меню

2 Номаи Юҳанно 1 Боб


1-2 Аз роҳбари ҷамоати имондорон ба хонуме, ки Худо интихоб кардааст ва фарзандони вай, ки ба ростӣ дӯсташон медорам. Мо ҳарду ҳамон як ростиро дӯст медорем, ки он дар мо ҳоло мебошад ва то абад бо мо мемонад. На фақат ман шуморо дӯст медорам, балки ҳамаи онҳое ҳам, ки ростиро мешиносанд.

3 Бигзор файзу меҳрубонӣ, раҳму шафқат ва сулҳу осоиштагӣ аз ҷониби Худо Падар ва Исои Масеҳ, Писари Падар бо мо, ки ростиро медонем ва якдигарро дӯст медорем, бошад.

4 Аз фаҳмидани он, ки баъзе фарзандони шумо мувофиқи фармоиши Падар дар роҳи ростӣ зиндагӣ мекунанд, бениҳоят хурсанд шудам.

5 Ҳоло ҳам, хонуми муҳтарам, ба шумо на фармони нав, балки ҳамонеро, ки аз аввал доштем, менависам ва хоҳиш мекунам, ки ҳамаамон якдигарро дӯст дорем.

6 Муҳаббат бошад, дар ин аст, ки мо ба фармонҳои Худо итоат намуда, зиндагӣ кунем. Фармони Ӯ ҳамонест, ки аз аввал шунидаед, яъне бо роҳи муҳаббат равед.

7 Дар ҷаҳон бисёр фиребгарон баромадаанд, ки бо ҷисми инсонӣ омадани Исои Масеҳро иқрор намекунанд. Ин хел одамон фиребгар ва душмани Масеҳ ҳастанд.

8 Эҳтиёт шавед, то чизеро, ки барояш заҳмат кашидаем, аз даст надиҳед. Баръакс, ба мукофоти пурра ноил гардед.

9 Ҳар кӣ таълимоти Масеҳро иҷро намекунаду аз ҳадду ҳудуди он мебарояд бо Худо нест. Аммо касе, ки дар ин таълимот мемонад, ҳам бо Падар ва ҳам бо Писар мебошад.

10 Агар касе пеши шумо ояду ин таълимотро наоварад, ӯро ба хонаатон роҳ надиҳед ва қабул накунед.

11 Зеро касе, ки ӯро қабул мекунад, шарики корҳои бади ӯ мегардад.

12 Боз чизи зиёд ба шумо гуфтанӣ ҳастам, вале намехоҳам, ки онро бо ранг дар рӯйи коғаз нависам. Ман умедворам, ки шуморо хабар гирифта, чашм ба чашм гап мезанем, то ки шодиамон лабрез гардад.

13 Фарзандони хоҳарат, ки Худо интихоб кардааст, ба ту салом мегӯянд.

Бобҳо: 1