Ҷош ва Дотти Макдауэлл ИНТИХОБИ ДУРУСТ Қиссаҳои пандомези каломӣ Ба Кай, писархонди рӯҳонии мо, ки ӯро бисёр дӯст медорем, бо ӯ ба ваҷд меоем ва фахр мекунем, бахшида мешавад. Ҷош ва Дотти Макдауэлл Миннатдорӣ Мо мехостем миннатдории худро ба одамоне, ки барои офаридани ин китоб ёрии беандоза расонидаанд, баён намоем: Ба Синди Питс, ки бисёри қиссаҳои каломиро интихоб намуда шакли сиёҳнависи онҳоро тартиб дод, ва он ба мо ёрӣ расонид ба худ тасаввур намоем, ки онҳо бояд чӣ гуна бошанд. Ба Робин Карри, ки ҳангоми рафти кор аз болои ин қиссахо мавзӯи интихоби дурустро кушод ва дар онҳо фикрҳои ҳаракати «Хубиро аз бадӣ фарқ намудан»-ро баён намуд, ва инчунин ин қиссахоро бо забони ба кӯдакон фаҳмо нақл кард. Ба Бетти Фри, коргари Tyndale House Publishers, барои меҳнати муҳаррирӣ, ки ба вазифаҳои асосии ӯ дахл надошт, ва ба шарофати ин ҳар як қисса фасеҳӣ ва равшании бадеиро доро гашт. Ба Дейв Беллис, хамкори мо дар муддати 12 сол, ки назорати ин лоиҳаро дар ӯҳда дошт ва мундариҷаи тамоми ин китобро бо фикрҳои ҳаракати «Хубиро аз бадӣ фарқ намудан» мувофиқ намуд. Ба Карла Уитэкр Мейер ва боқимонда дӯстони мо, ки дар Tyndale House Publishers меҳнат мекунанд, барои он, ки бо чӣ гуна кордонии баланд ба волидайн фаҳмонданд, ки чӣ тавр ба кӯдаконашон ҳақиқатҳои абадии Каломи Худоро расонанд. Интихоби ту Чӣ бихӯрӣ? Ва чӣ гуна либос пӯшӣ? Чӣ гӯӣ ва чӣ тавр мӯй шона занӣ? Ту бояд интихоб кунӣ, ин интихоб оддӣ нест, Ҳар рӯз назди ту интихобе меистад. Ҳа ё не? Калонсол ё хурдсол? Тақсим кунам, ё ҳамаро аз худ кунам? Ин дуруст мешавад? Ё нодуруст? Интихоби ҷавобҳо дар дӯши туст. Оламро Худо офарид, ва Худо офаридгори туст. Ба ҳама саволҳо ҷавоб дар дасти Ӯст. Таърихҳои Каломро хонда хоҳӣ кард дарк Қаҳрамонҳо росту бадро чӣ гуна карданд фарқ. Яке роҳи нодурусту бемаънӣ пеша кард. Дигаре дуруст рафтор карду Худоро хурсанд. Таърихҳоро бихон — некӣ карданро биомӯз Ва интихоби дурустро дар ҳаётат биафрӯз. (Расмҳои зебои китобро бикун тамошо Малахҳои хурди хандонакҳоро бикун пайдо!) Боғи аввалин Ҳастӣ 2:4–3:23; 5:4–5 ОДАМ ВА ҲАВВО АМРИ ХУДОРО ИҶРО КАРДАНД? Ё ИН КИ ОНҲО АЗ ИТОАТИ ХУДО САРКАШӢ НАМУДАНД? Худо олами аҷоиб офарид — бо кӯҳҳои баланд, дараҳтони анбӯҳ ва ҳатто бо баҳмутҳои лаванд. Худо инчунин одамонро офарид, то ки онҳо аз офаридаи Ӯ лаззат бурда дар бораи он ғамхорӣ намоянд. Одамони офаридаро худо Одам ва Ҳавво ном ниҳод. Ба онҳо оламе, ки Худо офарид, бениҳоят маъқул буд. Боғе, ки меваҳои фаровони фоиданок дошт — ангур, нок, анор, — ва Одаму Ҳавво онҳоро мехӯрданд, маъқул буд. Вале аз ҳама бештар ба Одаму Ҳавво дар боғ бо Худо будан маъқул буд. Ӯ одамонро хеле дӯст медошт. Дар ҳақиқат, Худо онҳоро чунон сахт дӯст медошт, ки хост ба онҳо ёрӣ диҳад, ки дар итоаткорӣ ба Ӯ зиндагӣ кунанд. Барои ҳамин Худо ба Одам ва Ҳавво дар бораи бисёр корҳои аҷиб, ки онҳо машғул шуда метавонистанд, нақл кард. Ва онҳоро аз ягона коре, ки ҳеҷ вақт кардан мумкин набуд, огоҳ намуд. Худо ба онҳо дарахтеро, ки дар байни боғ мерӯид, нишон дод, ва гуфт»: Аз меваҳои ин дарахт нахӯред. Агар шумо онҳоро чашед, мемиред». Худо мехост, ки Одам ва Ҳавво ба Ӯ итоаткор бошанд, мехост онҳоро аз хатар эмин дорад. Ва он вақт онҳо метавонистанд дар ин боғи зебо абадан зиндагӣ кунанд. Дар боғе, ки Худо офарид, мор низ зиндагӣ мекард. Аз ҳамаи офаридаҳои Худа вай маккор ва разил буд. Мор Худоро, олами офаридаи Худоро ва одамони дар боғ зиндагӣ мекардаро дӯст намедошт. Ва инак боре мор бо Ҳавво сӯҳбат карда аз вай мепурсад: — Чаро ту ва Одам аз меваи дарахте, ки дар байни боғ мерӯяд, намехӯред? — Хӯрдани ин меваҳоро ба мо Худо манъ кард. Агар мо ба Ӯ итоат накунем, мемирем, — ба вай ҷавоб дод Ҳавво. Ва он гоҳ мор чунин хабар дод: — Агар аз меваҳои ин дарахт чашед, шумо намемиред. Баръакс, вақте ки аз он мехӯред, ҳама чизро фаҳмида мегиред, ва мисли Худо мегардед. Ҳавво ба яке аз меваҳои манъ шуда бодиққат нигоҳ кард, дид, ки чӣ гуна он зебо аст, ва хост бифаҳмад, ки таъми он чӣ гуна аст. Инак, Ҳавво бояд интихоби муҳим мекард. Вай метавонист фармони Худоро ба ҷо орад ва аз меваи манъ шуда нахӯрад. Ё ин ки метавонист аз итоати Худо саркашӣ намуда меваи ба назар бомаззаро бичашад. Ҳавво ба хоҳиши худ тан дод, вай аз ин меваҳо якчандояшро канда хӯрд. Вай онҳоро инчунин ба Одам дод, ва Одам низ аз ин меваҳо бичашид. Одам ва Ҳавво ба Худо итоат накарданд, барои ҳамин онҳо боғро тарк намуда бояд меҳнати вазнин ва бисёр мекарданд. Онҳо дигар ҳеҷ бор ба ин боғ баргашта наметавонистанд. Солҳо гузаштанд. Одам ва Ҳавво пир шуданд ва, ниҳоят, мурданд. Худо ҳамеша Одам ва Ҳавворо дӯст медошт. Вале онҳо бо он, ки интихоби нодуруст намуда фармони Ӯро иҷро накарданд, Ӯро бениҳоят ғамгин намуданд. Ба хотир меорем Аз офаридаҳои Худо дар боғ кӣ аз ҳама маккор буд? Худо ба одамон чӣ гуна амр дод? Одам ва Ҳавво интихоби дуруст карданд ё не? Баъд аз боғ ронда шудан, бо Одам ва Ҳавво чӣ рӯй дод? Дар бораи интихоби худ андеша намо Гуфта деҳ, ки ба Худо итоаткор будан чӣ маъно дорад. (Чизи дигар касро бе иҷозат нагирифтан ва дурӯғ нагуфтан; нек буда дар бораи офаридаҳои Худо ғамхорӣ кардан; Ба қоидаҳое, ки волидайн муқаррар намудаанд, риоя кардан.) Дар оилаи ту чӣ гуна қоидаҳо вуҷуд доранд? Интихоби дуруст намуданро омӯз Дар доирачаи аз қоғаз буридашуда рӯи ғамгин ва дар дигараш рӯи хурсандро тасвир намо ва байни онҳо қаламро часпон. Ҳар бегоҳӣ, пеш аз хоб, дар бораи итоаткории худ ба Худо нақл бикун. Дар аввал ҳолатҳоеро гуфта деҳ, ки дар давоми рӯз ту ба Худо итоат накардӣ, ва доирачаро бо рӯи ғамгин нишон деҳ. Баъд ҳолатҳоеро бигӯй, ки ту ба Худо гӯш додӣ, ва доирачаро бо рӯи хурсанд нишон деҳ. Вақте ки мо барои худ итоат намуданро ба Худо интихоб мекунем, Ӯ моро нигаҳбон мешавад ва ҳаёти моро хушбахт мегардонад! Дуо мекунем Худованд, ба Ту шукр мегӯем, ки Ту ба мо интихоби дуруст кардан — ба Ту итоат намуданро ёрӣ медиҳӣ. Туро барои амрҳои некат, ки моро аз ҳар гуна бадӣ нигоҳ медоранд, шукр мегӯем. Ба номи Исо. Омин. Боғи ҳайвоноти шинокунанда Ҳастӣ 6:9–9:17 НӮҲ БА ХУДО ИТОАТ НАМУД ВА КИШТИРО СОХТ? Ё ИН КИ ВАЙ ҚАРОР ДОД МИСЛИ ДИГАР ОДАМОН РАФТОР КУНАД? Олами Худо офаридаро одамони гуногун пур карданд. Бисёри онҳо бо якдигар муносибати бад намуда ба Худо гӯш намедоданд. Ва ин Офаридгори онҳоро бисёр ғамгин мекард. Вале дар рӯи замин марди порсое бо номи Нӯҳ зиндагӣ мекард. Нӯҳ ва оилаи вай Худоро дӯст медоштанд ва кӯшиш мекарданд, ки ба Ӯ мақбул бошанд. Онҳо боғи худро нигохубин намуда ба ҳайвоноти худ ғамхорӣ мекарданд. Онҳо якдигарашонро дӯст медоштанд ва бо ҳамаи одамон меҳрубон буданд. Худо аз Нӯҳ ва оилаи вай хушнуд буд. Боре Худо ба Нӯҳ амр намуд, ки киштӣ созад. Худо гуфт, ки ин киштӣ бояд калон ва мустаҳкам бошад. Ва барои он ки об ба даруни ин киштии ғайриоддӣ надарояд, сӯрохиҳои онро бодиққат маҳкам кардан лозим аст. Нӯҳ хонаи худ, якчанд дарахти зайтунро дар назди он ва биёбони беохирро аз назар гузаронд. Вале вай оберо надид, ки ин киштии калон дар он шино карда тавонад. Он гоҳ Худо ба Нӯҳ нияташро ошкор намуд: Ӯ ба замин боронро мерезад. Ва то он вақте ки об тамоми заминро намепӯшад, борон қатъ намешавад. Аммо Нӯҳ ва оилаи вай дар даруни киштӣ дар бехатарӣ мешаванд. Нӯҳ аз ваъдаи Худо, ки оилаи вайро нигаҳбон мешавад, хурсанд шуд. Аз афташ, ба вай лозим аст ки киштии начандон калон созад. Вале Нӯҳ ин фикрашро ба охир нарасонид, ки Худо ба вай амр намуд, ки ба киштӣ аз ҳар намуди ҳайвонот як ҷуфтӣ бигирад. Пас, бояд киштии бениҳоят азим сохт! Нӯҳ ба осмон нигоҳ кард, вале ягон абрчаеро надид. Мардум, албатта, ба ҳоли вай, вақте ки ба сохтани киштӣ оғоз мекунад, хоҳад хандид. Инак, Нӯҳ бояд интихоби муҳим мекард. Вай метавонист ба Худо гӯяд: «Хуб, ман ин киштиро месозам. Ман онро месозам, ҳатто агар ки ба замин ягон қатра борон наафтад ва дар осмон ягон абре пайдо нашавад». Ё ин ки Нӯҳ метавонист итоат накунад ва ба Худо гӯяд: «Не, ман киштӣ намесозам. Хамсояҳо ба ҳолам хоҳанд хандид». Ва Нӯҳ чӣ кор кард? Вай тахтаҳоро тайёр намуд, асбобҳояшро гирифт ва ба сохтмони киштӣ оғоз намуд. Вай ин киштии ғайриоддиро бениҳоят азим, чӣ тавре ки Худо мехост, сохт. Ва то ки даруни киштӣ хушк бошад, сӯроҳиҳояшро бодиққат маҳкам намуд. Баъд Нӯҳ аз ҳар намуди ҳайвонот як ҷуфтӣ ҷудо кард. Ба киштӣ зарофаҳои гардандароз ва хорпуштҳои хурдакак ворид шуданд. Маймунчаҳои чолок ва аспҳои даванд. Сангпуштҳои лаванд аз ҳама охир буданд. Вақте ки Нӯҳ ва оилаи вай ба даруни киштӣ даромаданд, Худо аз қафои онҳо дарро маҳкам намуд. Он гоҳ Нӯҳ аз тирезачаи хурдакак нигоҳ кард ва дид, ки борон оғоз ёфт. Борон чил рӯзу чил шаб борид. Чӣ тавре, ки Худо гуфт, об тамоми заминро пӯшонд. Вале даруни киштӣ хушк буд, ва одамону ҳайвонот дар даруни он дар бехатарӣ буданд. Ниҳоят борон қатъ гашт ва офтоб намудор шуд. Баъд аз он, ки замин хушк шуд, ягон хатар ба сокинони он монеъ нашуд, ки ба берун бароянд. Нӯҳ ба Худо барои он, ки ҳаёти ӯ ва оилаашро нигоҳ дошт, миннатдорӣ баён намуд. Ва Худо дар осмон рангинкамонро баровард ва ваъда дод, ки дигар ҳеҷ гоҳ заминро зери об намекунад. Худо ҳамеша Нӯҳро дӯст медошт ва бисёр аз он хушнуд буд, ки ин одам интихоби дуруст намуд. Ба хотир меорем Барои чӣ Худо танҳо ба Нӯҳ ва оилаи вай раҳм намуд? Нӯҳ чӣ гуна интихоб кард? Ин интихоб дуруст буд ё не? Худо дар осмон чиро ба рамзи он, ки дигар заминро зери об намекунад, нишон дод? Дар бораи интихоби худ андеша намо Худо ба ту оила дод, то ки ягон хатар ба ҳаёти ту таҳдид накунад, то ки ту ҳангоми сармо хунук нахӯрӣ ва ҳангоми борон тар нашавӣ. Вақте ки ту ҳангоми ҳавои бад ба берун мебароӣ, волидайн аз ту чӣ гуна либоспӯширо талаб мекунанд? Мумкин дар оилаи рафиқони ту дигар намуд қоидаҳо, на мисли қоидаҳои оилаи ту, бошанд. Оё ту ҳамеша волидайни худро гӯш мекунӣ? Интихоби дуруст намуданро омӯз Дар назди худ ҳама ҳайвончаҳои бозичагии худро шинон ва ба худ тасаввур намо, ки ту Нӯҳ, ва кати хоби ту — киштии сохтаи ӯ мебошед. Ту мехостӣ, ки мисли Нӯҳ, иродаи Худоро ба ҷо биёрӣ, ё мехостӣ мисли он одамоне бошӣ, ки барои ба Худо мақбул будан ҳаракат намекунанд? Ба Худо итоат кардан маънои онро дошта метавонад, ки мо аз кардани он корҳое, ки одамони моро иҳота карда мекунанд, даст мекашем. Дуо мекунем Худованд, чӣ хушбахтист, ки мо интихоби дуруст карда метавонем — ба Ту итоаткор будан, ҳатто вақте ки одамони дигар ин тавр рафтор намекунанд. Ба Ту шукр мегӯем, ки моро дар ҳар гуна ҳаво муҳофизат мекунӣ. Ба номи Исо. Омин. Онро баландтар созед! Ҳастӣ 11:1–9 ОЁ ОДАМОН ДАРК НАМУДАНД, КИ ХУДО БА ҲАМА ЧӢ РОҲБАРӢ МЕКУНАД? Ё ОНҲО ХОСТАНД БА ХУДО БАРОБАР ШАВАНД? Боре, ким-кайҳо, соҳтмончиҳои бисёре ҷамъ шуданд, то ки хишти зиёд резанд. Хиштро пагоҳӣ мерехтанд. Рӯзона мерехтанд. Бегоҳӣ. Ва ҳатто шабона. Одамон метавонистанд ин қадар хишти зиёд резанд, зеро якдигарро мефаҳмиданд. Ҳамон як предметро як хел меномиданд. Сохтмончие, ки барояш гил лозим буд, «гил» мегуфт. Ва ҳама мефаҳмид, ки вай чӣ мехоҳад, ва барояш гил меовард. Касе ки барояш об лозим буд, «об» мегуфт. Ва ҳама мефаҳмид, ки сухан дар бораи чӣ меравад, ва барояш об меовард. Касе ки барояш коҳ лозим буд, танҳо «коҳ» мегуфт. Ва ҳама мефаҳмид, ки вай чӣ мехоҳад, ва барояш коҳ меовард. Вале барои чӣ ин одамон шабу рӯз хишт мерехтанд? Барои он ки онҳо мехостанд чизи боҳашамате созанд. Онҳо қарор доданд шаҳре бино кунанд ва дар он бурҷеро то осмон барпо намоянд. Одамон гумон мекарданд, ки агар онҳо сохтмонро ба охир расонанд, ба воситаи ин бурҷ то осмон расида метавонанд. Ва он гоҳ онҳо мисли Худо пуриқтидор шуда метавонанд. Вале Худо аз сохтмончиён норозӣ буд. Ӯ медонист, ки ба одамон оқилӣ намерасад, ки ин гуна иқтидорро дуруст истифода баранд. Онҳо хатоҳои зиёд намуда ба якдигар зарари зиёд мерасонанд. Инак, сохтмончиён бояд интихоби муҳим мекарданд. Онҳо сохтмони бурҷ ва ба Худо баробар шуданро давом медиҳанд? Ё ин ки сохтмонро қатъ карда ба хотир меоранд, ки ба ҳама чиз Худо роҳбарӣ мекунад? Одамон сохтани бурҷро давом доданд. Баландтар ва баландтар. Худоро меҳнати онҳо хурсанд намекард. Барои ҳамин Ӯ тавре кард, ки сохтмончиён бо забонҳои гуногун гап заданд. Ва акнун, вақте ки яке аз онҳо гил талаб мекард, баъзеҳо барояш коҳ меоварданд, дигарон бошад об медоданд. Одамон фаҳмидани якдигарро бас карданд ва дигар хишт реҳта натавонистанд. Шаҳре, ки дар он бурҷи то осмонро бино кардан мехостанд, Бобил ном гирифт, зеро дар он забонҳо аралаш шуданд. Аз ҳамон вақт инҷониб одамон бо як забон гап намезаданд. Одамон аз Бобил баромада ба сохтани дигар шаҳрҳо оғоз карданд. Дар ҳар кадоми онҳо бо забони худашон гап мезаданд. Ва дере нагузашта Бобил тамоман холӣ шуд. Ва бурҷи бобилӣ ба тӯдаи хиштмайдаҳо табдил ёфт. Худо одамони дар Бобил зиндагӣ мекардаро дӯст медошт. Ӯ афсӯс мехӯрд, ки онҳо ин гуна интихоб карда қарор доданд, ки ба Худо баробар шуда метавонанд. Ба хотир меорем Одамон бурҷро барои чӣ бино мекарданд? Сохтмончиёни Бобил интихоби дуруст карданд ё не? Худо сохтмони бурҷро чӣ гуна манъ кард? Одамон аз Бобил ба куҷо рафтанд? Дар бораи интихоби худ андеша намо Дар оилаи ту кӣ аз ҳама калон ба ҳисоб меравад? Дар мактаб чӣ? Вақте ки мо калонсолонро гӯш намекунем, чӣ рӯй медиҳад? Интихоби дуруст намуданро омӯз Барои бозичаҳои худ (ё ҳайвонҳои хонагиатон) ягон хубие бикун. Баъд аз онҳо хоҳиш намо, ки ягон хоҳиши туро иҷро кунанд. Агар онҳо ба ту итоат кунанд, ту чӣ гуна ҳиссиётҳоро эҳсос мекунӣ? Агар онҳо туро гӯш накунанд, чӣ? (Агар ту ин корро бо бозичаҳоят кардӣ, тасаввур намо, ки онҳо итоаткоранд ё не.) Худо ба ҳама чиз роҳбарӣ мекунад, ва Ӯ медонад ки барои мо чӣ беҳтар мешавад! Дуо мекунем Худованд, ба мо ёрӣ деҳ интихоби дуруст кунем ва ҳамеша ба Ту иҷозат диҳем, ки ҳаёти моро роҳбарӣ намоӣ. Ба номи Исо. Омин. Хонаи худро тарк намуда Ҳастӣ 12:1–8; 13:2 ИБРОҲИМ АМРИ ХУДОРО ОИДИ БА МАМЛАКАТИ ДИГАР РАФТАН ИҶРО НАМУД? Ё ИН КИ ВАЙ ҚАРОР ДОД ДАР ҶОИ ПЕШИНААШ МОНАД? Иброҳим бо зани худ Соро дар хайма зиндагӣ мекард. Дар назди хайма онҳо дар оташ хӯрок мепухтанд ва дар зери сояи дарахти калон истироҳат мекарданд. Гӯсфандон ва бузҳои Иброҳим дар саҳро мечариданд. Шутурҳои вай аз чашма об менӯшиданд. Дар хаймае, ки барои Иброҳим мисли хона хизмат мекард, вай худро хушбахт ҳис мекард. Ҳар вақт Иброҳим ба ҷои нав, на дуртар аз ҷои пешинааш, мекӯчид. Вақте ки дар саҳро алаф намемонд ва оби чашма хушк мешуд, онҳо бо Соро чизу чораи худро ҷамъ мекарданд, ғуломонашонро мегирифтанд ва бо рамаҳояшон ва ба ҷои дигар мерафтанд. Дар он ҷо онҳо аз сари нав хаймаи худро барпо мекарданд. Боре Худо ба Иброҳим амр намуд, ки ба мамлакати дур равад. Ӯ мехост ба Иброҳим чунин замине диҳад, то ки вай дар он ҳамеша зиндагӣ карда тавонад. Худо мехост, ки Иброҳим оилаи калон дошта бошад ва ҳама дар оилаи вай Худоро дӯст дошта Ӯро Худованд хонанд. «Ин ҷоро тарк намо ва ба он ҷое рав, ки Ман ба ту нишон медиҳам, — гуфт Худо ба Иброҳим. — Дар он ҷо Ман дар бораи ту ғамхорӣ хоҳам кард, ва дар он ҷо оилаи ту хонаи абадӣ хоҳад ёфт». Иброҳим ба хаймаи зебои худ ва рамаи ором чаридаистода нигоҳ кард. Дар ин ҷо алаф ва об кифоягӣ мекард. Хеҷ кас мумкин аз ин хел ҷо рафтан намехост. Инак, Иброҳим бояд интихоби муҳим мекард. Вай метавонист ба гапи Худо гӯш диҳад ва, ин ҷойҳоро тарк карда, ба он ҷое равад, ки ба вай Худо фармуд. Ё ин ки вай метавонист дар хаймаи худ аз зиндагӣ ҳаловат барад. Ва ана Иброҳим чӣ кор кард. Вай чизу чораи худро ҷамъ кард, то ки аз паси Худо равад. Соро ба вай ёрӣ расонд, ки буғчаҳои либосҳоро ба қафои харҳо, ва хӯрҷинҳои хӯрокворӣ доштаро ба қафои шутурҳо бор кунанд. Иброҳим ҳама гӯсфандону бузҳояшро гирд кард, ба гову буққаҳо об дод. Баъд вай хаймаашро ҷамъ кард, оташро хомӯш намуд ва ба роҳ баромад. Иброҳим ба он ҷое мерафт, ки Худо мебурд, ва медонист, ки дигар ҳеҷ гоҳ ба ҷои аввалааш барнамегардад. Роҳи Иброҳим дуру дароз буд. Ҳамроҳи вай ин роҳро зани вай Соро ва писари бародари вай Лӯт тай мекарданд. Ниҳоят онҳо ба замини нав, ки пештар онро ягон маротиба надида буданд, расиданд. Дар ин ҷо алафи нарм, то ки гӯсфанду бузҳоро нигоҳубин кунанд, хеле зиёд буд. Ва чашмаҳои бисёре буданд, то ки ба гову буққаҳо об диҳанд. Дар ин ҷо дарахти бузурге мерӯид, ки дар зери он хаймаи худро мондан мумкин буд ва ҳангоми гармӣ дар сояи он паноҳ бурда мешуд. Иброҳим, Соро ва Лӯт дар хонаи нави худ хушбахт буданд. Онҳо ба Худо шукргузорӣ карданд, ва насли онҳо халқи бузург гаштанд. Худо бисёр хушнуд буд, ки Иброҳим ба замини нав рафт. Ӯ ба Иброҳим баракат дод ва барояш ҳама он чизеро, ки лозим буд, ва ҳатто бештар аз онро тақдим намуд! Ба хотир меорем Оё дар хайма зиндагӣ кардан ба Иброҳим маъкул буд? Худо ба вай чӣ амр кард? Иброҳим интихоби дуруст намуд ё не? Худо Иброҳимро чӣ гуна баракат дод? Дар бораи интихоби худ андеша намо Ту чӣ тавр фаҳмида метавонӣ, ки Худо ба ҷои дигар кӯчидани оилаи туро мехоҳад ё не? Хонаи пешинаи худро тарк намуда шумо бо худ чиро мегиред? Худо ҳамеша бо шумо хоҳад буд, чӣ тавре ки Ӯ бо Иброҳим буд! Интихоби дуруст намуданро омӯз Дар бораи он, ки чӣ тавр оилаи шумо ба дигар ҷо кӯчида буд, нақл бикун. Ё дар бораи он, ки ту ҳангоми рафтани рафиқонат чиро ҳис мекунӣ? Суратҳоеро, ки дар онҳо хонаи пешинаи шумо акс ёфтаанд, тамошо бикун ва гӯй, ки шумо бо худ ба ҷои нав кадом чизҳоятонро гирифтед? Худо дар бораи шумо чӣ гуна ғамхорӣ намуд? Худо барои рафтан ба он ҷо, ки Ӯ моро мебарад, ба мо барои қарор қабул кардан ёрӣ медиҳад. Дуо мекунем Худованд, чӣ хуб аст, ки Ту ҳамроҳи мо ҳастӣ, ҳатто он вақте ки мо ба ҷои дигар мекӯчем. Ба мо ёрӣ деҳ аз қафои Ту, куҷое ки Ту моро набарӣ, равем. Ба номи Исо. Омин. Заминро бо ҳам дидан Ҳастӣ 13:5–18 ИБРОҲИМ БА ЛӮТ ИҶОЗАТ ДОД, КИ БАРОИ ХУД ЗАМИНИ БЕҲТАРИНРО ИНТИХОБ КУНАД? Ё ИН КИ ВАЙ ҶОИ БЕҲТАРИНРО БА ХУДАШ ГИРИФТ? Иброҳим Худоро дӯст медошт ва аз паси Ӯ ба замини нав равон шуд. Ин замин аз чарогоҳ ва чашмасорон бой буд. Ба Иброҳим алаф ва оби бисёр лозим буд. Зеро вай гӯсфанд, буз, гов ва буққаҳои зиёде дошт. Лӯт низ, мисли амакаш, рамаи калони гӯсфанд, буз, гов ва буққаҳо дошт, ва ба онҳо низ алафу оби бисёре лозим буд. Иброҳим ва Лӯт ёрдамчиёне доштанд, ки ба рамаҳои онҳо нигоҳубин мекарданд. Ва инак онҳо байни худ ба ҷанҷол даромаданд. Баъзеи онҳо мехостанд, ки тамоми чарогоҳ ва чашмаҳо ба Иброҳим тааллуқ дошта бошанд. Дигарон исрор мекарданд, ки алаф ва об бояд аз они Лӯт бошанд. Иброҳим замини навро аз назар гузаронд. Худо ба ӯ гуфт, ки он ҳамеша аз они оилаи ӯ хоҳад буд. Инак, Иброҳим бояд интихоби муҳим мекард. Вай метавонист ба ҷиянаш розигӣ диҳад, ки қисми заминро гирад. Барои чӣ Лӯт онро мувофиқи хоҳиш интихоб накунад? Ё ин ки Иброҳим метавонист Лӯтро аз наздаш ронад ва гӯяд, ки тамоми заминро ба худ мемонад. Иброҳим медонист, ки Худо мехоҳад, ки ин замин ба оилаи вай тааллуқ дошта бошад, ки насли Иброҳим қавми махсус интихоб намудаи Ӯ гардад, ки ҳама дар оилаи вай Худоро ҷалол мехонданд, на ин ки байни худ хархаша мекарданд. Ва Иброҳим ба Лӯт таклиф намуд: «Дар ин ҷо замин бисёр аст. Ту метавонӣ дилхоҳ қисми онро интихоб намоӣ». Лӯт он ҷоеро интихоб намуд, ки алафи бисёр ва оби фаровон дошт. Лӯт рафт. Ва Иброҳим боз замини худро аз назар гузаронд. Ва ин лаҳза вай шунид, ки чӣ тавр Худо сӯи вай муроҷиат намуд: «Ман ба ту оилаи калон медиҳам, Иброҳим. Ва ин замин ҳамеша аз они насли ту хоҳад буд». Баъд Иброҳим ба он ҷое, ки дарахтони калон мерӯиданд, равон шуд. Дар он ҷо вай дуо кард ва ба Худо ҳамду сано хонд. Иброҳим хурсанд буд, ки Худо ҳамеша дар бораи насли вай ғамхорӣ хоҳад намуд. Ба хотир меорем Кӣ ҳамроҳи Иброҳим ба замини нав рафт? Барои чӣ ба Лӯт қисми ин замин лозим буд? Иброҳим интихоби дуруст намуд ё не? Баъд аз он, ки Лӯт аз назди вай рафт, Иброҳим чӣ кор кард? Дар бораи интихоби худ андеша намо Агар инро Худо мехост, ту бо дигарон кадом чизҳоятро бо ҳам дида метавонистӣ? Ҳар рӯз албатта Худоро барои тӯҳфаҳои додааш шукргузорӣ намо. Интихоби дуруст намуданро омӯз Қиссаи каломиро дар бораи Иброҳим нақл кун ва ин нақлро бо овози гов, буз ва гӯсфандон ранг деҳ. То он ҷое расида, ки Иброҳим интихоби дуруст мекунад, албатта овози хурсандона барор. Вақте ки мо, мисли Иброҳим, чизҳои Худо ба мо додаро бо дигар одамон бо ҳам мебинем, Худо хурсанд мешавад. Дуо мекунем Худованд, ба мо ёрӣ деҳ интихоб кунем, ки чизҳои Ту ба мо додаро бо дигар одамон бо ҳам бинем. Мо мехоҳем ҳама кори аз дастамон меомадаро бикунем, то ин ки дигар одамон он чизеро, ки надоранд, соҳиб шаванд. Ба номи Исо. Омин. Фарзанди Соро Ҳастӣ 18:1–15; 21:1–7 СОРО БОВАРӢ ДОШТ, КИ ХУДО ВАЪДАИ ХУДРО ИҶРО МЕКУНАД? Ё ИН КИ ВАЙ ФИКР МЕКАРД, КИ ХУДО ЧИЗИ ИМКОННОПАЗИРРО ВАЪДА НАМУД? Соро, зани Иброҳим, дар хаймаи зебо зиндагӣ мекард. Ба вай рӯзона дар оташ хӯрок тайёр кардан ва шабона дар осмон ба ситораҳо нигаристан бисёр маъқул буд. Вале Соро мехост он чизеро дошта бошад, ки дар вай набуд. Вай фарзанд мехост. Мехост вайро ба даст гирифта ба синааш барад, алла гуфта ба вай дар бораи олами аҷоиби Худо нақл кунад. Худо ба Иброҳим ваъда дод, ки вай соҳиби писар мегардад. Вале солҳо мегузаштанд, ва Соро ба он синну соле расид, ки бибӣ, ҳатто бибкалон шуда метавонист. Вале то ҳол вай кӯдак надошт. Худо мехост, ки Иброҳим ва Соро донанд, ки Ӯ ваъдаи ба онҳо додани кӯдакро фаромӯш накардааст. Барои ҳамин Ӯ ба назди Иброҳим се мардро, ки дар асл фариштагон буданд, фиристод. Яке аз фариштаи Худо ба Иброҳим гуфт: «Соли оянда ҳамин вақт Соро фарзанд таваллуд мекунад». Соро, ки дар хайма менишаст, инро шунид. Вай дарунакӣ хандид ва фикр кард: «Ман аллакай фарзанд дошта наметавонам. Ман беҳад пир ҳастам». Фариштаи Худо боз ба Иброҳим рӯй овард: «Барои Худо ягон кори ноимкон вуҷуд надорад. Соли оянда Соро писар таваллуд мекунад». Инак, Соро бояд интихоби дуруст мекард. Вай метавонист ба Худо бовар карда интизор шавад, ки кай фарзанд таваллуд мекунад. Ё метавонист фикр кунад, ки Худо дигар ба вай кӯдак дода наметавонад. Соро чӣ кор кард? Вай иҷро шудани ваъдаи Худоро интизор шуд. Баъд аз як сол, вақте ки вай қариб садсола буд, Соро писар таваллуд кард ва ӯро Исҳоқ ном ниҳод, ки маънояш «ханда» мебошад. Охир Соро ва Иброҳим, вақте ки писарашон таваллуд шуд, аз самими қалб хандиданд. Ин тӯҳфаи махсус аз Худо буд. Акнун онҳо меросхӯр доштанд, ки баъд аз сари онҳо дар рӯи замин мемонад. Худо ҳатто он чизеро, ки ноимкон менамояд, иҷро карда метавонад. Соро, вақте ки ба Худо бовар кард ва писари ваъдашударо интизор шуд, интихоби дуруст намуд. Ба хотир меорем Иброҳим ва Соро бояд кадом ваъдаи Худоро дар хотир нигоҳ медоштанд? Барои чӣ ба Соро мушкил буд, ки ба Худо бовар кунад? Соро интихоби дуруст намуд ё не? Ба кӯдаки таваллудшуда чӣ ном ниҳоданд? Дар бораи интихоби худ андеша намо Одамон ба ту чӣ гуна ваъдаҳо медиҳанд? Ту бовар мекунӣ, ки онҳо ваъдаҳояшонро иҷро мекунанд? Барои чӣ ҳа ё барои чӣ не? Худо ваъда медиҳад, ки туро дӯст медорад ва нигаҳбон мешавад. Ту метавонӣ ба Ӯ бовар кунӣ? Барои чӣ ҳа ё барои чӣ не? Интихоби дуруст намуданро омӯз Якчанд далели онро биёр, ки Худо ваъдаи туро дӯст дошта нигаҳбон будани туро иҷро мекунад. Сурати худро бо он қиёфаи рӯй, ки дар ту мешавад, вақте ки Худо ваъдаи додаашро иҷро мекунад, тасвир намо. Имон доштан ба иҷро шудани ваъдаҳои Худо ҳамеша хушбахтӣ меорад. Дуо мекунем Худованд, вақте ки мо ваъдаҳои Туро интизор мешавем, ба мо тоқат омӯз. Ба мо ёрӣ деҳ бовар кунем, ки ҳама ваъдаҳои додаи Ту иҷро мешаванд. Ба номи Исо. Омин. Оши наск Ҳастӣ 25:19–34 ОЁ ЭСОВ ДАР ОЯНДА РОҲБАРИ ҚАВМИ ХУД ШУДАН МЕХОСТ? Ё ИН КИ ВАЙ ТАНҲО ДАР БОРАИ ОН ФИКР МЕКАРД, КИ БАРОЯШ ҲОЗИР ВА ДАР ИН ҶО ЛОЗИМ БУД? Писари Иброҳим ва Соро, Исҳоқ, ба воя расид ва Ривқоро ба худ ба занӣ гирифт. Исҳоқ соҳиби ду писар гардид, ки дар як рӯз таваллуд шуданд. Бачаҳо дугоник буданд, вале бо қиёфа ва феъл ба якдигар монанд набуданд. Як писари Исҳоқ ҳангоми таваллуд шудан пашмнок буд. Ва ӯро Эсов ном ниҳоданд. Вай якчанд дақиқа пештар аз бародари худ ба дунё омад. Аз ин бармеояд, ки Эсов писари калонӣ буд, ва нахустзодагӣ ба вай тааллуқ дошт — бо мурури вақт вай бояд сарвари қавми худ мегашт. Вақте ки Эсов ба воя расид, вай марди бақувват гардид ва вақти зиёдро дар шикор мегузаронд. Ба писари дигари Исҳоқ Яъқуб ном доданд. Ӯ, вақти таваллуд шудан, аз пошнаи бародари худ медошт. Вақте ки вай ба воя расид, кӯшиш мекард, ки аз назди хона дур наравад. Ба вай аз моҳӣ ва сайде, ки бародараш меовард, хӯрок тайёр кардан гуворо буд. Баъд бародарон якҷоя он чизеро, ки Яъқуб тайёр карда буд, мехӯрданд. Яъқуб аз Эсов ҳамагӣ якчанд дақиқа хурдтар буд, ва бисёр мехост, ки ягон вақт ба қавми худ сарвар шавад. Боре Эсов аз шикор бисёр гурусна баргашт. Яъқуб бошад рӯзи дароз дар деги калон оши адас мепухт. М-м-м-м. Он чунон бӯи бомазза дошт! Бӯи наск дар тамоми гирду атроф паҳн шуда буд. Эсов онро бӯй кашид ва худро бениҳоят гурусна ҳис намуд. Барои як коса оши наск вай тайёр буд ба Яъқуб ҳама чизи мехостагиашро диҳад. Яъқуб қарор дод бародарашро фиреб диҳад. Ва ана вай ба бародари калониаш чӣ гуфт: — Ман ба ту оши наск медиҳам. Аммо барои ин ту нахустзодагиатро ба ман медиҳӣ. Вақте ки ин лаҳза фаро мерасад, ту ба ман иҷозат медиҳӣ, ки ба қавм сарварӣ кунам? Инак, Эсов бояд интихоби муҳим мекард. Вай метавонист тоқат кунад ва ягон чизи дигар хӯрад. Он гоҳ дар оянда вай сарвари қавм мешуд. Ё ин ки вай метавонист оши наскро худи ҳозир хӯрад. Он гоҳ вай бояд нахустзодагии худро ба Яъқуб медод. Эсов дар ҳақиқат сахт гурусна буд. Барои ҳамин вай ба Яъқуб гуфт: — Нахустзодагӣ аз они ту. Вақт расад, метавонӣ сарвари қавми мо шавӣ. Ва акнун ба ман хӯрок деҳ. Яъқуб хоҳиши бародарашро иҷро кард. Эсови гурусна хӯрок мехӯрд ва худро ҳеҷ манъ карда наметавонист. Вай ҳатто фикр намекард, ки чӣ кор кард: вай нахустзодагии худро барои як коса оши наск фурӯхт. Худо ғамгин шуд, ки Эсов ин гуна бетоқат ва беақл буд. Вале ба Яъқуб, ба бародари вай, Ӯ ёрӣ медиҳад, ки сарвари оқили қавм гардад. Ба хотир меорем Яъқуб аз Эсов чӣ хоҳиш намуд? Барои чӣ Эсов нахустзодагии худро ба бародараш дод? Эсов интихоби дуруст намуд ё не? Дар бораи интихоби худ андеша намо Оё ту ягон маротиба хоҳиши тоқатфарсоро барои кардани ягон кор ҳис намуда будӣ? Мумкин ту як қуттӣ конфетро хӯрдӣ. Ё ба ҷои он, ки ба хона равӣ, вақте ки калонсолон фармуда буданд, бо рафиқат бозӣ кардӣ. Баъд аз ин чӣ рӯй медод? Интихоби дуруст намуданро омӯз Фикр кун, ки чӣ кор кардан дуруст мебуд: ба модарат ёрӣ диҳӣ ё дағалӣ кунӣ; хӯрок хурӣ ё косаи хӯрокро аз худ дур карда телевизор тамошо кунӣ; ҳар рӯз хондани қиссаҳои каломиро ба нақша гирӣ ё аз ин нақша даст кашӣ. Oн чизе, ки мо ҳозир интихоб мекунем, ҳаёти моро дар оянда тағйир дода метавонад. Дуо мекунем Худованд, ба мо ёрӣ деҳ, ки ҳама вақт он чизеро иҷро кунем, ки барои мо муҳимтар аст. Ба мо ёрӣ деҳ ҳамеша дар хотир дорем, ки аз ҳама муҳим — ин хизмати Туро интихоб карда Туро дӯст доштан мебошад. Ба номи Исо. Омин. Дастҳои пашмин Ҳастӣ 27 ЯЪҚУБ БА ПАДАРАШ РОСТ ГУФТ? Ё ИН КИ ВАЙ ПАДАРАШРО ФИРЕБ ДОД? Яъқуб бисёр мехост сарвари қавми худ шавад, ва бо найранг Эсовро маҷбур сохт, ки нахустзодагиашро ба вай фурӯшад. Вале ба вай боз лозим буд, ки баракати падарашро ба даст орад. Дар он лаҳза Исҳоқ, падари вай, хеле пир шуда буд. Вай нағз намешунавид ва қариб, ки кӯр буд. Боре Ривқо, модари Яъқуб, ба писараш гуфт: — Яъқуб, ана ман чӣ фикр кардам. Дастҳои бародари ту Эсов пашминӣ мабошанд. Пӯсти бузро гир, дастонатро бо он печон ва худро Эсов вонамуд бикун. Он гоҳ падарат ба ту баракати худро хоҳад дод. Яъқуб бисёр мехост сарвари қавм шавад, барои ҳамин розӣ шуд. Вай дастонашро бо пӯсти буз печонд, ва ба хаймаи падараш даромад. Ҳамроҳи худ вай барои ин кор хӯроки тайёр кардаи модарашро гирифт. Исҳоқ бӯи лазизи таоми гӯштдорро ҳис намуд. Вай гумон кард, ки ин бӯи хӯроки аз сайд тайёр карда аст, ки Эсов аз шикор оварда буд. Яъқуб бошад гумони падари худро инкор накард. Исҳоқ ҳамаи таомро хӯрд ва гуфт: — Писари калонии худ Эсовро баракат медиҳам. Дастони Эсов пашминӣ мебошанд. Писари ман Эсов ту ҳастӣ? Инак, Яъқуб бояд интихоби муҳим мекард. Вай метавонист рост гӯяд. Дар ин ҳолат падараш ба ӯ баракати худро, ки ба Эсов тааллуқ дошт, намедод. Ё ин ки вай метавонист дурӯғ гӯяд ва, худро Эсов номида, баракати падарро бигирад. Ва Яъқуб чӣ кор кард? Вай ба падараш дастони бо пӯсти буз печонидаро дароз кард. Исҳоқ писари худро хуб дида наметавонист, вале вай бовар кард, ки дар наздаш Эсов истодааст. Барои ҳамин вайро баракат дод. Ҳамин тавр Яъқуб сарвари қавм шуд. Инро фаҳмида Эсов сахт ба ғазаб омад. Вай чунон ба ғазаб омада буд, ки қарор дод ҳамин ки бародарашро ёбад, вайро мекушад. Модар ба Яъқуб ёрӣ дод, ки ба сафар тайёр шавад. Бале, Яъқуб сарвари қавм шуда буд, вале баъд аз он чӣ, ки рӯй дода буд, ӯ дар хонаашон монда наметавонист. Вай маҷбур буд аз Эсов гурезад. Худо ғамгин буд, ки Яъқуб дурӯғ гуфт. Вале ба ҳар ҳол Ӯ Яъқубро дӯст медошт ва ба куҷо, ки вай намерафт, вайро ҳамроҳӣ мекард. Ба хотир меорем Яъқуб падари худро чӣ тавр фиреб кард? Барои интихоби нодурусташ бо Эсов чӣ рӯй дод? Дар бораи интихоби худ андеша намо Байни дурӯғ, дурӯғ баҳри раҳоӣ ёфтан, ҳарза ва муҳобот чӣ гуна фарқ аст? Ту метавонӣ ҳолатҳоеро ба хотир биёрӣ, ки рост гуфтан барои ту мушкил буд? Вақте ки ту дурӯғ мегӯӣ — дурӯғ баҳри раҳоӣ ёфтан ё ягон муҳобот, чӣ рӯй медиҳад? Интихоби дуруст намуданро омӯз Аз росткунҷаҳо роҳи дароз, ки бо он Яъқуб аз бародараш Эсов мегурехт, бисоз. Худро дар ҷои Яъқуб тасаввур намо ва нақл кун, ки ту аз хонаатон дуртар ва дуртар шуда чиро ҳис мекунӣ. Рост гуфтан, аз дурӯғ гуфтан, ҳамеша беҳтар аст. Дуо мекунем Худованд, моро барои он ҳолатҳое, ки дурӯғ мегуфтем, бубахш. Туро барои бахшиш ва муҳаббат нисбати мо шукргузор ҳастем. Ба номи Исо. Омин. Бародарон Ҳастӣ 32–33 ОЁ ЭСОВ ЯЪҚУБРО БАХШИД? Ё ИН КИ ВАЙ БАД ДИДАНИ БАРОДАРАШРО ДАВОМ МЕДОД? Яъқуб худро хеле танҳо ҳис мекард. Солҳои дароз вай дар дурӣ аз хонаи худ зиндагӣ мекард. Аз он вақте ки ӯ хонаи падарашро тарк намуд, солҳои зиёде гузаштанд. Акнун вай оилаи калони худро дошт. Вай гӯсфанд, шутур ва бузҳои бисёр дошт. Вай гов ва харҳои бисёр дошт. Вале дар назди вай бародараш, Эсов, набуд. Яъқуб мехост ба ватанаш баргардад, вале метарсид. Вақте ки хонаашонро тарк мекард, Эсов хеле хашмгин буд. Мумкин, ӯ то ҳол марги бародарашро мехоҳад. Мумкин, Эсов мехоҳад тамоми оилаи Яъқубро нобуд кунад. Яъқуб худро чунон танҳо ҳис мекард, ки ниҳоят қарор дод ба хонаашон бо умеди он баргардад, ки Худо онҳоро бо Эсов оштӣ мекунад. Ҳамроҳи оила ва рамаҳои худ Яъқуб ба роҳ баромад. Дар роҳ ӯ одамонро ба назди Эсов равон кард. Вай мехост бародарашро аз бозгашти худ ба хонаашон огоҳ намояд. Ва инак вай аз фиристодагон фаҳмид, ки Эсов ба назди вай баромад. Ва танҳо не — ҳамроҳи вай чорсад нафар одам буданд! Аз ин хабар ба ваҳм омада, Яъқуб бо илтиҷо ба Худо рӯ овард: — Ту ба ман амр кардӣ, ки ба хона баргардам. Ту ваъда додӣ, ки ба ман ғамхорӣ хоҳӣ намуд. Ту ҳамеша маро дӯст медоштӣ ва бароям некӣ мекардӣ. Ман оилаи калон дорам, ва ҳозир ба ёрии Ту эҳтиёҷ дорам. Аз Ту хоҳиш мекунам, маро аз Эсов муҳофизат намо. Рӯзи дигар Яъқуб ба Эсов қисмеро аз рамаҳояш чун тӯҳфа равон кард. Ӯ ба Эсов буз, гӯсфанд, шутур, ҳар ва гову буққаҳоро фиристод. Баъд аз як рӯз Яъқуб Эсов ва ҳамроҳони вайро дид. Фиристодагон ба Эсов тӯҳфаҳоро тақдим карданд ва гуфтанд, ки ин ҳама аз бародари вай Яъқуб мебошад. Яъқуб! Охир ин қадар сол гузашта буд! Як вақтҳо Яъқуб бо ҳилаву найранг вайро маҷбур кард, ки аз сарварии қавм даст кашад. Ва ана акнун вай ба хона бармегардад. Инак, Эсов бояд интихоби муҳим мекард. Вай метавонист чорсад мардро равон кунад, то ки онҳо Яъқубро кушанд ва тамоми оилаи вайро нобуд созанд. Ё ин ки вай метавонист Яъқубро бубахшад, ва ба он иқрор шавад, ки худаш интихоби нодуруст намуд. Охир вай набояд нахустзодагиашро барои як коса оши наск мефурӯхт. Эсов ҳамроҳи оила, рамаҳо ва ҷанговаронаш ба пеш, ба назди Яъқуб равон шуд. Вақте ки издиҳоми калонро бо сарварии Эсов дид, Яъқубро тарс зер намуд. Аммо вай ба қафо нагашт. Вай ба оилааш амр кард, ки дар ҷояшон истанд, ва худаш танҳо ба пеш рафт. Яъқуб оҳиста ба Эсов наздик шуд ва аз самими қалб вайро шодбош гуфт. Эсов дастонашро сӯи бародараш дароз кард ва ӯро ба оғӯш кашид. Онҳо механдиданд, гиря мекарданд ва якдигарро бо овози баланд хайра мақдам мегуфтанд. Боз якҷоя шудан ин қадар аҷоиб буд! Бародарон медонистанд, ки Худо байни онҳо сулҳу амониро мехоҳад. Худо тамоми роҳ ҳамроҳи Яъқуб буд. Акнун Худо вайро ба хона овард, то ки Яъқуб сарвари қавм гардад. Ба хотир меорем Барои чӣ Яъқуб аз баргаштан ба хона метарсид? Эсов, вақте ки Яъқубро дид, чӣ гуна рафтор намуд? Эсов интихоби дуруст намуд ё не? Бародарон аз якҷоя шудан хурсанд буданд ё не? Ту чӣ гуна дар бораи ин фаҳмидӣ? Дар бораи интихоби худ андеша намо Лаҳзаҳоеро ба хотир биёр, вақте ки яке аз аъзои оилаи ту мехост, ки вайро дигар аъзоён бахшанд. Ба вай бахшишро дастрас кардан осон буд ё не? То оштишавӣ ва баъди он ҳама чӣ ҳис мекарданд? Интихоби дуруст намуданро омӯз Дар варақ расми махлуқи бадафтро тасвир намо. Он нишонаи норозигӣ хоҳад буд. Вақте ки ягон кас дар оилаи ту ба ғазаб меояд, ба вай ин расмро деҳ. Мумкин аст, ки одам, ин гуна махлуқи бадафтро дида, ғазабашро фаромӯш мекунад! Бовар кун, ки бахшидан ва аз норозигӣ халос шудан чӣ қадар беҳтар аст. Бахшидан, аз норозигӣ изҳор кардан, ҳамеша беҳтар аст. Дуо мекунем Худованд, ба мо ёрӣ деҳ дигар одамонро, ҳатто агар ки онҳо моро хафа ё фиреб мекунанд, бахшида тавонем. Бо номи Исо. Омин. Дар чоҳ Ҳастӣ 37:12–35 БАРОДАРОН БА ЮСУФ МУНОСИБАТИ ХУБ МЕКАРДАНД? Ё ИН КИ ОНҲО БО ВАЙ БЕРАҲМОНА РАФТОР КАРДАНД? Яъқуб дувоздаҳ писар дошт. Баъзан онҳо аҳлона меҳнат мекарданд. Ва баъзан, мисли дигар бародарон, хархаша мекарданд. Яке аз писарони Яъқубро Юсуф меномиданд. Вай аз дигар бародарон хурдтарин буд ва аз падараш дур намешуд. Писарони калонии Яъқуб дар саҳро кор мекарданд ва рама мечаронданд. Вақте ки Юсуф калон шуд, вай ба онҳо ёрӣ мерасонд. Баъзан Яъқуб, чун дигар падарон, гоҳ ба як писар, гоҳ ба писари дигараш тӯҳфа мекард. Аммо боре вай ба Юсуф чизи бениҳоят аҷиб — либоси нав ва бисёр зебо тӯҳфа намуд. Либоси ҳар кадоми писарони Яъқуб ранги муайян дошт: хокистарӣ, сабз, қаҳваранг. Вале либосе, ки падар ба Юсуф тӯҳфа кард, ҳарранга буд. Дар он ҳама рангҳои рангинкамон буд: зард, сурх, кабуд, бунафш, ва боз тиллоӣ ва нуқрагӣ. Ин либоси аҷоиб буд. Юсуф ҳамон лаҳза онро пӯшид. Ӯ чӣ хел хушбахт буд! Вале бародарон ба Юсуф, ки падараш ин қадар либоси зебо тӯҳфа намуд, ҳасад мебурданд. Боре шабона Юсуф хоби аҷиб дид. Бедор шуда, вай онро ба бародаронаш нақл кард: — Ман хоб дидам, ки шумо ёздаҳ банди ғалла шудед. Ман банди дувоздаҳум будам. Ва ҳамаи шумо ба ман таъзим мекардед, зеро ман аз ҳама калонӣ будам. Вале бародарон намехостанд ба хурди хона таъзим кунанд. Онҳо дигар дар бораи хобҳои вай шунидан намехостанд. Барои ҳамин, вақте ки Юсуф ба онҳо боз як хоби дигарашро нақл кард, бисёр хашмгин шуданд. Ин маротиба ба ӯ офтоб, моҳ ва ёздаҳ ситора таъзим мекарданд. Он гоҳ падар аз вай пурсид: — Наход ман ва модари ту ягон вақт ба ту барои таъзим меоем? Ва ҳамаи ёздаҳ бародаронат дар назди ту ҳам мешаванд? Бародарони Юсуф бисёр ҳасадхӯр буданд. Онҳо дар бораи он тӯҳфаи аҷиб, ки падарашон ба Юсуф карда буд, ҳеҷ фаромӯш кардан намехостанд. Ва акнун Юсуф боз мегӯяд, ки онҳо бояд ба вай таъзим кунанд. Инак, бародарон бояд интихоби дуруст мекарданд. Онҳо метавонистанд Юсуфро ба ҳолаш гузошта бо корҳои худ машғул шаванд. Онҳо ба хотир оварда метавонистанд, ки падарашон ба онҳо чӣ гуна тӯҳфаҳои хуб мекард. Ё ин ки онҳо метавонистанд аз Юсуф либоси рангаашро кашида гиранд ва ӯро ҳатто кушанд, то ки дигар дар сари роҳи онҳо наистад. Ва бародарон чӣ кор карданд? Онҳо ба Юсуф, вақте ки вай бо хоҳиши падар онҳоро хабаргирӣ омад, дарафтиданд. Корҳои бародаронаш хуб буданд, аммо дере нагузашта ҳоли Юсуф хеле бад шуд. Бародарон аз тани Юсуф либоси рангаашро кашида гирифтанд, ва худашро ба чоҳи чуқур партофтанд. Онҳо вайро куштан мехостанд, вале дар роҳ корвонеро диданд, ки ба Миср равон буд. Он гоҳ яке аз бародарон таклиф намуд: — Биёед Юсуфро ба тоҷироне, ки бо корвон ба Миср мераванд, фурӯшем. Ва онҳо ҳамин тавр карданд. Баъд бародарон либоси Юсуфро хунолуд карда дарронданд. Акнун он чунин менамуд, ки гӯё Юсуф дар он бо ҳайвони ваҳшӣ мубориза мебурд. Онҳо либоси дарридаро ба падарашон оварданд ва ӯро бовар кунонданд, ки ҳайвони ваҳшӣ бародари хурдии онҳоро хурдааст. Яъқуб барои писари дӯстдоштаи худ мотам гирифт. Ва фикр мекард, ки дигар ҳеҷ гоҳ ӯро намебинад. Он, ки бародарон бо Юсуф ин қадар ҷоҳилона рафтор карданд, Худоро ғамгин намуд. Вале Ӯ дар Миср Юсуфро тарк накард ва ҳамеша ҳамроҳаш буд. Ба хотир меорем Бародарон ба либоси нави Юсуф чӣ гуна муносибат карданд? Дар бораи хоби бародари хурдиашон фаҳмида, онҳо чиро ҳис намуданд? Бародарон ба Юсуф чӣ гуна ҷазо доданд? Онҳо интихоби дуруст карданд ё не? Дар бораи интихоби худ андеша намо Чӣ туро маҷбур месозад, ки ба бародаронат, ҳоҳаронат ё рафиқонат ҳасад барӣ? Ту аз ин ҳиссиёт, ҳол он ки туро пурра фаро нагирифтааст, чӣ тавр халос шуда метавонӣ? Интихоби дуруст намуданро омӯз Варақро бо он рангҳое, ки дар либоси Юсуф буд, ранга бикун. Ҳангоми ранга кардан дар бораи он андеша намо, ки бо одамон нек рафтор кардан чӣ маъно дорад. Сипас ба одаме, ки он чизеро, ки ту мехоҳӣ, дорад, ягон некие бикун. Худо мехоҳад, ки мо аз он чизе, ки дорем, хурсанд бошем ва ба дигарон ҳасад набарем. Дуо мекунем Худованд, моро биомӯз, ки бо дигар одамон нек бошем. Ба мо ёрӣ деҳ барои онҳо хурсанд бошем, ҳатто агар ки онҳо он чизеро дошта бошанд, ки мо доштан мехостем. Бо номи Исо. Омин. Интизории тӯлонӣ Ҳастӣ 39;41 ЮСУФ БА ХУДО ТАВАККАЛ НАМУД? Ё ИН КИ ВАЙ БА НИЯТИ ХУДО ШӮБҲА МЕКАРД? Юсуф дар дурӣ аз хонаи падарӣ зиндагӣ мекард. Тоҷироне, ки бародарон ба онҳо Юсуфро фурӯхтанд, вайро ба Миср оварданд. Дар он ҷо вай бояд дар хонаи як мисрии бой хизмат мекард. Юсуф коргари хуб буд ва ҳамаи он кореро, ки ба вай мефармуданд, иҷро мекард. Аммо боре зани хӯҷаин аз Юсуф сахт хашмгин шуд. Вай бо воситаи фиреб шавҳарашро маҷбур сохт, ки Юсуфро ба зиндон партояд. Акнун Юсуф паррандаҳоеро, ки дар озодӣ парвоз мекарданд, дида наметавонист, дар рухсораҳояш қатраҳои боронро ҳис карда наметавонист. Дар маҳбас будан ба вай тамоман маъқул набуд. Рӯз аз рӯз вай умед дошт, ки Худо ба вай ёрӣ медиҳад, ки аз зиндон озод шавад. Аммо вақт мегузашт, вале дар ҳаёти ҷавон ягон дигаргуние дида намешуд. Инак, Юсуф бояд интихоби муҳим мекард. Вай метавонист ёрии Худоро интизор нашуда кӯшиш намояд, ки аз зиндон барояд. Мумкин аст, ки вай метавонист бо ягон зиндонбон забон як кунад. Мумкин аст, ки вай калидҳоро дуздида ба озодӣ мебаромад. Ё ин ки вай метавонист ба Худо таваккал намуда ба он бовар кунад, ки ҳама он чизе, ки рӯй дода истодааст, қисме аз нияти Худо мебошад. Вай метавонист интизор шавад, ки кай Худо ба вай мекушояд, ки чӣ кор бояд кунад. Юсуф қарор дод, ки ба Худо таваккал мекунад. Вай дар зиндон муддати зиёде нишаст. Ва боре ба назди вай одаме омад. Вай ёрдамчии фиръавн буд. Шоҳи Миср фаҳмид, ки Юсуф таъбири хобҳоро медонад. Ва шоҳи мисриён хобе дид. Акнун вай барои Юсуф фиристод, то ки Юсуф хоби вайро маънидод карда диҳад. Ёрдамчии фиръавн Юсуфро ба қаср овард. Дар он ҷо ҷавон фаҳмид, ки фиръавн дар хобаш ҳафт модагови хубсурат ва фарбеҳ, ва ҳафт модагови бадсурат ва лоғарро дидааст. Худо ба Юсуф кушод, ки хоби фиръавн чӣ маъно дорад. Ва Юсуф гуфт: — Ҳафт модагови фарбеҳ — ин ҳафт соли фаровонӣ аст. Дар саҳроҳо гандуми бисёре мерӯяд, ва мардум гуруснагӣ намекашад. Ҳафт модагови лоғар — ин ҳафт соли қаҳтӣ аст, вақте ки гандум дар саҳро нобуд мешавад ва ба мамлакат гуруснагӣ меояд. Фиръавн пурсид: — Мо ягон кор карда метавонем? Юсуф ҷавоб дод: — Вақте ки ҳосил фаровонӣ мерӯяд, қисме аз онро дар анборҳои калон захира кардан лозим аст. Ин захираҳоро ҳангоми гуруснагӣ истифода бурдан мумкин мешавад. Юсуф ёрдамчии калони фиръавн гардид. Ба вай ба ҳисоб гирифтани тамоми ғаллаи дар Миср ҷамъ овардашударо супурданд. Дар солҳои фаровонӣ Юсуф зиёдатии ғаллаи ҷамъшударо дар анборҳои калон мерехт. Баъд солҳои хушксолӣ омаданд, ки аз беобӣ ҳосил аз решааш хушк мешуд. Дар Миср гуруснагӣ оғоз ёфт. Аммо анборҳои Юсуф пур аз галла буданд. Аз захираҳои намудагӣ вай ба ҳамаи эҳтиёҷмандон ғалла медод. Мисриён аз назди Юсуф бо ғалла баргашта барои худашон хӯрок тайёр мекарданд. Худо аз Юсуф хурсанд буд, ки вай ба Ӯ таваккал намуд ва ёриро аз Ӯ интизор буд. Нияти Худо дар ҳақиқат аҷоиб буд! Худо ба Юсуф ёрӣ дод, ки дар Миср одами муҳим гардад. Ба хотир меорем Вақте ки дар зиндон менишаст, ҳолати Юсуф чӣ гуна буд? Чаро қарори аз зиндон бо қуввати худ баромадани Юсуф нодуруст мебуд? Юсуф ба фиръавн ва тамоми мисриён чӣ гуна ёрӣ дод? Дар бораи интихоби худ андеша намо Ба ту лозим омада буд, ки барои дуои худ ҷавобро дуру дароз интизор шавӣ? Мумкин ту интизор будӣ, ки ҷавобро зуд мегирӣ. Ту мисли Юсуф буда метавонӣ? Ту, мисли вай, ба Худо бовар карда интизор шуда метавонӣ? Интихоби дуруст намуданро омӯз Худро дар ҳайси муаллим, духтур, ошпаз ё дуредгар тасаввур намо. Вақте ки ту ба воя мерасӣ, Худо ба ту ёрӣ медиҳад фаҳмӣ, ки Ӯ ба ту бо кадом кор машғул шуданатро раво дидааст. Ҷавоби Худоро интизор шудан — ҳамеша қарори дуруст аст. Дуо мекунем Худованд, ба Ту шукр мегӯем, ки ба дуоҳои мо дар вақти муайян намудаи Худ, ҷавоб медиҳӣ. Ба Ту барои нақшаҳоят нисбати мо шукр мегӯем. Бо мо бош, вақте ки мо интизор мешавем, ки кай Ту ба мо чӣ гуна рафтор карданро мекушоӣ. Бо номи Исо. Омин. «Ман Юсуф!» Ҳастӣ 42–45 ЮСУФ ДАР БОРАИ ОН ХУБИЕ, КИ ДАР ҲАЁТИ ВАЙ РӮЙ ДОДА БУД, АНДЕША МЕКАРД? Ё ИН КИ ВАЙ ТАНҲО БАДИРО ДАР ХОТИР ДОШТ? Юсуфро ба тоҷироне, ки ба Миср мерафтанд, ба ғуломӣ фурӯхта, бародарон ба назди падар баргаштанд ва Яъқубро бовар кунонданд, ки писари хурдии вай зинда нест. Бародарон, албатта, медонистанд, ки Юсуф намурдааст. Вале онҳо гумон доштанд, ки дигар ҳеҷ гоҳ вайро намебинанд. Аз қафои як соли хушксолӣ соли дигари хушксолӣ омад, ва боз дар саҳроҳо гандум нарӯид. Соли оянда низ ин ҳолат ба амал омад. Ва ин ҳафт соли расо давом кард. Ниҳоят дар ягон кас донае намонд, ки гуруснагиро рафъ намояд. Ин бениҳоят хабари бад буд. Вале баъд Яъқуб хабарҳои хубро шунид. Нон дар Миср аст! Дар ин мамлакат як марди оқил захираи калони гандумро карда буд. Яъқуб писаронашро фарёд кард. Вай ба онҳо фармуд, ки ба Миср равон шаванд. Вақте ки онҳо аз он ҷо гандумро харида меоянд, хӯроки бисёр тайёр карда гуруснагиро фаромӯш мекунанд. Бародарон шутурсавор ба роҳ баромаданд. Роҳи онҳо тӯлонӣ буд ва, ниҳоят, онҳо ба Миср расиданд. Дар он ҷо онҳо дар бораи одами муҳим, ки захираи калони гандум дошт, фаҳмида гирифтанд. Ба назди вай омада, онҳо хеле боодобона рафтор карданд. Онҳо ба вай таъзим карданд ва хоҳиш намуданд, ки вай ба онҳо гандум фурӯшад. Писарони Яъқуб намедонистанд, ки бо бародари худашон гап мезанад. Вале Юсуф бародарони худро шинохт. Вай дар хотир дошт, ки чӣ тавр якчанд сол пеш онҳо ӯро ба тоҷирон фурӯхта буданд. Вай аз онҳо инчунин фаҳмид, ки дар хона бо падарашон Бинёмин — бародари хурдии вай, ки Юсуф боре ҳам надидааст, монда буд. Барои ҳамин Юсуф дар Миср яке аз бародаронро манъ кард, ва дигаронро ба хонаашон ҷавоб дод ва аз онҳо қавл гирифт, ки онҳо бармегарданд ва Бинёминро меоранд. Юсуф фармон дод, ки халтаҳои бародаронашро бо гандум пур кунанд ва пули барои он додаро дар даруни ин халтаҳо маҳкам кард. Вақте ки бародарон ин пулҳоро ёфтанд, намедонистанд, ки чӣ фикр кунанд. Онҳо тарсиданд, ки Юсуф онҳоро нобуд мекунад. Вале ба ҳар ҳол писарони Яъқуб ба Миср баргаштанд ва Бинёминро ҳамроҳи худ оварданд. Юсуф барои онҳо зиёфат тайёр кард ва ба хонааш даъват намуд. Дере нагузашта бародарон бо халтаҳои пур ба қафо баргаштанд. Вале ҳамин ки онҳо аз шаҳр дур шуданд, Юсуф, ки дар халтаи Бинёмин ҷоми нуқрагини худро пинҳон намуда буд, ба ғуломаш фармуд, ки аз қафои онҳо равон шавад ва онҳоро ба назди вай баргардонад. Вай гуфт, ки маҷбур аст Бинёминро, барои дуздидани ҷоми нуқрагин, дар Миср манъ кунад. Бародарони калонии вай гуфтанд, ки наметавонанд Бинёминро дар Миср монанд, зеро ин хабар падари онҳоро беҳад ғамгин хоҳад кард. Акнун Юсуф фаҳмид, ки бародарони вай чӣ қадар хубтар гаштаанд. Инак, Юсуф бояд интихоби муҳим мекард. Вай метавонист дар бораи он хубие, ки дар зиндагии вай ба амал омад, вақте ки вай ба Миср афтид, фикр кунад. Вай метавонист дар бораи анборҳои пур аз гандум ва одамоне, ки ба шарофати ин аз гуруснагӣ намурданд, фикр кунад. Вай метавонист худро ба бародаронаш ошкор кунад ва он бадиеро, ки онҳо ба вай карданд, бахшад. Ё ин ки вай метавонист ба хотир оварад, ки чӣ тавр онҳо ӯро ба тоҷирон фурӯхтанд. Ва қасд гирифта, онҳоро ба зиндон партояд. Ва ана Юсуф чӣ кор кард. Вай фарёд намуд: — Ман Юсуф! Бародари шумо. Писарони Яъқуб аз тарс ба ларза даромаданд. Вале Юсуф онҳоро ором намуд: — Ман медонам, шумо маро куштанӣ будед. Вале Худо маро ба Миср овард, то ин ки ман оилаи худро наҷот диҳам. Дар ин ҷо гандум кифоя аст, ки хӯрок тайёр кунем, ва ягон каси мо аз гуруснагӣ намемирад. Падари маро ба ин ҷо биёред, ва мо боз якҷоя мешавем. Юсуф фаҳмид, ки Худо ҳамаи бадиро дар ҳаёти вай ба некӣ табдил дод. Худо аз он хурсанд буд, ки Юсуф инро фаҳмид, ва инчунин аз он, ки Юсуф бародаронашро бахшид ва ба оилаи худ ёрӣ расонд. Ба хотир меорем Бародарони Юсуф барои чӣ ба Миср омаданд? Вақте ки онҳоро дид, Юсуф дар бораи кадом бадии бародарон ба хотир овард? Юсуф танҳо бадиеро, ки бародаронаш ба вай карда буданд, дар хотир дошт? Юсуф интихоби дуруст намуд ё не? Чӣ тавр Худо бадиро дар ҳаёти Юсуф ба некӣ табдил дод? Дар бораи интихоби худ андеша намо Чӣ гуна ҳолатҳои вазнин барои оилаи ту ба некӣ таб-дил ёфта буданд? Вақте ки ту танҳо дар бораи чизҳои бад фикр мекунӣ, ҳолати ту чӣ гуна мешавад? Вақте ту мебинӣ, ки ин бадӣ ба некӣ овард, он чӣ гуна тағйир меёбад? Интихоби дуруст намуданро омӯз Қиссаеро тасвир намо, ки аз ягон ҳодисаҳои бад оғоз ёбад. Баъд онро бо ҳодисаҳои хуб анҷом деҳ. Ҳатто агар ягон бадие рӯй диҳад, мо бояд боварӣ дошта бошем, ки Худо нисбати мо ниятҳои нек дорад. Дуо мекунем Худованд, вақте ки ягон нохушӣ рӯй медиҳад, ба мо ёрӣ деҳ, ки рӯҳафтода нашавем. Ба мо ёрӣ деҳ бовар кунем, ки ту бадиро ба некӣ табдил дода метавонӣ. Бо номи Исо. Омин. Сабади шинокунанда Хуруҷ 1:6–2:10 ОЁ МАРЯМ БА БАРОДАРИ ХУРДАКАКАШ ЁРӢ ДОД? Ё ИН КИ ВАЙ БА ХОНААШОН ГУРЕХТ? Аз он вақте ки Юсуф бо бародаронаш дар Миср сокин шуд, солҳои зиёде гузаштанд. Акнун дар Миср фиръавни дигар ҳукмронӣ мекард. Вай халқи Худоро дӯст намедошт ва онро маҷбур карда буд, ки дар сохтмони азим, ки номи вайро бояд машҳур мекард, иштирок намояд. Кор бениҳоят вазнин буд: аз гил хишт реҳтан, об ва сангҳои вазнинро кашондан. Фиръавн метарсид, ки халқи Худо зидди вай бармехезад. Барои ҳамин вай фикр карда баромад, ки чӣ тавр зиёдшавии онро боздошта мешавад. Фиръавн эълон кард, ки халқи Худо набояд писар дошта бошад. Дар ин вақт як зан писар таваллуд мекунад. Ва модар, ки сахт фарзандашро дӯст медошт, фаҳмид, ки чӣ тавр метавонад писарашро наҷот диҳад. Нақшаи вай дар ҳақиқат ҳам хуб буд. Се моҳ вай фарзандашро пинҳон кард. Баъд сабади мустаҳкам бофт, ҳамаи сӯрохиҳои онро маҳкам намуд, то ки сабад дар об шино карда тавонад, ва ба дарунаш латтаи мулоимро паҳн кард. Аз он гаҳвораи хурдакаки зебо баромад, ки ба дарунаш писарашро гузоштан мумкин буд. Баъд зан сабад ва писарашро ба назди дарёи Нил бурд. Аз қафои вай духтари калониаш Марям равон шуд. Дар назди дарё модар писарашро бӯсид ва оҳиста ба даруни сабад гузошт. Баъд вай оҳиста сабадро ба рӯи об гузошт. Ва сабад ғарқ нашуд! Писар дар даруни он хушк буд. Ва модар ба хона равон шуд. Вале Марям дар назди соҳил монд, то бинад, ки бо бародари хурдакаки вай чӣ рӯй медиҳад. Дере нагузашта духтарак овозҳоро шунид. Вай қамишҳои соҳилро як тараф намуд ва духтари фиръавнро дид, ки ба назди дарё барои шустушӯй кардан омада буд. Мумкин вай сабадро мебинад ва кӯдакро меёбад? Марям чӣ кор кунад? Инак, духтар бояд интихоби муҳим мекард. Вай метавонист дар назди соҳил монад ва кӯшиш намояд, ки ба бародараш ёрӣ диҳад. Ё метавонист ба хонаашон гурезад. Ва ана Марям чӣ кор кард. Вай дар ҷояш истод, то ҳама корро бинад ва шунавад. Духтари фиръавн сабадро дид ва ба канизакаш фармон дод, ки онро биёрад. Ба кӯдаки дар даруни сабад хоб буда нигариста, духтари фиръавн ҳамон замон вайро дӯст дошт. Вай писаракро Мусо номид ва гуфт, ки барояш писар мешавад. Он гоҳ Марям ба назди духтари фиръавн омад ва ба вай гуфт: — Ман метавонам доя ёбам, ки барои кӯдак ғамхорӣ хоҳад кард. Шумо ба ман иҷозат медиҳед, ки ин корро бикунам? — О бале! Ин барои вай хуб хоҳад буд, — ҷавоб дод духтари фиръавн. Марям ба хонаашон шитофт, то ки ин хабари хушро ба модараш расонад: ба онҳо иҷозат доданд, ки Мусои хурдакакро ба худашон гирифта барои духтари фиръавн калон кунанд! Ин ҳаёти вайро наҷот медиҳад. Ягон вақт Мусо дар қасри фиръавн зиндагӣ хоҳад кард! Худо хурсанд буд, ки Марям ба оилаи худ ёрӣ дод. Вай ғамхорӣ намуд, ки Мусои хурдакак дар бехатарӣ бошад. Ин ба нақшаҳои Худо дохил мешуд! Ба хотир меорем Барои чӣ модар барои писари хурдакаки худ сабад бофт? Чӣ тавр апаи калонӣ ба бародари хурдиаш ёрӣ расонд? Марям интихоби дуруст намуд ё не? Дар бораи интихоби худ андеша намо Ту аз кадом имкониятҳо истифода мебарӣ, то ки ба оилаи худ ёрӣ диҳӣ? Ҳодисахое мешаванд, ки ту, ба ҷои он ки ёрӣ диҳӣ, гурехтан мехоҳӣ? Дар ин лаҳзаҳо ту бояд чӣ кор кунӣ? Интихоби дуруст намуданро омӯз Ба рӯи об варақи калонро гузор, то тасаввур карда тавонӣ, ки сабад бо Мусои хурдакак чӣ тавр дар рӯи об истода буд. Сипас бо ёрии калонсолон рӯйхати қоидаҳои рафтори бехатариро дар рӯи об тартиб деҳ. Ту метавонӣ ба ҳама риоя намудани ин қоидаҳоро хотиррасон кунӣ! Мо метавонем аз Худо хоҳиш намоем, ки ба мо нишон диҳад, ки чӣ тавр ба дигар одамон ёрӣ расонда метавонем. Дуо мекунем Худованд, мо мехоҳем ҳама кори аз дастамон меомадаро кунем, то ки ба дигар одамон фоидаовар бошем. Ба мо нишон деҳ, ки чӣ тавр мо метавонем ҳар рӯз ба оилаи худ ёрӣ диҳем. Бо номи Исо. Омин. «Танҳо ман не!» Хуруҷ 2:11–4:20 МУСО БА ХУДО ИТОАТ КАРД? Ё ИН КИ ВАЙ БА ОН ЧИЗЕ, КИ ХУДО ГУФТ, БЕТАРАФ МОНД? Мусо дар Миср чун шоҳзода тарбия меёфт ва дар қаср бо ҳуқуқи писари калонии фиръавн зиндагӣ мекард. Вале Мусо медонист, ки дар ҳақиқат вай аз насли халқи Худо мебошад. Мусо медид, ки фиръавн ҳамватанони вайро маҷбур мекунад, ки кори вазнинро иҷро кунанд, ва бениҳоят норозӣ буд, ки онҳоро ба ғуломон табдил додаанд. Вай мехост ба халқи Худо ёрӣ диҳад, вале андеша накарда рафтор намуд. Он тарзе, ки вай хост ёрӣ диҳад, ба Худо маъқул набуд. Ғайр аз ин, Мусо худро ба хашми фиръавн гирифтор намуд. Барои ҳамин ба Мусо лозим омад, ки аз Миср фирор кунад. Солҳои зиёд вай чӯпон буд. Ва боре, вақте ки Мусо гӯсфанд мечаронд, вай равшании аҷибро дид. Ин буттаи фурӯзон буд, вале оташ шохчаҳои онро намесӯзонд. Мусо наздиктар омад ва овози Худоро шунид, ки аз миёни буттаи сӯзон мебаромад. Мусо кафшҳояшро аз пояш кашид, зеро ҷое, ки вай меистод, махсус буд, ва наздиктар омад. Худо мехост, ки Мусо ба Миср баргардад. Барои ҳамин Ӯ гуфт: — Ман мехоҳам, ки ту халқи Маро аз Миср ба замини худаш баргардонӣ. Мусо розӣ шуд, ки фармони Худоро иҷро кунад? Мусо ҷавоб дод: — Танҳо ман не! Чӣ тавр ман фиръавнро розӣ кунонда метавонам, ки халқи Туро ҷавоб диҳад? Аммо Худо ба Мусо гуфт: — Ман бо ту хоҳам буд. Мумкин, акнун Мусо ба Худо гӯш дод? Вале Мусо такрор кард: — Танҳо ман не! Одамон ба ман бовар нахоҳанд кард. Онҳо номи Туро донистан мехоҳанд. Ман ба онҳо чӣ ҷавоб медиҳам? Ва он гоҳ Худо ба Мусо гуфт: — Ман Воҷибулвуҷуд ҳастам. Ана номи Ман. Акнун Мусо ба Худо гӯш дод? Не, вай ба гуфти худаш истодагарӣ мекард: — Танҳо ман не! Халқ бовар намекунад, ки ман Туро дидам. Ба ҷавоби ин Худо ба Мусо фармуд, ки асои чӯпониашро ба замин партояд. Ҳамин ки асо ба замин расид, ҳамон лаҳза ба мор табдил ёфт! Худо ба Мусо фармуд, ки морро аз думаш гирад. Ва дар дасти Мусо мор аз сари нав ба асо табдил ёфт. — Ин корро дар назди халқи Ман бикун, — гуфт Худо. — Ва халқ мефаҳмад, ки ту Маро дидӣ. Ин маротиба Мусо розӣ шуд? Не, вай исроркориро давом медод: — Вале ман зебо гап зада наметавонам ва сухани ман нофаҳмо аст. Худо гуфт, ки дар ин ҳам ба Мусо ёрӣ хоҳад дод, ва ваъда дод, ки ҳамроҳи вай ба Миср бародараш Ҳорун — одами сухандон, меравад. Инак, Мусо бояд интихоби муҳим мекард. Вай фармони Худоро шунид ва акнун медонист, ки Худо аз вай чӣ мехоҳад. Вай метавонист фармони Ӯро иҷро кунад ва ба Миср баргардад. Ё ин ки метавонист баҳси бефоидаро давом диҳад. Ва Мусо чӣ кор кард? Вай қарор дод фармони Худоро иҷро кунад, ва розӣ шуд, ки ба Миср баргардад. Худо хурсанд буд, ки Мусо ба Ӯ итоат кард. Мусо аз қуввати худ шубҳа мекард, вале аз он чизе, ки вай аз Худо шунид, хавотир буд. Ва Мусо ба Миср равон шуд, то ба халқи Худо ёрӣ диҳад, ки наҷот ёбад. Ба хотир меорем Худо аз Мусо чиро хоҳиш кард? Мусо, барои он ки фармони Худоро иҷро накунад, чӣ баҳонаҳоро истифода бурд? Мусо интихоби дуруст намуд ё не? Дар бораи интихоби худ андеша намо Ту метавонӣ чунин ҷоеро ба хотир орӣ, ки ба он ҷо рафтан намехоҳӣ? Ба Худо нақл кун, ки ту ин лаҳза чиро ҳис мекунӣ. Сипас аз Ӯ хоҳиш кун, ки ба ту ёрӣ диҳад, чӣ тавре ки боре ба Мусо ёрӣ дода буд. Интихоби дуруст намуданро омӯз Ҳангоми сафари навбати дар мошин дар бораи он фикр намо, ки Худо ҳамроҳи ту аст. Дар ҳар истгоҳи ба нақша гирифташуда ту метавонӣ бигӯӣ: «Худо ҳамроҳи мо дар ин ҷо мебошад (дар бонк, китобхона, мағоза ва ғ.)». Худо ба мо ёрӣ медиҳад он чизеро иҷро кунем, ки Ӯ аз мо мехоҳад. Дуо мекунем Худованд, баъзан ба мо чунон душвор аст он чизеро, ки Ту аз мо мехоҳӣ, иҷро кунем. Ба мо ҷуръат деҳ, ки фармонҳои Туро иҷро кунем, ва боварӣ ба онро деҳ, ки Ту бо мо ҳама вақт ва дар ҳама ҷо мебошӣ. Бо номи Исо. Омин. «Не!» Хуруҷ 7–10 ФИРЪАВН БА ТАВОНИИ ХУДО БОВАР МЕКАРД? Ё ИН КИ ВАЙ БА ПУРИҚТИДОРИИ ХУДО БОВАР НАМЕКАРД? Мусо ва бародари вай Ҳорун ба Миср баргаштанд. Онҳо ба фиръавн гуфтанд, ки Худо фармуд халқи Ӯро озод кунад, вале фиръавн ба онҳо бовар накард. Он гоҳ Ҳорун асоро, ки ҳамон лаҳза ба мор мубаддал гашт, ба замин партофт. Вале фиръавн чун пештара ба онҳо бовар намекард ва ҳатто дар бораи он шунидан намехост, ки халқи Худоро ҷавоб диҳад. Вай гуфт: — Не! Мусо фиръавнро таъкид намуд, ки Худои вай — ягона Худои ҳақиқӣ — аз тамоми худоҳои мисрӣ пуриқтидор аст. Фиръавн дар бораи худоҳои худаш фикр кард. Барои чӣ вай бояд пурқудратии Худои Мусоро эътироф кунад? Ва ӯ боз гуфт: — Не! Он гоҳ Худо ба мисриён бадбахтиҳоро равон кард. Ин бадбахтиҳо ҷазои Худо ном доштанд. Аввал Худо оби дарёро ба хун мубаддал кард, баъд қурбоққаҳои бадафтро фиристод. Ва он гоҳ Мусо боз аз фиръавн пурсид, ки оё халқи Худоро ҷавоб медиҳад? Вале фиръавн ҷавоб дод: — Не! Ва Худо ба сари мисриён пашшачаҳои хурдакаки нешдорро бирехт, ва баъдтар магасҳои калонро фиристод. Ӯ ба ҳайвоноти хонагӣ ваборо равон кард, ки аз он мемурданд. Аз вабои дигар дар бадани одамон ва ҳайвонот варами думбалдоре пайдо мешуд. Баъд Худо жола ва малахҳоро равон кард. Ниҳоят ба Миср торикӣ фаромад. Одамони фиръавн сахт тарсиданд. — Акнун ту халқи Худоро ҷавоб медиҳӣ? — пурсид Мусо. Инак, фиръавн бояд интихоби муҳим мекард. Вай метавонист бовар кунад, ки Худои Мусо — Худои пурқудрат аст, ва ҳокимияти Ӯро бар одамон, ҳайвонот ва ҳодисаҳои табиат эътироф намояд. Ва он гоҳ вай бояд халқи Худоро ҷавоб медод. Ё ин ки вай метавонист онро мисли пештара дар ғуломӣ нигоҳ дорад. Ва фиръавн боз гуфт: — Не! Худо ғамгин буд, ки фиръавн ба пурқудратии Ӯ бовар накард. Ӯ Мусоро равон кард, ки халқи Ӯро озод кунад. Ва ягон вақт Худо ба Мусо ёрӣ медиҳад, ки ин корро иҷро кунад. Ба хотир меорем Худо аз фиръавн чӣ мехост? Худо ба Миср чӣ гуна бадбахтиҳоро фиристод? Фиръавн интихоби дуруст намуд ё не? Дар бораи интихоби худ андеша намо Ту бовар дорӣ, ки Худо соҳиби қудрати бепоён аст? Аз хотир набарор, Ӯ онро истифода мебарад, ки ба ёрии ту ояд. Нақл бикун, ки Худо ба ту чӣ гуна ёрӣ мерасонад, вақте ки ту беморӣ, ҳолат бад аст, ё вақте ки раъду барқ мешавад? Интихоби дуруст намуданро омӯз Ходисахои табиатро, ки вайронӣ оварда метавонанд, номбар кун (раъду барқ, заминҷунбӣ, тӯфон ва ғ.). Донистани он, ки дар ин лаҳзаҳо Худо ҳамроҳи мо мебошад, чӣ гуна оромӣ мебахшад! Ӯ бо мост, ҳамон тавре, ки як вақтҳо бо халқи Худ дар Миср буд. Мо метавонем боварии қатъӣ дошта бошем, ки Худо пурқудрат аст ва моро дӯст медорад! Дуо мекунем Худованд, ба мо ёрӣ деҳ ба Ту ва ба пурқудратии Ту бовар кунем. Ту моро дӯст медорӣ, ва мо низ Туро дӯст медорем. Бо номи Исо. Омин. Фисҳ Хуруҷ 11–12 ХАЛҚИ ХУДО БОВАРӢ ДОШТ, КИ БО ХУДО ОЗОД КАРДА МЕШАВАД? Ё ИН КИ ВАЙ ГУМОН ДОШТ, КИ ХУДО НАМЕТАВОНАД ВАЙРО АЗ МИСР БАРОРАД? Фиръавн иҷозат надод, ки халқи Худо аз Миср барояд. Ва Худо ба ин мамлакат ҷазоҳои вазнинро фиристод. Баъди ҳар як ҷазо Мусо аз фиръавн мепурсид, ки оё халқи Худоро ҷавоб медиҳад, вале ҳокими Миср доимо ба вай ҷавоб медод: — Не! Худо ғайр аз он, ки ба мисриён фариштаи маргро фиристад, илоҷи дигар надошт. Вале пеш аз он Ӯ мехост боварӣ ҳосил кунад, ки халқи Ӯ аз ин ҷазо дилпур муҳофизат меёбад. Барои ҳамин Худо ба Мусо дастури аниқ дод, ки вай ба дигарон гуфта диҳад, ки чӣ кор кардан лозим аст: — Паҳлударии хонаҳои худро бо хуни барра бимолед. Ин барои фариштаи марг аломат мешавад, ки барои вай ба ин хона роҳ нест. Нон пазед, ва то ки он тезтар пазад, ба он хамиртуруш наандозед. Инчунин дар оташ барраро бирён кунед ва, вақте ки онро мехӯред, ҳар лаҳза барои тарк намудани хонаҳои худ тайёр бошед. Инак, халқи Худо бояд интихоби муҳим мекард. Вай метавонист ба Худо бовар кунад ва ҳамаи корҳои муҳимро анҷом диҳад: бо хуни барра паҳлудариҳоро бимолад, зуд хӯрокро тайёр намуда зуд онро истеъмол намояд. Ё ин ки халқи Худо метавонист дар зери юғи мисриён азоб кашида мондан гирад. Ва ана одамон чӣ кор карданд. Пеш аз он, ки фариштаи марг ба шаҳр ворид шуд, онҳо паҳлудариҳоро бо хуни барра молиданд. Онҳо фатир пухта онро бо сабзаҳои талх чун рамзи вақтҳои вазнини ғуломиашон хӯрданд. Ин вақт фариштаи марг дар кӯчаҳои шаҳр мегашт. Онҳо либосҳои болоиашонро набароварда мехӯрданд, то ки бе ягон мамониат ба роҳ баромада тавонанд. Фариштаи марг наздик мешуд. Вале хуни барра онҳоро муҳофизат мекард. Фариштаи марг аз назди хонаҳои халқи Худо гузашта мерафт. Ягон нафари онҳо ба ҳалокат нарасид. Фариштаи марг ба хонаҳои ҳамаи мисриён ворид шуд ва, ниҳоят, ба қасри фиръавн равон шуд. Он шаб фиръавн ба назди Мусо ва Ҳорун фиристод ва ба онҳо гуфт: — Аз Миср равед! Халқи Худо озод шуда буд! Худо розӣ буд, ки одамони Ӯ ба Ӯ бовар карданд ва чӣ тавре ки Ӯ гуфт, ҳамон тавр карданд. Худо онҳоро муҳофизат кард ва ба онҳо озодӣ дод. Ба хотир меорем Худо халқи Худро аз фариштаи марг чӣ гуна наҷот дод? Халқ ба Худо бовар карда ба Ӯ гӯш дод? Халқи Худо интихоби дуруст кард ё не? Он шаб фиръавн ба Мусо чӣ гуфт? Дар бораи интихоби худ андеша намо Худо моро аз ҳар гуна бадиҳо наҷот дода метавонад. Ӯ моро аз гуноҳ халос карда метавонад. Бо ёрии Худо ту аз чӣ мехостӣ халос шавӣ? Интихоби дуруст намуданро омӯз Нони бе хамиртурушро чаш, ки онро фатир меноманд. Аз замонаҳои фисҳи аввал фатир ҳамеша дар дастархонҳои яҳудиён ҷой дорад. Ин ба онҳо — ва ба мо низ — ёдрас мешавад бовар дошта бошем, ки наҷот дар Худо аст. Мо метавонем ба Худо итоаткор бошем ва ба Ӯ бовар кунем, зеро Ӯ мехоҳад моро аз ҳар гуна бадӣ наҷот диҳад. Дуо мекунем Худованд, ба Ту шукр мегӯем, ки моро аз ҳар бадӣ халос мекунӣ. Миннатдории мо ба Ту, ки Исоро фиристодӣ, то ки моро аз гуноҳҳоямон наҷот диҳад, чӣ гуна бузург аст. Бо номи Исо. Омин. Аз мобайни баҳр бо хушкӣ Хуруҷ 13:17–14:31 ХАЛҚИ ХУДО БОВАРӢ ДОШТ, КИ МУСО ОНҲОРО АЗ МОБАЙНИ БАҲР МЕГУЗАРОНАД? Ё ИН КИ ОДАМОН ГУМОН ДОШТАНД, КИ ХУДО БА МУСО ЁРӢ ДОДА НАМЕТАВОНАД? Мусо ва халқи Худо Мисрро бо як шодию ғурур тарк намуданд. Онҳо бо худ харҳо ва бузҳо, говҳо ва гӯсфандҳояшонро гирифтанд. Ягон одам аз халқи Худо дар Миср намонд. Ҳамаи онҳо ба замини падари худ Иброҳим равон шуданд. Калонсолон ва кӯдакон мерафтанд. Пиронсолон ва ҷавонон мерафтанд. Онҳо дигар ғуломони фиръавн нестанд! Мумкин, аз як тараф, ин чунин менамуд, ки гӯё онҳо ба сайругашти азиме баромада буданд. Вале фиръавн дар Миср монд. Вақте ки тарси вай гузашт, вай ба ғам фурӯ рафт, аммо баъд аз он ба ғазаб омад. Фиръавни ба хашм омада Мусоро ба он айбдор кард, ки вай бо ҳилаву найранг ӯро маҷбур намуд, ки халқи Худоро ҷавоб диҳад. Фиръавн шашсад ҷанговарро ҷамъ карда аз қафои гурезаҳо равон шуд. Онҳо дар аробаҳои тездав ба роҳ баромаданд ва бо худ найзаҳои тезро гирифтанд. Онҳоро пур аз қарори қатъӣ буданд, ки Мусоро манъ кунанд ва халқи Худоро ба Миср баргардонанд. Худо халқи Худро пештар ва пештар мебурд. Рӯзона Ӯ ба халқ роҳро, дар сутуни абр пешопеши онҳо рафта, нишон медод, ва шабона — дар сутуни оташ, то ки ба онҳо рӯшноӣ бахшад. Ниҳоят онҳо дар пеш баҳри Қулзумро диданд. Онҳо ба қафо нигоҳ карда диданд, ки дар дурии биёбон чанг мехезад. Дар абри чанг онҳо фиръавнро бо аробаҳо ва ҷанговаронаш диданд, ки саросема аз қафои гурезаҳо сур карда мехостанд бо зӯрӣ ба Миср баргардонанд! Халқи Худо тарсид. Дар пеши худ вай баҳрро медид, дар қафо — фиръавн ва ҷанговарони вайро. Барои ҳамин одамон аз Худо илтимос карданд, ки ба онҳо ёрӣ диҳад. Вале баъд онҳо аз Мусо ба ғазаб омаданд: — Барои чӣ ту моро аз Миср баровардӣ? Беҳтараш мо дар он ҷо дар ғуломӣ мемондем. Ин аз он беҳтар аст, ки мо дар ин биёбон мурем. Мусо одамонро ором карда гуфт: — Натарсед. Ба шумо танҳо лозим аст бубинед, ки чӣ тавр Худо барои шумо ғамхорӣ хоҳад намуд. Ӯ ҳам фиръавн, ва ҳам ҷанговарони вайро нобуд мекунад ва моро наҷот медиҳад. Инак, халқи Худо бояд интихоби муҳим мекард. Одамон метавонистанд ба сарвари худ Мусо бовар кунанд ва интизор шаванд, ки кай Худо ба вай чӣ тавр рафтор карданро мегӯяд. Ё ин ки онҳо метавонистанд ба қуввати худ такя карда, худашон фикр кунанд, ки чӣ кор кардан лозим аст. Агар одамон қарор медоданд, ки Худо иқтидор надорад ба онҳо ёрӣ расонад, мумкин аст, ки онҳо ба Миср бармегаштанд. Ва ана халқи Худо чӣ кор кард. Вай ба сарвари худ Мусо нигоҳ кард. Мусо навакак бо Худо гап зад ва он кореро мекард, ки Худо мехост. Мусо дасташро, ки асоро медошт, боло кард ва ба баҳр ишора намуд. Ҳамон лаҳза шамоли сахте вазид ва болои обро ба ҷунбиш даровард. Шамол шаби дароз вазид ва пагоҳӣ об ба ду тараф тақсим шуд, ва дар мобайни баҳр як қисми хушкӣ пайдо шуд. Халқи Худо дер накарда ба роҳ даромад, ки ба тарафи дигари соҳил мебурд. Ҳамроҳи одамон ҳайвоноти онҳо низ мерафтанд. Аз ду тараф мавҷҳо муҷунбиданд, об лаппиш мехӯрд. Аз қафои онҳо аробаҳои наздик шудаистодаи фиръавн овоз мебароварданд. Аммо халқи Худо дар хушкӣ аз байни баҳр мерафт ва худро дар бехатарӣ ҳис мекард. Вақте ки баррачаи охирин ба соҳил баромад, Худо ба Мусо фармуд, ки аз сари нав ба баҳр бо асояш ишора кунад. Ҳамин ки Мусо ин корро кард, об ба ҷои аввалаи худ баргашт ва қисми боқимондаи хушкиро маҳкам кард. Мавҷҳо пӯшида шуданд ва фиръавн, ҷанговарони вай ва аробаҳояшро гӯр карданд. Халқи Худо хурсанд буд, ки ба Мусо бовар кард. Мусо сарвари хуб буд. Вай Худоро гӯш мекард, ва Худо ба вай ёрӣ дод одамонро, ҳатто он вақте ки ин номумкин менамуд, халос кунад. Ба хотир меорем Сутуни абр ва оташ ба халқи Худо чӣ гуна ёрӣ медод? Барои чӣ халқ тарсид? Халқи Худо интихоби дуруст кард ё не? Барои чӣ Мусо сарвари хуб буд? Дар бораи интихоби худ андеша намо Барои он ки ту фаҳмӣ, ки Худо аз ту чӣ мехоҳад, дар кадом ҳолатҳо ёрии Худо лозим аст? (Вақте ки ман ба ҳолати вазнин афтидам, вақте ки маро касе хафа кард, вақте ки ман беморам ва ғ.). Чӣ фикр дорӣ, боз кӣ ба ту гуфта метавонад, ки чӣ кор карда метавонӣ? (Волидайн, муаллимон, шубони калисо, масеҳиёни дигар.) Интихоби дуруст намуданро омӯз Болишт, кӯрпа ва сачоқҳоро ба як тӯдаи калон ҷамъ кун ва аз байни онҳо роҳ кушо. Аз ин «роҳ» зуд гузар, мисли он, ки халқи Худо бо хушкӣ аз мобайни баҳр гузашт. Мо метавонем ба одамоне, ки Худоро дӯст медоранд, бовар кунем, ва ба онҳо иҷозат диҳем, ки моро роҳбарӣ намоянд. Дуо мекунем Худованд, ба Ту шукр мегӯем, ки Ту ҳамаи ҳодисаҳои рӯй медодаро роҳбарӣ мекунӣ! Ба Ту шукр мегӯем, ки Ту ба одамоне, ки моро роҳбарӣ мекунанд, мегӯӣ, ки ҳангоми ба мо ёрӣ лозим шудан чӣ кор кунанд. Бо номи Исо. Омин. Аҳкомҳои неки Худо Хуруҷ 19:16–20:21; 31:18; Такрори Шариат 5 МУСО АҲКОМҲОИ ХУДОРО ГӮШ КАРД? Ё ИН КИ ВАЙ ДАР БОРАИ ОНҲО ЧИЗЕРО ДОНИСТАН НАХОСТ? Мусо ва халқи Худо сафари худро ба замини Иброҳим давом медоданд. Худо онҳоро муҳофизат мекард ва ҳамеша ҳамроҳашон буд. Боре Худо ба Мусо фармуд, ки ба қуллаи кӯҳ барояд. Худо барои халқаш якчанд аҳкомро додан мехост. Вале одамон аз Худо метарсиданд, барои ҳамин Худо ба Мусо фармуд, ки ин аҳкомҳоро шунавад. Худо медонист, ки қонунҳои Ӯ, ё ин ки аҳкомҳо, ба одамон заруранд, то ин ки дар ҳаёти худ онҳоро истифода баранд. Одамон бояд донанд, ки Худо ва якдигарро чӣ гуна дӯст доштан лозим аст. Худо хост ин аҳкомҳоро ба Мусо чун тӯҳфаи махсус аз Худ бахшад. Худо он қадар одамонро дӯст медошт, ки қарор дод ба онҳо, барои хубии онҳо, аҳкомҳои Худро бахшад. Вақте ки одамон ба қонунҳои Худо итоат карда зиндагӣ мекунанд, ҳаёти онҳо хуб мегузарад. Инак, Мусо бояд интихоби муҳим мекард. Вай метавонист аҳкомҳои Худоро гӯш кунад, ва баъд онҳоро ба одамон фаҳмонад, ки онҳоро чӣ гуна иҷро кунанд ва хушбахт бошанд. Ё ин ки вай метавонист қарор диҳад, ки ба вай шарт нест Худоро гӯш кунад. Мусо қарор дод ба Худо гӯш диҳад. Ва Худо ба вай аҳкомҳои Худро дод: Аҳкоми 1: Худоро бештар аз ҳама чиз ва кас дӯст дор. Аҳкоми 2: Ягон худоҳоро тасвир накун ва ба онҳо саҷда накун. Аҳкоми 3: Номи Худоро ҳамеша бо эҳтиром ба забон гир. Аҳкоми 4: Як рӯзи ҳафтаро барои ибодат ва саҷдаи Худо бубахш. Аҳкоми 5: Волидайни худро дӯст дор ва ҳурмат намо. Аҳкоми 6: Қатл накун. Аҳкоми 7: Шавҳар ё зани худро то дами марг дӯст дор. Аҳкоми 8: Дуздӣ накун. Аҳкоми 9: Дар ҳаққи одамони дигар шаҳодати дурӯғ надеҳ. Аҳкоми 10: Он чизеро, ки ба дигарон тааллуқ дорад, он қадар сахт нахоҳ, ки ин ҳама фикрҳои туро фаро гирад. Аҳкомҳои Худро Худо дар рӯи сангҳои фарох навишт, ки махзан ном доштанд. Ин навиштаҳо дар рӯи санг бениҳоят муҳим буданд. Агар одамон аҳкомҳои Худоро иҷро кунанд, хушбахт хоҳанд буд. Ва Худо аз онҳо розӣ хоҳад буд. Ба хотир меорем Барои чӣ Худо хост ба халқи Худ аҳкомҳоро диҳад? Барои чӣ Худо хост, ки ин аҳкомҳоро Мусо гӯш кунад? Мусо интихоби дуруст кард ё не? Аҳкомҳои Худо чандто буданд? Ту метавонӣ як ё якчандтои онҳоро номбар кунӣ? Дар бораи интихоби худ андеша намо Як-ду аҳкомро интихоб намо ва бигӯй, ки барои чӣ, онҳоро иҷро карда, ту хушбахт хоҳӣ буд. Интихоби дуруст намуданро омӯз Дар варақ «Худо ва якдигарро дӯст доред!» навис ва онро дар болои дар маҳкам бикун. Вақте ки барои даромадан ё баромадан дарро мекушоӣ, ин суханонро бо овоз такрор бикун. Онҳо хеле муҳиманд. Агар ту онҳоро на танҳо ба забон гирӣ, балки дар амал истифода барӣ, ҳамаи ин даҳ аҳкомро иҷро карда метавонӣ. Иҷро кардани аҳкомҳои Худо моро хушбахт мекунад! Дуо мекунем Худованд, ба Ту шукр мегӯем, ки ба мо аҳкомҳои неки Худро додӣ. Онҳо моро муҳофизат мекунанд ва ёрӣ медиҳанд, ки бо одамон ва бо Ту дар амонӣ зиндагӣ кунем. Ба мо ёрӣ деҳ, ки ҳамеша интихоби дуруст кунем ва аҳкомҳои Туро ба ҷо орем. Бо номи Исо. Омин. Мусо нобуд шуд! Хуруҷ 32–34 ҲОРУН, ВАҚТЕ КИ БО ДИГАРОН БАРГАШТАНИ МУСОРО ИНТИЗОР БУД, АҲКОМҲОИ ХУДОРО ИҶРО МЕКАРД? Ё ИН КИ ВАЙ ОНҲОРО ВАЙРОН КАРД? Он вақте ки Мусо дар қуллаи куҳ бо Худо гап мезад, халқ вайро дар поён, дар водӣ, интизор буд. Вақти зиёде Мусо набуд, баъд вай ба назди одамон баргашт, вале ба муддати кӯтоҳ ва боз ба кӯҳ баромад. Ин маротиба вай хеле дер набуд, ва одамон ба шубҳа афтоданд, ки оё сарвари онҳо зинда бошад ё не. Одамон фикр карданд, ки агар Мусо ин қадар дер гум шуд, мумкин аст, ки дигар тамоман ба наздашон барнагардад. Ва агар Мусо набошад, кӣ ба ҷои вай бо Худо гап мезанад? Одамони Худо қарор доданд, ки акнун ба онҳо худои дигар лозим аст. Онҳо ба хотир оварданд, ки мисриён худоҳои бисёр доштанд. Мисриён ҳайкали худоҳо, яъне бутҳоро, аз санг метарошиданд, ё аз гил месохтанд. Баъзе бутҳоро ҳатто аз тилло мерехтанд. Танҳо халқи Худо фаромӯш карда буд, ки ин худоҳо ҳақиқӣ набуданд ва ягон қудрат надоштанд. Бутҳоро ба хотир оварда, одамон чизҳои тиллоии худро ҷамъ карда ба бародари Мусо, Ҳорун доданд. Онҳо аз вай хоҳиш мекарданд, ки аз ин тилло ҳайкали худоро, ки онҳо дида ва ба он саҷда карда метавонистанд, бирезад. Инак, Ҳорун бояд интихоби муҳим мекард. Вай метавонист гӯяд, ки одамон тиллоҳои ҷамъ кардаашонро баргашта гиранд, зеро Мусо зинда аст ва албатта бармегардад. Вай метавонист бовар кунад, ки Худо халқи Худро тарк накардааст ва, албатта, онро ба замини Иброҳим мерасонад. Ё ин ки вай метавонист тиллои одамон овардаро об карда аз он буте созад, ки одамон дида метавонистанд. Мумкин, Мусо дар ҳақиқат дигар ҳеҷ гоҳ барнагардад, ва дигар касе ёфт нашавад, ки дар бораи онҳо бо Худо гап занад. Ва Ҳорун чӣ кор кард? Вай аз тилло гӯсолаи калон рехт ва ба ҳама иҷозат дод, ки ин бутро худо номанд, ки онҳоро аз Миср баровард. Одамон ба бут тӯҳфаҳо оварданд, баъд аз ин дар наздаш рақсу бозӣ карданд. Онҳо ба гӯсолаи тиллоӣ саҷда мекарданд, зеро гумон доштанд, ки Мусо дигар ҳеҷ гоҳ барнамегардад ва касе ёфт намешавад, ки дар бораи онҳо бо Худо гап занад. Дар ҳамон лаҳзае, ки одамон ба гӯсолаи тиллоӣ саҷда мекарданд, Мусо баргашт. Вай аз халқи худ чунон хашмгин шуд, ки лавҳаҳои сангинро, ки дар онҳо аҳкомҳои Худо навишта шуда буданд, бар замин зада шикаст. Мусо аз Ҳорун пурсид: — Ту чӣ кор кардӣ? — Хашмгин нашав, — ҷавоб дод Ҳорун. Вале Мусо ба Ҳорун фаҳмонд, ки чӣ тавр Худо аз Ҳорун ва халқ, барои кори кардаашон, дар ғазаб аст. Мусо аз сари нав ба назди Худо рафт ва аз Ӯ илтиҷо кард, ки халқашро тарк накунад. Ва ана вай аз кӯҳ бо ду лавҳаи сангини дигар фаромад. Дар лавҳаҳои нав низ, чун дар пешинаҳо, аҳкомҳои Худо навишта шуда буданд. Худо аз Мусо розӣ буд, барои ҳамин хоҳиши вайро иҷро кард. Худо аз ваъдаи ба замини Иброҳим овардани халқи Худ даст накашид. Баъд аз солҳои зиёди сафар одамони Худо ба замине, ки Худо ваъда карда буд, хоҳанд расид. Ба хотир меорем Барои чӣ одамон қарор доданд, ки ба онҳо худои дигар лозим аст? Ҳорун интихоби дуруст кард ё не? Одамон бо гӯсолаи тиллоӣ, ки Ҳорун сохт, чӣ кор карданд? Худо аз халқи Худ дар ғазаб буд, вале ба хоҳиши Мусо гӯш дода, чӣ кор кард? Дар бораи интихоби худ андеша намо Бигӯй, ки ту киро ё чиро интизорӣ мекашӣ (духтури дандонро, кассири мағозаро, ба хона баргаштани падар ё модаратро, ҷавоби Худоро ба дуоҳои худ). Ту ба он, ки ҳангоми интизор шудан сурудҳои масеҳӣ хонӣ ё ки оятҳои каломиро такрор намоӣ, чӣ гуна муносибат дорӣ? Интихоби дуруст намуданро омӯз Ҳангоми интизорӣ ту метавонӣ бозиеро, ки «Саймон гуфт» ном дорад, бикунӣ. Агар ту боварӣ дорӣ, ки Худо намехоҳад, ки ту ягон амалро иҷро кунӣ (дурӯғ гӯӣ, ягон чизро бе пурсиш гирӣ, ягон касро занӣ), нагӯй «Саймон гуфт». Дар дигар ҳолат, вақте ки ту медонӣ, ки Худо амалҳои туро маъқул медонад, масалан, инро бигӯй: «Саймон мегӯяд табассум кунед», «Саймон мегӯяд суруд хонед», «Саймон мегӯяд ягон касро ба оғӯш гиред». Интизор будан осон нест, вале, агар ки мо ба Худо итоат мекунем, интизорӣ на он қадар вазнин менамояд. Дуо мекунем Худованд, ба мо ёрӣ деҳ, ки ҳамеша ба Ту итоаткор бошем. Бо номи Исо. Омин. Карнайҳоро навозед Такрори Шариат 34; Китоби Еҳушаъ ибни Нун 6 ЕҲУШАЪ ИБНИ НУН ФАРМОНИ ХУДОРО ОИДИ ЕРИҲӮ ИҶРО КАРД Ё НЕ? Ё ИН КИ ВАЙ АЗ РӮИ НАҚШАИ ХУД РАФТОР КАРД? Чил сол халқи Худо дар биёбон овора буд. Ин қадар бисёр! Дар ин вақт кӯдакон ба воя расида оиладор шуданд. Бисёри онҳо бобо ва бибӣ шуданд. Ва вақте ки онҳо ба воя мерасиданд, дигарон пир гашта дар биёбон мемурданд. Ниҳоят Мусо ва халқи Худо ба замини Иброҳим наздик шуданд. То ин ки ба хонаи нави худ расанд, ба онҳо танҳо лозим буд, ки аз дарёи Ӯрдун гузаранд. Ва дар ин вақт Мусо хеле пир шуда буд. Худо ба вай фармуд, ки ба кӯҳ барояд, ки аз он ҷо вай метавонист дар соҳили дигари Ӯрдун заминро аз назар гузаронад. Мусо замини ваъдашударо дид ва ҷон дод. Мусо сарвари хуб буд, ва вақте ки вай мурд, Худо ба халқи Худ сарвари хуби дигар — Еҳушаъ ибни Нунро дод. Сарвари нав одамонро аз дарёи Ӯрдун гузаронд. Ва инак онҳо ба шаҳри калони Ериҳӯ наздик шуданд, ки бо деворҳои мустаҳкам гирд карда шуда буд. Сокинони ин шаҳр намехостанд, ки заминашон ба халқи Худо тааллуқ дошта бошад. Еҳушаъ ибни Нун медонист, ки Худо ин заминро барои халқи Худ ваъда карда буд. Барои ҳамин вай бодиққат Худоро, ки ба вай нияташро кушод, гӯш кард. Худо ба Еҳушаъ ибни Нун гуфт: «Ту бояд халқи Маро, вақте ки вай муддати шаш рӯз як маротиба дар гирди деворҳои Ериҳӯ мегардад, роҳбарӣ кунӣ. Ва дар рӯзи ҳафтум шаҳрро ҳафт маротиба давр занед. Касоне, ки карнайҳоро мебаранд, бояд онҳоро баланд навозанд. Ва баъд бигзор халқ бо тамоми овоз фарёд занад. Вақте ки шумо инро иҷро мекунед, деворҳои Ериҳӯ меафтанд». Инак, Еҳушаъ ибни Нун бояд интихоби муҳим мекард. Вай метавонист ба Худо гӯш диҳад, халқро ҷамъ кунад ва гирди девори Ериҳӯ давр занад. Баъзеҳо, мумкин, гумон кунанд, ки аз ин ҳеҷ чизи хуб намебарояд. Ғайр аз ин, сокинони Ериҳӯ, эҳтимол, бар ҳоли онҳо хоҳанд хандид. Вале Худо гуфт, ки маҳз ин ба халқи Худо ёрӣ медиҳад, ки шаҳрро аз худ кунанд. Ё ин ки Еҳушаъ ибни Нун метавонист одамонашро ба қафо, ба соҳили дигари Ӯрдун, баргардонад ва дигар ҳеҷ гоҳ кӯшиш накунад, ки замини ба онҳо ваъда кардаи Худоро соҳиб шавад. Охир, деворҳои мустаҳками Ериҳӯ ин қадар дастнорас менамуданд. Ва ана Еҳушаъ ибни Нун чӣ кор кард. Вай одамони худро ҷамъ намуд ва ҳамроҳи онҳо ҳар рӯз як маротиба гирди Ериҳӯ гашт. Вай ин корро ҳам рӯзи якум, ҳам дуюм, ҳам сеюм, ҳам чорум, ҳам панҷум ва ҳам шашум кард. Касоне, ки карнайҳоро мебардоштанд, баланд менавохтанд. Рӯзи ҳафтум ҳама боз ҷамъ шуданд ва гирди шаҳр ҳафт маротиба давр заданд. Вақте ки онҳо бори ҳафтум гаштанд, навозандаҳо боз ҳам баландтар навохтанд. Баъд Еҳушаъ ибни Нун фармуд: — Вақт расид! Фарёд занед! Ва ҳама чуноне, ки метавонистанд, бо тамоми қувват, баланд фарёд заданд. Вақте ки онҳо ин корро карданд, деворҳои Ериҳӯ фурӯ ғалтиданд! Акнун халқи Худо дар замини ба вай ваъдакардаи Худо зиндагӣ карда метавонист. Худо хурсанд буд, ки Еҳушаъ ибни Нун гуфтаҳои Ӯро иҷро кард. Халқи Худо низ хушбахт буд. Акнун онҳо замини худро доштанд ва Худо ҳамроҳашон буд. Ба хотир меорем Баъд аз марги Мусо кӣ сарвари халқи Худо шуд? Худо ба Еҳушаъ ибни Нун чӣ фармуд? Еҳушаъ ибни Нун интихоби дуруст намуд ё не? Деворҳои Ериҳӯ аз чӣ фурӯ рафтанд? Дар бораи интихоби худ андеша намо Ба оилаи ту лозим омада буд, ки дар бораи ягон мушкилӣ дуо кунад ва фаҳмад, ки Худо барои иҷрои он ягон роҳи ҳалли ғайриоддиро пешбинӣ кардааст? Ба шумо гуфтаҳои Ӯро иҷро кардан осон буд? Интихоби дуруст намуданро омӯз Аз варақ якчандто карнай бисоз ва чунин вонамуд бикун, ки гӯё гирди деворҳои Ериҳӯ мегардӣ. Ҳангоми гаштугузор албатта ҳама дастурҳоро иҷро намо! Вақте ки мо дуо мекунем, мо метавонем боварӣ дошта бошем, ки Худо ба мо дастурҳои дурустро медиҳад. Дуо мекунем Худованд, ниятҳои Ту ҳамеша беҳтаринанд! Ба Ту барои ҳама маслиҳатҳои оқил, ки ба халқи Худ медиҳӣ, шукр мегӯем. Ба мо ёрӣ деҳ, ки ҳамеша бо роҳҳои Ту гардем. Бо номи Исо. Омин. Ҳамроҳ рафтан Китоби Рут 1–4 РУТ НООМИРО ДӮСТ МЕДОШТ ВА БО ВАЙ НЕК БУД? Ё ИН КИ ВАЙ МЕХОСТ НООМИРО ФАРОМӮШ КУНАД? Начандон дуртар аз он замине, ки Худо ба халқи худ дода буд, зани ҷавоне бо номи Рут зиндагӣ мекард. Вақте ки баъзе одамон аз халқи Худо ба замини онҳо кӯчиданд, вай хеле хурсанд шуда буд. Вақте ки дар мамлакате, ки онҳо зиндагӣ мекарданд гуруснагӣ оғоз ёфт, дар наздикии вай як оила иборат аз чор нафар сокин шуданд. Рут хушбахт буд, зеро ҷавоне аз ин оила шавҳари вай шуд. Вале хушбахтии Рут кӯтоҳ буд. Бисёр ҳодисаҳои нохуш рӯй доданд. Сарвари ин оила вафот кард. Баъд аз ин шавҳари Рут ва бародараш мурданд. Дар оила аз чор нафар танҳо як модар монд. Номи вай Ноомӣ буд. Вай аз хонаи худ дар дурӣ зиндагӣ мекард. Ва инак Ноомӣ фаҳмид, ки дар ватани вай ҳосили фаровони гандумро ҷамъ карданд. Барои ҳамин Ноомӣ қарор дод, ки ба шаҳри худ, Байт-Лаҳм, бармегардад. Ду зани ҷавон, ки занҳои писарони мурдаи вай буданд, гуфтанд, ки ҳамроҳи вай рафтан мехоҳанд. Яке аз ин занҳо Рут буд, дигараш Орфо ном дошт. Ноомӣ фикр кард, ки ба келинҳои вай беҳтар мешавад, ки дар ватани худашон монанд, ва инро ба онҳо гуфт. Орфо қарор дод, ки Ноомӣ ҳақ аст, барои ҳамин хушдоманашро бӯсида бо вай видоъ кард. Инак, Рут бояд интихоби муҳим мекард. Вай метавонист ҳамроҳи Ноомӣ ба замини халқи Худо равад, бо вай дар он ҷо зиндагӣ кунад ва Худои Ноомиро он чуноне дӯст дорад, ки Ноомӣ худаш дӯст медошт. Ё ин ки вай метавонист ба хонаи пешинаи худ баргардад. Вай метавонист дар ватани худаш зиндагӣ кунад ва Худоеро, ки Ноомӣ дӯст медошт, аз хотир фаромӯш кунад. Ва ана Рут чӣ гуфт: — Ноомӣ, ман ба он ҷое, ки ту меравӣ, меравам. Халқи ту халқи ман мешавад. Худои ту Худои ман мешавад. Пиразан хурсанд буд, ки ба вай лозим намешавад ба ватанаш танҳо баргардад. Ба Байт-Лаҳм онҳо аз роҳи дур хаста ва гурусна расиданд. Як одами нек бо номи Бӯаз дар саҳрои худ хӯшаҳои гандумро барои онҳое, ки танқисӣ мекашиданд, мемонд. Камбағалон метавонистанд хӯшаҳоро ҷамъ карда ба худашон гиранд. Рут низ ба ин саҳро барои ҷамъ кардани хӯшаҳо меомад. Баъд барои худаш ва Ноомӣ нон мепухт. Бӯаз аҳамият дод, ки чӣ тавр Рут бо пиразан муносибати хуб мекард. Вай метавонист гӯяд, ки Рут хушдоманашро мисли модари худ дӯст медошт. Бӯаз хост боварӣ ҳосил намояд, ки ин ду зан барои зиндагӣ кардан ҳама чизи заруриро доранд. Рӯз аз рӯз Бӯаз медид, ки чӣ тавр Рут бо як муҳаббат дар бораи пиразан ғамхорӣ мекунад. Вай фаҳмид, ки маҳз дар бораи ин гуна зани нек орзу дошт. Ва инак боре вай аз Рут хоҳиш кард, ки зани вай шавад. Ноомӣ чунон хушбахт буд! Акнун вай медонист, ки Рут дар замини гузаштагони вай зиндагӣ мекунад. Ва ӯ низ дар ин ҷо хушбахт мешавад. Дере нагузашта Рут ва Бӯаз писардор шуданд. Хурдакак Убид набераи якуми Ноомӣ буд! Ноомӣ бибии хушбахттарини замин буд. Бӯаз падари хушбахттарин буд. Рут модари аз ҳама хушбахттарин буд. Убид кӯдаки хушбахттарин буд. Худо низ хурсанд буд. Ӯ аз он розӣ буд, ки Рути нек бо ин гуна муҳаббат ба оилае, ки Худо барояш дода буд, ғамхорӣ мекард. Ба хотир меорем Муҳаббати Рут нисбати Ноомӣ дар чӣ зоҳир меёфт? Рут интихоби дуруст намуд ё не? Оилаи нави Рут чӣ гуна буд? Дар бораи интихоби худ андеше намо Номбар бикун, ки ту барои наздикони худ аз рӯи муҳаббат кадом корҳоро карда метавонӣ? Чӣ гуна оилаи ту чизҳои доштаашро бо одамоне, ки мӯҳтоҷӣ мекашанд, дида метавонад? Онҳо, аз оне ки ту фикр дорӣ, наздиктар зиндагӣ мекунанд! Интихоби дуруст намуданро омӯз Вақт, масофа, баъзан хархашаҳо дар оила нофаҳмиро ба вуҷуд меоранд. Вале Худо мехоҳад, ки дар ҳар оила ҳама якдигарро дӯст доранд. Қарор деҳ, ки имрӯз кардани кадом кор беҳтар аст: ба одамоне, ки ту дӯст медорӣ, занг задан ё мактуб навиштан. Ба Худо мақбул аст, ки дар оила ҳама нисбати якдигар нек бошанд. Дуо мекунем Худованд, ба Ту барои гармӣ дар оилаҳои мо шукр мегӯем. Ба ҳама аъзоҳои оилаи мо ёрӣ деҳ якдигарро он тавре дӯст дорем, ки Ту моро дӯст медорӣ. Бо номи Исо. Омин. «Аз Ту хоҳиш мекунам, ба ман писар деҳ» Китоби якуми Подшоҳон 1:1–2:21 ҲАННО БОВАРӢ ДОШТ, КИ ХУДО БА ДУОҲОИ ВАЙ ҶАВОБ МЕДИҲАД? Ё ВАЙ ГУМОН ДОШТ, КИ БА ОНҲО ҶАВОБ НАМЕГИРАД? Ғам ҳамсафари ҳамешагӣ Ҳанно буд. Ин зан дар хонаи зебо, ки ҳамеша тозаву озода нигоҳ медошт, зиндагӣ мекард. Шавҳари вай марди тавоно ва нек буд. Ҳанно як чиз надошт — кӯдак, ва ин вайро бисёр ғамгин мекард. Ҳар сол Ҳанно ва шавҳари вай барои ибодат кардан ба Худо ба ҷои барои ин пешбинӣ шуда мерафтанд. Онҳо ба хаймаи калон медаромаданд, ки дар он ҷо тамоми халқи Худо ба Худо ибодат мекард. Вақти навбатии ба он ҷо сафар кардан расид. Инак, Ҳанно бояд интихоби муҳим мекард. Вай метавонист ба хайма даромада ба Худо дуо кунад. Метавонист ба Ӯ дар бораи ғамҳояш гап занад. Ва метавонист ба он бовар кунад, ки Худо дуоҳои вайро мешунавад ва ба онҳо ҷавоб медиҳад. Ё ин ки Ҳанно метавонист дар хона монда гирифтори ғам шавад. Охир вай солҳои дароз аз Худо кӯдак талаб мекард, вале то ҳол кӯдакдор намешуд. Мумкин, Худо дуоҳои вайро намешунавад? Ва Ҳанно чӣ кор кард? Вай бо шавҳараш ба ҷои барои ба Худо ибодат кардан пешбинӣ шуда рафт. Вай ба хайма даромад ва ба дуо кардан шурӯъ намуд. Вай ба Худо дар бораи ғами калони худ гуфт ва ба Ӯ нақл кард, ки вақте занҳои дигар дар бораи кӯдаконашон гап мезананд, худро чӣ гуна танҳо ҳис мекунад. Вай ба Худо барои шавҳараш ва хонааш шукр гуфт. Валее вай хоҳиш, илтиҷо мекард, ки Ӯ ба вай кӯдак диҳад. Ва боз Ҳанно ба Худо ваъда дод. Вай ваъда дод, ки агар писардор шавад, писарашро тамоми айёми умраш ба Худованд мебахшад. Ва ҳамин ки писараки вай ба воя мерасад, Ҳанно вайро ба хонаи Худо меорад. Он рӯз дар он ҷо Элӣ хизмат мекард. Вай дар наздикии он ҷое менишаст, ки Ҳанно гиря карда дуо мекард, ва ҳамаи суханони вайро мешунид. Вай ба Ҳанно гуфт, ки Худо ба дуоҳои вай ҷавоб медиҳад. Зан ғам хӯрданро бас кард ва, хушбахт, ба хонааш баргашт. Вай ҳанӯз кӯдак надошт. Вале хушбахт буд, зеро ба Худо дуо кард, дилашро ба Ӯ холӣ кард, ва ғам аз синаи вай дур шуд. Як сол нагузашта буд, ки Ҳанно писар таваллуд кард! Худо дуоҳои вайро шунид! Ҳанно кӯдакашро бениҳоят дӯст медошт ва ба вай Самуил ном гузошт. Вай ангуштони даст ва пойҳои кӯдакро мебӯсид. Вайро алла мегуфт, оббозӣ медоронд ва хӯрок медод. Самуил ба воя мерасид ва ба қадри кофӣ калон шуд, ки дар хонаи Худо хизмат карда тавонад. Барои ҳамин Ҳанно ва шавҳараш вайро ба назди Элӣ оварданд, то ин ки писари онҳо ба вай барои хизмат кардан ба Худо ёрӣ расонад. Самуил ёрдамчии хуб буд. Ҳар сол Ҳанно писарашро хабаргирӣ меомад ва ба вай либоси нав меовард. Вай аз шукргузорӣ кардан ба Худо, барои он ки ба вай ин гуна писари аҷоибро дода буд, хаста намешуд. Ҳанно хурсанд буд, ки беист барои кӯдаки ояндааш дуо мекард. Худо барои Ҳанно хурсанд буд, барои он ки вай боварӣ дошт, ки Ӯ албатта ба дуоҳои вай ҷавоб медиҳад. Худо дар бораи Самуили хурдакак ғамхорӣ мекард. Писар калон шуд ва, чӣ тавре ки Ҳанно ваъда карда буд, тамоми ҳаёташро ба хизмати Худо бахшид. Ба хотир меорем Ҳанно барои чӣ ғамгин буд? Барои дуо кардан вай ба куҷо мерафт? Ҳанно интихоби дуруст намуд ё не? Худо ба дуоҳои Ҳанно чӣ гуна ҷавоб дод? Самуил ба Худо чӣ гуна хизмат мекард? Дар бораи интихоби худ андеша намо Дар дуоҳои худ ту аз Худо дар бораи чӣ хоҳиш мекунӣ? Оё Ӯ ба ту ҳама вақт ҷавоб медиҳад ва чизи хостаатро иҷро мекунад? Баъзан Худо метавонад туро маҷбур кунад, ки интизор шавӣ ё ин ки ҷавоби манфӣ медиҳад. Дар хотир дор, ки ҷавоби Ӯ ба дуоҳои ту ин гуна низ буда метавонад. Интихоби дуруст намуданро омӯз Аз ҳисоби дӯстон ё хешовандон якчанд нафарро интихоб кун, ки дар бораашон ҳар рӯз пеш аз хоб дар давоми як ҳафта дуо мекунӣ. Аз Худо хоҳиш кун, то ба онҳо он чизеро, ки мӯҳтоҷ ҳастанд, бидиҳад. Бовар кун, ки дар вақти Худаш Худо ҷавоби лозимро медиҳад! Дуо кардан — ҳамеша кори дуруст аст! Дуо мекунем Худованд, ба Ту шукр мегӯем, ки ба мо имконият медиҳӣ, ки ба Ту дар бораи хоҳишҳо ва ҳиссиётҳоямон нақл кунем. Шукр мегӯем, ки Ту ҳамеша моро мешунавӣ ва ба мо ғамхорӣ мекунӣ. Шукр мегӯем, ки Ту медонӣ, ки кай ва чӣ гуна ба дуоҳои мо ҷавоб диҳӣ. Бо номи Исо. Омин. Ҷанговари азимҷусса Китоби якуми Подшоҳон 17 ДОВУД ОДАМИ НОТАРС БУД? Ё ИН КИ ВАЙ АЗ ҶОЛЁТ ТАРСИД? — Довуд! Довуд! — фарёд мекард касе аз дур. Довуд дар саҳро дар байни гӯсфандони чаридаистода менишаст ва нашунид, ки вайро фарёд карданд. Чӯпони ҷавон барбат менавохт ва олами офаридаи Худоро ҳамд мехонд. Довуд ба хотир меовард, ки чӣ гуна вай шерро, вақте ки он ба рамаи вай наздик шуд, пеш кард. Аз фалахмони на он қадар калони худ вай якчанд санг андохт, ва шер гурехт. Овоз баландтар садо дод: — Довуд, ба хона биё! Овози барбат паст шуд, ва Довуд зуд ба сӯи хонаашон, ки он ҷо падараш интизор буд, равон шуд. — Ман мехоҳам, ки ба назди бародарони калониат равӣ, — гуфт падараш ба Довуд. — Онҳо ҳамроҳи дигар ҷанговарон дар қатори қушӯни калон меҷанганд, ва ман мехоҳам донам, ки корҳои онҳо чӣ гунаанд. Ва боз ба онҳо нон, панир ва масолеҳи дигарро бибар. Ва инак Довуд бо буғча ва барбат барои кофтани бародарони калониаш баромад. Вай бояд супориши падарашро иҷро мекард. Ҳангоме ки вай дар байни ҷанговарони дигар бародаронашро меҷуст, ҳис намуд, ки қушӯн рӯҳи ҷанговариашро гум кардааст. Бародарони вай, ки одатан ҷасур менамуданд, гӯё ки аз чизе ба тарс омада буданд. Ва маҳз онҳо ба Довуд нақл карданд, ки дар қушӯнҳои душман ҷанговаре ҳаст, ки касе ҷуръат намекунад бо вай мубориза барад. Ин ҷанговар Ҷолёт ном дорад, ва ӯ на танҳо паҳлавони ҳақиқӣ, балки азимҷусса аст! Ҳама чизи Ҷолёт бузург аст. Дастони бузург, китфони бузург. Ва қомати вай низ бениҳоят бузург аст! Инак, Довуд бояд интихоби муҳим мекард. Вай метавонист бовар кунад, ки агар муқобили Ҷолёт ба мубориза барояд, Худо Худаш тарафдори вай мешавад. Ё ин ки вай метавонист ба хонаашон баргардад. Охир, қиёфаи Ҷолёт дар ҳақиқат ҳайбатовар буд. Ва ана Довуд чӣ кор кард. Аввал вай ба ҷанговарон гуфт, ки бо Ҷолёт ба мубориза мебарояд, ва баъд ба подшоҳ рӯй овард: — Худое, ки маро аз шер наҷот дод, аз паҳлавон низ наҷот медиҳад. Подшоҳ Шоул дудила буд: — Барои ҷангидан ту ҳоло ҳанӯз ҷавон ҳастӣ. Вале вақте ки ба подшоҳ нақл карданд, ки Довуд чӣ гуна ҷасур аст, вай ба ҷавон гуфт: — Бирав, ва бигзор Худо бо ту бод! Подшоҳ ба Довуд таклиф кард, ки хӯди мисинро ба бар кунад, вале Довуд рад кард. Довуд инчунин шамшерро нагирифт, зеро онро истифода бурда наметавонист. Ҷанговари ҷавон ба подшоҳ гуфт: — Ман дар либоси худам мемонам ва бо худ фалахмонро мегирам. Довуд аз даруни ҷӯй панҷ санги силиқро гирифт ва ба сӯи Ҷолёт қадам зад. Ҳамин ки Ҷолёт рақибашро дид, ба ҳоли чӯпонбача чунон хандид, ки аҳамият надода монд, ки чӣ тавр вай ба фалахмони дар дасташ буда сангро гузошт. Паҳлавон инчунин ба он низ, ки Довуд фалахмонро дар болои сараш тоб дод, аҳамият надод. Ҷолёт, то он вақте ки санги аз фалахмон сар додашуда рост — таққӣ — ба пешонии вай назад, тамоман нафаҳмид, ки чӣ рӯй дода истодааст, ва баъд аз ин вай афтид. Вақте ки Ҷолёти сарнагуншударо бародарони Довуд ва ҷанговарони дигар диданд, ба онҳо ҷасорат баргашт. Агар Довуд Ҷолётро мағлуб карда тавонист, онҳо низ бо душмани дилхоҳ ҷангида метавонанд. Он рӯз қушӯни Шоул ғалаба ба даст овард. Ура ба Довуд! Ҷасурии Довуд ба Худо писанд омад. Ва Довуд хурсанд буд, ки умедашро аз ёрии Худо наканд. Ба хотир меорем Ҷанговарон аз чӣ тарсида буданд? Барои чӣ Довуд фикр мекард, ки Ҷолётро мағлуб мекунад? Довуд интихоби дуруст кард ё не? Бо Ҷолёт чӣ рӯй дод? Дар бораи интихоби худ андеша намо Чӣ тавр аъзоёни оилаи ту бо бадахлоқон дар мактаб, дар кӯча, дар вагони қатора мубориза мебаранд? Ба нияти Худо дохил шуда буд, ки Довуд аз фалахмон истифода барад, вале барои мо Ӯ тамоман чизи дигарро интихоб карда метавонад. Мумкин, ту бояд ба ин авбош аҳамият надиҳӣ, ё диққати калонсолонро ба вай равона намоӣ, ё барои ин одами авбош дуо кунӣ. Интихоби дуруст намуданро омӯз Аз китобхона китобро дар бораи он, ки ҳайвонҳо чӣ гуна худашонро аз душманонашон муҳофизат мекунанд, ёб (масалан, оҳу, ҷайра, миримушон). Худо онҳоро ин гуна офарид, то ки худашонро муҳофизат карда тавонанд. Албатта, Ӯ дар бораи мо низ ғамхорӣ мекунад! Мо метавонем ҷасур бошем ва боварӣ дошта бошем, ки Худо моро нигоҳ медорад. Дуо мекунем Худованд, ба мо ёрӣ деҳ, ки ҷасур бошем ва ба Ту умед бандем. Мо медонем, ки Ту ба мо меомӯзӣ, ки чӣ тавр худро сиҳату саломат нигоҳ дорем. Бо номи Исо. Омин. Дӯстони абадӣ Китоби якуми Подшоҳон 18:1–4; 20 ЙӮНОТОН ДӮСТИ ҲАҚИҚИИ ДОВУД БУД? Ё ИН КИ ВАЙ БА ДОВУД ЁРӢ НАДОД? Йӯнотон ва Довуд одамони тамоман дигар буданд. Довуд чӯпон буд, Йӯнотон — писари подшоҳ. Чӯпон камбағал буд, писари подшоҳ — бой. Яке фалахмонро моҳирона истифода мебурд, дигаре аз камонғӯлак тир мезад. Вале бо ким-кадом роҳ, Довуд ва Йӯнотон дӯстони беҳтарин гаштанд. Боре подшоҳ Шоул, падари Йӯнотон, чунон аз Довуд хашмгин шуд, ки ҷавон маҷбур шуд аз хашми подшоҳ гурезад. Йӯнотон ва Довуд фаҳмида наметавонистанд, ки сабаби ин чӣ бошад. Охир Довуд ягон кори бад накарда буд. Йӯнотон барои дӯсти худ ғам мехӯрд, ва намехост, ки падараш ба вай ягон зарар расонад. Инак, Йӯнотон бояд интихоби муҳим мекард. Вай метавонист фаҳмад, ки барои чӣ падараш ин қадар аз Довуд хашмгин шуд, ва фикр карда барояд, ки чӣ гуна дӯсташро муҳофизат намояд. Ё ин ки вай метавонист ба падараш гуфта диҳад, ки Довуд дар куҷо пинҳон шудааст, ва дӯстиашро бо чӯпонбача абадӣ аз хотир барорад. Ва ана Йӯнотон чӣ кор кард. Вай нақшаи наҷот додани Довудро тартиб дод. — Ҳангоме ки ман бо падарам гапзанон мекунам, — гуфт вай ба дӯсташ, — дар қафои санги калон пинҳон шав. Баъд аз сӯҳбат бо ӯ ман аз камонғӯлак се тир мезанам ва навкарамро мефиристам, ки онҳоро чамъ кунад. Агар ман ба вай гӯям, ки тирҳоро ба ман орад, бидон, ки хатаре ба ту таҳдид намекунад ва падари ман ба ту зарар намерасонад. Вале агар ман ба навкарам фармоям, ки тирҳоро ба шаҳр барад, бидон, ба ту хатар таҳдид менамояд ва ҷонатро бо гурехтан халос бикун. Баъд аз сӯҳбат бо падараш Йӯнотон фаҳмид, ки Довуд набояд ба назари подшоҳ намоён шавад. Барои ҳамин вай ба саҳро баромад ва паи ҳам се тир зад. Вай ба навкараш гуфт: — Зудтар дав! Наист! Навкар тирҳоро ҷамъ кард ва ба шаҳр баргашт. Ва Довуд аз қафои санги калон баромад, то ки бо Йӯнотон хайру хуш кунад. Дилҳои онҳо пур аз ғам буд. Вале онҳо ба якдигар қавл доданд, ки чӣ коре рӯй надиҳад, онҳо ҳамеша дӯст хоҳанд монд. Ва онҳо қавли худро иҷро карданд. Худо розӣ буд, ки Йӯнотон ва Довуд дӯстони хуб баромаданд. Ва ҳангоме, ки подшоҳи ба хашм омада ҷавонро дунболагирӣ мекард, Худо дар бораи Довуд ғамхорӣ мекард. Ба хотир меорем Кӣ дӯсти Довуд буд? Подшоҳ Шоул бо Довуд чӣ гуна муносибат мекард? Барои наҷот додани дӯсти худ Йӯнотон чиро фикр крда баромад? Йӯнотон интихоби дуруст намуд ё не? Дар бораи интихоби худ андеша намо Ҳама дӯстони худро номбар кун. Шумо хамроҳ кардани кадом корро дӯст медоред? Шумо ба якдигар монандед ё не? Шумо ба якдигар чӣ гуна ёрӣ медиҳед? Интихоби дуруст намуданро омӯз Дар варақ расми одамчаро тасвир кун ва ба он қоғазчаҳоро часпон, ки дар онҳо навишта шудааст, ки дӯсти ҳақиқӣ чӣ дорад. Масалан, дар онҳо навиштан мумкин аст: даст, барои ёрӣ додан; дили дӯстдор; лабҳо, барои суханони нек гуфтан; ва ғ. Худо ба мо дӯстонро медиҳад ва мехоҳад, ки мо ба онҳо некӣ кунем. Дуо мекунем Худованд, ҳамаи дӯстони моро нигаҳ дор ва ба мо нишон деҳ, ки чӣ гуна ба онҳо некӣ кунем ва фоида орем. Бо номи Исо. Омин. Ҳатто подшоҳон хато мекунанд Китоби дуюми Подшоҳон 11–12:10; Забур 51 ДОВУД АЗ ОН, КИ РАФТОРИ НОДУРУСТ КАРД, ҒАМ МЕХӮРД? Ё ИН КИ ВАЙ ФИКР МЕКАРД, КИ ЯГОН КОРИ БАД НАКАРДААСТ? Довуд аз Шоул солҳои зиёд пинҳон мешуд. Вале Шоул вафот кард. Ва Довуд подшоҳ шуд! Вай кӯшиш мекард, ки подшоҳи нек ва хуб бошад ва рост рафтор кунад. Вай бисёр бо Худо гап мезад ва барои халқ ҳама кореро, ки аз дасташ меомад, мекард. Ва халқ подшоҳи худро дӯст медошт. Вале боре Довуд кореро кард, ки онро дуруст гуфта намешуд. Вай аҳамият дод, ки яке аз ҷанговаронаш зани хеле зебо дорад. Довуд чунон сахт хост вайро ба занӣ гирад, ки шавҳари зебосанамро кушт ва ӯро ба занӣ гирифт. Худо аз Довуд тамоман норозӣ буд, вале ба ҳар ҳол вайро дӯст медошт. Барои ҳамин Ӯ ба одаме бо номи Нотон фармуд, ки чашмони подшоҳро ба он чизе, ки вай кард, кушояд. Нотон ба назди подшоҳ омад, ки ба вай як ҳодисаро нақл кунад. Бо нақшаи Худо, ин ҳодиса бояд ба Довуд ёрӣ медод фаҳмад, ки чӣ гуна бадӣ кардааст. — Камбағале, — оғоз кард суханашро Нотон, — як гӯсфанд дошт. Сарватдор гӯсфандони бисёр дошт. Вале сарватдор аз камбағал ягона боигариашро кашида гирифт. Инро шунида Довуд ба ғазаб омад ва хост, ки дарҳол ин сарватдорро ҷазо диҳад. — Вай бояд ба камбағал барои гӯсфандаш товон диҳад! — хитоб кард подшоҳ. Ва он гоҳ Нотон гуфт: — Довуд, ин одам ту ҳастӣ. Худо ба ту ин қадар бисёр додааст, вале ту аз одами дигар занашро кашида гирифтӣ ва ба худ зан кардӣ. Инак, Довуд бояд интихоби муҳим мекард. Вай метавонист иқрор шавад, ки кори манфур кард. Ва аз кори кардааш пушаймон шавад. Ё ин ки вай метавонист чунин вонамуд кунад, ки ягон кори баде накардааст. Ва ана Довуд чӣ кор кард. Пеш аз ҳама, вай ором шуд. Вай аз он, ки бадӣ кард, чунон шармгин шуд. Вай фаҳмид, ки зидди Худо гуноҳ кардааст. Барои ҳамин подшоҳ дуо кард. Вай аз хатогии худ пушаймон шуда буд ва аз Худо хоҳиш мекард, ки вайро бубахшад. Худо ғамгин шуда буд, ки подшоҳ рафтори бад кард. Вале Ӯ аз он розӣ монд, ки Довуд ба суханони Нотон гӯш дод. Довуд аз гуноҳи кардаи худ тавба кард ва акнун боз метавонист подшоҳи нек бошад. Ба хотир меорем Кадом рафтори Довуд Худоро ғамгин кард? Худо ба Нотон чӣ фармон дод? Ходисаи нақл кардаи Нотон ба Довуд чӣ гуна ёрӣ дод? Довуд интихоби дуруст намуд ё не? Дар бораи интихоби худ андеша намо Баъзан ба ту менамояд, ки рафторҳои бади худро пинҳон карда метавонӣ. Вале оё ягон корро аз Худо пинҳон карда мешавад? Ҳар чӣ зудтар ту дар назди Худо иқрор мешавӣ, ки кори бад кардаӣ, ҳамон қадар зудтар Ӯ туро мебахшад! Интихоби дуруст намуданро омӯз Баъд аз он, ки ягон кори бад кардӣ, варақро бо рангҳое, ки ҳиссиётҳои туро (ва ҳиссиётҳои Худоро низ) ифода мекунанд, ранга намо. Ва баъд аз он, ки ту дар назди Худо ба гуноҳи худ иқрор шудӣ, варақи дигарро бо он рангҳое, ки ҳиссиётҳои туро ифода мекунанд, ранга намо. Агар мо аз корҳои бади кардаамон пушаймон мешавем, Худо моро мебахшад. Дуо мекунем Худованд, ҳар яки мо — аз кӯдак то подшоҳ — баъзан нодуруст рафтор мекунем. Имрӯз ман хоҳиш мекунам, ки Ту маро барои бубахшӣ. Аз Ту миннатдорам! Бо номи Исо. Омин. Тӯҳфаи аз ҳама беҳтарин Китоби сеюми Подшоҳон 3 ОЁ СУЛАЙМОН АЗ ХУДО ХИРАД ХОҲИШ КАРД? Ё ИН КИ ВАЙ ТӮҲФАИ КАМАРЗИШРО ПУРСИД? Довуд писаре дошт, ки номаш Сулаймон буд. Ва рӯзе фаро расид, ки Сулаймон подшоҳ шуд. Подшоҳи нав Худоро дӯст медошт ва ба Ӯ саҷда мекард. Боре Худо дар хоб ба вай рӯй овард ва гуфт: «Аз Ман чизеро, ки мехоҳӣ, талаб бикун, ва Ман онро ба ту медиҳам». Мумкин, Сулаймон аввал дар бораи он фикр кард, ки сарватманд будан хуб аст. Ва ӯ соҳиби ҳама он чизе, ки мехоҳад, мешавад. Аҷоибот аст, вақте ки пули бисёр дорӣ. Баъд, мумкин, Сулаймон дар бораи он фикр кард, ки хирадманд шудан беҳтар аст. На танҳо одами оқил ва ҳама чизро донистан, балки он хирадеро доро гаштан, ки имконияти интихоби дуруст карданро медиҳад. Ин тӯҳфаро дошта, мумкин мешавад ба одамон ёрӣ диҳӣ ва ба Худо мақбул бошӣ. Инак, Сулаймон бояд интихоби муҳим мекард. Вай метавонист аз Худо хирад талабад, то ки ба Ӯ мақбул бошад ва ба одамон хизмат кунад. Ё ин ки вай метавонист сарват талабад, то ки ҳама он чизеро, ки мехоҳад, дошта бошад. Ва Сулаймон чӣ кор кард? Вай ба Худо гуфт: — Ту маро бар халқи сершумор подшоҳ мондӣ. Вале Ман намедонам, ки ба он чӣ гуна ёрӣ диҳам. Ба ман нишон деҳ, ки чӣ дуруст ва чӣ нодуруст аст. Танҳо Ту ба ман инро кушода метавонӣ. Ба Худо интихоби Сулаймон, ки аз Ӯ на боигарӣ, балки хирад талаб мекард, хеле хуш омад. Ва Ӯ ба подшоҳ ҷавоб дод: «Ман ба ту хирад медиҳам». Ва баъд Ӯ давом дод: «Ғайр аз ин, Ман ба ту сарват медиҳам». Сулаймон чӣ гуна интихоби хуб намуд! Дорои истеъдоди қарорҳои хирадмандона қабул кардан, вай одамонро меомӯхт, ки чӣ тавр дуруст рафтор намоянд ва мақбули Худо бошанд. Ҳама қарорҳои қабул кардаи Сулаймон одилона буданд. Бо мурури вақт Сулаймон одами сарватманд низ шуд. Вай барои халқ маъбади зебое сохт, ки дар он ба Худо ибодат кардан мумкин буд, ва барои худаш — қасри боҳашамат. Худо розӣ буд, ки Сулаймон аз Ӯ хирад талаб кард. Ӯ хоҳиши подшоҳро иҷро кард ва ба вай аз ин бисёр дод! Ба хотир меорем Худо ба Сулаймон чӣ пешкаш кард? Сулаймон аз Худо чӣ талаб кард? Подшоҳ интихоби дуруст намуд ё не? Худо ба Сулаймон чӣ дод? Дар бораи интихоби худ андеша намо Фикр кун, ки Худо ба ту чӣ истеъдод додаст. Мумкин, ту тез медавӣ? Мумкин овози форам дорӣ, хуб расм мекашӣ ё чизҳои навро зуд аз худ мекунӣ? Интихоби дуруст намуданро омӯз Агар дар давоми ин ҳафта ба ту лозим ояд, ки бо ягон мушкилӣ рӯ ба рӯ шавӣ, аз Худо хоҳиш кун, ки Ӯ ба ту ёфтани иҷрои оқилонаи онро ёрӣ диҳад. Дар охири ҳафта ба падару модарат нақл кун, ки ту бо ёрии Худо чӣ гуна қарор қабул кардӣ. Худо хирадманд аст, ва Ӯ мехоҳад ба мо ёрӣ диҳад, ки хирадманд шавем. Дуо мекунем Худованд, ба мо ёрӣ деҳ, ки мисли Сулаймон оқил ва ғамхор бошем. Бо номи Исо. Омин. Як мушт орд Китоби сеюми Подшоҳон 17:7–16 ЗАН БА ИЛЁС НОН ДОД? Ё ИН КИ ВАЙ НОНРО БАРОИ ХУДАШ МОНД? Офтоб сари Илёсро месӯзонд, вай аз ташнагӣ ва гуруснагӣ азоб мекашид. Хеле боз ба рӯи замин борон наборида буд. Бе борон чашмаҳо хушк шуданд. Бе борон гандум намерӯид. Бе борон зайтун намепухт, пас равған низ набуд. Худо ба Илёс фармуд, ки ба шаҳри дурдаст равад ва гуфт, ки дар он ҷо як зан ӯро хӯронда метавонад. Ва инак Илёс ба ин шаҳр равон шуд. Дар роҳ вай занеро вохӯрд, ки чӯбҳои хушкро мечид. Илёс аз вай пурсид: — Ба ман каме об ва нон намеорӣ? Вале зан ҷавоб дод: — Дар хонаи ман як мушт орд ва каме равған мондааст. Ин танҳо барои он мерасад, ки як маротиба барои худам ва писарам нон пазам. Илёс вайро ором кард: — Натарс, ки барои ман нон пазӣ. Худо ба ман кушод, ки то он вақте ки борон наборад, орд ва равғани ту тамом нахоҳад шуд. Инак, зан бояд интихоби муҳим мекард. Вай метавонист барои Илёс нон пазад. Вай метавонист умед бандад, ки Худо вай ва писари вайро бе хӯрок намемонад. Ё ин ки вай метавонист Илёсро ронад ва аз орди охирин барои худаш ва писараш нон пазад. Ва ана ин зан чӣ кор кард. Вай нон пухт ва онро ба Илёс дод. Илёс ҳамаи онро хӯрд ва гуфт, ки вай барои худаш ва писараш боз нон пазад. Чӣ тавре ки Илёс ваъда кард, ба вай ҳам орд ва ҳам равған расид. Ҳар рӯз зан барои се одам нон мепухт. Вале орд ва равған тамом намешуд. Худо то он замоне, ки борон наборид, захираҳои вайро пур мекард. Ва баъд гандум хӯша кард, зайтун пухт, ва гуруснагӣ хотима ёфт. Худо хурсанд буд, ки зан ба Илёс нон дод ва бовар кард, ки Худо дар бораи вай, писараш ва Илёс ғамхорӣ мекунад. Ба хотир меорем Барои чӣ Илёс гурусна буд? Худо ба вай чӣ фармуд? Илёс ба зан, ки барои нонашро тақсим кардан дудила буд, чӣ гуфт? Зан интихоби дуруст намуд ё не? Худо дар бораи Илёс, зан ва писари вай чӣ гуна ғамхорӣ намуд? Дар бораи интихоби худ андеша намо Чунин рӯй медод, ки дар хонаи ту ягон чиз тамом мешуд (орд, сӯзишворӣ, пул ва ғ.) ва Худо мӯҳтоҷии шуморо бартараф мекард? Ту чӣ фикр дорӣ, ба Худо мақбул аст, ки ту бо ягон кас ягон чизатро бо ҳам бинӣ, масалан, хӯрокворӣ, либос, китобҳо, бозичаҳо? Интихоби дуруст намуданро омӯз Дар калисо ё ташкилоти хайриявии маҳаллаатон дар бораи одамоне, ки ту ба онҳо ягон чизатро дода метавонӣ, фаҳмида гир. Ё ин ки ба одаме, ки ба ту ягон чизашро додаст, миннатдорӣ изҳор намо. Вақте ки мо бо дигарон чизҳои доштаамонро бо ҳам мебинем, ба Худо мақбул мегардем. Дуо мекунем Худованд, ба мо ёрӣ деҳ, ки он чизеро ки Ту ба мо додаӣ, бо дигарон тақсим карда тавонем. Ба Ту шукр мегӯем, ки ҳамеша ба мо ҳама чизи заруриро медиҳӣ. Бо номи Исо. Омин. Оббозии ҳафт карата дар як рӯз Китоби чоруми Подшоҳон 5 ДУХТАРИ ХУРДАКАК БА НААМОН ЁРӢ ДОД? Ё ИН КИ ВАЙ НАГУФТ, КИ КӢ БА ВАЙ ШИФО БАХШИДА МЕТАВОНАД? Наамон сарлашкари бузург буд. Ҳама вайро барои ҷасурӣ ва феъли хубаш ҳурмат мекарданд. Вале ин ҷанговари ҷасур гирифтори бемории бедаво буд. Тамоми бадани Наамон аз заҳмҳое, ки вайро дард медоданд ва баданашро бадафт карда буданд, пур буд. Наамон бисёр мехост, ки касе ба вай мадад кунад. Дар хонаи Наамон духтараке зиндагӣ мекард, ки ба зани вай ёрӣ медод. Вай дар мамлакате таваллуд шуда буд, ки халқи Худо зиндагӣ мекард. Духтарак худоро дӯст медошт ва одамонеро низ мешинохт, ки Ӯро дӯст медоштанд. Яке аз ин одамон пайғамбари Худо бо номи Элишоъ буд. Наамон ва зани вай ба ёрдамчии хурдакаки худ бисёр нек буданд. Барои ҳамин, вақте ки духтарак дар бораи бемории Наамон фаҳмид, хеле ғамгин шуд. Вай пайғмбар Элишоъро ба хотир овард ва фикр кард, ки, эҳтимол, Элишоъ медонад, ки ба хӯҷаини вай чӣ гуна ёрӣ додан мумкин аст. Боре зани Наамон ёрдамчии хурдакакашро ба наздаш фарёд кард. Духтарак ба назди хонумаш омад, то фаҳмад, ки ӯ ба вай чӣ мегӯяд. Инак, духтарак бояд интихоби муҳим мекард. Вай метавонист ба зани Наамон дар бораи он гӯяд, ки Элишоъ Худоро дӯст медорад ва ба одамон ёрӣ мерасонад. Ё ин ки вай метавонист дар бораи пайғамбар чизе нагӯяд. Охир вай танҳо духтари хурдакак аст, бар замми ин аз мамлакати дигар. Хеҷ кас фикр карда наметавонист, ки канизи ин гуна одами муҳим, мисли Наамон, ба хоҷаи худ ёрӣ дода метавонад. Ва ана духтарак чӣ кор кард. Вай ба зани Наамон гуфт: — Ман одамеро медонам, ки Худоро дӯст медорад. Номи вай Элишоъ мебошад. Шавҳари шумо метавонад бо вай вохӯрад. Ман боварӣ дорам, ки Элишоъ хоҷаи маро сиҳат мекунад. Наамон, вақте ки дар бораи одаме, ки вайро сиҳат карда метавонист, фаҳмид, бисёр хурсанд шуд! Вай ва ёрдамчиёнаш ба аробаҳо аспҳои аз ҳама давандро бастанд. Ва аспҳо онҳоро ба он ҷое, ки Элишоъ зиндагӣ мекард, бурданд. Пайғамбар ба Наамон гуфт: — Ту бояд ҳафт маротиба ба обҳои Ӯрдун ғутта занӣ. Ва он гоҳ захмҳои ту нобуд мешаванд. Ин маслиҳат Наамонро ғамгин кард. Вай чандин маротиба бадани худро мешуст, ва ягон беҳтариро ҳис намекард. Вале ёрдамчиёни сарлашкар гуфтанд: — Агар Элишоъ ба ту ягон кори мушкилро мефармуд, ту бо хурсандӣ онро иҷро мекардӣ. Оё ҳафт маротиба ба Ӯрдун ғутта задан ба ту мушкил аст? Раваду ин дар ҳақиқат ба ту ёрӣ диҳад? Ва Наамон ба назди дарё омад, ба об даромад ва маротибаи якум ғутта зад. Хеҷ чиз тағйир наёфт. Вай маротибаи дуюм ғутта зад. Ягон дигаргунӣ. Вай бадани худро маротибаи сеюм, чорум, панҷум ва шашум шуст. Захмҳои баданаш камтар нашуданд. Он гоҳ вай маротибаи ҳафтум ғутта зад ва ба соҳил баромад. Вай боз ба дастонаш нигарист. Ва ягон захме надид. На дар пойҳояш, на дар китфон, ва на дар сараш. Наамон шифо ёфт! Худо хурсанд буд, ки духтарак ба хонуми худ дар бораи Элишоъ гап зад. Сарлашкар низ хеле хурсанд буд ва ба пайғамбар миннатдории худро баён кард. Бо шарофати он, ки духтарак барои вай чӣ кор кард, Наамон Худоро дӯст дошт. Ба хотир меорем Духтарак дар бораи кадом одам, ки Наамонро шифо дода метавонист, медонист? Духтарак интихоби дуруст намуд ё не? Элишоъ ба Наамон чӣ маслиҳат дод? Ба шарофати ин духтарак чӣ гуна ҳодисаҳои хуб рӯй доданд? Дар бораи интихоби худ андеша намо Ба синну соли хурди худ нигоҳ накарда, ту метавонӣ ба одамон ёрӣ диҳӣ, ки дар бораи Масеҳ фаҳманд. Ту метавонӣ ба онҳо нақл кунӣ, ки чӣ тавр Исо, Писари Худоро, сахт дӯст медорӣ! Ту метавонӣ ба онҳо китобчаро бо қиссаҳои каломӣ нишон диҳӣ, ба онҳо суруд хонӣ, ояти дӯстдоштаи худро аз Каломи Худо гуфта диҳӣ. Ту инчунин метавонӣ барои онҳо дуо кунӣ. Одамонеро номбар кун, ки ту ба онҳо ин ҳафта, барои дар бораи Худо шунидан, ёрӣ медиҳӣ. Интихоби дуруст намуданро омӯз Ягон тарзи дар боло гуфта шударо интихоб намуда, дар муддати ин ҳафта кӯшиш кун ба ягон одам дар бораи Масеҳ нақл кунӣ. Худо хурсанд аст, вақте ки кӯдакон ба дигар одамон ёрӣ медиҳанд, ки дар бораи Ӯ фаҳманд. Дуо мекунем Худованд, ба мо нишон деҳ, ки ба кӣ ва чӣ тавр ёрӣ дода метавонем, ки Туро беҳтар шиносанд. Бо номи Исо. Омин. «Инак, гӯш кунед!» Китоби чоруми Подшоҳон 22–23 ЙӮШИЁҲУ БА ХАЛҚ АҲКОМИ ХУДОРО ХОНД? Ё ВАЙ ҚАРОР ДОД, КИ ИН АҲКОМ ЧИЗИ МУҲИМ НАМЕБОШАД? Вақте ки Йӯшиёҳу ҳаштсола шуд, ба вай лозим омад, ки бо кори аҷиб машғул шавад. Вай подшоҳ шуд! Писар мехост подшоҳи хуб шавад ва ягон хатогӣ накунад. Вай мехост на он чизеро, ки вай дуруст мешуморид, иҷро кунад, балки он чизеро иҷро кунад, ки Худо дуруст меҳисобид. Вай кӯшиш мекард, ки тамоми умр маҳз ин гуна рафтор кунад. Вақте ки Йӯшиёҳу ҷавон буд, дид, ки маъбад ба таъмир эҳтиёҷ дорад. Ва аз он ҷо он чизҳоеро, ки ба маъбад тааллуқ надорад, баровардан лозим аст. Барои ҳамин вай коргаронро ҷамъ намуд, то онҳо маъбадро таъмир кунанд ва ҳама чизи зиёдатиро аз он бароранд. Ҳангоми таъмир корагарон якчанд дастнависро ёфтанд. Ин дастнависҳо якчанд сол дар маъбад буданд, вале касе дар бораи онҳо намедонист. Дастнависҳо варақҳои лӯлапечшударо ба хотир меоварданд, ва дар онҳо аҳкомҳои Худо, ҳамонҳое, ки Худо як вақтҳо ба Мусо дода буд, навишта шуда буданд. Яке аз ёрдамчиёни Йӯшиёҳу дастнависҳоро ба қасри подшоҳ овард ва баъзеи онҳоро ба подшоҳ бо овози баланд бихонд. Йӯшиёҳу хеле ғамгин шуд. Ба вай фаҳмо шуд, ки сол аз сол одамони мамлакати вай аҳкомҳои Худоро вайрон мекарданд. Инак, Йӯшиёҳу бояд интихоби муҳим мекард. Вай метавонист ин дастнависҳоро то охир хонад, то фаҳмад, ки аҳкомҳои Худоро чӣ гуна риоя кардан лозим аст. Ва баъд аз ин халқро ҷамъ карда ба онҳо аҳкомҳои Худоро хонад, ва пас онҳоро омӯзад, ки чӣ тавр онро риоя кунанд. Ё ин ки Йӯшиёҳу метавонист ба ёрдамчиаш бифармояд, ки ин дастнависҳоро гирифта барад ва гӯяд, ки аҳкомҳои Худоро муҳим намеҳисобад. Ва подшоҳ чиро интихоб кард? Халқро ба маъбад фарёд карда худаш дар назди пояи баланд истод ва бо овози баланд ба хондани дастнависҳо шурӯъ намуд. Одамон, Йӯшиёҳуро гӯш карда, дар бораи аҳкоми Худо, муҳаббат ва ваъдаҳои Ӯ мефаҳмиданд. Ва дар ҳамон ҷо, дар маъбад, подшоҳ ва халқи ӯ ваъда доданд: онҳо ваъда доданд, ки Худоро дӯст медоранд ва аҳкомҳояшро иҷро мекунанд. Хуб аст, ки одамон хостанд Худоро дӯст доранд ва боз ба Ӯ гӯш диҳанд. Хуб аст, ки Йӯшиёҳу аҳкомҳои Худоро ёфт ва онҳоро аз халқи худ пинҳон накард. Ба хотир меорем Чӣ солҳои зиёд дар маъбад буд? Барои чӣ Йӯшиёҳу ғамгин шуд? Вай интихоби дуруст намуд ё не? Баъд аз он, ки одамон аҳкомҳои Худоро шуниданд, чӣ ваъда доданд? Дар бораи интихоби худ андеша намо Чӣ қадар бисёр ту қиссаҳои каломиро мехонӣ ё гӯш мекунӣ? Каломи Худоро гӯш намуда, ту чӣ кор кардан мехоҳӣ? Интихоби дуруст намуданро омӯз Мисли ин қиссаи каломӣ ҳамин гуна дастнавис тайёр намо. Аввал якчанд варақҳоро бо якдигар часпон ва ба онҳо як ё якчанд оятҳои каломро навис. Баъд онро лӯлапеч бикун. Ту инчунин метавонӣ қиссаи дӯстдоштаатро нависӣ ва расми онро тасвир намоӣ. Баъд ин дастнависро дар назди оилаат хон. Хондани Каломи Худо ба мо мефаҳмонад, ки чӣ тавр Худоро дӯст дорем ва ба Ӯ итоаткор бошем. Дуо мекунем Худованд, ба Ту барои Каломат ва барои он, ки онро хонда ва шунида метавонем, шукр мегӯем. Мо Туро дӯст медорем! Бо номи Исо. Омин. Кӣ аз шерон метарсад? Китоби пайғамбар Дониёл 6 ДОНИЁЛ БА ХУДО ДУО КАРДАНРО ДАВОМ МЕДОД? Ё ИН КИ ВАЙ БА ХУДО ДУО КАРДАНРО БАС КАРД? Рр-р-р! Ғурроси шерон дар тамоми кӯчаҳои шаҳр паҳн мешуд. Шерони гурусна ба хӯрдани ҳама чиз тайёр буданд. Дониёл ва рафиқони вай низ ғурроси шеронро мешуниданд. Онҳо медонистанд, ки дар шаҳр чоҳ бо шерони гурусна вуҷуд дорад ва ба он одамони гуноҳ кардаро мепартоянд. Бисёр вақт онҳоеро, ки ба подшоҳ итоат накарда буданд. Дониёл дӯсти хуби подшоҳ ва яке аз муҳимтарин ёрдамчиёни вай буд. Ғайр аз ин, подшоҳ мехост Дониёлро бар сари ҳама наздикони худ сарвар гузорад! Ёрдамчиёни дигари подшоҳ Дониёлро дӯст намедоштанд. Онҳо ба Худо бовар надоштанд ва ба Ӯ, чӣ тавре ки Дониёл мекард, саҷда намекарданд. Ғайр аз ин онҳо намехостанд, ки дӯсти подшоҳ ёрдамчии муҳимтарини вай гардад. Барои ҳамин дар қаср зидди Дониёл сӯиқасд карданд. Ёрдамчиёни дигари подшоҳ ба назди подшоҳ омаданд ва ӯро бовар кунонданд, ки қонуни навро баровардан лозим аст. Онҳо ба ҳокими худ гуфтанд: — Аълоҳазрат, мо қонуни бузург баровардем. Мувофиқи ин қонун, ҳамаи одамон дар муддати як моҳ бояд танҳо ба ту дуо кунанд. Тамоми ин вақт одамон аз ҳуқуқи ба дигар одам ё худо дуо кардан маҳрум мешаванд. Агар онҳо ин фармони туро вайрон кунанд, ба чоҳи шерон партофта хоҳанд шуд. Подшоҳ гумон кард, ки мумкин, ин қонуни хуб аст. Барои ҳамин вай барои қабул кардани он розӣ шуд ва ба он имзо гузошт. Дониёл дар бораи қонуни нави подшоҳ шунид. Вале вай медонист, ки ин гуна қонунро иҷро кардан номумкин аст, зеро танҳо ба Худо дуо кардан лозим аст. Ғайр аз ин, чандин сол пеш Мусо қонунҳои бо Худи Худо дода шударо навишта буд, ки онро иҷро кардан лозим аст. Дониёл медонист, ки, агар, қонун одамонро маҷбур мекунад, ки аҳкомҳои Худоро вайрон кунанд, ин қонуни бад аст. Инак, Дониёл бояд интихоби дуруст мекард. Вай метавонист ба Худо дуо кунад, чӣ тавре ки ҳама вақт мекард. Дар ин ҳолат вайро, эҳтимол, шаби дароз ба чоҳи шерон мепартоянд. Ҳатто фикр кардан даҳшатовар аст, ки ҳайвонҳои гурусна бо вай чӣ кор мекунанд! Ё ин ки вай метавонист ба қарори подшоҳ итоат кунад. Он гоҳ ба вай лозим мешавад, ки на ба Худо, балки ба подшоҳ дуо кунад. Ва шояд чунин вонамуд кунад, ки ба подшоҳ саҷда карда истодааст, вале пинҳонӣ ба Худо дуо кардан гирад? Ва Дониёл чӣ кор кард? Вай дуруст рафтор кард ва ҳар рӯз ба Худо дуо карданро давом медод. Ҳар рӯз вай на як бор ва ҳатто ду бор дуо мекард. Вай се маротиба дар як рӯз дуо мекард! Ва ҳангоми дуо кардан вай пинҳон намешуд. Аслан, вай ин корро дар назди тирезаҳои кушода мекард. Дилхоҳ одам вайро дида метавонист! Албатта, ёрдамчиёни дигари подшоҳ диданд, ки чӣ тавр Дониёл дуо мекунад. Ва, албатта, онҳо дар бораи ин ба подшоҳ гуфтанд. Подшоҳ хеле ғамгин шуда буд. Вай намехост ёрдамчии муҳимтарини худро ба чоҳи шерон партояд. Вай кӯшиш намуд фикр карда барояд, ки чӣ тавр ба дӯсти худ ёрӣ диҳад. Вале қонунро, ки худи вай имзо гузошта буд, дигар кардан мумкин набуд. Инак, ёрдамчиёни подшоҳ Дониёлро дастгир намуда баъд аз нишасти офтоб ба чоҳ партофтанд. Тамоми шаб подшоҳ чашмонашро маҳкам накард. Ҳар дақиқа ӯ тасаввур мекард, ки Дониёл ҳозир чӣ кор карда истодааст. Ҳанӯз субҳ надамида, вай сӯи чоҳи шерон давид. Ба канори он наздик шуда вай хитоб намуд: — Дониёл, Худои ту туро аз шерони бадҳайбат муҳофизат намуд? Подшоҳ ба даруни чоҳ нигарист. Баъд чашмонашро пок кард ва боз ба поён нигарист. Дар он ҷо, дар байни ҳайвонҳои дарранда, Дониёл менишаст, сиҳат ва саломат! — Худо фариштаашро равон кард, — ба подшоҳ ҷавоб дод Дониёл. — Вай даҳони шеронро баст, ва онҳо ба ман осебе нарасонданд. Худо медонист, ки ман ягон кори бад накардаам. Чӣ тавр подшоҳ хурсанд шуд, ки Дониёл зинда аст! Худо низ хурсанд буд, ки Дониёл аҳкомҳои Ӯро иҷро мекард ва мехост дуруст рафтор кунад. Ва маҳз ҳамин гуна вай рафтор намуд. Ба хотир меорем Подшоҳ кадом қонуни навро қабул кард? Барои чӣ ин қонуни бад буд? Дониёл интихоби дуруст намуд ё не? Дар чоҳ кадом ҳайвонҳо буданд? Худо дар бораи Дониёл чӣ гуна ғамхорӣ намуд? Дар бораи интихоби худ андеша намо Ту ба Худо зуд-зуд муроҷиат мекунӣ? Чунин рӯй дода буд, ки ту маҷбуран дуо мекардӣ? Баъзан вақт дуо карданро фаромӯш намекардӣ? Ту метавонӣ аз Худо хоҳиш кунӣ, ки барои инро дар хотир гирифтан ёрӣ диҳад. Интихоби дуруст намуданро омӯз Дониёл дуо кард, ва Худо вайро аз шерони гурусна раҳо кард. Фикр кун, ки чӣ тавр Худо, вақте ки ту дуо мекунӣ, туро муҳофизат намуда метавонад (тасаввур кун, ки ту дар велосипед рафта истодаӣ, аз саги калон мегурезӣ ва ғ.). Вақте ки мо дуо мекунем, яке аз аҳкомҳои Худоро иҷро мекунем, ва ин хуб аст! Дуо мекунем Худованд, ба мо ёрӣ деҳ ҳамеша аҳкомҳои Туро иҷро кунем ва Туро беш аз ҳама дар ҷаҳон дӯст дорем. Бо номи Исо. Омин. Саёҳат дар даруни шиками моҳӣ Китоби пайғамбар Юнус 1–2 ЮНУС ЁРДАМЧИИ ХУДО ШУДАН МЕХОСТ? Ё ИН КИ ВАЙ КӮШИШ МЕКАРД АЗ ИН ГУРЕЗАД? Боре Худо ба Юнус гуфт: «Ман ба ту кор дорам. Ман мехоҳам, ки ту ба сокинони шаҳри Нинве ёрӣ диҳӣ. Онҳо хатоҳои бисёр мекунанд. Ман мехоҳам, ки онҳо Маро дӯст доранд ва ба Ман итоат кунанд. Ман инчунин мехоҳам, ки онҳо бо якдигар муносибатҳои нек дошта бошанд». Инак, Юнус бояд интихоби муҳим мекард. Вай метавонист ба Нинве равад ва он кореро кунад, ки Худо ба вай фармуда буд. Сокинони ин шаҳр, эҳтимол, вайро дидан нахоҳанд, вале вай ба ҳар ҳол он кореро мекунад, Худо мехоҳад. Ё ин ки Юнус метавонист қарор диҳад, ки кори ба вай додаи Худоро иҷро кардан намехоҳад. Ва Юнус чӣ кор кард? Вай қарор дод пинҳон шавад! Вай бо тамоми қувва сӯи баҳр давид ва ба киштие нишаст, ки ба сӯи Нинве намерафт. Киштӣ ба сӯи тамоман дигар равон буд. Эҳтимол, гуреза умед дошт, ки дар баҳри кушод Худо вайро намеёбад? Вале Худо хеле хуб медонист, ки Юнус дар куҷо аст. Худо шамоли сахтеро бар баҳр бархезонд, ва дар баҳр тӯфони бузурге ба амал омад. Мавҷҳои азим ба киштӣ мерехтанд. Маллоҳон пеш аз ин ҳеҷ маротиба чунин мавҷҳои азимро надида буданд. Юнус мефаҳмид, ки ин тӯфони бузургро Худо бархезонд. Ва ӯ бисёр нағз медонист, ки бояд чӣ кор кунад. Юнус ба маллоҳон гуфт: — Ман аз Худо пинҳон шудам, ва ин тӯфонро Ӯ бархезонд. Агар шумо маро ба мавҷҳо партоед, тӯфон ором мегардад. Маллоҳон ин корро кардан намехостанд. Вале онҳо мефаҳмиданд, ки ин лозим аст, барои ҳамин Юнусро ба баҳр партофтанд. Мавҷҳо ҳамон лаҳза ором шуданд, ва маллоҳон наҷот ёфтанд. Вале Юнус намедонист, ки бо вай чӣ рӯй медиҳад. Вай дар атрофи худ об ва сокинони аҷиби баҳрро: моҳичаҳои сурхи хурдакак, моҳиҳои зарди начандон калон ва як моҳии азимро дид. Вай чунон азим буд, ки ҳама моҳиҳои дар атроф шинодошта, ва ҳатто Юнусро, фурӯ бурд! Ба шиками моҳӣ афтида, Юнус ба дуо кардан шурӯъ кард. Вай фаҳмид, ки Худо ин махлуқро барои он равон кард, ки вайро наҷот диҳад. Барои ҳамин вай ба Худо миннатдорӣ баён намуд ва ваъда дод, ки ба Ӯ итоаткор мешавад. Ва баъд чӣ рӯй дод? Моҳии азим ба назди соҳил шино кард, даҳонашро кушод ва ҳама моҳиҳои хӯрдаашро қай кард. Ҳамроҳи онҳо Юнус низ ба соҳил баромад. Вай бениҳоят хушбахт буд! Ва Худо боз ба Юнус фармуд, ки ба Нинве равад. Ин маротиба Юнус медонист, ки чӣ гуна интихоб кунад. Вай ба Худо итоат кард ва ба он ҷое рафт, ки Худо фармуда буд. Сокинони Нинве Юнусро гӯш мекарданд ва ғам мехӯрданд, ки рафтори нодуруст намуданд. Онҳо қарор доданд, ки зиндагиашонро иваз мекунанд. Онҳо якдигарро дӯст медоранд. Ва беш аз ҳама онҳо Худоро дӯст хоҳанд дошт. Худо хурсанд буд, ки Юнус ниҳоят ба Ӯ гӯш дод ва ёрдамчии Ӯ шуд. Ӯ шодӣ мекард, ки сокинони Нинве низ мехоҳанд Ӯро дӯст доранд ва ба Ӯ итоат кунанд. Ба хотир меорем Худо ба Юнус фармуд, ки ба куҷо равад? Юнус интихоби дуруст намуд ё не? Юнус, вақте ки аз шиками моҳӣ баромад, чӣ гуна қарор қабул кард? Сокинони Нинве, баъд аз он ки Юнусро шуданд, чӣ кор карданд? Дар бораи интихоби худ андеша намо Эҳтимол, ту низ баъзан вақт Худоро гӯш кардан намехоҳӣ. Мумкин, баъзан вақт ту дуо кардан ё нек будан намехоҳӣ. Ё мумкин ту падару модаратро гӯш кардан намехоҳӣ. Бигӯй, ки ин ба чӣ гуна оқибатҳои ғамгин меорад. Интихоби дуруст намуданро омӯз Бегоҳӣ, пеш аз он, ки хоб равӣ, бо кӯрпа болоятро пӯшон. Даруни моҳӣ ана ҳамин гуна торик буд. Дар болои кат алвонҷ хӯр ва тасаввур кун, ки мисли Юнус шино дорӣ. Баъд кӯрпаатро аз болоят парто ва боварӣ ҳосил намо, ки дар равшанӣ будан чӣ қадар гуворост! Итоат намуданро ба Худо бо ҳузур доштан дар ҷои офтобӣ ё хонаи равшан, ки дар он мо худро дар бехатарии пурра ҳис мекунем, баробар карда мешавад. Аз он, ки дуруст рафтор карданро инкор кунем, беҳтар аст, ки Худоро гӯш кунем. Дуо мекунем Худованд, ба мо ёрӣ деҳ, ки ҳеҷ гоҳ аз дуруст рафтор кардан саркашӣ накунем. Бо номи Исо. Омин. Нақшаи аҷоиби Худо Инҷили Луқо 1:26–50 ОЁ МАРЯМ БАРОИ ИҶРО КАРДАНИ ОН ЧИЗЕ, КИ ХУДО МЕХОСТ, РОЗӢ ШУД? Ё ИН КИ ВАЙ НЕ ГУФТ? Марям дар шаҳраки хурди Носира дар хонаи модари худ зиндагӣ мекард. Мисли духтарони дигар, вай аз чоҳ об мекашонд, хӯрок пухтан ва либос дӯхтанро меомӯхт. Вай ҳайвонотро дӯст медошт ва ҳамеша ба паррандагон нонреза медод. Духтарак калон шуд ва арӯси ҳақиқӣ гашт! Дере нагузашта Юсуф шавҳари вай мешавад. Вай устохонаи худро дорад, ки дар он асбобҳои зебо месохт. Хонаи вай чӣ гуна зебо хоҳад буд! Вай аллакай дар бораи тӯяшон ва дар бораи он фикр мекард, ки чӣ тавр онро боҳашамат мегузаронанд. Боре пагоҳӣ, вақте ки Марям хона мерӯфт, дар утоқаш ногаҳон шахси ношиносе пайдо шуд. Вай либоси сап-сафед дошт, ин либос гӯё ки медурахшид. Марям ҳеҷ гоҳ чизеро монанди ин надида буд ва сахт тарсид. Дар асл ин ношинос худи фаришта Ҷаброил буд. Ӯро ба назди Марям Худо фиристод. Фиристодаи Худо гуфт: — Натарс, Марям. Ман ба ту хабари хуш овардам. Марям, эҳтимол, гумон кард, ки ин хабар дар бораи домоди вай Юсуф ё дар бораи тӯи онҳо мебошад. Фаришта давом дод: — Худо қарор дод ба замин Наҷотдиҳандаро фиристад, ки ба ҳама одамон дар бораи муҳаббати Худо мегӯяд. Худо мехоҳад, ки ту модари кӯдаки аз ҳама аҷибтарин шавӣ ва ӯро Исо ном гузорӣ. Марям шарм дошт: — Аммо ман кӯдакдор шуда наметавонам. Охир ман ҳанӯз ба Юсуф ба шавҳар набаромадам. Фаришта ба вай ҷавоб дод: — Ин кӯдак Писари Худо мешавад. Ӯ одамонро аз гуноҳҳояшон наҷот хоҳад дод. Инак, Марям бояд интихоби муҳим мекард. Вай метавонист розӣ шавад ва он чизеро, ки Худо мехост, иҷро кунад. Вай метавонист бовар кунад, ки Худо дар бораи вай, ҳатто агар ки Юсуф вайро нафаҳмад, ғамхорӣ хоҳад кард. Ё ин ки вай метавонист ба фаришта гӯяд, ки намехоҳад хости Худоро иҷро кунад. Бигзор Худо барои Писари Худ модари дигарро ёбад. Ва Марям чӣ кор кард? Вай ба фаришта ҷавоб дод: — Ман бо хурсандӣ он чизеро, ки Худо мехоҳад, иҷро мекунам. Вақте ки фаришта рафт, Марям ба назди хеши худ Элисобаъ равон шуд. Ӯ ҳамон лаҳза фаҳмид, ки бо Марям чӣ ҳодиса рӯй дод. Худо ба Элисобаъ кушод, ки Марям кӯдаки ғайриоддӣ таваллуд мекунад. Он гоҳ Марям гуфт: — Ҷони Ман Худовандро ситоиш мекунад. Ӯ мӯъҷиза меофарад. Ӯ ба дунё Писари Худро мефиристад. Ва Ӯ маро интихоб намуд, ки ман модари ин кӯдак бошам. Худо розӣ буд, ки Марям ба иҷро кардани нақшаи Ӯ розӣ шуд. Марям модари Писари Ӯ, Исои хурдакак, мешавад. Ба хотир меорем Домоди Марям кӣ буд? Фаришта ба Марям дар бораи кадом нақшаи Худо гуфт? Вай интихоби дуруст намуд ё не? Баъд аз он, ки фаришта рафт, Марям чӣ кор кард? Марям ба он чизе, ки Худо барояш тайёр намуд, чӣ гуна муносибат кард? Дар бораи интихоби худ андеша намо Ту чӣ фикр дорӣ, Худо аз ту чиро интизор аст? Ӯ мехоҳад, ки ту волидайн ва муаллимонатро гӯш кунӣ. Ӯ мехоҳад, ки ту чизи навро омӯзӣ. Ӯ мехоҳад, ки ту нек бошӣ. Ту тайёр ҳастӣ, ки дархостҳои Ӯро иҷро бикунӣ? Интихоби дуруст намуданро омӯз Дар варақ он кореро, ки ту имрӯз мекунӣ, зеро онро Худо мехоҳад, тасвир намо. Ҳангоми расм кашидан андеша кун: вақте ки ту калон мешавӣ, Худо туро чӣ гуна одам дидан мехоҳад? Худо, вақте ки мо ба нақшаҳои Ӯ оиди мо муқобилият намекунем, хурсанд мешавад. Дуо мекунем Худованд, мо мехоҳем ба Ту итоаткор бошем ва ҳар рӯз бо Ту сӯҳбат кунем. Мехоҳем, ки Ту ба мо нақшаҳоятро нисбати мо кушоӣ. Бо номи Исо. Омин. Дар бораи Марям ва Исо ғамхорӣ кардан Инҷили Матто 1:18–25 ЮСУФ БА МАРЯМ ВА ИСО ҒАМХОРӢ КАРДАНРО БА ӮҲДАИ ХУД ГИРИФТ? Ё ИН КИ ВАЙ ФАРМОНИ ХУДОРО ИҶРО НАКАРД? Дар Носира дуредгар Юсуф устохонаи худро дошт. Ҳар рӯз вай болға ва арраи худро гирифта барои супоришдихандагон аз дарахт ягон чиз тайёр мекард. Баъзан вақт вай миз ва курсӣ месохт. Баъзан вақт вай олоти меҳнат месохт. Юсуф кори бисёр дошт, ва ӯ худро одами хушбахт ҳисоб мекард. Акнун, дар арафаи тӯи худ, вай махсусан хушбахт буд. Вай медонист, ки Марям барои вай зани беҳтарин ва ёрдамчии хуб мешавад. Чӣ хушбахтист, ки вай ба хонаи Юсуф медарояд! Юсуф фикр мекард, ки барои зани оянда ва хонааш чӣ гуна миз месозад. Боре Марям ба Юсуф хабари аҷоибро гуфт! Вай нақл кард, ки ба наздаш фаришта омада буд. Ва боз ӯ гуфт, ки кӯдакдор мешавад. Юсуф намедонист, ки чӣ фикр кунад. Вай намедонист, ки чӣ гӯяд. Дар роҳ ба сӯи хона Юсуф, эҳтимол, дар бораи нақшаҳояш барои оянда фикр мекард. Вай Марямро ба занӣ гирифтани буд. Вай умед мекард, ки онҳо фарзанддор мешаванд. Вале акнун… Шаб Юсуф дар хонаи худ танҳо менишаст. Вай фикр мекард, ки акнун Марям зани вай шуда наметавонад. Ҳангоми хоб рафтан дуредгар ҳис мекард, ки ҳама умедҳояш барбод рафтанд. Вале ҳамон шаб Юсуф хоби аҷоиб дид. Дар хобаш бо ӯ фаришта сӯҳбат мекард. Вай аз Худо ба Юсуф хабари муҳим оварда буд. — Аз гирифтани зани худ Марям натарс, — гуфт фаришта. — Аз ғамхорӣ кардан ба вай ва кӯдак натарс. Кӯдаке, ки Марям дар батн дорад, Писари Худо мебошад. Вақте ки Ӯ таваллуд мешавад, Ӯро Исо ном гузор. Ӯ одамонро аз гуноҳҳояшон халос хоҳад кард. Инак, Юсуф, ки баробари нурҳои якуми офтоб бедор шуд, бояд интихоби муҳим мекард. Ӯ метавонист Марямро ба занӣ гирад ва кӯдак Исоро, онро дониста, ки Ӯ Писари Худо аст, калон кунад. Ё ин ки вай метавонист Марямро оҳиста ба шаҳри дигар равон кунад. Бигзор вай худаш кӯдакро ба воя расонад. Охир, вай танҳо як дуредгари оддӣ аст. Ғайр аз ин, ба ин хел кӯдаки ғайриоддӣ ғамхорӣ кардан — бениҳоят кори масъулиятнок аст. Ва Юсуф чӣ кор кард? Вай зуд либосашро пӯшид ва ба сӯи хонаи Марям шитоб кард. Вай, аз афташ, бо тамоми қувва медавид. Юсуф ба арӯси худ гуфт, ки дар хобаш фариштаро дид ва фаришта ба вай фармуд, ки дар бораи Марям ва кӯдак ғамхорӣ кунад. Инак, Марям ва Юсуф, чӣ тавре ки онҳо умед доштанд, тӯй мекунанд. Онҳо якҷоя дар хонае зиндагӣ хоҳанд кард, ки устохона дорад. Якҷоя кӯдак Исоро тарбия хоҳанд кард. Худо хурсанд буд, ки Юсуф ғамхории Марям ва Исоро ба дӯши худ гирифт. Худо медонист, ки ҳамроҳи Юсуф Писари Ӯ Исо дар бехатарӣ хоҳад буд. Ба хотир меорем Юсуф чӣ кор мекард? Оё вай хушбахт буд, ки зан мегирад? Марям ба вай кадом хабари аҷоибро расонд? Фаришта дар хобаш ба Юсуф чӣ гуфт? Юсуф интихоби дуруст кард ё не? Дар бораи интихоби худ андеша намо Худо ба ҳар як аъзои оилаи ту чӣ гуна вазифаро додаст? Вазифаҳое, ки ту иҷро мекунӣ, ба ту вазнин наменамоянд? Дар хотир дор, агар Худо хоҳад, ки ту ягон корро иҷро кунӣ, Ӯ ба ту ёрӣ медиҳад, ки аз ӯҳдаи он бароӣ. Интихоби дуруст намуданро омӯз Ба ягон одаме, ки вақтҳои охир барои оилаи шумо ғамхорӣ мекард (бобову бибӣ, муаллим, доя) занг зан, ва барои ғамхориаш ба вай миннатдорӣ баён бикун. Худо ҳамеша ба одамон ёрӣ медиҳад, ки аз ӯҳдаи вазифаҳое, ки Ӯ ба онҳо додаст, бароянд. Дуо мекунем Худованд, Туро барои ҳамаи одамоне, ки ба Ту ёрӣ медиҳанд ба мо ғамхорӣ намоӣ, шукр мегӯем. Туро инчунин барои он вазифаҳое, ки ба мо додаӣ, шукр мегӯем. Бо номи Исо. Омин. «Натарсед» Инҷили Юҳанно 2:8–20 ЧӮПОНОН БА ФАРИШТА БОВАР КАРДАНД? Ё ИН КИ ОНҲО БА СУХАНОНИ ВАЙ ГӮШ НАДОДАНД? Ҳар рӯз чӯпонон подаҳои гӯсфандонро, ки дар саҳроҳои назди Байт-Лаҳм мечариданд, бонӣ мекарданд. Боре, подаро бонӣ карда, онҳо ҷанговари румиро диданд. Вай аспсавор бо роҳе мерафт, ки ба шаҳр мебурд. Чӯпонон медонистанд, ки вай барои навистани ҳамаи онҳое мерафт, ки дар Байт-Лаҳм таваллуд шуда буданд. Ва рӯзи дароз онҳо одамонеро медиданд, ки бо ҷараёни беохир барои худро навистан ба шаҳр мерафтанд. Бегоҳӣ дар роҳ зану шавҳари хаста пайдо шуданд. Зан дар болои ҳар савор буд, ва марде, ки ҳамроҳи вай буд, безобита менамуд. То бегоҳӣ ба шаҳр ҳамон қадар одами зиёд омада буд, ки чунин менамуд, ки деворҳои шаҳр онҳоро бардошт карда наметавонанд. Чӯпонон ба ҳайрат монданд, ки ин қадар мардум шабона дар куҷо ҷой меёбанд. Дар тамоми Байт-Лаҳм ин қадар ҷои хоб ёфт намешавад. Ана, эҳтимол, барои чӣ ин мард ин қадар безобита менамуд. Вақте ки торик шуд, чӯпонон гӯсфандонро шумурданд, ва ба хоб рафтан тайёр шуданд. Дар зимни он ба теппаҳое, ки гӯсфандон мечариданд, шаби торики ором фурӯд омад. Хӯроки шомро хӯрда, чӯпонон бо овози паст дар бораи обу ҳаво сӯҳбат карданд ва ба оташ чӯбпораҳоро партофтанд, ки шабона хомӯш нашавад. Гӯсфандон дар нишебии теппаҳо хоб рафтанд. Хоби баъзеи чӯпонон низ бурд. Ногаҳон равшании дурахшон тамоми осмонро фаро гирифт! Аз афташ, ин равшаниро пеш аз ҳама чӯпони ҷавон дид. Ва ӯ чӯпонони дигарро бедор кард. Чӯпонон медиданд, ки чӣ тавр осмон беш ва беш фурӯзонтар мешавад. Ва ҳангоме ки атроф мисли рӯз равшан шуд, фаришта пайдо шуд. Ин чӣ маъно дошта метавонист? Чӯпонон сарҳои худро бо ҷомаҳояшон пӯшонданд. Мумкин, баъзеи онҳо дар қафои сангҳо пинҳон шуданд. Фаришта, ки хабари муҳим оварда буд, ба чӯпонон муроҷиат намуд: — Натарсед. Ман барои шумо хабари хуш овардам. Дар Байт-Лаҳм Наҷотдиҳанда таваллуд шуд. Равед ва ба Кӯдак нигоҳ кунед. Ӯ, парпечшуда, дар охури ҳайвонот хобидааст. Нохост тамоми осмон аз фариштаҳо пур шуд! Онҳо ба Худо ҳамду сано мехонданд ва мегуфтанд: — Худоро ҷалол дар арши аъло! Баъд фариштаҳо тавре, ки пайдо шуданд, ҳамон тавр ногаҳон нобуд шуданд. Фариштаҳо нестанд, овози сурудҳои онҳо намеомад, ва равшании аз осмон пайдошуда низ нест. Танҳо гӯсфандоне буданд, ки дар нишебии тепа мехобиданд. Баъзеи чӯпонон ҷуръат намуданд, ки аз қафои сангҳо бароянд. Онҳо акнун чӣ кор кунанд? Инак, чӯпонон бояд интихоби муҳим мекарданд. Онҳо метавонистанд ба фаришта бовар кунанд ва ба маслиҳати вай пайравӣ намоянд. Онҳо метавонистанд ба Байт-Лаҳм раванд ва кӯдаки дар охур хоб бударо ёбанд. Ё ин ки онҳо метавонистанд тавре рафтор кунанд, ки гӯё ин шаб аз шабҳои дигар ҳеҷ фарқе намекард. Онҳо метавонистанд бо гӯсфандонашон монанд, гӯё ки ягон фариштаро надида буданд. Ва ана чӯпонон чӣ кор карданд. Онҳо бо ҳаяҷон он чизеро, ки рӯй дод, муҳокима намуданд, ва фаҳмиданд, ки ин фариштаҳое буданд, ки Худо Худаш равон карда буд. Барои ҳамин яке аз чӯпонон гуфт: — Биёед ба Байт-Лаҳм меравем ва Кӯдакро меёбем. Чӣ тавре, ки Худо фармуд, мо Ӯро мебинем. Онҳо, эҳтимол як ё ду рафиқашонро монданд, ки ба пода нигоҳ кунанд, ва худашон бо қадамҳои калон ба Байт-Лаҳм равон шуданд. Чӯпони аз ҳама ҷавон, албатта, бо онҳо рафт. Онҳо молхонаи начандон калонро, ки дар он ҳайвонҳо хоб буданд, ёфтанд. Дар он ҷо низ мард, зан ва Кӯдак буданд. Ҳама он тавре буд, ки фаришта гуфт. Чӯпонон оҳиста ба Кӯдак наздик шуданд ва ба Ӯ нигоҳ карданд. Кӯдаки зебо оромона мехобид. Вақте ки чӯпонон аз Байт-Лаҳм рафтанд, онҳо бениҳоят дар ҳаяҷон буданд, то ки дарҳол ба назди гӯсфандонашон баргарданд. Дар роҳ онҳо ҳар як роҳгузарро манъ мекарданд ва дар бораи фаришта ва хабари аҷоиб нақл мекарданд: Наҷотдиҳанда Исо таваллуд шуд! Худо хурсанд буд, ки чӯпонон ба фаришта бовар карданд ва якумин одамоне шуданд, ки Писари Ӯ, кӯдак Исоро диданд. Ба хотир меорем Чӯпонон ними шаб чиро диданд? Фаришта ба онҳо чӣ гуфт? Чӯпонон интихоби дуруст карданд ё не? Чупонон дар охур киро хобида ёфтанд? Дар бораи интихоби худ андеша намо Дар Китоби Муқаддас Худо мегӯяд, ки Исо ҳамеша бо мо аст! Ту ба ин бовар мекунӣ? Ту метавонӣ худи ҳозир ба Ӯ бигӯӣ, ки Ӯро дӯст медорӣ? Интихоби дуруст намуданро омӯз Хилъати ҳаммомӣ ва шиппакҳоро пӯш — ин тавр ту каме ба чӯпон монанд хоҳӣ шуд. Аз пахта суроби гӯсфандонро соз. Фонуси кисагиро гирён кун, то тасаввур карда тавонӣ, ки аз фариштаҳо чӣ гуна нур мебаромад. Яке аз чӯпононро тасвир намуда, ҳаракат кун хурсандии онҳоро баён намоӣ. Маҳз ҳамон тавре, ки чӯпонон ба фариштаҳо бовар карданд, мо метавонем ба ҳама он чизе, ки Китоби Муқаддас дар бораи Исо мегӯяд, бовар кунем. Дуо мекунем Худованд, ба Ту барои он, ки ба ин ҷаҳон Исоро барои мо, чӣ тавре ки барои чӯпонон низ, фиристодӣ, шукр мегӯем! Ба мо ёрӣ деҳ бовар кунем, ки Ту ҳамеша бо мо мебошӣ ва мо бо Ту ҳар лаҳза сӯҳбат карда метавонем. Бо номи Исо. Омин. Ситораи нав Инҷили Матто 2:1–11 МУНАҶҶИМОН БОВАР КАРДАНД, КИ ОНҲОРО ХУДИ ХУДО МЕБАРАД? Ё ИН КИ ОНҲО ДАР ХОНА МОНДАНД? Исо дар Байт-Лаҳм таваллуд шуд. Дар ин шаҳраки хурд одами кам дар бораи таваллуди Кӯдак медонист. Вале мунаҷҷимон-хирадмандон, ки дар шарқ зиндагӣ мекарданд, фаҳмиданд, ки чизи ғайриоддие рӯй дод. Ҳар шаб онҳо ба осмони ситоразор менигаристанд. Ва инак боре онҳо ситораи нави зебоеро диданд, ки бештар аз дигарон равшанӣ мекард. Ва онҳо фаҳмиданд, ки дар куҷое подшоҳи нав таваллуд шуд. Ва Ӯ подшоҳи ҳамаи одамон, ҳатто ин мунаҷҷимон, ки дар шарқ зиндагӣ мекарданд, мегардад. Ситора — ситораи нав буд, ва он дар тарафи ғарби осмон равшанӣ намуд. Ин ҳама он чизе буд, ки мунаҷҷимон медонистанд. Онҳо на номи подшоҳ, ва на дар куҷо ҷустани вайро намедонистанд. Инак, мунаҷҷимон бояд интихоби муҳим мекарданд. Онҳо метавонистанд аз қафои ситораи аҷиб раванд ва танҳо ба Худо, ба он ки Ӯ ба онҳо роҳро нишон медиҳад, умед банданд. Ё ин ки мунаҷҷимон метавонистанд ба ҳеҷ куҷо нараванд ва мисли пешина осмони ситоразорро омӯзанд. Онҳо китоби наверо дар бораи ситораи нави дидаашон нависта метавонистанд, вале ҳеҷ гоҳ намефаҳмиданд, ки ин подшоҳи нав кӣ буд. Ва ана баъд чӣ рӯй дод. Мунаҷҷимон ба сафари дуру дароз тайёр шуданд. Онҳо бо худ ҳама он чизеро, ки дар роҳ лозим шуда метавонист, гирифтанд. Онҳо хӯрокворӣ, либос ва тӯҳфаҳо — тӯҳфаҳои аҷоибро барои подшоҳ, гирифтанд. Ба ситори дар ғарб равшанӣ мекарда нигариста, онҳо ба роҳ баромаданд. Ба мунаҷҷимон вақти зиёде лозим шуд, то ки подшоҳро ёбанд. Рӯзона онҳо хоб мекарданд, ва шабона аз қафои ситора рафтанро давом медоданд. Ин ситора онҳоро аз қафои худ мебурд. Вақте ки мунаҷҷимон ба Ерусалим ворид шуданд, онҳо фикр карданд, ки подшоҳ, албатта, бояд дар чунин шаҳри калон, мисли ин, таваллуд мешуд. Барои ҳамин онҳо пурсиданд: — Подшоҳи нав дар куҷо таваллуд шуд? Моро ба ин ҷо ситораи ӯ овард. Подшоҳ Ҳиродус дар бораи подшоҳи нави таваллудшуда чизе намедонист, барои ҳамин қарор дод одамони хирадмандро фарёд кунад. Онҳо дуру дароз ба дастнависҳо нигоҳ карданд ва ниҳоят гуфтанд: — Ӯ дар Байт-Лаҳм аст. Подшоҳ Ҳиродус мунаҷҷимони шарқиро дар бораи кай пайдо шудани ситора пурсупос кард, ва баъд аз ин маслиҳат дод, ки вайро дар Байт-Лаҳм биҷӯянд. Мунаҷҷимон аз Ерусалим баромаданд. Ва боз ситора ба онҳо равшанӣ намуд. Акнун вай онҳоро ба Байт-Лаҳм мебурд. Дар он ҷо, дар хонаи хурдакак, онҳо Исоро бо модари Ӯ Марям ёфтанд. Кӯдакро дида, мунаҷҷимон ба Ӯ таъзим карданд. Баъд онҳо тӯҳфаҳоро, ки барои Ӯ оварда буданд, нишон доданд, — тилло, лодан ва мур. Мунаҷҷимон ба Марям дар бораи ситораи аҷоиб ва роҳи дуру дароз, ки онҳо барои дидани подшоҳи таваллудшуда тай карда буданд, нақл карданд. Худо хурсанд буд, ки мунаҷҷимон Исоро дидан хостанд. Ӯ хурсанд буд, ки онҳо аз паси ситорае, ки Ӯ ба осмон овард, равон шуданд. Исо Подшоҳи онҳо мешавад! Ба хотир меорем Мунаҷҷимон дар осмон чиро диданд? Онҳо чӣ гуна интихоб карданд? Ситора мунаҷҷимонро ба куҷо овард? Баъд аз он, ки Исоро ёфтанд, онҳо чӣ кор карданд? Дар бораи интихоби худ андеша намо Мо ситорае надорем, ки аз қафояш равем, вале мо ҳамеша аз Худо хоҳиш карда метавонем, ки ба мо роҳи дурустро нишон диҳад. Ту аз қафои Худо, ба куҷое ки Ӯ туро набарад, меравӣ? Интихоби дуруст намуданро омӯз Бо ягон хеши худ дар шаби равшан ба ситораҳо назар андоз. Ситораҳо чӣ қадар бисёранд, ҳамин тавр не? Мунаҷҷимон чӣ тавр ситораи навро ёфта тавонистанд? Эҳтимол, ба онҳо Худо ёрӣ расонд. Мо метавонем барои аз қафои Худо рафтан, ба куҷое ки Ӯ моро набарад, қарор қабул намоем. Дуо мекунем Худованд, ба Ту шукр мегӯем, ки ба мунаҷҷимон ситораро равон кардӣ, ки онҳоро ба назди Исо овард. Ба мо низ ёрӣ деҳ, ки аз қафои Ту равон шавем. Беш аз ҳама мо мехоҳем, мисли он мунаҷҷимон, ба Писари Ту таъзим намоем. Бо номи Исо. Омин. «Тӯрҳои худро партоед» Инҷили Марқус 1:16–20 ОЁ ПЕТРУС, АНДРИЁС, ЯЪҚУБ ВА ЮҲАННО АЗ ҚАФОИ ИСО РАФТАНД? Ё ИН КИ ОНҲО МОҲИГИРИРО ДАВОМ ДОДАНД? Саҳарии барвақт буд, нурҳои офтоб нав дамида буданд. Болои баҳри ороми Ҷалил қаиқҳои моҳигирон беовоз шино мекарданд. Дар якеи онҳо — ду бародар, Петрус ва Андриёс, дар дигараш — Яъқуб ва Юҳанно, онҳо низ бародар. Тамоми шаб онҳо моҳӣ медоштанд. Ҳар чори онҳо моҳигирони ботаҷриба буданд ва бисёр вақт шабона ба моҳигирӣ мебаромаданд. Саҳари барвақт онҳо бо сайдашон ба соҳил бармегаштанд. Мардон моҳиро бо тӯрҳои калон медоштанд. Аввал онҳо тӯрро ба қаиқ бор мекарданд ва баъд ба баҳр мебаромаданд. Дар он ҷо онҳо тӯрро ба баҳр меандохтанд, ва аз канорҳояш маҳкам медоштанд. Моҳӣ ба тӯр шино мекард ва дар он мепечид. Тӯрҳои аз моҳӣ пурро бародарон аз об мебароварданд ва бо сайд ба соҳил бармегаштанд. Бо ин моҳиҳои дошта онҳо рӯз мегузаронданд. Аммо бисёр вақт онҳо моҳиро мефурӯхтанд, то ки нон ё мева бихаранд. Тӯрро ба баҳр андохта, моҳигирон интизор мешуданд. Баъзан вақт онҳо пинак мерафтанд. Баъзан ба паррандаҳое, ки дар болои сарашон парвоз мекарданд, менигаристанд. Баъзан аз қафои одамоне, ки дар соҳил мегаштанд, назорат мекарданд. Ва инак боре онҳо одамеро диданд, ки бе ҳамроҳ меомад. Ин Исо буд! Ӯ аллакай ба воя расида одами калон шуда буд. Исо ба Петрус ва Андриёс муроҷиат намуда гуфт: — Аз қафои Ман оед ва Ман шуморо сайёди одамон мегардонам. Баъд Ӯ аз Яъқуб ва Юҳанно низ хоҳиш кард, ки аз қафои Ӯ раванд. Бародарон ба якдигар нигоҳ карданд. Онҳо нафаҳмиданд, ки ифодаи «сайёди одамон» чӣ маъно дорад. Вале чизе ба моҳигирон мегуфт, ки Худо Худаш онҳоро даъват мекунад, ки аз қафои Исо раванд. Онҳо ҳис мекарданд, ки Худо ин қадамро аз онҳо мехоҳад. Инак, Петрус ва Андриёс, Яъқуб ва Юҳанно бояд интихоби муҳим мекарданд. Онҳо метавонистанд ба овози Худо гӯш диҳанд, аз қафои Исо раванд ва шогирди Ӯ шаванд. Ё ин ки онҳо метавонистанд дар қаиқҳои худ монанд ва моҳигириро давом диҳанд. Ва моҳигирон чӣ гуна рафтор карданд? Петрус ва бародари вай Андриёс тӯрҳоро аз дасташон сар доданд. Ҳамаи моҳии доштаи онҳо ба баҳр шино карда рафт. Яъқуб ва бародари вай Юҳанно низ тӯрҳояшонро монданд. Чор моҳигир сӯи соҳил шино карданд. Ба хушкӣ баромада, онҳо сӯи Исо шитофтанд. Петрус ва Андриёс, Яъқуб ва Юҳанно ба Исо ваъда доданд, ки ҳамроҳи Ӯ мераванд ва дӯстони беҳтарини Ӯ мешаванд. Онҳо аз Ӯ меомузанд, шогирдани Ӯ мешаванд. Чор моҳигир «сайёди одамон» мегарданд ва ба одамо дар бораи муҳаббати Худо гап мезананд. Худо хурсанд буд, ки Петрус ва Андриёс, Яъқуб ва Юҳанно хоҳиш пайдо карданд, ки аз қафои Исо раванд. Ӯ медонист, ки онҳо шогирдони бовафои Исо мешаванд. Ба хотир меорем Дар ҳар қаиқ чанд бародар буд? Моҳигирон дар соҳил киро диданд? Исо ба онҳо чӣ таклиф кард? Чор моҳигир интихоби дуруст карданд ё не? Дар бораи интихоби худ андеша намо Исо мехоҳад, ки ту низ ёрдамчии Ӯ бошӣ. Танҳо дар аввал ту бояд шогирдӣ Ӯ шавӣ, чӣ тавре ки инро чор моҳигир карданд. Вақте ки ту меомӯзӣ, ёрии ту дар чӣ анҷом меёбад? Интихоби дуруст намуданро омӯз Дар варақ расми баҳр ва қаиқҳои лаппишхӯрандаро тасвир намо. Баҳри шӯхӣ дар поёни варақ ширеш бимол ва каме қум пош — ин соҳили баҳрро ифода мекунад. Ё ин ки якчанд печении суроби моҳӣ доштаро бихӯр. Мо низ ёрдамчиёни Исо шуда метавонем. Дуо мекунем Худованд, Ту моро даъват намудӣ, ки шогирдони Исо бошем. Ба мо нишон деҳ, ки барои ин чӣ кор кардан лозим аст. Бо номи Исо. Омин. Дар назди чоҳ Инҷили Юҳанно 4:4–30,39 ЗАНЕ, КИ ИСО ВАЙРО ДАР НАЗДИ ЧОҲ ВОХӮРД, БА ШИНОСҲОЯШ ДАР БОРАИ Ӯ НАҚЛ КАРД? Ё ИН КИ ВАЙ АЗ КАРДАНИ ИН КОР ТАРСИД? Акнун Исо дувоздаҳ шогирд дошт. Онҳо дар ҳама ҷо бо Исо буданд. Боре Исо бо шогирдони Худ ба мамлакати бегона омад. Онҳо дар наздикии шаҳри начандон калон манъ шуданд. Исо дар назди чоҳ нишаст, то ки дам гирад. Ва шогирдони Ӯ ба шаҳр рафтанд, ки каме хӯрок харанд. Исо аз субҳ дар роҳ буд ва дар нисфирӯзӣ бисёр ташна монд. Вале Ӯ косае надошт, ки аз чоҳ об гирад. Дере нагузашта ба назди чоҳ зане омад. Вай дар ин гармии рӯз барои об омада буд, ки ин ғайриоддӣ буд. Вале ин зан ба назди чоҳ дар соатҳое, ки барои об занҳои дигар меомаданд, омадан намехост. Вай аз баъзе рафторҳои худ шарм медошт ва барои ҳамин аз дигар одамон канораҷӯӣ мекард. Вале вай Исоро намешинохт. Вай гумон кард, ки ин Одам чизе дар бораи ҳаёти вай намедонад. Пас вай метавонист аз Ӯ пинҳон нашавад. Исо аз зан об пурсид. — Чаро Ту аз ман об мепурсӣ? — ҳайрон шуд зан. — Охир халқи Ту моро дӯст намедорад. Исо ба ин ҷавоб дод: — Ту намедонӣ, ки Ман Кӣ ҳастам. Агар медонистӣ, худат аз Ман ёрӣ металабидӣ ва баъд аз ин ҳеҷ гоҳ ба он эҳтиёҷ намешудӣ. Баъд Ӯ гуфт: — Бирав ва шавҳаратро ба ин ҷо биёр. — Ман шавҳар надорам, — иқрор шуд зан. — Рост аст. Ту шавҳари бисёр доштӣ. Ва он касе, ки ҳоло ту бо ӯ зиндагӣ мекунӣ, шавҳари ту нест. Зан аз ҳайрат дар ҷояш шах шуд. Исо ҳама чиро дар бораи вай медонист. Вале Ӯ ба вай Одами аз ҳама нек, ки вай боре ҳам вохӯрда буд, менамуд. Вай фаҳмид, ки ин Одами ғайриоддӣ мебошад. Исо ва зан дар бораи ба Худо ибодат кардан сӯҳбат намуданд. Исо ба вай гуфт, ки Ӯ — Писари Худо, Наҷотдиҳандаи ҷаҳон мебошад. Ин муддат шогирдон ба назди чоҳ баргаштанд. Вале онҳо напурсиданд, ки Исо бо ин зан дар бораи чӣ гап мезаданд. Инак, зан бояд интихоби муҳим мекард. Вай метавонист ба шаҳр равад ва дар бораи Исо ба ҳама шиносҳои худ нақл кунад. Албатта, ин ҳангом вай метавонист бо одамоне вохӯрад, ки аз онҳо шарм медошт ва онҳоро дидан намехост. Ё ин ки вай метавонист ба хонааш равад, ва ба касе дар бораи Исо чизе нагӯяд. Ва ин зан чӣ кор кард? Вай ба шаҳр давид. Акнун вай наметарсид, ки бо одамон вохӯрад. Исо ба вай ёрӣ дод. Ӯ ба вай гуфт, ки ба Худо чӣ тавр ибодат кардан лозим аст. Ба ҳамаи онҳое, ки ин зан дар роҳ вомехӯрд, вай мегуфт: — Шитобед Одамеро бубинед, ки дар бораи ман ҳама чизро медонад. Ӯ, аз афташ, Наҷотдиҳанда мебошад. Бисёр одамон, ба гармии рӯз нигоҳ накарда, ба назди чоҳ меомаданд ва Исоро гӯш мекарданд. Онҳо хурсанд буданд, ки Исо, ки дар борааш зан нақл кард, ба шаҳри онҳо омад. Худо низ хурсанд буд. Тамоми сокинони шаҳр дар бораи Исо фаҳмиданд, барои он ки зан ба онҳо ин хабари аҷоибро расонд. То ин ки одамон дар бораи Исо фаҳманд, бояд ягон кас дар бораи Ӯ нақл кунад! Ба хотир меорем Исо ба зан бо кадом хоҳиш муроҷиат намуд? Барои чӣ ин зан аз вохӯрӣ бо дигар одамон канораҷӯӣ мекард? Барои чӣ вай қарор дод бо одамоне гап занад, ки пеш аз онҳо канораҷӯӣ мекард? Зан интихоби дуруст намуд ё не? Дар бораи интихоби худ андеша намо Ту ба шиносҳои худ дар бораи Исо чӣ гуфта метавонӣ? Ту ба онҳо суруди дӯстдоштаи худро дар бораи Ӯ хонда метавонӣ? Аз рӯи расм ту ба онҳо яке аз қиссаҳои каломиро нақл карда метавонӣ? Интихоби дуруст намуданро омӯз Варақҳои китобҳо, маҷаллаҳо, феҳрастҳоро аз назар гузарон ва акси одамони ҳар гуна миллатро ёб. Худо ҳамаро дӯст медорад! Мо муҳаббати худро ба дигар одамон чӣ гуна баён карда метавонем? Исо мехоҳад, ки мо ба шиносҳоямон ҳамаи он чизеро, ки дар бораи Ӯ медонем, нақл кунем. Дуо мекунем Худованд, ба ту барои он, ки моро, ба он нигоҳ накарда, ки ҳама чизро дар бораи мо медонӣ, дӯст медорӣ, шукр мегӯем. Ба мо нишон деҳ, ки чӣ тавр мо метавонем ин хабари хушро ба дигарон гуфта диҳем. Бо номи Исо. Омин. Шифоёбӣ аз дурӣ Инҷили Матто 8:5–13 МИРИСАДИ РУМӢ БА ҚУДРАТИ АЗ ДУРӢ ШИФО ДОДАН ДОШТАНИ ИСО БОВАРӢ МЕКАРД? Ё ИН КИ ВАЙ ГУМОН ДОШТ, КИ ИСО БОЯД АЛБАТТА ДАР НАЗДИ ОДАМИ БЕМОР БОШАД? Дар ҳар ҷое, ки Исо меомад, Ӯ ба одамон дар бораи муҳаббати Худо мегуфт. Ӯ инчунин одамонро, ба онҳо даст расонда, шифо мебахшид. Одамони дар бораи муҳаббат ва қудрати шифо додан доштани Ӯ шунида, ба назди Ӯ ҳатто аз дурӣ меомаданд. Издиҳоми мардум дар ҳама шаҳре, ки Исо меомад, ҷамъ мешуданд. Бисёр вақт Ӯ базӯр роҳ мегашт, зеро Ӯро девори мустаҳками одамон гирд карда буд. Боре мирисади румӣ ба Исо муроҷиат кард. Хизматгори вафодори мирисад дар хонааш монда буд. Ин хизматгор бемор буд, ва касе ӯро шифо дода наметавонист. Вай чунон худро бад ҳис мекард, ки ба назди Исо омада натавонист. Барои ҳамин ба назди Ӯ хӯҷаини вай омада буд. Мирисад, аз афташ, бисёр ҳодисахоро дар бораи он, ки чӣ тавр Исо одамонро шифо медод, шунида буд. Одатан Исо аз бемор мепурсид, ки вай чӣ мехоҳад, баъд ба вай даст мерасонд, ва одам шифо меёфт. Мирисад ба Исо гуфт: — Хизматгори ман дар хона бемор аст. Вай дар бистар хоб аст ва ҷунбида наметавонад. Ҳоли вай беҳад бад аст. Исо ҷавоб дод: — Ман ба хонаи ту меоям ва хизматгоратро шифо медиҳам. Инак, мирисад бояд интихоби муҳим мекард. Вай метавонист аз Исо хоҳиш кунад, ки одамони зиёдеро, ки ба онҳо ёрӣ медод, гузошта, ҳамроҳи вай равад. Мумкин ҳоло дер нашудааст, ки ба хизматгори вай ёрӣ диҳад. Ё ин ки вай бовар карда метавонист, ки Исо қудрати аҷоиби ҳатто дар дурӣ шифо доданро дорад. Ва ана мирисади румӣ ба Исо чӣ гуфт: — Ман лоиқи он нестам, ки Ту ба хонаи ман дароӣ. Ман медонам, ки агар Ту ба хизматгори ман бифармоӣ, ки шифо ёбад, вай шифо хоҳад ёфт. Ман дар бораи ин чун сарлашкар мегӯям. Вақте ки ман ба ҷанговарони худ фармон медиҳам, ки саф кашанд, онҳо саф мекашанд. Ман ба қудрати шифодиҳии Ту боварӣ дорам. Агар Ту бигӯӣ, ки хизматгори ман шифо ёбад, вай албатта шифо хоҳад ёфт. Исо хитоб кард: — Имони ту чӣ қадар бузург аст! Бирав. Хизматгори ту шифо ёфт! Мирисад ба хонааш шитобид. Ба хона баргашта, вай хизматгорашро дид, ки аллакай аз бистараш хеста барои кор кардан омода буд. Вай дигар бемор набуд! Хизматгор ҳамон лаҳзае, ки Исо гуфт, ки вай шифо ёфт, шифо ёфта буд. Исо хурсанд буд, ки мирисад ба қудрати Ӯ ин қадар имон дошт. Ӯ хурсанд буд, ки хизматгори ин одамро шифо бахшида тавонист. Ба хотир меорем Мирисади румӣ ба қудрати шифо бахшидани Исо имон дошт? Ин сарлашкар интихоби дуруст кард ё не? Бо хизматгор чӣ рӯй дод? Дар бораи интихоби худ андеша намо Имрӯз мо Исоро дида наметавонем. Вале мо ба қудрати Ӯ бовар карда ва ба ёрии Ӯ умед баста метавонем. Он ба кӣ лозим аст? Оё ту бовар дорӣ, ки Исо қудрати ба ту ёрӣ додан дорад — ҳатто агар ин ёрӣ дар як лаҳза наояд ҳам? Интихоби дуруст намуданро омӯз Бо ягон кас бо ин бозӣ машғул шав. Бигзор бозингари дуюм, ки дар хонаи дигар аст, фармонҳои туро иҷро кунад. Масалан, ба вай бигӯӣ: «Бипар, қадам зан, рӯятро бурма кун». Баъд фармон деҳ: «Маро ба оғӯш гир!» ва барои ӯро ба оғӯш гирифтан дав. Баъд аз ин барои ягон касе, ки дар дурӣ аст ва ба «оғӯши» Исо эҳтиёҷ дорад, дуо бикун. Мо метавонем боварӣ дошта бошем, ки Исо қудрат дорад ҳам ба одамоне, ки дар наздикии мо ҳастанд, ва ҳам ба одамоне, ки дар дурӣ ҳастанд, ёрӣ диҳад. Дуо мекунем Худованд, оилаи моро аз ҳар гуна бадӣ ва беморӣ нигоҳ дор. Бо онҳое бош, ки мо дӯст медорем, — бо онҳое, ки ҳамроҳи мо ҳастанд, ва бо онҳое, ки дур аз мо мебошанд. Бо номи Исо. Омин. Дасти ёрӣ Инҷили Матто 12:9–14 ИСО ҚАРОР ДОД, КИ НЕК БОШАД ВА БА ОДАМОН ЁРӢ ДИҲАД? Ё ИН КИ Ӯ БА ҚОНУН ИТОАТ МЕКАРД, КИ ДАР ОН СУХАНЕ ДАР БОРАИ МУҲАББАТ ВА ҒАМХОРӢ НАБУД? Исо ҳамаи аҳкомҳои Худоро медонист, ва Ӯ онҳоро иҷро мекард, зеро Худоро, Падари Осмонии Худро дӯст медошт. Вале одамон қонунҳои дигар бароварданд. Баъзеи ин қонунҳо бад ва беадолатона буданд. Бисёр вақт онҳо барои фиреб додани халқ истифода бурда мешуданд. Боре Исо ва шогирдони Ӯ ба маъбад барои ибодат кардан ба Худо омаданд. Рӯзи шанбе, рӯзи истироҳат буд. Одамон Худоро ҳамду сано хонда барои тӯҳфаҳояш шукргузорӣ мекарданд. Исо ва шогирдони Ӯ низ Худовандро ҷалол мехонданд. Дар маъбад Исо мардеро бо дасти хушкшуда, ки вай бо он чизе карда наметавонист, дид. Вай навишта, кор карда, ва ҳатто либосашро пӯшида наметавонист. Исо хост ин одамро шифо диҳад. Вале қонуне, ки одамон бароварда буданд, инро ба Ӯ манъ мекард. Ёрӣ додан ба одам бо кор кардан баробар мешуд, ва рӯзи шанбе касе ҳуқуқ надошт, ки кор кунад. Исо бояд интихоби муҳим мекард. Ӯ медонист, ки яке аз тарзҳои ба Худо, Падари Ӯ, мақбул будан, — ин нек будан ва ба одамон ёрӣ додан мебошад. Барои ҳамин Исо мехост маъюбро шифо диҳад. Вале он гоҳ қонундонон рафтори Ӯро медиданд ва онро дастгирӣ намекарданд. Исо метавонист интихоби дигар кунад. Ӯ метавонист каме таъхир кунад ва ба ин мард рӯзи дигар шифо диҳад. Вале агар ки Ӯ интизор шуда менишаст, он мард мерафт. Ва Исо чӣ кор кард? Ӯ сӯи қонундонон, ки Ӯро манъ кардан мехостанд, тоб хӯрд ва гуфт: — Агар гӯсфанди шумо ба чуқурӣ меафтид, шумо чӣ кор мекардед? Вайро рӯзи шанбе мебаровардед ё рӯзи дигарро интизор мешудед? Ҳол он ки одам аз гӯсфанд бениҳоят қимматтар аст. Барои ҳамин хеле дуруст аст, ки ба одам ҳатто рӯзи шанбе ёрӣ диҳем. Баъди ин суханон Исо ба мард гуфт: — Дастатро дароз кун. Маъюб дасташро дароз кард, ва ҳамон лаҳза дасташ шифо ёфт! Худо хурсанд буд, ки Исо мардро шифо дод. Ӯ роҳи беҳтарини ҷалол додани Падари Осмонии Худро пеш гирифт. Ба хотир меорем Исо ба маъбад кадом рӯз омад? Исо барои маъюбе, ки дар он ҷо дид, чӣ кор кардан хост? Барои чӣ қонундонон намехостанд, ки Исо ба ин мард ёрӣ диҳад? Исо интихоби дуруст намуд ё не? Дар бораи интихоби худ андеша намо Кадом рӯз барои парастиши Худо бахшида мешавад? Ба калисо рафта, ту муҳаббати худро ба Худо нишон медиҳӣ. Ба дигарон ёрӣ дода, ту метавонӣ муҳабататро ба Худо нишон диҳӣ? Интихоби дуруст намуданро омӯз Вақте ки маротибаи дигар ту дар мошин ба калисо меравӣ, ана чӣ кор карда метавонӣ. Нақшаи корҳои некро тартиб деҳ, ки ба ту имконият медиҳанд ба одамон ғамхорӣ намоӣ. Мумкин, ту нақша мекунӣ, ки одами калонсолро хабар мегирӣ ё ба одаме, ки бемор аст, мактуб менависӣ. Мо метавонем Худоро дар рӯзи махсус барои ин ҷудошуда, ба одамон ёрӣ дода ва барояшон ғамхорӣ намуда, ҷалол диҳем. Дуо мекунем Худованд, ба мо нишон деҳ, ки дар рӯзи махсуси Ту ба одамон чӣ гуна нек бошем ва ёрӣ диҳем. Мо мехоҳем, ки Ту бидонӣ, ки чӣ тавр мо Туро дӯст медорем. Бо номи Исо. Омин. «Ман нахустин!» Инҷили Марқус 9:33–37 ШОГИРДОНИ ИСО ЯКДИГАРРО ДАСТГИРӢ МЕКАРДАНД? Ё ИН КИ ОНҲО, БАРОИ КАДОМАШОН НАХУСТИН БУДАН, МУНОҚИША МЕКАРДАНД? Қариб ҳама вақт шогирдони Исо якҷоя буданд. Онҳо ҳамроҳ хӯрок мехӯрданд ва ҳамроҳ сафар мекарданд. Онҳо мисли як оилаи калон зиндагӣ мекарданд. Онҳо Исоро гӯш мекарданд ва ба дигар одамон дар бораи муҳаббати Худо нақл мекарданд. Қисми зиёди вақтро шогирдон мисли дӯстони наздик мегузаронданд ва барои якдигар ғамхорӣ мекарданд. Вале баъзан вақт, чун дар дилхоҳ оилаи калон, онҳо дар бораи ҳамаи он чизе, ки Исо омӯхта буд, фаромӯш мекарданд. Баъзан онҳо фаромӯш мекарданд, ки чизҳоро бо ҳам дидан ва ба якдигар нек будан лозим аст. Баъзан онҳо дар бораи муҳаббат фаромӯш мекарданд. Боре шогирдони Исо ҳама якҷоя ба як шаҳр равон буданд. Дар роҳ онҳо ба гап даромаданд. Мумкин, онҳо дар бораи обу ҳаво гап мезаданд. Мумкин, қиссахоеро ба хотир меоварданд, ки чанд соат пештар Исо нақл карда буд. Ва ногоҳ яке аз онҳо ба ҳамсафарони худ гуфт, ки Исо вайро бештар аз дигар шогирдон дӯст медорад, ки вай шогирди беҳтарини Ӯ, шогирди рақами як, мебошад. Ин изҳоротро шунида, шогирдони дигар ғамгин шуданд. Инак, онҳо бояд интихоби дуруст мекарданд. Онҳо метавонистанд ба дӯсташон мулоим карда фаҳмонанд, ки ҳамаи онҳо ба Исо як хел азиз мебошанд. Ва он гоҳ онҳо ҷанҷол намекарданд. Ё ин ки онҳо метавонистанд муноқиша намоянд. Ҳар кадоми онҳо эътироф карда метавонист, ки маҳз вай беҳтарин ва аз ҳама муҳимтарин шогирди Исо мебошад. Ва шогирдон чӣ кор карданд? Онҳо ба баҳс даромаданд. Яке аз шогирдон гуфт, ки ӯ барои Исо муҳимтарин мебошад, зеро супоришҳои махсуси Ӯро иҷро мекунад. Дигаре дод мегуфт, ки бо Исо пештар аз онҳо шинос шудааст, барои ҳамин вай муҳимтарин аст. Касе мегуфт, ки ӯ аз дигарон калонтар аст, барои ҳамин муҳим вай мебошад. Ва яке аз муноқиша мекардагон гуфт, ки ӯ дар байни онҳо барои он муҳим аст, ки Исо бо модари вай шинос буд. Ва онҳо ҷанҷолро қатъ накарда мерафтанд, ва бо якдигар баҳсу муноқиша мекарданд. Ниҳоят Исо пурсид, ки онҳо дар бораи чӣ гап мезананд. Якон кас аз дувоздаҳ нафар шогирд ба Ӯ ҷавоб надод. Ҳамаро он ба тарс овард, ки Исо дар бораи чӣ гап задани онҳо мефаҳмад. Аммо Исо аз ду сар медонист! Ӯ ба шогирдони Худ гуфт: — Ба Ман маълум аст, ки ҳар кадоми шумо мехоҳед дар назди Ман муҳим намоед. Вале агар шумо инро мехоҳед, бояд ба ҳама ва ҳар кас ёрӣ диҳед. Исо кӯдаки хурдро ба даст гирифт ва илова намуд: — Хусусан ба кӯдакон нек бошед. Ба кӯдак некӣ кардан маънои ба Ман некӣ карданро дорад. Ва он кореро, ки барои Ман мекунед, шумо барои Худо, Падари Осмонии Ман, мекунед. Шогирдон ғамгин шуданд, зеро медонистанд, ки Исо байни онҳо муноқишаро намехост. Онҳо медонистанд: Ӯ мехоҳад, ки ҳар кадоми онҳо, ба ҷои он ки худро боло бардорад, ба наздики худ ёрӣ диҳад. Онҳо бояд якдигарро дастгирӣ мекарданд ва ҳатто ба кӯдакони хурд ёрӣ медоданд. Исо мехост, ки шогирдони Ӯ дар бораи якдигар ғамхорӣ кунанд. Вале Ӯ дӯст доштани онҳоро барои муноқиша намудан баҳри он, ки фаҳманд, ки кадоми онҳо муҳимтар аст, бас накард. Исо, Писари Худо, онҳоро бахшид ва ба онҳо нишон дод, ки чӣ тавр онҳо шогирдони беҳтарини Ӯ шуда метавонанд. Ба хотир меорем Шогирдон барои чӣ баҳс мекарданд? Онҳо интихоби дуруст карданд ё не? Кӣ, бо гуфти Исо, барои Ӯ хусусан муҳим аст? Дар бораи интихоби худ андеша намо Ту дӯсти Исо шуда метавонӣ? Ту ба кадом одамон ёрӣ мерасонӣ? Мумкин дар оилаи ту ҳама ба ягон кас ёрӣ медиҳанд. Маҳз ҳамин тавр шумо метавонед ба якдигар ёрӣ диҳед. Интихоби дуруст намуданро омӯз Ба дари яхдон варақро бо суханҳои «Ман дӯсти Исо мебошам. Ман ба одамон барои ёрӣ дода метавонам» часпон. Агар дар варақ ҷои холӣ монад, чӣ тавр ба дигар одамон ёрӣ доданатро навис ё тасвир намо. Ба дигар одамон ёрӣ додан, аз худписандӣ кардан дар назди онҳо дида, беҳтар аст. Дуо мекунем Худованд, моро барои он бубахш, ки дар назди одамони дигар худписандӣ мекунем. Ту ҳамаи моро як хел дӯст медорӣ ва мехоҳӣ, ки мо ба якдигар ёрӣ расонем! Ба Ту шукр мегӯем. Бо номи Исо. Омин. Исо кӯдаконро дӯст медорад Инҷили Матто 19:13–15 ШОГИРДОН БА КӮДАКОН ИҶОЗАТ ДОДАНД, КИ БА НАЗДИ УСТОДАШОН БИЁЯНД? Ё ИН КИ ОНҲО КӮДАКОНРО БА НАЗДИ Ӯ НАМЕМОНДАНД? Боре, як рӯзи зебои баҳорӣ, як одам ба шаҳр хабари олиҷанобро овард. Исо ба назди сокинони шаҳр меояд! Ӯ худи ҳамин рӯз дар ин ҷо мешавад! Ба ҳама падарони оилаҳо, эҳтимол, дарҳол кор ёфт шуд. Мумкин, онҳо роҳро аз сангҳо ва шохчаҳо тоза карданд. Мумкин, онҳо барои Исо ҷои қуллай тайёр карданд, ки Ӯ дар он ҷо истироҳат карда метавонист. Баъд, аз афташ, мардон бо беқарорӣ омадани Ӯро интизор шуданд. Ҳама модарони ин шаҳр низ, эҳтимол, барои худ кор ёфтанд. Онҳо, мумкин хӯрок тайёр карданд. Мумкин, кӯдакони худро оббозӣ доронданд. Баъд занон либосҳои беҳтарини худро пӯшиданд. Ҳамаи онҳо мехостанд, ки тезтар Исоро бубинанд. Ниҳоят касе хитоб кард: — Исо ба девори шаҳр наздик мешавад! Ҳама ба кӯчаҳо баромаданд ва ба роҳ нигоҳ карданд. Дар интизории Исо падару модарон, эҳтимол, бо якдигар сӯҳбат мекарданд. Онҳо, эҳтимол, дар бораи он гап мезаданд, ки хуб мешуд агар Исо кӯдакони онҳоро ба даст мегирифт ва ҳар яки онҳоро, ҳатто аз ҳама хурдтаринро, баракат медод. Исо ҳамеша мегуфт, ки ҳама одамонро дӯст медорад. Албатта, кӯдаконро низ. Исо ба шаҳр ворид шуд ва ба ҷои барои Ӯ тайёр карда нишаст, ва тамоми саҳарӣ бо сокинони шаҳр сӯҳбат намуд. Одамон Ӯро бодиққат гӯш мекарданд. Ҳатто кӯдакон, гӯё, мефаҳмиданд, ки имрӯз ба назди онҳо Одами ғайриоддӣ омадааст. Ба онҳо шавқовар буд, ки оё Исо онҳоро мебинад. Вақте ки вақти хӯрокхурӣ расид, занон хӯроквориро бароварданд. Ҳама дар рӯи алаф барои хӯрдан нишастанд. Шогирдони Исо ба Ӯ наздиктар нишастанд ва байни худ паст сӯҳбат мекарданд. Онҳо оромии Устодашонро вайрон кардан намехостанд. Ногоҳ якчанд волидайн бо кӯдакҳояшон сӯи Исо равон шуданд. Вале шогирдон онҳоро диданд. Онҳо намехостанд, ки кӯдакон ба Исо халал расонанд. Аз афташ, онҳо қарор доданд, ки кӯдакон лоиқи диққати Ӯ нестанд. Инак, шогирдон бояд интихоби муҳим мекарданд. Онҳо метавонистанд ба волидайн иҷозат диҳанд, ки кӯдаконашонро ба назди Устодашон биёранд. Ё ин ки онҳо метавонистанд онҳоро бо кӯдаконашон ронанд ва аз Исо пинҳон кунанд, ки касе ба наздаш омада буд. Ва ана шогирдон чӣ кор карданд. Онҳо ба падару модарон гуфтанд, ки иҷозат намедиҳанд, ки фарзандонашон Устодро ташвиш диҳанд. Исо барои кӯдакон вақт надорад. Ӯ хеле серкор аст ва онҳоро дидан намехоҳад. Онҳо ҳамин суханонро гуфтанд. Падару модарон хеле ғамгин шуданд. Наход Исо кӯдаконро дӯст надорад? Аммо Исо, суханҳои шогирдонашро шунида, гуфт: — Кӯдаконро монед, ки ба назди Ман оянд. Онҳо дар Малакути Ман одамони муҳимтарин мебошанд. Кӯдакон ба Исо наздик шуданд. Аз ҳама хурдтаринҳояшро Ӯ ба зонуҳои Худ шинонд. Исо ба онҳо қиссаҳои шавқовар нақл кард. Баъд Исо ҳамаи кӯдаконро баракат дод ва барои ҳар кадоми онҳо, ҳатто хурдтаринаш, дуо кард. Ҳамаи кӯдакон бениҳоят хушбахт буданд! Инчунин, ҳамаи падару модарон низ. Ва дар ин ҷо шогирдон фаҳмиданд, ки дар чӣ хато хӯрданд. Исо ҳеҷ гоҳ он қадар машғули кор намешавад, ки ба кӯдакон диққат надиҳад. Исо кӯдаконро дӯст медорад, ва онҳо низ Ӯро дӯст медоранд. Ба хотир меорем Барои чӣ дар ҳар як оила Исоро интизор буданд? Шогирдон ба волидайни кӯдакон чӣ гуфтанд? Шогирдон интихоби дуруст карданд ё не? Исо, кӯдаконро дида, чӣ гуфт? Дар бораи интихоби худ андеша намо Ту ягон маротиба бо одаме чунин муносибат кардӣ, ки гӯё вай лоиқи диққати ту набошад? Мумкин ту ба ҳоҳар ё бародари хурдӣ, дӯсти худ гӯш надодӣ? Барои Исо ҳамаи одамон азиз аст, барои ҳамин ҳар як одам бояд ба ту низ азиз бошад. Интихоби дуруст намуданро омӯз Ба кӯдакони шиносат ин китобро бо қиссаҳои каломӣ нишон деҳ. Ҳамин тариқ, гуфтан мумкин аст, ки ту онҳоро ба назди Исо меорӣ. Мо бояд дӯстони худро азиз дорем, чунки онҳо барои Исо азиз мебошанд. Дуо мекунем Исо, ман хурсандам, ки Ту маро дӯст медорӣ ва ҳама кӯдакон барои Ту азиз мебошанд. Ба ман ёрӣ деҳ ба онҳо фаҳмонам, ки ман низ онҳоро азиз медорам. Бо номи Исо. Омин. Кӣ ёрӣ медиҳад? Инҷили Луқо 10:25–37 МАРДИ СОМАРӢ БА ОДАМИ МАҶРӮҲ ЁРӢ ДОД? Ё ИН КИ ВАЙ АЗ НАЗДАШ ГУЗАШТА РАФТ? — Ёри ман кист? — пурсид як одам аз Исо. Касе, ки ин саволро дод, бисёр мехост ҷавоби Исоро шунавад, чунки дар аҳкомҳои Худо гуфта шудааст: «Худованд Худои худро бо тамоми дилу ҷон дӯст бидор. Ва ёри худро мисли худ дӯст бидор». Ба ин савол ҷавоб дода, Исо масалеро нақл кард. «Як одам аз Ерусалим ба Ёриҳӯ бо роҳе мерафт, ки камодам буд. Вай намедонист, ки вайро роҳзанҳо таъқиб мекунанд. Онҳо нохост дарафтоданд! Гӯё, ки онҳо аз таги замин пайдо шуданд. Роҳзанҳо мусофирро кӯфтанд ва пулҳояшро кашида гирифтанд. Баъд одами маҷрӯҳ ва дуздидашударо дар роҳ партофта рафтанд. Дере нагузашта дар он роҳ одаме пайдо шуд, ки дар маъбад коҳин буд. Вай одами маҷрӯҳро дид, вале ҳатто наистод, ки ба ин бечора ёрӣ диҳад, зеро вайро намешинохт. Мумкин коҳин шитоб мекард ё ин ки нахост дар бораи вай ғамхорӣ кунад. Баъд аз ин дар роҳ одами дигар пайдо шуд. Вай ба коҳини маъбад ёрӣ мерасонд. Ин одам низ одами маҷрӯҳ ва дуздидашударо дид, ки бо вай шинос набуд, ва наистод, ки ба вай ёрӣ диҳад. Мумкин, вай бисёр одами серкор буд. Мумкин, вай фикр кард, ки либосҳояш ифлос мешаванд. Ва боз, дере нагузашта дар ҳамон роҳ боз як одами дигар пайдо шуд. Вай аз тарафи Сомария меомад ва инчунин марди маҷрӯҳро дид. Ин мусофир намедонист, ки ин одами бадбахт кист, аммо мефаҳмид, ки ӯ мӯҳтоҷи ёрӣ мебошад. Инак, марди сомарӣ бояд интихоби муҳим мекард. Вай метавонист истад ва ба одами аз дасти роҳзанҳо зарардида ёрӣ диҳад. Ё ин ки вай метавонист, мисли мусофирони дигар, бо роҳи худ равад. Ва ана марди сомарӣ чӣ гуна рафтор кард. Вай хари худро манъ кард ба зуд ба одами маҷрӯҳ наздик шуд. Вай захмҳои ин одамро шуст ва бо латтачаҳое, ки аз либосаш дарронда гирифт, баст. Баъд вай одами беҳолро бардошт, эҳтиёткорона ба хараш савор кард ва оҳиста ба шаҳр равон шуд. Ниҳоят онҳо ба корвонсарой, ки одатан мусофирон дар он ҷо шабро рӯз мекарданд, расиданд. Ва дар он ҷо марди сомарӣ шаби дароз барои ин бадбахт ғамхорӣ намуд. Пагоҳӣ ин марди раҳмдил бояд сафарашро давом медод. Вай ба хӯҷаини корвонсарой пул дод ва аз вай хоҳиш кард, ки барои он одаме, ки ба ин ҷо оварда буд, ғамхорӣ намояд. Ва боз марди сомарӣ гуфт: «Агар ту ба вай аз пули додагиам зиёдтар сарф кунӣ, ман, ҳангоми бозгашт, ба ту хоҳам дод». Бо ин суханон вай рафт. Чунин буд охири қиссае, ки Исо нақл кард. Баъд Исо пурсид: — Пас кадоме аз ин се мусофир ба марди маҷрӯҳ ёр буд? Одаме, ки ин қиссаи Исоро гӯш мекард, аллакай ҷавобашро медонист. Вай гуфт: — Ёр он сомарие буд, ки истод ва ба вай ёрӣ расонд. — Ту ҳақ мебошӣ, — бо вай розӣ шуд Исо. — Акнун бирав ва худат низ ин гуна ёр бош. Ба хотир меорем Дар аҳкомҳои Худо дар бораи муҳаббат ба ёри худ чӣ гуфта шудааст? Дар масали Исо нақл карда, кӣ ба ёрӣ мӯҳтоҷ буд? Мусофир аз Сомария ба ҷабрдида чӣ тавр ёрӣ расонд? Сомарӣ интихоби дуруст кард ё не? Дар бораи интихоби худ андеша намо Яке аз наздикони мо — ин одамони ба мо шинос мебошанд. Мо бо кадом усул ба онҳо ёрӣ дода метавонем? Дигаре аз наздикони мо — ин одамоне мебошанд, ки мо онҳоро намешиносем. Вақте ки ба одами ношинос ёрӣ лозим аст, мо бояд чӣ кор кунем? Интихоби дуруст намуданро омӯз Рақами телефони одамонеро, ки дар наздикии ту зиндагӣ мекунанд, нависта гир, то ҳангоми ба онҳо ёрӣ лозим шудан, ба онҳо занг зада тавонӣ. Ва то он вақт бо телефони бозичагӣ ба онҳо занг заданро машқ бикун. Худо ба мо фаҳмидани онро, ки чӣ тавр ба наздиконамон нек бошем, ёрӣ медиҳад. Дуо мекунем Худованд, Туро барои одамони нек ва раҳмдил — наздикони мо ва барои он, ки ба мо нишон медиҳӣ, ки чӣ тавр мо худамон, мисли онҳо нек буда метавонем, шукр мегӯем. Бо номи Исо. Омин. Дар дурӣ аз хона Инҷили Луқо 15:11–24 ПИСАРИ ГУМГАШТА ФАҲМИД, КИ ҲАҚ НАБУД ВА БА ХОНА БАРГАШТ? Ё ИН КИ ВАЙ ҚАРОР ДОД, КИ ДАР ҒАРИБӢ МЕМОНАД? Одамон гӯш кардани масалҳоеро, ки Исо нақл мекард, дӯст медоштанд. Онҳо Ӯро мефаҳмиданд, зеро дар ин масалҳо дар бораи одамони мисли онҳо гуфта мешуд. Боре Исо масалро дар бораи падаре, ки ду писар дошт, нақл кард. Писари калонӣ ба падар барои пеш бурдани корҳояш ёрӣ мерасонд. Аммо писари хурди ҷаҳонро дидан мехост. Ва ӯ аз падар хоҳиш кард, ки қисми молу мулкеро, ки бояд ба вай расад, барояш бидиҳад. Вай мехост ҳиссаи худро фавран гирад. Чӣ илоҷ, ин ҳуқуқи вай буд, ки ҳиссаи худро кадом вақт соҳиб шавад. Барои ҳамин падар хоҳиши писарашро иҷро кард ва онҳо хайрухуш карданд. Дар мамлакати дурдаст, ки ҷавон омада буд, вай бисёр вақт нодуруст рафтор мекард, ва дере нагузашта тамоми пулҳояшро сарф намуд. Аз мероси падар чизе намонд, ва ҳатто барои нон пул надошт. То ки аз гуруснагӣ намирад, ҷавон ба хизмати як одам даромад ва ба хукҳои вай хӯрок медод. Вай чунон гурусна буд, ки он хӯрокеро, ки барои хукон тайёр мекарданд, мехӯрд! Он гоҳ ӯ фикр кард: «Ҳатто хизматгорони падари ман то серӣ мехӯранд. Аммо ман гуруснагӣ мекашам». Инак, писари хурдӣ бояд интихоби муҳим мекард. Вай метавонист ба хонаашон баргардад ва аз падараш бахшиш пурсад ва гӯяд, ки тайёр аст барои як порча нон ба вай хизмат кунад. Ё ин ки вай метавонист дар назди хукон монад ва фикр кунад, ки ягон кори бад накардааст. Он гоҳ вай бояд бо фикри ба хона баргаштан тамоман хайрухуш мекард. Ва ҷавон чӣ кор кард? Вай зуд аз молхона давида баромад. Писари гумгашта сӯи падараш шитоб намуд. Тамоми ин вақт падараш ӯро интизор буд. Ана, ниҳоят, вай дар роҳ ба сӯи хона писарашро дид. Либосҳои даридаи вайро дид, ки пур аз чанги роҳ буданд. Падараш ба ғазаб омад? Хашмгин шуд? Не! Вай танҳо дар бораи он фикр мекард, ки чӣ тавр сахт писарашро дӯст медорад ва чӣ тавр барои баргаштани вай хурсанд аст! Падар ба истиқболи писараш шитоб кард ва ӯро ба оғӯш гирифт. Ҷавон беист мегуфт, ки дар назди падараш гунаҳкор аст. Ниҳоят вай хитоб кард: — Ман сазовор нестам, ки писари ту номида шавам. Медонед, падар чӣ кор кард? Вай ба писараш либоси беҳтаринеро, ки дар хона ёфт шуд, овард. Вай ба хизматгоронаш фармуд, ки хӯроки идона тайёр кунанд ва ҳама ҳамсояҳояшро даъват намуд, то ки одамон омада писари ба хона баргаштаи ӯро бубинанд. Исо ин масалро, барои ба одамон ёрӣ додан хоста, нақл кард. Ӯ мехост, ки онҳо донанд: Худо онҳоро ана ҳамин гуна, чӣ тавре ки дар ин масал падар писари хурдиашро, сахт дӯст медорад. Исо ин масалро ба одамоне нақл кард, ки мисли ин писари хурдӣ рафторҳои ноҷо мекарданд. Аммо агар онҳо аз корҳои кардаи худ тавба кунанд, бахшишро ба даст меоранд. Онҳо ба оилаи Худо баргашта метавонанд. Ва Худо албатта онҳоро қабул мекунад. Ба хотир меорем Барои чӣ писари хурдӣ хӯроки хуконро мехӯрд? Вақте ки ӯ қарор дод ба хона баргардад, интихоби дуруст намуд ё не? Падар писари гумгаштаи худро чӣ тавр пешвоз гирифт? Падар аз ин масал ба кӣ монанд аст? Дар бораи интихоби худ андеша намо Холатҳое мешаванд, ки ба ту ба гуноҳат иқрор шудан мушкил мебошад? Чӣ тавр наздикони ту мефаҳмонанд, ки якдигарро бахшиданд? Шумо якдигарро ба оғӯш гирифта якҷоя дуо карда метавонед? Интихоби дуруст намуданро омӯз Бо ягон кас рустшавакон бозӣ кун. Ҳар маротибае, ки одами пинҳоншударо меёбӣ, вайро ба оғӯш гир ва ба «хона» бар. Мо метавонем ба Худо дар бораи рафтори ношоям нақл кунем, ва Ӯ мисли пештара моро дӯст хоҳад дошт. Дуо мекунем Худованд, ба мо ҳар маротибае, ки гуноҳ мекунем, бахшиш пурсиданро омӯз. Туро барои он, ки ҳамеша Падари дӯстори мо мемонӣ, шукр мегӯем. Бо номи Исо. Омин. Дар ҳама ҷо ҷустан Инҷили Матто 18:12–14; Инҷили Луқо 15:3–7; Инҷили Юҳанно 10:11 ЧӮПОН ИСРОРКОРОНА ГӮСФАНДАШРО МЕКОФТ? Ё ИН КИ Ӯ ВАЙРО ПАРТОФТ? Исо боз як масалро дар бораи чӯпоне, ки гӯсфанди бисёр дошт, нақл кард. Беш аз бист гӯсфанд. Ҳатто беш аз панҷоҳ. Ӯ сад гӯсфанд дошт. Ҳар пагоҳӣ чӯпон гӯсфандонашро ба саҳро меовард. Дар он ҷо онҳо алаф мехӯрданд, оби тоза менӯшиданд, дар офтобак бозӣ мекарданд ва дар соягӣ дам мегирифтанд. Ҳар бегоҳӣ гӯсфандон ба хона бармегаштанд, ва чӯпон онҳоро ҳисоб мекард, то боварӣ ҳосил кунад, ки ягонтои онҳо гум нашудаанд, — наваду ҳафт, наваду ҳашт, наваду нӯҳ, сад. Ҳамаашон дар ҷояш. Чӯпон дарвозаҳоро маҳкам мекард, ва гӯсфандон тамоми шаб дар бехатарӣ буданд. Боре бегоҳӣ чӯпон, одатан, гӯсфандонро ҳисоб мекард — наваду ҳафт, наваду ҳашт, наваду нӯҳ… Аммо ин чӣ гап? Гӯсфанди садум куҷо шуд? Охирин хурдакаки нодони вай куҷост? Гум шуд! Мумкин, вай дар буттаи хордор ё дар мобайни сангҳо дар ғор руст шуд. Мумкин вай захмдор шудааст ва роҳ гашта наметавонад. Инак, чӯпон бояд интихоби муҳим мекард. Вай метавонист шаби торик ба ҷустуҷӯи гӯсфандаш барояд. Вай метавонист то даме онро кобад, ки пайдо накунад. Ё ин ки ӯ метавонист дар хонааш монад. Охир, дар молхона ӯ наваду нӯҳ гӯсфанди дигар дошт. Ғайр аз ин, гӯсфанди гумшуда, мумкин, ба хона омадан нахост. Ва чӯпон чӣ кор кард? Вай боварӣ ҳосил кард, ки ҳамаи гӯсфандон дар молхона дар бехатарӣ мебошанд. Баъд вай ҷомаашро ба худаш бор кард, асояшро гирифт ва ба кофтукоби гӯсфанди гумшуда баромад. Вай ба теппаи баланд баромад. Аммо гӯсфандро надид. Вай ҳамаи ғорҳоро кофт. Аммо дар он ҷо низ вайро наёфт. Вай дар назди ҷӯй кофт. Гӯсфанд дар ҳеҷ куҷо наменамуд. Ниҳоят чӯпон ба канори саҳро рафт, ки буттаи хордор мерӯид. Ба вай чунин намуд, ки аз он ҷо баоси пасти «Ба-а, ба-а» мебарояд. Вай аз байни буттаи хордор гузашт ва дар ин ҷо гӯсфанди худро дид! Чӯпони нек вайро ба даст гирифт ва сахт оғӯш кард. Баъд ӯ гӯсфандро бар китфаш бор кард ва оҳиста ба хона бурд. Вақте ки чӯпон ба хона баргашт, ҳамаи дӯстонашро фарёд кард. Ӯ ба онҳо мегуфт: — Биёед ва бо ман шодӣ кунед! Гӯсфанди хурдакаки ман гум шуда буд ва ман онро ёфтам. Ҳама гӯсфандони дигар низ аз ёфт шудани дугонаашон хурсанд буданд. Онҳо барои он шодӣ мекарданд, ки чӯпон дар бораи ҳар яки онҳо ғамхорӣ мекунад. Исо, ки Худро Чӯпони Нек номидааст, ҳар яки моро он тавре, ки чӯпон аз ин масал гӯсфандони худро дӯст медошт, дӯст медорад. Исо намехоҳад, ки ягон нафари мо гум шавад. Ӯ мехоҳад, ки ҳар яки мо аз қафои Ӯ равем. Исо, Чӯпони Нек, ба ҳама ёрӣ дода метавонад, ки дар бехатарӣ дар оилаи Худо бошем. Ба хотир меорем Чӯпон чанд гӯсфанд дошт? Бегоҳӣ, вақте ки онҳоро ҳисоб мекард, вай чиро фаҳмид? Вай интихоби дуруст кард ё не? Вақте ки гӯсфандашро ёфт, чӯпон чиро ҳис кард? Киро Чӯпони Нек меноманд? Дар бораи интихоби худ андеша намо Исо — Чӯпони ту аст. Ту чӣ тавр метавонӣ Ӯро пайравӣ кунӣ, дӯст дорӣ ва ба Ӯ итоаткор бошӣ? Интихоби дуруст намуданро омӯз Рустшаваконро дигар хел низ бозидан мумкин аст. Ту метавонӣ худро гӯсфанди хурдакаки гумшуда аз масал дар бораи чӯпони нек тасаввур кунӣ ва ҳангоми бозӣ овози на он қадар баланд барорӣ, то ки чӯпон туро ёфта тавонад. Вақте ки мо Ӯро дӯст доштан ва ба Ӯ итоат карданро меомӯзем, мо аз қафои Исо, Чӯпони Неки мо меравем. Дуо мекунем Худованд, Туро барои Исо, Чӯпони Неки мо, шукр мегӯем. Дар оилаи Ту мо метавонем худро дар бехатарии пурра ҳис кунем. Бо номи Исо. Омин. «Ташаккур ба Ту, Исо!» Инҷили Луқо 17:11–19 МАРД БАРОИ ШИФО ЁФТАНАШ БА ИСО МИННАТДОРӢ БАЁН КАРД? Ё ИН КИ ВАЙ ҲАМРОҲИ ДӮСТОНИ ХУД ГУРЕХТ? Аз як шаҳр ба шаҳри дигар рафта, Исо одамонеро вомехӯрд, ки дар бораи муҳаббати Худо ба онҳо шунидан мехостанд. Баъзе одамоне, ки Исоро дидан мехостанд, аз беморӣ азоб мекашиданд. Онҳо медонистанд, ки Ӯ беморҳоро шифо мебахшад. Боре Исо даҳ марди махавиро вохӯрд. Қонун ба махавиён ба одамони сиҳат наздик шуданро манъ мекард. Агар махавӣ ба одами дигар наздик мешуд, бемориаш ба ин одам мегузашт. Барои ҳамин, мувофиқи қонун, беморони махавӣ бояд дар дурӣ аз оилаҳояшон зиндагӣ мекарданд. Даҳ марди махавӣ, Исоро, ки дар роҳ меомад, дида, ҷуръат накарданд, ки ба Ӯ наздик шаванд. Онҳо медонистанд, ки бояд дар дурӣ истанд. Аммо онҳо бисёр мехостанд, ки Исо онҳоро шифо бахшад. Барои ҳамин онҳо бо овози баланд фарёд заданд: — Исо, илтимос, ба мо ёрӣ деҳ! Исо медонист, ки ин одамон аз Ӯ чӣ гуна ёрӣ мехоҳанд. Ва Ӯ ба онҳо гуфт: — Ба хонаҳоятон баргардед. Шумо дигар бемор нестед. Худро аз хушбахтӣ ҳис накарда, махавиҳо аз ҷойҳояшон бархестанд. Бо чӣ гуна хурсандӣ онҳо оилаҳои худро мебинанд! Онҳо дар роҳ медавиданд ва якдигарро аз назар мегузаронданд. Онҳо медиданд, ки заҳмҳояшон нобуд гаштанд! Нохост яке аз ин даҳ мардон дар ҷояш истод. Дар он вақте ки дӯстони вай давиданро давом медоданд, вай дар роҳ шах шуда меистод. Фикр дар бораи он, ки Исо бо вай мӯъҷиза офарид, ӯро дар ҷояш медошт. Инак, одаме, ки истод, бояд интихоби муҳим мекард. Вай метавонист ба назди Исо баргардад ва ба Ӯ ташаккур гӯяд. Ин рафтор дуруст мебуд. Ё ин ки ӯ метавонист ҳамроҳи он нӯҳ нафар шифоёфта давида равад. Агар ки ҳама давида истодаанд, чаро вай бояд дар ҷояш истад? Охир вай на камтар аз онҳо мехост, ки зудтар ба хонааш равад. Ва ана ин одам чӣ кор кард. Вай қарор дод, ки ҳар як қадами ба пеш мондаашро хато ҳисоб хоҳад кард. Пеш аз он, ки ба пеш рафтанро давом диҳад, вай бояд ба қафо равад ва ба Исо миннатдорӣ баён кунад. Барои ҳамин, одами аз махавӣ шифоёфта ба қафо гашт ва ба он ҷое давид, ки Исо меистод. Вай дар назди Ӯ ба зону зад ва барои шифо ёфтанаш миннатдорӣ изҳор намуд. Мард қудрати шифодиҳандаи Худоро ҷалол мехонд. Исо пурсид: — Магар махавиён даҳ нафар набуданд? Он нӯҳ нафаре, ки Ман шифо додам, куҷо шуданд? Ту танҳо баргаштӣ, ки ба Ман ташаккур гӯӣ. Мард медонист, ки боқимондаҳо ба хонаҳояшон рафтанд, вале чизе ҷавоб надод. Вай хурсанд буд, ки баргашт ва Исо миннатдорӣ баён мекард. Исо ба ин одам табассум намуд ва гуфт: — Аз зону бархез, ту бояд ба хона, ба назди оилаи худ биравӣ. Ту бовар кардӣ, ки Ман қудрат дорам туро шифо бахшам, ва инак ту сиҳат ҳастӣ. Ва мард ба хонааш равон шуд. Вақте ки ӯ ба хона баргашт, наздиконаш аз дидани ӯ хушбахт буданд. Вай низ хушбахт буд, ки боз ҳамроҳи онҳо аст. Вохӯрӣ бо Исо ба вай хурсандӣ бахшид! Ба хотир меорем Махавиён чанд нафар буданд? Исо ба онҳо чӣ гуна ёрӣ дод? Барои чӣ яке аз мардон истод? Ин одам интихоби дуруст намуд ё не? Дар бораи интихоби худ андеша намо Вақте ки одамон ба ту ёрӣ медиҳанд, ту ба онҳо чӣ мегӯӣ? Худо ба ту чӣ гуна ёрӣ медиҳад? Дар ин ҳолат ту чӣ гуна миннатдорӣ баён мекунӣ? Интихоби дуруст намуданро омӯз Худо ба мо тӯҳфаҳои зиёде додаст. Мо дӯст, одамони наздик, хӯрок, либос, ҳайвонҳои хонагӣ, саломатӣ ва ғ. дорем. Фикр кун, ки ту бо ҳар як ҳарфи алифбо ягон тӯҳфаи Худоро номбар карда метавонӣ? Ту метавонӣ ҳар рӯз дар дуо Худоро барои яке аз ин тӯҳфаҳо шукргузорӣ намоӣ. Ҳар як одаме, ки қарори ба Худо шукргузор буданро қабул кардааст, хушбахттар мешавад. Дуо мекунем Худованд, ба ту шукр мегӯем, ки Ту ҳам дар рӯзҳое, ки мо беморем, ва ҳам дар рӯзҳое, ки мо худро хуб ҳис мекунем, ҳамроҳи мо мебошӣ. Ба мо ёрӣ деҳ, ки ҳамеша ба Ту барои ҳама он чизе, ки ба мо мефиристӣ, миннатдор бошем. Бо номи Исо. Омин. Паррандагонро дидан Инҷили Марқус 10:46–52 БАРТИМАЙ БОВАРӢ ДОШТ, КИ ИСО БА ВАЙ ЁРӢ МЕДИҲАД? Ё ИН КИ Ӯ ҲАТТО КӮШИШИ БО Ӯ ГАП ЗАДАН НАКАРД? Бартимай дар хона нишастанро дӯст намедошт. Вақте ки вай ба кӯча мебаромад, дар рӯяш вазидани шамолро ҳис мекард. Хондани паррандагонро мешунид. Бӯи нони нав пухташударо ҳис мекард. Аммо Бартимай ҳеҷ чизро намедид, ва дида ҳам наметавонист, зеро аз лаҳзаи таваллуд шуданаш кӯр буд. Рӯзҳои дароз вай дар канори роҳ менишаст ва садақа мепурсид. Ба ҳар як одами аз наздаш мегузашта вай дасташро барои пул дароз мекард. Ин барои Бартимай ягона роҳи ёфтани нон барои зиндагиаш буд. Баъзе роҳгузарон кам медоданд. Дигарон бисёр. Ва баъзеҳо ҳеҷ чиз намедоданд. Боре Бартимай хабари аҷоибро шунид. Ӯ дар бораи Исо шунид. Ба ӯ гуфтанд, ки Исо ҳама одамонро шифо медиҳад, ҳатто кӯрони модарзодро. Бартимай, аз афташ, ҳайрон шуд. Ин Исо кӣ аст? Ӯ вайро шифо дода метавониста бошад? Боре Бартимай, аз рӯи одат, дар назди роҳ менишаст. Аммо имрӯз барои вай ғайриоддӣ менамуд. Вай ба суханҳои одамони дар канори роҳ истода гӯш медод. Онҳо дар бораи Исо гап мезаданд. Имрӯз Ӯ бояд аз ин роҳ гузарад! Ана аллакай овозҳои хурсандона садо медоданд. Исо рост ба он тараф равон буд, ки Бартимай менишаст! Инак, Бартимай бояд интихоби муҳим мекард. Вай метавонист бо умеди он, ки Исо вайро мешунавад, баланд фарёд занад. Вай метавонист бовар кунад, ки Исо ба вай ёрӣ медиҳад ва, ҳатто ӯро шифо мебахшад. Ё ин ки Бартимай метавонист мисли пешина дар сари роҳ нишаста садақа пурсад. Он рӯз одам бисёр буд, вай метавонист пули бисёр ҷамъ кунад. Ғайр аз ин, вай намедонист, ки оё дар ҳақиқат Исо ба вай шифо дода метавонист ё не. Ва Бартимай чӣ кор кард? Вай фарёд зад: — Исо! Ба ман раҳм кун! Вале одами кӯрро одами зиёде гирд карда буд, ва ҳеҷ кас вайро ба пеш гузаштан намемонд. Баръакс, одамони дар пеш истода аз ӯ хоҳиш карданд, ки хомӯш шавад. Аммо Бартимай хомӯш шудан намехост ва боз як маротибаи дигар фарёд зад: — Исо, ба ман раҳм кун! Исо истод ва фармуд, ки одамеро, ки дод мезад, ба назди Ӯ биёранд. — Рав, — гуфт касе ба Бартимай. — Исо туро дидан мехоҳад. Чӣ хушбахтӣ! Кӯр ҷаста ба пояш хест ва аз мобайни анбӯҳи одамон гузашт. Вай пеш аз он, ки инро фаҳмида тавонист, дар назди Исо меистод. Исо аз Бартимай пурсид: — Ту чӣ мехоҳӣ? — Мехоҳам бино шавам. Исо табассум намуд. — Ту бовар кардӣ, ки Ман туро шифо дода метавонам. Ва Ман туро бино мекунам. Бартимай оҳиста чашмонашро кушод. Ҳо бале, вай мебинад! Аз афташ, якум чизе, ки Бартимай дид, ин хандаи Исо буд! Баъд вай паррандагон, абрҳо, роҳро дид. Вай ҳар як одамро аз назар гузаронд. Бартимай аз қафои Исо рафт. Вай чунон хурсанд буд, ки Ӯро фарёд кард. Акнун вай мебинад, ки ба куҷо меравад! Исо низ хурсанд буд, ки Бартимай ба қудрати шифодиҳандаи Ӯ бовар кард. Ба хотир меорем Бартимай аз Исо чӣ мехост? Бартимай интихоби дуруст намуд ё не? Исо ба Бартимай ёрӣ дод ё не? Ин шифоёбӣ ба кӣ хурсандӣ бахшид? Дар бораи интихоби худ андеша намо Ту аз Исо барои худат ё дӯстат чӣ хоҳиш кардан мехоҳӣ? Исо ҳамеша ба одамон ёрӣ медиҳад, аммо бо ҳар гуна роҳ. Ӯ инро бо кадом роҳ мекунад? Ту барои онҳое, ки нағз намебинад ё намешунавад, онҳое, ки дар бистар хобанд, чӣ кор карда метавонӣ? Интихоби дуруст намуданро омӯз Соати зангдорро чунон барқарор кун, ки он дар давоми рӯз якчанд бор садо диҳад. Ҳар маротиба, садои онро шунида, Худовандро барои он, ки ту дида (ё шунида, ё гашта) метавонӣ, шукргузорӣ намо. Мо метавонем ба Худо дар он умед бандем, ки Ӯ ба мо барои саломатии худ ғамхорӣ кардан ёрӣ медиҳад. Дуо мекунем Худованд, Туро барои он шукргузорӣ мекунем, ки мо дида, шунида метавонем, барои он, ки Ту ба мо ҳама чизро додӣ! Ба мо ёрӣ деҳ қарор қабул кунем, ки барои саломатии худамон ғамхорӣ намоем. Бо номи Исо. Омин. «Дар паҳлӯи Ман шин!» Инҷили Луқо 10:38–42 МАРЯМ ИСОРО ГӮШ КАРД? Ё ИН КИ Ӯ БО КОРҲОИ ХУД МАШҒУЛ ШУД? Дар шаҳраки хурди Байт-Ҳинӣ ҳама занон бо ягон коре машғул буданд: баъзеҳо аз чоҳ об мекашонданд, дигарон гандум мекӯфтанд, то ки нон пазанд, сеюмин либос мешустанд. Ду ҳоҳаре, ки дар хонаи хурдакак зиндагӣ мекарданд, инчунин машғули кор буданд. Аммо Марям ва Марто барои он либос шустанд, пухтупаз карданд ва хонаро ба тартиб оварданд, ки барои омадани дӯсти худ Исо тайёрӣ медиданд! Дере нагузашта дар хона ҳама чиз аз тозагӣ медурахшид, ва дар оташ хӯрок тайёр мешуд. Ва инак Исо ба назди Марям ва Марто омад. Онҳо дӯстони наздики Ӯ буданд, барои ҳамин Ӯ ба хонаи онҳо омаданро дӯст медошт. Исо нишаст ва дар бораи муҳаббати Худо нақл кард. Дар ин лаҳза Марто дар бораи корҳое, ки бояд мекард, фикр дошт. Мумкин, ба вай лозим буд, ки хӯрокро пазад. Баъд онро ба косахо резад ва об биёрад. Исо аз роҳ ташна монда омадааст, мумкин об нӯшидан мехоҳад. Не, вай як худаш аз ӯҳдаи ҳамаи ин корҳо намебарояд, ёрии Марям лозим аст. Аммо Марям бояд интихоби муҳим мекард. Вай метавонист нишаста онро гӯш кунад, ки Устод дар бораи муҳаббати Худо чӣ мегӯяд. Ӯ бениҳоят Устоди нек аст, ва Марям гӯш кардани Ӯро дӯст медошт. Ё ин ки вай метавонист ба корҳои хоҳараш ёрӣ диҳад, ва он гоҳ Исо бояд интизор мешуд, ки кай ӯ озод мешавад. Ва Марям чӣ кор кард? Вай ба Исо наздиктар шуд, то ҳар як сухани Ӯро беҳтар шунавад. Исо, ин гуна шунавандаи бодиққатро дида, табассум намуд. Аммо Марто ҳатто вақти табассум кардан надошт. Вай ба Исо гуфт: — Кори ман бисёр аст. Ба Марям бигӯй, ки ба ман ёрӣ диҳад. Исо ба вай ҷавоб дод: — Марто, Марто, ғамгин нашав. Марям дар бораи муҳаббати Худо шунидан мехоҳад. Ин аз ҳама муҳим аст. Исо қиссаҳои бисёре дошт, ки мехост ба ҳар дуи ҳоҳарон нақл кунад, аммо Ӯ метавонист боз ками дигар дар хонаи онҳо бошад. Чӣ тавр Ӯ мехост, ки Марто низ дар назди Ӯ шинад ва дар бораи муҳаббати Худо шунавад! Ба хотир меорем Марто ва Марям бо кадом корҳо машғул буданд? Исо, вақте ки ба хонаи онҳо меомад, чӣ кор мекард? Марто аз Марям чӣ гуна ёриро мехост? Марям интихоби дуруст намуд ё не? Дар бораи интихоби худ андеша намо Ту худро шунавандаи бодиққат номида метавонӣ? Ту боз чӣ тавр бодиққаттар шуда метавонистӣ? Бигӯй, ки боз чӣ тавр дар бораи муҳаббати Худо донистан мумкин аст. (Шунидани он, ки касе қиссаҳои каломиро мехонад; филмҳову барномаҳои телевизионии масеҳиро тамошо кардан; ба маънои суханҳои сурудҳо дар бораи Исо сарфаҳм рафтан). Интихоби дуруст намуданро омӯз Одамеро ёб, ки дар бораи Худо гап заданро дӯст медорад, ва хоҳиш кун, ки вай ба ту дар бораи муҳаббати Худо нақл кунад. Мумкин, ин модар ё падари ту, бибӣ, бобо, шӯбони калисо ё муаллими мактаби якшанбегӣ мешавад. Кӯшиш намо, ки онҳоро бодиққат гӯш кунӣ! Ба Худо хуш аст, вақте ки мо онҳоеро гӯш мекунем, ки дар бораи муҳаббати Худо гап мезанад. Дуо мекунем Худованд, вақте ки ягон кас дар бораи Ту ва Писари Ту гап мезанад, ба мо ёрӣ деҳ, ки ӯро бодиққат гӯш кунем. Омин. Дар болои дарахт Инҷили Луқо 19:1–10 ЗАККАЙ БА ИСО БА ХАТОҲОИ КАРДААШ ИҚРОР ШУДА БАРОИ КАРДАНИ ОНҲО ПУШАЙМОНӢ ЗОҲИР НАМУД? Ё ИН КИ ВАЙ НОДУРУСТ РАФТОР КАРДАНРО ДАВОМ МЕДОД? Дар як шаҳри начандон калон сарватдоре бо номи Заккай зиндагӣ мекард. Ба боигарии худ нигоҳ накарда, вай одами бадбахт буд. Боигарии худро вай бо ҳилаву найранг, аз сокинони шаҳр боҷро аз миқдори муайян зиёд гирифта, ҷамъ карда буд. Пулҳои зиёдатӣ дар кисаҳои вай мемонданд. Ба одамон маъқул набуд, ки чӣ тавр вай аз онҳо пулҳояшонро кашида мегирад, барои ҳамин вай ягон дӯсте надошт. Вай яккаву танҳо буд. Боре Заккай фаҳмид, ки Исо ба шаҳри онҳо омадааст. Дар аввал вай, мумкин, ба ин хабар аҳамият надод. Саломатии вай хуб буд, чашмонаш бино буданд, барои ҳамин вай ба ёрии Исо мӯҳтоҷ набуд. Аммо баъд Заккай фикр кард, ки Исо барои ҳар як одам дӯст будан мехоҳад. Шояд, ба вай лозим аст, ки як маротиба ин Исоро бинад. Заккай ба роҳе, ки Исо бояд мегузашт, баромад. Аммо ҳама сокинони шаҳр низ ба пешвози Исо баромада буданд! Одамон чунон бисёр буданд, ки Заккай чизеро дида наметавонист — қади вай паст буд. Вай ҳатто хоҳиш карда наметавонист, ки ба вай роҳ диҳанд, зеро касе ӯро дӯст намедошт. Ва ба сари Заккай фикри аъло омад. Чӣ мешавад, агар вай ба болои дарахте, ки дар кӯчае, ки Исо аз он мегузашт, мерӯид, барояд? Заккай ҳамин тавр кард. Вай дар болои шохе, ки баргҳои бисёр пӯшонда буданд, нишаст. Акнун вай ҳамаро медид, вале касе вайро дида наметавонист! Исо наздиктар ва наздиктар мешуд. Заккай дид, ки рӯи Ӯ бениҳоят меҳрубон аст. Аммо оё Исо дӯсти қаллоб шудан мехоста бошад? Исо рафта истода буд ва нохост… Ӯ рост дар таги он дарахте, ки Заккай менишаст, истод! Ӯ ба боло нигоҳ кард ва, дар байни шохҳо Заккайро дида, ба вай гуфт: — Ба поён фаро. Имрӯз Ман ба хонаи ту меоям. Ба ин бовар кардан ба Заккай бениҳоят душвор буд. Танҳо дӯст ба хонаи вай омада метавонист. Пас, Исо дӯсти вай шудан мехоҳад. Аммо бо он боигарие, ки Заккай бо роҳи қаллобӣ ба даст оварда буд, чӣ бояд кард? Инак, Заккай бояд интихоби муҳим мекард. Вай метавонист аз дарахт фарояд ва Исоро ба хонаи худ биёрад. Онҳо бо Исо метавонистанд дӯст шаванд. Ё ин ки Заккай метавонист интизор шавад, ки кай Исо меравад. Баъд аз ин яккаву танҳо ба хонаи бой ва зебои худ баргардад. Ва Заккай чӣ кор кард? Мисли санҷоб чусту чолок вай аз дарахт фаромад ва Исоро ба хонааш бурд. Дар он ҷо онҳо сӯҳбат карданд. Дар назди Исо нишаста, Заккай аз боигарии бо дурӯғ ҷамъ кардаи худ шарм дошт ва гуфт: — Ман нисфи дороии худро ба мискинон медиҳам. Ва ба одамоне, ки аз онҳо боҷи барзиёд гирифтам, чор баробар зиёдтар аз гирифтагиам подош медиҳам. Дӯстӣ бо Исо ба Заккай аз ҳама он пулҳое, ки ӯ баргардондан мехост, қимматтар буд. Исо хурсанд буд, ки Заккай аз корҳои нодуруст кардааш пушаймон шуд. Ӯ хурсанд буд, ки Заккай ниҳоят хост хатогиҳои худро ислоҳ кунад. Исо гуфт: — Ман омадам, ки ин гуна одамонро, мисли ту, ёбам, ва ба онҳо ёрӣ диҳам. Акнун ту фарзанди наҷотёфтаи Худо мебошӣ. Ба хотир меорем Заккай бо кадом роҳ бой шуд? Барои чӣ вай ба болои дарахт баромад? Исо ба Заккай чӣ гуфт? Заккай интихоби дуруст намуд ё не? Баъд аз он, ки Исо ба хонаи вай ба меҳмонӣ омад, Заккай чӣ гуна тағйир ёфт? Дар бораи интихоби худ андеша намо Исо инчунин дӯсти ту шудан мехоҳад. Ӯ ба ту барои такрор накардани кадом хатогиҳоят ёрӣ медиҳад? Интихоби дуруст намуданро омӯз Дар таги миз шин ва боварӣ ҳосил намо, ки ту аз он ҷо чизеро, ғайр аз пойҳо, намебинӣ. Баъд ба болои курсӣ баро ва ба атроф нигар, чӣ тавре ки Заккай аз болои дарахт нигоҳ мекард. Ҳангоми хӯрок хӯрдан ба болои миз як асбобу анҷоми хӯрокхӯрии зиёдатиро гузор ва тасаввур кун, ки Исо дар паҳлӯи ту мешинад, ва бо Ӯ сӯҳбат кун. (Ту медонӣ, ки Ӯ дар ҳақиқат дар назди ту аст!) Мо имконият дорем аз Исо хоҳиш кунем, ки барои хатогиҳоямонро ислоҳ кардан, ва дигар ҳеҷ гоҳ онҳоро такрор накардан, ба мо ёрӣ диҳад. Дуо мекунем Худованд, чӣ хуш аст дарк кардан, ки Исо дӯсти ҳар яки мо шудан мехоҳад. Ман аз пушаймонам ва акнун мехоҳам дуруст рафтор кунам. Бо номи Исо. Омин. Тӯҳфа барои Исо Инҷили Луқо 7:36–50 ЗАН БА ИСО ЧИЗИ АЗ ҲАМА БЕҲТАРИН ДОШТААШРО ТАҚДИМ НАМУД? Ё ИН КИ Ӯ ОНРО БАРОИ ХУДАШ МОНД? Исо одатан бо дӯстони Худ хӯрок мехӯрд. Онҳо бо ҳам сӯҳбат мекарданд, механдиданд ва дам мегирифтанд. Боре як одами асилзода бо номи Шимъӯн аз Исо хоҳиш кард, ки ба меҳмонӣ ояд. Шимъӯн ба хонааш одамони зиёдеро даъват кард. Аммо як зан, аз афташ, даъват нашуда буд. Вай чунон рафтор мекард, ки аз он шарм медошт. Ҳама медонистанд, ки вай чӣ гуна зиндагӣ мекунад, ва бисёр одамон ӯро дӯст намедоштанд. Аммо зан шунида буд, Исо дар бораи муҳаббати Худо чӣ мегуфт. Вай бовар дошт, ки Исо ӯро дӯст медорад. Барои ҳамин вай хост барои Исо тӯҳфаи аҷоиб орад, чизи беҳтаринро, ки ӯ дошт, — зарфро бо равғани атрафшон, ба Ӯ тӯҳфа кунад. Вай медонист, ки Исо бисёр роҳ мегардад, ва, албатта, ҳангоми роҳ рафтан кафшҳо пойҳояшро захмдор мекунанд. Равғане, ки вай тӯҳфа кардан мехост, хастагии пойҳои Исоро гирифта метавонистанд. Инак, зан бояд интихоби муҳим мекард. Вай метавонист равғани худро ба пойҳои Исо бирезад. Ин барои ғамхории Ӯ нисбат ба вай, барои хушхабар дар бораи бахшиши Худо, изҳори миннатдорӣ шуда метавонист. Ё ин ки ӯ метавонист зарфро бо равғани атрафшон барои худаш монад. Эҳтимол, Исо намехоҳад, ки ӯ ба Исо даст расонад. Эҳтимол, Ӯ тамоман варо дӯст намедорад. Ва зан чӣ кор кард? Аввал вай равғанро ба пойҳои Исо рехт, ва баъд онҳоро бо мӯйҳои дарозаш пок кард. Вақте ки бӯи равған дар хона паҳн шуд, бисёри меҳмонҳо ба гирду атроф назар карданд ва ин занро диданд. Инчунин соҳиби хона меҳмони нохондаро дид. Вай дар бораи ҳаёти ин зан ҳама чизро медонист, ва ба Исо дар бораи гуноҳҳои вай гуфта дод. Дар ҷавоб Исо ба Шимъӯн гуфт: — Ту Маро дар хонаат қабул карда, бароям чизе накардӣ. Ту пойҳои Маро нашустӣ ва ҳатто салом нагуфтӣ. Аммо ин зан муҳаббати зиёдашро ба Ман пинҳон накард. Баъд Исо ба зани гуноҳкор нигоҳ кард. Ва зан инчунин ба чашмони Ӯ нигарист. Дар онҳо муҳаббати бепоён нисбат ба вай дида мешуд. Бале, Исо медонист, ки дар назди Ӯ зани гуноҳкор истодааст, ки вай хатоҳои зиёд содир кардааст. Аммо Ӯ боз медонист, ки ин зан тағйир ёфтан, зиндагиашро дигар кардан мехост. Вай дар бораи муҳаббат ва бахшиши Худо шунидан мехост. Зан гиря кард. Аммо ин ашкҳои ғам набуданд, ин ашкҳои хурсандӣ буданд. Вай хушбахт буд, ки Исо вайро фаҳмид. Вай хушбахт буд, ки Ӯ вайро ин қадар сахт дӯст медорад. Исо бо ин суханҳо ба вай муроҷиат кард: — Гуноҳҳоят бахшида шуданд. Ту ба Ман бовар кардӣ, ва акнун фарзанди наҷотёфтаи Худо мешавӣ. Бо саломатӣ бирав. Зан чӣ тавр хурсанд шуда буд, ки ба Исо чизи беҳтаринашро тӯҳфа кард! Исо инчунин хурсанд буд, гуноҳҳои вайро бахшида тавонист. Ба хотир меорем Барои чӣ зан хост равғани атрафшонро ба пойҳои Исо резад? Вай интихоби дуруст намуд ё не? Баъд аз он, ки зан ба Исо чизи беҳтарин доштаашро тӯҳфа кард, Ӯ чӣ гуфт? Дар бораи интихоби худ андеша намо Кадом тӯҳфаи ягон вақт кардаатро ту ғайриоддӣ меҳисобӣ? Барои чӣ ту хостӣ онро тӯҳфа кунӣ? Ту ба Исо тӯҳфа карда метавонӣ. Ӯ мегӯяд, ки ба дигар одамон тӯҳфа намуда, мо ба Ӯ тӯҳфа мекунем. Ва вақте ки ту ба Исо мегӯӣ, ки Ӯро дӯст медорӣ, ки аз корҳои нодуруст кардаат пушаймонӣ, Ӯ инро чун тӯҳфа қабул мекунад. Интихоби дуруст намуданро омӯз Дар варақ расми кӯзаро тасвир кун ва ба он якчанд қатра атр чаккон. Баъд ин расмро ба ягон кас тӯҳфа кун, то ки ин одам фаҳмад, ки ту Исоро чӣ тавр сахт дӯст медорӣ. Ба одамон ягон чиз тӯҳфа кардан — усули хуби нишон додани он аст, ки мо Исоро дӯст медорем. Дуо мекунем Исо, мо Туро дӯст медорем. Ба мо ёрӣ деҳ, ки дуруст рафтор карда, ба Ту муҳаббатамонро нишон диҳем. Бо номи Ту. Омин. Ба Ерусалим Инҷили Матто 21:1–11, 14-16; Инҷили Луқо 19:29–40 ШОГИРДОНИ ИСО ХАРКУРРАРО БАРОИ Ӯ ОВАРДАНД? Ё ИН КИ ОНҲО ҚАРОР ДОДАНД, КИ УСТОДАШОН НАБОЯД БА ЕРУСАЛИМ РАВАД? Исо дар болои теппаи начандон дуртар аз Ерусалим меистод. Дар давоми се сол Ӯ қариб тамоми мамлакатро тай намуд. Ба ҳар куҷое, ки Ӯ меомад, тӯдаи одамон ҷамъ мешуд. Одамон шунидан мехостанд, ки Худо онҳоро дӯст медорад. Онҳое, ки аз бемориҳо азоб мекашиданд, мехостанд, ки Исо онҳоро шифо диҳад. Онҳое, ки бадкирдорӣ мекарданд, мехостанд, ки Ӯ онҳоро бахшад. Ба бисёриҳо суханон ва рафторҳои Исо маъқул буданд. Баъзе одамон ҳатто мехостанд, ки Ӯро подшоҳ кунанд. Аммо дар Ерусалим бисёри қонундонон Исоро дӯст намедоштанд. Онҳо метарсиданд, ки агар Исо подшоҳӣ кунад, онҳо аз қудрати худ маҳрум мешаванд. Барои ҳамин онҳо кӯшиш доштанд, ки бо ҳар гуна савол Ӯро ба хиҷолат оранд. Аммо Исо ҳамеша медонист, ки чӣ тавр дуруст ҷавоб диҳад. Онҳо кӯшиш мекарданд, ки Ӯро барои риоя накардани қонун айбдор кунанд, аммо Исо ҳамеша дуруст рафтор мекард. Ниҳоят онҳо қарор доданд ба Ерусалим баргарданд, Ӯро дар он ҷо интизор шаванд ва ягон ҳила ёбанд. Онҳо мехостанд бо дилхоҳ роҳ аз Исо халос шаванд. Исо медонист, ки дере нагузашта дар ҳаёти Ӯ ҳодисаҳои фоҷиавӣ рӯй медиҳанд. Аммо Ӯ инчунин медонист, ки вақти ба Ерусалим рафтан фаро расидааст. Барои ҳамин Ӯ дар наздикии шаҳр истод ва ба ду шогирди Худ гуфт: — Ман мехоҳам, ки шумо ба деҳаи дар наздикии Ерусалим воқеъ буда равед ва дар он ҷо модахареро ёбед. Дар назди вай курраашро, ки ба он касе боре ҳам савор нашудааст, мебинед. Онро ба назди Ман оред. Агар ягон кас пурсад, ки курраро чӣ мекунед, гӯед, ки ин барои Устоди шумо лозим аст. Инак, шогирдон бояд интихоби муҳим мекарданд. Онҳо метавонистанд ба деҳа раванд, курраро кофта ёбанд ва, чӣ тавре ки Ӯ мехост, онро ба назди Исо биёранд. Ё ин ки онҳо вонамуд карда метавонистанд, ки ин курраро наёфтанд. Онҳо кӯшиш карда метавонистанд, ки Исоро манъ кунанд ва нагузоранд, ки Ӯ ба Ерусалим ворид шавад. Охир, дар шаҳр хатар вуҷуд дошт. Ва шогирдони Исо чӣ кор карданд? Онҳо ба деҳа рафтанд ва модахарро бо куррааш ёфтанд. Ба соҳибаш онҳо гуфтанд: — Вай ба Худованд лозим аст. Баъд шогирдон курраро ба назди Исо оварданд. То ин ки дар болои вай нишастан ба Устодашон қуллай бошад, онҳо ба болаи курра либосҳояшонро монданд. Дар болои кур а аз теппаи баланд фаромада, Исо ба дарвозаҳои Ерусалим наздик шуд. Одамон Ӯро бо нидоҳои хурсандона пешвоз мегирифтанд: — Хӯшаъно! Исо — Подшоҳи мо! Онҳо ҷомаҳои худро дар роҳ густурда шохаҳои дарахтонро алвонҷ медоданд. Исо аз дидани он, ки чӣ тавр халқ хурсандӣ мекунад, шод буд. Ӯ розӣ буд, ки шогирдон барои Ӯ курраро оварданд. Вақте ки Исо ба шаҳр ворид шуд, беморонро шифо бахшид. Ва дар байни ғавғои издиҳом Ӯ овозҳои хурсандонаи кӯдаконро ҳис мекард. Аммо нохост нигоҳи Исо маҳзун шуд. Ӯ қонундононро дид, ки Ӯро дӯст намедоштанд. Ӯ медонист, ки дере нагузашта онҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Аммо ин ҳатто хуб аст, зеро маҳз барои ҳамин Ӯ ба рӯи замин омада буд. Ба хотир меорем Исо ба кадом шаҳр наздик шуд? Ӯ аз ду шогирдаш чӣ хоҳиш кард? Шогирдон интихоби дуруст карданд ё не? Халқ Исоро чӣ тавр пешвоз мегирифт? Чаро Исо ғамгин шуд? Дар бораи интихоби худ андеша намо Ту ягон маротиба вазифаеро, ки ба маънояш сарфаҳм намерафтӣ, иҷро карда будӣ? Ва чӣ тавр ту фаҳмида метавонистӣ, ки дуруст рафтор мекунӣ ё не? (Дуруст, агар ту бо ин ба Худо мақбул мешавӣ, масалан, амалҳои нек мекунӣ, имон зоҳир мекунӣ, волидайн ва муаллимонатро гӯш мекунӣ ва ғ.). Интихоби дуруст намуданро омӯз Тасаввур кун, ки ту яке аз шогирдони Исо мебошӣ. Ту бояд курраро ёфта биёрӣ, ба болояш либосҳоятро андозӣ, баъд, шохаҳоро алвонҷ дода, бо дигарон Исоро пешвоз гирӣ. Бо тарҳи рӯй тааҷҷуби худро ифода намо, ки барои чӣ Исо мехоҳад ба Ерусалим, ки дар он ҷо баъзе одамон Ӯро дӯст намедоранд, ворид шавад. Мо бояд фармонҳои Худоро иҷро кунем, ҳатто агар намефаҳмем, ки барои чӣ Ӯ мехоҳад, ки мо инро корро кунем. Дуо мекунем Худованд, мо мехоҳем ҳамеша дуруст рафтор кунем, ҳатто агар ба мо на ҳама чиз фаҳмо бошад. Бо номи Исо аз Ту хоҳиш дорем, ки ба мо ёрӣ диҳӣ. Омин. Танҳо ду фулус Инҷили Луқо 21:1–4 БЕВАЗАН ПУЛҲОИ ХУДРО БАРОИ КОРИ ХУДО ДОД? Ё ИН КИ Ӯ ОНҲОРО БАРОИ ХУДАШ МОНД? Дар маъбад истода, Исо одамонеро, ки ба он ҷо меомаданд, аз назар мегузаронд. Дар байни онҳо одамони пир ва ҷавонон буданд. Сарватдорон бо либосҳои зебо ва ангуштаринҳои қиммат дар даст буданд. Инчунин камбағалон бо либосҳои фарсуда ва бе ягон ҷавоҳирот буданд. Аммо ҳамаи онҳое, ки ба маъбад меомаданд, Худоро ҷалол мехонданд. Омадагон инчунин мехостанд саҳми худро гузоранд, яъне ба кори Худо хайр кунанд. Дар маъбад кӯза мондагӣ буд, ки ба он пулҳоро андохтан мумкин буд. Он рӯз Исо дар наздикии он меистод. Ҳамроҳи Ӯ шогирдонаш буданд. Ва инак онҳо диданд, ки чӣ тавр якчанд одам бо либосҳои қиммат ба кӯза наздик шуданд. Ҳамёнҳояшонро кушода, онҳо якчанд фулус гирифтанд ва ба кӯза андохтанд. Аммо дар ҳамёнҳои онҳо боз пули бисёр монда буд. Эҳтимол, пеш аз бо пулҳояшон ҷудо шудан, сарватдорон ба гирду атроф назар карда интизор мешуданд, ки кай ба онҳо одамон аҳамият медиҳанд. Ва танҳо баъд аз ин онҳо ба кӯза тангаҳояшонро меандохтанд: як, ду, се, чор, панҷ, шаш, ҳафт, ҳашт, нӯҳ, даҳ! Ҳамаи онҳое, ки ин гуна хайрро медиданд, аз афташ, табассум мекарданд. Сарватдорон низ табассум мекарданд. Дар ҳамёни онҳо боз пули бисёр аст. Барои ҳамин ин гуна хайр барои онҳо тамоман гарон набуд. Баъд Исо ва шогирдони Ӯ диданд, ки чӣ тавр ба маъбад бевазане бо либосҳои фарсуда даромад. Вай ба ҳамёни худ нигоҳ кард ва тангаҳои онро ҳисоб намуд: як, ду. Ҳамагӣ ду фулус, ин ҳамаи он чизе буд, ки ӯ дошт. Инак, бевазан бояд интихоби муҳим мекард. Ӯ метавонист ду тангаашро, барои кори Худо, ба кӯза андозад. Ва баъд умед бандад, ки Худо дар бораи вай ғамхорӣ хоҳад кард. Ё ин ки вай метавонист ду тангаро дар ҳамёнаш монад ва дертар онҳоро барои худаш истифода барад. Ва ана ин бевазан чӣ кор кард. Вай ба кӯза наздик шуд ва ба атроф нигоҳ накард, чӣ тавре ки инро сарватдорон карданд. Вай интизор нашуд, ки кай ягон кас ба вай нигоҳ мекунад, аммо зуд ду тангаро ба кӯза андохт. Аммо як Одам ба ҳар ҳол ба вай нигоҳ мекард. Ин Исо буд! Ӯ ба шогирдонаш гуфт, ки ин бевазан ба Худо чӣ хайр намуд. Ӯ гуфт, ки хайри ночизи вай аз маблағи сахии сарватдорон чандин маротиба қимматтар аст. Шогирдон ҳайрон шуданд, ки барои чӣ Исо ин тавр гуфт. Ва Ӯ ба онҳо фаҳмонд, ки сарватдорон ҳиссаи ночизи пулҳои худро хайр карданд. Аммо бевазан Худоро чунон сахт дӯст медошт, ки ҳама чизи доштаашро хайр кард. Хайри вай хеле бисёр мебошад. Ба Худо хуш омад, ки бевазан хост ба кори Худо хайр кунад. Худо, албатта, дар бораи вай ғамхорӣ мекунад. Бевазан низ хурсанд буд, чунки ин пулҳо барои кори Худо истифода бурда мешаванд. Албатта, бевазан медонист, ки дуруст рафтор намуд, ва ин ӯро хушбахт мекард. Ба хотир меорем Кӯза дар маъбад барои чӣ монда шуда буд? Барои чӣ сарватдорон, ҳангоми ба он пул андохтан, табассум мекарданд? Баъди он, ки бевазан ду фулусро хайр кард, дар дасти ӯ чӣ монд? Бевазан интихоби дуруст намуд ё не? Барои чӣ хайри вай аз хайри сарватдорон зиёдтар буд? Дар бораи интихоби худ андеша намо Ту бо пулҳои шахсии худ чӣ харидан мехостӣ? Ту боварӣ дорӣ, ки дар навбати аввал ба кори Худо хайр мекунӣ? Ғайр аз пул, ту ба Худо кадом тӯҳфаҳоро пешкаш карда метавонӣ? Интихоби дуруст намуданро омӯз Андеша кун, ки ту бо кадом роҳ пули шахсӣ ба даст оварда метавонӣ, масалан, дар ҳавлӣ ё хона ягон корро иҷро кардан. Баъд қарор деҳ, ки ҳамаи пулҳои кор кардаатро ба кори Худо медиҳӣ — ба калисо, ба миссия, ба ошхонаи хайриявӣ ва ғ. Дар ин ҳолат ту чиро ҳис мекунӣ? Ба Худо хуш аст, вақте ки мо чизеро, ки метавонем, ба кори Ӯ медиҳем. Дуо мекунем Худованд, ба мо ёрӣ деҳ, ки тӯҳфаҳои сахӣ карда тавонем, барои он ки мо аз Ту ин қадар бисёр мегирем! Бо номи Исо. Омин. Кӣ хизматгор мебошад? Инҷили Луқо 22:7–13; Инҷили Юҳанно 13:1-17 ИСО БА ОДАМОН ХИЗМАТ МЕКАРД? Ё Ӯ ХОҲИШ МЕКАРД, КИ БА Ӯ ХИЗМАТ КУНАНД? Як ҳафта Исо дар маъбад ё дар кӯчаҳои Ерусалим одамонро меомӯхт. Анбӯҳи одамон ҷамъ мешуданд, то ки Ӯро гӯш кунанд. Баъзе одамон ҳатто мехостанд, ки Ӯ подшоҳи онҳо шавад. Аммо бисёр одамоне, ки дар сари ҳокимият буданд, Исоро дӯст намедоштанд. Онҳо нақша мекашиданд, ки чӣ тавр аз Ӯ халос шаванд. Боре Исо шогирдонаш Петрус ва Юҳанноро хоҳиш кард, ки барои Ӯ дар болохона ҷо тайёр кунанд. Дар он Исо мехост барои шогирдонаш хӯроки шоми махсус орояд ва ҳамроҳи онҳо хӯроки махсус хӯрад. Ин хӯроки шом ба онҳо дар бораи Мусо ва ҳурӯҷи халқи Худо аз Миср ёдрас мешуд. Дар ин хӯроки шоми махсус ҳама мехӯранд, бо якдигар сӯҳбат мекунанд ва дар бораи Мусо қиссахо нақл мекунанд. Бегоҳӣ ҳамаи шогирдон дар утоқ ҷамъ шуданд. Онҳо, эҳтимол, хеле хаста ва гурусна шуда буданд, барои ҳамин зуд ба хӯрдан оғоз карданд. Ҳангоме, ки онҳо хӯрок мехӯрданд, Исо ба тағора ва сачоқи тоза нигоҳ мекард Гуфтан лозим аст, ки дар замонҳои каломӣ, одамон шиппак мепӯшиданд. Барои ҳамин ҳангоми роҳ гаштан дар роҳҳои чангдор ва ифлос, пойҳои онҳо низ ифлос мешуданд. Шустани пойҳо кори хизматгорон буд, на кори устодон ва ҳокимон. Исо инро медонист. Инак, Ӯ бояд интихоби муҳим мекард. Исо метавонист Худаш пойҳои шогирдонашро шӯяд ва ба онҳо нишон диҳад, ки ба дигар одамон чӣ тавр хизмат кардан мумкин аст. Шогирдон бояд мефаҳмиданд, ки Ӯ барои ба онҳо хизмат кардан омад ва Ӯ мехоҳад, ки онҳо низ ба якдигар хизмат кунанд. Ё ин ки Исо метавонист ба хизматгорон фармояд, ки пойҳои ҳамаи онҳоеро, ки дар ин утоқ буданд, бишӯянд, зеро ин кори онҳо буд. Ва боз Ӯ метавонист бо суханҳо дар бораи хизмат кардан ба одамон ва дар бораи он, ки онҳо бояд хизматгорони нек бошанд, ба шогирдонаш нақл кунад. Ва Исо чӣ кор кард? Ӯ либоси болоии Худро кашид ва пойлуч шуд. Баъд тағораро аз об пур кард ва бо сачоқи калон Худро печонд. Ӯ дар назди яке аз шогирдони Худ ҳам шуд ва пойҳои вайро шуст. Исо аз як шогирд ба шогирди дигар мегузашт ва пойҳояшонро мешуст. Вақте ки, ниҳоят, Ӯ ба назди Петрус расид, вай ба Устодаш гуфт: — Не! Ту набояд ин гуна кори ифлосро иҷро кунӣ. Петрус дар бораи ахамияте, ки ин кор барои Исо дошт, фикр накард. Охир, вай фақат шогирди Устоди худ буд. Аммо Исо ба Петрус гуфт: — Агар ту ёрдамчии Ман шудан мехоҳӣ, бояд иҷозат диҳӣ, ки аввал Ман ба ту ёрӣ диҳам. Ва он гоҳ Петрус эътирозро қатъ намуд. Исо пойҳои ҳамаи шогирдонашро шуст, аз сари нав либоси болоиашро пӯшид ва дар паҳлӯи онҳо нишаст. Ӯ гуфт: — Шумо худи ҳозир дидед, ки ба дигар одамон хизмат кардан чӣ маъно дорад. Ман дар нақши хизматгори шумо будам. Ман ба шумо на аз рӯи қарз хизмат кардам, балки барои он, ки шуморо дӯст медорам ва ба шумо хизмат кардан мехоҳам. Мисли Ман рафтор кунед, ва ба якдигар ва ба одамон хизмат кунед. Худо хурсанд буд, ки Исо ба шогирдонаш нишон дод, ки чӣ тавр ба одамон хизмат кардан лозим аст. Ва Худо медонист, ки шогирдони Ӯ дар хизмат кардан ба наздикони худ хушбахтӣ меёбанд. Ба хотир меорем Барои чӣ шогирдон хӯроки махсус мехӯрданд? Исо, барои он ки ба шогирдонаш хизмат намояд, чӣ кор кард? Исо интихоби дуруст намуд ё не? Барои чӣ Петрус нахост, ки Исо пойҳои вайро шӯяд? Ба онҳо хизмат карда, Исо ба шогирдонаш чиро омӯхт? Дар бораи интихоби худ андеша намо Дар хона, мактаб, калисо ту кадом вазифаҳоро иҷро мекунӣ? Ту ба ягон кас барои кори ифлосро иҷро кардан ёрӣ медиҳӣ? Вақте ки ту ба дигар одамон хизмат мекунӣ, худро мисли кӣ ҳис мекунӣ? Интихоби дуруст намуданро омӯз Мумкин, пойҳои мо на он қадар бисёр ифлос мешаванд, чӣ тавре ки аз одамони дар замонҳои каломӣ зиндагӣ мекарда мешуданд. Аммо дастонамон бисёртар ифлос мешаванд. Хоҳиш кун, ки аъзоҳои оилаи ту бо навбат дастони якдигарро бишӯянд. Ба дигар одамон хизмат кардан ҳар як одамро хушбахт мекунад! Дуо мекунем Худованд, мо ба ҳар як ёрие, ки Ту ба мо мерасонӣ, хурсандем. Ба мо нишон деҳ, ки чӣ тавр мо метавонем боз ҳам беҳтар ба дигар одамон хизмат кунем ва ёрӣ диҳем. Бо номи Исо. Омин. «Бедор шавед!» Инҷили Марқус 14:26, 36–42 ОЁ ШОГИРДОНИ ИСО ДАР БОҒИ ҶАТСАМОНӢ ДӮСТОНИ ВАФОДОРИ Ӯ БУДАНД? Ё ИН КИ ОНҲО, БА ҶОИ ОН КИ ДУО КУНАНД, ХОБ РАФТАНД? Баъд аз таоми шом Исо ва шогирдони Ӯ якҷоя суруд хонданд. Баъд онҳо меҳмонхонаи болохонаро тарк намуда ба боғи Ҷатсамонӣ рафтанд. Дар ин ҷои ором Исо дуо кардан мехост. Ӯ медонист, ки Ӯро озмоишҳои вазнин интизоранд. Ӯ дар бораи ин ба Худо гуфтан мехост ва хоҳиш дошт, ки дӯстони беҳтарин Ӯро дастгирӣ кунанд. Дар роҳ ба сӯи боғи Ҷатсамонӣ Исо ба шогирдонаш якчанд маротиба гуфт, ки Ӯро чӣ интизор аст. Аммо онҳо бовар накарданд. Магар касе ба Устоди онҳо ягон бадӣ карда метавонад? Онҳо ҳеҷ гоҳ ба ин роҳ намедиҳанд! Исо шогирдонашро дар назди боғ монд ва ҳамроҳи Худ танҳо Петрус, Яъқуб ва Юҳанно — се дӯсти аз ҳама вафодорашро, гирифт. Исо ба онҳо гуфт: — Дили Ман пур аз маҳзунии марговар аст. Дар ин ҷо бимонед ва бедор бошед, то он вақте ки Ман дуо мекунам, хоб наравед. Шогирдон бояд медонистанд, ки бедор будани онҳо чӣ тавр муҳим буд. Ҳангоме ки Исо дар боғ дуо мекард, ба онҳо дуо кардан чӣ гуна муҳим буд. Инак, шогирдон бояд интихоби муҳим мекарданд. Онҳо метавонистанд хоҳиши Исоро иҷро кунанд ва ба хоб муқобилият намоянд. Метавонистанд дуо кунанд, гарчанд намедонистанд, ки дере нагузашта чӣ гуна ҳодисаҳои вазнин рӯй медиҳанд. Ё ин ки онҳо метавонистанд ба хоҳиши хоб рафтан тан диҳанд. Ғайр аз ин, онҳо начандон пештар хӯроки шом хӯрда буданд, ва аллакай бевақтии шаб буд. Дар ҳақиқат, бо Устоди онҳо дар боғ чӣ рӯй дода ҳам метавонист? Дере нагузашта ҳама шогирдони Исоро, ҳатто се дӯсти беҳтарини Ӯро хоб бурд. Замоне ки онҳо хоб буданд, Исо бо Худо, Падари Осмонии Худ, сӯҳбат мекард. Ӯ аз Худо илтиҷо мекард: — Агар мумкин бошад, Маро аз ғамҳое, ки дар пеш интизоранд, халос бикун. Ман мехостам, ки гирифтори онҳо нашавам, аммо Ман ҳама он кореро, ки Ту ба Ман мефармоӣ, иҷро мекунам. Ду маротиба Исо ба назди шогирдонаш омад. Аммо ҳар маротиба онҳоро дар хоб меёфт. — Шумо хобидаед? — мепурсид Ӯ аз онҳо. — Наход шумо ҳушёр монда дуо карда наметавонед? Вақте ки Исо маротибаи сеюм назди шогирдонаш омад, онҳо аллакай бедор шуда буданд, гарчанд то дамидани субҳ вақт бисёр буд. Онҳо диданд, ки дар боғ тӯдаи одамон, ки Исоро мекофтанд, пайдо шуданд. Мардон дар даст фонӯс, шамшеру найзаҳои дароз доштанд. Вақте ки тӯда аз назди шогирдони Исо гузашт, хоб онҳоро тамоман тарк намуд. Ин оғози шаби дарози бехобӣ буд. Худо ғамгин буд, ки шогирдон ҳушёр набуданд ва дуо накарданд. Худо мехост, ки онҳо хоҳиши Писари Ӯро иҷро мекарданд. Ва ба ҳар ҳол Худо, ҳангоме ки мардон бо фонусҳо Исоро мебурданд, ҳамроҳи ёрдамчиёни Ӯ буд. Ва албатта, тамоми он шаб Худо ҳамроҳи Исо буд. Ба хотир меорем Баъд аз хӯроки шом шогирдан ба куҷо равон шуданд? Исо аз онҳо чиро интизор буд? Ба даруни боғ ҳамроҳи Исо кӣ рафт? Исо аз се шогирдаш чиро хоҳиш кард? Шогирдон интихоби дуруст карданд ё не? Дар бораи интихоби худ андеша намо Вақте ки ба ту ёрӣ лозим аст, ту ба кӣ умед баста метавонӣ? Дигарон ба ту умед карда метавонанд? Ту хоҳиши Исоро, вақте ки Ӯ ба ёрии ту умед мебандад, иҷро карда метавонӣ? Интихоби дуруст намуданро омӯз Аз Исо хоҳиш намо, ки ба ту барои тартиб додани рӯйхати корҳоеро, ки ту ба Ӯ мебахшӣ, ёрӣ диҳад. Кӯшиш кун, ки дар давоми ҳафта ҳама корҳоеро, ки ба нақша гирифтӣ, иҷро намоӣ. Мумкин ту ба Исо нақл мекунӣ, ки чӣ тавр Ӯро сахт дӯст медорӣ. Мумкин, барои дӯстони Ӯ ягон кор мекунӣ. Ҳар бегоҳӣ, пеш аз хоб рафтан, дар бораи он, ки пагоҳ чӣ кор мекунӣ, андеша намо. Кӯшиши иҷро намудани он кореро карда, ки Исо аз мо мехоҳад, мо бояд хаста нашавем. Дуо мекунем Худованд, ба мо ёрӣ деҳ, ки ҳеҷ гоҳ кореро, ки ба мо Исо фармудааст, напартоем. Бо номи Исо. Омин. Дар назди гулхан Инҷили Луқо 22:54–62; Инҷили Юҳанно 13:37–38; 18:10–11, 15–18, 25–27 ПЕТРУС ҶУРЪАТ КАРД, КИ ХУДРО ДӮСТИ ИСО НОМАД? Ё ИН КИ ВАЙ ВОНАМУД КАРД, КИ ӮРО НАМЕШИНОСАД? Петрус, яке аз шогирдони Исо, Устодашро бисёр дӯст медошт ва ҳамеша бодиққат Ӯро гӯш мекард. Исо медонист, ки Петрус Ӯро дӯст медорад, чӣ тавре ки дар бораи он медонист, ки вай одами боғайрат набуд. Баъд аз он, ки он хӯроки шоми махсус анҷом ёфт, Исо Петрусро огоҳ намуд: — Пеш аз он, ки хурӯс фарёд мезанад, ту се маротиба Маро инкор мекунӣ. Петрус аз ин суханони Устодаш моту мабҳут шуда, фарёд зад: — Не! Ман ҳеҷ гоҳ ин корро намекунам! Петрус худро одами боғайрат ҳисоб мекард. Вай боварии комил дошт, ки ҳеҷ гоҳ аз Дӯсти беҳтарини худ рӯй намегардонад. Вақте ки дар боғи Ҷатсамонӣ одамон бо фонӯсҳо, шамшерҳо ва найзаҳо пайдо шуданд, Петрус, боғайратии худро нишон додан хоста, шамшерро кашид ва хост яке аз онҳоро кушад. Аммо Исо аз вай инро намехост. Каме дертар, вақте ки шогирдон аз боғ рафтанд, Петрус қарор дод Исоро ёбад. Барои ҳамин вай ба ҳавлии он хонае, ки Исоро бурданд, омад. Шаб хунук буд, ва дар ҳавлӣ гулхан фурӯзон буд. Дар назди оташ одамон гарм мешуданд ва бо овози паст дар бораи чизе сӯҳбат мекарданд. Петрус ба онҳо наздик шуд. Нохост яке аз канизҳо аз вай пурсид: — Оё ту шогирди Исо нестӣ? Инак, Петрус бояд интихоби муҳим мекард. Вай метавонист ба каниз ва ба ҳама одамони дар назди оташ ҷамъ омада гӯяд, ки вай дар ҳақиқат шогирди Исо мебошад. Аммо дар ин ҳолат вай ба нохушиҳо гирифтор мешавад. Эҳтимол, ягон кас вайро ҳатто куштан хоҳад. Ё ин ки Петрус метавонист гӯяд, ки Исоро намешиносад. Он гоҳ ба вай хатар таҳдид нахоҳад кард. Илова бар ин, Исо, мумкин, ҳеҷ гоҳ дар бораи ин дурӯғи вай нафаҳмад. Ва ана баъд чӣ рӯй дод. Петрус тарсид ва барои ҳамин дурӯғ гуфт. Вай ба каниз ҷавоб дод: — Не, ман шогирди Ӯ нестам. Петрус дар назди оташ гарм шуданро давом медод. Ва каси дигаре аз вай пурсид: — Магар шогирди Исо нестӣ? Аммо Петрус боз ҷавоб дод: — Не. Ман шогирди Ӯ нестам. Баъд аз ин боз як одами дигар гуфт: — Ман аниқ туро ҳамроҳи Исо дида будам. Ва маротибаи сеюм низ Петрус гуфт: — Не! Ман Ӯро тамоман намешиносам. Ҳамин лаҳза хурӯс фарёд зад. Ва Петрус дарҳол суханони Исоро ба хотир овард. Ҳамааш он тавре рӯй дод, ки Устодаш гуфт. Петрус се маротиба Ӯро инкор намуд. Вақте ки дертар Исо ба вай нигоҳ мекунад, Петрус нигоҳи Ӯро бардошт карда наметавонад. Хеҷ гоҳ Петрус худро ин қадар бад ҳис нахоҳад кард. Вай рӯяшро бо ҷома маҳкам карда, бо чашмони ашкбор, аз Ӯстоди худ дуртар мегурезад. Ҳоли Исо инчунин бад буд, аммо Ӯ медонист, ки боре Ӯ бо Петрус сӯҳбат хоҳад кард. Ва Петрус хоҳад фаҳмид, ки Исо мисли пешина вайро дӯст медорад. Петрус дар ҳақиқат одами боғайрат шуданро меомӯзад. Ба хотир меорем Петрус, аз рӯи гуфтаҳои Исо, пеш аз он ки хурӯс се маротиба фарёд мезад, чӣ бояд мекард? Петрус чанд маротиба Исоро инкор кард? Петрус интихоби дуруст намуд ё не? Петрус, вақте ки Исоро инкор намуд, чиро ҳис кард? Исо чӣ ҳис мекард? Дар бораи интихоби худ андеша намо Вақте ки ту худро дӯсти Исо меномӣ ва ягон кас туро масхара мекунад, ту чӣ гуна рафтор мекунӣ? Ту аз Исо хоҳиш мекунӣ, ки ба ту барои ростро пинҳон накардан ёрӣ диҳад? Интихоби дуруст намуданро омӯз Вақте ки торик мешавад, чароғи хонаро хомӯш кун ва фонуси кисагиатро гирён кун. Баъд дар равшании он ангуштонатро ҷунбон. Ин ба ларзидани забонаҳои оташ монанд хоҳад шуд. Бигзор ин «гулхан» ба ту ёдрас шавад, ки мисли Петрус рафтор кардан лозим нест. Ҳаракат намо, ки ҳеҷ гоҳ хатогии вайро такрор накунӣ. Мо бояд аз гуфтан ба одамон натарсем, ки Исо дӯсти мо аст. Дуо мекунем Худованд, ба Ту шукр мегӯем, ки ба ҳама норасогиҳои мо нигоҳ накарда, моро дӯст медорӣ. Ба мо ёрӣ деҳ, ки боғайрат бошем ва аз гуфтани он, ки мо дӯстони Исо мебошем, натарсем. Бо номи Исо. Омин. «Ӯ Писари Худо аст!» Инҷили Матто 27:22–66; Инҷили Луқо 23:44–49; Инҷили Юҳанно 19:1–30 МИРИСАДИ РУМӢ БОВАР КАРД, КИ ИСО — ПИСАРИ ХУДО АСТ? Ё ИН КИ Ӯ ИСОРО ОДАМИ ОДДӢ ҲИСОБ МЕКАРД? Ҳокими румӣ медонист, ки Исо ягон ҷинояте содир накардааст. Аммо вай садои анбӯҳи одамонро мешунид: «Ӯро маслуб кун!» Одамон бовар намекарданд, ки Исо Писари Худо мебошад. Барои ҳамин онҳо мехостанд, ки Ӯро дар салиб маслуб кунанд, Ӯро ба марг маҳкум кардан мехостанд. Ҳоким мефаҳмид, ки агар Исоро озод кунад, эътироз бисёр мешавад. Барои ҳамин вай Ӯро ба дасти ҷанговарони румӣ дод. Онҳо бо Исо ваҳшиёна муносибат мекарданд. Онҳо Ӯро масхара намуда мезаданд. Баъд онҳо, тоҷе аз хор бофта, онро бар сари Исо ниҳоданд ва маҷбур карданд ба теппае, ки дар наздикии шаҳр воқеъ буд, барояд. Дар он ҷо онҳо Ӯро бар салиб кашиданд. Исо ба ҷанговарон иҷозат дод, ки ҳамаи инро бо Ӯ кунанд. Ӯ медонист, ки Ӯро бар салиб барои он мекашанд, ки мақсади Худо чунин буд. Писари Худо бояд барои ҳамаи гуноҳҳое, ки одамон содир кардаанд, азоб мекашид. Ҷанговарони румӣ таҳқир кардани Исоро давом медоданд. Онҳо Ӯро «Подшоҳи Яҳудиён» меномиданд ва қуръа мепартофтанд, ки пероҳани Ӯ ба кадоми онҳо мерасад. Дар назди салибе, ки Исо кашида шуда буд, модари Ӯ — Марям — ва якчанд занҳои дигар меистоданд. Юҳанно — яке аз шогирдони Ӯ— инчунин ҳамроҳи онҳо буд. Ба ҳамаи онҳо дидани он, ки чӣ тавр Исо дар салиб азоб мекашад, бениҳоят мушкил буд. Нохост дар нисфи рӯз осмон тира шуд. Исо худро тамоман танҳо ҳис намуд ва сӯи Худо фарёд зад. Ӯ аз дард ва ташнагӣ азоб мекашид. Наздикии бегоҳ Исо баланд фарёд зад: — Иҷро шуд! Вақте ки Ӯ ҷон дод, замин ҷунбид. Ва ин ҷунбиш одамонро ба тарс андохт. Мирисади румӣ, ки қатлро роҳбарӣ мекард, тамоми рӯз Исоро назорат мекард. Вай намедонист, ки Исо Кӣ буд, аммо бо боварӣ гуфта метавонист, ки дар назари ӯ чизҳои ғайриоддӣ ба амал меомад. Инак, мирисади румӣ бояд интихоби муҳим мекард. Вай метавонист бовар кунад, ки Исо дар ҳақиқат Писари Худо аст, ва ба ҳама гӯяд, ки ба ин имон дорад. Ё ин ки вай метавонист хомӯш шавад ва ҳамаи он чизеро, ки дар назари вай рӯй дод, фаромӯш кунад. Аллакай дер шуда буд, ва ӯ қарор дода метавонист, ки ҳодисаи имрӯз рӯйдодаро пагоҳ фикр карда мебарояд. Ва мирисад чӣ кор кард? Вай сарашро боло бардошт, ба салиб нигоҳ намуд ва хитоб кард: — Ба ростӣ Исо Писари Худо аст! Одами накӯкоре бо номи Юсуф аз Харомот тани Исоро аз салиб гирифт ва ба ғори хурдакаке, ки дар даруни боғ буд, овард. Даромадгоҳи онро бо санги калон маҳкам кард. Баъд ҷанговарон омаданд. Онҳоро барои посбони кардани ғор монданд, ки ягон кас тани Исоро надуздад. Мирисад, ки қатлро роҳбарӣ мекард, эҳтимол, аз он чизе ки рӯй дод, ғамгин шуда буд. Худо инчунин ғамгин буд. Аммо Ӯ медонист, ки Исо дар ғор нахоҳад монд! Худо медонист, ки мирисад ба Кӣ бовар кард. Вай ба Писари Худо бовар кард. Худо хурсанд буд, ки мирисад гуфт, ки ба Кӣ бовар мекунад. Ба хотир меорем Барои чӣ халқ марги Исоро талаб мекард? Рӯзона кадом ҳодисаҳои ғайриоддӣ рӯй доданд? Мирисади румӣ дар бораи Исо чӣ гуфт? Вай интихоби дуруст намуд ё не? Дар бораи интихоби худ андеша намо Худо мехоҳад, ки ҳама ба Писари Ӯ, Исо, имон оранд. Ту чӣ тавр фаҳмидӣ, ки Исо — Писари Худо аст? Ту бовар мекунӣ, ки Ӯ барои ту ҷон дод? Интихоби дуруст намуданро омӯз Одамонеро, ки дар салиб кашида шуда буданд, тасвир кун. Кӯшиш кун он чизеро, ки онҳо ҳис мекарданд, ифода намоӣ. Баъд расми худро дар назди онҳо чунон тасвир намо, ки дар рӯи ту низ ҳиссиётҳоят ифода ёбанд. Ба ягон кас нақл кун, ки ту он рӯз ба Исо чӣ гуфта метавонистӣ. Интихоби беҳтарине, ки мо дар ҳаёти худ карда метавонем, — ин бовар кардан ба он аст, ки Исо — Писари Худо мебошад. Дуо мекунем Худованд, бу Ту шукр мегӯем, ки мо ба Исо — Писари Ту бовар карда метавонем. Бо номи Исо. Омин. Саҳарии барвақт Инҷили Матто 28:1–10; Инҷили Луқо 24:9–10 МАРЯМ ВА ДУГОНАҲОИ ВАЙ БА ШОГИРДОНИ ИСО СУХАНОНИ ФАРИШТАРО ГУФТАНД? Ё ИН КИ ОНҲО БА ХОНАҲОЯШОН РАФТАНД? Субҳидами рӯзи якшанбе шогирдони Исо, ёрдамчиёни Ӯ, бисёр ғамгин буданд! Ба назар менамуд, ки аз он рӯзи панҷшанбеи хотиравӣ, вақте ки онҳо бо Ӯстодашон хӯроки шом хӯрданд, вақти зиёде гузашта буд. Акнун шогирдон мефаҳмиданд, ки Ӯро он лаҳзае, ки Ӯ бештар аз ҳама ба онҳо мӯҳтоҷ буд, тарк карданд. Ва рӯзи ҷумъа Исо дар салиб ҷон дод. Акнун онҳо худашонро танҳо ҳис мекарданд ва тарсида буданд. Ҳамон саҳари якшанбе Марям, ки дӯсти Исо буд, пагоҳии барвақт бедор шуд. Вай саросема либосҳояшро пӯшид ва ба сабад хушбӯиҳоро андохт. Баъд вай оҳиста ба кӯчаи торик баромад. Дар он ҷо вайро дугонаҳояш интизор буданд. Ҳамроҳи онҳо Марям аз дарвозаҳои Ерусалим берун шуд. Занҳо ба боғ, ба ғоре, ки дар он ҷо Исо буд, равон шуданд. Онҳо мехостанд бадани Ӯро бо хушбӯиҳо бимоланд. Дар роҳ занҳо фикр мекарданд, ки чӣ тавр санги калонро аз дари ғор дур мекунанд. Вале ба онҳо лозим наомад, ки дар бораи ин бисёр фикр кунанд. Ногаҳон замин ҷунбид, садои қанотҳо баромад ва фаришта пайдо шуд. Вай сангро аз дари ғор як тараф кард ва дар болои он нишаст. Посбонон чунон тарсиданд, ки ба замин афтиданд ва мисли мурдаҳо хобиданд. Марям ва дугонаҳои вай инчунин тарсиданд. Аммо фаришта онҳоро рӯҳбаланд намуд: — Натарсед. Ман медонам, ки шумо Исоро мекобед. Охирин маротиба шумо Ӯро мурда дида будед. Аммо акнун Ӯ, чӣ тавре ки ба шумо гуфта буд, зинда шуд. Равед ва боварӣ ҳосил кунед, ки Ӯ дар ғор нест. Ва баъд ба шогирдони Исо гӯед, ки Ӯ эҳё шуд. Бигзор онҳо ба Ҷалил равон шаванд ва дар он ҷо Устодашонро мебинанд. Марям ва дугонаҳояш ба пеш давиданд, аммо баъд дар ҷояшон манъ шуданд. Наход ягон кас ба суханони онҳо бовар мекарда бошад? Инак, занон бояд интихоби муҳим мекарданд. Онҳо метавонистанд ба шогирдон суханони фариштаро расонанд, ба онҳо гӯянд, ки Исо зинда аст, ки дар Ҷалил онҳо боз метавонанд Ӯро бубинанд. Ё ин ки онро фикр карда, ки шояд шогирдон ба онҳо бовар накунанд, онҳо метавонистанд ба хонаҳояшон баргарданд. Ва занон чӣ кор карданд? Онҳо танҳо як лаҳза манъ шуданд, ва ин лаҳза дар назди онҳо Исо пайдо шуд! Ӯ ба онҳо гуфт: — Натарсед. Равед ва ба дигарон гӯед, ки мо дар Ҷалил вомехӯрем. Акнун занон аз шамол ҳам тезтар медавиданд. Онҳо ба Петрус ва шогирдони дигар нақл карданд, ки ҳамаи ин рост мебошад! Исо зинда аст! Ва онҳо Ӯро дар Ҷалил дида метавонанд. Худо хурсанд буд, ки Писари Ӯ Исо намурд. Худо хурсанд буд, ки занон, ғори холиро дида, ин хабари хушро ба шогирдони Исо расонданд. Ба хотир меорем Занон кай ба боғ омаданд? Фаришта ба онҳо чӣ гуфт? Занон интихоби дуруст карданд ё не? Дар бораи интихоби худ андеша намо Ту хабарҳоеро шунида будӣ, ки бо сабаби бисёр хуш буданашон, ба ҳақиқат монанд набуданд? Ту ба ягон кас ин гуна хабарро расонда будӣ? Хабари аз ҳама беҳтарин — ин хабар дар бораи эҳё шудани Исо мебошад! Ту мехостӣ, ки дар бораи ин ба ягон кас нақл кунӣ? Интихоби дуруст намуданро омӯз Қарор деҳ, ки саҳар барвақт мехезӣ, ва ҳамин ки офтоб баромад, Худоро ҷалол медиҳӣ. Агар ҳаво гарм бошад, аз хона ҳамроҳи наздиконат баро, то ки дар ҳавои тоза суруд хонӣ ва дуо кунӣ. Хабари беҳтарине, ки мо ба дигар одамон расонда метавонем, — ин хабар дар бораи эҳё шудани Исо мебошад. Дуо мекунем Худованд, Исо зинда аст! Мо хушбахт ҳастем, ки дар бораи ин донистем. Мо мехоҳем, ки ҳама ин хабарро шунаванд. Мо бо номи ИСО дуо мекунем. Омин. «Ман бояд бинам» Инҷили Юҳанно 20:19–31 ТУМО БА ДӮСТОНАШ, КИ ДАР БОРАИ ЗИНДА БУДАНИ ИСО НАҚЛ КАРДАНД, БОВАР КАРД? Ё ИН КИ Ӯ ХУДАШ МЕХОСТ ИНРО БИНАД? Исо дар ҳақиқат зинда аст? Исо мехост, ки шогирдони Ӯ донанд, ки ин рост аст, барои ҳамин Ӯ бегоҳии он рӯзе, ки эҳё шуд, ба назди онҳо омад. Ёрдамчиёни Ӯ дар хоначаи хурд ҷамъ шуданд ва дарро қулф карданд. Онҳо то ҳол аз одамоне, ки Исоро ба салиб кашида буданд, метарсиданд. Нохост Устод дар паҳлӯи онҳо пайдо шуд, гарчанд дарро касе накушода буд! Исо ба шогирдони Худ гуфт: — Салом бар шумо! Чӣ тавр шогирдон хушбахт буданд, ки боз Ӯро мебинанд! Ин ҳақиқат буд! Бале, Исо зинда аст! Дар хонача, вақте ки Исо дар он ҷо пайдо шуд, як шогирд бо номи Тумо набуд. — Мо Исоро дидем! — хабари хушро расонданд ба вай дӯстонаш. Онҳо нақл карданд, ки Устодашон бо онҳо буд ва ба Тумо он чизеро, ки Ӯ гуфт, расонданд. Инак, Тумо бояд интихоби муҳим мекард. Вай метавонист ба дӯстонаш бовар кунад ва аз он хурсанд шавад, ки Исо зинда аст. Ё вай метавонист гӯяд, ки ба ин хабари хуш бовар намекунад. Охир, вай Исоро надид, ва дур кардани шубҳаҳояш ба вай душвор буд. Ана Тумо чӣ кор кард. Вай гуфт: — То он вақте ки бо чашмони худам Исоро набинам, бовар намекунам, ки ин рост аст. Баъд аз як ҳафта шогирдон боз дар ҳамон хоначаи хурд ҷамъ шуданд. Ин маротиба Тумо ҳамроҳи онҳо буд. Ва боз, гарчанд, ки дарҳо қулф буданд, Исо дар паҳлӯи шогирдонаш пайдо шуд. Ӯ боз ба онҳо гуфт: — Салом бар шумо! Исо Туморо ба наздаш хонд ва таклиф намуд, ки на танҳо Ӯро бинад, балки ба Ӯ даст расонад. Акнун Тумо бовар кард, ки Устод дар ҳақиқат зинда аст. Худо ғамгин шуд, ки Тумо, то бо чашмони худаш надид, ба эҳё шудани Исо бовар накард. Аммо Худо Туморо дӯст медошт ва хурсанд буд, ки вай ниҳоят шубҳаҳояшро бартараф намуд. Ба хотир меорем Вақте ки Исо маротибаи якум ба назди шогирдонаш омад, дар он ҷо кӣ набуд? Барои чӣ бовар кардан ба он, ки Исо эҳё шудааст, ба Тумо душвор буд? Тумо интихоби дуруст намуд ё не? Исо чӣ тавр ба Тумо ёрӣ расонд, ки шубҳаҳояшро бартараф кунад? Дар бораи интихоби худ андеша намо Дар рӯзҳои мо ягон кас Исоро дида наметавонад, барои ҳамин андеша намо ва гӯй, ки чӣ ба ту бовариро ба он мебахшад, ки Исо эҳё шудааст (қиссаҳои каломӣ, дуо ва ғ.). Интихоби дуруст намуданро омӯз Дар назди тирезаи кушода ист ва бин, ки оё шамол мевазад. Имрӯз шамол мевазад ё не? Ту шамолро дида метавонӣ? Чӣ тавр ту фаҳмида метавонӣ, ки он вазида истодааст? Тасаввур кун, ки ту ба ин гуна ҳодисаи табиат, мисли шамол, бовар намекунӣ, ва аз наздиконат хоҳиш намо, ки ба вуҷуд доштани он туро бовар кунонанд. Баъд барои бовар кардан ба он, ки Исо зинда аст, ба якдигар ёрӣ диҳед. Вақте ки мо бовар мекунем, ки Исо, Писари Ӯ, зинда аст, Худо хурсанд мешавад. Дуо мекунем Худованд, мо шодем, ки Каломи Ту ба мо мегӯяд, ки Исо зинда аст. Туро барои он, ки имони моро мустаҳкам мекунӣ, шукргузорӣ мекунем. Бо номи Исо. Омин. «Гӯсфандони Маро чӯпонӣ намо» Инҷили Юҳанно 21:1–17 ПЕТРУС БА ИСО ГУФТ, КИ ӮРО ДӮСТ МЕДОРАД? Ё ИН КИ ХОМӮШ ИСТОД? Баъд аз эҳё шудани Исо шогирдон намедонистанд, ки бо чӣ кор машғул шаванд. Ва инак боре Петрус ба дӯстонаш гуфт, ки моҳигирӣ меравад. Онҳо инчунин ҳамроҳи вай рафтан хостанд. Аз афташ, шогирдони Исо қарор доданд, ки аз сари нав моҳигир мешаванд. Барои ҳамин онҳо қаиқҳо ва тӯрҳои кӯҳнаашонро бароварданд. Баъд онҳо ба баҳр баромаданд ва тӯрҳоро партофтанд. Моҳиро шабона хуб дошта мешавад. Аммо он шаб шогирдон ҳатто як дона моҳӣ дошта натавонистанд. Саҳарии барвақт онҳо дар соҳил одамеро диданд ва ӯро нашинохтанд. Одами ношинос бо овози баланд аз онҳо пурсид: — Моҳӣ доштед ё не? Шогирдони Исо дар ҷавоб дод заданд: — Не! Мо ҳеҷ чиз дошта натавонистем. Он гоҳ одами дар соҳил истода фарёд кард: — Тӯрҳои худро ба тарафи рости заврақ андозед. Ва шумо моҳии зиёд медоред. Шогирдон чунин ҳам карданд. Ба тӯрҳо чунин моҳии бисёр афтид, ки онҳоро аз об баровардан ноимкон буд. Ва он гоҳ Юҳанно ба Петрус гуфт: — Ин Исо аст! Петрус чашмонашро бардошт. Дар ҳақиқат, ин Исо буд! Петрус, худро аз хушбахтӣ ҳис накарда, худро ба об партофт ва сӯи соҳил шино кард. Дигар шогирдон дар қаиқ аз қафои вай рафтанд. Исо Петрусро дид, ки ба сӯи Ӯ шино мекард ва шаберо ба хотир овард, ки Петрус Ӯро се маротиба инкор карда буд. Акнун Исо мехост ба Петрус имконият диҳад, ки се маротиба дар бораи он, ки Ӯро дӯст медорад, гӯяд. Барои ҳамин, дар соҳил бо шогирдонаш ноништа карда, Исо боз ба Петрус муроҷиат намуд. Ӯ се маротиба ба вай ҳамон як саволро медод, ва Петрус се маротиба ба он ҷавоб медод. — Петрус, оё Маро дӯст медорӣ? — пурсид Исо. Инак, Петрус бояд интихоби муҳим мекард. Ӯ ба Исо гуфта метавонист, ки чӣ қадар сахт Ӯро дӯст медорад. Ӯ метавонист инро дар назди дӯстони худ гӯяд. Ё ин ки ӯ хомӯш монда метавонист. Мумкин, Исо ба вай бовар накунад. Магар Исо шогирдеро, ки аз Ӯ рӯй гардонд, бахшида метавонад? Ва ана Петрус чӣ гуна ҷавоб дод: — Оре, Худованд, Ту медонӣ, ки ман Туро дӯст медорам. Он гоҳ Исо гуфт: — Гӯсфандони Маро чӯпони намо. Дар бораи гӯсфандон гуфта, Исо одамонро дар назар дошт. Исо аз Петрус хоҳиш кард, ки ҳеҷ гоҳ ба одамон дар бораи муҳаббати Худо мавъиза карданро қатъ накунад. Баъд Исо маротибаи дуюм пурсид: — Петрус, оё Маро дӯст медорӣ? Ва боз Петрус ҷавоб дод: — Оре, Худованд. Ту медонӣ, ки ман Туро дӯст медорам. Исо такрор кард: — Гӯсфандони маро чӯпонӣ намо. Ва маротибаи сеюм низ Исо ба Петрус ҳамон саволро дод: — Ту дар ҳақиқат Маро дӯст медорӣ? Маротибаи сеюм Петрус ҷавоб дод: — Ту ҳама чизро медонӣ. Ту медонӣ, ки ман Туро дӯст медорам. Ва боз Петрус даъвати Исоро шунид: — Гӯсфандони Маро чӯпонӣ намо. Дар ин рӯзи дар соҳили баҳр гузаронда Петрус чӣ қадар хушбахт буд! Вай донист, ки Исо ӯро дӯст медорад ва мехоҳад, ки шогирдаш низ Ӯро дӯст дорад. Исо мехост, ки Петрус ёрдамчии Ӯ монад. Ба хотир меорем Исо ба шогирдонаш чӣ гуна ёрӣ дод, то ки онҳо моҳӣ доранд? Кӣ то соҳил шино карда омад? Исо аз Петрус дар бораи чӣ пурсид? Петрус чӣ ҷавоб дод? Петрус интихоби дуруст кард ё не? Дар бораи интихоби худ андеша намо Одаме, ки ту ягон маротиба вайро сахт хафа намудӣ, туро бахшида буд? Вақте ки ту фаҳмидӣ, ки вай мисли аввала туро дӯст медорад, чиро ҳис намудӣ? Вақте ки ту нодуруст рафтор мекунӣ, оё Исо туро дӯст медорад? Ту ба Исо мегӯӣ, ки Ӯро дӯст медорӣ? Интихоби дуруст намуданро омӯз Барои он ки ба Исо муҳаббати худро нишон диҳӣ, ба Ӯ суруд хон. Мумкин, ту суруди нав эҷод кардан мехоҳӣ. Масалан, дар он ин гуна суханон буда метавонанд: «Исо, ман Туро дӯст медорам, Ту медонӣ, ки ман Туро дӯст медорам». Агар ту дар танҳоӣ суруд хондан намехоҳӣ, ҳамроҳи ягон кас суруди дигарро хон, ки дар он ин гуна суханон буда метавонанд: «Исо маро дӯст медорад». Агар мо Исоро дӯст медорем, бояд инро ба Ӯ бигӯем! Дуо мекунем Исо, ба Ту шукр мегӯям, ки маро дӯст медорӣ. Ту дар бораи ман ҳама чизро медонӣ, чӣ тавре ки дар бораи Петрус медонистӣ. Ва Ту маро он тавре, ки Петрусро дӯст медоштӣ, дӯст медорӣ. Ман ҳам Туро дӯст медорам! Омин. Ҳар кас фаҳмида метавонад! Инҷили Матто 28:16–20 Аъмоли Ҳаввориёни муқаддас 1–2 ПЕТРУС ДАР ХУД МАРДӢ ПАЙДО КАРД, КИ БА АНБӮҲИ ХАЛҚ ДАР БОРАИ ИСО ГАП ЗАНАД? Ё ИН КИ Ӯ ИНТИЗОР ШУД, КИ КАЙ ИНРО ДИГАР КАС МЕКУНАД? Вақти он расида буд, ки Исо бояд ба назди Падари Худ ба осмонҳо сууд мекард. Пеш аз рафтанаш, Ӯ ба шогирдони Худ ваъда дод, ки ҳамеша бо онҳо хоҳад буд. Баъд Исо ба онҳо фармуд: — Дар Ерусалим интизор шавед, ва Худо ба шумо Рӯҳулқудсро медиҳад. Ӯ ба Шумо қувват мебахшад ва ёрӣ медиҳад, ки ба одамон дар ҳама ҷо дар бораи Ман нақл кунед. Баъд аз ин суханон Исо дар абр ба боло рафт, ва дигар шогирдонаш Ӯро надиданд. Ва онҳо дар Ерусалим интизори Рӯҳулқудси ваъдашуда монданд. Онҳо бо одамоне, ки Исоро дӯст медоштанд, вомехӯрданд ва ҳамроҳи онҳо дуо мекарданд. Ниҳоят, боре пагоҳӣ онҳо садоеро шуниданд, ки ба шамол монанд буд. Чизе, ки забонаҳои оташро ба хотир меовард, дар болои сари ҳар як одам пайдо шуд. Аммо ин оташ намесӯзонд. Вақте ки одамон сухан карданд, аён шуд, ки онҳо забонҳои гуногунро омӯхтаанд! Он рӯз ба шаҳр мардуми зиёде аз ҳар ҷо омада буданд. Ва ҳамаи онҳо мефаҳмиданд, ки шогирдони Исо дар бораи чӣ гап зада истодаанд. Петрус ба анбӯҳи азими одамон нигоҳ кард. Вақти муносиб барои ба онҳо дар бораи Исо гуфтан фаро расид! Инак, Петрус бояд интихоби муҳим мекард. Вай метавонист ҷасурӣ нишон диҳад ва ба одамони ҷамъшуда мавъиза намояд. Охир Исо ба Петрус гуфта буд, ки мардум бояд дар бораи Ӯ медонистанд. Барои ҳамин вай мефаҳмид, ки агар ҳозир мавъиза намояд, дуруст рафтор хоҳад кард. Ё ин ки ӯ вонамуд карда метавонист, ки Исоро намешиносад, чӣ тавре ки ин як маротиба рӯй дода буд. Ниҳоят, вай интизор шуда метавонист, ки кай ягон каси дигар мавъиза кунад. Ва Петрус чӣ кор кард? Вай ба мардум бо овози баланд ва нотарсона муроҷиат намуд. Рӯҳулқудс вайро қувват бахшид ва ба вай суханони лозимро дод. Петрус ба мардум ҳама чизро дар бораи ҳаёти Исо нақл кард. Баъд дар бораи марг ва эҳёи Ӯ нақл кард ва ҳама он касонеро, ки ӯро гӯш мекарданд, даъват намуд: — Аз гуноҳҳои худ тавба кунед. Исо шуморо мебахшад. Ва тақрибан се ҳазор нафар ба гуфтаҳои Петрус дар бораи Исо бовар карданд! Худо хурсанд буд, ки Петрус мардонагӣ зоҳир намуд. Ӯ хурсанд буд, ки Петрус ба одамон дар бораи Исо нақл мекард. Ба хотир меорем Пеш аз он, ки ба осмон сууд кунад, Исо ба шогирдонаш чӣ фармуд? Вақте ки бар вай Рӯҳулқудс нозил шуд, Петрус чӣ кор кард! Петрус интихоби дуруст намуд ё не? Дар бораи интихоби худ андеша намо Ту метавонӣ якчанд одамеро номар кунӣ, ки ба ту дар бораи Исо нақл карда буданд? Ту худат ба кӣ дар бораи Ӯ нақл карда метавонӣ? Кӣ ба ту суханони лозимиро ёдрас мешавад? Интихоби дуруст намуданро омӯз Ягон расми зеборо тасвир кун ва дар он бо ҳарфҳои калон бинавис: ИСО ТУРО ДӮСТ МЕДОРАД! Агар хоҳӣ, ҳарфҳоро ранга карда метавонӣ. Мумкин, ту ин суханонро бо забони дигар низ навишта метавонӣ. Расматро ба одаме ҳадя бикун, ки ин забонро мефаҳмад. Мо бояд ба одамон дар бораи он, ки Исо онҳоро дӯст медорад, гӯем. Дуо мекунем Худованд, ба мо барои ёфтани суханони лозимӣ ёрӣ деҳ, ки ба одамон дар бораи муҳаббати Писари Худо гап зада тавонем. Бо номи Исо. Омин. Дар роҳ ба Димишқ Аъмоли Ҳаввориёни муқаддас 9:1–22 ПАВЛУС БАДӢ КАРДАНРО БАС КАРД? Ё ИН КИ Ӯ ЗИНДАГИИ АВВАЛААШРО ДАВОМ МЕДОД? Павлус аз он одамоне буд, ки қонуни Худоро хуб медонистанд. Аммо вай Исоро намедонист. Вай дар бораи Ӯ шунида буд, вале бовар намекард, ки Исо — Писари Худо аст. Барои ҳамин вай ҳатто фикр надошт, ки Ӯро дӯст доштан мумкин аст. Павлус дар ҳама ҷо одамонеро меёфт, ки Исоро дӯст медоштанд, ва онҳоро ба зиндон мепартофт. Вай боварӣ дошт, ки дуруст рафтор мекунад. Боре Павлус дар роҳе мерафт, ки ба Димишқ мебурд. Вай мехост дар он ҷо одамонеро ёбад, ки Исоро дӯст медоштанд, ва онҳоро низ ба зиндон партояд. Нохост нури равшане, ки аз осмон медурахшид, вайро кӯр кард. Павлус ба замин афтид. Ва ин лаҳза вай овозеро шунид: — Павлус, барои чӣ Маро таъқиб мекунӣ? — Ту Кистӣ? — пурсид Павлус. — Ман Исо ҳастам. Манам Он Касе, ки ту Ӯро таъқиб мекунӣ. Исо ба осмон сууд кард. Ӯ дар ҳақиқат Писари Худо буд ва мехост, ки Павлус дар бораи ин донад. Боз Ӯ мехост, ки Павлус донад, ки шахсе, ки одамони Исоро дӯст медоштаро таъқиб мекунад, Худи Исоро таъқиб мекунад. Павлус аз замин бархост ва фаҳмид, ки ҳеҷ чизро намебинад. Ва он гоҳ одамоне, ки ҳамроҳи вай ба Димишқ мерафтанд, вайро аз дасташ гирифта ба шаҳр оварданд. Муддати се рӯз Павлус дар хонаи дар кӯчаи Рост воқеъ буда монд. Вай мисли пештара ҳеҷ чизро намедид. Аммо вай дуо карда метавонист. Ва ӯ дуо мекард! Дере нагузашта ба хонае, ки Павлус зиндагӣ мекард, одаме омад, ки Исоро дӯст медошт. Вай гуфт: — Исо маро ба назди ту равон кард. Ӯ мехоҳад, ки ту бино шавӣ! Одами ношинос ба Павлус даст расонд. Ва Павлус бино шуд. Инак, Павлус бояд интихоби муҳим мекард. Вай метавонист бовар кунад, ки Исо — Писари Худо аст, ва иқрор шавад, ки беҳуда дӯстони Исоро ба зиндон мепартофт. Вай метавонист ин бадкирдориашро бас кунад. Ё ин ки Павлус метавонист фикр кунад, ки Исо Писари Худо нест, ва мисли аввала дӯстони Ӯро ба зиндон партофтан гирад. Ва Павлус чӣ кор кард? Вай қарор дод, ки ёрдамчии Исо мешавад! Якчанд рӯз дар Димишқ вай бо дӯстони Исо сӯҳбат кард. Баъд аз ин вай худаш дар бораи Исо чун Писари Худо нақл кард. Одамон ба ҳайрат меафтоданд, ки чӣ тавр Павлус тағйир ёфта буд. Вай дигар дӯстони Исоро ба зиндон намепартофт. Акнун ӯ боз ва боз одамонро бовар мекунонд, ки ба Писари Худо имон оварда Ӯро дӯст доштан лозим аст! Худо хурсанд буд, ки Павлус бадкирдориро бас кард. Ва Павлус низ аз он хурсандӣ мекард, ки ниҳоят фаҳмид, ки Исои Масеҳ Кӣ аст. Ба хотир меорем Павлус бо онҳое, ки Исоро дӯст медоштанд, чӣ гуна муносибат мекард? Аз осмон овози кӣ садо дод? Бо чашмони Павлус чӣ воқеа рӯй дод? Павлус интихоби дуруст намуд ё не? Боқимондаи ҳаёташро Павлус ба чӣ бахшид? Дар бораи интихоби худ андеша намо Ба ту лозим омада буд, ки фикри худро дар бораи ягон одам тағйир диҳӣ? Туро ба ин чӣ водор месохт? Ту одамонро хуб мешиносӣ? Чӣ тавр ту Исоро беҳтар шинохта метавонӣ? Интихоби дуруст намуданро омӯз Чашмонатро пӯш ва тасаввур кун, ки ту Павлус ҳастӣ. Аз ягон кас хоҳиш кун туро ба он ҷое барад, ки ту якчанд вақт танҳо монда метавонӣ. Акнун аз Исо хоҳиш кун, ки ба ту ёрӣ диҳад, ки рафторҳои нодуруст кардаи худро «бубинӣ». Баъд Исоро хоҳиш кун, ки ба ту ёрӣ диҳад, ки дигар ҳеҷ гоҳ онҳоро такрор накунӣ. Вақте ки мо нодуруст рафтор карданро бас мекунем, нишон медиҳем, ки Исоро дӯст медорем. Дуо мекунем Худованд, ба Ту шукр мегӯем, ки Ту ба мо ёрӣ медиҳӣ рафторҳои дурустро аз нодуруст фарқ кунем. Дуруст рафтор карданро ба мо омӯз. Бо номи Исо. Омин. Меҳмоннавозии меҳрубонона Аъмоли Ҳаввориёни муқаддас 16:6–15 ЛИДИЯ БА ХИЗМАТГОРОНИ ХУДО ЁРӢ РАСОНД? Ё ИН КИ Ӯ БО КОРҲОИ ХУД МАШҒУЛ БУДАНРО ДАВОМ ДОД? Баъд аз он, ки Павлус Кӣ будани Исоро фаҳмид, ӯ ба тамоми мамлакатҳо сафар мекард. Вай мехост ба одамон дар бораи Исо нақл кунад. Боре шабона Павлус хоби аҷоибро дид. Ба вай марди мақдунӣ зоҳир шуд. Вай аз Павлус хоҳиш мекард, ки ба Мақдуния ояд ва ба халқаш ёрӣ диҳад. Барои ҳамин рӯзи дигар Павлус ба киштие нишаст, ки ба Мақдуния мерафт. Ҳамроҳи Павлус ба он ҷо боз якчанд дӯстони вай равон шуданд: Сило, Тимотиюс ва Луқо. Рӯзи дигар онҳо ба шаҳри калон расиданд. Начандон дуртар аз ин шаҳр як дарё ҷорӣ мешуд. Ва инак, рӯзи шанбе, рӯзи Худо, Павлус бо дӯстонаш аз шаҳр баромаданд ва ба соҳили дарё равон шуданд. Онҳо умед доштанд дар он ҷо ягон касро аз халқи Худо вохӯранд ва якҷоя дуо кунанд. Мусофирон дар соҳил якчанд занро дида, дар назди онҳо нишастанд. Павлус ба онҳо дар бораи Исо нақл кард. Вай гуфт, ки Исо, Писари Худо, онҳоро сахт дӯст медорад. Яке аз занҳое, ки Павлусро гӯш мекарданд, Лидия ном дошт. Вай кори худро дошт: арғувонфурӯшӣ мекард. Чунин ном дошт матое, ки ранги сурхи равшан дошт. Лидия ба Худо бовар дошт, лекин вай дар бораи Исо чизе намедонист. Вақте ки Павлус бо занон сӯҳбат мекард, Худо ба Лидия ёрӣ дод, ки ба он чизе, ки ӯ шунид, бовар кунад. Ва акнун ӯ медонист, ки Исо — Писари Худо аст. Лидия хост таъмид гирад, то дигар одамон донанд, ки ӯ ба Исо имон овард. Дере нагузашта ҳама дар оилаи вай таъмид гирифтанд! Инак, Лидия бояд интихоби муҳим мекард. Ӯ метавонист аз хизматгорони Худо хоҳиш кунад, ки дар хонааш монанд. Ва он гоҳ вай бо дигар сокинони шаҳр дар бораи Исо ва муҳаббати Ӯ ба одамон бисёртар мешуниданд. Ё ин ки Лидия вонамуд карда метавонист, ки бо кораш банд аст ва бо Павлус ва дӯстони вай хайрухуш кунад. Ва Лидия чӣ кор кард? Ӯ Павлусро ба хонааш даъват намуд. Ба шарофати Лидия, одамони зиёде дар ин шаҳр дар бораи Писари Худо шуниданд. Худо хурсанд буд, ки Лидия хизматгорони Ӯро бо меҳрубонии зиёд қабул кард. Баъд аз ин Лидия низ хизматгори Худо шуд. Ва ин ба вай хушбахтӣ овард. Ба хотир меорем Павлус ва дӯстони вай барои чӣ ба соҳили дарё рафтанд? Онҳо дар он ҷо чӣ гуна одамонро мекофтанд? Лидия аз Павлус чиро фаҳмида гирифт? Лидия чӣ тавр ёрдамчии Худо шуд? Лидия интихоби дуруст кард ё не? Дар бораи интихоби худ андеша намо Баъзан вақт кӯдакон низ, мисли калонсолон, сахт бо кори худ овора мешаванд, то он кореро кунанд, ки Худо аз онҳо мехоҳад. Ту бо кадом корҳои ҳамарӯза машғул мешавӣ? Барои кадом корҳои дӯстдоштаат ту ҳамеша вақт ёфта метавонӣ? Интихоби дуруст намуданро омӯз Дар варақ ҳар рӯз бо кадом кор машғул шуданатро навис ё тасвир кун. Инчунин онро низ, ки дар вақти озод бо кадом кор машғул шуданро дӯст медорӣ. Барои ба Исо хизмат кардан вақт ёфтан — ҳамеша кори дуруст аст. Дуо мекунем Худованд, ба мо ёрӣ деҳ, ки ҳамеша барои ба Ту хизмат кардан вақт ёбем. Мо туро дӯст медорем. Бо номи Исо. Омин. Худоро дар зиндон ҷалол додан Аъмоли Ҳаввориёни муқаддас 16:16–36 ПАВЛУС БА ХУДО ОН ВАҚТҲОЕ КИ БЕНИҲОЯТ ВАЗНИН БУД, УМЕД МЕКАРД? Ё ИН КИ Ӯ НА ҲАМЕША БА ХУДО УМЕД МЕКАРД? Ба бисёр одамон мавъизаи Павлусро гӯш кардан маъқул буд. Вай онҳоро меомӯхт, ки ба Исо имон оранд. Аммо онҳое, ки ба ҳокимият ва боигарӣ ҷидду ҷаҳд мекарданд, муҳаббати Худоро фаҳмида наметавонистанд. Боре якчанд одам Павлус ва дӯсти вай Силоро дастгир намуда ба зиндон партофтанд. Барои чӣ? Барои он ки онҳо дар он ҷо ба мардум дар бораи Исо гап зада наметавонистанд. Ҳоли Павлус ва Сило дар зиндон вазнин буд. Зиндонбон ҳама корро мекард, ки онҳо абадӣ дар зиндон монанд. Панҷараҳои дар ва тиреза роҳи озодиро ба онҳо мебастанд. Кундаҳои ба пойҳои маҳбусон пӯшида шуда, ба онҳо имконияти роҳ гаштанро намедоданд. Онҳо маҷбур буданд тамоми вақт дар рӯи фарши ифлоси зиндон шинанд. Инак, Павлус ва Сило бояд интихоби муҳим мекарданд. Онҳо метавонистанд рӯҳафтода нашаванд, чунки ҳатто дар ин ҷо, дар зиндон, Худо ҳамроҳи онҳо буд. Онҳо умед баста метавонистанд, ки Худо барои онҳо ғамхорӣ мекунад. Ё ин ки Павлус ва Сило ба ғам дода шуда метавонистанд. Ин ду рафиқ инчунин метавонистанд кӯшиш кунанд, ки бо қувваи худашон аз зиндон бароянд. Аммо дар ин ҳолат ба онҳо марги ҳақиқӣ таҳдид мекард. Ва Павлус бо Сило чӣ гуна рафтор карданд? Онҳо мисли аввала ба Худо умед доштанд ва ғам намехӯрданд. Шабона онҳо ба Худо дуо карда Ӯро ҳамду сано хонданд! Онҳоро ҳамаи маҳбусон мешуниданд, ва ҳар яки онҳо дар зиндон дар бораи муҳаббати Худо мефаҳмид. Ногоҳ замин ларзид. Он чунон сахт ларзид, ки дарҳои зиндон кушода шуданд! Ва занҷирҳое, ки бо онҳо маҳбусон баста шуда буданд, шикастанд! Зиндонбон ба ҳарос афтод. Аммо Павлус вайро ором кард: — Хавотир нашав! Мо дар ин ҷо ҳастем. Баъд аз ин суханон зиндонбон хост фаҳмад, ки чӣ тавр вай аз гуноҳҳояш наҷот ёфта метавонад. Вай низ шунида буд, ки чӣ тавр Павлус ва Сило ба Худо дуо карда Ӯро ҳамду сано мехонданд. Вай медонист, ки онҳо ба вай дар бораи Худо нақл карда метавонанд. Ҳам Павлус ва ҳам Сило ба вай гуфтанд: — Ба Исо имон овар, ва наҷот хоҳӣ ёфт. Ва зиндонбон имон овард! Вай Павлус ва Силоро ба хонааш таклиф намуд. Дар он ҷо маҳбусон ба оилаи вай дар бораи Исо мавъиза карданд, ва ҳамаи онҳое, ки онҳоро шуниданд, инчунин имон оварданд. Зиндонбон ба Павлус ва Сило хӯрок дод. Саҳарӣ вай ба онҳо гуфт: — Равед. Акнун шумо озод ҳастед. Худо хурсанд буд, ки Павлус ва Сило ба Ӯ умед доштанд. Ин ду рафиқ низ хурсанд буданд, ки дар зиндон ба Исо содиқ монданд. Онҳо фаҳмиданд, ки ҳатто дар лаҳзаҳои вазнинтарин рӯҳафтода шудан лозим нест. Чӣ тавре ки маълум шуд, ин шаби олиҷаноб буд! Ба хотир меорем Барои чӣ Павлус ва Силоро ба зиндон партофтанд? Дар зиндон онҳо ғамгин набуданд ё рӯҳафтода шуда буданд? Павлус ва Сило интихоби дуруст карданд ё не? Онҳо ба зиндонбон чӣ гуна ёрӣ доданд? Дар бораи интихоби худ андеша намо Рӯзҳое буданд, ки ту ҳис мекардӣ, ки ҳама чиз на он тавре, ки лозим аст, рафта истодааст? Чӣ тавр дуо, сурудхонӣ ва умед бастан ба Худо ба ту ёрӣ медоданд, ки ба душвориҳо истодагарӣ кунӣ? Вақте ки маротибаи дигар ту аз ягон чиз ғамгин мешавӣ, чӣ кор мекунӣ? Интихоби дуруст намуданро омӯз Фикр кун, ки ту вақте ки ҳангоми борон дар кӯча мемонӣ, ё бо падару модарат дар роҳ «маҳкам» мешавӣ, чӣ кор мекунӣ? Мумкин ту сурудҳои масеҳӣ мехонӣ. Мумкин аз Калом қиссахо нақл мекунӣ. Ҳатто дар лаҳзаҳои душвортарини ҳаётамон мо бояд ба Худо умед бандем. Дуо мекунем Худованд, ба Ту шукр мегӯем, ки дар лаҳзаҳои душвортарин Ту ҳамроҳи мо мемонӣ. Ба мо ёрӣ деҳ, ки ҳамеша ба Ту умед бандем. Бо номи Исо. Омин. Ба ҳама таълим диҳед Аъмоли Ҳаввориёни муқаддас 18 АПӮЛЛӮС УСТОДОНИ ХУДРО ГӮШ КАРД? Ё ВАЙ ФИКР МЕКАРД, КИ БА ВАЙ ДАР БОРАИ ИСО ДОНИСТАН ШАРТ НЕСТ? Вақте ки Павлусро аз зиндон озод карданд, вай сафари худро давом дод. Вай аз як ҷо ба ҷои дигар мерафт ва ба одамон дар бораи Исо нақл мекард. Боре Павлус ба як шаҳре омад, ки дар он ҷо дӯстони нав пайдо кард. Ин Акило ва зани вай Прискила буд. Павлус дар хонаи дӯстони нави худ зиндагӣ мекард ва ҳамроҳи онҳо хаймадӯзӣ мекард. Ҳар ҳафта дар рӯзи Худо Павлус ба каниса мерафт. Чунин ном дошт он ҷое, ки одамон барои ба Худо саҷда кардан меомаданд. Ҳамаи онҳое, ки дар каниса дуо мекарданд, Худоро дӯст медоштанд. Аммо онҳо дар бораи Писари Ӯ — Исо чизе намедонистанд. Вақте ки Павлус ба онҳо дар бораи Исо нақл кард, баъзеҳо ба вай бовар накарданд, ва баъзеҳо бовар карданд ва Писари Худоро дӯст доштанд. Баъд Павлус дар хонаи дигар сокин шуд ва беш аз як сол дар он ҷо зиндагӣ кард. Ва дар ин муддат вай ба одамон дар бораи Исо мавъиза карда онҳоро таълим медод. Ниҳоят вақти аз ин шаҳр рафтани Павлус фаро расид. Худо мехост, ки ӯ ба дигар шаҳрҳо равад ва ба одамон дар бораи Исо нақл кунад. Акило ва Прискила, дӯстони нави ӯ, ҳамроҳи ӯ ба сафар баромаданд. Дӯстон ба шаҳри нав омаданд, ва Павлус боз ба одамони бисёр мавъиза намуд. Вақте ки вай сафарашро давом додан хост, Акило ва Прискила ин маротиба ҳамроҳи вай нарафтанд. Боре рӯзи шанбе Акило ва Прискила ба каниса омаданд. Он дар шаҳре ҷойгир буд, ки онҳо акнун дар он ҷо зиндагӣ мекарданд. Дар каниса зану шавҳар мавъизаро гӯш мекарданд. Номи одаме, ки дар каниса мавъиза мекард, Апӯллӯс буд. Вай устоди хуб буд. Аммо дӯстони Павлус фаҳмиданд, ки мавъизачӣ дар бораи Исо чизе намедонад. Баъд аз мавъиза Акило ва Прискила аз Апӯллӯс пурсиданд, ки оё онҳо бо вай сӯҳбат карда метавонанд. Розигии вайро гирифта, онҳо ба вай дар бораи Исо ҳамаи он чизеро, ки Павлус барояшон таълим дода буд, нақл карданд. Инак, Апӯллӯс бояд интихоби муҳим мекард. Ӯ метавонист нақли Акило ва Прискиларо дар бораи Исо гӯш кунад. Вай метавонист ба ин мард ва ба ин зан иҷозат диҳад, ки ҳама чизи медонистагиашонро ба вай омӯзанд, ва баъд ба дигар одамон дар бораи Исо нақл кунанд. Ё ин ки ӯ метавонист ба Акило ва Прискила гӯяд, ки онҳоро гӯш кардан намехоҳад, ки ӯ дар бораи Худо он чизеро, ки барояш донистан зарур аст, медонад. Ва Апӯллӯс чӣ гуна рафтор кард? Вай хеле бодиққат ҳамаи он чизеро, ки Акило ва Прискила дар бораи Исо ба вай нақл карданд, гӯш кард. Баъд аз ин вай ба шаҳрҳои дигар рафт, то ки дар бораи Писари Худо нақл кунад. Вай ба одамон ёрӣ медод фаҳманд, ки Исо Кӣ буд. Вай ба онҳо мегуфт: — Шумо интизор мешавед, ки Худо ягон касро равон кунад. Аммо Худо аллакай Исоро фиристод! Ва Ӯ Писари Худо аст. Исо он Касе мебошад, ки шумо интизор ҳастед. Ба шарофати Апӯллӯс одамони бисёр дар бораи Исо донистанд. Худо хурсанд буд, ки Апӯллӯс Акило ва Прискиларо гӯш кард. Онҳо аҷоиб нақл мекарданд ва ӯ бодиққат гӯш мекард. Вай ҳама чизро дар бораи Писари Худо — Исо фаҳмида гирифт. Дертар Апӯллӯс низ мавъизачии хуб гашт! Ба хотир меорем Павлус дар хонаи дӯстони нави худ кадом корро иҷро мекард? Ҳамроҳи Павлус ба шаҳри дигар кӣ равон шуд? Акило ва Прискила ба Апӯллӯс дар бораи кӣ нақл кардан мехостанд? Апӯллӯс интихоби дуруст кард ё не? Апӯллӯс баъдтар ба одамон дар бораи кӣ нақл мекард? Дар бораи интихоби худ андеша намо Ту дар бораи Исо аллакай чиро медонӣ? Ту дар бораи Ӯ бисёртар донистан мехоҳӣ? Агар дар хотир дошта бошӣ, Апӯллӯс одами калонсол буд, аммо ӯ низ бояд бисёр чизро медонист, то ки дар бораи Исо ба одамони дигар нақл кунад! Интихоби дуруст намуданро омӯз Ягон қиссаи дӯстдоштаи худро дар бораи Исо интихоб кун ва кӯшиш кун аз он ягон чизи навро барои худ кушоӣ. Баъд бозичаҳоятро шинон ва ба онҳо ин қиссаро нақл кун. Ва баъд аз ин ту метавонӣ ин қиссаро ба ягон одам нақл карда диҳӣ. Қарори дар бораи Исо ҳарчӣ бисёртар донистанро қабул карда, мо интихоби аз ҳама дуруст мекунем. Дуо мекунем Худованд, Туро барои қиссаҳои каломӣ, ки ба мо дар бораи Исо нақл мекунанд ва меомӯзонанд, шукр мегӯем. Туро барои муаллимони мо шукр мегӯем. Онҳо ба мо ёрӣ медиҳанд фаҳмем, ки Китоби Муқаддас дар бораи чӣ мегӯяд. Бо номи Исо. Омин.