Сторми Омартиан ҚУДРАТИ ШАВҲАРИ ДУОГӮЙ Ман ин китобро ба шавҳари худ Майкл мебахшам, ки дуоҳои ӯ барои ман чунон баракатҳои бузург гардидаанд, ки тавсифи онҳо имконнопазиранд. МИННАТДОРӢ Миннатдории махсуси ман: • Ба бисёр мардони содиқи дуогӯй, ки ба ман бо хурсандӣ дар бораи ҷавобҳои дуоҳояшон барои занони худ хабар додаанд. Мехоҳам миннатдории махсуси худро ба шӯбон Ҷек Хейфорд, усқуф Кеннет К. Улмер, усқуф Эдди Лонг, Нил Андерсон, Ҷеймс Робисон, Майкл Херритон, Майкл Голдстоун, Родни Ҷонсон ва Стивен Кертис Чапмен барои шаҳодаташон дар бораи ҷавобҳои Худо ба дуоҳояшон ва барои ҳиссагузориашон дар офариниши ин китоб баён намоям. Ман бениҳоят онҳоро ҳамчун шавҳарон, падарон ва одамони Худо қадр менамоям, ки дар ҳақиқат онҳо чунинанд; • Ба садҳо заноне, ки орзӯи дили худро бо ман дидаанд — то ки шавҳарони онҳо барояшон дуо кунанд; • Ба Сюзан Мартинес, котиба ва идоракунандаи ҳамешагии кор­ҳои ман, хоҳар ва дӯсте, ки бе вай ман наметавонистам ягон маводро дар вақти муқарраршуда супорам; • Ба шавҳарам Майкл барои хӯрокҳои олиҷанобаш, ки тайёр мекард, ва барои дастгирии дуогиаш, ки ба шарофати он ман ҳангоми навиштани ин китоб тавонистам овози Худоро шунавам; • Ба духтарам Аманда барои он, ки ҳангоми аз болои ин китоб кор кардани ман вай дар хона ҳам ошпаз, ҳам хаткашон ва ҳам фаррош буд; • Ба дӯстонам Сюзан Мартинес, Роза Томпсон, Кэти Стюарт, Донн Саммер, Брюс Судано, Майкл Хэрритон ва зани вай Терри, Том Бруссо ва завҷаи вай Пэтти, ки якҷоя бо ман дуо мекарданд, ва бе дастгирии онҳо навиштани ин китоб он тараф истад, аз саргузаронии ин сол хеле мушкил мебуд; • Ба ҳамаи аҳли нашриёти «Харвест Хаус», шахсан ба: Боб Хонкинси хурдӣ, Керолин Маккридия, Ҷулия Маккинни, Тереза Эвенсон, Терри Глэспи, Бетти Флетчер, Ларе Уэйкерт, Барб Шерилл ва Пегги Райт — барои ҳама дуоҳои онҳо, пайғомҳои электронӣ, нома, зангҳо ва дастгириашон. Касе ки зани солеҳа дошта бошад, некбахтӣ пайдо кардааст, ва аз ҷониби Худованд файз ёфтааст. (Мас. 18:22) СУХАНИ МАЙКЛ ОМАРТИАН Ба мо мардон эътироф кардан лозим меояд, ки ба ҳаёти ҳамсарӣ қадам ниҳода, ба он таҷрибаи чандинсола, одатҳо, хусусиятҳои шахсӣ, хотираҳо, нофаҳми ва эҳсосотҳои худро дохил менамоем. Мо тамоми умр бо зане хоҳем пайваст, ки айнан мисли мо ба никоҳамон таҷрибаи чандинсолаи худ, одатҳо, хусусиятҳои миллӣ, хотираҳо, хуруфотҳо ва ғурури худро ворид месозад. Акнун мо вазифадорем, ки муошират намоем, ба созиш равем, ба якдигар гузашт намоем, ба худпарастии худ хотима диҳем — аниқ, ин вазифаи начандон осон аст. Ё Худо дорои ҳисси ғалатии ҳаҷв аст, ё ин ки ба Ӯ маъқул аст, ки мо ҳамеша инкишоф ёбем ва комил гардем. Эҳтимол, ҳам ину ҳам он бошад. Худо мехоҳад, ки мо оиладор шуда, хушбахт гардем, вале барои ин мо бояд шарикони худро чунон дӯст дорем, ки Масеҳ моро дӯст медорад. Аз ин рӯ муваффақияти муоширати мард бо зан аз муошираташон бо Падари Осмонӣ вобастагӣ дорад. Дуо барои завҷа қудрати бузург дорад. Худо ҳамеша моро мешунавад — ҳар як сухани моро. Бале, Худои Офаридгор гӯши Худро ба сӯи мо хам мекунад, ва танҳо бо ёрии Ӯ мо метавонем минаҳоеро безарар гардонем, ки душман бо мақсади вайронсозии он чизе, ки Худо пайвастааст, мегузорад. Оё мо мехоҳем, ки дар занҳои худ тағйиротҳоро бубинем? Оиди ин тағйиротҳо дуо карда, мо аз Худо хоҳиш менамоем, ки ба ҳаёти мо ворид шавад ва корҳои бузургро ба анҷом расонад. Агар мо дуо накунем, беҳдошти ҳаёти оилавиамон аз хирадмандии шахсӣ ва ҷидду ҷаҳдамон вобаста мегардад. Вале вақте ки мо дуо мекунем, чӣ гуна сарчашмаи хушбахтиро пайдо мекунем! Мо на танҳо дар занҳои худ тағйиротҳоро мебинем, балки худамон низ тағйир меёбем. Дар давоми ҳаёти якҷояам бо Сторми ман маротибаҳои зиёд шоҳиди таъсирҳои ҳайратовари дуоҳоям барои ӯ гардидаам: раҳо­ёбии вай аз даҳшатҳои пештара, раҳоёбии ҳаёташ дар лаҳзаҳои хатарнок ва муваффақиятҳои вай ҳамчун нависанда. Ҳар қадаре ман бештар мефаҳмам, ки дуоҳои ман барои Сторми чӣ гуна фоида меоранд, ҳамон қадар беҳтар мефаҳмам, ки Худо ин дуоҳоро барои мустаҳкам гардондани имони ман истифода мебарад, ва чӣ хел Ӯ маро баракат медиҳад, ки рӯҳан камол ёбам. Бо боварии пурра ба он, ки Худо ба дуоҳои шавҳар барои зав­ҷааш ҷавоб медиҳад, ман тавсия медиҳам, ки ин китобро хонед. Ман медонам, ки хондани он бароятон шавқовар хоҳад буд, зеро вақте, ки Сторми ин китобро менавишт, ман ҳамеша барои ӯ дуо мекардам. Майкл Омартиан ҚУДРАТИ ДУО Ман аз шумо миннатдор ҳастам, ки ин китобро мехонед. Ман боварӣ дорам, ки ҳеҷ кас наметавонад шуморо бо таҳдиди таппонча маҷбур созад, ки ин корро кунед, вале агар ин гуна зан бошад ҳам, шумо метавонед бо суханоне, ки нияти минбаъд низ хондани ин китобро доред, ӯро ором кунед. Ман намехоҳам, ки худдонам намоям, вале шумо албатта ба қатори яке аз хонандагони дар зер овардашудаи ин китоб хоҳед буд. Фақат худатон муайян кунед, ки маҳз кадомаш: 1. Шумо ин китобро аз болои роҳаткурсии дӯстдоштаи худ, ё аз рӯи фарш аз назди ҷевон, ё аз болои болишти худ, ё дар кейси худ, ё аз даруни қуттии асбобҳо, ё аз рӯи нишастгоҳи пеши мошинатон, ё аз болои мизи кориатон, ё аз назди пулти телевизор ёфтаед (зимнан ин китоб дар он ҷо ба таври асрорангез пайдо шудааст). 2. Зани дуокунандаи шумо ин китобро барои шумо харидааст, то ки дигар ҳеҷ гоҳ худро дар он гунаҳкор нашуморед, ки барои вай дуо намекунед. 3. Шумо худатон ин китобро харидаед, зеро мехоҳед барои завҷаатон дуо кунед, вале аз чӣ сар карданро намедонед. 4. Шумо мехоҳед дар зани худ, дар худатон ва дар никоҳатон табаддулотҳои қатъиро бинед ва умедвор ҳастед, ки ин китоб дар амалӣ гаштани онҳо ба шумо ёрӣ мерасонад. 5. Шумо аллакай шавҳари меҳрубон, хирадманд, дӯстор ва дуо­кунанда мебошед, ва мехоҳед усулҳои нави амалкунандаеро донед, ки ба завҷаатон баракатҳои фаровон меоранд. 6. Ин китобро ба шумо рафиқатон тавсия намуд, ва шумо ба муносибати нобоваронаи худ ба он нигоҳ накарда, қарор додед, ки онро хонда бароед ва бинед, ки ин чӣ натиҷа медиҳад. 7. Никоҳи шумо дар хатар аст, ва шумо ин китобро ба даст гирифтед, зеро ба шумо чунин менамояд, ки онро хонда, шумо барои наҷоти оилаи худ нархи арзонеро медиҳед. Барои хондани ин китоб ҳар чизе, ки боис шуда бошад ҳам, ман шуморо табрик менамоям. Дар назари ман — шумо байни насли мард азимҷусса мебошед. Ман мехоҳам шуморо бовар кунонам, ки ҷидду ҷаҳди шумо бесамар нахоҳад буд, ва вақти сарф кардаатон беҳуда нест, ва дар оянда шуморо мукофоти бузург интизор аст. ЧАРО МУАЛЛИФИ КИТОБ НА МАЙКЛ, БАЛКИ СТОРМИ АСТ? Шумо метавонед пурсед, ки «Барои чӣ ин китобро шавҳараш не, балки Сторми навиштааст?» Ҷавоб оддист: барои он, ки ӯ айнан мисли шумост ва вақте ки гап дар бораи навиштани китоб равад, ӯ мисли шумо шавҳари ҳамеша серкор буда, ӯро лозим аст ба ҷойҳои бисёр даву ғеҷ намояд, бо одамони зиёде вохӯрад, касест, ки кори зиёде дорад, вайро лозим аст оиларо таъмин намояд, касест, ки шуғли дӯстдоштаи худро дорад, касест, ки мехоҳад голф бозӣ кунад, ба дастаи дӯстдоштаи бейсболбозони худ «мухлисӣ намояд», ӯро лозим аст вақт ёбад, ки телевизор тамошо кунад, ва ӯ касест, ки аз норасогии доимии сабру тоқат азоб мекашад. Гуфтан мумкин нест, ки Майкл дуо намекунад. Агар гап дар сари дуокунӣ равад, вай дуо мекунад, вале хеле кӯтоҳ (дар фарқият аз он ҳолате, ки дастаи дӯстдоштаи вай «Чикаго Кабз» бозиро бой медиҳад). Умуман, вай ба саволҳои одамон, ки «Барои чӣ шумо китоби Қудрати шавҳари дуогӯйро нанавиштаед?» — ҳамеша ҷавоби тайёр дорад — «Агар ман онро менавиштам, — ҷавоб медиҳад ӯ ҷиддӣ, — он мисли буклет мебуд». Бо фосилаҳои дароз. Бо суратҳои бешумор. Агар ғафсии он баробари буклет мебуд — барои ман чунин аҳа­мияти бузург намедошт. Агар мард дар ҳақиқат дуо кунад, кӯтоҳ будани дуо зарар надорад. Моҳиятан дуои мард метавонад дуру дароз ва муфассал набошад. Дуоҳои кӯтоҳи аз рӯи моҳияти масъала гуфташуда низ қудрати бузург доранд, зеро Худо ба мард қудрати беназиреро дар соҳаи рӯҳонӣ додаст. Оё ӯ барои дуоҳои худ ҷавоб мегирад? Ин аз он вобаста аст, ки ӯ то чӣ андоза метавонад аз қудрати худ истифода барад (дар ин бора мо дар боби оянда сӯҳбат хоҳем кард). Бо шарофати муваффақияти китоби худ Қудрати зани дуогӯй ман имконият пайдо кардам, ки сайёҳатҳои бисёр кунам ва бо ҳазорон занон сӯҳбат намоям ва инчунин шахсан бо бештари онҳо вохӯрам. Ман дидам, ки чӣ хел онҳо мехоҳанд муносибатҳояшон бо шавҳаронашон хуб гарданд ва мехоҳанд, ки иттифоқи онҳо рӯҳи тоза гирад ва он сарчашмаи хурсандӣ барои тамоми наздикони онҳо гардад. Бо қаноатмандии бузург ман дар бораи он фаҳмидам, ки ин занон барои дуоҳои худ чӣ хел ҷавобҳои мӯъҷизаовари ба Худо мақбулро гирифтаанд. Дар мактубҳо ва вохӯриҳои шахсӣ занон маротибаҳои зиёд аз ман хоҳиш карданд, ки китоби Қудрати шавҳари дуогӯй-ро нависам. Ман то он даме, ки ин хоҳишро аз мардон нашунидам, ба ин масъала ба таври ҷиддӣ муносибат намекардам. «Кай шумо китоби Қудрати шавҳари дуогӯй-ро менависед?» — мепурсиданд аз ман бисёр мардон. «Агар ман онро нависам, шумо дар ҳақиқат онро мехонед?» — мепурсидам ман дар ҷавоб. «Албатта, — бо боварӣ ҷавоб доданд онҳо. — Мо мехоҳем барои завҷаҳои худ дуо кунем, вале намедонем чӣ гуна». Ман аз ҷиддияти ҷавобҳои онҳо ба ҳайрат омада, аз софдилӣ ва самимияти суханони онҳо ба риққат афтодам. Вақте ки ман ба Майкл дар бораи хоҳишҳои бешумори мардон ва занони дуогӯи онҳо гуфтам, ӯ аз телевизор чашм наканда бо он розӣ шуд, ки ман бояд чунин китобро нависам. «Вале ба ту чунин наменамояд, ки муаллифи он бояд ту бошӣ?» — пурсидам ман аз ӯ. Ӯ ба ман бо чунон нигоҳе назар афканд, ки ман дар ҷавоби хоҳишҳои ба мағозаҳо рафтанам мегирифтам. «Не, охир ту нависандаӣ, ман бошам мусиқачӣ» — гуфт Майкл бо оҳанге, ки дигар ҳоҷат ба муҳокимаронии минбаъда набуд. Чун ҳамешагӣ, вақте ки мавзӯи сӯҳбат мароқи ӯро бедор намекард — ӯ танҳо якчанд сухан мегуфт, махсусан он вақте ки тамоми диққати ӯро бозӣ банд карда буд. «БИЁ, БИЁ, БА ПЕШ» — аз нимкати мулоим бархоста ногаҳон фарёд зад ӯ. Ман аллакай ба хонаи хилват гузашта, зуд аз қафои кор шудан хостам, вақте фаҳмидам, ки ин фарёдҳо на ба ман, балки ба яке аз бозингарони «Чикаго Кабз» нигаронида шудааст. Баъди он, ки Майкл дар ҷояш нишаст, ман кӯшиши барқарор сохтани сӯҳбатро карда, аз вай пурсидам: «Шояд ту сарсухани онро менависӣ?» «Ҳа, албатта», — ҷавоб дод ӯ, аз экран чашм наканда. Ва ногаҳон фарёд зад: «Сабр кун, не, не, даркор не! ДЕВОНА!» Ман намедонистам, ки ба ин фарёд чӣ гуна эътино намоям. Баъд ба ман рӯ оварда Майкл фаҳмонд: «Ин довар — девонаи ҳақиқӣ аст! Бо он ҷавон чизе нашуда буд!» Аз он, ки ин шарҳдиҳии ба худ хос ба ман тааллуқ надорад, оҳи сабук кашида қарор додам, ки сӯҳбатро давом диҳам. «Набошад, ту ба ман дар бораи ҳолатҳое нақл карда метавонӣ, ки аз Худо дар бораи дуоҳоят оиди ман ҷавоб гирифтаӣ?» — пурсидам ман. «Ҳозир не, охир, — эътироз кард ӯ. — Нақл мекунам, албатта, вале танҳо баъди тӯбдиҳии ҳафтум ба ҳаштум». «Ман дар давоми якчанд моҳҳои минбаъдаро дар назар дорам», — зуд фаҳмондам ман. «ҲАМИН ТАВР! НАҒЗ! НАҒЗ!» — фарёд зад ӯ ва баъд ба ман нигариста, пурсид: «Ту чизе гуфтӣ?» «Ҳа, — ҷавоб додам ман — Ман мехостам, ки ту то он даме, ки ман ин китобро менависам, дар бораи ман дуо кунӣ». «Танҳо ҳозир не. Дар байни тӯбдиҳии ҳафтум ва ҳаштум» — ҷавоб дод ӯ. «Ман давоми солро дар назар дорам». «Аҳа». «Ту ваъда медиҳӣ?» «Хайр, ҳа» — ҷавоб дод ӯ. Ҳамин тариқ, пуштибонии шавҳари худ ва оилаҳои бешуморро ба даст оварда, ман бо як овоз шахси масъул барои эҷоди ин китоб интихоб гардидам. Ман ба он боварии бузурге, ки ба ман зоҳир сохта буданд, хеле ҷиддӣ муносибат мекардам. Ва ҳарчанд шавҳари ман аз муаллифи китоби «Қудрати шавҳари дуогӯй» будан даст кашида бошад ҳам, тайёрии худро дар он бора изҳор намуд, ки агар ягон вақте дар ин мавзӯъ мусиқӣ навишта шавад, онро ба оркестр медарорад. БОЗ ЯК САБАБИ ДИГАР, КИ АЗ РӮИ ОН ИН КИТОБРО ХОНДАН ЛОЗИМ МЕОЯД Вақте ки ман аз Худо дар бораи он пурсидам, ки оё ман дар ҳақи­қат муаллифи ин китоб бошам ё не, як рӯъёи аҷоибе гирифтам. Ба ман чунин менамояд, ки яке аз сабабҳои асосии амри Худованд маҳз ба ман барои навиштани ин китоб дар он меанҷомад: агар вариантҳои пешкашкардаи дуоҳои ман барои завҷаҳо аз тарафи мард навишта мешуданд, онҳо манфиатпарастона ва ҳатто худпарастона менамуданд. Вале ман шуморо даъват менамоям, ки аз намунаҳои дуоҳои дар ин китоб овардашуда истифода баред, зеро ман боварӣ дорам, ки ин барои завҷаи шумо ва барои худатон ҳамчун шавҳари вай баракати бузурге хоҳад буд. Кӯшиши ҳисоб карда баромадани онро карда, ки чи қадар мардон аз ман хоҳиш кардаанд ин китобро нависам, ман ба хулосаи зерин омадам: агар ба ман лозим меомад, ки ба қайдгирии интихобкунандагонро гузаронам (чи хеле ки инро дар давраи интихоботҳо мегузаронанд), он вақт ман медидам, ки шумораи мардони сӯҳбат гузаронидаи ман миқдори зиёди ҷинси мардонро ташкил медиҳад. Ин маънои онро дорад, ки «интихобкунандагони» ман оиди ин масъала фикрҳои шуморо баён месозанд. Аз ин мебарояд, ки ҳам шумо ва ҳам ман розӣ ҳастем, ки ОФАРИНИШИ ИН КИТОБ, МОҲИЯТАН, АҚИДАИ ШУМО AСТ! ГУЗАШТАИ МО Қисми аввали ҳаёти 28-солаи заношӯии мо дар мухолифати бузург ва вазъи пастзании тарафайн гузашт, зеро мо кӯшиш мекардем, ки аз рӯи ҷисм зиндагӣ кунем, на аз рӯи рӯҳ. Ҳар кадоми мо мехост, ки дигаре тағйир ёбад ва мо ба ҷои он, ки ба қувваи Худо такя кунем, ки қудрат дорад моро тағйир диҳад, инро бо қувваи худ ба даст меовардем. Кӯшишҳои мо барои ба самти ба мо даркорӣ равон сохтани ҳодисаҳо самарҳои бетасаллӣ ба даст меоварданд. Ғазаби Майкл ҳамон яроқе буд, ки бо ёрии он Майкл оиларо идора мекард, ман бошам ба ин бо дилсардӣ ва бегонагӣ ҷавоб медодам. Албатта, ман дуои дӯстдошаи иборат аз се калимаро доштам, ки ҳамеша ба он рӯ меовардам. Шумо онро медонед: «Ӯро дигар кун, Худованд!» Вале Худо ҳеҷ гоҳ ба ин дуои ман ҷавоб намедод. Ӯ ягон маротиба ба он ҷавоб надода буд. Боре, баъди ҷанҷоли сахтамон бо Майкл, вақте ки дард тоқатфарсо гардид, ман аз Худо мадад хоста, фиғон кашидам. Ва он вақт Худо ба ман кушод, агар ман розӣ бошам, ки ҳаёти худро барои дуокунӣ барои Майкл бубахшам, Ӯ бо воситаи дуоҳои ман ба шавҳари ман ёрӣ медиҳад, ки тағйир ёбад ва ҳамоне гардад, ки Ӯ вайро ҳамон хел дидан мехоҳад. Вале барои ин ман бояд ба Худо имкон медодам, ки ба ман дили нав диҳад ва ба Майкл бо чашмони Худо нигоҳ карданро сар мекардам. Вақте ки ман ба ин розӣ шудам ва дуокуниро барои Майкл чӣ тавре, ки Худо фармуда буд, ёд гирифтам, ба фаҳмидани сабаби ин ғазаби ноҷо сар кардам. Майклро модари омир ва серталаб тарбия намуда буд, ки нисбати ӯ бениҳоят сахтгир буд. Модар талаботҳоеро пешкаш мекард, ки берун аз имкониятҳо ва қобилиятҳои ӯ, ва инчунин ба ҷидду ҷаҳди ӯ ва мақсадҳои Худо рост намеомаданд. Модар мехост, ки Майкл аълочӣ бошад, вале ӯ аз дислексия (вайроншавии қобилияти малакаҳои хониш) азоб мекашид, ки ҳатто онро ташхис накарда буданд. Дар орзӯҳои худ ӯ Майклро духтур медид, вале Майкл ба мусиқӣ рағбат дошт. Вай мехост, ки писараш дар ҳама кор пешрав бошад, вале ӯ бо як азоб мехонд. Модар мушкилиҳои ӯро намефаҳ­мид. Майкл низ онҳоро намефаҳмид. Ҳарчӣ ҳам набошад, муносибати модарро ба Майкл фаҳмонидан мумкин аст: оилаи онҳо пештар дар Арманистон зиндагӣ мекард, ки бештари хешу таборашонро сарбозони армияи истилогари турк ваҳ­шиёна кушта буданд. Модари ӯ, бибии Майклро маҷбур карданд, ки манзараи ваҳшиёна азоб додан ва куштани фарзандони онҳоро тамошо кунад. Тафсилоти ин ба дараҷае даҳшатовар аст, ки ман онро ба қалам намеорам. Баъди куштори хешу табор модаркалони Майкл ба Америка мегурезад ва дар он ҷо оилаи навро бунёд месозад, ки дар он модари Майкл ба дунё меояд. Ёддоштҳои даҳшатовар, мушкилиҳо, оқибатҳои камбағалӣ, норасоии маълумот, мансубият ба гурӯҳи одамони аққалият дар мамлакати бегонаи душман — бибӣ ва, бегуфтугӯ, модари Майклро дилшикаста карданд. Онҳо ба як чиз боварӣ доштанд: бо ҷидду ҷаҳд хондан, ва бисёр кор кардан лозим аст, ки дигар ин даҳшат такрор нашавад. Аз ин рӯ аъзои оилае, ки муваффақият ба даст намеовард, бори зиёдатӣ ҳисоб меёфт. Ба ақидаи онҳо, мусиқачӣ будан ҷиддӣ набуд, ва кори асосӣ ҳисобида намешуд, ки ягон хел ояндае дошта бошад. Мушкилиҳои давраи Рӯҳафтодагии Бузург тарси модари Майкл­ро танҳо бештар карданд. Азбаски кӯдакии ӯ айнан баъди солҳои Рӯҳафтодагӣ рост омада буд, дар нутқи ӯ чунин суханон ба монанди «зинда мондан», «бехатарӣ», «меҳнатдӯстӣ», «бадастоварӣ» ва «муваффақият» ҷой доштанд. Ӯ маънои суханони «надоштани қобилияти хониш», «мизоҷи бадеӣ», «истеъдоди мусиқӣ» ё «истеъдоди худодод»-ро намефаҳмид. Ӯ писари худро душвортарбия ва дамдузд меҳисобид. Вале ӯ ҳамоне буд, ки мебоист ҳамон бошад, ва ҳамеша аз он фикр азоб мекашид, ки ба талаботҳои модар ҷавоб дода наметавонад. Ҳамаи инро ман аз модари Майкл фаҳмидам. Ман бо ӯ пеш аз тӯй бо Майкл хеле наздик шудем, ва ман ӯро дӯст доштам. Дар ин муддати кӯтоҳ, то он вақте ки саратон мадори ӯро хушк кард, ӯ барои ман модаре буд, ки ман ҳеҷ гоҳ надоштам. Муҳорибае, ки он вақт ӯ барои ҳаёт бурда буд, ба таври қатъӣ ҷаҳонбинии ӯро тағйир дода буд. Худи ӯ дар ин бора ба ман гуфта буд. Баъд аз он, ки ману Майкл хонадор шудем, боре ӯ ба ман гуфт: «Ман нисбати Майкл хеле сахтгир будам. Акнун мебинам, ки чӣ хел ман ноҳақ будам. Дар дами марг мефаҳмӣ, ки дар ҳақиқат дар ҳаёт чӣ зарур аст. Ман фикр мекунам, ки Майкл бинобар сабаби муносибати ман дар давраҳои мактабхониаш гирифтори қаҳру ғазаб ва хуруҷи афсурдаҳолӣ гардидааст». «Кам касон медонистанд, ки дар он вақт чӣ дуруст аст, ва чӣ не, — тасалло додам ӯро ман. — Шумо чуноне, ки дуруст мешуморидед, рафтор кардед». «Не, ман ба ӯ беандоза фишор меовардам, ӯро бисёр танқид мекардам. Ман беандоза чизҳои зиёд мехостам», — ҷавоб дод ӯ ва саргузашташро нақл кард, ки онро Майкл ба ман пеш аз тӯямон нақл карда буд. Таҳти фишори модар, ки мехост дар писари худ амалӣ гаштани орзӯҳояшро бинад, тарбия ёфта, Майкл ҳамеша бо алам қобилият надоштани худро барои ҳақ баровардани ҳамаи умедҳои ӯ дарк мекард. Дар натиҷа дар синни нӯздаҳсолагӣ ӯ харобии асабро аз сар гузаронидааст. Он вақт ӯ дар ҳамаи дарсҳои коллеҷ иштирок мекард, ки барои одами аз дислексия азоб мекашид, осон набуд, ва ғайр аз ин, дар клуби шабона ба сифати мусиқачӣ кор мекард. Сарборӣ барои ӯ бениҳоят гарон афтод. Модар Майклро ба духтури оилавӣ нишон дод, ва духтур таклиф кард, ки Майклро дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ ҷой кунанд, алалхусус, ки беморхона начандон дур аз офиси духтур ва хонаи онҳо вуҷуд дошт. Бо фикри духтур, аз ин дида, ҷои беҳтари дигаре набуд, ки Майкл тавонад хуб дам гирад ва табобат ёбад. «Дар беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ хобонидани Майкл хатогии бузурге буд, — гуфта буд модари Майкл. — Аҳволи ӯ он қадар вазнин набуд, ва қабули ин гуна чораҳо зарур набуд, бо вуҷуди ин ӯ зери қулф шуд ва шоҳиди рафторҳои даҳшатноки шахсони дар ҳақиқат бемор, ки ба табобат эҳтиёҷ доштанд, гардид. Ба ҷои ёрӣ додан, ин таҷриба ба Майкл зарари сахт овард». Як рӯз пеш аз ба беморхона рафтани Майкл ҷиянаш ӯро ба ҷамъомади дуогӣ даъват намуд, ки бо Худованд вохӯрад. Ҳарчанд имондор ҳам бошад, Майкл фаҳмиши рӯҳонӣ надошт. Сарчашмаи тарсҳои беандоза натиҷаи дар беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ хобидани ӯ гардид. Ӯ метарсид, ки бемор аст, аҳволаш хеле бад, аз ҳозира дида, бадтар мебошад. Ҳамин тариқ, баъди якчанд ҳафтаи дар табобатгоҳ хобидан Майкл аз он ҷо бо дили пур аз тарс баромад. Беш аз ҳама ӯ метарсид, ки боз ба он ҷо меафтад. Ҳатто баъди понздаҳ соли ҳаёти оиладориамон дар лаҳзаи стресс ва рӯҳафтодагӣ ӯро изтироб ва безобитагӣ фаро мегирифт, ӯ маъюс мегардид. Сабаби ин тарсҳои ӯ буданд. «Духтур баъд аз ман бахшиш пурсида буд, — ғамгинона нақл мекард модари ӯ. — Ӯ эътироф кард, ки ба касалхонаи бемориҳои рӯҳӣ хобонидани Майкл хатои бузург буд. Ва дар ҳақиқат ин тавр буд, зеро аз он вақт Майклро афсурдаҳолӣ ва нотинҷӣ думболагирӣ мекунанд». Нақли хушдоман чашмони маро ба сарчашмаи ҳақиқии қаҳру ғазаби Майкл кушод. Ман ҳатто фаҳмидам, ки чаро ӯ қаҳру ғазаби ба модар доштаи худро ба ман мерезад: ӯ ба модар қаҳру ғазаб дошт, ман гунаҳкор будам, ки бo ӯ «ҳамроҳ» будам. Вале он вақт ман барои дуруст қабул кардани чунин муносибат нисбати худ тайёр набудам, чунки зери таъсири гузаштаи худ қарор доштам. Маро модари рӯҳан ҳардамхаёл тарбия намуда буд. Ӯ бисёр вақт таҷовузкорона рафтор намуда, маро дар анбор қулф мекард. Ана барои чӣ ҳамсафарони доимии ман, то калонсолӣ, тарс, афсурдаҳолӣ, ҳисси бечорагӣ ва изтироб буданд. Ман ҳамеша худро нобарор меҳисобидам, зеро ҳамеша модарам такрор ба такрор мегуфт, ки тақдири ман ин аст. Ин адовати модар нисбати ман, маро ба рафтори Майкл фавқулҳассос карда буд, ба ман ҳатто чунин менамуд, ки ӯ чун модари ман рафтор менамояд. Азбаски ман ба никоҳамон ҳисси бемуҳофизатиро овардам, суханони тезу тунди Майкл ба ман сахт мерасиданд, ва дар ҷавоб ман аз ӯ дур мешудам. Дар назари ман ӯ одаме буд, ки ман ба ӯ бовар карда наметавонистам, зеро ман намедонистам, ки кай ӯ ба ман бо теғи танқид ё маҳкумкунӣ зарба мезанад. Вақте ки дарду ғами ба шавҳарбароии ман тоқатфарсо гардид, ман қарор додам, ки Майклро тарк кунам, ва дар бораи ҷудошавӣ фикр карданро сар кардам. Маҳз ҳамин вақт Худо ба ман кушод, ки агар ман фикри аз хона гурехтанро як тараф гузорам ва ба иродаи Ӯ итоат намоям, ки мувофиқи он ман бояд ба Майкл шафоат талаб кунам, Ӯ маро ҳамчун яроқи раҳоёбии Майкл истифода хоҳад бурд. Агар ман ба дуо кардан барои шавҳари худ чӣ хеле, ки Худо ба ман меомӯзад, розӣ шавам — зимнан барои ин маро лозим буд, ки қатъиян тағйир ёбам — он вақт Ӯ ба дуоҳои ман ҷавоб доҳад дод. Ҳар он чизе, ки ман дар давоми солҳои минбаъда омӯхтам, асоси китоби навиштаи ман Қудрати зани дуогӯй-ро ташкил медиҳад. Ба хоҳиши самимии худ барои ба ҷо овардани иродаи Худо нигоҳ накарда, ба ҳар ҳол аз Худо мепурсидам: «Вале барои чӣ танҳо ман бояд тағйир ёбам? Магар Майкл айнан мисли ман ба ин эҳтиёҷ надорад?» Вале Худованд ба ман гуфт: «Гап дар он нест, ки кӣ ба тағйир­ёбӣ эҳтиёҷ аст. Агар ту хоҳиши тағйир ёфтан хоҳӣ, ман метавонам бо воситаи ту худи ҳозир ба амал кардан cар кунам». Ман ба хоҳиши тағйир ёфтани худ он қадар боварӣ надоштам, вале бисёр мехостам, ки ба Худо итоаткор бошам. Аз ин рӯ ман «ҳа» гуфтам. Аз он лаҳзае, ки ман аз самими қалби пок барои Майкл дуо кардам — чӣ тавре, ки Худо ба ман амр карда буд, — ман дар шавҳари худ тағйротҳоро дидам. Бадхашмии ӯ камтар гашт; ба гузаштаи худ ба таври нав муносибат мекардагӣ шуд. «Ман медонам, ки агар падари ман барои мо дуо мекард, ки ин вазифаи ӯ буд, он вақт ҳама чиз дар оилаи мо ранги дигар мегирифт, — гуфт боре Майкл ба ман. Ӯ шавҳар ва падари содиқ буд, оиларо таъмин менамуд, вале ӯ ба ҳаёти ман кам таъсир мерасонд. Ман медонам, ки ӯ маро дӯст медошт. Ӯ одами золим набуд, вале сустфаъолият буд. Ӯ ҳеҷ гоҳ дар тақдири ман иштироки фаъолона надошт. Солҳои зиёде ман ин ҳолатро аз нуқтаи назари модарам нигоҳ карда наметавонистам, вале акнун ба назарам як ҳисси дилсӯзии навро нисбати ӯ ҳис мекунам. Охир ба ӯ лозим омад, ки сарбории аз ҳама вазнини оиларо ба дӯши худ гирад. Падар дар назди Худо барои ӯ шафоатхоҳӣ намекард ва дар хона муносибатҳои байниҳамдигарии дуруст набуд. Вақте ки модарам чилу чор сола буд, бемории саратон зоҳир карда шуд, ва дар синни панҷоҳсолагӣ ӯ вафот кард. Ман боварӣ дорам, ки ҳаёти пешина охир ӯро кушт». Ин фаҳмиши нави ҳаёти гузаштаи худ моҳиятан ба Майкл ёрӣ дод, ки муҳим будани дуоҳои худро барои оилааш фаҳмад. Ин ӯро водор сохт, ки барои ман дуо кунад. Ва ман медонам, ки қисми зиёди муваффақиятҳои ҳаётамро бо сабаби дуоҳои ӯ ба даст овардаам. ҚУВВА ВА ҚУДРАТ Қудрате, ки шавҳари дуогӯй дорад, наметавонад воситаи назорат аз болои зан бошад. Дар ҳақиқат ин чунин нест, зеро Худо намехоҳад, ки мо дигар одамонро идора намоем; Ӯ мехоҳад мо имкон диҳем, ки Ӯ моро идора намояд. Худро дар назди Худо фурӯтан сохта ва ба Ӯ рухсат дода, ки моро идора намояд, мо ба Ӯ имкон медиҳем, ки бо воситаи мо амал намояд. Вақте ки шумо барои завҷаи худ шафоатхоҳӣ менамоед, Худо шуморо ҳамчун яроқи қудрати Худ истифода мебарад. Қудрати дуои шумо аз Худо бармеояд. Барои завҷаи худ дуо карда, шумо аз Худо хоҳиш менамоед, ки Ӯ қудраташро дар ҳаёти вай истифода барад. Дуои шумо ба ҳамсаратон имкон медиҳад, ки овози Худоро хубтар шунавад ва ба даъвати Ӯ ҷавоб диҳад. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, Худо ҳеҷ гоҳ муқобили иродаи инсон намебарояд. Агар касе аз рӯи иродаи Ӯ зиндагӣ кардан нахоҳад, Ӯ ба ин одам халал намерасонад. Аз ин рӯ ба он нигоҳ накарда, ки дуоҳои шумо қувваи бузурги дар ҳаёти шумо ва ҳаёти завҷаатон амалкунандаро дошта бошад ҳам, ба ҳар ҳол ин қувва низ ҳадду ҳудуди худро дорад, агар иродаи завҷаатон ё иродаи шумо — ба иродаи Худо мухолифат намояд. «Ва ҷуръате ки мо ба ҳузури Ӯ дорем, дар он аст, ки агар мо мувофиқи иродаи Ӯ чизеро талаб кунем, Ӯ Моро мешунавад» (1 Юҳ. 5:14). Худо мехоҳад, ки мо дар бораи ҳама чиз дуо кунем ва инчунин, Ӯ мехоҳад, ки мо мувофиқи иродаи Ӯ дуо кунем. Аз ин рӯ муҳим аст, аз Худо хоҳиш кунем, ки иродаи Худро ба мо кушояд ва моро биомӯзад, ки мувофиқи он дуо кунем. Ҳамин ки шумо мефаҳмед, ки Худо дар дуои шумо чиро шунидан мехоҳад, самимӣ ва ҳамешагӣ дуо карданро ёд мегиред. Чӣ тавре ки мо ҳамсарони худро маҷбур карда наметавонем, ки аз рӯи хоҳишҳои мо амал намоянд, ҳамон тавр наметавонем ба Худо роҳ нишон диҳем, ки чӣ кор кунад, зеро иродаи Ӯ бояд ба амал ояд, на аз мо. Ба шумо қудрати рӯҳонии бузурге тӯҳфа карда шудааст, ки қудрат дорад ҳаёти завҷааатонро тағйир диҳад. Азбаски қувваи рӯҳонии шумо аз Худо бармеояд, он бояд мувофиқи мақсадҳои Ӯ истифода бурда шавад. Он бояд аз муҳаббати Худо баҳра гирад ва Ӯро ҷалол диҳад. Қудрати рӯҳонии тӯҳфакардаи Худо дар асоси итоаткорӣ бунёд меёбад, ин маънои онро дорад, ки шумо бояд бештар хоҳед, ки ба Худо хизмат намоед, на балки дигаронро идора кунед. Худо мехоҳад, ки шумо «тамоми қувваи душманро» (Луқ. 10:19) поймол карда, нақшаҳои душманро нисбати ҳаёти завҷаатон вайрон сохта, ба Ӯ хизмат намоед. Агар бинед, ки душман ба никоҳи шумо поида-поида наздик мешавад, ҷасурона бигӯед: «Ман ба душман рухсат намедиҳам, ки никоҳи маро вайрон созад». «Ман ба душман рухсат намедиҳам, ки дар байни мо ҷудоӣ андозад». «Ман дар канор истода тамошо карданӣ нестам, ки чӣ хел душман завҷаи маро фиреб медиҳад». «Ман ба душман рухсат намедиҳам, ки ба завҷаи ман ҳуҷум кунад». «Ман роҳ намедиҳам, ки якдигарнофаҳмӣ дар муносибатҳои мо ҳукмфармоӣ кунад». «Ман роҳ намедиҳам, ки хатоҳои гузаштаи мо, ҳатто хатоҳои рӯзи гузашта ба ояндаи мо таъсир расонанд». Ва баъд дуо кунед, дуо кунед ва дуо кунед. Зеро, вақте ки шумо дуо мекунед, «Ҳар олате ки бар зидди ту сохта шавад, муваффақият нахоҳад ёфт» (ба Иш. 54:17 ниг.). НИКОҲИ ХУДРО БА ТАСОДУФ ҲАВОЛА НАКУНЕД Оё шумо оятҳои каломии дар авали китоб овардашударо дар хотир доред? Дар он гуфта шудааст, ки шумо аллакай баракатёфта мебошед, ки зандор ҳастед (ба Мас. 18:22 ниг.). Худо барои шумо баракатҳои махсусро танҳо барои он тайёр намудааст, ки шумо оиладор ҳастед, зеро Ӯ ба шумо ва завҷаатон ҳамчун ба як чизи бутун менигарад (ба Мат. 19:4-6 ниг.). Ин маънои онро дорад, ки агар ҳар он чизе, ки дар ҳаёти ҳар яке аз шумо шуда гузарад, ҳамон замон инъикоси худро дар ҳаёти дигаратон меёбад. Агар завҷаи шумо хушбахт бошад, шумо низ хушбахт ҳастед, агар шумо баракат ёфта бошед, ӯ низ баракат меёбад, ва ин метавонад баръакс бошад. Агар завҷаи шумо бадбахт бошад, шумо низ бе шӯбҳа бадбахт ҳастед, зеро мушкилиҳои ӯ моҳиятан мушкилиҳои шумо буда метавонанд. Ана барои чӣ дуоҳои шумо барои ӯ ин қадар муҳиманд: охир онҳо барои ҳар дуи шумо таал­луқ доранд. Агар шумо оиди ҳалли ягон масъала дар ҳаёти худ дуо накунед, шумо онро ба тасодуф ҳавола менамоед. Агар ин дар ҳаёти шумо ба амал ояд, хеле бад аст. Масъала дар сари он аст, ки аълоҳазрат тасодуф никоҳро ба озмоишҳои вазнин дучор мегардонад: ҷанҷолҳо ба амал меоянд, дар байни зану шавҳар нисбати якдигар дарду озор пайдо мешавад. Қуд­рати тасодуф дареро мекушояд, ки бо воситаи он ба никоҳи шумо худпарастӣ ва сангдилӣ нисбати якдигар ворид мегардад. Ҳамаи ин аз он сабаб ба амал меояд, ки мо танҳо одам ҳастем. Ва агар мо ҳалли ҳамаи масъалаҳоямонро ба дасти тасодуф супорем, ба чунон гирдоби нохушиҳо меафтем, ки аз он баромадан дар гумон аст. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда ин чигил метавонад бо ёрии дуо кушода шавад. Агар дар байни туву завҷаат девори бегонагӣ бо масъалаҳои зерин: беандоза банд будан бо кор, саргарми обрӯ будан, хоҳиши бахшидан надоштани хархашаҳои оилавӣ, мушкилӣ бо кӯдакон, гуногунии шавқу ҳавасҳо, ғаму андӯҳ ё гуногунии нуқтаи назар ба ягон чиз қомат афрохта бошад, — ва агар ҳамаи ин дар ҳаёти шумо ҷой дошта бошад, Худо қудрат дорад, ки бо воситаи дуоҳои шумо ин монеаро вайрон кунад, ки шуморо ҷудо месозад ва иттифоқи шуморо шифо диҳад. Ин ба шумо қувват мебахшад, ба он умед бандед, ки Худо метавонад ҳама чиро кафорат диҳад, барқарор созад ва ислоҳ намояд. Дуо барои завҷа на танҳо дили ӯро, балки дили худи шуморо низ нарм мегардонад. Шуморо дигар лозим намеояд, ки дар никоҳи мурда зиндагӣ кунед. Таҳқир ва андешаҳо дар бораи ҷудошавӣ ба таври абадӣ аз рӯзномаи ҳаёти оилавиатон бардошта мешавад. Ҳар чизе, ки дар байни ту ва завҷаат ба амал наояд ҳам, онро ба хотир гиред, ки Худо метавонад ҳама чиро ислоҳ намояд. Ӯ — Худои шифо ва барқарорсозист. Ва Ӯ тарафдори шумост. Ӯ ба шумо қувва ва қудрат додаст. Онҳоро истифода баред. ЧӢ ХЕЛ БА ТАВРИ ҲАҚИҚӢ ЗАВҶАИ ХУДРО БОЯД ДӮCТ ДОШТ Исо гуфта буд, ки амали бузурги муҳаббат — ин «фидо»кардани ҷони худ барои дигарон мебошад (ба Юҳ. 15:13 ниг.). Усулҳои ба таври ҷисмонӣ намурда ҷони худро барои завҷа «фидо» кардан вуҷуд дорад. Яке аз онҳо тайёр будан барои бахшидани ҳаёти худ баҳри дуокунӣ барои ӯ мебошад. Ин қурбонии баҳри манфиатҳои ӯ оварда шуда мебошад, ки дар ниҳояти кор аз они шумо низ мегардад — ва ин сарфи зиёди вақтро талаб намекунад. Зан мехоҳад, ки аз шавҳар суханони хуш шунавад, вале се ибораи зерин дар ҷои аввал меистад: «Ман туро дӯст медорам», «Ту имрӯз хеле зебо менамоӣ», «Ҳамаи ҳисобҳо пардохт карда шудаанд». Вале ман боз як ибораи дигареро медонам, ки ҳар як зан ташнаи шунидани он аст, зеро ин ибора аз ҳамаи ибораҳои дигар дида ба ӯ имконият медиҳад, ки худро дӯстдошта ҳис намояд: «Ман имрӯз барои ту дуо хоҳам кард». Агар зан донад, ки шавҳараш барои ӯ дуо мекунад, ӯ худро дӯстдошта ва муҳофизаткардашуда ҳис мекунад. Ӯ медонад, ки барои шавҳар арзиши бузурге дорад. Агар шумо хоҳед, ки Худо дар дили завҷаи шумо кор кунад, ё дар муносибати шумо ягон чизеро ислоҳ созад, ё никоҳи шуморо бой гардонад, ё ба ҳаёти оилавии шумо ёрӣ диҳад, ки ба роҳи муқаррарии худ дарояд, он вақт барои завҷаи худ дуо кунед. Агар шумо хоҳед, ки завҷаатон барои шумо ба ҳама кор тайёр бошад, аз ӯ пурсед: «Ман барои ту чи хел дуо кунам?» (маро шарманда накунед хоҳарон; ман медонам, ки шумо ин сатрҳоро мехонед). Хайр майлаш, эҳтимол ман аз ҳад гузаронида бошам, вале ман боварӣ дорам, ки агар завҷаатон ин саволро аз шумо шунавад, шуморо бештар дӯст медорад. Охир дар ин суханон шумо вафодории худро ба вай ва ба никоҳатон ифода менамоед. Вале агар шумо гӯед, ки барои ӯ дуо мекунед, вале дар асл дуо накунед, агар ман ба ҷои шумо мебудам, ҳеҷ гоҳ таваккал карда дар рӯзи раъду барқ аз хона намебаромадам. АГАР Ӯ ИМОНДОР НАБОШАД-ЧӢ? Бештари занон медонанд, ки ғайр аз манфиатҳои моддӣ боз манфиатҳои рӯҳонӣ низ вуҷуд доранд. Бо ин тасдиқот ҳатто он заноне розӣ ҳастанд, ки ба ягон сохтори динӣ мансубият надоранд. Онҳо онро эътироф менамоянд, ки тарзи ҳаёте вуҷуд дорад, ки дар натиҷаи он хушбахтии ҳақиқиро ба даст овардан мумкин аст, ва он бо ким кадом як ҳақиқати рӯҳонӣ алоқаманд мебошад. Дуо ҳамеша дили он касеро нарм месозад, ки барояш дуо мекунем. Агар завҷаи шумо ба Худо бовар накунад ҳам, барои вай дуо кунед, ҳама дуоҳои дар ин китоб вуҷуддоштаро истифода баред ва ҷавобҳоро интизор шавед. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки: «Завҷаи беимон ба воситаи шавҳари имондораш қудсиятро пайдо мекунад» (ба 1 Қӯр. 7:14 ниг.). Дуои шумо атрофи завҷаатонро бо як пардаи рӯҳонӣ иҳота менамояд. Бешӯбҳа, ин дарккунии Худоро иваз намекунад, вале ин маънои онро дорад, ки дуоҳои шумо барои ҳаёти завҷаатон таъсири мусбӣ ва бузурге мерасонад. Ҳар боре, ки дар бораи завҷаи худ дуо кардани шавед, ба хотир гиред, аз Худо хоҳиш намед, ки дили ӯро барои дарки ҳақиқатҳои Каломи Ӯ кушояд ва вохӯриро бо Худ тӯҳфа намояд, ки тамоми ҳаёти ӯро тағйир медиҳад. КОМПОЗИТСИЯИ БОБҲО Ҳар як боби ин китоб ба мавзӯъи аниқ барои дуокунӣ бахшида шудааст, то ки шуморо рӯҳбаланд созад ва илҳом бахшад. Дар ин китоб ман бо шумо чизеро, ки дар таҷрибаи шахсии худ омӯхтаам ва чизеро, ки Худо ба ман омӯхтааст, бо ҳам мебинам. Дар охири ҳар як боб ин чор фасл ҷойгир карда шудааст. 1. Эҳтиёҷоти занон Ин фасл дар асоси пурсишҳо тартиб дода шудааст, ки ман дар мамлакат саёҳат карда бо садҳо занони америкоӣ сӯҳбат кардам. Ман ба он мароқ зоҳир намудам, ки онҳо аз шавҳарони худ чиро интизоранд, ва маҳз: дуоҳои шавҳарон барои завҷаҳо ба андешаи онҳо бояд чӣ гуна бошад? Маро он ба ҳайрат гузошт, ки ҷавобҳо дар ҳамаи шаҳрҳое, ки ман будам, қариб ки якхела буданд! 2. Шаҳодати шавҳарон Дар ин фасл нақлҳои бисёр мардон оварда шудаанд, ки чӣ хел онҳо барои завҷаҳои худ дуо мекарданд, ва барои дуоҳои худ чи гуна ҷавобҳоро гирифтаанд. Рӯъёҳои онҳо маро хурсанд кард, хандонд, мутаасир сохт ва илҳом бахшид, ва ман боварӣ дорам, ки бо шумо низ айнан чунин мешавад. 3. Дуо Дар ин фасл дуоҳо мувофиқи мавзӯи боб пешкаш карда мешавад. Шумо метавонед онҳоро ба ҳамон шакле истифода баред, ки ба шумо пешкаш карда шудааст, ё метавонед ба он хоҳишҳои худро илова намоед. Ин дуо — барои шумо танҳо ҳамчун намуна пешкаш карда шудааст. 4. Оятҳои каломӣ, ки дуоҳои шуморо пурратар мегардонанд. Дар ин фасл оятҳои каломӣ оварда шудаанд, ки агар шумо оиди ин ё он масъала дуо кунед, таъсири дуоҳои шуморо пурзӯр мегардонанд. Шумо метавонед дар дилхоҳ ҳолат ҳақиқати Каломи Худоро баланд эълон намоед, ё оятҳои каломиро иқтибос оварда, барои завҷаатон дуо кунед. БАРОИ САР КАРДАНИ ДУО ШИТОБ НАКУНЕД Кӯшиш накунед, ки дар дуо якбора ба Худо ҳамаи масъалаҳои худро гӯед, дар як вақт дар бораи якчанд соҳаи ҳаёти завҷаи худ дуо кардан даркор нест. Беҳтараш ҳар маротиба як эҳтиёҷотро пешкаш намуда дар бораи ҳалли он дуо кардан даркор аст. Мумкин аст ҳар рӯз як бобро хонем ё дар давоми ҳафта тамоми диққати худро ба як дуо ҷалб намоем. Ман намегӯям, ки шумо дуру дароз дуо кунед, вале дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Касе ки хасисона мекорад, вай хасисона дарав мекунад, ва касе ки саховатмандона мекорад, вай саховатмандона дарав мекунад» (ба 2 Қӯр. 9:6 ниг.). Ҳар қадар бештар дуо кунед, самараи шумо ҳамон қадар зиёд мегардад. Агар хоҳед, ки тағйиротҳои Худоро дар завҷаи худ, дар худатон, ва дар никоҳатон бинед, кушиш кунед, ки дар боби муайяне истед ва оиди мавзӯи додашуда дар давоми якчанд ҳафта дуо кунед. Мушоҳида кунед, ки оё дар дили ӯ ва шумо ягон чиз ба амал намеояд. Баъзан аз ман мепурсанд: «Оё меарзад, ки дуоҳои каси дигар тартибдодаро такрор кунем? Магар барои он, ки дуо самимӣ бошад, лозим нест, ки суханони каси дигарро такрор накунем?» Ба ин саволҳо одатан ман ҷавоб медиҳам: «Магар меарзад, ки сурудҳои шукронаи каси дигар навиштаро хонем?» Ман боварӣ дорам, ки меарзад. Ин хеле хуб аст — сурудҳои ҳамдкунандаи худро хонӣ, ва ин ба Худо низ форам аст, вале муҳим аст, ки дуоҳо ва сурудхониҳои шумо ҷавоби худро дар дили шумо ёбанд. Оё шумо мехоҳед, ки дуоҳои каси дигар тартибдодаро такрор кунед, ки аз болои он шумо андеша кардаед? Оё шумо ба он боварӣ доред, ки Худо ба ин дуо ҷавоб мегардонад? Агар шумо ба яке аз ин саволҳо ҷавоби мусбӣ гардонед, он вақт дуои шумо дорои қудрат мебошад. Ва ин муҳим нест, ки онро кӣ тартиб додаст. Одатан дар дуоҳо барои ҳамсарон мо оиди қаноатмандгардонии эҳтиёҷотҳои зарурӣ мепурсем ва ин дуруст аст, вале дар баробари ин мо дар бораи «дуоҳои дастгирикунанда» фаромӯш месозем. Чунин дуоҳо пайдошавии мушкилиҳоро пешгирӣ менамоянд. Онҳо оташакҳои қаҳру ғазабро, пеш аз забонаи оташ гардиданашон, хомӯш месозанд. Бештари дуоҳо дар ин китоб маҳз чунин мебошанд. Агар барои завҷаи худ шафоатхоҳи намуда ҳамаи дуоҳои дар ин китоб додашударо дар давоми сол якчанд маротиба истифода баред, ҳаёти оилавии шумо нав мегардад ва шифо меёбад, ва завҷаатон хуштахт мегардад. Шумо дуоҳои пешкашкардаи маро, ё ин ки аз худатонро истифо­да мебаред — муҳим нест. Муҳимаш — дуокуниро бас накунед, ва рӯҳафтода нашавед. Баъзан ҷавобҳо барои дуо зуд омада мера­санд, вале дар бештари ҳолатҳо ин тавр нест. Исо гуфта: «Кас бояд ҳамеша дуо гӯяд, ва маъюс нашавад» (Луқ. 18:1). Дуокуниро давом диҳед, ва шумо ҷавоби Худоро хоҳед гирифт. Ва дар бораи он фикр накунед, ки он дар кадом шакл хоҳад буд, зеро ин вазифаи шумо нест. Вазифаи шумо — дуо кардан аст; ба дуо ҷавоб гардондан — кори Худо мебошад. Ба Ӯ бовар кунед, ва Ӯ кори Худро мекунад. БОБИ ЯКУМ. ШУМО ХОНАДОР ШУДЕД Боре ман бозии футболро тамошо кардам, ки дар он соҳибони майдон бозиро мебохтанд, ва то охири бозӣ бошад ҳамагӣ понздаҳ сония вақт монда буд. Бозингаронро лозим буд, ки рафти бозиро дигар кунанд, то ки ғалабаро ба даст оранд. Вале ҳама чиз муқобили онҳо буд, ва барои тағйир додани рафти бозӣ дар чунин вақти кӯтоҳ умеде набуд. Бозӣ қариб тамом шуда буд, мухлисони дастаи ҳариф аллакай ғалабаро ид мекарданд ва тамошобинон бошад аз варзишгоҳ мебаромаданд. Вале дастаи бойдода истода ва тренери онҳо тан намедоданд ва рӯҳафтода намешуданд. Ба ҷои ин онҳо бозии моҳирона нишон дода ба воситаи якчанд ҳаволакунии ҳайратовар тавонистанд, ки рафти бозиро шикаст диҳанд ва дар сонияҳои охир ғалабаро ба даст оранд. Ин то андозае ҳайратовар буд, ки рӯзноманигорон онро мӯъҷиза номиданд. Никоҳи шумо ба монанди ин бозии футбол аст. Шумо бо завҷа­атон як даста ҳастед, ва ӯ мехоҳад ба он боварӣ дошта бошад, ки вақте ҳама чӣ вайрон мегардад, вақте ки душман тантана мекунад ва чунин менамояд, ки ҳама чӣ аз даст рафтааст, имони шумо қудрат дорад, ки вазъиятро тағйир диҳад. Ӯро зарур аст, ба он боварӣ дошта бошад, ки шумо ҳиллаи эҳтиётие доред, ки қудрат дорад ба таври қатъӣ ҳисобро тағйир диҳад ва ғалабаро аз дасти душман кашида мегирад. Ӯ мехоҳад, ки шумо ба Худо умед бандед, ба он боварӣ дошта бошед, ки барои Ӯ ҳеҷ чизи имконнопазир вуҷуд надорад, ва ҳеҷ гоҳ ба ҳалли мӯъҷизаовари масъалаҳо умед бастанро бас накунед. Агар завҷаи шумо донад, ки шумо дуо мекунед, ӯ метавонад ба он боварӣ дошта бошад, ки ҳамаи ин ба амал меояд. 85% занони пурсидаи ман иқрор шуданд, ки аз ҳама бештар онҳо мехоҳанд, ки шавҳарони дуогӯи онҳо мардони ҳақиқӣ шаванд, то ки онҳо сарвари оила гарданд, яъне он касоне, ки онҳоро Худо ҳамон дидан мехоҳад. Маҳз аз ин нуқтаи муҳим бояд дуои шавҳар оғоз шавад. «ТО КИ БА ДУОҲОИ ШУМО МАМОНИАТЕ НАРАСАД» Чизи аз ҳама аъло дар дуо (ё дар он мушкилиҳое, ки вобаста ба дуо пайдо мегарданд, — ин вобаста аз муносибати шумо бо ӯ мебошад) дар он меанҷомад, ки моро лозим аст дили худро ба Худо кушоем, то ки дуо кунем. Ва мо аз ин роҳи гурез надорем, ва ин маънои онро дорад, ки дилхоҳ фикрҳои гунаҳкорона, мақсадҳои нодуруст, дилҳои сахтгашта, мақсадҳои худпарастона бояд дар назди Худо тавба карда шаванд. Вақте ки мо дар назди Худо гарму ҷӯшон ва самимона дуо мекунем, ба мо нуқсонҳои умқи диламон кушода мегарданд. Ин ҳамеша ногувор ва баъзан таҳқиромез мебошад. Агар ман дар давоми ин муддат чизеро омӯхта бошам, ин дар мадди аввал он аст, ки агар мо бахшидан нахоҳем, агар мо худпараст бошем, мағрур бошем, агар қаҳру ғазаб бар мо ғолиб баромада бошад, агар мо аз ҳамсари худ канораҷӯӣ намоем, он вақт дуоҳои мо беҷавоб мемонанд. «Агар дар дили худ таблисро намедидам, Худо маро намешунид» (Заб. 65:18). Вақте ки мо дуо мекунем, дилҳои мо бояд пок бошанд. Ҳамаи мо — ҳам мардон ва ҳам занон — агар аз дили пок дуо накунем, таъсири дуои худро суст мегардонем. Ба дуоҳои худ ҷавоб мегирем ё не — ин аз мазмуни дуоҳои мо вобаста набуда, балки аз мазмуни дили мо вобаста аст. Аз ин рӯ, ба Худо дуо карда мо бояд дар мадди аввал онро дар хотир дошта бошем, ки Ӯ аз мо эътирофи ошкорои нокомилиамонро ва хоҳиши покшавиамонро аз ҳама гуна нопокиҳо интизор аст. Чунин аст шарти Ӯ; Ӯ аз мо инро талаб менамояд, то ки байни мо ва Ӯ ҳеҷ гуна монеаҳо набошанд. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «…Ҳамчунин шумо эй шавҳарон, бо занон, ки зарфи заифтар ҳастанд, бомулоҳиза рафтор кунед, ва онҳоро ҳамчун ҳамирсони файзи ҳаёт муҳтарам доред, то ки ба дуоҳои шумо мамониате нарасад» (1 Пет. 3:7). Бо зан боақлона рафтор кардан маънои онро дорад, ки ӯ ба муҳофизат ва муҳаббат эҳтиёҷ дорад. Ва азбаски ӯ ҳамчун шумо ҳамирси баракати Худо мебошад, шумо бояд дар фикр, сухан ва рафторҳои худ ӯро муҳтарам доред. Агар шумо инро накунед, он вақт дар дуоҳои шумо мамониат пайдо мегардад. На танҳо дар дуо­ҳоятон барои завҷа, балки дар ҳамаи дуоҳоятон. Бисёрии мардон барои дуоҳои худ ҷавоб нагирифтаанд, зеро то ба ҳол ин ҳақиқатро дарк накардаанд. Усули аз ҳама беҳтарини ифодаи эҳтиром ба зав­ҷаи худ — ин дуо кардан барои вай бо дили пок дар назди Худо мебошад. Аз Худо хоҳиш намоед, ки ба шумо умқи дилатонро нишон диҳад. Эҳтимол никоҳи шумо хеле хуб бошад, ва шумо хушбахт ҳам бошед, вале ба ҳар ҳол шумо бо завҷаи худ чуноне рафтор менамоед, ки Худо онро намехоҳад. Дар назди Ӯ ҳамаи гуноҳҳоятонро, ки Ӯ ба шумо мекушояд, эътироф кунед. Дар назди Худо аз фикру хоҳишҳои нолоиқи худ тавба карда аз Ӯ ёрӣ ва қувват мегирем, ки бо онҳо мубориза барем. Шумо мефаҳмед, ки мушкилии аз ҳама бузург барои шаҳвари дуогӯй дар зарурати сарф кардани вақт барои дуокунӣ барои завҷа набуда, балки дар зарурати кушодани дили худ дар назди Худо мебошад. Аз ин рӯ дуо барои зан бояд аз дуокунӣ барои шавҳар оғоз ёбад. Безобита нашавед, Худо завҷаи дуогӯйро низ вазифадор намудааст, ки ин принсипро риоя намояд. Бештари занон ба ман гуфтанд, ки айнан то ба ин ҷо омада, онҳо китобро ба як сӯ партофта гуфтаанд: «Не! Ман инро кардани нестам!» Албатта, ба зудӣ Рӯҳулқудс онҳоро ҳушёр кард ва онҳо аз сари нав китобро ба даст гирифта хонданро давом доданд. Агар китобро «Не! Ин барои ман нест!» — гӯён партофтани бошед, инро худи ҳозир кунед. Ман медонам, ки ба зудӣ онро мебардоред, зеро аз дуоҳоятон, ки бе ҷавоб мемонанд, монда мешавед. ДУ КАС ЧУН ЯК УЗВИ ТОМ Вақте ки Худо Одамро офарид, медонист: ба ҳама бузургии худ нигоҳ накарда мард ба ҳамфикр ва ёрдамчӣ эҳтиёҷ дошт, ки монанди худаш бошад (ба Ҳас. 2:18 ниг.). Аз ин рӯ Худо Ҳавворо офарид. Ба ҳама қадру қиммати шумо нигоҳ накарда, бародари азиз, Худо барои шумо занро офарид, ки давоми қадру қиммат ва кафолати хушбахтии шумо бошад. Ва шумо низ бояд барои ӯ чунин бошед. Худо мегӯяд, вақте ки шумо бо хушкардаи худ никоҳ мекунед, шумо «як тан» мегардед (ба Ҳас. 2:24 ниг.). Магар ҳайратовар нест, ки мо таъин гардидаем, ки бо ҳамсарон як чизи бутун шавем? Дар авали инкишофи муносибатҳо мо танҳо имконияти онро медиҳем, ки ин бояд ба амал ояд. Вақте дарк мекунем, ки мо таъин гардидаем аз дӯст ҳам зиёдтар бошем, дар мо ҳисси пешакии он пайдо мегардад, ки мо бояд як чизи бутун гардем. Мо ягонагиро дар раванди парасторӣ ҳис мекунем. Никоҳро эълон карда, мо ба якдигар ваъда медиҳем, ки як чизи бутун бошем. Дар моҳи асалин мо аз ягонагиамон ба ваҷд меоем. Вақте ки хонаи худро бунёд мекунем, безобитагӣ моро фаро мегирад. Ва баъд оҳиста-оҳиста занги бегонагӣ ба иттифоқи мо асар кардан мегирад. Барои чӣ ин ба амал меояд? Ана се сабаби ин: ҷаҳон, ҷисм, иблис. Ҷаҳон ба никоҳи шумо бо воситаи мушкилиҳо, вобаста ба тарбияи фарзандон, бо воситаи мансаби мо ва даву ғеҷҳои ҳаррӯза таъсир мерасонад. Мо ба ин масъалаҳо аз ҳамсарони худ дида бештар аҳмият медиҳем. Ба ҷои он, ки худфидокуниро омӯзем, мо ба худ нигаронида мешавем ва ҷисми мо бар мо ғолиб мебарояд. Ва боз иблис низ ҳаст. Никоҳро Худо баровардааст ва он аз замони офариниши дунё вуҷуд дорад, ва аз ҳамон вақт инҷониб иблис кӯшиши вайрон кардани онро мекунад. Шумо ва занатон бо шабоҳати Худо офарида шудаед (ба Ҳас. 1:27 ниг.). Иблис мехоҳад шуморо бо шабоҳати худ созад. Вай намехоҳад, ки никоҳи шумо хушбахтона бошад, ва нақшаи чӣ хел вайрон кардани онро мекашад. Вале ба шумо, бародари азиз, қудрат дода шудааст, ки ин ҳуҷумҳои душманро бо дуоҳои худ боздоред. Дуоҳои шумо барои завҷаатон ҳамаи шавқу рағбати ин ҷаҳонро лаҷом мезанад: онҳо дилҳои худпарастонаро тағйир ва нақшаҳои душманро барбод медиҳанд. Агар Худо ба шумо амр намуда бошад, ки барои душманонатон дуо кунед, пас чи гуна Ӯ сахт мехоҳад, ки шумо барои он касе дуо кунед, ки бояд ӯро дӯст доред ва ба шумо муқаррар карда шудааст, ки ҳаёти худро бо ӯ пайвандед! Вале пеш аз ҳама шумо бояд барои худ дуо кунед. ПАНҶ УСУЛИ ҲАМОН ШАВҲАРЕ ГАШТАН, КИ ХУДО ШУМОРО ДИДАН МЕХОҲАД Худо дар каломи Худ ба мо амр менамояд: «…ҳамаатон ҳамфикр, ҳамдард, бародардӯст, бошафқат, меҳрӯбон ва фурӯтан бошед» (1 Пет. 3:8). Риоя намудани ин панҷ аҳком метавонад ҳаёт ва никоҳи шуморо тағйир диҳад ва шуморо он шавҳаре гардонад, ки Худо ҳамон хел дидан мехоҳад. Бешубҳа, дар бораи он дуо кардан меарзад, ки чунин шавҳар бошем. 1. Ҳамфикр бошед Даҳшатовар аст, ки байни зану шавҳар ҷидол бошад. Ин моро таҳқир месозад; ин ба ҳама соҳаи ҳаёти мо таъсир мерасонад, ва эҳти­моли куллӣ дорад, ки роҳи аз ҳама кӯтоҳтарин ба сӯи дӯзах бошад, ки дар рӯи замин вуҷуд дорад. Агар ин муддати зиёд давом дошта бошад, ҳама чиз нобуд шуда метавонад. Исо гуфт: «…Ҳар салтанате ки бар зидди худ аз ҳам ҷудо шавад, рӯ ба харобӣ меоварад; ва ҳар шаҳр ё хонае ки бар зидди худ аз ҳам ҷудо шавад, устувор истода наметавонад» (Мат. 12:25). Пешгӯии даҳшатовар. Вале дуо — ин калиди маҳфӯз доштани муносибатҳои заношӯии мо мебошад. Зану шавҳар наметавонанд новобаста аз якдигар зиндагӣ намоянд ва барои ин нархи гаронеро пардохт накунанд. Ин ҳардуи онҳоро муттаҳид месозад: «…Дар Худованд на мард бе зан аст, на зан бе мард аст» (1 Қӯр. 11:11). Вале азбаски мард ва зан хеле хислатҳои гуногун доранд, бо осонӣ аз роҳ бароварда мешаванд, ва ҳар кадоме бо роҳи худ рафтанро сар мекунанд. Ҳатто дар никоҳҳои аз ҳама беҳтарин ҳамсарон шарикони аъло буда наметавонанд. Шумо ва завҷаатон касбу ҳунари гуногун, шавқу ҳавасҳои гуногун доред ва агар шумо мунтазам барои якдигар дуо кунед, хушоҳангии муносибатҳоятон нигоҳ дошта мешаванд. Бе якшавии рӯҳу ҷон, ки дар дуо ба даст оварда мешавад, ба набудани ҳамсар дар паҳлӯи худ одат кардан хеле осон аст. Агар дар дили ягон нафари шумо сояи бегонагӣ пайдо шавад, он вақт зан ё шавҳар аз ҳамсари худ фикран, ҷисман ё ҳиссиётан дур мегардад, ва ҳатто дарк намекунад, ки чӣ ба амал меояд. Зану шавҳарро хеле муҳим аст, ки дар як имон бошанд ва ба як чиз эътиқод дошта бошанд. Маҳз аз ин дуои худро сар кардан даркор аст. Агар дар ин кор якҷоя набошед, алоқаҳои заношӯии шумо канда мегардад. Масалан, рафтан ба калисоҳои гуногун, ё рафтан ба он калисое, ки ба яке аз ҳамсарон маъқул нест, ё ин ки яке аз ҳамсарон ба калисо меравад, дигараш не, — ҳамаи ин шароитҳо ба вайроншавии иттифоқи шумо мусоидат менамояд. Агар ба шумо дар бораи дигар чизҳое маълум бошад, ки аз боиси онҳо шумо бо завҷаатон аз ҳамдигар дур мешавед, дар бораи бартараф шудани онҳо аз ҳаёти оилавиатон дуо кунед. Аз Худо хоҳиш кунед, ки дили зани шуморо дигар кунад, то ин ки никоҳи шумо барқарор шавад. Агар ягон кайфият ва нуқтаи назари завҷаи шумо ба ислоҳ кардан эҳтиёҷ дошта бошад, дар бораи он дуо кунед, ки ин ба амал ояд. Агар шумо ҳамфикр бошед, никоҳи шумо такягоҳи бузурги некӣ ва баракат хоҳад буд. 2. Ҳамдард бошед Оё чунин шудааст, ки завҷаи шумо азоб кашида бошад ва шумо намедонистед, ки чӣ кор кунед? Баъзе мардонро чунин ҳолат ба ғазаб меорад, баъзеашон худро гум мекунанд ва кӯшиш мекунанд, ки худро канор гиранд. Агар чунин вазъият дар никоҳи шумо ба амал ояд, аз Худо хоҳиш намоед, ки ба шумо дили ғамхор диҳад. Ба завҷаи худ ҳамдард будан — маънои онро дорад, ки ба ҳар он чизе, ки ӯро озор медиҳад, диққати махсус диҳӣ ва аз самими дил ҳамдардӣ намуда, хоҳони он бошӣ, ки дарди ӯро сабук гардонӣ. Ҳамдард буда тавонистан — маънои шунида тавонистанро дорад. Кӯшиш кунед, ки нигоҳатон ба завҷаатон нагӯяд: «Ман кори аз ин заруртар дорам. Гап зан, аммо зудтар», балки ӯро бодиққат гӯш кунед. Ӯ ба он умед намебандад, ки шумо ҳамаи масъалаҳоро ҳал мекунед, балки ӯ мехоҳад донад, ки ба шумо ғами дили вай ва ҳиссиётҳои вай бефарқ нестанд. Пештар шавҳари ман танҳо се сония тоқат мекард (ман махсус вақтро муайян кардаам), ки дар ин муддат ӯ гӯш карда метавонист ва баъди он баромада мерафт. Агар ман мехостам, ки ҳамаи суханонамро гӯям, маро лозим меомад, ки аз қафояш давам ё фикри худро дар вохӯрии оянда ба охир расонам. Вале ҳатто агар маро муяссар мегардид, ки ӯро шинонам ва ҳангоми суханрониам ба ман нигоҳ кунад, ман аз ӯ хоҳиш мекардам, ки ба ман ягон ишорае намояд, то фаҳмам, ки ӯ маро гӯш карда истодааст ё не. Одатан ман аз Майкл хоҳиш мекардам: «Ақаллан чашм зан, то ман фаҳмам, ки ту маро гӯш карда истодаӣ». Ҳозир бошад, вай метавонад маро бодиққат гӯш диҳад ва дар ҳама корҳое, ки маро ба ташвиш меорад, иштирок мекунад. Чунин лаҳзаҳои диққатдиҳӣ ва ҳамдардӣ ба никоҳи мо ба таври файзбахш таъсир расониданд. Дар дуо аз Худо хоҳиш намо, ки туро ба завҷаат ҳамдардӣ карданро омӯзад, ва вақте ки ба ин эҳтиёҷ дорад, вайро бодиққат гӯш кун. Ин бахшоиши зебо, қобилияте, ки онро инкишоф додан арзанда аст, ба шумо имкониятҳоеро мекушояд, ки шумо дар он бора орзӯ ҳам намекардед. 3. Бародардӯст бошед Ба ҳамаи норасоиҳоямон нигоҳ накарда, Исо моро самимона ва содиқона дӯст медорад. Агар шавҳар завҷаашро чуноне, ки Масеҳ моро дӯст медорад, дӯст надорад, обрӯи худро аз даст медиҳад, худро ҳамчун сарвари оила паст мезанад, ки ин дар натиҷа завҷаи ӯро низ таҳқир месозад. Азбаски шумо бо завҷаатон як ҷузъи томро ташкил медиҳед, шумо вазифадоред, ки ба ӯ чуноне, ки бo худ рафтор менамоед, муносибат кунед. Охир шумо бошуурона ба худ зарар намерасонед ё бадани худро вайрон намекунед. Шумо онро дӯст медоред ва дар бораи он ғамхорӣ менамоед: «Пас, бигзор ҳар яке аз шумо зани худро мисли худ дӯст дорад…» (Эфс. 5:33). Ҷек Хейфорд, ки дар давоми 23-сол шӯбони мо буд, ҳамеша мегуфт, ки агар зан муҳаббати шавҳарро ҳис кунад, бо гузашти сол­ҳо зебо мегардад. Вай зебогии ботиниро дар назар дорад, ки агар зан дӯстдошта бошад, бо гузашти солҳо он хазон намешавад, балки боз ҳам дурахшонтар мегардад. Шумо ба худ тасаввур карда наметавонед, ки барои завҷаатон муҳаббати шумо чӣ арзише дорад. Ҳиссиётҳои худро нисбати вай пинҳон надоред, вагарна вайро аз даст медиҳед. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Аз некӣ кардан ба мӯҳтоҷе даст накаш, вақте ки кардани он аз дастат ояд» (Мас. 3:27). Аз Худо хоҳиш намоед, ки муҳаббати шуморо нисбати завҷаатон мустаҳкам созад ва шуморо омӯзонад, то муҳаббати худро чунон зоҳир созед, ки завҷаатон рӯз аз рӯз зебо гардад. 4. Бошафқат бошед Дар рафтори завҷаатон шуморо беш аз ҳама чӣ ба ташвиш меандозад? Шояд суханони вай ё рафторҳояш шуморо ба ғазаб меорад? Мехоҳед, ки дар завҷаи худ ягон чизро тағйир диҳед? Вақте ки шумо кӯшиши мустақилона иҷро кардани онро мекунед, чӣ ба амал меояд? Ӯ ба ғазаби шумо чӣ гуна эътино менамояд? Оё шуморо хоҳиши «Бефоида. Вай ҳеҷ гоҳ тағйир намеёбад» — гуфта, бас кардани ҳамаи ин фаро мегирад? Ҳамаи мо медонем, ки тағйир ёфтан чӣ хел душвор аст. Ҳар қадаре, ки мо кӯшиш накунем, ин ба мо муяссар намегардад. Танҳо қудрати Худо метавонад моро тағйир диҳад. Аз ин рӯ дуо — воситаи аз ҳама осон ва боварибахши ба амал омадани тағйиротҳо дар хислати завҷаатон мебошад. Шояд завҷаи шумо ҳамеша дер мекунад, вале шумо, одат кардаед, ки дақиқ бошед. Аниқтараш, дар амалҳои вай қасди баде нест. Ӯ ё вақти худро дуруст ташкил карда наметавонад, ё кӯшиш мекунад вазифаҳои аз қувваташ зиёдтарро ба ҷо орад. Аз Худо хоҳиш кунед, ки ба вай омӯзонад, то рӯзи худро боақлона ташкил намояд, ё мушкилиҳои зиёди миёншиканро бар дӯши худ нагирад. Ҳар чӣ ҳам набошад, дар ғазаб нашавед, бо занатон дағалона гап назанед, ё бо ягон роҳи дигар ӯро таҳқир накунед. Эроди танқидомез нисбати зан таъсир намекунад ва шумо ҳеҷ гоҳ натиҷаи дилхоҳро ба даст оварда наметавонед. Ягона воситаи таъсирбахш — дуо мебошад. Ба ҷои он, ки ҳангоми дидани заифиҳои завҷаи худ ба ғазаб оед, аз Худо хоҳиш намоед, ки дили шуморо мулоим гардонад, то ки шумо тавонед дар бораи раҳоёбии ӯ аз ин нуқсонҳо дуо кунед. Аз Худо хоҳиш намоед, то ба шумо нишон диҳад, ки чӣ хел тарафҳои заифи ӯ метавонанд тарафҳои пурзӯри шуморо пурра созанд. Ва дар хотир доред: хусусиятҳои монанд шуморо муттаҳид месозанд ва фарқиятҳои байни шумо ба муносибатҳои байниҳамдигарии шумо рангорангӣ меоранд. 5. Меҳрубон бошед Оё шумо бо завҷаатон бо овозе сухан мегӯед, ки ҳеҷ гоҳ дар сӯҳбат бо дӯстон ва ҳамкоронатон ин тавр намекунед? Шояд шумо тамоми рӯз бо одамон боназокат ва ҳалим бошед, вале дар хона қаҳру ғазаби худро ба сари занатон мерезед? Оё шумо завҷаи худро дар ҳузури дигар одамон танқид мекунед? Агар чунин бошад, дар он вақт ман ҳамчун хоҳари шумо дар Масеҳ дар саҳифаҳои ин китоб ба шумо огоҳии нахустини ҷиддӣ мекунам: ФАВРАН ХУДДОРӢ НАМОЕД! Ҳаёти оилавӣ бе ин ҳам мушкил аст; он ҳатто дар ҳолате мушкил аст, ки ҳеҷ кадоме аз тарафҳо нисбати якдигар ба дағалӣ ва беэътиноӣ роҳ намедиҳанд. Агар яке аз ҳамсарон нисбати дигар дағалӣ ва беҳурматӣ кунад, никоҳ метавонад ба дӯзахи тайёри рӯи замин мубаддал гардад. Ҳеҷ чиз ба монанди никоҳе, ки дар он яке аз ҳамсарон нисбати дигар беназокат ва номеҳрубон аст, чунин сахт озор дода, рӯҳафтода сохта, дарди тоқатфарсо расонида наметавонад. Ман якчанд никоҳҳои вайроншударо медонам, ки дар он муносибати дағалонаи шавҳар нисбати завҷа дар давоми солҳои зиёд ӯро ба зани дамдузд, ҷоҳил ва бадбахт мубаддал гардондааст. Ба таври дигар гӯем, ӯ ба одаме мубаддал гардид, ки он хел будан ҳеҷ гоҳ намехост. Мо вазифадорем, ки бо ҳамсарони худ чунон рафтор кунем, ки ҳеҷ гоҳ онҳоро бо сухан ва рафторҳои худ ғамгин насозем ва озор надиҳем. Эҳтимол, аз овози мард дида чизи зебое набошад — амиқ, пур­қувват ва самимӣ. Ва чӣ метавонад аз якчанд овозҳои мардонаи ба як чизи бутун муттаҳидшуда авлотар бошад? Вале дар айни замон овози мардона метавонад воҳиманок садо диҳад, хусусан барои ­занон ва кӯдакон. Бештари мардон дар бораи қудрати ҳақиқии овози худ ҳатто тасаввурот надоранд. Суханони гуфтаи мард қудрати барпокунанда ва қудрати харобкунандаро доранд. Суханони ӯ метавонанд мисли корди тез ҷароҳат расонанд ва ҳатто кушанд, ва инчунин метавонанд мисли марҳами ҳаётбахши шифодиҳанда резанд. Ман гуфтанӣ нестам, ки шумо набояд бо занатон ягон масъалаи муҳими ҳаётатонро муҳокима накунед, — баръакс, бигзор фикрҳо ва ҳиссиётҳои шумо барои якдигар ошкоро бошанд. Вале ба он роҳ додан лозим нест, ки суханони шумо ба яроқи танқид табдил ёбад, ки ҳар он чизеро, ки шумо мехоҳед ҳифз кунед, несту нобуд созад. Баъзан, ҳатто қатъи назар аз хоҳиши мо, бинобар сабаби норасогии сабру тоқат ё хастагӣ суханони мо ангезандаҳои бадӣ мегарданд. Биёед инро ба хотир меорем, ки «Малакути Худо на дар сухан, балки дар қувват аст» (1 Қӯр. 4: 20). Чизи аз ҳама асосӣ на дар суханоне меанҷомад, ки шумо мегӯед, балки дар қувваи Илоҳии ин суханон. Агар пеш аз он, ки ба масъалаи ҳалталаб дахолат карданӣ шавед, дуо кунед, он вақт дуоҳои шумо аз дили пок мебарояд, ва ин маъно дорад, ки онҳо қувват пайдо мекунанд. Зан ба мо аз тарафи Худо ҳамчун тӯҳфа дода шудааст, ки таъиноташ — пуркунандаи шумо будан аст, зеро дар Навиштаҳо гуфта шудааст: «…на мард барои зан офарида шудааст, балки зан барои мард» (1 Қур. 11:9). Аз ин рӯ бо ӯ ҳамчун бо тӯҳфае рафтор кардан доркор аст, ки қудрат дорад баракати бузурги шумо гардад. Агар шумо завҷаатонро дӯст доред ва эҳтиром кунед, вай метавонад барои шумо дастоварди бебаҳое гардад. Ба мо ваъда карда шудааст, ки «Ҳар чӣ (мо) талаб кунем, аз Ӯ меёбем, чунки аҳкоми Ӯро риоят мекунем ва он чӣ ба ҳузури Ӯ мақбул аст, ба амал меоварем» (1 Юҳ. 3:22). Аз Худо хоҳиш кунед, ки ба шумо тарзи ба Худ мақбули боилтифотона ва меҳрубонона сӯҳбат кардан бо завҷаро омӯзонад; агар шумо бо завҷаи худ дағалона ва беодобона рафтор карда бошед, аз Ӯ хоҳиш кунед, ки ба шумо дарки гуноҳҳои худ ва тавба кардан аз онро омӯзад. Дуо дар бораи он, ки шумо риояи ин панҷ аҳкомҳои каломиро аз худ кунед, никоҳи шуморо тағйир медиҳад. Худо мехоҳад онро беҳтар гардонад. Азбаски Ӯ ба мо амр менамояд, ки «шакли тозае ба худ бигирем», метавонем хулоса барорем, ки моро ҳамеша лозим аст, ки рӯҳан камол ёбем (ба Рум. 12:2 ниг.). Аз ин мебарояд, ки ба воситаи камолоти инфиродиамон никоҳи мо низ комил мегардад. Баъди ишқ тӯҳфаи бузургтарине, ки бо он шумо метавонед завҷаи худро хушбахт гардонед, ин камолоти ботинии шумо мебошад. Орзӯи аз ҳама ниҳонии завҷаи шумо дар он аст, ки шумо ҳамон шавҳаре шавед, ки Худо шуморо чунин офаридааст. Ин бояд хоҳиши шумо низ гардад. Худо ба шумо қуввати ҷисмонӣ, ақлу заковат, боварӣ ба худ, қудрат, ҷозиба ва он хусусиятҳоеро додаст, ки аз азал ба ҳар як марди ҳақиқӣ хос аст. Аз Худо хоҳиш намоед, ки дуруст истифода бурдани ин бахшоишҳо ва барои ҷалоли Ӯ хизмат карданро омӯзад. Худованд чуноне кардааст, ки шумо бо занатон ҳамеша дастаи ягонаи ғолибон бошед. ЭҲТИЁҶОТҲОИ ЗАВҶАҲО Марҳамат карда, барои худ дуо кунед, то ки шумо: • шавҳаре гардед, ки дидани он ба Худо мақбул аст; • донед, ки чӣ хел ба таври ҳақиқӣ завҷаи худро дӯст доред; • ҳангоми қабули дилхоҳ қарорҳо Рӯҳулқудс шуморо роҳнамоӣ кунад; • муомилаӣ дағалонаро бас кунед; • суханоне гӯед, ки обод созанд, на хароб; • хоҳед, ки барои завҷаи худ дуо кунед; • рӯҳан камол ёбед, эҳсосан ва зеҳнан инкишоф ёбед. ШАҲОДАТИ ШАВҲАРОН Корманди фирмаи сабти овоз ва оҳангсоз — Майкл Омартиан нақл мекунад. Ӯ бо занаш Сторми 28-сол боз якҷоя зиндагӣ мекунанд ва се фарзанди баркамол доранд. Ба наздикӣ ман саргузашти занеро шунидам, ки ӯро лозим омада буд рафтори тоқатфарсо ва суханони дағали шавҳарро тоқат кунад. Кор бо ҷудошавӣ ба анҷом расид. Дар ин оила ақидаи завҷа ба эътибор гирифта намешуд, ӯ худро таҳқиршуда, баддида, барои тағйир додани ягон чиз қудрат надошта ва нодаркор меҳисобид. Аз ҳама даҳшатовараш он аст, ки ин гуна корҳо бисёр вақт дар оилаҳои массеҳӣ низ шуда мегузаранд. Гап дар он аст, ки бисёри мардон шарҳи аҷоиби оятҳои алоҳидаи Китоби Муқаддасро хуб аз ёд кардаанд. Ин шарҳдиҳии нодуруст бинобар сабаби нодонии мардон оиди масъалаи мазкур, ва инчунин аз сабаби ҷидду ҷаҳди баъзеи онҳо, ки мехоҳанд худро дар хонаи худ феодали пурқудрат ҳис кунанд, паҳн шудааст. Акнун фаҳмо мегардад, ки барои чӣ феминистон (тарафдори баробарҳуқуқии расмии занон) чунин озодии амалро ба даст оваранд. Ҳарчанд занони зиёде аз ҳаракат барои озодиашон азоб кашида бошанд ҳам, сабаби асосии ин зуҳуротро фаҳмидан он қадар мушкил нест. Мо, мардон, метавонистем ба таври қатъӣ ин вазъиятро беҳтар кунем, агар занони худро чуноне дӯст медоштем, ки Масеҳ Калисои Худро дӯст медорад. Ман медонам, ки ман метавонам завҷаи худро ҳамин тавр дӯст дорам ва ман дар бораи он дуо мекунам, ки ин корро карда тавонам. Ман боварӣ дорам, ки агар мо дуо кунем, Худо ба мо меомӯзонад, ки завҷаҳои худро дӯст дорем, ҳурмат кунем ва ҳамеша онҳоро дастгирӣ намоем, ки ин барои онҳо хеле муҳим аст. Масеҳ барои Калисо ҷон дод. Мо бояд аз Худо хоҳиш кунем то ба мо ёрӣ диҳад, ки рӯҳан камол ёбем, ки мо баланд гузоштани манфиатҳои завҷаҳоро аз манфиатҳои худ ёд гирем. Танҳо дар ҳамон вақт никоҳи мо метавонад тағйир ёбад. Дуо Худованд, дили поке дар ман биофарин, ва рӯҳи дурусте дар ботинам нав бикун (ба Заб. 50:12 ниг.). Ба ман фикр ва кайфиятҳои ба ту номақбулро нишон деҳ, хусусан онҳоеро, ки ба завҷаи ман тааллуқ доранд. Бахшида натавонистани маро фош соз; ба ман кӯмак кун, ки аз қаҳру ғазаб раҳоӣ ёбам, то ки ман ҳамеша тавонам дуруст андешаронӣ кунам. Агар ман рафтори норавое кунам, ба ман ёрӣ деҳ, ки рафторамро тағйир диҳам. Ҳар он чизеро, ки ту ба ман мекушоӣ, ман ҳамчун гуноҳ дар назди Ту тавба мекунам. Маро марди муддаои дили Худ гардон. Ба ман ёрӣ деҳ, то чунин сарвари оила бошам, ки Ту маро ҳамон хел дидан мехоҳӣ. Худованд, ба ман омӯз, ки завҷаи худро (номи завҷа) бо рӯйпуши дуогӣ бор кунам. Ба ман омӯз, ки бо ӯ ҳамфикр бошам ва ӯро ҳурмат намоям, то ки дар дуо ба ман монеае набошад (ба 1 Пет. 3:7. ниг.). Муҳаббати моро ба якдигар нав гардон. Ҳамаи ҷароҳатҳои шифонаёфтаи никоҳи моро шифо деҳ. Ба ман сабру тоқат, фаҳмиш ва ҳамдард буданро омӯз. Чӣ тавре, ки дар Каломи Худ амр намудаӣ, ба ман ёрӣ деҳ, ки шавҳари дӯстдор, мушфиқ ва меҳрубон бошам (ба 1 Пет. 3:8 ниг.). Ба ман омӯз, ки завҷаи худро ҳамон тавре дӯст дорам, ки Ту ӯро дӯст медорӣ. Худованд, ман аз Ту илтиҷо менамоям: иттифоқи моро барқарор намо, то ки мо дар ақидаҳоямон якдил бошем. Ба ман дуруст рафтор карданро омӯз; бар забонам суханонеро мон, ки шифо бахшанд, на ҷароҳат. Дили маро бо муҳаббати Худ тавре пур кун, ки аз даҳонам танҳо суханони барпокунанда резанд. Вақте ки ман аз роҳи Ту дур мешавам, инро ба ман нишон деҳ. Ба ман ёрӣ деҳ ҳамон хел одам ва шавҳаре гардам, ки Ту маро дидан мехоҳӣ. ОЯТҲО АЗ КАЛОМ, ки қудрат доранд дуои шуморо пуртаъсир гардонанд Аз ин сабаб мард падару модари худро тарк карда, бо зани худ хоҳад пайваст, ва ҳар ду як тан хоҳанд буд. Пас, бигзор ҳар яке аз шумо зани худро мисли худ дӯст дорад, ва зан аз шавҳари худ битарсад. Эфс. 5:31-33 Касе ки гӯши худро аз шунидани шариат дур кунад, дуои вай низ зишт аст. Мас. 28:9 Эй шавҳарон, занони худро дӯст доред, чунки Масеҳ низ ба Калисо муҳаббат дошт ва Худро аз барои он таслим намуд. Эфс. 5:25 Ба гуноҳҳои худ назди якдигар иқрор намоед ва барои якдигар дуо гӯед, то шифо ёбед: дуои боисрори шахси одил қуввати бузурге дорад. Яъқ. 5:16 Ҳамин тавр бояд шавҳарон занони худро мисли ҷисми худ дӯст доранд: он ки зани худро дӯст медошта бошад, худро дӯст медорад. Зеро ки ҳеҷ кас ҳаргиз ҷисми худро бад намебинад, балки онро ғизо медиҳад ва гарм мекунад, чунон ки Худованд низ Калисоро… Эфс. 5:28-29 БОБИ ДУЮМ. ҲАЁТИ РӮҲОНИИ Ӯ Зани шумо аз як ҷиҳат ба автомобил монанд аст. Ин автомобил ҳар хел буда метавонад: нусхаи пурқуввати спортии итолиёвӣ, нусхаи седани нозуку пурқиммати сохти немисӣ, нусхаи мустаҳкам ва пуртоқат барои берун аз роҳҳо, ё автомобили зебо ва латифи иштирокчии шоу — «Pebble Beach Concours d’Elegance». Ӯ метавонад дар худ автомобили шашсилиндраи пурқувват ё мошини тезгарди қиммати V-8-ро таҷассум созад. Эҳтимол, зани шумо, мисли дилхоҳ воситаи нақлиёти чорчарха, аз шароитҳои боду ҳаво вобаста бошад; ё ин ки ҳатто дар ҳавои хуб ҳангоми фаромадан аз кӯҳ тормозҳояш аз кор мемонад. Агар завҷаи шумо дар кадом намуди автомобил ба шумо нанамояд ҳам, — хоҳ хурду нозук, ё хоҳ калонҳаҷм, — ӯ, мисли дилхоҳ автомобил, ба сӯзишвории эҳтиётӣ эҳтиёҷ дорад, ки он раванди мунтазами онро таъмин менамояд. Рӯҳи ботинии одам (дар айни замон завҷаи шумо) мисли бензин дар баки автомобил амал мекунад. Мошин метавонад қисми ҳаракатдиҳандаи аъло, намуди дарунии зебо, намуди зоҳирии зебо, муҳаррики чун гурба хур-хуркунанда, нишастгоҳҳои аълои қафо, капоти хушрӯй, маҷмӯи пурраи лавозимотҳои ҳозиразамон дошта бошад, вале агар ба он бензин нарезед, аз ҷояш намеҷунбад. Намуди зоҳирии вай чун пештара зебо мебошад, вале он аз қувваи ботинӣ маҳрум хоҳад буд. Барои мошини шумо на танҳо баки пур аз бензин муҳим аст, балки аккумулятори боқувват, равғани тоза, моеи эҳтиётии тормоз ва барои шабҳои хунук «антифриз» лозим аст. Бе пуршавии ҳаррӯза аз Рӯҳулқудс мо — ҳамагӣ зарфҳои холӣ мебошем. Завҷаи шумо метавонад «холӣ» равад ва ҳатто дар ин бора нафаҳмад. Баъзе занон ба нишондодҳои ҳисобкунакҳо нигоҳ намекунанд ва дар натиҷа аз тамом шудани сӯзишворӣ ҳайрон мешаванд. Агар зан барои муошират бо Худо, омӯзиши Каломи Худо вақт наёбад, эътимодро аз даст медиҳад ва дар он вақт душман метавонад ӯро ба даст орад. Шояд завҷаи шумо дар имон мустаҳкам аст ва аз наҷоти худ, аз аҳкомҳои Худо оиди ҳаёти абадӣ ва аз файз ва марҳамати Ӯ шубҳа надошта бошад. Вале иблис метавонад ба вай шубҳаро ба он, ки Худо ба ӯ истеъдоди бебаҳое тӯҳфа кардааст ва ба ӯ чизҳои махсусеро таъин кардааст, корад. Ва баъзан ӯ ба худ саволҳои зеринро хоҳад дод: «Оё дар ҳақиқат ҳар он чизе, ки дар ҳаёти ман шуда мегузаранд ба манфиати ман хизмат мекунад ё не?» Дар натиҷаи ҳуҷумҳое, ки ба он занон дар ин ё он ҳолат гирифтор мегарданд, мадорашон хушк мегардад. Бисёри занон зери фишори ҳуҷумҳои душман зиёни ҷисмонӣ, эҳсосотӣ ва асабӣ мегиранд, вале ҳатто худи ҷабрдидаҳо инро намефаҳманд. Ва оқибати ин зиёнҳо интизор намешаванд ва албатта ба никоҳи шумо таъсир мерасонанд. Муносибати завҷаи шумо бо Худо ба муносибатҳои шумо сахт таъсир мерасонад. Азбаски шумо сарвари оила мебошед ва ба шумо қудрат «аз болои ҳамаи қувваҳои душман» дода шудааст (ба Луқ. 10: 19 ниг.), шумо метавонед ба иблис гӯед, ки шумо рухсат намедиҳед ба завҷаи шумо дуруғ гӯяд ва ҳақиқати Худоро нодуруст нишон диҳад. Шумо метавонед дар бораи он дуо кунед, ки завҷаатон ҳамеша тибқи рӯҳ амал намояд, то ки тавонад ҳамеша дурӯғи душманро фаҳмад, онро рад кунад, ва танҳо ба суханони Худо гӯш диҳад. Аз рӯи тадқиқотҳои ман, бисёри занон беш аз ҳама дар бораи як чиз орзӯ мекунанд — то ки шавҳарон дар бораи аз рӯи ҳақиқат рафтор кардани онҳо дуо кунанд. Завҷаи шумо мехоҳад, ки Худо ба ӯ қудрат диҳад, ки муносибаташ бо Ӯ устувор, ва имонаш мус­таҳкам бошад. Азбаски занон дар зиндагии ҳаррӯза «пора-пора» мегарданд, онҳо ба сабурӣ, муҳаббат ва осоиштагӣ, ва ба он, ки дигар самараҳои Рӯҳ дар ҳаёти онҳо бошанд, эҳтиёҷ доранд. Завҷаи шумо мехоҳад иродаи Худоро донад, ва ба он боварӣ дошта бошад, ки ӯ мувофиқи он амал менамояд. Фаҳмиши аниқи он, ки Худо ӯро барои кадом кор даъват менамояд, ва баъд иҷрои амрҳои Ӯ дили вайро аз осоиштагӣ пур месозад. Масалан, агар ба Худо мақбул бошад, ки дар лаҳзаи мазкури ҳаёташ вай дар хона бошад ва ба кӯдакон нигоҳубин намояд, ӯро лозим аст, ки инро аз Худо шунавад, то ин ки бо камоли мамнуният онро ба ҷо оварад. Дуоҳои шумо новобаста аз ҳолати рӯҳии ӯ ба завҷаатон ёрӣ мерасонад, ки овози Худоро шунавад ва ҳисси қаноатмандиро эҳсос намояд. Шуморо лозим аст, ки барои гаштани зани худ бо роҳҳои ҳақи­қат дуо кунед, ва боз барои ҳар дуи шумо беҳтар мебуд, ки ба Худо умед мебастед. Он вақт ба якдигар умед намебандед, ва дар ҳолати амалӣ нагаштани умедвориҳоятон рӯҳафтода намешавед. Мавзӯи муқоиса намудани завҷаатонро бо автомобил давом дода, мехоҳам қайд намоям, ки агар «баки сӯзишвори»-и ӯ холӣ бошад, вале системаи сигналдиҳии вай кор кунад, ва намуди зоҳи­рии он дар ҳолати хуб бошад ҳам, ба ҳар ҳол, чархҳояш ҳаракат намекунанд, ва он наметавонад, ки аз ҷояш ҷунбад, мо ҳатто дар бораи суръати баланд гирифтани он намегӯем. Ҷиҳозоти суккони он аз кор баромадааст, ва наметавонад ҳаракати худро таҳти назорат бигирад. Тормозҳояш вазифаи худро иҷро намекунанд, ва ӯ дар ҷои лозимӣ манъ карда наметавонад. Ӯро лозим аст, ки ҳар рӯз «захираҳои» Рӯҳулқудсро пур созад. Вале вақте ки «баки сӯзишвори» — и ӯ пур аст ва назорати иқлимӣ кор мекунад, ӯ метавонад озодона масофаҳои зиёдеро паси сар намояд. Оё завҷаи шумо бо ҳама чизҳои зарурӣ барои сайёҳати имрӯза таъмин карда шудааст? Оё зарфи рӯҳонии ӯ бо «сӯзишвори» — и аз ҳама пурқиммат пур карда шудаанд? Дар ин бора аз Худо пурсед, ва Ӯ ҷавоб хоҳад дод. ЭҲТИЁҶОТҲОИ ЗАВҶАҲО Марҳамат карда, барои завҷаи худ дуо кунед, то ки ӯ: • дар имон мустаҳкам гардад; • рӯҳан камол ёбад; • барои хондани Каломи Худо ва дуо кардан вақт ҷудо намояд; • нуқтасанҷ ва оқил бошад; • аз Худо қувват гирад; • барои дигар одамон нур бошад; • иродаи Худоро донад ва онро ба ҷо орад. ШАҲОДАТИ ШАВҲАРОН Майкл Голд Стоун, соҳиби фирмае, ки бо фурӯши асбобҳои рӯшноидиҳанда машғул аст, нақл мекунад. Ӯ ва завҷааш Дебра 28 сол боз зиндагӣ мекунанд, ду фарзанди баркамол ва як набера доранд. Ман барои завҷаи худ ҳар рӯз дар давоми якчанд сол дуо кардам. Пеш аз оне, ки мо пагоҳӣ ҷудо мешавем, ман ӯро ба оғӯш гирифта, барояш дуо мекунам. Ман ҳамеша кӯшиш мекунам, ки ба ҳар он чизе, ки барои ӯ муҳим аст, бештар диққат диҳам: ба саломатии ӯ, ба муносибатҳои ӯ бо дигар одамон, ба хизматгузорӣ ва ҳиссиётҳои ӯ. Дебраро оғӯш карда, ман аз Худо хоҳиш мекунам дар он соҳаи ҳаёташ амал намояд, ки барои ӯ ин рӯз муҳим мебошад. Ман дар бораи бехатарии ӯ дуо мекунам, аз Худо хоҳиш менамоям, ки дар паҳлӯяш бошад, то ки ӯ ҳузури Ӯро тамоми рӯз эҳсос намояд. Барои ин ҳамагӣ ду дақиқа вақт меравад, вале ман кӯшиш мекунам, ки ҳар рӯз кори пагоҳирӯзии худро ба ҷо орам. Худо ҳамеша содиқ аст ва ба дуоҳои ман ҷавоб мегардонад, ки ин ба Дебра тасаллии бузург медиҳад, ӯро дастгирӣ менамояд ва ҳамчун исботи муҳаббати пурҳаяҷони ман нисбати ӯ хизмат мекунад. То ҳозир мо худро мисли навхонадорон ҳис мекунем — ба мо якҷоя будан хеле аҷиб ва дилрабо мебошад. Ман медонам, ки дар ин нақши асосиро дуо бозидааст. Дуо Худованд, чи қадаре, ки ман занамро дӯст надорам, Ту ӯро бештар дӯст медорӣ. Ман мефаҳмам, ки ҳамаи эҳтиёҷотҳои ӯро қонеъ гардонда ва ҳама умедвориҳои ӯро сазовор шуда наметавонам. Ман аз Ту хоҳиш мекунам: ба ӯ (номи завҷа) имкон деҳ, ки Туро аз пештара дида, хубтар фаҳмад. Ба ӯ кӯмак кун, ки аз хоҳиши Туро пайравӣ кардан шубҳа накунад, накалавад ва устувор бошад. Рӯҳи вайро мустаҳкам кун ва ба ӯ имони афзоянда деҳ, ки Ту ба дуоҳои ӯ ҷавоб медиҳӣ. Ба ӯ омӯз, ки ҳар рӯз барои Ту, барои хондани Каломи Ту ва барои дуо кардан вақт ёбад. Бигзор суханони Ту дар дили ӯ ниҳон бошанд, то ин ки аз рӯи дуоҳояш Ту хоҳишҳои ӯро ба ҷо орӣ (ба Юҳ. 15:7 ниг.). Ба ӯ ёрӣ деҳ, ки Туро хубтар дарк намояд. Бигзор ӯ ба Ту ҳамчун ба Mаслиҳатчии худ муроҷиат намояд. Ба ӯ нуқтасанҷиро деҳ ва омӯз, ки ба Ту, ба роҳнамои ҳаёти худ гӯш диҳад. Ба ӯ ёрӣ деҳ, ки бa тӯфонҳои дар атрофаш талотумкунанда нигоҳ накарда, ҳамеша диққати худро ба Ту равона созад, то ин ки аз роҳе, ки Ту барои ӯ муайян кардаӣ, берун набарояд. Ба ман нишон деҳ, ки кай ӯ ба пуршавии Рӯҳи Ту эҳтиёҷ дорад, то ки ман дар ин бора дуо кунам. Ӯ мехоҳад нақши Туро ба дӯстон ва наздиконаш зоҳир созад, аз ин рӯ ба вай дар муошират бо тамоми одамон сабру тоқат деҳ. Ба вай кӯмак кун, ки бо Рӯҳи Ту чунон пур гардад, ки одамон бо ӯ муошират карда, ҳузури Туро ҳис намоянд. Ман медонам, ки ӯ мехоҳад ба Ту хизмат кунад, вале ба ӯ биомӯз фаҳмад, ки кай «не» гуфтан лозим аст, ва ба дӯши худ аз муқарраршуда зиёд бор нагирад. Бигзор ӯ бо аъмоли худ Туро ҷалол диҳад. Худованд, дар Каломи Ту гуфта шудааст, ки ҳар каси Туро ёфта ҳаёт меёбад ва баракати Туро соҳиб мегардад (ба Мас. 8:35 ниг.). Аз ин рӯ ман дар бораи он илтиҷо менамоям, ки завҷаи ман (номи завҷа) худи ҳамин рӯз дар Ту ҳаёти навро ёбад ва аз баракатҳои Ту, ки бар ӯ мерезанд, шодӣ кунад. Ӯро дар ҳамаи корҳояш роҳбарӣ кун, то ки дар ҳақиқат завҷаи нерӯманде гардад, ки Ту ӯро дидан мехоҳӣ. Завҷаи маро биомӯз, ки иродаи Туро дарк намояд, ва бигзор иродаи Ту, ки хуш ва комил аст, ҳамеша дар мағзи ҳаёти ӯ бошад. Ба ӯ аз самими қалб ба Ту бовар кардан, ба Ту умед бастан ва ба ақли худ умед набастанро омӯз. Бигзор ӯ Туро дар ҳама роҳҳои худ дарк намояд (ба Мас. 3:5-6 ниг.). ОЯТҲО АЗ КАЛОМ, ки қудрат доранд дуои шуморо пуртаъсир гардонанд Хушо гуруснагон ва ташнагони адолат, зеро ки онҳо сер хоҳанд шуд Мат. 5:6 Агар дар ман бимонед, ва сухани Ман дар шумо бимонад, ҳарчӣ мехоҳед, талаб кунед, ва он ба шумо дода хоҳад шуд Юҳ. 15:7 …Лекин ҳар кӣ аз обе ки Ман ба вай медиҳам, нӯшад, абадан ташна намонад, балки обе ки Ман ба вай медиҳам, дар вай чашмаи обе гардад, ки то ҳаёти ҷовидонӣ меҷӯшад Юҳ. 4:14 …Агар ба андозаи донаи хардале имон дошта бошед ва ба ин кӯҳ бигӯед: «Аз ин ҷо ба он ҷо кӯч кун», он кӯч хоҳад кард; ва ҳеҷ чиз барои шумо ғайриоддӣ нахоҳад буд… Мат. 17:20 Ба исми қуддуси Ӯ фахр кунед; бигзор дили толибони Худованд шод бошад Заб. 104:3 БОБИ СЕЮМ. ЭҲСОСОТҲОИ Ӯ Рӯҳи завҷаи шуморо ба скрипкаи нафисе монанд кардан мумкин аст. Вақте ки он дуруст ҷӯр карда шудааст, ҳамаро бо мусиқии хуш шод месозад. Вале азбаски скрипка — хеле асбоби нозук ва ба муҳити атроф бениҳоят ҳассос аст, он метавонад аз таъсири номусоиди ин муҳит ба таври ҷиддӣ зарар бинад. Дилхоҳ тағйирёбии ҳарорат, намӣ, бигзор он барои шумо тамоман ҳиснашаванда бошад, метавонад ба ӯ сахт зарар расонад. Барои сахт маҳзун гардондани шунавандагони садои скрипка кофист, ки ҷӯри ин асбобро каме вайрон созем. Дар як ҳолат скрипка метавонад овози зебо, рангҳои бой ва ба гӯш форам, ва дар ҳолати дигар бошад, овози нофорам, носоз, гӯшхарош ва ба ғазабоваранда барорад. Чӣ гуна баромадани овоз — аз шароитҳое вобаста аст, ки дар он скрипка нигоҳ дошта мешавад, вале пеш аз ҳама ин аз маҳорати мусиқинавоз вобаста аст. Агар эҳсосотҳои завҷаи шумо дар ихтиёри душман бошад, он вақт ҳама чиз вайрон мегардад ва оқибатҳои он хеле андӯҳовар мебошад. Вале агар мусиқачӣ Худо бошад, эҳсосотҳо арзиши махсус мегиранд ва чун натиҷа, дар оилаи шумо сулҳу осоиштагӣ фаро мерасад. Эҳтимол ба шумо маълум аст, ки ба ҳаёти шумо ҳолати эҳсосотии завҷаатон чӣ хел сахт таъсир мерасонад. Агар ӯро чизе безобита созад ё рӯҳафтода кунад, aгар қаҳру ғазаб ё озор ӯро гулӯгир созанд, он вақт шумо низ ба таъсири ин эҳсосотҳо меафтед. Мардон ба ин ҳолатҳо ба таври гуногун эътино мекунанд. Баъзан онҳо умуман намефаҳманд, ки чӣ шуда истодааст ва кӯшиш мекунанд, ки аз он дур шаванд, то ки ҳеҷ чизро нашунаванд. Баъзеи дигарашон кӯшиш мекунанд, ки ба ҳиссиётҳои завҷаи худ аҳамияти махсус надиҳанд, то ки оқибати ҳаяҷонҳои онҳоро паст гардонанд. Сеюминҳо кӯшиш мекунанд, ки бо ягон роҳ қувваи ҳаётии худро баланд бардоранд; ва умед мебанданд, ки бо ҳамин роҳ аз ҳаёти худ ин масъалаҳои асроромезро хат зананд. Вале ман фикр намекунам, ки сабаби чунин рафтори мардон дар бефарқии онҳо бошад, аниқтараш, ин дар бечорагӣ ва нофаҳмии онҳо мебошад — маҳз дар он, чизе ки барои онҳо хеле душвор аст. Масъалаи ҳолати эҳсосотии завҷаи худро беҳтараш аз муроҷиат ба Худо сар кардан лозим аст, аз Ӯ хоҳиш кунед ба шумо нишон диҳад, ки дар ҳақиқат завҷаи шумо чиро ҳис мекунад, ва ба шумо дуо карданро мувофиқи ин донишҳо омӯзонад. Душман ба ӯ фикрҳоеро талқин мекунад, ки зани шуморо рӯҳафтода месозанд, ба ғазаб меоранд, озор медиҳанд, безобита месозанд ва ба ҳарос меандозанд, ва ин фикрҳо ӯро маҷбур месозанд, ки аз қувваю қудрати худ шубҳа кунад ва худро яккаву танҳо ҳис намояд. Иблис ӯро бовар мекунонад, ки ин фикрҳо аз Худо мебошанд, ки Ӯ ба вай оиди ҳаёташ рӯъё фиристодааст. Вақте ки душман дурӯғ гуфтан мегирад ва майнаи ӯро гич мекунад, Худо дуоҳои шуморо барои он истифода мебарад, ки ба ҳамаи ин хотима диҳад ва ба зав­ҷаи шумо оромӣ бахшад, ки ба он хеле эҳтиёҷ дорад. Ба шарофати дуоҳои шумо ақли ӯ тоза мешавад, эҳсосоти ӯ таскин меёбад, ҳақиқат кушода мегардад ва чашмони ӯ сӯи Худо нигаронида мешаванд. Ҳаёти оилавии мо хеле хуб мебуд, агар мо то никоҳ одамони рӯҳан ба камол расида мебудем. Вале раванди ба даст оварии ­камолоти рӯҳӣ метавонад тамоми умр кашола ёбад, вале мо ин қадар дуру дароз интизор шудан намехоҳем. Вале бисёр вақт шароитҳои зарурии шифоёбиии рӯҳии мо дар худи никоҳ аст. Шифоёбии ҷароҳатҳои рӯҳӣ дар шароити муносибатҳои байниҳамдигарӣ, ки дар асоси муҳаббати содиқона ва бешарт асос ёфтаанд, тезтар ба амал меояд, зеро одаме, ки дардро аз сар мегузаронад, дар ин ҳолат одатан метавонад оромона ба гузаштаи даҳшатовари худ нигоҳ кунад. Ба ин одам одатан пинҳон доштани эҳсосотҳои худ шарт нест, ва худро касе нишон диҳад, ки дар ҳақиқат нест, ё вонамуд созад, ки ҳама корҳои ӯ баҷо ҳастанд. Агар баъди никоҳ мушоҳида намоед, ки завҷаи шуморо эҳсосот­ҳои манфӣ фаро мегиранд, ки дар бораи имконияти он шумо ҳатто сарфаҳм нарафта будед, аз фикри он қаноатманд буданро омӯзед, ки шуморо лоиқ донистанд, ки ба ӯ дар ин давраи мушкили шифоёбии рӯҳӣ такягоҳ бошед. Аз ин масъулият сар натобед ва аз ӯ натарсед. Аз шумо талаб карда намешавад, ки табиби ҷони завҷаатон бошед, ҳама чиро ислоҳ кунед ва ба ҳама саволҳо ҷавоб диҳед. Танҳо Худо метавонад дарди рӯҳиро сабӯк гардонад, зеро Ӯ аз ботин кор мекунад. Дуоҳои шумо бошанд барои он заруранд, ки ҳанӯз раванди шифоёбии завҷаатон рафта истодааст, иблисро мутеъ созанд. Азбаски ман худ шифоёбиро аз ҷароҳатҳои рӯҳии ба ман дар хурдсолӣ расонда шуда гирифтаам (дар ин бора ман дар китоби худ Сторми нақл кардам), зуд-зуд дар ин бора аз ман шавҳарони безобитагаштае мепурсанд, ки завҷаҳои онҳо аз стрессҳои эҳсосотӣ азоб мекашанд. Яке аз онҳо ақидаи умумии мардонаро бо ин сухан­ҳо иброз дошт: «Ман намедонам, ки вақте завҷаам рӯҳафтода аст, чӣ тавр ёрӣ расонам. Ман бояд чӣ гӯям? Ман барои ӯ чӣ кор карда метавонам? Ман қудрат надорам, ки чизеро тағйир диҳам». Ба ин ман ҷавоб додам: «Бештари эҳсосоти завҷаи шумо дар натиҷаи стрессҳои гузашта ба амал омадаанд. Ба шумо фаҳмидани ин хеле мушкил аст. Зеро шумо дар он муҳите, ки ӯ калон шудааст, зиндагӣ накардаед. Вале Худо мехоҳад, ки зани шуморо шифо бахшад ва ба ӯ саломатии рӯҳӣ тӯҳфа намояд, аз ин рӯ ба ӯ ин озмоишҳоро маҳз ҳозир, вақте ки ӯ ба шумо ба шавҳар баромадааст, равон мекунад. Ин барои он ба амал меояд, ки шумо ҳамчун шавҳари ӯ ба он даъват шудаед, ки ӯро бо рӯйпӯши рӯҳӣ бор ва муҳофизат кунед, яъне барои шифоёбии ӯ шароитҳо муҳайё намоед. Аз ҳама чизи беҳтарине, ки шумо барои зани худ карда метавонед, он аст, ки ӯро бо муҳаббати бепоён фаро гиред, ки дар сухан ва рафторҳои шумо ифода меёбанд. Беш аз ҳама ба ӯ дастгирии шумо зарур аст. Ба ӯ гӯед, ки шумо барояш дуо мекунед ва тайёред, ки агар ӯ ба ин эҳтиёҷ дошта бошад, якҷоя бо ӯ дуо кунед. Аз Худо хоҳиш кунед ба шумо омӯзонад, ки ҳиссиётҳои ӯро фаҳ­мед ва ба онҳо ба таври мусбӣ эътино намоед. Аз Худованд хоҳиш кардан, ки шуморо ба ҳиссиётҳои ӯ, на камтар аз дуокунӣ дар бораи шифоёбии рӯҳии ӯ, ҳассос кунад, муҳим аст. Ва вақте ки завҷаи шумо беҳшавиро ҳис мекунад ва нишонаҳои шифоёбиро мебинад, ӯро танҳо нагузоред ва аз дастгирии худ маҳрум насозед». Дуои шумо барои завҷаатон ба он мусоидат менамояд, ки асбоби мусиқии беҳамто, ки нагоҳубини онро Худо ба шумо бовар кар­дааст, ҳамеша дар ҳолати дуруст ҷӯр хоҳад буд. Ва ин дар навбати худ ба шумо кафолат медиҳад, ки дар хонаи шумо ҳамеша мусиқии мӯъҷизаовар садо хоҳад дод. ЭҲТИЁҶОТҲОИ ЗАВҶAҲO Марҳамат карда барои завҷаи худ дуо кунед, то ки ӯ: • мувозинати рӯҳиро ба даст орад; • ақли расо дошта бошад; • ба дурӯғҳои дар бораи ӯ гуфташуда бовар накунад; • худро дар оғӯши муҳаббати шумо дар бехатарӣ ҳис кунад; • аз муошират бо Худо хурсандиро ҳис кунад; • аз он хурсанд шавад, ки шумо ҳиссиётҳои ӯро мефаҳмед; • дар дили худ осоиштагиро ба даст орад. ШАҲОДАТИ ШАВҲАРОН Ҷек Хейфорд — шӯбон, асосгузори ҷамоати The Church on the Way («Калисои сарироҳӣ») ва ректори коллеҷи шоҳона ва семинарияи Лос-Анҷелес (штати Калифорния), нақл мекунад. Ӯ ва завҷааш Анна 47-сол боз якҷоя зиндагӣ мекунанд, чор фарзанди баркамол ва ёздаҳ набера доранд. Аз ман бисёр вақт мепурсанд, ки ман, шавҳари дуогӯй, чӣ тавр барои зани худ Анна дуо мекунам. Баъди баъзе андешаҳо ман як чизи муҳимро фаҳмидам: дар лаҳзаи аз ҳама масъулиятноки дуои худ барои завҷаам ман бояд аввал барои худ дуо кунам. Ман бояд дар бораи он дуо кунам, ки: • вазъиятро ҳамон тавре бинам, ки онро завҷаам мебинад, то ки барои ӯ такягоҳи боэътимоде гардам, яъне он касе, ки эҳсосоти ӯро мефаҳмад ва ба моҳияти масъала аз нуқтаи назари ӯ менигарад; • сабри комил ва oлиҳиматии рӯҳӣ дошта бошам ва ба ӯ чуноне дилсӯзӣ намоям, ки Исо «дар зафъҳои мо натавонад ба мо дилсӯзӣ намояд» (ба Ибр. 4:15 ниг.). Дар давоми тамоми ҳаёти якҷояамон Рӯҳулқудс фаҳмидани онро таълим медод, ки ман бояд завҷаи худро чуноне, ки Масеҳ Калисоро дӯст медорад, дӯст дорам (ба Эфс. 5:25 ниг.), яъне бодиққат ба эҳсосоти вай муносибат намоям. Ман барои Анна ҳар рӯз дар давоми зиёда аз чил соли ҳаёти якҷояамон дуо мекардам ва фаҳмидам, ки кори бузурге, ки ман барои завҷаи худ карда метавонам, ин ба Рӯҳи Худо имкон додан аст, ки дили моро мулоим гардонад ва ба ман омӯзонад, ки бодиққат ва бо фаҳмиш ба ҳамаи он чизе, ки Аннаро банд месозад ва ба ҳаяҷон меорад, муносибат намоям: яъне ба мақсадҳои ӯ, хурсандиҳо, шубҳаҳо, маъюсиҳо ва эҳтиёҷотҳои ӯ. Ин гуна дуо ҳатман риояи як шартро талаб менамояд — дили ман бояд дар назди Анна пок бошад. Ба хашмгиниҳое, ки дар натиҷаи стрессҳои ҳаррӯза ба амал меоянд, нигоҳ накарда, бар хилофи бесабрие, ки ҳангоми рӯ ба рӯ гардии принсипҳои мардонаи ман бо мантиқи занонаи ӯ дар дили ман ҷӯш мезанад, ман набояд ба он эҳсосотҳое дода шавам, ки ба ман барои ӯро фаҳмидан, ёрӣ додан, ба ӯ ҳамдардӣ намуда, барои ӯ дуо кардан халал мерасонад. Ҳамаи ин ба ман осон ва якбора муяссар нагаштааст. Вале азбас­ки Анна ҳамеша ба ҷидду ҷаҳди ман бо фаҳмиш рафтор мекард, ба ман муяссар гардид, ки чизи бисёреро ба даст орам! Дар ин ман боз як исботи амалкунандагии дуоҳои ӯро барои худ мебинам! Дуо Худованд, ман аз Ту барои завҷаи худ беандоза миннатдор ҳастам, ки Ту ба ӯ қобилияти чуқур андеша кардан ва ҳис карданро тӯҳфа кардаӣ. Ман медонам, ки Ту инро баҳри манфиати ӯ кардӣ, ва ман инчунин боз медонам, ки душман кӯшиш мекунад ин бахшоишҳоро барои бадӣ истифода барад. Ба ман тактикаи ӯро омӯз, ки тавонам мувофиқи ин фаҳмиш дуо кунам. Ман аз Ту барои он миннатдорам, ки Ту ба завҷаи ман (номи завҷа) «на рӯҳи тарсу ҳаросро, балки рӯҳи қувват ва муҳаббат ва парҳезгорӣ» додаӣ (2Тим. 1:7). Ӯро аз падари дурӯғ муҳофизат намо ва ба ӯ ёрӣ деҳ, ки «ҳар баландгириро, ки бар зидди дониши Худо қиём мекунад, сарнагун месозем ва ҳар фикрро ба итоати Масеҳ асир мекунем» (ба 2 Қӯр. 10:5 ниг.). Ба ӯ омӯз, ки ҳар он чизеро, ки дар бораи худ мефаҳмад, таҳлил кунад. Аз Ту хоҳиш менамоям: ба вай қобилият деҳ, ки зуд дурӯғро дар бораи худ, дар бораи ҳаёти худ ва ояндаи худ фаҳмад. Ба вай ёрӣ деҳ муҳорибаеро бинад, ки дар ақли вай шуда мегузарад, ва ба вай фаҳмидани тактикаи душманро биомӯз. Ба вай ёрӣ деҳ, ки аз рӯи нақшаи бурдани ҷанги рӯҳонии Ту рафтор намояд ва ба шамшери рӯҳ эътимод бандад, ки он Каломи Туст (ба Эфс. 6:17 ниг.). Бигзор ӯ ба ҷои он, ки ба фикрҳои ғамангез ва изтиробомез дода шавад, ба Ту рӯ орад. Ба ман биомӯз, ки маънои ҷанги рӯҳониро фаҳмам, то ки тавонам ошкоро бо ӯ ҳамаи фикрҳо ва ҳиссиётҳояшро муҳокима кунам. Тавре кун, ки мо мушкилиҳои худро ба якдигар ошкоро гуфта тавонем, то душман имконият надош­та бошад байни мо роҳ ёбад, дар муносибатҳои мо харҷу марҷ ва нофаҳмӣ андозад. Ба ман биомӯз, ки ба рафторҳои завҷаи худ дуруст эътино карда тавонам, дар лаҳзаи мухолифат дур нашавам, пуртоқат ва ғамхор бошам. Бигзор дуо ҳамеша на воситаи охирин, балки аксуламали аввалини ман дар ҳолатҳои эҳсосотии ӯ бошад. Ман ҳамаи талаботҳои вайро қонеъ гардонда наметавонам, вале ман медонам, ки Ту метавонӣ. Ман намехоҳам, ки аз вай ва эҳтиёҷотҳои вай дур шавам, вале ман медонам, ки баъзеи онҳоро танҳо Ту пур карда метавонӣ. Вақте ки эҳсосотҳои манфии муайян ба хушбахтии вай таҳдид менамоянд, бигзор вай дар мадди аввал ба Ту муроҷиат намояд, зеро танҳо Ту қудрат дорӣ, ки ӯро аз онҳо наҷот диҳӣ. Худованд, аз Ту хоҳиш мекунам, ӯро «дар паноҳи Рӯҳи Худ пинҳон дор» (ба Заб. 3:21 ниг.). Худованд, ман аз Ту илтиҷо менамоям: ҷони завҷаи маро қувват бахш (ба Заб. 22:3 ниг.), дили шикастаи ӯро шифо бахш ва ҷароҳатҳояшро банд (ба Заб. 146:3 ниг.), то ки ӯ худро дар бехатарӣ ҳиc намояд, ва дар муҳаббати Ту ва муҳаббати ман осоиш ёбад. Вайро аз ҳар гуна тарс, шубҳаҳо ва рӯҳафтодагӣ раҳоӣ деҳ, ва ба вай ақли расо, хурсандӣ ва осоиштагӣ тӯҳфа намо. ОЯТҲО АЗ КАЛОМ, ки қудрат доранд дуои шуморо пуртаъсир гардонанд Бештар аз ҳар чизи ҳифзталаб дили худро маҳфӯз дор, зеро ки зуҳуроти ҳаёт аз он аст. Мас. 4:23 Худованд ҷони бандагони Худро раҳо хоҳад кард, ва ҳеҷ кас аз паноҳбарони Ӯ маҳкум нахоҳад шуд. Заб. 33:23 Худро ба ин дунё ҳамшакл насозед, балки ба воситаи таҷдиди ақлатон шакли тозае ба худ бигиред, то дарк кунед ки иродаи нек, писандида ва комили Худо чист. Рум. 12:2 Фикрҳои ҷисмонӣ мамот аст, аммо фикрҳои рӯҳонӣ ҳаёт ва сулҳу осоиштагӣ… Рум. 8:6 Ҷонҳои худро бо сабри худ наҷот хоҳед дод. Луқ. 21:19 БОБИ ЧОРУМ. МОДАРИИ Ӯ Бо кори мард ҳамааш маълум. Ӯ медонад, ки рӯзи кории ӯ кай сар мешавад ва кай ба охир мерасад. Ӯ медонад, ки кай ва дар чӣ комёб гаштааст ва дар чӣ не. Ӯ ҳамеша дар бораи ҳолати ҳисобҳои худ хабардор аст. Зан, ки машғулияти асосиаш «модарӣ» номида мешавад, дар бораи ин қариб ки чизе намедонад. Ӯ шабу рӯз кор мекунад, рӯзи кории ӯ ба реҷа дароварда нашудааст, ва корҳои ӯ тамом намешаванд. Вай «варақаи корношоямӣ» намегирад, ва агар дам гирифтан хоҳад, наметавонад ҳама корҳо­яшро партояд. Кори ӯ такмилдиҳии баландро талаб мекунад ва ӯро лозим меояд, ки дар асоси хатоҳояш биомӯзад. Ӯ натиҷаи меҳнати худро намебинад, ва ҳатто баъди 25-соли ба ин вазифа таъин гардиданаш ӯ бешубҳа намедонад, ки меҳнати чандинсолаи ӯ то чӣ андоза бомуваффақият хоҳад буд. Ҳарчанд ки мартабаи бузург ҳам дошта бошад, музди меҳнаташ, агар пардохт карда шавад, ночиз аст. Бо занон сӯҳбат карда ман фаҳмидам, ки онҳо модариро (баъди ҳолатҳои рӯҳӣ ва ҳиссиётӣ), яке аз се соҳаи бартаридоштаи ҳаёти худ мешуморанд, ва шавҳарони онҳоро лозим аст, ки дар мадди аввал барои онҳо дуо кунанд. Барои занон вазифаи аз ҳама мушкил дар тарбияи кӯдакон ин зарурати ёфтани роҳи беҳтарин байни ­маҳорати модари хуб ё завҷаи хуб будан, аст. Қариб ҳар як модарро лозим меояд, ки барои ин роҳи беҳтарин ҳар рӯз муҳориба барад. Инро бо овоз иброз медорад ё не, ба ҳар ҳол ӯ худро гунаҳкор ҳис мекунад, ки ба шавҳар ё фарзандон диққати лозимиро дода наметавонад. Ва гап дар сари муқоисаи вақти барои онҳо ҷудо карда нест; зеро одами мустақили баркамолро бо кӯдаке, ки тамоман нотавон аст, муқоиса кардан мумкин нест. Завҷа медонад, ки шавҳараш метавонад либосҳояшро пӯшад, хӯрокашро хӯрад ва ба кор равад. Ӯ қобилияти мустақилона қабул кардани қарорҳоро дорад. Вале ба кӯдакон ӯ ҳамеша зарур аст, зиёда аз ин, ҳар қадаре ки кӯдакон хурд бошанд, ҳамон қадар ба ғамхории модаро бештар эҳтиёҷ доранд. Дар муқоиса бо дигар масъулиятҳо, масъулияти модариро ба дӯши касе бор карда намешавад. Зани шумо ба дуоҳои шумо эҳтиёҷ дорад, ки ба ӯ ёрӣ мерасонанд хушоҳангиро ба даст оранд. Агар ин ба ӯ муяссар гардад, ҳамаи оилаи шумо бурд мекунад, ва бурди калон. Дуоҳои шумо пеш аз он, ки ин меҳнати вазнин барои завҷаатон бори миёншикан гардад, метавонанд вазниниеро, ки дар тарбияи кӯдакон ба дӯши ӯ партофта шудааст, сабук гардонанд. Аз ҳама асосиаш ин аст, ки бо воситаи дуоҳои шумо Худо амал хоҳад кард, ки ба шарофати он тарбияи кӯдакон барои зани шумо машғулияти хурсандиовар мегардад, ва дар дили ӯ осоиштагӣ ҳукмфармо мешавад. Ӯро лозим аст, ки ҳангоми бо кӯдакон машғул будан ҳамеша дар дилаш осоиштагӣ бошад, зеро бе ин ӯ он лаҳзаеро, ки кӯдакон калон шуда хонаро тарк мекунанд, паси сар карда наметавонад. Аз дуоҳои шумо бевосита он чиз вобаста аст, ки ин модарӣ барои ӯ — вазифаи ҳузнангез ва хастакунанда, ё кори хурсандиовари тамоми ҳаёт мегардад. ДАРДИ ЗАНИ БЕФАРЗАНД Дар ҳар як зан хоҳиши ба ҷо овардани вазифаи аз рӯзи таваллуд ба ӯ муқарраршуда мавҷуд аст. Ғайр аз ин, зан барои фарзанд таваллуд кардан офарида шудааст; дастҳо ба зан барои он дода шудаанд, ки кӯдакро доранд, ва агар ин дастон муддати дароз холӣ монанд, он вақт рӯҳи ӯ низ холӣ мешавад. Ҳатто он заноне, ки бо ин ё он сабаб қарор додаанд, ки кӯдак надошта бошанд, ҳар вақт хоҳиши сахте пайдо мекунанд, ки кӯдак­ро ба дасташон гиранд. Дигароне, ки сахт хоҳиши кӯдак доштан доранд, вале аз ин имконият маҳруманд, чунон дардро ҳис мекунанд, ки онро танҳо Худованд бо дастрасонии Худ сабук гардонда метавонад. Дар Навиштаҳо гуфта шудааст: «Батни нозой ҳеҷ гоҳ оромӣ надорад» (ба Мас. 30:15-16 ниг.). Агар завҷаи шумо хоҳад, ки модар шавад, вале наметавонад, аз Худо хоҳиш намоед, ки ӯ тасалло ёбад, ҳатто агар ӯ дар бораи азсаргузарониҳои худ чизе ҳам намегӯяд. Агар шумо бо завҷаатон якҷоя қарор додед, ки фарзанд надошта бошед, ва боварӣ дошта бошед, ки ин ба иродаи Худо мухолифат намекунад, он вақт ҳама корҳо хубанд. Вале агар як нафари шумо фарзанд доштан хоҳад, дигар —не, он вақт шумо дар роҳе меистед, ки ба рӯҳафтодагӣ, бегонагӣ ва, эҳтимол, ба ҷудошавии пурра мебарад. Вале Худо намехоҳад, ки шумо дар ин бора баҳс кунед, аз ин рӯ агар шумо бо завҷаатон ба як қарор омада натавонед, шуморо лозим аст, ки аз самими қалб Худовандро ҷӯё бошед, ва дар бораи он дуо кунед, ки шумо якдигарро фаҳмед ва мувофиқи иродаи Худо қарор қабул карда тавонед. Ҳайратоваранд натиҷаҳои пурсишҳои занон: онҳо нишон медиҳанд, ки яке аз хоҳишҳои зӯртарини занон — ин хоҳиши кӯдак доштан аст. Аз ин рӯ дар дуо аз Худо хоҳиш намоед, ки дар бадани шумо ва завҷаатон тағйиротҳои заруриро ба амал орад, то ки ин масъала пурра ҳалли худро ёбад. Ва таслим нашавед. Ман шахсони зиёдеро медонам, ки солҳои тӯлонӣ дар бораи кӯдакдор шудан дуо кардаанд ва аз Худо ҷавобро ба ин ё он тарзи ғайриоддӣ гирифтаанд. Ин бе дуои самими занон ва шавҳароне, ки аз Худо мӯъҷизаро интизор буданд, имконнопазир мебуд. Одатан мӯъҷизаҳои бузург дар ҳаёти он касоне ба амал меоянд, ки онҳоро аз сидқи дил интизоранд. МОДАРИ КОРГАР Дар дилхоҳ ҳолат аз лаҳзаи таваллуди кӯдак дар завҷаҳои шумо як қатор маҷмӯи гуноҳҳо пайдо мегарданд («Оё ман ҳама кори метавонистагиамро кардам?», «Оё ман барзиёд кӯшиш накардаам?»). Вале агар завҷаи шумо ва модари кӯдаконатон боз дар ягон ҷо кор кунад, ҳисси гунаҳкорӣ ӯро ҳамеша дунболагирӣ менамояд. Аз лаҳзаи таваллуд ё пайдоиши кӯдакон дар ҳаёти ӯ як қисми рӯҳи ӯ ҳамеша бо онҳост. Аз ин сабаб ҷудоии дуру дароз барои ӯ хеле мушкил аст. Надоштани имконияти пешвоз гирифтани кӯдакон аз мактаб, вақте ки онҳо таҳсил мекунанд ва чизеро мефаҳманд — дар паҳлӯи онҳо набудан, вақте ки кӯдак бемор аст — «варақаи корношоямӣ нагирифтан», ё ин ки ҳамроҳи онҳо ба мусобиқаҳои спортӣ, чорабиниҳо, намоишномаҳо, бозиҳо ва походҳо нарафтан, ва дар баробари ин ба ташвиш омадан, ки оё шахсе, ки барои ба фарзанди ӯ ғамхорӣ кардан таъин шудааст, вазифаи худро хуб иҷро мекунад ё не, дар ҳолате, ки медонад, ки ҳеҷ кас ин корро аз ӯ дида беҳтар ба ҷо намеорад — ба модар дардовар буда, дар ӯ ҳисси гунаҳкориро бедор насохта наметавонад. Агар зан ҳарчанд модари хубу вафодор ҳам бошад, ва ҳарчанд аз ӯҳдаи вазифаи тарбияи фарзандон хуб барояд ҳам, ӯ ба дуо эҳтиёҷ дорад, ки боз ҳам модари комилтар гардад. Модарони кор мекарда беандоза ба ин гуна дуоҳо эҳтиёҷ доранд, зеро бори онҳо вазнинтар, ва вақташон камтар аст. Агар зани шумо кор кунад, дар бораи он дуо кунед, ки ӯ бо кӯдакон бештар вақт гузаронад. Аз Худо хоҳиш кунед, ки ба ӯ имконияти кам кор кардан ё ҳатто умуман кор накарданро диҳад; дар бораи он дуо кунед, ки ӯ тавонад пурра аз зулми худмаҳкумкунӣ раҳоӣ ёбад. ПАДАРОН НИЗ ХУДРО ГУНАҲКОР ҲИС МЕКУНАНД Ҳар як марде, ки ман мешиносам, мехоҳад дар ҳаёти кӯдакони худ бештар иштирок намояд ва агар кор бештари вақти ӯро гирад, аз ҳисси гунаҳкорӣ азоб мекашад. Бешубҳа, мард вазифадор аст, ки кор кунад ва оиларо таъмин намояд. Ва ин хеле хуб аст. Ҳарчанд баъзан ҷидду ҷаҳд ва ғамхории мардон дар бораи беҳдошти оила ба таври зарурӣ қадр карда намешавад. Ҷамъият ба мард сахт фишор оварда, ӯро барои ҷидду ҷаҳд ва муваффақият маҷбур месозад, ва агар ӯ муваффақиятро ба даст наорад, сахт рӯҳафтода мегардад ва худро нобарор ва шахсе мешуморад, ки наметавонад сазовори боварии наздикони худ ва дигар одамон бошад. Ин, дар қатори дигар сабабҳо, маро водор сохт, ки китоби «Қудрати зани дуогӯй»-ро нависам, зеро ман медонам, ки чӣ тавр мардон ба дастгирии завҷаҳои худ мӯҳтоҷ ҳастанд. Баъди ҳамаи гуфтаҳои дар боло омада ман мехоҳам шуморо ҳамчун падари хонадон рӯҳбаланд сохта гӯям, ки ҳузури шумо дар хона ҳаётан зарур аст. Ин аз андозае, ки шумо фикр доред, муҳимтар аст. Вақте ки шумо дар хона ҳастед, наздикони шумо худро дар бехатарӣ, дар иҳотаи муҳаббат ва ғамхорӣ ҳис мекунанд. Ва агар шумо боз вақт ёбед, ки бо кӯдакон бошед, ба чашмони онҳо нигаред, бо онҳо дар бораи мушкилиҳояшон сӯҳбат кунед ва онҳоро рӯҳбаланд созед, онҳо худро дӯстдор ва даркорӣ ҳисоб мекунанд. Шумо ба худ тасаввур карда наметавонед, ки иштироки шумо дар ҳаёти онҳо барои фарзандонатон чӣ гуна дастгирии бузург мебошад. Воситае вуҷуд дорад, ки метавонад ба шумо ёрӣ диҳад, ки бо кӯдаконатон наздик шавед, иштирокчии корҳои ҳаррӯзаи онҳо гардед ва дар як вақт эҳтиёҷотҳои онҳоро чӣ тавре, ки мехоҳед, қонеъ гардонед. Ин восита — дуои шумо барои онҳо мебошад. Албатта, дуо муоширати шахсии шуморо бо кӯдакон иваз карда наметавонад, зеро ба кӯдакон падар аз ҳама чиз дида, бештар зарур аст. Ба онҳо инчунин даркор аст, ки шумо якҷоя бо онҳо дуо кунед. Агар ба шумо ба ягон ҷо рафтан лозим ояд, ба ҳар як кӯдак гӯед, ки шумо барои ӯ дуо хоҳед кард ва аз ӯ пурсед, ки оиди кадом масъала дуо кардан лозим аст. Барои ҳар як кӯдаки худ дар давоми рӯз якчанд маротиба дуо кунед, ва онҳо ҳузури шумо ва ҳузури Худоро дар ҳаёти худ ҳис хоҳанд кард. Дар ин қувваи бузурге ниҳон аст. Хеле хуб аст, ки агар шумо барои фарзандонатон якҷоя бо занатон дуо мекунед. Охир гуфта шудааст: «агар ду нафари шумо бар замин дар бораи талабидани ҳар чиз муттафиқ шаванд, аз тарафи Падари Ман, ки дар осмон аст, ба онҳо бахшида хоҳад шуд» (Мат. 18:19). Агар як одам ҳазор нафарро ба гурехтан маҷбур карда тавонад, ва ду нафар — даҳ ҳазорро (ба Так. Шар. 32:30 ниг.), пас ба худ тасаввур кунед, ки дуои якҷояи шумо бо занатон чӣ гуна қудрати бузург дошта метавонад. Аз занатон хоҳиш намоед, ки дар бораи ҳар як фарзандатон чӣ андеша дорад, ба шумо гӯяд, зеро ба ӯ он чӣ ошкор аст, ки шумо дар даву ғеҷҳои зиндагӣ овора шуда, мушоҳида намекунед. Завҷаатон ҳамаи масъалаҳо, тарафҳои заиф ва тарафҳои мусбии онҳоро медонад ва мехоҳад, ки шумо низ онҳоро донед. Фикри он, ки шумо дар бораи фарзандонатон дуо мекунед, ба завҷаи шумо осоиштагӣ ва хурсандӣ меорад. Ҳар қадаре, ки мукофоти амали шумо баланд набошад, вақти дуои барои зану фарзандон сарф кардаатон аз он қиматтар аст. Моҳиятан, он бебаҳост. Барои онҳо дуо карда, шумо ба ояндаи якҷояи худ саҳм мегузоред, зеро шумо дар осмон сарват меғундоред. Дар бораи баҳодиҳии кори завҷаатон, ҳамчун модари фарзандонатон, ман мехоҳам мисраеро аз суруди шавҳарам, ки якҷоя бо Донни Саммер навиштааст, иқтибос орам: «Ӯ бисёр кор мекунад, ва маоши бисёр мегирад, аз ин рӯ ба ӯ бо эҳтиром муносибат кунед». Дуо кунед, дуо кунед, дуо кунед! ЭҲТИЁҶОТҲОИ ЗАВҶAҲO Марҳамат карда дар бораи завҷаи худ дуо кунед, то ки: • Худо дар кори тарбияи фарзандон ӯро роҳбарӣ кунад; • ҳангоми тарбияи кӯдакон пуртоқат бошад; • ҳангоми тарбияи кӯдакон оқил бошад; • ӯ кӯдаконро омӯзад, ки Худовандро бишносанд; • ӯ донад, ки барои ҳар як кӯдак чӣ тавр дуо кунад; • ба кӯдакон омӯзад, ки ӯро гӯш диҳанд ва эҳтиром кунанд; • вақте ки кӯдакони ӯ ба воя расанд, барои ӯ баракат гарданд. ШАҲОДАТИ ШАВҲАРОН Стивен Картис Чапмен — сароянда ва оҳангсоз нақл мекунад. Ӯ ва занаш Мэри Бет 16-сол боз якҷоя зиндагӣ мекунанд ва чор фарзанд доранд. Ҳарчанд дар никоҳи мо қудрати дуо на як бору ду бор зоҳир гардидааст, зуҳуроти аз ҳама ҳайратовари он ду ё се сол пеш рӯй дода буд. Духтари мо Эмили, ки он вақт 13-сола буд, якчанд маротиба ба мо дар бораи хоҳиши доштани хоҳархонд гуфта буд. Ба мо лозим омад ба ӯ фаҳмонем, ки барои ин моро лозим аст духтарчаи хурдеро духтархонд гирем. Ба эҳтиром ва муҳаббати бузурги мо нисбати оилаҳое, ки кӯдакони бегонаро қабул кардаанд, нигоҳ накарда, ба он нигоҳ накарда, ки мо ҳамеша дӯстони наздики худро, ки ба оилаи худ якчанд кӯдакони бегонаро қабул кардаанд, дастгирӣ менамудем, ба ҳар ҳол зани ман ба он боварии қатъӣ дошт, ки нақши мо дар ин кор бояд бо дастгирии дигарон маҳдуд карда шавад. Бо вуҷуди ин, ман кайҳо дар бораи он фикр мекардам, ки муҳаббатеро, ки дар оилаи мо ҳукмрон аст, бо ягон кӯдаке, ки ба ӯ ин муҳаббати оилавӣ намерасад, бо ҳам бинем. Ман бисёр вақт Номаи ҳавворӣ Яъқубро аз назар мегузаронидам, ки дар он моро ба ғамхорӣ кардан дар ҳаққи ятимон ва бевазанон даъват мекунад, ва дар бораи он фикр мекардам, ки орзӯи ман амалӣ мегардад ё не. Баҳори соли 1999 аз ман хоҳиш карданд, дар як ҷашни хайриявӣ суруд хонам, ки пули он ба шӯъбаи кор бо писархондҳо гузаронида мешуд. Мо дар ҳайати ин шӯъба якчанд сол инҷониб фаъолона иштирок мекардем. Эмили ҳамроҳи ман буд, Мэри бошад, ҳамон бегоҳ бо корҳои писаронамон банд буд ва омада натавонист. Ҳамон бегоҳ Эмили як гала китобҳои ҳархеларо дар мавзӯи писархондкунӣ бардошта овард ва гуфт, ки дар Хитой оилаҳои хоҳишманди кӯда­конро ба писархондӣ қабул кардан хеле каманд. Пештар Мэри ваъда дод, ки ҳар он чизе, ки Эмили оиди ин масъала биёрад, мехонад, вале зани ман мефаҳмонд, ки ин машғулият ба вай маъқул нест. Дар он вақт мо ба дуокунӣ сар кардем. Мо якчанд муддат дуо кардем, вале гуфтан лозим аст, ки иштирокчиёни фаъоли ин ману Эмили будем. Ман хуб мефаҳмидам, ки ба тайёрии пурра ва хоҳиши амалкунӣ доштани ман нигоҳ накарда, мудохилаи Худо лозим аст, ки қобилияти тағйир додани дили Мэри, ва пур сохтани он бо осоиштагӣ ва хоҳиши ба ҷо овардани ин иқдомро дорад. Худи Мэри беш аз ҳама аз он метарсид, ки ба ӯ муҳаббат ва дилсӯзӣ намерасад, ӯ наметавонад кӯдаки қабулкардаро чун се фарзанди худ дӯст дорад. Чӣ хел ӯ бo ин мухолифат мубориза барад, ва oё қарори мо дар бораи фарзандхон кардани кӯдак дуруст аст ё не? Мэри мегуфт: «Ман наметавонам парпечи ҷияни худамро иваз намоям. Аз кӯдаки худам бошад, ин гапи дигар. Ва агар рафту ин бо кӯдаки қабулкардаам ба амал ояд?» Ҳатто вақте ки мо ҳуҷҷат­ҳоро тахт мекардем ва субботкорона ба мақсад наздик мешудем, ӯ шабонаҳо гиря мекард ва такрор мекард, ки ба тайёр будани худ ба чунин иқдом боварӣ надорад. Вале мо бо Эмили дуо карданро давом медодем. Одатан, ман ин тавр дуо мекардам: «Падари Осмонӣ, Ту медонӣ, ки мо дар ҳаёти худ бисёр беақлиҳо кардем, ва, шояд, ин аз ҳама бузургтарин бошад. Дар ман чунин таассуроте пайдо мешавад, ки гӯё Ту дар роҳи мо чизе бино мекунӣ, ва ман намехоҳам аз паҳлӯи он чизе гузарам, ки Ту дар фикри комили Худ барои мо муҳайё намудаӣ. Вале агар оиди гирифтани писархонд иродаи Ту бошад, онро ба Мэри кушо ва ба ӯ ёрӣ деҳ, ки онро қабул кунад. Ман набояд ба ӯ фишор оварам. Ӯ муносибати маро медонад ва ман ҳамаашро ба дасти Ту месупорам. Агар ин барои мо набошад, мо розӣ ҳастем, ки розӣ шавем. Хоҳишмандам, бигзор ҳама чиз мувофиқи иродаи Ту ба амал ояд». Ва Худо кор мекард. Ягон вақт мо китоб менависем ва муфассал дар бораи ҳамаи ин нақл хоҳем кард, вале ҳозир пеш гузашта мегӯям, ки 16 марти соли 2001 Эмили, Кейлеб, Уилл Франклин ва ман шоҳидони мӯъҷизаи ҳақиқӣ шудем: вақте ки лӯлапечи бебаҳо бо номи Шаоханна бори нахуст ба дасти Мэри гузашт, дар чашмони ӯ ҳатто сояи шубҳае набуд, ки ин духтари ӯ аст. Ман боварӣ дорам, ки дар ин лаҳза Мэри Бет аллакай тайёр буд, ки барои Шаоханна ҷони худро диҳад, чӣ хеле ки ин корро барои фарзандони худ мекард. Мэри худаш ба шумо мегӯяд, ки ба ӯ ҳозир бовар кардан ба он, ки як вақтҳо аз даҳони ӯ суханони шубҳанок мебаромаданд, чи тавр душвор аст. Бале, Худованд кореро кард, ки танҳо Ӯ ба ҷо оварда метавонад, ва мо барои ин аз Ӯ хеле миннатдор ҳастем. Ва медонед, ки боз чӣ аҷоиб аст? Дар бораи парпечҳо ҳатто гапе набуд! Дуо Худованд, аз Ту хоҳиш менамоям: ба завҷаи ман (номи завҷа) ёрӣ деҳ, ки барои фарзандонамон модари комил гардад. Барои ин ба ӯ қувват деҳ ва фаҳмидани онро омӯз, ки бо мадади Масеҳ, ки ӯро қувват мебахшад, ҳама кор аз дасташ меояд (ба Фил. 4:13 ниг.). Ба ӯ пуртоқатӣ, меҳрубонӣ, боназокатӣ ва ақли расо деҳ. Нутқи ӯро таҳти назорат бигир, то ки суханони ӯ бунёд созанд, на вайрон, ҳаёт бахшанд, на марг. Ҳангоми қабули қарор нисбати ҳар як кӯдак ба ӯ роҳбарӣ кун. Бо қудрате, ки ба ман ҳамчун имондор, ҳамчун шавҳар ва ҳамчун падар дода шудааст, ман ҳама гуна мухолифат ва беитоатиро дар дили фарзандонамон вайрон мекунам (ба Луқ. 10:19 ниг.). Аз ҷумла, ман барои (номи кӯдак) дуо мекунам ва аз Ту хоҳиш мекунам, ки (эҳтиёҷоти аниқи кӯдакро номбар кунед) … қаноатманд гардонӣ. Худованд, ман медонам, ки бе иштироки Ту мо наметавонем кӯдакони худро дуруст тарбия намоем. Аз ин рӯ аз Ту хоҳиш мекунам: ин борро аз дӯши мо бардор ва дар тарбияи фарзандон ёрдамчии мо бош. Ба ману занам пуртоқатӣ, қувват ва хирадмандӣ ато намо, то ки кӯдаконро омӯзонем, бомаърифат гардонем, ба тартибот одат кунонем ва дар бораи ҳар кадоми онҳо ғамхорӣ намоем. Ба мо омӯз, ки эҳтиёҷоти ҳар як кӯдакро фаҳмем ва онро қонеъ гардонем. Ба мо фаҳмиши онро деҳ, ки мо ба хонаамон бо воситаи телевизор, китобҳо, филмҳо, бозиҳои видео, маҷаллаҳо ва Интернет чиро роҳ медиҳем. Ба мо рӯъё ва қобилияти дидани онро деҳ, ки мо бояд бинем. Иродаи Худро нисбати ҳар як кӯдак ва дастовардҳои минбаъдаи ӯ ба мо кушо. Ба мо биомӯз, ки роҳи беҳтаринро байни ғамхории зиёдатӣ ва розигии барвақт барои мустақилона зиндагӣ кардани кӯдаконро фаҳмем. Агар мо, одамони осӣ, дар бораи фарзандони худ ғамхорӣ карданро донем, пас Ту, Падари Осмонии мо, ба мо ҳар файзеро, ки аз Ту хоҳиш намоем, дода метавонӣ (ба Мат. 7:11 ниг.). Аз ин рӯ ман аз Ту барои фарзандонамон бахшоишҳо: ақл, қувва, қобилият ва хирадмандиро хоҳонам. Онҳоро аз ҳар гуна ҳодисаҳои нохуш, беморӣ ва таъсирҳои бад нигаҳбон шав. Бигзор ҳеҷ гоҳ ягон нақшаи душман дар ҳаёти онҳо амалӣ нагардад. Ба мо ёрӣ деҳ, ки кӯдаконро дар итоаткорӣ ва ҳурмат кардани мо тарбия намоем, то ки ҳамеша хоҳиши пайравӣ кардани Ту ва шунидани суханони Туро дошта бошанд. Ман дар бораи он илтиҷо мекунам, ки завҷаи ман ҳамеша чун модар қаноатманд бошад ва ҳеҷ гоҳ дар бораи он фаромӯш накунад, ки ӯ дар Исои Масеҳ кӣ аст. ОЯТҲО АЗ КАЛОМ, ки қудрат доранд дуои шуморо пуртаъсир гардонанд Фарзандони вай бархоста, ба вай аҳсан мегӯянд, шавҳари вай низ варо ситоиш мекунад… Мас. 31:28 Инак, фарзандон мерос аз ҷониби Худованд ҳастанд; самарии батн муздест аз ҷониби Ӯ. Заб. 126:3 Бар абас онҳо меҳнат нахоҳанд кард, ва барои изтироб нахоҳанд зоид, зеро ки онҳо, ва зурёташон бо онҳо, насли мубораки Худованд мебошанд. Иш. 65:23 …ба ҳузури Худованд дили худро мисли об рехта холӣ кун; дастҳои худро дар бораи ҷони кӯдаконат… сӯи Ӯ боло бардор. Нав. 2:19 Барои ҳамин писар дуо гуфта будам, ва Худованд хоҳиши маро, ки аз Ӯ хоҳиш карда будам, ба ман ато фармуд. 1 Подш. 1:27 БОБИ ПАНҶУМ. ҲОЛАТИ Ӯ Ман медонам, ки ҳозир шумо дар бораи чӣ фикр кардед: «Барои чӣ Сторми ин мавзӯъро дар боби «Эҳсосотҳои ӯ» ҷой надодааст?» Ман инро барои он накардам, ки боби ба эҳсосотҳо бахшида шуда хусусияти аз ҳад зиёд аниқ дорад. Эҳсосотҳо мусбӣ ё манфӣ буда метавонанд. Ҳолатеро, ки дар ин ҷо сухан дар бораи он меравад, тавсиф додан мушкилтар аст. Онҳо бо душворӣ ба монандкунӣ ва таҳлил дода мешаванд. Баъзан онҳо то андозае норавшан, ногаҳонӣ ва бемантиқанд, ки бисёри мардон ҳатто намехоҳанд ба ин муҳити асрорангез афтанд ва зиёда аз ин, пурсуҷӯ карда, таги гапро фаҳманд. Бо вуҷуди ин, ман кӯшиш мекунам, ки шарҳи ҳолати занонро ба шумо фаҳмонам ва умедворам, ки ин ба шумо ёрӣ медиҳад, ки баъзе чизҳоро фаҳмед ва ҳатто, эҳтимол, ин барои шумо аҳамияти муайян хоҳад дошт. Пеш аз ҳама онро дар хотир доштан лозим аст, ки дар ақл ва дили занон ҳамеша як раванде шуда мегузарад, ки барои шавҳари бегумон ва одамони гирду атроф нофаҳмост. Гап дар он аст, ки ҳама ҷузъиётҳои ҳаёти занон — ташвишҳо, тарсҳо, тағйиротҳои заминаи гормонӣ, машғулиятҳо, ёдоваршавӣ дар бораи озорҳои пештара, фикр дар бораи он, ки ӯ шаби гузашта чанд соат хобидааст, нақ­шаҳои иблис ва ҳатто ороиши мӯи сар — ногузир диққати ӯро банд менамоянд. Баъзан, вақте ки ҳамаи ин дар як вақт ба сараш меборанд, ӯ бардошт намекунанд. Фарқ надорад, ки якчанд лаҳза пеш чӣ шуда гузашта буд, муҳим нест, ки шумо бо ӯ бори охир дар бораи чӣ сӯҳбат карда будед, зеро он он вақт буд. Вале ин ҳоло шуда мегузарад. Шояд шумо ҳоло ба ҳайрат афтода бошед, зеро ба шумо ҳеҷ гоҳ дар бораи чунин чизҳо нагуфта буданд. Вале оиди ин масъала андӯҳгин нашавед, зани шумо низ ба монанди шумо ҳодисаи шудаистодаро намефаҳмад. Кӯшиш кунед фаҳмед: шумо ҳамчун мард фаҳмиши оддии талаботҳоро доред — хӯрок, шаҳват, муваффақият, обрӯ ва фароғат. Дар муқоиса бо шумо занатон — шахси каме мураккабтар аст. Талаботҳои ӯ то андозае бемисланд, ки ҳатто худи ӯ қобилияти фаҳмондани табиати онҳоро надорад. Танҳо Худо, Офаридгори ӯ, метавонад ба ин сарфаҳм равад. Барои мисол, силсилаи ҳайз ба ҳолати рӯҳии зан таъсири бузург мерасонад. Ҳисси эҳсосотии ӯ пеш аз саршавии ҳайз шадид мегардад ва дар давоми ин рӯзҳои бӯҳрон бетағйир мемонад ва боз якчанд вақт баъди анҷоми он боқӣ хоҳад монд. Дар миёнаи моҳ, на зиёда аз се рӯзи мусоид боқӣ мемонад, ки дар он вақт зан дар ҳолати мувозинати рӯҳӣ қарор мегирад, ва дар яке аз ин рӯзҳо дар зан ихроҷи тухма ба амал меояд, ҳамин тариқ танҳо фаҳмед, ки шуморо дар ин рӯз чӣ интизор аст. Пас, ҳамагӣ ду рӯз мемонад, ки дар давоми он мард метавонад худро дар бехатарии пурра ҳис намояд. Ғайр аз ин, агар зан стрессро аз cар гузаронад; агар шавҳари ӯ чунон банд бошад, ки барои ӯ вақт наёбад; агар синни ӯ аз сӣ гузашта бошад, ва дар ӯ эҳсосоте пайдо шавад, ки ҳаёти ӯ пеш аз амалӣ гаштани нақшаҳояш ба охир мерасад; агар кӯдакони ӯ ҳанӯз хурд бошанд ва ҳамеша ба ӯ эҳтиёҷ дошта бошанд; aгар фарзандони ӯ ба камол расида бошанд ва дигар ба ӯ эҳтиёҷ надошта бошанд; агар ӯ одами эҷодкор бошад ва имконияти баён кардани онро надошта бошад; агар ӯ фарбеҳ шавад; агар иблис ба ӯ талқин кунад, ки ҳаёти ӯ бемаънӣ аст, — пас он вақт ҳама чиз дар атрофи зан ба коми рӯҳафтодагӣ фурӯ меравад. Чунин менамояд, ки ягон чизро дар ин ҳолат ислоҳ кардан имконнопазир мебошад. Агар шумо ягон вақт мушоҳида кунед, ки завҷаатон дар чунин ҳолат қарор дорад, беҳтараш напурсед, ки: «Ба ту имрӯз чӣ шудааст?» Аз дуо сар кунед: «Худованд, ба ман бикшо, ки бо завҷаи ман чӣ шуда истодааст, ва ба ман биомӯз, ки дуруст рафтор намоям». Баъд аз завҷаатон пурсед: «Ба ман бигӯ, ки дар каллачаи зебои ту чӣ шуда мегузарад?» Эҳтимол, ӯ ҳатто наметавонад моҳияти масъалаи худро аниқ ифода кунад, ки дар бораи он шумо танҳо сарфаҳм меравед, вале барои ӯ аз ҳама муҳимаш он аст, ки шумо ӯро гӯш мекунед. Агар завҷаатон гӯяд, ки ӯ хеле бадафт аст, ва намефаҳмад, ки шумо дар ӯ чӣ чизи ҷолиби диққатро дидаед, бо ин розӣ нашавед. Агар ӯ гӯяд, ки фаромӯш накардааст, ки шумо чӣ тавр ӯро фиреб додаед, худро ҳақ набароред. Агар ӯ ба шумо орзӯи ниҳонии дили худро, мисли ба ягон ҷои дур гурехтан ё касеро куштан, бо ҳам бинад, ӯро ба оғӯш гиред ва пурсед: «Оё ман метавонам ба ту ёрӣ диҳам, ки машғулияти беҳтареро ёбӣ?» Дар баробари ин кӯшиш кунед, ки рӯи худро ба дигар тараф нагардонед, ба соат ё пулти телевизор нигоҳ накунед, рӯзномаи дар наздатон буда ё варақҳои кориро аз назар нагузаронед. Ва аз ҳама асосӣ — кӯшиш кунед, ки дар ин лаҳза дар бораи он чӣ, ки шумо муҳимтар мешуморед, фикр накунед. Занон қобилияти махсуси ин фикрҳоро аз масофаи панҷоҳ метр фаҳмидан доранд. Ман мехоҳам ба шумо як маслиҳат диҳам, ки, умедворам, ба шумо ёрӣ медиҳад аз ин оби пуртуғён гузаред. Мехоҳам ба шумо якчанд ибораҳои фоидаовар ва ҳамеша пуртаъсирро пешкаш намоям. Шумо метавонед онҳоро ба завҷаи худ бо дилхоҳ пай дар пайӣ гӯед, вале баъди ин барои завҷаатон дуо карданро фаромӯш накунед. Ана ин ибораҳо: 1. «Ман туро дӯст медорам». 2. «Ту зани зеботарини рӯи замин ҳастӣ». 3. «Вақте, ки табъат хира аст, ту хеле зебо менамоӣ» (шояд ба ҷои «табъи хира» калимаи «ғамгин» хубтар рост ояд). 4. «Ба ман бигӯ, ки туро чӣ азоб медиҳад, ман ваъда медиҳам, ки ба ғазаб намеоям». 5. «Ба ман бигӯ, ки ман туро чӣ хел фиреб додам». 6. «Ман чӣ кор кунам, ки ту тасаллӣ ёбӣ?» 7. «Ту аз хоб сер кардӣ?» 8. «Худи ҳозир ту чӣ мехостӣ?» 9. «Ман ҳама чизро намедонам. Вале Худо медонад». 10. «Мехоҳӣ, дар ин бора якҷоя дуо мекунем?» Ҳамаи ин, аз он ҷумлa дуо, на зиёда аз понздаҳ дақиқаи диққати шуморо талаб менамояд, вале дар ин вақт ҳамаи қувваҳое, ки ба муқобили завҷаи шумо нигаронида шудаанд, пароканда хоҳанд шуд. Магар чунин дастоварди бузург ба чунин як сарфи ночизи вақт намеарзад? Ба ҳар ҳол, ба занатон додани ин савол хуб нест: «Чӣ, магар боз рӯзҳои мушкилии ту расидаанд?» Ӯ намехоҳад, ки азобҳои ӯ чунин содда қабул карда шаванд. Вале ҳатто агар маҳз ҳамин рӯзҳо сабаби асосии табъи гирифтаи ӯ бошанд ҳам, ин лаҳза ӯ қобилияти фаҳмидани oнро надорад. Ва ба ин диққати махсус додан лозим нест, — ин бефоида аст. То вақте ки шумо кӯшиши фаҳмидани масъалаҳои ҳалталаби занатонро мекунед, ӯ албатта ба шумо дар бораи ягон хоҳиши ниҳонии дили худ мегӯяд — ин метавонад хоҳиши алоқаи маҳрамона бошад, ё хоҳиши фаҳмида ва сазовор қадр шудан, ва ё хоҳише бошад, ки танҳо суханони «ҳамааш хуб мешавад»-ро шунавад. Аз Худо хоҳиш намоед дар фаҳмидани он ба шумо ёрӣ расонад, ки завҷаи шумо чӣ мехоҳад, ва ба шумо нишон диҳад, ки чӣ тавр дуо кардан лозим аст. ЭҲТИЁҶОТҲОИ ЗАВҶAҲO Марҳамат карда дар бораи он дуо кунед, ки: • зани шумо осоиштагии Худоро ба даст орад; • ӯ аз табъи хирааш азоб накашад; • заминаҳои гормонии ӯ ҳамеша ба ҷо бошанд; • ӯ ҳамеша ҳиссиётҳои худро дар ҳузури шумо баён созад; • ӯ бовар кунад, ки шумо ӯро дӯст медоред; • шумо ҳамеша ӯро бодиққат гӯш кунед; • ҳамсари шумо ҳамеша ба Худо умед бандад. ШАҲОДАТИ ШАВҲАРОН Майкл Хэрритон — оҳангсоз, нақл мекунад. Ӯ бо занаш Терри 23-сол боз якҷоя зиндагӣ мекунанд ва се фарзанди баркамол доранд. Мардон, вақте ки завҷаи шумо «Ба ман даст нарасон!» — гуфта баланд фарёд мезанад ва ба ҷогаҳ даромада дар соати ҳафти бегоҳ чароғро хомӯш мекунад, ин маъно дорад: «Маро тарк накун. Наздам биё. Маро наҷот деҳ. Ба ман ёрӣ деҳ!» Вақте шумо мехоҳед ӯро ба оғӯш гиред, ва ӯ дастатонро тела медиҳад, ин маъно дорад: «Хоҳишмандам, инро боз як бори дигар такрор кун. Ин ба ман даркор аст. Маро ёб ва аз рӯҳафтодагиҳо наҷот деҳ». Завҷаи ман зани зебо ва қобилиятнок аст, дар ҳама кор ба ман дасти ёрӣ дароз мекунад, сабтҳои студиягӣ мекунад, дарси тарбияи овозро медиҳад, вазифаи хаткашони маро ба ҷо меорад, хӯрокҳои болаззат тайёр мекунад, корҳои хонагиро ба ҷо меорад, бо мизоҷони ман машғул мешавад, дар калисо хизматгузорӣ ба ҷо меорад ва дар як вақт ӯҳдабароёна метавонад орзӯи дили ман бошад! Вале рӯзҳое мешаванд, ки гирдоби эҳсосотҳо ӯро ба ком мекашанд. Одатан дар ин ман айби худро мебинам. Ман баъзан метавонам ба ӯ барои он дарафтам, ки дар ҷевон ба ҷои ду ҷуфти ҷуробҳои дӯстдоштаам танҳо яктои онҳоро меёбам. Дар чунин рӯзҳо завҷаи ман мехоҳад аз хона гурезад, ё рафта дар сирк кор кунад, ё номи худро дар дастаи кайҳоннавардон нависонад, ё ин ки ба яке аз ҷазираҳои беодам чиптаи яктарафа харад, то ки ба ғазаби ман дучор нагардад. Ӯ худаш дар ин бора ба ман иқрор шуд. Дар яке аз чунин рӯзҳо ман ба ӯ даст расондам, ӯ бошад, аз ман чун аз махавӣ нохост худро ақиб кашид. Ман бори дуюм кӯшиш кардам, боз бенатиҷа (наход ба занон дар ягон ҷо инро махсус таълим медода бошанд?). Ниҳоят ӯ гуфт: «Ман БАДафт ҳастам, ман НОқобил, ман ба ҲЕҶ ЧИЗ кор намеоям, ман ба ҳеҷ кас даркор нестам, ва барои ман ДАР ЯГОН ҶО ҶОЙ НЕСТ! Ман — шахси нобарор ҳастам. Ту дар ман чӣ дидаӣ?» Мардҳо, бигзор ин саволи начандон осон шуморо хиҷил нагардонад — тамоми ҷидду ҷаҳдро ба он истифода баред, ки ҳамааш ба хубӣ анҷом ёбад. Шояд завҷаи шумо мехоҳад шуморо озмояд. Шумо бояд аз ин санҷиш гузаред, беобуранг ҳамаи ҷиҳатҳои хуби ӯро гӯед. Агар ман ба ин восита бо миқдори зарурии пушаймонӣ ва бахшишпурсӣ рӯ орам, он бетаваққуф амал мекунад. Дуо Худованд, ман барои завҷаи худ (номи завҷа) дуо мекунам, ва аз Ту хоҳиш менамоям, ки рӯҳи ӯро ором кун, ба ӯ худи ҳозир тасаллӣ ва оромӣ бахш. Овози душманро хомӯш гардон, ки мехоҳад ӯро ба доми дурӯғ кашад. Ба ӯ омӯз, ки ҳар як фикри худро дар итоаткорӣ ба Ту мутеъ гардонида тавонад (ба 2 Қӯр. 10:15 ниг.). Ба ӯ ҳар як дурӯғеро ошкор соз, ки ба ақли ӯ роҳ ёфтан мехоҳад, ва ӯро ба роҳи ҳақиқат баргардон. Ба ӯ ёрӣ деҳ, ки танҳо овози Туро шунавад. Ӯро бо Рӯҳулқудс пур соз, ва аз ҳаёти ӯ ҳар он чизеро дур соз, ки аз Ту нест. Дар организми ӯ ҳамаи равандҳоро ба тартиб дарор, ки он ҳамеша дар ҳолати баробарвазнӣ бошад. Новобаста аз шароитҳои беруна ба ӯ оромии ботинӣ бубахш. Ба ӯ омӯз чизҳоро чуноне бинад, ки Ту мебинӣ, то ки ӯ тавонад ба таври мувофиқ ҳама гуна манфиатҳоро дар ҳаёти худ баҳо диҳад. Ба тарсу шубҳаҳо роҳ надеҳ, ки бар ӯ ғолиб оянд. Ба ӯ асли корро нишон деҳ ва омӯз, ки чизи муҳимро аз камаҳaмият фарқ карда тавонад. Ба ӯ омӯз, ки ҷавобҳои Туро ба дуоҳои худ бубинад. Ба ман кӯмак кун, ки ман муҳаббати худро тавре изҳор намоям, ки завҷаи ман дар ин бора ҳамеша донад. Худованд, ман медонам, ки Ту «маро ба осоиштагӣ даъват намудаӣ» (ба 1 Қӯр. 7:15 ниг.). Ба ҳар дуи мо биомӯз, ки ин даъватро шунида тавонем, ва дар осоиштагие зиндагӣ кунем, ки аз ҳар гуна ақлҳо болотар аст. Ман ба завҷаам мегӯям: «Бигзор дар дили ту осоиштагии Худо ҳукмфармо бошад» (ба Қӯл. 3:15 ниг.), ва бигзор ту ба Ӯ шукргузор бошӣ». ОЯТҲО АЗ КАЛОМ, ки қудрат доранд дуои шуморо пуртаъсир гардонанд Зеро ки Худованд чунин мегӯяд: инак, Ман осоиштагиро мисли наҳр… сӯи он равон мекунам… Иш. 66:12 Балки ҷонамро ором ва сокит мекунам… Заб. 130:2 …Бо ҳамаи онҳое ки Худовандро аз самими қалб мехонанд, аз паи адолат, имон, муҳаббат ва осоиштагӣ бирав. 2 Тим. 2:22 …Бегоҳӣ гиря маскан мегирад, валекин пагоҳӣ — шодмонӣ. Заб. 29:6 …Ва осоиштагии Худо, ки аз ҳар хирад болотар аст, дилҳои шумо ва фикрҳои шуморо дар Исои Масеҳ нигоҳ хоҳад дошт. Фил. 4: 7 БОБИ ШАШУМ. НИКОҲИ Ӯ То синни ҳаштсолагӣ ман дар ферма зиндагӣ кардам, ки дар он ҷо чорво парвариш мекардем. Мо худамон оилаамонро пурра таъмин менамудем. Боре зимистон, ки ман ҳанӯз нуҳсола нашуда будам, бӯрон тамоми чорвои моро нобуд кард, ва соли оянда бошад жола тамоми ҳосили моро барҳам дод. Мо муфлис гардида будем. Охирҳои тобистон падарам гуфт, ки кори ферма бениҳоят вазнин аст, ва мо ба шаҳр кӯчидем, ки ҳаёти осонтарро ваъда мекард. Дар ферма зиндагӣ карда ман фаҳмидам: боғе, ки аз он зиндагии ту вобаста аст, чӣ қадар нигaҳбонии ҷиддиро талаб менамояд, ва агар ҳосил хуб нашавад, ҳама кор тамом. Ман фаҳмидам: агар шумо хоҳед, ки дар боғатон ягон чиз сабзад, дар мадди аввал бояд дар бораи замини он ғамхорӣ намоед. Чи хеле, ки хонаро бе таҳкурсӣ бино карда намешавад, ҳамон хел бе хоки хуб нури дода нашуда боғи серҳосил парвариш кардан номумкин аст. Баъд тухмии хуб захира кардан даркор аст. Шумо бояд аз болои он назорат кунед, ки чӣ мешинонед, зеро тақдири ҳосили шумо аз интихоби тухмии ҷудо кардаатон вобастагӣ дорад. Баъди шинонидани тухмӣ ҷӯякҳоро ғамхорона об додан даркор аст ва баъд бодиққат алафҳои бегонаро аз атрофи навдаҳои баромада хишова кардан лозим меояд; бодиққат аз болои он назорат кардан даркор аст, ки ҳашаротҳои зараррасон, ҳавои бад ё дигар шароитҳо онҳоро нобуд насозанд. Ҳаёти оилавии шумо монанди ин боғ аст. Хоки он бо дуо нурӣ дода шуда тайёр карда мешавад ва баъд тухмиҳои даркорӣ — тухми муҳаббат, садоқат, эҳтиром, ғамхорӣ ва муошират корида мешавад. ТУХМИ МУҲАББАТ Тухми муҳаббатро шинондан аз ҳама осон аст ва самараҳои он қариб ки ҳамон замон пайдо мегарданд. Агар тухми муҳаббат аз тарафи ҳамсарон шинонда шавад, пас дар дили мо самараҳои он: умедворӣ, осоиштагӣ ва хушбахтӣ пайдо мегарданд. Ин ба мо қуд­рат медиҳад, ки ҷасурона ба тарсҳо, нобарориҳо ва хатоҳо нигоҳ кунем. Ин самараҳо ба мо ёрӣ медиҳанд, ки ҳамаи монеаҳоро дар ҳаёт бартараф намоем. Бешубҳа, аз боғ ҳама чизҳои зиёдатиро нест кардан даркор аст. Кандани алафҳои бегона — барои боғпарвар дилхушӣ набуда, яке аз вазифаҳои асосии ӯ мебошад. Агар дар боғи оилавии шумо алафҳои бегонаи озор, душманӣ, нофаҳмӣ, танқид, худпарастӣ ва ғазаб рӯида бошанд, он вақт ба зудӣ онҳо ҳамаи растаниҳои фоидаоварро «буғӣ» мекунанд. Агар дар боғи мо тухми адоват корида шуда бошад, мо пажмурда мегардем ва оҳиста-оҳиста мемирем. Баъзан чунин мешавад: боғ зебо менамояд, вале растаниҳои он аз дарун мурдаанду танҳо ба замин нағалтидаанд. Дар иттифоқи ҳамсарӣ айнан чунин шуданаш мумкин аст. Аз зоҳир онҳо пурра шоиста менамоянд, вале аз ботин мурдаанд. Ин ба фикри Худо мувофиқат намекунад, ва албатта Худоро ҷалол намедиҳад. Агар дар ҳаёти шумо чунин муҳаббате набошад, ки ба шумо файз бахшад ва шуморо он офаридаи Худо гардонад, ки Ӯ дидан мехоҳад, ин маъно дорад, ки вақти он расидааст, ки вуҷуд доштани худпарастӣ, тарс, худсарӣ ё дигар дилхоҳ алафҳои бегонаи ҷисмро дар муносибатҳоятон дида бароед, ки мехоҳанд шуморо буғӣ созанд. Агар дар никоҳи шумо масъалаи ҷиддӣ вуҷуд дошта бошад, донед, ки Худо метавонад аз рӯи дуоҳои шумо мӯъҷиза офарад. Ӯ метавонад аз бех гуноҳро решакан намояд ва муҳаббати мурдаро зинда гардонад, ва онро на танҳо инкишофёбанда, балки ба дарахти сергул табдил диҳад. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Муҳаббати шумо бигзор бе риёкорӣ бошад; аз бадӣ нафрат кунед, ба некӣ бичаспед…» (ба Рум. 12:9). Бо тамоми дилу ҷон ба он чизҳои хуб часпед, ки дар никоҳатон вуҷуд дорад. Он чизеро, ки иблис мехоҳад дар боғи шумо шинонад, инкор кунед. Аз Худо хоҳиш намоед, ки ба шумо кишт кардани тухми нави муҳаббати бешартро омӯзонад (қитъаи замини боғро ҳар сол аз нав кишт кардан тавсия карда мешавад). Дар натиҷаи нигоҳубини ғамхорона тухмиҳои муҳаббат ҳосили хеле фаровон медиҳанд. ТУХМИ САДОҚАТ Барои он ки боғи мо чарогоҳи ҳайвонҳои гурусна нагардад, моро лозим аст онро бо девори мустаҳкаме маҳкам кунем, ки барои ба боғ даромадани онҳо халал расонад. Никоҳи мо ба чунин муҳофизат эҳтиёҷ дорад. Агар мо сарҳадҳои онҳоро муҳофизат накунем, он вақт албатта, чизе аз он дуздида мешавад. Бисёр вақт одамон бо никоҳи худ беэҳтиётона рафтор намуда, берун аз ҳудуди сарҳади худ тухмиҳо мекоранд, ва бо ин диққати махлуқҳои гуногуни гуруснаро ба худ ҷалб мекунанд. Ин махлуқон дар девори муҳофизатии мо ҷои заиф ва фарсудагаштаро меҷӯянд, ки кайҳо боз таъмирро надидааст, то ин ки ба дарун дароянд. Вақте ки мо тухми бевафоиро мекорем, мо деворро вайрон сохта, ба махлуқони ғайр имконияти ба боғ даромаданро медиҳем. Яке аз дугонаҳои азизи ман, ки масеҳӣ аст, шавҳаре дошт, ки берун аз ҳудуди боғи ҳамсариашон тухми бевафоиро кишт мекард. Ин диққати як махлуқи дайдуи гуруснаеро аз ҷинси зан ба худ кашид, ки хоҳиши ба даст овардани тамоми боғро кард. Ин мард якҷоя бо шарикаш дар сарҳади бегона тухмиҳо коштанд, тухмиҳои алафи бегона, ки аз он ҳеҷ чизи хубро чашмдор шудан мумкин набуд. Дар натиҷа, на як, балки ду боғи ҳамсарӣ хароб гардид. Ҳар кадоми мо васвасаеро аз сар мегазаронад, ки берун аз ҳудуди боғи худ дона шинонад, вале ҳар касе, ки ба ин хоҳиш мухолифат мекунад, ва бошуурона тухми садоқатро кишт мекунад, ҳосили фаровон меғундорад. Ҳатто агар никоҳи шумо дар таърихи ҷаҳон аз ҳама беҳтарин бошад ҳам, душман кӯшиш мекунад, ки девори онро рахна кунад ва хароб гардонад. Иблис ҳамеша дилхоҳ имконият­ҳоро истифода мебарад, ки барои яке аз шумо дом гузорад. Аз ин рӯ хоки боғи никоҳи шумо ҳамеша ба таъсири файзбахши дуо эҳтиёҷ дорад. Агар мо фикр кунем, ки никоҳи мо то андозае мустаҳкам аст, ки ба дуо эҳтиёҷ надорад, мо фиреб мехӯрем. Китоби Муқаддас огоҳ мекунад: «Бинобар ин ҳар кӣ гумон мекунад ки рост истодааст, эҳтиёт кунад ки наафтад» (1 Қӯр. 10:12). Дар дуо аз Худо хоҳиш намоед, ки ба шумо ва завҷаатон рухсат надиҳад, ки он тухмиҳоеро шинонед, ки дар натиҷа пушаймон шавед. Аз Ӯ хоҳиш кунед, ки ба шумо коштани тухмии садоқат ва бардоштани девори мустаҳкамеро дар гирди боғатон омӯзонад, ки ҳамаи ҳамсояҳо ҳасад баранд. ТУХМИ ЭҲТИРОМ Яке аз сабабҳои асосии никоҳи бебарор — эътино накардани ҳамсарон ба манфиатҳои якдигар мебошад. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Ҳеҷ кас нафъи худро толиб набошад, балки нафъи дигаронро» (1 Қӯр. 10:24). Вақте ки мо дар никоҳи худ тухми беэҳтиромиро мекорем, мо манфиатҳои ҳамсари худро ҷӯё намешавем, ва аз ин рӯ меваҳои андӯҳ ва душманиро меғундорем. Боло гузоштани манфиатҳои ҳамсар аз манфиатҳои худ — масъалаи хеле мушкил аст ва ба ҷо овардани он дар шароитҳои муқаррарӣ бе ёрии Рӯҳулқудс, ки дар мо кор мекунад, имконнопазир мебошад. Аз ин рӯ дар ин бора дуо кардан — вазифаи мост. Азбаски шумо барои ман — бародари дӯстдошта дар Масеҳ ҳастед, ман мехоҳам ба шумо он чизеро бигӯям, ки занҳо ҳеҷ гоҳ ба шавҳарони худ намегӯянд: завҷаи шумо намехоҳад, ки на модар ва на канизи шумо бошад. Дар ҳолати аввал ӯ эҳтиромро нисбати шумо гум мекунад, дар ҳолати дуюм — дар ӯ чунин таассуроте пайдо мегардад, ки шумо ӯро эҳтиром намекунед. Ман медонам, ки завҷаи шумо ҳамеша тайёр аст барои шумо он кореро кунад, ки одатан модар ё каниз ба ҷо меорад. Вале агар шумо аз ӯ бисёр вақт хоҳиш намоед, ки ба шумо чунин хизмат расонад, ӯ ба шумо ё чун ба кӯдак, ё чун ба хӯҷаин муносибат карданро сар мекунад ва ин албатта дар муносибатҳои шумо инъикос меёбад. Ҳар қадар бештар завҷаи шумо худро модар ё канизи шумо ҳис кунад, ҳамон қадар камтар ӯ худро дӯстдоштаи шумо ҳис мекунад. Аз Худо хоҳиш намоед, ки ба шумо аз нуқтаи назари завҷаатон ба чизҳо нигаристан ва дар никоҳи худ коштани тухми эҳтиромро омӯзонад. ТУХМИ ДИҚҚАТ Шумо ҳеҷ гоҳ боғи сергул нахоҳед дошт, агар ба он ба қадри кофӣ вақт ҷудо накунед ва диққат надиҳед. Барои он, ки дар оянда ҳосили фаровон ба даст орем, барои шинондани тухмӣ, об додан ва ғизодиҳии нешҳо чӣ қадар вақт ва қувват сарф мешавад! Дар никоҳҳои хушбахт марду зан ҳамеша барои он вақт меёбанд, ки бо ҳамдигар дар танҳоӣ бошанд. Агар реҷаи кори шумо ба ин имкон надиҳад, маълум мешавад, ки он аз ҳад зиёд вазнин тартиб дода шудааст. Шуморо лозим аст, ки барои бо ҳам будан вақт ёбед, дар бораи ягон чиз сӯҳбат кунед, ягон чизро муҳокима намоед, фикрҳои худ ва орзӯҳоятонро бо ҳам бинед, хомӯш бо ҳам нишинед ё лаҳзаҳои бешитоби наздикии маҳрамонаро аз сар гузаронед. Ман медонам, ки дар ҳаёт давраҳое мешавад, ки шуморо лозим меояд то бевақтӣ дар ҷои кор монед, вале агар шумо бандаи кор гардед, дар бораи он ҷиддӣ андеша кунед, ки дар боғи худ чӣ мешинонед. Аз Худо хоҳиш намоед ба шумо тартиб додани вақтро тавре омӯзад, ки ҳамеша барои завҷаатон вақт ёбед. ТУХМИ МУОШИРАТ Сухан ба тухмӣ монанд аст. Дар ибтидо навдаҳои он хурд ҳастанд ва баъд ба растаниҳои бузург табдил меёбанд. Агар одам дар боғи ҳамсари худ тухми қаҳру ғазаб, бепарвоӣ, норозигӣ, бесабрӣ ё беҳиcсиро бикорад, он вақт ӯ меваи бегонагӣ ва дилсардӣ, харҷу марҷ, ҷудоӣ, ғаму андӯҳ ва ноумедиро меғундорад. Аз ин тухмиҳо метавонад чунон дарахти бузурге пайдо шавад, ки ҳама чизи атрофро нобуд созад. Яке аз масъалаҳои аз ҳама мушкилтарини бисёр никоҳҳо — норасогии муошират мебошад. Занҳо мегуянд: «Шавҳари ман маро гуш намекунад». Мардон мегӯянд: «Завҷаи ман маро намефаҳмад. Ӯ суханони маро нодуруст шарҳ медиҳад». Ин барои он ба амал меояд, ки мардон ва занон ба таври гуногун фикр мекунанд, вале ин фaрқиятҳо ба онҳо ёрӣ медиҳанд, ки якдигарро пурра созанд. Агар мард ва зан ба шароитҳо аз нуқтаи назари гуногун нигоҳ кунанд, он вақт меарзад, ки oнҳо аз Худо пурсанд то ба онҳо дидани шароитҳоро чуноне омӯзад, ки Ӯ онҳоро ҳамон хел мебинад. Танҳо ҳамин тавр онҳо метавонанд оиди ҳамаи масъалаҳо ба розигӣ биёянд. Дар боғи муносибатҳои ҳамсарӣ ҳатман вақти ҳосилғундорӣ фаро мерасад. Китоби Муқаддас огоҳ мекунад: «Он чӣ одамизод мекорад, ҳамонро хоҳад даравид» (ба Ғал. 6:7 ниг.). Агар ба мо ҳосил маъқул нашавад, пас вақти он расидааст, ки тухмии дигар корем. Тухмиҳо ба воситаи рафторҳои мо кошта мешаванд, вале бештар — ба воситаи суханони мо, вале агар зану шавҳар муошират карда натавонанд, он вақт ҳар гуна алафҳои бегона нумӯъ хоҳанд кард. Агар тухми алафҳои бегона-суханон дар никоҳи шумо кошта шуда бошанд, ва навдаҳои онҳо ба буғӣ кардани муносибатҳои байниҳамдигарии шумо сар карда бошанд, дар бораи он дар хотир дошта бошед, ки Худо ба шумо яроқе додааст, ки бо ёрии он метавонед онҳоро нобуд созед. Ин яроқ — дуоҳои шумост. Аз қафои он назорат баред, ки дар боғи шумо чӣ мерӯяд ва дар бораи он дуо кунед, ки ҳамаи ҷӯякҳо хишова карда ва алафҳои бегона аз он канда партофта шуда бошад. Никоҳ метавонад биҳишт бошад, вале метавонад дӯзах гардад. Барои бисёрии одамон ин чизе аз мобайн мебошад. Ин бо он фаҳмонида мешавад, ки гарчанде ин одам махсус барои шумо офарида шуда бошад ҳам, бо ӯ як шудан хеле мушкил aст. Вале сухан дар бораи он намеравад, ки шарикро ба худ монанд созӣ, балки дар бораи он, ки якҷоя бо ӯ кӯшиш кардан даркор аст, ки ба Худо монанд шавем. Худо ба зану шавҳар ёрӣ медиҳад, ки якҷоя рӯҳан камол ёбанд, Ӯ ба онҳо ёрӣ медиҳад, ки як шаванд ва бо вуҷуди ин, ҳар кадоми онҳо тавонанд фардияти худро нигоҳ доранд ва маҳоратҳои шахсии худро инкишоф диҳад. Никоҳ набояд он муҳите бошад, ки шахсиятро пахш намояд. Баръакс, он бояд чунон муҳите гардад, ки дар он ҳамсарон тавонанд ба андозаи пурра худро амалӣ гардонанд. Агар муносибати ҳамсарон мувофиқи иродаи Худо ба роҳ монда шавад, он вақт орзӯҳо амалӣ мегарданд ва мақсадҳо ба даст меоянд. Бо шарофати дуо ҳар кадоми мо ба ҷои он, ки ӯро назорат кунем, ба шарики худ бовар кардан ва ба ҷои маҳкум кардан рӯҳбаланд карданро меомӯзад. Беитоатӣ ба Худо мақбул нест. Ба Ӯ дидани самараҳои худпарастӣ, фиреб, нафрат, адоват ва сангдилӣ, ки ба онҳо иҷозат дода шудааст дар боғи ҳамсарӣ нашъунамо ёбанд, мақбул нестанд. Агар муносибатҳои мо нисбати ҳамсар бар хилофи фикри Худо бошад, пас мо на танҳо ба иродаи Худо муқобилият нишон медиҳем, балки ба иҷроиши фикри Ӯ монеъ мешавем. Аз Худо хоҳиш намоед ба шумо омӯзонад, ки фарқияти дар байнатон вуҷуд доштаро дуруст фаҳмед ва донед, ки чӣ хел шумо якдигарро пурра месозед. Шояд яке аз шумо дар чизе пурқудрат бошед, ки дар он дигаре нотавон аст? Бисёр вақт он чизе, ки пешбинӣ шудаанд баракти мо гарданд, моро ба ғазаб меорад, зеро мо аз Худо хоҳиш намекунем моро омӯзонад, ки шароитҳоро чуноне бинем, ки онҳоро Худо мебинад. Шояд шуморо суханон ва рафтор­ҳои завҷаатон ба ғазаб меорад? Дар ин бора ба Худо гӯед, ва Ӯ ба шумо ёрӣ медиҳад, ки дар бораи чӣ дуо кардан даркор аст. Одатан одамон на барои он ҷудо мешаванд, ки якҷоя зиндагӣ кардан намехоҳанд, балки барои он, ки онҳо ба имконияти тағйир додани ягон чиз бовар намекунанд. Аз Худо хоҳиш намоед дар ҳар кадоми шумо он чизеро тағйир диҳад, ки ба тағйирёбӣ эҳтиёҷ дорад. Ҳатто агар ба шумо чунин намояд, ки ба никоҳи шумо зарари ҷиддӣ расонда шудааст, ва боғи шумо дар ҳолати ноилоҷӣ қарор дорад, дар хотир доред, ки Худо метавонад ва мехоҳад вазъиятро хуб гардонад. Мо ҳатто ба худ тасаввур карда наметавонем, ки агар мо худро мутеъ созем ва Ӯро чунон дӯст дорем, ки танҳо хоҳони бо роҳи Ӯ рафтанро дошта бошем, Худо чӣ тавр мӯъҷизаҳоро офарида метавонад (ба 1 Қӯр. 2:9 ниг.). Дар ҳеҷ чиз ин қонуният чӣ хеле, ки дар никоҳ аст, аниқ зоҳир намегардад. Дуокунон шумо ба нури Худо рухсат медиҳед, ки ба ҳаёти шумо ворид шавад ва боғи муносибатҳои ҳамсарии шуморо мунаввар сохта, зинда гардонад. Ва он вақт боғ сабзаҳои нав медиҳад, гул мекунад, хушбӯй мегардад ва барои ҳар дуи шумо меваҳои фаровони хурсандӣ меорад. ЭҲТИЁҶОТҲОИ ЗАВҶAҲO Дар бораи никоҳи худ дуо кунед, то ки: • муҳаббати байни шумо зиёд гардад; • ҳар дуи шумо тавонед бомуваффақият ба васвасаҳо истодагарӣ намоед; • шумо эҳтиром кардани якдигарро омӯзед; • шумо ҳамеша чун як тан зиндагӣ кунед; • шумо тавонед ҳам дӯст ва ҳам ошиқи якдигар бошед; • шумо ҳамеша як даста бошед; • фикри ҷудошавӣ ҳеҷ гоҳ ба сари шумо наояд. ШАҲОДАТИ ШАВҲАРОН Майкл Омартиан нақл мекунад. «…Риштаи сеқабата ба зудӣ канда намешавад» (Воиз 4:12). Ин оят барои ману Сторми дар давраҳои душвори ҳаёти ҳамсариамон «манни осмонӣ» буд. Чунин менамуд, ки муноқишаҳои мо барои масъалаҳои ночизи ҳаёт аланга мегирифт, вале душман кӯшиш мекард ҳамаи кори аз дасташ меомадагиро кунад, то ки никоҳи моро, ки монанди риштаи сеқабата аст, биканад. Ҷанҷолҳо ҳама вақт ногаҳонӣ сар мезаданд, вале дар бораи дуоҳои якҷояи мо инро гуфта намешуд. То ёфтани ҳақиқат чӣ қадар монеаҳоро лозим омад, ки паси сар намоем! Дуо аз шумо талаб мекунад, ки аз рӯзномаи худ даст кашед ва ба Худо рухсат диҳед, ки аз они Худро тасдиқ намояд. Чандин маротиба дуо фикрҳои маро дар бораи он, ки Сторми бояд тағйир ёбад, ва ин барои ман хеле форам мебуд, дур кардааст, ва ба ҷои ин ман дар бораи он фикр кардам, ки худи ман чӣ тавр тағйир ёфта метавонам, ки ба ӯ мақбул гардам. Ва ҳангоми ин фикр ғурури ман чи хел ба ларза омад! Вале ба шарофати дуоҳоямон тағйирот­ҳо ба амал омаданд, ва мо муяссар гаштем, ки баъзе чизҳоро ба даст орем. Имрӯз мо аллакай 28-сол боз ҳамсар ҳастем, ва ман дар нақши ҳамсарам ғайр аз Сторми каси дигареро тасаввур карда наметавонам. Масъалаҳои мо танҳо ҳамон вақте ҳал мегарданд, ки мо якҷоя ба Худо дуо мекунем. Чунин риштаи сеқабатаро дар ҳақиқат кандан осон нест. Дуо Худованд, ман аз Ту хоҳиш менамоям: ману завҷаамро бо риштаҳои мустаҳкам ва ногусастанӣ бипайванд. Ба ман биомӯз завҷаамро чунон сахт дӯст дорам, ки ӯ ҳамеша муҳаббати маро эҳсос намояд. Ба мо омӯз, ки якдигарро ҳурмат намоем, аз якдигар ба ваҷд оем, ҳамеша дӯстони наздик, муҳофизатчӣ ва такягоҳи якдигар бошем. Му­ҳаббати аз дастдода ва вайроншудаи моро, ки қурбонии озорҳо ва рӯҳафтодагии мо гардидааст, барқарор соз ва ба дилҳои мо баргардон. Ба мо қувват деҳ, ки ҳама чизҳои хуби дар никоҳамон бударо дар хотир дошта бошем, ҳатто он вақте, ки яке аз мо дигарамонро дӯст надорад. Ба мо биомӯз, ки якдигарро зуд ва пурра бахшида тавонем. Махсусан ман аз Ту дар бораи… (соҳаи ҳаётатонро ном баред, ки эҳтиёҷи бахшиш аст) хоҳиш менамоям. Ба мо ёрӣ деҳ, ки даъвати Туро дар хотир дошта бошем: «…ба як-дигар меҳрубон ва дилсӯз бошед ва якдигарро афв намоед…» (Эфс. 4:32), яъне ба якдигар чунон муносибат намоем, ки Ту нисбати мо муносибат менамоӣ. Ба мо ёрӣ деҳ, ки ба заифиҳо ва хатоҳои якдигар эрод нагирем. Ба мо табиати шӯх бидеҳ, ки дар лаҳзаҳои мушкили ҳаёт муҳим аст. Чунон бикун, ки мо принсипҳои якхеларо пайравӣ намоем ва дар ҳама кор ба якдигар бовар кунем, дар як рӯҳ ва дар як фикр бошем, ба созиш омада тавонем ва дар масъалаҳои молиявӣ, тарбияи фарзандон, гузаронидани вақтҳои холигӣ ва ҳангоми қабули қарор дар корҳои муҳим забони якдигарро фаҳмида тавонем. Ҳангоми сар задании баҳс ва ҷанҷолҳо аз Ту хоҳиш мекунам: моро оштӣ деҳ ва кӯмак кун, ки оиди ҳар як масъалаи баҳсталаб ба ­розигии тарафайн биёем. Ба мо биомӯз, ки мақсадҳои худро мувофиқи фикри Ту ислоҳ намоем, бо якдигар бовиҷдон ва самимӣ бошем, то ки дар байни мо барои нофаҳмиҳо заррае ҷой набошад. Бигзор бо таъсири файзи Ту мо пуртоқат буданро омӯзем ва бо нуқтасанҷӣ нисбати норасогиҳои якдигар рафтор намоем, ва дар aйни замон бигзор ҳар яки мо кӯшиши тағйир ёфтанро кунад. Ман дар бораи он дуо мекунам, ки ману завҷаам ҳамеша якҷоя бошем, барои манфиатҳои якхела зиндагӣ кунем ва бо як роҳи ҳаётӣ қадам занем. Бештар ба мо дар бораи он ёдовар шав, ки барои якдигар вақт ёфтан чӣ қадар муҳим аст, то ки никоҳи мо барои ҳардуи мо сарчашмаи хушбахтӣ, осоиштагӣ ва хурсандӣ гардад. Худованд, ман аз Ту хоҳиш менамоям, ки никоҳи маро аз ҳар он чизе, ки метавонад онро вайрон созад, нигоҳ дор. Моро аз ҳар касе, ки мехоҳад моро ба васваса андозад, нигоҳ дор ва биомӯз, ки васвасаро фаҳмем ва ба муқобили он мубориза барем. Чуноне бикун, ки чизе аз гузашта ба муносибатҳои имрӯзаи мо соя наандозад. Дар ҳаёти ҳар яки мо ҳамаи он алоқаҳоеро канда соз, ки ба Ту маъқул нестанд. Бигзор дар никоҳи мо барои зино ва ҷудоӣ ҷой набошад, бигзор ҳеҷ чиз натавонад он чизеро, ки Ту пайвастаӣ ҷудо созад. Худованд, ба мо кӯмак кун, ки ба нобарориҳо нигоҳ накарда, оиларо нигоҳ дорем; ба мо биомӯз, ки ҳамеша ба Ту, ба Офаридгорамон муроҷиат карданро ёд гирем, ва дар бораи мустаҳкамгардии муносибатҳоямон дуо кунем, ки онҳо мувофиқи иродаи Ту бошанд. Ба мо омӯз, ки дар мадди аввал мувофиқи аҳкомҳои Ту: «Нафъи дигаронро толиб бошем» (1 Қӯр. 10:24). Мо мехоҳем, ки дар маркази никоҳамон Ту бошӣ ва мо умедворем аз якдигар он чизеро гирем, ки танҳо Ту онро дода метавонӣ. Ба мо ёрӣ деҳ, ки аз хаёлотҳо раҳоӣ ёбем ва якдигарро дар нури ҳақиқӣ бинем. Бигзор мо ҳамеша ба Ту ва ба якдигар вафодору содиқ бошем, то никоҳи мо чуноне гардад, ки Ту мехоҳӣ. ОЯТҲО АЗ КАЛОМ, ки қудрат доранд дуои шуморо пуртаъсир гардонанд Ду нафар аз як нафар беҳтаранд, чунки барои онҳо аз меҳнаташон музди хубе пайдост. Зеро ки агар яке афтад, дигаре аз онҳо рафиқи худро бармехезонад. Валекин вой бар ҳоли одами танҳо, вақте ки ӯ афтад, ва касе набошад, ки ӯро бархезонад. Воиз 4:9-10 …Агар ду нафар аз шумо бар замин дар бораи талабидани ҳар чиз муттафиқ шаванд, аз тарафи Падари Ман, ки дар осмон аст, ба онҳо бахшида хоҳад шуд. Мат. 18:19 …Ҳар кӣ зани худро талоқ дода, дигареро никоҳ кунад, дар ҳаққи вай зино карда бошад… Марқ. 10:11 …Рӯҳи худро нигоҳдорӣ намоед, ва зинҳор касе дар ҳаққи завҷаи ҷавонии худ хиёнат накунад. Мал. 2:15 …Якдигарро бо муҳаббати бародарӣ дӯст доред; ва ҳар яке каси дигарро зиёдтар сазовори эҳтиром ҳисоб кунед. Рум. 12:10 БОБИ ҲАФТУМ. ИТОАТКОРИИ Ӯ БА ШАВҲАР Итоат кардан — ин танҳо феъл аст. Итоаткорӣ — ин амалест, ки ихтиёран ба ҷо оварда мешавад. Одамро маҷбур карда намешавад, ки инро ба ҷо орад. Чӣ тавре, ки касеро маҷбур кардан намешавад, ки моро дӯст дорад, ҳамон хел маҷбур карда намешавад, ки касе ба мо итоат кунад. Албатта, қувваро истифода бурдан мумкин аст, то ки одамро маҷбур созем итоат кунад, вале ин итоаткории ҳақиқӣ нахоҳад буд. Зери мафҳуми итоаткорӣ амале дар назар дошта шудааст, ки мо худамон онро интихоб намудаем. Ин қарорро бояд ҳар кадоми мо қабул кунем ва он бояд аз дил барояд. Агар қарори мо — ба Касе, итоат кардан, ки мо бояд ба Ӯ итоат кунем, аз дил намебарояд, пас мо дар беитоатӣ мебошем. Аз афташ, шуморо навигарӣ дар бораи он ба ҳайрат мегузорад, ки бештари занони дар пурсиши ман иштирок карда орзӯи дили худ — ба шавҳарони худ итоат карданро иброз доштаанд. Онҳо мехоҳанд шавҳарони худро сарварони оила бинанд ва барои соҳиб гаштани ин сарварӣ, ки ба мардон аз тарафи Худо бахшида шудааст, ҳеҷ гуна хоҳише надоранд. Завҷаҳо медонанд, ки дар Китоби Муқаддас дар ин бора гуфта шудааст, ва занони оқил ҳамеша мехоҳанд он кореро кунанд, ки ба Худо мақбул аст, зеро онҳо бартарии бебаҳои роҳҳои Худоро медонанд. Бо вуҷуди ин дар ин ҷо масъалае пайдо мешавад, зеро занон метарсанд, ки ба шавҳарони худ итоаткор бошанд, ва ин аз рӯи ду сабаби зерин ба амал меояд: • Сабаби 1: Барои шавҳар итоаткорӣ сухани муқаррарӣ мебошад, ӯ ки онро ҳамчун яроқ истифода мебарад; • Сабаби 2: Шавҳар ҳанӯз пурра қарор надодааст, ки худро ба Худо мутеъ созад. Хуб, хуб, ман медонам, ки Худо ба завҷа нафармудааст, ки ба чунин шавҳаре, ки ба ин лоиқ нест, итоат намояд. Итоат кардан — маънои онро дорад, ки дар мадди аввал ба Худо бовар кардан даркор аст, на ба одам. Ба зан қабул кардани қарори ба шав­ҳар итоаткор будан хеле осонтар аст, агар ӯ донад, ки шавҳараш аллакай қарор додаст, ки ба Худо итоаткор бошад. Ин барои ӯ аломати он мегардад, ки қарори ба шавҳар итоаткор буданро қабул карда дар дили худ оромиро ба даст меорад. Ва аз ҳама асосиаш дар ин — ба ӯ ёрӣ додан даркор аст, ки бо шавҳар муносибатҳои дурустро барқарор созад, ва ба ҳеҷ ваҷҳ ӯро ба ин маҷбур кардан даркор нест. Ба зан бовар кардани он хеле душвор аст, ки шавҳари ӯ худро пурра ба Худованд мутеъ сохтааст, агар муносибати шавҳар бо ӯ дар ин бора шаҳодат надиҳад. Занон медонанд, ки баъди ояти «Эй занон, мутеи шавҳарони худ шавед…» (ба Эфс. 5:24 ниг.) ояти дигар меояд: «Эй шавҳарон, занони худро дӯст доред, чунон ки Масеҳ низ ба Калисо муҳаббат дошт ва Худро аз барои он таслим намуд…» (ба Эфс. 5:25 ниг.) Масеҳ аз Калисо рӯй намегардонад, ба он беэътиноӣ намекунад ва онро таҳқир намесозад. Ӯ ҳеҷ гоҳ нисбати он пурғурур ё бетараф буда наметавонад; Ӯ онро масхара намекунад ва дар бораи он беэҳтиётона сухан намегӯяд. Ӯ онро дӯст медорад ва муҳофизат мекунад, онро бо ҳама чизҳои зарурӣ таъмин менамояд ва дар бораи он ғамхорӣ менамояд. Пас, вақте ки Худо ба шавҳар дар муносибатҳояш бо зан нақши сарвариро бовар карда бошад, ӯ аз шавҳар миқдори муайяни худфидокуниро талаб менамояд. Бисёр занонро саволе азоб медиҳад: «Агар ман розӣ шавам, ки ба шавҳар итоат намоям, магар худро дар назди ӯ паст намезанам? Магар ӯ эҳтироми худро нисбати ман гум намекунад?» Ҷавоб ба ин савол пурра аз он вобаста аст, ки оё мард он аҳкоми Худоро иҷро мекунад, ки зани худро чуноне дӯст дорад, ки Масеҳ Калисоро дӯст медорад, ё «итоаткорӣ» барои ӯ фақат гапи муқаррарие мемонад, ки ин чизест, ки ӯ ба ин ҳуқуқ дорад. Ба таври дигар гӯем, оё шавҳар эҳтиёҷотҳои худро аз ӯ баландтар мегузорад? Ба зан хеле душвор аст, ки ҳаёти худро ба дасти шавҳар супорад, агар ӯ боварӣ надошта бошад, ки манфиатҳои ӯ барои шавҳар хеле азизанд ва дар ҳаёти якҷояашон онҳоро ба сифати дастур қабул карда, нисбати ӯ ғамхор хоҳад буд. Ба зан қабули қарор хеле мушкил мегардад, агар шавҳар ба фикрҳо, ҳиссиётҳо ва нуқтаи назари ӯ бетараф бошад. Агар зан дар гузашта талхии рӯҳафтодагиро дар марде чашида бошад, ки ба ӯ пурра бовар мекард, ҳозир итоат кардан ба ӯ мушкилтар мешавад. Бо вуҷуди ин, мехоҳам шуморо бовар кунонам, ки зан барои марде, ки ӯро, чунон, ки Масеҳ Калисоро, дӯст медорад, ба ҳама чӣ тайёр аст. Дар чунин шароитҳо итоат кардан осон аст. Ман бо якчанд заноне шинос ҳастам, ки шавҳарони онҳо имондор нестанд, вале онҳо бечуну чаро ба шавҳарони худ итоат мекунанд, зеро онҳо занони худро чуноне дӯст медоранд, ки Масеҳ Калисоро дӯст медорад, ҳарчанд ба Ӯ имон надоранд. Одамон бисёр вақт фаҳмишҳои «мутеъ будан» ва «итоат кардан»-ро фарқ намекунанд, ки онҳоро шабеҳ номидан мумкин нест. Амри каломии «ба дигарон итоат кардан» танҳо ба кӯдакон ва ғуломон, ва инчунин ба муносибатҳои байни калисоҳои таҳҷоӣ тааллуқ дорад. Китоби Муқаддас амр менамояд: «Эй фарзандон ба падару модари худ дар Худованд итоат намоед, зеро ки ин аз рӯи инсоф аст» (Эфс. 6:1); «Эй ғуломон, ба оғоёни башарии худ бо тарсу ларз ва бо соддадилӣ … итоат намоед» (Эфс. 6:5); «Ба сардорони худ фармонбардор ва мутеъ бошед, зеро онҳо ҳамеша ғами ҷонҳои шуморо мехӯранд, чунки ба ҳисобот додан вазифадор мебошанд…» (Ибр. 13:17). Азбаски зан на кӯдак ва на канизи шавҳари худ ба шумор меравад, ва калисои таҳҷоӣ узви иттифоқи зану шавҳарӣ нест, калимаи «итоат кардан» ба никоҳ ҳеҷ гуна алоқае надорад. Шавҳари аз завҷаи худ мутеиро талаб мекарда намефаҳмад, ки ин корро карданаш лозим нест. Чунин талабот хусусияти таҳқиркунанда ва поймолкунии ҳуқуқро дорад, ки танҳо эътирозро ба миён меорад. Агар шаҳвар ба итоаткории завҷааш нисбати худ мароқ зоҳир намояд ва нисбати итоаткории худ ба Худо рағбат надошта бошад, дар он ҳолат талаб кардани итоаткорӣ яроқи озоррасонӣ ва вайронкорӣ мегардад. Маротибаҳои зиёд ман дидаам, ки чи хел иттифоқи оилавии имондорони масеҳӣ — ҳатто роҳбарони массеҳӣ — вайрон шуда, кор ба ҷудошавӣ омада расидааст. Ин танҳо аз он сабаб ба амал омадааст, ки шаҳварон аз завҷаҳои худ итоаткориро талаб намудаанд ва ба маҷбуркуниҳои забонию ҷисмонӣ рӯ овардаанд. Шавҳари ман ҳатто ба мардоне, ки фаҳмидан намехоcтанд, ки аз даст додани оила — барои принсипҳои худро ҳақ баровардан нархи хеле гарон аст, маслиҳат дода аст. Агар мард қарор диҳад, ки дар зери дасти тавонои Худо мутеъ бошад ва баъд дар бораи он дуокуниро сар кунад, ки дар ҳаёти завҷаи ӯ тартиботи даркорӣ ҷорӣ гардад, ҳамааш ба андозае осон мегардад. Дар замони мо ин тез-тез ба амал меояд. Агар мо ба Худо итоат кунем, Ӯ шахсияти моро поймол намекунад — Ӯ моро барои он озод мегардонад, то чунон бошем, ки Ӯ моро ҳамон хел офаридааст, ва барои он, ки мо тавонем дар сояи болҳои Ӯ бошем. Ба шавҳар мутеъ гашта зан дар зери ҳимояи шавҳар қарор мегирад ва гул-гул мешукуфад, то он зане гардад, ки Худо ӯро ҳамон хел офаридааст. Ба ман бовар кунед, ки барои шумо беҳтар мегардад, агар завҷаи шумо розӣ шавад, ки мутеъ бошад, зеро дар натиҷа, бахшоишҳои аз ҳама аълои ӯ баракотҳои аз ҳама беҳтарини шумо хоҳанд гардид. Агар завҷаи шумо итоаткор набошад, дар бораи он дуо кунед, ки аввал дили ӯ ба Худо мутеъ гардад ва баъд ба шумо. Баъд аз он аз Худо хоҳиш намоед то ба шумо ёрӣ диҳад, ки завҷаи худро тавре дӯст доред, ки Худо ӯро дӯст медорад. Ман ба шумо кафолат медиҳам, ки итоаткории нодурусти ӯ ба камолоти мутаносиби муҳаббати бешарти шумо шумо рафта мерасад, ки ӯро фаро мегирад. Бигзор ӯ донад, ки шумо роҳнамоии Худоро пурсон ҳастед. Агар ӯ бинад, ки шумо роҳҳои Худоро меҷӯед, то ки бо он равед, ӯ аз қафои шумо ба ҳар куҷое, ки набошад, хоҳад рафт. ЭҲТИЁҶОТҲОИ ЗАВҶАҲО Марҳамат карда дар бораи он дуо кунед, ки: • завҷаи шумо маънои ҳақиқии итоаткориро фаҳмад; • ӯ итоаткориро чуноне омӯзад, ки ба Худо мақбул аст; • худи шумо ҳаётатонро ба Худо мутеъ созед; • ӯ ба Худо бовар кунад, зеро Ӯ шуморо роҳнамоӣ мекунад; • шумо роҳбарии рӯҳониро ба ӯҳдаи худ гиред; • завҷаатон ба шумо сарвари оила буданро бовар кунад; • талаботҳои итоаткорӣ сабаби ҷанҷол дар оилаи шумо набошад. ШАҲОДАТИ ШАВҲАРОН Майкл Омартиан нақл мекунад Аз синни хурдсолӣ ман дар хотир дорам, ки падари ман ҳамеша ба модарам дар шустани косаву табақ, шустани либосҳо, дуруст кардани ҷои хоб ва тайёр кардани хӯрок ёрӣ медод. Рӯзона ӯ кор мекард, вале инро ҳеҷ гоҳ чун сабаби аниқ муайян кардани нақшҳо дар оила ба кор намебурд. Бо шарофати ин дар ман тасаввурот дар бораи марде пайдо шуд, ки завҷаи худро ҳурмат ва қадр менамояд. Падар мехост ба ман нишон диҳад, ки мутеъ набояд яке аз ҳамсарон бошад, балки ҳарду. Ҳам зан ва ҳам шавҳар бояд баҳри якдигар чизеро қурбон созанд. Ман медонам, ки фарзи итоаткорӣ маротибаҳои зиёд сӯиистифода карда шудааст, ва вақте ки мардум оиди ин масъала мавқеи сангдилонаро ишғол менамояд, занон ба ин бо як қатор эътирозҳои одилона ҷавоб додаанд. Дар он ҷое, ки муҳаббат, хайрхоҳӣ ва дуо ҳукмфармост, дар он ҷо ба итоаткорӣ низ ҷой ҳаст. Мо, мардон, дар ин соҳа аз он сабаб ба шикаст дучор гаштем, ки ҳамеша ба ақидаи қудрати махсусе час­пидем, ки ба мо дода шудааст, танҳо барои он, ки мо мард ҳастем. Мо мехоҳем, ки ҳокимони занҳои худ бошем, то ки аз ин қудрат истифода барем. Бале, Худо ба мо қудрат медиҳад, вале Ӯ моро бо занон баробарҳуқуқ офаридааст ва фармудааст, ки бо завҷаҳои худ як тан бошем. Агар ман ҳокимияти худро дар болои завҷаи худ мехостам, бар зидди худ мебаромадам. Ба шумо ёдовар мешавам, ки дуо — восита барои баробар кардани ҳуқуқҳост. Ман барои завҷаи худ ва барои худ дуо мекунам, ман дар бораи он дуо мекунам, ки ҳамеша дар назди якдигар ва дар назди Худо дар мавқеи дуруст бошем. Дуо Худованд, имрӯз ман худро дар назди Ту мутеъ месозам. Маро роҳнамоӣ кун, то ман тавонам оилаи худро роҳ­намоӣ кунам. Ба ман кӯмак кун, ки ҳамаи қарорҳоро дар асоси рӯъёҳои Ту ва таҳти роҳнамоии Ту қабул намоям. Азбаски ман ҳамчун сарвари оила ба Ту мутеъ мегардам, аз Ту хоҳиш мекунам: ба завҷаи ман ёрӣ деҳ ба он бовар кунад, ки Ту маро роҳнамоӣ мекунӣ. Ба ҳардуямон мантиқи итоаткориеро кушо, ки Ту дидан мехоҳӣ. Маро он гуна сарвари оила гардон, ки Ту дидан мехоҳӣ. Ба мо ёрӣ расон, ки оиди масъалаҳои ҳалталаб ба созиш оем ва онҳоро дуруст ҷо ба ҷо гузорем. Ба ман биомӯз, ки тамоми ҳаёти худро ба Ту бубахшам, то ки завҷаи ман тавонад пурра ба Рӯҳи муқаддаси Ту, ки дар ман амал мекунад, бовар кунад. Ба ман биомӯз ӯро чуноне дӯст дорам, ки Ту маро дӯст медорӣ, ва ба сифати мукофот эҳтиром ва муҳаббати ӯро сазовор гардам. Ба ӯ дили итоаткор ва имони заруриро деҳ, ки ба ман нақши роҳбари рӯҳониро дар хона супорад. Ва инчунин ба мо биомӯз, ки: «Дар тарси Худо мутеи якдигар бошем» (Эфс. 5:21). Ман медонам, Худованд, ки танҳо Ту ҳамоҳангиро ба мо дода метавонӣ. ОЯТҲО АЗ КАЛОМ, ки қудрат доранд дуои шуморо пуртаъсир гардонанд Эй занон, мутеи шавҳарони худ шавед, мисли он ки ба Худованд бошад, чунки шавҳар сари зан аст, чунон ки Масеҳ сари Калисо ва Наҷотдиҳандаи бадан аст; аммо, чӣ тавре ки Калисо ба Масеҳ тобеъ аст, ҳамон тавр занон низ бояд аз ҳар ҷиҳат ба шавҳарони худ тобеъ бошанд. Эй шавҳарон, занони худро дӯст доред, чунон ки Масеҳ низ ба Калисо муҳаббат дошт ва Худро аз барои вай таслим намуд, то ки онро ба ғусли об пок карда, ба воситаи калом тақдис намояд, ва ба ҳузури Худ Калисоро дар ҷалоле тақдим кунад, ки на доғе дошта бошад, на нуқсоне, на чизе ба монанди ин, балки муқаддас ва беайб бошад. Эфс. 5:22-27 Ҳар кӣ ҷони худро нигоҳдорӣ кунад, онро барбод хоҳад дод; ва ҳар кӣ ҷони худро дар роҳи Ман барбод диҳад, онро нигоҳдорӣ хоҳад кард. Мат. 10:39 Бо якдигар ҳамфикр бошед… Рум. 12:16 БОБИ ҲАШТУМ. МУНОСИБАТҲОИ Ӯ БО ОДАМОН Занон ба муоширати наздик ва дӯстона эҳтиёҷ доранд. Барои зан муҳим нест, ки дугонаҳои зиёд дошта бошад — дар ин ҷо сифат аз миқдор муҳимтар аст. Дуруст интихоб намудани дӯстон — ана чӣ муҳим аст. Ба завҷаи шумо дугонаҳое даркор нестанд, ки мехоҳанд ӯро истифода баранд ё таҳқир кунанд, дугонаҳое, ки ба ӯ ҳасад мебаранд ва дар ҳақиқат ӯро дӯст намедоранд, аз қафояш ғайбат мекунанд, кӯшиш мекунанд ба шумо наздик шаванд, ё худашон то андозае нотавону аз дигарон вобастаанд, ки ин манзараи ҳузнангезро мемонад. Ба завҷаи шумо чунин дугонаҳое лозиманд, ки ба ӯ ёрӣ расонанд рӯҳан калон шавад ва ҳаёти ӯро ғанӣ гардонанд, инчунин худашон аз муошират бо ӯ бой гарданд. Ба ӯ дугонаҳои содиқе лозиманд, ки ҳамеша тайёр бошанд бо ӯ сӯҳбат кунанд, дуо кунанд, ба ӯ мадад расонанд, ки ӯ ҳамеша тавонад бо онҳо мавзӯъҳои барои худ муҳимро, ки барои шумо мароқовар нестанд, дида барояд. Ба ӯ дугонаҳое лозиманд, ки қудрати ба ӯ дасти ёрӣ дароз карданро дошта бошанд, ҳаёти ӯро рангин созанд ва ба ӯ ёрӣ диҳанд, ки дар роҳи дуруст истодагарӣ намояд, дугонаҳое, ки бo онҳо мафтун шавад. Чунин занон метавонанд ба завҷаи шумо ёрӣ расонанд, ки рӯҳан калон шавад ва дар ниҳояти кор ба муносибатҳои шумо таъсири файзбахш расонида метавонанд. Завҷаи шумо ба дуоҳои шумо дар бораи он эҳтиёҷ дорад, ки дугонаҳои хуб ва накӯкор пайдо кунад. Барои завҷаи шумо муносибати ӯ бо аъзоёни оилаи шумо аҳамияти калон дорад, аз ин рӯ шуморо лозим аст дар бораи дӯстии ӯ бо онҳо дуо кунед. Азбаски одамон хислатҳои гуногун доранд, омилҳои гуногун метавонанд ба онҳо таъсир расонанд ва онҳоро вайрон созанд. Ва аъзоёни оила бошанд тез-тез озорҳои гузаштаро ба хотир меоранд, ки корро мушкил мегардонад. Муошират бо хешу табори ҳамсар одоби махсусро талаб менамояд. Аз ин рӯ муносибати зани шумо бо хешу таборатон на ҳамеша аъло мебошанд. Моҳиятан, муносибатҳои байни онҳо ба андозаи зиёд аз шумо вобастагӣ дорад. Ҷавобҳои шумо ба саволҳои дар зер оварда шуда ба шумо мефаҳмонанд, ки дар бораи чӣ дуо кардан даркор аст. 1. Оё аъзоёни оилаи шумо шахси интихобкардаи шуморо қабул мекунанд ё ҳанӯз ҳам умед мебанданд, ки рӯзе мерасад, ки шуморо ақлатон ба саратон мезанад ва мувофиқи маслиҳати онҳо зан мегиред? 2. Оё шумо дар байни хешу таборатон ба завҷаи худ хуб дилсӯзӣ мекунед, кӯшиш мекунед, ки ҷиҳатҳои хуби ӯро муаррифӣ намоед? 3. Оё шумо ба хешу таборони худ оиди завҷаатон шикоят мекунед, ва вақте ки онҳо ӯро танқид мекунанд, тарафи онҳоро мегиред? 4. Оё хешу ақрабои шумо ба завҷаатон ҳамчун ба баракaти Худо фиристода муносибат мекунанд, оё онҳо дар ӯ шахсияти аҷиб ва тӯҳфаи Худоро мебинанд? 5. Оё наздикони шумо чунин мешуморанд, ки никоҳи шумо таҳдид ба оромии шумо, озмоиши пуртоқатӣ, хатогӣ ё салибе бошад, ки бардоштани он ба шумо лозим меояд, оё онҳо шахси интихобкардаи шуморо «устухон дар гулӯ» меноманд? 6. Оилаи шумо завҷаатонро бо оғӯши кушода пешвоз мегирад ё аз ӯ канораҷӯӣ менамояд? 7. Оё завҷаатон ба шумо гуфтааст, ки ӯ аз муносибати худ бо хешу таборони шумо норозӣ аст? Аз Худо хоҳиш намоед, ки ба шумо маънои ҳақиқии муносибати завҷаатонро бо аъзоёни оилаатон кушояд. Аз ӯ хоҳиш намоед, ки бо шумо самимӣ бошад, ба шумо дар бораи муносибатҳояш бо хешу табори шумо в дар бораи он нақл намояд, ки ӯ худро дар бaйни онҳо чӣ тавр ҳис мекунад. Занони зиёде солҳои дароз аз он азоб мекашанд, ки хешу табори шавҳар онҳоро қабул намекунад. Бештари мардон ба он мароқ зоҳир наменамоянд, ки завҷаҳояшон чӣ ҳиссиётҳоро аз сар мегузаронанд ва ҳамаи гуноҳро ба гардани онҳо бор мекунанд. Агар завҷаи шумо чунин масъалаи ҳалталабро дошта бошад, кӯшиш накунед, ки аз он канораҷӯӣ намоед, балки оиди ҳалли он дуо кунед. Аз Худо хоҳиш намоед, ки тамоми ҳақиқати ба амаломадаро ба шумо нишон диҳад. Баъзан масъала дар он аст, ки одамон гуногунанд ва ба онҳо фаҳмидани якдигар душвор аст. Зани шумо наметавонад одамонро маҷбур созад, ки ӯро дӯст доранд, вале шумо метавонед бo хешу табори худ маслиҳат намоед, ки вазъиятро тағйир диҳанд. Вале пеш аз ин дар ин бора дуо кунед. Завҷаро ба оила дохил карда, шавҳар масъулияти дуо карданро ба гардан мегирад, ки завҷаашро ҳар як аъзои оила хуш пазирад. Аз рӯи он, ки мард завҷаашро дӯст медорад, гуфтан мумкин нест, ки хешу таборонаш ҳам ӯро дӯст медоранд. Ғайр аз муносибатҳои дуруст бо дӯстон ва хешу таборон ҳар як оила бa муоширати ду ё се оилаи дигар эҳтиёҷ дорад. Вале ёфтани чунин оилаҳо осон нест, ки муоширати онҳо барои ҳар дуи шумо гуворо бошад. Аз ин рӯ, ба даст овардани чунин мақсад ҷидду ҷаҳди зиёдеро талаб мекунад. Ва ҳар чӣ ҳам набошад, дар бораи он дуо кардан меарзад, ки чунин оилаҳо ба ҳаёти шумо ворид шаванд. Агар онҳо аллакай бошанд, дар бораи мустаҳкамшавии алоқаҳои дӯстии байнатон дуо кунед. Китоби Муқаддас моро мӯътақид мегардонад, ки: «Зери юғи бегона бо якҷоягии беимонон сар хам накунем» (ба 2Қӯр. 6:14 ниг.). Ин маънои онро надорад, ки шумо бояд дӯстони беимон надошта бошед, балки маънои онро дорад, ки он муносибатҳоеро дастгирӣ кардан даркор аст, ки ба таври файзбахш ба шумо таъсир мерасонад, ва бо он одамоне дӯстӣ кардан даркор аст, ки кӯшиш мекунанд бо роҳҳои Худо раванд. Ҳамаи мо баъзе беимононеро медонем, ки аз худи масеҳиҳо дида, бештар ба масеҳӣ монанд ҳастанд. Аз ин рӯ аз Худо хоҳиш кардан лозим аст, ки аз ҳаёти шумо он касонеро бадар кунад, ки таври манфӣ ба шумо таъсир мерасонанд. БАХШИДА ТАВОНИСТАН ЗАРУР АСТ Бо ҳар як одам муносибатҳоро барқарор карда истода, бахшида тавонистан аз ҳама муҳим аст. Азбаски барои ранҷидан ҳамеша сабаб ёфтан мумкин аст, бахшида тавонистан муҳим мебошад. Агар мо бахшида тавонистанро наомӯзем, он вақт озори дар дили мо ниҳон буда метавонад дар дилхоҳ вақт якбора зоҳир гардад, ва ин ба муносибати мо бо одамон таъсир мерасонад. Масалан, ба шумо муяссар гаштааст, ки дар сари дастархон дар меҳмонӣ нишаста бошед ва шунавед, ки чӣ тавр ҳамсарон нисбати якдигар суханони танқидӣ мегӯянд? Аз ин ҳамаи меҳмонон худро ноҳинҷор ҳис мекунанд. Ба ҳама аксуламали ҳалимонаи нишастагон нигоҳ накарда, баъзеҳо пинҳонӣ ба соат менигаранд ва баҳонаи ҳар чӣ тезтар тарк кардани ин ҷамоатро мекобанд ва фикран номи онҳоро аз рӯйхати меҳмонони даъватшавандаи шабнишинии оянда хат мезананд. Ҳатто агар танқид ба таври ҳазл гуфта шуда бошад ҳам, ҳозирон худро аз он нороҳат ҳис мекунанд, ки шоҳиди таҳқир шудани шахси дигар гаштаанд. Чӣ қадаре, ки эътирози яке аз ҳамсарон асоснок набошад ҳам, чунин рафтор ба атрофиён танҳо таассуроти манфӣ мегузорад. Ҳама мефаҳманд, ки суханони гуфташуда оқибати ҳузнангез доранд: масалан, агар шахси озордиҳанда хоҳад, ки ба шаҳват машғул шавад, ҳамсар ба ин розӣ намешавад. Чунин ҳодисаҳо дар бораи бахшида натавонистан шаҳодат медиҳанд. Одаме, ки бахшида наметавонад, ба ҳамаи атрофиёнаш таъсир мерасонад. Вақте ки ҳамсарон бахшида наметавонанд ва якдигарро ҳурмат намекунанд, на танҳо худи онҳо, балки кӯдакони онҳо, хешу табор, дӯстон, ҳамкорон ва ҳамаи он касоне, ки бо онҳо муошират мекунанд, азоб мекашанд. Агар дар дили одам озор зиндагӣ кунад, атрофиён инро, ҳатто ба моҳияти кор сарфаҳм нарафта, фаҳмида метавонанд. Агар завҷаи шумо аз ягон кас ранҷида бошад, дар бораи он дуо кунед, ки ӯ ин одамро бахшида тавонад, вагарна ин дар муносибати ӯ бо одамон инъикос меёбад ва ба ӯ халал мерасонад он шахсе шавад, ки Худо ӯро ҳамон хел дидан мехоҳад. ЭҲТИЁҶОТҲОИ ЗАВҶAҲO Марҳамат карда, дар бораи он дуо кунед, ки завҷаи шумо: • бо занони имондор дӯстӣ пайдо кунад; • бо ҳамаи аъзоёни оила муросо кунад; • дар назари хешу табори шумо илтифот ёбад; • ба тамоми ҷаҳон дар дили худ озор нагирад; • аз ёдоваршавии дардовари гузашта раҳоӣ ёбад; • бахшидани дигаронро омӯзад; • бо он касоне оштӣ шавад, ки ӯро ранҷонидаанд. ШАҲОДАТИ ШАВҲАРОН Кеннет К. Улмер, усқуф, шӯбони калони ҷамоати марказии каломии имондорони Инглвуд (штати Колифорния) нақл мекунад. Ӯ ва завҷааш Тогетта 24-сол инҷониб якҷоя зиндагӣ доранд ва соҳиби се фарзанд мебошанд. Мавзӯи асосии дуоҳои ман ҳамеша беҳшавии муносибатҳои зав­ҷаи ман, Тогетта, бо кӯдакони ман аз никоҳи аввалаам буд. Ману Тогетта 25-сол боз ҳамсар ҳастем. Дар давоми ин солҳо ман дидаам, ки чӣ хел қудрати Худо дар мо амал мекард, ва ҳақиқатро мекушод, ки Худо қудрат дорад аз он чизе, ки фикр дорем ва мепурсем, бештар амал намояд. Худо дар ҳақиқат ба таври муъҷизаовар ба соҳаҳои муносибатҳои завҷаи ман бо духтаронам амал намуд. Вақте ки мо бо Тогетта оиладор шудем, як духтари ман аллакай панҷсола ва дигараш сесола буд. Аз рӯзи аввал ман фаҳмидам, ки ба мо роҳнамоии Худо ва ёрии Ӯ лозим аст, то ки алоқаи нозуки байни ҳаёти пештараи маро бо имконияти дуюми оила барпо куниам, ки онро Худо ба ман бо марҳамати Худ муҳайё намудааст, мустаҳакам намояд. Аз рӯзҳои аввали никоҳамон ман дар бораи он ба дуокунӣ сар кардам, ки Тогетта барои духтаронам модарандари хуб гардад. Ва ман дидам, ки чи хел Худованд дар байни онҳо муносибатҳои пур аз поквиҷдонӣ, якдигарфаҳмӣ, пуртоқатӣ ва эҳтиромро барпо намудааст. Чунин муносибатҳо ҳеҷ гоҳ худ ба худ ба амал наме­омаданд. Имрӯзҳо духтарони ман 29 ва 27 сола ҳастанд. Онҳо ба таври ҳақиқӣ Тогеттаро дӯст медоранд ва эҳтиром менамоянд. Ҳар кадоми онҳо зиндагии худро доранд ва ман шоҳиди он будам, ки чи хел Худо онҳоро бо ҳам наздик намуд, яъне он чизеро барпо намуд, ки танҳо Ӯ ин корро карда метавонад. Худованд инчунин ба ман рухсат дод, ки писарбачаеро писархонд кунам, ки вай писари беҳтарин дар рӯи замин гардид. Ҳоло вай 14-сола аст. Ман ӯро хеле дӯст медорам ва ӯ ҳамеша ба ман хурсандии бузург меорад! Ман аз Худо миннатдорам, ки ҳамаи кӯдаконам наҷот ёфтаанд ва Ӯро дӯст медоранд. Мо якҷоя давраҳои мушкилро аз сар гузаронидем, якҷоя дар бораи он дуо кардаем, ки Худо хонаи мо ва оилаи моро нигоҳ дорад. Аз як тараф мо оилаи муқаррарии шӯбон ва аз тарафи дигар бошад мо шоҳидони амалҳои мӯъҷизаовари қувваи Худо мебошем, ки қудрати шифодиҳӣ ва мустаҳакамсозии муносибатҳоро барои ҷалоли Худо дорад. Ман инчунин дар бораи он дуо мекардам, ки Худо ба завҷаи ман якчанд занони имондорро фиристад, то ӯ тавонад ба онҳо бовар кунад. Ман мушоҳида мекунам, ки завҷаҳои шӯбонон бисёр вақт яккаву танҳоянд. Онҳо дӯстони наздик надоранд, ки ба онҳо рози дили худро гуфта тавонанд. Онҳо ба ҳеҷ кас бовар карда наметавонанд. Ман барои заноне дуо мекунам, ки завҷаи маро дӯст доранд, якҷоя дуо кунанд ва ҳамеша ӯро тарафдорӣ кунанд. Ва ман аз Худо барои дугонаҳои додааш минатдор ҳастам, зеро бо онҳо ӯ метавонад хурсандӣ ва ғамашро бо ҳам бинад. Ман аз Худо барои он дугонаҳои додааш минатдор ҳастам, ки бо онҳо вай барои харид кардан меравад, зеро муошират бо онҳо ба ӯ ҳаловат мебахшад. Худованд вафодор буда ҳамеша ба дуоҳои ман оиди беҳшавии муносибатҳои завҷаи ман бо одамон ҷавоб медод. Дуо Худованд, ман дар бораи он дуо мекунам, ки завҷаи ман (номи завҷа) дугонаҳои хуб дошта бошад. Бигзор муошират бо онҳо барои ӯ сарчашмаи қувват гардад. Чуноне кун, ки вай ҳамеша ба дастгирии дуогии онҳо умед баста тавонад. Аз ҳаёти ӯ ҳар гуна муоширатеро дур кун, ки самараҳои нек намеоранд. Ман инчунин аз Ту дар бораи он хоҳиш менамоям, ки муносибатҳои дурустро байни завҷаи ман ва аъзоёни оилаи ман барқарор созӣ. Бигзор Рӯҳи муҳаббат ва ҳамфикрии Ту дар дили ҳар кадоми онҳо ҳукм­ронӣ намояд. Ман дар бораи ҳалли ҳар гуна муноқишаҳо ва вайронкуниҳои ҳар гуна нороҳатиҳо дар муносибатҳо бо хешу табор илтиҷо менамоям. Ба ман нишон деҳ, ки барои тагйир додани вазъият ба тарафи хубии кор чӣ гӯям ва чӣ кор кунам. Асосан ман дар бораи дурустшавӣ ва мустаҳкамшавии муносибатҳои завҷаам бо… (номи аъзои оила) илтиҷо менамоям. Тарафҳои душманӣ доштаро оштӣ деҳ ва дӯстии вайронгаштаро барқарор намо. Худованд, ман аз Ту илтиҷо менамоям, чуноне кун, ки завҷаи ман бахшида тавонад ва хоҳад. Ҳатто агар ӯ хоҳи­ши кардани ин корро надошта бошад, ба ӯ кӯмак кун, ки ин корро аз рӯи итоаткорӣ ба Ту бикунад. Ба ӯ бикшо, ки бахшидан озордиҳандаи ӯро ҳақ намебарорад, балки ӯро озод мегардонад. Агар дар дили ӯ ягон озори кӯҳнa хобида бошад, ба ӯ ҳақиқатро кушо, то ки аз ин гуноҳ назди Ту тавба намояд, ва аз он раҳоӣ ёбад. Ман аз Ту хеле илтиҷо менамоям, чуноне кун, ки ману завҷаам нисбати якдигар озорро дар хотир надошта бошем, ва ҳамон замон пурра бахшидани якдигарро ба мо биомӯз. Ба мо дар фаҳмидани он ёрӣ деҳ, ки ҳама ҳақиқат танҳо ба Ту маълум аст, аз ин рӯ мо ҳуқуқи доварӣ карданро надорем. Завҷаи маро барои оила, дӯстон, ҳамкорон ва ҷамоат нур гардон, ва бигзор бo василаи муоширати ӯ бо одамон ҷалоли Ту, Худованд, афзун гардад. ОЯТҲО АЗ КАЛОМ, ки қудрат доранд дуои шуморо пуртаъсир гардонанд Одил ба ёри худ роҳ нишон медиҳад, вале роҳи шарирон онҳоро дар иштибоҳ меандозад. Мас. 12:26 Ва ҳангоме ки дар дуо меистед, агар аз касе ранҷу озоре кашида бошед, гуноҳи вайро афв намоед, то ки Падари шумо низ, ки дар осмон аст, гуноҳҳои шуморо биомурзад. Марқ. 11:25 Ёроне ҳастанд, ки ба шикаст мерасонанд, вале дӯсте ҳаст, ки аз бародар маҳкамтар мечаспад. Мас. 18:24 Ҳар гуна кудурат ва қаҳр, ва ғазаб ва фарёд, ва бадгӯӣ бигзор аз шумо ба ҳар навъ шарорат дур шавад; балки ба якдигар меҳрубон ва дилсӯз бошед ва якдигарро афв намоед, чунон ки Худо низ моро дар Масеҳ афв намудааст. Эфс. 4:31-32 Доварӣ накунед, ва ба доварӣ дучор нахоҳед шуд; маҳкум накунед, ва маҳкум нахоҳед шуд; бибахшед ва бахшида хоҳед шуд… Луқ. 6:37 БОБИ НӮҲУМ. АФЗАЛИЯТҲОИ Ӯ Завҷаи шумо ҳамеша таҳти назорати бодиққати атро­фиён қарор дорад, ҳеҷ набошад ба ӯ чунин менамояд, ки одамон ба ӯ бо назари баҳодиҳӣ нигоҳ мекунанд. Қонуни нонавиштаи ин ҷаҳон чунин аст — завҷаи шумо барои рафтори фарзандони худ, мувафақиятҳои онҳо дар мактаб ва барои ҳаёти ояндаи онҳо ҷавобгар аст. Агар ӯ дар калисо, дар мактаб, дар ноҳияи худ ва дар ҷамоати худ фаъол набошад, албата ба маҳкумкунии хомушона дучор мегардад. Одамон бисёр вақт ӯро дар асоси овозаҳо оиди тартиботи дарунии хона баҳо медиҳанд (зимнан, барои намуди зоҳирии хона шумо ҷавоб медиҳед). Агар завҷаи шумо дар баробари ин коргар бошад, вазъият мушкилтар мегардад, зеро аз ӯ интизоранд, ки ӯ дар бораи ҳаёти худ шаҳодат медиҳад, ки кор барои ӯ дар ҷои аввал меистад. Ғайр аз ин ӯ вазифадор аст, ки завҷа, модар, духтар, дугона ва ҳамсояи намунавӣ бошад. Ва агар ӯ аз уҳдаи яке аз ин нақшаҳои худ набарояд, ӯро лозим меояд, ки дар назди комиссияи начандон босалоҳият ва пурғараз истад, ки ӯро дар асоси далелҳои ғайримустақим маҳкум мекунанд. Он даме, ки завҷаи шумо вақти худро дар иҷро кардани яке аз ин вазифаҳои худ сарф мекунад, ӯ дар бораи он ба ташвиш меафтад, ки боқимондаи онҳo дар беэътиноии хатарнок қарор доранд. Гоҳо ба ӯ чунин менамояд, ки ӯ бояд бегуноҳии худро исбот намояд ё ҳатто раҳм карданро хоҳиш намояд. Кор боз аз он дучанд мегардад, ки айбдоркунандаи ҳамешагии ӯ ҳамеша муқобили ӯ оиди нобарориҳояш шоҳидони тайёркардашуда дорад. Дар он вақте ки ҳамаи эътирозҳои ӯ рад карда мешаванд, ҳамаи айбдоркуниҳои ӯ асоснок менамоянд. Дар майнаи ӯ истинтоқи дутарафаи беист шуда мегузарад. Айбдоркунӣ бениҳоят вазнин аст. Вайронкунии қонун, ки ӯро дар он айбдор месозанд, ба андозае ҷиддӣ нест, ки чунин ҷазои сахтро сазовор бошад. Охир ӯ бо тамоми ҷидду ҷаҳд кӯшиш мекунад. Барои чӣ ин кофӣ набошад? Ҷамъият аз занон хеле чизҳои зиёдеро талаб менамояд; аз мард­ҳо низ чизҳои бисёр талаб карда мешавад, вале ба таври дигар. Масалан, мардон аз занон дида, бори гаронтареро, яъне таъминоти оиларо ба дӯши худ доранд. Зан дар таъмин намудани оила ёрӣ мерасонад, вале барои он ҷавобгар нест. Ҳатто агар зан дар оила ягона каси таъминкунанда бошад, ва бо вуҷуди ин пули зиёд кор накунад ва мансаби баланд надошта бошад, касе ӯро маҳкум намекунад. Аммо нисбати мардон ҷамъият мусолиҳакор нест. Вале агар зан дар буҷети оилавӣ ҳар қадаре саҳм нагузорад ҳам, ва ҳатто агар ӯ худ кор кунаду оиларо таъмин намояд ва шавҳар дар хона нишаста, бо кӯдакон машғул шавад, агар бо кӯдакони ӯ дар мактаб ё байни ҳамсолон ягон масъала сар занад, ба зан даъво мекунанд. Баъзан фишори талаботҳои ба ӯ пешкаш шуда ба андозае тоқатфасо мегардад, ки гӯё мадораш хушк мешавад, ва ӯ аз ӯҳдаи вазифаҳояш баромада наметавонад. Oн вақт ӯ метавонад тамоман рӯҳафтода шавад ва ҳатто бемор гардад. Фаҳмиши ҳамаи ин омил­ҳо ба шумо ёрӣ мерасонад, ки барои ӯ дуокуниро сар кунед. Боз як масъалаи дигар аз қабили масъалаи душвори ҳаёти занон ин масъулияти ҳамеша ботартиб нигоҳ доштани «маскани» меҳмоннавоз, зебо, бароҳат ва бехатари оилавӣ мебошад. Чун қоида, мард дар интихоби ҷои истиқомат фаъолтар аст, вале ӯ инро мисли зан сахт эҳсос намекунад. Вақте ки зан ба қобилияти худ дар барпо кардани хонаи бароҳату меҳмоннавоз шубҳа мекунад, агар ӯ барои ин на вақт ва на пул дошта бошад, он вақт ин хона барои ӯ сарчашмаи изтиробҳои беохир ва нохушиҳо мегардад. Масалан, агар ба хонаи Билл ва Сара даромада, одамон бубинанд, ки хона ифлос аст, рӯбу чин карда нашудааст, онҳо фикр намекунанд, ки Билл — одами бетартиб аст, — не, онҳо ҳамон замон қарор медиҳанд, ки Сара — соҳибхоназани хуб нест. Ана, барои чӣ вақте ки аҳли хонавода аз қафои худ ҷамъ намекунанд, завҷаи шумо ғамгин мешавад. Ё фарз кардем, ки шумо ногаҳон ҳамроҳи худ рафиқатонро ба хӯроки шом меоред, ки дар ин бора завҷаатон хабар надошт. Аниқтараш, ин ғазаби ӯро меорад, на барои он ки ӯ ин одамро дар хона дидан намехоҳад, балки аз он сабаб, ки хонаи ӯ барои қабули меҳмон тайёр нест, хӯроки шом бошад, муқаррарист, ва ӯ фикр мекунад, ки барои ин мaҳз ӯро маҳкум мекунанд. Барои бисёри занон оростани дастархон боварии онҳоро дар худ мустаҳкам месозад. Ва дар ин лаҳза бошад, ӯро аз имконияти зоҳирсозии маҳорати худ маҳрум сохтанд, ки шояд ягон касро ҳайрон карда метавонист. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки агар розигии Худо ба даст оварда нашуда бошад, сохтани хона маъно надорад. Корҳои рӯзгор дар худ миқдори зиёди масъулияти майда чуйдаро дар бар мегирад, ки онҳо гӯё ҳеҷ гоҳ ба охир намерасида бошанд, ва баъзеи онҳо барои мо то андозае ночиз метобанд, ки ба ин ташвишҳо ҷалб кардани Худо хиҷолатовар аст. Ва агар мо ҳамеша тайёр бошем, ки бо Ӯ ҳамаи ташвишҳоямонро бо ҳам бинем, Ӯ ҳамеша тайёр аст, ки бори моро сабук кунад. Бештари занон мехоҳанд на танҳо дар хона, балки берун аз он низ ҳаёт дошта бошанд. Ин метавонист моҳиятан фишореро, ки зани шумо эҳсос менамояд, кам гардонад, вале барои ин шумо бояд дар бораи он дуо кунед, ки бори ба дӯши ӯ афтода сабук гардад. Шубҳа накарда ба Худо муроҷиат намоед ва аз Ӯ бипурсед, ки шумо ба ӯ чӣ гуна ёрӣ дода метавонед (дар шавҳари худ ман махсусан ба ёрӣ тайёр будани ӯро дар корҳои рӯзгор қадр менамоям). Ташвишҳои рӯзгор барои зан дар он вақте ки касе раҳмат намегӯяд, меҳнати қадрнашаванда буда метавонад. Барои ҳар як кори кардаи ӯ баҳои баланд доданро фаромӯш накунед. Ба ӯ рӯҳбаландсозии шумо зарур аст; ӯ мехоҳад донад, ки шумо ба андозае сабукфикр нестед, ки он бореро вазнинтар гардонед, ки бе ин ҳам ба дӯши ӯ фишор меорад. Афзалиятҳои худро ҷо ба ҷо гузошта зан одатан ҳамаашро аз худ боло мегузорад. Чунин сербориҳо сабаби стресси ҳамешагӣ ва харобгардии системаи асаб мегардад, ки метавонад дуру дароз то он даме норавшан монад, ки рӯзе организми ӯ чун устухоне, ки дар он калтсий намерасад, мешиканад. Агар завҷаи шумо ҳамеша худро фаромӯш карда, ғайр аз худ, баҳри ҳама хизмат кунад, чунин ҳаёт ӯро аз ҳад зиёд монда месозад. Ӯ дигар чизи медодагие надорад. Дар бораи он дуо кунед, ки ҳамсаратон барои худ вақт ёфтанро ёд гирад. Аз ин ӯ худпараст намегардад — аз ин ҷои асосиро дар ҳаёти ӯ Худо ишғол хоҳад кард. Занро хеле мушкил аст, ки вазифаҳои худро ба як тартиби муайян гузорад, зеро дар ҳаёти ӯ чизҳои зиёде ҳастанд, ки диққати ӯро талаб менамоянд. Завҷаи шумо ба дуоҳои шумо сахт эҳтиёҷ дорад. Агар шумо ӯро маҳкум ё танқид карда бошед, ман боварӣ дорам, ки шумо инро аз рӯи ғараз накардаед. Аз айбдоркуниҳои худ даст кашед, завҷаи худро сафед кунед ва минбаъд ба чунин доварии ноодилона роҳ надиҳед. Душманро оиди он огоҳ созед, ки зани шумо аз тарафи Довари Олӣ, ки дорои тамоми қудрат дар рӯи замин аст, сафед карда шудааст, ва ба иблис ёдовар шавед, ки вай ҳуқуқи доварӣ кардани завҷаи шуморо надорад. Шаҳодати шахсии вай дар бораи сафедшавии бузург, ки Худо ба вай тӯҳфа намудааст, дигар занони шариатпарастро оиди он мӯътақид гардонда метавонад, ки онҳо ҳам метавонанд аз қонуне раҳоӣ ёбанд, ки онҳоро водор месозад ба талаботҳои ба онҳо пешкаш шуда ҷавобгӯ бошанд. Баъд аз Худо хоҳиш намоед, ки ба зани шумо иродаи Худро нисбати ҷо ба ҷо гузориҳои афзалиятҳо дар ҳаёташ кушояд. Ва ба мо дода нашудааст доварӣ намоем, ки то чӣ андоза ӯ аз ӯҳдаи ин мебаромада бошад. ЭҲТИЁҶОТҲОИ ЗАВҶAҲO Марҳамат карда дар бораи он дуо кунед, ки завҷаи шумо: • фаромӯш накунад, ки дар ҳаёти худ Худоро дар ҷои аввал гузорад; • барои бо шумо муошират кардан вақт ёбад; • барои бо кӯдакон муошират кардан вақт ёбад; • барои худ вақт ёбад; • хонаи бароҳат ва меҳмоннавоз барпо карда тавонад; • оқилона истифода бурдани вақти худро омӯзад; • афзалиятҳои худро дуруст фаҳмад ва дуруст ҷо ба ҷо гузорад. ШАҲОДАТИ ШАВҲАРОН Майкл Омартиан нақл мекунад Ман медонам, ки агар дар ҳаёт афзалиятҳо дуруст ҷо ба ҷо гузошта нашуда бошанд, он чӣ гуна бемақсад хоҳад буд. Агар масъулиятҳои мардонаи мо ҳар қадар вазнин ҳам набошад, онҳо бешубҳа аз масъулиятҳое, ки занҳои мо ба ҷо меоранд, сабуктар ҳастанд. Ман вақти зиёдамро дар дуо барои Сторми гузаронда, дар он аз Худо хоҳиш менамоям, ки дар ҳаёти вай тартиботи дурустро ба роҳ монад, то ки дар маркази ҳамаи корҳои худ буда, вай ҳамеша хурсандӣ ва осоишро ҳис кунад. Агар дар дили яке аз мо хурсандӣ набошад, ин зуд дар муносибатҳои заношӯии мо таъсир мерасонад. Ҳар як мард бояд барои завҷаи худ захираи суханони рӯҳбаландкунанда дошта бошад. «Раҳмат ба ту. Ту инро хеле хуб ба ҷо овардӣ»; «Раҳмат ба ту, ки дар бораи кӯдакон хеле хуб ғамхорӣ менамоӣ»; «Раҳмат ба ту, ки завҷаи ман ҳастӣ», — ана суханоне, ки аз шунидани онҳо ӯ ҳеҷ гоҳ хаста намешавад. Инчунин мо бояд дар бораи он дуо кунем, ки завҷаҳои мо Худовандро ҷӯё бошанд ва ба ҷо овардани онро ёд гиранд, ки Ӯ аз онҳо ҳаминро интизор аст. Агар мо дуо накунем, ба завҷаҳои худ халал мерасонем, ки Худоро гӯш кунанд ва роҳеро бинанд, ки бо он бояд раванд. Барои завҷаи худ дуо карда ва ӯро барои ба даст овардани он мақсадҳое, ки Худо дар наздаш гузоштааст, рӯҳбаланд сохта, ман ба ӯ ёрӣ мерасонам роҳеро бубинад, ки ӯро ба ҳаёти комил мебарад. Пештар ман стрессро қисмати мардон меҳисобидам. Ҳа, албатта! Ман дар кар (автомобили начандон калони электрикӣ ё бензинӣ барои ҳаракат кардан дар май-дони голфбозӣ) дар майдончаи голфбозӣ назди ёздаҳум ти (майдонча, одатан каме баланд бардошташуда, ки аз ҳамон ҷо бозӣ сар мешавад) нишаста, дар бораи он гап мезадам, ки ман чӣ тавр хушбахт ҳастам, ки тавонистам як-ду соат вақт барои голфбозӣ пайдо кунам. Вале Сторми дар ин вақт ҷон мекоҳонид: ӯ аз болои китобе, ки мӯҳлати супориданаш аллакай аз нисф гузашта буд, кор мекард, ба духтарамон ёрӣ медод, ки вазифаи хонагиро иҷро кунад, хонаро ба тартиб меовард, хӯрок тайёр мекард, оқилона вохӯриҳо ва гуфтушунидҳои кориро мебурд ва боз метавонист, ки барои шавҳари як умр норозии худ вақт ёбад. Завҷаҳои мо аз мо мардон дида, масъулиятҳои бештаре доранд. Мардонро одатан лозим меояд, ки масъалаҳои камтареро ҳал намоянд, гарчанде ин масъалаҳо калон ва арзандаанд; занон бошанд, масъалаҳои бисёри хурд ва на он қадар хурдро бояд ҳал кунанд. Ман аз Худо хоҳиш намудам, ки ба Сторми оқилона ташкил намудани рӯзи худро омӯзонад, то ки қувваи ҳаётиро нигоҳ дорад. Худо ҳамеша ба дуоҳои ман ҷавоб медод. Дуо Худованд, ман имрӯз барои завҷаи худ (номи завҷа) дуо мекунам, ва аз Ту хоҳиш мекунам, ки дар бораи ӯ ғамхорӣ намоӣ. Ба ӯ бикушо, ки ҳар рӯз ӯ бояд Туро биҷӯяд ва Туро дар ҳаёти худ дар ҷои аввал гузорад. Ба ӯ биомӯз, ки вақти худро ташкил карда тавонад ва онро самаранок истифода барад. Ба ӯ кӯмак кун, ки афзалиятҳо ва манфиатҳоро аз рӯи муҳимиашон ҷо ба ҷо гузорад, то ки пурра аз ӯҳдаи иҷрои ҳар як вазифа баромада тавонад. Ба ӯ кӯмак кун, ки мавқеи хубро байни нақши завҷа, модар, соҳибхоназан, зани коргар, хизматчии калисо ва ҷамоатро ёбад; ва инчунин ба ӯ мадад расон, ки шахсан барои худ вақт ёбад, то ки ҳамеша худро солиму бардам ҳис намояд. Ва вақте ки мувозинати ҳиссиётҳои ӯ вайрон мешаванд, ӯро аз ҳисси азобдиҳандаи гуноҳ раҳоӣ деҳ. Ва бигзор дар байни ҳама корҳои худ ҳамеша барои ман вақт ёбад. Ба ӯ қувва ва нерӯе деҳ, ки ҳамаи вазифаҳои худро бо хурсандӣ ба ҷо орад. Худованд, ман аз Ту хоҳиш менамоям: ба завҷаи ман (номи завҷа) кӯмак кун, ки хонаи моро истиқоматгоҳи боҳаловат ва осоиштагӣ гардонад. Новобаста аз вазъи молиявиамон, ба ӯ хирадмандӣ, нерӯ, қувва ва ақли расо деҳ, то хонаамонро ба ҷои мӯъҷизаовар табдил диҳад, ки ба ҳар кадоми мо хурсандӣ орад. Ман аз Ту хоҳиш менамоям: бори ташвишҳои рӯзгорро, ки бар дӯши ӯ афтодаанд, сабук гардон ва ба ӯ ёрӣ расон, ки дар дили худ осоиштагӣ дошта бошад. Ба ман нишон деҳ, ки чӣ тавр дар корҳои хона ба ӯ ёрӣ расонам. Рӯҳулқудс, ман аз Ту хоҳиш мекунам, хонаи моро бо осоиштагии Худ, муҳаббат ва ягонагии Худ пур соз. Бигзор хонаи мо бо ҳикмат бино гардад ва бо хирад барқарор карда шавад, бигзор он «ба ҳар навъ молу мулки гаронбаҳо ва дилпазир» пур гардад (ба Мас. 24:3-4 ниг.). Дар хонаи мо ҳар он чизе, ки Туро, Худованд, ҷалол намедиҳад, нишон деҳ. Ман иброз медорам: «Ман ва хонадони ман Худовандро ибодат хоҳем кард» (ба Еҳ. 24:15 ниг.). Ба ӯ (номи завҷа) ёрӣ деҳ, ки аз ӯҳдаи корҳои ҳаррӯзааш барояд, ва ба ӯ хирадмандӣ деҳ, ки ба худ масъулиятҳои зиёдатиро нагирад. Ба ӯ ёрӣ деҳ, ки маънои афзалиятҳои худро дуруст дарк намояд ва онҳоро дар мувозинати даркорӣ нигоҳ дошта тавонад. ОЯТҲО АЗ КАЛОМ, ки қудрат доранд дуои шуморо пуртаъсир гардонанд Барои ҳар чиз замоне ҳаст, ва барои ҳар кор дар таҳти осмон вақте ҳаст… Воиз 3:1 Аммо аввал Малакути Худо ва адолати Ӯро биҷӯед, ва ҳамаи ин чизҳо ба шумо ба таври илова дода хоҳад шуд. Мат. 6:33 Агар Худованд хонаро бино накунад, бинокорони он бар абас меҳнат мекунанд. Заб. 126:1 Ба рӯзгори хонаи худ назорат мекунад, ва нони коҳилиро намехӯрад. Мас. 31:27 Шариати Худои ӯ дар дили ӯст; қадамҳояш суст нахоҳад шуд. Заб. 36:31 БОБИ ДАҲУМ. ЗЕБОГИИ Ӯ Зан чӣ гуна ки набошад — ҷавон ё солхӯрда, ба худ боваридошта ё беҷуръат, баркамол ё норасид — мехоҳад, ки ҳамеша аз будгиаш хушрӯйтар бошад. Бисёр занон умуман зебогии ҳақиқии худро намебинанд. Ман занеро намедонам, ки ба ӯ хушгӯиҳо оиди зебогии ӯ маъқул набошад, махсусан агар инро ба ӯ марди ҳаётиаш гӯяд. Агар шумо занеро донед, ки ба ӯ шунидани ин суханон ҳаловат намебахшад, пас ӯ солҳои зиёдест, ки чунин суханонро нашунидааст, ё эҳтимол ӯ онҳоро шунидааст, вале онҳо бо ин ё он хел зӯроварӣ баён карда шудаанд. Ҳар чӣ ҳам набошад, як чиз фаҳмост: сабаби бефарқии зан ба хушгӯиҳо — алами рӯҳӣ аст. Худо занро зебо офаридааст. Занони каломӣ чӣ гуна зебоянд — Соро, Роҳел, Ривқо, Эстер. Ва кист, ки ба зебогии Марям ва Ҳавво шубҳа кунад? Барои занон хоҳиши дар худ ва гирду атроф дидани зебоӣ табиист. Худо ба ӯ инро барои он тӯҳфа намудааст, ки мехоҳад дили зан дар назди Ӯ кушода бошад, назди Он касе, ки намунаи комили зебоӣ аст. Худо мехоҳад чашмони зан ба Ӯ нигаронида шуда бошад, то ки дар он зебоии Ӯ инъикос ёбад (ба Заб. 26:4 ниг.). Занро он фикр зебо мегардонад, ки ӯ дӯстдошта аст. Аз ин рӯ, ҳузури Рӯҳи Худо дар дили ӯ ва хоҳиши якҷоя бо Худованд будан, ҳамду сано хондан ва ҷалол додан — ана воситаҳои беҳтарини нигоҳдории зебоӣ. Муҳаббати Худо ӯро ботинан ва зоҳиран зебо мегардонад. Муҳаббати мард низ занро зебо мегардонад. Занеро, ки дӯст намедоранд, пажмурда мешавад ва мемирад. Барои чӣ муошират бо кӯдакон ба зан чунин ҳаловати бузург мебахшад? Барои он ки тамоми рӯз лутфу навозиш ва муҳаббат ӯро иҳота менамояд ва дили ӯро пур месозад. Вале муҳаббати кӯдакон нисбати ӯ ҳарчанд зӯр набошад, ӯ ба муҳаббати шавҳар бештар эҳтиёҷ дорад, зеро му­ҳаббати шавҳар ба ӯ қаноатмандӣ меорад. Муҳаббати шавҳар занро бой мегардонад; ин муҳаббат ба ӯ имкон медиҳад, ки худро зебо ҳис кунад. Ва мавҷи ин файз боз ба шавҳар бармегардад (Майкл ҳамеша ба ман мегӯяд, ки ман хушрӯй ҳастам, ҳатто вақте ман медонам, ки ин хел нест. Баъзан ман аз ӯ хоҳиш мекунам, ки бисёр ба ман нигоҳ накунад. Вале ба ҳар ҳол, вақте ки ман ин суханонро аз ӯ мешунавам, худро хеле дилкаш ҳис мекунам). Шумо завҷаи зебо доред. Бигзор ӯ комил набошад, ба ҳар ҳол ӯ намуди зоҳирии зебо дорад. Ман ба ин боварӣ дорам, зеро агар шумо зебоии ӯро намедидед, хонадор намешудед. Мардон агар зебоии занро набинанд, агар ӯ дили мардро ба ҷунбиш наорад, ҳеҷ гоҳ хонадор намешаванд. Муҳим нест, ки шумо чанд сол боз оиладор ҳастед — шумо ҳамеша метавонед зебоии завҷаи худро бинед, ва барои он, ки инро ба ӯ бигӯед, шумо бояд ӯро ба қадри кофӣ сахт дӯст доред. Ҳар қадаре мард ба зан кӯмак кунад, ки зан худро зеботар ҳис намояд, зан ҳамон қадар зеботар мегардад. Шояд шумо суруди машҳури «Барои чӣ зан наметавонад бо мард баробар шавад?»-ро аз мюзикли машҳури «Бонуи зебои ман» ба хотир оварда бошед. Шояд шумо онро ҳоло замзама карда истода бошед. Вале ман мехоҳам ба шумо ёдовар шавам, ки занон ба мардон монанд нестанд, онҳо дигар хеланд. Дар як номгӯи китоби машҳур гуфта мешавад, ки мардон ва занон — сокинони сайёраҳои гуногунанд. Дар ин каме ҳақиқат ҳаст. Аниқтараш гуфтан мумкин буд, ки онҳо — сокинони галактикаҳои гуногун мебошанд. Барои ҳамин зан наметавонад ба мард монанд шавад ва дар айни замон зан монад. Ҳамин тариқ, агар шумо тамоми муҳимии дуоро дар бораи зебогии зан нафаҳмед, ба ман бовар кунед. Ман медонам, ки чӣ мегӯям, аз ин рӯ маро то ба охир гӯш диҳед. Завҷаи шумо ба худ чӣ хел муносибат менамояд, ва ӯ худро чи хел ҳис мекунад — барои ҳар дуи шумо муҳим аст, ва аз ин ҳам хушбахтии ӯ ва ҳам хушбахтии шумо вобаста аст. Албатта шумо наметавонед ба он нақше, ки завҷаи шумо то никоҳ дар худ офаридааст, масъулиятро ба гардан гиред, вале шумо метавонед ба таври мусбӣ ё манфӣ ба он образе, ки акнун то ба он омада расад, таъсир расонед. Суханони шумо метавонад дар ӯ чунон зебогиеро бедор созад, ки дар бораи он шумо ҳатто фикр ҳам намекардед. Боре дугонаи ман Терри ҳамроҳи шавҳараш мағозаро тамошо карда, аз шаҳвараш мепурсад: «Ба ту аз ин ҷо ягон чиз даркор аст?» Шавҳараш ба ӯ нигоҳ карда ҷавоб дод: «Ба ман дар ин ҷо ғайр аз ту дигар чизе даркор нест». Магар шубҳа кардан мумкин аст, ки баъди шунидани чунин суханон ӯ худро зебо ҳис накарда бошад? Ман ҳоло маҳз дар бораи чунин суханон гуфта истодам. Агар завҷаи шуморо дар хурдсолӣ падару модар, бародарон, апаю хоҳарон ё ҳамсолон ранҷонида бошанд ва он фикрро талқин карда бошанд, ки ӯ бадафт аст, худбаҳодиҳии ин вақтаи ӯ хеле паст буда метавонад. Ва ҳар касе, ки ӯро баръакси ин талқин мекунад, бефоида аст, зеро танҳо ду шахсият ҳастанд, ки метавонанд ӯро ба он бовар кунонанд, ки ӯ зебо аст — Худо ва шумо. Ва ҳатто шумо ҳам ҳеҷ коре карда наметавонед, агар Худо якумин шуда ба ӯ дар бораи зебогиаш нагӯяд. Чӣ қадар мард ба завҷаи худ нагӯяд, ки ӯ аз ҳама зебо аст, ва агар зан ба ин боварии ботинӣ надошта бошад, ҳеҷ чиз тағйир намеёбад. Танҳо дуоҳои шумо қудрат доранд, ки ҳама чизро тағйир диҳанд. Дуоҳои шумо ӯро аз дурӯғи ҳаёти пештара раҳоӣ мекунанд ва ёрӣ медиҳанд Худоро шунавад, ки ба ӯ ҳақиқатро мегӯяд. Дуоҳои шумо инчунин ба завҷаатон ёрӣ мерасонад, ки мавқеи хубро байни худбоварӣ ва худмазамматкунӣ ёбад. Онро ҳар зане, ки мехоҳад солимақл бошад, бояд ёбад. Ба кӣ маъқул аст дар муоширати шахсе бошад, ки ҳамеша аз дилкаш набуданаш шикоят мекунад? Ё ин ки кист, ки тобу тоқати бонуеро дошта бошад, ки худро зани аз ҳама зеботарин мешуморад? Албатта бисёр одамон ба чунин ҳолат намеафтанд, вале занони аз намуди зоҳирии худ норизо хеле бисёранд. Сабаби ин зуҳурот дар он аст, ки ҷаҳон ҳамеша ба мо қолиби зани зеборо маҷбуран бор менамояд. Агар зан ба қолиби муайян ҷавобгӯ набошад, ки мувофиқи он ӯ бояд таносуби муайяни бадан, намуди муайяни мӯй, шакли муайяни чашм, шакли муайяни лаб ва ғайраро надошта бошад, ӯ зебо буда наметавонад. Дар бораи раҳоёбии завҷаи худ аз зулми фикри умум дуо кунед, дар бораи он дуо кунед, ки чашмони ӯ ҳамеша ба Худо нигаронида шуда бошанд ва зебогии Ӯро тамошо кунад, ки он дар чашмони ӯ инъикос ёфта, ӯро ба таври ифоданашаванда зебо гардонад. Талаботи шунидани хушгӯиҳо дар занон аз овони хурдӣ пайдо мегардад. Вақте ки духтарчаи ман дусола буд, ҳар рӯзи якшанбе ман ба калисо рафта истода, ба ӯ куртаи аз ҳама зебояшро мепӯшондам ва ба ӯ мегуфтам, ки хеле хушрӯй шудааст ва ин ба ӯ ҳаловати бузурге мебахшид. Ва баъди ин ман ӯро ба хонаи дигар назди падараш мефиристодам, ки худро нишон диҳад. Агар падар мегуфт, ки ӯ хеле хушрӯй шудааст, духтарамон аз шодӣ гул-гул мешукуфт. Зан дар ҳар синну соле, ки набошад, шунидани хушгӯиҳо аз тарафи мард ҳамеша дили ӯро аз шодӣ пур мегардонад. Ҳамин тариқ, на танҳо завҷаи шумо, балки духтаратон низ аз шумо шунидани чунин суханонро мехоҳад. Занҳои шумо ба чунин хушгӯиҳо аз оне, ки шумо фикр мекунед, бештар эҳтиёҷ доранд. Ба модари худ, ба бибии худ дар бораи зебоии онҳо гуфтанро фаромӯш накунед. Зан дар ҳар синну соле, ки набошад — дусола ё яксаду дусола — дар дили ӯ афрӯхтани шарора дар дасти шумост. ЭҲТИЁҶОТҲОИ ЗАВҶAҲO Марҳамат карда, дар бораи он дуо кунед, ки завҷаи шумо: • донад, ки Худо ӯро дӯст медорад; • зебоии Худоро дар ботини худ эҳсос намояд; • муҳаббати шуморо ҳис кунад; • ба худ сазовор баҳо диҳад; • ҳамеша барои худ вақт ёбад; • тавонад, ки худро боз ҳам дилкаштар намояд; • донад, ки шумо ӯро зебо меҳисобед. ШАҲОДАТИ ШАВҲАРОН Майкл Омартиан нақл мекунад Мо мардон завҷаҳои худро бо хушгӯиҳо эрка намекунем, зеро намефаҳмем, ки барои онҳо зебо ҳис кардани худ то чӣ андоза муҳим аст. Баъзан ба ман мароқовар аст, ки барои чӣ Сторми кӯшиш мекунад, ки дилкаш намояд. Бешубҳа ман натиҷаи ҷидду ҷаҳди ӯро мебинам, вале аз ҳама асосиаш дар он аст, ки барои ӯ мисли дигар занҳо, зебоӣ қисми ҷудонашавандаи ҳаёташ мебошад. Аз ин рӯ ман дуокуниро дар бораи он қарзи худ мешуморам, ки дар ӯ он ҳисси зебоӣ зиндагӣ кунад, ки Худо ба ӯ насиб кардааст. Дар воқеъ, дар кӯдакӣ касе аз наздиконаш ба ӯ нагуфтааст, ки ӯ хушрӯй аст. Аз ин рӯ вай дар боварии пурра ба бадафтии худ калон шудааст. Ба хотирам меояд, ки баъди ҷарроҳӣ Сторми ғамгинона ба ман гуфт: «Майкл, ман имрӯз хуб наменамоям», ки ба он ман ҷавоб додам: «Азизакам, ман ҳар рӯз дар назди ту дар ҳолати на он қадар хуб ҳастам!» Мо, мардон, занҳои худро зебо гуфта ба худбаҳодиҳии­ онҳо таъсири бузурге мерасонем. Дар дуоҳои худ оиди ин соҳаи ҳаёти Сторми, ман аз Худо хоҳиш менамоям, ки дар вай зебоии Ӯ инъикос ёбад. Ва ба ман бовар кунед, ин амал мекунад. Дуо Худованд, ман аз Ту хоҳиш мекунам, ки ба завҷаи ман (номи завҷа) «ботинии самимӣ ва рӯҳи ҳалиму сокит» ато фармоӣ, ки дар назари Ту гаронбаҳо аст (ба 1 Пет. 3:4. ниг.). Ба ӯ биомӯз, ки баҳодиҳии зебогиеро ёд гирад, ки Ту ба вай тӯҳфа намудаӣ. Ба ман кӯмак кун, ки рӯҳбаландкунии ӯ ва гуфтани онро фаромӯш накунам, ки ман ӯро хеле дилкаш меҳисобам. Агар дар гузашта ягон кас зебогии ӯро инкор карда бошад ва эътибори ӯро паст зада бошад, бигзор ҳақиқати Ту ба таври ҳамешагӣ ин дурӯғро аз ҳуши ӯ дур созад. Ақли ӯро аз таъсири суханони пурозор ва таҳқиромезе, ки ягон вақт дар ҳақи ӯ гуфта шудаанд, раҳо деҳ. Ман мехоҳам, ки маҳаки худбаҳодиҳии ӯ намуди зоҳирӣ набуда, суханони Ту бошад. Ба ӯ мадад кун худро чуноне бинад, ки Ту мебинӣ. Ӯро ба он мӯътақид гардон, ки ӯ дар назари Ту гаронбаҳост ва ман тавонам ӯро бовар кунонам, ки ӯ барои ман хеле азиз аст. Завҷаи маро биомӯз, ки барои худ ғамхорӣ намояд: либоси хуб пӯшад, зебу зинат ва маҳсулоти ороишдиҳиро дуруст интихоб намояд, то ки зебогии худро нигоҳ дорад ва бо ин Туро ҷалол диҳад. Ва инчунин фаҳмидани онро кӯмак кун, ки чизе аз зебогии Ту беҳтар нест. Завҷаи маро аз ҳама ҷиҳат зебо гардон, то ки атрофиён зебогии нақши Туро, ки дар ӯ инъикос меёбад, бубинанд. ОЯТҲО АЗ КАЛОМ, ки қудрат доранд дуои шуморо пуртаъсир гардонанд Латофат назарфиреб ва ҳусну ҷамол ҳеҷу пуч аст; зане ки аз Худованд метарсад, сазовори ситоиш аст. Мас. 31:30 Бигзор зебоии шумо на ороиши зоҳирӣ: гесӯ бофтан, зевари тилло бастан ё либосҳои зебо пӯшидан, балки одамияти ботинии самимӣ дар рӯҳи ҳалиму сокити бефано бошад, ки ин дар назари Худо гаронбаҳост. 1 Пет. 3:3-4 Ва ҳангоме, ки Подшоҳ иштиёқманди ҷамоли ту гардад, зеро ки Ӯ Худованди туст, ба Ӯ саҷда намо. Заб. 44:12 Дар шаъни Худованд васфи ҷалоли исми Ӯро бигӯед. Ба Худованд дар шавкати қудсият саҷда кунед. Заб. 28:2 Ҳама чизро Ӯ дар вақташ ба хубӣ ба вуҷуд овардааст… Воиз 3:11 БОБИ ЁЗДАҲУМ. ҲАЁТИ МАҲРАМОНАИ Ӯ Иқрор шавед, ки шумо даҳ боби аввалро зуд варақ зада, ҳамон замон ба ин боб шурӯъ намудед? Агар ман ёфта бошам, шарм надоред, рафтори шумо тамоман табиист. Шаҳват — ин на танҳо таркибдиҳандаи асосии ҳаёти мард, балки талаботи бузурги ӯ аст (боварӣ дорам, ки шумо худатон инро медонед). Дар китоби худ Қудрати зани дуогӯй ман ба ин масъала, ки мардонро сахт ба ҳаяҷон меорад, яке аз бобҳои аввалин — боби чорумро бахшидам (ман барои он боби якумро набахшидам, чунки ин китоб барои масеҳиён навишта шудааст). Азбаски дар китобе, ки ҳоло шумо хонда истодаед, оиди эҳтиёҷотҳои зарури занон дар бобҳои аввал нақл карда мешавад, боби «Ҳаёти маҳрамонаи ӯ»-ро ман дар байн ҷо додам (фаромӯш накунед, ки ҷобаҷогузории мавзӯъҳо натиҷаи пурсишест, ки ман бо занон гузарондам). Дар рӯйхати арзишҳои занона дар муқоиса бо рӯйхати афзалиятҳои мардон шаҳват тамоман ҷойҳои аввалинро ишғол намекунад. Сабаби инро ман дар он мебинам, ки шаҳват барои занон — мавзӯи хеле мураккаб мебошад. Ба ӯ худашро аз эҳсосотҳо, ёддоштҳо, фикр ва ҳодисаҳои гузаштаи худ ҷудо кардан ва холис субъекти ҷисмонӣ мондан хеле мушкил аст. Ӯ танҳо қаноатмандии тала­ботҳои ҷисмониро ҷӯё нест — эҳтиёҷотҳои рӯҳии ӯ муҳимтаранд. Ҳаёти маҳрамонаи зани шумо аз ду омил вобаста аст: 1. Муносибати ӯ ба худ. 2. Муносибати ӯ ба шумо. Муносибати зан ба худ бисёр ҷиҳат аз он вобаста аст, ки дар давоми умраш мардон чӣ тавр бo ӯ рафтор карданд. Агар ӯро таҳқир карда бошанд, паст зада бошанд, ӯро дуруст баҳо надода бошанд, агар ӯ ба зӯроварӣ дучор шуда бошад, он вақт ӯ комилан мувофиқ будани худро ёд намегирад. Ҳатто агар шавҳар боре ҳам ӯро наранҷонида бошад, он далел, ки ӯ дар гузашта озор дидааст, барои ҳаёти маҳрамонаи онҳо халал хоҳад расонд. Ҳар қадар аҷоиб намояд ҳам, агар зан худро диққатҷалбкунанда ва шаҳватангез ҳис накунад, худро чунин вонамуд кардан барои ӯ хеле душвор аст. Агар мард завҷаи худро дар он бовар кунонда тавонад, ки ӯро хеле диққатҷалбкунанда мебинад ва дӯст медорад, он гоҳ, зан худро дӯстдошта ва дилхоҳ ҳис карда, худаш мехоҳад, ки бо мард ҳиссиётҳои маҳрамонаро бо ҳам бинад. Завҷаатон нисбати шумо чӣ гуна ҳиссиётҳоро эҳсос менамояд? Агар ӯ нисбати шумо кина варзад, дилмонда бошад, агар шумо ба ӯ озор расонда бошед, ҳамаи ин метавонад ба таври манфӣ ба хоҳиши ӯ оиди бо шумо ба шаҳват машғул шудан инъикос ёбад. Агар шумо ӯро ранҷонида бошед, бигзор он беихтиёр бошад, ин метавонад дар ӯ аксуламали ҷисмонии муҳофизатиро бедор созад. Ва муҳим нест, ки озор кай расонида шудааст (масалан, як моҳ пеш, ва шумо онро аллакай фаромӯш кардаед), ҷароҳати дили завҷаи шумо дуру дароз дард мекунад ва дар муносибатҳои маҳрамонаи шумо таъсир хоҳад расонд. Агар дар дили завҷаатон нисбати шумо дарду озор бошад, бовар кунед, ки фикри алоқаи ҷинсӣ бо шумо дар ким кадом як музофоти ёду хаёли ӯст. Шаҳват барои занон — ин усули ифодаи ҳусни таваҷҷӯҳи худ ба мард мебошад. Ӯ ҳеҷ гуна хоҳиш надорад, ки навозишҳои худро барои марде исроф намояд, ки ӯро озор додаст ва таҳқир намудааст. Ҳарчанд мард қобилият дорад, ки ба шаҳват машғул шавад, вале нисбати шарики худ беҳис бошад, барои зан ин тамоман дигар хел аст. Албатта зан метавонад дар алоқаи ҷинcӣ иштирок намояд, вале ба ӯ чунин менамояд, ки ӯро харидаанд. Вақте ки зан худро дӯстдошта ва дилхоҳ ҳис кунад, шаҳватпарастии ӯ дар зери шуои муҳаббат гул мекунад, ва ӯ наметавонад худро ба он касе бахшад, ки ӯро озор медиҳад. Шарти асосии мустаҳкамсозии алоқаҳои шаҳвонии ҳамсарон боварӣ ба шумор меравад. Завҷаи шумо баяд ба шумо бовар кунад. Ӯ танҳо ҳaмон вақт метавонад хатоҳои шуморо дар дигар соҳаҳои ҳaётатон бубахшад, ки агар ба ростқавлии шумо бовар кунад. Агар яке аз шумо боварии дигареро сазовор нагардад, дар бораи тавба кардан, бахшида шудан ва шифоёбии пурра дуо кардан лозим аст. Зан ҳеҷ гоҳ тани худ, ақли худ ва ҳиссиётҳои худро ба касе, ки бовар намекунад, намебахшад. Агар дар ҳаёти оилавии шумо хиёнат ҷой дошта бошад, шуморо лозим аст, ки аз равоншинос-масеҳии рӯҳан қавӣ, ботаҷриба ва сазовори боварӣ маслиҳат гиред, ки ӯ ба он бовар дошта бошад, ки Худо қудрат дорад ҳама чизро тағйир диҳад, шифо диҳад ва пурра нав гардонад. Ҳамсари савганди садоқатро вайрон карда бояд гуноҳи худро эътироф намояд, аз гуноҳи худ тавба кунад ва бахшиш пурсад. Дар бораи тозашавии муносибатҳои заношӯии худ ва дар бораи он, ки риояи савганди садоқат принсипи устувори ҳаётатон гардад, дуо кунед. Бе ин ҳамаи озорҳои расондашуда дар бистари ҳамсарии шумо дар бораи худ дарак дода меистад. Барои барқарор кардани муносибатҳо шифоёбии пурра ва барқа­рорсозии бовариҳо заруранд, ки барои ба ҷо овардани ин танҳо Худо қодир аст. Дар бисёр оилаҳо масъала дар ҳаёти шаҳвонӣ бинобар сабаби таҷрибаи манфии ба даст овардаи онҳо то никоҳ ба амал меояд. Агар чунин бошад, оиди раҳоёбӣ аз ёддоштҳои ногувор дуо кунед. Ба он роҳ додан даркор нест, ки арвоҳҳои алоқаҳои гузаштаи шумо дар хонаи хобатон сайругашт намоянд. Мувофиқи Навиштаҳо ҳамсарон набояд аз алоқаи ҷисмонӣ худдорӣ намоянд. Ва дар айни замон онҳо вазифадоранд, ки ба эҳтиёҷотҳо ва аҳволи якдигар диққати махсус диҳанд. Агар яке аз онҳо бемор бошад ва азоб кашад, дигараш бояд инро фаҳмад ва шарики худро ҳурмат кунад. Аксар вақт зан мондагии худро эҳсос мекунад ва тайёр нест, ки хоҳиши шавҳарро ба ҷо орад ва дар ин ҳеҷ гуна ғаразҳои шахсӣ нест. Зани шумо бояд ба ҳама чиз диққат диҳад: ба кӯдакон, ба корҳои рӯзгор, ба кори худ, ба молия, стресс­ҳо, тағйироти гормоналӣ, — ва ӯ мехоҳад, ки шумо дар ин бора донед. Бо вуҷуди oн ба ин соҳаи ҳаёт беэътиноӣ кардан мумкин нест, зеро мавҷи ташвишҳои беандозаи зиндагӣ метавонад занро чунон дур барад, ки муносибатҳои маҳрамона бо шавҳар барои вай дуюмдараҷа гардад. Шаҳват дар никоҳ яке аз ҷойҳои муҳимро ишғол менамояд. Мардон дар ин бора медонанд. Занон на ҳамеша инро мефаҳманд. Бештари онҳо намедонанд, ки шаҳват барои шавҳарони онҳо то чӣ андоза муҳим аст. Аз ин рӯ дар бораи он дуо кардан даркор аст, ки завҷаи шумо фаҳмад, ки гап дар сари чист ва ба шумо ғамхорию навозише бубахшад, ки шумо ба он эҳтиёҷ доред. Ва хоҳишмандам худро худпараст нашуморед. Ин чунин нест. Шумо никоҳи худро муҳофизат менамоед ва барои ин яроқи рӯҳониро истифода мебаред, ки он никоҳи шумо мебошад. Агар ба имконияти дуо кардан дар бораи мустаҳкамгардонии муносибатҳои шаҳвонии байни ҳамсарон эътино накунем, никоҳ метавонад барҳам хӯрад. Аз ин рӯ, ин соҳаи муҳими ҳаёти заношӯии худро ҳаволаи тақдир накунед. Он чизе ки ман ҳоло мегӯям, шояд барои шумо аҷоиб намояд, чунки ин суханонро ман аз бисёр занон шунидаам. Гап дар сари он аст, ки на ҳамаи занон ҳамеша маҳз ба шаҳват эҳтиёҷ доранд — баъзан ӯ ҳамту навозиши шавҳарро мехоҳад. Завҷаи шумо ба эҳсос кардани ягонагӣ бо шумо, ки дар оғӯш, бӯсидан ё дастрасонии оддӣ ифода меёбад, эҳтиёҷ дорад, ва дар чунин лаҳзаҳо вай тамоман дар бораи шаҳват андешае надорад. Ба вай алоқаи ҷинсӣ даркор нест — ба вай ҳисси наздикии рӯҳӣ бо шавҳар; тасдиқи муҳаббати шавҳар даркор аст. Аз марди дар Худованд устувор буда дида шахси дилкаштаре нест. Чунин мард бемислу монанд аст. Ман мушоҳида кардам, ки мардони муқаррарӣ, зоҳиран дилнокаш, вақте ки Худоро шинохтанд, дар имон бузург шуданд ва кӯшиш карданд, ки ба Ӯ монанд шаванд, чӣ хел ба таври ҳайратовар зебо ва дилкаш гардидаанд. Агар шумо хоҳед, ки барои завҷаи худ дилкаштар бошед, Худоро шиносед ва дар Ӯ камол ёбед. Ба Ӯ рухсат диҳед, ки дили шуморо тағйир диҳад ва ба Ӯ монанд мешавед, он вақт Ӯ шуморо на танҳо ботинан, балки зоҳиран тағйир медиҳад. Мумкин, панҷоҳ усуле вуҷуд дошта бошад, ки шахси дӯстдоштаро нигоҳ доштан мумкин аст ва дуо, бешубҳа, яке аз онҳо мебошад. Ман боварӣ дорам, ки шумо бо мадади Худо метавонед чилу нӯҳтои онро ёбед. ЭҲТИЁҶОТҲОИ ЗАВҶAҲO Марҳамат карда, дар бораи он дуо кунед, ки: • муносибатҳои шаҳвони шумо ҳардуятонро қаноатманд гардонад; • дар муносибатҳои маҳрамонаи шумо худпарастӣ ҷой надошта бошад; • дар никоҳи шумо ҳиссиёти баланд зиндагӣ кунад; • шуморо меҳрубонии бузург ва якдигарро хостан бипайвандад; • завҷаи шумо нисбати талаботҳои шумо бодиққат бошад; • хастагии ӯ ба наздикии шумо халал нарасонад; • шумо ба якдигар ҳаловати шаҳвонӣ бахшида тавонед. ШАҲОДАТИ ШАВҲАРОН Майкл Омартиан нақл мекунад Завҷаи ман аз он занонест, ки онҳоро «лӯхтакча» меноманд. Ӯ ҳамеша, аз рӯзҳои авали шиносоиамон ин гуна буд ва то ин рӯз чунин мондааст (биёед, бародарон, эътироф менамоем, ки бештари мо аз ҳусну ҷамоли интихобкардаи худ аз ақл бегона шуда оиладор шудаем). Вале зебоии Сторми — на танҳо хизматҳои ӯст, зеро, хоҳ бовар кунед, хоҳ не, ба ин ман ҳам каме алоқаманд ҳастам. Иштироки ман дар ин кор аз он вақте сар мешавад, ки ман қасам ёд мекунам, ки ҳамеша ба ӯ содиқ бошам, ҳамеша бовариро дар ҳаёти маҳрамона нисбати якдигар аз даст надиҳам. Ман ба иблис рухсат намедиҳам, ки иттифоқи моро вайрон созад. Бале ман комил нестам ва на ҳама фикрҳои ман дурустанд, вале ман ҳамон замон хори пурқуввати овозҳоро шинохта метавонам, ки дар маданияти мо таваллуд шудааст ва онро душман роҳбарӣ мекунад, ва ба мо онро талқин менамояд, ки завҷаҳои мо ба қадри кофӣ зебо нестанд ва бо мурури замон дилкашии худро аз даст медиҳанд. Моро бо ҳар роҳ тела медиҳанд, ки бо гуноҳ бозӣ кунем, то ки хаёлоти худро дар ҳаёт татбиқ намоем. Вале Худо, агар мо аз Ӯ хоҳиш намоем, ба мо кӯмак менамояд, ки тозагии муносибатҳои оилавиамонро нигоҳ дорем. Агар мо аз Ӯ мадад пурсем, бадбахтиро аз мо дур месозад. Ман дар бораи пуррагӣ ва зебогии муносибатҳои шаҳвониам бо завҷаам дуо мекунам. Ҳеҷ гуна хаёлот бо он баробар шуда наметавонад, ки Худо барои мо тайёр намудааст. Ман инчунин аз Худо дар бораи он хоҳиш менамоям, ки завҷаи ман дар дарки он, ки ӯ кист, хурсандиро эҳсос намояд. Ин хеле муҳим аст. Дуо Худованд, ман аз Ту хоҳиш менамоям: имрӯз завҷаи маро (номи завҷа), никоҳи мо ва муносибатҳои маҳрамонаи моро баракат деҳ. Ба ман кӯмак кун, ки худпараст набуда, нисбати вай ғамхор бошам; ба вай мадад расон, ки худпараст набуда, ба ман бодиққат бошад. Бигзор му­носибатҳои мо пур аз меҳрубонӣ ва романтизм бошад ва шавқу рағбат ба якдигар моро тарк накунад. Ва ҳар он чизе, ки дар ҳаёти шаҳвонии мо вайрон гашта буд, ислоҳ намо; ба мо биомӯз, ки ҳар рӯз ба ҳамдигар муҳаббат ва ғамхорӣ нишон доданро фаромӯш накунем. Ман мехоҳам, ки суръати алоқаҳои шаҳвониамон ҳар дуи моро қаноатманд гардонад. Ба ман нишон деҳ, ки ман кай ӯро ранҷондаам, ва ба ман кӯмак кун чуноне аз ӯ бахшиш пурсам, ки вай пурра маро бубахшад. Дар ҳолати рӯй додани ҷанҷол ба мо биомӯз, ки зуд оштӣ шавем, то ки иблисро ба никоҳамон роҳ надиҳем. Агар ягон вақт оташи муносибатҳои байниҳамдигарии мо ба дуди буғикунанда мубаддал гардад, аз Ту хоҳиш менамоям: ҳавои атрофи моро тоза кун ва аз сари нав оташи муҳаббати моро биафрӯз. Ба ман биомӯз, ки ҳамеша ба завҷаи худ бо ҳурмат ва эҳтироми зиёд рафтор намоям ва ҳеҷ гоҳ, ҳатто ҳазлкунон, суханони озордиҳанда нагӯям. Ба ман биомӯз, ки ҳангоми хастагӣ ва худро бад ҳис карданаш эҳтиёҷотҳои ӯро бифаҳмам. Ман инчунин аз Ту хоҳиш менамоям, ки вай талаботҳои маро оиди шаҳват ба эътибор гирад. Танҳо Ту метавонӣ ба мо ёрӣ расонӣ, ки мавқеи хубро дар муносибатҳои маҳрамонаамон ёбем. Ҳаёти маҳрамонаи моро аз хурсандӣ пур соз, онро барои ҳар дуи мо озодона ва нав гардон. Бигзор алоқаҳои шаҳвони мо на танҳо баданҳои моро, балки бо торҳои ногусастанӣ дилҳо ва ҷонҳои моро бо ҳам пайванданд. Ба мо кӯмак кун, ки кушоду равшан дар бораи хоҳишҳо ва эҳтиёҷотҳоямон ба якдигар гуфта тавонем. Ба мо мадад кун, ки ҳамеша ба якдигар вафодор бошем. Аз ҳаёти мо ҳар гуна сабабҳои васвасаро дур кун. Агар хиёнат дар никоҳи мо ҷой дошта бошанд (ё ягон нафари мо фикри гунаҳкоронае карда бошад), ман дар бораи он илтиҷо мекунам, ки гуноҳ иқрор карда шуда, бахшида шавад. Моро аз фикрҳо ва рафторҳои бад пок соз. Ба мо кӯмак кун, ки ин соҳаи муҳими ҳаётамонро дуруст баҳо дода тавонем. Ба мо қобилияти якдигархоҳиро ато фармо. Ҳаёти шаҳвони моро зинда соз ва нав гардон, ва бигзор муносибатҳои маҳрамонаи мо чуноне гарданд, ки Ту онро фикр карда баромадаӣ. ОЯТҲО АЗ КАЛОМ, ки қудрат доранд дуои шуморо пуртаъсир гардонанд Завҷа бар ҷисми худ ихтиёрдор нест, балки аз они шавҳар аст; ҳамчунин шавҳар бар ҷисми худ ихтиёрдор нест, балки аз они завҷа аст. Аз якдигар канорагирӣ накунед, магар ба муддате, бо ризогии ҳарду то ки ба рӯзаву дуо шуғл кунед ва аз нав якҷоя шавед, то ки шайтон шуморо, ба сабаби худдорӣ карда натавонистанатон, ба васваса наандозад. 1 Қӯр. 7:4-5 Аммо, барои пешгирӣ кардани зино, бигзор ҳар мард завҷаи худро дошта бошад, ва ҳар зан шавҳари худро дошта бошад. Бигзор шавҳар вазифаи заношӯиро нисбат ба зани худ ба ҷо оварад; ҳамчунин завҷа нисбат ба шавҳари худ. 1 Қӯр.7:2-3 Бигзор никоҳ аз ҳар ҷиҳат ҳалол бошад, ва ҷойхоби он беайб; зеро зинокорон ва фосиқонро Худо доварӣ хоҳад кард. Ибр. 13:4 Зеро иродаи Худост, ки шумо пок бошед ва аз зино парҳез кунед; ва ҳар яке аз шумо битавонад бадани худро дар покӣ ва шараф нигоҳ дорад, на дар оташи шаҳват, монанди халқҳое ки Худоро намешиносанд. 1 Тасл. 4:3-5 Аз зино бигрезед. Ҳар гуноҳе, ки одамизод мекунад, аз ҷисм берун аст, лекин зинокор бар зидди ҷисми худаш гуноҳ мекунад. 1 Қӯр. 6:18 БОБИ ДУВОЗДАҲУМ. ТАРСҲОИ Ӯ Ҳар касе, ки аз оинаи нилгун навигариҳоро тамошо карда бошад ё рӯзнома хонда бошад, медонад, ки дар ҷаҳон бисёр сабабҳо барои тарс ҳастанд. Ҳатто одамони рӯҳан баркамол ё имондорон мунтазам тарсро эҳсос менамоянд. Махсусан дар ин занон хеле нозуканд, ки оиди ин масъала як қатор «баногоҳ» — ҳои худро доранд, ки ба бехатарии худ ва бехатарии оилаҳояшон таалуқ доранд: «Баногоҳ ба хонаи мо дузд зада дарояд?», «Баногоҳ пули мо барои адо кардани қарзҳо нарасад?», «Баногоҳ шавҳари ман бимирад ё маъюб гардад?», «Баногоҳ бо кӯдакони ман ягон воқеа шавад?», «Баногоҳ ман бемор шавам ва дар бораи оила ғамхорӣ карда натавонам?». Ҳамаи ин тарсҳо асосноканд, вале вақте ки онҳо дар дили зан ҷой мегиранд ва ҳаёти ӯро идора менамоянд, тарс ӯро фалаҷ мегардонад. Вақте ки дар ҳаёти мо бадбахтӣ ё ҳодисаҳои мудҳиш шуда мегузаранд, ё мо шоҳиди ҳодисаҳои ба ҳамин монанд мегардем, барои тарс дари худро мекушоем. Мо дар худ инро эътироф мекунем ё не, вале шубҳа ба дили мо медарояд ва дигар мо ба он бовар намекунем, ки Худо дар бораи ин медонад ва моро муҳофизат менамояд. Вақте ки қувваи тарс бар имони мо ба қудрати Худо ғолиб мебарояд, рӯҳи тарс метавонад моро ғулом гардонад. Зидди тарс — имон аст, он чизе, ки ба ҳамаи мо намерасад. Агар тарс дар ҳаёт ҷои асосиро ишғол намояд, аз он халос шудан ва назди Худованд омадан хеле мушкил мегардад. Аз ин рӯ одаме, ки бо тарс идора карда мешавад, ба дуо эҳтиёҷ дорад. Дуои шавҳар барои раҳоёбии зан аз тарсҳо қудрати бузурге дорад, азбаски дуои вай метавонад ба зан дар мустаҳкам гардидани имони ӯ дар он, ки Худо ӯро дӯст медорад, ҳамеша ҳaёти ӯро роҳнамоӣ мекунад ва ҳеҷ гоҳ ӯро тарк намекунад, ёрӣ мерасонад. Ғайр аз тарси хатарҳои ҷисмонӣ ё камбағалӣ, зан инчунин метавонад аз тарс дар назди одамон азоб кашад. Кам занон ёфт мешаванд, ки онҳоро он чӣ ба ташвиш намеандозад, ки атрофиён дар бораи онҳо, дар бораи кӯдакони онҳо, кори онҳо, намуди зоҳирии онҳо, шавҳарони онҳо ва қобилиятҳои онҳо чӣ андеша доранд. Оиди фикри умум ба ташвиш афтодан пурра дуруст ва табиист, вале агар ташвишҳои он ба рафтори зан ба таври манфӣ таъсир кардан гирад, тарс дар назди одамон пайдо мегардад. Тарс занро маҷбур месозад, ки ҳама корҳои имконпазирро кунад, то ки ба меъёрҳои муайян ҷавобгӯ бошад ё ба таври даҳшатнок аз он метарсад, ки ягон корро нодуруст мекунад ё ба хатогие роҳ медиҳад. Дуоҳои шумо метавонанд ба завҷаатон ёрӣ диҳанд, ки то андозае тағйир ёбад, ва ба ҷои тарс дар назди одамон дили ӯро тарси Худо пур созад. Ҳатто агар сухан дар бораи тарси ҳамаро фарогиранда нарафта, дар бораи ташвишҳои ҳаррӯзае равад, ки бо тарси вазни барзиёдатӣ гирифтан, зебоиро аз даст доданд, бо ҳамкорон ҷанҷол кардан, аз пасандозҳо маҳрум шудан вобаста аст, сабаби пайдоиши ин тарсҳоро дар ин ё он намуди гуногуни тарс ҷӯстан лозим меояд. Китоби Муқаддас таълим медиҳад: «Бедор бошед ва дуо гӯед, то ба озмоиш дучор нашавед: рӯҳ бардам аст, лекин ҷисм нотавон» (Мат. 26:41). Агар ягон масъала завҷаи шуморо ором нагузорад (масалан, ягон хоҳишҳои ҷисм), ӯро лозим аст, ки шумо якҷоя бо ӯ дуо кунед, то ки Худо ба ӯ қудрати ба васваса истодагарӣ карданро диҳад ва озод гардад. Оё шумо медонед, ки мушкилии асосии завҷаи шумо дар чист? Оё шумо дар бораи умқи тарсҳои ӯро фарогиранда ягон чиз медонед? Эҳтимол, шумо аллакай дар бораи он сарфаҳм рафтаед, вале беҳтараш аз ӯ пурсед: «Ту бештар аз ҳама аз чӣ метарсӣ? Ба ман бигӯ, зеро ман мехоҳам барои ту дуо кунам». Шояд шумо аз ҷавоби ӯ ҳайрон шавед, зеро бештари тарсҳоямонро мо аз якдигар пинҳон медорем. Вақте ки ман якчанд сол пештар ин саволро ба шавҳарам додам, ман аз суханони ӯ ба ҳайрат афтодам: ӯ ба ман қоил шуд, ки аз падари ганда будан метарсад. Ин маро ҳайрон накарда наметавонист, зеро рафторҳои ӯ имкон намедоданд, ки дар ин бора шубҳа бикунам. Иқроршавии ӯ маро водор cохт, ки оиди ҳалли масъалаи аниқ дуо кунам, маҳз оиди мустаҳакам гаштани муносибатҳои ӯ бо кӯдакон. Бисёр вақт занонро лозим меояд, ки ба дӯши нозуки худ бори бениҳоят вазнинеро бардоранд. Дар хотир доред, ки ҳар қадар зан пурзӯр намояд, аз рӯи табиати худ вай ҳамеша мавҷудоти заиф мемонад. Ҳатто он зане, ки дар борааш «вай чун чақмоқ сахт аст» мегӯянд, моҳиятан намехоҳад чунин бошад, ва, аз афташ, аз рӯи ягон сабаб маҷбур аст, ки чунин гардад. Аз Худо хоҳиш намоед ба шумо ҳақиқатро дар бораи он кушояд, ки оё завҷаи шумо ба дӯши худ бореро бардоштааст, ки онро набояд бардорад? Агар, ҳа, шуморо лозим меояд, ки дар дуои худ онро ба дӯши худ гиред. Душман боз як мақсадро фикр карда мебарояд — дар завҷаи шумо норозигиро бедор созад. Фаҳмидани масъалаҳои худ ва дидани он, ки дар куҷо тағйиротҳо заруранд ва пуртоқатона интизор шудани ҷавобҳои Худо ба дуоҳои худ кори дигар, ва бад дидани ҳаёти худ — тамоман кори дигар аст. Ин танҳо озор мерасонад ва ғайр аз рӯҳафтодагӣ чизи дигаре намеорад. Баъзан зан метарсад, ки шароитҳои вазнин дар ҳаёти вай чуноне ҷой гирифтаанд, ки ҳеҷ гоҳ тағйир намеёбанд. Чунин ҳисси бечорагӣ барои ҳар як зан душвор аст, вале дар ин тактикаи душманро дида баромадан лозим аст, ки мақсади шинондани тухми изтироб, рӯҳафтодагӣ ва тарси ҳамешагиро дорад. Бисёр вақт қалби зан байни хоҳиши пурзӯри тағйиротҳо ва зарурати муддати номуайяни вақт интизор шудани ҷавобҳо барои дуоҳои худ дар изтироб аст. Дар бораи он дуо кунед, ки завҷаи шумо дар ҳаяҷон ва тарсҳои худ имконияти ба Худо умед бастанро бубинад ва тобеияти пурраи худро аз Ӯ эътироф намояд. Аз Худо хоҳиш намоед, ки ба вай аз ҳаёти худ қаноатманд буданро омӯзад ва ба он бовар кунад, ки дар ин ё он ҳолат на тасодуфан, балки ба мақсади муайян афтодааст. Тарси моро ба дуокунӣ водорсозанда файзбахш буда, тарси моро фалаҷкунанда харобкунанда аст. Ба тарс имкон надиҳед, ки ба зав­ҷаи шумо дар муошират бо Худованд ва наздик шудан ба мақсади дар назди ӯ гузоштаи Худо халал расонад. ЭҲТИЁҶОТҲОИ ЗАВҶAҲO Марҳамат карда дар бораи он дуо кунед, ки завҷаатон: • ғуломи рӯҳи тарс набошад; • дар бораи ҳамаи ҳаяҷонҳои худ ба Худо гӯяд; • аз одамон тарс надошта бошад; • бо дилхоҳ васвасаҳо мубориза бурда тавонад; • бовар кунад, ки Худо ӯро муҳофизат менамояд; • танҳо аз Худо вобаста бошад ва аз ҳуҷумҳои душман натарсад; • осоиштигии Худоро ба даст орад. ШАҲОДАТИ ШАВҲАРОН Ҷеймс Робисон, мавъизачӣ, президенти шӯъбаи дар Техас будаи ташкилоти Байналхалқии «Life Outreach» дар Форт-Уерт ва яке аз асосгузорони барномаи телевизионии «Life today», нақл мекунад. Ӯ ва завҷааш Бетти 38-сол боз оиладор ҳастанд, се фарзанд ва ёздаҳ набера доранд. Худо маро бо завҷаи аълое баракат дод. Танҳо Ӯ метавонист барои ман чунин як «ҳамболиштаки» комил — рафиқ, модари фарзандон, бибии набераҳо, ва ҳоло бошад ёрдамчӣ дар ташкил кардани барномаи телевизионии Life today-ро ато намояд. Солҳои зиёд Беттиро рӯҳи тарс дунболагирӣ мекард. Ин дар худбаҳодиҳии паст, тарси воҳимаангези нобарорӣ ва рӯҳафтодагӣ, дар ҷидду ҷаҳди ин ё он хел сазовори таҳсини атрофиён гаштан зоҳир мегашт. Тарси корро вайрон кардан ё хатогӣ кардан дар дил ва хиради ӯ харҷу марҷ мекошт. Вай нақл мекард, ки ҳатто пеш аз имтиҳонҳои мактабӣ ӯро хурӯҷи сахти рӯҳафтодагӣ ва ҳатто воҳима зер мекард. Вай меҳисобид, ки ба атрофиён чизе пешкаш карда наметавонад, аз ин рӯ вай қарор дод, ки худро ба оила бахшад ва завҷаи содиқ ва модари меҳрубон гардад. Вай аз ӯҳдаи ин вазифа ба таври аъло баромад, вале маҷмӯи нокомилии дар назди одамон худро кушода натавонистани худ вайро азоб медод, ва дар худ баста мегардид. Дар умқи дил ман медонистам, ки агар ҷаҳон зебоии ботинӣ, умқи рӯҳонӣ, хирадмандии ҳақиқии ин занро дида метавонист, дар симои ӯ баракати аҷоибро ба даст меовард. Солҳои зиёд ман дуо мекардам, ки Худо ба ӯ осоиштагӣ ва ҷасорати дар назди одамон кушодашавиро ато фармояд, то ки ӯ тавонад бо онҳо боигариҳои дили худро бо ҳам бинад. Барои вай дуо карда истода, ман хоҳиши тағйирёбии вайро ҳис мекардам, ва Худо дар дили ман хоҳише андохт, ки ӯро ҳамеша дастгирӣ намоям. Таъриф ва суханони рӯҳбаландкунандаи ман ба ӯ мисли обе, ки гули зеборо сер мекунонад, таъсир мекарданд. Ҳар маротибае, ки ӯ дар ягон кор каме иштирок мекард, ман медидам, ки ҳузури вай барои атрофиён чӣ гуна баракати бузурге мегардид. Ман ҳамеша ба Бетти мегуфтам, ки зебоии ботинии ӯ, ки онро Худо тӯҳфа намудааст, метавонист дигаронро дар бартараф кардани монеаҳои ҳаётӣ илҳом бахшида, рӯҳбаланд созад. Худо ба дуоҳои ман ҷавоб дод, ва мо шоҳиди он гардидем, ки чӣ тавр оби ҳаёт ба сари миллионҳо сокинони Америкаи шимолӣ ва дигар мамлакатҳои ҷаҳон мерехт ва ба мо дар шакли суханони миннатдорӣ ва ваҷд бармегашт. Ба ақидаи бештари одамон (инчунин ба ақидаи ман низ), имрӯзҳо Бетти — яке аз ҳама занони дӯстдошта ва боэҳтироми рӯи замин мебошад. Ҳаёти ӯ — исботи дурахшони қудрати дуо мебошад. Ба шарофати тағйирёбии мӯъҷизаовари ҳаёти Бетти Робисон миллионҳо одамон пуррагии ҳаётро дар рӯи замин эҳсос намудаанд ва метавонанд аз он ба таври абадӣ дар ҳузури Худои бузург ва Падар ҳаловат баранд. Дуо Худованд, ман аз Ту хоҳиш менамоям: ба завҷаи ман (номи завҷа) ёрӣ деҳ, ки «ҳеҷ ғам нахӯрад» (ба Фил. 4:6 ниг.). Бигзор вай ҳамеша ба Ту дар бораи масъалаҳои худ бигӯяд, то осоиштагие, ки баландтар аз ҳама гуна фаҳмишҳост, ҳамеша дар дили вай зиндагӣ кунад. Махсусан дар бораи раҳоёбии ӯ аз …(тарсеро номбар кунед, ки завҷаи шуморо домангир аст) дуо мекунам ва аз Ту хоҳиш мекунам ӯро аз ин тарс раҳоӣ деҳ ва аллакай имрӯз ба вай оромӣ деҳ. Ба ман сарфаҳм рафтани мақсади душманро биомӯз, ки ҳар маротиба мехоҳад ҳаёти ӯро бидуздад. Ман ба ҳамаи ҳуҷумҳои иблис ба завҷаам истодагарӣ мекунам ва ба тарс дар ҳаёти вай ҷой намедиҳам. Имони ӯро дар он қавӣ гардон, ки Ту — муҳофизатчии ӯ мебошӣ. Ман дар бораи он дуо мекунам, ки (номи зан)-ро тарс дар назди одамон домангир нашавад. Ба вай қувват деҳ, ки аз ҳар гуна ғайбат ва танқидҳо баланд буда, аз тарси ақидаи умум озод бошад. Бигзор ягона ташвиши вай ҷидду ҷаҳди ба Ту мақбул будан бошад. Ман ба завҷаи худ мегӯям: «Дар Худованд ва дар тавоноии қудрати Ӯ нерӯманд шав» (ба Эфс. 6:10 ниг.); «Бар адолат асос хоҳӣ ёфт; аз ситам дур хоҳӣ буд, зеро ки нахоҳӣ тарсид, ва аз даҳшат — зеро ки он ба ту наздик нахоҳад шуд» (Иш. 54:14). Бигзор зани ман эълон намояд: «Худованд — нури ман ва наҷоти ман аст: аз кӣ тарсон бошам? Худованд — истеҳкоми ҷони ман аст: аз кӣ ҳаросон бошам?» (Заб. 26:1). Худованд, ман аз Ту хоҳиш менамоям ба (номи завҷа) қувват деҳ, ки ба ҳамаи озмоишҳои зиндагӣ тоб оварда тавонад. Ӯро дастгирӣ намо, то чизе натавонад имони ӯро аз Ту гардонад. Ба вай биомӯз аз шароитҳое баланд бошад, ки ӯро ба шӯр меоранд. Махсусан ман дар бораи ҳалли… (масъалаи мушкилтари завҷаатонро нишон диҳед) илтиҷо менамоям. Ба вай ёрӣ расон, ки аз ҳама чизҳои ӯро ба васвасa андозанда канораҷӯӣ намояд. Ман ба вай суханони каломиро ёдовар мешавам: «Озмоише ки ба сари шумо омадааст, ҷуз озмоиши оддии инсонӣ чизи дигаре нест; ва Худо амин аст, ва Ӯ намегузорад, ки шумо берун аз қуввати худ озмуда шавед, балки дар баробари озмоиш сабукӣ ҳам медиҳад, то ки шумо тоб оварда тавонед» (1 Қӯр. 10:13); «Ба Худованд умедвор бош, матин бош, ва дилат қавӣ хоҳад шуд; ба Худованд умедвор бош» (Заб. 20:14). Худованд, ба зани ман кӯмак кун, ки ба васваса истодагарӣ намояд ва тоҷи ҳаётро ба даст орад, ки Ту ба дӯстдорони Худ ваъда намудаӣ (ба Яъқ. 1:12 ниг.). Ба завҷаи ман қобилияти пуртоқатона интизор шудани ҷавобҳоро барои дуоҳои худ ва пешравиро дар ҳама корҳо ато фармо. Бигзор ӯ ба ҷои интизори тағйирёбии шароитҳо шудан, дар ҳама чиз ба Ту умед бандад. Дар дили ӯ танҳо як тарсро ҷо деҳ — тарси Худро, ба вай биомӯз, ки аз ҳаёти худ дар ҳама ҷо ва ҳама вақт қаноатманд бошад, ва дар бораи он дар хотир дошта бошад, ки Ту ӯро дар тангӣ ҳамешагӣ намегузорӣ. Вайро бо «муҳаббати комили» Худ иҳота намо, ки «тарсро бадар меронад», ва бигзор дар дили ӯ барои тарс ҷо набошад (ба 1 Юҳ. 4:18 ниг.). ОЯТҲО АЗ КАЛОМ, ки қудрат доранд дуои шуморо пуртаъсир гардонанд Зеро ки Худо ба мо на рӯҳи тарсу ҳаросро, балки рӯҳи қувват ва муҳаббат ва парҳезгорӣ додаст. 1 Тим. 1:7 Дар муҳаббат ҳаросе нест, балки муҳаббати комил ҳаросро бадар меронад, чунки ҳарос азоб дорад, ва касе ки меҳаросад, дар муҳаббат комил нест. 1 Юҳ. 4:18 Тарсончакии одам ба дом меоварад, вале касе ки ба Худованд таваккал кунад, аз хатар эмин аст. Мас. 29:25 Хушо касе ки дар озмоиш вафодор мемонад, зеро вақте ки вай имтиҳон медиҳад, тоҷи ҳаётро, ки Худованд ба дӯстдорони Худ ваъда кардааст, ба даст хоҳад овард. Яъқ. 1:12 Худовандро талабидам ва маро иҷобат намуд, ва аз ҳамаи бимҳоям маро халосӣ дод. Заб. 33:5 БОБИ СЕНЗДАҲУМ. МАҚСАДҲОИ Ӯ Ҳар кадоми мо дорои қобилият ва истеъдодҳо мебошем. Зани шумо бояд донад, ки дорои кадом истеъдодҳо мебошад. Ин муҳим аст, зеро ӯ пуррагии ҳаётро танҳо дар он ҳолат эҳсос мекунад, ки агар истифода бурдани бахшоиш­ҳои Худоро барои хизмате биомӯзад, ки Худо вайро ба он даъват мекунад. Албатта, мақоми аз ҳама асосии зани шавҳардор — барои шав­ҳари худ зани хуб будан аст. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки «зани солеҳа — тоҷи шавҳари худ мебошад…» (Мас. 12:4). Мо, завҷаҳо, мехоҳем тоҷҳое бошем, ки шавҳаронамон тавонанд бо ифтихор бар сари худ гузоранд. Бо вуҷуди ин, бисёр вақт чунин мешавад, ки хислати он зане, ки завҷаи шумо ба он будан даъват шудааст, ва мехоҳад ҳамон гардад — ва ӯ медонад, ки метавонад ва бояд ҳамон бошад — ва хислати ҳақиқии ӯ хеле фарқ мекунад. Мо кӯшиш мекунем, ки ботамкин, сулҳҷӯ, ором, дар муошират гуворо, пурзӯр, саховатманд, хушҳол ва дилрабо бошем — яъне ҳамон хеле, ки тахминан ҳамон хел буда метавонем, то ки бениҳоят ба идеали дар тасаввуроти мо вуҷуддошта наздик шавем. Вале дар давраҳои заифии бо ҳамешагии хатарнок дар ҳаёти заношӯии мо так­рор мешуда, масадҳои некамон ба шикаст дучор мегарданд, ва ҳар он чизе, ки дар худ мо бо ҷидду ҷаҳд ҳосил намудаем, метавонад ба таври ногаҳонӣ бо суханон ё рафторҳои бемулоҳиза барбод равад. Мо бо «ман»-и шахсии худ рубарӯ мешавем ва он вақт дилозурдагӣ ва рӯҳафтодагӣ ҳаёти моро тира месозад. Биёед инро эътироф менамоем. Биёед эътироф менамоем, ки ҳеҷ кадоме аз мо наметавонад он касе шавад, ки бояд бошад, бе Худое, ки танҳо Ӯ қодир аст моро дигаргун созад ва тағйир диҳад ва моро шахсиятҳои нав гардонад. Вале дар никоҳ имконияти ба амал омадани тағйиротҳои ҳайратовар дар ботини мо пайдо мегардад, чунки мо бо ҳамсари худ як тан мегардем, ва дуоҳои мо баҳри якдигар бо қувваи мӯъҷизаофар пур мегарданд. Мӯъҷизаҳо ба амал омадан мегиранд. Вале на ҳамеша чунин хоҳад буд, зеро ба ҷои он ки аз Худо ёрӣ пурсем, кӯшиш мекунем, ки мустақилона ба рафти ҳодисаҳо таъсир расонем. Тағйир додани шахси дигар аз дасти мо намеояд. Аз ин рӯ талаб кардани он, ки одам зуд тағйир ёбад, бемаъно аст. Дар ҳаёт чунин фишороварӣ ба ҳамсар бисёр вақт ба кандашавии муносибатҳо оварда мерасонад. Дуокунон мо аз Худо хоҳиш мекунем, ки дар дили одам тағйиротҳои куллӣ ба амал оварад. Масъалаи пурра тағйирёбии ҳамсари худро ба дасти Худо супорида шумо ба Ӯ боварии худро ифода менамоед, ва боварии худро дар он зоҳир месозед, ки интихоби вақт ва усулҳои Ӯ ҳамеша комил мебошанд. Баъд аз он аз бори масъалаҳо озод гашта, шумо метавонед оромона ба рафти ҳодисаҳо назорат намоед. Завҷаи шумо мехоҳад, ки аз Худо ва ҳам аз шумо розигиро ба даст орад. Вай мехоҳад донад, ки чӣ хел тоҷи шумо ва ёрдамчии ҳақиқии шумо гардад. Дар бораи он дуо кунед, ки кори ӯ барор гирад. Ва дар баробари ин ба Худо оиди озорҳо ва изтиробҳои худ бигӯед. Поквиҷдон бошед. Ба Ӯ бигӯед, ки шумо аз завҷаи худ чиро чашмдор ҳастед ва чигуна тағйиротҳоро дар ӯ дидан мехостед. Андешаҳои худро бо Худо бо ҳам бинед. Баъд аз Ӯ хоҳиш намоед, ки хоҳишҳои шумо ва имкониятҳои ӯро ба мувофиқати муносиб оварда расонад. Зани шумо ҳар қадаре, ки завҷа, модар ва соҳибхоназани аъло ҳам бошад, дар ӯ боз дигар бахшоишҳо ва истеъдодҳо ниҳон аст. Ин бахшоишҳо қисми шахсияти ӯро ташкил медиҳанд — он шахсиятеро, ки Худо офаридааст. Новобаста аз он, ки ӯ ин бахшоишҳои худро истифода мебарад ё не, аз ду сар онҳо вуҷуд доранд, ҳатто агар чандин солҳо боз онҳо бинобар сабаби муҳим будани чизҳои дигар дар ҳаёти ӯ фаромӯш шуда ё дуюмдараҷа гардида бошанд. Завҷаи шумо кӯшиши ба шумо мақбул буданро карда набояд худро инкор намояд. Ин ба масъалаҳои оқибаташ ҷиддӣ оварда мерасонад. Аз Худо хоҳиш намоед, ки ба завҷаи шумо ба чӣ даъват шуданашро кушояд ва ба ӯ ёрӣ расонад, ки мақсадҳои ҳаётиашро ба даст орад. Безобита нашавед. Чунин дуо ба никоҳи шумо таҳдид намекунад; баръакс онро устувор мегардонад. Агар завҷаи шумо бо он сабаб аз ҳаёт розӣ бошад, ки вай имконияти барои ҷалоли Худо истифода бурдани бахшоишҳои худро дорад, аз ин албатта шумо бурд хоҳед кард. Худо истифода бурдани бахшоишҳои вайро тарзе ба роҳ мемонад, ки ин ба вай дар иҷро кардани нақши зан ва модари кӯдаконатон халал нахоҳад расонд. Худо ҳамеша бахшоишҳои моро бо он тарзи ҳаёте, ки бо хости Ӯ мо бояд аз сар гузаронем, ҳамоҳанг месозад. Ҳамин тариқ, бахшоишҳое, ки завҷаи шумо дорост, албатта иловаи бахшоишҳои шумо хоҳанд шуд. Завҷаи шуморо дар бораи қобилиятҳои худ донистанаш боз барои он зарур аст, ки машғули он коре нашавад, ки ба он даъват нашудааст, зеро ин метавонад барои вай сарчашмаи рӯҳафтодагии сахт гардад ва дар ниҳояти кор вайро пурра маъюс мегардонад. Охир шумо бо клюшкаи дӯстдоштаи худ, ки барои голфбозӣ аст, ба девор мех намекубед, ҳамин тавр не? Ин аниқ истифодаи нодурусти асбоб барои таъиноти худ мебуд. Клюшкаи шумо мешиканад ва таъмир кардани он номумкин мегардад. Зани шумо, ба чӣ даъват шудани худро надониста, бо сари худ деворро сӯрох кардани мешавад. Дар ниҳояти кор вай худро мурдадил эҳсос намуда дар дили вай норозигие ҷой мегирад, ки дар шакли хомӯшии душманона ифода меёбад. Занон як хусусият доранд: меҳисобанд, ки ба хонаву кӯдакон банд шуда, онҳо вақтро аз даст медиҳанд ва таъинотеро ба ҷо оварда наметавонанд, ки Худо барои онҳо тайёр намудааст. Аммо ин тавр нест. Дар асл масъулиятҳои оилавиро, ки ба ӯ аз тарафи Худо дода шудааст, иҷро карда, ӯ хизматеро ба ҷо меорад, ки ба он даъват шудааст, ва сӯи он мақсаде ҳаракат мекунад, ки Худо дар назди вай гузоштааст. Вай имконият дорад, ки таъиноти худро ҳатто он вақте иҷро намояд, ки вақташ маҳдуд аст. Агар завҷаи шумо дар ташвишҳои ҳаррӯзаи зиндагӣ имконияти ба кор бурдани худро дида натавонад, пас вай кӯшиш мекунад, ки мустақилона мақсади Худоро ба даст орад. Вале охир танҳо Худо метавонад инро ба вай бикушояд. Аз ин рӯ қадами нахустини фаҳмидани таъиноти худ бояд эътирофи пурраи аз Худо вобаста будани вай бошад. Дар ин кор ба вай дуоҳои шумо ёрӣ дода метавонанд. Барои он, ки завҷаи шумо тавонад шахсияте гардад, ки бояд ҳамчун эъҷози Худо ҳамон бошад, ба вай пеш аз ҳама муҳаббат ва дастгирии шумо даркор аст. Зани аз ҳама олиҷаноб, аз ҳама номдор, аз ҳама зеботарин, аз ҳама пурбарор, аз ҳама қобилиятнок, аз ҳама серталаб, ва, бешак, зани аз ҳама озоди дар рӯи замин зиндагӣ мекарда, ба ҳар ҳол ба исботи он эҳтиёҷ дорад, ки шавҳараш ӯро дӯст медорад ва қадр менамояд. Агар ӯ ин исботро наёбад, пажмурда мегардад, ва ҳеҷ гуна хушгӯиҳои беруна наметавонанд вайро тасалло диҳанд. Дуоҳо ва суханони дар ҳаққи ӯ гуфтаатон ба ӯ мекушоянд, ки ӯ дар назари шумо бебаҳо мебошад. Танҳо исботи муҳаббати шумо ва баҳои баланд додан ба шахсияти ӯ қудрат доранд, ки ҳаёти ӯро пурмаъно гардад. ЭҲТИЁҶОТҲОИ ЗАВҶAҲO Марҳамат карда дар бораи он дуо кунед, ки завҷаи шумо: • фаҳмад, ки Худо чӣ гуна мақсадҳоро муайян кардааст, ки ӯ бояд ба даст орад; • донад, ки дорои чӣ гуна бахшоишҳо ва қобилиятҳо мебошад; • чунон завҷае гардад, ки ҳамон хел Худо ӯро дидан мехоҳад; • завҷае гардад, ки сазовори таъриф ва эҳтиром бошад; • завҷае гардад, ки ба шумо лозим аст; • тавонад ба дигарон ёрӣ дода, бахшоишҳои худро зоҳир созад; • таъиноти худро ба ҷо орад. ШАҲОДАТИ ШАВҲАРОН Майкл Херритон, композитор нақл мекунад. Ӯ ва завҷааш Тер­ри 23-сол боз якҷоя зиндагӣ мекунанд ва се фарзанди баркамол доранд. Васвасаҳои чашидан аз дарахти маърифат, аз дарахти маҳкумкунӣ бисёр вақт моро дунболагирӣ менамояд. Вақте ки ба норасогиҳои занони худ бо камоли мамнуният ишора менамоем, мо дар назари худ хеле боақл ва нуктасанҷ менамоем! Вале Худо ҳеҷ касро комил наофаридааст, Ӯ фарқиятро байни занон ва мардон барои он истифода мебарад, ки онҳо якдигарро пурра созанд. Масалан, ман ба ҷои он, ки завҷаи худро барои хурӯшоии барзиёдатиаш маҳкум намоям, онро ба хотир меорам, ки Худо ӯро «барометри ҳассос» офаридааст, ки хеле дақиқ он чизеро, ки дар ҳаёти ман ба амал меояд, нишон медиҳад. Ман гуфта наметавонам, ки ҳамеша ба фикрҳои вай эътибор медиҳам, вале ҳамеша дар бораи он афсӯс мехӯрам, ки сари вақт ба вай гӯш надодаам. Ба қарибӣ Терри дар бораи як доду гирифт гуфт, ки он дар назараш хеле шубҳаовар менамояд. Ӯ хатареро ҳис намуд, ки ман надидам. Ман бовар доштам, ки вай хато мекунад. Эътироф мекунам, ки ман аз Худо хоҳиш кардам, ки ба завҷаам ноҳақ буданашро нишон диҳад. Вале беихтиёр дар бораи он дуо кардам, ки агар ман чизеро намефаҳмам, ё ба ин ақли ман намерасида бошад, ин доду гирифт баргузор нагардад. Баъд аз ду рӯз ман фаҳмидам, ки завҷаам ҳақ будааст. Агар ман ба таъкидҳои ӯ гӯш намедодам, ин ба оқибатҳои андӯҳгин оварда мерасонд. Чунин ҳиссиётҳо баъзан ҳамчун ҷавобҳои пурбаракати ногаҳонӣ зоҳир мегарданд. Ман аз Худо дар бораи он илтиҷо менамоям, ки завҷаи ман ба андозаи зиёд ҳамаи бахшоишҳои Худо додаро истифода барад (ман инчунин дар бораи худ, оиди раҳоёбӣ аз кӯтоҳбинии муқаррарии мардонаам илтиҷо менамоям). Дуо Худованд, ман медонам, ки Ту ба зани ман (номи зан) қобилиятҳои махсусро ато намудаӣ, ки бояд барои ҷалоли Ту ба кор бурда шаванд. Худованд, ба вай ин бахшоиш­ҳоро нишон деҳ, ба ман бигӯ, ки чӣ хел метавонам ба вай ёрӣ расонам, то онҳоро зоҳир созад. Ба вай бикушо, ки Ту барои вай қисмати махсусе муқаррар намудаӣ, ки онро танҳо вай ба ҷо оварда метавонад. Ба ӯ кӯмак кун, ки мақ­сади Туро фаҳмад ва ба ӯ барои инкишоф ва зоҳирсозии қобилиятҳои худ дар хизмате имкон деҳ, ки ба он Ту ӯро даъват намудаӣ. Худованд, ман аз Ту илтиҷо менамоям: ба завҷаи ман дар фаҳмидани он кӯмак кун, ки мақсадҳои Ту чорчӯбаи аниқи вақтро доранд. Ва гарчанд, ки ӯ ҷузъиёти ин мақсадҳоро намедонад, ба ӯ дар он боварӣ бахш, ки Ту онро ба андозаи он ба ҷо меорӣ, ки чӣ қадар ӯ дар ҳамаи ҳолатҳои ҳаёташ Туро ҷӯё мешавад. Худованд, ман дар бораи он илтиҷо мекунам, ки (номи зан) чунон зане шавад, ки дидани он ба Ту мақбул аст, ва чуноне гардад, ки ба ман даркор аст. Беш аз ҳама ман мехоҳам, ки… (масъалаеро гӯед, ки шуморо ба ташвиш меандозад) ҳал намоӣ. Ба ман онро бикушо, ки завҷаам аз ман чӣ мехоҳад. Ба мо ёрӣ деҳ, ки дар шароитҳои душвор якдигарро пур кунем ва аз якдигар чизеро талаб накунем, ки берун аз қудрати мост. Ба мо кӯмак кун, ки аз тасаввуротҳои пуч нисбати якдигар раҳоӣ ёбем ва тамоми умедамонро ба Ту баста тавонем. Ба мо ёрӣ деҳ, ки қобилиятҳои бахшидаи Туро дар якдигар фарқ карда тавонем ва онҳоро такмил диҳем. Худованд, барои зане, ки Ту ба ман ато фармудаӣ шукргузор ҳастам (ба Мас. 19:14 ниг.). Мақсади комили Худро ба ҷо биёр, то ӯ нақшеро бозида тавонад, ки Ту барои ӯ ҷудо намудаӣ. Бахшоиш ва қобилиятҳои ӯро барои баракати дигарон истифода намо. Ҳаёти ӯро мувофиқи мақсади охирини Худ ҳамоҳанг соз, то ки ҳаёти ӯ дар ҳақиқат пурра бошад. Ман ӯро бо «токи боровар андаруни хона» (ба Заб. 127:3 ниг.) баробар мекунам ва ба ӯ мегӯям: «Духтарони бисёр корҳои нек кардаанд, вале ту аз ҳамаи онҳо бартарӣ дорӣ» (Мас. 31:29), ва инчунин ба ӯ пандҳои зерини каломиро равона месозам: «Ҳамчунин бигзор нури шумо бар мардум битобад, то ки аъмоли неки шуморо дида, ба Падари шумо, ки дар осмон аст, ҳамду сано хонанд» (Мат. 5:16). Худованд, ба завҷаи ман ҳамаи муроди дилашро бидеҳ ва нақшаҳояшро ба ҷо биёр (ба Заб. 19:5 ниг.). ОЯТҲО АЗ КАЛОМ, ки қудрат доранд дуои шуморо пуртаъсир гардонанд …Шукргузориро барои шумо бас намекунам ва шуморо дар дуоҳои худ ёд мекунам, то ки Худои Исои Масеҳи Худованди мо, Падари ҷалол рӯҳи ҳикмат ва ваҳйро барои шинохтани Ӯ ба шумо ато намояд, ва чашмони дили шуморо равшан созад, то шумо бидонед, ки умеди даъвати Ӯ аз чӣ иборат аст, ва сарвати ҷалоли мероси Ӯ барои муқаддасон чӣ гуна аст, ва бузургии қудрати Ӯ дар мо, ки имон дорем, чӣ гуна аз ҳад берун аст. Он қудрат аз рӯи амали қуввати азими Ӯст… Эфс. 1:15-19 Зеро ки бахшишҳо ва даъвати Худо тағйирнопазир аст. Рум. 11:29 …Ки Ӯ Моро наҷот додаст ва ба даъвати муқаддас хондааст, на бар тибқи аъмоли мо, балки бар ҳасби таъиноти Худ ва ба ҳасби он файзе ки ба мо аз азал дар Исои Масеҳ ато шудааст. 2 Тим. 1:9 Мо низ дар Ӯ, ки ҳама чизро ба тибқи азми иродаи Худ ба амал меоварад, мувофиқи таъиноти Ӯ пешакӣ муайян шуда будем, то мо, ки пештар ба Масеҳ умед бастаем, барои ҳамду санои ҷалоли Ӯ вуҷуд дошта бошем. Эфс. 1:11-12 БОБИ ЧОРДАҲУМ. БОВАРИИ Ӯ Оё шумо ягон маротиба ҳис кардед, ки завҷаатон ба шумо бовар намекунад? Эҳтимол, дар соҳаи молиявӣ? Ё дар тарбияи фарзандон? Ё дар қабули ягон қарори муҳим? Шояд ӯ дар он шубҳа кунад, ки шумо овози Худоро шунида метавонед? Ё дар вафодории шумо — аз сабаби он зани зебое, ки бо шумо якҷоя кор мекунад? Агар ин ҳамин тавр бошад, сабаби нобоварии ӯ на дар он аст, ки ӯ намехоҳад ба шумо бовар кунад, балки дар он аст, ки дар гузашта касе аз боварии вай сӯиистеъмол кардааст. Ва шарт нест, ки гунаҳкор шумо бошед, — он метавонад падараш, шавҳари аввалааш ё рафиқаш бошад. Ва шояд ягон рафтор ё беамалии шумо дар ягон ҳолат, ки дар бораи он ҳатто шумо гумонбар ҳам нашуда будед, боварии ӯро нисбати шумо барҳам дода бошад. Ё ин ки дар гузашта ӯ ба ягон одам бовар кардааст ва дар ҳаёти ӯ ягон ҳодисаи мудҳиш ба амал омадааст. Ё алоқаи ӯ бо Худо ба қадри кофӣ мустаҳкам нест, ва ӯ ҳанӯз ба вафодории Ӯ, ба он эътимод ҳосил нанамудааст, ки Ӯ лоиқи бовари aст. Ҳарчӣ ҳам набошад, аз Худо хоҳиш намоед, ки ба ҳардуи шумо ҳақиқатро кушояд. Шумо метавонед дар бораи худ бисёр чизҳои нав ва ногаҳониро шунавед — он чизеро, ки танҳо бо ёрии дуо кардан мумкин аст. Донистан лозим аст, ки мард бояд дар се соҳaи асосии никоҳ сазовори боварӣ бошад. Қобилияти мувофиқат накардани шавҳар ба яке аз ин талаботҳо ба он оварда мерасонад, ки завҷа нисбати ӯ бовариро дар боқимондаи онҳо низ аз даст медиҳад. Ана ин талаботҳо. 1. Вафодории мутлақ ба завҷа ва никоҳи худ Ҳеҷ чиз мисли хиёнат бовариро аз байн бурда наметавонад. Агар зан як маротиба фиреб хӯрда бошад, он зуд дар тамоми ҳаёти вай инъикос меёбад. Вай метавонад бахшад, вале фаромӯш кардани он барои вай имконнопазир аст. Барқарорсозии алоқаҳо вақти зиёдеро талаб менамоянд ва ба дахолати фавқултабии Худо эҳтиёҷ дорад. Ҳатто агар шавҳар ягон маротиба ягон рафтори нолоиқ карда бошад ҳам, ба дигар зан диққат додани вай дар завҷаи худ ҳисси безобитагӣ ва шубҳа ба вафодории ӯро дар оянда бедор месозад, ки вай метавонад ба шавҳар бовар накунад. 2. Масъулият барои таъминоти моддии оила ва маҳорати боақлона идора кардани маблағҳо Ҳар қадаре мард завҷаи худро дӯст дорад ва нисбати вай муносибати хуб дошта бошад ҳам, агар вай барои таъминоти моддии оила ҷавобгариро ба гардан надошта бошад, боварии завҷа аз вай канда мегардад. Агар мард ҷои кори доимӣ надошта бошад, бисёр вақт кор накунад, оиларо муфлис гардонад, агар завҷааш оиларо танҳо таъмин намояд, ҳарчанд оиди ин пеш аз никоҳ аҳд набаста буданд, ё шавҳари вай қиморбозӣ мекунад ва пули зиёдеро бой медиҳад, ҳамин тавр мешавад. Дар ҳамаи ин ҳолатҳо шавҳар боварии занро аз даст медиҳад. 3. Муносибатҳои маҳрамона ва боэҳтиром нисбати завҷа ва фарзандони худ Ман занони зиёдеро медонам, ки ба шавҳарони худ боварӣ надоранд, чунки онҳо наметавонанд нисбати завҷаҳо ва фарзандони худ муносибати дуруст намоянд. Ҳатто агар мард вафодор бошад, оиларо таъмин намояд, завҷаи вай ҳеҷ гоҳ намедонад, ки дар кадом лаҳза ғазаби вай аланга мегирад ва сели таҳқирҳо оиди сабаби ночиз ҷорӣ мегардад. Яқин аст, ки ӯ ба шавҳар бовар намекунад. Агар мард оиди ин ҳар се талаботҳо сазовори боварӣ бошад, ба зан осон аст, ки дар бисёр ҳолатҳои дигар ба ӯ бовар кунад. Бо вуҷуди ин, боварӣ дар никоҳ бояд тарафайн бошад. Агар яке аз шарикон ба дигараш бовар карда натавонад, ё бовар кардан нахо­ҳад, дар он вақт ҳар дуи онҳо наметавонанд сазовори он баракатҳое бошанд, ки Худо барои онҳо тайёр намудааст. Аз ин рӯ, шумо бояд дар бораи он дуо кунед, ки ба завҷаатон бовар карда тавонед. «…Шавҳари вай аз вай дилпур аст, ва ғаниматҳои ӯ камӣ нахоҳад кард» (Мас. 31:11). Одатан решаи душманӣ байни ҳамсарон дар норасоии боварӣ нисбати якдигар ниҳон мебошад. Ҳамсарон танҳо дар он вақт аз ин ҳолат баромада метавонанд, ки умумияти онҳоро дар имон ба Худованд муттаҳидсозандаро ёбанд. Онро дида, ки чӣ тавр Ӯ дар ҳаёти ҳар кадоми онҳо амал мекунад, онҳо метавонанд пурра ба Ӯ бовар намоянд. Аз Худо хоҳиш намоед, ба шумо барои он хирадмандӣ диҳад, ки сарвари оила гардед ва қарорҳои дуруст қабул карда тавонед. Чун қоида, завҷаатон ба дурустии қарорҳои шумо на аз он сабаб бовар намекунад, ки ба шумо боварӣ надорад, балки аз он сабаб, ки вай бештар ба Худо бовар мекунад. Вай боварӣ дорад, ки танҳо Ӯ дар бораи мушкилиҳои муайяни ҳаёти шумо медонад, ва вай мехоҳад, ки шумо аз Ӯ хирадмандӣ пурсед, ва мувофиқи иродаи Ӯ қарор қабул намоед. Ӯро лозим меояд ба он боварӣ дошта бошад, ки шумо қарорро қабул карда, ба худ ояндаи оиларо аниқ тасаввур намоед. Дар бораи он дуо кунед, ки завҷаи шумо дар бораи боварии шумо ба Худо донад. Ин имони ӯро ба он мустаҳкам месозад, ки Худо, ба воситаи шумо амал карда, манфиатҳои ӯро низ ба назар мегирад ва дар бораи ӯ ғамхорӣ менамояд. Оиди ҳалли ин масъалаҳо дуо карда пуртоқат бошед. Бовариро аз даст додан хеле осон ва барқарор сохтани он хеле мушкил мебошад. «Ва мо некӣ карда, ноумед намешавем; зеро ки дар вақташ хоҳем даравид, агар сустӣ накунем» (Ғал. 6:9). Худо албатта ба шумо ҷавоб хоҳад дод. ЭҲТИЁҶОТҲОИ ЗАВҶAҲO Марҳамат карда, дар бораи он дуо кунед, ки…: • завҷаи шумо ба Худованд аз дилу ҷон бовар кунад; • ӯ тавонад пурра ба шумо бовар кунад; • ӯ ҳамаи он касонеро бахшад, ки аз бовариаш баромадаанд; • шумо шавҳаре гардед, ки сазовори боварии ӯ бошад; • ӯ ба Худое, ки дар ҳаёти шумо амал мекунад, бовар кунад; • ӯ завҷае гардад, ки сазовори боварии шумо бошад; • имони завҷаи шумо кам нашавад. ШАҲОДАТИ ШАВҲАРОН Радни Ҷонсон, вакили мулки ғайриманқул, нақл мекунад. Ӯ ва завҷааш Валери 18-сол боз оиладор ҳастанд ва се фарзанд доранд. Боварӣ… Чӣ тавр мо аз ҳад зиёд мехоҳем сазовори он бошем ва чӣ тавр онро аз даст додан осон аст. Ман дар Лос-Анҷелос ба сифати риэлтер кор карда якчанд маротиба ба ҳолатҳои ногаҳонӣ афтодаам. Боре як ҷуфти оила ба ман ба андозае бовар кард, ки ба номи ман чек ба маблағи $30 000 ва ваколатнома барои харидани хона ба маблағи $1000 000 навишт, ки дар ҳолати набудани онҳо ман бояд онро мехаридам, ва худашон ба рухсатии сеҳафтаина рафтанд. Бори дигар ҳамааш баръакс буд. Ман як мизоҷе доштам, ки аслан америкоӣ набуд, ва аз ҳад зиёд нобовар буд, ва дар натиҷа фуруши яке аз ду хонаашро аз даст дод. Шавҳарон, оё шумо мехоҳед, ки завҷаатон айнан ба монанди он ҳамсароне рафтор намояд, ки худи ҳозир ман дар бораашон ба шумо нақл кардам, — тавонад ба шумо дар идора кардани маблағхо, ғамхорӣ кардан дар бораи сарпаноҳ беҳад бовар карда худ ба саёҳати орзӯҳояш равад? Мо бисёр вақт мисли мизоҷи нобовар, қаҳрамони нақли дуюми ман, ба ҳама чӣ ва аз ҳама чиз шубҳа карда рафтор менамоем. Агар зан аз мард шубҳа кунад, ин маънои онро дорад, ки ягона марде, ки ба ӯ бовар мекард, ӯро сахт фиреб додаст. Аз он вақте, ки ман дар бораи завҷаи худ дуо карданро сар кардам, мо ба якдигар бештар бовар мекардагӣ шудем. Мардҳо, занон мехоҳанд донанд, ки ба шумо бовар карда метавонанд. Ба ҳаракати феминистӣ нигоҳ накарда, занон мехоҳанд дар паҳлӯи худ мард-сарварро бинанд, ки ба ӯ бовар кардан мумкин аст. Аз ин рӯ, дар бораи он дуо карда, ки завҷаҳои шумо бештар ба шумо бовар кунанд, дар бораи он дуо карданро фаромӯш накунед, ки худатон бештар сазовори боварии ӯ гардед. Агар, масалан, шумо аз буҷети оилавӣ бо завҷаатон маслиҳат накарда, пулҳоро сарф кардед, метавонед ҳисоб кунед, ки шумо дар ин соҳа аз боварии ӯ баромадед. Барои ба даст овардани ин шуморо лозим аст бо дили пушаймон ва нақшаи тайёри амал, ки тайёрии шуморо барои барҳам додани рафтори ношоистаатон нишон медиҳад, назди завҷаи худ оед. Ниҳоят, дар хотир доред, ки дар шумо завҷа ва фарзандонатон нақши Падари Осмониро мебинанд. Агар аъзоёни оила ба шумо бовар карда тавонанд, он вақт онҳо бо осонӣ ба Худо бовар мекунанд. Дуо Худованд, ман аз Ту илтиҷо менамоям, то ба завҷаи ман (номи завҷа) кӯмак расонӣ, ки ба ман дар ҳама кор бовар кунад. Беш аз ҳама ман мехоҳам, ки вай ба Рӯҳи Муқаддаси Ту, ки дар ҳаёти ман ва ба воситаи ман амал мекунад, бовар кунад. Ба ман нишон деҳ, ки дар кадом кор ман боварии вайро барбод додам, ва ман аз ин дар назди Ту ҳамчун аз гуноҳи худ тавба мекунам. Ба ман кӯмак кун, ки дигар ҳеҷ гоҳ инро такрор накунам. Маро сазовори боварии вай гардон. Ба ман биомӯз вайро ба он мӯътақид гардонам, ки ман дар ягонагӣ бо Ту мебошам ва барои сазовори боварии вай гаштан ҳамаи кори аз дастам меомадаро мекунам. Агар ӯ ягон вақт ба ман бовар накарда бошад, ба вай ҳақиқатро кушо. Агар сабаби нобоварии вай дар он анҷомад, ки каси дигар ба вай озор расонда бошад, ба вай ёрӣ деҳ, ки он одамро бубахшад, то ки озод гардад. Ман аз Ту дар бораи он хоҳиш мекунам, ки завҷаи ман ҳеҷ гоҳ гузаштаи худ ва нобарориҳои гузаштаи худро ба ман алоқаманд насозад ва аз ман инро чашмдор набошад. Махсусан, ман дар бораи… (соҳаи муносибатҳоеро номбар кунед, ки дар он норасогии боварӣ ҳис карда мешавад) илтиҷо менамоям. Боварии вайронгаштаи байни моро барқарор намо. Ба ҳар дуи мо кӯмак расон, ки ба Ту, Худованд, бовар кунем. Ҳамаи алоқаҳои гунаҳкоронаи ман ва дилбастагиҳои маро бо дигар занони ҳаёти гузаштаам канда соз. Инчунин ҳамаи алоқаҳои гунаҳкорона ва дилбастагиҳои завҷаи маро бо дигар мардони ҳаёти пештарааш пора кун. Ба мо ёрӣ деҳ аз ҳамаи алоқаҳои дар ҳаёти худ ҷой дошта, ки Туро ҷалол намедоданд, тавба кунем. Худованд, ман аз Ту хоҳиш менамоям: чуноне кун, ки боварии завҷаам нисбати ман беҳудуд бошад. Ба ман ҳолат­ҳоеро нишон деҳ, ки ман ба ақида, қобилиятҳо, садоқат ва қарорҳои вай бовар накардаам. Аз Ту хоҳиш менамоям, ба вай кӯмак кун, ки шахсияти сазовори боварӣ гардад, ва ман бошам, — дар ҳама чиз ба вай бовар кунам. Ба ман ёрӣ деҳ, ки дар оилаамон сарвари руҳонӣ гардам, то ки Ту аз ман розӣ бошӣ. Имони моро мустаҳкам гардон, зеро ман медонам, ки Ту барои паноҳ барандагони Худ сипар ҳастӣ (ба Мас. 30:5 ниг.). Дар ин рӯз ман аз номи ҳардуямон эълон мекунам, ки Ту — паногоҳи мо ва қалъаи мо, Худои мо мебошӣ, ки ба Ту таваккал менамоем (ба Заб. 90:2 ниг.). ОЯТҲО АЗ КАЛОМ, ки қудрат доранд дуои шуморо пуртаъсир гардонанд Тариқи Худо рост аст, каломи Худованд амин аст, ва Ӯ барои ҳамаи онҳое ки ба Ӯ паноҳ мебаранд, сипар аст. 2 Подш. 22:31 Бо тамоми дили худ ба Худованд таваккал намо, ба хиради худ такя накун. Мас. 3:5 Ва ҳамаи паноҳбарони Ту хурсанд хоҳанд шуд ва то абад тараннум хоҳанд кард, ва Ту пуштибони онҳо хоҳӣ буд, ва дӯстдорони исми Ту дар Ту шод хоҳанд шуд. Зеро ки Ту, эй Худованд, одилро баракат медиҳӣ; бо зиреҳи меҳрубонӣ ӯро фаро мегирӣ. Заб. 5:12-13 Паноҳ бурдан ба Худованд беҳ аз таваккал кардан ба мирон. Заб. 117:9 Кист аз шумо… ба исми Худованд таваккал намояд ва ба Худои худ такя кунад. Иш. 50:10 БОБИ ПОНЗДАҲУМ. БЕХАТАРИИ Ӯ Мувофиқи қоидаи футболи америкоӣ, муҳофизат кардани бозингар аз ҳуҷуми ҳариф, пешбинӣ шуда ба бозингар имконияти ба ҷо овардани вазифаи дар наздаш гузошташуда дода мешавад. Шарикон бозингарро муҳофизат менамоянд, то ки вай тавонад тӯбро ба ҳуҷумкунанда партояд, ё ба қафо, ё худ мустақилона тӯбро ба хати дарвоза ронад. Дуоҳои шумо оиди бехатарии завҷаатон айнан ҳамин тавр амал менамояд. Онҳо дар атрофи завҷаатон девори мустаҳкамеро баланд мекунанд, ки онро ҳеҷ як ҳуҷуми душман рахна карда наметавонад, ва дар натиҷа завҷаи шумо имконияте пайдо мекунад, ки вазифаи худро оромона ва бо боварӣ ба ҷо орад. Чӣ гуна бадие, ки душман ба муқобили завҷаи зумо фикр карда набарояд, кӯшишҳои вай дар амалӣ гардондани нақшаҳояш бенатиҷа мебарояд. Аз ин рӯ, вақте ки завҷаи шумо дар танҳоӣ дар назди хати пурзӯри ҳуҷум меистад, ки аз девони бадкор иборат мебошанд, шумо, ҳамчун сарвар, метавонед дуокунон дастаи фариштагонро сафарбар намоед ва мебинед, ки чӣ тавр завҷаатон то хати дарвоза бенуқс рафта мерасад. Акнун, ки кӯдакони ман калон шудаанд, ман оиди тақдими китобҳои худ дар мамлакат бисёр сафар мекунам ва бо одамони зиёде сӯҳбат мекунам. Вале ман ба ҳеҷ ваҷҳ ба рафтани ягон ҷо розӣ намегаштам, агар шавҳарам оиди бехатарии ман дуо намекард. Ман умуман бе розигӣ ва дастгирии вай ба роҳ намебаромадам. Ва вақте ки ӯро лозим меояд, ки аз шаҳр ба ягон ҷо равад, вай дар бораи он дуо мекунад, ки дар хона бо ман ягон воқеа рӯй надиҳад (ман ҳам чунин дуо мекунам, вале дар ин бора дар китоби оянда). Имрӯзҳо кам ҷойҳое ёфт мешавад, ки онро дар ҳақиқат ҷойҳои бехатар номидан мумкин бошад. Ҳатто дар хонаҳои худ мо аз бетакалуфона ворид шудани бадӣ ба ҳаёти худ эмин дошта нашудаем. Ман одамеро медонистам, ки ҳангоми аз бонк баргаштан, нисфирӯзӣ, дар садамаи автомобилӣ, якчанд маҳалла дуртар аз хонаи худ мурда буд. Ман занеро медонистам, ки мошини худро дар назди бинои ҳамсоя манъ карда ният дошт, ки духтарашро аз мактаби якшанбегӣ гирад, вале ӯро ғорат карда куштанд. Ман боз занеро медонистам, ки ният дошт барои оилааш харид кунад, вале мошинашро аз парки назди супермаркет дар нисфирӯзӣ дуздида худашро куштанд. Мо наметавонем оиди бехатарии одамони ба мо азиз боварӣ дошта бошем. Ҳодисаҳои нохӯш ҳамеша ба таври ногаҳонӣ ба амал меоянд. Барои завҷаи шумо фикр дар бораи он, ки шумо оиди бехатарии вай дуо мекунед, чӣ гуна тасаллои бузург буда метавонад! Инчунин дуоҳои шумо оиди саломатии завҷаатон хеле муҳим мебошад. Барои занон ғамхорӣ кардан оиди бадани худ осон нест. Ман занеро намедонам, ки ин кор барои ӯ осон бошад. Бештари онҳо оиди ин тарафи ҳаёти худ хеле беэҳтиётона рафтор мена­моянд. Агар ба шумо автомобили дилхоҳатонро тӯҳфа мекарданд, дар бораи он ғамхорӣ мекардед? Наход шумо оиди хуб нигоҳубин кардани он ба ташвиш намеафтодед? Наход, ки шумо ба гараж наз­дик шуда истода чунин фикр кунед: «Барои чӣ вақти худро барои нигоҳубини ин мошин сарф кунам?» Эҳтимол шумо чунин рафтор намекардед. Вақте ки завҷаи шумо оиди ғамхорӣ ба бадани худ беаҳмияти мекунад, маҳз чунин рафтор менамояд. Вай метавонад ҳазор баҳонаро пеш орад, масалан: нарасидани вақт, набудани омил, — вале шояд ӯ инро дуруст ба ҷо оварда наметавонад, вале дуоҳои шумо метавонанд ба ӯ дар ёфтaни вақт, сабаб ва донишҳои ба ин зарӯрӣ кӯмак расонад. Ғамхорӣ дар бораи саломатӣ ва нигоҳубини бадан — масъалаи оддӣ нест. Оиди ин беандоза маълумотҳои мухолиф бисёранд, ки баъзан зан мехоҳад ҳама чизро партояд, ба фабрикаи қаннодӣ равад, ва дар он ҷо ҳама чиро фаромӯш кунад. Вале дуоҳои шумо ба завҷаатон барои шунидани овози Худо ёрӣ дода, ба таври мусбӣ таъcир хоҳад кард. Ба ман рухсат диҳед, ки байни зани шумо ва автомобил мутавозӣ андозам (ман ин муқоисаро боз барои он истифода мебарам, ки вақте ман истилои автомобилиро ба кор мебарам, шавҳарам маро хубтар мефаҳмад). Дуоҳои шумо ба завҷаатон кӯмак мерасонад, ки ҳолати «қисми ҳаракатдиҳандаро» дуруст баҳо диҳад ва онро дар ҳолати дуруст нигоҳ дорад. Дуоҳои шумо ба вай меомӯзанд, ки «муҳаррик»-и худро дуруст истифода барад. Дуоҳои шумо ба вай ёрӣ мерасонанд, ки «муоинаи техникиро», ки дар натиҷаи он шояд маълум гардад, ки мошин барои корфармоии оянда корношоям шудааст, интизор нашуда, мувофиқи дастур барои ронанда мунтазам ба «маркази хизматрасонии техникӣ» равад. Ба шуморо лозим аст дуо кунед, ки дар сари завҷаатон чунин фикрҳо наоянд: «Ман пири фартут ҳастам. Ман сазовори таъмири қиммат нестам». Ӯ сахт ба дастгирии шумо эҳтиёҷ дорад. Вале суханбозиҳои муқаррарӣ дар ин ҷо ба кор намеравад. Чӣ маъно дорад, агар ба ҷои он, ки мошинатонро таъмир кунед, ба сари он дод занед, айнан ҳамин ба завҷаатон тааллуқ дорад. Агар вай худро чӣ хеле, ки даркор аст, нигоҳубин накунад, ин на барои он аст, ки инро намехоҳад, балки барои он аст, ки намедонад инро чӣ хел кунад, ё ба ин талаботи худро намебинад, ё худро дуруст баҳо дода наметавонад, ё ин ки бениҳоят банд аст, ё чунин меҳисобад, ки ҳамеша худро дар ҳолати хуб нигоҳ доштан аз ҳад зиёд мушкил аст. Ӯро лозим аст, ки шумо аз Худо хоҳиш кунед, то ба вай ёрӣ диҳад. Ба завҷаи худ гӯед, ки шумо барои вай дуо мекунед, то ки вай қувва ва хоҳиши дар бораи худ ғамхорӣ карданро пайдо кунад, то ки вай барои худ донишҳои зарурӣ ва хирадмандиро ба даст орад. Шумо барои завҷаи худ дуо мекунед, чунки дар вай шумо бахшоиши аз ҳама пурқиммати Худоро баҳри худ мебинед, ва намехоҳед, ки ин тӯҳфа дар беэътиноӣ бошад. Агар ба шумо намунаи куҳнашудаи автомобил насиб шуда бошад, махсусан меарзад, ки дар бораи азнавшавии пурраи он дуо кунед. Агар саломатии завҷаатон дуруст набошад, аз Худо хоҳиш намоед, ки вайро шифо диҳад. Шавҳари ман оиди раҳоёбии ман аз бисёр бемориҳо дар муддати сӣ соли охир дуо кардааст. Вале боре дар ҳаёти шавҳари ман соате фаро расид, ки дуои аз ҳама гарму ҷӯшон кунад. Ин якчанд сол пеш ба амал омада буд, вақте ман ногаҳон ҳис кардам, ки гӯё чизе дар дарунам пора гардид. Маро дарди даҳшатноке азоб дод, ва ман зуд фаҳмидам: агар чораҳои амалӣ дида нашавад, ман мемирам. Соат сеи шаб буд, ва Майкл худаш танҳо барои ман дуо мекард, ҳангоме, ки ман нолиш мекардам: «Исо ба ман мадад кун». Ҳаёти ман пурра аз он вобаста буд, ки оё Худо дуоҳои шавҳарамро оиди шифоёбии ман мешунавад ё не (дар ин бора Майкл дар охири боб нақл хоҳад кард). Ҳеҷ гуна ҷидду ҷаҳди мо, ҳатто аз ҳама зиёд наметавонад то охири умр ба мо саломатиро таъмин намояд. Ҳатто муҳофизатгари аз ҳама беҳтарин аз дастаи беҳтарин рӯзе мешавад, ки бинобар бад будани саломатиаш ба майдон баромада наметавонад. Худо дар ин бора медонист ва ба мо Шифокор — Исоро фиристод. Аз ин рӯ аз Худо хоҳиш намоед, ки завҷаи шуморо шифо диҳад, ва то он даме, ки ҷавоб нагиред, дуокуниро бас накунед. Вақте ки сухан дар бораи саломатиамон равад, мо набояд таслим шавем. ЭҲТИЁҶОТҲОИ ЗАВҶAҲO Марҳамат карда, дар бораи он дуо кунед, ки: • Худо бадани завҷаи шуморо муҳофизат кунад; • Худо ақли вай ва саломатии рӯҳонии вайро эҳтиёт кунад; • завҷаи шумо боғайрат ва пурқувват бошад; • иммунитети қавӣ дошта бошад; • хоҳиш дошта бошад, ки дар бораи худ ғамхорӣ намояд; • донад, ки чӣ хел дар бораи бадани худ ғамхорӣ кардан даркор аст; • ҳамеша қаду қомати зебо дошта бошад; • ҳамеша ва дар ҳама ҷо таҳти муҳофизати Худо бошад. ШАҲОДАТИ ШАВҲАРОН Майкл Омартиан нақл мекунад Завҷаи ман имконияти аълое дорад — саёҳат кардан. Вале ман ҳамеша аз тарси фикрҳои хатаре, ки ӯро ҳангоми парвозҳо, аз як ҷо ба ҷои дигар рафтан ӯро дунболагиранд, ба ларза меафтодам; маро он ба ташвиш меандохт, ки ӯро лозим меояд дар меҳмонхонаҳои бад ист кунад, хӯроки бад хӯрад, муддати зиёде дар пой рост истад, барои корҳои худ ғам хӯрад ва ба ҳаяҷон ояд, зеро мехоҳад онҳоро хуб ба анҷом расонад. Вале ман, ғайр аз ҳамеша барои вай дуо кардан, илоҷи дигаре надорам: то омадани ӯ ва ҳангоми набудани ӯ. Зимнан, ман дар бораи муҳим будани дуо барои бехатарии завҷа ҳатто дар вақти дар хона буданаш боварӣ ҳосил кардам. Пештар ҳеҷ гоҳ дуои ман мисли он вақте, ки соати сеи шаб ман аз фарёди даҳшатовари Сторми бедор шудам, ки вай аз дард дуқат шуда буд, муҳим набуд. Вай гуфт, ки дар даруни вай чизе кафидааст. Ман медонам, ки Сторми аз дарди майда чуйда шикоят намекунад, аз ин рӯ фаҳмидам, ки ягон чизи даҳшатоваре ба амал омадааст. Вазъият то андозае ҷиддӣ буд, ки мо омадани мошини ёрии таъҷилиро интизор нашудем. Вақте ки пойафзоли Стормиро мекофтам ва ба вай палтои гарм мепӯшонидам, ман ба ларза афтода будам. Ман ва духтарам Аманда Стормии аз дард печутоб хӯрдаистодаро то ба назди мошин овардем, ва ман зуд сӯи беморхона шитофтам. Ман ба вай ҳеҷ гуна ёрӣ дода наметавонистам. Ман ба қадри кофӣ дуоҳоро дар бораи шифоёбӣ медонам ва дар он вақт гарму ҷӯшон дар бораи он дуо мекардам, ки духтурон зуд бо ӯ машғул шаванд. Вақте ки мо омада расидем, ман зуд сӯи қабулгоҳ тохтам, ва Худоро шукр, ки ҳамшираи шафқат дар ҷои кориаш будааст. Мо зуд курсиро ба назди мошин тела карда овардем, то ки Стормиро барои муоинакунӣ барем. Баъди як қатор анализҳо вай зуд ба шӯъбаи хирургӣ бурда шуд. Ҳеҷ гоҳ ман мисли он шаб самимона дуо накарда будам. Дар рӯ ба рӯи марг ва ҳаёт дуоҳои шафоатхоҳонаи мо маънои нав мегиранд. Ман ҳеҷ гоҳ мисли он вақт қувваи аниқ ва моҳияти дуоҳои ҳамешагиамро барои бехатарии завҷаи худ эҳсос накарда будам. Он шаб ман барои ҳамаи дуоҳоям, ки дар давоми якчанд сол барои Сторми карда будам, ҷавоб гирифтам. Ва агар рафту, ҳамон вақт Сторми дар сафар мебуд ё вохӯрии навбатии худро бо хонандагон мегузаронд? Аз рӯи баракати Худо ва ба василаи дуоҳои ман оиди бехатарии ӯ чунин шуд, ки ӯ дар он лаҳза дар хона буд. Дуо Худованд, ман аз Ту илтиҷо менамоям, ки Ту завҷаи маро (номи завҷа) аз ҳама гуна ҳодисаҳои нохуш, аз ҳар гуна балоҳо, аз таъсири одамони бад муҳофизат намоӣ. Ҳар як нохуширо аз ӯ дур бикун. Худовандо, Ту дар Каломи Худ гуфтӣ: «Шарир одилро поида мегардад ва дар паи куштани ӯст; лекин Худованд ӯро ба дасти вай намесупорад…»(Заб. 36:32-33). Завҷаи маро аз одамони бад муҳофизат намо. Ман аз Ту хоҳиш менамоям, чуноне кун, ки вақте вай аз обҳо мегузарад, Ту бо вай бошӣ, вақте ки аз наҳрҳо мегузарад, ғарқ нашавад; аз миёни оташ гузашта насӯзад ва аланга вайро насӯзонад (ба Иш. 43:2 ниг.). Ман дар бораи он илтиҷо менамоям, ки (номи завҷа) «дар сояи болҳои Ту… то он даме, ки фалокатҳо бигзарад» паноҳгоҳ ёбад (Заб. 58:2). Худованд, ба (номи завҷа) биомӯз, ки ба бадани худ ҳамчун ба маъбаде муносибат намояд, ки дар он Рӯҳи Ту зиндагӣ мекунад; ба вай биомӯз, ки дар бораи худ дуруст ғамхорӣ намояд, аз он ҷумла дуруст хӯрок хӯрад. Ба вай сабр деҳ, ки мунтазам ба машқҳои ҷисмонӣ машғул шавад. Ба вай дар фаҳмиши он ёрӣ деҳ, ки муҳим будани хоби дуруст дар чист, ки барои барқарорсозии қувва кӯмак мерасонад. Ба вай ёрӣ деҳ фаҳмад, ки Ту ҳамеша дар паҳлӯи вай мебошӣ, то ки қадамҳои ӯро роҳнамоӣ кунӣ. Бигзор ҳар олоте, ки муқобили ӯ сохта мешавад, барор наёбад (ба Иш. 54:17 ниг.). Ҳамеша вайро дар зери ҳимояи Худ гир, то ки ягон бадӣ ба вай наздик нашавад. Бигзор фариштаи Ту вайро дар роҳҳояш муҳофизат намояд (ба Заб. 90:11 ниг.). Ман ба завҷаи худ мегӯям: «Худованд, бо парҳои Худ туро хоҳад пӯшонид, ва зери болҳои Ӯ паноҳ хоҳӣ ёфт; ростии Ӯ зиреҳ ва ҷавшан аст. Аз воҳимаи шабона нахоҳӣ тарсид, ва аз тире ки рӯзона мепарад; аз вабое ки дар торикӣ қадамгузор аст, ва аз тоуне ки дар нимирӯзӣ талаф мекунад. Ҳазорҳо ба гирду пешат хоҳанд афтод, ва беварҳо ба яминат, аммо ба ту наздик нахоҳанд шуд» (Заб. 90:4-7). Худованд, барои он ба Ту шукргузор ҳастам, ки Ту зав­ҷаи маро зери болҳои Худ мегирӣ ва ба вай хоби оромона мебахшӣ, зеро танҳо Ту Худованд вайро дар осудагӣ сокин мегардонӣ (ба Заб. 4:9 ниг.). ОЯТҲО АЗ КАЛОМ, ки қудрат доранд дуои шуморо пуртаъсир гардонанд Худованд сахраи ман аст, ва қалъаи ман, ва раҳокунандаи ман; Худои ман кӯҳпораи ман аст; ба Ӯ паноҳ мебарам; Ӯ сипари ман аст, ва шохи наҷоти ман, ва паноҳгоҳи ман. Худовандро мамдӯҳ хоҳам хонд, ва аз душманонам наҷот хоҳам ёфт. Заб. 17:3-4 Зеро ки ту гуфтаӣ: «Худованд паноҳгоҳи ман аст»; Ҳаққи Таолоро ту паноҳдиҳандаи худ ихтиёр кардаӣ. Бадие ба ту рӯй нахоҳад дод, ва офате ба хаймаи ту наздик нахоҳад шуд. Зеро ки ба фариштагони Худ дар бораи ту амр хоҳад дод, ки туро дар ҳамаи роҳҳоят нигоҳдорӣ кунанд. Туро бар кафҳои худ бардошта хоҳанд бурд, ки мабодо пои худро ба санге бизанӣ. Заб. 90:9-12 Зеро туро даво хоҳам кард, ва ҷароҳатҳои туро шифо хоҳам дод… Ирм. 30:17 Оё намедонед, ки ҷисмҳои шумо маъбади Рӯҳулқудс аст, ки Он дар шумо сокин аст, ва Онро шумо аз Худо ёфтаед, ва шумо аз они худатон нестед? Зеро ки шумо ба нархи гарон харида шудаед. Пас, дар ҷисмҳои худ ва дар ҷонҳои худ Худоро ҳамду сано кунед, ки онҳо ба Худо тааллуқ доранд. 1 Қӯр. 6:19-20 Ва дуои имон беморро шифо хоҳад дод, ва Худованд ӯро ба по хоҳад хезонд… Яъқ. 5:15 БОБИ ШОНЗДАҲУМ. ХОҲИШҲОИ Ӯ Ман камтар аз ҳама мехостам бо шахсе хонадор шавам, ки мутаассиби (фанат) футбол бошад, ки тамоми бегоҳ ва рӯзҳои истироҳат дар нимкати мулоим дароз кашида ҳамаи бозиҳоро тамошо кунад. Аз ин рӯ, вақте ки мо бо Майкл вохӯрдем, ӯ аз он ҷиҳат ба ман сахт маъқул шуд, ки ба барномаҳои спортии телевизионӣ ягон хел рағбат зоҳир намекард. Маро он хиҷил кард, ки баъди якчанд соли хонадориамон маълум гашт, ки Майкл на танҳо дӯстдори спорт, балки мутаассиби ҳақиқии футбол мебошад. Вай майкаҳои тамғаи дастаи футболии «Беарз» ва бейсболкаҳои тамғаи клуби «Кабз» доштаро мепӯшид. Вай дар назди телевизор нишаста, чунон доду фарёд мекард, ки атрофиён гӯшҳои худро маҳкам мекарданд. Вай маро ба тамошои якчанд бозиҳо бурд, вале ба ман тамошои он, ки чӣ тавр одамони баркамол аз барои тӯбе, ки ҳатто шакли кулӯларо ҳам надорад, ба якдигар дармеафтанд, беақлӣ намуд. Хот-догҳо аз бозӣ дида диққати маро бештар ҷалб мекарданд. Ман азоб мекашидам, зеро худро фиребхӯрда меҳисобидам. Вақте ки ман барои шавҳари худ, ба таври ба Худо мақбул, дуо карданро ёд гирифтам (дар ин бора ман дар китоби Қудрати зани дуогӯй нақл кардаам), Ӯ ба ман нишон дод, ки ба таври нав ба ин вазъият нигоҳ кунам. Ҳарчанд, ки ман дар ин бора аз Худо пурсида бошам ҳам, вале Худованд бо ким кадом як сабаби номаълум шавҳари маро аз шавқи тамошои бозиҳои спортӣ раҳоӣ надод. Ба ҷои ин ману Майкл шартнома бастем, ки мувофиқи он ман бояд ба шуғли дӯстдоштаи вай бо фаҳмиш ва пуртоқатона рафтор мекардам, ва ӯ, аз тарафи худ, ӯҳдадор шуд, ки маро маҷбур накунад вонамуд созам, ки ба саргармиҳои вай шавқу рағбат дорам. Шартҳо ба қадри кофӣ қабулшаванда буд ва мувофиқи он муддате чанд зиндагӣ кардан мумкин буд. Вале Майкл қаноатманд нашуда, пинҳонӣ аз ман оиди ҳалли ин масъала дуо мекард. Вай дар бораи он дуо мекард, ки ман бо вай ба тамошои бозиҳои футбол равам ва ин бозиро дӯст дорам. Ӯ мефаҳмид, ки бо чунин хоҳиш ба Худо муроҷиат намудан густохона аст, вале охир Ӯ баҳри Қулзумро аз ҳам ҷудо намудааст ва дигар мӯъҷизаҳоро ба амал овардааст… Боре, ба таври ногаҳонӣ чашмони ман кушода шуданд ва ман маъно ва зебоии ин бозиро: ҳаволакуниҳои зебои бенуқс, амалҳои аниқи ҳайратовари тамоми дастаро дидам; ман ҳангоми аз майдон хориҷ карда шудани муҳофизатгар рӯҳафтодагии сахт, ва ҳангоми дидани он, ки дастаи ҳариф имкони тағйир додани рафти бозиро надорад, хурсандии ногаҳониро ҳис мекардам. Имрӯз ман ҳамаи бозиҳоро тамошо мекунам, ва хот-догҳо маро тамоман ба шавқ намеоранд. Оё дар байни шуғлҳои шумо ягонтое ҳаст, ки онро завҷаатон писандад? Дар бораи он дуо кунед, ки шавқу завқи вай нисбати ин афзун гардад. Маълум аст, ки барои Худо ҳеҷ чизи ғайриимкон вуҷуд надорад. Ӯ ҳатто метавонад ба вай тарафҳои ҷолиби шуғли дӯстдоштаи шуморо кушояд. Барои ин дуоҳои дуру дароз талаб карда намешавад. Вале аз саргармиҳо ва фаъолияти аниқи мо дида чизи муҳимтаре ҳаст — ин орзӯ ва хоҳишҳои мо, ки оиди иҷроиши онҳо меарзад дуо кунем. Ҳар кадоми мо орзӯ дорем. Баъзеи онҳо аз ҷисманд, вале бештари онҳоро ба дили мо Худо меандозад. Ва фарқ кардани онҳо хеле муҳим аст, то он ки баъд, вақте маълум мегардад, ки мо хоҳишҳои худро мисли аз Ӯ равон шуда қабул кардаем, меваҳои талх начинем. Баъзан чунин мешавад, ки барои амалӣ гардондани орзӯҳои худ мо онро чун бут дар дили худ ҷой медиҳем, ва он гоҳ пушаймон мешавем, дилҳои мо аз ҳасрат пур мешаванд, зеро мо ҷаҳд намекунем он орзӯҳоеро, ки Худо дар дили мо ҷой медиҳад, дар ҳаёт амалӣ гардонем. Ин маънои онро надорад, ки ба Худо шахсони орзӯ мекардагӣ маъқул нестанд. Тамоман баръакс. Ӯ мегӯяд, ки мо бе орзӯ ва ҷидду ҷаҳд ба оянда зиндагӣ карда наметавонем. Вале ба Ӯ маъқул нест, ки мо Ӯро аз раванди амалӣ гардондани орзӯҳои худ хориҷ менамоем. Ва агар орзӯҳои мо аз Худо набошанд, он вақт мо як умр қаноатманд намешавем, зеро ин орзӯ ҳеҷ гоҳ амалӣ намегардад. Ӯ мехоҳад, ки мо ба Ӯ ҳамаи хоҳишҳо ва орзӯҳои худро бовар кунем. Ва ҳарчанд дар аввал онҳо иҷронашаванда ҳам намоянд, Худо ба он орзӯҳое рӯҳи ҳаёт медиҳад, ки аз Ӯ омадаанд, ва моро аз боқимондаи дигар раҳоӣ медиҳад. Ҳайратовараш он аст, ки мо солҳои дароз бо як одам дар як хона зиндагӣ карда дар бораи орзӯҳои дили вай чизе надонистанамон мумкин аст, танҳо барои он, ки ба онҳо мароқ зоҳир намесозем. Баъзан хоҳишҳои мо дар диламон чунон пинҳон аст, ки мо ҳатто онро гуфта наметавонем, ва шояд имконияти ба амал омадани онҳо ба мо он қадар ғайриимкон менамояд, ки мо умед бастанро бас мекунем. Ман занеро медонам, ки хоҳиши сахти сайёҳат карданро дошт. Вай зани як марди бениҳоят омир, одаме, ки дилу ҷони фирма, ва кор барои вай маънои ҳаёташ аст, буд. Вай пурра ба кори худаш дода шуда буд ва ба хоҳишҳо ва фикру андешаҳои завҷааш мароқ зоҳир намесохт. Вай одами бад набуд, вале дар бораи он сарфаҳм намерафт, ки завҷаи ӯ ҳам метавонад орзӯ дошта бошад. Вай танҳо дар бораи хоҳишҳои худ медонист, ва ин барояш кифоя буд. Завҷаи ӯ танҳо ва аз ҳаёт норизо буд. Кӯдакон аллакай калон шуда буданд ва чун пештара ба ғамхориҳои вай эҳтиёҷ надоштанд. Ӯ дар хона дар иҳотаи маҷалла ва брошюраҳо оиди сайёҳат нишаста, дар бораи ҳаёти дигар орзӯ мекард. Боре як марди оиладор бо ӯ вохӯрд ва ӯро фаҳмид. Мард аз ӯ пурсид, ки дар бораи чӣ фикр мекунад ва чӣ орзӯ дорад. Муносибати онҳо то ба ишқ омада расид, ва қариб ки оилаи ҳардуро барҳам медод. Вақте ки ин ошкор шуд, шавҳари он зан ҳайрон шуд. Ба вай ин чун электрошок таъсир кард. Барои нигоҳ доштани оила, онҳо ҳарду ба назди як имондоре, ки мутахассис оид ба никоҳ ва оила буд, рафтанд. Ба ифтихори он мард, гуфтан лозим аст, ки ӯ гуноҳи худро ба гардан гирифт, ки нисбати шавқу ҳавасҳои завҷаи худ беэтиноӣ зоҳир сохта ба хоҳишҳои ӯ гӯш надодааст. Онҳо якҷоя баҳри амалӣ гаштани орзӯҳои якумраи ӯ ба ҷойҳои зебо ба саёҳат рафтанд. Никоҳи онҳо наҷот ёфт, вале барои он, ки он шифо ёбад ва барқарор шавад, якчанд соли муҳорибаи шадид лозим шуд. Ман зани дигареро медонам, ки қобилияти хуби рассомиро дошт. Расмҳои кашидаи вай сазовори толорҳои намоишдиҳии беҳтарин буданд. Вале ҳаёти вай аз ҳисси маъюсӣ ва қаноатманд набудан тира гардонида шуда буд. Вақте ки шавҳари ӯ, ки марди оқил буд, дар бораи орзӯҳояш пурсид, ӯ пурра ба шавҳар кушода шуд. Онҳо якҷоя дар бораи он дуо карданд, ки Худо ба онҳо дар фаҳмидани иродаи Худ оиди ин масъала ёрӣ диҳад, ва зан баҳри ба амалоии орзӯҳояш ба Худо пурра бовар кард. Шавҳараш ба ӯ таклиф кард, ки ду кӯдаки хурдашро нигоҳубин мекунад, ва занаш метавонад дарсҳои санъати тасвириро гирад. Ҳаёти зан ба куллӣ тағйир ёфт. Вай барои худ ва кӯдакон ҳамаи лавозимоти заруриро харид ва ҳар се ҳар рӯз ба расмкашӣ сар карданд. Имконияти кушодани қобилияти худ ва амалӣ гардондани орзӯҳои худ занро аз ғуломӣ раҳоӣ дод, дар натиҷаи ин шуғли ӯ озодиро ба даст овард, ки ӯро бо қувваи нав, ва ҳаёти ӯро ба маънои нав пур карданд. Баъзан ҳалли чунин масъалаҳо, ба монанди қаноатманд набудан аз ҳаёт, хеле осон аст: ба хоҳишҳои шахси дӯстдошта ба таври ҳақиқӣ мароқ зоҳир кардан ва баъд дар бораи ба амал омадан, ё аз ҳаёти вай дур сохтани он дуо кардан кофист. Шавҳарон, агар шумо хоҳед, ки зани шумо аз ҳаёт розӣ бошад ва барои атрофиён сарчашмаи хурсандӣ гардад, аз ӯ пурсед, ки ягон орзӯи дерина ё хоҳиши ниҳонӣ надорад? Ӯро бо диққат, бе танқид, бе маломат, бе маҳкумкунӣ ва шарҳдиҳиҳо оиди мумкин набудани иҷроиши ин хоҳиш дар айни замон, гӯш кунед. Баъд дар бораи он дуо кунед, ки вай ба Худо бовар кунад, ки Ӯ вайро ё аз ин хоҳиш раҳоӣ медиҳад, ё онро ба хости Худ, ё дар вақти муқарраркардаи Худ ба дили ӯ оромӣ бахшида, ба ҷо меорад. Агар хоҳиши завҷаи шумо аз Худо бошад, ва Ӯ барои вай имконият фароҳам меорад, ки ин орзӯро амалӣ гардонад, ҳамсари худро дастгирӣ намоед ва ӯро ба амалҳои фаъолона ҳидоят намоед. Вале агар орзӯҳои завҷаи шумо аз Худо набошанд, Ӯ дуоҳои шуморо барои он истифода мебарад, ки шавқу ҳавасҳои вайро ба ягон кори барои ӯ фоиданоктар равона созад. Ва бартарии ҳаётро якҷоя бо зани хушбахтатон баъдтар баҳо хоҳед дод, ва шояд бо миннатдорӣ маро ба хотир оред. ЭҲТИЁҶОТҲОИ ЗАВҶAҲO Марҳамат карда, дар бораи он дуо кунед, ки: • завҷаи шумо донад, ки оё орзӯҳои ӯ аз тарафи Худо ҳастанд ё не; • ӯ хоҳишҳои худро бо шумо дида тавонад; • oрзӯҳои ӯ дар ҳамоҳангӣ бо орзӯҳои шумо бошад; • ӯ шавқу ҳаваси шуморо бо ҳам бинад; • ҳар дуи шумо як шавқу завқ дошта бошед; • ӯ хоҳишҳо ва орзӯҳои худро ба Худо бовар карда тавонад; • ӯ орзӯи ниҳонӣ дошта бошад. ШАҲОДАТИ ШАВҲАРОН Майкл Омартиан нақл мекунад Не, фақат ин не. Ӯ боз ба ман чунон назаре медӯзад, ки гӯё мегӯяд: «Кунда барин дар назди ин телевизори бемаънӣ нишаста футбол тамошо кардан кай ба дили ту мезада бошад?» Бешубҳа, ман ба вай ҷавоб медодам: «Ту чиҳо мегӯӣ, азизакам. Охир ман неандерталетс ҳастам, ки шавқу рағбатам аз ҳудуди ғор дур намебарояд». Ман онро ҳис карда, ки эҳтимолияти ин «беҳуда гузаронии вақт» аз тарафи Сторми ягон вақт пазируфта мешавад, худро ба он маҷбур месохтам, ки ба ин нигоҳ тоб орам. Вале дар бораи он, ки завҷаи ман ҳамроҳи ман мухлиси футбол мешавад, ман ҳатто орзӯ ҳам карда наметавонистам. Имрӯз кор тамоман дигар аст! Дуои оддӣ — бале, маҳз дуои оддӣ — кофӣ гардид, ки нафрати 27-сола ба футбол ба чунин як ҷӯшу хурӯш табдил ёбад, ки дар бораи он ман ҳатто орзӯ ҳам карда наметавонистам, ва ин ҷӯшу хурӯшро ман имрӯз ҳатто каме зиёдатӣ меҳисобам! Имрӯз Сторми — мухлиси боэҳтироси дастаи «Титан»-и Теннеси мебошад. Ӯ ҳама чиз дорад: майкаҳои спортӣ, футболка ва бейсболкаҳо бо тамғаи «Титан», — ва дар лаҳзаҳои пуршиддати бозӣ ӯ ҳатто баланд фарёд мезанад. Вай барои ҳифзи бозингарони дастаи дӯстдоштаи худ тайёр аст, ки даст ба гиребон шавад. Пештар ин маро ба изтироб меандохт, вале ҳоло ман ором гаштам, зеро бo вай мубориза бурдан ба дилам зад зад. Ва умуман, ин хеле аълост, ки бо завҷаи худ якҷоя мухлисӣ намоӣ. Дар ин ман боз як ҷавоби ҳайратоварро барои дуоҳои худ мебинам. Кӣ фикр мекард, ки чунин шуданаш мумкин аст? Ман боз дар бораи амалӣ гаштани як орзӯи завҷаи худ дуо мекардам — дидани он, ки чӣ тавр китобҳои вай дар тамоми ҷаҳон паҳн мегарданд. Ва имрӯз онҳо ба ёздаҳ забон тарҷума шудаанд. Аз рӯи эътирофи худи ӯ, ин аз назардошти ӯ зиёд буд. Танҳо Худо метавонад чунин корро бикунад. Ман медонам, ки дар ин кор ҳиссаи ман низ ҳаст, зеро ман барои ӯ дуо кардам. Дуо Худованд, имрӯз ман аз Ту хоҳиш менамоям: ба завҷаи ман (номи завҷа) даст расон, ва ҳамаи хоҳишҳои ниҳониашро ба ҷо ор. Ба ӯ кӯмак бикун, ки ҳамаи орзӯҳояшро ба Ту бовар кунад, то он хоҳишҳояшро, ки Ту Худ дар дили ӯ ҷой додаӣ, амалӣ гардонӣ. Ман аз Ту хоҳиш мекунам, ки ӯ ҳеҷ гоҳ кӯшиши амалӣ гардондани он хоҳишҳои худро, ки Ту баракат надодаӣ, накунад. Ба вай мадад расон, ки аз нақшаҳои худ даст кашад, то ки Ту ба вай мақсадҳои Худро кушоӣ. Ман медонам, ки барои Ту шитоби вақт аҳамияти калон дорад. Бигзор завҷаи ман кӯшиш кунад, ки орзӯҳои худро мувофиқи ҳисоби дақиқи вақти Ту амалӣ гардонад. Худованд, ман аз Ту хоҳиш мекунам, чунон кун, ки дар миёни корҳои худ зани ман ҳамеша барои корҳое вақт ёбад, ки дили ӯро шод гардонанд. Ба ӯ кӯмак кун, ки доираи шавқу ҳавасҳои ҳақиқии худро бубинад, ва ба ҳар дуи мо ёрӣ деҳ, ки… (шавқу ҳавас ё фаъолияти аниқеро номбар намоед, ки ҳар дуи шуморо ҷалб менамояд) бо ҳам бинем. Ба вай ёрӣ деҳ, ки афзалиятҳои маро бубинад ва бо онҳо розӣ гардад. Ба ман нишон деҳ, ки барои ин ман бояд чӣ кор кунам. Ба ман суханони хайрхоҳонаеро нишон деҳ, ки вайро илҳом мебахшанд ва рӯҳбаланд месозанд. Агар ин машғулият барои мо набошад, таъиноти дигареро ба мо нишон деҳ. Ба мо шавқу ҳавас ва шуғлҳоеро бубахш, ки ба ҳар дуи мо хурсандӣ бахшад. Худованд, ман медонам, ки Ту орзӯҳоеро ба мо равон намекунӣ, ки никоҳи моро вайрон карда метавонанд. Ман дар бораи он илтиҷо менамоям, ки хоҳишҳои дили мо ба як хоҳиши ягона мубаддал гарданд. Ба мо биомӯз, ки нисбати орзӯҳои якдигар бодиққат бошем. Ба мо биомӯз, ки бо ҳамдигар хоҳишҳои ниҳониямонро бо ҳам бинем. ОЯТҲО АЗ КАЛОМ, ки қудрат доранд дуои шуморо пуртаъсир гардонанд Дар Худованд тасаллӣ хоҳӣ ёфт, ва Ӯ муроди дилатро ба Ту ато хоҳад кард. Заб. 36:4 Хоҳиши тарсгорони Худро ба ҷо меорад, ва истиғосаи онҳоро мешунавад ва онҳоро наҷот медиҳад. Заб. 144:19 Бе ваҳй қавм беқайд мешавад… Мас. 29:18 Дасти Худро мекушоӣ, ва ҳамаи зиндаҳоро ба дилхоҳашон сер мекунӣ. Заб. 144:16 Вале дар тангии худ сӯи Худованд фарёд кашиданд; ва онҳоро аз мусибатҳояшон берун овард. Тундбодро ба хомӯшӣ мубаддал кард, ва мавҷҳои онҳо сокит шуд. Ва шод шуданд, ки хомӯш гардид; ва онҳоро ба мавзеи дилхоҳашон бурда расонд. Заб. 106:28-30 БОБИ ҲАБДАҲУМ. КОРИ Ӯ Мувофиқи Китоби Муқаддас зани баркамол ҳатман бояд меҳнатдӯст бошад. Ӯ барпо мекунад, идора менамояд ва чароғи хонаро фурӯзон месозад. Ӯ амволи ғайри манқуларо мехарад ва мефурӯшад (риэлтер?); ӯ ба ангур нигоҳубин менамояд (боғбон?); вай либос медӯзад (дӯзанда?); ӯ ба фурӯши самараҳои меҳнати худ машғул мешавад. Ин завҷаи боқудрат, чолок ва оқил мебошад; ӯ то бевақтӣ меҳнат мекунад, ва медонад, ки чизҳои барои одамон офаридаи ӯ сифати хуб доранд. Ӯ на танҳо кор мекунад, балки дар бораи оила ғамхорӣ менамояд, ӯ ба кори хайр машғул аст, то ки шавҳараш тавонад бо ӯ фахр кунад ва аз корҳои аълои ӯ баракат ёбад (Мас. 31.). Агар завҷаи шумо ба ин ҷидду ҷаҳд намояд, ӯ ба ёрии шумо эҳтиёҷ дорад. Ба ман душвор аст, ки ҳамаи некӯкориҳои занро номбар намоям. Ҳар як зан меҳнат мекунад, вале меҳнати онҳо ба таври гуногун баҳо дода мешавад. Бештари занҳо барои он кор мекунанд, ки мехоҳанд ба беҳдошти оила саҳми худро гузоранд. Баъзеи дигарашон барои он, ки ба онҳо корашон маъқул аст. Ва баъзеи дигарашон барои он, ки онҳо дорои қобилиятҳое мебошанд, ки дар назари дигар одамон арзиши баланд доранд, ва онҳо тайёранд, ки ин қобилиятҳоро пардохт намоянд. Барои бисёр занон ғамхорӣ оиди хона ва фарзандон кори асосӣ ҳисоб меёбад, ки нисбати он хеле ҷиддӣ рафтор менамоянд, ва кӯшиш мекунанд, ки онро хуб ба ҷо оранд. Барои дигаронаш хизматгузории онҳо дар калисоҳо ё иштироки онҳо дар лоиҳаҳои хайрия кор ҳисоб меёбад. Кори ҳамсари шумо чи қадаре, ки махсус набошад, агар дар натиҷаи амалҳои ӯ ҳаёти ӯ, ҳаёти оилаи ӯ ё атрофиёнаш беҳтар шавад, ҳамеша ба вай қаноатмандӣ меорад. Вале вай ба дуо ва дастгирии шумо эҳтиёҷ дорад. Ҳатман завҷаи худро водор созед, ки ҳамаи қобилиятҳои худро дар кор ниҳоятдараҷа зоҳир созад. Вале ин маънои онро надорад, ки дар ҳолати ба даст овардани муваффақият ӯ ба шумо эҳтиёҷ доштанро бас мекунад. Ҳамааш баръакс аст — дар чунин ҳолат талаботҳои ӯ ба шумо ба афзӯдан сар мекунад. Агар шумо барои завҷаатон дуо карда ӯро дастгирӣ намоед, ва вақте ки баракатҳои Худо бар ӯ бирезанд, ӯ ҳеҷ гоҳ аз ин фахр намекунад. Ӯ фахр намекунад, ки: «Бинед, ман чӣ хел хуб ҳастам. Шавҳар ба ман чӣ даркор? Ман ба вай эҳтиёҷ надорам. Ман бе вай ҳам аз ӯҳдаи ҳама кор мебароям». Чунин фикрҳо танҳо ба сари он зане меояд, ки шавҳарони онҳо барояшон дуо намекунанд. Завҷаи шумо ҳеҷ гоҳ он қадар худқаноатманд намегардад, ки ба ёрии шумо эҳтиёҷ доштанро бас кунад. Ба дастоварии муваффақият ҳеҷ гоҳ таъсири ҳаёти шуморо ба ҳаёти вай кам намегардонад — баръакс, таъсири шумо зиёд мегардад. Дуоҳои шумо барои ӯ то андозае муҳиманд, ки ӯ «муштоқи» онҳо мегардад. Дар хотир дошта бошед, ки шумо бо завҷаатон як бадан ҳастед, ва ҳар чизе, ки бо вай шавад, бо шумо низ ҳамон ба амал меояд. Шумо набояд ҳеҷ гоҳ муваффақиятҳои вайро ҳамчун таҳдид ба худ шуморед. Азбаски шавҳари ман продюсери мусиқӣ аст, моро муяссар гардид бисёр занонеро бинем, ки муваффақиятҳои беназирро ба даст овардаанд. Шавҳароне, ки дар ин муваффақият баракати Худоро диданд, аз ӯҳдаи вазъият хуб баромаданд. Вале шавҳароне, ки муваффақияти завҷаҳои худро инкор карданд, никоҳи худро вайрон сохтанд. Маҳдуд кардани имкониятҳои занон дар амалӣ гардонидани худ маънои барбод додани ҳаёти онҳоро дорад, аз ин рӯ оиди бомуваффақият кушодашавии қобилиятҳои вай дуо кардан даркор аст. Занон на камтар аз мардон ба ҳисси аз худ қаноатманд будан эҳтиёҷ доранд. Вале агар марди бо худ қаноатманд набуда худро нобарор ҳис кунад, зани ба ин ҳолат афтода ба маюсӣ ва рӯҳафтодагӣ дучор мегардад. Ин, дар навбати худ, ба боқимондаи соҳаи ҳаёти ӯ, аз ҷумла муносибат бо шавҳараш, таъсир мерасонад. Зани бо тарбияи кӯдакон ва сариштаи корҳои рӯзгор машғул низ сахт ба ҳисси қаноатмандӣ эҳтиёҷ дорад, ки ба ӯ натиҷаи меҳнатҳои ӯ ва сифати корҳои ба ҷо овардаи ӯро нишон медиҳад. Дар фарқият аз дугонаҳои коргари худ, вай, ягона шахсе, ки аз ӯ метавонад таҳсин шунавад, шавҳарашро меҳисобад. Дуоҳои шавҳар барои ӯ хеле му­ҳим мебошанд, чунки он боварии занро ба худ мустаҳкам месозад. Ба ҳар коре, ки завҷаи шумо машғул нашавад, вай ба дуо ва дастгирии шумо, ва инчунин ба роҳнамоӣ ва баракатҳои Худо эҳтиёҷ дорад. Дар бораи он дуо кунед, ки завҷаи шумо мувозинати байни боварӣ доштан ба худ ва пурра вобаста буданро аз Худо, ки ба вай ёрӣ медиҳад мақсадҳои дар назди худ гузоштаро ба даст орад, ёбад. ЭҲТИЁҶОТҲОИ ЗАВҶAҲO Марҳамат карда, дар бораи он дуо кунед, ки: • завҷаи шумо Худоро бо кори худ ҷалол диҳад; • ӯ кори худро хуб ба ҷо орад; • oдамон ӯро барои меҳнатaш ҳурмат кунанд; • ӯ барои кори худ мукофоти сазовор гирад; • ӯ барои ба ҷо овардани вазифаҳои худ қувват дошта бошад; • шумо меҳнатҳои ӯро таҳсин гӯед; • кори ӯ барояш сарчашмаи қаноатмандӣ бошад. ШАҲОДАТИ ШАВҲАРОН Майкл Омартиан нақл мекунад Ман дар хотир дорам, ки дар ибтидои ҳаёти ҳамсариамон, ки ҳанӯз кӯдакони мо хурд буданд, Сторми ба ман дар бораи хоҳиши худ оиди навиштани китоб гуфта буд. Вай барои бисёр оҳангҳо шеър эҷод мекард. Ба ӯ эҷод кардани шеър маъқул буд, зеро ин аз вай вақти зиёдро талаб намекард. Ӯ ба ҳеҷ ваҷҳ ба сарф кардани вақте, ки ба кӯдакон тааллуқ дошт, баҳри навиштани китоб розӣ намешуд. Ин маро хеле ба ваҷд овард, ва ман оиди он ба дуокунӣ сар кардам, Худо вайро барои садоқаташ нисбати кӯдаконамон баракат диҳад. Дар таронаи 36 гуфта шудааст: «Дар Худованд тасаллӣ хоҳӣ ёфт, ва Ӯ муроди дилатро ба ту ато хоҳад кард» (Заб. 30:4). Зани ман ҳамеша дар иҷрои вазифаҳои ба дӯши вай гузоштаи Худо хурсандӣ ва тасаллоро медид. Ман дар дуо хоҳиш мекардам, ки ба вай қувва ва сабр ато карда шавад. Вақте ки кӯдакон калон шуданд, ва барои ӯ вақти зиёде пайдо шуд, Худо дар дили вай хоҳиши навиштани китобро андохт. Албатта, он вақте ки ӯ аз болои ҳар як китоби худ меҳнат мекард, ман барои вай дуо мекардам. Имрӯз Сторми — муаллифи китобҳои зиёди аъло мебошад. Худо меҳнати ӯро баракат дод, зеро вай ба Худо дар ҳар як марҳалаи ин роҳ умед баста буд. Дуо Худованд, ман аз Ту хоҳиш менамоям: кори завҷаи маро (номи завҷа) бобарор соз. Кори ӯ дар айни замон чӣ гуна набошад, ба вай қувват деҳ, ва ба вай кӯмак кун, ки аз ин кор қаноатманд гардад. Туро барои қобилият ва бахшоишҳои ба вай ато кардаат шукр мегӯям. Онҳоро бикшо, инкишоф деҳ ва онҳоро барои ба даст овардани мақсадҳои Худ истифода бар. Бигзор завҷаи ман ҳамеша такмил ёбад. Ба вай дарҳоеро бикшо, ки касе маҳкам карда натавонад, ва ба ӯ барои ба даст овардани муваффақиятҳо кӯмак кун. Моро аз ҳар гуна рақобат ба якдигар муҳофизат намо, ва ба мо биомӯз, ки ҳамеша аз муваффақиятҳои якдигар хурсандӣ кунем. Ба мо биомӯз, ки якдигарро дастгирӣ намоем, ва ҳеҷ гоҳ онро фаромӯш накунем, ки мо — як даста мебошем. Агар кори завҷаи ман ба иродаи Ту мувофиқат накунад, мақсадҳои Худро ба вай бикушо. Вайро аз ғурур раҳоӣ деҳ, то ба душман муяссар нагардад, ки вайро аз роҳ барорад. Ба ман нишон деҳ, ки чӣ хел вайро рӯҳбаланд созам. Худованд, дар каломи Ту гуфта шудааст, ки, вақте ки мо барои Ту меҳнат мекунем, баракатҳои молиявии ба дастовардаи мо бо худ ғаму ғусса намеоранд (ба Мас. 10:22 ниг.), ва «меҳнаткаш музди худро сазовор аст» (1 Тим. 5:18). Ман дар бораи он илтиҷо мекунам, ки завҷаи ман (номи завҷа) барои меҳнати худ мукофоти сазовар гирад, ки ба ҳардуи мо, хешу таборон ва дигар одамон баракатҳо медиҳад. Ба вай имконият деҳ, ки бо кори дӯстдоштаи худ машғул шавад, ва дар амали дастони вай тақвият намо (ба Заб. 87:17 ниг.). Ӯро ба амалҳои бузург, ки ҷалоли Туро афзӯн мегадонанд, илҳом бубахш. ОЯТҲО АЗ КАЛОМ, ки қудрат доранд дуои шуморо пуртаъсир гардонанд …Бигзор ҳусни таваҷҷӯҳи Худованд Худои мо бар мо бошад! Ва амали дастҳои моро бар мо тақвият намо; ва амали дастҳои моро тақвият намо. Заб. 89:17 Мукофоти амали одил барои ҳаёт аст… Мас. 10:16 Бигзор ин китоби шариат аз даҳони ту дур нашавад, ва онро ту шабу рӯз биомӯз, то бо риояти ҳар он чи дар он навишта шудааст, амал намоӣ, зеро ки он гоҳ дар роҳҳои худ комёб гардида, муваффақият ба даст хоҳӣ овард. Еҳ. 1:8 Дасти танбал касро бенаво мегардонад, вале дасти ғайратмандон онҳоро сарватманд мегардонад. Мас. 10:4 Дар ҳар кори сахт нафъе ҳаст, вале пургӯӣ фақат сӯи бенавоӣ мебарад. Мас. 14:23 БОБИ ҲАЖДАҲУМ. РАҲОЁБИИ Ӯ АЗ ҲАЁТИ ГУЗАШТА Ба худ чунин манзараро тасаввур кунед: як рӯзи хубе шумо дар яхта шино мекунед. Боди сабук мӯйҳои шуморо бозӣ медаронад ва бодбонро таранг мекунад. Қаиқи шумо бо осонӣ рӯи оби ором шино мекунад ва шумо ҳис мекунед, ки чӣ хел бо қувваи ҷонфизои баҳр пур мегардед. Ҷаҳон ба шумо рангин менамояд. Шумо оромона ва бо боварӣ ба ҷои таъиноти худ шино мекунед. Вале ин тавр озодона шино кардан танҳо дар ҳамон ҳолат мумкин аст, ки шумо яхтаро дуруст идора намоед. Бодбонҳо бояд дуруст шинонда шуда бошанд, то ки бод онҳоро пур созад ва қаиқ тавонад ба пеш ҳаракат кунад. Агар бодбонҳо ба таври зарурӣ аз бод пур нашаванд, яхта аз як тараф ба тарафи дигар алвонҷ мехӯрад ва шумо наметавонед ба самти дуруст ҳаракат кунед ва мақсади худро ба даст оред, ва, аз ин ҳам бадтар, идоракуниро аз даст медиҳед ва чаппа мешавед. Чизе ба ин монанд дар ҳаёти мо ба амал меояд. Агар мо бо Худо муносибати нодуруст дошта бошем, ҳеҷ гоҳ бо бодбонҳои худ боди Рӯҳи Муқаддаси Ӯро дошта наметавонем, ки қобилияти моро аз шахҳои зериобӣ ва шароитҳои номусоиди ҳаётӣ гузаронда ба соҳили мурод расонданро дорад. Азбаски мо ҳамеша ба бандари гузаштаи худ бармегардем, ва наметавонем аз он озод шавем, саёҳати мо метавонад на он қадар гуворо гардад. Баъзан ба мо чунин менамояд, ки мо идоракуниро аз даст додем ва ғарқ мешавем. Вале агар Рӯҳулқудс моро роҳнамоӣ кунад, намегузорад, ки мо роҳгум занем. Ӯ ҳамеша моро бо роҳи дуруст мебарад. Гап дар сари он аст, ки агар мо лангарро набардорем ва бандари гузаштаи худро тарк накунем, наметавонем ба сӯи мақсад ҳаракат намоем. Муҳим нест, ки ин кай ба амал омадааст — сӣ сол пеш ё танҳо дирӯз, — агар мо аз гузаштаи худ даст накашем, он моро ором намегузорад. Худо мехоҳад, ки шинои мо озод бошад. Ӯ мехоҳад, ки мо озорҳои гузаштаи худро фаромӯш созем ва шахсияти комил гардем. Ин махсусан дар никоҳ муҳим аст, зеро дар он, чун дар оина, ҳаёти ҳаррӯзаи мо инъикос меёбад. Дар он мо ҳар дақиқа акси худро мебинем — то чӣ андоза хуб ҳастем ё бад. Ҳар қадаре ки рӯҳи ҳар яки мо шифо ёбад, ҳамон қадар никоҳи мо солимтар мегардад. Вале агар мо насими тозаи Рӯҳулқудсро, ки моро ба пеш мебарад, ҷӯё набошем, ҳеҷ гоҳ соҳили осоишта ва хушбахтонаи ҳаёти худро ба даст оварда наметавонем. РАҲОЁБӢ АЗ ХОТИРАҲОИ АЗОБҲОИ ГУЗАШТА Гузаштаи завҷаи шумо чи гунае, ки набуд, ӯ наметавонад аз ҳаёти ҳозира пурра қаноатманд шавад ва дар оянда он чизеро ба даст орад, ки Худо барои вай тайёр намудааст, агар тамоман аз гузаштаи худ даст накашад. Ҳар дарду озорҳое, ки завҷаатон ба никоҳи шумо ворид сохт, албатта, ба ҳаёти якҷояи ҳозира ва ояндаи шумо таъсир мерасонад. Эҳтимол, ягон вақт ягон кас ӯро таҳқир, ё озор додааст, ва ё худаш хатои бузурге кардааст. Ба ҳар ҳол, агар хотираҳо зани шуморо ором нагузоранд, ё ягон чиз аз ҳаёти ҳозира ё оянда ӯро ба ташвиш андозад, пас, ба вай раҳоёбӣ зарур аст. Ва барои ин ба ӯ лозим аст, ки шумо барояш дуо кунед. Баъди аз чоп баромадани китоби ман Сторми, ки дар он дар бораи гузаштаи ғамангези худ ва дар бораи он нақл карда будам, ки, чӣ хел, ба Худованд имон оварда, шифои пурраро ба даст овардам, ба ман аз мардони зиёде мактуб омад, ки завҷаҳои онҳо аз таъсири манфии оқибатҳои зарбаҳои рӯҳии дар кӯдакӣ расондашуда азоб мекашиданд. Дар ҳар кадоми ин ҳолатҳо ҳангоми никоҳ занон эҳсосан ботамкин буданд, вале баъд бо онҳо чизе ба амал меомад. Мардон худро дар назди афсурдаҳолӣ ва бӯҳроне, ки завҷаҳои онҳо аз он азоб мекашиданд, тамоман бечора ҳис мекарданд. Вале ҳатто агар мард моҳияти масъалаи дар назди худ истодаро фаҳмад ҳам, ба ҳолати рӯҳии зан дуруст эътино карда натавониста барои ҳал кардани он тайёр набуд. Ана ман ба мардони муроҷиат карда чӣ тавр ҷавоб медодам: «Азбаски, шумо хушкардаи худро дӯст медоред ва, бо ӯ никоҳ баста, савганд хӯрдед, ки дар борааш ғамхорӣ мекунед, шумо вазифадоред, ки, мисли осмон, як паноҳгоҳи бехатареро барпо созед. Муҳаббати шумо — ин инъикоси муҳаббати Худо мебошад. Завҷаатон, бо муҳаббати шумо фаро гирифташуда, дар худ қувваеро ҳис мекунад, ки метавонад аз сари нав бо даҳшатҳои гузашта вохӯрад ва бо файзи Худо аз онҳо раҳоӣ ёбад. Бехатарии худро ҳис карда, завҷаи шумо тайёр мешавад, ки дили худро назди Худо, ки ӯро шифо медиҳад, кушояд. Вале ӯ бояд донад, ки шумо ҳиссиётҳои ӯро пурра ҳам нафаҳмед, ҳамеша ӯро дӯст медоред ва дастгирӣ менамоед. Вай ба қудрати дуоҳои шумо эҳтиёҷ дорад ва ин қувва қудрат дорад, ки душманро мағлуб созад, ва он вақте ки раванди шифоёбӣ меравад, завҷаи шуморо аз душман муҳофизат намояд». ЗАРУРАТИ БАХШИШ Агар мо бахшида натавонем, қаиқи мо ҳеҷ гоҳ бе мамоният халиҷи гузаштаро тарк карда ба баҳри оянда, ки онро Худо барои мо тайёр намудааст, баромада наметавонад. Дарди аз ҳама сахтро ба мо одамон мерасонанд. Агар дар ҳаёти завҷаи шумо муоширати ҳузнангез бо ягон кас ҷой дошта бошад (фарз кардем, бо дӯст марди пешина ё собиқ шавҳараш), оиди раҳоёбии вай аз оқибатҳои ин муошират дуо кунед, то ки арвоҳҳои ҳаёти гузашта ба ҳаёти имрӯзаи якҷояи шумо халал нарасонанд. Ин арвоҳҳо метавонанд дар соҳаҳои аз ҳама маҳрамонаи ҳаёти заношуии шумо пайдо гарданд, ва шумо намедонед, ки чаро ин ба амал меояд. Охир шумо намехоҳед, ки ҳамеша ба завҷаи худ исбот намоед, ки шумо тамоман ба он мард монанд нестед, ки бо вай буд ва дар дили завҷаи шумо доғи дардноке гузошт. Тарафи дигари ба шифоёбӣ эҳтиёҷдоштаи ҳаёти ӯ мумкин бо муносибатҳои завҷаи шумо бо падари заминиаш алоқаманд бошад. Муносибати завҷаи шумо бо Худо ва бо шумо метавонад инъикоси муносибати падараш нисбати вай бошад. Оё вай марди пурқуввате буд, ки ҳамеша барои муҳофизати вай тайёр аст? Ё ин ки ӯ вайро партофта озор додаст? Агар падар бо вай муомилаи бад дошт ё бо ягон роҳ вайро талқин мекард, ки аз худ нафрат дошта бошад, дар он вақт бовар кардани завҷа ба шумо хеле мушкил аст. Ин маънои онро надорад, ки вай инро намехоҳад; балки маънои онро дорад, ки марде, ки бояд вайро дӯст медошт ва муҳофизат мекард, вазифаҳои худро ба ҷо намеовард. Агар зани шумо аз муҳаббати заминии падари худ шубҳа дошта бошад, вай метавонад аз муҳаббати Падари Осмонӣ, ва чун натиҷа, аз муҳаббати шумо низ шубҳа кунад. Маҳз ин ҷо дуоҳои шумо метавонанд махсусан амалкунанда бошанд. Баъзан ҳодисаҳое, ки дар ҳаёти зан ба амал меоянд, ба вай чунон сахт таъсир мерасонанд, ки танҳо дуо метавонад ба ӯ ёрӣ расонад, ки аз ин хотираҳои шилқин раҳоӣ ёбад. Масалан, боре дар пеши назари ман, як одам ба садамаи автомобилӣ афтода, аз хунравӣ бемадор шуд. Ман надидам, ки ин чи гуна ба амал омад, вале ҳамон замон ба назди мошини маҷақшуда омадам, то ки мошини ёрии таъҷилиро бо телефони дастӣ ҷеғ занам. Дар мошин танҳо ронанда буд, пораҳои оҳан вайро ҳамчун дар қапқон нигоҳ медошт, ман ҷуз аз назора кардани он, ки чи хел ҷон аз тани ӯ меравад, дуо кардан, ва омадани мошини ёрии таъҷилиро интизор шудан, коре карда наметавонистам. Ман аз он чизи дидаам чунон моту мабҳут шуда будам, ки баъд якчанд шаб маро хобҳои даҳшатовар азоб медоданд. Шавҳарам барои ман, барои раҳоёбӣ аз ин хотираҳои даҳшатнок дуо мекард ва баъди муддате чанд ин хобҳои даҳшатовар қатъ гардиданд. ПАЙДО КАРДАНИ ОЗОДӢ Ҳамаи мо ба раҳоёбӣ аз ин ё он бандҳо: ғазаб, кинаҷӯӣ ва рӯҳафтодагӣ эҳтиёҷ дорем. Шумораи заноне, ки маҷбуранд бо рӯҳафтодагӣ мубориза баранд, дар ҳақиқат хиҷил мегардонад. Вале Худо намехоҳад, ки занон бо ин нуқсонҳо мубориза баранд — Ӯ мехоҳад онҳоро озод бинад. Агар зани шумо аз афсурдаҳолӣ азоб кашад, шумо вазифадоред, ки ҳамроҳи ӯ ҳар кадаре, ки лозим шавад, то он даме, ки озодиро ба даст наорад, дуо кунед. Бисёр занон бо масъалаи халосшавӣ аз вазни зиёдатӣ муборизаи сахт мебаранд. Ин масъалаи хеле ҷиддӣ мебошад ва ба завҷаи шумо раҳоёбӣ лозим аст, то ки онро ҳал намояд. Барои он, ки дар ин муҳорибаи дилгиркунанда ғалаба ба даст орад, ба ӯ дастгирии дуогии шавҳар лозим аст. Оиди раҳоёбии завҷаи худ дуо карда, ба шумо шарт нест, ки ба ҳамаи саволҳо ҷавобро донед. Ва завҷаи шумо инро аз шумо интизор ҳам нест. Шарт нест, ки шумо ҳама чизро донед. Вай худаш ҳам чизеро намефаҳмад. Вале Худо ҳама чиро мефаҳмад, Ӯ ба ҳама саволҳо ҷавобҳои Худро дорад, аз ин рӯ меарзад, ки шумо ба Ӯ бовар кунед. Ба зани шумо танҳо донистани он зарур аст, ки шумо новобаста аз он, ки ӯ дар кадом ҳолат қарор дорад, ӯро дӯст медоред ва дастгирӣ менамоед. Онро фаҳмида, ки завҷаи шумо ба раҳоёбӣ ва шифоёбии пурра эҳтиёҷ дорад, шумо метавонед фикр кунед: «Ман ба ҳамаи масъалаҳои завҷаам сарфаҳм рафта наметавонам; ман мехоҳам, ки оромона бо ҷараёни об шино кунам, вале вай ба ман халал мерасонад». Охир мухолифатҳо маҳз барои он ба ҳам наздик мешаванд, ки метавонанд якдигарро пурра кунанд. Онро дарк мекунед, ки ҳаёти шумо бо зани ба шумо монанд, чӣ гуна дилгиркунанда мебуд? Шарораҳо дар муносибатҳои шумо, сарчашмаи мароқ ба якдигар, аз куҷо пайдо мегардид? Шумо пешакӣ медонистед, ки ӯ чӣ мегyяд ва чӣ гуна рафтор мекунад, зеро сухан ва рафторҳои ӯ айнан аз они шуморо такрор мекарданд. Ман ҳеҷ гоҳ як ҳодисаро фаромӯш карда наметавонам, ки ба ман лозим омад дар як семинаре иштирок кунам, ки ташкилкунандагони он моро аз рӯи шахсиятҳо ба гурӯҳҳо ҷудо намуданд. Масалан, гурӯҳи одамони фаъол ва хушчақчақ, ки мехоҳанд ҳамеша дар маркази диққат бошанд, ташкил карда шуд ва ғайра. Ҳамаи ин хеле таҳқиркунанда менамуд. Шахсони «фаъол» ҳамеша мехостанд мавқеи якдигарро дар гурӯҳ танг намоянд. Аъзоёни гурӯҳи дигар, ки аз одамони раҳмдил ва андешаманд иборат буданд, якдигарро дилгир месохтанд. Ман базӯр то он лаҳзае тоқат кардам, ки ба гурӯҳи омехта баргардам. Ба дигарон монанд будан хеле дилгиркунанда мебошад. Шояд ҳоло шумо тайёр бошед, ки бо хурсандӣ он изтиробҳои фавқуллодаеро, ки вақтҳои охир шуморо лозим омада буд аз сар гузаронед, ба зиндагии оромона ва равон иваз намоед. Ман сабаби хоҳишҳои шуморо мефаҳмам. Вале вақте душворие, ки ҳаёти ҳамсари моро мушкил мекунад, моро ба майдон металабад, мо ором буда наметавонем. Бигзор завҷаи шумо ҳозир давраҳои мушкилро аз сар гузаронад, бигзор ин барои шумо тоқатфарсо намояд, вале дар хотир дошта бошед, ки шумо лоиқ дониста шудаед яроқи шифодиҳандаи Худо бошед, ва Худоро барои он шукргузорӣ намоед, ки Ӯ ба шумо имкон додааст бо завҷаатон якҷоя рӯҳан ба камол расед. РАВАНДИ РАҲОЁБӢ Кашфиёти аз ҳама ҳайратовари ба даст овардаи ман дар давраи ҳомиладорӣ он буд, ки аз лаҳзаи бордоршавӣ дар ман кадом як раванде ба амал омад, ки ба он ҳеҷ гуна таъсир расонида наметавонистам. Он тамоман новобаста аз ман ба амал меомад. Ин номумкинии идора карда натавонистани ҷисми худ ҳисси аҷоиберо ба миён меорад. Бисёре аз ин чизҳо, ки дар ин ҳолат ба амал меоянд, ба раванди раҳоёбӣ айният доранд. Шумо ба рафти он сабабе таъсир расонда наметавонед, ки ҳаёти худро ба Худованд, ки мехоҳад шуморо озод гардонад, супоридаед. Вақте Худо мебинад, ки шумо барои озодшавӣ тайёр ҳастед, Ӯ дар дили шумо тухмеро мекорад, ва он қудрате мегардад, ки дар шумо то он даме инкишоф меёбад, ки ҷони нави озоди шумо ба дунё ояд. Айнан мисли таваллуд кардан, ба дастоварии озодӣ — раванди дардовар аст. Дар тӯли ҳаёт дардҳо қабат ба қабат дар дили мо ҷамъ мешаванд. Худованд моро аз хотираҳои дардовар раҳоӣ дода, онҳоро қабат ба қабат, ба он тарзе, ки онҳо ҷой гирифтаанд, аз ҳаёти мо дур месозад. Аз ин рӯ, агар ба завҷаи шумо шикастани раванд муяссар гардад, раҳоёбии вай метавонад суръат ёбад. «Дардгирӣ» зуд-зуд ба амал хоҳад омад, ва ҳар маротиба дардноктар хоҳад буд. Ҳангоми дидани ин хиҷил нагардед ва озурда нашавед ва фикр накунед, ки аҳволи вай бад шудааст. Баръакс, аҳволи завҷаи шумо сабуктар мегардад, зеро ҷони ӯ аз қабатҳои ҷиддии дардҳо тоза мегардад ва Худо ӯро ба раҳоёбии сатҳи баландтар оварда мерасонад. Чун қоида, раҳоёбӣ аз қабатҳои ҷиддии дардҳо аз ҳама мушкил аст. Ҳаргоми ин тӯфон танҳо аз дасти Худо доред ва Ӯ шуморо ҳифз мекунад. Мисли таваллудшавии кӯдак, мо дарди аз ҳама пурзӯрро бевосита пеш аз ба дастоварии озодии дилхоҳ аз таҷрибаи кӯҳнашудаи гузашта ҳис мекунем. Шиддат пеш аз ба дастоварии баракати бузург ба авҷи аъло мерасад. Вале вақти интихоб намудаи Худо муддаои табъ аст. Агар занон метавонистанд, ки вақти таваллуд кардани кӯдакро муқаррар намоянд, онҳо, аз афташ, инро то пайдошавии нишонаҳои аввалини дилбеҳузуршавиҳои пагоҳирӯзӣ, то ду моҳ кам мекарданд. Вале он вақт кӯдак зинда намемонд, зеро чала ба дуне меомад. Раванди раҳоёбӣ низ айнан чунин аст. Мо вазифадорем, ки шароитҳои беҳтаринро барои он муҳайё созем, ки азизони мо ҷароҳатҳои дар ҳаёти гузашта гирифтаашонро табобат кунанд ва ҳодисаҳоро натезонанд. Танҳо муҳаббати Худо метавонад тӯфонҳои дар ҳаёти мо талотум мекардаро ором гардонад. Танҳо Худованд метавонад самти шинокунии моро саҳҳеҳ созад. Дар бораи он дуо кунед, ки яхтаи завҷаи шумо лангарро бардорад ва бандари ҳаёти гузаштаи худро тарк намояд, дар бораи он, ки шамоли салқини Рӯҳулқудс бодбонҳои онро пур созад ва муназзам ӯро ба ҷои таъиншуда оварда расонад. ЭҲТИЁҶОТҲОИ ЗАВҶAҲO Марҳамат карда, дар бораи он дуо кунед, ки: • завҷаи шумо дар Худованд раҳоёбӣ ва озодшавиро ёбад; • байни ӯ ва баракатҳои Худо монеае набошад; • ӯ ҳам зеҳнан ва ҳам ҷисман солим бошад; • шумо ҳамеша ӯро дӯст доред ва дастгирӣ намоед. • ҳаёти ӯ шаҳодати қудрати шифодиҳандаи Худо гардад. ШАҲОДАТИ ШАВҲАРОН Нил Т. Андерсон, президенти ташкилоти «Озодӣ дар Масеҳ»ва муаллифи китобҳои «Ғалаба аз болои зулмот» ва «Он Касе, ки зан­ҷирҳоро пора мекунад», нақл мекунад. Ӯ ва завҷааш Ҷоан 33-сол боз якҷоя зиндагӣ мекунанд, ду фарзанд ва ду набера доранд. Баҳори соли 1986 бояд линзаи васлии корношоямшудаи чашмони завҷаамро иваз мекарданд. Ин ҷарроҳии муқаррарӣ буд, вале ба Ҷоан анестазия таъсири бад расонд. Вай ҷунуни сахтеро аз сар гузаронд, ки шакли афсурдаҳолии сахтро дошт, ва ин понздаҳ моҳ давом кард. Табибон натавонистанд ӯро муолиҷа кунанд. Ман гӯё ба доми ин вазъияти муноқишавӣ афтода будам, зеро намедонистам, ки дар ҳолати мазкур барои завҷаи худ кӣ ҳисоб меёфтам: шӯбон, устод ё маслиҳатчӣ (ки барои дигарон будам). Ё ба ҳар ҳол шавҳар ӯ ҳастам? Ниҳоят ман фаҳмидам, ки дар чунин ҳолат танҳо шавҳари ӯ буда метавонам, зеро барои тағйир додан ё таъсир расонидан ба ягон чиз қудрат надоштам. Мо он вақт ҳама чизи доштаамонро аз даст дода пурра шикаст хӯрда будем. Ва ҳамон вақт бори нахуст дар ҳаёти худ ман фаҳмидам, ки агар Худо — ҳама чизи доштаи ман бошад, пас Ӯ — ҳама он чизест, ки ман ба он эҳтиёҷ дорам. Хизмати ман дар он меанҷо­мид, ки ман ҳаррӯз дар паҳлӯи Ҷоан будам ва ба вай мегуфтам: «Ҳамааш мегузарад». Ва ба шарофати дуоҳо ва эътирофкуниҳои пурраи он, ки мо аз Худо вобастагӣ дорем, ҳамаи ин паси сар шуд. Ӯ ба ман рухсат дод, ки захираҳои худро сарф намоям, то ки захираҳои навро аз Ӯ ҷӯё гардам. Танҳо Худо метавонад дилҳои шикастаро тасалло диҳад ва асиронро озод гардонад. Дар он давраи мушкили озмоишҳо ташкилоти «Озодӣ дар Масеҳ»таъсис ёфт, ва никоҳи мо ба таври ғайриоддӣ мустаҳакам гардид. Дуо Худованд, ман аз ту илтиҷо менамоям, ки завҷаи маро (номи завҷа) аз ҳамаи он чизе, ки ӯро дар асирӣ нигоҳ медорад, аз ҳама чиз, ғайр аз Худат, озод намо. Ӯро аз ҳама хотиротҳое раҳоӣ деҳ, ки ба ӯ ҳукмронӣ мекунанд, ва ӯро дар доми ҳаёти гузашта нигоҳ медоранд. Ба ӯ кӯмак кун ҳамаи он касонеро бубахшад, ки вайро ранҷонидаанд, то ки кина дар роҳи наҷотёбӣ ба ӯ монеа нагардад. Завҷаи маро (номи завҷа) aз ҳамаи он чизҳое раҳоӣ деҳ, ки халал мерасонад зане шавад, ки дидани вай ба Ту мақбул аст. Вайро аз душмане муҳофизат намо, ки мехоҳад ба раҳоёбӣ ва шифоёбии вай халал расонад. Ҳар он чизе, ки аз вай дуздида шуда бошад, ба вай якубаҳазор баргардон. Ман медонам, ки дар ҳузури Ту ҷонҳои мо барқарор мегарданд. Ба завҷаи ман биомӯз, ки дар ҳузури Ту зиндагӣ кунад, то ки вай тавонад шифо ёбад. Худованд, ман медонам, ки мо «дар ҷисм зиндагӣ мекунем, ба ҳасби ҷисм намеҷангем; зеро аслиҳаи ҷангии мо ҷисмонӣ нест, балки назди Худо боиқтидор аст, барои хароб кардани қалъаҳо…» (2 Қӯр. 10:3-4). Бо номи Исо ман тамоми қалъаҳоро, ки душман дар атрофи завҷаи ман бино кардааст, чаппагардон мекунам. Махсусан ман аз Ту дар бораи шифоёбии (соҳаи аниқеро шишон диҳед, ки ба шифоёбӣ эҳтиёҷ дорад) хоҳиш менамоям. Завҷаи маро бо номи Исо аз ҳама нуқсонҳо раҳоӣ деҳ. Ман дар бораи дар ҳаёти вай амалӣ гаштани аҳди Ту дуо мекунам, ки Ту «то он даме хомӯш нахоҳи монд, ки адолати вай мисли нур тулӯъ нанамояд, ва наҷоти он мисли машъали фурӯзон» (ба Иш. 62:1 ниг.). Роҳҳои завҷаи маро мунаввар гардон ва «роҳҳои каҷу килеби вайро рост» (ба Иш. 42:16 ниг.). Худованд, дар Каломи Ту гуфта шудааст: «…касе ки бо хирад рафтор кунад, раҳо хоҳад шуд» (ба Мас. 28:26 ниг.). Ба завҷаи ман дар хирадмандӣ роҳ рафтанро биомӯз ва ба вай раҳоёбии пурра ато фармо. Ба ман биомӯз, ки ҳамеша ӯро дӯст дорам ва дастгирӣ намоям. ОЯТҲО АЗ КАЛОМ, ки қудрат доранд дуои шуморо пуртаъсир гардонанд Аммо вақоеи пешинаро ба хотир наоваред, ва ба мӯъҷизоти қадимӣ диққат надиҳед. Инак, Ман чизи наве месозам, ки он алҳол ба зуҳур меояд. Магар аз он воқиф нестед? Ба яқин, роҳе дар бодия, ва наҳрҳо дар биёбон ба вуҷуд хоҳам овард. Иш. 43:18-19 Ва Худованд маро аз ҳар амали бад халосӣ дода, барои Малакути Осмонии Худ маҳфуз хоҳад дошт. Ӯро то абад ҷалол бод. 2 Тим. 4:18 …Дар он сурате ки дар бораи Ӯ шунидаед ва дар Ӯ таълим гирифтаед, — ба ҳасби ростие ки дар Исост, — пас рафтори пештараи одами кӯҳнаро, ки дар шаҳавоти дилфиреб фосид мешавад, аз худ дур кунед, ва хиради шумо бояд дар рӯх тоза шавад, ва одами навро, ки ба шабоҳати Худо дар адолат ва қудсияти ростӣ офарида шудааст, дар бар кунед. Эфс. 4:21-24 Пас, касе ки дар Масеҳ аст, махлуқи навест; чизҳои қадима гузаштааст, ва инак ҳама чиз нав шудааст. 2 Қӯр. 5:17 «Эй бародарон, гумон намекунам, ки ман аллакай расида бошам, балки фақат як чизро мегӯям: он чиро, ки дар қафост, аз хотир бароварда ва ба пеш ҳаракат карда, ман сӯи мақсаде шитоб менамоям, ки фарҷоми ғолибонаи даъвати Худост аз арши аъло дар Исои Масеҳ. Фил. 3:13-14 БОБИ НӮЗДАҲУМ. ИТОАТКОРИИ Ӯ БА ХУДО Боре рӯзи Мавлуди Масеҳ шавҳарам ба ман як даста клюшкаҳои голфбозӣ ва курси дарсҳои бозии голфро тӯҳфа кард. Ман ин курсро хонда баромадам ва нафаҳмидам, ки ин қадар ҷидду ҷаҳд барои задани тӯбе, ки хеле хурд асту қариб бо душворӣ онро дар даруни алаф мебинӣ, барои чӣ лозим аст. Ман нафаҳмидам, ки чӣ мардонро маҷбур месозад, ки барои ин бозӣ якчанд соати вақти худро ҳар ҳафта сарф намоянд. Ва ин то он рӯзе давом кард, ки ман бори нахуст ба майдони голф баромадам. Ман тӯбро ба ҷои нишона кардашуда мондам, клюшкаро гирифта масофаро то чуқурча аз назар гузаронида ва, ба тӯбча нигоҳ карда, чӣ тавре ки ба ман омӯхта буданд, бо тамоми қувва задам. Вақте ки клюшкаи ман ба тӯб расид, чунон овози ҳайратангез баровард, ки ин овозро бо ҳама аълогиаш ман бо ягон овозҳои пештар шунидаам баробар карда наметавонам. Ман зарбаро комилан дуруст ба ҷо овардам ва тӯб дар масофаи 170 ярд дар ҷои лозимӣ омада афтод. Дар он лаҳза ман фаҳмидам, ки барои чӣ мардон вақти худро дар майдонҳои голф мегузаронанд — онҳо мехоҳанд, ки ин овозро шунаванд. Онҳо мехоҳанд ҳис кунанд, ки ҳама корро дуруст ба ҷо овардан чӣ маъно дорад. Ин ҳиссиёт ба он эҳсосоте, ки дар вақти дар итоат гаштани мо ба амал меояд, муқоисашаванда аст. Мо онро вақте эҳсос менамоем, ки бо фармудаи Худо амал менамоем, ва вақте ки Ӯ аз мо қаноатманд аст. Яқин аст, ки вақте мо мувофиқи иродаи Худо амал менамоем, яъне дуруст, ҳаёти мо хуб ба роҳ монда мешавад. Хоҳиши аз сар гузарондани ин ҳиссиёт моро маҷбур месозад барои он ҷидду ҷаҳд намоем, ки ба Худо мақбул бошем. Мукофоти мӯъҷизаовар барои итоаткорӣ ба Худо ҳис кардани ҳузури Ӯ мебошад. Ин аз он сабаб ба амал меояд, ки байни итоаткорӣ ва ҳисси ҳузури Ӯ алоқаи бевосита вуҷуд дорад. Исо гуфт: «…Ҳар кӣ Маро дӯст дорад, Каломи Маро риоя хоҳад кард; ва Падари Ман вайро дӯст хоҳад дошт, ва Мо назди вай омада, бо вай маскан хоҳем гирифт» (Юҳ. 14:23). Худо Худро ба он касоне зоҳир месозад, ки Ӯро дӯст медоранд ва ба Ӯ итоаткор ҳастанд. Чӣ тавр бисёр вақт мо бинобар сабаби беитоатиамон аз пуррагии файзи Худо ва таъсири файз дар ҳаётамон маҳрум мегардем. Завҷаи шумо ҳамеша ташнаи ҳис кардани ҳузури Худо мебошад. Вай иродаи Худоро ба ҷо оварда ҳамеша мехоҳад ин эҳсосоти олиро аз сар гузаронад. Ба вай дуоҳои шумо заруранд, ки бо роҳҳои Худо рафта тавонад. Дар ҳар як бозӣ ҳамеша барои иҷро накардани қоидаҳои муайян ҷазо пешбинӣ карда шудааст. Яке аз натиҷаҳои беитоатии мо — нагирифтани ҷавоб ба дуоҳоямон мебошад (ба Мас. 28:9; ба Заб. 65:18 ниг.). Охир шумо намехоҳед, ки дуоҳои завҷаи шумо танҳо аз сабаби он, ки вай қоидаҳои муайянро вайрон месозад, бе ҷавоб монад. Дар дуо хоҳиш намоед, ки Худо ба вай рӯшноӣ андозад ва ба вай фаҳмиши онро диҳад, ки риоя кардани қоидаҳои ҳар як бозӣ то чӣ андоза муҳим мебошад. Аз ҳама равшан беитоатии зан дар суханони ӯ зоҳир мегардад. Дар ин бора дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: • барои бо овоз иброз доштани фикрҳои худ шитоб кардан даркор нест. «Оё шахсеро дидаӣ, ки дар сухан гуфтан шитоб накунад? Умед аз аблаҳ назар ба вай, бештар аст» (Мас. 29:20). • худро идора карда тавонистан лозим аст. «Аблаҳ тамоми хашми худро берун меоварад, вале хирадманд охируламр онро сокит мекунад» (Мас. 29:11). • онро дар хотир доштан лозим аст, ки суханони мо метавонанд ба дигар одамон зарар расонанд. «Мамот ва ҳаёт дар дасти забон аст, ва дӯстдорони он меваи онро мехӯранд» (Мас. 18:21). • суханони худро бояд фикр кард. «Дили одил барои ҷавоб додан фикру хаёл мекунад, вале даҳони шарирон бадиҳоро ифода менамояд» (Мас. 15:28). Бештари занон беҳад сергап мешаванд. Ин бо он шарҳ дода мешавад, ки қариб ҳар як занро бисёр фикрҳо, эҳсосотҳо, ҳиссиётҳои пешакӣ, хотираҳои ҳузнангезу хурсандиовари аз ҳама гуногун фаро мегирад, ва чунин менамояд, ки агар онҳоро бо ягон каси атрофиён бо ҳам набинад, мекафад. Муошират — барои ҷинси зан шодмонӣ аст. Бо воситаи суханон, ки аз даҳони зан мебароянд, иттифоқҳо мустаҳкам мегарданд, ҷароҳатҳои рӯҳӣ шифо меёбанд, донишҳо паҳн мешаванд, муносибатҳои кандашуда барқарор мегарданд, асрорҳо ошкор мешаванд ва масъалаҳои ҷаҳонӣ ҳал мегарданд. Занон ҳарф заданро дӯст медоранд. Ба ман занеро нишон диҳед, ки гап заданро дӯст намедорад, ва ман ба шумо занеро нишон хоҳам дод, ки ӯро ҳеҷ кас ва ҳеҷ гоҳ гӯш кардан намехост. Ҳар як зан қудрати суханони худ ва он таъсири дуру дарозеро, ки ин суханон ба амал меоранд, медонад (ҳар чӣ ҳам набошад, зан суханони якчанд сол пеш гуфтаи шавҳарро дар хотир дорад, дар он вақте ки шавҳар онҳоро баъд аз сӣ сония фаромӯш мекунад.). Агар ӯ ҳис кунад, ки суханонаш ягон касро ранҷонданд, ором намеёбад; агар суханони вай аз тарафи ягон кас нодуруст шарҳ дода шаванд, ё ӯ бо кӯдакон ё бо дӯстон дағалӣ кунад, сахт ғамгин мешавад. Аз ин рӯ, занон дар ин соҳаи ҳаёташон ба дуо сахт эҳтиёҷ доранд, ки Худо ба онҳо дили пок офарад ва ба онҳо суханонеро нишон диҳад, ки бунёд месозанд ва ҳаёт меоранд. Зан ба роҳнамоии Худо эҳтиёҷ дорад, то донад, ки кай сухан гӯяд, чӣ гӯяд ва кай хомӯш бошад. Ягон зан намехоҳад, ки серғурбат намояд, вале баъзан, кӯшиши ба роҳ мондани ҳаёти шавҳар, кӯдакон ва ҳаёти шахсии худро карда, тарафҳои манфии ҳаёти оилавиро мебинад, ва кӯшиш мекунад, ки ягон чизро бо қувваи худ тағйир диҳад. Агар шумо мушоҳида кунед, ки завҷаи шумо ҳамеша бо хавотирӣ оиди як масъала такрор ба такрор гӯяд, якҷоя бо ӯ оиди ҳалли ин масъала дуо кунед. Зани шуморо он фикр ором мегардонад, ки шумо безобитагии вайро фаҳмида, лозим мешуморед, ки дуоятонро ба масъалаи ӯро ба ҳаяҷон меоварда бубахшед. Ӯро фикр дар бораи он сабукӣ мебахшад, ки шумо дар дуо ҳамаи мушкилиҳо ва ташвишҳоро гуфтаед. Ӯ ҳатто метавонад тамоман дар бораи ин масъала гап заданро бас кунад. Яке аз бисёр ҷиҳатҳои итоаткорӣ — ин суханони худро тавре идора намудан аст, ки онҳо ҳаёт бахшанд. Завҷаи шумо ба дуоҳои шумо оиди он эҳтиёҷ дорад, то ки дар ҳар кадоми онҳо комрон буданро омӯзад. Вай мехоҳад камолотро дар гашти худ бо Худо ба даст орад, то, агар бо ибораи голфбозон гӯем, бо драйвер (клюшка барои задан ба дурӣ) ба фервей (қитъаи замин бо алафи дарозиаш миёна, ки қисми зиёди майдони бозиро ишғол мекунад), зарбаи сахт заданро омӯзад. Бигзор ба ӯ дар маротибаи аввал дуруст ба ҷо овардани зарба муяссар нагардад, — ба ҳар ҳол, ӯ ба яке аз ҳолатҳои ногувор, ки тӯбро, бо сабаби ба рег фурӯ рафтан, задан номумкин аст, намеафтад. Аз Худо хоҳиш кунед, ки дили ӯро барои Худ кушояд, то ки Ӯ гуфта тавонад: «Ғуломи меҳрубону содиқ, хуб бозӣ кардӣ». ЭҲТИЁҶОТҲОИ ЗАВҶAҲO Марҳамат карда, дар бораи он дуо кунед, ки: • завҷаи шумо ба Худо итоаткор бошад; • ӯ хоҳад, ки бо роҳҳои Худо равад; • Рӯҳулқудс ӯро роҳбарӣ кунад; • суханони ӯ ҳамеша ҳаёт бахшанд; • Худо ёрӣ диҳад, ки ӯ иродаи Ӯро ба ҷо орад; • ӯ бо итоаткории худ ба Худо мақбул бошад. ШАҲОДАТИ ШАВҲАРОН Майкл Омартиан нақл мекунад Завҷаи ман ба Худо итоаткор аст. Вале итоаткор будан на ҳамеша осон аст. Баъзан Сторми тамоман ба худ тасаввур карда наметавонад, ки Худо аз вай чиро интизор аст, аз ин рӯ вақте ки ба вай интихоб кардан лозим ояд, аз ман хоҳиш мекунад дар бораи он дуо кунам, то ӯ тавонад овози Худоро шунавад, ва роҳеро бинад, ки ӯро лозим аст бо он равад. Ман дар бораи он дуо мекунам, ки Сторми дар нияти ба Худо итоаткор будани худ қатъӣ бошад ва бо камоли майл иродаи Ӯро ба ҷо орад. Ман аз Рӯҳулқудс илтиҷо мекунам ӯро чуноне роҳбарӣ кунад, ки хоҳиши итоаткор будан дар ӯ ба таври табиӣ пайдо шавад. Боре Худо ба ман иродаи Худро кушод: мо бояд ба штати дигар мекӯчидем. Сторми ин фикри маро тарафдор набуд ва инро ба ман гуфт. Ман медонам, агар Худо ба мо амри кӯчиданро дода бошад, Ӯ албатта ба занам низ муроҷиат мекунад. Ман фаҳмидам: ба ҷои он, ки ба Сторми фишор орам, ман бояд дар бораи он дуо кунам, ки ӯ Худоро шунавад. Маҳз дар ҳамин бора ман дар дуои худ хоҳиш намудам. Ва инак, баъди якчанд ҳафта, Сторми аз Худо дастури аниқу равшан — ба штати дигар кӯчиданро гирифт. Худо ба мо нишон медиҳад, ки иҷро кардани иродаи Ӯ барои солимии рӯҳонии мо беандоза муҳим мебошад. Ӯ мегӯяд, ки барои Ӯ дидани фурӯтанӣ ва итоаткории мо аз додани қурбониҳо дида, гуворотар аст. Маро он далел тасалло медиҳад ва хурсанд месозад, ки завҷаи ман дар назди Худо итоаткор аст, зеро якҷоя бо итоаткорӣ осоиштагӣ на танҳо дар дили ӯ, балки дар оилаи мо низ пойдор мегардад. Ман медонам, ки Сторми кӯдаконро барои иҷрои иродаи Худо водор сохта, ба онҳо намунаи хуб нишон медиҳад. Вақте ки мо Ӯро ҷӯё мешавем ва итоаткорӣ зоҳир месозем, Ӯ моро роҳнамоӣ мекунад ва ба мо маънои ҳаётамонро мекушояд. Ман оиди он дуо мекунам, ки завҷаи ман аз ҳамаи он чизҳое раҳоӣ ёбад, ки ба ӯ дар итоаткор будан ба Худо халал мерасонанд. Ман на танҳо мехоҳам дар ин бора дуо кунам, балки мехоҳам дар ин кор барои вай намуна бошам. Дуо Худованд, ман аз Ту хоҳиш менамоям: ба завҷаи ман (номи завҷа) кӯмак кун, ки ҳамеша иродаи Туро ба ҷо орад ва бо роҳҳои Ту равад. Ба вай нишон деҳ, ки дар чӣ фикр ва рафторҳои ӯ аз мақсади Ту фарқ мекунанд. Ба ӯ кӯмак расон, ки пандҳои Туро шунавад ва дар дили ӯ хоҳиши ба ҷо овардани онҳоро ҷой кун. Ба вай зарурати зуд аз ҳама гуноҳҳо тавба карданро ёдовар шав, ва ба вай ба ҷо овардани рафторҳоеро омӯз, ки онҳо шаҳодати итоаткории ӯ дар ҳар як вазъияти аниқ бошанд. Ман медонам, ки яке аз оқибатҳои ба иродаи Ту итоат накардан — дуршавӣ аз Ту мебошад. Ба завҷаи ман ёрӣ деҳ аз ҳамаи он чизҳое раҳоӣ ёбад, ки ӯро аз муҳаббати Ту дур месозанд. Ба вай нишон деҳ, ки дар чӣ беитоатӣ кардааст ва ба вай дуруст рафтор карданро биомӯз. Дар Каломи Ту гуфта шудааст: «Касе ки аҳкомро риоя кунад, ҷони худро нигаҳбонӣ менамояд…» (Мас. 19:16). Вайро дар ҳама марҳилаҳои итоаткорӣ баракат деҳ. Ба худаш бовар карданро, ки аз фикри ба Ту итоаткор будан пайдо мешавад, ба ӯ бубахш. Худованд, Ту гуфтӣ, ки: «…Забон аз пурии дил сухан мегӯяд» (Мат. 12:34). Дили завҷаи маро бо осоиштагӣ ва хурсандии Худ пур кун, то ин ки онҳо аз суханони вай ҷорӣ гарданд. Бигзор Рӯҳи Ту забони вайро идора намояд, то ки суханони вай танҳо ҳаёт бахшанд. Бигзор ӯ ҳамроҳи Довуд гӯяд: «…ман қарор додам бо лабони худ гуноҳ накунам» (Заб. 16:3) (дар тарҷ. тоҷикии Китоби Муқаддас: «…Андешаи баде надорам, ки ба забон оварда натавонам»). Худованд, дар Каломи Ту гуфта шудааст: «…Касони ростравро аз некӯӣ маҳрум нахоҳад кард» (Заб. 83:12). Ман дар бораи он дуо мекунам, ки зани ман порсоёна рафтор намояд ва Ту ба вай баракотҳои Худро бирезӣ. Хусусан аз Ту хоҳиш мекунам, ба ӯ осоиштагӣ ва умри дароз деҳ (ба Мас. 3:1-2 ниг.). Бигзор зани ман ба Ту итоаткор бошад, ва Ту ба ӯ мукофоти фаровон медиҳӣ. Бигзор суханон ва андешаҳои дили ӯ писанди Ту бошад, эй Худованд, кӯҳпора ва Раҳокунандаи мо (ба Заб. 18:15 ниг.). ОЯТҲО АЗ КАЛОМ, ки қудрат доранд дуои шуморо пуртаъсир гардонанд Эй писарам! Таълими маро фаромӯш накун, ва бигзор дили ту аҳкоми маро маҳфӯз дорад, зеро ки дарозии айём ва солҳои ҳаёт ва осоиштагиро барои ту афзун хоҳанд кард. Бигзор эҳсон ва ростӣ туро тарк накунанд: онҳоро ба гардани худ бибанд, ва дар лавҳи дили худ бинавис… Мас. 3:1-3 Даҳони худро ба ҳикмат мекушояд, ва таълими ҳалимона дар забони вай аст. Мас. 31:21 Касе ки даҳони худро нигоҳ дорад, ҷонашро муҳофизат мекунад, вале касе ки даҳони худро калон кушояд, ба вай осеб мерасад. Мас. 13:3 Вале тариқи одилон мисли нури саҳар аст, то ки нимрӯзӣ торафт бештар медурахшад. Мас. 4:18 Зани солеҳаро кист, ки тавонад биёбад? Баҳои вай аз ҷавоҳир гаронтар аст. Мас. 31:10 БОБИ БИСТУМ. ОЯНДАИ Ӯ Пештар ман ҳамеша навигариҳои биржаи фондиро назорат мекардам, то донам, ки кадом ширкатҳо бобароранд ва кадомаш не. «Ина бинеда! — фикр мекардам ман. — Агар ман аксияҳои ин ширкатро мехаридам, ҳоло чӣ қадар пул зиёд ба даст меовардам!» Ба ман бисёр мефорид, вақте ки пешгӯиҳои ман рост мебаромаданд, вале, азбаски ман ҳеҷ саҳме намегузоштам, ман ҳеҷ вақт ҳеҷ гуна даромад ба даст намеовардам. Ҳамин тавр то он даме давом кард, ки ман ба он чизе, ки ҳамеша даромади хуб меовард, саҳм гузоштанро омӯхтам. Бо ояндаи мо кор айнан чунин аст: агар мо оқилона саҳмгузорӣ намоем, он вақт мо ҳаққи саҳми баландро доро мегардем. Вале дар фарқият аз бозӣ дар биржа, дар лаҳзаи мазкур ҳеҷ гуна саҳм нагузошта, мо чизи бисёреро аз даст дода метавонем, ва оқибати беамалии мо метавонад ҳалокатовар бошад. Намуди аз ҳама саҳмгузории фоидаовар барои оянда дуо мебошад, зеро шумо ҳеҷ гоҳ чизеро бой намедиҳед. Худо ба мо ояндаи зебо ва асосҳои қатъиро барои умедворӣ ваъда менамояд, вале дар ин бора дуо кардан лозим аст (ба Ирм. 29:11 ниг.). Агар шумо оиди ояндаи завҷаатон дуо кунед, дар он вақт ҳамеша ба даст овардани ҳаққи саҳм то охири ҳаёти якҷояатон кафолат дода мешавад. Одатан занон аз оянда метарсанд. Сабаби ин тарс, мумкин, дар бепаноҳии дили зан ниҳон бошад. Зан метарсад, ки кӯдак ё шавҳарро аз даст медиҳад ва танҳо мемонад, метарсад, ки ба таври ҷиддӣ бемор мешавад ё маъюб мегардад, аз бепуштупаноҳ будан дар назди зӯровариҳо метарсад, метарсад, ки маънои ҳаёт, қобилияти таъмин кардани худро гум мекунад, аз нодаркор ва дилнокаш гаштан метарсад. Вақте тарсҳои ӯ то андозае бузург мегарданд, ки ба назараш менамояд, ки ӯ оянда надорад, ӯ нишонаҳои худро аз даст медиҳад ва дар ҳаёташ даступо хӯрдагӣ ва бечорагӣ ҳукмфармо мегардад. Ягона чизе, ки ӯро наҷот дода метавонад, — ин Каломи Худо аст, ки ба ӯ кӣ будани ӯ ва барои чӣ ба ҳолати мазкур афтодани ӯро мекушояд. Худо завҷаи шуморо духтари Худ меномад (ба Юҳ. 1:12 ниг.). Ӯ ба вай ваъда медиҳад, ки ӯро аз танҳоӣ ҳифз мекунад (ба Мат. 28:20 ниг.), ва ҳеҷ гоҳ вайро тарк намекунад (ба Ибр. 13:5.ниг.). Ӯ ба вай муҳаббати абадӣ ва ёрии худро ваъда менамояд (ба Юҳ. 15:9; Рум. 8:37 ниг.), Ӯ бовар мекунонад, ки ҳодисаҳои дар ҳаёти ӯ шуда мегузашта «бар нафъашон ёрдам медиҳад» (ба Рум. 8:28 ниг.). Дар бораи он дуо кунед, ки завҷаи шумо ба ҳар он чизе, ки Худо оиди ояндаи вай мегӯяд, бовар кунад. ЗАВҶАЕ, КИ ХИЗМАТГУЗОРИИ ХУДОРО БА ҶО МЕОРАД Агар завҷаи шумо хизматгории Худоро ба ҷо орад, аз шумо дуокунии ҷиддӣ талаб карда мешавад. Ин маъно дорад, ки, агар завҷаи шумо ба Худованд ҳамчун муаллим, ҳомии ҷон хизмат кунад, ё ба дили одамон бо ягон роҳи дигар таъсир мерасонад, ӯ ба дастгирии дуогии шумо эҳтиёҷ дорад. Новобаста аз он, ки вай бо чӣ кор машғул аст — барои ҳазорон шунавандагон дар хор мехонад, ё бо кӯдакон дар мактаби якшанбегӣ машғул мешавад, ё бо ҳамсояи солхӯрдаи худ дар бораи Худо сӯҳбат мекунад — ӯ ҳамеша ба дуоҳои шумо эҳтиёҷ дорад. Агар номи завҷаи шумо дар тамоми мамлакат машҳур бошад, ё ӯ ба одамон ёрии як ба яки психологӣ ­расонад, ва ягона шахсе, ки маънои ҳақиқии корҳои ба ҷо меовар­даи ӯро баҳри Малакути Худо мефаҳмад, ин шумо ҳастед, ӯ ­бегуфтугӯ ба дуоҳои шумо эҳтиёҷ дорад. Бе онҳо завҷаи шумо метавонад барои душмане, ки мехоҳад ӯро нобуд созад, ҳадафи қулай гардад. Ҳар қадаре ки завҷаи шумо рӯҳбаландона ба Худованд хизмат кунад, ҳамон қадар нисбати ӯ ҳуҷумҳои иблис шадидтар мегарданд. Шумо набояд ба нақши дуоҳои худ баҳри завҷаатон аз будаш камтар баҳо диҳед. Худо онҳоро мешунавад. Онҳо ҳаёти ӯро наҷот медиҳанд ва вайро дар оянда муҳофизат менамоянд. Агар ки шумо дар калисо хизматгузор бошед, он вақт завҷаи шумо барои душман танҳо барои он ҳадаф мегардад, ки ӯ дар коре, ки Худо шуморо ба он даъват намудааст, ёрдамчӣ мебошад. Иблис пеш аз ҳама ӯро нобуд сохта, барои нобуд кардани шумо низ ҳама кори аз дасташ меомадагиро мекунад. Ба ман марди оиладореро нишон диҳед, ки Худоро ҷалол дода вазифаҳои худро бо эҳтирос ва бомуваффақият ба ҷо меорад, ва ман ба шумо занеро нишон меди­ҳам, ки зери оташи тирҳои душман қарор гирифтааст. Агар шумо бо завҷаатон якҷоя ба Худо хизмат намоед, дар он вақт ҳокими зулмот тоқати дидани инро надорад. Душман тамоми воситаҳоро истифода мебарад, ки ба ҳардуи шумо шикаст диҳад. Тайёр бошед, баҳри якдигар дуо кунед ва дар бораи он ғамхорӣ намоед, ки дастгирии дуогиро аз тарафи имондорони баркамол дошта бошед. ХИРАДМАНДӢ ҲАМЧУН КАФОЛАТИ ОЯНДАИ ХУШБАХТОНА Хирадмандӣ — ин калидест, ки дари ояндаро мекушояд ва ба он, аз афташ, зани шумо беш аз ҳама эҳтиёҷ дорад. Ҳаёти мо баъзан ногаҳон чунон тағйир меёбад, ки вазъият аз таҳти назорат мебарояд ва мо роҳгум мезанем, зеро хирад ва рӯъёи Худоро надорем. Зав­ҷаи шуморо лозим аст, ки оқил бошад, то ки бо пул муомила карда тавонад, ҳақиқат ва дурӯғро фарқ кунад, то ки одамонро шиносад ва дуруст рафтор намояд, ва инчунин барои он, ки тавонад дар ҷои зарурӣ ва дар лаҳзаи зарурӣ бошад. Зани солеҳа, ки нақши он дар Китоби Муқаддас оварда шудааст, аз хирадмандӣ пур аст, вале ин гуна будан бе дуо имконнопазир аст (ба Мас. 31:26 ниг.). Ба зан лозим меояд, ки дар давоми рӯз ба таври таъҷилӣ қарорҳои гуногун қабул намояд, ва барои ин ӯро зарур аст, ки аз Худованд хирадмандӣ дошта бошад (ба Яъқ. 1:5 ниг.). Агар шумо аз Худо барои завҷаи худ хирадмандӣ, бофаросатӣ ва фаҳмишро талаб кунед, ба ӯ аз Худо дониш меояд, ва ӯ онро дарк мекунад, ки ӯ дар Худованд кист. Хирадмандиро ба даст оварда завҷаи шумо роҳи дурусти ҳаётро интихоб мекунад. Барои ояндаи хушбахтона дигар чӣ даркор аст? Агар шумо дорои хирадмандӣ, фаросат, фаҳмиш ва донишҳои Худо бошед, шуморо лозим нест, ки оиди оянда дар ташвиш бошед. Пештар ояндаи ман маро хеле ба ташвиш меовард, зеро дар назари ман танҳо он шароитҳои ҳаётам қарор доштанд, ки дар он лаҳза ба ман муҳимтар менамуданд. Вале боре шӯбон Ҷек Хейсфорд ба ман гуфт: «Шароитҳои ҳозираи худро ҳамчун пешгӯии ояндаи ҳаёти худ қабул накун». Ба шумо ин фикр маъқул шуд? Агар шумо имрӯз аз ҳаётатон қаноатманд набошед, ин маънои онро надорад, ки ҳамеша чунин хоҳад буд. Ба мо, занон, як хусусият хос аст — мо метарсем, ки ҳолати ҳозира ҳеҷ гоҳ тағйир намеёбад. Шӯбон Ҷек ба ман гуфт: «Ояндаи худро аз рӯи суханони одамон, ки гӯё он даҳшатовар аст, маҳкум накун». Мо набояд оиди бадбахтие, ки касе ба мо пешгӯи кардааст, хавотир шавем. Дар бораи он ба ташвиш афтодан даркор нест, ки рӯзноманигорон чӣ гуна пешгӯиҳо мекунанд, дар биржаҳо чӣ шуда мегузарад, ё дар бораи оянда ҳамсоя, ҳамкорон ё холаи Бетси чӣ мегӯяд, — ба мо он муҳим аст, ки Худо дар бораи ояндаи мо чӣ мегӯяд. Худо тасдиқ менамояд, ки моро лозим аст рӯъёи дурустро оиди оянда дошта бошем. Аз ин рӯ, мо бояд аз Худо хоҳиш намоем, ки ба мо инро тӯҳфа кунад. Вале гирифтани рӯъё аз Худо маънои онро надорад, ки Ӯ мехоҳад оиди ҳар як тафсилоти ояндаамон ба мо маълумот диҳад. Ӯ танҳо ваъда мекунад, ки Худро ба мо мекушояд, зеро Ӯ ояндаи мо мебошад. Агар мо ба Худо бовар кунем, он вақт Ӯ моро ба ояндае, ки бароямон муҳайё намудааст, мебарад. Аз ин рӯ дуои шумо дар бораи он, ки завҷа рӯъёи ояндаро аз Худо дошта бошад, ба вай донистани ояндаи худро кафолат намедиҳад, вале дуоҳои шумо ба вай дидани онро ёрӣ медиҳад, ки ӯ оянда дорад ва он хеле хуб аст. Ин ба пуррагӣ кифоя аст. Азбаски қисми зиёди оянда аз мо ниҳон аст, ҳатто ҳангоми рафти ҳодисаҳои мусоидтарин мо наметавонем аз он дилпур бошем. Ҳамааш дар як лаҳза метавонад тағйир ёбад, зеро душман ҳеҷ гоҳ кӯшишро бас намекунад, ки ҳаёти моро мувофиқи нақшаи худ тамоман тағйир диҳад. Аз ин рӯ мо бояд ҳушёр бошем ва дуо карданро бас накунем, то ба он боварӣ дошта бошем, ки Худо моро муҳофизат менамояд ва нияти Худро ба ҷо меорад. Оиди ояндаи завҷаи худ дуо карда, дар хотир доред, ки шумо барои ояндаи худ дуо мекунед, зеро ояндаи шумо аз ӯ ва ояндаи ӯ аз шумо ҷудонашаванда аст. Ҳаёти шумо ба таври ногусастанӣ бо ҳамдигар пайванд мебошад. Аз ин рӯ, дуоҳои шумо мутлақо як чизро кафолат медиҳад — онҳо бехатарии шуморо то охири ҳаёти ҳамсариатон таъмин намуда, албатта ба шумо фоида меоранд. Агар шумо дуо карда, дар ояндаи завҷаатон саҳм гузоред, ман ба шумо кафолат медиҳам: ҳаёти шумо аз баракaтҳои Худо бой мегардад. ЭҲТИЁҶОТҲОИ ЗАВҶAҲO Марҳамат карда дар бораи он дуо кунед, ки: • завҷаи шумо аз оянда натарсад; • ӯ оқил бошад; • ӯ ба он боварӣ дошта бошад, ки ояндаи ӯ аълост; • завҷаи шумо зуд қарори дуруст қабул карда тавонад; • ӯ дурӯғи иблисро оиди ояндаи худ гӯш накунад; • ӯ дар синни балоғат низ самараҳои хуб орад; • дар оянда ӯ аз душман муҳофизат карда шуда бошад. ШАҲОДАТИ ШАВҲАРОН Эдди Л. Лонг — шӯбони калони Ҷамъияти миссионерии баптистии «Таваллуд аз олами боло» дар Лифония (штати Ҷорҷия) нақл мекунад. Ӯ ва завҷааш Ванесса ёздаҳ сол боз оиладор буда чор фарзанд доранд. Завҷаи маро одамони зиёд: зиёда аз 22 ҳазор аҳли калисоямон модари дуюми худ медонанд. Ӯ зани оромтабиат, соҳибмаълумот, меҳрубон ва Худотарс мебошад. Ӯ ҷӯёи шӯҳрат ва шараф нест. Азбаски ҳаёти Ванесса бо ҳаёти ман алоқаманд мебошад, ва вай завҷаи ман аст, ӯро лозим меояд бисёр вақт дар худ нигоҳи бодиқ­қати аҳли калисоро эҳсос намуда, якҷоя бо ман баромад кунад. Ӯ қобилияти беҳамтои аз ҳар гуна ҳолат бошарафона баромаданро дорост, ва ман ҳамеша дар бораи он дуо мекунам, ки ӯ овози Худоро шунавад ва иродаи Ӯро ба ҷо орад. Дар давоми якчанд сол ман дар завҷаи худ тағйиротҳои муайянеро мушоҳида кардам. Ӯ диққати ҷамоати моро ба масъалаҳое ҷалб намуд, ки аҳли калисо ва дигар занонро ба ташвиш меовард. Вай дар назди худ мақсад гузошт, ки ба моҳияти масъалаҳои занон мерасад. Ман боварӣ дорам, ки ҷавобҳои Худо барои дуоҳои ман ҳар рӯз дар он зоҳир мегарданд, ки чӣ хел Ванесса ба одамони шикастадил ёрӣ мерасонад, ки шифо ёбанд ва оилаҳои вайронгаштаи худро барқарор созанд. Ман боварӣ дорам, ки бе дуоҳо ташкилоти занонаи «Аз дил ба дил», ки завҷаи ман ба он роҳбарӣ менамояд, наметавонист ба дили занон ин қадар сахт таъсир расонанд ва ҳаёти бисёр оилаҳоро тағйир диҳад, чи тавре, ки ин ҳозир ба амал меояд. Ман дар бораи он доварӣ намекунам, ки дар ин кор мақсади Худо ва дуоҳои оилаи мо ва дӯстони мо чӣ гуна нақш мебозанд, вале ман медонам, ки барои зани худ дуо мекунам ва ин ба ҳаёти ӯ ба таври мусбӣ таъсир мерасонад. Ҳамчун шавҳари ӯ, ман боварӣ дорам, ки дуоҳои ман ба вай ёрӣ мерасонад, ки аз гуноҳҳо пок гардад, то ӯ тавонад ба Худо хизмат кунад. Дуо ҳаётро тағйир медиҳад. Дуо дарро барои амали қудрати Худо мекушояд. Ман барои Ванесса дуо карданро давом медиҳам, зеро ӯ барои ҳар он касе, ки ӯро медонад, баракати Худо мебошад. Ман мебинам, ки чӣ хел ӯ Худоро ҷалол дода, худаш дар ҷалол бузург мешавад. Завҷаи ман — шӯҳрати ман, тӯҳфа аз Худо аст. Дар навбати худ, дуоҳои ман барои ӯ ба ҳаёти худам низ таъсир мерасонанд, чунки якҷоя бо ӯ ман дар Масеҳ ба камол мерасам. «Ман хурсандам, ки Худованд овози маро, зориҳои маро шунид, гӯши худро сӯи ман хам намуд, бинобар ин тамоми умри худ Ӯро хоҳам хонд» (Заб. 114:1-2). Дуо Худованд, ман аз Ту дар бораи он илтиҷо мекунам, ки фикрҳои ҳаёти гузашта, ҳозира ва оянда ба дили завҷаи ман (номи завҷа) осоиштагии пурра орад. Ба вай рӯъёи оянда ва боварӣ ба онро бидеҳ, ки дар дасти Ту ӯ дар бехатарӣ мебошад. Ӯро ва одамони ба ӯ азизро аз душман муҳофизат намо. Ба таври қатъӣ ӯро аз роҳҳои гузашта раҳоӣ деҳ, то ки ҳеҷ чиз натавонад ӯро аз ояндае, ки Ту барои ӯ тайёр намудаӣ, ҷудо кунад. Ба вай биомӯз, ки ба оянда мисли Ту назар андозад, ва ба дурӯғҳое, ки душман ба ӯ талқин менамояд, бовар накунад. Бигзор ӯ ҳамеша ба он бовар кунад, ки «фикрҳои Ту ҳамеша ба фоидаи вай аст, на ба бадӣ, то ки ба вай ояндаи нек ва умедворӣ бубахшӣ» (ба Ирм. 29:11 ниг.). Ба вай бикушо, ки вай барои аз оянда тарсидан асосе надорад. Худованд, ман аз Ту хоҳиш менамоям: ба завҷаи ман (номи завҷа) дар ҳама кор хирадмандӣ деҳ. Бигзор Рӯ­ҳулқудс дар қабули ҳар як қарор ба вай роҳнамоӣ намояд. Ба вай ёрӣ деҳ, ки оқил бошад ва дар кор, дар сафарҳо, дар муошират бо одамон ва дар кор фармудани маблағҳо бофаросатӣ зоҳир намояд. Маҳорати вайро дар фарқ карда тавонистани ҳақиқатро аз дурӯғ баракат деҳ. Бигзор ӯ дарозумрӣ, хурсандӣ, боигарӣ ва хушбахтиеро ба даст орад, ки Ту ба ҷӯяндагони хирадмандӣ ваъда кардаӣ (ба Мас. 3:16-18 ниг.). Бигзор вай ҳамеша ба Ту умед бас­танро ёд гирад ва ҳамеша бофаросат буда, дар бехатарӣ бошад, аз тарсҳо озод гардад, хоби ором дошта бошад ва аз Ту баракат ёбад (ба Мас. 3:21-26 ниг.). Завҷаи маро, ки ҳоло аз хирадмандии Ту вобаста буданро меомӯзад, бо ҷалол сарафроз гардон ва қувват деҳ, ки ба ақли худ умед набандад. Ба мо дар қабули якҷояи қарорҳо хирадмандӣ ато намо. Махсусан, ман аз Ту хоҳиш менамоям, ки дар қабули дурусти қарори (қарореро нишон диҳед, ки қабули якҷояи он ба шумо зарур аст) ёрӣ диҳӣ. Ба мо ёрӣ деҳ, ки оиди ин масъала иродаи Туро фаҳмем, ба мо интихоб кардан ва қабул кардани қарорҳоро биомӯз, ки ба фикрҳои Ту мувофиқат намоянд. Ман дар бораи он илтиҷо мекунам, ки завҷаи ман (номи завҷа) чун дарахте бошад, ки дар хонаи Ту шинонида шудааст ва дар саҳнҳои Ту гул кунад. Бигзор ҳар сол ҳосили хуб орад ва то пиронсолагӣ тару тоза бошад (ба Заб. 91:14-15 ниг.). Ба вай умри дароз деҳ, бигзор ӯ ба охири роҳи заминиаш он лаҳзае, ки Ту барои ӯ муқаррар намудаӣ, ва на дақиқае барвақттар, расад. Чуноне кун, ки ин гузариш осоишта ва хурсандона бошад ва бо азобҳо фаро гирифта нашавад. Бигзор дар бораи ӯ гӯянд, ки ӯ барои ҷаҳон нури Ту буд. Дар ин рӯз ман ба завҷаи худ мегӯям: «Ту дар Ӯ пуррагӣ дорӣ» (ба Қул. 2:10 ниг.). Ман қатъӣ боварӣ дорам, ки «дар мо кори хайри саркардаро то рӯзи Исои Масеҳ ба анҷом хоҳад расонд» (ба Фил. 1:6 ниг.). Ман боз ба ӯ мегӯям: «Бархез, мунаввар шав, зеро ки нури ту омада аст, ва ҷалоли Худованд бар ту тулӯъ намудааст» (Иш. 60:1). ОЯТҲО АЗ КАЛОМ, ки қудрат доранд дуои шуморо пуртаъсир гардонанд …Навишта шудааст: «Он чиро, ки чашме надидааст, гӯше нашунидааст ва ба дили инсон наомадааст, Худо барои дӯстдорони Худ муҳайё кардааст». 1 Қӯр. 2:9 Чунки дар ҳақиқат оқибате ҳаст, ва умеди ту барбод нарафтааст. Мас. 23:18 Эй писарам! Ин чизҳо аз назарат дур нашавад; зеҳн ва фаросатро нигоҳдорӣ намо, — ва онҳо барои ҷони ту ҳаёт ва барои гардани ту зевар хоҳанд буд. Он гоҳ дар роҳи худ бо амният қадамгузор хоҳӣ шуд, ва пои ту нахоҳад лағжид. Вақте ки хоб равӣ, нахоҳӣ тарсид; ва чун хобат барад, хоби ту ширин хоҳад буд. Аз ваҳми ногаҳонӣ нахоҳӣ тарсид ва аз ситами шарирон, вақте ки падид ояд, зеро ки Худованд умедбахши ту хоҳад буд ва пои туро аз дом нигоҳ хоҳад дошт. Мас. 3:21-26 Хона ва дороӣ мероси падарон аст, вале зани соҳибфаҳм аз ҷониби Худованд аст. Мас. 19:14 Зеро фикрҳоеро, ки Ман дар бораи шумо дорам, Ман медонам, — мегӯяд Худованд, — фикрҳое ки ба осоиштагӣ оид аст, на ба бадӣ, то ки ба шумо ояндаи нек ва умедворӣ бибахшам. Ва шумо Маро хоҳед хонд, ва омада пеши Ман дуо хоҳед гуфт, ва Ман шуморо иҷобат хоҳам намуд. Ва Маро хоҳед ҷӯст, ва пайдо хоҳед кард, ба шарте ки бо тамоми дили худ Маро ҷӯcтуҷӯ намоед. Ирм. 29:11-13