Гоҳо занҳо хеле мехоҳанд ҳаёти худро дигаргун кунанд! Аммо бе мадади Худо дигаргуниҳои бардавом ба амал овардан ғайриимкон аст. Аз ҳаёт мисолҳо оварда, Стормӣ Омартиан оиди он нақл мекунад, ки чӣ тавр занҳо барои худ дуо гуфта метавонанд ва дуои онҳо то чӣ андоза таъсирбахш буда метавонад. Муаллиф намунаҳои дуоҳоро пешниҳод мекунад, ки ҳангоми барои худ шафоат намудан (дуо гуфтан) истифода бурдан мумкин аст. Ба шарофати ин дуоҳо шумо пуррагии ҳаётро ҳис мекунед ва ба мақсаде ки Худо дар назди шумо гузоштааст, мерасед.
Сторми Омартиан
ҚУДРАТИ ЗАНИ ДУОГӮЙ
ҚУДРАТИ ДУО
Бигзор меҳрубонии Худованд Худои мо бар мо бошад! Ва амали дастҳои моро бар мо устувор гардон; ва амали дастҳои моро устувор гардон.
Новобаста ба синну сол ва ҳолати оилавият, ҳолати ҷисм ва рӯҳат, муддати имондор будан ё умуман имон надоштанат, — новобаста ба ҳама ин, агар ту зан бошӣ, ин китоб барои туст. Ман аллакай 30 сол боз вафодорона аз пайи Худованд меравам ва то ҳол аз ин роҳ берун нашудаам, аммо ба ман низ ин китоб даркор аст. Рости гап, маҳз аз он сабаб, ки ману ту монандем, ман ин китобро чунон ки барои ту навиштаам, барои худам низ навиштаам. Ҳаёти ман назар ба сайру гашти сабук бештар ба санҷиши вазнин монанд аст; он аз ҳаёти бепарвоёна ва хурсандона дида бештар хатарнок ва хастакунанда аст.
Он на ба насими салқини форам, балки ба шамоли гарм ва хушк монанд аст, ки ба рӯй мезанад.
Аммо ман медонам, ки Худо метавонад роҳҳои ноҳамворро ҳамвор кунад, тӯфонҳоро ором намояд, маро ва ҳамаи он чиро, ки бароям гаронбаҳост, ҳифз намояд, ва ҳатто борамро сабук кунад, агар аз Ӯ хоҳиш кунам, ки мушкилоти ҳаётамро ба Худ гирад. Аммо ин худ аз худ, бе дуо ба амал намеояд.
Мо ба давуғеҷи зиндагӣ дода шуда, на он қадар зиёд дуо мегӯем. Ё оиди ҳалли масъалаҳои ҳалталабтарин дуо мегӯем ва барои он вақт намеёбем, ки ба Худо наздик шавем, Ӯро амиқтар дарк намоем ва ба Ӯ оиди ҳамаи мушкилоти худ гӯем. Мо ҳар рӯз «шитобон дуо гуфта», каналеро, ки ба воситаи он ба ҳаёти мо баракатҳои Худо ворид мешаванд, маҳкам мекунем. Дар ин маврид мо худро ба хатаре рӯ ба рӯ мекунем, ки боре бо ҳисси холигӣ ва фикри даҳшатоваре бедор шавем, ки замини зери поямон ба рег табдил меёбад, ва қабати ҳимоякунандаамон чун пӯсти тухм нозук мешавад. Якчанд сол пеш бо ман маҳз ҳамин тавр шуд.
Он вақт ман бо корҳои хона ва тарбияи фарзандони навраси худ машғул будам ва саъй менамудам, ки ҳамсари хуб ва соҳибхоназани хуб бошам. Ман бо презентацияҳои китобҳоям дар сар то сари кишвар сафар мекардам, ба ҷамъомадҳои калисоӣ бисёр мерафтам ва ба эҳтиёҷмандон ёрӣ медодам ва бо ҳамаи ин корҳо он қадар машғул будам, ки чизи муҳимтаринро дар зиндагӣ — муоширати шахсиро бо Худо фаромӯш кардам. На ин ки бо роҳҳои Ӯ рафтанро бас карда бошам — баръакс, ман як рӯз ҳам бе Худованд зиста наметавонистам. На ин ки дуо гуфтанро бас карда бошам — баръакс, ман беш аз ҳарвақта, барои ҳамаи одамони рӯ замин дуо мегуфтам. Аммо ман оиди муоширати худ бо Ӯ дуо намегуфтам. На ин ки Каломи Худоро намехонда бошам — ман барои лоиҳаҳое ки он вақт бо онҳо машғул будам, мавод интихоб намуда ва ба дарсҳои библиявӣ, ки дар онҳо иштирок мекардам, тайёрӣ дида, Китоби Муқаддасро соатҳо мехондам. Аммо ман ба Худо вақт ҷудо намекардам, ки шахсан бо ман гап занад. Ман бо кори хуб чунон машғул будам, ки кори беҳтарро аз даст додам. Худам нафаҳмида, ба Марто табдил ёфтам, ба ҷои он ки Марям шавам (ниг.: Луқ. 10:38–42).
Ман вақти муоширати шахсиро бо Худованд кӯтоҳ кардам, ва дар натиҷа дар зери бори ташвишҳо ба пеш ҳаракат карда натавонистам. Ман ба гулдони нозуки булӯрин монанд шудам, ки аз сусттарин таъсири берунӣ осеб дида метавонад. Ман мефаҳмидам, ки эҳтиёҷи ман ба Худо аз ҳамаи эҳтиёҷоти дигар қатъитар ва муҳимтар аст. Ғайр аз Ӯ ҳеҷ кас ташнагии ҷони маро рафъ карда наметавонист. Ва ман дарк намудам, ки бо Худо дар дуо муоширати шахсӣ доштан ва онро ҳифз намудан то чӣ андоза барои ман муҳим аст.
Роҳи баромад аз ин ҳолат дар он буд, ки ман мебоист оиди ҳар як соҳаи ҳаётам, оиди инкишофи рӯҳонии худ дуо гӯям ва ваъдаҳои Худоро фаромӯш накунам. Танҳо ҳамин гуна дуо ба мо ёрӣ медиҳад, ки диққатамонро ба Худо ва нақшаи Ӯ равона кунем ва на бо роҳҳои худ, балки бо роҳҳои Ӯ қадамгузор шавем; ин дуо ба мо ёрӣ медиҳад, ки диққатамонро аз чизҳои муваққатӣ дур карда, онро ба чизҳои ҷовидонӣ равона кунем, ва он вақт мо лаёқати дидани чизҳои ҳақиқатан аҳамиятнокро ба даст меоварем. Он ба мо ёд медиҳад, ки ростро аз дурӯғ фарқ кунонда тавонем, имони моро устувор менамояд ва ба мо ёрӣ медиҳад, ки ба чизи ғайриимкон бовар кунем. Ба шарофати чунин дуо мо фарзандони Худо мешавем, чунон ки хоҳони он ҳастем, ва бовар мекунем ки ин
Дар китобҳои пештараамон ман оиди он ки сухан мерондам, ки шавҳарон ва занҳо барои якдигар, волидон барои фарзандон, шаҳрвандон барои кишвари худ дуо гуфта метавонанд. Дар ин китоб ман кӯшиш мекунам ба ту ошкор намоям, ки чӣ тавр ту барои
Чаро барои худ дуо гуфтан ин қадар душвор аст?
Оё шумо пай бурдаед, ки дуо гуфтан барои дигарон назар ба дуо гуфтан барои худ хеле осонтар аст? Ман пай бурдаам. Ман барои шавҳарам, фарзандонам, барои дигар хешовандон, барои шиносҳо, дӯстон ва ҳатто барои шахсони ношинос, ки оиди эҳтиёҷоти онҳо ба воситаи барномаи ахбор мешунавам, ба осонии бештар дуо мегӯям, назар ба он ки оиди ҳалли мушкилоти шахсии худ дуо гӯям.
Ин пеш аз ҳама аз он сабаб рӯй медиҳад, ки ман эҳтиёҷоти дигаронро равшану возеҳ мебинам. Мушкилоти худам бошанд хеле зиёд ва печдарпеч мебошанд, аксаран онҳоро ҳал кардан хеле мураккаб буда, гоҳо онҳоро пай бурдан осон нест. Ба мо, занҳо,
Оё гоҳо эҳсос мекунӣ, ки ҳаёт аз зери назорат берун меравад, ва ташвишҳои рӯзғор қисми хеле муҳими ҳаётатро мерабоянд? Оё ту аҳамият медиҳӣ, ки як ё якчанд соҳаи ҳаётатро сарфи назар кардаӣ, чунки мехоҳӣ якчанд нақшҳоро бозӣ кунӣ ва умедвориҳои бисёр касонро амалӣ намоӣ.
Оё дар ту чунин эҳсосоте мешавад, ки ту дар як ҷой истода мондаӣ ва ба пеш ҳаракат намекунӣ? Ё, аз он ҳам бадтар, ба ақиб меравӣ? Оё чунин шуда буд, ки дурнамои ояндаи худро гум карда будӣ? Шояд ин гуна фикрҳо ҳеҷ гоҳ ба сарат наомада буданд? Оё донистан мехостӣ, ки таъиноти ту аз чӣ иборат аст, ва оё барои ба даст овардани мақсаде ки Худо барои ту муқаррар намудааст, иқдом намудаӣ? Оё дар ту эҳсосоти холигӣ, ноумедӣ, номукаммалии худ буд? Ман борҳо ба чунин ҳолатҳо рӯ ба рӯ шудаам.
Оё ба ҳузури Худо эҳтиёҷи беандоза ҳис кардаӣ? Оё ту Худоро дарк намудан мехоҳӣ? Ту ба Ӯ беҳтар хизмат кардан мехоҳӣ, аммо на вақт дорӣ, на қувват, на имконият? Оё ту ба он эҳтиёҷ дорӣ, ки дар муоширати дуоӣ бо Ӯ вақти бештарро гузаронӣ? Оё ту мехоҳӣ бо имони зиёдтар дуо гӯӣ ва аз Худо ҷавобҳои мӯъҷизаосо гирӣ? Оё ба донистани Каломи Худо эҳтиёҷ дорӣ? Оё ақаллан гоҳо дар ту хоҳише пайдо мешавад, ки Исоро сахт ба оғӯш гирифта, гармӣ ва муҳаббати Ӯро эҳсос намоӣ? Ман чунин эҳсосотро борҳо аз сар гузарондаам. Ва алалхусус он чиз ҷолиб аст, ки ин хоҳишро дар мо Худованд ҷойгир намудааст. Худо мехоҳад, ки мо хоҳони ҳузури Ӯ бошем. Ӯ мехоҳад, ки мо дар Ӯ пуррагии ҳаётро ба даст оварем. Худованд мехоҳад, ки ту дар ҳаёт
Ман эҳтиёҷотамро чӣ гуна қонеъ намоям?
Ҳар як зан эҳтиёҷоти худро дорад. Аммо айби бисёр занҳо аз он иборат аст, ки онҳо аз дӯстони худ, асосан аз мардони наздики худ хоҳиш мекунанд, ки эҳтиёҷоти онҳоро қонеъ гардонанд. Занҳо умедвор мешаванд, ки мардон барои онҳо он чиро мекунанд, ки танҳо аз дасти
Ин фикрро беҳтар аз ҳама дугонаам Лиза Бевер ифода намуда, гуфтааст, ки занҳо асрҳо боз «бо писарони Одам мубориза бурда, кӯшиш мекунанд, ки мардон онҳоро баракат диҳанд ва қадршиносӣ намоянд». Аммо ин мубориза ғайр аз ноумедӣ ҳеҷ чизи дигар намеоварад… моҳиятан, ин муҳорибаи бемаъно ва вазнин аст, ки дар он ҳар ду тараф бой медиҳанд. Аммо писарони Одам айбдор нестанд, ки баракатҳоеро, ки мо аз онҳо интизорем, дода наметавонанд, ва мо ҳокимияти беҳад зиёдро бар ҷонҳоямон ба дасти онҳо дода, онҳоро метарсонем. Мо бояд фаҳмем, ки баракатҳоеро, ки ҳақиқатан ба онҳо эҳтиёҷ дорем, танҳо Худо ба мо дода метавонад».
Мо бе Худо ҳеҷ гоҳ хушбахт шуда наметавонем, агар дар Ӯ сарчашмаи некӯаҳволии худ ва қонеъ гардондани ҳамаи эҳтиёҷоти худро наёбем. Танҳо Ӯ бар ҷонҳои мо ихтиёр ва қудрат дорад.
Мо бояд, на ба вазъиятҳо ва на ба одамон, балки ба Худованд умед бандем. Ман медонам, ки ин танҳо ба гуфтан осон аст, аз ҳамин сабаб биёед аз он чи осон аст, сар мекунем. Биёед ба Худо мегӯем: «Худовандо, ман ба ту муроҷиат мекунам, то ки Ту ҳамаи эҳтиёҷоти маро қонеъ гардонӣ. Ба ман ёрӣ деҳ, то ки танҳо ба Ту умед бандам». Ва агар ту аз боиси ҳал нашудани мушкилоти худ ноумед шуда бошӣ, чунин бигӯ: «Танҳо дар Худо ором ёб, эй ҷонам! Зеро ки умедам аз Ӯст» (Заб. 61:6). Сипас ба Худованд оиди ҳамаи эҳтиёҷоти худ бигӯ ва дилатро ба Ӯ кушо. Ташвиш накаш, ҳайрон нашав ва воҳима накун, зеро Ӯ ҳама чизро медонад. Ӯ фақат мехоҳад инро аз худи ту шунавад.
Ҳаёти пурра ба сар бурдан
Агар мо ба ҳам ақаллан андаке монанд бошем, пас ту, чун ман, намехоҳӣ ҳақирона умр ба сар барӣ, як илоҷ карда, рӯзғорро пеш барӣ. Ба ту ҳаёти дигар даркор аст — ҳаёт бо фаровонӣ, ки Исо оиди он мегуфт: «Ман омадаам, то ки онҳо ҳаёт ёбанд ва онро ба фаровонӣ дошта бошанд» (Юҳ. 10:10).
Мо намехоҳем занҳое бошем, ки ҳақиқатро медонанд, аммо аз рӯи он амал намекунанд, ва ба имони худ имкон намедиҳанд, ки омили ҳалкунандаи ҳаёташон гардад. Мо намехоҳем дар зери бори шубҳаҳо, тарс, нобоварӣ ва ҳисси беҳимоя будан зиндагӣ кунем — мо мехоҳем, ки дар ҳаёти мо мақсаде бошад. Ҳаёти кӯдакони ширхора ба сар бурдан ба мо писанд намеояд. Мо мехоҳем аз ҳақиқати Худо ғизо гирем, то дар сатҳи дигари ҳаёт — ҳаёти хушнудона ва самаранок инкишоф ёбем.
Ҳеҷ кадоми мо намехоҳад дар доираи сарбаста ҳаракат кунад, ва гаштаву баргашта ба худи ҳамон мушкилот, нохушиҳо ва хатоҳо дучор шавад. Мо намехоҳем одамони нотавон бошем, ки рӯҳан инкишоф ёфта наметавонанд ва дилҳояшон сахт шуда, пур аз талхӣ, набахшидан, хавотиршавӣ, бесабрӣ ва ноумедӣ гардидааст. Мо намехоҳем дар ҳаёти худ нуқта гузошта, чунин гӯем: «Ҳаёти ман ҳеҷ гоҳ тағйир нахоҳад ёфт, чунки он кайҳо боз
Мо мехоҳем пирӯзманд бошем. Мо мехоҳем қисме аз як чизи аз худамон хеле бузургтар бошем. Мо мехоҳем ба кори Масеҳ чунон хизмат кунем, ки самари нек оварем. Мо мехоҳем мақсади ҳаёти худро бинем ва бо муҳаббати Худо фаро гирифта шавем. Аммо мо ҳеҷ гоҳ бе ёрии Худо ба чунин сатҳи баланд расида наметавонем. Ва мадади Худоро танҳо дар мавриди дуо гуфтан ба даст оварда метавонем.
Чӣ тавр ман аз қудрати Худо пур шавам?
Давраҳое мешаванд, ки мо дар рӯ ба рӯи вазъиятҳо худро тамоман нотавон ҳис мекунем. Мо борҳо боварӣ ҳосил намуда будем, ки барои мустақилона ба амал овардани дигаргуниҳои ҷиддӣ дар ҳаёти худ қудрати кофӣ надорем. Мо аниқ медонем, ки кӯшишҳои ба таври қатъӣ дигаргун намудани худ ё ҳаёти худ бесамар мебошанд. Бароямон маълум аст, ки мо ба ягон қудрати беруна эҳтиёҷ дорем, ки имкониятҳои он назар ба имкониятҳои мо беандоза зиёдтар аст. Аммо дар ин ҷаҳон танҳо як қувва ҳаст, ки барои аз сатҳи худамон ва аз мушкилоти сари роҳамон боло баромадан ба мо ёрӣ дода метавонад, ва ин қудрати Худост.
Бе мадади Худо мо сустиҳои худро мағлуб намуда, аз роҳи одатии худ берун омада наметавонем. Мо ба вазъиятҳое ки дар онҳо ҳама чиз зидди мост, муқобилат намуда наметавонем; бе қудрати Рӯҳулқудс мо дар нотавонии рӯҳонӣ зиндагӣ хоҳем кард; мо наметавонем монеаҳоеро рафъ намоем, ки барои ба даст овардани он чи Худо бароямон тайёр кардааст, халал мерасонанд.
Мо намехоҳем вақтро дар интизории раҳоӣ аз он чи имкониятҳои моро маҳдуд мекунад ва моро аз баракатҳои Худо маҳрум менамояд, гузаронем. Мо мехоҳем ҳозир озод шавем. Аммо ин бе эътирофи қудрати Рӯҳулқудс ғайриимкон аст. Мо нақши Рӯҳулқудсро инкор намуда, ба одамоне монанд мешавем, ки мувофиқи тасвири Китоби Муқаддас «намуди зоҳирии диндориро доранд, вале қуввати онро инкор мекунанд» (2 Тим. 3:5). Мо масеҳиёни «касбӣ» мешавем, ки бо омехтаи бепарвоие ки ба онҳо мустақилияти зоҳириро медиҳад, «масеҳиёна» гап мезананд. Ин ба намоиши театрӣ монанд аст, ки дар он рӯҳ нест, — боадабии зиёд ва ҳеҷ гуна муҳаббат ва самимият, маҳкумкунии зиёд ва ҳеҷ гуна раҳмдилӣ, худбоварии зиёд ва ҳеҷ гуна фурӯтанӣ, селоби суханон ва ҳеҷ як қатраи ашк. Зиндагиҳои нотавону бемаънои мо наметавонанд ба таври ҳақиқӣ ботинан дигаргун шаванд, ки бе он мо наметавонем аз маҳдудияти худ боло шавем ва дар дасти Худо асбобе гардем, ки бояд ҷаҳонро дигаргун кунад. Аммо охир, маънои ҳаёти мо маҳз аз ҳамин иборат аст.
Худо мехоҳад, то мо фаҳмем, ки «бузургии қудрати Ӯ дар мо, ки имон дорем, чӣ гуна аз ҳар берун аст» (ниг.: Эфс. 1:19). Ӯ мехоҳад, то мо қувваеро дарк намоем, ки Исоро «аз мурдагон эҳё намуд ва ба ямини Худ дар афлок шинонд. Болотар аз ҳар сарварӣ, ва ҳукуматдорӣ, ва қудрат, ва салтанат, ва ҳар ном…» (Эфс. 1:20–21). Ӯ мехоҳад, то мо фаҳмем, ки Исо дар мо суст не, балки тавоност (ниг.: 2 Қӯр. 13:3), ва «агарчи Ӯ дар ҳолати заъф маслуб шуд, лекин бо қуввати Худо зинда аст» ва мо ҳамчунин, бо вуҷуди сустии худ, бо қуввати Худо зиндаем (ниг.: 2 Қӯр. 13:4). Худо мехоҳад, то мо донем, ки «мо на рӯҳи ин ҷаҳонро, балки Рӯҳеро қабул кардаем, ки аз Худост, то он чиро, ки Худо ба мо ато кардааст, бидонем…» (1 Қӯр. 2:12).
Ман ба ту фаҳмонда наметавонам, ки Худо чӣ гуна қуввате дорад, ва Рӯҳулқудсе ки дар мо сокин аст, чӣ гуна амал менамояд. Ин аз ҳудуди имкониятҳои ман берун аст. Аммо ман набояд туро ба ягон чиз бовар кунонам, зеро он корро Худи Рӯҳулқудс мекунад. Исо гуфтааст: «Лекин Пуштибон, яъне Рӯҳулқудс, ки Падар Ӯро ба исми Ман хоҳад фиристод, ҳама чизро ба шумо таълим хоҳад дод…» (Юҳ. 14:26). Аммо дар аввал ту бояд Рӯҳулқудсро эътироф намоӣ ва аз Ӯ хоҳиш кунӣ, ки ба ҳаёти ту таъсир расонад.
Аммо мо танҳо ҳамон вақт бо қудрати Рӯҳулқудс зиста метавонем, ки Исоро Наҷотдиҳандаи худ эътироф намоем. Бояд «муҳаббати Масеҳро, ки аз идрок болотар аст, [дарк намоем,] то ки бо тамоми пуррагии Худо пур шавем» (Эфс. 3:19). Агар мо Исоро Ҳукмфамои ҳаёти худ эътироф намоем, фаҳмида метавонем, ки Ӯ ҳамонест, «ки бо қуввате ки дар мо амал мекунад, қодир аст аз ҳар он чи мо мехоҳем ё фикр мекунем, беандоза зиёдтар бикунад» (Эфс. 3:20). Ба шарофати амали Рӯҳулқудси Худо дар мо — ё
Пур шудан аз Рӯҳулқудс зидди иродаи мо ба амал намеояд — мо бояд ба Худо дили худро кушоем, мо бояд хоҳони Ӯ бошем, мо бояд аз Ӯ хоҳиш кунем. «Пас, агар шумо, ки бад ҳастед, ба фарзандони худ додани тӯҳфаҳои некро медониста бошед, пас Падари осмонӣ албатта ба онҳое ки аз Ӯ хоҳиш мекунанд, Рӯҳулқудсро хоҳад дод» (Луқ. 11:13). Мо ҳуқуқи интихобро дорем: аз Рӯҳулқудс пур шавем ё не. Мо бояд оиди ин аз Худо хоҳиш намоем.
Ман оиди таълимотҳои гуногун дар бораи Рӯҳулқудс мубоҳиса карданӣ нестам, зеро онҳо баробари конфессияҳо зиёданд. Ман танҳо оиди як чиз хоҳиш мекунам — Рӯҳулқудси Худоро чун зуҳуроти
Қувват барои ҳамон гуна касе шудан, ки Худо туро офаридааст
Имрӯзҳо миқдори ҳарчи бештари занҳои имондор имкон пайдо мекунанд, то чунин шахсоне шаванд, ки Худованд онҳоро ҳамон гуна дидан мехоҳад. Онҳо ба Худо хизмат мекунанд ва ҳаёти шахсонеро, ки тақдир онҳоро бо ҳам рӯ ба рӯ мекунад, дигаргун менамоянд. Онҳо ба қудрати Худо, ки ба онҳо ёрӣ медиҳад ва ҳамаи дарҳоро барояшон мекушояд, таваккал намуданро ёд мегиранд. Ин занҳо дарк менамоянд, ки қисми муҳими нақшаи Худо мебошанд, онҳо мефаҳманд, ки барои иҷрои вазифаи махсус даъват шудаанд. Шояд, ҳанӯз онҳо мақсади ҳаёти худро аниқ намебинанд, аммо онҳо боварӣ доранд, ки хизмати онҳо барои дигарон некӯӣ меоварад ва Худоро ҷалол медиҳад.
Сабаби чунин такмилёбии рӯҳонии заноне ки ба иҷрои вазифаи худ тайёранд, дар он аст, ки имрӯзҳо бисёр мардон дар имон нашъунамо ёфта, мақоми сарвар ва роҳбари рӯҳониро, ки барояшон муқаррар карда шудааст, ишғол менамоянд. Мо дар ин падида ҷавобро ба дуоҳои зиёди занон мебинем, ва имрӯзҳо вазифаи мо ситоиш кардани Худост. Занҳо ба ҳимояти рӯҳонӣ эҳтиёҷ доранд. Агар ҳама чиз дар муҳити фурӯтанӣ, меҳрубонӣ, эҳтиром ва фаҳмиш ба амал ояд, ва агар ба таҳқир, ғурур, бераҳмӣ, дағалӣ ва бепарвоӣ ҷой набошад, зан худро дар бехатарӣ ҳис мекунад. Фароҳам овардани тартиби дуруст дар ҳаёти мо — ана ба чӣ мо бояд саъй намоем.
Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки «зан бояд бар сараш нишонаи ихтиёрро... дошта бошад» (1 Қӯр. 11:10) — ихтиёрдории рӯҳониро.
Ваъдаҳои Худо
Аксар вақт мо он чиро, ки Худо барои мо тайёр кардааст, ба даст оварда наметавонем, зеро намефаҳмем, ки Ӯ ба мо чиро ато кардан мехоҳад. Мо медонем, ки Худованд ба мо бисёр ваъдаҳо додааст, аммо агар аз чӣ иборат будани онҳоро надонем, биниши равшани роҳи ҳаёти худро нахоҳем дошт.
Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки «қуввати илоҳии Ӯ ҳамаи чизҳои барои ҳаёт ва парҳезгорӣ зарурро ба мо бахшидааст, ба воситаи шинохтани Ӯ, ки моро бо ҷалол ва камоли Худ даъват намудааст, ки бо онҳо ба мо ваъдаҳои бузург ва гаронбаҳо дода шудааст, то ки шумо ба воситаи онҳо шарики табиати илоҳӣ гардед…» (2 Пет. 1:3–4).
Ин ваъдаҳо бояд дар ақл ва дилҳои мо сабт ёбанд: охир, ҳар қадар
Маҳз аз ҳамин сабаб дар охири ҳар боби ин китоб қисме ҷой дода шудааст, ки дар он оятҳои Китоби Муқаддас, ки ба мавзӯи ҳар як боб дахл доранд, ҷамъ карда шудаанд. Ман хеле мехоҳам, ки мо ин ваъдаҳоро дар рӯ ба рӯи ҳамаи нохушиҳо бо овози баланд эълон намоем, то ки ҳамаи шубҳаҳо оиди ин ҳақиқатҳои бебаҳои ба мо атошуда барҳам хӯранд. Ҳар як ваъдаи Худоро бо диққат хонда, кӯшиш кун бифаҳмӣ, ки ин оят маҳз барои ту ва ҳаёти ту чӣ аҳамият дорад. Кӯшиш кун дар он чизеро ёбӣ, ки шахсан ба ту дахл дорад. Масалан, ояти зерин: «Бедор бошед ва дуо гӯед, то ба озмоиш дучор нашавед: рӯҳ хоҳон аст, лекин ҷисм нотавон» (Мат. 26:41). Ин ҷо сухан дар бораи он меравад, ки агар ту дуо гуфта, воқеаҳои атрофро бо диққат мушоҳида кунӣ, ҳеҷ гоҳ ба васваса намеафтӣ.
Аммо дар баробари бисёр ваъдаҳои хуш ва хурсандибахш чунин ваъдаҳое низ ҳастанд, ки барои мо чун огоҳии таҳдидомез садо медиҳанд. Худованд моро огоҳ мекунад: «Агар шумо
Вақт барои пеш рафтан
Бо вуҷуди он ки ҳаётамон якранг метобад, дар он ҳамеша чизе рӯй медиҳад. Ту хоҳ онро ҳис кунӣ, ва хоҳ не, аммо ту ҳеҷ гоҳ дар як ҷой намеистӣ: ту ё пеш меравӣ, ё ба ақиб ҳаракат мекунӣ. Ҳар рӯз ту ё
Агар дар мувофиқат бо Каломи Худо ва таҳти роҳнамоии Рӯҳулқудс зиндагӣ кунем, мо метавонем дилпур бошем, ки дар ҷои дуруст ва дар вақти дуруст мебошем ва Худованд нақшаи комили Худро амалӣ мегардонад. Мо метавонем боварӣ дошта бошем, ки Ӯ ба мо баракатҳои фаровонро фурӯ мерезад. Ҳамин тариқ, ба пеш?
Дар Навиштаи Муқаддас гуфта шудааст, ки «Ҳамчунин Рӯҳ низ моро дар нотавониамон тақвият медиҳад; зеро ки мо намедонем дар чӣ хусус ба таври бояду шояд дуо гӯем, лекин Худи Рӯҳ барои мо бо оҳу нолаҳое шафоат мекунад, ки сухан аз баёнашон оҷиз аст» (Рум. 8:26). Худовандо, ман мефаҳмам, ки дуруст ва ба қадри кофӣ зуд-зуд дуо гуфта наметавонам, аммо аз Рӯҳулқудс хоҳиш мекунам, ки барои ман шафоат намояд. Ба ман ёрӣ деҳ, то сустиҳоямро мағлуб намоям. Ба ман оиди худ он чиро ошкор намо, ки ман ҳанӯз намедонам.
Ман ба қудрати Ту, ки маро ва ҳаётамро дигаргун карда метавонад, эҳтиёҷ доштани худро хеле зиёд эҳсос менамоям. Ман намехоҳам ҳаёти бесамар ба сар барам — ман мехоҳам дар қудрати Рӯҳулқудси Ту зиндагӣ кунам. Ман намехоҳам шахси ноком бошам — ман мехоҳам дар соҳаи рӯҳонӣ ғолиб бошам. Ту музди гароне пардохт намудӣ, то ки ман ба Ту тааллуқ дошта бошам. Ба ман ёрӣ деҳ, то мувофиқи дониш оиди ин зиндагӣ кунам. Ту маро роҳнамоӣ мекунӣ ва ба ман ёрӣ медиҳӣ, ки мувофиқи нақшаи Ту рафтор намоям. Ту ба ман қувва додӣ, ки шайтонро мағлуб намоям. Ба ман ёрӣ деҳ, то инро дар ёд дошта бошам. Ту Рӯҳулқудсро фиристодӣ, то ки ба ман қуват диҳӣ. Бигузор ин ваъдаи Ту дар ҳаёти ман иҷро шавад. Ту ба ман ҳаёт додӣ, чунки маро дӯст доштӣ. Ба ман ёрӣ деҳ, то ман низ Туро ҳамин гуна дӯст дорам.
Ман ҳамаи умедҳоямро ба Ту вогузор менамоям, Худовандо. Ман афсӯс мехӯрам, ки пештар қонеъ гардидани эҳтиёҷотамро дар ҷаҳон меҷустам, агарчи бояд ба Ту менигаристам. Ман медонам: танҳо Ту метавонӣ маро шахсияти комил гардонӣ, зеро ман танҳо ба Ту эҳтиёҷ дорам. Иҷроиши ҳамаи хоҳишҳои ҳозира ва гузаштаи ман дар Туст. Ба ман биёмӯз, ки ҳамеша на бо қувваи худ, балки бо қудрати Рӯҳулқудси Ту, ки дар ман сокин аст, зиндагӣ кунам. Маро бубахш, ки инро фаромӯш мекардам. Ба ман ёрӣ деҳ, ки рӯҳан камол ёбам. Ба ман ёрӣ деҳ, то шахсияти пурра ва боҳикмат шавам — фарзанди ҳақиқии Ту, ки ба пеш, сӯи мақсади гузоштаи Ту меравад.
Лекин мо ин ганҷро дар зарфҳои гилин дорем, то маълум шавад, ки бартарии қувват аз они Худо бошад, на аз ҷониби мо.
Зеро паёми салиб барои гирифторони ҳалокат ҷаҳолат аст, вале барои мо, ки дар роҳи наҷот ҳастем, қуввати Худост.
…Барои ту файзи Ман басанда аст, зеро ки қуввати Ман дар заъф комил мешавад…
Чунон ки Худо Худовандро бо қуввати Худ эҳё кард, моро низ эҳё хоҳад кард.
Лекин чун Пуштибон, ки Ӯро аз ҷониби Падар назди шумо мефиристам, биёяд, яъне Рӯҳи ростӣ, ки аз Падар содир мегардад, Ӯ бар Ман шаҳодат хоҳад дод…
БОБИ ЯКУМ
Пеш аз он ки Худовандро шиносам, ман ба динҳои гуногуни шарқӣ шавқ доштам ва дар ҳаракати «Давраи нав (New age)» иштирок мекардам. Дар ҳар як дин ман Худоро меҷустам ва умед доштам, ки маънои ҳаётро меёбам. Ман хеле мехостам аз дарду алам, тарс, рӯҳафтодагӣ, ки аз кӯдакӣ маро таъқиб менамуданд, раҳоӣ ёбам. Ман ҳис мекардам, ки Худо ҳаст. Агар ман сазовори он мегардидам, ки ба Ӯ наздик шавам, шояд ҳаёти ман дар акси шукӯҳи Ӯ дигаргун мешуд.
Албатта, аз ин чизе ҳосил намешуд, зеро худоёне ки ман аз пайи онҳо мерафтам, дур ва бепарво буданд. Рӯҳафтодагии ман боз аз он ҷиҳат бадтар мешуд, ки маро модари бепарво, агар бераҳм нагӯем, тарбия мекард ва ба ман тарсро талқин менамуд. Дертар, ҳангоме маълум гардид, ки ӯ ихтилоли психикӣ доштааст, ман ҳамаи азобҳоеро, ки аз дасти ӯ кашида будам, бахшидам. Бо вуҷуди ин, ёддоштҳои кӯдакона чун лӯндаи калони барф бо чунин дарди тоқатфарсо ба сарам фурӯ меғалтиданд, ки ман аз ноилоҷӣ ва рӯҳафтодагие ки маро ба худкушӣ тела медод, нафасгир мешудам.
Маҳз дар он давраи ҳузнангези ҳаёти худ дар синни 28-солагӣ ман Худои ҳақиқиро шинохтам ва Масеҳро Наҷоткори худ эътироф намудам. Ҳамин тавр раванди озодшавӣ, шифоёбӣ ва эҳё сар шуд — он чи ман оиди он ҳатто орзу ҳам карда наметавонистам.
Аз ҳамон вақте ки Худованд ба дили ман дохил шуд ва ман қудрати Ӯро дар ҳаёти худ эҳсос намудам, ман фаҳмидам, ки ҳамаи динҳои дигарро, ки ман пештар бо онҳо сару кор доштам, чӣ чиз бо ҳам муттаҳид менамуд, — худоёни онҳо ҳаёти инсонро наҷот дода ва дигаргун карда наметавонистанд. Танҳо Худои
Ман ҳамчунин фаҳмидам, ки Ӯ Худоест, ки Ӯро ёфтан ва дарк намудан мумкин аст. Худое ки мехоҳад ба мо наздик шавад. Аз ҳамин сабаб номи Ӯ Имонуил аст, ки маънояш «Худо бо мост» мебошад. Аммо Ӯ танҳо ҳамон вақт ба мо наздик мешавад, ки мо кӯшиш мекунем
Агар ман дар назди ту нишаста, оиди ҳаёти ту сӯҳбат карда метавонистам, ба ту мегуфтам: «Агар ту ба Худованд имон оварда бошӣ, калиди ҳалли ҳамаи мушкилоти ту дар дохили туст – маҳз аз он сабаб, ки Рӯҳулқудси Худо дар ту сокин аст. Танҳо Ӯ туро роҳнамоӣ мекунад ва ба ту ҳамаи он чиро, ки бояд донӣ, ёд медиҳад. Ӯ туро дигаргун мекунад ва ба ту он қадар баракатҳо медиҳад, ки ба хобат ҳам намедаромад. Аммо ин танҳо дар он маврид рӯй медиҳад, ки ту ба худ умед бастанро бас мекунӣ ва ба
Ин ҷо сухан дар дар бораи ба Худо «сазовор шудан» намеравад, зеро ҳеҷ кадоми мо ин корро карда наметавонад. Ин ҷо сухан дар бораи
Ман медонам, ки ту чиро мехоҳӣ
Се-чор соли охир ман барои вохӯриҳо бо хонандагони китобҳоям дар Иёлоти Муттаҳида сафарҳои бисёр кардаам. Дар ҳама ҷойҳое ки будам, дар байни занҳо пурсиш мегузарондам, то ки эҳтиёҷот ва хоҳишҳои асосии онҳоро ошкор намоям, яъне фаҳмам, ки онҳо беш аз ҳама ба кадом дастгирии дуоӣ эҳтиёҷ доранд. Он вақт ман барои китоби
Ман боварӣ дорам, ки ту низ, ба монанди ман ва бисёр занҳои дигар, муносибатҳои амиқ, пур аз муҳаббатро бо Худо меҷӯӣ. Вагарна ту ҳатто ин китобро намехондӣ. Ҷони ту хоҳони наздикӣ, муошират ва боварӣ ба он аст, ки туро ҳамон тавре ки ҳастӣ, дӯст медоранд, ва дуро қадршиносӣ мекунанд. Аммо сарчашмаи тамомнашавандаи ҳамаи ин неъматҳо танҳо дар Худост. Хоҳишҳои ниҳонии дили ту фақат дар раванди муоширати наздик бо Худованд иҷро шуда метавонанд, чунки ҳеҷ кас ғайр аз Ӯ умқи дили туро намебинад, туро беш аз Ӯ намешиносад ва дӯст намедорад. Майли рафънашаванда ба як чизи бештар ва болотар аз эҳсосот ва тасаввуроти ту, холигии ботинӣ, ки ту пуршавии онро аз ҷониби наздикони худ меҷӯӣ, — ҳамаи инро Худо дар ту ҷойгир кардааст, то ки Ӯ
Худо мехоҳад, ки мо хоҳони Ӯ бошем. Ва фақат дарки ин эҳтиёҷ моро озод мегардонад. Озодии мо дар он ифода меёбад, ки мо дуруст баҳо додани хоҳишҳоямон, танҳоӣ, холигии рӯҳии худ ва дар онҳо дидани нишонаи ба наздикии Худо эҳтиёҷи зиёд доштанамонро меомӯзем, эҳтиёҷи зиёдро ба он ки бо дастҳои кушода сӯи Ӯ шитофта, аз Ӯ хоҳиш кунем, ки моро бо Худ боз бештар пур кунад. Аммо чунин робитаи мустаҳкам бо Худо, ки мо хоҳони он ҳастем, худ аз худ пайдо намешавад. Оиди он дуо кардан, эҳтиёт намудан ва ғамхорӣ кардан лозим аст. Аз ҳамин сабаб мо бояд доимо оиди он дуо кунем ва онро эҳтиёткорона ҳифз намоем.
Панҷ нишонаи асосии ба роҳҳои Худо вафодор набудан
1. Агар ту
2. Агар ту
3. Агар ту
4. Агар ту
5. Агар ту
Дар алоҳидагӣ бо Худованд
Агар мо кӯшиш накунем, ки дар алоҳидагӣ бо Ӯ вақтро гузаронем, ҳеҷ гоҳ ба Худованд наздик намешавем, Ӯро амиқ дарк намекунем ва бо Ӯ муносибатҳои наздик (ки мо хеле хоҳони он ҳастем) барпо намекунем. Фақат дар чунин лаҳзаҳои маҳрамонаи наздикӣ бо ӯ мо нафаси тоза, қувват, навшавӣ ба даст меоварем ва метавонем ҳаёти худро бо чашмони Ӯ бубинем ва фаҳмем, ки ҳозир беш аз ҳама ба чӣ эҳтиёҷ дорем. Танҳо дар ин маврид мо мефаҳмем, ки ба Кӣ тааллуқ дорем ва ба Кӣ бовар мекунем.
Худо ба ту бисёр чизҳоро гуфта метавонад. Аммо агар ту давуғеҷи зиндагиро тарк накунӣ ва барои муошират бо Ӯ вақт пайдо накунӣ, ту намешунавӣ, ки Ӯ ба ту чӣ мегӯяд. Исо вақти зиёдеро дар алоҳидагӣ бо Худо мегузаронд. Агар ҳатто Исо чунин карда бошад (агарчи Ӯ албатта метавонист ин корро накунад), дар хусуси мо чӣ гуфтан мумкин аст — ин барои мо алалхусус муҳимтар ва даркортар аст!
Ман медонам, ки барои дуо вақт ёфтан гоҳо хеле душвор аст. Хусусан ҳангоме ки душмани насли башар ба ин халал мерасонад, ин корро кардан душвор аст. Аммо агар ту дуоро дар ҳаёти худ ба ҷои аввал гузорӣ ва барои он вақти муайянро муқаррар намоӣ: масалан, дар тақвими худ, ки ту одатан дар он воқеаҳои муҳимро сабт мекунӣ, ишорае кунӣ ва қарор диҳӣ, ки ба тартиби ҳаррӯзаи корҳоят вохӯрӣ бо Худоро дохил менамоӣ, — пас, ту ба дуоҳои худ ҷавобҳои ҳайратовар мегирӣ.
Бидон: агар ту кам дуо гӯӣ, ба дигаргуниҳои босуръат дар ҳаёти худ умедвор нашав. Барои он ки киштии бузурги уқёнусии ҳаёти ту тоб хӯрда ба тарафи муқобил равона шавад, вақт лозим аст. Киштӣ дар он лаҳзае ки ту тоб додани чанбаракро сар мекунӣ, самти худро дарҳол дигаргун карда наметавонад. Шояд, дар аввал ту ягон хел дигаргуниҳоро ҳатто пай намебарӣ. Дар он маврид, ки ту дуо гуфтанро сар мекунӣ, худи ҳамин воқеа рӯй медиҳад. Дуо метавонад ҳаёти туро пурра дигаргун кунад, аммо ин дарҳол пас аз ба забон овардани дуо ба амал намеояд. Аз ту талаб карда мешавад, ки доимо дуо гӯӣ, пеш аз он ки дар атрофи худ дигаргуниҳоро пайхас намоӣ. Ин муқаррарӣ аст ва рӯҳафтода шудан лозим нест. Ба зудӣ ту бо суръати баланд ба самти дуруст ҳаракат намуданро сар мекунӣ. Гоҳо одамон пеш аз он ки лаҳзаи дигаргунии куллӣ фаро расад ва ҷавоби дуоҳояшон биёяд, таслим мешаванд. Дар ёд нигоҳ дор, ки ин на саёҳати муқаррарӣ ҳангоми рухсатӣ, на сафари дилхушкунанда дар халиҷи ором, балки сафари якумрӣ ба пешвози тақдири худ мебошад. Ва дар ин ҷо таслимшавӣ интихоби имконпазир буда наметавонад.
Худоро бо номҳояш бихон
Оё бо ту чунин шудааст, ки аз боиси дар ёд нигоҳ дошта натавонистани номҳо ба ҳолати ногувор афтода бошӣ? Бо ман борҳо чунин шудааст. Дар як вақт бо одамони бисёр сӯҳбат кардан барои ман душвор аст. Агар бо шахс дар алоҳидагӣ сӯҳбат кунам, номашро ба осонӣ дар ёд нигоҳ медорам, аммо дар як бегоҳ аз ёд кардани номҳои зиёд хеле мураккаб аст. Аз боиси ин ман ба душвориҳо рӯ ба рӯ мешавам. Бо Худо чунин нест. Ӯ ягона аст, аммо номҳои зиёд дорад. Ва агар мо номҳои Ӯро надонем, бисёр ҷиҳатҳои хислати Ӯро фаҳмида наметавонем.
Худо аз ибтидо садҳо ном дорад, аммо ҳатто якчанд номи Ӯро дар ёд доштан барои мо душвор аст. Гоҳо мо номи даркориро маҳз ҳамон вақт фаромӯш мекунем, ки он беш аз ҳама ба мо даркор аст. Масалан, мо Худоро чун
Ҳар яке аз номҳои Худо, ки дар Китоби Муқаддас зикр шудаанд,ба самти муайян ишора мекунад, ки мо бояд бо он равона шавем, то ки ба Ӯ бовар карданро ёд гирем. Оё ту бовар мекунӣ, ки Ӯ
Ҳангоме ки ман дар Лос-Анҷелес дар шоу-бизнес кор мекардам, шунида будам, ки номи «Исо»-ро ҳар рӯз чандин бор бо ошуфтагӣ ва бе ҳеҷ гуна иззату икром, муҳаббат ё фаҳмидани маънои он ба забон меоварданд. Фақат ҳангоме ки ба Исо имон овардам, ман фаҳмидам, ки агар ин номро чун калимаи ҳақоратӣ истифода баранд, чӣ гуна лаънат шуда метавонад. Зикри беҳудаи номи Худо ба касе ки ин корро мекунад, балоҳо меоварад, зеро чунин шахс яке аз Даҳ фармударо вайрон мекунад: «Номи Парвардигор Худои худро беҳуда ба забон нагир, зеро ки Парвардигор касеро, ки номи Ӯро беҳуда ба забон мегирад, беҷазо нахоҳад гузошт» (Хур. 20:7). Номи Худоро беҳуда ба забон оварда, шахс ҳамчунин фармудаи бузургтарини Худоро вайрон мекунад: «Худованд Худои худро бо тамоми дил ва бо тамоми ҷон ва бо тамоми ҳуш ва бо тамоми қуввати худ дӯст бидор…» (Марқ. 12:30). Касе ки Худоро дӯст медорад, ҳеҷ гоҳ номи Ӯро бе андеша ба забон намеоварад.
Аммо худи ҳамин ном — Исо, — агар бо муҳаббат ва иззату икром ба забон оварда шавад, қудрати бузурге дорад, ки метавонад наҷот диҳад, шифо бахшад, бо ҳама чизи даркорӣ таъмин намояд, ҳимоя кунад ва бисёр корҳои дигарро ба ҷо оварад. Ва касе ки ин номро беҳуда ва бе андеша ба забон меоварад, аз ҳамаи ин баракатҳо маҳрум мешавад. Дар ҳар як номи Худо қудрати бузурге нуҳуфта аст, ва агар он бо имон, муҳаббат, фаҳмиш ва иззату икром ба забон оварда шавад, баракат меоварад ва имонро мустаҳкам мекунад.
Масалан, ҳангоми зарурат ҳамеша дар номи Худо паноҳ бурдан мумкин аст: «Номи Парвардигор бурҷи қувват аст: одил сӯи он медавад, ва паноҳ меёбад» (Мас. 18:10). Агар ту бемор бошӣ, назди Шифодиҳанда шитоб намо; агар пули суратҳисобҳоро пардохт карда натавонӣ, ба Касе ки таъмин мекунад, рӯ овар; агар битарсӣ, сӯи Паноҳгоҳ бидав; агар давраҳои нооромиро аз сар мегузаронда бошӣ, сӯи Нури ҷовидонӣ рӯ овар. Номи Худоро бо иззату икром ва шукргузорӣ ба забон оварда, ту аз Худованд хоҳиш мекунӣ, ки барои ту Раҳокунанда, Наҷотдиҳанда, Нури ҷовидонӣ ва Шифодиҳанда бошад. Мо аз он сабаб дар ҳаёти худ аз бисёр чизҳо маҳрум ҳастем, ки дар Худо сарчашмаи қонеъ гардидани эҳтиёҷотамонро намебинем. Агар Худоро Шифодиҳандаи худ наҳисобӣ, чӣ гуна шифо ёфта метавонӣ?
Рӯйхати зерин сӣ номи Худоро дар бар мегирад, аммо дар Каломи Ӯ садҳо номҳои Ӯ оварда шудаанд. Ӯ Худои ягона аст, аммо барои мо Ӯ роҳҳои гуногунро пешбинӣ кардаааст, ки ба воситаи онҳо мо ҷанбаҳои гуногуни шахсияти Ӯро фаҳмида метавонем. Ӯ ба Худ номҳои зиёде додааст, ки ба мо, мавҷудоти
Сӣ номи Худо
1.
2.
3.
4.
5.
6.
7.
8.
9.
10.
11.
12.
13.
14.
15.
16.
17.
18.
19.
20.
21.
22.
23.
24.
25.
26.
27.
28.
29.
30.
Агар ту сари ҳар чанд вақт ин рӯйхатро дида баромада, Худоро барои он ки Ӯ баҳри ту Кист, шукргузорӣ намоӣ, ту аз он ҳайрон хоҳӣ шуд, ки имонат то чӣ андоза бо суръат афзун мешавад ва то чӣ андоза ба Худо наздик мешавӣ.
Ман худро ба дасти Ту месупорам, то ки Ту нақшаи Худро ба ҷо оварда тавонӣ. Ман ҳама гуна имконияти маҳдуд намудани амали Туро дар ҳаёти ман рад мекунам. Ман худ ҳозир изҳор менамоям, ки Ту — Шифодиҳанда, Раҳодиҳанда, Кафораткунанда ва Тасаллодиҳандаи ман ҳастӣ. Имрӯз ман ба Ту хусусан чун ба… (яке аз номҳои Худоро номбар намо). Ман бовар мекунам, ки Ту барои ман ҳамон хоҳӣ шуд.
Худовандо, ба ман ёрӣ деҳ барои муоширати ҳаррӯза бо Ту вақт ёбам ва ҳамаи он чиро, ки барои ноил шудан ба ин мақсад халал мерасонад, рад намоям. Ба ман чунин дуо гуфтанро, ки ба Ту писанд меояд, биёмӯз. Худовандо, ҳар рӯз ба ман чизи наверо оиди худ ошкор намо. Ту гуфтаӣ: «Ҳар кӣ ташна бошад, назди Ман биёяд ва бинӯшад» (Юҳ. 7:37). Ман ташнаи Ту ҳастам, чунки бе Ту ҷони ман холист. Ман назди Ту меоям, то ки аз умқи сарчашмаи Рӯҳи Ту бинӯшам.
Ман медонам, ки Ту ломакон ҳастӣ, аммо ман онро низ медонам, ки Ту ба ман аз ҳозира хеле наздиктар буда метавонӣ. Аз ҳамин сабаб ман аз Ту хоҳиш мекунам, маро ба Худо чунон наздик намо, ки ман чунон баръало дар ҳузури Ту буда тавонам, ки ҳеҷ гоҳ пештар чунин набудам.
Ба Худо наздик шавед, ва Ӯ ба шумо наздик хоҳад шуд…
Ва Ман аз Падар илтомос хоҳам кард, ва Ӯ ба шумо Пуштибони дигаре ато хоҳад кард, то ки ҳамеша бо шумо бимонад, яъне Рӯҳи ростӣ, ки ҷаҳон наметавонад Ӯро бипазирад, зеро ки Ӯро намебинад ва намешиносад, лекин шумо Ӯро мешиносед, зеро ки Ӯ бо шумо мемонад ва дар шумо хоҳад буд.
…Зеро хушнудии Падари шумо ин аст, ки Подшоҳиро ба шумо диҳад.
То кунун ба исми ман чизе талаб накардаед; талаб кунед, то бигиред, ва шодии шумо комил гардад.
Ва эътирофи худро собиқадамона нигоҳ дорем, зеро ки Ваъдадиҳанда амин аст.
БОБИ ДУЮМ
Пеш аз он ки давом диҳем, ман бояд баъзе чизҳоро фаҳмонам. Гап дар он аст, ки ҳеҷ кадоми мо комил нест. Ҳеҷ як инсон аз имконияти гуноҳ кардан эмин нест. Ҳеҷ кас аз мушкилот озод нест. Ҳеҷ кас Худовандро чунин амиқ нашинохтааст, ки дигар ҳеҷ чизро омӯхтанаш даркор набошад. Ҳеҷ кас ба он андоза худкифоякунанда нест, ки ба мадади Худованд эҳтиёҷ надошта бошад. Ҳеҷ кас…
Ана чӣ гап будааст! Охир ин аён аст!
Хоҳиш мекунам, гумон накун, ки ман оиди ин аз он сабаб мегӯям, ки ту инро
Ман намехоҳам, ки ҳангоми хондани ин китоб таассуроте пайдо кунӣ, ки гӯё аз ту ба мақсадҳои дастнорас ноил шуданро талаб мекунанд. Ин китоб на оиди он аст, ки ба камолот расӣ, балки оиди он ки ба Худо имкон диҳӣ, ки меъёри (намунаи ибрати) ту шавад. Ман на оиди расидан ба кадом як натиҷаҳо мегӯям, балки оиди он ки мо ҳаётамонро роҳбарӣ карда наметавонем. Ин китоб на оиди он аст, ки аз маҳкумкунии Худо барканор бошем ва дар мавриди нобарорӣ худро ноком ҳис кунем, балки оиди он аст, ки пуррагии муҳаббати Худоро ҳис кунем ва ба он имкон диҳем, ки моро комил гардонад. Ин китоб дигаргун шуданро ёд намедиҳад, балки оиди он мегӯяд, ки ту дар асл кистӣ. Аммо дар аввал ту бояд бо худ ва бо Худо комилан самимӣ буданро ёд гирӣ.
Занҳои тамоми ҷаҳон орзу доранд, ки ҳаёти мукаммал ба сар баранд. Онҳо мехоҳанд дар сояи файзи Худо зиндагӣ кунанд, аммо дар айни ҳол ба хости Худо итоаткор буда, фармудаҳои Худоро ба ҷо оваранд. Онҳо мехоҳанд
Аз ҳамин сабаб ман намехоҳам гумон кунӣ, ки «пок кардани дил» — аз боиси «дили нопок» маҳкум намудани худ аст. Худо туро даъват мекунад, ки худ ва роҳҳои худро ислоҳ намоӣ, то ки Ӯ баракатҳои Худро ба ту фурӯ рехта тавонад. Мушоҳида намо, ки чӣ тавр Худованд туро ба кори муҳиме ки Ӯ барои ту дар оянда пешбинӣ намудааст, тайёр мекунад.
Барои имконпазир шудани ин ту бояд ҳаёти худро бо диққати бештар таҳқиқ намуда, бо ҷуръат чунин гӯӣ: «Худовандо, ба ман нишон деҳ, ки чӣ чиз дар дил, ақл, рӯҳ ва тамоми ҳаёти ман набояд бошад. Ба ман он ки ман намефаҳмам, ошкор намо, хатоҳои маро нишон деҳ, маро аз ҳавобаландӣ, ғурур, тарс ва ҳар гуна зуҳуроти тарс ва хавотиршавӣ раҳо кун ва ба ман ёрӣ деҳ ҳақиқатро оиди худ ва ҳаёти худ фаҳмам. Ба ман ҳақиқатро ошкор намо, Худовандо. Ман онро қабул карда метавонам. Ба ман ёрӣ деҳ хатоҳоямро ислоҳ кунам, дурӯғро бо ҳақиқат иваз намоям ва дар ҳаёти ман дигаргуниҳое ба амал овар, ки бардавом бошанд».
Барои ба забон овардани чунин дуо ҷасорат даркор аст. Шояд, барои ин ҷасорате бештар аз он чи дорӣ, лозим шавад. Агар барои ба дилат роҳ додани Худованд қудрати иродаат камӣ кунад, чунки аз он чи Ӯ дар дилат пайдо карда метавонад, метарсӣ, пас, аз Худо хоҳиш кун, то ба ту ҷасорат ва мардонагӣ ато намояд. Агар хоҳӣ, ки дар ҳаётат дигаргуниҳои мусбат ба амал оянд, лозим меояд барои амали Рӯҳулқудс, ки туро пок мекунад ва имкониятҳоятро васеъ менамояд,«чароғаки сабз»-ро фурӯзон намоӣ. Ба ту лозим меояд, ки Ӯро ба дили худ роҳ диҳӣ, то ки худро аз ҳама гуна иштибоҳ оиди худ эмин нигоҳ дорӣ. Ту бояд аз Худованд хоҳиш кунӣ, ки дар ту дили пок ба вуҷуд оварад. Дар ин маврид ба гузоштани ду қадами зерин тайёр бош:
1. Дар назди Худо ҳамаи фикрҳо ва амалҳои гуноҳолуди худро, ки Ӯ ба ту нишон медиҳад,
2. Аз он чи эътироф намудӣ,
Эътирофи софдилонаи гуноҳолудии худ
Гумон накун, ки агар қотили такрорӣ набошӣ ва ҳеҷ гоҳ дар ғорати бонк иштирок накарда бошӣ, аз ҳеҷ чиз набояд тавба кунӣ. Гумон накун, ки агар якчанд сол боз дар роҳҳои Худо қадамгузор бошӣ, пагоҳии якшанбе ва бегоҳии чоршанбе ба калисо равӣ, дар ҳамаи ҷамъомадҳои дуоӣ иштирок кунӣ, пас, набояд аз ҳеҷ чиз тавба намоӣ. Гуноҳ на ҳамеша аён аст. Масалан, оё ягон вақт шубҳа кардаӣ, ки Худо ваъдаҳояшро ба ҷо меоварад? Ба Худо шубҳа кардан гуноҳ аст. Оё ягон вақт оиди касе овозаҳо паҳн кардаӣ? Ғайбат кардан гуноҳ аст. Оё ягон вақт аз муошират бо касе канораҷӯӣ кардаӣ, зеро хавф дорӣ, ки ӯ аз ту чизеро дархост мекунад, ки ту ба ӯ додан намехоҳӣ? Худпарастӣ гуноҳ аст. Оё ягон вақт аз касе нафрат кардаӣ? Ҳамаи он чи аз рӯи муҳаббат нест, гуноҳ аст.
Аз гуноҳ кардан 100% барканор будан ғайриимкон аст. Аз ҳамин сабаб тавба ин қадар муҳим аст. Агар мо гуноҳҳо, хатоҳо ва корҳои нодурусти худро эътироф накунем, мо аз Худо дур мешавем ва ба дуоҳои худ ҷавоб намегирем. «…Гуноҳҳои шумо дар миёни шумо ва Худои шумо ҷудоӣ андохтааст, ва хатоҳои шумо рӯи Ӯро аз шумо пӯшидааст, то ки нашнавад» (Иш. 59:2).
Гуноҳҳои худро эътироф накарда, мо аз Худо пинҳон мешавем, яъне аз пайи Одам ва Ҳавво дар боғи Адан меравем, зеро рӯйрост ба чашмони Ӯ нигариста наметавонем. Аммо аз Худо пинҳон шудан ғайриимкон аст. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки на танҳо ҳамаи корҳои ниҳонии мо, балки ҳамаи фикрҳо ва суханони ниҳонии мо ошкор хоҳанд шуд. «Ҳеҷ чизи ниҳоне нест, ки ошкор нагардад, ва ҳеҷ чизи махфие нест, ки маълум нашавад. Бинобар ин, он чи шумо дар торикӣ гуфтаед, дар рӯшноӣ шунида хоҳад шуд, ва он чи шумо дар хона ба гӯш гуфтаед, дар болои бомҳо эълон карда хоҳад шуд» (Луқ. 12:2–3
Чӣ фикри даҳшатовар! Агар ба ҳар яки мо лозим ояд, ки оиди амалҳоямон ҳисобот диҳем, пас ҳар қадар тезтар дили худро дар назди Худо кушоем, ҳамон қадар беҳтар аст. Дар ҳақиқат, гуноҳҳои бароямон маълумро ҳарчи зудтар эътироф намоем, Худо гуноҳҳои бароямон номаълумро ҳамон қадар зудтар ошкор мекунад. Аммо фақат Худо медонад, ки чӣ қадар гуноҳ ҳанӯз дар ҳар яки мо боқӣ мемонад.
Гуноҳ ҳамеша натиҷаҳо дорад. Подшоҳ Довуд ҳангоми эътироф кардани гуноҳи худ беҳтар аз ҳама оиди ин гуфтааст: «Вақте ки хомӯш будам, устухонҳоям аз фиғони ҳаррӯзаи ман мепӯсиданд, зеро ки рӯзу шаб дасти Ту бар ман фишор меовард; тару тозагии ман ба хушкии тобистон табдил ёфтааст» (Заб. 31:3–4).
Ман вақтеро ба ёд меоварам, ки аз шавҳарам нафрат доштам, зеро ӯ аксар вақт ба ман рӯйрост суханонеро мегуфт, ки диламро сахт захмдор мекарданд. Хашм ва ранҷише ки ман дар худ нигоҳ медоштам, ба ман дарди сахт мерасонданд. Ман ҳиссиёти гуноҳолуди худро эътироф кардан намехостам, зеро чунин меҳисобидам, ки ҳақ ба ҷониби ман аст, ва танҳо шавҳарам айбдор аст. Аммо дар ниҳояти кор ман фаҳмидам, ки нисбати касе кина ба дил гирифтан гуноҳ аст, ва эътироф намудам, ки аз шавҳарам нафрат кардани ман гуноҳ аст. Худи ҳамон лаҳза ман ҳис кардам, ки дард аз вуҷуди ман берун шуд. «Дар ҷисмам аз ғазаби Ту ҷои сиҳате нест; дар устухонҳоям аз хатои худам саломатӣ нест, зеро ки гуноҳҳоям аз сарам гузаштаанд, мисли бори гароне аз бардоштам вазнинтар аст; аз боиси беақлии ман ҷароҳатҳоям бадбӯй шудаанд, фасод кардаанд» (Заб. 37:4–6). Ҳаёт бе ин ҳам душвориҳо дорад, ва ба иловаи ҳамаи мушкилот аз дарди ҷисм низ азоб кашидан аз ҳад зиёд аст.
Ҳеҷ чиз вазнинтар аз гуноҳ нест. То даме ки тамоми қудрати онро, ки моро дарҳам мешиканад ва ҷонҳоямонро нобуд менамояд, эҳсос накунем, мо вазнинии онро дарк намекунем. То даме ки сарҳоямонро ба деворе ки байни мо ва Худо гузошта шудааст, накафонем, мо қудрати вайронкунандаи онро баҳо дода наметавонем. Аз ҳамин сабаб беҳтараш ҳар гуноҳи бароямон маълумро эътироф намоем, дилҳоямонро пок кунем ва ҳарчи зудтар дар назди Худо росткор шавем. Тавба гуноҳро равшан нишон медиҳад ва дар назди Худо фош мекунад. Гуноҳи худро эътироф карда, мо ба Худо ҳеҷ чизи навро хабар намедиҳем, зеро Ӯ бе ёрии мо низ ҳама чизро медонад. Аммо Ӯ мехоҳад, ки ту худат гуноҳатро эътироф намоӣ.
Аммо эътирофи гуноҳ — бахшиш хостани муқаррарӣ нест, зеро ҳар кас бахшиш хоста метавонад. Бисёр одамон ин ҳунарро хуб аз худ намудаанд. Ва онҳо аз он сабаб ба осонӣ ин корро мекунанд, ки дар ин соҳа таҷрибаи зиёд доранд. Онҳо «бубахшед»-ҳои худро бо осонӣ ба чапу рост тақсим мекунанд, чунки роҳҳои худро дигаргун намекунанд. Онҳо бе ҳеҷ гуна ҳисси айбдории худ «бубахшед» мегӯянд. Онҳо як навъ мутахассисоне шудаанд, ки суханонашон маъно надорад. Аммо эътирофи ҳақиқии гуноҳ дар гуноҳ иқрор шудан ва аз он тавба карданро дар назар дорад.
Тавбаи амиқ
Байни ин ду амал бояд фарқ гузошт: аввалан, вайрон кардани шариати Худо ҳисобидани гуноҳи худ, ва сониян, аз ин гуноҳ таассуфи амиқ ҳис карда, оиди ҳеҷ гоҳ такрор накардани он самимона қарор қабул намудан. Тавба боиси дигаргуншавии тафаккур мегардад; он ба 180 дараҷа тоб хӯрданро дар назар дорад. Тавба намудан он аст, ки оиди амали худ таассуфи амиқ ҳис карда, устуворона қарор медиҳед чунон рафтор намоед, ки дигар ҳеҷ гоҳ чунин кирдорро такрор накунед. Тавба кардан —
Бо вуҷуди ин тавба маънои онро надорад, ки мо аллакай дигар ҳеҷ гоҳ гуноҳ намекунем, — ин маънои онро дорад, ки мо
Ҳар боре ки ту фармудаҳои Худоро вайрон мекунӣ, душман фаъол мешавад, бинобар ин ҳеҷ гоҳ тавбаро мавқуф нагузор, то ки ӯ ба ту зарбаи бераҳмона зада натавонад, зеро навишта шудааст: «Музди гуноҳ — марг аст…» (Рум. 6:23). Ҳар рӯз аз Худо хоҳиш намо, то ба ту нишон диҳад, ки дилат аз кадом ҷиҳат дар назди Ӯ нопок ва норост аст. Ба ҳеҷ чиз имкон надеҳ, ки туро аз неъматҳое ки Худованд барои ту омода намудааст, ҷудо кунад.
Худовандо, ту «асрори дилро медонӣ» (Заб. 43:22). Асрори диламро, ки ман оиди онҳо намедонам, ба ман ошкор намо. Ба ман нишон деҳ, ки дар фикрҳо, суханон ва ё амалҳои ман гуноҳи эътирофнашуда дар куҷо ниҳон аст. Ба ман ҳақиқатро оиди ман ошкор намо, то ки ман онро равшан дида тавонам. Ҷонамро таҳқиқ намо ва ба ман он чиро, ки бояд оиди худ фаҳмам, ошкор намо. Ман мехоҳам аз одатҳои бемаъно ва зарарнок, ки ба Ту писанд намеоянд, халос шавам. Ба ман ёрӣ деҳ дар он ҷое ки зарур аст, дигаргун шавам. Чашмонамро ба он чи ман бояд бинам, кушо, то ки ман ҳамаи гуноҳҳоямро эътироф карда, аз онҳо тавба намуда тавонам. Ман мехоҳам дастонамро пок кунам, чунон ки Ту дар Каломат мефармоӣ (ниг.: Яъқ. 4:8). Аз Ту илтиҷо мекунам: «Ба ман, эй Худо, аз рӯи меҳрубонии Худ раҳм намо, ва ҷиноятҳоямро аз рӯи фаровонии марҳаматҳои Худ нобуд кун.
4. Маро аз гуноҳам чандинбора шустушӯ намо, ва аз хатоям маро покиза кун…» (Заб. 50:3–4). «Худоё, дили покизае дар ман биофарин, ва рӯҳи дурусте дар дарунам нав бикун. Маро аз пеши Худ дур наандоз, ва Рӯҳи Поки Худро аз ман нагир» (Заб. 50:12–13). «Маро аз гуноҳҳои пинҳонам покиза намо…» (Заб. 18:13). «Ва бубин, ки оё роҳам каҷ аст? Ва маро ба роҳи ҷовидона роҳнамо бош» (Заб. 138:24). Маро дар назди Худ росткор ва пок гардон. Ба ман омурзиши Ту лозим аст, то ки гуноҳҳоям маҳв гарданд (ниг.: Аъм. 3:19).
Агар мо гуноҳҳои худро эътироф кунем, Ӯ амин ва одил аст, ки гуноҳҳои моро биомурзад ва моро аз ҳар ноинсофӣ пок намояд.
Эй маҳбубон! Агар дили мо моро маҳкум накунад, мо ба ҳузури Худо ҷуръат дорем, ва ҳар чи талаб кунем, аз Ӯ меёбем, чунки аҳкоми Ӯро риоят мекунем ва он чи ба ҳузури Ӯ мақбул аст, ба амал меоварем.
Хатоямро ба Ту маълум кардаам, ва гуноҳамро пинҳон надоштаам; гуфтам: «Ба ҷиноятҳоям пеши Парвардигор иқрор мешавам», ва Ту айби хатоямро бахшидаӣ.
Пас, тавба кунед ва руҷӯъ намоед, то ки гуноҳҳои шумо маҳв гардад. Ва айёми фароғат аз ҳузури Худо фаро расад, ва Ӯ Исои Масеҳро, ки бароятон аз аввал баргузида буд, бифиристад…
Касе ки ҷиноятҳои худро пинҳон дорад, муваффақият намеёбад; вале касе ки иқрор шавад ва онҳоро тарк кунад, сазовори раҳм мегардад.
БОБИ СЕЮМ
Модарам нисбати ман бераҳм буд, аммо падарам не. Ман масеҳӣ шуда, модарамро бахшидам. Аммо баъди чандин сол Худо ба ман ошкор намуд, ки ман падарамро набахшидаам. Ман ба психологи масеҳӣ оиди нооромӣ ва рӯҳафтодагие ки рӯҳи маро фаро гирифта буд, нақл кардам. Ӯ аз ман пурсид, ки оё нисбати падар ранҷише дар дил ниҳон накардаам. Ман инро инкор кардам. Чаро ман аз ӯ меранҷидаам? Охир, ӯ маро намеранҷонд. Аммо ҳангоме устоди рӯҳониям хоҳиш кард, ки дуо карда, аз Худо хоҳиш намоям, ки ба ман тамоми ҳақиқатро ошкор намояд, ногоҳ тамоми хашм, ранҷиш ва дард дар селоби ашкҳо аз ман ҷорӣ шуд. Маълум шуд, ки ман дар умқи дил дар ёд доштам, ки падар ягон бор ба ёрии ман наомад, ягон бор маро аз амалҳои беақлонаи модарам раҳо накард. Ӯ ягон бор маро аз анборхона, ки модар маро аксар вақт дар он ҷо маҳкам мекард, берун набаровард. Ман ҳатто пай намебурдам, ки дар ман ин қадар ранҷиш нисбати падарам ғун шудааст, зеро агарчи ӯ аз бемории рӯҳии модарам хабар дошт, нисбати ман бепарво буд. Аммо ҳангоме ки дар он рӯз ман ӯро бахшидам, дар вуҷудам чунон осоишеро ҳис кардам, ки пеш ҳеҷ гоҳ ҳис намекардам.
Бисёр вақт мо дарк намекунем, ки дар дил кина нигоҳ медорем. Мо чунин меҳисобем, ки бахшида метавонем, аммо дар асл ин тавр нест. Агар мо аз Худо хоҳиш накунем, ки бадкинагии моро ошкор намояд ва ба мо нишон диҳад, мо ҳеҷ гоҳ аз банди он раҳо шуда наметавонем. Ба андозаи зиёд росткории мо ба бахшида тавонистан ва бахшидан хостани мо вобаста аст. Бе ин мо ҳеҷ гоҳ меросеро, ки ба мо ваъда шудааст, ба даст оварда наметавонем.
Интихоби дуруст кардан
Мо калимаи «бадбинӣ»-ро медонем, аз қудрати таъсири он бохабарем ва одатан онро истифода намебарем. Худи фикр оиди он ки мо метавонем дар ҳақиқат касеро бад бинем, бароямон нохуш аст. Аммо гап дар он аст, ки бадкинагӣ решаи бадбинӣ аст. Агар мо аз ранҷишҳои худ даст кашидан ба бахшидан нахоҳем, ин эҳсосот ба бадбинӣ табдил меёбанд. Исо ба ин масъала хеле ҷиддӣ муносибат менамуд. Ӯ гуфтааст: «Ҳар кӣ аз бародари худ нафрат дорад, қотил аст; ва шумо медонед, ки ҳеҷ як қотил ҳаёти ҷовидоние надорад, ки дар вай сокин бошад» (1 Юҳ. 3:15). «Ва ҳангоме ки дар дуо меистед, агар аз касе озор дида бошед, вайро бибахшед, то ки Падари шумо низ, ки дар осмон аст, гуноҳҳои шуморо бибахшад» (Марқ. 11:25).
Биё ба муҳокимарониҳои худ аниқӣ ворид намоем. Касоне ки намебахшанд, қотилон номида шудаанд, ки ба ҳаёти абадӣ ва бахшида шудани гуноҳҳояшон умед надоранд. Ман чунин мегуфтам: агар байни
Бадкинагиро интихоб намуда, мо худро ба қадамгузорӣ дар торикӣ маҳкум мекунем (ниг.: 1 Юҳ. 2:9–11). Биниши равшани ҳаёти худро надошта, мо пешпо мехӯрем ва самти ҳаракатро гум мекунем. Ин моро саргум мекунад, ва мо хатоҳо содир мекунем.
Он вақт сустиҳо бар мо дастболо мешаванд, бемориҳо меоянд ва ба дил талхӣ меояд. Ин барои атрофиён аён мегардад, зеро мо ҳиссиётамонро пинҳон карда наметавонем. Ҳатто моҳияти воқеаро нафаҳмида, одамон ранҷиши ниҳонии моро ҳис мекунанд, ва онҳо дар ҳузури мо худро нороҳат ҳис мекунанд. Аммо агар мо қарор диҳем, ки бахшем, аз ин на танҳо мо, балки одамони атрофи мо низ бурд мекунанд.
Бахшидани наздикони худро ёд гирифтан — қадами аввал аст
Бахшидани наздикони худ хеле душвор аст, чунки онҳо ҳамеша дар назди мо мебошанд, моро аз дигарон беҳтар мешиносанд ва аз дигарон дардноктар озор дода метавонанд. Аммо маҳз аз ҳамин сабаб бахшида натавонистанамон ба мо нохушиҳои зиёд меоварад. Пас ҳама гуна бахшидан аз оилаи худ сар мешавад.
Пеш аз ҳама волидони худро бахшидан лозим аст, ва Китоби Муқаддас оиди ин хеле равшан огоҳ менамояд. Дар фармудаи панҷуми Даҳ Фармуда чунин гуфта шудааст: «Падари худ ва модари худро иззат намо, то ки умри ту бар замине ки Парвардигор Худои ту ба ту медиҳад, дароз шавад» (Хур. 20:12). Падару модари худро ҳурмат накарда, ту ҳаёти худро кӯтоҳ мекунӣ, аммо агар ту онҳоро набахшӣ, ҳурмат карда наметавонӣ.
Оиди бахшидани модари худ қарор қабул намуда, ман мехостам ба Худованд итоаткор бошам, то ки ваъдаҳои Ӯ дар ҳаёти ман иҷро шаванд. Шояд ин кор аз дасти ман омад — барои ба ин боварӣ ҳосил намудан оиди синну соли ман пурсидан кофист. Аммо боре бахшидани модар маънои яку якбора барҳам додани ин масъаларо надорад. Дар давоми солҳои зиёд дар дили ман қабатҳои ранҷиш ва талхкомӣ ғун шуда буданд, ва ба ман лозим меомад, ки ҳар боре ки яке аз ин қабатҳо боло мебаромад, ӯро бахшам. Ба ман лозим меомад, ки модарамро доимо бахшам, чунки бо гузашти солҳо хислати ӯ боз бештар вайрон мешуд.
Агар мо боре касеро бахшидан нахостанамонро эътироф намоем, ин ҳанӯз маънои онро надорад, ки худи ҳамин корро дафъаи оянда низ карданамон лозим намеояд. Аз ҳамин сабаб бахшидан — маънои
Агар мо аз ягон кас нафрат дошта бошем ва аз дарде ки ин шахс ба мо расондааст, дар азоб бошем, дар ин айби мо низ ҳаст, чунки мо қарор надодем, ки аз ин дард халос шавем. Ҳамеша бо омодагӣ дар назди Худо эътироф намудани бадкинагии худ — вазифаи мост, ва танҳо бо иҷрои он мо метавонем аз Ӯ хоҳиш кунем, ки ба мо ёрӣ диҳад, то бахшем ва зиндагиро давом диҳем.
Мо ҳамчунин бояд аз Худо хоҳиш намоем, то ба мо нишон диҳад, ки кадоме аз хешовандонамонро бахшиданамон лозим аст. Мо ҳақ надорем шахсони пур аз талхӣ ва кина бошем (албатта, гоҳо мо асабонӣ мешавем, аммо ин дигар аст). Аммо азбаски меъёрҳои мо аз меъёрҳои Худо хеле пасттар мебошанд, мо аксар вақт вазъиятро, ки дар он бахшиданамон даркор аст, намебинем. Аз Худованд хоҳиш кун ба ту нишон диҳад, ки ту ҳанӯз нисбати кадоме аз хешовандон хашмгин ҳастӣ. То даме ки бахшиданро ёд нагирӣ, ту осудагӣ пайдо намекунӣ.
Aгар ту бахшида натавонӣ
Бахшидан ҳамеша душвор аст. Ва гоҳо аз боиси дарди даҳшатоваре ки ба мо раонида шудааст, ғайриимкон аст. Агар ту касеро бахшида натавонӣ, аз Худо хоҳиш бикун ба ту ёрӣ диҳад. Ман то дами марги модарам маҳз ҳамин корро мекардам. Дар ниҳояти кор ман пурра аз ҳама гуна ҳисси бад дидани ӯ халос шудам. Агар ту касеро ҳеҷ бахшида натавонӣ, аз Худованд хоҳиш кун, то ба ту диле ато намояд, ки ӯро бахшида метавонад. Дар ҳаққи касоне ки туро ранҷондаанд, бо тамоми дуоҳои бароят маълум дуо гӯй. Ҳайратовар аст, ки чӣ тавр Худо ба чунин дуоҳо ҷавоб медиҳад ва дилҳоро мулоим мекунад. Ҳангоме мо барои касоне ки ба мо бадӣ кардаанд, дуо мегӯем, хашм, нафрат ва дарди мо ба муҳаббат табдил меёбанд.
Ва ташвиш накаш: бахшидани мо одамон ва амалҳои онҳоро сафед намекунад — балки онҳоро ба дасти Худо месупорад, то ки Ӯ онҳоро доварӣ карда тавонад. Бахшидан моҳиятан навъи самараноки қасос аст, зеро он моро аз ин одамон озод мекунад ва мо имконият пайдо мекунем чизеро ба даст оварем, ки Худо барои мо омода намудааст. Касеро бахшидани мо ба он вобаста нест, ки он шахс айби худро эътироф мекунад ё не, ба узрхоҳӣ тайёр аст ё не. Агар чунин намебуд, аз эҳтимол дур аст, ки умуман бахшидан имконпазир мебуда бошад. Новобаста ба рафтори шахсе ки моро ранҷондааст, мо бояд бахшида тавонем.
Гоҳо дар ҳаёти мо чунон воқеаҳои даҳшатовар рӯй медиҳанд, ки дар давоми якчанд сол мо ҳатто амиқии дардеро, ки ба мо расонда шудааст, дарк намекунем. Гоҳо мо худро барои он чи кардаем, намебахшем, ва баъд тамоми умр худро аз боиси он ки ягон кореро кардем ё накардем, сарзаниш менамоем. Гоҳо мо дар воқеаи рӯйдода Худоро айбдор мекунем. Аз Худованд хоҳиш кун, то ба ту нишон диҳад, ки оё дар ҳаёти ту ягон воқеаи ба ҳамин монанд рӯй додааст ё не. Ба талхии кина роҳ надеҳ, ки дар роҳи иҷрои нақшаи Худо монеаҳо гузорад.
Дар ивази ҳар чизе ки бошад
Чорсаду навад бор — ана ҳамин қадар ба мо лозим меояд, ки айбдорро бахшем! Петрус аз Исо пурсид: «…“Худовандо! Чанд бор бародари худро, ки нисбати ман гуноҳ карда бошад, бибахшам? Оё то ҳафт бор?” Исо ба вай гуфт: “Ба ту намегӯям: “То ҳафт бор”, балки то ҳафтод бор ҳафт”» (Мат. 18:21–22).
Эҳтимол, ба ту лозим меояд, ки ягон касро дар як рӯз то 490 бор бахшӣ, аммо Худованд мехоҳад, ки ту ҳамон қадаре ки даркор аст, бахшӣ. Ӯ мехоҳад туро шахсе бинад, ки бахшида метавонад.
Исо масалеро оиди шахсе нақл кард, ки хоҷааш ӯро аз қарзи беҳад зиёд озод намуд. Аммо бо вуҷуди ин, ин шахс дӯсти худро ба ҳабсхона фиристод, чунки ӯ қарзи андакеро барнагардонда буд. Хоҷааш инро шунида, гуфт: «…Тамоми қарзатро ман ба ту бахшидам, чунки ту аз ман илтимос кардӣ; оё туро низ лозим набуд, ки ба рафиқи худ раҳм кунӣ, чунон ки ман ба ту раҳм кардам?» (Мат. 18:32–33). Хоҷааш чунон хашмгин шуд, ки он шахсро ба иҷрои корҳои вазнин фиристод, то даме ки ҳамаи қарзашро адо кунад. Исо гуфтааст: «Ҳамин тавр Падари Осмонии Ман бо шумо низ амал хоҳад кард, агар ҳар яке аз шумо гуноҳҳои бародари худро аз самими дил набахшад» (Мат. 18:35).
Ин огоҳии хеле ҷиддӣ аст. Ба ҳар яки мо, ки ба Масеҳ имон овардаем, қарзи беҳад зиёд бахшида шудааст. Аз ҳамин сабаб мо ҳақ надорем нисбати якдигар бераҳмӣ кунем. Худо гуфтааст: «…ба якдигар меҳрубон ва дилсӯз бошед ва якдигарро афв намоед, чунон ки Худо низ шуморо дар Масеҳ афв намудааст» (Эфс. 4:32). Агар мо набахшем, мо ғуломони нафрати худ ва қурбонии кинаи худ мешавем.
Ҳамаи амалҳои мо аз нуқтаи назари абадият аз рӯи меъёрҳои зерин баҳо дода мешаванд: муҳаббат ба Худо ва муҳаббат ба дигарон. Дӯст доштани Худо назар ба дӯст доштани одамон хеле осонтар аст, аммо Худо байни меъёри якум ва дуюм аломати баробарӣ мегузорад.
Яке аз зуҳуроти равшантарини муҳаббат бахшида тавонистани ёри худ аст. Бахшидани касоне ки ба мо дард мерасонанд, меранҷонанд ва нисбати мо беадолатӣ мекунанд, душвор аст. Аммо Худо моро таълим медиҳад, ки ҳатто душманонамонро бахшем. Ва дар ин роҳ Ӯ моро комил мегардонад (ниг.: Мат. 5:48). Барои ранҷиш ва дилсахтӣ баҳона ёфтан ҳамеша осон аст, аммо мо бояд ин ҷустуҷӯҳоро бас кунем.
Худо мехоҳад ба ту ҳамаи он чиро, ки Ӯ барои ту омода намудааст, диҳад, аммо агар ту дигаронро набахшӣ, инкишофи рӯҳонии ту бозмеистад ва Худо дар ҳаёти ту амал намуданро бас мекунад. Бахшидан дил ва ақли туро мекушояд, то ки Рӯҳулқудс туро озодона роҳбарӣ карда тавонад. Ту бештар дӯст доштани Худо ва амиқтар ҳис кардани муҳаббати Ӯро меомӯзӣ. Бе ин ҳаёти мо маъное надорад.
Ба ман ёрӣ деҳ худамро барои хатоҳо ва корҳои нодурустам бахшам. Ва агар ягон вақт ман Туро дар он айбдор карда бошам, ба ман ёрӣ деҳ, ки дар назди Ту инро эътироф намоям. Ба ман дӯст доштани душманонро биёмӯз, чунон ки ту дар Каломат фармудаӣ, ва ба касоне ки маро лаънат мегӯянд ва таъқиб менамоянд, дуои хайр гӯям (ниг.: Мат. 5:44–45). Ёрӣ деҳ, то барои касоне дуо гӯям, ки маро меранҷонанд ва ба ман дард мерасонанд, то ки дилам нисбати онҳо мулоим шавад. Ман намехоҳам, ки дили ман аз боиси бадкинагӣ сахт шавад. Ба ман бахшиданро биёмӯз.
Худовандо, ба ман ошкор намо, ки оё нисбати волидон барои ягон амали онҳо ё баръакс, барои бефаъолиятии онҳо дар баъзе вазъиятҳо ранҷише дар дил ниҳон накардаам. Ман намехоҳам, ки рӯзҳои ҳаёти ман аз боиси беэҳтиромӣ ба волидон, яъне аз боиси вайрон карда шудани фармудаи бузурге ки Ту додаӣ, кӯтоҳ шаванд. Ва агар байни ман ва волидон аз боиси ранҷиш ва бахшидан нахостанам девори бегонагӣ ба миён омада бошад, аз Ту илтиҷо мекунам, ки ин деворро вайрон намо.
Ба ман ёрӣ деҳ ҳар боре ки ин зарур бошад, одамонро бахшам. Аз рӯи имконият маро чун аслиҳаи оштӣ кардани дигар аъзоёни оила, ки дар муносибатҳояшон шиддатнокӣ ва нофаҳмиҳо ҳукмфармоянд, истифода бар. Ман намехоҳам, ки байни ману Ту, Худовандо, деворе бошад, то ки дуоҳои ман бар гуноҳҳои ниҳонии дилам пешпо хӯранд. Имрӯз ман мехоҳам ҳамаро бахшам. Ман мехоҳам дар зиндагӣ аз бадкинагӣ раҳо шуда, қадам занам. Аммо агар касе ба ман кина дошта бошад, дилашро мулоим гардон, ба ӯ ёрӣ деҳ, ки маро бахшад ва нишон деҳ, ки чӣ тавр муносибатҳоямонро дуруст кунем. Ман медонам, ки, то даме ки дар торикии бадкинагӣ роҳ меравам, барои дигарон нур шуда наметавонам. Ман қарор қабул менамоям: дар нур роҳ равам, чунон ки ту низ дар нур қадамгузор ҳастӣ, ва аз ҳар гуноҳ пок шавам (ниг.: 1 Юҳ. 1:7).
Доварӣ накунед, ва ба доварӣ дучор нахоҳед шуд; маҳкум накунед, ва маҳкум нахоҳед шуд, бибахшед ва бахшида хоҳед шуд.
Ақли одам хашми ӯро бозмедорад, ва аз бадкорӣ чашм пӯшида гузаштан ҷалолати ӯст.
…Душманони худро дӯст доред, барои лаънатгӯёни худ баракат хоҳед, ба бадбинони худ некӣ кунед ва барои бадгӯёну озордеҳони худ дуо гӯед, то ки фарзандони Падари худ, ки дар осмон аст, гардед…
Вале касе ки аз бародари худ нафрат дорад, вай дар зулмот аст, ва дар зулмот мегардад, ва намедонад, ки куҷо меравад, чунки зулмот чашмонашро кӯр кардааст.
…Агар шумо ба одамон хатоҳошонро бубахшед, Падари шумо, ки дар осмон аст, ба шумо низ хоҳад бахшид; ва агар шумо ба одамон хатоҳошонро набахшед, Падари шумо низ хатоҳои шуморо ба шумо нахоҳад бахшид.
БОБИ ЧОРУМ
Дар ёд дорам, ки дар мактаб дар давоми як нимсола ба ман лозим омад, ки ба дарсҳои шиноварӣ равам. Ман ин дарсҳоро бад медидам, чунки онҳо пагоҳӣ дар соати 7.30 сар мешуданд, ва ман бояд дар давоми тамоми рӯз мӯямро дуруст мекардам (он вақт фенҳои дастӣ набуданд). Мо мебоист ҳар рӯз дар ҳар гуна обу ҳаво шиноварӣ мекардем, ҳол он ки зимистон дар Калифорния пагоҳиҳо нисбатан хунук аст. Ягона сабаби узрнок барои ба дарс ҳозир нашудан бемории марговар буд, ва он ҳам ба шарте ки духтур ин фактро тасдиқ кунад.
Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин нороҳатиро, шиноварӣ ба ман маъқул буд, ва ман ба натиҷаҳои хуб муваффақ шудам. Ман фаҳмидам: агар ман қоидаҳоро риоя намоям ва ҳаракатҳои аниқ намоям, босуръат шино кардан, ба осонӣ дар об лағжидан ва зуд ба канори дигари ҳавзи калон расидан метавонам. Дар ин маврид аллакай ҳеҷ чиз ба ман халал расонда наметавонист — ҳатто шиноварони ноӯҳдабаро дар роҳҳои шиноварии ҳамсоя.
Ин принсип барои масеҳиён низ қобили истифода аст. Агар мо дар зиндагӣ бо муваффақият шино кардан хоҳем, бояд чун шиноварон вазъияти дурустро қабул намуда, мувофиқи дастурот ҳаракатҳои дуруст намоем. Вагарна, ҳангоме ки давраҳои душвор фаро мерасанд, мо онҳоро паси сар карда наметавонем. Дар натиҷа мо дар як ҷой тоб хӯрда, беҳол мешавем, ва барои дар рӯи об устувор мондан кӯшишҳои зиёд мекунем. Ва дар ин ҳолат мо ҳеҷ гоҳ ба ҳеҷ ҷой шино карда наметавонем. Аммо агар мо таҳти роҳнамоии Масеҳ мавқеи дурусти ҳаётиро ишғол намоем, агар мо аз Ӯ таълим гирем ва фармудаҳои Ӯро ба ҷо оварем, он гоҳ маҷрои Рӯҳулқудс моро ба самти даркорӣ мебарад.
Ҳаракатҳои дуруст кардан
Хости Худоро танҳо дар он маврид фаҳмидан мумкин аст, ки ба Каломи Ӯ сарфаҳм равем. Агар мо надонем, ки кадом ҳаракатҳо дурустанд, ҳаракатҳои дуруст карда наметавонем. Аз китоби дарсии муқаддаси ҳаёт, яъне аз Каломи Худо, мо метавонем ҳама чизҳоеро, ки ба онҳо эҳтиёҷ дорем, дониста гирем ва ҳамаи он чиро, ки аз мо талаб карда мешавад, ёд гирем. Аммо бо вуҷуди ин, ба мо гоҳо ба ҳар ҳол лозим меояд, ки «худро ба об партоем». Далели самимияти мо на дониши мо оиди он чи дуруст аст, балки
Худовандо, ба ман ёрӣ деҳ боинтизом шавам
Ин дуоро ман аз занҳо дар тамоми ҷаҳон мешунавам. Мо хуб медонем, ки чӣ
Ман шахси пурра боинтизом ҳастам, аммо на ҳамеша чунин будам. Якчанд сол пеш ҳама чиз дар ҳаёти ман тамоман дигар буд — он вақт ман аз рӯҳафтодагӣ сахт азоб мекашидам. Бисёр касоне ки фишори рӯҳафтодагиро дар худ ҳис кардаанд, медонанд, ки агар дар ҳаёти худ маъноеро набинӣ ва барои ёфтани он тамоми кӯшишҳоро ба харҷ диҳӣ, дуруст фикр кардан ва ҳаёти худро дуруст ба тартиб овардан ғайриимкон аст. Ту дар атрофи худ ҳеҷ чизи хубро намебинӣ, зеро боварӣ надорӣ, ки ба ягон чизи беҳтар сазовор ҳастӣ. Ту ба пеш ҳаракат карда наметавонӣ, зеро тамоми қудрати ту барои он сарф мешавад, ки боз як рӯзро гузаронӣ. Ҳангоме ки оиди ҳар як соҳаи ҳаёти худ дуо гуфтанро сар кардам, ман аз Худо хоҳиш кардам, то ёрӣ диҳад, ки вақт ёфта, ҳар рӯз Каломи Ӯро хонам, дуо гӯям ва итоаткор бошам. Ман аз ӯ хоҳиш кардам, ки маро аз рӯҳафтодагӣ ва аз ҳамаи он чи садди роҳи ба даст овардани баракатҳои Ӯ мешуд, раҳо намояд.
Ман аз он дар ҳайрат будам, ки Худо ба дуоҳои ман чӣ тавр зуд ҷавоб мегуфт. Ман боинтизом будан ва ба Худованд итоаткор буданро меомӯхтам. Бе мадади Ӯ ман ба чизе ноил намешудам, зеро ин аз ҳудуди имкониятҳои ман берун буд. Ва имрӯз пас аз сӣ соли қадамгузорӣ дар назди Худованд ман ҳанӯз ҳам сатҳҳои нави итоаткориро дарк менамоям. Ҷисми ман пир мешавад, аммо рӯҳам сол то сол нав мешавад, ва бо ҳар як қадами нави итоаткорӣ ман баракатҳо ва озодӣ ба даст меоварам — яъне он чи пеш барои ман дастнорас буд. Гумон накун, ки баъди наҷот ёфтан ту метавонӣ аз ҳеҷ чиз парво накарда зиндагӣ кунӣ. Ин ба монанди он аст, ки ба шавҳар баромада, шустушӯ намуданро бас кунӣ. Албатта, муддате метавонӣ аз шӯстушӯй худдорӣ намоӣ, аммо ин кори хатарнок аст, ва ҳаёти ту аз ин хеле зарар дида метавонад.
Омӯзиши итоаткорӣ раванди тӯлонӣ аст, ки гоҳо як умр давом мекунад. Сатҳҳои хеле зиёди итоаткорӣ вуҷуд доранд, ки ба онҳо расидан лозим аст. Ҳатто агар ту аллакай чил сол боз бо Худованд бошӣ ҳам — ин ҳеҷ аҳамият надорад, зеро ту чун пештара ба он эҳтиёҷ дорӣ, ки Худо вазъиятҳоеро, ки дар онҳо беитоатӣ зоҳир менамоӣ, ба ту нишон диҳад.
Мо ҳеҷ гоҳ набояд аз худ фахр карда, тасаввур кунем, ки дар итоат ба Худо ба камолот расидаем, зеро Ӯ сатҳи онро доимо баланд карда, моро ба сатҳи нави инкишофи рӯҳонӣ мегузорад. Аммо набояд ба ифроти дигар афтода, ба худ гӯем: «Ман ҳамин гуна беинтизом ҳастам ва ба омӯзиш лаёқат надорам». Агар фармудаҳои Худовандро ба ҷо наоварем, бароямон ҳеҷ узре нест, алалхусус агар Ӯ ваъда дода бошад, ки барои иҷрои хости ӯ ҳама чизи даркориро ба мо медиҳад. Бе шубҳа, мо бояд аз Ӯ мадад хоҳем. Ӯ аз мо чунин суханонро интизор аст: «Худовандо, ба ман ёрӣ деҳ, ки интизомро риоя намоям, то ки ба ту итоаткор бошам ва мувофиқи хости Ту амал намоям, зеро ман мехоҳам чунон инсоне бошам, ки ту маро офаридаӣ». Бе амали комилкунанда, ба мувозинат меоварда ва поккунандаи Рӯҳулқудс озодие ки мо дар Масеҳ ба даст овардаем, ба худписандӣ табдил меёбад.
Иҷро намудани Хости Худо дар вазъияти муайян
Дар баробари фармудаҳои асосӣ, ки ба мо барои риоя намудан дода шудаанд, мо бояд ҳамчунин фармудаҳои муайяни Худовандро дар ин ё он вазъият мувофиқи нақшаи Ӯ ба ҷо оварем. Барои ҳар кас ин ба таври худ ба амал меояд. Масалан, ҳашт сол пеш Худо ба шавҳари ман фармуд, ки аз Калифорния ба Теннессӣ кӯчад. Ман тамоман инро намехостам, зиёда аз ин, чунин фикр ҳеҷ гоҳ ба сарам наомада буд.
Маҳалли зистам ба ман маъқул буд ва аз он ба ҳеҷ куҷо кӯчиданӣ набудам. Аммо ба мо дастури аниқ аз ҷониби Худо дода шуда буд, ва мо итоат намуда, чизу чораҳои худро ғундоштан гирифтем. Сабаби кӯчиданамон баъди якчанд сол маълум шуд, ва ман шодам, ки мо фармудаи Худоро шунида тавонистем ва онро иҷро намудем. Аммо аз эҳтимол дур аст, ки мо овози Ӯро мешунидем, агар бо чунин дархост ба Ӯ муроҷиат намекардем: «Худовандо, ба мо нишон деҳ, ки бояд чӣ кунем».
Аз Худо хоҳиш кардан муҳим аст, ки Ӯ
Бар хилофи хоҳишҳои худ амал намудан
Ба ҳамаи мо лозим меояд корҳоеро кунем, ки кардан намехоҳем. Ҳатто кори беҳтарин ҷиҳатҳои манфии худро дорад. Аммо қисми ҳатмии муваффақият дар зиндагӣ — зарурати бар хилофи хоҳишҳои худ амал намудан мебошад. Ягон корро на бо хоҳиши худ, балки аз рӯи зарурат ба ҷо оварда, мо дигаргун мешавем, ин моро интизомнок мекунад, ва ба одамони масъулиятшиносе табдил медиҳад, ки Худо ба онҳо боварӣ карда метавонад. Азбаски мо кори
Агар ба ҷо овардани коре ки
Даҳ сабаби асоснок барои ба Худо итоаткор будан
Дар байни сабабҳои гуногуни ба Худо итоаткор будани мо як сабаби асосӣ ҳаст: Ӯ чунин фармудааст. Ҳатто агар сабабҳои дигар намебуданд, танҳо ҳамин сабаб кофӣ мебуд.
Аммо барои итоаткорӣ зоҳир намудан бисёр асосҳои муҳим ҳастанд, ки мо бояд ҳамеша онҳоро дар ёд дошта бошем. Аз байни онҳо ман даҳ сабаби асосиро ҷудо кардам:
1. Мо
2. Мо
3. Мо
4. Мо
5. Мо
6. Мо
7. Мо
8. Мо
9. Мо
10. Мо
Ба пешвози тақдири худ
Нақшаи Худо вуҷуд дорад. Худованд мехоҳад, ки ту дар ҳаёти худ як кори муҳимро ба ҷо оварӣ, ва аз ҳамин сабаб туро ба вохӯрӣ бо тақдират омода менамояд. Ӯ худи ҳозир сар мекунад. Аммо барои ба даст овардани он чи Худо ваъда додааст, ба ту лозим меояд, ки дар итоаткорӣ қадамгузор бошӣ ва бовар кунӣ, ки Ӯ роҳи туро медонад ва ҳеҷ гоҳ кореро намекунад, ки ба ту зарар расонда метавонад.
Қоидаҳое ки Худо барои мо муқаррар намудааст, на барои таҳқир кардани мо, балки ба нафъи худи мо дода шудаанд. Агар мо онҳоро ба ҷо оварем, ҳаёти мо муваффақиятнок мешавад, вагарна — ҳама корҳоямон рӯ ба харобӣ меоваранд. Агар мо дар итоаткорӣ зиндагӣ кунем, роҳи худро равшан мебинем, вагарна дар ҳаёти мо бесарусомонӣ сар мешавад. Байни итоаткорӣ ва муҳаббати Худо вобастагии бевосита ҳаст. Агарчи Худо моро дӯст медорад, агар хости Ӯро ба ҷо наоварем, муҳаббати Ӯро ҳис карда наметавонем.
Ҳамчунин байни байни итоаткории мо ва ҷавобҳо ба дуоҳоямон вобастагии бевосита ҳаст (ниг.: 1 Юҳ. 3:22). Агар ту аз боиси он ғамгин бошӣ, ки дуоҳоят беҷавоб мемонанд, аз Худо бипурс, ки оё сабаби ин дар беитоатии ту нест. Ба Худо бо чунин савол муроҷиат намо: «Худовандо, ба ман бигӯ, ки ман дар чӣ ба Ту беитоат ҳастам?» Ба Худо оиди хоҳишҳои
Ту намедонӣ, ки лаҳзае ки Худо туро ба он тайёр карда истодааст, кай фаро мерасад. Аниқтараш, пеш аз ин ба ту лозим меояд, ки аз як қатор марҳилаҳои пайиҳам гузарӣ. Кӣ будани ту муҳим нест — зани танҳои соҳибкор, ки дар мансаб боло меравад, ё зани серфарзанди оиладор, ки фарзандонаш ба синни даҳсолагӣ нарасидаанд; муҳим нест, ки ту чандсолаӣ — 19-сола ё 90-сола. Ҳар рӯз Худо туро ба иҷрои вазифаи бузурги ту омода менамояд. Ӯ мехоҳад, ки ту бо майли том ба Ӯ имкон диҳӣ, ки дилатро пок намояд, имонатро мустаҳкам кунад ва аз ҷиҳати рӯҳонӣ комил гардонад. Аммо ту бояд аз ҳудуди қоидаҳо берун набароӣ. «Агар касе мубориза кунад ҳам, соҳиби тоҷ намешавад, агар ғайриқонунӣ мубориза карда бошад» (2 Тим. 2:5). Агар ту аз худи аввал ҳаракатҳои дуруст накунӣ, ба муваффақият ноил намешавӣ.
Худовандо, дили ман хоҳони он аст, ва дар ҳама чиз ба Ту итоат кунад. Ба ман нишон деҳ, ки дар чӣ ба Ту итоаткор нестам. Агар қадамҳои итоаткориро, ки ман оиди онҳо намедонам, гузоштанам лозим бошад, ба ман ошкор намо, то ки ман ҳақиқатро бинам, ва ба ман ёрӣ деҳ, то ин қадамҳоро гузорам.
Ман медонам, ки бе мадади Ту дуруст рафтор намудан наметавонам, аз ҳамин сабаб хоҳиш мекунам: ба ман дар итоаткорӣ ба фармудаҳои Ту зистанро биёмӯз. «Бо тамоми дили худ Туро ҷустаам; маро нагузор, ки хато карда, аз фармудаҳои Ту сар тобам» (Заб. 118:10).
Дар Каломи Ту гуфта шудааст: «Агар гӯем, ки мо гуноҳе надорем, худамонро фиреб медиҳем, ва дар мо ростӣ нест» (1 Юҳ. 1:8). Имкон надеҳ, ки ман фиреб хӯрам ва хости Туро нафаҳмида, аз мақсад дур равам. Ба ман нишон деҳ, ки кай кори даркориро ба ҷо намеоварам, ва кай кореро мекунам, ки набояд кунам. Ба ман ёрӣ деҳ фармудаҳои Туро, ки шахсан ба ман дахл доранд, шунавам. Бо ман ба воситаи Каломат гап зан, то ман фарқ карда тавонам, ки чӣ чиз дуруст аст ва чӣ чиз нодуруст.
Ман Рӯҳулқудсро аз ягон ҷиҳат андӯҳгин кардан намехоҳам (ниг.: Эфс. 4:30). Ба ман ёрӣ деҳ бо роҳҳои Ту қадамгузор бошам, то ки дар пуррагии ҳузури Ту зиста, баракатҳои ваъдакардаи Туро ба даст оварам.
Ва ҳар чӣ талаб кунем, аз Ӯ меёбем, чунки аҳкоми Ӯро риоят мекунем ва он чи ба ҳузури Ӯ мақбул аст, ба амал меоварем.
Зеро ки Парвардигор Худо офтоб ва сипар аст; Парвардигор меҳрубонӣ марҳамат ва ҷалол хоҳад бахшид; касони ростравро аз некӯӣ маҳрум нахоҳад кард.
Ва касе ки аҳкоми Ӯро нигоҳ медорад, вай дар Ӯ сокин аст, ва Ӯ дар вай. Ва ин ки Ӯ дар мо сокин аст, аз он Рӯҳе медонем, ки Ӯ ба мо ато намудааст.
…Хушо онҳое ки сухани Худоро мешунаванд ва онро нигоҳ медоранд.
Ҳар кӣ аҳкоми Маро дорад ва риоят кунад, вай касест, ки Маро дӯст медорад; ва ҳар кӣ Маро дӯст дорад, Падари Ман вайро дӯст хоҳад дошт, ва Ман вайро дӯст хоҳам дошт ва Худро ба вай зоҳир хоҳам сохт.
БОБИ ПАНҶУМ
Ҳангоме ки 11-уми сентябри соли 2001 дар Нью-Йорк фоҷиаи мудҳиш рӯй дод, бисёр одамон аз якдигар мепурсиданд: «Чаро ин рӯй дод?» Онҳо бо даҳшат фаро гирифта шуда, аз воқеа сахт мутаассир шуда, ҷавобро меҷустанд. Ба ин савол ҷавобҳои бисёр пешниҳод карда мешаванд, аммо ҷавоби асосӣ чунин аст: «Мо душман дорем». Душмани на танҳо сокинони Нью-Йорк ё Иёлоти Муттаҳида, балки ҳамаи онҳое ки кори Худоро ҷонибдорӣ мекунанд. Ин душман зидди Худо дар рӯи замин мубориза мебарад, ва ба ҳамаи он чи бо Худи Худо вобаста аст, мухолифат карда, ба ҳамаи имондорон ва онҳое ки бо роҳҳои Ӯ рафтан мехоҳанд, ҳуҷум мекунад.
Ҳар яки мо душман дорад — террористи ҳақиқии ҷонҳои мо. Агар мо инро дарк накунем, ба ӯ имкон медиҳем, ки моро бо хости худ истифода барад. Албатта, ӯ ломакон ва ҳамадон нест, ӯ ҳамаи фикрҳои моро дониста наметавонад. Аммо агар мо дар ёд нигоҳ надорем, ки имкониятҳои душмани мо маҳдуд мебошанд, ва ӯ аллакай мағлуб шудааст, — ӯ доимо моро муҳосира карда метавонад.
Исо дар салиб мурд, ва баъд зинда шуда, душмани Худро аз қувва маҳрум кард. Ӯ дар салиб пирӯзӣ ба даст оварда, қудратеро, ки бар душман дорад, ба мо дода, гуфт: «…Ба шумо қудрат медиҳам, ки... тамоми қуввати душманро поймол кунед, ва ҳеҷ чиз ба шумо зарар нахоҳад расонд» (Луқ. 10:19).
Ҳамаи мо иштирокчиёни фаъоли ҷанги рӯҳонӣ бо душмани насли башар мебошем, ки ҳеҷ гоҳ таслим намешавад. Ва агарчи бадиро дар ҳаёти мо одамон ба амал меоваранд, бояд дар ёд дошт, ки дар паси ҳамаи ин душмани асосии мо — иблис истодааст. «Чунки муборизаи мо на бар зидди хун ва ҷисм аст, балки бар зидди сарварон, бар зидди ҳукуматдорон, бар зидди фармонравоёни ин олами зулмот аст, бар зидди қувваҳои рӯҳии шарорат, ки дар афлок аст» (Эфс. 6:12). Ҳатто ҳангоме ки зидди мо одам амал мекунад, бояд аз паси ӯ душманро шиносем, то ки ба ӯ муқобилат карда тавонем.
Чунон ки Худо нақша дорад, иблис низ нақшаи худро дорад. Нақшаи иблис аз он иборат аст, ки туро ғорат кунад ва ҳаётатро вайрон кунад. «Дузд меояд, то ки бидуздад, бикушад ва талаф кунад» (Юҳ. 10:10). Ӯ корҳояшро пинҳонӣ ба анҷом мерасонад, то ки ҳеҷ касро натарсонад, ва ба ту сурудеро оиди он мехонад, ки ту дар бехатарӣ мебошӣ (ниг.: 2 Қӯр. 11:14). Аммо душмани мо ҳеҷ гоҳ истироҳат намекунад; ӯ рӯзҳои истироҳат надорад; ӯ доимо саъй мекунад, ки нақшаашро амалӣ намояд. Аз ҳамин сабаб Каломи Худо моро даъват менамояд: «Ҳушёр ва бедор бошед, чунки душмани шумо, иблис, мисли шери ғуррон гаштугузор карда, касеро меҷӯяд, то ба коми худ кашад» (1 Пет. 5:8).
Дар аксари мавридҳо мо ҳуҷумҳои душманро ошкор карда метавонем. Аммо гоҳо тактикаи душман хеле нозук ва пардапӯш мебошад, нақшаи ӯ — моро ба васвасае рӯ ба рӯ кардан аст, ки дар ниҳояти кор моро аз роҳи Худо дур карда, нобуд намуда метавонад. Ҳамин гуна дасисаҳои душманро пайхас намудан хеле душвортар аст. Масалан, ӯ метавонад ба ту талқин намояд, ки ту танҳо сазовори сарзанишу маломат мебошӣ. Аммо дар захираи луғавии Худо феъли «сазовор шудан» нест. Охир мо сазовори он нашудаем, ки Исо барои мо бимирад, аммо Ӯ ин корро кард. Гап на дар он аст, ки мо сазовори дасисаҳои иблис ҳастем ё не, гап дар он аст, ки Исо барои он мурд, ки роҳамонро аз ҳамаи ин ифлосиҳо пок кунад. Аз ҳамин сабаб биёед аз Худо хоҳиш намоем, то моро таълим диҳад, ки амалҳои душманро пай бурда тавонем ва баъд, чунон ки навишта шудааст, ба ӯ «муқобилат кунем», то ки ӯ аз мо «гурезад» (ниг.: Яъқ. 4:7).
Панҷ воситаи самарабахш барои раҳоӣ аз душмани насли башар
Худо барои вайрон кардани нақшаҳои душман моро бо навъҳои гуногуни аслиҳа таъмин намудааст:
1.
2.
3.
4.
5. Дуо
Ма одами хуб ҳастам, пас чаро душман ба ман ҳуҷум мекунад?
Бисёр касон чунин савол медиҳанд, аммо ҷавоб дар худи ин савол аст: душман ба ту маҳз
Дар ёд нигоҳ дор — имони ту ба Худо ҳар қадар амиқтар бошад, иблис ба ҳаёти ту ҳамон қадар бештар дахолат мекунад. Аз ҳамин сабаб агар ту саъй кунӣ, ки ба Худо ҳаматарафа боварӣ намоӣ, ё рӯҳан камол ёфта, ба сатҳи нави озодӣ расӣ ё ба иҷрои хизмати нав тайёрӣ бинӣ ё барои ҷалоли Худо ба ягон кори нав шарик шавӣ, душманат тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад, то ки туро боздорад. Ӯ ҳама кори аз дасташ меомадаро мекунад, то ки туро бо ҳисси рӯҳафтодагӣ, беморӣ, ҳисси айбдорӣ зарба занад, то ки ҷонатро бо ноумедӣ ва ё тарси шикаст хӯрдан ба изтироб оварад. Ӯ зидди ту дасисаҳо бунёд намуда, мекӯшад саломатиатро вайрон намояд, оилаатро, муносибатҳоятро бо одамон барҳам диҳад, ба пешравӣ дар мансаб халал расонад; ӯ туро ноумед мекунад, ақлатро тира мегардонад. Шайтон ҳама корро мекунад, то ки туро ба ақибнишинӣ маҷбур намояд. Бо вуҷуди он ки қудрати ӯ дар муқоиса бо тавоноии Худо ночиз аст, ӯ ба ту талқин мекунад, ки ӯ тавоност. Душман кӯшиш мекунад, ки ҳаёти туро ба воситаи фиреб зери назорат гирад, ӯ мехоҳад туро нобино гардонад, то ки ту ҳақиқатро набинӣ ва ба дурӯғи ӯ бовар кунӣ. Ӯ ба ту талқин мекунад, ки дар муҳорибаи рӯҳонӣ ғолиб мешавад, аммо ҳақиқат дар он аст, ки ӯ аллакай онро бохтааст.
Иблис барои он меояд, ки бидуздад ва нобуд кунад. Исо барои он омад, ки ба ту ҳаётро бо фаровонӣ диҳад. Биёед муҳокимаронӣ менамоем: марг ва вайронӣ аз шайтон аст, ҳаёт ва фаровонӣ — аз Исо. Оё ин маънои онро дорад, ки агар ту ҳаёти фаровон надошта бошӣ, дар ин иблис айбдор аст, ки онро аз ту медуздад? Ба фикри ман ин аз эҳтимол дур нест, чунки дуздидан мақсади асосии ӯст. Сабаби дуюм он аст, ки ту бо Худо муносибатҳои наздик надорӣ ва бо роҳҳои Ӯ намеравӣ. Аз Худо хоҳиш бикун оиди ин ё он вазъият дар ҳаёти ту ҳақиқатро ба ту ошкор намояд. Ба суханони душман гӯш надеҳ ва ғайр аз он чи Худо барои ту омода намудааст, ба ҳеҷ гуна вариантҳои дигари ҳалли масъала розӣ нашав.
Ба ман ошкор намо, ки ман аз кадом ҷиҳат беитоатӣ зоҳир менамоям. Агар ман ба душман имкон дода бошам, ки дар девори ҳимоякунандаам рахна ворид намояд, инро ба ман ишон деҳ, то ки ман ҳуҷуми ӯро бозгардонда тавонам. Маро бо имони мустаҳкам ба Ту ва Каломат мусаллаҳ гардон. Ба ман ёрӣ деҳ мунтазам дуо гӯям ва рӯза дорам, то ҳамаи қалъаҳое ки душман дар ҳаёти ман бунёд менамояд, хароб карда шаванд.
Худовандо, ман медонам, ки дар муҳорибаи рӯҳонӣ бояд устувор ва ҷасур бошам. Ман набояд аз душман тарсам (ниг.: Так. Шар. 20:3). Туро шукр мегӯям, ки бо вуҷуди ҳамаи кӯшишҳои душман, ки мехоҳад маро асир гардонад ва ба иҷрои хости худ маҷбур намояд, ман ҳамеша аз бандҳои ӯ раҳо шуда метавонам (ниг.: 2 Тим. 2:26). Ташаккур ба Ту барои он ки Ту маро аз шайтон ва аз касоне ки маро бад мебинанд, раҳо намудӣ (ниг.: Заб. 17:18).
Ту сипари ман ҳастӣ, чунки ман бо роҳҳои Ту қадамгузор ҳастам (ниг.: Мас. 2:7). Ба ман мадад расон, ки «бо бадӣ мағлуб нашавам», балки таълим деҳ, ки «бадиро бо некӣ мағлуб кунам» (Рум. 12:21). Маро дар паноҳи рӯи Худ аз мардуми бад пинҳон дор (ниг.: Заб. 30:21). Туро шукр мегӯям, ки то даме ки ман дар ростӣ устуворам ва дар Каломи Ту мебошам, душман маро мағлуб карда наметавонад.
…Худованд амин аст, ки шуморо устувор гардонад ва аз он шарир нигоҳ дорад.
Бинобар ин, зиреҳи куллии Худоро бигиред, то ки дар рӯзи бад муқобилат намуда ва ҳама корҳоро анҷом дода, истодагӣ карда тавонед. Пас, бо ростӣ камар баста ва ҷавшани адолатро дар бар карда, биистед, ва пойафзоли омодагиро барои додани башорати осоиштагӣ ба пои худ бипӯшед, дар айни ҳол сипари имонро бигиред, ки бо он ҳамаи тирҳои тафсони шарирро хомӯш карда метавонед; ва хӯди наҷотро бигиред, ба шамшери Рӯҳро, ки каломи Худост; дар ҳар вақт дар Рӯҳ бо ҳар дуо ва илтимос дуо гӯед, ва ҳушёр ва босабот буда, ҳамеша дар бораи ҳамаи муқаддасон илтимос кунед…
Вақте ки гирдбод вазида гузарад, шарир нест мешавад, вале одил бунёди ҷовидонӣ дорад.
…дар Худованд ва дар тавоноии қудрати Ӯ нерӯманд шавед. Зиреҳи куллии Худоро дар бар кунед, то ки битавонед ба дасисаҳои иблис муқобилат намоед…
БОБИ ШАШУМ
Ман рӯзеро ба ёд меоварам — ин рӯзи ҷумъа буд, шавҳарам дар сафар буд, ва фарзандон ба меҳмонӣ рафта буданд. Ман шод будам, ки имконияти нодире пайдо намудам, ки танҳо бошам ва дар болои китоб кор кунам. Аммо он чиз тааҷҷубовар буд, ки ногоҳ ҳис кардам, ки бори вазнине ба болои ман афтид, ногоҳ ғаму андӯҳ диламро фаро гирифтанд. Ман ба таҳлили ҳаёти худ сар кардам, ва дар он хатоҳоро меҷустам, ва дар натиҷа тамоман ба рӯҳафтодагӣ дучор шудам. Ин фикрҳои ғамангез маро гӯё фалаҷ карданд, ва ман қуввае надоштам, ки ба касе занг занам, ё аз хона бароям, ё бо номаҳо ё бо корҳои рӯзғор машғул шавам. Албатта, оиди кор бо китоб ҳоҷати гап ҳам набуд. Ман дар ҳуҷраи худ бо Китоби Муқаддаси кушода дар болои зонуям нишаста, мегиристам.
«Худовандо, ба ман фаҳмон, ки бо ман чӣ рӯй додааст ва ман бо ин бояд чӣ кунам, — дуо мегуфтам ман. — ман то он даме дуо мегӯям, ки аз Ту ҷавобе шунавам ё то даме ки ҳолати ман беҳтар шавад».
Ман тамоми рӯзи шанбе рӯза гирифтам. Қарибиҳои соати соати чори пагоҳӣ ман аз боиси изтироби сахти рӯҳӣ бедор шудам. Ман нишастам ва ба хондани Китоби Муқаддас сар кардам. Ҳангоме ки чашмонам ба суханон аз Китоби пайғамбар Ишаъё афтиданд: «Ридои ҷалол – ба ҷои рӯҳи андӯҳгин» (Иш. 61:3), ман дарҳол фаҳмидам, ки бо «рӯҳи андӯҳгин» сару кор дорам. Дар ҳаёти ман барои пайдо шудани ин рӯҳ сабабе набуд, аммо душман кӯшиш намуд маро бовар кунонад, ки ин тавр нест.
Дар давоми бист дақиқаи минбаъда ман Худоро ситоиш мекардам ва Каломи Ӯро эълон менамудам. Ман ба душман фармудам, ки дафъ шавад ва Худовандро барои қудрате ки барои ин кор ба ман додааст, шукргузорӣ намудам. Сипас ман ҳис кардам, ки пардаи торик ва вазнини рӯҳафтодагӣ аз китфонам поён афтид, ва ин чунон зуд ба амал омад, ки ман тамоман аниқ фаҳмидам — ман ба ҳуҷуми рӯйрости душман дучор шудаам.
Ман он рӯзро ба ёд оварда, сабаби он воқеаро мефаҳмам: гап дар он аст, ки он вақт ман дар болои китоби
Идора кардани фикрҳои худ
Фикрҳоямонро назорат карда тавонистанамон дар таъмини бехатарии ҷонҳои мо ва аз душман ҳимоя намудани онҳо нақши муҳиме мебозад. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки мо бояд ба итоати Масеҳ асир кардани ҳар фикрро ёд гирем (ниг.: 2 Қӯр. 10:5).
Ман фаҳмидам, ки ҳақ дорам ба ҳар як фикри ба сарам меомада шубҳа намоям, ва ихтиёр дорам, ки ба он гӯш диҳам ё не. Ин барои ман, чун барои ҳар як навимон, кашфиёти ҳайратоваре буд. Бисёр қотилони такрорӣ мегӯянд, ки овозҳоеро мешунаванд, ки қатл карданро ба онҳо мефармоянд, ва онҳо танҳо ба ин фармонҳо итоат мекунанд. Одамоне ки овозҳои дар сарашон садо медодаро шинохта наметавонанд, дар байни онҳо садои иблисро — дурӯғгӯи ҳилагарро, ки ба онҳо наздик шуда, фикрҳои худро ба онҳо бор мекунад, фарқ кунонда наметавонанд. Мо бояд ба ин тайёр бошем.
Дурӯғе ки мо ба он бовар мекунем
Оё чунин мешавад, ки туро ҳар рӯз ҳамон як фикрҳо азоб медиҳанд? Оё чунин мешавад, ки ягон фикри ба сарат меомада ба ҳолати ҷисмонии ту таъсир расонад, дар дилат дард, дар шикамат ҳисси нохуш, дар гулӯят ҳисси нафасгиршавӣ, дар дастон ва пойҳоят сустӣ, дар чашмонат ашкҳо ё дар тамоми баданат доначаҳо ба вуҷуд оварад?
Оё чунин шудааст, ки фикрҳое аз қабили «Чӣ мешуд, агар?..» ақли туро муҳосира мекарданд: «Агар аз балкон ба поён меҷастам, чӣ мешуд? «Чӣ мешуд, агар ман бо мошин ба девор бармехӯрдам?» Оё чунин фикрҳо ба сари ту омадаанд: «Беҳтараш ман ин корро намекардам», «Охир, чаро ман ба он ҷо рафтам?», «Чизе гуфтан даркор буд»? Оё ногоҳ туро ҳисси раҳм ба худ фаро нагирифтааст, ки дар чунин фикрҳо ифода меёбад: «Ман ба ҳеҷ кас даркор нестам», «Ман ноӯҳдабаро ҳастам», «Дар ман ҳеҷ чизи нек нест», «Аз дасти ман ҳеҷ кор намеояд»?
Агар чунин фикрҳо ба сарат меомада бошанд, пас бидон — онҳо аз ҷониби Худо наомадаанд, онҳо бо ваҳйе ки Худованд ба ту додан мехоҳад, ҳеҷ умумияте надоранд. Ин амали душман аст, ки кӯшиш мекунад ақли туро зери назорат гирад.
Дар зиндагӣ азобҳо бисёранд, аммо мо аксар вақт бе ҳеҷ гуна асос азоб мекашем, чунки ба дурӯғ оиди худ ва ҳаёти худ бовар мекунем. Мо он чиро, ки душман барои ҳалок намудани мо мегӯяд, ҳамчун ҳақиқат қабул менамоем. Мо метарсем, ба рӯҳафтодагӣ дучор мешавем, худро танҳо ҳис мекунем, хавотир мешавем, ба худ раҳмамон меояд — ва ҳамаи ин аз боиси дурӯғе ки ба он бовар мекунем. Аммо мо ҳар як дурӯғро бо дуо, имон, ҳақиқати Каломи Худо мағлуб намуда метавонем.
Дар ёд нигоҳ доштан муҳим аст, ки душман метавонад кӯшиш кунад, ки Каломи Худоро аз ту дуздад. Ӯ туро васваса мекунад ва ҳамон шубҳаҳоро оиди ҳаққонияти таълимоти Худо талқин менамояд, ки ӯ ба Ҳавво дар боғи Адан талқин карда буд: «Оё он чи Худо гуфтааст, ҳақиқат аст?», «Оё Худо инро дар назар дошт?», «Оё он чи ту кардан мехоҳӣ, ба Худо маъқул мешавад?», «Оё Худо ҳақиқатан дар ҳаққи ту ғамхорӣ мекунад?».
Пас аз ин душман ба он чи дар Каломи Худо гуфта шудааст, хилоф овардан мегирад: «Худо инро нагуфтааст», «Худо ба ин зид нест», «Худо туро на он қадар баланд баҳо медиҳад», «Худо туро аз баракатҳояш бенасиб карда истодааст».
Агар ту ба таълимоти Худо шубҳа намоӣ ва ба он мухолифат намоӣ, пас бидон — ақли туро душман муҳосира карда истодааст. Дар ёд нигоҳ дор, ки «роҳе ҳаст, ки ба назари кас рост менамояд, вале оқибаташ роҳҳои мамот аст» (Мас. 14:12). Баъзе фикрҳо метавонанд дуруст ва мувофиқи Навишта тобанд, аммо ҳангоми бо Каломи Худо муқоиса намудан дурӯғ будани он аён мегардад.
Дурӯғ аслиҳаи ҳамешагии душман аст. Исо гуфтааст, ки иблис «аз ибтидо қотил буд ва дар ростӣ собит намонд, зеро ки дар вай ростӣ нест; вақте ки вай сухани дурӯғ мегӯяд, аз они худро мегӯяд, зеро ки вай дурӯғгӯй ва падари дурӯғ аст» (Ин. 8:44). Қудрати иблис дар он аст, ки ӯ одамонро ба дурӯғе ба онҳо талқин менамояд, бовар кунонда метавонад. Аммо агар одамон ба дурӯғи ӯ бовар кардан нахоҳанд, ӯ аз имконияти расидан ба мақсадҳояш маҳрум мешавад.
Фикрҳои худро таҳқиқ намо
Ту интихоб карда метавонӣ: чизеро қабул кунӣ ё рад намоӣ. Ту ё розӣ мешавӣ, ки ҳар як фикри худро тобеи итоаткорӣ ба Масеҳ кунӣ, то дар ту «ҳамон ҳиссиёте бошад, ки дар Исои Масеҳ буд» (ниг.: Флп. 2:5), ё ба иблис имкон медиҳӣ, ки ба ту дурӯғро бор кунад ва ҳаётатро мувофиқи хости худ идора кунад. Ҳар як гуноҳ аз дарун дар дил сар мешавад (ниг.: Марқ. 7:21–22).
Агар ту идора кардани фикрҳоятро ёд нагирӣ, ба ҷои ту ин корро иблис мекунад. Аз ҳамин сабаб ту бояд бо ҳамаи он чи ба сарат меояд, ба ҳамаи он чи мебинӣ, мешунавӣ ё мехонӣ, хеле бо диққат муносибат намоӣ: ба барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, маҷаллаҳо, китобҳо, компакт-дискҳо. Оё онҳо туро бо фикр оиди Худо пур мекунанд, оё рӯҳатро ғизо медиҳанд ва туро ғанӣ гардонда, ақлатро пок менамоянд, ба ту осудагӣ ато менамоянд ва баракат медиҳанд, ё ин ки онҳо ба ту фишор меоваранд, туро ба изтироб меоваранд, метарсонанд, рӯҳатро холӣ мекунанд? «Чунки Худо Худои ҳарҷумарҷ нест, балки Худои осоиштагист» (1 Қӯр. 14:33). Агар ақли худро бо Каломи Худо пур намоем, китобҳо ва маҷаллаҳои масеҳиро хонем, ки онҳоро шахсони дорои Рӯҳулқудс навиштаанд, мусиқиеро гӯш кунем, ки Худовандро ситоиш мекунад ва ҷалол медиҳад, мо ба душман имкон намедиҳем, ки ба ҳаёти мо дарояд.
Барои фаҳмидани он ки ин ё он фикрро ба ту кӣ медиҳад — душман ё Худованд, — аз худ бипурс: «Оё ин фикр ба ман писанд меояд?» Агар ҷавоб «не» бошад, аз афти кор, онро ба ту душман фиристодааст. Агар, масалан, ту дар калисо нишаста, ногоҳ сарояндагонро бе либос тасаввур кунӣ, сарчашмаи ин фикрҳоро аниқ кардан душвор нест. Ба ҷои он ки худро аз боиси фикрҳои ифлос маломат намоӣ, ба душман бифармо, ки ақли туро тарк намояд, зеро ту ба ӯ иҷозат намедиҳӣ, ки дар ботинат ахлоттӯдаи ҳар гуна ифлосиҳои иблисонаро бунёд кунад. Ба ӯ бигӯ, ки «фикри Масеҳро» дорӣ ва аз ҳамин сабаб ҳамаи фикрҳои нопокро аз сар бадар мекунӣ (ниг.: 1 Қӯр. 2:16).
Ба фикрҳои бад гӯш доданро рад карда, ту ба иблис муқобилат нишон медиҳӣ. Чӣ қадар одамон ин корро намекунанд,агарчи бояд кунанд!
Ақли ту бояд аз ҳар гуна бесарусомонӣ ва фишор озод бошад. Ту набояд бо ин зиндагӣ кунӣ. Ту, чунон ки дар Навишта гуфта шудааст, «дигар он тавр рафтор накун, ки бутпарастон аз рӯи хаёлоти ҳеҷу пучи худ рафтор мекунанд. Ақлашон тира гардида, онҳо аз ҳаёти Худо бегона шудаанд, ба сабаби ҷаҳолат ва дилсахтие ки ба онҳо хос аст» (Эфс. 4:17–18). Ту бояд ақли равшан ва биниши равшани ҳаёти худро дошта бошӣ. Бигузор душман туро бовар кунонад, ки ояндаи ту, чун ояндаи худи ӯ, ноумедона аст, ё ба ту талқин намояд, ки ноӯҳдабаро ҳастӣ ва ҳаётат бемаъно ва бемақсад аст, ва ту ҳеҷ арзише надорӣ, аз ҳама гуна атоҳо ва истеъдодҳо маҳрум ҳастӣ, — бидон, ки Худо тамоман чизи дигарро мегӯяд. Ба Худо бовар кун ва ба ҳеҷ каси дигар гӯш надеҳ.
Каломи Ту «андеша ва ниятҳои дилро месанҷад» (ниг.: Ибр. 4:12). Бигузор Каломат, ҳангоме ки ман онро мехонам, ҳар фикри нодурустро ба ман ошкор намояд; бигузор он дар ақли ман чунон реша гирад, ки ман дурӯғи душманро дар ҳамон лаҳзае ки онро мешунавам, пай бурда тавонам. Рӯҳи ҳақиқат, аз Ту хоҳиш мекунам, роҳ надеҳ, ки ман фиреб хӯрам. Ман медонам, ки ту ба ман қудрат додаӣ, ки «тамоми қудрати душманро поймол кунам» (ниг.: Луқ. 10:19), аз ҳамин сабаб ман ба душман фармон медиҳам, ки аз ҳаёти ман дафъ шавад. Ман ба дурӯғи ӯ бовар кардан намехоҳам.
Туро шукр мегӯям, Худовандо, барои он ки ту ба ман «фикри Масеҳ»-ро додаӣ (ниг.: 1 Қӯр. 2:16). Ман мехоҳам, ки фикрҳои Ту фикрҳои ман шаванд. Ба ман нишон деҳ, ки чӣ тавр ва кай ман ба фикрҳое ки ба Ту писанд намеоянд, имкон додам, то ақламро фаро гиранд. Ба ман ёрӣ деҳ аз ин барканор бошам ва дар оянда ақли маро бо фикрҳо, мусиқӣ ва тимсолҳое пур кун, ки Туро ҷалол медиҳанд. Оиди он чи рост аст, ҳалол аст, боинсофона аст, пок аст, хушоянд аст ва шоёни таҳсин аст, фикр карданро ба ман биёмӯз (ниг.: Флп. 4:8). Ман мехоҳам, ки Ту ба ман «ақли солим»[1] ато намоӣ (ниг.: 2 Тим. 1:7).
…Худро ба ин дунё ҳамшакл насозед, балки ба воситаи таҷдиди ақлатон шакли тозае ба худ бигиред, то дарк кунед, ки иродаи нек, писандида ва комили Худо чист.
…Зеро ки мо, агарчи дар ҷисм зиндагӣ мекунем, ба ҳасби ҷисм намеҷангем; Зеро аслиҳаи ҷанги мо ҷисмонӣ нест, балки назди Худо боиқтидор аст барои хароб кардани қалъаҳо…
Фикрҳои ҷисмонӣ мамот аст, аммо фикрҳои рӯҳонӣ ҳаёт ва сулҳу осоиштагӣ…
…Пас рафтори пештараи одами кӯҳнаро, ки дар шаҳватҳои дилфиреб фосид мешавад, аз худ дур кунед. Ва хиради шумо бояд дар Рӯҳ тоза шавад, ва одами навро, ки ба шабоҳати Худо дар асолат ва қудсияти ростӣ офарида шудааст, дар бар кунед.
Дили боматонатро Ту дар осоиштагии комил нигоҳ медорӣ, зеро ки вай ба Ту таваккал мекунад.
БОБИ ҲАФТУМ
Ман ҷавонеро мешиносам, ки Худоро дӯст медорад ва атои башоратдиҳандагӣ дорад. Аммо бо вуҷуди ин, ӯ ҳаёти худро пурра ба Худованд бахшида наметавонад. Ӯ ба таври худ, мувофиқи принсипҳои худ зистанро давом медиҳад, ва ӯро доимо дар ҳаёти шахсӣ ва дар ҷои кор нобарориҳо ва ноумедиҳо таъқиб менамоянд.
Ман боварӣ дорам, ки агар ин ҷавон ваъда медод: «Ман ҳамаи он чиро, ки Ту мехоҳӣ, ба ҷо меоварам, Худовандо», ва дар ҳақиқат ҳамин тавр мекард, Худо барои ӯ кор меёфт, ва тамоми ҳаёти ӯ бо баракатҳои Худо пур мешуд.
Чаро баъзе одамон ҳеҷ гоҳ дар имон нашъунамо намекунанд? Чаро онҳоро доимо нобарориҳо таъқиб менамоянд, ва онҳо ҳеҷ аз он сатҳи ҳаёт, ки барояшон одатӣ аст, болотар баромада наметавонанд? Чаро онҳо аз муошират бо Худованд хурсандии зиёд эҳсос наменамоянд? Ё аз эҳсоси инкишофи рӯҳонӣ? Ё аз наздик шудан бо Худованд? Ё аз он ки истеъдодҳои худододи онҳо зоҳир мешаванд? Чаро онҳо ҳеҷ наметавонанд ба мақсаде ки Худо дар назди онҳо гузоштааст, наздик шаванд?
Ба фикрам, ҷавоб дар феъли «дода шудан» аст. Онҳо ҳеҷ гоҳ ба Худо пурра дода нашудаанд. Онҳо ба Исо имкон надодаанд, ки Худованди ҳаёти онҳо шавад.
Ба Худо мутеъ шудан — ба забон овардани чунин суханон аст: «Худовандо, ман ҳамаи он чиро, ки Ту мехоҳӣ, мекунам. Ман ба ҳамаи он чи Ту дар ҳаёти ман дидан мехоҳӣ, “ҳа” мегӯям. Агар лозим шавад, ман тайёрам аз худ ва аз хоҳишҳои худ даст кашам. Ман тайёрам даъвати ҷисмро рад намоям, то ки ҳузури Туро бештар ҳис кунам. Агар ба хона рафтан хоҳам, ба калисо меравам; агар хӯрдан хоҳам, рӯза мегирам; агар хобидан хоҳам, дуо мегӯям; ҳангоме ки телевизор тамошо кардан мехоҳам, Каломи Туро мехонам; ҳангоме ки пулро барои худ сарф кардан мехоҳам, онро ба дигарон медиҳам. Ман ҳамеша Туро шукргузорӣ мекунам ва ҳамду сано мегӯям. Парастиши Ту барои ман на воситаи охирине ки ман ба он рӯ меоварам, балки кори аввалиндараҷа мешавад. Ман ҳамаи он чиро, ки ту ба ман мефармоӣ, ба ҷо меоварам, зеро аз таҳти дил мехоҳам ба ту писанд оям ва баракатҳои Туро ба даст оварам». Агар ту пурра ба Худованд боварӣ дошта бошӣ, ин маънои онро дорад, ки ту барои Ӯ дар ҳаёти худ ҷои асосиро медиҳӣ ва таҳти роҳбарии Ӯ амал менамоӣ. Он вақт ҳаёти ту ба дигаргун шудан сар мекунад. Исо Худованд аст, новобаста ба он ки мо инро эътироф мекунем ё не. Ин ҳамин тавр аст, чунки «Бинобар ин Худо низ Ӯро сарфароз кард ва ба Ӯ номе дод, ки аз ҳар ном болотар аст, то ки ба исми Исо ҳар зонуе ки дар осмон ва бар замин ва зери замин аст, хам шавад, ва ҳар забон эътироф намояд, ки Исои Масеҳ Худованд аст барои ҷалоли Худои Падар» (Флп. 2:9–11). Аммо Масеҳ на танҳо Худованди олам аст — Ӯ Худованди ҳаёти ҳар яки мост. Хоҳ инро эътироф намоем ва хоҳ не, аммо муваффақият ва сифати ҳаёти мо маҳз ба ҳамин вобаста аст. Агар мо Исоро Худованди ҳаёти худ эътироф накунем, пас, Рӯҳулқудс моро роҳнамоӣ намекунад. «…Ҳеҷ кас наметавонад Исоро Худованд бихонад, магар бар табқи Рӯҳулқудс» (1 Қӯр. 12:3). Ва агар Рӯҳулқудс моро роҳбарӣ накунад, пас, ин маънои онро дорад, ки мо ҳанӯз ба ҳасби ҷисм зиндагӣ мекунем.
Ҳар он чи Ту мефармоӣ, Худовандо
Дар филмҳои пештараи вестерн марди дурусткор (аксаран дар тан куртаи сафед дорад) одатан ба марди бадкирдор (ки дар тан куртаи сиёҳ дорад) расида мегирад ва таппончаро сӯи ӯ рост карда, мефармояд: «Дастонатро бардор!» (Ин «Дастонатро бардор» гуфтан на он қадар даҳшатнок садо медиҳад.) Марди бадкирдор силоҳашро ба замин мепартояд ва дастонашро бардошта, мегӯяд: «Таслим мешавам»
Маҳз ҳамин гуна «таслимшавӣ»-ро Худо аз ту интизор аст. Фақат ту он марди бадкирдор аз филми вестерн нестӣ, ва Худо ба сари синаи ту таппончаро рост накардааст. Ӯ ба ту бо ангушташ ишора мекунад, аммо на ҳамчун айбдор кардан ё маҳкум намудан — Ӯ бо муҳаббат сӯи ту ишора мекунад, мисли он ки Ӯ туро ба узвияти дастаи Худ интихоб карда бошад. Худованд ба ту мегӯяд: «Ту! Ман туро интихоб мекунам! Худро ба Ман бисупор, то ки ман ба ту ҳамаи он чиро, ки бароят омода намудаам, бидиҳам».
Агар мо чунин ҷавоб дода метавонистем: «Ман таслим мешавам, Худовандо. Ҳамаи он чиро, ки дар ман ҳаст, бигир. Ман ҳар он чиро, ки ту ба ман мефармоӣ, ба ҷо меоварам», зиндагии мо аз ҳамаи ҷиҳатҳо рӯ ба беҳбудӣ меовард.
Чаро чунин гуфтан: «Ҳар он чи Ту бихоҳӣ, Худовандо…ман ҳамаи он чиро, ки Ту мехоҳӣ, ба ҷо меоварам» бароямон душвор аст? Шояд он сабаб, ки мо мехоҳем, ки хоҳишҳои худамон иҷро шаванд, ва аз он чи Худо аз мо хоҳиш карда метавонад, метарсем. Мо аз он хавф дорем, ки ин ба мо як навъ зарар расонда метавонад. Охир, аз ҳама мураккаб на он аст, ки чунин
Агар дар ҳаёти ту инкишофи рӯҳонӣ набошад, тафтиш кун, ки оё ба Худо пурра боварӣ мекунӣ, оё Соҳиби ҳаёти ту будани Исоро эътироф менамоӣ, оё аз хоҳишҳои худ даст мекашӣ. Агар не, дастонатро бардор ва ин қадами аввалро гузор.
Исо гуфтааст: «…ҳар кӣ салиби худро бардошта, Маро пайравӣ намекунад, наметавонад шогирди Ман бошад» (Луқ. 14:27). Агар ту ҳаёти худро ба Ӯ набахшӣ, салиби Ӯро бардошта бурда наметавонӣ. Фақат ҳаёте ки комилан ба Худо бахшида шудааст ва пурра ба Ӯ тобеъ карда шудааст, барои ҷалоли Подшоҳии Ӯ самаранок истифода шуда метавонад. Ба Худо як қисми ту даркор нест. Ӯ мехоҳад ҳамаашро соҳиб шавад. Оиди он дуо гӯй, ки ту ба Худо ҳамаи он чиро, ки Ӯ аз ту интизор аст, дода тавонӣ.
Ба ман ёрӣ деҳ аз худ даст кашам ва салиби Туро бардошта, аз пайи Ту равам (ниг.: Луқ. 9:23). Ман мехоҳам шогирди Ту бошам, чунон ки Ту дар Каломат гуфтаӣ (ниг.: Луқ. 14:27). Ба ман ёрӣ деҳ барои ин ҳама кори заруриро ба ҷо оварам. Ман мехоҳам ба хотири ту ҷони худро аз даст диҳам, то ки онро наҷот диҳам (ниг.: Луқ. 9:24). Ба ман маънои ин суханонро ошкор намо. Бо ман чунон гап зан, ки ман Туро фаҳмам.
Ҳар боре ки ба ман иҷрои кореро мефармоӣ, ба ман ёрӣ деҳ ба Ту «ҳа» гӯям. Хоҳиши асосии ман — ба Ту писанд омадан ва аз Ту ҳеҷ чизро пинҳон надоштан аст. Ман ҳама чизро ба дасти Ту месупорам: муносибатҳои ман бо одамон, молия, кор, фароғат, ҷисм, ақл, ҷон, хоҳишҳо ва орзуҳо. Ҳамаи инро ман ба дасти Ту месупорам, то ки ҳамаи ин барои ҷалоли Ту истифода шавад. Дар ин рӯз ман эълон менамоям: «Зеро ки ман ба воситаи шариат ба шариат мурдаам, то ки барои Худо зиндагӣ кунам. Ман бо Масеҳ маслуб шудаам. Ва акнун на ман зиндагӣ мекунам, балки Масеҳ дар ман зиндагӣ мекунад. Ва ин ки ҳоло дар ҷисм зиндагӣ мекунам, ин яъне бо имон ба Писари Худо зиндагӣ мекунам, ки Ӯ маро дӯст дошт ва Худро барои ман таслим кард» (Ғал. 2:19–20). Маро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ман роҳбарӣ кун, Худовандо, ва маро ба он ҷой расон, ки барои ман омода намудаӣ.
…Агар касе аз пайи Ман омадан хоҳад, бояд худро инкор кунад ва салиби худро бардошта, Маро пайравӣ намояд; зеро ҳар кӣ ҷони худро раҳонидан хоҳад, онро барбод медиҳад; ва ҳар кӣ ҷони худро дар роҳи Ман барбод диҳад, онро мераҳонад.
…Зеро ки агар зист кунем, барои Худованд зист мекунем, ва агар бимирем, барои Худованд мемирем. Бинобар ин, хоҳ зист кунем, хоҳ бимирем, ба Худованд тааллуқ дорем.
Пас, чӣ тавре ки Исои Масеҳро ба унвони Худованд қабул кардаед, ҳамон тавр дар Ӯ рафтор намоед, ки дар Ӯ реша давонда ва бино ёфта, дар имон мустаҳакам шудаед, чунон ки таълим гирифтаед ва шукри зиёде дар он мегӯед.
Бо тамоми дили худ ба Парвардигор таваккал намо, ва ба хиради худ такя накун.
Пас, дар зери дасти пурзӯри Худо фурӯтан бошед, то ки Ӯ шуморо дар замони Худ сарфароз кунад; ҳамаи ғамҳои худро ба Ӯ вогузор намоед, зеро ки Ӯ ба шумо ғамхорӣ мекунад.
БОБИ ҲАШТУМ
Якчанд сол пеш ман ба бемористоне афтодам, ва дар он ҷо маро фавран ҷарроҳӣ карданд. Ман дар бемористон ду ҳафта будам, сипас ба ман иҷозат доданд, ки ба хона равам. Дар хона маро хоҳари шафқат нигоҳубин мекард. Ҳашт моҳ ман зери назорати ходимони тиб будам. Барои пурра сиҳат шудани ман зиёда аз як сол даркор шуд (мо дар яке аз бобҳои баъдина оиди ин муфасслтар гап мезанем).
Ҳангоми дар бемористон будан ман тамоман беқувват будам ва аз ҳамин сабаб Каломи Худоро хонда наметавонистам. Найчаҳои зиёде ки ба асбобҳо пайваст шуда буданд, бадани маро аз ҳама тараф печонида гирифта буданд, ва ман на нишастан метавонистам, на тоб хӯрдан. Оиди дар даст нигоҳ доштани Китоби Муқаддас ҳоҷати гап ҳам набуд. Азбаски ман ба нигоҳубини шабонарӯзӣ эҳтиёҷ доштам, хоҳарам навбатдории наздикон ва дӯстонамро дар назди ҷойгоҳи ман ташкил намуд. Онҳо ҳар се соат якдигарро иваз мекарданд, ва танҳо духтарам 12 соат пайиҳам бо ман буд: аз соати 8-и бегоҳӣ то соати 8-и пагоҳии рӯзи дигар. Ин барои ӯ беҳад вазнин буд, чунки ӯ он вақт дар коллеҷ таҳсил мекард: шабона ба вай лозим меомад, ки пас аз ҳар ду соат ба ман доруҳоро диҳад, ва баъд тамоми рӯз дар дарсҳо иштирок намояд.
Ғайр аз иҷрои вазифаҳои нигоҳубин кардан, ин шахсони дӯстдор ба ман Каломи Худоро мехонданд. Баъди аз бемористон баромаданам, чунон ки аллакай гуфта будам, маро таҳти назорати хоҳари шафқат ба хона фиристоданд. Ба ман тавсия доданд, ки аз вохӯриҳо бо дӯстон ва шиносҳо худдорӣ намоям, чунки хатари сироят ёфтани ҷисми ман зиёд буд. Ва азбаски дар хона ҳама хеле банд буданд, касе набуд, ки барои ман Китоби Муқаддасро хонад (ман аз ҳеҷ кас намеранҷам: ман мефаҳмам, ки ғамхорӣ дар ҳаққи ман ва кори ҳаррӯзаи худро дар як вақт пеш бурдан барои ҳар яки онҳо душвор буд). Он вақт барои ҳама душвор буд.
Ҳамин тариқ ман дар хона дар ҷойгаҳ мехобидам, оҳиста-оҳиста шифо меёфтам ва матнҳои Китоби Муқаддаси ба навори магнитофон сабтшударо гӯш мекардам. Аммо ин бо хониши мустақилонаи Китоби Муқаддас баробар шуда наметавонист. Ман маълумотро на ҳангоми шунидан, балки ҳангоми хондан осонтар аз худ мекунам. Зиёда аз ин, қироаткунандаи Китоби Муқаддас матнро бе таваққуф мехонд.
Аз ҳамин сабаб то даме ки ман оиди як ояти шунидаам андеша мекардам, даҳ ояти минбаъда аз як гӯшам даромада, аз гӯши дигарам берун мешуданд, Одатан ман Каломи Худоро оҳиста мехонам, ва дар он оятҳое ки ҳозир барои ман махсусан муҳим мебошанд, таваққуф менамоям.
Ман ба «ҳазм намудан»-и онҳо сар мекунам ва аз Худо хоҳиш менамоям ба ман он чизи наверо, ки пеш намедонистам, ошкор намояд. Аммо ҳатто ҳангоме ки аҳволи саломатии ман рӯ ба беҳбудӣ овард ва ман нишаста, Китоби Муқаддасро мустақилона хонда метавонистам, дар сарам гӯё ғубор буд ва аз боиси доруҳои дардпасткунандае ки ҳар рӯз ба ман медоданд, дар пеши чашмонам парда буд. Аз ҳамин сабаб хондани Калом бароям душвор буд. Ман мефаҳмидам, ки мушкилӣ
Дар таҳсили масеҳии ман ҳанӯз чунин фосилаҳои калон набуданд (фосилаи калонтарин дар тӯли ҳаёти масеҳиёнаи 31-солаам ду ҳафта давом карда буд). Ман мавъизаҳои ба навори магнитофон сабтшударо гӯш мекардам, аммо фикрҳоям дар дуродур буданд, ва гоҳо дар мобайни мавъиза хобам мебурд.
Азбаски аз ғизои одатӣ ва мунтазами Каломи Худо маҳрум шуда будам, ман гӯё такягоҳро аз зери поям гум мекардам. Қабул намудани қарорҳо бароям душвор гардид, зеро овози Худоро чун пештара равшан намешунидам. Дар болои китоб кор кардани ман душвор шуд, чунки диққатамро ба он чи Худо ба ман мегуфт, марказият дода наметавонистам. Аммо аз ҳама бадтар он буд, ки ман дар дарунам холигиро эҳсос менамудам. Ин то ҳамон дам давом кард, ки ман фаҳмидам, ки бояд оиди ҳалли ин масъала
Тақрибан як ҳафта пас аз он ки ман ба дуогӯӣ сар кардам, Худо ба ман ҷавоб дод. Хондани Китоби Муқаддас боз барои ман машғулияти шавқовар ва дилангез гардид; ман аз Худованд ваҳйи нав гирифтам. Агар Худо ба чунин дуои содда ҷавоб гуфта бошад, пас, чаро ман
Ғизои ҳаррӯза барои ҷонҳои мо
Каломи Худо — барои ҷонҳои мо нон аст. Мо бе он зиста наметавонем. Навишта шудааст, ки «одамизод на танҳо бо нон зиндагӣ мекунад, балки бо ҳар калимае ки аз даҳони Худо барояд» (Мат. 4:4). Агар мо аз Каломи Худо мунтазам ғизо нагирем, пас, моро гуруснагии рӯҳонӣ фаро мегирад.
Ҳангоми дар бемористон будан ман аз он ҳайрон шудам, ки бисёр оятҳои Навиштаи Муқаддас аз ёдам рафтаанд. Албатта, доруҳои дардпасткунандаи бисёр, ки ман он вақт истеъмол менамудам, ба ин мусоидат намуданд, аммо ба ҳар ҳол ин маро хеле ҳайрон намуд. Чӣ тавр ин имконпазир аст, ки пас аз ин қадар солҳои хондани Китоби Муқаддас ман ин қадар зуд чизҳои зиёдеро фаромӯш кардам? Агарчи баъзе оятҳо ба ақл ва дилам чунон нақш баста буданд, ки ман онҳоро ҳатто дар хобам аз ёд гуфта метавонистам. Ва он вақт ман фаҳмидам, ки
Иҷрокунандаи Калом бош
Муҳим нест, ки ту аз кадом вақт бо роҳҳои Худо қадамгузор ҳастӣ, — Худованд ҳамеша тайёр аст ягон чизи навро ба ту ёд диҳад, ё фаҳмиши нави чизҳои бароят маълумро диҳад, ё ягон чизеро ошкор намояд, ки пештар бароят тамоман маълум набуд. Дар ҳама ҳолат ҳақиқатро
Каломи Худоро хонда, аз Худо хоҳиш кун, ки дар амал истифода бурдани онро ба ту ёд диҳад. Бигузор қадами мегузоштаат шаҳодати он бошад, ки ба он чи мехонӣ, имон дорӣ ва мувофиқи он чи мехонӣ, зиндагӣ кардан мехоҳӣ. Вагарна ҳамчунин он донише ки оиди Каломи Худо дорӣ, аз ту гирифта мешавад. Имконпазир аст, ки шахс Каломро
Даҳ сабаби асоснок барои хондани Каломи Худо
Агар ҳар рӯз ба омӯзиши Каломи Худо диққат дода натавонӣ, пас, ба рӯйхати зерин нигар, ки туро ба хондани Китоби Муқаддас рӯҳбаланд карда метавонад:
1. Ту
2. Ту
3. Ту
4. Ту
5. Ту
6. Ту
7. Ту
8. Ту
9. Ту
10. Ту
Дар ҷустуҷӯи ганҷҳои гаронбаҳо
Каломи Худо ганҷҳои беҳад зиёдро дар бар мегирад — тилло ва сангҳои гаронбаҳо — танҳо онҳоро «ёфтан» тавонистан лозим аст. Чунон ки сангҳои гаронбаҳо ва фулузот баъди аз замин берун оварда шудан ба сайқал додан эҳтиёҷ доранд, ганҷҳои Каломи Худо низ ба пок кардан ва коркард эҳтиёҷ доранд, ки ин дар дилҳои мо ба амал меояд, то ки зебоии ваъдаҳои Худо дар тамоми дурахш ва ҷилои худ ба мо зоҳир шавад.
Ҳар боре ки ту ваъдаи Худоро аз рӯҳу ҷони худ мегузаронӣ, он барои ту равшантар ҷило медиҳад. Яке аз ганҷҳои мӯъҷизаноке ки ту дар Каломи Худо ёфта метавонӣ, овози Худост. Мо ин овозро ба шарофати он шунида метавонем, ки Худованд ба воситаи Каломи Худ маҳз ҳамон вақт бо мо гап мезанад, ки мо онро мехонем ё гӯш мекунем. Агар он чиро, ки Ӯ ба мо дар Каломаш мегӯяд, шунида натавонем, мо шинохтани овози Худовандро ёд намегирем. Китоби Муқаддасро ҳар қадар бештар омӯзӣ, шинохтани овози Ӯ барои ту ҳамон қадар осонтар ва имконияти ба дурӯғи шайтон бовар кардани ту ҳамон қадар камтар мешавад.
Дар худи аввали ҳаёти масеҳиям ман бисёр вақт аз рӯҳафтодагиҳо азоб мекашидам. Ин то он вақт давом кард, ки ман ба Каломи Худо муроҷиат намудам. Якчанд дақиқа хондани Китоби Муқаддас кифоя буд, то ки ором шавам ва боз умед ба даст оварам. Ин аз он сабаб аст, ки Каломи Парвардигор ба мо ёрӣ медиҳад, ки фикрҳоямонро ба тартиб оварем ва воқеиятро баръало бинем. Он моро аз фикрҳои бароямон зарарнок ва ҳалокатовар озод мекунад ва ба мо ёрӣ медиҳад, ки хурсандии ҳаётро дар тамоми пуррагии он эҳсос намоем. Он умед мебахшад ва роҳи дурустро нишон медиҳад. Он ба мо таҳкурсии мустаҳкамро таъмин мекунад, ки дар он мо метавонем бинои ҳаёти мукаммалро бунёд намоем. Ҳар рӯз дар Каломи Худо вохӯриро бо Ӯ биҷӯй, чунки Ӯ ин вохӯриро мехоҳад ва аз ту амали ҷавобиро интизор аст.
Барои наздик шудан ба Худо, пок кардани дили худ ва омӯхтани бахшидан, дар итоаткорӣ ба хости Ӯ зистан, идора кардани ақли худ, ба душман муқобилати сазовор намудан ва дар Исо Худованди худро дидан воситаи дигар нест — ғайр аз он ки доимо дар Каломи Худо бошӣ. Китоби Муқаддас қутбнамои ту, роҳнамои туст. Бе он ту ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасӣ.
Худовандо, ман мехоҳам, ки на танҳо шунавандаи Каломи Ту, балки ҳамчунин иҷрокунандаи он бошам. Ба ман ёрӣ деҳ чунин шавам. Ба ман биёмӯз, то Навиштаро мувофиқи хости Ту фаҳмам. Ба ман ошкор намо, ки аз кадом ҷиҳат ман ба он итоат намекунам. Диламро ба фармудаҳоят ва гӯшамро ба суханони оқилонаат моил намо (ниг.: Мас. 23:12). Бигузор Каломат мавқеи ҳаётии маро тасҳеҳ намояд ва ба ман оиди таъинотам дар рӯи замин ёдрас намояд. Бигузор он диламро пок намояд ва умед бахшад, ки ман норасоиҳоямро бартараф карда метавонам.
Бигузор онро хонда, ман дар имон нашъунамо кунам ва ҳамеша дар ёд дошта бошам, ки Ту кистӣ ва маро то чӣ андоза дӯст медорӣ. Бигузор Каломи Ту ба ман боварӣ бахшад, ки ҳаёти ман дар дастони Туст ва Ту ҳамаи эҳтиёҷоти маро қонеъ менамоӣ.
Туро шукр мегӯям, Худовандо, барои он ки дар Навиштаи Муқаддас ман Туро меёбам. Ба ман ёрӣ деҳ, ки ба воситаи омӯзиши Каломат Туро беҳтар шиносам. Бигузор ҳар боре ки ман Китоби Муқаддасро мехонам, гӯшҳоям овози Туро шунаванд (ниг.: Марқ. 4:23). Ман намехоҳам аз роҳе ки Ту маро ба он ҳидоят менамоӣ, берун бароям. Овози Туро шунида ва аз пайи Ту рафта, ман ҳамеша ҳаётро бо фаровонӣ хоҳам дошт; агар аз роҳи нишондодаи Ту берун шавам, аз холигии рӯҳу ҷон азоб хоҳам кашид. Маро ҳидоят намо, мукаммал гардон ва ҳар рӯз бо каломат пур кун.
Зеро ки каломи Худо зинда ва таъсирбахш ва аз ҳар шамшери дудама тезтар аст, ва то ба ҳадди ҷудо кардани ҷон ва рӯҳ, буғумҳо ва устухонҳо рафта мерасад, ва андеша ва ниятҳои дилро месанҷад.
Аммо касе ки ба шариати комил, ва шариати озодӣ диққат мекунад ва дар он устувор мемонад, дар ҳолате ки на шунавандаи фаромӯшхотир, балки иҷрокунандаи кор мебошад, хушо он кас дар амали худ.
Хушо касе ки ба машварати бадкорон намеравад, ва дар роҳи хатокорон намеистад, ва дар маҷлиси масхаракунандагон наменишинад; Фақат ба шариати қонуни Парвардигор шавқ дорад, ва рӯзу шаб Тавроти Ӯро меомӯзад; ва мисли дарахте хоҳад буд, ки назди ҷӯйҳои об шинонда шудааст, ва меваи худро дар мавсимаш медиҳад, ва баргаш пажмурда намешавад, ва ҳар чи мекунад, барор хоҳад ёфт.
…Валекин касе ки каломи Ӯро риоят мекунад, дар вай ба ростӣ муҳаббати Худо ба камол расидааст. Аз ин медонем, ки мо дар Ӯ ҳастем.
Касе ки дар корҳояш эҳтиёт кунад, файз меёбад, ва хушо касе ки ба Парвардигор таваккал мекунад.
БОБИ НӮҲУМ
Тобито шогирди Масеҳ буд.
Ӯ дуоро ба охир расонда, сӯи ҷасади мурда рӯ овард ва гуфт: «Тобито! Бархез!» Тобито дарҳол чашмонашро кушод ва нишаст. Петрус дасташро дароз карда, барои хестани ӯ ёрӣ дод. Зинда шудани Тобиторо дида, бисёр одамон ба Худованд имон оварданд (ниг.: Аъм. 9:36–42).
Оиди Тобито ба мо дигар ҳеҷ чиз маълум нест, аммо аз ин ҳикояти кӯтоҳ аён аст, ки дар зиндагии ин зан чизҳои аввалиндараҷа дуруст ҷо ба ҷо гузошта шуда буданд. Тобито Худовандро дӯст медошт. Ӯ одамонро дӯст медошт. Ӯ дили фурӯтан дошт. Ӯ бо ҳаёти худ ба Худо писанд меомад ва ба атрофиён баракат меовард. Тамоми маълумот оиди ӯ дар як сухан аст — «шогирд».
Ҳангоме ки Тобито бемор шуда, мурд, Худо яке аз шогирдони вафодорашро фиристод, то ки барои ӯ дуо гӯяд ва эҳё намояд. Агар Тобито ба ном имондор буда, дур аз роҳи муқарраркардаи Худо, мувофиқи хости худ зиндагӣ мекард, оё чунин воқеа рӯй дода метавонист? Агар Тобито Худовандро дӯст намедошт, оё ин имконпазир мебуд? Агар ӯ ба дигарон бепарво мебуд? Агар дар сандуқи синааш дили фурӯтан наметапид? Агар ӯ худро ба дигарон намебахшид? Агар ба Худованд итоаткор намебуд? Шояд, не. Дар зиндагии Тобито тартиби пурра ҳукмфармо буд. Аз ҳамин сабаб Худо ӯро баракат дод ва ҳаёти дубора ато намуд. Худи ҳамин корро Худованд барои мо низ кардан мехоҳад, агар, албатта, мо тайёр бошем, ки дар ҳаёти худ ба Ӯ ҷои аввалро диҳем.
Он чи аз ҳама афзалтар аст
Ҳаёти мо муваффақиятнок буда наметавонад, агар чизҳои аввалиндараҷа дар он дуруст ҷо ба ҷо гузошта нашуда бошанд. Ва ин ҷобаҷогузории чизҳои аввалиндараҷаро мо ҳар рӯз ба ҷо меоварем. Аммо мо мустақилона дар ҳаёти худ тартиботро ҷорӣ карда наметавонем. Барои ин ба мо роҳнамоии Рӯҳулқудс, дониши хуби Каломи Худо даркор аст. Оиди ду чизи афзалтарини ҳаёти мо дар Навишта Худи Исо гуфтааст: «Худованд Худои худро бо тамоми дилат ва бо тамоми ҷонат ва бо тамоми ҳушат дӯст бидор…». Ин ҳукми аввалин ва бузургтарин аст. Дуюмаш: «Ёри худро монанди худ дӯст дор» (ниг.: Мат. 22:37, 39). Аз ин возеҳтар гуфтан ғайриимкон аст. Агар ту ин ду фармударо — муҳаббат ба Худо ва муҳаббат ба наздиконро чизи афзалтарин эътироф намоӣ, пас, метавонӣ дар ҳаёти худ дигар принсипҳои ахлоқиро дуруст ҷо ба ҷо гузорӣ.
Дар ҳаёти ту чизи муҳимтарин бояд муносибатҳои ту бо Худованд бошанд. Худо гуфтааст: «…Туро худоёни дигар, ҷуз Ман, набояд бошад» (Xур. 20:3). Ва ин ҳақиқатан ҳамин тавр аст. Худо мехоҳад, ки ту диққати худро
Худованд — Худои тартиб аст. Далели ин – сохтори олам аст, ки дар он ҳеҷ чизи бетартиб ва ё тасодуфӣ нест. Ҳаёти мо низ бояд ҳамин гуна тартиб дошта бошад, чунки ин ба Худо писанд меояд: «…Ҳамааш бояд бо тартибу интизом ба амал ояд» (1 Қӯр. 14:40). Агар мо дар ин бора дуо гӯем, Ӯ ба мо ёрӣ мерасонад. Ӯ ба мо нишон медиҳад, ки чӣ тавр дар зери ҳукмфармоии тавоно ва боварибахши Ӯ паноҳ бурдан, дигар хел карда гӯем, ба зери ҳимояи Ӯ даромадан мумкин аст. Ин барои ҳаракат сӯи баракатҳои Худо хеле муҳим аст.
Масъалаи фурӯтанӣ
Фурӯтанӣ сифатест, ки ту
Барои фурӯтан шудан бояд доимо кӯшиш кунед, ки «ба Худо итоат намоед» (Яъқ. 4:7). Аз ин бармеояд, ки ту набояд ба иродаи касе ки туро ба вайрон кардани фармудаҳои Худо водор менамояд, итоат намоӣ. Ту метавонӣ дили фурӯтан дошта бошӣ ва дар айни ҳол аз он чи виҷдони туро вазнин мегардонад ва ба фармудаҳои Худо мухолифат дорад, ҷудо шавӣ.
Масалан, агар шахсе ки дар ҳаёти ту нақши муҳим дорад, туро ба кори баде водор намояд, ки ба таълимоти Худо мувофиқат надорад, ту бояд аз ӯ дур шавӣ ва мавқеи ӯро бешармона ҳисобӣ. Дар айни ҳол ба рӯи ин гуна шахс дод задан лозим нест: «Ту аҳмақ ҳастӣ! Беақл! Ба ту чӣ шуд? Аз ман дур шав, шайтон!» Ба ҷои ин оромона ба ӯ фаҳмондан лозим аст: «Агарчи ман туро (шуморо) эҳтиром менамоям, мебинам, ки пешниҳоди ту (шумо) шариати Худоро вайрон мекунад, ва ман зидди виҷдони худ рафта наметавонам, зеро медонам, ки дар натиҷа Худо аз ҳар дуи мо хашмгин мешавад». Ё ин тавр: «Суханони ту (шумо) ва рафтори ту (шумо) нисбати ман дар назари Худо нафратовар аст, ва ман бояд гӯям, ки рафтори ношоистаи ту (шумо) на ба фоидаи ман хоҳад буд, на ба фоидаи ту (шумо)». Агар мо дили фурӯтан дошта бошем, пас, барои мо баракатҳо кафолат дода шудаанд, вагарна моро нохушиҳо интизоранд.
Худи Исо худро дар назди Худо фурӯтан мегардонд. Бе шубҳа, Ӯ чизҳои афзалтаринро дуруст ҷо ба ҷо гузоштааст. Худо мехоҳад, ки дар мо «айни ҳамон ҳиссиёт бошад, ки дар Исои Масеҳ буд, ки Ӯ, бо вуҷуди он ки дар сурати Худо буд, бо Худо баробар буданро ҳарисона барои Худ нигоҳ надошт, балки Худро кам дониста, ба сурати ғулом даромад ва ба одамон монандӣ пайдо карда, ба зоҳир мисли одамизод шуд, ва Худро фурӯтан сохта, то вақти мамот, то дами мавти салиб фармонбардор буд» (Флп. 2:5–8). Ана фурӯтании ҳақиқӣ! Чунин метобад, ки агар касе ба фурӯтанӣ эҳтиёҷ дошта бошад ҳам, фақат Исо не. Саволе ба миён меояд, ки чунин фурӯтанӣ зоҳир намудани Исо чӣ даркор буд? Барои иҷрои кори асосии ҳаёти Худ, ки Худо барои Ӯ муқаррар намуда буд. Барои расидан ба ин мақсад Ӯ ба иродаи Падар тобеъ шуд, Худро ҳеҷ гардонд, азобҳои тасаввурнопазир кашид ва бо марги пуразоб мурд. Исо барои мо то чӣ андоза намунаи равшани ибрат мебошад!
Ҳангоме ки боварӣ аз байн меравад
Фурӯтан шудан барои бисёр занҳо кори хеле душвор аст. Сабаби ин дар он аст, ки замоне ба онҳо хиёнат кардаанд, ва дар назди шахси дигар фурӯтан будани онҳо барояшон ба нохушии зиёд табдил ёфтааст. Ҳеҷ кас намехоҳад гилемчае барои пок кардани пой ё объекте барои равона кардани хашми нораво бошад. Худо низ инро барои ту намехоҳад. Ӯ намехоҳад, ки ту роботи безабон бошӣ. Аз ҳамин сабаб ту бояд аз Худованд хирадмандӣ бихоҳӣ. Ин масъалаи хеле дарднок аст, ва онро танҳо ба овози Ӯ гӯш дода, ҳал намудан мумкин аст.
Ман мехоҳам касонеро, ки аз хотираҳои вазнин азоб мекашанд, рӯҳбаланд намоям. Худо намехоҳад, ки ту бефикрона рафтор намоӣ, ба хотири ягон принсип ақли солимро қурбонӣ кунӣ ва аз дасти ягон авбош азоб кашӣ, — не, Ӯ мехоҳад ба ту хирадмандӣ ато намояд, агар ту онро дархост намоӣ. Ту бояд фаҳмӣ: итоат кардан ба шахсе, ки Каломи Худоро сарфи назар мекунад, шариати муқаддаси Ӯро вайрон мекунад ва ба покии виҷдони ту дастдарозӣ мекунад, маънои фурӯтан буданро надорад — ин ба роҳи сарбаста даромадан аст. Ба бунбаст надаро.
Ман мавридеро медонам, ки зан ба шавҳари аблаҳаш фурӯтанӣ зоҳир менамуд, то даме ки ӯ дар ниҳояти кор занашро кушт. Ин зан атои рӯҳонии фарқ кунонданро надошт, чунки Худоро дар ҳаёти худ ба ҷои аввал намегузошт ва роҳнамоии Ӯро дархост намекард. Ӯ дар муҳити зӯроварӣ то он даме буд, ки фоҷиа рӯй дод, агарчи бояд ба ёрӣ даъват менамуд. Дар ин маврид ин комилан зарур буд. Зан на фурӯтанӣ, балки нодонӣ зоҳир намуд.
Ман мавриди дигареро низ медонам, ки зан назди шавҳараш фурӯтан будан намехост ва дар натиҷа оила ва хонаро аз даст дод. Сабаби ин рафтори ӯ дар он буд, ки ӯ дар синни наврасӣ ба зӯроварии ҷинсӣ дучор шуда буд ва аз ҳамон вақт ва ҳеҷ як мард то ба он андоза боварӣ намекард, ки назди ӯ фурӯтан шавад.
Роҳи ҳалли масъала –– пайдо намудани
Ту бояд кори мекардаатро аниқ фаҳмӣ. Агар ту дуруст рафтор намудан ва ҳаёти худро дуруст тартиб додан хоҳӣ, Худо барои ба даст овардани мувозинат ба ту ёрӣ медиҳад.
Ҳамааш ҷо ба ҷо мешавад
Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки дар назди шахсоне ки Худо онҳоро дар калисо, дар ҷои кор ва дар ҳукумат бар мо фармонраво муқаррар намудааст, фурӯтанӣ зоҳир намудан вазифаи мост. Барои он ки ҳаёти мо бо муваффақият ва ботартиб бошад, мо бояд узви калисо бошем. Ин асоси ҳама чиз аст, зеро бе ин мо ба мақсаде ки Худо дар назди мо гузоштааст, расида наметавонем.
Ҳар як калисо симои нотакрор ва вазифаи худро дорад, ва агар ту ҳамонеро, ки Худо барои ту пешбинӣ намудааст, ёфта натавонӣ, хушбахт намешавӣ. Ин маънои онро надорад, ки ту дар ҷустуҷӯи ҳамоне ки ба ту комилан идеалӣ метобад, бояд аз як калисо ба калисои дигар давӣ. Чунин калисоҳо вуҷуд надоранд. Охир, калисоҳо аз ҳамон одамони нокомил, ба монанди ману ту, иборат мебошанд. Пас ту бояд аз Худо хоҳиш намоӣ, то туро ба он оилаи калисоӣ оварад, ки аз они ту мешавад.
Агар ту дар калисои «худ» бошӣ, пас, мавъизаҳои шубон барои ту дар соҳаи инкишофи рӯҳонӣ муҳим ва қобили боварӣ мешаванд. Аммо ту ба ҳар ҳол ба хиради Худо ва роҳнамоии Худо эҳтиёҷ дорӣ. Агар сарварони калисои ту аз роҳи ҳақиқат берун раванд, ҳаёти бадахлоқона ба сар баранд, агар ту бинӣ, ки дар калисо фармудаҳои Худо вайрон карда мешаванд ё Каломи Худо вайрон карда мешавад, пас, ту маҷбур нестӣ ба чунин роҳбарият итоат намоӣ. Аз Худо хоҳиш кун, то туро аз ҷамъияти бо гуноҳ фосидшуда берун барорад.
Ҳамаи мо ба шубони масеҳӣ, ба сарвар ё устоди қавии масеҳӣ эҳтиёҷ дорем, ки моро ба роҳи ҳақиқат ҳидоят намояд. Худо ҳатман ба ту ӯро нишон медиҳад. Маро нодуруст нафаҳм: ин ҷо мо оиди
На шахсе ки ӯро ба ҷои Худо парастиш бояд кунӣ, балки танҳо
Ғайр аз он ки ту бояд дар назди Худо ва намояндагони қонунии ҳокимият фурӯтан шавӣ, ту боз бояд бо атрофиён муносибатҳои дуруст барпо намоӣ, то ки шумо «Дар тарси Худо мутеи якдигар шавед» (Эфс. 5:21). Агар одамонро мисли худ дӯст надорӣ, дар назди одамон фурӯтан шудан ғайриимкон аст. Калиди ҳалли масъала ҳамин аст.
Агар ту пеш аз ҳама Худоро, ва баъд наздиконро дӯст дорӣ, он гоҳ ҳамаи он чи бароят аҳамияти аввалиндараҷа доранд, ба ҷои даркории худ меистанд ва дар ҳаёти ту тартиб ба миён меояд. Агар ту аз Худо хоҳиш кунӣ, ки дуруст ҷо ба ҷо гузоштани корҳои муҳимтаринро ба ту ёд диҳад, Ӯ ҳатман ба ту ёрӣ медиҳад.
Ба ман дили фурӯтан ато намо. Ёрӣ деҳ, ки ҳамеша ба сарварони дорои ҳокимият ва шахсони сазовор дар оилаам, дар ҷои кор, дар калисо итоат намоям. Ба ман шахсеро нишон деҳ, ки барои ман сарвари рӯҳонӣ шуда тавонад. Маро ба калисое ки ту барои ман муқаррар намудаӣ, биёвар. Ба ман ёрӣ деҳ дар ҳар як соҳаи ҳаётам бо одамони «дуруст» муошират барпо намоям ва бошуурона дар назди онҳо фурӯтан бошам. Нишон деҳ, ки ман дар назди кӣ набояд фурӯтан бошам ва инро чӣ тавр кунам. Ба ман хирадмандӣ ва фаросатро дар ин масъала ато намо.
Нишон деҳ, ки кай ман дар назди одамони сазовор ба таври даркорӣ фурӯтанӣ зоҳир намекунам. Ман медонам, ки дар ҳаёти худ тартибро ҷорӣ накарда, ман баракатҳои Туро ба даст оварда наметавонам. Ман ҳамчунин медонам: агар ман пеш аз ҳама Туро ҷӯям, ҳама чизи боқимонда ба таври илова ба ман дода мешавад (ниг.: Мат. 6:33).
Худовандо, дар ин рӯз ман мехоҳам Туро биҷӯям ва хоҳиш мекунам ба ман ёрӣ деҳ, то ҳаётамро ба тартиб оварам. Ба ман хирадмандӣ ато намо, ки ҳеҷ гоҳ аз зери ҳимояи рӯҳонӣ, ки Ту барои ман омода намудаӣ, берун набароям.
Аввал дар пайи Подшоҳии Худо ва ростии Ӯ бошед, ва ҳамаи ин чизҳо ба таври илова ба шумо дода хоҳанд шуд.
Ҳар кӣ ҷони худро нигоҳдорӣ кунад, онро барбод хоҳад дод; ва ҳар кӣ ҷони худро дар роҳи Ман барбод диҳад, онро нигоҳдорӣ хоҳад кард.
…Ба пирон итоат намоед; ва ҳамаатон, ба якдигар итоат намуда, фурӯтаниро дар бар кунед, чунки Худо ба мағрурон муқобилат мекунад, вале ба фурӯтанон файз мебахшад.
Ва мо аз Ӯ чунин ҳукме дорем, ки ҳар кӣ Худоро дӯст медорад, бародари худро низ дӯст бидорад.
Ба сардорони худ фармонбардор ва мутеъ бошед, зеро онҳо ҳамеша ғами ҷонҳои шуморо мехӯранд, чунки ба ҳисобот додан вазифадор мебошанд; то ки онҳо ин вазифаро бо шодӣ ба ҷо оваранд, на бо оҳу нола, зеро ки ин барои шумо фоиданок нест.
БОБИ ДАҲУМ
Ҳангоме ки ман дар телевизион сароянда, раққоса ва актриса шуда кор мекардам (он вақт мюзиклҳо махсусан машҳур буданд), ба ман лозим меомад, ки чандин бор дар як рӯз ҳамон як сурудро хонам ва онро ҳамроҳи хореографҳо машқ кунам. Сипас бегоҳиҳо онро барои сабт дар фонограммаҳо барои шоу, ки барои рӯзи дигар муқаррар шуда буд, бояд чандин бор мехондам. Фонограмма аз он сабаб лозим буд, ки ба ман лозим меомад рақс кунам ва суруд хонам, ва ин хеле душвор буд. Бегоҳӣ баъди машқи охирин ё консерт ба хона омада, ман аз сурудҳое ки ҳанӯз дар сарам садо медоданд, озод шуда наметавонистам. Ман ҳатто аз боиси ин бехобӣ мекашидам.
Ҳангоме ки мо чандин бор ҳамон як сурудҳои ҳамду сано ва парастишро мехонем, худи ҳамин рӯй медиҳад — мо шунидани онҳоро давом медиҳем, ҳатто ҳангоме ки Худоро ситоиш намекунем (масалан, дар хоб).
Ин якчанд сол пеш, ҳангоме ки ба Масеҳ имон овардам, ба ман ошкор шуд. Он вақт ман аз рӯҳафтодагии сахт дар азоб будам ва бисёр вақт шабона хеста, танҳо барои раҳо шудан аз ҳолати маъюсӣ ва афсурдахотирӣ сурудҳои ситоиш ва ҷалолдиҳии Худовандро мехондам. Ман ба бисёр духтурон муроҷиат кардам, аммо доруҳое ки онҳо барои ман таъин мекарданд, ёрӣ намедоданд. Ҳамин ки таъсири дору ба охир мерасид, мушкилӣ аз нав ба миён меомад. Ман ба доруҳо муқобил нестам, аммо зидди он ҳастам, ки одамон ба доруҳо чун ба ягона воситаи дурусти муолиҷаи ҳамаи бемориҳо умед банданд. Рӯҳафтодагиҳо маро ҳанӯз дар кӯдакӣ азоб медоданд — аз ҳамон замоне ки модарам дар анборхона маҳкам кардани маро сар кард. Ноумедӣ, ҳисси маҳкумият, маъюсӣ ҳар рӯзи маро тира мегардонданд. Ба ман сӯзандоруи хурсандӣ аз Худованд даркор буд, ва ин танҳо ҳамон вақт рӯй медод, ки ман Ӯро ситоиш менамудам ва ҷалол медодам.
Ҳангоме ки ман Худоро ситоиш мекардам ва Ӯро парастиш менамудам, рӯҳи ман ба ваҷд меомад. Ҳангоме ки ман бо миннатдорӣ ва ҳамду сано ба Ӯ менигаристам, хурсандӣ аз Худованд ҷисм, ақл, ҷон ва рӯҳамро фаро мегирифт. Ҳар дафъа ҳамин тавр буд.
Ман кассетаҳо ва компакт-дискҳои сурудҳои ситоиширо мехаридам. Ман онҳоро дар мошин гӯш мекардам, дар ҳуҷраи ванна, дар ошхона, ҳангоме ки хӯрок мепухтам, ҳангоме ки бо кори хона машғул мешудам, ҳангоме ки дар назди мизи хатнависӣ нишаста, номаҳоро аз назар мегузарондам. Гоҳо ман худам сурудҳои ҳамду сано мехондам, аммо аксаран онҳоро аз тамоми вуҷуди худ гузаронда, гӯш мекардам.
Ман аз он ҳайрон мешудам, ки дар дили фарзанди Худо, ки Падари осмонии худро ситоиш мекунад, изтироб, маъюсӣ, тарс ё хавотиршавӣ барин падидаҳои манфӣ ҷой надоштанд. Дар натиҷа ман пурра аз рӯҳафтодагӣ раҳо шудам.
Тавонотар ва таъсирбахштар аз ҷалол додани Худованд, ки ҳаёти инсонро дигаргун мекунад, ҳеҷ воситае нест. Ҳар боре ки мо Худоро ҳамду сано мегӯем ва Ӯро парастиш менамоем, Ӯ ба мо зоҳир мешавад ва ба Рӯҳулқудс имконияти мулоим кардан ва дигаргун намудани дилҳои моро дода, онҳоро дигаргун мекунад.
Аммо агар ту майли ситоиш намудани Худоро надошта бошӣ, таронаи 102-юми Забурро хон ва бист сабабро барои парастиши Худо пайдо намо. Ин ҳамеша ба ман ёрӣ мерасонад.
Бист сабаби асоснок барои парастиши Худо
1. Ӯ ҳамаи гуноҳҳои маро мебахшад.
2. Ӯ ҳамаи бемориҳои маро шифо медиҳад.
3. Ӯ ҳаёти маро аз қабр раҳо мекунад.
4. Ӯ маро бо марҳамат ва саховатмандиҳо тоҷгузорӣ мекунад.
5. Ӯ хоҳиши маро бо неъматҳо сер мекунад.
6. Ӯ барои зулмдидагон ҳақиқат ва довариро амалӣ мегардонад.
7. Ӯ роҳҳои Худро нишон медиҳад.
8. Ӯ некӯст.
9. Ӯ саховатманд аст.
10. Ӯ то охир хашмгин намешавад.
11. Ӯ раҳмдил ва меҳрубон аст.
12. Ӯ на то абад дар ғазаб мешавад.
13. Ӯ нa аз аз рӯи гуноҳҳоямон ба мо сазо додааст.
14. Ӯ ба тарсгоронаш марҳамат мекунад.
15. Ӯ бадкирдориҳоямонро аз мо дур мекунад.
16. Ӯ моро мебахшад.
17. Ӯ дар ёд дорад, ки мо — хоки замин ҳастем.
18. Марҳамати Ӯ аз азал то абад мебошад.
19. Ӯ фарзандон ва наберагони моро, ки фармудаҳои Ӯро дар ёд доранд, баракат медиҳад.
20. Ӯ тахти Худро дар осмонҳо гузоштааст, ва Подшоҳии Ӯ ҳама чизро дорост.
Роҳҳои Ӯро ситоиш намо
Ҳатто агар мо фикр кунем, ки Худоро медонем ва дӯст медорем, аммо Ӯро ҳар рӯз ҳамду сано нагӯем ва ситоиш накунем, мо дар торикӣ мебошем ва симои ҳақиқии Ӯро намебинем. «Агарчи онҳо Худоро шинохта бошанд, Ӯро чун Худо ситоиш накарданд ва шукр нагуфтанд, балки хаёлоти онҳо ботил, ва дили бефаросаташон тира шуд…» (Рум. 1:21). Агар Худоро, ки сазовори ҳар ҳамду сано аст, ситоиш накунем, мо худро хеле бенасиб мегардонем. Мо намехоҳем, ки фақат аз сабаби парастандагони
Панҷ воситаи писандидаи Худо барои ситоиши Ӯ
Худо мехоҳад, ки мо бо дили соф Ӯро парастиш намоем, аммо инро мо бояд мувофиқи хоҳиши
1. Худо
2. Худо
3. Худо
4. Худо
5. Худо
Дар ҷамъомадҳои имондорон ситоиш намудани Худо ва парастидани Ӯ— яке аз навъҳои муҳими хизмати мо ба Худованд аст. Қудрати дуои якҷоя қалъаҳои шайтонро вайрон мекунад ва дар ҳаёти мо ба чунин дигаргуниҳои мӯъҷизанок роҳ мекушояд, ки дар мавридҳои дигар тамоман ғайриимкон мебошанд.
Новобаста ба он ки дар калисои ту ҳозир чӣ гуна муҳит аст, аз Худо хоҳиш бикун, ки туро парастандаи ҳақиқии Худ гардонад, чунон ки Ӯ туро дидан мехоҳад. Худро пурра ба парастиши Ӯ бидеҳ. То даме ки нафас мекашӣ, бидон, ки ту ба он даъват шудаӣ, ки «ҳамеша шод бошӣ, доимо дуо гӯӣ, барои ҳама чиз шукр гӯӣ», зеро «чунин аст хости Худо дар ҳаққи ту дар Исои Масеҳ» (1 Тасл. 5:16–18). Сурудҳои ситоиш, ки ту дар дили худ месароӣ, ҳатто шабона дилатро гаштаву баргашта пур мекунанд.
Туро барои он шукр мегӯям, ки Ту «бахшоянда ва дилсӯз, пуртоқат ва пур аз меҳру вафо» ҳастӣ (Заб. 144:8), барои он ки ту «бузург ва пурқувват» ҳастӣ, ва «хиради Ту беҳадду беканор аст» (Заб. 146:5).
Туро барои он шукр мегӯям, ки ту фурӯтанонро сарбаланд менамоӣ ва бадкирдоронро то ба замин паст мезанӣ (ниг.: Заб. 146:6). Туро барои он шукр мегӯям, ки Ту ба ситамкашон додгарӣ мекунӣ, ба гуруснагон ғизо медиҳӣ, бандиёнро озод мекунӣ. Туро барои он шукр мегӯям, ки ту чашмони нобиноёнро мекушоӣ ва хамидақоматонро рост мегардонӣ (ниг.: Заб. 145:7–8).
Туро шукр мегӯям, Худовандо, барои нақшаи мӯъҷизаосои Ту ва барои ояндаи ман, ки пур аз умед аст. Туро барои он шукр мегӯям, ки Ту доимо ҳаёти маро сӯи беҳбудӣ дигаргун менамоӣ.
Ман Туро ситоиш менамоям ва шукр мегӯям барои он ки ту — Шифодиҳанда, Раҳодиҳанда, Кафораткунанда, Падар ва Тасаллодиҳандаи ман ҳастӣ. Туро барои он шукр мегӯям, ки ту Худро ба ман дар Каломи Худ, дар Писари Худ ва дар корҳои бузург дар замин ва дар ҳаёти ман ошкор менамоӣ. Туро барои муҳаббат, осоиш, хурсандӣ, садоқат, файз, марҳамат, некӯӣ, ҳақиқат ва шифои Ту шукр мегӯям. Туро барои он шукр мегӯям, ки ман пурра ба Ту боварӣ карда метавонам, чунки Ту Худат ва Каломат бехато мебошед. Туро барои он шукр мегӯям, ки ту дирӯз, имрӯз ва то абад ҳамон ҳастӣ.
Худовандо, маро бубахш, агар ман Туро ҳамон тавре ки Ту мехоҳӣ, парастиш кардан ва ҳамду сано гуфтан натавонам. Ба ман биёмӯз, ки Туро бо тамоми дил, чунон ки Ту мехоҳӣ, ҷалол диҳам. Худовандо, маро парастандаи ҳақиқии Худ гардон. Бигузор ман барои ҳамаи он чи дар ҳаёти ман рӯй медиҳад, шукргузорӣ намудани Туро ёд гирам.
Ман дар ин рӯз номи Туро болобардор мекунам, Худовандо, зеро ту некӯ ҳастӣ ва эҳсони Ту то абад аст (ниг.: Заб. 135:1). «Зеро ки меҳру вафои Ту аз ҳаёт некӯтар аст; лабҳоям Туро ситоиш хоҳанд кард. Ҳамин тавр Туро тамоми умри худ муборак хоҳам хонд; ба номи Ту кафҳои худро боло хоҳам кард» (Заб. 62:4–5). Ман «ҷалоли [Туро] дар миёни халқҳо, ва корҳои аҷоиби [Туро] миёни ҳамаи қавмҳо…» баён хоҳам кард (Заб. 95:3). Ман Туро дар шавкати қудсияти Ту ситоиш мекунам ва васфи ҷалоли исми Туро мегӯям (ниг.: Заб. 28:2).
Лекин соате мерасад, ва аллакай расидааст, ки парастандагони ҳақиқӣ Падарро ба рӯҳ ва ростӣ парастиш хоҳанд кард, зеро Падар толиби ин гуна парастандагони Худ мебошад: Худо Рӯҳ аст, ва онҳое ки Ӯро парастиш мекунанд, бояд бо рӯҳ ва ростӣ парастиш кунанд».
Ба Худо қурбонии шукронаро бикуш, ва ба Боломақом назрҳои худро адо бикун. Ва дар рӯзи тангӣ Маро бихон; туро халосӣ хоҳам дод, ва ту Маро ситоиш хоҳӣ кард.
Ва ҳамаи паноҳбарони Ту хурсанд хоҳанд шуд ва ҷовидона сурудхонӣ хоҳанд кард, ва Ту пуштибони онҳо хоҳӣ буд, ва дӯстдорони номи Ту дар Ту шод хоҳанд шуд. Зеро ки Ту, эй Парвардигор, росткорро баракат медиҳӣ; бо сипари ризомандӣ ӯро фаро мегирӣ.
Ҳар кӣ шукронаро қурбонӣ намояд, вай Маро ситоиш мекунад, ва ҳар кӣ роҳи дурустро пеш гирад, ба вай наҷоти Худоро нишон хоҳам дод»
Таронаи Довуд. Бо тамоми дилам Туро сипос хоҳам гуфт; дар рӯ ба рӯи зӯрмандон Туро хоҳам сароид. Сӯи қасри покгоҳи Ту саҷда хоҳам кард, ва номи Туро барои меҳру вафои Ту ва барои ростии Ту ҷалол хоҳам дод; зеро номи Худ ва сухани Худро аз ҳар чиз бузург кардаӣ. Дар рӯзе ки Туро хондам, ба ман ҷавоб додӣ, қувватро дар ҷонам афзун кардӣ.
БОБИ ЁЗДАҲУМ
Ман медонам, ки бо шиками гурусна хоб рафтан чист. Волидони ман хеле камбағал буданд, ва гоҳо дар хонаамон ҳеҷ гуна хӯрок набуд ва барои харидани он пул набуд. Хотираҳо оиди ҳисси даҳшатовари гуруснагӣ ҳеҷ гоҳ маро тарк намекард — ҳатто дар давраи калонсолӣ. Ин тарс маро водор менамуд, ки бисёр кор кунам, то ки ин дигар ҳеҷ гоҳ такрор нашавад. Ба ҷои он ки вақтро дар байни дӯстони навраси худ гузаоронам, ман дар ивази 50 сент барои як соат рӯзҳои шанбе ва якшанбе парастори кӯдакон шуда кор мекардам. Дар рӯзҳои дигари ҳафта ман ҳамчунин баъди дарсҳо то бевақтии шаб кор мекардам. То даме ки ман дар мактаб ва коллеҷ таҳсил менамудам, ҳамин тавр буд. Пас аз хатми коллеҷ ман бо худи ҳамон сабаб дар ду ҷой кор мекардам. Дар умқи дил ман доимо метарсидам, ки барои хӯрок пулам намерасад, ва ман худро бо меҳнати вазнин беҳол мекардам.
Танҳо ҳамон вақте ки Худовандро шинохтам, ман ба фаҳмидани он сар кардам, ки Ӯ фарзандони Худро таъмин менамояд, ва ниҳоят аз ин тарс раҳо шудам. Ман он вақт бо сабукии зиёд фаҳмидам, ки ба
Кор барои ҳар кас ҳаст
Он қадар муҳим нест, ки ту кистӣ — донишҷӯи шӯъбаи рӯзона; корманди ширкати калон; зани танҳое ки худаш худро таъмин мекунад; соҳибхоназан; зани соҳибкор; шахси маъюб; парастори беморон; модари танҳо; ҳамкори ташкилоти хайрия, — ҳар касе ки бошӣ, ту кори худро ба ҷо меоварӣ. Аҳамияти зиёд надорад, ки ту — ситораи шоу-бизнес ҳастӣ ё инсони «хурд», ки ӯро танҳо худо мебинад. Аҳамият надорад, ки ту чӣ қадар маош мегирӣ, зеро коре ки ту ба ҷо меоварӣ, барои Худо муҳим аст ва ту умедвор ҳастӣ, ки Ӯ кори туро баракат медиҳад. Мо ҳар коре ки кунем, мехоҳем онро хуб ба ҷо оварем. Агар кор хуб пеш равад, ин моро бо хурсандӣ пур мекунад. Барои атрофиён, барои аъзоёни оила, барои худамон ягон кори хубро ба ҷо оварда, мо қаноатмандӣ ҳис мекунем. Аммо агар меҳнати моро Худованд баракат надода бошад, мо ноумедӣ ва норозигӣ ҳис мекунем.
Китоби Муқаддас тимсоли зани идеалиро чун меҳнаткаши бузург тасвир менамояд (ниг.: Мас. 31). Ӯ молу мулк мехарад ва мефурӯшад (агенти хариду фурӯши моли ғайриманқул?); ӯ токзорро нигоҳубин мекунад (боғбон-декоратор?), либос медӯзад (моделиер?) ва онро мефурӯшад (директори мағозаи либос). Ин зани боқувват, боғайрат, меҳнатдӯст то бевақтии шаб кор мекунад ва боварӣ дорад, ки кори худро хуб ба ҷо меоварад. Худо мехоҳад, ки мо аз муваффақият шод шавем ва қаноатманд бошем. Аммо ин бе дуо ғайриимкон аст.
Дуо ба мо ёрӣ медиҳад, ки байни «тамаъ кардани чизи дигарон» (ҳирси фоида кардан), ки ҷони моро мегирад (ниг.: Мас. 1:19), ва «дасти танбал», ки моро бенаво мегардонад (ниг.: Мас. 10:4) мувозинатро нигоҳ дорем. Дуо моро аз хоҳиши «сарват ғун кардан» (ниг.: Мас. 23:4–5) бозмедорад, ва хоҳиш медиҳад, ки софдилона меҳнат кунем, ки дар натиҷа ба мо подоши моддӣ меоварад (ниг.: Мас. 10:4). Дуо ба мо ёрӣ мерасонад, ки байни танбалӣ ва меҳнати барзиёд мувозинатро ёбем ва аз он ҳифз менамояд, ки тамоми ҷаҳонро ба даст оварем, аммо ба ҷони худ зарар расонем (ниг.: Мат. 16:26).
Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки «меҳнаткаш музди худро сазовор аст”» (1 Тим. 5:18). Аз ин бармеояд, ки ту барои меҳнати худ сазовори подош ҳастӣ. Гоҳо худи меҳнат подош аст. Масалан, ту барои пеш бурдани корҳои рӯзғор, барои тақсим кардани хӯрокҳои бепул, ё барои ба кӯдак ёд додани бастани банди пойафзол пул намегирӣ. Аммо дар ҳама ҳолат подоши бебаҳо барои меҳнати ту имконияти дидани натиҷаҳои он аст. «Мукофоти амали одил барои ҳаёт аст…» (Мас. 10:16).
Агар барои корат маоши хуб дода шавад, ҳатман оиди он дуо гӯй, ки минбаъд низ ба меҳнати ту ҳамин гуна саховатмандона подош дода шавад. Барои кордиҳандаат ва соҳибкории Ӯ баракат хоҳ, то ӯ имкон дошта бошад, ки барои меҳнати кормандон музди хуб дода тавонад. Оиди он гуо гӯй, ки корат дар назди дигарон қадр дошта бошад ва дар назари онҳо арзишнок бошад. Дар дуо оиди он хоҳиш кун, ки дар вазифа пеш равӣ, аммо фақат мувофиқи хости Худо. Чунин бигӯ: «Худовандо, ман хеле мехоҳам дар вазифа пеш равам ва мувофиқан маоши баландтар дошта бошам. Бигузор чунин шавад, агар, албатта, хости Ту бошад». Агар ту чунин дуо гӯӣ ва дар айни ҳол коратро ба Худованд бахшӣ, Ӯ онро баракат медиҳад.
Новобаста ба ҳолати моддии ту — хоҳ хуб бошад, хоҳ на он қадар хуб, — меҳнати ту барои Худо муҳим аст, барои одамон муҳим аст, барои ту муҳим аст. Ту набояд ин дуоро сарфи назар намоӣ. Меҳнати худро ба Худованд бахшида, аз Ӯ хоҳиш намо, ки онро баракат диҳад.
Туро барои он шукр мегӯям, ки «Дар ҳар кори сахт нафъе ҳаст» (Мас. 14:23). Ман оиди он дуо мегӯям, ки барои меҳнати ман ҳамеша маоши сазовор дода шавад. Ман аз сарчашмаи фаровони Ту подоши саховатмандона хоҳиш менамоям. Одамонеро, ки ман барояшон кор мекунам, баракат деҳ.
Бигузор муошират бо ман барои онҳо баракат гардад, ва ман барои онҳо ёрдамчии вафодор шавам. Чунин бикун, ки муҳаббат ва осоиштагии Ту ба воситаи ман ҷорӣ шаванд ва оиди некӯин Ту шаҳодат диҳанд. Ба ман ёрӣ деҳ ба хотири ҷалоли Подшоҳии Ту дили ҳамкоронамро ламс намоям.
Худовандо, барои истеъдодҳое ки ба ман ато намудаӣ, Туро шукр мегӯям. Агар сатҳи ихтисосмандиямро баланд бардоштанам лозим бошад, ба ман дар ин масъала ёрӣ деҳ, то ки ман корамро сифатнок ба ҷо оварда тавонам. Ба ман ёрӣ деҳ, ки сатҳи ихтисосмандиямро баланд бардорам, то ки самари меҳнати ман барои дигарон писандида бошад.
Ба ман имконият деҳ, ки малакаҳоямро истифода барам ва ҷоеро, ки набояд ба он дароям, барои ман бибанд. Ба ман хирадмандӣ ато намо ва маро дар ин масъала роҳнамоӣ кун.
Худовандо, ман меҳнати худро ба Ту мебахшам, зеро медонам, ки Ту ҳама чизро ба таври беҳтарин ҷо ба ҷо гузошта метавонӣ (ниг.: Мас. 16:3). Чунин бикун, ки ман корамро дӯст дорам ва кореро, ки ба ман маъқул аст, хуб ба ҷо оварам. Мувофиқи Каломи Ту ман ҳамеша мехоҳам дар ҷои корам ғайратманд бошам ва, ҳеҷ гоҳ «ҷидду ҷаҳдро суст накунам» ва ба Ту бо меҳнати худ хизмат намоям (ниг.: Рум. 12:11). Чунин бикун, ки меҳнати ман дар назари дигарон таҳсин карда шавад ва барои бисёриҳо баракат гардад. Бигузор меҳнати ман ҳамеша Туро ҷалол диҳад.
Хушо ҳар тарсгори Парвардигор, ки бо роҳҳои Ӯ меравад! Аз меҳнати кафҳои худ хоҳӣ хӯрд; ту хушбахт ҳастӣ, ва некӯӣ бо туст.
Баракати Парвардигор сарватманд мекунад, ва ғаму ғуссае бо худ намеоварад.
Бигзор меҳрубонии Худованд Худои мо бар мо бошад! Ва амали дастҳои моро бар мо устувор гардон; ва амали дастҳои моро устувор гардон.
Оё шахси дар кори худ чобукро дидаӣ? Вай назди подшоҳон меистад; назди сафилон намеистад.
Ва агар ҳар одам бихӯрад ва бинӯшад ва аз ҳар меҳнати худ некӣ бинад, — ин низ атои Худост.
БОБИ ДУВОЗДАҲУМ
Падари ман қисми зиёди ҳаёташ фермер буд. Ӯ кишт карда, ҳосили фаровон ба даст оварда метавонист. Чизи асосие ки ман дар ин давраи ҳаётам аз худ намудам, — парвариши сабзавот ва меваҳо буд. Он вақт мо ғайр аз белу каланд асбобҳои махсус надоштем. Мо ҳатто дар хона водопровод надоштем, оиди системаи автоматии обёрӣ бошад ҳоҷати гап ҳам нест. Мо интизор мешудем, ки обҳои зеризаминӣ боло бароянд ва бо чӯйчаҳои хурде ки дар замин канда будем, аз ҳар ду тараф ба палҳо наздик шаванд. Ҳамин тариқ решаҳо обёрӣ карда мешуданд, ва худи ниҳолҳоро об шуста намебурд.
Баъди коштани тухмӣ ва обёрӣ мо ба замин пору мерехтем ва онро нарм мекардем, то ки растаниҳо имконияти озодона сабзидан дошта бошанд. Мо растаниҳои худро аз жола, боди сахт ва хунукиҳо ҳимоя мекардем. Мо мушоҳида менамудем, ки меваҳо аз тана, ва танаҳои растаниҳо аз реша ҷудо нашаванд. Дар мавриди саъю кӯшиши зиёд мо ҳосили хуб ба даст меовардем, ва падарам ҳамеша аз ин қаноатманд буд.
Хоҳ дарк кунем, хоҳ не, ҳар яки мо ҳар рӯз дар ҳаёти худ чизе мекорад ва он чиро пештар кишт карда буд, ҷамъоварӣ мекунад. Сифати ҳаёти имрӯзаи мо ба он чи коридаем ва дар гузаштаи наздик ҷамъоварӣ кардаем, вобаста аст. Дар давоми солҳои зиёд пас аз коштан мо ҳосили хуб ё бад гирифтанро давом медиҳем. Аз ҳамин сабаб коштани тухмии сифатнок ва худи ҳозир сар кардани нигоҳубини онҳо ин қадар муҳим аст.
Исо гуфтааст, ки Ӯ Ток аст, ва мову шумо — навдаҳо. Агар мо дар Ӯ бимонем, самар меоварем (ниг.: Юҳ. 15:5). «Мондан» маънои «доимо будан»-ро дорад. Дигар хел карда гӯем, агар мо доимо дар Ӯ бошем, ва Ӯ доимо дар мо бошад, пас, мо самари Рӯҳи Ӯро овардан мегирем (ниг.: Ғал. 5:22–23). Мо ба ин эҳтиёҷ дорем.
Чунин ҳисобида мешавад, ки мо ба касе ки дар назди ӯ зиндагӣ мекунем ва бисёр бо ӯ муошират мекунем, монанд мешавем. Агар мо ҳаёти худро ба Исо диҳем, пас, ба сурат ва шабоҳати Ӯ дигаргун мешавем. Агар мо бо Ӯ муттаҳид шавем, пас мо самари Рӯҳ оварданро сар мекунем.
Нӯҳ воситаи дурусти рӯёнидани ҳосили фаровон
1.
2.
3.
4.
5.
6.
7.
8.
9.
Агар самарҳои даркории Рӯҳулқудс оварда натавонӣ, аз Худо хоҳиш намо, ки дар ботини ту тухмии нек кишт кунад ва ҳамаи алафҳои бегонаи онро дур кунад. Замини дили худро бо Каломи Худо ғизо деҳ ва аз Рӯҳулқудс хоҳиш кун, ки онро ҳар рӯз об диҳад. Агар ту ба Худованд вафодор ва дар Токи ҳақиқӣ бошӣ, дар дилат ҳатман самари рӯҳонӣ пухта мерасад, ки Падари Осмонӣ аз он қаноатманд мешавад.
Худоё, Ту дар Каломат гуфтаӣ: «Бигзор дар дилҳои шумо осоиштагии Худо ҳукмфармо бошад, ки шумо ба он дар як Бадан даъват шудаед; ва шукргузор бошед» (Қӯл. 3:15). Худовандо, ман аз Ту хоҳиш мекунам, бигузор осоиштагии Ту дил ва андешаҳои маро ҳифз намояд, то ки атрофиён онро ҳис карда тавонанд. Ба ман ёрӣ деҳ «касеро биҷӯям, ки барои осоиш ва ободии тарафайн хизмат мекунад». Ба ман хурсандӣ ато намо, ки онро фақат бо дарки Ту эҳсос намудан мумкин аст. Ба ман дар муошират бо одамон сабру тоқатро биёмӯз, чунки ман ба онҳо хислати Туро зоҳир намудан мехоҳам. Ба ман ёрӣ деҳ, ки ҳангоми ҳар як имконият некӣ кунам, ва бигузор некӯии Ту ба воситаи ман ҷорӣ шавад ва барои ҳама некӯӣ гардад. Ба ман вафодориро биёмӯз, то ки ман дар ҳама чиз сазовори боварӣ бошам. Ба ман ёрӣ деҳ «фурӯтанӣ ва меҳрубонии Масеҳ» дошта бошам, то ки дар ман рӯҳи фурӯтани Ту зоҳир шавад (ниг.: 2 Қӯр. 10:1). Ба ман идора кардани фикрҳо ва суханони худро биёмӯз.
Агар барои самари нек овардан ман ба он эҳтиёҷ дошта бошам, ки навдаҳоям бурида шаванд, пас, ман аз Ту хоҳиш мекунам, ки ин корро бикун. Ман медонам, ки бе Ту ҳеҷ кор карда наметавонам. Ту Ток ҳастӣ, ва ман навда, ва ман бояд дар Ту бошам, то ки самари нек оварӣ. Ба ман дар ин кор ёрӣ деҳ. Туро шукр мегӯям барои ваъда оиди он ки агар ман дар Ту бошам ва Каломат дар ман бошад, пас, ман аз Ту ҳама чизи мехостаамро дархост карда метавонам, ва ин ба ман дода мешавад (ниг.: Юҳ. 15:7). Туро шукр мегӯям барои ваъда оиди он ки агар ман чизе пурсам, пас, ҳатман онро ба даст меоварам (ниг.: Юҳ. 16:24). Бигузор ман ба дарахте монанд бошам, ки дар назди ҷӯйи оби зиндаи Ту шинонда шудааст, то ки ман дар вақташ самар оварда тавонам ва барги ман пажмурда нашавад (ниг.: Заб. 1:3). Ба хотири Исои Масеҳ ман аз Ту хоҳиш мекунам: дар ман самари Рӯҳи Худро ба вуҷуд овар, то ки он ба ҳамаи атрофиён намоён бошад ва Туро ҷалол диҳад.
Аммо самари Рӯҳ инҳост: муҳаббат, шодмонӣ, осоиштагӣ, пурсабрӣ, меҳрубонӣ, марҳамат, имон, фурӯтанӣ, парҳезгорӣ. Ба инҳо шариат муқобил нест.
Ман токи ҳақиқӣ ҳастам, ва Падари Ман Токдор аст; ҳар навдаеро, ки дар Ман мева наоварад, Ӯ бурида мепартояд; ва онро, ки мева меоварад, пок месозад, то ки бештар мева оварад. Шумо алҳол ба воситаи каломе ки ба шумо гуфтам, пок ҳастед. Дар Ман бимонед, ва Ман дар шумо. Чӣ тавре ки навда наметавонад худ аз худ мева диҳад, агар дар ток намонад, ҳамчунин шумо низ, агар дар Ман намонед. Ман Ток ҳастам, ва шумо навдаҳо; касе ки дар Ман бимонад, ва Ман дар вай, меваи фаровон меоварад; зеро ки бе Ман ҳеҷ коре наметавонед кунед. Касе ки дар Ман намемонад, чун навдае бурида мешавад ва мехушкад; ва чунин навдаҳоро гирд оварда, ба оташ меандозанд, ва онҳо месӯзанд. Агар дар ман бимонед, ва сухани Ман дар шумо бимонад, ҳар он чи мехоҳед, талаб кунед, ва он ба шумо дода хоҳад шуд. Ҷалоли Падари Ман дар ин аст, ки шумо меваи фаровон оваред, ва шогирдони Ман хоҳед буд.
БОБИ СЕЗДАҲУМ
Бигузор сарлавҳаи ин боб туро ба изтироб наоварад: беайб будан маънои комил буданро надорад, ин маънои онро дорад, ки ба Касе ки қуддус аст, имконияти дар ту сокин шуданро медиҳӣ. Мо мустақилона дар покӣ зистанро ёд гирифта наметавонем, аммо мо интихоб карда метавонем, ва муқаддасии Худо дар мо зоҳир мегардад. Мо метавонем қарор қабул намоем, ки аз ҳамаи он чи тақводории моро холӣ мегардонад, дур шавем, ва барои ҳавасҳои худ бимирем. Ва ин ҳақиқатан аз дасти мо меояд, зеро гуфта шудааст, ки «онҳое ки ба Масеҳ тааллуқ доранд, ҷисмро бо ҳирсҳо ва ҳавасҳояш маслуб кардаанд» (Ғал. 5:24). Мо акнун бандагони ҷисми худ нестем — мо метавонем ҳаёти поки ба Худованд бахшидашуда ба сар барем.
Гоҳо аз одамон чунин суханонро шунидан мумкин аст: «Ман порнографияро аниқ тавсиф дода наметавонам, аммо агар онро бинам, фарқ кунонда метавонам». Бояд гуфт, ки дар масъалаи покӣ бар акси ин ҳолат аст: шояд ту муқаддасиро аниқ тавсиф дода наметавонӣ, аммо агар дар зиндагии касе нишонаҳои муқаддасиро
Ҳафт нишонаи хоси дар покӣ қадамгузор будан
1.
Ман мефаҳмам, ки ҷудо шудан аз ҷаҳоне ки дар он зиндагӣ мекунӣ, чӣ тавр мушкил буда метавонад. Аммо агар ту чунин хоҳиш дошта бошӣ, аз Худо хоҳиш намо, ки ба ту ёрӣ диҳад. Албатта, ту интихоб карда метавонӣ: баъзе барномаҳои телевизиониро тамошо кунӣ ё накунӣ, ба тамошои филмҳои муайян ба кинотеатр равӣ ё наравӣ, баъзе маҷаллаҳоро хонӣ ё нахонӣ, ба баъзе ҷойҳо равӣ ё наравӣ. «Ҷаҳонро дӯст надоред, на он чиро, ки дар ҷаҳон аст: касе ки ҷаҳонро дӯст медорад, дар вай муҳаббати Падар нест; зеро ҳар чи дар ҷаҳон аст: шаҳвати ҷисм, ҳаваси чашмон ва ғурури зиндагонӣ аз Падар нест, балки аз ин ҷаҳон аст» (1 Юҳ. 2:15–16). Аз Худо хоҳиш намо, то ба ту ёрӣ диҳад, ки аз корҳои ин ҷаҳон дур шавӣ ва аз Ӯ илтиҷо намо, ки беш аз ҷаҳон дӯст доштани Ӯро ба ту ёд диҳад.
2.
Худо «муқаддас бошед» (Иб. 19:2) гуфта, ба мо фармудаҳо додааст: дуздӣ накунед, дурӯғ нагӯед, фиреб накунед, тӯҳмат накунед, қасос нагиред, барои худ бут насозед. Аз ин бармеояд, ки мо бояд амалҳои муайянро ба ҷо оварем, ки аз амалҳои бадахлоқона пок шудани моро исбот намоянд. Мо бояд дидаву дониста аз ҳамаи он чи тарзи зиндагии нопок ва нолоиқро тарғиб менамояд, рӯ гардонем. «...Балки, чунон ки Даъваткунандаи шумо муқаддас аст, худатон низ дар тамоми рафторатон муқаддас бошед, зеро ки навишта шудааст: “Муқаддас бошед, чунки Ман муқаддас ҳастам”» (1 Пет. 1:15–16). Оиди он дуо гӯй, ки бо диққат таҳқиқ намудани роҳҳои худ ва сӯи Худованд рӯ оварданро ёд гирӣ (ниг.: Плач. 3:40).
3.
Агар ту ҳаёти худро воқеъбинона баҳо дода натавонӣ, пас, аз рӯи самарҳое ки ҷамъоварӣ мекунӣ, мебинӣ, ки кишти ту чӣ гуна буд, ва ту ба куҷо кишт кардӣ — ба ҷисм ё ба рӯҳ. «Фирефта нашавед: Худо намегузорад, ки Ӯро тамасхур кунанд. Зеро ки он чи одамизод мекорад, ҳамонро хоҳад даравид: касе ки барои ҷисми худ мекорад, аз ҷисм фаноро хоҳад даравид, ва касе ки барои Рӯҳ мекорад, аз Рӯҳ ҳаёти ҷовидониро хоҳад даравид» (Ғал. 6:7–8).
4.
Худро аз ҳомиладории нодаркор ҳифз намуда, одамон ҷони худро ба ҳалокат маҳкум мекунанд, ва баъд оиладор шуда, ҳайрон мешаванд, ки хурсандӣ аз муоширати маҳрамонаи ҷинсӣ бо ҳамсар куҷо шудааст. Дар покӣ қадамгузор будан — пайравӣ ба ягон назария ё консепсияи нав нест (ниг.: 1 Тасл. 4:3–5). Аз Худо хоҳиш бикун, ки ақл, ҷон ва рӯҳатро дар покӣ нигоҳ дорад.
5.
6.
Дар зиндагии ҳар яки мо лаҳзае фаро мерасад, ки мо дарк мекунем, ки Худо дар назди мост, Ӯ дуоҳои моро мешунавад. Мо барои бо Худо
7.
Ҳангоме ки Иброҳим ба подшоҳ Абималик гуфт, ки Соро на зан, балки хоҳари ӯст, подшоҳ Сороро ба хонаи худ гирифт. Аммо дар хоб Худо ба Абималик ошкор намуд, ки ӯ ба қарибӣ мемурад, чунки зани шахсеро гирифтааст. Абималик ҷавоб дод: «Ба соддадилӣ ва покдастии худ ин корро кардам» (Ҳас. 20:5). Худо ба Абималик гуфт: «…Ман низ медонистам, ки ба соддадилии худ ин корро кардӣ, ва Ман низ туро нигоҳ доштам, то ки пеши Ман гуноҳкор нашавӣ; аз ин сабаб нагузоштам, ки ба вай даст бирасонӣ…» (Ҳас. 20:6).
Агар мо росткорона зиндагӣ кунем, Худо моро аз гуноҳ нигоҳ медорад. Ҳатто агар мо дар покӣ қадамгузор буданро тарзи зиндагии худ интихоб намоем, бе ёрии Худо онро пеш бурда наметавонем. Сабаби ин дар он аст, ки фақат Худо ба мо қувват медиҳад кореро ба ҷо оварем, ки Ӯ Худаш моро ба он даъват менамояд. Аммо мо бояд ҳамеша аз Худованд оиди ин хоҳиш намоем, чунки Ӯ донистан мехоҳад, ки мо қуддусияти Ӯро қадр мекунем ва хоҳони он ҳастем. Дар покӣ қадамгузор будан барои одамон ҷолиб аст, новобаста ба он ки онҳо бисёр вақт ин тарзи зиндагиро рад мекунанд. Аз Худо хоҳиш бикун ҳаётатро пок кунад, ва туро ба зебоии қуддусияти Худ ҳамроҳ намояд.
Худовандо, ба ман ёрӣ деҳ аз ҳар чизи нопок дур шавам; ман ҳаёти худро ба корҳои бемаъно сарф кардан намехоҳам. Ба ман фарқ кунондани ҳама чизи беҳуда ва ҳеҷу пучро биёмӯз ва ҳамаи инро аз ман дур кун. Ба ман ёрӣ деҳ ҳама чизи нопокро аз худ дур кунам ва хоҳиш ато намо он чиро, ки ба иҷрoи нақшаи Ту мусоидат мекунад, биҷӯям. Ба ман ёрӣ деҳ ҳама кори аз дастам меомадаро кунам, то ки аз ҳаёти худ ҳама чизҳоеро, ки ба нақшаи неки Ту мухолифат мекунад, решакан намоям, то ки мувофиқи хости Ту зиндагӣ кунам. Ёрӣ деҳ, то ҳамаи бутҳоро сарнагун кунам ва худро аз тамошои барномаҳои телевизонӣ ва видеофилмҳо, хондани китобҳо ва маҷаллаҳое ки Туро ҷалол намедиҳанд, ҳифз намоям, то ки ҳеҷ гуна фикрҳои ифлос маро фаро гирифта натавонанд. Ба ман биёмӯз, ки ҳангоме аз роҳи дуруст бероҳа мешавам, роҳҳои худро таҳқиқ намоям, то ки ҳамеша ақиб гашта тавонам. Ба ман ёрӣ деҳ, ки барои дар назди Ту пок шудан ҳамаи корҳои заруриро кунам.
Худовандо, ман дар муқаддасӣ зистан мехоҳам, зеро Ту қуддус ҳастӣ. Ба ман имкон деҳ, ки «дар қудсияти [Ту] ширкат дошта [бошам]» (ниг.: Ибр. 12:10), ва бигузор рӯҳ, ҷон ва ҷисми ман беайб нигоҳ дошта шаванд (ниг.: 1 Тасл. 5:23). Ман медонам, ки ту маро ба муқаддасӣ даъват намуда, гуфтаӣ: «Даъваткунандаи шумо амин аст, ва инро низ ба амал меоварад» (1 Тасл. 5:24). Туро барои он шукр мегӯям, ки ваъда додаӣ маро дар покӣ ва муқаддасӣ нигоҳ дорӣ, то ки ман мероси Туро ба тамоми пуррагияш соҳиб шуда тавонам.
Чунон ки моро пеш аз таъсиси ҷаҳон дар Ӯ баргузидааст, то ки ба ҳузури Ӯ дар муҳаббати муқаддас ва беайб бошем…
Хушо покдилон, зеро онҳо Худоро хоҳанд дид.
Вале дар хонаи калон на танҳо зарфҳои тилло ва нуқра, балки чӯбин ва гилин ҳам ҳаст, ва аз онҳо баъзе барои истеъмоли иззатнок аст, ва баъзе барои истеъмоли зиллатнок. Пас, ҳар кӣ худро аз инҳо пок кунад, зарфе барои истеъмоли иззатнок хоҳад буд, ки он муқаддас ва қобили истифодаи соҳибаш мебошад ва тайёр ба ҳар амали нек.
Пас, эй маҳбубонам, дар сурате ки чунин ваъдаҳо дорем, худамонро аз ҳар гуна наҷосати ҷисм ва рӯҳ тоза карда, қудсияти худро дар тарси Худо мукаммал намоем.
Ва дар он ҷо шоҳроҳе ва ҷодае хоҳад буд, ва он роҳи пок номида хоҳад шуд; наҷисе аз он нахоҳад гузашт; балки он барои онҳо хоҳад буд, ва ҳар кӣ бо ин роҳ равад, ҷоҳил бошад ҳам, гумроҳ нахоҳад шуд. Шере дар он ҷо нахоҳад буд, ва ҳайвони даррандае бар он нахоҳад баромад ва дар он ҷо ёфт нахоҳад шуд, балки растагорон бар он қадамгузор хоҳанд шуд. Ва растагорони Парвардигор баргашта, бо тараннум ба Сион хоҳанд омад, ва хурсандии абадӣ бар сари онҳо хоҳад буд; онҳо ба шодӣ ва хурсандӣ ноил хоҳанд гардид, ва андӯҳу фиғон нест хоҳад шуд.
БОБИ ЧОРДАҲУМ
Ҳангоме ки фарзандони ман ба воя мерасиданд, ман бисёр вақт барои онҳо дуо гуфта, аз Худо хоҳиш мекардам, ки мақсади ҳаёташон ва таъиноташонро чун офаридаҳои Худо ошкор намояд. Ман бисёр ҷавононро медонам, ки ҳаёти худро маҳз аз он сабаб беҳуда сарф мекунанд, ки оиди мақсади бузурге ки Худованд барои онҳо муқаррар намудааст, тасаввуроте надоранд.
Дар ҷавонӣ ман низ оиди таъиноти худ ҳеҷ чизро намедонистам, ва аз ҳамин сабаб ҳаёти ман хеле нобарор буд. Албатта, ман барои фарзандони худ тақдири беҳтарро мехоҳам. Дуоҳои ман барои онҳо беҷавоб намонданд, зеро фарзандони ман мақсади ҳаёти худро мебинанд. Имрӯз, ҳангоме ки онҳо аллакай аз бистсолагӣ гузаштаанд, онҳо инкишоф додани лаёқатҳояшонро давом медиҳанд, ва роҳи зиндагии онҳо ҳарчи бештар равшан мегардад. Агарчи онҳо ояндаи худро муфассал намедонанд, онҳо боварӣ доранд, ки онҳо оянда доранд ва он олидараҷа аст.
Ҳангоме ки ман дар болои китоби
Ман ин одамонро рӯҳбаланд карданӣ шуда, мегуфтам: «Агар шумо ҳаёти худро ба дасти Ӯ диҳед ва ба ӯ вобаста будани худро эътироф намоед, аз роҳе ки сӯи мақсади гузоштаи Худо мебарад, ҳар қадар бероҳа шуда бошед ҳам, Ӯ аз он маҳалле ки ҳозир ҳастед, сӯи маҳалле ки бояд дар он ҷо бошед, роҳ кушодан мегирад ва шуморо ба он ҷо мебарорад. Албатта, дар ин маврид барои расидан ба мақсад, назар ба он ки шумо аз худи аввал дар роҳи дуруст мебудед, вақти бештар лозим мешавад. Аммо дар ёд нигоҳ доред, ки агар шумо доимо Худовандро пайравӣ намоед, Ӯ шуморо ба ҷои даркорӣ мебарорад».
Ҳеҷ гоҳ гумон накун, ки «қатораи ту аллакай рафтааст». Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки «бахшоишҳо ва даъвати Худо тағйирнопазир аст» (Рум. 11:29). Ин маънои онро дорад, ки Худо атоҳо ва истеъдодҳоеро, ки ба ту медиҳад, баргашта намегирад. Онҳо бекор карда намешаванд. Атоҳои Ӯ ҳамеша бо туянд. Аммо ин ба чунин падида, ба монанди тадҳин, дахл надорад, ҳангоме ки Худо туро ламс мекунад ва ба ту қудрати фавқуттабиии пароканда намудани торикӣ ва овардани рӯшноиву ҳаётро медиҳад. Аз ламси Рӯҳулқудс ба воситаи гуноҳи эътирофнашуда маҳрум шудан мумкин аст. Мо борҳо дидаем, ки одамон амалҳои бадахлоқона мекарданд, аммо беҳуда сарф кардани лаёқатҳои худро давом медоданд ва дар айни ҳол намефаҳмиданд, ки Рӯҳулқудс онҳоро тарк кардааст. Гуноҳ онҳоро нобино мегардонд, ва онҳо ҳатто дарк намекарданд, ки чиро аз даст додаанд.
Ҳар кас мақсад дорад
Ҳар як зан таъиноти худро дорад, аммо на ҳар зан инро мефаҳмад. Ва агар биниши равшани вазифаи худро надошта бошем, мо ба ягон кас тақлид намуданро сар мекунем, ё худро касе вонамуд мекунем, ки дар асл он гуна нестем. Мо худро бо дигарон муқоиса менамоем ва худро нобарор ва ноӯҳдабаро ҳисоб мекунем.
Агар мо ба тасаввуроти худ оиди худамон мувофиқат надошта бошем, аз худ норозигӣ баён менамоем ва таъсирпазир ва беҳимоя ҳис мекунем. Мо худро сарзаниш мекунем, аз зиндагӣ, ки ба мо ҳеҷу пуч метобад, ноумед мешавем, дар худ маҳдуд мешавем, доимо худро таҳлил менамоем ва оиди он фикр мекунем, ки мо бояд чӣ гуна бошем.
Ҳамаи ин моро водор мекунад, ки ҳаётамонро мувофиқи тасаввуроти худамон ислоҳ намоем. Дар ҳадди ақалл мо ба худ дурӯғ гуфтанро сар мекунем ва дар натиҷа оиди худ ақидаи нодуруст ташаккул медиҳем. Одамонеро, ки самт ва мақсади ҳаёти худро гум кардаанд, шинохтан осон аст, чунки онҳо дар атрофи худ муҳити нооромӣ, қонеъ набудан ва хавотиршавиро ба вуҷуд меоваранд.
Худо барои ту чунин тақдирро намехоҳад. Ӯ мехоҳад, ки ту мақсади ҳаёти худро аниқ фаҳмӣ; Ӯ мехоҳад истеъдодҳоеро, ки Ӯ ба ту ато намудааст, ошкор намояд, ва барои ҷалоли Худо инкишоф додани онҳоро ба ту ёд диҳад.
Бидон, ки ту кистӣ ва куҷо меравӣ
«Таъиноти пешакӣ муайяншуда» мавҷудияти мақсади муайянро дар назар дорад. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки ҳар яки мо мувофиқи нақша ва хости Худо таъиноти пешакӣ муайяншуда дорем (ниг.: Эфс. 1:11). Пас Худо медонад, ки ту бояд ба куҷо равӣ, ва медонад, ки чӣ тавр туро ба ҷои даркорӣ расонад. Аммо ҳатто мақсади ҳаёти худро донӣ ҳам, агар бо Офаридгори худ дар робитаи наздик набошӣ, ба он расида наметавонӣ.
Агар ту бо Худо муошират надошта бошӣ, пас, боре дар лаҳзаи сустӣ, масалан, ҳангоми эҳсосот ё хашми зиёд, ту ба худ, ба атои худ хиёнат мекунӣ. Ҳар рӯз дар барномаҳои ахбор ба мо нақл мекунанд, ки чӣ тавр одамон ба худ хиёнат мекунанд. Аммо агар ту дар муоширати наздик бо Худо зиндагӣ кунӣ, пас, ҳеҷ гоҳ кореро, ки ба иҷрои он даъват шудаӣ, сарфи назар намекунӣ. Ту роҳ намедиҳӣ, ки ҳаётат тӯъмаи душман гардад ва дар натиҷаи қароре ки сабукфикрона қабул кардаӣ, вайрон шавад. Шояд, ҳисси беҳимоя ва таъсирпазир буданро гуноҳ ҳисобидан на он қадар одилона аст. Аз афти кор ин монанди он аст, ки шахси афтодаро занед. Аммо гап дар он аст, ки ба худ боварии кофӣ надоштан натиҷаи беимонӣ аст, ва беимонӣ гуноҳ аст, зеро он оиди нобоварӣ ба Худо шаҳодат медиҳад. Агар мо ба худ ва ба коре ки Худо иҷрои онро ба мо супурдааст, боварӣ надошта бошем, пас, мо ҳаёти худро ба Худо боварӣ карда намесупорем, ба он чи Ӯ оиди мо дар Каломаш гуфтааст, бовар намекунем. Нобоварӣ моро водор мекунад, ки диққатамонро ба худ, ба хоҳишҳои
Ҳар як зан орзу дорад, ки дар ҳаёти худ ягон кори назаррасеро ба ҷо оварад, ва ҳар яки мо барои ин амалҳои бузург имконият дорем. Ин аз он сабаб аст, ки мо ба Худованд тааллуқ дорем, ва Рӯҳи Ӯ дар мо сокин аст. Азбаски қудрати Ӯ
Орзуҳои худро ба Худованд бисупор
Ман фаҳмидам, ки хоҳишҳо ва орзуҳои худро агар ба Ӯ боварӣ карда насупорем, ҳеҷ гоҳ наметавонем меросеро, ки Худо бароямон тайёр кардааст, гирем ва касоне шавем, ки Ӯ моро офаридааст. Исо гуфтааст: «…Ҳар кӣ ҷони худро раҳонидан хоҳад, онро барбод медиҳад; ва ҳар кӣ ҷони худро дар роҳи Ман барбод диҳад, онро пайдо мекунад…» (Мат. 16:25). Пас барои дар Худованд паноҳ бурдан ба мо лозим меояд, ки аз нақшаҳои худ даст кашем ва эълон намоем: «Бигузор на хости ман, балки хости
Агар нақшаҳои ту бо нақшаи Худо мувофиқат накунанд, Ӯ туро аз хоҳиши амалӣ кардани онҳо раҳо менамояд ва хости Худро ба ту ошкор менамояд. Аз орзуи худ даст кашидан душвор ва дарднок буда метавонад, хусусан агар ту муддати зиёд бо ин орзу зиндагӣ карда, ҳанӯз ба он часпида гирифта бошӣ. Аммо оё меарзад, ки ҳаёти худро барои ба даст овардани мақсаде бахшӣ, ки Худо онҳо баракат намедиҳад? Охир дар ин маврид ноумед мешавӣ ва орзуи ту амалинашуда мемонад. Ту бояд бо орзуе зиндагӣ кунӣ, ки Худо ба дилат мегузорад.
Аммо ҳатто агар орзуҳои ту аз Худо бошанд, ту ба ҳар ҳол бояд онҳоро ба Ӯ супорӣ, зеро Худо мехоҳад, ки дили ту на ба орзуҳои худ, балки ба Ӯ баста шуда бошад. Ӯ намехоҳад, ки ту бо кӯшиши амалӣ кардани онҳо беҳол шавӣ. Ба Ӯ боварии ту даркор аст, ва он вақт Ӯ Худаш орзуҳои туро ба ҳаёт татбиқ мекунад.
Кори худро пайдо намо
Ҳамаи мо бояд маънову мақсади дар рӯи замин буданамонро фаҳмем. Ҳамаи мо бояд донем, ки мо бо мақсади муайян офарида шудаем. То ба иҷрои коре ки барои он офарида шудаем, сар накунем, хушбахтии ҳақиқиро аз сар намегузаронем. Агар мо ба Худо дар чизи андак вафодор буданамонро исбот накунем, Ӯ ба мо он чизи бузургеро, ки моро интизор аст, ошкор намекунад. Бинобар ин, агар ҳозир ба ту лозим ояд, ки бо ягон кори ночиз машғул шавӣ, шод бош! Худо туро ба корҳои бузург, ки туро дар пеш интизоранд, омода менамояд.
Агар Худо ҳанӯз туро ба ҷое ки мувофиқи нақшааш муқаррар намудааст, нагузошта бошад, рӯҳафтода нашав ва ба ҳеҷ ваҷҳ гумон накун, ки аллакай дер шудааст. Агар ту ба Худо бовар кунӣ, пас, ёфтани кори худ
Агар ту боварӣ надошта бошӣ, ки дар нақшаи Худо барои ту нақши махсус ҷудо карда шудааст, барои дигарон шафоат намуданро сар кун. Охир барои дигарон дуо гуфтан вазифаи мост. Дар калисои худ хизмат намуданро сар кун, чунки ҳамаи мо ба он даъват шудаем, ки худро дар назди Калисо чун дар назди Бадани Масеҳ фурӯтан намоем ва ба дигарон ёрӣ диҳем. Агар мо ин корро кунем, Худованд моро ба мавқеъҳои нав мебарорад.
Ба Худо шукргузорӣ намуданро фаромӯш накунем, «ки Ӯ моро наҷот додааст ва ба даъвати муқаддас хондааст, на бар тибқи аъмоли мо, балки ба ҳасби таъиноти Худ ва ба ҳасби он файзе ки ба мо аз азал дар Исои Масеҳ ато шудааст…» (2 Тим. 1:9). «Ва ба ҳасби файзе ки ба мо дода шудааст, атоҳои гуногун дорем…» (Рум. 12:6), «…аммо ҳар кас лаёқати ба худ хосе аз Худо дорад, яке ин тавр, дигаре ба таври дигар» (1 Қӯр. 7:7). Ҳамин тариқ «бигзор ҳар кас дар он ҳолате ки Худо ӯро насиб кардааст, ва ҳар кас дар он вазъе ки Худованд ӯро даъват намудааст, бимонад...» (1 Қӯр. 7:17).
Ман оиди он дуо мегӯям, ки Худо «...рӯҳи ҳикмат ва ваҳйро барои шинохтани Ӯ ба шумо ато намояд, ва чашмони дили шуморо равшан созад, то шумо бидонед, ки умеди даъвати Ӯ аз чӣ иборат аст…» (Эфс. 1:17–18). Бигузор Худо «мувофиқи дилат ба ту ато фармояд, ва ҳамаи нақшаҳоятро ба иҷро расонад» (Заб. 19:5).
Хоҳари азиз, ҳамеша дар ёд нигоҳ дор, ки Худо дар нақша дорад, ки дар ҳаёти ту як кори муҳимеро ба ҷо оварад ва ин ба нафъи ту хоҳад буд.
Худовандо, ба ман ёрӣ деҳ, ки вазифаи худро дарк намоям. Аз ҳаёти ман ҳама гуна ҳиссиёти ноумедӣ ва маъюсиро дур кун ва ба ҷои онҳо ба ман хурсандиро аз дарки ҳузури Ту бидеҳ, ҳангоме ки Ту ба воситаи ман амал намуданро сар мекунӣ. Маро чун аслиҳаи дасти Худ барои дигаргун кардани ҳаёти одамоне ки Ту дар роҳи ман мегузорӣ, истифода бар. Ба ман боварӣ ато намо, ки Ту вақтро ба таври комил интихоб менамоӣ. Ман медонам: агар ту маро ба ягон кор даъват намоӣ, барои иҷрои он ба ман қувват медиҳӣ.
Аз Ту илтиҷо мекунам: бигузор ҳеҷ чиз маро аз иҷрои хости Ту дур накунад; имкон надеҳ, ки ягон вақт аз коре ки Ту барои ман пешбинӣ кардаӣ, канораҷӯӣ кунам. Ба ман биниши равшани роҳи зиндагӣ ва фаҳмиши аниқи мақсадамро ато намо. Ман пурра ба Ту боварӣ мекунам ва сарнавиштамро ба дастони Ту месупорам. Ба ман нишон деҳ, ки оё ман мувофиқи хости ту зиндагӣ ва амал менамоям ё не. Ман мехоҳам, ки дигаргуниҳое ки Ту дар ҳаёти ман ба амал овардаӣ, аз санҷиши вақт гузаранд. Ман намехоҳам вақтро ба корҳое сарф кунам, ки Ту барои ман пешбинӣ накардаӣ. Ба ман биёмӯз, ки аз ҳолати ҳозираам қаноатманд бошам, зеро медонам, ки ту маро барои ҳамеша дар он боқӣ намегузорӣ.
Худовандо, ман медонам, ки ба дӯстдорони Ту, ки барои ба даст овардани мақсади Ту даъват шудаанд, «ҳама чиз ба нафъашон ёрдам медиҳад» (ниг.: Рум. 8:28). Ман намехоҳам вонамуд кунам, ки аз чӣ иборат будани мақсади Туро медонам. Ва ман намехоҳам ҳаёти худро барои ҷустуҷӯи таъиноти тахминшавандаи Ту сарф карда, дар айни ҳол мақсади худро аз даст диҳам. Аз ҳамин сабаб ман аз Ту хоҳиш мекунам, Худовандо, ба ман ёрӣ деҳ атоҳо ва истеъдодҳоеро, ки ту бо онҳо маро баракат додаӣ, бинам. Маро дар ҳаёт роҳнамоӣ кун, то ки ман такмил ёфта тавонам. Ба ман ёрӣ деҳ, ки атоҳои Туро мувофиқи хости Ту ва барои ҷалоли Ту истифода барам.
…Аз шумо хоҳишмандам, ки муносиби мақоме ки ба он хонда шудаед, рафтор кунед, бо тамоми мулоимат ва фурӯтанӣ ва пурсабрӣ якдигарро дар муҳаббат таҳаммул намоед, ва саъю кӯшиш кунед, ки ягонагии Рӯҳро дар иттифоқи осоиштагӣ нигоҳ доред.
Мо низ дар Ӯ, ки ҳама чизро бар тибқи азми иродаи Худ ба амал меоварад, мувофиқи таъиноти Ӯ пешакӣ муайян шуда будем, то мо, ки пештар ба Масеҳ умед бастаем, барои ҳамду санои ҷалоли Ӯ вуҷуд дошта бошем.
Аз ин рӯ, эй бародарон, беш аз пеш саъю кӯшиш намоед, ки даъват ва интихоби худро устувор гардонед ва агар ҳамин тавр рафтор кунед, ҳаргиз пешпо нахоҳед хӯрд…
Лекин шумо насли баргузида, каҳонати шоҳона, халқи муқаддас, қавме ҳастед, ки мулки азизи Худо дониста шудаед, то аз камолоти Ӯ, ки шуморо аз зулмот ба рӯшноии аҷоиби Худ даъват намудааст, нақл кунед…
Ва ҳар киро, ки Ӯ пешакӣ муайян кардааст, онҳоро низ даъват намудааст; ва ҳар киро, ки даъват намудааст, онҳоро низ сафед кардааст, ва ҳар киро, ки сафед кардааст, онҳоро низ ҷалол додааст.
БОБИ ПОНЗДАҲУМ
Боре ман аз радио мусоҳибаеро бо аъзоёни яке аз гурӯҳҳои ҷиноятпешаи Лос-Анҷелес шунидам. Он вақт сатҳи ҷинояткорӣ дар шаҳр беҳад баланд буд. Ҷинояткорон аз тирезаҳои мошинҳояшон сӯи одамон тир мекушонданд, аъзоёни гурӯҳҳои ҷиноятпешаи гуногун бисёр кушторҳоро ба амал оварда буданд. Ҷавонони иштирокчии он мусоҳиба мегуфтанд, ки сабаби асосии ба даста дохил шуданашон хоҳиши зиёди мансуб будан ба ягон гурӯҳ буд. Онҳо рӯйрост иқрор мешуданд, ки барои ба ягон ҷамъияти ҷинояткорон дохил шудан ва сазовори таҳсини онҳо гардидан тайёр буданд ҳама корро кунанд. Барои ин онҳо метавонистанд куштор ба амал оваранд. Баъзеҳо ошкоро нақл мекарданд, ки фақат дар он маврид узви комилҳуқуқи даста шудан мумкин аст, ки ту аввалин шахси вохӯрдаатро кушта тавонӣ. Мақсади чунин куштор исботи он буд, ки ту пурра ба талаботе ки ба узви нав пешниҳод карда мешавад, мувофиқат дорӣ ва барои дастаи худ ба ҳама кор тайёр ҳастӣ. Баъзе ҷавонон иқрор мешуданд, ки чунин пешниҳод ба онҳо маъқул набуд ва онҳо мехостанд бо шартҳои дигар узви даста шаванд. Аммо азбаски хоҳиши мансуб будан ба ҷамъияти ҷинояткорон афзунӣ мекард, ба онҳо лозим меомад, ки шартҳои онро қабул кунанд. Ин изҳорот моро — сокинони маҳаллиро ба даҳшат оварданд, ва мо фаҳмидем, ки тамоман беҳимоя ҳастем.
Ба яке аз дӯстони мо, ки дар назди хонааш сайр мекард, ду ҷавон наздик омаданд. Ин ду нафар дар он рӯз дар кӯчаи тинҷу ором қадам зада, ба дӯсти мо рӯ ба рӯ шуданд. Яке аз ҷавонон таппончаашро бароварда, ба дӯсти мо тир холӣ кард, ва баъд ҷинояткорон ғайб заданд. На ғорат буд, на ҳеҷ гуна дастдарозии дигар. Аммо аз афташ, дӯсти моро фариштаҳо ҳимоя мекарданд, чунки ӯ зинда монд. Бо вуҷуди ин ӯ хеле осеб дид, бинобар ин дигар наметавонист бо кори дӯстдоштааш, ки дар он мумайиз (эксперт) буд, машғул шавад ва ба ӯ лозим омад, ки якчанд солро барои табобат сарф кунад.
Ҷавонон, иштирокчиёни он мусоҳиба, берун аз дастаи ҷиноятпешае ки узви он буданд, маънои ҳаёти худро намедиданд. Аксари онҳо бе падар ба воя расидаанд, баъзеи дигар ятим мебошанд. Ман боварӣ дорам, ки агар он ҷавонон дар оилаҳои мустаҳкам ба воя мерасиданд, агар онҳо муҳаббати наздиконро ҳис мекарданд, ҳеҷ гоҳ ба ин роҳи ҳалокатовар қадам намемонданд. Ин танҳо бори дигар исбот мекунад, ки одамон ба якдигар эҳтиёҷи сахт доранд. Агар дар оила байни аъзоёни он муносибатҳои дурусти писандидаи Худо барпо нашуда бошанд, пас, кӯдакон чунин муносибатҳоро дар кӯча меҷӯянд ва дар натиҷа ба ҷиноятҳо ҷалб карда мешаванд. Ҳамин тавр дастаҳои ҷиноятпеша ташкил меёбанд.
Ҳамаи мо ба оила, дӯстон, ҳисси шарик будан ба ягон ҷамъияти одамон эҳтиёҷ дорем. Агар ту чунин эҳтиёҷ ҳис накунӣ, пас, он ҳамеша дар ҳаёти ту қонеъ карда мешуд. Худо моро барои ҳаёт дар оила ба вуҷуд овардааст. Дар мо гуруснагии табиӣ ҳаст — хоҳиши сахти узви ягон ҷамъият будан, ба он тааллуқ доштан, то ки ҳисси осудагӣ ва боварӣ ба даст оварем, ки мо ба касе даркорем. Аммо ҳатто агар волидони биологии мо оилаи мустаҳкам барпо карда натавониста бошанд, рӯҳафтода шудан лозим нест, зеро барои мо хабари хуб ҳаст: Худо моро ба оилаи
Оилаи рӯҳонӣ доштан то чӣ андоза муҳим аст
Худо Падари мост. Мо — фарзандони Ӯ. Пас ҳамаи касоне ки ба Исои Масеҳ имон доранд — бародарону хоҳарон мебошанд. Мо хеле зиёдем, то ки дар як хона ҷойгир шуда тавонем, аз ҳамин сабаб Худо моро дар хонаҳои гуногун сокин мекунад, ки мо онҳоро калисоҳо меномем. Некӯаҳволии мо ба муносибатҳои мо ба якдигар вобаста аст. Тарзи бо одамон дар калисо барпо намудани муносибатҳоямон ба инкишофи рӯҳонии мо таъсир мерасонад. Агар мо аз одамоне ки Худо ба ҳаёти мо ворид мекунад, дур бошем, ҳеҷ ба мақсади худ намерасем. Ин маънои онро надорад, ки ин одамон ба мо барои ноил шудан ба мақсадамон як навъ ёрӣ мерасонанд. Аммо муошират бо онҳо ба муваффақияти мо мусоидат мекунад.
Мо бояд бо одамоне ки дар роҳи зиндагӣ ҳамроҳи Худованд равонаанд, муносибатҳои наздик дошта бошем. Дар раванди муоширати мо бо одамони беандоза имондор дар мо ҳисси масъулият дар назди онҳо ташаккул меёбад, ва дар навбати худ, дар онҳо ҳамин гуна ҳиссиёт дар назди сарварони аз ҷиҳати рӯҳонӣ қавитар, ки бо онҳо муошират доранд, ташаккул меёбад. Назди масеҳии болиғтар ҷавобгӯ будан барои ҳар яки мо маҳз аз он сабаб муҳим аст, ки ҳамаи мо фиреб хӯрда метавонем. Ҳар яки мо сустиҳо дорем ва аз ҳамин сабаб ба одамоне эҳтиёҷ дорем, ки моро ва ҳаёти моро дар партави ҳақиқат дида тавонанд. Мо ба муносибатҳое эҳтиёҷ дорем, ки танқиди ҳаққонӣ онро барҳам дода наметавонад.
Ин маънои онро надорад, ки ту дар муошират бо роҳбарони калисо ва аъзоёни он мушкилот нахоҳӣ дошт. Аммо ҳар гуна ихтилофотро нишонаи он ҳисобидан лозим нест, ки ту дар ҷои номувофиқ ҳастӣ.
Душмани Ту намехоҳад туро дар оилаи рӯҳонӣ ё дар байни одамони худоҷӯй бинад, зеро медонад, ки ин дӯстӣ то чӣ андоза ба ту таъсири мусбат мерасонад. Ӯ медонад, ки бе дастгирии оилаи рӯҳонӣ ту дар имон нашъунамо карда наметавонӣ. Ӯ медонад, ки бе якшавӣ бо оилаи рӯҳонӣ ва ба он бахшидани худ ту ба сафи исёнкорон меафтӣ, новобаста ба он ки инро мехоҳӣ ё не. Ӯ медонад, ки агар ту робитаро бо аъзоёни оилаи рӯҳонии худ дастгирӣ накунӣ, ҳеҷ гоҳ наметавонӣ чунон касе шавӣ, ки Худо туро он гуна офаридааст. Бинобар ин он бо тамоми қувват кӯшиш мекунад туро аз ин муошират дур кунад, ва аз ҳамин сабаб ту бояд оиди устувор намудани муносибатҳо бо шахсони бениҳоят имондор ғамхорӣ намоӣ.
Бештар аз дӯстон
Дар Китоби Муқаддас ба масъалаи интихоби дурусти дӯстон чунон диққати зиёд дода шудааст, ки мо ин масъаларо сарфи назар карда наметавонем. «Одил ба ёри худ роҳ нишон медиҳад, вале роҳи шарирон онҳоро дар иштибоҳ меандозад» (Мас. 12:26). Агар бо мурури замон мо ҳақиқатан ба дӯстонамон монанд мешуда бошем, пас, бояд дӯстонро бо хирадмандӣ ва эҳтиёткорӣ интихоб намоем. Ҳангоми интихоби дӯстони наздик бигузор моро ҷозибанокии зоҳирӣ, истеъдод, сарват, ақл ё шӯҳратмандии ин ё он шахс ба худ ҷалб накунад. Чизи асосие ки бояд ба он таваҷҷӯҳ дошта бошем, — он аст, ки ин шахс то кадом андоза Худоро дӯст медорад ва дар назди Ӯ тарси эҳтиромона дорад. Агар ту дӯсте дошта бошӣ, ки ҳамеша кӯшиш мекунад иродаи комили Худоро ба ҷо оварад, — бидон, ки ту дӯсте дорӣ, ки муошират бо ӯ туро бо некӯии Худованд фаро мегирад.
Ба Худо писанд намеояд, ки мо бо беимонони бароямон бегона робитаҳои дӯстона дошта бошем, аммо ин маънои онро надорад, ки мо бояд аз касоне ки Худовандро намешиносанд, барканор бошем. Тамоман ин тавр не. Мо дар дастони Худо асбобе мебошем, ки Ӯ барои паҳн намудани Каломи Худ дар байни беимонон истифода мебарад. Аммо дар мавриди муносибатҳои наздик, ки ба ҳаёти мо таъсир мерасонанд, мо бояд онҳоро бо хирадмандӣ бунёд намоем, ва шахсонеро дӯст интихоб намоем, ки Худоро дӯст медоранд ва дар назди Ӯ тарси эҳтиромона доранд. Агар ту дӯстони наздики масеҳӣ надошта бошӣ, оиди он дуо гӯй, ки одамони худоҷӯй ба ҳаёти ту дохил шаванд ва дӯстони ҳақиқии ту шаванд.
Ҳафт нишонаи асосӣ, ки дӯсти ҳақиқиро фарқ мекунонанд
1.
2.
3.
4.
5.
6.
7.
Агар ту дӯстоне дошта бошӣ, ки сифатҳои зикршударо доранд, дӯстии худро бо онҳо ҳифз намо ва оиди он дуо гӯй. Агар дӯстони ту на ҳамаи сифатҳои зикршударо дошта бошанд, барои онҳо дуо гӯй.
Ҳафт нишонаи асосӣ, ки дӯсти бардурӯғро фарқ мекунонанд
1.
2.
3.
4.
5.
6.
7.
Агар ту дӯстони дорои чунин сифатҳо дошта бошӣ, аз Худо хоҳиш бикун, ки ба ту дӯстони нав диҳад, аммо дар айни замон оиди он дуо гӯй, ки дӯстони пештараат дигаргун шаванд.
Дуо гуфтан оиди нигаҳдории муносибатҳо бо одамон
Мушкилоти ҷиддӣ дар муносибатҳои одамон аксар вақт натиҷаҳои фоҷиавӣ доранд. Ҳатто агар муносибатҳои ту бо ин ё он шахс то охир вайрон нашуда бошанд ҳам, барои барқарор намудани онҳо солҳо лозим шуда метавонанд.
Оиди нигаҳдории муносибатҳо бо одамон дуо гуфтан назар ба дуо гуфтан оиди барқарор шудани онҳо осонтар аст. Ҳолати муносибатҳои мо бо одамон дар давраи калонсолӣ ба он вобаста аст, ки мо дар ҷавонӣ аз вазъиятҳои душвор чӣ гуна мебаромадем ва дӯстиро нигоҳ медоштем. Одатҳо ва малакаҳои муошират, ки мо аз гузаштаи худ меоварем, ба муносибатҳои имрӯзаи мо бо одамон таъсири фаъолона мерасонанд. Имконияти зиёд ҳаст, ки иблис ба муносибатҳои мо дахолат мекунад ба онҳоро вайрон карданӣ мешавад. Аз Худо илтиҷо намо, то ба ту ёрӣ диҳад, ки дӯсти ҳақиқӣ шавӣ ва ба ту дили поки дӯстдор диҳад. Хусусан барои касоне ки ҳамроҳашон зиндагӣ мекунӣ, дуо гӯй.
Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «…Ҳар подшоҳие ки бар зидди худ аз ҳам ҷудо шавад... устувор истода наметавонад» (Мат. 12:25). То даме ки бо наздикон дар нифоқ зиндагӣ мекунӣ, осоишро дарк нахоҳӣ кард.
Муносибатҳоятро бо одамон ба амри тасодуф ҳавола накун. Оиди он дуо гӯй, ки дар ҳаёти ту одамони тақводор пайдо шаванд, то бо онҳо муошират карда тавонӣ. Барои барпо намудани шиносоиҳо саъй накун, балки оиди онҳо
Ин маънои онро надорад, ки ту бояд дӯстони зиёд дошта бошӣ. Аз ҳама муҳим он аст, ки туро бо дӯстонат қудрати Худованд муттаҳид намояд. Дар ин ҷо на миқдор, балки сифат муҳим аст. Муносибатҳо бо атрофиён ба некӯаҳволии мо таъсир мерасонанд. Ҷудоии рӯҳонӣ — моҳиятан падидаи носолим аст. Муносибатҳои дуруст касро ғанӣ мегардонанд, ба мувозинат меоваранд ва ба воқеаҳои ҳаёти худ воқеъбинона муносибат карданро ёд медиҳанд. Одамони худоҷӯй барои ба самти дуруст рафтани ту ёрӣ мерасонанд, ва афзалиятҳои онҳо аз они ту мешаванд. Сифати муносибатҳои ту бо одамон ҳатман ба сифати ҳаёти ту таъсир мерасонад. Дар ин бора дуо гуфтан меарзад.
Ба ман ёрӣ деҳ, то бо касоне ки ман бо онҳо муносибатҳои на он қадар хуб дорам, муносибатҳои хуб барпо намоям. Аз ҷумла, ман оиди беҳтар шудани муносибатҳо бо… (номи шахсеро зикр намо, ки бо ӯ муносибатҳои шиддатнок дорӣ). Ман медонам, ки ду нафар, агар байни худ маслиҳат накарда бошанд, якҷоя роҳ рафта наметавонанд (ниг.: Ам. 3:3), аз ҳамин сабаб ба мо ёрӣ деҳ, ки ба ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамфикрӣ оем. Дар ҳар яки мо он чиро, ки ба дигаргунӣ эҳтиёҷ дорад, дигаргун намо. «Девори ҷудоӣ» (Эфс. 2:13–15) ва нофаҳмиро хароб намо. Ман ин шахсро ба дасти Ту месупорам ва хоҳиш мекунам: муносибатҳои ману ӯро писандидаи Худ гардон, барои ҷалоли Худ чунин бикун.
Ман оиди устувории муносибатҳоям бо ҳамаи аъзоёни оилаам дуо мегӯям, хусусан бо… (номи узви оила, ки муносибатҳо бо ӯ туро хавотир мекунанд). Аз Ту илтиҷо мекунам: он чиро, ки ба шифо додан ва барқарор намудан эҳтиёҷ дорад, шифо деҳ ва барқарор намо, барои оштӣ шудани мо ёрӣ расон ва муносибатҳои моро баракат деҳ.
Худовандо, ман аз Ту ҳамчунин хоҳиш мекунам, ки оиди муносибатҳои ман бо беимонон, ки Туро намешиносанд, ғамхорӣ намо. Ба ман суханонеро гӯй, ки метавонанд дилҳои онҳоро сӯи Ту нигаронанд. Маро барои онҳо нур гардон. Хусусан аз Ту барои… (номи шахси беимон ё аз Худо дуршударо зикр намо) илтиҷо мекунам. Дили ӯро мулоим намо ва чашмонашро кушо, то ки ӯ Туро дида тавонад ва собитқадамона аз пайи ту равад.
Ман оиди он дуо мегӯям, ки ба ҳаёти ман одамон аз ҷониби Худованд биёянд: дӯстон, муаллимон ва касоне ки барои ман намунаи ибрат буда метавонанд. Худованд, ба ман вохӯриро бо одамоне деҳ, ки ҳақиқатро бо муҳаббат гуфта метавонанд. Аз ҷумла, ман оиди он хоҳиш мекунам, ки дар ҳаёти ман дугонаҳои сазовори боварӣ, меҳрубон, дӯстдор ва вафодор пайдо шаванд. Аммо беш аз ҳама ман мехоҳам, ки онҳо занҳои имонашон қавӣ бошанд, ки муошират бо онҳо барои рӯҳан комил гардидани ман ёрӣ расонад, ва ҳамчунин ба онҳо низ –– муошират бо ман, то ки мо якҷоя меъёрҳои нави баландтарро муқаррар кунем ва барои расидан ба онҳо саъй намоем. Бигузор бахшидан ва муҳаббат ба воситаи муоширати мо бо якдигар озодона ба ҷаҳон ҷорӣ шаванд. Ба ман ёрӣ деҳ, то ба одамон нури Туро расонам.
Пас, шумо акнун на ғайр ҳастед ва на бегона, балки ҳамватани муқаддасонед ва аҳли хонаи Худо, ва бар асоси ҳаввориён ва пайғамбарон барқарор гардидаед, ки Худи Исои Масеҳ санги зовия аст. Бар Ӯ тамоми иморат маҳкам пайваст шуда, ба маъбади муқаддасе дар Худованд табдил меёбад, ва бар Ӯ шумо низ бино меёбед, то ки дар Рӯҳ маскани Худо бошед.
Худо оворагонро ба хонаашон бармегардонад, бандиёнро аз завлонаҳо берун меоварад; аммо исёнгарон дар биёбони тафсон сокин хоҳанд шуд.
Ҳар гуна кудурат ва қаҳр, ва ғазаб ва фарёд, ва бадгӯӣ бизгзор аз шумо бо ҳар навъ шарорат дур шавад; балки ба якдигар меҳрубон ва дилсӯз бошед ва якдигарро афв намоед, чунон ки Худо низ моро дар Масеҳ афв намудааст.
…То ки мо дигар кӯдаконе набошем, ки бо боди ҳар таълим калавонида ва ронда мешаванд, аз найрангбозии одамон, ки бо талбис дар иштибоҳ андохта, гумроҳ мекунанд, балки дар муҳаббат ростиро баён намуда, мо дар ҳар чиз ба Он ки Сар аст, яъне ба Масеҳ нумӯ ёбем. Аз Ӯ тамоми Бадан, ба воситаи ҳар навъ пайвандҳои тавқияткунанда мустаҳакам ва пайваст шуда, бо амали ҳар андоми ҷудогона ба андозаи хоси он афзоиш меёбад, то ки худро дар муҳаббат бино кунад.
БОБИ ШОНЗДАҲУМ
Ман ва фарзандонам дар болои вайронаҳои хонаамон дар Нортриҷ (иёлати Калифорния), ки аз заминларзаи соли 1993 вайрон шуда буд, қадам зада, мегиристем. Мо мефаҳмидем: агар он вақт дар ин хона мебудем, ҳалок мешудем. Мо ин хонаи хубро хеле дӯст медоштем ва онро тарк кардан намехостем. Аммо якчанд моҳ пеш аз заминларза мо ба маҳалли нави сукунат ба иёлати дигар кӯчидем. Пеш аз он ки оиди кӯчидан қарор кунем, хеле зиёд дуоҳо кардем ва муборизаи калони ботиниро аз сар гузарондем, аммо боварӣ доштем, ки Худо моро роҳнамоӣ мекард. Мо ҳатто фурсат наёфтем, ки пеш аз кӯчидан хонаро фурӯшем, зеро ҳис мекардем, ки бояд дарҳол кӯчида равем. Он вақт мо хости Худоро дарк кардем ва ба даъвати Худованд ҷавоб додем, бигузор ҳатто бар хилофи хоҳиши худ. Агар мо чунин намекардем, дар маркази заминларза мебудем.
Хости Худо барои мо паноҳгоҳ аст. Ман гуфтан намехоҳам, ки Худованд дар ҳаққи касоне ки ҳангоми ин фалокат дар Калифорния буданд, ғамхорӣ намекард, — фақат ҳаминро медонам, ки мо дар маркази диққати Ӯ будем. Акнун ман мефаҳмам, ки хонаи мо он вақт маҳз аз он сабаб фурӯхта нашуд, ки сокинони наваш ҳалок нашаванд. Агар мо хости Худоро ба ҷо оварем, мо дар бехатарӣ ҳастем; агар мо ба Худо итоат накунем, аз ҳимояи Ӯ маҳрум мешавем.
Ҳар яки мо мехоҳад дар маркази нақшаи Худо бошад, бинобар ин ҳама гуна амали ҷиддӣ — хоҳ гузаштан ба ҷои кори нав бошад, кӯчидан ба маҳалли нави зист ё чизи ба ҳамин монанд — бе розигии Худо набояд ба ҷо оварда шавад. Мо бояд доимо аз Худо хоҳиш кунем, ки хости Худро ба мо ошкор намояд ва моро роҳнамоӣ кунад; аз Ӯ хоҳиш кунем, ки бо мо чунон гап занад, ки мо Ӯро фаҳмем. «…Ва гӯшҳотон суханеро аз қафои шумо хоҳад шунид, ки мегӯяд: «Роҳ ин аст, бо он биравед», вақте ки ба тарафи рост ё чап майл кунед» (Иш. 30:21). Ман ва аҳли оилаам ҳамеша ба Худованд шукргузор хоҳем буд, барои он ки Ӯ ба мо ёрӣ дод, ки Ӯро шунавем ва хости Ӯро ба ҷо оварем.
Чор ҳақиқат оиди хости Худо
1.
2.
3.
4.
Ҳар рӯз ҳангоми қабули қарор мо байни иродаи Ӯ ва иродаи худ интихоб мекунем. Ба Худо писанд намеояд, ки ту барои қонеъ намудани хоҳишҳои ҷисми худ зиндагӣ кунӣ, Ӯ мехоҳад, ки ту «мувофиқи иродаи Худо» умр ба сар барӣ (1 Пет. 4:2). Ӯ мехоҳад, ки мо «дар ҳар кори нек барои иҷрои иродаи Ӯ» комил бошем, то ки он чи «ба Ӯ писандида» (Ибр. 13:21) аст, ба амал ояд. «…Зеро ки Худо дар шумо, бо ҳусни таваҷҷӯҳи Худ, ҳам хоҳиш ва ҳам амалро ба вуҷуд меоварад» (Флп. 2:13). Ман оиди он дуо мегӯям, ки ту «комил буда ва аз ҳар чизи писандидаи Худо вуқуф дошта, истодагӣ кунӣ» (Қӯл. 4:12).
Дарки хости Худоро аз шукргузорӣ ба Худованд сар кардан аз ҳама беҳтар аст: «Барои ҳама чиз шукр гӯед, зеро ки чунин аст иродаи Худо дар ҳаққи шумо дар Исои Масеҳ» (1 Тасл. 5:18). Худовандро барои он ки Ӯ дар ҳаққи ту ғамхорӣ мекунад, шукргузорӣ намо, сипас аз Ӯ хоҳиш кун, ки ҳар як қадаматро роҳнамоӣ кунад. Эҳсос намудани боварӣ ба он ки ту дар роҳи дуруст ҳастӣ ва кори
Маро «дар ростии Худ раҳнамо шав» ва «роҳи Худро пеши ман ҳамвор кун» (ниг.: Заб. 5:9). Бо мурури он ки ман ба Ту наздик мешавам ва бо Ту муносибатҳои наздик барпо менамоям, маро ба он ҷое бар, ки бояд равам.
Аз пайи Исо, ки чунин гуфтааст: «…на иродаи Ман, балки иродаи Ту бигзор ба амал ояд»» (Луқ. 22:42), ман ба Ту мегӯям: «На иродаи Ман, балки иродаи Ту дар ҳаёти ман ба амал ояд». «Хости Туро, эй Худои ман, ба ҷо овардан мехоҳам, ва қонуни Ту андаруни дили ман аст» (Заб. 39:9). Ту барои ман аз ҳама чизи ҷаҳон муҳимтар ҳастӣ. Ман мехоҳам хизматгори Ту бошам ва хости Туро аз таҳти дил ба ҷо оварам (ниг.: Эфс. 6:6).
Худовандо, дили маро бо дили Худ муттаҳид намо. Ба ман ёрӣ деҳ Туро бишнавам, ки ба ман бигӯӣ: «Ин роҳи дуруст аст. Бо он бирав». Агар ман хости Туро вайрон кунам, инро ба ман бигӯ. Бо ман ба воситаи Каломат чунон гап зан, ки ман Туро фаҳмам. Ба ман ҳамаи тарафҳои ҳаётамро нишон деҳ, ки ман дар куҷо хато мекунам ва аз мақсад дур мешавам. Агар барои ман муқаррар шуда бошад, ки ягон корро ба ҷо оварам, вазифаи маро ба ман ошкор намо ва ёрӣ деҳ, ки ба он пайравӣ кунам. Ман мехоҳам он чиро ба ҷо оварам, ки Ту таҳсин мекунӣ.
Худовандо, ман медонам, ки инсон худро ба роҳи дуруст ҳидоят карда наметавонад, ва ман аз Ту хоҳиш мекунам: қадамҳои маро равона кун, зеро маҳалли муқарраршударо танҳо Ту медонӣ. Ман намехоҳам аз роҳе ки ту маро ба он гузоштаӣ, бероҳа шавам ва ба ҷои нодуруст равам. Ман мехоҳам мероси Туро ба даст оварам ва чунон шавам, ки ту маро он гуна офаридаӣ, ва барои ин ба ман ёрӣ деҳ имрӯз ба иродаи комили Ту итоат намоям.
На ҳар касе ки ба Ман: “Худовандо! Худовандо!” мегӯяд, ба Подшоҳии Осмон дохил хоҳад шуд, балки он касе ки хости Падари Маро, ки дар осмон аст, ба ҷо меоварад.
Зеро шуморо сабр лозим аст, то ки иродаи Худоро иҷро намуда, ваъдаро ба даст оваред.
Зеро, агар мутобиқи иродаи Худо бошад, барои аъмоли нек уқубат кашадан беҳтар аст аз он ки кас барои аъмоли бад уқубат кашад…
Пас, онҳое ки бар тибқи иродаи Худо уқубат мекашанд, бигзор ҷонҳои худро ба Офаридагори амин супоранд ва некӣ кунанд.
Ва ҷаҳон бо ҳавасҳояш гузарон аст, аммо касе ки иродаи Худоро ба ҷо меоварад, то абад боқист.
БОБИ ҲАБДАҲУМ
Чанде пеш ман дар як меҳмонхонаи серошёна, ки дар соҳили уқёнус буд, истироҳат менамудам. Маҳалли зисти ман дар ошёнаи болоӣ буд, ва тирезаҳои ҳамаи ҳуҷраҳо — ҳуҷраи хоб, ҳуҷраи қабули меҳмонон ва ҳуҷраи хӯрокхӯрӣ — рӯ ба уқёнус буданд. Манзарае ки дар пеши назарам кушода мешуд, хеле зебо буд.
Дар рӯзи аввали дар он ҷо будан бедор шуда, ман бархоста, пардаро як тараф кардам ва боз дар ҷойгаҳ дароз кашидам, то ки аз манзараи паси тиреза ҳаловат барам ва баъзе фикрҳоро дар блокнот нависам. Ман аз замин дар баландии зиёд будам ва ғайр аз осмон ва об чизеро намедидам, ва барои дидани пляжи регии дар поён буда лозим меомад, ки ба воситаи ҳуҷраи қабули меҳмонон ба балкон гузашта, аз дастаки он дошта, хам шуда нигоҳ кунам.
Ман ғарқи фикрҳои худ нишаста, дар ин кабудии осмон ва уқёнус гӯё ҳал шуда будам. Ҳамин вақт ногоҳ дар паси тиреза дар сатҳи чашмони ман ҳавопаймои беҳад калон намоён шуд. Чунин метофт, ки он тамоман наздик буд. Ғайричашмдошт пайдо шудани объекти хеле калон ва садояш баланд маро чунон ҳайрон кард, ки дилам аз даҳшат қариб аз тапидан бозмонд. Маро воҳима ва тарси беандоза фаро гирифт, ва синаамро дарди сахте гӯё сӯрох кард. Дар баробари он, ки ман хеле тарсида будам, ман аз аксуламали худ ба воқеа ҳайрон шуда будам. Дар ёд надорам, ки пештар ман ба хатар бо ин гуна эҳсосот аксуламал мекарда бошам. Ҳамааш ғайричашмдошт ба амал омад, ва ғайр аз ин, пештар ман ҳавопайморо дар осмон ҳеҷ гоҳ ин қадар наздик надида будам. Тарс гӯё маро фалаҷ гардонда буд.
То 11-уми сентябри соли 2001 ба гӯшаи хотирам ҳам намеомад, ки ҳавопаймо ба тирезаи ман бархӯрда метавонад. Аммо маълум шуд, ки новобаста ба он ки ман инро дарк мекунан ё не, чунин имконият вуҷуд дорад. Шавқовар, фикр кардам ман, ҳар рӯз дар атрофи мо боз чӣ қадар хатарҳо ҳастанд?
Мо бисёр чизҳоро пайхас намекунем –– то даме ки бадӣ бо тамоми қудрати худ бар мо фурӯ мерезад ва ҳаёти моро барои ҳамеша дигаргун мекунад. Ман бовар мекунам, ки Падари Осмонии мо оиди мо хеле беҳтар аз он чи мо фикр мекунем, ғамхорӣ мекунад. Аммо мо набояд ба ин чун ба як чизи комилан табиӣ муносибат намоем, зеро оиди ин доимо дуо гуфтан даркор аст.
Худо моро фақат дар он маврид ҳимоя мекунад, ки дар итоаткорӣ ба Ӯ қадамгузор бошем ва хости Ӯро ба ҷо оварем. Яке аз ин шартҳоро ба ҷо наоварда, мо аз пӯшиши ҳимоякунандаи Ӯ маҳрум мешавем. Мо шунидани Ӯро, ки бо кадом роҳ рафтанамонро ба мо мегӯяд, бас мекунем. Агар одамон аз Худо хоҳиш мекарданд, ки онҳоро роҳнамоӣ кунад ва фармудаҳои Ӯро ба ҷо меоварданд, аз чӣ қадар бадбахтиҳо барканор мемонданд. Ё агар ақаллан ба Ӯ фақат гӯш медоданд!
Ман мавридеро ба ёд меоварам, ки якчанд рӯз пас аз барфбории зиёд бо мошинам дар роҳи пурбарф равона будам. Ман ба чорраҳои сермошин оҳиста наздик шуда, поямро ба педали тормоз мондам, зеро сигнали сурхи светофор фурӯзон буд, аммо мошин пеш рафтанро давом дод. Дертар маълум гардид, ки ман тасодуфан бо мошинам ба болои яхи барфпӯш гузаштаам. Он чорраҳа ҷои бурида гузаштани якчанд роҳҳои калон буд, ки дар ҳар ду тарафи онҳо заҳбурҳо канда шуда буданд. Дар пеши ман ба ҳар тараф мошинҳо ҳаракат мекарданд, ва ман фаҳмидам, ки идоракунии мошинро аз даст додаам ва бозистода наметавонам.
«Исо, ба ман ёрӣ деҳ!» — илтиҷо намудам ман. Ман бо тамоми қувват кӯшиш мекардам, ки ба яке аз заҳбурҳо шорида нағалтам, ва мошинам ба маркази чорраҳа гузашта рафт. Дар атрофи ман мошинҳо бо суръат гузашта мерафтанд, ва ронандагони онҳо низ кӯшиш мекарданд идоракунии мошинро аз даст надиҳанд, як мошини сабз рост сӯи ман ҳаракат мекард, ва ман то ҳол намефаҳмам, ки чӣ тавр тавонистам чунин кунам, ки бо ӯ барнахӯрам. Ягона чизе ки ман дар ёд дорам, — он буд, ки ман беист дуо мегуфтам.
Аз афти кор, он вақт Худованд дахолат намуд, ва зинда мондани ман мӯъҷиза буд. Дар он рӯз ман пеш аз он ки аз хона бароям, дуо мегуфтам ва аз Худо хоҳиш мекардам, ки маро дар бехатарӣ нигоҳ дорад. Ман шубҳае надорам, ки Ӯ дуои маро иҷобат намуд.
Дар чунин лаҳзаҳо, ҳангоме ки ҳаёт гӯё дар як мӯй овезон аст, бояд махсусан боварӣ дошта бошӣ, ки бо Падари Осмонии худ робита дорӣ ва Ӯ туро мебинад. Дар вазъияте ки ман ба он афтодам, ба мо ҷавоби фаврӣ ба дуоямон даркор аст, аммо барои боварӣ доштан ба он ки чунин ҷавобро мегирӣ, ҳар рӯз дуо гуфтан лозим аст. Худо паноҳгоҳи туст, ки дар он ту ҳамеша паноҳ ёфта метавонӣ, аммо он танҳо дар он маврид барои ту кушода мешавад ва ҳудуди ту мешавад, ки доимо бо Ӯ муошират намоӣ. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Дар худотарсӣ қалъаи мустаҳкаме ҳаст, ва вай барои фарзандонаш паноҳгоҳ мешавад. Худотарсӣ чашмаи ҳаёт аст, ва аз домҳои мамот дур мекунад» (Мас. 14:26–27). Агар мо ба
Худовандо, ман мехоҳам дар зери паноҳи Ту ва дар зери ҳимояи Ту бошам (ниг.: Заб. 90:1). Маро дар зери болопӯши ҳимоявии Худ ҳифз намо. Имкон надеҳ, ки аз иҷрои хости Ту канораҷӯӣ кунам ё аз роҳе ки Ту барои ман муқаррар намудаӣ, бероҳа шавам. Ёрӣ деҳ ҳамеша Туро, ки ба ман роҳ нишон медиҳӣ, шунавам. Фариштаҳои Худро бифирист, то маро дар ҳамаи роҳҳоям ҳифз намоянд ва ҳимоя кунанд. Бигузор онҳо маро бардошта баранд, то ки ман пешпо нахӯрам (ниг.: Заб. 90:12).
Худовандо, ту паноҳгоҳи ман ва қудрати ман ҳастӣ, «мададгоре ки дар тангиҳо зуд пайдо мешавад» (ниг.: Заб. 45:2). Туро барои он шукр мегӯям, ки ҳеҷ гуна силоҳе ки зидди ман сохта шудааст, муваффақ нахоҳад буд (ниг.: Иш. 54:17). Туро барои он шукр мегӯям, ки ту маро ба дасти одамони бадкирдор, ки маро нобуд кардан мехоҳанд, намедиҳӣ (ниг.: Заб. 36:32–33). «Ҳамчун гавҳараки чашм маро нигаҳбонӣ намо; дар сояи болҳои Худ маро пинҳон бикун…» (Заб. 16:8). Маро аз нақшаҳои одамони бад, аз хатарҳои ногаҳонӣ ҳифз намо. «Ба ман раҳм намо, эй Худо, ба ман раҳм намо! Зеро ки ҷонам ба Ту паноҳ мебарад, ва дар сояи болҳои Ту паноҳ мебарам…» (Заб. 56:2). Туро барои он шукр мегӯям, ки «Ба осудагӣ дароз мекашам ва хоб меравам, зеро ки танҳо Ту, эй Парвардигор, маро дар оромӣ сокин мегардонӣ» (Заб. 4:9). Туро барои он шукр мегӯям, ки Ту ваъда додаӣ, ки маро ҳимоя мекунӣ. Ва имрӯз ман изҳор менамоям, ки ба ин ваъдаҳо боварии пурра дорам.
Зеро ки ту гуфтаӣ: «Парвардигор умеди ман аст»; Боломақомро ту паноҳгоҳи худ ихтиёр кардаӣ. Бадие ба ту рӯй нахоҳад дод, ва офате ба хаймаи ту наздик нахоҳад шуд.
Ҳар олате ки бар зидди ту сохта шавад, муваффақият нахоҳад ёфт…
Вақте ки аз обҳо бигзарӣ, Ман бо ту хоҳам буд, ва аз наҳрҳо бигзарӣ, онҳо туро ғарқ нахоҳад кард; вақте ки аз миёни оташ қадамгузор шавӣ, нахоҳӣ сӯхт, ва аланга туро нахоҳад сӯзонид…
Бо парҳои Худ туро хоҳад пӯшонид, ва зери болҳои Ӯ паноҳ хоҳӣ ёфт; ростии Ӯ зиреҳ ва ҷавшан аст. Аз хавфи шабона нахоҳӣ тарсид, ва аз тире ки рӯзона мепарад; ва аз вабое ки дар торикӣ қадамгузор аст, ва аз тоуне ки дар нимирӯзӣ нобуд мекунад. Ҳазорҳо ба гирду пешат хоҳанд афтод, ва даҳҳо ҳазор ба дасти ростат, аммо ба ту наздик нахоҳад шуд...
…Ба фариштагони Худ дар бораи ту амр хоҳад дод, ки туро дар ҳамаи роҳҳоят нигоҳдорӣ кунанд.
БОБИ ҲАЖДАҲУМ
Ман дар боби гузашта оиди меҳмонхонае ки дар он истироҳат карда будам, нақл кардам. Дар балкони он нишаста, ман имконияти нодире пайдо кардам, ки воқеаҳои дар поён дар пляж рӯй медодаро мушоҳида намоям. Аз боло ба ман ҳамаи ҷойҳои пастоб ва чуқури қаъри уқёнус намоён буданд. Ман медидам, ки одамон аз ҷойҳои чуқур шино карда, ба ҷойҳои пастоб мерасиданд, ва он вақт лозим меомад, ки ба по хезанд, зеро об дар он ҷо базӯр то зону мерасид. Мушоҳида кардан шавқовар буд, ки истироҳаткунандагон дар пастоби регии уқёнус сайру гашт мекарданд ва ногоҳ ба ҷойҳои чуқур расида, фурӯ мерафтанд. Ман тасаввур намудам, ки агар бо он одамон ягон хел робита медоштам, ҳар боре ки онҳо ба ҷойҳои чуқур наздик шаванд, онҳоро оиди хатар огоҳ намуда метавонистам. Аммо онҳо бо ман робита надоштанд. Аз ҳамин сабаб ман ҳеҷ наметавонистам ба онҳо оиди он чи аз мавқеи худ медидам, хабар диҳам.
Ман боварӣ дорам — дар муносибатҳои мо бо Худо худи ҳамин чиз рӯй медиҳад. Ӯ ҳама чизро мебинад, чунки аз ҳамаи мо болотар ҷойгир шудааст. Агар мо доимо бо Ӯ дар робита мебудем ва аз Ӯ хоҳиш мекардем: «Худовандо, моро роҳнамоӣ кун, то ки мо наафтем», пас, Ӯ моро аз канори ҷарӣ дур мекард. Аммо мо аксар вақт бо Худо чунин робита надорем, зеро мо ба Ӯ муроҷиат намекунем, роҳнамоии Ӯро намеҷӯем. Мо аз Ӯ хирадмандӣ наметалабем, кӯшиш намекунем ваҳйҳои Ӯро дарк намоем. Аз ҳамин сабаб мо ин қадар бисёр пешпо хӯрда, меафтем.
Чунон ки аз Китоби Муқаддас маълум аст, Лут, бародарзодаи Иброҳим, дар охири умр ба доми душмани насли башар афтид, зеро барои худ заминеро интихоб намуд, ки ба фикраш, хуб буд (ниг.: Ҳас. 13:10–11), аммо, чунон ки маълум шуд, дар ин замин одамони бадкирдор сокин буданд (ниг.: Ҳас. 13:13).
Лут аз рӯи фаҳмиши худ қарор қабул намуд, ва ба фикри худ гӯё интихоби беҳтарин кард, ва аҳамият надод, ки
Ҳамаи он чи бо Худо алоқаманд аст, танҳо дар Рӯҳ ошкор мешавад. «Аммо одами нафсонӣ он чиро, ки аз Рӯҳи Худост, қабул намекунад, чунки он дар назари ӯ ҷаҳолат аст; ва онро дарк карда наметавонад, чунки он ҳукми рӯҳониро металабад» (1 Қӯр. 2:14). Оё ту ягон вақт шоҳиди он будӣ, ки шахси бехирад рафтори нохуб мекунад ё қарори аблаҳона қабул менамояд? Натиҷаҳои чунин қадам барои ту аён ҳастанд, аммо аз
Хирадманд будан маънои онро дорад, ки шумо вазъиятҳои ҳаётиро равшан мебинед ва амиқ мефаҳмед ва оиди ҳар яки онҳо қарорҳои дуруст қабул менамоед. Ин маънои онро дорад, ки шумо ҳақиқатро аз дурӯғ фарқ кунонда метавонед, оиди ҳама чиз оқилона муҳокимаронӣ карда метавонед, ҳангоми ба лаби ҷарӣ наздик шудан хатарро мебинед ва қарорҳои дуруст қабул менамоед. Аммо ин танҳо ба Худо дастрас аст, ва фақат Ӯ чӣ кор карданро медонад. «Лекин чун Ӯ, яъне Рӯҳи ростӣ ояд, шуморо ба тамоми ростӣ роҳнамоӣ хоҳад кард; зеро ки аз худ нахоҳад гуфт, балки ҳар чи мешунавад, онро хоҳад гуфт, ва аз воқеоти оянда ба шумо хабар хоҳад дод» (Юҳ. 16:13). Мо тасаввур карда наметавонем, ки чанд бор хирадмандӣ ҳаёти моро наҷот дода, аз роҳи бадӣ дур бурдааст, ва чанд бор дар оянда ба он лозим меояд, ки ин корро кунад. Бинобар ин, мо бе он ҳеҷ кор карда наметавонем, ва аз ҳамин сабаб мо бояд аз Худо хирадмандӣ дархост намоем. Ту бояд чунин дуо гӯӣ: «Худованд, ба ман дар ҳар кор хирадмандӣ ато намо. Ба ман ёрӣ деҳ, ки ҳар рӯз дар хирадмандӣ қадамгузор бошам».
Даҳ воситаи дурусти дар ҳикмат қадамгузор будан
1.
2.
3.
4.
5.
6.
7.
8.
9.
10.
Даҳ сабаби асосӣ барои дархост намудани хирадмандӣ
1.
2.
3.
4.
5.
6.
7.
8.
9.
10.
Аз Худо маслиҳат бипурс
Пеш аз он ки аз одамон маслиҳат бипурсӣ, бояд дар аввал ба Худо муроҷиат намоӣ. Ман гуфтан намехоҳам, ки тавсияҳои духтур ё ҳуқуқшиноси беимонро гӯш кардан лозим нест, — ман мехоҳам диққатро ба он равона кунам, ки
Ман он вақт танҳо аз боиси кунҷковӣ ба поён ба пляж фаромадам ва ба об даромада, сӯи яке аз пастобҳое ки аз боло дида будам, равона шудам. Ман ба нуқтаи баландтарин расида, ба об нигаристам ва аниқ карданӣ шудам, ки чуқурӣ дар куҷо сар мешавад. Ман медонистам, ки аз як тараф ҷарии ростфаромада буд, ва дилпурона сӯи канори он рафтам. Аммо нохост канораи пастоб шикаст ва ман ҳамроҳи он фурӯ рафтам. Бо ман ҳамон воқеа рӯй дод, ки бо ҳамаи шиновароне ки аз боло онҳоро мушоҳида мекардам, рӯй дода буд.
Ҳамин тариқ, худбоварии ман «тар шуд», ва худам низ тамоман тар шуда, ба соҳил баргаштам. Ман фаҳмидам: ҳар қадар ба донишҳои худ
Худовандо, ба ман биёмӯз, ки фақат аз парҳезгорон маслиҳат пурсам ва ба ҷаҳон ва одамони беадолат муроҷиат накунам. Худовандо, Туро барои он шукр мегӯям, ки ҳамеша маро ҳидоят менамоӣ, ҳатто дар вақти хобам. Туро барои он шукр мегӯям, ки ту «роҳи ҳаётро ба ман меомӯзӣ» (ниг.: Заб. 15:7–11).
Ман фармудаҳо ва Каломи Туро дӯст медорам. Ба ман оиди онҳо шабу рӯз андеша намуданро ёд деҳ. Ба ман мадад расон, ки оятҳои Китоби Муқаддасро хубтар дар ёд нигоҳ дорам ва Каломатро дар дили ман нигоҳ дор. Худовандо, ман медонам: «Касе ки аз худаш дилпур бошад, аблаҳ аст, вале касе ки бо хирад рафтор кунад, раҳо хоҳад шуд» (Мас. 28:26). Ман ба дилам боварӣ кардан намехоҳам; ман ба Каломи Ту ва маслиҳати Ту боварӣ кардан мехоҳам, то ки ҳамеша дар хирадмандӣ қадамгузор бошам ва ҳеҷ гоҳ корҳои аблаҳона накунам. Маро шахси хирадманд гардон.
Ту дар Каломат гуфтаӣ, ки ба росткорон хирадмандӣ медиҳӣ (ниг.: Мас. 2:6–7). Ба ман ёрӣ деҳ, то дар росткорӣ ва покӣ ва дар итоаткорӣ ба фармудаҳои Ту қадамгузор бошам. Бигузор ман ҳеҷ гоҳ дар чашмони Ту хирадманд набошам; бигузор ман ҳамеша аз номи Ту тарс дошта бошам. Ба ман ёрӣ деҳ аз бадӣ дур шавам, то ки ҳамеша солим бошам, чунон ки Каломат ваъда медиҳад (ниг.: Мас. 3:7–8). Ба ман хирадмандӣ, дониш, фаҳмиш ва мулоҳизакорӣ ато намо, ки ман ба онҳо эҳтиёҷ дорам, ва маро аз домҳои иблис ҳифз намо, то ки ман бо роҳҳои бехатар роҳ рафта тавонам ва пешпо нахӯрам (ниг.: Мас. 2:10–13). Худовандо, ту гуфтаӣ, ки дар Ту «ҳамаи ганҷҳои ҳикмат ва дониш ниҳон аст» (Қӯл. 2:3). Ба ман ёрӣ деҳ, то ин ганҷҳоро пайдо намоям.
Ибтидои ҳикмат тарси Парвардигор аст, ва шинохтани Қуддус хирад аст, чунки ба воситаи ман айёми ту зиёд хоҳад шуд, ва солҳои умри ту хоҳад афзуд.
Даҳони росткор ҳикматро баён мекунад, ва забони ӯ инсофро ифода менамояд. Қонуни Худои ӯ дар дили ӯст; қадамҳояш суст нахоҳанд шуд.
Хона бо ҳикмат бино меёбад ва бо хирад барқарор мегардад. Ва бо дониш ҳуҷраҳо аз ҳар навъ молу мулки гаронбаҳо ва дилпазир пур мешавад.
…Маро бихон, ва Ман туро иҷобат хоҳам намуд, ва ба ту чизҳои бузург ва ниҳониеро, ки намедонӣ, баён хоҳам кард.
…Агар донишро даъват намоӣ ва овози худро сӯи хирад баланд кунӣ; агар онро мисли нуқра орзу кунӣ ва мисли ганҷҳо ҷустуҷӯ намоӣ, – он гоҳ худотарсиро хоҳӣ фаҳмид ва дониши Худоро хоҳӣ ёфт, зеро ки Парвардигор ҳикмат мебахшад: дониш ва хирад аз даҳони Ӯст…
БОБИ НУЗДАҲУМ
Ман Худоро чун Раҳокунандаи худ мешиносам. Ӯ маро аз бисёр чизҳо озод кард, аз ҷумла аз майл ба машрубот ва маводи нашъаовар, аз тарс, рӯҳафтодагӣ, хавотиршавӣ ва бадкинагӣ. Гоҳо Худованд маро дарҳол озод менамуд, ва гоҳо раванди шифоёбӣ якчанд сол давом мекард. Гоҳо ба ман лозим меомад, ки рӯза гирифта, оиди озодшавии худ муддати зиёд дуо гӯям, ва гоҳо ман озодшавиро фақат аз ҳисси ҳузури Худо ба даст меовардам. Озодшавӣ
Исо чунин дуо гуфтанро ба мо ёд додааст: «…моро аз иблис раҳоӣ деҳ» (ниг.: Мат. 6:13). Агар мо ба ин эҳтиёҷ намедоштем, Ӯ ба мо чунин фармударо боқӣ намегузошт. Аммо аксар вақт мо чунин дуо намегӯем, балки мувофиқи фаҳмиши худ амал менамоем, мисли он ки Масеҳ умуман ҳеҷ чиз нагуфта бошад. Одатан мо чунон зиндагӣ мекунем, гӯё медонем, ки Исо барои озодии мо нархи баланд пардохт намудааст. Исо «Худро барои гуноҳҳои мо дод, то ки моро аз ин олами шарир, мувофиқи иродаи Падари мо, халос кунад…» (Ғал. 1:4). Ӯ мехоҳад
Худо мехоҳад туро озод намояд
Оё бо ту бӯҳронҳои вазнини молиявӣ рӯй медиҳанд, ва оё чунин метобад, ки ту ҳеҷ гоҳ онҳоро паси сар намекунӣ? Оё ту ба худи ҳамон нохушиҳо, ба ҳамон як беморӣ, ки табибон онро ҳеҷ ташхис карда ва муолиҷа карда наметавонанд, гаштаву баргашта дучор мешавӣ? Оё дар ту чунин эҳсосоте пайдо мешавад, ки гӯё ҳамаи дастовардҳои ту арзише надоранд? Оё ту ба машрубот, маводи мухаддир, филмҳои порнографӣ ё қиморбозӣ майли рафънашаванда ё таваҷҷӯҳи зиёд дорӣ?
Оё туро тарзи зиндагии бадахлоқона ҷалб мекунад? Шояд, ту, бо вуҷуди ҳамаи кӯшишҳоят, муносибати душманонаи худро ба касе тағйир дода наметавонӣ? Ё ту бо одамоне ки дар ҳаёти ту нақши муҳим доранд, муносибатҳои шиддатнок дорӣ?
Оё гоҳо ба ту чунин наметобад, ки Худо аз ту дур аст? Оё ба ту чунин наметобад, ки дуоҳои туро ҳеҷ кас намешунавад ва ба онҳо ҷавоб намедиҳад? Оё дар ҳаёти ту на хурсандӣ аз Худованд, балки маъюсӣ ва ноумедӣ афзалият дорад? Оё гаштаву баргашта ба ҳамон як мушкилӣ ё одат бармегардӣ, ҳамон як хатоҳоро содир мекунӣ? Оё туро ҳисси норозигӣ аз худ фаро мегирад? Агар ту ақаллан ба яке аз ин саволҳо ҷавоби мусбат дода бошӣ, ман барои ту хабари хуб дорам: Худо мехоҳад туро озод намояд. Ӯ мехоҳад Раҳокунандаи ту бошад (ниг.: Рум. 11:26) ва ваъда медиҳад, ки «онҳоеро, ки барои мамот гирифта шудаанд, халос мекунад» (ниг.: Мас. 24:11).
Оё ту медонӣ. ки душман метавонад ҳар як сустии туро истифода барад ва ин сустиро ба аслиҳаи зидди ту табдил диҳад? Мо бисёр вақт бо нақшаҳои иблис муросо мекунем ва намедонем, ки мо ҳамаи инро дигаргун карда метавонем. Мо гумон мекунем, ки корамон омад намекунад, ва бадбахт будан дар сарнавишти мост, аммо дар асл ин кори душман аст, ки зидди мо амал менамояд. Аммо Исо маҳз аз ҳамин сабаб ба замин омад, ки моро аз ҳамаи ин озод намояд. Ӯ баҳри он омад, ки дар мағлуб намудани душмане ки моро нобуд кардан мехоҳад, ба мо ёрӣ диҳад. Худованд оҳу нолаи бандиёнро мешунавад (ниг.: Заб. 101:20–21). Агар ту сӯи Ӯ нидо кунӣ, Ӯ туро озод менамояд. Охир, гуфта шудааст, ки «агар Писар шуморо озод кунад, ҳақиқатан озод хоҳед буд» (Юҳ. 8:36). Душман ҳар қадар қавӣ бошад ҳам, Худо қудрати беандоза бештар дорад, ва туро озод карда метавонад.
Худо туро на танҳо аз он сабаб озод кардан мехоҳад, ки туро дӯст медорад ва ба ту ҳамдардӣ мекунад, балки низ аз он сабаб, ки Ӯ мехоҳад, ки ту «бе тарс ба Ӯ бо покӣ ва ростӣ хизмат [кунӣ], дар ҳолате ки тамоми рӯзҳои умри худ пеши Ӯ [бошӣ]...» (Лк. 1:74–75). Албатта, мо бояд аз бадӣ дур шавем. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Роҳи росткорон – аз бадӣ дур шудан аст: касе ки роҳи худро нигоҳ дорад, ҷони худро нигаҳбонӣ мекунад» (Мас. 16:17). Мо, бе шубҳа, барои он чи дар ҳаёти мо рӯй медиҳад, масъулият дорем, аммо набояд фаромӯш кард, ки дар он ҳанӯз душман амал мекунад, ки мо бояд аз зери итоати ӯ озод карда шавем.
Oзодиро чӣ тавр ба даст оварем
Озодшавӣ баъди дуо, ки дар танҳоӣ ба забон оварда шудааст (ниг.: Заб. 71:12) ё ҳамроҳи шахси имондори аз ҷиҳати рӯҳонӣ боқувват (ниг.: Заб. 33:16), ё баъди хондани Каломи Худо (ниг.: Юҳ. 8:31), ё баъди бевосита дар ҳузури Худо будан ба амал меояд. Ситоиш ва парастиш — ҳамин аст воситаи самараноктарин ва тавонотарини эҳсос намудани ҳузури Худованд. Ҳар боре ки мо Худоро ситоиш мекунем, дар ҷаҳони рӯҳонӣ чизе рӯй медиҳад, ва ба қувваҳои бадӣ зарбаи харобиовар зада мешавад.
И аз он сабаб рӯй медиҳад, ки Худованд «бар ҳамду саноҳои [ту] нишастааст…» (Заб. 21:4), ва бинобар ин ту дар ҳузури Ӯ мебошӣ. «Худованд Рӯҳ аст, ва ҳар куҷо Рӯҳи Худованд аст, он ҷо озодист» (2 Қӯр. 3:17).
Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «
Бидон, озодшавӣ аз ҷониби Худованд меояд, аммо дар ёд нигоҳ дор, ки ин раванди тӯлонӣ аст. Худо «моро аз чунин мамот халос кард ва ҳанӯз халос мекунад, ва ба Ӯ умед мебандем, ки боз ҳам халос хоҳад кард» (2 Қӯр. 1:10). Худо ҳамеша кореро, ки сар кардааст, ба охир мерасонад, аз ҳамин сабаб, агар озодшавӣ аз он чи интизор будӣ, вақти бештарро гирад, хастадил ва ноумед нашав.
Боварӣ дошта бош, ки «Ӯ ки дар шумо ба кори хайр шурӯъ намудааст, онро то рӯзи Исои Масеҳ ба анҷом хоҳад расонд…» (Флп. 1:6).
Худо осуда намешавад, то даме ки росткории ту дурахшад, ва наҷоти ту чун нури чароғи фурӯзон шавад (ниг.: Иш. 62:1). Озодшавӣ туро ягон мавҷуди дигар намекунад, аммо ту аз нав зода мешавӣ, то ки худи худ бошӣ — духтари боақл, ба худ боварӣ дошта, дӯстдор, бомаҳорат, меҳрубон ва мулоҳизакор, зебои Худо.
Худовандо, ман медонам, ки ҳамаи қалъаҳоеро, ки душман дар ҳаёти ман бунёд мекунад, дида наметавонам. Аз ҳамин сабаб ман ба Ту таваккал менамоям ва умед дорам, ки ба ман онҳоро нишон медиҳӣ. Туро барои он шукр мегӯям, ки омадӣ, то «озодиро ба асирон ва биноиро ба кӯрон мавъиза намоӣ, мазлумонро озод кунӣ» (ниг.: Луқ. 4:18). Бе Ту ман асири ҳавасҳои худ мемонам, чашмонам нобино буда, ҳақиқатро намебинанд, ва ман дар қатори мазлумон мемонам. Аммо бо Ту ман пурра озод мешавам. «Тақдири ман дар дасти Туст; маро аз дасти душманонам ва таъқибкунандагонам халосӣ деҳ» (Заб. 30:16). Ман медонам, ки раҳоии ман дар Туст. Туро шукр мегӯям, зеро Ту «аз обҳои бисёр маро берун кашидаӣ; аз душмани пурзӯрам халос кардаӣ» (ниг.: Заб. 17:17–18). Ба ман ёрӣ деҳ, то дар озодие ки Масеҳ ба ман ато кардааст, устувор биистам, ва ёрӣ деҳ, то дигар гирифтори юғи ғуломӣ нашавам (ниг.: Ғал. 5:1).
Худовандо, Аз Ту хоҳиш мекунам, ки маро аз ҳамаи он чи маро аз Ту дур мекунад, раҳо намоӣ. Хусусан хоҳиш мекунам, ки маро аз… (мушкилиеро, ки бояд аз он раҳо шавӣ, номбар намо) раҳо кунӣ. Ман аз ҳар як мавриде ки ба даъвати ҷисм гӯш дода, барои душман дарро мекушодам, тавба мекунам. Ба ман ҳамаи мавридҳоеро нишон деҳ, ки дар онҳо беитоатӣ зоҳир менамудам, ва маро ба роҳи иҷрои хости Ту баргардон. Ба ман хирадмандӣ ато намо, ки бо роҳҳои ростӣ қадамгузор бошам ва қувват деҳ бар ҳамаи он чи маро ба поён мекашад, баланд шавам (ниг.: Мас. 28:26).
Ман медонам, ки агарчи ман ба ҳасби ҷисм зиндагӣ мекунам, қудрати ман дар он нест, чунки «аслиҳаи ҷанги мо ҷисмонӣ нест, балки назди Худо боиқтидор аст барои хароб кардани қалъаҳо…» (2 Қӯр. 10:3–4).
Ба хотири Исо ман оиди он дуо мегӯям, ки ҳама гуна қалъаҳое ки душман дар ҳаёти ман бунёд кардааст, то асос хароб карда шаванд. Бигузор торикӣ дар назди ман равшанӣ шавад, ва роҳҳои каҷи ман рост шаванд (ниг.: Иш. 42:16). Ман медонам, ки Ту, ки дар ман ба кори хайр шурӯъ намудаӣ, онро ба анҷом хоҳӣ расонд (ниг.: Флп. 1:6).
Ба ман сабру тоқат ато намо, то ки таслим нашавам, ва қувват деҳ, то ки дар Каломи Ту бимонам.
Вақте ки росткорон фарёд мекашанд, Парвардигор онҳоро шунида, аз ҳамаи тангиҳошон халосӣ медиҳад.
…Ва дар рӯзи тангӣ Маро бихон; туро халосӣ хоҳам дод, ва ту Маро ситоиш хоҳӣ кард.
…Ва калидҳои Подшоҳии Осмонро ба ту месупорам, ва он чи ту бар замин бибандӣ, дар осмон баста хоҳад шуд; ва он чи бар замин кушоӣ, дар осмон кушода хоҳад шуд.
Касе ки аз худаш дилпур бошад, аблаҳ аст, вале касе ки бо хирад рафтор кунад, раҳо хоҳад шуд.
Азбаски Маро дӯст доштааст, ӯро раҳоӣ хоҳам дод; ӯро устувор хоҳам кард, чунки номи Маро шинохтааст.
БОБИ БИСТУМ
Пештар ман фикр мекардам, ки ҳаёти пур аз ташвишу изтироб, рӯҳафтодагӣ, тарс ва ноумедӣ — падидаи муқаррарист. «Шояд ман ҳамин гуна шахс бошам», — мегуфтам ман. Аммо ҳангоме ки ман ба Худованд имон овардам ва бо роҳҳои Ӯ қадамгузор шудам, фаҳмидам, ки барои касе ки ба Худо боварӣ дорад ва ба Ӯ итоат мекунад, ҳама чиз имконпазир аст. Маълум шуд, ки бе эҳсосоти манфӣ низ зистан мумкин аст. Агар мо аз Худо дар ин бора хоҳиш кунем, Ӯ моро аз онҳо чун аз кӯрпаи ғафси тар озод мекунад. Аз ҳамин сабаб мо бояд оиди ин дуо гӯем.
Оё дар ту чунин ҳиссиёт буд, ки гӯё Худо туро тарк кардааст? Агар ҳа, пас ту танҳо нестӣ, моҳиятан, ту дар байни шарикони хуб ҳастӣ. На танҳо миллионҳо одамони дигар ҳамин гуна ҳиссиётро доранд, балки Исо низ чунин ҳиссиётро аз сар гузарондааст. Дар лаҳзаи ғамангезтарини ҳаёти Худ Ӯ нидо кард: «Худои Ман, Худои Ман! Чаро Маро тарк кардаӣ?» (Мат. 27:46). Ҳар яки мо ба давраҳои душвор рӯ ба рӯ мешавем, ҳангоме ки худро танҳо ва таркшуда ҳис мекунем. Аммо дар асл ин тавр нест. Худо ҳамеша бо мост ва ҳамеша тайёр аст ба мо ёрӣ диҳад, агар мо ба Ӯ муроҷиат намоем. Мо дар байни мушкилот ва фалокатҳо набояд ба эҳсосоти манфӣ дода шавем. Мо метавонем дар дуо ҳақиқатро, ки Каломи Худо оиди онҳо мегӯяд, эълон намуда, ба онҳо муқобилат намоем.
Ҳафт воситаи дурусти озодшавӣ аз эҳсосоти манфӣ
1.
Ташвишу изтиробҳоро эҳсос намуда, мо ба Масеҳ, ки дар ҳаққи мо ғамхорӣ карда метавонад, боварӣ намуданро бас мекунем. Аммо агар ту ба Ӯ муроҷиат намоӣ, Ӯ ҳатман вафодории Худро исбот менамояд. «Ва шумо дар пайи он набошед, ки чӣ хӯред ё чӣ пӯшед, аз ғам осуда бошед. Чунки халқҳои ҷаҳон дар пайи ҳамаи ин чизҳо мебошанд; лекин Падари шумо медонад, ки шумо ба ин чизҳо эҳтиёҷ доред; балки дар пайи Подшоҳии Худо бошед, ва ҳамаи ин ба шумо илова хоҳад шуд» (Луқ. 12:29-31). Худо мегӯяд, ки мо набояд оиди чизе ташвиш кашем, балки оиди ҳама чиз дуо гӯем.
2.
Бо хашм фаро гирифта шудани ҷонҳоямро иҷозат дода, мо дарро барои иблис ва гуноҳ мекушоем. «Агар хашмгин шуда бошед, хато накунед ва нагузоред, ки ғазаби шумо то ғуруби офтоб боқӣ бимонад; ва ба иблис ҷой надиҳед» (Эфс. 4:26–27). Шахси хашмгин ҳама чизро дар атрофи худ хароб мегардонад ва дар натиҷа хатоҳои ҷиддӣ мекунад. «Шахси хашмгин ситеза меангезад, ва тундмизоҷ бисёр ҷиноят мекунад» (Мас. 29:22). Чӣ қадар мардон ҳангоми хашмгиншавӣ занҳои худро мезананд ва ҳатто онҳоро мекушанд ва ҳаёти худро барои ҳамеша барбод медиҳанд! Чӣ қадар занҳо муносибатҳояшонро бо одамон ва оилаҳояшон вайрон мекунанд ва он чиро, ки Худо барояшон омода намудааст, қурбон менамоянд! Фақат нодон зуд хашмгин мешавад, аммо доно намехоҳад, ки аз боиси дар айни хашмгинӣ касеро ноҳақ озор доданаш бо нархи ҳаёти худ музд пардозад. «Дар рӯҳи худ ба хашм гирифтан шитоб накун, чунки хашм дар синаи аблаҳон қарор меёбад» (Воиз. 7:9). Аз Худо хоҳиш бикун, ки туро аз хашм нигоҳ дорад, то ки неъматҳоеро, ки Ӯ ба ту ваъда медиҳад, ба даст оварда тавонӣ.
3.
Худо ба ту осудагӣ ваъда медиҳад: «Пас, барои қавми Худо боз барои оромӣ вақт боқӣ мемонад» (Ибр. 4:9). Дар ҳама гуна вазъият осоиш, оромӣ ва хурсандӣ пайдо карда метавонӣ. Ба Худо бигӯ, ки дар назди худ чунин вазифа мегузорӣ ва аз Ӯ мадад хоҳиш намо.
4.
Ҳасад он вақт пайдо шуд, ки Қобил хост он чиро, ки Ҳобил дошт, соҳиб шавад, ва аз ҳамин сабаб бародарашро кушт. Аммо баъд Қобил тамоми умр аз боиси ҷинояти худ азоб мекашид. «…Модоме ки дар миёни шумо ҳасад, баҳсу мунозира ва ихтилоф ҳаст, оё шумо ҷисмонӣ нестед ва оё ба таври инсонӣ рафтор намекунед?» (1 Қӯр. 3:3). Мо намехоҳем аз боиси хоҳиши рафънашавандаи ба даст овардани чизе ки ба мо тааллуқ надорад, боқимондаи умрамонро дар азоб гузаронем.
Нархе ки мо барои ҳасад пардохт менамоем, беандоза баланд аст. «Дили ором ҳаёти ҷисм аст, вале ҳасад фасоди устухонҳост» (Мас. 14:30). Оиди он дуо гӯй, ки ту оиди муҳаббати Худо шаҳодат додан ва онро ба одамон зоҳир намудан тавонӣ. «Муҳаббат пуртоқат ва бошафақат аст, муҳаббат ҳасад намебарад…» (1 Қӯр. 13:4)
5.
Ҳолати рӯҳафтодагӣ ба бисёр қаҳрамонони Китоби Муқаддас шинос буд. «Аз оҳу воҳи худ хаста шудаам; тамоми шаб ҷогаҳамро ғарқи об мекунам: бо ашки худ бистарамро тар мекунам. Чашмам аз ғусса хаста шудааст, аз дасти ҳамаи душманонам нотавон гардидааст» (Заб. 6:7–8). «Нанг диламро шикастааст, ва ман хеле ранҷур шудаам; ба дилсӯзе интизорӣ доштам, аммо набуд, ба тасаллидиҳандагон низ, лекин наёфтам» (Заб. 68:21). «Ҷонам аз андӯҳ об шудааст; аз рӯи сухани Худ маро устувор гардон» (Заб. 118:28). Аммо хабари хуб аз он иборат аст, ки Худо моро дар чунин ҳолати маъюсӣ дидан намехоҳад. Ӯ мехоҳад, ки хурсандии Ӯ дар мо бошад ва рӯҳҳои рӯҳафтодагиро бадар ронад. «Парвардигор зории маро шунидааст; Парвардигор дуои маро қабул хоҳад кард» (Заб. 6:10). Худо мехоҳад фарёди моро, ки ба Ӯ нигаронида шудааст, шунавад, то ки моро бардорад ва аз рӯҳафтодагӣ берун кунад.
6.
Аз Худо хоҳиш кун, ки туро аз ҳама гуна талхкомӣ озод намояд ва аз Ӯ хоҳиш намо, ки туро бо рӯҳи шукргузорӣ, ҳамду сано ва парастиш пур кунад. Аз Рӯҳулқудс хоҳиш намо, то ҳамаи он чиро, ки аз Худованд нест, аз дили ту бадар ронад.
7.
Қарор деҳ, ки онро инкор мекунӣ. Ҳаёти ту ҳар қадар тираву тор тобад ҳам, ту ҳамеша ба Худованд боварӣ дошта метавонӣ. Аз Худо хоҳиш намо, ки ба ту умедро ба оянда диҳад ва дилатро бо шукргузорӣ пур кунад.
Аз паси эҳсосоти манфӣ шубҳаҳо ниҳонанд. Оё касоне ки ба Худованд пурра боварӣ кардаанд, сабабе барои хавотир шудан доранд? Оё онҳо барои хашмгин шудан, ноумед гардидан, ҳасад бурдан, ғамгин ва маъюс шудан асос доранд? Албатта, ҳамаи мо дар ин ё он давраи ҳаётамон ба таъсири эҳсосоти манфӣ гирифтор мешавем, аз ҳамин сабаб, агар онҳо пайдо шаванд, ба изтироб омадан даркор нест. Аммо онҳо набояд муддати зиёд туро фаро гиранд. Ин ҳиссиёти манфиро рад кун ва ба ҳаёти худ роҳ надеҳ. Имкон надеҳ, ки таъсири харобиовари худро ба ту паҳн намоянд ва дар натиҷа он чиро, ки Худо барои ту омода намудааст, таҳриф ва вайрон кунанд.
Ҳеҷ ғам нахӯред, аммо ҳамеша дар дуо ва илтимос бо шукргузорӣ хоҳишҳои худро ба Худо ошкор намоед, ва осоиштагии Худо, ки аз ҳар хирад болотар аст, дилҳои шумо ва фикрҳои шуморо дар Исои Масеҳ нигоҳ хоҳад дошт.
Вале дар тангии худ сӯи Парвардигор фиғон карданд; ва Ӯ онҳоро аз мусибатҳошон наҷот дод. Онҳоро аз торикӣ ва сояи марг берун овард, ва бандҳошонро барканд.
Назди Ман оед, эй ҳамаи заҳматкашон ва гаронборон, ва Ман ба шумо оромӣ хоҳам бахшид; юғи Маро ба гардани худ гиред ва аз Ман таълим ёбед, чунки Ман нармдил ва фурӯтан ҳастам, ва ҷонҳои шумо оромӣ хоҳанд ёфт; чунки юғи Ман хуш ва бори Ман сабук аст.
Вақте ки росткорон фарёд мекашанд, Парвардигор онҳоро шунида, аз ҳамаи тангиҳошон халосӣ медиҳад. Парвардигор ба дилшикастагон наздик аст, ва рӯҳафтодагонро наҷот хоҳад дод.
…Валекин умедворони Парвардигор қуввати тоза пайдо мекунанд, мисли уқобон бол меафшонанд, медаванд ва бемаҷол намегарданд, қадам мезананд ва хаста намешаванд.
БОБИ БИСТУ ЯКУМ
Ҳар боре ки дар рӯзи тираи боронӣ бо ҳавопаймо сафар карданам лозим меояд, ман аз он ба ваҷд меоям, ки ҳавопаймо абрҳои тираи ғафсро шикофта, ба боло парвоз мекунад. Дар он ҷо то дуродур манзарае кушода мешавад, ки осмони нилгун соф аст ва офтоб нурпошӣ мекунад. Ман бисёр вақт фаромӯш мекунам, ки ҳатто ҳангоми обу ҳавои бадтарин мо имконият дорем аз тӯфон боло шуда, ба олами зебо ва ором расем.
Ҳолати рӯҳу ҷони мо аз бисёр ҷиҳатҳо ин манзараро ба хотир меоварад. Ҳангоме ки абрҳои сиёҳи нохушиҳо ва андӯҳҳо, мубориза ва азобҳо осмони болои сарамонро чунон зич фаро мегиранд, ки мо қариб ҳеҷ чизро намебинем, он вақт на он қадар бовар кардан мумкин аст, ки дар боло ҷое ҳаст, ки оромӣ ва осоиш ҳукмфармост, ва он ҷо софу равшан аст. Агар дар чунин лаҳзаҳои душвори ҳаёт мо дасти Худоро бидорем, Ӯ моро моро аз вазъиятҳоямон боло мебардорад ва дар ҷои бароҳат, гарм ва бехатар, ки махсус барои мо муҳайё карда шудааст, ҷойгир мекунад.
Тасаллодиҳанда яке аз номҳои Рӯҳулқудс аст, ки ман онро хеле дӯст медорам (ниг.: Юҳ. 14:26). Чунон ки аз офтоб нур талабидан зарурат надорад, ҳамчунин аз Рӯҳулқудс тасалло хостан зарурат надорад, зеро Ӯ худи тасалло
Дар зиндагии ҳар яки мо давраҳои душвор мешаванд. Дард ва талафот қисми ҳаёти мо мебошанд. Барои дар зиндагии мо рӯй додани нохушиҳо сабабҳои зиёд ҳастанд, аммо Худо, агар мо аз Ӯ хоҳиш кунем, ҳамеша дар назди мост, то ки нохуширо ба баракат табдил диҳад. Агар мо фаҳмем, ки азобҳо метавонанд ҳаёти моро ғанӣ гардонанд, пас, мо метавонем дарди худро паси сар карда, бинем, ки чӣ тавр имони мо дар байни озмоишҳо афзун мегардад.
Чор сабаби асосии ба миён омадани душвориҳо дар ҳаёти мо
1.
2.
3.
4.
Худо мехоҳад, ки ту Ӯро пайравӣ намоӣ, ва он вақт дар давраи азобҳо Худо пурра ба Ӯ боварӣ карданро ёд медиҳад. Ба ҳеҷ кас шунидани он маъқул нест, ки азобҳо ба нафъи мо фиристода мешаванд, ва дард, мусибатҳо, талафот ва ноумедиҳое ки ба сари мо фурӯ мерезанд, дар ниҳояти кор ба мо фоиданок мебошанд. Ҳангоми азобҳо мо фикр карданро оиди дарде ки эҳсос менамоем, бас карда наметавонем. Аммо Рӯҳулқудс ҳаст, ки ҳамеша тайёр аст ба мо ёрӣ диҳад. Дар баъзе тарҷумаҳои Китоби Муқаддас Ӯ Мададгор номида шудааст. Исо гуфтааст:
Ҳангоме ки якчанд сол пеш дугонаам аз саратони сина вафот кард, ман аз ғаму андӯҳ маъюс шуда будам. Ману ӯ аз синни мактабӣ дӯстӣ доштем, ва ман тасаввур карда наметавонистам, ки ба ин талафот тоб оварда метавонам. Рӯзи аввали баъди дафн аз ҳама вазнинтар буд. Ман ҳеҷ наметавонистам бо воқеияти талх розӣ шавам, ва селоби ашкҳо аз чашмони ман ҷорӣ мешуданд.
Зиёда аз он, дар дасти ман писари ҳаштсолаи ӯ монд, ки ман бояд дар ҳаққи ӯ ғамхорӣ мекардам (он вақт ман аллакай ду фарзанд доштам — шашсола ва ҳаштсола). Ман аз Худо хоҳиш мекардам, ки барои аз ӯҳдаи дард баромадан ба ман ёрӣ диҳад, то ки ман, дар навбати худ, ба писарак барои паси сар кардани андӯҳаш ёрӣ дода тавонам. Ҳар боре ки ман барои ёрӣ ва тасалло ба Худо муроҷиат менамудам, Ӯ дуоҳои маро иҷобат менамуд. Ва ман ин корро ҳар рӯз мекардам.
Ҳар боре ки ту аз сатҳи дардҳои худ боло баромада, некӯӣ, осоиш ва нури Худовандро ба даст меоварӣ, имони ту афзун мешавад. Худо туро дар замони андӯҳҳо тасалло медиҳад ва на танҳо баракат медиҳад, балки ба дигарон ҳангоми андӯҳҳояшон ҳамдардӣ карданро ёд медиҳад. Агар ту дар ҳузури Худованд зиндагӣ кунӣ, ҷалоли Ӯ бароят кушода мешавад.
Аз Ту хоҳиш мекунам, дар давраи ғам ва азобҳо дар назди ман бош, чунки дар давраҳои душвор ман мехоҳам суст нашавам, балки тавонотар шавам. Ман мехоҳам дар имон нашъунамо ёбам ва ба шубҳаҳо дода нашавам. Ман мехоҳам, ки дар давраи озмоишҳо умед маро тарк накунад, ман рӯҳафтода шудан намехоҳам. Ман мехоҳам дар ҳақиқати Ту устувор истам, то ки эҳсосот маро фаро нагиранд.
Туро барои он шукр мегӯям, ки метавонам аз хабарҳои нохуш натарсам, зеро «дили [ман] матин аст», ба Ту таваккал мекунад (ниг.: Заб. 111:7). Туро шукр мегӯям, «зеро ҷонамро аз марг халосӣ додаӣ, чашмамро аз ашк, поямро аз лағжидан» (Заб. 114:8).
Туро барои он шукр мегӯям, ки ман Туро пайравӣ намуда, умед дорам, барои он ки ман «нахоҳам мурд, балки зиндагӣ хоҳам кард, ва корҳои [Туро] эълон хоҳам намуд» (Заб. 117:17). Агарчи «ҷонам аз андӯҳ об шудааст», ман хоҳиш мекунам, ки «аз рӯи каломи Худ маро қоим гардон» (ниг.: Заб. 118:28).
Ба ман ёрӣ деҳ ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунам, ки Туро барои ҳама чиз шукргузорӣ намоям ва дар ёд дошта бошам, ки ту дар ҳама ҷо ҳукмфармо ҳастӣ. Бигузор ман ҳамеша дар ёд дошта бошам, ки ту гуноҳҳои маро бозхарид намудаӣ ва ман ба Ту тааллуқ дорам, ва барои ман ҳеҷ чизе аз ин муҳимтар нест. Ман медонам: ҳангоме ки ман аз обҳо мегузарам, Ту бо ман хоҳӣ буд, ва дарё маро фурӯ намебарад. Ҳангоме ки ман аз байни оташ меравам, он маро намесӯзонад (ниг.: Иш. 43:1–2). Ин ҳамин тавр аст, чунки ту некӯ ҳастӣ, ва ту Рӯҳулқудси Худро фиристодӣ, то ки маро тасалло диҳад ва мадад расонад. Аз Ту илтиҷо мекунам, эй Худои умед, маро бо хурсандӣ, осоиш ва имон пур кун, чунон ки «бо қуввати Рӯҳулқудс умеди [ман] афзун гардад» (Рум. 15:13).
Туро барои он шукр мегӯям, ки ту Рӯҳулқудси Худро фиристодӣ, то Тасаллодиҳанда ва Мададгори ман бошад. Дар давраҳои душвор ҳамеша инро ба ман ёдрас намо.
Эй маҳбубон! Аз озмоиши оташе ки барои имтиҳони шумо фиристода мешавад, ҳайрон нашавед, ки гӯё воқеаи аҷибе ба шумо рӯй дода бошад, балки, модоме ки шумо дар уқубатҳои Масеҳ иштирок доред, шодӣ кунед, то ки дар вақти зуҳури ҷалоли Ӯ низ ба ваҷд оед ва хурсандӣ кунед.
Ва Худои ҳар файз, ки моро ба ҷалоли абадии Худ дар Исои Масеҳ даъват намудааст, баъд аз уқубати кӯтоҳмуддати шумо, шуморо комил, устувор, қавӣ ва матин хоҳад кард.
Ба Парвардигор умедвор бош, устувор бош, ва дилат қавӣ хоҳад шуд; ба Парвардигор умедвор бош.
…Хушо бенавоёни рӯҳ, чунки Подшоҳии Осмон аз они онҳост. Хушо мотамзадагон, чунки онҳо тасалло хоҳанд ёфт.
Парвардигор баромаданатро, ва омаданатро нигоҳдорӣ хоҳад кард, аз ҳоло ва ҷовидона.
БОБИ БИСТУ ДУЮМ
Чаро ҷавонмарде ки дар ҳама кор муваффақият ба даст меоварад, розӣ мешавад, ки ҳамаашро аз даст диҳад? Ман шахсеро медонам, ки мусиқидон, хушнамуд, ҷасур, сарватманд, лаёқатманд, соҳибэҳтиром, оиладор ва дорои ҳусни таваҷҷӯҳи Худованд буд.
Илова ба ҳамаи ин ӯ дар алоҳидагӣ душмани хатарноки кишвари худро мағлуб намуд. Аммо, бо вуҷуди ҳамаи ин, ӯ ба васваса дода шуд ва ба гуноҳҳо ғӯтид. Подшоҳ Довуд, аз афти кор, вақти холии зиёд дошт, ва ӯ на дар он ҷое буд, ки бояд мебуд. Ӯ дар болои боми қасри худ сайру гашт мекард ва занеро, ки дар ҳавлии ҳамсоя оббозӣ мекард, мушоҳида менамуд, ба ҷои он ки ҳамроҳи мардони дигар дар ҷанг бошад, чунон ки шоҳонро шоиста аст. Хатои калонтарини ӯ на он буд, ки ӯ ба васваса афтид, зеро ин бо ҳар кас рӯй дода метавонад, балки он ки ӯ аз васваса рӯ нагардонд, аз он ҷо нагурехт ва дарҳол ба Худо бо тавба муроҷиат накард. Довуд истода, тамошо карданро давом медод. Ӯ фикр мекард ва нақшаҳо тартиб медод.
Ӯ ба шаҳват имкон дод, ки ғолиб шавад, ба ҷои он ки ҳаёти худро ба Худо диҳад. Дар натиҷа ӯ қотил ва зинокор гардид ва барои ин тамоми умри боқимондааш бисёр азобу кулфатҳо кашид, аз ҷумла марги писарашро аз сар гузаронд.
Исо низ аз васвасаҳо барканор намонд, аммо, бар хилофи Довуд, Ӯ дуруст рафтор намуд. Довуд ба ҳаваси ҷисм пайравӣ намуд, аммо Исо не. Исо дар Каломи Худо устувор монд, аммо Довуд онро фаромӯш кард. Ман умри дароз дидаам ва бисёр мардону занонро дидаам, ки худро қурбони ҳавасҳои ҳеҷу пуч гардондаанд. Ҳар гуна васвасаҳо моро камин мегиранд. Аксаран одамон ба доми васвасаи шаҳват меафтанд. Ман дидаам, ки одамони лаёқатманд аз шаҳват нобино гардида, ҳаёт ва атоҳоеро, ки Худо барои онҳо омода намудааст, сарфи назар мекарданд. Онҳо чун метеорит афтида, месӯхтанд, ҳол он ки метавонистанд чун ситора дурахшон бошанд. Ва агарчи онҳо гуноҳҳояшонро кафорат кунонда, аз нав зода шуда буданд, онҳо аллакай тадҳини Худоро, ки пеш бо онҳо буд, бозгардонда наметавонистанд.
Одамон ба зинокорӣ дода шуда, тамоми ҳаёти худро ба қурбонгоҳи гуноҳ мегузоранд. Албатта, агар онҳо аз гуноҳи худ тавба кунанд, бахшида мешаванд ва шифо меёбанд, аммо бо вуҷуди ин онҳо акнун ҳеҷ гоҳ он чиро, ки дар мавриди содир накардани ин гуноҳ ба даст меоварданд, соҳиб намешаванд. Довуд бахшида шуд ва шифо ёфт, аммо ӯ чизи гаронбаҳотаринро — писарашро аз даст дод, ва аз ҳамон вақт подшоҳии ӯ гоҳ бо ин нохушӣ ва гоҳ бо нохушии дигар халалдор мегардид, то ба ҳадди марги шахсони наздик ва дӯстдоштааш. Худо чун пештара ӯро дӯст медошт, аммо гуноҳи содиркардааш ҳамеша натиҷаҳо дорад. Одамон намефаҳманд, ки ба ҳавасҳои ҷисм тағофул намуда, чӣ чизҳоро аз даст медиҳанд. Нур дар зиндагии онҳо аллакай ҳеҷ гоҳ он қадар намедурахшад, чунон ки агар онҳо ба ҳавасҳои ҷисм тағофул намекарданд, дурахшида метавонист.
Аз миқдори зиёди номаҳое ки ман мегирам, оиди он мефаҳмам, ки барои бисёр мардону занон майли норавои шаҳвонӣ ба ҷинси муқобил мушкилии ҷиддӣ мебошад. Одатан кор то амалӣ гардидани тахайюлот намерасад, аммо шахс дар ин бора орзу карданро давом медиҳад. Аммо, чунон ки маълум аст, фикрҳои гуноҳолуд низ натиҷаҳои ҷиддӣ дошта метавонанд. Одатан гуноҳи ҷинсӣ ҳамроҳи чунин фикрҳо меояд: «Ман тамоми умр оиди чунин шахс орзу мекардам, ва аҳамият надорад, ки ӯ зан дорад ва ман низ оиладор ҳастам»; «Шояд ин ҳеҷ бадӣ надорад, вагарна ман ин гуна хушбахт намебудам»; «Ман чизи мехостаамро ба даст меоварам»; «Ҳеҷ кас дар ин бора огоҳ намешавад»; «Эҳтимол ин тақдир аст».
Ба иблис, ки ин фикрҳои ифлосро ба ту талқин мекунад, имкон надеҳ, ки баракатҳои Худоро аз ту бидуздад. Ҳеҷ бадӣ надорад, ки мо истеъдод, ақли расо ё симои назарраси мардеро баҳо баланд медиҳем, аммо агар ту ҳамсари ӯ набошӣ, дар ёд нигоҳ дор, ки барои ту ӯ танҳо бародар дар Худованд аст. Агар ту дар худ ба ягон мард майли нораво эҳсос намоӣ, дарҳол дар ин бора ба Худо иқрор шав ва аз Ӯ хоҳиш кун, ки туро аз он раҳо намояд. Сипас ба иблис бигӯ, ки ту нақшаи ӯро ошкор намудаӣ, ва ӯ наметавонад туро ба ҳалокат расонад ва мероси Худоро аз ту бидуздад. Агар лозим бошад, рӯза гир ва дуо гӯй, то ки ин қалъаи душман вайрон карда шавад. То даме ки он вайрон нашавад, ақибнишинӣ накун. «Бедор бошед ва дуо гӯед, то ба озмоиш дучор нашавед: рӯҳ хоҳон аст, лекин ҷисм нотавон»» (Мат. 26:41). Ҳар қадар зиёд ба ту дода шуда бошад, душман ҳамон қадар фаъолонатар ба ту ҳуҷум мекунад, то ки аз ту атоҳоятро бидуздад. Ба ҳуҷумҳои ӯ омода бош ва ба онҳо бо дониши пурраи Каломи Худо муқобилат намо.
Шаш ҳақиқат оиди васваса, ки дар ёд доштан лозим аст
1.
2.
3.
4.
5.
6.
Ҳеҷ гоҳ гумон накун, что васваса туро фаро гирифта наметавонад. Ту ҳар қадар калонсолтар бошӣ, хатари ҳадафи иблис шудани ту ҳамон қадар зиёдтар мешавад. Бисёр касон маҳз дар синни калонсолӣ аз Худо дур мешаванд, ҳангоме чунин меҳисобанд, ки гӯё васвасаро ҳамеша мағлуб карда метавонанд. Набояд чунин шахс бошӣ, ки муддати кӯтоҳ имон дорад, ва дар давраи васваса фурӯ меғалтад (ниг.: Луқ. 8:13). Исо шогирдонашро ба дуо гуфтан даъват менамуд, «то ки ба васваса наафтанд». Ин даъват ба мо низ дахл дорад.
Исо бевосита пеш аз лаҳзаи дигаргунии куллӣ дар ҳаёт ва хизматгузорияш ба васваса рӯ ба рӯ шуд. Айнан ҳамин тавр ту ҳам ба он рӯ ба рӯ мешавӣ — маҳз пеш аз воқеаи муҳимтарин дар ҳаёти худ. Ба ин омода бош ва дар ёд нигоҳ дор, ки васваса ҳар қадар қавӣ бошад ҳам, «Ӯ, ки дар [туст], аз он ки дар ҷаҳон аст, бузургтар аст» (1 Юҳ. 4:4). Ту барои мағлуб намудани душман қувват дорӣ.
Ман оиди он дуо мегӯям, ки фикрҳои ниҳоние ки майлро ба кор ё сухани ношоиста авҷ мегиронанд, надошта бошам. Ман хоҳиш менамоям, ки дар ҳаётам ҷойҳои ниҳоние ки ман дар он ҷо ба таври ниҳонӣ корҳои шармовар карда метавонам, набошанд. Ман дар корҳои бесамари торикӣ иштирок кардан намехоҳам. Ба ҷои ин ба ман ёрӣ деҳ, ки иблисро фош намоям (ниг.: Эфс. 5:11). Роҳҳоямро рост кун (ниг.: Ибр. 12:13) ва роҳ надеҳ, ки душман ногоҳ ва ғофилгирона ба ман ҳуҷум карда тавонад.
Ман медонам, ки Ту «Худои харҷумарҷ нестӣ, балки Худои осоиштагӣ ҳастӣ» (1 Қӯр. 14:33). Маро аз ҳар гуна нобасомонӣ ва бетартибӣ ҳифз намо. Ба ман ёрӣ деҳ Каломатро дар дилам нигоҳ дорам, то ки роҳамро равшан дида тавонам ва дар назди Ту гуноҳ накунам (ниг.: Заб. 118:11). Бо қудрати Рӯҳулқудс ман ба гуноҳ имкон намедиҳам, ки дар ман ҳукмфармоӣ кунад ва ба ҳавасҳои ҷисм тағофул намекунам (ниг.: Рум. 6:12). Туро шукр мегӯям, Худовандо, барои он ки Ту маро мешунавӣ ва аз ҳамаи васвасаҳое ки аз боиси онҳо ман аз баракатҳои Ту бенасиб шуда метавонам, раҳо менамоӣ (ниг.: Заб. 144:18–19). Туро барои он шукр мегӯям, ки «чӣ гуна аз озмоиш раҳо кардани парҳезгорон»-ро медонӣ (ниг.: 2 Пет. 2:9). Туро барои он шукр мегӯям, ки маро аз ҳама гуна васваса раҳо менамоӣ ва дар покӣ нигоҳ медорӣ.
Хушо касе ки дар озмоиш вафодор мемонад, зеро вақте ки вай имтиҳон медиҳад, тоҷи ҳаётро, ки Худованд ба дӯстдорони Худ ваъда кардааст, ба даст хоҳад овард.
Озмоише ки ба сари шумо омадааст, ҷуз озмоиши оддии инсонӣ чизи дигаре нест; ва Худо амин аст, ва Ӯ намегузорад, ки шумо берун аз қуввати худ озмуда шавед, балки дар баробари озмоиш сабукӣ ҳам медиҳад, то ки шумо тоб оварда тавонед.
Бинобар ин мо низ, ки дар гирди худ чунин абри шоҳидонро дорем, ҳар бори гарон ва гуноҳро, ки моро фаро мегирад, аз худ дур андохта, майдони дар пеши мо бударо бо сабр давон-давон тай кунем. Ва ба Сарвар ва Комилкунандаи имони мо, яъне Исо, назар дӯзем, ки Ӯ ба ҷои шодие ки Ӯро дар пеш буд, ба хорӣ беэътиноӣ намуда, ба салиб тоб оварда ва ба ямини тахти Худо бинишаст.
Эй бародарони ман, вақте ки ба озмоишҳои гуногун дучор мешавед, инро барои худ шодии бузурге ҳисоб кунед, чун медонед, ки имтиҳони имони шумо сабрро ба вуҷуд меоварад; ва сабр бояд амали комил дошта бошад, то ки шумо комил ва солим буда, ҳеҷ камбудие надошта бошед.
Бинобар ин ҳар ки гумон мекунад, ки рост истодааст, эҳтиёт кунад, ки наафтад.
БОБИ БИСТУ СЕЮМ
Ду сол пеш ман қариб мемурдам. Якчанд моҳ пайиҳам дарде дар шикам маро азоб медод, ва ман ба бисёр муассисаҳои тиббӣ муроҷиат намудам ва назди бисёр духтурони умумӣ ва мутахассис рафтам, аммо ҳеҷ кадоми онҳо дарди маро аниқ ташхис карда натавонист. Анализҳо нишон медоданд, ки ман солим ҳастам. Ҳеҷ кас сабаби азобҳои маро муайян карда наметавонист.
Боре шабона мaн воқеаеро аз сар гузарондам, ки пеш ҳеҷ гоҳ аз сар нагузаронда будам: гӯё чизе дар дарунам таркид, ва ман фаҳмидам, ки агар ба ман дарҳол ёрӣ нарасонанд, мемурам. Шавҳарам дар соати 3.30-и шаб маро ба бемористон бурд, зеро мошини «ёрии таъҷилӣ»-ро интизор шуда наметавонистем. Сипас ман дар давоми якчанд соат дар қабулгоҳи бемористон будам. Ман илтиҷо мекардам, ки ба ман ёрӣ диҳанд, ва мегуфтам, ки агар бо ман коре накунанд, мемирам. Аз ман худи ҳамон анализҳоеро гирифтанд, ки пештар борҳо гирифта буданд, ва боз ҳеҷ кас гуфта наметавонист, ки бо ман чӣ шудааст.
Шавҳарам доимо барои ман дуо мегуфт, ва баъд хоҳарам Сюзан ва дугонаи наздикам Роза омаданд, онҳо низ барои ман дуо мегуфтанд. Онҳо аз дигарон низ хоҳиш мекарданд, то оиди он дуо гӯянд, ки касе сабаби бемории маро аниқ кунад ва ба ман ёрӣ расонад. Ман танҳо як дуо доштам: «Исо, ба ман ёрӣ деҳ».
Ман аз Худо мепурсидам: «Наход вақти мурданам расида бошад?» Аммо ман ҳис намекардам, ки Худо ба ман «ҳа» мегӯяд. Ӯ ба ман мефаҳмонд, ки нисбати ман боз баъзе нақшаҳо дорад.
Танҳо баъди ҳашт соати ба бемористон омаданам ҷарроҳро даъват намуданд, ки бо овози боваринок ба ман гуфт: «Ман ҳозир гуфта наметавонам, ки ба шумо чӣ шудааст, аммо ба фикрам, аппендикси шумо кафидааст. Ман шуморо дарҳол ба ҷарроҳӣ мефиристам. Шояд ман хато мекунам, аммо мо ақаллан аниқ мекунем, ки проблема дар чист».
Чунон ки маълум шуд, ҳақ ба ҷониби ӯ буд. Пас аз ҷарроҳӣ ҷарроҳ гуфт: «Баъди як соат шумо ба комаи токсикӣ меафтидед, ва ман шуморо наҷот дода наметавонистам». Ман фаҳмидам, ки Худо ба дуоҳои мо оиди шифои ман ҷавоб дод, ва он ҷарроҳ қисми ин ҷавоб буд.
Дар давоми якчанд ҳафтаи ҷарроҳӣ ман дар кати беморӣ мехобидам. Найчаҳои зиёде ба баданам пайваст карда шуда буданд ва ман чунон дардеро эҳсос менамудам, ки дарди таваллуд дар муқоиса бо он хуш метофт. Ҳатто сӯзандоруҳои доимии морфий онро пурра барҳам дода наметавонистанд. Ҳангоме ки боре пагоҳӣ духтур омад, ман аз ӯ пурсидам, ки ин чӣ гуна рӯй дода метавонист.
«Эҳтимол, ман ягон корро нодуруст кардаам? — пурсидам ман. — Шояд хеле зиёд витаминҳо истеъмол намудаам? Ё хеле кам? Ё на он витаминҳоро истеъмол кардаам? Кам машқҳои ҷисмонӣ кардаам? Ё аз ҳад зиёд? Ман ҳамеша кӯшиш мекардам саломатии худро назорат намоям. Оё дар воқеаи рӯйдода ман айбдор ҳастам?»
«Дар ин ҷо ҳеҷ чиз ба шумо вобаста набуд, — ҷавоб дод духтур. — Аниқтараш, ин аз он сабаб аст, ки шумо аз ҷиҳати генетикӣ ба ин беморӣ майл доред».
Боз ҳам ҳақ ба ҷониби ӯ буд. Бисёр аъзоёни оилаи ман ба ҳамин гуна беморӣ дучор шуда буданд, аммо дар синни хеле ҷавонтар. Ман фикр мекардам, ки акнун ин гуна беморӣ бо ман рӯй намедиҳад, зеро ман аз синну соле ки хешовандонам ба он дучор мешуданд, хеле гузашта будам. Он вақт ман фаҳмидам: бо вуҷуди он ки мо кӯшиш мекунем ҳама корҳоро дуруст ба ҷо оварем, бемориҳоеро, ки ба организми мо ворид мешаванд, пешгирӣ карда наметавонем. Агарчи мо бояд оиди худ ғамхорӣ намоем, мо хоҳ-нохоҳ ба Худо чун ба Шифодиҳанда эҳтиёҷ дорем.
Ду ҷиҳати масъала
Шифоёбӣ ва ғамхорӣ дар ҳаққи ҷисми худ чизҳои гуногун мебошанд. Ба Худо бо хоҳиши шифоёбӣ муроҷиат намуда, мо медонем, ки ин кори
Худо медонад, ки мо мавҷудоти афтода мебошем ва ҳеҷ корро ба таври комил ба ҷо оварда наметавонем. Аз ҳамин сабаб Ӯ Исоро чун Шифодиҳанда назди мо фиристод. Аммо дар баробари ин Ӯ моро даъват намудааст, ки идоракунандагони сазовори тамоми офариниши Ӯ бошем, аз ҷумла ҷисми худамонро хуб идора кунем. Ӯ мехоҳад, ки мо тарзи зиндагии солим ба сар барем, дар ҳаққи ҷисми худ ғамхорӣ намоем ва ба худ зарар нарасонем.
Ӯ мехоҳад, ки мо дар ҳаққи ҷисми худ дуруст ғамхорӣ намуда, Ӯро ҷалол диҳем, зеро он маъбади Рӯҳулқудс аст. Бисёрии мо ин тавр муҳокимаронӣ мекунанд: «Ҳамаи он чи ман дорам, ба Худованд тааллуқ дорад, ба истиснои хӯрок ва сарбории ҷисмонӣ. Ин дар ихтиёри мост». Ё: «Ҳаёти ман ба Худованд тааллуқ дорад, аммо бадани ман аз они ман аст, ва ман ихтиёр дорам, ки бо он ҳар чи хоҳам, кунам». Аммо агар мо ба Худованд тааллуқ дошта бошем, ҷисмҳои мо низ, ба монанди ҳама чиз дигар, аз они Ӯ мебошанд. Ғамхорӣ дар ҳаққи ҷисми мо соҳаи алоҳидаи ба Худованд новобаста нест.
Дар ин кор водоркунии дуруст нақши муҳим мебозад, яъне он чи моро дар кӯшиши ҷавон ва зебо нигоҳ доштани ҷисмамон ба ҳаракат меоварад. Муваффақияти ҳаёти мо аз бисёр ҷиҳатҳо ба водоркунандаҳои шахсии мо вобаста аст. Агар мо фақат барои он дуруст хӯрок хӯрем ва машқҳои ҷисмонӣ кунем, ки дар либоси зебо намуди зебо дошта бошем, бо гузаштани солҳо ин водоркунанда аҳамияти худро барои мо гум мекунад. Аммо агар мо кӯшиш кунем, ки барои ходимони боғайрат, солим ва мукаммали Худованд будан дуруст хӯрем ва бо варзиш машғул шавем, он гоҳ натиҷаҳои рафтори мо дар абадият бефано хоҳанд буд ва, аниқтараш, мо дар оянда низ метавонем худро дар ҳолати хуби ҷисмонӣ нигоҳ дорем. Ман гоҳо мешунавам, ки одамон мегӯянд: «Ман дар ҳаққи ҷисми худ ғамхорӣ намекунам, зеро Худованд дар мавриди бемор шуданам маро шифо медиҳад». Чунин фикр кардан хатарнок аст, ва ин боиси нохушиҳо шуда метавонад. Иблис мехоҳад ҳарчи бештар ба мо зарар расонад, ва мо бо чунин муносибатамон ба ӯ ёрӣ мерасонем. Мо дар ҳаққи ҷисми худ ба таври лозимӣ ғамхорӣ накарда, ба саломатии худ зарар мерасонем. Аз Худо хоҳиш намо, то ба ту ёрӣ диҳад, ки аз ҳама чизи бароят зарарнок барканор бошӣ, ва амалҳои бароят фоиданокро ба ҷо оварӣ.
Ба Шифодиҳанда даст расон
Бо вуҷуди ҳамаи кӯшишҳоямон, мо гоҳо бемор мешавем. Мо шояд ҳама корҳоро ба ҷо меоварем, аммо худро аз бемориҳои ҷиддӣ эмин дошта наметавонем. Гоҳо мо ба таври ирсӣ ба баъзе бемориҳо майл дорем. Мо метавонем бемор буда, ҳатто надонем, ки ба дарди даҳшатовар гирифтор шудаем. Бо мо воқеаҳои нохуш рӯй дода метавонанд. Худо инро медонист, ва аз ҳамин сабаб Исоро — Шифодиҳандаи моро назди мо фиристод. Ламси шифодиҳандаи Ӯ шаҳодати марҳамати Худост.
Китоби Муқаддас оиди он нақл мекунад, ки одамон ба Исо фақат
Ман медонам, ки фақат дар ҳузури Ту ман шифо меёбам. Дар ҳузури Ту ман метавонам ба Ту даст расонам, то ки дар ҷавоб Ту маро ламс намоӣ.
Танҳо ту медонӣ, ки чӣ чиз ба нафъи ман аст, ва чӣ чиз не, ва ман хоҳиш мекунам, ки инро ба ман ошкор намо. Ҳама гуна маълумоти нобасомон ва нодурустро аз ман дур намо ва ба дуруст хӯрок хӯрдан ва истеъмол накардани чизи бароям зарарнокро биёмӯз. Ман бе Ту ин корро карда наметавонам, Худовандо, зеро фақат ту маро чун офаридаи Худ медонӣ. Ба ман ёрӣ деҳ худро доимо дар ҳолати хуб нигоҳ дорам. Ба ман ёрӣ деҳ «ҷисми худро мутеъ ва ғулом гардонам» (ниг.: 1 Қӯр. 9:27).
Худовандо, Ту дар Каломат гуфтаӣ: «Қавми Ман аз камии дониш нобуд шудаанд…» (Ҳуш. 4:6). Ман аз боиси надонистани он чи дуруст аст, ҳалок шудан намехоҳам. Ба ман таълим деҳ ва минбаъд омӯхтанро ба ман ёрӣ деҳ. Маро назди одамоне биёр, ки ба ман ҷавоби дуруст медиҳанд; ёрӣ деҳ, ки ба фармудаҳои Ту пайравӣ намоям ва қоидаҳои муқарраркардаи Туро ба ҷо оварам. Дар мавриди бемор шудан ва зарурати ба духтур муроҷиат намудан духтуреро барои ман пайдо намо ва ба ӯ дар муолиҷаи бемории ман хирадмандӣ ато намо.
Беш аз ҳама маро…(мушкилии вобаста бо саломатиро зикр намо) нороҳат мекунад. Худовандо, дар ин нохушӣ ҳамроҳи ман бош ва хости Худро ба ҷо овар. Ба ман ёрӣ деҳ, ки дар ин мавриди мушаххас озод шавам ва шифо ёбам.
Худовандо, ман мехоҳам бо ҳамаи амалҳои худ Туро ҷалол диҳам. Ба ман ёрӣ деҳ, то ба ҷисме ки ба ман додаӣ, оқилона муносибат намоям. Ман бахшиш мехоҳам барои он ки норасоиҳои онро маҳкум менамудам ва танқид мекардам. Ман аз ин пушаймон ҳастам. Ман медонам, ки ҷисми ман маъбади Рӯҳулқудс аст, ки дар ман сокин мебошад. Ба ман ёрӣ деҳ, то ин ҳақиқатро устуворона дар ёд дошта бошам ва ҳамеша маъбади худро дар покӣ ва саломатӣ нигоҳ дорам. Ба ҷисми худ дуруст муносибат намудан ва дар ҳаққи он дуруст ғамхорӣ намуданро ба ман биёмӯз.
Оё касе аз шумо бемор аст? Бигзор пирони калисоро назди худ даъват намояд, ва онҳо ӯро ба исми Худованд равған молида, дар ҳаққи ӯ дуо гӯянд, ва дуои имон беморро шифо хоҳад дод, ва Худованд ӯро ба по хоҳад хезонд; ва агар ӯ гуноҳ карда бошад, гуноҳҳояш бахшида хоҳад шуд. Ба гуноҳҳои худ назди якдигар иқрор намоед ва барои якдигар дуо гӯед, то шифо ёбед: дуои боисрори шахси одил қуввати бузурге дорад.
Маро, эй Парвардигор, шифо бидеҳ, ва ман шифо хоҳам ёфт; маро наҷот деҳ, ва ман наҷот хоҳам ёфт, зеро ки Ту ҳамду санои ман ҳастӣ.
Зеро туро даво хоҳам кард, ва ҷароҳатҳои туро шифо хоҳам дод, – мегӯяд Парвардигор.
Хуллас, хоҳ мехӯред, хоҳ менӯшед, ё кори дигаре мекунед, ҳамаашро барои ҷалоли Худо ба ҷо оваред.
Зеро медонем, ки агар хонаи заминии мо, ин хайма, хароб шавад, мо иморате аз ҷониби Худо дорем, хонаи бо дасти одамон сохта нашудаи абадӣ, ки дар осмон аст.
БОБИ БИСТУ ЧОРУМ
Якчанд сол ман оромона дар зери душ шустушӯй карда наметавонистам, чунки манзараҳои даҳшатовар аз филми
Ғайр аз ин, ман аз марг, гуруснагӣ, нобарорӣ, сафар бо ҳавопаймо, воқеаҳои нохуш, сӯзанҳо, кордҳо метарсидам, аз гум шудан, таркшуда будан, бемор шудан, ҷароҳат ёфтан хавф доштам, аз торикӣ, номаълумӣ, ақидаи мардум ва танҳоӣ дар хавотир мешудам. Аммо Худованд маро аз ҳамаи ин тарсҳо озод кард. Ман оиди раҳо шудан аз баъзеи ин чизҳо алоҳида дуо мегуфтам, баъзеи дигар ҳангоме ки хости Худоро ба ҷо меовардам ва дар муҳаббати Ӯ будам, худ аз худ гум шуданд.
Худо намехоҳад, ки мо дар тарс зиндагӣ кунем, зеро тарс ҳеҷ гоҳ аз Ӯ барнамеояд. Ҷаҳон тарсро ба вуҷуд меоварад: он чи мо дар кино мебинем, дар рӯзномаҳо ва китобҳо мехонем, моро метарсонад. Суханон ва рафтори одамон низ ба мо тарсро талқин менамоянд. Душман бо ҳама чиз моро тарсонда метавонад, аз он ҷумла бо ояндаамон.
Мо метарсем, ки бадбахтиҳое ки мо аз онҳо метарсем, дар ҳақиқат рӯй дода метавонанд. Аммо тарс набояд бар мо ҳукмфармо шавад.
Тарси бардурӯғ
Танҳо як тарс ҳаст, ки инсон бояд дошта бошад, — тарси Парвардигор. Ҳамаи тарсҳои дигар бардурӯғанд. Мо бояд дуо гӯем, ки дар тарси эҳтиромона ба ҳузури Худо зиндагӣ кунем ва ба тарси дигар, ки азобҳоро меоварад, дода нашавем. Яке аз паҳншудатарин намудҳои тарси бардурӯғ тарс дар назди инсон, тарси радшудаи одамон будан аст. Мо аксаран беихтиёр ба ин дом меафтем.
Бояд бештар он чиро ба ёд оварем, ки Худо оиди ин мегӯяд, на каси дигар. Мо бояд барои эътироф ва таҳсин на ба одамон, балки ба Худо муроҷиат намоем. Агар дар дилҳои мо Худо дар ҷои аввал набошад, мо ҳамеша аз одамон тарс хоҳем дошт. «Тарсончакии одам ба дом меоварад, вале касе ки ба Парвардигор таваккал кунад, аз хатар эмин аст» (Мас. 29:25).
Дар ҷаҳон барои тарс бисёр сабабҳо ҳастанд. Гоҳо як барномаи ахбор кифоя аст, ки ботини моро бо даҳшат пур кунад. Ҳатто тахайюлоти худамон моро тарсонида метавонад. Аммо Худо мехоҳад моро барои ҳамеша аз ҳама гуна тарс озод намояд.
Чор воситаи боварибахши раҳо шудан аз тарси бардурӯғ
1.
2.
3.
4.
Тарси Худованд
Ҳаёти Нӯҳ намунаи равшани ҳаёти шахсе мебошад, ки аз Парвардигор метарсид. Ягона водоркунандаи ӯ дар сохтмони киштӣ тарси Худо буд, ки дар ӯ сокин буд. «Бо имон Нӯҳ дар хусуси чизе ки ҳанӯз намоён набуд, ваҳй ёфта, бо тарси Худо барои наҷот додани аҳли байти худ киштие бисохт; бо он ӯ [тамоми] ҷаҳонро маҳкум намуд ва вориси адолате гардид, ки аз имон аст» (Ибр. 11:7). То даме ки Нӯҳ киштӣ месохт, одамон ба ҳоли ӯ механдиданд, аммо имони ӯ ба Худо устувор буд. Ӯ на ба фикри одамон, балки ба фикри Парвардигор гӯш медод. Ва дар натиҷа ӯ наҷот ёфт. Дар ёд нигоҳ дор: «…аз Худо битарс ва аҳкоми Ӯро риоя намо, чунки ҳама чиз барои одамизод аз ҳамин иборат аст…» (Воиз. 12:13). Наҷоти ту дар ҳамин аст.
Ҳафт неъмат, ки дар тарси Парвардигор зиста, ба даст овардан мумкин аст
1.
2.
3.
4.
5.
6.
7.
Худо асрор дорад. Ин маънои онро надорад, ки Ӯ чизеро аз ту пинҳон медорад. Танҳо Ӯ мехоҳад, ки ту Ӯро биҷӯӣ, ба Ӯ наздик шавӣ ва худат асрори Ӯро ошкор намоӣ. «
Ақл ва дили маро аз рӯҳи тарс ҳифз намо. Имрӯз ман аз…(чизеро, ки аз он метарсӣ, зикр намо) тарс дорам. Тарси маро бигир ва дар ивазаш муҳаббати комили худро бидеҳ. Агар ман фикрҳои тарсовар дошта бошам, онҳоро ба ман ошкор намо. Агар ман аз Ту дур шавам ва диққати худро ба Ту равона накунам, ба ман ёрӣ деҳ бозистам ва қувват деҳ, ки диққатамро на ба худ, балки ба Ту равона кунам. Ба ман нишон деҳ, ки кай ба тарс имкон медиҳам, то маро фаро гирад, ва ба ман ёрӣ деҳ, ки аз он раҳо шавам. Маро аз тарси радшудаи одамон будан озод намо ва ба ҷои он тарс аз Туро ато намо.
Дар Каломи Ту гуфта шудааст, ки Ту тарси Худро дар дили одамони Худ ҷойгир мекунӣ ва ба онҳо некӣ намуданро бас намекунӣ (ниг.: Ирм. 32:40). Аз Ту илтиҷо мекунам, ки ҳамин корро барои ман низ бикун. Ман медонам, ки Ту ба ман рӯҳи тарсро надодаӣ, аз ҳамин сабаб ман онро рад мекунам ва аз Ту хоҳиш менамоям, ки ба ман ба ҷои он муҳаббат, ақли равшани Худро бидеҳ, яъне ҳамаи он чиро, ки барои ман омода намудаӣ. «Чӣ қадар фаровон аст некии Ту, ки барои тарсгорони Худ нигоҳ доштаӣ ва барои паноҳбарони Худ пеши назари банӣ одам ба амал овардаӣ…» (Заб. 30:20). Ва тамоми рӯзҳои ҳаёти худ «подшоҳиеро, ки ба ларза намеафтад, қабул намуда, файзро маҳфуз хоҳам дошт ва бо он Туро ба таври писандида бо таъзиму такрим ва тарси Худо ибодат хоҳам кард» (ниг.: Ибр. 12:28). Туро шукр мегӯям, зеро Ту ба ман ҳақиқатеро ошкор намудӣ, ки «Худотарсӣ боиси ҳаёт аст, ва тарсгор дар некӣ сокин аст ва аз ҳар бадӣ эмин аст» (Мас. 19:23). Дили маро дар тарси номи Ту устувор намо, то ки ман ба Ту писанд омада, нақшаҳои иблисро вайрон карда тавонам. Туро барои он шукр мегӯям, ки ҳамаи тарсгорони Ту ҳеҷ гоҳ ва ба ҳеҷ чиз мӯҳтоҷ нахоҳанд буд.
…Зеро ки Худо ба мо на рӯҳи тарсу ҳаросро, балки рӯҳи қувват ва муҳаббат ва парҳезгорӣ додааст.
Дар муҳаббат ҳаросе нест, балки муҳаббати комил ҳаросро бадар меронад, чунки ҳарос азоб дорад, ва касе ки меҳаросад, дар муҳаббат комил нест.
Роҳи Худро, эй Парвардигор, ба ман таълим деҳ, то ки дар ростии Ту рафтор намоям; диламро танҳо ба тарси номи Ту равона намо.
…Он гоҳ маро хоҳанд хонд, ва ман иҷобат нахоҳам кард; аз субҳидам маро ҷустуҷӯ хоҳанд кард, ва маро нахоҳанд ёфт. Азбаски онҳо ба дониш адоват доштанд ва худотарсиро интихоб накарданд...
Ба тавре ки гӯши худро ба шунидани ҳикмат роғиб ва дили худро ба хирад моил гардонӣ; агар донишро даъват намоӣ ва овози худро сӯи хирад баланд кунӣ; агар онро мисли нуқра орзу кунӣ ва мисли ганҷҳо ҷустуҷӯ намоӣ, — он гоҳ худотарсиро хоҳӣ фаҳмид ва дониши Худоро хоҳӣ ёфт.
БОБИ БИСТУ ПАНҶУМ
Дар давоми моҳҳое ки дар болои китоби
Дар давоми ҳафт соли минбаъда ноширон аз кишварҳои гуногун дар тамоми ҷаҳон ба ман барои иҷозати тарҷума ва нашри он китоб ба забони кишварашон муроҷиат мекарданд. Баъди чанде ман нусхаҳои китоби худро ба франсавӣ, олмонӣ, португалӣ, ҳолландӣ, венгерӣ, кореӣ, испанӣ, японӣ, ҳиндӣ, индонезӣ ва забонҳои африқоӣ гирифтам. Ва ҳар дафъа дили ман аз шодӣ пур мешуд, ки Худо бо ҳамин тарзи олидараҷа ба дуои ман ҷавоб дод.
Боре, нусхаи китоби худро ба забони хитоӣ гирифта, ман гиристам, чунки ин як воқеаи ғайриоддие буд, ки оиди он ҳатто орзу карда наметавонистам. Ман оиди занҳои азизи хитоӣ фикр мекардам, ки онҳоро ҳеҷ гоҳ надида будам, ва тасаввур менамудам, ки чӣ тавр онҳо китоби маро мехонанд ва барои оилаҳои худ дуо гуфтанро меомӯзанд. Албатта, ман ҷисман наметавонистам ба тамоми гӯшаҳои ҷаҳон рафта, бо хонандагони китобам вохӯрам. Ман ба Хитой сафар кардан ҳам наметавонистам — ва аз эҳтимол дур аст, ки ягон вақт тавонам, — аммо каломе ки Худо ба ман расонда буд, ба он ҷо расид. Ин одамон ҳеҷ гоҳ бо ман шахсан вонамехӯранд, аммо онҳо Худоро беҳтар хоҳанд шинохт.
Чӣ ҷавоби олидараҷа ба дуои ман! Ман ва дӯстонам борҳо якумин рӯзеро, ки бори аввал ин дуоро ба забон овардем, ба ёд меовардем. Акнун мо аз он чи Худо дар ҷавоби он ба амал овард, хурсанд будем. Аз ҳамон вақт оиди ҳар як китобе ки дар болои он кор мекунам, чунин дуо мегӯям: «Худовандо, чунин бикун, ки ба воситаи ин китоб муҳаббати Ту, марҳамати Ту, умеди Ту ва ҳақиқати Ту ба бисёр одамон дар тамоми ҷаҳон зоҳир шавад». Ту низ метавонӣ чунин дуо гӯӣ, ва Худо истеъдодҳо ва лаёқатҳои туро барои ламс намудани дилҳои одамони дигар истифода барад. Агар ту он чиро, ки Худо ба ту ато намудааст, ба дигарон расонидан хоҳӣ, Ӯ ҳатман ба ту дар ин кор ёрӣ медиҳад.
Ба Худо ва ба одамони дигар дода тавонистани он чи дорем, қисми муҳими ҳаёти мо дар рӯи замин аст, ва бе он мо ҳеҷ гоҳ ба мақсади дилҳоҳ намерасем. Бе ин лаёқат дар назди мо ҳеҷ гоҳ мақсадҳои бузурге ки Худо дар назди мо гузоштааст, кушода намешаванд. Ато карданро наомӯхта, мо ҳеҷ гоҳ пуррагии шахсияти худро ҳис намекунем ва осудагӣ ба даст намеоварем. Ҷараёни баракатҳое ки аз ҷониби Худо ба мо равона карда мешавад, бояд ба воситаи мо ҷорӣ шавад. Ҳангоме мо он чиро, ки дорем, ба Худо ва ба одамон медиҳем, дар мо холигие пайдо мешавад, ки онро Худо бо баракатҳои Худ пур мекунад. Аммо агар ин ҷараёнро маҳкам кунем, ҷараёни зиндагиро дар худ маҳкам мекунем. Вазифаи мо дуо гуфтан оиди он аст, ки Худо ато карданро ба мо омӯзад ва ба мо барои ин қувват диҳад.
Атои дуогӯӣ
Бисёр одамон ба ман оиди он навиштаанд, ки китобҳои ман барои нигоҳ доштани оилаҳояшон, наҷот ёфтани фарзандон ва худашон ёрӣ расондаанд. Онҳо аз ман мепурсиданд, ки ҳамчун арзи миннатдорӣ барои ман чӣ кор карда метавонанд, ва ман ҳамеша як хел ҷавоб медодам: «Беҳтарин коре ки шумо барои ман карда метавонед, — барои ман дуо гуфтани шумост. Оиди муваффақияти кори ман, оиди саломатии ман, оиди оилаи ман дуо гӯед. Оиди он дуо гӯед, ки ман дигар китобҳоро навишта тавонам, ки одамонро назди Худованд оварда метавонанд, то ки Ӯ ҳаёти шуморо дигаргун кунад». Барои ман тӯҳфае арзишноктар аз дуоҳои касе нест. Ман боварӣ дорам, ки дуоҳои ҳазорон одамон он вақт дар бемористон ҳаёти маро наҷот доданд. Агар ту яке аз онҳо бошӣ, ман ба ту миннатдории бепоёни худро изҳор менамоям. Ман дуоҳои шуморо ҳис кардаам, ва ба шарофати онҳо имрӯз зинда ҳастам.
Дуо атои бузургтаринест, ки мо метавонем онро ба дигарон расонем. Албатта, агар касе ба хӯрок, ба либос ва сарпаноҳ эҳтиёҷ дошта бошад, мо бояд ба ӯ ёрӣ диҳем, аммо дар айни ҳол набояд дар ҳаққи ин одамон дуо гуфтанро сарфи назар намоем. Неъматҳои моддӣ муваққатӣ мебошанд, ва дуоҳои мо барои одамон метавонанд ҳаёти онҳоро тағйир диҳанд.
Агар барои одамони дигар шафоат карданро ёд нагирем, ҳеҷ гоҳ мероси Худоро ба даст намеоварем. Қисми муҳими даъвати умумии мо дар ҳамин аст, чунки ҳамаи мо ба он даъват шудаем, ки барои якдигар шафоат намоем. Худо мехоҳад, ки мо тайёр бошем, ки аз самими дил барои якдигар дуо гӯем.
11-уми сентябри соли 2001 дар ҳаққи одамоне ки он вақт дар Ню-Йорк, Пенсилвания ва Вашингтон буданд, дарҳол дуои шафоат садо дод. Сипас одамон аз тамоми гӯшаҳои Иёлоти Муттаҳида ба Ню-Йорк омаданд, то ки ба зарардидагон ёрӣ расонанд. Онҳо дар навбатҳо меистоданд, то ки хун супоранд, онҳо барои оилаҳое ки наздиконашонро аз даст додаанд, пул хайр мекарданд. Ҳар кас кори аз дасташ меомадаро мекард, аммо пеш аз ҳамаи ин дуо буд. «…На бо сухан ва забон, балки бо амал ва ростӣ дӯст бидорем» (1 Юҳ. 3:18). Агар ту Худоро дӯст дорӣ, ту одамонро дӯст медорӣ, ва ин муҳаббат туро водор мекунад, ки барои ба онҳо ёрӣ додан ҳама корро кунӣ. Дуо ибтидои бомуваффақияти ин роҳ аст.
Худо мехоҳад, ки мо ато намоем. Ӯ гуфтааст: агар мо ба дигарон ёрӣ надиҳем, мо Ӯро дӯст намедорем. «Ва агар касе ки дар ҷаҳон осудаҳол аст, бародари худро дар ҳолати мӯҳтоҷӣ дида, раҳмдилии худро аз вай дареғ медорад, чӣ гуна муҳаббати Худо дар ӯ сокин аст?» (1 Юҳ. 3:17). «Ҳеҷ кас нафъи худро толиб набошад, балки нафъи дигаронро» (1 Қӯр. 10:24). Ҳангоме аз Худо хоҳиш мекунӣ, ки барои бо хизматат ламс намудани дили одамон ба ту ёрӣ диҳад, баракатҳои бузургтарин ба ту ҷорӣ мешаванд.
Ба Ту додани он чиро, ки бояд ба Ту дода шавад, ба ман биёмӯз. Ман намехоҳам Туро аз он чи ҳақиқатан ба Ту тааллуқ дорад, маҳрум намоям. Ҳар ҷо, ки ганҷи ман аст, дили ман низ дар ҳамон ҷо хоҳад буд (ниг.: Мат. 6:21). Бигузор ганҷи бузургтарини ман ҳамеша хизмат ба Ту бошад.
Худовандо, ба ман нишон деҳ, ки имрӯз бояд чӣ кунам, то ки барои атрофиён баракат шавам. Аз ҷумла, нишон деҳ, ки ман ба оилаи худ, ба калисои худ, ба дӯстони худ ва ба одамоне ки Ту ба ҳаёти ман меоварӣ, чӣ гуна хизмат карда метавонам. Ман намехоҳам ба ташвишҳои худ фурӯ рафта, имконияти ба дигарон расондани нури Туро набинам. Нишон деҳ, ки ман бояд мувофиқи хости Ту чӣ кор кунам, ва ба ман қувват деҳ, ки чунин амал намоям. Ба ман ҳама чизи даркориро деҳ, то муҳаббати Туро ба дигарон бо он зоҳир намуда тавонам, ки ба дигарон ёрӣ диҳам, онҳоро рӯҳбаланд намоям, ба онҳо умед бахшам. Маро яке аз шафоатгарони вафодори Худ гардон ва ба ман бо имони бештар дуо гуфтанро ёд деҳ. Ба ман ёрӣ деҳ, то дар ҷаҳон дигаргуниҳои назаррас ба амал оварам. Охир Ту дар ҳаёти ман амал намуда, тақдири одамони дигарро барои ҷалоли Худ дигаргун мекунӣ.
Ба якдигар, ҳар яке аз рӯи бахшоише ки ёфтаед, ҳамчун муваккалони неки файзи гуногуни Худо хизмат кунед. Касе агар сухане ба забон ронад, бигзор ҳамчун суханони Худо ба забон ронад; касе агар хизмат кунад, бигзор мувофиқи қуввате ки Худо ба вай медиҳад, хизмат кунад, то ки дар ҳама чиз Худо ба воситаи Исои Масеҳ ҷалол ёбад, ки Ӯро ҷалол ва салтанат то абад бод. Омин.
Мо муҳаббатро аз он донистем, ки Ӯ ҷони Худро барои мо фидо кард. Мо ҳам бояд ҷонҳои худро барои бародарон фидо кунем.
Ва мо некӣ карда, ноумед нашавем; зеро ки дар вақташ хоҳем даравид, агар сустӣ накунем.
Ва хирадмандон мисли дурахши афлок хоҳанд дурахшид, ва онҳое ки бисёреро ба адолат ҳидоят намудаанд, — мисли ситорагон хоҳанд буд то абад.
Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ ба Ман имон оварад, аъмолеро, ки Ман мекунам, вай низ хоҳад кард ва ҳатто бузургтар аз он ҳам хоҳад кард, зеро ки Ман назди Падар меравам. Ва ҳар чиро, ки ба исми Ман биталабед, ба ҷо хоҳам овард, то ки Падар дар Писар ҷалол ёбад; агар чизе ба исми Ман биталабед, Ман онро ба ҷо хоҳам овард.
БОБИ БИСТУ ШАШУМ
Ҳангоме ки ман 14-сола будам, қарор додам, ки писари ҳамсояро бо дугонаам шинос кунам ва ӯро чунон муаррифӣ намудам: «Ин Майки ғафс аст». Ӯро ҳамаи бачаҳо ҳамин тавр меномиданд, то ки аз Майкҳои дигар фарқ кунонанд. Аммо дар он лаҳзае ки ман ин суханонро ба забон овардам, пай бурдам, ки чашмони Майк тира шуданд, ва фаҳмидам, ки ин лақаб ба ӯ тамоман маъқул набуд. Ман ба ҳолати ногувор афтодам, зеро тамоман намехостам ӯро ранҷонам. Умуман ман ӯро хушнамуд меҳисобидам, аммо намедонистам, ки намуди зоҳирӣ барои ӯ масъалаи дарднок буд. Ман лақаби «Майки ғафс»-ро ҳазл меҳисобидам, ва худи Майк ҳеҷ гоҳ ба ин мухолиф набуд. Аммо маълум шуд, ки ин лақаб ӯро меранҷонд. Он вақт ман намефаҳмидам, ки суханони озордиҳанда ҳамеша захмдор мекунанд. Ман хеле шарм доштам ва ҳатто ба хотирам наомад, ки бахшиш пурсам. Ман қарор додам, ки беҳтараш умуман ин воқеаро фаромӯш кунам. Ман умедвор будам, ки Майк низ ба зудӣ ин воқеаро фаромӯш мекунад ва ҳамаaш хуб мешавад.
Баъди чанде ман аз он ҷой кӯчида рафтам ва дигар ҳеҷ гоҳ Майкро надидам. Ман он воқеаро тамоман фаромӯш кардам ва онро фақат баъди понздаҳ сол, ҳангоми имондор шуданам ба ёд овардам. Барои он ки дили худро дар назди Худо пурра пок намоям, ман аз Ӯ хоҳиш кардам, ки ҳар гуноҳеро, ки бояд эътироф намоям ва аз он тавба кунам, ба ман ёдрас намояд. Баъди чунин дуоҳо ёддоштҳо оиди амалҳои нохуби ман чун селоб ҷорӣ шуданд, ки дар байни онҳо воқеа бо Майк низ буд. Ман барои худам, суханонам, бераҳмии беихтиёр ва дарде ки ин суханон расонданд, шарм медоштам. Ман ҳайрон шуда будам: пас аз он ки худам аз одамони дағалу дилсахт борҳо азоб кашида будам, ба шахси дигар ҳамин гуна дард расондам. Ман аз Худо хоҳиш мекардам, ки маро барои бераҳмӣ ва нодонӣ бахшад.
Агар ман Майкро ёфта, аз ӯ бахшиш пурсида метавонистам, ҳамин тавр мекардам, аммо ин ғайриимкон аст. Ман кӯшиш мекардам айби худро дар назди ӯ ислоҳ кунам, ва дуо мекардам, ки Худованд Майкро аз ҳама ҷиҳатро баракат диҳад. Ман кӯшиш мекардам, ки суханонам аз хотири ӯ раванд ё ақаллан талхии худро гум кунанд, то ӯ аз он дарде ки ин суханон ба ӯ расонданд, озод шавад.
Байни бинӣ ва манаҳ узве ҷойгир аст, ки ба мо нохушиҳои зиёд оварда метавонад. Гоҳо аз даҳони мо суханони тамоман номумкин берун меоянд, ва дар натиҷа мо ба дигарон дард мерасонем, ва баъд самари бехирадии худро меғундорем. Барои суханоне ки понздаҳ сол пеш гуфта будам, нархи гароне пардохтанам лозим омад. Сухан гунҷишк нест, ва агар парида барояд — дошта гирифта наметавонӣ. Ҳамаи он чи кардан мумкин аст, — узр хостан ва ба бахшида шудан умед бастан аст. Барои он ки аз даҳонамон ҳеҷ чизи нохуб набарояд, дилҳои мо бояд пур аз муҳаббат ва хоҳиши некӣ кардан бошад. «Зеро ки забон аз пурии дил сухан мегӯяд» (Мат. 12:34). Агар дилҳои мо бо ҳақиқат ва муҳаббати Худо пур шавад, мо низ оиди он ки пок аст ва дилписанд аст, мегӯем.
Оё ба шумо лозим омадааст бо шахсе муошират намоед, ки фақат шиква менамояд ё дар бораи дигарон бадгӯӣ мекунад? Магар ин хастакунанда нест? Оё ба шумо лозим омадааст дар ҷамъияти шахсоне бошед, ки аз онҳо ҳар лаҳза ягон чизи бад шунидан мумкин аст? Аз чунин ҳамсӯҳбатон ҳарчи зудтар гурехтан мехоҳем, ҳамин тавр не? Китоби Муқаддас ба мо мефармояд: «Ҳар корро бе шиква ва шубҳа ба ҷо оваред…» (Флп. 2:14). Аз ҳаёт шиква карда, мо нобоварӣ ва сустии имони худро ба Худо нишон медиҳем, ба он ки Ӯ ҳама чизро идора мекунад ва дар ҳаққи мо ғамхорӣ менамояд, ва ба дуоҳои мо ҷавоб медиҳад. Ин танҳо оиди он шаҳодат медиҳад, ки мо дуо намегӯем. Муошират бо шахсоне ки ин қадар имони ночиз доранд, ба мо таъсири манфӣ нарасонда наметавонад.
Тасаввур мекунем, ки ҳар боре ки даҳонамонро мекушоем, аз онҳо суханони пур аз қудрати Худо, ҳамдардӣ, тасалло, хирадмандӣ, муҳаббат ва ҳақиқат мебароянд. Агар аз Худо мадад хоҳем, ин имконпазир аст. Агар дилат пур аз кина бошад, оиди ҳамаи он чи ба гӯшаи хотират меояд, суханронӣ кардан амали хатарнок аст. Аммо агар ту оиди чизҳои ҳаққонӣ фикр кунӣ, суханоне ки аз даҳонат мебароянд, оиди некӯии ту шаҳодат медиҳанд.
Ҳар рӯз оиди чӣ андешаронӣ кардан лозим аст (ниг.: Флп. 4:8)
1.
2.
3.
4.
5.
6.
7.
8.
Ҳангоме ки зани хирадманд гап мезанад
Дар Навиштаи Муқаддас гуфта шудааст, ки «андешаҳои дил аз они одам аст, вале ҷавоби забон аз ҷониби Парвардигор аст» (Мас. 16:1). Ман мехоҳам ҳар рӯз дар Каломи Ту буда ва ба шариати Ту итоат намуда, дили худро мулоим гардонам. Ман мехоҳам Туро парастиш намуда ва барои ҳама чиз Туро шукр гуфта, диламро мулоим гардонам. Диламро бо муҳаббат, осоиш ва хурсандӣ пур кун, то ки онҳо аз даҳони ман ҷорӣ шаванд. Маро фош намо, ҳангоме ки аз ҳаёт шикоят мекунам ё оиди касе суханони бад мегӯям. Ба ман биёмӯз, ки дар хулоса баровардан шитоб накунам ва бисёр гап назанам, то ки ҳеҷ гоҳ суханони озордиҳанд нагӯям. Аз Ту хоҳиш мекунам: ҳар дафъа суханонеро ба ман нишон деҳ, ки сазовори ба забон овардан ҳастанд. Нишон деҳ, ки кай бояд гап занам, ва кай хомӯш бошам. Ҳангоме ки даҳонамро мекушоям, ба он суханонеро гузор, ки боиси ҳаёт мегарданд.
Маро зане гардон, ки бо хирадмандӣ, некӯӣ ва мулоҳизакорӣ гап мезанад ва ҳеҷ гоҳ суханони аҳмақона, дағалона ва ё сахтро ба забон намеоварад. Ба ман суханонеро нишон деҳ, ки пур аз умеди дар ман вуҷуддошта мебошанд, то моҳияти шариати Туро ба шунавандагонам фаҳмонда тавонам. Бигузор суханоне ки ман мегӯям, ба одамон ёрӣ расонанд, ки Туро беҳтар шиносанд.
…Зеро, касе ки ҳаётро дӯст медорад ва мехоҳад рӯзҳои нек бинад, бигзор забонашро аз бадӣ нигоҳ дорад, ва лабҳояшро аз гуфтори макромез.
Дили хирадманд даҳони ӯро доно мекунад ва бар лабҳои ӯ чарбгӯӣ меафзояд.
Худованд Худоро дар дилҳои худ тақдис намоед; ҳамеша тайёр бошед, ки ба ҳар касе ки аз шумо дар бораи умедатон ҳисоб талаб кунад, бо фурӯтанӣ ва эҳтиром ҷавоб диҳед: Бигзор виҷдони шумо пок бошад, то онҳое ки рафтори некатонро дар Масеҳ мазаммат менамояд, бо он чи шуморо бадгӯӣ мекунанд, шарманда шаванд. Зеро, агар мутобиқи иродаи Худо бошад, барои аъмоли нек уқубат кашадан беҳтар аст аз он ки кас барои аъмоли бад уқубат кашад…
Суханони хуш шаҳдест, ки барои ҷон ширин ва барои устухонҳо шифобахш аст.
Лабҳои адлгуфтор ба подшоҳон мақбул аст, ва ростгӯёнро онҳо дӯст медоранд.
БОБИ БИСТУ ҲАФТУМ
Ҳангоме ки ман даҳсола шудам, дар зодрӯзам ба ман занҷирчаи борики тиллоиро бо кулони кулӯлаи шишагӣ тӯҳфа карданд. Дар даруни он донаи хурдакаки хардал буд. Ман он вақт фикр кардам:
Ва фақат баъди солҳои зиёд сирри ин донаи хурдакаки хардал ба ман ошкор гардид. Исо гуфтааст: «…Агар ба андозаи донаи хардале бовар дошта бошед ва ба ин кӯҳ бигӯед: “Аз ин ҷо ба он ҷо кӯч кун”, он кӯч хоҳад кард; ва ҳеҷ чиз барои шумо ғайриимкон нахоҳад буд…» (Мат. 17:20). Аз ҳамон вақт ман ҳамеша донистан мехостам: чаро донаи хардал ин қадар хурд аст? Агар ин миқдор имон барои ҷой иваз кунондани кӯҳҳо кофӣ бошад, имони ман барои дигаргун намудани вазъиятҳои ҳаёти ман албатта кифоякунанда аст.
Агар мо бо имон зиндагӣ кунем, Худо онро зиёд мегардонад. Дар Китоби Муқаддас оиди «андозаи имоне ки Худо ба ҳар кас насиб кардааст» (Рум. 12:3) гуфта шудааст. Барои аввал мо як миқдор имон дорем, ва ҳангоме ки дар роҳи ҳақиқат қадами аввал мегузорем, Худо
Хоҳ инро фаҳмӣ ва хоҳ нафаҳмӣ, аммо ту ҳар рӯз бо имон зиндагӣ мекунӣ. Ба духтур муроҷиат карда, ту бовар мекунӣ, ки ӯ ҳама корро дуруст мекунад. Аз дорухона дору харида, ту ба дорусоз боварӣ мекунӣ, ки ӯ ҳама корро мувофиқи ресепт мекунад. Дар тарабхона хӯрок хӯрда, ту боварӣ мекунӣ, ки туро дар он ҷо заҳролуд намекунанд (агарчи баъзе тарабхонаҳо нисбат ба тарабхонаҳои дигар сазовори боварии бештар мебошанд). Ба Худо бовар кардан то чӣ андоза дурусттар аст!
Мо тасаввур карда наметавонем, ки Худо дар ҳаёти мо кадом амалҳои бузургро ба амал овардан мехоҳад, агар мо, ҳангоме ки Ӯ дар ин бора хоҳиш мекунад, ба иҷрои фармудаҳои Ӯ тайёр бошем. Аз ҳамин сабаб Ӯ имкон медиҳад, ки аз озмоишҳо гузарем, давраҳои сустӣ ва нотавониро аз сар гузаронем. Ӯ роҳ медиҳад, ки дар ҳаёти мо воқеаҳои муайян рӯй диҳанд, то ки моро сӯи Худ гардонад, то ки мо диққати Худро ба Ӯ равона кунем. Маҳз дар ҳамин давраҳо мо эҳтиёҷ ҳис менамоем, ки бо имони бештар дуо гӯем, ва дар натиҷа он зуд афзун мешавад.
Исо гуфтааст: «…Мувофиқи имонатон ба шумо бишавад» (Мат. 9:29). Пас, агар ин қадар чизҳои бисёр ба имони мо вобаста бошанд, барои тарсидан асос дорем. Аммо воситаҳое ҳастанд, ки бо ёрии онҳо мо метавонем имонро «нашъунамо» диҳем, масалан, бо ёрии Каломи Худо. Маълум аст, ки имон аз шунидани ваъз аст (ниг.: Рум. 10:17). Агар ту ба ваъдаҳои Худо бовар кунӣ ва онҳоро бо овози баланд эълон намоӣ, мебинӣ, ки имони ту то чӣ андоза тез афзун мешавад.
Имон он вақт низ афзун мешавад, ки мо дуо мегӯем, чунки ба воситаи дуо ба Худо наздик мешавем ва ба Ӯ даст мерасонем. Боре зане бо имон ба домани Худованд даст расонда, ба худ гуфт: «…Агар танҳо ба либоси Ӯ даст расонам, шифо меёбам» (Мат. 9:20–22). Ҳар боре ки мо дар дуо ба Худованд даст мерасонем, мо шифо меёбем, ва имони мо афзун мешавад. Ҳар рӯз мо ба имон ҳарчи бештар эҳтиёҷ дорем. Дар зиндагии ҳар яки мо боре вақте фаро мерасад, ки ба мо имон лозим мешавад, – он барои дидани фарқи байни муваффақият ва нобарорӣ, ғалаба ва мағлубият, ҳаёт ва марг ёрӣ мерасонад. Аз ҳамин сабаб дархости ба Худо нигаронидашуда оиди мустаҳкам намудани имони мо бояд дуои доимии мо бошад.
Имони ту ҳар қадар суст бошад ҳам, Худованд метавонад онро устувор гардонад. Ҳатто агар имони ту хеле суст тобад ҳам, ба ҳар ҳол метавонӣ ба кӯҳҳо фармон диҳӣ, ки ҷой иваз кунанд, ва Худованд кори ғайриимконро ба амал меоварад. Ту метавонӣ оиди рост кардани роҳҳои ҳаёти худ, оиди шифо ёфтан ва барқарор шудани ҳаёти харобгаштаат дуо гӯӣ. Ту мставонӣ аз Худо хоҳиш кунӣ, ки имони туро мустаҳкам намояд ва ба ту ҷуръат бахшад, ки аз рӯи ҳақиқат амал намоӣ. Ва Ӯ ба Ту ҷавоб медиҳад.
Кадоме аз ваъдаҳои Худоро ба даст овардан мехоҳӣ? Кадом дуоро бо имон, бе ягон шубҳа ба забон овардан мехоҳӣ? Оиди кадом дигаргунӣ дар ҳаёти худ ё ҳаёти шахси дигар бо имони бузург дуо гуфтан мехоҳӣ? Аз Худо хоҳиш бикун, ки тухмии имонеро, ки ту дорӣ, гирифта, аз он дарахти бузурги имонро сабзонад, то ки ту онро бо чашмони худ дида тавонӣ.
Ба ман ёрӣ деҳ, то бовар намоям, ки ваъдаҳои Ту дар ҳаёти ман иҷро мешаванд. Ман дуо мегӯям, ки имони санҷидашудаам, ки аз тиллои дар оташ нобудшаванда гаронбаҳотар аст, барои ҷалоли Ту хизмат кунад (ниг.: 1 Пет. 1:7).
Ман медонам, ки имон «эътиқоди қавӣ ба чизҳоест, ки мо ба онҳо умед мебандем, ва боварӣ ба чизҳоест, ки намоён нестанд» (Ибр. 11:1). Ман медонам, ки «ба воситаи имон», ки атои Туст, наҷот ёфтаам (ниг.: Эфс. 2:8). Имони маро мустаҳкам намо, то ки дуои ман дуои имон бошад, зеро дуои боисрори шахси росткор қуввати бисёр дорад. Ба ман ёрӣ деҳ ҳар боре ки барои беморон дуо мегӯям, ба шифо боварӣ дошта бошам. Ман намехоҳам ба вазъияте афтам, ки эҳтиёҷи шахсро мебинам, аммо аз боиси ба қадри кофӣ мустаҳкам набудани имонам барои ӯ дуо гуфтан ва ба дигаргуниҳои мусбат боварии қавӣ доштан наметавонам.
Ба ман ёрӣ деҳ «сипари имон»-ро бигирам, ки бо он «ҳамаи тирҳои тафсони шарирро хомӯш кардан» мумкин аст (Эфс. 6:16). Ба ман биёмӯз «ҳеҷ шакку шубҳа надошта бошам», зеро ман медонам, ки «шубҳакунанда ба мавҷи баҳр монанд аст, ки аз шамол баланд шуда, ҷавлон мекунад». Ман медонам, ки «шахси дудила дар ҳамаи роҳҳои худ ноустувор аст», ва чунин шахс аз Ту ҳеҷ чиз намегирад (ниг.: Яъқ. 1:6–8). Ман медонам: «…Ҳар коре ки мувофиқи имон нест, гуноҳ аст» (Рум. 14:23). Ман ҳама гуна шубҳаро нисбати Ту ҳамчун гуноҳ эътироф менамоям ва хоҳиш мекунам, ки маро бубахшӣ. Ман намехоҳам, ки шубҳаҳои ман ба иҷрои нақшаи Ту, ба он чи Ту дар ман ва ба воситаи ман ба амал овардан мехоҳӣ, халал расонанд. Ҳар рӯз имони маро устувор намо, то ки бо номи Ту кӯҳҳоро ҷой иваз кунонда тавонам.
Аммо бе имон ба назари Худо писанд омадан мумкин нест; зеро ҳар кӣ сӯи Худо меояд, бояд имон дошта бошад, ки Ӯ ҳаст, ва ба толибони Худ мукофот хоҳад дод.
…барои имондор ҳама чиз имконпазир аст».
…Агар ба андозаи донаи хардале имон дошта бошед ва ба ин кӯҳ бигӯед: “Аз ин ҷо ба он ҷо кӯч кун”, он кӯч хоҳад кард; ва ҳеҷ чиз барои шумо ғайриимкон нахоҳад буд…
…Мо бо имон сафед шуда, бо Худо ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ сулҳу осоиштагӣ дорем
Дар ин бора шодӣ кунед, дар сурате ки ҳоло, агар лозим шавад, аз озмоишҳои гуногун андаке андӯҳгин мешавед. Имони шумо аз тилло, ки бо вуҷуди озмуда шуданаш дар оташ ҳам фонӣ мебошад, гаронбаҳотар аст. Ин имон аз имтиҳон мегузарад ва барои ҳамд ва шавкат ва ҷалол дар вақти зуҳури Исои Масеҳ холис ба миён меояд…
БОБИ БИСТУ ҲАШТУМ
Ба қарибӣ ман нақли шубонеро оиди он шунидам, ки ӯ дар яке аз гӯшаҳои дуртарини иқлимаш гарм ва сернами ҷаҳон калисо ташкил намуд. Ба он деҳаи хурдакак омада, ӯ ва занаш аз намуди зоҳирии сокинон хеле ҳайрон шуда буданд, зеро онҳо ғайр аз як навори хурди матоъ дар суринҳо ҳеҷ чиз дигар надоштанд. Занҳо то миён луч мегаштанд. Пеш аз ҳама шубон ва занаш дар байни занҳо тарғибот гузаронда, ба онҳо фаҳмонданд, ки онҳо бояд чӣ гуна либос пӯшанд. Шубон барои онҳо футболкаҳо фармоиш дод, ки баъди чанде ба деҳа оварда шуданд.
Ҳар як зан як футболка гирифт. Ҳама аз ин воқеа ба ҳаяҷон омада, ин тӯҳфаҳоро дарҳол хона ба хона бурданд, ва ваъда доданд, ки рӯзи дигар онҳоро мепӯшанд. Ҳангоме ки пагоҳии рӯзи дигар ҳама ҷамъ шуданд, шубон ва занаш аз пештара зиёдтар ҳайрон шуда буданд: занҳо дар футболкаҳо барои синаҳояшон сӯрохиҳо бурида буданд.
Ман ин нақлро шунида механдидам, ва аз он ҳайрон шуданро бас намекардам, ки Худо чанд бор ба мо либосҳо медиҳад, то ки ҷисмамонро пӯшонем ва муносибатҳоро бо Ӯ ба роҳ монем. Аммо мо гаштаву баргашта он қисми либосро, ки ба мо маъқул нест, мебурем, то ки ҷисми худро луч кунем.
Боиси ҳайрат нест, ки мо худро дигаргун карда наметавонем. Мо ҳатто намефаҳмем, ки аз кадом ҷиҳат ва чаро бояд дигаргун шавем. Фақат Худо метавонад чашмони моро ба ҳамаи ин чизҳо кушояд. Бинобар ин меарзад, ки аз Худо хоҳиш кунем: «Маро дигаргун намо, Худовандо». Ман медонам, ки ин яке аз душвортарин дуоҳост. Чунин дуо гуфтан барои мо хеле осонтар мебуд: «
Аммо дуое ҳаст, ки метавонад моро дигаргун кунад ва дар айни ҳол натарсонад. Инак он дуо: «Худовандо, маро ҳарчи бештар ба Масеҳ монанд гардон». Кадоми мо намехоҳад, ки хислати Исоро дошта бошад? Кадоми мо намехоҳад, ки аз ҳама ҷиҳатҳо ба Ӯ монанд гардад?
Ҳафт сифати асосии Масеҳ
1.
Муҳаббати Ӯ метавонад дар ҳаёти ту ва дар зиндагии касоне ки ту бо онҳо муошират мекунӣ, мӯъҷизаҳо ба амал оварад. Бо мурури он ки ту муҳаббатро ба дигарон мерасонӣ, он дар ту афзун шудан мегирад. «Ба шумо ҳукми тозае медиҳам, ки якдигарро дӯст доред; чунон ки Ман шуморо дӯст медорам, шумо низ якдигарро дӯст доред» (Юҳ. 13:34). Оиди он дуо гӯй, ки ҳангоми муошират бо одамон ту ба онҳо муҳаббати Худоро зоҳир карда тавонӣ.
2.
Фурӯтанӣ зоҳир намуда, ту ба атрофиён таъсири амиқ расонда метавонӣ, зеро рафтори ту аз меъёри маъмулӣ қатъиян фарқ хоҳад кард. Аз Худо хоҳиш бикун, то дар ту дили фурӯтан ба вуҷуд оварад.
3.
4.
5.
6.
7.
Аз Худо хоҳиш бикун, ки туро ба Масеҳ монанд гардонад, то ки ба ҳама ҷое ки ту биёӣ, одамон бозистода бигӯянд: «Ба мо он чиро, ки ту медонӣ, ошкор намо. Дар ту чӣ чизи махсус ҳаст? Чӣ кор кунем, то ҳамон чиро дошта бошем, ки ту дорӣ?» Ва он вақт ту метавонӣ ба онҳо ҳақиқатро оиди сарчашмаи нур дар ботинат ошкор намоӣ.
Ба ман ёрӣ деҳ, ки аз ҷаҳон дур шавам, аммо чунон, ки аз ҷамъият пурра ҷудо нашавам ва аз он рӯ нагардонам. Ба ман нишон деҳ, ки аз кадом ҷиҳат ба Ту итоаткор нестам, ва ба ман ёрӣ деҳ, ки ба ҳама гуна шаклҳои ғурур муқобилат намоям. Бигузор фурӯтании ман шаҳодати Рӯҳи Ту гардад, ки дар ман сокин аст. Бигузор муҳаббати Ту, ки маро фаро гирифтааст, шаҳодати вузургии Ту бошад. Маро ёд деҳ, ки одамонро чунон дӯст дорам, ки Ту онҳоро дӯст дошта метавонӣ.
Агар дили ман дағал шуда бошад, онро мулоим гардон. Агар ҷони ман сахт шуда бошад, онро мулоим гардон. Маро роҳнамоӣ кун ва ба ман нишон деҳ, ки аз кадом ҷиҳат ба Ту итоаткор нестам. Ба ман ёрӣ деҳ, ки духтари вафодор, саховатманд ва итоаткори Ту бошам, ки ба Исо монанд аст. Агар ман ба дигаргуниҳо, ки ту дар ман ва дар ҳаёти ман ба амал овардан мехоҳӣ, муқобилат намоям, ба ман ёрӣ деҳ дар ҳама чиз ба Ту боварӣ карданро ёд гирам. Бигузор нури Ту дар ман ҷило диҳад, то ки ман барои ҳамаи онҳое ки маро мешиносанд, нур гардам. Бигузор на ман зиндагӣ кунам, балки ту дар ман зиндагӣ кунӣ (Ғал. 2:20). Ба ман ёрӣ деҳ, ки ба Масеҳ монанд шавам, то ки одамон маро дида, хоҳиши шинохтани Туро пайдо намоянд.
…Ва акнун на ман зиндагӣ мекунам, балки Масеҳ дар ман зиндагӣ мекунад. Ва ин ки ҳоло дар ҷисм зиндагӣ мекунам, ин яъне бо имон ба Писари Худо зиндагӣ мекунам, ки Ӯ маро дӯст дошт ва Худро барои ман таслим кард.
Ҳамон Рӯҳ ба рӯҳи мо шаҳодат медиҳад, ки мо фарзандони Худо ҳастем. Ва агар фарзандонаш бошем, ворисонаш низ ҳастем: ворисони Худо ва ҳамирсони Масеҳ ҳастем, агар ҳақиқатан бо Ӯ азобу уқубат кашем, то ки бо Ӯ низ ҷалол ёбем.
Бинобар ин аз миёни онҳо берун оед ва ҷудо шавед, мегӯяд Худованд, ва ба чизи нопок нарасед, ва Ман шуморо қабул хоҳам кард; ва Падари шумо хоҳам буд, ва шумо писарон ва духтарони Ман хоҳед буд, мегӯяд Худованди Қодири Мутлақ.
…Барои ту файзи Ман басанда аст, зеро ки қуввати Ман дар заъф комил мешавад. Ба ин сабаб ман бо рағбати бештар аз заъфҳои худ фахр менамоям, то ки қуввати Масеҳ дар ман сокин гардад.
Ҳамааш аз дастам меояд, бо мадади Масеҳ, ки моро қувват мебахшад.
БОБИ БИСТУ НӮҲУМ
Тасаввур кун, ки ту дар мусобиқаи давидан бо тамоми қувват медавӣ ва кӯшиш мекунӣ, ки аз ҳама пеш гузашта, сазовори мукофот шавӣ. Аммо ҳар қадар кӯшиш кунӣ ҳам, ба ин муваффақ шуда наметавонӣ, зеро ба як пои ту боре баста шудааст. Ту онро бо кӯшиши зиёд бардошта медавӣ, аммо он чунон вазнин аст, ки баъди чанде ту беҳол мешавӣ ва қарор медиҳӣ, ки умуман аз мусобиқа бароӣ. Ту оиди он фикр намекунӣ, ки маҷбур нестӣ ин борро бардошта барӣ — аммо он муддати зиёд як қисми ту буд, бинобар ин ту аллакай ҳаёти худро бе он тасаввур намекунӣ. Ба ҳар ҳол, агар аз ин бор халос нашавӣ, сӯи мукофоти дилписанд, ки Худо барои ту омода намудааст, давида наметавонӣ.
Сюжети барои бисёриҳо шинос, ҳамин тавр не? Мо бо кӯшиши зиёд дар мусобиқаи ҳаёт медавем, аммо ҳеҷ суръати худро афзун карда наметавонем, зеро бори зиёдатии гузаштаамонро бардошта мегардем, бе он ки аз он хабар дошта бошем. Бадии кор дар он аст, ки мо ин борро он қадар бо худ бардошта гаштаем, ки он як қисми мо гаштааст. Гоҳо бардошта бурдани он чунон душвор аст, ки мо сахт рӯҳафтода мешавем. Ман хабари хуб дорам: Худо мехоҳад ин борро аз ту гирад, то ки туро барои ҳамеша озод намояд.
Муҳим нест, ки ин бор кай ба дӯши ту овезон шудааст — дар кӯдакӣ ё фақат дирӯз, — гузаштаи ту барои ба даст овардани баракатҳои Худо ҳамеша халал мерасонад. Аз ҳамин сабаб Худо мехоҳад туро аз гузаштаат раҳо намояд. Ӯ ҳамчунин мехоҳад ҳамаи он чиро, ки дар гузашта гум шудааст ё нобуд гардидааст, кафорат намояд ва барқарор кунад, ва дар ҳаёти имрӯзаи ту ба рӯзҳои гузашта маънои муайян диҳад. Дар ҳақиқат, агар бо гузашта зиндагӣ кунӣ, ҳеҷ гоҳ ба мақсадҳое ки Худованд дар назди Худ гузоштааст, намерасӣ. Исоро ҳамчун Наҷотдиҳанда эътироф намуда, ту офаридаи нав мегардӣ. Ӯ ҳамаи вазъиятҳои ҳаёти туро нав кард ва мехоҳад, ки ту мувофиқи ин дигаргунӣ зиндагӣ кунӣ.
Худо ба мо мефармояд, ки хотираамонро аз бори ёддоштҳои воқеаҳои гузашта озод намоем, аммо ин осон нест. Гузаштаи худро чӣ тавр фаромӯш кардан мумкин аст? Хотираро гум кунем? Ё ҳама чизро рад намоем? Вонамуд кунем, ки гузашта умуман набуд? Барои аз байн бурдани ёддоштҳо ҷарроҳиро аз сар гузаронем? Не. Фақат бояд дар дуо аз Худо хоҳиш намоем, ки Ӯ моро аз гузашта озод намояд ва мо дар замони ҳозира хушбахтона зиндагӣ карда тавонем.
Яке аз сирҳои бузургтарини Худованд аз он иборат аст, ки Ӯ на танҳо захмҳои ҷони моро шифо медиҳад, балки ба таври мӯъҷизаосо ин таҷрибаи фоҷиавиро ба нафъи худамон истифода мебарад. Худованд ёддоштҳои туро пок намекунад, Ӯ туро аз дарде ки онҳо ба ту мерасонанд, пурра озод менамояд. Худованд ба ту ҳаёти нав медиҳад, ки онро ту чунон дӯст хоҳӣ дошт, ки аллакай ҳеҷ гоҳ ба ҳаёти пештара баргаштан намехоҳӣ. Хотира бо ту мемонад, аммо дарди ёддоштҳо аз байн меравад. Ба ҷои ин дили ту аз шукргузорӣ ба Худо пур мешавад барои он ки Ӯ туро таҷдид намуд ва инсони пурра гардонд. Ту хоҳиш пайдо мекунӣ, ки азсаргузарониҳои худро ба одамони дигар расонӣ, ба онҳо оиди озодшавӣ, таҷдид ва шифо ёфтани худ нақл кунӣ, то онҳо донанд, ки ин роҳ барои онҳо низ кушода аст.
Барои неъматҳои оянда
Сабабе ки аз боиси он Худо ёддоштҳои туро пок намекунад, дар он аст, ки Ӯ мехоҳад, ки гузаштаи ту барои ба ҷо овардани хизмате ки барои ту пешакӣ муқаррар шудааст, ёрӣ диҳад. Он метавонад ҳама чизи бадро аз гузаштаи ту гирифта, ба баракати бузургтарин табдил диҳад, ки дар оянда ба ту медиҳад. Ӯ асоси хизмати Туро ба Ӯ устувор мекунад, ва он вақт ту нури Ӯро ба одамони дигар мерасонӣ.
Маҳз аз ҳамин сабаб Худо мехоҳад, ки ту аз хатоҳои худ дарси ибрат гирӣ ва шаҳодат дода тавонӣ, ки Ӯ туро аз хотираҳои дарднокат озод кардааст. Аммо Худованд намехоҳад, ки ту бо гузашта зистанро давом диҳӣ. Ӯ мехоҳад, ки ту гузаштаи худро на чун пешгӯӣ оиди ояндаи худ, балки чун китобе хонӣ. Ӯ мехоҳад, ки ту ҳамаи он чиро, ки дар қафост, аз хотир бароварда, ба пеш ҳаракат кунӣ (ниг.: Флп. 3:13).
Бисёр касон ояндаеро, ки Худо барои онҳо омода намудааст, ба даст намеоваранд, чунки дар гузаштаи худ дармондаанд. Намунаи равшани ин — ҳаёти одамонест, ки замоне рад карда шудаанд, ва акнун метарсанд, ки ин боз такрор мешавад. Онҳо аз тарафи одамони дигар нисбати худ муносибати бадро интизоранд ва дар суханон ва рафтори онҳо танҳо душманиро мебинанд. Аз ҳамин сабаб онҳо тарс доранд, ҳамеша хашмгин ҳастанд, аз чизе ранҷидаанд ва ба эродҳои атрофиён аксуламали дарднок мекунанд. Дигар хел карда гӯем,
Ҳар гуна бор аз гузашта, ки ту онро бардошта мегардӣ, ба атрофиён намоён аст. Он чизи бад, ки бо мо рӯй додааст, ва он чизи нек, ки
Ба ақиб нигоҳ накун
Ҳангоме ки аз гузашта даст кашидан мехоҳӣ, муҳим он аст, ки ба ақиб нигоҳ накунӣ, ки оё он туро таъқиб намекунад. Зани Лут ҳамин тавр кард ва дар ҷояш карахт шуда монд. Туро низ ҳамин гуна тақдир интизор буда метавонад. Пешравии ту хеле суст шуда метавонад, аммо, охир, давандаҳои хуб ҳамеша ба мақсади дар пеш буда нигариста, медаванд.
Ҳатто агар ту ҳеҷ гуна хотираҳои тира надошта бошӣ ё агар аллакай аз онҳо озод шуда бошӣ ҳам, оиди озодшавӣ аз гузашта дуо гуфтан ҳамеша даркор аст. Ин муҳим аст, зеро имкон дорад, ки ҳатто ягон чизи хуби гузаштаи ту ба Худо дар офаридани як чизи нав дар замони ҳозира халал расонад. Дар хотираҳои гузашта маҳдуд шуда, шояд ту нафаҳмида мемонӣ, ки Худо ҳозир чӣ кор карданӣ аст. Ӯ ҳамеша мехоҳад туро ба сатҳи нав бароварад, аммо агар ба тартиби пештараи одатӣ часпида гирӣ, ту ба Ӯ халал мерасонӣ. Худованд ҳеҷ гоҳ ба мо имкон намедиҳад, ки дар сатҳи дастовардҳои ҳозираамон бозистем. Аммо агар мо ба худ умед бандем, пас, мо ба Ӯ боварӣ надорем.
Ман кафолат медиҳам, ки новобаста ба синну соли ту, Худо мехоҳад дар ҳаёти ту як чизи нав офарад. Аз Ӯ хоҳиш кун ба ту ошкор намояд, ки маҳз чиро. Ба Ӯ бигӯ, ки ту мехоҳӣ мусобиқаро давом диҳӣ ва бори гузаштаро бо худ бардошта набарӣ, ва масофаро чунон давидан мехоҳӣ, ки дар охири роҳ мукофот ба даст оварӣ (ниг.: 1 Қӯр. 9:24).
Ба ман ёрӣ деҳ аз тарзи фикрронии пештара, эҳсосоти гузашта ва хотираҳои гузашта даст кашам (ниг.: Эфс. 4:22–24). Ба ман ақли Масеҳро ато намо, то фаҳмида тавонам, ки кай ёддоштҳо оиди гузашта маро идора карданӣ мешаванд.
Ман намехоҳам аз боиси бадкинагии худ дар зери фишори гузашта зиндагӣ кунам. Ба ман ёрӣ деҳ, то ҳамаи он чиро, ки бояд бахшида шавад, бахшам. Хусусан аз Ту хоҳиш мекунам: маро аз…(ёддошти дарднокеро, ки туро таъқиб мекунад, зикр намо) озод бикун. Ман гузаштаи худ ва ҳар як шахси бо он дахлдорро ба дастони Ту месупорам, то ки ту ҳама чизи аз даст рафтаро барқарор намоӣ. Ман аз он бадие ки нисбати ман мекарданд ва он чи худам мекардам, тавба менамоям. Бигузор ин дигар ҳеҷ гоҳ маро азоб надиҳад ва ба ҳаёти ҳозираам таъсир нарасонад. Маро ба ивази рӯзҳои азобҳоям ва ба ивази солҳое ки бадӣ дидаам, хурсанд кун (ниг.: Заб. 89:15). Туро барои он шукр мегӯям, ки ту ҳама чизро нав мекунӣ, барои он ки ҳама чизро нав месозӣ (ниг.: Ваҳй. 21:5).
Ба ман биёмӯз, ки на ба ақиб, ба рӯзҳои гузашта ва одатҳои кӯҳна, балки ба пеш нигоҳ кунам. Ман медонам, ки Ту дар ҳаёти ман худи ҳамин рӯз як чизи нав офаридан мехоҳӣ. Ба ман ёрӣ деҳ сӯи мақсаде ки ба тарафи он мешитобам, нигоҳ кунам, ва маро аз гузаштаам озод намо, то имконият дошта бошам сӯи ояндае ҳаракат кунам, ки Ту барои ман омода намудаӣ.
…Касе ки дар Масеҳ аст, махлуқи навест; чизҳои қадима гузаштанд, ва инак ҳама чиз нав шудааст.
Аммо вақоеи пешинаро ба хотир наоваред, ва ба мӯъҷизоти қадимӣ диққат надиҳед. Инак, Ман чизи наве месозам, ки он алҳол ба зуҳур меояд. Магар аз он воқиф нестед? Ба яқин, роҳе дар бодия, ва наҳрҳо дар биёбон ба вуҷуд хоҳам овард.
Эй бародарон, гумон намекунам, ки ман аллакай расида бошам, балки фақат як чизро мегӯям: он чиро, ки дар қафост, аз хотир бароварда ва ба пеш ҳаракат карда, ман сӯи мақсаде шитоб менамоям, ки фарҷоми ғолибонаи даъвати Худост аз арши аъло дар Исои Масеҳ.
Бигзор чашмони ту рост бингарад, ва мижгони ту ба самти рӯ ба рӯ равона бошад. Барои пойҳои худ роҳро ҳамвор намо, то ки ҳамаи тариқҳои ту рост бошад. Ба тарафи рост ва чап моил нашав; пои худро аз бадӣ дур соз.
Ва Худо ҳар ашкро аз чашмони онҳо пок хоҳад кард, ва мамот дигар нахоҳад буд; ва гиря ва фиғон ва дард дигар нахоҳад буд; зеро он чи пештар буд, гузашт.
БОБИ СИЮМ
Хоҳари азизам дар Масеҳ, ман ин бобро дар шакли нома ба ту менависам. Агар ту оиди ояндаат дар ташвиш бошӣ, ман мехоҳам туро рӯҳбаланд намоям. Ин номаро бо умед бихон ва овози Худоро, ки бо Ту гап мезанад, бишнав. Дар асл ин номаи Ӯ ба ҳамаи мост.
Мӯҳтарам _________________ (хоҳиш мекунам, дар ин ҷо номи худро навис), ман ин номаро барои ёдрас намудани он менависам, ки Худо барои ту ояндаи бузург омода намудааст. Ман ба ин боварӣ дорам, чунки Ӯ чунин гуфтааст. Худованд мегӯяд, ки ту он мероси бузургеро, ки Ӯ барои ту омода намудааст, надидаӣ, нашунидаӣ ва тасаввур карда наметавонӣ (ниг.: 1 Қӯр. 2:9). Ту тасаввуроте надорӣ, ки ояндаи ту то чӣ андоза олидараҷа аст. Худо мегӯяд, ки агар ту инро фаҳмида метавонистӣ, ҳис мекардӣ, ки «...азобу уқубатҳои замони ҳозира назар ба он ҷалоле ки [дар ту] зоҳир хоҳад шуд, ҳеҷ аст» (Рум. 8:18). Ин маънои онро дорад, ки тасаввуроти ҳозираи ту оиди ҳаёти худ хеле маҳдуд аст.
Агарчи Худо ба ту ояндаи пур аз умед ва баракатҳоро ваъда медиҳад, он худ аз худ фаро намерасад. Барои ин чизе даркор аст. Аввалан, оиди он дуо гуфтан (ниг.: Ирм. 29:11–12) ва сониян, хости Худоро ба ҷо овардан лозим аст. Аммо оиди ин ташвиш кашидан лозим нест, зеро агар ту аз Худо хоҳиш кунӣ, Ӯ ба ту ёрӣ медиҳад, ки аз ӯҳдаи вазифаи якум ва дуюм бароӣ. Рӯҳулқудс — ана гарави мероси мо, Ӯ кафолат медиҳад, ки Худованд барои иҷрои таъиноти ту ба ту ёрӣ медиҳад ва чизи ваъдакардаашро медиҳад (ниг.: Эфс. 1:13–14). Дар ёд нигоҳ дор, ки ҳар боре ки ту дуо мегӯӣ ва итоаткорӣ зоҳир менамоӣ, барои ояндаи худ саҳм мегузорӣ.
Бо вуҷуди тағйирпазирӣ ва ноустувории ҳаёти мо, норавшан будани дурнамоҳои мо, Худо тағйирнопазир мемонад. Агар ту аллакай ҳисси бардурӯғи бехатариро аз даст дода бошӣ, ин хуб аст, зеро Худо мехоҳад, ки ту фаҳмӣ — фақат Ӯ барои ту бехатарии ҳақиқиро таъмин намуда метавонад. Ту тафсилоти ояндаи худро намедонӣ, аммо бовар кун, ки онҳоро Худо медонад, ва Ӯ туро ҳатман ба ҷои даркорӣ мерасонад. Моҳиятан, ягона воситаи дар оянда ба даст овардани неъматҳои ваъдашуда он аст, ки имрӯз дар пеши назари Худованд қадамгузор бошӣ.
Хоҳари азизи ман дар Масеҳ, дар ёд нигоҳ дор — дар пеши назари Худованд қадамгузор будан туро аз монеаҳои сари роҳ эмин намедорад. Ин монеаҳоро иблис хоҳад гузошт. Агар Нақшаи Худо олидараҷа бошад, нақшаи иблис нафратовар аст. Аммо агар ту дар роҳҳои Худо қадамгузор бошӣ, дар итоаткорӣ ба фармудаҳои Ӯ зиндагӣ кунӣ, дар Каломи Ӯ сокин бошӣ, Ӯро парастиш намоӣ ва ҳамеша дуо гӯӣ, нақшаи иблис ба нокомӣ маҳкум мегардад. Аммо Нақшаи Худо бе мубориза амалӣ намегардад. Аз ҳамин сабаб дар лаҳзаҳои душвор ақибнишинӣ накун, балки аз рӯи ҳақиқат амал намудан ва ба васвасаҳо муқобилат карданро давом деҳ. Аз Худо қувват ва сабру тоқат дархост намо, то ки ҳама кори заруриро ба ҷо оварӣ.
Оиди ояндаи худ аз рӯи он чи дар рӯзномаҳо мехонӣ ё аз одамон мешунавӣ, муҳокимаронӣ накун. Ҳаёти ту дар дастони Худост. Аз ҳамин сабаб ту бояд фақат ба он чи Ӯ оиди ояндаи ту мегӯяд, гӯш диҳӣ. Худованд намехоҳад, ки ту оиди оянда дар ташвиш бошӣ, — Ӯ мехоҳад, ки фикрҳои ту бо Ӯ бошанд, зеро маҳз Ӯ ояндаи туст .
Дар ёд нигоҳ дор, ки ту духтари Худо ҳастӣ ва Ӯ туро дӯст медорад. Бо роҳҳои Ӯ
Рӯҳафтода нашав, агар дигаргуниҳо дар ҳаёти ту на он қадар зуд, чунон ки ту мехоҳӣ, ба амал меоянд. Худо мехоҳад ба ту сабри тоқатро ёд диҳад Ҷаҳони мо фаношаванда аст, аммо Худованд ҷовидон аст. Аз ҳамин сабаб, агар ба дуоҳои худ ҷавоби дилхоҳ нагирӣ, ғамгин нашав. Ту онро мегирӣ. Агар ту ба Худо таваҷҷӯҳ дошта бошӣ ва мувофиқи фармудаҳои Ӯ aмал намоӣ, агар ту Ӯро дар рӯҳ ва ростӣ парастиш намоӣ, агар ту одамонро дӯст дорӣ ва худро ба онҳо диҳӣ, агар ту Каломи Худоро бо имон эълон намоӣ, баракатҳои Худо ба таври фаровон бар ту фурӯ мерезанд.
Ман боварӣ дорам, ки гоҳо мо танҳо аз он сабаб чизи дилхоҳамонро ба даст намеоварем, ки ба Худо дуоҳои гарму ҷӯшон, ки Ӯ онҳоро аз мо интизор аст, намекунем. Худованд дар нақша дорад, ки барои мо як чизи бузурге ба амал оварад — он чи
Агар ту ба давуғеҷи ҳаррӯза ғӯтавар шуда бошӣ, агар чунин метобад, ки ҳаёти ту ҳеҷ гоҳ тағйир намеёбад, дар ёд нигоҳ дор, ки ин тавр нест. Маҳз дар давраи рӯҳафтодагӣ, ҳангоме ту фикр мекунӣ, ки имконияти ба даст овардани он чиро, ки Худо барои ту дар оянда омода намудааст, аз даст додаӣ — маҳз дар ҳамин давра Худо дар асл
Ва ҳангоме ки вақт меояд, Ӯ хеле зуд амал намуданро сар мекунад. Ҳангоми муқаррар намудани мақсадҳо ба ояндаи дур нигоҳ накун
Ягон вақт ту бо Худованд дар осмонҳо хоҳӣ буд. Ва он вақт Ӯ ҳар ашкро аз чашмони ту пок мекунад, «ва мамот дигар нахоҳад буд; ва гиря ва фиғон ва дард дигар нахоҳад буд; зеро он чи пештар буд, гузашт» (Ваҳй. 21:4). Мақсади ту аз он иборат аст, ки ба охири роҳи зиндагии худ расида, бигӯӣ: «Дар кашмакаши неке талош кардам, давишро анҷом додам, имонро нигоҳ доштам; ва акнун барои ман тоҷи адолат муҳайё гардидааст, ки онро Худованд, Довари одил, дар он рӯз ба ман хоҳад дод; ва на танҳо ба ман, балки низ ба ҳамаи онҳое ки зуҳури Ӯро дӯст доштаанд» (2 Тим. 4:7–8). Исо гуфтааст: «Дили шумо музтариб нашавад; ба Худо имон оваред, ба Ман низ имон оваред. Дар хонаи Падари Ман иқоматгоҳ бисёр аст; ва агар чунин намебуд, магар Ман ба шумо мегуфтам: “Меравам, то ки барои шумо ҷой тайёр кунам”? Ва ҳангоме ки биравам ва барои шумо ҷой тайёр кунам, боз омада, шуморо бо Худ мебарам, то дар он ҷое ки Ман ҳастам, шумо низ бошед» (Юҳ. 14:1–3). Агар ту Худовандро дӯст дорӣ, Ӯ ба ту ҳаёти абадиро дар Подшоҳии Осмон ваъда медиҳад.
Дар айни ҳол ман боварӣ дорам, ки ту мехоҳӣ барои Худованд ягон кори муҳимро ба ҷо оварӣ ва барои ҷалоли подшоҳии Ӯ хизмат намоӣ. Худо занҳоеро меҷӯяд, ки тайёранд ҳаёти худро ба Ӯ бахшанд, бо роҳҳои Ӯ қадам зананд, то ба мақсаде ки Ӯ дар назди онҳо гузоштааст, расанд. Ӯ занҳоеро меҷӯяд, ки тайёранд ба хотири подшоҳии Ӯ худро фидо намоянд, занҳоеро, ки чунин мегӯянд: «Бигузор на хости мо, балки хости Ту ба амал ояд». Ту яке аз чунин занҳо мебошӣ. Ман оиди он дуо мегӯям, ки ту ҳозиру нозир ва ба амал омода бошӣ, ҳангоме Ӯ чунин мегӯяд: «Вақт расид» — ва ба ту дарро мекушояд. Аз рӯи ҳақиқат амал намуданро давом деҳ, ва ҳангоме ки ту камтар аз ҳама интизор ҳастӣ, даъвати Худоро мешунавӣ, ва мефаҳмӣ, ки Ӯ дар назди ту чӣ мақсадеро мегузорад.
Ту гуфтӣ, ки «ҳар кӣ то охир сабр кунад, наҷот хоҳад ёфт» (Мат. 10:22). Ба ман ёрӣ деҳ роҳи зиндагии худро чунон гузарам, ки ба марра хаста нашуда оям ва мукофотеро, ки Ту барои ман омода намудаӣ, ба даст оварам (ниг.: 1 Қӯр. 9:24). Ба ман биёмӯз, ки ҳамеша дар дуоҳо боандеша бошам, зеро ман намедонам, ки кай охири роҳи ман фаро мерасад (ниг.: 1 Пет. 4:7).
Ман медонам, ки Ту ба ман осоиш, оянда ва умед додан мехоҳӣ (ниг.: Ирм. 29:11). Ман медонам, ки ту маро бо даъвати муқаддас на аз рӯи амалҳоям, балки «ба ҳасби таъиноти Худ ва ба ҳасби файз» наҷот додӣ (ниг.: 2 Тим. 1:9). Туро шукр мегӯям, Рӯҳулқудс, барои он ки Ту ҳамеша бо ман ҳастӣ ва маро роҳнамоӣ мекунӣ, то ки роҳгум назанам.
Худовандо, ба ман ёрӣ деҳ, ки ба Ту пурсамар хизмат кунам, то ки бисёр одамон ба Ту рӯ оваранд ва Туро биҷӯянд. Ман зери дасти тавонои Ту сар хам мекунам, зеро медонам, ки Ту маро дар вақти даркорӣ ба осмон мебарӣ. Ман ҳамаи мушкилоти худро ба Ту месупорам, зеро медонам, ки Ту дар ҳаққи ман ғамхорӣ мекунӣ ва роҳ намедиҳӣ, ки фурӯ ғалтам (ниг.: 1 Пет. 5:6–7). Имрӯз ман дасти Туро медорам, то ки ҳамроҳи Ту сӯи ояндае ки ту барои ман омода намудаӣ, равона шавам.
Зеро фикрҳоеро, ки Ман дар бораи шумо дорам, Ман медонам, — мегӯяд Парвардигор, — фикрҳое ки ба осоиштагӣ оид аст, на ба бадӣ, то ки ба шумо ояндаи нек ва умедворӣ бибахшам. Ва шумо Маро хоҳед хонд, ва омада пеши Ман дуо хоҳед гуфт, ва Ман шуморо иҷобат хоҳам намуд. Ва Маро хоҳед ҷуст, ва пайдо хоҳед кард, ба шарте ки бо тамоми дили худ Маро ҷустуҷӯ намоед.
Онҳое ки дар хонаи Парвардигор шинонда шудаанд, дар саҳнҳои Худои мо хоҳанд шукуфт. Дар пирӣ низ бор хоҳанд овард, обдор ва тару тоза хоҳанд буд…
Зеро ман боварӣ дорам, ки на мамот, на ҳаёт, на фариштагон, на маъбадҳо, на қувваҳо, на ҳозира, на оянда, на баландӣ, на умқ, на ҳар гуна махлуқи дигар моро аз муҳаббати Худо, ки дар Худованди мо Исои Масеҳ аст, ҷудо карда наметавонад.
Тариқи одилон мисли нури саҳар аст, ки то нимирӯзӣ торафт бештар медурахшад.
Бархез, мунаввар шав, зеро ки нури ту омадааст, ва ҷалоли Парвардигор бар ту тулӯъ намудааст. Зеро инак, торикӣ заминро, ва меғ қабилаҳоро мепӯшонад, вале бар ту Парвардигор тулӯъ хоҳад кард, ва ҷалоли Ӯ бар ту зоҳир хоҳад шуд.
ҚАЙДҲО
1
Дар тарҷумаи тоҷикии Китоби Муқаддас «парҳезгорӣ». —