<< Ба ақиб
|
|
Макс Лукадо
Ин одамон киҳоянд? Одамони муқаррарӣ дар дастони Худои тавоно
Дар ин китоб дар бораи он гуфта мешавад, ки Худо одамони муқаррариро ба дигаргун намудани ҷаҳон ҷалб мекард (ва мекунад!) На муқаддасон, на мутафаккирони бузург, балки одамони муқаррариро. Ин одамон киҳоянд? Ҳилагарон, қаллобон, дурӯғгӯён... Тасаввур кунед, сухан дар бораи Иброҳим, Мусо, Павлус, Петрус, Матто ва бисёр дигар касон меравад, ки мо «қаҳрамонони имон» меҳисобем. Онҳо он вақт қаҳрамон шуданд, ки Худо ҳамаи нокомилиҳои онҳоро бо муҳаббати Худ ислоҳ намуд. Аммо, чунон ки муаллиф мегӯяд, аз ҳама муҳимтар он аст, ки ин одамон — мову шумо мебошем. Маҳз мо хиёнат карда метавонем. Мо марҳамат намекунем. Мо дурӯғ мегӯем. Мо зино мекунем. Мо кӯшиш менамоем ҳама корро ба таври худ кунем. Аммо Худо ҳамаи чизҳои бадро дар инсон барканор гузошта, ҳама чизи беҳтаринро мегирад, то ки дар ӯ ҷалоли Ӯ зоҳир шавад.
|