# Китобхона

           
Номгӯи китобҳо
Видео
Барномаҳо барои хониш

Барномаҳо барои хониш

• Барномаҳои бепул барои хониши китобҳои электронӣ барои форматҳои: PDF, EPUB, FB2, DOCX, RTF, TXT
• Дастуруламал барои бехатарии иттилоотӣ

Агар ягон формати китоби электронӣ кушода нашавад, шояд барномаи мушоҳидаи ин фароматро насб накарда бошед. Дар зер рӯйхати барномаҳои бепул оварда шудааст. Ин барномаҳоро гирифтан // даунлоуд кардан ва дар дастгоҳи шумо насб кардан даркор аст.

• Барои хониш ва чопи китоб дар формати PDF мо истифодаи Adobe Reader -ро тавсия менамоем.
Аз сомонаи таҳиягарон дар ин ҷо гирифтан // даунлоуд кардан мумкин аст: https://get.adobe.com/ru/reader/

• Ҳамчунин алтернативаи хуб ҳаст – Foxit Reader.
Аз сомонаи таҳиягарон дар ин ҷо гирифтан // даунлоуд кардан мумкин аст: https://www.foxitsoftware.com/ru/downloads/

• Барои хониши китоб дар формати EPUB мо истифодаи Icecream Ebook Reader -ро тавсия медиҳем.
Версияи охиринро дар ин ҷо гирифтан // даунлоуд кардан мумкин аст: https://icecreamapps.com/ru/Ebook-Reader/

• Барои хониши китоб дар формати FB2 мо истифодаи Cool Reader -ро тавсия медиҳем.
Версияи охиринро дар ин ҷо гирифтан // даунлоуд кардан мумкин аст: https://sourceforge.net/projects/crengine/

• Барои кор бо файлҳо дар формати RTF ва DOCX мо истифодаи Microsoft Office -ро тавсия медиҳем. Бояд гуфт, ки барои кушодани файлҳои DOCX ба шумо Microsoft Office 2003 бо навсозиҳо, ё Microsoft Office 2007, ё версияи навтар даркор аст.
Ҳамчунин метавонед бастаи Open Office -ро истифода баред, ва версияи охирини онро дар сомонаи таҳиягар бор кунед: https://www.openoffice.org/ru/

•  Барои хониши ҳуҷҷатҳо дар формати TXT муҳаррири матнро, ки дар системаи шумо ҳаст, истифода баред. Барои дастгирии шрифтҳои миллӣ бояд кодировкаи UNICODE (UTF) дастгирӣ мешуда бошад.
Барои ин мо барномаи Akelpad -ро тавсия дода метавонем: http://akelpad.sourceforge.net/ru/

Дастуруламал барои бехатарии иттилоотӣ

Барои таъмини анонимӣ будан ҳангоми хониш ва гирифтани // даунлоуд кардани китобҳои электронӣ як қатор қоидаҳои соддаро риоя намудан даркор аст:

1. Ҳангоми истифодаи браузер сомонаро дар реҷаи «инкогнито», ки онро ҳамаи браузерҳои машҳур дастгирӣ мекунанд, кушодан тавсия дода мешавад. Дар ин реҷа таърихи воридшавиҳо ба сомонаҳо ва рӯйхати файлҳои боркардашуда маҳфуз намемонад.

Масалан, барои Google Chrome ин амалро бо якҷоя пахш кардани клавишаҳои Ctrl+Shift+N даъват намуда метавонед.

Дар браузери машҳури Mozilla Firefox реҷаи хусусӣ бо якҷоя пахш кардани клавишаҳои Ctrl+Shift+P фаъол карда мешавад.

Дар браузери Опера низ имконияти истифодаи реҷаи хусусӣ ҳаст: Ctrl+Shift+N.

Дар айни ҳол бояд фаҳмид, ки таърихи воридшавиҳо ба ҳамаи сомонаҳои интернетӣ метавонад дар интернет-провайдератон маҳфуз монад, бе он ки шумо бохабар бошед; ё, агар ин корро дар ҷои коратон кунед, пас дар журнали прокси сервери корпоративӣ маҳфуз монад, ва эҳтимол, ин боиси халалдор шудани эътибори шумо гардида тавонад. Хаёлоти хомро оид ба хусусӣ будани фаъолияти худ суиистифода накунед.

2. Ҳамчунин дар хатчӯбҳо ва дар панелҳои дастрасии босуръат маҳфуз доштани адреси сомонаи додашударо маслиҳат намедиҳем.

3. Агар китобҳои аз сомонаҳо гирифташуда // даунлоудшуда эътибори шуморо халалдор карда метавониста бошанд, беҳтараш онҳоро дар компютери корхона ё хонагӣ нигоҳ надоред, балки дар ҳомилҳои берунӣ (масалан, USB-флэшкаҳо) ва дур аз компютер нигоҳ доред.

Бофаҳм ва масъулиятшинос бошед!