Ҷон Макартур АҲКОМҲОИ ХУШБАХТӢ Роҳи ягона ба сӯи хушбахтӣ Ба Калисои «Баракат», ба «рамаи» дӯстдошта ва содиқи ман, бахшида мешавад. Сарсухан Аз он даме ки ман дар бораи аҳкомҳои хушбахтӣ мавъизакуниро сар кардаам, аллакай зиёда аз бист сол гузаштааст. Ин дар хизматгузорӣ ва ҳаёти калисои мо ҳодисаи бузурге буд. Қувваи пуршиддати ин оятҳо гӯё ҷамоати моро бедор намуд, онро маҷбур сохт, ки ба таври ҷиддӣ ба пайравии худ аз қафои Худованд, ки ба он Ӯ моро даъват менамояд, назар андозем. Ин оятҳо дили маро низ ба ларза оварданд ва дар бораи имтиёзи бузурги масеҳиён — бандаи Малакути Осмонӣ будан, ёдрас намуданд. Дар айни замон ҷамоати моро, ки саршори ягонагӣ дар рӯҳ аст, хурсандии зиндае, ки пеш аз ин ба мо ношинос буд, фаро гирифт, ки хушбахтона то ин дам дар мо сокин аст. Моҳиятан, хурсандӣ — мавзӯи асосии аҳкомҳои хушбахтӣ мебошад. Худи калимаи хушбахтӣ ба ҳолати хурсандии беандоза ва бефаное ишора менамоянд, ки мувофиқи суханони Масеҳ, он касоне онро ҳис мекунанд, ки сифатҳои дар аҳкомҳои хушбахтӣ номбаршударо дороянд. Ҳар боре, ки ман ин порчаи аҷиби Навиштаҳоро аз сари нав мехонам, дили ман ба ҳаяҷон меояд. Ин оятҳо ҳеҷ гоҳ кӯҳна намешаванд, ва ба онҳо одат кардан ғайриимкон аст. Ин яке аз чоҳҳое мебошад, ки мо боз ва боз барои нӯшидани оби зинда ба наздаш бармегардем. Қайд кардан муҳим аст, ки силсилаи нахустини мавъизаҳои ман оиди аҳкомҳои хушбахтӣ самти хизматгузориҳои маро дар бист соли охир муайян намуд. Зиёда аз ин, ҳамон масъалаҳое, ки ман дар китобҳои зиёди худ дида мебароям, — мисли моҳияти ҳақиқии имон, бузургии Масеҳ, муҳимии мавъиза, аниқӣ ва тағйирнопазирии Навиштаҳои Муқаддас, — аз тарафи ман дар ин мавъизаҳо бардошта шудаанд. Иштиёқмандӣ ба ин масъалаҳо маро ҳангоми омӯзиши амиқи аҳкомҳои хушбахтӣ ва мавъизаи болои кӯҳ фаро гирифт. Ҳамин тариқ, қариб ҳамаи китобҳои ман кушоду равшан ва бевосита бо ин силсила алоқаманд мебошанд. Дар аҳкомҳои хушбахтӣ, ки аз онҳо мавъизаи аз ҳама муҳими Исо сар мешавад, бунёди принсипҳои Малакути Ӯ мухтасар ифода ёфтаанд. Дар онҳо меъёрҳои муайянкунандаи рафторҳои ахлоқӣ, этикӣ ва рӯҳонии ҳамаи хизматгорони ин Малакут баён карда шудаанд. Ин сифатҳоро баракат дода Масеҳ таълим медод, ки онҳо — ягона роҳ ба сӯи хушбахтӣ мебошанд. Ба ақидаи бештари масеҳиёни ҳозиразамон Малакути Худо — ин як чизи гувороест ва оҳиста-оҳиста худ ба худ ба миён меояд, ва ин бо ҳаёти бемаънӣ ва пурталотуми мо алоқаманд нест. Чунин ҳолати аламовари бештари масеҳиён сабаби сатҳи пасти таълими ҳақиқатҳои каломӣ мебошад. Масалан, баъзеҳо меҳисобанд, ки мавъизаи болои кӯҳ умуман ба оянда, ба он вақте ки Малакути Худо барқарор мегардад, тааллуқ дорад. Ҳоҷат ба баён нест. Мавъизаи болои Кӯҳии Исоро барои замони мо камаҳамият шуморидан маънои онро дорад, ки қисми асосии таълимоти Худованди моро, ки Ӯ барои халқи Худ таъин намудааст, сарфи назар намоем. Принсипҳои дар ин мавъиза ҷойдошта дастури ҳақиқӣ барои он хизматгорони содиқ мебошад, ки ба манзили Шоҳи худ қадам мезананд. Аҳкомҳои хушбахтӣ, ки дар мавъизаи болои Кӯҳии Исо ҷой доранд, чун нуқтаи ибтидоӣ ва таҳкурсии тамоми таълимоти Ӯ, бениҳоят муҳим мебошанд. Дар маънои муайян аҳкомҳои хушбахтӣ асоси тамоми ҳақиқатҳои масеҳӣ мебошанд. Масалан, онҳо ёрӣ медиҳанд, ки табиати имони ҳақиқиро фаҳмем, зеро каси «хушбахт» — ро тасвир карда, Худованди мо симои имондори ҳақиқиро тасвир мекунад. Аҳкомҳои хушбахтӣ инчунин нишон медиҳад, ки роҳи хушбахтӣ дар Малакути Масеҳ тамоман ба он самте, ки ин ҷаҳон нишон медиҳад, рост намеояд. Хурсандии осмонӣ ва саодатмандӣ бо фаҳмишҳои мисли фаровонӣ, вақтхушӣ, ҳаловат ва ҳаёти беғамона ҳеҷ алоқае надорад. Зиёда аз ин, хусусиятҳои рӯҳонӣ, ки ба шарофати он баракатҳои осмонӣ ба даст меоянд, бо арзишҳои ин ҷаҳон ҳеҷ умумияте надорад. Аз ин рӯ мо, хизматгорони Маслакути Худо набояд худро дар ин ҷаҳон ҳамчун дар хонаи худ тасаввур кунем, зеро мо ба Малакути Осмон тааллуқ дорем ва танҳо сокинони муваққатии ин ҷаҳон мебошем, ки қосидони Шоҳи худ таъин шудаем. Агар ин чунин бошад, пас мо бояд мувофиқи намунаи баланди Малакути Осмонӣ зиндагӣ кунем, — ва дар он вақт мо имтиёзҳои олии хизматгорони онро ба даст меорем. Ман аз нашриёти «Мооdy pгеss» барои иштирокаш дар нашри ин китоб дар давоми ду даҳсола миннатдор ҳастам, ва аз нашриёти нав ба ваҷд меоям, ки дар худ иловаҳои пурқиматро дар бар мегирад, ва дар он супоришҳои амалӣ ва саволҳо барои андешаронӣ оиди мавзӯъҳое, ки дар ин китоб дида баромада мешавад, пешкаш мегардад. Ман дуо мекунам, ки шумо хонандаи ман, барои худ бартарии роҳи ягонаро ба хушбахтии ҳақиқӣ кушоед ва дили шумо аз чунон шодие лабрез гардад, ки онро пеш аз ин намедонистед. Боби 1. Худро озмоед Исо — сарчашмаи ҳақиқии хушбахтӣ мебошад. Аламовар аст, ки на ҳама инро мефаҳманд ё ба ин бовар мекунанд. Дар ҳақиқат бисёр масеҳиён умуман худро ба таври ҳақиқӣ хушбахт намешуморанд. Дар мавъизаи аввалини Худ Исои Масеҳ мунтазам ин мавзӯи ҳаяҷоновар — мавзӯи хушбахтиро мебардорад, ва ин ҳақиқати нави ношинос мисли бомбае ҷаҳонро ба ларза меорад, ки дар қалби ҳамаи шунавандагони он метаркад. Суханони мавъизаи болои Кӯҳ шунавандагони аввалинро ба ларза овард, зеро бисёрии онҳо намехостанд, ки ҳолати онҳо дар пеши Худо аз рӯи намунаи сахти Исо баҳо дода шавад. Чунин бемайлӣ дар ин рӯзҳо низ дар байни баъзе касоне, ки худро масеҳӣ меноманд, мушоҳида карда мешавад. Имрӯзҳо чунин як зуҳурот ба монанди «имони беитоатӣ» паҳн шудааст, ки ба одамон имкон медиҳад хурсандии аввалинро бо Хушхабар аз сар гузаронанд, вале ба онҳо имкон намедиҳад, ки хурсандии чуқур ва абадиро ҳис намоянд, ки он дар натиҷаи иҷрои қатъии аҳкомҳои Масеҳ ба амал меояд. Худованди мо мефаҳмид, ки чунин муносибат ба имон, ки дар бораи он дар Юҳ. 8:30-31 гуфта шудааст, дар худ чӣ гуна хатареро ниҳон медорад: «Чун инро гуфт, бисёр касон ба Ӯ имон оварданд. Он гоҳ Исо ба яҳудиёне, ки ба Ӯ имон оварданд, гуфт: «Агар шумо дар каломи Ман бимонед, ҳақиқатан шогирдони Ман хоҳед буд…» Исо беасос будани имони беитоатро қайд мекунад. Ақида дар бораи он, ки имон итоаткориро талаб намекунад, ба таълимоти номаҳои аҳдиҷадидӣ дар бораи наҷот ва дилпур будан ба он, тамоман зид аст. Ҳаёти масеҳии ҳақиқӣ ҳеҷ гоҳ ҳамчун мавҷудияти ором ва зиндагии боҳаловат тасвир карда намешавад. Шахси имондор ба ҳаёте даъват карда шудааст, ки дар давоми он имон бо рафтору кирдор тасдиқ карда мешавад. Чунин ҳаёт натиҷаи муоширати мо бо Масеҳ мебошад, ва дар Шоми Худованд тамоми умқи садоқати ҳақиқӣ ба Ӯ инъикос меёбад. Шоми Худованд — ин намуди аз ҳама зеботарин, муқаддастарин ва беҳамтотарини ибодат аст, ки Худо ба Калисои Исои Масеҳ, ки бо хуни Ӯ кафорат ёфтааст, бахшидааст. Ин айёми хотираҳои муқаддас дар бораи Салиб ва озмоишҳои худ мебошад. Нон — рамзи бадани Масеҳ, шароб — рамзи хуни Ӯ аст ва онҳо дар якҷоягӣ ба салиб, чун ба ҷои маслубшавии Ӯ, ишора мекунанд. Ғайр аз ин, дар ин ҷо пайвастшавӣ бо Исои Масеҳи зинда ба амал меояд. Исо гуфта буд: «Инро… ба ҷо оваред» (Луқ. 22:19), пас барои мо ин кори муқаддаси итоаткорӣ аст. Ман ба мизи дар болояш нону шароб буда наздик мешавам ва хӯроки аз ҳама муқаррариро мечашам, ки он барои ман рамзи хун ва бадани Исои Масеҳ мегардад. Баъзе масеҳиён нону шароби табаррукиро баъзан мечашанд, ё умуман ҳеҷ гоҳ намечашанд, айнан ҳамон тавре, ки баъзеҳо таъмид намегиранд. Баъзан ин аз нодонӣ ба амал меояд: одамон зарурати фарзи таъмидгирӣ ва чашидани нону шароби табаррукиро, ки Худованд ҳукм кардааст, намефаҳманд. Баъзан ин танҳо аз беитоатии масеҳиён аст, ки аз рӯи талаботи ҷисм рафтор мекунанд. Вале ин тавр ҳам шуданаш мумкин аст, ки одамоне, ки хоҳишманди гирифтани таъмид ва чашидани нону шароби табаррукии калисоро надоранд, умуман масеҳӣ нестанд. Шояд онҳо худро масеҳӣ шуморанд, вале дар асл чунин нестанд. Оё медонед, ки чӣ аз иштирок накардан дар шоми Худованд дида бадтар аст? Иштирок кардан дар он вақте, ки ту ба он лоиқ нестӣ — ана он чизе, ки бадтар аст. Чунин рафтор кардан — маънои онро дорад, ки нолоиқ мехӯрӣ ва менӯшӣ ва «муқобили Бадан ва Хуни Худованд» мебароӣ (ба 1 Қӯр. 11:27 ниг.). «Пас, одамизод бояд худро имтиҳон кунад, ва ба ин тариқа аз он нон бихӯрад ва аз он коса бинӯшад. Зеро, кас агар дар бораи Бадани Худованд мулоҳиза накарда, ба таври ношоиста бихӯрад ва бинӯшад, вай ба маҳкумияти худ мехӯрад ва менӯшад» (1 Қӯр. 28-29). Масеҳӣ дар шоми Худованд бе тавба ва хоҳиши самимӣ ба порсоӣ ва муқаддасӣ иштирок карда, ба ӯҳдаи худ масъулияти вазнинеро мегирад. Умуман масеҳӣ набуда, иштирок кардан боз ҳам бадтар аст. Барои як тараф гузоштани ин китоб, ва ба ман, ба худ, ва Худованд гуфтани он саросема нашавед, ки ҳамаи ин ба шумо ҳеҷ тааллуқе надорад, зеро ки шумо солҳои зиёд аст, ки масеҳӣ мебошед. Аҳкомҳои хушбахтӣ ба худомӯзиҳои ҷиддӣ даъват менамоянд. Ба чунин озмоишҳо моро Павлус низ даъват мекунад: «Худро тафтиш намоед, ки оё дар имон ҳастед?» (2 Қӯр. 13:5). Имони худро исбот намоед, мегӯяд ҳавворӣ. Агар истифода бурдани таҷрибаи пешина чун исботи наҷоти худ мумкин мебуд, пас Павлусро чӣ лозим буд моро бовар кунонад, ки худро тафтиш кунем? Не, ҳамаи ин чунин оддӣ нест. Шумо гуфта метавонед, ки: «Ман дар ҳақиқат масеҳӣ ҳастам. Ман боварӣ дорам. Ман ба Масеҳ рӯ овардаам». Бисёрии одамон барои тасдиқи наҷоти худ ба гузаштаи худ ишора мекунанд, вале оё шумо медонед, ки Китоби Муқаддас инро роҳ намедиҳад? Он ҳеҷ гоҳ ба гузашта назар намеандозад. Он ҳамеша исботи наҷоти ҳақиқиро бо ҳаёти имрӯзаи шумо алоқаманд менамояд. Шумо мепурсед: «Чӣ хел ман худро тафтиш кунам ва ба наҷоти худ боварӣ ҳосил намоям?» Биёед ба боби 5-уми Инҷили Матто назар меандозем. Вақте ки Исо ба дунё омад, яҳудиён аллакай муайян намуданд, ки ҳаёти порсоёна чӣ аст. Онҳо аллакай кодекси ахлоқии худро барқарор намуда, сохти меъёри муқаддасии худро кор карда баромада буданд. Вале ҳамаи ин дурӯябозӣ ва худписандӣ буд, ки дар амалҳо асоснок гардида буданд. МЕЪЁРИ НАВИ ҲАЁТ — ПОРСОӢ Исо вақте гуфт, ки: «Ман мехоҳам ба шумо сохти нави ҳаёт, меъёри навро диҳам, ки аз рӯи он шумо мефаҳмед, ки бахшида шудаед ё не», сохтро то бунёдаш ба ларза овард. Ӯ ба одамон расонд, ки шаҳрванди Малакут чӣ хел бояд зиндагӣ кунад. Мехоҳед худатон боварӣ ҳосил кунед? Пас, бигзор Рӯҳи Худо ҳақиқати наҷоти шуморо аз рӯи меъёри мавъизаи Болои Кӯҳ тафтиш кунад. Дар он сохти асосӣ, калиди ҳама чиз дода шудааст, ки аз як калима иборат аст — порсоӣ. Исо мегӯяд: «Агар шумо фарзандони Худо бошед, дар он вақт хусусияти фарқкунандаи ҳаёти шумо порсоӣ мегардад» Боре як хонум ба ман дар бораи зане аз калисояшон нақл кард, ки исроркорона худро масеҳӣ меномид, вале бо марде зиндагӣ мекард, ки шавҳараш набуд. Оё вай масеҳӣ аст? Саволи беҳуда. Дар Номаи якум ба Қӯринтиён гуфта мешавад, ки зинокорон ворисони Малакути Худо намегарданд. Барои чӣ? Барои он, ки зино порсоӣ нест, ва хусусияти фарқкунандаи имоноварии ҳақиқӣ ҳамеша порсоӣ мебошад. Масеҳиён метавонанд зинокорӣ кунанд, вале дар он вақт аз ғайримасеҳиён ҳеҷ фарқе намекунанд. Аз ин рӯ тамоми далелҳо вуҷуд доранд, ки ба наҷот ёфтани ин зан шӯбҳа оварем. Ояти асосии тамоми мавъизаи Масеҳ мегӯяд: «Зеро ки ба шумо мегӯям: агар адолати шумо аз адолати китобдонон ва фарисиён бартарӣ надошта бошад, ба Малакути Осмон дохил нахоҳед шуд» (Мат. 5:20). Ин яҳудиён ҳар рӯз ба маъбад мерафтанд, даҳяк месупориданд ва ибодат мекарданд. Онҳо мутаассибони (фанатик) диндор буданд! Вале ба ин нигоҳ накарда, Исо мегӯяд: «Агар адолати шумо аз адолати онҳо бартарӣ надошта бошад, шумо ба Малакути Ман дохил нахоҳед шуд». Адолат — ана калид ба Малакути Осмон. Маҳз адолат мо имондоронро фарқ мекунонад. Порсо будан — ин аз рӯи меъёри Худо, аз рӯи ҳукми Ӯ — дуруст зиндагӣ кардан аст. Дар ҳолати акс ҳақиқати наҷоти мо барои мо ва дигарон масъалаи ҳалношуда мемонад (одатан ин дар нобоварӣ ва бемуҳофизатӣ изҳор мешавад). Ҳар гоҳе, ки ман одамонеро вомехӯрам, ки худро масеҳӣ меноманд, вале принсипҳои масеҳиятро риоя намекунанд, ба хотирам суханон аз Нома ба Ибриён меояд: «Қудсиятро толиб бошед, ки бе он ҳеҷ кас Худовандро нахоҳад дид» (Ибр. 12:14). Дар Номаи Дуюм ба Тимотиюс гуфта мешавад, ки Худованд одамони Худашро медонад. Вале онҳо кистанд? Онҳо касоне мебошанд, ки ба Исо имон меоранд ва аз роҳи нодуруст бармегарданд. Дар Нома ба Титус мехонем: «Онҳо мегӯянд, ки Худоро мешиносанд, лекин бо аъмолашон Ӯро инкор менамоянд, дар ҳолате ки зишткор ва беитоат буда, ба ҳеҷ амали нек қобил нестанд» (Тит. 1:16). Агар итоаткорӣ, порсоӣ, муқаддасӣ ва нафрат ба гуноҳро надошта бошем, мақоми шахс низ ҳеҷ нақшеро намебозад. Боре ман шунидам, ки як шӯбон чунин мавъиза мекард: «Магар мӯъҷизаовар нест, ки шумо метавонед Исои Масеҳро қабул намоед ва ба шумо лозим намеояд, ки на ботинан ва на зоҳиран тағйир ёбед?» Наход, ки ин рост бошад? Албатта не. Бояд тағйиротҳо ба амал ояд. Бешубҳа, мо метавонем ба назди Масеҳ чӣ хеле ки ҳастем, ҳамон хел оем, вале агар баъди имон овардан чун пештара монем, ин чӣ гуна имоноварӣ мешавад? Номаи Дуюм ба Қӯринтиён ба таври аъло ин муҳокимарониҳои моро мухтасар менамояд: «Пас, касе ки дар Масеҳ аст, махлуқи навест; чизҳои қадима гузаштааст, ва инак ҳама чиз нав шудааст» (2 Қӯр. 5:17). Порсо будан маънои онро надорад, ки ҳеҷ гоҳ гуноҳ намекунӣ. Дар Номаи Якуми Юҳанно (1:9) гуфта мешавад, ки масеҳиён ҳамеша аз гуноҳҳои худ тавба мекунанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мо гуноҳ накарда наметавонем. Вале мо аз гуноҳҳои худ тавба мекунем, мо аз он рӯ метобем, мо аз он пушаймон мешавем, мо аз он нафрат мекунем ва онро бад мебинем. «…Касе ки ҷаҳонро дӯст медорад, дар вай муҳаббати Падар нест» (1 Юҳ. 2:15). Ана дар ин бора Яъқуб чӣ мегӯяд: «Эй зинокорон! Оё намедонед, ки дӯстӣ бо дунё душманӣ бо Худост? Пас, касе ки мехоҳад дӯсти дунё бошад, душмани Худо мегардад» (Яъқ. 4:4). ГУРУСНАГИИ РӮҲОНӢ ВА ТАШНАГИИ АДОЛАТ Дар ин ҷо сухан дар бораи муносибатҳои нав нисбат ба ҳаёт меравад. Мо гуноҳ мекунем, вале ҳамин, ки гуноҳ ба ҳаёти мо дохил шуд, чӣ тавре, ки Павлус онро бад дид, онро бад мебинем (ба Рум. 7 ниг.). Мо аз гуруснагии рӯҳонӣ азоб мекашем ва ташнаи ҳақиқат мегардем; мо барои итоаткорӣ кӯшиш менамоем, кӯшиш мекунем, ки бародарони худро дӯст дорем ва аз бадиҳои ин ҷаҳон нафрат кунем. Агар мо наҷоти ҳақиқиро ба даст орем, маҳз чунин ба амал меояд. Бо роҳи пешина осон ва хурсандона рафта истода ҳеҷ касро бовар кунондан мумкин нест, ки ту масеҳӣ ҳастӣ. Тавба карда ба калисо даромадан, аз мусоҳиба гузаштан, то ки аъзои ҷамоат гардӣ, ё хондани китобчаи инҷилӣ кофӣ нест, ки дар бораи наҷоти худ башорат диҳӣ. Меъёри наҷоти каломӣ он аст, ки ту ҳоло чӣ хел зиндагӣ мекунӣ. Агар ҳаёти шумо аз ҳаёти имондори ҳақиқӣ фарқ кунад, дар он вақт шумо ё масеҳии «ҷисмӣ» ҳастед, ё умуман масеҳӣ нестед. Танҳо Худо медонад, ки шумо дар ҳақиқат кӣ ҳастед, зеро шумо метавонед фиреб хӯред. Ман бо дили пурдард эътироф менамоям, ки дар калисое, ки ман дар он шӯбон шуда кор мекунам, одамони зиёде ҳастанд, ки масеҳӣ нестанд. Чӣ тавре, ки мо аз ёздаҳ боби минбаъдаи китоб мефаҳмем, агар шахси ба Масеҳ рӯй оварда тағйироти ботиниро аз сар нагузаронад ва аз гунаҳкории худ навҳа накунад, агар дар вай ташнагии адолат набошад, дар он вақт эҳтимол аст, ки ин одам масеҳӣ нест. Ин меъёрҳо аз тарафи Худованд ба мо дода шудааст. Пеш аз ҳама, чӣ тавре, ки Ӯ гуфта буд, ба Малакут даромада тавонистан лозим аст. Мавъизаи Болои Кӯҳии Ӯ аз ин сар мешавад. Бисёрии одамон назди Масеҳ барои он меоянд, ки ба фикрашон Ӯ ба ҳар чизи доштаи онҳо, ва ба ҳар он чизе, ки дар ихтиёрашон аст, мароқ зоҳир мекунад. Оё мо бо ин суханон ба чунин гумроҳӣ кӯмак намерасонем: «Чӣ хел хуб мешуд, агар, ки чунин одами номдор масеҳӣ мешуд! Худованд метавонист вайро чунон истифода барад, ки…»? Ба Худо ин лозим нест. Барои чӣ мо меҳисобем, ки ба Худо, илова бар қувваи Ӯ, маҳорат ва қобилиятҳои мо лозим аст? Не, агар шумо ба Исо аз рӯи шартҳои Ӯ рӯ наоред, пас ҳеҷ гоҳ ба назди Ӯ омада наметавонед. Ва шартҳои Ӯ чунин аст: дили ғамгин, фурӯтанӣ, итоаткорӣ, гуруснагии рӯҳонӣ ва ташнаи адолат будан. Шаҳрвандони Малакути Осмонӣ меҳрубон, софдил, сулҳҷӯ, таъқибшуда ва барои ҳақиқат таҳқиршуда мебошанд. Шояд шумо якчанд сол пеш тавба карда бошед, вале агар хислатҳои дар боло номбаркардашударо доро набошед, наҷоти ҳақиқиро ба даст наовардаед. Эҳтимол баъди якчанд сол дар гуноҳҳои худ андӯҳгин шуда, ба Худованд баргаштаед. Маҳз дар ҳамин лаҳза наҷоти шумо ҳақиқӣ гашт ва шумо ба Малакути Худо ворид шудед. БАШОРАТ ДОДАН ДАР БОРАИ МАСЕҲ ҲАМЧУН НЕКӮИИ БА ХУДО МАҚБУЛ Агар шумо дар ҳақиқат масеҳӣ бошед, дар он вақт на танҳо ба Малакути Осмонӣ ворид мешавед, балки дар бораи Масеҳ башорат медиҳед. Дар ояти 13-уми боби 5-уми Инҷили Матто Масеҳ моро намаки ҷаҳон, ва дар ояти 14-ум — Нури ҷаҳон меномад. Агар шумо дар ҳақиқат масеҳӣ бошед, башорати шумо аниқ ва қатъӣ аз ҷаҳони боқимонда фарқ мекунад. Гап дар сари он аст, ки ҷаҳонро бо порчаи гӯшти пӯсида муқоиса кардан мумкин аст, ва намак — ин воситае мебошад, ки онро аз вайроншавӣ нигоҳ медорад. Аз ин рӯ айёми андӯҳи бузург чунон даҳшатнок мегардад; вақте ки калисо нобуд мешавад, намак низ нобуд мешавад. Мо ҷараёни барҳамхӯрии тамаддунро боздошт, вазифаи консервантҳоро иҷро мекунем. Мо бояд чароғи фурӯзон дар қуллаи кӯҳ бошем, ки ба ҷаҳони боқимонда хуб намоён аст. Вале башорати мо чист? Оё барои ҳама айён аст, ки мо мисли дигарон нестем? Ё ин, ки ҳар он кореро, ки боқимондаҳо мекунанд, мо низ мекунем? Вақте ки мо масеҳӣ шудем, ҳаёти мо тағйир ёфт? Худованди мо итоаткориро боз як хусусияти фарқкунандаи фарзандони наҷотёфтаи Худо номидааст, ки ташнаи дарк кардан ва иҷро намудани шариати Худо мебошанд (ба Мат. 5:17-19 ниг.). Дар ҳақиқат, бехатарии ман бевосита аз тайёр будани ман ба итоаткорӣ вобаста аст. Беитоатӣ карда, ман аз боварӣ ба наҷот маҳрум мегардам. Боварӣ доштан ба наҷот — ин тӯҳфаи Худо аст, ки ба имондорони беитоат дода намешавад. Биёед гӯш медиҳем, ки ҳавворӣ Павлус чӣ мегӯяд: «Бинобар ин шумо тамоми ҷидду ҷаҳди худро ба кор бурда, ба имони худ некӯкориро изофа намоед, ба некӯкорӣ — хирадмандиро, ба хирадмандӣ — порсоиро, ба порсоӣ — тоқатро, ба тоқат — парҳезгориро, ба парҳезгорӣ — бародардӯстиро ва ба бародардӯстӣ — муҳаббатро». (2 Пет. 1:5-7). Мақсади чунин ҳаёти некӯкорона чӣ аст, ва одами дар ҳақиқат имондор ба чӣ бояд кӯшиш кунад? «Агар ин сифот дар шумо ёфт шавад ва афзоиш ёбад, шумо дар шинохтани Худованди мо Исои Масеҳ бе муваффақият ва бе самар нахоҳед монд; вале дар ҳар кӣ ин сифот ёфт нашавад, вай кӯр аст, яъне чашмонашро пӯшида, фаромӯш кардааст, ки гуноҳҳои пештараи ӯ татҳир шудаанд. Аз ин рӯ, эй бародарон, беш аз пеш саъю кӯшиш намоед, ки даъват ва интихоби худро устувор гардонед ва агар ҳамин тавр рафтор кунед, ҳаргиз пешпо нахоҳед хӯрд». 2 Пет. 8:10 Гап дар бораи ба даст овардани наҷот ва ҳатто дар бораи ҳифз кардани он намеравад. Ҳамаи ин пурра дар ихтиёри Худои пурқудрат мебошад. Петрус тасдиқ менамояд, ки мо метавонем аз ҳисси бехатарӣ, боварӣ ва муҳофизатӣ ҳаловат барем, ки дохилшавии моро ба Малакути Худо роҳнамоӣ мекунад. Беитоатӣ моро аз боварӣ ба наҷот маҳрум месозад. Бинобар ин наҷоти ман, башоратдиҳии ман ва хурсандии ман аз он вобаста аст, ки то чӣ андоза дар ҳаёти ман сифатҳои дар аҳкомҳои хушбахтӣ номбаршуда пурра ва ба таври ҳамешагӣ зоҳир мегардад. Дар боби 7-уми Нома ба Румиён Павлус дар бораи он мегӯяд, ки чӣ хел ӯ ташнаи иҷро кардани шариати Худо буд, чӣ хел ӯ ин шариатро дӯст медошт, ҳарчанд ки гуноҳ ҳамеша ӯро дунболагирӣ мекард. Оё шумо дар ҳақиқат наҷот ёфтаед? Оё шумо гуноҳҳои худро навҳа карда, дар бораи дили нопоки худ ғусса хӯрда, назди Худо омадаед? Оё бегонагии шумо аз ин корҳои ҷаҳон маълум аст? Оё дар дили шумо хоҳиши бузурги иҷро кардани иродаи Ӯ ҳаст? Агар шумо дар ҳақиқат имон оварда бошед, ақидаҳои шумо бояд тағйир ёбанд. Шумо соҳиби дили нав мегардед. Дар китоби пайғамбар Ҳизқиёл (36:26) Худо гуфтааст, ки ҳангоми кафорат Ӯ дили сангини одамиро мегирад — диле, ки пур аз якравист, — ва ба вай дили гӯштин медиҳад. Исо ба яҳудиён гуфта буд, ки адоват ва ҳирс аз куштор ва зино ҳеҷ фарқе надорад, ва бо ҳамин нишон дод, ки ҳамаи ин аз дил мебарояд (ба Мат. 5:21-32 ниг.). Вақте ки ягон кас ба ман мегӯяд, ки масеҳӣ ҳаст ва худ машғули зино, бачабозӣ, ё ягон гуноҳи монанди ҳамин мебошад, ман ба боби 6-уми Номаи якум ба Қӯринтиён рӯ меорам, ки дар он гуфта шудааст, ки баъзе одамон ворисони Малакути Худо намегарданд. Онҳо ба Масеҳ аз рӯи шартҳои Ӯ наомадаанд, балки шартҳои худро мегузоранд ва аз ин рӯ корҳои онҳо бефоида мебошад. СУХАНОНИ ДУРУСТ, ИБОДАТИ ДУРУСТ, МУНОСИБАТИ ДУРУСТ Масеҳ инчунин гуфта буд, ки агар шумо дар ҳақиқат фарзанди Малакути Худо бошед, суханони шумо суханони дуруст хоҳад буд, зеро лабон дар бораи ҳиссиётҳое мегӯянд, ки дил аз онҳо пур аст. Исо гуфта буд, ки агар дили шумо бо эҳтирос парҳезкориро ҷӯё бошад, пас дар ниҳоят, шумо итоаткор мешавед. Ба Худо итоаткор будан маънои доштани фикрҳои дурустро дорад, ва он гоҳ аз лабони шумо суханони дуруст мебарояд. Ва ин ба он оварда мерасонад, ки шумо амалҳои нек меофаред. Шумо аз касе қасд намегиред, шумо некиро паҳн мекунед. Агар касе аз шумо чизе пурсад, шумо ба вай ду баробар медиҳед. Шумо на танҳо наздикони худро дӯст хоҳед дошт, балки душманон, ва ҳатто боҷгиронро! Исо гуфт, ки чизи аз ҳама асосӣ — ин ба Худо монанд шудан аст (ба Мат. 5:48 ниг.). Танҳо барои он, ки панҷ сол пеш аз ин ба калисо рафта будед, ё боре варақаи қавми калисоро пур карда будед, барои масеҳӣ номида шудан даъво накунед. Худоро бовар накунонед, ки масеҳӣ ҳастед, чунки ба ҳуҷраи дуокунӣ ташриф оварда бо мутаваллии ҷон сӯҳбат кардаед. Ва ҳатто кӯшиш накунед, ки худро бо он сабаб масеҳӣ номед, ки кадом як роҳбари рӯҳонӣ шуморо чунин ном гирифтааст, зеро ӯ дар он лаҳза ҳақиқатро намедонист. Танҳо Рӯҳулқудс ин бовариро медиҳад. Ӯ онро ба воситаи башорати ботинӣ (ба Рум. 8 ниг.) ва аъмолу рафторҳои аниқ медиҳад. Имон бе аъмол мурдааст, мегӯяд Яъқуб. Ана дар ин бора Исо чӣ гуфтааст: «…Агар шумо дар каломи Ман бимонед, ҳақиқатан шогирдони Ман хоҳед буд» (Юҳ.8:31). Ӯ онро дар назар дошт, ки дар шумо тарзи дурусти ақидаронӣ пайдо мешавад, шумо итоаткор мегардед, суханони дуруст мегӯед ва рафторҳои дуруст мекунед. Исо инчунин мегӯяд, ки фарзандони Малакут ба Худо дуруст ибодат мекунанд. Шумо, дар муқоиса бо дурӯябозон, ки «пешопеши худ карнай менавозанд», дуо мекунанд, садақа медиҳанд, рӯза мегиранд, танҳо барои он, ки ҳама худоҷӯии худро нишон диҳанд, ба Худо ба таври лозимӣ ибодат хоҳед кард. Инчунин масеҳии ҳақиқӣ нисбати пул ва нисбати ҷаҳон муносибати дуруст дорад. Ӯ ба пул дил намебандад. Дар Инҷили Матто (6:19) гуфта мешавад, ки шахсони Худоҷӯ дар муқоиса бо одамоне, ки худро хизматгорони Худо меноманд ва тамоми ҳаёти худро барои ҷамъ кардани сарват мебахшанд, дар рӯи замин барои худ сарват намеғундоранд. Ҳам ба Худо ва ҳам ба мамуно хизмат кардан номумкин аст. Кӯшиши дар як вақт ҳам дӯсти Худо ва ҳам дӯсти ҷаҳон будан бефоида аст. Агар шумо ҷаҳонро дӯст доред, дар шумо муҳаббати Падар нест, мегӯянд Навиштаҳо. Исо гуфта буд, ки хизматгорони Малакути Худо нисбати эҳтиёҷотҳои моддӣ муносибати дуруст доранд (ба Мат. 6:25-34 ниг.). Онҳо медонанд, ки Худо дар ин бора ғамхорӣ менамояд. Аз ояти 31-ум сар карда Исо шогирдонро бовар мекунонад, ки «…ғамхорӣ накунед ва нагӯед, ки «чӣ бихӯрем?» ё «чӣ бинӯшем?» ва ё «чӣ бипӯшем?» Чунки ҳамаи ин чизҳоро бутпарастон меҷӯянд…» Фарзанди ҳақиқии Малакут инчунин бо одамон муносибати дуруст мекунад. Дар боби 7-уми Инҷили Матто гуфта мешавад, ки чунин одам худро имондор нишон намедиҳад, вақте ки дар ҳаёти шахсии вай масъалаҳои ҳалталаб вуҷуд доранд. «Бад не-ку! — мегӯед шумо. Яъне, ман ба назди Худо барои гуноҳҳоям тавбакунӣ меоям, ва Ӯ ҳамон лаҳза маро тағйир дода ба ман дили нав медиҳад. Ва ман намак ва нури ҷаҳон мегардам, ки дар қуллаи кӯҳ фурӯзон аст. Ҷаҳон мебинад, ки ман монанди дигарон нестам. Ман ташнаи адолат мегардам, ки дар натиҷаи он тарзи дурусти ақидаронӣ пайдо мекунам, суханони дуруст меёбам, рафторҳои дуруст мекунам, ва ба Худо дуруст ибодат мекунам. Аҷоиб! Кӣ метавонад, ки ин тавр зиндагӣ кунад?!» Бисёр хуб. Ман хурсандам, ки шумо ба чунин хулоса омадед, зеро дар ҳақиқат чунин зиндагӣ кардан номумкин аст. Ба ҳеҷ кас. Ин номумкин аст. Исо ба сарватдори ҷавон фармуд ҳар он чизеро, ки дорад, фурӯшад ва пулашро ба камбағалон тақсим карда аз қафои Ӯ биёяд. Вале сарватдор аз Исо дида, бештар пулҳояшро дӯст медошт, аз ин рӯ аз Ӯ дур шуд. Яҳудиён боварӣ доштанд, ки ба одамони сарватманд ворид шудан ба Малакути Худо осонтар аст, зеро онҳо метавонанд бештар қурбониҳо кунанд, бештар ба камбағалон садақа диҳанд. Исо ба масъалаи боигарӣ барои он дахл мекунад, ки ҳақиқати Худро баён намояд. Ӯ ба шогирдон гуфта буд: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ба Малакути Осмон даромадани сарватдор душвор аст; ва боз ба шумо мегӯям: аз сӯрохи сӯзан гузаштани шутур осонтар аст аз он, ки сарватдор ба Малакути Худо дохил шавад» (Мат. 19:23-24). Оё метавонад, ки шутур аз сӯрохии сӯзан гузарад? Шумо мегӯед: «Охир Ӯ Дарвозаҳои сӯзаниро дар назар дошт» (эҳтимолан, сухан дар бораи дарвозаҳои хурди он замона меравад, ки аз онҳо шутурҳо гузашта наметавонистанд). Вале не, Худованд дар ин ҷо дар бораи ин намегӯяд! Ӯ дар бораи он мегӯяд, ки аз сӯрохии сӯзан гузаштани шутур осонтар аст аз он, ки сарватдор соҳиби наҷот дохил шавад. «Ин номумкин аст», — тасдиқ мекунад Исо. Пас, ҳамин тавр аст. Дар ояти 25-ум гуфта шудааст: «Чун шогирдон инро шуниданд бағоят дар ҳайрат шуданд…» Агар Ӯ дар бораи дарвозаҳои сӯзанӣ мегуфт, онҳо ин қадар ба ҳайрат намеафтоданд. «Пас, кӣ метавонад наҷот ёбад?» — пурсиданд шогирдон. Исо ба онҳо нигоҳ карда гуфт: «Ба одамизод ин ғайриимкон аст, лекин ба Худо ҳама чиз имконпазир аст». Ҳеҷ кас, ҳеҷ гоҳ наметавонад бо қувваи худ наҷот ёбад. Ин танҳо бо Худо имконпазир аст. Мо ба ин қувват надорем, мо ба ин қудрат ҳам надорем. Ана барои чӣ мо бояд ба пуррагӣ ба марҳамати Худо умед бандем. Одами сарватдор мехоҳад ба «ғолибон» бо бағоҷи моддияш ҳамроҳ шавад, аммо ин бағоҷ ба ӯ ёрӣ намедиҳад, зеро, ки ба ҷои баракат лаънат меорад. Роҳи ягона ба Малакути Худо ба воситаи дарки ноӯҳдабароии худ, эътирофи оҷизии худ, ва мувофиқи Инҷили Матто (5:3), бо мискинии рӯҳ, бо ғаму андӯҳ, ва бо нолаву фиғон ташнаи адолат будан ба даст меояд, ки одамизод ҳеҷ гоҳ инро худаш карда наметавонад. Бисёрии одамон иҷро кардани ин шартҳоро намехоҳанд. Онҳо мехоҳанд ба Малакути Худо бо роҳҳои худ раванд. Онҳо мехоҳанд бо қатораи осмонӣ дароянд, ва ба он тамоми асбобу анҷоми худро дароранд, ки одатан аз чор той: даву ғеҷ, гуноҳ, иблис ва «ман» — и шахсӣ иборат мебошанд. Онҳо фиғон мекунанд: «Исо ман хушбахтиеро мехоҳам, ки Ту ба ман ваъда мекунӣ. Ман ба дӯзах рафтан намехоҳам. Ана ман!» Бо вуҷуди ин онҳо намехоҳанд, ки аз ягонтои ин тойҳояшон ҷудо шаванд. Вале барои онҳо низ роҳ ҳаст. Ба Инҷили Матто (7:13) бармегардем. Шогирдон ҳамроҳи дигар одамон Исоро гӯш карда, аз афташ чунин муҳокимаронӣ карданд: «Охир кӣ метавонад ба ин меъёрҳо муносиб бошад?» Вале Ӯ гуфт: «Аз дари танг дароед; зеро фарох аст он дар ва васеъ аст он роҳе, ки ба сӯи ҳалокат мебарад, ва онҳое, ки ба он дохил мешаванд, бисёранд…» Барои чӣ? Ин роҳ васеъ аст ва шумо метавонед бо бағоҷи худ ба роҳ бароед. Ва дарвозаҳое, ки ба ин роҳ кушода мешаванд, фарох мебошанд. Шумо метавонед бо худ ҳар он чизеро, ки хоҳед бигиред: аъмоли худ, мағрурии худ, мустақилии худ ва даъвоҳои худро — «Ман мехоҳам бо Исо бошам, вале намехоҳам аз инҳо ҷудо шавам». Дар ояти 14-ум гуфта мешавад, ки дарвозаҳо танг ва роҳ сӯи ҳаёт мушкил мебошад ва «кам одамон онро меёбанд». Оё шумо боре кӯшиш кардаед, ки якбора бо чор ҷомадон аз турникет гузаред? Шуморо лозим меояд, ки тамоми бағоҷи худро партоед, то ки худатон гузаред. Шуморо лозим меояд, ки бо дастони холӣ гузаред. Дар болои дарвозаҳои васее, ки ба сӯи ҳалокат мебарад, ҳеҷ гуна навиштаҷотҳои огоҳкунандаи «Ба дӯзах» нест; баръакс дар болои онҳо лавҳачаи дилфиреби «ба сӯи Осмонҳо» овезон аст. Бисёриҳо ба ин роҳ фирефта мешаванд. Ин роҳ васеъ аст ва аз бори худ низ ҷудо шудан даркор нест; на тарзи ҳаётро дигар кардан даркор аст, ва на тарзи ақидаҳоро. Ҳеҷ чиз талаб карда намешавад. Фақат гуфтан даркор аст, ки «Ман тавба кардаам», ё «Ман таъмид гирифтаам», ё «Ман ба калисо рафтаам», ё «Ман варақаи қавми калисогиро пур кардаам», ё «Вақте ки ман хурд будам, модарам маро ба калисо бурда буд». Дар ҳама ҳолат ҳамаи ин — он роҳ нест, зеро ба ҳалокат мебарад. Аз ҳама андӯҳовараш он аст, ки бисёриҳо нафаҳмида, ки интихоби нодуруст кардаанд, бо ин роҳ мераванд. Дар тавба кардан ва таъмид гирифтан ҳеҷ чизи баде нест, баръакс ин хуб аст, аммо гап дар сари он аст, ки тез-тез ин амалҳо ба таври қалбакӣ ба ҷо оварда мешаванд. Дар чунин ҳолат имоноварии ҳақиқии дил ба амал намеояд. Ин «бисёриҳо», ки бо роҳи васеъ мераванд, ягон вақт аз Исо чунин суханонро мешунаванд: «Ман ҳаргиз шуморо намешинохтам, аз Ман дур шавед эй бадкорон!» (ба Мат. 7:23; инч. 25:41 ниг.). Баъзеҳо «қарор қабул карданд», тавба карданд, вале то ба ҳол ноферо, ки онҳоро бо ҷаҳон пайваст менамояд, набуридаанд; онҳо инчунин тарзи ҳаёти фосиқонаи худро тарк накардаанд; онҳо чун пештар ба он умед мебанданд, ки қарори қабулкарда, ё таҷрибаи рӯҳонии онҳо кофӣ аст. Дар роҳи васеъ истода, ягон вақт онҳо аз Малакут берун мемонанд ва мебинанд, ки тавре Ҷон Бенян гуфта буд, дар назди даромадгоҳи асосӣ ба осмонҳо боз даромадгоҳ ба дӯзах низ ҳаст. Ин роҳи осон аст ва бисёриҳо ба ин самт чипта мефурӯшанд. Аз пайғамбартарошон эҳтиёт шавед. Исо гуфта буд: На ҳар касе ки ба Ман: «Худовандо! Худовандо!» мегӯяд, ба Малакути Осмон дохил хоҳад шуд, балки он касе ки иродаи Падари Маро, ки дар осмон аст, ба ҷо меоварад. Бисёр касон дар он рӯз ба Ман хоҳанд гуфт: «Худовандо! Худовандо! Оё ба исми Ту нубувват накардем? Оё ба исми Ту девҳоро нарондем? Оё ба исмиТу мӯъҷизоти зиёде нишон надодем?» Он гоҳ дар ҷавоби онҳо хоҳам гуфт: «Ман ҳаргиз шуморо намешинохтам; аз Ман дур шавед, эй бадкорон!» Мат. 7:21-23 Худро таскин надиҳед. Маҳбубон, худро озмоед, оё шумо дар роҳи дуруст ҳастед? Ба ин мӯътақид гардед. Шартҳои Худо ҳамин гуна мебошанд. Исаак Уоттс навишта буд: Чӣ тавр оҷизу гунаҳкор аст тамоми махлуқот, Ки вазни борҳои худро намефаҳмад. Дили тағйирнаёфта эҳё нахоҳад шуд Барои хушбахтӣ ва барои Худо. Хоҳишҳои ғалату шавқҳои норавшан Мебаранд касро ба роҳи фано. Ақли хароб наметавонад ёбад Ягона роҳи тангу бехатар. Метавонам, ки ман, махлуқи заиф, Якравии худро диҳам барҳам? Не, танҳо Ту, Наҷоткори Пурқудрат, Ба ман дили нав дода метавонӣ. Тағйир бидеҳ дилҳои маккори моро Бидеҳ ба онҳо ҳаёт аз олами боло То ки шавқу ҳам тамоми қувват Аз Ту гарданд, эй Худои пурқудрат. Ба ҷои роҳи борик, бо роҳи васеъ рафтан маънои маҳкумшуда буданро дорад, ки инро Худованди мо дар намунаи ду хона хеле хуб нишон дод. Ҳар дуи ин хона зоҳиран монанданд, вале таҳкурсии онҳо гуногун аст. Барои ҳамин, як хона устувор монд, вале дигараш афтид. Бисёр одамоне, ки бо роҳи васеъ мераванд, хонаи худро бе Исои Масеҳ — санги асосӣ месозанд. Амали онҳо — ана ин аст таҳкурсии онҳо, ки мисли рег рехта нобуд мешавад (ба Мат. 7:24-27 ниг.). ҲАНӮЗ ВАҚТ ҲАСТ: ПУРТОҚАТИИ ХУДО Мо ҳанӯз фурсат дорем, вале он метавонад ба охир расад. «Инро аз куҷо медонед? — мепурсед шумо. Инҷили Юҳанно (12:32-34)-ро хонед: Ва ҳангоме ки Ман аз замин боло бурда мешавам, ҳамаро сӯи Худ хоҳам кашид». Инро гуфт, то ишорат кунад, ки бо чӣ гуна марг Ӯ бояд бимирад. Мардум дар ҷавоби Ӯ гуфтанд: «Мо аз Таврот шунидаем, ки Масеҳ то абад боқӣ хоҳад монд; пас чӣ сон мегӯӣ, ки Писари Одам боло бурда мешавад? Ин Писари Одам кист? Онҳо дар бораи он шунида буданд, ки Масеҳ абадӣ зиндагӣ мекунад. Исо ба онҳо гуфт : «Боз муддати кӯтоҳе нур бо шумост; то даме ки нур бо шумост, роҳ равед, то ки зулмот шуморо фаро нагирад, ва касе дар торикӣ роҳ меравад, намедонад, ки куҷо меравад; То даме ки нур бо шумост, ба нур имон оваред, то ки писарони нур гардед». Ин суханонро гуфта, Исо аз пеши онҳо рафт ва пинҳон шуд. Юҳ. 12:35-36 Чӣ гуна мисоли олиҷаноб! Ӯ гуфт, ки ҳанӯз, ки бовар кардан мумкин аст, бовар кардан лозим. Барои он, ки инро исбот намояд, Ӯ аз онҳо пинҳон шуд, то нишон диҳад, ки дар вақти набудани Ӯ онҳоро чӣ интизор аст. Дар боби 8-уми Инҷили Юҳанно аз ояти 12-ум сар карда, Исо дар ин бора на камтар аз се маротиба мегӯяд: «Ва Исо боз ба мардум гуфт: «Ман нури ҷаҳон ҳастам, ҳар кӣ Маро пайравӣ кунад, дар торикӣ роҳ напаймояд, балки нури ҳаёт ёбад». Сонитар Ӯ мегӯяд: «Ман меравам ва шумо маро хоҳед ҷуст, ва дар гуноҳи худ хоҳед мурд; ба он ҷое ки Ман меравам, шумо наметавонед биёед» (ояти 21). Ин аллакай огоҳии дуюм аст: агар одамон ба нур рӯ наоранд, ки он ҳанӯз дастрас аст, рӯзе мерасад, ки нур барои онҳо дастнорас мегардад. Ва бори сеюм Ӯ ба онҳо гуфт: «Аз ин сабаб ба шумо гуфтам, ки дар гуноҳҳои худ хоҳед мурд; зеро агар имон наоваред, ки ин Ман ҳастам, дар гуноҳҳои худ хоҳед мурд» (ояти 24). Исо ҳамеша муҳаббати Худро ба таври фаровон мерехт, вале Ӯ ҳамеша таъкид мекард, ки ҳамаи ин ҳудуд дорад. Соате фаро мерасад, ки тоқат ва марҳамати Худо ба гуноҳҳои инсоният ба охир мерасад (ба Ҳас. 6:3 ниг.). Дар Китоби Пайғамбар Ишаъё (боби 63) ғазаби Худо бар хилофи марҳаматҳои Ӯ мебарояд. Ана дар боби 7-ум пайғамбар чӣ мегӯяд: «Эҳсонҳои Худованд ва ҷалоли Худовандро зикр хоҳам кард, барои ҳар он чӣ Худованд ба мо ато намудааст, ва барои лутфи зиёде ба хонадони Исроил, ки Ӯ аз рӯи марҳамати Худ ва аз рӯи фаровонии эҳсонҳои Худ ба онҳо ато намудааст». Чӣ гуна суханони зебо! Ӯ дар бораи муҳаббати дилсӯзонаи Худо башорат медиҳад. «Ва Ӯ гуфта аст: «Ба яқин, онҳо қавми Ман ҳастанд, писароне ки хиёнат намекунанд». Ва Ӯ Наҷотдиҳандаи онҳо буд» (ояти 8). Чи гуна тавсифи зебои Худо! Ӯ он қадар меҳрубон ва пурбаракат буд. «Дар ҳар тангии онҳо Ӯ дилсӯзӣ мекард, ва фариштае, ки дар ҳузури Ӯ буд, онҳоро наҷот медод; аз рӯи муҳаббати Худ ва шафқати Худ Ӯ онҳоро раҳо мекард, ва дар тамоми айёми қадим онҳоро мебардошт ва баланд мекард» (ояти 9). Вале боби 10-ум манзараи оромро вайрон сохта, чун раъд дар осмони соф садо медиҳад: «Валекин онҳо беитоатӣ намуда, Рӯҳулқудси Ӯро маҳзун мекарданд, ва Ӯ душмани онҳо гашта, ба муқобили онҳо меҷангид» (ояти 10). ТАЪЛИМОТ ДАР БОРАИ МЕЪЁРҲОИ ПОРСОИИ ҲАҚИҚӢ Дар бобҳои оянда мо аҳкомҳои хушбахтиро ба тафсил ибора ба ибора дида мебароем. Баъзан моро лозим меояд, ки якчанд саҳифаро барои бодиққат дида баромадани як ҷумла бубахшем. Ба монанди бисёр дигар тадқиқотчиён, мо бо ҳақиқатҳои бузурги рӯҳонӣ ва ҳаётӣ вомехӯрем, ки барои кушодани онҳо ба мо ин сатрҳои аъло ва ба ҳама шинос ёрӣ мерасонанд. Вале мақсади асосии ин китоб аз он иборат нест, ки боз як шарҳдиҳиро дар бораи аҳкомҳои хушбахтӣ ба вуҷуд оварад. Ин китобро лозим аст ҳамчун даъват барои ҳамаи мо дида бароем, ва ҳаёти худро ба таври ҳақиқӣ баҳо дода фаҳмем, ки то чӣ андоза он бо меъёрҳои порсоии ҳақиқӣ, ки дар аҳкомҳост, мувофиқат мекунад. Эҳтимол, шумо дармеёбед, ки ҳаёти шумо то андозае ба талабот ва меъёрҳое, ки Исо барқарор намудааст, ҷавобгӯ мебошад. Дар ин ҳолат боварии шумо ба наҷотатон боз ҳам мустаҳкамтар мегардад. Вале шумо метавонед аз ин суханони қатъӣ ба ҳайрат афтед ва музтариб гардед. Шумо метавонед чизеро ба монанди садамот ҳис кунед, ва ҳатто худро рӯҳан маъюбшуда ҳисобед, ки дар зери борони ноумедӣ ва нобоварӣ мондаед. Агар ин бо ягон каси шумо рӯй диҳад, ман сидқан умедворам, ки шумо ба Рӯҳулқудс рухсат медиҳед, ки ба дили шумо гап занад, то ба шумо ёрӣ диҳад роҳеро ёбед, ки ба сӯи хушбахтии ҳақиқӣ мебарад. Чунин хушбахтӣ танҳо ҳамон вақт ба даст меояд, ки агар донед, ки ҳаёти шумо ба самти нишондодаи Масеҳ ҳаракат мекунад ва пур аз хоҳиши ба меъёрҳои Ӯ мувофиқат кардан аст. Бисёр одамон, ки худро масеҳӣ меноманд, дар мухолифат бо имони овардаашон зиндагӣ мекунанд. Баъзеи онҳо худро наҷотёфта ҳисобида, фиреб мехӯранд. Ин бисёр ҳолати нохуш мебошад. Вале ҳарчанд зоҳиран онҳо порсо намоянд ҳам, дил ва ақли онҳо ба ҳақиқат ҳассос намебошад. Ҳеҷ кадоми мо набояд ба таъкидҳои зерини каломӣ нописандона муносибат намоем: Зеро ҳар касе, ки худро чизе ҳисоб мекунад, дар сурате, ки ҳеҷ аст, вай худро фиреб медиҳад. Бигузор ҳар кас амали худро имтиҳон кунад ва он гоҳ фақат дар худ фахр хоҳад дошт, на дар дигаре; зеро ҳар кас бори худро хоҳад бардошт. Он ки бо Каломи Худо насиҳат дода мешавад, бигзор насиҳатдиҳандаро дар ҳар нозу неъмат шарик созад. Фирефта нашавед: Худо намегузорад, ки Ӯро тамасхур кунанд. Зеро ки он чи одамизод мекорад, ҳамонро хоҳад даравид. Касе ки барои ҷисми худ мекорад, аз ҷисм фаноро хоҳад даравид, ва касе ки барои Рӯҳ мекорад, аз Рӯҳ ҳаёти ҷовидониро хоҳад даравид. Ғал. 6:3-8 Худо пуртоқат, Худо меҳрубон, Худо пурбаракат аст. Худо раҳмдил, дилсӯз ва ҳалим аст. Худо намехоҳад, ки касе нобуд гардад. Вале тоқати Худо низ ҳудуд дорад. Агар шумо ҳанӯз ҳаёти худро ба Масеҳ набахшидаед, ва ба Малакути Ӯ ва ба шартҳои Ӯ надаромадаед, ҳанӯз ки имконпазир аст, ин корро кунед. Ба назди нур оед, ҳол он ки он дастрас аст. Ба назди Писар оед, ҳанӯз ки рӯи Ӯ ҷило медиҳад. Боби 2. «Хушҳоланд…» (Мат. 5:1-2) Дар аҳкомҳои хушбахтӣ Исо калимаи хушҳол-ро нӯҳ маротиба такрор мекунад. «Хушҳол» — маънои хушбахт, яъне пур аз хурсандии ботиниро дорад. Ҳар боре, ки ин калима дар матни дида мебаромадагиамон вохӯрад, танҳо ҳамин тавр шарҳ додан лозим аст. Исо дар бораи ягона роҳи хушбахтӣ мегӯяд. Рухсат диҳед матни пурраро, ки дар ин китоб тадқиқ карда мешавад, ба шумо пешниҳод кунам: Чун мардумро дид, бар фарози кӯҳе баромад ва биншаст; ва шогирдонаш назди Ӯ ҳозир шуданд. Он гоҳ Ӯ даҳони Худро кушода, онҳоро таълим дод ва гуфт: «Хушо мискинони рӯҳ, зеро ки Малакути Осмон аз они онҳост. Хушо мотамзадагон, зеро ки онҳо тасаллӣ хоҳанд ёфт. Хушо ҳалимон, зеро ки онҳо вориси замин хоҳанд шуд. Хушо гуруснагон ва ташнагони адолат, зеро ки онҳо сер хоҳанд шуд. Хушо раҳимон, зеро ки онҳо раҳм хоҳанд ёфт. Хушо покдилон, зеро ки онҳо Худоро хоҳанд дид. Хушо сулҳҷӯён, зеро ки онҳо фарзандони Худо хонда хоҳанд шуд. Хушо таъқибшудагон дар роҳи адолат, зеро ки Малакути Осмон аз они онҳост. Хушо шумо, вақте ки шуморо ба хотири Ман дашном диҳанд ва таъқиб намоянд ва барноҳақ ҳар навъ ғайбат кунанд. Шод ва хушҳол бошед, чунки мукофоти шумо дар осмон бузург аст: зеро ки анбиёи пеш аз шуморо низ ҳамин тавр таъқиб мекарданд. Мат. 5:1-12 Ҳамин тариқ, ҳамаи ин ҳақиқатҳо бояд ба хурсандиҳои беҳудуд оварда расонанд. Оё ин аз ақл берун наменамояд? Дар ин порчаи Инҷили Матто Малакуте тасвир карда шудааст, ки умедвориҳои бисёр одамонро амалӣ намегардонад. Чӣ тавре, ки мебинед, хушбахтие, ки дар бораи он Исо дар ин ҷо мегӯяд, на он чуноне аст, ки шумо онро ба худ тасаввур менамоед. Дар ин ҷо гуфта шудааст, ки одамони хушҳол мискини рӯҳ, ғамгин, ҳалим, ба гуруснагиву ташнагӣ тоқаткунанда, дилсӯз, покдил, сулҳҷӯ мебошанд, вале барои ин онҳоро таъқиб мекунанд ва азоб медиҳанд. «Истед! Ман боварӣ надорам, ки ба ман чунин хушбахтӣ даркор бошад! Ин бештар ба азоб монанд аст, танҳо номаш дигар аст! Шумо аз афташ ҳазл мекунед!» — хитоб мекунед шумо. Вале ҳар чӣ ҳам набошад, азоб ба хушбахтӣ алоқаи бевосита дорад. Роҳи дигаре нест. Азоб — ин роҳ ба сӯи хушбахтӣ аст. Барои бисёрии одамон ин сафсата менамояд. Як муаллиф гуфтааст, ки таассурот мисли он аст, ки гӯё «Исо ба пештахтаи ҳаёт баромада ҳамаи нархномаҳоро иваз кард. Ва ҳама чиз чапаву роста шуд». Хушбахтӣ аз азоб ба вуҷуд меояд? Ҷаҳон мегӯяд: «Хушбахт он касест, ки роҳи худро тоза намуда, ҳар каси дар роҳаш истодаро тела дода ба пеш меравад. Хушбахт он касест, ки ҳар чизи хостаашро ҳама вақт, ва дар ҳама ҷо ба даст меорад. Хушбахтӣ — ин имконияти ба даст овардан ва доро шудан аст. Хушбахтӣ — он чизест, ки ҳар кори хостаатро мекунӣ, ва чизи хостаатро мегирӣ. Хушбахт одамони бой, обрӯманд, номдор ва машҳур мебошанд». Дар асл ин тавр нест. Суханони Шоҳ бо ин манзара мувофиқат намекунанд, вале ин танҳо муқаддима ба мавъизаи Ӯ мебошад! Ҳамчун мавъизачии хуб, Исо пеш аз ҳама мақсади Худро аниқ муайян намуд. Дар аввали мавъизаи Болои Кӯҳ таъиноти он маълум мегардад: мо бояд донем, ки хурсандии ҳақиқӣ, саодатмандии ҳақиқӣ ва мукофоти осмонӣ вуҷуд дорад. Баъдтар (ба Мат. 5:7 ниг.) Ӯ муҳокимаро дар бораи он давом медиҳад, ки чӣ хел зиндагӣ кардан лозим аст, то чунин хушбахтиро ба даст оварем. Барои он, ки ин мавъизаи аз ҳама бузургро фаҳмем, мо бояд фаҳмем, ки асоси он чист? Мо шароит ва вазъиятеро, ки ин мавъиза гуфта шуда буд, дида мебароем, ба шахсияти Мавъизачӣ дахолат мекунем, дар бораи шунавандагон ва дар бораи худи таълимот сӯҳбат мекунем, вале дар аввал моро лозим аст, ки матнҳои каломӣ, дунявӣ, сиёсӣ ва диниро фаҳмем. МАТНИ КАЛОМӢ Пеш аз ҳама, мо аз нуқтаи назари каломӣ, лаҳзае, ки ба боби панҷуми Инҷили Матто наздик мешавем, дар куҷо мебошем. Ҷои мо дар мақсади Худо, ҳангоми кушодани ҳақиқатҳояш барои инсоният, дар куҷост? Ҳамин тариқ, мо, дар лаҳзаи тағйиротҳои пуртаъсир, тағйирёбии қатъӣ, дар ҷое мебошем, ки барои мо тамоман нав аст. Биёед ба охири Аҳди Қадим, ба китоби Пайғамбар Малокӣ назар меандозем. «Ва Ӯ дили падаронро сӯи писарон, ва дили писаронро сӯи падарон хоҳад баргардонид, мабодо биёям ва заминро ба таҳлука гирифтор намоям» (Мал. 4:6). Хеле аҷиб. Аҳди Қадим бо лаънат ба охир мерасад. Аҳди Ҷадид бо баракатдиҳӣ сар мешавад. Чӣ тағйироти ҳайратовар! Аҳди Қадим — ин Шариат, Сино, раъду барқ, доварӣ, лаънат; Аҳди Ҷадид — ин Сион, неъмат, осоиштагӣ, баракат. Калимаи хушҳол — ин тарҷумаи калимаи юнонии Makarios буда, маънояш хушбахт аст. Ин сифат аз решаи Makar таркиб ёфтааст, ки маънои хушбахт буданро дорад, вале на ба он маъно, ки одатан ба ин калима ҳангоми дида баромадани хушбахтӣ ҳамчун натиҷаи ҳолат ва шароитҳои мусоид дида мешавад. Масалан Гомер ин калимаро ҳангоми тавсифи худоҳои юнонӣ, ки новобаста аз ҷаҳони одамони заиф, нокомил, гирифтори нодорӣ ва марг, хушбахт буданд, истифода мебурд. Бо чунин маъно калимаи хушҳол дар Аҳди Ҷадид истифода бурда мешавад. Юнониҳо Кипрро «ҷазираи хушбахтӣ» меномиданд. Онҳо боварӣ доштанд, ки Кипр то андозае зебо мебошад, ки ҳеҷ як одам дар ҷустуҷӯи ҳаёти беҳтар онро тарк нахоҳад кард. Калимаи makarios он хурсандии ботиниеро ифода менамояд, ки иҷроиши ҳар як хоҳиши дили инсониро роҳнамоӣ мекунад. Уилям Барклай гуфта буд: «Хушбахтии инсонӣ ин як чизе мебошад, ки аз тасодуфҳо ва тағйиротҳои ҳаётӣ вобаста буда, метавонад аз тарафи ҳаёт тӯҳфа ё гирифта шавад. Хушбахтии масеҳӣ — ин як чизи дахлнопазир ва шикастнопазир аст». Исо гуфта буд, ки хушбахтӣ — ин хурсандие мебошад, ки касе наметавонад онро аз шумо бигирад (ба Юҳ. 16:22 ниг.). Ин осоиштагии ботинӣ, хушбахтии ботинӣ ва хурсандии ботинӣ мебошад. Чунин хурсандӣ наметавонад таҳти таъсири асосҳои беруна ба амал ояд. Зиёда аз ин, калимаи хушҳол одамро тавсиф медиҳад ва асоси мавҷудияти вайро муайян мекунад. Ман инро барои он мегӯям, ки ин калима ҳангоме, ки сухан дар бораи Худо меравад, истифода бурда мешавад. Маротибаҳои зиёд дар Китоби Муқаддас мо ибораи «Худо муборак аст» — ро вомехӯрем (ба Заб. 67:36; 71:18, 118:12; 1 Тим. 1:11 ниг.). Ин ҳолат дар ҳар навъе ки набошад, аз Худост, зеро ҳар як ҳолати хушҳолии ҷон аз Худо ва Исои Масеҳ аст (ба 1 Тим. 6:15 ниг.). Гуфтан лозим аст, ки санҷиши ин ҳолат ба пуррагӣ танҳо ба он касоне дода мешавад, ки «шарики» Худо ва Масеҳ гардидаанд. Чунин аст фаҳмиши каломии хушҳолӣ, ё ин ки хушбахтӣ, ва дигараш дар Китоби Муқаддас нест. Ҳавворӣ Петрус гуфта буд, ки шахсони ба Худованд Исои Масеҳ имон оварда «шарики табиати Илоҳӣ» мегарданд (ба 2 Пет. 1:4 ниг.). Мо метавонем он қаноатмандии ботинӣ, ҳамон умқи ҳиссиётҳои хушбахтиро, ки ба Худи Худо ва Худованд Исои Масеҳ шиносанд, аз сар гузаронем. Чӣ хел аҷиб! Барклай ба хулосаи зерин омад: Ҷаҳон хурсандиҳои худро бо осонӣ барпо намуда ҳамон хел осон онҳоро аз байн мебардорад. Нобарорӣ, заифӣ, барҳам хӯрдани нақшаҳо, ноумедӣ ва орзӯҳои амалнагашта, ҳатто тағйир ёфтани боду ҳаво метавонанд моро аз он хурсандии кӯчак, ки ин ҷаҳон метавонад ба мо тӯҳфа намояд, маҳрум созад. Вале танҳо масеҳӣ метавонад хурсандии оромона ва бетағйирро аз сар гузаронад, ки дар натиҷаи дар Исои Масеҳ будан ва ҳузури доимии Ӯ ба амал меояд. Бузургии аҳкомҳои хушҳолӣ на дар ишораҳои норавшан ба ким-кадом ояндаи дурахшон ва на дар шӯҳрати симои зебои аз дур ҷилодиҳанда мебошад — балки бузургии онҳо дар муждаи хурсандии абадӣ мебошад, ки онро ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз дар ҷаҳон гирифта наметавонад. Аз худи аввал мавъизаи Болои Кӯҳ ба шахсоне, ки ба Исои Масеҳ имон наовардаанд, чизе пешкаш карда наметавонад. Вале барои он касоне, ки Ӯро медонанд ва дӯст медоранд, он касе, ки аз рӯи имон «шарики табиати Худо» гардидааст, ин хурсандӣ, ин қаноатмандӣ, ин хушбахтӣ, ин ҳисси саодат, ки моҳиятан хусусияти хоси Худо ва Масеҳ мебошад, ҳақиқӣ мегарданд. Пас, вақте ки мо дар бораи хушбахтӣ ва хушҳолӣ мегӯем, мо ба ин калима маънои каломӣ медиҳем ва ба шарҳи онҳо сар-сарона рафтор намекунем. Агар Аҳди Қадим бо лаънат ба охир расад, Аҳди Ҷадид аз ваъда сар мешавад, ки мувофиқи он ҳар як имондор ба Худо монанд мешавад. Аҳди Қадим — ин китоби Одам аст, ва ин саргузашти ғамангез мебошад. Одам шоҳи якуми замин буд, ки Худо барои ӯ ҳукмрониро бар рӯи ин замин дода буд. Ӯ нахустин шоҳ буд, вале гунаҳкор шуд. Аз ин рӯ Аҳди Қадим бояд бо таҳдиди лаънат ба охир мерасид. Аммо дар Аҳди Ҷадид Шоҳи нав аст. Матто фавран ба мо Одами дуюм, Одами охирин, Он Касеро, ки беандоза аз Одам бузургтар аст, Шоҳеро, ки ҳеҷ гоҳ гуноҳ намекунад, то баъди Худ лаънатро гузорад, Касеро, ки омадааст, то подшоҳӣ кунад ва хушбахтиро ҳадя намояд, пешкаш мекунад. Аҳди Ҷадид бо ваъдаҳо ба охир мерасад (ба Ваҳй 22:20 ниг.). Бо омадани Шоҳи нав дар таърихи инсоният давраи нави ҳайратовар сар мешавад. Он Касе ба дунё омад, ки метавонад лаънати Одамро барҳам диҳад. Дар Инҷили Матто насабномаи пурраи Шоҳ, пешгӯиҳои пайғамбаронаи Шоҳ оварда шудааст ва дар бораи муждарасони Шоҳ (Яҳёи Таъмиддиҳанда), дар бораи омадани Шоҳ, дар бораи ибодат кардан ба Шоҳ ва аъмолҳои Шоҳ нақл карда мешавад. Ва акнун мо ба баёноти Худи Шоҳ омада расидем. Мавъизаи Болои Кӯҳ изҳороти бузурги Шоҳ мебошад, ки дар он ба ҷои лаънат ба ҳамаи ҷӯяндагони баракат хушҳолӣ тӯҳфа менамояд. Чунин аст матни каломии ин мавъиза: давраи нав, Шоҳи нав ва ҳақиқати нав. МАТНИ ИН ҶАҲОН Каломи Исо тамоми истеҳкомҳои ин ҷаҳонро пора месозад. Холигии рӯҳро бо ягон чизи беруна пур кардан номумкин аст, вале ҷаҳон маҳз ҳаминро мехоҳад. Исо омад, то эълон намояд, ки дарахти хушбахтӣ дар замини лаънатзада намерӯяд. Вале аксари одамон ҷустуҷӯи онро маҳз дар ҳамин замин давом медиҳанд. Сулаймон яке аз шоҳҳои бузургтарини рӯи замин буд. Аз рӯи ақидаи ин ҷаҳон агар ягон кас умуман хушбахт мешуд, ин Сулаймон мебуд. Ӯ машҳур буд, зеро писари шоҳ Довуд буд, ки аз насли ӯ Масеҳ бояд ба дунё меомад. Дарбори ӯ намунаи камолот барои тамоми ҷаҳон буд, ва дар шаҳри Худо — дар Ерусалим ҷой дошт. Боигарии вай беандоза ва ганҷи вай чунон бузург буд, ки аз рӯи шаҳодати Аҳди Қадим нуқра ба сангҳои оддӣ баробар буд. Вай аз нозу неъмати латиф баҳра мебурд ва саисхонаи олиҷаноби ӯ аз аспҳои зеботарин пур буданд. Дар ихтиёри ӯ қасрҳо, хизматгорон, токзорҳо, ҳавзҳои моҳипарварӣ ва боғҳо буданд. Ва садҳо занон! Аз ҳама одамоне, ки дар рӯи замин мезистанд, ӯ одами хирадмандтарин буд. Ва ӯ дорои ҳама чиз буд. Аз рӯи андозаҳои ин ҷаҳон Сулаймон одами хушбахттарин буд, бо вуҷуди ин, маҳз ӯ дар бораи ҳамаи ин гуфтааст: «…ҳеҷу пуч аст, — ҳама чиз ҳеҷу пуч аст!» (Воиз 1:2). «Ҳеҷу пуч» маънои холигиро дорад. Дар Аҳди Ҷадид гуфта мешавад, ки ҳаёти одам аз фаровонии чизҳои доштааш вобаста нест (ба Луқ. 12:15 ниг.). Агар шумо хушбахтиро дар муваффақиятҳои ин ҷаҳон меҷӯед, пас дар ҷои нодаркор меҷӯед. Магар умед бастан ба он, ки холигии рӯҳониро бо ганҷҳои беарзиши ин ҷаҳон пур карда мешавад, беақлӣ нест? Чизҳои моддӣ ба рӯҳ коре надоранд. Ин хеле оддӣ аст, вале биёед дар ин бора фикр мекунем. Талаботҳои рӯҳониро бо ким-кадом як ҷавҳари моддӣ қаноатманд гардондан имконнопазир аст. Вале одамон кӯшиш мекунанд, ки ин корро кунанд. Масалан, дар никоҳ хушбахт нашуда, мошини нав ё либоси нав мехаранд. Ин тамоман беақлист. Баръакс кардан ҳам номумкин аст, зеро гуруснаро барои шунидани лексия оиди баракат даъват кардан бефоида аст, — зеро вай танҳо дар бораи хӯрок фикр мекунад. Ё шахси аз ташнагӣ мурдаистода нисбати суханони баракатҳои мӯъҷизаовари Худо бетараф аст, охир он чизе, ки ӯ мехоҳад — ин як қатра об мебошад. Ин низ ба монанди он беақлие аст, ки ташнагии рӯҳониро бо ким-кадом як дастовардҳои моддӣ шиканем. Вақте ки шоҳ Шоул андӯҳгин буд, ҳамаи сангҳои қимматбаҳои тоҷаш ӯро дилбардорӣ карда натавонистанд. Дар Китоби Пайғамбар Дониёл дар бораи шоҳ Балшасар нақл карда мешавад, ки ишратҳои бузурге ороста худсариҳое мекард, ки ягон подшоҳ дар таърих чунин накарда буд. Вай аз зарфҳои тиллогини маъбад шароб менӯшид, вақте ки дар девори қаср дасти одам пайдо шуд ва навишт, ки шоҳ дар тарозу баркашида шудааст ва вазнаш бағоят сабук баромадааст (ба Дон. 5 ниг.). Китоби Муқаддас мегӯяд, ки рангу рӯи ӯ дигар шуд. Шароб дар даҳонаш талх гашт, ва хӯрок чун санг дар меъдааш монд. Тақводори бузурги пуританӣ Томас Уотсон навишта буд: «Арзишҳои ин ҷаҳон бо ҳамон муваффақият аз бемориҳои рӯҳонӣ муҳофизат мекунанд, ки варақи коғаз аз тир муҳофизат мекунад. Ҳаловатҳои ин ҷаҳон ҳеҷанд…» Боигарӣ аз хушбахтӣ дида бештар нороҳатиро ба миён меорад (ба Воиз 5:12 ниг.). Исо ба ҷаҳон омада ба одамон аз ин ҷаҳон чизеро пешкаш накард. Дар замони мо одамони зиёде ҳастанд, ки худро масеҳӣ меноманд, вале ба сифати таскин арзишҳои ин ҷаҳонаро пешниҳод мекунанд. Онҳо равнақи молиявӣ, комёбӣ, ва шӯҳратро ваъда мекунанд. Исо чизеро аз ин пешниҳод накардааст, ва шумо чизеро аз ин дар аҳкомҳои Болои Кӯҳ намеёбед. Хушо мискинони рӯҳ, менависад Луқо (ниг. ба Луқ. 6:20). Дар ин мавъизаи зебо дар бораи хушбахтӣ, ки он бо чизе муқоиса карда намешавад, ана Худованд чӣ мегӯяд: дар ин дунё шумо ҳеҷ гоҳ хушбахтиро намеёбед. Ҳеҷ гоҳ. Дар ин бора донистан ба ҳама фоидаовар аст. Ин ба он баробар аст, ки дар байни мурдагон зиндаеро ҷӯем. Шуморо зарур аст, ки ба сатҳи дигар, ба сатҳи баландтар бароед. Мавъизаи Болои Кӯҳ шуморо ба ин сатҳ мебардорад. Оё шумо барои ин тайёр ҳастед? Он шуморо аз ин ҷаҳон ва ҳамаи он чизе, ки дар он аст, гирифта мебарад. Он ба ҳамаи он чизҳое, ки шумо дар оинаи нилгун, дар тахтаи эълонҳо, дар рӯзномаю маҷаллаҳо мебинед, зид мебарояд. Он ба шумо нусхаи тамоман дигаргуни ҳаётро мекушояд, ва он ба он чизе, ки ин ҷаҳон ба шумо пешкаш мекунад, мухолиф аст. Агар шумо маънии ин тарзи ҳаётро нафаҳмед, бо ин роҳ рафтан ба шумо осон нахоҳад буд, зеро ҳаёти нави шумо барои тирҳои ин ҷаҳон ҳатман ҳадаф хоҳад шуд. МАТНИ СИЁСӢ Яҳудиён интизори Масеҳ буданд, вале вайро ба худ ҳамчун арбоби сиёсӣ тасаввур мекарданд. Онҳо умед доштанд, ки ӯро савори аспи сафед, ки ба Ерусалим ворид мешавад, мебинанд; онҳо умед доштанд, ки Ӯ румиёнро аз рӯи замин тӯфонвор, бо чунон суръате рӯфта мепартояд, ки то он дам ҷаҳон надида буд. Бо омадани Масеҳ онҳо бӯрони ҳақиқии инқилобиро интизор буданд. Ҳангоме ки Исо ба хизматгузории Худ сар кард, онҳо кӯшиш карданд, ки Ӯро Шоҳи Ҷалил кунанд, чунки дар бораи давлате орзӯ мекарданд, ки ҳама некӯаҳволона зиндагӣ кунанд. Ӯ ҳазорон гуруснагонро сер кард ва баъд аз ин, субҳи рӯзи дигар, издиҳоми бештари одамон барои наҳории ройгон омаданд. Одамон қарор доданд, ки ин Одам ҳамеша онҳоро мехӯронад ва ба онҳо некӯаҳволии абадӣ меорад. Яҳудиён интизори барқароркунии шоҳигарии заминии аз ҷиҳати сиёсӣ устувор буданд, вале Исо ягон чизи ба ин монандро пешниҳод накард. Дар вақти доварии таҳқиромези ташкилкардаи онҳо Ӯ ба Пилотус гуфт: «Подшоҳии Ман аз ин ҷаҳон нест…» (Юҳ. 18:36). Исо ҳеҷ вақт ба сиёсат мароқ зоҳир накарда буд. Ӯро тағйироти сохти ҷамъият, нисбат ба ҷаҳони ботинии одами алоҳида, камтар ҷалб мекард. Дар ин бора Ӯ дар мавъизаи аввали Худ гуфта буд. Диққати Ӯ ба ҳастӣ равона карда шуда буд, на ба идоракунӣ ва молу мулк. Ӯро на чӣ кардани одамон, балки кӣ будани онҳо ба ташвиш меовард, зеро дуюм якуминро муайян менамояд. Идеалҳои мавъизаи Болои Кӯҳ ба таври қатъӣ аз тасаввуротҳои инсонӣ оиди шаклҳои идоракунӣ ва шоҳигариҳо фарқ мекунад. Зиёда аз ин, одамони аз ҳама машҳуру баланд бардошташудаи Малакути Масеҳ дар назари одамон беқадр ҳастанд. Оё медонед, ки одами аз бузургтарини он замон кӣ буд? Дар чашми ҷаҳониён вай фақат як мутаасиби (фанатик) динии масхарабоз буд, ки дар биёбон зиндагӣ мекард. Ӯ ҳатто ба ягон сохтори динии дар он замон вуҷуддошта тааллуқ надошт, бо вуҷуди ин, Исо Яҳёи Таъмиддиҳандаро одами аз ҳама бузургтарин, ки боре ҳам дар рӯи замин зиндагӣ кардааст, номида буд (ба Мат. 11:11 ниг.). Ва баъдтар Ӯ чунин гуфта буд: «Вале касе ҳаст, ки аз вай бузургтар аст. Мехоҳед донед, ки вай кист? Он касе, ки дар Малакути Ман хурдтарин аст». Исо мефаҳмонад, ки ин хурдтарин: мискинони рӯҳ, гирякунандагон, ҳалимон, ташнагони адолат ва касоне мебошанд, ки холигии ботиниро ҳис мекунанд, дилсӯз ва покдил, он касоне, ки сулҳҷӯянд, касоне мебошанд, ки таъқиб, мавқеашон танг, ва ноҳақ бадгӯӣ карда мешаванд. Оё онҳо ба издиҳоми одамони аз ҳама нобарортарин монанд нестанд? Аз рӯи андозаҳои ин ҷаҳон кор айнан чунин аст. Ҷаҳон фармон медиҳад: мақсадатро ба даст ор, ҳуқуқҳои худро мудофиа намо, дигаронро тела деҳ, ва мағрур бош. Вале Малакути Масеҳ тамоман дигар аст. Ӯ фурӯтанӣ нисбати таъқиботчиёнро мепазирад, ҳама гуна қасосгириро истисно менамояд ва онҳоеро, ки чунин рафтор менамоянд, баракат медиҳад. Ҳамин тариқ, дар нақшаи сиёсӣ ин мавъиза ғайр аз рӯҳафтодагӣ чизи дигаре наовард, барои он, ки тамоман ба тасаввуротҳои яҳудиён дар бораи он, ки Масеҳ чӣ бояд мегуфт, зид баромад. Масеҳ ягон чизе аз сиёсатмадор надошт. МАТНИ ДИНӢ Исо муқобили тамоми ҷамъияти динии одамон, тарафдорони урфу одат, баромад. Сохти динии яҳудӣ аз чор гурӯҳ иборат буд: фарисиён, саддуқиён, ессейҳо ва ғаюрон. Ҳар кадоми онҳоро дар алоҳидагӣ мухтасар таҳлил мекунем. • Фарисиён меҳисобиданд, ки хушбахтӣ дар нигоҳ доштани анъанаҳо ва риоя кардани шариат мебошад. Онҳо сахт ба гузашта мечаспиданд. Аз рӯи ақидаи онҳо калид ба сӯи хушбахтии ҳақиқӣ риояи қатъии анъанаҳои падарон буд. • Саддуқиён тахмин мекарданд, ки дар айни замон хушбахтӣ дар модернизм ва либерализм мебошад. «Мо ҳоло дар ин ҷо зиндагӣ мекунем, — мегуфтанд онҳо. — Мо тасаввуротҳо ва фаҳмишҳои кӯҳнашударо мувофиқи қоидаҳои ҳозиразамон дида мебароем. «Онҳо динро ба шароитҳои мавҷудият таҳти шиори: «Нест бод кӯҳнашуда!» мусоид мегардонданд. (Дар асл фарисиён ва саддуқиён аз баъзе ҷиҳат ҳақ буданд. Дини ҳақиқӣ бояд бо гузашта алоқа дошта дар баробари ин фаъолона дар замони ҳозира амал намояд.) • Ессейҳо мегуфтанд: «Не, хушбахтӣ дар ҷудоӣ аз ҷаҳон вуҷуд дорад». Худ садо медиҳад, ҳамин тавр не? Онҳо фақат дар бораи ҷудокунии ҷуғрофӣ мегуфтанд. Онҳо шаҳрҳоро тарк карда, ба биёбон мерафтанд. • Ғаюрон кӯшиши румиёни манфурро нест карда, хуш­бахтиро дар табаддулоти сиёсӣ медиданд. Ҳамин тариқ, фарисиён барои баргаштан ба гузашта набард мекарданд; саддуқиён бовар мекунонданд, ки ба пеш ҳаракат кунанд; ессейҳо таълими аз ҷаҳон рафтанро медоданд; ғаюрон даъват менамуданд, ки яроқ ба даст гиранд. Фарисиён мубталои орзӯи ватан буданд, саддуқиён модернист, ессейҳо маҳдудиятпараст ва ғаюрон арбобони фаъоли ҷамъиятӣ буданд. Чӣ гуна бесарусомонӣ! Айнан мисли рӯзҳои мо. Аммо Исо гуфта буд: «Ҳамаи шумо хато мекунед. Ҳамаатон». Ба фарисиён Ӯ гуфт: «Дин — ин на танҳо риояи урфу одатҳо, ва зоҳирсозии намуди диндорӣ аст». Ба саддуқиён Ӯ гуфт: «Дин — ин фалсафаи инсонӣ нест, ки барои мусоидгардонӣ ба шароитҳои нави ҳаёт фикр карда баромада шуда бошад». Ба ессейҳо Ӯ гуфт: «Бовар кунед, дин — ин ҷудокунии ҷуғрофӣ нест». Ба ғаюрон Ӯ гуфт: «Дин — ин фаъолияти ҷамъиятӣ нест». Исо мехост гӯяд: «Малакути Ман дар дили одам аст». Ана маънои асосии пайғоми Ӯ ба ҷаҳон дар чист. Ана чӣ аст асоси мавъизаи Болои Кӯҳ. Ин Малакут дар ботини мост, на дар зоҳир, на дар урфу одат, на дар фалсафа, на дар ҷои муайяни зист ва на дар фаъолияти ҷамъиятӣ. Дар ин ҷо Исо дри аҳди ҷадидро калон боз мекунад, ки дар бораи он Ирмиё пешгӯӣ карда гуфта буд: Худо шариати Худро дар ботини одамон хоҳад навишт (ба Ирм. 31:33 ниг.). Исо инро чунин хулоса кард: «Зеро ки ба шумо мегӯям: агар адолати шумо аз адолати китобдонон ва фарисиён бартарӣ надошта бошад, ба Малакути осмон дохил нахоҳед шуд» (Мат. 5:20). Ё ба таври дигар, агар шумо ба дили худ муроҷиат накунед, агар шумо аз пӯстлохи зоҳир нафрат накунед, барои шумо дар Малакути Ман ҷой нест. Ин суханон имрӯзҳо низ замонавӣ садо медиҳанд. Мо дар болои сандуқи кӯҳна, ки пур аз фақеҳияти анъанавӣ аст, нишаста, қаноатмандиро ба даст намеорем; мо қаноатмандиро дар назарияи нави фикр карда баромадаи либералҳо (ки, моҳиятан, бениҳоят кӯҳна аст), ёфта наметавонем, ки мувофиқи он Китоби Муқаддас Каломи Худо намебошад. Одам дар дайр (монастир) сукунат карда, дар бегонагӣ аз ин ҷаҳон Худоро пеши назар оварда, оромиро ба даст оварда наметавонад. Дар он низ тасалло намеёбад, ки худро арбоби ҷамъият номида, бо кӯшиши ҳал кардани масъалаҳои иҷтимоӣ, худро ба ҳар сӯ мезанад. Исо ба ин даъват намекунад. Бо вуҷуди ин, эътироф кардан даркор аст, ки ҳамаи ин аз мазмуни мусбӣ холӣ нест. Охир ин хуб аст, ки мо дар ҳаёти ҷамъиятӣ иштирок менамоем, ва боз хубтар аст, ки мо худро ба Худо мебахшем. Ҳамқадами замон буда дар баробари ин гузаштаи худро фаромӯш накардан шоёни таҳсин аст. Вале ҳамаи ин чизҳо қатъиян хусусияти зоҳирӣ доранд. Аммо Худоро он чиз ба ташвиш меандозад, ки дар дили одам чӣ шуда мегузарад. Худо ҳанӯз дар китоби Якуми Подшоҳон, вақте гуфт, ки «…Худованд он чиро, ки дар дил аст, мебинад» (1 Подш. 16:7), ин ҳақиқатро кушода буд. «…Дили худро маҳфӯз дор, зеро ки зуҳуроти ҳаёт аз он аст» (Мас. 4:23). Дили худро нигоҳ доштан лозим — ана чӣ асосӣ аст. Агар мо дар бораи рӯҳи худ чунон ғамхорӣ мекардем, ки дар бораи ҷисми худ мекунем, хеле хуб мебуд. Одамон аз кӯшиши дили худро аз беморӣ муҳофизат кардан девона мешаванд. Мо лӯккос зада медавем, велосипедсаворӣ мекунем, ба кӯҳҳо мебароем ва ғ. Ҳамаи мо аз саломатии ҷисмонии худ дар ташвиш ҳастем. Вақте Китоби Муқаддас амр медиҳад, ки дили худро муҳофизат намоед, он дар бораи моҳияти рӯҳонии мо мегӯяд. Дар забони яҳудии қадима дил ҷоеро ифода менамояд, ки дар он ҳамаи донишҳои мо дар бораи Худо нигоҳ дошта мешаванд. Ана Исо дар ин бора чӣ мегӯяд: …Ҳоло шумо, фарисиён, беруни пиёла ва табақро тоза мекунед, аммо даруни шумо аз дуздӣ ва шарорат пур аст. Эй беақлон! Оё Ҳамон ки берунро офаридааст, дарунро низ наофаридааст? Беҳтар аст, ки аз он чи доред, садақа диҳед: он гоҳ ҳама чиз барои шумо тоза хоҳад буд. Луқ. 11:39-41 АҲАМИЯТИ МАВЪИЗАИ БОЛОИ КӮҲ Дар асоси ҳамаи суханони дар боло гуфташуда, камаш панҷ ҳолатро, ки муҳим будани омӯхтани таълимоти мавъизаи Болои Кӯҳиро тасдиқ мекунад, ҷудо кардан мумкин аст. 1. Он зарурати аз олами боло таваллуд шуданро нишон медиҳад. Мо ба қувваи худ умед баста ҳеҷ гоҳ ба Худо писанд омада наметавонем. Танҳо ҳамон кас, ки шарики табиати Худо мегардад, хушбахтии ҳақиқиро чашида метавонад. Мавъизаи Болои Кӯҳ шариати Мусоро пурра сохта васеъ мекунад, то ба мо зарурати наҷотро нишон диҳад. Шариат талаб менамояд: инро бикун ва инро накун, яъне тамоми диққат ба рафторҳо нигаронида шудааст. Мавъизаи Болои Кӯҳ ба ҷаҳони ботинии инсон нигаронида шудааст ва ба он мегӯяд: ту наметавонӣ хушбахт бошӣ, ҳатто дар давоми як рӯз, агар дар Исои Масеҳ таваллуд нашавӣ. Он нишон медиҳад, ки одам бе Худо дар кадом ҳолати хатарнок ме­бошад. 2. Он бевосита ба Исои Масеҳ ишора менамояд ва шояд ба мо ягона имконияти фаҳмидани рафти фикрҳои Ӯро медиҳад. Оё мехоҳед донед, ки Ӯ чӣ хел фикр мекунад? Мавъизаи Ӯро омӯзед. Оё мехоҳед донед, ки дили Ӯ дар куҷо мезанад? Мавъизаи Ӯро омӯзед. Оё мехоҳед донед, ки Ӯ дар бораи ҳаёт ва дар бораи он, ки чӣ хел зиндагӣ кардан лозим аст, чӣ фикр мекунад? Мавъизаи Ӯро омӯзед. 3. Он ба масеҳиён роҳи ягонаро ба сӯи хушбахтӣ нишон медиҳад. Агар шумо хоҳед, ки хушбахт бошед, агар хоҳед, ки аз Рӯҳулқудс пур шавед, кӯшиш накунед, ки ягон хел таҷрибаи тасаввуфӣ (чигил) ба даст оред, аз қафои умедҳои хаёлӣ нашавед. Кӯшиши аз ҳаво доштани чизеро карда, аз як ҷамъомад ба ҷамъомади дигар надавед, балки мавъизаи Болои кӯҳро омӯзед ва мувофиқи он зиндагӣ кунед. 4. Он воситаи беҳтарини башоратдиҳӣ, ки то ҳол маълум аст, мебошад. Агар мо дар ҳақиқат аз рӯи меъёрҳои мавъизаи Болои Кӯҳ зиндагӣ кунем, мо ҷаҳонро баҳри Масеҳ чаппаву роста мекунем. 5. Аҳкомҳои дар он додашударо риоя кардан, маънои ба Худо писанд буданро дорад. Ин шарафи бузург аст. Одамони гунаҳкор ба монанди ману шумо метавонанд ба Худо писанд бошанд. Чӣ кашфиёти ҳайратовар! Ҳамин тариқ, тамоми асосҳо вуҷуд доранд, ки мо мавъизаи Болои Кӯҳро тадқиқ намоем ва худро ба ин кор бахшем. Биёед бо диққат ба ду ояти аввал назар меандозем. ИЗДИҲОМИ ГУНОГУНСИМО Боби панҷуми Инҷили Матто чунин сар мешавад: «Чун мардумро дид, Ӯ…». Симои одамони ҷамъшуда ҳамеша дили Исоро мутаассир мекард, зеро Ӯ онҳоро дӯcт медошт. Дар бисёр ҷойҳо гуфта мешавад, ки анбӯҳи одамонро дида, ба онҳо раҳмаш меомад (ба Мат. 9:36; 14:14; 15:32 ниг.). Ин издиҳом муфассалтар дар оятҳои 23-25-уми боби чорум тавсиф дода шудааст, ва дар он ҷо гуфта шудааст, ки Исо дар тамоми Ҷалил мегашт, дар маъбадҳо таълим ва Инҷили Малакутро башорат медод, ва ҳар гуна бемориҳои одамонро шифо мебахшид. Ва шӯҳрати Ӯ дар ҳама ҷо паҳн мешуд: «Ва мардуми бисёре аз Ҷалил, Декаполис, Ерусалим, Яҳудо ва он тарафи Ӯрдун аз паи Ӯ равона буданд» (Мат. 4:25). Ҳамаи ин одамон аз шимол, аз ҷануб, аз шарқ ва аз ғарб меомаданд, ва ҳангоми дидани онҳо дили Ӯ аз раҳм фишурда мешуд. Агар онҳо гурусна бошанд, Ӯ ба онҳо хӯрок медод; агар Ӯ гуруснагии рӯҳонии онҳоро медид, ба наздашон шитоб мекард, то ки ба онҳо он чиро, ки эҳтиёҷ доранд, диҳад. Анбӯҳи одамон Масеҳро иҳота мекарданд. Дар ин анбӯҳ ҳар гуна одамон буданд: беморон, гирифтори девон, фарисиён, саддуқиён, ессейҳо, зилотҳо, тарафдорони урфуодатчигӣ, зинокорон, боҷгирон ва одамони олим. Ӯ ба худ шахсони боодоб ва беодоб, гуноҳкорон, бой ва камбағалонро ҷалб мекард. Ӯ дорои кадом як қувваи ифоданашавандаи ҷалбкунандае буд, ки одамонро ба мартаба ва синфҳо ҷудо намекард. Мавъизаи Ӯ пеш аз ҳама ба шогирдон равона карда шуда буд, на ба издиҳом, вале Ӯ мехост, ки издиҳом низ инро шунавад. Ин одамон наметавонистанд суханони Ӯро фаҳманд; онҳо наметавонистанд ин хушҳолиро аз сар гузаронанд. Вале онҳо метавонистанд онро гӯш кунанд ва донанд, ки ин имконпазир аст. Онҳо шунавандагони дуюмдараҷа буданд, вале маҳз онҳо илҳомбахши беихтиёри ин мавъиза буданд. «…бар фарози кӯҳе баромад ва биншаст; ва шогирдонаш назди Ӯ ҳозир шуданд. Он гоҳ даҳони Худро кушода,онҳоро таълим дод…» (Мат. 5:1-2). МАВЪИЗАЧИИ БУЗУРГ Ин Мавъизачӣ Кист, кӣ дар борааш гуфта шудааст: «…Касе ҳаргиз монанди ин Шахс сухан нагуфтааст» (Юҳ. 7:46)? Инчунин дар бораи Ӯ гуфта шудааст: «…Ӯ онҳоро ҳамчун соҳибқудрат таълим медод, на ҳамчун китобдонон» (Марқ. 1:22). Ӯ аз ҳеҷ гуна сарчашмаҳо иқтибос намеовард, балки оромона ва бо боварӣ, чун соҳиби қудрат, сухан мегуфт. Чӣ гуна мавъизачӣ! Мавъизаи Ӯ — ин намунаи аълои суханронии калисогӣ аст ва дар он се бандро ҷудо кардан лозим аст: 1) сокинони Малакут; 2) порсоии Малакут; 3) даъвати ворид шудан ба Малакут. Мавъизаи Болои Кӯҳ ҳамчун маҷрои бузург ва зебо, аз як мавзӯъ ба мавзӯи дигар, бо гузаришҳои олиҷаноб мафтун сохта, ҷорӣ мегардад. Таъсире, ки он гузошт, бузург буд: «…Мардум аз таълими Ӯ дар ҳайрат монданд…» (Мат. 7:28). Мавъизачии Бузург дорои лаёқати мантиқан ва пай дар пай фикр ронӣ, инчунин дорои қудрат ва ваколати илоҳӣ буд. Ба яке аз пайғамбарони Аҳди Қадим Худо гуфта буд: «Ва Ман забони туро ба комат хоҳам часпонид ва ту лол гардида, барои онҳо носеҳ нахоҳӣ буд, зеро ки онҳо хонадони исёнгар мебошанд» (Ҳизқ. 3:26). Вале баъдтар Худо ба ҳамон пайғамбар имкон дод, ки гӯяд: «Ва дасти Худованд шомгоҳ, пеш аз омадани он растагор, бар ман ниҳода шуда буд, ва Ӯ даҳони маро пеш аз он ки вай бомдодон назди ман ояд, кушода буд; ва даҳонам кушода шуд, ва ман дигар лол набудам» (Ҳизқ. 33:22). Худованди мо Исои Масеҳ мавъизаи беназирро изҳор намуд, ва чунин қудрат ва қуввати ақлиро нишон дод, ки танҳо Худо онро дошта метавонист, вале даҳони Ӯ то он замоне, ки Парвардигор лаҳзаи зарурӣ муҳрро аз он накушод, баста буд. Аз сари нав ба ояти 1-ум рӯ меорем. Ӯ болои кӯҳ баромад. Дар тарҷумаи юнонӣ пеш аз калимаи «кӯҳ» ҳиссачаи муайянӣ меистад. Ин кадом кӯҳ аст? Ҳеҷ кас аниқ намедонад, чунки он ном надорад. Ин як баландиест, ки ба тарафи соҳили шимолии кӯли Ҷалил то канори зебои офтобрӯяи оби сабзтоб доман паҳн мекард — дар ҳақиқат манзараи аҷоиб. Аз тарафи рост он бо паҳнкӯҳҳои Ҷалил иҳота шудааст, аз тарафи чапи он бошад, баландиҳои Голан ҷойгиранд, ва дар масофаи якчанд мил аз он дарёи Ӯрдун ибтидо мегирад, ки бо водии Ӯрдун ҷорӣ шуда ба баҳри Қулзум мерезад. Аз тарафи рост, аз паси теппаҳо ба тарафи ғарб водии Саран, ва баъди он аллакай баҳри Миёназамин сар мешавад. Маҳз дар ҳамин ҷо, дар баландие Исо нишаст ва суханронӣ кард. Ин танҳо ҳамин хел як кӯҳе буд, вале чаро дар тарҷумаи юнонӣ он кӯҳи аниқ гаштааст? Дар ҳақиқат ин кӯҳ то он вақте ки Ӯ дар болои он мавъиза кард, ба ҳеҷ кас маълум набуд. Ва вақте ки Матто дар ин бора навишт, ин аллакай ҳамон кӯҳ буд, чунки он бо ҳузури Ӯ муқаддас гардида буд. Ӯ менишаст. Даҳони Ӯ кушода шуд. Ӯ онҳоро таълим медод. Ӯ нишаст, чунки одатан муаллимон ҳангоми таълим додан ҳамин тавр мекарданд. Бинобар ин, ҳамааш тамоман расмӣ буд, чӣ тавре, ки ҳоло дар замони мо низ чунин аст. Вақте ки ягон касро ба вазифаи профессори донишгоҳ таъин менамоянд, мо мегӯем, ки вай соҳиби «курсӣ» гардид. Дар калисои католикии Рим, чӣ хеле, ки мо медонем, Папа ex cathedra мегӯяд, ки маънои «аз курсӣ» — ро дорад. Ҳар он чизе, ки Исо мегуфт, ин ақидаронӣ бо овози баланд набуд — ин баёноти расмии Шоҳ буд. «Он гоҳ Ӯ даҳони Худро кушода…» Дар забони юнонӣ «даҳон кушодан» — ифодаи суханронист, ки ҳангоми гап дар бораи изҳоротҳои пурдабдаба, ҷиддӣ, муҳим ва олӣ рафтан, истифода бурда мешавад. Ин ифода метавонад дар ягон хел матнҳои ғайрикаломӣ низ истифода шавад, масалан, вақте ки дар бораи одаме мегӯянд, ки ақида ва ҳиссиётҳои ниҳонии худро бо дигарон мебинад. КӢ ИН АҲКОМҲОРО РИОЯ КАРДА, ЗИНДАГӢ КАРДА МЕТАВОНАД? «…Шогирдонаш назди Ӯ ҳозир шуданд…» Пеш аз ҳама ин маҳз ба онҳо равона карда шуда буд, зеро танҳо онҳо фаҳмида метавонистанд, ки Ӯ дар бораи кадом хушҳолӣ мегӯяд. Аз анбӯҳи одамон танҳо онҳо ягона касоне буданд, ки метавонистанд аз рӯи аҳкомҳои дар мавъизаи Болои Кӯҳ додашуда зиндагӣ кунанд, зеро онҳо ягона «шарики» қувваи Худо буданд ва дар ҳазури Ӯ мегаштанд. Аз рӯи ин аҳкомҳо танҳо он касоне зиндагӣ карда метавонистанд, ки Исои Масеҳро медонанд. Мегӯянд, ки марҳум усқуф Макги боре гуфта буд, ки ба аҳкомҳои мавъизаи Болои Кӯҳ такя карда, халқи англисро идора кардан имконнопазир аст, аз он сабаб, ки ин халқ ба шоҳи худ вафодор нест. Шоҳи худро надониста ҳеҷ кас қобилияти аз рӯи ин аҳкомҳо зиндагӣ карданро надорад. Шогирдон Ӯро медонистанд, аз ин рӯ онҳо шунавандагони аввалини Ӯ буданд. Барои боқимондаҳо ин фақат таклиф ба он буд, ки Ӯро донанд. Сабақи аз ҳама асосӣ дар оятҳои 3-12 дода шудааст. Хушо, хушо, хушо, хушо. Ин таълимоти ҳайратангез аст! Он чизе, ки Ӯ мегӯяд, он қадар маънии чуқур дорад, ва қудрат дорад ба пуррагӣ ҳаёти моро тағйир диҳад, ва ба ин мо боз боварӣ ҳосил хоҳем намуд. Мавъизаи Болои Кӯҳро тадқиқ карда, чун пештара мондан имконнопазир аст. Барои ман ин номумкин мебошад. Ҳақиқатҳои дар аҳкомҳои хушбахтӣ, ки барои мо кушода шудаанд, чуқур ва инқилобианд, онҳо барои одамони беирода ва бетараф нестанд. Биёед ҳамон хел одаме шавем, ки Худо дидан мехоҳад; биёед онро аз хотир набарорем, ки агар мо Худованд Исои Масеҳро донем, мо дорои ҳама чиз ҳастем, то ин, ки аҳкомҳои Малакути Ӯро риоя карда, зиндагӣ карда тавонем. Боби 3. «Хушо мискинони рӯҳ…» (Мат. 5:3) «Хушо мискинони рӯҳ, зеро ки Малакути Осмон аз они онҳост». Бигзор он чиз шуморо ба ташвиш наандозад, ки тамоми ин боб танҳо ба як оят бахшида шудааст. Баъзе оятҳо ба андозае «пур» аз ҳақиқатҳои изтиробоваранд, ки лоиқи шарҳдиҳӣ ба андозаи як боб мебошанд. Намунаи зебои зоҳирсозии ғурур (бар хилофи фурӯтанона мискини рӯҳ эътироф кардани худ), гуфтаҳои шӯбони машҳур Доналд Коул аз Донишгоҳи каломии ба номи Д. Мооди мебошад, ки мавъизаро сар карда, чунин ибораро ба забон овард: «Дар давоми якчанд дақиқаи оянда ман ба шумо як чизи дар ҳақиқат аҷоибро дар бораи ғурур нақл хоҳам кард». Албатта, одами дар ҳақиқат мағрур хеле кам худро чунин эътироф мекунад, зеро агар, ки вай инро эътироф мекард, ҳамон замон мефаҳмид, ки тарзи ҳаёти ӯ ба таълимоти Исои Масеҳ, ки дар мавъизаи Болои Кӯҳ баён карда шудааст, мухолиф аст. Исо баракат ва хушбахтиро ваъда мекунад, ки асоси онҳо тарзи ҳаёти нав, тимсоли порсоӣ ва намунаи фидокорӣ мебошад. Ин мавъизаи аз ҳама бузург дар дунё аст, ки дар рӯи замин ба забон оварда шуда буд, ва маҳз ба чунин хушбахтӣ бахшида мешавад, ки танҳо насиби одамони фидокор ва беғараз мегардад. Ман боварӣ дорам, ки он ба ҳамаи мо муроҷиат шудааст. Аз таърихи Калисо мо мефаҳмем, ки баъзи масеҳиёни инҷилӣ мавъизаи Болои Кӯҳро аз ҳад зиёд вазнин шуморида, муқобили он баромадаанд. Масалан, талаботи Исо «…комил бошед, чунон ки Падари шумо, ки дар осмон аст, комил аст» (Мат. 5:48)-ро иҷронашаванда ҳисобида, тахмин мекунанд, ки он ба давраи ҳукмронии ҳазорсолаи Масеҳ тааллуқ дорад. Онҳо тасдиқ мекарданд, ки дар ин мавъиза асоси ҳаёт дар Малакути оянда оварда шудааст. Вале ошкоро гӯем, ин нуқтаи назар бениҳоят баҳсталаб аст. Якум, дар худи мавъиза гуфта намешавад, ки он маҳз ба Ҳукмронии ҳазорсолаи Масеҳ алоқае дошта бошад. Дуюм, Исо ба одамоне таълим дод, ки на дар давраи ҳукмронии ҳазорсолаи Ӯ зиндагӣ мекарданд (ин, аз афташ, далели аз ҳама сахттарин мебошад). Сеюм, ягон асосе нест, ки онро ба Шоҳигарии оянда вобаста созем, зеро дар он гуфта мешавад, ки хушанд онҳое, ки барои ростӣ таъқиб мешаванд, дашном мешунаванд ва ҳар гуна ғайбат мешаванд. Магар дар Шоҳигарии ҳазорсолаи порсоён ин тавр шудан мумкин аст? Агар ин нуқтаи назарро қабул намоем, суханони Исо: «…душманони худро дӯст бидоред, барои лаънаткунандагони худ баракат бихоҳед…» (Мат. 5:44) ҳама маъниашонро гум мекунанд. Бо вуҷуди ин, чӣ тавре, ки мо мебинем, ҳар як ҳолати мавъизаи Болои Кӯҳ дар дигар ҷойҳои Аҳди Ҷадид такрор мешавад, ва мо наметавонем тасдиқ намоем, ки ҳама он чизҳои дар ин мавъиза гуфташуда ба порсоёни ҳазорсолаи Малакути оянда тааллуқ дорад. Мавъизаи Болои Кӯҳ барои мо гуфта шудааст, дар он тарзи ҳаёти одами имондор, новобаста аз он, ки дар кадом аср зиндагӣ мекунад, нақш гардидааст. Он моро даъват менамояд, ки меъёрҳои нави зиндагиро қабул намоем. Исо гуфта буд: «Гӯш кунед, агар хоҳед хушбахт бошед, бояд ин тавр зиндагӣ кунед. Магар аҷоиб нест, ки Худо — як нолишгари фалак нест, ки мехоҳад тантанаи зиндагии моро, ки ин ҷаҳон моро бовар мекунонад, вайрон созад? Худо мехоҳад, ки мо хушбахт бошем. Худо мехоҳад, ки мо баракат ёбем. Ва Ӯ асосҳоеро мекушояд, ки мо онҳоро риоя намуда, хушбахтиро ба даст меорем. Пеш аз ҳама, мо бояд тарзи муайяни ҳаётро дошта бошем. Кам одамоне ёфт мешаванд, ки онро барои худ интихоб менамоянд, ва бисёр масеҳиёни ҳозиразамон аз афташ фаҳмиши онро гум кардаанд, ки то чӣ андоза асосҳои мавъизаи Болои Кӯҳро риоя кардан муҳим аст. Мо аз рӯи меъёрҳои ин ҷаҳон — чун оҳанпора, аз рӯи намунаи мусиқии он, ахлоқи он, нуқтаи назари никоҳ ва талоқи он, ҳаракатҳои либералии он, материализми он, парҳезҳои он, алкогол, рақсҳо, этикаи расмӣ, мӯд, вақтхушӣ ва бисёр чизҳои дигари он рехта шудаем. Вале Худо мехоҳад, ки мо ба таври дигар зиндагӣ намоем. Ӯ мегӯяд: агар шумо он тавре, ки ҷаҳон ба шумо пешкаш мекунад, зиндагӣ накунед, хушбахт хоҳед шуд. Ва ҳама чиз аз мискинии рӯҳ сар мешавад. Мошинро харида, аввалин коре, ки ман мекунам, ин — хондани дастур оиди истифодабарӣ ва нигоҳдории он мебошад. Ман донишҳои зарурро дорам, вале маро лозим аст, ки бештар донам, маро лозим аст, ки истеҳсолкунандаро, ки ин дастурро навиштааст, донам, зеро танҳо ӯ моли худро аз дигарон дида хубтар медонад. «Истеҳсолкунанда» — и ҳамаи мавҷудоти зинда дар ҷаҳон Худо мебошад, вале хеле кам одамон ба Ӯ барои дастур оиди идора кардани ҳаёти худ муроҷиат менамоянд. Онҳоро лозим аст, ки аз Худо дар бораи чӣ хел ба даст овардани хушбахтӣ пурсанд: «Ту маро офаридӣ, Ту низ маро биомӯз». Исо ин корро мекунад. Ва худи ҳозир. ТАҒЙИРОТҲО АЗ БОТИН САР МЕШАВАНД Худоро ҷаҳони ботинии инсон ба ташвиш меорад, вале ин маънои онро надорад, ки ҳама чизҳои зоҳирӣ барои Ӯ фарқ надоранд; агар дар ботин ҳамааш дуруст бошад, аз берун ҳамааш хуб хоҳад буд. Имон бе аъмол мурда аст. Мо дар Исои Масеҳ барои аъмоли нек офарида шудаем. Вале симои зоҳирӣ ҳамеша инъикоси симои ботинӣ мебошад. Агар ин ба шумо аз ақл берун намояд, ёдовар шудан лозим аст, ки ҳамаи ин аҳкомҳои хушбахтӣ чизе аз ақл берун мебошанд, зеро ки онҳо рӯирост ба тарзи ақидаронӣ ва арзишҳои ин ҷаҳон мухолиф мебошанд. Калимаи хушҳолӣ, ки маънои онро мо ҳамчун «хушбахтӣ» (аз юнонӣ makarios) муайян намудем, дар Навиштаи Муқаддас калимаи зидмаъно дорад: ин калимаи юнонии ouai, ки ҳамчун ғам тарҷума шудааст. Исо нагуфтааст: «Ман ба шумо хушҳолӣ мехоҳам»; Ӯ гуфт: «Хушо касоне…» Ва айнан: «Вой бар ҳоли он касоне, ки…» гуфта, Ӯ на хоҳиши Худро иброз медорад — не, балки ҳукмашро эълон мекунад. Ба пайдарҳамии ин ҳукмҳо дар аҳкомҳои хушбахтӣ диққат медиҳем. Дар аввал сухан дар бораи мискинии рӯҳ меравад, ки рафтори дурустро нисбати гуноҳ баён мекунад ва ба гиря мегузарад, ин дар ояти 4-ум гуфта шудааст. Баъди он, ки шумо гуноҳи худро фаҳмида аз он нолаву фиғон кардед, фурӯтанӣ насибатон мегардад, ва баъд аз ин шумо ташнаи адолат мегардед. Мебинед чӣ гуна тараққиёт? Он дар раҳмдилӣ (ояти 7), дар покдилӣ (ояти 8) ва дар хоҳиши аз осоиштагӣ пур шудан (ояти 9) зоҳир мегардад. Натиҷаи тағйирёбии шумо — муносибати раҳмдилонаи шумо ба одамон, покдилӣ ва ташнагии осоиштагӣ — таъқиботҳо ва тӯҳматҳо мегарданд, ки ба саратон меборад. Барои чӣ? Барои он, ки ҳама ин вақт, ки шумо ба як махлуқи нави мискини рӯҳ, нолакунандаи гуноҳҳои худ, ҳалим, ташнаи адолат, покдил, дилсӯз ва раҳмдил тағйир меёфтед — тамоми ин муддат шумо ҷаҳони атрофро сахт ба ғазаб меовардед. Вале баъд аз ҳамаи ин, Исо мегӯяд, ки шумо метавонед шод ва хушҳол бошед (ояти 12), чунки шуморо мукофоти бузург дар осмон интизор аст. Ва агар шумо дар ҳақиқат ҳамаи ин зинаҳоро паси сар карда бошед, метавонед ба ҳақиқӣ будани ҳамаи он чи, ки дар ояти 13-ум гуфта шудааст, эътимод бандед: шумо намаки ҷаҳон ҳастед. Ана гап дар куҷо. Шумо инчунин нури ҷаҳон ҳастед. Вале шумо намак ва нур буда наметавонед, агар аз ояти 3-юм сар накунед. Аз ин сабаб биёед ба ояти 3-юм рӯ меорем. ЧӢ ТАВР БА МАЛАКУТ ДАРОЕМ: МИСКИНИИ РӮҲ Барои чӣ Худованд пеш аз ҳама дар бораи мискинии рӯҳ мегӯяд? Ӯ дар бораи меъёри нав, тарзи нави ҳаёт ақидаронӣ мекунад, вале барои чӣ Ӯ маҳз аз ин сар мекунад? Чаро сарчашмаи ҳаёт дар ин аст? Чунки маҳз мискинии рӯҳ хусусияти асосӣ аст, ки масеҳиро аз дигарон фарқ мекунонад. Талаботи аввалин ба ҳамаи он касоне, ки ба Малакути Худо медароянд, ин мискини рӯҳ эътироф кардани худ мебошад. То ба ҳол касе ба аспи сафеди ғурур савор шуда ба Малакути Худо дохил нашудааст. Даре, ки ба он медарорад, хеле паст мебошад, ва бо он танҳо сарро хам карда даромадан мумкин аст. Ҳар қадар ғайритабиӣ ҳам намояд, вале ҳамеша кӯҳе ёфт мешавад, ки ба он баромадан даркор аст, баландие, ки онро фатҳ кардан лозим аст ва меъёре, ки ба он муносиб будан даркор аст, вале дер ё зуд мо мефаҳмем, ки мо қобилияти ба даст овардани мақсадҳои дар назди худ гузошташударо надорем. Ҳар чи тезтар мо инро фаҳмем, ҳамон қадар тезтар роҳро ба сӯи Касе меёбем, ки танҳо Ӯ метавонад инро ба ҷои мо кунад. Ба ибораи дигар, Исо мегӯяд: «То он вақте ки холигии ботинии худро ҳис накунед, шумо наметавонед бо ягон чизи дигар пур шавед. То он вақте ки худро ноқобил ва беарзиш наҳисобед, чизе шуда наметавонед». Маро он ба ҳайрат меорад, ки чӣ хел дар масеҳияти ҳозиразамон ақидаи рӯҳи худро холӣ кардан суст инкишоф ёфтааст. Ман медонам, бисёр китобҳо дар бораи он навишта шудаанд, ки чӣ хел аз хурсандӣ, аз Рӯҳ, аз ин ё он пур шудан мумкин аст, вале куҷост китоб дар бораи он, ки чи гуна худро холӣ намоем, чӣ гуна худро аз «ман» — и шахсӣ озод намоем? Шумо ба худ китоберо бо номи «Чӣ тавр ҳеҷ кас шудан мумкин?» ё «Ҳеҷ кас будан чӣ маъно дорад?» тасаввур карда метавонед? Аз китобҳои машҳур чӣ камӣ дорад? Мискинии рӯҳ асоси ҳама баракатҳо мебошад, вале бештари масеҳиёни ҳозиразамон ғурури худро таскин медиҳанд. Агар шумо гумон кунед, ки баракатҳои ҳаёти масеҳӣ бе фурӯтанӣ ба даст оварда мешавад, ҳамчунин метавонед интизор шавед, ки мева бе дарахт пайдо мешавад. То он даме, ки мискини рӯҳ будани худро ҳис накунем, дорои баракат шуда наметавонем. Шумо агар заифии рӯҳонии худро ба гардан нагиред, ҳатто масеҳӣ шуда наметавонед. Ҳатто агар масеҳӣ бошед, вале ба ин аҳкоми якуми хушбахтӣ беэътиноӣ кунед, шумо аз Худо ҳеҷ гоҳ дигар бахшоишҳоро гирифта наметавонед. Исо мегӯяд: «Аз ҳамин сар кунед; хушбахтӣ итоаткоронро интизор аст!» Масеҳ ҳеҷ гоҳ барои одамони мағрур ва ҳавобаланд ганҷ намегардад; агар мо ба худамон нигоҳ кунем, ҳеҷ гоҳ Ӯро намебинем. То он вақте ки эҳтиёҷотҳо ва хоҳишҳои шахсии мо бароямон дар мадди аввал меистанд, Масеҳ ба мо бо тамоми комилӣ ва зебоии беҳамтои Худ кушода намешавад. То он вақте, ки мо маҳкум будани худро набинем ва нафаҳмем, ҳеҷ гоҳ ҷалоли Ӯро нахоҳем дид; то он вақте ки ба мо қашшоқии шахсиамон кушода нашавад, ба мо ҳеҷ гоҳ боигариҳои Ӯ кушода намешаванд. Бар ивази талхӣ ширинӣ меояд; мо рӯҳан мурда барои ҳаёт эҳё мешавем. Ба ҳеҷ кас то ба ҳол муяссар нагаштааст, ки гунаҳкории худро нафаҳмида ва тавба накарда, ба Малакути Масеҳ дохил шуда бошад. Дар Китоби Масалҳо гуфта шудааст, ки мағрурӣ дар назди Худованд зишт аст (ба Мас. 16:5 ниг.). Худо ба фурӯтанон баракат медиҳад. Ана барои чӣ Исо пеш аз ҳама дар бораи мискинии рӯҳ мегӯяд. Ягона усули ба назди Худо омадан — ин дар эътироф намудани зиштӣ ва мувофиқат накардан ба меъёрҳои Худо мебошад. Шумо ба Худо дар ҳолати маъюсӣ бо дарки бемадории худ меоед, зеро баракатҳои Худо ба шумо дастнорасанд, ва шумо дар ин ҳолати ҳалокатовари рӯҳ мондан мегиред, ки шуморо ба ҳолати дигар — ба ҳолати хурсандиҳои беохири ҳаёт дар Масеҳ оварда мерасонад. Ин каме ба таври носолим садо медиҳад, вале ин ҳамин хел аст, мо боз ба ин боварӣ ҳосил хоҳем намуд. Дар рӯи замин одамони беақл чӣ хел бисёранд, ки ҳеҷ гоҳ ҳақиқатро намедонанд! Ҳатто масеҳиёне, ки бо Худо муносибатҳои дурустро барқарор намудаанд, ба муқобили васвасаи масеҳияти замонавӣ, ки одамони алоҳидаро аз ҳад зиёд болобардор мекунад, истодагарӣ карда наметавонанд. Ҷисми мо ягон ҷои таъриф надорад. Аз ин рӯ Масеҳ мавъизаи Худро маҳз аз ин сар кард. Дар суханони «мискинии рӯҳ» аниқ чӣ дар назар дошта шудааст? Дар ин ҷо Исо дар бораи кадом мискинӣ мегӯяд? Баъзеҳо чунин меҳисобанд, ки дар ин ҷо сухан дар бораи нодории моддӣ меравад. Вале агар Масеҳ дар бораи одамоне мегуфт, ки онҳо пул надоранд, дар он вақт хайр кардани пул барои фоидаи дигар одамон яке аз бадтарин гуноҳҳои мо мебуд! Ёрӣ ба камбағалон дигар некӯкорӣ ҳисобида намешуд. Сер кардани гурусна сафсатта мебуд. Ба мо лозим меомад, ки ҳама гуна ёриро ба эҳтиёҷмандон қатъ намоем. Зиёда аз ин, моро лозим меомад, ки аз ҳамаи пулдорон пулҳояшонро кашида гирем, то ки онҳо ба андозае камбағал гарданд, ки ба Худо мақбул гарданд ва ба Малакути Ӯ ворид шаванд. Дар чунин ҳолат мо миссионерони хуб мебудем! Бадии кор дар он аст, ки ҳамаи пулҳо дар дасти мо мешуданд, ва моро аз Малакут бадар мекарданд! Худо дар ин ҷо дар бораи мискинии моддӣ намегӯяд. Довуд мегӯяд, ки ӯ ҳеҷ гоҳ одилеро надидааст, ки Худо ӯро партофта бошад ва ӯ нон талабад (ба Заб. 36:25 ниг.). Ҳарчанд дар ҳаёти ҳавворӣ Павлус давраҳои эҳтиёҷотҳои сахт буданд, вале вай садақа напурсид. Худованд Исо ҳеҷ гоҳ барои садақа пурсидан дасти Худро дароз накардааст. Ӯ ва шогирдони Ӯро дар беақлӣ, беодобӣ ва исёнгарӣ айбдор мекарданд, вале ҳеҷ кас ҳеҷ вақт онҳоро гадоёни оворагард ном набурдааст (агар онҳо нодор мебуданд, фарисиён ҳатман онҳоро дар ин айбдор мекарданд). МИСКИНИИ РӮҲ ҲАМЧУН НОТАВОНИИ ПУРРАИ БОТИНӢ Инак, дар бораи кадом мискинӣ сухан меравад? Масеҳ мефаҳмонад: ин мискинии рӯҳ аст. Калимаи юнонии ptokhos, ки ҳамчун мискин тарҷума мешавад, дар фаҳмиши ин ҷаҳон маънои нодориро дорад, яъне нодории неъматҳои моддӣ; он дар ҳолате истифода бурда мешавад, ки сухан дар бораи мискини рӯҳафтодашуда равад, ки симои одамиро гум кардааст. Ин натанҳо одами бенаво — ин одами ба таври ҳалокатовар фақиргашта мебошад (дар Китоби Муқаддас калимаи дигар барои тавсифи мискинии муқаррарӣ вуҷуд дорад, ки он penes — аст; чунин нодорӣ одамро маҷбур мекунад, ки барои бурдаи нони худро ёфтан, кор кунад). Ptokhos — ин нодорие мебошад, ки одамро ба пурсидани садақа маҷбур месозад. Penes — ин имконияти таъмин кардани худ ва мубориза бурдан ба муқобили нодорӣ мебошад; аммо ptokhos — ин нотавонии пурра ва набудани ягон маблағҳо барои мавҷудият мебошад; одамеро, ки ба чунин ҳолат афтодааст, лозим аст ба касе умед бандад ё аз касе вобаста бошад. «Ана ин одами хушбахт аст» — мегӯяд Исо. Ин чӣ хел? Боз сафсаттаи холӣ, ҳамин тавр не? Мо аллакай маълум кардем, ки сухан дар ин ҷо дар бораи мискинии ҷисмонӣ намеравад. Исо дар бораи мискинии рӯҳонӣ мегӯяд ва ин калимаро, ки ҳолати эҳтиёҷоти аз ҳад зиёдро ифода мекунад, истифода мебарад. Одам — холӣ, мискин ва нотавон аст. Оё ӯ метавонад, ки наҷотро бо воситаи аъмолаш ба даст орад? Оё ӯро penes номидан мумкин аст, яъне чунин мискине, ки қудрат дорад коре карда бо нодории худ мубориза барад ва аз мӯи сараш дошта, худро аз ботлоқ барорад? Не, он penes нест, он ptokhos мебошад. Ӯ тамоман заиф ва беқувват мебошад ва пурра аз баракати Худо вобаста аст, ва Масеҳ мегӯяд: «Хушбахт касони ба ҳадди охир омада расида — ларзон, мискинони таҳқиршуда мебошанд». Чӣ хел фикри аҷоиб! Вале биёед пештар меравем. Мо дар бораи мискинони рӯҳ муҳокимаронӣ менамоем. Калимаи «рӯҳ» ба он ишора менамояд, ки сухан дар бораи ҷон меравад, на дар бораи ҷисм. Ва тамом. Одам ботинан мискин аст, вале зоҳиран шарт нест. Худо чунин мегӯяд: «…Ва Ман бар инҳо назар хоҳам кард: бар мискин ва шикастарӯҳ, ва бар касе ки пеши каломи Ман ба ларза меояд» (Иш. 66:2). Дар Забур 33 гуфта мешавад: «Вақте ки одилон фарёд мекашанд, Худованд онҳоро шунида, аз ҳамаи тангиҳошон халосӣ медиҳад» (Заб. 33:18). Дар таронаи дигар гуфта шудааст: «Қурбониҳои дилхоҳи Худо рӯҳи шикаста аст, дили шикаста ва залилро Ту, эй Худо, хор нахоҳӣ дид» (Заб. 50:19). Худо ба Худ он касонеро наздик мекунад, ки дар рӯҳ мискинанд, на он касонеро, ки худро комил мешуморанд, он касонеро, ки фикр мекунанд, бо ягон аъмолашон метавонанд сазовори наҷот гарданд. Вале мискинии рӯҳ бо заифӣ ва бепарвогии рӯҳонӣ ҳеҷ умумияте надорад. Он танбалӣ, оромӣ, бепарвоӣ ё сустиро ифода намекунад — не, мискинии рӯҳ мухолифати пурра ба осудаҳолӣ мебошад. Дар боби 18-уми Инҷили Луқо ба таври равшан рӯҳи сарнагуншуда ва рӯҳи пурғурур мухолиф гузошта мешаванд. Ин нақл дар бораи фарисие мебошад, ки аз тақводории худ фахр мекард, ва боҷгире, ки ба Худо дар бораи марҳамат дуо мекард. «Ҳамчунин барои касоне ки ба одил будани худ эътимод дошта, дигаронро хор медиданд, чунин масале гуфт…» (Луқ. 18:9). Ин масали машҳури Исо бо чӣ меанҷомад? Ана Ӯ дар бораи боҷгири гунаҳкори фурӯтан чӣ мегӯяд: «Ба шумо мегӯям, ки ин шахс назар ба он шахс бештар сафед шуда ба хонаи худ рафт: зеро ҳар кӣ худро баланд кунад, паст мешавад, ва ҳар кӣ худро фурӯтан созад, сарафроз мешавад» (Луқ. 18:14). Чӣ хел оддӣ. Хушбахт он касоне ҳастанд, ки рӯҳашон сарнагун шудааст; хушбахт мискинони рӯҳ, холишудагон, рӯҳан шикастхӯрдагон, дар гӯшае фаромӯшшудагон, ки бо чашмони ашкбор ба Худо дар бораи марҳамат дуо мекунанд, мебошанд. Танҳо онҳо ба таври ҳақиқӣ хушбахтанд. Барои чӣ? Барои он, ки танҳо онҳо назди сарчашмаи ҳақиқии хушбахтӣ меафтанд, танҳо онҳо Худоро медонанд; танҳо ба онҳо Малакути Осмон — дар он ҷо ва ҳамон вақт, дар ин ҷо ва худи ҳозир таалуқ дорад. Ин ҳақиқат ба мо на танҳо дар Мавъизаи Болои Кӯҳ кушода шудааст. Чуноне, ки Яъқуб гуфтааст: «Дар ҳузури Худованд фурӯтан бошед, ва Ӯ шуморо сарафроз хоҳад кард» (Яъқ. 4:10). Ин на он мискиниест, ки ба муқобили он иродаи инсон меистад, балки он аст, ки дар назди он бо фурӯтанӣ ва итоаткорӣ сар хам намоем. Бале, ин назария дар калисоҳои ҳозиразамон тамоман машҳур нест. Мо бо камоли мамнуният дар бораи масеҳиёни номдор ва давлатманд мегӯем. Вале хушбахтӣ танҳо ба фурӯтанон дода мешавад. ЧӢ ТАВР ФУРӮТАНОН БА ХУДО ПИСАНД МЕОЯНД Яъқубро лозим омад, пеш аз оне, ки яроқи Худованд гардад, умқи мискинии рӯҳонии худро озмояд. Ӯ бо Худо тамоми шаб гӯштин гирифт ва дар ниҳояти кор, Худо банди сурини ӯро захмдор намуд (ба Ҳас. 32 ниг.). Баъди ин Навиштаҳо мегӯянд: «Ва (Худо) ӯро баракат дод» (Ҳас. 22:29). Ба ман ин порча хеле маъқул аст. Ишаъё то он даме, ки худро мискини рӯҳ надид, ба Худо писанд омада натавонист. Ӯ ба марги шоҳ Узиё азодорӣ кард ва аз ғамҳои худ сер гашт, вақте ки Худо меҳрубонона Худро ба пайғамбар зоҳир сохт ва ба ӯ нишон дод, ки чӣ барояш дар ҳақиқат муҳим аст. Ишаъё Худовандро дар курсии баланди олӣ нишаста дида ва хитоб намуд: «…Вой бар ман! Ки ман тамом шудам! Зеро ки ман шахси ҳаромлаб ҳастам… ва чашмонам Подшоҳро, Худованди лашкарҳоро дидааст» (Иш. 6:5). Дар ин лаҳза Худо ӯро баракат дод. Ҷидъун заифии худро дарк карда чунин гуфт: «Худовандо, ман Исроилро чӣ гуна метавонам наҷот диҳам? Инак, хонаводаи ман дар сибти Менашше аз ҳама бенавотар аст, ва ман дар хонаи падарам аз ҳама ҷавонтарам» (Дов. 6:15). Худо бошад ба ӯ гуфт: «…Худованд бо туст, эй марди диловар!» (Дов. 6:12). Шумо медонед кӣ аз ҳама пурзӯр аст? Касе мефаҳмад, ки худ ба худ ӯ нотавон аст. Чунин шахс Мусо буд. Ӯ бо чунон рӯҳафтодагӣ ва аламовар заифӣ ва нотавонии худро эътироф кард, ки Худо ӯро сарвари халқи баргузидаи Худ гузошт. Ба монанди ҳамин Довуд буд, ки хитоб кард: «…Эй Худованд Худо, ман кистам ва хонаи ман чист, ки маро ба ин мартаба расондаӣ?» ( 2Подш. 7:18). Ҳамаи инро айнан дар бораи Петрус гуфтан мумкин аст, ки аз рӯи табиати худ бадқасд, беитоат ва худбовар буд. Вале ӯ ба Худо гуфт: «…Аз пеши ман бирав, чунки ман шахси гуноҳкор ҳастам» (Луқ. 5:8). Ҳавворӣ Павлус гунаҳкории ҷисми худро эътироф кард, зеро ки вай яке аз гунаҳкорони ашаддӣ, осӣ ва таъқибкунандаи имондорон буд. Вале ӯ ҳар он чизе, ки дар назараш арзишашро гум карда буд, чун хасрӯбаи нодаркор партофт. Ӯ худро ба ҳама кор ношоям эътироф кард. Ва бо воситаи заифиаш барои ӯ қувваи бузург омад. Ҷаҳон мегӯяд: «Худро собит кун, аз худ фахр намо, дар зери само ҷои худро ба даст ор». Вале Худо мегӯяд, ки агар ту худро ночиз ва заиф ҳисоб кунӣ, ин интиҳо нест. Ин танҳо ибтидо аст! Ва ин яке аз корҳои аз ҳама мушкиле мебошад, ки ягон вақт иҷро кардани он ба шумо муяссар гардида буд. Исо таклиф мекунад, ки пеш аз ҳама иқрор шавӣ: «Ман наметавонам». Ва ин эътирофи мискинии рӯҳ мебошад. Масалро дар бораи ғуломи золим аз Инҷили Матто (боби 18) ба хотир меорем. Ин ғулом аз оғои худ пули калоне қарздор буд, ки онро ҳеҷ гоҳ баргардонда наметавонист. Исо нақл мекунад: «Ғулом рӯй ба замин ниҳода, ба вай саҷда бурд ва гуфт: «Эй оғо! Ба ман мӯҳлат деҳ, ва ман ҳамаашро ба ту адо хоҳам кард» (Мат. 18:26). Ин ғулом хост чунин гӯяд: «Ҳой, ту каме сабр кун, ман имконият дорам, ки ҳамааашро ислоҳ намоям!» Исо нишон медиҳад, ки ба Худо чунин гуфтан беақлӣ мебуд: «Сабр кун; ман ҳамаашро иҷро мекунам». Мискини рӯҳ будан маънои боқувват будан, надоштани ҳеҷ гуна захира, ғурур надоштан, аз худ розӣ набудан ва худбовар набуданро дорад. Пеш аз он, ки бо ягон чиз пур шавӣ, лозим аст, ки холигии ботиниро эҳсос кунӣ. Ҳамин тавр бояд зист, вале на барои наҷот ёфтан, балки барои он, ки зиндагӣ кунем. То имоноварии худ Августуси муқаддас чунон аз ақли худ мефахрид, ки аз рӯи иқроршавии ӯ, ин ба вай халал медод, ки имондор гардад. Танҳо баъди он, ки аз ғурур раҳоӣ ёфт, вай Худоро шинохт. Мартин Лютери бузург дар ҷавонӣ ба дайр рафт, то ки наҷотро бо ёрии тақводории боҷидду ҷаҳд ба даст орад. Вақте ки баъди якчанд сол ӯ дарк кард, ки ба Худо писанд буда наметавонад, вай аз «ман» — и шахсии худ даст кашид ва дар кори наҷот пурра ба Худо умед баст, ва дар он вақт наҷотро бо имон ба даст овард. Ислоҳот ҳамин тавр сар шуд. Ягона сарчашмаи ҳаёт барои он касоне дастрас мебошад, ки мефаҳманд, ки барои ба даст овардани он зӯрашон намерасад. Ақидаи олии меъёри ҳаёт, ки ба қувваи худ такя карда ба он мувофиқат кардан имконнопазир аст, дар нақли додани Шариат дар кӯҳи Сино мушоҳида карда мешавад. Худо дар шариати Худ ибодат кардан ба бутҳо, зино, дуздӣ, қатл карданро манъ намуд. Вале он вақте ки Мусо аз Ӯ шариатро қабул мекард, одамон онро аллакай вайрон карданд. Ҳорун ба онҳо рухсат дод, ки айшу ишрат барпо намоянд. Одам қудрат надорад, ки ба меъёрҳои Худо мувофиқат кунад, ин аз доираи имкониятҳои ӯ берун мебарояд. Қисме аз халқи Исроил гуноҳкории худро дарк кард, ин одамон қурбониҳо оварданд, тавба карда мутеъ гаштанд ва Худо бо меҳрубонии бузурги Худ онҳоро бахшид. Вале дигарон низ буданд, ки ба қуввва ва имкониятҳои худ бовар мекарданд. Қурбониҳо оварда, онҳо аз порсоии худ мағрур мешуданд, ва ҳатто кӯшиш мекарданд, ки шариатро барои имкониятҳои худ «мутобиқ» гардонанд. Вале аз дасташон чизе наомад, аммо ба ҷои он, ки мутеъкорона марҳамати Худоро ҷӯянд, онҳо Шариатро ба анъанаҳои инсонӣ мутобиқ карданд, зеро риоя кардани анъанаҳо аз иҷро кардани шариати додаи Худо осонтар аст. Талмуд, яъне шариати яҳудӣ, ки аз Таврот (Шариати ҳақиқӣ) ба вуҷуд омад, — ин тариқи «сабуккардашудаи» Шариати Худо аст, ва барои он кор карда баромада шудааст, ки ба одамон каме ҳам бошад, қаноатмандӣ бахшад. Кашишон тасдиқ мекарданд, ки онҳо кӯшиш карданд Шариати Худоро муҳофизат намоянд, вале дар асл, онҳо ин талаботҳоро ба манфиати худ «ҳал» мекарданд. Дар лаҳзаи ба дунё омадани Исо онҳо иҷро кардани корҳои дуюмдараҷаро хеле хуб аз худ карда буданд, вале ҳамеша Шариати ҳақиқии Худоро вайрон мекарданд (ба Иш. 29:13; Мат. 15:9 ниг.). Бо мавъизаи Болои Кӯҳ низ кор айнан ҳамин хел аст. Дар он низ қонун дода шудааст, ки мо аз ӯҳдаи иҷро карданаш баромада наметавонем, вале ба қувваи Рӯҳулқудс такя карда ва ба Исои Масеҳ умед баста, мо метавонем ба он ҷидду ҷаҳд намоем. Мо бояд бо итоаткорӣ ва надомат иқрор шавем, ки мо қуввати иҷро кардани ин шариатро надорем. Исо гуфт: «Пас, комил бошед, чунон, ки Падари шумо, ки дар осмон аст, комил аст» (Мат. 5:48) ва бо ин меъёрҳои баландаринро барқарор намуд. Ӯ инчунин гуфт, ки агар порсоии мо аз порсоии хушк ва намоишгаронаи фарисиён ва китобдонон бештар набошад, ба Малакути Ӯ дохил шуда наметавонем. Таъиноти шариати Худо, мисли мақсадҳои мавъизаи Болои Кӯҳ, аз як чиз иборат мебошад: нишон диҳанд, ки мо онҳоро мустақилона ба ҷо оварда наметавонем. Вале паст кардани меъёрҳо соҳибшавии ин мақсадҳоро имконнопазир мегардонанд. Барои ба ҷо овардани шариати Худо мо бояд аз як тараф бузургии он ва аз тарафи дигар мискинии рӯҳ ва вобастагии пурраи худро аз Худо эътироф намоем. Интизор шудан лозим нест, ки одами аз Рӯҳ таваллуд наёфта метавонад мувофиқи ин меъёрҳо зиндагӣ кунад. Павлус гуфта буд, ки таъиноти шариат дар он аст, ки гунаҳкории ҳамаи одамонро дар назди Худо кушояд, ва бо ҳамин тариқ онҳоро назди Масеҳ биёрад, ки танҳо Ӯ метавонад онҳоро аз гуноҳашон озод кунад. Исо маҳз дар бораи чунин мискинӣ мегӯяд. БА МАЛАКУТ ХУДИ ҲОЗИР ДАРОЕД Натиҷаҳо чӣ гунаанд? Хеле оддӣ: «Малакути Осмон аз они онҳост». Ба таври ҳавоӣ садо медиҳад, ҳамин тавр не? Ин орзу нест. Ин тасдиқ аст! Ин танҳо Малакути онҳост. Малакути Осмон ба кӣ тааллуқ дорад? Ба мискинони рӯҳ. Феъл дар шакли замони ҳозира дода шудааст. Малакут ба онҳо, ба ман, ба мо, ба шумо тааллуқ дорад, агар ҳамаи мо лоиқи он бошем. Мо ҳоло дар бораи Ҳукмронии ҳазорсолаи Масеҳ намегӯем — ҳар он чӣ, ки мо мегӯем, ба замони мо тааллуқ дорад. Ҳукмронии ҳазорсола дар пеш аст, ва вақте ки он меояд, ваъдаҳои Худо ба пуррагӣ иҷро мешаванд, вале Малакути Осмон аллакай имрӯз аз они мо аст. Масеҳ аллакай ҳукмронӣ мекунад, ва хушбахтӣ ба мо ҳозир дода шудааст. Малакути Осмон — ин ҳукмронии Масеҳ мебошад. Он ояндаи худ, ҷиҳати мессиании худро дорад, вале он ҳозира низ дорад. Мо — Шоҳигарии рӯҳониён, мо — бандагони Исои Масеҳ; мо аллакай имрӯз ғолиб мебошем. Мо, чуноне, ки дар Нома ба Эфсӯсиён гуфта шудааст (боби 2), аллакай дар афлок шинонда шудаем: мо аллакай сарвати беканори баракат ва файзи Худоро абадӣ ба даст овардаем. Малакут ба фаҳмиши ман — ин баракат ва ҷалол мебошад. Ҳозир баракат; ҷалол дар оянда. Мо соҳиби Малакут; он аз мо аст, зеро шариати Масеҳ дар дилҳои мо мебошад. Оё шумо медонед, ки ин чӣ маъно дорад? Ин маънои онро дорад, ки мо бандаем, ва Ӯ дар бораи мо ғамхорӣ мекунад. Ӯ ба мо ҳар он чизеро, ки зарур аст, медиҳад. Ӯ тамоми эҳтиёҷотҳои дили моро пур месозад. Ана натиҷаи худро мискини рӯҳ эътироф кардан чӣ аст. ЧӢ ГУНА МИСКИНИ РӮҲ МЕТАВОН ШУД Шумо мегӯед: «Ман мефаҳмам, ки мискини рӯҳ будан — ин амри Худо аст. Вале ман чӣ гуна мискин шуда метавонам?» Иҷозат диҳед вобаста ба ин бароятон се усулро пешкаш намоям: якум, кӯшиш накунед, ки инро мустақилона ба даст оред. Беандешагии роҳибӣ аз ин иборат буд. Роҳибон чунин мешумориданд, ки аз ҷаҳон худро канор гирифта, тамоми дороии худро фурӯхта, ҷанда пӯшида, дар дайр сокин шуда, мискинии рӯҳро ба даст меоранд. Аммо ин маъно надорад. Бодиққат мушоҳида кардани худ ва дигарон чизе намедиҳад, зеро ба Худо нигоҳ кардан даркор аст. Каломи Ӯро хонед, то ки шахсан бо Ӯ дар саҳифаҳои Навиштаҳо вохӯред. Ба Масеҳ нигоҳ кунед. Ба Ӯ нигоҳ, ва дар бораи Ӯ ва суханҳои Ӯ фикр карда мо худро фаромӯш мекунем. Ин таҷрибаи номафҳум нест, ин фаъолияти ҳаррӯзаи муошират бо Худо мебошад. Ин усули якум. Дуюм, ҷисми худро беқувват гардонед. Ман дар бораи парҳез кардан намегӯям — ман дар бораи кашидани ҷилави табиати ҷисмониатон мегӯям. Ҳатто баъзе ҷамъомадҳои ҳозираи масеҳӣ аз ғурури инсонӣ ғизо мегиранд. Мо бояд ба он чӣ ҷидду ҷаҳд намоем, ки метавонад моҳияти ҳақиқии табиати ҷисмонии моро ошкор созад. Барои ман ин осон нест. Чунки шунидани чунин суханон осонтар аст: «Раҳмат, сухани шумо барои ман баракат буд», ё ин ки «Вақте ки шумо мавъиза мекардед, ман наҷотро ба даст овардам», ё «Дар калисои шумо ҳамааш хуб аст», ё «Шумо чӣ хел мӯъҷизанок сухан кардед«! Бале, шунидани таъриф ба ман хеле маъқул аст, ва ин аз ман ҳеҷ гуна ҷидду ҷаҳдро талаб намекунад. Вале баъди даҳ соли хизмат дар калисо ман гуруснагии рӯҳониро ҳис кардам: ман ба кимчизе мӯҳтоҷ будам, ки он бояд бераҳмона нокомии ҷисмонии маро мекушод. Ман ҳатто тайёр будам, ки ба ягон амали беақлона даст занам, зеро медонистам, ки ин маро ба ҳузури Худо мебарад, ва дар ҳузури Ӯ, ман аниқ беқувватӣ ва эҳтиёҷоти худро мебинам. Баъд аз якчанд вақт чунин шуд, ки ман нохост якчанд одамро хеле сахт ранҷондам. Аввалин амали ман он фикр буд, ки маро низ ранҷониданд, зеро ман ба ҳеҷ кас бадӣ намехостам. Вале Худо дар дили ман дар бораи он гап зад, ки маҳз ин ба ман зарур буд; ба ман зарур буд ба чунин ҳолатҳое афтам, ки ҳеҷ кас будани маро нишон диҳанд, ки дар бораи ҳар он чизе, ки ягон вақт орзӯ мекардам, ва ҳамаи он чизе, ки ман мехостам барои Худо ба ҷо орам ( дар омади гап, ба ин Ӯ тамоман эҳтиёҷ надорад), метавонист аз ман гирифта шавад. Дар чунин ҳолати таҳқировар, бечорагӣ ва заифӣ худро ҳис карда, ман нохост чунон ҳаловати рӯҳиро ҳис кардам, ки ҳеҷ гоҳ ҳангоми маро таъриф кардан ва ҳурмат намудан эҳсос накарда будам. Ҷисми ман озор дида буд ва ҳеҷ чиз наметавонист ғурури маро таскин диҳад. Ин метавонад худтанқидкунӣ намояд, вале ман чунон наздикиро бо Худо эҳсос кардам, ки дер боз онро эҳсос накарда будам. Ман ғайр аз пурра ба Ӯ умед бастан дигар илоҷе надоштам, зеро аз ҳамаи имкониятҳои аз ин ҳолат баромадан маҳрум шуда будам. Ҳис кардани вобастагии пурраи худ аз Ӯ — ана он чизе, ки ҳамаи мо ба он бениҳоят эҳтиёҷ дорем. Сеюм (ва ин хеле оддист), хоҳиш кунед. Шумо мехоҳед мискини рӯҳ шавед. Дар ин бора хоҳиш кунед. «Худоё — гуфт боҷгир, — ба ман раҳм намо». Исо мегӯяд, ки ин одам ба хона сафед шуда рафт. Хушбахт он касест, ки мискини рӯҳ будани худро мебинад, зеро танҳо ӯ дорои Малакут мебошад. Барои чӣ Исо пеш аз ҳама дар бораи мискинии рӯҳ мегӯяд? Барои он, ки ин аз ҳама асосӣ мебошад — худро муфлиси рӯҳ дарк кардан ва эътироф намудан. Ва дар натиҷа шумо Малакутро доро мегардед — худи ҳозир ва то абад. Охир чӣ тавр мискини рӯҳ гардем? Ба Худо нигоҳ кунед. Ба муқобили ҷисм мубориза баред. Ва хоҳиш кунед. Ин ба Ӯ гуворост. Шумо пурсида метавонед: Вале ман чӣ хел мефаҳмам, ки ман мискинии рӯҳро ба даст овардаам? Хеле оддӣ. Дар зер ҳафт хусусиятҳои фарқкунандаи ҳаёт мувофиқи мискинии рӯҳ оварда шудааст: • Шумо аз худ дур ва ҷудо карда хоҳед шуд (ба Заб. 130:2 ниг.). Касе ки мискини рӯҳ аст, «ман» — и худро ҳис намекунад. Ҳама фикри шумо дар бораи Худо ва ҷалоли Ӯ, дар бораи одамон ва эҳтиёҷотҳои онҳо мешаванд. • Масеҳро мушоҳида намуда, ба ҷалоли Ӯ нигариста, аз ваҷд об мешавед (ба 2 Қӯр. 3:18. ниг.). Шумо чун Филиппус хоҳед гуфт: «…Худовандо! Падарро ба мо нишон деҳ, ва ин барои мо кофист» (Юҳ. 14:8). Шумо якҷоя бо Довуд хоҳед гуфт: «Чун бедор шавам, аз сурати Ту сер хоҳам шуд» (Заб. 16:15). • Шумо ҳеҷ гоҳ аз ҳаёти худ шикоят нахоҳед кард. Барои чӣ? Барои он, ки шумо сазовори ҳатто он чизе, ки доред, нестед, ҳамин тавр не? Шумо ба Худо чӣ пешкаш карда метавонед? Зиёда аз ин, ҳар чӣ чуқуртар ба гирдоби бадбахтиҳои худ фурӯ равед, баракати ба шумо бахшидашуда ҳамон қадар фаровонтар хоҳад буд. Ҳар қадар, ки эҳтиёҷоти шумо сахт бошад, Ӯ онро ба таври пурратар қонеъ хоҳад гардонд. Вақте ки шумо тамоман нотавон мегардед, тамоми баракатро соҳиб мегардед. Ва шумо усулҳои сабук гардонидани ҳолати худро намеҷӯед, шиква намекунед, зеро шумо ба ҳеҷ чизи беҳтаре лоиқ нестед, вале дар айни замон ба он кӯшиш мекунед, ки баракати Ӯро ба даст оред. • Шумо дар дигар одамон қадру қимат, ва дар худ номукаммалиро мебинед. Дар ҳақиқат ҳалим ва фурӯтан он касест, ки дигаронро аз худ баланд мешуморад. • Шумо вақти зиёдро дар дуо мегузаронед. Барои чӣ? Барои он, ки мискин ҳамеша хоҳиш мекунад. Ӯ дарвозаҳои осмониро мекӯбад ва то баракатро ба даст наорад, намеравад. • Шумо ба Масеҳ бо шартҳои Ӯ пайравӣ мекунед, на бо шартҳои худ. Одами мағрур мехоҳад бо Масеҳ баҳри қаноатмандии худ бошад; вай мехоҳад Масеҳро пайравӣ карда, маккор бимонад ва рафторҳои бадахлоқонаи худро давом диҳад. Вале мискини рӯҳ ҳама чиро баҳри он медиҳад, ки бо Масеҳ бошад. Томас Уотсон гуфта буд: «Сокинони қалъа, ки муддати зиёд дар муҳосира буданд ва акнун бояд таслим шаванд, ҳама гуна шартҳоро барои наҷоти ҳаёти худ қабул мекунанд. Шахсе, ки дилаш муддати зиёд қалъаи иблис буд, ва ба Масеҳ муқобилият нишон медод, як рӯз мискинии рӯҳро эҳсос намуда, ногаҳон худро бе Масеҳ оқшуда мебинад, ва он вақт худро ба Худо ва қуввати Ӯ супорида, мегӯяд: «Худовандо, ман ҳамаи он кореро, ки Ту мехоҳӣ, мекунам». • Ва ниҳоят, шумо Худоро барои баракатҳояш ҷалол хоҳед хонд. Ғайр аз Худовандро шукр гуфтан, мискини рӯҳ боз чӣ кор ҳам мекард? Дили сипосгузор — ана хусусияти фарқкунандаи мискини рӯҳ. Ҳама чиро, тамоман ҳама чиро, шумо ҳамчун тӯҳфаи Ӯ қабул менамоед. Ҳаввории маҳбуби мо Павлус гуфта буд: «…Файзи Худованди мо (Исои Масеҳ)… дар ман ниҳоятдараҷа зоҳир шуд» (1 Тим. 1:14). Оё мо ба ин талаботҳо ҷавоб дода метавонем? Оё ҳаёти мо чунин аст? Агар мо мебинем, ки тамоман ба ин меъёрҳои баланд ҷавобгӯ нестем, пас мо дар роҳи дурусти хушбахтии ҳақиқӣ ҳастем. «Хушо мискинони рӯҳ». Боби 4. «Хушо мотамзадагон…» (Мат. 5:4) Дар Таронаи 54-ум, яке аз сурудҳои бузурги Довуд, умқи дарду ғами дили инсон, ки аз номукаммалии ин ҷаҳон азоб мекашад, кушода мешавад. Довуд хитоб мекунад: «…Кошкӣ ман мисли кабӯтар болу пар медоштам: парвоз карда фароғат меёфтам; Ба ҷойҳои дур парида мерафтам, дар биёбон маскан мегирифтам. Мешитофтам, то ки аз тундбод ва аз шамоли тӯфон паноҳ шавам» (Заб. 54:7-9). Дар нолаи Довуд фиғони марду занони ҳамаи давру замон шунида мешавад, ки дилҳои онҳо дар гирдоби ғам ғарқ гашта, бо ноумедӣ ва беадолатӣ рӯ ба рӯ гаштаанд. Хоҳиши қанот бароварда аз ин дарду ғами тоқатфарсо парида дур шудани онҳо фаҳмо аст, ва чӣ қадар, ки дарду ғам зӯртар бошад, ин ҷои хаёлии тасалло ва оромӣ ҳамон қадар маҳбубтар мегардад. Магар ин аҳкоми хушбахтӣ ба таври аз ақл берун садо намедиҳад: «Хушо мотамзадагон, зеро онҳо тасаллӣ хоҳанд ёфт?» Фикри «мотамзадагон хушбахтанд» тамоман ба ҳамаи он чизе, ки мо дар бораи ҳаёт медонем, мухолиф мебошад. Маънии мавҷудияти мо дар ба дастоварии беақлонаи ҳалокатҳо ва ҳиссиётҳои баланд меанҷомад. Мо дар ҷустуҷӯи фароғатҳои нав вақт, пул ва қувваамонро дареғ намедорем. Дар ҳамаи ин ҷидду ҷаҳди ҷаҳон аз канораҷӯӣ кардан аз ғаму андӯҳ ва гурехтан аз дард инъикос меёбад. Вале Исо мегӯяд: «Мотамзадагон хушбахтанд. Танҳо онҳо тасаллӣ хоҳанд ёфт». Муносибати навро ба ҳаёт пешкаш карда, Ӯ ханда ва фароғати ин ҷаҳонро маҳкум менамояд; Ӯ эълон мекунад, ки саодатмандӣ, хушбахтӣ, хурсандӣ, осоиштагӣ ва оромӣ танҳо ба он касоне тааллуқ дорад, ки ғам мехӯранд. Ҳамаи ин чӣ маъно дорад? Он далел, ки танҳо дар забони юнонӣ барои ифодаи ғаму андӯҳ нӯҳ феъли гуногун вуҷуд доранд (ҳамаи онҳо дар Навиштаҳо оварда шудаанд) ва ин шаҳодати аниқи он аст, ки андӯҳ як ҷузъи ҳастӣ мебошад. Тамоми таърихи инсоният — занҷири ногусастаи бадбахтӣ ва андӯҳҳо мебошад, вале мо мувофиқи боби 24-уми Инҷили Матто инро ба таври пурра аз сар нагузарондаем. Дар ин боб Исо суханони зеринро мегӯяд: Ҳушёр бошед, ки касе шуморо гумроҳ накунад; зеро бисёр касон бо номи Ман омада, гӯянд, ки «ман Масеҳ ҳастам», ва мардуми бисёрро гумроҳ хоҳанд кард. Ҷангҳо ва овозаи ҷангҳоро хоҳед шунид. Зинҳор, натарсед; зеро ҳамаи ин бояд воқеъ шавад; лекин ин ҳанӯз интиҳо нест: зеро қавме бар зидди қавме ва салтанате бар зидди салтанате қиём хоҳанд кард, ва дар ҳар ҷо қаҳтиҳо, вабоҳо ва зилзилаҳо рӯй хоҳанд дод. Мат. 24:4-7 Исо дар бораи охири замон мегӯяд ва боз илова мекунад: «…ҳамаи ин — ибтидои дардҳост» (ояти 8). АНДӮҲИ «ДУРУСТ» Китоби Муқаддас дар бораи ду намуди андӯҳ ва гиря мегӯяд. Намуди якум — ин андӯҳест, ки ба ҳама шинос аст, андӯҳи ҳаёт, агар чунин гуфтан мумкин бошад, андӯҳи «дуруст». Ин андӯҳ ва ашки муқаррарӣ як ҷузъи ҳаёт мебошад. Оё шумо медонед, ки маҳорати гиря карда тавонистан — тӯҳфаи Худост? Охир дард, изтироб ва тарсе, ки мо дар худ нигоҳ медорем ва рухсат намедиҳем, ки бо ашк аз мо берун шаванд, метавонанд тамоми асаби моро заиф гардонанд. Гиря кардан барои одам кори муқаррарист. Вақте ки занаш мурд, Иброҳим низ гиря кард. Дар Таронаи 41-ум мо нолиши ҷонҳоро аз ёди Худо мешунавем: «Ҷонам ташнаи Худост, ташнаи Худои Ҳай: кай омада, пеши Худо ҳозир мешавам? Ашкҳоям рӯзу шаб нони ман буд, вақте ки ҳар рӯз ба ман мегуфтанд: «Худои ту куҷост?» Андӯҳи ҷоне, ки Худоро меҷӯяд, бо ашк якҷоя шуда аз рухсораҳои таронасаро ҷорӣ шуданд. Танҳоӣ — сабаби асосии ашк мебошад. Павлус ба Тимотиюс навишта буд: «Шукргузорӣ менамоям Худоеро, ки чун аҷдоди худ бо виҷдони пок ба Ӯ ибодат мекунам, барои он, ки ҳамеша туро дар дуоҳоям шабу рӯз ба ёд меоварам. Шавқманди дидори ту ҳастам, — дар ҳолате ки ашкҳои туро дар хотир дорам, — то аз шодӣ пур шавам» (2 Тим. 1:3-4). Тимотиюс аз ноумедӣ ва нобарориҳояш гиря кард. Ирмиё аз тарафи Худо даъват шуда буд, ки ба Исроил дар бораи доварии омадаистода мавъиза кунад, ва ӯ бо чашмони ашкбор гуфт: «Кошкӣ сари ман чашмаи об мебуд, ва чашмонам — чашмаи ашк! Рӯзу шаб барои шаҳидони духтари қавми худ мегиристам». (Ирм. 9:1). Дар Китоби Аъмол ҳавворӣ Павлус ба коҳинони калисои Эфсӯс мегӯяд: «Бинобар ин ҳушёр бошед ва дар хотир нигоҳ доред, ки чӣ гуна ман дар давоми се сол, рӯзонаю шабона ашк рехта, ҳар яке аз шуморо таълим додам». (Аъм. 20:31). Таронасаро ашки танҳоӣ мерехт, Тимотиюс аз маъюсӣ гиря кард, ашкҳои Ирмиё ашки ноумедӣ буд, Павлус аз дилсӯзӣ гиря кард. Вақте ки падар писарашро, ки гирифтори девон буд, ба назди Исо овард, ашк аз рухсораҳояш мерехт. Масеҳ ба вай гуфт: «Агар имон оварда тавонӣ, барои имондор ҳама чиз имконпазир аст» (Марқ. 9:23). Ва падар бо чашмони пурашк хитоб кард: «Имон меоварам, эй Худованд! Ба беимонии ман мадад кун» (Марқ. 9:24). Он ашки муҳаббати самимӣ ба писар буд. Дар боби 7-уми Инҷили Луқо дар бораи зане нақл карда мешавад, ки пойҳои Исоро бо ашк шуста, бо мӯйҳояш пок мекард. Ин ашкҳои таваҷҷӯҳ, cадоқат ва миннатдории беандоза буданд. Муҳаббат одамонро маҷбур мекунад, ки гиря кунанд. Худованди мо дар сари қабри Лаъзор гиря кард, барои он, ки вайро дӯст медошт; Ӯ дар бораи Ерусалим гиря кард, зеро сокинони онро дӯст медошт. Марями Маҷдалия гиря кард, барои он ки Исо мурда буд. Ашкони ӯ ашки андӯҳ аз талафоти бузург буд. Онҳо ашкҳое буданд, ки Худо ба ӯ барои сабук гардондани дарди даҳшатноки дилаш тӯҳфа карда буд. АНДӮҲИ «НОДУРУСТ» Вале намуди дигари андӯҳ низ вуҷуд дорад. Ин андӯҳи «нодуруст», норавост, одам аз он андӯҳгин шавад, ки наметавонад шавқи худро қонеъ гардонад. Дар боби 13-уми китоби Дуюми Подшоҳон дар бораи он нақл карда мешавад, ки чӣ тавр Аммӯн то бемор шудан гиря кард, зеро аз ишқи хоҳари худ Томор месӯхт. Чуноне, ки дар китоби Сеюми Подшоҳон (21:4) гуфта шудааст, Аҳъоб, ки беҳад мехост токзори Нобӯтро соҳиб шавад, ҳамин хел гиря кард ва «ӯ дар бистари худ хобида, рӯи худро гардонид ва хӯроке нахӯрд». Ба ин нолаҳои беақлона ва қатънашавандаи одамонеро мисол овардан мумкин аст, ки намегузоранд наздиконашон оромона аз ҳаёт чашм пӯшанд. Бисёр вақт ин он вақте ба амал меояд, ки як одам мемирад, шахси дигар, ки вайро дӯст медорад, ҳолати сахти асабониятро аз сар гузаронида, қариб маслуқ мегардад. Баъзан ин ҳатто бо масеҳиён низ рӯй медиҳад. Ба қарибӣ ба ман дар бораи марде нақл карданд, ки занашро аз даст дод ва аз барои он, ки занаш ба назди Худованд рафтааст, қариб девона шудааст. Ман намехоҳам, ки дилсард ва сангдил намоям, вале ба ман чунин менамояд, ки ин худпарастии хос аст. Худпарастии ҳайратовар дар он зоҳир мегардад, ки одам наметавонад барои шахси дӯстдори худ шодӣ кунад, ки вай ба осмон меравад. Фаҳмост, ки ҳангоми аз даст додани ҳамсар ғаму андӯҳи дард табиист, вале чунин зоҳирсозии девонагӣ ҳама гуна ҳадду ҳудудро мегузарад. Боз як намуди андӯҳи «нодуруст» — ин андӯҳест, ки аз ҳисси гуноҳ муболиға карда шудааст. Намунаи хуби ин дар китоби дуюми Подшоҳон (бобҳои 15-20) дода шудааст, дар он ҷо дар бораи он гуфта мешавад, ки чӣ хел Абшолӯм кӯшиш кард падари худ Довудро аз тахт афтонад. Абшолӯм пурғурур ва худпараст буд. Ӯ ба муқобили Довуд сӯиқасд ташкил карда, Довудро маҷбур кунонд, ки Ерусалимро тарк кунад. Абшолӯм қасри шоҳро ба даст оварда хост, ки табаддулоти қатъӣ кунад, то ки пурра аз Довуд халос гардад. Ба бадбахтии ӯ, ҷанговарони вай шикаст хӯрданд ва худаш дар ҷанг кушта шуд. Довуд ба ҷанговарони худ фармон дод: «Бо Абшолӯми ҷавон эҳтиёт бошед» (2 Подш. 18:5). Вақте Довуд фаҳмид, ки писари ӯ мурдааст, нола кард: «Вой писарам Абшолӯм! Вой писарам, писарам Абшолӯм! Кошки ман ба ҷои ту мемурдам, вой Абшолӯм писарам, писарам!» (2Подш. 18:33). Бале, муҳаббати Довуд сазовори мафтун шудан аст, вале фикрҳои ӯ нодурустанд. Абшолӯм ба сифати ҳокими Исроил ба кӣ даркор аст? Чаро Довуд ин қадар ғам хӯрд. Чунки ӯро ҳисси гунаҳкорӣ фаро гирифт, ки ӯ чунин падари ганда буд, ва ӯ боварӣ дошт, ки ашкҳо дили ӯро тоза карда хатогиҳояшро мешӯянд. Бешубҳа марги Абшолӯм ҳиссае аз қассос барои гуноҳи кардаи Довуд бо Батшобаъ буд. Ба воситаи масали дар китоби Дуюми Подшоҳон гуфташуда, Худо ба Довуд нишон дод, ки барои гуноҳ чор маротиба ҷазо мегирад. «…Қасам ба ҳаёти Худованд, ки марде ки чунин амал кардааст, сазовори марг аст; ва барои меш вай бояд чор баробар талофӣ диҳад…» (2Подш. 12:5-6). Худо Довудро бо воситаи пайғамбар Нотон фош сохт: «Он мард ту ҳастӣ!» (ояти 7). Чор бадбахтии бузург ба сари ӯ омад: кӯдаки таваллуд кардаи Батшобаъ мурд, духтари ӯ Томор беномус карда шуд; писараш Амнун кушта шуд; писараш Абшолум низ мурд. Андӯҳи Довуд дар бораи Абшолӯм чунон бузург буд, ки ҷанговаронаш аз ғалабаи ба даст овардаашон шарм доштанд. Юоб ба шоҳ гуфт: «Чунки ту бадхоҳонатро дӯст медорӣ ва аз дӯстонат нафрат дорӣ, зеро имрӯз нишон додӣ, ки сарварон ва навкарон дар назари ту ҳеҷанд, ва имрӯз ман донистам, ки агар Абшолӯм зинда мемонд, ва ҳамаи мо имрӯз мемурдем, ин ба назари ту писанд меомад» (2 Подш. 19:6). АНДӮҲИ ҲАЁТБАХШ, КИ АЗ ХУДО АСТ Инак, мо фаҳмидем, ки ду намуди андӯҳ вуҷуд дорад: андӯҳи «дуруст» ва «нодуруст». Баъзе одамон мегӯянд: «Албатта, умуман ин аҳком дуруст аст, зеро ашкҳо сабукӣ меоранд. Азобҳо моро обутоб медиҳанд». Вале Исо дар ин ҷо дар бораи ин нагуфта буд; Ӯ дар бораи он андӯҳе гуфта буд, ки аз ҷониби Худо меояд ва куллан аз он ҳамаи андӯҳҳои гуногуни инсонӣ, ки мо ёдовар шудем, фарқ мекунад. Ҳавворӣ Павлус ба мо ёрӣ медиҳад, ки табиати ин андӯҳро фаҳмем: «Зеро ғаме ки Худо додааст, тавбаро дар роҳи наҷот ба амал меоварад, ки аз он пушаймонӣ нест, лекин ғами дунёи мамотро ба амал меоварад» (2 Қӯр. 7:10). Шумо метавонед чашмҳоятонро аз гиря варам кунонед, дар бораи масъалаҳои ҳал нашудаи худ андӯҳгин бошед, шумо метавонед аз ғами танҳоӣ ва рӯҳафтодагӣ ашк резед, шумо метавонед аз ноумедӣ ё аз муҳаббат ашк резед; шумо инчунин метавонед аз шавқи қонеъ нагардидаи худ андӯҳгин бошед, вале вақте, ки ором мешавед, маълум мешавад, ки ягонтои ин андӯҳҳои дунявӣ ба шумо ҳаёт намебахшанд. Танҳо як намуди андӯҳ ҳаёт мебахшад — андӯҳ аз ҷониби Худо, ки шуморо ба тавба меорад. Пас, дар ин аҳком Исо дар бораи навҳа аз барои гуноҳ мегӯяд. Ин лаҳзаи асосӣ мебошад. Андӯҳ аз ҷониби Худо бевосита бо тавба, ва тавба ҳамеша бо гуноҳ алоқаманд аст. Ин андӯҳ — ғами ҷон, афсӯсхӯрӣ дар бораи гунаҳкории худ мебошад. Аҳкомҳои хушбахтӣ аз эътирофи муфлисии рӯҳии худ сар мешавад, — ин он чизест, ки ба кори ақл мансуб мебошад. Ояти 4-ум бошад, бевосита ба зоҳирсозии ҳиссиёт алоқаманд аст. Вақте ки шумо мискинии рӯҳии худро дарк мекунед, дар он вақт ҳиссиётҳои шумо ба сухан медароянд ва шумо аз ҳолати ғамгинонаи худ нола мекунед. Чунинанд хизматгорони Малакут. Мискини рӯҳ эътироф карда, мо худро ҳеҷ чиз надошта ва ноқобил меҳисобем, ва бинобар ин ҳеҷ гуна қобилият ва имконият надорем, ки ба худ ёрӣ диҳем. Дар ояти 3-ум Худованди мо гуфта буд, хушбахт он касест, ки аз ҷиҳати рӯҳонӣ дар ҳадди охири эҳтиёҷот мебошад ва касе, ки мискин аст бояд марҳамат ва баракат пурсад, зеро чунин одам ба Малакути Осмон дохил мешавад. Дар давоми тамоми ҳаётамон моро ҳисси мискинии рӯҳ тарк намекунад. Агар он ба шумо шинос набошад, пас шумо масеҳӣ нестед; агар он ҳоло дар шумо набошад, дар он вақт мансубияти шумо ба Калисои масеҳӣ хеле шубҳаовар мебошад. Хеле сахт ва бераҳмона садо медиҳад? Вале Китоби Муқаддас мегӯяд, ки эътироф кардан ва нола кардани мискинии рӯҳонии худ — ин хусусияти фарқкунандаи хизматгорони Малакут мебошад, ки масеҳӣ номида мешаванд. Бо Батшобаъ гуноҳи даҳшатовар карда ва боварӣ ҳосил карда, ки Уриё, шавҳари вай, кушта шудааст, Довуд на танҳо фаҳмид, ки модараш дар гуноҳ ҳомила гардидааст, балки худи ӯ низ беқувват ва мискин аст (Заб. 50.) ва ӯ чунон андӯҳгин шуд, ки ин рӯҳи вайро чаппагардон кард. Ба Айюб менигарем. Айюб дорои ҳама чиз буд. Ӯ чунон доро буд, ки чӣ тавре Калом мегӯяд, пойгоҳи дараш бо қаймоқ шӯста мешуд (Айюб 29:6). Ана, ӯ чӣ тавр сарватманд буд! Вале Айюб танҳо ҳамон вақт одами ҳақиқӣ гардид, ки Худо ӯро мутеъ сохт ва ӯ ночизии худро дарк кард. Амали ҷавобии ӯ чӣ гуна буд? «…Бинобар ин аз суханонам нафрат дорам, ва дар хок ва хокистар пушаймон мешавам» (Айюб 42:6). Калимаи тарҷумашудаи мотамзадагон, ки Исо дар ин аҳком истифода мебарад, аз ҳамаи он нӯҳ калимаи юнонӣ, ки барои ифодаи андӯҳ дар Навиштаҷоти Муқаддас истифода бурда мешавад, беҳтарин ва пуртаъсиру рангин мебошад. Ин калима дар ҳолате истифода бурда мешуд, ки сухан дар бораи нола кардани мурдагон мерафт. Масалан, ин дар он порчае истифода бурда шудааст, ки Яъқуб ба марги писараш Юсуф бовар мекунад (ба Ҳас. 37:34 ниг.); ва инчунин дар Инҷилҳо, хусусан дар Инҷили Марқӯс, дар он ҷое, ки баъди марги Масеҳ Марями Маҷдалия шогирдони Ӯро гирёну нолон мебинад (ба Марқ. 16:10 ниг.). Ин калима на танҳо нола ва сухунонро, балки умқи дарди рӯҳиро ифода мекунад. Дар Таронаи 31-ум Довуд мегӯяд: «Вақте ки хомӯш будам, устухонҳоям аз фиғони ҳаррӯзаи ман мепӯсид» (ояти 3). То он даме, ки Довуд аз гуноҳҳояш дар назди Худо тавба накард, дили ӯ аз ғам реш мешуд. «Зеро ки рӯзу шаб дасти Ту бар ман фишор меовард; илики ман ба хушкии тобистон мубаддал шудааст» (ояти 4). Ва баъдтар: «Хатоямро ба Ту маълум кардаам, ва гуноҳамро пинҳон надоштаам; гуфтам: «Ба гуноҳҳоям пеши Худованд иқрор мешавам», ва Ту айби хатоямро авф кардаӣ» (ояти 5). Дар Таронаи 50-ум боз дар бораи ҳамон гуноҳи худ фикр карда, Довуд илтиҷо мекунад: «Ба ман, эй Худо, аз рӯи лутфи Худ марҳамат намо, ва ҷиноятҳоямро аз рӯи фаровонии марҳаматҳои Худ маҳв кун. Маро аз гуноҳам чандинбора шустушӯ намо, ва аз хатоям маро пок кун, зеро ки ман ба ҷиноятҳои худ иқрор ҳастам, ва хатоям доим пеши назари ман аст» (Заб. 50:3-5). Баъдтар ӯ давом медиҳад: «Худоё, дили поке дар ман биофарин, ва рӯҳи дурусте дар ботинам нав бикун. Маро аз пеши Худ дур наандоз, ва Рӯҳулқудси Худро аз ман нагир. Шодии наҷоти Худро аз ман баргардон, ва бо рӯҳи олиҳимматӣ маро дастгирӣ намо» (Заб. 50:12-14). Азбаски Довуд аз гуноҳҳои худ чунин сахт мотамзада шуд, гуноҳаш бахшида шуд ва ӯ пок гардид. Ба пуррагӣ нав шуд. Бахшида шуда, Довуд хитоб кард: «Хушо касе ки ҷиноятҳояш омурзида ва хатоҳояш пӯшида шудааст. Хушо касе ки Худованд гуноҳи варо ба ҳисоб намеоварад, ва дар рӯҳи вай ҳилагарӣ нест!» (Заб. 31:1-2). ТАСАЛЛО ҲАМЧУН ҶАВОБИ ХУДО БА ГИРЯВУ НОЛА Хушбахт мотамзадагонанд — зеро танҳо онҳо дорои бахшиш мегарданд. Тамоми ҷаҳон маҳкум шудааст, ки зери бори гуноҳи беандозаи худ зиндагӣ кунад. Биёед равшанӣ меандозем — хушбахтӣ аз он ба даст намеояд, ки шумо нола мекунед: онро Худо барои нолаҳои шумо ҷавоб мегардонад. Ҷавоби Худо чӣ гуна аст? Тасаллӣ. Гуноҳ карда пинҳон доред — шумо вайронкории онро дида метавонед. Ба гуноҳи худ иқрор шавед — ва шумо озодӣ ва хурсандиеро ҳис карда метавонед, ки якҷоя бо бахшиш меояд. Довуд ашки танҳоӣ, рӯҳафтодагӣ ва ноумедӣ мерехт. Ӯ худро рад кардашуда ва мағлубшуда ҳис мекард. Ӯ гуноҳи худро ҳис карда ва кӯшиши харидани гуноҳи худро карда, гиря мекард. Аммо ҳеҷ чиз дили ӯро ба монанди эътирофи гуноҳи худ дар назди Худо сарнагун карда натавонист. Баъди ин Худо Довудро тасаллӣ дод ва таронасаро гуфт «Хушо касоне, ки ҷиноятҳояш омурзида ва хатоҳояш пӯшида шудааст» (Заб. 31:1). Хушо касоне, ки андӯҳгинанд. Вале ҷаҳон дар ин бора чӣ мегӯяд? «Ашкҳои худро пинҳон дор, дар бораи масъалаҳои худ хомӯш бош, табассум кун, табассум кун!» Аммо Китоби Муқаддас мегӯяд: «Гиря кун ва андӯҳгин бош». Вале ин ҳанӯз на ҳамааш аст. Дар номаи Яъқуб гуфта шудааст: «Ба Худо наздик шавед, ва Ӯ ба шумо наздик хоҳад шуд. Дастҳои худро бишӯед, эй гуноҳкорон, ва дилҳои худро пок кунед эй дудилагон. Андӯҳгин шуда, гиря ва нола кунед. Бигзор хандаи шумо ба гиря ва шодии шумо ба ғусса мубаддал шавад. Дар ҳузури Худованд фурӯтан бошед, ва Ӯ шуморо сарафроз хоҳад кард» (Яъқ. 4:8-10). Калисои ҳозиразамон ба ҳеҷ чиз чунин эҳтиёҷ надорад, ки гиря карданро сар кунад ва хандаро қатъ намояд. Маро то самими қалб он рафторҳои сабукфикрона ва беақлона озор медиҳад, ки ба хотири имони масеҳӣ ба ҷо оварда мешавад. То ба ҳол касе ба Малакути Худо дар бораи гуноҳкории худ нола накарда, дохил нашудааст. Ҳеҷ кас худро масеҳӣ номида наметавонад, агар дар давоми тамоми ҳаёти худ дар бораи гуноҳи дар ӯ мезиста андӯҳгин нашуда бошад. Ман метавонам хушбахт бошам, зеро гуноҳҳои ман бахшида шудаанд, вале агар гуноҳ карданро давом диҳам, ман наметавонам хурсандӣ кунам ва хандам. Ба ҳар ҳол, ман наметавонам ҳама вақт хандам. Ман бисёр чизҳоро медонам, то ки ба асири хурсандии беақлона дода нашавам. Шамшери доварии Худо дар болои сари мо бардошта шудааст. Пас аз кадом сабаб мо механдем? Метарсам, ки дар калисои ҳозиразамон тасаввуроти нодуруст дар бораи гуноҳ паҳн шудааст. Шумораи зиёди одамон чунин меҳисобанд, ки ҳаёти масеҳӣ ҷидду ҷаҳдро талаб намекунад ва калисоро ҳамчун як чизе қабул мекунанд, ки хурсандӣ медиҳад. Одамоне ҳастанд, ки ба ӯҳдаи худ нақши пирони калисо ва мунақидонро гирифтаанд ва вақти худро дар иншо кардани қайдҳои ғалатӣ дар бораи масеҳиён ва имони масеҳӣ мегузаронанд. Муқоваи яке аз чунин китобҳо, масалан, бо чунин изҳорот оро ёфтааст: «Ин китоб исбот менамояд, ки Каломи Худо метавонад хеле ғалатӣ бошад». Вақте ки мо дар оинаи нилгун даҳшатҳоро мебинем, магар механдем? Магар мо ба ҳазлҳои беимонон механдем? Наход ҳамаи ин хандаовар бошад? Дар Китоби Масалҳо (2:14) гуфта шудааст, ки баъзе одамон ҳаловатро дар мукаммалии нуқсон меёбанд. Нома ба Таслӯникиён (2:12) дар бораи оқибатҳое огоҳ мекунад, ки одамони дурӯғро дӯст медоранд, интизор мебошанд. Мо набояд чунин рафтор намоем. Ман ба вақтхушӣ ва табъи хуш ҳеҷ гоҳ зид нестам. Аҳди Қадим дар бораи он фаҳмо мегӯяд, ки дили хурсанд ҳамчун даво табобат мекунад. Вале мо мувозинатро вайрон кардаем: мо ҳама вақт ин даворо истифода мебарем! Байни ин рафтор ва нолаи ҳақиқӣ вартаи бузург аст! Тавба кардан аз гуноҳ бояд қабл аз имоноварӣ ва пайравӣ кардан ба он ба амал ояд. Роҳ ба сӯи саодатмандӣ дар ин аст. Баъзе масеҳиён тамоми умри худро дар ҷустуҷӯи хушбахтӣ мегузаронанд. Онҳо барои ёрӣ ба устодони рӯҳонӣ муроҷиат менамоянд ва оиди ин китобҳо мехонанд, вале ҳар он чизе, ки онҳо бояд кунанд, ин барои гуноҳҳои худ нола кардан мебошад. Худо ба онҳо тасаллӣ медиҳад, Исо бошад гуфта буд, ки онҳо хушбахт хоҳанд буд, яъне хушбахтиро ба даст меоранд, вале ин хурсандии беақлона ва хушку холӣ набуда, балки ҷаҳони пурра ва беҳад мебошад, ки муносибатҳои дурустро ба Худо ба миён меорад. Баъзеҳо чун фарисиён гуноҳи худро инкор мекунанд ва кӯшиш мекунанд, ки атрофиёнро дар бораи комилии худ мӯътақид гардонанд. Баъзеҳо худро муфлиси рӯҳ эътироф менамоянд, вале кӯшиш мекунанд ҳаёти худро бо қувваи худ тағйир диҳанд, ва мегӯянд: «Хайр чӣ илоҷ, ман ин корро мекунам. Кӯшиш мекунам аз оне, ки ҳастам, беҳтар гардам». Ин мусаллаҳшавии ахлоқӣ мебошад. Боз ҳастанд касоне, ки худро гуноҳкор мешуморанд, вале аз ин чунон рӯҳафтода мешаванд, ки чун Яҳудо даст ба худкушӣ мезананд. Шумо метавонед ҳақиқатро инкор намоед ва ба рӯй ниқоб кашед; шумо метавонед ҳақиқатро эътироф намоед ва кӯшиши тағйир додани ҳаётро кунед; шумо метавонед онро эътироф намоед ва рӯҳафтода гардед. Вале шумо метавонед онро эътироф намоед ва ба Худо барои марҳамат ва баракат муроҷиат намоед. Писари ноқобил вақте тайёр буд, ки ордоби хуконро хӯрад, чӣ кор кард? Оё ӯ бо ин суханон ҳолати ҳақиқии худро инкор кард: «Кори ман ҳамааш хуб аст! Ин он қадар бад нест ва пурра хӯрданбоб аст!» ё вай шикасти худро эътироф карда қарор дод, ки вазъиятро ислоҳ кунад ва бо меҳнати ҳалол сазовори ҳурмати хӯҷаин гардад? Ё ин ки вай таслим шуд ва аз ордоби худ хӯрдан гирифт? Не, вай дуруст рафтор кард: гуноҳи худро эътироф карда, назди падар баргашт, ба хонае, ки дар он ҷо баракат ва марҳаматро ёфта метавонист. Вай гиряи талх карда, аз гуноҳи худ тавба кард ва бахшида шуд, тасаллӣ ёфт ва баракат дода шуд. Наҷот якҷоя бо тавба меояд. Он ба он касоне тӯҳфа карда мешавад, ки мотамзадаанд. Инро Худо талаб кардааст. Дар ҷаҳон одамони зиёде ҳастанд, ки худро масеҳӣ меноманд, вале ҳеҷ гоҳ назди Масеҳ бо дили сарнагуншуда ва гуноҳҳои худро нола карда намеоянд. Вале ин ягона роҳ ба Малакут мебошад. Аҳди Ҷадид дар бораи он чизе намегӯяд, ки «қарор қабул кардан» даркор аст, ё «ба калисо равем». Он дар бораи як чиз мегӯяд: «Агар дар худ шаҳодат дошта бошед, шумо масеҳӣ ҳастед». Ана тамоми моҳият. Ҳавворӣ Павлус моҳиятан чунин гуфта буд: «Бо хиҷолат мегӯям, ки гӯё қуввати мо ба ин корҳо нарасидааст. Лекин агар касе дар чизе ҷуръат дошта бошад, аз рӯи беақлӣ мегӯям, ки ман низ ҷуръат дорам» (ба 2 Қӯр. 12:21 ниг.). Худо тавбаро талаб менамояд. Ӯ аз мо дарки гуноҳҳоямонро мехоҳад. Ман дар бораи он намегӯям, ки худро ба ҳолати раҳмовар андозем — ман дар бораи тавбаи ҳақиқӣ мегӯям. Агар шумо фарқиятро набинед, пас тавбаи шумо ҳақиқӣ нест. Боби 7-уми Нома ба Румиёнро хонда, одамон фикр мекунанд, ки Павлус бо он масъалае, ки дар ин боб гуфта мешавад, дар ҳаёташ як маротиба вохӯрдааст ва аз он вақте ки ӯ мувофиқи ҳақиқати дар боби 8-ум баён карда шуда зиндагӣ карданро сар кард, дигар ҳеҷ гоҳ бо чунин масъалаҳо рӯ ба рӯ нашуда бошад. Вале ин тавр нест. Ҳавворӣ мегӯяд: «Ман, охир, он чӣ мекунам, намефаҳмам; чунки он чи мехоҳам, намекунам, балки он чӣ бад мебинам, мекунам» (Рум. 7:15). Ва боз: «Бинобар ин акнун кунандаи он ман нестам, балки гуноҳест, ки дар ман вуҷуд дорад. Зеро медонам, ки дар ман, яъне дар ҷисми ман, чизи нек мавҷуд нест; чунки майли кардани кори нек дар ман бошад ҳам, ёрои кардани он надорам». (Рум. 7:17-18). «Гуноҳ дар ман вуҷуд дорад», — эътироф мекунад Павлус дар ояти 20. Ва баъдтар вай фикри худро инкишоф медиҳад: «Хуллас, ман чунин қонун пайдо мекунам, ки ҳангоме ки ман мехоҳам кори нек кунам, аз ман кори бад сар мезанад. Зеро ки ман ба ҳасби инсони ботинӣ аз шариати Худо лаззат мебарам, лекин дар андоми худ қонуни дигаре мебинам, ки он ба муқобили Қонуни хиради ман меҷангад ва маро асири он қонуни гуноҳ мегардонад, ки дар андоми ман мавҷуд аст» (Рум. 7:21-23). Тақводорӣ ва гуноҳ ҳамеша бо ҳам мубориза мебаранд. «Вой бар ҳоли ман, ки шахси мискин ҳастам! Кӣ маро аз ин ҷисми гирифтори мамот раҳоӣ медиҳад?» (Рум. 7:24). Мубориза бо гуноҳ тарзи ҳаёти ҳавворӣ буд: ин рӯ ба рӯшавӣ маротибаи якум набуд. Дар ояти 25-ум Павлус мегӯяд: «Худоро ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ шукр мегӯям», ва одамон фикр мекунанд: «Ана халос! Ин ғалаба аст!» Вале донистани Павлус, ки ғалаба аз чӣ иборат аст, маънои онро надорад, ки он барои ӯ то ба охир таъмин карда шуда аст. Ӯ бо гуноҳ ҳар рӯз то он даме, ки бо Исои Масеҳ рӯ ба рӯ нашуд, мубориза мебурд. Дар Номаи якуми Юҳанно нишонаҳое номбар карда шудаанд, ки аз рӯи он масеҳиёнро фарқ кардан мумкин аст. Ҳамин тариқ, агар мо аз гуноҳҳоямон тавба кунем, дар он вақт Худои вафодор ва пок гуноҳҳои моро мебахшад (1:9). Маънои фикри додашуда ин аст: агар мо ҳамеша аз гуноҳҳоямон тавба кунем, мо дар бораи он шаҳодат медиҳем, ки мо — он касоне мебошем, ки дорои бахшиш мегарданд. Бо суханони дигар гӯем, ҳамаи бахшидашудагон, хизматгорони Малакут, фарзандони Худоро ҳамеша тавба кардан аз гуноҳҳояшон фарқ мекунонад. Ёдовар мешавем, ки дар ин оят (Мат. 5:4) феъл дар шакли замони ҳозира истифода бурда шудааст, ки амали бардавомро ифода менамояд: ҳамеша гиря мекардагон тасаллӣ меёбанд. Дар 95 тезиси худ Мартин Лютер қайд кардааст, ки тамоми ҳаёти мо амали бефосилаи тавба ва таассуф мебошад. Довуд хитоб кард: «Дар ҷисмам аз ғазаби Ту ҷои сиҳате нест; дар устухонҳоям аз хатои худам саломатӣ нест» (Заб. 37:4). Ӯ бо гуноҳ дар давоми тамоми ҳаёти худ рӯ ба рӯ меояд. Дар Аҳди Ҷадид мо ягон маротиба Исоро хандон намебинем. Албатта барои Ӯ ягон сабаби ҷиддӣ барои ханда набуд. Ӯ гурусна мемонд, Ӯ ба ғазаб меомад, Ӯ ташна мешуд, Ӯ гиря мекард. Вале дар ягон ҷо гуфта нашудааст, ки Ӯ механдид. Мо қобилияти самимона ба чизҳо нигоҳ карданро гум кардаем. Моро гирдбоди ҳузуру ҳаловатҳо, саргармиҳо, ҳиссиётҳои шадид ба коми худ кашидааст; мо ба ботлоқи нуқсонҳои ин ҷаҳони беақлона, ки пур аз нодонон, масхарабозон ва мунофиқон мебошад, ғӯтидаем. Вале Исо, чӣ тавре, ки гуфта шудааст, марди андӯҳ ва беморидида буд. Ана, гиря кардани гуноҳ чист (Исо гуноҳҳои дигаронро нола мекард). «Хайр ин нола маро ба куҷо мебарад? — мепурсед шумо. — Дар бораи гуноҳҳои худ андӯҳгин шуда, маъюс мешавам. Баъд чӣ?» Ман аллакай гуфтам, ки мотамзадагон хушбахтанд, на барои он, ки онҳо гиря мекунанд, балки барои он, ки онҳо тасаллӣ меёбанд. Агар шумо гиря накунед, тасаллӣ намеёбед (зимнан дар ин ҷо ҷонишини қувватфизои autoi истифода бурда шудааст, ки задаи мантиқӣ мегузорад. «Хушо касоне, ки ҳамеша гиря мекунанд, зеро танҳо онҳо тасаллӣ меёбанд». Танҳо ба мотамзадагон дода шудааст, ки тасаллии Худоро дарк намоянд. Танҳо нолакунандагони гуноҳҳои худ ҳис мекунанд, ки чӣ хел дасти меҳрубононаи Исои Масеҳ ашкҳои онҳоро тоза менамояд). «Онҳо тасаллӣ меёбанд». Кӣ онҳоро тасаллӣ медиҳад? Paraclatos, Он Касе, ки ба мо Paraclete, Ҳимоятгари мо, Тасаллидиҳандаи моро додааст. Китоби Муқаддас маротибаҳои зиёд дар бораи Худои Тасаллидиҳанда мегӯяд (ба Заб. 29:6; 49:15; Иш. 55:6-7; Мик. 7:18-20 ниг.). Ӯ ба мо ёрӣ медиҳад, Ӯ фарёди моро мешунавад, Ӯ ба мо ҷавоб медиҳад. Тасаллодиҳанда ҳамеша дар паҳлӯи мо мебошад — даъватмекарда, насиҳаткунанда, ҳамдард, хайрхоҳ, рӯҳбаландкунанда, қувватдиҳанда, бахшанда ва шифодиҳанда. Ана, тасаллӣ додан чӣ маънӣ дорад, мегӯяд Китоби Муқаддас. Оё шумо медонистед, ки ин Тасаллодиҳанда Исо буд, зеро Ӯ гуфта буд: «Ва Ман аз Падар илтимос хоҳам кард, ва Ӯ ба шумо Пуштибони дигаре ато хоҳад кард…» (Юҳ. 14:16). Худои мо — Худои ҳамагуна тасаллоҳо мебошад. Масеҳ, Тасаллодиҳандаи нахустин, дигареро фиристод, ва Рӯҳулқудс омад, то, ки кори Ӯро давом диҳад. Каломи Худо — боз як Тасаллодиҳанда мебошад: «Зеро ҳар он чӣ пештар навишта шудааст, барои омӯхтани мо навишта шудааст, то ки мо аз Навиштаҳо сабр ва тасаллӣ пайдо карда, умедвор бошем» (Рум. 15:4). Он ба мо дар бораи муҳаббати Худо, бахшишҳои Ӯ, ёриҳои Ӯ, дастгириҳои Ӯ ва ҳузури Ӯ мегӯяд. Рӯҳулқудс моро тасаллӣ медиҳад, Навиштаҷоти Муқаддас моро тасаллӣ медиҳад, ва мо якдигарро тасаллӣ медиҳем. Вақте ки мо тасаллӣ ёфтаем, мо дар ҳақиқат хушбахт ҳастем. Хушбахтӣ ба мотамзадагон на барои он тӯҳфа карда мешавад, ки онҳо гиря мекунанд, балки барои он, ки андӯҳ онҳоро ба оромӣ оварда мерасонад. Ба ман ин суханони Исо хеле писанданд: «Назди Ман оед, эй ҳамаи заҳматкашон ва гаронборон, ва Ман ба шумо оромӣ хоҳам бахшид…» (Мат. 11:28). Агар шумо худро дар зери «бори гарон» ҳис накунед, агар дар худ бори гуноҳ ҳис накунед, оромиро намеҷӯед, ҳамин хел не? Танҳо ҳамон вақте ки гуноҳ ба шумо бор шуда, қомататонро хам мекунад, ана ҳамон вақт шумо ба назди Ӯ меоед, ки сабӯкӣ ва оромӣ ёбед. Ӯ аз шумо бори вазнинатонро бардошта, юғи худро, ки баракат аст ва бори худро, ки сабук мебошад, медиҳад. Агар шумо ба худ бори меъёрҳои Худо ва аҳкомҳои Масеҳро бо дастгирии Рӯҳулқудс гиред, он ба шумо нисбати бори вазнини гуноҳ, ки дар танҳоӣ мекашед, сабук меафтад. Ба ҳамин тариқ, агар мо аз гуноҳҳои худ андӯҳгин бошем, ва аз онҳо тавба кунем, оромӣ ва осоиштагӣ меёбем, ва баъди ин ба мо хурсандии ҳақиқӣ меояд. ЧӢ БА МО ХАЛАЛ МЕРАСОНАД, КИ ДИЛИ САРНАГУН ДОШТА БОШЕМ «Ман охир чӣ хел «мотамзада» гардам?» — мепурсед шумо. Якум, аз ҳамаи он чизҳо халос шавед, ки ба шумо дар дарки гуноҳҳоятон халал мерасонанд. Ҳамаи он чизе, ки дили шуморо сахт мегардонад, шуморо маҷбур месозад, ки ба амалҳои Рӯҳ муқобилият намоед, аз он чизе, ки шуморо бетараф мегардонад, бартараф созед. Дили сангин наметавонад гиря кунад. Дар он баракат нест. Сипори Худо наметавонад чунин заминро шудгор кунад. «Охир чӣ дили маро сахт мегардонад?» — мепурсед шумо. Пеш аз ҳама онро муҳаббат ба гуноҳ сахт мегардонад. Ва боз панҷ омилҳое ҳастанд, ки дар зер оварда шудаанд: 1. Ноумедӣ. Шумо медонед, ки ноумедӣ чӣ мегӯяд? «Худо ин гуноҳи туро намебахшад!» Ноумедӣ қудрати Худоро паст мезанад ва хуни Масеҳро беқадр мегардонад. Дар Китоби Пайғамбар Ирмиё гуфта шудааст: «Вале онҳо мегӯянд: «Не, умеде нест! Зеро ки мо қасдҳои худро пайравӣ хоҳем кард, ва ҳар яке бар тибқи саркашии дили шарири худ рафтор хоҳем намуд» (Ирм. 18:12). Ба таври дигар гӯем: «Худо ба мо ҳеҷ коре карда наметавонад. Мо бечораем». Забони ноумедӣ нодониро аз марҳамат ва шубҳаро аз баракат афзалтар медонад. Гӯш кунед, баракати Худо қудрат дорад шуморо новобаста аз дараҷаи гунаҳкорӣ ва фосиқиатон тағйир диҳад. 2. Худдонамӣ. «Хайр, ман он қадар ҳам одами бад ҳам нестам. Агар шумо фикр кунед, ки ман барои худ нола карданро сар мекунам, пас шумо маро намедонед. Дар ҳақиқат корҳои ман хуб аст». Агар Исои Масеҳро лозим омада бошад, ки барои гуноҳҳои ту дар салиб бимирад, пас ту гунаҳкор ҳастӣ. Гунаҳкори манфур, мисли ҳар яки мо. Агар ту фикр кунӣ, ки ту хуб ҳастӣ, он вақт корҳои ту хеле баданд. Зеро ғурур — аз ҳама гуноҳи бадтарин аст. 3. Худписандӣ. Оё медонед, ки ман як вақтҳо Масеҳ­ро даъват кардам ба дили ман ворид шавад ва ман зону зада, таъмид гирифтаам. Дигар дар бораи чӣ хавотир шавам? Ман ба пеш меравам, ҳар он чизеро, ки хоҳам, мекунам ва корҳоям ҳамааш хубанд. Маро лозим нест, ки аз гуноҳҳои худ тавба кунам ва аз ягон чиз хавотир шавам». Вале Пайғамбар Ишаъё мегӯяд: «Бигзор шарир роҳи худро, ва шахси бадкор фикрҳои худро тарк карда, сӯи Худованд баргардад, зеро ки Ӯ бисёр меомурзад (Иш. 55:7). Агар гунаҳкор аз роҳи худ нагардад, вай ягон хел асос надорад, ки бахшида шудааст. Худписанд набошед. Баракат ройгон дода намешавад. Дар ин ҳеҷ гуна айбпӯшӣ ва гузашт буданаш мумкин нест. 4. Таъхир кардан. «Ҳа, ман мехоҳам ба ин масъала дар рӯзҳои наздик машғул шавам.Танҳо маро лозим аст, ки гуноҳҳои худро хубтар тадқиқ намоям ва ҳамаашро фикр карда бароям». Вале Яъқуб огоҳ мекунад: «Дар сурате ки шумо намедонед, ки фардо чӣ ҳодиса рӯй хоҳад дод: зеро ки чист зиндагонии шумо? Буғест, ки ба муддати кӯтоҳе зоҳир гардида, баъд нест мешавад» (Яъқ. 4:14). Пеш аз он, ки дар бораи пагоҳ муҳокимаронӣ кунем, беҳтараш дар бораи он фикр кунем, ки оё ин пагоҳ умуман фаро мерасад ё не. Соддалавҳ намешавем. Ҳар қадаре ки ба табобати беморӣ пештар сар кунем, ҳамон қадар сабӯкӣ барвақттар фаро мерасад, осоиш ва оромӣ меояд ва бо онҳо хурсандӣ ва баракат. Таъхир накунед, кори имрӯзаро ба фардо нагузоред, вагарна шумо дар абадият бе Худо мемонед. 5. Сабукфикрӣ. Баъзе одамон намехоҳанд ба чизҳо ба таври ҳақиқӣ нигоҳ кунанд. Онҳо мехоҳанд ҳамеша ханданд ва хурсандӣ кунанд. Ҳаёт барои онҳо давом дорад. Шарт нест, ки ба ҳақиқат бодиққат нигоҳ кунанд. Ана дар бораи чунин одамони фосиқ пай­ғамбар Омӯс чӣ мегӯяд: «Онҳое ки бо навозиши барбат месароянд, ба гумони он ки мисли Довуд барои худ асбоби мусиқӣ ихтироъ мекунанд; Онҳое ки аз косаҳо шароб менӯшанд, ва худро бо равған­ҳои бетарин тадҳин менамоянд, дар бораи шикасти Юсуф афсӯс намехӯранд, бинобар ин онҳо акнун дар сари асирон ба асирӣ хоҳанд рафт, ва шавқуни айёшон хотима хоҳад ёфт» (Ом. 6:5-7). Чи хел беақланд ин одамон! Вақте ки ҳеҷ гуна асосҳо барои вақтхушӣ нест, онҳо механданд. Андӯҳгин шуда гиря кунанд — она онҳо бояд чӣ кор кунанд. Ҷаҳони мо аз ҳар гуна намоишҳои мусиқавӣ девона мешавад, вале шумо медонед, ки ҳангоме вақти андӯҳи бузург меояд, Худо пеш аз ҳама чӣ кор мекунад? Ӯ ҳар гуна мусиқиро хомӯш мекунад. Дар Китоби Ваҳй (18:22) гуфта шудааст, ки тамоми мусиқиҳо хомӯш мешаванд. Одамонро лозим меояд, ки ба чашми ҳақиқат нигаранд. Баъзан вақт радиоро хомӯш кунед, ин ба шумо ёрӣ медиҳад, ки гӯш карда фаҳмед, ки дар ботини шумо чӣ шуда мегузарад. ЧӢ ГУНА «МОТАМЗАДА» ГАРДЕМ «Вале ман чӣ гуна ҳамаи ин мамониатҳоро бартараф созам» — мепурсед шумо. Аз ҳама асосӣ — ба Салиб нигоҳ кунед. Мефаҳмед, ки Масеҳ барои шумо чӣ кор кардааст. Ӯ барои шумо мурд. Агар ин дили сангини шуморо мутаассир сохта натавонад, пас чӣ метавонад онро мутаассир созад? Агар шумо ҳис кунед, ки дар роҳи шумо ягон хел мамониатҳо истодаанд, ба Салиб нигоҳ кунед, ва дар бораи он фикр кунед, ки шумо чӣ хел сахт ба Исои Масеҳ эҳтиёҷ доред. Воситаи дигаре, ки ба шумо барои «мотамзада» гаштан ёрӣ медиҳад, ин тадқиқи мавзӯи гуноҳ дар Навиштаҷоти Муқаддас мебошад. Довуд гуфта буд: «Зеро, ки ман ба афтидан наздик шудаам, ва дардам ҳамеша дар рӯ ба рӯи ман аст» (Заб. 37:18). Ба таълимоти Ишаъё ғӯта занед, ки мегӯяд: «…Вой бар ман ки тамом шудам! Зеро ки ман шахси ҳаромлаб ҳастам!…» (Иш. 6:5). Дар бораи он андеша кунед, ки Ирмиё гуноҳро нола карда чӣ мегӯяд (ба Ирм. 9 ниг.). Ё ин ки ҳавворӣ Петрус ба Исо гуфта буд: «…Худовандо! Аз пеши ман бирав, чунки ман шахси гуноҳкор ҳастам» (Луқ. 5:8). Ба суханони ҳавворӣ Павлус нигаред, ки худро гунаҳкори аввалин номидааст (ба 1 Тим. 1:15 ниг.). Агар шумо худро дар қатори ин одамони бузург гузоред, ки як вақтҳое дар рӯи замин зиндагӣ кардаанд, агар шумо ба суханони онҳо, ки дар бораи худ гуфтаанд, гӯш диҳед, наметавонед худро бегуноҳ шуморед. Гуноҳ шариати Худоро поймол мекунад. Гуноҳ муҳаббати Ӯро паст мезанад ва Рӯҳи Ӯро озурда месозад. Гуноҳ бо нафрат баракатҳои Ӯро рад мекунад. Гуноҳ бо мо бераҳмона рафтор менамояд: он моро суст мегардонад, моро доғдор мекунад, аз мо либоси бошарафонаи моро кашида мегирад ва тоҷи моро медуздад. Он моро аз ҷалол маҳрум сохта, либосҳои дарида мепӯшонад. Мо, ки ба монанди Худо офарида шудаем, ба ҳайвонҳое монанд мешавем, ки барои ҳалокат таъин гардидаанд. Ба Худо дар бораи он дуо кунед, ки Ӯ ба шумо дили сарнагун ва мутеъ бубахшад, зеро танҳо Ӯ метавонад инро ба шумо диҳад. Худо ҳеҷ гоҳ ба он касоне, ки аз сидқи дил мепурсанд, не намегӯяд. «МОТАМЗАДАГОН» ЧӢ ГУНААНД? «Охир ман чӣ хел мефаҳмам, ки ман гунаҳкори мотамзада мебошам?» — мепурсед шумо. Хеле оддӣ. Шумо ба гуноҳ чӣ хел муносибат менамоед? Оё шумо ба он механдед? Ё ин, ки кӯшиш мекунед онро мушоҳида накунед? Ё ин, ки аз он ҳаловат мебаред? Эҳтимол гуноҳи шумо ба соҳаи ахлоқ тааллуқ дошта бошад, шояд шумо бевиҷдон бошед, ё барои дуокунӣ вақт ҷудо намекунед? Ва шояд фикрҳоятон гунаҳкоронаанд, ё ин ки дӯст дошта наметавонед? Оё шумо барои гуноҳҳоятон гиря мекунед? Агар мо дар ҳақиқат «мотамзада» бошем, мо натанҳо дар бораи гуноҳҳои худ, балки дар бораи гуноҳҳои ҷаҳон мотам мегирем. Оё шумо дар бораи гуноҳҳои дигар одамон ба монанди Ирмиё, ки дар бораи гуноҳҳои халқи худ андӯҳгин мешуд, мотам мегиред? Ӯ гуфта буд: «Ва агар шумо инро нашнавед, ҷони ман аз дидани ғурури шумо ба таври пинҳонӣ гиря хоҳад кард; ва чашми ман зор-зор гириста, ашк хоҳад рехт, зеро ки рамаи Худованд ба асирӣ бурда шудааст» (Ирм. 13:17). Исо аз баландии кӯҳ ба Ерусалим нигоҳ карда дар бораи он гиря кард: «Эй Ерусалим, Ерусалим, ки анбиёро мекушӣ ва онҳоеро, ки назди ту фиристода шудаанд, сангсор мекунӣ! Чанд бор хостам фарзандони туро ҷамъ кунам, монанди мокиёне ки чӯҷаҳои худро зери болаш ҷамъ мекунад, ва шумо нахостед!» (Мат. 23:37). Оё мо чунин гиря карда метавонем? Оё дили мо низ ғамгин мешавад, вақте ки дили Худованд чунин ғамгин аст? Якҷоя бо Довуд хитоб мекунем: «Зеро ки рашки хонаи Ту маро хӯрдааст, ва бадгӯиҳои бадгӯёни Ту бар ман афтодааст» (Заб. 68:10). Оё мо гуноҳҳои худ ва гуноҳҳои ин ҷаҳонро нола мекунем? Агар мо «мотамзадагони» ҳақиқӣ бошем, дар он ҳолат, ҳа, мекунем. Усули дигари донистани он, ки оё мо мотамзада ҳастем ё не, дар матни Калом ин аст: мо бояд аз худ пурсем, ки мо бахшиши Худоро ҳис мекунем? Оё ба мо хурсандӣ шинос аст? Оё ба мо ҷаҳони ҳақиқӣ, хурсандии ҳақиқӣ, оромии ҳақиқӣ, ки танҳо ба бахшидашудагон, покшудагон ва порсоён дастрас мебошад, шинос аст? Ман боварӣ дорам, ки шумо, хонандаи ман, ба қатори ин «мотамзадагон» мансуб ҳастед, зеро Худо мехоҳад шуморо ба таври ҳақиқӣ хушбахт бинад. Боби 5. «Хушо ҳалимон…» (Мат. 5:5) «Хушо ҳалимон, зеро ки онҳо вориси замин хоҳанд шуд». Чунин изҳорот шунавандагони Исоро дар хиҷолат намонда наметавонист, чунки он тамоман ба тасаввуротҳои муқаррариашон мувофиқат намекард. Онҳо мағрур ва аз худ қаноатманд буданд. Онҳо худписанд буданд ва ба худ боварӣ доштанд. Онҳо метавонистанд Худотарс бошанд. Онҳо таълимотҳоро хуб медонистанд. Онҳо маросим ва анъанаҳоро қатъиян риоя мекарданд. Онҳо худро баргузида меҳисобиданд. Онҳо фикр мекарданд, ки метавонанд бо қувваи худ, хирадмандии худ, қудрати худ ва маблағҳои худ наҷот ёбанд. Онҳо боварӣ доштанд, ки он Масеҳе, ки дер боз интизораш буданд, онҳоро ба Малакути Худ мебарад ва ба онҳо мегӯяд: «Ман омадам, ки шуморо барои диндор ва рӯҳонӣ буданатон таъриф кунам. Худо аз осмон ба шумо нигоҳ мекунад ва Ӯ аз шумо хеле розӣ аст». Онҳо ин нуқтаи назари навро намефаҳмиданд; онҳо ба рӯҳонияти худ такя мекарданд, вале Исо ҳамин, ки даҳони Худро кушод, нақшаҳои онҳоро барбод дод. Ӯ мегуфт, ки дар онҳо рӯҳи сарнагуншуда, дили андӯҳгинро меҷӯяд, ва акнун — ҳалимиро. Ӯ ба осудаҳолӣ ва мағрурии онҳо мароқ зоҳир намекард. Магар ҷамъияти мо чунин нест? Мо боварӣ дорем, ки муваффақият ҳамсафари зӯрон аст. Биё-биё! Ба пеш ҳаракат кун! Эҳтимол мавқеи Исо моро аз ҳамасронаш дида, камтар ба хиҷолат наандохта наметавонад. Биёед ба саҳнаҳои таърихии он замон нигоҳ мекунем, ки Исо ба ҷаҳони яҳудиён омада буд. ҲОЛАТИ СИЁСИЮ ДИНИИ ЗАМОНИ ИСО Тақрибан 50-сол пеш аз таваллуди Исо, соли 63-уми то милод Помпей Фаластинро ба ҳайати империяи Рум дохил кард, ки бо ҳамин истиқлолияти яҳудиён, ки дар шӯриши хунини Маккавиҳо ҳангоми ҳукмронии юнониҳо ба даст омада буд, барҳам хӯрд. Вале давраи истиқлолият он қадар дароз тӯл накашид, ва ба зудӣ яҳудиён дар зери асорати румиён монданд. Аз соли 63-уми то милод мамлакатро шоҳони хонадони Ҳиродуси Бузург идора мекард (ки аз тарафи Қайсар таъин гардида буд). Қайсар шоҳони Фаластинро таъин мекард, зеро инро халқ талаб менамуд ва ғайр аз ин, назоратчиён ва ҳокимони худро таъин мекард, ки аз ҳама намоёнтарини онҳо Понти Пилотус буд. Ба ҳукмронии Рум, ки аз ҳамаи ин шоҳон, назоратчиён ва ҳокимони лӯхтакмонанд иборат буданд, на танҳо яҳудиён, балки сокинони дигар мавзеъҳои дар Аҳди Ҷадид ёдоваршуда, дохил буданд. Ин барои халқи яҳудӣ айёми андӯҳгин буд. Яҳудиён нисбати юғи румиён ба андозае нафрат доштанд, ки ҳатто ёдовар шудани онро намехостанд. Вақте ки Исо ба яҳудиён гуфт: «Зеро ростиро хоҳед шинохт, ва ростӣ шуморо озод хоҳад кард» (Юҳ. 8:32), онҳо ҷавоб доданд: «…Мо фарзандони Иброҳим ҳастем ва ҳеҷ гоҳ ғуломи касе набудем…» (Юҳ. 8:33). Тамоми таърихи ҳаёти Исо дар чорчӯбаи таърихи ҳукмронии румиён аз болои халқи яҳудӣ ба қалам дода мешавад. Сояи Қайсар ба Аҳди Ҷадид низ меафтад, ва ҳузури вай қариб дар ҳар як саҳифа ҳис карда мешавад. Ва дар айни замон дар дили яҳудиён имон ба Масеҳи омадаистода ва умед ба тағйиротҳои ба қарибӣ ба амал меомада зиндагӣ мекард. Онҳо барқароршавии Малакути Худоро интизор буданд, охир дар бораи он Навиштаҷоти Муқаддас аниқ ва фаҳмо мегуфт. Ана, дар саҳна Исо пайдо мешавад. Биёед гӯш мекунем, ки дар бораи Ӯ Марқӯс чӣ мегӯяд: «Пас аз оне, ки Яҳё таслим карда шуд, Исо ба Ҷалил омад ва Инҷили Малакути Худоро мавъиза кард, ки вақт расидааст ва Малакути Худо наздик аст: «Тавба кунед ва ба Инҷил имон оваред» (Марқ. 1:14-15). Чӣ тавр яҳудиён рӯҳбаланд шуданд! Онҳо аллакай гаронии ҳукмронии румиён, юғи ғуломиро медонистанд, ана акнун соҳире омадааст, ки мӯъҷиза меофарад. Ӯ чунин сухан мегӯяд, ки ҳанӯз ягон одам ин гуна сухан нагуфтааст. Шояд ин ҳамон Масеҳ аст! Вақте ки Ӯ ҳазорон одамонро сер кард, онҳо хостанд Ӯро Шоҳи худ гардонанд, то ки Ӯ шӯриш бардорад ва юғи манфури румиёнро шиканад. Онҳо пешвои бузургро интизор буданд, ки оташи инқилобро меафрӯзад ва ба онҳо истиқлолиятро меорад. Фаромӯш накунед, ки дар он вақт дар дини яҳудигӣ чор ҷараёни ҳукмрон вуҷуд дошт, ки фарисиён, саддуқиён, ғаюрҳо ва ессейҳо ном доштанд. Фарисиён консерваторҳои динӣ; саддуқиён либералҳо; ессейҳо сӯфӣ буданд, ки дар Кумрон зиндагӣ мекарданд, он ҷо дертар дастнависи баста аз баҳри Мурда ёфт шуд. Ва ғаюрҳо тарафдорони чораҳои фаъолона буданд, ки онҳоро масъалаи сиёсӣ аз масъалаи динӣ дида бештар ба ваҷд меовард. Мақсади онҳо давлати ҳарбӣ буд ва онҳо сарвареро интизор буданд, ки табаддулоти ҳарбӣ мекард. Фарисиён низ бисёр мехостанд аз ҳукмронии румиён халос шаванд, вале онҳо ҳалли масъаларо ба таври дигар тасаввур мекарданд. Онҳо дар бораи барқарорсозии теократия (сохти давлатие, ки ҳокимияти сиёсӣ дар дасти рӯҳониён мебошад) орзӯ мекарданд. Онҳо Масеҳи мӯъҷизаоварро интизор буданд, ки юғи румиёнро ба таври мӯъҷизаовар бартараф месохта бошад. Ҳам фарисиён ва ҳам ғаюрон дар интизории ба таври ногаҳонӣ ва ҳалокатовар зада даромадани Худованд буданд. Аз Навиштаҷот мувофиқи Китоби Пайғамбар Дониёл (7:13-14) медонистанд, ки Масеҳ — дар абрҳои осмон дар ҷалоли бузург меояд, вале онҳо аниқ намедонистанд, ки он кай ба амал меояд, ва ҳар як гурӯҳ ба таассуротҳои худ дода мешуд. Ҳатто дувоздаҳ нафар ҳаввориён ин Масеҳро интизор буданд. Дар Китоби Аъмол (1:6) онҳо мепурсанд: «…Худовандо, оё дар ҳамин вақт салтанатро дар Исроил аз нав барқарор хоҳӣ кард?» Онҳо мехостанд донанд, ки кай ин ҳодисаи мӯъҷизаовар ё табаддулоти ҳарбӣ ба амал меояд. Вале мақсади Исо чунин набуд. Вақте ки Пилотус кӯшиш кард аниқ кунад, ки чӣ шоҳест, на шоҳигарӣ дораду на тоҷу тахт, Исо ба вай ҷавоб дод: «Подшоҳии Ман аз ин ҷаҳон нест…» (Юҳ. 18:36). Мантиқан Ӯ ба Пилотус чунин гуфт: «Ту намефаҳмӣ, ки Ман чӣ гуна шоҳ ҳастам. Ба Ман тарафи ҳарбии кор мароқовар нест. Ман кӯшиши барпо кардани табаддулотро надорам, ки ҳокимияти Румро сарнагун созам. Мақсади Ман дар ин нест». Агар Ӯ инро мехост, фавҷи фариштаҳо назди пойҳои Ӯ чамъ мешуданд (агар як фаришта 185000 аггуриро кушта бошад (ба 4 Подш. 19:35. ниг.), ба худ тасаввур кардан мумкин аст, ки фавҷи фариштаҳо чӣ кор карда метавонистанд). Барқароршавии сиёсӣ ва динӣ орзӯи деринаи яҳудиён буд, ки ончунон сахт дили онҳоро ба ҳаяҷон меовард, ки онҳо дар ҳама ҷо барои худ масеҳ мекофтанд. Масеҳони козиб беандоза бисёр буданд. Ғаюрҳо Масеҳро ором интизор шуда наметавонистанд ва бо ёрии қотилони зархарид (ки sicarii номида мешаванд), ба румиён ҳар гуна зарар мерасонданд, масалан, ягон одами олимақомро мекуштанд ё дигар амалҳои террористиро ба ҷо меоварданд, вале ин ғайр аз ҷазодиҳӣ дигар ба ҳеҷ чиз оварда намерасонд. УМЕДВОРИҲОИ БЕҲУДА Ҳамин тариқ, ниятҳои Худо ҳеҷ ба умедвориҳои яҳудиён мувофиқат накард, ва ҳангоме ки Исо мавъизаи Болои кӯҳии Худро сар кард, амали ҷавобии онҳоро тасаввур кардан мумкин аст: «Ин чӣ гуна Масеҳ аст? Чӣ гуна одамонро мехоҳад дар атрофи Худ ҷамъ намояд? Тӯдаи хоҳарони гирён ва бародарони мутеъ ба кӣ даркор аст? Чунин касон ҳеҷ гоҳ аз ӯҳдаи румиён баромада наметавонанд!» Исо даъват накард, ки табадуллоти давлатӣ барпо намоянд, ва аз ин рӯ ба арбобони сиёсӣ маъқул шуда натавонист. Ӯ Румро бо ягон роҳи фавқулодда нобуд сохтанӣ набуд, аз ин рӯ ба мутаасибони динӣ маъқул нашуд. Вақте онҳо диданд, ки Ӯро якҷоя бо роҳзан Бараббос ҳамчун одами манфур ба ҳабс гирифтанд, он касеро, ки ҷанговарони Пилотус мезаданд ва сари Ӯро бо тоҷе, ки аз хор бофта шуда буд оро доданд, дар Ӯ ҳеҷ чизи ҷолиберо барои худ дарёфт накарданд (ба Иш. 53. ниг.). Ва ба худ гуфтанд: Ҳамаи инро фаромӯш мекунем! Ин он Масеҳ нест, ки ба мо даркор аст. Ва дод заданд: «Ӯро маслуб кун! Ӯро маслуб кун!» Онҳо Ӯро сахт бад диданд, чунки Ӯ онҳоро маъюс гардонд ва орзӯҳои онҳоро амалӣ накард. Вақте ки баъдтар одамон гуфтанд: «Ин Масеҳ буд», онҳо ҷавоб доданд: «Бинед Ӯ дар рӯи салиб мурд, вале дар Навиштаҷот гуфта шудааст, ки «ҳар каси дар чӯб овехташуда дар назди Худо лаънатзада мебошад». Аз ин рӯ Ӯро Масеҳи мо наномед» (ба Так. Шар. 21:23 ва Ғал. 3:13. ниг.). Ба он нигоҳ накарда, ки панҷсад одам ба эҳёшавии Ӯ шаҳодат доданд, яҳудиёни сангдилшуда нахостанд ба ин бовар кунанд. Ҳаввориёнро лозим омад боз ва боз такрор кунанд: «Оё шумо медонед, ки Масеҳ бояд азоб мекашид? Ӯ бояд мемурд. Навиштаҳо чунин меомӯзанд. Ҳамин хел бояд ба амал меомад!» (ба Луқ. 24:25-27. ниг.). Вале бештари яҳудиён аз Навиштаҳо бохабар набуданд ва пешгӯии бузургтарин ва муҳимтарини Ишаъёро намедонистанд (ба Иш. 40-66. ниг.), ки дар он ҷо Масеҳ ҳамчун ғуломи азияткаш пешкаш карда шудааст. Дар ҳақиқат ба одамон Кӣ будани Худро фаҳмонда, Исо аз боби 61-уми Китоби Пайғамбар Ишаъё иқтибос меоварад. Ӯ Худро ба одами пасттарини издиҳом монанд карда, мегуфт: «…Рӯҳи Худованд бар ман аст; зеро ки Ӯ маро тадҳин намудааст, то ки ба мискинон башорат диҳам ва Маро фиристодааст, то ки шикастадилонро шифо бахшам, озодиро ба асирон ва биноиро ба кӯрон мавъиза намоям, мазлумонро озод кунам ва соли таваҷҷӯҳи Худовандро мавъиза намоям» (Луқ. 4:18-19). Ҳа, на он қадар ҷамоати хушҳол! Ҳавворӣ Павлус гуфта буд: «Зеро, эй бародарон, бингаред, ки шумо, вақте ки даъват шудед, чӣ будед: бисёре ба ҳасби ҷисм ҳаким нестед, бисёре тавоно нестед, бисёре наҷиб нестед; лекин Худо ҷоҳилони ҷаҳонро баргузид, то ки ҳакимонро шарманда кунад, ва нотавонони ҷаҳонро баргузид, то ки тавонгаронро шарманда кунад» (1 Қӯр. 1:26-27). Исо ғулом буд; Ӯ барои он наомада буд, ки ҳокимияти Румро сарнагун кунад. Ӯ барои он омада буд, ки пойҳои шогирдонро шӯяд, ки дӯст дошта наметавонистанд, ва тамоми ҳаёти Ӯ намунаи итоаткорӣ ва хизмат кардан ба дигарон буд. Ӯ гуфта буд: «Зеро Писари Одам низ на барои он омад, ки ба Ӯ хизмат кунанд, балки барои он ки хизмат кунад ва ҷони худро барои фидияи бисёр касон бидиҳад». (Марқ. 10:45). Арбобони динии Исроил чизи аз ҳама асосиро намефаҳмиданд. Онҳо намедонистанд, ки Ӯ барои чӣ омада буд. Исо ба шакли ғуломи итоаткор омад. Ӯ гуфт: «Ба Малакути Ман одамоне, ки аз худ боварӣ надоранд, аз худ қаноатманд нестанд, мағрур нестанд, камқувватанд, ҳавобаланд нестанд, бедин ҳастанд, дохил мешаванд. Ба он касони дар гуноҳи худ сарнагуншуда, касони гирён, ҳалимон, гуруснагон ва ташнагон, меҳрубонон ва софдилон, сулҳҷӯён, таҳқиршудагон ва касоне, ки ҳеҷ гоҳ барои худ қассос намегиранд, дохил мешаванд. Чунинанд хизматгорони Малакути Ман». Онҳо ба гӯшҳои худ бовар накарданд. Баъзан ин моро ҳам ба хиҷолат меандозад, зеро ба мо чунин менамояд, ки Худо танҳо одамони намоён ва зӯронро қабул менамояд, ва ба Ӯ одамони давлатманд, бонуфӯз ва номдор даркоранд. Вале ин тавр нест! Худованди мо ба ҷаҳон омада, бо чунин суханон ба ҷои аз ҳама нозуки онҳо зарба зад: «Гӯш кунед, шумо мехоҳед ба Малакути Ман дохил шавед? Вале инро танҳо он касоне метавонанд, ки мискини рӯҳ, мотамзада ва ҳалим бошанд». ҲАЛИМӢ — ҶАВОБ БА ДАЪВАТИ ХУДОИ МУҚАДДАС Ва акнун биёед муфассалтар дар бораи ҳалимӣ сӯҳбат менамоем. «Шахси ҳалим» ин на ҳамон «мискини рӯҳ» аст. Ва ҳарчанд дар баъзе ҷойҳои Навиштаҳо ин фаҳмишҳо якдигарро иваз менамоянд, ман мехостам чунин як фарқияти нозукро дар байни онҳо қайд намоям. Мискини рӯҳ ба гунаҳкории худ нигаронида шудааст, вале шахси ҳалим — ба муқаддасии Худо. Бо суханони дигар, ман мискини рӯҳ ҳастам, зеро, ки ман гунаҳкорам, ва барои он ҳалим ҳастам, ки дар муқоиса бо ман Худо муқаддас аст. Ғамгинии рӯҳ ҳамеша манфӣ буда, ба гиря оварда мерасонад. Ҳалимӣ дар моҳияти худ мусбӣ буда, ҷидду ҷаҳдро ба порсоӣ тавлид месозад. Дар ин пайдарпаӣ ва ин пешрафт зебоӣ ва комилии мавъизаи Болои Кӯҳ инъикос меёбад. Ҳамааш аз ғамгинии рӯҳ ва ҳисси шадиди гунаҳкории худ сар мешавад, вале дар ин ҷо ба рӯҳафтодагӣ ҷой нест, зеро, ки мо тарафи дигари воқеаро мебинем. Мо донистани Худои муқаддасро сар мекунем, гуруснагии рӯҳониро ҳис мекунем ва ташнаи муқаддасии Ӯ мегардем. Одамоне, ки ба таври ҳақиқӣ ба ҷаҳон назар меандозанд, қодиранд, ки аз гуноҳҳои худ тавба кунанд ва зиракона ба даъвати Худо эътибор медиҳанд. Аммо худбоварон, худқаноатмандон, ҳавобаландон ва якравон, ки аз ҳеҷ чиз тавба карда наметавонанд, бадбахтанд, чунки берун аз ҳудуди Малакут мемонанд. Шунидани ин хеле ҳасратовар буд. Ғаюрҳо дод мезаданд: «Мо Масеҳ — ҷанговарро интизорем!» Фарисиён мегуфтанд: «Ба мо Масеҳ — мӯъҷизакор лозим аст». Саддуқиён ба ақидаи худ меистоданд: «Масеҳи мо материалист аст», ва ессейҳо аз кунҷи худ такрор мекарданд: «Масеҳ бояд роҳиб бошад». Вале Исо гуфт: «Ман ба шумо Масеҳи ҳалимро медиҳам». Дар номаҳои ҳавворӣ Павлус ба ин таълимоти Масеҳ муқоисаҳои зиёд ҳастанд. Масалан, дар Нома ба Эфсӯсиён менависад: «Пас, Ман ки дар Худованд банда ҳастам, аз шумо хоҳишмандам, ки муносиби мақоме ки ба он хонда шудаед, рафтор кунед, бо тамоми мулоимат ва фурӯтанӣ ва пурсабрӣ…» (ба Эфс. 4:1-2). Ва ӯ дар Нома ба Титус бародарони имондори худро бовар кунонда инро менависад: «Дар ҳаққи ҳеҷ кас бадгӯӣ накунанд, ҷангара набошанд, балки сокит буда ба ҳамаи одамон бо камоли фурӯтанӣ рафтор намоянд» (Тит. 3:2). Имондорони қӯлассиро Павлус панд медиҳад: «Пас, ҳамчун баргузидагони муқаддас ва маҳбуби Худо марҳамат, меҳрубонӣ, хоксорӣ, фурӯтанӣ… дар бар кунед» (Қӯл. 3:12). Талаботҳои Худо ҳеҷ гоҳ тағйир намеёфтанд. Дар Аҳди Қадим ҳамеша таъкид мешавад, ки ҳалимӣ ба Худо маъқул аст. Довуд гуфта буд: «Бигзор ҳалимон бихӯранду сер шаванд; толибони Худованд Ӯро мадҳ кунанд; дилҳои шумо то абад зинда бод» (Заб. 21:27). Ҳаёти ҷовидона на ба мағрурон, балки ба ҳалимон тӯҳфа карда мешавад. Довуд боз гуфта буд:» (Худованд) ҳалимонро ба роҳи инсоф меандозад, ва ба ҳалимон тариқи худро таълим медиҳад». Дар Таронаи 146-ум гуфта шудааст: «Ҳалимонро Худованд тақвият медиҳад…» (ояти 6). Худо ҳамеша ба ҳалимон марҳамат менамояд. Онҳо барои Ӯ ҳамеша дар ҷои аввал меистанд: онҳо — халқи Ӯ мебошанд. «…Ҳалимон шодмонии худро дар Худованд афзун хоҳанд кард» (Иш. 29:19). Танҳо ба ҳалимон наҷот, таълимот, баракат ва хурсандӣ тӯҳфа карда шудааст. ПАНҶ САВОЛ ОИДИ ҲАЛИМӢ — ВА ҶАВОБ БА ОНҲО Акнун панҷ саволи аз ҳама хосро оиди ҳалимӣ дида мебароем. Якум, дар асл ҳалим будан чӣ маъно дорад? Агар танҳо ҳалимон хушбахт бошанд, пас, худи фаҳмиши ҳалимиро дида баромадан лозим аст. Он ҳар чӣ ҳам набошад, дилҳои сарнагуншуда, мискини рӯҳ ва мотамзадаро фарқ мекунад. Тафсири мақбули фаҳмиши ҳалимӣ, ки дар луғатҳо (нармдилӣ, мутеӣ, «норасоии мардигарӣ») тарҷума карда шудааст, ба фаҳмиши каломии он ҳеҷ як умумияте надоранд. Калимаи юнонии praos, ки дар Китоби Муқаддас чун «фурӯтан» истифода бурда мешавад, «нарм, ором, нозук» тарҷума шудааст. Ба ҳамин тариқ одами ҳалим нармдил, хушмуомила, меҳрубон, ҳассос, батоқат ва гузашткунанда мебошад. Калимаи praos тез-тез барои тавсифи доруҳои таскиндиҳанда, шамоли форам, аспи савории дастомӯхт истифода бурда мешавад. Дар оянда он барои тасифи Исо истифода бурда мешуд. Дар Номаи Дуюми Қӯринтиён ва Инҷили Матто дар бораи ҳалимии Масеҳ бисёр гуфта мешавад. Масалан: «…Подшоҳи ту бар харе, бар курраи бачаи модахар савор шуда, бо фурӯтанӣ назди ту меояд» (Мат. 21:5). Исо ба шаҳр на дар аспи сафед, балки харсавор ворид шуд, яъне барои Худ усули пурдабдабаи ҳаракатро истифода набурд. Ӯ ҳалим буд. Ҳалимӣ -ин нармдилӣ, некӣ ва гузашткунии хислат аст, вале ин сустии хислат нест. Ин қувваест, ки дар таҳти назорат аст. Ба ин муайянкунанда диққат диҳед: қуввае, ки дар таҳти назорат аст. Ин натиҷаи худинкоркунӣ, худпасткунӣ ва сарнагунӣ дар назди Худо мебошад. Одами ҳалим — ин шери ромшуда мебошад. Ҳалимӣ бо нотавонӣ ҳеҷ алоқае надорад. Ана, шоҳ Сулаймон чӣ гуфта буд: «Касе ки бар рӯҳи худ ҳоким нест, мисли шаҳри вайронаи беҳисор аст» (Мас. 25:28). Яъне одаме, ки пурқувват аст, вале худро идора карда наметавонад, мисли шаҳри вайрона мебошад. Аз тарафи дигар «Собир беҳ аз баҳодур, ва шахси худдор беҳ аз шаҳрситон» (Мас. 16:32). Маҳорати идора кардани худ ва рӯҳи худ — ана ҳалимӣ чист. Худдорӣ карда натавонистан маънои надоштани ҳалимиро дорад. Биёед калимаи ҳалимиро аз нуқтаи назари истифодабарии он дар забони юнонӣ дида мебароем. Аспе, ки саворӣ нест, метавонад зарар биёрад; аспе, ки саворӣ аст, танҳо фоида меорад. Шамоли форам салқинӣ меорад ва ором мекунад; аммо гирдбод мекушад. Ҳалимӣ як чизест, хилофи зӯроварӣ ва ниқоргирӣ. Шахси ҳалим тайёр аст хабари дуздида шудани молу мулкашро бо хурсандӣ қабул намояд, зеро медонад, ки дар осмон, дар иқоматгоҳи Худо дороии безавол ва бефано дорад (ба Ибр. 10:34 ниг.). Одами ҳалим барои худ мемирад. Ӯ барои бадбахтиҳои худ ба ташвиш намеафтад, ба касе бадӣ намехоҳад. Ба фикрам, Ҷон Бенян чунин суханонро гуфта буд: «Он касе, ки хориро дидааст, аз он наметарсад». Ин одам ҳеҷ чиз бой намедиҳад. Одами ҳалим ҳеҷ гоҳ худро муҳофизат намекунад, зеро вай медонад, ки лоиқи он нест ва ӯ ҳеҷ гоҳ аз озордиҳандагони худ ғазабӣ намешавад. Ӯ ҳар дарро кӯфта, кӯшиши кашида гирифтани ҳаққи худро намекунад. Ӯ аллакай то ба он андозае мискини рӯҳ гардидааст, ки аз оқибатҳои гуноҳҳои худ гиря карда, андӯҳгин аст. Ӯ итоаткорона дар ҳузури Худои муқаддас меистад ва барои хизматҳояш чизе талаб намекунад. Ин тарсончакӣ, беиродагӣ ва беақидагӣ нест. Ва ин «дилписандии» муқаррарии инсонӣ ҳам нест. Шахси ҳалим мегӯяд: «Ман худам ҳеҷ кореро карда наметавонам, вале бо Худо ба ман ҳама чиз имконпазир мебошад». Шахси ҳалим мегӯяд: «Ба ман эҳтиёт кардан шарт нест, зеро ман ҳаётамро ба Худо додаам». Ин қабули бепарвоёнаи гуноҳ нест, ин ғазаби боздошташуда мебошад. Ин ғазаби муқаддас мебошад. Ана, дар номаи Якуми Петрус чӣ мехонем: «Зеро ки шумо барои ҳамин даъват карда шудаед, чунки Масеҳ низ барои шумо уқубат кашида, ба шумо намунаи ибрат боқӣ гузошт, то ки аз паи Ӯ равона шавед: Ӯ гуноҳе накардааст, ва дар забонаш макре набуд» (1 Пет. 2:21-22). Ана ҳалимии ҳақиқӣ дар куҷост. Масеҳ ҳеҷ гуноҳе накард, аз ин рӯ ҳама айбдоркуниҳо нисбати Ӯ беадолатона буд. Ҳама ҷазоҳо нисбати Ӯ ноҳақ буд. Ҳар он чизе, ки дар бораи Ӯ гуфта, Ӯро масхара мекарданд, дурӯғ буд. Баъдтар дар ояти 23 гуфта мешавад: «Гирифтори бадгӯӣ гардида, Ӯ ҷавобан бадгӯӣ намекард; азоб кашида таҳдид намекард, балки Худро ба Довари Одил месупурд». Ана, ҳалимии ҳақиқӣ чӣ гуна аст. Ба чунин одамон Худо заминро ваъда медиҳад. Исо ҳеҷ гоҳ Худро муҳофизат накардааст, вале вақте ки яҳудиён маъбади Падари Ӯро палид гардонданд, аз банд тозиёна бофта, онҳоро пеш кард. Шахси ҳалим мегӯяд: «Ман ҳеҷ гоҳ худамро муҳофизат намекунам, вале дар роҳи муҳофизати Худо ҷон медиҳам». Исоро ду бор лозим омад, ки маъбадро пок кунад. Ӯ рӯирост дурӯябозон ва пешвоёни Исроилро фош мекард; Ӯ далерона аз болои ин одамон доварӣ мекард. Бо вуҷуди ин, Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Ӯ ҳалим буд. Ҳалимӣ — ин қувватест, ки танҳо барои манфиатҳои Худо хизмат мекунад. Дуюм, ҳалимӣ чӣ гуна зоҳир мешавад? Дар боби 12-уми Китоби Ҳастӣ дар бораи он гуфта мешавад, ки Худо ин суханонро гуфта, бо Иброҳим аҳди аҷоиб мебандад: «Аз ту насли бузурге ба монанди ситораҳои осмон ва реги соҳил ба вуҷуд хоҳад омад Иброҳим, Ман барои тасарруфи ту заминро медиҳам, Ман бо ту аҳде мебандам, ки чунин аҳд то ба ҳол вуҷуд надошт. Аз ту насли бузурге ба вуҷуд хоҳад омад» (ба Ҳас. 12:1-3 ниг.). Дар боби оянда мо дар бораи он мехонем, ки байни чӯпонони Иброҳим ва чӯпонони бародарзодааш Лут низоъ бархост. Иброҳим гуфта метавонист: «Гӯш кун, бача! Аҳд бо кӣ баста шудааст? Бо ту ё бо ман?». Лут ба ӯ ҷавоб медод: «Бо ту, Иброҳим-амак». «Инро фаромӯш накун, писарам! Аҳд бо ман баста шудааст. Пас, заминҳои беҳтарин ба ман тааллуқ дорад!» Иброҳим ҳуқуқ дошт чунин гӯяд, зеро ӯ марди Худо буд. Ва Лут танҳо хеше буд, ки ба ӯ ҳамроҳ шуда буд. Вале дар асл Иброҳим чӣ гуна рафтор кард? Биёед мебинем, ки дар ин бора дар боби 13-ум чӣ гуфта мешавад. «Ва Абром ба Лут гуфт: Зинҳор дар миёни ман ва ту, ва дар миёни чӯпонони ман ва чӯпонони ту низое набошад; зеро ки мо хешу табор ҳастем. Магар тамоми замин пеши ту нест? Пас, хоҳишмандам, ки аз ман ҷудо шавӣ. Агар ба тарафи чап равӣ, ман ба тарафи рост хоҳам рафт; ва агар ба тарафи рост равӣ, ман ба тарафи чап хоҳам рафт» (Ҳас. 13:8-9). Ба таври дигар гӯем, Иброҳим чунин гуфт: «Ҳар чизеро ки мехоҳӣ, бигир, ман боқимондаашро мегирам». Ана, ҳалимӣ чӣ тавр зоҳир карда мешавад. Агар ту бинӣ, ки гунаҳкор ҳастӣ, дар он вақт маънои ояти зеринро аз Нома ба Румиён мефаҳмӣ. «…Ҳар яке каси дигарро зиёдтар сазовори эҳтиром кунед» (Рум. 12:10). Иброҳим маҳз ҳамин тавр рафтор намуд. Баъд Юсуфро ба хотир меорем. Бародаронаш ӯро ба ғуломӣ фурӯхтанд ва ӯ ба Миср афтид. Ниҳоят, мо аз вай халос шудем — фикр карданд онҳо, ки ӯро барои он бад медиданд, ки падар ӯро аз онҳо дида бештар дӯст медошт. Вақте ки гуруснагӣ фаро расид, онҳоро лозим омад ба Миср раванд ва аз онҷо ғалла харанд. Пай мебаред, ки дар Миср одами асосӣ кӣ буд? Юсуф. Ӯ то мансаби сарвазирӣ баланд шуда, шахси якум баъди фиръавн буд. Ва инак, бародаронаш пайдо мешаванд ва тавалло мекунанд, ки ба онҳо ғалла фурӯшад. Юсуф метавонист ба онҳо гӯяд: «Ман пеш аз оне, ки ба шумо не гӯям, ба шумо як чиз нақл кардан мехоҳам». Аммо ӯ ин корро накард. Ӯ қуввае дошт, ки онро таҳти назорат нигоҳ дошта метавонист. Дар дили ӯ ягон зарра қассосгирӣ, озор ва кина набуд. Ӯ бародаронашро дӯст медошт ва ба онҳо эҳтиёҷоташонро дод. Зиёда аз ин, ӯ дид, ки дар байни онҳо бародари хурдиаш Бинёмин нест, ва ӯ бисёр мехост, ки бародари хурдиашро бубинад. Юсуф тарсӯ набуд. Ӯ далерона бо фиръавн баҳс намуд. Ӯ одами пурзӯр ва пурқудрат буд. Ҳалимӣ бо тарсӯӣ ҳеҷ гуна алоқае надорад. Порчаро аз боби 26-уми Китоби Якуми Подшоҳон ба хотир оваред, ки дар он гуфта мешавад, ки чӣ хел Шоул Довудро дунболагирӣ мекард. Шоул медонист, ки Худо Довудро ба подшоҳӣ тадҳин кардааст. Шоул Довудро бад медид ва кӯшиш мекард, ки Ӯро бикушад. Вале боре Довуд ногаҳон Шоулро дар хоб ёфт, ҳамааш тағйир ёфт: ба Довуд шароити мусоид буд, ки аз душманаш қассос гирад. Ҷанговарони Довуд ӯро зора мекарданд: «Довуд, ӯро бикуш. Ана, ӯ дар пеши ту аст! Ин барои ту имконияти хуб аст! Агар ту ӯро накушӣ, ӯ туро хоҳад кушт!» Довуд найза ва кӯзаи оби Шоулро гирифт, то ӯ фаҳмад, ки кӣ дар назди ӯ буд ва ӯро кушта метавонист. Вале Довуд аз қувваи худ истифода набурд, ҳарчанд дар дасти ӯ найза ва душманаш дар хоб буд. Ӯ ин корро накард. Ӯ нахост аз рӯи фаҳмиши худ амал кунад, балки хост иродаи Худоро ба ҷо орад. Дар боби 16-уми Китоби Дуюми Подшоҳон дар бораи муноқишаи Довуд бо писараш Абшолӯм нақл карда мешавад, ки падарашро аз Ерусалим ронда буд. Яке аз тарафдорони пештараи Шоул бо номи Шимъӣ бо Довуд мерафт ва писханд зада ӯро дашном медод. «Ба ӯ нигоҳ кунед! Довуд, писарат туро бадар ронд. Э, офарин ба ту! Ана халос, шоҳи Исроил дар байни буттаҳо пинҳон шудааст!» Абишой, додарзодаи Довуд, гуфт: «Иҷозат деҳ рафта сарашро аз танаш ҷудо намоям. Худи ӯ кист, ки подшоҳро масхара кунад?» Вале Довуд ба ӯ рухсат надод, ки ба Шамъӣ даcт расонад, зеро намехост худро муҳофизат намояд. Дар он лаҳза ӯ дар ҳолати хуби итоаткорӣ ба иродаи Худо буд. Дар Китоби Ададҳо (12: 3) гуфта мешавад, ки Мусо одами ҳалимтарини рӯи дунё буд. Шумо метавонед ҳайрон шавед: Мусо шахси ҳалим буд? Охир ӯ ба фиръавн гуфт, ки: «Халқи маро раҳо кун!» Магар Мусо ҳамон одаме набуд, ки аз кӯҳи Сино фаромада дид, ки бародараш ба халқ рухсат додааст, ки халқ ба гӯсолаи тиллоӣ ибодат намояд ва дар атрофи он рақсу бозӣ кунанд, ва чунон ба ғазаб омад, ки лавҳаҳои сангинро зада пора-пора кард?» Ҳа, ин дар ҳақиқат чунин буд, вале бо ин Мусо худро муҳофизат накард. Ӯ Худоро муҳофизат намуд. Вақте Худо ба ӯ гуфт, ки «Мусо, ту яроқи Ман хоҳӣ буд» (ба Хур. 3 ниг.), ӯ ҷавоб дод: «Худовандо, ман ин корро карда наметавонам, ман заиф ҳастам. Ман ба Ту манфиатбахш буда наметавонам. Ва илова бар ин ман сақав ҳастам, ва сухан гуфта наметавонам. Аз афташ Ту ҳазл мекунӣ, ки ман фарзандони Исроилро аз Миср берун оварам? Боре ман як мисриро куштам, ва барои ин чил соли ҳаётамро дар биёбон дар сарсонӣ гузарондам! Чӣ хел ман метавонам, ки ду миллион яҳудиро аз ин мамлакат берун орам? Не, ман наметавонам». Ӯ ба худ боварӣ надошт; ӯ наметавонист худро дар назди Худо муҳофизат намояд, аммо ӯ тайёр буд, ки Худоро дар назди ҳама муҳофизат кунад. Ана ҳалимии ҳақиқӣ. Сеюм, дар натиҷа ҳалимӣ ба чӣ оварда мерасонад? «Хушо ҳалимон», — мегӯяд Китоби Муқаддас. Ана ҳалимӣ пеш аз ҳама ба чӣ меорад. Шумо мехоҳед, ки хушбахт (makarios) бошед? Маънои ҳалимӣ дар ин аст. Сухан дар бораи хушбахтии нозуки аз шартҳо вобастаи ин ҷаҳон намеравад, балки дар бораи хурсандии тағйирнопазири ҳақиқие меравад, ки дар ягонагии абадӣ бо Худои зинда ба амал меояд. «Ҳалимон вориси замин хоҳанд шуд» — ана ҳалимӣ боз ба чӣ оварда мерасонад. Суханони Масеҳ чунин маъно доранд: ба Малакут дохил шуда, шумо ҳуқуқи ворисии замин ва ҳукмронӣ ба онро соҳиб мегардед, ки як вақтҳо ба Одам тааллуқ дошт. Бозгашти биҳишт сар мешавад. Хизматгорони Малакут ворисони замин хоҳанд шуд. Танҳо он касоне, ки гуноҳҳои худро нола мекунанд, ба Малакут дохил мешаванд, на балки он касоне, ки худро порсо ва бегуноҳ мешуморанд. Дар Китоби Ҳастӣ навишта шудааст, ки Худо ба фарзандони Худ заминро ваъда кардааст. Оё мо мефаҳмем, ки ин ваъдаи абадӣ дар тамоми рӯи замин то дарёи Ифрот паҳн мешавад? Яҳудиён бо душворӣ тавонистанд аз дарёи Ӯрдун гузаранд, ҳол он, ки ваъда ҳанӯз ба ҷо наомада буд. Дар Китоби Пайғамбар Ишаъё гуфта мешавад, ки рӯзе фаро мерасад, ки Масеҳ меояд ва ба халқи баргузида рамаи ин музофот ва тамоми заминро медиҳад (52:13 ва 60:21). Вале яҳудиён дар замонҳои Исо чӣ фикр мекарданд? Онҳо фикр мекарданд, ки: «Ҳукмронии ҳазорсолаи Масеҳ ба касони пурзӯр, мағрур ва далер, ба он касоне, ки тоқати ҳеҷ гуна фишоровариро надоранд, тааллуқ дорад». Аммо Исо гуфт: «Не, не. Замин ба ҳалимон дода мешавад». Чӣ тавр ҳалимон метавонанд соҳиби замин гарданд. Охир онҳо барои ин ҳеҷ коре намекунанд-ку? Вале инро Масеҳ мекунад. Ҳалимон ба Малакут дохил мешаванд, ва Масеҳ ба онҳо заминро медиҳад. Дар тарҷумаи юнонӣ дар ин ҷо мо, чун дар дигар аҳкомҳои хушбахтӣ, боз бо ҷонишини қатъӣ вомехӯрем: «Хушо ҳалимон, зеро ки танҳо онҳо ворисони замин хоҳанд шуд». Калимаи юноние, ки ворисӣ кардан тарҷума шудааст, маънои «гирифтани ҳиссаи ба он тааллуқдошта» — ро дорад. Худо инро ваъда кардааст. Худо инро ба нақша гирифтааст. Дар Таронаи 36-ум ваъдаи аниқи Худо дар бораи он ҷой дорад, ки ба халқи худ заминро медиҳад, вале ба ҳар ҳол, порсоёни яҳудӣ мегуфтанд: «Барои чӣ ҳамаи осиён камолот меёбанд, ва ба мо аз ҳама чизи бад мерасад?» Таронасаро онҳоро бовар мекунонд: «Дар ин бора ташвиш накашед. Пайрави Худо бошед, ба Ӯ бовар кунед, Ӯро дӯст доред ва Ӯ хоҳиши дили шуморо ба ҷо меорад». Дар таронаи 36 гуфта шудааст: «…Худованд ба ҳоли вай (ба осӣ) механдад, зеро мебинад, ки рӯзи вай меояд» (ояти 13). Ин метавонад шуморо хиҷил гардонад, вале Худо мегӯяд, ки ҳамаи бадкорон мисли алаф даравида мешаванд ва мисли сабза пажмурда хоҳанд шуд. «…Зеро ки бадкешон маҳв хоҳанд шуд, вале умедворони Худованд вориси замин хоҳанд буд» (ояти 9). Феъли ворисӣ кардан дар шакли замони оянда истифода бурда шудааст; мо узви Малакут хоҳем буд; мо бо Исои Масеҳ шоҳигарӣ хоҳем кард. Навиштаҳо панд медиҳанд: «Хуллас, ҳеҷ кас ба одамон фахр накунад, зеро ки ҳамааш аз они шумост: хоҳ Павлус, хоҳ Апӯллӯс, хоҳ Кифо, хоҳ ҷаҳон, хоҳ ҳаёт, хоҳ мамот, хоҳ ҳозира, хоҳ оянда — ҳамааш аз они шумост; шумо аз они Масеҳ ҳастед, ва Масеҳ — аз они Худо» (1 Қӯр. 3:21-23). Таронасаро мегӯяд: «…Зеро ки Худованд ба қавми Худ таваҷҷӯҳ мекунад, ҳалимонро бо наҷот шукӯҳ мебахшад» (Заб. 149:4). Рӯзе мерасад, ки Ӯ бар халқҳо довариро эълон менамояд. Ӯ шоҳҳони заминро занҷирбанд мекунад ва ашрофонашро ишкел мезанад. Ба зудӣ ҳамаи осиёнро мебардорад ва онҳоро аз ҳама чизе, ки доранд, маҳрум месозад ва ба баргузидагони худ заминро медиҳад. Ҷаҳоне, ки ман онро ҳоло медонам, ҷаҳоне, ки онро ҳоло ман мебинам, барои ман пур аз маънои нав мегардад, зеро, ки он ба ман тааллуқ дорад. Далели он, ки ман дар Малакути Ӯ мебошам, ба ман ёрӣ медиҳад, ки ҷаҳонро ба таври дигар бинам. Агар Масеҳ намебуд, чашмони ман ҳеҷ гоҳ кушода намешуданд ва ҷаҳон барои ман чуноне менамуд, ки ба дигарон менамояд. Рӯзе, ки ваъдаи ҳукмронии ҳазорсолаи Масеҳ иҷро мешавад, он аз они ман хоҳад шуд. Чорум, барои чӣ ҳалим будан зарур аст? Барои он, ки танҳо ҳалимон наҷот меёбанд. Ин суханонро ба хотир гиред: «…Худованд… ҳалимонро бо наҷот шукӯҳ мебахшад» (Заб. 149:4). Агар шумо ба назди Худо бо дили шикаста наоед, агар шумо гуноҳҳои худро бо мутеъкорӣ назди муқаддасии Ӯ нола накунед, наҷотро ба даст оварда наметавонед. Чунин аст амри Ӯ. Худо мегӯяд: «…Фурӯтаниро биталабед…» (Саф. 2:3). Ба мо ҳалимӣ зарур аст, зеро бе он мо қудрат надорем, ки ҳатто Каломи Худоро қабул кунем. Ҳавворӣ Яъқуб ба мо мегӯяд: «…Каломеро ки дар шумо кошта шудааст, бо фурӯтанӣ қабул кунед…» (Яъқ. 1:21). Мо, ҳалим набуда, инчунин башорат дода наметавонем. Оё шумо дар ин бора медонед? Ана, барои чӣ Петрус гуфта буд: «…Ҳамеша тайёр бошед, ки ба ҳар касе ки аз шумо дар бораи умедатон ҳисоб талаб кунад, бо фурӯтанӣ ва эҳтиром ҷавоб диҳед» (1Пет. 3:15). Мо бояд боз барои он ҳалим бошем, ки ҳалимии мо Худоро ҷалол медиҳад. Дар Номаи якуми Петрус (3:4) гуфта шудааст, ки агар ту хоҳӣ Худоро ҷалол диҳӣ, дар бораи намуди зоҳирӣ фикр накун, бигузор зару зевари ту рӯҳи ҳалиму сокит бошад. Ҳамин тариқ, моро зарур аст ҳалим бошем, чунки ин ягона роҳи наҷот аст ва ин ба Худо мақбул мебошад. Ҳалимӣ барои он зарур аст, ки Каломи Ӯро қабул кунем ва эълон намоем, ва танҳо дар он сафедшавии мавҷудияти мо дар рӯи замин мебошад, чунки он Худоро ҷалол ҷалол медиҳад. Панҷум, чӣ хел ман фаҳмам, ки ҳалим ҳастам ё не? Дили худро тадқиқ намоед. Оё шумо худро идора карда метавонед? Оё шумо хашмгин мешавед, ба таври аламовар ба ҳар як майда-чуйда эътино менамоед, ё танҳо дар он ҳолатҳое, ки номи Худо доғдор карда мешавад, ба ғазаб меоед? Оё шумо ҳамеша бо мутеӣ ва итоаткорӣ Каломро қабул менамоед? Агар шумо ҳалим бошед, дар он вақт маҳз ҳамин тавр рафтор менамоед. Оё шумо ҳамеша ба осоиштагӣ кӯшиш менамоед? Шахси ҳалим озорҳоро мебахшад ва харобаро барқарор месозад. Аз ин рӯ Навиштаҳо моро бо фурӯтанӣ якдигарро дар муҳаббат таҳаммул намудан ва ягонаги Рӯҳро дар иттифоқи осоиштагӣ нигоҳ доштан даъват менамояд (ба Эфс. 4:2-3 ниг.). Оё шумо ба танқидҳо гӯш медиҳед, ва шумо он танқидчиёнро дӯст медоред? Ҳалимон чунин рафтор менамоянд. Оё шумо дигаронро барои ҳалим будан панд медиҳед? Ҳалимӣ дасткашии қатъиро аз «ман» — и шахсӣ дар назар дорад. Боби 6. «Хушо гуруснагон…» (Мат. 5:6) Ба назар гирифтан даркор аст, ки Инҷили Матто аз аввал то ба охир як мавзӯи асосиро дар бар мегирад, ва ин мавзӯъ — Масеҳ Шоҳ мебошад. Матто ҳамеша диққати моро ба ягон ҷузъиёти Шоҳ будани Масеҳ, ё ба тарафи шоҳигарии насабномаи Ӯ, ё Ӯро ибодат кардани мунаҷҷимон (шахсони бообрӯе, ки аз онҳо ояндаи ин ё он подшоҳ вобаста буд), ё ба ба амал омадани пешгӯиҳои шоҳонаи пайғамбарони аҳдиқадима, ё ба қудрате, ки Ӯ аз болои иблис дошт, ҷалб менамояд. Дар ҳар ҳолат Матто Масеҳро ҳамчун Шоҳ пешкаш менамояд. Дар боби 5-уми Инҷили худ Матто суханони Шоҳро, ё манифести Малакутро айнан такрор менамояд. Дар ҳақиқат, агар Масеҳ — Шоҳ бошад, пас табиати Малакути Ӯ чигуна аст? Бо тавсифи ин Малакут дар бобҳои 5, 6, ва 7-ум шинос шуда мо зуд дармеёбем, ки сухан дар бораи Малакути Осмонӣ меравад. Дар охири мавъизаи Болои кӯҳ гуфта мешавад: «Вақте ки Исо ин суханонро ба поён расонд, мардум аз таълимоти Ӯ дар ҳайрат монданд» (Мат. 7:28.). Барои чӣ? «…Зеро ки онҳоро ҳамчун соҳибқудратон таълим медод, на ҳамчун китобдонон ва фарисиён» (Мат. 7:29). На танҳо суханони гуфтаи Ӯ дар бораи он шаҳодат медоданд, ки Ӯ Шоҳ аст, балки тамоми симои Ӯ, рафтору кирдорҳои Ӯ насаби Шоҳонаи Ӯро ошкор месохтанд. Ӯ Худро ҳамчун соҳибқудрат нишон медод. Ӯро лозим набуд, ки аз касе иқтибос орад. Кашишҳо ва китобдонон ҳамеша аз гуфтаҳои одамони бузург иқтибосҳо меоварданд. Исо мавъизаи Худро аз пешкаш кардани хушбахтӣ ва саодатмандӣ сар кард. Пешниҳодоти Ӯ шунавандагонро ба ҳайрат овард. Ӯ ба онҳо хушбахтиеро пешкаш кард, ки онҳо ҳеҷ гоҳ намедонистанд, ва роҳеро пешкаш намуд, ки дар бораи он ҳеҷ гоҳ нашунида буданд, ва дар ниҳояти кор ба Ӯ муяссар гашт, ки онҳоро ҷалб намояд. Дар лаҳзаи охири мавъиза онҳо на танҳо мафтун шуда буданд, балки аз суханони Ӯ моту мабҳут гардида буданд. Дар ин ҷо як чизи муҳимро фаҳмондан лозим аст. Одамон аксар вақт мепурсанд: «Ҳақиқатҳои аҳкомҳои саодат — ин қоида барои касонест, ки ба Малакут медароянд, ё барои касонест, ки аллакай дар он ҷо мебошанд?» Ҷавоб «ҳа» — ҳам барои ин, ва ҳам барои он касон аст. Барои он, ки ба Малакут ворид шавем, лозим аст, ки худро мискини рӯҳ эътироф намоем; дар Малакут буда, мо дарккунии мискинии рӯҳро давом медиҳем. Барои ба Малакут дохил шудан зарур аст, ки барои гуноҳҳои худ андӯҳгин бошем; дар Малакут буда, мо гуноҳҳои худро нола накарда наметавонем. Барои он, ки ба Малакут дохил шавем, лозим аст, ки ҳалим бошем, зеро одами мағрур ба он дохил шуда наметавонад; ва ба он дохил шуда, шумо ҳалим мемонед, зеро Худо ҳарчӣ бештар ба шумо дар комилӣ ва муқаддасии Худ кушода мешавад. Барои он, ки ба Малакут ворид шавед, шуморо лозим аст, ки гуруснагии рӯҳонӣ ва ташнагии адолатро ҳис кунед; ва вақте ки ба он ворид мешавед, дар шумо ин ҷидду ҷаҳд ва порсоӣ гум намешавад. Албатта, тақводории мо баъзан суст мегардад, ҳатто мо ба беитоатӣ роҳ медиҳем ва бар зидди ин қоидаҳои ҳаёти Малакут исён мекунем. Вале ба ин нигоҳ накарда, инҳо як ҷузъи ҳаёти мо мемонанд. ХОҲИШИ САХТИ… ПОРСОӢ Ояте, ки мо ба он аз боби тадқиқшаванда мароқ зоҳир менамоем, дар бораи хоҳиши сахт, шавқу рағбати саркаш ва ҷидду ҷаҳд мегӯяд: «Хушо гуруснагон ва ташнагони адолат, зеро ки онҳо сер хоҳанд шуд». Дар Китоби Муқаддас намунаҳои зиёди ҷустуҷӯ ва хоҳишҳои ноҳақ вуҷуд дорад. Ин ба Лютсифер, ба Набукаднесар, ва ба сарватманди беақл, ва ба бисёри дигарон тааллуқ дорад. Вале агар орзӯи дерина, нияти қатъӣ, хоҳиши сахт дошта бошӣ, ва он ба мақсадҳои нек равона шуда бошанд, ҳеҷ ҷои бадӣ надорад. Ин мақсадҳои дуруст чӣ гунаанд, ки ба он бояд хоҳишҳои мо равона карда шуда бошанд? Ба ояти 6-ум бармегардем, дар он гуфта мешавад, хушбахт касоне мебошанд, ки гуруснаи рӯҳонӣ ва ташнаи адолат мебошанд. Хуб гуфта шудааст. Ба одам обу нон зарур аст, ва дар ин ҷо Масеҳ мегӯяд, ки мо ба порсоӣ чун ба обу нон эҳтиёҷ дорем. Ҳаёти ҷисмонии мо аз обу нон вобаста аст; ҳаёти рӯҳонии мо — аз порсоӣ. Имрӯзҳо дар Африқо, Ҳиндустон, Амрикои Лотинӣ ҳазорон одамон аз гуруснагӣ ва бемориҳо мемиранд. Гуруснагӣ на камтар аз ҷангҳо ва эпидемияҳо даҳшатнок аст. Вале ҳамаи даҳшатҳои гуруснагии ҷисмонӣ дар назди гуруснагӣ ва ташнагии бартарафнашудаи рӯҳонӣ ҳеҷ аст. Одамони наҷотнаёфта ташнаи хушбахтӣ ва бартараф сохтани гуруснагии рӯҳи худ мебошанд, вале онро на дар он ҷое, ки лозим аст, мекобанд. Петрус шахси наҷотнаёфтаро ба саги ба қаи худ баргашта ва ба хуки дар лой ғел мезада монанд мекунад (ба 2 Пет. 2:22 ниг.). Дили ҳар як одам, имондор ё беимон, аз ташнагии рӯҳо-ние азоб мекашад, ки ӯро водор месозад Худоро ҷӯяд. Вале одам кӯшиш мекунад ин ташнагиро на бо чизи зарурӣ рафъ созад. Онҳо он чиро меҷӯянд, ки «он нон нест» (Иш. 55:2). Исо дар бораи гуруснагии рӯҳонии дилҳои одамон медонист ва худро ба сифати нон пешкаш кард. Ӯ медонист, ки онҳо ташнагӣ мекашанд ва Худро ҳамчун об пешкаш намуд. Вале аксуламали одамон ба ин пешниҳод тамоман оддӣ буд. Инро Ирмиё хеле таъсирбахш ифода намудааст: «…Маро, ки чашмаи оби ҳаёт ҳастам, тарк карда, барои худ сардобаҳо кандаанд, сардобаҳои кафидае ки наметавонад обро нигоҳ дорад» (Ирм. 2:13). Дар Номаи Якуми Юҳанно огоҳӣ дар бораи он садо медиҳад, ки одамон қаноатмандии хоҳишҳои худро дар ин ҷаҳон намеёбанд: «Ҷаҳонро дӯст надоред, на он чиро, ки дар ҷаҳон аст… Зеро ҳар чи дар ҷаҳон аст: шаҳвати ҷисм, ҳаваси чашмон ва ғурури зиндагонӣ…» (1 Юҳ. 2:15-16). Ҳеҷ чиз дар ин ҷаҳон абадӣ нест, ҳама чиз бебақо буда, барбод меравад, мегӯянд Навиштаҳо, вале касоне, ки ба даъвати Рӯҳи Худо ҷавоб медиҳанд, ба назди Падар, ба тӯй бармегарданд, то ки холигии рӯҳонии худро пур созанд. Хамин тариқ, дар аввал биёед аз худ мепурсем: «Ман ташнаи чӣ ҳастам?» Ташнаи қудрат? Ё таърифу тавсиф? Ё дороии моддӣ? Ҳаловатҳо? Оё шумо ба саге монанд нестед, ки ба қаи кардаи худ бармегардад? Ё ба хуке, ки дар лой ғел мезанад? Ё шумо ташнаи он ҳастед, ки ба сарчашмаи ҳақиқии ҳаёт зонӯ занед? Ҷавоби шумо ба ин саволҳо нишон медиҳад, ки шумо дар Малакут ҳастед ё не. Хушбахт касоне ҳастанд, ки гуруснагии рӯҳонӣ мекашанд ва ҳақиқатро ҷӯё мебошанд, ва он касоне, ки ба сӯи сарчашмаи оби ҳаёт ҷаҳд менамоянд. Чӣ тавре, ки ҳангоми дида баромадани аҳкомҳои хушбахтӣ якчанд масъалаҳои асосиро ҳал менамудем, дар ин ҳам дида мебароем. ИН АҲКОМ БО ДИГАРОНАШ ЧӢ ГУНА МУВОФИҚАТ МЕКУНАД? Мо аллакай дар бораи он гуфтем, ки агар мо «мискини рӯҳ» бошем, дар мо ҳеҷ гуна порсоӣ нест ва мо ахлоқан нодор мебошем. Мо қудрат надорем, ки ба худ ёрӣ диҳем, мо беилоҷ, гунаҳкор ҳастем. Баъд аз он «мотамзадагон» меоянд. Мо барои он гиря мекунем, ки рӯҳи мо сарнагун аст. Баъд «ҳалимон» меоянд, ки мегӯянд: «Дар муқоиса бо Худо мо ҳеҷ ҳастем. Ҳалимӣ — ин мутеият аст. Бо мутеъкорӣ назди Худо зонӯ зада, мо мефаҳмем, ки ягона имконияти порсоиро ба даст овардан ин — ҷӯстани порсоӣ дар Худо мебошад. Ва ин моро ба аҳкоми чорум оварда мерасонад, ва он мегӯяд, ки мо аз гуруснагӣ ва ташнагии ҷустуҷӯи он чизе, ки ба мо тааллуқ надорад, азоб мекашем. Инак, пайдарпаии мантиқ дар ин ҷо хеле оддӣ мебошад. Мартин Ллойд Ҷонс навишта буд: Ҳар як аҳкоми хушбахтӣ мантиқан аз аҳкоми пештара бармеояд. Мебинед, ки ин тасдиқот натиҷаи муҳокимарониҳои пештара мебошад: ин хулосаи мантиқист, ки онҳо ба ин оварда мерасонанд. Ин як чизест, ки барои он мо бояд аз Худо миннатдор бошем. Ман аз ин аҳком дида, озмоиши беҳтареро барои ҳар яки мо, озмоиши ҳақиқӣ будани имоноварии моро надидаам. Агар ин аҳком дар ҳақиқат барои шумо яке аз гуфтаҳои пурбаракат дар тамоми Навиштаҳо бошад, дар он вақт шумо метавонед боварӣ дошта бошед, ки шумо масеҳии ҳақиқӣ ҳастед. Агар ки не, шуморо лозим меояд хеле ҷиддӣ асоси имони худро тадқиқ намоед. Исо гуфта буд, ки хушбахтӣ — ин сарнагунии рӯҳ, хушбахтӣ — ин андӯҳ ва нола, хушбахтӣ — ин ҳалимӣ, хушбахтӣ — ин ташнагии адолат мебошад. Акнун ба он диққат диҳед, ки қисми хотимавии ин тасдиқотҳо чӣ хел бо якдигар мутобиқат мекунанд. «…Малакути Осмон аз они онҳост; онҳо тасаллӣ меёбанд, онҳо ворисони замин хоҳанд буд; онҳо сер мешаванд». Магар ин аҷоиб нест? Агар мо ин хулосаҳоро якҷоя кунем, манзараеро мебинем, ки аз он нафас мегардад! Ба таври дигар гӯем, мо шартҳои Худоро ба ҷо оварда, ҳама чизро соҳиб мегардем. Одамони ин ҷаҳон саросемавор ҷидду ҷаҳд менамоянд, ки чизи дилхоҳашонро ба даст оранд, вале агар онҳо ба Худо ва шартҳои Ӯ рӯ меоварданд, ҳама чизро доро мешуданд. Одамон ҷон мекананд, то он чизеро ба даст оранд, ки Худо онро додан мехоҳад (ба Яъқ. 4:1-2 ниг.). Яҳудиён хеле меҳнат карданд, то ки Малакутро наздик кунанд. Онҳо ҳамаи корҳои имконпазирро карданд, то ки сулҳу осоиштагиро дар шароитҳои душвор ба даст оранд. Онҳо кӯшиш карданд, ки ба ҳаёти худ маънӣ бахшанд, вале бо роҳи нодуруст рафтанд, ва Худованд ба онҳо гуфт: «Ман ба шумо ҳар чизеро, ки хоҳед, медиҳам. Ман ба шумо Малакутро медиҳам, Ман ба шумо сулҳу осоиштагӣ медиҳам. Ман эҳтиёҷотҳои шуморо қонеъ мегардонам. Ман ба шумо заминро медиҳам. Агар шумо ба назди Ман бо шартҳои Ман оед, шумо дорои ҳама чиз мегардед». Агар мо ба он боварӣ дошта бошем, ки ваъдаҳои Худо ба ҷо меоянд, моро лозим нест, ки барои ин ягон коре кунем, чунки мо онро мерос мегирем. Китоби Муқаддас хонда, ман ба андеша меравам: Худо мегӯяд: «Ту, фарзанди Ман ҳастӣ. Ту вориси замин хоҳӣ шуд». Пас, барои чӣ ман вақт сарф карда, кӯшиш кунам, ки онро бо қуввати худ ба даст орам? Дар ин ҳеҷ як маъноеро намебинам: охир он аз ду сар аз они ман мешавад. Ман рад намекунам, агар дигар одамон муддате аз он истифода баранд. Аз ду сар он насиби ман мегардад, зеро ваъдаи Ӯ чунин аст. Исҳоқ аз як чоҳ ба чоҳи дигар мегузашт. Ҳамин ки ӯ чоҳро меканд, ягон кас ба он соҳиб мебаромад ва Исҳоқ аз он маҳрум мегашт. Ва ниҳоят ӯ чоҳе меканад, ки ба он касе тааддӣ намекунад ва онро «Раҳӯбӯт номида гуфт, ки акнун Худованд маро вусъат дод…» (Ҳас. 26:22). Ӯ медонист, ки Худо дар бораи ӯ ғамхорӣ мекунад. Ӯ кӯшиш мекард, ки худпараст набошад. Ана асоси далели мавъизаи Болои Кӯҳ дар чист. Ҳамаи ин метавонад танҳо дар дасти Ӯ аз шумо шавад. Ҳамин тариқ, ба шумо асос пайдо мешавад, ки ба пеш равед. Дар Инҷили Матто (5:40) гуфта шудааст: «Ва агар касе ба ту даъво карда куртаатро гирифтанӣ шавад, ҷомаи худро низ ба ӯ бидеҳ…» Барои чӣ? Барои он, ки ҳама чизи ба ту зарур дар Малакут ҳаст. Барои чӣ безобита шавем? «Ва ҳар кӣ туро ба тай кардани як фарсанг роҳ маҷбур кунад, ҳамроҳи ӯ ду фарсанг бирав. Ба касе ки аз ту металабад бидеҳ, ва аз касе ки мехоҳад аз ту қарз гирад, рӯ нагардон» (Мат. 5:41-42). Ба моли ин ҷаҳон дил набандед, зеро ҳамаи ин азони шумо хоҳад шуд. Бинобар ин, онҳоро тақсим намоед. Агар дар шумо чунин дил ва чунин рӯҳ бошад, хоҳишҳои шумо «дуруст» хоҳад буд. Агар шумо гӯед, ки: «Худовандо, ҳар он ташнагие, ки ман мекашам, — ин ташнагии порсоии Ту аст. Ҳар он чизе, ки ман мехоҳам, — ин дар назари Ту ҳалим будан аст. Ман мехоҳам ба Малакути Ту бо шартҳои Ту дохил шавам», дар он вақт мувофиқи ваъдаи Ӯ шумо вориси ҳама чиз мешавед. Ҳама чиз! Ҳавворӣ Павлус ба қӯринтиён гуфт: «…ҳамааш аз они шумост…» (1 Қӯр. 3:22; ва дар ояти 23 илова намуд: «Ва шумо аз они Масеҳ ҳастед, ва Масеҳ аз они Худо»). Ҳамаи ин аз они шумост! Ана, Исо чӣ гуфта буд: «Аммо аввал Малакути Худо ва адолати Ӯро биҷӯед ва ҳамаи ин чизҳо ба шумо ба таври илова дода хоҳад шуд» (Мат. 6:33). Ҳамаи чизҳо ба мо тааллуқ дорад, вале бо шартҳои Худо, аз ин рӯ мо гуфта метавонем: «Хушо гуруснагон». Дар ояти 3 дард ҳис карда мешавад: «мискини рӯҳ»; айнан чунин дард дар ояти 4 низ ҳис карда мешавад: «мотамзадагон»; дар ояти 5-ум «ҳалимон», яъне он касоне, ки «ман» — и худро куштаанд, бо дард дохил мешаванд. Вале баъди он дарде, ки гуруснагон ва ташнагон аз сар мегузаронанд (ояти 6), тасаллӣ меояд, сулҳу осоиштагӣ фаро мерасад, зеро мо дар назди Худо меистем. Ана барои чӣ ин аҳком маҳз дар ин ҷо омадааст, на дар ҷои дигар. ГУРУСНА ВА ТАШНА БУДАН ЧӢ МАЪНО ДОРАД Мо аллакай оиди мавзӯи гуруснагӣ ва ташнагӣ гуфта гузаштем, ки дар ин ҷо сухан дар бораи хоҳиши сахт, хоҳиши шадид ва боздоштанашаванда меравад. Қудрати суханони Масеҳ бузург аст. Махсусан агар ба назар гирифта шавад, ки кай ва дар кадом шароит онҳо гуфта шудаанд. Гап дар сари он аст, ки мо америкоиҳо фаҳмиши аз ташнагӣ азоб кашиданро надорем, зеро ин масъала осон ҳал мешавад: ба ҷои даркорӣ даромада ягон чиз нӯшидан мумкин аст. Дар бораи ҳисси гуруснагӣ онро дар назар дорем, ки соат аллакай дуи рӯз шудааст, ва мо то ҳол чизе нахӯрдаем. Ҷеймс Бойс ба мо нақли лашкаркаши машҳур майор В. Гилбертро аз китоби Юриши охирин мерасонад, ки дар он ҷо дар бораи азобҳои аз ташнагӣ кашидаи ҷанговарони ӯ дар биёбони Фаластин ҳангоми ҷанги якуми ҷаҳон гуфта мешавад. Сарҳои мо дард мекард. Чашмҳои мо аз офтоби сӯзони чашмхиракунанда хун гирифта чизеро намедиданд… Забонҳои мо варам карда буданд… Лабҳоямон бунафши сиёҳтоб гашта, кафида буданд. Ҳар он касе, ки сафро тарк мекард, дигар барнамегашт. Вале қувваи бениҳоят зӯре моро ба пеш, ба сӯи Шери меронд — ба он ҷое, ки чоҳҳои об буданд. Агар мо то фарорасии торикӣ ба онҷо рафта намерасидем — ҳазорон одамон аз ташнагӣ мемурданд. Дар он рӯз мо бениҳот зӯр барои ҳаёти худ мубориза мебурдем. Мо туркҳои ақибнишинӣ кардаро дунболагирӣ намуда, ба Шери дохил шудем. Аввалин чизе, ки чашмҳои мо дид, ин зарфҳои бузурги сангин буданд, ки аз оби софи хунуки нӯшиданӣ пур карда шуда буданд… Танҳо баъди чор соат охирин каси мо ташнагии худро шикаст… Ман боварӣ дорам, ки он вақт мо дар биёбон юриш карда, сабақи аввалини каломиро гирифтем. Агар мо инчунин ташнаи Худо ва ташнаи порсоии Ӯ мебудем, агар мо инчунин кӯшиш мекардем, ки иродаи Ӯро ба ҷо орем, агар мо чунин хоҳиши беандоза, ҳамаро фарогирандаи бо Худо буданро медоштем, дар он вақт чӣ гуна самарҳои фаровони Рӯҳро оварда метавонистем. Исо дар бораи гуруснагӣ ва ташнагӣ бо одамоне, ки бо ин мафҳумҳо шинос буданд, сӯҳбат мекард. Феълҳои юнонии дар ин матн вуҷуд дошта хеле ифоданоканд: peinao маънои «мӯҳтоҷӣ кашидан, аз гуруснагӣ сахт азоб кашидан» — ро дорад; dipsao ташнагии сахтро мефаҳмонад. Исо ин феълҳоро дар шакли сифати феъли замони ҳозира истифода бурда, бо ин онро қайд менамояд, ки сухан дар бораи касони ҳозир гурусна ва ҳозир ташна меравад. Фаромӯш накунед, ки ин талаботҳо на танҳо ба касоне тааллуқ дорад, ки ба Малакут дохил мешаванд, балки ба онҳое низ, ки аллакай дар он ҷо мебошанд. Вақте ки ман назди Исои Масеҳ омадам, ман гуруснагии рӯҳонӣ ва ташнагии порсоии Ӯро ҳис мекардам, ва ҳоло, ки ман Ӯро медонам, ман бештар гурусна ва ташна ҳастам. Тафсиргари машҳури Китоби Муқаддас Р. Ленски гуфт: «Ин ташнагӣ ва гуруснагӣ беинтиҳо аст ва ба андозаи сер шудан, танҳо меафзояд». Чунин аст тамоми роҳи ҳаёт. Агар шумо аз гуруснагии рӯҳонӣ азоб накашед ва ташнаи порсоӣ набошед, дар он вақт ҳузури шумо дар Малакут бағоят шубҳаовар аст. Биёед ба сифати намуна ба Мусо рӯ меорем. Баъди он, ки Мусо чил соли ҳаёташро дар биёбон гузаронд, Худо дар хорбуттаи сӯзон зоҳир шуд ва Ӯро даъват намуд. Ба Миср барои баровардани халқи Исроил баргашта, дар куштори мисриён ва ҷудокунии баҳри Қулзум дасти Худоро дид. Дар давоми тамоми роҳ ӯ Худоро дар сутуни абр ва оташ дид, ки роҳро мунаввар месохт. Ӯ Худоро дар оби аз кӯҳ саршор ва манни осмонӣ дид. Хаймаро бо дастури Худо бино карда Мусо гуфт: «…Худовандо ман мехоҳам ҷалоли Туро бинам». Шумо мегуфтед: «Ором шав Мусо, кифоя аст! Бе ин ҳам ту аз ҳад зиёд дидаӣ!» Вале Мусо ба шумо ҷавоб медод: «Не, кофӣ нест». Худо ба ӯ амр намуд, ки ба кӯҳ барояд, ва ба ӯ лавҳаҳои сангинро дод, ки дар онҳо бо ангушти Худо шариат ва аҳкомҳо навишта шуда буданд, вале ба поён фаромада, Мусо аз ин қаноатманд нашуд. Барои ӯ ҳатто ин кифоя набуд ва боз аз Худо пурсид, ки ба ӯ ҷалоли Худро нишон диҳад (ба Хур. 33:18 ниг.). Бо ин писари Малакут фарқ мекунад: ӯ ҳамеша гуруснагӣ мекашад, ба ӯ ҳамеша бештар даркор аст. Довуд марде буд, бо дили Худо, ки дар муоширати наздик бо Худо зиндагӣ мекард. Ӯ муаллифи таронаи 22-ум мебошад. Ӯ Худоро дар давоми тамоми умри худ медонист. Худо ӯро муҳофизат менамуд ва дар бораи ӯ ғамхорӣ мекард. Рашки хонаи Худо Довудро азоб медод. Дарди Худо дарди ӯ буд. Ӯ ба Худо хеле наздик буд. Ва ба ҳар ҳол, дар таронаи 41-ум ҷони Довуд аз чӣ азоб мекашад? «Чунон ки оҳу иштиёқманди маҷроҳои об аст, ончунон ҷонам иштиёқманди Туст, эй Худо! Ҷонам ташнаи Худои Ҳай… (Заб. 41:3). Дар Таронаи дигар ӯ хитоб мекунад: «Худоё! Ту Худои ман ҳастӣ, Туро меҷӯям; ҷонам ташнаи Туст ва ҷисмам пазмони Ту, дар замини хароба ва бемаҷоле, ки об надорад» (Заб. 62:2). Довуд дар бораи он мегӯяд, ки гуруснагӣ ва ташнагии ӯ тасаллинопазир аст. Чунин аст тарзи ҳаёти писари ҳақиқии Малакут. Ҳавворӣ Павлус се маротиба Исои Масеҳро дида буд, маротибаи аввал дар роҳи Димишқ (ба Аъм. 9:3-9 ниг.), баъд дар Қӯринтус (ба Аъм. 18:9-10 ниг.), ва ниҳоят ӯ то осмони сеюм бардошта шуд ва суханони молокаломро шунид (ба 2Қӯр. 12:1-4 ниг.). Павлус таълимотҳои фақеҳӣ навиштааст ва зоҳиршавиҳои бузурги ҳақиқатҳои Худоро дар Аҳди Ҷадид таҷассум кардааст. Ба ӯ боз чӣ намерасид? Ва бо вуҷуди ин дар умқи дили ӯ хоҳиши сахте зиндагӣ мекард, ки «…Ӯро, ва қуввати эҳёи Ӯро, ва ширкати уқубатҳои Ӯро дарк намояд» (ба Фил. 3:10 ниг.). Ӯ ҳамеша ба чизи бештар ҷидду ҷаҳд менамуд. Албатта, ӯ шариатро медонист. Дар ояти 6-8, ӯ моҳиятан чунин гуфт: «Ман порсоии шариатро дарк кардам, вале ман ҳамаашро ахлот медонам. Ман мехоҳам Худоро донам». Ҷ. Н. Дарби, муттафакир аз Худо, роҳбари сарчашмаи ҳаракати бародарони Плимутӣ гуфта буд: «Ҳис кардани гуруснагӣ» — ин кам аст. Ман бояд аз гуруснагӣ бимирам, аз хоҳиши донистани он, ки дили Худо ба ман чӣ хел моил аст. Вақте ки писари ноқобил гурусна монд, ба назди хукон барои хӯрокхӯрӣ рафт, вале вақте ҳис кард, ки аз гуруснагӣ мемирад, ба назди падар равона гашт. Чунин эҳтиёҷоти охиринро танҳо Худо қаноатманд гардонда метавонад. Гуруснагии рӯҳонӣ ва ташнагии адолатро эҳсос накарда, пуррагии ҳаётеро, ки Худо тӯҳфа мекунад, ҳис кардан мумкин нест. Луқо гуфта буд: «Гуруснагонро аз неъматҳо пур кард, ва сарватдоронро тиҳидаст фиристод…» (Луқ. 1:53; инчунин ба Заб. 106:9 ниг.). Гуруснагӣ ва ташнагии адолат ҳудуд надоранд. Ба ман чунин менамояд, ки имрӯз ин гуруснагӣ ва ташнагиро аз ҳарвақта дида, бештар ҳис мекунам, ва ман боварӣ дорам, ки пагоҳ ин ҷидду ҷаҳди ман ба порсоӣ боз ҳам исроркоронатар хоҳад шуд. ЧӢ НАМУД ХӮРОК ВА ЧӢ НАМУД ОБ ҚУДРАТИ ШИКАСТАНИ ГУРУСНАГӢ ВА ТАШНАГИИ МОРО ДОРАД? Пайғамбар Омӯс гуфта буд, ки одамони ин ҷаҳон муштоқи «ғубори замин» ҳастанд (ба Ом. 2:7 ниг.). Одамон дар ҳақиқат хушбахтӣ меҷӯянд, вале онҳо онро аз ғубори замин ҷӯё мешаванд. Маро ҳар маротиба гуногуниҳои бузурги дилхушиҳое, ки ба мо пешкаш мешаванд, ба ҳайрат меандозад. Не, ман ба Диснейленд ва дигар маҷмӯъҳои шавқангез зид нестам. Вале ҳаёти мо аз ҳад зиёд бо ҳар гуна воситаҳои вақтхушӣ пур карда шудааст. Мо ба шахси беморе монанд ҳастем, ки кӯшиш мекунад аз дард раҳоӣ ёбад, вале тамоман ба сабабҳои пайдоиши он мароқ зоҳир намесозад. Чунин муносибат дар калисоҳо мушоҳида карда мешавад. Бисёр масеҳиён имрӯзҳо ҳиссиётҳои шадид, ҳар гуна ҳодисаҳоро ҷӯё мебошанд. Одамон ба семинару конференсияҳо медаванд, аз мутахассисон маслиҳат мегиранд, то ки таҷрибаи рӯҳонӣ гиранд, вале на инро ҷӯстан даркор аст. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки хушбахтиро ёбанд, вале онро намефаҳманд, ки хушбахтӣ — ин, агар чунин баён кардан мумкин бошад, натиҷаи иловагии гуруснагии рӯҳонӣ ва ташнагии адолат мебошад. Порсоӣ, бо забони юнонӣ dikaiosuna, — ин покӣ дар назди Худо, садоқат ба Ӯ мебошад. Хушбахтии ҳақиқӣ дар он аст, ки дар созиш бо Худо зиндагӣ кунем. Дар ин ҷо мо ба сари ду масъала меоем: наҷот ва муқаддасгардонӣ. Дар аввал дар бораи наҷот сӯҳбат мекунем. Ҳар касе, ки гуруснагӣ мекашад ва ташна мемонад, наҷотро меҷӯяд. Ӯ гуноҳи худро мебинад, беитоатии худ ва дурии худро аз Худои Муқаддас эътироф менамояд. Ӯ сарнагуншуда аст, ӯ мотам мегирад, ӯ ҳалим аст ва бисёр мехоҳад бо Худо оштӣ кунад. Ба ӯ бахшиш зарур аст, ва ӯ гурусна ва ташнаи порсоӣ мебошад, ки якҷоя бо наҷот меояд. Ӯ мехоҳад аз «ман» — и шахсӣ даст кашад, аз ҳокимият ва ҳузури лаънат ва аз гуноҳ озод шавад. Ишаъё ҳамеша байни порсоӣ ва наҷот аломати баробарӣ мегузорад (ба Иш. 45:8; 46:12-13; 51:5; 56:1; 61:10 ниг.). Мо порсоиро дар лаҳзаи наҷот мегирем. Дар ҳақиқат мо метавонем бо калимаи «наҷот» калимаи «порсоӣ» ё «ростӣ» — ро дар аҳкомҳои хушбахтӣ иваз намоем: «Хушо гуруснагон ва ташнагони наҷот». Мехоҳӣ, ки хушбахт бошӣ? Ташнаи наҷот бош. Ташна бош, то ки хуни Масеҳ гуноҳи туро шӯяд. Ташна бош, то ки порсоии Масеҳ аз они ту гардад. Вақте ки одам ҳама гуна умеди наҷотдиҳии худро бо қувваи худ як сӯ мегузорад ва пуртоқатона наҷотро аз дасти Худованд меҷӯяд, он вақт ӯ хушбахтии ҳақиқиро мефаҳмад. Маҳз дар ин яҳудиён, ҳамзамонони Исо, пешпо хӯрданд. Онҳо наҷотро дар аъмолҳои худ меҷӯстанд. Онҳо мегуфтанд: «Мо — таҷассуми тақводорӣ ҳастем». Вале Исо гуфт: «То он даме, ки аз гуруснагӣ ва ташнагӣ бемаҷол нагардед, то он даме, ки хоҳони порсоии ҳақиқӣ нагардед, ки онро бо хизмат ба даст овардан мумкин нест, шумо намефаҳмед, ки хушбахтӣ чист». Хушбахтӣ ба муқаддасон насиб мегардад. Дар хотир доред, ки ҳатто дар замонҳои аз ҳама мушкил, дар давраҳои эҳтиёҷотҳои аз ҳама шадид, Павлус даъват мекард: «Шодӣ кунед». Агар шумо бадбахт бошед, пас бо ягон роҳ ба ҳаёти шумо нопокӣ ворид шудааст. Исо ба яҳудиён, ки худро тақводор мешумориданд, муроҷиат кард. Барои онҳо порсоӣ ин пайравии қоидаҳо ва иҷрои талаботҳои шариат буд. Порсоии онҳо зоҳирӣ буд. Ва ин кофӣ набуд. Аз ин рӯ Исо ба онҳо гуфт: «…Агар адолати шумо аз адолати китобдонон ва фарисиён бартарӣ надошта бошад, ба Малакути Осмон дохил нахоҳед шуд» (Мат. 5:20). Порсоии онҳо беасос буд. Аҳкомҳои хушбахтӣ ҳамаи ин чизҳои зоҳирӣ ва рӯякиро решакан намуда, маҷбур сохт, ки ба ботин нигаранд. Акнун дар бораи табаррукгардонӣ гуфтан даркор аст. Мо гурусна ва ташнаи табаррукгардонӣ, яъне муқаддасии бештар ҳастем. Ман бо сухан тамоми шиддати ҳиссиётҳои худро баён карда наметавонам, вале боварӣ дорам, ки гуруснагии рӯҳонии ман ҳеҷ гоҳ қатъ намешавад, ва ман ҳамеша хоҳони як чиз хоҳам буд, — ҳарчӣ бештар ба Масеҳ монанд шавам. Ин хусусияти фарқкунандаи масеҳӣ мебошад. Моро ҷидду ҷаҳди он тарк намекунад, ки ҳарчӣ бештар некӯкор ва пок бошем. Мо ягон кори шоён карда, гуфта наметавонем: «Ана, ман ба қуллаи муроди худ расидам». Чунин фикрҳо чӣ барои одамони аз нав таваллудшуда, ки онҳо фикр мекунанд, худро бо қувваи худ наҷот додаанд, ва чӣ барои масеҳиёне, ки меҳисобанд мақсади охирини худро ба даст овардаанд, фоҷиаи ҳақиқӣ мебошад (ба Фил. 3:13-14 ниг.). Писарони ҳақиқии Малакут ҳеҷ гоҳ эҳсоси гуруснагии рӯҳониро бас намекунанд. Дар Нома ба Филиппиён Павлус гуфта буд: «…Дар он хусус дуо мекунам, ки муҳаббати шумо дар дониш ва мулоҳизакорӣ торафт афзун гардад» (Фил. 1:9). Шумо ҳанӯз чизеро ба даст наовардаед. Агар шумо ҳар қадар сахт дӯст доред, шумо бояд бештар дӯст доред; агар ҳар қадр ҳам итоаткор бошед, шумо бояд боз ҳам итоаткор буданро омӯзед; ҳар қадар ақли шумо тоза гашта бошад ҳам, шумо бояд омӯхтани онро давом диҳед, ки чун Масеҳ фикр кунед. Хушбахт он касест, ки ҳамеша дар ҳолати гуруснагӣ ва ташнагии рӯҳонӣ мебошад. Мо наметавонем бо нимпорсоӣ қаноатманд гардем, — мо мехоҳем онро ба пуррагӣ ба даст орем, яъне ба Масеҳ монанд шавем. Мо ҳеҷ гоҳ аз чизи ба даст оварда қаноатманд намегардем. Агар мо бо марҳамати Худо ҳар қадар порсо ҳам шавем, мо ҳеҷ гоҳ порсои комил шуда наметавонем, ҳамин тавр-не? Ҳамин тариқ, гуруснагӣ ва ташнагии мо моро тарк намекунад, ва мо чун Довуд хитоб мекунем: «…Чун бедор шавам, аз сурати Ту сер хоҳам шуд» (Заб. 16:15). Инак, ҳамааш аз наҷот сар мешавад ва чун табаррукгардонӣ давом меёбад, ки наметавонад қисман ё порча-порча бошад. Маро он ба ваҷд меорад, ки ҷустани порсоии мо аз дорои порсоӣ будан дида, ба Худо бештар мақбул аст. Вале яҳудиён қаноатмандона мегуфтанд: «Бале, мо порсоиро ба даст овардем». Исо ин ақидаро барбод дод. Ӯ гуфт, ки одамони чунин фикр дошта аз баракат маҳруманд, вале одамоне, ки меҳисобанд, ки чизеро ба даст наовардаанд, соҳиби баракат мебошанд. Агар шумо худро порсо шуморед, пас шумо ба ҳолати хеле бад афтодаед. Худо гуруснагон ва ташнагонро баракат медиҳад, зеро онҳо ҳамеша барои бештар ба даст овардани баракат ҷаҳд менамоянд. Касе дар ин бора чунин гуфта буд: «Ин ташнагиест, ки онро ҳеҷ як оби рӯи замин шикаста наметавонад, ва ин гуруснагиест, ки ҷуз Масеҳ каси дигар онро бартараф карда наметавонад». Ман инро қонеъ нашудани муқаддасона меномам. НАТИҶАИ ГУРУСНАГӢ ВА ТАШНАГИИ РӮҲОНӢ ЧӢ ГУНА АСТ? Бо касони гуруснаву ташна чӣ мешавад? «Онҳо сер хоҳанд шуд». Сер хоҳанд шуд — ана калимаи асосӣ. Одатан он ҳангоми чорвопарварӣ ба кор бурда мешавад, ва маънои пурраи қаноатмандиро дорад. Қаноатмандӣ аз чӣ? Мо ташнаи чӣ ҳастем? Порсоӣ. Ана ҳодисаи ғайриоддӣ, ҳамин тавр-не? Шумо сер мешавед, вале дар айни замон ҳеҷ гоҳ пурра қаноатманд нестед. Завҷаи ман аз лимӯ пирогҳои бениҳоят хуб мепазад, хеле аҷоиб. Ман ҳамеша онро бо иштиҳои том мехӯрам, вале ман ҳамеша мехоҳам, ки боз ва боз бихӯрам. Ман сер мешавам, вале боз мехоҳам, зеро ин пирогҳо дар ман хоҳиши пурсидани иловаро бедор мекунанд. Бо порсоӣ низ кор айнан чунин аст. Мо сер шудем ва ин ба андозае ширин ва гуворост, ки боз онро мехоҳем. Ҳангоме ки мо порсоии Худоро меҷӯем, Ӯ онро ба мо медиҳад. Таронасаро мегӯяд: «…Ҷони иштиёқмандро сер кардааст, ва ҷони гуруснаро аз нозу неъмат пур кардааст» (Заб. 106:9). Шоҳ Довуд гуфт: «…толибони Худовандро аз ҳеҷ чизи хуб камӣ нахоҳад буд» (Заб. 33:11). Дар Таронаи 22 ӯ хитоб мекунад: «…Ба ҳеҷ чиз мӯҳтоҷ нахоҳам шуд…<…>…косаи ман лабрез аст» (Заб. 22:1, 5). Дар Китоби Пайғамбар Ирмиё навишта шудааст: «…Ва қавми Ман аз неъмати Ман сер хоҳанд шуд, мегӯяд Худованд» (Ирм. 31:14). Исо ба зан дар назди чоҳ гуфт: «…ҳар кӣ аз обе, ки Ман ба вай медиҳам нӯшад, абадан ташна намонад…» (Юҳ. 4:14). Ва боз Ӯ иброз дошт: «…Ман нони ҳаёт ҳастам; касе ки назди Ман ояд, ҳаргиз гурусна нахоҳад монд» (Юҳ. 6:35). Исо моро сер мекунад, вале ба ин нигоҳ накарда, дар мо ноқаноатмандии муқаддас зиндагӣ мекунад, ки моро маҷбур месозад боз ва боз хоҳон бошем ва он моро он замоне тарк хоҳад кард, ки Исои Масеҳро бубинем. Хизматгорони Малакутро ташнагии сахти рафънашаванда азоб медиҳад, ин қудрат ё ҳаловатҳо, ҳурмату эҳтиром ё ба дастоварии неъматҳои моддӣ набуда, балки порсоӣ мебошад. ЧӢ ТАВР МАН ФАҲМАМ, ОЁ МАН ДАР ҲАҚИҚАТ ТАШНАИ АДОЛАТ ҲАСТАМ Ё НЕ? Оё шумо аз худ қаноатманд ҳастед? Пуританҳо мегуфтанд: «Беш аз ҳама он кас ба адолат эҳтиёҷ дорад, ки онро намеҷӯяд». Оё шумо якҷоя бо ҳавворӣ Павлус нолида, чунин мегӯед: «Ман одами бадбахт ҳастам! Кӣ маро аз ин ҷисми гирифтори мамот раҳоӣ медиҳад?» Ё ин, ки шумо ба андозае худбовар ҳастед, ки худро дар ҳама кор ҳақ ва ҳамаи дигаронро гумроҳ мешуморед? Агар шумо ҳатто андаке аз худ қаноатманд бошед, дар гумон аст, ки чӣ будани гуруснагии рӯҳонӣ ва ташнагии адолатро донед. Оё шумо дарди таскиннаёбандаро аз нобарориҳое, ки шуморо дунболагирӣ мекунанд, ҳис мекунед? Ин аломати он аст, ки шумо ба Худо эҳтиёҷ доред. Оё ягон чизи беруна ба шумо қаноатмандӣ меорад? Оё мушоҳида мекунед, ки ашёҳо ба кайфияти шумо таъсир мерасонад? Оё шумо гуруснагиро бо хӯроки бад рафъ месозед? Гуруснагии адолат ҳеҷ гоҳ бо чунин чизҳо қонеъ намегардад. Оё шумо ташнагии Каломи Худоро ҳис мекунед? Танҳо дар он қоидаҳое ҷой доранд, ки риояи онҳо ба шумо порсоро тӯҳфа менамояд. Ирмиё гуфта буд: «Cуханони ту пайдо шуд, ва ман онҳоро фурӯ бурдам…» (Ирм. 15:16). Агар шумо аз дилу ҷон ҷӯёи адолат бошед, дар шумо чунон ташнагӣ ба Каломи Худо пайдо мешавад, ки бо ҳарисӣ онро фурӯ мебаред. Вале агар шумо ин ташнагӣ ва гуруснагиро ҳис накунед, шояд шумо гунаҳкори дар Малакут буда ҳастед, ва ё шояд умуман фарзанди Малакут набошед. Дар ҳар ҳолат ин шуморо аз ҳуқуқи хушбахтӣ маҳрум месозад. Оё ҳар он чизе, ки аз Худо бармеояд, ба шумо ҳаловат мебахшад? Дар Китоби Масалҳо (27:7) гуфта шудааст: «…барои ҷони гурусна ҳар талхӣ ширин аст». Каси ташнаи адолатро шинохтан душвор нест, зеро чунин одам ҳангоме, ки Худо ба ӯ озмоишҳо равон мекунад, қаноатманд аст. Ӯ ба он нигоҳ накарда, ки ин озмоишҳо барояш азобҳо меоранд, онҳоро аз Худо қабул менамояд. Баъзе одамон қодиранд, ки танҳо ҳангоми шароитҳои мусоид хурсандӣ кунанд, ва вақте ки мушкилиҳо пеш меоянд, онҳо норозигӣ зоҳир месозанд. Онҳо гуруснагӣ ва ташнагӣ намекашанд — онҳо танҳо хушбахтиро дунболагирӣ мекунанд. Томас Уотсон гуфта буд: «Гуруснагон ва ташнагони адолат аз ҳанути Инҷил чун асал ҳаловат мебаранд». Аз рӯи таҷрибаи шахсӣ медонам, ки озмоишҳо метавонанд чун баракат ширин бошанд, чунки онҳоро Худо мефиристад, ки Ӯ мақсад дорад: моро боз ҳам порсотар кардан. Оё гуруснагӣ ва ташнагии шумо бо ягон хел шартҳо маҳдуд карда шудааст? Он ҷавони сарватмандро дар хотир доред, ки мехост ба Малакут ворид шавад, вале тайёр набуд, ки аз дороии заминиаш ҷудо шавад? Гуруснагии ӯ бо баъзе шартҳо маҳдуд карда шуда буд, ва ӯ сер шуда натавонист. Аммо корҳои шумо чӣ хел аст? Оё шумо намегӯед, ки: «Ман мехоҳам бо Масеҳ бошам, вале гуноҳ карданро давом медиҳам. Ман мехоҳам бо Масеҳ бошам, вале наметавонам аз ғурури худ, ё аз алоқаҳои ғайриқонунӣ, ё аз одатҳои маккорӣ ва фиреб кардан, ё аз манфиатпарастии худ, ё аз… даст кашам?» Одами гурусна дар як вақт ҳам хӯрок ва ҳам пиҷҷаки нав намекобад. Каси ташна дар як вақт ҳам дар бораи об ва ҳам дар бораи пойафзоли нав орзу намекунад. Ҳам ин, ва ҳам он танҳо мехоҳанд хӯранд ва нӯшанд. Дар Таронаи 118 гуфта шудааст: «Ҷонам ба лаб омадааст аз орзӯи он ки довариҳои Туро дар ҳар вақт бидонад» (Заб. 118:20). Шумо ба ҳамаи ин саволҳо чӣ тавр ҷавоб медодед? Ишаъё мегӯяд: «Шабонгаҳ ман бо ҷони худ муштоқи ту ҳастам, ва саҳаргоҳон ман бо рӯҳи худ дар андарунам Туро металабам» (Иш. 26:9). Довуд низ Худоро аз пагоҳии барвақт меҷӯст. Бокираҳои хирадманд барои чароғҳои худ пеш аз омадани домод равған захира мекарданд. Вале баъзе одамон ҷустуҷӯҳои рӯҳониро чунон дур меандозанд, ки бп ҳолати сарватманде меафтанд, ки дар бораи он дар Инҷили Луқо гуфта шудааст (ба Луқ. 16:24 ниг.). Дар он вақт нола мекунанд: «Оҳ, ягон касро равон кунед, ки ангушташро дар об тар карда, ҳалқҳои моро тар кунад, зеро ки мо дар ин оташ азоб мекашем!» Чунин аст ташнагие, ки онро рафъ кардан имконнопазир аст. Ҳозир гурусна ва ташна бошед, то ин ки сер шавед. Боби 7. «Хушо раҳимон…» (Мат. 5:7) …Дини замони Исо рӯякӣ ва зоҳирӣ буд, ва ба риоя кардани расму оинҳо аҳамияти калон медод. Ҳомиёни динӣ ба наҷоти худ боварӣ доштанд ва худро шаҳрвандони Малакути Осмон мепиндоштанд. Онҳо мешумориданд, ки дар он шоҳигарие, ки бо омадани Масеҳ ба амал меояд, нақши асосиро мебозанд. Вале Худованди мо ин одамонро «қабрҳои сафед кардашуда, ки аз берун зебо менамоянд, лекин дарунашон пур аз устухонҳои мурдагон ва наҷосат аст» (Мат. 23:27) номид. Каме пештар Яҳёи Таъмиддиҳанда фарисиён ва саддуқиёни ба назди ӯ барои таъмидгирӣ омадаро дида, хитоб намуд: «…Эй афъизодагон! Кӣ ба шумо талқин кард, ки аз ғазаби оянда бигрезед? Акнун самаре оваред, ки сазовори тавба бошад ва дар дили худ нагӯед, ки падари мо Иброҳим аст…» (Мат. 3:7-9). Ба таври дигар гӯем, «…ба он умед набандед, ки ба миллат тааллуқ доштанатон шуморо наҷот медода бошад». Сипас Яҳё илова намуд: … зеро ба шумо мегӯям, ки Худо қодир аст аз ин сангҳо барои Иброҳим фарзандон ба вуҷуд оварад; Ва алҳол теша бар решаи дарахтон гузошта шудааст: ҳар дарахте ки меваи нағз надиҳад, бурида дар оташ андохта хоҳад шуд; Ман шуморо бо об барои тавба таъмид медиҳам, лекин Он ки пас аз ман меояд, аз ман тавонотар аст; ман сазовори он нестам, ки пойафзоли Ӯро бардорам; Ӯ шуморо бо Рӯҳулқудс ва оташ таъмид хоҳад дод. Ӯ ғалбери Худро дар даст дорад, ва Ӯ хирмангоҳи Худро тоза карда, гандуми Худро дар анбор гирд хоҳад овард, лекин коҳро дар оташи хомӯшнашаванда хоҳад сӯзонд». Мат. 3:9-12 Яҳёи Таъмиддиҳанда дар бораи ҷазои даҳшатоваре гуфт, ки гирифторони урфу одатро интизор буд. Табар аллакай мефаромад, оташ аллакай афрӯхта мешуд. Исо инро гуфта, ба ин тӯдаи худқаноатманд, худписанд, худро порсо меномида зид баромад: «Дар асл танҳо он чизе, ки дар ботини шумо мебошад, муҳим аст». Ӯ дар бораи хусусиятҳои хислати онҳо мегуфт: «Хушо раҳимон, зеро онҳо раҳм хоҳанд ёфт» — иброз дошт ӯ. ПОРСОИИ БОТИНӢ Исо ҳамаи далелҳоеро, ки фарисиён ва саддуқиён барои муҳофизати худ меоварданд, инкор карда, ба моҳияти кор гузашт. Масеҳ ҳамеша ба ботин диққати махсус медод. Ӯ ба ошкорсозиҳои зоҳирӣ бетараф набуд, вале ба ҳар ҳол онҳоро ҳамчун натиҷаи дурусти далеловарӣ дида мебаромад. Агар дар ботин порсоӣ бошад, он албатта самар — рафтори дурустро меорад. Вале шумо метавонед амалҳои дурустро барои намоиш бе далели эътимодбахш ба ҷо оред, аммо ин аллакай шариатпарастӣ мешавад. Барои Исо танҳо он рафторҳое муҳим мебошанд, ки натиҷаи фикрҳои дуруст, ҳавсалаи дуруст ҳастанд. Бобҳои 6-ум ва 7-уми Инҷили Матто он масъалаҳоеро дида мебароянд, ки мо чӣ кор мекунем, чӣ мегӯем ва чӣ фикр мекунем. Ҳавсалаи ботинии одам — ана асосе, ки дар он тамоми мавъизаи Болои кӯҳ сохта шудааст. Мартин Ллойд-Ҷонс чунин гуфта ин фикрро хеле хуб баён кардааст: «Имон — пеш аз ҳама; корҳо — баъдтар». Фарзанди Шоҳ, хизматгори Малакут будан маънои онро дорад, ки пеш аз ҳама хусусиятҳои муайян: мискини рӯҳ будан, дар бораи гуноҳҳои худ андӯҳгин шудан, ҳалим будан, гурусна ва ташнаи адолат будан, раҳим будан, дилсоф ва сулҳҷӯ буданро доштан лозим аст. Мо набояд имонро роҳбарӣ намоем, балки имон бояд моро роҳнамоӣ кунад. Ба ҳаёти масеҳӣ ҳама гуна орову торо, худнамоишдиҳӣ бегона мебошад. Имони мо дар умқи дили мо зиндагонӣ мекунад, ки аз он дар кору рафтори мо зоҳир шуда, ҷорӣ мегардад. Худо ҳеҷ гоҳ ба хуни гӯсола ва бузҳо ҳавас намекунад; Ӯ ҳеҷ гоҳ фаъолияти диниро баҳо намедод, ки дар баробари ин дили одам фосиқ бошад (ба Ом. 5:21-24 ниг.). Инак, Исо ба тарафдорони намоишдиҳии зоҳирпарастӣ суханони аҷоиб гуфта, зид баромад. Дар аҳкоми якуми хушбахтӣ Ӯ гуфта буд, ки «шуморо дар ҳақиқат даркор аст, ки худро муфлиси рӯҳ эълон кунед. Шуморо лозим аст худро ҳақир, бечораи фақире бинед, ки ба Худо чизе оварда наметавонад. Шуморо фаҳмиданатон зарур аст, ки ягона умеди шумо дар он аст, ки Худотарсии худро эътироф намоед, ва дар гӯшае нишаста, дар бораи он дуо намоед, ки Худо ба шумо раҳм кунад. Шуморо лозим нест, ки аз порсоии худ фахр намоед. Шумо бояд дар бораи гуноҳҳои худ ашки ҳасрат резед. Ва шумо набояд боз аз он фахр кунед, ки баъзе аҳкомҳоро риоя мекунед. Шумо бояд дар назди Худои муқаддас мутеъ бошед. Шумо бояд аз гуруснагӣ ва ташнагии адолат азоб кашед». Дар чор аҳкоми аввали хушбахтӣ асосҳои ботинӣ дода шудааст, ки мавқеи моро дар назди Худо муайян менамояд. Аҳкоми панҷум мисли чортои аввал ба ҳолати ботинии одам дахл карда, дар айни замон аз чорчӯбаи сифатҳои шахсӣ мебарояд ва муносибатро бо дигар одамон дахл мекунад. Онро самараи чор аҳкоми аввал шуморидан мумкин аст. Агар мо худро рӯҳан мискин шуморем, агар мо аз гуноҳҳои худ андӯҳгин бошем, ва бо ҷидду ҷаҳд адолатро ҷӯё бошем — натиҷаи ин муносибати дилсӯзона ба дигар одамон мегардад. Чор аҳкоми аввал хеле хуб бо чор аҳкоми оянда мутобиқат менамояд, ки моҳиятан ҷамъбасти мантиқии онҳо мебошад. Чор аҳкоми аввал ба хусусиятҳои ботинии одам дахл карда, чортои охирин дар бораи он мегӯяд, ки зоҳирсозии ин хусусиятҳо ба чӣ оварда мерасонанд. Вақте ки мо мискини рӯҳ ҳастем ва худро бечораву фақир эътироф менамоем, дар мо хоҳиши ёрӣ додан ба дигар мискинон пайдо мегардад ва мо раҳим мегардем. Вақте ки мо гуноҳҳои худро нола мекунем, дили мо аз ашки пушаймонӣ шӯста мегардад, ва дилҳои мо пок мегардад. Вақте ки мо мутеъ ва ҳалим бошем, сулҳҷӯ мегардем, зеро ҳалимӣ сулҳ меорад. Вақте ки гурусна ва ташна бошем, мо бо хурсандӣ таъқиботҳоро дар роҳи адолат қабул менамоем. Акнун биёед онро дида мебароем, ки раҳим будан чӣ маъно дорад. Маънои ин иброздории Исо чунон васеъ ва чуқур аст, ки ман намедонам аз чӣ сар кунам, ман чунин ҳис мекунам, ки барои ман як китоб камӣ мекунад, то ки ояти ҳафтумро тадқиқ намоям ва умқи онро кушоям. Кӯшиш мекунам онро ба таври мухтасар ба ҷо орам. РАҲИМӢ ЧӢ АCТ Раҳим будан чӣ маъно дорад? Ба яҳудиёни замони Исо ин фаҳмиш эҳтимол шинос набуд. Онҳо аз румиён раҳимтар набуданд. Онҳо мағрур, худпараст, худқаноатманд ва моил ба маҳкумкунии дигарон буданд. Суханони Исо ба ҷои нозуки онҳо кора кард. Одамон одатан ин аҳкомро аз ҷиҳати инсондӯстӣ маънидод мекунанд. Онҳо чунин муҳокима меронанд: «Агар ту ба наздикон меҳрубон бошӣ, онҳо бо ту низ чунин рафтор хоҳанд кард». Ҳатто Талмуд чунин олиҳамматиро некӯкории инcонӣ ҳисобида, аз гуфтаҳои Ҷамлиил иқтибосҳои зеринро меорад: «Агар дар ту раҳимӣ бошад, Худо нисбати ту раҳим хоҳад буд, вале агар дар ту нисбати дигарон раҳимӣ набошад, Худо нисбати ту раҳим нахоҳад буд». Чунин менамояд, ки одамон ба он боварӣ доранд, ки агар ту ба наздикон хубӣ кунӣ, онҳо низ ба ту чунин хоҳанд кард. Ҳатто одамоне, ки ин масъаларо аз нуқтаи назари фақеҳӣ дида баромадаанд, масалан Ҷамлиил, гуфтаанд: «Агар ман инро барои Худо кунам, дар он вақт Худо инро барои ман хоҳад кард». Як муаллиф ин аҳкоми хушбахтиро ба таври дигар чунин баён кардааст: «Ана ҳақиқати бузурги ҳаёт: агар одамон бубинанд, ки мо ин қадар меҳрубон ҳастем, онҳо низ меҳрубон хоҳанд шуд». Вале ин ҳама чунин осон нест. Албатта агар сухан дар бораи Худо равад, чунин аст, ва ба фарзандони содиқи худ Ӯ ғамхорӣ мекунад, ки дар бораи он Ҷамлиил гуфта буд. Вале ҷаҳон ба таври дигар рафтор менамояд. Зиёда аз ин, ҷаҳони Рум умуман ба баъзе зоҳирсозиҳои меҳрубонӣ нигоҳ накарда, намедонист, ки раҳимӣ чист. Як файласуфи румӣ гуфта буд, ки дилсӯзӣ — ин «бемории рӯҳӣ», нишонаи заифӣ мебошад. Румиён адолат, ҷасурӣ, тартибот ва қувваро авло медонистанд; ба дилсӯзӣ онҳо нафрат доштанд. Вақте ки дар хонадони румӣ фарзанд таваллуд мешуд, падар ҳуқуқи patria potestas дошт: агар ӯ мехост, ки навзод зинда монад, вай ангушти калонашро боло мекард, вале агар вай кӯдакро ба марг маҳкум мекард, ангушташро поён мекард ва ҳамон лаҳза кӯдакро мекуштанд. Агар румӣ аз ягон ғулом безор мешуд, ҳуқуқ дошт, ки ӯро кушта гӯронад ва ин ҷиноят ҳисобида намешуд. Ӯ инчунин завҷаи худро кушта метавонист. Аз ин рӯ, агар шумо қарор медодед, ки бо шаҳрванди румӣ дар бораи меҳрубонӣ cӯҳбат кунед, вай шуморо намефаҳмид. Шубҳаовар аст, ки дар ин ҷаҳони худпарастона, маккор ва душманона шуморо мефаҳмида бошанд. Аниқтараш дар замони мо чунин суханонро шунидан мумкин аст: «Ба ӯ раҳм кун, ва ӯ ба гарданат савор мешавад». Исботи беҳтарини он, ки ин аҳком бо разолати инсонӣ ҳеҷ алоқае надорад, худи Худованд Исои Масеҳи мо мебошад. Ӯ шахси аз ҳама меҳрубон дар рӯи замин буд. Ӯ дасташро ба беморон дароз карда онҳоро шифо медод; Ӯ назди маъюбон мерафт ва онҳоро роҳрав мекард; Ӯ чашми курронро бино ва гӯшҳои карро шунаво мекард; одамони гунг дар ҳузури Ӯ ба сухан медаромаданд. Ӯ занони гунаҳкор, боҷгирон, майзадаҳо, гадоёни ифлосро ҷамъ карда дар паҳлӯи Худ мешинонд; Ӯ рӯҳи онҳоро шифо дода онҳоро ба ҳаёт бармегардонд. Ӯ назди бекасон мерафт ва онҳоро бо муҳаббати Худ фаро мегирифт; Ӯ кӯдаконро рӯи даст мебардошт ва меҳрубонона ба онҳо назар мекард. Ҷаҳон дили дӯстдор ва меҳрӯбонеро мисли дили Ӯ надидааст. Боре аз назди Ӯ тобутро мегузарониданд, Ӯ занеро дид, ки писари мурдаи худро нола мекард. Вай бевазане буд, ки ҷуз писараш каси дигаре надошт. Исо маросимро маън намуд, дасташро ба тобут гузошта писари ӯро аз мурдагон эҳё кард. Кӣ ғайр аз Ӯ дар бораи ин бевазан ғамхорӣ карда метавонист? Дар боби ҳаштуми Инҷили Юҳанно дар бораи он нақл карда мешавад, ки чӣ хел ӯ зани ба зино маҳкумшударо бахшидааст. Чӣ гуна меҳрубонии бузург! Онро дида, ки Ӯ бо боҷгирон ва гунаҳгорон хӯрок мехӯрад, китобдонон ва фарисиён аз шогирдони Ӯ пурсиданд: «Барои чӣ Ӯ бо ин пасмондаҳои ҷамъият хӯрок мехӯрад?» (ба Марқ. 2:16 ниг.). Ӯ одами аз ҳама меҳрубонтарини рӯи замин буд, вале онҳо ташнаи хуни Ӯ буданд. Агар хубӣ қадр карда мешуд, онҳо Ӯро дар салиб мехкӯб намекарданд, ба рӯи Ӯ туф намекарданд ва лаънат намехонданд. Ӯ аз он касоне, ки ба онҳо беандоза меҳрубон буд, меҳрубониро надид. Ду сохтори бераҳм, румӣ ва яҳудӣ муттаҳид шуданд, то ки Ӯро кушанд. Не, он меҳрубоние, ки дар инҷо сухан дар бораи он меравад, некукории инсонӣ нест, ки сазовори қадр кардан бошад. Исо дар бораи он намегуфт. Набошад Худованд чиро дар назар дошт? Ҳамааш хеле оддӣ: нисбати дигарон меҳрубон бош, ва Худо нисбати ту меҳрубон хоҳад буд. Раҳимон аз Худо раҳм хоҳанд ёфт. Худи калимаи меҳрубон — тарҷумаи калимаи юнонии eleemon мебошад. Он дар Аҳди Ҷадид боз як бори дигар танҳо дар Нома ба Ибриён (2:17) вомехӯрад: «Бинобар ин Ӯ мебоист аз ҳар ҷиҳат ба бародарони Худ монанд мешуд, то ки Саркоҳини раҳим ва амине ба ҳузури Худо бошад…» Масеҳ — намунаи аълои меҳрубонӣ мебошад. Ӯ Саркоҳини мо мебошад, ки моро дархост менамояд, ва сарчашмаи меҳрубонӣ аст. Калимаи меҳрубонӣ хеле бисёр дар Навиштаҳо вомехӯрад. Барои мисол, дар Инҷили Матто (6:3), дар он ҷое, ки сухан дар бораи додани садақа меравад. Ҳаммаънои қадимаи яҳудии ин исм — chesed мебошад, ки маънои «меҳрубонӣ, ёрӣ ба рӯҳафтодагон, камбағалон ва бадбахтон» — ро дорад. Ҳама некукорие, ки ба эҳтиёҷманд карда мешавад, меҳрубонӣ мебошад. Вақте ки сухан дар бораи наҷот меравад, мо тез-тез меҳрубониро бо бахшиш алоқаманд мекунем, вале ин калима дар ҳақиқат маънои васеъ дорад. Меҳрубонӣ — ин на ҳамин хел як ҳамдардӣ ё азобкашӣ аст, ин ҳамдардӣ ва азобкашӣ дар амал аст, ва ин амал баҳри одами эҳтиёҷманд ба ҷо оварда мешавад. Вақте ки Худованди мо дар бораи меҳрубонӣ мегӯяд, Ӯ eleemosune-и ҳақиқиро дар назар дорад, ки ҳамдардиҳои заифона, ки ба он танҳо ҷисми худпараст қодир аст, ва меҳрубониҳои бардуруғ, ки виҷдонро бо худнамоиҳои рамзӣ, ки барои вонамуд кардан бо дилсӯзии бефаъолият ба ҷо оварда мешаванд, ором мекунад, бо он ҳеҷ умумияте надорад. Меҳрубонӣ — ин ҳамдардии ҳақиқӣ бо хоҳиши тоза ва беғаразона ёрӣ додан аст. Дар асл Исо ба яҳудиён гуфта буд: «Бандагони Малакути Ман чизе намегиранд, балки медиҳанд. Онҳо худро аз касе баланд намегиранд — онҳо назди эҳтиёҷмандон хам мешаванд, то ки ёрӣ диҳанд». Исо ба китобдонон ва фарисиён дар бораи шахсе нақл кард, ки бо ин суханон аз ёрии моддӣ расондан ба падару модари худ саркашӣ намуд: «Ман аллакай ин маблағҳоро барои Худо сарф кардаам, ва ман ваъдаи худро вай-рон карда наметавонам». Исо ба онҳо гуфт: «Корҳои шумо бад аст. Шумо аҳкоми Худо — ҳурмат кардани падару модарро ба анъанаҳо иваз намудед, ки онро худатон фикр карда баромадаед» (ба Мат. 15:1-9 ниг). Яҳудиён дар ин комрон буданд! Онҳо ҳатто нисбати падару модари худ бераҳм буданд. Меҳрубонӣ зоҳир кардан — маънои ба гуруснагон нон додан, ба одамоне, ки ба меҳрубонӣ эҳтиёҷ доранд, муҳаббат бахшидан, танҳоии касеро бо ҳам диданро дорад. Меҳрубонӣ — ин пур кардани эҳтиёҷотҳост, на ин, ки ба он ҳамдардӣ изҳор кардан. МЕҲРУБОНӢ, БАХШИШ, МУҲАББАТ ВА АДОЛАТ Барои дурусттар фаҳмидани он, ки меҳрубон будан чӣ маъно дорад, дар бораи он сӯҳбат мекунем, ки калимаи «меҳрубонӣ» дар Навиштаҳо бо калимаҳое, ки маънояшон наздик аст, чӣ тавр мувофиқат мекунад. Дар Нома ба Титус гуфта шудааст: «Ӯ моро… ба ҳасби марҳамати худ наҷот дод…» (Тит. 3:5). Аз Нома ба Эфсӯсиён (2:4-9) мо медонем, ки моро Худои «пур аз марҳамат» наҷот додааст. Кафорат ба мо аз рӯи марҳамати Ӯ бахшида шудааст. Ба ҳамин тариқ, аз паси бахшиш меҳрубонӣ меистад. Меҳрубонӣ ва бахшиш ҷудонашаванда мебошанд. Пайғамбар Дониёл мегӯяд: «…Худованд Худои мо дорои раҳм ва омурзишҳост…» (Дон. 9:9). Таронаи 129 ба таври хуб ягонагии меҳрубонӣ ва бахшишро месарояд: Аз умқҳо Туро, эй Худованд, мехонам. Худовандо! Овози маро бишнав. Бигзор гӯшҳои Ту ба овози зориҳоям диққат намояд. Агар Ту, эй Худованд, гуноҳҳоро ба назар гирӣ, кист, ки эй Худованд, ки истодагӣ карда тавонад? Аммо омурзиш назди Туст, то ки саҳмгин бошӣ. Ба Худованд умедворам, ҷонам умедвор аст; ва ба каломи Ӯ умед бастаам. Ҷонам Худовандро мунтазир аст, зиёда аз он ки посбонон субҳидамро, пасбонон субҳидамро. Эй Исроил, ба Худованд умед банд, зеро ки эҳсон назди Худованд аст, ва халосӣ назди Ӯ бисёр аст… Заб. 129:1-7 Дар ин ҷо одам аз гуноҳҳои худ тавба мекунад, бахшиш меҷӯяд ва медонад, ки бахшиш аз сарчашмаи меҳрубонӣ бармеояд. Ба худ меҳрубонии дар бахшиш ифоданаёфтаро тасаввур кардан имконнопазир аст, чӣ тавре, ки дар бораи бахшиш берун аз сарчашмааш — меҳрубонӣ — гуфтан номумкин аст. Вале бахшиш — ягона ифодаи меҳрубонӣ нест. Мо наметавонем меҳрубониро ба бахшиш гузаронем. Меҳрубонӣ аз бахшиш бештар аст. Ба панҷ ояти зерин назар меандозем: «Аз эҳсони Ту, эй Худованд, замин пур аст…» (Заб. 118:64); «Ҳамаи марҳаматҳо ва ҳамаи некиҳоро, ки дар ҳаққи бандаат кардаӣ, сазовор нестам…» (Ҳас. 32:10); «…марҳамати Ӯ бузург аст…» (1 Подш. 24:14); «Вале Ту, бар ҳасби марҳамати бузурги Худ, онҳоро дар биёбон тарк накардӣ» (Наҳ. 9:19); «Маро иҷобат намо, эй Худованд, зеро ки эҳсони Ту некӯст; аз рӯи фаровонии марҳаматҳои Худ бар ман таваҷҷӯҳ намо» (Заб. 68:17). Бахшиш — ин зоҳирсозии меҳрубонӣ аст, вале боз бисёр дигар усулҳои ифодаи меҳрубонӣ вуҷуд дорад. Ана боз як намунаи, эҳтимол, аз ҳама беҳтарини васфи марҳамати Худо, ки аз навҳаҳои Ирмиё гирифта шудааст: «Эҳсонҳои Худованд поён надорад, ва марҳаматҳои Ӯ беинтиҳост; онҳо ҳар субҳ аз нав зоҳир мешавад: вафои Ту бузург аст» (Нав. 3:22-23). Дар бораи муҳаббат ва меҳрубонӣ боз чӣ гуфтан мумкин аст? Чӣ хел онҳо бо ҳам мувофиқат мекунанд? Мо аллакай қайд кардем, ки бахшиш аз меҳрубонӣ бармеояд. Вале меҳрубонӣ аз чӣ бармеояд? Аз муҳаббат. Барои чӣ Худо чунин меҳрубон аст? «…Худои пур аз марҳамат, бар тибқи муҳаббати бузурге ки бар мо дорад…» (Эфс. 2:4). Пайдарҳамиро мушоҳида мекунед? Худо дӯст медорад, ва муҳаббати Ӯ меҳрубонона аст, меҳрубонии Ӯ бошад, ғайр аз бисёр баракатҳои дигар, бахшишро ҳадя менамояд. Вале муҳаббат аз меҳрубонӣ бештар аст. Меҳрубонӣ бештар аз бахшиш, вале муҳаббат бештар аз меҳрубонӣ аст, чунки муҳаббат на танҳо дар меҳрубонӣ, балки дар бисёр чизҳои дигар низ ифода меёбад. Меҳрубонӣ ҳангоми мавҷуд будани ягон масъала зоҳир карда мешавад, вале муҳаббат бе ягон шарт амал мекунад. Масалан, Падар Писарро, ки ба марҳамат мӯҳтоҷ нест, дӯст медорад. Падар фариштаҳоро, ва фариштаҳо Падарро дӯст медоранд, ва ҳеҷ кадоми онҳо ба меҳрубонӣ эҳтиёҷ надоранд. Меҳрубонӣ — табиб аст; муҳаббат — дӯст. Муҳаббат аз рӯи дилбастагӣ ва мавқеъ амал менамояд; меҳрубонӣ аз рӯи зарурат. Муҳаббат доимист; меҳрубонӣ ба ҳолати эҳтиёҷот нигоҳ дошта мешавад. Бе муҳаббат меҳрубонӣ нахоҳад буд. Мебинед, ки чӣ хел муҳаббати бузурги Худо ба мо дар шакли меҳрубонӣ мерезад? Тарафи дигари масъала низ вуҷуд дорад. Вақте ки мо порсо ҳастем ва ба меҳрубонӣ эҳтиёҷ надорем, Ӯ аз ду сар моро дӯст медорад. Ӯ моро дар абадият, он вақте ки меҳрубонӣ бо мо лозим нест, дӯст хоҳад дошт. Вале дар ин ҳаёт муҳаббат ба мо дар шакли марҳамат мерезад, ва марҳамат дар навбати худ ба мо бахшиш меорад. Вале меҳрубонӣ ва баракат чӣ тавр мувофиқат менамоянд? Ҳоло ба шумо дарси ҳақиқии илоҳиёт гузаронда мешавад, аз ин рӯ бодиққат бошед. Худи калимаи меҳрубонӣ бо ҳама маҳсулҳои худ ҳамеша вуҷуд доштани ягон масъаларо вобаста ба дард, азоб ва эҳтиёҷот тахмин менамояд. Вале баракат бевосита бо гуноҳ алоқаманд мебошад. Меҳрубонӣ бо нишонаҳо, бо аломатҳои зоҳирӣ алоқаманд аст, аммо баракат — бо масъалаҳо. Марҳамат аз ҷазо раҳоёбиро пешкаш менамояд; аммо баракат — бахшоиши ҷиноятро. Дар ибтидо баракат меояд, зеро он гуноҳро бартараф месозад, ва баъд аз он марҳамат ҷазоро бекор мегардонад. Дар масали сомарии некдил меҳрубонӣ азобро сабук мегардонад. Баракат зоҳирсозии меҳрубониро имконпазир мегардонад. Меҳрубонӣ бо манфӣ сару кор дорад, вале баракат онро ба мусбӣ мубаддал мегардонад. Меҳрубонӣ дардро бартараф мекунад; баракат ҳолатро пурра беҳтар мегардонад. Меҳрубонӣ мегӯяд: «Ҳеҷ гуна дӯзах»; баракат мегӯяд: «Осмонҳо». Меҳрубонӣ мегӯяд: «Дилам ба ту месӯзад», баракат мегӯяд: «Ман туро мебахшам». Мантиқан марҳамат ва баракат моҳияти ду тарафи як медали мӯъҷизанок мебошад. Худо ҳам ин, ва ҳам онро пешкаш менамояд. Вале дар бораи меҳрубонӣ ва адолат чӣ? Одамон мегӯянд: «Агар Худо одил аст, чӣ тавр Ӯ метавонад меҳрубон бошад?» Агар шумо ба ин маҳз ҳамин тавр нигаред, агар Худо одил, муқаддас ва порсо бошад, оё метавонад, ки Ӯ аз доварии боадолат даст кашад? Оё Ӯ метавонад гӯяд: «Ман медонам, ки ту гунаҳкор ҳастӣ ва гуноҳҳои зиёд кардӣ, вале ман чунон меҳрубон ҳастам, ки туро мебахшам?» Оё чунин шуданаш мумкин аст? Ҳа, мумкин аст. Барои чӣ? Барои он, ки Ӯ ба ҷаҳон ба ҳасби ҷисм омад ва дар рӯи салиб мурд ва дар худ ҳамаи гуноҳҳои моро бурд. Ӯ ба пуррагӣ барои гуноҳҳои мо подош дод. Дар салиб, вақте ки Исо мурд, талаботҳои адолат қаноатманд гардонда шуданд. Худо гуфта буд, ки бе резондани хун, бе қурбонии комил, ки тавонад дар худ тамоми гуноҳҳои ҷаҳонро бардорад, бахшиш нахоҳад буд. Чунин қурбонӣ Исо гардид. Талаботҳои адолат ба ҷо оварда шуданд. Меҳрубонӣ адолатро вайрон намекунад. Дар бораи марҳамати Худо гуфта истода, ман дар бораи раҳмдилии беақлонае намегӯям, ки гуноҳро сафед мекарда бошад. Бе ин ҳам имрӯзҳо дар калисоҳо чизҳои ба ин монанд бисёр шуда мегузарад. Вақте ки музди гуноҳҳо супорида шуд, Худоваанд ягона маротиба марҳамати Худро резонд. Вале боз меҳрубонии дилсӯзонаи бардурӯғ вуҷуд дорад, ки кӯшиш мекунад одамонро аз ҷазо барои аъмолашон озод намояд. Шоҳ Шоул шоҳ Аҷаҷро раҳм кард (ба 1 Подш. 15 ниг.), ки ин муқаддасии Худо таҳқир мекард. Довуд меҳрубонии бардурӯғ зоҳир намуда, Абшолӯмро раҳо кард ва бо ин дар дили ӯ тухми беитоатиро кошт (ба 2 Подш. 13 ниг.). Дар ин бора фаромӯш кардан лозим нест. Таронасаро мегӯяд: «Эҳсон ва ростӣ мулоқот хоҳанд кард…» (Заб. 84:11). Худо ҳеҷ гоҳ баҳри марҳамат ҳақиқати Худ ва муқаддасии Худро қурбонӣ намекунад. Ӯ танҳо меҳрубонии Худро баъди тантанаи доварӣ зоҳир месозад. Агар Абшолӯм тавба мекард ва назди Худо зонӯ мезад, он вақт ӯ марҳаматро дарк мекард. Вале ӯ чунин накард, зеро дилаш якрав ва саркаш монд. Дар калисоҳои мо одамоне ҳастанд, ки дар гуноҳ зиндагӣ мекунанд ва ҳатто кӯшиш намекунанд, ки бо он мубориза баранд. Вале онҳо аз Худо марҳаматро интизоранд. Гӯш кунед, ки Яъқуб чӣ мегӯяд: Касе ки тамоми шариатро риоя намуда, валекин дар як чиз гуноҳ кунад, нисбат ба ҳама чиз айбдор мешавад. Зеро Он ки «зино накун» гуфтааст, «қатл накун» ҳам гуфтааст, бинобар ин, агар ту зино накунӣ, вале қатл кунӣ, — ба шариат хато кардаӣ. Ҳамчун касоне ки бар тибқи шариати озодӣ доварӣ карда хоҳанд шуд, чунин сухан гӯед ва чунин амал кунед, зеро бар касе ки эҳсон накардааст, доварӣ бе марҳамат хоҳад буд; марҳамат бар доварӣ ғалаба меёбад. Яъқ. 2:10-13 Доварии бе марҳамат он касонеро интизор аст, ки ҳақиқат ва қурбонии Масеҳро инкор мекунанд. Дар ин ҳеҷ ҷои дилсӯзӣ нест. Агар шумо оқибаташро фикр накарда гуноҳ кунед ва дар назди Исои Масеҳ тавба накунед, Худо ба шумо ваъда намедиҳад, ки ба шумо марҳамат намуда, шуморо қабул мекунад. Он вақт шуморо доварии бе марҳамат интизор аст. МАЪНОИ МЕҲРУБОНӢ Инак, марҳамат — фаҳмиши тамоман махсус мебошад. Марҳамат аз бахшиш боло меистад, вале ба муҳаббат гузашт менамояд ва аз баракат фарқ дорад. Он аз адолат ҷудонашаванда аст. Одами меҳрубон на танҳо суханони таҳқиромези одамони бадро мешунавад, балки ба он бо таассуф назар мекунад. Одами дилсӯз ҳамеша пур аз таассуф буда, ба бахшидан тайёр аст. Дили ӯ меҳрубон ва дӯстдор аст. Ӯ он қадар дилсӯз нест, ки аз гуноҳ чашм пӯшад ва онро беҷазо монад, танҳо барои он, ки шахси гуноҳкор ба назар андӯҳгин менамояд ё худро бадбахт нишон медиҳад. Довуд навишта буд: «Шарир қарз мегирад ва адо намекунад, вале одил эҳсон мекунад ва медиҳад» (Заб. 36:21). Агар писарам назди ман ояд ва гӯяд: «Падарҷон, ман рафтори нодуруст кардам ва аз ин корам пушаймонам», ман нисбати вай меҳрубон хоҳам буд. Вале ман вақте ки кӯдаконам хурд буданд, ба онҳо гуфта будам: «…Агар ман фаҳмам, ки шумо дурӯғ гуфтаед, ё ин ки дар рафтори бади худ иқрор нашудаед, аз ман хубиро чашмдор нашавед. Шумо ҷазо хоҳед гирифт». Иброҳим ба бадиҳое, ки Лут дар ҳаққи вай карда буд, нигоҳ накарда, эҳсон намуда ӯро аз асирӣ озод кард ва тамоми дороиашро баргардонд. Юсуф, баъди он ҳама озорҳое, ки бародаронаш ба ӯ расонда буданд нигоҳ накарда, меҳрубон буд ва онҳоро қабул намуда, эҳтиёҷотҳои онҳоро қонеъ гардонд. Вақте ки Марям гирифтори махав шуд, Мусо меҳрубонӣ нишон дод ва ба он нигоҳ накарда, ки Марям ба муқобили ӯ исён бардоштааст, ва бо ин аз тарафи Худо ҷазо дода шудааст, аз Худо хоҳиш намуд, ки ӯро шифо диҳад (ба Ад. 12:13 ниг.). Довуд он вақте ки ду маротиба Шоулро бахшид ва ҳаёташро нигоҳ дошт, меҳрубон буд (1 Подш. 24:26 ниг.). Ана дар Таронаи 108-ум дар бораи одаме, ки дар дили вай эҳсон набуд, чӣ гуфта мешавад: «Гуноҳи падарони ӯ назди Худованд зикр ёбад, ва хатои модари ӯ аз хотир наравад; дар мадди назари Худованд ҳамеша бошанд, ва Ӯ зикри онҳоро аз замин нест кунад» (оятҳои 14-15). Чаро? Барои чӣ ин гуна маҳкумкунӣ? Ана ҷавоб: «…барои он ки ӯ эҳсон карданро дар ёд надошт, балки одами мискин ва камбағал ва дилрешро таъқиб мекард, то ки ба мурдан расонад…» (ояти 16). Дилсӯз он касест, ки дасти ёрӣ дароз мекунад, на он касе, ки ҳама чизро ба тарафи худ мекашад. Худо ба мо ёрӣ медиҳад, ки ба бадие, ки ҷамъияти моро пур кардааст, истодагарӣ намоем, ва овози Ӯро, ки моро барои додани ҳама чизи доштаамон даъват мекунад, шунавем. Агар касе моро ранҷонад, биёед меҳрубон, ғамхор ва олиҳиммат бошем. Агар касе хато мекунад, ё ноҳақ доварӣ мекунад, ё қарзҳоямонро барнамегардонад, биёед меҳрубон бошем. Мо бояд сифатҳои ба писарони Малакути Осмонӣ хосро зоҳир созем. Сулаймон навишта буд: «Шахси эҳсонкор ба ҷони худаш некӣ мекунад, вале каси дилсахт ҷисми худашро хароб мекунад». (Мас. 11:17). Шумо дар ҳақиқат мехоҳед бадбахт бошед? Дар он вақт сангдил бошед. Мехоҳед хушбахт бошед? Дилсӯз бошед. Дар Китоби Масалҳо гуфта шудааст: «Одил ба ҷони чорвои худ раҳм мекунад, вале марҳаматҳои шарирон бераҳмона аст» (Мас. 12:10). Одами тақводор ҳатто ба ҳайвон меҳрубон аст; одами шарир нисбати ҳама сангдил аст. Мехоҳед хусусиятҳои фарқкунандаи беимонон ва шариронро донед? Дар Нома ба Румиён гуфта шудааст: «…онҳо аз ҳар гуна кизб, зино, макр, тамаъ ва кина, ҳамчунин аз ҳасад, қатл, ҷидол, фиреб ва бадхӯӣ пур ҳастанд. Бадгап, тӯҳматчӣ, худобадбин, дилозор, худсито, мағрур ва бадандеш ҳастанд, ба падару модарон итоат намекунанд, беандеша, аҳдшикан, беилтифот, бадкина ва бераҳманд» (Рум. 1:29-31). Оё ин маънои онро дорад, ки ҷамъияти мо умуман номеҳрубон аст? Аз афташ чунин аст. Вале мо, ки раҳм карда шудаем, чӣ гуна метавонем номеҳрубон бошем? Мо чӣ хизмат нишон додаем? Агар мо худамон ин тавр ба марҳамати Худо маъюсона эҳтиёҷ дошта бошем, чӣ тавр метавонем ба ягон кас чунин сангдил бошем? Ва дар ин ҷо мо ба қисми дигари муҳокимарониҳоямон омада мерасем. Худо — сарчашмаи меҳрубонии мост. САРЧАШМАИ МАРҲАМАТ Худо сарчашмаи марҳамат аст, вале танҳо барои он касоне, ки аллакай чор аҳкомҳои хушбахтии дида баромадаи моро қабул карда риоя менамояд. Марҳамат умуман ба табиати инсонӣ хос нест. Баъзан мо ба некӣ бо некӣ ҷавоб мегардонем, вале ин барои мо меъёр нест. Ягона роҳ, ба меҳрубонии ҳақиқӣ ин қабули меҳрубонӣ аз Худо буда, ягона роҳ барои онро дар худ нигоҳ доштан — ин қабули порсоии Масеҳ мебошад. Дар бораи ин Исо гуфта буд. Танҳо ҳамон вақте ки мо тамоми ин роҳи аҳкомҳои хушбахтиро тай мекунем, ва ба ҳамон ҷое мерасем, ки гурусна ва ташнаи адолат мешавем — танҳо ҳамон вақт дарк мекунем, ки марҳамат чист. Одамон хушбахтиро меҷӯянд, вале намехоҳанд худро ба Худо супоранд. Онҳо ба пайғамбари бардурӯғ Билъом монанд мешаванд, ки гуфта буд: «…ҷони ман ба фавти одилон бимирад…» (Ад. 23:10). Як муаллифи пуританӣ ин ҷойро ба таври зайл шарҳ додааст: «Билъом мехост чун одил бимирад, вале намехост чун одил зиндагӣ кунад». Танҳо ба он кас марҳамат тӯҳфа карда мешавад, ки ба Худои муқаддас бо дили сарнагун ва мискинии рӯҳ гашта меояд ва порсоии Ӯро ҷӯё мешавад. Ана, таронасаро чӣ мегӯяд: «Зеро, ба андозае, ки осмон аз замин баланд аст, эҳсони Ӯ ба тарсгоронаш ба ҳамон андоза бузург аст…» (Заб. 102:11). Мо аз Худо метарсем, мо ба назди Масеҳ меоем, ва Худо ба мо марҳамати Худро тӯҳфа менамояд. Ана, барои чӣ Худо гуфта буд: «Пас раҳмдил бошед, чунон ки Падари шумо раҳим аст» (Луқ. 6:36). Дар ин маънӣ ҳеҷ чиз ба салиб, ҷое, ки вазифаи Масеҳ ҳамчун Саркоҳини меҳрубон ба ҷо оварда шуда буд, ва дар он бо тамоми пуррагии худ марҳамати Худо зоҳир гардид, баробар шуда наметавонад (ба Ибр. 2:17 ниг.). Доктор Доналд Грей Барнхаус дар ин бора чунин гуфтааст: Вақте ки Исои Масеҳ дар рӯи салиб мурд, тамоми кори Худо оиди наҷоти инсоният аз соҳаи пешгӯӣ ба дараҷаи далели таърихӣ гузашт. Худо ба мо марҳамати Худро зоҳир сохт. Акнун ҳар касе дуо мекунад, ки «Худо ба ман раҳм кун», амалан аз Ӯ мепурсад, ки қурбонии Масеҳро такрор кунад. Вақте ки Масеҳ мурд, Худо ба сари одамон тамоми марҳамати Худро рехт. Дигар Ӯ чизе надорад, ки резад. Ва акнун Ӯ метавонад ба мо аз рӯи баракат амал намояд, зеро марҳамати Ӯ ба мо таври фаровон рехта шудааст. Сарчашмаи баракат мавҷудияташро давом медиҳад, ва об дар он хушк намешавад». МОҲИЯТИ МАРҲАМАТ Меҳрубон будан чӣ маъно дорад? Ба ин савол ба мо порчаҳои бешумори Навиштаҳо ҷавоб медиҳанд: Мат. 5-6; Рум. 15; 2 Қӯр. 1; Ғал. 6; Эф. 4; Қул. 3. Ва дар ҳар кадоми онҳо мо даъвати меҳрубон буданро мешунавем. Охир мо чӣ тавр меҳрубон гардем? Меҳрубониро ба таври моддӣ ҳам зоҳир сохтан мумкин аст. Масалан, ба нодор пул додан, ба гурусна хӯрок додан, каси урёнро пӯшондан, ба бехона сарпаноҳ додан. Аҳди Қадим пур аз намунаҳои меҳрубонӣ мебошад. Одами меҳрубон бадиро ба дил намегирад, ҳеҷ гоҳ қассос намеситонад, ҳеҷ гоҳ ба камбудиҳои дигарон ишора наменамояд, ҳеҷ гоҳ гуноҳи дигаронро ошкор намесозад. Августини муқаддас ба одамон чунон меҳрубон буд, ки ҳамаи хоҳишмандонро ба хонааш, ба ошхонаи зебояш таклиф мекард, ки дар он ҷо ҳамеша дастархон партофта шуда буд. Мегӯянд, ки дар рӯи дастархон ин суханон навишта шуда буданд: «Ҳар касе, ки ғайбат кардани наздиконашро хуб медонад, беҳтараш ба ин дастурхон наздик нашавад, балки рӯза гирад». Одамони бадкина, худқаноатманд, эҳтиёткор, танҳо дар бораи худ ғамхорӣ мекарда ба монанди он рӯҳонӣ ва марди левӣ мебошанд, ки ба тарафи дигари роҳ гузаштанд, то ки аз шахси маҷрӯҳ, ки баъдтар ба вай сомарии некдил ёрӣ расонд, дуртар шаванд. Меҳрубониро ба таври рӯҳонӣ низ зоҳир сохтан мумкин аст. Мо метавонем дар бораи эҳтиёҷотҳои рӯҳонии одамон ба онҳо ҳамдардӣ карда, онҳоро фош сохта, барои онҳо дуо карда ва ба онҳо бо мавъиза муроҷиат карда ёрӣ расонем. Якум, мо метавонем ба одамон ҳамдардӣ зоҳир созем. Августини Муқаддас гуфта буд: «Агар ман дар бораи бадане нола кунам, ки ҷон онро тарк кардааст, пас ман чӣ хел метавонам дар бораи он ҷоне нола накунам, ки онро Худо тарк кардааст? Мо барои танҳои мурда селоби ашкҳоро мерезонем. Аммо ҷонҳо дар чӣ ҳоланд? Оё мо инчунин дар бораи ҷонҳои ин одамон андӯҳгин мешавем? Агар ман масеҳие ҳастам, ки ҳаёти гунаҳкорона доштам, вале мискини рӯҳ будам; агар ман дар ҳузури Худо худро гунаҳкор эътироф менамудам ва гуноҳҳои худро нола мекардам, агар ман таҳқиршуда, оҷиз ва ҳалим будам, агар ман гурусна ва ташнаи он чизе будам, ки бо қувваи худам онро ба даст оварда наметавонистам — ва агар баъди ҳамаи ин ман аз дили беканори Худо соҳиби марҳамат ва дилсӯзӣ гаштаам, вале ин тӯҳфаро бо дигарон бо ҳам надидаам — пас дар ин мантиқ куҷост? Ман суханони Истефанусро мешунавам, ки дар зери сангборонкунӣ мурда истода мегуфт: «…Худовандо! Ин гуноҳро ба ҳисоби онҳо дохил накун» (Аъм. 7:60). Ӯ ба ҷони озордиҳандагони худ раҳм кард. Ҳам ман ва ҳам шумо бояд ба одамони роҳгумзада бо дилсӯзӣ нигоҳ кунем, ва дар назди онҳо такаббур накунем, ва худро беҳтар нашуморем. Дуюм, мо метавонем фош созем. Ба мо амр шудааст: «Бо фурӯтанӣ мухолифонро насиҳат диҳем, ки шояд Худо ато фармояд, ки онҳо тавба карда, ба дониши ростӣ бирасанд» (2 Тим. 2:25). Фош кардан маънои онро дорад, ки чашми одамонро ба гуноҳҳояшон кушоем, то ки Худо тавонад ба онҳо бахшишро тӯҳфа намояд. Онҳо бояд хушхабарро шунаванд. Павлус ба Титус навишта буд: «Онҳоро ба таври ҷиддӣ мазаммат намо, то ки дар имон солим бошанд…» (Тит. 1:13). Вақте ки ман кушоду равшан гунаҳкорро мазаммат мекунам, дар бораи ҷони ӯ ғамхорӣ зоҳир месозам. Бо вуҷуди ин маро дар норасогии муҳаббат таъна назанед, зеро ба мо амр шудааст, ки баъзе одамонро бо ваҳм наҷот дода «аз оташ берун оварем» (ба Яҳ. 23 ниг.). Дар ин ягон зарра сангдилӣ нест; дар ин муҳаббат зоҳир мегардад. Марҳамат фош месозад. Бе муқобилият кардан ба гуноҳ дарки гунаҳкориро ба даст овардан имконнопазир аст. Сеюм, мо метавонем дуо кунем. Дуо барои ҷонҳои осиён кори дилсӯзӣ аст. Оё мо дар бораи гумроҳон дуо мекунем? Оё мо дар бораи наздикони худ дуо мекунем? Оё барои масеҳиёни ки дар беитоатӣ зиндагӣ мекунанд, дуо мекунем? Дуои мо зоҳирсозии меҳрубонист, зеро он имкон медиҳад, ки баракати Худо резад. Ниҳоят, мо метавонем ҳақиқатро мавъиза кунем. Ман медонам, ки мавъизаи Инҷил — ин кори аз ҳама зарурӣ ва аз ҳама меҳрубононае мебошад, ки мо барои ҷонҳои нобуд мешуда карда метавонем. Инак, меҳрубонии мо метавонад дар ҳамдардӣ, фошсозӣ, дуо ва мавъизаи Инҷил зоҳир гардад. ОҚИБАТИ МЕҲРУБОНӢ Оқибати меҳрубонӣ ба даст овардани марҳамат мебошад. Чӣ хел аҷоиб! Ин доираи сарбастаро мебинед? Худо ба мо марҳамати Худро зоҳир месозад, мо меҳрубон мегардем ва Ӯ ба мо марҳамати зиёдеро тӯҳфа менамояд. Аҳди Қадим мегӯяд, ки бо меҳрубонон Худо бо марҳамат рафтор мекунад (ба 2 Подш. 22:26 ниг.). Ҳамин ақидаро каме ба таври дигар ҳавворӣ Яъқуб баён менамояд: «Зеро бар касе ки эҳсон накардааст доварӣ бе марҳамат хоҳад буд…» (Яъқ. 2:13). Айнан дар ҳамин бора дар таронаи 17-ум ва дар боби 14-уми Китоби Масалҳо гуфта мешавад. Вале моро ҳоло лозим аст, ки якдигарро аз як гумроҳии хеле хатарнок эҳтиёт намоем. Баъзе одамон фикр мекунанд, ки роҳ сӯи наҷот танҳо ба воситаи меҳрубонӣ аст. Ин гумроҳӣ ба калисои католикии Рим хос аст, ки тасдиқ менамояд, агар мо корҳои хуб кунем, Худо аз мо қаноатманд мегардад ва ба мо марҳамат менамояд. Ин ақида ба пайдошавии дайрҳо (монастир), ва чизҳои ба он вобаста оварда расонд. Вале роҳ ба сӯи наҷот чунин нест. Мо марҳаматро ба даст оварда наметавонем. Марҳамат дар он ҷоест, ки хизматҳо нестанд, вагарна инро аллакай марҳамат номидан мумкин намебуд. Ҳар он касе, ки аз Худо марҳамат ёфтааст, меҳрубон мешавад. Танҳо он касоне, ки марҳамат ёфтаанд, дигаронро мебахшанд. Агар шумо меҳрубон бошед, шумо шаҳодат медиҳед, ки шумо фарзанди Худо ҳастед; аз ин рӯ ҳар боре, ки гуноҳ мекунед, Худо шуморо мебахшад, ва ҳар боре, ки шумо дар эҳтиёҷот ба Ӯ муроҷиат мекунед, Ӯ онро пур мегардонад. Ӯ дар бораи шумо ғамхорӣ мекунад. Ӯ марҳамати Худро фаровон ба он кас мерезад, ки вай меҳрубонӣ мекунад, зеро ки онро аз Худои меҳрубон гирифтааст. Оё шумо меҳрубон ҳастед? Боби 8. «Хушо покдилон…» (Мат. 5:8) Мо ҳис мекунем, ки баъзе ҳақиқати каломӣ осонтар аз худ мешавад, дигаронаш душвортар, вале баъзе ҳақиқатҳое ҳастанд, ки ба чоҳи бетаг монанданд ва мазмуни он беандоза буда, чунин менамояд, ки барои фаҳмидан имконнопазир аст. «Хушо покдилон, зеро ки онҳо Худоро хоҳанд дид». Шояд ба ягон кас кӯшиши дида баромадани ин аҳкоми беназир дар як боб густохӣ ва ҳатто таҳқири қувва ва умқи каломи Худо менамояд, зеро ин яке аз пандҳои бузургтарини каломӣ мебошад. Он аз дигар ваҳйҳои Навиштаҳои Муқаддас бартарӣ дорад. Покдилӣ ҳамчун шарти шахсии вохӯрӣ бо Худо — масъалаи бузург ва нотамом мебошад, ки чун дурахши барқ аз тамоми мағзи Китоби Муқаддас мегузарад. Албатта, чизҳое ҳастанд, ки ба куллӣ фаҳмондани онҳо имконнопазир аст, вале ман аз Худованд хоҳиш менамоям, ки ба ман ёрӣ расонад, то ба чизи асосӣ нигаронида шавам. Ман фикр мекунам, ки беҳтараш аз саволҳо сар кунем, ки ба мо ёрӣ мерасонанд баъзе лаҳзаҳоро аниқ намоем. ИСО ИН СУХАНОНРО ДАР КАДОМ ВАЗЪИЯТ ГУФТ? Заминаҳои таърихӣ ва мавқеи таърихии ин суханон дар доираи аҳкомҳои хушбахтӣ чӣ гунаанд? Шахсан ба ман оят дар бораи покдилӣ ба андозае аҳамиятнок аст, ки онро дар як қатор бо дигар оятҳо гузоштан дар назари аввал каме аҷоиб ва ҳатто иштибоҳ менамояд. Ман намефаҳмам, ки барои чӣ ба он ҷои беҳтаре, фарз кардем, дар аввал ё охири мавъиза ҷой дода нашудааст. Инак, биёед аз дида баромадани вазъияти таърихӣ сар мекунем, ки ин суханон гуфта шудаанд. Мо аллакай хеле хуб медонем, ки вазъияти сиёсӣ дар Исроил дар замони Исо чӣ гуна буд, ба ҳамин тариқ, ҳоло мо ба ҳолати рӯҳонии халқи Исроил дар он давра рӯ меорем. Аз ин нуқтаи назар, тамоми мавъизаи Болои кӯҳ ба ин масъала бахшида шудааст, ва ояти ҳаштум дар ин ҷо асосӣ мебошад. Қомати исроилиён зери бори фарисиён, ки дар он давра дорои нуфӯз ва ҳокимият буданд, хам мешуд. Фарисиён сохтори қатъии шариатиро барпо карда буданд, ки рӯҳонияти миллатро пахш мекард. (Сохти шариат ҳар он чизеро, ки ба фаҳмиши рӯҳонӣ дохил мешуд, ба чунин чорчӯбаи қатъӣ медарорад, ки аз рӯи хусусиятҳои худ дар ҳама ҷо ҳокимияти бетартибонаи худро барпо мекунад). Фарисиён шариати Мусоро вайрон карданд. Онҳо шариати навро фикр карда баромаданд, ки дар ҳолати ба ҷо наовардани шариати Худо, виҷдони худро бо баҷо овардани анъанаҳо тасаллӣ медоданд. Халқе, ки дар зери фишори сахти шариатпарастӣ монда буд, наметавонист ҳама талаботҳои онро ба ҷо оварад. Худи ҳомиён қарор доданд, ки агар шахс тавонад, ки ақаллан якчанд аҳкомро риоя кунад, Худо бо вай бо марҳамат хоҳад буд. Вале азбаски ба онҳо чунин намуд, ки ба ин қувваташон намерасад, онҳо қарор доданд, ки агар онҳо ақаллан яктои онро риоя кунанд, Худо онҳоро мефаҳмад (аз ин саволи шариатпараст дар Мат. 22:36 пайдо шуд). Инак, қисми зиёди халқ дар зери ин бори шариат монда буданд, ки онро ба ҷо оварда наметавонистанд, ва ин дар халқ ҳисси гунаҳкорӣ ва безобитагиро ба вуҷуд меовард. Бо вуҷуди ин, дар Исроил одамони ба Худо содиқ буданд, ва бовар мекарданд, ки Ӯ Худро дар аҳкомҳояш зоҳир сохтааст. Ман фикр мекунам, ки маҳз ин шароит ба муваффақияти хизматгузории Яҳёи Таъмиддиҳанда бениҳоят ёрӣ додааст. Одамони аз барои гуноҳ азоб мекашида ва раҳоиҷӯ тайёр буданд, ки Яҳёро гӯш кунанд. Анбӯҳи одамон ба биёбон ба назди ӯ меомаданд, ва байни онҳо ҳатто фарисиён ва саддуқиён низ буданд. Ин одамон ноумедона барои ҷонҳои безобитаашон бахшиш, наҷот ва тасаллоро меҷӯстанд. Онҳо ташнаи Наҷоткор, Кафоратдиҳанда буданд, ки Ӯ ба дӯши онҳо бори вазнини шариатҳои навро бор намекард, балки ба онҳо ин вайронкуниҳои аллакай вуҷуд доштаро мебахшид. Онҳо дар хотир доштанд, ки Худо кайҳо ба онҳо чунин Кафоратдиҳандаро ваъда карда буд. Онҳо хеле хуб суханони Ишаъёро дар бораи он дар хотир доштанд, ки Он Касе меояд, ки гуноҳҳои онҳоро мебахшад, беадолатиҳоро барҳам медиҳад ва хатоҳои онҳоро ислоҳ мекунад. Ӯ ба назди шумораи ками одамоне меояд, ки самимона ба Худо бовар мекунанд ва Ӯро ибодат менамоянд. Онҳо пешгӯии Ҳизқиёлро дар бораи он медонистанд, ки боре Худо меояд ва онҳоро бо оби Худ мешӯяд ва онҳо пок хоҳанд шуд; Ӯ аз ҷисми онҳо дилҳои сангинашонро мегирад ва ба онҳо дилҳои гӯштин медиҳад; ва Ӯ онҳоро аз беадолатӣ озод мекунад ва аз гуноҳ пок мегардонад. Ба онҳо суханони Довуд, ки медонист бахшиш чист ва аз хурсандӣ гиря карда, хитоб менамуд: «Хушо касе, ки Худованд гуноҳи вайро ба ҳисоб намеоварад…» (Заб. 31:2) хеле хуб маълум буданд. Онҳо дар ин бора медонистанд, вале ба қисми ками онҳо муяссар гардид, ки ин ҳиссиётро аз сар гузаронанд. Ана ҳамин хел онҳо дар зери ин бори даҳшатовар нолиш мекарданд. Аз ин рӯ аз Яҳёи Таъмиддиҳанда хушхабари омадани Масеҳ, Наҷоткор ва Кафоратдиҳандаро шунида, ба сӯи ӯ ҷаҳд намуданд. Вале вақте ки ӯ ба онҳо гуфт: «Тавба кунед, зеро ки Малакути Осмон наздик аст» (Мат. 3:2), онҳо инро фаҳмида наметавонистанд, ва натавонистанд, ки зуд ба он эътино намоянд, то аз бори худ раҳоӣ ёбанд ва бахшиш гиранд. Ғайр аз ин, ҳангоми дидани Исо дили онҳо музтариб гардид. Биёед барои мисол ба Ниқӯдимус аз Инҷили Юҳанно назар меандозем. Ӯ марди фарисӣ, вале бо вуҷуди ин бовиҷдон ва самимӣ буд. (Ман фикр мекунам, ки маҳз самимият ва бовиҷдонияш сабаби омадани ӯ ба назди Масеҳ гардид). Ӯ медонист, ки агар дар суханони Исо ҳақиқат бошад, ҳолати вай чӣ гуна хатарнок аст. Дар матни юнонӣ барои тавсифи ӯ воситаҳои хеле ифоданоки забонӣ истифода бурда шудаанд: қайд шудааст, ки ӯ муаллим, сардори яҳудиён ва донишманди бузурги шариат буд. Вале дили ӯ аз изтироб пур буд. Ӯ ба назди Исо омада гуфт: «…Эй устод! Мо медонем, ки Ту Устоде ҳастӣ, ки аз ҷониби Худо омадаӣ; зеро мӯъҷизотеро, ки Ту нишон медиҳӣ, ҳеҷ кас наметавонад нишон диҳад, ҷуз ин ки Худо бо вай бошад» (Юҳ. 3:2). Ин суханони Ниқӯдимус ба мо ҷидду ҷаҳд ва андешаҳои ӯро мекушояд. Ӯ фиристодаи Худоро ёфт. Дар дили ӯ саволе ҷӯш мезад: «Чӣ тавр ман марди порсо гардам, то ки ба Малакути Ту дохил шавам ва фарзанди Худо шуда, кафорат ёбам?» Ниқӯдимус инро шунаво иброз надошт. Ӯ чунин имконият надошт. Вале Исо андешаҳои ӯро медонист. Дар ояти сеюм гуфта мешавад: «Исо дар ҷавоби вай гуфт…» Магар ин ҳайратангез нест? Баъзан моро лозим нест, ки савол диҳем, чунки Ӯ ҳамаро медонад. Ӯ танҳо ҷавоб медиҳад. Исо чунин гуфта ба саволе, ки Ниқӯдимусро ба ҳаяҷон меовард, ҷавоб дод: «…Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегӯям: кас агар аз олами боло таваллуд наёбад, Малакути Худоро дида наметавонад» (ояти 3). Ниқӯдимус ба ҳаёти худ нигариста, ба худ гуфт: «Ман медонам, ки ман фарисӣ ҳастам, ман кӯшиш мекунам, ки шариатро ба ҷо орам, ман сардори яҳудиён, муаллими шариат ҳастам, вале чунин менамояд, ки ин кам аст». Ӯ барои иқрори гунаҳкории худ ва он, ки дар кӯшишҳои ба ҷо овардани шариат пурра шикаст хӯрдааст, хеле поквиҷдон буд. Фикр мекунам, ки дар дили бисёр яҳудиён ҳар он чизе, ки дар дили Ниқӯдимус буд, ба амал меомад, вале албатта дар байни ҳомиёни дин ӯ ақаллиятро ташкил медод. Исо ба таври мӯъҷизаовар панҷ ҳазор одамро сер кард, ва дар рӯзи дигар аз Ӯ пурсиданд: «…Чӣ бояд кунем, ки аъмоли писандидаи Худоро ба ҷо оварда бошем? Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Амали писандидаи Худо ин аст, ки ба Он Касе ки Ӯ фиристод, имон оваред» (Юҳ. 6:28-29). Онҳо дар асл дар бораи чӣ мепурсиданд? Дар бораи он, ки Ниқӯдимус пурсида буд: «Мо шариатро медонем. Мо ҳама расму оинҳоро медонем. Мо аз маросимҳои динӣ хаста шудем. Мо бояд чӣ кор кунем, то донем, ки кори Худо аз чӣ иборат аст?» Онҳо мехостанд ягон чизи ҳақиқиро фаҳманд; онҳо мехостанд фаҳманд, ки чӣ хел ба Малакут дохил шаванд, зеро бо ба ҷо овардани талаботҳои шариат, онро ба даст овардан имконнопазир буд. Онҳо дар ин бора медонистанд. «Ва инак, як шариатдон бархост ва Ӯро озмуданӣ шуда, гуфт: «Эй Устод! Чӣ кунам, ки вориси ҳаёти ҷовидонӣ шавам?» (Луқ. 10:25). Боз ҳамон савол, ҳамон саволе, ки ба он одамони зиёде ҷавоб меҷӯянд. Ин он чизест, ки Ниқӯдимус донистан мехоҳад: меъёрҳояш чӣ гунаанд? Чӣ тавр одаме, ки кӯшиш мекунад дар чорчӯбаи шариат ба Худо мақбул бошад ва бефоида будани ҷидду ҷаҳди худро дарк мекунад, аз ҳисси гунаҳкорӣ ва безобитагие, ки ӯро тарк намекунад, озод гардад? МУШКИЛӢ: ХУДОИ МУҚАДДАС ВА ОДАМИ ГУНОҲКОР Исо ба ин ҷаҳон дар лаҳзаи аз ҳама муносиб омад, зеро дар Ӯ ҷавоб буд. Гап дар сари он, ки Худо муқаддас ва комилан порсо аст, дар Ӯ ягон гуноҳ нест. Худо ба шахси гунаҳкор наҷотро пешкаш менамояд, вале шахси гунаҳкор мегӯяд: «Оё мумкин аст, ки Худои Муқаддас ба шахси гунаҳкор наҷотро тӯҳфа намояд?» Худотарси ҳақиқии яҳудӣ мегуфт: «Чӣ тавр ман ба Малакути Худо дохил мешавам, ки ман қудрати ба ҷо овардани шариати Худоро надорам?» Дар ин ҷо дар мадди аввал саволе меистад, ки Исо дар аҳкомҳои хушбахтӣ ҷавоб мегӯяд. Маҳз ин савол одамонро дар Ҷалил, ки дар пояи кӯҳ нишаста суханони Исоро мешуниданд, безобита месохт (ки дар бораи он дар Мат. 5 гуфта мешавад). Мо дар хотир дорем, ки Ӯ дар тамоми Ҷалил дар маъбадҳо таълим дода, Инҷили Малакутро мавъиза карда, беморонро шифо дода, давр задааст ва овозаи Ӯ дар ҳама ҷо паҳн шуда буд. Бештари одамон аллакай дар бораи Ӯ шунида, Ӯро дида, мавъизаи Ӯро шунида буданд ва дар бораи мӯъҷизаҳои Ӯ медонистанд. Ва ҳамаи онҳо боз ҳамон як саволро медоданд. Аз ҳамаи аҳкомҳои хушбахтӣ танҳо ҳамин ба ин савол ҷавоби аниқ медиҳад: «Хушо покдилон, зеро онҳо (autoi-танҳо онҳо) Худоро хоҳанд дид». Хушбахт на он касоне ҳастанд, ки ғусли даркориро ба ҷо меоранд; на он касоне хушбахтанд, ки ҳамаи маросимҳоро ба ҷо меоранд, ва на он касоне, ки дини аъмоли инсониро парастиш мекунанд. Одам моил аст, ки худро бо одамони атроф муқоиса карда, баҳо диҳад. Номаи дуюм ба Қӯринтиён (боби 11) дар бораи ҳаввориёни козиб мегӯяд, ки худашон дар бораи худ маҳаки баҳодиҳӣ буданд. Дар ин ба таври фавқулодда фарисиён комёб шуда буданд: агар ту хоҳӣ хусусиятҳои рӯҳии худ, симои ахлоқии худ, бенуқсонии худ ва некӯкории худро баҳо диҳӣ, касеро ёб, ки аз ту бадтар бошад, ва ҳамааш ҷо ба ҷо хоҳад шуд. Ана, фарисӣ чӣ хел дуо мекард: «…Худоё, Туро шукр мегӯям, ки ман чун дигар одамон … ё ин ки чун ин боҷгир нестам…» (Луқ. 18:11). Вай худро бо касоне, ки аз ӯ дида пасттар, бадтар ва нафратовартар буданд, муқоиса менамуд. Хатогӣ дар он аст, ки агар одам худбаҳодиҳиро аз муқоисаи худ бо одами аз худ пасттар гузаронад, дар он вақт маҳаки худбаҳодиҳӣ паст мешавад ва яке аз одамони пасттарин намуна мегардад. Вақте ки Худо меъёрии рафтори ба Худ мақбулро барқарор намуд, Ӯ нагуфт, ки мо бояд аз ким-кадом боҷгир ё разил беҳтар бошем. Ӯ гуфт: «Агар шумо Худоро дидан хоҳед, бояд дили пок дошта бошед». Ӯ мавъизаи Худро бо суханони зерин хулоса намуд: «Пас, комил бошед, чунон ки Падари шумо, ки дар осмон аст, комил аст» (Мат. 5:48). Чунин аст қолиби Худои ягонаи комилҳуқуқи муқаддас ва порсои олам. Кӣ ба Малакут ворид мешавад? Кӣ ба осмонҳо меравад? Кӣ сазовори он аст, ки дар ҳузури Худо истад? Кӣ наҷот ёфтааст? Кӣ сазовори он аст, ки Худоро бубинад? Кӣ марҳамати Ӯро дарк мекунад? Кӣ хушбахтии ҳақиқиро дарк мекунад? Танҳо он касоне, ки дили пок доранд. Ба фарисиён маъқул нест, ки агар шустушӯи ҳатмии дастҳо, косаҳо, пиёлаҳо, дегҳо ва харакҳо гузаронда нашавад. Онҳо талаботҳои додани даҳякро аз пудина, бодиён ва зира қатъӣ риоя менамуданд. Онҳо то он даме, ки аз даҳ як қисми ҳар он чизи ба даст овардаашонро ҷудо намекарданд, ором намешуданд. Вале онҳо нисбати фаҳмишҳои муҳаббат ва марҳамат тамоман бетараф буданд. Исо онҳоро фош сохт: «…(Шумо) ба қабрҳои сафед кардашуда монанд мебошед, ки аз берун зебо менамоянд, лекин дарунашон аз устухонҳои мурдагон ва ҳар хел наҷосат пур аст» (Мат. 23:27). Худованд бо як ибораи Худ аз онҳо ниқоби дурӯябозиро канда мегирад. ПАЙДАРПАИИ МАНТИҚИИ АҲКОМҲОИ ХУШБАХТӢ Агар ин аҳкоми муҳим ва бузург бошад, пас чаро он чунин ҷойро дар қатори дигар аҳкомҳо гирифтааст? Бешубҳа кам карда нишон додани ягонтои ин аҳкомҳо мушкил аст,зеро ҳамаи онҳо бениҳоят муҳим мебошанд. Ягонтои онҳоро аз ин номгӯ берун кардан номумкин аст. Онҳо монанди маҷрои бузург мувофиқи равиши ақидаҳои Худо аз якдигар баромада ҷорӣ мешаванд. Гуфтан мумкин нест, ки кадоме аз онҳо муҳимтар мебошанд, зеро ҳамаи онҳо чун узви як чизи том муҳим мебошанд. Хизматгорони Малакут ба ҳар кадом ин талабот ҷавобгӯ мебошанд, зеро яктои онро интихоб кардан номумкин аст. Ҳамин, ки шумо қадами аввалинро мегузоред ва худро мискини рӯҳ эҳос мекунед, боқимонда ҳама ба таври мӯъҷизаовар таҳти таъсири Рӯҳи Худо шуда мегузарад. Ҳафт аҳкоми аввал ягонагии хуберо мемонад. Сетои аввал ба чорум оварда мерасонад, ки дар он дар бораи гуруснагӣ ва ташнагии порсоӣ гуфта мешавад, ва монанди қулла, нуқтаи баландтарин мебошад, ки онро ба даст овардан мумкин аст. Шумо аз мискинии рӯҳ сар мекунед, ки ба навҳагарӣ дар бораи гуноҳҳои шахсӣ мубаддал мегардад. Худро гунаҳкор дида шумо мутеъ мешавед ва дар назди Худо ҳалим мегардед. Ва дар ин лаҳза шумо дар бораи порсоӣ дуо карданро сар мекунед. Баъди ин Худо амал карданро сар мекунад, ва шумо марҳамати Ӯро, покдилӣ ва бахшоиши сулҳҷӯии Ӯро ба даст меоред. Ба ҳамин тариқ се ояти охирин ба чорум роҳ кушода аз он бармеоянд. Вале шумо боз ягон чизи дигарро мушоҳида накардед? Гап дар сари он аст, ки байни аҳкомҳо як алоқамандии печ дар печ вуҷуд дорад, аз ҷумла байни якум ва панҷум, дуюм ва шашум, сеюм ва ҳафтум. Ҳамин ки мискинони рӯҳ (якум), бечорагӣ ва нотавонии худро дарк мекунанд, тайёранд, ки меҳрубонӣ кунанд ва ба дигарон дасти ёрӣ дароз намоянд (панҷум). Ҳар он касе, ки гуноҳи худро нола кардааст (дуюм), дили пок ба даст меорад (шашум). Ва ниҳоят танҳо ҳалимон (сеюм), сулҳҷӯ мегарданд (ҳафтум). Ин печ дар печии ҳайратовар ва зебои аҳкомҳои хушбахтӣ ба мо равиши фикри Худоро нишон медиҳанд. Аҳкоми дар боби мазкур дида мешуда, куллан ба таври олӣ ҳам таърихӣ, ва ҳам хронологӣ ба сохти мавъиза рост меояд. МАЛАКУТИ БАРОИ ПОКДИЛОН ТАЪИН ШУДА Дар ҷаҳон танҳо ду намуди дин вуҷуд дорад. Якум — ин дини аъмоли инсонӣ, ки ба гуногунияш нигоҳ накарда, ҳамеша як асос дорад: боварӣ ба он, ки одам метавонад худро наҷот диҳад. Дини намуди дуюм бошад, дар боварии он асос ёфтааст, ки ҳама чиз бо дасти Худо ба амал меояд; эътиқодмандони он мегӯянд: «Ман инро карда наметавонам. Худо инро дар Масеҳ кардааст». Варианти худро интихоб намоед. Роҳи дастовардҳои инcонӣ — роҳи бардурӯғи иблис мебошад. Дар ҳар як тӯдаи одамон ҳамеша одамоне ёфт мешаванд, ки тайёранд роҳхатро ба осмонҳо бо қувва, қудрат ва маҳоратҳои худ ба даст оранд. Онҳо дар тӯдаи одамон, ки дар атрофи Исо он рӯзе, ки Ӯ мавъизаи Болои кӯҳро баён мекард ва «ман афсӯс мехӯрам, вале шумо тайёр нестед Худоро бубинед» гуфта, ниқобро аз рӯи онҳо кашида буд, гирд омада буданд. Онҳо бо ҳеҷ чиз худро ҳақ бароварда наметавонистанд, зеро онҳо оятро аз тарона: «Инак, ту ростиро дар замирам хоҳон ҳастӣ…» (Заб. 50:8) ва суханони зерини таронасароро медонистанд: Замин ва ҳар чӣ дар он аст, дунё ва сокинони он азони Худо аст; зеро ки Ӯ онро бар баҳрҳо бунёд кардааст ва бар дарёҳо барқарор намудааст. Кист, ки бар кӯҳи Худованд барояд, ва кист, ки дар мақоми муқаддаси Ӯ биистад? Каси покизадаст ва покдил, ки ҷонаш ба орзӯҳои беҳуда нигаронида нашуда бошад, ва қасами дурӯғ нахӯрда бошад,-баракат аз Худованд ва хайр аз Худои Наҷотдиҳандаи худ хоҳад ёфт. Заб. 23:1-5 Кӣ ба Малакут ворид мегардад? Дар ин аҳком Исо ба таври фушурда мазмуни таронаи боби 23-уми Забурро баён менамояд. Агар, ки яҳудиён суханони пайғамбари дӯстдоштаашон Ишаъёро, ки дӯст медоштанд, ба хотир мегирифтанд, онҳо ба ин савол ҷавоб медоданд. Ана Ишаъё чӣ мегӯяд: «Охир, дасти Худованд кӯтоҳ нест, ки наҷот надиҳад, ва гӯши Ӯ вазнин нест, ки нашнавад» (Иш. 59:1). Агар, ки шумо наҷот наёфта бошед, ин аз он сабаб нест, ки дасти Ӯ ба шумо намерасад. Балки гуноҳҳои шумо дар миёни шумо ва Худои шумо ҷудоӣ андохтааст, ва хатоҳои шумо рӯи Ӯро аз шумо пӯшидааст, то ки нашнавад, Зеро ки дастҳои шумо ба хун ва ан-гуштҳои шумо ба гуноҳ олуда шудааст; лабҳои шумо дурӯғ мегӯяд, забони шумо ноинсофона сухан меронад. Ҳеҷ кас толиби адолат нест, ва ҳеҷ кас аз рӯи ростӣ доварӣ наме-кунад; ба ҳеҷу пуч умед мебанданд ва суханони ботил мегӯянд, ба хабосат ҳомила мешаванд ва бадиро мезоянд.Аз тухми афъӣ бача мебароваранд, ва тори анкабут метананд… <…> Зеро ки ҷиноятҳои мо пеши Ту бисёр шудааст, ва хатоҳои мо ба муқобили мо шаҳодат медиҳад; зеро ки ҷиноятҳои мо бо мост, ва гуноҳҳои худро медонем. Иш. 59:2-5, 12 Ана Ишаъё дар бораи Худо чӣ навиштааст: «Ва дид, ки одаме нест, ва тааҷҷуб намуд, ки пуштибоне нест; ва бозуи Ӯ ба Ӯ мададгор шуд, ва адолати Ӯ Ӯро дастгирӣ намуд. Ва Ӯ адолатро мисли зиреҳ дар бар кард, ва хӯди наҷотро бар сари Худ ниҳод, ва пироҳани интиқомро дар ивази либос дар бар кард, ва рашкро мисли ҷомае пӯшид» (Иш: 59:16-17). Ин симои Масеҳ аст. Худованд одамони олудаи гуноҳро, ки мисли яҳудиёни замони Исо фарёд мезаданд, дид: «Наход ягон одаме набошад? Наход ягон пуштибоне набошад?» Масеҳ бояд меомад ва пироҳани наҷотро дар бар мекард, ва дар ин бора Ишаъё дар ояти 20-ум мегӯяд: «Ва Раҳокунанда барои Сион хоҳад омад…» Агар онҳо боби 59-уми Китоби Ишаъёро дар хотир медоштанд, ба ин савол ҷавоб мегирифтанд. Агар онҳо ба таври ҳақиқӣ ба пайғамбар Ҳизқиёл бовар мекарданд, онҳо медонистанд, ки Масеҳ ба омадан тайёрӣ мебинад ва халқи Худро аз ҳама нопокиҳо пок месозад (ба Ҳизқ. 36 ниг.). Китоби якуми Подшоҳон (16:7), ба онҳо ёдовар мешуд, ки «одам ба қиёфа нигоҳ мекунад, Худо бошад ба дил». Агар мо покдил нагардем ҳеҷ гоҳ ба Малакути Осмон дохил шуда наметавонем, ҳеҷ гоҳ рӯи Ӯро намебинем, ҳеҷ гоҳ бахшиши Ӯро соҳиб намегардем, ҳеҷ гоҳ Кафоратдиҳандаи худро намешиносем, ва наҷотро ба даст наоварда дар гуноҳҳоямон мемирем. Аз ҳама ҳайратовар ин аст, ки Исои Масеҳ маҳз барои ҳамин ба дунё омад, — то ки дилҳои моро пок гардонад. Вақте ки Ӯ дар рӯи салиб мурд, Ӯ ба Худ ҳамаи гуноҳҳои моро гирифт ва ба ҷои мо ҷазо гирифт. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Ӯ ба мо порсоии Худро тақдим кард. Ин дар ҳақиқат мубодилаи ҳайратовар: Ӯ гуноҳҳои моро мегирад ва ба мо порсоии Худро медиҳад. Агар мо ба Исои Масеҳ бовар кунем, он вақт дар назари Худо мо пок ҳастем. Дигар ба ҳеҷ шарт ин имконпазир нест. Ана дар ин бора Навиштаҳо чӣ мегӯяд: «Барои ҳамду санои ҷалоли файзи Худ, ки ба мо дар Маҳбуби Худ бо саховатмандӣ бахшидааст…» (Эфс. 1:6). Танҳо барои он, ки Масеҳ ҷои моро ишғол намуд, гуноҳҳои моро дар бадани Худ ба салиб бардошт — ба мо порсоии Ӯ тӯҳфа карда шудааст. Худо дилҳои моро ба воситаи имон пок месозад. ПОКДИЛ БУДАН ЧӢ МАЪНО ДОРАД Дили пок доштан чӣ маъно дорад? Дар Китоби Муқаддас дар зери мафҳуми «дил» ҳамеша ҷаҳони ботинии одам дар назар дошта шудааст. Одатан ин ба тарзи фикрронӣ тааллуқ дорад. «Дил» ҳеҷ гоҳ «эҳсосотро» ифода намекард. Вақте ки Китоби Муқаддас дар бораи эҳсосотҳо мегӯяд, чун қоида «дарун» ё «дилу ҷигар» дар назар дошта мешавад. Агар яҳудиро ягон ҳиссиёт фаро гирад, ӯ мегуфт, ки даруни ӯ ба ҳаяҷон омад. Вақте ки ӯ сахт мутаассир мешуд, ин ба дилу ҷигари вай дахл мекард. Дил ҳамеша бо ақл шабоҳат дода мешуд: «Зеро, чӣ гунае ки ӯ дар дили худ мулоҳиза накунад, худаш низ ҳамон гуна аст…» (Мас. 23:7). Баъзан калимаи дил ба ирода ва эҳсосот ишора менамояд, вале танҳо ҳамон вақте ки онҳо натиҷаи фаъолияти ақлии одам бошанд. Масалан, агар майнаи ман ба таври ҷиддӣ ба ягон кор банд бошад, ин ба иродаи ман таъсир мерасонад, ки ин дар навбати худ ба ҳиссиётҳои ман таъсир мекунад. Ирода ба монанди чархи калон мебошад, ҳамин, ки ақл онро ба ҳаракат дарорад, чархи калон ба тоб хӯрдан сар мекунад ва эҳсосот пайдо мешавад. Дар Китоби Масалҳо гуфта шудааст: «Бештар аз ҳар чизи ҳифзталаб дили худро маҳфуз дор, зеро ки зуҳуроти ҳаёт аз он аст (Мас. 4:23). Ин маънои онро дорад, ки дил чӣ гуна набошад, аз он сарчашмаҳои ҳаёт ибтидо мегирад. Фикрҳо, ҳиссиётҳо, рафторҳо — ҳамаашон дар дил тавлид меёбанд. Дар Нома ба Эфсӯсиён 6:6 дар бораи баҷооварии иродаи Худо аз дилу ҷон, яъне аз дили пок, гуфта мешавад. Ҳамааш аз дил бармеояд. Вақте ки Худованди мо дар мавъизаи Худ дар бораи покии дил сухан ронд, Ӯ пеш аз ҳама ақлро дар назар дошт, ки ба воситаи ирода идора карда мешавад, ки дар навбати худ ҳиссиётро назорат менамояд. Ин зарбаи сахт буд, ки ба фарисиён ва шариатдонон зада шуда буд, чунки онҳо исбот кардан мехостанд, ки аз ҳама муҳим ифодаҳои зоҳирӣ ва ҳамаи расмиятҳо мебошад. Исо далерона ба муқобили онҳо баромад. Худоро тағйиротҳое, ки дар дили одам шуда мегузарад, ба ҳаяҷон меорад. Довуд дар Таронаи 50-ум чӣ пурсида буд? «Худоё дили поке ба ман биофарин…» (Заб. 50:12). «Ба яқин Худо барои Исроил… некӯст!» — хитоб мекунад таронасаро (Заб. 72:1). Вале маҳз ба кӣ? «Ба покдилон». Агар шумо ҳар рӯз ба калисо равед, бо худ Китоби Муқаддасро гирифта гардед ва аз он иқтибосҳо оред, вале дили шумо пок набошад, пас шумо ба меъёрҳои Худо ҷавобгӯ нестед. Кӯшиш мекунем ин ҳақиқатро дар намунаи Довуд ва Шоул нишон диҳем. Вақте ки Худо Шоулро ба подшоҳӣ интихоб намуд, ӯ танҳо қоматбаланд ва зебо буду халос. Зеро чӣ тавре, ки дар Китоби Якуми Подшоҳон (10:9) гуфта шудааст, Худо ба ӯ дили нав дод, зеро Шоул бояд ботинан тағйир меёфт. Вале Шоул чун пештара ба Худо беитоат буд ва вақте расид, ки Самуил моҳиятан ба вай чунин гуфт: «Шоул, Худованд мегӯяд, ки подшоҳии ту ба охир расидааст. Ту дигар подшоҳ нахоҳӣ буд» (ба 1 Подш. 15 ниг). Барои чӣ? «…Худованд барои Худ шахси дигареро ба муддаои табъи Худ хоҳад талабид…» (1 Подш. 13:14). Барои чӣ ин барои Худо ин қадар муҳим буд? Ҷавоб ба ин дар худи ҳамон ҷо пайдо мегардад. «…Одам фақат он чиро, ки ба чашм намоён аст, мебинад, вале Худованд он чиро ки дар дил аст, мебинад» (1 Подш. 16:7). Кӣ марди муддаои табъи Худо буд? Довуд. Худо вайро барои он интихоб намуд, ки дили пок дошт. Довуд ба Худо гуфт: «Худовандо, туро бо тамоми дилам ҳамд хоҳам гуфт…» (Заб. 9:2). Дар Таронаи 18-ум Довуд мегӯяд: «Бигзор суханони даҳонам ва андешаи дилам писандидаи Ту бошад, эй Худованд, ки кӯҳпораи ман ва раҳокунандаи ман ҳастӣ!» (ояти 15). Вале дар Таронаи 25-ум мепурсад: «Маро имтиҳон намо, эй Худованд, ва маро биозмой; ботинам ва диламро бигудоз» (ояти 2). Дар Таронаи 26-ум Довуд менависад: «Дилам аз ҷониби Ту мегӯяд: «Ҷӯёи рӯи Ман бошед»; ва ман, эй Худованд, ҷӯёи рӯи Ту хоҳам буд» (ояти 8). Ин суханони одамест, ки ба садои дили худ гӯш додааст. «Худованд қуввати ман аст ва сипари ман аст, дилам ба Ӯ таваккал намуд…» (Заб. 27:7). Довуд аз умқи дили худ Худовандро фарёд мекард ва меҷӯст. Вале натиҷаи он чӣ гуна буд? Дар Таронаи 56-ум Довуд иброз медорад: «Дилам қавист, эй Худо, дилам қавист…» (ояти 8). Ана, ин гуна ибодат ба Худо мақбул аст; ана чунин дил ба Худо мақбул аст, — диле, ки ба Ӯ таваккал мекунад. Довуд метавонист дар баъзе лаҳзаҳои ҳаёти худ нопок рафтор намояд, вале танҳо на он вақте ки дили ӯ ба Худо нигаронида шуда буд. Таркибдиҳандаи дигари ибораи таҳқиқшаванда ин калимаи пок (karharos-ба забони юнонӣ) мебошад. Сӯҳбатҳо оиди покии ботиниро ҷаҳони мо хуш намепазирад. Одамон покии ахлоқиро як чизи дилгиркунанда, фач, ноҷолиб шуморида, хоси одамони соддалавҳе медонанд, ки либосҳои дарозро дар бар карда, дар дайр зиндагонӣ мекунанд. Katharos — ин сифат аз феъли katharidoz мебошад, ки маънои «аз ифлосиҳо ва нопокиҳо пок гаштан» — ро дорад. Дар лаҳзаи мазкур katharidzo маънои «аз гуноҳ озод будан» — ро дорад. Ин калима аз калимаи лотинии castus реша мегирад, ки аз он калимаи англисии chaste (покдоман, пок) пайдо шудааст. Вақте ки шумо ба рӯҳшинос ё устоди рӯҳонӣ муроҷиат менамоед, ба воситаи катарсис ҷони худро пок месозед. Қайд кардан ҷолиби диққат аст, ки калимаи katharos боз як маънои дигар низ дорад. Ақидаҳое ҳастанд, ки он инчунин маънои «омехтанашуда, дар шакли тоза, бе омехтагӣ, аслӣ, тозатарин, софкардашуда, аз ҳама чизи бегона тоза кардашуда» — ро дорад. Бинобар ин, маънои ҳақиқии суханони Худованд чунин буданд: «Ман мехоҳам, ки вафодории шумо ва хоҳишҳои шумо пок, самимӣ ва аслӣ бошанд. Ба Ман хоҳишҳои поки аз дили пок баромада мақбул мебошад». Дар ҳар ҳолат, дар ин ҷо сухан дар бораи мавқеи мо, ягонагӣ ва самимияти мо, софдилии мо ҳамчун акси риёкорӣ ва дурӯягӣ меравад. Дар Китоби Пайғамбар Ирмиё гуфта шудааст: «Ва Ман ба онҳо як дил ва як роҳ хоҳам дод, то ки… аз Ман битарсанд» (Ирм. 32:39). Довуд мегӯяд: «Ва Ӯ онҳоро бо дили софи Худ чӯпонӣ кард, ва бо маҳорати кафҳои Худ ҳидоят намуд» (Заб. 77:72). Дар ин ҷо мо вафодории самимӣ, мақсади ягона ва ниятҳои покро мебинем. Худованди мо ба таври махсус муҳимии покдилиро қайд менамояд, ки аз давоми мавъизаи Болои кӯҳ маълум мегардад: «Зеро ҳарҷо, ки ганҷи шумост, дили шумо низ дар ҳамон ҷо хоҳад буд» (Мат. 6:26). Ва дар ояти 24-ум Ӯ гӯё хулоса мекунад: «…Ҳеҷ кас ба ду оғо хизмат карда наметавонад…» Ҳавворӣ Яъқуб ҳам дар номаи худ дар ин бора гуфта буд: «…Дастҳои худро бишӯед, эй гунаҳкорон, ва дилҳои худро пок кунед, эй дудилагон» (Яъқ. 4:8). Дар боби 7-уми Нома ба Румиён Павлус мегӯяд: «Хоҳишҳои ман, ҳатто вақте ки ман қувват надорам бо ҷисми гунаҳкорам мубориза барам, пок ҳастанд». Агар шумо масеҳии ҳақиқӣ бошед, ҷидду ҷаҳди покӣ бояд шуморо тарк накунад, агар ин хоҳиш дар дилатон набошад, ман ба он сахт шубҳа дорам, ки шумо Худоро мешиносед. Оё дар дили шумо чунин хоҳиш ҳаст? Оё ниятҳои шумо поканд? Боре ба Ҷон Бенян, муаллифи асарҳои классикӣ, ба монанди Сайёҳати мусофир ва Ҷанги рӯҳонӣ, гуфтанд, ки ӯ мавъизачии бузург аст ва мавъизаи охирини ӯ дар ҳақиқат шоҳасар аст, ва чӣ тавре ки шаҳодат медиҳанд, ӯ инро бо ғамгинӣ қайд намуд: «Раҳмат, аммо вақте ки ман аз минбар мефаромадам, аллакай инро ба ман иблис гуфт». Ниятҳои нек ба амалҳои порсоёна шабоҳат надоранд. Калимаи katharos на танҳо ба андешаҳо, ниятҳо ва хоҳишҳо тааллуқ дорад. Бисёрии одамон бо ниятҳои пок ҳеҷ гоҳ ба назди Худо намеоянд. Боре дар Мехико ман дидам, ки дар назди ҳайкали Нуэстра Сенора де Гуадалупа одамон ба масофаи сесад ярд бо зонӯ хазиданд, ки дар натиҷаи ин зонӯҳояшон хуншор шуд. Ҳамаи ин хеле самимӣ, вале нодуруст буд. Бегуфтугӯ, коҳинони Баал дар замонҳои пайғамбар Илёс хеле самимӣ буданд ва дар ҳолати ваҷд худро бо корду найзаҳо мезаданд. Ин бешубҳа, нишонаи покдилӣ аст; шумо худро бо корд мезанед ва фикр мекунед, ки шумо дуруст рафтор менамоед. Вале калимаи katharos на танҳо ба самимият ва покии ниятҳо, балки ба амалҳои порсоёна, (ки дар бораи он Худо гуфта буд), ишора менамояд. Ҳам ин, ва ҳам он як хел муҳиманд. Рафтори порсоёна — натиҷаи покии андеша ва хоҳишҳо мебошад. Томас Уотсон гуфта буд: «Ахлоқ низ метавонад ба мисли айб ҳалокатовар бошад. Киштӣ агар аз ҳад зиёд пурбор бошад, метавонад ғарқ шавад, муҳим нест, ки ин тилло аст, ё пору». Шумо мегӯед: «Ман хеле одами диндор ҳастам ва мехоҳам ба Худо мақбул бошам», вале агар аъмоли шумо бо Каломи Ӯ ҷавобгӯ набошад ва дар бораи покии қалб шаҳодат надиҳад, хоҳишҳо ва ниятҳои шумо ҳеҷу пуч мебошанд. ПАНҶ НАМУДИ ПОКӢ Панҷ намуди покӣ вуҷуд дорад: 1. Покии табиӣ. Чунин покӣ танҳо хоси Худо мебошад. Он аз Ӯ ба мисли он, ки аз офтоб — рӯшноӣ ва аз об — намӣ, бармеояд. 2. Покии офаридашуда. Он ба офариниши Худо то гунаҳкоршавӣ хос буд. Худо ҳам фариштаҳо ва ҳам одамонро пок офарида буд. Ҳам инҳо, ва ҳам онҳо гунаҳкор шуданд. 3. Покии охирин. Ин намуди покӣ ба ҷалол алоқаманд мебошад. Дар охири охирон ҳамаи муқаддасони Худо бахшиши покии томро соҳиб мегарданд, ҳамаи гуноҳҳои мо ҳам бо маънои фақеҳӣ, ва ҳам бо маънои амалӣ ба таври пурра шуста хоҳанд шуд. Навиштаҳо ба мо мегӯянд, ки мо «…Монанди Ӯ хоҳем буд, зеро Ӯро, чунон ки ҳаст, хоҳем дид» (Юҳ. 3:2). 4. Покии тӯҳфашуда. Ин покие мебошад, ки мо ҳоло дорем, он покие, ки бо порсоии Масеҳ тақдим карда шудааст. Агар шумо ба Исои Масеҳ имон дошта бошед, Худо ба шумо ин покиро тӯҳфа мекунад. Вақте ки Худо ба масеҳӣ менигарад, Ӯ мегӯяд (ман ба ин боварӣ дорам): «Ҳамаи корҳои ту баҷоанд; ту дар Масеҳ пок ҳастӣ». Дар боби 3-уми Нома ба Румиён гуфта шудааст, ки ба мо порсоии Масеҳ дода шудааст; дар боби 5-ум гуфта шудааст, ки мо бо он коре, ки Масеҳ ба ҷо овард, сафед гаштаем. Айнан ҳамин дар Ғал. 2:16 ва 2 Қӯр. 5:21 гуфта шудааст. 5. Покии ҳақиқӣ. Ин эҳтимол дараҷаи аз ҳама мураккаб аст. Танҳо ба Худо покии табиӣ хос аст; танҳо Худо метавонад ба мо покиро ҳамчун тӯҳфаи худ бидиҳад. Рӯзе мерасад, ки Худо покиро ба ҳамаи муқаддасон тӯҳфа мекунад. Ҳозир ҳар як имондори ҳақиқӣ дар назари Худо пок аст. Вале аз мо чӣ гуна ҷидду ҷаҳди бузург талаб карда мешавад, то ки покии ба мо тӯҳфа кардашуда ҳақиқӣ, амалан тоза гардад, ҳамин тавр не? Ана барои чӣ Павлус даъват карда буд: «…худамонро аз ҳар гуна наҷосати ҷисм ва рӯҳ тоза карда, қудсияти худро дар тарси Худо мукаммал намоем» (2 Қӯр. 7:1). Дар ин ҷо Павлус дар бораи покие мегӯяд, ки бояд дар амал зоҳир гардад. Дар ҳолати аз ҳама беҳтар ин либосҳои сафед мебошанд, ки тор-тор риштаҳои сиёҳ доранд, вале Худо мехоҳад моро дар ҳаёт беандоза пок бубинад. Танҳо он касоне, ки ин покии амалиро дар Исои Масеҳ доранд, Худоро мебинанд, ҳаёти онҳо порсоёна ва нияту хоҳишҳояшон пок мегардад. Агар мо ин гуна набошем, пас мо ё масеҳӣ нестем, ё дар беитоатӣ зиндагӣ мекунем. Бешубҳа, ба мо муяссар намегардад, ки ин покии амалиро ба даст орем, вале Китоби Муқаддас моро таълим медиҳад, ки чӣ тавр нокомии худро паси сар намоем. Вақте ки мо ба васваса меафтем, мо фикрҳои бад мекунем. Суханони сахт ва қабеҳ мегӯем, рафторҳои ношоиста мекунем ва мақсадҳои мо нопок пайдо мегарданд. Тамоми нопокиҳои мо дар сухан ва аъмоли мо зоҳир мегарданд. Вале Китоби Муқаддас моро таълим медиҳад, ки ба васвасаҳо муқобилият намоем. Боби 6-уми Нома ба Эфсӯсиёнро хонед ва зиреҳи куллии Худоро қабул намоед. Шумо мегӯед: «Мабодо кори ман омад накунад? Ба ин савол ҳавворӣ Юҳанно ҷавоб медиҳад: «Агар мо гуноҳҳои худро эътироф кунем, Ӯ амин ва одил аст, ки гуноҳҳои моро биомурзад ва моро аз ҳар ноинсофӣ пок намояд» (1 Юҳ. 1:9). Ҳар боре, ки шумо гуноҳ карда аз он тавба мекунед, Худо шуморо пок мегардонад. Чӣ хел баракати бузург — донистани он, ки Худо моро пок мегардонад! ЧӢ ХЕЛ ДИЛИ ПОКРО БА ДАСТ ОРЕМ Чӣ хел дили худро пок гардонем? Донед, ки шумо худатон инро мустақилона ба ҷо оварда наметавонед — ин қадами нахустин мебошад. Дар Китоби Масалҳо пурсида мешавад: «Кист, ки бигӯяд: «Дили худро тоза кардам, аз гуноҳи худ пок шудам?»» (Мас. 20:9). Ҳеҷ кас. Дар Китоби Аъмол гуфта шудааст, ки дилҳои мо бо имон тоза мешаванд. Инро бо аъмол ба даст овардан ғайриимкон, вале бо имон имконпазир аст. Имон ба чӣ? Ба хуни Исои Масеҳ, ки моро аз гуноҳ пок мегардонад. Ҳавворӣ Юҳанно ба мо гуфта буд: «Аммо агар дар нур мегашта бошем, чунон ки Ӯ дар нур аст, бо якдигар мушоракат дорем, ва Хуни Писари Ӯ Исои Масеҳ моро аз ҳар гуноҳ пок мегардонад» (1 Юҳ. 1:7). Шумо мехоҳед покдил бошед? Пас, қурбонии Масеҳро дар рӯи салиб ва ҳар он чизеро, ки Ӯ кардааст, инкор накунед. Пайғамбар Закарё гуфта буд: «…Чашмае аз баҳри шӯстани гуноҳ ва наҷосат кушода хоҳад шуд» (Зак. 13:1). Агар шумо масеҳӣ бошед, пас дили худро бо суханони Масеҳ ва дуо тоза намоед. Дар Инҷили Юҳанно навишта шудааст: «Шумо алҳол ба воситаи каломе, ки ба шумо гуфтаам, пок ҳастед» (Юҳ. 15:3). Дар Каломи Ӯ бошед ва дуо кунед. Ба суханони Айюб гӯш диҳед, ки мепурсид: «Кист, ки тавонад аз чизи наҷис чизи поке берун оварад?» Ҷавоб аз пурпечухамиҳои ҷаҳон ба таври акси садо паҳн мешавад: «Худо». БА ПОКДИЛОН ЧӢ ВАЪДА КАРДА ШУДААСТ Бо касоне, ки дили пок доранд, чӣ шуда мегузарад? Исо ба ин савол дар охири мавъизаи Худ ҷавоб медиҳад: «Онҳо Худоро хоҳанд дид». Дар матни юнонӣ феъл дар шакли замони ояндаи давомдор меистад. Ин маъно дорад, ки «онҳо ҳамеша, ҳама вақт Худоро хоҳанд дид». Шумо мефаҳмед, ки бо касоне, ки дили онҳо ҳангоми наҷот пок мегарданд, чӣ мешавад? Онҳо дар назди Худованд ҳозир мешаванд ва дар муошират бо Ӯ зиндагӣ мекунанд. Шумо Ӯро мефаҳмед, мефаҳмед, ки Ӯ дар паҳлӯи шумост, шумо Ӯро бо чашмони рӯҳонӣ мебинед. Мисли Мусо, ки хитоб кард: «…ҷалоли Худро ба ман бинамой» (Хур. 33:18), одаме, ки дилаш бо Исои Масеҳ пок гаштааст, боз ва боз ҷалоли Худоро хоҳад дид. Дидани Худо мақсади бузурги одами аҳдиқадима буд; покии дил чашми дилро мекушояд ва Худоро дидашаванда мегардонад. Шумо мехоҳед Худоро бинед? Шумо мехоҳед, ки Худои зинда ҳоло ва то абад бо шумо бошад? Дили худро пок кунед. Рӯзе мерасад, ки шумо Худоро чӣ хеле ки ҳаст, хоҳед дид (ба 1 Юҳ. 3:2 ниг.). Ин чӣ рӯз мешавад, вақте ки мо Масеҳро рӯ ба рӯ вомехӯрем! Боби 9. «Хушо сулҳҷӯён…» (Мат. 5:9) Ақидаи осоиштагӣ тамоми Китоби Муқаддасро фаро гирифтааст. Навиштаҳои Муқаддас аз манзараи осоиштагӣ дар боғи Адан кушода шуда бо осоиштагӣ дар абадият ба анҷом мерасад. Зиёда аз ин, тамоми ривоятҳои каломиро чун таърихи бадастоварии осоиштагӣ тасаввур кардан мумкин аст. Гуноҳи одамӣ осоиштагиро дар боғи Худованд вайрон кард; дар салиб Масеҳ осоиштагии мо гардид (зеро Ӯ сарчашмаи осоиштагӣ мебошад, ҳар касе, ки ба назди Ӯ меояд, дар дил осоиштагӣ пайдо мекунад). Рӯзе Ӯ ҳамчун «Шоҳи ҷаҳон» бармегардад ва шоҳигарии осоиштагии абадиро барпо хоҳад кард. Дар Китоби Муқаддас калимаи «осоиштагӣ» қариб чорсад маротиба вомехӯрад. Худо Худро «Худои осоиштагӣ» меномад, зеро дар ҷаҳон осоиштагӣ нест. Ин бо ду сабаб фаҳмонида мешавад: бо мухолифати иблис ва беитоатии одамон. Баъди он, ки фариштаҳо ва одамон гунаҳкор шуданд, осоиштагӣ заминро тарк кард. Вале Худо осоиштагиро мехоҳад. Худо бо одам набард намекунад. Худо ҳатто бо фариштагони гунаҳкор ҷанг намекунад. Фариштагони гунаҳкоршуда ва одамони гунаҳкор — ана кӣ ба муқобили Худо меҷангад.Онҳо то он даме, ки ба ҷустани Ӯ сар накунанд, осоиштагиро ба даст оварда наметавонанд. Ҳоло мо то зинаи ҳафтум расидем, ки ба сӯи хушбахтиҳои осмонӣ мебарад ва мо онро хушбахтӣ номидем. Ин ягона роҳ ба сӯи хушбахтӣ мебошад, зеро Худо моро даъват менамояд он чизеро, ки ҳангоми гунаҳкоршавӣ аз даст дода шуда буд, барқарор намоем ва ҳис кунем. Мо даъват шудаем, ки ба ин ҳаёти заминӣ осоиштагии кайҳо гумкардашударо баргардонем. «Хушо сулҳҷӯён, зеро ки онҳо фарзандони Худо номида хоҳанд шуд». Одамони махсусе, ки Худо онҳоро сулҳҷӯ мехонад — ин фиристодагони Ӯ ба ин замин мебошанд, ва онҳо аз ҳар як дорандаи ҷоизаи Нобелӣ бартарӣ доранд, зеро осоиштагие, ки онҳо пешкаш менамоянд — абадӣ, илоҳӣ ва ҳақиқӣ мебошад. Исо гуфта буд, ки Худо ваъда кардааст расулони Худро, ки баҳри осоиштагӣ меҳнат мекунанд, баракат медиҳад ва онҳоро «фарзандони Худо» меномад. ҶУСТУҶӮҲОИ БЕФОИДАИ ОСОИШТАГӢ Cулҳҷӯёни ин ҷаҳон наметавонанд натиҷаҳои фаъолияти худро таъриф кунанд. Осоиштагии имрӯз ба даст овардани онҳо, пагоҳ барҳам мехӯрад. Мо на дар соҳаи иҷтимоӣ, ва на дар ҳаёти оилавӣ осоиштагӣ надорем. Мо дар ҳеҷ чиз осоиштагӣ надорем, зеро он дар дили мо нест. Ана гап дар сари чӣ аст. Касе гуфт: «Дар Вашингтон ба хотири бастани сулҳ ҳайкалҳо бисёранд. Баъди ҳар як ҷанг ҳайкали нав бунёд мегардад». Зери мафҳуми «сулҳ» одамон он лаҳзаҳои дилкашро дар таърих мефаҳманд, ки амалиётҳои ҷангӣ ба охир мерасанд. Иттиҳоди ҷаҳонӣ ба оқибатҳои ҷанги Дуюми ҷаҳон эътино карда қарор дод, ки раёсати махсусро барои таъмин намудани сулҳ ташкил мекунанд. Ҳамин тариқ, соли 1945-ум Ташкилоти Давлатҳои Муттаҳида таъсис ёфт, ки шиори он: «Даҳшатҳои ҷангро баҳри наслҳои оянда пешгирӣ менамоем» буд. Аз ҳамон рӯз инҷониб ҷаҳон ягон рӯзи осоиштагиро дар ёд надорад. Ягон рӯз. Осоиштагӣ ҳамон хел орзӯи дастнорас монд. Осоиштагӣ дар рӯи замин нест. Мо наметавонем бо якдигар дар осоиштагӣ зиндагӣ кунем. Муносибатҳои мо нозук буда, зуд канда мегарданд. Одамон бештар аз вақтҳои дигар, аз вайроншавии асабҳо азоб мекашанд. Дар ҳама ҷо оилаҳо вайрон мешаванд, дар мактабҳо бетартибӣ ҳукмрон аст. Аз афташ, ин интиҳо надорад. Азбаски дар дили одамон осоиштагӣ нест, пас, дар муҳити зисти ӯ, ки инъикоси равшани ҷаҳони ботинияш мебошад, харҷу марҷ ҳукмрон аст. Дар ояти хубе, ки мо дар ин боб дида мебароем, Худо ваъда медиҳад, ки ба таври махсус он касонеро, ки осоиштагӣ барпо менамоянд, баракат медиҳад. То ин, ки маънои суханони Худовандамонро фаҳмем, моро лозим аст панҷ ҳақиқатҳоро дар бораи осоиштагӣ дида бароем. ОСОИШТАГӢ ЧӢ АСТ Баъзе одамон тахмин мекунанд, ки осоиштагӣ — ин набудани муноқишаҳо ва низоъҳо мебошад. Дар қабристон муноқишаҳо нестанд, вале мо оромии дар он ҷо ҳукмрон бударо осоиштагии Худо номида наметавонем. Ба ақидаи Худо, осоиштагӣ — ин чизе аст бештар аз набудани душманӣ. Худо ба ин калима маънои дигаре меандозад: осоиштагӣ — ин ҳузури порсоӣ мебошад, ки муносибатҳои дурустро ба вуҷуд меорад. Осоиштагӣ на танҳо қатъ кардани ҷанг, балки барпо кардани порсоиеро пешкаш менамояд, ки душманонро оштӣ месозад. Вақте ки як яҳудӣ ба дигараш «Шалом» мегӯяд, ӯ бо ин онро дар назар надорад, ки «Бигзор ту надонӣ, ки ҷанг чист», балки онро дар назар дорад, ки «Бигзор бо ту порсоӣ ва баракати Худо бошад». Байни сулҳи муваққатӣ ва осоиштагии асосӣ фарқияти бузург аст. Сулҳи муваққатӣ маънои онро дорад, ки шумо ба муддате тирпарониро қатъ менамоед; аммо осоиштагӣ танҳо ҳамон вақт фаро мерасад, ки ҳақиқат тантана мекунад, ва ана ҳамон вақт масъалаҳо ҳал мегарданд, ва ана ҳамон вақт душманон якдигарро ба оғӯш мекашанд. Муваққатан манъ кардани амалиётҳои ҷангӣ фақат оташи душманиро бод медиҳад, ва сулҳи ин тариқ ба даст овардашуда метавонад танҳо вазъиятро тезонад. Осоиштагие, ки дар бораи он Китоби Муқаддас мегӯяд, ҳамеша мустаҳкам ва одилона мебошад. Осоиштагии каломиро ҳеҷ гоҳ бар ивази чизе ба даст оварда намешавад, вале он ҳамаи масъалаҳоро ҳал менамояд. Он байни тарафҳои душманӣ дошта купрӯкҳо месозад. Баъзан он ба муҳориба алоқаманд аст, баъзан бо дард ё тарс, вале дар охир шуморо осоиштагии ҳақиқӣ интизор аст. Осоиштагии каломӣ — ин осоиштагии ҳақиқӣ мебошад. Яъқуб мегӯяд: «Валекин ҳикмате ки аз болост, аввалан, пок аст, сонӣ осоишта…» (Яъқ. 3:17). Осоиштагӣ ҳеҷ гоҳ бар зарари порсоӣ тантана намекунад. Байни ду одам то он даме, ки гуноҳи худро, ноҳақ будани худро набинанд, то он даме, ки иқрор нашаванд, ки пур аз озор ва бадбинӣ ҳастанд ва қарор надиҳанд, ки дар назди Худо ба ин иқрор мешаванд, ва ислоҳ хоҳанд шуд, осоиштагӣ имконнопазир аст. Ана дар ҳамон вақт бо воситаи покшавӣ осоиштагӣ меояд. Дар Нома ба Ибриён (12:14) гуфта шудааст: «Осоиштагиро бо ҳама пеша кунед ва қудсиятро толиб бошед, ки бе он ҳеҷ кас Худовандро нахоҳад дид». Чӣ хеле, ки осоиштагиро аз порсоӣ ҷудо кардан мумкин нест, ҳамон тавр осоиштагиро аз покии дил ҷудо кардан имконнопазир аст (ба Заб. 84:9 ниг.). Ҳамаи мо кӯшиш мекунем, ки аз муноқишаҳои бемаънӣ ҳам дар хона, ҳам дар ҷои кор, дар ҳар ҷое, ки набошад, канораҷӯӣ намоем, вале агар дар ин ҳол ҳақиқатро қурбон созем, мо аз шартҳои худ даст мекашем ва тамоман аз осоиштагӣ маҳрум гардида, бар ивазаш сулҳи муваққатӣ, муваққатан бас кардани оташандозӣ ва ҷанги сардро доро мегардем. Худованд гуфт: «Гумон накунед, ки омадаам, то осоиштагӣ бар замин биёрам; наомадаам, ки осоиштагӣ биёрам, балки шамшер…» (Мат. 10:34). Чунин менамояд, ки суханони Ӯ тамоман ба аҳкомҳои хушбахтӣ мухолифат менамоянд. Вале Худованд мехоҳад гӯяд, ки Ӯ осоиштагиро бар ивази чизе намеорад. Ӯ медонист, ки пеш аз он, ки сулҳ шавад, бояд ҷанг сар шавад. Вақте ки ман дар бораи мавъизаи Инҷил фикр мекунам, ман мефаҳмам, ки ин дар ҳақиқат чунин аст. Пеш аз он, ки одамон хушбахтиро дарк мекунанд, онҳо ба ғазаб меоянд. Онҳоро маҷбур кардан даркор аст, ки эҳсосотҳои манфиро аз сар гузаронанд, то он, ки онҳо ба қадри худсандӣ бирасанд. Барои он, ки осоиштагӣ ба амал ояд, дар аввал бояд шамшер бардошта шавад, зеро ин шамшери покӣ, адолат ва муқаддасӣ мебошад. Ҳавворӣ Яҳудо мегӯяд: «Эй маҳбубон! Азбаски ҷидду ҷаҳди комил дорам ба шумо дар бораи наҷоти муштараки мо бинависам, зарур донистам ба шумо насиҳате нависам, то шумо дар роҳи имоне ки як бор ба муқаддасон супурда шуд, ҷадал намоед» (Яҳ. 3). Моро лозим аст нисбати баъзе чизҳо хеле бо рашк рафтор намоем. Ҳамин тариқ мо Инҷилро мавъиза карда, оромии ин ҷаҳонро вайрон месозем. Хушхабар ба ҷаҳон маҳкумиятро меорад, низоъҳо ва эътирозҳоро бедор мекунад. Вале агар ин низоъҳо бо имон дар Исои Масеҳ ҳал гарданд, осоиштагии ҳақиқӣ фаро мерасад. Мо ҳақ надорем, ки аз эътиқодҳои худ, аз таълимот ва ҳақиқат танҳо барои он даст кашем, ки ба касе сахт расида бошад. Баръакс, вазифаи мо аз он иборат аст, ки ҳақиқатеро расонем, ки фош месозад, то ин, ки баъд осоиштагии ҳақиқӣ фаро расад. Агар яроқи шумо ҳақиқат бошад, шумо вайронкунандаи оромӣ, исёнгар мегардед ва шуморо дар бедор сохтани шавқу рағбатҳо айбдор месозанд. Вале роҳи дигаре нест. Ҳамаи мо кӯшиш мекунем барои Масеҳ зиндагӣ кунем ва дар ин бора шаҳодат диҳем. Вале ба ҷидду ҷаҳди сулҳҷӯиямон, хоҳиши ба одамон дар оштӣ кунондани онҳо бо Худо ва якдигар ёрӣ додан нигоҳ накарда, онҳо ба муқобили мо мехезанд. Одамон намехоҳанд бо гуноҳи худ мубориза баранд ва дар бораи он шунаванд. Ба ҳамин тариқ онҳо дар роҳи осоиштагӣ монеа мегузоранд. Агар мо дар чунин ҳолатҳо танҳо сулҳи муваққатиро ҷӯё гардем, дар он вақт наметавонем ба одамон ёрӣ расонем, ки бо Худо оштӣ шаванд. Сулҳҷӯёни каломиро одамони суст, ором ва меҳрубон номидан мумкин нест, ки чизҳои форам мегӯянд, то ки ҳеҷ касро наранҷонанд, ки дар онҳо ҳисси адолат вуҷуд надорад, ва онҳо порсоиро намеҷӯянд. Чунин одамонро аниқтараш муросокор ва созишкор номидан мумкин аст. Одамон мегӯянд: «Э, вай чунон одами сулҳҷӯ аст», ҳарчанд дар асл ин маънои онро дорад, ки «Ӯ ҳеҷ гуна эътиқод надорад». Сулҳҷӯи ҳақиқии каломӣ зиддиятҳоро нарасида наметавонад, ва кӯшиш намекунад, ки status quo-ро ҳифз намояд. Ӯ муҳокимаронӣ намекунад: «Ман медонам, ки ин одам қабеҳона рафтор менамояд, вале осоиштагӣ ба ман қиматтар аст. Ман мехостам, ки онро ҳифз намоям». Ин созишкории ҳақиқӣ аст. Инак, маънои осоиштагии ҳақиқӣ — ин ҳалли муноқишаҳо бо ёрии ҳақиқатест, ки онро мо, бо зиреҳи порсоии аз Худо дар бар карда шуда, эълон мекунем. БА БАРҚАРОРСОЗИИ ОСОИШТАГӢ ЧӢ МОНЕЪ МЕШАВАД Ба осоиштагӣ чӣ халал мерасонад? Агар маънои осоиштагӣ дар порсоӣ ва ҳақиқат бошад, пас гуноҳ ва дурӯғ монеа дар роҳи ба даст овардани он мебошанд. Ирмиё мегӯяд: «Дил аз ҳама чиз маккортар аст, ва он шифонопазир аст…» (Ирм. 17:9). Биёед инро дар хотир мегирем. Дили фосиқ худро чӣ тавр зоҳир месозад? Ишаъё ба мо ёдовар мешавад: «Барои шарирон осоиштагӣ нахоҳад буд» (Иш. 48:22). Ирмиё тасдиқ мекунад, ки дили одам маккор аст, ва Ишаъё мегӯяд, ки аз ин сабаб дар он осоиштагӣ нест. Мо бояд эътироф намоем, ки одам бад аст ва дили ӯ пур аз бадӣ аст. Дар чунин дил ҳеҷ гоҳ осоиштагӣ нахоҳад буд, зеро осоиштагӣ — ин самараи муқаддасӣ ва порсоӣ мебошад. Аз ин рӯ Яъқуб мегӯяд: «Ва самараи адолат дар осоиштагӣ кошта мешавад барои онҳое ки осоиштагиро ба амал меоваранд» (Яъқ. 3:18). Сулҳҷӯён самараи порсоиро мекоранд. Дар асоси душмании инсонӣ гуноҳ мехобад. Гуноҳро рафъ созед, муноқишаҳо қатъ мегарданд. Сулҳҷӯёни ҳақиқӣ — ин касоне мебошанд, ки одамонро водор месозанд порсоиро ҷӯё шаванд ва кӯшиш мекунанд ба меъёрҳои Худо мувофиқат намоянд. Тамоми дипломатҳо, арбобони давлатӣ, сафирон, президентҳо ва ҳокимон дар якҷоягӣ ҳеҷ гоҳ наметавонанд осоиштагиро ба даст оранд. Шаш аҳкоми авваларо риоя накарда, сулҳҷӯ шудан имконнопазир аст. Ҳамааш аз дарки мискини рӯҳ будани худ (ояти3) сар мешавад. Рӯҳи мо сарнагун мегардад ва мо барои ёрӣ ба Худо муроҷиат менамоем, зеро мефаҳмем, ки худро наҷот дода наметавонем. Баъд мо дар бораи гуноҳҳои худ баланд гиря мекунем (ояти4), нолиш мекунем ва андӯҳгин мешавем. Мо худро дар назди Худои қодиру муқаддас мебинем, ва бо ашкҳо ба мо ҳалимӣ меояд (ояти 5). Мо ҳис кардани гуруснагии рӯҳонӣ ва ташнагии адолатро сар мекунем (ояти6), ки баъди он марҳамати Худоро соҳиб мегардем (ояти 7). Ояти 8-ум мегӯяд, ки мо покдилиро ба даст меорем ва танҳо баъди он мо сулҳҷӯ мегардем (ояти 9). Вақте ки мо сулҳҷӯ мешавем, ҷаҳон моро бо оғӯши кушода пешвоз намегирад, ва дар ин бора дар ояти 10-ум гуфта мешавад: «Хушо таъқибшудагони адолат, зеро ки Малакути осмон аз они онҳост». Барои чӣ чунин мешавад? Барои он, ки одамон намехоҳанд дар бораи осоиштагие шунаванд, ки Худо ба онҳо пешкаш менамояд. Чаро? Чунки дар он чизе, ки онҳо мешунаванд, ҳақиқат аз ҳад зиёд аст. Агар шумо порсо, пок ҳастед ва дар муқаддасӣ зиндагӣ мекунед, дар дили шумо осоиштагӣ хоҳад буд. Ва агар порсоӣ, покӣ ва муқаддасӣ дар ҳаёти оилавиатон, дар ҳаёти халқатон ва дар хонаи шумо ҳукмфармо бошад, дар ҳамаи онҳо низ осоиштагӣ хоҳад буд. Ин дар ҳақиқат чунин аст. Агар шумо порсо бошед, пас шумо бо Худо, бо одамон ва бо худ осоиштагӣ доред. Чӣ тавр ҷозиб аст — дидани он, ки Худо аз ҳама оддиён, аз ҳама фурутанонро истифода мебарад ва онҳоро сулҳҷӯ мегардонад. Ӯ касонеро баланд мебардорад, ки ҳеҷ гуна унвон ва мукофот надоранд, ва номҳои онҳоро шумо ҳеҷ гоҳ дар сарлавҳаҳои рӯзномаю мақолаҳо нахоҳед дид. Танҳо мо порсоиро ҳамчун меъёри ҳаёт барои одамон мавъиза намуда метавонем ба онҳо дар дарки осоиштагии ҳақиқӣ кӯмак расонем. Танҳо мо метавонем ҳамсаронро ба порсоӣ панд диҳем ва бо ҳамин ба онҳо роҳҳои ба дастоварии осоиштагӣ ва ҳамфикриро кушоем.Танҳо мо метавонем ва вазифадорем, ки ба одамон Инҷилро мавъиза намоем, то ки онҳоро ба осоиштагӣ бо Худо биёрем. Исо шахси бузурги сулҳҷӯ буд, вале оё Ӯ аз ҳолатҳои муноқишавӣ канораҷӯӣ мекард? Дар гумон аст. Яҳудиён Ӯро ба марг маҳкум карданд, вале Ӯ ба ин розӣ шуд, зеро медонист, ки ниҳоят осоиштагӣ фаро мерасад. Одамон дар ҷустуҷӯи осоиштагӣ аз по зада, ҳар гуна вохӯриҳо бо сарварон, конференсияҳои бешумор ташкил мекунанд ва шартнома паи шартнома мебанданд, аз як дин ба дини дигар мегузаранд, вале ҳеҷ гоҳ онро ба даст оварда наметавонанд. Барои чӣ? Барои он, ки осоиштагиро дар асосҳои шароитҳои заминӣ ба воситаи мантиқҳои заминӣ ба даст овардан имконнопазир аст. Оё шумо мушоҳида мекунед, ки одамон на он касонеро болобардор мекунанд, ки сулҳу осоиштагӣ меоранд, балки он касонеро, ки онро вайрон месозанд. Мо пули калон дода, ба бозии бокс медароем, то бубинем, ки чӣ тавр боксёрон дар майдон якдигарро то нимҷон шудан мезананд. Шоҳони заминӣ ҳамеша ҷанговаронро авло медонистанд. Мо дар назди худои қувват таъзим менамоем. Шахси ҷавонмард, соҳибихтиёр, мағрур, «қатъӣ», худсар, осудаҳол — ана қаҳрамони мо. Қаҳрамонзанҳои мо он занҳое мебошанд, ки барои ҳуқуқҳои худ мубориза мебаранд, ҳамеша талаботҳои нав ба нав пешкаш менамоянд, оташи душманиро бармеангезанд ва анъанаҳоро бад мебинанд. Тамоми ҷамъияти мо ба мубориза баҳри ҳуқуқҳои инсон ва болобардор кардани ин одам банд мебошад. Рӯҳшиносон, психиатрҳо ва пайравони бихевиоризм монда нашуда ба мо мегӯянд: «Ҳар он чизеро ки мумкин аст, гиред. Ба касе имкон надиҳед, ки ягон чизатонро гирад». Ҳайратовар нест, зеро ҳар як кӯшиши масеҳӣ барои расондани осоиштагии Инҷил дар ҷамъияти мо ба муқобилияти пурзӯр дучор мегардад. Исоро дӯст надоштани яҳудиён беҳуда набуд. Ба онҳо шахси мубориз лозим буд. Вақте ки Ӯ гуфт: «Хушо сулҳҷӯён», одамоне, ки Ӯро гӯш мекарданд, ман боварӣ дорам, аз ҳайрат китф дар ҳам кашиданд. Ва имрӯзҳо низ одамон масеҳиёнро тарсончак ва заиф шуморида, бад мебинанд. Вале агар онҳо ҷасурона Масеҳро мавъиза намоянд, одамон ба муқобили онҳо ҷанг эълон менамоянд. Каме душман доштан боке надорад. Исои Масеҳ Шоҳи ҷаҳон буд, бо вуҷуди ин, тинҷии ҷамъиятро вайрон сохт (ба Луқ. 25:3 ниг.). Ҳавворӣ Павлус гуфта буд, ки Ӯ мусолаҳаи одамро бо Худо мавъиза мекунад, «Инҷили баракати Худоро», Павлус онро ҳамин хел номида буд ва дар ҳар куҷое, ки пайдо мешуд, одамон ба изтироб меафтоданд. Мо бояд ба ҳама гуна вазъиятҳои муноқишавӣ тайёр бошем, бояд мисли Масеҳ ҳамаи зарбаҳоро ба худ гирем, салиби худро бардорем, «ман» — и шахсии худро инкор намоем, далерона эътиқодҳои худро муҳофизат кунем. Агар мо кӯшиш кунем, ки аз ҳолатҳои муноқишавӣ гурезем, сулҳҷӯ буда наметавонем. Вақте ки ман одами дар гуноҳ зиндагӣ мекардаро бинам, агар ман сулҳҷӯи ҳақиқӣ бошам, ки Исо маро дидан мехоҳад, ман вазифадорам ба назди ин одам рафта гӯям: «Бо ин тарзи ҳаётат ту Худои муқаддасро таҳқир мекунӣ. Ту дар ҳолати ҷанг бо Худо ҳастӣ. Ман мехоҳам туро бо Ӯ мусолаҳа диҳам ва аз ин рӯ чашмони туро ба гуноҳат мекушоям ва ба ту Инҷили Исои Масеҳро пешкаш менамоям». Ҳа, ин хеле ҷасурона аст. Агар ман ду масеҳии душманро бинам, ман бояд дар канор наистам. Сулҳҷӯи ҳақиқӣ мегӯяд: «Шумо бояд муноқишаатонро ба таври порсоёна ҳал намоед». Сулҳҷӯ будан маънои онро надорад, ки аз ҳолатҳои ногувор канораҷӯӣ намоем, баръакс ҳамаи корҳои имконпазирро кардан даркор аст, ки масъаларо ҳал кунем ва тарафҳои муноқишакунандаро оштӣ диҳем. СУЛҲҶӮ Кӣ сулҳҷӯӣ ҳақиқӣ аст? Павлус дар ин бора чунин мегӯяд: «Чунки Худо Худои харҷу марҷ нест, балки Худои осоиштагист…» (1 Қӯр. 14:33). Худо офаранда ва сарчашмаи осоиштагӣ мебошад. Бе Ӯ осоиштагӣ нест. Дар Аҳди Ҷадид маротибаҳои зиёд дар бораи он гуфта шудааст, ки Худо — Худои осоиштагӣ мебошад. Ана, якчанд намуна: «Ва Худои сулҳу осоиштагӣ бо ҳамаи шумоён бод» (Рум. 15:33); Павлус низ дар бораи Масеҳ ҳамчун дар бораи «Худованди осоиштагӣ» мегӯяд (ба 2 Тас. 3:16); муаллифи Нома ба Ибриён дар бораи «Худои осоиштагӣ» менависад (ба Ибр. 13:20 ниг.). Аз замонҳои гунаҳкорӣ (ба Ҳас. 3 ниг.), одамизод осоиштагӣ надошт, агар онро аз Худо чун тӯҳфа нагирифта бошад. Худо дар осоиштагии комил бо Худ вуҷуд дорад. Шахсони Сегонаи Муқаддас дар ягонагӣ ва ҳамзистии комил вуҷуд доранд. Дар Нома ба Эфсӯсиён (2:14) гуфта шудааст: «Ӯ (Масеҳ) осоиштагии мо мебошад…» Боре ман нақлеро хондам, ки як оила қарор дод, ки аз ҳам ҷудо шавад, ва ҳангоми дида баромадани кор дар суд онҳо бо ҳам ҷанҷол карданд. Писарчаи чорсолаи онҳо ҳамаи инро бо чашмони ашколуд тамошо мекард. Ногоҳ ӯ дасти падару модарашро гирифта, то он даме, ки кафҳои дастони онҳо ба ҳамдигар нарасиданд, кашидан гирифт. Ин писарбача сулҳҷӯ гардид. Моҳиятан, айнан ҳамин корро Масеҳ барои мо кард. Ӯ ба мо порсоӣ додааст, ки имкон медиҳад дасти Худоро ба дасти худ гирем. Павлус гуфта буд, ки Худо ба воситаи Масеҳ «…Ҳама чизро бо Худ оштӣ дода бо хуни салиби Ӯ осоиштагиро барқарор намудааст, яъне он чиро ки бар замин аст, ва он чиро дар осмон аст ба василаи Ӯ оштӣ додааст» (Қул. 1:20). Салиб осоиштагӣ овард, ҳарчанд дар худи салиб осоиштагӣ набуд. Ин лаҳзаи даҳшат ва харҷу марҷ буд, вале маҳз салиб роҳро ба сӯи порсоӣ кушод, ки танҳо он қудрат дорад осоиштагии ҳақиқиро барпо намояд. Инак, Худо сарчашмаи осоиш аст, Исо таҷассуми осоиш, Рӯҳулқудс воситачӣ, ёрирасони барқарорсозии осоиштагӣ мебошад. Дар Нома ба Ғалотиён гуфта шудааст: «Аммо самараи Рӯҳ инҳост: муҳаббат, шодмонӣ, осоиштагӣ…» (Ғал. 5:22). Худо душманиро бад мебинад. Одамон мегӯянд: «Ин чӣ гуна Худо аст! Охир шумо ба ҳамаи ин ҷангҳо нигоҳ кунед!» Ба Худо ҷангҳо даркор нестанд. Пас барои чӣ Ӯ пеши роҳи ҷангҳоро намегирад? Барои он, ки Ӯ ин ҷангҳоро сар накардааст. Ин ҷангҳои Ӯ нестанд. Худованд бо забони Ирмиё мегӯяд: «Зеро фикрҳое, ки Ман дар бораи шумо дорам, Ман медонам… фикрҳое ки ба осоиштагӣ оид аст, на ба бадӣ» (Ирм. 29:11). Суханони Исоро ба хотир меорем: «Ин чизҳоро ба шумо гуфтам, то ки дар Ман осоиштагӣ дошта бошед. Дар ҷаҳон ғаму кулфат хоҳед дошт; лекин далер бошед: Ман бар ҷаҳон ғолиб шудаам» (Юҳ. 16:33). Мо масеҳиён метавонем дар Худованд бошем ва дар Ӯ осоиштагиро дошта бошем. Бигзор ҳама чиз дар гирду атроф ба гирдоби харҷу марҷ ва бетартибӣ гирифтор шуда бошад — вале дар он касе, ки Шоҳи осоиштагиро медонад, дар он касе, ки дар Рӯҳи осоиштагӣ зиндагӣ мекунад, ҳамеша паноҳгоҳ, ҷазираи осоиштагӣ дар баҳри пурталотум вуҷуд дорад. ҚОСИДОНИ ОСОИШТАГӢ Мо — қосидони осоиштагием, зеро Навиштаҳо мегӯянд: «…Худованд моро ба осоиштагӣ даъват намудааст» (1 Қӯр. 7:15). Дар Номаи Дуюм ба Қӯринтиён чунин гуфта шудааст: Ва ҳама чиз аз ҷониби Худост, ки моро ба воситаи Исои Масеҳ бо Худ мусолиҳа дод ва хизмати мусолиҳаро ба мо супурд, чунки Худо дар Масеҳ буда, аҳли ҷаҳонро бо Худ мусолиҳа дод, ҷиноятҳои онҳоро ба ҳисобашон надаровард ва каломи мусолиҳаро ба мо супурд. Пас, мо элчиёни Масеҳ ҳастем, гӯё ки Худо ба воситаи мо хоҳишманд аст. Мо аз тарафи Масеҳ илтимос мекунем: бо Худо мусолиҳа намоед. 2 Қӯр. 5:18-20 Мо дар маънои аз ҳама аслиаш бадани осоиштагии Худо мебошем. Навиштаҳо маротибаҳои зиёд дар ин бора мегӯяд, масалан: «Бигзор дар дилҳои шумо осоиштагии Худо ҳукмфармо бошад…» (Қул. 3:15); «…Ва осоиштагии Худо… дилҳои шумо ва фикрҳои шуморо дар Исои Масеҳ нигоҳ хоҳад дошт» (Фил. 4:7). Шумо метавонед пурсед: «Ман ҳамчун сулҳҷӯ бояд чӣ кор кунам?» Ман мехостам дар ин ҷо се нуқтаро қайд намоям: Якум, худатон бо Худо мусолиҳа кунед. Инҷили баракатро қабул намоед, чӣ тавре ки Павлус мегӯяд: «Ва пойафзоли омодагиро барои додани башорати осоиштагӣ ба пои худ бипӯшед» (Эфс.6:15). Пештар мо дар ҳолати ҷанг бо Худо будем, вале вақте ки порсоии Масеҳ моро насиб гардид, мо бо Ӯ оштӣ шудем. Ҷанг тамом шуд. Мо вазифадорем, ки ин осоиштагиро ҳифз намоем. Ҳар боре, ки мо гуноҳ мекунем, ин осоиштагӣ вайрон мегардад, ва муоширати мо бо Худо канда мешавад. Мо бояд зуд аз гуноҳи худ тавба кунем, то ки осоиштагии байни мову Худо барқарор гардад. Дуюм, ба дигарон барои оштишавӣ бо Худо ёрӣ расонед. Аз ҳама хубаш дар сулҳҷӯӣ он аст, ки мо метавонем ба назди ҳар як одаме, ки бо Худо ҷанг мекунад равем, ва барои оштишавӣ бо Ӯ ёрӣ расонем. Ҳамин, ки ин шахс ба Исои Масеҳ рӯ меорад ва бо Худо оштӣ мекунад, вай ҳамон замон бо мо низ мусолиҳа мекунад. Зеро, ки ӯ фарзанди Худо ва бародари мо мегардад. Башоратдиҳӣ — ин сулҳҷӯист. Агар ман сулҳҷӯ бошам, ман Инҷили осоиштагиро мавъиза мекунам, то ки ба душманӣ байни одамон ва Худо, байни одам ва Бадани Масеҳ хотима гузорам, ва ба ин одам ёрӣ диҳам, ки осоиштагӣ ёбад. Ҳавворӣ Павлус дар бораи чунин сулҳҷӯён мегӯяд: «…Чӣ гуна зебост пойҳои онҳое, ки аз сулҳу осоиштагӣ башорат медиҳанд!» Оё мехоҳед, ки сулҳҷӯи ҳақиқӣ гардед? Ба ягон кас дар бораи Исои Масеҳ нақл кунед. Фарисиёни худқаноатманд чунин меҳисобиданд, ки ҳуқуқ доранд бо Рум адоват варзанд, ба ҳама фақеҳияти худро бор кунанд ва одамонро ба танг оранд. Дар ҳама ҷо онҳо тухми низову душманӣ мекориданд. Онҳо одамонро бад медиданд ва ҷамъиятро ба тӯда ва гурӯҳҳо ҷудо намуданд. Исо ба онҳо гуфта буд: «Шумо на дар ҳама чиз ҳақ ҳастед. Ба Худо рӯҳонияти яккачин даркор нест; Ба Худо гунаҳкори бечора ва нотавон зарур аст, ки чизе ба Ӯ пешкаш карда наметавонад, вале ҷӯёи осоиштагӣ бошад». Сеюм, бо одамон мусолиҳа кунед; ба онҳо ёрӣ диҳед, ки бо якдигар низ мусолиҳа кунанд. Ин на ҳамеша осон аст, вале сулҳҷӯ метавонад байни одамон купрӯкҳо созад. Исо гуфта буд: «Пас ҳангоме ки қурбонии худро назди қурбонгоҳ меоварӣ ва дар он ҷо ба хотират ояд, ки бародарат аз ту норозист (ту нисбати бародарат ё бародарат нисбати ту душманӣ доред), қурбонии худро дар он ҷо назди қурбонгоҳ бимон, ва рафта, аввал бо бародари худ мувосо кун, ва баъд омада, қурбонии худро тақдим кун» (Мат. 5:23-24). Худо намехоҳад, ки мо онро дониста, ки касе ба мо ҷангӣ аст, ба калисо равем ва ба Ӯ ибодат намоем. Баъдтар дар боби 5-уми Инҷили Матто Исо ба мо амр менамояд, ки ҳатто душманони худро дӯст дорем, ба лаънаткунандагони худ баракат хоҳем, ба нафраткунандагони худ некӣ кунем ва барои таъқибкунандагони худ дуо кунем. Барои чӣ? Барои он, ки он вақт мо писарони Падари Осмонии худ номида хоҳем шуд (ба Мат. 5:45 ниг.). Агар мо ҳатто ба душманон мусолиҳа карданро ёд гирем, фарзандони Худо мегардем. Ин аҳком ба мо рутбаи «фарзандони Худо» буданро ваъда мекунад. Баъзан ин гарон меафтад, ва баъзан ин умуман имконнопазир аст. Аз ин рӯ Павлус навишта буд: «Ба қадри имкон, то ҳадде, ки ба шумо вобаста аст, бо ҳамаи одамон мувосо кунед (Рум.12:18). Баъзан одамон моро хуш намепазиранд, вале ин маънои онро надорад, ки мо бояд фикри бо онҳо мувосо карданро аз сар дур кунем. Исо мегӯяд: «…бо якдигар мувосо кунед» (Марқ. 9:50). Ин ба ҳамсарони мо низ тааллуқ дорад, ҳамин хел-не? Агар ягон чиз ба ибодати шумо ба Худо монеъ шавад, дар он вақт шумо эҳтимол муносибатҳои оилавиатонро бо шавҳаратон ё завҷаатон бояд дуруст намоед, вагарна бо суханони ҳавворӣ Петрус: «…ба дуоҳои шумо мамониате нарасад» (ба 1 Пет. 3:7 ниг.). Ба осоиштагии ҳақиқӣ ҷаҳд кардан даркор аст, на ба сулҳи муваққатӣ, чуноне, ки масалан мард ба зани худ мегӯяд: «Хайр майлаш, азизакам, дигар дар ин бора гап намезанем, махсусан дар роҳи калисо; охир мо бояд ин пагоҳӣ ба Худо ибодат намоем!» Ин осоиштагӣ нест — ин ҷанги сард аст. Моро лозим аст, ки ин муноқишаро ҳал намоем. Сулҳҷӯ бошед. Шояд ин ба шумо арзон наафтад; ва ё шояд шумо аз ин азоб мекашед, вале вазифаи сулҳҷӯ чунин аст. Исо чунин рафтор намуд ва Ӯ барои мо намуна мебошад. Мо бояд босаброна сулҳҷӯ буданро омӯзем. Вақте ки ман бо одам сӯҳбат мекунам ва байни мо ҳеҷ гуна душманӣ нест, вале баъзе гуногунии ақидаҳо оиди фақеҳият вуҷуд дорад, ман ҳеҷ гоҳ ба вай намегӯям: «Маро лозим аст, ки боз ба ту чизе гӯям!» Ман намехоҳам чунин гуфта ин одамро аз муҳокимарониҳои худ дилгир созам ва ақидаи худро ба ӯ бор кунам: «Бародар, Худованд мехоҳад, ки ту маро гӯш кунӣ…» Не, ман ҳамеша кӯшиш мекунам, ки бобати наздикшавиро ёбам ва ба ҳамфикрӣ оям, зеро ман медонам, ки осоиштагӣ — ин ягона асосе мебошад, ки дар он муносибатҳоро барпо кардан мумкин аст. МУКОФОТ БАРОИ СУЛҲҶӮӢ Ба шумо мароқовар аст, ки агар сулҳҷӯ шавед, чӣ ба амал меояд? Мувофиқи аҳкомҳо шумо фарзандони Худо номида хоҳед шуд. Оё аз ин ҳам унвони баландтар буда метавонад? Ман хеле хурсандам, ки ман Макартур, намояндаи авлоди қадимаи шотландӣ ҳастам. Дар насли мо генерал, ва ҳатто миллионер буд (ки ин ба ман ҳеҷ асаре накард!). Ман хушбахтам, ки писари падари худ ва набераи марди бузурги Худо мебошам. Вале ҳеҷ чиз, ҳеҷ чиз ба унвони писари Худо баробар шуда наметавонад. Чунин аст мукофоти сулҳҷӯён — писарони Худо номида шудан. «Писарон» бо забони юнонӣ huios, на балки tekna мебошанд, ки маънои «кӯдакон» — ро дорад. Калимаи tekna танҳо гармии ҳиссиётҳои волидонро медиҳад. Калимаи huios фахр, эҳтиром ва мавқеи махсусро ифода мекунад. Пас, Масеҳ чӣ қадаре, ки дар бораи муҳаббати Худо нисбати мо гуфта бошад, ҳамон қадар дар бораи фахри бузурги он гуфтааст, ки писарони Ӯ номида мешавем. Чун падар, ман кӯдаконамро бештар аз хонаам дӯст медорам. Хонаи Худо — ҷаҳон аст, ва Ӯ моро аз хонаи Худ дида, бештар дӯст медорад. Ман кӯдаконамро аз тамоми дороиям бештар дӯст медорам. Барои Яъқуб писари хурдияш Бинёмин аз тамоми чизи дунё қимматтар буд (ба Ҳас. 44:30 ниг.). Айнан ҳаминро дар бораи Худо гуфтан мумкин аст, зеро дили Ӯ аз муҳаббати бузург нисбати шумо ва нисбати ман пур аст. Мо — фарзандони Ӯ ҳастем. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Ӯ моро мисли гавҳараки чашми Худ эҳтиёт менамояд. Зеро гавҳарак, яъне мардумак, ҷои аз ҳама нозук, ҷои аз ҳама маҳини ҳар як организм мебошад, ки ба нигоҳубини махсус эҳтиёҷ дорад. Агар ягон чиз ба чашмамон афтад, мо азоб мекашем. Чунин ҳиссиётҳоро Худо низ аз сар мегузаронад. Агар касе ба фарзандони Ӯ даст расонад, ин маънои онро дорад, ки ба мардумаки чашми Ӯ ангушташро мехалонад. Дар Китоби Пайғамбар Малокӣ мо ганҷинаи Ӯ номида шудаем (ба Мал. 3:17 ниг.). Ишаъё мегӯяд, ки Ӯ ба мо номи «абадӣ» медиҳад (ба Иш. 56:5 ниг.). Дар Таронаи 55-ум гуфта шудааст, ки Ӯ ашкҳои моро дар зарфи махсуси Худ нигоҳ медорад. Магар ин ҳайратовар нест? Аз рӯи анъанаи яҳудиёни қадим одамони гиря мекарда ашкҳои худро дар зарфчаҳои махсус ҷамъ мекарданд, то нишон диҳанд, ки чӣ қадар сахт онҳо андӯҳгин шуда буданд. Худо ашкҳои моро дар зарфи махсуси худ ҳамчун шаҳодати азобҳои мо нигоҳ медорад. Вале чизи зеботарин моро баъди марг интизор аст: «Мамоти порсоёни Худованд дар назари Ӯ гарон аст» (Заб. 115:6). Мо дар ҳақиқат барои Худо хеле азиз ҳастем, зеро фарзандони Ӯ мебошем. Ӯ моро шоҳон, муқаддасон ва ворисон меномад; дар Таронаи 15-ум Ӯ моро нерӯмандон ном мебарад (ба ояти 3 ниг.). Мо «зарфе барои истеъмоли иззатнок» номида шудаем (ба 2 Тим. 2:21 ниг.). Навиштаҳо мегӯянд, ки Ӯ ба мо рухсат медиҳад, ки дар паҳлӯяш нишинем (ба Ваҳй 3:21 ниг.)! Чун кӯдаконе, ки сари зонӯи падар мебароянд. Оё шумо ягон бор дар бораи он фикр кардаед, ки фарзанди Худо будан чӣ маъно дорад? Худо шуморо бо муҳаббати беандоза, абадӣ дӯcт медорад, ба заифӣ ва гуноҳҳои шумо нармдилона муносибат менамояд. Худо хизматгузории начандон ҳақиқии шуморо қабул менамояд. Худо ҳар як эҳтиёҷоти шуморо қонеъ гардонда, шуморо аз хатарҳо муҳофизат менамояд ва ба шумо ҳақиқатҳои абадии Худро мекушояд. Ӯ шуморо мебахшад ва бахшидани ҳар як гуноҳатонро давом медиҳад. Худо шуморо вориси ҳама чизи доштааш эълон намудааст. Худо ҳамеша ба манфиати шумо кор мекунад. Ӯ шуморо аз марги абадӣ раҳоӣ медиҳад. Ӯ ба шумо осмонҳоро тӯҳфа менамояд. Шумо бо боварӣ гуфта метавонед, ки фарзандони ҳақиқии Худо — сулҳҷӯ мебошад. Боби 10. «Хушо таъқибшудагон…» (Мат. 5:10-12 Қисми 1 «…Хушо таъқибшудагон дар роҳи адолат, зеро ки Малакути Осмон аз они онҳост. Хушо шумо, вақте ки шуморо ба хотири ман дашном медиҳанд ва таъқиб менамоянд ва барноҳақ ҳар навъ ғайбат кунанд. Шод ва хушҳол бошед, чунки мукофоти шумо дар осмон бузург аст: зеро ки анбиёи пеш аз шуморо низ ҳамин тавр таъқиб мекарданд». Маро мисраҳо дар бораи он ба ҳаяҷон меоранд, ки имондор, касе, ки аҳкомҳои хушбахтиро ба ҷо меорад, дар як вақт ҳам сулҳҷӯ ва ҳам вайронкунандаи оромии умум мегардад, ки барои ин ба таъқибот гирифтор мешавад. Мо дар хотир дорем, ки айнан дар ин бора Исо тасдиқ карда гуфта буд, ки Ӯ ба замин ҳамчун Шоҳ омадааст, ва бо вуҷуди ин ба замин на осоиштагӣ, балки шамшер овардааст (ба Мат. 10:34 ниг.). Вақте ки шумо аҳкомҳои хушбахтиро омӯхтед ва кӯшиш кардед, ки ба худ одами қатъиян иҷрокунандаи онро тасаввур намоед, ба ҳайрат афтодед, ҳамин тавр-не? Ҳамаи ин аз ҳад зиёд дуруст менамояд, то ки ҳақиқат бошад, аз ҳад зиёд витринаи зебоеро ба хотир меорад. Наход, ки ҳар рӯз ин талаботҳои аз ақл берунро ба ҷо оварда зиндагӣ кардан мумкин бошад? Наход ба ин меъёрҳои баландтарин мувофиқат кардан мумкин аст? Шояд Худо ба мо чун ба як чизи муқаддаси аз чӯб, санг ё аз шиша сохташуда муносибат мекунад? Ман фикр дорам, ки не. Ман фикр мекунам, ки дар мавъизаи Болои кӯҳ Исо симои масеҳии ҳақиқиро тасвир мекунад. Бешубҳа, ин идеал аст. Вале Худо аз сабаби он, ки одам гуноҳкор аст, ҳеҷ гоҳ талаботҳои Худро паст намекунад. Худо ба одам Масеҳро тӯҳфа мекунад, то ки дар Масеҳ ӯ меъёрҳои барқарор кардаи Худоро ба даст оварда тавонад. Чӣ тавре, ки мо аллакай дидем, одами мувофиқи ин принсипҳои Худо зиндагӣ мекарда, дар ҳақиқат хушбахт ва баракатёфта мебошад. Ҳар як одами дар ҳақиқат аз Рӯҳ таваллудёфта ба Масеҳ аллакай бо ин нешҳои дар дил сабзида меоянд, ҳарчанд ин нешҳо заиф ва инкишофнаёфта бошанд. Эҳтимол, нешҳои ин хусусиятҳо аллакай дар ҳаёти мо ҷои худро ёфтаанд, ва аз ин рӯ онҳоро парвариш кардан даркор аст, ки онҳо қувват гиранд ва моро ба Масеҳ монанд гардонанд. Эҳтимол, мо қудрат дорем, ки ин аҳкомҳоро ба андозаи кам ба ҷо орем, вале агар мо боре назди Масеҳ бо рӯҳи сарнагунгашта, бо ашкҳои надомат дар бораи гуноҳҳои худ омада бошем, агар мо бо итоаткорӣ назди Худои муқаддас зонӯ зада, гуруснагии рӯҳонӣ ва ташнагии адолатро ҳис карда бошем, агар мо ҷӯёи марҳамат, покӣ ва мусолиҳа бо Худо гашта бошем, — ва агар ҳамаи ин бо мо шуда гузашта бошад, пас, мо аллакай ба Малакути Ӯ дохил шудаем. Акнун ин ба ин нешҳо калон ва қавӣ гаштан лозим аст, ба хубӣ ва заифиашон нигоҳ накарда, онҳо ҳаёти шуморо муайян ва роҳнамоӣ хоҳанд кард. АҲКОМИ ҲАШТУМ — НАТИҶАИ ҲАФТ АҲКОМҲОИ ПЕШТАРА Агар шумо ҳафт зинаро баромада бошед, пас шумо тайёр ҳастед, ки ба ҳаштумаш бароед. «Хушо таъқибшудагон дар роҳи адолат, зеро ки Малакути Осмон азони онҳост». Вақте ки мо зиндагии ба Худо мақбулро сар мекунем, бо дарду азоб рӯ ба рӯ мешавем. Мо сулҳҷӯ ва дар айни замон вайронкунандаи оромӣ мегардем. Ба суханони ҳавворӣ Яъқуб гӯш медиҳем: «Эй бародарони ман, вақте ки ба озмоишҳои гуногун дучор мешавед, инро барои худ шодии бузург ҳисоб кунед. Чун медонед, ки имтиҳони имони шумо сабрро ба вуҷуд меорад ва сабр бояд амали комил дошта бошад, то ки шумо комил ва солим буда, ҳеҷ камбудие надошта бошед» (Яъқ. 1:2-4). Ҳавворӣ Петрус моро панд медиҳад: «Ва Худои ҳар файз, ки моро бо ҷалоли абадии Худ дар Исои Масеҳ даъват намудааст, баъд аз уқубати кӯтоҳмуддати шумо, шуморо комил, устувор, қавӣ ва матин хоҳад кард» (1 Петр. 5:10). Ҳамаи сифатҳои масеҳии ҳақиқӣ, ки дар аҳкомҳои хушбахтӣ номбар карда шудаанд, дар ҷаҳони бадӣ ва гуноҳ хашмро бедор месозад. Ҷаҳон наметавонад бо касони мискини рӯҳ муошират кунад, зеро онҳо гирифтори рӯҳи ғурур, худпарастӣ буда, танҳо ба муваффақиятҳо ва дастовардҳои худ банд ҳастанд. Ҷаҳон андӯҳгин буданро дар бораи гуноҳ бад мебинад; он умуман намехоҳад гуноҳро мушоҳида намояд; он мехоҳад худро ба он бовар кунонад, ки ҳама корҳо хеле хуб мебошад. Ҷаҳон тоқати мутеъ буданро надорад, зеро ғурурро мепарварад. Ҷаҳон тоқати ҳалимиро низ надорад, зеро шахси ҳалим медонад, ки одам ҳеҷ арзише надорад, ва ҷӯёи чизе мебошад, ки онро бо қувваи худ ба даст оварда наметавонад. Ҷаҳон қариб, ки дар бораи марҳамат, покӣ ва сулҳҷӯӣ чизе намедонад. Ҳамаи ин сифатҳои масеҳӣ тамоман ба системаи арзишҳои ин ҷаҳон дохил карда намешаванд. Якчанд сол пештар маҷаллаи Cosmopolitan (феврали соли 1978) натиҷаи тадқиқотҳоро пешкаш кард, ки мақсадаш равшан сохтани он буд, ки одамони хушбахт дар ҳақиқат чӣ гунаанд. Натиҷаи он чунин буд: одамони хушбахт нисбати дигарон хуб муносибат мекунанд, вале ба худфидокунӣ моил нестанд; одамони хушбахт дар ягон коре, ки ҳиссиётҳо ва азсаргузарониҳои манфиро ба вуҷуд меоранд, иштирок кардан намехоҳанд; одамони хушбахт ба худ боварӣ доранд, ва ин боварӣ дар асоси ҳисси осудаҳолии ба онҳо хос мебошад. Аҷоибот. Симои ҳақиқии фарисӣ! Ин хислатнома тамоман ба он сифатҳои одами хушбахт, ки Исо гуфта буд, мухолиф мебошад. Ӯ гуфт, ки дар ҳақиқат хушбахт он касест, ки худро мискин ва ҳеҷ чиз надошта мебинад, на он касе, ки худбовар аст; касе, ки ҳалим аст, на мағрур; касе, ки аз худ розӣ нест, дар бораи гуноҳҳои худ ва дар бораи он, ки аз Худои муқаддас ҷудо аст, андӯҳгин мебошад. Он касе, ки нотавонии худро эътироф менамояд ва бо мутеӣ ба Худо муроҷиат мекунад; касе, ки ба таҳдидҳо ва таъқиботҳо нигоҳ накарда, меҳрубон ва сулҳҷӯ мебошад. Акнун мо ба таври равшан мебинем, ки вартаи байни ҷаҳонбинии ин олам ва ҳақиқати Худо чӣ гуна бетаг мебошад. Дар он ҷое, ки ҷаҳон бо масеҳият рӯ ба рӯ мешавад, ҳамеша душманӣ ва муноқишаҳо пайдо мегардад, ва гунаҳкоркунию таъқиботҳо сар мешавад. Агар шумо ҳафт аҳкоми аввалро иҷро кунед, бешубҳа барои адолат азоб хоҳед кашид. Се қисми таркибии аҳкоми охирини худро дида мебароем: таъқиботҳо, ваъдаҳо ва ҳолати нави ботинӣ. Аз якумаш сар мекунем. ЗИДДИЯТ ВА ТАЪҚИБОТ Дар ояти 10-ум дар бораи таъқибот ба қадри кофӣ хулосавӣ гуфта шудааст: «Хушо таъқибшудагон…», дар он вақте, ки ояти 11-ум манзараи аниқтарро мекушояд: «Хушо шумо, вақте ки шуморо ба хотири Ман дашном медиҳанд…» Вале ба баъзе фарқиятҳо нигоҳ накарда, ҳарду оят як аҳкомро ташкил медиҳад. Натиҷаи он, ки дар ҳарду қисми аҳком дар бораи чӣ гуфта мешавад, дар охири ояти 10-ум мухтасар ифода карда шудааст: «…Малакути Осмон аз они онҳост». Пас барои чӣ дар як аҳком ду баракатро мебинем? Ба фикри ман, барои он, ки Худо ҳам азобкашидагон ва ҳам таъқибшавандагонро баракат медиҳад. Ва ин касони азобкашанда, барои ҳақиқат таъқибшаванда ва ба хотири Худованд дашном шунаванда киҳоянд? Дар матн дар бораи онҳо чизе гуфта нашудааст, вале фаҳмидан он қадар душвор нест. Баракатёфтагони оятҳои 10 ва 11-ум — ин ҳамон касоне мебошанд, ки дар оятҳои 3-9 баракат ёфтанд. Ҳамаи онҳо, ки аз рӯи аҳкомҳои хушбахтӣ зиндагӣ мекунанд, хизматгорони Малакут мебошанд. То чӣ андоза шумо ҳафт аҳкоми авваларо риоя менамоед, ҳамон қадар ба шумо баракат дода мешавад, ки дар аҳкоми ҳаштум гуфта шудааст. Дар Номаи дуюм ба Тимотиюс Павлус манзараи ояндаро тасвир карда аст, ки замони моро ба хотир меорад. Ӯ менависад: «Ҳамчунин таъқибот ва уқубатҳоеро, ки дар Антиёхия, Иқуния ва Лустра ба сари ман омад, ва чӣ тавр он таъқиботро ман аз сар гузарондам ва Худованд маро аз ҳамааш халосӣ дод» (2 Тим. 3:11). Павлус дар бораи он мегӯяд, ки вай ҳамчун фарзанди Худо зиндагӣ карда, дар бораи Исои Масеҳ башорат медод, ба таъқибот дучор гардида буд. Дар ояти 12-ум вай илова менамояд: «Ва ҳамаи онҳое, ки мехоҳанд парҳезгорона дар Исои Масеҳ зиндагӣ кунанд, ба таъқибот дучор хоҳанд шуд». Ана ба шумо кафолати он, ки ҳар касе мехоҳад ба Масеҳ монанд шавад, азоб мекашад. Дар номаи дигар Павлус хеле фикри оддиро баён намудааст: «Аммо чӣ тавре ки он вақт ба ҳасби ҷисм таваллуд ёфта, ба ҳасби рӯҳ таваллуд ёфтаро пеш мекард, алҳол низ ҳамон тавр аст» (Ғал. 4:29). Аз он вақт инҷониб чизе тағйир наёфтааст. То он даме, ки касе намедонад, ки мо масеҳӣ ҳастем, ҳама корҳои мо хубанд, вале ҳамин ки ба аҳкомҳои хушбахтӣ пайравӣ мекунем, ба монанди Масеҳ гуноҳҳоро фош месозем, яъне азобҳои онро бо ҳам мебинем ва дар ин ҷаҳон порсоёна зиндагӣ кардан мехоҳем, ба зудӣ дармеёбем, ки аз ҳасби ҷисм таваллудшудагон дар ҳақиқат ҳамеша аз ҳасби рӯҳ таваллудшудагонро таъқиб менамоянд. Дар ин ҷаҳон зиндагӣ кардан, ба иблис ва думравони он истодагарӣ кардан, маънои онро дорад, ки аз тарафи одамоне, ки аз мо Хушхабарро қабул намекунанд, зиддият ва таъқиботҳоро барангехтан ногузир мебошад. Ҳаёт аз рӯи аҳкомҳои Масеҳ — чӣ метавонад бештар сангдилии ҷаҳонро бедор созад? Ҳатто дар айёме, ки Ӯ дар рӯи замин зиндагӣ мекард, кор чунин буд. Дар ягон одам ин хел муҳаббате, ки дар Исои Масеҳ буд, дида намешуд. Баъзеҳо ба муҳаббати Ӯ ҷавоб доданд, баъзеҳо ҳатто ба ҷаҳони Ӯ дохил шуданд. Вале ба ин ҳама муҳаббат, олиҳимматӣ, саховатмандӣ, меҳрубонӣ, сулҳҷӯие, ки пештар дида нашуда буд, нигоҳ накарда, Ӯро дар ҳама ҷо бадбинии инсонӣ пешвоз мегирифт. Барои чӣ? Барои он, ки Ӯ ҳеҷ гоҳ ба созиш намерафт. Ба ҳаёти порсоён назар андозед ва шумо мебинед, ки онҳо ҳамеша барои парҳезгории худ азоб кашидаанд. Ин аз он замоне сар шудааст, ки Ҳобили порсо аз тарафи бародари осии худ кушта шуда буд, чунки бародараш тоқати порсоии ӯро надошт. Барои ин ҳамеша нархи гарон додан лозим буд. Нависандаи пуританӣ Томас Уотсон вобаста ба ин ҳиссиётҳои худро хеле ифоданок баён намудааст: Парҳезкорӣ порсоёнро ба он нигоҳ накарда, ки онҳо ҳар қадар ҳалим, дилсӯз ва покдил набошанд, аз азобҳо ҳеҷ гоҳ наҷот намедиҳад. Онҳоро лозим меояд ӯдҳои худро як тараф гузошта, салибро бардоранд. Роҳ ба сӯи Осмон пурхор ва хунолуд мебошад… Агар шумо қарор дода бошед, ки Масеҳро пайравӣ намоед, инро дар хотир нигоҳ доред: шумо бо шамшер ва тозиёна дучор мегардед. Бигзор салиб рамзи имони шумо гардад. ТАЪҚИБОТ ЧУН ИСБОТИ НАҶОТИ МО Ҳар чӣ ҳам набошад, таъқибот шаҳодати аз ҳама эътимодбахши наҷоти мо мебошад. Навиштаҳо мегӯянд: «Зеро ба шумо ба хотири Масеҳ ато шудааст, ки ба Ӯ на танҳо имон оваред, балки барои Ӯ уқубат ҳам кашед» (Фил. 1:29). Мушоҳида мекунем, ки каме пештар дар ин ҷо чӣ гуфта шудааст: «Ва дар ҳеҷ хусус аз душманон натарсед, ки ин барои онҳо аломати ҳалокат аст…» (ояти 28). Ба таври дигар гӯем, вақте ки душманони мо мавъизаи моро оиди Инҷил, Масеҳро, ки дар мост, ва тарзи ҳаёти моро бад дида, ба муқобили мо бармехезанд, донед, ки ин шаҳодати лаънат бар онҳост ва инчунин тасдиқи он аст, ки онҳоро дӯзах интизор мебошад. Барои мо бошад, ин аломати наҷот аст. Агар шумо чун фарзанди кафоратёфтаи Худо зиндагӣ карда, бо муносибатҳои душманонаи ин ҷаҳони осӣ рӯ ба рӯ мегардед, пас фаҳмед, ки шумо дар ҳақиқат наҷот ёфтаед. Ҳавворӣ Павлус хоҳиш мекунад: «То ки ҳеҷ кас дар ин азобу уқубатҳо дудила нашавад…» (1 Тасл. 3:3). Мо набояд аз таъқиботҳо тарсем. Барои чӣ? Баъдтар ҷавоб дода мешавад: «…Зеро худи шумо медонед, ки чунин аст насиби мо». Чунин аст фикри Худо. Мо бояд дар ҳама чиз ба Масеҳ монанд бошем: дӯстдошта ва бад дидашуда, соҳибэҳтиром ва нафрин кардашуда бошем. Дар ояти 4 Павлус илова менамояд: «Зеро ки мо ҳамон вақт ҳам, ки назди шумо будем, ба шумо пешгӯӣ кардем, ки моро азобу уқубат дар пеш аст, чунон ки низ ба вуқӯъ омад, ва шумо медонед». Павлус дар бораи он гуфт, ки қисмати масеҳӣ чунин мебошад. Бояд чунин шавад. Шумо медонистед, мегӯяд ӯ, ки бояд аз барои Масеҳ уқубат кашед, уқубатҳои шумо бошад — ин шаҳодати лаънат бар таъқиботчиёни шумо мебошад. Агар дар ҳаёти мо ҳамааш ором бошад, агар таъқиботҳо набошанд, агар мо ба касе халал нарасонем, оромии касеро вайрон накунем ва дар атрофи мо ҳеҷ гуна муноқишаҳо набошанд, дар он вақт мо бояд аз худ бипурсем: оё ҳамаи корҳои мо баҷоанд? Имрӯзҳо мо дар Америкаи Шимолӣ дар шароитҳои бениҳоят мусоид зиндагӣ карда, аз тарафи давлат барои имонамон ба таъқибот дучор намегардем. Гарчанд ҳамааш метавонад тағйир ёбад. Вале дар ҳар куҷое, ки зиндагӣ накунед, агар шумо тарзи ҳаёти фарзанди кафоратёфтаи Худоро аз сар мегузаронед, агар шумо аҳкомҳоро риоя мекарда бошед, агар шумо ба Падари Осмонии худ итоаткор бошед ва ба ҷаҳон порсоии Масеҳро зоҳир месохта бошед, ҳамеша хашми иблисро бедор мекунед. Ҳамеша. Модом, ки чӣ хеле мо меҳисобем, муносибат ба масеҳиён тағйир ёфта истодааст, метавонем фахр намоем, чунки машҳур гашта истодаем; дар байни масеҳиён ҳатто одамони машҳур вомехӯранд; масеҳиён аз тарафи ҷамъият қабул мешаванд ва узви он мегарданд, ва ғайраву ҳоказо. Вале сабаби ин дар он нест, ки ҷаҳон тағйир ёфта истодааст, балки дар он аст, ки мо меъёрҳои порсоии худро паст карда истодаем. Дар байни мо одамоне ҳастанд, ки худро масеҳӣ меноманд, вале ҳаёти фосиқона мебаранд ва лоиқи ин ном нестанд, агар ин чунин намебуд, ҷамъияте, ки дар он зиндагӣ мекунанд, онҳоро зада пеш мекард. Ба мо чунин менамояд, ки ҷаҳон нисбати мо пуртоқаттар шуда истодааст; вале дар асл мо нисбати он пуртоқаттар гаштаем. Мо машҳурӣ, шуҳрат ва илтифоти одамонро ҷӯё шудаем. Вале агар мо бо ҳаёти порсоёнае, ки ба Худо мақбул аст, зиндагӣ кунем, ҷаҳон ба мо адоват варзида, моро бад хоҳад дид. Аз ин ҷо албатта чунин бармеояд, ки ҳар кадоми моро ҳукм шудааст, ки тамоми умр таъқибшуда бошем. Масеҳ мегӯяд, ки ҷаҳон аз байни мо барои худ қурбониашро интихоб менамояд. Ҳамаи он касоне, ки дар ин ҷаҳон порсоёна зиндагӣ мекунанд, дер ё зуд нисбати худ нигоҳи душманиро ҳис мекунанд. Гуфтан душвор аст, ки чӣ хубтар аст: зинда ба зинда сӯзонда шудан, ё тамоми ҳаёт барои он, ки ба одамон имони шумо маъқул набуд, аз ҷои кор ягон хел мукофоти амалӣ нагирифта, зиндагӣ кардан? Ё барои ба Масеҳ содиқ будан ба бадарғаи якумра маҳкум шудан? Ё ин, ки аз тарафи ҳамсояҳои худ рад карда шуда бошед, зеро онҳо аз шумо барои он ҳазар мекунанд, ки шумо ба хатоҳои онҳо ва заифиҳои онҳо чашм намепӯшед ва онҳоро фош месозед? Албатта аз ҳамаи ин канора ҷуста бе таъқиботҳо зиндагӣ кардан мумкин аст. Барои ин, якум, ба меъёрҳои ин ҷаҳон даромада, одобу ахлоқи онро қабул кардан лозим аст. Чуноне, ки одамон дар ин ҷаҳон зиндагӣ мекунанд, зиндагӣ кардан даркор аст, — ба ҳазлҳои онҳо хандидан, вақтхушиҳои онҳоро дӯст доштан, ва вақте ки онҳо ба Худо писханд мезананд, табассум кардан. Ба он, ки номи Ӯ беҳуда ба забон оварда мешавад, чашм пӯшидан даркор аст. Ҳеҷ гоҳ ба онҳо нагуфтан, ки онҳо гунаҳкоранд ва бе Исои Масеҳ ҳалок мешаванд, ки онҳо ба ҳалокат маҳкум шудаанд, ва ба ҳеҷ ваҷҳ ба онҳо дар бораи дӯзах ёдовар нашудан! Ман ба шумо ваъда медиҳам — шумо таъқиботҳоро нахоҳед донист. Агар ин интихоби шумо бошад, дар он вақт аз худ пурсед, ки оё шумо имон доред. Эҳтимол шумо масеҳие бошед, ки дар беитоатӣ зиндагӣ мекунад, шояд шумо тамоман масеҳӣ набошед, фақат суханони Масеҳро дар хотир доред: «…Ҳар кӣ аз ман ва аз суханони Ман шарм кунад, Писари Одам… аз вай шарм хоҳад кард» (Луқ. 9:26). Инро дар хотир доред. Агар шуморо дар ин ҷаҳон дӯст доранд, пас шумо ҳамаи ҳақиқатро дар бораи худ намедонед; шумо ё паноҳ мекунед, ки масеҳӣ ҳастед, ё умуман масеҳӣ нестед. Ҳамин, ки Исо ба хизматгузории Худ сар кард ва ба одамон ин аҳкомҳои хушбахтиро мерасонд, Ӯро аллакай бад дида буданд. Фарисиён «дарҳол бо одамони Ҳиродус дар бораи он машварат гузаронданд, ки чӣ хел Ӯро нобуд созанд» (Марқ. 3:6). Ӯ базӯр фурсат ёфт, ки шартҳои Малакути Худро мухтасар баён кунад ва ҳамон замон нисбати Ӯ мавҷи бадбинӣ баланд шуд. Ба фарисиён ва тӯдаи одамон рӯ оварда, Исо гуфта буд: «Гӯш кунед, Ман рӯирост ба шумо мегӯям; барои дар Малакути Ман зиндагӣ кардан пардохти онро додан даркор аст. Интизори эҳтиром, шӯҳрат, мукофот, обрӯ, таҳсин ва муҳаббати умум набошед. Агар шумо хоҳед, ки ба Малакути Ман дохил шавед, шумо бояд азоб кашед. Шуморо лозим аст дар ин бора донед». Мо бояд оиди ин бештар мавъиза намоем; мо бояд ба одамон дар бораи он гӯем, ки Худо онҳоро даъват менамояд, ки мисли ин ҷаҳон зиндагӣ накунанд, ки барои ин пардохт кардан даркор аст. Зиёда аз сад сол баъди мавъизаи Болои кӯҳ ба назди Тертуллиан як одам омада гуфт: «Ман ба Масеҳ имон овардам, вале намедонам чӣ кор кунам. Ман бо як кор машғул ҳастам, аммо боварӣ надорам, ки он порсоёна аст. Лекин ман бояд ягон хел зиндагӣ кунам!» «Бояд?» — пурсид дар ҷавоб Тертуллиан. Мо интихоби дигар надорем. Интихоби ягонаи мо — садоқат ба Масеҳ аст, ҳатто агар барои ин ба мо мурдан ҳам лозим ояд. Оё шумо медонед, ки ба масеҳиёни аввалин барои вафодориашон ба Масеҳ чӣ товон додан лозим меомад? Дар он вақт дар маъбадҳои бутпарастон ҷашнҳо ва идҳои зиёд ба шарафи худоҳои гуногун гузаронда мешуданд. Ин чорабиниҳо бештар ба вохӯриҳои ғайрирасмии дӯстон монанд буданд. Дар он мусиқӣ садо медод ва ҷамъомадагон мерақсиданд ва қурбониҳо мебароварданд. Кор то ба он мерасид, ки одамоне, ки ба худоҳо қурбонӣ мекарданд, намехостанд гӯшти қурбонишударо ҳайф кунанд ва дар оташ пашми ҳайвони кушташударо месӯзонданд, то ин, ки баъд қисме аз гӯштро барои коҳин ҷудо карда, боқимондаашро барои давом додани базм дар ҳалқаи ёру дӯстон монанд. Масеҳӣ шуда, ин одамон аз худ мепурсиданд: Ман бо рафиқонам бо чӣ кор машғул ҳастам? Оё ман дар оянда гӯшти қурбонии бутҳоро мехӯрам ё не? Оё ман дар оянда ба маъбади бутпарастон барои вақтхушӣ меравам ё не? Ё маро лозим меояд, ки барои ҳамаи инро тарк кардан, товон диҳам? Ҳамин гуна интихоб имрӯз дар назди мо низ меистад. Яҳудиро метавонистанд шармандавор аз маъбад, ва ҳатто аз оила пеш кунанд, ва аз ҳама чиз маҳрум созанд. Агар мо хоҳем, ки дар Малакут зиндагӣ кунем, моро донистанамон лозим аст, ки дар анбӯҳи одамон мо танҳо ҳастем. Маҳз барои ҳамин мо ба якдигар ин қадар зарур ҳастем. ТАЪҚИБОТҲО ДАР АСРҲОИ АВВАЛИ МАСЕҲИЯТ Дар он замонҳои қадим масеҳиёнро инчунин лозим меомад барои имони худ товон диҳанд. Баъзеи онҳоро ба назди шерон мепартофтанд ва баъзеи дигарашро месӯзонданд. Императори Рум Нерон амр медод, ки ба тани масеҳиён қатрон моланд ва аз онҳо машъалҳои зинда барои сайру гашти шабонаи худ мекард. Ӯ амр карда буд, ки ба тани онҳо пӯсти ҳайвонҳои ваҳширо дӯзанд ва ба онҳо сагҳои шикориро сар диҳанд, то ки онҳоро пора-пора кунанд. Масеҳиёнро ба шиканҷа гирифтор мекарданд, онҳоро пӯст меканданд, ба сари онҳо қӯрғошими гудохта мерехтанд ва ба ҷойҳои аз ҳама нозуки баданашон варақаҳои мисини тафсон мечаспонданд, чашмонашонро мекофтанд, узвҳои алоҳидаи баданашонро бурида мегирифтанд ва дар пеши назари онҳо кабоб мекарданд, дасту пойҳои онҳоро месӯзонданд ва ҳамон лаҳза ба ҷои сӯзондашуда оби хунук мепошиданд, то ки азобкаширо дуру дароз гардонанд. Румиён ба суханони Исо: «хӯред бадани Маро ва нӯшед хуни Маро» ишора карда, масеҳиёнро ба одамхӯрӣ айбдор менамуданд. Онҳо масеҳиёнро тӯҳмат карда, мегуфтанд, ки онҳо ҳангоми Таоми шоми Худованд якдигарро мехӯранд. Онҳо шомҳои муҳаббати масеҳиро чун айшу тараб тасаввур карда, кӯшиш мекарданд, ки онҳоро бадном созанд. Ҳатто бӯсаи осоиштагиро, ки масеҳиён якдигарро хайра мақдам мегуфтанд, амали ғайриқонунӣ эълон намуданд. Масеҳиёнро дар сӯхторҳои Рум айбдор карда, чун ҷинояткорон бадном намуданд, зеро онҳо ҳамеша дар бораи он мегуфтанд, ки Худо дар ниҳояти кор ҳамарор бо оташ маҳв месозад (ба 2 Пет. 3:10 ниг.). Барои ин ба сари масеҳиён бор кардани ҳамаи сӯхторҳои Рум хеле қулай буд. Таърихи таъқиботҳои асри аввали масеҳият ба мо чизҳои бисёреро кушода метавонад. Дар замонҳои Масеҳ империяи Рум аз ҷазираҳои Британия то дарёи Ифрот, аз охири Олмони Шимолӣ то Африқои Шимолӣ доман паҳн мекард, ин территорияи бузурге буд, ки қариб тамоми ҷаҳони он замонаро дар бар мегирифт. Ғами асосии румиён дар якҷоя кардани империяҳо буд. Онҳо мефаҳмиданд, ки ягона шахсе, ки қудрати рамзи ягонагии империяи Рум гашта метавонад, ин қайсар, император аст. Аз ин рӯ қайсарро худо гардондан лозим буд. Агар ҳамаро маҷбур карда тавонанд, ки ӯро чун худо эҳтиром намоянд ибодат кунанд, дар он вақт дар ҳама ҷо ба номи ӯ ибодатгоҳҳо бино кардан мумкин буд, ки имкон медод тамоми территорияи бузурги империяро муттаҳид созад. Дар аввал ин хеле оҳиста амалӣ мегашт, вале баъди якчанд сол шахсияти ҳақиқии император мустаҳкам карда шуд. Маросими ҳатмии ҳарсола таъин гардид, ки бо суханони «Қайсар худо аст» ӯро ҳамду сано мегуфтанд. Ҳамаи он касоне, ки мадҳу сано мехонданд, дорои ҳуҷҷате мегаштанд, ки libellus ном дошт, ва баъди он метавонистанд ба ягон худо аз рӯи интихобашон ибодат кунанд. Ба Румиён танҳо як омили муттаҳидкунанда лозим буд, ва ин омил шахсияти қайсар гардид. Вале масеҳиён танҳо як чиз гуфта метавонистанд: «Исо — Худованди мо аст», ва аз ин рӯ ҳеҷ кадоми онҳо libellus намегирифтанд. Дар натиҷа онҳо ҳамеша ба Худои худ ғайриқонунӣ ибодат мекарданд. Онҳо Масеҳро интихоб карданд. Онҳо аз созиш кардан даст кашиданд. Онҳо муртад, исёнгар, ҷинояткор, таҳдидчии ягонагии империя шуданд ва як шоир онҳоро «якчанд тан одамони рондашуда, ки ягона ҷинояти онҳо имон ба Исои Масеҳ буд», номид. Онҳо тайёр буданд, ки ҳама гуна азобҳоро барои имони худ аз сар гузаронанд. Оё шумо ба ин тайёр ҳастед? СЕ НАМУДИ ТАЪҚИБОТ Эҳтимол, сабаби дар ҷамъияти мо ба масеҳиён чунин ботаҳаммул рафтор кардан — ин паст шудани меъёрҳои мо мебошад. Мо ҳамеша бо ҷаҳон созиш мекунем. Исо дар аҳкомҳои хушбахтӣ таъкид карда буд, ки таъқиботҳо но-гузиранд. Чӣ гуна таъқиботҳо моро интизоранд? Ана, дар ояти 11-ум чӣ гуфта шудааст: «Хушо шумо, вақте ки шуморо ба хотири Ман дашном диҳанд ва таъқиб намоянд, ва барноҳақ ҳар навъ ғайбат кунанд». Дар ин ҷо ҳамаи се намуди таъқиботҳо: таҳқир, таъқибот ва тӯҳмат номбар карда шудааст. Сифати феълии юнонӣ, ки «рондашудагон» тарҷума карда шудааст, аз феъли dioko сохта шудааст, ки маънои «касеро думболагирӣ кардан», «бадарға кардан» — ро дорад. Дар оянда ин феъл маънои «беқувват гардондан, аз ҳол рафтан, нописанд шудан» — ро гирифт. Исо, моҳиятан, гуфт: «Хушо (хушбахт) касоне, ки нописанд карда шудаанд. Хушо касоне, ки онҳоро барои порсоӣ фишор меоранд». Дар ин ҷо, чун дар дигар аҳкомҳои боқимонда, сухан дар бораи мавқеи ҳаётии одам меравад. Чунин мавқеи ҳаётӣ тайёр будан ба таъқиботро дар назар дорад. Одаме, ки чунин мавқеъро ишғол менамояд, нотарс ва ҷасур аст, ӯ мегуяд: «Ман мехоҳам дар ин ҷаҳон он касе бошам, ки Масеҳ ба ман амр фармудааст. Ман ба ин ҷаҳон он чизеро мегӯям, ки ба Масеҳ мақбул аст. Агар маро барои ин таъқиб намоянд, бигузор чунин шавад». Дар матни юнонӣ дар ин ҷо сифати феълии мафъул истифода бурда шудааст, ки ба пуртоқатии он касоне ишора менамояд, ки ба таъқибшаванда будан розӣ мегарданд. Хушо он касоне, ки розианд… Сифати феълии мафъул шакли перфектро дорад ва ин дар бораи он мегӯяд, ки натиҷаи амал дар замони ҳозира давом дорад. Натиҷаи ҳаёт аз рӯи аҳкомҳои Масеҳ розигии бетағйири имондоре мебошад, ки мутеъкорона ҳама шароитҳоро қабул мекунад. Ман фикр мекунам, ки маҳз дар ин ҷои аз ҳама нозуки мо мебошад. Ба ман худам ин осон нест. Ман на ҳамеша он чизеро ки мегӯям, иҷро мекунам; ман на ҳамеша ҷуръат мекунам, ки ба бадӣ истодагарӣ намоям ва онро фош созам; ман дар ин ҷаҳони ғайримасеҳӣ дар худ на ҳамеша хоҳиши ба таври масеҳӣ зиндагӣ карданро пайдо мекунам, то ин, ки нур ва намаки ҷаҳон номида шавам. Дар ман бисёр вақт хоҳиши ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гаштан пайдо мешавад, то ки аз муноқишаҳо гурезам. Албатта, ман чунин гуфта, худро ҳақ мебарорам: «Агар ман ба ин одамон маъқул бошам ва онҳо бо ман хуб рафтор кунанд ин он қадар ҳам бад нест, зеро ман метавонам бе шилқинӣ ба онҳо башорат диҳам. Вале ба Худо мавъизачиён ва шоҳидони шилқин, пайғамбарон ва башоратдиҳандагони тарсу даркор нест. Ба Ӯ хизматгорони ҷасур ва хизматгороне, ки тайёранд ба бадӣ истодагарӣ намоянд, даркоранд. Масеҳиёни асри як тайёр буданд, ки таъқиботҳо, таҳқирҳо ва дашномҳоро қабул намоянд, ва дар натиҷаи ин бештари онҳо аз озодӣ маҳрум ва бештарашон маргро қабул кардаанд. Агар мо дар ҳақиқат ба таври масеҳӣ зиндагӣ кунем, мисли ҳамаи ҷавонон ба шабнишиниҳо намеравем ва он кореро намекунем, ки ҳамаи духтарҳои атрофамон мекунанд. Мо наметавонем бо баъзе оилаҳо рафтуомад кунем, ки пештар мекардем, ва мисли онҳо рафтор кунем. Чӣ онҳоро маҷбур месозад, ки аз мо канораҷӯӣ намоянд? Тарзи ҳаёти мо, ки ба Масеҳ мақбул аст. Мо дигар ба доираи онҳо тааллуқ надорем. Ва ин бояд ҳамин тавр бошад. Калимаи юнонии oneididazo маънои «дашном додан, ё касеро таъна задан» — ро дорад. Он дар тасвири саҳнаи маслубкунии Масеҳ дар Инҷили Матто (Мат. 27:44) истифода бурда шудааст. Одамон ба Ӯ писханд мезаданд, Ӯро масхара мекарданд, Ӯро дашном медоданд, ба Ӯ суханони таҳқиромез, ва ҳатто суханони бад мегуфтанд. Ҳамин тариқ, моро аз он ҷамоате, ки пештар дар он муошират доштем, на танҳо пеш мекунанд, балки нисбати мо суханони бад мегӯянд. Одамон дар бораи мо бо қаҳру ғазаб сухан хоҳанд ронд, ва номҳои мо нафрати онҳоро бедор хоҳад кард. Айнан ба Исо чунин рафтор карда буданд (ба Луқ. 22:64-65 ниг.) Ва дар байни он касоне, ки суханони бад мешунаванд, одамони ба мо хеле азиз буда метавонанд. Барои ман ҳамеша ҷудоии одамонро тоқат кардан осон набуд. Онро дониста, ки ман хизматгори Худо ҳастам, одамон аз ман дурӣ меҷӯянд. Махсусан он ҳайратовар аст, ки ҳамин, ки одамон мефаҳманд, ки ман ба хизматчиёни онҳо мешинохта монанд нестам, ва тамоман дигар — камтоқат ва мусолиҳакор намебошам, кӯшиш мекунанд, ки аз ҷамъияти ман халос шаванд. Ман аллакай эътино кардани суханони бадро нисбати худ ёд гирифтаам; ман медонам, ки барои башорат додан маҳбус шудан чист. Боре ман ба якчанд масеҳиёни сиёҳпӯст дар Ҷануб мавъиза карда будам. Ман фурсат наёфтам, ки аз ҷои мавъиза кардаам каме дуртар равам, ҳамон замон мошини пӯлис маро дунболагирӣ кард ва маро ба ҳабсхона бурданд. Полисменҳо таҳдид карданд, ки агар бори дигар чунин рафтор кунам, либосҳоямро кашида, маро қамчинкорӣ хоҳанд кард. Ва ин дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯй дод! Ман боварӣ дорам, ки инро паси сар карда метавонам. Вале Исо гуфта буд, ки моро «ноҳақ бадгӯӣ мекунанд». Маро он ба ташвиш намеорад, агар ба касе ман ё суханони ман маъқул набошад, вале вақте ки ба ман чизи нагуфтаамро бор мекунанд, — аз ӯҳдаи ин баромадан мушкилтар мебошад. Дар он вақт маро лозим меояд худро муҳофизат намоям ва дурӯғгӯёнро фош созам. Одамон кӯшиш мекарданд исбот намоянд, ки Исо писари беникоҳ таваллудшудаи ҷанговари румӣ мебошад. Дар давоми тамоми таърихи калисо ба фарзандони Худо бӯҳтон зада мешуд. Артур Пинк хеле дуруст қайд намудааст, ки шаҳодати аз ҳама дурахшони бадахлоқии инсоният он далел ба шумор меравад, ки ба одаме, ки баракатҳои Масеҳ тӯҳфа карда шудааст, албатта аз тарафи одамон лаънат карда хоҳад шуд. Чӣ гуна зоҳирсозии ҳайратовари табиати гунаҳкоронаи инсонӣ! Масеҳ он касонеро баракат медиҳад, ки онҳоро ҷаҳон лаънат мекунад. Ҳаёти ба Худо мақбул дар одамони осӣ қаҳру ғазаб ва безобитагиро бедор месозад. Ин адовати мор ба тухмии муқаддас мебошад. Меъёрҳои барқарор кардаи Масеҳ барои яҳудиён ба андозае баланд буд, ки онҳоро бо як задан кушт. Ва дар хотима Ӯ суханони зеринро илова намуд: «Зимнан, агар шумо ин тарзи ҳаётро интихоб намоед, дар он вақт гирифтори таъқибот гашта, аз хонаҳои худ, аз ҷойҳои кории худ ва умуман, аз ҷамъият ронда хоҳед шуд. Одамон бо шумо муносибати бад карда, шуморо тӯҳмат хоҳанд кард». Охир чаро бо он касоне, ки ба аҳкомҳои Худо содиқ аст, чунин ҳодиса рӯй диҳад? Биёед фикр мекунем, барои чӣ одамони ин ҷаҳон моро таъқиб менамоянд. Дар асл онҳо он қадар моро бад намебинанд. Ин моро тасалло медиҳад, ҳамин хел-не? Набошад онҳо киро бад мебинанд? Масеҳро. Мо не, балки тарзи ҳаёти мо, аниқтараш — Масеҳ, ки дар мо зиндагӣ мекунад, ба онҳо маъқул нест. Исо ба шогирдони Худ гуфт: «Агар онҳо Маро кушта бошанд, пас шуморо низ мекушанд. Агар онҳо Маро бад дида бошанд, аз шумо ҳам нафрат хоҳанд кард. Агар онҳо Маро таъқиб карда бошанд, шуморо низ таъқиб хоҳанд кард, зеро медонанд, ки шумо — аз они Ман ҳастед» (ба Юҳ. 15:18 ниг.). Исо ба ҷаҳони гуноҳкор муқаддасиро дар амал нишон дод. Дар тамоми таърихи дуру дарози худ ҷаҳон ҳеҷ вақт чунин шахси комилро надида буд. Ва ҳар чӣ дуртар, ҳамон қадар бештар ҷаҳон ба мағрурии пургуноҳи худ фурӯ мерафт. ГУНАҲКОРОНИ ФОШГАРДИДА, КИ ПОРСОЁНИ ХУДОРО ЭЪТИРОФ НАМЕКУНАНД Вақте ки Исо ба дунё омад, ҷаҳон Инсони комилро дид ва аз худбоварии он асаре намонд. Таҳкурсие, ки дар он ҷаҳон бунёд мешуд, чаппагардон шуд. Гуноҳи худро ҳис карда, одамон Инсони комилро куштанд, ва бо ин кӯшиш карданд меъёрҳоеро, ки ба он мувофиқат карда наметавонистанд, нобуд созанд. Ва ин ҳамеша ҳамин хел хоҳад буд. Ҳамин, ки дар одам Масеҳ зиндагиро сар мекунад, ӯ барқарор кардани меъёрҳоро сар мекунад, ки барои ҷаҳон дастнорас мебошад, ва ҷаҳон бо тамоми қувват кӯшиш мекунад, ки онҳоро, баҳри нигоҳ доштани хаёлҳои хоми мавҷудияти бомуваффақияти худ, нобуд созад. Аристиди Одил, ходими сиёсӣ ва ҳарбии давраи ҷангҳои юнону-форс аз Афина ронда шуда буд. Барои ин шаҳрвандони Афина овоз дода буданд. Яке аз онҳо сабаби иштироки худро дар овоздиҳӣ чунин фаҳмонд: «Ман аз шунидани он ба ҷон расидаам, ки ӯро ҳамеша «Одил» меноманд». Бо шогирдони Масеҳ айнан чунин рӯй дода буд. Андриёс барои мавъизаи худ маслуб карда шуд. Аз рӯи ривоят, ӯро ба салиб бо арғамчин бастанд, то ки ҳолати ҷонканӣ бештар гардад. Аз рӯи ривоят, баъди нӯҳ моҳи ҳабс ҳавворӣ Петрус дар салиб сарозер маслуб карда шуд. Бо фармони Нерон сари Павлус аз тан ҷудо карда шуд. Яъқуб, Матто, Матёс, Барталмо ва Тумо мисли дигар шогирдон, ғайр аз Юҳанно, ки дар танҳоӣ, дар бадарға, дар ҷазираи Патмӯс мурда буд, марги пуразобро қабул кардаанд. Дар Итолиё дар асри ХV шахсе бо номи Саванарола, яке аз ислоҳотчиён ва мавъизачиёни номдори ҷаҳон, зиндагӣ мекард. Маҳкумкунии қатъии гуноҳҳои инсонӣ ва ришватхӯрии калисои католикии Рум, ки ӯ баён намудааст, роҳи Ислоҳотро кушод. Мавъизаҳои ӯ монанди ғурриши раъд, ва фошсозиҳои ӯ чунон пурзӯр буданд, ки касони онро шунида, баъди мавъиза дар ошуфтагии хомӯшона пароканда мешуданд. Шунавандагони ӯ аз гиря базӯр худдорӣ мекарданд. Одамон тоқати чунин мавъизаро надоштанд ва ба ҷои он, ки аз гуноҳҳо тавба кунанд, ӯро дар гулхан сӯзонданд. Ман сидқан ба он боварӣ дорам, ки агар масеҳиёни ҳозиразамон каме боҷуръаттар ва дар ҳимояи ақидаҳои худ оштинопазир мегардиданд, ва аҳкомҳои хушбахтиро дар дили худ маҳфуз медоштанд, ҷаҳон онҳоро чунин хуш намепазируфт. Дар китоби худ Ҳокимони замин Дон Ричардсон саргузашти миссионер Стэн Дейлро нақл мекунад, ки ба қабилаи дар соҳилҳои Ғарбии Ириана (ҷазираи Гвинеяи Нав) зиндагӣ мекарда, башорат медод. Стэн дар деҳаи хурдакаке, ки дар доманаи кӯҳ ҷойгир буд, манъ шуд. Дарёчаи шӯх бо номи Хелук аз кӯҳ ба водӣ ҷорӣ мешуд. Ин қабила тамоман як дини аз ақл берунро мепарастид. Онҳо қитъаҳои хурд-хурди заминро муқаддас медонистанд ва ба он боварӣ доштанд, ки агар ҳатто ягон кӯдак тасодуфан ба ягонтои ин заминҳо дарояд, палид мегардад, ва тамоми деҳа лаънатзада мешавад. Аз ин рӯ онҳо ин гуна кӯдакро аз шах рост ба об мепартофтанд. Агар ягон кас ҷуръат намуда муқобили анъанаҳои онҳо ягон калима мегуфт, ҷо ба ҷо кушта мешуд. Бинобар ин ҳар гуна эътироз, изҳори норозигӣ ва табаддулот тамоман истисно буд. Вақте як ҳамқабилаи онҳо беэҳтиромона дар бораи анъанаҳои онҳо эътироз баён кард, ӯро чунон тирборон карданд, ки бадани ӯ ба ботлоқе монанд шуд, ки пур аз қамиш буд. Ҳамин тавр то он вақте давом кард, ки дар деҳаи онҳо Стен Дейли австралиягии хурдакаки нотарс ва каҷпо пайдо шуд. Аз ақл берун аст, вале ин одами ҳайратовар тавонист дили худро, дили завҷааш ва дили панҷ кӯдакашро ба ин ёбоиҳо моил кунонад, ки на танҳо одамонро мекуштанд, балки одамхӯр низ буданд. Ӯ ба назди онҳо омад, то ки аз зулмот ва марге, ки ба онҳо ин имоноварӣ ва расму русумашон меовард, озод намояд. Бо онҳо чӣ воқеа шуд? Ман аз китоб иқтибос меорам: Коҳин Кембу бо номи Беруэй аз қафо давида, рост ба таги дасти рости боло бардоштаи Стэн тир андохт. Коҳини дигар Буну найзаи дастаи бамбуқ доштаро ба тахтапӯшт, поёнтар аз китфи рости Стэн халонд. …Тирҳои нав паи ҳам ба бадани Стэн даромадан мегирифтанд, вале ӯ онҳоро кашида мегирифт ва шикаста мепартофт. Даҳҳо тир аз ҳар тараф ба сӯи ӯ мепариданд, вале ӯ то он даме, ки қувваташ мерасид, чун пештара кашида мегирифт ва шикаста ба пеши пояш мепартофт. Баъди он, ки на камтар аз сӣ тир ба бадани Стэн халид, Налимо ба ӯ наздик шуд. Чӣ тавр ӯ метавонад ин қадар вақт дар по рост истад? — фикр кард Налимо. — Барои чӣ ӯ намеафтад? Ягон каси дигар мешуд, аллакай меафтид. Ва ногоҳ дили худи ӯро тире сӯрох кард — ин тарс буд! Шояд вай намиранда бошад! Налимо одами дарундор буд ва ногаҳон қиёфаи вай бурма шуд… Стэн дар назди душманонаш устувор ва ноҷунбон меистод, танҳо тани вай ҳар гоҳе, ки тири навбатӣ ба он мехалид, ба ларза меомад… Панҷоҳ тир, шаст! Аз захмҳои бешумор хун ҷорӣ мегашт, вале Стэн дар по меистод. Налимо дид, ки на танҳо ӯро тарс фаро гирифта будааст. Агар дар аввали ҷазодиҳӣ ҷанговарон пур аз ҷӯшу хурӯш буданд, ҳоло бошад, тирҳои худро бо рӯҳафтодагӣ ва ҳатто бо ваҳм сар медоданд, зеро ки Стэн ҳеҷ намехост, ки афтад. Шояд Кусахо ҳақ буд! Наход, ки онҳо, ба ҷои муҳофизат кардани ҷаҳони ноайёни рӯҳҳо, ба муқобили он ҷинояти азимеро карда бошанд. «Биафт! — дод мезаданд онҳо. — Бимир!» ин зорӣ буд: Хоҳишмандем, бимир! Йему нашунида буд, ки Фил (Фил Мастерс, миссионер ва ҳамкори Стэн) ба ҷанговароне, ки ӯро ба нишон гирифта буданд, ягон чиз гуфта бошад. Фил кӯшиши гурехтан ё муқобилият нишон доданро накард. Ӯ маротибаҳои зиёд бо хатарҳо рӯ ба рӯ омада буд, вале бо марг — ҳеҷ гоҳ. Вале Стэн ба вай нишон дод, ки чӣ тавр онро пешвоз гирифтан даркор аст, ва ин мисоли хуб буд, гуфтан мумкин аст, ки мардонагӣ зиёдтар аз ин намешавад. Боз якумин шуда, Беруэй тир андохт. Барои он, ки Филро аз пой афтонанд, на камтар аз Стэн тир холӣ кардан лозим омад. Йему ва дигарон интизор буданд, ки ба мурдани Фил боварӣ ҳосил кунанд… Вақте ки ҳарду миссионерҳо кушта шуданд, ёбоиҳо ҷасадҳои баднамогаштаи онҳоро дар чуқуриҳои алоҳида партофта, бо шохчаҳо пинҳон карданд… Буну аз тарс шах шуда, сари Стэн ва Филро аз тан ҷудо кард. Ана баъзан пардохт барои имон чӣ гуна мешавад. Охири ин ҳикоя аҷоиб мебошад: аҳолии ин деҳа ва атрофи он ба Исои Масеҳ имон оварданд ва дигар дар ишратҳои одамхӯрӣ ҷамъ намешаванд. Акнун онҳо дар Таоми шоми Худованд ҷамъ мешаванд. Ин далел хеле хуб аст, ки кӯдаки панҷуми Стэн, ки ҳангоми мурдани Стэн хеле хурд буд, китобро дар бораи падараш хонда, наҷот ёфт. Агар мо ба гуноҳи ҷаҳон муқобилият намоем, лозим аст барои ин пардохт диҳем. Мисли Саванароле. Мисли Стэн Дейл. Ва наслҳои ояндаи мо низ бояд ин корро бикунанд. Дар боби 6-уми Китоби Ваҳй дар бораи одамоне гуфта мешавад, ки дар таги қурбонгоҳ истода ба Худо муроҷиат мекунанд, — он касоне, ки барои Масеҳ азоб кашидаанд ва кушта шудаанд. Ва ҳамеша ин тавр хоҳад буд. Барои шарафи бузурги хизматгори Малакут будан пардохт додан даркор аст, ягон чизро қурбонӣ кардан лозим аст. Вале самараи ин қурбонӣ абадист. Аз ин ҳаёт ҷудо шуда, мо Малакути Осмонро мерос мегирем (Мат. 5:10). Ва ҳарчанд дар ин ҷо, дар замин ҳама чизи доштаи моро кашида гирифта метавонанд, вале ҳеҷ кас наметавонад ба он чизе, ки Ӯ дар осмонҳо ба мо додааст, даст расонад. Ана ҳамин тавр, мо фурсат наёфтем, ки сӯҳбатамонро дар бораи аҳкомҳои хушбахтӣ сар кунем, аллакай он ба охир расидааст. Дар боби оянда мо ваъда ва ҳолати нави хурсандиро дида мебароем, ки натиҷаи таъқиботҳо мебошанд. Боби 11. «Хушо таъқибшудагон…» (Мат. 5:10-12 Қисми 2 Дар ин боб мо дида баромадани аҳкомҳои хушбахтиро ба охир мерасонем, ва диққати худро ба ваъда ва ҳолати нави хурсандӣ, ки натиҷаи таъқиботҳо мебошад, ва дар бораи он дар оятҳои 10-12-уми боби 5-уми Инҷили Матто гуфта мешавад, равона месозем. Вале дар аввал мо ба мавзӯи таъқибот боз ками дигар диққат медиҳем (ояти 10-12). Чӣ тавре, ки аллакай гуфтем, дар Амрико мо дар бораи он, ки таъқибот чист, тасаввуроти хеле суст дорем. Вале мо дар остонаи чунин ҳодисаҳое истодаем, ки онро дар Амрико касе то ба ҳол надидааст. Мо аз самараҳое, ки бедоршавии бузурги Дуюм овардааст, беғамона истифода бурда, мероси онро истисмор мекунем, ва дар бораи он андеша намекунем, ки то чӣ андоза мо ба пешрафти динӣ, ки дар гузашта ҷой дошт, қарздор ҳастем, вале ин ба зудӣ мегузарад. Акнун муқобили дин на танҳо ҳокимон — муқобили дин худи дин мебарояд, ки ба паҳншавии мазҳабҳои бешумор, гурӯҳҳои динии ғайрирасмӣ, таълимотҳои бардурӯғ ва ҳаргуна чизҳои «қалбакӣ» чашм мепӯшад. Ҳукумат ба ташкилотҳои динӣ сахт фишор меорад, ва мо мебинем, имрӯзҳо инспексияи молиявӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ ба Калисои Исои Масеҳ зарбаи навро тайёр карда кӯшиш мекунанд, ки ба қонунгузорӣ таъсир расонанд. Арзишҳои муқаддасонаи пештара, худи ақидаи Калисо, мисли пироги себии хонагӣ дар рӯи дастурхони идона дар рӯзи Иди Модарон, нобуд мешавад. Моро таъқиб хоҳанд кард — гуфта буд Исо. Барои чӣ? Шояд урфу одатҳои дар зер овардашудаи замони ҳавворӣ Павлус ба мо ёрӣ медиҳад, ки ҷои худро дар ҳақиқати моро иҳотакарда беҳтар фаҳмида гирем. Вақте ки лашкаркаши румӣ дар муҳорибаи калон ғалаба ба даст меовард, ӯ ҳуқуқ дошт, ки ҷанговарони музаффари худро аз кӯчаҳои шаҳр гузаронад. Ғолибон ғаниматҳои худ ва улҷаҳои ҷангии худро бардошта мебурданд. Ин намоиши пирӯзии бузурги лашкаркаш буд. Ва дар охири ин намоиши дурударози тантананок гуруҳи начандон калони асирон мерафтанд, ки рамзи халқи асиргаштаро доштанд. Ин одамонро ба саҳнае мебурданд, ки дар он ҷо онҳоро бояд ҳайвонҳои ваҳшӣ пора-пора мекарданд. Ҳавворӣ Павлус гуфта буд: «Зеро гумон мекунам, ки Худо мо, ҳаввориёнро монанди касони охири саф, ки ба марг маҳкум шудаанд, намоён кардааст, чунки мо барои ҷаҳон, ҳам барои фариштагон ва ҳам барои одамон, ба тамошогоҳе мубаддал шудаем» (1 Қӯр. 4:9). Павлус дар ҳаввориён нишонаи садоқати ҳақиқии пайравони содиқи Худованд, гурӯҳи маҳбусони ба марг маҳкумшударо медид. Моффатт маънои ин оятро чунин баён месозад: «Худо интизор аст, ки мо, расулони Ӯ, чун гладиаторҳои дар саҳна ба марг маҳкумшуда то ба охир меравем!» Ибораи «ба марг маҳкумшуда» хеле кам вомехӯрад, ва танҳо вақте истифода бурда мешавад, ки агар сухан дар бораи ҷинояткороне равад, ки ҳангоми онҳоро ба ҷои қатлкунӣ бурдан ба сифати объекти масхаракунӣ гузошта мешаванд. Вале Павлус мегӯяд, ки мо низ айнан барои ҳаминро аз сар гузарондан ҳукм карда шудаем. «Мо ба хотири Масеҳ ҷоҳил ҳастем, лекин шумо дар Масеҳ ҳаким ҳастед; мо нотавон, лекин шумо тавоно; шумо соҳиби ҷалолат, лекин мо дар залолат» (1 Қӯр. 4:10). Таънаи истеҳзоомези Павлус дар ин ҷо равшан аст: «То ҳамин соат гурусна ва ташна, бараҳна ва шаллоқхӯр ва сарсону саргардон ҳастем, ва заҳмат кашида, бо дастҳои худ кор мекунем. Моро дашном медиҳанд, мо баракат медиҳем; ба мо зулм мекунанд, мо тоқат меоварем» (1 Қӯр. 4:11-12). Мо савори аспи сафед ба шаҳр намедароем ва одамони бонуфӯз намешавем. Мо ситораҳои дурахшон намешавем. Ба мо марг ва азоб тайёр карда шудааст. «Шумо ба мо чун ба девонагон нигоҳ мекунед — мегӯяд Павлус. — Мо заиф ва шумо бошед пурзӯр ҳастед; шумо олудаи шӯҳрат ва мо бошем, беэътибор ҳастем». Ӯ ба ин чӣ гуна эътино мекард? Дар ояти 12-ум гуфта мешавад: «…Моро дашном медиҳанд, мо баракат медиҳем; ба мо зулм мекунанд, мо тоқат меоварем;» ва баъд ҳавворӣ давом медиҳад: «Ба мо бӯҳтон мезананд, мо зорию илтиҷо мекунем; мо мисли хасрӯбаи ҷаҳон ва ахлоти ҳама то ҳамин вақт мебошем» (ояти 13). Дар зери калимаи хасрӯба дар ин ҷо ахлот ва ифлосиҳо дар назар дошта шудааст. Дар Китоби Муқаддаси шоҳ Ёқуб калимаи offs-couring, ки чун «партовҳо» ё «он чизе, ки пок карда мешавад, ё аз ягон-ҷо тарошида мешавад» тарҷума шудааст. Шумо мегӯед: «Павлус, охир ин чӣ хел мешавад? Охир ту ҳавворӣ ҳастӣ! Ба шарафи ту ҳайкалҳо сохта шудаанд. Мо ҳатто собори Павлуси Муқаддасро дорем!» ТАЙЁР БУДАН БА ПАРДОХТИ ИМОНИ ХУД Павлус масеҳиёнро бо хасрӯба ва партовҳо муқоиса мекунад. Ҳаввориён ҳар гуна оқибатҳои корро медонистанд, ва барои пардохти имони худ розӣ буданд. Чунон ки ба мо маълум аст, даҳ ё ёздаҳ нафар аз ин дувоздаҳ ҳаввориён марги пуразобро аз сар гузарондаанд. Намедонам барои чӣ, вале ман боварӣ дорам, ки маcеҳиёни имрӯза ба он масеҳиён монанд нестанд. Оё масеҳиёни имрӯзаи америкоиро «хасрӯбаи ҷаҳон» номидан мумкин аст? Ба ҳеҷ ваҷҳ, мо аниқтараш мисли ситораҳо мебошем! Мо барномаҳои шахсии телевизионӣ дорем; комплексҳои шавқовари Лас-Вегас барои мо кушода аст. Мо дар ду ҷаҳон зиндагӣ дорем: мо аввал дар ин ҷо корҳои худро ба сомон медарорем, ва баъд ба ҷилди дигар даромада, рӯзи дигар ба калисо меравем. Мо дар клубҳои шабонаи Лас-Вегас рақс мекунем, ва баъд дар ҷамъомадҳои масеҳӣ башорат медиҳем. Байни мо президентҳо, конгрессменҳо, варзишгарони номӣ, актёрҳо ва сарояндаҳо ҳастанд. Маро нодуруст нафаҳмед, ман Худоро барои имондорони ҳақиқӣ шукр мегӯям. Ман танҳо фаҳмидан мехоҳам, ки оё дар ҳақиқат ҳамаи корҳои мо хубанд ё не. Оё табиист, ки масеҳӣ будан ин қадар кори осон шудааст? Оё мо бояд, ба ҷои ба ҷаҳон муқобилият нишон додан, ба он хушомад занем? Ман намефаҳмам, ки чӣ хел ин ба амал омада тавонист. Барои чӣ мо аъзоёни яккачин ва боэҳтироми ҷамъият гардидаем? Оё на барои он, ки мо на ғолибон, балки мағлубшудагон ҳастем? Вақте ки Павлус ба шунавандагони худ муроҷиат мекард, нагуфта буд: «Ман мактаби олии Ҷамлиилро хатм кардаам. Ман одами калон ҳастам; ман бо забонҳои зиёд гап зада метавонам; ман дӯсти бисёр шоҳон, ҳокимон ва одамони намоён мебошам». Ӯ нагуфта буд: «Боре ман «мурда» будам, ва аз мурдагон эҳё шуда, ба осмони сеюм бурда шуда будам (ҳамаи ин дар ҳақиқат бо Павлус рӯй дода буд. Ба Аъм. 14:19-20 ва 2 Қӯр. 12:1-5 ниг.). Ӯ метавонист намоиши ҳақиқӣ барпо намояд. Ин одам метавонист ҳама чиро ба даст орад! Охир ин башорати бениҳоят аҷоиб мебошад. Одамон метавонистанд ӯро соатҳои дароз гӯш кунанд. Набошад ӯ дар бораи худ чӣ мегуфт? «Шумо мехоҳед донед, ки «ваколатномаи» ман чӣ гуна аст?» Биёед ба Номаи Дуюм ба Қӯринтиён назар меандозем. Хонумон ва ҷанобон, рухсат диҳед ба шумо ҳавворӣ Павлусро муаррифӣ намоям: Мисли касе ки ҳолати ҷунун дорад, мегӯям, ки ман боз ҳам бештар ҳастам: дар меҳнатҳо — бештар, дар зери зарбаҳо — аз андоза берун, дар зиндонҳо — бештар, дар чанголи аҷал — дафъаи бисёр, панҷ маротиба аз дасти яҳудиён як кам чилтагӣ тозиёна хӯрдам, се бор маро калтаккорӣ карданд, як карат сангсор карданд, се карат киштии ман ғарқ шуда, шабу рӯзро дар қаъри баҳр гузарондам, дафъаи бисёр дар сафарҳо будам, дар хатарҳои дарёҳо, дар хатарҳои роҳзанон, дар хатарҳо аз ҷониби қавми худ, дар хатарҳо аз ҷониби халқҳо, дар хатарҳо дар шаҳр, дар хатарҳо дар биёбон, дар хатарҳо дар баҳр, дар хатарҳо дар миёни бародарони козиб, дар меҳнат ва дар аҷз, аксар вақт бехоб, дар гуруснагӣ ва ташнагӣ, аксар вақт дар рӯзадорӣ, дар сармо ва бараҳнагӣ. 2 Қӯр. 11:23-27 Ана ҳавворӣ Павлус чӣ гуна одам буд. Баъд ӯ илова мекунад: «…Лекин аз худам, ҷуз аз заъфҳоям фахр намекунам» (2Қӯр. 12:5). Ман ӯро мефаҳмам, шумо чӣ? Бемадор, куфташуда, аз ҳама ҷо рондашуда, сангсоркардашуда, даҳшатҳои ғарқшавии киштиро аз сар гузаронда ва аз тарафи ҳамагон таъқибшуда. Дар ояти 6 гуфта шудааст: «Зеро агар фахр кардан хоҳам, беақл намешавам, чунки рости гапро мегӯям; лекин худдорӣ менамоям, то касе дар ҳаққи ман он чӣ дар ман аст мебинад ё аз ман аст мешунавад, зиёдтар гумон накунад». Павлус ба ҳама иброз медорад: «Ман намехоҳам дар бораи худам гӯям. Ман шӯҳрат намеҷӯям. Ман намехоҳам дар касе дар бораи худ таассуроти нодуруст пайдо кунонам». Дар ояти 7-ум ӯ мегӯяд: «Ва барои он ки ман ба сабаби фавқулоддагии ин ваҳйҳо худро баланд нагирам неше дар ҷисми ман ҷой дода шудааст, яъне қосиди шайтон барои нихта задани ман, то ки худро баланд нагирам». Ман намедонам, ки Павлус чиро дар назар дорад, вале фаҳмост, ки ин як чизи намоён ва барои ӯ ногувор буд. Вале ба ҷои он, ки Павлусро аз ин «неш» халос кунад, Худо ба ӯ гуфт: «Барои ту файзи Ман басанда аст. Ман мехоҳам итоаткории туро бубинам, Павлус». Павлус инкор накард: «…Ба ин сабаб ман бо рағбати бештар аз заъфҳои худ фахр мекунам, то ки қуввати Масеҳ дар ман сокин гардад. Бинобар ин ман аз заъфҳо, озорҳо, мӯҳтоҷиҳо, таъқиботҳо ва ситамҳое ки ба хотири Масеҳ мебинам, дилшодам, зеро ки дар ҳолати заъф боқувватам» (2 Қӯр. 9-10). Агар мо чунин ҳисобем, ки қудрат дорем ҳамаи корҳоро бо қувваи худ ба ҷо орем, ин маънои онро дорад, ки дар мо қуввати Худо нест. Агар мо умед бандем, ки худамон мустақилона бароямон роҳ мекушоем, агар мо дилпур бошем, ки дар ҳама кор хуб ҳастем, ки бо ҷамъият ҳамдигарфаҳмиро ба даст овардаем, пас мо хатои сахт мекунем. Павлус мегӯяд: «Ман аз ҳамаи он чизе, ки маро паст мезанад, ғамгин месозад ва фурӯтан месозад, хурсанд ҳастам, зеро ин маро маҷбур мекунад, ки ба Худо умед бандам ва ман медонам, ки заиф ҳастам, ва танҳо бо ҳамин шарт Худо дар ман амал мекунад ва маро водор месозад, ки ба ин ҷаҳон муқобилият кунам». Мо дар вақте зиндагӣ мекунем, ки масеҳиён бо худситоӣ ва худпарастӣ он қадар банд ҳастанд, ки ҳеҷ вақт ин тавр набуд, ва ин дар назари Худованд нафратовар аст. Мо дар муҳити худ одамони машҳур ва ситораҳоро ба вуҷуд оварда, аз ин ҷаҳон қафо намемонем. Вақте Худованди мо гуфт, ки: «…шоҳидони Ман хоҳед буд» (Аъм. 1:8), Ӯ инро дар назар дошт: «…Аз баҳри ман риёзаткаш хоҳед буд». Кӣ хоҳед буд? Риёзаткаш. Зеро, ки пардохт барои имон чунин аст. Аҳкомҳои хушбахтӣ ба кӣ нигаронида шудааст? Ба ҳамаи фарзандони Малакути Осмон. ТАЪҚИБШУДАГОН АЗ ТАРАФИ ҶАҲОНЕ, КИ ХУДОРО БАД МЕБИНАД Ҳама гап дар сари он аст, ки ҷаҳон Худоро намешиносад ва дӯст намедорад. Исо ба пайравони Худ гуфта буд: Лекин ҳамаи инро барои исми Ман ба шумо хоҳанд кард, чунки Фиристандаи Маро намешиносанд. Агар Ман намеомадам ва ба онҳо сухан намегуфтам, гуноҳе намедоштанд; лекин акнун барои гуноҳи худ узре надоранд. Ҳар кӣ аз Ман нафрат кунад, аз Падари Ман низ нафрат мекунанд. Агар дар миёни онҳо аъмолеро намекардам, ки дигаре ҳаргиз накардааст, гуноҳе намедоштанд; лекин акнун он аъмолро дида, ҳам аз Ман ва ҳам аз Падари Ман нафрат кардаанд. Юҳ. 15:21-24 Исо ба ҷаҳон омад ва ба одамон нишон дод, ки онҳо то чӣ андоза гунаҳкор ҳастанд. Одамон бо гуноҳҳои худ рӯ ба рӯ гаштанд. Агар Исо намебуд, ҳамаи ин зебу оро дода шуда, ба таври хуб пешкаш карда мешуд, зеро одамон барои ором кардани виҷдони худ хеле ҷидду ҷаҳд мекарданд. Дини онҳо чашмони онҳоро ба ҳақиқат маҳкам карда буд, ва онҳо дар оҷизии худ худро фаромӯш карда, ба самти дӯзах роҳ гирифтаанд. Масеҳ чашмони онҳоро кушода, гуфт: «Ба худ нигоҳ кунед!» Онҳо гуноҳҳои худро диданд ва Ӯро барои кори кардааш он бад диданд. Дар асл одамон моро бад намебинанд. Онҳо порсоиро бад мебинанд. Онҳо Масеҳро чашми дидан надоранд. Порсоёна зиндагӣ кардан, намаки ҷаҳон буданро санҷед, ва шумо он вақт мебинед, ки чӣ мешавад. Шумо ягон маротиба ба ҷароҳататон намак пошидаед? Ин хеле дарднок аст. Дар ҷамъияти фосиқшуда муқаддасона зиндагӣ кунед ва натиҷаи онро хоҳед дид. Вале таслим нашавед. Ақибнишинӣ накунед. Чун дузд дар шаб пинҳон нашавед. Гирифта шудани калисоро интизор шуда, Китоби Муқаддаси худро пинҳонӣ нахонед. Ба пеш бароед ва «риёзаткаш» гардед. Бо омадани Худ Исо на танҳо наҷот овард, балки адовати он касонеро бедор сохт, ки гуноҳҳои худро дӯст медоштанд. Ҳатто агар моро лозим ояд, ки барои имони худ нархи гарон ҳам диҳем, мо набояд ақибнишинӣ кунем. Ман ба худ Стэн Дейлро тасаввур менамоям, вақте ки ӯ дар назди ёбоиҳои ҷамъомадаи болои теппа меистод ва онҳо тайёр буданд, ки ӯро тирборон кунанд. То ин лаҳза ӯ эҳтимол мегуфт: «Ман ба назди онҳо меравам ва мефаҳмонам, ки чунин рафтор кардан лозим нест». Ва ӯ рост ба болои теппа баромад. Онҳо ба сӯяш тир холӣ карданд. Тирҳо аз паҳлӯи ӯ мегузаштанд, вале Стэн роҳашро давом медод. Дар ин як чизи ҳайратоваре ҳаст! Ӯ ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, мехост нур ва намаки ҷаҳон бошад! Ва пеш аз он, ки вай аз по афтад, зиёда аз 60 тир ба баданаш фурӯ рафт. Павлус ба қӯлласиён навишта буд: «Алҳол дар уқубатҳои худ барои шумо шодмонам ва камии андӯҳҳои Масеҳро дар ҷисми худ барои Бадани Ӯ, ки Калисост, пур мекунам» (Қул. 1:24). Ӯ мехост ба онҳо гӯяд: «Ҳар боре, ки ягон кас маро мезанад, вай Масеҳро мезанад». Стэн Дейл ҳам айнан ҳаминро гуфта метавонист: «Ҳар кадоми ин ёбоиҳо, ки ба ман тир мепаронанд, дар асл Масеҳро нобуд месозанд. Онҳо на муқобили ман қиём кардаанд, балки муқобили ҳақиқати Ӯ, ки ман овардаам». Масеҳ — ана бо кӣ ҷаҳон адоват меварзад. Одамон имрӯз ҳам кӯшиш мекунанд, ки Ӯро кушанд ва онҳо ҳар касеро, ки тарафдори Ӯ аст, ва ҳақиқатро эълон мекунанд, хоҳанд кушт. Ман душман намеҷӯям, вале ман боварӣ дорам, ки бояд ҳақиқатро гӯям — онро дар ҳама ҷо ва ҳамеша, аз оқибатҳои он ба ташвиш наафтода, эълон намоям. Баҳри Ӯ. Ман суханони ҳавворӣ Павлусро мешунавам: «…то ки Ӯро… ва ширкати уқубатҳои Ӯро дарк намоям…» (Фил. 3:10). Мо набояд барои имон азоб ва маргро ҷӯё шавем. Ин беақлӣ мебуд, вале мо набояд аз онҳо гурезем, ва вақте ки мо ба таъқиботҳо гирифтор мегардем, бояд беҷуръатӣ накунем. Ва дар он вақт баъди таъқибот иҷроиши ваъда меояд. ВАЪДАИ ШӮҲРАТИ ҲОЗИРА ВА ОЯНДА Ин чӣ ваъда аст? «Хушо таъқибшудагон дар роҳи адолат, зеро ки Малакути Осмон аз они онҳост». Павлус бо ақлу истеъдоди худ метавонист дар ин ҷаҳон ба чизи бисёре ноил гардад. Вале ӯ аз ҳамаи ин рӯ гардонд. Ӯ дар ин бора чӣ фикр дошт? Ӯ гуфт: «Зеро, ба ақидаи ман, азобу уқубатҳои замони ҳозира назар ба он ҷалоле, ки дар мо зоҳир хоҳад шуд, ҳеҷ аст» (Рум. 8:18). Ҳеҷ гуна талафот дар рӯи замин дар муқоиса бо дастовардҳо дар Малакути Осмонӣ баробар шуда наметавонад. Масеҳ ду маротиба калимаи «хушо» — ро истифода мебарад. Ҳар он касоне, ки ихтиёрӣ ба муҳофизати Масеҳ бармехезанд, барои итоаткорӣ мукофот мегиранд ва саодатмандии ҳаёти абадиро дар Малакути Осмон соҳиб мешаванд. Юсуф барои порсоии худ аз тарафи бародаронаш ба таъқибот дучор гардида буд. Онҳо ӯро бад медиданд ва дар биёбон ба чоҳ партофтанд. Вале Худо ӯро аз он ҷо раҳонид ва дар Миср баъди фиръавн шахси дуюм гардонид. Дониёлро барои порсоияш ба чоҳи шерон барои пора-пора шудан партофтанд, вале Худо даҳони шеронро баст, ва ӯро дар дарбори шоҳи Бобил баланд кард. Ирмиё барои муқаддасияш ба чоҳи ахлотҳо партофта шуда буд, вале Худо ӯро аз он ҷо раҳонида, яке аз пайғамбарони бузургтарин дар таърих гардонд. Агар мо тайёр бошем барои имонамон худи ҳозир пардохт кунем, Худо ба мо шӯҳрати гӯшношунидро ваъда медиҳад. Таъқибшудагон дукарата баракатёфтагон мебошанд, зеро Малакути Осмон ва тамоми боигарии он ба онҳо тааллуқ дорад. Ман фикр мекунам, ки Масеҳ дар ин ҷо дар бораи замони ҳозира мегӯяд, зеро Шоҳи зинда ҳозир дар мо сокин аст ва пуррагии ҳаётро дар Малакут рӯҳан ба мо тӯҳфа менамояд. Исо дар ин ҷо дар бораи шоҳигарии ҳазорсола мегӯяд, ки дар он иҷроиши ҳақиқии ҷисмонии аҳкомҳои хушбахтиро, ҳангоми дар замини мӯъҷизаовари нав зиндагӣ кардан, хоҳем дид. Ман фикр мекунам, ки Ӯ дар ин ҷо инчунин дар бораи Малакути абадӣ мегӯяд, ки мо дар он бо Писари Худо дар ҷалоли худ рӯ ба рӯ вомехӯрем. Ӯ дар бораи ҳамаи он чизе, ки дар Малакути Осмон дода мешавад, дар бораи бахшоиши Худо дар ҳама бузургӣ ва ҷалол ҳамчун мукофот барои муборизаи мардонаи мо мегӯяд. Петрус ба Исо гуфта буд: «…Инак, мо ҳама чизро тарк карда, туро пайравӣ намудаем» (Марқ. 10:28), яъне «Худовандо, мо ба ин розӣ шудем. Мо ҳама чизро то куртаи охирин тарк кардем. Мо аз қафои Ту рафтем. Мо ба гадоёни ин ҷаҳон монанд гаштем». Исо ба Петрус ва дигар шогирдон чунин ҷавоб дод: «…Касе нест, ки хона, ё бародарон, ё хоҳарон, ё падар, ё модар, ё зан, ё фарзандон, ё амлокро аз баҳри Ман ва Инҷил тарк кунаду алҳол, дар ин замон, дар миёни таъқибот, садчандон… дар олами оянда ҳаёти ҷовидонӣ наёбад» (Марқ. 10:29-30). Мебинед? Дар ин ҷо ва ҳозир. «Дар ин вақт». Чӣ хел хушбахтӣ! Мо ин қадар кӯр ҳастем. Мо мехоҳем чизи доштаамонро нигоҳ дораем, ба ҷои он, ки ба ҳамаи онро ба Худо бахшем ва дар натиҷа ҷалоли абадиро ба даст орем. Малакути Осмон — ин бахшоиши аҳкомҳои хушбахтӣ мебошад. Оё шумо мушоҳида кардед, ки аҳкомҳои якум ва охирин бо ваъдаи Малакут тамом мешаванд. Дар асл ин дар бораи он мегӯяд, ки пеш аз ҳама аҳкомҳои хушбахтӣ ба мо шаҳрвандии Малакути Осмонро худи ҳозир ва абадан ваъда менамояд, ва боқимонда ваъдаҳои аҳкомҳо — ин он чизест, ки ҳаёти Малакутро таркиб медиҳанд. Ҳар он чизе, ки ин ҷаҳон фикр карда барорад ҳам, наметавонад шуморо аз ҳуқуқи мероси Малакути Масеҳ маҳрум созад. Таъқиботҳо ногузиранд, вале агар онҳоро бо камоли майл ва бо тайёрӣ қабул намоем, ваъдаҳо ба ҷо меоянд, ва мо мукофот хоҳем гирифт. Имрӯз ман хона ва замин надорам, ки дар бораи он Китоби Муқаддас мегӯяд — ҳамаи ин дар ҳукмронии Ҳазорсола дар абадият ба амал меояд, вале дар баъзе маъно ман аллакай соҳиби он ҳастам, зеро баъзе бародарону хоҳарони ман дар Масеҳ хонаҳои аз хонаи ман беҳтар доранд ва маро таклиф мекунанд, ки аз баракатҳои дар ихтиёрашон буда ҳозир ё минбаъд истифода барам. Ана дар ин ҷо ва ҳозир чӣ маъно дорад: мо дороии худро бо ҳам мебинем. Эҳтимол, вақте ки шумо назди Масеҳ омадед, шуморо лозим омад, ки муносибатҳоятонро бо ягон кас ё бо тамоми хешу таборҳоятон канед. Шояд ҳама аз шумо рӯй гардонда бошанд. Аммо ба калисои худ нигаред — ана оилаи шумо, ва агар шумо аз хона маҳрум шуда бошед ва ҷои рафтан надошта бошед, нигоҳ кунед, ва шумо мебинед, ки дар атрофи шумо бародарони имондор истодаанд. Онҳо хона доранд, ки он ба шумо низ тааллуқ дорад. Мо ҳеҷ чиз надорем, вале ҳамаро ба ҷалоли Худо истифода мебарем. Инак, таъқиботҳо аз паси худ ваъдаи як чизи беҳтареро меоранд, онҳо бо худ хурсандиро меоранд. ЗИНДАГӢ ДАР ХУРСАНДӢ Чӣ тавр мо ба ҳамаи ин муносибат кунем? «Шод ва хушҳол бошед» — мегӯяд Исо (Мат. 5:12). Чӣ? Хурсандӣ кунем? Хурсандӣ кардан дар он вақте ки туро тирборон мекунанд? Вақте ки дӯстон туро лаънат мехонанд? Вақте ки аз қафои ту ғайбат мекунанд? Вақте ки мехоҳанд бо ҳар роҳ ба ту зарар расонанд? Бале! Ӯ ба мо амр намудааст, ки хушҳол бошем. Калимаи юнонии кhairo маънои «дар ҳақиқат қаноатманд будан» — ро дорад. Барои бештар эътимодбахш будан Ӯ илова менамояд: «Беандоза хушҳол бошед» (Китоби Муқаддаси шоҳ Яъқуб), бо забони юнонӣ agalliaste маънои онро дорад, ки «аз хурсандӣ ҷасту хез намуда фарёд занед». Шумо мегӯед: «Чӣ шумо ҳазл мекунед! Охир маро таъқиб мекунанд!» Барои чӣ шумо бояд шодӣ кунед? Бо ду сабаб. Якум, барои он, ки «мукофоти шумо дар осмон бузург аст» (Мат. 5:12). Хушбахтии осмонӣ чанд вақт давом мекунад? Абадӣ. Аммо ҳаёти мо чист? «…Буғест, ки ба муддати кӯтоҳе зоҳир гардида, баъд нест мешавад» (Яъқ. 4:14). Акнун ба чӣ саҳми худро гузоштан мехоҳед? Фаҳмо аст, барои чӣ Исо гуфт: «Балки барои худ ганҷҳо дар осмон ғун кунед, ки дар онҷо куя ва занг намезанад, ва дуздон нақб намекананд ва намедузданд» (Мат. 6:20). Дар осмон мо тоҷро ба даст меорем. Инро Китоби Муқаддас ба мо ваъда мекунад. Ман фикр мекунам, ки ин бо қобилияти Худоро ҷалол додани мо алоқаманд буда, аз он вобаста аст, ки то чӣ андоза мо дар замин ба Ӯ содиқ будем. Агар ман дар он ҷо абадан бошам ва дар ин ҷо фарз кардем бист сол ё қариб ки ҳамин қадар, дар он вақт ба абадият такя мекунам! Фурсати ман хеле танг аст, ман мехоҳам, ки тамоми маблағҳои худро ба бонки осмонӣ гузорам, то ки ҳаққи худро дар абадият гирам, вале на шахсан барои худ, балки барои он, ки онҳоро ҳамчун ҳамду санои абадӣ ба назди пойҳои пурбаракати Ӯ нисор намоям. Калимаи бузург дар ибораи «мукофоти шумо дар осмон бузург аст» ҳамон маъноеро, ки ин калима дорад, ифода мекунад. Агар Худо гӯяд: «Бузург аст», пас ин ҳамон хел аст. Ин мукофот бузург хоҳад буд, polus, беҳад. Одамон мегӯянд, ки ба Худо аз рӯи муҳаббат хизмат кардан даркор аст, на аз баҳри мукофот. Агар ман ба Ӯ аз рӯи муҳаббат хизмат кунам ва Ӯ хоҳад, ки маро барои ин мукофот диҳад, пас, хоҳиши Ӯ чунин аст. Ман ба ин муқобилият ё шубҳа кардан намехоҳам. Вақте ки ман дар осмон мешавам, дар ман ҳеҷ гуна ғурур нахоҳад буд ва ман бахшишҳои Ӯро қабул мекунам ва онҳоро бо мутеъкорӣ хоҳам баргардонид. Мо ба андозае комил мегардем, ки мукофотҳои худро дуруст тақсим карда метавонем. Маҳз аз ин сабаб Худо ба мо дар ин ҷаҳон мукофот намедиҳад: ин метавонад моро вайрон кунад. Дар охири боби дуюми Нома ба Тимотиюс, ки зоҳири истеъдоди олии Павлус ҳисобида мешавад, ӯ гуфт: «Ва акнун барои ман тоҷи адолат муҳайё гардидааст, ки онро Худованд, Довари одил, дар он рӯз ба ман хоҳад дод; ва на танҳо ба ман, балки низ ба ҳамаи онҳое, ки зуҳури Ӯро дӯст доштаанд» (2 Тим. 4:8). Моҳиятан, ӯ чунин гуфт: «Ҳеҷ ҷои бадӣ нест, ки ман ташнаи дидани он рӯз ҳастам, ки тоҷи худро бинам. Ман бахшоиши наҷотро аз Худованд қабул кардам ва ин бахшоишро низ қабул хоҳам кард». Дуюм. Шумо бояд хушҳол бошед, зеро ҳамин хел пайғамбарони пеш аз шумо бударо низ таъқиб кардаанд. Шумо мегӯед: «Хайр чӣ. Ин ба ман чӣ тааллуқ дорад? Чӣ, ман бояд шодӣ кунам, ки онҳо низ чунин мушкилиҳо доштанд? Наход, ки ҳамаи бадбахтон барои худ шарик ҷӯянд?» Не, гап дар ин нест, гап дар сари он аст, ки ҳамроҳӣ ин бениҳоят хуб аст. Агар пайғамбарони Худо чун шумо таъқибшуда бошанд, пас шумо ба қатори яккачинҳо дохил мешавед. Масеҳ ба мо мефаҳмонад: «Агар шумо дар наҷоти худ, ё дар он, ки шумо фарзанди Худо ҳастед, шубҳа дошта бошед, таъқиботҳое, ки шуморо беимонон ба он гирифтор месозанд, шаҳодати тааллуқ доштани шумо ба Худо мегарданд, чунки онҳо бо шумо чунин рафтор кардаанд, ки бо пайғамбарони баргузидаи Худо рафтор карда буданд». Ҳақиқати ҳайратовар. Агар ман ба таъқибот гирифтор шавам, ман мегӯям: «Ҳа, ман медонам, ки ман фарзанди ту ҳастам, Худоё, ва ман медонам, ки ман бо пайғамбарон дар як қатор меистам!» Ба ҷаҳон чӣ даркор аст, ки он касонеро таъқиб намояд, ки ба намунаи пайғамбарони Худо пайравӣ намекунанд ва Хушхабарро эълон наменамоянд. Боре Исо ба фарисиён гуфт: «Ба ҳамин тариқ шумо худ ба муқобили худ шаҳодат медиҳед, ки шумо фарзандони қотилони анбиё ҳастед, пас шумо ҳам зарфи падарони худро лабрез кунед. Эй морон ва афъизодагон! Аз маҳкумияти дӯзах чӣ тавр гурехта метавонед?» (Мат. 21:31-33). Ана Исо моҳиятан ба онҳо чӣ гуфт: «Биёед, андешаҳои худро амалӣ гардонед. Маро кушед. Шумо аз падарони худ ҳеҷ фарқе надорад, ки айнан ҳамин корро мекарданд». Дар боби 11-уми Нома ба Ибриён маҷмӯаи пурраи одамони ба Худо содиқ пешкаш карда шудааст. Онҳо азоб кашиданд ва дучори маҳрумиҳо шуда буданд ва дар охир гуфта шудааст, ки тамоми ҷаҳон лоиқи онҳо нест. Чӣ хеле, ки навишта шудааст, дар боби 5-уми Инҷили Матто Исо ба шунавандагони худ (ва ба мо) муроҷиат намуда, моҳиятан чунин суханонро иброз дошта буд: «Агар шумо Маро пайравӣ кунед ва ҳақиқатҳои Маро мавъиза намоед ва аз рӯи ин ҳақиқатҳо зиндагӣ кунед ва шуморо таъқиб намоянд, пас аз он хушҳол бошед, ки шумо ба насаби порсоён тааллуқ доред, ки насли рӯҳонии худи пайғамбарон мебошад». Таъқибот — ин исботи он аст, ки шумо бо роҳи порсоӣ меравед. Ин сарчашмаи боварӣ ба наҷот барои шахси имондор; ин қуллаи аҳкомҳои хушбахтӣ мебошад. Исо наҷотро пешкаш менамояд ва нишон медиҳад, ки чӣ хел ба он бовар ҳосил намоем, ки наҷот ёфтаем. Боварӣ ба наҷот на аз тадқиқи назарияҳои фақеҳӣ ва на аз он бармеояд, ки шумо боре қарор додед, ки имондор шавед. Ин аз фаҳмиши он бармеояд, ки шумо бо тарзи ҳаёти худ ба ҷаҳони фосиқ муқобилият мекунед ва шумо барои порсоии худ гирифтори таъқибот мегардед. Дар чунин ҳолат шумо на танҳо дар осмонҳо мукофот мегиред, балки шумо аллакай ҳоло бо пайғамбароне дар як қатор меистед, ки ҳамин салибро дар давоми ҳаёти худ бардоштаанд. Дар Инҷили Луқо Исо гуфт: «Аммо пеш аз ҳамаи ин ба шумо дасти тааддӣ дароз хоҳанд кард ва шуморо таъқиб намуда… ба хотири исми Ман назди подшоҳону ҳокимон хоҳанд бурд» (Луқ. 21:12). Ва боз илова намуд: «Ва ин ба шумо барои шаҳодат хоҳад буд» (Луқ. 21:13). Бо суханони дигар гӯем, ҳамаи ин барои шумо шаҳодати он мегардад, ки шумо ба Худо тааллуқ доред. Магар ин аҷиб нест? Одамон дар ин ҷаҳон, ғайр аз касони баргузидаи Худо, наметавонанд моҳияти тарзи зиндагии моро фаҳманд ва ин ғазаби онҳоро меорад. Мискинии рӯҳонӣ бо дили пурғурури беимон мувофиқат намекунад. Ҳолати тавбакардаи рӯҳ, ки гуноҳҳои худро нола мекунад, ба ин ҷаҳони хушк, бефарқ ва дилсард тамоман бегона аст. Рӯҳи ором ва мутеъ сархам ноодилӣ ва ҳуҷумҳои рӯҳи пурғурур, адоватнок ва оштинопазиронаи ин ҷаҳонро қабул мекунад. Ташнагии амиқтари рӯҳонии ҳамроҳшавӣ бо Худо — ин монанди он аст, ки рӯҳи дилсӯзӣ чун маломати сангдилӣ ва сахтии ин ҷаҳон хизмат мекунад, маломати ҳаваси ҷисм, ҳаваси чашмон ва ғурури зиндагӣ мебошад. Покдилӣ қатъӣ ва дарднок ба дурӯягӣ ва худфурӯшӣ муқобил мебарояд. Шахси сулҳҷӯ ҳамеша худро дар муҳити душманона бегона ҳис мекунад. Касе эҳтироми мавъизачии шотландӣ Ҷон Ноксро ба ҷо оварда, дар бораи ӯ чунин иброз медорад: «Ӯ чунон аз Худо метарсид, ки ҳеҷ гоҳ ҷуръат намекард аз инсон ин тавр тарсад». Иоанн Златоуст, падари бузургтарини Калисо, боре ба ҳузури императори румӣ Аркадий даъват карда шуд ва император ба ӯ таҳдид кард, ки агар мавъизакуниро дар бораи Исо қатъ накунад, ӯро бадарға мекунад. «Ҷаноб, — гуфт Иоанн, — ту наметавонӣ маро бадарға кунӣ, зеро тамоми ҷаҳон хонаи Падари ман аст». «Набошад, ман туро мекушам!» — хитоб кард ҳокими ба ғазабомада. «Не, ту маро кушта наметавонӣ, зеро ҳаёти ман аз тарафи Худо дар Масеҳ маҳфӯз дошта шудааст». «Ман туро аз тамоми дороият маҳрум месозам!» — садо дод ҷавоби хашмгинона. «Ту инро карда наметавонӣ, зеро боигарии ман дар Осмон аст, дар ҷое, ки барои ҳеҷ кас дастрас нест». «Набошад ман туро аз муошират бо одамон маҳрум мекунам, ва ту бе дӯст мемонӣ». «Инро ҳам карда наметавонӣ, зеро ман Дӯсте дорам дар осмон, он Касе, ки ба ман гуфтааст: „Туро намегузорам ва тарк нахоҳам кард“». Дар ниҳояти кор Златоуст ба музофоти дӯрдасти арманӣ бадарға карда шуд, вале бо мактубҳои худ аз он ҷо низ ба дӯстони худ таъсири сахт мерасонд, ва душманонаш қарор доданд, ки ӯро боз ҳам дуртар бадарға кунанд, ва дар роҳи бадарғаи дуру дароз ӯ мемирад. Мо чӣ? Арзишҳои мо чӣ гунаанд? Мо худро чӣ хел баҳо медиҳем? Ақлу дили мо чӣ мегӯяд? Оё мо маънои ҳақиқии аҳкомҳои хушбахтиро мефаҳмем? Оё мо мефаҳмем, ки золимон, худпарастон, маккорон, ҳиллагарон, арбадаҷӯён, он касонеро, ки шоҳони ҷаҳон меҳрубонӣ мекунанд, ба Малакути Осмон дохил шуда наметавонанд? Ба он мискинони рӯҳ, ҳалимон, андӯҳгин ва нолакардагон, гуруснагон ва ташнагони адолат, одамони самимӣ, сулҳҷӯён ва таъқибшудагон дохил мешаванд. Онҳо хизматгорони Малакут мебошанд, ва адовати ин ҷаҳон нисбати онҳо инро тасдиқ мекунад. Оё шумо ба қатори онҳо дохил мешавед? Оё ин чунин аст? Боби 12. Cухани хотимавӣ Даъвати худро озмоиш кардан, ки дар аҳкомҳои хушбахтӣ дида мешавад, дар бисёр номаҳои аҳдиҷадидӣ, аз он ҷумла дар Нома ба Ибриён, ки ба масеҳиёни яҳудӣ нигаронида шудааст, ба чашм мерасад. Ин Нома пур аз огоҳӣ нисбати он одамоне мебошад, ки маънои даъватро ба наҷот мефаҳманд, вале ба ин нигоҳ накарда ҳаёти худро ба Худо набахшидаанд. Гап дар сари он аст, ки муаллифи нома гуфтаҳои худро бо таъкидкуниҳои гуногун катъ мекунад, гӯё мехоҳад ба имондорон гӯяд: «Ба ман маълум аст, ки бисёрии шумо ҳақиқатро медонед, вале ҳоло ҳам қарор надодед, ки Масеҳро пайравӣ кунед». Хонандагони Нома ба Ибриён — яҳудиёне буданд, ки мефаҳмиданд, Исо ин Масеҳ аст, вале намехостанд, ки Ӯро Худованди худ хонанд. Онҳо наметавонистанд Малакути Осмонро чун фарзандон қабул намоянд, наметавонистанд ба баракат ва марҳамати Ӯ бовар кунанд, онҳо намехостанд ба Масеҳ рӯ оранд, зеро метарсиданд, ки аз ҷамъияти худ ронда мешаванд, метарсиданд, ки барои наздикони худ бегона мегарданд, ва хеле метарсиданд, ки тарзи ҳаёти худро тағйир диҳанд. Ин хеле гарон меафтид, ва онҳо ишғол кардани мавқеи фурсатпоиро афзалтар донистанд. Шояд шумо дар симои онҳо худро мебинед? Шумо ҳақиқат, Исои Масеҳ, Писари Худои зиндаро медонед. Шумо Хушхабарро медонед ва ба ҳақиқат будани он боварӣ доред. Вале шумо ба он муқобилият мекунед, ки худро ба Масеҳ бубахшед, зеро шуморо низ ҳамин тарсҳо азоб медиҳанд. Агар ин чунин бошад, пас Нома ба Ибриён ба шумо нигаронида шудааст. Биёед панҷ порчаи зерини огоҳкунандаро аз ин Нома дида мебароем. ОГОҲИИ 1: БА ИБР. 2:1-4 «Бинобар ин мо бояд ба он чӣ шунидем махсусан бодиққат бошем, то ки аз он дур нашавем, зеро агар каломе ки ба василаи фариштагон гуфта шудааст, матин буда, барои ҳар ҷиноят ва беитоатӣ подоши одилона дода шуда бошад. Чӣ гуна мо халос мешавем, агар ба чунин наҷоти бузург беэътиноӣ кунем, ки онро аввал Худованд мавъиза намуд ва баъд онҳое ки аз Ӯ шунидаанд, дар миёни мо тасдиқ кардаанд. Ва Худо низ ба он шаҳодат дод ба востаи аломот ва мӯъҷизот, ва ҳар навъ қувваҳо, ва бахшоиши Рӯҳулқудс ба ҳасби иродаи Худ?» Агар шумо донед, ки Масеҳ кӣ аст, донед, ки Ӯ дар бораи Худ чӣ гуфт, дар он вақт мегӯяд муаллиф, шумо бояд ба он чӣ шунидаед беандоза бодиққат бошед, то ки аз ҳақиқат дур нашавед. Сониян, калимаи ба воситаи фариштагон гуфта шуда чӣ маъно дорад? Ин шариати аҳдиқадимӣ мебошад. Маънояш ин аст: агар одамоне, ки зери шариати аҳдиқадима зиндагӣ мекарданд, барои ҳар як вайронкунии он маҳкум мешуданд, пас чаро шумо, ки аз наҷоти Масеҳ, ки барои гуноҳҳои шумо ҷазо гирифтааст, пешкаш мекунад, даст кашидаед, умедворед, ки аз доварӣ халос мешавед? Шубҳа накунед, ин ба саратон меояд. ОГОҲИИ 2: БА ИБР. 6:12 «…То ки шумо танбал нашавед, балки ба касоне тақлид кунед, ки ба василаи имон ва пурсабрӣ вориси ваъдаҳо мегарданд». Дар ин ҷо дар бораи мерос шудани ваъдаи Худо гуфта мешавад. Вале ин ваъдаҳо чӣ гунаанд? Ва боз аз сари нав дар пеши назари мо тариқи аҳдиқадимаи Хушхабар намудор мегардад. Муаллиф мегӯяд, ки имондорони яҳудӣ бояд муаллимони Инҷил гарданд. Зеро дорои дарккунии бештар мебошанд. Вале ба ҷои ин ҳоло ҳам ба онҳо шариати аҳдиқадимаро таълим додан лозим меояд, зеро онҳо рӯҳан заиф, беҷуръат ва кашола шуда наметавонанд, ки барои дигар имондорон намуна бошанд. Онҳо хушхабарро шунидаанд ва қудрати асри омадаистодаро дарк кардаанд, вале худро ба он набахшидаанд ва шарики он нагардидаанд. Муаллиф ба он касоне муроҷиат мекунад, ки мӯъҷизаҳои бешумори Исоро дидаанд, ва моҳиятан мегӯяд: «Агар шумо ваҳй гирифтед, агар шумо қувваи ба шумо кушодашударо дидед, шунидед ва ҳис кардед, ва агар ҳоло ҳам аз он рӯ мегардонед ва дур мешавед, он вақт аз шумо ҳеҷ умеде нест. Худо барои шумо боз чӣ кор ҳам карда метавонад? Агар шумо баъди ҳамаи ин мӯъҷиза ва аломатҳои дидаатон ба Исои Масеҳ имон наоварда бошед, пас шумо ҳеҷ гоҳ наметавонед ба Ӯ имон биёред. Зеро Ӯ аллакай ҳар он чизе, ки метавонист барои шумо кардааст». Агар шумо ин китобро то ҳамин саҳифа хондед, дар он вақт шумо тасаввуроти пурраро дар бораи ҳақиқат гирифтед, ва шумо ҷавобгар мешавед, зеро дар бораи чи тавр ҳаёти худро ба Ӯ бахшидан хабар доштед. ОГОҲИИ 3: БА ИБР. 10:26 «Зеро агар мо, пас аз пайдо кардани дониши ростӣ, худсарона гуноҳ кунем, — дигар қурбоние барои кафорати гуноҳ боқӣ намемонад…» Ин оят шоҳиди ҳол аст. Муаллиф аз сари нав тирҳои худро ба муқобили он касоне равона месозад, ки мавқеи фурсатпоиро ишғол намудаанд — ба муқобили он касоне, ки шуниданд ва ҳеҷ коре накарданд. Дар ин ҷо сухан дар бораи гуноҳи дасткашӣ аз бахшоиши наҷот ва инкоркунии ихтиёрӣ аз ҳақиқати кушодашуда меравад. Дар ин ҳолат қурбонӣ барои гуноҳ беқадр мегардад. Ба яҳудиён гуфта шудааст: «Шумо метавонед тамоми барраҳо, тамоми бузҳо ва тамом гӯсолаҳоро кушед, вале агар Барраи Худоро, ки гуноҳи ҷаҳонро ба Худ гирифтааст инкор кунед, ягон қурбонӣ барои гуноҳ намемонад». Бе Исои Масеҳ ҳеҷ чиз нест. Одамон фикр мекунанд, ки Худо бо он касоне, ки бисёр медонист, ба калисо мерафт ва дар бораи ҳақиқат тасаввуроти пурраро ба даст оварда буд, меҳрубон хоҳад буд. Ин гумроҳист. Нисбати чунин одамон Ӯ серталабтар хоҳад буд. Чӣ қадар камтар донед, ҳамон қадар дар абадият ба шумо осонтар хоҳад буд. Агар шумо бо марҳамати Худо ҳақиқатҳои Ӯро дарк кардед, аз шумо бештар пурсида хоҳад шуд. Вайронкунандагони шариати Мусо ба марг ҳукм карда мешуданд. Вале бо касоне, ки Исои Масеҳ, Писари Худоро инкор мекунанд, чӣ хоҳад шуд? Ба одамони аз ҳақиқат рӯй гардонда Худо мегӯяд:» …Интиқом аз ҷониби Ман аст, Ман сазо хоҳам дод» (Рум. 12:19; инчунин ба Так. Шар. 32:35 ниг.). Эҳтимол шумо ҳақиқатро медонед, вале ба қароре наомадед, ки онро қабул намоед ва бо роҳи он равед? Агар ин чунин бошад, пас дар назари Худо шумо Писари Худоро поймол мекунед. ОГОҲИИ 4: БА ИБР. 12:25 «Бохабар бошед, ки шумо низ аз сухангӯ рӯ нагардонед. Зеро, агар онҳое ки бар замин ба сухангӯ гӯш наандохтаанд, аз ҷазо раҳо нашудаанд, пас алалхусус мо агар аз Ӯ, ки аз осмон сухан мегӯяд, рӯ гардонем, раҳо нахоҳем шуд…» Суханони даҳшатнок. Худоро инкор накунед. Дар ояти 29-ум гуфта мешавад, ки Худо оташи фурӯбаранда мебошад. Рӯзе мерасад, ки Ӯ на танҳо кӯҳро, чӣ тавре, ки ҳангоми додани шариат ба Мусо ларзонида буд, — балки Ӯ бо ҷазои Худ осмонро меларзонад. Чӣ гуна огоҳии воҳиманок! ОГОҲИИ 5: БА ИБР. 3:7-11 «Бинобар ин, чунон ки Рӯҳулқудс мегӯяд, «имрӯз агар овози Ӯро бишнавед, Дилҳои худро сахт накунед, мисли замони ошӯб, мисли рӯзи озмоиш дар биёбон, ки дар он ҷо падарони шумо Маро озмудаанд; Маро имтиҳон карданд, агарчи аъмоли Маро чил сол дида буданд. Ба ин сабаб бар насл дар ғазаб шуда гуфтам: ҳамеша дилашон гумроҳ мешавад, ва роҳҳои Маро намефаҳманд; ва Ман дар ғазаби Худ қасам хӯрдам, ки онҳо ба оромии Ман дохил нахоҳанд шуд». Худо қасам ёд кард, ва ҳеҷ кадоме аз намояндагони он насл замини ваъдашударо надид. Ба ҳаёти худ нигоҳ кунед, ва боварӣ ҳосил намоед, ки ҳамин гуна хаторо содир намекунед. Имрӯзҳо мавъизаҳои фошкунанда ва баҳарос андозанда дар бораи ғазаби омадаистодаи Худованди Тавоно бебарор ҳастанд. Аз порчаи мазкур бармеояд, ки бисёри мавъизачиён ба муҳокимаронӣ дар бораи муҳаббати Худо, марҳамат ва баракати Ӯ машғул шуда ба вазифаи худ беэътиноӣ мекунанд. Аммо вақте мерасад, ки ҷавоб медиҳанд. Айёми доварӣ хоҳад расид. Худо тайёр аст, ки шуморо ба оромгоҳи Худ барад, наҷоти Худро тӯҳфа намояд, вале шумо дили худро сахт карда ба нобоварӣ меафтед ва гуноҳ мекунед. Бигзор бо шумо он чизе рух надиҳад, мегӯяд Худованд, ки бо яҳудиён дар биёбон рух дода буд. Дар ояти 13-ум муаллиф ба мо маслиҳат медиҳад: «…якдигарро ҳар рӯз насиҳат диҳед…». Аз ин рӯ ман низ инро қарзи худ медонам, ки ба ҳама ёдовар шавам: «Имрӯз, имрӯз, имрӯз айнан ҳамон рӯз аст». Аз Масеҳ имрӯз рӯ нагардонед. Агар шумо ин корро кунед, пагоҳ кардани он осонтар, ва баъди фардо тамоман осон мегардад. Шумо дилҳои худро сахт мегардонед. Боре Дуайт Мооди дар охири мавъизаи худ ба ҳама ҷамъомадагон фармуд, ки ба хона раванд, ва рӯзи дигар баргарданд, то ки ба Масеҳ рӯ оранд. Вале ҳамон шаб бисёрии ин одамон дар сӯхторе, ки он вақт дар Чикаго рӯй дода буд, ҳалок шуданд. Баъди ин Мооди иброз дошт: «Ман дигар ҳеҷ гоҳ ба ҳеҷ кас фардо намегӯям». Худо ба шумо муҳаббати Худро медиҳад. Ӯ ба шумо дасти тавонои Худро дароз мекунад ва таклиф мекунад, ки осоиштагиро ба даст оварда, аз осудаҳолии худ ва давуғеҷҳои зиндагӣ истироҳат кунед, аз тарсҳо, хатарҳо, рӯҳафтодагиҳо ва ҳисси гунаҳкориҳои худ халос шавед. Исо мегӯяд: «Ҳар он чӣ Падар ба Ман ато кунад, назди Ман хоҳад омад, ва ҳар кӣ назди Ман ояд, бадар нахоҳам ронд…» (Юҳ. 6:37). Ва дар Китоби Ваҳй гуфта мешавад: «…Бигзор ташна биёяд, ва ҳар кӣ бихоҳад, оби ҳаётро муфт бигирад» (Ваҳй 22:17). Шумо ба малакути Ӯ бо имон дохил мешавед, на бо аъмол. Инро ба таъхир наандозед. Ба ин тӯҳфаи мӯъҷизаовари наҷот беэътиноӣ накунед. Нагӯед, ки «Пагоҳ» ё «ягон вақте ки ман инро хубтар фаҳмам». Инро худи ҳозир ба ҷо оваред. Каломи Худо шамшери дудама аст. Ин маънои онро дорад, ки аз он пинҳон шудан имконнопазир аст. Агар шумо бениҳоят диндор буда, ба калисо равед, мавқеъи интизоршавиро ишғол карда Масеҳро танҳо бо ақл шиносед ҳам, Каломи Худо метавонад дили шуморо таъсир намояд. Каломи Худо ҳамеша ба шумо ҳолати ҳақиқии дилатонро нишон медиҳад ва ба шумо онро мекушояд, ки имоноварии шумо то чӣ андоза самимӣ мебошад. Ин мавзӯӣ оддӣ нест, ва ман намехоҳам, ки умедвориҳои касеро вайрон созам. Фақат ман мехоҳам, ки шумо ба Исои Масеҳ имон оварда ба оромии Ӯ дохил шавед. Агар шумо бо итоаткорӣ шартҳои дар аҳкомҳои хушбахтӣ бударо қабул накунед, ба хатари гирифтор шудан ба ҷазои Худо дучор мегардед. Ба назди Ӯ оед. Муҳаббати Ӯро дарк намоед. Бо ҳаёти пурраи хизматгорони Малакут — ҳоло ва дар ин ҷо зиндагӣ кунед! Ва агар шумо одами имондор, дар ҳақиқат кафоратёфта бошед, дар он вақт ман ба шумо хурсандии бузургеро орзӯ менамоям, ки ба шумо он вақте меояд, ки дили худро санҷида, дар худ сифатҳои дар аҳкомҳои хушбахтӣ номбаршударо дармеёбед, ки ба ҳамаи хизматгорони Малакути Осмон хос мебошад. Он сифатҳое, ки на танҳо шуморо роҳнамоӣ мекунанд, балки ҳаёти шуморо комил мегардонанд. Илова БОБИ 1 Мавзӯъҳо барои андешаронӣ 1. «Имони беитоатӣ» хурсандӣ меорад, вале ҳеҷ гоҳ наметавонад он хурсандиеро иваз намояд, ки итоаткории бетағйир ва бечуну чаро ба Худо меорад. 2. Итоаткории самимӣ ба Худо боварӣ ба наҷот ва ҳисси бехатариро тавлид месозад, ки ба ҳамаи сокинони Малакути Худо тӯҳфа карда шудааст. 3. Шумо наметавонед дар як вақт бо ҷаҳон дӯстӣ карда ба маммон хизмат намоед, ва дӯсти Худо буда, ба Ӯ хизмат намоед. 4. Кӯшишҳои ба Худо мақбул будани мо ба меъёрҳои порсоии Масеҳ рост намеоянд. 5. Ҳаёти худро тадқиқ карда, шумо метавонед имони худро дар ҳақиқат бубинед. Худо ба шумо дар тағйир додани тамоми ҳаётатон ёрӣ мерасонад. Саволҳо ва супоришҳо 1. Оё шумо бо ҷаҳон дӯстӣ карда, дар айни замон худро дӯсти Худо гуфта метавонед? 2. Боварии шумо дар наҷоти шахсиатон дар чӣ асос меёбад: дар он, ки пештар қарор додед, ки имондор шавед, ё дар итоаткории ҳозираатон? 3. Худро дар давоми ҳафтаи оянда тадқиқ намоед ва қарор қабул кунед, ки муносибатҳои худро бо Худо мувофиқи меъёрҳои Ӯ ба роҳ мемонед. БОБИ 2 Мавзӯъҳо барои андешаронӣ 1. Хушбахтиҳои инсонӣ аз шароитҳо вобаста аст, вале баракатҳои Худо аз чизе вобаста нест. 2. Мусолиҳа бо Худо дар дил сар мешавад, на дар рафторҳои чашмрас ва риоя намудани маросимҳо. 3. Ҳеҷ гуна беҳдошти моддӣ наметавонад гуруснагии рӯҳонии ҷӯяндаи баракатҳои рӯҳониро рафъ созад. 4. Мавъизаи Болои кӯҳ ба арзишҳои ин ҷаҳон ба монанди муваффақият, гулгулшукуфӣ ва қаноатмандӣ мувофиқат намекунад. 5. Барои дуруст фаҳмидани мавқеи Исо, пеш аз ҳама ин мавъизаи аз ҳама бузурги Ӯро бо мақсади дар амал истифода бурдани ҳақиқатҳои дар он ҷой дошта омӯхтан лозим аст. 6. Аз ҳама усули пурсамари расондани таълимоти масеҳӣ ба одамон — ин ба ҷо овардани аҳкомҳои хушбахтӣ мебошад. Саволҳо ва супоришҳо 1. Панҷ сабабро ҷудо намоед, ки аз рӯи онҳо омӯхтани ин порчаҳо аз Навиштаҳо ин қадар муҳим мебошанд. Кадоме аз онҳоро шумо мехостед муфассалтар омӯзед? Кадоме аз онҳо ба шумо аз ҳама мураккаб менамояд? 2. Оё шумо андӯҳгин будан, ба таъқибот дучор шудан ва дар як вақт худро саодатманд шумориданро имконпазир мешуморед? Кадом дигар суханони Исо ба манфиати имкон доштани чунин мавқеъ шаҳодат медиҳанд? БОБИ 3 Мавзӯъҳо барои андешаронӣ 1. Ҳолати мискинии рӯҳ бо норасоии неъматҳои моддӣ вобаста набуда, ба камфаъолиятӣ ва танбалӣ шабоҳат надорад. 2. То он даме, ки мо худро ба андозае мутеъ насозем, ки мискини рӯҳ буданамонро набинем, ҳақиқати боигарии рӯҳонии ҳаётро дар Худо дарк карда наметавонем. 3. Худинкоркунӣ (дар мухолифат ба худсобиткунӣ) ба қадри ҳол дар калисои ҳозиразамон маъмул нест. 4. Шарти зарурии мувофиқат кардан ба меъёрҳои Малакут эътирофи ноқобилиамон дар ба ҷо овардани ин бо қувваи худамон мебошад. 5. Барои ба даст овардани ҳолати ҳақиқии мискинии рӯҳ мо бояд диққати худро ба Худо равона созем ва муфлисии пурраи табиати ҷисмонии худро дарк намоем. 6. Шумо бояд ба Масеҳ ва шартҳои Ӯ биёед ва аз худназораткунӣ даст кашед, то ки тамоми ҳокимиятро аз болои ҳаёти худ ба Ӯ диҳед. Саволҳо ва супоришҳо 1. Ҳафт хусусиятҳои фарқкунандаи ҳаётро дар ҳолати мискинии рӯҳ омӯзед, ки дар охири боб дода шудааст. Худро санҷед ва муваффақиятҳои худро аз рӯи ҷадвали даҳбала баҳо диҳед, ва ба ҳар як пешравии худ дар ҳар як соҳа низ баҳо диҳед. Агар 100 хол шавад — ин қолиби Худост, пас шумо бохти худро оиди ҳар кадоми ин пунктҳо эътироф менамоед. 2. Агар шумо каме ҳам бошад, пешравиро оиди яке аз ин ҳафт пунктҳо мушоҳида кунед, он вақт Худоро барои баракатҳояш шукр гӯед ва умедвории худро ба Ӯ дар оянда изҳор намоед. БОБИ 4 Мавзӯъҳо барои андешаронӣ 1. Шояд шумо бо талвоса кӯшиш мекунед, ки аз дардҳо ва ҳиссиётҳои манфӣ гурезед ва таъсири судманди онҳоро ба инкишофи рӯҳониатон дарк намекунед. 2. Ашкҳо ва дигар усулҳои ифодаи ғам зоҳирсозии дурусти ҳиссиётҳои самимӣ — бахшоиши Худо барои ифодаи дард ё хурсандӣ мебошад. 3. Аслан хушбахтӣ на дар андӯҳ дар бораи гуноҳ меанҷомад, балки дар ҷавоби Худо, ки ҳангоми тавба кардани мо ба шакли тасалло меояд. 4. Калисо ин рӯзҳо муҳим будани мотам гирифтани гуноҳҳои худро қайд намекунад ва дар бораи тарс дар назди доварии ногузир ва дар бораи андӯҳи ҳақиқӣ дар дили Худо намегӯяд. 5. Худо шуморо ва бародарону хоҳаронатонро дар Масеҳ ба воситаи рӯҳи худ ва Каломи Худ тасалло медиҳад. 6. Ҳамаи монеаҳо барои тавба кардан аз гуноҳ ҳамон вақт барҳам мехӯранд, ки мо ба Салиб муроҷиат мекунем ва маънои онро мефаҳмем, ки Ӯ баҳри мо чӣ кор кардааст. Саволҳо ва супоришҳо 1. Ба шумо дар андӯҳгиншавӣ оиди гуноҳҳои худ ва пушаймон шудан аз онҳо чӣ халал мерасонад? Аз Худо хоҳиш намоед, ки ба шумо ин монеаҳоро нишон диҳад ва шуморо аз онҳо раҳоӣ диҳад. 2. Оё шумо исботи онро оварда метавонед, ки калисо ба тавбаи самимии гуноҳҳои кардаи мо мусоидат намекунад? БОБИ 5 Мавзӯъҳо барои андешаронӣ 1. Исо арбобони сиёсӣ ва динии он замонаро, ки Масеҳи ғалабаоварро интизор буданд, сахт рӯҳафтода кард. 2. Исо пешгӯии Китоби Пайғамбар Ишаъёро (40:66) дар бораи Ғуломи азияткаш амалӣ гардонд ва бо ин меъёрҳои ҳалимии Худро барқарор намуд. 3. Ҳалимии каломӣ бо тафсири ин фаҳмиш, ки дар луғатҳо ҳалимиро чун «норасогии ҷасорат» муайян менамояд, мувофиқат намекунад. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки ҳалимӣ — ин мулоимӣ, меҳрубонӣ ва гузашткунӣ мебошад. 4. Ҳалимӣ тарафи мусбии худинкоркунӣ, сарчашмаи қувваи ҳақиқӣ, ки таҳти назорати Худо аст, мебошад. 5. Ҳалимонро лозим намеояд, ки барои замин ҳуқуқҳои худро исрор намоянд, зеро Худо онро ба онҳо ба мерос медиҳад. Саволҳо ва супоришҳо 1. Ҳаёти Мусо, Иброҳим ва Довудро ҳамчун намунаи ҳалимӣ дида мебароем. Кадом қаҳрамонҳои Аҳди Ҷадидӣ инчунин бо ин сифатҳо фарқ мекарданд? 2. Боби мазкурро тадқиқ карда, ҳар чӣ бештар хусусиятҳои хислатро номбар намоед, ки бо ҳалимӣ аралаш мекунанд. Барои чӣ дар ҷамъияти мо тасаввуроти нодуруст дар бораи ҳалимӣ вуҷуд дорад? 3. Шумо ба танқид, ё ба фошсозии Каломи Худо чӣ гуна эътино мекунед? Ин ба шумо дар он ёрӣ мерасонад, ки шумо чунин хислатҳоро ба монанди ҳалимӣ доред ё не. БОБИ 6 Мавзӯъҳо барои андешаронӣ 1. Ҳамаи аҳкомҳои хушбахтӣ барои ба Малакути Худо дохил шудан ва барои ҳаловат бурдан аз зиндагӣ дар он заруранд. 2. Ҳеҷ гуна гуруснагии ҷисмонӣ ба гуруснагии рафънопазири рӯҳонии ҷонҳои наҷотнаёфта баробар шуда наметавонад. 3. Дар ҳолати мазкур ҳис кардани гуруснагӣ ва ташнагӣ маънои бо эҳтирос ҷӯcтани порсоиро дорад. 4. Объекти ҷӯстуҷӯҳои рӯҳонии мо кадом як ҷунуни рӯҳонӣ нест; мақсади мо — наҷот ва муқаддасӣ дар Масеҳ мебошад. 5. Чӣ гуна муваффақиятҳоро ба даст наоред ҳам, рӯҳан камол ёфта шумо ҳамеша ба камолот эҳтиёҷ доред. 6. Худоро ҷӯстани шумо, ки дар гуруснагии рӯҳонии шумо ифода меёбад, бояд бе шарт бошад ва бо тайёр будани дасткашӣ аз хӯроки бадсифати ҷаҳонӣ роҳнамоӣ гардад. Саволҳо ва супоришҳо 1. Оё шумо ба он умед мебандед, ки васвасаҳои заминии шуморо ҷалбкунанда талаботҳои шуморо қонеъ мегардонанд, ё ба онҳо дар партави ҳақиқатҳои бузурги илоҳӣ ҷои лозимиро медиҳед? 2. Он лаҳзаеро ба хотир оред, ки шумо бо ширинтарин ҳиссиётҳои ҳузури Худо пур будед. Барои чӣ ин азсаргузаронӣ бо ҳеҷ чиз муқоисанашаванда буд? 3. Норасогии кадом донишҳои рӯҳониро шумо аз сар мегузаронед? Нақшаи инкишофи рӯҳонии худро тартиб диҳед. БОБИ 7 Мавзӯъҳо барои андешаронӣ 1. Ҳамчун масеҳӣ шумо набояд ниқоби порсоиро дошта бошед; водорсозиҳои ботинӣ бояд бо рафторҳо мувофиқат кунад. 2. Гоҳо зоҳирсозии марҳамати Худоро савҳан бо мукофотдиҳӣ барои кори нек, ки аз тарафи шумо барои Худо ба ҷо оварда шудааст, баробар шуморидан мумкин аст. 3. Исо шахси аз ҳама раҳмдили рӯи ҷаҳон буд, зеро ба одамони ҳамаи табақаҳои ҷамъият дилсӯзӣ зоҳир намудааст. 4. Баракат гуноҳро нобуд месозад, марҳамат бошад барои бартараф кардани оқибатҳои он ёрӣ мерасонад. 5. Марҳамат аз чорчӯбаи бахшиш баромада аз қафои муҳаббат меравад ва бо адолат якҷоя мегардад. 6. Танҳо дорои марҳамати Худо гашта, шумо метавонед онро ба дигар одамон расонед. Саволҳо ва супоришҳо 1. Усулҳои зиёди зоҳирсозии дилсӯзӣ вуҷуд дорад, моддӣ ва рӯҳонӣ. Кадоме аз ин усулҳо ба шумо наздиктар аст? 2. Чӣ гуна дар ҳаёти шумо марҳамати Худо зоҳир гардид ва аксуламали шумо чӣ гуна буд? 3. Ғайр аз Худо боз кӣ метавонад ба шумо марҳамат зоҳир созад? БОБИ 8 Мавзӯъҳо барои андешаронӣ 1. Фарисиён шариати нави порсоиро мебароварданд, зеро ки шариати Худоро ба ҷо оварда наметавонистанд, вале кӯшиш мекарданд, ки порсо намоянд. 2. Одамони зери бори гарони шариатҳои иловагии фикр карда баромадаи фарисиён азоб кашида намедонистанд, ки чӣ тавр ба Худо мақбул бошанд ва чораҳо меҷӯстанд. 3. Худо ба он нигоҳ накарда, ки мо ҳамеша гунаҳкор мемонем, ҳамеша ба меъёрҳои покӣ ва комилии Худ мувофиқат мекунад. 4. Дили пок ниятҳои поки муайянкунандаи фикрҳо, ирода ва ҳиссиётҳои одамро дорад. 5. Дар асоси ниятҳо ва рафторҳои поки шумо бояд ҳақиқати Каломи Худо бошад. 6. Агар шумо покдил бошед, шумо ба Худо наздик ҳастед, дар ҳузури Ӯ зиндагӣ мекунед ва аз осоиштагӣ бо Ӯ ҳаловат мебаред. Саволҳо ва супоришҳо 1. Фарқи байни покии тӯҳфа кардаи Худо ва покии амалӣ дар чист? 2. Барои чӣ мо бояд ба он боварӣ дошта бошем, ки вақте, ки мо гуноҳ мекунем, Худо моро пок мекунад? 3. Чӣ тавр мо метавонем пеш аз ҳама аз гуноҳ канораҷӯӣ намоем, то ки покиро нигоҳ дорем? БОБИ 9 Мавзӯъҳо барои андешаронӣ 1. Набудани осоиштагӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёт дар набудани осоиштагӣ дар дили одамони алоҳида фаҳмонида мешавад. 2. Офаридани осоиштагӣ ин маънои онро надорад, ки аз муноқишаҳо гурезем, балки дар худ доштани адолатест, ки тарафҳои муноқишакунандаро оштӣ медиҳад. 3. Сулҳҷӯ будан ба одамон дар мувофиқат кардан ба қолибҳои Худо ёрӣ додан аст, ки дар навбати худ ба овардани осоиштагӣ ёрӣ мерасонад. 4. Сулҳҷӯён дар ҷаҳони мо машҳур нестанд. Аниқтараш он касоне машҳуранд, ки барои ҳуқуқҳои худ мубориза мебаранд ва талаботҳои беохир пешкаш менамоянд. 5. Осоиштагии ҳақиқиро танҳо дар Масеҳ буда ба воситаи Рӯҳи дар мо зиндагӣ мекарда ба даст овардан мумкин аст. 6. Барои осоиштагиро мустаҳкам сохтан мо бояд ҳамеша нуқтаи расиши манфиатҳои тарафҳоро ҷӯё бошем. Саволҳо ва супоришҳо 1. Бе дили пок осоиштагӣ имконнопазир аст. Ҳодисаро аз ҳаёти худ ба хотир оред, ки ин ҳақиқатро тасдиқ кунад. 2. Лаҳзаеро ба хотир оред, ки шуморо лозим омада буд барои покиатон пардохт диҳед. Оё дар он лаҳза ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, дар дили шумо ҳисси осоиштагии Худо буд? 3. Душманони «дуруст» ҳастанд, ки мо ба онҳо адоват дорем. Онҳо кистанд? БОБИ 10 Мавзӯъҳо барои андешаронӣ 1. Ба он нигоҳ накарда, ки мо сулҳҷӯ ҳастем, мо ба одамоне, ки намехоҳанд ба ин принсипҳои мушкили масеҳӣ пайравӣ намоянд, сахт халал мерасонем ва бо ин метавонем ба сари худ нохушиҳои зиёд биёрем. 2. Дар ин аҳком касоне, ки ба таъқибот гирифтор шудаанд, ду маротиба баракат дода шудаанд, зеро ин аҳком хеле муҳим аст, ва мукофоти иҷро кардани он бузург аст. 3. Агар душманони мо ба мо ҷанг эълон кунанд, ин шаҳодати он аст, ки онҳо лаънатзада шудаанд. Агар мо таъқиботҳоро бо фурӯтанӣ қабул намоем, ин дар бораи он шаҳодат медиҳад, ки мо дар ҳақиқат хизматгори Малакути Осмон мебошем. 4. Мо метавонем тамоми ҳаётамонро бе таъқиботҳо гузаронем, агар розӣ шавем, ки ба ҷаҳон менанд гардем. 5. Вақте ки моро таъқиб менамоянд, ин маънои онро надорад, ки аз мо нафрат мекунанд, онҳо Рӯҳи Масеҳро нафрат мекунанд, ки дар мо зиндагӣ мекунад, зеро Ӯ тарзи ҳаёт ва эътиқодҳои таъқиботчиёни моро танқид мекунад. 6. Агар шумо аҳкомҳои хушбахтиро ба ҷо оред, дар он вақт албатта ба таъқиботҳо дучор хоҳед шуд. Саволҳо ва супоришҳо 1. Давраҳои ҳаёти худро ба хотир оред, ки дар он вақт фаъолияти масеҳии шумо бо тарси таъқиботҳо маҳдуд карда шуда буд. 2. Натиҷаи мусбии таъқиботҳоро нисбати худ ҳамчун ба намунаи порсоӣ мисолҳо оред. БОБИ 11 Мавзӯъҳо барои андешаронӣ 1. Ба он нигоҳ накарда, ки ҷамъияти мо дар асоси арзишҳои масеҳӣ сохта шудааст, он масеҳиёни ҳақиқиро тоқат надорад. 2. Худовандро аз рӯи муҳаббат хизмат кунед на аз рӯи мукофот, зеро ки мукофоти ноҳақ фосиқ мегардонад. 3. Мо аз таъқиботҳо шод мегардем, зеро медонем, ки мукофоти мо абадист, вале озмоишҳо бошанд, муваққатӣ. 4. Имрӯзҳо шаҳодати пурзӯр обрӯ шуморида мешавад, зеро мо фаромӯш кардаем, ки «шоҳид» маънои «риёзаткаш» — ро дорад, яъне он касе ки тайёр аст, барои имони худ ҳама чиро паси сар намояд. 5. Мо бояд нотарсона тарафи Худоро гирем, зеро агар ки дар мо тарси Худо бошад, дар он вақт мо ҳеҷ гоҳ аз ҷаҳон наметарсем. 6. Ба номи Масеҳ аз таъқиботҳо азоб кашида, шумо бо пайғамбарони қадима дар як қатор меистед, ки инро ҳамчун шарафи бузург ҳисобидан мумкин аст. Саволҳо ва супоришҳо 1. Оё шумо тайёр ҳастед, ки аз ҳамаи неъматҳои заминӣ даст кашед, то ки чун порсои ҷасури Худо зиндагӣ кунед? Шумо дар ин роҳ ба қурбон кардани чӣ тайёр ҳастед? 2. Оё шумо мукофоти худро дар осмон бесаброна интизор ҳастед? Ба Масеҳ ва мероси осмонии худ нигаронида шавед, ва шумо метавонед ҳамаи мушкилиҳоро дар ин роҳ паси сар намоед. БОБИ 12 Мавзӯъҳо барои андешаронӣ 1. Аҳкомҳои хушбахтӣ моро ба озмоиши худ баҳри пайравӣ кардан ба принсипҳои ҳаёти Малакут ва камолоти минбаъда водор месозанд. 2. Нома ба Ибриён он касонеро огоҳ месозад, ки имон доранд, вале ба созиш рафта, ҳаёти дутарафа бурданро давом медиҳанд. 3. Худо талаботҳои қатъиро ба он касоне пешниҳод мекунад, ки дорои фаҳмиши ҳақиқат ҳастанд, вале онҳоро дар ҳаёти худ истифода намебаранд. 4. Ба Каломи Худо рухсат диҳед, ки ба шумо ҳолати ҳақиқии дилатонро нишон диҳад, ва пагоҳ нагуфта, ба Худо имрӯз муроҷиат кунед. Саволҳо ва супоришҳо 1. Ҳар ҳафта барои худ як аҳкоми хушбахтиро интихоб намоед ва аз Худо хоҳиш кунед, ки дар иҷро кардани он таҳти роҳнамоии Рӯҳи Худ ёрӣ расонад. 2. Ҳангоми хондани ин китоб ба шумо чӣ кушода шуд? Дар партави ин ваҳйҳо ба худ мақсад гузоред, ки рафтори худро тағйир медиҳед. 3. Ҳақиқатҳои мавъизаи Болои кӯҳиро бо одамоне бо ҳам бинед, ки дар роҳи пайравӣ кардан ба Худованд ба камолоти рӯҳонӣ ҷидду ҷаҳд менамоянд.