоҳӣ тарсид; ва хоби ту ширин хоҳад буд, чун хобат барад <...> ...зеро ки Худованд умедбахши ту хоҳад буд, ва пои туро аз дом нигоҳ хоҳад дошт" (Масалҳо 3:24-26).
• Дигар ҳеҷ гоҳ беқаноат нахоҳам буд, "...зеро ман ёд гирифтаам, ки бо он чӣ дорам, қаноат кунам" (Фил. 4:11).
• Дигар ман ҳеҷ гоҳ танҳоиро ҳис намекунам, зеро ки Исо гуфтааст: "...ва инак, Ман ҳаррӯза то охирзамон бо шумо ҳастам" (Матто 28:20) ва "...туро тарк нахоҳам кард ва туро нахоҳам партофт" (Ибр. 13:5).
• Дигар ҳеҷ гоҳ вобастагии худро аз ҳеҷ чизе ҳис намекунам, зеро Худованд Рӯҳ аст, ва ҳар куҷо Рӯҳи Худованд аст, он ҷо озодист" (2 Қӯр. 3:17).
• Дигар ҳеҷ гоҳ ман изтироб ва рӯҳафтодагиро аз сар намегузаронам, зеро "ҳамаи ғамҳои худро ба Ӯ вогузор намоед, зеро ки Ӯ ба шумо ғамхорӣ мекунад" (1 Пет. 5:7).
• Дигар ҳеҷ гоҳман дар худ лаънатро ҳис намекунам, зеро "Масеҳ моро аз лаънати шариат фидия дода гирифта, барои мо лаънат гардид... то ки баракати Иброҳим ба василаи Исои Масеҳ ба ғайрияҳудиён татбиқ шавад, барои он ки ваъдаи Рӯҳро мо ба воситаи имон пайдо кунем" (Ғал. 3:13-14).
• Дигар ҳеҷ гоҳ худро заиф ҳис намекунам, зеро "Худованд истеҳкоми ҷони ман аст..." (Заб. 26:1). Дигар ҳеҷ гоҳ худро гуноҳкор ҳис намекунам, зеро "ҳеҷ маҳкумияте нест барои онҳое ки дар Исои Масеҳ ҳастанд ва на ба ҳасби ҷисм, балки ба ҳасби рӯҳ зиндагӣ мекунанд" (Рум. 8:1). Ман дар Масеҳ ҳастам ва барои ҳамин аз ҳама гуна айбдоркуниҳо озодам.
• Дигар ман ҳеҷ гоҳ мӯҳтоҷиеро аз сар намегузаронам, зеро "Худои ман ҳар эҳтиёҷи шуморо ба ҳасби сарвати ҷалоли худ дар Исои Масеҳ пур хоҳад кард" (Фил. 4:19).
• Дигар ҳеҷ гоҳ ман аз оянда нахоҳам тарсид, зеро "навишта шудааст: "он чиро чашме надидааст, гӯше нашунидааст ва ба дили инсон наомадааст, Худо барои дӯстдорони Худ муҳайё кардааст. Вале ба мо Худо онро ба воситаи Рӯҳи Худ ошкор сохтааст..." (1 Қӯр. 1:9-10).
Саволҳо барои муҳокима:
1. Кадом сифатҳои хислати шумо ба шумо ёрӣ мерасонанд, ки дар имон пурсабрӣ зоҳир кунед?
2. Нома ба Румиён (15:4)-ро хонед ва муҳокима кунед, ки чӣ тавр чизҳои дар он гуфташударо дар амал зоҳир кардан имконпазир аст?
3. Шумо дигаронро чӣ тавр дастгирӣ мекунед ва чӣ тавр ба онҳо ёрӣ мерасонед?
4. Оё шумо дӯстоне доред, ки ҳамин вақт дастгирии шумо ба онҳо даркор аст?
5. Барои чӣ тасалло додан дар ҳаёти масеҳӣ ин қадар муҳим аст?
6. Оё дар шумо ягон вақт васвасаи ба қафо баргаштан ё таслим шудан пайдо шуда буд?
7. Шаҳодатро дар бораи тасаллодиҳӣ, ки шумо дар лаҳзаи душвори ҳаёт гирифтаед, бо дигарон бо ҳам бинед.
Боби нуздаҳум
БАХШИШ ВА БАРАКАТ
Матто 6:14-15
Хусусиятҳои асосии масеҳият муҳаббат ва бахшида тавонистан мебошад. Ислом амр мекунад: "Душманони исломро кушед", яҳудият мегӯяд: "Дар ивази чашм чашм, дар ивази дандон дандон". Исои Масеҳ мегӯяд: "Душманони худро дӯст доред: ва барои озордиҳандагон ва таъқибкунандагони худ дуо гӯед".
Муайян кунед, ки чӣ бахшиш нест. Фосилаҳоро бо суханони зерин пур кунед: фикрҳоро дар бораи озор дур кунем, оштӣ кунем, сафед кунем, фаромӯш кунем, таҳаммул, мусоҳилакорӣ кунем.
Бахшидан маънои онро надорад, ки пурра ___________________ . Ҷароҳатҳои чуқур на ҳамеша аз хотири одам мераванд.
Бахшидан маънои онро надорад, ки ___________________ . Барои оштӣ кардан хоҳиши ду одам даркор аст, вале тарафи ҷабрдида озордиҳандаро бе оштишавӣ бо вай бахшида метавонад.
Бахшидан маънои онро надорад, ки ___________________ ё бетарафӣ зоҳир созем. Бахшиш рафтори бад ё бемасъулиятро сафед намекунад.
Бахшиш маънои онро надорад, ки озорҳоро __________________ . Баръакс одами бахшанда нисбати озордиҳанда ҷиддӣ рафтор менамояд ва онро камаҳамият ва нодаркор намеҳисобад.
Бахшиш ба фаҳмиши хираи _____________________ баробар нест. Вагарна мо дар ҳолати аз ҳама беҳтар барои бахшиш тақлиди рӯякии пастро соҳиб мегардем ва аз ҳама бадтараш — масъалаи ҳаётан муҳими ҷиддиро аз пеши назар дур месозем.
Бахшиш маънои онро надорад, ки аз гунаҳкор гуноҳашро бардорем ё нисбати ӯ _______________________ . Одамро бегуноҳ эълон кардан — ҳуқуқи махсуси довар аст, ва танҳо довар метавонад гунаҳкорро аз оқибатҳои амалҳояш озод намояд, масалан дар шакли ҷазо.
Бахшиш ташаббуси шахсӣ аст, ки ҷабрдидаро аз ҳисси дарду озор озод менамояд. Навиштаҳо бахшиши ҷузъӣ ё аз гардани худ соқиткардашударо талаб намекунанд — бахшиш бояд пурра ва анҷомёфта бошад, ва нисбат ба ҷабркунанда бе ягон ҳисси манфӣ, инчунин бо барқарор кардан ва инкишоф додани муносибатҳо бо ҷабркунанда бошад.
Бахшиш амали имон аст. Шахси дигарро бахшида, ман ба Худо ба он боварӣ мекунам, ки Ӯ талаботҳои адолатро аз ман дида беҳтар ба ҷо меорад.
Мақсадҳои асосиро муайян намоед, ки барои чӣ мо бояд бахшем:
Забур 102:3 ва Нома ба Қӯлассиён 3:3;
Инҷили Матто 6:14-15; 18:22,35.
Филип Янси ба саволи "Барои чӣ моро лозим аст бубахшем?" се ҷавоби амалии муҳимро пешкаш менамояд. Барои чӣ бахшиш, агар дуруст ба амал оварда бошем, шифо ва барқароршавии рӯҳонӣ меорад?
"Марҳамат ва файз тӯҳфаи беҳтарини масеҳият ба ҷаҳон мебошад". Фаҳмонед, ки чаро ба ин тасдиқот розӣ ҳастед ё норозӣ мебошед.
"Муносибатҳои хуб байни давлат ва калисо барои давлат мусоид буда барои калисо зараровар аст". Ҳақиқат будани ин суханонро чӣ хел тасдиқ кардан мумкин аст?
Хусусиятҳои асосии масеҳиятро муайян намоед, ки онро аз дигар пайравони динҳои ҷаҳонӣ фарқ мекунонад.
Саволҳо барои муҳокима:
1. Барои чӣ бахшидан чунин душвор аст?
2. Баракати ҳақиқии бахшиш дар чист?
3. Барои чӣ дар ҳаёти масеҳӣ марҳамат ва файзи Худо чунин муҳим аст?
4. Кадоме аз "душманони файз"-ро шумо дар ҷамоати худ мушоҳида карда метавонед?
5. Шумо чӣ хел қарор додед, ки марҳамат ва файзро дар оянда зоҳир созед ва нишон диҳед?
ҚИСМИ VI
Ғалаба
Боби бистум
ҒОЛИБОНИ МУЗАФФАРИЯТНОК
1 Қӯр. 15:57
Китоби Муқаддас ҳамеша пайравони Исои Масеҳро ба ҷанговарон муқоиса менамояд: 2 Тим. 2:3-4 ва Фил. 3:13-14. Ин муқоисакунӣ чӣ хел метавонад имондоронро рӯҳбаланд созад?
Дар шароити душманона ва таъқибот чор асрори ҳаёти арзанда дар Масеҳ вуҷуд дорад.
Сирри якум — ҳамеша салиб (Ваҳй 17:14;19:7-10; 5:6);
Сирри дуюм — ҳаёт дар қаринаи матни эҳёшавӣ (1 Қӯр. 15:19);
Сирри сеюм — қабул кардани таъқибот ва аксуламали дуруст ба онҳо (1 Пет. 4:14);
Сирри чорум — мақоми ҷанговар-хизматгор
Дар асри ХХ масеҳиён аз ҳамаи асрҳои гузаштаи таърихи калисо дида бештар зарар диданд. Сирри истодагарии бисёр масеҳиён дар чист?
Дар зер гуфтаҳои масеҳиёни мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон оиди ҷанговарон-хизматгорон оварда шудааст. Оё дар шумо чунин муқоисаҳо ҳастанд?
Ҷанговарон-хизматгорон чун мех ҳастанд. Ҳар қадар, ки шумо онҳоро сахттар кӯбед, онҳо дар имони худ мустаҳакамтар мегарданд!
Ҷанговарон-хизматгорон чун тўбҳои резинӣ мебошанд. Ҳар қадаре, ки шумо онҳоро сахтар ба замин занед, онҳо ҳамон қадар баландтар мепаранд!
Ҷанговарон-хизматгорон чун гулҳо мебошанд. Ҳар қадаре, ки ба онҳо фишор оред, хушбӯиҳои онҳо ҳамон қадар зиёдтар мегардад!
Ҷанговарон-хизматгорон чун шишаҳои рангин мебошанд. Зебоии ҳақиқии онҳо дар равшании баланд пайдо мешавад!
Ҷанговарон-хизматгорон чун пакетчаҳои чой ҳастанд. Ба таъми хуши чой ҳамон вақт боварӣ ҳосил кардан мумкин аст, ки онро ба оби ҷӯшидаистода андозем!
ҚИСМИ VII
Иловаҳо
Иловаи 2
МАВЪИЗА "ХУДО ВА КАЛИСОИ АЗИЯТКАШИ Ӯ"
Барои чӣ роҳбарони калисоӣ бояд ба таъкиде гӯш диҳанд, ки азобҳои дар натиҷаи таъқиботҳо ба амал меомадаро фиристодаи Худо (нуқтаи назари умум) ҳисобидан мумкин нест, вале Ӯ онҳоро дар ҳақиқат ба манфиати халқи Худ истифода мебарад?
Таъқибот аз куҷо пайдо мешаванд? Сарчашмаи онҳо дар чист?
Чӣ хел дар таъқибот истодагарӣ бояд кард? Ҳангоми таъқибот чӣ бояд кард?
Қасос гирифтан аз таъқибкунандагон ба кадом оқибатҳо оварда мерасонад? Чӣ гуна муноқишаи байни Исроил ва Фаластин метавонад исботи номатлуб будани қасос гардад?
Иловаи 5
ПОРЧА АЗ МАЪРӮЗАИ ИОҲАН КОМПАНИЕН "ДАР ОСТОНАИ ҲАЗОРСОЛАИ НАВ"
Иоҳан Компаниен президенти миссияи Байналхалқии "Дарҳои кушода", дар Шӯрои Машваратии Шӯрои Умумиҷаҳонии Инҷилӣ (2000) баромад карда иброз дошт, ки дар бист соли минбаъда ба Калисо лозим меояд, ки дар панҷ самт ҷангад. Ана онҳо:
1. Муҳориба дар соҳаи идеология
Агар ҷаҳон ба шаш маданият: ғарбӣ, синайӣ, японӣ, ҳиндӯӣ, исломӣ ва православӣ тақсим шуда бошад (мувофиқи тезиси Ҳантингдон), пас барои чӣ таҳдид ба осоиштагӣ дар тамоми ҷаҳон аз давлатҳое бармеояд, ки байни ин маданиятҳои муноқишакунанда мавқеи cарҳадиро ишғол менамоянд?
Лешек Колаковский: "Қайд кардан муҳим аст: Вақте ки нисбати мо таҳаммул зоҳир карда мешавад, он шакли бетарафиро мегирад. Масалан, аз мо хоҳиш мекунанд, ки аз пайравӣ ба нуқтаи назари худ худдорӣ кунем ва ҳатто талаб мекунанд, ки бо дилхоҳ вариантҳои имконпазири рафтор ё ақидаҳои дигар одамон гардан фурорем. Чӣ хел ба он, ки масеҳиёнро ба "бетаҳаммулӣ" айбдор мекунанд, эътино кардан даркор аст?
2. Муҳориба дар соҳаи алоқаи оммавӣ
Ба ақидаҳои бархатои зерин, ки ба таъқибот дахл доранд чӣ гуфтан мумкин аст?
"Таъқибот аз тарафи Худо аст".
"Калисо дар шароити таъқибот хубтар инкишоф меёбад".
"Ба таъқибот муқобилат кардан даркор нест, балки аз онҳо хурсанд шудан даркор аст".
"Таъқиботро аз сар гузаронидан даркор аст, то ки дар имон ба камол расем".
3. Муҳориба дар соҳаи рӯҳонӣ
Алоқаҳо бо Калисоҳои таъқибшаванда нишон медиҳанд, ки чӣ хел ба Худо наздик шавем. Калисои таъқибшаванда моро маҷбур месозад, ки ҳақиқатҳои ҷиддии рӯҳониро дарк намоем — ҳақиқатҳоеро, ки мо дар шароитҳои маданиятамон майли инкоркуниро дорем. Ин метавонад ҳамчун калиди муҳим ба навсозии тамоми Калисои Ғарб хизмат намояд. Ин чӣ хел ба амал омада метавонад?
"Ҷамъияти истифодабарандагон" қотили имон буда, аз коммунизм ҳам даҳшатноктар мебошад. Шумо бо чунин суханон розӣ ҳастед? Нуқтаи назари худро фаҳмонед.
4. Муҳориба дар соҳаи сиёсат
Солженитсин гуфта буд: "Як сухани ҳақиқат аз далелҳои тамоми ҷаҳон бояд бартарӣ дошта бошад". Ҳақиқат чӣ хел метавонад ғалаба кунад, агар гоҳо ба мо чунин метобад, ки он мавқеи худро аз даст медиҳад ва мағлуб мегардад?
5. Муҳориба дар соҳаи Калисо
Чӣ гуна масеҳиёни деноминатсияҳои анъанавӣ дар ҷамъиятҳои озод метавонанд худашон омӯзанд ва ба якдигар ёд диҳанд, ки чӣ гуна барои Калисои таъқибшаванда пурсамар дуо кунанд, онро дастгирӣ намоянд ва ба он ёрӣ расонанд?
Иловаи 6
НАЗАРИЯИ XАНГИ БОАДОЛАТ
Назарияи ҷанги боадолат се принсипи асосиро тасдиқ мекунад:
Cабаби боадолат;
Асосҳои қонунӣ барои ибтидои ҷанг;
Ниятҳои олиҳимматона.
Эътирозҳои асосӣ ба муқобили ин назария аз се банд иборат мебошанд:
Якум. Назарияи мазкур бо принсипҳои асосии масеҳӣ на аз нуқтаи назари каломӣ рост меояд, на аз нуқтаи назари фақеҳӣ.
Дуюм. Ин назария хусусиятҳои аниқ ва хислати умумии ҷанги ҳозиразамонро ба дараҷаи кофӣ ба ҳисоб намегирад, ки ҳатман онро ба назар гирифтан даркор аст, агар барои ба даст овардани муҳокимаи қаноатбахши сабабҳои ахлоқии ҷанг кӯшиш карда шавад.
Сеюм. Дар назарияи мазкур лаҳзаҳои мухолифаткунандаи номуайяни имконпазир аз ҳад зиёданд, аз ин рӯ ҳайратовар нест, ки истифодаи он дар амалия наметавонад ба натиҷаҳои дилхоҳ оварда расонад.
Барои чӣ шумо назарияи ҷанги боадолатро дастгирӣ менамоед ё ба он муқобил мебароед?
Иловаи 7
МАЙКЛ БУРДО. САБАҚҲОИ ДАВРАИ СОВЕТӢ
Майкл Бурдо баъзе омилҳои фарқкунандаи таъқиботи масеҳиёнро дар даврони советӣ аз таъқиботи давраҳои империяи Рум номбар менамояд. Аз таърихи таъқиботи масеҳиён дар давраи советӣ чӣ гуна хулосаҳо баровардан мумкин аст?
Иловаи 8
САБАҚҲОЕ, КИ МИССИЯИ "ДАРҲОИ КУШОДА" АЗ ТАЪРИХИ ШИКАСТИ КОММУНИЗМ ГИРИФТААСТ
Сабақи 1. Озодӣ дар ҳудуди тамоми мамлакат яку якбора барқарор карда намешавад.
Сабақи 2. Озодӣ бисёр вақт ба бўҳрони ахлоқӣ оварда мерасонад.
Сабақи 3. Доктринаҳои бардурўғ бар ақлҳо ғолиб меоянд.
Сабақи 4. Набудани ҳамкорӣ байни миссионерони Ғарб ба ҷудоии калисоҳо оварда мерасонад.
Сабақи 5. Бўҳрони роҳбарияти калисоӣ ба амал меояд.
Сабақи 6. Масеҳиён таъсири сиёсӣ надоранд.
Сабақи 7. Шикасти коммунизм барқарорсозии озодиҳои диниро кафолат намедиҳад.
Сабақи 8. Пайдошавии миссияҳои таҳҷоӣ ва ба миён омадани имкониятҳои васеъ барои мавъизаи Инҷил.
Чӣ гуна ин сабақҳоро дар Русияи ҳозира истифода бурдан мумкин аст?
Примечания
1
Пасифистон ба ин савол ҷавоби манфӣ медиҳанд, вале тарафдорони ҷанги боадолат — мусбат. — Эзоҳи муҳаррири нусхаи асл (Пасифизм-ҳаракати зиддиҷангӣ, ки ҳама гуна ҷангҳоро инкор мекунад.)