Макс Лукадо Қиссае, ки фаришта нақл кард Мавлуди аввал, нигоҳ аз осмон Зеро ки Кӯдаке барои мо таваллуд ёфт-писаре ба мо дода шуд; ва салтанат бар дӯши Ӯ ҳоҳад буд, ва номи Ӯ: Аҷиб, Мушовир, Худои Ҷаббор, Падари Ҷовид, мири осоиштагö хонда ҳоҳад шуд. (Иш. 9:6) …КАЛОМ ХУДО БУД. …КАЛОМ ҶИСМ ГАРДИД ВА ДАР МИЁНИ МО СОКИН ШУД… (Инҷили Юҳанно 1:1,14) — Ҷаброил! Садои овози Шоҳ ба дили ман расид. Ман назди дар навбатдор будам ва дидбонгоҳи худро тарк карда ба саломхонаи Шоҳ даромадам. Аз тарафи чапи ман миз буд, ки дар он Китоби Ҳаёт меистод. Дар назди ман тахти Худои Тавоно буд. Ман ба доираи нури хомӯшнашаванда дохил шудам, бо қанотҳоям рӯямро маҳкам кардам ва таъзиму тавозоъ кардам. — Лаббай, Худованди ман? — Ту ба Салтанат нағз хизмат кардӣ. Ту — сафири сазовор ҳастӣ. Вақте набуд, ки ту супоришро иҷро намуда, аз роҳат гаштӣ ё ларзидӣ. Ғайрати ту ҳеч вақт суст намешуд. Ман сарамро хам кардам, он чизе ки мешунавидам, маро навозиш мекард. — Чизе ки, Ту ба ман амр накунӣ, Шоҳи ман, ҳазор бор аз он зиёдтарро иҷро мекунам, — қасам хӯрдам ман. — Ман ба ин шубҳа надорам, сафири азиз, — дар суханҳои Ӯ тантананокӣ садо медод, ки одатан ба Ӯ бегона буд. — Кори бузург туро интизор аст. Ту бояд ба замин тӯҳфаи маро ра­сонӣ. Нигар. Ман чашмони худро бардошта зарфи мусаффоро бо занҷири тилло, ки дар дасти Ӯ овезон, ва ба тарафи ман дароз карда шуда буд, дидам. Ӯ хело ҳам ҷиддӣ буд. — Ҳарчанд ин зарф ҳанӯз холӣ аст, ба наздикӣ дар он бузургтарин тӯҳфаи Ман ҷойгир мешавад. Инро дар сари дилат нигоҳ дор. Ман хостам аз дасти Ӯ зарфро гирам, вақте ки садои ғиҷиросӣ маро боздошт: — Чӣ боигариеро ин маротиба Ту ба замин мефиристӣ? Тахтапушти ман аз овозҳои аввалини ин су­ханҳои беадабона таранг шуд, даруни ман аз мав­ҷи ногаҳонии бӯи манфур беҳузур шуд. Фақат як махлуқ ин бадбӯиро бароварда метавонист. МАН ХАНҶАРИ ХУДРО ГИРИФТА БАРОИ ҶАНГ КАРДАН БО ЛЮСИФЕР ТОБ ХӮРДАМ. Дасти Падар, ки ба кифти ман фаромад, маро боздошт. — Мон, Ҷаброил. Ӯ зарар намерасонад. Ман як қадам қафо шудам ва ба душмани Худо нигоҳ кардам. Китфпӯшаки сиёҳ бадани ӯро, сарашро ва дастонашро то банди даст махкам мекард. Аз таги доманаш пойҳои сеангӯштаи нохундор намоён буд, панҷаи дасташ бо пӯсти мор кашида, ангӯштҳои дасташ бо нохунҳои дароз тамом мешуд. Ӯ сарпӯшашро пеш кашид, чунки рӯяшро аз нуре, ки толорро пур мекард, ҳимоя кунад, вале дида мешуд, ки ин нур то ҳол ӯро озор медиҳад. Паноҳ ҷуста, ӯ тарафи ман тоб хӯрд, ва як лаҳзае аз таги кулоҳ рӯӣ тези ӯ тофт. — Ба чӣ ту ин қадар назар андохтӣ, Ҷаброил? — киноя кард ӯ. — Магар ту аз дидори ман шод нестӣ? Ман ба ин фариштаи палид чизе гуфтан намехостам. Ман сухане намеёфтам, ки дидаамро бо он қиёфае, ки дар хотир доштам, муқоиса намоям. Ман ӯро то Шӯриш ба хотир овардам: мағрур, ҳамчун саркардаи қӯшунҳои мо, болҳояш васеъ кушода, бо шамшери дурахшон дар даст. Ҳар яки мо мехостем ба ӯ монанд бошем. Кӣ ӯро рад мекард? Мӯйҳои мулоим ва ҷингила, чашмони чун ангишт сиёҳ ӯро яке аз хушрӯйтарин махлуқони осмон мекарданд. Аз ҳама, ғайр аз Офаридагори мо, албатта. Аммо ҳеч кас фикри муқоиса кардани Люсиферро бо Худо надошт… ғайр аз худи Люсифер. Танҳо ба Худо маълум аст, ки барои чӣ иблис қарор дод, ки ба ӯ бояд ҳамчун ба Офаридагор саҷда кунанд. Ба ман танҳо он маълум буд, ки ман ӯро аз вақти Шӯриш надида будам; ва он, ки ман ҳозир дидам, дар ман мавҷи нафратро бедор кард. Ман ба ӯ бо синча назар андохтам, зеро хостам ягон аломатеро бинам, ки аз ҳашамати пешинаи ӯ дарак медод, вале чизеро надидам. — Аз афташ, хабари Ту муҳим аст, — гуфт иблис, ки то ҳол аз рӯшноӣ азоб мекашид. Падари ман мулоим ва мавзун гуфт: — Вақти тӯҳфаи дуввум расид. Намоён буд, ки чӣ хел танаи бо китфпӯшак маҳкам кардаи ӯ ларзид, вақте ки Люсифер писханд зад: — Ҳа, тӯҳфаи дуввум? Умедворам, ин аз яку­маш беҳтар мешавад. — Ту аз якумаш норозӣ мондӣ? — пурсид Падар. — Э, не — он ба ман хеле маъқул аст, — ангӯшти лоғари худро дароз карда, ӯ дар ҳаво ин калимаро навишт: И Н Т И Х О Б. — Ту ба Одам интихобро додӣ, — бо тамасхур гуфт иблис, — ва чӣ интихобе кард ӯ? Ӯ маро интихоб кард! Аз он вақте ки онҳо аз меваи дарахти Боғ хӯрданд, онҳо — асирони ман ҳастанд. Онҳо аз они мананд. Ту мағлуб шудӣ. Ҳе-ҳе-ҳе… — Ту ин қадар дилпурона гап мезанӣ... — ҷавоб дод Падар, ва ман аз сабурии Ӯ дар ҳайрат мондам. Люсифер як қадам ба пеш монд, домани либосҳои ӯ рӯи фарши хона кашола мешуданд. — Ҳа, албатта! Ба ман муваффақ мешавад он чизеро, ки Ту мекунӣ, чаппаю роста кунам! Ту дилҳоро мулоим мекунӣ — ман сахт. Ту ба одамон ҳақиқатро мекушоӣ — ман онро аз онҳо бо торикӣ мепӯшонам. Ту ба онҳо хурсандӣ мебахшӣ — ман онро аз онҳо медуздам. Ӯ як бора тоб хӯрд ва аз корҳояш лоф зада, дар толор қадам зад. — Хиёнати бародарони Юсуф — кори ман аст. Мусо баъди он, ки мисриро кушт, дар биёбон ронда шуда зиндагӣ мекард, — ин ҳам кори ман аст. Довуд ба Башобаъ, ки оббозӣ мекард, нигоҳ кард — ин аз тарафи ман сохта шуд. Ту бояд иқрор шавӣ — ман хеле моҳир ҳастам! — Моҳир? Мумкин. Аммо бобарор? Не. Он чизеро, ки ту кардан мехоҳӣ, Ман пеш аз карданат медонам. Ба Юсуф хоинӣ карданд, аммо Ман ин хоиниро барои наҷот додани халқи Худ аз гуруснагӣ дар вақти хушксолӣ истифода бурдам. Ту ҳамин тавр кардӣ, ки Мусо дар саҳро истиқомат кунад, вале ин ба ӯ кӯмак кард аз ин биёбон халқи Маро, ки аз Миср баровардам, гузаронад. Бале, Довуд бо Батшобаъ зино кард — вале ӯ ба гуноҳаш иқрор шуд ва тавба кард! Дар оянда ҳазорон одамон ин воқеаро дониста, чизе ёфтанд, ки Довуд ёфт — файзеро, ки тамом намешавад. Дурӯғ ва васвасаҳои ту ба таҳкурсии меҳрубонии Ман мубаддал гашт. Ту ҳанӯз ҳам ба Ман хизмат мекунӣ, иблис. Охир ту инро кай мефаҳмӣ? Кӯшишҳои оҷизонаи ту ба корҳои Ман халал расондан танҳо барои иҷро шудани он чизе, ки Ман ният кардаам, хизмат мекунанд. ОН ЧИЗЕРО, КИ ТУ БАРОИ БАДӢ НИЯТ МЕКАРДӢ, МАН БА НЕКӢ МУБАДДАЛ МЕКАРДАМ. Иблис бо норозигӣ ғурроскунон ҷавоб дод — ин ғуррос аз гулӯ, аз дарун, ғурроси бад буд. Дар аввал он паст буд, сипас оҳиста-оҳиста баланд шудан гирифт ва то дараҷае баланд шуд, ки дар охир толорро пур кард, ки аз он мумкин даруни дӯзах ларзид. Ба Шоҳ ин ягон таъсире нарасонид. — Ҳолат бад аст? — пурсид Ӯ. Люсифер дар толор беқарор баланд нафас кашида, барои ҷавоб додан сухан кофт ва худро ба ҳар сӯ задан гирифт, ва дар айни замон ҷои хилвате мекофт, ки аз он ҷо онҳоро гуфта меавонист. — Ба ман нишон деҳ, ай Шоҳи олам, ба ман аққалан як одамро дар замин нишон деҳ, ки ҳамеша ҳақ рафтор мекард ва ба иродаи Ту содиқ мебуд. — Ва ту боз ҷуръат дорӣ, ки дар бораи ин пурсӣ? Ту медонӣ, ки қурбонии овардаи ягона одами баркамол ва бегуноҳ кифоя мебуд, ки ҳамаи дигаронро наҷот бахшад. — Ман дар бораи нақшаҳои Ту медонам — ва Ту натавонистӣ онҳоро ба амал оварӣ! Нест ва ҳеч вақт аз байни фарзандони халқи Ту Масеҳ нахоҳад баромад. Дар байни онҳо ягон ­бегуноҳ нест. Якто ҳам! — ӯ дар назди тахт рост истода номи фарзандони Худоро номбар кард: — На Мусо, на Иброҳим, на Лут, на Рив­қо, на Илёс... Падар аз тахти Худ бархест, ва дар толор мавҷи дурахши Ӯ ҳамон қадар сахт паҳн шуд, ки Люсифер ба ларза омад ва афтид. БА ҲОЛИ ФАРЗАНДОНИ МАН МЕХАНДӢ, — садо дод овози Худо. — Ба фикрат, ту бисёр чизро медонӣ, ту, фариштаи палид? Дониши ту ночиз аст. Фикри ту на дуртар аз худат паҳн мешавад. Чашмони ту на дуртар аз хоҳишҳои ту мебинанд. Шоҳ ба пеш қадам зад ва Китобро ба дастонаш гирифт. Ӯ онро тарафи Люсифер гардонд ва амр кард: — Ин ҷо биё, дурӯғгӯй, ва бихон номи он Касеро, ки дурӯғгӯиатро ошкор мекунад. Бихон номи Он Касеро, ки дарвозаи истеҳкоми туро яксон хоҳад кард. Иблис оҳиста аз зонуҳояш бархест. Чун гурги тарсончак, роҳро давр зада, ӯ ба назди миз, ки дар он Китоб меистод, наздик шуд ва як калимаро хонд. — Эмонуил, — нимғурма гуфт ӯ, ва, гӯё ба чашмонаш бовар накарда, илова намуд: — «Худо бо мост?» Аз вақти сӯҳбат якум маротиба рӯӣ ӯ ба тарафи Падар тоб хӯрд: — Не. Ҳатто Ту ин корро намекардӣ. Ҳатто Ту ба ин ҷуръат намекунӣ. — Ту пештар ҳам ҳеҷ вақт ба Ман бовар намекардӣ, иблис. — Аммо Эмонуил? Ин беақлист! Ту ҳатто тасаввур карда наметавонӣ, ки дар он ҷо, дар замин будан, чӣ гуна аст! Медонӣ, ман онро ба чӣ гуна зулмот гирифтор кардаам?! Он пӯсида истодааст, дар он зулмот ҳукмронӣ дорад. Замин... — ОН БА МАН ТААЛУҚ ДОРАД, ГУФТ ШОҲ, — ВА МАН ОНРО БА ХУД БАРМЕГАРДОНАМ. МАН ҶИСМ МЕГАРДАМ. МАН ОН ЧИЗЕРО, КИ ОФАРИДАҲОИ МАН ҲИС МЕКУНАНД, ҲИС МЕКУНАМ. МАН ҶАҲОНРО БО ЧАШМОНИ ОНҲО МЕБИНАМ. — Вале гуноҳи онҳо чӣ? — Ман ба онҳо эҳсон меорам. — Марг чӣ? — Ман ба онҳо ҳаёт меорам. Иблис хомӯш шуд. Худованд сухан кард: — Ман фарзандони Худро дӯст медорам. Ка­се ки дӯст медорад, дӯстдоштаи худро аз озодӣ маҳрум намекунад. Муҳаббат аз тарс озод мекунад. Эмонуил пас аз Худ қабилаи нотарсро мегузорад. Онҳо аз ту ва аз дӯзахи ту нахоҳанд тарсид. Аз фикри ин иблис калавид. Овози ӯ, чун овози кӯдак, ки тайёр аст гиря кунад, садо дод: «Не, ме-е-тар-са-а-нд!» — Ман онҳоро аз гуноҳ озод мекунам, ва Ман онҳоро аз марг озод мекунам. Бе гуноҳ ва марг ту ба онҳо ягон хел ҳукм нахоҳӣ дошт. Иблис чархзанон, панҷаҳояшро фушурдаю кушода, роҳ мегашт. Вақте ки ӯ ниҳоят бозистод, ӯ саволе дод, ки ҷавобашро ман ҳам донистан мехостам. — Барои чӣ? Барои чӣ Ту инро кардан мехоҳӣ? Овози Падар дар як вақт ҳам қавӣ ва ҳам му­лоим буд: — Барои он, ки Ман онҳоро дӯст медорам. Ин ду нафар муқобили якдигар меистоданд. Яке аз онҳо сухане нагуфт. Дар назди ман ду канори қутби коинот меистоданд: Худо, ки бо нур печида буд ва аз ҳар риштаи либоси Ӯ равшанӣ медурахшид, ва иблис, ки бо қаҳр печида буд. Сулҳ зидди воҳима. Ҳикмат зидди беақлӣ. Яке — раҳокунанда, дигаре — мехоҳад бӯҳтон ва айбдор кунад. Баъдтар ман дар бораи он, ки ин дақиқа чӣ рӯй дод, хеле мулоҳиза кардам. Ҳарчанд ман, чандин бор ин лаҳзаро боз аз сари нав мегузарондам, хотироти он лаҳзаҳо то ҳол маро ба ҳайрат меоранд. Ҳеч вақт, ҳатто дар фикрҳои беақлонаи ман, ман наметавонистам тасаввур кунам, ки Шоҳи ман он чизеро, ки Ӯ он вақт кард, мекунад. Агар Ӯ амр мекард, ки иблис аз назараш дур шавад, ҳеч кас зид намешуд. Агар Ӯ иблисро несту нобуд мекард, магар касе пушаймон мешуд? Агар Ӯ ба ман амр медод, ки ҷанг кунам, ман бо тайёрӣ ба муҳориба медаромадам. Аммо Худо ин корро накард. Аз равшанӣ дасти Ӯ дароз шуд. Аз тахти Ӯ ин суханон садо доданд: — Ба Ман итоат мекунӣ? Ба назди Ман бар- мегардӣ? Ба ман донистани фикрҳои иблис дода нашудааст, лекин дар назарам, як лаҳза дили бадқаҳр ва бераҳми ӯ каме мулоим шуд. Сараш ба як тараф хам таклиф ӯро дар ғафлат монд. Вале лаҳзае нагузашта ӯ сарашро бардошт. — Мо дар куҷо меҷангем? — пурсид бо овози даъваткунанда. Падар, якравии фариштаи сиёҳро дида, бо овози ғамгин гуфт: — Дар баландие, ки Ҷолҷолто ном дорад. — Албатта, агар Ту ба он ҷо расида тавонӣ, — кина карда гуфт иблис. Ӯ ба тарафи баромадгоҳ рафт, болҳояшро кушод ва ба боло парид. Падар як лаҳза наҷумбида истод, сипас боз ба тарафи Китоб рӯй гардонд. Онро дар боби охирин кушода, оҳиста ин калимаҳоро хонд, ки ман пеш ҳеҷ вақт нашунида будам. Ин ҷумлаҳо, ибораҳо набуданд. Ин танҳо калимаҳое буданд, ки аз як дигар бо фосилаи дуру дароз ҷудо шуда буданд: ИСО, МЕХ, САЛИБ, ХУН, ҚАБР, ҲАЁТ. Ӯ дастонашро тарафи ман дароз кард, ва ман боз дар назди Ӯ саҷда кардам. Зарфро ба ман дароз карда, Ӯ фаҳмонд: — Ба наздикӣ ин зарф бо ҳастии Ман пур мешавад, бо тухме, ки ба батни духтари ҷавон гузошта мешавад. Номи ӯ Марям аст. Ӯ — яке аз духтарони халқи Ман аст. Самари ин тухм Писари Худо мешавад. Инро ба ӯ расон. — Аммо ман ӯро чӣ тавр мешиносам? — пурсидам ман. — Дар ин бора хавотир нашав. Ту хато намекунӣ. Ман нияти Худоро фаҳмида наметавонис­там, аммо ин аҳамият надошт. Барои ман аз ҳама муҳим амри Ӯро иҷро кардан буд. Ман сарамро хам кардам, ва Ӯ ба гардани ман занҷирро бо зарф овезон кард. Ба ҳайрати ман, акнун зарф холӣ набуд. Зарф аз нур меду­рахшид. — Исо. Ба Марям бигӯй, ки Писари Маро Исо ном гузорад. * * * Мо ба сафар баромадем, ва чӣ гуна ин ботантана буд! Малоика Микоил ба мо аз Китоби Диловарӣ қироат кард. Лашкарҳо суруд хонда аз Падар хоҳиш мекарданд, ки Рӯҳи Ӯ моро ҳамроҳӣ кунад. Падар аз тахти Худ, ки медурахшид, бархоста моро бо суханони Худ боқув­ват кард. Ба фариштаҳо Ӯ гуфт: — Устувор бошед, хизматгорони Ман. Сипас ба ман назар карда, Ӯ хотиррасон кард: — Ҷаброил, иблис ҳамон қадар сахт мехоҳад ин тухмро нобуд кунад, чӣ қадар сахт ту мехоҳӣ онро сиҳату саломат расонӣ. Аммо натарс. Ман бо ту ҳастам. — Бигзор иродаи Ту иҷро шавад, — ҷавоб додам ман ба Ӯ, ва ҷои худро дар сари фавҷ гирифтам. Вақти ба сафар баромадани мо расид. Ман суруди саноро хондам, ва бо ин ишорати баромадро додам. Фариштагон аз қафои як дигар ба санои ман ҷӯр мешуданд. Ман лаҳзае ба нур нигоҳ кардам, баъд мо тоб хӯрдем ва ба осмон шитофтем. Мо дар мавҷи нури Ӯ парвоз мекардем. Мо ҳамроҳи калимаҳои сурудҳои мо ба пеш мерафтем. Парагон аз тарафи дасти рости ман парвоз мекард, Эгус — аз чап. Онҳоро Худи Падар барои муҳофизати зарф интихоб намуд. Тавоно. Фурутан. Фармонбардор. Қӯшуни мо он қадар сершумор буд, ки ҳатто охири он наменамуд. Бо ҳам мо қувваи бузургро ташкил медодем. Мо мисли тӯфони ситораҳо аз байни коинот парвоз мекардем — ман пешрав ва ҳазорон фариштагон аз қафои ман. Ба қафо нигариста, ман аз манзараи болҳои нуқрагини беовоз, ки дар як усул баланду паст мешуданд, ҳаловат мебурдам. Аз ин селоби дурахшон пайваста суханҳои ҳамд мебаромад: — Худои мо бузург ва лоиқи ҷалол аст! — Танҳо Ӯ лоиқ аст! — Шоҳи Тавонои шоҳон ва Ҳокими ҳокимон! — Ин муҳориба — муҳорибаи Худованд аст! Барои ин супориши муҳим ман фариштагони аз ҳама боқувватро интихоб кардам, чунки танҳо аз ҳама зӯрон метавонистанд ба душмане, ки мо бояд бо ӯ мубориза мебурдем, муқобилият нишон диҳанд. Ҳар як фаришта мехост, ки ӯро интихоб кунанд, вале ба ман танҳо ҷанговарони чусту чолоктарин ва тайёридидаи осмонӣ ҳамроҳ шуданд. Мо галактикаи Эбонро дар галаситораи Эмания гузаштем. Бо гӯшаи чашм ман ҷилои сайёраи Эксалонро, ки бо ҳалқаҳо гирд карда шуда буд, дидам ва ин ҳалқаҳо бо шумораи фарзандони Худо аст, ки ба Падар вафодоранд. Мо бо шиддат аз галаситораи Кларион гузашта ба ҳалқаи ситораи Дариа ворид шудем. Дар гардани ман зарфи ҷилодор овезон буд, ки сирри он мисли аввала ба ман то ҳол махфӣ мемонад. Аз қафои ман овози нарми Софио расид. Падар ба ӯ ҳикмат тӯҳфа карда буд, ва ман Софиоро ҳамроҳ ба бисёр сафарҳоям мегирифтам. Вазифаи ӯ ҳамеша як кор буд: «Ба ман дар вақти парвоз ҳақиқатро хотиррасон кун», — ҳар вақт ман ба ӯ амр мекардам. Ӯ ҳозир низ ҳамин тавр кард. «Люсифер — падари дурӯғ аст. Дар ӯ ҳеҷ гуна ҳақиқат нест. Ӯ барои дуздидан, куштан ва нобуд кардан меояд» — гуфт Софио. Бо андозаи он, ки дили ман бо ҷасорат пур мешуд, суръати парвози ман низ тез мешуд. Мо медонистем, ки наметавонем бой диҳем. Аммо мо дар хаёл ҳам надоштем, ки му­ҳориба ин қадар тез сар мешавад. Ҳамин ки мо Силсилакӯҳи Вақтро гузаштем, Парагон дод зад: — Ба ҷанг! Нохост ман дидам, ки бо тӯри диданашаванда печида шудаам. Қаторҳои фариштагон омехта шуда ба ҳамдигар дакка хӯрданд. Ҳатто қатори охирини фавҷи мо беҳад тез ҳаракат мекард, аз ин рӯ натавонист аз тӯр халосӣ ёбад. Баъд аз чанд лаҳза ҳама омехта шуд: БОЛҲО БА БОЛҲО МЕЗАДАНД. ФАРИШТАГОН БО ФАРИШТАГОН БАРМЕХӮРДАНД. Пеш аз он, ки мо тавонистем шамшерҳои худро гирем, ҳамлакунандагон тӯрро чунон сахт кашиданд, ки мо ҳатто ҷунбида натавонистем. Ман овози хандаовари онҳоро мешунидам: — Магар инҳоянд беҳтарини беҳтаринҳо? — Онҳоро бо худ ба қаър мебарем! — Акнун шумо мефаҳмед, кӣ дар ин ҷо ҳукмрони ҳақиқӣ аст! Аммо хурсандии онҳо кӯтоҳ буд. Шоҳ маро барои вохӯрӣ бо тӯрҳои бадӣ тайёр карда буд. Ман медонистам чӣ бояд кард. — ҚУДДУС, ҚУДДУС, ҚУДДУС АСТ ХУДОВАНД ХУДОИ ТАВОНО! — хитоб кардам ман. — ҚУДДУС, ҚУДДУС, ҚУДДУС АСТ ХУДОВАНД ХУДОИ ТАВОНО! — боз ва боз ба Ҳокими худ сано мегуфтам ман. Фариштагон шуниданд ва ба санои ман ҳамроҳ шуданд. Аз калимаҳои ҳақиқат суст шуда, сагҳои дӯзах тӯрро сар доданд, ва мо аз он халос шудем. — Худованд онҳоеро, ки Ӯро ҳамд мехонанд, дӯст медорад! — ботантана хитоб кард Софио. Раҳо ёфта, мо шамшерҳои равшании худро гирифта онҳоро дар назди худ доштем, ва сафҳоямонро чунон зич кардем, ки аз дигар тараф фавҷи мо чун кураи ҷилодор метофт. Девҳои кӯршуда ба ҳарос афтоданд, ва бо якдигар бархӯрда, рӯ ба гурез ниҳоданд. Ман як қисми фариштагонро аз қафои онҳо равон кардам. «Чуноне кунед, ки онҳо барнагарданд», — амр кардам ман ба онҳо. Ман сафҳои моро аз назар гузарондам — якумро, баъд дуюмро, ва дидам, ки талаф нест. Ин задухӯрд қарори моро боз ҳам мустаҳкам кард. Ман суруд хондам ва мо боз парвозро давом кардем, нуре ки аз шамшерҳои мо медурахшид ва мусиқии ҳамди мо, моро мешуст. Мо сайёраи заррини Эсколадаро, ки дар марзи галактикаи интихобшуда буд, гузаштем. Ҳар яки мо ин ситораҳоро хуб медонад. Мо бисёр вақт ҳар гуна супоришҳоро иҷро карда дар наздикии онҳо мешудем. Ҳарчанд бо ин галаситораҳо ёддоштҳои хуби мо алоқаманд буданд, мо як дақиқа ҳам қарор накардем. Супорише, ки мо бояд иҷро мекардем, бисёр ҳам муҳим буд. — Ҷаброил! — маро фарёд кард Парагон. — Нигоҳ кун, он ҷо, дар дурӣ! Пештар ман имконият надоштам, ки ин хел азозилро бинам. Сари шағолӣ дар гардани дарози пулакчадор меистод, баданаш мисли бадани аҷдаҳо буд. Болҳои ӯ ҳамин қадар паҳн буданд, ки зери онҳо як қисми қӯшуни ман осон ҷойгир шуда метавонист. Ҳар яке аз чор панҷааш осон метавонист фариштаро шиканад. «Ин кист?» — пурсидам ман Парагон ва Эгусро, вале ба ман Софио ҷавоб дод. — Ин Флумар аст. — Флумар? Ин номумкин аст! То Шӯриш ӯ яке аз ҳофиз ва ҷанговари беҳтарини мо буд. Бисёр вақт ӯро дар сафи аввал парвоз дошта дидан мумкин буд, ки ба пеш бо болафшонии зебо мерафт. Бисёр сурудҳоеро, ки ман мехонам, ман якум маротиба аз забони Флумар шунидаам. «Бо ӯ чӣ рӯй дод!» — фикр кардам ман. Бо чашмони соф ва либосҳои барфранги ӯ чӣ шуд? Шодии чеҳраи ӯ куҷо шуд? Вақте ки ман ба ӯ наздик шудам, бӯи манфури бадӣ маро маҷбур сохт биларзам. Ман шамшерамро баровардам ва ба ҷанг таёр шудам. Як чизро ман аз ӯ интизор набудам — саволеро, ки ӯ ба ман дод. — Дӯсти ман, чӣ қадар вақт мо вонахӯрдаем? — овози ӯро мулоим гуфтан мумкин буд, агар ин калимаро умуман ба овози яке аз роҳбарони азозилон, илова бар ин, яке аз бузургтарин, истифода бурда мешуд. — Ба назарам, он қадар ҳам дер не, фарзанди қаър! — гуфтам ман парвозро давом дода. Ман он қадар худбовар набудам, ки дар назди ӯ бозистам. Ман ба эҳсосоти худ дода нашудам ва имкониятҳои худро баҳои баланд надодам. Ман парвозро давом додам, аммо ӯ аз ман қафо намонд, зуд ба ман расид ва ҳамроҳи ман парвоз кард. — Ҷаброил, маро гӯш кун! — Ҳокими ту — дурӯғгӯй ва падари дурӯғ аст. — Не! Ӯ акнун дигар шудааст, — эътироз кард Флумар. Ман парвозро суст накардам ва бо суръати пешина мепаридам. Бо қирраи чашм дидам, ки Эгус ва Парагон аз ман дуртар мепариданд, дасти онҳо дар дастаи шамшерҳояшон, интизори фармони ман буданд. Ман дуо гуфтам, ки онҳо аз чашмони ман он чизеро, ки манро нотинҷ мекард, нахонанд. Агар Флумар ҳатто даҳ карат ҳам аз мо сусттар мебуд, ӯ пеш аз он, ки мо ба худ меомадем, метавонист полкро несту нобуд созад. Аз мушобеҳи мо ӯ аз ҳама зӯртарин буд. Флумар сухани худро давом дод: — Вақте ки ту дар сафар будӣ, мӯъҷиза рӯй дод. Ҳокими ман қувваеро дид, ки бо он ту қӯшунҳои моро мағлуб кардӣ. Ӯро қувваи ту ва беқувватии ӯ ба ташвиш меорад. Ғайр аз ин, ӯ аз фикри пешниҳоди меҳрубононае, ки дар толори шоҳона шунид, ба ташвиш омадааст. Ӯ гуфт, ки ту низ дар он ҷо будӣ, Ҷаброил. Ту шоҳиди ин сӯҳбат будӣ, ҳамин тавр не? Агарчи ман сухане нагуфтам, дасти паҳншудаи Худо ба ёдам омад. Ман онро, ки чӣ гуна сари иблис фуруд шуд, ва таассуротеро, ки ин ба ман дар аввал дод, ба хотир овардам. Наход, ки дили ӯ мулоим шуда бошад? Овози Флумар ҳаяҷоновар шуд: — Рафтем, Ҷаброил! Бо Люсифер сӯҳбат кун. Дар бораи Ҳокими худ гап зан. Дар бораи муҳаббати Ҳокими худ ба ӯ бигӯй. Ӯ туро гӯш медиҳад. Биё ҳамроҳ меравем ва ӯро розӣ мекунонем тавба кунад. Флумар тез ба пеш рафт ва роҳи маро гирифт. Ман маҷбур бозистодам. Ӯ чун харсанги бузург дар назди ман меистод. Ман ҳама чизро интизор будам, танҳо на инро. Ман барои чӣ гуна рафтор кардан дуо кардам. — Ҳамроҳ, Ҷаброил, ту ва ман, мо боз якҷоя мешавем! — давом дод азозил дар сурати аҷдаҳо. — Ин дар ҳақиқат мумкин аст! Мо боз метавонем ҳамроҳ шавем. Иблис ноустувор аст, ва дар дили ман низ дигаргуниҳо сар шуданд. Ногаҳон ба хотирам омад. Ман фаҳмидам, ки чӣ кор кунам, ва барои ҷавоб бар дуоям Худоро шукр гуфтам. — Пас ту, Флумар, мегӯӣ ки дар дилат дигаргунӣ ба амал омадаст? Ӯ сари азимашро ҷумбонид. Ман ба тарафи Парагон ва Эгус тоб хурдам. Тарс дар рӯи онҳо ба кунҷковӣ табдил мешуд. — Ва ту мехоҳӣ ба мо ҳамроҳ шавӣ. Ҳамин тавр? — Бале, бале, Ҷаброил! Шӯриш хатогӣ буд! Рафтем, мо бояд бо Люсифер сӯҳбат кунем. Ман мехоҳам аз нав ба осмон баргардам! Ман мехоҳам ба худ ҳашамати авваламро баргардонам! Дар ин лаҳза нақшаи ман тамоман таёр шу­да буд. — Он чизе, ки ту мегӯӣ, олиҷаноб аст, Флумар! Ман дар чеҳраи фариштаҳое, ки дар наздикӣ буданд, ҳайратро дидам. — Худои мо — Худои нек аст, — хитоб кардам ман, — Ӯ ба ғазаб кардан суст аст ва барои бахшидан шитоб мекунад. Бешубҳа, вақте ки ту ба гуноҳат иқрор шудӣ, Ӯ туро шунавид. Каме таъхир намуда, ман болотар парвоз кардам, то ин ки бо Флумар рӯ ба рӯ шавам, ва ба чашмонаш нигоҳ карда, гуфтам: — Пас биё бо ҳам ба Ӯ ҳамд хонем! Сояи тарс дар чеҳраи Флумар давид. Софио, онро фаҳмида, ки ман чӣ мехоҳам, ҳақиқатро эълон кард: — БА ХУДОВАНД ХУДОИ ХУД САҶДА КУН! — Аммо... аммо... аммо... Ман тамоман калимаҳоро дар ёд надорам! Акнун, вақте ки нақшаҳои ҳақиқии Флумар аниқ шуданд, ҷанговарони ман ӯро иҳота карданд. Ман боз ҳам наздиктар шуда қатъӣ гуфтам: — Охир ту мехоҳӣ ба Ҳокими мо саҷда кунӣ. Ва ту калимаҳои ҳамдро фаромуш накардаӣ. Пас даҳонатро кушо ва исми Худовандро эътироф кун! Флумар ба қафо нигоҳ кард, аммо ба ҳеч куҷо рафта наметавонист. — Ба мо ҳамроҳ шав! — гуфтам ман бо овози даъват. — Агар дили ту дар ҳақиқат мисли пештара шуда бошад, ҳамроҳи мо ба Худо саҷда кун. Ва шамшерамро гирифта илова кардам: — Ва агар не, ман ба ҷанг тайёрам! Флумар фаҳмид, ки найранги ӯ ба кор наомад. Забони ӯ наметавонист — қобилият надошт — Худои Қодири Мутлақро ҳамд гӯяд. Дили ӯ ба иблис дода шуда буд. Ӯ гарданашро рост карда ҷаҳид ва тайёр шуд, ки моро ба галактикаи дигар партояд. Ва, агар мо танҳо ба қувваи худ такя мекардем, ин ба ӯ муяссар мегардид. Ҳатто қувваи худро як карда мо наметавонистем бар зидди ӯ бароем. Аммо мо бо қувваи аз боло печонида шуда будем ва, бо тавоноии Худо мустаҳкам шуда, ба азозил ҳамла кардем. Пеш аз он, ки Флумар тавонист зарба занад, ӯро шамшерҳои нур хала заданд. Пӯсти азозил пуч шуда мисли шамъ об мешуд. Ҷисми аз устухонҳо овезон аз доғ пур шуд ва ба пӯсидан сар кард. Аз даҳони ӯ кафк баромад. Ӯ даҳонашро кушода нола кард, нолаи раҳмовартарин, ки боре ҳам осмонро фаро гирифта буд. — Маро бикушед! — нолида, хоҳиш мекард ӯ. Флумар медонист, ки марг, нисбат аз он азобҳое, ки Люсифер ба ӯ таёр кардааст, барояш файз аст. — Фариштаҳо то рӯзи доварӣ дар қайду банд мемонанд, — ӯро хотиррасон намудам ман. — Танҳо Падар метавонад яке аз ҷовидонҳоро аз ҳаёт маҳрум кунад. Вақте ки азозили маргро ба ҷаҳаннам равон кардем, шамшерҳои мо ҷило доданд. Лаҳзае дар ман нисбат ба ин махлуқ раҳм пайдо шуд. Аммо раҳм нобуд шуд, вақте ман ба ёд овардам, ки чӣ хел ӯ ба дурӯғҳои иблис бовар карда аз қафои ӯ рафт. Ман ба Падар ҳамд гуфтам, ва барои ғалабаи мо ва халосшавии ман ба Падар изҳори миннатдорӣ кардам. Ба ёди ман пайғоми Падар, вақте ки моро гусел мекард, омад: — Чӣ қадар мо сахт мехоҳем ин тухмро ба замин расонем, ҳамон қадар сахт иблис мехоҳад онро нобуд кунад. Дастҳоро боло карда, исми Ӯро аз дигарон боло бардошта, мо ҳаракати худро давом додем. Дере нагузашта мо ба системаи Офтоб дохил шудем. Ман сарамро бардоштам, ки ин ишорат барои қӯшуни ман буд ва онҳо суръатро паст карданд. Ҳавои Замин моро иҳота кард, ва ман онро аз назар гузаронида хушкии борикро, ки дар он қавми аҳд маскан ёфта буд, кофтам. «Чӣ қадар гаронбаҳо аст дар чашмони Ӯ ин курра!» — фикр кардам ман. Сайёраҳои ҳаҷмаш калон, боазаматтар вуҷуд доранд. Аммо ҳеҷ кадоми онҳо ба Одам ва фарзандони ӯ, беҳтар аз ин, мувофиқ набуданд. Ва инак соати наҷоти онҳо наздик омад. Дар таги мо шаҳраке буд, ки дар он бокираи аз тарафи Худо интихоб шуда мехобид. * * * — Мебинам, ки шумо ба ин ҷо сиҳату саломат расидед. Ин овоз ба касе тааллуқ дошт, ки ман бештар аз ҳама метарсидам. Ӯ дар пеши мо истода буд, ва мо маҷбур шудем бозистем. — Ту либосҳои пешинаатро дар бар кардӣ, Люсифер, — диққат додам ман. Фариштаҳое, ки бо ман буданд, намуди ӯро дида парешон шуданд. Лекин, ман низ дар парешонӣ будам: ин ҳамон иблисе нест, ки дар ман нафратро бедор кард, вақте ки дар толори тахт ӯро дидам? Пичирроси хирроси ӯ ба овози ҷарангосӣ мубаддал гашта буд. Ҷисми лоғараш мувофиқ ва зебо буд. Дар ҷилои либосҳои ӯ либосҳои сафеди мо хокистарранг ва чиркин менамуданд. Дар назди овози ӯ овози мо мисли чирроси оҷизона менамуд. Мо шамшерҳоро бардоштем, аммо дар дурахши шамшери ӯ онҳо хира буданд, чун оташи шамъ дар назди дурахши офтоб. Қӯшунҳои ман ба иблис бо ҳайрат нигоҳ мекарданд. Пеш аз баромади мо Микоил хост онҳоро аз хатар огоҳ кунад, аммо чизе наметавонад вохӯриро бо Люсифер тайёр кунад. Сухане нагуфта, ӯ мафтун мекунад. Шамшерро набардошта, ӯ беяроқ мекунад. Даст нарасонида — ба васваса меандозад. Воқеаҳое буданд, вақте ки фариштаҳо бе ягон муқобилият ба тарафи ӯ мегузаштанд. Аммо суханони Падар то ҳол дар дили ман садо медоданд: «Ӯ аз аввал дурӯғгӯй буд». Иблис ба ман бо табассуми маҳин нигоҳ мекард. — Ҷаброил, Ҷаброил. Чандин маротиба ман исми туро такрор мекардам? Хизматгорони ман метавонанд инро тасдиқ кунанд — ман ҳамеша дар бораи ту фикр мекардам, ҳамаи ин солҳо. Ту — фариштаи содиқ ҳастӣ, ва акнун садоқати ту мукофот гирифт. Ба ту вазифаи аълотарин супурда шудааст. Ӯ сарашро ба қафо партофта хандид, вале ин хандаи хашм набуд, балки ба хандаи Худи Худо монанд буд. Чӣ тавр моҳирона ӯ ба Шоҳ тақлид мекунад! — Ман тақлид намекунам, — гуфт ӯ, гӯё хаёли манро хонда бошад. — Ман сидқан механдам. Ман барои ту хурсандам. Ту аз имтиҳон гузаштӣ. Мумкин аз ифодаи чеҳраи ман фаҳмида мешуд, ки чӣ тавр ман гаранг шудаам. — Магар Ӯ Худаш дар бораи ин ба ту нагуфт? Чӣ қадар оқил аст Падари Осмонии мо! Чӣ қадар некӯ буд Ӯ, ки ба ман ин шарафи бузургро дод, то ба ту ин хабарро расонам. Ҳамаи ин санҷиши вафодории ту буд. Ҳамаи ин вақт туро санҷиш ва имтиҳон мекарданд. Рӯзи Ғам, Шӯриш, афтидани фариштаҳо, боздиди ман дар толори тахт, тӯр, ва дар охир, Флумар. Ҳамаи ин барои он хизмат намуд, ки туро имтиҳон ва боқувват кунад. Ва акнун, о Ҷаброил, Шоҳ, ва ман низ ҳамроҳи Ӯ, туро табрик мегӯем! Ту бовафо будӣ! Ман гумон доштам, ки ҳама найрангҳои Люсифер, ҳама дурӯғҳояш ба ман маълуманд. Ман гумон доштам, ки ҳар як қадами ӯ пешакӣ ба ман маълум буданд, аммо ман фиреб хӯрдам. Вале ин ба сари ман ҳатто наомада буд. Оҳ, чӣ қадар маккор аст ӯ! Суханҳои ӯ чунон сидқан садо медоданд! — НАХОД ТУ ДАР ҲАҚИҚАТ ГУМОН ДОРӢ, КИ МАН ЗИДДИ ХУДО ШӮРИШ БАРДОШТА МЕТАВОНИСТАМ? — пурсид ӯ. ЗИДДИ ПАДАРИ ҲАР ЯК ҲАҚИҚАТ? НАХОД! ОХИР МАН ӮРО ДӮСТ МЕДОРАМ! Овози ӯ самимӣ, бо эҳсоси чуқур садо ­медод. — Ӯ маро офарид. Ӯ ба ман интихоби озодро дод. Ҳамаи ин вақт ман маҷбур будам аз дурӣ ба Ӯ саҷда кунам, барои он, ки ту имтиҳон карда мешудӣ. Ва акнун, дӯсти ман, ту бо сари баланд ин имтиҳонро, ки Падар ба ту супорида буд, гузаштӣ. Барои чӣ ба Ӯ даркор буд ки, ту шоҳиди боздиди ман дар осмон бошӣ? Ҳамаи ин аз рӯи нақшаи пешакӣ, ки Худо тартиб дода буд, ба амал омад, то ин ки вафодории ту санҷида шавад. Суханҳои ӯ дар дили ман мисли нороҳатии кашолаёфта садо дод. Дастони ман суст шуданд, шамшер ва сипари ман низ хам шуданд. Дар сари ман порчаҳои фикрҳо зуд пайи ҳам мегузаштанд. Ин чӣ аст? Ин чӣ қувваест? Ман медонам, ки ӯ — бадӣ аст, аммо ҳис мекунам, ки суст шуда истодаам. Ман яку якбора нисбати ӯ ҳам муҳаббат ва ҳам адоват, ҳам боварӣ ва ҳам нафратро ҳис мекардам. Ман тоб хӯрда хостам Эгус ва Парагонро бинам. Яроқи онҳо низ поён карда шуда буданд, симои ҷиддии онҳо бо мурури он, ки ба ӯ бовар мекарданд, мулоим мешуд. Аз қафои онҳо қаторҳои қӯшунҳои мо суст мешуданд, дурахши шамшерҳои онҳо низ хира мешуд. Ҳайратангез. Ҳамагӣ бо якчанд сухан Люсифер легиони қӯшунҳои интихобшударо фурутан кард. Наход ки ин рост бошад? Ӯ мисли Падар менамояд ва суханонаш мисли суханони Падар садо медиҳанд. Ҳамаи мо оҳиста-оҳиста ба зери таъсири ӯ меафтидем. Ҳама, ғайр аз як нафар. Дуртар ман Софиоро дидам. Чашмони ӯ на ба Люсифер — балки ба бландӣ нигоҳ мекарданд. Ман суханони ӯро, ки бо ҳар як талаффуз кардан баландтар ва баландтар садо медоданд, шунидам: — НА МАМОТ, НА ҲАЁТ, НА ФАРИШТАГОН, НА МАБДАЪҲО, НА ҲОЗИРА, НА ОЯНДА, НА ҚУВВАҲО, НА БАЛАНДӢ, НА УМҚ, НА ҲАР ГУНА МАХЛУҚИ ДИГАР НАМЕТАВОНАД МОРО АЗ МУҲАББАТИ ХУДО ҶУДО КУНАД! Дуои Софио мисли нури рӯшноӣ сӯи осмон мерафт. Ман чашмонамро боло бардоштам ва дар қуллаи ин сутуни рӯшноӣ Падарро дидам, ки рост меистод. Як нигоҳ ба шуълаи дурахши Ӯ кифоя буд, ки шӯбҳаҳо нест шаванд. Ман зуд рост шудам ва дар пеши худ сипарро мондам. Люсифер якумин маротиба Софиоро дар дуо дид. Ханда аз рӯи ӯ нест шуд, аммо ӯ худро маҷбур карда боз хандид. Акнун душман тезтар гап зад, ва дар овози ӯ хирроси пешина пайдо шуд. — Падар моро интизор аст, Ҷаброил. Биё ин зарфро барои ғалабаи Ӯ зада мешиканем, ки майда-майда шавад. Биё назди Ӯ бо хурсандӣ бармегардем. Ту супоришро иҷро кардӣ. Барои ту тӯҳфа тайёр аст — ба ту тахте, ки чун тахти ман аст, дода мешавад. Ту мисли Худо мешавӣ! Агар то ин дам иблис ҳатто имконияти каме дошта буд, ӯ ҳозир аз он низ маҳрум шуд. — Дурӯғгӯй! — гуфтам ман. — Ман аллакай ин суханон ва ин ваъдаҳоро шунидаам. Ин дурӯғ, ва ту падари дурӯғ ҳастӣ. Ту бадбӯй ҳастӣ! Ба дӯзах равон шав! Гарчанде ман медонистам, ки шамшери ман Люсиферро манъ карда наметавонад, ман ба ҳар ҳол онро боло бардоштам. — Худои Тавоно, моро наҷот деҳ, — дуо кардам ман, ва Ӯ наҷот дод. Шамшери ман ончунон дурахшид, ки пеш ин тавр надурахшида буд. Рӯшноие, ки аз он меомад, он қадар сахт буд, ки Люсифер бо панҷаҳояш чашмонашро маҳкам кард ва якбора ба ҳақоратборон даромад. Ман ба тарафи фариштаҳо, ки ҳамроҳам буданд, назар кардам, — онҳо боз барои ҷанг кардан тайёр буданд. Азоим шикаст, ва ҷасурии пештара ба онҳо баргашт. Шамшери онҳо барои халондан тайёр ва баланд бардошта шуда буданд. Нур, бо ҳар як сония боз ва ва боз ҳам равшантар, ба иблис меафтид, ва ҳама тавонистанд он махлуқро, ки ман дар толори тахти Падар вохурда будам бинанд, акнун калапӯшаш ба қафо партофта буд. Устухони сар бо пӯст кашида шуда, осмони мусаффоро палид мекард. Ман шамшери худро ба дилаш халондам. Ҳамон дам Эгус аз дигар тараф шамшерашро халонд. Вақте ки теғи шамшери мо бо оташи тозаи осмонӣ дар гирифт, иблис аз дарди бетоқат фарёд зад. Аз батни душман фиғони танҳоӣ, нафрат ва тарс баромад. Дар дами охирин Люсифер хам шуда хост зарфро аз гардани ман канда гирад. Кӯшиши бефоида. Шамшери Парагон дурахшида ба панҷаи душман зада шуд, ва он ба зулмот парид. Моро чунон мавҷи бадбӯӣ фаро гирифт, ки мо маҷбур будем бо сипарҳои худ рӯямонро махкам кунем. Иблис худро ба қафо гирифт, сараш партофта, рӯяш аз дард каҷ гашта буд. Овозе, ки як лаҳза пеш ҳилагарона ва ба гӯш форам буд, ба хиш-хиши хашмгин мубаддал гашт. — Ман бармегардам, — қасам хӯрд Люсифер, — ман бармегардам! Софио бо нафрат сарашро ҷумбонид. — ШАКЛИ ФАРИШТАИ НУРРО МЕГИРАД, — гуфт ӯ бо овози паст. Иблис чӣ хеле, ки тез пайдо шуд, ҳамон хел тез нобуд шуд. Ва он вақт қӯшунҳои фариштаҳо бо шиддат ба ситоиш даромаданд. — Қуддус, қуддус, қуддус аст Худованди Лаш­карҳо! — Шоҳи шоҳон ва Ҳокими ҳокимон! Вақте ки ҳамди мо ба Падар сууд кард, Ӯ ба ман муроҷиат намуда сухан кард. Ман Ӯро ҳамин хел аниқ мешунидам, гӯё ки Ӯ дар назди ман бошад. — Рав, Ҷаброил; рав, ба Марям бигӯй. Бо мавҷи ҳамду саноҳо гирдшуда, ман парвоз кардам, вале ин маротиба танҳо. Оҳиста-оҳиста тоб хӯрда ман аз байни абрҳо ба замин наздик шудам. Дар поёни ман шаҳраки Марям ҷойгир шуда буд. Падар ҳақ буд, — ман зуд ӯро шинохтам. Дили ӯ равшан буд ва онро ягон соягӣ хира намекард, рӯҳаш — аз рӯҳи ҳамаи одамон, ки ман дидаам, тозатар буд. Ман фаромадам ва дар қафояш истодам. — Марям, — оҳиста нидо кардам ман, то ин ки ӯро натарсонам. Ӯ ба қафо гашт, аммо ҳеч чизро надид. Ман ба ёд овардам ки барои ӯ мисли пештара нонамоён ҳастам. Ман болҳоямро афшондам ва шакли ҷисм гирифтам. Ӯ аз равшанӣ чашмаш хира шуда, бо дастонаш рӯяшро маҳкам кард, ва ба тарафи дар рафт. — Натарс, — гуфтам ман. Вақте ки ман инро гуфтам, ӯ чашмонашро боло кард. Ва ман боз қоил шудам. Ман Падарро барои оқилии Ӯ ҳамд хондам. Дили вай пок, тоза ва кушода буд. — Салом бар ту, — давом додам ман. — Худо бо туст. Чашмони ӯ калон шуданд, ва ӯ тоб хӯрд, мисли ки гурехтан мехост. — Марям, аз ҳеҷ чиз натарс. Ту дар назди Худо файз ёфтаӣ. Ту ҳомила шуда, Писаре хоҳӣ зоид, ва Ӯро Исо хоҳӣ номид. Ва Ӯ бузург хоҳад буд ва Писари Ҳаққи Таоло номида хоҳад шуд. Худованд Худо тахти падараш Довудро ба Ӯ хоҳад дод; ва Ӯ бар хонадони Яъқуб то абад салтанат хоҳад ронд, ва салтанати Ӯ интиҳо нахоҳад дошт. Ӯ маро гӯш мекард, вале шунидааш ӯро ҳайрон кард. — Аммо ин чӣ гуна мешавад? Охир ман ҳеҷ вақт бо марде набудам. Пеш аз ҷавоб додан, ман чашмонамро ба боло бардоштам. Баракати Худашро Падар ба ман мебахшид. Ман давом додам: — Руҳулқудс бар ту хоҳад омад, ва қуввати Ҳаққи Таоло бар ту соя хоҳад афканд; бинобар ин он мавлуди Муқаддас ҳам Писари Худо номида хоҳад шуд. Охир барои Худо ягон кори номумкин нест. Марям ба ман нигоҳ кард, баъд назарашро ба осмон бардошт. Муддати зиёд ӯ беҳаракат истод, чунон зиёд, ки ман ҳам назарамро боло кардам. Оё ӯ фариштаҳои Худоро медид? Оё осмони кушодашударо дид? Ба ман ин маълум нест, аммо вақте ки ман назарамро поён карда, ба ӯ нигоҳ кардам, ӯ табассум мекард. — Ҳа, акнун ман фаҳмидам. Ман — канизи Худованд ва барои хизмати Ӯ тайёрам. Бигзор бо ман аз рӯи каломи ту бишавад. Вақте ки ӯ ин суханонро гуфт, аз батнаш нур дурахшид. Ман ба зарф, ки дар гарданам овезон буд, нигоҳ кардам. Он холӣ буд. * * * Юсуф харашро ба канори роҳ гардонд ва бо хастагӣ пешониашро бо кафи даст тоза кард. — Биё барои шабро гузаронидан ҷой кобем. Ба Байтлаҳм то торикӣ расида наметавонем. Марям ҷавоб надод. Юсуф харашро давр зада, ба рӯи занаш нигоҳ кард. Ӯ хобида буд! Сараш ба сари дил хам, дастонаш дар шикамаш қат карда шуда буданд. Чӣ тавр ӯ дар болои хар хоб карда тавонистааст? Ногаҳон ӯ сарашро боло кард, чашмонаш кушода шуданд: — Мо аллакай расидем? — Не, — табассум кард шавҳараш, — боз якчанд соати дигар. Нигоҳ кун, дар пеш меҳмонхона. Шояд мо дар он шабро рӯз кунем? — Оҳ, Юсуф, ман фикр дорам, ки мо бояд ба Байтлаҳм расем, — ӯ оҳиста шуд.— Вале, шояд, каме истироҳат халал намерасонид... Юсуф оҳ кашид, дасти ӯро фишурд ва боз ба пеш, ба тарафи он бинои оддӣ, ки камтар дуртар буд, қадам зад. — Ин ҷо одам бисёр аст, — қайд кард Юсуф ва барои ба замин фаромадан ба Марям ёрӣ дод. Ба онҳо якчанд дақиқа лозим шуд, ки барои ҳар дуяшон дар харак нишастан ҷой ёбанд. — Равам, ягон хӯрокӣ ёбам. Ман зуд меоям. Юсуф аз тӯдаи одамон гузаштан гирифт. Ба қафо нигоҳ карда дид, ки ба ҷояш зане нишастан мехоҳад. Марям мехост муқобилият нишон диҳад, вале баъд табассум кард ва, бо чашмони Юсуф вохӯрда, китф дарҳам кашид. — Пур аз меҳрубонӣ... — ба худаш гуфт ӯ. Дар моҳҳои охир бо ӯ бисёр ҳодисаҳои аҷоиб шуда гузаштанд, ва ҳамаи ин вақт ӯ танҳо дар як чиз устувор буд — дар дили зани худ. Ба ӯ ҳеч вақт муяссар нагардида буд одами ба Марям монандро вохӯрад. Марям дар бораи фаришта, ки рӯзона ба наздаш омад, нақл кард. Чӣ илоҷ, мумкин яке аз бачаҳои ҳамсоя қарор дод, ки аз болои ӯ шӯхӣ кунад. Ва фариштае, ки дар хоби Юсуф зоҳир шуд? Мумкин ин аз Худо буд... ё ин ки аз шароби зиёдатӣ дар вақти таоми шом. Ин воқеа, ки бо тағои ӯ шуд — вай то занаш таваллуд накард, гап зада натавонист? Мумкин, гулӯи ӯ танҳо шамол хӯрда буд? Аммо бо нақли ӯ, ки дар бокирагӣ ҳомиладор шудааст, чӣ бояд кард? Марям ҳеҷ вақт дурӯғ намегӯяд. Ӯ, чун фаришта, пок аст! Агар гӯяд, ки ӯ — бокира аст, пас ӯ — бокира аст. Агар ӯ гӯяд, ки фарзанде, ки дар батнаш дорад, — Писари Худо аст, чӣ илоҷ, умед мебандем, ки писар ба Падараш монанд мешавад. Марями кулчарӯй, қомати на он қадар баланд доштаро, нозанин гуфтан душвор буд. Ӯ ҳанӯз то ҳомиладориаш пуртана буд. Аммо чашмони ӯ медурахшиданд, дилаш бошад аз баҳри Миёназамин ҳам калонтар буд. Ӯ ҳамеша табассум мекард, ва чеҳрааш мисли рӯи одаме буд, ки мехоҳад шӯхии олиҷанобро нақл кунад. Барои ҳамин ӯ дар ҷаҳон ягона буд. Юсуф вақте дид, ки Марям ҷояшро ба шавҳари зане, ки дар наздаш нишаста буд, дод, сарашро ҷумбонд. Мард мехост эътироз кунад, аммо Марям рад карда аз ҷояш хест. — Ба ман каме рост истодан лозим, — гуфт ӯ ва ба сӯи Юсуф равон шуд. Албатта, онҳо умед доштанд, ки наздики таваллуд кардан дар Носира мешаванд, — ба ҳар ҳол, он ҷо хешу табор доштанд. Аммо дар Байт­лаҳм онҳо ҳеч касро намешинохтанд. Юсуф дасти ӯро гирифт, ва онҳо ба девор такя карданд. — Боварӣ дорӣ, ки ба пеш рафтан мехоҳӣ? Ӯ сар ҷумбонд ва онҳо, бахшиш пурсида, аз байни одамон гузашта, ба назди дар расиданд. — Ба ман танҳо як ҷуръа об бошад, — илтимос кард Марям. — Хуб, ҳозир меорам. Дар ин ҷо интизор бош. Марям то расидани навбати Юсуф дар назди чоҳ, ба дарахт такя кард. Вақте ки Юсуф бо осонӣ бо марде, ки пеш аз вай меистод, сӯҳбат сар кард, Марям табассум кард. Онҳо ҳар ду баргаштанд. — Марям, ин кас Шимъун. Ӯ низ ба Байтлаҳм меравад. Ӯ аробаи ба барзагов басташуда дорад, ва ӯ таклиф кард, ки моро барад. — Ташаккур, шумо хеле нек мебошед. Шимъун табассум кард: — Ҳеч гап не, бо ҳамсафар дар роҳ ба ман шавқовар мешавад. Хари худро ба ароба бандед. — Бубахшед, ман тасодуфан шунидам, ки шумо ба Байтлаҳм меравед. Ба ман ҳам ҷой мешуда бошад? Ин суханонро як мӯйсафеде бо риши дарозу сафед, ки намудаш ба устод монанд буд, гуфт. Шимъун дар ҷавоб сарашро ҷумбонид, ва барои ба онҳо ҳамроҳ шудан даъват кард. Марямро ба ароба шинонда, Юсуф ба тарафи устод гашт ва ба нишастани ӯ ёрӣ дод. — Мебахшед, номи шумо чист? — Ҷаброил, — ҷавоб додам ман ва рӯ ба рӯи Марям нишастам. * * * Эгус пеш аз аробаи Шимъун парвоз мекард, Парагон бошад — аз қафо. Ҳар дуи онҳо омода буданд, болҳои онҳо паҳн шуда, шамшерҳояшон аз ғилоф бароварда шуда буданд. То истгоҳи назди ҳавлигӣ ман бо онҳо парвоз мекардам, аммо чизе дар ин ароба маро ба шубҳа овард, ва ман қиёфаи одамиро гирифтам. Ман ҳамон лаҳза афсӯс хӯрдам, ки акси фурушандаи ҷавонро нагирифтам, — ришам бениҳоят хориш мекард. Ба ҷанговарони ман ёдоваршавӣ лозим набуд, вале ман боз бори дигар такрор кардам: — ИБЛИС ТАВАЛЛУД ШУДАНИ ЭМОНУИЛРО НАМЕХОҲАД. ҲАМААТОН ОМОДА БОШЕД! Бо девори ноайён — дувоздаҳ қалъаи мудофиа — фариштаҳо аробаро миёнагир карданд. Андак ба назар намоён, ман табассум кардам. Шимъун бо чашмони басташуда аробаро идора карда метавонист. Аробаи ӯ ҳеч вақт аз роҳ намебаромад. Роҳ банд буд ва мо бисёр ҳам оҳиста ҳаракат мекардем — на тезтар аз сайёҳони пиёдагард, вале ба ҳар ҳол Марям метавонист камтар истироҳат кунад. Ӯ чашмонашро махкам карда, сарашро ба кунҷи ароба хам кард. Ман дурахшеро, ки аз батни ӯ ҷило медод, дидам. Он дар даруни Марям мисли оташи поккунанда, шифодиҳанда медурахшид. Ман ба Ӯ, ки ҳанӯз таваллуд нашудааст, саҷда кардам. Дили ман хурсандӣ мекард ва ба Ӯ, ки мешунавид, суруд мехонд. Ман табассум кардам, вақте ки Марям ҷумбиши Ӯро ҳис кард. Қӯшунҳои ман ин саноро шунида ба хондан ҷӯр шуданд. Қариб бад аз як соат ман ҳис кардам — он дар ин ҷо аст. Бадӣ. Тамоми бадани ман таранг шуд. Ман айён ҳис кардам, ки душман дар наздикӣ, дар роҳ аст. Вай дар миёни одамон гоҳе пайдо шуда, гоҳе нест мешуд. Ман фариштаҳоро пешакӣ огоҳонидам: — Омода бошед! Софио ба назди ароба парида омада ба гӯшам гуфт: — Вай ҳамчун шер кофту ков мекунад, ки касеро фурӯ барад. Ман хомӯшона бо ӯ розӣ шуда, сар ҷумбонидам, ва ба рӯи одамоне, ки дар назди ароба мерафтанд, назар кардам. Ба назди мо як ҷавон наздик шуд. Вай ба Марям муроҷиат кард: — Шумо чунон хаста менамоед. Об нӯшидан мехоҳед? — Ташаккур, — ҷавоб дод Марям ва хост машки обдорро гирад. Ман ба пойҳоям рост шудам ва, гӯё нофаҳмида, аз таги дасти шайтон тела додам. Машк бо об ба замин афтод, ва ман аз Марям ва Юсуф бахшиш пурсидам. Танҳо одами ҷавон тавонист калимаҳоро, ки ба вай танҳо тааллуқ доштанд, бишнавад: — ТУ, МАХЛУҚИ ДӮЗАХ! БА ИН ДУХТАРИ ХУДОВАНД ДАСТ НАРАСОН! Шайтон қиёфаи аввалаашро гирифта, шамшерашро баровард. — Акнун ту имконияти ғалаба карданро надорӣ, Ҷаброил, — дод зад вай, ва нохост даҳҳо девҳо аз ҳар тараф пайдо гаштанд, ва ба тарафи Марям равон шуданд. — Юсуф, — шикамашро дошта дод зад ӯ ва рӯяш аз дард каҷ шуд. — Чизе дигар шуд. Ман ҳис мекунам, ки чизе ба шиками ман мезанад! Ин... ин қадар дардовар аст! Ман дарҳол қиёфаи фариштаро гирифтам ва ӯро дар бар гирифта роҳи шамшерҳои душманонро махкам кардам. Ман ҳис мекардам, ки чӣ хел онҳо маро хала мекарданд, — лекин Марям зери муҳофизат буд. Аз қафои девҳо ман Парагон ва боз ҳафт фариштаро дидам, ки аз рост ва чап шамшер мезаданд. Ин онҳоро ба дигар тараф ҷалб кард, аммо онҳо суботкорона ба Марям расиданро давом медоданд. Ароба ба ларзиш даромад. Мусофирон ба воҳима омаданд. Ман фарёдро шунидам. Тоб хӯрда дидам, ки Шимъун гарданашро доштааст. Рӯяш сурх шуда чашмонаш қариб аз косахонаи сараш баромаданд. Дар гирди гардани ӯ ангуштҳои борики шайтон печида буд. Деви дигар аллакай барзаговро зин карда ҷонварро маҷбур мекард, ки ба канори роҳ барояд. Касе аз тӯда дод зад: — АРОБАРО БОЗ ДОРЕД! ДАР ПЕШ ҶАРӢ! Кадом ҷасуре хост ҷилавро ба даст гирад, аммо нохост бозистода дар ҷояш шах шуд. Баъд ӯ нақл кард, ки аз тарс шах шуд, аммо ман медонистам ки ин тавр набуд — яке аз девҳо ӯро бо тӯр баста, ба замин мех кард. Шимъун даҳонашро кушода хост ҳаво гирад, ва оҳиста ба паҳлӯ афтид. Ман фаҳмидам, ки ӯ мурдааст. Барзагов девона шуда бо суръати баланд ба тарафи ҷарӣ мерафт. Ман ба Марям нигоҳ кардам. Юсуф ӯро аз китфонаш оғӯш мекард, ӯ бо дастонаш шикамашро медошт. Ман медонистам, ки баъд аз чанд вақт мо аз ҷарӣ ба дара, ки дар чуқурии зиёд ҷойгир буд, мепарем. Аробакаш мурда буд, ароба идоронашаванда буд. Ман гаштаму ба илтиҷо даромадам, ба Он Каси Ягона, ки метавонист ба мо ёрӣ диҳад. Ӯ аз батни Марям сухан кард. Ба падару модар ин овозро шунидан ато нашуда буд. Калимае, ки Ӯ гуфт, ба гӯшҳои Марям ва Юсуф дахл надошт. Танҳо қӯшунҳо — осмонӣ ва дӯзах — метавонистанд ин калимаро шунаванд. Ва вақте ки онҳо инро шуниданд, ҳама шах шуд. — ҲАЁТ! Ин амр мисли мавҷи бузург печид ва аробаро пур кард, чунон ки боре бо худ боғи Аданро пур карда буд. Девҳо аз тарс чун калламушҳо рӯй ба гурез ниҳоданд. — ҲАЁТ! — бори дуввум шунида шуд. Шимъун, вақте ки ба шушҳояш ҳаво даромад, сулфа кард. — Ҷилав! — фарёд задам ман. Ӯ дод зад, ҷилавро гирифт ва рост шуда ба худ кашид. Зери ашк, ӯ роҳро дид, ва ҷилавро ба худ кашида барзаговро маҷбур сохт, ки манъ шавад. Хатар гузашт. Аммо, ба гурехтани девҳо нигоҳ накарда, ман қарор додам, ки таваккал кардан лозим нест. Ман Софиоро фарёд кардам ва қарори худро гуфтам: — Онҳо Марямро дар роҳ ёфтанд, ҳуҷраи онҳоро дар меҳмонхона низ метавонанд ёбанд. Ин набояд такрор шавад. Софио розӣ шуда ба пеш, ба тарафи меҳмонхонаи Байтлаҳм рафт. Марям то ҳол зери ҳимояи равшанӣ буд. Юсуф бо изтироб ба ӯ нигоҳ мекард, ва ӯ аз муҳофизати ман ором шуд. — Ман худро хеле хуб ҳис мекунам, — гуфт ӯ. — Устоде, ки бо мо ҳамроҳ буд, куҷо шуд? * * * — Наход, ки шумо ягон ҳуҷраи озод надошта бошед? — бо зорӣ пурсид Юсуф. — Буданд, бисёр ҷойҳои озод буданд! Аммо пеш аз шумо як гуруҳи калон омада ҳама хуҷраҳои холӣ, ҳама катҳои холиро банд карданд! Ман барои шумо ва ҳамсари шумо ҷой надорам. Юсуф ҳаракат кард, ки сабур бошад, аммо дандонҳои ӯ боз ҳам зичтар мешуданд. Ӯ ба пеш чунон хам шуд, ки байни рӯи ӯ ва рӯи хӯҷаини ин меҳмонхона фосилаи кӯтоҳ монд. — Ин занро дар ароба мебинед? — пурсид ӯ аз байни дандонҳо гап зада. — Ин зани ман аст. Ӯ ҳар лаҳза метавонад таваллуд кунад. Имрӯз, вақте ки мо дар ин ароба мерафтем, қариб таваллуд мекард, ва ҳозир ӯ дард мекашад. Мехоҳед, ки ҳозир, дар таги дари шумо таваллуд кунад? — Не, албатта не, аммо ман ҳеҷ кор карда наметавонам. Маро фаҳмед, дар меҳмонхонаи ман ҷой нест... — Ман инро шунидам, вале аллакай шаб шудааст, дар кӯча хунук аст. Чӣ, шумо ҳатто ҷое надоред, ки мо дар гармӣ шабро рӯз кунем? Хӯҷаин оҳ кашида ба Марям нигоҳ кард, сипас ба Юсуф. Ӯ ба хона даромада бо чароғ берун баромад. — Он ҷо, дар қафои хона, пайраҳа аст, ки ба поён мебарад. Бо ин пайраҳа меравед, он шуморо ба оғил мебарад. Он ба қадри кофӣ тоза аст — ба қадри оғил, — китф дарҳам кашида гуфт ӯ, ва илова кард: — Ва он қадри кофӣ гарм аст. Юсуф ба гӯшҳояш бовар намекард: — ШУМО МЕХОҲЕД, КИ МО ШАБРО ДАР ОҒИЛ ГУЗАРОНЕМ? — Юсуф, — баромад овози Марям. Ӯ ҳамаи сӯҳбати онҳоро шунид. Юсуф тоб хӯрда ба ӯ нигоҳ кард. Марям табассум мекард. Юсуф медонист, ки ин табассум чӣ маъно дорад: мубоҳиса бас аст. — Майлаш, ташаккур, — розӣ шуд ӯ ва чароғро гирифт. — Аҷиб, — зери лаб гуфт хӯҷаини меҳмонхона, баъд аз он, ки Марям бо Юсуф рафтанд. Сӯи ҳамсараш тоб хӯрда, ӯ пурсид: — Он одаме, ки ҳамаи ҳуҷраҳоро банд кард, номаш чист? Китоби иҷоранишинонро кушода, зан рӯйхатро аз назар гузаронид ва гуфт: — Номи аҷиб: Софио. Мумкин юнонӣ бошад. Мо оғилро бо ҳалқаи нур иҳота карда, бо гарданбанди дурахшон бастем. Ҳамаи фариштаҳо, ҳатто Микоил, ҷамъ шуданд. Ҳеч кас шубҳа надошт, ки Худо ваъдаи Худро иҷро мекунад, аммо ҳеч кас намедонист, ки Ӯ инро чӣ гуна мекунад. — Ман обро гарм кардам! — Барои чӣ дод мезанӣ, Юсуф? Ман туро хеле хуб мешунавам. Ҳатто агар Юсуф пичиррос мезад ҳам, Марям ӯро мешунавид. Оғил хеле ҳам хурд буд, аммо хӯҷаини меҳмонхона дар бораи тозагиаш рост гуфт. Ман мехостам гов ва гӯсфандонро аз оғил пеш кунам, аммо Микоил манро манъ кард: — ПАДАР МЕХОҲАД, КИ ҲАМАИ ОФАРИДАҲОЯШ ИНРО БИНАНД. Марям фарёд зада Юсуфро аз дасташ гирифт, бо дасти дигараш охури каҳро сахт дошт. Дарди сахт ӯро маҷбур кард, ки аз ҷояш боло шавад, баъд ӯ ба пеш хам шуд. — Ту чӣ, аллакай таваллуд мекунӣ? — пурсид Юсуф. Марям ҳеч чиз нагуфта танҳо ба ӯ нигоҳ кард, аммо Юсуф ҳамаашро фаҳмид. Баъд аз чанд вақт Интизоршудаи ҳама ба дунё омад. Дар назди зану шавҳар посбон будан ба ман шараф буд, ман аз Микоил як қадам қафо будам. Мо ҳарду ба рӯи чин кардашудаи Тифл нигоҳ мекардем. Юсуф ба таги охур, ки бояд якумин гаҳвораи Исо мешуд, каҳ монд. Тифл ба Падар монанд буд. Аз рӯй ва дастаконаш равшанӣ медурахшид. Ҳамон ҷалоле, ки ман дар толори тахтии Ӯ дида будам, акнун аз таги пӯсти Ӯ медурахшид. Ман фаҳмидам, ки бояд суруд хонам, вале намедонистам кадомашро. Дар мо суруди сазовор, калимаҳои сазовор набуданд. Мо ҳеч вақт Худоро дар қиёфаи тифл надида будем. Вақте Худо ситораҳоро меофарид, калимаҳои сурудҳои мо ба тамоми коинот паҳн мешуданд. Вақте ки Ӯ хизматгорони Худро озод мекард, овозҳои мо ба Ӯ шараф мехонданд. Дар назди тахти Ӯ ҳамдҳои мо охир надоштанд. Аммо бо кадом суруд Худоеро, ки дар охури ҷонвар хобида буд, ҳамд хондан мумкин буд? Дар ин лаҳза мӯъҷиза ба вуқӯъ омад. Вақте ки мо ба Исои тифл нигоҳ мекардем, пардаи нофаҳмии мо нохост фаромад. Ба қушӯнҳои фариштаҳо ваҳй дода шуд. Хиради мо бо ҳақиқате, ки пеш намедонистем, пур шуд. Бори аввал ба мо нияти Падар — наҷот додани он касоне, ки номи Ӯро дар бар доранд — маълум шуд. Ӯ ба мо он чизеро, ки бояд иҷро мешуд, кушод. Якҷоя бо ҳайрат ва бо тарс ҳар як фаришта нигоҳи худро ба Тифл, аниқтараш ба дастоне, ки мехкӯб мешаванд, равон карданд. — Вақте ки ба онҳо мех мезананд, — гуфт ба мо Худо, — шумо Ӯро халос намекунед. — Шумо инро мебинед, инро мешунавед, мехоҳед ки Ӯро халос кунед, аммо ин корро намекунед. Парагон ва Эгус ба тарафи ман тоб хӯрда, бо нигоҳ илтиҷо мекарданд, ки фаҳмонам. Ман ба онҳо чизе гуфта наметавонистам. Ман ба Шоҳи худ хизмат мекунам, ва бояд хомӯш нигоҳ кунам, ки чӣ хел Ӯро азоб медиҳанд? Ман ба Микоил назар кардам. Рӯи ӯ аз азоб санг гашта буд. Ман фаҳмидам, ки ӯ низ он чизеро, ки ман ҳис мекунам, ҳис карда истодааст. Амре, ки мо гирифтем, ба мо даркнашаванда буд. — ЧӢ ХЕЛ МО ХОМӮШ МЕИСТЕМ ВА ЯГОН РАФТОР НАМЕКУНЕМ, ВАҚТЕ КИ ТУ АЗОБ МЕКАШӢ? — якҷоя пурсидем мо. Ҷавоб дода нашуд. Софио чизе пичиррос мекард. Ман наздиктар омадам, ки суханҳояшро бишнавам: — Тифл ба мо дода шуд, Худо ба мо Писари Худро тӯҳфа кард. Ӯ халқи Худро идора мекунад. Исми Ӯ: АҶИБ, МУШОВИР, ХУДОИ ҶАББОР, ПАДАРИ ҶОВИД, ҲОКИМИ ОСОИШТАГӢ хонда мешавад. Ӯ барои гуноҳҳои онҳо ҷароҳат мегирад, барои бадиҳояшон, ки карданд, озор мекашад. Ба шарофати ҷароҳатҳои Ӯ, ки бо Худ мебарад, онҳо шифо меёбанд. Ман боз он суханонеро, ки дар толори тахти Шоҳ якумин бор шунида будам, шунидам. Аммо онҳоро ман танҳо хозир фаҳмидам. Инак, ин Ӯ аст. Эмонуил. Ӯ аст тӯҳфаи Худо барои одамон. Наҷоткор. Ӯ одамони Худро аз гуноҳҳояшон наҷот медиҳад. — Сазовор аст Барраи Худо, — паст гуфтам ман, дар пеши Худои худ саҷда намуда. Ҳиссиётҳо дили маро пур мекарданд. Ман ба тарафи Марям, ки Тифлро мехобонид, тоб хӯрда, гап задам. Ӯ маро шунида наметавонист, ва ин фарқ надошт. Ситораҳои коинот мешунавиданд. Ҳама офаридаҳои Худо суханони маро мешунавиданд. Ва, аз ҳама муҳимаш, Шоҳи ман инро мешунавид. — Оё ту, Марям, медонӣ, ки Киро дар дастат доштаӣ? Дар дасти ту Касе, ки файз мебахшад, хобидааст. Он, ки номаш Абадзинда аст, ҳозир лаҳзаҳои аввалини ҳаёти Худро мегузаронад. Ӯ, ки номаш Номаҳдуд аст, ба синаи ту часпидааст ва шир мемакад. Пойҳои ҳамон Касе, ки дар байни ситораҳо сайр мекунад, ҳозир қадре суст мебошанд, ки қадам зананд. Дастоне, ки уқёнусҳоро дар бар мегирифт, ҳоло — дастакони хурдакаки кӯдаканд. Ба Он Касе, ки ҳеч вақт савол надода буд, ту чӣ будани шамолро меомӯзӣ. Офаридгори забони ту аз ту суханрониро меомӯзад. Он Касе, ки ҳеч вақт пешпоӣ намехӯрд, ту дар даст мегардонӣ. Он Касеро, ки ҳеч вақт гуруснагиро наозмоидааст, ту хӯрок медиҳӣ. Шоҳи ҳама офаридашуда дар дасти хобидааст. — Ин чӣ муҳаббат бошад? — пичиррос зада пурсид Микоил, ва боз ҳама ба хомӯшӣ ғарқ шуданд. Ниҳоят, Микоил боз даҳонашро кушод, ин маротиба — барои суруд хондан. Ӯ бениҳоят паст, оҳиста, алоҳида калимаҳоро гуфт: — ҶАЛОЛ, ҶАЛОЛ, ХУДОРО ҶАЛОЛ ДАР АРШИ БОЛО! Аз қафои якдигар мо ба онҳо ҷӯр мешудем. — ҶАЛОЛ, ҶАЛОЛ, ХУДОРО ҶАЛОЛ ДАР АРШИ БОЛО! Оҳиста-оҳиста суруди мо баландтар, суръати он — боз ҳам тезтар мешуд. «Ҷалол, Худоро ҷалол дар арши боло! Ҷалол, Худоро ҷалол дар арши боло!» Санои мо дар тамоми коинот паҳн мешуд. Дар галактикаҳои дур, дар сайёраҳои аз ҳама дуртарин аз садои он ҳатто чанг мехест ва мувофиқи зарб бо санои мо рақс мекард. Дар қаъри уқёнус об аз ҳамду сано ҷӯшида талотум мекард. Мавҷудоти хурдтарин бо галаситораҳои бузургтарин — ҳамаи эъҷодшуда бо мо ЭМОНУИЛРО, ХУДОРО, КИ ҶИСМ ГАРДИД ҳамд мехонд. Охирсухан Нақшҳои ба мо одатшуда: Тифли хобкарда, чӯпонҳои ҳайратзада, Марям, ки дар болои Исо бо меҳр хам шудааст, — дар мо ҳиссиёти хурсандӣ, осоиштагӣ ва сулҳро пайдо мекунанд. Дар Инҷилҳои Матто ва Луқо Мавлуд ҳамин тавр тасвир карда шудааст. Дар китоби Ваҳй Юҳанно моро таклиф мекунад, ки ба ин ҳодисаҳо аз дигар тараф назар кунем. Юҳанно нишон медиҳад, ки тавлиди Исо на танҳо ҳиссиётҳои боваҷдро бедор мекунад — инчунин қувваҳои бад низ кори худро сар мекунанд. Пардаи осмониро кушода, ӯ ҷанги бераҳмонаро, ки дар ҷаҳони рӯҳонӣ шуда мегузарад, акс медиҳад. Юҳанно занеро, ки ба таваллуд кардан тайёр аст, мебинад. Ӯ аҷдарро мебинад, ки ба куштан тайёр аст. Зан олиҷаноб аст, — аҷдаҳо нафратовар. Аҷдаҳо ба тифли навзод худро мепартояд, аммо дер шуда буд — Тифл бо модараш дар ҷои бехатар буд. Юҳанно менависад, ки «дар осмон ҷанг мобайни Микоил ва Фариштаҳои ӯ шуд, онҳо зидди аҷдаҳо, ва аҷдаҳо бо фариштаҳояш, зидди онҳо» (Ваҳй 12:7). «Ҷанг дар осмон»... Ман дар бораи ин ҷанг фикр кардам: он кай сар шуд, кӣ бар зидди кӣ ҷангид, чӣ маъно дошт ин ҷанг. «Қиссае, ки фаришта нақл кард» — меваи фикрҳои ман аст. Як қисми ҳамкорони ман саҳми худро барои пайдошавии ин китоб гузоштанд. Юдҷин Петерсон — бо фикрҳояш дар бораи китоби Ваҳй, ки бо номи «Reverzed Thunder» (Овози раъд) чоп шуд. Филип Янси — бо мақолаи «Cosmik Combat» (Ҷанги Коинот), ки дар маҷаллаи «Christianiti Today», аз 12 декабри соли 1994 чоп шуд. Ин мақола ба ман ёрӣ дод, ки ба баъзе ҳодиса ва воқеаҳо дигар хел назар кунам. Ичунин ман аз Дейвид Ламберт, муаллифи қиссаи «Earthward, Earthward, Messenger Bright» миннатдорам. Ин асар, ки моҳи декабри соли 1982 дар маҷаллаи «Moody Monthlu» чоп шуда буд, ба қиссаи Мавлуд нигоҳи нав ва эҷодиро пешниҳод мекунад. Ин асар маро рӯҳбаланд сохт, ки «Қиссае, ки фаришта нақл кард»-ро нависам. Инчунин ман мехостам ба Стив Грин, Карен Хилл, Лиз Хиней ва ҳамаи колективи нашриёти «W Publishing Group» барои ёрӣ дар кори ин китоб миннатдории худро баён кунам. Ба андозае «Қиссае, ки фаришта нақл кард» — ин меваи хаёли ман аст. Дар ҳамаи дигар ин ҳақиқат аст. Он чӣ, ки ман навиштам, ба шумо писанд омад ё не, асосӣ нест. Аз ҳама муҳимаш он аст, ки шумо ба ҳақиқатҳое, ки асоси ин қисса аст, чӣ гуна рафтор мекунед. Масалан, Китоби Муқаддас дар бораи зарф, ки ҳастии Илоҳии Исо дар он ҷойгир буд, дар бораи азозили бузург Флумар ё фаришта Софио ва дигар қаҳрамонҳое, ки дар ин китоб оварда шудааст, ёдрас намешавад. Дар айни замон, Китоби Муқаддас аниқ дар бораи он мегӯяд, ки «ЧУНКИ МУБОРИЗАИ МО НА БАР ЗИДДИ ХУН ВА ҶИСМ АСТ, БАЛКИ БАР ЗИДДИ САРВАРОН, БАР ЗИДДИ ҲУКУМАТДОРОН, БАР ЗИДДИ ФАРМОНРАВОЁНИ ИН ОЛАМИ ЗУЛМОТ АСТ, БАР ЗИДДИ ҚУВВАҲОИ РӮҲИИ ШАРОРАТ, КИ ДАР АФЛОК АСТ» (Эфс. 6:12) Китоби Муқаддас ба мо дар бораи фариштаҳое, ки ба тӯр афтоданд, ё чӣ хел иблис Ҷаброилро бо суханони худ фирефтан хост, чизе намегӯяд. Вале Китоби Муқаддас аниқ мегӯяд, ки шайтон шахси воқеист ва он чизе, ки вай сахт мехоҳад — ба худои Тавоно монанд будан аст (ба Иш. 14:14 ниг.). Ҳама офаридаҳоии Худованд ба ду гурӯҳ тақсим шудааст. Дар якеаш — онҳое, ки ба Худо, дар дигар — онҳое, ки ба иблис хизмат мекунанд. Иблис беимононро роҳбарӣ мекунад ва ба онҳо илҳом медиҳад (ба Эфс. 2:2 ниг.), Худованд бошад — чашмаи ҳаёт барои онҳоест, ки ба Ӯ имон доранд (ба Фил. 2:13 ниг.). Имондорон бояд иблисро дар хотир дошта бошанд, аммо аз вай тарсидан лозим нест. Иблис чун шер мегардад ва мекобад киро фурӯ барад (ба 1Пет. 5:8 ниг.), аммо имондорон набояд аз вай тарсанд, зеро Он, ки дар онҳост «аз он ки дар ҷаҳон аст, бузургтар аст» (1Юҳ. 4:4). Мо бояд бо яроқи Худо печида бошем (Эф. 6:11), ва дар ёд дошта бошем, ки иблис қиёфаи фариштаи нурро мегирад (2 Қур. 11:14) Яроқе, ки мо истифода мебарем, ҳамон яроқ аст, ки фаришта Ҷаброил ва дигар ҷанговарони осмонӣ доштанд: дуо, ҳамд, ҳақиқат ва имон. Мо на ба қувваи худамон, балки ба қувваи Худо такя мекунем. «Пас, бо ростӣ камар баста ва ҷавшани адолатро дар бар карда, биистед, ва пойафзоли омодагиро барои додани башорати осоиштагӣ ба пои худ бипушед, дар айни ҳол сипари имонро бигиред, ки бо он ҳамаи тирҳои тафсони шарирро хомӯш карда метавонед; Ва хӯди наҷотро бигиред, ва шамшери Рӯҳро, ки Каломи Худост; дар ҳар вақт дар Рӯҳ бо ҳар дуо ва илтимос дуо гӯед, ва ҳушёр ва босабот буда, ҳамеша дар бораи ҳамаи муқаддасон илтимос кунед.» ( Эфс. 6:14–18). Ва ниҳоят, Китоби Муқаддас дар бораи вохӯри дар толори тахтӣ, вақте ки Худо Люсиферро барои баргаштан ба назди Ӯ таклиф мекунад, ҳеч чиз намегӯяд. Вале дар тамоми Китоби Муқаддас мебинем, ки Худо мехоҳад меҳрубонии Худро ба касоне, ки аз роҳи ҳақиқат баромадаанд, диҳад. Ба фикрам, Ӯ меҳрубонии Худро бештар аз он, ки ба он майл дорем, мехоҳад ба мо диҳад. Ин муҳаббати Худо маро маҷбур мекунад фикр кунам: агар ки ин мори пир мехост меҳрубонии Ӯро ёбад, наметавонист онро зери салиби Масеҳ, ки миллионҳо онро дар он ҷо ёфтанд, ёбад? Тасвири «ҷанг дар осмон», ки мо дар китоби Ваҳй мебинем, ба ҳамаи саволҳои мо ҷавоб намегардонад, аммо ҷавоби аз ҳама муҳимро медиҳад. Юҳанно ба мо дар бораи он Касе, ки ғалаба кард, мегӯяд. Ин — Худо аст. Ва дар бораи он, ки ба кӣ Худо дилбаста аст. Ин — шумо ҳастед. Агар Худо, барои наҷот додани шумо, ин хел ҷангид, пас Ӯ дар ҳақиқат фикр дорад, ки барои шумо ҷангидан арзиш дорад. Ҳатто агар дар ин ҷанг бисёр чиз ба мо нофаҳмо мемонад, муҳаббати Ӯ ба мо — бешӯбҳа аст. Худо дар ҳақиқат фарзандони Худро дӯст медорад. МАВЛУДИ МАСЕҲ МУБОРАК БОШАД!