3 Номаи Юҳанно 1 Боб
1 Аз роҳбари ҷамоати имондорон ба Ғоюси азиз, ки дар ростӣ ӯро дӯст медорам.
2 Дӯсти азизам, ман дуо мекунам, ки аз ҳар ҷиҳат ривоҷу равнақ ёбӣ ва сиҳату саломат бошӣ, чуноне ки дилу ҷонат равнақ меёбад.
3 Вақте ки чанд бародарон омада, ба ман шаҳодат доданд, ки ту ба ростӣ бовафо ҳастӣ ва дар роҳи ростӣ меравӣ, ман бениҳоят хурсанд шудам.
4 Аз шунидани он, ки фарзандони ман дар роҳи ростӣ мераванд, бароям хурсандии бузургтаре нест.
5 Дӯсти азиз, ту нисбат ба имондорон, ҳатто имондорони бароят ношинос вафодорона рафтор мекунӣ.
6 Ин бародарону хоҳарон дар бораи муҳаббати ту дар пеши ҷамоати имондорон шаҳодат доданд. Кори хуб мекунӣ, агар онҳоро тавре ба сафарашон гусел намоӣ, ки иззати Худоро ба ҷо меорад.
7 Чунки онҳо аз барои номи Ӯ ба сафар баромадаанд ва аз беимонон чизе қабул накарданд.
8 Бинобар ин мо бояд чунин одамонро таъмин намоем, то ки дар роҳи ростӣ ҳамкор шавем.
9 Ман дар бораи ин ба ҷамоати имондорон навишта будам, аммо ҳамон Диютрифис, ки роҳбарӣ карданро дӯст медорад, гапи моро дар замин монд.
10 Пас, дар сурати омаданам ман корҳои ӯро ва суханони зишташро, ки бар зидди мо мегӯяд, ба рӯйи об мебарорам. Ба ӯ ин корҳояш ҳам кам аст, ки боз аз қабул кардани бародарону хоҳарон рӯй мегардонад. Ӯ ба дигарон низ, ки қабул кардан мехоҳанд, роҳ намедиҳад. Ҳатто онҳоро аз ҷамоати имондорон берун мекунад.
11 Дӯсти азизам, рафтори хубро тақлид кун на рафтори бадро. Зеро ҳар кӣ хубӣ мекунад, аз ҷониби Худо аст. Аммо касе, ки бадӣ мекунад, Худоро надидааст.
12 Ана Димитриюсро ҳама таъриф мекунанд, ҳатто худи ростӣ инро тасдиқ мекунад. Мо ҳам дар бораи ӯ шаҳодат медиҳем ва ту медонӣ, ки шаҳодати мо рост аст.
13 Боз чизи зиёд ба ту гуфтанӣ ҳастам, лекин намехоҳам, ки онро бо ранг дар рӯйи коғаз нависам.
14 Ман умедворам, ки ба зудӣ туро мебинам ва чашм ба чашм гап мезанем.
15 Саломат бош. Дӯстони ин ҷо будаат ба ту салом мегӯянд, ту низ дӯстони он ҷоро як ба як салом гӯй.
Бобҳо: 1