Номаи Яҳудо 1 Боб
1 Салом ба ҳамаи онҳое, ки Худо Падар даъват кардааст, дӯст доштааст ва ба воситаи Исои Масеҳ дар паноҳаш нигоҳ медорад. Ман, Яҳудо, ки хизматгори Исои Масеҳ ва бародари Яъқуб ҳастам,
2 ба шумо раҳму шафқат, осоиштагӣ ва муҳаббати бештару бештар орзумандам!
3 Эй азизон, хеле мехостам ба шумо дар бораи наҷоте нависам, ки мо бо ҳам дар он шарик ҳастем. Лекин ҳоло зарур донистам, ки ин номаро навишта, шуморо рӯҳбаланд созам, то имонеро, ки боре ба халқи Худо дода шудааст, ҳимоя намоед.
4 Зеро баъзе касон, ки дар бораи ҷазо гирифтанашон ҳанӯз дар замони қадим навишта шуда буд, дар миёни шумо пинҳонӣ ҷой гирифтаанд. Онҳо худобехабар буда, файзу меҳрубонии Худои моро ҳамчун иҷозат ба бадахлоқии ҷинсӣ медонанд ва ягона Ҳокиму Худованди мо Исои Масеҳро рад мекунанд.
5 Ҳоло мехоҳам он чиро, ки худатон хуб медонед, бори дигар ба шумо хотиррасон намоям. Худованд халқи Худро аз сарзамини Миср халос кард, вале сипас ҳамаи онҳоеро, ки имон надоштанд, нобуд сохт.
6 Инчунин, фариштаҳоеро, ки мақоми худро нигоҳ надошта, манзилашонро тарк карданд, Худо занҷирбанд намуда, дар торикии абадӣ барои рӯзи бузурги қиёмат нигоҳ медорад.
7 Мисли ин фариштаҳо, шаҳрҳои Садуму Амуро ва деҳоти гирду атрофи онҳо, ки ба бадахлоқии ҷинсӣ ва хоҳишҳои ғайритабиӣ дода шуда буданд, ҳамчун намуна гирифтори ҷазои оташи абадӣ гаштанд.
8 Айнан ҳамин тавр ин шахсони хобу хаёлпараст низ ҷисмашонро ҳаром мекунанду ҳеҷ ҳокимиятро қабул наменамоянд ва қувваҳои осмониро бадгӯйӣ мекунанд.
9 Ҳол он ки ҳатто сардори фариштагон Микоил чун бо шайтон дар бораи ҷасади Мусо пайғамбар баҳс мекард, ба худ раво надид, ки ӯро дашном дода, айбдор кунад. Ӯ фақат ҳаминро гуфт: «Ҷазои туро Худованд диҳад».
10 Ин одамон намедонанд, ки дар асл киро бадгӯйӣ мекунанд. Лекин онҳо ба монанди ҳайвони бефаросат донистагии ҳиссиёти худро иҷро мекунанд ва ба сари худ ҳалокат меоваранд.
11 Вой бар ҳоли чунин одамон, чунки бо роҳи Қоин мераванд, пул гуфта, гирифтори хатои Билъом шудаанд ва саркашӣ намуда, мисли Қураҳ нобуд мешаванд.
12 Онҳо ҳамроҳи шумо ба сари дастархон, ки бо муҳаббат барои хӯроки шоми Худованд ҷамъ мешавед, ба монанди сангҳои хатарноки зериобӣ мешинанду бар ивази дигаронро фикр кардан бешармона ғами шиками худро мехӯранд. Онҳо абрҳои беобанд, ки бод мебарад ва дарахтони бемеваанд, ки дар тирамоҳ решакан мешаванд ва дубора мемиранд.
13 Онҳо мавҷҳои шадиди баҳранд, ки шармандагии худро мисли кафк рӯйи об мебароранд. Онҳо ситорагони овораанд, ки дар ҷойи тип-торик ҷазои абадӣ онҳоро интизор аст.
14 Ҳамчунин Ҳанӯх, ки насли ҳафтуми Одам буд, дар бораи онҳо пешгӯйӣ намуда гуфтааст: «Бингар, Худованд бо ҳазор-ҳазор нафарони халқи Худ меояд.
15 Ӯ меояд, то ки ҳамаро ҳукм кунад ва ҷони ҳар гунаҳкорро мувофиқи кирдори бадаш ва суханони бешармонааш, ки ба Ӯ гуфтааст, ҷазо диҳад».
16 Онҳо ҳамеша шикоят мекунанд ва баҳона меҷӯянд, аз пайи хоҳишҳои худ ҳастанд, бо худ меболанд ва барои фоидаи худ хушомад мезананд.
17 Аммо шумо, азизон, суханони фиристодагони Худовандамон Исои Масеҳро, ки пеш ба шумо гуфта буданд, фаромӯш накунед.
18 Онҳо ба шумо чунин мегуфтанд: «Дар охирзамон шахсоне пайдо мешаванд, ки ростии Худоро масхара карда, аз пайи хоҳишҳои бади худ мераванд».
19 Онҳо ҷудоӣ меандозанд, мувофиқи майлҳои ҷисмонӣ рафтор мекунанд, лекин Рӯҳулқудсро, яъне Рӯҳи Худоро надоранд.
20 Аммо шумо, азизон, ҳамеша бо роҳнамоии Рӯҳулқудс дуо карда, имони поктаринатонро дар худ мустаҳкам созед.
21 Дар муҳаббати Худо бимонед, чунки ҳоло дар интизори раҳму шафқати Худовандамон Исои Масеҳ ҳастед, ки он ба ҳаёти абадӣ мебарад.
22 Нисбат ба онҳое, ки дудила ҳастанд, раҳмдил бошед.
23 Баъзеро гӯё аз дами оташ кашида, наҷот диҳед. Нисбати баъзеи дигар дилсӯзӣ намоед, аммо эҳтиёт кунед ба либосе, ки олудаи ҷисми гунаҳкор аст, ҳатто даст нарасонед.
24-25 Ба Ӯ, ки шуморо аз гуноҳ нигоҳ дошта, бе камбудӣ ва бо шодмонӣ пеши шукӯҳу ҷалоли Худ оварда метавонад, яъне бар Худои ягона, ки ба воситаи Худованд Исои Масеҳ Наҷотдиҳандаи мо шудааст, шаъну шараф, шукӯҳу ҷалол ва қуввату қудрат аз асрҳои пеш то имрӯз ва то абад бодо! Омин!
Бобҳо: 1