Муаллифи китоб нақл мекунад, ки занҳо аксаран ба кадом дурӯғ бовар мекунанд. Ин китоб ба шумо ҳақиқатеро ёдрас менамояд, ки метавонад аз иштибоҳҳо раҳо кунад ва ҳаёти фаровонро ато намояд.
ДУРӮҒЕ КИ ЗАНҲО БА ОН БОВАР МЕКУНАНД,
ВА ҲАҚИҚАТЕ КИ ОЗОД МЕНАМОЯД
Ба модарам бахшида мешавад, ки маъно қа қувваи ҳақиқатро мефаҳмад ва ошкор намудани бисёр намудҳои дурӯғро ба ман ёд додааст.
ИЗҲОРИ МИННАТДОРӢ
Чун ҳар кори ҷиддӣ, ин китоб самари меҳнати якҷояи бисёр касон аст. Ман ба ҳамкорон ва дӯстони азизам, ки барои таълифи ин китоб ба ман ёрӣ додаанд, миннатдорӣ баён менамоям. Ман махсусан аз инҳо миннатдор ҳастам:
Ва, ниҳоят, — абадият камӣ мекунад, то ки миннатдории худро ба Ту, Худованд Исои азиз, Tу, Ҳақиқат, ки маро озод мекунад, баён намоям, ва ман Туро аз самими дил дӯст медорам!
ПЕШГУФТОР
Нэнсӣ Лей Демосс, зани ҳамдард ва рамузфаҳм, ҷуръат намуд, ки умқи хаёлоти ботил ва иштибоҳҳои занон, умедҳо, тарсҳо, нобарориҳо ва андӯҳҳои онҳоро тадқиқ намояд. Бисёрии ин чизҳо умуман вуҷуд намедоштанд, агар қариб сӣ сол пеш селоби ақидаҳои бардурӯғ бар мо фурӯ намерехтанд — «ҳамааш дар дасти туст», «ба доми раҳмдилӣ гирифтор нашав», «Ҳамаи он чи мардон метавонанд, аз дасти мо меояд, ва ҳатто беҳтар»...
Албатта, ин дурӯғ хеле пештар пайдо шудааст. Зане ки Худо ба марди аввалин, ба Одам дод, ба васвасакунанда гӯш дод:
Худоро шукр, ки кафорат ҳаст. Фаришта ба шаҳраки Носира назди духтари фурӯтани деҳотӣ омада, хабари ҳайратовареро расонд: Марям модари Писари Худо мешавад. Ӯ хеле ба изтироб омад, аммо ба ҳар ҳол ин гуфтаҳоро қабул намуд: «Инак, канизи Худованд ҳастам, — ҷавоб дод ӯ, — бигузор бо ман аз рӯи каломи ту бишавад».
Ман дуо мекунам, ки ҳангоме ки ин китоби муҳимро мехонед, Рӯҳи Худо шуморо роҳнамоӣ кунад. «Моҳияти наҷоти ҳақиқӣ, — менависад муаллиф, — на дар худи амали тавба ё корҳои нек; он дар дигаргуншавии инсон аст: „Касе ки дар Масеҳ аст, офаридаи навест; чизҳои қадима гузаштааст, ва инак, ҳама чиз нав шудааст!“»
МУҚАДДИМА
Аз Адан рондашуда, дар тан либос аз пӯсти ҳайвонот, бо шавҳари хашмгин, Ҳавво, ки дар оянда модари аввалин фарзанди кушташуда ва модари қотили ӯ хоҳад шуд,—шояд худро бадбахт, танҳо, мағлубшуда ва нобарор ҳис мекард.
Шояд ҳамроҳи Одам аз Адан раҳсипор шудан ба шарқ, ба ҷаҳоне ки дар он умуман ҳатто зинда мондан душвор аст, барои ӯ хеле душвор буд. Дар биҳишт зиста, баъд онро тарк кардан то чӣ андоза душвор аст!
Он лаҳза Ҳавво беш аз ҳама чиро мехост?
Шумо чиро мехостед?
Ман бовар мекунам, ки Ҳавво самимона мехост он лаҳзаеро, ки ҳанӯз меваи манъшударо нахӯрда буд, ҳангоме ки дасташро сӯи шохаҳои дарахти дониши некиву бадӣ дароз кард, баргардонад. Он вақт натиҷаи хуб имконпазир буд.
Хоҳиши баргардондани ҳама чиз, тағйир додани қарор, дуруст рафтор кардан ӯро азоб медод.
Мо ба Ҳавво монанд ҳастем.
Ҳамаи мо шикастҳо ва нобарориҳо, ғам ва дарди худро доштем
Ҳамаи мо хоҳишҳои худпарастона, асабоният, хашмгинӣ, ҳасад ва талхкомӣ ҳис кардаем.
Баъзе нобарориҳои мо шояд на он қадар даҳшатовар мебошанд. Онҳо боиси фалокате нашудаанд, ки ба ҳаёти тамоми инсоният таъсир мерасонда бошад. Шояд онҳо танҳо хатоҳои «ночиз» мебошанд. Аммо ба ҳар ҳол онҳо ба мо ошкор менамоянд, ки дилҳои мо аз камолот то чӣ андоза дур мебошанд. Ва мо хоҳиш пайдо мекунем, ки ҳамаашро аз нав сар кунем, дар мувофиқат ва осоиш зиндагӣ кунем.
Дар ҳар як конфронс ман аз занҳо хоҳиш мекунам, ки карточкаро бо дархостҳои дуоӣ пур кунанд, то ки гурӯҳи махсус дар давоми ҳафтаи оянда барои онҳо шафоат (миёнаравӣ) карда тавонад. Пас аз конфронс ман карточкаҳоро ба хона мебарам ва хонда мебароям. Ман онҳоро хонда, борҳо гиря мекардам, ва дилам барои хоҳароне ки ҳаёташон дарҳам шикастааст, месӯхт.
Барои заноне ки оиладориашон дар арафаи барҳам хӯрдан аст...
Барои занҳое ки дилҳояшон баҳри фарзандонашон месӯзад...
Барои занҳое ки шикастҳо ва захмҳои гузаштаро фаромӯш карда наметавонанд...
Барои занҳое ки бо худ муборизаи ҷиддӣ мебаранд...
Барои занҳое ки дар ҳаёти рӯҳонӣ пур аз шубҳаҳо мебошанд...
Ин занҳо дар наздикии мо зиндагӣ мекунанд. Қиссаҳои онҳо — қиссаҳои мо мебошанд. Бисёрии онҳо тамоми умр ба калисо мераванд. Баъзеҳо ба калисои шумо мераванд. Яке аз онҳо шояд муаллимаи мактаби якшанбегӣ аст, ки фарзанди шуморо таълим медиҳад. Дигарон дар дарсҳои ҳарҳафтаинаи омӯзиши Китоби Муқаддас ҳузур доранд — ҳатто ин дарсҳоро мебаранд. Да аксари мавридҳо шумо ба ҳеҷ ваҷҳ оиди муборизаи дохилии онҳо намефаҳмед. Агар шумо пурсед, ки корҳояшон чӣ тавр аст, онҳо фақат табассум намуда, мегӯянд: «Хуб».
Қиссаҳои чунин занон маро водор намуданд, ки ин китобро нависам. Илтимос, бифаҳмед, ки ин шаҳодатҳои истисноӣ нестанд. Ман оиди занҳои ғайритипии «аз меъёр дур» ҳикоят намекунам. Ман бисёр ин гуна қиссаҳоро шунидаам, ва аз онҳо китоби алоҳида тартиб додан мумкин аст.
Ҷамъияти мо вабои «бемориҳои рӯҳӣ»-ро аз сар мегузаронад — на танҳо дар байни занони беимон, балки дар байни мо, занҳои имондор низ. Ва агар бисёрии занҳои масеҳиро, ки дар солҳои охир вохӯрдаам, тасвир кардан лозим меомад, ман аз ин якчанд суханон якеро интихоб менамудам:
Шояд шумо ба ҳайрат меафтед, ки чӣ қадар занон дар ҳар як калисо оиди худкушӣ фикр кардаанд, — баъзеҳо тамоман ба қарибӣ. Ман шубҳае надорам, ки баъзеи шумо, ки ин сатрҳоро мехонед, аллакай ба ин ҳад расидаед. Шояд ин шумоед. Шояд шумо ҳис мекунед, ки зиндагиро давом додан намеарзад. Хоҳарам, иҷозат диҳед ба шумо гӯям: «Умед
Ҳангоме ки ман оиди занҳои масеҳии ҳозира фикр мекунам, боз як калима ба хотир меояд —
Бисёриҳо асири гузаштаи худ гардидаанд. Новобаста ба натиҷаҳои мағлубиятҳои онҳо ё мағлубиятҳои дигарон, ин гузашта дар гардани онҳо чун санги вазнин овезон аст, ва онҳо онро тамоми умр бо худ бардошта мебаранд.
Дигарон аз он дар азоб мебошанд, ки Китоби Муқаддас «тарс дар назди одамон» меномад. Онҳо дар асорати рад шудан, дар тарси он мебошанд, ки одамон оиди онҳо чӣ мегӯянд, онҳо дар асорати майл ба эътирофшавӣ ҳастанд. Боз асирони эҳсосоти худ ҳастанд, ки аз безобиташавӣ, тарс, хашм, рӯҳафтодагӣ ва раҳм ба худ дар азоб мебошанд.
Яке аз соҳаҳои маъмулии асир шудани занон – хӯрок мебошад. Ман ин эътирофро аз занҳое шунидаам, ки андозаҳо ва шаклҳои гуногун доштанд. Баъзеҳо бозистода наметавонанд ва доимо хӯрок мехӯранд, дигарон худро ба хӯрдан маҷбур карда наметавонанд. Ҳам инҳо ва ҳам онҳо асир гардидаанд.
Ман гуфтан намехоҳам, ки ҳамаи занҳо аз чунин сустиҳо дар азоб мебошанд (агарчи гоҳо ҳар яки мо метавонад худро ба ин ё он категория мансуб донад.) Аммо ман он фактро дар назар дорам, ки умуман занҳои масеҳӣ бӯҳронеро аз сар мегузаронанд, ки барои ҳалли он назар ба қарорҳо ва ҷавобҳои рӯякӣ чизи бештар даркор аст.
Ҳангоме ки мо ба Навишта рӯ меоварем, мебинем, ки Худо моро барои чунин зиндагӣ наофаридааст. Мо суханони Исоро дар Инҷили Юҳанно мехонем ва мефаҳмем, ки Худо барои мо чизи беҳтаре дорад:
Ман омадаам, то ки онҳо ҳаёт ёбанд, ва онро ба фаровонӣ дошта бошанд.
Оё шумо гуфта метавонед, ки ин ҳаёти фаровонро, ки Исо барои додани он омад, доред? Ё шумо ҳамин тавр вуҷуд доред, кӯшиш мекунед зинда монед?
Ман намепурсам, ки оё шумо мушкилиҳо доред ё не. Баъзе занҳои нуронӣ ва дӯстдори ҳаёт, ки ман онҳоро мешиносам, дар оила муносибатҳои мураккаб ва дарднок доранд, ё ба онҳо лозим омадааст, ки дар сари қабри писар ё духтарашон гиря кунанд; дигарон бемории саратон доранд ё дар ҳаққи волидони бемор ва пиронсол ғамхорӣ мекунанд. Аммо онҳо бо кадом як тарзе дар байни ҳамаи ин мушкилот ва дард барои худ сарчашмаи ҳаётро пайдо намудаанд, ки ба онҳо ёрӣ медиҳад, то дар водии сояи марг бо боварӣ ва оромона қадам зананд.
Шумо чӣ? Оё дар ҳаёти шумо ҳамин гуна соҳаҳои асорат ҳастанд? Ба ҷои ҳузнангез, бадбахт, карахт будан, шумо метавонед:
Оё чунин зан будан мехоҳед?
Шояд шумо аллакай файз ва осоиши Худоро дар ҳаёти худ ҳис мекунед. Аз афти кор, шумо бо занҳое шинос мебошед, ки Масеҳро мешиносанд, аммо бо вуҷуди ин дар асорат зиндагӣ мекунанд. Оё донистан мехоҳед, ки чӣ тавр роҳи озодшавиро ба онҳо нишон додан лозим аст?
Ман оиди кадом як ресепти доруи универсалӣ намегӯям, ки ҳамаи бемориҳоро шифо дода метавонад, ман роҳи кӯтоҳро ба сӯи ҳаёти осон пешниҳод намекунам ва набудани дард ва азобҳоро ваъда намедиҳам. Ҳаёт мураккаб аст — бояд бо ин ҳақиқат розӣ шавед. Ман оиди он мегӯям, ки чӣ тавр нухушиҳоеро, ки ҳаёт моро бо онҳо рӯ ба рӯ мекунад, — рад шудан, аз даст додани наздикон, рӯҳафтодагӣ, захмҳо ва ҳатто маргро озодона ва бо хушнудӣ паси сар намоем.
Шумо мегӯед: «Ман маҳз ҳаминро мехоҳам! Ман инро барои худ ва барои дигарон мехоҳам.
Аз чӣ бояд сар кард?»
Дар давоми солҳои аз сар гузарондани мушкилиҳову дардҳои занон, ҷустуҷӯи ҷавобҳо дар Каломи Худо, ман решаи аслии аксари нохушиҳоро ёфтам:
Ман шуморо даъват мекунам, то ба ҳамон ҷое баргардед, ки ҳамаи мушкилотамон аз он ҷо сар шудаанд: ба боғи Адан, ба аввалин хонаи Одам ва Ҳавво, ба муҳити комил, идеалӣ. Он чи дар он ҷо рӯй дод, ба ҳаёти имрӯзаи мо таъсир мерасонад.
Ман мехоҳам, то шумо бинед, ки чӣ тавр як дурӯғ сарчашмаи ҳамаи бадбахтиҳои олам гардид. Ҳавво ин дурӯғро шинид, ба он бовар кард ва дар асоси он амал намуд. Решаи ҳамаи мушкилиҳо, ҷангҳо, захмҳо, муносибатҳои вайроншуда, дардҳо — дар ҳамон ягона дурӯғи оддӣ аст.
Чуноне ки одатан мешавад, дар ҷои як дурӯғ як силсила дурӯғҳо пайдо шуданд. Ҳавво ба дурӯғ бовар кард, ва мо, духтарони Ҳавво, аз пайи ӯ рафтем. Мо як дурӯғро аз пайи дигаре гӯш мекунем, ба онҳо бовар менамоем ва мувофиқи онҳо амал мекунем. Дар ибтидои ҳар як боб порчаҳои «рӯзнома»-и хаёлии Ҳавво оварда шудаанд. Ин муҳокимарониҳо оиди он дурӯғе мебошад, ки шояд Ҳавво дар давраҳои гуногуни ҳаёташ ба онҳо бовар мекард. Шояд рӯзномаи ӯ аз ягон ҷиҳат ба рӯзномаи шумо монанд аст?
Ҳамаи намудҳои дурӯғро, ки занҳои ҳамаи замонҳо бо онҳо рӯ ба рӯ шудаанд, номбар кардан ғайриимкон аст. Аммо ба баъзе аз онҳо занҳои масеҳии ҳозира махсусан таъсирпазир мебошанд. Мақсади ман — дар ин китоб фош намудани дурӯғ ва нишон додани моҳияти ҳақиқии он аст. Баъзе намудҳои он чунон паҳн шудаанд, ки гоҳо дурӯғ будани онҳоро пайхас кардан хеле душвор аст. Аммо «беҳтарин» дурӯғ — дурӯғест, ки ба ҳақиқат хеле монанд аст. Дурӯғи «нав» — дурӯғи қадимтарин аст.
Мақсади ман на танҳо аз он иборат аст, ки баъзе намудҳои дурӯғи дар байни масеҳиён паҳншударо ошкор намоям, балки ҳамчунин ниқобро аз рӯи муаллифи онҳоро барканам. Шайтон худро «фариштаи нур» вонамуд мекунад (ниг.: 2 Қӯр. 11:14). Ӯ ба мо хушбахтӣ ваъда медиҳад ва вонамуд мекунад, ки гӯё ба фоидаи мо амал менамояд. Аммо ӯ фиребгар ва вайронкунанда аст; мақсади ӯ — бо дастгирии худамон аз тахти дилҳои мо дур кардани Худо аст. Ман нишон додан мехоҳам, ки чӣ тавр, эҳтимол, дар ҳаёти шумо шайтон дурӯғи нозуктаринро (ё нимҳақиқатро) истифода бурдааст, то ки шумо ва маҳбубонатонро нобуд кунад.
Аммо фиребгар ва дурӯғи ӯро фош кардан кифоя нест. Ман мехоҳам ба шумо қувваи ҳақиқатро нишон диҳам, мехоҳам нишон диҳам, ки чӣ тавр имон, ҳаёт дар асоси ҳақиқат на боиси зинда мондан ва гурехтан аз ҳақиқат, балки боиси озодӣ, озодии ҳақиқӣ дар байни ҷаҳони афтода, фосидшуда, азобкашанда мегардад.
Дар аввали ин ҳафта ман дар кӯча сайру гашт карда, оиди якчанд порчаҳои Навишта андеша менамудам, ва Худованд ду ояти охирро аз номаи Яъқуб ба дили ман гузошт:
Эй бародарон! Агар касе аз шумо аз ростӣ сар печад, ва касе ӯро баргардонад, бигзор вай бидонад, ки шахсе ки гуноҳкорро аз роҳи ғалати вай гардонад, ҷони вайро аз марг наҷот дода, гуноҳҳои зиёдро рӯпӯш хоҳад кард.
Ман дарҳол фаҳмидам, ки дар ин порча Худованд ба ман мақсад ва маънои навиштани ин китобро нишон дод. Миллионҳо занҳои масеҳӣ фиреб хӯрдаанд ва аз ҳақиқат дур шудаанд. Ман аз Худованд хоҳиш кардам, ки ин китобро барои шифо додани баъзеи онҳо истифода барад, аз асорат раҳо намояд, то ки онҳо дар файз ва омурзиши Ӯ қадамгузор буда, ҳаёти фаровон дошта бошанд.
Баъзе суханони ман шояд шуморо аз эътидол берун мекунанд. Ман кӯшиш ҳам надоштам, ки бо мулоимат гап занам. Дар назди ман мақсаде набуд, ки якчанд фикри хубро нависам, ки ҳама бо онҳо розӣ шаванд. Ба фикрам, танҳо дахолати ҷарроҳӣ, яъне дигаргунии куллии тарзи фикрронии мо решаи бемориҳои дилро дур карда, моро шифо дода метавонанд. Гоҳо ҳақиқат дард мерасонад — он аксаран дилхоҳ нест. Аммо ба шумо нарасондани ҳақиқате ки шуморо озод мекунад, аз тарафи ман беинсофона ва бераҳмона мебуд.
Инак ду қисса, ки оиди қувваи ҳақиқат шаҳодат медиҳанд.
Ин суханони ҷавонзани оиладор аст. Ӯ дар сӯҳбати хусусӣ ба ман нақл кард, ки чӣ тавр Худо дар ҳаёти ӯ амал мекунад. Ӯ нақл кард, ки аз синни 13-солагӣ дар асорати одати бад буд.
Ин зан аллакай солҳои зиёд ба Масеҳ имон дорад. Ҳамроҳи шавҳараш ӯ дар хизматгузорӣ фаъолона иштирок мекунад. Ӯ дили самимӣ ва хоҳиши зиёди ба Худо писанд омадан ҳаст. Ӯ оиди Масеҳ бисёр шаҳодат медиҳад ва ба одамон хизмат мекунад. Аммо аз ноумедӣ ва ҳисси азими айбдорӣ раҳо шуда наметавонист.
Сипас ӯ оиди он нақл кард, ки чӣ тавр озодии дилхоҳро ба даст овард:
Чеҳраи ӯ медурахшид ва аз он чи баъд рӯй дод, шаҳодат медод. «Аз ҳамон вақт, — гуфт ӯ, — ман пурра аз гуноҳе ки маро ба худ тобеъ карда буд, озод ҳастам. Илова бар ин, Худо ба ман ёрӣ медиҳад, ки дар соҳаҳои дигари зиндагӣ, ки дар онҳо низ васвасаҳо буданд, пирӯзӣ ба даст оварам. Ман ҳатто тасвир карда наметавонам, ки чӣ гуна хурсандӣ ва озодиро ҳис мекунам. Ҳақиқат ба таври ҳайратовар тавоност!»
Ман дар мавриди дигар низ шоҳиди қувваи ҳақиқат будам. Ман бо зане сӯҳбат доштам, ки ба шубони калисои худ ошиқ шуда буд. Ҳангоме ки ман оиди ин вазъият фаҳмидам, ба ҷои кори ӯ телефон кардам, зеро боварӣ надоштам, ки шавҳараш оиди ин медонад ё не. Азбаски ӯ котиба шуда кор мекард, телефони хизматиро муддати зиёд банд кардан мумкин набуд. Ман номи худро гуфта, дарҳол ба асли мақсад гузаштам. Ман ба ӯ ана ин манзараро тасвир намудам:
«Агар ман нисфишабӣ аз тиреза ба берун нигариста, медидам, ки хонаи ҳамсоя сӯхта истодааст, ман давида баромада, ҳама кори аз дастам меомадаро мекардам, то ки онҳоро бедор карда, аз хонаи сӯхтаистода барорам. Агар даркор шавад, ман бо тамоми овоз фарёд мезадам ва дарро бо муштҳоям мекӯфтам. Ман фикр намекардам, ки онҳо барои нисфишабӣ аз хобашон бедор карданам чӣ мегуфтанд. Ман парвои онро намедоштам, ки ҳиссиёти онҳоро озор додаам ё дағалона рафтор намудаам».
Сипас ман ба он зан гуфтам: «Бояд гуфт, ки шумо дар хонаи сӯхтаистода мебошед; шумо дар хатар ҳастед. Азбаски ин ҳолати изтиробангез аст, ман парвои онро надорам, ки шумо оиди ман чӣ фикр мекунед ё оиди он, ки шояд ба ҳиссиёти шумо осеб мерасонам. Ман ҳама кори аз дастам меомадаро мекунам, то ки шуморо огоҳ намоям, ва ҳанӯз ки дер нашудааст, барои аз хонаи сӯхтаистода баромаданатон ёрӣ расонам».
Ман бо чашмони ашкбор аз он зан хоҳиш кардам, то ӯ дарк кунад, ки дар асл бо ҳаёти ӯ чӣ шуда истодааст. Ман хоҳиш кардам, ки чораҳои фаврии қатъӣ бинад, то аз вазъияти хатарноке ки худаш сабабгори он шудааст, берун ояд.
Ҳангоми гуфтугӯи мо Худо дар дили он зан шамъи Худро даргиронд. Ман гуфта наметавонам, ки он чи дар рӯзҳои минбаъда рӯй дод, ба шарофати ман ба амал омад — «Зеро ки Худо дар шумо, бо ҳусни таваҷҷӯҳи Худ, ҳам хоҳиш ва ҳам амалро ба вуҷуд меоварад» (Флп. 2:13). Ин хоҳар интихоби дуруст кард ва нисбати ҳаёт, оила ва муносибатҳои худ бо одамон хости Худоро қабул намуд. Бо мурури он ки ӯ дар ин самт паси ҳам қадамҳои душвор мегузошт, файзи Худо ба ӯ қувват медод, ки бар хилофи эҳсосот, одатҳои пештара, тарзи фикрронии решагирифта (аммо нодуруст) ба пеш ҳаракат кунад.
Ӯ боз дар нур қарамгузор шуд. Ва дар он ҷо ӯ роҳи наверо пайдо намуд — роҳи озодӣ ва баракат.
Ҳақиқат чунин аст, ва ман мехоҳам, ки он дар ҳаёти шумо сокин бошад, хонандаи азиз. Сафаре ки мову шумо ба он раҳсипор мешавем, осон нест. Аксар вақт ошкор намудани соҳаҳои дурӯғе ки шумо асири он шудаед, ва пайдо намудани решаҳои он хеле душвор ва ҳатто дарднок аст. Аммо ман «Шубони Нек»-ро мешиносам, ки шуморо хеле дӯст медорад ва барои шумо ҳаёти Худро додааст, ва агар ба Ӯ иҷозат диҳед, аз дастони шумо гирифта, сӯи чарогоҳҳои сабз ва обҳои ором мебарад.
Пас, дар озодие ки Масеҳ моро барои он озод кардааст, устувор истед ва аз нав гирифтори юғи ғуломӣ нашавед.
Назди Ман оед, эй ҳамаи заҳматкашон ва гаронборон, ва Ман ба шумо оромӣ хоҳам бахшид; юғи Маро ба гардани худ гиред ва аз Ман таълим ёбед, чунки Ман нармдил ва фурӯтан ҳастам, ва ҷонҳои шумо оромӣ хоҳанд ёфт; чунки юғи Ман хуш ва бори Ман сабук аст.
ҚИСМИ I.
ПРЕАМБУЛА
МУҚАДДИМА
БОБИ ЯКУМ.
ҲАҚИҚАТ… Ё НАТИҶАҲО
Ҷамъияти мо пур аз фиреб аст. Он дар ҳама ҷост, ва ду изҳороти бемаънои реклама далели ин мебошанд. Гоҳо дурӯғро пай бурдан осон аст (масалан, изҳорот оиди он ки шумо дар 10 дақиқа се килограмм харобтар шуда метавонед). Аммо, мутаассифона, бисёрии фиребҳоро ошкор намудан он қадар осон нест.
Фиреб дар реклама ба хоҳишҳои табиии инсон муроҷиат мекунад. Мо бовар кардан мехоҳем, ки бо кадом як тарзи мӯъҷизанок килограммҳои зиёдатӣ дар даҳ дақиқа ҳақиқатан аз байн рафта метавонанд — на арақ кардан, на интизом, на пул, на кӯшишҳо, на дард. Ана барои чӣ мо таблеткаҳо, иловаҳои хӯрокӣ ва таҷҳизотро барои машқҳо, ки дар телемагазинҳо реклама мекунанд, мехарем.
Фурӯшандаи ҳилагар, ки мақсадаш дигаргун кардани ақидаи Одам ва Ҳавво оиди Худо буд, аввалин маъракаи рекламавиро ташкил намуд. Шайтон байни Худо ва офаридаҳои ӯ деворе бунёд карданӣ буд. Ӯ комилан дуруст тахмин кард, ки марду зан шояд рӯйрост бар зидди Худо баромаданро рад мекунанд. Ӯ намедонист, ки бояд дурӯғи нозуке бофад, онҳоро бо он чи барояшон оқилона, дилписанд метобад, ва ба дастурҳои Худо рӯйрост мухолифат надорад, васваса намояд.
Шайтон Ҳавворо бо омехтаи дурӯғи пурра, нисфи ҳақиқат ва дурӯғи ба ҳақиқат монанд фиреб дод. Ӯ аз он сар кард, ки дар майнаи Ҳавво оиди он чи Худо дар асл гуфтааст, шубҳае пайдо намояд («Оё Худо дар ҳақиқат гуфтааст...?», Ҳас. 3:1).
Сипас ӯ Ҳавворо маҷбур намуд, ки суханони Худоро сарфи назар намуда, ба он чи дар ҳақиқат Худо нагуфтааст, бовар кунад. Худо гуфта буд: «Меваи он дарахтро нахӯр». Аммо, аз рӯи суханони Ҳавво, Худо гӯё чунин гуфтааст: «Онҳоро нахӯред ва ба онҳо даст нарасонед».
Шайтон Ҳавворо фиреб дод, маҷбур намуд, ки ба некӯӣ, муҳаббат ва ниятҳои неки Худо шубҳа кунад. «Оё Худо дар ҳақиқат гуфтааст: „Аз меваи ҳеҷ як дарахти боғ нахӯред“?» – пурсид ӯ. Маънои ин суханон чунин буд: «Чӣ тавр, магар Худо озодии шуморо маҳдуд кардааст?! Аз афти кор, Ӯ намехоҳад, ки шумо хушбахт бошед!»
Аммо дар асл Худо ба онҳо гуфт: «Аз меваи дарахтони боғ хӯрда метавонӣ, лекин аз меваи дарахти донистани некиву бадӣ нахӯр…»
Аммо Худои мо Худои саховатманд аст. Дар боғи бузург Ӯ танҳо як нишонаи манъкунанда гузошт:
«Аз меваи дарахти донистани некиву бадӣ нахӯр». Зиёда аз ин, ин ягона манъ барои фоидаи Одам ва Ҳавво муқаррар гардида буд ва бояд гарави баракат ва хушбахтии абадии онҳо мебуд. Худо медонист, ки аз меваи он дарахт хӯрда, онҳо мемиранд; муносибатҳои онҳо бо Ӯ вайрон мешаванд; онҳо асирони шайтон, гуноҳ ва худ мешаванд. Сипас мор Ҳавворо оиди натиҷаҳои беитоатии ошкоро ба Худо фиреб дод. Худо гуфта буд: «…рӯзе ки аз он бихӯрӣ, хоҳӣ мурд» (Ҳас. 2:17). Шайтон рад намуд: «Не, нахоҳед мурд».
Ӯ ба суханони Худо рӯйрост мухолифат менамуд. Иблис Ҳавворо ба васваса андохта, ба ӯ некӯиҳои зиёдеро пешниҳод намуд, фақат ба шарте ки ӯ аз он меваи манъшуда хӯрад (ниг.: Ҳас. 3:5). Ӯ ваъда дод, ки дар пеши Ҳавво як ҷаҳон донишҳо ва ва таҷрибаҳо кушода мешаванд («чашмонатон кушода мешаванд»). Ӯ бовар мекунонд, ки Ҳавво ба Худо баробар мешавад — яъне Ҳавво худо мешавад («шумо чун худоён мешавед»).
Ниҳоят, ӯ ваъда дод, ки Ҳавво худаш қарор дода метавонад, ки чӣ хуб аст ва чӣ бад («донандаи неку бад мешавед»). Худо аллакай ба Одам ва Ҳавво фаҳмонда буд, ки неку бад чист. Аммо шайтон моҳиятан чунин гуфт: «Ин фикри Ӯст; ту ҳақ дорӣ фикри худро дошта бошӣ, — ту метавонӣ худат қарор диҳӣ, ки барои ту чӣ нек аст ва чӣ бад».
Шайтон Ҳавворо фиреб дода, водор намуд, ки дар асоси он чи медид, ва он чи ҳиссиёт ва ақлаш ба ӯ мегуфтанд, қарор кунад, агарчи ин ба он чи Худо ба Одаму Ҳавво гуфта буд, мухолифат дошт:
Ва зан дид, ки он дарахт барои хӯрок хуб аст, ва назаррабост, ва дарахти дилпазири донишафзост; ва аз меваи он гирифта, хӯрд…
Ҳавво меваро хӯрд. Аммо ба ҷои некӯиҳои ваъдашуда шарм, айбдорӣ, тарс ва бегонагиро ҳис кард. Ба ӯ дурӯғ гуфтанд — ӯ фиреб хӯрд.
Шубони пуританӣ Томас Брукс менависад:
Шайтон чизи беҳтаринро ваъда мекунад, аммо чизи бадтаринро медиҳад; ӯ шараф ваъда мекунад, аммо шармандагӣ медиҳад; ӯ ҳаловат ваъда мекунад, аммо дард медиҳад; ӯ манфиат ваъда мекунад, аммо зарар медиҳад; ӯ ҳаёт ваъда мекунад, аммо марг медиҳад.1
Аз ҳамон рӯз шайтон бо фиреб кӯшиш мекунад одатҳои моро дигаргун кунад, ба интихоби мо таъсир расонад ва ҳаётамонро вайрон кунад. Ба як маъно ҳамаи мушкилоти мо дар ин ҷаҳон натиҷаи фиреб аст, натиҷаи бовар ба он чи дар асл нодуруст аст.
Шайтон моро бо ояндаи дурахшони «ҳаёти ҳақиқӣ» фирефта мекунад; аммо дар айни ҳол медонад, ки касоне ки ба даъвати ӯ ҷавоб мегӯянд, ҳалок мешаванд (ниг.: Мас. 14:12).
Пас чаро мо ба фиреби ӯ дода мешавем? Чаро ба доми ӯ меафтем? Яке аз сабабҳо он аст, ки шайтон одатан на дар шакли мор меояд. Ӯ бо бестселлер, маҷаллаи машҳур, филм, телешоу ё суруде аз ҳит-парад меояд. Ӯ метавонад ба мо ба воситаи яке аз хешовандон ё дӯстонамон, ки маслиҳати самимӣ медиҳад, ҳатто ба воситаи духтур ё нависандаи масеҳӣ, ва воситаи воиз ё парастори рӯҳонӣ муроҷиат кунад.
Новобаста ба сарчашмаи бевосита, ҳар боре мо маслиҳате мегирем, ки бо Каломи Худо мувофиқат надорад, метавонем боварӣ дошта бошем, ки шайтон кӯшиш мекунад ба мо зарар расонад. Он чи мо мехонем ё мешунавем, шояд дуруст метобад, аммо агар он ба Каломи Худо мувофиқат надошта бошад, дуруст нест. Кошки мо дида метавонистем, ки меваи манъшуда, ки пухта ва ширин аст, бароямон ҳамеша марг ва вайронӣ меоварад.
Фиреб қисми асосии стратегияи шайтон буд ва ҳоло ҳам чунин аст. Мувофиқи суханони Исо, фиреб додан кори табиии шайтон аст, ин табиати ӯст:
Вай [иблис] аз ибтидо қотил буд ва дар ростӣ собит намонд, зеро ки дар вай ростӣ нест; вақте ки вай сухани дурӯғ мегӯяд, аз они худро мегӯяд, зеро ки вай дурӯғгӯй ва падари дурӯғ аст.
Бо сабабҳое ки мо пурра фаҳмида наметавонем, шайтон маҳз занро ҳадафи фиреби худ қарор дод. Ду бор дар Аҳди Ҷадид ҳавворӣ Павлус мегӯяд, ки маҳз зан фиреб хӯрда буд: «…мор бо макри худ Ҳавворо фирефта намуд…» (2 Қӯр. 11:3); «…Ва Одам фирефта нашудааст, балки зан фиреб хӯрда, ба гуноҳ дучор шудааст…» (1 Тим. 2:14).
Баъзе илоҳиётшиносон тахмин мекунанд, ки Ҳавво моҳиятан таъсирпазир буд, ва табиатан ба васваса бештар дода мешуд. Дигарон чунин меҳисобанд, ки азбаски Худо Ҳавворо ба шавҳараш тобеъ намуд, ҳамин ки ӯ аз зери ин ҳимояи рӯҳонӣ берун шуд, ӯро фиреб додан осонтар гардид.
Ба ҳар ҳол, аниқ аст, ки мо, занҳо, ба фиреби шайтон махсус таъсирпазир ҳастем. Агар дар ёд дошта бошед, ӯ кӯшиш ҳам накард, ки аввал назди мард биёяд; ӯ дидаву дониста назди зан омад ва ӯро ба васваса гирифтор кард. Маҳз зан шавҳарашро ба гуноҳ гирифтор кард, ва онҳо ҳар ду ҳамаи инсониятро ба гуноҳ гирифтор карданд (агарчи дар ниҳояти кор Одам чун сарвар барои ҳамааш ҷавобгар буд).
Ба фикрам, фаҳмидан муҳим аст, ки то ҳол шайтон на танҳо мақсад дорад, ки занҳоро ба васваса гирифтор кунад. Ин як қисми стратегияи ӯст. Ӯ медонад, ки агар мо, занҳо, ба фиреби ӯ бовар кунем, ба мардони атрофамон таъсир мерасонем ва интихоби гуноҳолуди мо барои насли оянда намунаи пайравӣ мегардад.
Гоҳо, чун дар мавриди Ҳавво, шайтон моро ошкоро фиреб медиҳад. Аммо аксаран ӯ дигар одамонро чун асбоби васваса истифода мебарад.
Дар Нома ба Эфесусиён Павлус огоҳ мекунад: «Бигзор ҳеҷ кас шуморо бо суханони ботил фирефта накунад...» (Эфс. 5:6).
Ӯ гаштаву баргашта халқи Худоро даъват менамояд, ки ба якдигар рост гӯянд. Агар мо нисбати якдигар ноинсофӣ кунем, дар асл ба шайтон хизмат мекунем, зеро чун фиристодагони ӯ амал намуда, якдигарро фиреб медиҳем ва вайрон мекунем.
Дар Навишта гуфта шудааст, ки моро сарварони рӯҳонӣ фиреб дода метавонанд — онҳое ки масъулият доранд рамаи Худоро чаронанд ва ҳақиқатро ба халқи Худо расонанд. Таассуфовар аст, ки бисёр сарварон ҳақиқатро нагуфта, ба даъвати худ ва пайравонашон хиёнат мекунанд. Бо суханон аз даҳони пайғамбар Ҳизқиёл Худо ба сарвароне ки халқро фиреб мекунанд, муроҷиат мекунад:
...Шумо дили марди одилро ба воситаи дурӯғи худ ғамгин мекунед, — ва ҳол он ки Ман намехостам ғамгин намоям, — ва дастҳои марди шарирро тақвият медиҳед, бе он ки вай аз рафтори бади худ тавба карда, зинда монад...
Ман бовар мекунам, ки ин маънидоди аниқи он чизест, ки ҳозир дар ҷаҳони масеҳӣ ба амал меояд. Дар мағозаҳо, маҷаллаҳои масеҳӣ, каналҳои радио ва телевизионии масеҳӣ, дар нутқҳои психотерапевтҳои машҳури масеҳӣ аксар вақт фиреб дида мешавад. Ба фикрам, дар аксари мавридҳо ин беихтиёр рӯй медиҳад, ва ин одамон ҳатто гумон намекунанд, ки дурӯғ мегӯянд. Аммо дар асл маҳз ҳамин чиз рӯй медиҳад.
Дар бисёр мавридҳо психотерапевтҳо «дасти ноинсофро дастгирӣ карда», ӯро бовар мекунонанд, ки тавба кардан зарур нест. Онҳо ба касоне ки аз боиси беитоатӣ ва дили тавбанакарда файз ва баракатҳои Худоро қабул карда наметавонанд, ин чизҳоро ваъда медиҳанд. Таълимоти онҳо ба одамон ёрӣ медиҳанд, ки рафтори худро сафед кунанд:
• хашм («ин ифодаи солими ҳиссиёти ҳақиқии шумост»),
• худпарастӣ («шумо бояд байни худ ва одамоне ки нисбати шумо хеле серталаб ҳастанд, монеаҳо барпо намоед»),
• бемасъулиятӣ («сабаби мушкилоти шумо он аст, ки шуморо сахт ранҷондаанд»),
• бевафоӣ («шумо ҳақ доред аз ҳамсаратон ҷудо шуда, бори дигар оиладор шавед; Худо ба шумо имконияти дуюм медиҳад»).
Дар айни замон онҳо дили шахси росткорро «ғамгин» мекунанд ё ба ӯ ҳисси бардурӯғи айбдориро бор мекунанд:
•барои масъулият («шумо ба дигарон вобаста мебошед»),
•барои дили ходим («шумо набояд имкон диҳед, ки одамон шуморо истифода баранд»),
•барои вафодорӣ ба қасамҳои худ («Худо интизори он нест, ки шумо чунин оиладориро нигоҳ медоред»).
Аламовар аст, ки бисёрии одамон, ҳатто масеҳиён, чунон ба фиреб дода шудаанд, ки ба кадом ҳолат афтоданашонро дарк намекунанд. Ҳамин аст табиати фиреб — он моро нобино мегардонад ва имкон намедиҳад, ки фиреб хӯрданамонро бинем.
Яке аз мақсадҳои ин китоб он аст, ки занҳои масеҳиро ба он водор намояд, ки чашмонашонро кушоянд ва воқеаҳои атрофро баҳо диҳанд, онҳоро бедор намуда, он дурӯғеро, ки ба ҷаҳони дунявӣ ва динӣ ворид шудааст, ошкор кунад. Бисёр чизҳо дар рафтори одатии мо дар тафаккури бардурӯғ асос ёфтааст! Дар натиҷа хона дар болои рег сохта мешавад. Як дурӯғ боиси дурӯғи дигар мешавад, ва он боиси дурӯғи навбатӣ мешавад ва ғайра.
Мутаассифона, аксари одамон ҳамаи он чиро, ки мебинанд ва мешунаванд, андеша накарда, қабул менамоянд. Мо мусиқӣ гӯш мекунем, китобҳо ва маҷаллаҳо мехонем, филмҳо тамошо мекунем, маслиҳатҳо гӯш мекунем ва ба реклама аҳамият медиҳем, ва ба худ саволҳои муҳим намедиҳем. Масалан:
• «Рисолат»-и муаллиф аз чӣ иборат аст? Ӯ чӣ гуфтан мехоҳад?
• Оё дар ҳақиқат ҳамин тавр аст?
• Оё тафаккури бардурӯғ, ки ба ҳақиқат мухолифат дорад, ба ман халал намерасонад?
Шайтон ба Ҳавво ваъдаи олидараҷа дод: «…чашмони шумо воз хоҳанд шуд, ва шумо, монанди Худо, донандаи неку бад хоҳед шуд» (Ҳас. 3:5). Ба чунин пешниҳоди дилпазир кӣ муқобилат карда метавонист?
Меваи манъшуда «...
Мушкилӣ дар он аст, ки Ҳавво воқеаҳои рӯйдиҳандаро баҳо надод. Ӯ кӯшиш накард, ки ростро аз дурӯғ фарқ кунонад. Ӯ оиди арзиши натиҷаҳои коре ки карданӣ буд, фикр накард. Агар Ҳавво натиҷаҳои дарднок, марговари ин интихоби худро дар ҳаёти худ, дар муносибатҳо бо Худо, дар оиладории худ, дар зиндагии фарзандонаш, ва низ (аз боиси гуноҳи шавҳараш, ки ба ӯ пайравӣ намуд) дар зиндагии ҳар як инсоне ки замоне дар рӯи замин таваллуд мешавад, тасаввур карда метавонист, — магар ӯ ба дурӯғи шайтон гӯш медод ва ба Худо беитоатӣ мекард? Ман ба ин шубҳа дорам.
Аммо дар назди мо худи ҳамон масъала истодааст. Ман пай бурдам, ки аксари масеҳиён оиди натиҷаҳои интихоби худ ба таври ҷиддӣ андеша намекунанд. Мo ҳамин тавр зиндагӣ мекунем, ба одамон, вазъиятҳо, овозҳои атроф навъе аксуламал менамоем — он чиро мехӯрем, ки ҳозир хӯрдан мехоҳем, асбобҳои техникии наверо, ки дар телевизион реклама мекунанд, мехарем, ба равияҳои охирини мӯд пайравӣ мекунем, он чиро, ки дӯстонамон афзал медонанд, тарзи зиндагӣ, арзишҳои онҳоро қабул мекунем. Ҳамаи ин хеле хуб метобад, табиӣ ва беозор ба назар мерасад. Аммо дар натиҷа мо муносибатҳоямонро бо одамон вайрон мекунем, ба қарз меғӯтем, хашмгин ва рӯҳафтода мешавем, худро ба дом афтода ва мағлубшуда ҳис мекунем. Мо ба дурӯғ бовар кардем.
Инак намунаи равшани чунин фиреб: модари ҷавони ҳафт фарзанд ба ман нақл кард, ки мардеро дӯст доштааст, ки ба воситаи Интернет бо ӯ шинос шудааст; ӯ аллакай оиди он фикр мекард, ки ба хотири он мард шавҳарашро тарк кунад. Ҳангоме ки мо сӯҳбат мекардем, ӯ эътироф намуд, ки ин нодуруст аст.
«Аммо, — гуфт ӯ, — ӯ ба ман ва фарзандонам хеле меҳрубон аст».
Ду соат ман аз ӯ илтимос мекардам, то ӯ фаҳмад, ки ин мард дар асл ба фарзандони ӯ таваҷҷӯҳ надошт, вагарна оилаи ӯро вайрон карданӣ намешуд; агар вай дӯсташ медошт, ӯро ба вайрон кардани шариати Худо тела намедод. Ман он занро огоҳ намудам, ки агарчи роҳи пешгирифтаи ӯ ҷолиб метобад, ҳатман боиси фалокат мегардад. Ман кӯшиш кардам ба ӯ нишон диҳам, ки ӯ фиреб хӯрдааст, ва ягона умед дар он аст, ки ба ҳақиқат бовар намуда, мувофиқи он зиндагӣ кунад.
Дар бобҳои минбаъда мо баъзе намудҳои бештар паҳншуда ва харобиовари дурӯғро, ки занҳо ба он бовар мекунанд, аз назар мегузаронем. Аммо дар аввал биёед мебинем, ки чӣ тавр мо ҳадафи фиреб мешавем ва чӣ гуна дурӯғ боиси асиршавии мо мегардад.
Умуман одамон ногоҳ ба асорат намеафтанд. Ҳеҷ кас ногоҳ пай намебарад, ки ба пурхӯрӣ майл дорад ё хислати зудхашмӣ пайдо намудааст. Роҳ ба сӯи асорат раванди бардавом аст. Дар ибтидо мо...
Дар боғи Адан ҳамааш аз ҳамин сар шуд. Ҳавво ба дурӯғи шайтон гӯш дод. Ман боварӣ дорам, ки ӯ тасаввуроте надошт, ки ин дурӯғ дар ниҳояти кор ӯро ба куҷо мебарад. Шояд ӯ қарор дод, ки ба шайтон фақат гӯш додан, фаҳмидани он чи ӯ гуфтан мехоҳад, хатарнок нест. Худи гӯш кардан беитоатӣ набуд. Аммо инак он чи муҳим аст: шунидани нуқтаи назаре ки ба каломи Худо мухолиф аст, Ҳавворо ба роҳи лағжонаке ҳидоят намуд, ки сӯи беитоатӣ мебурд, ва ин дар навбати худ боиси марги ҷисмонӣ ва рӯҳонӣ мегардид.
Гӯш кардани он чи ҳақиқат нест, — қадами аввалин ба сӯи асорат ва марг аст. Аз ҳамин сабаб маълумотеро, ки ба дил ва ақлатон ворид мешавад, бо диққат тафтиш карданатон хеле муҳим аст.
Ман аз байни ҳафт фарзанди оила калонӣ ҳастам ва барои имоне ки Худо ба волидони ман додааст, шукргузорам: онҳо маълумоти ба кӯдакон мерасидаро ба таври ҷиддӣ назорат мекарданд.
Волидони ман масеҳиёни насли якум буданд — онҳо дар ҷавонӣ ба Худованд имон оварда буданд. Ҳангоми тарбия намудани мо онҳо имкон надоштанд китобҳои хубро истифода баранд ва дар семинарҳое, ки ба волидони ҳозира дастрас ҳастанд, иштирок намоянд. Аммо Худо ба онҳо ҳикмат ба ҷуръат дод, ки фарзандонро дар «гармхона»-и рӯҳонӣ ба воя расонанд. Онҳо барои аз таъсири бад ҳимоя намудани мо ҳама кори имконпазирро мекарданд, ва моро бо сарчашмаҳое иҳота менамуданд, ки аз ҷиҳати рӯҳонӣ ғизо медоданд. Бинобар ин дилҳои мо зери ҳимояи боварибахш буданд. Мо ҳанӯз дар ҷавонӣ фарқи неку бадро омӯхта будем ва гуноҳро зуд пай мебурдем.
Чунин тарзи тарбияи фарзандон он вақт ба мо маъқул набуд. Аммо ман Худоро шукр мегӯям, ки волидони ман ҷуръат доштанд чунин гӯянд:
«Мо фарзандонамонро дидаву дониста зери таъсири дурӯғе ки дар ин ҷаҳон паҳн шудааст, гузоштанӣ нестем». Онҳо самимона мехостанд, ки мо дар муҳаббат ба Каломи Худо ва роҳҳои Ӯ ба воя расем, ҳақиқат дилҳои моро зинда гардонад, ва мо худамон онро дарк намоем. Ҳангоме ки волидон моро аз ин гармхона ба ҷаҳон сар доданд, онҳо мехостанд, ки мо дар ростӣ қадамгузор буданро давом диҳем ва ҳама гуна фиребу дурӯғро рад намоем. Акнун ман калонсол ҳастам ва мебинам, ки ҳозир ақли худро ҳимоя кардан — интихоби эҳтиёткорона намудан ва рад намудани ҳамаи он чи маро ба андешаронии бехудоёна водор мекунад, хеле муҳим аст. Андешаҳои фиребанда аз сарчашмаҳои гуногун меоянд — телевизион, маҷаллаҳо, филмҳо, мусиқӣ, дӯстон, мағозаҳо, феҳристҳо, ва ин ҳанӯз ҳамааш нест. Танҳо интизомнокии ҷиддӣ барои фаҳмидани он чи дар ҳақиқат арзишнок, олидараҷа ва муҳим аст, ёрӣ медиҳад. Дурӯғи безарар вуҷуд надорад. Имкон надорад, ки тарзи фикрронии дунявӣ, бардурӯғ, фиребандаро қабул карда, дар айни ҳол бе осеб монем. Хатои якуми Ҳавво на хӯрдани меваи манъшуда, балки гӯш додан ба мор буд. Гӯш кардани маслиҳат ё нуқтаи назаре ки ба ҳақиқат мувофиқат надорад, — қадами аввалин ба сӯи ақидаҳои нодуруст аст, ки дар ниҳояти кор моро асири худ мегардонад. Агар мо дурӯғро гӯш карда бошем, қадами дуюм ба сӯи асорат аст — …
Дар аввал мо дурӯғро гӯш мекунем; сипас мо оиди он андеша менамоем. Мо оиди он чи душман гуфт, фикр мекунем. Мо маълумотро «ҳазм мекунем». Мо бо душман мусоҳиба менамоем. Мо андеша менамоем, ки шояд ҳақ ба ҷониби ӯ бошад. Ин равандро бо коркарди боғ ё ба кишт монанд кардан мумкин аст. Дар аввал замин коркард мешавад — мо худро барои таъсире ки ба Каломи Худо мухолиф аст, мекушоем. Сипас тухмӣ кошта мешавад — мо дурӯғро гӯш мекунем. Сипас ба тухмӣ об ва пору дода мешавад — мо оиди ин дурӯғ андеша менамоем. Агар мо ба дили худ имкон диҳем, то оиди он чи ҳақиқат нест, андеша намояд, дер ё зуд…
Дар ин марҳила тухмие ки кошта шудааст, ба сабзидан сар мекунад. Дар аввал Ҳавво суханони морро гӯш кард. Сипас ӯ дар бораи он андеша намуд ва бо мор гуфтугӯ кард. Ба зудӣ ӯ бовар кард, ки гуфтаҳои мор рост аст, агарчи ба ҳақиқате ки Худо додааст, мухолифат дошт. Ҳамин ки Ҳавво ба дурӯғ бовар кард, қадами навбатӣ аллакай душвор набуд. Агар дурӯғро гӯш кунед, оиди он андеша намоед, ба он бовар кунед, дер ё зуд шумо...
Акнун ба тухмӣ об ва пору дода шудааст, ва он сабзида, самар меоварад — самари васваса. Бовар кардан боиси рафтори муайян мегардад. Бовар ба дурӯғ боиси рафтори гуноҳолуд мегардад.
Ақидаҳои мо дар тарзи зиндагӣ инъикос меёбанд. Ва баръакс, рафтор ҳамеша дар бовари мо асос меёбад — на боваре ки дар сухан аст, балки боваре ки онро амалҳоямон тасдиқ мекунанд. «…Зеро, чӣ гунае ки ӯ дар дили худ мулоҳиза мекунад, худаш низ ҳамон гуна аст…» (Мас. 23:7).
Дар ёд нигоҳ доштан муҳим аст, ки ҳар гуноҳ дар ҳаёти мо аз дурӯғ сар мешавад. Мо дурӯғро гӯш мекунем, оиди он андеша менамоем, то даме ки ба он бовар менамоем, ва ниҳоят, дар асоси ин дурӯғ амал намуданро сар мекунем.
Нигоҳ кунед, ки баъд чӣ рӯй медиҳад. Мо ҳақиқатро рад мекунем ва Каломи Худоро дар он чи беаҳамият метобад, вайрон мекунем. Аммо ҳангоми васвасаи навбатӣ аллакай гуноҳ кардан осон мешавад, ва баъд аз он — боз ҳам осонтар. Гуноҳ кардани мо тасодуфӣ нест — мо гаштаву баргашта гуноҳ мекунем, то даме ки дар дилҳоямон роҳи ҳамворшуда пайдо мешавад — одати гуноҳ кардан. Ва мо пеш аз он ки дарк карда бошем, ба асорат меафтем. Қалъаи гуноҳ бунёд карда шудааст. Шайтон хӯрхӯракро партофт, мо онро фурӯ бурдем, ва акнун ӯ моро дастгир намуд — мо тӯъмаи ӯ шудем.
Фаромӯш накунед, ки ҳамааш аз чӣ сар шуд:
Тухмӣ кошта шудааст; ба он об ва пору дода мешавад, он месабзад ва самар меоварад — на як самар, балки ҳосили зиёд — ҳосили асорат, вайронӣ ва марг.
Дар ҳаёти аксари мо соҳаҳои асорат ҳастанд, ки баъди ба дурӯғ гӯш додан, ба он бовар кардан дар асоси он амал намудан пайдо шудаанд. Аз ин асорат чӣ гуна озод шудан ва ба роҳи озодӣ даромадан мумкин аст? Инак се қадам, ки барои раҳо шудан аз дурӯғи муайяне ки моро асир менамояд, ва фаҳмидани ҳақиқате ки моро озод мегардонад, ёрӣ медиҳанд.
1.
Оё дар ҳаёти шумо соҳаҳои асорати ҷисмонӣ (пурхӯрӣ, хӯрокхӯрии нодуруст, сигоркашӣ, майнӯшӣ, маводи нашъаовар) ҳастанд? Оё шумо дар асорати эҳсосотӣ (ташвишҳо, тарс, рӯҳафтодагӣ, ихтилолҳои бардавоми эҳсосотӣ), ҷинсӣ (истимно, порнография, зино, ҳомосексуализм) ё молиявӣ (майл ба хароҷоти зиёд, бахилӣ, хасисӣ) нестед?
Оё шумо дарҳол хашмгин мешавед ё ба дурӯғ гуфтан майл доред? Оё шумо ба таҳсин эҳтиёҷи доимӣ доред, беҳад шармгин ҳастед, доимо гап задан мехоҳед ё ба телесериалҳо ва романҳои ошиқӣ вобастагӣ доред? Худо ҳамчунин метавонад дигар соҳаҳои асорати шуморо ошкор намояд.
Ҳамин ки онҳо ошкор гардиданд, кӯшиш накунед, ки чизеро ислоҳ намоед. Шояд шумо кӯшиш карда будед, ки аз чунин рафтор раҳо шавед, аммо шикаст хӯрдед ва таслим шудед. Агар растаниҳои заҳрнокро аз қитъаи худ дур карданӣ бошед, канда партофтани онҳо кифоя нест. Дар ҷои онҳо растаниҳои нав мебароянд. Ягона воситаи тамоман дур кардани растаниҳои заҳрнок — решакан кардани онҳост. Барои ҳамин ҳам қадами навбатӣ муҳим аст.
2.
Дар саҳифаҳои навбатии китобамон мо оиди 40 намуди дурӯғ гап мезанем, ки масеҳиён ба онҳо имкон додаанд, то дар ҳаёти онҳо реша гиранд ва самари худро оваранд. Аз Худо хоҳиш кунед, то дурӯғи муайянеро аз дурӯғҳои дар китоб зикршуда ё ягон дурӯғи дигареро, ки асири он шудаед, ба шумо нишон диҳад. Аз Ӯ хоҳиш кунед, то ба шумо барои аз он тавба намудан ёрӣ диҳад. Инак, шумо фаҳмидед, ки маҳз ба кадом дурӯғ бовар кардаед. Баъд чӣ ?
3.
Ҳар як дурӯғро бо ҳақиқат иваз намудан лозим аст. Дар он ҷое ки дурӯғро шунидаем, оиди он фикр кардаем, ба он бовар намудаем ва дар асоси он амал намудаем, акнун бояд ҳақиқатро гӯш кунем, оиди он андеша намоем, ба он бовар кунем ва аз рӯи ҳақиқат амал намоем. Ҳамин тариқ, бо қувваи Рӯҳулқудс мо аз ғуломӣ ба озодӣ гузашта метавонем. Чуноне ки Исо гуфтааст, ин ҳақиқатест, ки «шуморо озод менамояд» (Юҳ. 8:32).
ҚИСМИ II.
ДУРӮҒЕ КИ ЗАНҲО БА ОН БОВАР МЕКУНАНД
БОБИ ДУЮМ.
ДУРӮҒ ...ОИДИ ХУДО, КИ ЗАНҲО БА ОН БОВАР МЕКУНАНД...
Дарҳол шуморо огоҳ кардан мехоҳам, ки мо на ҳамаи намудҳои дурӯғро, ки занҳо ба он бовар мекунанд, аз назар гузаронда метавонем. Шайтон устоди фиреб аст, ва силсилаи дурӯғи ӯ беохир аст. Мақсади ман — дида баромадани баъзе намудҳои дурӯғ аст, ки дар байни занҳои имондор паҳн шудааст. Ман боварӣ дорам, ки маҳз ин дурӯғ асоси бисёр мушкилоти занони масеҳӣ аст. (Сипас дар китоб ман шаҳодатҳои занҳоро оиди он ки ба ягон фиреб бовар намуда, чиҳоро аз сар гузарондаанд, ҷойгир намудаам.)
Албатта, на ҳамаи занҳо ба ҳар гуна дурӯғ бовар мекунанд. Шояд шумо мебинед, ки худатон ба он майл доред, то ба дурӯғи муайян (ё ба маҷмӯи навъҳои гуногуни он) бовар намоед. Шайтон ҷойҳои сусти шуморо медонад, ва силоҳи худро маҳз ба ҳамон ҷо равона мекунад.
Дар аввал шояд шумо мегӯед: «Не, ман ба ин дурӯғ бовар намекунам». Яке аз тарзҳои амали шайтон он аст, ки ӯ моро нобино карда, роҳ намедиҳад, ки дурӯғ будани он чиро, ки ба он бовар кардаем, бинем; ӯ моро ба фикре водор менамояд, ки азбаски мо ҳақиқатро медонем, ба он бовар ҳам мекунем. Ман борҳо бо заноне гуфтугӯ кардаам, ки мегуфтанд, ки ба ҳақиқат бовар мекунанд. Аммо ҳаёти онҳо — қарорҳо, афзалшумориҳо, аксуламал ба дард — исбот мекунад, ки дар асл онҳо ба ҳақиқат бовар намекунанд. Ақидаҳои мо на бо суханон, балки бо амалҳо тасдиқ карда мешаванд. Ҳамин тариқ, ҳангоме ки навъҳои гуногуни дурӯғро аз назар мегузаронем, аз худ чунин пурсидан кифоя нест: «Оё ман ба ин бовар мекунам?» Ҳар кадоми мо бояд ба худ савол диҳад: «Оё ман он гуна зиндагӣ мекунам, ки гӯё ба ин дурӯғ бовар мекунам?»
Баъзе намудҳои дурӯғ махсусан хатарнок мебошанд, чунки на дурӯғи рӯйрост, балки нисфи ҳақиқат мебошанд. Бинобар ин онҳо нозуктар ва хатарноктар мебошанд. Гап дар он аст, ки нисфи ҳақиқат айнан ба монанди дурӯғи пурра асир мегардонад.
Мо ҳар як дурӯғро муфассал аз назар намегузаронем. Дар ин бора китобҳои алоҳида навишта шудаанд. Мақсади ман он нест, ки ҳар як намуди дурӯғро муфассал тасвир намоям, балки тавсифи умумии тафаккуреро диҳам, ки ҳаёт ва оилаҳои бисёр занони масеҳиро вайрон кардааст.
Дар охири китоб рӯйхати адабиёт аз рӯи мавзӯъҳои асосии китоб ҳаст. Ман мехоҳам, ки шумо ба ин қисм рӯ оваред, то ки оиди мавзӯъҳои муайяне ки ба онҳо таваҷҷӯҳ доред, маълумот ба даст оваред, хусусан агар дар вазъияти мураккаб бошед. Баъзе мавзӯъҳоро пурра дарднок номидан мумкин аст. Онҳо боиси баҳсҳои бисёр мешаванд, ҳатто дар ҷаҳони инҷилӣ. Дар баъзе мавридҳо шумо бо ман розӣ нашуда, мегӯед: «Ман чунин намеҳисобам, ки ин дурӯғ аст!» Бигузор масъалаҳои муайяне ки аз рӯи онҳо бо ман розӣ нестед, барои хондани давоми китоб ба шумо халал нарасонанд. Ман танҳо он чиро менависам, ки аз рӯи ақидаи ман, Навишта таълим медиҳад. Ман сарчашмаи ниҳоии ҳақиқат нестам. Исо ва Каломи Ӯ — ин аст ҳақиқат. Мақсади ман он нест, ки шумо аз ҳама ҷиҳатҳо бо ман розӣ шавед, балки дар он аст, ки ба ҷустуҷӯи ҳақиқат, ки ба воситаи Каломи Худо ошкор мешавад, равона шавед, ҳар як соҳаи ҳаёти худро дар партави ҳақиқат санҷида, баҳо диҳед.
Дар аввал ман якчанд изҳороти бардурӯғро оиди Худо интихоб намудам, зеро тасаввуроти мо оиди Ӯ хеле муҳиманд. Ҳанна Уайтолл Смит дар тарҷумаи ҳоли рӯҳонии худ «Фидокории Худо» навиштааст:
Ҳаёти рӯҳонии мо ба он вобаста аст, ки мо кадом Худоро парастиш менамоем. Чунки хислати шахси парастишкунанда зери таъсири объекти парастиш ҳамеша дигаргун мешавад. Агар Худо бераҳм ва қасосгиранда бошад, парас-тишкунанда низ ҳамин гуна мешавад; аммо агар Ӯ Худои дӯстдор, навозишкор, бахшанда, фидокор бошад, пайрав тадриҷан ба сурат ва шабоҳати Ӯ дигаргун шудан мегирад.1
Тасаввуроти мо оиди хислати Худо асоси системаи ақидаҳои мо мебошанд. Агар тасаввурот оиди Худо нодуруст бошад, тасаввуроти мо оиди ҳама чиз нодуруст мешавад. Фаҳмиши Худо тарзи зиндагии моро муайян мекунад. Агар тасаввуроти мо оиди Худо бардурӯғ бошад, мо дар асоси ин дурӯғ амал мекунем ва дар натиҷа ба асорат меафтем.
Ба ин дурӯғ кам касон дидаву дониста бовар мекунанд. Аксарияти мо ҳеҷ гоҳ намегӯянд: «Худо на он қадар некӯ аст». Мо ҳақиқатро медонем. Ба таври назариявӣ мо медонем, ки Худ некӯст. Аммо дар умқи диламон шубҳае ҳаст, ки шояд Ӯ на он қадар некӯ мебошад — ба ҳар ҳол шахсан нисбати ман Ӯ некӯ набуд.
Ман бовар мекунам, ки ин дурӯғ дар асоси бисёр тасаввуротҳои нодуруст оиди Худо мебошад. Моҳиятан, шайтон ҳангоми ба васваса рӯ ба рӯ кардани Ҳавво маҳз дар бораи ҳамин мегуфт. Худо марду занро баракат дод ва барои ҳаловати онҳо биҳиштро офарид. Ӯ ба онҳо озодӣ дод, ки аз меваҳои ҳар дарахти боғ хӯранд — ғайр аз як дарахт. Агар оиди некӯии Худо ягон хел шубҳа дошта бошед, баргардед ва ду боби Китоби Ҳастиро аз нав хонед. Дар он ҷо шумо Худои саховатманд, меҳрубонро мебинед. Ҳамаи он чи Ӯ офарид, некӯ буд, чунки комилан ҳама чиз некӯии Ӯро инъикос менамуд.
Ҳангоме ки шайтон мехост занро ба исён зидди Худо водор кунад, дар майнаи зан тухмии шубҳаро оиди некӯии Худо кошт: «…Оё Худо ҳақиқатан гуфтааст, ки „аз меваи ҳеҷ як дарахти биҳишт нахӯред“?» (Ҳас. 3:1). Ӯ ин чизро дар назар дошт: «Аз афти кор, Худо на он қадар меҳрубон аст, вагарна барои иҷрои хоҳишҳоятон монеъ намешуд».
Агар ба ҳаёти мо бесарусомонӣ, ноумедӣ ё дард ворид шавад, агар мо маҳбубонамонро аз даст диҳем, агар ҳама чиз бар хилофи умедҳо ё нақшаҳои мо воқеъ шавад, шайтон моро васваса намуда, водор мекунад, ки чунин фикр кунем: «Оё Худо некӯст? Агар Ӯ некӯ бошад, чӣ тавр ба рӯй додани ин воқеа роҳ дод?», ё: «Чаро Ӯ орзуи дили маро амалӣ намегардонад?» Дар ҷаҳони ба гуноҳ афтода, ки дар он фалокатҳо ва гуруснагӣ ҳукмфармост ва доимо ҷангҳо рӯй медиҳанд, шайтони фиребгар кӯшиш мекунад, ки Худоро бо рангҳои тира тасвир намояд:
«Чӣ тавр Худои ҳақиқатан меҳрубон ба куштори оммавии яҳудиён роҳ дода метавонист? Ё ба гуруснагӣ дар Ҳабашистон? Ё ба куштори оммавӣ дар Колумбия?»
Ҳамин ки мо ба некӯии Худо шубҳа мекунем, дарҳол барои рад кардани хости Ӯ баҳона меёбем, ва худамон қарор мебарорем, ки чӣ хуб аст ва чӣ бад.
Аммо Худо ҳақиқатан некӯст. Новобаста ба он ки мо қарорҳои Ӯро некӯ меҳисобем ё не, Ӯ некӯст. Мо хоҳ инро ҳис кунем, хоҳ не, Ӯ некӯст. Хоҳ инро вазъиятҳои ҳаётӣ тасдиқ кунанд, хоҳ не, Ӯ ба ҳар ҳол некӯст.
Ман ҳеҷ гоҳ он рӯзро фаромӯш намекунам, ки ин ҳақиқатро дарк намуда, бори аввал осудагӣ пайдо намудам. Ман рӯзҳои истироҳатро ҳамроҳи волидонам ва шаш нафар бародарону хоҳаронам мегузарондам. Он вақт ман 21-сола шуда будам. Бегоҳии рӯзи шанбе волидонам маро ба фурудгоҳ бурданд — ман ба Вирҷиния, ки он ҷо дар яке аз калисоҳо кор мекардам, раҳсипор будам.
Ҳангоме ки ҳавопаймо фуруд омад, модарам ба ман занг зада, гуфт, ки падарам ба сактаи дил дучор шуда, дар як лаҳза вафот кард.
Ҳеҷ гуна огоҳиҳо. Ҳеҷ гуна хайрбодҳо. Модари чилсолаам бо ҳафт фарзанд, ки аз 8 то 21-сола буданд, танҳо монд. Дар давоми рӯзҳо, ҳафтаҳо ва моҳҳои минбаъда ашкҳо чун оби дарё ҷорӣ мешуданд. Ҳар яки мо нисбати падар ҳиссиётҳои гарм доштем — ӯ шавҳар ва падари ҳайратовар буд. Барои ҳар касе ки Арт Демоссро шахсан мешинохт, марги ӯ талафоти бузурге буд.
Аммо дар он лаҳзае ки ман оиди марги падарам шунидам, Худованд ба ман файзи махсусе дод — Ӯ ба ман ҳақиқатеро ёдрас намуд. Пеш аз он ки фикрҳои аввалин пайдо шаванд, пеш аз он ки ашкҳо ҷорӣ шаванд, Ӯ оятеро ба ман ёдрас намуд, ки якчанд рӯз пеш хонда будам. Дар яке аз тарҷумаҳо он чунин садо медиҳад: «Худованд ва ҳамаи он чи Ӯ мекунад, некӯст» (Заб. 118:68).
Падар тамоми умр ба ман ин ҳақиқатро таълим медод. Ва акнун, дар чунин лаҳзаи муҳим, ин ҳақиқат дар дилам ба қалъаи ҳақиқӣ табдил ёфт.
Ман падарамро хеле пазмон мешудам — ва ҳоло ҳам, баъди бист сол, пазмон мешавам. Барои ман муошират бо ӯ намерасид. Ҳанӯз бисёр масъалаҳое буданд, ки дар бораи онҳо гуфтугӯ карданамон даркор буд. Аммо ман он вақт медонистам, чуноне ки ҳоло ҳам медонам, ки Худо некӯст, ва ҳамаи он чи Ӯ мекунад, некӯст. Ҳанна Уайтолл Смит дар ин хусус хуб гуфтааст:
«Аксаран Пешбинии Худо ба некӯ монанд нест. Аммо имон дар назди ин асрор сар хам карда, мегӯяд: «Худованд некӯст, пас ҳамаи он чи Ӯ мекунад, бояд некӯ бошад, новобаста ба ин ки ҳоло он чӣ метобад. Ман маънидоди Ӯро интизор мешавам».2
Ин дурӯғ аксаран бо дурӯғи пештара робитаи бевосита дорад. Албатта, кам касе иқрор мешавад, ки ба он бовар мекунад, чунки дар сатҳи ақл мо медонем, ки бояд ба дӯстдор будани Худо бовар кунем. Аммо барои бисёр занон байни он чи медонанд, ва он чи ҳис мекунанд, ҷарии азиме ҳаст. Яке аз мушкилиҳои мо аз ҳамин иборат аст: мо на ба он чи ҳақиқат аст, балки ба он чи ҳиссиётамон тасдиқ мекунанд, бовар мекунем. (Мо ба ин фикр боз бармегардем, чунки ин мушкилӣ барои занҳо хеле хос аст.)
Мо ба муносибатҳои байниҳамдигарии худ менигарем — оилае ки дар он муҳаббат нест, ҷудошавӣ бо ташаббуси собиқ ҳамсар, фарзандони калонсол, ки занг намезананд ва ба меҳмонӣ намеоянд; мо мефаҳмем, ки аллакай ба синни чилсолагӣ наздик расидаем, ва имконияти охирини ба шавҳар баромадан аз байн меравад, — ва он гоҳ ҳиссиёт фарёд мезананд: «Маро ҳеҷ кас дӯст намедорад — ҳатто Худо. Шояд, Ӯ тамоми ҷаҳонро ё ягон каси дигарро дӯст медорад, аммо маро дӯст намедорад. Вагарна ман худро чунин танҳо ва номаҳбуб ҳис намекардам». Мо ҳеҷ гоҳ инро бо овози баланд намегӯем, аммо ба ин бовар мекунем, чунки инро ҳис мекунем. Ҳамин тавр ба замини ақли мо тухмии дурӯғ меафтад. Мо оиди он фикр мекунем, то даме ки ба он бовар менамоем. Ва дер ё зуд мо бо ин дурӯғ зистанро сар мекунем, ва дар ниҳояти кор ба асорат меафтем.
Шояд шумо бо он чи Виктория аз сар гузарондааст, шинос бошед[1]:
Дурӯғи «Худо маро дӯст намедорад» тамоман безарар нест. Он дар ҳар як соҳаи ҳаёт ва муносибатҳои мо пайи худро мегузорад. Тухмиҳои хурдакаке ки дар майнаи мо реша давондаанд, месабзанд ва ҳосили фаровон медиҳанд.
Ҳақиқат аз он иборат аст, ки Худо ҳақиқатан моро дӯст медорад. Новобаста ба он ки мо худро дӯстдошта ҳис мекунем ё не, ё ба амалҳои ношоиста даст задаем, ё гузаштаи мо чӣ гуна аст, Худо моро бо муҳаббати номаҳдуд, фаҳмиданашаванда дӯст медорад.
Худо маро на аз он сабаб дӯст медорад, ки ман Ӯро аз синни чорсолагӣ дӯст медорам, на аз он сабаб, ки ман дар конфронсҳо баромад мекунам ё китобҳо менависам. Ӯ маро аз он сабаб дӯст медорад, ки Ӯ Муҳаббат аст. Муҳаббати Ӯ ба ман дар амалҳои ман асос наёфтааст. Он дар кӯшишҳои ман асос наёфтааст. Ман сазовори муҳаббати Ӯ нестам ва ҳеҷ гоҳ сазовори он шуда наметавонам.
Дар Навишта гуфта шудааст, ки ҳангоме ки ман ҳанӯз душмани Ӯ будам, Ӯ маро дӯст медошт. Шумо мегӯед: «Чӣ тавр ту душмани Худо буда метавонистӣ, охир, ту он вақт хеле хурдакак будӣ-ку?» Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки аз рӯзи таваллуд ман гуноҳкор, душмани Худо ва сазовори ҷазои Ӯ будам (ниг.: Рум. 5:6–10). Бо вуҷуди аз Худо дур буданам Ӯ маро дӯст дошт ва Писари Худро ба хотири ман ба марг фиристод. Ӯ маро тамоми абадияти гузашта дӯст медошт, ва тамоми абадияти оянда дӯст хоҳад дошт. Ман ҳеҷ кор карда наметавонам, то ки Ӯ маро камтар дӯст дорад, ва низ ҳеҷ кор карда наметавонам, то ки Ӯ маро бештар дӯст дорад.
Мелана Монро, дугонаам, муборизаи дуру дароз ва вазнинро бо саратони сина аз сар гузарондааст. Ман ба қарибӣ аз ӯ номае гирифтам. Ӯ менависад, ки ба шарофати аксуламале ки шавҳараш ба буридани ҳар ду синаи ӯ зоҳир намуд, муҳаббати олидараҷаи Худоро беҳтар фаҳмид:
Ҳанна Уайтолл Смит пешниҳод мекунад, ки оиди бузургӣ, баландӣ, умқ, паҳноварии муҳаббати Худо андеша намоем:
Тамоми муҳаббати навозишкоронатаринеро, ки медонед, муҳаббати амиқтаринеро, ки ягон вақт ҳис кардаед, муҳаббати қавитаринеро, ки касе ба шумо дошт, ба ҳам ҷамъ намоед, ва ба он муҳаббати ҳамаи дилҳои дӯстдори ҷаҳонро илова намоед, ва баъд ҳамаи инро ба абадият зарб занед — ва шояд шумо муҳаббати Худоро ба таври мавҳум тасаввур мекунед.3
Тасаввуроти мо оиди Худо аз бисёр ҷиҳатҳо зери таъсири мардони шинос, хусусан зери таъсири падарони мо ташаккул меёбад. Онҳо ба фаҳмиши мо оиди Худо таъсири мусбат ё манфӣ мерасонанд. Ман барои баракати махсус — падари дӯстдор, бовафо, ки нисбати ман шавқмандии зиёд дошт, хеле миннатдорам. Ба шарофати ин боварӣ кардан ба Падари Осмонӣ ва қабул кардани муҳаббати Ӯ барои ман осонтар гардид.
Аммо бисёр занҳо таҷрибаи тамоман дигар доранд. Шояд падари шумо дилсард, серталаб, хашмгин, бераҳм ё бемеҳр буд. Агар чунин бошад, худи фикр оиди он ки Худо Падари мост, ба шумо нохуш аст. Шояд дар оилаи шумо ҳамин гуна вазъият буд:
Агар ягон вақт падаратон ё ягон марди дигаре ки ба ӯ боварӣ доштед, шуморо ранҷонда бошад, шояд ба Худо боварӣ карданатон душвор мешавад. Эҳтимол шумо аз ӯ метарсед ва нисбати ӯ хашмгин мебошед. Шумо бояд ба ман бовар намоед, ки Худо ба марде, ки шумо ӯро мешинохтед, монанд нест. Хирадмандтарин, меҳрубонтарин падари заминӣ танҳо инъикоси сусти Падари Осмонии мост.
Худои Китоби Муқаддас беандоза беҳтар, поктар аст ва моро аз падари беҳтарини заминӣ бисёртар дӯст медорад. Аз ҳамин сабаб мо бояд роҳ надиҳем, ки тасаввуроти мо оиди Худо зери таъсири одамони дигар ташаккул ёбад, зеро онҳо ҳатто дар зоҳиршавии беҳтарини худ танҳо инъикоси ноаниқи Худо мебошанд.
Агар донистан хоҳед, ки Худо дар асл чӣ гуна аст, бояд ба Каломи Худо муроҷиат намоед, ки Ӯро барои мо баръало тасвир менамояд. Шумо бояд бо Исо шинос шавед, ки «дурахши ҷалол ва мазҳари моҳияти Ӯ...» мебошад (Ибр. 1:3).
Худои Китоби Муқаддас Падари дилсӯз, меҳрубон ва раҳмдил аст. Ин маънои онро надорад, ки Ӯ ҳама чизи мехостаамонро медиҳад, — ҳеҷ як падари хирадманд ба фарзандонаш ҳама чизи мехостагии онҳоро намедиҳад. Ин маънои онро надорад, ки мо ҳамеша қарорҳои Ӯро фаҳмида метавонем — Ӯ беҳад бузург аст. Ин маънои онро надорад, ки Ӯ ҳеҷ гоҳ роҳ намедиҳад, ки мо дардро ҳис кунем — гоҳо Ӯ Худаш ба мо дард ва душвориҳо мефиристад. Чаро? Чунки Ӯ моро дӯст медорад. Чунки Ӯ нисбати мо бепарво нест. Чунки Ӯ ба шумо вафодор аст. Дар Нома ба Ибриён гуфта шудааст, ки Худо «
Новобаста ба он ки мо чӣ ҳис мекунем ё меандешем, факт ҳамчун факт боқӣ мемонад: Ӯ Падари некӯст, ки фарзандонашро хеле дӯст медорад, Падаре ки ҳаёти худро ба Ӯ боварӣ карда, супурдан мумкин аст. Ҳанна Уайтолл Смит оиди маънои боварӣ кардан ба дили падаронаи Худо бисёр навиштааст:
Агар шумо Худоро чун Падар дарк карда бошед, худро бе сарпаноҳ ҳис кардан ва ба ташвиш афтоданатон ғайриимкон аст.
...Он чиро, ки падари хуби заминӣ ҳеҷ гоҳ намекунад, Падари Осмонӣ низ ҳеҷ гоҳ намекунад; ва он чи падари хуб бояд кунад, Худо Падар ҳатман мекунад.
Масеҳ ба мо номи Падарро ошкор намуд, то мо фаҳмида тавонем, ки Падар ба ҳамон андозае ки Писари Худро дӯст медорад, ба мо муҳаббат дорад. Агар мо ба ин бовар мекардем, магар дар майнаамон ягон фикри исёнкорона ё ташвишдиҳанда пайдо мешуд? Наход мо ҳатто дар вазъиятҳои боварнокарданӣ бовар намекардем, ки Падари илоҳӣ дар ҳаққи мо ба таври беҳтарин ғамхорӣ мекунад ва ҳама гуна эҳтиёҷи моро қонеъ мегардонад?4
«…Ва ман танҳо ба Ту эҳтиёҷ дорам»… Ҳангоми парастиш дар калисо хондани чунин суруд — як гап, ва аз дари калисо ба ҷаҳони мураккаб ва пурмуаммо баромадан — гапи дигар аст. Оё он вақт мо ҳақиқатан бовар мекунем, ки ба мо танҳо Ӯ даркор аст? Чун дар мавриди се намуди аввали дурӯғ, мо ҷуръат намекунем, ки инро бо овози баланд гӯем; кам касе ба ин дурӯғ дидаву дониста бовар мекунад. Аммо ҳаёти мо исбот мекунад, ки мо маҳз ба он бовар мекунем.
Ҳангоме ки кор ба мушкилоти ҳақиқӣ оид мешавад, мо бовар намекунем, ки Каломи Худо кифоя аст. Не, албатта, он ба дигарон ёрӣ дода метавонад, аммо ба мушкилоти ман, ба эҳтиёҷоти ман, ба муносибатҳои ман, ба вазъияти ман дахле надорад. Ба ман Каломи Худо ва он ҳашт китоб аз мағозаи китобҳои масеҳӣ даркоранд, ба ман Каломи Худо ва кассетаҳо, конфронсҳо ва парасторони рӯҳонӣ даркоранд.
Албатта, ба ман Худо даркор аст. Аммо ба ман Ӯ ва дӯстони наздик, Ӯ ва саломатии хуб, Ӯ ва шавҳар, Ӯ ва фарзандон, Ӯ ва ҷои кори хуб, Ӯ ва хона бо таъмири хуб, тафдони микромавҷӣ, мошинаи либосшӯӣ, гараж даркор аст...
Оё шумо дар ҳақиқат бовар мекунед, ки агар Худо дошта бошед, дигар ҳеҷ чиз даркор нест? Ё шумо бештар ба ин занҳо монанд ҳастед:
Оё мо бовар мекунем, ки Худо ва ҳақиқат кифоя аст, ё мо барои пур кардани холигии дил ягон чизи дигар — хӯрок, харидҳо, дӯстон, машғулиятҳои шавқовар, сафарҳо, кор ё оиларо меҷӯем?
Навишта гаштаву баргашта таълим медиҳад, ки қонунҳои Худо барои нафъи мо ва ҳимояи мо муқаррар шудаанд. Роҳ сӯи озодӣ — ба воситаи итоаткорӣ мебошад. Аммо шайтон бовар мекунонад, ки қонунҳои Худо вазнин буда, оқилона ва боинсофона нестанд, ва мо ба Ӯ итоат намуда, бадбахт мешавем. Дар боғи Адан ӯ диққати Ҳавворо ба ягона маҳдудият, ки Худо дода буд, равона кард. Шиори шайтони фиребгар ин аст: «Мувофиқи хости худ рафтор намо, ҳеҷ кас ҳақ надорад ба ту дастур диҳад, ки кадом корро кардан мумкин аст ва кадомашро – не».
Бисёр занон иқрор шуда метавонистанд, ки ба Сара ном зане монанд ҳастанд:
Ман бисёр вақт ҳайрон мешудам, ки чаро бисёр занон бо хӯрок мушкилӣ доранд. Боварӣ дорам, ки ин ба боби 3-юми Китоби Ҳастӣ робита дорад. Дар ниҳояти кор, гуноҳи аввалин чӣ гуноҳ буд? Ин гуноҳи вобаста бо хӯрок буд. Ягона маҳдудият дар хӯрок барои Ҳавво тоқатфарсо буд. Ба монанди Сара, ӯ ҳис мекард, ки «маҳдудиятҳо ӯро аз ҳаловат ва хурсандиҳо маҳрум мекунанд». Ва ӯ чӣ кор кард? (Дар ёд нигоҳ доред: ақидаҳои мо рафтори моро муайян мекунанд.) Ӯ чизи мехостаашро хӯрд.
Мо низ маҳдудиятҳоро аз худ дур карда, якравона мувофиқи хости худ амал менамоем. Мо ихтиёр дорем, ки чизи мехостаамонро интихоб намоем, чуноне ки Ҳавво ихтиёр дошт меваи манъшударо хӯрад. Аммо мо танҳо дар интихоби як чиз ихтиёр надорем — натиҷаҳои ин интихоби худ.
Мо гуфта будем, ки агар ба дурӯғ бовар карда, мувофиқи он амал намоем, дар ниҳояти кор ба асорат меафтем. Гӯш кунед, ки баъд бо Сара чӣ шуд:
Сара замоне қарор дода буд, ки чизи мехостаашро ҳар гоҳе ки хоҳад ва ҳар қадаре ки ҳоҳад, мехӯрад. Чунин метобад, ки ҳамин аст озодӣ, ҳамин тавр не? Аммо бинед: аз рӯи суханони худаш, ӯ озод набуд. Ӯ гумон мекард, ки озодӣ ба даст меоварад, аммо ин хушбахтӣ хаёлӣ буд. Ба ҷои ин ӯ «асири хӯрок» гардида, 20 кг фарбеҳ шуд ва ба рӯҳафтодагӣ дучор гардид.
Ҳангоме ин зан дарк намуд, ки «озодии ҳақиқӣ самари итоаткорист», ҳангоме ки дар ростӣ зистанро сар кард, ҳақиқатан озод гардид.
Чунин тасаввурот боиси фиреби дучанд мешавад. Аввалан, он Худоро ба сатҳи ҷине поён мефарорад, ки барои хизмат кардан ба мо вуҷуд дорад, ба сатҳи хизматгоре ки бо даъвати аввалини мо барои хизматрасонӣ мешитобад. Ин дурӯғ ҳатман боиси аз Худо ноумед шудан мегардад: Агар мушкилоти мо ҳал нашаванд, пас Худо ба ёрии мо нашитофтааст.
Сониян, ин дурӯғ дар назар дорад, ки мақсади ҳаёт — мушкилот надоштан, раҳо шудан аз ҳама чизи вазнин ва нохуш аст. Ҷамъияти мо ба фикре одат кардааст, ки бо мушкилот зистан номумкин аст, ва ҳар як мушкилӣ бояд ҳал карда шавад.
• Саратон дард мекунад? Доруи пасткунандаи дард истеъмол намоед.
• Роҳбар маъқул нест? Ҷои коратонро иваз кунед.
• Мавъизаи шубон маъқул нест? Калисои дигареро ёбед.
• Барои харидани мошини нав имконият надоред? Онро ба орият гиред.
• Мардҳо ба шумо аҳамият намедиҳанд? Нозу ишва намоед ва чунон либос пӯшед, ки диққати онҳоро ҷалб намоед.
• Шавҳаратон ба шумо диққат намедиҳад, ба варзиш дода шудааст ва бар хилофи давраҳои аввал, ки бо ҳам вохӯриҳо мекардед, романтикӣ нест? Дар ҷои кор (ё дар калисо) мардеро ёбед, ки дар ҳаққи шумо ғамхорӣ мекунад ва ба суханҳои шумо гӯш медиҳад.
Барои бисёриҳо масеҳият на зиёда аз воситаи навбатии ҳал намудани мушкилоти худ мебошад. Фақат дуо гӯй ва ба Худо бовар кун, ва дар ҳисоби бонкии ту пули зиёде пайдо мешавад, дӯстат аз бемории саратон шифо меёбад, ту дигар танҳо намемонӣ, оиладорӣ наҷот дода мешавад, фарзандони беитоат бо Худо оштӣ мешаванд, ту ҳамеша гуноҳро мағлуб мекунӣ, дигар лозим намеояд, ки бо одатҳои бад мубориза барӣ, ва ту хушбахт ва солим мешавӣ.
Ин дурӯғ ба Ҳоллӣ дар ҳалли масъалаи пурхӯрӣ халал мерасонд:
Чунин андешаронии нодуруст мефаҳмонад, ки чаро бисёр занони масеҳӣ дар хашм ва талхкомӣ зиндагӣ мекунанд, чаро онҳо аз ҳаёт ноумед шудаанд. Онҳо гумон мекарданд, ки агар Исоро қабул кунанд, ва ба калисо рафтуомад карда, кӯшиш кунанд, ки «масеҳиёна» зиндагӣ кунанд, ҳеҷ мушкилӣ нахоҳанд дошт. Дар итоаткорӣ зистан — барканор будан аз бисёр мушкилотест, ки дар натиҷаи бехудоёна ва хилофи хости Худо зистан ба миён омадаанд. Аммо ин маънои онро надорад, ки пайравони Масеҳ ба таври автоматӣ аз ҳамаи мушкилот раҳо мешаванд.
Ҳақиқат аз он иборат аст, ки ҳаёт душвор аст. Мо дар ҷаҳони афтода зиндагӣ мекунем. Ҳатто шахсони кафоратёфта дар ҷисми заминӣ зиндагӣ мекунанд ва бо гуноҳ (гуноҳҳои худ ё гуноҳҳои дигарон), васваса, беморӣ, талафот ва марг рӯ ба рӯ мешаванд. Ба масеҳият рӯ овардан — ҳатто масеҳиёни болиғ, тақводор шудан, — моро дар ягон ғилофи осмонӣ ҷойгир намекунад, ки аз ҳамаи ин чизҳо моро эмин нигоҳ дорад. То он даме ки Худованд замин ва осмони навро наофарад, мо аз таъсири харобиовари гуноҳ пурра озод намешавем. Ва то он рӯз мо ашкҳо, нохушиҳо, душвориҳо ва масъалаҳои ҳалталаб хоҳем дошт.
Аммо хуб аст, ки Худо Худро аз мушкилоти мо дур намегирад. Ӯ аз боло нигариста, мушоҳида намекунад, ки оё мо зинда мемонем ё не. Не! Худои Китоби Муқаддас — «…мададгорест, ки дар тангиҳо зуд пайдо мешавад» (Заб. 45:2). Ин маънои онро надорад, ки мушкилоти мо фавран, ба таври мӯъҷизаосо ғайб мезананд. Ин маънои онро дорад, ки Ӯ душвориҳо ва масъалаҳои ҳалталабро барои он истифода мебарад, ки хислати моро ташаккул диҳад, ҳаёти моро дигаргун намояд, моро ба Писари Худ Исо монанд гардонад, ки «...ба василаи уқубатҳо ба итоат омӯхта шуд» (Ибр. 5:8).
Мо мехоҳем, ки Худо ҳамаи мушкилоти моро ҳал намояд. Аммо Ӯ мегӯяд: «Ман мехоҳам мушкилотро барои он истифода барам, ки туро дигаргун намоям, ва файз ва қуввати Худро ба тамоми ҷаҳон зоҳир намоям». Ин ҳақиқат аст — ва ҳақиқат шуморо озод мегардонад.
ДУРӮҒ
1. ХУДО НА ОН ҚАДАР НЕКӮСТ, ВАГАРНА Ӯ...
ҲАҚИҚАТ
• Худо некӯст, ва ҳамаи он чи Ӯ мекунад, некӯкорӣ мебошад.
• Худо ҳеҷ гоҳ хато намекунад.
ДУРӮҒ
2. ХУДО МАРО ДӮСТ НАМЕДОРАД.
ҲАҚИҚАТ
• Муҳаббати Худо ба ман беҳудуд ва бешарт аст.
• Ба ман лозим намеояд, ки муҳаббат ва ҳусни таваҷҷӯҳи Худоро бо амалҳо сазовор шавам.
• Худо ҳамеша ба фоидаи ман амал менамояд.
ДУРӮҒ
3. ХУДО АЙНАН МОНАНДИ ПАДАРИ МАН АСТ.
ҲАҚИҚАТ
• Худо ҳамон таврест, ки Худро дар Каломаш ошкор намудааст.
• Худо аз падари беҳтарини заминӣ беандоза хирадмандтар аст ва маро бештар дӯст медорад.
ДУРӮҒ
4. БАРОИ ХУШБАХТӢ ХУДО КИФОЯ НЕСТ.
ҲАҚИҚАТ
• Худо барои хушбахтӣ кифоя аст. Агар ман Худо дошта бошам, ҳама чизи даркориро дорам.
ДУРӮҒ
5. ХУДО ОЗОДИИ МАРО МАҲДУД КАРДАН МЕХОҲАД.
ҲАҚИҚАТ
• Худо ҳамеша ҳалли беҳтаринро меёбад.
• Маҳдудкуниҳои Худо ба манфиати худи ман мебошанд.
• Исён ва муқобилат ба маҳдудкуниҳои Худо ба ҳаёти ман ихтилофот ва дард меоваранд.
ДУРӮҒ
6. ХУДО БОЯД МУШКИЛОТИ МАРО ҲАЛ НАМОЯД.
ҲАҚИҚАТ
• Ҳаёт душвор аст.
• Худо ба он манфиатдор аст, ки номи Ӯ ҷалол ёбад, ва ман дигаргун шавам, на ин ки ҳамаи мушкилоти маро ҳал намояд.
• Ба воситаи мушкилот Худо маро сӯи мақсади абадӣ мебарад.
• Дар раванди тақдиси ман Худо мушкилоти маро низ истифода мебарад.
• Новобаста ба он ки ман бо кадом мушкилот рӯ ба рӯ мешавам, барои ман файзи Худо кифоя аст.
Чуноне ки дар Номаи Яъқуб (1:21–25) гуфта шудааст, фақат шунидани ҳақиқат кифоя нест. Мо бояд ба ҳақиқат итоат намоем ва онро қисми ҷудонашавандаи ҳаёт ва тарзи фикрронии худ гардонем. Агар мо аз рӯи ҳақиқат зиндагӣ накунем, агарчи онро медонем, пас мо нодон ҳастем ва худро фиреб медиҳем. Агар ба ҳақиқат итоат намоем, баракат меёбем.
Яке аз қисмҳои муҳимтарини ин китоб қисмҳое мебошанд, ки «Истифодаи амалӣ» ном доранд; онҳо дар охири бобҳо (аз боби дуюм то нӯҳум) ҷойгир шудаанд. Пеш аз он ки ба боби дигар гузаред, вақт ҷудо намоед, то дар хусуси он ҳақиқате ки оиди он хондед, андеша намоед. (Шояд шумо ҷавобҳоро ба саволҳо дар рӯзномаатон навиштан мехоҳед. Дар охири ҳар як қисм ҷой боқӣ гузоред, то ки дар оянда ба он ҷо фикрҳо ва оятҳои Навиштаи Муқаддасро, ки бароятон нав ҳастанд, нависед.)
1. Бо Худо РОЗӢ ШАВЕД.
Шумо ба кадом дурӯғ оиди Худо бовар кардед?
2. Масъулиятро ба худ ГИРЕД.
Бовар кардан ба ин дурӯғ ба тарзи зиндагии шумо (муносибатҳо ва рафтори шумо) чӣ гуна таъсир расонд?
3. Ҳақиқатро ЭЪЛОН НАМОЕД.
Ҳар яке аз ҳақиқатҳои дар боло овардашударо бо овози баланд хонед. Кадоми онҳо ҳозир барои шумо махсусан муҳим аст?
Ақли худро бо Каломи Худо нав гардонед. Порчаҳои зеринро бо овози баланд хонед. Ин оятҳо оиди хислати Худо, оиди ниятҳои Ӯ нисбати фарзандонаш чӣ мегӯянд?
Заб. 99:5
Заб. 22
Заб. 120
Рум. 8:28–39
4. Дар асоси ҳақиқат АМАЛ НАМОЕД.
Кадом қадамҳоро бояд гузоред, то ки ҳаёти шумо ба ҳақиқат мувофиқат дошта бошад?
5. Аз Худо ХОҲИШ НАМОЕД, ки барои дар ростӣ қадамгузор будани шумо ёрӣ диҳад.
БОБИ СЕЮМ.
ДУРӮҒЕ КИ ЗАНҲО ОИДИ ХУД БОВАР МЕКУНАНД...
Якчанд моҳ пеш як чашмам сахт ба дард даромад, ва ман линзаҳои худро ба чашмонам гузошта наметавонистам. Аввал ман гуном гардам, ки ин хуруҷи аллергия аст, ва кӯшиш кардам, ки бо ёрии ҳабҳои дору илоҷи онро ёбам. Аммо проблема аз байн намерафт. Аз боиси он ки рӯи чашмам озор ёфта буд, ман ба воситаи линза хуб дида наметавонистам, ва ин биноии маро вайрон мекард. Дар охир чашмам чунон озурда шуд, ки лозим омад линзаро берун оварда, ба духтури чашм муроҷиат намоям.
Ӯ чашми маро аз назар гузаронда, фаҳмонд, ки гап на дар аллергия, ва ҳатто на дар чашми ман, балки дар линза аст. Бо кадом як сабабе он вайрон шуда буд: он ҳамвор шуда буд ва чашмамро озурда мекард. Барои барқарор намудани биноӣ он линзаро бо линзаи нав иваз кардан лозим буд.
Тасаввуроти мо оиди хислати Худо аҳамияти калон дорад, чунки ба ҳамаи тасаввуротҳои боқимондаи мо таъсир мерасонад. Тасаввуроти нодуруст оиди Худо тасаввуроти моро оиди ҳақиқат дигаргун мекунад. Аксаран мо дарк намекунем, ки сабаби ошуфтагӣ ва изтироби ҷонҳои мо на дар одамон ё вазъиятҳо, балки дар он аст, ки мо ҳама чизро ба воситаи линзаҳои вайрон мебинем.
Тасаввуроти мо оиди Худо хусусан ба тасаввурот оиди худамон таъсири зиёд мерасонад. Агар мо Ӯро на он тавре бинем, ки дар асл ҳаст, агар мо ба дурӯғ оиди шахсияти Ӯ бовар кунем, албатта оиди худ низ нодуруст фикр мекунем.
Агар баҳодиҳии мо оиди Худо паст бошад, мо худамон ночиз мегардем. Агар мо дар тасаввури худ Худои беқувват ва нотавонро бинем, ки ихтиёри оламро дар даст надорад, худро низ нотавон мебинем, ва мо тӯфонҳо ва вазъиятҳои номусоидро паси сар карда наметавонем. Агар Худои мо арзише надошта бошад, мо фикр мекунем, ки худамон низ арзише надорем. Агар ба дурӯғ оиди Худо бовар карда бошем, мо ба дурӯғ оиди худ бовар мекунем. Масалан, ба дурӯғе чун...
Зиёда аз 42% заноне ки мо дар байни онҳо пурсиш гузарондем, гуфтанд, ки ба ин дурӯғ бовар мекунанд. Ин дурӯғи хеле тавоно мебошад, ва шумо аз шаҳодатҳои онҳо ба ин боварӣ ҳосил карда метавонед:
Аксар вақт ҳисси беарзишӣ натиҷаи бовар кардан ба дурӯғест, ки мо аз атрофиён, хусусан дар кӯдакӣ, шунидаем.
Мушкилӣ дар он аст, ки худбаҳодиҳӣ аксаран бо ақидаи одамон оиди мо муайян карда мешавад. Гоҳо суханони онҳо дуруст ва фоиданок аст. Аммо на ҳамеша. Агар шахсе ки мо ба ақидааш гӯш медиҳем, бо кадом як сабаб бо «линзаҳо»-и шикаста ба мо нигарад, нуқтаи назари ӯ вайрон мешавад. Баъзеи мо тамоми умр дар ҳабси эҳсосотӣ зиндагӣ кардаанд, чунки акси худро дар оинаи «каҷ» дидаанд.
Ҳатто ҳангоме ки суханони одамон дурустанд, шайтони фиребгар метавонад ин маълумотро барои асир гардондани мо истифода барад. Масалан, дугона комилан ҳаққонӣ ба духтараки шашсола гуфта метавонад: «Ту фарбеҳ ҳастӣ!» Агар ин духтараки хурдсол ба хулосаҳои бардурӯғи ин мушоҳида такя карда, ба воя расад, ягон вақт ба асорат афтода метавонад: «Ман фарбеҳ ҳастам. Бинобар ин:
• ман ҳамеша фарбеҳ хоҳам буд,
• ҳеҷ кас ҳеҷ гоҳ маро дӯст намедорад ва дӯсти ман шудан намехоҳад,
• Ман арзише надорам,
• ман бояд гули сари сабади сӯҳбатҳо бошам, то ки «ба атрофиён маъқул шавам».
Гоҳо як мулоҳизае ки шахс дар кӯдакӣ шунидааст, метавонад ӯро солҳои зиёд таъқиб намояд ва азоб диҳад. Бо Миндӣ ҳамин тавр буд:
Дар ин қисса раванди ба асорат афтодани инсон баръало дида мешавад. Дар аввал, ҳанӯз дар кӯдакӣ, ба ин зан дурӯғи даҳшатовари вайронкунандаро гуфтанд. Ӯ инро шунид, ва баъд ба ҷои он ки ҳақиқатро ба ин дурӯғ муқобил гузорад, оиди он бисёр андеша мекард, то даме ки ба рост будани он бовар кард. Дар ниҳояти кор ӯ дар асоси ин дурӯғ амал мекардагӣ шуд («Ман дар худ маҳдуд шудам...»), ва дурӯғ ӯро асир гардонд: «[Ман] ба рӯҳафтодагӣ ғарқ гардидам, орзу доштам, ки ба хоб рафта, дигар ҳеҷ гоҳ бедор нашавам.
Тасаввуроти инсон оиди худ ояндаи ӯро, ҳаёти ӯро муайян мекунад. Агар мо ба дурӯғ бовар карда, дар асоси он амал намоем, ба асорат меафтем. Инро суханони зерин исбот мекунанд:
Ин гуна шаҳодатҳо кам нестанд. Имрӯзҳо бисёр занон муштоқи он мебошанд, ки дигарон ба онҳо муносибати хуб кунанд; онҳо мехоҳанд сазовори таҳсини атрофиён шаванд. Онҳо гӯё мекӯшанд он муносибати манфиро, ки дар гузашта ба онҳо зоҳир карда мешуд, ҷуброн кунанд, дар тарозуи хаёлӣ баробарвазн намоянд. Аммо дар аксари ҳолатҳо ҳеҷ гуна таҳсинҳо он суханони манфии озурдакунандаро, ки онҳоро ба ночиз буданашон бовар кунондаанд, ҷуброн карда наметавонанд. Таҳсин ҳамеша кам хоҳад буд. Онҳо метавонанд оиди намуди зоҳирӣ ё кори худ сад таҳсин шунаванд, аммо ҳамин ки яке аз аъзоёни оила ягон сухани манфӣ гӯяд, ҳамааш ба ҳолати пештара бармегардад. Чаро? Чунки онҳо ба дигарон роҳ медиҳанд, ки арзишнокии онҳоро муайян намоянд.
Дар номаи якуми Петрус ояте ҳаст, ки нишон медиҳад, ки Арзишнокии Исо чӣ гуна муайян карда шуд — на аз рӯи нуқтаи назари атрофиён оиди Ӯ (хоҳ хуб бошад, хоҳ бад), балки аз рӯи ҳақиқате ки Падари Осмонии Ӯ баён намудааст. Одамон Ӯро рад карданд, аммо Худо Ӯро интихоб намуд ва Ӯ барои Худо гаронбаҳо буд (ниг.: 1 Пет. 2:4). Одамон Исоро рад карданд — касоне ки Ӯ барои Худ офарид, онҳоро дӯст медошт ва барои онҳо ҳаёти Худро дод. Аммо арзишнокии Ӯро на ин чиз муайян менамуд. Ӯро
Тасаввур кардан мумкин аст, ки касе дар санъати рассомӣ чизеро намефаҳмад ва мусаввараи нотакрорро ба сатили ифлосӣ мепартояд. Оё арзиши мусаввара кам мешавад? Албатта, не. Арзиши ҳақиқии асари санъат ҳамон вақт аён мегардад, ки қадршиноси санъат онро ёфта, мегӯяд: «Ин асари бебаҳост, ман тайёрам дар ивази он пули зиёде диҳам».
Ҳангоме ки Худо писари Ягонааш Исоро ба замин фиристод, то ки Ӯ дар салиб гуноҳҳои моро ба дӯши Худ гирад, Ӯ гӯё барои ҷонҳои мо нарх муқаррар намуд, — Ӯ эълон намуд, ки арзиши онҳо аз тамоми ҷаҳон бештар аст. Шумо нуқтаи назари киро қабул менамоед? Бовар ба дурӯғ шуморо асир мегардонад. Бовар ба ҳақиқат озод менамояд.
«Худбаҳодиҳии паст» — яке аз ташхисҳои паҳншудатарини замони мост. Психологҳои мутахассис худбаҳодиҳии пасти беморонро муқаррар мекунанд, муаллимон ба шогирдон нисбат медиҳанд, шубонҳо дар ин бора ба аҳли калисо мегӯянд, волидон — ба фарзандон, ва миқдори зиёди одамон худашон дар ин иқрор мешаванд.
Ресепте ки ҷаҳон ба гирифторони бемории
Дар як феҳристи ашёҳои динӣ футболкае ҳаст, ки дар он шеъри «Худро дӯст дор» навишта шудааст:
Худро дӯст дор!
Ҷануб ва шимол — ҳамааш барои ту офарида шудааст.
Озод бош — ту барои ин офарида шудаӣ,
Имконияти изҳор намудани лаёқатҳои худро биҷӯй.
Шубҳаҳоро барканор гузор — ту арзишнок ҳастӣ!
Ва касоне ки баръакси инро мегӯянд, — туро намедонанд.
Оиди он дуо гӯй, ки арзишнокии худро бинӣ.
Дар иҳотаи касоне бош, ки туро дӯст медоранд
Андӯҳ ва ҳисси айбдориро дур рон,
Муҳаббари Худоро дар худ эҳсос намо.
Ба хоҳишҳои худ гӯш деҳ,
Бихӯр, шодӣ кун, ба худ тағофул намо,
Аз назди касоне ки туро танқид мекунанд, бигурез,
«Ман» — калимаи олидараҷа аст!
Дар феҳристи дигар «пижамаи мӯъҷизанок» пешниҳод карда мешавад, ки дар он чунин суханон навишта шудаанд (онҳо бо тартиби баръакс навишта шудаанд, то ки шахс ҳангоми ба назди оина омадан инъикоси дурусти ин суханонро хонда тавонад):
«Ман шахсияти арзишнок, ҳайратовар, махсус, нотакрор, боқадр, саховатманд, камёб, пурра, муқаддас, муқаммал, анҷомёфта, сазовор, шоҳона ва боэътибор ҳастам». Ин пижама ба шумо бояд ёдрас намояд, ки «шумо гаронбаҳо ва нотакрор ҳастед».
Чуноне ки бисёр вақт мешавад, дурӯғ дар чунин реклама на ба таври пурра ба ҳақиқат мухолифат дорад. Каломи Худо мегӯяд, ки мо ҳама ба сурат ва шабоҳати Худо офарида шудаем, ва Ӯ моро дӯст медорад ва мо гаронбаҳо ҳастем. Аммо ин ба шарофати худи мо нест. Ва агар мо худро таҳсину ситоиш кардан гирем, муҳаббати Худоро аёнтару равшантар ҳис намекунем. Баръакс, Исо таълим медод, ки мо ҷонҳои худро танҳо ҳамон вақт меёбем, ки онҳоро аз даст диҳем. Таълимот оиди дӯст доштани худ одамонро ба танҳоӣ ва бадбахтӣ меоварад. Одамон бисёр вақт мегӯянд: «Ман ҳеҷ гоҳ ба худам маъқул набудам», ё «Ӯ худро дӯст намедорад» Аз рӯи Навиштаи Муқаддас, ҳақиқат дар он аст, ки мо аллакай худро дӯст медорем — ва аллакай аз ҳад зиёд. Ҳангоме Исо ба мо мефармояд, ки ёри худро ба монанди худ дӯст дорем, ин маънои онро надорад, ки барои дӯст доштани дигарон аввал бояд дӯст доштани худро ёд гирем. Исо мегӯяд, ки мо бояд ба дигарон ҳамон қадар аҳамият диҳем ва дар ҳаққи онҳо ғамхорӣ намоем, ки ба таври табиӣ нисбати худ раво медорем.
Агар дандони ман дард кунад, ман дарҳол вазъиятро таҳлил намуда, роҳи ҳалли ин мушкилиро меҷӯям. Агар ман «худро дӯст намедоштам», ба дард аҳамияте намедодам. Аммо ҳангоме ки дандони шахси дигар дард мекунад, бепарво будан хеле осон аст — охир ин мушкилии ӯст. Мо ба таври табиӣ худро дӯст медорем, аммо дигаронро ҳамон гуна ба таври табиӣ дӯст намедорем.
Дар Нома ба Эфесусиён Павлус ба шавҳарон мефармояд, ки «занони худро мисли ҷисми худ дӯст доранд... Зеро
Мо доимо дар ҳаққи худ ғамхорӣ мекунем, аз боиси камбудиҳои рӯзгор ғамгин мешавем, ҳамеша дарк мекунем, ки ба рафтори одамон ҳассосем. Сабаби ин гуна зудранҷ будани баъзе занон на дар он аст, ки мо худро бад мебинем, балки дар он аст, ки худро хеле дӯст медорем! Мо мехоҳем, ки моро қабул кунанд, навозишкорона муносибат намоянд. Агар мо худро ин қадар дӯст намедоштем, ин қадар мутаассир намешудем, ки ба мо диққати даркорӣ намедиҳанд, рад мекунанд ва сарфи назар менамоянд.
Гап дар он аст, ки мо худро бад намебинем, ва дӯст доштани худро ёд гирифтанамон лозим нест. Инкор кардани худро бояд ёд гирем, то ки Худо ва атрофиёнро ба таври ҳақиқӣ дӯст дорем. Бемории мо на «худбаҳодиҳии паст» ва на муносибати бад ба худ аст. Аниқтараш, ин ба Худо баҳои паст додан аст. Мушкилии мо на дар «номуносиб қабул намудани худ», балки дар «номуносиб қабул намудани Худо» аст. Мо набояд худро бештар дӯст дорем, балки бояд муҳаббати беандозаи Ӯ, нақшаи Ӯро дар ҳаётамон қабул намоем.
Ҳангоме ки мо муҳаббати Ӯро қабул мекунем, зарурати бо атрофиён муқоиса кардани худ аз байн меравад. Мо умуман оиди «худ» ин қадар бисёр фикр намекунем. Ба ҷои ин мо расонандагони муҳаббати Ӯ ба дигарон мешавем.
Ин боз як дурӯғест, ки бисёр касонро тамоми умр асир мегардонад. Ба ин дурӯғ замоне ҳамаи мо бовар карда будем. Шояд шумо дар яке аз ин занҳо худро мешиносед:
Мо дар худ он чиро пай мебарем, ки ба худамон ё ба Худованд маъқул нест. Аммо ба ҷои он ки барои интихоб, муносибат ва рафторамон масъулиятро ба зиммаи худ гирем, мо 101 баҳона меёбем.
• Хонаи мо чунон танг аст, ки аз боиси он ҳама чиз ба асаби ман таъсир мекунад.
• Кори ман чунон вазнин аст, ки ҳангоме ба хона меоям, нисбати фарзандон асабонӣ нашуда наметавонам.
• Ин аз боиси рӯзҳои ҳайз аст.
• Мувозинати гормонҳои ман вайрон шудааст.
• Ман чунон хаста шудаам, ки дигар барои ҳеҷ кор қуввате надорам.
• Дар оилаи мо ҳеҷ кас ихтилофотро ҳал карда наметавонист. Мо ҳамаи эҳсосоти манфиро дар дарунамон ғун карда, вонамуд мекардем, ки ҳеҷ воқеа нашудааст. Ман то ҳол оиди ягон масъалаи ҳалталаб гуфтугӯ карда наметавонам.
• Волидон маро ҳеҷ гоҳ таҳсин намекарданд, ва ман худро дӯстдошта ҳис намекардам.
• Модар ва бибиям аз рӯҳафтодагии васвосиёна азоб мекашиданд. Аз афти кор, ин ирсӣ аст.
• Модари ман ҳеҷ гоҳ бароям модари ҳақиқӣ набуд, ва аз ҳамин сабаб ман намедонам, ки фарзандонро чӣ гуна тарбия кардан даркор аст.
• Кӯдакии ман душвор гузашта буд, ва ман ба одамон боварӣ карда наметавонам.
• Собиқ шавҳарам доимо маро таҳқир мекард, ӯ дар худбаҳодиҳии пасти ман айбдор аст.
Ҳамаи ин суханон дар назар доранд, ки барои ҳама чиз атрофиён айбдоранд, ва мо танҳо ҷабрдида буда, аз захмҳое ки дигарон расондаанд, азоб мекашем.
Бо вуҷуди ин, оиди қиссаи Ҳавво андеша намуда, мо мефаҳмем, ки дар бадбахтии ин зан на шавҳар айбдор буд, на фарзандон. Бар хилофи феминизми замони ҳозира, ки мардҳоро барои мушкилоти занҳо айбдор меҳисобад, ҳаёти Ҳавворо мард вайрон накардааст. Ҳавво ҳамчунин наметавонист муҳитро барои ин айбдор ҳисобад. Баръакс — дар он шароит ба муваффақият расидан ва хушбахт будан осон буд. Ҳавво ва шавҳараш мушкилоти молиявӣ, мушкилот дар ҷои кор, ҳамсояҳои нохуб, алафҳои бегона дар боғ надоштанд; онҳо ҳатто бо хусур ва хушдоман мушкилот надоштанд!
Ҳавво барои бадбахтие ки бо онҳо рӯй дод, ҳеҷ касро айбдор карда наметавонист. Мушкилӣ аз худи ӯ сар шуд. Ҳавво худаш интихоб намуд — барои ин ҳеҷ касро айбдор кардан мумкин нест. Ин қарор ӯро аз озодӣ маҳрум намуд ва худаш, оилааш ва тамоми авлодони минбаъдаашро ба бадбахтии даҳшатовар гирифтор намуд.
Дурӯғ — «ман бо худ ҳеҷ кор карда наметавонам (ман ислоҳ шуда наметавонам)» — моро ба қурбониёни нотавони одамони атроф ва вазъиятҳои беруна табдил медиҳад. Он дар назар дорад, ки касе ё чизе барои ояндаи мо ҷавобгар аст, дигаргун шудан дар ихтиёри мо нест, ва мо ҳамагӣ бозичаи дасти дигарон мебошем. Аз кадом як сабаб мо бовар кардаем, ки танҳо ҳангоме ки лӯхтакдор моро чун лӯхтаки ресмондор ба ҳаракат меоварад, ҳаракат карда метавонем.
Ин дурӯғ бароямон ҳеҷ гуна умеди дигаргуншавиро боқӣ намегузорад. Шайтон медонад, ки агар мо ба идора карда натавонистани худ бовар намоем, ҳеҷ гоҳ дигаргун намешавем. Мо дар ғуломӣ зиндагӣ мекунем. Агар мо бовар кунем, ки ба мағлубият, гуноҳ ё бадбахтӣ маҳкум гардидаем, пас гуноҳ
Аммо мо интихоб
«Ҳуқуқи дахлнопазир»... «Ту ҳақ дорӣ ҳаётатро мувофиқи хости худ идора намоӣ!»... «Ту ба хизматрасонии босифат ҳақ дорӣ!» Аз Сарқонун то шабакаи тарабхонаҳо, дар ҳама ҷо шиор чунин аст — «Ман ҳақ дорам». Он барои тамаддуни Ғарб як навъ сухани аз қайди шабгардӣ озодкунанда гардидааст.
Занҳои насли мо ба он часпида гирифтаанд. Ҳаракати ҳозираи феминистҳо дар ҳимояи ҳуқуқи занҳо асос ёфтааст: ҳуқуқи овоздиҳӣ, ҳуқуқи озод будан аз бандҳои хоҷагӣ, ҳуқуқи имкониятҳои баробар барои пешравӣ дар мансаб, ҳуқуқ ба маоши баробар бо мардҳо, ҳуқуқи ба хости худ истифода бурдани ҷисми худ, ҳуқуқи гуфтан ва кардани ҳар коре ки мехоҳем, ҳуқуқи нагирифтани номи оилавии шавҳар ва вобаста набудан ба дигар намудҳои «фармонравоии мардон».
Занҳоро бовар кунондаанд, ки роҳ сӯи озодӣ ба воситаи ҳимояи ҳуқуқи худ мебошад. Дар ниҳояти кор, «агар худат худро ҳимоя накунӣ, ҳеҷ кас ин корро ба ҷои ту намекунад!» Аммо ман боварӣ дорам, ки занҳо маҳз аз боиси ҳимояи ҳуқуқи худ ба чунин ҳолати ногувор афтодаанд. Ман бисёр вақт мешунавам, ки «ҳимояи ҳуқуқ» на ҳамеша натиҷаҳои дилхоҳ меоварад:
Дар асл дар тамоми ҷаҳон одамон муносибатҳои бомуваффақият ва фарҳанги солимро на дар он бунёд менамоянд, ки
Бо вуҷуди ин, идеяи ҳимояи ҳуқуқи худ гӯё дар осмон парвоз дорад. Ҳарҷу марҷ ва нобасомониҳои солҳои шастум фалсафаеро оиди ҳуқуқ ба вуҷуд овардаанд. Ин идея як қисми фарҳанги масеҳии мо низ гардидааст. Он ба гуфтугӯҳои мо дохил мешавад. Он ҷаҳонбинии моро ташаккул медиҳад. Имрӯз худ аз худ маълум метобад, ки...
• шумо ҳақ доред хушбахт бошед;
• шумо ҳақ доред, ки одамон шуморо фаҳманд;
• шумо ҳақ доред дӯстдошта бошед;
• шумо ба меъёри муайяни зиндагӣ, ба музди мувофиқи меҳнат ва ба баъзе имтиёзҳо ҳақ доред;
• шумо ба оиладории хуб ҳақ доред;
• шумо ба дӯстӣ ва муҳаббати романтикӣ ҳақ доред;
• шумо ба эҳтироми ҳамкорон ҳақ доред;
• шумо ҳақ доред, ки шавҳаратон шуморо қардшиносӣ кунад ва фарзандон эҳтиром намоянд;
• шумо ба рӯзҳои истироҳат ва рухсатӣ ҳақ доред;
• шумо ҳақ доред аз хоб сер шавед;
• шумо ҳақ доред, ки шавҳар дар корҳои хона ба шумо ёрӣ диҳад.
Ва аз ҳама муҳимаш, агар ягон ҳаққи шумо вайрон карда шавад, шумо ҳақ доред эътироз намоед. Шумо ҳақ доред хашмгин шавед. Шумо ҳақ доред рӯҳафтода шавед. Шумо ҳақ доред чораҳо андешед. Шумо ҳақ доред ҳуқуқи худро ҳимоя намоед!
Рафтори пайғамбари Аҳди Қадим Юнус майли табиии инсонро тасвир медиҳад, ки ӯ мекӯшад ҳуқуқи худро ҳимоя кунад ва ҳангоме ки ин «ҳуқуқ» вайрон карда мешаванд, хашмгин шавад. Юнус ҳис мекард, ки ҳақ дорад сонинони Нинверо дӯст надорад. Ӯ ҳақ дошт, ки дар ҷои мехостааш хизмат намояд. Ӯ ҳақ дошт бинад, ки Худо бутпарастонро ҷазо медиҳад.
Ҳангоме ки Худо на он тавр амал намуд, ки Юнус дуруст меҳисобид, «Юнус хеле маҳзун шуд ва қаҳраш омад» (Юнус 4:1). Ӯ чунон хашмгин шуд, ки ҳатто аз Худо хоҳиш кард, ки ҷони ӯро гирад. Фикри худкушӣ натиҷаи хуруҷи эҳсосот буд.
Худованд ба Юнус ҳамдардӣ накард, ӯ ба ҳиссиёти Юнус раҳм накард. Баръакс, дар назди пайғамбари исёнкунанда масъаларо ба таври қатъӣ гузошт: «Ва Худованд гуфт: „Наход ту аз ин хеле хашмгин шавӣ?“».
Юнус ба ин савол ҷавоб додан нахост. Ӯ ба канори Нинве рафта, барои худ хаймае сохт ва дар сояи он нишаст, то бинад, ки оё Худо қарори Худро дигаргун намекунад ва шаҳрро нобуд намекунад. Худо аз рӯи марҳамати Худ «канадонае рӯёнид, ва он ба болои Юнус қад кашид, то ки бар сари ӯ соя афканда, ӯро аз маҳзунияш раҳо кунад; ва Юнус
Оё мебинед, ки ҳолати эҳсосотии Юнус ба риояи ҳуқуқи ӯ вобаста буд? Ба Юнус маъқул нашуд, ки Худо ба бутпарастоне ки Юнус онҳоро бад медид, раҳмдилӣ менамуд, ва ӯ аз Худо хашмгин шуд. Ва ҳангоме ки Худованд ба ӯ тасалло дод — сояе ки аз нурҳои сӯзони офтоб ҳимоя менамуд, — Юнус хурсанд шуд.
Аммо шодии ӯ дер давом накард, чунки пагоҳии рӯзи дигар Худо кирмеро фиристод, ки растаниро зад, ва он хушк шуд. Сипас Ӯ боди хушки шарқӣ ва нурҳои сӯзони офтобро фиристод, бинобар ин аҳволи Юнус бад шуд. Пайғамбар боз ба худ марг талабид. Ва боз Худо оиди ҳуқуқи Юнус гап зад: «Наход ту аз боиси растанӣ ҳамин гуна хашмгин шавӣ?»
Юнус ҷавоб дод: «…то ба дараҷаи марг хашмгин шудаам» (Юнус 4:9).
Юнус гумон мекард, ки ҳақ дорад ҳаёти худ ва вазъияти атрофро ихтиёрдорӣ намояд, ҳақ дорад, ки ҳама чизи атроф мувофиқи хости ӯ бошад, ва ҳақ дорад, ки ҳангоме кор пеш намеравад, хашмгин шавад. Кӯшиши ҳимоя намудани ҳуқуқи худ боиси ноустувор гардидани эҳсосот, танҳоӣ ва аз Худо дур шудани Юнус гардид.
Аламовар аст, ки гоҳо қиссаи Юнус қиссаи худи маро ёдрас менамояд. Бисёр вақт ман асабонӣ мешавам ва норозигӣ зоҳир менамоям, ки корҳо мувофиқи хости ман пеш намераванд
Ягона воситаи боздоштани ин чархофалаки эҳсосотӣ ва рӯҳонӣ —
Ҷамъияти мо ин дурӯғро ба занону духтарон аз худи кӯдакӣ тарғиб мекунад. Ин дурӯғ дар ҳама ҷо садо медиҳад: дар телевизион, дар филмҳо, сурудҳо, маҷаллаҳо, китобҳо ва реклама. Моро бовар мекунонанд, ки зебоии зоҳирӣ аз ҳама чизи дигар дар зиндагӣ муҳим аст. Занҳо ба ин бовар мекунанд: ҳа, зебоӣ — зебоии ҷисмонӣ муҳим аст. Ҳатто волидон, бародарон ва хоҳарон, муаллимон ва дӯстон гоҳо беихтиёр ба ин суруд ҳамовозӣ мекунанд: онҳо аз кӯдакони «хушрӯякак» ба ваҷд омада, «оҳо-о», «эҳе-е» мегӯянд, дар ҳоле ки кӯдакони на он қадар хушнамудро таъна мезананд, нисбати онҳо бепарвоӣ мекунанд ва ҳатто ошкоро сарфи назар менамоянд.
Ман бовар мекунам, ки таваҷҷӯҳ ба намуди зоҳирӣ ҳанӯз аз давраи зани аввалин пайдо шудааст. Оё дар ёд доред, ки меваи манъшуда Ҳавворо аз кадом ҷиҳат ҷалб намуд?
Ва зан дид, ки он дарахт барои хӯрок хуб аст,
Меваҳои он дарахт фоиданок буданд (дарахт «барои хӯрок хуб аст»), ин меваҳо ҳамчунин ба Ҳавво хирадмандии дилхоҳро ваъда медоданд. Аммо «назаррабо» будани ин меваҳо — аз ҷиҳати табиӣ ҷолиб будани онҳо низ муҳим буд. Душман занро водор намуд, ки ҷолибияти табииро назар ба боварӣ ва итоаткорӣ барин сифатҳои на он қадар назаррас бештар қадр намояд. Мушкилӣ дар зебоии дарахт набуд — онро Худо ҳамин тавр офарид. Ҳавво метавонист аз зебоии офариниши Худо ҳаловат барад, аммо ӯ ба зебоии зоҳирӣ беҳад зиёд шавқ пайдо намуд. Ӯ ба дурӯғ бовар кард ва дар асоси он амал менамуд.
Афзал донистани ҷолибияти табиӣ барои ҳамаи одамон муқаррарӣ шуд. Аз ҳамон лаҳза Ҳавво ва шавҳараш ба худ ва бадани худ бо чашмони дигар менигаристанд. Онҳо худро аз як тараф диданд ва аз бадани худ шарм доштанд — бадане ки Офаридгори дӯстдор ҳунармандона офарид. Онҳо дарҳол ба ҷустуҷӯи чизе афтоданд, ки бадани худро бо он пӯшонанд, то ки дар назди якдигар луч набошанд.
Дурӯғ оиди он ки зебоии ҷисмонӣ аз зебоии дил, зиндагӣ ва рӯҳ муҳимтар аст, мардону занонро маҷбур мекунад, ки худро безеб ва ҳатто нафратовар ҳис кунанд, аз худ шарм доранд ва хиҷил шаванд. Аммо майл ба зебоии ҷисмонӣ ҳатман боиси ноумедӣ мешавад, зеро ин мақсади дастнорас аст.
Ҳатто занҳои зеботарин эътироф менамоянд, ки худро зебо ҳис намекунанд. Яке аз занҳои зебочеҳраи Ҳолливуд, Мэг Райан, мегӯяд: «Ман чунин меҳисобам, ки намуди зоҳириям андаке тааҷҷубовар аст. Агар намуди зоҳирии худро дигаргун карда метавонистам, мехостам пойҳоям дароз, кафҳои поям хурд бошанд ва биниям хурдакак бошад»1.
Шояд шумо беҳад баланд қадр намудани зебоии ҷисмонӣ, зоҳириро он қадар зарарнок намеҳисобед. Биёед ба фикри асосии худ бармегардем: ақидаҳо тарзи зиндагиро муайян менамоянд. Агар мо ба дурӯғ бовар кунем, дер ё зуд дар асоси ин дурӯғ амал намуданро сар мекунем. Ва агар мо ба дурӯғ бовар карда, дар асоси он амал намоем, ба асорат меафтем.
Ҳар яке аз ин занҳо ба дурӯғи муайяне
Худро бо дигарон муқоиса кардан, ҳасад, рақобат, рафтори бадахлоқона, майли носолим ба амали ҷинсӣ, хӯрокхӯрии нодуруст, либоси беҳад кушода, ишвагарӣ бо мардон — рӯйхати нопурраи тасаввуроти нодуруст оиди зебоӣ мебошад. Занҳоро аз ин асорат чӣ озод карда метавонад? Танҳо ҳақиқат метавонад ин дурӯғро, ки ба он бовар кардаем, бартараф намояд. Каломи Худо ба мо ҳақиқатро оиди хусусияти гузарандаи зебоии зоҳирӣ ва аҳамиятнокии зебоии нагузарандаи ботинӣ ошкор менамояд:
Латофат назарфиреб ва ҳусну ҷамол ҳеҷу пуч аст; зане ки аз Парвардигор метарсад, сазовори ситоиш аст.
Бигзор зебоии шумо на ороиши зоҳирӣ: гесӯ бофтан, зевари тилло бастан ё либосҳои зебо пӯшидан, балки одамияти ботинии самимӣ дар рӯҳи ҳалиму сокити бефано бошад, ки ин дар назари Худо гаронбаҳост, чунон ки як вақте занони муқаддас низ худро бо умед бастан ба Худо оро медоданд...
Ин оятҳо изҳор наменамоянд, ки зебоӣ худ аз худ гуноҳолуд аст ё умуман ба намуди зоҳирии худ аҳамият додан мумкин нест. Чунин тасаввурот ба монанди изҳорот оиди он ки зебоии зоҳирӣ дар зиндагӣ чизи муҳимтарин аст, хато мебошад.
Навишта дар ҳеҷ ҷой зебоии зоҳириро маҳкум намекунад ва намегӯяд, ки намуди зоҳирӣ аҳамият надорад. Он инсонеро сарзаниш мекунад, ки аз зебоии худодод беҳад фахр мекунад, ба зебоии ҷисмонӣ ё оиди эҳтиёҷоти ҷисмонӣ, бар зарари эҳтиёҷоти ҷон, аҳамияти беҳад зиёд медиҳад.
Яке аз стратегияҳои шайтон он аст, ки шуморо водор намояд, то аз як ифрот ба ифроти дигар рӯ оваред. Дар фарҳанги мо либоси тозаву озода, тартиб ва завқи хубро қадр намекунанд. Гоҳо мехоҳам ба занҳои масеҳӣ гӯям: «Оё шумо медонед, ки шумо кистед? Худо шуморо зан офарид. Атои Ӯро қабул намоед. Аз зан будан ва зоҳир намудани зебоии ҷисмонӣ ва рӯҳонӣ натарсед. Шумо фарзандони Худо мебошед. шумо Арӯси Масеҳ ҳастед. Шумо ба Подшоҳ тааллуқ доред, шумо аз оилаи подшоҳӣ мебошед. Чунон либос пӯшед ва рафтор намоед, ки ин вазифаи олӣ ва муқаддаси шуморо инъикос намояд. Худо шуморо аз ҷаҳон даъват намуд, ба ҷаҳон имкон надиҳед, ки шуморо ба таври худ ташаккул диҳад. Ба таври дунявӣ фикр накунед, либос напӯшед ва рафтор накунед. Ба одамон имкон диҳед, то бинанд, ки Ӯ ҳаёти шуморо ботинан ва зоҳиран то чӣ андоза дигаргун намудааст».
Мо, занҳо, ки дар дилҳоямон Масеҳ сокин аст, бояд кӯшиш кунем ки зебоӣ, тартиб, шукӯҳ ва файзи Худоро дар инсони ботинӣ ва зоҳирии худ инъикос намоем.
Зан-масеҳӣ бояд дар ин масъала боз ҳам бештар хоҳони баробарвазнии даркорӣ бошад. «Зани солеҳа» аз Китоби Масалҳо аз ҷиҳати ҷисмонӣ хуб буд ва дар тан либоси хуб дошт (ниг.: Мас. 31:17, 22). Ӯ ба шавҳари худ ҷалолу шукӯҳ меовард.
Агар зан бефаросатона либос пӯшад, агар ӯ тамоман оиди намуди зоҳирии худ ғамхорӣ накунад, ӯ шавҳарашро (ва Домоди Осмонии худро) беобрӯ мекунад. Зиёда аз он, агар ӯ кӯшиш накунад, ки барои шавҳараш ҷолиб бошад, зани дигаре кӯшиш хоҳад кард, ки диққати ӯро ҷалб намояд.
Ҳангоме ки ҳавворӣ Павлус ба Тимотиюс оиди он менавишт, ки ҳама чиз дар калисо бояд бо тартиб бошад, ҳамчунин оиди он навишт, ки занҳо бояд чӣ гуна либос пӯшанд. Дастурҳои ӯ ба мо ёрӣ медиҳанд, ки байни ҷаҳони ботинии зан, дили ӯ, намуди зоҳирии ӯ ва рафтори ӯ баробарвазниро пайдо намоем. Павлус занҳоро водор менамояд, ки онҳо…
…дар сару либоси шоиста маҳҷубона ва боисмат бошанд ва худро на бо мӯйбофӣ, на бо тилло, на бо марворид ва на бо либосҳои гаронбаҳо оро диҳанд, балки бо аъмоли нек, чунон ки ба занони парҳезгор муносиб аст.
Суханоне ки дар ин матн чун «оро диҳанд» ва «муносиб аст» тарҷума шудаанд, маънои «ботамиз ва бофаросатона, хуб андешидашуда, сазовор» ва «ба таври мувофиқ»-ро дар назар доранд2. Намуди зоҳирии зани масеҳӣ бояд дили содда ва покро ифода намояд; либос ва мӯйҳои ӯ набояд бо ғайриоддӣ, ифротӣ ва ё беадабона будан диққатро ҷалб кунанд. Дар чунин маврид ӯ ҳолати дили худ ва муносибаташро ба Худованд инъикос мекунад.
Ҳамин ки ман чилсола шудам, ба ман ҳар гуна феҳристҳо мефиристоданд, ки дар онҳо бисёр воситаҳои зидди пиршавӣ реклама карда мешаванд. Онҳо ваъда медиҳанд, ки пӯсти ман ҷавонтар ва тозатар мешавад, ожангҳо камтар мешаванд, кабудии зери чашм гум мешавад, қувватам афзунтар мешавад, нохунҳо ва мӯйҳоям зеботар мешаванд, ва биноию шунавоиям беҳтар мешаванд. Дар назар дошта шудааст, ки бо гузашти солҳо намуди ҷавонтар доштан ва худро ҷавонтар ҳис кардан мақсади асоситарини зан мегардад.
Аммо ман ба ҳар ҳол
Аммо ман ба дурӯғ бовар кардан намехоҳам, ки гӯё ин фоҷиа аст ё ақрабаки соати биологии маро ба ақиб гардондан мумкин аст. Ман кӯшиш намекунам пиршавии ҷисмонии худро тезонам, аммо бо он чи ҳатман рӯй медиҳад, мубориза бурдан намехоҳам. Бо мурури пир шудан ман мехоҳам бештар оиди он чи аз нуқтаи назари Худо муҳимтар аст, фикр кунам — масалан, оё ман ба Рӯҳулқудс имкон медиҳам, ки дар ман дили нек, хирадманд ва шукргузорро ба вуҷуд оварад.
Новобаста ба он, ки ман кадом доруҳоро мехарам, аз хизмати киҳо истифода мебарам, ман медонам, ки дар ҷисми ман раванде ба амал меояд, ки онро ақиб гардондан имкон надорад. Ба дурӯғ бовар кардан маънои фиреб хӯрданро дорад. Аммо ман ҳамчунин медонам, ки «тариқи одилон мисли нури саҳар аст, ки то нимирӯзӣ торафт бештар медурахшад» (Мас. 4:18). Ин маънои онро дорад, ки дар зиндагӣ меъёри ҳисобкунии махсусе ҳаст, ки мо дар он бо вуҷуди беқувват шудани ҷисмҳоямон сарватмандтар ва зеботар шуда метавонем.
Ҳақиқат он аст, ки агар мо кӯшишҳо ва вақти худро барои зебо, ҷавон ва бардаму боқувват мондан сарф кунем, ба ин мақсaд расида метавонем — муваққатан. Аммо рӯзе мерасад, ки мо афсӯс мехӯрем, ки дар худ он зебоии ботинӣ, хислат ва ҷилоеро, ки ба Худо писанд меоянд ва бо мо абадан боқӣ мемонанд, инкишоф надодем.
Ин боз як дурӯғ, дарки нодурусти ҳаёт аст. Дар ҷамъияти мо фалсафае ҳукмрон аст, ки мувофиқи он, ҳар як хоҳиш бояд иҷро шавад (агар имконият бошад, зуд ва осон).
Ин фалсафа моро даъват менамояд, ки хоҳишҳои худро аниқ карда, ҳарчи зудтар ҳама кори заруриро ба ҷо оварем, то ки ин «эҳтиёҷот» қонеъ карда шаванд. Ҳамин тариқ, агар шумо гурусна бошед, — хӯрок хӯред. Агар шумо чизеро хоҳед, ки имконияти хариданашро надоред, ба қарз гиред. Агар шумо хоҳони романтика бошед, чунон либос пӯшед ва рафтор намоед, ки мардҳо шуморо бинанд. Агар шумо танҳо бошед, дар ҷои кор ба марди зандор арзи дил намоед.
Дафъаи оянда, ҳангоме ки шумо ба мағоза меравед, ба маҷаллаҳо ва китобҳои занона, ки одатан дар назди баромадгоҳ фурӯхта мешаванд, диққат диҳед. Дар муқоваҳои онҳо ваъдаҳои зиёде оиди қонеъ намудани ҳамаи хоҳишҳои шумо ҳастанд.
• «99 воситаи беҳтар кардани намуди зоҳирӣ ва ҳаловат бурдан аз ҳаёт!»
• «Бе парҳези хӯрок кам кардани вазни зиёдатӣ».
• «Ҳангоме ки дар кӯча сӣ дараҷа гарм аст, чӣ тавр худро 100% бардам ҳис кардан мумкин аст».
• «Ба худ тағофул намоед: мӯйҳои дароз дар як лаҳза, пӯсти гандумранг (офтобхӯрда) дар шароити хона».
• «Одате ки фигураи шуморо нигоҳ медорад, ранги пӯстро беҳтар мекунад ва ба шумо қувваи бисёр медиҳад!»
• «Ҳаёти осон: кори шавқовар, куртаҳои назаррабо, орзуҳои беақлона ва роҳҳои ҳалли оқилона».
Ҳамеша воситаи қонеъ гардондани хоҳишҳои шумо ёфт мешавад — ин чизҳои зерин буда метавонанд:
• китоб бо номи: «Чӣ тавр...»,
• романи ошиқона,
• тамошои мағозаҳо,
• сафар,
• тарзи нави ороиши мӯй, либос, хона, духӣ, кор ё шавҳари нав,
• питсаи калон, ки ба он панири зиёде илова карда шудааст.
Дар ҳолати беҳтарин, чунин андешаронӣ интизориҳои занонро қонеъ намекунад ва хоҳишҳои онҳоро иҷро наменамояд. Онҳо дар интизори он чи холигии ботиниро пур мекунад, ҳама ҷоро ҷустуҷӯ мекунанд.
Дар ҳолати бадтарин, ин дурӯғ дарди беандоза мерасонад ва озодиро медуздад. Маҳз он сабаби ташвишҳо, ранҷиш ва рӯҳафтодагӣ мешавад. Ин дурӯғ бисёр духтаронро водор намудааст, ки номуси духтарии худро дар ивази гармии ҷойхоб ва ваъдаи дӯстӣ аз даст диҳанд. Ин дурӯғ бисёр занҳои шавҳардорро ба оғӯши ҳамкорашон, ки гӯё ҳиссиётҳои занро мефаҳмад, овардааст. Ин дурӯғ бисёр ҷуфтҳои оилавии ҷавонро водор намудааст, ки аз рӯи водоркунандаҳои тамоман нодуруст оиладор шаванд. Ва баъд қисми зиёди ин ҷуфтҳои оилавӣ ҷудо шуданд, ва ҳамаи ин аз боиси қонеъ намудани эҳтиёҷоти амиқи ботинӣ.
Занеро, ки Кармен меномем, дурӯғ ана ба куҷо бурда расондааст:
Қиссаи зани дигар, Эйлин, нишон медиҳад, ки ин дурӯғ чӣ гуна вайронии зиёди эҳсосотӣ ва шахсиятӣ меоварад:
Пас кадом ҳақиқат моро аз бандҳои дурӯғ озод мекунад?
Аввалан, мо бояд эътироф намоем, ки
Фаҳмидан муҳим аст, ки хоҳишҳои мо худ аз худ ҳатман гуноҳолуд нестанд. Аммо он чиз ҳақиқатан бад аст, ки худи ҳозир ва фавран қонеъ намудани хоҳишҳоямонро қатъиян талаб намоем.
Худо майли ҷинсиро офарид. Ин талаботро танҳо дар оиладорӣ қонеъ намудан хуб аст. Аммо ҷаҳон мегӯяд, ки агар ба наздикии ҷинсӣ майл дошта бошӣ, пурра ҳақ дорӣ онро амалӣ гардонӣ — бо кӣ, кай ва чӣ гуна будани он муҳим нест.
Айнан ҳамин тавр ҳисси гуруснагии табиӣ худ аз худ бад нест. Он чиз бад аст, ки мо барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти эҳсосотӣ ва рӯҳонии худ пурхӯрӣ мекунем.
То даме ки Худо шароити қонунии қонеъ гардондани хоҳишҳоямонро надиҳад, мо бояд бо он чи дорем, қонеъ буданро омӯзем. Ҳақиқати дуюм он аст, ки
Ҳақиқат дар он аст, ки ҳама гуна офарида моро ҳатман ноумед мекунад. Имкон дорад, ки чизҳо сӯзанд, шикананд ва ё гум шаванд. Имкон дорад, ки одамон кӯчанд, дигаргун шаванд, моро ба ҳолати ногувор гузоранд ё вафот кунанд. Якчанд сол пеш ман шахсони наздикамро аз даст додам, то ин ҳақиқатро дарк намоям. Агар ман аз одамон қонеъ гардондани хоҳишҳои амиқи диламро интизор шавам, доимо ноумед мешавам.
Ман бо бисёр занҳои бешавҳар гуфтугӯ кардаам, ки масеҳиёни ҳақиқӣ ва ба Худо вафодор мебошанд. Онҳо мегуфтанд, ки ба танҳоӣ тоб овардан хеле душвор аст. Аммо дар ёд нигоҳ доред, ки оиладорӣ на ҳамеша аз танҳоӣ раҳо менамояд. Ман бисёр занҳои шавҳардорро мешиносам, ки бо ҳисси амиқи танҳоӣ ва дурӣ аз дигарон зиндагӣ мекунанд. Гап дар он аст, ки ҳеҷ як мард дар рӯи замин қодир нест, ки хоҳишҳои амиқи дили занро қонеъ гардонад. Худо моро чунон офаридааст, ки ғайр аз Худи Ӯ ҳеҷ каси дигар моро ҳеҷ гоҳ қаноатманд карда наметавонад (ниг.: Заб. 15:11; 33:9–11).
Хоҳ шавҳардор бошед, хоҳ не, фаҳмидан лозим аст, ки хоҳишҳо — на хуб ва на бад мебошанд, онҳо сатҳи рӯҳонияти моро муайян намекунанд. Мо бояд қабул намудани чунин хоҳишҳоро ёд гирифта, онҳоро ба Худо супорем ва интизор шавем, ки Ӯ онҳоро тақдис намояд.
Мо дидем, ки тасаввуроти нодуруст оиди Худо боиси тасаввуроти нодуруст оиди худ мегардад, ва дурӯғ дар ҳар кадоми ин соҳаҳо ба ҳаёти мо таъсир мерасонад. Бовар кардан ба дурӯғ оиди Худо ё оиди худ ҳатман боиси дурӯғ ва гуноҳ мегардад.
ДУРӮҒ
7. МАН АРЗИШЕ НАДОРАМ.
ҲАҚИҚАТ
• Арзишнокии ман ба он вобаста нест, ки дигарон оиди ман чӣ фикр доранд ё худам дар бораи худ чӣ андеша дорам. Арзишнокии ман ба он вобаста аст, ки Худо маро чӣ гуна мебинад.
• Барои Худо ҷони ман аз тамоми ҷаҳон гаронбаҳотар аст.
• Ман фарзанди Худо, ганҷи гузини Ӯ ҳастам.
ДУРӮҒ
8. МАН БОЯД ДӮСТ ДОШТАНИ ХУДРО ЁД ГИРАМ.
ҲАҚИҚАТ
• Ман бояд муҳаббати Худоро бо имон қабул намоям.
• Ман аллакай худро дӯст медорам. Ман бояд рад кардани худро ёд гирам ва ба Худо имкон диҳам, ки ба ман муҳаббат ба атрофиёнро ато намояд.
ДУРӮҒ
9. МАН БО ХУД ҲЕҶ КОР КАРДА НАМЕТАВОНАМ.
ҲАҚИҚАТ
• Агар ман фарзанди Худо бошам, метавонам дидаву дониста ба Худо итоат кунам.
• Танҳо худи ман барои интихобам ҷавобгар мебошам.
• Ман бо қувваи Рӯҳулқудс дигаргун шуда метавонам.
ДУРӮҒ
10. МАН ҲУҚУҚ ДОРАМ.
ҲАҚИҚАТ
• Талаб кардани ҳуқуқи худ маънои асири ин ҳуқуқ буданро дорад.
• Аз ҳуқуқи худ даст кашидан маро озод мекунад.
ДУРӮҒ
11. ЗЕБОИИ ЗОҲИРӢ АЗ ЗЕБОИИ БОТИНӢ МУҲИМТАР АСТ.
ҲАҚИҚАТ
• Зебоии зоҳирӣ муваққатист, он дер ё зуд аз байн меравад.
• Барои Худо зебоии рӯҳонӣ ва хислати ман муҳим аст.
ДУРӮҒ
12. ҲАМАИ ХОҲИШҲОИ МАН ҲАТМАН БОЯД ИҶРО ШАВАНД.
ҲАҚИҚАТ
• Дар рӯи замин низ бисёрии хоҳишҳои ман иҷронашуда боқӣ мемонанд.
• Эҳтиёҷоти амиқи дили маро ҳеҷ як офарида қонеъ намуда наметавонад.
• Агар ман эҳтиёҷоти худро эътироф намоям, ба Худо бештар эҳтиёҷ хоҳам дошт ва ба Осмонҳо майл хоҳам намуд.
1. Бо Худо РОЗӢ ШАВЕД.
Ба кадом дурӯғ оиди худ бовар намудед?
2. Масъулиятро БА ЗИММА ГИРЕД.
Бовар ба ин дурӯғ чӣ гуна ба тарзи зиндагии шумо таъсир расонд (муносибатҳо ва рафтори шумо)?
3. Ҳақиқатро ЭЪЛОН НАМОЕД.
Ҳар як ҳақиқатро аз он чи дар боло зикр шудааст, бо овози баланд хонед. Кадоми онҳо ҳозир барои шумо махсусан муҳим аст?
Ақли худро бо Каломи Худо нав гардонед. Порчаҳои зеринро бо овози баланд хонед. Ин оятҳо оиди он ки Худо шуморо чӣ гуна қабул мекунад, чӣ мегӯянд?
Заб. 138:13–18
Эфс. 1:3–8
Рум. 5:6–8
Рум. 8:1–2, 13, 15–17
4. Дар асоси ҳақиқат АМАЛ НАМОЕД.
Шумо бояд кадом қадамҳоро гузоред, то ки ҳаётатон ба ҳақиқат мувофиқат кунад?
5. Аз Худо ХОҲИШ НАМОЕД, ки барои дар ростӣ қадамгузор буданатон ёрӣ диҳад.
БОБИ ЧОРУМ.
ДУРӮҒЕ КИ ЗАНҲО БА ОН БОВАР МЕКУНАНД…
...ОИДИ ГУНОҲ
Ҳангоме ки оилаи Ромеро Саллӣ ном питонро чун ҷонвари хонагӣ хариданд, он ҳамагӣ 30 см дарозӣ дошт. Баъди ҳашт сол ӯ то сею ним метр дароз шуда, вазнаш ба 36 кг расид. Сипас 20-уми июли соли 1993 Саллӣ, питони бирмагӣ, ба Дереки 15-сола ҳуҷум карда, бачаро дар ҳалқаҳои худ буғӣ карда кушт.
Дар кадом як лаҳза ҷонваре ки безарар ва итоаткор метофт, ба таври марговар хатарнок гардид. «Ҷонвари хонагӣ», ки одамони бехабар дар хонаашон нигоҳ медоштанд ва дар ҳаққи oн ғамхорӣ менамуданд, зидди онҳо бархост ва ҳаёти онҳоро вайрон намуд. Ба кадом як маъно ҷои ҳайрон шудан нест, чунки питон кореро кард, ки барояш табиӣ буд.
Гуноҳ айнан ҳамин тавр мекунад. Шояд он моро дилхуш мекунад, бо мо бозӣ мекунад, бо мо мехобад, аммо табиати он ҳеҷ гоҳ дигаргун намешавад. Он ҳатман исён мебардорад ва касеро, ки бо он дӯстӣ дошт, мехӯрад.
Ҳама гуна фиреб марговар аст. Ҳеҷ як дурӯғ марговартар аз он дурӯғе нест, ки шайтон ба мо оиди Худо ва гуноҳ талқин карданӣ мешавад. Ӯ моро бовар кунонданӣ мешавад, ки Худо на он Касест, ки Худро ҷилвагар менамояд, ва бар хилофи он чи Худо мегӯяд, гуноҳ он қадар хатарнок нест. Шайтон ба мо манзараеро тасвир менамояд, ки дар он илоҳияти Масеҳ ва ҷиддӣ будани гуноҳ ноаён мегардад. Ӯ ба мо Худоро на он қадар хуб, ва гуноҳро на он қадар бад қаламдод менамояд.
Технологияҳои ҳозиразамон тасвирҳои фотографиро чунон дигаргун карда метавонанд, ки чизи бенамудтарин зебо метобад. Шайтон бо гуноҳ айнан ҳамон корро мекунад. Ӯ тасвирро ҳилагарона дигаргун мекунад, ва чизи нафратовар ва даҳшатнок асари олидараҷаи санъат метобад.
Аммо ба гуноҳ либоси дигар пӯшондан табиати онро дигаргун карда наметавонад. Чун дар мавриди питон, ки чунон безарар ва ором метофт, ягон вақт лаҳзае фаро мерасад, ки табиати ҳақиқии марговари он аён мегардад.
Шайтон дурӯғро барои он истифода буд, ки дар боғи Адан исён бардорад, ки дар ниҳояти кор аз он чи тахмин кардан мумкин буд, хеле гаронтар афтид. Дурӯғи имрӯзаи ӯ аз он дурӯғе ки ба зани аввалин талқин намуд, моҳиятан ҳеҷ фарқият надорад.
Шояд ин дурӯғи асосии шайтон оиди гуноҳ аст. Худо ба Одам гуфт: «Агар аз меваи ин дарахт хӯрӣ, мемурӣ». Фармон возеҳ ва равшан буд: «Нахӯр». Натиҷаҳои беитоатӣ низ фаҳмо буданд: «Ту мемурӣ».
Шайтон Ҳавворо водор намуд, то ба некӯии Худо, ки ин манъро муқаррар намуда буд, шубҳа намояд. Ҳамчунин шайтон ӯро водор кард, то шубҳа намояд, ки оё Худо ҳақ дорад ҳаёти Ҳавворо идора кунад. Сипас ӯ Ҳавворо водор намуд, ки ба натиҷаҳои ин амал шубҳа кунад. Ӯ ба суханони Худо дарафтод: «Ва мор ба зан гуфт: Не, намемуред...» (Ҳас. 3:4).
Муаллиф се бор дар таронаи 9-уми Забур мефаҳмонад, ки чаро одамон ба Худо итоат намекунанд, — онҳо чунин меҳисобанд, ки барои ин ҷазое намебинанд:
Дар дили худ мегӯяд: «Фурӯ нахоҳам ғалтид; ҳаргиз бадие нахоҳам дид». Дар дили худ мегӯяд: «Худо фаромӯш кардааст, рӯи Худро пӯшидааст, ҳаргиз нахоҳад дид» <…> Чаро бадкор Худоро хор дониста, дар дили худ мегӯяд: «Ту бозхост нахоҳӣ кард»?
Душман мехоҳад моро бовар кунонад, ки:
• гуноҳи мо маҳкум карда намешавад;
• ман он чиро, ки коридаам, намедаравам;
• интихобе ки ман имрӯз мекунам, натиҷае нахоҳад дошт;
• ман метавонам бо оташ бозӣ кунам ва насӯзам.
Чун дар мавриди бисёр намудҳои дурӯғ, мо ба ин дурӯғ беихтиёр бовар мекунем; шояд ҳатто мо ин идеяҳоро фаъолона рад мекунем. Аммо агар мо гуноҳ карданӣ бошем, ин танҳо аз он сабаб рӯй медиҳад, ки мо гумон мекунем, ки ин ҳеҷ зарар надорад. Ва он гоҳ мо ҳиссаи дуюми шириниро мехӯрем, агарчи аллакай сер шудаем, ва фикр намекунем, ки...
• баъди якчанд соат шикамамон дам мекунад;
• пагоҳ, ҳангоме худро дар тарозу бармекашем, барои ба васваса дода шуданамон худро сарзаниш менамоем;
• якчанд ҳамин гуна «гузаштҳо» боиси вазни зиёдатӣ ва ҳисси айбдорӣ, табъи нозуш ва рӯҳафтодагӣ мешаванд;
• пурхӯрӣ метавонад боиси мушкилоти дил, диабет ё инфаркт шавад;
• норасоии худдорӣ дар ин соҳа боиси он мешавад, ки мо дар дигар соҳаҳо, соҳаҳои ҷиддӣ низ худдориро аз даст медиҳем;
• тағофул ба ҳавасҳо метавонад дар хислати фарзанонатон инъикос ёбад, ва онҳо низ худдорӣ намекарда мешаванд.
Мо худро бо хониш, филмҳо, барномаҳои телевизионӣ ва мусиқие машғул медорем, ки фалсафаи дунявиро инъикос менамоянд ва бешарафӣ, бебанду борӣ ва рафтори бадахлоқонаро ба сатҳи қонун мебардоранд. Дар айни ҳол мо ҳатто фикр ҳам намекунем, ки бо ин амал...
• мо рад кардани гуноҳро бас мекунем ва ба он бепарво мешавем;
• мо ба гуноҳ майл мекунем ва хоҳиши муқаддас будан аз байн меравад;
• мо дар муносибатҳо бо Худо монеа барпо менамоем;
• мо ақли худро ба андешаронии дунявӣ мутобиқ менамоем (ва андешаронии мо, дар ниҳояти кор, тарзи зиндагии моро муайян мекунад);
• мо имконияти амалӣ намудани чизи дидамон ва шунидаамонро зиёд мекунем;
• мо майли ҷинсиро ба таври дунявӣ қабул намуда сар мекунем, ва бо ҳамин хатари аз даст додани покӣ ва ё вайрон кардани оилаи худро ба миён меоварем;
• мо имконияти онро зиёд мекунем, ки фарзандон ва набераҳоямон бадбахт ва бадахлоқ мешаванд.
Мо меранҷем, бо вуҷуди он факт, ки дер ё зуд талхкомии мо
• қобилияти оқилона фикр карданро вайрон менамояд;
• моро бадбахт ва аз ҷиҳати эҳсосотӣ ноустувор мегардонад;
• ба организми мо таъсир мерасонад, ва мо ба хастагии бардавом, зуд беҳол шудан, дарди сар, шиддатнокии мушакҳо ва мушкилоти узвҳои ҳозима дучор шуда метавонем;
• барои қабул намудани бахшидашавии гуноҳҳоямон халал мерасонад;
• ҳаёти наздиконамонро тоқатфарсо мегардонад, ва онҳо бо мо муошират кардан намехоҳанд.
Мо бо марди нек ва хушмуомила дар ҷои кор ё шиноси тасодуфӣ беҳад наздик шуда, дар айни ҳол бовар намекунем, ки...
• дар дили худ тухмии бевафоӣ мекорем;
• мо шавҳари худро аз имконияти ба мо писанд омадан маҳрум мекунем, чунки воқеият бо тахайюлот баробар шуда наметавонад;
• мо метавонем оилаи ин мард ва оилаи худро вайрон кунем;
• мо метавонем ҳаёти фарзандонамонро вайрон кунем;
• ҳатто агар мо бо ин мард зино накунем ҳам, аллакай ба роҳи фурӯ афтидани ахлоқӣ медароем;
• мо метавонем аз шавҳар, фарзандон, хешовандони шавҳар ва Худо дур шавем.
Мо бояд доимо ба худ ёдрас намоем, ки шайтон дурӯғгӯй аст. Оиди он чи Худо гуноҳ меномад, шайтон мегӯяд:
• ҳақиқат дар он аст, ки мо он чиро, ки мекорем, ҳамонро медаравем.
• ҳақиқат дар он аст, ки ҳар як интихобе ки ҳозир мекунем, натиҷаҳо
• ҳақиқат дар он аст, ки агар мо бо оташ бозӣ кунем, месӯзем.
• ҳақиқат дар он аст, ки «гуноҳ, ки ба амал омад, маргро ба вуҷуд меоварад» (Яъқ. 1:15).
Мутаассифона, бисёр одамон байни интихоби табиӣ, ҷисмонии худ ва он чи ба оиладорӣ, саломатӣ ва муносибати онҳо бо Худо ва одамон таъсир мерасонад, робитаеро намебинанд.
Шайтон на танҳо талқин мекунад, ки гуноҳ ҷазо дода намешавад. Дар боғи Адан ӯ ба Ҳавво гуфт: «Шумо на фақат метавонед ба Худо беитоатӣ кунед ва аз натиҷаҳои нохуши он барканор бошед. Агар шумо аз ин меваҳо хӯред, ҳамчунин метавонед аз ин фоидаи муайян ба даст оваред».
…Балки Худо медонад, ки дар рӯзе ки аз он бихӯред, чашмони шумо воз хоҳанд шуд, ва шумо, монанди Худо, донандаи неку бад хоҳед шуд
Дигар хел карда гӯем, ӯ гуфт, ки новобаста ба натиҷаҳо, онҳо арзиши он чиро, ки дар натиҷаи рафтори беитоатонаи худ ба даст меоваранд, доранд. Ҳавво ба ӯ бовар кард, ва мо низ бовар мекунем. Дар ниҳояти кор, агар мо аз гуноҳ интизори ягон хел хурсандӣ намебудем, чаро гуноҳ мекардем? Маҳз аз ҳамин сабаб дар маҷаллаи
Ба кадом як маъно шайтон дар мавриди «натиҷаҳои мусбат»-и гуноҳ дуруст мегӯяд. Дар Нома ба Ибриён (11:25) навишта шудааст, ки гуноҳ ҳақиқатан ҳаловат меоварад — муваққатан. Аммо дар натиҷа гуноҳ таъсири харобиовар мерасонад. Ва
Яке аз дӯстонам дар ҳамёни худ рӯйхати гуноҳҳоро гирифта мегардад.
• Гуноҳ хурсандиро медуздад (ниг.: Заб. 50:14).
• Гуноҳ аз дилпурӣ маҳрум мекунад (ниг.: 1 Юҳ. 3:19–21).
• Гуноҳ боиси ҳисси айбдорӣ мегардад (ниг.: Заб. 50:5).
• Гуноҳ қудратро ба дасти шайтон медиҳад (ниг.: 2 Қӯр. 2:9–11).
• Гуноҳ Рӯҳулқудсро хомӯш мекунад (ниг.: 1 Тасл. 5:19).
• Гуноҳ зарари ҷисмонӣ мерасонад (ниг.: Заб. 37:2–12; 30:11).
• Гуноҳ ҷони инсонро ба дард меоварад (ниг.: Заб. 31:3–4).
• Гуноҳ Рӯҳулқудсро андӯҳгин мекунад (ниг.: Эфс. 4:30).
• Гуноҳ дарро барои гуноҳҳои дигар мекушояд (ниг.: Иш. 30:1).
• Гуноҳ муоширатро бо Худо вайрон мекунад (ниг.: Иш. 59:1–2).
• Гуноҳ тарсро ба вуҷуд меоварад (ниг.: Мас. 28:1).
• Гуноҳ маро ба ғуломи худ табдил медиҳад (ниг.: Юҳ. 8:34; Рум. 6:16).
Ҳангоме ки дӯстам ба васвасаи ба Худо беитоатӣ кардан рӯ ба рӯ мешавад, ӯ ин рӯйхатро бароварда, мехонад. Ӯ ба худ савол медиҳад: «Оё ман ҳақиқатан ин нархро пардохтан мехоҳам? Оё ман ин корро ба худ раво медонам?»
Гоҳо натиҷаҳои гуноҳи мо фақат баъди моҳҳо ё солҳо маълум мешаванд, гоҳо онҳо танҳо дар насли оянда зоҳир мегарданд. Баъзе натиҷаҳо танҳо дар рӯзи доварӣ, ҳангоме ки дар назди Худо ҳозир мешавем, аён мегарданд. Ана барои чӣ мо ин қадар қатъӣ боварӣ дорем, ки аз натиҷаҳои гуноҳ барканор мондаем. Чуноне ки Воиз навиштааст: «Азбаски фатво оид ба амали бад ба зудӣ иҷро намешавад, бинобар ин дили банӣ одам барои бадкории онҳо пур аз ҷуръат мегардад» (Воиз 8:11).
Худо ҷазоро беҳуда мавқуф намегузорад. Яке аз сабабҳо он аст, ки Ӯ мехоҳад ба одамон вақт диҳад, то тавба кунанд: «...Худованд... ба шумо пурсабрӣ зоҳир менамояд ва намехоҳад, ки касе нобуд шавад, балки ҳама ба тавба рӯ оваранд» (2 Пет. 3:9). Бо вуҷуди ин рӯзи ҷазо ба ҳар ҳол фаро мерасад. Ва ҳангоме ки он фаро мерасад, ҳар як фарзанди Худо афсӯс хоҳад хӯрд, ки дар гузашта на ҳамеша роҳи итоаткориро интихоб менамуд.
Пас аз он ки солҳои зиёди бозӣ бо гуноҳ ва ҳаловат аз хушиҳои он гузаштанд, подшоҳ Сулаймон ниҳоят (ва хеле дер) ба хулоса омад, ки...
...агарчи хатокор сад бор бадӣ мекунад ва умри дароз мебинад, дар асл ман медонам, ки дар оқибат некӯӣ фақат барои тарсгорони Худо хоҳад буд, ки онҳо ба ростӣ аз Ӯ метарсанд... <…> Хулосаи суханон комилан фаҳмост: аз Худо битарс ва аҳкоми Ӯро риоя намо... зеро ки ҳар амалро Худо ба доварӣ хоҳад овард, ҳар амали ниҳониро низ, хоҳ нек бошад, хоҳ бад.
Ин дурӯғ ва он дурӯғе ки мо андаке поёнтар дида мебароем («Худо хатои маро бахшида наметавонад»), — ду тарафи як медал мебошанд. Агар шайтон моро маҷбур карда натавонад, ки ба дурӯғи якум бовар кунем, ӯ кӯшиш мекунад, ки ба мо дурӯғи дуюмро талқин намояд. Ҳам ин ва ҳам он ба андозаи баробар дурӯғ мебошанд, ва ҳар дуи онҳо боиси асорат мегарданд.
Онҳое ки дар оилаи некӯаҳвол ба воя расидаанд ё солҳои зиёд ба калисо рафта, «дуруст рафтор кардан»-ро ёд гирифтаанд, ба ин фиреб беш аз дигарон таъсирпазир мебошанд. Ҳеҷ гоҳ ба гӯшаи хотири мо намеояд, ки бо фоҳишагӣ машғул шавем, исқоти ҳамл намоем ё тамоюли ҷинсии худро тағйир диҳем. Мо ба ҳеҷ ваҷҳ алфози қабеҳро истифода намебарем, пули шахси кордиҳандаро исроф намекунем ё аз ҳамсарамон ҷудо намешавем.
Дар муқоиса бо дигар одамон, ки гуноҳҳои «ҷиддӣ» содир мекунанд, мо дар назари худ хеле хубтар метобем. Гуноҳҳои мо, аз қабили беҳуда сарф кардани вақт, ҳимоя кардани худ, фош кардани сирҳои дигарон, пурхӯрӣ ё андак истеъмол намудани нӯшокиҳои спиртӣ, забони нешдор, муносибати танқидӣ ба одамон, исрофи беандозаи пул, тарс, хавотиршавӣ, худпарастӣ ё шикоятҳо, ба назари мо на он қадар ҷиддӣ метобанд. Мо ҳатто на ҳамеша онҳоро гуноҳ меҳисобем, ва чунин мепиндорем, ки ин сустиҳои мо, одатҳо ё хусусиятҳои хислати мо мебошанд.
Ҳавво пурра метавонист гуноҳи худро маҳз ҳамин тавр ҳисобад. Дар ниҳояти кор, ӯ шавҳарашро тарк накардааст, Худоро лаънат нагуфтааст ва мавҷудияти Ӯро инкор накардааст. Агар андеша намоем, ӯ фақат андаке аз мевае ки Худо хӯрдани онро иҷозат надода буд, хӯрд. Ин ҷо чӣ проблема ҳаст? Проблема на дар он буд, ки Худо гуфт: «Нахӯр», балки дар он, ки Ҳавво ҷавоб дод:«Аммо ман мехӯрам».
Ҳавво ҳамин қадар кор кард, ки аз он мевае ки Худо манъ карда буд, хӯрд, ва ин рафтор боиси натиҷаҳои даҳшатовар шуд: ин ба бадани ӯ, ақл, ирода, эҳсосот, муносибатҳои ӯ бо Худо ва ба оилааш таъсир расонд. Он гуноҳи «хурдакак» шавҳари ӯро низ ба васваса гирифтор намуд, ва дар натиҷаи он тамоми инсоният ба гуноҳ фурӯ рафт. Чуноне ки санги ба об партофташуда чанд муддат дар об мавҷҳои доирашаклро ба вуҷуд меоварад, гуноҳ низ то ҳол таъсири худро мерасонад.
Кошки мо медидем, ки ҳар як гуноҳ ҷиддӣ аст, ҳар як гуноҳ — исён ва хиёнат аст! Ҳар боре ки мо қарор медиҳем ба таври худ амал намоем, мо зидди Худо ва Подшоҳи олам исён менамоем.
Чуноне ки Ҷон Бенян гуфтааст, «як сӯрохӣ тамоми киштиро ғарқ мекунад, ва як гуноҳ тамоми гуноҳкорро нобуд менамояд».
Ё чуноне ки ҳамзамони Бенян, Ҷеремӣ Тэйлор, гуфтааст, «гуноҳҳои беаҳамият нестанд, чуноне ки дар механизми соати дастӣ донаи беаҳамияти рег нест».
Ман дар хонаи деворҳояш сафед зиндагӣ мекунам, дар ҳадди ақалл онҳо қисми зиёди сол сафед метобанд. Аммо ҳангоме ки барф меборад, хонаи ман ногоҳ зарди ифлос метобад. Ҳатто агар мо дар муқоиса бо дигар гуноҳкорон «пок» метофта бошем ҳам, бо муқаддасии комили Худо баробар шуда наметавонем.
Ҳақиқат оиди гуноҳ дар партави хислати Худо аён мегардад. Ҳангоме ки мо ба дурахшидани муқадддасии поктарини Ӯ менигарем, нафратовар будани гуноҳи худро бештар дарк менамоем.
Пуританҳои асрҳои XVII ва XVIII бо он машҳур буданд, ки ба муқаддасӣ ва итоаткорӣ диққати зиёд медоданд. Дар онҳо ягон чизи сазовори танқидро ёфтан душвор буд. Аксари одамон медонанд, ки пуританҳо гуноҳкорони ашаддӣ набуданд. Аммо китобҳои онҳо шаҳодат медиҳанд, ки
Расвоии гуноҳро ба ман ошкор намо,
То ки ман онро бад дида, аз он нафрат дошта ва аз он гурехта тавонам…
Ҳеҷ гоҳ ба ман имкон надеҳ, то фаромӯш кунам, ки нафратоварии гуноҳ на танҳо дар табиати он, балки дар бузургии Шахсиятест, ки ин гуноҳ бар зидди Ӯ содир карда шудааст.2
Ҳар боре ки ман ба масъалаи бахшидан дахл менамоям, ягон кас ҳатман ба ман мегӯяд: «Ман худро барои кори кардаам бахшида натавонистам». Ҷолиби диққат аст, ки Китоби Муқаддас умуман намегӯяд, ки мо бояд худро бахшем. Аммо ман фикр мекунам, бисёр занон дар назар доранд, ки барои корҳои кардаашон худро бахшидашуда ҳис карда натавонистанд. Онҳо то ҳол бо ҳисси айбдорӣ барои хатои худ зиндагӣ мекунанд.
Онҳо медонанд, ки Худо метавонад онҳо бахшад, аммо
Мушкилӣ дар он аст, ки тамоми умр «корҳои нек кардан» кифоя намекунад, то ки айбдорӣ ё ҳатто як гуноҳи зидди Худои Муқаддас содиршуда кафорат карда шавад. Чун доғе ки ҳатто хушкашӯй илоҷи онро наёфтааст, доғи гуноҳро бо ҳеҷ гуна кӯшишҳои инсонӣ пок кардан ғайриимкон аст. Танҳо як восита ҳаст, ки айби гуноҳи содиршударо «пок кардан» метавонад:
Айби маро чӣ шуста метавонад? — Оҳ, танҳо хуни Исо,
Чӣ шифо дода метавонад? — Оҳ, танҳо хуни Исо.
Рӯҳро аз гуноҳ чӣ кафорат намуда метавонад? — Оҳ, танҳо хуни Исо.
Магар некӯии корҳои ман? — Оҳ, танҳо хуни Исо.3
Ду изҳороти мухолифи ҳамдигар ҳастанд: «Гуноҳи ман на он қадар ҷиддӣ аст» ва «Худо хатои маро бахшида наметавонад». Кадоми онҳо дуруст аст? — ҳақиқат танҳо дар Ҷолҷолто ошкор мешавад. Дар таронаи 84-уми Забур мо тасвири олидараҷаи кореро, ки Худованд Исо дар салиб барои мо кардааст, меёбем: «Марҳамат ва ҳақиқат бо ҳам вомехӯранд, ростӣ ва осоиштагӣ якдигарро ба оғӯш мегиранд».
Маҳз дар Ҷолҷолто марҳамат ва муҳаббати Худо ба гуноҳкорон бо ҳақиқати нафрати ӯ ба гуноҳ вохӯрданд. Дар Ҷолҷолто Худо ҷазоро барои гуноҳҳои тамоми ҷаҳон ба Исо вогузошт. Дар айни ҳол Ӯ ба гуноҳкорон, ки аз Ӯ ҷудо буданд, осоиш ва оштиро пешниҳод намуд. Ин ба мо нишон медиҳад, ки Худо оиди гуноҳ чӣ фикр дорад, — барои раҳо кардани мо аз он «сустиҳо», ки мо ба онҳо саҳлангорӣ мекунем, Ӯ нархи гароне пардохт намуд. Салиб рамзи муҳаббат ва марҳаматҳои Худо ба гуноҳкори ночизтарин аст.
Уилям Купер яке аз нависандагони беҳтарини Англияи асри XIX буд. Аммо дар ҷавонӣ ӯ бори вазнини айбдорӣ ва рӯҳафтодагиро бар дӯш дошт. Ӯ асабониятро аз сар гузаронд, худкушӣ кардан мехост ва муддати якуним сол ба беморхонаи психиатрӣ афтид. Ҳангоми дар беморхона буданаш ӯ оятеро аз Навишта хонд, ки он ҳаёти ӯро дигаргун намуд. Ӯ дид, ки Исои Масеҳ — «...дар Хуни Ӯ ба воситаи имон кафорате бошад, барои нишон додани адолати Ӯ дар бахшидани гуноҳҳое ки пештар, дар замони пурсабрии Худо содир шудаанд...» (Рум. 3:25–26).
Ҳангоме ки Купер ин ҳақиқатро дид ва онро қабул намуд, ӯ ба Масеҳ имон овард, ва ба ӯ омурзиши гуноҳҳо ато шуд. Баъди солҳои зиёд ӯ ин мӯъҷизаи бахшидашавиро дар суруде ифода намуд, ки аллакай 200 сол инҷониб ба гуноҳкорони тавбакунанда умед мебахшад. Агарчи шумо, шояд, ин сурудро борҳо хондаед, ҳозир бозистед ва ин суханонро аз нав хонед, оҳиста, мисли он ки гӯё шумо ҳеҷ гоҳ пештар ин суханонро нашунида бошед, ва дар марҳамат ва муҳаббати кафораткунандаи Худо осудагӣ ва хурсандӣ пайдо намоед:
Хуни муқаддас барои шустани гуноҳҳо чун ҷӯйбор ҷорӣ мешавад,
Шахсе ки онро меҷӯяд, дар он осудагӣ ва аз меҳнатҳо истироҳат меёбад.
Роҳзан дар салиб он калиди муқаддасро ёфт,
Ки бо он шуста шуда буд, ва осудагӣ пайдо намуд.
Ман аз Худованд дур будам, дар роҳҳои заминӣ оворагардӣ мекардам,
Аммо Ӯ маро назди Худ хонд, ва ман дар дастони Ӯ мебошам.
Ва агар дар нотавӣ ман боз Исоро ғамгин кунам,
Медонам, ки хуни муқаддаси Ӯ айби маро мешӯяд.
«Суруди халқии беморони рӯҳӣ»-и Анна Рассел тасвири олидараҷаи он аст, ки мо то чӣ дараҷа барои амалҳои худамон айбдор кардани дигаронро дӯст медорем:
Дар сесолагӣ ё чорсолагӣ ман додаронамро бад дидам,
Ва аз ин рӯ, албатта, дарҳол онҳоро заҳр дода куштам.
Аммо ман хушбахтам, ва фаҳмидам, ки дарси ибрат чунин аст:
Агарчи ман корҳои бад кардаам, ҳамеша шахси дигар айбдор аст.
Агар мо ба боғи Адан баргардем, мебинем, ки дар он ҷо яке аз шаклҳои қадимии фирефта кардан ба вуҷуд омадааст. Пас аз он ки Одам ва Ҳавво аз меваи манъшуда хӯрданд, Худо онҳоро барои амали содиркардаашон ба ҷавобгарӣ кашид. (Дар Навишта ин мавзӯъ ҳамеша такрор мешавад — мо барои ҳар як амали худ дар назди Худо ҷавоб хоҳем дод.) Аҳамият диҳед, ки Худо он амалҳоро дар он лаҳза чун як чизи ягона аз назар нагузаронд. Ӯ напурсид: «Шумо чиҳо кардед?» Ӯ ҳамчунин аз Одам ва Ҳавво напурсид, ки рафтори якдигарро маънидод кунанд. Ӯ аз одам напурсид: «Ҳавво чӣ кор кард?», ва аз Ҳавво напурсид: «Шавҳарат чӣ кор кард?» Ӯ дар аввал ба Одам, ва баъд ба Ҳавво муроҷиат намуд ва аз ҳар яке шахсан пурсид: «Ту чӣ кор кардӣ?»
Саволи Худо ба Одам аниқ ва мушаххас буд: «…Оё аз он дарахте ки хӯрданашро ба ту манъ кардам, хӯрдаӣ?» (Ҳас. 3:11). Ва аз Ҳавво Худо пурсид: «…Ин чӣ кор аст, ки кардӣ?» (Ҳас. 3:13). Худо аз онҳо хоҳиш мекард, ки ҳақиқатро эътироф намоянд. Бо мурури он ки воқеаҳо авҷ мегирифтанд, Одам ва Ҳавво ба айбдор намудани якдигар сар карданд, ба ҷои он ки масъулиятро барои амалҳояшон ба гардан гиранд. «Оё аз меваи он дарахт хӯрдаӣ?», — пурсид Худо аз Одам.
Инак ҷавоби ӯ: «…Ин зане ки ба ман додаӣ, аз меваи дарахт ба ман дод, ва ман хӯрдам» (Ҳас. 3:12).
«Ҳавво, ту чӣ кор кардӣ?» Ҷавоб: «Мор маро фирефта кард, ва ман хӯрдам».
Дар ҳар ду маврид ҷавобҳои онҳо дуруст буданд. Ҳақиқатан, Ҳавворо Худо ба Одам дода буд, ва маҳз Ҳавво ба шавҳараш меваи дарахтро пешниҳод намуд. Ва мор ҳақиқатан Ҳавворо фирефта намуд. Аммо, айбро ба гардани дигарон гузошта, Одам ва Ҳавво масъулияти худро барои ин гуноҳ кам карданӣ мешуданд.
Худо аз онҳо напурсид, ки онҳоро кӣ ба гуноҳ водор намуд, — Ӯ мехост, ки онҳо барои амали худ масъулиятро ба гардан гиранд. Бо вуҷуди таъсири касе, ин ба ҳар ҳол интихоби худи
Одам ва Ҳавво дар силсилаи тӯлонии «айбдоркунандагон» аввалин буданд. «Бозӣ»-е ки дар боғи Адан сар шуд, — бози мову шумост. Мо табиатан ин бозиро моҳирона мебозем, ва инро шаҳодатҳои зерин тасдиқ мекунанд:
Ҳангоме ки хашмгин мешавем, ҳангоме ки дар рӯҳафтодагӣ, талхкомӣ, асабоният, бесабрӣ ё тарс ҳастем, аксуламали табиии мо — ақаллан як қисми масъулиятро ба гардани дигарон бор кардан ё вазъиятҳоро, ки моро «чунин» кардаанд, айбдор намудан мебошад.
Ман шояд нақлҳои садҳо занонро оиди оилаҳои вайроншуда гӯш кардаам. Онҳо ҳамеша оиди он нақл мекарданд, ки собиқ шавҳаронашон онҳоро меранҷонданд, ва чунин меҳисобиданд, ки маҳз ҳамин чиз оиладории онҳоро вайрон кардааст. Ман наметавонам ҳозир ягон занеро ба ёд овардам, ки чунин гуфта бошад: «Ман ба вайроншавии оила саҳми худро гузоштам, чунки ба шавҳарам муносибати нодуруст мекардам ва қарорҳои шитобкорона мебаровардам», ё «ман нодуруст рафтор намудам, ҳангоме ки аз шавҳарам ҷудо шудам».
Бисёр занҳо ба ман оиди вазъиятҳое нақл мекарданд, ки онҳоро «маҷбур намуданд» ба қарз ғӯтанд, дар пурхӯрӣ тасалло ёбанд, амалҳои бадахлоқона кунанд ё аз волидони худ дур шаванд. Кам касе барои интихоби худ, ки сабабгори мушкилот дар ҳаёташ гардидааст, масъулиятро ба гардан мегирифт.
Ҳеҷ гоҳ рӯзеро фаромӯш намекунам, ки ҳангоми яке аз конфронсҳо зани миёнсоле ба саҳн баромада, шаҳодати худро баён намуд. Ӯ худро шиносонда, гуфт, ки 22 сол инҷониб психолог шуда кор мекунад. Суханони минбаъдаи ӯ чунон ошкоро буданд, ки ба дил чуқур фурӯ мерафтанд. Ӯ бо овози канда-канда гуфт: «Ман аз Ту, Худои ман, ва аз шумо, хоҳаронам, барои он бахшиш мепурсам ки ҳамаи ин муддат шуморо фиреб медодам ва аз роҳи рост дур мебурдам. Ман ба шумо намегуфтам, ки фақат шумо барои рафторатон ҷавобгар ҳастед. Маро бубахшед!»
Душман ба мо мегӯяд, ки агар мо тамоми масъулиятро барои интихоби худ ба гардан гирем, аз ҳисси бузурги айбдории худ дар азоб хоҳем буд. Танҳо тамоми масъулиятро барои интихоби худ ва муносибат бо атрофиён ба гардани худ гирифта, мо пурра аз ҳисси айбдорӣ раҳо шуда метавонем. Чуноне ки як нависанда гуфтааст,
Гуноҳ дар ҳолати бади мо хабари беҳтарин аст.
Чунки агар ин гуноҳ бошад, ҳамеша роҳи баромад ҳаст. Имконияти тавба кардан ҳаст. Шумо наметавонед аз норасоии тарбия ё захми эҳсосотие ки волидон ба шумо расондаанд, тавба кунед — шумо аз ин раҳо шуда наметавонед. Аммо шумо метавонед аз гуноҳи худ тавба намоед. Гуноҳ ва тавба — ягона шартҳои қонунии ба даст овардани хурсандӣ ва умед мебошанд.4
Эҳтимол ҳар як масеҳӣ он чиро, ки Ҳизер ном зан аз сар гузарондааст, аз таҷрибаи худ медонад:
Ин суханон ба ман фарёди ҷони ҳавворӣ Павлусро ёдрас менамоянд:
Хуллас, ман чунин қонун пайдо мекунам, ки ҳангоме ки ман мехоҳам кори нек кунам, аз ман кори бад сар мезанад. Зеро ки ман ба ҳасби инсони ботинӣ аз шариати Худо лаззат мебарам. Лекин дар андоми худ қонуни дигаре мебинам, ки он ба муқобили қонуни хиради ман меҷангад ва маро асири он қонуни гуноҳ мегардонад, ки дар андоми ман мавҷуд аст. Вой бар ҳоли ман, ки шахси мискин ҳастам! Кӣ маро аз ин ҷисми гирифтори мамот раҳоӣ медиҳад?
Зиёда аз нисфи заноне ки мо дар байни онҳо пурсиш гузарондем, эътироф намуданд, ки ба дурӯғе бовар кардаанд, ки гӯё доимо гуноҳро мағлуб карда наметавонанд. Аён аст, ки шайтон ин дурӯғро барои он истифода мебарад, ки имондоронро аз озодӣ маҳрум намояд.
Чуноне ки аз порчаи Нома ба Румиён дидем, ҳар як фарзани Худо табиати нав дорад — табиате ки ба Худо итоат кардан мехоҳад. Дар умқи дил ҳар як имондори ҳақиқӣ мехоҳад, ки ба Худо писанд омада,
Аммо аз рӯи Навишта, ҳатто пас аз он ки мо аз олами боло таваллуд мешавем, «ҷисм»-и мо (майлҳои табиии мо) зидди Рӯҳулқудс, ки дар мо сокин аст, мубориза бурданро давом медиҳад.
Рӯҳ мегӯяд: Бубахш.
Ҷисм мегӯяд: Набахш.
Рӯҳ мегӯяд: Шикастанафс бош.
Ҷисм мегӯяд: Ҳар он чи мехоҳӣ ва ҳар гоҳе ки мехоҳӣ, хӯр.
Рӯҳ мегӯяд: Ин пулро ба эҳтиёҷмандон деҳ.
Ҷисм мегӯяд: Ин пулро барои худ сарф намо.
Рӯҳ мегӯяд: Ин вақтро дар омӯзиши Калом ва дуо гузарон.
Ҷисм мегӯяд: Имрӯз барои ту душвор буд, акнун дар назди телевизор истироҳат кун.
Рӯҳ мегӯяд: Лабонатро нигоҳ дор. Он чи ту гуфтан мехоҳӣ, бераҳмона ва нодаркор аст.
Ҷисм мегӯяд: Чуноне ки ҳаст, гап зан!
Ҳар боре ки мо ба фоидаи ҷисм интихобе менамоем ва ба Рӯҳулқудс гузашт намекунем, мо ба гуноҳ имкон медиҳем, ки бар мо ҳукмфармо шавад. Аз тарафи дигар, ҳар боре ки ба Рӯҳ «ҳа» мегӯем, мо дар ҳаёти худ ба Ӯ ихтиёри бештаре медиҳем.
Ҳамеша на ба Худо, балки ба гуноҳ итоат намуда, мо дар худ одатҳоеро пайдо менамоем, ки барҳам додани онҳо хеле душвор аст, ва асоратро интихоб мекунем. Муддате мо кӯшиш менамоем, ки дуруст рафтор кунем, ва ба нобарорӣ дучор шуда, боз кӯшиш менамоем — ва боз нобарор мешавем. Ва он гоҳ иблис моро бовар кунонданӣ мешавад, ки ҳеҷ чизро дигаргун кардан имкон надорад, ва мо ҳамеша ғуломи ин одат хоҳем буд. Мо фикр мекунем: «Чӣ фоида? Ман хоҳ-нохоҳ ноком мешавам. Ман тамоми умр дар ин «муҳориба» мағлуб хоҳам шуд. Ва мо таслим мешавем. Чӣ рӯй дод? Шайтон ғолиб омад, моро маҷбур кард бовар намоем, ки доимо васваса ва гуноҳро мағлуб намуда, зистан наметавонем. Агарчи Кристина ва Шерил мушкилоти гуногун доштанд, аммо моҳиятан бо онҳо ҳамон як воқеа рӯй дод:
Шерил як чизи муҳимеро пай бурд. Ӯ бовар мекунад, ки дигаргун шуда наметавонад. Агарчи ин аҷиб метобад, дарки ин факт — қадами аввалин ба сӯи ғалаба бар гуноҳ мебошад.
На шумо худро дигаргун карда метавонед ва на ман, чунки Исо гуфтааст: «…бе Ман ҳеҷ кор карда наметавонед» (Юҳ. 15:5).
Ҳамин тариқ, мо бояд чӣ кунем? Чӣ гуна аз гуноҳ озод шавем? Танҳо ҳақиқат моро аз гуноҳ озод карда метавонад.
Ба шарофати қурбонии Масеҳ мо гуноҳро мағлуб карда метавонем. Шайтон акнун соҳиби мо нест, ва мо дигар набояд ғуломони ӯ бошем. Агар шумо дар Масеҳ бошед, пас ҳақиқат дар он аст, ки...
Аз гуноҳ фориғ шуда, бандагони адолат гардидаед. <…>
...Чунки қонуни рӯҳи ҳаёт дар Исои Масеҳ маро аз қонуни гуноҳ ва мамот фориғ кардааст
Чуноне ки аллакай дидем, шайтон ба Ҳавво ваъда дод, ки агар ӯ аз меваи манъшуда хӯрад, чашмонаш кушода мешаванд, ӯ чун Худо мешавад, ва неку бадро хоҳад донист.
Аммо дар асл ҳамон лаҳза...
• ӯ рӯҳан нобино гашт ва акнун ҳақиқатро дида наметавонист.
• агарчи ӯ ба сурати Худо офарида шуда буд, ин сурат акнун вайрон шуда буд, ва ӯ табиати гуноҳолудро гирифт. Он ба Худо он қадар муқобил аст, ки торикӣ ба рӯшноӣ муқобил аст.
• ӯ ҳақиқатан фаҳмиши бадиро ба даст овард (ки Худо инро намехост), аммо муошират бо Худо вайрон карда шуд, ва Ҳавво дигар росткор боқӣ монда наметавонист.
Аз ҳамон вақт ҳар як одам ҳар ҳамон ҳолат ба ҷаҳон меояд: гуноҳкори рӯҳан нобино, ки аз Худо дур аст ва ба Ӯ писанд омада наметавонад. Аз боиси гуноҳамон мо гирифтори маҳкумияти одилонаи Худо мебошем.
Хушхабар — Инҷил —аз он иборат аст, ки Исо ба ин замин омад ва ҷазоро барои ҳамаи гуноҳҳои Ҳавво ва гуноҳҳои мо ба дӯши Худ гирифт, то ки натиҷаҳои харобиовари онҳоро тағйир додан мумкин гардад. Ба воситаи ҳаёти бегуноҳи Ӯ, марги Ӯ дар Ҷолҷолто ва эҳёи пирӯзмандонаи ӯ мо метавонем бахшидашавии пурраи ҳамаи гуноҳҳоямонро ба даст оварем, бо Худо, ки Ӯро андӯҳгун кардаем, оштӣ шавем ва барои ҳаёти муқаддасона қувват пайдо намоем.
Мо ин бахшидашавӣ ва сафедшавиро дар назди Худои Муқаддас на ба шарофати он қабул мекунем, ки дар оилаи масеҳӣ таваллуд шудаем ва ба калисо мерафтем. Моҳият на дар он аст, ки мо ғӯтаи таъмид гирифтем, ба калисо қабул карда шудем, корҳои нек мекунем, ҳангоме ки моро ба тавба даъват менамоянд, пеш мебароем, таассуроти қавии динӣ дорем, дуоеро аз ёд медонем ё дар ҳаёти калисо иштироки фаъолона дорем. Мо бо амалҳои худ аз гуноҳ наҷот намеёбем. Ягона имконияти ба даст овардани наҷоти абадӣ — такя кардан ба он корест, ки Исо дар салиб ба ҷо овард.
Ман бисёр вақт аз занҳое ки ба наҷоти худ шубҳа доранд, хатчаҳо мегирам. Баъзеи онҳо «ҷавоби дуруст»-ро медонанд, аммо то ҳол аз кадом як гуноҳ дар азоб мебошанд. Ба фикрам, дар бисёр ҳолатҳо гап дар он аст, ки онҳо аз гуноҳи худ ба таври ҳақиқӣ тавба накардаанд ва ба Исо таваккал накардаанд, бовар накардаанд, ки фақат Ӯ онҳоро наҷот дода метавонад. Шояд онҳо одамони диндор ҳастанд, аммо дар назди Худо сафедшавиро ба даст наовардаанд.
Шумо чӣ, дӯстам? Душман мехоҳад шуморо дар асорати тарс, шубҳа ва айбдорӣ нигоҳ дорад. Худо мехоҳад, ки шумо дар озодӣ, дар имон зиндагӣ кунед, ва ба наҷоти худ боварӣ дошта бошед. Новобаста ба он ки то чӣ андоза шумо «одами хуб» ҳастед, ягона роҳ сӯи росткорӣ дар назди Худо — имон ба Исои Масеҳ аст. Ва новобаста ба он ки то чӣ андоза шумо гуноҳкор ҳастед, файзи Ӯ барои шумо кифоя аст. Марги Масеҳ — ана ягона ҳалли имконпазири масъалаи гуноҳ.
Агар шумо ҳеҷ гоҳ масъалаи гуноҳи худро ин гуна ҳал накарда бошед, агар шумо намедонед, ки оё фарзанди Худо ҳастед ё не, ман шуморо даъват мекунам, ки ҳозир бозистода, пеш аз он ки ба боби дигар гузарем, муносибатҳоятонро бо Худо барқарор намоед. Ба душман имкон надиҳед, ки шуморо нобино гардонад ва ё дар асорат нигоҳ дорад. Тақдири шумо дар абадият ба ҳамин вобаста аст. Дар назди Худо иқрор шавед, ки зидди шариати Ӯ гуноҳ кардаед ва худро наҷот дода наметавонед. Ӯро барои он шукргузорӣ намоед, ки Исоро фиристод, то ки Ӯ барои гуноҳи шумо ҷазо дода шавад. Бовар кунед, ки Масеҳ шуморо наҷот медиҳад, ва ҳаётро чун тӯҳфа қабул намоед. Ба Худо гӯед, ки мехоҳед аз гуноҳатон рӯ гардонед ва танҳо ба Масеҳ умед дошта бошед ва ба имкон диҳед, ки Худованди ҳаёти шумо гардад. Сипас Ӯро шукргузорӣ намоед, ки гуноҳатонро бахшидааст; Ӯро барои атои Рӯҳулқудс шукргузорӣ намоед, ки барои дар шумо сокин шудан омадааст, ва, агар ба Ӯ итоаткор бошед, барои мағлуб намудани гуноҳ ба шумо қувват медиҳад.
Хоҳ ба қарибӣ имон оварда бошед, ё ин ки Худовандро муддати зиёд мешинохта бошед, биёед бо дуои қадимии пуританӣ дуо мегӯем. Биёед ба ёд меоварем, ки Худо моро дар куҷо ёфт ва барои мо чӣ кор кард:
Ба ман ёрӣ деҳ, то ки ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунам
Беандоза нафратовар будани гуноҳро,
Росткории ҳайратовари наҷотро,
Ҷалоли ҳайратовари Масеҳро,
Зебоии ҳайратовари муқаддасиро,
Мӯъҷизаи ҳайратовари файзро.5
ДУРӮҒ
13. МАН МЕТАВОНАМ ГУНОҲ КУНАМ ВА БАРОИ ИН ҶАЗОЕ НАМЕБИНАМ.
ҲАҚИҚАТ
• Интихобе ки ман имрӯз мекунам, натиҷаҳои муайян хоҳад дошт. Ман он чи мекорам, ҳамонро медаравам.
• Ҳаловатҳои гуноҳ фақат як муддати кӯтоҳ давом мекунанд.
• Агар ман бо оташ бозӣ кунам, месӯзам.
Ман аз натиҷаҳои гуноҳи худ раҳо шуда наметавонам
ДУРӮҒ
14. ГУНОҲИ МАН ДАР АСЛ НА ОН ҚАДАР ҶИДДӢ АСТ.
ҲАҚИҚАТ
• Ҳар як гуноҳ — исён зидди Худост.
• Гуноҳҳои хурд ва беаҳамият вуҷуд надоранд.
ДУРӮҒ
15. ХУДО ХАТОИ МАРО БАХШИДА НАМЕТАВОНАД.
ҲАҚИҚАТ
• Хуни Исо кифоя аст, то ки ҳар як гуноҳи маро пӯшонад
• Чунин гуноҳе нест, ки Худо бахшида натавонад.
• Файзи Худо аз калонтарин гуноҳи ҷаҳон калонтар аст.
ДУРӮҒ
16. МАН БАРОИ РАФТОР ВА АКСУЛАМАЛИ ХУД ПУРРА ҶАВОБГАР НЕСТАМ.
ҲАҚИҚАТ
• Худо барои гуноҳҳои дигарон маро ҷавобгар намекунад.
• Ман барои он чи худам интихоб мекунам, ҷавобгар ҳастам.
ДУРӮҒ
17. МАН ДОИМО ГУНОҲРО МАҒЛУБ КАРДА НАМЕТАВОНАМ.
ҲАҚИҚАТ
• Агар ман фарзанди Худо бошам, метавонам гуноҳ накунам.
• Ман ғуломи гуноҳ нестам. Дар Масеҳ ман аз гуноҳ озод шудаам.
• Бо марҳамати Худо ва ба шарофати қаҳрамонии Масеҳ дар салиб, ман гуноҳро мағлуб карда метавонам.
1. Бо Худо РОЗӢ ШАВЕД.
Шумо ба кадом дурӯғ оиди гуноҳ бовар кардед?
2. Масъулиятро БА ЗИММА ГИРЕД.
Бовар ба ин дурӯғ чӣ гуна ба тарзи зиндагии шумо таъсир расонд (муносибатҳо ва рафтори шумо)?
3. Ҳақиқатро ЭЪЛОН НАМОЕД.
Ҳар як ҳақиқатро аз он чи дар боло зикр шудааст, бо овози баланд хонед. Кадоме аз онҳо ҳозир барои шумо махсусан муҳим аст?
Ақли худро бо Каломи Худо нав гардонед. Ин порчаҳоро бо овози баланд хонед. Ин оятҳо оиди табиати гуноҳ, таъсири он ба ҳаёти мо ва ҳалли илоҳии масъалаи гуноҳ чӣ мегӯянд?
Заб. 31:1–5
Яъқ. 1:13–15
1 Юҳ. 1:5–9
Рум. 6:11–14
4. Дар асоси ҳақиқат АМАЛ НАМОЕД.
Шумо бояд кадом қадамҳоро гузоред, то ки ҳаётатон ба ҳақиқат мувофиқат кунад?
5. Аз Худо ХОҲИШ НАМОЕД, ки барои дар ростӣ қадамгузор буданатон ёрӣ диҳад.
БОБИ ПАНҶУМ.
ДУРӮҒЕ КИ ЗАНҲО БА ОН БОВАР МЕКУНАНД…
...ОИДИ ОН ЧИ АФЗАЛ ДОНИСТА МЕШАВАД
Мо се соҳаи (ба фикрам) бунёдгузори васвасаро aз назар гузарондем: тасаввуроти мо оиди Худо, оиди худ ва оиди гуноҳ. Онҳо дигар ақидаҳои моро муайян мекунанд. Агар мо дар ин соҳаҳо фирефта шуда бошем, имконияти фиреб хӯрдан дар чизҳои боқимонда хеле афзун мешавад.
Дар бобҳои минбаъда мо якчанд ҷанбаҳои амалиро aз назар мегузаронем, ки бисёр занони масеҳӣ оиди онҳо тасаввуроти нодуруст доранд. Ва мо аз он чи афзал меҳисобем, сар мекунем. Плакате ки ман якчанд сол пеш дар мағозаи либоси занона дида будам, баъзе самарҳои ин фиребро ошкор мекунад:
Ин суханон, ки аз суруди Ҳелен Редд гирифта шудаанд (ки дар аввали солҳои 70-ум мукофоти Грэммиро ба даст оварда буд), албатта, боиси табассум мегарданд.
Аммо онҳо ҳамчунин моро ба саволе бармегардонанд, ки ҳар як занро азоб медиҳад: душвориҳоро чӣ тавр бартараф кунем ва ба майдонталабии ҳаррӯзаи ҳаёт чӣ гуна ҷавоб диҳем?
Аксари занҳои шиноси ман худро мағлубнашаванда ҳис намекунанд. Баръакс, бисёрии онҳо доимо аз ҳисси беарзишӣ ва нобоварӣ ба худ дар азоб мебошанд. Аксари занҳо худро азобкашида ҳис мекунанд. Онҳо аксар вақт ҳис мекунанд, ки аз ӯҳдаи бисёр нақшҳо ва ӯҳдадориҳои ба онҳо бор кардашуда баромада наметавонанд. Ин ҳиссиёт ҳамчунин ҳар гуна дурӯғро ба вуҷуд меоварад, ки онро душман дар ҷамъияти ҳозира паҳн мекунад. Масалан...
Аз рӯи натиҷаҳои пурсиши мо маълум гардид, ки ин дурӯғ аз ҳама бештар паҳн шудааст. Ҳафтод фоизи занҳо гуфтанд, ки ба он бовар мекунанд. Чунин натиҷаҳо маро ҳайрон накарданд.
Дар ниҳояти кор, агар имрӯзҳо ҳар як занро пурсем, ки: «Корҳо чӣ тавр?», аз афти кор, ӯ оҳ кашида ё бо нидои хастаҳолона ҷавоб медиҳад:
• Барои ҳеҷ кор вақтам намерасад!
• Дар оила як чизи тасаввурнопазир рӯй дода истодааст!
• Ман вақт надорам, то ки ҳама кори заруриро иҷро намоям!
• Ман аз хастагӣ аз пой меафтам!
Аксар вақт занҳо (ва занҳои масеҳи низ) ҳис мекунанд, ки аз ӯҳдаи корҳояшон баромада наметавонанд, зеро вақт барояшон камӣ мекунад. Дар натиҷа бисёрии онҳо бе истироҳат, бе осудагӣ ва хурсандӣ аз пайи давуғеҷи зиндагӣ мебошанд.
Чандин сол пеш ман хонда будам, ки дар ихтиёри зани ҳозиразамон амалан
Ман дар ёд дорам, ки ҳанӯз дар кӯдакӣ дар намоишгоҳи дастовардҳои ҷаҳонӣ будам. Ташкилкунандагони он кӯшиш карда буданд, ки «ҳаёти оянда»-ро нишон диҳанд.
Таҷҳизоти нави техникӣ ва асбобҳои барқӣ ҳаёти соҳибхоназанонро осон мекарданд, ва имкон медоданд, ки истироҳат кунанд ё вақташонро барои ягон кори «муҳимтар» сарф намоянд. Ва инак оянда фаро расид. Mo таҷҳизот ва асбобҳое дорем, ки дар замони кӯдакии ман онҳоро танҳо шахсони фикрашон хеле пешрафта орзу карда метавонистанд. Пас чаро ҳаёти мо назар ва пештара давуғеҷи бештар пайдо кардааст? Чаро мо ин қадар бисёр банд ҳастем? Шояд ин якчанд маънидод дошта бошад. Аммо яке аз сабабҳо он аст, ки мо ба дурӯғе бовар кардем, ки гӯё мо барои иҷрои ҳама кори зарурӣ вақт надорем. Аммо, охир, вақти мо аз вақти ҳар як инсоне ки дар асрҳои гузашта зиндагӣ мекард, камтар ё зиёдтар нест. Ҳеҷ кас, новобаста ба мақом ё кораш, ҳеҷ гоҳ аз 24 соат дар як шабонарӯз, 168 соат дар як ҳафта ва 52 ҳафта дар як сол бештар вақт надошт. Ҳатто Худи Исо дар рӯи замин ҳамагӣ якчанд сол вақт дошт, то ки нақшаи кафоратро амалӣ гардонад. Ана ин ҳақиқатан «рӯйхати дарози корҳо» аст! Аммо дар охири умри Худ Исо метавонист ба Падар нигариста, гӯяд: «Ман Туро дар рӯи замин шӯҳратманд гардондам, кореро, ки ба Ман супурда будӣ, ба ҷо овардам» (Юҳ. 17:4;
Ман аз ин ҳайрон мешавам. Хеле кам воқеъ мешавад, ки ман дар охири рӯз гуфта тавонам, ки ҳама корҳои ба нақша гирифтаамро ба ҷо овардам. Баръакс, шабона ман аксар вақт ба ҷойгаҳ меафтам, ва оиди рӯйхати дарози корҳое фикр мекунам, ки карданӣ будам, аммо ба ҷо оварда натавонистам. Чӣ гуна Исо дар ин муддати кӯтоҳ кори тамоми зиндагии Худро ба ҷо оварда тавонист?
Ҷавоб дар суханони Исо мебошад. Ин ҳақиқати тавоноест, ки моро аз асорати шитобкорӣ ва рӯҳафтодагӣ озод мекунад. Аҳамият диҳед, ки Исо дар давоми 33 соли ҳаёти заминии Худ чӣ кореро ба анҷом расонд: «Ман кореро ба ҷо овардам, ки Ту ба иҷрои он Маро
Барои ман ҳеҷ гоҳ вақт намерасад, то дар давоми 24 соат ҳамаи он чиро, ки атрофиён аз ман мехоҳанд, ба ҷо оварам. Ва аз эҳтимол дур аст, ки барои ҳамаи он чи худам мехоҳам, вақт расад. Ман наметавонам бо ҳамаи хоҳишмандон вохӯрам; ба ҳар касе ки бо ман гуфтугӯ кардан мехоҳад, занг занам; ба ҳамаи мӯҳтоҷон ёрӣ диҳам; аз ӯҳдаи ҳамаи лоиҳаҳое ки ба фикри дӯстон, бояд аз дасти ман ояд, бароям; ҳамаи китобҳои шавқоварро хонам; бо дӯстон он қадар вақт гузаронам, ки мехоҳам; ва дар айни ҳол доимо дар ҳуҷраҳо барои меҳмононе ки ҳар лаҳза омада метавонанд, тартибро нигоҳ дорам. Ин умуман ғайриимкон аст.
То чӣ андоза дарк кардан хуб аст, ки ман
Ман танҳо ҳамон вақт ғамгин мешавам, ки кӯшиш мекунам барои он чи Худо ба ман насупурдааст, масъулиятро ба ӯҳда гирам. Ҳангоме ки ман ба ҷои фаҳмидани он, ки Худо аз ман чиро мехоҳад, худам рӯйхати корҳоро муайян мекунам ё ба дигарон иҷозат медиҳам, ки корҳои аввалиндараҷаи маро муайян намоянд, пас дар ниҳояти кор ба тӯдаи корҳои нотамом ё бад иҷрошуда ё сарнашуда фурӯ меравам. Ман бо ҳисси айбдорӣ, бо шитоб ва рӯҳафтодагӣ, аз ҳаёти осуда ва ботартиб, ки Худо ба ман пешниҳод мекунад, ҳаловат бурда наметавонам.
Дар ёд доштан муҳим аст, ки «рӯйхати корҳо»-и Худо барои ман аз рӯйхате ки барои шахси дигар аст, фарқ дорад. Исо гуфтааст: «Ман кореро ба ҷо овардам, ки Ту Маро ба иҷрои он вазифадор намудӣ» — на «кореро, ки Петрус, Юҳанно ё модарамро ба иҷрои он вазифадор намудӣ».
Коре ки Худо барои ман муқаррар намудааст, аз коре ки ба шумо, ба ҳамкорон ва дӯстони ман муқаррар намудааст, фарқ мекунад. Худо модари се кӯдаки хурдсолро даъват намекунад кореро ба ҷо оварад, ки шавҳараш, духтари ҷавон ё зане ки фарзандонаш калон шудаанд, ба ҷо меоварад. Зиёда аз ин, ҳаёти мо ба якчанд давра тақсим мешавад. Ва дар 40-солагиям Худо ба ман тамоман на он кореро месупорад, ки дар ҷавониям месупурд, ва на он чиро, ки Ӯ барои пиронсолии ман омода намудааст.
Дар омади гап, боз як дурӯғ ҳаст, ки занҳои замони мо айнан ҳамин тавр ба осонӣ ба он дода мешаванд. Ин дурӯғ оиди он аст, ки «ман ҳама корро карда метавонам», «ман бояд зан ва модари идеалӣ бошам, дар хонаам тозагӣ ва тартибро риоя намоям, хӯроки бомаза ва фоиданок пазам, доимо аз воқеаҳои ҳаёти мактабии фарзандони худ, калисо ва ҷамъият бохабар бошам, ҳамеша бардам, ҷолиб бошам ва дар айни ҳол боз рӯзи кории пурра кор кунам!»
Занҳое ки беихтиёр бовар мекунанд, ки бояд аз ӯҳдаи ҳама чизи зикршуда бароянд, аз афти кор, рост ба ботлоқи хастагӣ ва ноумедӣ меафтанд. Ҳеҷ як зан ҳамаи нақшҳоро фавран ва босифат ба ҷо оварда наметавонад. Дер ё зуд чизе (ё касе) ҳатман зарар мебинад.
Ноумедӣ — натиҷаи кӯшишҳои иҷро намудани он чизҳоест, ки Худо ба мо супориш надодааст. Ва озодӣ, хурсандӣ ва муваффақият ҳамон вақт меоянд, ки мо кӯшиш мекунем корҳои аввалиндараҷаи Худоро дар давраи додашудаи ҳаётамон муайян намоем, ва баъд кӯшиш кунем, ки онҳоро бо қувваи Рӯҳулқудс дар амал татбиқ намоем. Дар айни ҳол мо бояд фаҳмем, ки Ӯ аллакай ба мо ҳама чизи заруриро додааст — ҳам вақт, ҳам лаёқатҳоро, — то ки
Ин шаҳодатҳо оиди он мебошанд, ки чӣ тавр дурӯғи шайтон дар мавриди корҳои аввалиндараҷа ва тақсимоти вақт моро асир мегардонад ва чӣ тавр ҳақиқат озод мекунад:
Бар хилофи дурӯғе ки мо ҳозир aз назар гузарондем, ин дурӯғро на ҳамаи масеҳиён бо овози баланд ба забон меоваранд. Аммо қариб 48% занҳои пурсидашуда иқрор шуданд, ки ба ин дурӯғ бовар мекунанд. Ин дурӯғ дар рӯйхати дурӯғҳои «машҳур» дар ҷои чорум аст.
Шайтон моро бовар мекунонад, ки мо новобаста ба Худо зиндагӣ карда метавонем. Агар душман моро водор карда тавонад, ки на ба қувваи Рӯҳулқудс, балки ба қувваи худ такя намуда зиндагӣ кунем, ӯ бояд ҳатто парвое ҳам накунад, ки оё мо ба Худо «имон дорем», оё доктринаҳои дурустро пайравӣ менамоем ва оё дар корҳо ва хизматҳои «рӯҳонӣ» иштирок мекунем ё не. Агар ӯ моро водор карда тавонад, ки «масеҳиёна» зиндагӣ карда, дар айни ҳол муносибатҳоро бо Худованд Исо инкишоф надиҳем, мо рӯҳан нотавон мешавем ва мағлуб мегардем. Агар ӯ моро водор карда тавонад, ки «барои Худо» корҳои бузургро анҷом дода, дар айни ҳол дидаву дониста хости Худоро ба воситаи Каломи Ӯ ва дуо нафаҳмем, мо одамони диндор, аммо барои иблис бехатар мешавем. Агар ӯ моро водор карда тавонад, ки ҳикмати Худоро наҷуста, бо фикрҳо ва идеяҳои худ зиндагӣ кунем, дар ниҳояти кор ин ҷаҳон моро дарҳам мешиканад.
Ана он чи зане ки ман Иветта меномам, оиди натиҷаҳои ин дурӯғ дар ҳаёти ӯ ба ман нақл кард:
Шайтон медонад, ки агар моро водор карда тавонад, ки новобаста ба Каломи Худо зиндагӣ кунем, мо бе ҳимоя мемонем. Шаш бор дар Аҳди Қадим гуфта шудааст, ки Довуд «аз Худо пурсид» (ниг.: 1 Подш. 23:2, 4; 30:8, 2 Подш. 2:1; 5:19, 23). Ӯ медонист, ки бе Худо ӯ ҳеҷ аст, ва ҳеҷ кор аз дасташ намеояд. Ҳар пагоҳӣ, пеш аз он ки ба корҳои ҳаррӯза ғӯтавар шавад, ӯ дар дуо дилашро сӯи Парвардигор менигаронд:
Парвардигоро! Саҳаргоҳон овозамро бишнав, – саҳаргоҳон пеши Ту ҳозир мешавам, ва интизорӣ мекашам…
Пеш аз дамидани субҳ хеста, фарёд мекунам; ба сухани Ту умедворам
Ман медонам, ки ҳар рӯз вақтро дар Калом ва дуо бо Худо гузарондан то чӣ андоза арзишнок ва муҳим аст. Ман ҳатто дар ин бора китобе навиштаам. Аммо бисёр вақт ман «аввал аз Парвардигор напурсида», ба корҳои беаҳамият ва ташвишҳои ҳамин рӯз диққат медиҳам.
Ман чунин амал намуда, мегӯям (агарчи ҳеҷ гоҳ инро бо овози баланд
Ин рӯҳи истиқлолият ва худкифоятӣ — зуҳуроти ғурур аст. Навишта таълим медиҳад: «Худо ба мағрурон муқобилат мекунад» (ниг.: Яъқ. 4:6). Агар ман бо ғурур зиндагӣ кунам, бояд ба он тайёр бошам, ки Худо ба кӯшишҳои ман муқобилат хоҳад кард. Гоҳо дар ман эҳсосоте пайдо мешавад, ки Худо ба ман мегӯяд: «Оё ту имрӯз бо ихтиёри худ зистан мехоҳӣ? Ба пеш». Аз ин чӣ ҳосил мешавад? — Дар ҳолати беҳтарин ман рӯзи бесамар ва холиро танҳо барои худ мегузаронам. Дар ҳолати бадтарин — ман ба бесарусомонии даҳшатоваре меафтам, ки худам ба вуҷуд овардаам.
Аз тарафи дигар, «Худо ба фурӯтанон файз мебахшад». Ҳангоме ман рӯзро бо эътирофи фурӯтанонаи он сар мекунам, ки худам танҳо онро гузаронда наметавонам ва ба ман Ӯ даркор аст, он вақт ман ба ёрии илоҳии Ӯ умед баста метавонам.
Ҳақиқат дар он аст, ки агар дар Ӯ
Ним аср пеш як гурӯҳ занҳо қарор доданд, ки инқилоби фалсафӣ ва фарҳангӣ ба амал оваранд. Бо боварӣ ба он ки занҳо бояд бандҳои ҳукмронии мардонро аз сар соқит намоянд, онҳо китобҳо менавиштанд, мақолаҳо нашр менамуданд, дар донишгоҳҳо ва коллеҷҳо таълим медоданд, роҳпаймоиҳои эътирозӣ ташкил менамуданд, дар Конгресс ақидаҳои худро пешбарӣ менамуданд ва бо бисёр воситаҳои дигар дилҳо ва ақлҳои миллионҳо занонро ба даст оварданд.
Онҳо мафҳуми «зан»-ро ба таври худ маънидод намуданд ва ақидаҳои анъанавиро нисбати он чи барои зан аввалиндараҷа аст, рад карданд ва вазифаи ӯро дар зиндагӣ дигар хел қаламдод намуданд. Мафҳумҳои
Насли имрӯза умуман дигар хел фикр кардан наметавонад.
Яке аз мақсадҳои (ё натиҷаҳои) вайронкунандатарини ақидаи «нав» оиди малоҳати зан – тамоюл ба паст кардани аҳамияти оиладорӣ ва модарӣ ва аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва эҳсосотӣ аз хона, аз оила ба заводҳо ва офисҳо гузарондани занҳо буд. Доктор Доротӣ Паттерсон чунин мушоҳида намудааст:
Занҳо аз озодии ҳақиқие ки асрҳо инҷониб аз он ҳаловат мебурданд, — аз озодии дар хона будан, тарбия намудани фарзандон ва бо эҷодкорӣ машғул шудан «озод карда шуданд». Онҳоро водор намуданд бовар кунанд, ки кори боэътибори сердаромад надоштан занҳоро ба ноумедӣ дар ҳаёт, дилтангӣ ва маҳбусӣ дар хонаи худ маҳкум менамояд.1
Ҳисоббарориҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки маҳдудкунии ҳуқуқи зан ҳангоми қабул ба кор, дар масъалаҳои музди меҳнат ва имконияти соҳибмаълумот шудан — он чи фаъолони ҳаракати феминистӣ муддати зиёд ва бо исрор ба даст овардан мехостанд, аллакай на он қадар равшан зоҳир мегардад.
Аммо «таъсирҳои номатлуб»-и озодии нав аз чиҳо иборат мебошанд? Кӣ гумон мекард, ки мо бо чунин натиҷаҳо рӯ ба рӯ мешавем:
• Занҳо зери таъсири сахти дугонаҳои берун аз хона кор мекардаашон мебошанд: ин дугонаҳо онҳоро даъват мекунанд, ки чун модар ва зан дар як ҷой наистанд.
• Мақоми соҳибхоназанро акнун бисёриҳо ба ҳолати шахси крепостной монанд меҳисобанд.
• Миллионҳо тифлон ва кӯдакони синни томактабиро ҳанӯз то субҳидам ба яслиҳо ва боғчаҳои кӯдакон бурда месупоранд ва аз он ҷо боз ҳангоми фаро расидани торикӣ мегиранд.
• Миллионҳо кӯдакон аз мактаб ба хонаи холӣ бармегарданд ё дар гурӯҳи таълими давомнок дар мактаб мемонанд.
• Модарон қисми зиёди қувваи худро на ба фарзандон ва шавҳарон, балки ба дигарон сарф мекунанд, ва ин сабаби хастагии бардавом ва асабонияти онҳо мегардад.
• Аъзоёни оила аксар вақт якҷоя хӯроки шом намехӯранд.
• Фарзандон шитобон хӯрокҳои аз нимфабрикат тайёршуда ё бутербродҳо мехӯранд.
• Дар натиҷаи он ки занҳои шавҳардор на бо шавҳарони худ, балки бо мардони ҷои корашон хеле бештар вақтро мегузаронанд, хатари хиёнати эҳсосотӣ ё ҷисмонӣ афзун мешавад.
• Занҳо озодии кифоякунандаи молиявӣ ба даст овардаанд, ки ин ба онҳо имконият медиҳад, ки агар хоҳанд, дилпурона аз шавҳарашон ҷудо шаванд.
• Ҳар рӯз занҳо дар ҷои кор алфози қабеҳ, дағалӣ ва кинояҳои нопокро мешунаванд.
• Занҳо вақт ва қувват надоранд, ки бо фарзандонашон муносибатҳои наздикро инкишоф диҳанд, ва онҳо, дар ниҳояти кор, ба фарзандони аллакай калоншудаи худ бегона мегарданд.
• Фарзандон миқдори зиёди вақтро дар назди телевизор, видео, бозиҳои электронӣ ва компютерӣ мегузаронанд.
• Фарзандоне ки калонсолон онҳоро ба қадри кофӣ назорат намекунанд, бо порнография, нӯшокиҳои спиртӣ, маводи нашъаовар, секс ва зӯроварӣ рӯ ба рӯ мешаванд.
• Волидони пиронсол ба хонаҳои пиронсолон супурда мешаванд, чунки духтарон ва келинҳошон рӯзи дароз дар ҷои кор мебошанд ва онҳоро ба таври даркорӣ нигоҳубин карда наметавонанд.
Корҳои аввалиндараҷаи масеҳиро муайян намуда, мо бояд пеш аз ҳама аз худ пурсем: чаро Худо занҳоро офаридааст? Ӯ чӣ нақша дорад? Ба зани намояндаи ҳар насл ва ҳар як миллат Каломи Худо ҳақиқатро оиди мақсади офарида шудани ӯ, вазифа ва ӯҳдадории асосии ӯ ошкор мекунад. Ҳангоме ки ба ин ҳақиқат рӯ ба рӯ менигарем ва корҳои аввалиндараҷа ва ҷадвали худро дар атрофи он бунёд мекунем, озодии ҳақиқӣ ба даст меоварем.
Дар Китоби Ҳастӣ (2:18) мо маънидоди аввалин ва возеҳтарини мақсади офариниши занро меёбем:
Ва Парвардигор Худо гуфт: «Хуб нест, ки одам танҳо бошад; пас барояш мададгоре ки ба вай мувофиқ бошад, биофарам.
Ана он — Худо занро ҳамчун мададгори мард офарид, барои он офарид, ки ӯ мардро пурра кунад, эҳтиёҷоти ӯро қонеъ намояд. Ҳаёти ӯ бояд дар атрофи ҳаёти мард давр мезад, на ин ки баръакс. Ӯ «аз» мард, барои мард офаридa шуда буд ва ҳамчун тӯҳфаи Худо ба ӯ дода шуда буд. Муносибатҳои зан бо мард соҳаи аввалин ва асоситарини хизмати вай ба Худо буд. Шавҳари ӯ барои он ҷавобгар буд, ки кор кунад ва оиларо таъмин намояд. Аммо зан бояд дар чизи дигар низ мададгори мард мешуд, чун мард шабоҳати Худо мешуд, заминро соҳибӣ намуда, фарзандони нек ба дунё меовард.
Онҳо бояд якҷоя заминро бо одамони наве маскун мегардонданд, ки Худоро дӯст медоранд, ва кӯшиш мекунанд, ки фармудаҳои Ӯро ба ҷо оваранд. Офаридгор занро ба таври нотакрор офарида буд ва ба ӯ атоҳои фаровони физиологӣ, эҳсосотӣ, ақлӣ ва рӯҳонӣ дода буд, — то ки ӯ барандаи ҳаёт бошад. Худо ба зан лаёқат дод, ки ба оила зебоӣ, сарвати ҳаёт, файз ва хурсандӣ оварад. Касе аз зане ки дили оилаи худ гардидааст, муваффақияти бештар надорад.
Дар номаи якум ба Тимотиюс ҳавворӣ Павлус муқаррар мекунад, ки калисо бояд ба кадом бевазанҳо ёрдам диҳад. Дар ин рӯйхат мо тасвири вазифаҳои асосии занро дар ҳар як давраи ҳаёташ мебинем. Павлус занҳоеро эҳтиром менамуд, ки ҳаёташон дар атрофи хона ва оила давр мезад, ва онҳо худро ба хизмати эҳтиёҷоти дигарон мебахшиданд. Талаботи Павлус бояд дар рӯйхати корҳои аввалиндараҷаи ҳар як зани масеҳӣ бошад:
Ба рӯйхат номи бевазане сабт шавад, ки ... як шавҳар карда бошад. Ва дар бораи аъмоли некаш шаҳодате дошта бошад: фарзандонро тарбият дода, ғарибонро меҳмондорӣ карда, пойҳои муқаддасонро шуста, аламзадагонро дастгирӣ намуда ва ҳар амали некро пайравӣ карда бошад
Павлус оиди занҳое мегуфт, ки замоне шавҳардор буданд ва ин бори дигар таълимоти Китоби Муқаддасро тасдиқ мекунад, ки оиладорӣ — муқаррароти Худо барои аксарияти занон мебошад. Аммо мувофиқи Номаи якум ба Қӯринтиён (ниг.: 1 Қӯр. 7:32–35), занҳои бешавҳар низ ба «обод гардондани хона» даъват шудаанд, аммо ба дигар маъно.
Онҳо бояд худро ба сохтмони хонаи имон бахшанд, бояд фидокорона зиндагӣ кунанд, на манфиатҳо ва майлҳои худро, балки Масеҳ ва Подшоҳии Ӯро мақсади асосӣ қарор диҳанд.
Навишта ба таври возеҳ мегӯяд, ки ҳаёт ва хизмати зани шавҳардор бояд дар атрофи хона ва оилааш давр занад. Ин маънои онро надорад, ки модар ва зан берун аз хона кор карда наметавонад, ба шарте ки ин кор ба иҷрои вазифаи асосии ӯ — хизмати хона, — халал нарасонад. Зиёда аз ин, зан бояд водоркунандаҳои худро баҳо диҳад, фаҳмад, ки чаро берун аз хона кор кардан мехоҳад, ва санҷида бинад, ки оё аз паси он ягон дурӯғ нест.
Масалан, имрӯзҳо чунин ҳисобида мешавад, ки оила бо як маош рӯз гузаронда наметавонад. Ҳақиқатан, дар натиҷаи инқилоби феминистӣ иқтисодиёти мо ба оилаҳое вобаста гардидааст, ки дар онҳо ҳар ду волидон кор мекунанд. Аммо ин тамоман маънои онро надорад, ки оилаҳо бо як маош рӯз гузаронда наметавонанд. Худо мардро вазифадор намуд, ки барои оилааш дарёфткунандаи ризқу рӯзӣ бошад. Душман бошад оиди он ғамхорӣ намуд, ки чунин зиндагӣ кардан тоқатфарсо гардад, аммо дар ростӣ зистан ҳамеша мумкин аст, агар, албатта, мо ҳақиқатан инро хоҳем.
Ман бисёр дугонаҳои наздик дорам, ки шаш, ҳафт, ҳашт ва ҳатто нӯҳ фарзанд доранд, ва онҳо қарор додаанд, ки тамоми вақти худро дар хона, бо фарзандон гузаронанд. Ин осон нест, онҳо бисёр чизҳоеро, ки ҳозир зарурӣ ҳисобида мешаванд, надоранд. Ҳа, ба кадом як маъно онҳо бисёр чизҳоро фидо мекунанд, аммо ин фидокорӣ дар муқоиса бо он чи онҳо дар ивазаш ба даст меоваранд, ҳеҷ аст. Амалан дар ҳамаи мавридҳо ин...
• Оилаҳои хушбахт, хурсанд мебошанд.
• Онҳо аксар вақт назар ба оилаҳое ки дар онҳо ҳар ду волид кор мекунанд, оиди арзишҳои ҳақиқӣ тасаввуроти дурусттар доранд.
• Онҳо ба Худо дуо гуфтан ва дар ҳама чиз ба Ӯ таваккал намуданро ёд гирифтаанд, аз «ризқу рӯзӣ» ва то пардохти ҳаққи таҳсил дар мактаби олӣ.
• Волидон ҳамеша медонанд, ки фарзандон дар куҷоянд, ва метавонанд онҳоро назорат кунанд, бозиҳо ва машғулиятҳои онҳоро ба маҷрои дуруст равона кунанд.
• Фарзандон ва волидон бо ҳам дӯст мебошанд.
• Онҳо дар хизматгузориҳои калисо фаъолона иштирок мекунанд, аммо дар бисёрии оилаҳое ки ҳар ду волидон қисми зиёди рӯз кор мекунанд, барои ин вақт ва қувват намерасад.
Акнун худатон хулоса бароред, кӣ бештар аз даст медиҳад?
Ҳатто бисёр занҳои дунявӣ мефаҳманд, ки дар хона чӣ гуна муҳити шиддатнок ба вуҷуд меояд ҳангоме зан кӯшиш мекунад, ки пешравӣ дар ҷои кор ва оиларо баробар пеш барад.
Актриса Кэтрин Ҳэпберн боре дар як мусоҳиба гуфта буд:
Ман боварӣ надорам, ки оё зан метавонад бо муваффақият бо пешравӣ дар ҷои кор машғул шавад ва дар айни замон модар бошад. Проблемаи занҳои ҳамзамони ман дар он аст, ки онҳо ҳама чизро якбора ба даст овардан мехоҳанд. Аммо ҳеҷ кас наметавонад ҳам ин ва ҳам онро дошта бошад2.
Актриса Ҷоанн Вудворд бо ӯ розӣ аст:
Пешравии ман дар ҷои кор аз боиси фарзандон зарар дид, ва фарзандонам аз боиси пешравии ман дар ҷои кор зарар диданд.
…Ман дар байни ин ду чиз монда будам ва натавонистам дар ин ва он соҳа муваффақият ба даст оварам. Ман ягон касеро намедонам, ки дар ҳама кор муваффақ бошад, аммо миқдори зиёди модаронеро мешиносам, ки кор мекунанд.3
Дар ҷаҳони мо, ки аз гуноҳ зарар дидааст, мавридҳое мешаванд, ки дар онҳо «идеал» дастнорас аст. Миқдори зиёди ҷудошавиҳо ва фоизи бузурги модарони танҳо моро алалхусус бояд водор намояд, ки аз пайи идеалҳои худ бошем. Ин бояд моро ба иҷрои хости комили Худо водор намояд. Мо бояд ба таъсири фарҳанги худ муқобилат намоем. Дар ниҳояти кор маҳз фалсафаи «модарони коркунанда» аз бисёр ҷиҳатҳо дар он айбдор аст, ки миқдори ҷудошавиҳо ин қадар афзудааст, модарони танҳо бисёр шудаанд, хиёнатҳо бештар гардидаанд, занҳои пулдори худкифояткунанда бештар гардидаанд, зӯроварӣ дар байни наврасон бештар ва занҳои хасташуда, мусибатзада ва бадбахт афзудааст.
Доротӣ Паттерсон ба ҳамаи мо ёдрас мекунад:
Албатта, то даме ки фарзандонро ба воя мерасонед, бисёр имкониятҳои дарёфт намудани «кори худ»-ро аз даст додан мумкин аст. Аммо танҳо як вазифа ҳаст, ки иҷрои онро мавқуф гузоштан мумкин нест, — ин кори тарбияи фарзандони худ аст, охир дар замони мо миқдори ҳарчи камтари кӯдакон имкон доранд, ки дар хонаи бароҳат ба воя расанд4.
Дар болои яхдони ман суратҳои дӯстон часпонда шудаанд. Ин суратҳои ба чорчӯбаи акрилӣ бо оҳанрабочаҳо даровардашуда қариб ҳар як сантиметри мураббаи рӯи онро пӯшондаанд. Дар онҳо қариб 90 оила тасвир ёфтаанд, ки дар онҳо қариб 300 нафар фарзандон ҳастанд (ва даҳҳо набераҳо).
Ба қарибӣ ман барои маросиме ки ҳар сол ба ҷо меоварам, қариб ду соатро сарф намудам, — суратҳои кӯҳнаро бо суратҳои нав, ки дар Иди Милод ба ман фиристодаанд, иваз намудам. Ҳангоме ки ҳамаи суратҳои нав ба ҷои худ гузошта шуданд, ман андаке ақиб рафтам, то ки манзараи умумиро бинам. Ман он чиро, ки ин оилаҳо дар давоми сол аз сар гузаронда буданд, ба ёд овардам. Ҳашт оиларо Худо боз бо кӯдаке баракат дод. Камаш дар ҳафт оила яктогӣ набера таваллуд шуд. Дар ҳафт ё ҳашт оила писар ё духтар оиладор шуданд. Понздаҳ оила кӯчиданд. Шаш оила дар дуроҳаи зиндагӣ мебошанд. Одамон дар суратҳо табассум мекарданд. Аммо дар паси баъзе суратҳои идеалӣ аз он чи одамон нишон додан мехостанд, чизи бештаре нуҳуфта буд. Баъзе касон ба ман иқрор шуданд, ки яке аз наздиконашон аз ҷиҳати ҷисмонӣ ё рӯҳонӣ хеле беҳол шудаанд. Дар се оила шахсони наздик вафот кардаанд. Як ҷуфти оилавӣ дар арафаи ҷудошавии даҳшатовар аст.
Ман оиди оиладорӣ фикр мекардам — «ҳангоми беморӣ ва саломатӣ, ҳангоми ғам ва шодӣ»… Оила — маркази ҳамаи он чизҳоест, ки ҳақиқатан барои ҳар яки мо аҳамият дорад. Агар дар хона на ҳама чиз дуруст бошад, ин дар ҳар як соҳаи ҳаёти инсон инъикос меёбад. Ман ба даҳҳо занҳо менигаристам, ки чун мурғҳои курк дар иҳотаи як тӯда чӯҷаҳо мебошанд, ва барои онҳое ки қарор додаанд ҳаёти нав ба вуҷуд омадаро ҳифз намоянд, шукргузории беандоза ҳис мекардам.
Дар байни суратҳо ман наклейкаеро часпондам, ки шумо онҳо шояд чандин сол пеш дидаед: «Ҳаёт — ин то чӣ андоза интихоби олидараҷа аст». Ин занҳо ҳаётро барои фарзандон интихоб намудаанд (бояд гуфт, ки ин корро танҳо зан карда метавонад), ва онҳо ҳар рӯз ҳаётро интихоб мекунанд:
• бо ҳар як хӯроки нисфирӯзӣ, ки онҳо мепазанд;
• бо ҳар як тӯдаи либосҳои ифлос, ки онҳо мешӯянд;
• бо ҳар як дафъа ҳамроҳи фарзандон ба мағоза, ба мактаб, назди духтури дандон, ба мактаби мусиқӣ, ба сексияи варзишӣ ё ба мағозаи пойафзол рафтан;
• бо ҳар як зонуи захмдоршудае ки онҳо дору карда, мебанданд;
• бо ҳар як сухани неке ки онҳо мегӯянд;
• бо ҳар як соате ки онҳо дар назди ҷойхоби кӯдаки бемор ё тарсидагӣ мегузаронанд;
• бо ҳар як баҳсе ки онҳо ҳал мекунанд;
• бо ҳар як дақиқа, ҳангоме ки онҳо конструкторро ба ҳам мепайванданд, тасвирҳоро ранг мекунанд, барои ҳал намудани масъалаҳои риёзӣ ёрӣ медиҳанд, аз Китоби Муқаддас қиссаеро мехонанд, ё он чиро, ки шавҳар ё кӯдакашон оиди рӯзи гузарондаашон нақл менамоянд, гӯш мекунанд;
• бо ҳар як дақиқае ки онҳо оиди нашъунамои рӯҳонӣ ва ҳифзи оилаашон дуо мегӯянд.
Ҳар рӯз онҳо хонаи худро обод менамоянд, ҳаёт медиҳанд, таҳкурсӣ мегузоранд ва муҷассамаи рамзиеро месозанд, ки дар давоми наслҳои зиёд устувор хоҳад буд. Ва беш аз ҳама дар ҷаҳон онҳо Офаридгори худро дӯст медоранд.
ДУРӮҒ
18. МАН БАРОИ ИҶРОИ ҲАМА КОРИ ЗАРУРӢ ВАҚТ НАДОРАМ.
ҲАҚИҚАТ
• Дар ҳар як рӯз ба қадри кофӣ вақт ҳаст, то ки ҳамаи он чиро, ки Худо аз ман мехоҳад, ба ҷо оварам.
ДУРӮҒ
19. ДУО ВА ХОНИШИ ДОИМИИ КАЛОМ БА МАН ДАРКОР НЕСТ.
ҲАҚИҚАТ
• Бе инкишоф додани муносибатҳо бо Ӯ ба воситаи хондани Каломи Худо ва дуо, зани тақводор будан ғайриимкон аст.
ДУРӮҒ
20. ПЕШРАФТ ДАР МАНСАБ НАЗАР БА НАҚШИ ЗАН ВА МОДАР ҚАНОАТМАНДИИ БЕШТАР МЕОВАРАД.
ҲАҚИҚАТ
• Бо хости Худо вазифае олитар ва муқаддастар аз зан ва модар будан нест.
• Худо занро ба таври махсус офаридааст — танҳо зан метавонад ба кӯдак ҳаёт диҳад ва ӯро ба воя расонад.
• Барои зан шодие бештар аз он нест, ки дили хонадони худ гардад.
• Аз рӯи нақшаи Худо зан бояд пеш аз ҳама эҳтиёҷоти шавҳараш ва фарзандонашро қонеъ намояд.
1. Бо Худо РОЗӢ ШАВЕД.
Ба кадом дурӯғ оиди он чи афзал медонед, бовар намудед?
2. Масъулиятро БА ЗИММА ГИРЕД.
Бовар ба ин дурӯғ ба тарзи зиндагии шумо (муносибатҳо ва рафтори шумо) чӣ гуна таъсир расонд?
3. Ҳақиқатро ЭЪЛОН НАМОЕД.
Ҳар як ҳақиқатро аз он чи дар боло зикр шудааст, бо овози баланд хонед. Кадоме аз онҳо ҳозир барои шумо махсусан муҳим аст?
Ақли худро бо Каломи Худо нав гардонед. Порчаҳои зеринро бо овози баланд хонед. Ин оятҳо оиди он чи Худо дар ҳаёти шумо афзал медонад, чӣ мегӯянд?
Заб. 89:10–12
Мат. 6:25–34
Луқ. 10:38–42
1 Тим. 5:9–10
Тит. 2:4–5 (барои занҳои шавҳардор)
1 Қӯр. 7:29–35 (барои занҳои бешавҳар)
4. Дар асоси ҳақиқат АМАЛ НАМОЕД.
Шумо бояд кадом қадамҳоро гузоред, то ки ҳаётатон ба ҳақиқат мувофиқат кунад?
5. Аз Худо ХОҲИШ НАМОЕД, ки барои дар ростӣ қадамгузор буданатон ёрӣ диҳад.
БОБИ ШАШУМ.
ДУРӮҒЕ КИ ЗАНҲО БА ОН БОВАР МЕКУНАНД…
…ОИДИ ОИЛАДОРӢ
Он чи ҳазорон сол пеш дар боғи Адан рӯй дод, на танҳо ҳуҷум ба Худо ва одамон буд, балки ба оиладорӣ низ. Оиладориро Худо муқаррар намуда буд, то ки ҷалоли Ӯ ва мақсадҳои кафораткунандаи Ӯро инъикос намояд. Ин муқаррароти муқаддасро вайрон карда, шайтон ба нақшаи абадии Худо зарбаи сахт расонд.
Тасодуфӣ нест, ки шайтон пеш аз ҳама ба зани шавҳардор ҳуҷум намуд. Ӯ ба зан оиди Худо, хислати Ӯ ва Каломи Ӯ дурӯғ гуфт, ба ӯ дурӯғеро оиди гуноҳ ва натиҷаҳои он талқин намуд. Зан ба ин дурӯғ бовар кард ва дар асоси он амал кардан гирифт, ва баъд шавҳарашро низ ба гуноҳ гирифтор кард. Ин ба оиладории онҳо таъсири хеле ҷиддӣ расонд. Онҳо ба ҷои озодӣ шармсориро ба даст оварданд. Ба ҷои муоширати ошкоро — вонамуд кардан ва дурӯягиро. Ягонагии Одам ва Ҳавво акнун ба душманӣ табдил ёфта буд — на фақат нисбати Худо, балки нисбати якдигар низ.
Ба ҷои он ки занашро дӯстдорона роҳбарӣ намояд, мард ба ифрот даст зад — аз назорати худсарона то дуршавии ғайрифаъолона. Ҳимояте ки таҳти роҳбарии «сарвар»-и рӯҳонии ӯ кафолат дода мешуд, акнун барҳам хӯрд, ва ба Худо итоат накардан ба шавҳараш низ таъсир расонд. Ҳамин тавр зан дар рӯ ба рӯи дурӯғи нав, гуноҳ ва ҳуҷумҳои душман бе ҳимоя монд. Дӯстии хурсандибахш ва пурсамари мард, зан ва Худои онҳо ба муборизаи доимӣ табдил ёфт.
Аз ҳамон вақт ин қисса дар ҳар як оиладорӣ такрор мешавад.
Чун дар ҳар як соҳаи ҳаётамон, фиреб дар оиладорӣ низ беҳтарин асбобест, ки шайтон бо ёрии он ба мақсадҳои харобиовари худ мерасад. Агар ӯ мардҳо ва занҳоро водор карда тавонад, ки ба дурӯғи ӯ бовар кунанд ва дар асоси суханони ӯ амал кунанд, пас ӯ онҳоро асир мегардонад, хурсандии онҳоро медуздад ва муносибатҳои онҳоро вайрон мекунад. Ӯ оиди оиладорӣ дурӯғҳои бисёре дорад — як легион. Инак дурӯғи якум:
Чун бисёр намудҳои дурӯғ, ин дурӯғ — таҳрифи ҳилагаронаи ҳақиқат аст. Ҳақиқат дар он аст, ки оиладорӣ — хуб ва дуруст аст, онро Худо барои бисёрии одамон мехоҳад, ва оиладории масеҳӣ хурсандӣ ва баракати бузургро дар назар дорад. Шайтон ҳақиқатро оиди оиладорӣ таҳриф намуда, ба зан талқин мекунад, ки мақсад ва маънои оиладорӣ — хушбахтӣ ва некӯаҳволии шахсии онҳост, ва зан бе шавҳаре ки ӯро дӯст дорад ва эҳтиёҷоти ӯро қонеъ намояд, ба таври ҳақиқӣ хушбахт буда наметавонад.
Ҳангоме ки зан ба шавҳат мебарояд, ӯ ба яке аз навъҳои ин дурӯғ бовар мекунад: «Шавҳарам бояд маро хушбахт намояд». Фақат пас аз якчанд соли дарди дил, зане ки ман ӯро Мирна меномам, хато будани ақидаҳои худро фаҳмид:
Мақсади ниҳоии оиладорӣ на дар он аст, ки моро хушбахт гардонад, балки дар он аст, ки Худоро ҷалол диҳад. Занҳое ки бо мақсади пайдо кардани хушбахтӣ оиладор мешаванд, худро ба ноумедии қариб ҳатмӣ рӯ ба рӯ мекунанд — онҳо дар аксари мавридҳо чизи меҷусташонро намеёбанд.
Занҳое ки ба фикрашон, барои хушбахтӣ ба онҳо шавҳар лозим аст, аксар вақт ба он чи аз муқарраркардаи Худо камтар аст, розӣ мешаванд. Ҷоан ба ман нақл намуд, ки чӣ тавр бовар ба ин дурӯғ ӯро асир гардонд ва боиси натиҷаҳои дардноке гардид, ки ӯ онҳоро интизор набуд:
Ин зан фиреб хӯрда буд. Ӯ бовар кард, ки барои хушбахтӣ ба ӯ шавҳар даркор аст. Ӯ дар асоси ин дурӯғ амал намуд — бо шахсе оиладор шуд, ки имондор набуд. Ин ба таълимоти аниқи Каломи Худо дар ин хусус мухолифат дорад. Ӯ гӯё чизи мехостаашро ба даст овард. Аммо ӯ мехост ба шавҳар барояд, ва дар ниҳояти кор ба бӯҳрони амиқи рӯҳонӣ рӯ ба рӯ шуд, ва дар ҷонаш захме пайдо гардид (ниг.: Заб. 105:15).
Озодӣ танҳо дар дарки ҳақиқат аст, новобаста ба он ки шумо шавҳар доред ё не. Ҳар яке аз шаҳодатҳои зерин нишон медиҳад, ки бовар ба дурӯғ боиси асорат мегардад, аммо ҳақиқат озод мекунад.
Хушбахтӣ на дар оиладорӣ (ва на берун аз он) аст. Хушбахтӣ умуман на дар муносибатҳои инсонӣ аст. Шодии ҳақиқӣ танҳо дар Исои Масеҳ аст.
Худо ваъда дод, ки ба мо ҳама чизи даркориро диҳад, ва агар Ӯ бинад, ки дар оиладорӣ мо ба Ӯ ҷалоли бештар оварда метавонем, Ӯ ба мо оиладориро медиҳад. Қаноатмандӣ на аз он ба даст меояд, ки соҳиби ҳамаи неъматҳо гардем, балки аз қабули он чи аллакай Худо додааст.
Касоне ки якравона ба мақсадҳои худ расидан мехоҳанд, ба худ дарди сари зиёдатӣ ба даст меоваранд, ва касоне ки ба Худованд умед мебанданд, ҳамеша аз ӯ чизи беҳтаринро ба даст меоваранд.
Аксари мо, занҳо, табиатан ба дигаргуниҳо майл дорем. Агар чизе ба мо маъқул набошад, мо кӯшиш мекунем онро ислоҳ намоем. Агар касе ба мо маъқул набошад, мо бояд ӯро дигаргун намоем. Ин ғаризаи табиӣ қариб рафънопазир метобад, хусусан ҳангоме ки сухан дар бораи касоне меравад, ки ҳамроҳи мо зиндагӣ мекунанд. Аммо агар мо гумон кунем, ки дигаргун кардани атрофиён вазифаи мост, ҳатман ноумед мегардем ва ба ихтилофот рӯ ба рӯ мешавем.
Дар оиладорӣ ин дурӯғ боиси он мешавад, ки зан дигар оиди вазифаи худ ва қадамгузорӣ дар назди Худо фикр намекунад, агарчи фақат дар ҳамин ҷо ӯ ҳақиқатан чизеро дигаргун карда метавонад. Ба ҷои ин ӯ оиди хатоҳо ва вазифаҳои шахси дигар фикр мекунад. Ӯ дили шавҳарашро (ё фарзандонро) дигаргун карда наметавонад. Аммо ӯ метавонад ба Рӯҳулқудс дар дигаргун намудани дили худи ӯ ёрӣ диҳад.
Агар зан доимо хатоҳо ва норасоиҳои шавҳарашро ислоҳ кардан гирад, ӯ масъулиятеро ба худ мегирад, ки Худо ба ӯ надодааст, ва, аниқтараш, қисса бо он анҷом меёбад, ки ӯ асабӣ мешавад ва аз шавҳараш, ва шояд аз Худо низ, сахт меранҷад. Ӯ бо рафтори худ дар дигаргун намудани шавҳараш ба Худо халал расонида метавонад. Агар занҳо ба Худо имкон медоданд, ки амали ба нақша гирифтаашро ба анҷом расонад, Ӯ бисёр шавҳаронро дигаргун карда метавонист!
Бисёр занҳои имондор намефаҳманд, ки ду «асбоб«-и тавонои ба шавҳарашон таъсир расонданро дар даст доранд. Онҳо назар ба кӯшишҳои хурдагирӣ кардан, насиҳат намудан ё таъна задани шавҳар хеле таъсирноктар мебошанд. Асбоби якум — ҳаёти тақводорона аст, ки Худо дар намунаи он бисёр вақт мардро сарзаниш мекунад ва дар ӯ гуруснагии рӯҳониро ба вуҷуд меоварад (ниг.: 1 Пет. 3:1–4).
Асбоби дуюм — дуо аст. Агар зан доимо ба шавҳараш ёдрас кунад, ки ӯро дигаргун кардан мехоҳад, шавҳар, аз афти кор, муқобилат нишон медиҳад. Аммо агар ташвишҳояшро ба Худованд изҳор намояд, ӯ қувваи олиро даъват менамояд, ки дахолат намуда, ба шавҳараш таъсир расонад. Ба Худо муқобилат кардани шавҳар назар ба муқобилат ба зан, ки доимо хурдагирӣ мекунад, хеле душвортар аст! Аз ин ҷиҳат ба ман намунаи Марям, модари Исо ҷолиб аст. Фаришта назди ӯ омада, эълон намуд, ки ӯ ба қарибӣ модари Масеҳ мешавад — воқеае ки худ аз худ комилан ғайриимкон метобад! Ҳангоме ки ӯ воқеаро ба Юсуф гуфт, ӯ дар аввал бовар накард, зеро ӯ фариштаро надида буд. Ва Юсуф хулосаи оқилона баровард: Марям ба ӯ вафодор набуд.
Мо дар Китоби Муқаддас ҳеҷ зикреро оиди он намеёбем, ки Марям Юсуфро водор мекарда бошад, ки ба суханони Худо бовар кунад. Ба ҷои ин ӯ интизор буд, ки Худо Худаш ба шавҳари ӯ муроҷиат мекунад, чуноне ки баъд ҳамин тавр ҳам шуд. Фаришта ба Юсуф зоҳир шуд, ва ӯ ба вай бовар кард ва дуруст рафтор намуд. Марям ҳақиқатро дар дили худ нигоҳ дошта, оиди он андешаронӣ карда метавонист (ниг.: Луқ. 2:19). Ӯ метавонист интизор шуда, ором бошад, зеро медонист, ки Худо тавоност, ва боварӣ дошт, ки Ӯ нақшаи Худро дар ҳаёти оилаи ӯ амалӣ мегардонад.
Зане ки ман ӯро қариб 17 сол надида будам, ба қарибӣ ҳангоми тӯйи дӯстони умумиямон назди ман омад ва гуфт: «Ту оиладории маро наҷот додӣ!» Ман хоҳиш кардам, ки воқеаро ба ман ёдрас намояд. Ӯ нақл кард, ки 17 сол пеш ташвишҳои худро оиди ҳолати рӯҳонии шавҳараш ба ман гуфта буд: «Ту ба ман гуфтӣ, ки дигаргун кардани шавҳар кори ман нест, балки кори Худост, ва ман бояд бо ӯ гап занам ва баъд як сӯ истода, ба Худо имкон диҳам, ки ҳама кори боқимондаро ба ҷо оварад». Ӯ давом дод: «Ман ба маслиҳати ту гӯш додам ва ҳамаи ин солҳо онро ба шиносҳоям мерасондам». Сипас ӯ ба ман нақл кард, ки бо кадом душвориҳо интизорӣ мекашид, ки Худо ба дигаргун кардани шавҳари ӯ сар мекунад. Дар давоми
Сипас «ғайричашмдошт», баъди солҳои зиёд, рӯҳ дар дили шавҳар шамъ даргиронд ва ӯро пурра дигаргун намуд. Ӯ гӯё аз кома берун шуд. Бе ҳеҷ гуна сабаби намоён ӯ хоҳони Каломи Худо шуд, онро бисёр мехонд, рӯзнома ташкил дод ва ваҳйҳои Худоро, ки ба воситаи Калом мегирифт, ба он менавишт. Ӯ чунин гуфт: «Пештар ман наметавонистам ӯро барои ношто аз ҷой бархезонам. Акнун ӯ ҳар пагоҳӣ ба ҷамъомади мардонаи дуоӣ, ки дар соати 6.30 сар мешавад, меравад!» Ба қарибӣ ӯ ҳатто оиди он гапро сар кард, ки бизнеси худро мефурӯшад, то ки барои хизматгузорӣ вақти бештар ҷудо карда тавонад. Он чи бо ин мард рӯй дод, ҳеҷ маънидоди дигари оқилона надорад — ин корро фақат Худо ва зани вафодор карда метавонист, ки ба таври ҳақиқӣ барои шавҳараш дуо гуфтанро омӯхтааст.
Инак аллакай қариб ду даҳсола мешавад, ки дар ҷаҳони масеҳӣ ҳаракати тавоное ҳаст, ки мардони имондорро даъват мекунад, ки мардони писандидаи дили Худо гарданд, занҳо ва фарзандони худро дӯст доранд ва ин муҳаббатро бо хизмати фидокорона ифода намоянд. Мушоҳида намудани он ки чӣ тавр Худо мардонро дигаргун мекунад ва дили онҳоро сӯи Худ ва оилаҳояшон мегардонад, хеле дилписанд аст. Аммо мо набояд он нақшеро, ки Худо ба мо, занҳо, супурдааст, фаромӯш кунем. Дар ҷаҳони ҳозираи инҷилӣ даъвате «дуруст» ҳисобида мешавад, ки мардон ба хона рафта, ба занҳояшон хизмат кунанд. Аммо аз чӣ бошад ки ба занҳои оиди вазифаҳояшон дар назди шавҳарон ёдрас намудан «нодуруст» ҳисобида мешавад. Аммо охир Худо мардро на барои он офарид, ки «ёрдамчӣ»-и зан бошад. Баръакс, Ӯ занро ҳамчун «мададгор» барои мард офарид. Албатта, ин маънои онро надорад, ки шавҳарон набояд ба занҳо ва фарзандонашон хизмат кунанд. Агар шавҳарон бояд ба занҳояшон ҳамон тавре хизмат кунанд, ки Масеҳ Калисоро дӯст дошта буд, пас, онҳо бояд тайёр бошанд, ки ҳаёти худро барои онҳо бахшанд ва ба онҳо ҳамон тавре хизмат кунанд, ки Масеҳ ба Арӯси Худ хизмат мекард.
Аммо агар мо, занҳо оиди чизе ки ба он «сазовор» ҳастем, оиди ҳуқуқи худ, оиди он чи мардҳо «вазифадоранд» барои мо кунанд, фикр кунем, ҳатман ранҷиш ва аламро аз боиси умедҳои амалинашуда ҷамъ мекунем. Баракат ва хурсандӣ фақат ҳамон вақт меоянд, ки мо кӯшиш мекунем ато намоем, на ин ки бигирем, ва имконияти хизмат намудан, баракат додан ва қонеъ намудани эҳтиёҷоти аъзоёни оилаи худро меҷӯем.
Тафаккури мо зери таъсири ҳаракати ҳозираи феминистӣ ташаккул ёфтааст, ки барои кам кардани арзиши меҳнати зан дар хона бисёр корҳоро кардааст. Мэрӣ Кассиан дар китоби хуби худ «
Оуклӣ... кӯшиш кард оиди шароити даҳшатовари меҳнати занҳо аз нуқтаи назари ҳисоббарориҳои оморӣ нақл кунад. Ин кори хеле вазнин ва тӯлонӣ дур аз одамон, бемузд, бе имтиёзҳо, бе ҷубронҳо, бе рӯзҳои истироҳат, бе идҳо ва бе имконияти беҳтар кардани шароити меҳнат аст. Оуклӣ кӯшиш кард ... исбот намояд, ки кори соҳибхоназан – дар хона ва нигоҳубини кӯдакон истисмор ва асорат аст... Ба фикри Оуклӣ, то даме ки ҳамаи занҳо дарк накунанд, ки мардҳо то чӣ андоза онҳоро истисмор мекунанд, ҳаракати феминистӣ ба мақсади худ намерасад.1
Модари ман яке аз чунин занҳои «мазлум» буд. Ҳангоме аз ман хоҳиш карданд, ки барои китоб бобе бахшида ба модарон ва духтарон нависам, ман ҳаёти модарамро чунин тасвир намудам:
Агарчи модари ман зани беандоза болаёқат буд ва имконияти интихоб дошт, ӯ бо хушнудӣ аз касби ояндадори сароянда даст кашид, то «мададгори муносиби» шавҳараш бошад.
...Дар солҳои шастум, ҳангоме ки занҳоро бовар мекунонданд, ки соҳибихтиёр бошанд, бо пешбарии касби худ машғул шаванд, амалӣ гардондани имкониятҳои худ машғул шавад, модари ман нақши тамоман дигарро иҷро мекард — ӯ ба вазифаи шавҳараш мутобиқ мешуд. Ӯ интизори он набуд, ки ҳаёти шавҳари ӯ дар атрофи эҳтиёҷот ва манфиатҳои ӯ давр занад, балки ҳаёти худро бо назардошти манфиатҳои шавҳараш бунёд менамуд. <…>
Фаҳмидан муҳим аст, ки падари ман аз модарам талаб намекард, ки нақши «мададгор»-ро иҷро кунад.
Модарам норозигӣ баён намекард. Ӯ ба таври ҳақиқӣ ин мардро дӯст медошт ва дар он ҳаловат пайдо менамуд, ки дар зиндагӣ ҳамроҳи ӯ қадамгузор бошад, ӯро дастгирӣ намояд ва рӯҳбаланд гардонад.
Модар бо хушнудӣ ҳама корро дар хоҷагии калони мо ба ҷо меовард, то ба падарам имкон диҳад, ки хости Худоро самараноктар ба ҷо оварад. Бисёр занҳои ҳозира чунин ҳаётро истисмор меҳисобанд. Аммо модари ман ҳеҷ гоҳ «таҳқиршуда ва хоршуда» наметофт. Баръакс, падар мададгореро, ки Худо ба ӯ ато намудааст, қадршиносӣ менамуд, ва аз дидани афзуншавии лаёқатҳо ва истеъдодҳои худододи ӯ хурсанд мешуд2.
Ҳақиқат дар он аст, ки мо ба Исо ва атрофиён хизмат карда, ба Ӯ монанд мешавем. Вазифае аз вазифаи хизмат кардан болотар нест. Дар зане ки оиди ӯ дар боби 31-уми Китоби Масалҳо ҳикоят карда мешавад, маро он чиз беш аз ҳама ҳайрон мекунад, ки ӯ тамоман худпараст нест. Ӯ ба намоиш додани лаёқатҳои худ кӯшиш намекунад, ба пешравӣ дар мансаб, суратҳисоби шахсии бонкӣ, миннатдорӣ ё шӯҳрат ҳавасманд нест.
Баръакс, ӯ гӯё тамоман оиди манфиатҳо ё эҳтиёҷоти худ фикр намекунад; ба ҷои ин ӯ оиди эҳтиёҷоти шавҳараш ва фарзандонаш, ва низ одамоне ки дар наздикии ӯ зиндагӣ мекунанд, ғамхорӣ менамояд. Дар аввал, порчаи зикршударо хонда, бо хулосаи Энн Оуклӣ розӣ шудан мумкин аст, ки гӯё соҳибхоназанон — мавҷудоти бадбахт ва ситамдида мебошанд. Аммо ба ин зан бори дигар нигаред:
• Сару либоси ӯ хуб аст (ниг.: Мас. 31:22).
• Дар хонаи ӯ хӯрокворӣ ва он чи ба дигарон додан мумкин аст, ба қадри кофӣ ҳаст (ниг.: Мас. 31:15, 20).
• Ӯ аз ҷиҳати эҳсосотӣ устувор ва аз тарси оянда озод аст (ниг.: Мас. 31:21, 25).
• Шавҳараш ӯро хеле дӯст медорад. Ӯ ба занаш вафодор аст, ӯ чунин меҳисобад, ки занаш «дар байни миллион зан ягона аст». Ӯ ба занаш дар ин бора мегӯяд ва дар назди дӯстон занашро таҳсин менамояд (ниг.: Мас. 31:11, 28–29, 31).
• Фарзандонаш Ӯро эҳтиром менамоянд ва таҳсин мекунанд (ниг.: Мас. 31:28).
Ин зан ба истисморшаванда монанд нест-ку! Кадом зан барои меҳнатҳояш чунин мукофот гирифта, хушбахт намебуд? Аммо ӯ чӣ тавр ба ин ноил шуд? — ӯ исрор намекард, ки шавҳараш остин барзада, дар иҷрои корҳои хона шарик шавад (агарчи ҳеҷ бадӣ надорад, ки шавҳарон ба занҳояшон дар корҳои хона ёрӣ расонанд). Ӯ роҳи хизматро интихоб намудааст, ва кори аввалиндараҷаи ӯ (баъди муносибатҳо бо Худо) қонеъ намудани эҳтиёҷоти наздикон гардидааст.
Викӣ ном зане нақл мекунад, ки чӣ тавр Худо ӯро аз дурӯғе озод намуд, ки гӯё шавҳараш бояд ба ӯ хизмат намояд:
Якчанд сол пеш як деноминацияи калони протестантӣ оиди нуқтаи назари «нав» ба масъалаи итоаткорӣ дар оиладорӣ изҳорот дарҷ намуда, боиси эътирозҳо дар ҷаҳони инҷилӣ гардид:
Зан бояд ихтиёран ба шавҳари дӯстдор итоат намояд, чуноне ки Калисо бо хушнудӣ ба Масеҳ итоат менамояд.3
Душвориҳои вобаста ба итоаткорӣ на фақат барои занҳои замони мо хос мебошанд. Ҳавво дар боғи Адан маҳз бо ин масъала рӯ ба рӯ шуд. Мор моҳиятан ба Ҳавво гуфт: «Оё Худо ҳақ дорад, ки ҳаёти туро идора кунад?» Дигар хел карда гӯем, шайтон ба ӯ талқин менамуд: «Ту метавонӣ худат ҳаёти худро идора кунӣ, ту набояд ба касе итоат намоӣ».
Ӯ Ҳавворо бовар кунонд, ки ба дастурҳои Худо итоат намуда, ӯ бадбахт мешавад ва бисёр чизҳоро аз даст медиҳад. Аз ҳамон рӯз шайтон устокорона ба занҳо талқин менамояд, ки итоаткорӣ — сухани дорои тобиши манфӣ аст, ва чунин фаҳмиши зиндагӣ хеле танг аст ва озодии онҳоро маҳдуд мекунад. Ӯ ҳақиқати олидараҷа, муқаддас ва тавоноро ба як чизи бад, тарсовар ва нафратовар табдил дод.
Шайтон хуб медонад, ки агар мо ҳақиқатро оиди итоаткории библиявӣ— яке аз ҳақиқатҳои озодкунандатарини Каломи Худоро фаҳмем, — онро бо хушнудӣ қабул мекунем. Ӯ роҳ дода наметавонад, ки мо роҳи итоаткориро интихоб кардаем, чунки дар ин маврид ӯ аз ҳукмфармоӣ бар мо ва бар наздикони мо маҳрум мешавад.
Асоси табиати гуноҳолуди инсонӣ (ва низ, ба фикрам, идеологияи феминистӣ низ) — қабул накардани ҳокимият аст. Мо намехоҳем, ки чӣ кор карданро ба мо ёд диҳанд. Мо мехоҳем ҳаёти худро мустақилона идора кунем ва қарорҳо қабул намоем. Кӯдаконе ки акнун роҳ гаштанро ёд мегиранд, дӯст намедоранд, ҳангоме ба онҳо иҷозат намедиҳанд, ки ба чизҳои нозук даст расонанд. Наврасон намехоҳанд, ки ба онҳо гӯянд, ки кай бояд ба хона баргарданд. Мо, калонсолон, тоқати онро надорем, ҳангоме ба мо мегӯянд, ки дар роҳҳои ноҳамвори деҳот бо мошин зиёда аз 60 км. соат ҳаракат кардан мумкин нест ё тасмаи бехатариро бастан лозим аст.
Бисёр занон ба шавҳарони худ итоат намекунанд, ва дар байни онҳо занҳо аз калисоҳои инҷилӣ бисёртар шуда истодаанд. Ба фикрам, қисман ин бо норасоии дониши таълимоти Китоби Муқаддас ва нодуруст фаҳмидани моҳият ва арзишнокии итоат вобаста аст. Ва боз дурӯғи шайтон шаклҳои гуногунро ба худ мегирад.
1.
2. «
3.
4.
Ҳамчунин шумо, эй занон, ба шавҳарони худ итоат намоед, то ки агар баъзе аз онҳо мутеи калом набошанд, ба воситаи рафтори занон бе калом тобеъ гарданд, вақте ки рафтори поки худотарсонаи шуморо мушоҳида кунанд.
Баъди дарк намудаи он ки Худо умуман ҳукмфармоиро барои чӣ офаридааст, ман ба моҳияти итоаткорӣ дигар хел нигоҳ мекардагӣ шудам. Худо ҳукмфармоиро чун воситаи ҳимояи рӯҳонӣ ба вуҷуд оварда буд.
Ҳангоме ки шумо ба кӯдаки дусолаатон аз кӯча бе калонсолон гузаштанро манъ мекунед, рафтори бераҳмона намекунед. Шумо медонед, ки дар кӯчаҳо мошинҳои «бадкирдор» ҳаракат мекунанд, ва ба манфиати фарзанди худ амал менамоед. Шумо ҳукмфармоиро барои ҳимоя намудани фарзанди худ истифода мебаред (агарчи кӯдак тамоман намедонад, ки ба ин ҳимоя эҳтиёҷ дорад.
Ҳангоме ки мо зери ҳукмфармоии аз ҷониби Худо ба мо додашуда меистем, Ӯ моро ҳимоя мекунад. Аз тарафи дигар, ҳангоме ки мо якравона аз раъйи худ намегардем ва аз зери ҳимоя мебароем, дар рӯ ба рӯи душман беҳимоя мемонем.
Ман боварӣ дорам, ки маҳз ба ҳукмфармоии шавҳар итоат накардан боиси он шудааст, ки шайтон ба ақл, ирода ва эҳсосоти баъзе занҳои масеҳӣ ҳуҷум мекунад. Ҳангоме ки мо аз зери итоат мебароем, хоҳ дар масъалаҳои ҷиддӣ ё дар ҷузъиёти ночиз, мо барои душман тӯъмаи осон мегардем.
Ман онро дар назар надорам, ки итоаткорӣ ба таври автоматӣ ба зан ҳимояро аз ҳама гуна азобҳо ва зӯроварӣ таъмин менамояд. Ин ҳамчунин маънои онро надорад, ки зӯроварӣ ҳамеша натиҷаи ба ҳукмфармоии қонунии шавҳар итоат накардани зан аст. Аз рӯи Навишта, шахси росткор ва итоаткор низ азоб кашида метавонад, аз ҷумла аз зӯроварӣ. Номаи якуми Петрус мефаҳмонад, ки чаро Худо азобҳоро роҳ медиҳад ва агар барои росткорӣ дар азоб бошед, бояд чӣ гуна рафтор намоед.
Мавридҳое ҳастанд, ки ба зани итоаткор ба ҳар ҳол лозим меояд, ки агар бо шавҳар мондан барои ҳаёт хатарнок бошад, худро ва фарзандонашро аз таъсири шавҳараш ҳифз намояд. Аммо ҳатто дар чунин мавридҳо зан метавонад — ва бояд мақоми шавҳари худро эҳтиром намояд. Мақсади зан — ӯро чун шавҳар таҳқир кардан ва ба ӯ муқобилат намудан нест, балки хоҳиши он аст, ки ӯ дигаргун шавад ва ба Худо итоат намояд. Агар зан боиси ҷанҷол шавад ё бо муносибаташ вазъиятро бадтар кунад, агар бо суханон ё рафтори худ ба Худо халал расонад, ба ҳимояи Худо ва дахолати Ӯ умед баста наметавонад.
Агар шумо ё касе аз шиносҳои шумо дар чунин вазъияти экстремалӣ бошед, аз Худо хоҳиш намоед, то шахсеро ба шумо нишон ди– ҳад, ки ба шумо маслиҳати оқилона дода тавонад. Беҳтар он аст, ки ин яке аз сарварони калисои шумо бошад. (Ҳамчунин дигар омилҳо ва воситаҳо ҳастанд, ки дар вазъиятҳои муайян ёрӣ дода метавонанд. Дар охири китоб қисми «Барои омӯзиши минбаъда» оварда мешавад, ки дар он ишораҳо ба сарчашмаҳои иловагӣ дода шудаанд; онҳо барои занҳое ки ба чунин вазъиятҳо афтодаад, шавқовар буда метавонанд.)
Ман фаҳмидам, ки масъалаи асосӣ аз он иборат аст, ки оё ман розӣ ҳастам ба
Дар Китоби Масалҳо (21:1) гуфта шудааст, ки «дили подшоҳ мисли ҷӯйҳои об дар дасти Парвардигор аст: онро Ӯ ба ҳар куҷо ки хоҳад равона мекунад». Ба ҳукмфармоии додаи Худо итоат кардани мо имонамонро зоҳир менамояд — нишон медиҳад, ки то чӣ андоза Худо барои мо бузург аст. Ҳокимияти олӣ аз ҳама гуна ҳукмфармоии инсонӣ болотар аст. Дар ниҳояти кор ҳеҷ як одам ихтиёри ҳаёти моро дар дасти худ надорад. Итоаткорӣ моро ба зери ҳимояи Падари Осмонии хирадманд, дӯстдор ва тавоно медарорад, ки «дили подшоҳ»-ро дар даст дорад.
Савол чунин аст: оё мо ҳақиқатан бовар мекунем, ки Худо аз ҳар як ҳукмфармоии инсонӣ болотар аст? Оё мо бовар мекунем, ки Ӯ ба қадри кофӣ тавоност, то ки, агар лозим шавад, дили шахсеро ки бар мо ҳукмфармост, дигаргун кунад? Оё мо бовар мекунем, ки Ӯ ба қадри кофӣ тавоност, то ки моро ҳимоя кунад, агар мо ҷои худро донем ва ба ҳукмфармоие ки бар мо муқаррар шудааст, итоат намоем? Оё мо бовар мекунем, ки Ӯ медонад, ки чӣ чиз барои мо беҳтар аст, ва оё мо мехоҳем ба ӯ таваккал намоем, то ки Ӯ иродаи комил ва абадии Худро ба ҷо оварад?
Ҳақиқат дар он аст, ки, чуноне ки мо дар номаи якуми Петрус (3:1–2) дидем, ҳангоме ки зан ба шавҳар итоат мекунад, ӯ ба Худо имкон медиҳад, ки дар дили ӯ амал намояд ва ӯро ба итоаткорӣ оварад. Сипас Петрус мегӯяд, ки дили итоаткор ба зан зебоии дилпазиртарин ва абадиро ато менамояд:
Бигзор зебоии шумо... одамияти ботинии самимӣ дар рӯҳи ҳалиму сокити бефано бошад, ки ин дар назари Худо гаронбаҳост,
Агар зан ба шавҳар новобаста ба ҳолати рӯҳонии ӯ итоаткор бошад, ба таври ҳақиқӣ аз тарс озод мешавад. Охир ӯ ба Худо таваккал намудааст, ки дар ниҳояти кор шавҳари ӯро ва низ вазъияти ба миён омадаро идора мекунад.
Сюзан Ҳант дар китоби худ «
Ман зарурати итоаткориро мантиқан исбот карда наметавонам. Мантиқ умуман нотавон аст, ҳангоме фаҳмондан лозим аст, ки чаро Исо тамоми ҷалол ва зебоии осмонҳоро тарк кард, то ки зебоии осмониро ба мо ато намояд. Итоаткорӣ ба чаҳорчӯбаи мантиқ намеғунҷад, моҳияти итоаткорӣ дар муҳаббат аст.
Исо моро чунон дӯст дошт, ки ихтиёран ба салиб рафт. Фармудаи Ӯ чунин аст: занҳо бояд ба шавҳарон итоат кунанд. Ин аторо мо метавонем ихтиёран ба марде диҳем, ки ваъда додаем, то дар итоат ба Наҷотдиҳандаи маҳбуб дӯсташ дорем. <…>
Худо гуфтааст, ки ба мард мададгор даркор аст. Зани ҳақиқӣ аз ин вазифа шод мешавад ва шавҳари худро дастгирӣ мекунад, на ин ки ба ӯ муқобилат менамояд, ба ӯ ҳамдардӣ мекунад, на ин ки ӯро идора карданӣ мешавад, шарики ӯ мегардад, на ин ки мухолифи ӯ мешавад. Ӯ на намоишкорона, балки самимона итоат мекунад.
Зани ҳақиқӣ аз итоат кардан наметарсад. Ӯ ҳуқуқи худро талаб намекунад, кӯшиш намекунад вазъиятро идора намояд. Тарси ӯ дар партави ваъдаи Масеҳ оиди дар ӯ сокин будан нопадид мешавад. Итоаткорӣ — танҳо зоҳиршавии боварии ӯ ба қувваи номаҳдуди Худованд Худост. Итоаткорӣ — далели кафорати ӯст.4
Ҳангоме мо аз занҳо мепурсидем, ки онҳо ба кадом дурӯғ бовар мекарданд, ин навъи дурӯғ дар рӯйхат сеюм буд. Ҳеҷ чиз занҳоро ба монанди бефаъолиятии мардҳо нохуш намекунад. Албатта, ин нав нест. Ва ин аллакай дар боғи Адан рӯй дода буд:
Ва зан дид, ки он дарахт барои хӯрок хуб аст... ва аз меваи он гирифта, хӯрд; ва ба шавҳари худ низ дод, ва ӯ хӯрд .
Ин порча дар тасаввури ман манзараи даҳшатовареро тасвир менамояд. Ҳамсарон дар Боғ сайру гашт мекунанд. Мор ба онҳо наздик мешавад, шавҳарро сарфи назар мекунад ва маҳз бо зан гуфтугӯ мекунад, агарчи медонад, ки Худо шавҳарро бар зан ҳукмфармо гузоштааст, ва ҳар ду зери ҳокимияти Худо мебошанд. (Аҳамият диҳед, ки чӣ тавр шайтон бевосита ба зан муроҷиат намуда, тартиби илоҳиро вайрон карданӣ мешавад.) Шайтон гуфтугӯро аз саволи зерин сар мекунад: «…Оё Худо ҳақиқатан гуфтааст, ки аз ҳамаи дарахтони боғ нахӯред?»(Ҳас. 3:1).
Аҳамият диҳед, ки зан дар ин ҷо кадом корро
Сипас, дар рӯ ба рӯи интихоб ӯ ҳамаи ихтиёрро ба даст мегирад. Ӯ бо шавҳараш маслиҳат намекунад, фикри ӯро намепурсад, ӯ фақат амал менамояд: «…ва аз меваи он гирифта, хӯрд…» (Ҳас. 3:6).
Аммо Одам дар ин вақт чӣ кор мекард? Ӯ он кореро мекард, ки, аз рӯи суханони бисёр занон, шавҳарон доимо мекунанд:
Худо мардро аввал офарид ва ба дӯши ӯ ӯҳдадории
Зан, ки аз мард офарида шуда буд, барои дастгирӣ намудани ташаббуси шавҳари худ офарида шуда буд. Ҳатто фарқиятҳои физиологии байни марду зан ин фарқи бунёдиро ифода мекунанд.
Аммо дар ин қисса кӣ сарвар аст, ва кӣ киро мехӯронад? На мард, балки зан. Ва кӣ қабул мекунад? На зан, балки мард. Дар ин ҷо чизе нодуруст аст. Ва аз ҳамон вақт чунин вайронкунии тартиб дар ҳаёти писарон ва духтарони аввалин ҷуфти оилавӣ ба амал меояд. Ин табдили нақшҳо баъди гуноҳкоршавӣ барои муносибатҳои мардону занон маъмулӣ гардид.
Аз ҳамон рӯзи шум дар боғи Адан сар карда, дар занҳо хоҳиши рафънашавандаи назорат намудани мардон, идора кардани онҳо ва соҳибихтиёр будан пайдо шудааст 5. Мо майл ба он дорем, ки ҳамаи ихтиёрро ба дасти худ гирем, ташаббус нишон диҳем, аммо бо амри тақдир мо ҳамчунин мехоҳем қабул намоем ва ҷавоб диҳем, мехоҳем, ки мард ягон кор кунад, — Худо моро чунин офаридааст.
Чун дар мавриди Одам ва Ҳавво, мо ба таври ғаризавӣ дар ин мушкилӣ якдигарро айбдор мекунем. Мо дарҳол тамоми айбро ба шавҳарони бефаъолият бор мекунем ва мегӯем, ки агар онҳо андаке фаъолтар мебуданд, агар онҳо
• «Шавҳари ман кор намекунад. Агар ман кор намеёфтам, мо аз гуруснагӣ мемурдем!»
• «Агар ман ба шавҳарам имкон диҳам, ки масъалаҳои молиявиро ҳал намояд, ӯ дарҳол оиларо ба хонахаробӣ мерасонад».
• «Ӯ дар тарбияи фарзандонамон иштирок кардан нaмехоҳад. Агар ман онҳоро ҷазо намедодам ва ба кардани амалҳои дуруст маҷбур намекардам, онҳо тамоман бетарбия мешуданд!»
Ман худам шахси нисбатан фаъол мебошам ва медонам, ки ин чист, ҳангоме ки баъзе мардҳо бефаъолият буда, ҳеҷ кор кардан намехоҳанд. Дар давоми солҳои зиёд ман дар маҷлисҳои зиёде иштирок намудаам. Дар онҳо мардҳои имондор ҳузур доштанд, ва ба ман лозим меомад, ки ҳангоме онҳо ба қадри кофӣ боғайрат набуданд (чуноне ки ман гумон мекардам), хомӯш бошам, то ки дахолат накунам ва ташаббусро ба дасти худ нагирам.
Аммо, муносибатҳои мардону занонро мушоҳида намуда ва натиҷаҳои амалҳои худро дар чунин мавридҳо оқилона баҳо дода, ман бисёр вақт фикр мекунам: магар худи мо, занҳо, ба фаъол будани мардҳо халал намерасонем, магар онҳоро аз ташаббускорӣ маҳрум намекунем, ҳангоме ки худамон амал менамоем ва интизор намешавем, ки Худованд онҳоро ба амал водор намояд? Бо ин кор мо хоҳиши мардонро дар мавриди ба пеш ҳидоят намудани мо барҳам медиҳем.
Илова ба ин, ҳангоме ки онҳо ба ҳар ҳол аз пайи коре мешаванд, занҳо, ки мардон аз онҳо дастгирӣ ва рӯҳбаландкуниро интизоранд, корҳои онҳоро ислоҳ мекунанд ва мегӯянд, ки худашон аз ӯҳдаи ин кор беҳтар мебаромаданд.
Maн дар ёд дорам, ки як мард нақл мекард, ки чандин сол пеш, дарҳол пас аз тӯй, ӯ аз занаш хоҳиш кард, ки ҳамроҳи ӯ дуо гӯяд. Ҳангоме ки онҳо дуоро ба охир расонданд, занаш ӯро барои тарзи дуогӯияш танқид кард. Ҳайратовар нест, ки баъди чандин сол шавҳари ӯ гуфт: «Ман қарор додам, ки дигар бо занам якҷоя дуо нагӯям». Ӯ бо инкор шудани мардии худ муросо карда наметавонист. Фақат баъди чандин сол Худо дили ӯро бо файз нав кард, ва ӯ қарор дод, ки боз зани худро дар дуо пеш барад.
Воқеият чунин аст, ки дар аксари мавридҳо, ҳангоме ки зан ташаббус нишон медиҳад, мард розӣ мешавад, ки дар наздаш истода мушоҳида кунад. Аз рӯи суханони Элизабет Райс Ҳэндфорд,
...аксари мардон ҷанҷолро бад мебинанд. Онҳо бесарусомонӣ ва бетартибиро дӯст намедоранд. Онҳо ба ҳама кор розӣ мешаванд, танҳо ба хотири он ки дар хона осудагӣ бошад. Онҳо ба зан имкон медиҳанд, ки ҳама корро мувофиқи хости худ кунад, танҳо ба хотири он ки баҳсу мунозира нашавад. Аммо музди ин осоиш — мардонагии онҳост. Пеш аз он ки шикоят кунед, ки шавҳар нақши сарвари оиларо ба ҷо намеоварад, дили худро бо диққат тадқиқ намоед. Оё шумо ба нуқтаи назари шавҳаратон боварӣ мекунед? Оё шумо тайёред ба қарорҳои ӯ итоат намоед? Агар не, шикоят накунед, ки ӯ ташаббус зоҳир намекунад. Ба хотири осоиш ӯ барои нуфуз ва эътибор мубориза намебарад.6
Дар ду курсӣ дар як вақт нишастан ғайриимкон аст. Мантиқ надорад, ки ҳама чизро зери назорат гирифта, дар айни ҳол интизор бошед, ки мардҳо фаъол мешаванд, ташаббусро ба даст мегиранд ва ба «сарварони рӯҳонӣ» табдил меёбанд. Гоҳо ман аз занҳое ки аз бефаъолиятии шавҳаронашон ошуфта ҳастанд, мепурсам: «Агар шумо дахолат накарда, мустақилона амал наменамудед, чӣ мешуд?» Шумо гумон мекунед, ки кор кофтан даркор аст, чунки шавҳаратон кор намекобад? Ҳангоме ки ӯ гурусна мемонад, дарҳол ба кор сар мекунад! Шумо гумон мекунед, ки масъалаҳои молиявӣ бояд дар дастони шумо бошанд, чунки ӯ пулро дуруст истифода бурдан наметавонад? Шояд ӯ шуморо хонахароб мекунад. Аммо шояд фақат бо ҳамин восита Худо метавонад диққати ӯро ба ин масъала ҷалб намояд ва ӯро дигаргун кунад. Шумо бояд ба ӯ имкон диҳед, ки хатоҳо содир кунад ва дар айни ҳол бовар кунед, ки дар ниҳояти кор бехатарии шуморо на шавҳаратон, балки Худо таъмин мекунад, ки Ӯ ҳеҷ гоҳ шуморо ба ҳолати ногувор намемонад.
Дар Китоби Муқаддас Соро намунаи занест, ки шавҳари худро эҳтиром менамояд ва ба ӯ итоат мекунад. Аммо ба ҳар ҳол боре, ҳангоме чунин метофт, ки Худо хеле дер амал менамояд, ӯ ба дом афтид ва кӯшиш кард, ки мустақилона роҳи ҳалли масъаларо ёбад. Даҳ сол пеш Худо ба шавҳари ӯ Иброҳим ваъда дода буд, ки ӯ авлодони бисёр хоҳад дошт ва онҳо халқи бузурге мешаванд. Акнун ӯ аллакай 76-сола буд, ва ҳанӯз фарзанд надошт. Ӯ аз интизорӣ хаста шуда, қарор дод, ки бояд чорае андешад, ва ба шавҳари худ фишор овард, то ки ақаллан ягон кор кунад:
...ӯро Ҳоҷар ном канизи мисрие буд. Ва Сорай ба Абром гуфт: “Инак, Парвардигор маро аз зоидан боздошт; бо канизи ман бихоб; шояд, аз вай фарзанддор шавам”. Ва Абром ба сухани Сорай даромад.
Соро қарор дод, ки анъанаи қадимиро истифода барад, ки аз рӯи он зани безурёт ба воситаи яке аз канизаконаш фарзанддор шуда метавонист. Дар аввал нақшаи Соро муваффақиятнок метофт — Ҳоҷар баъди чанде ҳомила шуд. Аммо ба зудӣ вазъият дигаргун шуд, муносибатҳои зани бефарзанд ва канизаке ки интизори фарзанд аст, тоқатфарсо шуданд, ва Соро боз ба Иброҳим муроҷиат намуда, гуфт: «…дар озори ман айбдор ту ҳастӣ…» (Ҳас. 16:5).
Пас аз 13 сол, ҳангоме ки Соро аллакай 90-сола буд, Худо боз ба онҳо зоҳир шуд, то ки ба Иброҳим ва занаш кӯдаки Худро диҳад. Исҳоқ бояд ба ҳамсарони пиронсол, ва низ ба ҳамаи наслҳои ояндаи одамон бояд баракати бузург меовард. Аммо Исмоил, писари Иброҳим аз Ҳоҷар, доимо сабабгори ихтилофоти волидон мешуд. Соро бисёр вақт ба гузаштаи худ нигариста, бо таассуф мегуфт: «Чаро ман Худовандро интизор нашудам? Чаро ман худам аз пайи илоҷи кор шудам?»
Мо метавонем масъалаҳоро мустақилона ҳал кунем ва ҳатто зуд ба натиҷаҳо ноил шавем. Аммо дар ниҳояти кор мо афсӯс мехӯрем, ва аз касоне ки гӯё моро ба ин иқдоми нодуруст водор намудаанд, нафрат хоҳем кард.
Моро аз хоҳиши идора кардани мардони атрофамон чӣ озод карда метавонад? Мо бояд
Ба Парвардигор умедвор бош, устувор бош, ва дилат қавӣ хоҳад шуд; ба Парвардигор умедвор бош
Душман моро маҷбур мекунад, то бовар намоем, ки дар вазъияти гӯё ноилоҷи мо роҳи баромади «дуруст» нест. Ин дурӯғ боиси ба вуҷуд омадани як «фарҳанги оиладориҳои барҳамхӯрда» гардидааст.
Ҳа, оиладорӣ кори душвор аст, ва оиладории хуб — аз он ҳам душвортар. Ҳамаи ҳамсарон ба кадом як маъно ба якдигар «мувофиқат надоранд», чунки мардҳо ва занҳо тамоман аз ҳамдигар фарқ мекунанд, ва алалхусус бояд зикр кард, ки ҳар як оиладорӣ — иттиҳоди ду шахси табиатан худпараст мебошад. Одамоне ки дар як хона зиндагӣ мекунанд, гоҳо ба якдигар дилсахтона муносибат мекунанд, якдигарро озор медиҳанд, байни онҳо гоҳо нофаҳмиҳо ба вуҷуд меояд, онҳо на ҳамеша метавонанд эҳтиёҷоти якдигарро қонеъ намоянд. Оиладор шудан ва «умри дарози хушбахтона ба сар бурдан» танҳо дар афсона имконпазир аст. Ҳеҷ гоҳ аз он рӯзе ки дар боби 3-юми Китоби Ҳастӣ тасвир карда шудааст, дар рӯи замин оиладории идеалӣ вуҷуд надошт. Ҳамин ки дилдодагон дар маросими ақди никоҳ «ҳа» мегӯянд, Мор сари баднамои худро бардошта, ба вайрон намудани ин оиладорӣ сар мекунад. Ӯ медонад, ки ҳар як ҷудошавӣ — ҳуҷумест ба Худо ва ба тимсоли заминии кафорати илоҳӣ. Ҳанӯз то анҷомёбии базми арӯсӣ Душман ба ҷустуҷӯи имконияте сар мекунад, ки дар дилҳои навхонадорон тухми фиреб корад.
Фиреб одатан аз дурӯғи ошкоро, ки онро ба осонӣ пай бурда, рад кардан мумкин аст, сар намешавад. Он аз нимҳақиқате сар мешавад, ки бо нимдурӯғ омехта аст. Он ноаён, аз фикрҳое ки
Ҳамин тариқ, ҳамсари шумо санаи шиносшавиатонро фаромӯш мекунад. Ё ин ки ӯ...
• ба вохӯрӣ як соат дертар меояд ва телефон карданро фаромӯш мекунад;
• пешакӣ бо шумо маслиҳат накарда, ҳар дуи шумоёнро ба хизматгузории ихтиёрии кӯдакона дар калисо номнавис мекунад;
• ба волидони худ ваъда медиҳад, ки шумоён дар Иди Милод ба хонаи онҳо меравед, агарчи шумо умедвор будед, ки Иди Милодро дар хонаи волидони худ гузаронед;
• ё яке аз ҳазорон «озорҳо»-ро ба шумо лоиқ мебинад.
Дар дил ранҷишро нигоҳ доштан ба ҷои бахшидан ва аз даъвоҳои худ даст кашидан маънои онро дорад, ки шумо дар рӯ ба рӯи дурӯғе ки бо мурури замон афзун шудан мегирад, бе ҳимоя мемонед.
• Ӯ ҳамеша фақат оиди худ фикр мекунад.
• Ӯ парвое надорад, ки маро ранҷондааст.
• Бо ӯ зистан ғайриимкон аст.
• Ӯ ҳеҷ гоҳ дигаргун намешавад.
• Кадом як мард дар ҷои кор ё дар калисо аз ӯ хеле ғамхортар ва меҳрубонтар аст. Ана он шахс ба занаш ин тавр муомила намекунад!
• Оиладории моро наҷот додан ғайриимкон аст.
• Ман хеле хушбахттар мебудам, агар ба _________ (марди дигар) ба шавҳар мебаромадам.
• Агар шавҳарам маро дӯст надорад ва ҳурмат накунад, ман ҳақ дорам ӯро тарк намоям.
• Гоҳо ду шахс якҷоя зиста наметавонанд — аз афташ, мо барои якдигар офарида нашудаем.
• Назар ба оиладории бадбахтона беҳтараш ман ҷудо шавам.
• Ман интихобе надорам. Ман дигар бо ӯ зиндагӣ карда наметавонам.
Аз рӯи ин сценарий зан худро бовар мекунонад, ки пурра ва комилан (ё аксаран) шавҳари ӯ айбдор аст. Ӯ эҳтиёҷоти шавҳар ва ноҳақ будани худро намебинад, ё, ақаллан, ба айби шавҳар назар ба айби худ хеле бештар диққат медиҳад. Ӯ айби худро ба воситаи телескоп мебинад, ва айби шавҳарашро — ба воситаи микроскоп. Ӯ гуноҳкор будани худ, ва ба файзи Худо эҳтиёҷ доштани шавҳарашро эътироф намекунад. Зиёда аз ин, ҳаёти ӯ дар атрофи шахсияти худи ӯ марказонида шудааст — ӯ фақат оиди хушбахтӣ ва озорҳои худ фикр мекунад. Ӯ назар ба оштӣ бо шавҳар ва аз ҷониби Худо тақдис ёфтани ҳаёти якҷояи онҳо, бештар ба ҳалли мушкилоти худ ва қонеъ намудани эҳтиёҷоти худ ҳавасманд аст. Ӯ намебинад, ки барои шавҳари худ метавонад сарчашмаи файзи Худо шавад ё чунин нархро пардохтан намехоҳад.
Аз ҳама муҳимаш он аст, ки ӯ Худоро аз воқеаҳои рӯйдода берун кардааст. Ӯ намефаҳмад, ки Худо оиладориро бо мақсади муайян муқаррар намудааст. Ӯ ҳамчунин намефаҳмад, ки Худо мушкилот ва норасоиҳои шавҳари ӯро ба мақсади Худ истифода бурда метавонад. Ӯ ҳатто кӯшиш намекунад ба қувваи фавқуттабиии Худо бовар намояд, ки метавонад ҳам ӯро ва ҳам шавҳари ӯро дигаргун кунад, метавонад оиладории онҳоро ба як чизи гаронбаҳо ва олидараҷа табдил диҳад. Ӯ ба ҷудошавӣ саъй намуда, хушбахтӣ ва некӯаҳволии худро аз нуқтаи назари Худо оиди ҷиддияти ваъдаҳои никоҳӣ ва вайрон кардани онҳо болотар мегузорад.
Ҳамин гуна иштибоҳ Анеттро водор намуд, ки ба чунин хулоса ояд:
Ранҷишеро, ки солҳо инҷониб ҷамъ шудааст, бо усулҳои илоҳӣ паси сар кардан лозим аст, вагарна кас чизеро, ки ҳеҷ гоҳ ба он бовар намекард, сафед мекунад ва қарорҳое қабул менамояд, ки ҳеҷ гоҳ таҳсин намекард. Сипас дили инсон сахт мешавад, ӯ умедро аз даст медиҳад, — пас, ба доми душман меафтад, дар тӯрҳои дурӯғи ӯ побанд мегардад.
Ягона воситаи баркандани ин доираи сарбаста ва ба даст овардани озодӣ — рад кардани он дурӯғе ки бар ақл ва эҳсосот дастболо шудааст, ва ба он муқобил гузоштани ҳақиқатест, ки дар Каломи Худо ошкор карда шудааст. Ана он:
• Чунин оиладорӣ нест, ки онро Худо шифо дода натавонад. Чунин шахс нест, ки Худо ӯро тағйир дода натавонад.
• Мақсади асосии оиладорӣ на дар он аст, ки хушбахт бошед, балки дар он аст, ки Худоро ҷалол диҳед ва муҳаббати кафораткунандаи Ӯро инъикос намоед.
• Худо «кунҷҳои тез»-ро барои он истифода мебарад, ки ҳамсарро дигаргун кунад ва ӯро ба Масеҳ монанд намояд. Сустиҳои ҳамсаратон дар дастони Худо асбобе шуда метавонанд, ки барои зани тақводор шудани шумо ёрӣ мерасонад.
• Муҳаббати ҳақиқӣ — Муҳаббати Худо — бешарт аст ва ҳеҷ гоҳ тамом намешавад. Мо худамон, бе ёрии Худо, ба таври ҳақиқӣ дӯст дошта наметавонем. Аммо агар мо ба Худо имкон диҳем, Ӯ метавонад бо дили мо ҳар гуна шахсро дӯст дорад. Муҳаббат — на ҳиссиёт, балки қарор оиди амал намудан ба манфиати шахси дигар аст. Ҳатто агар ба шахс ҳиссиёти гарм надошта бошем ҳам, бо марҳамати Худо мо метавонем дӯст доштани ӯро ёд гирем.
• Оиладорӣ аҳд аст. Худои мо — Худо аҳд аст. Ӯ ваъдаҳои Худро дар назди Исроил ба ҷо меовард, агарчи Исроил ба ӯ рӯҳан хиёнат мекард «аз пайи хушдоронаш мерафт» (ниг.: Ирм. 11:10; Ҳизқ. 20:16; Ос. 2:13). Худованд Исо ваъдаҳояшро, ки ба Арӯси Худ — Калисо додааст, ба ҷо меоварад, ҳатто агар мо ба Ӯ вафодор набошем ҳам. Ва азбаски Худи Ӯ ба ваъдаҳояш вафодор аст, мо низ набояд аҳди никоҳиро, ки чун тасвири муносибатҳои кафоратии байни Худо ва халқи Ӯ андешида шудаанд, вайрон намоем.
• Худо ба мо фармудааст, ки ҳамеша бахшем.
• Вафодории шумо ва майл ба муҳаббати фидокорона ба шавҳаратон боиси шифоёбии рӯҳонии ӯ гардида метавонад. Айнан ҳамин тавр азоби Масеҳ моро шифо дод (ниг.: 1 Пет. 2:24–25; 1 Қӯр. 7:12–14).
• Агар шумо як ҳамсарро бо дигаре иваз намоед, мушкилоти шумо ҳал намешаванд (аз рӯи ҳисоббарориҳои оморӣ, оиладориҳои такрорӣ боз бештар бо ҷудошавӣ меанҷоманд).
• Худо ҳеҷ гоҳ шуморо тарк намекунад. Новобаста ба вазъиятҳои ҳаётии шумо, Ӯ дар назди шумо буда, шуморо ба сӯи нур мебарад.
• Шояд, дар ин ҳаёт шумо барои вафодорӣ мукофот намегиред, он шуморо танҳо дар абадият интизор аст. Аммо вафодорӣ ба ҳар ҳол
Чандин сол пеш зане пас аз конфронсе ки дар он ман баромад кардам, ба ман хатчае фиристод. Дар сатри якум чунин навишта шуда буд:
Аз паси он якчанд ҷумлаҳои алоҳида буданд, ки ҳар яке аз сари хат навишта шуда буданд. Ин ҷумлаҳо ба ман қиссаи ҳаяҷонбахши занеро, ки роҳро аз дурӯғ сӯи ростӣ, аз асорат сӯи озодӣ ҷустуҷӯ мекард ва пайдо намуд, ҳикоят намуданд:
Душман бандҳои оиладориро ба як чизи тарснок ва нафратовар табдил додааст. Дурӯғи ӯ хеле таъсирнок аст, ва исботи ин — оилаҳои зиёди барҳамхӯрда ва тақдирҳои вайроншуда мебошанд. Фақат ҳақиқат метавонад оиладории шуморо кафорат намояд, барқарор кунад ва нав гардонад.
ДУРӮҒ
21. БАРОИ ХУШБАХТӢ БА МАН ШАВҲАР ДАРКОР АСТ.
ҲАҚИҚАТ
• Хушбахтӣ на дар оиладорӣ (ва на берун аз оиладорӣ) аст.
• Одаме нест, ки эҳтиёҷоти амиқи маро қонеъ карда тавонад.
• Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз ғайр аз Худо наметавонад маро ба таври ҳақиқӣ хушбахт гардонад.
• Худо ваъда додааст, ки оиди ҳамаи он чи ба ман даркор аст, ғамхорӣ мекунад. Агар оиладории ман Худоро ҷалол диҳад, Ӯ ба ман шавҳар медиҳад.
• Касоне ки ба Худо умед мебанданд, ҳамеша аз Ӯ чизи беҳтаринро ба даст меоваранд. Аммо касонеро, ки дар ақидаи худ исрор менамоянд, аксар вақт танҳо ноумедӣ интизор аст.
ДУРӮҒ
22. МАН БОЯД ШАВҲАРАМРО ДИГАРГУН КУНАМ
ҲАҚИҚАТ
• Ҳаёти тақводорона ва дуо — воситаҳои асосии таъсир ба шавҳар мебошанд.
• Барои дигаргун кардани шавҳар ба Худованд муроҷиат намудан самараноктар аст, назар ба ин ки худатон ин корро карданӣ шавед
ДУРӮҒ
23. ШАВҲАРАМ БОЯД БА МАН ХИЗМАТ КУНАД.
ҲАҚИҚАТ
• Агар ман интизор шавам, ки ба ман хизмат мекунанд, ҳатман ноумед мешавам.
• Агар ман кӯшиш кунам, ки ба дигарон хизмат намоям, ва дар ивазаш чизеро интизор нашавам, ҳеҷ гоҳ ноумед намешавам.
• Худо занро ҳамчун мададгори шавҳар офарид, на баръакс.
• Ҳангоме ки мо ба дигарон хизмат мекунем, мо ба шабоҳати Масеҳ дигаргун мешавем.
ДУРӮҒ
24. АГАР БА ШАВҲАРАМ ИТОАТ КУНАМ, БАДБАХТ МЕШАВАМ
ҲАҚИҚАТ
• Итоаткорӣ ба ман ҳимояти Худоро, ки «дили подшоҳ» дар дасти Ӯст, таъмин менамояд.
Ҳангоме ки ман аз зери итоати шавҳар мебароям, дар рӯ ба рӯи душман бе ҳимоя мемонам.
• Ба ҳукмфармоии худодод итоат намудан — беҳтарин шаҳодати иззату эҳтиром намудани Худост.
• Итоаткории эҳтиромона — воситаи бузурги таъсир ба шавҳарест, ки пеши Худо қадамгузор нест.
• Итоаткории зан ба ҳукми шавҳар рамзи итоаткории Калисо ба Худованд Исо аст.
ДУРӮҒ
25. АГАР ШАВҲАРАМ ФАЪОЛ НАБОШАД, МАН БОЯД ТАШАББУСРО БА ДАСТ ГИРАМ, ВАГАРНА МО ДАР ЯК ҶОЙ ИСТОДА; ПЕШ НАМЕРАВЕМ.
ҲАҚИҚАТ
• Худо мехоҳад, ки мард ташаббус нишон диҳад, ва зан — ба ӯ ҷавоб гӯяд.
• Агар зан ҳамаи ихтиёрро ба дасти худ гирад, ва интизори он нашавад, ки Худо шавҳари ӯро ба амал водор менамояд, шавҳар ташаббускор намешавад.
ДУРӮҒ
26. ГОҲО НАЗАР БА ОИЛАДОРИИ БАДБАХТОНА ҶУДО ШУДАН БЕҲТАР АСТ.
ҲАҚИҚАТ
• Оиладорӣ аҳдест барои тамоми умр, ин рамзи вафодории Худо ба аҳди Худ аст. Чуноне ки Ӯ ба аҳди Худ бо одамон вафодор аст, мо низ бояд ба аҳди никоҳии худ вафодор бошем.
• Чунин оиладорӣ нест, ки онро Худо шифо дода натавонад. Чунин шахсе нест, ки Худо дигаргун карда натавонад.
• Худо «кунҷҳои тез»-ро истифода мебарад, то ки ҳамсарро дигаргун кунад ва ба Масеҳ монанд намояд.
• Файзи Худо барои он кифоя аст, ки шумо вафодориро ба шавҳаратон нигоҳ доред, ӯро дӯст доред ва ба таври номаҳдуд бахшед.
1. Бо Худо РОЗӢ ШАВЕД.
Ба кадом дурӯғ оиди оиладорӣ шумо бовар кардаед?
2. Масъулиятро БА ЗИММА ГИРЕД.
Бовар ба ин дурӯғ чӣ гуна ба тарзи зиндагии шумо таъсир расонд (муносибатҳо ва рафтори шумо)?
3. Ҳақиқатро ЭЪЛОН НАМОЕД.
Ҳар як ҳақиқатро аз он чи дар боло зикр шудааст, бо овози баланд хонед. Кадоме аз онҳо ҳозир барои шумо махсусан муҳим аст?
Ақли худро бо Каломи Худо нав гардонед. Ин порчаҳоро бо овози баланд хонед. Ин оятҳо умуман оиди фаҳмиши илоҳии оиладорӣ ва хусусан оиди нақши зан чӣ мегӯянд?
Марқ. 10:6–9
Мас. 31:10–12
Эфс. 5:22–24, 32–33
1 Пет. 3:1–6
4. Дар асоси ҳақиқат АМАЛ НАМОЕД.
Шумо бояд кадом қадамҳоро гузоред, то ки ҳаётатон ба ҳақиқат мувофиқат кунад?
5. Аз Худо ХОҲИШ НАМОЕД, ки барои дар ростӣ қадамгузор буданатон ёрӣ диҳад.
БОБИ ҲАФТУМ.
ДУРӮҒЕ КИ ЗАНҲО БА ОН БОВАР МЕКУНАНД…
…ОИДИ ФАРЗАНДОН
Дили модар — ганҷинаест, ки дар он бузургтарин хурсандӣ ва даҳшатноктар ноумедиву дард нуҳуфтаанд. Новобаста ба он ки кӯдак дар варзиш маҳорати зиёд нишон медиҳад ё ин ки ҳатто хуб роҳ гашта наметавонад, боақл аст ё дар инкишоф ақиб мондааст, директори ширкати калон мешавад ё ҷинояткори ашаддӣ, модар ҳеҷ гоҳ барои фарзанди худ, ки замоне ӯро дар гаҳвора навозишкорона мехобонд, умедвор шудан, орзу кардан ва барои ӯ ташвиш кашиданро бас намекунад. Маҳз ин муносибатҳои нозуктаринин инсонӣ — муҳаббат ба ҷисм ва хуни худ — соҳаи таъсирпазиртарини занҳо мебошад. Чун дар ҳама ҷо, дар ин ҷо шайтон як қатор ақидаҳои бардурӯғ дорад, ки барои ба занҳо талқин намудани дурӯғ оиди фарзандон ва нақши модар истифода мебарад.
Ин дурӯғро талқин намуда, шайтон кӯшиш мекунад на фақат модаронро дудила кунад, балки ин дурӯғро ба наслҳои минбаъда расонад, то ки онҳо ҳақиқатро надонанд ва қувваи озодкунандаи онро дарк накунанд.
Дар ин боб мо мехоҳем диққат шуморо ба баъзе ақидаҳои бардурӯғи ниҳонӣ ва «нимҳақиқатҳо» ҷалб намоем, ки дар ҷаҳони масеҳӣ васеъ паҳн шудаанд. Ин ақидаҳо дар оилаҳои масеҳӣ бисёр мушкилоти ҷиддиро ба миён овардаанд. Агар мо дар ростӣ устувор гардида, ин дурӯғро ошкор насозем ва рад накунем, пас бо ҳар як насли минбаъда он чун лӯндаи барф калон шудан мегирад.
Имрӯз пагоҳӣ дугонаам аз иёлати дигар ба ман телефон карда, гуфт, ки фарзанди чорумро интизор аст. Ӯ ва шавҳараш аз ин хабар хеле хурсанд мебошанд, аммо пай бурданд, ки на ҳама ба ин амали онҳо ҳамфикр мебошанд. «Медонӣ, — гуфт ӯ, — суханони сахттаринро ман дар калисои худамон шунидам!» Ӯ иқрор шуд, ки ақидаҳои манфӣ гоҳо ӯро ба шубҳа меандозанд: «Шояд ман ягон хел зани беақл бошам?»
Худо — Офаридгор ва Бунёдкунандаи ҳаёт аст. Боиси ҳайрат нест, ки шайтон, душмани ашаддии Худо, ҳаётро дӯст намедорад. Ӯ ҳамеша кӯшиш мекард онро нобуд намояд. Ӯ Одам ва Ҳавворо бовар кунонд, ки аз меваи манъшуда хӯранд, агарчи медонист, ки он гоҳ онҳо мемиранд, чуноне ки Худо огоҳ карда буд. Ҳангоме ки Одам ва Ҳавво соҳиби ду писар шуданд, шайтон ба писари калонӣ фикри куштори бародари хурдиро талқин намуд.
Шайтон дузд аст, дар ин бора Исо гуфта буд; ӯ дуздест, ки «танҳо барои он меояд, ки бидуздад,
Аз ҳамин сабаб шайтон ҳеҷ гоҳ аз таваллуди кӯдакон хурсанд намешавад. Ҳар як кӯдаки таваллудшаванда дар оянда файзи Худоро қабул намуда ва шаҳрванди Подшоҳии Худо гардида, нақшаҳои ӯро вайрон карда метавонад. Ва аз ҳамин сабаб ӯ ҳама корро мекунад, то ки ба фарзанддоршавии занҳо халал расонад, — масалан, ӯ ба онҳо талқин мекунад, ки тавалуд кардан ва ҳифз намудани ҳаётро, ки Худо муқаррар намудааст, нахоҳанд.
Исқоти ҳамл, куштани кӯдакон ва ҳомосексуализм — танҳо баъзе намунаҳои вайрон кардани ҳаёт аст, ки дар фарҳанги мо қобили қабул ва ҳатто одатӣ шудаанд. Масеҳиёне ки ба Китоби Муқаддас боварӣ доранд, дарҳол ин корҳои иблисонаро рад мекунанд. Аммо ҳангоме ки сухан дар бораи дигар ҷанбаҳои ин масъала меравад, ҷаҳони инҷилӣ, аз ҷумла бисёр «ҳимоятгарони ҳаёт» нуқтаи назари худро на он қадар устуворона ҳимоя мекунанд, ва ба пешгирӣ намудани ҳомилагӣ ҳеҷ муқобилат намекунанд.
Яке аз изҳороти бунёдии идеологияи феминистӣ ҳамеша он буд, ки зан ҳақ дорад худаш ҳал кунад, ки оё ӯ фарзанд таваллуд мекунад ё не, ва агар ҳа, пас чӣ қадар ва кай. Суламит Файрстоун, нависандаи машҳури феминисти солҳои 60-ум – 70-ум, инро чунин тасвия додааст: «Решаи истисмор ва асорати зан — вазифаи таваллуд кардан ва тарбия намудани фарзандон аст»1.
Ҷаҳони масеҳӣ беихтиёр бо ин консепсия розӣ шуд, ва ҳамроҳи он контрасепсия, стерилизатсия ва «ба нақша даровардани оила» чизи маъмулӣ гардид. Дар натиҷа миллионҳо занҳои масеҳӣ ва оилаҳои масеҳӣ, худашон пай набурда, дар кӯшиш маҳдуд намудани таваллуди кӯдакон ва ҳамин тариқ зарар расондан ба ҳаёт ҳамкорони шайтон шудаанд.
Мэри Прайд дар ин бора дар китоби худ «
Ба нақша гирифтани оила модари исқоти ҳамл аст. Пеш аз он ки исқоти ҳамл маъмул гардад, ба як насли пурраи одамон талқин кардан лозим буд, ки ба хотири роҳати худ миқдор ва вақти таваллуди кӯдаконро ба нақша даровардан даркор аст. Мо, масеҳиёни замони ҳозира, зидди исқоти ҳамл овоз баланд мекунем, ва ин дуруст аст. Аммо мо бо ин проблема фақат аз он сабаб бояд мубориза барем, ки ҳанӯз сӣ сол пеш дар як муҳорибаи дигар мағлуб шуда будем. Ҳамин ки оилаҳо фарзандонро амали дастони худ меҳисобидагӣ шуданд, ки онро мувофиқи хости худ «ба нақша даровардан» мумкин аст, одамон умуман ҳаёти инсониро қадр намекардагӣ шуданд.
...Исқоти ҳамл — пеш аз ҳама мавқеи дили шумост. «Ман муҳимтар ҳастам». «Кори ман муҳимтар аст». «Обрӯи ман муҳимтар аст». «Роҳати ман муҳимтар аст». «Нақшаҳои молиявии ман муҳимтар мебошанд. Ва ғайра. Аммо охир маҳз чунин ақидаҳо дар асоси ба нақша даровардани оила мебошанд, ки онро калисоҳои мо аллакай се даҳсола инҷониб мавъиза мекунанд! 2
Аксари одамон, аз он ҷумла имондорон, ҳаҷми оилаи худро муқаррар мекунанд, аммо ҳатто дарк намекунанд, ки сабаби ин амал тарс, худпарастӣ ва мантиқи инсонии онҳост:
• «Чӣ тавр мо боз як кӯдакро ба дунё оварда метавонем? Маоши мо базӯр барои зиндагӣ мерасад. Ва ҳангоме ки музди омӯзиши онҳоро пардохтан лозим мешавад, чӣ кор мекунем?»
• «Ман аз ҷиҳати ҷисмонӣ дигар фарзанддор шуда наметавонам. Ду кӯдак барои ман кифоя аст, ман бе ин ҳам аллакай беқувват шудаам».
• «Агар мо боз фарзанддор шавем, ману шавҳарам дигар барои якдигар тамоман вақт нахоҳем дошт».
• «Дӯстони (ё волидони) ман чунин меҳисобанд, ки агар фарзандони мо бештар шаванд, пас мо беақл ҳастем. Онҳо бе ин ҳам фикр мекунанд, ки фарзандони мо зиёданд».
• «Агар мо ба Худованд имкон медодем, ки миқдори фарзандонамонро муқаррар кунад, аллакай бист фарзанд медоштем!»
Ҷаҳон мегӯяд: «Фарзанд доштан кори вазнин аст». Каломи Худо мегӯяд: «Фарзандон яке аз бузургтарин баракатҳо барои оила мебошанд». Аммо мо ба осмон нигариста мегӯем: «Худоё, ба мо дигар чунин баракатҳоро нафирист!»
Ҷаҳон мегӯяд: «Маъно ва мазмуни оиладорӣ дар он аст, ки туро хушбахт гардонад. Имкон дорад, ки ба ин мафҳум фарзандон дохил нашаванд». Каломи Худо, баръакс, таълим медиҳад, ки яке аз мақсадҳои муҳимтарини оиладорӣ — таваллуд кардан ва ба воя расондани фарзандонест, ки аз Худо битарсанд ва Ӯро эҳтиром намоянд (ниг.: Мал. 2:15).
Дар номаи якум ба Тимотиюс Павлус ба мо ёдрас мекунад, ки таваллуди кӯдакон нақши муҳими худодод аст, ки онро танҳо зан ба ҷо оварда метавонад. Павлус ба бевазанони ҷавон мегӯяд, ки онҳо «оиладор шаванд,
Албатта, ин маънои онро надорад, ки зан танҳо ба воситаи таваллуди фарзанд наҷоти абадиро ба даст оварда метавонад. Ин оят ҳамон сохтори грамматикиро дорад, ки насиҳати Павлус ба Тимотиюс дорад (1 Тим. 4:16): «Ба худат ва ба таълим диққат деҳ, доимо ба ин машғул бош; зеро, агар ҳамин тавр рафтор кунӣ, ҳам худатро наҷот медиҳӣ ва ҳам шунавандагонатро».
Павлус мегӯяд, ки кори Тимотиюс — мавъиза кардан аст ва ба ин вазифа вафодор будан тавбаи ҳақиқиро тасдиқ хоҳад намуд. Мавъиза кардан — на
Марям аз Носира — намунаи олидараҷаи занест, ки имони худро бо омодагии таваллуд кардан тасдиқ намуд, бо вуҷуди он ки ин дар нақшаи ӯ набуд. Мо метавонем танҳо тахмин кунем, ки дар дили духтари ҷавон чӣ гуна эътирозҳо пайдо шуда метавонистанд, ҳангоме ки фаришта ба ӯ эълон намуд, ки ӯ писар таваллуд мекунад:
• Ман ҳанӯз хеле ҷавонам! Ман ҳанӯз ба таваллуди кӯдак тайёр нестам!
• Ман бо Юсуф ва дӯстонам вақтро гузаронда наметавонам, ба ман лозим меояд, ки дар хона бо кӯдак шинам.
• Ман мехоҳам аввал дар хонаи навамон ҷойгир шавам.
• Одамон чӣ мегӯянд? Ҳеҷ кас маро намефаҳмад!
• Кӯдакдор шудан барои мо ҳанӯз душвор аст. Юсуф кори худро фақат акнун сар карда истодааст.
• Кӯдак айнан дар вақти саршумории аҳолӣ таваллуд мешавад, ва мо бояд дар шаҳри дигар бошем!
Аммо дар Навишта ишорае ҳам ба чунин фикрҳо ва шубҳаҳо нест. Ҷавоби Марям содда буд: «…инак, канизи Худованд ҳастам;
Ман аз Худо барои модарам миннатдорам, ки ба даъвати Худо айнан ҳамин тавр ҷавоб дод. Нэнсӣ Соссомон, сарояндаи болаёқат ва ояндадор, Арт Демоссро дар синни 19-солагӣ вохӯрд, ва онҳо тақрибан 5 сол бе фарзанд зиндагӣ кардан мехостанд, то ки Нэнсӣ касби сарояндагии худро давом дода тавонад. Аммо Худованд нақшаҳои дигар дошт. Дар давоми панҷ соли аввали оиладорӣ Худо ба онҳо шаш фарзанд дод! Дар баробари ин модарам ба соҳибкории падарам ёрӣ медод. Ва ҳамаи ин солҳо модарам ҳар як фарзандеро, ки Худо ба ӯ медод, аз он ҷумла фарзанди ҳафтумро, ки якчанд сол пас таваллуд шуд, бо хушнудӣ қабул менамуд. Ма ҳеҷ гоҳ аз ӯ шикваеро нашунидаам, ҳеҷ чиз ғайр аз шукргузорӣ ба Худо барои баракати фарзанддор ва модар будан.
Марям аз Носира ва модари ман — ин занҳо Худованд Исоро ситоиш мекунанд, ки Ӯ кӯдаконро қабул менамуд, ба онҳо вақт ҷудо мекард ва пайравонашро водор менамуд, ки ҳамин тавр кунанд (ниг.: Мат. 19:13–15).
Агар шайтон таваллуди кӯдаконро дар оилаҳои масеҳӣ пешгирӣ карда натавонад, ӯ ҳама корро мекунад, то ки ба волидон тасаввуроти бардурӯғро оиди тарбияи онҳо талқин намояд. Ӯ дар ин ҷо ҳамон тактикаро ба кор мебарад, ки ҳангоми гуфтугӯ бо Ҳавво истифода бурда буд. Шайтон Ҳавворо бовар кунонд, ки ӯ аз меваҳои манъшуда хӯрда, як чизи муҳимро мефаҳмад: «…дар рӯзе ки аз он бихӯред, чашмони шумо воз хоҳанд шуд, ва шумо, монанди Худо, донандаи неку бад хоҳед шуд» (Ҳас. 3:5). Шайтон рост гуфта буд — ҳангоме ки Ҳавво меваро хӯрд, чашмони ӯ кушода шуданд (ниг.: Ҳас. 3:7); ӯ ҳақиқатан чизеро фаҳмид, ки пештар намедонист, — бадӣ. Натиҷаи ин дониш шарм, айбдорӣ ва дур шудан аз Худо ва шавҳараш буд.
Худо намехост, ки мову шумо бадиро дар таҷрибаи худ фаҳмем. Ӯ мехоҳад, ки мо «дар некӣ хирадманд дар бадӣ соддалавҳ» бошем (ниг.: Рум. 16:19). Аммо шайтон мегӯяд: «Ту худат бояд ҳамаашро санҷида бинӣ». Ӯ ба волидон мегӯяд: «Фарзандони шумо бояд худашон ҳама чизро санҷида бинанд. Агар шумо онҳоро оиди ҳаёти воқеӣ дар бехабарӣ нигоҳ доред, онҳо наметавонанд ҷойи худро дар он ёбанд ва зинда монда тавонанд».
Аммо ҳақиқат тамоман дар чизи дигар аст: ҳақиқат на дар он аст, ки фарзандонеро ба воя расонем, ки дар ин ҷаҳон «ҷойи худро ёфтан» ва ё «зинда мондан» метавонанд. Вазифаи ҳар як оилаи масеҳӣ — ба воя расондани одамонест, ки Худоро бо тамоми дил, бо тамоми қувват, бо тамоми фаҳмиши худ дӯст медоранд, ва бо Худованд Исо муносибатҳои устувор барпо мекунанд ва ҳаёташон нури равшане мешавад, ки торикии атрофро мешикофад. Волидон-масеҳиён бояд кӯшиш кунанд, ки на танҳо фарзандони «хуб»-ро тарбия намоянд, балки фарзандонеро, ки бо хушнудӣ дар ростӣ зиндагӣ мекунанд, фарзандонеро, ки росткориро дӯст медоранд ва аз бадӣ нафрат доранд, фарзандонеро, ки Худо онҳоро барои
Ман барои волидонам Худоро ҳамеша шукргузорӣ менамоям. Онҳо дӯст доштани муқаддасӣ ва аз гуноҳ нафрат доштанро омӯхта буданд, на аз тарси он ки фарҳанги замони ҳозира ба мо зарар мерасонад, балки аз эҳтиром ва муҳаббат ба Худованд.
Агарчи волидонам мoро ба яке аз мактабҳои хуби хусусӣ дода метавонистанд, онҳо қарор доданд, ки мо дар мактаби на он қадар «сифатнок»-и масеҳӣ таҳсил мекунем. Баъзеҳо чунин меҳисобиданд, ки мо бояд маълумоти сатҳи болотар ба даст оварем, аммо волидони ман чунин меҳисобиданд, ки «Ибтидои ҳикмат тарси Худованд аст», ва ҳеҷ чиз моро беҳтар аз панду насиҳатҳои Каломи Худо ба ҳаёт тайёр намекунад.
Онҳо иқдомҳои аниқ менамуданд, то ки ақлҳо ва дилҳои ҷавони моро аз таъсири ин ҷаҳон ҳифз намоянд. Худо ба модари ман ҳикмат дод, то аниқ намояд, ки моро аз чӣ ҳифз намудан лозим аст, — ва инҳо чизҳое буданд, ки бисёр волидони имондори ҳозира ба онҳо комилан бетарафона муносибат мекунанд. Масалан, дар ҳоле ки қариб ҳамаи духтаракони ҳамсоли ман бо лӯхтакҳои Барбӣ бозӣ мекарданд, мо оиди онҳо қариб ҳеҷ чизро намедонистем. Модари мо хирадмандона чунин меҳисобид, ки агар духтарак бо лӯхтаке бозӣ кунад, ки пурра ба зани калонсол монанд аст, ин ба муносибати дуруст нисбати фарқиятҳои физиологии марду зан халал расонда метавонад.
Ҳангоме ки ман хурд будам, ҷамъияти мо дар талвосаи исёнҳо, корпартоиҳо ва инқилобҳо ҷонканӣ мекард. Диссидентҳо зидди ҷанг дар Виетнам баромад карда, дар кӯчаҳо роҳпаймоӣ менамуданд ва парчамҳоро оташ мезаданд. Миллионҳо ҷавонон ба маводи нашъаовар, секс ва мусиқии рок дода мешуданд. Маҳкамаи Олӣ қарор баровард, ки занҳо ҳақ доранд исқоти ҳамл кунанд. Хрущев таҳдид мекард, ки Иёлатҳои Муттаҳидаи Амрикоро нобуд мекунад. Мо оиди ин воқеаҳо медонистем, аммо на аз ахбори бегоҳирӯзӣ. Волидони ман чунин меҳисобиданд, ки баъзе хабарҳо на барои ақли кӯдакона мебошанд, ва онҳо ҳис мекарданд, ки худашон бояд тасаввуроти моро оиди рӯйдодҳои ҷаҳон ташаккул диҳанд.
Натиҷа? Ман чун кӯдаки «гармхонагӣ» калон шудам. То анҷом ёфтани мактаб ҳеҷ як сухани ҳақоратро нашунида будам. Ман оиди қаҳрамонони машҳури комиксҳо, филмҳо ё барномаҳои телевизионии он вақт қариб ҳеҷ чизро намедонистам. Аммо бо марҳамати Худо ва ба шарофати таъсири волидони хирадманд, ман он чиро медонистам, ки бисёрии ҳамсолони ман намедонистанд. Ман фарқи байни некӣ ва бадиро медонистам. Ман Навиштаро хуб медонистам — ғайр аз хониши ҳаррӯзаи Китоби Муқаддас дар хона ва таълими солим дар калисо, ман ду курси омӯзиши Китоби Муқаддасро аз аввал то охир гузаштам (онҳо ба барномаи мактабии мо дохил нашуда буданд). Ман бисёр порчаҳои Навиштаро аз ёд медонистам, бо доктринаҳои асосии масеҳӣ шинос будам ва бисёр сурудҳои калони масеҳиро аз ёд медонистам. Ман тарҷумаи ҳоли бисёр қаҳрамонони ҳақиқиро хонда будам, аз ҷумла Ҳадсон Тейлор, Ҷорҷ Мюллер, Уилям Кэрӣ ва Глэдис Эйлворд. Аммо аз ҳамаи ин «донишҳо» муҳимтаринаш имон ба Худованд Исо буд, ки маро дастгирӣ менамуд ва барои қабули қарорҳои дуруст берун аз хона ёрӣ мерасонд, ҳангоме ки ман ба ҷаҳон баромадам ва ҳаёти мустақилонаро сар кардам. «Имони падарони мо» имони ман гардид.
Ман бо ин худситоӣ намекунам, чунки ин ба шарофати на худи ман, балки Худованд ва волидонам аст, ки ба ӯҳдадории худ ҷиддӣ муносибат мекарданд ва фарзандони худро барои Худо тарбия менамуданд.
Фарзандон ба он чи аз кӯдакӣ мебинанд, одат мекунанд, ҳангоме ки раванди ташаккули шахсият ба амал меояд. Ман бисёр ҷавононро аз оилаҳои масеҳии «некрафтор» мешинохтам, ки оиди гурӯҳҳои мусиқии рок ва ситораҳои кино назар ба нахустпадарон ва ҳаввориён бештар медонистанд. Онҳо ҳамаи сурудҳои машҳурро медонанд, аммо сурудҳои бузурги имонро намедонанд. Ман метавонам фақат як хулоса барорам: онҳо ба он чи аз кӯдакӣ дида ва шунида буданд, майл пайдо намуданд.
Агар мо ба фарзандонамон иҷозат диҳем, ки мусиқӣ гӯш кунанд, филмҳоро тамошо кунанд, китобҳо ва маҷаллаҳоро хонанд, дар кӯчаҳо бо дӯстоне бекоргардӣ кунанд, ки ҳама кас ва чизро инкор мекунанд ва ба онҳо истифодаи алфози қабеҳ, секси озод, исён ва зӯровариро ёд медиҳанд, пас ҳангоме ки онҳо фалсафаи ин ҷаҳонро қабул мекунанд, набояд ҳайрон шавем.
Ҳозир, ҳангоме ки ман ин сатрҳоро менависам, дар кӯча 20 сантиметр барф аст. Ба гӯшаи хотири касе намеояд, ки дар чунин обу ҳаво ниҳоли нозукеро шинонад ва интизори он бошад, ки он месабзад. Барои ин гармхона ҳаст — он барои нашъунамо шароити оптималиро таъмин менамояд. Ва баъд, ҳангоме ки решаҳои растанӣ ба қадри кофӣ боқувват мешаванд, то ки ба обу ҳавои номусоид тоб оваранд, онро ба замин шинондан мумкин аст.
Ҳангоме ки ман 17-сола будам, волидон маро ба канори дигари Иёлатҳои Муттаҳидаи Амрико барои таҳсил дар донишгоҳи Калифорнияи ҷанубӣ фиристоданд. Ман дар оилаи хуби масеҳӣ зиндагӣ мекардам, ва дар ин ҷо ногоҳ он қадар озодии зиёд пайдо намудам, ки дар давоми умри худ ҳеҷ гоҳ надоштам. Ман метавонистам ба ҷои мехостаам равам, кори мехостаамро кунам. Аммо «мехоҳам»-и ман аллакай ташаккул ёфта буд — ман Худовандро дӯст медоштам ва он чиро, ки ба Ӯ писанд меояд, ба ҷо овардан мехостам. Ман на аз боиси тарс қарорҳо қабул мекардам, на за хавфи он ки волидон оиди ман чӣ фикр мекунанд, балки аз боиси он ки муқаддасӣ ва муҳаббати Худоро дарк менамудам. Он солҳо ман назарияҳои гуногуни фалсафиро, ки пеш бароям дастрас набуданд, меомӯхтам. Аммо он чи бо Каломи Худо мутобиқат надошт, маро ҷалб накард. Ман
Ман бо чашмони худ дар хона дида будам, ки бо тамоми дил дӯст доштани Худо ва бо хушнудӣ ба хости Ӯ итоат намудан чӣ гуна баракат аст. Чунин тарбия дар ман хоҳишеро ба вуҷуд овард, ки ба Худованд писанд оям ва дар ростӣ қадамгузор бошам.
Ҳавворӣ Павлус имондорони ҳамаи замонҳо ва халқҳоро огоҳ менамуд: «…худро ба ин дунё ҳамшакл насозед…» (Рум. 12:2). Ба ҷои ин мо бояд «ба воситаи навшавии ақл шакли тозае ба худ бигирем…» (Рум. 12:2). Мо набояд чун аксари масеҳиёни ҳозира зери таъсири фарҳанги худ бошем, балки ба ҷои ин бояд чунон аз Рӯҳулқудс ва Каломи Худо пур шавем, ки ҳаёти мо дигаргун намудани фарҳангро сар кунад. Дар назди волидони масеҳӣ имрӯз вазифае истодааст: наслеро ба воя расонанд, ки ба ин ҷаҳон тақлид намекунад, балки онро дигаргун менамояд.
Душман мехоҳад волидонро аз умеде маҳрум намояд, ки дар синни наврасӣ фарзандони онҳо муқаддасона, ба итоат ба Худо умр ба сар хоҳанд бурд. Бовар ба ин дурӯғ онҳоро маҷбур мекунад, ки синну соли гузариши фарзандонро на бо хушнудӣ, балки бо даҳшат интизор шаванд. Ӯ метавонад онҳоро водор намояд, ки ба рафтори исёнкоронаи фарзандони наврасашон тоб оваранд ва ё ҳатто онро сафед кунанд. Фарзандоне ки медонанд, ки волидон аз онҳо исёнро интизоранд, аз афти кор, мувофиқи интизории онҳо амал менамоянд.
Ва дар ин ҷо Инҷил пайдо мешавад. Ҳамин ки оилаи аввалин ба Худо беитоатӣ кард, Худо амалӣ намудани нақшаи кафоратии Худро сар кард — ягона воситаи наҷот додани онҳо аз исёни худи онҳо. Қурбонии ивазкунандаи Масеҳ ба гуноҳкорони афтода файзи Худоро ато намуд.
Худо мехост, ки ҳар як насли минбаъда файзи Ӯро қабул намояд, аҳдро риоя намояд ва онро ба фарзандони худ расонад. Ба волидони имондор супориши муқаддас дода шудааст, то ба фарзандон ёд диҳанд, ки ҳаёти худро ба Худованд Исо тобеъ кунанд. Волидон бояд фарзандонро ба «киштии наҷот» оваранд. Барои иҷрои ин вазифаи олӣ ва муқаддас ба одамон қувваи Рӯҳулқудс ва ваъдаҳои Худо дода шудаанд.
Сара Эдвардс, зани Ҷонатан Эдвардс, шубон аз Англияи Нави асри XVIII, шахси хеле рӯҳонӣ буд, ӯ кӯшиш мекард ба ҳақиқат бовар кунад ва онро дар ҳар як соҳаи ҳаёти худ амалӣ гардонад. Ӯ ин майли худро беш аз ҳама дар нақши модар зоҳир намудааст — ӯ 11 фарзанд дошт. Ҷонатан Эдвардс дар «Ёддоштҳо»-и худ менависад, ки Сара ба вазифаи худ боварӣ дошт ва ба фарзандон аз синни хурдсолӣ итоаткориро таълим медод:
Ӯ ба таври ҳайратовар фарзандонро хуб идора карда метавонист... ӯ танҳо як бор гап мезад, ва ба ӯ бо хушнудӣ итоат менамуданд, шиква ва эътирозҳо ба фарзандонаш шинос набуданд. Онҳо волидонро беандоза эҳтиром менамуданд... Баҳсҳо ба ҷидолҳо, ки дар байни кӯдакон ин қадар зиёд вомехӯранд, дар оилаи ӯ тамоман набуданд... Системаи интизомнокии ӯ дар ҳаёти кӯдак аз замони тамоман хурд будани ӯ ба фаъолият сар мекард, ва ӯ қоидаеро пайравӣ менамуд, ки ба якравии аввалин ва алалхусус ҳар як дафъаи навбатии якравӣ ё беитоатии кӯдак, ҳар қадар ӯ хурд бошад ҳам, муқобилат намояд, то даме ки иродаи ӯ пурра ба иродаи волидон тобеъ шавад. Ӯ хирадмандона чунин меҳисобид, ки то даме ки кӯдак ба волидони худ итоат карданро ёд нагирад, ба Худо итоат карда наметавонад.3
Ба қарибӣ модаре ба ман нақл кард, ки ҳангоме ки писари якумаш ҳанӯз хеле хурд буд, ӯ ба вай таълим медод, ки беитоатии бисёрии ҷавонон маънои онро надорад, ки ӯ низ дар синни гузариш бояд исёнкорӣ намояд. Ӯ ва шавҳараш ба кӯдакон орзуеро тӯҳфа намуданд — дигаргун будан, онҳо ба фарзандон нақл мекарданд, ки чӣ гуна инсонҳо шудан мумкин аст. Онҳо ҳамеша ба фарзандон дар намунаи худ нишон медиҳанд, ки интихоб намудани роҳи итоаткорӣ то чӣ андоза хуб аст.
Ҳангоме ки дар фарзандон тухмии исён ба нашъунамо сар мекунад, волидони хирадманд китф дарҳам кашида, намегӯянд: «Хайр, эҳтимол ҳамаи фарзандон бояд аз ин марҳила гузаранд». Онҳо мефаҳманд, ки фарзандони онҳо дигаргуниҳои физиологӣ ва гормониро аз сар мегузаронанд, ки боиси болоравӣ ва пастравии эҳсосот шуда метавонанд, аммо онҳо ба фарзандон ёд медиҳанд, ки эҳсосоти беитоати худро идора кунанд ва ба эҳсосот имкон надиҳанд, ки бар онҳо дастболо шаванд. Волидон мушкилоти ба миён меомадаро бо қатъият, аммо бо муҳаббат ҳал мекунанд, кӯшиш мекунанд осоишро ҳифз намоянд ва доимо ба фарзандон оиди Худованд шаҳодат медиҳанд. Ҳангоме ки фарзандон қарори нодуруст қабул мекунанд, бо натиҷаҳои муайян рӯ ба рӯ мешаванд, ва ҳангоме ки онҳо тавба мекунанд, файзро ба даст меоваранд. Ҳангоме ки волидони хирадманд худашон хато мекунанд, аз фурӯтанӣ наметарсанд ва бахшиш мепурсанд. Аммо аз ҳама асосӣ он аст, ки онҳо барои фарзандони худ бо ҷидду ҷаҳд дуо мегӯянд, онҳо ба Рӯҳулқудс боварӣ мекунанд ва интизори он мебошанд, ки Ӯ дилҳои онҳоро фатҳ менамояд. Онҳо ҳамчунин ба фарзандони навраси худ мефаҳмонанд, ки бояд эстафетаи аҳди кафораткунандаи Худоро ба насли минбаъда расонанд.
Имрӯз, ҳангоме ки фарзандон беш аз пеш беитоат мешаванд, ба мо волидоне даркоранд, ки аҳди Худоро ҳифз мекунанд, — модарону падароне ки ба ваъдаҳои Худо умед доранд, волидоне ки ба ҳақиқат бовар мекунанд:
Валекин меҳру вафои Парвардигор бар тарсгоронаш аз азал то абад аст, ва росткории Ӯ бар фарзандони фарзандон, бар онҳое ки паймони Ӯро нигоҳ медоранд… <…>. То ки писарони мо дар ҷавонии худ мисли ниҳолҳо нашъунамо ёбанд; духтарони мо мисли сутунгӯшаҳои кандакории қасре зебо бошанд.
Ва ҳамаи писарони ту аз Парвардигор таълим хоҳанд ёфт, ва писарони туро осоиштагии бузурге хоҳад буд.
Дар давоми солҳои зиёд ба ман лозим меояд, ки нақлҳои гиряолуди занҳоро оиди писар ё духтарашон, ки аз Худо дур шудаанд, шунавам. Одатан оиди фарзанди (ё набераи) калонсол сухан меравад, ки ба масъалаҳои рӯҳонӣ шавқе надорад ё ҳаёти бехудоёна ба сар мебарад. Бо вуҷуди он ин занҳо боварӣ доранд, ки фарзандони онҳо имондор мебошанд. Дар хатчаҳое ки дар зер оварда шудаанд, ҳамон мавзӯъ пайдо мешавад, акнун он ҳарчи бештар садо медиҳад:
Ман бовар мекунам, ки шайтон кӯшиш мекунад бисёр волидонро нобино гардонад ва аз онҳо ҳолати ҳақиқии рӯҳонии фарзандонро пинҳон дорад, то ки ин фарзандонро дар бандҳои подшоҳии зулмот нигоҳ дорад. Дар рӯ ба рӯи ин дурӯғ махсусан волидоне беҳимоят мебошанд, ки фарзандони худро дар калисо ба воя расондаанд. Онҳо ба фарзандон таълим медоданд, ки «некиро аз бадӣ фарқ кунонанд», ва фарзандон бо кадом як тарз дар кӯдакӣ ё наврасӣ ба Масеҳ рӯ оварда буданд. Шояд онҳо муддате ба масъалаҳои рӯҳонӣ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ доштанд. Чунин волидон аксаран аз ҳамин сабаб чунин меҳисобанд, ки фарзандони онҳо аллакай наҷот ёфтаанд.
Аммо Навишта ба таври возеҳ таълим медиҳад, ки одам метавонад оиди Худо ҳама чизро донад, ба ҳамаи саволҳо ҷавобҳои дуруст диҳад ва ҳатто як навъ таҷрибаи амиқи динӣ дошта бошад, ва дар айни замон аз олами боло таваллуд нашуда бошад. Фақат Худо дили одамро медонад. Аммо Ӯ ба мо меъёрҳои муайяни объективӣ додааст, ки мо аз рӯи он самимияти имонро — имони худ ва ё каси дигарро баҳо дода метавонем. Номаи якуми Юҳанно барои он навишта шуда буд, ки ба касоне ки аз олами боло таваллуд шудаанд, боварии пурраро оиди наҷот диҳад, — ва касонеро, ки барои чунин боварӣ асоси воқеӣ надоранд, огоҳ намояд. Барои фарқ кунондани наҷотёфтагони ҳақиқӣ ва касоне ки оиди имон ба Худо изҳор намуда, дар амал танҳо диндор мебошанд, Юҳанно меъёрҳои возеҳ медиҳад:
Аз ин медонем, ки Ӯро мешиносем, ки аҳкоми Ӯро риоят мекунем. Касе ки гӯяд: “Ман Ӯро мешиносам”, аммо фармудаҳои Ӯро риоят накунад, вай дурӯғгӯй аст, ва дар вай ростӣ нест. Валекин касе ки каломи Ӯро риоят мекунад, дар вай ба ростӣ муҳаббати Худо ба камол расидааст. Аз ин медонем, ки мо дар Ӯ ҳастем. Касе гӯяд, ки дар Ӯ собит мемонад, вай бояд тавре рафтор кунад, ки Ӯ рафтор мекард.<…>
Ҳар кӣ гӯяд, ки вай дар нур аст, валекин аз бародари худ нафрат дошта бошад, вай ҳанӯз дар зулмот аст. <…>
…Касе ки ҷаҳонро дӯст медорад, дар вай муҳаббати Падар нест. <…>
…Агар онҳо аз они мо мебуданд, бо мо мемонданд; лекин онҳо берун омаданд, то ки маълум шавад, ки ҳеҷ яке аз онҳо аз они мо нестанд. <…>
Фарзандони Худо ва фарзандони иблис ин тавр шинохта мешаванд: ҳар кӣ адолатро ба амал намеоварад, аз Худо нест, ҳамчунин касе ки бародари худро дӯст намедорад.
Моҳияти наҷоти ҳақиқӣ на дар худи амали тавба ё корҳои нек аст, он дар дигаргуншавии инсон аст: «…касе ки дар Масеҳ аст, офаридаи навест; Чизҳои қадимӣ гузаштааст, ва акнун ҳама чиз нав шудааст» (2 Қӯр. 5:17). Мардҳо ё занҳое ки ҳақиқатан ба Худо рӯ овардаанд, ҳаёти нав, дили нав, табиати нав ва Хоҷаи нав доранд: «Ва Ӯ моро аз салтанати зулмот халосӣ дода, ба Малакути Писари маҳбуби Худ дохил кардааст...» (Қӯл. 1:13).
Ба ин аҳди нав боварие илова карда мешавад, ки мо дар имон устувор монда метавонем. Худо ваъда медиҳад: «...тарси Худро дар дили онҳо ҷойгир хоҳам кард,
Ҳавворӣ Павлус ба имондорони Эфесус оиди касоне менавишт, ки мегуфтанд, ки гӯё Масеҳро медонанд, аммо дар ҳаёт нишонаҳои наҷоти ҳақиқиро зоҳир намекарданд:
...Зеро инро яқин бидонед, ки ҳеҷ як зинокор, ё нопок, ё тамаъкор ки вай бутпараст аст, дар Подшоҳии Масеҳ ва Худо мерос надорад. Бигзор ҳеҷ кас шуморо бо суханони ботил фирефта накунад, зеро ки барои ин ғазаби Худо бар писарони исён меояд...
Агар волидон чунин ҳисобанд, ки фарзандони онҳо аз олами боло таваллуд шудаанд, аммо дар айни замон дар ҳаёти онҳо нишонаҳои наҷот набошад, ин боиси натиҷаҳои хатарнок шуда метавонад. Аввалан, ин метавонад ба фарзандон ҳисси бардурӯғи осудагиро нисбати тақдирашон дар абадият талқин намояд. Ин барои дуруст дуо кардан ва барои ҷонҳои фарзандонашон муборизаи рӯҳонӣ бурдани волидон халал расонда метавонад. Ин як навъ «файзи арзон»-ро ба вуҷуд меоварад, ки шахсият ва қурбонии Масеҳро беқадр мекунад. Ҳамин тавр калисоҳои мо бо касоне пур мешаванд, ки ба фикрашон, ҳолати рӯҳонии онҳо хуб аст. Онҳо ба ин бовар мекунанд, агарчи бо Масеҳ муносибатҳои ҳақиқӣ надоранд, ва тарзи зиндагии онҳо Каломи Худоро таҳқир менамояд ва масеҳиятро дар назари ҷаҳониён беобрӯ мекунад.
Албатта, чунин мешавад, ки шахсони аз олами боло таваллудшуда низ гоҳо ба Худо итоат намекунанд ё давраи аз имон дур шуданро аз сар мегузаронанд. Аммо ҳеҷ як имондори ҳақиқӣ наметавонад доимо ва дидаву дониста гуноҳ кунад ва фошкунии Рӯҳулқудсро эҳсос нанамояд.
Новобаста ба он ки фарзандон (ё волидони онҳо) то чӣ андоза дар масъалаҳои рӯҳонӣ маълумотнок ҳастанд, новобаста ба он ки дар давраҳои муайяни ҳаёти худ то чӣ андоза боғайрат мешаванд, агар онҳо Худоро дӯст надоранд, агар онҳо Каломи Худо ва роҳҳои Ӯро доимо ва бо қатъият инкор намоянд, онҳоро ба андеша намудан водор бояд кард, ки оё онҳо ҳақиқатан аз олами боло таваллуд шудаанд ё не.
Эҳтимол навъи маъмултарини эҳтиёҷоти дуоӣ, ки занҳо ба ман мерасонданд, — эҳтиёҷ ба дуо барои фарзандон ва наберагони аз Худо дуршуда буд. Оиди дарду алами модарон як китоберо навиштан мумкин мебуд:
Касе ки ҳеҷ гоҳ чунин ҳолатро аз сар нагузарондааст, танҳо пай бурда метавонад, ки ин занҳо бо чӣ дарду алам рӯ ба рӯ шудаанд. Ман мебинам, ки душман ду ақидаи ба ҳам мухолифро истифода мебарад, то ки волидонро асир гардонад. Якум — ақида оиди он ки онҳо ба фарзандони худ таъсири ҷиддӣ расонда наметавонанд, онҳо барои фарзандон масъулият надоранд, ва ҳеҷ чизро дигаргун кардан имкон надорад. Бовар ба ин дурӯғ боиси он мегардад, ки волидон аз масъулият барои фарзандон даст мекашанд ва худро қурбониёни нотавон ҳис мекунанд.
Ақидаи дуюми бардурӯғ он аст, ки волидон барои чӣ гуна шудани фарзандонашон сад фоиз масъулият доранд, ва гӯё ин пурра бо айби онҳост. Онҳо фаҳмида наметавонанд, ки новобаста ба он ки шахс чӣ гуна волидон дошт, ӯ бояд худаш барои интихоби худ масъулиятро ба зимма гирад.
Ҳангоме ки фарзандон исён мекунанд, шайтон волидонро водор мекунад, ки ба ин ё он ифрот афтанд. Онҳо гоҳ аз ҳисси айбдорӣ азоб мекашанд, гоҳ худро тамомам бегуноҳ меҳисобанд. Ҳар дуи ин дурӯғҳо ба таври нозук вайрон кардани ҳақиқат аст, ки ба инсон танҳо ноумедӣ ва дилшикастагӣ оварда метавонад.
Дар Навишта бисёр қиссаҳо оиди волидони тақводор зикр шудаанд, ки фарзандонашон бадкирдор буданд, ва, баръакс, — волидони бадкирдор, ки фарзандонашон Худоро аз таҳти дил дӯст медоштанд. Инро фаҳмондан қариб ғайриимкон аст. Аммо барои ёрӣ ба волидоне ки шогирдони Масеҳ шудани фарзандонашонро мехоҳанд, баъзе ишораҳо ҳастанд.
Қиссаи Лут, бародарзодаи Иброҳим, нишон медиҳад, ки таъсири намуна ва арзишҳои волидон то чӣ андоза қавӣ буда метавонад. Лут ҳаёти осон, сарват ва шӯҳратро қадр мекард. Арзишҳои дунявияш ӯро водор намуданд, ки ҳамроҳи оилааш дар шаҳре сокин шавад, ки сокинони он бо ғурур, бадахлоқӣ ва фасодкориҳо машҳур буданд.
Боиси ҳайрат нест, ки духтарони ӯ ба касоне оиладор шуданд, ки аз «ақидаҳо»-и динии Лут нафрат доштанд ва ба огоҳкунии ӯ гӯш надоданд ва шаҳри маҳкумшударо тарк накарданд. Боиси ҳайрат нест, ки баъди гурехтан аз Садӯм духтарони Лут падарашонро маст карда, бо ӯ ҳамхоба шуданд, то ки бефарзанд намонанд.
Аҳди Ҷадид ба мо мегӯяд, ки Лут «росткор» буд. Ӯ дар бадкирдориҳои ошкорои Садӯм иштирок намекард; ӯ ҳатто «дар миёни онҳо умр ба сар бурда ва корҳои бади онҳоро дида ва шунида, ҷони одилонаи худро ҳаррӯза меозурд» (2 Пет. 2:8). Аммо агарчи ӯ шахси имондор буд, ӯ дили худро ҳифз накард, ӯ чизи дунявиро дӯст медошт. Лут кӯшиш мекард бо як пой дар Подшоҳии Худо бошад, ва бо пои дигараш — дар ҷаҳон. Ӯ бо намунаи худ фарзандонашро низ ёд дод, ки роҳҳои муросо бо ҷаҳонро ҷӯянд. Нархе ки Лут барои арзишҳои гузаранда пардохт намуд, зиёд метобад, аммо қонуни ба ҳама маълум чунин мегӯяд: ҳар чи мекорӣ, ҳамонро медаравӣ. Беҳуда нест, ки мегӯянд: «Амалҳое ки волидон ба миқдори андак ба онҳо роҳ медиҳанд, фарзандон ба андозаи хеле зиёд роҳ медиҳанд».
Қиссаи оилаи Элӣ — тасвири равшани он аст, ки волидон бояд барои фарзандони худ меъёрҳои илоҳии рафторро муқаррар намоянд, ва баъд интизомнокии муайянро нигоҳ доранд. Элӣ, коҳини исроилӣ, ки ҳангоми ҳукмронии доварон дар кишвар хизмат мекард, ходими вафодори Худованд буд. Аммо агарчи ду писараш, Ҳофнӣ ва Финҳос, дар оилаи хеле диндор ба воя расида буданд, дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки онҳо «шахсони нобакор буданд: Парвардигорро намешинохтанд.…» (1 Подш. 2:12).
Чун писарони коҳин, онҳо худашон танҳо коҳин шуда метавонистанд. Аммо онҳо вазифаи худро беобрӯ карданд: онҳо одамонро аз имон ба Худо дур мекарданд, зеро қисми беҳтарини қурбониҳоро ба худ мегирифтанд ва ҳатто бо заноне ки дар хаймаи ҷомеъ буданд, алоқаи ҷинсӣ мекарданд (ниг.: 1 Подш. 2:13–17, 22). Дар оилаи шахси ба Худо вафодор ин гуна фарзандон чӣ гуна ба воя расида метавонистанд? Бе шубҳа, ба онҳо фарҳанги бо гуноҳ вайроншуда таъсир расонд, аммо Навишта оиди он зикр мекунад, ки падар низ саҳми худро гузошт. Мо медонем, ки дар пирӣ Элӣ «гарон» шуда буд (ниг.: 1 Подш. 4:18). Шояд аз боиси он ки худи ӯ дар хӯрдан парҳез намекард, писаронаш аз гӯште ки одамон чун қурбонӣ меоварданд, то серӣ мехӯрданд?
Навишта ба мо мегӯяд, ки ақаллан як дафъа Элӣ фаҳмид, ки фарзандонаш бо чӣ кор машғуланд, ва онҳоро барои рафтори бад сарзаниш кард (ниг.: 1 Подш. 2:22–25). Аммо ин вақт ӯ аллакай «бағоят пир» шуда буд. Танҳо тахмин кардан мумкин аст, ки чаро ӯ ин қадар зиёд сабр мекард ва ба рафтори фарзандони худ аҳамият намедод. Дар ҳар ҳолат, писарони ӯ «ба овози падарашон гӯш надоданд» (ниг.: 1 Подш. 2:25). Худо ду бор назди Элӣ кас фиристод, то ба ӯ нишон диҳад, ки ӯ низ дар ин айбдор аст. Агарчи гуноҳи писарони Элӣ хеле ошкоротар ва даҳшатноктар буд, моҳиятан, он натиҷаи қонунии ҳаёти падарашон буд:
Чаро шумо қурбониҳо ва ҳадияҳои ордии Маро, ки барои манзили Худ фармудаам, поймол мекунед? Ва чаро ту писарони худро назар ба Ман бештар мӯҳтарам медорӣ, то ки худро аз қисми беҳтарини ҳамаи ҳадияҳои қавми Ман – Исроил фарбеҳ гардонӣ?
…Ва Ман ба ӯ хабар дода будам, ки хонадони ӯро ба сурати абадӣ доварӣ хоҳам намуд, барои он гуноҳи ӯ, ки ӯ медонист, ки писаронаш бар худ лаънат меоваранд, вале ӯ онҳоро ҷилавгирӣ накард.
Элӣ барои саҳлангориҳои худ музди гаронеро пардохт намуд.
Ин намунаҳо исбот намекунанд, ки рӯҳонияти ҳар як фарзанд пурра ба рӯҳонияти волидон вобаста аст. Аммо онҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки волидон ба фарзандон таъсири бузурге доранд ва барои тарбияи онҳо масъулият доранд. Тамоми айбро ба гардани ҳамсолон, муаллимон, расонаҳои хабарӣ, гурӯҳҳои калисоии ҷавонон ё фарҳанги дунявӣ бор кардан осон аст. Аммо мо ба ҳар ҳол барои ҳолати рӯҳонии рамае ки Худо ба ихтиёри мо супурдааст, масъулият дорем.
Ман мехоҳам боварии амиқи худро ба шумо расонам: ман бовар мекунам, ки бисёр волидони имондор намефаҳманд, ки намунаи шахсӣ ва қарорҳое ки волидон дар масъалаи тарбия қабул мекунанд (ё қабул намекунанд), ба ҳаёти фарзандонашон чӣ таъсире мерасонад.
Эътироф мекунам: ман аз он ба ташвиш ва изтироб омадаам, ки волидон гоҳо ба фарзандонашон имкон медиҳанд қарорҳои нодуруст қабул намоянд (ва аксаран бо ниятҳои нек). Таассуроте ҳосил мешавад, ки онҳо барои рад намудани ин қарорҳо далеле надоранд. Онҳо ба фарзандонашон иҷозат медиҳанд, ки бо он ҳамсолонашон, ки бо Худо умумияте надоранд, бе назорат муошират кунанд, бо ҷавон ё духтари беимон вохӯриҳо кунанд, ба калонсолон беэҳтиромӣ зоҳир намоянд, тамоман беадабона либос пӯшанд ва худро бо мусиқӣ ва филмҳои тамоман дунявӣ иҳота намоянд, — ва баъд волидон ҳайрон мешаванд, ки чаро фарзандони онҳо ҷаҳонро дӯст медоранд ва аз масеҳият нафрат доранд.
Ба қарибӣ аз ман хоҳиш карданд, ки дар назди ҳамкорон ва муаллимони мактаби калони масеҳӣ баромад кунам. Корманди мактаб, ки маро даъват намуд, аз ҳолати рӯҳонии хонандагон дар ташвиш буд. Ӯ ба ман гуфт: «Хонандагони ин мактаб Худоро бад мебинанд, онҳо Китоби Муқаддасро бад мебинанд. Онҳо ба масъалаҳои рӯҳонӣ ҳеҷ гуна таваҷҷӯҳ зоҳир намекунанд». Агар ин ҳақиқатан чунин бошад, мо бояд софдилона аз худ пурсем: ин ҷавонон дар оилаҳои худ чиро дидаанд (ё надидаанд)? Чӣ чиз боиси чунин самарҳо гардидааст?
Хушбахтона, дар ин насл баъзе истисноҳои назаррас ҳастанд. Аммо бисёр гурӯҳҳои калисоии ҷавононро дар тамоми кишвар мушоҳида намуда, ман мебинам, ки аксари ҷавононе ки дар «оилаҳои масеҳӣ» ба воя мерасанд, ба масъалаҳои рӯҳонӣ қариб ҳеҷ таваҷҷӯҳ надоранд.
Агар фарзандони мо ба воя расида, бо Худо ҳеҷ умумият доштан нахоҳанд, ё ки аз он ҳам бадтар, худро масеҳӣ ҳисобанд, аммо дар мухолифат бо Каломи Худо зиндагӣ кунанд, мушкилӣ дар худи мо, дар насли масеҳиёни калонсоли мост. Ин маънои онро надорад, ки дар оилаи ҳар як масеҳии тақводор танҳо фарзандони тақводор хоҳанд буд. Аммо агар ҷавонони бисёре аз оилаҳои масеҳӣ он чиро, ки волидонашон гӯё ба он бовар мекунанд, инкор менамуда бошанд, бояд эътироф намоем, ки насли волидони онҳо як чизи муҳимро аз мадди назар соқит намудаанд. Агар мо ҳанӯз ҳам ба дурӯғе бовар кунем, ки гӯё барои фарзандонамон масъулият надорем, танҳо ба фоидаи душман амал менамоем, ки кӯшиш мекунад насли минбаъдаро барои подшоҳии худ ба даст оварад. Навишта таълим медиҳад, ки ҳар як насл бояд мероси имон ва эҳтиром ба Худоро ба насли минбаъда расонад. Ин дар як вақт ҳам ҳуқуқи бошарафона ва вазифаи ҷиддӣ аст. Моро факти зерин бояд ҳушёр кунад: мо барои он чи мекорем, масъулият дорем, ва дар ниҳояти кор ба мо лозим меояд, ки ҳосилро ғундорем. Мо наметавонем ҳаёти «сард», беинтизом, дунявӣ ба сар бурда, дар айни замон умедвор шавем, ки ин ба насли минбаъда таъсир намерасонад.
Албатта, инро бо ҳақиқати дигари Китоби Муқаддас ба мувозинат овардан лозим аст: ҳар як насл барои қадамгузорӣ дар пеши Худо ва итоаткорӣ ба Ӯ масъулият дорад. Новобаста ба он чи волидон кардаанд, ҳар як инсон боре барои интихоби худ ба Худо ҳисобот медиҳад (ниг.: Taк. Шар. 24:16; Ирм. 31:29–30).
Волид будан вазифаи олӣ ва муқаддас аст. Машғулияти аз ин ҷиддитар нест. Волидони хуб дар тарбияи фарзандони худ пурра ба Рӯҳулқудс такя мекунанд. Ана барои чӣ «асбоб»-и тавонотарин дар дастони модар — дуо мебошад.
Душман волидонро фиреб дода, кӯшиш мекунад, ки садди роҳи аз як насл ба насли дигар супурда шудани ҳақиқат шавад. Волидоне ки ба дурӯғи ӯ бовар мекунанд ва дар асоси он амал менамоянд, худро ва фарзандони худро ба асорат гирифтор мекунанд. Аммо волидоне ки ба ҳақиқат бовар мекунанд ва аз рӯи он зиндагӣ мекунанд, метавонанд фарзандони худро озодона дӯст доранд, барои онҳо хурсандӣ кунанд, онҳоро тарбия намоянд ва бо марҳамати Худо онҳоро водор намоянд, ки ҷалол ва файзи Худоро ба насли минбаъда расонанд.
ДУРӮҒ
27. ТАНҲО ХУДИ МО ҲАЛ МЕКУНЕМ, КИ ЧАНД ФАРЗАНД ДОШТА БОШЕМ.
ҲАҚИҚАТ
• Худо Офаридгор ва Бунёдгузори ҳаёт аст.
• Ҳамаи он чи ба занон талқин мекунад, ки вазифаи худододи бахшидани ҳаёт ва дар ҳаққи он ғамхорӣ намуданро ба ҷо наоваранд, ва он чи ба ин кор халал мерасонад, ба амалӣ гардидани нақшаҳои шайтон ёрӣ медиҳад.
• Яке аз мақсадҳои оиладорӣ — тарбия намудани насли тақводор ва худотарс мебошад.
• Таваллуд намудани кӯдакон — нақши муҳимест, ки иҷрои онро Худо ба занҳо супурдааст. Кӯдаконро чун баракат аз ҷониби Худо қабул кардан лозим аст.
ДУРӮҒ
28. КӮДАКОН БОЯД ДАР «ҶАҲОНИ ВОҚЕӢ» ЗИНДАГӢ КУНАНД, ТО КИ ҲАЁТРО ДОНАНД
ҲАҚИҚАТ
• Вазифаи мо — тарбияи на он гуна фарзандонест, ки ба ин ҷаҳон мутобиқ шуда метавонанд, ё ҳамту дар он зинда монда метавонанд, балки чунин фарзандонест, ки Худо онҳоро барои дигаргун намудани ин ҷаҳон истифода мебарад.
• Чун навдаҳои нави нозук, фарзандон бояд аз таъсири ҷаҳон ҳимоят карда шаванд, то даме ки рӯҳан болиғ шаванд ва мустақилона ба ҷаҳон муқобилат карда тавонанд.
• Тарси Худованд ва имон ба Худованд — дар тайёр намудани фарзандон барои муқобилат ба фарҳанги дунявӣ ва тағйиротҳои ин ҷаҳон воситаҳои беҳтарин мебошанд
ДУРӮҒ
29. ҲАМАИ ФАРЗАНДОН АЗ МАРҲИЛАИ ИСЁНКОРӢ МЕГУЗАРАНД.
ҲАҚИҚАТ
• Агар волидон аз фарзандони худ исёнро интизор бошанд, он, аз афти кор, рӯй медиҳад.
• Худо ваъда медиҳад, ки ба он волидоне ки аҳди Ӯро нигоҳ медоранд ва онро ба фарзандони худ таълим медиҳанд, баракатҳо медиҳад.
• Волидон наметавонанд фарзандонро маҷбур кунанд, ки бо Худо зиндагӣ кунанд, аммо метавонанд дар хона муҳитеро фароҳам оваранд, ки дар он фарзандон ҳақиқати Худоро дӯст доранд, муҳитеро фароҳам оваранд, ки барои инкишофи рӯҳонии онҳо шароити мусоидро таъмин мекунад.
ДУРӮҒ
30. МАН МЕДОНАМ, КИ ФАРЗАНДИ МАН ИМОНДОР АСТ, ЧУНКИ Ӯ ҲАНӮЗ ДАР КӮДАКӢ ДУО ГУФТА, ИМОН ОВАРД.
ҲАҚИҚАТ
• Касе ки Худоро дӯст намедорад ва хоҳони Ӯ нест, Калом ва роҳҳои Ӯро рад мекунад, ба наҷоти худ дилпур буда наметавонад.
• Волидоне ки ба фикрашон, новобаста ба тарзи зиндагии падар ва модар, фарзандони онҳо Худовандро мешиносанд, эҳтимол ба худ ва ба фарзандонашон ҳисси бардурӯғи бехатариро талқин менамоянд ва барои фарзандон ба таври лозимӣ дуо намегӯянд.
ДУРӮҒ
31. МО БАРОИ ИНТИХОБИ РОҲИ ЗИНДАГИИ ФАРЗАНДОНАМОН МАСЪУЛИЯТ НАДОРЕМ
ҲАҚИҚАТ
• Волидон имконият доранд ба ҳаёти фарзандони худ бо намунаи шахсӣ ва роҳнамоии худ таъсир расонанд.
• Ҳар як насл барои он масъулият дорад, ки ба насли минбаъда шинохтани Худо ва имон ба Ӯро расонад.
• Волидон барои ҳолати рӯҳонии дилҳое ки ӯ ба ихтиёри онро додааст, ба Худо ҳисобот медиҳанд.
• Ҳар як инсон барои қадамгузорӣ дар пеши Худо ва итоаткорӣ ба Ӯ ҷавобгар аст.
Новобаста ба он ки волидон киҳо буданд, ҳар як инсон барои интихоби худ дар назди Худо ҷавобгар аст.
1. Бо Худо РОЗӢ ШАВЕД.
Шумо ба кадом дурӯғ оиди нақши волидон ва фарзандон бовар кардаед?
2. Масъулиятро БА ЗИММА ГИРЕД.
Бовар ба ин дурӯғ чӣ гуна ба тарзи зиндагии шумо таъсир расонд (муносибатҳо ва рафтори шумо)?
3. Ҳақиқатро ЭЪЛОН НАМОЕД.
Ҳар як ҳақиқатро аз он чи дар боло зикр шудааст, бо овози баланд хонед. Кадоме аз онҳо ҳозир барои шумо махсусан муҳим аст?
Ақли худро бо Каломи Худо нав гардонед. Порчаҳои зеринро бо овози баланд хонед. Ин оятҳо оиди нақши волидон дар ҳаёти онҳо чӣ мегӯянд?
Заб. 126
Мат. 19:13–15
Заб. 77:1–8
1 Тасл. 2:7
4. Дар асоси ҳақиқат АМАЛ НАМОЕД.
Шумо бояд кадом қадамҳоро гузоред, то ки ҳаётатон ба ҳақиқат мувофиқат кунад?
5. Аз Худо ХОҲИШ НАМОЕД, ки барои дар ростӣ қадамгузор буданатон ёрӣ диҳад.
БОБИ ҲАШТУМ.
ДУРӮҒЕ КИ ЗАНҲО БА ОН БОВАР МЕКУНАНД…
…ОИДИ ЭҲСОСОТ
Дар яке аз конфронсҳои занҳо, ки ман дар он якчанд сол пеш будам, ба мо оҳанрабои аҷиберо барои яхдон тӯҳфа карданд. Дар болои он рӯйхати эҳсосоти гуногун навишта шуда буд: хиҷолат, ваҷд, хашм, андӯҳ, зиқӣ, хурсандӣ. Дар баробари ҳар як калима мувофиқан суратчаи хандаоваре кашида шуда буд.
Ба ин рӯйхат оҳанрабои дигаре дар шакли чаҳорчӯба илова карда буданд, ки дар он навишта шуда буд: «Имрӯз ман...» Барои ифода намудани ҳиссиёти имрӯзаи худ онро дар болои яке аз он суханон гузоштан лозим буд.
Агар баъзеи мо ин нишондиҳандаро ҳар дафъа ҳангоми дигаргун шудани ҳиссиётамон ҷой иваз мекунондем, барои ҳеҷ кори дигар вақт намедоштем. Ва маҳз эҳсосотнокии занонаи мо мардонро водор менамояд, ки дастонашонро боло бардошта, эътироф намоянд: «Ман таслим мешавам. Ман туро фаҳмида наметавонам!» Ва ҳеҷ кас наметавонад онҳоро барои ин маҳкум намояд.
Ҳангоме ки мо бо эҳсосоти идоранашавандаи худ мубориза мебарем, қарор додан осон аст, ки эҳсосот табиатан гуноҳолуд мебошанд, ва аз ҳамин сабаб онҳоро фурӯ нишондан лозим аст. Мо бояд дар ёд нигоҳ дорем, ки мо ба сурати Худо офарида шудаем. Ин маънои онро дорад, ки мо лаёқати аз сар гузарондан ва ифода намудани ҳама гуна эҳсосотро дорем. Худо як қатор ҳиссиётҳои покро нишон медиҳад, аз қабили хурсандӣ, хашм, рашк ва андӯҳ. Ва Ӯ моро бо лаёқати ҳис кардан ва ифода намудани эҳсосоти гуногун офарид, чунон ки он дили Ӯро инъикос намояд ва Ӯро ҷалол диҳад.
Mушкилӣ на дар он аст, ки мо
Эҳсосоти мо дар дасти душман силоҳи таъсирбахшест, ки моро асир гардонда метавонад. Он моро маҷбур мекунад, ки ба дурӯғ оиди ҳиссиётамон бовар кунем.
Душман мехоҳад, то мо бовар кунем, ки агар мо худро номаҳбуб
Аммо ҳақиқат дар он аст ки аз боиси гуноҳкоршавӣ ҳиссиёти мо аксар вақт бо воқеият ҳеҷ умумият надоранд. Дар бисёр ҳолатҳо ҳиссиёт меъёри боварибахш нестанд, ки чӣ чиз ҳақиқӣ ва чӣ чиз ғайриҳақиқист. Ҳангоме ки ҳиссиёти мо на дар воқеияти тағйирнопазири Худо ва ҳақиқати Ӯ, балки дар вазъиятҳои доимо дигаргуншаванда асос ёфтаанд, мо лаёқати нигоҳ доштани мувозинати рӯҳиро аз даст медиҳем.
Барои болоравии эҳсосот чизи зиёде даркор нест: рӯзи офтобии беабр, баланд карда шудани маош, таҳсин аз ҷониби дӯст, бо муваффақият ба анҷом расидани лоиҳаи калон ё як-ду кг вазни зиёдатиро партофтан.
Дар айни замон пастравии эҳсосотӣ низ аз боиси сабабҳои гуногун ба миён омада метавонад, масалан, тобистони сербориш, рӯзи кории душвор, занги телефонии нобарор, зиёд шудани вазн, рӯзҳои ҳоизагӣ, шаби бехобӣ ё фақат питсае ки мо бевақтии шаб хӯрда будем.
Ва агар воқеаҳои «ҷиддӣ»-ро илова намоем, аз қабили дар панҷ сол таваллуд шудани чор кӯдак, аз маҳалли зист кӯчидан, аз даст додани ҷои кор, марги ҳамсар ё кӯдак, ғамхорӣ дар ҳаққи волиди пиронсоли аз ақл бегонашуда ё саратон, мо метавонем назоратро бар эҳсосоти худ аз даст диҳем.
Барои аз асабишавӣ барканор будан мо бояд доимо фикрҳо ва диламонро ба ҳақиқат баргардонем. Ва ҳақиқат аз он иборат аст, ки Худо некӯст, хоҳ ман инро ҳис кунам ё не. Худо маро дӯст медорад, хоҳ ман инро ҳис кунам ё не. Хуни Исо Масеҳ, ки Ӯ онро барои ман рехтааст, ба ман бахшида шуданро ато мекунад, новобаста ба он ки ман худро бахшидашуда ҳис мекунам ё не. Худо ҳеҷ гоҳ маро тарк намекунад ва намепартояд, Ӯ ҳамеша бо ман аст, хусусан ҳангоме ки ман худро танҳо ва таркшуда ҳис мекунам.
Агар мо дар ростӣ қадамгузор будан хоҳем, пас бояд дарк намоем, ки эҳсосоти мо на ҳамеша сазовори боварӣ мебошанд, ва ҳама гуна ҳиссиётеро, ки ба ҳақиқат мувофиқат надоранд, дарҳол рад намоем.
Зане (ӯро Коннӣ меномем) иқрор шуд, ки ақидаҳои ӯ на бар ҳақиқат, балки бар он чи ӯ ҳис мекард, асос ёфта буданд. Аҳамият диҳед: ҳангоме ӯ дарк намуд, ки метавонад ба ҳақиқат имкон диҳад, ки ҳиссиёти ӯро идора кунад, андешаронии ӯ ҳамон вақт тағйир ёфт:
Дар боби охирини Нома ба Филиппиён ҳавворӣ Павлус ресепти мувозинати рӯҳӣ ва суботи эҳсосотиро медиҳад:
Ҳамеша дар Худованд шод бошед… <…> Ҳеҷ ғам нахӯред, аммо ҳамеша дар дуо ва илтимос бо шукргузорӣ хоҳишҳои худро ба Худо ошкор намоед... Ҳар он чи рост аст, дар бораи он фикр кунед.
Натиҷааш?
Ва осоиштагии Худо, ки аз ҳар хирад болотар аст, дилҳои шумо ва фикрҳои шуморо дар Исои Масеҳ нигоҳ хоҳад дошт. <…> …Ва Худои осоиштагӣ бо шумо хоҳад буд.
Душман ин дурӯғро барои он истифода мебарад, ки моро бовар кунонад, ки мо пурра ба эҳсосоти худ вобастаем. Мо ҳақиқатан на ҳамеша ҳиссиёти худро дигаргун карда метавонем, аммо мо набояд ба ҳиссиёт имкон диҳем, ки ҳаёти моро идора кунанд.
Шояд шумо пеш аз муоинаи тиббӣ изтироби худро идора карда наметавонед, аммо изтироби худ ва оиди натиҷа ташвиш кашиданро бас карда метавонед. Шояд шумо дар рӯзҳои муайяни моҳ асабонияти худро рафъ карда наметавонед, аммо ба касоне ки дар роҳатон вомехӯранд, дағалӣ карданро бас карда метавонед. Ҳангоме ки дар авҷи танҳоиятон ба шумо марди зандор таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад, шояд аз ҳисси сустӣ ва таъсирпазирии худ раҳо шуда наметавонед, аммо метавонед худро нигоҳ дошта, ба ӯ ошиқ нашавед!
Новобаста ба эҳсосоте ки дар даруни мо ғалаён доранд, мо бо марҳамати Худо метавонем қарор қабул намоем ва ба Ӯ нигарем, боварӣ кунем ва итоат намоем. Ин файз ва осоиши Ӯро меоварад, ки ба мо ёрӣ медиҳад бо вуҷуди ҳамаи душвориҳо вафодор монем.
Вазъиятҳои ҳаётии нависандаи дӯстдоштаи ман Ҳанна Уайтолл Смит ҳар касро ба асабоният расонда метавонистанд. Ӯ бо воизе оиладор шуд, ки мувозинати рӯҳонӣ ва эҳсосотӣ надошт ва борҳо ба ӯ хиёнат карда буд. Аз панҷ фарзанди ӯ дутоашон аз бемории махмалак (скарлатина) вафот карданд. Яке аз духтаронаш бо рассоме аз шавҳари худ гурехт; духтари дигараш бо атеисти машҳуре оиладор шуд. Худи Ҳанна аз хуруҷҳои дардноки артрит азоб мекашид. Аммо ӯ ҳаёташ– ро дар асоси эҳсосоти худ бунёд накард. Китобҳои ӯ, новобаста ба ҳиссиёт, азми қавии аз пайи Худо рафтан, ба Ӯ итоат намуданро инъикос менамоянд.
Муносибатҳои мо бо Худо набояд бар эҳсосот асос ёбанд. Фаҳмидан лозим аст, ки ҳиссиёт фақат хизматгорони иродаи мо мебошанд...
Ирода метавонад ҳиссиётҳоро идора кунад, фақат агар мо ҳар дафъа бошуурона қарори мувофиқ қабул намоем. Борҳо, ҳангоме ки ҳиссиёти ман бо фактҳо мувофиқат намекарданд, ман ҳақиқатро эълон менамудам...
Ғалаёни эҳсосот, чун киштӣ ҳангоми тӯфон, ба лангар эҳтиёҷ дорад, ки онро нигоҳ дошта тавонад, — агар иродаи шумо онҳоро ба Худои тавоно тобеъ намояд, дар ниҳояти кор онҳо хомӯш мешаванд.1
Дар Навишта бисёр ваъдаҳо ва фармудаҳои Худо ҳастанд, ки имкон медиҳанд, ки бо вуҷуди ҳама гуна тӯфонҳо эҳсосот идора карда шаванд:
• Каломи Худо ваъда медиҳад: «…Ман ҳаррӯза …бо шумо ҳастам» (Мат. 28:20). Пас, мо маҷбур нестем, ки ба ҳисси танҳоӣ, ки моро фаро мегирад, тобеъ шавем.
• Каломи Худо ваъда медиҳад: «…Ӯ ба шумо ғамхорӣ мекунад» (1 Пет. 5:7). Пас, мо метавонем оромона хоб равем ва оиди рӯзи оянда ташвиш накашем.
• Каломи Худо ваъда медиҳад: «Зеро ки кӯҳҳо аз ҷои худ дур хоҳад шуд, ва теппаҳо футур хоҳад рафт, вале эҳсони Ман аз ту дур нахоҳад шуд…» (Иш. 54:10). Пас, дар тарс зиндагӣ кардани мо лозим нест.
• Каломи Худо мегӯяд: «...Дили шумо музтариб нашавад ва ҳаросон набошад» (Юҳ. 14:27). Ин маънои онро дорад, ки новобаста ба вазъиятҳо, мо метавонем ба тарс дода нашавем.
• Каломи Худо мегӯяд: «Ҳеҷ ғам нахӯред…» (Флп. 4:6). Ин маънои онро дорад, ки бо вуҷуди ҳамаи ташвишҳоямон, мо метавонем осудагӣ ба даст оварем.
• Каломи Худо мегӯяд: «Барои ҳама чиз шукр гӯед…» (1 Тасл. 5:18). Яъне ҳатто агар дар атрофи мо ҳама чиз вайрон шуда истода бошад ҳам, мо метавонем шукргузор бошем.
• Каломи Худо мегӯяд: «…душманони худро дӯст доред…» (ниг.: Мат. 5:44). Ин маънои онро дорад, ки бо қувваи Рӯҳулқудс мо метавонем дӯст дорем, новобаста ба он ки моро то чӣ андоза ранҷондаанд.
• Каломи Худо мегӯяд: «…агар аз касе ранҷу озоре кашида бошед, гуноҳи вайро афв намоед…» (ниг.: Марқ. 11:25). Ин маънои онро дорад, ки одаме нест, ки мо бахшида натавонем, новобаста ба он ки ба мо чи дарде расондааст ё то чи андоза зидди мо гуноҳи сахт кардааст.
Ҳангоме ки мо ба Масеҳ менигарем ва ҳар як фикрро тобеи ҳақиқат мегардонем, Рӯҳулқудс эҳсосоти моро муқаддас мегардонад ва ба мо файзи фавқуттабиӣ, тасалло ва осоиш ато менамояд:
Пас, модоме ки шумо бо Масеҳ эҳё шудаед, он чиро, ки дар афроз аст, биҷӯед, ки он ҷо Масеҳ ба тарафи дасти рости Худо нишастааст; дар бораи он чи дар афроз аст, фикр кунед, на дар бораи он чи бар замин аст.
... ҳар фикрро ба итоати Масеҳ асир мекунем…
Дили боматонатро Ту дар осоиштагии комил нигоҳ медорӣ, зеро ки вай ба Ту таваккал мекунад.
Агар мо ин дурӯғро қабул кунем, баъди чанде бовар мекунем, ки ҳангоме худро бе ҳимоят ҳис мекунем ё асабонӣ мешавем, худро ба даст гирифта наметавонем. Мо майл ба он дорем, ки на фақат ба ҳиссиётамон
Ҳамин тавр, агар дар соати даҳи шаб ногоҳ мо яхмоси шоколадӣ хӯрдан хоҳем, дарҳол сӯи яхдон равона мешавем. Агар хобидан нахоҳем, мо то дергоҳ филм тамошо мекунем. Агар пагоҳии рӯзи дигар бархестан нахоҳем, ба сарамон кампалро мекашем ва худро бемор вонамуд мекунем. Агар мо барои пухтани хӯроки шом майли зиёд ҳис накунем, питса фармоиш медиҳем. Агар хонаро саришта кардан нахоҳем, то он дам интизор мешавем, ки бетартибии хона сабабгори рӯҳафтодагӣ шавад.
Проблема дар он аст, ки агар мо ба эҳсосоти худ тағофул намоем ва инони ихтиёри ҳаётамонро ба онҳо диҳем, бо омадани мушкилот, аз афти кор, боз ба онҳо гӯш медиҳем.
Дар солҳои охир оиди якчанд марҳилаҳои ҳаёти зан бисёр мегӯянд. Баъзе тадқиқот ҳақиқатан барои фаҳмидани он ёрӣ медиҳанд, ки «мо то чӣ андоза аҷоиб офарида шудаем». Аммо бисёр занон акнун танҳо бо худ машғул мебошанд ва дар асоси маълумоти пайдокардаи олимон муносибати нодуруст ва нобахшидании худро нисбати одамон сафед мекунанд.
Баъзе занҳо масъулиятро барои табъи хира ва рафтори нодуруст ба давраи ҳоизагӣ бор карданӣ мешаванд (ман низ бисёр вақт ҳамин тавр кардан мехоҳам). Ин иштибоҳ қариб оиладории Марияро вайрон кард:
Баъзе занҳо доимо дигаргун шудани табъ ва рафтори пешгӯинашавандаро бо ҳомиладории душвори худ «маънидод мекунанд» (хонед:
Албатта, равандҳое ки дар организми мо рӯй медиҳанд, ба эҳсосоти мо, фикрҳо ва ҳатто рӯҳамон таъсир мерасонанд. Мо баъзе ҷиҳатҳои шахсиятамонро бартараф карда наметавонем — ҳамаи онҳо байни ҳамдигар робитаи ногусастанӣ доранд. Аммо ҳангоме ки рафтори ҷисмонӣ, гуноҳолуди худро дар асоси ҳолати табиӣ ё дигаргуниҳои гормонӣ сафед мекунем, мо ба доми душман меафтем.
Ман дар ёд дорам, ки дар 12-солагӣ як соли дароз бе сабаб мегиристам. Ҳозир, ба ақиб нигариста, ман мефаҳмам, ки дар организми ман дигаргуниҳои ҷиддӣ ба амал меомаданд, — ман ба зан табдил меёфтам. Аммо ҳозир ман мефаҳмам, ки ин асабоният ва зудранҷии маро, ки як сол давом кард, сафед карда наметавонист.
Чандин сол пеш аз боиси ҷадвали бошиддати баромадҳо ман аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва эҳсосотӣ беқувват гашта будам. Ман ба одамон муносибати бад мекардам, доимо ҳамаро барои ҳама чиз танқид менамудам, ва дар назди ман будани атрофиён душвор буд. Ман ин рафтори худро бо он сафед мекардам, ки худро бад ҳис мекунам. Яке аз дӯстонам он вақт гуфт: «Хастагӣ ба ту ҳақ намедиҳад, ки ба таври ҷисмонӣ рафтор намоӣ». Иқрор мешавам, он вақт ин сарзаниш ба ман маъқул нашуд, аммо маҳз он дар он лаҳза хеле зарур буд — ин ёдраскунии дарднок, аммо даркорӣ буд. Худо организми моро чунон сохтааст, ки дар он чизе ба монанди «фаслҳои сол» ва давраҳо ҳаст. Албатта, душвориҳо дар ҳар як давраи ҳаёт ҳастанд.
Яке аз натиҷаҳои гуноҳкоршавӣ — таваллудкунии дарднок аст. Аммо на фақат дар бораи худи таваллуд сухан меравад. Масалан, азобҳое ки баъзе занҳо ҳангоми ҳайз паси сар мекунанд, ҳамчунин ба мо оиди гуноҳкоршавӣ ёдрас мекунанд. Аммо давраи ҳармоҳа — ҳамчунин ёдрасӣ оиди он аст, ки Худо моро
Магар ҷисмҳои моро на Худо офаридааст? Магар Ӯ намефаҳмад, ки ҷисмҳои мо чӣ гуна сохт доранд? Наход шумо гумон мекунед, ки гормонҳои мо, ҳайз, ҳомилагӣ ва климакс Худоро ҳайрон мекунанд ва Ӯ намедонад, ки чӣ тавр дар ин давра дар ҳаққи мо ғамхорӣ намояд?
Сарояндаи таронаҳои Забур Худоро барои ғамхории Ӯ ва барои он, ки Ӯ организми моро чунин офаридааст ситоиш мекунад:
...Ту диламро ба вуҷуд овардаӣ, маро дар шиками модарам бофтаӣ. Туро ситоиш мекунам барои он ки ба таври хеле аҷоиб офарида шудаам.... <…>. Моҳияти ман аз Ту пӯшида набуданд, ҳангоме дар ниҳон сохта мешудам, дар жарфиҳои замин ба вуҷуд меомадам дар қаъри замин ба вуҷуд оварда мешудам. Ҷанинамро чашмони Ту дидаанд, ва дар дафтари Ту ҳамаи узвҳоям ва рӯзҳои пайдо офарида шудани онҳо навишта шудаанд, дар сурате ки ҳеҷ яке аз онҳо ҳанӯз вуҷуд надошт.
Чӣ фикри ҳайратоваре! Хеле пештар аз таваллуд ҳар як молекулаи ҷисми шуморо, ҳар рӯзи ҳаёти шуморо — аз пайдо шудан дар батн ва то дами марг — Худи Худо бо ҷиддият андешида, ба нақша гирифтааст. Ӯ рӯзи ҳайзи аввалини шуморо муқаррар намудааст, муайян намудааст, ки кай ва чӣ қадар шумо қобили ба вуҷуд овардани тифл хоҳед буд ва кай овулятсияи шумо ба охир мерасад. Ӯ аниқ медонад, ки дар ҷисми шумо ҳар як лаҳза чӣ рӯй медиҳад.
Наход Офаридгори хирадманд ва дӯстдор намедонад, ки бо гормонҳои шумо чиҳо рӯй медиҳанд ё дар ҳар давраи ҳаётатон оиди шумо ғамхорӣ намуда наметавонад? Ӯ ҳаёти осон пешниҳод намекунад, аммо ваъда медиҳад, ки эҳтиёҷоти шуморо қонеъ намояд ва файз ато намояд, ки дар ҳар як марҳила барои паси сар кардани душвориҳо кофӣ хоҳад буд.
Хеле пештар аз он ки китобҳои оиди менопауза ё эстроген навишта шаванд, Франсиск де Сале (1567–1622) барои занҳои синну солашон гуногун суханони хирадмандона гуфта буд:
Аз дигаргуниҳои ҳаёт натарсед. Беҳтараш бо умед ба пеш нигаред, ки ҳангоме онҳо меоянд, Худое ки шумо аз они Ӯ ҳастед, шуморо аз балоҳо раҳо мекунад. Ӯ шуморо то имрӯз ҳифз намуд — ҳамин тариқ, дасти Ӯро сахт доред, ва Ӯ шуморо дар зиндагӣ роҳнамоӣ хоҳад кард. Ва ҳангоме ки шумо дигар роҳ рафта наметавонед, Ӯ шуморо ба дастонаш бардошта мебарад. ...Худи ҳамон Худо Падари абадӣ, ки имрӯз дар ҳаққи шумо ғамхорӣ мекунад, дар ҳаққи шумо пагоҳ ва ҳар рӯз ғамхорӣ хоҳад кард. Ӯ шуморо ё аз азобҳо ҳифз мекунад, ё ба шумо қувват медиҳад, ки ба онҳо тоб оваред. Ҳамин тариқ, осуда бошед ва ҳамаи фикрҳои бад ва тарсҳои хаёлиро як сӯ гузоред.2
Дуои Павлус аз Номаи якум ба Таслӯникиён на фақат барои имондорони асри I муқаррар карда шудааст. Ва он на фақат барои мардон аст. Ман бовар мекунам, ки ин дуо дар ҳар як давраи ҳаёти зан бамаврид аст. Ин дуо ҳатман иҷобат карда мешавад, мо бояд ба Ӯ фақат бовар кунем ва имкон диҳем, ки дархости моро ба ҷо оварад:
Худи Худои осоиштагӣ бигзор шуморо ба куллӣ пок гардонад ва рӯҳу ҷону ҷисми шуморо дар вақти омадани Худованди мо Исои Масеҳ комилан беайб нигоҳ дорад.
Ҳангоме ки ман ин бобро менавиштам, ба ман зани яке аз шубонон телефон кард. Ӯ ба ман оиди ташвишҳояш нақл кард. Ӯ ба ман гуфт, ки шавҳараш чандин сол инҷониб аз рӯҳафтодагӣ баромада наметавонад. Ин ба ҳаёт ва оиладории онҳо хеле сахт таъсир расондааст. Ҳангоми гуфтугӯ он зан саволҳое медод, ки ҷавоби онҳоро бисёр касоне ки ба чунин вазъият афтодаанд, донистан мехоҳанд: шояд ин меросӣ бошад? (Дар оилаи шавҳари ӯ мавридҳои худкушӣ буданд.) Шояд саломатии бад ё доруҳое ки шавҳараш истеъмол менамуд, сабабгори ин бошанд? Оё шайтон ба ҳамаи ин робитае надорад? Шояд шавҳараш ягон ҳақиқати муайяни рӯҳониро, ки аз боиси он дар изтироб мебошад, намефаҳмад?
Рӯҳафтодагӣ масъалаи ҳалталаби занҳост, мо ду баробар зиёдтар ба рӯҳафтодагӣ рӯ ба рӯ мешавем. Рӯҳафтодагии занона имрӯзҳо дар Ғарб чунон паҳн шудааст, ки ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ ҷой пештар чунин набуд. Агарчи невропатологҳо дар давраи ибтидоии беморӣ чунин ташхис менамоянд ва бо доруҳо ва психотерапия муолиҷа мекунанд, миқдори беморон беш аз пеш зиёд шуда истодааст, ва миқдори касоне ки аз ин беморӣ раҳо шудаанд, хеле кам аст.
Навишта оиди рӯҳафтодагӣ ва ноумедӣ бисёр мегӯяд ва мефаҳмонад, ки дар баъзе мавридҳо дарде ки мо рӯҳафтодагӣ меномем, — танҳо натиҷаи ногузири ҳаёт дар ҷаҳонест, ки аз гуноҳкоршавӣ зарар дидааст. Дар боби 8-уми Нома ба Румиён Павлус менависад, ки ҳамаи офариниш дар зери ин бор «оҳу нола мекунад» ва бесаброна интизори раҳоии ниҳоӣ аз ҷаҳони лаънатзадаи гуноҳолуд мебошад.
Барои фаҳмидани робитаи рӯҳафтодагӣ, таъсирпазирии ирсӣ ва дигар омилҳои физиологӣ бисёр тадқиқотҳои илмӣ ва тиббӣ гузаронида шудаанд. То ҳол бисёр чизҳо омӯхта нашудаанд, ҳамчунин мо оиди натиҷаҳои навъҳои гуногуни табобат маълумоти на он қадар зиёд дорем. Аммо мо аниқ медонем, ки дар бисёр ҳолатҳо нишонаҳои физиологии рӯҳафтодагӣ натиҷаи бемориҳои рӯҳ ва ҷон мебошанд, масалан ношукрӣ, ихтилофи ҳалнашуда, бемасъулиятӣ, ҳисси айбдорӣ, талхкомӣ, бахшидан нахостан, нобоварӣ, беш аз андоза ҳимоя намудани ҳуқуқи худ, хашм ва худпарастӣ.
Агар бо заминаҳои асосии ин беморӣ мубориза набарем, ин ҳатман ба ҳолати саломатии рӯҳӣ ва ҷисмонӣ таъсир мерасонад. Дар баъзе мавридҳо доруҳо метавонанд нишонаҳои рӯҳафтодагиро андаке суст кунанд. Аммо агар сабаби асосии рӯҳафтодагӣ бемории ҷисмонӣ набошад, таъсири доруҳо танҳо муваққатӣ хоҳанд буд. Доруҳои дуруст таъиншуда ба шахсе ки ба шакли ҷиддии рӯҳафтодагӣ гирифтор аст, метавонанд ёрӣ диҳанд, ки ба худ биёяд ва равшан фикр кунад, то ки сабаби бемории худро ёбад. Аммо чунин доруе нест, ки аз бемории рӯҳ «раҳо намояд». Мутаассифона, бисёр одамон ҳалли масъаларо дар доруҳо мебинанд. Аммо агар шахс мушкилоти ботинии худро ҳал накунад, ба озодшавии ҳақиқӣ умедвор шуда наметавонад. Шояд шумо ҳайрон мешавед, ҳангоме мефаҳмед, ки бисёр касоне ки дар Китоби Муқаддас зикр шудаанд, аз рӯҳафтодагӣ азоб мекашиданд. Қиссаҳои онҳо ба мо ёрӣ медиҳад, то баъзе сабабҳои ин бемориро фаҳмем.
Масалан, подшоҳ Аҳъоб чизеро, ки беҳад хоҳони он буд, ба даст оварда натавониста, ба рӯҳафтодагӣ афтод. Ҳангоме ки ҳамсояи Аҳъоб қитъаи замини худро, ки ӯ онро ба даст оварданӣ буд, фурӯхтан нахост, Аҳъоб хашмгин шуд, ва ба хона омада «ғамгин ва парешонҳол гардид... ва бар бистари худ хобида, рӯи худро гардонид, ва хӯроке нахӯрд» (3 Подш. 21:4). Зани Аҳъоб, Изобал, кӯшиш кард, ки фикрҳои нохуши ӯро аз байн барад ва ваъда дод, ки барои ба даст овардани замин ёрӣ дода метавонад. Ӯ гуфт: «…Бархез ва хӯрок бихӯр, ва бигзор дили ту хуш бошад: ман токзори Нобӯти изреилиро ба ту хоҳам дод» (3 Подш. 21:7).
Бояд эътироф кунам, ки дар ҳаёти худам пастравиҳои эҳсосотӣ аксаран аксуламал ба нокомиҳои муайян мебошанд. Ман дар умқи дил хашмро ҳис мекунам, аммо онро ифода намекунам, балки эҳсосоти худро фурӯ менишонам ва умедвор мешавам, ки ягон кас инро пай мебарад ва кӯшиш мекунад ба ман ёрӣ расонад, чуноне ки Изобал ба Аҳъоб ёрӣ дод.
Қиссаи Юнус нишон медиҳад, ки рӯҳафтодагӣ ва фикрҳо оиди худкушӣ аз боиси хашм ба Худо пайдо шуда метавонанд. Ба фикри Юнус, аҳли Нинве сазовори он буданд, ки Худо онҳоро нобуд кунад, ва ҳангоме ки Худо чунин накард, «Юнус хеле маҳзун шуд, ва қаҳраш омад, ва сӯи Парвардигор дуо кард ва гуфт... акнун, эй Парвардигор, ҷони маро аз ман бигир, зеро ки мурданам аз зистанам беҳтар аст» (Юнус 4:1–3). Худо хашми Юнусро сарзаниш намуд: «…Наход ту аз ин то ҳамин дараҷа дар қаҳр шудаӣ?» (4:4).
Юнус дар сояи растание аз гармо паноҳ мебурд, аммо растанӣ хушк шуд. Ҳангоме ки Юнус аз боиси ин боз бештар хашмгин шуд, ин гуфтугӯ давом кард. Худо мехост, то пайғамбар фаҳмад, ки сабаби рӯҳафтодагии ӯ на дар худи вазъиятҳо, балки дар аксуламали ӯ ба нақшаи Худо буд.
Ҳанно зани тақводор буд, аммо аз боиси муносибатҳои нохуб бо зани дуюми шавҳараш ва хоҳише ки муддати зиёд иҷро намешуд, рӯҳафтода шуда буд. Шавҳари тақводораш ӯро хеле дӯст медошт. Аммо, бо сабабҳои бароямон номаълум, Худованд батни Ҳанноро «баста буд». Андӯҳи ӯ аз бефарзандӣ бо он ҳолат вазнинтар мегардид, ки зани дуюми шавҳараш, Фанинно, ки ба осонӣ кӯдакдор мешуд, доимо ба ӯ истеҳзо менамуд:
Ва палонҷаш вайро сахт ранҷонида, бисёр ба хашм меовард, барои он ки Парвардигор батнашро баста буд. Ва ин тавр ҳар сол воқеъ мешуд: ҳар боре ки вай ба хонаи Парвардигор меомад, палонҷаш чунон вайро меранҷонид, ки вай гиря мекард ва чизе намехӯрд.
Ҳангоме ки мо дасти Худоро дар вазъияти пайдошуда намебинем ё бо Ӯ баҳс мекунем, мо аз ҷиҳати эҳсосотӣ ва рӯҳонӣ беҳимоя мемонем.
Ҳаёти подшоҳ Довуд нишон медиҳад, ки гоҳо сабаби рӯҳафтодагӣ гуноҳи худи мо буда метавонад, ва гоҳо танҳо дард, ки дар ин ҷаҳони гуноҳолуд аз он барканор буда наметавонем.
Таронаи 31-уми Забур азоби ҷисмонӣ ва рӯҳии Довудро, ки аз гуноҳ бо Батшобаъ ва куштори Уриё тавба менамуд, тасвир менамояд:
Вақте ки хомӯш будам, устухонҳоям аз фиғони ҳаррӯзаи ман мепӯсиданд, зеро ки рӯзу шаб дасти Ту бар ман фишор меовард; тару тозагии ман ба хушкии тобистон табдил ёфтааст.
Аммо на ҳамеша сабаби рӯҳафтодагии Довуд гуноҳи худи ӯ буд. Гоҳо дар зиндагии ӯ давраҳои душвор фаро мерасиданд, ва ин бо гуноҳҳои ӯ робитаи бевосита надошт. Ӯ рӯҳафтодагии худро дар бисёр таронаҳои Забур тасвир менамояд:
...Дар изҳори дарди дили худ менолам, ва оҳи ҷигарсӯз мекашам… <…> Дилам андаруни ман сахт метапад, ва тарсҳои марг бар ман афтодаанд. Тарсу ларз бар ман ғолиб омадааст, ва даҳшат маро фаро гирифтааст. Ашкҳоям рӯзу шаб нони ман буданд...
Ҳангоме ки ҳаёт ба Довуд захмҳо мезад, ӯ ба ёрӣ даъват намудани Худоро ёд гирифт. Он фаҳмид, ки ҳақиқатро такрор кардан, ба худ саволҳои душвор додан ва аз фаҳмидани хислати Худо тасалло ёфтан даркор аст:
Чаро, эй ҷонам, ноумед шудаӣ ва андаруни ман ошуфтаҳол ҳастӣ? Ба Худо умедвор бош, зеро барои наҷоти рӯи Ӯ боз сипос хоҳам гуфт. Эй Худои ман! Ҷонам андарунам навмед шудааст, бинобар ин Туро... ёд мекунам. <…> Рӯзона Парвардигор меҳру вафои Худро зоҳир хоҳад кард, ва шабона суруди Ӯ бо ман хоҳад буд....
Доктор Мартин Ллойд-Ҷонс дар китоби худ «Ноумедии рӯҳонӣ» бо истифодаи ин оятҳо ба касоне ки рӯҳафтода шудаанд, муроҷиат мекунад:
Шумо бояд ба ҷони худ гӯед: «Чаро ту ғамгин ҳастӣ? Чӣ чиз туро ба изтироб овардааст ва ноором гардондааст?» Шумо бояд... ба худ насиҳат намоед: «Ба Худованд умед бандед» ва шикваю шикоят накунед. Шумо бояд оиди Худо, оиди табиати Ӯ, оиди он чи Худо барои шумо ба амал овардааст ва он чи ваъда додааст, ки ба амал меоварад, ба худ ёдрас намоед3.
Дар боби охирини Номаи Яъқуб порчае ҳаст, ки дар он ба одамоне ки аз рӯҳафтодагӣ азоб мекашанд, маслиҳати амалӣ дода мешавад:
Оё касе аз шумо уқубат мекашад? Бигзор дуо гӯяд. Оё касе шодмон аст? Бигзор таронаи Забурро хонад. Оё касе аз шумо бемор аст? Бигзор пирони калисоро назди худ даъват намояд, ва онҳо ӯро ба исми Худованд равған молида, дар ҳаққи ӯ дуо гӯянд, Ва дуои имон беморро шифо хоҳад дод, ва Худованд ӯро ба по хоҳад хезонд; ва агар ӯ гуноҳ карда бошад, гуноҳҳояш бахшида хоҳад шуд. Ба гуноҳҳои худ назди якдигар иқрор намоед ва барои якдигар дуо гӯед, то шифо ёбед: дуои боисрори шахси одил қуввати бузурге дорад.
Пеш аз ҳама дар ин ҷой гуфта мешавад, ки новобаста ба чигунагии ҳиссиёти мо ё вазъиятҳо, мо бояд аввал барои ёрӣ ба Худованд муроҷиат намоем. Корҳоямон пеш мераванд ё дар азобем, хурсандем ё андӯҳгин, солим ҳастем ё бемор — қадами аввалин ҳамеша бояд дарки ҳузури Худо бошад. Аз Худо хоҳиш кардан даркор аст, ки дар вазъияти душвор бо мо бошад ва моро бо ҳама чизи даркорӣ таъмин намояд, то ки аз ӯҳдаи он баромада тавонем. Аммо аксар вақт мо Худовандро ба ёд намеоварем.
Агар мо дард ҳис кунем, дар ҷустуҷӯи тасалло дарҳол ба сарчашмаҳои моддии раҳоӣ аз дард рӯ меоварем. Дар ниҳояти кор, ба дугонае ки гӯш карда, ҳамдардӣ менамояд, телефон кардан осонтар аз он аст, ки бо Китоби Муқаддаси кушода ба зону истода, он чиро, ки Худо «дар шаби торики ҷон» мегӯяд, шунавем. Ба воситаи пурхӯрӣ ва хоб дардро фурӯ нишондан осонтар аз он аст, ки ҷисми худро бо қатъият рад намуда, дар Рӯҳ зиндагӣ кунед. Ҳиссиёти худро бо садои телевизор фурӯ нишондан осонтар аз он аст, ки худро фурӯтан намуда, аз Худо ва одамон барои бадхашмии худ бахшиш пурсед. Қуттии нави доруи машҳури рафъкунандаи рӯҳафтодагиро харидан осонтар аз он аст, ки аз Худо оиди сабабҳои мушкилоти пайдошуда пурсед: шояд ин ношукрӣ, серталабӣ ё ранҷиши сахти мо бошад. Воситаҳои дунявӣ андак сабукӣ оварда метавонанд, аммо, аз афти кор, онҳо кофӣ нестанд, ва таъсири онҳо зуд ба охир мерасад. Дар чунин лаҳзаҳо эҳтиёҷоти амиқи моро фақат «Худои ҳар гуна тасалло» қонеъ карда метавонад.
Ман намегӯям, ки ҳамаи воситаҳои дигар гуноҳолуд мебошанд. Шояд барои модари ҷавони ду кӯдаки синни томактабӣ ва як тифли навзод он чиз беҳтар аст, ки аз хоб сер шавад. Гоҳо дигаргуниҳо дар хӯрок кайфияти моро беҳтар карда метавонанд, ва ин дар навбати худ боиси беҳтар шудани ҳолати эҳсосотӣ ва рӯҳонии мо мегардад. Баъзе нишонаҳои рӯҳафтодагиро бо машқҳои ҷисмонӣ бартараф кардан мумкин аст. Моро дӯстон тасалло дода метавонанд, хусусан агар онҳо ба мо ҳақиқатро ёдрас намоянд. Духтур метавонад бемориеро, ки шояд сабабгори рӯҳафтодагӣ шудааст, ёфта, муолиҷа намояд. Аммо барои ҳалли мушкилоти рӯҳӣ ва масъалаҳои рӯҳонӣ ба мутахассисон ва доруҳо муроҷиат намудан боиси он мешавад, ки миллионҳо занон ноумед мешаванд, бе пул мемонанд, доруҳои нодаркорро истеъмол менамоянд ва аҳволашон аз аввала бадтар мешавад.
Сипас Яъқуб мегӯяд, ки дар раванди шифоёбии дилшикастагӣ Бадани Масеҳ — калисо нақши муҳиме дорад.
Дар якчанд соли охир чунин ақидае маъмул гардидааст, ки фақат «мутахассисон» ба шахсоне ки гирифтори ҳар гуна ихтилолҳои эҳсосотӣ ё психикӣ мебошанд, ёрӣ дода метавонад. Ҳатто баъзе шубонҳо худро на ба қадри кофӣ салоҳиятнок ҳис мекунанд, то ки ба чунин шахсон ёрӣ диҳанд, ва аз ҳамин сабаб онҳоро назди психологҳо, психиатрҳо ё психотерапевтҳои мутахассис равона мекунанд.
Ин маънои онро надорад, ки шахсоне ки тайёрии касбӣ дидаанд, бефоида мебошанд, агар, албатта, маслиҳатҳои онҳо дар асоси Каломи Худо ва фармудаҳои Ӯ бошанд. Аммо биёед фаромӯш накунем, ки Худо Бадани Масеҳро чунон бунёд намудааст, ки он ба шахсони ноумедшуда, эҳтиёҷманд хизмат намояд. Мо бояд бо Каломи Худо муолиҷа намудани одамони азобкшандаро ёд гирем.
Ҳамин тариқ, Яъқуб мегӯяд, ки агар шумо дар азоб бошед, агар рӯҳатон бемор бошад, ба Бадани Масеҳ имкон диҳед, ки ба номи Исо ба шумо дар файз хизмат расонад. Пас аз он ки шумо дуо мекунед, ташаббусро ба даст гирифта, ба дӯстон оиди эҳтиёҷи худ гӯед — хусусан ба сарварони рӯҳонии худ, — аз онҳо хоҳиш кунед, ки барои шумо дуо гӯянд. Аз гуноҳе ки шояд сабабгори сустӣ ё бемории эҳсосотии шумо гардидааст, тавба кунед ва дар назди Бадани Масеҳ масъулиятро ба ӯҳда гиред.
Ҳангоме ки сухан дар бораи эҳсосоти мо меравад, мо бояд дар ёд нигоҳ дорем, ки табъи ҳамеша болида мақсади ниҳоии ҳаёти масеҳӣ намебошад. Худо ваъда намедиҳад, ки пайравони ӯ аз ҳамаи эҳсосоти «манфӣ» дар амон хоҳанд буд. Баръакс, ҳар қадар бештар мо дар ҷисми заминӣ зиндагӣ кунем, дар роҳи мо ҳамон қадар бештар дард ва мушкилот хоҳанд вохӯрд.
Дар боби оянда мебинем, ки дар ҳаёт бояд на ба он саъй намоем, ки ҳама чиз «хуб» шавад, балки Худоро ҷалол диҳем ва ба иҷроиши нақшаи кафоратдиҳандаи Ӯ мухолифат накунем. Ҳама чизи дигар мегузарад. Шодии ҳақиқӣ фақат дар вафодорӣ ба ин мақсад аст.
ДУРӮҒ
32. АГАР МАН ЧИЗЕРО ҲИС КУНАМ, ПАС ИН РОСТ АСТ.
ҲАҚИҚАТ
• Ба ҳиссиёти ман на ҳамеша боварӣ кардан мумкин аст. Аксар вақт онҳо бо воқеият робитаи кам доранд ва маро ба осонӣ фиреб дода метавонанд.
• Ман бояд ҳама гуна ҳиссиётеро, ки ба ҳақиқат мувофиқат надоранд, бо қатъият рад намоям.
ДУРӮҒ
33. МАН ЭҲСОСОТИ ХУДРО ИДОРА КАРДА НАМЕТАВОНАМ.
ҲАҚИҚАТ
• Эҳсосоти ман набояд маро идора кунанд.
• Ман метавонам қарор диҳам, ки оиди ҳақиқат андеша намоям, ҳама гуна фикрро тобеи итоаткорӣ ба ҳақиқат намоям ва ба Худо имкон диҳам, ки эҳсосоти маро идора намояд.
ДУРӮҒ
34. ҲАНГОМЕ КИ МУВОЗИНАТИ ГОРМОНИИ МАН ХАЛАЛДОР МЕШАВАД, МАН БАРОИ АМАЛҲОИ ХУД МАСЪУЛИЯТ НАДОРАМ.
ҲАҚИҚАТ
• Бо марҳамати Худо ман метавонам мустақилона қарор қабул кунам, ки новобаста ба ҳиссиётам, ба Ӯ итоат намоям.
• Рафтори гуноҳкорона, муносибати нодуруст ба одамон ва дағалиро сафед кардан мумкин нест.
• Давраҳои ҳаётии (табиӣ ва эҳсосотии) ман зери назорати Касе мебошанд, ки маро офаридааст, дар ҳаққи ман ғамхорӣ мекунад ва оиди ҳаёти ман ҳама чизро медонад.
ДУРӮҒ
35. РӮҲАФТОДАГИРО ПЕШ АЗ ҲАМА БО ДОРУҲО МУОЛИҶА КАРДАН ДАРКОР АСТ ВА/Ё БА ПСИХИАТР МУРОҶИАТ КАРДАН ЛОЗИМ АСТ.
ҲАҚИҚАТ
• Нишонаҳои табиӣ ва эҳсосотии рӯҳафтодагӣ метавонанд натиҷаи мушкилоти рӯҳонӣ бошанд, ки онҳоро ҳал кардан лозим аст.
• Агар рӯҳафтодагии ман аз боиси дардмандии табиӣ набошад, пас доруҳо маро аз азобҳо муддати зиёд раҳо карда наметавонанд.
• Қонуне нест, ки мувофиқи он ман ҳамеша бояд худро хуб ҳис кунам. Новобаста ба ҳиссиёт, ман метавонам Худоро шукргузорӣ намоям, ба Ӯ итоат кунам ва ба одамон хизмат намоям.
• Файзи Худо, Рӯҳулқудс, Калом, Ваъдаҳои Ӯ, Бадани Масеҳ — ҳамаи ин ба эҳтиёҷоти эҳсосотии мо пурра ҷавобгӯ аст.
1. Бо Худо РОЗӢ ШАВЕД.
Шумо ба кадом дурӯғ оиди ҳиссиёт бовар кардед?
2. Масъулиятро БА ЗИММА ГИРЕД.
Бовар ба ин дурӯғ чӣ гуна ба тарзи зиндагии шумо таъсир расонд (муносибатҳо, рафтор)?
3. Ҳақиқатро ЭЪЛОН НАМОЕД.
Ҳамаи ҳақиқатҳои дар боло зикршударо бо овози баланд хонед. Кадоми онҳо барои шумо имрӯз махсусан муҳиманд?
Ақли худро бо Каломи Худо нав гардонед. Ин порчаҳоро бо овози баланд хонед. Ин оятҳо чӣ гуна аз ӯҳдаи эҳсосот баромаданро пешниҳод мекунанд?
Флп. 4:4–8
Қӯл. 3:1–4
Иш. 26:3–4
Иш. 50:10
4. Дар асоси ҳақиқат АМАЛ НАМОЕД.
Шумо бояд кадом қадамҳоро гузоред, то ки ҳаётатон ба ҳақиқат мувофиқат кунад?
5. Аз Худо ХОҲИШ НАМОЕД, ки барои дар ростӣ қадамгузор буданатон ёрӣ диҳад.
БОБИ НӮҲУМ.
ДУРӮҒЕ КИ ЗАНҲО БА ОН БОВАР МЕКУНАНД…
…ОИДИ ВАЗЪИЯТҲОИ ҲАЁТӢ
Ин «яке аз бадтарин рӯзҳо» буд. Шояд шумо низ ҳамин гуна рӯзҳо доштед — ҳангоме ки дар ҳеҷ кор муваффақ намешавед. Шояд шумо дар ин бора дар китоби Ҷудит Ворст «
Ман сақич дар даҳон ба хоб рафтам ва акнун сақич ба мӯйҳоям часпидааст, ва ҳангоме ки имрӯз пагоҳӣ аз кат бархестам, нохост поямро ба скейтборд гузоштам, ва баъд ҳангоме ки об мерафт, свитерро ба дастшӯяк афтондам. …Ва ман дарҳол фаҳмидам, ки имрӯзи ман даҳшатовар, аҳмақона ва аблаҳона хоҳад буд1.
Ва ҳақ ба ҷониби ӯ буд. Александр дар мактаб рӯзи даҳшатовареро гузаронд, бефоида ба духтури дандон ва мағозаи пойафзол рафт. Ва ин ҳанӯз ҳамааш не.
Нисфирӯзӣ хӯроки лӯбиёдор буд, аммо ба ман лӯбиё маъқул нест.
Дар телевизор бӯсобӯсӣ мекарданд, аммо ман бӯсобӯсиро дӯст намедорам.
Об дар ванна хеле гарм буд, ба чашмонам кафки собун даромад, лозим омад пижамаамро пӯшам. Онро дӯст намедорам.
Ҳангоме ки ба ҷои хоб даромадам, Ник болиштеро, ки худаш ба ман тӯҳфа карда буд, кашида гирифт, ва боз лампаи шабона бо Микки Маус сӯхт, ва боз ман забонамро газидам.
Гурба хост на бо ман, балки бо Энтонӣ бихобад.
Ин рӯзи даҳшатнок, аҳмақона ва аблаҳона буд 2.
Кӣ метавонад бачаеро таъна занад, ки дар охири рӯз бо табъи хира оҳ кашида, қарор медиҳад: «Ҳамин ки ба воя расам, дарҳол ба Австралия кӯчида меравам!»3
Александр ягона касе нест, ки ин чизро аз сар гузарондааст. Эҳтимол ҳама лаҳзаҳоеро аз сар гузарондаанд, ки мехостанд Худо онҳоро ба ҷазираи беодам кӯчонад!
Аммо охир сарояндаи таронаҳои Забур боре маҳз дар ин бора дуо гуфтааст. Ба ӯ чунин метофт, ки ҳама бар зидди ӯ бархостаанд, ин тоқатфарсо буд:
Ва ман гуфтам: «Кошки ман мисли кабӯтар болу пар медоштам: парвоз мекардам, ва ором мегирифтам... Мешитофтам, то ки аз тундбод ва аз шамоли тӯфон паноҳ шавам».
Ҳангоме ки Худо заминро офарид, Ӯ ба он нигариста, гуфт: «Хуб аст». Тамоми олам, аз хурдтарин молекула то галактикаи бузургтарин, тартиби идеалӣ дошт. Дар ҷаҳон мувофиқати пурра ҳукмфармо буд. На ошуфташавӣ буд, на дард, на ихтилофот, на ноумедиҳо.
Мо медонем, ки Одам ва Ҳавво дар ҷаҳони идеалӣ аз ҳаёт ҳаловат мебурданд. Ҳатто Марта Стюарт[2] ба хонаи аввалини онҳо ҳасад бурда метавонист.
Ҳама чиз олидараҷа буд. Ҳеҷ чизро таъмир кардан лозим набуд. Ҳеҷ кас ба ҳеҷ куҷо дер намемонд, хаста намешуд ва асабонӣ намегардид. Ҳеҷ кас қарздор намешуд, азоб намекашид, бемор намешуд ва намемурд. Ҳеҷ кас намеранҷид ва намеранҷонд, ва ҳеҷ кас ҳеҷ касро ба маҳкама намекашид. Духтурон, адвокатҳо, психологҳо ё сексопатологҳо зарур набуданд.
Аммо дар он лаҳзае ки Ҳавво дурӯғи шайтонро гӯш кард ва бо ӯ розӣ шуд, ҳамаи ин тағйир ёфт. Ва акнун ба одамон лозим меомад заминро, ки замоне самари худро бо омодагӣ медод, аз алафҳои бегона ва хорҳо тоза кунанд, то ки барои худ ягон хел хӯрокворӣ сабзонанд. Таваллуд намудани кӯдакон чун хурсандӣ ва қисми табиии ҳаёти зан андешида шуда буд, аммо акнун ба зан лозим меомад, ки дарди зоиш ҳис кунад.
Ба иловаи алафҳои бегона ва таваллудкунии дарднок дар ҳаёти одамон ин чизҳо пайдо шуданд:
Дурӯғе ки ба ҷаҳон дохил шуд, боиси натиҷаҳои муайян гардид. Чуноне ки қатраи ранги ба стакани об андохташуда тамоми обро ранг мекунад, гуноҳ низ ҳаёти одамон ва муҳити зисти онҳоро «доғдор кард».
Аксари одамон аз он сабаб ноумед, хашмгин ва рӯҳафтода мешаванд, ки дар хусуси вазъиятҳои ҳаётӣ ва азобҳо, ки баъди гуноҳкоршавӣ ҳатман дар ин ҷаҳон хоҳанд буд, ба дурӯғ бовар карданд.
Дар ёдам ҳаст, ки чандин сол пеш модари ҷавони кӯдаки дусола ва дугоникҳои яксола ба ман шикоят карда буд: «Ман то вақти таваллуд шудани дугоникҳо шахси пурсабр будам!» Ин зан, чун аксари одамон дар рӯи замин, бовар мекард, ки моро вазъиятҳои ҳаётӣ ташаккул медиҳанд.
Ин иштибоҳ aст — чунин ҳисобидан, ки ҳама гап фақат дар вазъиятҳои душвор аст, ва маҳз онҳо барои хислати бади мо айбдоранд. Шояд шумо, чун ман, ягон вақт гуфта будед: «Ӯ маро ба ҳамин ҳолат расонд!» Аммо дар асл ана ин чизро дар назар доштед: «Умуман ман зани меҳрубон, навозишкор, дӯстдор ва ботаҳаммул ва аз Рӯҳ пур мебошам. Аммо... ӯ чунон коре кард, ки шумо ҳатто бовар карда наметавонед!»
Мо мегӯем: «Агар кӯдакам ба фен об намерехт ва ба тамоми мебели хона бо равған наққошӣ намекард, ман худдориро аз даст намедодам.
Ё: «Агар волидонам дар кӯдакӣ доимо маро сарзаниш намекарданд ва маро бовар намекунонданд, ки ман ҳеҷ ҳастам, оиладории ман хушбахтона мебуд».
Ё: «Агар шавҳарам аз ман назди зани дигар намерафт, ин гуна бадбахт намебудам».
Мо гӯё чунин мегӯем: «Одамон ва вазъиятҳо дар он айбдоранд, ки ман чунин шудаам». Мо фикр мекунем, ки агар шароити зиндагӣ дигар хел мебуд (тарбия, атрофиён), худи мо низ одамони дигар мешудем. Мо пурсабртар, дӯстдор, қаноатманд мешудем, ва бо мо зистан осонтар мебуд.
Агар дар ҳамааш вазъиятҳо айбдор бошанд, пас мо қурбониён мебошем. Ва душман ба мо маҳз ҳаминро талқин кардан мехоҳад. Агар мо қурбониён бошем, пас барои амалҳои худ ҷавобгар нестем — охир мо худро дигаргун карда наметавонем. Аммо Худо мегӯяд, ки мо масъулият дорем — аммо на барои гуноҳҳои дигарон, балки барои аксуламали худ ба онҳо ва барои ҳаёти худ.
Дар асл вазъиятҳо моро дигаргун намекунанд. Онҳо фақат симои ҳақиқии моро ошкор менамоянд. Он модари ноумедшуда намефаҳмид, ки ҳамеша бесабру таҳаммул буд. Аммо ӯ инро дарк намекард, то даме ки Худо барои ӯ чунин шароитеро фароҳам овард, ки дар онҳо моҳияти ҳақиқии ӯ зоҳир гардид, ва ӯ дигаргун шуд.
Душман моро бовар мекунонад, ки мо фақат дар мавриди дигаргун шудани шароити зиндагӣ дигаргун шуда метавонем. Ва мо «Кошки» ном бозиеро сар мекунем:
Кошки мо намекӯчидем...
Кошки мо дар наздикии волидон зиндагӣ мекардем...
Кошки мо хонаи калонтар (ҷевонҳои бештар, ҷои бештар) медоштем...
Кошки мо пули бештар медоштем...
Кошки шавҳари ман камтар кор мекард...
Кошки ман ба шавҳар мебаромадам...
Кошки ман ба шавҳар намебаромадам...
Кошки ман ба каси дигар ба шавҳар мебаромадам...
Кошки ман фарзандон медоштам...
Кошки ман ин қадар фарзандон намедоштам...
Кошки ман кӯдакамро аз даст намедодам...
Кошки шавҳари ман муошират карда метавонист...
Кошки шавҳари ман сарвари рӯҳонӣ мебуд...
Ҳангоме гумон мекунем, ки дар шароити дигар хушбахттар мебудем, мо худро фиреб медиҳем.
Аммо агар мо дар вазъиятҳои ҳозира бадбахт бошем, аз эҳтимол дур аст, ки умуман хушбахтӣ ба даст оварда метавониста бошем.
Дар синни панҷоҳсолагӣ нависанда Элизабет Прентисс, ки дар асри XIX зиндагӣ мекард, фаҳмид, ки шавҳараш кори нав пайдо намуд ва ба онҳо лозим меояд, ки аз Нью-Йорк ба Чикаго кӯчанд. Кӯчидан маънои хайрбод гуфтан бо ҳамаи дӯстонро дошт ва ба саломатии сусти ӯ таҳдид менамуд. Дар нома ба дугонааш ӯ навишта буд:
Мо фақат хости Худоро донистан мехоҳем... Ташвишҳои зимистони гузашта маро таълим доданд, ки маҳалли зист ва мақом бо хушбахтӣ умумияте надоранд. Мо дар қаср низ тамоман бадбахт буда метавонем, аммо метавонем дар заминкан хушбахт бошем... Шояд ин дард барои он даркор аст, то дар ёд дошта бошем… ки мо дар ин замин ғарибон ва мусофиронем4.
Зани Ҷорҷ Вашингтон, Марта, дар нома ба дугонааш Мерси Уоррен чунин ақидаи худро баён намудааст:
Ман ба ҳар ҳол кӯшиш мекунам дар ҳар як вазъият хушнуд ва хушбахт бошам, зеро фаҳмидам, ки хушбахтӣ ё бадбахтии мо аз вазъиятҳо дида бештар ба рӯҳияи мо вобастагӣ дорад. Дар рӯҳи мо тухмиҳои ҳам ин ва ҳам он ҳастанд5.
Ҳавворӣ Павлус фаҳмид, ки метавонад хурсанд бошад, қаноатманд бошад ва дар ҳамаи вазъиятҳо самаранок меҳнат кунад, чунки хурсандӣ ва некӯаҳволии ӯ фақат ба муҳаббати доимӣ ва вафодории Худо, ва низ ба муносибатҳои ӯ бо Худо вобаста буданд. Ана барои чӣ Павлус гуфта метавонист:
…ман ёд гирифтаам, ки бо он чи дорам, қаноат намоям: дар камбағалӣ ҳам зиста метавонам, дар фаровонӣ ҳам; дар ҳар чиз ва дар ҳар ҷо аз сар гузаронидани серӣ ва гуруснагӣ, фаровонӣ ва камиро ёд гирифтаам.
Павлус мефаҳмид, ки мо на ҳамеша ба вазъиятҳои ҳаёт таъсир расонда метавонем, аммо ҳамчунин ҳатмӣ нест, ки онҳо ба мо таъсир кунанд.
Мо метавонем ба Худои хирадманд, дӯстдор ва тавоно боварӣ кунем, ки ҳама гуна душвориро дар ҳаёти мо ислоҳ карда метавонад. Хурсандӣ, осоиштагӣ ва оромӣ — самарҳои боварӣ ба он мебошанд, ки ҳар як воқеа, пеш аз он ки дар ҳаёти мо рӯй диҳад, аз дастони дӯстдори Падари Осмонӣ мегузарад ва қисми нақшаи Ӯ мебошад.
Бисёр воизони ҳозиразамон ба гуноҳкорон ваъда медиҳанд, ки ҳамин ки онҳо ба Исо имон оваранд, осудагии беохир, хурсандӣ, хона дар осмонҳо ва гулгулшукуфиро дар ин ҳаёт ба даст меоваранд. Чунин таълимот, ки даъват ба шогирдӣ ва бардошта бурдани салиби худро дар бар намегирад, як насли «шогирдон»-и сустиродаро ба вуҷуд овардааст, ки дар муҳорибаи ҳаёт иштирок кардан намехоҳанд. Ҳангоме ки дар роҳи онҳо озмоишҳо ва андӯҳҳои ногузир вомехӯранд, онҳо шиква мекунанд, мегирянд ва мегурезанд.
Душман моро бовар мекунад, ки азобҳои мо сазовор ва ҳатмӣ нестанд, ва маҷбур мекунад, ки аз Худо ранҷем ва ба нақшаву иродаи комили Ӯ мухолифат намоем.
Аммо Худованд Исо ва ҳаввориён, ки Ӯро пайравӣ менамуданд, моро даъват менамуданд, ки салиби худро бардошта барем. Ин даъват ба ҷанг буд, ин даъват ба азобҳо буд.
Ҳавворӣ Павлус таълим медод, ки азобҳо монеаҳои ҳатмии роҳи ҳар як имондор мебошанд: «…мо бояд бо мусибатҳои бисёр дохили Подшоҳии Худо гардем» (Аъм. 14:22).
Ҳангоме ки дар Хитой коммунистҳо ба сари ҳокимият омаданд, Артур Мэтюз дар он ҷо миссионер буд (аз соли 1938 то 1949). Ӯ яке аз охирин миссионерҳо дар Хитойи онвақта буд. Дар соли 1953 баъд аз ҳабси чорсолаи хонагӣ ӯ ҳамроҳи зан ва ду духтараш Хитойро тарк кард. Китобҳои ӯ қатъият ва омодагии ҳатто дар андӯҳҳо рад кардани худ ва аз пайи Худо рафтанро инъикос мекунанд:
Мо майл ба он дорем, ки вазъиятҳои зиндагиро аз он нуқтаи назар баҳо диҳем, ки онҳо ба нақшаҳо ва роҳати мо чӣ гуна таъсир расонда метавонанд. Дар асоси ин мо қарорҳо қабул мекунем. Ҳангоме ки дар назди мо мушкилӣ ба миён меояд, мо назди Худо медавем, аммо на барои он ки ақидаи Ӯро оиди воқеа фаҳмем, балки барои он ки аз Ӯ хоҳиш намоем, ки моро аз нохушиҳо раҳо кунад. Роҳат барои мо аз нақшаи Худо муҳимтар аст, ки он фақат ба шарофати нохушии ба хонаи мо меомада иҷро мешавад...
Насли касоне ки аз воқеият мегурезанд, чунин меҳисобанд, ки далелҳои баракати Худо бехатарӣ, гулгулшукуфӣ ва некӯаҳволии ҷисмонӣ мебошанд. Аз ҳамин сабаб ҳангоме ки дар ҳаёти мо азобҳо ва андӯҳҳо пайдо мешаванд, мо он чиро, ки Ӯ гуфтан мехоҳад, намефаҳмем ва мақсади ӯро нодуруст маънидод мекунем6.
Агар мо ба Худо боварӣ надошта бошем ва ба ниятҳои неки ӯ бовар накунем, ҳатман ба азобҳо муқобилат мекунем. Аммо, чуноне ки нависандаи пуритании асри XVII Уилям Лоу моро бовар мекунонад, мо бояд бо хушнудӣ қабул кардани азобро чун роҳ сӯи муқаддасшавӣ ва ба Худо боз ҳам наздиктар шудан қабул намоем:
Ҳар як бадбахтӣ, ноумедӣ, дард, нороҳатӣ, васваса, торикӣ ва танҳоиро чун имконияти пурбаракати барои худ мурдан ва ҳис кардани наздикӣ бо Наҷоткоре ки худро рад намуда азоб кашида буд, бо хушнудӣ қабул намо7.
Худо назар ба хушбахтии муваққатии ҳозира бештар ба муқаддасии мо кӯшиш мекунад. Ӯ медонад, ки агар мо муқаддас набошем, ҳеҷ гоҳ хушбахтии ҳақиқиро ба даст намеоварем.
Бе азобҳо муқаддас шудан ғайриимкон аст. Ҳатто Худи Исо, ҳангоме ки дар рӯи замин буд, бо кадом як воситаи нофаҳмиданӣ «ба воситаи уқубатҳо комил» буд (Ибр. 2:10), ва «агарчи Писар буд, ба василаи уқубатҳо ба итоат омӯхта шуд…» (Ибр. 5:8). Мо мегӯем, ки ба Исо монанд будан мехоҳем, аммо ягона имконияти ба ин ноил шуданро рад менамоем.
Ҳамаи муаллифони Аҳди Ҷадид эътироф менамуданд, ки бе азобҳо дар ҳаёти мо самари муқаддасшавӣ ва кафорат пайдо шуда наметавонад. Петрус ҳатто исрор менамояд, ки ба азобҳо рӯ ба рӯ шудан —
Шодии ҳақиқӣ на дар набудани дард, балки дар ҳузури тақдискунанда, дастгирикунандаи Худованд Исо
Худои ҳар файз, ки моро ба ҷалоли абадии Худ дар Исои Масеҳ даъват намудааст, баъд аз уқубати кӯтоҳмуддати шумо, шуморо комил, устувор, қавӣ ва матин хоҳад кард.
Ин дурӯғ бисёр занҳоро ба зиндони ноумедӣ маҳбус менамояд.
Аммо дарди шумо, хоҳ азоби ҷисмонӣ бошад, хоҳ хотира оиди зӯроварӣ, оиладории вазнин ё дарде ки фарзанди бероҳашуда расондааст, метавонад дер давом кунад, аммо на ҷовидона. Он метавонад тамоми умри заминии шумо давом кунад. Аммо ҳатто тамоми умр — ҳанӯз абадият нест.
Ҳамин ки мо Худовандро мебинем, ҳама чизи ғамангез фаромӯш мешавад. Якчанд рӯз пеш ба ман зане телефон карда, маслиҳат пурсид: дар оиладории ӯ мушкилоти ҷиддӣ ба миён омадаанд. Ӯ аллакай дар ёд надошт, ки кай дар оила осоиш буд, ва ин зан ба дигаргуниҳо умеде надошт.
Ман аз он чи ин зани аҷоиб гуфт, мутаассир шудам: «Агар ин тамоми умр давом кунад, хайр, ҳеҷ гап не. Ман медонам, ки вақт кӯтоҳ аст, аммо абадият охир надорад. Боре ҳамаи ин ҳаёт бароямон чун нуқтаи хурде дар экран хоҳад тофт». Ӯ чун шахсе гап намезад, ки бо тақдираш муросо кардааст. Ӯ хеле мехоҳад, ки ҳамааш тағйир ёбад, аммо ба ин вазъият аз нуқтаи назари абадият менигарад, ва ин ба ӯ ёрӣ медиҳад, ки ҳатто ҳангоме ӯ аз оташи покшавӣ мегузарад, вафодор монад.
Зани дигар чандин сол пеш баъди конфронс назди ман омада, гуфт: «Ман мехоҳам ба шумо барои он чи оиди вафодории бешарт ба ҳамсар гуфтед, ташаккур гӯям». Сипас ӯ ба ман қиссаи худро нақл кард. Аллакай чил сол инҷониб ӯ ҳамсари шахси баде мебошад. Ӯ гуфт: «Ҳамаи ин солҳо бисёр одамон, аз ҷумла масеҳиён, ба ман маслиҳат медоданд, ки аз ӯ ҷудо шавам. Аммо бо кадом як восита Худо доимо маро ба он қасаме бармегардонд, ки ман ҳангоми тӯй ёд карда будам, ва ман чунин меҳисобидам, ки ҳақ надорам шавҳарамро тарк кунам». Андаке хомӯш монда, ӯ давом дод: «Ман хеле шодам, ки қарор додам сабр намоям. Як сол пеш шавҳари ман ниҳоят имон овард, ва Худо ӯро дигар карда истодааст. Ва ин ҳанӯз ҳамааш нест, — гуфт ӯ бо ашкҳо дар чашмон, — шумо ҳатто тасаввур карда наметавонед, ки ин азобҳо то чӣ андоза
Проблема дар он аст, ки мо ба сайёраи Замин он қадар дил бастаем, ки барои аксари мо чил сол
Новобаста ба он, ки азоби мо чӣ қадар давом мекунад, Каломи Худо моро бовар мекунонад, ки он ҷовидона давом намекунад.
Бинобар ин мо ноумед намешавем... зеро уқубати сабуки мо, ки кӯтоҳмуддат аст, ҷалоли абадиро барои мо ба андозаи бениҳоят бузург ба вуҷуд меоварад, ҳангоме ки мо на ба чизҳои намоён, балки ба чизҳои нонамоён нигоҳ мекунем: зеро ки он чи намоён аст [яъне азоби мо дар замони ҳозира], муваққатист, аммо он чи нонамоён аст [яъне ҷалоле ки моро интизор аст], абадист.
Зеро, ба ақидаи ман, азобу уқубатҳои замони ҳозира назар ба он ҷалоле ки дар мо зоҳир хоҳад шуд, ҳеҷ аст.
…Бегоҳӣ гиря ҷой мегирад, валекин пагоҳӣ – шодмонӣ.
Гиряи шумо метавонад моҳҳо ва ҳатто солҳо давом кунад. Аммо агар шумо фарзанди Худо бошед, ин абадан давом намекунад. Худо охири азоби шуморо аниқ муқаррар намудааст, ва он аз он муддате ки Ӯ зарур меҳисобад, як дақиқа ҳам бештар давом намекунад. Ҳамин ки Худо ба мақсадҳои муқаддас ва ниҳоии Худ мерасад, азобҳо ба охир мерасанд.
Дар мавридҳое ки дар ин ҳаёт осудагӣ фаро намерасад, Каломи Худо ба мо садҳо ваъдаҳо ато менамояд, ки замоне ҳамаи азобҳо ба охир мерасанд, имон намудор хоҳад шуд, торикӣ ба рӯшноӣ табдил хоҳад ёфт ва вафодории шумо бо хурсандии беохир мукофотонида хоҳад шуд. Ӯ ваъда медиҳад, ки рӯзе аз рӯзҳо
Биёбон ва саҳрои хушк ба ваҷд хоҳад омад, ва саҳро шод хоҳад гардид, мисли гули савсан хоҳад шукуфт… <…> Ва растагорони Парвардигор баргашта, бо тараннум ба Сион хоҳанд омад, ва хурсандии абадӣ бар сари онҳо хоҳад буд; онҳо ба шодӣ ва хурсандӣ ноил хоҳанд гардид, ва андӯҳу фиғон нест хоҳад шуд.
Ва ҳар қадар, ки қувваҳои торикӣ афзун шаванд, боби охирин аллакай навишта шудааст — ва Худо ғолиб хоҳад омад! Боварӣ ба оянда ба мо умед ва қувват мебахшад, ки зиндагиро давом диҳем.
Инак боз як дурӯғе ки шайтон ба мо талқин карданӣ мешавад ва барои ин тамоми қувваашро равона менамояд. Охир ӯ медонад, ки ҳамин тавр мо умедро аз даст хоҳем дод ва доимо мағлуб хоҳем шуд. Зане навиштааст:
Гоҳо ба ҳамаи мо чунин метобад, ки дигар ин тавр зистан имкон надорад. Чун ҳангоми ҳар гуна фиреби шайтон, калиди ғалаба ҳақиқат аст, ки ба дурӯғ муқобилат карда метавонад. Бо вуҷуди эҳсосот ё душвориҳоямон, Каломи Худо мегӯяд: «…барои ту файзи Ман басанда аст…» (2 Қӯр. 12:9). Аксари мо ин оятро медонанд, аммо вақте ки кор ба озмоишҳо ва вазъиятҳои душвори ҳаётӣ оид мешавад, кам касе ба ин бовар мекунад. Мо бо омодагии бештар бовар мекунем, ки дигар сабр кардан имконнопазир аст.
• ман ба боз як шаби бехобӣ дар назди кати кӯдаки бемор тоб оварда наметавонам.
• ман дигар бо шавҳарам зиста наметавонам.
• агар хушдоманам маро бори дигар ранҷонад, ман тоб намеоварам.
• аз ӯҳдаи тарбияи се наврас ва нигоҳубини модари бемор баромада наметавонам.
Аммо хоҳ ба ин бовар кардан хоҳам ё не, агар ман фарзанди ӯ бошам, «Файзи Ӯ барои ман басанда аст». (Албатта, ба шарте ки ман худам як тӯда ӯҳдадориҳои нолозимро ба худ бор накарда бошам. Аммо агар онҳоро ба ман Худо дода бошад, ман метавонам онҳоро аз рӯи марҳамати Худи Ӯ ба ҷо оварам.) Файзи Ӯ барои ҳар як лаҳза, ҳар як душворӣ, ҳар як кор, ҳар як эҳтиёҷ ва ҳар як нобарорӣ дар ҳаёт кифоя аст.
Ҳангоме ки ман беҳад хаста шудаам ба гумон мекунам, ки ҳамаи корҳоро ба анҷом расонда наметавонам, файзи Ӯ барои ман басанда аст.
Ҳангоме ки маро шахси наздик ё ҳамкорам асабонӣ мекунад,
Ҳангоме ки ман васвасаеро ҳис мекунам, ки хашми худро ба атрофиён фурӯ резонам,
Ҳангоме ки ман дафъаи навбатӣ тайёрам ба васваса дода шавам ва боз як кулчақанд хӯрам,
Ҳангоме ки ман оилаамро вайрон мекунам ва густохона ва ҳатто дағалона амал менамоям,
Ҳангоме ки ман намедонам, ки чӣ кор кунам ё чӣ қароре қабул намоям,
Ҳангоме ки аз боиси талафоти даҳшатовар ё андӯҳ дилам гӯё мекафад, ҳангоме ки ман дар назди қабри шахси наздик истодаам,
Файзи Худо барои чӣ даркор аст? Кӯдаки шумо аз Худо дур шудааст? Шумо бемор ҳастед? Шуморо шавҳаратон дӯст намедорад? Пул нест? Се фарзандро бе падар тарбия мекунед? Намедонед, ки пулро аз куҷо гиред, то ки ҳаққи иҷораи манзилро барои моҳи оянда супоред? Корро аз даст додаед? Ба қарибӣ ба шаҳри дигар кӯчидаед ва дар он ҷо ҳеҷ касро намешиносед? Калисои шумо ба ҷудоӣ дучор шудааст? Шумо танҳоед? Шумо аз ҳисси айбдорӣ азоб мекашед? Ба кадом як дору вобаста шудаед? Мувозинати гормонии шумо халалдор шудааст?
Варианти худатонро илова намоед. Новобаста ба он ки ҳозир шумо дар кадом вазъият ҳастед,
Фарзанди азизи Худо, Падари осмонии Ту ҳеҷ гоҳ туро ба ҷое намебарад, ки файзи Ӯ туро дастгирӣ карда натавонад. Ӯ ҳеҷ гоҳ беш аз он чи файзи Ӯ ҳамроҳи ту ба он тоб оварда метавонед, ба дӯши ту бор намекунад. Ҳангоме ки роҳ бароят беҳад дароз метобад, ҷуръатнокиро аз даст надеҳ. Чашмонатро сӯи осмон бардор. Ба ёд овар, ки рӯзе мерасад, ки ҳама гуна азоб ба охир мерасад. Ва бидон, ки ҳангоме ту дар назди Ӯ хоҳӣ истод, ҳамаи ашкҳо ва андӯҳҳои ин ҳаёт дар партави ҷалоли ӯ хира метобанд. Ту ҳатман хоҳӣ гуфт: «Файзи мӯъҷизаосои ӯ маро ба хона овард».
Дар болои мизи ман ду эълони рекламавӣ ҳастанд: яке аз они ширкати калоне ки лавозимоти канселярӣ истеҳсол мекунад, дигараш — аз шабакаи мағозаҳо. Дар ин эълонҳо чунин суханон ҳастанд:
Ин фалсафа чун ҷаҳон пир аст. Охир мор моҳиятан маҳз ҳамин гапро ба Ҳавво гуфт: «Аз ҳама муҳим
Як нависанда аҳамият дод, ки «аксари одамон худро бузургтарин одами ҷаҳон меҳисобанд. Ҳаёти онҳо аз вариантҳои зиёде дар мавзӯи „ман“ иборат аст»8.
Ин рост аст. Бо вуҷуди ҳамаи гуфтугӯҳо оиди худбаҳодиҳии паст ҳаёти мо ба таври ғаризавӣ дар атрофи худи мо чарх мезанад. Ин ба
Маркази олами худ будан барои мо кифоя нест. Мо мехоҳем барои ҳамаи дигарон маркази олам бошем, бо зимни Худи Худо. Ҳангоме ки одамон ба мо таъзим намекунанд ва ҳаёти худро ба ҷустуҷӯи хушбахтии мо ва қонеъ намудани эҳтиёҷоти мо намебахшанд, мо меранҷем ва дигар имкониятҳои ба даст овардани мақсадҳои худпарастонаамонро меҷӯем.
Кас гумон мекунад, ки калисо ягона ҷоест, ки он ҷо ҳама чиз на дар атрофи одам, балки дар атрофи Худо чарх мезанад, аммо ин на ҳамеша чунин аст. Доктор Ларрӣ Крабб дар китоби худ «
Вазифаи асосии калисо акнун аз он иборат аст, ки ба одамон ёрӣ диҳад, то худро дӯстдошта ва даркорӣ ҳис кунанд. Мо худро рад карда ва ба хотири хизмат ба ӯ бисёр чизҳоро фидо намуда, парастиши Худоро меомӯзем. Мо баён намудани шахсият ва эҳсосоти худ, раҳо шудан аз хотираҳои дарднок, бартараф намудани дилбастагиҳои носолим, баромадан аз рӯҳафтодагӣ, баланд бардоштани худбаҳодиҳӣ, муқаррар намудани ҳудудҳо дар муошират бо одамон, на рад кардани худ, балки муҳаббат ба худро меомӯзем. Мо ба ҷои он ки аз худ шарм дорем, қабул кардан ва рӯҳбаланд намудани худро меомӯзем.
Раҳо кардани одамон аз дард барои калисо кори торафт муҳимтарин мешавад. Ва ин тамоюли ташвишовар аст...
Мо кӯшиш мекунем дардеро, ки мушкилот ба мо меоваранд, сабук кунем, ба ҷои он ки ба шарофати ин дард хислат ва хости Худоро амиқтар дарк намоем. Худро хуб ҳис кардан барои мо аз ҷустуҷӯи Худо муҳимтар гардидааст.
Дар натиҷа мо бо майли том бо он фикрҳое ки барои дӯстдошта ҳис кардани худ ба мо ёрӣ медиҳанд, розӣ мешавем, ва он оятҳои Навиштаро, ки моро даъват мекунанд як зина болотар бароем, сарфи назар менамоем. Мо ҳақиқатҳои мӯъҷизаосоро оиди муҳаббати кафораткунандаи Худо ва мақоми худро дар Масеҳ чун баҳона барои худпарастӣ табдил медиҳем. Мо ҳақиқатро, ваҳйи ҳайратоварро оиди Худо, ки Ӯ аз боиси раҳмдилии беандозаи Худ шахсонеро, ки аз Ӯ нафрат доштанд, дӯст дошт, намебинем. Мо ҳақиқатро оиди Худо, ки Ӯ сазовори аз ҳама чиз болотар дониста шудан аст, намебинем.
...Мо ҷойҳои ҳақиқатҳоро иваз намудаем, бинобар ин Худо акнун аз он сабаб сазовори эҳтиром аст, ки моро эҳтиром намуд. «Барра сазовор аст», – мо ин суханонро на дар ҷавоби файзи мӯъҷизаосои Ӯ мехонем, балки дар ҷавоби он ки Ӯ ба мо чизи гаронбаҳотаринро дод: имконияти ба худ маъқул шудан. Акнун мо аз Худи Худо аҳамияти бештар дорем9.
Ҳавворӣ Павлус мефаҳмид, ки на Худо барои мо, балки мо барои Худо вуҷуд дорем:
…Чунки ҳама чиз дар осмон ва бар замин, ҳар чизи намоён ва нонамоён, дар Ӯ офарида шудааст: хоҳ тахтҳо, хоҳ салтанатҳо, хоҳ сарвариҳо ва хоҳ ҳукуматдориҳо, ҳамааш ба воситаи Ӯ ва барои Ӯ ба вуҷуд оварда шудааст; ва Ӯ пеш аз ҳама чиз аст, ва ҳама чиз дар Ӯ вуҷуд дорад. Ва Ӯ сари бадан, яъне Калисост; Ӯ навбар ва нахустзода аз мурдагон аст, то ки дар ҳама чиз Ӯ аввалин бошад,
Чаро Павлус дар зиндони Рум дар ситоиши Худо суруд мехонд? Чӣ тавр ӯ метавонист вафодор монад ва «ҳамеша шод бошад», ҳангоме ки ӯро сангсор мекарданд, ҳангоме киштие ки ӯ дар он буд, ғарқ мешуд, ба ӯ тӯҳмат карда буданд, дӯстону душманон аз ӯ рӯ гардонда буданд? Чӣ тавр ӯ метавонист «ҳамеша шод бошад, ҳангоме ки гурусна ва хаста буд? Сирри ӯ на дар он буд, ки ӯ ба таври ниҳоӣ дар назди худ мақсад гузошт. Ӯ на барои ҳаловати худ зиндагӣ мекард ва на барои он ки ба ҳавасҳои худ тағофул намояд. Аз лаҳзае ки дар роҳи Димишқ ба Худо имон овард, ӯ танҳо як мақсад дошт — ба хотири ҷалол ва хурсандии Худо зиндагӣ кунад. Барои ӯ танҳо дарки Масеҳ ва оиди Ӯ ба атрофиён шаҳодат додан муҳим буд.
Лекин ба ин чизҳо нигоҳ намекунам ва ҷони худро азиз намедорам, балки муроди ман фақат ин аст, ки вазифаи худро ва он хизматеро, ки Исои Худованд ба ман супурдааст, яъне мавъизаи Инҷили файзи Худоро ба хушӣ анҷом диҳам.
Павлус шиоре дошт: «Барои ман ҳаёт Масеҳ аст». Ҳангоме ки ӯ ин қарорро қабул намуд, ҳама чизи боқимонда аллакай на он қадар муҳим буд.
Зистан
дар ҳузури Худо,
зери ҳокимияти Худо
ва ба хотири ҷалоли Худо.
Ман мехоҳам ин бобро бо қиссаҳои се зан, ки «Coram Deo» зиндагӣ мекарданд, ба охир расонам.
Синдӣ қиссаи худро дар номаи тӯлонӣ нақл кард. Ӯ дар 18-солагӣ ва шавҳар баромад, ва дар 21-солагӣ аллакай се фарзанд дошт. Агарчи Синдӣ ҳанӯз дар кӯдакӣ ғӯтаи таъмид ёфта буд, ӯ чӣ будани муоширати бевосита бо Исои Масеҳро намедонист. Ҳангоме ки ӯ аз сисолагӣ гузашта буд, модараш аз саратон дар беморхона мемурд. Синдӣ дар он ҷо Китоби Муқаддасро ёфт ва ба Худо муроҷиат карда, аз Ӯ ёрӣ хост. «Аз ҳамон лаҳза, – менависад ӯ, — ман танҳо як чизро мехостам — дарк намудани Худо».
Дар давоми солҳои минбаъда оиладорӣ ва ҳаёти оилавии ӯ мураккабтар мегардид. Ӯ ба доираи сарбастаи зӯроварӣ ва алфози қабеҳ афтода монда буд. Духтари 14-солааш аз хона гурехт, ду писараш доимо гоҳ бо полис ва гоҳ дар мактаб мушкилот доштанд. Боре Синдӣ ба муддати ду ҳафта шавҳари худро тарк кард, зеро аз ӯ ҷудо шудан мехост, аммо Худо ба ӯ ёд дод, ки ба шавҳараш ҳамдард бошад, ва ӯ ба хона баргашт.
Мушкилоти оилавӣ давом доштанд, ва Синдӣ ба калисое мерафтагӣ шуд, ки дар наздикӣ воқеъ буд. Ӯ дар он ҷо Хушхабарро оиди муҳаббати Худо ва оиди он шунид, ки Исо ба хотири наҷот додани гуноҳкорон мурд. Ва ӯ дилашро ба Масеҳ дод.
Вазъият дар хона ҳарчи бадтар мешуд. Фарзандони ӯ пурра аз зери итоат баромада буданд. Духтараш дар ниҳояти кор дар кӯча зиндагӣ мекард, чунки боре падар ба ӯ иҷозат надод, ки ба хона дарояд. Баъд ӯ ба шавҳар баромад ва панҷ фарзанд таваллуд кард. Ҳозир, баъди 25 соли оиладорӣ ӯ ҷудо мешавад. Падараш боре ҳам ҷуръат накард, ки бо ӯ гап занад. Ӯ то ҳол ягон бор набераҳо ва абераҳояшро надидааст.
Яке аз писаронаш шармандавор аз сафи артиш ронда шуда, чор солро дар ҳабсхона гузаронд; падар аз ӯ низ даст кашид, онҳо аллакай чандин сол инҷониб бо ҳам вонахӯрдаанд.
Писари дигарӣ нашъаманд шуд ва ҳамчунин шармандавор аз сафи артиш ронда шуд. Ӯ касеро кушт ва ба муддати 22 сол зиндонӣ шуд. Агарчи ӯ дар он ҷо ба Худо рӯ овард, аммо ҳозир ба масъалаҳои рӯҳонӣ таваҷҷӯҳе надорад.
Дар охири номаи худ Синдӣ оиди эҳтиёҷоти рӯҳонии наздиконаш ва оиди нақши худ дар оила андешаронӣ мекунад:
Ҷеннӣ Томпсон зани ҷавонест, ки шавҳараш баъди ду соли мубориза бо лейкемия ба қарибӣ вафот кард. Дар дасти ӯ чор фарзанд мондаанд — ҳамаашон аз ҳафтсола хурд. Дар номаи бевазан, ки се моҳ пас аз марги шавҳараш навишта шудааст, фаҳмиши амиқи хислати Худо ва нақшаи ӯ кушода мешавад:
Тирамоҳи соли 1998 дугонаи азиз ва шарики деринаи дуоиям Ҷенис Гриссон дар кафҳои дасташ беҳисшавӣ ва сӯзишро ҳис кард, ки ин баъд ба тамоми дастонаш паҳн шуд. Дар аввали соли 1999 духтур ба ӯ гуфт, ки ин бемории Шарко аст.
Ҷенис он вақт ба 42-солагӣ медаромад, ва ӯ модари чор фарзанди аз 4 то 12-сола буд. Дар давоми даҳ моҳи оянда беморӣ аввал ба як тараф, баъд ба тарафи дигари ҷисми сустшудаи ӯ паҳн шуд. Дар ин моҳҳо дар гуфтугӯҳои телефонӣ Ҷенис оиди ҳолати худ гап задан намехост. Ҳар боре ки ӯ овози маро мешунид, ӯ мегуфт: «Нэнсӣ, ман оиди ту бисёр фикр кардам! Чӣ тавр дар ҳаққи ту дуо гӯям?»
Моҳи октябри ҳамон сол ман назди Ҷенис ва шавҳари ӯ ба Литтл-Рок омадам, ки он вақт онҳо дар он ҷо мезистанд. Ин вақт ӯ аллакай бо коляска ҳаракат мекард — ӯ дастону пойҳояшро ҷунбонда наметавонист, ва ҳатто бо душворӣ гап мезад, чунки аллакай нисфи шушаш кор намекард. Ва боз ман аз он мутаассир шудам, ки ин оила, бо вуҷуди мусибатҳояш, фикру зикрашро танҳо ба Худо нигаронида буд. Ман дар ёд дорам, ки Ҷенис гаштаву баргашта такрор мекард: «Худо моро ҳамин тавр баракат дод!» Ҳангоме ки бегоҳ ба охир расид, мо дар назди коляскаи ӯ омада, дуо гуфтем ва баъд яке аз сурудҳои дӯстдоштаи ӯро хондем:
Осоиши комили Худо монанди дарёст...
Агар мо Ӯро муроқиба намоем, диламон аз хурсандӣ пур мешавад, —
Мо дар Худо осудагӣ меёбем, чуноне ки Ӯ ваъда додааст10.
Ҳафтаи оянда ҳолати ҷисмонии Ҷенис босуръат бад шудан гирифт. Ӯ об ва хӯрокро фурӯ бурда наметавонист, ва ӯро ба беморхона бурданд. Ӯ дигар ба хона барнагашт. Бегоҳии 13-уми декабр ман ба шавҳари ӯ занг задам, то фаҳмам, ки корҳояш чӣ тавр мебошанд. Ӯ дигар қувват надошт, ва ӯ танҳо пичирросзанон гап зада метавонист.
«Аммо аз ҳама аҷоибаш он буд, — гуфт Тим, — ки ӯ қариб доимо барои дигарон дуо мегуфт». Баъди якчанд соат Ҷенис охирин бор нафас кашид ва вафот кард. Ҷенис Гриссом ҳамон тавре ки зиндагӣ мекард, вафот намуд, — бо муҳаббати фидокорона ба Худо ва одамон. Ӯ ҳеҷ гоҳ саломатӣ, ҳаловат, ояндаи худро асосӣ намеҳисобид. Ҳамеша Худо барои ӯ дар ҷои аввал буд. Ӯ танҳо оиди он ғамхорӣ мекард, ки Худоро дар ҳамаи вазъиятҳои ҳаёти худ ҷалол диҳад. Ягона хоҳиши ӯ хоҳиши ҳавворӣ Павлус буд: «…Масеҳ дар ҷисми ман бузургӣ хоҳад ёфт, хоҳ дар ҳаёт бошад, хоҳ дар мамот» (Флп. 1:20).
Зани шубон ва нависандаи маъруф Сюзан Ҳант мегӯяд:
Тамоми таърихи инсоният таърихи кафорат аст. Ман дар пйеса оиди кафорат қаҳрамони асосӣ нестам. Ман асосӣ нестам. Аммо бо марҳамати Худо ман як қисми ин пйеса шудам. Хатти сюжети ман ва мусаввараи пйеса ба ҳам печидаанд. Бозидани нақши хурд дар ин пйеса беҳтар аз он аст, ки дар саҳначаи ночизи худ нақши аввалро дошта бошам. Ин таърихи олам аст, ки решаҳояш ба абадият меравад. Оё ман бо шукргузорӣ ва хурсандӣ нақши худро дар он мебозам, ё ки пйесаи беаҳамияти кӯтоҳи худро, ки дар асл тамоман бемаъност, интихоб мекунам? 11
Ҳақиқат дар он аст ки шумо қаҳрамони асосии пйеса нестед. Ва ман низ. Қаҳрамони асосӣ Ӯст. Шояд ҳақиқат вазъиятҳои ҳаёти шуморо дигаргун намекунад, дар ҳадди ақалл дар ин ҷо ва ҳозир, аммо дар ивазаш ӯ
ДУРӮҒ
36. АГАР НОБАСОМОНИҲОИ ЗИНДАГӢ НАМЕБУДАНД, МАН ОДАМИ ДИГАР МЕБУДАМ.
ҲАҚИҚАТ
• Вазъиятҳо маро ташаккул намедиҳанд, онҳо фақат симои ҳақиқии маро ошкор мекунанд.
• Агар ман аз ҳаёти ҳозираам норозӣ бошам, ҳеҷ гоҳ ва аз ҳеҷ чиз қаноатманд намешавам.
• Шояд ман вазъиятҳои ҳаёти худро идора карда наметавонам, аммо онҳо низ набояд ба ман таъсир расонанд.
• Ҳар як душвориро ба ҳаёти ман Худо бо дастони дӯстдори Худо меоварад
ДУРӮҒ
37.МАН НАБОЯД АЗОБ КАШАМ.
ҲАҚИҚАТ
• Бе азобҳо муқаддас шудан имкон надорад. Агар мо аз азобҳо нагузарем, дар ҳаёти мо самари кафорат буда наметавонад.
• Мо ба он даъват шудаем, ки азоб кашем.
• Шодии ҳақиқӣ на набудани дард, балки ҳангоме ки мо ба дард рӯ ба рӯ мешавем, наздик будани Худованд Исо аст.
• Азобҳо роҳ сӯи муқаддасшавӣ мебошанд, роҳ сӯи наздикшавӣ бо Худо
ДУРӮҒ
38. ҲАЁТИ МАН ҲЕҶ ГОҲ ДИГАРГУН НАМЕШАВАД — ИН АЗОБҲО БЕОХИР ДАВОМ ХОҲАНД КАРД.
ҲАҚИҚАТ
• Азоби ман дер давом карда метавонад, аммо абадӣ не.
• Вазъиятҳое ки ба ман дард меоваранд, ҳамин ки Худо ба мақсадаш мерасад, дарҳол дигаргун мешаванд.
• Боре дард, азоб ва ашкҳо барои ҳамеша аз байн мераванд.
ДУРӮҒ
39. МАН ДИГАР БА ИН ТОБ ОВАРДА НАМЕТАВОНАМ!
ҲАҚИҚАТ
• Вазъиятҳои мо ҳар тавре ки бошанд, файзи Ӯ барои ман кифоя аст.
• Худо ҳеҷ гоҳ ба ман озмоишҳоро беш аз файз барои тоб овардан ба онҳо намедиҳад
ДУРӮҒ
40. АЗ ҲАМА МУҲИМ МАН МЕБОШАМ.
ҲАҚИҚАТ
• Худо ибтидо, охир ва маркази ҳама чиз аст.
• Ҳама чиз аз ҷониби Ӯ ва барои Ӯ офарида шудааст.
• Ӯ қаҳрамони асосии пйеса оиди кафорат аст!
• Ҳаёти ман асосӣ нест. Ман барои он офарида шудаам, ки ба Худо хурсандӣ оварам ва Ӯро ҷалол диҳам.
1. Бо Худо РОЗӢ ШАВЕД.
Шумо ба кадом дурӯғ оиди вазъиятҳои ҳаётӣ ва азобҳо бовар кардед?
2. Масъулиятро БА ЗИММА ГИРЕД.
Бовар ба ин дурӯғ чӣ гуна ба тарзи зиндагии шумо таъсир расонд (муносибатҳо ва рафтори шумо)?
3. Ҳақиқатро ЭЪЛОН НАМОЕД.
Ҳар як ҳақиқатро аз он чи дар боло зикр шудааст, бо овози баланд хонед. Кадоми онҳо ҳозир барои шумо муҳим аст?
Ақли худро бо Каломи Худо нав гардонед. Порчаҳои зеринро бо овози баланд хонед. Ин оятҳо чӣ гуна қабул намудани вазъиятҳои душвор, дарднокро пешниҳод мекунанд? Худо ин масъаларо чӣ гуна меҳисобад?
Флп. 4:11–13
Яъқ. 1:2–5
2 Қӯр. 4:16–18
2 Қӯр. 12:7–10
Ибр. 12:2–11
Ваҳй 21:4–6
4. Дар асоси ҳақиқат АМАЛ НАМОЕД.
Шумо бояд кадом қадамҳоро гузоред, то ки ҳаётатон ба ҳақиқат мувофиқат кунад?
5. Аз Худо ХОҲИШ НАМОЕД, ки барои дар ростӣ қадамгузор буданатон ёрӣ диҳад.
ҚИСМИ III.
ДАР РОСТӢ ҚАДАМГУЗОР БУДАН
БОБИ ДАҲУМ.
ҲАҚИҚАТ БАР ЗИДДИ ДУРӮҒ
Мо бисёр ақидаҳои бардурӯғро aз назар гузарондем, ки ба масеҳиёни имрӯза хос мебошанд. Аммо аслиҳаи душман бо ин ба охир намерасад. Дурӯғ бисёр симоҳо дорад, ва шайтон дурӯғеро интихоб мекунад, ки маҳз ба шумо таъсир мекунад. Ӯ чун моҳигири ботаҷриба хӯрхӯракеро интихоб мекунад, ки зоҳиран безарар аст ва тӯъмаро ҷалб мекунад. Барои ӯ фарқ надорад, ки мо маҳз ба чӣ бовар мекунем, барои ӯ фақат он чиз муҳим аст, ки мо ба ҳақиқат бовар накунем. Ҳақиқат — ягона чизе ки ӯ ба он муқобилат карда наметавонад, он ӯро аз ҳукмронӣ бар ҷаҳон маҳрум мекунад.
Пеш аз он ки бори охир ба ҳақиқате нигарем, ки ба дурӯғи шайтон муқобил меистад (боби 11), биёед ду фикри муҳимтарини ин китобро ба ёд меоварем:
Мо гуфтем, ки асорат аз он сар мешавад, ки мо ба дурӯғе ки шайтон ба мо талқин мекунад,
Ҳамин ки бо иҷозати мо дурӯғи шайтон ба ақл ворид мешавад, мо оиди он
Шаҳодати Сандра тасдиқи он аст, ки бовар ба дурӯғ муносибатҳои озоди Худо ва одамонро вайрон мекунад.
Ҳангоме ки Сандра дар конфронсе иштирок намуд, ки дар он оиди хатари дурӯғ ва қувваи ҳақиқат шунид, дар дили ӯ гӯё нуре фурӯзон шуд, ӯ бори аввал умед пайдо намуд:
Оё шумо ин китобро хонда, ошкор намудед, ки ба дурӯғ бовар кардаед ва ҳаёти худро дар асоси он бунёд карда истодаед? Агар чунин бошад, дар ҳаёти шумо як ё якчанд соҳаҳои асорат ҳастанд. Шояд ин мушкилоти хеле ҷиддӣ бошанд, ки дар шумо чуқур реша давондаанд, ё ин ки масъалаҳое ки ба шумо ночиз метобанд. Эҳтимол шумо ин соҳаҳои ҳаёти худро ба душман супурдаед ва аллакай солҳои зиёд хоҳони раҳоӣ мебошед. Ё шояд шумо бори аввал оиди мавҷудияти чунин мушкилот шунидед. Дар ҳар ҳолат дар роҳ сӯи озодӣ шумо бояд камаш се қадам гузоред:
1. Соҳаи/соҳаҳои асорат ё рафтори гуноҳкоронаи худро муайян намоед.
2. Дурӯғеро, ки дар асоси ин аст, муайян кунед.
3. Дурӯғро бо ҳақиқат иваз намоед.
Ҳангоме ки душман ба мо ҳуҷум мекунад, новобаста ба он ки эҳсосот ё ақли мо чӣ «мегӯянд», мо бояд ба дили худ ҳақиқатро талқин намудан ва дар асоси он амал намуданро ёд гирем.
Ҳангоме ки ман ба хастагӣ, сустӣ ё ба ҷисм дода мешавам, ҳангоме ки ақл ва эҳсосоти ман дурӯғро қабул мекунанд, ман кӯшиш мекунам бозистам ва ҳақиқатеро, ки ба дурӯғ муқобил истода метавонад, пайдо намоям.
Ман ҳақиқатро ба худ мегӯям, гоҳо бо овози баланд, ва агар лозим шавад, дафъаҳои зиёд, то даме ки ҳақиқат дар дили ман дурӯғро иваз намояд. Ман аз Худо оиди файз ва қувва илтиҷо менамоям, то ки аз рӯи ростӣ амал намоям. Ман борҳо шоҳиди қувваи ғайриоддии ҳақиқат будам. Он тӯфони эҳсосотро дар ботини ман ором мекунад, фикрҳо ва ҳаётамро ба тартиб меоварад.
Ба қарибӣ ман шоҳиди он будам, ки эҳсосоти дар давоми муддати зиёд ҷамъшуда зада ба берун баромад. Як шахс маро таъна зад, агарчи ман сазовори он набудам. Ин барои ман аламовар буд. Ман хеле ҳайрон шуда будам.
Ман ба хона омада, гиря кардам, ман ҳеҷ ором шуда наметавонистам. Дар давоми якчанд соат душман дар фикрҳо ва ҳиссиёти ман бесарусомонӣ кишт мекард. Ман танҳо оиди он фикр карда метавонистам, ки он шахс то чӣ андоза ноҳақ буд ва то чӣ андоза маро ранҷонд. Ман имкон додам, ки хоҳиши қасос гирифтан дар дилам реша давонад. Ман ранҷишҳои дигари пештараро, ки гӯё кайҳо бахшида шуда буданд, эҳё кардам ва дар назди худ мақсад гузоштам, ки худро сафед кунам ва бегуноҳиямро исбот намоям. Эҳсосоти ман аз зери назорат баромаданд ва ман хашмгин мешудам ва ба худам раҳмам меомад.
Ҳозир ман мефаҳмам, ки ба як қатор изҳороти бардурӯғ бовар кардам, аз ҷумла:
• Ӯ шахси бад аст ва мехост ба ман зарар расонад.
• Ман сазовори муносибати беҳтар ҳастам ва ӯҳдадор нестам, ки чунин суханонро гӯш кунам.
• Он шахс 100% айбдор буд. Аммо ман тамоман айбдор нестам.
• Ман ин шахсро бахшида наметавонам.
• Ӯ ба ман зарари ислоҳнопазир расонд.
• Муносибатҳои моро барқарор кардан ғайриимкон аст.
• Ин шахс маро
• Ман барои хашмгин шудан ҳақ дорам.
• Ман ҳақ дорам худро ҳимоя кунам ва ба ҳама ҳақиқатро нақл намоям.
• Ман ҳамаашро чуноне ки ҳаст, боқӣ гузошта наметавонам. Ман ҳиссиёти худро дигаргун карда наметавонам.
Бовар ба ин дурӯғ ба ман соатҳои зиёди изтиробҳо ва муборизаи рӯҳӣ овард. Пагоҳии рӯзи дигар ман Китоби Муқаддаси худро кушода, аз он ҷое ки рӯзи гузашта дар он ҷо бозистода будам, ба хондан сар кардам; ман бобҳои 5-ум ва 6-уми Инҷили Матторо хондам. Дар ин ҷо ба ман лозим омад, ки бо чунин ҳақиқат рӯ ба рӯ шавам:
Хушо нармдилон… <…>
Хушо меҳрубонон, чунки онҳо меҳрубонӣ хоҳанд ёфт. <…>
Хушо сулҳҷӯён… <…>
…Ман ба шумо мегӯям: ба бадӣ муқобилат накунед. Балки агар касе ба рухсораи рости ту торсакӣ занад, дигарашро низ ба сӯи ӯ бигардон… <…> …душманони худро дӯст доред... барои озордеҳони худ дуо гӯед… <…>
Агар шумо ба одамон хатоҳошонро бубахшед, Падари шумо, ки дар осмон аст, ба шумо низ хоҳад бахшид; ва агар шумо ба одамон хатоҳошонро набахшед, Падари шумо низ хатоҳои шуморо ба шумо нахоҳад бахшид.
Акнун ман дар рӯ ба рӯи интихоб истода будам. Оё ман ба дурӯғ бовар хоҳам кард ё ин ки ҳақиқатро қабул менамоям? Дар ҳамин ҷо муборизаи ҳақиқӣ сар шуд. Бароям аламовар буд. Ман мехостам ин ранҷишро дар дил нигоҳ дорам, мехостам хашмгин шавам, мехостам ба шахсе ки маро ранҷондааст, дард расонам. Аммо бо дил ҳис мекардам, ки чунин қарор маро танҳо ба асорат гирифтор мекунад.
Ман назди Худо сар хам кардам ва Китоби Муқаддаси кушодаро пеши рӯям нигоҳ дошта, ҳақиқатро интихоб намудам. Ман медонистам, ки бояд бахшам, бояд шахси ранҷондаро бо осоиш раҳо кунам ва нисбати ӯ кина ба дил нагирам. Ман
Maн ба дили худ панд додан ва такрор кардани ин ҳақиқатро сар кардам. Ман ба худ оиди натиҷаҳои набахшидан ёдрас намудам, ва низ оиди маҳрум шудан аз марҳамат, агар ба дигарон марҳамат накунам, ва оиди баракате ки ба даст меоварам, агар ба фармудаҳои Ӯ итоат намоям.
Ман медонистам, ки
Ман худро ва он шахсро ба дасти Худованд супурдам ва розӣ шудам шахсеро, ки маро ранҷонда буд, бахшам. Ҳар қадар душвор бошад ҳам, ман розӣ шудам, ки бо ранҷиш «хайрбод гӯям».
Озодшавии эҳсосотӣ дарҳол наомад. Дар давоми муддате ман ҳанӯз ранҷишро ҳис мекардам, гоҳо хоҳиш пайдо мекардам, ки ба ҳиссиёти худ баргардам ё ба ягон восита ноаён қасос гирам.
Аммо бо марҳамати Худо ман ба дили худ гуфтани ҳақиқат ва дар он сокин буданро давом додам. Аз боиси итоаткорӣ ба Каломи Худо ман ба ҷустуҷӯи имконияте сар кардам, ки муносибатҳоро барқарор намоям ва ҳаёти шахсеро, ки маро ранҷондааст, обод намоям.
Дар ҳафтаҳои минбаъда ҳиссиёти ман ба иродаам пайравӣ намуданд. Дар вақташ Худо ба ман фаҳмиши пурратари вазъиятро дод. Ӯ ба сабабҳои аксуламали ман равшанӣ андохт ва ба баъзе мушкилоти амиқи дилам ишора намуд, ки онҳоро пай намебурдам ва онҳоро ҳал кардан лозим буд. Ман аз Худо барои он миннатдорам, ки Ӯ маро ба қадри кофӣ дӯст медорад, то ки вазъиятҳои маро идора кунад ва мушкилоти мавҷударо ошкор намояд. Ва ман Ӯро шукргузорӣ менамоям, зеро Ӯ он вазъиятро барои он истифода бурд, ки маро ба сурати Масеҳ наздик намояд.
Озодӣ аз асорат самари ширини дарки ҳақиқат, имон ба ҳақиқат ва тарзи зиндагии дар он бунёдшуда аст. Ҳақиқатро чӣ тавр дарк намоем? Мо бояд дар ёд нигоҳ дорем, ки ҳақиқат на ин ки ҳамин гуна идея ё фалсафа аст. Ҳақиқат Шахсият, Худованд Исои Масеҳ аст. Ӯ оиди худ гуфта буд: «
Исо ба одамон як системаи диниро мавъиза намекард, Ӯ ба онҳо Худро мавъиза менамуд. Ба касоне ки худро пайравони Ӯ меҳисобиданд, Ӯ гуфт:
…агар шумо дар каломи Ман бимонед, ҳақиқатан шогирдони Ман хоҳед буд, ва ростиро хоҳед шинохт, ва ростӣ шуморо озод хоҳад кард. <…> …Пас, агар Писар шуморо озод кунад, ҳақиқатан озод хоҳед буд»
Озодии ҳақиқиро фақат дар муошират бо Худованд Исо ба даст овардан мумкин аст. Исо (Каломи зиндаи Худо) Худро дар Навиштаҳо (Каломи навишташудаи Худо) ошкор намуд. Агар мо Ӯро донистан хоҳем, агар мо ҳақиқатро донистан хоҳем, пас бояд худро ба хондан, омӯхтани Каломи Худо ва андешаронӣ оиди он бахшем. Инро бо ҳеҷ чизи дигар иваз кардан номумкин аст ва ин роҳро кӯтоҳ кардан ғайриимкон аст. Душман доимо бо дурӯғ ба мо ҳуҷум мекунад. Барои мағлуб намудани ин фиреб, мо бояд ақл ва диламонро бо Масеҳ пур кунем, бояд Каломи Ӯро аз худ намоем.
Аммо фақат донистани ҳақиқат кифоя нест. Мо бояд ба ҳақиқат
Чунин ҳисобидан нодуруст аст, ки нуқтаи назари муайян фақат аз он сабаб дуруст аст, ки «ҳама ҳамин тавр фикр мекунанд», ё аз он сабаб, ки мо худамон ҳамеша ба ин бовар мекардем, ё аз он сабаб, ки масеҳӣ ё муаллифи машҳур ҳамин ақидаро пайравӣ мекунад, ё аз он сабаб, ки ба мо дӯсти нек ё парастори рӯҳонӣ ҳамин тавр маслиҳат дод. Ақидаҳои худро мо бояд бо Каломи Худо муқоиса кунем. Ин ягона сарчашмаи боэътибори мост.
Ҳаёт дар мувофиқат бо ҳақиқат — бошуурона рад намудани дурӯғ ва қабул намудани ҳақиқат аст. Ана барои чӣ Сарояндаи таронаҳои Забур чунин дуо мегуфт: «Роҳи дурӯғро аз ман дур кун... роҳи ростиро баргузидаам…» (Заб. 118:29–30).
Ҳар дафъае ки Навиштаро мекушоем, Каломи Худоро мешунавем, мо бояд дуо кунем, то Худо ба мо нишон диҳад, ки фиреби шайтон ба кадом соҳаи ҳаётамон дохил шудааст. Дар айни ҳол дар диламон бояд чунин суханон садо диҳанд: «Худованд, Каломи Ту ҳақиқат аст, ман ба ҳамаи он чи Ту мегӯӣ, итоат менамоям. Хоҳ ба ман маъқул бошад ё не, хоҳ инро иҷро кардан хоҳам ё не, бо ин розӣ шавам ё не, ба ман писанд ояд ё не, ба ҳар ҳол ман қарор қабул мекунам, ки ҳаётамро ба Каломи Ту тобеъ намоям. Ман ба Ту итоат менамоям».
Ҳангоме ки мо ҳақиқатро дарк мекунем ва дар он қадамгузор мешавем, Худо бо ёрии мо атрофиёнро низ водор менамояд, ки имон оваранд.
То ки мо дигар кӯдаконе набошем, ки бо боди ҳар таълим калавонида ва ронда мешаванд, аз найрангбозии одамон, ки бо талбис дар иштибоҳ андохта, гумроҳ мекунанд, балки дар муҳаббат ростиро баён намуда, мо дар ҳар чиз ба Он ки Сар аст, яъне ба Масеҳ нумӯъ ёбем… <…> Бинобар ин, дурӯғро аз худ дур карда, ҳар яке ба ёри худ рост гӯед, чунки мо андоми якдигарем.
Чуноне ки ман аллакай гуфта будам, ман аз он сабаб ба навиштани ин китоб сар кардам, ки хеле мехостам, то занон дар ростӣ озодӣ ба даст оваранд. Ин хоҳиш дар оятҳои охирини Номаи Яъқуб садо медиҳанд:
…агар касе аз шумо аз ростӣ сар печад, ва касе ӯро баргардонад, бигзор вай бидонад, ки шахсе ки гуноҳкорро аз роҳи ғалати вай гардонад, ҷони вайро аз мамот наҷот дода, гуноҳҳои зиёдро рӯпӯш хоҳад кард.
Дар замони мо идеяи «аз роҳи дурӯғин баргаштани гуноҳкорон» ба одамон аҷиб ва нофаҳмо метобад. Шиори фарҳанги постмодернистии мо «пурсабрӣ» аст, ва ин чунин маъно дорад: «Ҳар навъе ки хоҳӣ, зиндагӣ кун, аммо ба ман маслиҳат надеҳ. Ҳаёти ман ба ду дахолате надорад». Ҳангоме ки ин дурӯғ дар фарҳанги мо реша давонд, бисёр имондорон ҷонибдорӣ намудани ҳақиқатро бас карданд, чунки ҷамъият онҳоро шахсони бетаҳаммул ва тангназар ҳисобида метавонад.
Нуқтаи назари бисёр масеҳиён — «худат зиндагӣ кун ва ба дигарон имкон деҳ, то зиндагӣ кунанд» — на танҳо дар муносибат бо ҷаҳон, балки ҳамчунин ба имондороне ки дар ростӣ қадамгузор нестанд, зоҳир мегардад. Онҳо намехоҳанд «қаиқро ҷунбонанд», намехоҳанд сахтгир ва хурдагир ҳисобида шаванд. Чунин ба назар мерасад, ки ҳама чизро дар ҳолати ҳозаирааш боқӣ гузоштан осонтар аст.
Мо бояд дар ёд нигоҳ дорем, ки ҳақиқати Масеҳ, ҳақиқати Каломи Ӯ одамонро озод мекунад. Хушхабар ҳамин аст! Ва ин хабари хеле муҳим аст. Шиносҳо ва наздикони мо дар ҳолати дигар аз асорати торикӣ, фиреб ва марг раҳо шуда наметавонанд. Агар мо онҳоро ҳақиқатан дӯст дорем, бо дуо қатъиян кӯшиш мекунем ба онҳо нуқтаи назари илоҳиро нисбати ҳаёт бозгардонем.
Мо бояд ҳақиқатро дарк намоем, ба он бовар кунем, ба он итоат намоем ва аз рӯи он зиндагӣ кунем, ҳатто агар ӯ ба ҷамъияти мо маъқул набошад. Мо бояд бо ҷуръат, бо боварӣ ва ҳамдардӣ ҳақиқатро эълон намоем, кӯшиш кунем, ки гуноҳкоронро аз роҳи дурӯғинашон бозгардонем ва касонеро, ки аз ҳақиқат дур шудаанд, ба роҳи ҳақиқат баргардонем.
БОБИ ЁЗДАҲУМ.
ҲАҚИҚАТЕ КИ МОРО ОЗОД МЕКУНАД
Ҳангоми кор бо ин китоб ман пай бурдам, ки худам ба баъзе намудҳои дурӯғ бовар мекунам: «Ман вақт надорам, то ки ҳама кори заруриро иҷро намоям!», «Имрӯз ман метавонам бо Худо камтар муошират кунам», «Ман эҳсосоти худро назорат карда наметавонам», «Ман аз он сабаб ин тавр рафтор мекунам, ки хеле хаста шудаам… чунки доимо хотири маро парешон мекунанд… чунки ман бояд бисёр корҳоро ба анҷом расонам»... «Ман дигар ин тавр наметавонам!».
Дар лаҳзаҳои шитобкорӣ, ноумедӣ ва дард Худо гаштаву баргашта дар дили ман ҳақиқатро кишт мекард. Ҳангоме ки ман ҳақиқатро мешунавам, оиди он фикр мекунам, ба он бовар менамоям ва ба он итоат мекунам, Рӯҳи Худо маро озод мекунад — эҳсосоти ман ором мешаванд, ва ман аллакай ба вазъиятҳо аз нуқтаи назари Худо нигариста метавонам. Ман ҳар қадар бештар бо Худо зиндагӣ кунам, ҳамон қадар бештар маро қувваи ҳақиқат ба ваҷд меоварад!
Мо аллакай намудҳои гуногуни дурӯғро, ки шайтон ба мо талқин мекунад, ва ҳақиқатеро, ки ба он муқобил меистад, aз назар гузарондем. Дар ин боби хотимавӣ ман мехоҳам 22 ҳақиқатро ҷудо кунам, ки ба фикрам, қабул намудани онҳо барои занҳои замони ҳозира хусусан муҳим аст. Худи ман ҳам доимо ба онҳо рӯ меоварам. Онҳо ақл, ирода ва эҳсосоти маро ҳифз менамоянд. Ин ҳақиқат маро озод мекунад — он шуморо низ озод мекунад.
Аз афти кор, шумо хоҳишеро ҳис мекунед, ки ин бобро варақ занед. Ман мехоҳам шуморо даъват намоям, ки ба ҳар як ҳақиқат, ки метавонад шуморо озод намояд ва ҳаётатонро дигаргун намояд, андеша намоед. Ҳар як ҳақиқатро бо овози баланд хонед, онҳоро гаштаву баргашта хонед, то даме ки тарзи фикрронии шумо аз нав шакл гирад ва ба тарзи фикрронии Худо мувофиқат кунад. Шояд, ҳатто меарзад, то ин рӯйхат ва ишораҳоро ба оятҳои Китоби Муқаддас, ки ҳар як ҳақиқатро тасдиқ мекунанд, аз ёд кунед.
Ҳангоме дар оянда пай мебаред, ки ба дурӯғи навбатӣ бовар кардаед, дарҳол ба ин рӯйхат бозгардед ва онро аз нав хонед, ақли худро нав кунед, ҳақиқатро ба дили худ талқин намоед.
1.
Аммо новобаста ба вазъиятҳо, новобаста ба эҳсосот ва фикрҳои мо, Худо
2. Худо
Худо некӯст ва моро дӯст медорад, аз ҳамин сабаб мехоҳад, ки мо хурсандии ҳаётро, ки Ӯ барои мо ба нақша гирифтааст, аз сар гузаронем. Ӯ медонад, ки мо фақат дар Ӯ хурсандии ҳақиқӣ ва воқеиро ба даст оварда меетавонем. Ӯ моро чунон дӯст медорад, ки исрор менамояд, то мо назди Ӯ оем, охир фақат ҳамин тавр мо қаноатмандии ҳақиқиро эҳсос намуда метавонем.
3.
4.
5.
6.
Ҳатто ҳангоме ки Айюб азобҳои тасвирнопазирро аз сар мегузаронд, ҳангоме ки тирҳои иблис сӯи ӯ мепариданд, Худо вазъиятро дар дастони Худ нигоҳ медошт. Барои он ки ба ходими Худо даст расонад, ба шайтон лозим омад, ки аз Худи Худо иҷозат гирад. Худо шиддатнокӣ ва давомнокии азобҳоеро, ки дар роҳи мо вомехӯранд, муайян мекунад. Ӯ дар ҳаёти фарзандони худ ба хато роҳ намедиҳад. Касе гуфтааст: «Хости Худо он аст, ки мо низ интихоб менамудем, агар ҳамаи он чиро, ки Худо медонад, медонистем». Ҳангоме ки ба абадият меравем, ба ақиб, ба ҳаёти заминӣ нигариста, он чиро, ки то ҳол бо имон қабул мекардем, бо чашмони худ мебинем: Ӯ ҳама корро дуруст кардааст.
7.
Файзи Ӯ кифоя аст, то хотираҳо, ҷароҳатҳо ва нобарориҳои гузаштаи душвор ё таҳқиромезро паси сар намоед. Файзи Ӯ барои як умри муҷаррадона ва барои панҷоҳ соли оиладорӣ бо шахси бадфеъл кофист. Файзи Ӯ барои модари танҳо, ки чор фарзандро ба воя мерасонад, кофист. Файзи Ӯ барои модари се кӯдаки томактабӣ ё се наврас кофист. Файзи Ӯ барои зане ки волидони пиронсоли худро нигоҳубин мекунад, барои модаре ки фарзандонаш ба воя расида, хонаи волидонро тарк кардаанд, барои зане ки дар ҳаёташ дигаргуниҳои ҷиддӣ ба амал меоянд, барои бевазане ки бо ёрдампулии давлат зиндагӣ мекунад, ва барои маъюб дар хонаи пиронсолон кифоя аст.
Мо бояд ҳақиқатро ба худамон такрор кунем, онро ба якдигар такрор намоем. Дар ҳар як давраи зиндагӣ, дар ҳама гуна вазъиятҳо файзи Ӯ кифоя аст. Файзи Ӯ барои ман кифоя аст, барои шумо низ кифоя аст.
8.
Сарояндаи таронаҳои Забур мефаҳмид, ки гуноҳи ӯ бузург аст ва низ мефаҳмид, ки марҳамати Худо ба гуноҳкорони тавбакунанда беш аз гуноҳ аст: «Агар Ту, эй Парвардигор, гуноҳҳоро ба назар гирӣ, кист, эй Парвардигор, ки истодагӣ карда тавонад? Аммо омурзиш назди Туст, то ки тарсовар бошӣ» (Заб. 129:3–4).
9.
10.
Оё намедонед, ки золимон вориси Подшоҳии Худо намешаванд? Фирефта нашавед: на зинокорон, на бутпарастон, на фосиқон, на бачабозон, на ливотагарон, на дуздон, на ҳаромризқон, на бадмастон, на бадзабонон, на ғоратгарон вориси Подшоҳии Худо намешаванд. Ва баъзе аз шумо чунин будед; аммо пок шудед, аммо муқаддасӣ пайдо кардед, аммо сафед шудед ба исми Худованди мо Исои Масеҳ ва ба Рӯҳи Худои мо.
Шояд дар гузашта шумо ба шавҳаратон хиёнат мекардед, одамкушӣ мекардед, майзада ё лесбиянӣ будед. Шояд шумо исқоти ҳамл мекардед ё фоҳишагӣ менамудед, ғуломи майли ҷинсӣ, хашм, пурхӯрӣ ё ғурур будед. Аммо дар Масеҳ шумо аллакай на он касе мебошед, ки пеш будед. Шумо акнун шахси тамоман дигар ҳастед. Шумо бо хуни Масеҳ шуста шудед, барои кори муқаддаси Ӯ ҷудо карда шудед ва дар пеши чашмони Худо росткор эълон карда шудед.
Пас аз иштирок дар конфронсе ки ба ҳақиқати каломи Худо бахшида шуда буд, Лиза ба ман навишт, ки чӣ гуна ҳақиқат ӯро аз хотираҳои пуразоби гузашта раҳо намуд:
Гузаштаи мо — кӯдакӣ, дарде ки ба мо расонида шудааст, ва дарде ки мо ба одамон расондаем, — ҳамаи ин набояд дар роҳи муваффақият монеае бошад. Бо марҳамати Худо ин ҳатто метавонад ба сӯи ғалаба ва ҳаёти самаранок қадами навбатӣ гардад.
11.
Аммо дар асл Каломи Худо зинда ва таъсирбахш аст, он дилҳои азобдидаи моро шифо мебахшад ва ба ҷонҳои бемадоргаштаи мо осоиш меоварад.
Он нурест дар роҳи мо. Ҳар эҳтиёҷе ки дошта бошем, дар ҳар вазъияте ки бошем, Каломи Худо метавонад эҳтиёҷоти моро қонеъ намояд. ва он метавонад ба наздикону маҳбубони мо ёрӣ расонад.
Одамон ба ақидаи мо ва пешниҳодҳои мо эҳтиёҷ надоранд. Онҳо бояд он чиро ки Худо мегӯяд, донанд. Онҳо бояд фармудаҳои Ӯ, ваъдаҳои Ӯ ва роҳҳои Ӯро донанд. Агар мо ба таври ҳақиқӣ ба одамон ёрӣ доданӣ бошем, пас бояд ба онҳо ҳақиқатро нишон диҳем, ва баъд дар дуо, бо муҳаббат ба онҳо дар вазъияти муайян истифода бурдани онро ёд диҳем.
12.
• чунин шахсе нест, ки мо ӯро бахшида натавонем (ниг.: Марқ. 11:25);
• чунин шахсе нест, ки мо дӯст дошта натавонем (ниг.: Мат. 5:44);
• мо метавонем барои ҳама чиз аз Ӯ шукргузор бошем (ниг.: 1 Тасл. 5:18);
• мо дар ҳамаи вазъиятҳо қаноатманд буда метавонем (ниг.: Ибр. 13:5).
Масъала на дар он аст, ки мо ба Худо
Моҳияти масъала на дар он аст, ки ба Худо итоат
13. Ман
Шояд мо воқеаҳои ҳаёти худро идора карда наметавонем. Мо дар кадом оила таваллуд шудан, чӣ гуна будани намуди зоҳирӣ ва чигунагии тарбияи худро интихоб намекунем. Мо дар мавриди бисёр омилҳое ки ҳаёти моро ташаккул додаанд, ҳаққи интихоб надоштем. Аммо бо марҳамати Худо мо набояд қурбониёни вазъиятҳо бошем — мо метавонем муносибати худро ба душвориҳое ки Ӯ дар ҳаёти мо роҳ додааст, идора кунем.
Ҳангоме ки айбдор кардани одамон ва вазъиятҳо, ба гардани дигарон бор кардани масъулиятро барои рафтори худ бас мекунем, ҳангоме ки барои интихоби худ ҷавобгар буданро меомӯзем, он вақт аз ҳисси тӯъмаи нотавон будани худ раҳо мешавем. Мо озодиеро ба даст меоварем, ки новобаста ба вазъиятҳо ба Худо итоат намоем.
14. Ман
Айнан ҳамин тавр ҳар як интихоби имрӯзаи мо боиси натиҷаҳо мегардад, ва на фақат дар ҳаёти мо, балки ҳамчунин дар ҳаёти якчанд наслҳои оянда. Ҳар як қарори худпарастона, гуноҳолуд ё ҷисмонӣ, ки ман имрӯз қабул мекунам, тухмиест, ки месабзад ва самар меоварад, ва на якто, балки ҳар як амали итоаткорӣ тухмиест, ки дар ҳаёти ман ва ҳаёти наздиконам самари баракат меоварад. Ҳосил дарҳол пайдо намешавад. Аммо он ҳатман мешавад.
15.
Мо кӯшиш мекунем бар атрофиён ва ҳаёти худ ҳукмфармоӣ кунем, аммо ин кӯшишҳо на ҳамеша бобарор мебошанд. Аммо ҳар қадар мо кӯшиш кунем ҳам, ин ҳокимият аз ибтидо ба мо дода нашудааст. Мо ба он саъй мекунем, одамонро идора мекунем ва бар онҳо фармонравоӣ мекунем, ташвиш мекашем, аммо ҳамааш беҳуда аст.
Ягона имконияти ҳис кардани озодӣ ва осоиши ҳақиқӣ — сар додани ҷилав, ба Худо супурдани афзори идоракунӣ аст, чунки ба Ӯ боварӣ кардан мумкин аст, ва Ӯ масъалаҳои моро ҳал карда метавонад. Ҳафтаи гузашта ман саъй менамудам ранҷишро аз як нафар ҳамкорам паси сар кунам. Чуноне ки ин ба мо хос аст, гаштаву баргашта ин вазъиятро дар сарам чарх мезанондам. Баъд ман фаҳмидам, ки фақат кӯшиш мекунам ғолиб бошам ва қарор додам ба дугонаи хубам занг занам, то аз ӯ хоҳиш кунам, ки барои ман дуо гӯяд. Ҳангоме ки мо аллакай хайрухуш мекардем, ӯ ногоҳ гуфт: «Нэнсӣ, ман намедонам, ки инро ба ту чӣ тавр гӯям, аммо дар ёд нигоҳ дор...
Чаро ин қадар душвор аст ба Худо имкон диҳем, ки Худо бошад? Чаро ин қадар душвор аст ба Ӯ имкон диҳем, ки оламро идора кунад? Охир фақат Ӯ метавонад онро идора кунад. Ӯ моро дӯст медорад ва ҳеҷ як ҷузъиётро аз назар соқит намекунад. Ҳуқуқро нисбати ҳаётамон ба Ӯ надода, мо кӯшиш мекунем ба ҷои Ӯ корро анҷом диҳем. Роҳ сӯи озодӣ ба воситаи даст кашидан аз назорат бар ҳаёти худ, оила ва вазъиятҳо мебошад. Фақат дар ҳамин маврид мо шоҳидони мӯъҷизаҳое мешавем, ки танҳо Ӯ ба амал оварда метавонад.
16.
17.
...шавҳарон ва кӯдакони худро дӯст доранд. Боисмат, пок, ғамхори хона, некдил ва мутеъ ба шавҳарон бошанд, мабодо каломи Худо хор дошта шавад
Барои ҳамсар ва модар на касбу кор, на машғулияти дӯстдошта, на муносибатҳо бо одамон, ҳеҷ чиз назар ба оила ва фарзандон муҳимтар буда наметавонад. Кор метавонад ба шумо қаноатмандӣ оварад. Он метавонад ба шумо бештар неъматҳои моддӣ ва роҳатҳое диҳад, ки дар мавриди дигар онҳоро соҳиб шуда наметавонистед. Аммо ба ҳар ҳол вазифае олитар, хурсандие бештар аз он нест, ки хонаи худро обод кунем, ҳамроҳи шавҳар Худоро дар рӯи замин ҷалол диҳем, фарзандон ва набераҳои худро ба воя расонем, насли минбаъдаро таълим диҳем, худро рад карда ҳаёти худро барои одамон сарф намоем. Ҳамин аст вазифаи олитарини зан.
18.
Худо моро на барои он наҷот дод, ки дар ин ҷо ва ҳозир хушбахт гардонад. Ӯ моро наҷот дод, «то ки моро аз ҳар шарорат халосӣ диҳад ва барои Худ ҳамчун қавми махсусе ки дар аъмоли нек ғаюранд, пок намояд» (Тит. 2:14).
Худованд Исо на барои он хонаи Худро дар осмонҳо тарк карда, ба замин фаромад ва ҳаёти Худро дод, ки мо ба хотири худ ва ҳаловати худ зиндагӣ кунем, балки барои он ки мо озод бошем ва барои Худо, ки мо барои хушнудии Ӯ офарида шудаем, зиндагӣ кунем.
Ба роҳи итоаткорӣ истодан осон нест. Гоҳо ин қурбониҳои муайянро металабад: лозим меояд, ки роҳати худро сарфи назар кунем. Аммо ҳама гуна қурбонии мо муваққатист ва бо он хурсандӣ ва қаноатмандӣ, ки мо дар абадият хоҳем дошт, муқоисанашаванда аст. Фақат ба муқаддасӣ саъй намуда, мо хушбахтии ҳақиқиро ноил мешавем.
19. Худо
Аммо охир Худо на фақат барои ҳал намудани мушкилоти ман вуҷуд дорад. Ин маънои онро надорад, ки Ӯ ба ҳиссиёти ман бепарво мебошад, не. Аммо, силсилаи корҳои аввалиндараи ҳаёти худро тартиб дода, мо бояд он чиро, ки Худи Худо муҳим меҳисобад, ба назар гирем. Барои Ӯ муҳим аст, ки ҳар як инсон ҷалоли Ӯро инъикос намояд. Ӯ мехоҳад ҳамаи корҳои имконпазирро кунад, то ки моро ба сурат ва шабоҳати Худ наздик намояд. Баъзе аз мушкилоте ки моро беш аз ҳама ба ташвиш меоваранд, дар асл ба мо ёрӣ медиҳанд, ки сӯи мақсади Ӯ равем. Агар мо ҳалли ин мушкилотро талаб намоем —кӯшиш кунем, ки аз роҳбари нохуб, аз мушкилоти молиявӣ, аз мушкилот бо саломатӣ, аз мушкилот дар оиладорӣ халос шавем, — метавонем аз он неъмате ки Худо бароямон тайёр кардааст, маҳрум шавем. Бад дидани мушкилоте ки Худи Худо барои ба Писари Худ монанд кардани мо фиристодааст, бехирадӣ ва бефаросатӣ аст.
20.
Дар китоби пайғамбар Ирмиё мо тасвири равшани натиҷаҳои қабул накардани азобҳоеро, ки барои пок кардани мо муқаррар карда шудаанд, мебинем:
Мӯоб аз ҷавонии худ осудаҳол буд, ва бар дурди худ менишаст, ва аз зарфе ба зарфе рехта нашудааст, ва ба асирӣ нарафтааст; бинобар ин таъмаш дар он мондааст, ва накҳаташ тағйир наёфтааст.
Ҳангоме ки дар замони Ирмиё май тайёр мекарданд, шарбати ангурро ба машк мерехтанд ва ба муддати якчанд ҳафта мегузоштанд, то даме ки дурди талхи он фурӯ нишинад. Сипас майро ба машки дигар мерехтанд, то ки он боз таҳшин шавад. Ин равандро гаштаву баргашта такрор мекарданд, то даме ки май пурра пок мешуд ва софу хуштаъм мегардид.
Қиссаи халқи Мӯоб нисбатан ором буд, онҳо раванди аз як азоб ба азоби дигар «рехта шудан»-ро аз сар нагузаронда буданд. Дар натиҷа дар муобиён таҳшини ғафс ва талхи гуноҳ боқӣ монд, «таъм»-и онҳо дигаргун нашуд. Азобҳо — аз як зарф ба зарфи дигар рехтан аст, то даме ки худпарастӣ ва гуноҳ таҳшин шаванд ва майи Рӯҳи Ӯ пок ва хуштаъм гардад.
21.
Ҳар як азоб мақсаде дорад. Худо мушкилотро ба ҳаёти мо бо мақсади махсусе мефиристад. Ӯ аниқ медонад, ки барои ба даст овардани мақсадҳои Ӯ азобҳо бояд чӣ гуна қувват дошта бошанд ва чӣ қадар давом кунанд. Ӯ имкон намедиҳад, ки азоби мо аз ҳадде ки барои амалӣ гаштани хости Ӯ даркор аст, дертар давом кунад ё вазнинтар бошад.
Худо ваъда додааст, ки «мамот дигар нахоҳад буд; ва гиря ва фиғон ва дард дигар нахоҳад буд; зеро он чи пештар буд, гузашт…» (Ваҳй 21:4). Аз ҳамин сабаб, фарзанди азизи Худо, ҳангоме ки чашмонат аз ашкҳо пур мешаванд, ҳангоме ки чунин метобад, ки ҳеҷ умеде нест, далер бош. Саратро бардор, Худоро шукргузорӣ намо ва бидон, ки ба зудӣ имони ту мукофотонида мешавад ва ту Касеро мебинӣ, ки ваъда додааст то охир бо ту бошад.
22.
Нақшаи Худо ва мақсадҳои Ӯ аз он чи мо мебинем ё фикр мекунем, хеле муҳимтар аст. Ҳангоме ман ба ёд меоварам, ки аз ҳама муҳим на ман, балки Ӯст, ҳамаи ин чизҳо – суратҳисоби бонкӣ, захмҳо ва дардҳо, иззати нафси осебдида, эҳтиёҷот ва хоҳишҳои ман ба мадди дуюм мегузаранд.
Барои аксуламали дуруст намудан ба вазъиятҳои ҳаёти худ, мо пеш аз ҳама бояд ба савол ҷавоб диҳем: Мақсади ҳаёти ман дар чист? Агар мақсади ман — хушбахт шудан, барои касе даркорӣ ё дӯстдошта шудан бошад, ман ҳамаи монеаҳоро, ки барои ба мақсади гузошташуда расидани ман халал мерасонад, чун ҳуҷуми душман қабул мекунам.
Аз тарафи дигар, ҳамин ки мо бо Худо розӣ мешавем, ки барои хушнудӣ ва ҷалоли Ӯ вуҷуд дорем, ҳамаи воқеаҳоро чун қисми нақшаи Ӯ қабул карда метавонем. Мо намеранҷем, муқобилат намекунем ё аз «душвориҳо» намегурезем, балки онҳоро чун дӯстон қабул мекунем, ки онҳоро Худо фиристодааст, то ки моро ба Исо монанд намояд ва Ӯро ҷалол диҳад. Мо ба рӯи Ӯ нигариста, гуфта метавонем: «Ман қаҳрамони асосӣ нестам. Қаҳрамони асосӣ Ту ҳастӣ. Агар чизе барои ту писандида бошад, пас ин пурра барои ман низ мувофиқат мекунад. Ман фақат хоҳони он мебошам, ки ту ҷалол ёбӣ».
ОХИРСУХАН
БАРОИ ОМӮЗИШИ МИНБАЪДА
Мо бо кӯшиши аз назар гузаронидани ҳамаи намудҳои дурӯғ, ки занҳои замони ҳозира ба онҳо бовар мекунанд, ба бисёр мавзӯъҳои мураккаб дахл намудем. Шояд шумо ё шиносҳоятон бо онҳо рӯ ба рӯ шудаед. Дар зер рӯйхати адабиёти тавсияшаванда оварда шудааст, ки хеле фоиданок буда метавонад.
Он қадаре ки ба мо маълум аст, ин китобҳо ба Навишта мухолифат надоранд. Аммо нуқтаи назари муаллиф бо ҳамаи қоидаҳое ки дар китобҳои дар поён зикршуда таҳлил карда мешаванд, на ҳамеша пурра мувофиқат мекунад. Ҳар як имондор бояд ҳар китобро дар партави Навишта тафтиш намояд (бо зимни ин китоб).
Исқоти ҳамл
Bethany Christian Services, Inc. Ташкилоти амрикоӣ, ки хизматгузорияш инҳоро дар бар мегирад: маслиҳатдиҳӣ ба заноне ки ҳомилагии нолозим доранд, маслиҳатдиҳии оилавӣ, ҷустуҷӯи оилаҳои нав барои кӯдакони таркшуда, писархонд/духтархонд кардан, сағирхонаҳо барои кӯдакони ятим ва модарони якка. 901 Eastern Avenue, N. E., P. O. Box 294, Grand Rapids, MI 49501–0294; 616–459–6273; хатти телефони изтирорӣ барои ёрӣ дар вазъиятҳои душвор: 800–BETHANY.
Одатҳои бад
Боварӣ ба наҷот
Номувозинатии кимиёвӣ дар организм
Рӯҳафтодагӣ
Зӯроварӣ дар оила
Хӯрокхӯрии нодуруст
Бахшидан
Ҳомосексуализм
Exodus International. Иттиҳоди байналмилалии хизматгузориҳои масеҳӣ, ки ба мардону заноне ки аз ҳомосексуализм ва лесбиянӣ раҳо шудан мехоҳанд, дастгирӣ пешниҳод мекунанд. P. O. Box 77652, Seattle, WA 98177; 206–784–7799; www.exodusnorthamerica.org.
Бенаслӣ, аз даст додани кӯдак
Оиладорӣ
Ҳамсари беимон
The Prayer Closet Ministries. Силсилаи дуоӣ (шабакаи шафоаткунандагон, ки барои имондороне ки ҳамсаронашон беимон мебошанд, дуо мегӯянд). Dr Kevin Meador, 595 Stratton Road, Decatur, MS 39327; 601–635–2180; www.prayerclosetministries.org.
Навимон
Волидон
Тарбияи фарзандон
Порнография
Нақши зан
Council on Biblical Manhood and Womanhood (CBMW). P. O. Box 7337, Libertville, IL 60048; 847–573–8120; e-mail: info@cbmv. org; www.cbmv.org
The Proverb 31 Ministry. Занҳоро рӯҳбаланд менамояд ва аз нуқтаи назари Худо қабул намудани хизмати занро дар хона ва оила таълим медиҳад. Ҳамчунин бюллетени ҳармоҳа ва конфронсҳои занона пешниҳод карда мешаванд. P. O. Box 17155, Charlotte, NC 28227; 704–849–2270; e-mail: p31home@proverbs31.org; www.proverbs31.org
Зӯроварии ҷинсӣ
Покии ҷинсӣ
Танҳоӣ/муҷаррадӣ
Азоб
Истифодаи дурусти вақти худ
More Hours In My Day Ministries. Эмилӣ Барнс семинарҳои «More Hours In My Day»-ро оиди хоҷагии хона мегузаронад. Ӯ ба касоне хизмат мекунад, ки аз саратон ё дигар бемориҳои ҷиддӣ азоб мекашанд, китобҳо ва дигар сарчашмаҳои маълумот пешниҳод мекунад. 2838 Whitestone Drive, Riverside, CA 92506; 909–682–4714; e-mail: emilie@emiliebarnes.com; www.emiliebarnes.com
Мавзӯъҳои занона (ҳар гуна)
ТАВЗЕҲОТ
Боби 1
1
Боби 2
1 Аз муқаддима ба
2Hannah Whitall Smith,
3Hannah Whitall Smith, иқтибос аз
4Smith,
Боби 3
1«Meg Ryan: What She Really Thinks of Herself»,
2W.E.Vine,
Боби 4
1Amy Bloom,
2
3Роберт Лоури (Robert Lowry), «О, ничто, лишь кровь Иисуса».
4John Alexander, «And That’s That: Sin, Salvation, and Woody Allen»,
5
Боби 5
1Dorothy Patterson, «The High Calling of Wife and Mother in Biblical Perspective»,
2«An Interview with Kate Hepburn»,
3«Joanne and Paul: Their Lives Together and Apart»,
4Patterson,
Боби 6
1Mary A. Kassian,
2Nancy Leigh DeMoss, «Devotion to Family», in
3
4Susan Hunt,
5Барои омӯзиши минбаъдаи мавзӯи натиҷаҳои гуноҳкоршавӣ ва оиди он ки ин ба муносибатҳои марду зан чӣ гуна таъсир расонд, ниг. Raymond C. Ortlund Jr., «Male-Female Equality and Male Headship: Genesis 1–3», in
6Elizabeth Rice Handford,
Боби 7
1Shulamith Firestone,
2Mary Pride,
3
Боби 8
1Hannah Whitall Smith,
2Francis de Sales,
3D. Martyn Lloyd Jones,
Боби 9
1Judith Viorst,
2Дар ҳамон ҷой.
3Дар ҳамон ҷой.
4George Lewis Prentiss,
5Harry C. Green and Mary W. Green, «The Pioneer Mothers of America», 1912, cited in
6R. Arthur Mathews,
7William Law, cited in
8Hannah Whitall Smith,
9Larry Crabb,
10Frances R. Havergal,
11Susan Hunt,
Примечания
1
Дар ин ҷо ва дар давоми китоб фамилияи зан дода намешавад, яъне ном ва ҷузъиёти қиссаи ӯ бо мақсади анонимӣ будани қисса дигаргун карда шудаанд.
2
Марта Стюарт — барандаи машҳури телешоу дар ИМА; мутахассиси дизайни хонаҳои истиқоматӣ, таъмир, боғҳо, растаниҳои хонагӣ, ҳамаи он чи барои фароҳам овардани шароити идеалии ҳаёт лозим аст. —