Чарлз Стенли БАРАКАТҲОИ АЗОБҲО Чаро худо давраҳои мушкилотро роҳ медиҳад Ба аъзоёни калисои якуми баптистӣ дар Атланта, ки маро дар давраҳои мушкилот дастгирӣ менамуданд, бахшида мешавад БОБИ 1. АЗОБҲО ВА БАРАКАТҲО Азобҳо. Баракатҳо. Ин ду калима бо ҳам на он қадар мувофиқат доранд. Аниқтараш, онҳо муқобилмаъно мебошанд. Мо ҳама медонем, ки дарҳам шикаста шудан ва нотавон будан чист, ҳангоме гумон мекунем, ки ҳама чиз дар атроф хароб мегардад ва замин аз зери пой меравад. Ҳар яки мо бо лаҳзаҳое дучор мешавем, ки аз зери кампал берун омадан намехоҳем. Гоҳо чунин метобад, ки ҳамаи корҳо хубанд, аммо мо ашкҳоямонро боздошта наметавонем. Дарҳам шикаста шудан бисёр вақт бо андӯҳи тасаллинопазир, захмҳои шифонаёбанда ва эҳсоси холигӣ, ки онро бо ҳеҷ чиз пур кардан имкон надорад, ҳамроҳӣ мекунад. Дар чунин ҳолат кас ҳеҷ гуна баракатро ҳис намекунад. Давраи талхтарин ва душвортарин барои ман лаҳзаҳои дарҳам шикаста шудан буданд. Чун ба ҳамаи шумо, азоб кашидан, эҳсос намудани дард ва нотавонӣ ба ман низ маъқул нест. Шароити муайян дар зиндагӣ ба мо дард оварда метавонад. Ва гоҳо ин дард чунон сахт аст, ки мо ҳама гуна умеди шифоёбиро аз даст медиҳем. Аммо ман пай бурдам, ки маҳз пас аз дарҳам шикаста шудан мо баракатҳои бузургтарини Худоро ҳис карда метавонем. Пас аз давраи нотавонӣ ҳаёти мо хеле пурсамар ва беш аз ҳарвақта пурмаъно шуда метавонад. Фаро расидани субҳ пас аз шаби торики тӯфонӣ, ҳамеша олидараҷа аст. Ҳисси хурсандӣ пас аз давраи андӯҳ касро ба ваҷд оварда метавонад. Пас аз дарҳам шикаста шудан, баракат омада метавонад. ГУРЕХТАН АЗ ДАРД Ё ПАСИ САР КАРДАНИ ОН Бисёриҳо намефаҳманд, ки Китоби Муқаддас оиди азобҳо чӣ мегӯяд. Аз ҳамин сабаб он моро ба тарс меоварад ва мо бо тамоми қувват кӯшиш мекунем, ки аз он барканор бошем. Имрӯзҳо оиди некӯаҳволӣ, оиди Худои шифодиҳандаи дардҳо ва хоҳони хушбахтии мо бисёр сухан мегӯянд, аммо мавзӯи азобҳо аз мадди назар дур афтодааст. Аммо касоне ки ҳақиқатан баракати Худоро ба даст овардан мехоҳанд, бояд маҳз дар ин хусус гап зананд. Чаро ман чунин меҳисобам? Чунки имрӯзҳо Худо на танҳо чизи мехостаамонро ба мо медиҳад, балки Ӯ моро ва хоҳишҳоямонро дигаргун менамояд. Худо моро сайқал медиҳад ва суфта мегардонад, то ки мо маҳз ҳамон касоне шавем, ки Ӯ абадиятро ҳамроҳашон мегузаронад. Худо моро на барои он офаридааст, ки ба ҳамаи майлу хоҳишҳои мо тағофул намояд. Ӯ моро ба он омода мегардонад, ки ҳама гуна хоҳиши Ӯро ба ҷо оварем. Ӯ моро барои Худ офаридааст. Агар аз шумо пурсам, ки оё барои худ чизи беҳтаринро мехоҳед? Ба фикрам, ҷавоб чунин хоҳад буд: албатта, ҳа. Ва агар мепурсидам, ки оё ҳақиқатан мехоҳед он гуна бошед, ки Худо ҳанӯз то таваллуди шумо дар нақша дошт, ба фикрам, боз ҳам ҷавоби тасдиқӣ медодед. Аммо ба чунин савол чӣ ҷавоб медиҳед: «Оё мехоҳед, ки Худо ҳамаи чораҳоро андешад, то шуморо ба ҳолати омодагии пурра ва итоаткорӣ оварда, баъд аз шумо чизи мехостаашро ба вуҷуд оварад?» Барои ба даст овардани баракатҳои Худо мо бояд худро пурра ба Худованд тобеъ намоем. Ва он гоҳ Рӯҳулқудс моро чунон роҳнамоӣ хоҳад кард, ки дар ҳаётамон Худованд Исои Масеҳ зоҳир хоҳад шуд. Ба чунин ҳолат расидан осон нест. Ҳатто ҳангоме ки мо худро пурра ба Худо тобеъ мегардонем, бояд такмил ёфтанро давом диҳем. Ва барои ин на танҳо вақт, балки бисёр шароитҳо даркор мешаванд. Исои Масеҳро Наҷотдиҳандаи худ эътироф намуда, ҳеҷ кадоми мо дарҳол масеҳии болиғ, «пурра ташаккулёфта» намегардад. Мо офаридаи нави рӯҳонӣ мешавем. Аммо бароямон вақт даркор аст, то ки нумӯ кунем ва хислати Масеҳро доро шавем. Нумӯи рӯҳонӣ равандест, ки дар зимни он фурӯ ғалтидан ва хатоҳо, душвориҳо ва албатта ҳисси нотавонии пурра хоҳанд буд. Нумӯи мо на танҳо дар соҳаи рӯҳонӣ ба амал меояд. Он навшавии ақл ва ҳиссиёти моро дар бар мегирад. Одатҳои кӯҳнаро тағйир додан осон нест.Агарчи мо кӯшиш мекунем хоҳишҳои пештараро аз дил ва ақли худ решакан намоем, онҳо моро идора мекунанд. Майлу рағбатҳои собиқ ва муносибатҳои пештара ба чизҳову воқеаҳо бо душворӣ барҳам мехӯранд. Дар бисёр мавридҳо муносибатҳои пештараро дигар кардан ё аз нав андешида баромадан даркор аст. Гоҳо дар касоне ки мо самимона дӯсташон медорем, нишонаҳои нумӯи рӯҳонӣ ба назар намерасанд, онҳо на он қадар зуд болиғ мегарданд. Ҳатто ҳангоми хуш ва болида будани табъ мо боз ҳам аз он сабаб азоб мекашем, ки худро намедонем ва аз ҳамин сабаб оиди вазнинии гуноҳи худ тасаввуроти пурра надорем. Дигар хел карда гӯем, мо ҷиҳати торики зиндагии худро намебинем. Ба мо чунин метобад, ки аз ҳамаи гуноҳҳоямон тавба кардаем. Аммо Худо соҳаҳои нав ба нави ҳаётамонро ба мо ошкор менамояд, ки дар онҳо бояд худро ба ихтиёри муҳаббати бахшояндаи Ӯ супорем, пок гардем, дигаргун шавем, шифо ёбем ва ё бо қувваи Рӯҳулқудс нав шавем. Мо гаштаву баргашта рӯҳафтодаву дилшикаста мегардем, то ки табиати кӯҳнаро аз худ бадар кунем, то ки ҷиҳатҳои дағали хислатамон дур карда шуда, сифатҳои арзишноке ки ба мо маълум набуданд, ошкор гарданд. Ин раванди дарднок ва мушкил аст. Аз азобҳо набояд тарсид ва аз онҳо бо тамоми қувва канораҷӯӣ набояд кард. Онҳоро бояд бо имон қабул кард. Агар мо ҳақиқатан хоҳем он гуна бошем, ки Худо моро ба нақша даровардааст, бояд дар лаҳзаҳои дарҳам шикаста шудан худро ба Худо вогузор намоем ва ба Ӯ имкон диҳем, то ба мо ошкор намояд, ки чаро мо аз роҳи азобҳо мегузарем ва Худо ба мо чиро омӯзондан мехоҳад. Зарфи идеалӣ Боре Худованд Худо ба пайғамбар Ирмиё бо чунин суханон муроҷиат намуд: “Бархез ва ба хонаи кулол фуруд ой, ва дар он ҷо суханони Худро ба ту хоҳам шунавонид”. Ва ман ба хонаи кулол фуруд омадам, ва инак, ӯ бар чархҳо кор мекард. Ва зарфе ки кулол аз гил месохт, дар дасти ӯ вайрон шуд, ва ӯ аз нав зарфи дигаре аз он сохт, ба тавре ки ба чашми кулол рост омад, ки бисозад. Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт: “Оё Ман бо шумо, эй хонадони Исроил, мисли ҳамин кулолгар наметавонам рафтор намоям? — Инак, чунон ки гил дар дасти кӯзагар аст, ончунон шумо, эй хонадони Исроил, дар дасти Ман мебошед”. (Ирмиё 18:2–6) Оё ягон вақт кори кулолро дар болои чархи кулолгарӣ мушоҳида кардаед? Дастони усто лӯндаи бешакли гилро бо эҳтиёт лат зада, тадриҷан ба он шакли зарфро медиҳанд. Аммо агар зарфи ҳосилшуда ба усто писанд наояд, — шояд шаклаш хуб нашуд ё дар девораи зарф ҳубобчаи ҳаво ошкор гардид, — ӯ гилро пахш карда, корро аз нав сар мекунад. Ин маънои онро надорад, ки кулол офаридаи худро нобуд кардан мехоҳад. Мақсади ӯ ба даст овардани натиҷаи беҳтарин аст: сохтани як чизи зеботар ва фоиданоктар. Худо низ дар ҳаёти мо айнан ҳамин тавр амал менамояд. Ӯ кӯшиш мекунад аз мо он чиро офарад, ки ба нақшаи Ӯ мувофиқат мекунад. Танҳо дар он ҳолат мо ба Худо ҷалол меоварем ва Подшоҳии Худоро бо самаранокии бештар мавъиза мекунем. Мо чӣ гуна будан мехоҳем? Зарфи аз рӯи нақшаи худ сохташуда, ки бар лаёқатҳои эҷодӣ, дониш, қувват, ҳикмати маҳдуд асос ёфтааст, зарфи истифодааш маҳдуд, ки арзиши гузаранда дорад? Ё зарфе ки мувофиқи нақшаи Худо, аз рӯи ҳикмат ва муҳаббат сохта шудааст, зарфи истифодааш номаҳдуд, ки арзиши нагузаранда дорад? Нақшаи Худоро интихоб намуда, мо ҳамчунин бояд ҳамаи он чиро, ки аз пайи он меистад, интихоб намоем — ба азобҳо тайёр бошем ва ба Ӯ имкон диҳем, ки моро пок гардонад ва мувофиқи хости Худ нав созад, ҳатто агар лозим ояд, ки бо роҳи дарҳам шикаста шудан, дард ва ашкҳо биравем. Азобҳо ба баракатҳои бузург табдил ёфта метавонанд. Аммо ин танҳо ҳамон вақт ба амал меояд, ки мо ба Худо имкон медиҳем, то моро дарҳам шиканад. БОБИ 2. ХУДО БАРОИ МО ЧИЗИ БЕҲТАРИНРО ХОҲОН АСТ Ҳангоме ки фоҷиаҳо ва фалокатҳо бар сари мо фурӯ мерезанд, мо аксар вақт ҳайрон мешавем: «Худо куҷост?”» Ин саволро дода, мо чунин андеша мекунем: ё Худо намедонист, ки бо мо чӣ рӯй медиҳад, — вагарна Ӯ ба ин роҳ намедод, — ё Ӯ дигар моро дӯст намедорад. Охир, агар Худо моро дӯст медошт, албатта моро аз мушкилот ва мусибатҳо ҳифз менамуд. Аммо чунин андешаҳо хато мебошанд. Гап дар он аст, ки Худо медонад ва Ӯ дӯст медорад. «БА БАНДАИ МАН ДИҚҚАТ ДЕҲ» Ҳангоме ки мо давраи мушкилро аз сар мегузаронем ё дарди рӯҳиро ҳис мекунем, одатан шахси айбдорро меҷӯем. Ва мо яке аз ин ду ҷумларо мегӯем: «Ин дасисаҳои иблис аст» ё «Ин аз Худо бармеояд». Аммо дар аксари ҳолатҳо ин дасисаҳои иблис аст, ки Худо ба он роҳ додааст. Қиссаи Айюбро ба ёд оваред. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки Айюб «беайб ва росткор ва худотарс буд ва аз бадӣ дур мешуд» (Айюб 1:1). Боре шайтон назди Худо ҳозир шуд, ва Парвардигор аз ӯ пурсид: «Оё ба бандаи Ман Айюб диққат додӣ?» (Айюб 1:8). Шайтон ҷавоб дод: «…Оё Айюб бесабаб аз Худо метарсад? Оё Ту барои ӯ ва барои хонаи ӯ ва барои ҳар чизе ки ӯ дорад, гирдогирд ҳисор насохтаӣ? Амали дастҳои ӯро баракат додаӣ, ва чорвои ӯ бар замин паҳн шудааст…» (Айюб 1:9–10). Дар натиҷа Худо ба шайтон иҷозат дод, ки ҳамаи дороии Айюбро гирад, аммо ба худаш даст нарасонад. Шайтон аз ин истифода бурд ва ҳамаи он чиро, ки Айюб дошт, аз ҷумла фарзандон, хизматгорон ва чорворо нобуд кард. Айюб гуфт: «…Аз батни модари худ бараҳна берун омадам, ва ба он ҷо бараҳна хоҳам баргашт. Худованд дод, ва Худованд гирифт. Исми Худованд муборак бод!» (Айюб 1:21). Айюб дар ин фоҷиа Худоро айбдор накард. Аммо шайтон боз назди Худо омад ва Худо гуфт: «…Оё ба бандаи Ман Айюб диққат додӣ? …ӯ ҳанӯз ба беайбии худ қоим аст…» (Айюб 2:3). Шайтон гуфт: «…Пӯст дар ивази пӯст аст, ва ҳар чизе ки одамизод дорад, барои ҷони худ хоҳад дод; аммо дасти Худро дароз карда, ба устухон ва гӯшти ӯ бизан, — ва туро дашном хоҳад дод» (Айюб 2:4–5). Он гоҳ Худованд ба шайтон иҷозат дод, ки худи Айюбро зарба занад, аммо ҳаёташро нигоҳ дорад. Ва шайтон Айюбро сар то по ба махави сахт гирифтор кард. Айюб азобҳои даҳшатовар мекашид. Занаш кӯшиш кард, ки Айюбро водор намояд, ки Худоро лаънат хонда, бимирад. Дӯстон бо айбдоркуниҳои худ дарди ӯро боз ҳам сахттар карданд. Дар охир Айюб ба Худо гуфт: «Медонам, ки ҳар кор аз дасти Ту меояд, ва нияти Туро боздоштан мумкин нест» (Айюб 42:2). Худо медонист, ки Айюб ба озмоишҳои сахт дучор шудааст ва азобҳои сахт мекашад. Ӯ аз рӯи нақшае ки танҳо ба Худи Ӯ маълум аст, ба ин роҳ дод, ки чунин шавад. Аммо Худо Айюбро, ки азоб мекашид, як лаҳза ҳам тарк накарда буд. Ӯ ҳамаи он чиро, ки ба сари Айюб омад, медонист. Ва Худо медонист, ки Ӯ Айюбро пок мекунад. Дар бораи мо бошад, ҳар дафъае ки мо дарди сахтеро аз сар мегузаронем, бояд дар ёд дошта бошем: Худо аввалу охири ҳаёти моро мебинад. Ва Худо барои мо ояндаи дурахшонеро муқаррар намудааст, ки тамоми пуррагии онро дар ин ҷо, дар замин ҳис карда наметавонем. Ҳангоме ки Айюб барои дӯстони худ дуо мекард, ӯ гуфт, ки ба Худо савол надорад. Зиёда аз ин, ӯ дарк намуд, ки танҳо Худо ҳақ дорад ҳар чизи мехостаашро аз ӯ пурсад. Айюб дар ҳолати итоати пурра буд. Ва Худо чунин кард, ки Айюб боз ба некӯаҳволӣ расид. Худо ба Айюб ду баробар зиёдтар аз он чи пештар дошт, дод. Ва Айюбро бародарону хоҳаронаш ва ҳамаи онҳое ки ӯро мешинохтанд, тасалло медоданд. Ва Айюб боз солҳои зиёд умр ба сар бурд. Новобаста ба ҳама гуна мушкилот ва азобҳоямон, Худо барои мо низ анҷоми хушбахтонаро ба нақша гирифтааст. Вақти рӯҳафтодагӣ дар ҳаёти мо — охири кор нест, балки давраи муваққатиест, ки моро сӯи ибтидои нави пуршукӯҳ мебарад. Бале, Худо медонад ва Ӯ дӯст медорад. ХУДО ҲАМЕША БО МУҲАББАТ АМАЛ МЕНАМОЯД Ҳар он чи Худо дар ҳаёти мо мекунад ва ба ҳар чизе, ки дар ҳаёти мо роҳ медиҳад, танҳо аз боиси муҳаббат аст. Худо рӯҳафтодагӣ ва дардро дар ҳаёти мо на аз он сабаб роҳ медиҳад, ки Ӯ бепарво, бераҳм ё сангдил аст. Не! Баръакс. Худо ҳамаи он чиро, ки дар ҳаёти мо рӯй дода метавонад мебинад. Вай муносибатҳои рӯҳонии наздик ва пур аз муҳаббатро хоҳон аст. Ӯ мехоҳад дар мо ҳама чизи беҳтаринро зоҳир намояд, то ки мо пуррагии муҳаббат, ҳикмат, қувват, тавоноӣ ва некӯии Ӯро ҳис кунем. Ӯ ба дарҳам шикаста шудан роҳ медиҳад, то ки баракати Худро зоҳир намояд. Худо ҳеҷ гоҳ кӯшиш намекунад моро бо ғазаби худ дарҳам шиканад. Ӯ барои он ба ҳаёти мо дахолат мекунад, ки моро беҳад дӯст медорад ва наметавонад бепарвоёна мушоҳида намояд, ки мо бепарво буда, дар гуноҳи худ исрор менамоем ва намехоҳем хости Ӯро дар зиндагии худ ба ҷо оварем. Худо моро беҳад дӯст медорад ва наметавонад танҳо мушоҳида намояд, ки мо ҳеҷ дигаргун намешавем. Муҳаббат Худоро водор мекунад, то ба мо ёрӣ диҳад, ки дигаргун шавем, нумӯ кунем ва одамони рӯҳан болиғ гардем, ки ҳам оиди ҷисм, ҳам оиди рӯҳ ва ҳам оиди ҷон ғамхорӣ мекунанд. Худо моро чунон дӯст медорад, ки мехоҳад бо мо мушоракати зичи рӯҳонӣ дошта бошад. Агар мо Худоро рад кунем ё ба Ӯ мухолифат намоем, чунин мушоракат ғайриимкон аст. Худо мехоҳад аз ҳаёти мо гуноҳро дур кунад. Ӯ бесаброна мехоҳад моро дар хизмати муқаддас ва самараноки рӯҳонӣ истифода барад. Муҳаббат Ӯро водор менамояд, ки моро тарбият кунад ва ҷазо диҳад, то ки мо барои расидан ба мақсадҳои Ӯ дар ин замин пок шуда тавонем. ТАРБИЯТ Ё ҚАСОС Ҳар гуна ҷазоро одамон аксаран барғалат чун қасос мефаҳманд. Бинобар ин мо бояд фаҳмем, ки ҷазо бо кадом мақсад истифода шудааст. Тарбият ва қасос чизҳои тамоман гуногун мебошанд. Ҷазо чун қасос танҳо нисбати беимонон истифода мешавад. Ин ифодаи ғазаби Худост ва ба сари касоне фурӯ мерезад, ки Барраи ягонаро, ки метавонад гунаҳкорро аз ғазаби Худо ҳифз намояд, рад мекунанд. Муқаддасӣ ва беайбӣ Худоро водор мекунад, то дар ҳама ҷое ки гуноҳ зоҳир мешавад, бар зидди он мубориза барад. Худо чун рӯшноии дурахшон амал менамояд, ки ҳамаи гӯшаҳои торикро дар ҳар гуна макон равшан мекунад. Худо тобу тоқати гуноҳро надорад. Дар он ҷое ки Худо ҳаст, гуноҳ набояд бошад. Шахси беимон касест, ки хуни Исои Масеҳро рад мекунад, касе ки қурбонии Масеҳро дар салиб қабул намекунад. Пас, ӯ монеаи ҳимоякунанда надорад, ки гуноҳи ӯро аз муқаддасии Худо ҷудо кунад. Шахси беимон дар ҳолати даҳшатовар аст — ӯ дар назди ғазаби Худо беҳимоят аст. Ҷазо бо мақсади тарбият — усулест, ки Худо бо ёрии он имондорро таълим медиҳад. Худо шахси имондорро водор менамояд, то аз ҳаёти худ одатҳо, принсипҳо ва ақидаҳоеро дур кунад, ки ба ӯ имкон намедиҳанд ба Масеҳ пурра монанд шавад. Чунин ҷазо воситаи таълим аст, ки Худо ба воситаи он моро одамони мукаммал ва рӯҳан болиғ мегардонад. Ин усули илоҳӣ буда, ба мо ёрӣ медиҳад, то ба хизмати рӯҳонӣ зери роҳнамоии Рӯҳулқудс тайёр шавем. Қасос натиҷаи ғазаби Худост. Натиҷаи ниҳоии он нобудшавӣ ва ҷудоӣ аз Худост. Масалан, пайравони Қӯраҳ аз боиси беэҳтиромии пурра ба Худо ҷазо дода шуданд. Замин кафид ва онҳоро бо тамоми дороияшон фурӯ бурд. Ин барои Исроил аломате буд (ниг. Ад. 16). Ҷазое ки бо мақсади тарбият истифода мешавад, аз муҳаббати Худо сарчашма мегирад. Он боиси дигаргуншавӣ, нумӯ ва инкишоф мегардад. Масалан, Худо дар аввал роҳ дод, ки Марям ба бемории махав гирифтор шавад, сипас ӯро шифо дод, то ба ӯ дарси ибрат диҳад — Мусоро танқид кардани ӯ хато буд (ниг.: Ад. 12). Худо моро хеле дӯст медорад ва умедвор аст, ки ҳар яки мо симои Ӯро инъикос намуда, дар рӯи замин ҷузъи бадани Масеҳ хоҳем буд. Ҷазо барои мо воситаи навшавӣ аст. Монанди он ки филиззотро (металл) аз ғашҳо ва ифлосиҳо пок мекунанд, Худо гуноҳ ва нопокиро, ки ба нумӯи мо халал мерасонанд, аз мо дур мекунад. Пайғамбарон борҳо гуфтаанд, ки муҳаббати поккунандаи Худо монанди оташ дар раванди пок кардани нуқра ва тилло амал мекунад (ниг.: Иш. 48:10; Мал. 3:3; Зак. 13:9). ХУДО РӮҲИЯИ МОРО ШИКАСТ ДОДАН НАМЕХОҲАД Худо мақсад надорад, ки рӯҳияи моро шикаст диҳад. Шахсе ки рӯҳияаш шикаст хӯрдааст, аллакай шахсияти пурра нест, ӯ рӯҳан болиғ шуда наметавонад. Худо ба чунин кас хизматгузории Худро вогузор карда наметавонад. Не. Худо рӯҳияи моро шикаст додан намехоҳад. Ӯ иродаи якравонаи моро шикаст додан мехоҳад. Ӯ инро аз он сабаб мехоҳад, ки дар ҳаёти мо иродаи Ӯ ҳукмфармо гардад. Ва он ҳамеша боиси баракат мегардад. Ҳар як падару модар медонад, ки фарзандон худпарастони якрав таваллуд мешаванд. «Аз они ман!» ва «Не!» — суханони дӯстдоштаи кӯдакон мебошанд. Онҳо аз худпарастӣ ва хоҳиши мустақилона идора кардани ҳаёти худ бармеоянд. Дар айни ҳол волидони хуб медонанд, ки чунин якравӣ ва худпарастӣ бояд решакан карда шавад, то ки кӯдак итоаткор шавад — на танҳо ба падару модар, балки ба ҳама гуна ҳокимият, аз ҷумла, ба ҳокимияти Худо. Якравии кӯдакро на барои шикаст додани рӯҳияи ӯ барҳам задан даркор аст, балки барои он ки кӯдак муваффақиятнок, ҳамчун риоякунандаи қонун, ҳамсари саховатманд ва дӯстдор, волид, дӯст, шаҳрванд ва узви Бадани Масеҳ калон шавад. Кӯдаки якрав ва мағрур бо хислати хеле бад калон мешавад ва гоҳо ҳатто ба амалҳои ҷиноятӣ майл пайдо мекунад. Дар назди чунин шахс будан нохуш аст. Эҳтимоли қавӣ меравад, ки чунин шахс лаёқати дӯст доштан ва дӯстдошта буданро нахоҳад дошт. Дар кӯдаке ки якравӣ ва ғурурашро сарфи назар мекунанд, лаёқати ҳис кардани шодӣ, муҳаббат ё қаноатмандӣ ташаккул намеёбад. Монанди он ки волидон якравии мағруронаи фарзандони худро пешгирӣ мекунанд, Худо низ кӯшиш мекунад ғурур ва беитоатии моро, ки барои чун Масеҳ дӯстдор ва саховатманд шудани мо халал мерасонанд, шикаст диҳад. БА МО ДАРД РАСОНДАН БАРОИ ХУДО НОХУШ АСТ Худо кӯшиш намекунад рӯҳияи моро шикаст диҳад. Ва ба мо дард расондан барои ӯ нохуш аст. Наход нақшаи Худо нисбати ҳаёти мо дард ва азобҳо бошад? Не! Худо метавонад дар ҳаёти мо вазъиятҳоеро роҳ диҳад, ки бароямон дарднок ва нохуш метобанд. Аммо ин вазъиятҳо асбобе мебошанд, ки Худо бо ёрии онҳо моро водор менамояд, то ҳаётамонро бо хоҳиши худ ба Офаридгор пурра тобеъ намоем. Ин моро ба саволи навбатӣ меоварад: Оё шахси масеҳӣ қурбонии бегуноҳи вазъиятҳо шуда метавонад? Бале, гоҳо чунин шуда метавонад. Масеҳиён танҳо ба он андоза қурбонии вазъиятҳо мешаванд, ки дигарон ба онҳо дарди ҷисмонӣ ва азобҳои рӯҳӣ расонда метавонанд. Аммо мо бояд фаҳмем, ки Худо ин дарду азобҳоро бо мақсади муайян роҳ медиҳад. Ҳангоме мо худро дар ҳолати қурбонӣ мебинем, бо воқеаҳои гузашта зистанро сар мекунем ва дар азобҳои худ ғӯтавар мешавем. Аммо агар бинем, ки Худо моро дӯст медорад ва моро ба хизматгузории оянда тайёр мекунад, ки он танҳо ба Ӯ маълум аст, мо қувват пайдо мекунем, ки дардро паси сар карда, ба пеш ҳаракат кунем. Худо соҳибихтиёр аст. Ӯ ҳар чиро ки хоҳад, боздошта метавонад. Аммо Худо бар зидди иродаи инсон намебарояд. Агар наздикони мо ба бадӣ дода шаванд, мо аз натиҷаҳои бадкирдориҳои онҳо зарар дида метавонем. Масалан, аз худсариҳо ва бемасъулиятии як бадмаст тамоми аҳли оилаи ӯ азоб мекашанд. Худо инро медонад. Аммо Худо моро дӯст медорад ва чунин вазъиятҳоро баҳри мо ба некӯӣ гардонда метавонад. Ба ёдам ҳаст, ки дар кӯдакӣ аз он чи ба назарам беадолатона ва носазовор метофт, бисёр азоб мекашидам. Падарам ҳангоме ки ман ҳамагӣ нӯҳмоҳа будам, вафот кард. Ва ман қисми зиёди кӯдакии худро дар танҳоӣ гузарондам, чунки модарам ҳамеша кор мекард. Баъд вай боз ба шавҳар баромад, аммо ҳамсари нави ӯ моро на танҳо таҳқир мекард, балки ҳамчунин мезад. Бо вуҷуди ин, ман ҳеҷ гоҳ худро қурбонии бегуноҳ ҳис намекардам. Ман боварӣ доштам, ки фарзанди дӯстдоштаи Худо ҳастам. Ман боварӣ доштам, ки боре ҳамаи нохушиҳо баҳри ман ба некӯӣ табдил меёбанд. Худо мақсаде дорад, ки барои ба даст овардани он Ӯ ин вазъиятҳоро роҳ медиҳад ва ин мақсад на танҳо ба ман, балки ба ҳамаи онҳое ки ман ягон вақт ба онҳо ёрӣ расонда метавонам, дахл дорад. Агар мо ба он чи дар Нома ба Румиён (8:28) навишта шудааст, бовар кунем, бояд ба он низ бовар кунем, ки ин нисбати ҳамаи вазъиятҳои ҳаёти мо ҳақиқат аст. «Дар баробари ин медонем, ки ба дӯстдорони Худо, ки мувофиқи пешбинии Ӯдаъват шудаанд, ҳама чиз бар нафъашон ёрдам медиҳад». Мо ҳеҷ гоҳ набояд лаёқатҳои Худоро, ки ҳатто вазъиятҳои нохуштарин, даҳшатовартаринро ба як чизи маҳсулнок, муфид ва мусбат табдил дода метавонад, маҳдуд намоем. Ҳангоме ки ба кӯдакии худ назар меандозам, мебинам, ки Худо танҳоӣ, дард ва тарси маро баҳри он истифода бурд, ки барои шахсони танҳо, дардманд ва ба даҳшат афтода беҳтар хизмат кунам. Ман ба чунин шахсон далерона гуфта метавонам: «Агар Худо ба ман ёрӣ дода бошад, Ӯ ба шумо низ ёрӣ дода метавонад. Агар Ӯ захмҳои маро шифо дода бошад, захмҳои шуморо низ шифо дода метавонад». Нохушиҳои давраи кӯдакӣ маро дар рӯ ба рӯи мушкилоти рӯзғор пуртоқаттар ва боқувваттар кардаанд. Ва боз онҳо ба ман омӯхтаанд, ки ба шахсони ранҷ мекашида ҳамдардӣ кунам. Ва агарчи он вақт барои ман дардовар буд, агарчи ёди он давра нохуш ва вазнин аст, ман гуфта метавонам, ки ҳамаи ин барои ман баракат гардид. Ин дарси душвор ҳам барои ман ва ҳам барои дигарон ба некӯӣ табдил ёфт. Ба қарибӣ ба миссияи мо «In Touch Ministries» аз шахсе ки андаке пештар аз ҳабсхона озод шуда буд, мактубе омад. Ӯ барои он ҳабс шуда буд, ки дар наврасӣ ба маводи нашъаовар майл пайдо кард. Ӯ менависад, ки дар ҳабсхона эҳёи рӯҳониро аз сар гузарондааст ва акнун таҷрибаи талхи худро дар муошират бо ҳамсолон истифода мебарад, то ки онҳо ба фишори ҳамсолон тоб оварда, аз маводи нашъаовар канораҷӯӣ намоянд. Ин шахс волидон ва ҳамсояҳои худро айбдор намекунад. Ӯ худро бо ҳолати аламовари муҳите ки дар он ба воя расидааст ва таъсири бади он сафед намекунад. Баръакс, ӯ барои амалҳои худ масъулияти шахсӣ ҳис мекунад ва кӯшиш менамояд, ки ба дигарон дар ин ҷода ёрӣ расонад. Ӯ менависад: «Ман мебинам, ки Худо ҳамаашро пешбинӣ кардааст. Ҳангоме ки ман ба маводи нашъаовар ва бадкирдориҳо ғӯтавар шуда будам, маро тарк накард. Худо роҳ дод, ки маро ҳабс кунанд ва аз озодӣ маҳрум намоянд. Агар чунин намешуд, шояд ман кайҳо мемурдам. Худо маро дар ҳабсхона ҳифз мекард. Ӯ маро бо шахсоне рӯ ба рӯ намуд, ки ба ман оиди Масеҳ нақл карданд. Пас аз озод шуданам Худо маро ба калисо овард ва имкон дод, то ба дигарон оиди Масеҳ ва оиди он нақл кунам, ки ба фишори ҳамаи он чи ҳар як наврас аз сар мегузаронад, тоб овардан мумкин аст. Дарди мо ҳар қадар тоқатфарсо бошад ҳам, мо бояд он ҳақиқатро қабул намоем, ки Худо медонад, Ӯ дӯст медорад ва амал мекунад. Шояд мо барои он чи ба сарамон омадааст, масъулият надорем. Аммо мо барои аксуламали худ масъулият дорем. Мо бояд аз худ пурсем: «Ин дардро чӣ гуна паси сар кунем? Онро чӣ гуна ба нафъи худ гардондан мумкин аст?» Боре марде назди ман омада, гуфт: «Ман бо духтаре вомехӯрам ва ҳис мекунам, ки ӯ ба ман беш аз пеш маъқул мешавад. Аммо ҳафтаи гузашта ӯ ба ман нақл кард, ки боре ҳангоми вохӯрӣ ба номуси ӯ таҷовуз кардаанд. Ва баъд илова намуд, ки агар ҳақиқатан муносибатҳоямонро давом додан хоҳам, бояд боз бисёр чизҳоро донам». Ман ба ӯ гуфтам: «Пеш аз он ки ин муносибатҳоро давом диҳед, шумо бояд барои ин зан психологи хуберо ёбед, то ӯ фаҳмад, ки бо гузаштаи худ чӣ бояд кунад. Вагарна хатари он ҳаст, ки шумо ба вазъияти ноилоҷ афтода, илоҷи аз он баромаданро нахоҳед дошт». Ӯ маслиҳати маро қабул намуд. Ин зан бо душворӣ тавонист худро дигар чун қурбонӣ ҳис накунад. Дар кадом як лаҳза ӯ ҳатто бо нақши қурбонӣ розӣ шуда буд ва аз ҳамдардии касоне ки оиди бадбахтии ӯ мешуниданд, ҳаловат мебурд. Дар натиҷа ӯ бо гузаштаи худ, ки ҳозира ва ояндаи ӯро комилан панаҳ карда буд, умр ба сар мебурд. Дар гузашта ҳангоми вохӯрӣ, ба таҷовуз дучор шуданаш ҳозираи ӯро муайян менамуд. Агар имрӯз шумо бо сояи гузашта зиндагӣ кунед, — ба истиснои таҷрибаи наҷот ёфтан, — бояд хеле меҳнат кунед. Шояд шумо то ҳол ба дигарон имкон медиҳед, ки шуморо ранҷонанд ва кӯшиш намекунед, ки бо муҳаббати Худо озод шуда, шифо ёбед. Аммо то даме ки худро қурбонӣ ҳис мекунед, хости Худоро дарк карда наметавонед. Дар ниҳояти кор ин зан гуфта тавонист: «Ман бояд зиндагиро давом диҳам. Ман бояд фаҳмам, ки чӣ гуна бо мадади Худо аз ҳамаи он чи барои аз нав шахсияти пурра шуданам халал мерасонад, раҳоӣ ёбам». ОЁ ШУМО ҲАҚИҚАТАН МЕДОНЕД, КИ ЧӢ РӮЙ ДОДА ИСТОДААСТ? Эҳтимол ба шумо чунин саволҳо шинос мебошанд: «Оё Худо медонад, ки бо ман чӣ рӯй дода истодааст?», «Оё Худо парвои онро дорад, ки ман дар азобам?» Аммо шояд саволҳои бештар шавқовар ва фоиданок низ ҳастанд, ки бояд ба худ диҳед: • Оё ман медонам, ки бо ман чӣ рӯй дода истодааст? • Оё ман парвои онро дорам, ки Худо дар ҳаёти ман чӣ коре карданист? Худо он чиро, ки барои шумо ба нақша гирифтааст, медонад. Аммо оё шумо дар ин бора медонед? Оё шумо мефаҳмед, ки Худо дар ҳаёти шумо чӣ корҳо карда истодааст? Гоҳо мо инро ба таври ретроспективӣ мебинем, ҳангоме ки гузашта барои мо равшантар ва фаҳмотар мегардад. Ҳангоме ки ман ба гузаштаи ҳаёти худ менигарам, аниқ мебинам, ки чӣ гуна Худо маро дигаргун намудааст. Ман дилшикаста, рӯҳафтода ва ноумед будам. Ба ман, чун ба ҳамаи мо, дард ҳис кардан ҳаловат намебахшид. Аммо ман бо боварӣ гуфта метавонам: ман барои ҳамаи он чи Худо ба амал овард, шукргузор ҳастам. Ҳар як ҷои зарбаи болғаи Ӯ ва ҳар як пайи теғи харротии Ӯ дар ҷони ман, ҳар як ашк ва ҳар як пайи захм, ҳар як лаҳзаи ноумедӣ ва ҳар лаҳзаи рӯҳафтодагӣ арзиши онро дошт, то ман аз таҳти дил фаҳмам, ки пурра ба Худо тааллуқ дорам. Аз Худо хоҳиш кунед, то он чиро, ки дар ҳаёти шумо мекунад, ба шумо ошкор намояд. Аз Ӯ пурсед, ки Ӯ барои шумо ва ба воситаи шумо чӣ кор кардан мехост, ҳангоме нохушиҳо ва мушкилотро дар ҳаётатон роҳ дод. Ба мушкилоти худ бо назардошти он нигаред, ки Худо дар шумо чӣ кор мекунад. Мумкин аст ба шумо саволе диҳам: «Оё дар ҳаётатон чизе ҳаст, ки ба хотири он тайёред аз ҳамаи он чи Худо барои шумо дар абадият омода намудааст, даст кашед?» Шубҳа дорам, ки ҷавоби тасдиқӣ дода тавонед. Охир, дар ин ҷаҳони гузарон ҳеҷ чизе нест, ки ба хотири он файзи беандозаи Худоро сарфи назар кардан мумкин бошад. Ҳеҷ чиз нисбати ҳаёти шумо аз ҷиҳати арзишнокӣ бо нақшаи бузурги Худо баробар шуда наметавонад! БОБИ 3. ЧАРО МО АЗОБ МЕКАШЕМ? Боре ҷавоне ба ман гуфт: — Ман ду сол пеш масеҳӣ шудам, ва аз ҳамон вақт ҳаёти ман хеле дигаргун шуд. Ҳафтаи гузашта, рӯзи ҷумъа, ман ба маҷлиси дуо мерафтам ва фикр мекардам: «Инро бинед-а, агар ду сол пеш касе мегуфт, ки ман рӯзҳои ҷумъа ба маҷлисҳои дуо рафта, Худоро ҳамду сано мегӯям ва аз ҳар як лаҳзаи зиндагӣ шод гашта,ба Худо таронаҳо мехонам, ман мегуфтам, ки ӯ девона шудааст». — Ва баъд бо оҳанги ҷиддӣ илова намуд: — Аммо гоҳо ман аз худ мепурсам: чаро пеш аз он ки назди Худованд биёям, лозим омад, ки ин қадар мушкилотро аз сар гузаронам? Ман майзада будам. Ман одамонро истифода мебурдам ва ашёҳоро дӯст медоштам, ба ҷои он ки ашёро барои дӯст доштани одамон истифода барам. Ман бо қонун мушкилот доштам. Дар ҳолати мастӣ мошин ронда, сабабгори садама шудам ва қариб боиси марги шахсе гардидам. Афсӯс, ки Худо маро пештар наҷот надод. Ман ба ӯ ҷавоб додам: — Шояд аввал лозим буд, ки чизе дар вуҷуди ту бимирад, то ки ту ба тарзи нав зиндагӣ карда тавонӣ. Ӯ лаҳзае андеша кард ва гуфт: — Бале, аз афташ ҳақ ба ҷониби шумост. Ман қариб дуюним сол пеш аз «ҳаёти хуш» (чуноне ки ман онро меномидам) даст кашидам. То он вақт ман гумон мекардам, ки ҳаётам олидараҷа аст. Ва танҳо акнун мефаҳмам, ки он то чӣ андоза даҳшатовар буд. Барои он ки шахс ҳаёти муқарраркардаи Худоро ба сар барад, аввал бояд дар худ майли идора кардани ҳаёти худ, яъне ба асос гирифтани нақшаҳо ва хоҳишҳои худро барҳам диҳад. БАРОИ ОН КИ ҲАЁТ САР ШАВАД, БОЯД ЧИЗЕ БИМИРАД Яке аз порчаҳои муҳими Навиштаҷот дар мавзӯи дарҳам шикаста шудан, Инҷили Юҳанно (12:24–25) аст. Исо шогирдонро ба маслубшавӣ ва эҳё шудани Худ омода намуда, чунин суханонро ба забон меоварад: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: агар донаи гандум дар хок афтода, намирад, фақат худаш боқӣ мемонад, лекин агар бимирад, донаҳои фаровон меоварад» (Юҳ. 12:24). То даме ки ғалладонаро дар даст нигоҳ медоред, аз он ҳеҷ чиз ҳосил намешавад. Шумо метавонед онро дар анбор ё дар ҳуҷра ба токчаи тиреза ё ҳатто дар зарфи шишагӣ монда, муддати зиёд нигоҳ доред — ғалладона танҳо ғалладона мемонад. Он ҳеҷ фоида намеоварад ва дар ниҳояти кор пӯсида, ба хок табдил мегардад. Аммо агар онро гирифта ба зимин партоед, боз ҳам онро ба марг оид менамоед, аммо ин дафъа бо мақсади ба вуҷуд овардани ҳаёт. Моддаҳои ғизоӣ дар хок, гармии офтоб ва намӣ — ҳамаи ин ба қишри берунии он таъсир мерасонад. Баъди муддате ин қишр мекафад ва ғалладона неш зада, аз хок ба сӯи офтоб берун мебарояд. Аз ғалладонаи нешзада реша сабзида, онро дар хок устувор мекунад. Бо мурури он ки ғалладонаи нешзада реша гирифта, месабзад, донаи он нест мешавад. Дар охир аз он сараки ҷуворимакка ё хӯшаи гандум ҳосил мешавад. Дар сараки ҷуворимакка ва дар хӯшаи гандум даҳҳо донаҳои ҷуворимакка ё гандум хоҳанд буд. Ва аз ҳар яке растании нав сабзида метавонад. Агар ҳамаи он чиро, ки аз як донаи гандум ҳосил мешавад, боз коштан гиред, он ба садҳо гектар гандумзор табдил ёфта метавонад. Исо таълим медод, ки агар тухмиро ба замин накоред ва ба рӯидани он имкон надиҳед, он самар оварда наметавонад. Албатта, Исо ба воситаи ин масал оиди марги Худ мегуфт. Ҳангоме ки Ӯ дар рӯи замин мезист, баъзеҳо шифо меёфтанд, бисёриҳо мӯъҷизаҳои Ӯро медиданд. Баъзеҳо ба шарофати мавъизаи Масеҳ ба Худо рӯ оварданд. Аммо то даме ки Исо зинда буд, ҷаҳон ба таври умумӣ омурзида нашуда буд. Барои он ки ҳаёти Ӯ давом ёфта, самар оварад ва ин самар афзоиш ёбад, ба Исо лозим омад, ки бимирад. Ӯ мурд, эҳё шуд ва ҳаёти Ӯ самаре овард, ки дар давоми асрҳо миллионҳо бор зиёд шуд. Номҳои онҳое ки Исоро Наҷотдиҳандаи худ эътироф намуданд ва бахшоиши гуноҳҳоро ба даст оварданд, акнун дар Дафтари Ҳаёти Барра навишта шудаанд. Ин аз он сабаб имконпазир шуд, ки Ӯ хост бимирад. Ва акнун Худованд ҳар яки моро даъват мекунад, ки салиби худро бардошта, барем: барои худ бимирем ва худро пурра ба Худо супорем, то ки дар Ӯ зиндагӣ карда, ба мақсадҳои Ӯ бирасем. Исо сӯҳбат бо шогирдонро давом дода, гуфт: «Касе ки ҷони худро дӯст дорад, онро барбод медиҳад; ва касе ки аз ҷони худ дар ин ҷаҳон нафрат кунад, то ҳаёти ҷовидонӣ онро нигоҳ хоҳад дошт» (Юҳ. 12:25). Мо бояд хоҳише дошта бошем, ки барои майлҳо, хоҳишҳо, даъвоҳо, нақшаҳо ва мақсадҳои худ бимирем. Мо бояд саъю кӯшиш кунем, ки Худованд Исои Масеҳ дар мо ва ба воситаи мо амал намояд. Танҳо ҳамон вақт мо метавонем ҳаётро бо тамоми пуррагиаш дарк намоем. Танҳо ҳамон вақт мо метавонем вазифаи худро ба ҷо оварем. Дар мо бояд чизи заминӣ бимирад. То ки чизи ҳақиқӣ ва абадӣ пайдо шавад! Агар хоҳем, ки муҳаббати Худо моро фаро гирад ва пур кунад, бояд худро шикаст диҳем ва иззати нафси худро ҷилавгирӣ намоем. Боз якчанд порчаҳо аз Навиштаҷот ин фикрро тасдиқ мекунанд: агар мо пайрави майлу хоҳишҳои худ бошем, фақат бой медиҳем. Аммо агар пештар рафта, ба Худо имкон диҳем, ки ҳаётамонро идора кунад, мо ғолиб мебароем (ниг. Мат. 10:39 ва Мат. 16:24–26). Шояд касе мепурсад: «Аммо чаро Худо маргро талаб мекунад, то ки баъд эҳё кунад?» Сирри ҳикмати Худо танҳо ба Худи Худо маълум аст. Аммо мо дида метавонем, ки ин принсип дар тамоми офаридаҳои Ӯ ҷой дорад. Мо шарбати ангурро танҳо аз он сабаб менӯшем, ки касе хӯшаҳои ангурро фишурдааст. Мо танҳо аз он сабаб нон дорем, ки касе гандумро орд кардааст. Аз зиндагӣ низ мо танҳо он вақт ба пуррагӣ шод мешавем, ки Худо иродаи худпарастонаи моро шикаст медиҳад. ХУДО МЕХОҲАД ХУДАШ ОЯНДАИ МОРО МУАЙЯН КУНАД Дар тӯли хизматгузории чандинсолаи худ ман пай бурдам, ки барои ҷавонон раванди ба Худованд тобеъ намудани ҳаёти худ хеле мушкил аст. Онҳо ба пеш менигаранд ва чуноне ки гумон мекунанд, оянда дар пеши назарашон пур аз имкониятҳои ҳайратовар доман паҳн мекунад. Шайтон бошад ба онҳо фикреро талқин мекунад, ки оянда бе робита бо ин шахс, бе алоқаи ҷинсӣ бо он шахс, бе соҳиби он чиз будан муваффақиятнок буда наметавонад. Ва ҷавонон ба тарафе майл мекунанд, ки шайтон онҳоро бо манзараи «ҳаёти идеалӣ» ҷалб мекунад. Чуноне ки мефаҳмед, дар он барои Худо ҷой нест. Дар натиҷаи давутоз аз пайи он чи шайтон пешниҳод мекунад, дар шахс рӯҳи молпарастӣ пайдо мешавад. Молпарастӣ гоҳо барои шахс бори тоқатнопазир мегардад. Дар он ҳамеша унсури ҳарисӣ ҳаст. Дар пеш чизи наве ҳаст, ки ҳатман онро ба даст оварда, ба он соҳиб шудан даркор аст. Ҳарисӣ зуҳуроти худпарастӣ аст. «МАН» чизи мехостаашро талаб мекунад. Ҳангоме ки шахс ягон чизро барои худ хоҳон аст, тамоман андеша намекунад, ки дар ин ҳолат бо дигарон чӣ рӯй дода метавонад. Ӯ ҳатто фикр намекунад, ки бо ҷисм ва ҷони ӯ чӣ хоҳад шуд. Молпарастӣ майли рафънопазир аст, ки дар ниҳояти кор шахсро ғуломи худ мегардонад. Ҳамаи он чи шайтон чун чизҳое пешниҳод мекунад, ки ҳаёти шуморо арзишнок, пурмаъно ва боэътибор мегардонанд, фиреби назар мебошанд. Онҳо ба сароб дар биёбон монанд мебошанд. Шумо метавонед сӯи ин мақсади фиребанда давед ё бо тамоми қувват парида, хез занед, аммо ҳеҷ гоҳ ба он намерасед. Он чи, ба фикри шумо, бояд барои зистан ёрӣ диҳад, дар асл шуморо мекушад. Оё хоҳиши дорои чизҳои хуб будан ягон бадӣ дорад? Чӣ бадӣ дорад, ки мо барои наздикони худ чизҳои беҳтаринро харидан мехоҳем? Магар барои муваффақият саъю кӯшиш кардан гуноҳ аст? Не! Мушкилӣ он вақт сар мешавад, ки шахс бе ин чизҳо зиндагии худро тасаввур карда наметавонад. Мушкилот он вақт сар мешаванд, ки мушоракат бо Худо бо чизпарастӣ ва нақшаҳои пешравӣ дар мансаб иваз карда мешаванд. Ҳангоме ки ба даст овардани мақсадҳо дар мадди назари мо истодааст, мо қариб ҳамеша мақсадеро, ки Худо дар пеши мо гузоштааст, гум мекунем. Танҳо ҳамон вақте ки муносибатҳо бо Худоро дар ҷои аввал мегузорем, Худо метавонад ба мо ёрӣ диҳад, то он чиро, ки моро ҳақиқатан қонеъ карда метавонад, ба даст оварем. Боре ман бо ҷавоне ҳамсӯҳбат шудам, ки аз қатъ гардидани муносибатҳо бо маҳбубааш хеле ғамгин буд. Ӯ он духтарро хеле дӯст медошт ва орзу дошт, ки ҳаёти худро маҳз бо вай гузаронад. Ҳангоме ки он духтар ӯро тарк карда, ҷавони дигареро интихоб намуд, ӯ дар ҳолати назъ буд. Ҳангоми сӯҳбат ӯ иқрор шуд, ки ҳамаи нақшаҳои ҳаётии ӯ дар атрофи хоҳишҳои маҳбубааш давр мезаданд — ӯ ба маҳалли зисти нав кӯчид, то ки ба хонаи он духтар наздиктар зиндагӣ кунад, бо маслиҳати вай ҷои корашро дигар кард, ба калисои вай мерафтагӣ шуд ва ҳатто дар либоспӯшӣ ба маслиҳатҳои вай пайравӣ менамуд. Ба зудӣ ӯ ҳис кард ки маҳбубааш аз ҷиҳати маънавӣ ба ӯ фишор меоварад. Ман аз ӯ пурсидам: «Ба ҷои нави зист кӯчидан ва ҷои корро иваз намуданро ба ту Худо маслиҳат дод?» Ҷавон иқрор шуд, ки бо Парвардигор оиди нақшаҳои худ гап задан ҳатто ба гӯшаи хотираш наомадааст. Он гоҳ ман ба ӯ маслиҳат додам, ки, агар ба ҳаёти муқаррарӣ баргаштан хоҳад, бояд бо Худо мушоракат намуданро сар кунад. «Аз Худо пурс, ки Ӯ барои ту чиро хоҳон аст», — гуфтам ман. Ман бо ин ҷавон якчанд сол вонахӯрда будам. Ҳангоме ки мо боз бо ҳам вохӯрдем, ӯ духтари зебоеро ба занӣ гирифта буд ва кӯдаки шашмоҳа дошт. Ӯ ба ман гуфт: «Пас аз он ки ман аз рӯи Каломи Худо зистанро сар кардам, бисёр чизҳо дигаргун шуданд. Ман ба шаҳри худ баргаштам ва дар он ҷое ки Худо ба ман нишон дод, ба кор даромадам. Зани худро дар калисое ки ҳамеша ба он мерафтам, вохӯрдам. Чунин воқеъ шуд, ки ҳангоме ман дар коллеҷ таҳсил мекардам, ӯ бо аҳли оилааш ба шаҳри мо кӯчида омад. Худи Парвардигор моро муттаҳид намуд ва мо дасти баракатдиҳандаи Ӯро мебинем. Мақсадҳои ҳаётии мо якхела мебошанд». Шайтон кӯшиш мекунад ба мо тасаввуроти худро оиди он чи барои ояндаи мо даркорӣ аст, талқин намояд. Аммо ҳамаи ин васваса аст. Баракат ёфтани одамон ба нақшаҳои вай дохил намешавад. Аниқтараш, вай мехоҳад одамонро ба азобҳо рӯ ба рӯ кунад. Агар дар ҳаёти мо чизе бошад, ки (ба гумонамон) бе он зиста наметавонем, ин барои мо аломат аст. Мо бояд муносибатҳоямонро бо Худо аз нав дида бароем ва мақсадҳои асосии худро дуруст муайян намоем. Исо аниқ таълим медод: «Аз ин рӯ ғамхорӣ накунед ва нагӯед: “Чӣ бихӯрем?” ё “Чӣ бинӯшем?” Чунки халқҳо дар ҷустуҷӯи ҳамаи ин чизҳо мебошанд, лекин Падари шумо, ки дар осмон аст, медонад, ки шумо ба ҳамаи ин чизҳо эҳтиёҷ доред. Аммо аввал Малакути Худо ва адолати Ӯро биҷӯед, ва ҳамаи ин чизҳо ба таври илова дода хоҳад шуд» (Мат. 6:31–33). Худо медонад, ки шумо ба чӣ эҳтиёҷ доред. Ӯ медонад, ки барои шумо чӣ чиз беҳтар хоҳад буд — бо зимни он ки чӣ миқдор аз ин чизи «беҳтар» бароятон лозим аст. Охир, дар асл мо бо чизҳои кам қаноатманд буда метавонем. Мо фақат бе мушоракат бо Худо зиста наметавонем. Пеш аз ҳама ба мо Худо даркор аст. Ӯ он Касе мебошад, ки бе Ӯ мо ҳеҷ кор карда наметавонем. Чизе ки шайтон ба мо маслиҳат медиҳад, то онро барои ояндаи хушбахтона «ҳатман дошта бошем», дар асл муваққатӣ ва гузаранда аст. Агар мо хоҳиши ҳатман ба даст овардани чизи мехостаамонро боздошта, ба Худо рӯ оварем, Парвардигор ҳамаи эҳтиёҷоти моро ба таври беҳтарин қонеъ хоҳад кард. Агар мо мустақилона муайян намудани ояндаи худро бас кунем, Ӯ чизи беҳтаринро хоҳад дод, он чиро, ки мо ҳеҷ гоҳ дар ивази ҳеҷ чиз ба даст оварда наметавонистем. Чизи беҳтарини Ӯ аз они мо хоҳад буд. Аммо ин танҳо ҳамон вақт рӯй медиҳад, ки мо мустақилияти худро тарк карда, ҳаёти худро ба Худо тобеъ менамоем. ХУДО МАҚСАДҲОИ МОРО ХУДАШ МУАЙЯН КАРДАН МЕХОҲАД Боре пас аз мавъиза дар ин мавзӯъ духтаре назди ман омада, пурсид: «Наход муайян намудани мақсадҳо бад бошад? Шумо моро даъват менамоед, ки бо мақсадҳои ҳаминрӯза зиндагӣ кунем ва дар ҳама чиз ба Худо боварӣ карда, барои оянда ҳеҷ нақшае надошта бошем?» Дар назди худ мақсад гузоштан ҳеҷ бадӣ надорад. Он чиз бад аст, ки мо аз Худо маслиҳат напурсида, мақсадҳои худро муайян мекунем. Ҳангоми тартиб додани нақша мо ҳамеша бояд самимона дуо кунем: «Худоё, ба ман ошкор намо, ки чӣ бояд кунам». Дуои мо бояд ҳамон тавре бошад, ки Исо дар боғи Ҷатсамонӣ дуо мекард: «…лекин на бо хоҳиши Ман, балки бо иродаи Ту» (Мат. 26:39). МО ОФАРИДАҲОИ МАСЕҲ ҲАСТЕМ Дастовардҳо ва муваффақиятҳои мо ба шарофати кӣ ба даст омадаанд? Шумо гумон мекунед, ки маҳз худатон барои он масъул ҳастед, ки дар кадом соҳа муваффақият ба даст меоваред ва кӣ мешавед? Ё шумо ба он умед мебандед, ки Худо дар шумо сокин буда, ҳаётатонро тавре дигаргун мекунад, ки ба мақсадҳои Худ бирасад? Инҳо ду нуқтаи назар мебошанд. Агар мо боварӣ дошта бошем, ки тақдирамон дар дасти худамон аст, азобҳоро қабул карда наметавонем. Шахси хирадманд чунин воқеиятро эътироф мекунад, ки бешубҳа Худо ҳуқуқ дорад ҳаёти моро идора кунад. Худо қудрат ва ихтиёр дорад ба воситаи мо Худро зоҳир намояд — ба воситаи лабҳо, чашмон, дастон ва пойҳо, фикрҳо ва ҳиссиёт — ҳамон тавре ки ба Ӯ писанд меояд. Мо, масеҳиёни замони ҳозира, ба он даъват шудаем, ки на танҳо Масеҳро дар худ инъикос намоем, балки чунон зиндагӣ кунем, ки ҳаёти Ӯ дар мо бо тамоми пуррагӣ зоҳир гардад. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки ҳамин ки мо Исои Масеҳро Наҷотдиҳанда эътироф мекунем, дигар ба худ тааллуқ надорем ва ояндаи худро муайян намекунем. Ҳавворӣ Павлус навиштааст: «Зеро ки шумо бо файз ба воситаи имон наҷот ёфтаед, ва ин на аз шумост, балки атои Худост, ва аз аъмол нест, то ки ҳеҷ кас фахр накунад. Зеро ки мо офаридаи Ӯ ҳастем ва дар Исои Масеҳ барои аъмоли нек, ки иҷрои онҳоро Худо пешакӣ барои мо таъин намудааст, ба вуҷуд оварда шудаем» (Эфс. 2:8–10). Ҳамон тавре ки шумо бо ҳеҷ чиз сазовори наҷот ёфтани худ нашудаед, он ҷалолеро, ки гоҳо шуморо фаро мегирад низ, сазовор нестед. Шумо аз аввал то охир офаридаи Худо ҳастед. Худо шуморо роҳнамоӣ мекунад ва ба амалҳои нек ҳидоят менамояд, то ки шумо онҳоро ҳамроҳи Ӯ ва барои Ӯ ба ҷо оваред — корҳоеро ки ба лаёқату истеъдодҳо, донишу малакаҳои шумо мувофиқат доранд, яъне ҳамаи он чиро ки Худо шуморо бо онҳо баракат додааст. Ҳангоме ки ман ба ҳаёти гузаштаам назар меандозам, аз он ҳайрон мешавам, ки чӣ тавр Худо маро аз як воқеа ба воқеаи дигар роҳнамоӣ менамуд ва барои гузоштани қадами навбатӣ кӯмак мекард. Худо ҳамеша маро ба чунин ҷойҳо ва вазъиятҳо мегузошт, ки Ӯ маро дар онҳо такмил дода тавонад, то ки ман барои Ӯ фоиданок шавам. Дар наврасӣ ман бо фурӯши рӯзномаҳо машғул будам, то ки барои зиндагӣ дастмузд дошта бошам. Боре бегоҳӣ дар чорраҳае ки ман дар он ҷо савдо мекардам, яке аз дӯстонам, Ҷулиан, барои бо ман сӯҳбат кардан бозистод. Ман нақшаҳои худро ба ӯ гуфтам. Он вақт ман гумон мекардам, ки Худованд маро даъват мекунад, ки воиз шавам. Ман гуфтам: «Медонӣ, ман бояд дар коллеҷ таҳсил кунам, аммо барои ин пул надорам». Мо дӯстони наздик набудем ва ҳамту дар бораи ҳар чиз сӯҳбат мекардем. Ҳамин вақт аз назди мо шубони калисоямон мегузашт. Ногоҳ Ҷулиан ба ӯ муроҷиат карда, гуфт: «Ҷаноби Ҳеммок, Чарлз чунин меҳисобад, ки Худованд ӯро ба воизӣ даъват мекунад. Оё шумо барои ба коллеҷ дохил шудани ӯ ёрӣ дода метавонед?» Шубон Ҳеммок гуфт: «Ба фикрам, метавонам. Бигузор ӯ ба калисо назди ман биёяд». Рӯзи дигар ман ба қабулгоҳи ӯ рафтам. Ин вохӯрӣ барои ман яке аз вохӯриҳои муҳимтарин гардид. Шубон Ҳеммок ба ман ёрӣ дод, ки барои ҳамаи чор соли таҳсил дар донишгоҳи Ричмонд, ки аз шаҳри мо дар масофаи 300 километр дур буд, идрорпулӣ гирам. Оё ин тасодуф буд, ки он бегоҳ ман бо Ҷулиан сӯҳбат мекардам? Оё шубон Ҳеммок тасодуфан аз назди мо мегузашт ва Ҷулиан қарор дод, ки ӯро боздорад? Ба фикрам, не. Худо бо роҳҳои Худ, ки ба ман маълум набуданд, амал мекард. Худо на танҳо дирижёри мост, Ӯ оҳангсози мост. Исои Масеҳ муаллиф ва комилкунандаи ҳаёти мост (ниг. Ибр. 12:2). То даме ки мо якравона кӯшиш мекунем ҳикояти худро нависем, Ӯ наметавонад дар лавҳи дили мо хости Худро сабт намояд. То даме ки мо якравона роҳи худро кушоданӣ мешавем, Ӯ наметавонад моро бо роҳи адолати Худ бибарад. То даме ки мо бо исрор ҳаёти худро идора мекунем, Ӯ Подшоҳ ва Худованди мо намешавад. То даме ки мо бо исрор аз пайи иҷроиши хоҳишҳои худ ҳастем, Ӯ наметавонад ба мо хоҳишҳои Худро кушояд ва низ наметавонад боиси муваффақият, самаранокӣ ва баракатҳои мо гардад. То даме ки худамон ҳаёти худро идора карданӣ мешавем, мо наметавонем пуррагии ҳаётеро, ки Худо барои мо муқаррар намудааст, эҳсос намоем. Мо офаридаҳои Ӯ мебошем. Аммо агар мо ба таври худ амал намоем, робитаро бо Худо вайрон мекунем ва ба Худованд пурра супурдани ҳаёти худро рад менамоем. БОБИ 4. МОНЕАҲО ДАР РОҲИ ФАҲМИДАНИ МАЪНОИ АЗОБҲО Дар роҳи фаҳмидани он, ки азобҳо қисми нақшаи Худо мебошанд, якчанд монеаҳо ҳастанд. Яке аз монеаҳои асосӣ ақида оиди он аст, ки ҳаёти масеҳӣ он чизест, ки мо мекунем. Агар аз ягон кас хоҳиш кунед, ки маънои масеҳӣ буданро фаҳмонда диҳад, дар ҷавоб чунин суханонро шунида метавонем: «Масеҳӣ касест, ки ба калисо меравад, дар он ҷо сурудҳои динӣ мехонад, дуо мекунад, пул хайр мекунад, Китоби Муқаддасро мехонад ва оиди дини худ ба дигарон нақл мекунад». Албатта ин рӯйхат барои одамони гуногун ҳар хел аст. Баъзеҳо мегӯянд: «Ӯ масеҳӣ аст, чунки май наменӯшад, сигор намекашад ва ҳақорат намекунад». Дигарон мегӯянд: «Ин духтар аз он сабаб масеҳӣ аст, ки бо ҷавонписарон намегардад ва ба клубҳои шабона намеравад». Аммо ҳаёти масеҳӣ на бо он чӣ мо мекунем, муайян карда мешавад. Ҳаёти масеҳӣ бо он чи Исои Масеҳ барои мо дар салиб кард ва низ бо он муайян карда мешавад, ки мо Ӯро Наҷотдиҳандаи худ эътироф намуда, кӣ ҳисобида мешавем. Ҳамин тариқ, ҳаёти масеҳӣ бо он муайян карда мешавад, ки мо ба шарофати роҳнамоии Рӯҳуқудс ва қувваи Ӯ кӣ мешавем. Албатта, шахс ҳар қадар бештар ба Масеҳ шабоҳат пайдо кунад, ҳаёташ ҳамон қадар бештар дигаргун мешавад. Баъзе одатҳо дар ҳаёти навшудаи ӯ номуносиб хоҳанд буд. Пуррагии ҳаёти Масеҳ дар шахси имондор ҳатман дар хизматгузорӣ, ҳамду сано гуфтан ва шукргузории ӯ инъикос меёбад. Имондори ҳақиқӣ набояд чунин савол диҳад: «Ман бояд чӣ кор кунам, то ҳама фаҳманд, ки ман масеҳӣ ҳастам?» Имондори ҳақиқӣ танҳо ба муҳаббати Худо ҷавоб медиҳад ва ҳамеша чунон рафтор менамояд, ки Масеҳ дар ҷои ӯ мекард. МОНЕАИ ЯКУМ: ХУДДОНАМӢ Пас, масеҳиёна зистан чӣ маъно дорад? Барои масеҳиён на корҳо, балки мушоракат бо Масеҳ муҳим аст. Корҳо ба ихтиёри Ӯ вогузошта мешаванд. Ӯ бо он корҳо машғул шуда, тадриҷан моро ба шабоҳати Худ дигаргун мекунад. Ӯ дар як шахс ҳам муаллиф ва ҳам муҳаррир аст. Худи Ӯ ҳаёти моро чунон дигаргун мекунад, ки он пурра ба нақшаи Ӯ мувофиқат кунад. Шумо табиати гунаҳкоронаи худро дигаргун карда наметавонед. Пагоҳӣ дар оина ба худ назар андохта, гуфта наметавонед: «Имрӯз худро аз ҳамаи гуноҳҳо пок мекунам ва ҳаёти ман комилан дигаргун мешавад». Ин ғайриимкон аст. Бисёриҳо кӯшиш мекунанд худро рӯҳан дигаргун созанд, аммо ҳамаи онҳо ба як хулоса омада, мегӯянд: «Худи ман ин корро карда наметавонам». Танҳо Исои Масеҳ метавонад дили инсонро пок кунад ва дигаргун созад. Танҳо Рӯҳулқудс, ки Ӯро Худо ба мо додааст, метавонад қабул намудани қарорҳои дурустро ба мо ёд диҳад, метавонад дилҳои моро нарм гардонад ва шуурамонро чунон равшан намояд, ки мо интихоби дуруст карда тавонем. Мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки мо гил ҳастем ва Ӯ кӯзагар аст! МОНЕАИ ДУЮМ: АТОҲО ВА ЛАЁҚАТҲО Монеаи дигар дар роҳи ба даст овардани баракат дар азобҳо — лаёқатҳо ва истеъдодҳои мо мебошанд. Шояд ин ихтилофнок тобад, аммо атоҳои мо метавонанд на танҳо барои пурра ошкор намудани лаёқату истеъдодҳо халал расонанд, балки барои ба даст овардани лаёқату истеъдодҳои нав низ монеа шаванд. Бисёр вақт касоне ки атоҳои бисёр доранд, давраҳои дарҳам шикаста шуданро, ки Худо роҳ додааст, бо душворӣ аз сар мегузаронанд. Маҳз шахсони боистеъдод беш аз ҳама иззатталаб ва худдонам мебошанд. Агар бо диққат нигоҳ кунем, маҳз шахсиятҳои болаёқат дар назди одамони дигар дорои имтиёзҳо мебошанд. Масъалаи атоҳо ва лаёқатҳо на дар худи факти дорои онҳо будан, балки дар он аст, ки шахс пурра ба онҳо такя мекунад. Ҳангоме ки мо танҳо ба лаёқатҳои худодод умед мебандем, бисёр чизҳо аз мадди назар дур мемонанд. Мо худро аз имконияти ҳис кардани он маҳрум мекунем, ки чӣ тавр Худованд атоҳои моро бо ҳузури Худ тақвият медиҳад ва онҳоро чунон афзун мегардонад, ки ҳатто дар хобу хаёламон набуд. Хеле кам воқеъ мешавад, ки шахсони бо чизҳои доштаашон маҳдудшаванда аз Худо хоҳиш кунанд, то ба онҳо чизеро диҳад, ки ҳақиқатан ба он эҳтиёҷ доранд. Онҳо намефаҳманд, ки аз чӣ маҳрум мешаванд. Онҳо намебинанд, ки чӣ гуна Худо метавонист онҳоро истифода барад. Онҳо нақшаи Худоро нисбати ҳаёти худ намефаҳманд. Онҳо дарк намекунанд, ки баракатҳоро сарфи назар менамоянд. Таҷрибаи бисёрсолаи шубонӣ маро мӯътақид гардонд, ки маҳз касоне ки лаёқатҳои бисёр ё пули зиёд доранд, беш аз ҳама ҳаёти худро мустақилона идора карданӣ мешаванд. Онҳо чунин меҳисобанд, ки метавонанд чизеро аз даст диҳанд, аз ҳамин сабаб барои нигоҳ доштани сарвати худ ҳама корҳои имконпазирро мекунанд. Дар айни ҳол онҳо тайёранд сарваташонро аз ҳама пинҳон кунанд, ҳатто аз худашон. Аммо ин шахсони боистеъдод як чизро намефаҳманд. Ҳангоме ки шахс худро ба ихтиёри Худо вомегузорад, ҳеҷ чизро аз даст намедиҳад. Худсупорӣ моро аз сарватҳо маҳрум намекунад. Сирри лаёқати бузурги Худо дар мавриди он ки моро дар дастони Худ асбобҳо гардонад, аз принсипи содда иборат аст: «Бидиҳед, ва ба шумо дода хоҳад шуд: ба андозаи хуби ҷунбонидаву фишурдашуда ва лабрез ба домани шумо хоҳанд рехт; зеро ба кадом андоза, ки чен кунед, ба ҳамон андоза ба шумо чен карда хоҳад шуд» (Луқ. 6:38). Дар ин оят на танҳо оиди молия ё неъматҳои моддӣ гуфта мешавад, балки оиди ҳамаи он чи инсон дорад. Ба Худо ҳар чизеро, ки диҳем, Ӯ ба мо бо фаровонӣ бармегардонад. Ва мо чизи худро бо фаровонӣ гирифта, хурсандӣ, осоиш ва ҳисси қаноатмандиро ба даст меорем. Ӯ ба мо чунон зиёд медиҳад, ки музди онро ҳеҷ гоҳ пардохта наметавонем. Ҳамчунин мо ҳаёти худро ба монанди Худованд оқилона идора карда наметавонем. Ӯ моро офаридааст. Аз ҳамин сабаб танҳо Ӯ медонад, ки чӣ тавр моро дар зиндагӣ роҳнамоӣ кунад ва ёрӣ диҳад, ки дар ҳудуди имкониятҳои худ ба камолот бирасем. Ӯ тамоми лаёқатҳо ва чӣ гуна амалӣ гардондани имкониятҳои моро медонад. Аксар вақт, ба имкониятҳое ки дар ҳаёти мо пайдо мешаванд, нигариста, мо иқрор мешавем: «Ман чӣ кор карданамро намедонам. Ман намедонам, ки чиро интихоб кунам ва ба кадом самт пеш равам». Аммо Худо медонад. Ӯ на танҳо имкониятҳои моро медонад, балки медонад, ки он истеъдодҳо, атоҳо ва лаёқатҳоеро, ки мо оиди онҳо ҳатто намедонем, чӣ гуна равшантар зоҳир намояд! Ҳангоме ки шахси боистеъдод дарҳам шикаста мешавад, ӯ аксар вақт кӯшиш мекунад ҳолати душворашро бо имкониятҳои худ ислоҳ кунад, аммо ба Худо муроҷиат карда, эътироф намудан оқилонатар аст: «Худоё, Ту он чиро медонӣ, ки ман намедонам. Ман худро ба ихтиёри Ту вомегузорам. Бо ман ва истеъдодҳои ман ҳар чи хоҳӣ, бикун». МОНЕАИ СЕЮМ: ОБЪЕКТҲОИ БАРДУРӮҒИ УМЕД БАСТАН Ҳангоме ки Худо моро дигаргун менамояд, Ӯ кӯшиш мекунад ҳамаи соҳаҳои ҳаёти моро ба иродаи Худ тобеъ гардонад. Барои ба даст овардани ин, Худо аз мо ҳамаи он чиро ки барои пурра ба иродаи Ӯ дода шудани мо халал мерасонад, дур мекунад. Нақшаи Худо аз он иборат аст, ки мо ба Ӯ дар ҳамаи чиз боварӣ намоем. Агар мо ақаллан дар ягон чиз ба худ такя намоем, пас, ба Худо на он қадар боварӣ дорем. Ҳар он чи мо ба он бошуурона ва ё беихтиёр такя мекунем — байни мову Худо монеа, яъне садди роҳ мешавад. Агар тимсоли библиявии гил ва кӯзагарро боз истифода барем, чизе ки мо ба он умед мебандем, ҳамон ҳубобча дар зарфи қариб тайёр, ба як сангчае дар гил мубаддал мегардад, ки аз боиси он акнун гилро коркард намудан ғайриимкон аст. Мо ба чӣ умед мебандем? Ба қувваи худ Аввалан, мо қарор медиҳем, ки ба қувваи худ умед бандем. Мо бо майл ба мустақилият таваллуд мешавем. Бисёр касон кайҳо дар лавҳи дили худ навиштаанд: «Худо ворид нашавад!» Дигарон ба Худованд мегӯянд: «Худоё, инак, як қисми ҳаёти худро — наваду панҷ фоизи онро — ба ихтиёри Ту вомегузорам, бо он ҳар чи хоҳӣ, бикун. Панҷ фоизи боқимондаро барои худ нигоҳ медорам». Мо мехоҳем ба тарафи мехостаамон равем, чизи мехостаамонро харем, бо ихтиёри худ рафтор намоем ва бо он касоне ки диламон мекашад, дӯстӣ кунем. Дигар хел карда гӯем, мо ҳар тавре ки хоҳем ва дар ҳар ҷое ки хоҳем, зистанӣ ҳастем. Аммо Худо ба мо мегӯяд, ки агар пуррагии қувва, ҳикмат ва муҳаббати Ӯро ба даст оварданӣ бошем, бояд худро пурра ба ихтиёри Ӯ вогузорем ва ҳеҷ чизро барои худ нигоҳ надорем. Осудаҳолӣ Дуюм, мо ба пул ё дигар неъматҳои моддӣ такя мекунем. Ман шахсеро мешинохтам, ки хеле сарватманд буд. Боре ӯ ба ман бо ҳазл гуфт: «Агар дар ҳисоби бонкии ман аз 30 ҳазор доллар кам боқӣ монад, ман худро камбағал ҳис мекунам». Ӯ ба пул такя мекард. Ӯ беш аз пеш бо соҳибкорӣ машғул мешуд ва барои оила ва дӯстони калисоӣ вақти камтар ҷудо мекард. Аммо ҳар қадар ба кор бештар вақт ҷудо кунад, қабули қарори дуруст барояш ҳамон қадар душвортар мешуд. Ва баъди муддате якчанд маблағгузориҳои нобарор ӯро пурра хонахароб намуданд. Занаш аз боиси танҳоӣ ӯро тарк намуд, зеро ин мард ӯро солҳои дароз сарфи назар мекард. Ҳама чизро аз даст дода, ӯ дар манзили якҳуҷрагӣ танҳо монд. Вай бо тамоми қувват кӯшиш мекард, ки аз нав сарватманд шавад, аммо Худо ба ӯ таваҷҷӯҳ намекард, то даме ки ӯ, ниҳоят, гуфт: «Худовандо, ман аз они Ту ҳастам. Ман ба Ту таваккал мекунам. Тамоми умр ман танҳо ба пул такя мекардам. Аммо акнун ман ба Ту боварӣ хоҳам намуд». Худо ба воситаи ин санҷиш ӯро таълим дод, то ба андозае ки барои зиндагӣ даркор аст, пул кор кунад. Аммо мӯъҷизаи бузургтаре дар ҳаёти ин шахс он буд, ки ӯ дигар оиди сарват ташвиш намекашид. Ӯ дигар ба пул вобастагӣ надошт. Намуди зоҳирӣ Баъзе касон ба намуди зоҳирии худ ва ба таассуроти хубе ки ба дигарон мегузоранд, умед мебанданд. Онҳо умедворанд, ки намуди зоҳирӣ ба онҳо аз ҳама ҷиҳатҳо ёрӣ мерасонад. Ман занеро мешинохтам, ки тамоми умр зебо мондан мехост. Ҳатто дар пиронсолӣ симои ӯ хеле дилкаш буд. Ба дигарон таассуроти хуб гузоштан барои ӯ кори муҳимтарин буд. Аммо дар синни ҳафтодсолагӣ ӯ сахт бемор шуд. Беморӣ тез пеш мерафт ва боре ӯ фаҳмид, ки дигар парвои зебоӣ надорад. Ба ҷои ҷолибияти зоҳирӣ дар ӯ зебоии ботинӣ зоҳир гардид, ки вуҷуд доштани онро ҳатто шахсони наздиктарини ӯ пай намебурданд. Намуди зоҳирии ӯ хазон мешуд, аммо рӯҳаш аз зебоии осмонӣ медурахшид. Ӯ барои ҳамаи онҳое ки ба аёдаташ меомаданд, мояи рӯҳбаландӣ гардид, зеро пуррагии файзи Худоро, ки дар ҳаёташ амал мекард, ба дигарон расонида метавонист. Ин зан бо рӯҳи осуда ва бо шодӣ дар дил, вафот кард. Андаке пеш аз марг ӯ гуфт: «Акнун ман тайёрам ба он ҷаҳон биравам!» Ин ифодаи олидараҷаи имон ва эътирофи он аст, ки азобҳо ба нафъи ӯ хизмат кардаанд. Дастовардҳо ва обрӯ Баъзеҳо дар ҳама кор ба дастовардҳо ва хизматҳои собиқи худ такя мекунанд. Онҳо умед доранд, ки обрӯву эътиборашон дар ҳамаи соҳаҳои зиндагӣ ба онҳо ёрӣ мерасонад. Якчанд сол пеш ман шахси мағрур ва ҳавобаландро вохӯрдам, ки бо қаллобӣ дар корҳо машҳур буд. Ман мешунидам, ки он шахс бо дигарон чӣ гуна муошират мекард ва Худо ба дили ман гуфт: «Барои ин шахс дуо кун». Рости гап, худи ман дар ин бора ҳатто фикр намекардам, чунки — ин шахс ба ман маъқул набуд. Баъди муддате ман боз бо ин шахс вохӯрдам. Ин дафъа ӯ маро даъват намуд, ки ҳамроҳ хӯрок хӯрем. Ман на он қадар мехостам, аммо ба ҳар ҳол розӣ шудам. Маълум шуд, ки ӯ ҳамсӯҳбати ором ва ҳалим аст. Ӯ тамоман ба он шахсе ки ман пештар мешинохтам, монанд набуд. Ӯ ба ман қиссаи худро нақл намуд. Ӯро аз ширкате ки замоне худаш таъсис дода буд, аз кор холӣ карданд. Косаи бадбахтиҳои ӯ пур шуд. Аммо дар ҳамин вақт ӯ ба Худо рӯ овард. Ӯ ба нотавонии худ гардан фаровард ва ҳама чизро ба ихтиёри Худо супурд. Ӯ ҳанӯз ҳам бекор буд, аммо хислаташ пурра дигаргун шуд. Чанд муддат пас аз он вохӯрӣ ман шунидам, ки ӯ ҳамроҳи ду нафар шарикон ширкати наве таъсис додааст. Ин дафъа ӯ ҳама корро дар рӯҳияи муҳаббати Худо ва эҳтиром ба ҳамаи ҳамкорон ба ҷо меовард. Ҳар боре ки мо ба дастовардҳои худ умед мебандем, худро ба хатар рӯ ба рӯ мекунонем. Ба ҷои он ки ҳозира ва ояндаи худро пурра ба пешбинии Худо вогузорем, мо ба хизматҳои пештараи худ такя мекунем. МОНЕАИ ЧОРУМ: ХОҲИШИ НИГОҲ ДОШТАНИ ИДОРАКУНИИ ҲАЁТИ ХУД Шумо кадом соҳаи ҳаёти худро аз Худо пинҳон карданӣ ҳастед? Идора кардани чиро нигоҳ доштанӣ мешавед? Худоро ба кадом гӯшаи замири худ даъват накарданӣ ҳастед? Баъзе шиносҳои ман оиди чунин соҳаҳо ба Худо мегӯянд ва ҳатто иқрор мешаванд, ки идора кардани онҳоро ба ихтиёри Худо супурда наметавонанд, аммо аз ин дуртар намераванд. Онҳо худро бо ин суханон сафед мекунанд: «Охир, ҳеҷ кас комил нест». Боз онҳо чунин андешаронӣ мекунанд: агар дар тӯли солҳои зиёд ман аз ин даст кашида натавониста бошам, пас Худованд маро ҳамин тавр офаридааст. Аммо дар асл онҳо идора кардани ин қисми ҳаёти худро ба Худо супурдан намехоҳанд. Ман шахсеро мешиносам, ки дар тӯли солҳои зиёд ҳар рӯз ду қуттӣ сигор мекашид. Ӯ ба осонӣ розӣ мешуд, ки сигоркашӣ ба саломатӣ зарар меоварад. Аммо ҳангоме ман пешниҳод намудам, ки дуо карда, аз Худо хоҳиш кунад, ки барои тарк кардани ин одати бад ба ӯ иродаи қавӣ диҳад, ӯ розӣ нашуд: «Не! Медонӣ, ба фикрам, Худо ба ин ҳеҷ коре надорад. Тарк кардан ё накардан — инро худи ман бояд ҳал кунам». Ва танҳо ҳамон вақте ки духтурон ҳангоми ташхис гуфтанд, ки ӯ ба бемории эмфиземаи шуш гирифтор шудааст, — ӯ маро даъват намуда, хоҳиш кард, ки барои ӯ дуо гӯям. Боз ман занеро мешинохтам, ки солҳои зиёд фарзандор шудан мехост. Шавҳараш ҳазорҳо долларро ба мутахассисон ва машҳуртарин клиникаҳо барои беморони гирифтори бефарзандӣ сарф намуд. Боре ман аз онҳо пурсидам, ки оё аз Худо пурсидаанд, ки хости Ӯ дар ин хусус чист. Зан хандида, гуфт: «Ман метарсам, ки бо Худо дар ин бора гап занам, зеро эҳтимол маълум шавад, ки Ӯ фарзанддор шудани моро намехоҳад». Ҳамаи мо ҳамин гуна соҳаҳои ниҳонӣ дорем, ки идора кардани онро бо тамоми қувва нигоҳ доштанӣ мешавем. Аммо Худо маҳз ба ҳамон ҷо дохил шудан мехоҳад. Зиёда аз ин, он чизеро, ки мо ин қадар ҳифз мекунем, маҳз ҳамон чизест, ки Худо бар он кор мекунад, то ки мо худро комилан ба Ӯ супорем. Ирода ва мақсади Ӯ аз он иборат аст, ки мо пурра ва комилан ба Ӯ вобаста бошем. Танҳо вобастагии пурра Ӯро қонеъ мегардонад. Ман ба ғарби кишвар сафар кардан ва дар паҳноҳои он саёҳат намуданро дӯст медорам. Шабҳои салқин дар хайма хобидан, гирифтани суратҳои табиат ё шикорро дӯст медорам. Зебоии пуршаҳомати кӯҳҳо ва ҳамвориҳоямонро дӯст медорам. Беш аз ҳама, ҳангоме ки ба сафар рафтанӣ мешавам, асперо бо худ мегирам. Гоҳо ба ихтиёри ман аспи ором дода мешавад. Он ба камтарин кашиши ҷилав итоат мекунад ва медонад, ки шахс аз ӯ чиро металабад. Чунин асп дарҳол итоат мекунад ва гоҳо сухане кофист, то он хости шуморо ба ҷо оварад. Аммо ман ба аспҳои хеле саркаш низ савор шудаам! Ман ҷилавро мекашидам, бо рикоб мезадам, дод мегуфтам, аммо натиҷае ҳосил намешуд. Ба фикрам, ин аспҳо на ба қадри кофӣ ром карда шуда буданд. Аз боиси чунин аспҳо ман гоҳо ба вазъиятҳои душвор меафтодам. Онҳо ба нишебӣ тез медавиданд ва дар пайраҳаҳои танг роҳ рафтан намехостанд. Бовар кунед, дар чунин лаҳзаҳо аспи ороми хуб ром кардашуда доштан, беҳтар аст. Ҳангоми ром кардан чӣ рӯй медиҳад? Бар хилофи ақидаи паҳншуда, ҳеҷ кас аспро шикаст додан ё ба он фишор овардан намехоҳад. Аспе ки хуб машқ дода шудааст, боқувват, боғайрат, бофаҳм ва боақл мемонад. Ва агар ба он озодӣ диҳед, он бо камоли майл чорхез мезанад. Аспи ромшуда танҳо як чизро аз даст медиҳад — мустақилияти худро. Вай дар ҳар як лаҳза, ҳамеша ба савори худ итоат мекунад. Ҳангоме ки фарзанди Худо ҳамин гуна равандро аз сар мегузаронад, Худо кӯшиш намекунад, ки рӯҳи ӯро шикаст диҳад. Вақте ки назди Масеҳ меоем, мо шавқу ҳавасро ба зиндагӣ гум намекунем. Мо фардияти Худро низ аз даст намедиҳем. Мо танҳо мустақилияти худро аз даст медиҳем. Иродаи мо бояд ба иродаи Падари Осмонӣ тобеъ карда шавад, то ки мо ҳамеша ба Худованд ва Наҷотдиҳандаи худ итоаткор бошем. Албатта, мо метавонем дар ақидаи худ исрор намоем. Худо моро аз озодии ирода маҳрум намекунад — на пеш аз он ки Масеҳро Наҷотдиҳанда эътироф мекунем ва на баъд аз он. Мо метавонем нуқтаи назари худро пеш барем ва аҳамият надиҳем, ки Худо чӣ мегӯяд ва моро ба куҷо ҳидоят менамояд. Аммо ҳангоме ки чун аспи ромнашуда, худсарона, новобаста ба ақидаи Худо амал менамоем, мо худро ба хатар меандозем. Худо намехоҳад, ки мо натиҷаҳои манфии дар гуноҳҳо ва бадкирдорӣ худсарона оворагардӣ кардани худро аз сар гузаронем. Дарҳам шикаста шудан ҳолатест, ки иродаи мо ба иродаи Ӯ пурра тобеъ карда шудааст ва мо амри Ӯро шунида, баҳс намекунем, худро сафед намекунем, суханони Ӯро муҳокима намекунем ва ба тарафе меравем, ки овози Рӯҳулқудс моро ҳидоят мекунад. Натиҷаи чунин итоаткорӣ — баракатҳои Худост, ки на танҳо дар замони ҳозира, балки дар оянда низ вуҷуд доранд. МОНЕАИ ПАНҶУМ: «МАН» Ҳангоме ки Худо дар ҳаёти мо давраҳои дарҳам шикаста шудан ва азобҳоро роҳ медиҳад, Ӯ кӯшиш мекунад, ки худпарастӣ ва худдӯстдории мо, худдонамӣ ва худкифояткунандагии мо, яъне ҳамаи он чиро, ки аз «ман» ва аз кӯшиши мустақил будан бармеояд, бартараф кунад. Барои баъзеҳо «ман» бо статуси махсус — бо ҳокимият, мавқеъ дар ҷамъият, таъсир ва нуфуз ҳаммонанд карда мешавад. Барои баъзеҳо «ман» аз лаёқатҳои ақлӣ ё он хусусиятҳои хислат, ки ба шахс имкон медиҳанд дӯстон ба даст оваранд ва ба атрофиён таъсир расонанд, ҷудонашаванда аст. Барои дигарон «ман» ҳамеша ба намуди зоҳирӣ ё ба саломатӣ — зебоӣ, ҳолати ҷисмонӣ ва ғайратнокӣ вобаста аст. Ва боз барои баъзеҳо «ман» аз осудаҳолии моддӣ ва ҷои зисти бонуфуз ҷудонашаванда аст. Тасаввуроти мо оиди худ ошкор менамояд, ки то кадом андоза мо ба Худо боварӣ мекунем ва то кадом андоза мо ҳаёти худро ба Худо тобеъ кардаем. Аз худ пурсед: «Ман кадом лаҳза ба худ маъқул ҳастам? Ва кай аз худ нафрат дорам?» Агар ҷобаҷогузории номуносиби мебел, мушкилот дар ҷои кор ё гум кардани чизи гаронбаҳо шуморо фалаҷ кунад... Агар ҳис кунед, ки то даме ки ба мартабаи муайяни ҷамъиятӣ нарасед, то даме ки ягон хел имтиёзҳо ва афзалиятҳо ба даст наоваред ё дастовардҳоятон қадр карда нашаванд, «ҳеҷ кас» ҳастед... пас, шумо бояд муносибатҳои худро бо Худо аз нав дида бароед. Худо мехоҳад, ки тасаввуроти мо дар бораи худ пурра ва комилан дар муҳаббати Ӯ ва фаҳмиши Ӯ оиди он ки чӣ чиз арзишнок ва сазовори эҳтиром аст, асос ёбад. Ҳар қадар бештар ба чизе расиданӣ шавем, ки аз Худо дида ба он бештар умед мебандем, ҳамон қадар давраи дарҳам шикаста шудан дардноктар шуда метавонад. Гоҳо таассуроте ҳосил мешавад, ки Худо кӯшиш мекунад ҳамаи он чиро, ки аз Худо дида ба он бештар умед мебандем, кашида гирад. Ва ин раванд хеле дарднок буда метавонад. Ғамҳо, душвориҳо ва азобҳо ҳарчи сахттар ҳис карда мешаванд. Ҳангоме ки Худо моро дар ягон соҳаи зиндагӣ дарҳам мешиканад, ягона аксуламали мо он аст, ки боз ҳам бештар ба он часпида мегирем. Одатан мо медонем, ки чиро бояд ба Худо диҳем. Дар сӯҳбатҳои беҳисоб оиди он ки Худо гоҳо моро дарҳам мешиканад, ман доимо чунин суханонро мешунидам: «Ман медонистам, ки рафторам ба хости Худо мухолифат дорад, аммо ба ҳар ҳол аз рӯи хости худ зиндагӣ мекардам». Ин ҳиссиёт аз рӯи фаросат ва ба як андоза беихтиёр буда метавонад, аммо дар ҳама ҳолат одамон медонистанд, ки Худоро ба кадом як соҳаи ҳаёти худ роҳ надода истодаанд. Чаро мо чунин рафтор мекунем? Чунки мехоҳем худамон ҳамаи соҳаҳои ҳаётамонро идора кунем. Ана ҳамин аст ғурур дар шакли ошкори он. Мо метарсем, ки Худо, бо вуҷуди муҳаббати Худ, ба мо ёрӣ намедиҳад ва хоҳишҳоямонро иҷро намекунад. Ӯ ҳисси қаноатмандӣ намедиҳад. Мо метарсем, ки дар зиндагӣ чизе бароямон камӣ хоҳад кард, аз чизе маҳрум хоҳем шуд ва ҳеҷ гоҳ ягон чизи таассуротбахшро аз сар нахоҳем гузаронд. Аз рӯи виҷдон ба худ савол диҳед: «Худо маро то кадом андоза дӯст медорад?» Боре ман ба як зан ин саволро додам. Шавҳари ӯ баъди бемории дуру дароз вафот кард ва ӯ нисбати Худо хеле хашмгин буд. Дар охир ӯ гуфт: — Ҳангоме ки ман беш аз ҳама ба Худо эҳтиёҷ доштам, Ӯ маро тарк кард. Ман ӯро бовар кунондам, ки Худо ҳеҷ гоҳ моро тарк намекунад. Ӯ ҳамеша бо мост. Ман медонистам, ки мушкилии ӯ на дар он буд, ки Худо гӯё ӯро дар лаҳзаи душвори ҳаёташ тарк кардааст, балки дар он буд, ки ӯ бо мушкилоти худ назди Худо не, балки назди одамон омад. Худо ӯро тарк накардааст, балки ӯ Худоро тарк кардааст. Aммо ман ба ӯ инро рӯйрост нагуфтам — вай суханони маро қабул карда наметавонист. Ман танҳо аз ӯ пурсидам: — Ба фикратон, Худо шуморо то чӣ андоза дӯст медорад? Ӯ бо алам оҳ кашид: — Ба фикрам, Худо маро тамоман дӯст намедорад. Ман ба ӯ ҷавоб додам, ки агар ин имконпазир мебуд, ӯ ягона шахсе мебуд, ки Худо ӯро дӯст намедорад. Ин суханон ӯро ҳайрон карданд ва ман давом додам: — Дар Номаи якуми Юҳанно, боби чорум, ояти ҳаштум, гуфта мешавад, ки Худо муҳаббат аст. Муҳаббат хусусияти асоситарини Худост. Ва ба монанди ҳамаи хусусиятҳои Худо, он комил аст. Табиати Худо дигаргун намешавад. Ва агар Ӯ як шахсро дӯст медошта бошад, Ӯ ҳамаи одамонро дӯст медорад. — Пас, чӣ воқеа рӯй дод? — пурсид ӯ, — Чаро Худо роҳ дод, ки шавҳарам ин қадар аз беморӣ азоб кашида, мурад? Чӣ гуна Худо метавонад маро дӯст дорад ва ба ин роҳ диҳад? — Ман намедонам, — ҷавоб додам ман. — Ман намедонам, ки чаро Худо чунин мекунад. Аммо ман медонам, ки Ӯ ҳеҷ гоҳ дӯст доштани шумо ва шавҳаратонро бас накардааст. Ба фикрам, шумо аз Худо аз тарси он хашмгин шудаед, ки Ӯ дар оянда ёрӣ нахоҳад дод. Ӯ ба аломати тасдиқ сар ҷунбонд ва дар чашмонаш ашкҳо пайдо шуданд. Ман пешниҳод кардам: — Шуморо бовар кунондан мехоҳам, ки Худо ҳамеша ҳамроҳи шумо хоҳад буд. Ман намедонам, ки Худованд дар оянда барои шумо чиро тайёр кардааст, аммо боварӣ дорам, ки Ӯ аз шумо интизори боварии пурра аст. Ӯ мехоҳад, ки шумо дар ҳар рӯзи зиндагии худ ба Ӯ такя намоед. Агар ба мо чунин метобад, ки Худо моро дӯст намедорад, — ё дӯст медорад, аммо на ба қадри кофӣ, — мо ба Худо боварӣ намекунем. Масъалаи боварӣ моҳиятан масъалаи дӯст доштан аст. Аз худ пурсед: • Оё Худо маро аз он чи барои некӯаҳволии ман хизмат мекунад, маҳрум менамояд? • Оё Худо аз ман он чизро кашида мегирад, ки ба ман ёрӣ медиҳад ҳамон гуна шавам, ки Ӯ маро дидан мехоҳад? • Оё Худо он чиро ки бароям баракати рӯҳонист, аз ман мегирад? • Оё Худо дар чизҳои таълимдиҳанда, устуворкунанда ва илҳомбахш садди роҳи ман мешавад? • Оё Худо он чиро, ки ба ман ҳисси қаноатмандӣ, осоиш ва хурсандӣ медиҳад, аз ман пинҳон медорад? • Оё Худо он чиро, ки барои ошкор намудани тамоми имкониятҳоям ёрӣ медиҳад, аз ман мегирад? НЕ! Худо аз фарзандони Худ чизеро намедуздад. Ӯ касонеро ки Ӯро дӯст медоранд, намекушад. Ӯ ба фарзандонаш чизеро дода ва чизеро кашида гирифта, бо онҳо бозӣ намекунад. Дар Инҷили Юҳанно (10:10) Исо мегӯяд: «Дузд меояд, то ки бидуздад, бикушад ва талаф кунад; Ман омадаам, то ки онҳо ҳаёт ёбанд ва онро ба фаровонӣ дошта бошанд». Дар ҳамаи давраҳо, дар ҳама гуна вазъиятҳо Худо бо ин ё он тарз дар ҳаёти мо амал мекунад ва моро ба он ҷое роҳнамо месозад, ки беҳтар будан мехоҳем ва ба он чи аз мо хоҳон аст, ноил мешавем. Ӯ чунон ба дили мо таъсир мекунад, ки дар он хоҳишҳои Ӯ, хоҳишҳои ба даст овардани чизи илоҳӣ пайдо мешаванд. Ӯ дар рӯҳи мо чунон амал мекунад, ки мо на танҳо хости Ӯро мефаҳмем, балки кӯшиш мекунем онро иҷро намоем. Худованд ҳар боре ки дар мо чизи сазовори барҳам доданро меёбад, амал менамояд, то мо ҳамон гуна бошем, ки Ӯ моро ба нақша гирифтааст. МОНЕАИ ШАШУМ: АКСУЛАМАЛИ МО Дарҳам шикаста шудан моро ба чӣ оварда мерасонад — мо худамон ҳал мекунем. Мо метавонем ба азобҳо бо хашм, талхкомӣ ва нафрат аксуламал намоем. Аз вазъиятҳо шиква намудан мумкин аст. Ба ҳамаи онҳое ки сабабгори дарду азоби худ меҳисобем, хашм гирифтан мумкин аст. Ва бисёриҳо бо ҳамин роҳ мераванд, зеро ҳар кадоми мо иродаи озод дорем. Бо вуҷуди ин, роҳ сӯи баракат дар рӯ овардан ба Худост. Танҳо Ӯ метавонад моро шифо диҳад ва аз нав ба вуҷуд оварад. Мо танҳо қарор медиҳем, ки оё мехоҳем ба Ӯ тобеъ шавем ва боварӣ намоем. Аз ҳолати дарҳам шикаста шудан Худо моро сӯи шифо мебарад. Ва ҳангоме ки шифо меёбем, пуррагӣ ба даст меоварем, мо самар оварда метавонем. Ва ҳангоме ки самар меоварем, қаноатмандӣ, осоиш ва хурсандӣ ҳис мекунем. Ба онҳое ки назди Исо барои шифо меомаданд, Ӯ мегуфт: «Ба саломатӣ биравед!» (ниг.: Марқ. 5:34). Мо бояд пурра ба Худо боварӣ кунем, чуноне ки боре касе гуфтааст, «комилан ва пурра». Ва агар мо ба Ӯ боварӣ намоем, Ӯ моро шифо медиҳад. БОБИ 5. ШИФО ЁФТАН ЧӢ МАЪНО ДОРАД? Ҳангоме ки одамон оиди саломатӣ мегӯянд, қариб ҳамеша ҷисми солимро дар назар доранд ва ҳамаи гуфтугӯҳои онҳо дар атрофи бемориҳо, осебҳои ҷисмонӣ ё марг давр мезананд. Аммо саломатии ҳақиқӣ мувофиқати ҷисм, ҷон ва рӯҳро дар назар дорад. Ҳамаи соҳаҳои зиндагии шахси солим ба як ҳамоҳангии мавзун ва устуворкунандаи ҳаёт муттаҳид карда шудаанд. Ҳангоме ки Худо моро дарҳам мешиканад, Ӯ инро бо як мақсад мекунад — дар мо барқарор намудани шабоҳат ва монандии гумшудаи Худ, то ки мо аз пештара беҳтар бошем ва шахсиятҳои мукаммал гардем. Ҳавворӣ Павлус оиди масеҳиёни Таслӯникӣ дуо карда, дар ин бора чунин гуфта буд: «Худи Худои осоиштагӣ бигузор шуморо ба куллӣ пок гардонад ва рӯҳу ҷону ҷисми шуморо дар вақти омадани Худованди мо Исои Масеҳ комилан беайб нигоҳ дорад» (1 Тасл. 5:23). Мо ҳамеша метавонем ба Худо боварӣ намоем, зеро медонем, ки Ӯ шахсиятҳои пурра ва мукаммал будани моро хоҳон аст. ШИФО ЁФТАН БА ТАМОМИ ҲАСТИИ МО ДАХЛ ДОРАД Ман мехоҳам бо шумо оиди принсипҳои асосие ки ба мафҳуми пуррагӣ дахл доранд, гап занам. Пеш аз ҳама мо бояд фаҳмем, ки ҳар як шахс аз се ҷавҳар иборат аст — рӯҳ, ҷон ва тан. Тан — он ҷавҳарест, ки бо ёрии он мо бо муҳити атроф робита дорем. Мо панҷ ҳиссиёт дорем — яъне мешунавем, мебинем, бӯйро ҳис мекунем, ҳисси ломиса дорем ва мазаро ҳис мекунем. Мо дар ғилофи ҷисмонӣ зиндагӣ мекунем ва он ба мо имкон медиҳад, ки бо ҷаҳони моддӣ робитаи мутақобил дошта бошем. Мо ҷон, ақл, ирода, эҳсосот, шуур ва виҷдон дорем. Мо ҷонро дида наметавонем, аммо ҳар кас медонад, ки он дар ӯ вуҷуд дорад. Ҷон ба мо имкон медиҳад, ки бо дигар одамон ҳамкорӣ кунем. Ҳангоме ки бо дигарон муошират менамоем, мо худро дарк мекунем. Дар ин сатҳи ҳастӣ мо метавонем бо баъзе касон шӯхӣ кунем, дигаронро дӯст дорем, муҳаббати касеро қабул кунем, ба касе ҳасад барем ва бо касе хашмгинона муносибат намоем. Мо бо ирода ва ақл интихоб мекунем, ки дар ин ҷаҳон чӣ гуна рафтор намоем ва бо одамони атроф чӣ гуна муносибат дошта бошем. Мо рӯҳ дорем — «ман»-и дохилии мо. Мо ба воситаи рӯҳ бо Худо муошират карда метавонем. Ҳангоме ки Одам ва Ҳавво дар боғи Адан мезистанд, ҷисми комил, ҷони комил ва рӯҳи комил доштанд. Худо ба онҳо таъин намуд, ки ҷаҳони моддиро идора кунанд ва онҳо дар мувофиқати комил бо якдигар ва бо Худо мезистанд. Худо танҳо як дарахтро дар боғи Адан махсус ҷудо кард: «Аммо аз дарахти маърифати неку бад зинҳор нахӯр; зеро рӯзе ки аз он бихӯрӣ, ҳатман хоҳӣ мурд» (Ҳас. 2:17). Аммо онҳо аз меваи он дарахт хӯрданд. Ва мурданд. Дар лаҳзаи беитоатӣ чӣ чиз мурд? Оё ҷисм мурд? Не, чунки пас аз гунаҳкоршавӣ ҳардуи онҳо боз якчанд садсола зиндагӣ карданд. Шояд ҷони Одам ва Ҳавво мурд? Боз ҳам не, чунки онҳо бо якдигар ва бо фарзандони худ муошират карданро давом доданд. Дар лаҳзаи гунаҳкоршавӣ Одам ва Ҳавво аз имконияти муоширати рӯҳонӣ бо Худо маҳрум шуданд. Ҳавворӣ Павлус менависад: «Шумо ба сабаби хатоҳо ва гуноҳҳои худ як вақте мурда будед. Дар онҳо шумо мувофиқи давраҳои ин олам ва иродаи мире ки дар ҳаво ҳукмрон аст, яъне он рӯҳе ки ҳоло дар писарони исён амал мекунад, зиндагӣ мекардед» (Эфс. 2:1–2). Ҳолати гунаҳкоронаи мо ҳолати марги рӯҳонӣ аст. Одаме ки рӯҳан мурдааст, метавонад нишондиҳандаҳои аълои ҷисмонӣ дошта бошад ва зиёда аз ин, ҷон ва ҷисми ӯ бо муваффақият нумӯ карда метавонанд. Аммо то он даме ки одам ба воситаи Исои Масеҳ бо Худо муносибатҳои дурустро ба роҳ намонад, рӯҳан мурда боқӣ мемонад. Танҳо касе ки ба Исои Масеҳ имон дорад, имкон дорад, ки шахсияти пурра шавад. Зеро то даме ки Масеҳ рӯҳи шуморо зинда накунад, он бо ҷисм ва ҷони шумо мувофиқат нахоҳад дошт. Мо шахсиятҳои пурра шуда наметавонем, агар танҳо ҷисми солим дошта бошем, ки робитаи мутақобили дурустро бо ҷаҳони моддӣ муайян мекунад ва ба мо имкон медиҳад, ки бо дигар одамон муошират намоем. Барои шахсиятҳои пурра шудан мо бояд рӯҳи пок ва бо Худо мунисибатҳои дуруст дошта бошем. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки ҳангоме мо Исои Масеҳро ҳамчун Наҷотдиҳанда эътироф мекунем, Рӯҳулқудс меояд, то ки дар мо сокин бошад. Ӯ рӯҳи моро бо Рӯҳи Худо мепайвандад. Рӯҳи мо ба ҳаёт эҳё мегардад, чунки Худо ҳаёт аст! Вақте ки Рӯҳулқудс дар мо сокин мешавад, мо Худоро эҳсос менамоем, Ӯро мефаҳмем ва бо Ӯ муошират мекунем. Ин муносибатҳо ба мо имкон медиҳанд, ки бо Худо гуфтугӯ кунем ва он чиро, ки Ӯ ба мо мегӯяд, шунавем. Мо роҳи нави фаҳмиши Каломи Худоро ба даст меоварем ва роҳнамоии Рӯҳулқудсро соҳиб мешавем. Мо ҳамчунин ба гуноҳ муносибати худро дигар карда, овози огоҳкунандаи Рӯҳулқудсро беҳтар мешунавем. Рӯҳи мо аз нав таваллуд меёбад ва дар мо ҳаёти нави рӯҳонӣ сар мешавад! Аммо як мушкилӣ ҳаст. Ҷаҳони беимон аз ҳаёти рӯҳонӣ бо Худо, бехабар аст. Одамон гумон мекунанд, ки ҳангоми дар маросимҳои динӣ иштирок кардан ё оиди ҷиҳатҳои метафизикии ҳастӣ муҳокимаронӣ намудан ҳаёти рӯҳонӣ ба сар мебаранд. Аммо ин рӯҳоният аз ҷониби Худо нест. Ҳама гуна рӯҳонияте, ки аз ҷониби Рӯҳулқудс дода намешавад, рӯҳониятӣ дурӯғин ва шайтонӣ аст. Дар омади гап, ҷаҳон дар аксари мавридҳо оиди рӯҳоният парвое надорад. Фалсафаи ҷаҳонӣ оддист: «Агар зебо бошад — соҳиб шав! Бароҳат бошад — истифода бар! Бомаза бошад — то серӣ бихӯр! Муаттар бошад — ҳаловат бар! Хуш садо диҳад — шабу рӯз гӯш кун!» Ҷаҳон бо ин ҳиссиёт ва эҳтиёҷот зиндагӣ мекунад. Ҳама эҳтиёҷот доранд. Мо ба зебоӣ эҳтиёҷ дорем. Зебоӣ ба ҳама маъқул аст — мо ҳама аз зебоӣ ба ваҷд меоем ва мехоҳем зебо бошем. Мо ба хӯрдан, нӯшидан ва муҷомиат эҳтиёҷи ғаризавӣ дорем. Мо оиди ҷон низ фаромӯш намекунем — мо мехоҳем чизеро омӯзем, дӯст дорем ва дӯстдошта бошем. Мо ҳамчунин саъй мекунем мустақил бошем, озодона ҳаракат кунем ва ибрози ақида намоем. Аммо агар шахс бо Худо муошират надошта бошад, ҳамаи ин хоҳишҳо ва эҳтиёҷот дар атрофи шахсияти худи ӯ давр мезананд. Онҳо зуд ба он чизе табдил меёбанд, ки Китоби Муқаддас «ҳавасҳои ҷисм» меномад — яъне майли ҳарисона ба ҳамаи он чи барои ҷисм ва ҷон писандида метобад. Хоҳишҳои мо аз назорат берун мешаванд ва сабабгори бисёр мушкилиҳое мегарданд, ки мо ҳоло дар ҷамъият мебинем — дар сиёсат, дар соҳибкорӣ ва дар оила. Аммо дар шахси имондор, ки дар ӯ Рӯҳулқудс сокин аст, «системаи нави идоракунӣ ва назорат» пайдо мешавад. Ҳамаи хоҳишҳо ва майлҳои ҷисмонии ӯ, ҳамаи ҷӯшу хурӯшҳои ҷони ӯро Рӯҳулқудс назорат мекунад. Ҳамин тавр тартиби илоҳӣ барқарор мегардад, ки дар он рӯҳ аз ҷон бартарӣ дорад ва ҷон аз тан. Ҳангоме ки бо инсон чунин мешавад, ӯ шифо меёбад, яъне шахсияти пурра мегардад. Пас, беитоатӣ ба Худо, исён бар зидди Ӯ, ки ин тартиби илоҳиро вайрон мекунад ва ба шифоёбии мо монеъ мешавад, — исёни ҷон аст. Ва ҳамаи монеаҳо дар роҳ ба сӯи пуррагӣ — монеаҳои рӯҳонӣ мебошанд. Дар байни онҳо инҳоро ҷудо кардан мумкин аст: • Имони суст • Ғурур • Ҳарисӣ • Кина • Бадбинӣ • Сангдилӣ • Тарс Барои он ки Худо моро шифо диҳад, бояд дар он соҳаҳои ҳаёти худ, ки ба пурра шуданамон халал мерасонанд, кор кунем. Маҳз онҳо моро аз фаровонии баракатҳои Худо ҷудо мекунанд. ШИФО ЁФТАН ПЕШ АЗ ҲАМА ДАР САТҲИ РӮҲОНӢ БА АМАЛ МЕОЯД Мушкилии бисёр касон аз он иборат аст, ки онҳо амали принсипҳои рӯҳониро дар вазъиятҳои гуногуни ҳаёт намебинанд. Ҳатто ҳангоме ки онҳо аз олами боло таваллуд мешаванд, мувофиқи қоидаву низоми пештара зистанро давом медиҳанд — аз боиси одат ва гоҳо бо истифодаи қувваи ирода. Онҳо танҳо он чиро, ки дар сатҳ аст, мебинанд ва ҳаётро низ ба таври сатҳӣ мефаҳманд. Аммо ҳангоме ки ба ҳаёт аз нуқтаи назари Худо менигарем, пай мебарем, ки дар он бисёр «ҷараёнҳои зериобӣ»-и рӯҳонӣ вуҷуд доранд. Хоҳишҳо ва майлҳои мо аз ҷониби рӯҳ таҳрик дода мешаванд, дар ҷон инъикос меёбанд ва ба воситаи ҷисм татбиқ ва ифодаи худро меёбанд. Ва дар ҳамаи он чи мо мегӯем, мекунем, бо кӣ вомехӯрем ва барои чӣ чунин амал мекунем, ҷиҳати рӯҳонӣ ҳаст. Дар асл новобаста ба он чи дар соҳаҳои ҷисмонӣ, ақлӣ ё эҳсосотӣ рӯй медиҳад, ҷиҳати рӯҳонӣ хоҳад буд. Ҳангоме ки мо ба озмоишҳо рӯ ба рӯ мешавем, аз рӯи одат танҳо он чиро мебинем, ки дар сатҳ аст. Барои тасвир намудани он чи бо мо ва муносибатҳои мо рӯй медиҳад, мо ифодаҳои гуногунро истифода мебарем: • Агар шахс лоғар ва беҳол шуда бошад ё асабаш сахт ихтилол ёфта бошад, мо мегӯем, ки саломатии ӯ коста гардидааст. • Агар одамон муносибатҳоро қатъ кунанд, мо мегӯем, ки иттиҳоди онҳо барҳам хӯрд. • Агар мо зарари молиявӣ бинем, мегӯем, ки хонахароб шудаем. Аксар вақт ҳангоми душвориҳо мо фаҳмиши худро оиди дарҳам шикаста шудан бо соҳаи моддӣ ё эҳсосотии ҳаёт маҳдуд мекунем. Аммо дар давраҳои дарҳам шикаста шудан саволҳои асосӣ инҳоянд: • Дар ҳаёти рӯҳонии ман чӣ рӯй медиҳад? • Худо барои муносибатҳои ман бо Ӯ чӣ кардан мехоҳад? • Худо дар ин рӯзҳои барои ман душвор, барои эҳёи ман, барои бозсозӣ ва шакли нав додан ба муносибатҳои ман бо Ӯ, чӣ гуна амал карда метавонад? • Худо дар ин вазъиятҳо барои шифо додани ман чӣ гуна амал менамояд? Ин саволҳо моро сӯи Худо равона мекунанд. Аз ҳама асосӣ — муносибатҳои бовариноки мову Ӯ мебошанд, зеро танҳо дар чунин ҳолат Ӯ метавонад моро чун шахсиятҳои пурра ва мутаносиб истифода бурда, рӯҳамонро мустаҳкам намояд ва барои дар ҳамаи вазъиятҳо ба Ӯ пурра итоаткор будан ёрӣ диҳад. Мақсади Худо, дар ниҳояти кор, ҳамеша камолоти рӯҳонӣ мебошад. Вазъиятҳои берунӣ метавонанд дигаргун шаванд. Онҳо ҳамеша дар мӯҳлатҳои муқарраркардаи Худо дигаргун мешаванд. Дар ҳолати дарҳам шикаста шудан буда, мо бояд ба Худо тобеъ гардем ва на танҳо бо хоҳишҳои Ӯ, балки бо мӯҳлатҳои Ӯ низ розӣ шавем. Шояд шифоёбӣ чуноне ки мо мехоҳем, на он қадар зуд ва осон фаро расад. Аммо онро интизор шудан меарзад! ШИФО ЁФТАН ВАҚТРО МЕТАЛАБАД Ҳавворӣ Павлус ба қӯринтиён навишта буд: «Бинобар ин мо ноумед намешавем ва агар одами зоҳирӣ дар мо фано шавад, одами ботинӣ рӯз ба рӯз нав мешавад. Зеро уқубати сабуки мо, ки кӯтоҳмуддат аст, ҷалоли абадиро барои мо ба андозаи бениҳоят бузург ба вуҷуд меоварад. Ҳангоме ки мо на ба чизҳои намоён, балки ба чизҳои нонамоён нигоҳ мекунем: зеро ки он чи намоён аст, муваққатист, аммо он чи нонамоён аст, абадист» (2 Қӯр. 4:16–18). Ҳангоме ки мо аз водии озмоишҳо мегузарем, бояд хеле боэҳтиёт бошем ва роҳҳои Худованд ва вақтеро, ки Ӯ ба мо ёрӣ медиҳад, пешакӣ фаҳмиданӣ нашавем. Худо тадриҷан мақсади Худро ба мо ошкор мекунад. Хеле кам воқеъ мешавад, ки Худо ҳамаи нақшаҳои Худро дарҳол ба мо ошкор намояд. Бинобар ин мо ба он даъват шудаем, ки ба Худо эътимод кунем ва ҳар рӯз бо имон зиндагӣ кунем. Гоҳо чунин метобад, ки мо вақтро дар интизории беҳуда сарф мекунем. Аммо агар амиқтар нигарем, мебинем, ки Худо дар ҳар яки мо кори дохилиро ба иҷро мерасонад ва мо дар асл рӯз аз рӯз нумӯ мекунем ва устувор мегардем. Ман бисёр вақт шоҳиди он будам, ки одамон бо бемориҳои шифонопазир мубориза мебурданд. Онҳо лоғар ва беқувват гардида, ба ноумедӣ мерасиданд. Аммо ҳангоме ки ба Худо рӯ меоварданд ва пурра ҳаёти худро ба Ӯ тобеъ менамуданд, дар онҳо чунон зебоии ботинӣ ва қувваи рӯҳонӣ зоҳир мегардид, ки аз ҳамаи он чи дар ҷисми фонии онҳо рӯй медод, муҳимтар мегардид. Гоҳо ин одамон аз ҷиҳати ҷисмонӣ ҳам шифо меёфтанд. Гоҳо не. Аммо аз нуқтаи назари абадият як чизи муҳимтар рӯй медод — онҳо рӯҳан шифо меёфтанд. Ҳангоме ки Худо дар рӯҳи бебаҳо ва абадии мо амал мекунад, Ӯ онро устувор мегардонад, месабзонад ва такмил медиҳад, хулоса — шифо мебахшад. Мо ҳамчунин бояд эътироф намоем, ки рӯзҳои азобҳои мо ҳар қадар дароз бошанд ҳам, онҳо моҳиятан зудгузар ҳастанд. Ҳатто агар мо дар давоми якчанд сол дар ҳолати дарҳам шикаста шудан ва нотавонӣ бошем, ин дар муқоиса бо абадият ҳеҷ аст. Муддати муайяни вақт ва абадиятро бо ягон амали риёзӣ муқоиса кардан ғайриимкон аст. Мо бояд оқилона андеша намоем: рӯзе фаро мерасад, ки вазъиятҳои берунии мо дигаргун мешаванд. Танҳо он чи дар дохили мо, дар соҳаи рӯҳ ба амал меояд, бетағйир ва абадӣ мемонад. Ҳавворӣ Павлус имондорони Қӯринтусро даъват менамуд, ки ба чизи нонамоён нигаранд. Ин маслиҳат барои мову шумо низ бамаврид аст, ҳангоме ки мо рӯҳафтода мешавем ва азоб мекашем. Шояд вазъиятҳо даҳшатовар метобанд, аммо агар мо ҳаётамонро ба Худо тобеъ намоем, Ӯ онҳоро ба як чизи олидараҷа табдил медиҳад. Худо кори Худро аз чизи нонамоён — рӯҳонӣ — сар карда, моро пурра мегардонад. Ӯ дар ҳама чиз тартиби даркориро муқаррар менамояд: дар ҷои аввал — рӯҳонӣ, дар ҷои дуюм — ҷонӣ ва танҳо баъд — ҷисмонӣ. Якчанд сол пеш ман аз боиси хасташавии зиёд то харобии асабҳо расида будам. Духтур ба ман тавсия дод, ки истироҳат кунам — на ду се ҳафта, балки якчанд моҳ. Бародарону хоҳарон дар калисо розӣ шуданд, ки ман барои истироҳат биравам. Ман ба ҷазираи хурде сафар кардам, ки дар он ҷо ҳеҷ кор намекардам. Танҳо лаблаби соҳил сайру гашт намуда, фикр мекардам ва дуо мегуфтам. Барои ман чунин истироҳат тамоман тоқатнопазир буд! Ман ба қароре омадам, ки ба хона баргардам. Фикр мекардам, ки агар ба сохтмончиҳое, ки боми хонаи маро таъмир мекарданд ёрӣ диҳам, барои саломатии ман фоиданоктар хоҳад буд. Ба кори шубонӣ ҳам тадриҷан баргаштам — аввал ба муддати якчанд соат, баъд ба рӯзи кории пурра. Вақте ки дар ҷазира истироҳат мекардам, ман на танҳо истироҳат кардам ва қувват гирифтам, балки ба ҳаёт ва кори худ ба таври нав нигоҳ мекардагӣ шудам. Ман бояд ба якчанд саволҳои мураккаб ҷавоб медодам. Бо роҳбарии калисо чӣ бояд кард? Салоҳиятро ба шӯрои калисо супорам ва ба Худо имкон диҳам, ки ба воситаи он амал кунад ё худам қабул кардани қарорҳоро давом диҳам? Оё меарзад, ки оиди рӯзҳои истироҳат ҷиддӣ фикр кунам ё дар як ҳафта ҳафт рӯз кор карданро давом диҳам? Оё меарзад, ки танаффусҳо карда, аз корҳо истироҳат намоям ё пурра бо кор машғул шавам? Аммо мушкилии асосӣ, масъалаи боварӣ буд. Ман ба кӣ эътимод карданӣ будам — ба худ ё ба Худо? Аз он вақте ки бори аввал ба истироҳат рафтам, қариб шаш моҳ гузашт. Ҳангоми ҷамъомади навбатии рӯзи якшанбе ман ба минбар баромада, фикр кардам: «Ана ман баргаштам». Ман пур аз ғайратмандӣ будам, равшан фикр мекардам ва аз ҳама муҳимаш он буд, ки муносибатҳои ман бо Худо амиқтар ва ғанитар буданд. Дар ҳаёти ман қариб ҳеҷ чиз дигаргун нашуд. Ман чун пештара хаста мешудам ва ҳис мекардам, ки ба истироҳат эҳтиёҷ дорам. Чун пештара, ман гоҳо ҳама чизро ба дӯши худ бор карда, кӯшиш мекардам, ки ҳама корро тез ба иҷро расонам. Аммо ман як чизи асосиро барои ҳамеша аз худ намудам: ман дарк намудам, ки Худо на ёрдамчии капитан, балки капитани киштӣ аст. Ва акнун ман тайёр будам, ки суккони киштиро ба Ӯ супорам. Ин якчанд моҳи дарҳам шикаста шудан ва нотавонӣ ба ман омӯхтанд, ки ба Худо такя карда, дар Ӯ бимонам, ба иродаи Ӯ эътимод кунам ва интизори он шавам, ки Ӯ ба ман ниятҳо ва мақсадҳои Худро ошкор намояд. Акнун ман ба Худо имконият медиҳам, ки маро «ба пеш равона кунад», то ки дар вақташ қарор қабул намоям, ки кай кор кунам ва кай истироҳат намоям. Ман фаҳмидам, ки ҳаётам на ба ман, балки ба Ӯ тааллуқ дорад. ШИФО ЁФТАН ХУДОРО ҶАЛОЛ МЕДИҲАД Дар абадият мо мову шумо моликияти Худо мегардем. Мо бо файзи Ӯ, марги Ӯ, дафн ва эҳё шудани Ӯ, ҳамчунин ба шарофати кори Рӯҳулқудс дар мо, харида шудаем. Мақсади мо ба Ӯ ҷалол овардан аст. Пирӯзии бузургтарини мо на дар он чи мо дар зиндагӣ бо қувваи худ кардем, балки танҳо дар он коре мебошад, ки мо ба Худованд имкон додем, то дар ҳаёти мо бикунад. Мо бо ин ба Ӯ ҷалол меоварем. Шодиву хурсандии бештар аз он нест, ки тоҷҳои худро дар назди тахти Ӯ гузорем ва бегуноҳу беайб дар назди Ӯ ҳозир шавем. Мо бисёр вақт фаромӯш мекунем, ки ҳаёти мо тайёрӣ ба абадият аст. Мо дар ин зиндагӣ чун дар мактаб ҳастем — меомӯзем, калон мешавем ва нумӯ мекунем. Ин раванди ташаккулёбӣ аст. Пас, ҳангоме ки мақсадҳои Худоро қабул мекунем ва бо онҳо розӣ мешавем, раванди шифоёбӣ сар мешавад. Танҳо ҳамон вақте ки иродаи ман шикаста шуда, пурра ба иродаи Ӯ тобеъ мешавад, ман ба Ӯ тааллуқ хоҳам дошт — бо дилу ақл, ҷисм, ҷон ва рӯҳ. Ҳангоме ки чунин мешавад, ҳаёти ман пурра дар дасти Ӯ хоҳад буд. Ӯ маро мувофиқи хости Худ идора хоҳад кард. Ва ин, дӯстон, ибтидои бузургтарин ҷашни зиндагӣ хоҳад буд! БОБИ 6. БА БАЛОҒАТИ РӮҲОНӢ РАСИДАН Нумӯи рӯҳонӣ равандест, ки дар замин сар мешавад — дар он ҷое ки мо ҳоло ҳастем ва дар абадият ба охир мерасад — дар он ҷое ки моро Худо интизор аст. Ин раванд итоати пурраро ба Ӯ дар назар дорад. Дар натиҷа мо ба балоғати рӯҳонӣ мерасем. Вале барои он ки мо ба балоғат бирасем, Худо азобҳоро роҳ медиҳад. Раванди ба балоғати рӯҳонӣ расидан се ҷанба дорад: дигаргуншавӣ, нумӯ ва дарҳам шикаста шудан. ДИГАРГУНШАВӢ Ҷанбаи якуми балоғати рӯҳонӣ — дигаргуншавӣ аст. Агар мо дигаргун шудан нахоҳем, ҳеҷ гуна нумӯи рӯҳонӣ буда наметавонад. Имкон надорад, ки мо бо роҳи кӯҳна биравем, ақидаҳои кӯҳнаро пайравӣ намоем ва тасаввуротҳои кӯҳнаро оиди Худо, Рӯҳулқудс ё ҳаёти масеҳӣ ҷонибдорӣ намуда, дар айни замон ҳамон гуна шавем, ки Худо моро дидан мехоҳад. Балоғат хоҳиши қабул кардани дигаргуниҳои конструктивиро дар назар дорад. НУМӮ Ҷанбаи дуюми балоғати рӯҳонӣ, ки бо ҷанбаи якум робитаи зич дорад, нумӯ[1] мебошад. На ҳар гуна дигаргуншавӣ боиси нумӯ мегардад, аммо ҳама гуна нумӯ ҳатман ба дигаргуниҳои муайян оварда мерасонад. Балоғати рӯҳонӣ онро дар назар дорад, ки мо то вақти ба Масеҳ дар ҳамаи фикрҳо, ҳиссиёт ва амалҳои худ монандӣ пайдо намудан «нумӯ» меёбем. Дар Номаи дуюми Петрус (3:18) мо мехонем: «...балки дар файз ва шинохтани Худованд ва Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳ нумӯ ёбед, ки Ӯро аз ҳоло то абад ҷалол бод». Ҳамаи он чи дар табиат нумӯ карда метавонад, дар «муҳити ғизодиҳанда»-и муайян нумӯ меёбад, чуноне ки олимон мегӯянд. Дар лабораторияҳои илмӣ ин муҳит хок, об ё моддаҳои кимиёвӣ буда метавонад. Дар соҳаи рӯҳонӣ бошад, муҳаббат чунин муҳит аст. Ҳангоме ки мо якдигарро дӯст медорем, рӯҳан нумӯ меёбем. Ҳавворӣ Павлус гуфтааст: ...балки дар муҳаббат ростиро баён намуда, мо дар ҳар чиз ба Он ки Сар аст, яъне ба Масеҳ нумӯ ёбем. Аз Ӯ тамоми Бадан, ба воситаи ҳар навъ пайвандҳои тақвияткунанда мустаҳкам ва пайваст шуда, бо амали ҳар андоми ҷудогона ба андозаи хоси он, афзоиш меёбад, то ки худро дар муҳаббат бино кунад. (Эфс. 4:15–16) Нумӯи мо боиси мустақилияти мо намегардад. Агарчи дар ҷаҳони табиӣ маҳз ҳамин тавр мешавад — кӯдакон калон мешаванд ва аз волидони худ мустақил мегарданд. Нумӯи рӯҳонӣ бо вобастагии афзуншаванда ба Худованд Исои Масеҳ тавсиф меёбад. Балоғати рӯҳонӣ — ҳолати вобастагии пурра ба Рӯҳулқудс аст, ки Ӯ ҳам вакили хоҷагӣ, ҳам устод ва ҳам ҳимоятгар мебошад. ДАРҲАМ ШИКАСТА ШУДАН Ҷанбаи сеюми балоғати рӯҳонӣ дарҳам шикаста шудан аст. Агар мо дигаргун шуда, нумӯ кардан хоҳем, бояд он чизҳоеро тарк кунем, ки моро бозмедоранд ва имкон намедиҳанд, ки баракатҳои Худоро бо тамоми пуррагиаш қабул намоем. Мо бояд ҳамаи он чизҳоеро, ки ин қадар сахт дошта меистем, сар диҳем. ДАРҲАМ ШИКАСТА ШУДАНИ МУСО Ҳамаи ин ҷанбаҳои балоғати рӯҳонӣ дар ҳаёти Мусо хеле хуб аён мебошанд. Қиссаи ӯ, ки дар Китоби Муқаддас сабт ёфтааст, дар асл аз Юсуф, писари Яъқуб, сар мешавад, ки ӯро бародаронаш ба ғуломӣ фурӯхта буданд. Худо ба воситаи силсилаи вазъиятҳои фоҷиавӣ чунин кард, ки Юсуф аз ғулом ба сарвазири Миср табдил ёфт. Вай дар мақоми роҳбари кишвари калоне буда, тамоми халқро аз натиҷаҳои хушксолии ҳафтсола наҷот дода тавонист. Гуруснагӣ чунон сахт буд, ки онро ҳатто дар Канъон, ки оилаи Юсуф дар он ҷо сокин буд, ҳис карданд. Барои аз ин ҳолати тангӣ ҷон ба саломат бурдан бародарон барои харидани ғалла ба Миср равона шуданд. Сафари онҳо бо он анҷомид, ки онҳо бо Юсуф вохӯрданд. Тамоми оилаи Юсуф, зиёда аз ҳафтод шахс ба Миср кӯчиданд ва аз гуруснагии марговар наҷот ёфтанд. Дар замоне ки Мусо таваллуд шуд, ибриён ба халқе табдил ёфта буданд, ки миқдорашон ба се миллион мерасид. Пас аз марги Юсуф ба сари тахти Миср фиръавне омад, ки ибриёнро дӯст намедошт. Ӯ гуфт: «инак, қавми банӣ Исроил аз мо сершумортар ва пурзӯртаранд. Биёед бар зидди онҳо тадбири пурҳикмате биандешем, то ки афзоиш наёбанд; вагарна, вақте ки ҷанге ба вуқӯъ ояд, онҳо низ ба душманони мо ҳамроҳ шуда, ба муқобили мо ҷанг хоҳанд кард, ва аз мамлакат берун хоҳанд рафт» (Хур. 1:9–10). Ин фиръавн ибриёнро маҷбур намуд, ки кор кунанд ва бар сари онҳо нозиронро гузошт. Китоби Муқаддас шаҳодат медиҳад: «Вале ҳар қадар зиёдтар онҳоро ба танг меоварданд, ҳамон қадар бештар онҳо афзоиш ёфта, сершумор мегардиданд, ба тавре ки мисриён аз банӣ Исроил бим доштанд, ва банӣ Исроилро бо зулму зӯрӣ кор мефармуданд» (Хур. 1:12–13). Фиръавн барои боздоштани афзуншавии миқдори ибриён фармон дод, ки ҳамаи кӯдакони навзоди ҷинси мардонаро бикушанд. Мусо пас аз ҷорӣ гардидани ин фармон таваллуд шуд. Аммо модари Мусо ба фармон итоат накарда, писари худро пинҳон кард. Вай ӯро ба сабадчае монда, дар найзори соҳили Нил гузошт. Духтари ӯ Марям аз дур инро мушоҳида мекард. Ҳамин вақт, мувофиқи пешбинии Худо, духтари фиръавн ба лаби дарё омада, писараки ибриро ёфт ва қарор дод, ки ӯро писархонд кунад. Он гоҳ Марям гуфт, ки барои кӯдак дояи хубе ёфта метавонад. Ва ҳангоме ки духтари фиръавн розӣ шуд, модари худи кӯдак дояи ӯ шуда, дар солҳои аввали ҳаёташ дар ҳаққи ӯ ғамхорӣ менамуд. Мусо ба воя расид. Боре ӯ ба он ҷое рафт, ки ҳамқавмҳояш кор мекарданд. Мусо дид, ки нозир исроилиеро мезанад ва дахолат намуда, он мисриро кушт ва барои пинҳон кардани ҷиноят ӯро зери хок кард. Ӯ гумон кард, ки ҳеҷ кас ӯро надид. Аммо ҳангоме ки рӯзи дигар ду нафар исроилии дастбагиребоншударо ҷудо карданӣ буд, яке аз онҳо гуфт: «Кист, ки туро бар мо сардор ва довар таъин намудааст? Оё ту қасд дорӣ маро бикушӣ, чунон ки он мисриро куштӣ?» (Хур. 2:14). Мусо фаҳмид, ки ҷинояташ пинҳон намондааст ва қарор дод, ки зуд ба сарзамини Мидён фирор кунад. Дар давоми чил сол Мусо барои падарарӯсаш Йитрӯ кор карда, дар биёбон рамаҳои гӯсфандонро бонӣ менамуд. Аз дарбори фиръавн, ки дар он ҷо ба ӯ чун бо писари ҳоким муносибат мекарданд, Мусо ба биёбон омада, чӯпони оддӣ шуд. Ин давраи дарҳам шикаста шудани Мусо буд! Дар ҳаёти Мусо чӣ чиз ба шикаст дучор шуд? Инак, ӯ чун шахси соҳибмаълумот, дорои қудрат ва ихтиёр буд. Мусо метавонист фармонҳо диҳад. Вай захираҳои қариб тамомнашавандаи кишварро дар ихтиёри худ дошт. Мусо дар дарбори фиръавн чунин мақомро доро буд. Ба фикрам, агар мо барои аз асорати мисрӣ ба замини Канъон овардани халқи Худо шахсеро интихоб мекардем, Мусо номзади хубе мебуд. Аз нуқтаи назари одамон, Ӯ барои иҷрои ин вазифа ҳама чизи талабшавандаро дар ихтиёр дошт. Пас, чаро ба Мусо лозим омад, ки чил солро дар биёбон гузаронад? Гап дар он аст, ки Мусо бояд дигаргун мешуд. Худо бояд чунин мекард, ки Мусо ба қувваи худ умед бастанро бас кунад. Ӯ бояд пурра ба Худо такя карданро ёд мегирифт. Ибриён, чун Мусо, зери таъсири сахти маданияти Миср буданд: онҳо ин маданиятро то ба он дараҷа аз худ намуда буданд, ки ҳатто ба парастидани худоёни Миср сар карда буданд. Инро фаҳмидан осон аст, зеро ҳангоми ба арсаи сиёсат қадам гузоштани Мусо халқи Исроил аллакай чорсад сол боз дар Миср зиндагӣ мекард. Ба Худо лозим омад, ки шуури Мусоро аз таъсири маданияти Миср озод кунад, то ки одамони аз сарзамини Миср баровардашуда Ӯро ҷалол дода тавонанд. Танҳо пас аз ин исроилиён фаҳмиданд, ки бояд танҳо ба Худо боварӣ кунанд. Мусоро дарҳам шикаста, Худо мақсади дурандешона дошт — Ӯ мехост тамоми халқи Исроилро дарҳам шиканад, то ки онро боз халқи Худ гардонад. Мусоро дарҳам шикаста, Худо ӯро аз ҳамаи он чи ӯ ҳангоми дар Миср зиндагӣ кардан ба даст оварда буд, маҳрум намуд. Ҳангоме ки Мусо ба биёбон афтод, аз оила, қаср, ҳамаи имтиёзҳо ва иззату эҳтиром, ҳокимият ва тавоноии худ маҳрум шуд. Мусо медонист, ки либосҳои фохира пӯшидан, ба аробаҳои тезрав савор шудан, хизматгорони беҳтарин доштан ва аз атрофиён иззату икром қабул намудан чист. Аммо дар муддати якчанд рӯз ҳама чиз дигаргун шуд. Ба ҷои асои фиръавн дар дасти ӯ асои чӯпонӣ буд, ва дар атрофи ӯ на тӯдаи хизматгорон, балки рамаи гӯсфандон буданд. Ба Мусо лозим омад, ки қасрро ба хайма иваз кунад. Акнун ӯ мисли ҳамаи ибриён зиндагӣ мекард. Дар давоми якчанд сол Худо дигаргун кардани дил ва ҷони Мусоро давом медод. Мусо аз як одами худпараст ба шахсе табдил ёфт, ки диққаташ ба Худо равона карда шудааст. Мусо фаҳмидани роҳҳои Худоро ёд гирифт ва низ он чиро, ки Барои Худо аҳамият дорад, омӯхт. Ӯ фаҳмид, ки беҳтараш дар назари ин ҷаҳон ҳеҷ бошад, аммо дар назари Худо арзиш дошта бошад, на ин ки баръакс. ДУР КАРДАНИ ҲАМАИ ОН ЧИЗЕ, КИ АЗ ХУДО НЕСТ Шояд касе фикр мекунад: «Наход Худо бо касе, ки ӯро асбоби дасти Худ карданӣ бошад, чунин амал намояд?» Аз як тараф, шумо писари фиръавн нестед, бинобар ин ман аз он ташвиш намекашам, ки бо Мусо ҳамтақдир мешавед. Аз тарафи дигар, Худо ҳақиқатан ҳамон принсипро истифода мебарад, то ки барои амалӣ гардондани нақшаҳои Худ моро дарҳам шиканад. Худо мақсад надорад, ки моро шӯҳратманд, бонуфуз ё сарватманд гардонад. Худо мехоҳад, ки мо дар зиндагӣ мавқеи дурустро ишғол намуда, чизи асосиро дарк намоем. Яъне онро, ки муҳимтарин чиз дар ҳаёти мо Худи Ӯст. Худо, албатта, метавонад шуморо сарватманд кунад. Ӯ метавонад шуморо шӯҳратманд гардонад. Аммо агар чунин шавад, ин танҳо ба шарофати Худост. Ва агар пурра ба Худо такя кунед, агар Худо ба шумо шӯҳрат ва некӯаҳволӣ ато кунад, шумо ҳеҷ гоҳ оиди шӯҳрат ё сарват фикр намекунед. Он барои шумо аҳамияте нахоҳад дошт! Шумо шӯҳрат ва сарватеро, ки Худо додааст, на барои болобардор кардани худ, балки танҳо барои расидан ба мақсадҳои Ӯ истифода мебаред. Китоби Муқаддас ба мо намегӯяд, ки чаро ба Худо чил сол лозим шуд, то ки Мусоро дарҳам шиканад. Аммо мо метавонем боварӣ дошта бошем, ки Худо моро то он дам «шикаст хоҳад дод», ки тамоми ҳисси ранҷиш, адоват ва кина аз ҳаётамон решакан карда шаванд. Барои Худо муҳим нест, ки барои ин раванд чӣ қадар вақт даркор мешавад. Барои Худо муҳим он аст, ки ин раванд ба анҷом расад. Ба Худо чил сол даркор шуд, то дар хислати Мусо дигаргунӣ ба амал оварад ва он чизеро, ки барои пурра ва комилан ба Худованд тааллуқ доштани ӯ монеъ мешуд, решакан намояд. Шояд ин чил сол барои он даркор шуданд, ки дар Миср вазъияти муайян фароҳам ояд. Ё ки халқи Исроил аз ғуломӣ чунон хаставу бемаҷол шавад, ки ҳар роҳбареро, ки Худо диҳад, пайравӣ бикунад. Чунин мафҳуме ҳаст — пуррагии вақти Худо. Дар Навишта мо борҳо мехонем, ки Худо ҳамон вақте амал менамуд, ки «пуррагии вақт фаро мерасид». Мӯҳлатҳои Худо мӯҳлатҳои мо нестанд. Барои Ӯ вақт асбоби ба даст овардани мақсадҳои Худ аст. Чил сол дар муқоиса бо абадият ҳеҷ аст! Ба фикрам, ҳеҷ кадоми мо намехост он чиро, ки Мусо бо он рӯ ба рӯ шуд, аз сар гузаронад. Дарҳам шикаста шудани Мусо душвор ва дарднок буд. Дар давоми чор даҳсола ӯро, чуноне ки гилро дар чархи кулол, гаштаву баргашта лат медоданд, фишор меоварданд ва сайқал медоданд, то даме ки ӯ пурра дигаргун шуд. Он касе ки чил сол пеш буд ва он шахсе ки акнун буд, — ду шахсияти гуногун мебошанд. Аммо Худо маҳз ҳаминро мехост. Ва ҳангоме ки Мусо боз дар назди фиръавн меистод, то ки ибриёнро аз Миср берун оварад, ӯ ба шахсе ки замоне аз назди фиръавн гурехта буд, монандӣ надошт. БАРАКАТИ АЗОБҲО — ҒОЯЕ КИ ДАР ҶАМЪИЯТИ МО ПИСАНДИДА НЕСТ Маданияти мо арзишҳои тамоман дигарро ба мо талқин мекунад. Mo кӯшиш мекунем, ки мустақил бошем, ояндаро ба нақша гирем ва ҳамеша ба мақсадҳои худ бирасем. Маданияти ҳозира ба мо ҳамон гуна таъсире дорад, ки замоне маданияти Миср ба Мусо таъсир дошт. Аммо Худо ба Мусо чизи тамоман дигарро омӯхтан мехост. Дар биёбон ба Мусо лозим омад омӯзад, ки чӣ гуна ба Худо пурра такя кунад ва чӣ гуна он чиро, ки Худо мехоҳад, аниқ ба ҷо оварад. Намунаи беҳтарини боварӣ ба Худо, албатта, Исо буд. Ӯ ба шогирдони Худ мегуфт: «Касе ки Маро дидааст, Падарро дидааст... Суханоне ки Ман ба шумо мегӯям, аз Худ намегӯям, Падаре ки дар Ман сокин аст, Ӯ ин аъмолро мекунад. Ба Ман имон оваред, ки Ман дар Падар ҳастам, ва Падар дар Ман; вагарна, ба хотири он аъмол ба Ман имон оваред» (Юҳ. 14:9–11). Исо бо тамоми ҳаёти Худ нақшаи Худоро ба амал меовард. Худо аз Мусо айнан ҳамин гуна итоаткориро мехост ва Ӯ аз ҳар кадоми мо низ ҳаминро мехоҳад. Касе боре гуфтааст: «Барои он ки ҷон ба Худо рӯ оварад, лаҳзае даркор аст, аммо барои он ки муқаддас гардад, як умр даркор аст». Ба Худованд рӯ овардан ҳақиқатан дар як лаҳза ба амал меояд, аммо барои ба балоғат расидан солҳо даркоранд. Ман бисёр вақт мушоҳида мекунам, ки масеҳиён, чуноне ки худашон меҳисобанд, ба кадом як қуллаҳо расиданӣ мешаванд — ва на танҳо аз ҷиҳати мансабу мартаба ё мақом дар ҷамъият, балки дар ҳаёти масеҳӣ низ. Онҳо кимкадом чизҳоро ҷамъ мекунанд, ба даст меоваранд ва мехаранд. Мансабҳои навро соҳиб шуда, ба маҳфилҳои пӯшида узвият пайдо мекунанд. Дар номаи аъмоли рӯҳонии худ дастовардҳои нав ба навро сабт намуда, рӯйхати тӯлонии хизматҳоро тартиб медиҳанд. Ва ҳамаи ин бо умеде ки боре дар назди Худо ҳозир шуда, гуфта тавонанд: «Нигоҳ кун, Худовандо, ман барои Ту чӣ қадар корҳоро ба ҷо овардаам». Ҳангоме ки Худо моро дарҳам мешиканад, Ӯ моро даъват мекунад, ки ҷамъ накунем, балки озод шавем. Ӯ моро даъват мекунад, ки аз ҳар гуна ашёҳо ва одатҳо, хоҳишҳо ва нақшаҳо озод шавем. Ӯ моро аз «ман»-и мо озод мекунад, то даме ки бигӯем: «Ҳамаи он чи ман дорам, — Ту ҳастӣ, Худованд. Ту дар ман ва ман дар Ту. Ва ин чизи муҳимтарин аст». РАВАНДИ БАЛОҒАТИ РӮҲОНӢ ДАР ҲАЁТИ ШУМО Шояд Худо дар ҳаёти шумо на он гуна амал мекунад, ки Ӯ дар ҳаёти Мусо амал менамуд. Аммо усулҳои Худо дигаргун намешаванд. Пас, Худо аз ҳаёти шумо чиро дур кардан мехоҳад? Ҳангоме ки оиди азобҳои худ андеша меронед, оиди чӣ фикр мекунед? Дар байни Худо ва шумо чи чизест, ки барои пурра ба Ӯ тобеъ шуданатон халал мерасонад? Ба чӣ беш аз Худо такя мекунед? Чиро беш аз Худо дӯст медоред? Ҳамаи касоне ки ман бо онҳо шинос ҳастам, беихтиёр мефаҳманд, ки Худо аз ҳаёташон чиро дур кардан мехоҳад. Шояд онҳо инро бо ҳамон як калимаҳо ифода карда наметавонанд, аммо одатан ба чизе ки ҳаёти худро бе он тасаввур карданашон душвор аст ва метарсанд, ки онро аз даст медиҳанд, ишора мекунанд. Мо бояд якдигарро дӯст дорем. Мо бояд якдигарро қадр намоем. Аммо беш аз ҳама мо бояд Худоро дӯст дорем ва муносибатҳоеро, ки бо Ӯ дорем, қадр намоем. Мо бояд аз рӯи виҷдон кор кунем ва амалҳои некро иҷро намоем. Аммо ҳеҷ гоҳ амалҳоро — ҳатто он амалҳоеро, ки мо «барои Худо» иҷро менамоем — аз муносибатҳо бо Худо болотар гузоштан даркор нест. Мо бояд ба якдигар хизмат кунем ва оиди Масеҳ ба тамоми ҷаҳон бигӯем. Аммо мо ҳеҷ гоҳ набояд хизматгузории худро аз муносибатҳо бо Худо болотар гузорем. Худо моро дарҳам мешиканад... дигаргун мекунад ... ва дар мо кор мекунад, то даме ки ба балоғати рӯҳонӣ бирасем, ҳатто агар ин раванди дуру дароз ва мураккаб бошад ҳам. ТАЙЁРӢ БА ХИЗМАТГУЗОРИИ АЗ ОЛАМИ БОЛО МУҚАРРАРШУДА Худо азобҳоро барои он истифода мебарад, ки моро ба хизмати махсусе ки барои масеҳиёни болиғ муқаррар шудааст, тайёр намояд. Бигузор истилоҳи «хизматгузорӣ» шуморо ҳайрон накунад. Ҳар як масеҳӣ ба хизматгузорие даъват шудааст, ки моҳиятан дар ёрӣ ба дигарон ифода меёбад. Ин тамоман маънои рӯзу шаб дар лоиҳаҳои калисо ё ягон ташкилоти дигари динӣ ҷалбшуда буданро надорад. Боре як зани шинос ба ман гуфт: — Ҳамаи дӯстонам бо ягон хел хизматгузорӣ машғул мебошанд. Аммо ман ҳеҷ кор намекунам. Ман танҳо зан ва модар ҳастам. Ӯ ин суханонро бо табассум мегуфт, гӯё барои дар мақоми соҳибхона буданаш маъзарат мехост. Ман ба вай гуфтам: — Шумо яке аз хизматгузориҳои олиҳимматонаро ба ҷо меоваред. Ӯ бо ҳайрат ба ман менигарист. Ман гуфтам: — Ба ман ягон кореро номбар кунед, ки аз тарбияи кӯдакон дар рӯҳи ҳақиқат масъулияти бештар дошта бошад. Оё ягон хизматгузориро номбар карда метавонед, ки ба ҳамон андозае ки тарбияи кӯдакон талаб мекунад, ҳикмат, имон, сабру тоқат ва муҳаббат талаб кунад. — Ман ҳеҷ гоҳ дар ин бора фикр накарда будам, — иқрор шуд ӯ. Баъд аз хаёлаш гузашт: — пас, ман ҳам хизматгузорӣ мекунам. Албатта. Тамоми ҳаҷми донишҳо ва малакаҳоеро ба худ тасаввур кунед, ки ба кӯдак омӯзондан даркор аст, то ки дар ӯ муҳаббат ба Худо пайдо шавад. Фидокорӣ, вақт, кӯшиш ва донишеро ба худ тасаввур кунед, ки модар бояд нисбат ба фарзанд дошта бошад, албатта агар кӯдакашро парҳезгор ба воя расондан хоҳад. Хизматгузории падару модарро беаҳамият ҳисобидан даркор нест. Агар модари Мусо «ман ҳеҷ гуна хизматгузорӣ надорам» мегуфт, чӣ мешуд? Аммо хизматгузории ӯ яке аз хизматгузориҳои бузуртарини таърих буд — ӯ кӯдакеро ба воя расонд, ки пешвои тамоми халқи Исроил шуд. Маҳз ӯ дар дили Мусо шарораи имонро ба Худо ҷойгир кард, ки Мусо онро ҳеҷ гоҳ гум накарда буд ва пас аз солҳои бисёр аз он алангаи хомӯшнашаванда даргирифт. Ҳар яки мо хизматгузорие дорем. Худо лаёқатҳо ва истеъдодҳои моро медонад ва мехоҳад онҳоро пурра ошкор намояд. Бинобар ин Ӯ барои ҳар кадоми мо роҳи махсуси хизматгузориро муқаррар намудааст. Барои он ки мо таъиноти худро ба ҷо оварда тавонем, Худо моро дар лаҳзаи муайян ба ҷои муайян мегузорад ва бо одамони муайян иҳота мекунад. Мо рӯҳан нумӯ мекунем, то ки ба дигарон қувват ва вақти худро бахшида, хизматгузорӣ намоем. Мусо бояд то ба он дараҷа рӯҳан болиғ мешуд, ки халқи худро аз ғуломии мисрӣ берун оварда, ба он ҷое расонад, ки одамон дар пуррагии ваъдаҳои Худо зиста тавонанд. Худо ба Мусо хизматгузории махсус дод. Ба ҳар кадоми мо низ Ӯ хизматгузории махсус муқаррар мекунад. Шояд шумо пай бурда бошед, ки барои тавсифи хизматгузорӣ ман ибораи «аз олами боло муқарраршуда»-ро истифода бурдам. Ин як сабаб дорад. Агар ин ҳақиқатан хизматгузорӣ бошад, ба маънои пурраи ин сухан, он бояд аз олами боло муқаррар карда шавад, яъне илҳоми илоҳӣ дошта, аз қудрати Худо бархурдор бошад. Хизматгузорӣ «хизмат» аст. Ҳар кӣ метавонад аз ягон ҷиҳат ба наздикони худ хизмат кунад. Аммо барои иҷрои хизмате ки аз олами боло муқаррар шудааст, шахс бояд таҳти роҳнамоии Худо ба дигарон хизмат кунад. Хизмати аз олами боло муқарраршуда қувваи Рӯҳулқудсро металабад. Аммо ҳатмӣ нест, ки хизмати аз олами боло муқарраршуда дар мӯъҷизаҳо ва шифоёбиҳо ифода ёбад. Соҳибкорие ки аз рӯи қонунҳои рӯҳонӣ бунёд мегардад, дар кӯдакон тарбия намудани муҳаббат ба Худо, таълими Инҷил ё сурудхонӣ дар хори калисо, муаллимӣ дар мактаб ё кор дар бемористон — ҳама чиз метавонад хизматгузории аз олами боло муқарраршуда бошад, албатта агар ба хотири ҷалоли Худо ва бо иштироки Рӯҳулқудс карда шавад. Акнун ман баъзе ҷанбаҳои хизмати аз олами боло муқарраршударо зикр мекунам. ХИЗМАТГУЗОРИИ АЗ ОЛАМИ БОЛО МУҚАРРАРШУДА ҲАМЕША МАҚСАДИ АНИҚ ДОРАД Вақте ки Худо моро ба хизматгузорӣ даъват мекунад, ӯ ҳамеша мақсади аниқ дорад. Худо аз хорбуттаи сӯхтаистода ба Мусо муроҷиат намуд: «Ман мехоҳам, ки ту назди фиръавн рафта, бигӯӣ, ки ӯ халқи маро иҷозати рафтан диҳад». Ин мақсади хизматгузории Мусо буд. ХИЗМАТГУЗОРИИ АЗ ОЛАМИ БОЛО МУҚАРРАРШУДА БОВАРИИ ПУРРАРО БА ХУДО МЕТАЛАБАД Вазифае ки Худо ба зиммаи Мусо гузошт, хеле душвор буд. Ва Мусо дарҳол барои худ баҳонае ёфт. Ӯ моҳиятан чунин гуфт: «Худовандо, Ту на он номзадро интихоб намудӣ». Мусо ба Худо гуфт, ки наметавонад дар назди оммаи шунавандагон сухан ронда, супоришро ба ҷо оварад. Баъд ӯ аз Худо хоҳиш намуд, ки барои ин кор ягон каси дигарро ёбад. Бо вуҷуди ин, Мусо ба Худо итоат намуд ва хизматеро, ки Худованд ба ӯ супурда буд, ба ҷо овард. Дар тамоми Навишта шумо ифодаи аз ин кӯтоҳтари фурӯтаниро намеёбед: «Худовандо, ман наметавонам». Аммо Худо аз мо маҳз ҳаминро интизор аст. Бале, мо наметавонем, аммо агар ба Ӯ боварӣ дошта бошем, Ӯ ҳама корро ба ҷо оварда метавонад. Ғам махӯр аз фузунии корҳо, Ки барои иҷрои онҳо қувват надорӣ. Ҳама корҳоро Худам ба ҷо меоварам — Ту танҳо дар Ман бимон. (Ҳадсон Тейлор) Худо аз мо маҳз ҳамин гуна муносибатро интизор аст — боварии пурра. Худо аз Мусо тасдиқи онро талаб менамуд, ки ӯ ба Худованд такя мекунад. Худо ҳеҷ гоҳ намегуфт: «Хайр, Мусо, ту боре ба Ман бовар кардӣ, бинобар ин Ман акнун медонам, ки ту ҳамеша ба ман боварӣ хоҳӣ дошт». Ҳамааш тамоман баръакс буд. Имони Мусо доимо ба озмоишҳо дучор мешуд. Ва озмоишҳо ҳар қадар душвортар бошанд, ба Мусо лозим меомад, ки ҳамон қадар бештар ба Худо такя кунад. Роҳи исроилиён аз Миср ҳар қадар мураккабтар шавад, аз Мусо ҳамон қадар боварии бештар ба Худо талаб карда мешуд. Дар роҳи хизматгузорие ки аз олами боло муқаррар карда шудааст, имони мо ҳамеша ба озмоишҳо дучор хоҳад шуд. Ва Худо ҳамеша моро ба итоати пурра, боварии амиқ ва вафодорӣ ба Ӯ даъват хоҳад намуд. ХИЗМАТГУЗОРИИ АЗ ОЛАМИ БОЛО МУҚАРРАРШУДА БО ҚУВВАИ ХУДО БА ҶО ОВАРДА МЕШАВАД Ба худ тасаввур кунед, ки Мусо вақти шунидани фармони Худо чиро ҳис мекард! «Кӣ? Ман? Чӯпон?! Ба қасри фиръавн равам, — ба он ҷое ки маро барои куштор ҷустуҷӯ доранд ва ба фиръавн бигӯям, ки ғуломонашро иҷозати рафтан диҳад? Қариб се миллион касро ба по хезонам, то ки хонаҳои худро тарк карда, ба он ҷое раванд, ки ҳеҷ гоҳ набуданд?» Вазифае ки Худо ба зиммаи Мусо гузошт, оддӣ набуд. Гоҳо хизматгузорие ки Худо моро ба он даъват мекунад, иҷронашаванда метобад. Аммо ин як қисми нақшаи Худост. Худо мехоҳад, ки мо пурра ба Ӯ такя кунем. Агар хизматгузориро бо қувва ва хиради худ ба ҷо оварда метавонистем, мо ба Худо эҳтиёҷ намедоштем ва хизматгузории мо махсус, аз олами боло муқарраршуда намебуд. Худо ба Мусо аниқ гуфт: «Ман онҳоро озод мекунам». Мусо фақат бояд бо фиръавн гап мезад, озод кардан бошад кори Худо буд. Худо Мусоро назди фиръавн фиристода, ба ӯ танҳо асои чӯпониро дод. Ин асо рамзи ҳузури Худо буд. Ҳамаи он чи Мусо ба он такя карда метавонист, дур карда шуда буд. Ӯ танҳо бояд ба Худо умед мебаст. Агар Худо он тавре намекард, ки ваъда дода буд, ҳеҷ чиз рӯй намедод. Асо дар дасти Мусо мӯъҷизаосо буд, чунки онро Худо ҳамин тавр кард. Ва ҳамаи он чи бо ҳаракати дастони Мусо ба амал меомад, ба Мусо ҳеҷ муносибате надошт — ӯ танҳо он чиро, ки Худо ба ӯ мегуфт, ба ҷо меовард. Фиръавн на аз боиси Мусо боварӣ ҳосил намуд. Обҳои баҳри Қулзумро на Мусо аз ҳам ҷудо кард. Одамонро на ӯ бо хӯрок таъмин менамуд ва об медод. На ӯ дар биёбон роҳ мекушод. Ҳамаи инро Худо мекард. Худо барои ҳамаи корҳои Мусо ва барои ҳамаи эҳтиёҷоти халқи Исроил масъулиятро ба Худ гирифт. Мусо фақат ба Худо итоат менамуд. Хизматгузорӣ ҳамеша ба ин принсип тобеъ мебошад. Шояд мо кишт мекунем. Аммо Худо мерӯёнад. Мо метавонем захмро бандем ё дору диҳем. Аммо шифоро Худо медиҳад. Мо метавонем самимона дуо кунем. Аммо мӯъҷизаро Худо ба амал меоварад. Мо ҳама кори аз дастамон меомадаро мекунем, аммо Худо кори ғайриимконро мекунад! Тасаввур кунед, чунин миқдори зиёди одамонро аз Миср ва Канъон бурдан то чӣ андоза кори душвор буд. Ба Мусо лозим меомад онҳоро ба гап дарорад, то ки роҳро давом диҳанд. Ӯ бояд дар хусуси хӯрок, об ва ҳамаи он чи ҳангоми сафари дуру дароз дар биёбон даркор мешавад, фикр мекард! Молу ҳолро чӣ тавр бурдан даркор аст? Бо беморон чӣ бояд кард? Бо ақибмондагон? Бо исёнкорон? Шубҳае нест, ки Мусо таҷрибаи чӯпонии худро, ки дар биёбон ба даст оварда буд, қадр карда тавонист. Аммо Худо гуфт: «Ман бо ту ҳастам. Ман чунин мекунам, ки сарварони халқи Исроил ба ту гӯш мекунанд. Ман дасти Худро дароз карда, мисриёнро бо мӯъҷизаҳои Худ зарба хоҳам зад. Пас аз ин фиръавн шуморо иҷозати рафтан медиҳад. Ман чунин мекунам, ки мисриён ба шумо ёрӣ медиҳанд, бинобар ин аз Миср дастхолӣ намеравед» (ниг.: Хур. 3:12–22). Ҳар боре ки Худо моро ба хизматгузорӣ даъват мекунад, Ӯ ҳамон суханонро мегӯяд: «Ман Ҳамонам, ки ҳамаи инро мекунад. Ман ин масъаларо ҳал мекунам. Шумо фақат бояд он чиро, ки ба шумо мегӯям, ба ҷо оваред. Боқимондаашро ман ба ҷо меоварам». Ҳамаи он чи барои иҷрои вазифаи мо даркор аст, дар дасти Ӯст. Ӯ ба воситаи мо қувваи Худро зоҳир мекунад, то ки ҳамаи нақшаҳои Ӯ амалӣ гарданд. ХИЗМАТГУЗОРИИ АЗ ОЛАМИ БОЛО МУҚАРРАРШУДА БА АТРОФИЁН ТАЪСИР МЕРАСОНАД Танҳо Худо метавонист Мусоро рӯҳан устувор кунад. Худи ҳамин ба ҳамаи исроилиён дахл дошт. Танҳо Худо метавонист халқи Худро аз ҳама чизи бегона, ки онро дар Миср аз худ карда буд, фориғ намояд. Барои ин Ӯ ба онҳо Шариатро дод ва аз душманон ҳимоя намуда, аз осмон нон доду бо роҳи биёбон пеш бурд. Худо ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёти онҳо дохил шуда, онҳоро дарҳам мешикаст ва чунон дигаргун менамуд, ки онҳо халқи махсус, халқи баргузида шаванд. Худо ибриёнро аз ҷаҳони бутпарасти атроф ҷудо кард, чуноне ки замоне Мусоро ҷудо карда буд. Ӯ онҳоро ба анъанаҳои нав, расму оини нав, парастиши нав ва тарзи зиндагии нав даъват намуд. Зиёда аз ин, Худо ба исроилиён фармуд, ки бо касоне ки Худои ягона ва ҳақиқиро намепарастанд, ҳатто муошират накунанд. Худованд иқтисоди нав, тарзи зиндагии нав ва маҷмӯи нави қонуну қоидаҳоро бунёд намуд. Тасодуфӣ нест, ки вақти дар биёбон гузарондаи Мусо ва вақти дар биёбон гузарондаи халқи Исроил як хел аст — чил сол. Худо дар Мусо ҳамаи он чиро, ки бо анъанаҳо ва маданияти мисриён алоқаманд буд, нобуд кард ва ӯро пешвои халқи Исроил таъин намуд. Ва акнун Худо исроилиёнро аз ҳама чизи мисрӣ фориғ мекард, то ки аз онҳо халқи баргузидаи Худро ба вуҷуд оварад. Худо, чунон ки замоне бо Мусо карда буд, ба исроилиён аломати дар байни онҳо ҳузур доштани Худро дод — рӯзона сутуни абр ва шабона сутуни оташ. Ҳангоме ки исроилиён ниҳоят ба замини ваъдашудаи Худо омаданд, метавонистанд боварӣ ҳосил кунанд, ки Худо ба каломи Худ вафодор аст. Ҳамаи душманонашон мағлуб карда шуданд. Деворҳои Ериҳӯ аз садои карнайҳо ва нидоҳои одамон фурӯ ғалтиданд. Дар ҳар як муҳориба Худо ба онҳо пирӯзӣ медод, вале чунон ки тамоми ҷалол танҳо ба Ӯ тааллуқ дошта бошад. Аммо ин ҳанӯз ҳамааш нест. Чаро Худо одамонро ба ҳолати балоғати рӯҳонӣ меоварад? Ҷавоб ҳамон аст — барои хизмате ки аз олами боло муқаррар шудааст. Боре Худо ба Иброҳим гуфт, ки ба воситаи ӯ ҳамаи халқҳо Худоро хоҳанд шинохт. Халқи Худо бояд барои ҳамаи халқҳо нур шавад (ниг.: Иш. 42:6 ва 49:6). Чӣ мақсади олиро Худо ба ибриён нишон дод! Ва боз, чун дар мавриди Мусо, дар назди одамон вазифаи мураккаб гузошта шуда буд. Худо мегӯяд: «Агар он чиро, ки Ман ба шумо мефармоям, ба ҷо оваред... агар дар ҳама чиз ба Ман итоаткор бошед... Ман шуморо баракат хоҳам дод.... ва шумо баракат хоҳед буд». Худо моро дарҳам мешиканад, шифо медиҳад ва барои рӯҳан нумӯ кардан ёрӣ мерасонад, то ки барои мақсадҳои Худ истифода барад. Ба воситаи мо Худо дигар одамонро шифо хоҳад дод. Худо моро таълим медиҳад, то ки мо дигаронро таълим дода тавонем. Худо ба мо ҳикмат ва заковат медиҳад, то ки ин ҳикматро ба дигарон расонда тавонем. Худо моро тасалло медиҳад ва рӯҳбаланд менамояд, то ки мо ба атрофиён тасалло ва рӯҳбаландӣ оварда тавонем. Худо ба мо атоҳои рӯҳонӣ медиҳад, то ки мо ба эҳтиёҷмандон хизмат карда тавонем. Худо моро аз ҷиҳати молиявӣ баракат медиҳад, то ки мо ба онҳое ки нури Инҷилро ба ҷаҳон мебаранд, ёрӣ расонда тавонем. ХИЗМАТГУЗОРИИ АЗ ОЛАМИ БОЛО МУҚАРРАРШУДА ТАЛАБ МЕКУНАД, КИ ХУДРО ПУРРА БА ОН БАХШЕМ Одамоне ки аз байни азобҳо гузаштаанд, ба фидокорӣ тайёранд. Фидокорӣ қисми ҷудонашавандаи лаёқати хизматгузорӣ аст. Хизматгузории аз ҷониби Худо муқарраршуда ҳеҷ гоҳ бепарвоёна ё бе шавқу ҳавас ба ҷо оварда намешавад. Он аз мо талаб мекунад, ки худро пурра ба хизмат бахшем, онро дӯст дорем ва ба он беандоза вафодор бошем. Халқи Исроил гаштаву баргашта бар зидди Мусо исён мекард, ки ин моҳиятан исён бар зидди Худи Худо буд. Ва Mусо якчанд бор бо ноумедӣ нидо мекард: «Бо ин халқи гарданкаш ва сангдил чӣ кор кунам?» Аммо Худо кореро, ки сар карда буд, давом медод ва на Мусоро тарк мекарду на халқро. Ӯ ба Мусо қувват медод, ки ноумедиро бартараф кунад ва боз одамонро аз паси худ бибарад. Агар мо худро ба наздиконамон бахшида натавонем, хизматгузории аз олами боло муқарраршударо ба ҷо оварда наметавонем. Ин гуна хизматгузорӣ аз мо талаб мекунад, ки муҳаббат ва вақти худро ба одамон диҳем, ба онҳо ҳамдардӣ кунем ва ба кори худ вафодор бошем. Он талаб мекунад, ки мо ҳеҷ чизро барои худ нигоҳ надорем. Худо мехоҳад, ки мо ба дигарон хизмат кунем ва интизори он набошем, ки ягон вақт касе ба мо хизмат хоҳад кард. Исо таълим медод, ки агар касе ба бузургӣ расидан хоҳад, бояд хизматгор яъне ходим шавад. Хизматгузорӣ бояд қисми зиндагии мо шавад. Маънои хизматгузориро дар намунаи гулдон ва сатил нишон додан мумкин аст. Гулдони гаронбаҳоеро ба худ тасаввур кунед, ки якчaнд ҳазор доллар арзиш дорад ва онро дар ҷои аз ҳама намоён гузоштаанд, то ки ҳамаи меҳмонон онро дида, гуфта тавонанд: «Оҳ, ин гулдон чӣ гуна зебост!» Акнун сатили ҳафтлитраро тасаввур кунед, ки бо он об мекашонанд, то ки ташнагон об нӯшанд. Дар кори хизматгузорӣ низ мо ҳамин чизро мушоҳида карда метавонем. Касе мехоҳад дар маркази диққат бошад, аз зебоии худ фахр кунад ва нигоҳҳои пурваҷди мухлисонро қабул намояд. Каси дигар аз худпарастӣ озод шуда ва бо муҳаббат пур гашта, қарор медиҳад, ки «сатил» шавад, то ки ба дигарон хизмат кунад. Мо набояд аз кори ифлос тарсем. Мо набояд аз душвориҳо ва мушкилот тарсем. Мо бояд тайёр бошем, ки остин барзада, ба кор шурӯъ намоем. Мо бояд ба фидокорӣ тайёр бошем. Мо бояд тайёр бошем, ки барои дигарон азоб кашем. Бе дард ва азобҳо рӯҳан нумӯ кардан имкон надорад. Хизматгузории аз олами боло муқарраршударо бе хоҳиши паси сар кардани ҳама гуна мушкилот ба ҷо овардан мумкин нест. Аммо онҳоро паси сар карда, мо хурсанд мешавем — аз он ки Худо бо мост. Худованд дар мо ва ба воситаи мо aмал мекунад ва Худо аз мо қаноатманд аст. Бидонед дӯстон, ки ҳеҷ чиз бо ин хурсандӣ баробар шуда наметавонад. Хизмати Мусо осон набуд. Ба ӯ мардонагии зиёд даркор буд, то ки назди фиръавн омада, оиди зарбаи навбатӣ, ки ба Миср таҳдид менамояд, эълон кунад. Ҳангоме ки лашкари мисриён наздик меомад ва ӯ дар назди баҳри Қулзум буда, ҳеҷ гуна гузаргоҳро надид, ба ӯ имони зиёд даркор шуд. Ҳамчунин ба ӯ сабру тоқати зиёд лозим шуд, то ки ба норозигиҳои доимӣ ва шикваҳои халқи Исроил тоб оварад. Агар Мусо аз ин роҳи дарҳам шикаста шудан ва азобҳо намегузашт, ҳеҷ гоҳ он хизматеро ки Худо ба зиммаи ӯ вогузошта буд, ба ҷо оварда наметавонист. Агар дар назди Худо сар хам накунем ва итоаткор набошем, мо ҳеҷ кори назаррас карда наметавонем. Худо хизматгузории махсусро на барои он медиҳад, ки мо бори дигар ҳама чизро бо қувваи худ ба ҷо оварданӣ шавем. Не! Худо даъват мекунад, ки мо ҳаёти худро доимо ва ҳар рӯз ба Ӯ диҳем. Мо бояд ба Ӯ пурра итоат намоем ва пурра вафодор бошем. Касе боре гуфтааст: «Наҷотёфта будан барои ман кифоят мекунад. Як илоҷ карда, то дари биҳишт расида тавонам, бас аст». «Инро бинед-а! — фикр кардам ман. — Чӣ хатои фоҷиавӣ!» Худо моро на барои он наҷот медиҳад, ки мо то Подшоҳии Осмон «як илоҷ карда расем». Ӯ моро барои он наҷот медиҳад, ки одамони рӯҳан болиғ шавем ва ба Ӯ дар амалӣ гардондани нақшаҳо ва мақсадҳояш ёрӣ диҳем. Қисми писандидаи хизматгузории аз олами боло муқарраршуда аз он иборат аст, ки ин кор ҳаётамонро бо ҳисси ҳайратовар, маъно ва аҳамиятнокии махсус пур мекунад. Бисёр одамон тамоми умр ба худ ҳамон як саволро медиҳанд: «Ман ба хотири чӣ зиндагӣ мекунам?» Агар Худо шуморо дарҳам шикаста бошад, агар ҳис карда бошед, ки ӯ шуморо шифо додааст ва барои рӯҳан нумӯ карданатон ёрӣ расондааст, ҷавоби ин саволро медонед. Мо барои он таваллуд мешавем, ки Худо моро барои ҷалоли Худ истифода бурда тавонад! Мо барои он зиндагӣ мекунем, ки Худо моро ба хизматгузории махсус даъват намуда тавонад, ки он ба амалӣ гаштани нақшаҳои Ӯ нисбати тамоми инсоният мусоидат хоҳад кард. Мо барои он зиндагӣ мекунем, ки баракатҳои Худоро қабул намоем ва барои атрофиён баракат гардем. Aгар мо таъиноти худро дарк намуда, барои иҷрои он кӯшиш намоем, ба ҳеҷ кас лозим намеояд, ки пагоҳиҳо моро бедор кунад. Мо бесаброна рӯзи навро интизор хоҳем буд, то ки ба иҷрои мақсадҳое ки дар назди мо Худо мегузорад, наздик шавем. Ҳар як қадам ба мо хурсандӣ ва хоҳишеро хоҳад овард, ки ҳарчи бештар худро ба кори Худо дода, умедвор шавем, ки Ӯ дар бораи натиҷааш ғамхорӣ хоҳад кард. Аммо дар аввал мо бояд розӣ шавем, ки аз азобҳо гузарем, дарҳам шикаста шавем, ба дигаргуншавӣ сар кунем ва нумӯ намоем. Пеш аз он ки Худо моро ба таври бештарин истифода бурда тавонад, Ӯ бояд донад, ки мо пурра ба Ӯ тааллуқ дорем. БОБИ 7. РАВАНДИ ДАРҲАМ ШИКАСТА ШУДАН Дарҳам шикаста шудан аз нуқтаи назари Худо раванди хеле муназзам аст. Мо дар ин раванд танҳо бетартибиро мебинем — мо дард, изтироб ва ноумедиро ҳис мекунем. Аммо Худо ба вазъиятҳои зиндагӣ чунин муносибат намекунад. Ӯ ҳанӯз пеш аз рӯй додани воқеа хуб медонад, ки бо мо чӣ рӯй медиҳад ва Ӯ ба воситаи ин вазъиятҳо амал менамояд, то ки нақшаҳои Худро амалӣ гардонад. Худо ҳеҷ гоҳ раванди дарҳам шикаста шуданро беназорат намегузорад. Ҳаёти ҳавворӣ Петрус намунаи хуби ин мебошад. Воқеаи машҳуртарини ҳаёти ӯ ҳамон аст, ки дар арафаи ба салиб кашида шудани Исо рӯй дода буд. Он шаб Петрус аз пайи Масеҳи ҳабсшуда аз боғи Ҷатсамонӣ то худи хонаи саркоҳин рафт. Ҳангоме ки ӯ ба ҳавлии хона даромад, яке аз хизматгорони саркоҳин ба Петрус бо диққат нигариста, гуфт: «Ин шахс ҳамроҳи Ӯ буд». Аммо Петрус дарҳол инкор карда, гуфт, ки ҳеҷ гуна Исоро намешиносад. Андаке дертар боз касе Петрусро дида, ба ӯ гуфт: «Ту яке аз онҳо ҳастӣ». Ва боз Петрус ин суханонро рад кард. Баъди муддате бори сеюм Петрусро муттаҳам карданӣ шуданд, ки ӯ ҳамроҳи Исо буд. Петрус ҷавоб дод: «Намефаҳмам, ки дар бораи чӣ мегӯед!» Дар ҳамин лаҳза, ҳангоме ки Петрус бори дигар шиносоияшро бо Исо инкор кард, хурӯс бонг зад. Исо пешгӯӣ карда буд, ки пеш аз он ки субҳидам хурӯс бонг занад, Петрус Ӯро се бор инкор мекунад. Ва ҳамааш маҳз ҳамон тавре ки Исо пешгӯӣ карда буд, рӯй дод (ниг.: Луқ. 22:54–62). Петрус шахси ғайриоддӣ буд. Ӯ хеле болаёқат буд. Дар Инҷилҳо Петрус хеле бештар аз ҳаввориёни дигар зикр мешавад. Оиди ӯ дар Китоби Аъмол ва низ дар Номаҳо бисёр гуфта шудааст. Ӯ сарваре дар байни сарварон буд. Дар баробари Яъқуб ва Юҳанно, Петрус ба доираи шахсоне тааллуқ дошт, ки ба Исо хеле наздик буданд. Ӯ шахсе буд, ки дар лаҳзаҳои фоҷиавитарини ҳаёти Исо ҳамроҳи Ӯ буд. Петрус моҳигир буд — импулсивӣ, қавиирода, ошкоро ва ҷисман боқувват. Метавон илова намуд, ки Ӯ шахси худпараст буд. Пас, саволе ба миён меояд, ки чаро Исо Петрус барин шахсро интихоб намуд. Исо Петрусро бо ҳамон ниятҳое интихоб намуд, ки Худо мову шуморо интихоб мекунад — Ӯ мебинад, ки мо чӣ лаёқатҳо дорем. Худо моро аз боиси имкониятҳои ба Масеҳ монанд шудан интихоб менамояд. Исо Петрусро аз он сабаб интихоб кард, ки боварӣ дошт, ки шахсеро ёфтааст, ки ба воситаи Ӯ амал карда метавонад. Петрусро интихоб намуда, Исо нақшаи махсус дошт — Ӯ интихобкардаи Худро ба хизматгузории махсус тайёр мекард. Дар ҳаёти Петрус, чун дар ҳаёти ҳар яки мо, соҳаҳое буданд, ки дар онҳо дарҳам шикаста шудан ва дигаргуншавӣ даркор буданд. Исо қарор дод, ки дар ҳаёти Петрус ба таври қатъӣ амал намояд ва боре гуфт: «Ман номи туро дигар мекунам». Исо ба Петрус номи нав дода, ҳамаи он чиро, ки бо Шимъӯн алоқаманд буд, барҳам зад — зеро Петрусро пеш аз он ки Исо ӯро даъват кунад, маҳз ҳамин тавр меномиданд. Ҳамин тавр Шимъӯни моҳигир ба ҳавворӣ Петрус табдил ёфтан гирифт. Дар ҳаёти ҳар яки мо, чун дар ҳаёти Петрус, чор қисми таркибии асосии раванди дарҳам шикаста шудан дида мешаванд. ХУДО ОБЪЕКТИ ДАРҲАМ ШИКАСТАНРО МЕҶӮЯД Худо ҳамеша дар ҳаёти мо он чиро, ки дарҳам шикастан даркор аст, меёбад. Ҳар яки мо ҷиҳатҳои қавӣ ва суст дорад. Ва аксар вақт чунин мешавад, ки Худо маҳз он чиро, ки мо дар он худро қавӣ меҳисобем, дар ҳам мешиканад. Чаро? Зеро дар он ҷое ки мо қувваи худро ҳис мекунем, афзалияти Худоро эътироф намудан ба мо хос нест. Ҳангоме ки мо сустиҳоямонро пай мебарем, ба Худованд бо чунин суханон рӯ меоварем: «Худоё, ман дар ин соҳа суст ҳастам, бинобар ин Ту қувваи ман бош». Аммо дар он ҷое ки ба фикрамон, қавӣ ҳастем, мо мегӯем: «Хайр, аз ӯҳдаи ин кор худам мебароям». Ва мо барои ёрӣ ва маслиҳат ба Худо муроҷиат намекунем. Масалан, имкон дорад, ки муаллим ё нотиқи боистеъдод барои тайёрӣ ба дарси мактаби якшанбегӣ ё мавъиза дар калисо аз Худо ёрӣ напурсад. Аммо агар ба касе ки ҳеҷ гоҳ дарс надодааст ва дар назди оммаи шунавандагон баромад накардааст, пешниҳод кунем, ки дарс гузаронад ё дар ҷамъомад баромад кунад, эҳтимоли қавӣ меравад, ки ин шахс аз Худо хоҳиш мекунад, то Ӯ ба вай ёрӣ диҳад. Ҳар яки мо оиди ҷаҳон одатҳои худ ва нуқтаи назари худро дорем. Ва агар онҳо ба нақшаи Худо ихтилоф дошта бошанд, онҳо объекти дахолати Ӯ мегарданд. Маҳз ҳамин объектҳоро Худо дарҳам мешиканад. Масалан, Худо ҳамеша ба бутпарастӣ, хасисӣ, ҳама намудҳои вобастагӣ ва хурофотҳои нажодӣ муқобилат мекунад. Ҳар яки мо хоҳишҳои худро дорем. Аммо агар мо чизеро то ба он дараҷа хоҳон бошем, ки онро аз муносибатҳоямон бо Худо болотар гузорем, чунин хоҳиш объекти дарҳам шикастан хоҳад буд. Пурра имконпазир аст, ки дар мавҷуд будани чунин хоҳишҳо иқрор шудан душвор аст. Он гоҳ аз худ пурсидан даркор аст: «Ман беш аз ҳама оиди чӣ орзу мекунам?» Предмети орзуҳо ва андешаҳои мо ҳамин гуна объект буда метавонад. Агар ин андешаҳо моро то ба он андоза фаро гиранд, ки мо шинохтани Худо ва ба Ӯ хизмат карданро фаромӯш кунем, Худо ҳатман дахолат мекунад. Дар ҳар як лаҳзаи ҳаётамон Худо он чиро, ки ба муносибатҳои мову Ӯ хатари бештар дорад, ҷудо мекунад. Ҳангоме ки Ӯ моро аз чизе маҳрум мекунад, ки бароямон такягоҳ аст ё мо онро дӯст медорем, мо аксаран рӯҳафтода мешавем. Аммо Худо моро аз он чиз маҳрум мекунад, ки дар мо дилбастагии носолимро ба вуҷуд меоварад. Гап дар он нест, ки Худо намехоҳад, ки мо касеро дӯст дорем ё ба ӯ боварӣ дошта бошем — не! Худо танҳо намехоҳад, ки мо чизеро бештар аз он дӯст дорем, ки Ӯро дӯст медорем, ё ба чизе бештар аз он такя кунем, ки ба Ӯ такя мекунем. Дар Навиштаҷот борҳо ибораи «рашки Худованд» такрор мешавад. Рашки Ӯ ба майлҳо, хоҳишҳои мо, ба он чи мо дӯст медорем ва вақти худро ба он мебахшем, равона карда шудааст. Ӯ мехоҳад, ки афзалият ба Ӯ тааллуқ дошта бошад. Рашк хоҳиши гарму ҷӯшони ҳимоя намудани он чизест, ки қонунан ба мо тааллуқ дорад. Шавҳар зани худро нисбати касоне ки ба оиладории онҳо халал мерасонанд, рашк карда метавонад, зеро зан қонунан ба ӯ тааллуқ дорад. Дар навбати худ, зан низ метавонад дар ҳамон асос ба шавҳараш рашк кунад. Вақте касе чизеро, ки ба мо тааллуқ дорад, аз мо гирифтанӣ мешавад, мо рашк мекунем. Ҳасад, баръакс, ба он чи аз они мо нест, равона карда шудааст. Агар мо хоҳони чизе шавем, ки ба дигарон тааллуқ дорад, мо ҳасад мебарем. Мо ба Худо тааллуқ дорем. Ӯ Офаридгори мост ва мо офаридаҳои Ӯ, фарзандони Ӯ ҳастем. Ӯ моро нисбати ҳама чизе ки диққатамонро аз Ӯ дур мекунад ва дар ҳаёти мо ҷои Ӯро гирифтанӣ мешавад, рашк мекунад. Худованд мехоҳад, ки мо пурра ба Ӯ такя кунем. Ӯ мехоҳад, ки диққатамонро ҳеҷ чиз аз Ӯ дур накунад. Худо ҳама чизро — ҳатто чизи бароямон азиз ва арзишнокеро, ки моро аз муҳаббати Ӯ ҷудо карда, байни мову Ӯ монеа мегардад, дарҳам мешиканад ва аз ҳаёти мо дур мекунад. Мо қариб ҳамеша медонем, ки Худо чиро ба нишон хоҳад гирифт. Ман тахмин мекунам, ки ҳозир ин сатрҳоро хонда, шумо аллакай пай бурдаед, ки оиди чӣ чиз дар ҳаёти шумо чунин гуфтан мумкин аст: «Аз афташ, Худо бо ин розӣ намешавад ва аллакай нақшаи дарҳам шикастанро тартиб додааст». Мо медонем, ки чӣ чиз байни мову Худо истодааст ва чӣ чиз барои озодона зоҳир шудани Рӯҳи Худо дар ҳаёти мо халал мерасонад. Мо медонем, ки чӣ чиз барои шаҳодат додан оиди Масеҳ ва ё бар гуноҳ ғолиб омадан халал мерасонад. Мо медонем, ки чӣ чиз диққати моро пурра фаро мегирад, осоиши моро барҳам мезанад ё барои равшан фикр кардан халал мерасонад. Албатта, Худо низ инро медонад. Фақат Худо назар ба мо дуртарро мебинад. Исо дар ҳаёти Петрус якчанд мушкилотро медид. Дар боби 14-уми Инҷили Матто мо мехонем, ки Исо бар болои об қадам зада, назди шогирдони Худ мерафт. Исоро дида, ҳамаи шогирдон тарсиданд. Петрус гуфт: «Худовандо, агар ин Туӣ, амр деҳ, ки ман бар болои об назди Ту равам». Исо ба ӯ ҷавоб дод: «Биё». Аммо ҳангоме ки Патрус аз қаиқ берун омада, бар болои об сӯи Исо қадам зад, талотуми мавҷҳо ва бод диққати ӯро ба худ кашиданд. Ӯро тарс фаро гирифт. Петрус ғарқ шудан гирифт ва фарёд зад: «Худовандо, Маро халос кун!» (Мат. 14:22–30). Исо медонист, ки Петруси импулсивӣ ва табиатан тағйирёбанда гоҳ аз имон афрӯхта мешуд, гоҳ ба тарс дода мешуд. Исо мебоист ин бандҳои тарсро мешикаст, то ки Петрус собитқадамона аз пайи Ӯ рафта тавонад. Дар боби 16-уми Инҷили Матто мо мехонем, ки Исо ба Петрус ва дигар шогирдон мефаҳмонд, ки Ӯ бояд ба Ӯршалим равад ва дар он ҷо аз дасти сарварон, саркоҳинон ва муаллимони шариат азоб кашида, кушта шавад ва дар рӯзи сеюм аз мурдагон бархезад. Петрус Исоро ба як сӯ бурда, аз ин кор боздоштанӣ шуд: «Ин бо Ту ҳаргиз рӯй надиҳад!» Инро шунида, ба Петрус гуфт: «Дур шав аз ман, эй шайтон! Ту васвасакоре барои Ман ҳастӣ, зеро на дар бораи амру наҳйи Худо, балки аз чизҳои инсонӣ андеша мекунӣ» (Мат. 16:21–23). Исо медонист, ки лозим меояд дар Петрус хоҳиши ба таври худ иҷро намудани ҳама корро дарҳам шиканад. Боре Петрус аз Исо пурсид: «Худовандо! Чанд бор ба бародари худ, ки нисбат ба ман гуноҳ карда бошад, афв намоям?» Петрус гумон мекард, ки беҳад олиҳиммат аст. Аммо Исо ҷавоб дод: «Ба ту намегӯям: “То ҳафт бор”, балки то ҳафтод карат ҳафт бор» (Мат. 18:21–22). Исо медонист, ки бояд худписандии Петрусро дарҳам шиканад ва онро бо лаёқати беохир раҳм намудан ва бахшидан иваз кунад. Дар боби 13-уми Инҷили Юҳанно тасвир ёфтааст, ки Исо пойҳои Петрусро шустанӣ буд. Он бегоҳ Петрус ба Исо эътироз намуд: «Пойҳои маро ҳаргиз нахоҳӣ шуст!» Исо ҷавоб дод: «Агар туро нашӯям, туро бо Ман ҳиссае нест». Исо медонист, ки ғурури Петрусро дарҳам шикастан лозим меояд. Дар боби 26-уми Инҷили Матто навишта шудааст, ки Исо ба шогирдон мегуфт: «Ҳамаи шумо имшаб дар ҳаққи Ман ба васваса хоҳед афтод, зеро навишта шудааст: “Чӯпонро мезанам ва гӯсфандони рама пароканда хоҳанд шуд”. Аммо пас аз эҳё шуданам, пеш аз шумо ба Ҷалил хоҳам рафт». Он гоҳ Петрус гуфт: «...агар ҳама дар ҳаққи Ту ба васваса афтанд ҳам, ман ҳаргиз намеафтам». Ӯ қасам мехӯрд, ки беҳтараш ҳамроҳи Исо мемирад, аммо аз Ӯ даст намекашад (ниг.: Мат. 26:31–35). Исо медонист, ки бояд худдонамии Петрусро дарҳам шиканад, зеро ӯ чунин меҳисобид, ки пешгӯиҳои Исо оиди бевафоӣ ба ӯ дахл надоранд. Дар боби 22-юми Инҷили Луқо тасвир ёфтааст, ки гурӯҳи одамони мусаллаҳ ба боғи Ҷантсамонӣ меоянд, то ки Исоро ҳабс кунанд. Инак Яҳудо Масеҳро бӯсаи хиёнаткорона мекунад ва баъд аз он Исоро ҳабс мекунанд. Петрус қарор медиҳад, ки Исоро ҳимоя кунад ва шамшерро гирифта, гӯши хизматгори саркоҳинро мебурад. Аммо Исо ӯро боздошта, мегӯяд: «Бас аст». Сипас Ӯ ба гӯши хизматгор даст расонда, ӯро шифо медиҳад. Ва боз Петрус дарҳам шикаста шуд. Ҳар дафъа Исо ба ғурур, худпарастӣ ва худдонамии Петрус ҳуҷум меовард. Дар ҳаёти мо низ Исо ҳамон корро хоҳад кард. Худо дар ҳаёти мо он чиро хоҳад ёфт, ки барои ба Ӯ пурра такя кардан халал мерасонад. ХУДО ВАЗЪИЯТҲОИ МУАЙЯНРО БА ВУҶУД МЕОВАРАД Ҳамаи вазъиятҳои ҳаётӣ, ки боиси дарҳам шикаста шудан мегарданд ва интихоби объекти дарҳам шикастан пурра дар ихтиёри Худо мебошанд. Барои чӣ Исо дар болои об қадам мезад? Ба як маъно Ӯ вазъиятеро ба вуҷуд овард, ки дар он Петрус ва дигар шогирдон бо ёрии имон паси сар кардани тарсро омӯхта метавонистанд. Чаро Исо оиди он пешгӯӣ кард, ки шогирдон аз Ӯ даст мекашанд? Шояд, Ӯ вазъиятеро ба вуҷуд меовард, ки дар он Петрус ҳавобаландии худро дарк карда тавонад. Ҳамаи ин вазъиятҳо, бе шубҳа, ба Петрус хуш намеомаданд. Ғайр аз ин, ҳар боре ки Исо ба иззати нафси Петрус ва худпарастии ӯ мерасид, Ӯ ин корро дар назди ҳама мекард. Ба Петрус лозим омад, ки барои инкор кардани Исо сахт афсӯсу надомат кунад. Петрус азоб мекашид. Ӯ дар дилшикастагӣ ва дарки он ки ба Худо имони кам дошт, тасалло намеёфт. Агар мо на ба Худо, балки ба ягон чиз бештар такя кунем, агар он чизеро ки на аз Худост, амиқтар дарк кунем ва сахттар дӯст дорем, пас, эҳтимоли қавӣ меравад, ки дарҳам шикаста шудани мо дар назди омма хоҳад буд. Худо моро бо воситаҳои гуногун дарҳам мешиканад. Гоҳо Ӯ ҳамаи вазъиятҳоро чунон тартиб медиҳад, ки мо иродаи Ӯро равшан мебинем. Аммо гоҳо Ӯ имкон медиҳад, ки бо роҳи гуноҳ, ки худамон интихоб кардаем, равем. Ӯ ба мо имкон медиҳад, ки худамон дар ҳамаи ин ғӯтавар шавем. Ин махсусан ба гуноҳ зидди дигарон дахл дорад. Чунин гуноҳ ҳамеша ошкор карда хоҳад шуд. Шахсе ки бо порнография ё фосиқӣ машғул аст, дар охир, ҳангоме ки гуноҳаш ошкор мешавад, азоб хоҳад кашид. Касе ки бо роҳи фиреб пули дигаронро аз худ ё исроф мекунад дер ё зуд ба зиндон меафтад. Дар чуни маврид Худо лозим намеояд, ки вазъиятҳои махсус ба вуҷуд оварад — худи шахс фурӯ ғалтиданашро тайёр мекунад. Ман мардеро мешинохтам, ки бо котибааш ба занаш хиёнат мекард. Ҳангоме ки ҳамааш ошкор шуд, ӯ хеле рӯҳафтода шуда буд. Ин шахс одат карда буд, ки ҳама чиз таҳти назорати ӯ бошад — вазъиятҳо, эҳсосот, болоравӣ дар вазифа. Ҳаёти худро комилан идора карданӣ шуда, ӯ аксар вақт манфиатҳои атрофиёнро сарфи назар мекард ва онҳоро ба манфиати худ истифода бурда, пеш мерафт. Аммо ногоҳ воқеаҳо аз зери назорати ӯ берун баромаданд. Дар пеши назар тамоми ҳаёташ барҳам мехӯрд. Худо дар ҳаёти ин шахс амал мекард. Акнун ӯ бояд на танҳо бо гуноҳи ҷинсӣ, балки бо одати идора кардани ҳаёти худ ягон илоҷ мекард. Ӯ ба иродаи Худо итоат кардан намехост. Дарҳам шикаста шудани ӯ дар назди ҳама воқеъ шуд — бо эҳтимолияти зиёди он, ки кӯшишҳои идора кардани одамон ва ба манфиати худ истифода бурдани онҳо ба ҳама маълум гашта буданд. Хоҳ Худо вазъиятҳои дарҳамшиканандаи моро ба вуҷуд оварад, ё танҳо имкон диҳад, ки роҳҳоямонро сӯи хароб кардани худ давом диҳем, мо ба ҳар ҳол ба ҳолате меафтем, ки лозим меояд бигӯем: «Хуб, Худо. Ман ҳама корро мувофиқи хости Ту мекунам». ХУДО ВОСИТАҲОИ ДАРҲАМ ШИКАСТАНРО ИНТИХОБ МЕКУНАД Худо он соҳаҳои ҳаёти моро ба нишон мегирад, ки дарҳам шикастан даркор аст. Ӯ вазъиятҳоеро ба вуҷуд меоварад, ки боиси дарҳам шикаста шудани мо мегардад. Ҳамчунин Худо воситаҳоеро интихоб мекунад, ки бо ёрии онҳо моро дарҳам мешиканад. Ин воситаҳо ба мо ба ҳамон андозае маъқул мешаванд, ки вазъиятҳои дарҳам шикаста шудани мо маъқул мешаванд. Агар ман воситаеро, ки Худо маро бо он дарҳам мешиканад, интихоб мекардам, ман мегуфтам: «Худованд, илтимос, ба ман китоберо дода, саҳифаеро нишон деҳ, ки дар он гуфта шуда бошад, ки ман бояд чӣ кор кунам, — ман ҳамаашро мехонам ва ба эътибор мегирам». Аммо аз чӣ бошад, ки дар ҳаёти ман Худо ҳеҷ гоҳ чунин накардааст. Зиёда аз ин, Худо ба мулоҳизаҳои нешдор ва айбдоркуниҳои бардурӯғ, ақидаҳои манфии бархато ва одамоне роҳ медод, ки вазъиятро ба фоидаи худ истифода бурданӣ мешуданд. Худо душвориҳо ва мушкилотеро истифода мебурд, ки бароям гоҳо тамоман тоқатфарсо метофтанд. Худо бо мо маслиҳат накарда, воситаи дарҳам шикастанро интихоб мекунад. Ӯ Худ интихоб менамояд. Ва мо ба Худо маслиҳат дода наметавонем, ки моро кай ва чӣ тавр дарҳам шиканад. Интихоби воситаҳо ва усулҳо дар дасти Худост. Ин тамоман дар ихтиёри мо нест. Дар давоми якчанд сол Худо раванди дарҳам шикастани яке аз шиносҳои маро давом медод. Худо барои ин воситаҳои ахборотии оммавиро истифода мебурд. Суханон ва амалҳои ин шахс дар тамоми воситаҳои ахборотии оммавӣ доимо муҳокима карда мешуданд. Ӯ ҳатто ба хулосае омад, ки рӯзноманигорон барои фурӯ ғалтондани ӯ забон як кардаанд. Аммо дар асл, чунон ки ман гумон мекунам, ин амали Худо буд. Шиноси ман ҳавобаландона изҳор менамуд: «Ин рӯзномаву маҷаллаҳо чӣ таъсире ба ман дошта метавонанд? Онҳо ҳақ надоранд ба ҳаёти ман дахолат кунанд, ва низ ҳақ надоранд суханон ва амалҳои маро дар назди омма муҳокима намоянд». Чунин худписандӣ ва ҳавобаландӣ ба Худо писанд намеомад. Ман намедонам, ки Худо кадом воситаҳоро истифода мебарад, то ки ҳама дарк намоянд ва гӯянд: «Худоё, ман аз они Ту ҳастам. Бо ман ҳар чи рӯй диҳад, ман ба Ту умед мебандам ва он чиро, ки Ту ба ман мефармоӣ, ба ҷо меоварам». Ман танҳо бо боварии бештар чунин гуфта метавонам: Асбоби Ӯ ҳамеша тез аст, он дард меоварад, аммо аз истифодаи он роҳи гурез нест. Шумо аз он барканор шуда наметавонед. Ба шумо лозим меояд бо он соҳаи ҳаёти худ, ки Худо дигаргун кардан мехоҳад, ягон илоҷ кунед. Он монеаро, ки байни шумо ва боварии пурра ба Худо меистад, рафъ намудан ғайриимкон аст. Оё марг ҳамин гуна восита мебошад? Акнун хеле бодиққат бошед. Ман намегӯям, ки Худо метавонад шахси дӯстдоштаи шуморо — ҳамсар ё кӯдакатонро — аз шумо бигирад, то ки диққати шуморо ҷалб намояд. Ман бовар намекунам, ки Худо ҳаёти касеро барои он мегирифта бошад, ки дигарон ба Ӯ итоаткор шаванд. Дар баъзе мавридҳо марги наздикон боиси он мешавад, ки шахс ба Худо наздиктар мешавад. Аммо ман бовар намекунам, ки Худо ба касе маргро барои он мефиристода бошад, ки шахси дигарро ба иродаи Худ тобеъ намояд. Чаро? Барои он ки Худо ҳар як шахсро дӯст медорад! Ба Ӯ лозим нест дар ҳаёти касе нохушиҳо оварад, то ки ба ҳаёти шахси дигар баракат оварад. Зиёда аз ин, марг зарбаи охирини шайтон аст. Маҳз ӯ маргро меоварад. Оё Худо ба марг роҳ медиҳад? Ҳа, он ҷузъи ҳамон лаънатест, ки аз замони Одам ва Ҳавво дар замин боқӣ мондааст. Навиштаҷот ба мо мегӯяд, ки марг насиби ҳар як инсон аст (ниг. Ибр. 9:27). Дар айни замон Худо ташаббускори марг нест. Ӯ раҳокунанда аз марг аст. Исо на ҳалоккунанда, балки Наҷотдиҳандаи мост. Бинобар ин касоне ки ба Исои Масеҳ имон доранд, маргро лаънат намеҳисобанд. Ин гузариш ба ҳузури абадии Худост. Maрги шахси наздик, албатта, ба мо дард меоварад. Охир, марг моро аз касе ки дӯсташ медорем, ҷудо мекунад. Аммо марг барои масеҳӣ интиҳо нест. Мо ягон вақт шахсонеро, ки дӯст медоштем ва замоне аз даст дода будем, мебинем. Охир, Исо бар марг Ғолиб шудааст. Аз мурдагон эҳё шудани ӯ дари эҳёро барои мо кушод. Ҳамин тариқ, ман бовар намекунам, ки Худо барои дарҳам шикастани мо ба дигарон маргро мефиристад. Аммо ман бовар мекунам, ки гоҳо Ӯ моро аз як чизи бароямон хеле арзишнок маҳрум мекунад, масалан, аз дӯстӣ бо якон шахс. Чунин нохушӣ амалан ҳамеша ибтидои дарҳам шикаста шудан мегардад. Оё гуноҳ чунин восита мебошад? Чуноне ки ман бовар намекунам, ки барои ислоҳи мо Худо ба наздикони мо маргро мефиристад, ман бовар намекунам, ки Худо касеро ба гуноҳ тела дода, моро тарбият мекунад. Масалан, ман ҳеҷ гоҳ намегӯям, ки Худо ҷавонеро ба истеъмоли маводи нашъаовар водор намуд, то ки ӯро ё волидонашро дарҳам шиканад. Худо ташаббускори марг нест. Ӯ моро бо гуноҳ васваса намекунад. Ин корро шайтон мекунад. Худо моро маҷбур намекунад, ки гуноҳ кунем — мо иродаи озод дорем ва мо ё ба васваса дода мешавем ё ба он муқобилат мекунем. Дар айни ҳол Худо сустиҳо, гуноҳҳо ва беитоатии мо ва наздиконамонро барои ба сӯи беҳбудӣ дигаргун кардани ҳаёти мо истифода мебарад. Ӯ ҳамеша вазъиятҳоро истифода мебарад, то ба мо имкон диҳад, ки рӯҳан нумӯ кунем. Дарҳам шикаста шудани мо ба атрофиён таъсир мерасонад Мо бояд дар ёд нигоҳ дорем, ки ҳаётамон — ва дарҳам шикаста шуданамон — дар байни одамон мегузарад. Дарҳам шикаста шудан дур аз ҷамъият воқеъ намешавад, чуноне ки агар дар ҷазираи беодам сокин мебудем. Ҳангоме ки Худо моро дарҳам мешиканад, ин ба атрофиён таъсир мерасонад. Мутаносибан, дарҳам шикаста шудани наздиконамон метавонад ба мо таъсир расонад. Масалан, агар Худо дар шахсе амал намояд, ки аз Худо дида корро бештар дӯст медорад ва ӯро ба воситаи мушкилот дар соҳибкорӣ дарҳам шиканад, албатта, ин ба тамоми оилаи ӯ таъсир мерасонад. Зану фарзандони чунин шахс ба раванди дарҳам шикаста шудани ӯ бевосита ҷалб карда нашудаанд. Аммо Худо ҳатман ин вазъиятро барои он истифода мебарад, ки ҳаёти онҳо низ дигаргун шавад. Дар раванди дарҳам шикаста шудан ҳеҷ чиз бе мақсад воқеъ намешавад. Ҳар касе ки дарҳам шикаста шудани шахси наздикаш ба ӯ таъсир мерасонад, имкон пайдо мекунад, ки ҳолати рӯҳонии худро беҳтар бинад ва баҳо диҳад, ки то чӣ андоза муназзам инкишоф меёбад ва то кадом андоза ба Худо боварӣ мекунад. Умедворам, дар ёд доред, ки ман дар боби аввал оиди чӣ гап зада будам. Худо моро на барои он дарҳам мешиканад, ки бераҳм ё сангдил аст. Худо моро на аз боиси майли носолими ба мо зарар ё дард расондан дарҳам мешиканад. Мақсади Худо аз дарҳам шикастан — ҷалб намудани диққати мо ба соҳаҳои муайяни ҳаётамон аст, ки дар онҳо ба чизе, ки Ӯ бароямон ба нақша гирифтааст, ноил намешавем. Душманони мо воситаи дарҳам шикаста шудани мо буда метавонанд Шояд «асбоб»-и нохуштарине ки Худо барои дарҳам шикастани мо истифода мебарад, душманони мо мебошанд. Бале, гоҳо Худо таъқиботро истифода мебарад. Ӯ ба душманони мо имкон медиҳад, ки моро то он дам таъқиб кунанд ва азият диҳанд, ки ба Ӯ диққат додан ва пурра итоат карданамонро бинад. Мо оиди он дуо мекунем, ки душманонамон ба мо ҳуҷум накунанд. Мо ба Худо муроҷиат менамоем: «Худоё, чаро ин воқеаҳо бо ман рӯй медиҳанд? Чаро Ту ин шахсро бознадоштӣ? Чаро Ту маро аз душманонам ҳифз намекунӣ?». Дар айни ҳол Худо ин таъқиботро барои он истифода мебарад, ки моро ба он ҳолате оварад, ки танҳо ба Ӯ такя бикунем. Агар касе доимо шуморо асабонӣ кунад, гоҳгоҳ масхара кунад, зиддият кунад, бо шумо мухолифат намояд ва дар ҳаққи шумо овозаҳои нохуб паҳн кунад — аз Худо пурсед: «Худовандо, Ту ба ман чиро омӯхтан мехоҳӣ? Ба ман нишон деҳ, ки дар ман чиро дигаргун кардан мехоҳӣ?» Худо аксар вақт хеле зуд ба мо ошкор мекунад, ки чиро дар мо дигаргун кардан ва чиро омӯзондан мехоҳад. Бояд фаҳмед: Худо на ба душманонатон, балки ба шумо таъсир расондан мехоҳад! Ва шумо метавонед боварӣ ҳосил намоед: ҳангоме дарк менамоед, ки Худо дар ҳаёти шумо маҳз чиро дарҳам шикастан мехоҳад, ҳамаи душманон аз шумо дур мешаванд. Аммо, илтимос, махсусан аҳамият диҳед: ман гуфтанӣ нестам, ки душманони мо ҳамеша ҳақ мебошанд. Онҳо зидди мо ва Худо амал карда метавонанд. Ман ҳамчунин гуфтанӣ нестам, ки аз душманон нафрат доштани мо падидаи ғайритабиӣ ва бемаврид аст. Ман танҳо гуфтан мехоҳам, ки Худо ҳатто душманонамонро чун воситаи дарҳам шикастан истифода мебарад, то ки дар ҳаёти мо як чизи нек ба вуҷуд ояд. Ҳамин ки Худо ба ин мақсад мерасад, диққати Ӯ ба душманони мо равона карда мешавад. Ва метавонед боварӣ дошта бошед, ки Худо ҳангоми зарурат ҳатман душманони моро ҷазо медиҳад (ниг.: Рум. 12:19). Оилаи мо воситаи дарҳам шикаста шудани мо буда метавонад Оила барои мо яке аз воситаҳои дардоваре мебошад, ки Худо барои ба Масеҳ шабеҳ намудани мо истифода мебарад. Ба мо маъқул нест, ки Худо барои ислоҳ ва покшавии мо ҳамсарамонро истифода мебарад. Ба мо маъқул нест, ки фарзандон ба камбудиҳоямон ишора мекунанд ва ба Худованд беитоатӣ карданамонро ошкор менамоянд. ХУДО ҚУВВАИ ТАЪСИРКУНАНДАРО ЗЕРИ НАЗОРАТ ДОРАД Худо Худаш мақсадро муқаррар мекунад, вазъиятҳоро фароҳам меоварад ва воситаеро барои дарҳам шикастани мо интихоб мекунад. Аммо Ӯ қувваи таъсиркунандаи ин воситаро низ идора мекунад. Худо хуб медонад, ки мо то кадом андоза ба фишор тоб оварда метавонем. Ӯ андозаву миқдори фишореро, ки барои дарҳам шикастани мо лозим ва кофист, медонад. Худо ҳудуди дарҳамшиканиро муқаррар менамояд. Ҳудуди вақтеро, ки дарҳам шикастан давом мекунад ва ҳудуди дард ва азобҳоеро, ки мо аз сар мегузаронем. Бале, Худо андозаи азобҳоеро, ки дар ҳаёти мо роҳ дода мешаванд, муқаррар мекунад. Худо раванди дарҳам шикастанро он вақт ба анҷом мерасонад, ки яке аз ду шарт иҷро мешаванд: Аввалан: иродаи мо шикаста шудааст ва мо ба Худо итоат мекунем. Агар мо иродаи худро пурра ба иродаи Худо тобеъ намоем, ҳамаи вазъиятҳо дигаргун шудан мегиранд ва чизе ки Ӯ ба воситаи он ба мо таъсир мерасонд, аз ҳаётамон дур карда мешавад. Дуюм: таъсир метавонад харобиовар шавад ва ба иҷро шудани нақшаҳои Худо нисбати мо, халал расонад. Худо моро то ба он дараҷа дарҳам намешиканад, ки хизмати бароямон муқарраркардаи Ӯро ба ҷо оварда натавонем. Ин боиси натиҷаҳои баръакс мешуд. Худо моро ҳалок кардан намехоҳад, балки мехоҳад ба чизе тайёр кунад. Зиддият ба Худо раванди дарҳам шикаста шуданро танҳо тӯл мекашонад Агар дар он вақте ки Ӯ моро дарҳам шикастан мехоҳад, мо ба Худо зиддият кунем, ин танҳо ҳолати моро мураккабтар мекунад. Ва баръакс — агар мо ба хости Худо итоат кунем, раванди дарҳам шикаста шудан зудтар ба охир мерасад. Ҳамин тариқ, мо ба давомнокии ин раванд таъсир расонда метавонем. Объекти дарҳам шикастанро на мо муқаррар менамоем, на мо вазъиятҳои ҳаётиро ба вуҷуд меоварем ва на мо воситаи дарҳам шикастанро интихоб мекунем. Аммо мо ба қувват ва давомнокии он таъсир расонда метавонем. Чӣ гуна? Бо итоат кардан ё накардан ба Худо. Мо ҳар қадар барвақттар фаҳмем, ки Худо дар ҳаёти мо чиро ба амал овардан мехоҳад, бароямон ҳамон қадар хубтар аст. Агар мо ба дарҳам шикастан мухолифат кунем, ба Худо лозим меояд, ки таъсирро ба мо пурзӯртар кунад. Аммо агар шахс ба Худо муддати зиёд зиддият кунад, ҳалок намешавад, балки фақат ба канораи роҳ партофта мешавад. Ӯро сарфи назар мекунанд. Ба ӯ дигар эҳтиёҷ нахоҳанд дошт. Рушди рӯҳонии ӯ бозмеистад ва ӯ дар ҳолати хатарнок мемонад. Боре зане бо чунин суханон ба ман муроҷиат намуд: — Аз он вақте ки Худо ҳақиқатан маро дар хизматгузорӣ истифода бурд, солҳои зиёде гузаштаанд. Пештар ман дар калисо фаъолтар будам, аммо вақтҳои охир аз корҳо фориғ гаштаам. Оё Худо мехоҳад, ки ман хизматгузорӣ намоям? Ман аз ӯ пурсидам: — Кай ҳис кардед, ки Худо дар ҳаёти шумо чизеро дигаргун кардан мехоҳад? Ӯ ҷавоб дод: — Ман ҳатто намедонам, ки оё Худованд ягон бор ин корро карданӣ буд ё не. Ман пурсиданро давом додам: — Оё дар ҳаёти шумо мушкилоти ҷиддии эҳсосотӣ, рӯҳонӣ ё ҳатто ҷисмонӣ рӯй надодаанд, ки аз боиси онҳо гӯё такягоҳи худро аз даст дода будед? Ӯ гуфт: — Ҳа, аммо ҳамаи ин гузашт — вақт шифо мебахшад. Он гоҳ ман пурсидам: — Оё дар ҳаёти шумо аз боиси ин мушкилот чизе тағйир ёфтааст? — Не, — ҷавоб дод ӯ. — Ман шахси хеле устувор ҳастам. Ман ҳеҷ чизро дигаргун накардам — ин ба қоидаҳои ман мувофиқат надорад. Он гоҳ ман ба ӯ гуфтам: — Шояд масъала маҳз дар ҳамин аст. То даме ки шумо ин роҳи нумӯ ёфтанро, ки Худованд ба он водор мекунад, набинед ва қабул накунед, Ӯ ба шумо ягон хел хизматгузориро намесупорад. Худо шуморо чунон дӯст медорад, ки хоҳони дигаргуншавии шумост. Ӯ мехоҳад, ки шумо тағйир ёфта, ба Исои Масеҳ монанд шавед. Худо барои шумо ояндаи бузургеро тайёр кардааст, аммо агар шумо ба нумӯ ёфтан ва дигаргуншавиҳо зиддият кунед, Ӯ нақшаҳои Худро нисбати ҳаёти шумо амалӣ карда наметавонад. Дарҳам шикаста, аммо нобуднашуда Худо шуморо дарҳам шикаста, иродаатонро шикастан мехоҳад, аммо на рӯҳатонро. Мақсади Ӯ на нобуд кардани шумо, балки боиси шифоёбӣ ва камолоти рӯҳонии шумо шудан аст. Худо мехоҳад, ки мо идоракунии ҳаёти худро ба Ӯ супорем. Ба фикрам, Петрус аз идора кардани ҳаёти худ даст кашиданро на он қадар мехост. Ӯ мехост худаш қарор диҳад, ки пойҳояшро бишӯяд ё не. Ӯ мехост худаш боварӣ ҳосил намояд, ки Исо ҳақиқатан дар болои об қадам мезанад. Ӯ чунин меҳисобид, ки беҳтар аз ҳама медонад, ки чӣ тавр Исо Худро Масеҳ эълон намояд. Ҳамаи мо ба Петрус монанд ҳастем. Ҳар яки мо бо тамоми қувват идоракуниии ҳаёти худро аз даст додан намехоҳем. Мо ҳамеша мехоҳем, ки худамон қарор қабул намоем. Худо ба воситаи раванди дарҳам шикастан моро ба он ҳолате меоварад, ки мо на танҳо шартҳои худро гузошта наметавонем, балки фақат гуфта метавонем: «Худованд Исо, ман бояд чӣ кор кунам?» Ба Петрус се сол даркор шуд, то ки аз таҳти дил ба Исо гӯяд: «Ҳа, ман ҳамаи он чиро, ки ба ман мефармоӣ, иҷро мекунам; ман ҳамон касе мешавам, ки Ту мефармоӣ. Ман ҳама чизро ба Ту месупорам». Баъди ба салиб кашида шудани Исо Петрус ба моҳигирӣ баргашт. Дар он ҷо, дар соҳили кӯл, Исо ӯро ёфт. Ӯ аз Петрус пурсид: «Петрус. Оё ту Маро дӯст медорӣ?» Исо ба Петрус ин саволро се бор дод ва се бор Петрус ҷавоб медод: «Ҳа, Худовандо, Ту медонӣ, ки ман Туро дӯст медорам!» Исо ба Петрус як супориши махсусе дод: дар ҳаққи «гӯсфандон», яъне дар ҳаққи ҳамаи пайравони Ӯ, ки ба онҳо шубон даркор аст, ғамхорӣ намудан. Дар ниҳояти кор Петрус пурра ба иродаи Масеҳ тобеъ шуд. Худованд ба ӯ хизматгузории махсусро супурд, дар рӯзи Пантикост бошад барои ин хизматгузорӣ қувват ҳам дод. Гӯш кунед, дертар Петрус чӣ навиштааст: «...Худо ба мағрурон муқобилат мекунад, вале ба фурӯтанон файз мебахшад...» (1Пет. 5:5). Ӯ дар номаи худ аз Китоби Масалҳо иқтибос меовард (ниг.: 3:34). Петрус маънои ин суханонро хуб мефаҳмид. Шеъри зерини муаллифи номаълум оиди раванди дарҳам шикаста шудан, ки ба Петрус ва ба мо маълум аст, ҳикоят мекунад: Ҳангоме ки Худо мехоҳад касеро тарбият кунад, Ӯро рӯҳбаланд намояд Ва омӯзонад, ки Нақш набозад, Ҳангоме ки Ӯ саъй дорад Ба вай шукӯҳи Худро диҳад, то ки ҷаҳон ба ваҷд ояд, – Ба суханони Ӯ гӯш деҳ, корҳои Ӯро омӯз! Чӣ гуна комил ва беайб аст Касе ки баргузидаи Худост, Баргузидаи Худои ҷовидон! Худо ба Ӯ фишор меоварад Ва мезанад, ва бо зарбаи сахт Аз ин шахс асари нотакроре меофарад, Ки танҳо ба Ӯ фаҳмост. Агарчи рӯҳи ин шахс мегиряд, Ӯ дастҳояшро сӯи осмон боло мекунад! Вай хам мешавад, аммо шикаста намешавад, То даме ки мекӯшад аз пайи Ӯ равад. Худо комилан медонад, Ки баргузидаи Ӯ кист, Ва ба мақсади худ мерасад. Ӯ роҳҳои бисёрро истифода мебарад, То ки шахс дурахши Ӯро дида тавонад, – Худо ҳамаи корҳои Худро медонад. Моро ба раванди шикаста шудан ҷалб намуда, Худо хато намекунад. Ӯ аниқ медонад, ки кадом соҳаҳои ҳаёти мо бояд дигаргун карда шаванд. Ӯ медонад, ки кадом вазъиятҳо даркоранд, то ки моро дарҳам шиканад ва кадом воситаҳоро барои ин истифода барад. Ӯ ҳамчунин медонад, ки мо ба чӣ қадар озмоишҳо тоб оварда метавонем. Ӯ моро комил гардондан мехоҳад. Хабари хуш аз он иборат аст, ки Худо ҳамеша кӯшиш мекунад барои мо кори беҳтаринро анҷом диҳад. Ва мо бояд ба Ӯ роҳ диҳем, ки чунин бикунад. БОБИ 8. ЭЪТИРОЗИ МО БАР ЗИДДИ ДАРҲАМ ШИКАСТА ШУДАН Имрӯзҳо ба бисёр касон чунин метобад, ки аз Худо пинҳон шудан, ба фармудаҳои Ӯ беэътиноӣ кардан ва ба даъвати Ӯ зиддият карда, ба таври худ зистан имконпазир аст. Чунин одамон гумон мекунанд, ки гуноҳ карданро давом дода, аз ҷазои Худо барканор буда метавонанд. Аммо онҳо хато мекунанд. Барои исён бар зидди Худо сазо дода мешавад. Рӯҳи зиддият на танҳо онҳоеро фаро мегирад, ки масалан, дар роҳпаймоиҳои эътирозӣ ва амалҳои террористӣ иштирок мекунанд ё аз хона мегурезанд. Дар ҳар кадоми мо исёнгар сокин аст, ки ин ба таври гуногун зоҳир мешавад. Дар ҳаёти ҳамаи мо лаҳзаҳое мешаванд, ки мо гузашт намудан, итоат кардан ва азобҳоро аз сар гузарондан намехоҳем. Ва ин асли исёнгари мо ба Худо зиддият мекунад. Пайғамбар Юнус қарор дод, ки зидди иродаи Худо барояд ва ба фармудаи Ӯ итоат накард. Ҳангоме ки Худо Юнусро даъват намуд, ки ба шаҳри Нинве рафта, бадкирдориҳои сокинони онро фош намояд, Юнус ба Ёфӯ рафт. Вай ба киштие нишаст, ки ба Таршиш ном шаҳре сафар дошт, ки аз Нинве дар масофаи 4000 км дуртар ҷойгир буд (ниг.: Юнус 1:1–3). Юнус фармудаи Худоро иҷро кардан нахост ва кӯшиш кард, ки гурехта, аз Худо пинҳон шавад. Аммо чунин тарзи амал ба Юнус ёрӣ надод. Он ба мову шумо низ ёрӣ намедиҳад. ОЁ АЗ ХУДО ГУРЕХТАН ИМКОНПАЗИР АСТ? Беҳудагии кӯшишҳои аз Худо гурехтанро танҳо ба худ тасаввур кунед. Аз Касе ки дар пеши назараш ҳама чиз кушода аст — ҳама чизи зинда ва ғайризинда, ҳама чизе ки дар кураи замин ва дар тамоми олам ҳаст — чӣ гуна пинҳон шудан мумкин аст? Танҳо касе ки оқилона андешида наметавонад, аз пеши рӯи Худо гурехтанӣ мешавад. Чунин гурехтан аз Худо дар асл гурехтан аз худ аст. Аммо гурехта, зинда мондан ғайриимкон аст. Ҳангоме ки Худо ҳолатҳо ва вазъиятҳои муайянро ба вуҷуд оварда, моро дар дасти Худ сахттар фишор доданро сар мекунад, аксар вақт мо кӯшиш мекунем, ки раҳоӣ ёбем. Ҳамаи мо ба Юнус монанд мешавем. Шояд моро на ба Нинве даъват мекунанд, аммо амалан дар ҳамаи ҳолатҳои шикаста шудан аввалин аксуламали мо норозигӣ ва зиддият ба даъвати Худост. Мо ҳамон замон ба ҷустуҷӯи роҳҳои гурез сар мекунем. Дар мавриди Юнус вазъият чунин буд. Нинве яке аз шаҳрҳои бузургтарини он замон буда, дар масофаи ҳазор километр ба шимолу шарқ аз Ӯршалим ҷойгир буд. Нинве пойтахти империяи Ашшур буда, бо зебоӣ, шукӯҳ ва тавоноии худ машҳур буд. Сокинони он сарбозони далер буданд ва ба онҳо таслим шудан даҳшатовар буд, зеро онҳо бо асирон хеле бераҳмона рафтор менамуданд. Дар замони Юнус ашшуриён кишварҳову халқҳои гирду атрофро бо суръат забт менамуданд. Ба асорат афтодани Исроил низ дур набуд. Юнус инро медонист ва ба ӯ осон набуд, ки ба даъвати Худо ҷавоб дода, ба аҳли Нинве оиди ҷазои Худо барои гуноҳҳояшон хабар диҳад. Моҳиятан Худо аз Юнус хоҳиш мекард, ки назди душманон рафта, дар байни онҳо тавба карданро мавъиза намояд. Аммо Юнус наҷот ёфтани аҳли Нинверо не, балки ҳалокати онҳоро мехост (ниг. Юнус 4:1–3). Юнус мурданро аз он афзал медонист, ки назди душманон рафта, мавъиза кунад, зеро дар он ҷо лозим меомад, ки тавба кардани душманон ва аз ҷазои Худо наҷот ёфтани онҳоро мавъиза намояд. Юсуф аз ашшуриён чунон нафрат дошт, ки қарор дод ошкоро беитоатӣ кунад ва ҳалок шавад. Ҳамин тавр Юнус ба Ёфӯ омад ва дар он ҷо музди роҳро то Таршиш пардохт намуд. Таршиш, чуноне ки маълум аст, дар ҳудуди Испанияи ҳозира буд. Шумо чӣ? Оё Худо ба ҷо овардани ягон амалеро аз шумо хоҳиш кардааст, ки шумо ба он чунин ҷавоб додаед: «Худовандо, ман ин корро намекунам» ё «Худовандо, ман ҳатман ин корро мекунам, аммо ҳоло не, балки дертар»? Гоҳо зиддияти мо дар чунин суханон ифода меёбад: «Худовандо, ман фаҳмидам, ки Ту аз ман чиро мехоҳӣ, аммо ба фикрам, беҳтар он аст, ки ин корро каси дигар кунад». То даме ки мо дарҳол ва бегуфтугӯ ба Худо итоат кардан нахоҳем, дар ҳолати исён хоҳем буд. ИСЁН БАР ЗИДДИ ХУДО БОИСИ АМАЛИ ҶАВОБИИ Ӯ МЕГАРДАД Худо ба ҳама гуна беитоатӣ дарҳол аксуламал менамояд. Ӯ ба ҳаёти мо тӯфонеро мефиристад, чуноне ки дар мавриди Юнус буд. Ҳамин ки Юнус бо киштӣ сӯи Таршиш равона шуд, дар баҳр тӯфони сахте омад ва киштӣ ба ғарқшавӣ сар кард. Аҳли киштӣ барои наҷот додани киштӣ ҳама чизҳоеро, ки партофтан мумкин буд, ба об партофтанд. Юнус бошад ин вақт дар таҳхонаи киштӣ хобида буд. Вай на танҳо аз Худо мегурехт, вай кӯшиш мекард, ки ба Ӯ аҳамият надиҳад. Дар охир капитани киштӣ Юнусро бедор карда, аз ӯ пурсид: «...туро чӣ шудааст, ки хобидаӣ? Бархез, Худои Худро бихон; шояд, Худо моро ёд кунад ва мо ба ҳалокат нарасем» (Юнус 1:6 ). Аммо Юнус, аз афти кор, ба Худо ҳеҷ чиз нагуфт. Ва тӯфон сахттар шудан гирифт. Ҳангоме ки мо зидди Худо исён мекунем, атрофиён аксаран оиди он чи мо карда истодаем, савол медиҳанд. Агар бо шумо чунин шуда истода бошад, ба саволдиҳандагон, ки шуморо аз хатари ҳолати шумо огоҳ карданӣ ҳастанд, гӯш диҳед! Ба наздикӣ ман қиссаи шахсеро — биёед ӯро Ҷон меномем, — шунидам. Ӯ пас аз вафоти занаш бо зане вомехӯрд, ки ду фарзанди ғайриникоҳӣ дошт ва ду бор аз шавҳар ҷудо шуда буд. Барои бисёриҳо ин зан ҷиддӣ ва хушахлоқ наметофт. Ҳар қадар онҳо бештар вохӯранд ва муносибатҳояшон ҳар қадар наздиктар шаванд, дӯстон ва хешовандони Ҷон ҳамон қадар бештар ба ӯ мегуфтанд: «Ин зан ҷуфти лоиқи ту нест». Аммо ӯ ҳеҷ чизро шунидан намехост. Боре ин зан талаб намуд, ки Ҷон барои тасдиқи муҳаббаташ хона ва тамоми моликияти худро ба номи ӯ гузаронад. Ҳангоме ки Ҷон рад кард, зан ба сари ӯ дод ва фарёд намуд. Сипас он зан ба муштзанӣ гузашт ва Ҷон худро аз зарбаҳои маҳбубааш паноҳ карда, кӯшиш кард, ки ӯро ором намояд. Дар натиҷа дар дастони он зан пайҳои кабудгашта пайдо шуданд. Ӯ дарҳол полисро ҷеғ зад ва Ҷонро барои ба он зан зарари ҷисмонӣ расондан ҳабс карданд. Ин воқеа ӯро ба худ овард. Дертар ӯ иқрор шуд: «Ман ба Худо муқобилат мекардам. Худо ба ман мефармуд, ки бо ин зан ҳеҷ гуна муносибат надошта бошам. Аммо ман аз боиси марги занам, ки дар давоми сӣ сол бо ӯ ҳаёти хушбахтона доштам, хашмгин будам. Ман ба маслиҳатҳо ва насиҳатҳои дӯстон ва хешовандон аҳамият намедодам. Ва ба ман лозим омад, ки сазои ин амали худро бинам». Хушбахтона, ӯ ба зудӣ аз беитоатии худ тавба кард ва ба ӯ лозим наомад, ки бори натиҷаҳои ҳатмии беитоатиро ба дӯши худ гирад. Аҳволи Юнус низ на он қадар хуб буд. Тамоми аҳли киштӣ ба хулосае омаданд, ки ин тӯфон ҷазоест барои гуноҳи яке аз онҳо. Онҳо қуръа партофтанд, то бидонанд, ки ин кадоме аз онҳост. Шояд онҳо ба халта якчанд сангчаҳои сафед ва як санчаи сиёҳро андохтанд. Ҳар кас бояд нигоҳ накарда, як сангро аз халта берун меовард ва касе ки сангчаи сиёҳро берун оварад, дар офати табиӣ айбдор ҳисобида мешуд. Чуноне ки шумо аллакай медонед, санги сиёҳ насиби Юнус гардид. Он гоҳ аз ӯ пурсиданд: «Ту кистӣ?» Юнус ҳамаашро гуфт: «Ман ибрӣ ҳастам ва аз Худованд Худои осмон, ки баҳр ва хушкиро офаридааст, метарсам» (Юнус 1:9). Ва ҳангоме аз ӯ пурсиданд, ки чӣ кор кардааст, ӯ иқрор шуд, ки аз пеши Худованд гурехтааст. «Бо ту чӣ кунем, то ки баҳр барои мо сокит шавад?» — пурсиданд аз Юнус маллоҳони ба тарс афтода. Юнус ҷавоб дод: «Маро бардошта, дар баҳр андозед, — ва баҳр барои шумо сокит хоҳад шуд, зеро ман медонам, ки аз боиси ман тӯфони бузург ба сари шумо омадааст» (ниг. Юнус 1:8–12). Ҳатто дар рӯ ба рӯи мавҷҳои хурӯшон ва боди шиддатнок Юнус қарор дод, ки аз азми худ даст накашад — беҳтараш бимирад, назар ба он ки ба душманон мавъиза намояд. Бо вуҷуди ин, маллоҳон мувофиқи маслиҳати Юнус амал намудан нахостанд. Онҳо кӯшиш карданд киштиро ба соҳил расонанд, аммо шиддати тӯфон бештар шуд. Дар охир онҳо ба Худо рӯ оварда, хоҳиш намуданд, ки барои кори мекардаашон онҳоро айбдор накунад. Ва бо ин суханон онҳо Юнусро ба баҳр партофтанд. Дар баҳр Юнусро ҷонвари калоне интизор буд, ки чуноне ки аз Китоби Муқаддас мехонем, аз ҷониби Худо фиристода шуда буд. Ман намедонам, ки он чӣ ҷонваре буд. Пурра имконпазир аст, ки он наҳанге буд, зеро баъзе намудҳои наҳангон на танҳо одамро, балки қаиқи хурдеро низ фурӯ бурда метавонанд. Умуман, Худо чунин кард, ки ин ҷонвари азимҷусса Юнусро фурӯ бурд. Худо роҳ дод, ки Юнус дар даруни ин ҷонвар зинда монад. Ва Юнус ҳар қадар кӯшиш кард, натавонист бимирад. Худо дар назди Юнус мақсади муайянеро гузошт ва ин мақсад амалӣ нашуд. Худо Юнусро ҳалок карданӣ набуд, балки мехост дарҳам шиканад. Ӯ хоҳони марги пайғамбар набуд. Юнус ба Худо зинда даркор буд, то ки аҳолии Нинве мавъизаи ӯро шунаванд! Баъди се шабу се рӯзи дар даруни он наҳанги бузург гузарондааш Юнус аз Худованд илтиҷо намуд. Ӯ дуои тавбаро ба забон овард, дуои шахсе ки нотавонии худро эътироф намудааст. Юнус ба Худо гуфт, ки вазифаашро иҷро мекунад, яъне хизмати пайғамбариро ба ҷо меоварад (ниг.: Юнус 2:1–10). Юнус ба Худо итоат кард. Ӯ тавоноии Худовандро пурра эътироф намуд. Дар Китоби Муқаддас навишта шудааст: «Ва Худованд ба моҳӣ бигуфт ва Юнусро ба хушкӣ қай кард» (Юнус 2:11). Ҳамин тариқ, Юнус ба Нинве омад ва дар давоми се рӯз дар кӯчаҳои он гашта, эълон менамуд: «Баъд аз чил рӯз Нинве хароб хоҳад шуд!» (Юнус 3:4). Юнус кӯшиш намекард, ки суханони Худоро бо муҳаббат ва ҳамдардӣ бирасонад. Ӯ танҳо иҷрокунандаи итоаткор буд. Ҳа, ӯ иродаи худро ба Худо тобеъ намуд, аммо муносибати ӯ ба аҳли Нинве чун пештара боқӣ монд. Ӯ бо хашм, бе таассуф ва ҳамдардӣ сухан мегуфт. Ӯ тайёр буд ҳамаи он чиро, ки Худо мегӯяд, ба ҷо оварад, аммо дар замири дил намехост, ки душманонаш тавба кунанд. Ӯ суханони дурустро мегуфт, аммо на марҳамати Худо ӯро ҳидоят менамуд. Иродаи Юнус шикаста шуда, ба Худо тобеъ гардонда шуд. Акнун Худованд бояд муносибати Юнусро ба душманони ӯ дигаргун менамуд. Боиси таассуфи бузурги Юнус буд, ки аҳли Нинве ба мавъизаи ӯ гӯш доданд. Онҳо ба Худо бовар карда, рӯза гирифтанд — «аз калонашон то хурдашон» — чун рамзи тавба палос пӯшиданд. Ҳатто подшоҳи Нинве аз тахт бархост ва палос пӯшида, «бар хокистар нишаст». Ӯ эълон намуд, ки ҳеҷ кас набояд хӯрад ва нӯшад, балки ҳар яке бояд палос пӯшида, ба Худо тазаррӯъ намояд, «ҳар кас аз роҳи бади худ ва аз зулми дастҳои худ тавба кунад; шояд Худо руҷӯъ намуда, пушаймон шавад ва аз ғазаби худ баргардад ва мо ба ҳалокат нарасем» (ниг: Юнус 3:8–9). Худо аҳли Нинверо ҳамчун силоҳ барои дарҳам шикастани Юнус истифода бурд. Дар айни ҳол, бар акси Юнус, аҳли Нинве дарҳол ба даъвати Худо гӯш доданд. Ва мо мехонем: «Ва Худо аъмоли онҳоро дид, ки аз роҳи бади худ тавба кардаанд; ва Худо аз он офате ки гуфта буд, ба онҳо бирасонад, пушаймон шуд, ва нарасонд» (Юнус 3:10). Ҳамин тавр аҳли Нинве дарҳам шикаста шуданд, аммо на Юнус. Юнус чун пештара маргро аз он афзал мешумурд, ки зиндагӣ кунад ва бинад, ки аҳли Нинве тавба кардаанд ва ҳалок нашудаанд. Юнус ҳанӯз ҳам бар аҳли Нинве хашмгин буд. Худо аз ӯ пурсид: «Наход ин туро чунин хашмгин карда бошад?» Юнус ба Худо чизе ҷавоб надод ва берун аз деворҳои шаҳр маскан гирифта, интизори давоми воқеаҳо шуд. Худо ба дили Юнус роҳ ёфтанӣ шуда, қарор дод, ки боз як дарси дигари ибрат диҳад. Ба зудӣ дар назди Юнус канадонае сабзид ва бар сари Юнус соя афканд. Аммо пагоҳии рӯзи дигар кирме канадонаро зад ва он хушк шуд. Баробари тулӯи офтоб шамоли шарқии тафсон бархост. Офтоб чунон сахт нурпошӣ мекард, ки Юнус аз ҳуш рафт. Аммо ба ҷои он ки барои канадона шукргузорӣ карда, аз он дарси ибрат гирад, Юнус боз ҳам чунин мегуфт: «Мурданам аз зистанам беҳтар аст». Ва Худо боз аз Юнус пурсид: «Наход барои растанӣ чунин хашмгин шуда бошӣ?» Юнус ҷавоб дод: «Хеле хашмгин шудаам, то ба ҳадди марг». Ин ҳамаи он чизе буд, ки Юнус ба Худо гуфтанӣ буд. Ба ҳар ҳол мо аз ӯ дигар ҳеҷ чиз намешунавем. Қиссаи Юнус бо суханоне анҷом меёбад, ки Худо мегӯяд: «...Ту канадонаро дареғ медорӣ, ки барои он меҳнат накардаӣ ва онро нарӯёндаӣ, ки он дар як шаб пайдо шуд ва дар як шаб нобуд шуд: ва оё Ман Нинверо — ин шаҳри бузургро — дареғ надорам, ки дар он бештар аз дувоздаҳ бевар одамоне ки дасти росту чапи худро наметавонанд фарқ кунанд, ва ҳайвоноти бисёре низ ҳастанд?» (4:10–11). Дар Китоби Муқаддас гуфта нашудааст, ки Юнус ба ин суханон чӣ аксуламал намуд. Мо ҳамчунин намедонем, ки хизматгузории минбаъдаи Юнус чӣ гуна буд. То даме ки Юнус пурра ба иродаи Худо тобеъ нашавад, Худо ӯро истифода бурда наметавонист. Юнус чунин кардан нахост. Ин қисса на танҳо нақли қадимист. Ин қиссаест, ки бо одамон гаштаву баргашта рӯй медиҳад. Ба қарибӣ ман дар бораи шахсе шунидам, ки Худо ӯро ба мавъиза кардан даъват менамуд. Ин шахс дар ширкати калоне ҷои кори хуб дошт ва ӯ қарор дод, ки ҷои кори серпулро тарк накарда, гоҳ-гоҳ мавъиза кунад. Ӯ худро бо он суханон сафед мекард, ки ҳамин тариқ ба калисо лозим намеояд, ки ба ӯ маош диҳад ва ӯ калисоро аз хароҷоти иловагӣ раҳо мекунад. Ӯ танҳо қисман ба хости Худо итоат намуд. Ин шахс ҳам ҷои кор ва ҳам оилаашро аз даст дод. Ҳаёти ӯ дар пешу назар вайрон мешуд. Дар охир ӯ гуфт: «Худоё, ман мувофиқи хости Ту мекунам». Ва Худо оилаи ӯро баргардонд. Ин шахс дар вақте ки синнаш аз чил гузашта буд, ба семинария дохил шуд ва ба мавъизагӯӣ сар кард. Акнун, бо вуҷуди маоши кам, ӯ аз пештара зиёдтар аз ҳаёти худ қаноатманд аст. Зану фарзандонаш ӯро дастгирӣ мекунанд. Чуноне ки ӯ иқрор мешавад, ӯ бори аввал дарк намуд, ки ҳаёти ӯ маъное дорад. Шумо чӣ — шумо ба Худо чӣ гуна ҷавоб медиҳед? Ба душманони худ? Ба вазъиятҳое ки ба нақшаҳо ва мақсадҳои худатон мувофиқат намекунанд, чӣ гуна аксуламал менамоед? Худо мехоҳад, ки мо муносибати худро нисбат ба Ӯ дигаргун кунем ва барои иҷро кардани иродаи Ӯ омода бошем. Оё шумо ба ин тайёред? СЕ ДАЪВАТИ ХУДО ДАР ҲАЁТИ ҲАР ЯК ШАХС Худо ба ҳар як шахс камаш се бор муроҷиат мекунад. Даъвати якум — даъват ба наҷот ёфтан, то ки шахс аз гуноҳҳои худ тавба карда, хуни Исои Масеҳро, ки дар Ҷолҷолто рехта шуд, бо имон ҳамчун қурбонии кафораткунанда барои гуноҳ қабул намояд. Даъвати дуюм — даъват ба тақдис ё ҷудошавӣ аз ҳама чизи гуноҳолуд аст. Ин даъват ба вафодории пурра ба Худост, ки ба шарофати он акнун гуноҳ бар шахс ҳукмфармо нест. Ин даъватест оиди додани имконият ба Рӯҳулқудс, ки дар дили имондор сокин аст, ба Ӯ додани имконият, то ки моро роҳнамоӣ кунад ва барои муқобилат намудан ба ҳама гуна васвасаҳо ёрӣ диҳад. Даъвати сеюм, ки онро шахс аз Худо мешунавад, — даъват ба хизматгузорист. Имкон дорад, ки ин хизматгузорӣ дар хона, дар ҷои кор, дар ташкилоти миссионерӣ ё дар ҳар ҷои дигар гузарад. Даъвати Худо оиди хизматгузорӣ ҳамеша хеле фардӣ аст — Худо ҳамаи лаёқатҳо ва истеъдодҳо, ҳамаи атоҳо ва хоҳиши ба Худо фоиданок будани шахсро ба назар мегирад. Баъзе касон ба даъвати Худо оиди наҷот ёфтан зиддият мекунанд. Онҳо Хушхабарро рад менамоянд. То даме ки ин шахсон ба даъват оиди наҷот ёфтан ҷавоб нагӯянд, Худо онҳоро ба тақдис ё хизматгузорӣ даъват карда наметавонад. Бинобар ин даъвати Худо барои чунин шахсон доимо садо медиҳад — Худо ба наҷот даъват намудани онҳоро бас намекунад. Кӯшишҳои Худо дар мавриди дарҳам шикастани онҳо ба он нигаронида шудаанд, ки онҳо аз гуноҳҳояшон тавба карда, Исои Масеҳро Наҷотдиҳандаи худ эътироф намоянд. Баъзеҳо ба даъвати Худо оиди тақдис ёфтан мухолифат мекунанд. Онҳо омурзиши Худоро қабул намудаанд, рӯҳан аз нав таваллуд шудаанд, аммо ба роҳнамоии Рӯҳулқудс итоат кардан намехоҳанд. Онҳо мехоҳанд чун пештара мувофиқи хости худ зиндагӣ кунанд, на бо роҳи адолати Худо, балки бо роҳи дунявӣ раванд. Онҳо Масеҳро Наҷотдиҳандаи худ эътироф намудаанд, аммо қарор қабул накардаанд, ки дар ҳама чиз аз пайи Ӯ чун аз пайи Худованд раванд. То даме ки онҳо ба даъвати Худо гузашт накунанд, Ӯ дар ҳаёти онҳо доимо амал мекунад. Тамоми кӯшишҳои Худо ба он равона карда шудаанд, ки чунин одамонро дарҳам шикаста, боиси тақдис ёфтани онҳо гардад. Баъзеҳо ба даъвати Худо оиди хизматгузорӣ ҷавоб намегӯянд. Онҳо мешунаванд, ки Худо мегӯяд: «Ман мехоҳам, ки ту ин корро бикунӣ». Аммо ҷавоби онҳо чунин аст: «Ман медонам, аммо ба фикрам, аввал бояд баъзе корҳои худро ба ҷо оварам». Чунин шахсон Худоро бовар кунонданӣ мешаванд, ки интихоби онҳо ба ҳамон як мақсад равона карда шудааст. Як зани масеҳӣ ба ман нақл кард, ки боре ӯ овози Худоро баръало шунид, ки Ӯ мегуфт: «Ту бояд кор кунӣ. Ту бояд дар хона кӯдаконро тарбия намоӣ. Шояд онҳо бозичаҳои кам хоҳанд дошт, аммо онҳо дар иҳотаи муҳаббати модар ба воя мерасанд ва онҳо тарбияи дуруст хоҳанд гирифт. Ин хости Ман аст». Ин зан ба ман гуфт: «Ман ба Худо итоат кардан намехостам. Ман ба Ӯ хизмат карданӣ будам, аммо на дар хонаи худ. Ба ман чунин метофт, ки агар ягон хел хизматгузории боэътибореро ба ҷо оварам, кӯдакон низ маро эҳтиром намуда, ба Худо хизмат кардан мехоҳанд. Ман ҳамчунин гумон мекардам, ки агар дар ягон ҷо кор кунам, одамони бештареро назди Масеҳ оварда метавонам. Аммо ҳамааш дигар хел шуд. Фарзандонамон самари исёнкории маро ҷамъ намуданд. Онҳо дар мактаб таҳсил мекунанд ва ману шавҳарам мебинем, ки онҳо вақтро бо дӯстонашон сабукфикрона мегузаронанд. Ва мо метарсем, ки ин ба некӣ намеанҷомад. Ба ман лозим омад, ки корро тарк кунам, ва ман дар охир қарор додам, ки бо онҳо дар хона шинам. Ман медонам, ки вақти гузаштаро бозгардондан имкон надорад, аммо умед дорам, ки фарзандонамро хуб тарбия карда метавонам». Касоне ки ба даъвати Худо оиди хизмати муайян исён мекунанд, боварӣ ҳосил мекунанд, ки қаноатмандии ҳақиқӣ ва ба даст овардани маънои зиндагӣ дар чизи дигар ғайриимкон аст. Агар мо аз таҷрибаи Юнус чизеро омӯхтанӣ бошем, бояд фаҳмем, ки ҳаёти ӯ хушнудона набуд. Исён бар зидди Худо хушбахтӣ намеорад. Он танҳо ғам, рӯҳафтодагӣ, хашмгинӣ, талхӣ ва ноумедӣ меоварад. Агар боре аз ҷониби Худо даъват шудани худро фаҳмед, дар ёд нигоҳ доред — ҳама гуна пешниҳодҳои шумо дар муқоиса бо мақсадҳои Худо арзише надоранд. Худо ҳеҷ гоҳ ба нуқтаи назари ман таваҷҷӯҳ накардааст: «Оё мехоҳӣ ин корро бикунӣ?» Худо ҳеҷ гоҳ аз ман напурсидааст: «Оё ба ту чунин наметобад, ки бояд чунин кунӣ?» Ӯ ҳеҷ гоҳ илтимос накардааст: «Илтимос, ин корро бикун». Не. Худо ҳамеша бо қатъият гап мезанад. Ӯ мегӯяд: «Ман аз ту ана инро мехоҳам». Ва талабҳои Ӯ ҳамеша равшан ва тағйирнопазиранд. САБАБҲОИ ИСЁНКОРИИ МО Ба Худо итоат накардани мо якчанд сабабҳо дорад. Ғурур Сабаби асоситарини исёнкории мо ғурури мост. Ҳангоме ки мо ҳама корро мувофиқи хости худ мекунем ва ба хости Худо зиддият менамоем, бо чунин рафтор мо мегӯем: «Ман аз Худо беҳтар медонам». Ҳангоме ки шахс ба даъвати Худо оиди наҷот ёфтан зиддият мекунад, чунин фикреро баён менамояд: «Худовандо, ман беҳтар медонам, ки чӣ тавр наҷот ёбам. Ман аз имон ба Исои Масеҳ дида роҳи беҳтареро медонам. Ба ман роҳҳое маълуманд, ки ба ҳаёти абадӣ мебаранд, ки дар он ба Исо зарурат нест». Ҳангоме ки шахс ба даъвати Худо оиди тақдис ёфтан зиддият мекунад, бо ин рафтораш чунин мегӯяд: «Худовандо, ман аз Ту беҳтар медонам, ки дар ин ҷаҳон чӣ тавр зиндагӣ карда, бо вуҷуди он наҷотёфта боқӣ монам. Ман қарор қабул кардан ва ҳал кардани масъалаҳои худро медонам. Ман беҳтар медонам, ки росткории ҳақиқӣ чист». Ҳангоме ки шахс ба даъвати Худо оиди хизматгузорӣ зиддият мекунад, ӯ чунин мегӯяд: «Ман худам медонам, ки кадом хизматгузорӣ бароям беҳтар аст. Ман чӣ тавр бомуваффақият ва бонуфуз буданро медонам. Ман ояндаи рӯҳонии худро худам муқаррар карда метавонам». Дар ҳар яки ин мавридҳо одам ноҳақ аст. Худо нишон додааст, ки ягона роҳ ба сӯи ҳаёти абадӣ Исои Масеҳ аст. Исо гуфта буд: «Ман роҳ ва ростӣ ва ҳаёт ҳастам...» (Юҳ. 14:6). Ӯ нагуфтааст, ки Вай яке аз роҳҳост. Ӯ гуфтааст, ки Ӯ роҳ аст. Худо на танҳо роҳи наҷотро барои мо таъмин намудааст, балки ҳамчунин ба мо ёрӣ медиҳад, ки ба воситаи Рӯҳулқудс тақдис ёбем ва ҳар рӯз дар пеши Ӯ қадамгузор бошем. Ҳангоме ки мо мувофиқи хости худ зистанро афзал дониста, ба усулҳои илоҳии ислоҳшавӣ зиддият мекунем, дар исёнкории худ ғурурро нишон медиҳем. Тарс Сабаби дуюми исёнкории мо тарс аст. Пурра имконпазир аст, ки Юнус аз рафтан ба Нинве метарсид. Сокинони ин шаҳр бутҳоро парастиш мекарданд ва бо макру бераҳмии худ машҳур буданд. Онҳо хеле ваъдахилоф буданд. Шояд Юнус, ки яҳудӣ буд, аз он метарсид, ки дар кӯчаҳои ин шаҳр гашта, ба душманони Исроил, ки худоёни бисёрро мепарастиданд, Худои ягонаро мавъиза кунад. Ӯ метарсид, ки Худо ба аҳли Нинве раҳм мекунад, то ки Исроилро, халқи Худро дарҳам шиканад. Ғурур ва тарс ду сабаби асосии исёнкори мо бар зидди Худост. Ба худ савол диҳед: «Чаро ман ба хости Худо зиддият мекунам? Чаро он чиро, ки дар ҳаёти ман ба Худо писанд намеояд, тарк намекунам ва тағйир намедиҳам?» Шумо аз чӣ метарсед? Шумо дар ҳаёти худ бо ёрии ғурур чиро ҳифз карданӣ мешавед? Ҳар қадар дар дилатон ғурур ва тарс зиёд бошад, зиддияти шумо низ ба Худо ҳамон қадар зиёдтар мешавад. Қувваи ирода Аксар вақт ғурур дар шахсиятҳои қавӣ зоҳир мегардад. Онҳо иродаи қавӣ доранд. Онҳо на танҳо шунидани танқид, балки радди маърака шуданро ҳам паси сар карда метавонанд. Онҳо бе муҳаббати атрофиён зиндагӣ карда метавонанд. Чунин одамон ба монеаҳо ва бӯҳронҳо нигоҳ накарда, пеш мераванд. Онҳо мақсаднокӣ, устуворӣ ва худбоварӣ доранд, то ки ҳама чизро сарфи назар карда, ба Худо мухолифат намоянд. Қувваи ақл Дигар исёнкорон беҳад оқил мебошанд. Онҳо хеле бофаҳм ҳастанд ва ҳамеша медонанд, ки чӣ тавр ба мақсад зудтар расидан мумкин аст. Онҳо хуб медонанд, ки чӣ тавр аз нохушиҳо барканор бошанд ва аз он ҷумла ба раванди дар ҳам шикаста шудан аз ҷониби Худо рӯ ба рӯ нашаванд. Худованд ҳар қадар ба онҳо зиёдтар фишор оварад, онҳо бо кӯшиши бештар «варианти эҳтиётӣ»-и худро тартиб медиҳанд. Худо ҳар коре ки кунад, онҳо бо роҳи худ рафтанро давом медиҳанд, ҳатто агар ин роҳ ба пайраҳаи морпечи кӯҳӣ монанд бошад ҳам. Аммо дар ниҳояти кор ҳамаи мо ба ҳадди охири лаёқатҳои ақлӣ, эҳсосотӣ ва рӯҳонии идоракунии ҳаёти худ мерасем. Барои баъзеҳо ин лаҳза дар бистари марг фаро расида метавонад. Ва албатта ҳеҷ кас аз марг раҳоӣ ёфта наметавонад. Худо мехоҳад, ки мо ғурур ва тарси худро дарк намуда, ба Ӯ гӯем: «Ман мустақилона ҳамаи инро саришта карда наметавонам. Ман ҳамаи монеаҳоро дар роҳ ба сӯи хурсандии ҳақиқӣ, умед ва ҳисси қаноатмандӣ рафъ карда наметавонам. Худовандо, Ту ба ман даркор ҳастӣ. Ман пурра ба Ту такя мекунам ва медонам, ки Ту ба ман ҳама чизи ҳақиқатан арзишнок ва муҳимро медиҳӣ». КӮШИШҲОИ САФЕД КАРДАНИ ИСЁН БАР ЗИДДИ ХУДО Ҳамаи мо гоҳ-гоҳ аҳамияти исёни худро бар зидди Худо кам карданӣ мешавем. Ва барои сафед кардани қарорҳои худ баҳонаҳои бисёр пайдо мекунем. Гоҳо мо дар ҳама чиз дигаронро айбдор мекунем. Масалан барои нохушиҳое ки бо мо рӯй медиҳанд ё азобҳое ки аз сар мегузаронем. Мо мегӯем: «Агар вай намебуд, ман ҳеҷ гоҳ ба чунин ҳолати фалокатбор намеафтодам. Агар онҳо маро ба ин кор ҷалб намекарданд, ба ин гуна вазъяити нохуш рӯ ба рӯ намешудам». Гоҳо мо вазъиятҳоро айбдор мекунем — вазъиятҳои гузашта ва ҳозираро. Мо оҳ мекашем: «Эҳ, ман интихобе надорам, охир, ман дар чунин муҳит калон шудаам ва ҳеҷ чизи дигарро намедонам! Худо гузаштаи маро медонад, пас, ҳамчунин медонад, ки дар ин маврид чӣ гуна амал хоҳам намуд». Мо баҳона ҷустан, гурехтан ва ба Худо зиддият намуданро давом медиҳем. Ва ҳангоме ки одамон доимо худро сафед карда, дигаронро айбдор мекунанд, ин нишонаи аниқи он аст, ки онҳо ба раванди шикаста шудан зиддият карданӣ мешаванд ва бар зидди Худо исён мекунанд. Ман занеро мешиносам, ки барои маслиҳат назди психотерапевти масеҳӣ мерафт ва ҳар боре ки духтур ба он чи Китоби Муқаддас мегӯяд, ишора менамуд, ӯ барои эътироз намудан баҳонае меёфт! Дар охир ин зан дигар ба қабули духтур рафтан нахост. Он чи психотерапевт мегуфт, ба ӯ маъқул набуд. Дар асл вай ҳақиқатро шунидан намехост. Ӯ мехост, ки танҳо ӯро гӯш кунанд. Ана ҳамин аст исён. Тавба карда, чунин гуфтан дурусттар мебуд: «Ман зидди Худо исён карда истодаам». Мо ҳолати худро ҳар қадар зудтар дарк намоем, ҳамон қадар зудтар ҳалли мушкилоти худро мебинем ва азобҳои мо ҳамон қадар зудтар ба охир мерасанд. АРЗИШИ ИСЁН БАР ЗИДДИ ХУДО Исён барои Юнус чӣ арзише дошт? Он барои ӯ ҳамон арзишеро дошт, ки барои мову шумо дорад: Аз даст додани оила. Ба Юнус лозим омад, ки халқи худро тарк кунад. Ӯ чипта харид, то ки аз назди халқи худ ба масофаи чор ҳазор километр биравад. Исёни мо бар зидди Худо боиси ҳамин гуна натиҷаҳо мегардад ­— мо аз муошират бо касоне ки беш аз ҳама дӯст медорем, маҳрум мешавем. Ба Таршиш гурехтанӣ шуда, Юнус ҳамчунин... Ҷои корро аз даст дод. Новобаста ба он ки Юнус чӣ касбу кор дошт, ӯ қарор дод, ки онро тарк карда, ба кишвари дигар биравад. Маошро аз даст дод. Корро аз даст дода, Юнус ҳамчунин маошро аз даст дод. Дар айни ҳол ӯ ҳамчунин ... Ҳамаи дастмояи худро аз даст дод. Шубҳае нест, ки сафар ба Таршиш барои Юнус хеле гарон афтид. Ҳангоме ки маллоҳон дар вақти тӯфон ҳамаи бори киштиро ба баҳр партофтанд, эҳтимол ҳамчунин он чиро, ки Юнус дошт, ба баҳр партофтанд. Ҳатто агар чизу чораи Юнус партофта нашуда бошад ҳам, худи ӯ ба баҳр партофта шуд. Аммо Юнус на танҳо чизҳои моддӣ, ламсшавандаро аз даст дод. Ӯ ҳамчунин... Азоби виҷдонро аз сар гузаронд. Юнус медонист, ки зидди хости Худо амал карда истодааст. Аз Худо ҷудо шуд. Юнус худаш аз муошират бо Худо даст кашид. Ҳамаи ин тӯфон дар баҳр ва се шабонарӯз дар даруни наҳанги бузург будан пур аз даҳшат буданд. Оё шумо бӯйро дар меъдаи ин ҷонвар тасаввур карда метавонед? Норасоии ҳаворо? Юнус ба оҳиста-оҳиста мурдан маҳкум шуда буд. Ҳама чизе, ки ӯ аз даст дод, ба ҳам алоқаманд буданд, аммо дар баробари ин Юнус ҳис мекард, ки ба ғуломии эҳсосотӣ афтодааст. Ғуломии эҳсосотӣ. Хашм, нафрат ва ҳисси талхкомӣ ҳамеша барои мо садди роҳ мешаванд. Ҳангоме ки мо онҳоро ба атрофиён равона мекунем, гаравгони эҳсосоти худ мешавем. Нафрат моро аз дарун мехӯрад. Он пеши чашми моро гирифта аз хурсандӣ ва муҳаббат ба ҳаёт маҳрум мекунад. Ҳисси талхкомӣ, лаёқати дӯст доштан ва дӯстдошта будани моро гулӯгир мекунад. Хашм ва нафрат имони моро хароб мегардонанд. Юнус шахсе буд, ки изтироби сахти рӯҳиро аз сар мегузаронд. Ҳиссиёте ки дар ботини ӯ меҷӯшид, ӯро «мехӯрд», чун он кирме ки растании рӯёндаи Худоро нобуд кард. Онҳо ӯро хушк мекарданд. Агарчи мо оиди аҳли оилаи Юнус ҳеҷ чиз намедонем, тахмин карда метавонем, ки онҳо низ аз боиси исёни ӯ зарар диданд. Агар мо бар зидди Худо исён кунем, аъзоёни оила ва шахсони дӯстдоштаи мо ҳамеша ба ин ё он дараҷа зарар мебинанд. Ба Худо зиддият намуда, сазои онро надидан ғайриимкон аст. Агар мо исёнро давом диҳем, Худо ягон вақт мегӯяд: «Хайр, бигузор мувофиқи хости ту шавад. Аммо ту бой додӣ». Худо моро дар он ҳолате ки мо онро барои худ интихоб намудем, тарк мекунад. Агар мо қарор диҳем, ки ба даъвати Худо оиди наҷот ёфтан ҷавоб надиҳем, дар ҳамон ҳолати пургуноҳи худ — наҷотнаёфта боқӣ мемонем. Агар мо қарор диҳем, ки ба даъвати Худо оиди тақдис ёфтан ҷавоб нагӯем, ҳеҷ чиз дигаргун намешавад — мо дар муборизаи доимӣ бо васвасаҳо ва гуноҳ, натиҷаҳои интихоби нодуруст ва қарорҳои бефикрона хоҳем буд. Агар мо даъвати Худоро оиди хизматгузорӣ сарфи назар кунем, қаноатманд нашуда мемонем ва маънои зиндагиро ҳеҷ пайдо карда наметавонем. Исён бар зидди Худо нумӯи рӯҳонии моро бозмедорад. Он моро хароб мегардонад ва имкон намедиҳад, ки имкониятҳои рӯҳонии худро амалӣ гардонем. ДУО ДАР ҲАҚҚИ ШАХСИ ИСЁНКУНАНДА Ҳангоме мо ҳис мекунем, ки касе ба Худо исён мекунад, дуои мо бояд чунин бошад: «Худоё, ба сари ин шахс он қадар мушкилотро биёр, ки ӯ ба Ту рӯ оварад». Ин хоҳиш оиди он нест, ки шахс осеб бинад ва ё тамоми ҳаёташ бебозгашт хароб карда шавад. Худо инро намехоҳад. Мо низ набояд инро хоҳиш кунем. Аммо мо метавонем дуо кунем, то Худо чунин вазъиятҳоро ба вуҷуд оварад, ки иродаи он шахс шикаста шавад ва Ӯ ба Худо итоат намояд. Ин гуна дуо ба нафъи он шахс аст, бинобар ин мо ин гуна дуо гуфта метавонем. Мо оиди он дуо намекунем, ки Худо касеро барои он чи ягон вақт бар зидди мо кардааст, ҷазо диҳад. Дуои мо қасос нест. Дуоҳои мо оиди дарҳам шикастан — дуоҳо оиди он мебошанд, ки шахс баракати бузургро ба даст оварда тавонад! Агар шахс дар ҳолати дарҳам шикаста шудан бошад, мо набояд барои ёрӣ назди ӯ шитобем, тасалло диҳем ё сарчашмаи дардро бартараф намоем. Охир, имкон дорад, ки бо ин кор мо зидди Худо мебароем! Мо бояд чунин дуо кунем: «Худоё, ман медонам, ки Ту озмоишҳоро ба мо беш аз он чи мо таҳаммул карда тавонем, намефиристӣ. Чашмони ин шахсро кушо, то ӯ амалҳои Туро, ки ба нафъи худи ӯ мебошанд, дида тавонад. Ба ман ёд деҳ, ки чӣ гӯям ва чӣ гуна рафтор намоям, то ки ҳақиқатро вайрон накунам. Ба ман ёрӣ деҳ, то ба Ту халал нарасонам». Ба назди ман аксар вақт одамон бо хоҳиши дуо гуфтан меомаданд, то ки Худо онҳоро аз ин ё он мушкилот раҳо кунад. Одатан гуфтугӯ чунин мегузашт. Дар ҷавоби хоҳиши онҳо ман савол медодам: — Оё шумо бовар мекунед, ки Худо оиди он чи дар ҳаёти шумо шуда истодааст, медонад? — Ҳа, — ҷавоб медод шахс. — Оё шумо бовар мекунед, ки Худо шуморо дӯст медорад? — Ҳа. — Пас, мо оиди он дуо мекунем, ки шумо ба Ӯ мутеъ шавед. Ва имкон диҳед, ки ҳамаи он чиро, ки Ӯ ба нақша гирифтааст, ба охир расонад. Мо оиди он дуо мегӯем, ки Худо шуморо устувор гардонад ва ёрӣ диҳад, ки аз ин вазъият рӯҳан қавитар ва ғанитар шуда, бароед. Мо на оиди раҳоӣ дуо мегӯем, балки оиди он ки баракати Худо дар ҳаёти шумо амал намояд ва ба шумо мардонагӣ диҳад. Мо оиди он дуо мекунем, ки шумо бовар карда тавонед, ки Худо ин вазъиятро ба нафъи худи шумо роҳ додааст. АЗ ДАСТ ДОДАНИ БАРАКАТҲО Агар шахс исён карданро давом диҳад, ин боиси он мешавад, ки ӯ аз баракатҳое ки Худо бар ӯ фурӯ рехтанист, маҳрум мешавад. Исён ба мо имкон намедиҳад, ки ҳамаи он чиро, ки Худо барои мо муқаррар намудааст, соҳиб шавем. Шахси исёнгар метавонад хурсандӣ кунад, аммо пуррагии хурсандиро дарк карда наметавонад. Ӯ муҳаббатро ҳис мекунад, аммо ҳеҷ гоҳ муҳаббати бешарти Худоро ҳис карда наметавонад. Ӯ дар ин зиндагӣ ба чизе умед мебандад, аммо ҳеҷ гоҳ умеди ҳаёти ҷовидонро, ки Худо медиҳад, ба даст намеоварад. Зиддият ба Худо ба мо имкон намедиҳад, ки аз қувват ва ҳикмати Ӯ пур шавем ва аз ҳузури Ӯ ҳаловат барем. Он моро аз баракатҳои Худо маҳрум мекунад. Сарфи назар кардани даъвати Худо арзиши онро надорад, ки ҳамаи ин чизҳоро аз даст диҳед. БОБИ 9. ЧӢ ГУНА НАВДАЕ ШАВЕМ, КИ САМАРИ БИСЁР МЕОВАРАД Худо Кист? Ӯ дар тасаввури шумо чӣ гуна ҷилвагар мешавад? Аксари шиносҳои ман дарҳол ба ин савол ҷавоб медиҳанд. Барои онҳо Ӯ Офаридгор, Худованд, Худои Тавоно, Падари Осмонӣ мебошад. Барои дигарон Худо Қувваи Олӣ, «идораи осмонӣ», Сабабгор аст. Ҳангоме ки Исо оиди Падари Осмонӣ гап мезад, ифодаҳои тасвириро кам истифода мебурд. Яке аз онҳо дар Инҷили Юҳанно (15:1) сабт шудааст: «Ман токи ҳақиқӣ ҳастам ва Падари Ман Токдор аст». Сипас Исо оиди Падари Осмонӣ чунин мегӯяд: Ҳар навдаеро, ки дар Ман мева наоварад, Ӯ бурида мепартояд; ва онро, ки мева меоварад, пок месозад, то ки бештар мева оварад. Шумо алҳол ба воситаи каломе ки ба шумо гуфтам, пок ҳастед. Дар ман бимонед, ва Ман дар шумо. Чӣ тавре ки навда наметавонад худ аз худ мева диҳад, агар дар ток намонад, ҳамчунин шумо низ, агар дар Ман намонед. Ман ток ҳастам, ва шумо навдаҳо; касе ки дар Ман бимонад, ва Ман дар вай, меваи фаровон меоварад, зеро ки бе Ман ҳеҷ коре наметавонед кунед. <...> Ҷалоли Падари Ман дар он аст, ки шумо меваи фаровон оваред, ва шогирдони Ман хоҳед буд. (Юҳ. 15:2–5, 8) Худо моро бо мақсади муайян пок мекунад, чунон ки токдор навдаи токро, — Ӯ мехоҳад, ки мо рӯҳан то ба андозае нумӯ кунем, ки самари зиёд оварда тавонем. Ин порча бо суханони Исо, ки дар Инҷили Юҳанно (12:24) навишта шудаанд, мувофиқат дорад: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: агар донаи гандум дар хок афтода, намирад, фақат худаш боқӣ мемонад; лекин агар бимирад, донаҳои фаровон меоварад». Мешунавед: донаҳои фаровон! Аз Навиштаҷот мо мефаҳмем, ки самари ботинӣ ҳаст — хусусиятҳои муайяни хислат, ва самари берунӣ — корҳое ки мо барои ҷалол додани Худо ва паҳн намудани Подшоҳии Ӯ мекунем. САМАРИ БОТИНИИ РӮҲУЛҚУДС Самари ботиниро, ки мо бояд ба бор оварем, худи мо намерӯёнем. Ин самар дар мо он гоҳ пухта мерасад, ки мо дар Худованд Исо вафодор бимонем ва ё чуноне ки Худи Исо мегуфт, дар навдаи ток бошем. Мо ба Худованд ҳар қадар наздик бошем, ба қувваи Рӯҳулқудс, ки дар мо амал мекунад, ҳар қадар бештар такя намоем, ин самар дар мо ҳамон қадар зудтар нашъунамо мекунад. Онро танҳо бо як роҳ рӯёндан мумкин аст, — дар ҳар як лаҳзаи зиндагӣ бо Худованд будан ва ба роҳнамоии Ӯ итоат намудан. Бинобар он ин самар самари Ӯст. Ҳавворӣ Павлус дар Нома ба Ғалотиён оиди ин ба таври равшан мегӯяд: «Аммо самари Рӯҳ инҳост: муҳаббат, шодмонӣ, осоиштагӣ, пурсабрӣ, меҳрубонӣ, марҳамат, имон, фурӯтанӣ, парҳезгорӣ...» (5:22–23). Дарҳам шикаста шудан раванди покшавист, ки онро Худо барои он истифода мебарад, ки дар мо самари ботиниро рӯёнад, яъне ба Ӯ шабеҳ буданро. Амали Худо дар мо Ҳамаи мо мехоҳем, ки Худо барои мо коре кунад. Мо бисёр вақт дар дуоҳои худ аз Худо дархостҳо мекунем, ки Ӯ, чун ҷине ки аз кӯза мебарояд, дарҳол ҳамаи хоҳишҳои моро ба ҷо оварад! Илоҳиётшиносии имрӯза низ дар бораи инсон ва талаботҳои ӯ бисёр мегӯяд. «Худоё, ман мехоҳам, ки Ту маро шифо диҳӣ... Худовандо, маро сарватманд гардон... Худовандо, маро баракат деҳ ва ҳимоя намо... Худовандо, барои ман ин корро бикун... он корро бикун...» Аммо мо фаромӯш мекунем, ки на мо, балки Худо маркази коинот аст. Ӯ талаб мекунад, ки мо ба Ӯ хизмат кунем. Ӯ хизматгори мо нест. Ӯ Худованди Қодири Мутлақ аст. Ҳангоме ки мо аз Худо чизеро дархост мекунем, хеле худдонамӣ мекунем. Беҳтараш муносибатҳоямонро бо Худо чунон тартиб диҳем, ки мо дар ихтиёри Ӯ бошем. Худо ҳаёти мост. Бе Худо мо ҳаёт надорем — на дар ин ҷо, дар замин ва на дар абадият, дар осмон. Исо гуфта буд, ки омадааст, то ки ба мо ҳаётро диҳад ва онро ба фаровонӣ диҳад. Ҳаёти мо аз Худост ва ҳаёти Ӯ, ки дар мо ҷорӣ мешавад, — ҳам хислати Ӯ ва ҳам иродаи Ӯст. Ҳангоме ки мо ба Худо дигар хел нигоҳ мекунем, ба бутпарастӣ меафтем. Агар мо Худоро наҷӯем ва хоҳем, ки Худо дархостҳои моро ба ҷо оварад, мо парастидани Ӯро бас мекунем — мо лаёқати аз ягон ҷиҳат моро таъмин карда тавонистани Худоро парастиш мекунем. Дигар хел карда гӯем, мо ба парастиши чизҳои моддӣ сар мекунем. Аз бутҳо даст кашидан Бутпарастӣ метавонад чунон шаклҳое дошта бошад, ки фарқ кардани онҳо хеле душвор аст. Ва бовар кунед, бутпараст шудан намеарзад, то ягон вақт пай баред, ки Худо шуморо бо роҳи дарҳам шикаста шудан ва азобҳо гузаронда, аз умеди бардурӯғ ба ин ё он чиз озод мекунад. Боре ман тамоми асбобҳои суратгирии худро аз хона дур кардам. Аввал ман онро ба Ломбард бурдам, сипас рӯзе фаро расид, ки ман онро фурӯхтам. Ман суратгириро дӯст медорам. Дар давоми солҳои зиёд ман ба асбобҳо ва техникаи суратгирии гаронбаҳо пул сарф мекардам. Боре дар калисои мо мушкилот пайдо шуданд ва барои ҳалли онҳо маблағгузории иловагӣ лозим шуд. Ва ба хотири ин ман чизи бароям гаронбаҳотарин — асбобҳои суратгириро фидо намудам. Ин кори осон набуд. Агарчи ман ботинан ба ин қурбонӣ тайёр будам, худи раванди фурӯши чизҳо ва додани пул — ҳангоме ки ман асбобҳои худро ба мағоза овардам ва баъд пулро ба калисо бурдам, — хеле мураккаб буд. Аммо чизе дар ман дарҳам шикаст. Ҳангоме ки ин чизҳои бароям гаронбаҳоро аз худ дур кардам, оромии рӯҳӣ пайдо намудам. Ман дидам, ки Худо дар ман чӣ гуна амал менамуд. Ӯ тӯҳфаи маро на танҳо барои ҳалли масъалаҳои ҳалталаби калисо, балки ҳамчунин барои ҳалли мушкилоти ман низ истифода бурд. Худо Худаш мушти маро, ки дар он чизи моддӣ, ламсшаванда ва бароям хеле аҳамиятнокро дошта меистодам, кушод. Аммо танҳо ҳамон вақте ки чизи гаронбаҳои худро ҳақиқатан «додам» ва ба чизҳои моддӣ ба таври нав менигаристагӣ шудам, Худо бо роҳи мӯъҷизаосое ки танҳо ба Ӯ маълум аст, тамоми асбобҳои суратгириамро ба ман баргардонд. Боре, пас аз ду моҳ, ба дари хонаи ман занг заданд. Ҳангоме ки дарро кушодам, дар назди остона занеро дидам, ки дар дастонаш ду сумкаи пур дошт. Ӯ пурсид: «Шумо доктор Стенли ҳастед?» Ҳангоме ки ман тасдиқ намудам, ӯ сумкаҳоро ба фарш гузошт ва ба ақиб гашта, рафт. Ман сумкаҳоро кушода, дар он тамоми асбобҳои суратгириамро дидам. Ман ба мағозае ки асбобҳои суратгириамро ба он ҷо бурда будам, занг задам ва соҳиби он ҷавоб дод: «Ҳа, як шахс, ки хоҳиш кард номашро нагӯем, ҳамаи асбобҳои шуморо харида, хоҳиш намуд, то онҳоро ба хонаи шумо бурда диҳем». Ман мефаҳмидам, ки асбоби суратгирӣ ва тамоми таҷҳизот тӯҳфаи шахси номаълум набуд. Он тӯҳфаи Худо буд! Ман дар ҳаёти шахсони дигар низ ҳамин гуна воқеаҳоро мушоҳида намудаам. Ҳангоме ки мо аз чизе даст мекашем, ки бароямон аз итоат ба Худо муҳимтар ва гаронбаҳотар аст, аксар вақт Ӯ дар ивазаш як чизи арзишноктар ва фоиданоктарро медиҳад. Гоҳо Худо он чиро, ки ба Ӯ додаем, ба мо бармегардонад. Ва гоҳо як чизи дигарро медиҳад. Ва ин чизи дигар ҳамеша аз чизи пештара хубтар аст. Худи ҳамон принсип дар муносибатҳои байни одамон амал мекунад. Масалан, Худо ба ҷавоне аниқ нишон медиҳад, ки шиносоиро бо фалон духтар бас кунад ё ба духтар мефаҳмонад, ки бо фалон ҷавон оила барпо накунад. Инро аз сар гузарондан хеле душвор аст. Одамон дар чунин мавридҳо аз боиси барбод рафтани муҳаббат хеле озурда мешаванд. Аммо агар шахс иродаи худро ба иродаи Худо тобеъ намуда, муносибатҳоро ҳақиқатан қатъ намояд, Худо ба ӯ он чиро медиҳад, ки аз чизи гумкардааш беандоза беҳтар аст. Худо дар муносибатҳои нав мақоми роҳбарикунандаро хоҳад дошт. Мақсадҳои аввалиндараҷа дар ин маврид дуруст ҷо ба ҷо гузошта хоҳанд шуд. Гоҳо Худо ба мо шахсеро, ки ба хотири Ӯ тарк карда будем, бармегардонад. Ба баъзеҳо Худо нишон медиҳад, ки худро бо оиладорӣ банд накарда, танҳо зиндагӣ кунанд. Ва чунин зиндагӣ барои шахс олидараҷа хоҳад буд. Муҳим он аст, ки дар муносибатҳои мо муҳаббат ба Худо дар ҷои аввал бошад. Худо моро бо ҳамин мақсад дарҳам мешиканад. Агар ба мавзӯи асбобҳои суратгирӣ баргардем, ман метавонистам онҳоро ба мағоза барам, аммо чун пештара дар дил нигоҳ дорам. Метавонистам аз он ғамгин шавам, ки лозим меояд асбобҳои суратгириамро аз даст диҳам. Метавонистам беист оиди он фикр кунам, ки чӣ тавр ҳамаи он чизҳоро бозгардонам. Аммо ин маънои онро медошт, ки ман ба Худованд ҳеҷ чизро надодаам. Чунин хулоса нисбати ҳар як шахсе ки дидаву дониста аз ягон чизи моддӣ ё рӯҳонӣ даст мекашад, дуруст аст. Имкон дорад, ки мувофиқи каломи Худо аз ягон кас ё ягон чиз даст кашед, аммо он кас ё чизи дӯстдоштаатонро дар дил маҳфуз доред. Имкон дорад, ки худро барои ин чизи аздастрафта маломат намоед. Имкон дорад, ки барои ин чиз солҳо оҳ кашида, афсӯс хӯред. Аммо аз он чи Худо хоҳиш кардааст, ки даст кашед, бояд даст кашед! Aз таҳти дил даст кашед. Худо ҳама чизи мост Дарҳам шикаста шудан моро ба ҳолате меоварад, ки мо мегӯем: «Барои ман чизи муҳимтарин — ҳузури Худо дар ҳаёти ман аст». Ин нишонаи аниқи он аст, ки мо пурра дар итоати Худо ҳастем. Мо мехоҳем, ки Худо дар мо дигаргуниҳои ботинӣ ба вуҷуд оварад, на дигаргуниҳои зоҳирӣ, ки онҳоро ба дӯстон ва атрофиён намоиш дода, худситоӣ карда тавонем. Баракатҳои бузурги Худо он дигаргуниҳое мебошанд, ки Ӯ дар мо ба вуҷуд меоварад ва муҳимтарини онҳо — шабоҳат ба Масеҳ аст. Хеле кам касон бо фикр оиди Худо ва он чи Ӯ ба мо мефармояд, аз хоб бедор мешаванд. Мо бедор шуда, оиди он чи худамон карданӣ ҳастем, фикр мекунем. Мо танҳо оиди худ фикр мекунем — оиди эҳтиёҷоти худ, оиди вохӯриҳо ва нақшаҳои худ, оиди хоҳишҳои худ. Худо моро барои он дарҳам мешиканад, ки мо ба фикрҳо оиди Ӯ ва хости Ӯ ғӯтавар шавем. Мо бояд чунин дуо кунем: «Худовандо, ман барои ҷалоли Ту бояд чӣ кор кунам?» Ба Масеҳ шабеҳ гаштан Самари рӯҳ, ки ҳавворӣ Павлус оиди он мегӯяд, — сифатҳои Худи Исои Масеҳ мебошанд. Мо бояд маҳз ба Ӯ монанд бошем. Инак он чи ба Масеҳ хос аст: Муҳаббат. Муҳаббати фидокорона хусусияти фарқкунандаи Исои Масеҳ аст. Муҳаббат қобилияти фидо кардан, фидо кардан ва боз ҳам фидо кардан аст. Ва то даме ки мо худпарастӣ ва ғурури худро дарҳам нашиканем, чунин муҳаббатро ба даст оварда наметавонем. Хурсандӣ. Шахсе ки дар асорати гуноҳ аст, ба таври ҳақиқӣ хурсандӣ карда наметавонад. Хурсандӣ бо дарки он фаро мерасад, ки ту наҷот ёфтаӣ. Ҳар боре ки Худо моро дарҳам шикаста, аз байни азобҳо мегузаронад, мо бар гуноҳ ғолиб мешавем ва ғам ба хурсандӣ табдил меёбад. Касе ки ҳақиқатан аз ҷониби Худо дарҳам шикаста шудааст, медонад, ки ман оиди кадом хурсандӣ мегӯям. Агар шахс кӯшиш кунад, ки ҳама корҳоро мувофиқи хости худ кунад, ӯ дар банди камбудиҳо, хатоҳо ва сустиҳои инсонӣ мебошад. Чунин шахс аз худ ноумед шуда, ба муваффақиятҳои дигарон ҳасад мебарад. Ӯ хурсандӣ надорад. Ӯ танҳо дар муддати лаҳзаҳои кӯтоҳ хурсандӣ ҳис мекунад — ҳисси рӯякӣ, — аммо чӣ будани хурсандии ҳақиқиро намедонад. Касе ки дарҳам шикаста шуданро аз сар гузарондааст, хурсандии махсусеро ҳис мекунад — хурсандии интизорӣ. Чунин шахс мегӯяд: «Ман бесаброна интизори он ҳастам, ки Худо имрӯз чизеро ба ман ошкор мекунад». Ҳангоме ки Худо ҳаёти моро пурра идора мекунад, он ба саргузашти дилпазире табдил меёбад! Осоиш. Дарҳам шикаста шудан осоишро ба вуҷуд меоварад — осоише ки тамоми ҳастии моро фаро мегирад. Ҳангоме ки мо ҳаёти худро ба ихтиёри Худо месупорем, мо мегӯем: «Худовандо, ман аз они Ту ҳастам. Бо ман ҳар он чи мехоҳӣ, бикун. Ҳаёт ва вақти ман дар дастони Ту мебошанд». Мо дар бехатарии пурра мебошем, чунки Худо дар мо ва ба воситаи мо танҳо он чиро ба амал меоварад, ки баҳри манфиати абадии мо хизмат мекунад. Мо пурра ва комилан ба Ӯ боварӣ мекунем. Ва дар натиҷа осоиш ба даст меоварем. Дигар лозим намеояд, ки мубориза барем. Лозим намеояд, ки бо саъю кӯшишҳои худ ба пеш ҳаракат кунем, муваффақият ба даст оварем ва барои ҳамаи натиҷаҳои корҳоямон масъулиятро ба дӯш дошта бошем. Худо ҳамаашро идора мекунад. Мо метавонем дар дастони Ӯ истироҳат кунем. Ва осоиши Худо баракати мост. Чуноне ки ҳавворӣ Павлус ба Тимотиюс навишта буд, «тақводорӣ ва қаноатмандӣ дастоварди бузургест (ниг.: 1 Тим. 6:6). Пурсабрӣ. Ҳангоме ки мо бо дигарон мусобиқа карда, барои худ шӯҳрат пайдо карданӣ мешавем, ҳама гуна сабру тоқатро аз даст медиҳем. Мо мехоҳем, ки ҳамаашро ҳарчи зудтар ба ҷо оварем. Ҳангоме ки Худо моро дарҳам мешиканад, мо ба нақшаҳои худ ва дастурҳои Ӯ ба таври нав менигарем. Роҳҳои Ӯ, нақшаи Ӯ нисбати ҳаёти мо аз ҳамаи он чи мо тасаввур карда метавонем, аълотар аст. Ҳангоме мо мефаҳмем, ки барои ҳамешагӣ ба Худо тааллуқ дорем, Ӯро ва пуррагии он чиро, ки Ӯ ба мо ато мекунад, интизор шудан осонтар мегардад; ба таъсири Ӯ дар зиндагии наздиконамон боварӣ пайдо намудан осонтар мешавад, зеро медонем, ки Ӯ ҳама корро ба таври Худ мекунад — бо усулҳои Худ ва дар вақти Худ. Некӯӣ (хайрхоҳӣ, меҳрубонӣ). Ҳангоме ки моро на хоҳишҳои Рӯҳулқудс, балки ҳавасҳои ҷисм фаро мегиранд, мо ҳама корро ба таври худ мекунем. Мо чизи худро талаб менамоем, бо исрор ва фавран. Мо хоҳишҳои атрофиёнро ба назар намегирем ва ба ҳамаи онҳое ки чизҳоеро ба даст оварданӣ мешаванд, ки ба фикрамон, бояд ба мо тааллуқ дошта бошанд, фишор меоварем. Дарҳам шикаста шудан моро ба фаҳмиши он меоварад, ки мо ҳеҷ ҳуқуқ надорем. Ҳамаи ҳуқуқҳои мо ба Худо тааллуқ доранд. Мо аз майли пеш баромадан, аз ҳариф пеш гузаштан ва ба даст овардани чизи дилхоҳ озод мешавем. Гузашткунанда будан маънои нотавониро надорад. Мо дар зиддият ба иблис ҳамеша бояд қатъият зоҳир намоем. Мо бояд дар дуо боҷуръат ва дар шаҳодат оиди Масеҳ боғайрат бошем. Аммо дарҳам шикаста шуда, мо маънои суханонеро, ки Павлус ба аҳли Эфсӯс гуфта буд, равшан мефаҳмем: «...муборизаи мо на бар зидди хун ва ҷисм аст, балки бар зидди сарварон, бар зидди ҳукуматдорон, бар зидди фармонравоёни ин олами зулмот аст, бар зидди қувваҳои рӯҳии шарорат, ки дар афлок аст» (Эфс. 6:12). Ҳавворӣ мегӯяд, ки барои чунин мубориза мо бояд «дар Худованд ва тавоноии қудрати Ӯ» нерӯманд шавем (ниг.: Эфс. 6:10). Ба имондорони Қӯринт бошад ӯ чунин навиштааст: «Ҳушёр бошед, дар имон устувор бошед, мардвор ва матин бошед» (1 Қӯр. 16:13). Ҳангоме мо боварӣ дорем, ки набарди мо на бар зидди одамон, балки ба муқобили душмани ҷонҳои одамӣ аст, ки моро ба бадкирдорӣ водор менамояд, ба атрофиён муносибати нек карданамон осонтар мешавад. Мо гуноҳкорро дӯст дошта метавонем, агарчи гуноҳро бад мебинем ва бо васвасакор муборизаи рӯҳонӣ мебарем. Раҳмдилӣ. Пас аз дарҳам шикаста шудан мо мефаҳмем, ки танҳо ба шарофати Рӯҳулқудс, ки дар мо сокин аст, раҳмдилӣ зоҳир менамоем. Худои некӯ ва раҳмдил дар мо ва бо мо сокин аст. Дар мо ҳузур доштани Ӯ моро ба корҳои нек ва қарорҳои некӯ водор менамояд, чунки Худо табиатан некӯ ва раҳмдил аст. Агар ба Худо, ки моро дарҳам шикастан мехоҳад, зиддият кунем, дар рӯ ба рӯи табиати ҷисмонӣ ва фаҳмишҳои худ оиди некӣ ва бадӣ, оиди он чӣ хуб аст ва он чӣ бад аст, танҳо мемонем. Аммо ҳамаи он чи мо арзишнок меҳисобем, дар ниҳояти кор моро ноумед мекунад. Имкон дорад, ки шахс чеҳраи хуб ва қаду қомати мавзун дошта бошад, аммо назаррабо набошад; зираку нуктасанҷ бошад, аммо ҷавобҳои дурустро ёфта натавонад; маоши хуб гирад, аммо барои хароҷоти рӯзғор расонда натавонад; дар оилаи некӯаҳвол таваллуд шавад, аммо дар зиндагӣ ба ҳеҷ чиз ноил нашавад. Танҳо он чи Худо ба он баҳои баланд медиҳад, ҳақиқатан некӯист. Раҳмдилӣ дар бахшидан ифода меёбад. Ҳангоме ки мо дарҳам шикаста шудаем, аз атрофиён, ки ба мо муносибати на он қадар хуб доранд, талаб карда наметавонем, ки кадом як қарзи эҳсосотиро баргардонанд. Мо кӯшиш намекунем одамонро ба манфиати худ истифода барем, назорат намоем ё барои он чи кардаанд ё накардаанд, ҷазо диҳем. Мо дар ивази бадӣ бадӣ намекунем, балки дар дуоҳо мегӯем: «Худоё, ин шахс ба Ту тааллуқ дорад. Ва ман пурра ба ту такя мекунам ва ин шахсро ба дасти Ту месупорам. Дар ӯ ҳамон тавре ки дуруст меҳисобӣ, амал намо». Раҳмдилӣ ва некӯии Худо моро водор мекунад, ки дар одамон некӯиро биҷӯем ва ҳама кори имконпазирро бикунем, то дигаронро ба некӣ кардан водор намоем. Раҳмдилӣ моро водор менамояд, ки ба эҳтиёҷмандон ёрӣ диҳем, барои касоне ки Худоро намешиносанд, дуо гӯем, мазлумон ва бечорагонро ҳимоят намоем. Ҳамаи он чи Исо мекард, некӯӣ буд. Ҳангоме мо ҳис мекунем, ки Рӯҳулқудсе ки дар мо сокин аст, то чӣ андоза ба мо меҳрубон ва некӯст, мо ба Исо шабеҳ гардида, амалҳои раҳму шафқатро ба ҷо оварда метавонем. Вафодорӣ. То даме ки мо аз худ даст накашем ва ба Худо итоат накунем, ҳамеша каси дигареро меҷӯем, ки хоҳишҳои моро ба ҷо оварад, ба мо ёрӣ диҳад ва моро дӯст дорад. Мо чун ҳамсароне ҳастем, ки ҳар яке бо ҳар шахси хушандоми тасодуфӣ ишқварзӣ мекунанд. Мо бо ин кор ба Худо, ки моро ҳақиқатан дӯст медорад ва ҳеҷ гоҳ тарк намекунад, бевафоӣ мекунем. Худо ҳеҷ гоҳ моро ноумед намекунад ва дӯст доштанро бас намекунад. Мо дарҳам шикаста шуда, гуфта метавонем: «Ман ҳақиқатан аз они Ту ҳастам, Худовандо ва ғайр аз Ту ҳеҷ кас ба ҷони абадзиндаи ман ҳуқуқи соҳибият пайдо карда наметавонад. Ту Худои ман ҳастӣ». Ин ҳолати вафодории ҳақиқист. Чуноне ки Исо ҳеҷ гоҳ, ҳатто як лаҳза Падарро тарк накардааст, мо низ, ба шарофати Рӯҳулқудсе ки дар мо сокин аст, мехоҳем бо Падар бошем ва Ӯро ҳатто як лаҳза ҳам тарк накунем. Фурӯтанӣ. То даме ки дарҳам шикаста шуда, назди Худо сари таъзим фуруд наовардаем, мо қонеъ намудани эҳтиёҷоти худро на дар Худо, балки дар ҳар чизи дигар меҷӯем. Мо ба худ менигарем ва зуд мефаҳмем, ки худамон ҳеҷ гоҳ эҳтиёҷоти худро қонеъ карда наметавонем. Бинобар ин барои ёрӣ ба одамони дигар муроҷиат мекунем. Мо талаб мекунем, ки моро дӯст доранд, дар ҳаққи мо ғамхорӣ кунанд, моро нигоҳубин намоянд ва дар лаҳзаҳои мушкилот дилбардорӣ кунанд. Дар ниҳояти кор мо мефаҳмем, ки атрофиён ба мо ёрӣ дода наметавонанд, чуноне ки мо низ ба онҳо ёрӣ дода наметавонем. Мо мефаҳмем, ки одамон сарчашмаи боварибахши ёрӣ расондан ва қонеъ намудани эҳтиёҷот нестанд. Ва мо чӣ мекунем? Мо аз онҳо меранҷем, оташин мешавем ва ба ғазаб меоем. Ва ҳангоме ки моро ҳамаи ин ҳиссиёт фаро мегиранд, чӣ рӯй медиҳад? Мо дарҳол фурӯтаниро фаромӯш мекунем! Мо одамонро меранҷонем ва ба онҳо суханони нохуш мегӯем. Мо дағалӣ мекунем, дар назди ҳама масхара ба таҳқир мекунем. Мо муносибатҳоро бо онҳо бармеканем. Чунин рафтор дар як чизи оддӣ асос ёфтааст: мо аз одамон ноумед мешавем, чунки онҳо ба он чи аз онҳо интизор будем, мувофиқат намекунанд. Воқеият чунин аст, ки танҳо Исои Масеҳ метавонад ба ҳамаи он чи аз Ӯ интизор ҳастем, мувофиқат кунад. Танҳо Ӯ метавонад ҳақиқатан ҳамаи хоҳишҳои моро қонеъ намояд, ҳамаи мушкилотамонро ҳал кунад ва ташвишҳоямонро фаҳмад. Танҳо Ӯ метавонад ҳамаи он чиро, ки ба он эҳтиёҷ дорем, ба мо диҳад, — ҳам дар ин зиндагӣ ва ҳам дар зиндагии оянда. Ба шарофати дарҳам шикаста шудан мо ба атрофиён меҳрубон ва фурӯтан мешавем, чунки мо дарк мекунем, ки Худо ба мо меҳрубон ва фурӯтан аст. Мо бовар мекунем, ки Худо атрофиёни моро дигаргун карда метавонад ва мо бо онҳо муносибатҳои устувору солим барпо карда метавонем. Ва ин муносибатҳо моро хаста намекунанд, балки ғанӣ мегардонанд. Худдорӣ кардан. Ҳангоме ки мо идоракунии тамоми ҳаёти худро ба ихтиёри Худо месупорем, Ӯ онро ба мо бармегардонад. Ӯ ба мо қувват медиҳад, ки ба ҳама гуна васвасаҳои шайтон «не» гӯем. Мо лаёқат пайдо мекунем, ки шахси наҷотнаёфта онро надорад, — лаёқати ба бадӣ бо муваффақият муқобилат намудан. Он чи Худо ҳамеша дар мо дарҳам мешиканад, — ҳирси рафънопазири қонеъ намудани эҳтиёҷот ва хоҳишҳоямон аст. Худо моро дарҳам мешиканад, то мо хоҳони он чи бошем, ки Ӯ мехоҳад. Мо пай мебарем, ки Худо ба мо он чиро доданист, ки ба он эҳтиёҷ дорем ва ин ба мо хурсандӣ меоварад. Аксар вақт чизҳое ки мо оиди онҳо фикр ҳам намекунем, хоҳишҳои амиқтарини диламонро қонеъ мегардонанд. Дарҳам шикаста шудан боиси он мешавад, ки хоҳишҳои мо дигаргун мешаванд. САМАРИ БЕРУНИИ ҲУЗУРИ ХУДО ДАР МО Бисёр масеҳиён боварӣ доранд, ки самари беруние ки онҳо бояд ба бор оваранд, дар он чи «фаъолияти калосоӣ» ном дорад, ифода меёбад. Ҳаёти масеҳиёна барои онҳо доимо ба парастишҳо рафтан, хондани Китоби Муқаддас, тақсим намудани даъватномаҳо ба калисо, ва низ узвият дар ҷамъиятҳои гуногуни миссионерӣ ва ташкилотҳои масеҳӣ аст. Пас аз дарҳам шикаста шудан мо оиди Масеҳ самараноктар шаҳодат доданро сар мекунем. Самари беруние ки мо бояд ба бор оварем, аз он иборат аст, ки мо ҳақиқат ва ёрии Ӯро ба ҳамаи онҳое ки дар роҳамон вомехӯранд, эълон намоем. Мо ба он даъват шудаем, ки оиди муҳаббат ва қуввати Ӯ шаҳодат диҳем: ... бигзор онҳо некӣ кунанд ва аз аъмоли нек сарватманд шаванд, валинеъмат ва одамдӯст бошанд. (1 Тим. 6:18) Худованд Худоро дар дилҳои худ тақдис намоед; ҳамеша тайёр бошед, ки ба ҳар касе ки аз шумо дар бораи умедатон ҳисоб талаб кунад, бо фурӯтанӣ ва эҳтиром ҷавоб диҳед. (1 Пет. 3:15) Мақсади асосии дуоҳо, хондан ва омӯхтани Китоби Муқаддас, доимо ба калисо рафтан аз он иборат аст, ки ҳангоме аз мо ёрӣ талаб карда мешавад, мо чӣ гуфтан ва чӣ карданро фаҳмем. Дар лаҳзаи бӯҳронӣ мо барои андеша кардан фурсат надорем. Ҳамаи ин «таҳсилоти масеҳӣ» моро масеҳӣ намегардонад. Он фақат моро ба ҳаёти масеҳии ҳақиқӣ тайёр мекунад. Дар ҳаёти масеҳии ҳақиқӣ Рӯҳулқудс моро водор мекунад, ки дар Бадани Масеҳ ба якдигар хизмат кунем ва ба беимонон, ки ҳаёти моро бо диққат мушоҳида мекунанд, оиди Масеҳ шаҳодат диҳем. Чуноне ки дар боби гузашта зикр намудем, Худованд моро ба хизмати муайян даъват мекунад. Ӯ ба мо лаёқатҳо додааст ва ба ин хизмат тайёр кардааст. Аммо дар ҳамаи корҳо ва қарорҳое ки ҳар рӯз қабул мекунем, мо бояд бо роҳнамоии Рӯҳулқудс амал намоем. Мо бояд дар ҳамаи корҳо ва нақшаҳоямон пурра ба роҳнамоии Ӯ такя намоем. Мақсади дарҳам шикастан дар он аст, ки мо як чизро дарк карда тавонем — ҳаёти мо акнун ба мо тааллуқ надорад. Ҳаёти мо ба Масеҳ тааллуқ дорад. Мо бояд ҳамон тавр зиндагӣ кунем, ки Ӯ мехоҳад. Ба шарофати дарҳам шикаста шудан мо пай мебарем, ки хизматгузории мо танҳо ҳамон вақт самаранок мешавад, ки ҳақиқатан иродаи худро ба иродаи Худо тобеъ мекунем ва ба Худо имкон медиҳем, ки ба воситаи мо амал намояд. Ҳар қадар бештар ба Худо имкон диҳем, ки ҳаётамонро аз алафҳои бегона пок кунад, мо ҳамон қадар бештар самар оварда метавонем. Агар шумо оиди токзорҳо чизе донед, шояд шунида бошед, ки ҳар сол навдаҳои зиёдатии токро бурида партофтан даркор аст. Навдаҳои пир, хушкшуда бурида мешаванд. Дар вақти зимистони беҳосил раванди буридани навдаҳо бераҳмона метобад, аммо ҳангоме ки баҳорон навдаҳои нав пайдо мешаванд, мақсади он фаҳмо мешавад. Токе ки ҳамин тариқ пок карда шудааст, самари бештар меоварад. Шираи серғизо аз решаҳо ба навдаҳое ки самар оварда метавонанд, мешитобад. Ин навдаҳое ки пас аз буридани навдаҳои зиёдатӣ боқӣ мондаанд, «мевадиҳанда» номида мешаванд. Рӯҳулқудс дар мо ҳамин гуна амали поксозиро ба ҷо меоварад. Бо мурури он ки гуноҳҳо ва камбудиҳоямон аз мо дур карда мешаванд, мо ба корҳои бештаре қодир мегардем. Пас аз он ки Худо ба поксозии мо сар кард, мо ба наздикон бештар ва беҳтар хизмат карда метавонем. Масалан, имкон дорад, ки шахс устоди сухан бошад ва лаёқатҳову истеъдодҳои модарзод дошта бошад. Шояд ӯ шахсияти писандида буда, рафтори нек дошта бошад. Аммо агар Худо дар дили ин шахси лаёқатнок мақоми марказиро надошта бошад, дар хушсуханӣ ва рафтори неки ӯ ғайрисамимӣ будан, назарфиребӣ ва худпарастӣ зоҳир мегардад. Танҳо он вақте ки мо худро пурра ба Худованд месупорем, ҳамаи лаёқатҳои табиии мо ҳақиқатан гул-гул мешукуфанд ва аз ҷониби ҳама эътироф мегарданд. Мо бояд хоҳиш дошта бошем, ки дарҳам шикаста шавем, то ки самари бисёр оварем. Оё шумо ҳақиқатан мехоҳед он чизи беҳтаринеро, ки Худо бароятон тайёр кардааст, ба даст оваред? Роҳ сӯи дигаргуншавӣ, шабеҳи Худованд Исои Масеҳ шудан ва ба даст овардани қувваи нав барои хизмат ба наздикон танҳо ба воситаи дарҳам шикаста шудан аст. Худо роҳи дигар надорад. Дарҳам шикаста шудан роҳи Ӯ ба сӯи баракат аст. Имрӯз ба Худо имкон диҳед, ки меҳнати Худро дар дили шумо ба охир расонад. Ҳақиқатҳоеро, ки Ӯ ба шумо меомӯзонад, қабул намоед. Ва шумо он чиро, ки Худованд барои шумо тайёр кардааст, хоҳед дид! БОБИ 10. ВАЪДА ОИДИ БАРАКАТ Баракат чист? Дар замони мо калимаи «баракат»-ро чун «некӯаҳволӣ» тафсир медиҳанд. Ман албатта бовар мекунам, ки миқдори кофии пул ва имконияти пардохти пули суратҳисобҳо як қисми баракат аст, аммо баракати ҳақиқӣ аз ҷониби Худо назар ба маоши хуб доштан, соҳиби мулки ғайриманқул ё моли андӯхта будан хеле бештар аст. Бисёр шахсони муҷаррад «баракат»-ро чун зангирӣ ё ба шавҳар баромадан мефаҳманд. Волидон фарзандони худро баракат меҳисобанд. Саломатӣ, зебоӣ ва ҷои кори хуб — ин ҳам баракати Худост. Баракати Худо атоест барои некӯаҳволии абадии мо. Баракати ҳақиқӣ ҳамеша ҷузъи берун аз вақт дорад. ДАРҲАМ ШИКАСТА ШУДАН ВА БАРАКАТИ ҲАВВОРӢ ПАВЛУС Ҳавворӣ Павлус медонист, ки дарҳам шикаста шудан чӣ гуна аст. Ӯ ҳамчунин медонист, ки баракати Худо чист, хусусан баракате ки дар вақти дарҳам шикаста шудан меояд. Ҳаёти ҳавворӣ Павлус яке аз мӯъҷизаҳои ҳайратовари Аҳди Ҷадид аст. Ҳаввории оянда дар Тарсус таваллуд ёфт ва ӯро Шоул ном гузоштанд. Ба ӯ маълумоти хуб доданд — ӯ дар оилаи тақводори яҳудӣ тарбият меёфт, аммо шаҳрванди Рум буд. Ӯ дар рӯҳияи ғайрати динӣ масеҳиёни аввалинро таъқиб карда, бисёри онҳоро ба зиндон ва ба қатл равона мекард. Боре, ҳангоме ӯ ба Димишқ мерафт, то ки бо масеҳияти дар беруни Исроил паҳншуда мубориза барад, бо Исои Масеҳ вохӯрд. Яҳудии ғайратманд нури чашмхиракунандаро дид ва овози Исоро шунид, ки ба Ӯ муроҷиат мекард. Ва Ӯ назди Масеҳ сар хам карда, ҳаёташро ба Ӯ тобеъ намуд ва омурзиши Худоро ба даст овард. Павлус шахси қавиирода ва собитқадам буд. Ӯ новобаста ба вазъиятҳо кори худро ба ҷо меовард. Ҳангоме ки Худованд Исои Масеҳ Павлусро наҷот дод, ӯ кӣ буд? Санги гаронбаҳои коркарднашуда. Худо ба коркарди ин санг сар кард, ки ба воситаи дарҳам шикаста шудани Павлус амалӣ мегашт. Павлус се сол дар Арабистон буд ва баъд боз ба Димишқ баргашт. Мо намедонем, ки Павлус тамоми ин муддат бо чӣ кор машғул буд, аммо баъди се сол дар Ӯршалим бо Петрус ва Яъқуб вохӯрд ва 15 рӯз дар он ҷо буд. Сипас ӯ дар Сурия ва Қилиқия буд. Пеш аз он ки Павлус хизматгузории ҳақиқии худро сар кунад, қариб чордаҳ сол гузашт. Ҳамаи ин солҳо Худованд Павлусро ба воситаи азобҳо ва дарҳам шикаста шудан ба хизматгузории махсус тайёр мекард (ниг.: Ғал. 1:15–2:1). Худи Павлус мегуфт, ки ӯ Хушхабарро «ба воситаи ваҳйи Исои Масеҳ» қабул кардааст ва Худо «таваҷҷӯҳ намуд, ки Писари Худро дар ман ошкор созад, то ки Ӯро дар байни халқҳо башорат диҳам» (ниг.: Ғал. 1:12, 15–16). Ҳеҷ кас ба монанди Павлус ваҳй қабул накардааст. Солҳое ки дар гӯшанишинӣ гузаштанд, ҳангоме ки Худо ҳақиқатро оиди Исои Масеҳ ба воситаи навиштаҳо ва таҷрибаи ҳаётӣ ба ӯ ошкор менамуд, барояш хеле гаронбаҳо буданд. Аммо баробари он ки Павлус сафарҳои миссионерии худро сар кард, ба таъқиботи сахт дучор шуд. Ӯро таъқиб менамуданд ва ба зиндон мепартофтанд. Ӯ борҳо шикасти киштиҳоро аз сар гузаронд. Ба ҳар ҷое ки равад, ӯ дар он ҷо дарҳол мухолифони хизматгузории ӯ пайдо мешуданд. Павлус хуб медонист, ки ронда шудан, гирифтори тӯҳматҳо ва таънаҳо, масхараҳо, таъқибот ва айбдоркуниҳо шудан чӣ маъно дорад. Шояд ҳеҷ як инсон ин қадар азобҳо, дардҳо ва ғамҳоро, ки дар тӯли солҳои хизмат ба дӯши Павлус афтодаанд, аз сар нагузарондааст. Ин душвориҳо барои ӯ дарси ибрат буданд. Онҳо ба ӯ ёрӣ доданд, ки беҳтар шавад. Ва шояд ду дарси асоситарин, ки Павлус дар азобҳо аз худ намуд, инҳо буданд: Павлус ҳудуди имкониятҳои худ ва беҳудудии файзи Худоро фаҳмид. Ин ду дарс барои ҳар яки мо муҳимтарин мебошанд. Дарси аввал: маҳдуд будани имкониятҳои мо Павлус дар номаҳояш ба мо нақл мекунад, ки ин чизҳоро аз худ намуд: худи ӯ ҳаёти масеҳиёна ба сар бурда наметавонад. Дар Нома ба Румиён (7:18–25) мо мехонем: Зеро медонам, ки дар ман, яъне дар ҷисми ман, чизи нек мавҷуд нест; чунки майли кардани кори нек дар ман бошад ҳам, ёрои кардани онро надорам. Зеро он кори неке ки мехоҳам, намекунам, лекин кори баде ки намехоҳам, мекунам. Пас модоме ки он чи намехоҳам, мекунам, акнун кунандаи он ман нестам, балки гуноҳест, ки дар ман вуҷуд дорад. Хуллас, ман чунин қонун пайдо мекунам, ки ҳангоме ки ман мехоҳам кори нек кунам, аз ман кори бад сар мезанад. Зеро ки ман ба ҳасби инсонӣ ботинӣ аз шариати Худо лаззат мебарам, лекин дар андоми худ қонуни дигаре мебинам, ки он ба муқобили қонуни хиради ман меҷангад ва маро асири он қонуни гуноҳ мегардонад, ки дар андоми ман мавҷуд аст. Вой бар ҳоли ман, ки шахси мискин ҳастам! Кӣ маро аз ин ҷисми гирифтори мамот раҳоӣ медиҳад? Худоро ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ шукр мегӯям. Худо мехоҳад, ки ҳар яки мо қувваи худро то ба ҳадди охир сарф кунад ва фаҳмад, ки барои дар ин зиндагӣ муваффақ шудан на қувват дорад ва на дониш. Агар мо ин дарсро аз худ накунем, ба худ — ба хизматҳо ва малакаҳои пештара, ба маълумотнокӣ ва дараҷаҳои илмӣ, ба қувваи ирода ва ғурури худ такя карданро давом медиҳем. Худо моро барои он дарҳам мешиканад, то бифаҳмем, ки бе ёрии Ӯ мо наметавонем дар ин замин ҳаётро ба фаровонӣ дошта бошем ва дар Подшоҳии Осмонӣ ҳаёти абадиро ба даст оварем. Дарси дуюм: беҳудудии файзи Худо Дарси муҳими дуюме ки Павлус аз худ намуд, он аст, ки файзи Худо беҳудуд аст. Дар Номаи дуюм ба Қӯринтиён (12:7–10) мо эътирофи Павлусро мехонем: Ва барои он ки ман ба сабаби фавқулоддагии ин ваҳйҳо худро баланд нагирам, неше дар ҷисми ман ҷой дода шудааст, яъне қосиди шайтон барои нихта задани ман, то ки худро баланд нагирам. Се маротиба ман ба Худованд тазаррӯъ намудам, ки онро аз ман дур кунад, вале ба ман гуфт: «Барои ту файзи Ман басанда аст, зеро ки қуввати Ман дар заъф комил мешавад». Ба ин сабаб ман бо рағбати бештар аз заъфҳои худ фахр менамоям, то ки қуввати Масеҳ дар ман сокин гардад. Бинобар ин ман аз заъфҳо, озорҳо, мӯҳтоҷиҳо, таъқиботҳо, ва ситамҳое ки ба хотири Масеҳ мебинам, дилшодам, зеро ки дар ҳолати заъф боқувватам. Павлус фаҳмид, ки қувваи Худо ҳамон вақт ба таври мӯъҷизаосо дар ӯ зоҳир мегардад, ки ӯ тамоман беқувват мешавад. Мо намедонем, ки он «неш», ки Павлус зикр мекунад, чӣ буд. Аммо мо медонем, ки он ҳаввориро азоб медод, зеро ки неш дарди сахти ҷисмонӣ мерасонад. Мо медонем, ки ин «неш» ба ҷисми табиии ӯ таъсир мерасонд, чунки он «дар ҷисм»-и ӯ ҷой дода шуда буд. Мо медонем, ки ин «неш» ӯро водор мекард, ки худро ноқис ва нотавон ҳис кунад. Ин «неш дар ҷисм» барои Павлус воситаи дарҳам шикаста шудан буд, ки дар натиҷаи он ҳавворӣ дигар аз Худо хоҳиш намекард, ки аз он раҳоӣ диҳад (агарчи пеш аз ин Павлус се бор аз Худо дар ин бора хоҳиш карда буд). Ҳавворӣ бо «неш» муросо кард, ҳангоме дид, ки он боиси баракати ӯ гардидааст: Павлус фаҳмид, ки дар ҳама гуна вазъиятҳо барои ӯ он чиз кофист, ки Худо бо ӯст. Ман ҳеҷ гоҳ чунин «неш дар ҷисм» надоштам. Аммо ман мушкилоти шахсӣ доштам, ки ба ман ҳалнашаванда ва рафънопазир метофтанд. Бо вуҷуди ҳамаи кӯшишҳои ман онҳо қатъ намегардиданд. Ин мушкилот ба андешаронии ман халал мерасонданд ва имкон намедоданд, ки роҳи ҳалли онҳоро бинам. Ва ҳар қадар бештар оиди рафъ намудани ин мушкилот дуо кунам, онҳо ба ман ҳамон қадар сахттар фишор меоварданд. Дар айни ҳол ман медидам, ки хизмати ман ба Худо нашъунамо меёфт. Одамон ба Масеҳ рӯ меоварданд ва наҷот меёфтанд, Инҷил дар он ҷойҳое мавъиза карда мешуд, ки пеш оиди он ҳеҷ нашунида буданд. Бо вуҷуди он азобҳо (аниқтараш, ба шарофати онҳо), ки ман дар ҳаёти шахсӣ аз сар мегузарондам, Худо амал карданро давом медод. Ҳангоме ки ман аз дарди ботинии дил азоб мекашидам, одамон назди ман омада, мегуфтанд, ки мавъизаҳои ман аз ҳарвақта беҳтар садо медиҳанд — онҳо ба дил ба таври махсус таъсир мерасонанд. Онҳо мегуфтанд: «Ба воситаи шумо, доктор Стенли, Худо ҳаёти маро дигаргун карда истодааст». Ва ман боре гуфтам: «Ин амали Туст, Худовандо. Ин албатта амали ман нест. Агар ин ҳама мушкилот дар ҳаёти ман боиси он шаванд, ки Ту ба мақсадҳоят бирасӣ ва одамон Туро ҷалол диҳанд, ман Туро барои ҳамаи мушкилотам шукргузорӣ мекунам». Ин дарсро оиди беҳудудии файзи Худо мо танҳо он вақт аз худ мекунем, ки дард ва азобро аз сар гузаронда, то ба ҳадди охирини қувват ва имкониятҳои худ мерасем. Ҳангоме ки Худо раванди комил намудани моро сар мекунад, Ӯ аниқ медонад, ки мо то ба кадом ҳудуд бардошт карда метавонем. БО ОТАШ ПОК НАМУДАН Пок кардани металлҳои гаронбаҳо — хусусан тилло ва нуқра — аз ҳароратҳои паст сар мешавад. Баъзе намудҳои ғашҳо дарҳол ба баландшавии ҳарорат аксуламал намуда, ба болои металли гудохташаванда мебароянд ва аз он ҷо дур кардани онҳо осон аст. Сипас ҳароратро баландтар мекунанд. Ба болои металле ки дар бӯта аст, дигар ғашҳо мебароянд ва онҳо низ дур карда мешаванд. Аммо металлро аз ғашҳои устувортарин танҳо дар ҳарорати баландтарин пок кардан мумкин аст. Дар ҳаёти мо низ чизе ба ҳамин монанд рӯй медиҳад. Раванди дарҳам шикаста шудани мо марҳила ба марҳила воқеъ мешавад. Худо моро тадриҷан дарҳам мешиканад, чуноне ки металлро пок мекунанд. Агар Худованд дарҳол ба пок кардани соҳаҳои амиқи ботини мо сар мекард, мо ба ин тоб намеовардем. Ин на танҳо иродаи моро, балки рӯҳамонро низ дарҳам мешикаст. Он чи дар диламон чуқур реша давондааст, объекти дарҳам шикаста шудан аст. Танҳо ҳамон вақте ки ин «ғашҳо»-е ки мо онҳоро ҳифз мекунем ва нигаҳдорӣ менамоем, боло мебароянд ва дур карда мешаванд, мо ҳақиқатан гуфта метавонем: «Ман медонам, ки барои ҳама чиз танҳо файзи Худо бароям кифоя аст. Ман аз ҳамаи он чи бароям муҳим метофт, маҳрум шудам, — иродаи ман, лаёқати хизматгузории ман ва ҳаётам. Ман медонам, ки ба ман танҳо Худо даркор аст, чунки Ӯ ҳаёти ман шудааст ва иродаи Ӯ иродаи ман шудаасту хизматгузории Ӯ хизматгузории ман шудааст». Ман мехоҳам шеъри шоири номаълумеро ба шумо бигӯям. Дар он оиди покшавӣ бо оташ ва зоҳиршавии файзи Худо ба одам гуфта мешавад. Ӯ назди алангаи оташ менишаст Ва ба металли гаронбаҳо менигарист. Ҳар қадар оташ сахттар аланга гирад, Нигоҳи ӯ ҷиддитар мешуд. Ӯ медонист, ки металл ба ҳама чиз тоб меоварад. Ва ӯ мехост тиллои холис ба даст оварад, Ки аз он тоҷи шоҳона сохтан мумкин бошад, Ки бо сангҳои гаронбаҳо оро дода шудааст. Бинобар ин ӯ тиллоро ба оташ партофт, Агарчи бисёр касон мегуфтанд: «Чаро?» Ва инак, ғаши барои бисёриҳо нонамоён Нобуд шуд, ва тилло ҷило дод, Аммо чашмони мо пур аз оташ буданд. Мо на дастони усто, балки танҳо оташро медидем. Дар мо танҳо тарс ва шубҳа сокин буд. Тилло бошад поктар мешуд Ва он касеро инъикос мекардагӣ шуд, Ки бар болои оташ хам шудааст, Ва чашмонаш пур аз муҳаббат мебошанд. Шояд, ба дили дӯстдори ӯ Дард расондан ҳаловат меовард? Не. Аммо ба воситаи оташ ва салиб Ӯ дурахши арзиши абадиро медид. Бинобар ин ӯ ба оташ Бо муҳаббати бепоён менигарист, Ва медонист, ки ҳарорат зарар намерасонад, Балки тиллоро поктар мекунад. Павлус тамоми қувваи оташи Худоро дар ҳаёти худ эҳсос намуд. Ва ин барои фаҳмидани файзи беҳудуди Худо ёрӣ расонд. ПАНҶ БАРАКАТИ БУЗУРГ, КИ ДАРҲАМ ШИКАСТА ШУДАН БО ХУД МЕОВАРАД Ба шарофати дарҳам шикаста шудан мо камаш панҷ баракати бузургро ба даст меоварем. Баракати якум: мо Худоро беҳтар мефаҳмем Танҳо он вақте ки дарҳам шикаста шудаем ва азоб мекашем, мо ҳақиқатан табиати Худоро фаҳмида метавонем. Гуфтан осон аст: «Худовандо, бигузор ҳаёти ман бо роҳи Ту равад!» Аммо роҳи Худо чӣ гуна аст? Худо дар саҳифаҳои Китоби Муқаддас ба мо чунин мегӯяд: «Фикрҳои ман фикрҳои шумо нест, ва роҳҳои шумо роҳҳои Ман нест... Зеро, чунон ки осмон аз замин баланд аст, ончунон роҳҳои Ман аз роҳҳои шумо» (Иш. 55:8–9). Мо дарҳам шикаста шуда, ҳақиқатҳои мутлақи Худоро мефаҳмем — аҳкоми Ӯ маънои аниқ доранд ва ваъдаҳои Ӯ устуворанд. Ӯ замонҳо ва мӯҳлатҳоро медонад, ёрии Ӯ ҳамеша сари вақт ва кифоякунанда аст. Мо ба дуруст фаҳмидани Навиштаҷот сар мекунем. Мо принсипҳои муайянеро, ки Худо дар ҳаёти одамон мувофиқи онҳо амал мекунад, пай мебарем. Мо муҳаббати Ӯро амиқтар мефаҳмем. Мо хубтар дарк мекунем, ки дар асоси муҳаббати Худо мақбули Ӯ гардидан чӣ маъно дорад. Мо маънои Салибро аниқтар мефаҳмем. Мо дар фаҳмиши сабр ва муҳаббат, некӯӣ ва раҳмдилии Худо нумӯ мекунем. Мо дар таҷрибаи худ мефаҳмем, ки пурсабр будан чӣ маъно дорад. Мо ҳарчи бештар боварӣ ҳосил мекунем, ки Худо ҳаёти моро дар дастони худ нигоҳ медорад. Ҳангоми дарҳам шикаста шудан мо дар пеши Худо, Салиб ва файзи Ӯ боз ҳам бештар сар хам мекунем. Ба мо ҷалоли Ӯ ва табиати илоҳии Ӯ ошкор мешаванд. Мо сифатҳои гуногуни Ӯро амиқтар мефаҳмидагӣ мешавем. Дарки Худо ҳудуд надорад. Ин баракат, моҳиятан, беҳудуд аст, чунки Худи Худо дар некӯӣ ва муҳаббати Худ беохир аст. Баракати дуюм: мо худро беҳтар мефаҳмем Ҳангоме ки Худо моро дарҳам мешиканад, мо худро беҳтар мефаҳмидагӣ мешавем. Мо аз хурдсолӣ роҳи ҳаётӣ, одатҳо ва майлу хоҳишҳои худро дуруст баҳо дода метавонем. Мо воқеаҳои муайяни ҳаётамон ва таъсири онҳоро ба ҳаёти мо ба тарзи нав мефаҳмидагӣ мешавем. Мо камбудиҳо ва нуқсонҳои худро мебинем ва пай мебарем, ки атрофиёнро дӯст дошта, муҳаббати онҳоро қабул карда наметавонем. Мо вобастагӣ, маҳдудият ва камбудиҳои худро мебинем. Мо мебинем, ки тарс моро побанд намуда, роҳ намедиҳад, ки мақсадҳои Худо дар ҳаёти мо амалӣ гарданд. Мо ҳамчунин мефаҳмем, ки Худо ба мо кадом лаёқатҳо ва истеъдодҳоро додааст. Мо мебинем, ки Худо моро дигаргун мекунад ва озод менамояд. Дар давраҳои дарҳам шикаста шудан мо пай мебарем, ки Худо дар мо навозишкорона ва меҳрубонона амал мекунад. Ҳангоми дарҳам шикаста шудан мо беш аз пеш мефаҳмем, ки гунаҳкор ҳастем. Дарҳам шикаста шудан ҳамеша зидди гуноҳ равона карда шудааст — гуноҳи ғурур, беитоатӣ ва дигар нуқсонҳо, ки Худо онҳоро аз ҳаёти мо решакан мекунад. Ҳангоме ки мо дарҳам шикаста шудаем, мефаҳмем, ки агарчи Масеҳро Наҷотдиҳанда эътироф кардаем, майли гуноҳ кардани мо барҳам намехӯрад. Аз водии азобҳо гузашта, мо пай мебарем, ки дигаргун шуда истодаем. Худо пок кардан ва озод намуданро давом дода, моро нав мекунад. Гуноҳ, чун ғаш, аз вуҷуди мо қабат ба қабат дур карда мешавад. Баъзеҳо гумон мекунанд, ки аз лаҳзае ки онҳо Масеҳро Наҷотдиҳанда эътироф кардаанд, на танҳо аз гузаштаи гуноҳолуд, балки аз майли гуноҳ кардан дар замони ҳозира низ комилан озод ҳастанд. Наҷотёбӣ моро ба ҳолати гунаҳкороне мегузорад, ки Худо онҳоро сафед кардааст. Аммо агар фаҳмем, ки чун пештара гуноҳ кардан аз дастамон меояд, мо хиҷолат, ноумедӣ ва рӯҳафтодагиро ҳис мекунем. Ва дар охир мо ба нобарорӣ дучор мешавем. Дар чунин лаҳзаҳо набояд фикр кунем, ки мо наҷот наёфтаем ва ё акнун барои мо наҷот нест. Гуноҳ бояд моро водор намояд, ки ба Худо муроҷиат намоем ва аз Ӯ хоҳиш кунем, ки аз ҳаётамон ин майл, ин одати гуноҳ карданро решакан намояд. Ҳангоме ки наҷот меёбем, гуноҳ қувватеро ки бар мо дошт, аз даст медиҳад. Дар Нома ба Румиён (6:14) гуфта шудааст: «Гуноҳ дигар набояд бар шумо ҳукмронӣ кунад, шумо, охир, тобеи шариат не, балки тобеи файз ҳастед». Мо аз зери итоати душман озод шудаем. Хӯҷаини мо Худост. Павлус давом медиҳад: «Ва аз гуноҳ фориғ шуда, бандагони адолат гардидаед» (Рум. 6:18). Ин маънои онро дорад, ки мо доимо мехоҳем бо Худо муносибатҳои Хуб дошта бошем ва хизматгузориеро ба ҷо оварем, ки Ӯ моро, дар қувваи Рӯҳулқудс, ба он даъват намудааст. Ва ҳар боре ки мо исён мекунем, майли аввалини мо бояд ин дуо бошад: «Худовандо, ба ман ёрӣ деҳ. Маро пок намо. Ман ба Ту тобеъ мешавам». Мо худро ҳамон вақт дарк мекунем, ки Худо моро дарҳам мешиканад. Ва ин баракат ба мо озодии ҳайратовареро медиҳад — озодӣ аз гуноҳ ва ҷазо барои гуноҳ. Мо аз ҳисси гуноҳ озод ҳастем. Мо аз эҳсос намудани гуноҳ озод мешавем ва омурзиш ба даст меоварем. Мо аз ӯҳдадории дар танҳоӣ бо гуноҳ мубориза бурдан, озод шудаем. Худо бо мост, то ки моро тақвият диҳад ва барои муқобилат ба васвасаҳои иблис ёрӣ расонад. Мо аз изтироб, дудилагии доимӣ аз он ки оё дуруст рафтор менамоем ё не, озод шудаем. Рӯҳулқудс сари вақт ба мо мефаҳмонад, ки мо рафтори нодуруст мекунем. Чӣ баракати бузургест — донистани он ки бо вуҷуди майл ба гуноҳ, ки дар мо боқӣ мемонад, мо аз ҷониби Исои Масеҳ озод карда шудаем — мо метавонем гуноҳро маҳкум намоем ва агар гуноҳ кунем, бахшида шавем ва бар он ғолиб оем! Худо ҳамроҳи озодӣ ба мо осоиш, оромии ботинӣ ва бовариро ба он медиҳад, ки муҳорибаи асосӣ бо гуноҳ аллакай ба охир расидааст. Барои ҳис намудани осудагӣ ва оромӣ ҳоҷат нест, ки мо ба май ва маводи нашъаовар рӯ оварем. Боре дарҳам шикаста шуда ва ба Худо тобеъ гардида, мо осоише ба даст овардем, ки аз ҳама гуна фаҳмиш ва тафсир болотар аст (ниг. Флп. 4:7). Баракати сеюм: мо ба дигарон бо ҳамдардии бештар муносибат мекунем Ба шарофати дарҳам шикаста шудан фаҳмиши амиқтари моҳияти Худо ва худро ба даст оварда, мо ба атрофиён ба таври дигар нигаристанро сар мекунем. Мо мебинем, ки дигарон аз мо бадтар ё беҳтар нестанд. Ҳамаи мо, моҳиятан, гунаҳкор ҳастем. Ба ҳамаи мо файзи Худо ва қувваи навкунандаи Рӯҳулқудс даркор аст. Ҳамаи мо бояд дигаргун шавем ва нумӯ кунем. Ҳеҷ касе нест, ки нуқсон ё камбудӣ надошта бошад. Ба шарофати дарҳам шикаста шудан мо гуфта метавонем: • «Эй Падар, Ту ҳамеша бо ман пурсабр ҳастӣ. Ман бо ӯ пурсабр буда метавонам». • «Эй Падар, Ту ба ман некӯӣ ва марҳамат зоҳир менамоӣ. Пас, ман бо ӯ раҳмдил ва меҳрубон буда метавонам». • «Эй Падар, Ту маро бахшидӣ. Ман низ касонеро, ки ба ман дард меоваранд, бахшида метавонам». Пас аз дарҳам шикаста шудан мо наздикони худро камтар танқид ва маҳкум мекунем. Ба шарофати дарҳам шикаста шудан дар мо сифати нав кушода мешавад — мо бо муҳаббати Худо дӯст доштани одамонро сар мекунем. Яке аз баракатҳои мӯъҷизаноктарине ки мо дар зиндагӣ дорем, — лаёқати ба дигарон ёрӣ додан аст, то назди Худо оянд ва дар Ӯ нумӯ кунанд. Баракати чорум: Дар мо майл ба зиндагӣ бедор мешавад Ҳангоме ки мо беқувватии худро ҳис мекунем ва маҳдуд будани имкониятҳоямонро мефаҳмем, ба мо муҳаббати беҳудуд ва бешарти Худо кушода мешавад. Ва он гоҳ мо ба он атоҳое, ки Худо ба мо додааст, ба таври дигар баҳо доданро сар мекунем. Дилҳои мо аз миннатдорӣ ба Худованд барои ҳамаи он чи Ӯ барои мо кардааст, пур мешаванд. Ҳатто сурудҳо маънои нав пайдо мекунанд ва дигар хел садо медиҳанд. Мо ба зиндагӣ ба таври нав муносибат намуданро сар мекунем. Майл ба фаъолияти эҷодӣ бедор мешавад. Мо бо ҷуръати бештар бо шахсони ношинос муошират менамоем ва аз таъсирпазирии эҳсосотии худ наметарсем. Зиреҳи мустаҳками ҳимоякунанда, ки ҷони мо бо он пӯшонида шуда буд, шикастааст, бинобар ин мо аз таҳти дил механдем ва гиря мекунем. Дар мо лаёқати нави аз зиндагӣ хурсанд будан пайдо мешавад. Ва ин хурсандӣ нек, пок ва соф аст. Баракати панҷум: мо ҳузури Худоро бо ҳассосияти бештар дарк менамоем Худо ҳамеша дар назди мост, аммо, пас аз дарҳам шикаста шудан мо ҳузури Ӯро бо ҳассосияти бештаре дарк менамоем. Дар ҳаёти ман борҳо лаҳзаҳое буданд, ки ман фикр мекардам, ки Худо, аз афти кор, маро тарк кардааст. Аммо ман зуд мефаҳмидам, ки ин фикр нодуруст аст — Худо ҳамеша ҳамроҳи ман буд. Ҳузури Ӯ аксаран дар он ҷое ҳис карда мешавад, ки мо онро интизор нестем — дар азобҳо. Худо моро тасалло медиҳад ва боварӣ медиҳад, ки ҳеҷ гоҳ моро тарк намекунад ва фаромӯш наменамояд. Маҳз дар ҳамин гуна лаҳзаҳо Худо ба дили мо мегуфт, ки Ӯ моро дӯст медорад. Ӯ мегӯяд, ки мо барои Ӯ бебаҳоем ва Ӯ барои мо танҳо некӯиро хоҳон аст. Худо моро бовар мекунонад, ки ҳамеша дар назди мо буда, дар мо ва ба воситаи мо амал хоҳад намуд. Агар мо боварӣ дошта бошем, ки Худо ҳамроҳи мост, дар дили мо осоиш хоҳад буд ва мо худро пурра дар бехатарӣ ҳис хоҳем кард. Худо ба мо ошкор мекунад, ки сарчашмаи ҳама чизҳое ки мо ба онҳо эҳтиёҷ дорем, танҳо дар Ӯст. Ва ин боварӣ моро аз тарс ва изтироб озод карда, дар диламон осоишу оромӣ ва низ хурсандии тасвирнопазиреро ҷойгир мекунад, ки моро дар ягон вазъият тарк намекунад. ИН БАРАКАТҲО АРЗИШИ ОНРО ДОРАНД, КИ БАРОИ ОНҲО АЗОБ КАШЕМ Худо пурсабр аст. Ӯ медонад, ки азобҳои мо кай ба охир мерасанд ва баракатҳое ки Ӯ барои мо тайёр кардааст, арзиши онро доранд, ки онҳоро интизор шавем. Агар мо хости Худоро ба ҷо оварем, баракатҳоеро ба даст меоварем, ки пас аз дарҳам шикаста шудан меоянд ва мо мегӯем: «Ман барои ин озмоишҳо шукргузор ҳастам. Худоро шукр, ки ҳамааш паси сар шуд! Ва Худоро шукр, ки Ӯ дар ҳаққи ман ғамхорӣ менамуд ва маро бо ин роҳ мебурд. Ва ман баракатҳоеро, ки ба воситаи ин азобҳо соҳиб шудаам, ба ҳеҷ чиз иваз намекунам!» Шумо чӣ фикр мекунед, оё Исо ба рӯзи маслубшавии Худ ақиб нигариста, мегуфт: «Ҳайфо, ки аз ин барканор шуда натавонистам»? Не ва боз ҳам не! Ӯ таъиноти Худро медонист ва низ медонист, ки маслубшавӣ ва эҳёи Ӯ чӣ баракате хоҳад буд. Мо мисли Исо рафтор намуда метавонем. Агар мо азобҳои худро дар партави баракатҳои оянда нигарем, Худоро барои он ки моро дарҳам шикастааст, ҳамеша шукргузорӣ мекунем. Мо ҳатто барои он дарде ки аз сар гузарондаем, шукргузор мешавем. ХУСУСИЯТИ ПОККУНАНДАГИИ ДАРД Якчанд сол пеш ҳангоми дуо дар сарам ибораи «хусусияти поккунандагии дард» пайдо шуд. Ман нафаҳмидам, ки ин суханон ба чӣ дахл доштанд, аммо медонистам, ки онҳоро ба ман Худо додааст, пас он муҳим аст. Баъди ду ҳафта модарам ба хуруҷи бемории дил гирифтор шуда, баъди се моҳ вафот кард. Он гоҳ ман фикр кардам, ки ин маҳз ҳамон дарде буд, ки Худо ба ман оиди он мегуфт. Бемории модар ба ман дарди сахт мерасонд. Дар тӯли ин се моҳе ки ӯ азоб мекашид, Худо маро бовар мекунонд, ки моро пок карда истодааст. Дар ҳаёти мо раванди покшавӣ дар ҷараён буд. Он вақт ман пай намебурдам, ки дард пас аз марги модар барҳам намехӯрад. Дар ҳаёти ман пайиҳам воқеаҳое рӯй медоданд, ки чор соли минбаъдаро пурра ба азобҳо табдил доданд. Аммо ҳангоме ки ҳозир ба ақиб менигарам, самимона гуфта метавонам: «Ман медонам, ки Худо маро борҳо ба таври гуногун пок кардааст». Худо ба ман бисёр чизҳоро ошкор намуд. Ӯ ба ман бисёр чизҳоро омӯзонд ва маро қавитар, хирадмандтар ва беҳтар кард. Ӯ ҳама чизро ба некӯӣ табдил дод. Имрӯз ман мебинам, ки Худо дили маро нарм менамуд, ақламро нав мекард ва ба ҳамаи азияткашандагон ҳамдардӣ карданро ёд медод. Ва ман ин таҷрибаи зиндагиро ба ҳеҷ як неъмати ҷаҳон иваз намекунам. Он чи аз як тараф харобиовар метофт, барои ман бунёдкунанда буд. Шитоб накунед, ки ҳамаи воқеаҳои ҳаётатонро лаънат номед. Одатан, дар онҳо баракатҳо ниҳон мебошанд. Ва мо бояд ҳамеша инро дар ёд нигоҳ дорем. Ин маънои онро надорад, ки ман мақсади ҳамаи воқеаҳо ва сабаби онҳоро медонам. Чизе барои мо сирр боқӣ мемонад, то даме ки мо назди Ӯ ҳозир мешавем. Дард аз ин сабаб дард буданро бас намекунад. Аммо фаҳмидани он, ки дар ман Худо амал мекунад, роҳ намедиҳад, ки хашмгин шавам, озурдахотир ва сангдил гардам. Ман кӯшиш мекунам, ки чунин фикрро пайравӣ намоям: «Ман ин дардро паси сар мекунам ва ба Худо боз ҳам наздиктар мешавам. Ман аз ин воқеа ҳама чизи беҳтаринро ба худ мегирам. Ман хашмгин намешавам, балки хурсанд мегардам!» Агар мо ранҷ ва озурдагиро дар худ ниҳон карда, бо талхкомӣ ва дард зиндагӣ кунем, пирӯзӣ насиби мо намешавад. Аммо агар дардеро, ки атрофиён ба мо расондаанд, фаромӯш кунем, метавонем дигаргун гашта, ҳамон тавре шавем, ки Худо моро он гуна дидан мехоҳад. ШАРТИ БАРАКАТ Худо барои ба даст овардани баракат дар азобҳо, танҳо як шарт мегузорад: мо бояд ба Ӯ итоат кунем. Агар мо назди Ӯ сар хам кунем, Ӯ моро ба воситаи дарҳам шикастан сӯи пирӯзии пурра мебарад. Барои ғолиб омадан моҳҳо ё солҳо даркор шуда метавонанд, аммо он кафолат дода шудааст. Вале агар мо дар беитоатии худ якравӣ кунем ва ба Худо гӯш додан нахоҳем, худро аз баракати Худо маҳрум мекунем. Худо чун пештара мехоҳад моро баракат диҳад, аммо мо дар пеши роҳи баракатҳои Ӯ монеаҳои нобоварӣ ва норозигиро мегузорем. Дар ниҳояти кор баракати Худо дар мост ва мо бо Худоем. Ва агар мо Худоро ба ягон соҳаи ҳаётамон роҳ надиҳем, Ӯ моро тарк мекунад — Ӯ интихоби моро эҳтиром менамояд. Чунин рафтор намуда, мо ба Ӯ имкон намедиҳем, ки амали Худро дар мо ба ҷо оварад ва моро дигаргун кунад. Мо лаёқати дар худ дарк намудани Худо, ҳамдардӣ ба наздикон ва шавқро ба зиндагӣ аз даст медиҳем. Ҳамин тавр мо аз Худо торафт дур мешавем. ХУДО ДАР МО АМАЛ КАРДАНРО ДАВОМ МЕДИҲАД Ҳавворӣ Павлус ба масеҳиёни Филиппӣ оиди боварии худ ба он навишта буд, ки «Ӯ, ки дар шумо ба кори хайр шурӯъ намудааст, онро то рӯзи Исои Масеҳ ба анҷом хоҳад расонд» (ниг.: Флп. 1:6). Худо ҳангоми дар мо кор кардан дилхунук намешавад. Ӯ моро ҳар дафъа дарҳам шикаста, кори Худро давом медиҳад, то даме ки мо ниҳоят дар Исои Масеҳ комил мегардем. Дӯстонам, эҳтимоли қавӣ меравад, ки ин пас аз марги мо рӯй медиҳад. Дар ин ҷаҳони пургуноҳ зиста, ҳеҷ кадоми мо камолот ба даст намеоварад, то даме ки ба Подшоҳии Осмонии Падар биравад. Аммо хабари хуш ҳам ҳаст: Худо ҳамеша ба мо дар нумӯи рӯҳониямон ёрӣ медиҳад. Ӯ дар ҳаёти мо амал намуданро бас намекунад. Мо хоҳ-нохоҳ аз дарҳам шикаста шудан барканор буда наметавонем. Ва барои ин Худоро шукр мегӯем. Ӯ моро чунон дӯст медорад, ки ҳеҷ гоҳ моро тарк намекунад, ҳеҷ гоҳ таваҷҷӯҳашро ба мо гум намекунад ва ҳеҷ гоҳ моро рад наменамояд. Ӯ мехоҳад, ки муносибатҳои мову Ӯ ҳеҷ гоҳ қатъ нагарданд. Худо танҳо як чизро мехоҳад: то ки Ӯ Худои мо бошад ва мо — халқи Ӯ бошему Ӯро ҷалол диҳем. ОХИРСУХАН. ДУОИ МАН ДАР ҲАҚҚИ ШУМО Эй Падари Осмонӣ, Ту бо муҳаббат ва навозиш, марҳамат ва некӯӣ моро ба Худ ҷалб мекунӣ, то ки мо пуррагии муҳаббат ва ғамхории Туро дарк намоем! Мо дар он хусус дуо мекунем, ки Ту дар мо ва ба воситаи мо амал намуданро давом диҳӣ. Худовандо, дар ҳаёти мо нақшаҳои Худро амалӣ гардон. Ман дуо мекунам, ки Ту, Худоё, ҳамаи онҳоеро, ки ҳанӯз ҳайрон ва мушавваш ҳастанд ва намефаҳманд, ки куҷо мераванд ва маънои ҳаёти худро намебинанд, ба Худ ҷалб намоӣ. Худоё, ба онҳо ёрӣ деҳ, ки Исои Масеҳро Наҷотдиҳандаи худ эътироф намоянд. Бигузор онҳо ба Ӯ чун ба Худованди Худ боварӣ намоянд. Ман дар он хусус дуо мекунам, ки онҳо ба роҳнамоии Рӯҳулқудс умед банданд, то ки онҳо ба Рӯҳулқудс имкон диҳанд, ки онҳоро дар роҳи ҳаёт нав гардонад ва тақвият диҳад. Падари Осмонӣ, ман барои ҳамаи онҳое ки дар орзуи наздикии рӯҳонӣ бо Ту мебошанд, ҳамаи онҳое, ки мехоҳанд дар хизматгузорӣ муваффақ бошанд, дуо мекунам, то ки Ту ба онҳо ҷавоб гӯӣ. Онҳоро чунон ки Худат мехоҳӣ, дарҳам шикан ва онҳоро шифо деҳ, Худовандо. Бигузор онҳо рӯҳан нумӯ кунанд, то ки Ту ба онҳо хизматгузории махсусро супурда тавонӣ. Падари Осмонӣ, моро таълим деҳ. Ба мо ошкор намо, ки чӣ гуна бояд дигаргун шавем, нумӯ кунем ва инкишоф ёбем. Ба мо ёрӣ деҳ, ки ҳамаи он чиро ки ба амалӣ гардидани нақшаҳои Ту дар ҳаёти мо халал мерасонад, тарк кунем. Ба мо ёрӣ деҳ, то ҳамаи он чиро, ки Ту моро ба он даъват менамоӣ, бо шукргузорӣ қабул намоем. Мо мехоҳем, ки Ту барои мо ҳама чиз бошӣ. Мо мехоҳем Туро беҳтар шиносем, ба Ту наздиктар бошем ва ҳузури Туро дар ҳаётамон амиқтар ҳис кунем. Моро дарҳам шикан, эй Падар, то ки мо сурат ва шабоҳати Ту шавем. Имрӯз мо худро ба Ту месупорем — дар мо амал намо, Худовандо, ба нафъи мо ва ҷалоли абадии Ту. Ба номи Исои Масеҳ. Омин. ҚАЙДҲО 1. Нашъунамо, инкишоф.