ДӮСТОНИ АЗИЗ!
Мо бо камоли хушнудӣ ба шумо иловаро ба тақвими соли 2026 бо номи
"Сюжетҳои инҷилӣ" пешниҳод
мекунем. Он матнҳои пурраеро дар бар мегирад, ки дар тақвим барои дувоздаҳ моҳ инъикос ёфтаанд. Онҳо хислат ва
ниятҳои Худоро ошкор мекунанд, сабабҳои мушкилоти инсониро равшан мекунанд, роҳи наҷотро нишон медиҳанд ва
дурнамои сарнавишти ояндаи моро пешниҳод мекунанд.
Хониши андешамандона ва бодиққати ҳар як сюжети инҷилӣ ба шумо имкон медиҳад, ки бо рӯйдодҳои ду ҳазор сол пеш
рӯйдода тамос пайдо кунед, фаҳмед, ки масеҳият чӣ гуна пайдо шудааст ва таҷрибаи фаромӯшношудании хониши Каломи
Худоро аз сар гузаронед.
Ба шумо таассуроти дурахшонтарин ва гуворотаринро хоҳонем! Ҳамчунин, агар омӯзиши Китоби Муқаддасро давом додан хоҳед, ё саволҳо дошта бошед
ва ба дастгирии рӯҳонӣ эҳтиёҷ дошта бошед, лутфан бо шахсе ки ба шумо тақвимро додааст, муроҷиат намоед; ӯ
албатта медонад, ки калисо ё гурӯҳи имондороне ки Каломи Худоро меомӯзанд, дар куҷо ҷамъ мешаванд.
АВВАЛ ДАР ПАЙИ ПОДШОҲИИ ХУДО ВА РОСТИИ Ӯ БОШЕД...
Чун Исо мардумро дид, ба кӯҳе баромад ва нишаст. Пас шогирдонаш назди Ӯ омаданд. Он гоҳ Ӯ даҳони Худро
кушода, онҳоро таълим дода гуфт: «Хушо касоне ки рӯҳан бенаво ҳастанд, зеро Подшоҳии Осмон аз они онҳост. Хушо
мотамзадагон, зеро онҳо тасаллӣ меёбанд. Хушо нармдилон, зеро онҳо вориси сарзамин мешаванд. Хушо гуруснагон ва
ташнагони ростӣ, зеро онҳо
сер мешаванд. Хушо марҳаматкунандагон, зеро онҳо марҳамат меёбанд. Хушо покдилон, зеро онҳо Худоро мебинанд.
Хушо сулҳҷӯён, зеро онҳо фарзандони Худо номида мешаванд. Хушо таъқибшудагон дар роҳи ростӣ, зеро Подшоҳии Осмон
аз они онҳост. Хушо шумо, ҳангоме ки шуморо ба хотири Ман дашном диҳанд ва таъқиб намоянд ва ҳар сухани баде бо
дурӯғ зидди шумо
гӯянд.
Шод ва хушҳол бошед, чунки подоши шумо дар осмон бузург аст. Зеро пайғамбарони пеш аз шуморо низ ҳамин тавр
таъқиб мекарданд. Шумо намаки ҷаҳон ҳастед. Лекин агар намак қувваташро гум кунад, бо кадом чиз боз намакин
шавад? Дигар ҳеҷ кор намеояд, магар ин ки ба берун партофта шавад ва поймоли одамон гардад. Шумо нури
ҷаҳон ҳастед. Шаҳре ки дар болои кӯҳ аст, пинҳон шуда наметавонад. Чароғро низ афрӯхта, на дар зери
зарфе, балки бар чароғдон мегузоранд, ва он гоҳ ба ҳама касоне ки дар хонаанд, рӯшноӣ медиҳад. Ҳамчунин бигзор
нури шумо ба одамон тобад, то корҳои неки шуморо дида, Падари шуморо, ки дар осмон аст, ҳамду сано хонанд. Гумон
накунед, ки барои бекор кардани Таврот ё навиштаҳои пайғамбарон омадаам. Наомадаам, ки бекор кунам, балки ба ҷо
оварам.
Зеро ба ростӣ ба шумо мегӯям: то осмон ва замин аз миён наравад, ҳеҷ як
ҳарфе ё нуқтае аз Таврот аз миён намеравад, то даме ки ҳамааш иҷро
шавад. Пас, ҳар кӣ яке аз ин фармудаҳои хурдтаринро вайрон кунад ва ба
одамон чунин таълим диҳад, вай дар Подшоҳии Осмон хурдтарин шумурда
мешавад. Вале ҳар кӣ ба амал оварад ва таълим диҳад, вай дар Подшоҳии
Осмон бузург шумурда мешавад. Зеро ба шумо мегӯям: агар росткории шумо
аз росткории китобдонон ва фарисиён бартарӣ надошта бошад, ба Подшоҳии
Осмон дохил намешавед. Шунидаед, ки ба қадимиён гуфта шудааст: "Одамкушӣ
накун;a ҳар кӣ одамкушӣ кунад, сазовори доварӣ мешавад". Лекин Ман ба
шумо мегӯям: ҳар кӣ ба бародари худ беҳуда хашм гирад, сазовори доварӣ
мешавад; ҳар кӣ бародари худро "аҳмақ" гӯяд, сазовори ҳукми шӯро
мешавад; ва ҳар кӣ "аблаҳ" гӯяд, сазовори оташи дӯзах мешавад.
Пас, ҳангоме ки қурбонии худро назди қурбонгоҳ оварӣ, ва дар он ҷо ба
хотират ояд, ки бародарат аз ту норозист, қурбонии худро дар он ҷо назди
қурбонгоҳ мон, ва рафта, аввал
бо бародари худ оштӣ кун, ва баъд омада, қурбонии худро
тақдим намо. Ҳанӯз ки бо даъвогари худ дар роҳ ҳастӣ, зуд бо вай оштӣ
шав, то даъвогар туро ба қозӣ насупорад, ва қозӣ туро ба навкар
насупорад, ва туро ба зиндон напартоянд. Ба ростӣ ба ту мегӯям: то
тангаи охиринро надиҳӣ, аз он ҷо берун намеравӣ.
Шунидаед, ки гуфта шудааст: "Зино накун". Лекин Ман ба шумо мегӯям: ҳар
кӣ ба зане бо чашми шаҳват нигоҳ кунад, дар дили худ бо вай зино
кардааст. Пас агар чашми ростат туро ба васваса андозад, онро канда, аз
худ дур кун; чунки барои ту беҳтар аст, ки яке аз узвҳоят нобуд гардад,
ва тамоми баданат ба дӯзах партофта нашавад. Ва агар дасти ростат туро
ба васваса андозад, онро бурида, аз худ дур кун; чунки барои ту беҳтар
аст, ки яке аз узвҳоят нобуд гардад, ва тамоми баданат ба дӯзах партофта
нашавад.
C
Ҳамчунин гуфта шудааст: "Ҳар кӣ аз зани худ ҷудо мешавад, бояд
талоқномае ба вай диҳад". Лекин Ман ба шумо мегӯям: ҳар кӣ аз зани худ,
ғайр аз айби фосиқӣ, ҷудо шавад, боиси зинокории вай мегардад; ва ҳар кӣ
зани талоқшударо гирад, зино мекунад.
Боз шунидаед, ки ба қадимиён гуфта шудааст: "Қасами дурӯғ ёд накун ва ба
қасами худ дар назди Худованд вафо кун". Лекин Ман ба шумо мегӯям:
ҳаргиз қасам ёд накун; на ба осмон, чунки тахти Худост; на ба замин,
чунки пойандози Ӯст; на ба Уршалим, чунки шаҳри Подшоҳи бузург аст; ва
на ба сари худ қасам ёд кун, чунки як тори мӯйро сафед ё сиёҳ кардан
наметавонӣ. Балки сухани шумо: "ҳа, ҳа" ва "не, не" бошад. Он чи зиёда
аз ин бошад, аз шарир аст. Шунидаед, ки гуфта шудааст: "Чашм дар ивази
чашм, дандон дар ивази дандон". Лекин Ман ба шумо мегӯям: ба бадӣ
муқобилат накунед. Балки агар касе ба рухсораи ростат торсакӣ занад,
дигарашро низ сӯи ӯ гардон; ва агар касе ба ту даъво карда, куртаатро
гирифтанӣ шавад, ҷомаи худро низ ба ӯ бидеҳ; ва ҳар кӣ туро ба тай
кардани як милh роҳ маҷбур кунад, ҳамроҳи ӯ ду мил рав.
Ба касе ки аз ту чизе хоҳиш кунад, бидеҳ, аз касе ки аз ту қарз хоҳад,
рӯ нагардон. Шунидаед, ки гуфта шудааст: "Ёратро дӯст дор ва аз душманат
нафрат кун". Лекин Ман ба шумо мегӯям: душманони худро дӯст доред; барои
онҳое ки шуморо лаънат мегӯянд, баракат хоҳед; ба онҳое ки аз шумо
нафрат доранд, некӣ кунед; ва барои онҳое ки шуморо
озор медиҳанд ва таъқиб мекунанд, дуо гӯед, то фарзандони Падари худ, ки
дар осмон аст, гардед. Зеро Ӯ офтоби Худро бар бадону некон метобонад ва
борон бар росткорону каҷкорон меборонад. Агар фақат дӯстдорони худро
дӯст доред, чӣ подоше меёбед? Оё боҷгирон низ чунин намекунанд? Ва агар
танҳо ба дӯстони худ салом гӯед, чӣ бартарие доред? Оё боҷгирон низ
чунин намекунанд? Пас, комил бошед, чунон ки Падари шумо, ки дар осмон
аст, комил аст.
Ҳушёр бошед, ки садақаи худро пеши назари одамон надиҳед, то онҳо шуморо
бинанд; вагарна шумо аз Падари худ, ки дар осмон аст, подоше надоред.
Пас, ҳангоме ки садақае медиҳӣ, пешопеши худ карнай нанавоз, чунон ки
дурӯягон дар куништҳо ва кӯчаҳо мекунанд, то одамон онҳоро ситоиш
кунанд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям: онҳо подоши худро гирифтаанд. Аммо
ҳангоме ки ту садақа медиҳӣ, бигзор дасти чапат аз он чи дасти ростат
мекунад, хабардор нашавад, то садақаи ту дар ниҳон бошад. Он гоҳ Падари
ту, ки ниҳонбин аст, ба ту ошкоро сазо медиҳад. Ҳангоме ки дуо мегӯӣ,
монанди дурӯягон набош, ки онҳо дӯст медоранд дар куништҳо ва сари
кӯчаҳо истода дуо гӯянд, то ки ба одамон худро нишон диҳанд. Ба ростӣ ба
шумо мегӯям: онҳо подоши худро гирифтаанд.
Лекин ту, ҳангоме ки дуо мегӯӣ, ба ҳуҷраи худ даро ва дарро баста, ба
Падари худ, ки ниҳон аст, дуо гӯй. Он гоҳ Падари ту, ки ниҳонбин аст, ба
ту ошкоро сазо медиҳад. Ҳамчунин, дар вақти дуо чун бутпарастон пургӯӣ
накунед; чунки онҳо гумон мекунанд, ки ба сабаби пургӯӣ дуояшон шунида
мешавад. Монанди онҳо набошед; чунки Падари шумо эҳтиёҷҳои шуморо, пеш
аз он ки хоҳиш кунед, медонад. Пас ин гуна дуо гӯед:
"Эй Падари мо, ки дар осмонӣ! Номи Ту муқаддас бод. Подшоҳии Ту
биёяд. Хости Ту, чунон ки дар осмон аст, Дар замин ҳам ба амал ояд.
Нони ҳаррӯзаи моро имрӯз ба мо деҳ. Ва гуноҳҳои моро бубахш, чунон ки
мо низ ба онҳое ки ба мо гуноҳ кардаанд, мебахшем. Ва моро ба озмоиш
дучор накун, балки моро аз шарир раҳоӣ деҳ. Зеро Подшоҳӣ ва қувват ва
ҷалол то абад аз они Туст. Омин"»
.
Зеро, агар шумо ба одамон хатоҳошонро бахшед, Падари шумо, ки дар осмон
аст, ба шумо низ мебахшад; ва агар шумо ба одамон хатоҳошонро набахшед,
Падари шумо низ хатоҳои шуморо ба шумо намебахшад. Ҳамчунин, ҳангоме ки
рӯза медоред, монанди дурӯягон туршрӯ набошед; чунки онҳо чеҳраи худро
дигаргун мекунанд, то назди одамон рӯзадор тобанд. Ба ростӣ ба шумо
мегӯям, ки онҳо подоши худро гирифтаанд. Лекин ту, ҳангоме ки рӯза
медорӣ, ба сари худ равған бимол ва рӯи худро бишӯй, то на дар пеши
одамон, балки дар пеши Падари худ, ки ниҳон аст, рӯзадор бошӣ. Он гоҳ
Падари ту, ки ниҳонбин аст, ба ту сазо медиҳад.
Дар рӯи замин барои худ ганҷҳо ғун накунед, ки дар ин ҷо куя ва занг
мезанад, ва дуздон нақб канда, медузданд; балки барои худ ганҷҳо дар
осмон ғун кунед, ки дар он ҷо куя ва занг намезанад, ва дуздон нақб
намекананд ва намедузданд. Зеро ҳар ҷо, ки ганҷи шумост,
дили шумо низ дар он ҷо мешавад.
Чароғи бадан чашм аст. Агар чашмат нек бошад, тамоми баданат равшан
мешавад. Лекин агар чашми ту бад бошад, тамоми баданат торик мешавад.
Пас, агар рӯшноие ки дар туст, торикӣ бошад, чӣ гуна бузург аст он
торикӣ! Ҳеҷ кас бандаи ду хоҷа буда наметавонад: зеро ё якеро бад дида,
дигареро дӯст медорад, ё ба яке часпида, дигареро хор мешуморад. Шумо
бандаи Худо ва бандаи пулa будан наметавонед.
Бинобар ин ба шумо мегӯям: барои зиндагии худ ғамхорӣ накунед, ки чӣ
хӯред ва чӣ нӯшед; низ барои бадани худ, ки чӣ пӯшед. Оё зиндагӣ аз
хӯрок ва бадан аз пӯшок муҳимтар нест?
Ба парандагони осмон нигоҳ кунед, ки на мекоранд ва на медараванд ва
на дар анборҳо захира мекунанд; ва Падари осмонии шумо хӯроки онҳоро
медиҳад. Оё шумо аз онҳо хеле арзандатар нестед?
Кист аз шумо, ки бо ғамхории худ умрашро як соат дарозтар карда тавонад?
Ва барои либос чаро ғамхорӣ мекунед? Ба савсанҳои саҳро нигаред, ки чӣ
гуна мерӯянд: на меҳнат мекунанд ва на мересанд. Лекин ба шумо мегӯям,
ки Сулаймон ҳам бо тамоми шукӯҳи худ чун яке аз онҳо либос напӯшидааст.
Пас, агар Худо алафи саҳроро, ки имрӯз ҳасту фардо ба танӯр партофта
мешавад, чунин пӯшонад, магар шуморо, эй сустимонҳоb, аз он беҳтар
пӯшонда наметавонад!
Аз ин рӯ ғамхорӣ накунед ва нагӯед: "Чӣ хӯрем?" ё "Чӣ нӯшем?" ё "Чӣ
пӯшем?" Зеро халқҳо дар пайи ҳамаи ин чизҳо мебошанд, лекин Падари
осмонии шумо медонад, ки шумо ба ҳамаи ин чизҳо эҳтиёҷ доред. Аммо аввал
дар пайи Подшоҳии Худо ва ростии Ӯ бошед, ва ҳамаи ин чизҳо низ ба шумо
дода мешаванд. Пас, барои фардо ғамхорӣ накунед, чунки фардо барои худ
ғамхорӣ мекунад: мушкилоти имрӯз барои имрӯз бас аст.
Доварӣ накунед, то шуморо доварӣ накунанд, зеро ҳамон тавре ки доварӣ
кунед, шуморо доварӣ мекунанд; ва ба ҳар андозае ки чен кунед, ба шумо чен мекунанд. Чаро ту хасеро
дар чашми бародари худ мебинӣ, вале чӯберо дар чашми худ дарнамеёбӣ? Ё
чӣ гуна ба бародари худ мегӯӣ: "Биё, хасро аз чашми ту дур кунам"; ҳол
он ки чӯбе дар чашми туст? Эй дурӯя! Аввал чӯбро аз чашми худ дур кун,
ва он гоҳ дуруст мебинӣ, ки чӣ хел хасро аз чашми бародари худ дур кунӣ.
Он чи муқаддас аст, ба сагон надиҳед ва марвориди худро пеши хукон
напартоед, то онҳоро поймол накунанд ва баргашта, шуморо надаранд.
Хоҳиш кунед, ба шумо дода мешавад; ҷӯед, меёбед; дарро кӯбед, он ба шумо
кушода мешавад. Зеро ҳар кӣ хоҳиш кунад, мегирад, ва ҳар кӣ ҷӯяд,
меёбад, ва ҳар кӣ дарро кӯбад, он ба ӯ кушода мешавад. Кадом одамест аз
шумо, ки агар писараш аз ӯ нон хоҳиш кунад, санге ба вай диҳад? Ё агар
моҳие аз ӯ хоҳиш кунад, море ба вай диҳад? Пас, агар шумо, ки бад
ҳастед, ба фарзандони худ додани туҳфаҳои некро медониста бошед, пас
Падари шумо, ки дар осмон аст, албатта ба онҳое ки аз Ӯ хоҳиш мекунанд,
чизҳои нек медиҳад.
Пас, ҳар он чи мехоҳед, ки одамон ба шумо кунанд, шумо низ ба онҳо
кунед. Ин аст хулосаи Таврот ва навиштаҳои пайғамбарон.
Аз дари танг дароед. Зеро фарох аст он дар ва васеъ аст он роҳе ки сӯи
ҳалокат мебарад, ва онҳое ки ба он дохил мешаванд, бисёранд. Чӣ танг аст
он дар ва душвор аст он роҳе ки сӯи ҳаёт мебарад, ва ёбандагони он кам
ҳастанд. Аз пайғамбарони дурӯғин ҳазар кунед, ки бо либоси гӯсфандон
назди шумо меоянд, лекин аз дарун гургони дарандаанд: Онҳоро аз
меваҳошон мешиносед. Оё аз хор ангур ва аз хас анҷир мечинанд?
Ҳамчунин ҳар дарахти нек меваи хуб меоварад, лекин ҳар дарахти бад меваи бад
меоварад. Наметавонад дарахти нек
меваи бад оварад, ва дарахти бад — меваи хуб. Ҳар дарахте ки меваи хуб
наоварад, бурида ва ба оташ партофта мешавад. Пас, онҳоро аз меваҳошон
мешиносед.
На ҳар касе ки ба Ман: "Худовандо! Худовандо!" мегӯяд, ба Подшоҳии Осмон
дохил мешавад, балки он касе ки хости Падари Маро, ки дар осмон аст, ба
ҷо меоварад. Бисёр касон дар он рӯз ба Ман мегӯянд: "Худовандо!
Худовандо! Оё бо номи Ту пайғамбарӣ накардем? Оё бо номи Ту девҳоро
нарондем? Оё бо номи Ту муъҷизаҳои зиёде нишон надодем?" Он гоҳ дар
ҷавоби онҳо мегӯям: "Ман ҳаргиз шуморо намешинохтам. Аз Ман дур шавед,
эй бадкорон!"
Пас, ҳар кӣ ин суханони Маро шунавад ва ба ҷо оварад, ӯро ба марди доное
монанд мекунам, ки хонаи худро бар санг сохт. Борон борида, селобҳо
равон шуданд, ва бодҳо вазида, ба он хона фишор оварданд; лекин он фурӯ
нарафт, чунки бар санг сохта шуда буд. Аммо ҳар кӣ ин суханони Маро
шунавад ва ба ҷо наоварад, ба марди нодоне монанд аст, ки хонаи худро
бар рег сохт. Борон борида, селобҳо равон шуданд, ва бодҳо вазида, ба он
хона фишор оварданд; ва он хона фурӯ рафт, ва харобии он бузург буд».
Ҳангоме ки Исо ин суханонро ба поён расонд, мардум аз таълими Ӯ дар
ҳайрат монданд, чунки онҳоро ҳамчун соҳибқудрат таълим медод, на ҳамчун
китобдонон ва фарисиён.
Шумо дар ҳаёт беш аз зҳама чиро меҷӯед? Чӣ чиз барои шумо арзиши бештаррин дорад? Таҳсилот, касби бонуфуз, муваффақият, шуҳрат, сарват, қудрат ё дигар неъматҳои заминӣ? Аммо ҳамаи ин чизҳо муваққатӣ ҳастанд! Оё ба коре ки абадӣ нахоҳад буд, сарф кардани тамоми ҳаёти худ арзанда аст? Шумо чиро интихоб мекардед: муваффақияти хаёлии заминӣ, ки дар қабр ба охир мерасад, ё ҳаёти абадии хушбахтона бо Худо баъд аз ин ҳаёти заминӣ? Исои Масеҳ моро даъват мекунад, ки «аввал дар пайи Подшоҳии Худо бошем» ва дар ивази он ваъда медиҳад, ки ҳар чи воқеан ба он эҳтиёҷ дорем, ба мо медиҳад.
ЁРИ МАН КИСТ?
Инак, як шариатдон бархест ва Исоро озмуданӣ шуда, гуфт: «Эй
Устод! Чӣ кунам, ки вориси ҳаёти абадӣ шавам?» Исо ба вай гуфт: «Дар
Таврот чӣ навишта шудааст? Аз он чӣ мефаҳмӣ?» Дар ҷавоб гуфт: «Худованд
Худои худро бо тамоми дил ва бо тамоми ҷон ва
бо тамоми қувват ва бо тамоми ҳуши худ дӯст дор, ва
ёратро монанди худат дӯст дор». Исо ба вай гуфт: «Дуруст ҷавоб додӣ.
Чунин кун, то ки ҳаёт дошта бошӣ». Вале вай, ки мехост худро сафед
кунад, ба Исо гуфт: «Пас, ёри ман кист?».
Исо дар ҷавоб гуфт: «Як шахс, ки аз Уршалим ба Ариҳо мерафт, ба дасти
роҳзанон афтод. Онҳо либосашро кашиданд, ӯро лату кӯб карданд ва дар
ҳолати ниммурда партофта рафтанд. Тасодуфан коҳине аз он роҳ равона буд,
ва ӯро дида, аз пешаш гузашта рафт. Ҳамчунин левизодаеb ки дар он ҷо
роҳгузар буд, наздик омада, ӯро дид ва аз пешаш гузашта рафт. Аммо як
шахси сомарӣ, c ки аз он роҳ мегузашт, ба ӯ дучор шуда ва ӯро дида,
дилаш сӯхт, ва наздик омада, ба захмҳои ӯ равған ва май рехту захмбандӣ
кард, ва ӯро ба чорпои худ савор карда, ба корвонсарое овард ва ба ӯ
ғамхорӣ намуд. Фардои он, пеш аз рафтанаш, ду динор бароварда, ба соҳиби
корвонсарой дод ва ба вай гуфт: "Ба ин шахс нигоҳубин кун; ва агар аз ин
зиёд харҷ кунӣ, ҳангоми баргаштанам ба ту медиҳам". Пас, ба фикри ту,
кадоме аз ин се нафар ёри он шахсе буд, ки ба дасти роҳзанон афтод?»
Гуфт: «Ҳамон ки ба ӯ марҳамат кард». Исо ба вай гуфт: «Рав, ва ту низ
чунин кун».
Кадом ҷиҳатҳои хислатро дар худ бояд инкишоф диҳем, то ба сомарии нек монанд шавем? Чаро намояндаи халқ ва фарҳанги дигар ба шахси эҳтиёҷманд ёрӣ расонд, дар ҳоле ки касоне ки ки бояд аввал ёрӣ мерасонданд, гузашта рафтанд? Киро мо ёри худ ҳисобида метавонем? Ҳамеша касоне ҳастанд, ки ба ёрии фаврӣ эҳтиёҷ доранд. Ва агар мо ба чунин одамон диққат диҳем ва ба онҳо ёрӣ расонем, Худо инро мебинад ва ҳавасманд мекунад. Бо ин восита мо муҳимтарин фармудаи Худоро ба ҷо меоварем.
ЭЙ ПАДАР! ОНҲОРО БУБАХШ...
Пилотус сардорони коҳинон, сардорони дигар ва мардумро даъват
карда, ба онҳо гуфт: «Ин Шахсро ҳамчун гумроҳкунандаи мардум пеши ман
овардед. Инак, ман дар пеши шумо тафтиш кардам ва дар ин Шахс аз он
айбҳое ки шумо ба гардани Ӯ мегузоред, чизе наёфтам. Ҳамчунин Ҳиродус
наёфтааст, зеро ман шуморо назди вай фиристода будам, ва дар Ӯ ҳеҷ
гуноҳи сазовори марг ёфт нашудааст. Пас, Ӯро қамчинкорӣ карда, озод
мекунам». Пилотус бояд ба муносибати ид касеро барои онҳо озод мекард.
Аммо мардум саросар фарёд зада, гуфтанд: «Ӯро куш! Барои мо Барабборо
озод кун». Бараббо барои шӯриш ва кушторе ки дар шаҳр рӯй дода буд, ба
зиндон партофта шуда буд. Боз Пилотус ба онҳо сухан ронд, чунки мехост
Исоро озод кунад. Лекин онҳо фарёд зада, гуфтанд: «Ӯро ба салиб каш, ба
салиб каш!» Бори сеюм вай ба онҳо гуфт: «Ӯ чӣ бадӣ кардааст? Ҳеҷ гуноҳи
сазовори марг дар Ӯ наёфтам. Пас, Ӯро қамчинкорӣ карда, озод мекунам».
Вале онҳо бо фарёди баланд якравона талаб мекарданд, ки Ӯ ба салиб
кашида шавад. Фарёди онҳо ва сардорони коҳинон ғолиб омад.
Ва Пилотус қарор дод, ки талаби онҳо иҷро шавад. Вай шахсеро, ки барои
шӯриш ва куштор дар зиндон нишаста буд, мувофиқи хоҳиши онҳо озод кард;
ва Исоро ба ихтиёри онҳо супурд. Ҳангоме ки Ӯро бурданд, Шимъун ном
касеро, ки аз аҳли Қурин буд ва аз саҳро меомад, даст гирифта, салибро
бар китфаш гузоштанд, то аз паси Исо бардошта барад.
Тӯдаи бузурги мардум ва заноне ки барои Ӯ гиря ва навҳа мекарданд, аз
паси Ӯ равона шуданд. Исо ба онҳо рӯ оварда, гуфт: «Эй духтарони
Уршалим! Барои Ман гиря накунед, балки барои худ ва фарзандонатон гиря
кунед. Зеро рӯзҳое меоянд, ки мегӯянд: "Хушо нозойҳо ва шикамҳое ки
назоидаанд, ва пистонҳое ки шир надодаанд!" Он вақт ба кӯҳҳо мегӯянд:
"Бар мо афтед!" ва ба теппаҳо: "Моро пӯшонед!" Зеро, агар бо дарахти
сарсабз чунин кунанд, бо дарахти хушк чиҳо мекунанд?»
Ду ҷинояткорро низ бо Ӯ барои куштан мебурданд. Ва чун ба ҷое ки
"Косахонаи сар" ном дорад, расиданд, дар он ҷо Ӯро ва он ҷинояткоронро
ба салиб кашиданд, якеро аз дасти рост ва дигареро аз дасти чапи Ӯ.
Исо гуфт: «Эй Падар! Инҳоро бахш, зеро намедонанд чӣ
мекунанд». Он гоҳ либоси Ӯро қуръа партофта, тақсим карданд. Мардум истода,
тамошо мекарданд. Сардорон низ бо онҳо масхаракунон мегуфтанд:
«Дигаронро наҷот медод, бигзор Худро наҷот диҳад, агар Ӯ Масеҳи
интихобшудаи Худо бошад». Сарбозон низ Ӯро истеҳзо мекарданд ва наздик
омада, ба Ӯ сирко медоданд ва мегуфтанд: «Агар Ту Подшоҳи яҳудиён бошӣ,
Худатро наҷот деҳ». Дар болои сари Ӯ бо хати юнонӣ, румӣ ва ибрӣ чунин
лавҳае навишта буданд: «Ин аст Подшоҳи яҳудиён».
Яке аз ҷинояткорони овехташуда Ӯро дашном дода, мегуфт: «Агар Ту Масеҳ
бошӣ, Худро ва моро наҷот деҳ». Аммо дигаре, баръакс, вайро манъ намуда,
гуфт: «Оё ту аз Худо наметарсӣ, дар ҳоле ки худат низ ба ҳамин ҷазо
маҳкум шудаӣ? Ҷазои мо аз рӯи инсоф аст, чунки сазои амали худро
гирифтаем. Лекин Ӯ ҳеҷ бадӣ накардааст». Сипас ба Исо гуфт: «Эй
Худованд, чун бо қудрати Подшоҳии Худ биёӣ, маро ба ёд овар!» Исо ба вай
гуфт: «Ба ростӣ ба ту мегӯям, ки имрӯз бо Ман дар биҳишт мешавӣ».
Оё касонеро, ки ба шумо дард ва азобҳо меоваранд, бахшида метавонед? Оё чизе ҳаст, ки ба хотири он тайёред таҳдидро ба обрӯ ё ҳатто ба ҷони худ қабул кунед ва ба он аҳамият надиҳед? Доварӣ бар Исо на танҳо масхараи сиёсӣ ва динӣ, балки ҷинояти даҳшатнок буд. Исо аз боиси муҳаббат ба одамон ва хоҳиши наҷот додани ҳама роҳ дод, ки ин рӯй диҳад.
Ӯ ЗИНДА ШУД!
Пас аз гузаштани шанбе, шомгоҳи рӯзи якуми ҳафтa, Марями Маҷдалия
ва он Марями дигар барои дидани қабр омаданд. Ногоҳ заминҷунбии сахт рӯй
дод; чунки фариштаи Худованд аз осмон фуромада, сангро аз даҳанаи қабр
ғелонд ва бар он нишаст. Намуди вай монанди барқ ва либосаш чун барф
сафед буд. Посбонон аз вай тарсида, ба ларза афтоданд ва монанди мурда
шуданд. Он гоҳ фаришта ба занон рӯ оварда, гуфт: «Натарсед! Медонам, ки
Исои ба салиб кашидашударо ҷустуҷӯ мекунед. Ӯ дар ин ҷо нест, зеро,
чунон ки гуфта буд, зинда шуд. Биёед ва ҷоеро, ки Худованд хобида буд, бинед. Сипас ба зудӣ рафта,
ба шогирдонаш гӯед, ки "Ӯ аз мурдагон бархест ва инак, пеш аз шумо ба
Ҷалил меравад: дар он ҷо Ӯро мебинед". Инак ба шумо гуфтам». Пас занон
шитобон аз қабр баромада, бо тарс ва шодии бузург давида рафтанд, то ба
шогирдони Исо хабар диҳанд.
Ҳангоме ки барои огоҳ кардани шогирдони Исо мерафтанд, инак Исо ба онҳо
вохӯрда, гуфт: «Салом бар шумо!» Онҳо наздик омада, ба пойҳояш часпиданд
ва ба Ӯ таъзим карданд. Он гоҳ Исо ба онҳо гуфт: «Натарсед! Рафта, ба
бародаронам хабар диҳед, ки ба Ҷалил раванд. Дар он ҷо Маро мебинанд».
Чун занон мерафтанд, баъзе аз посбонон ба шаҳр омада, ба сардорони
коҳинон тамоми воқеаро хабар доданд. Сардорони коҳинон бо пирон ҷамъ
омада ва маслиҳат карда, ба сарбозон пули бисёре доданд ва гуфтанд:
«Гӯед, ки "шогирдони Ӯ шабона омада, ҳангоме ки мо дар хоб будем, Ӯро
дуздидаанд". Ва агар ин хабар ба гӯши ҳоким расад, мо вайро розӣ мекунем
ва шуморо аз хатар раҳо менамоем». Пас сарбозон пулро гирифта, мувофиқи
он нишондод амал карданд. Ва ин овоза то имрӯз дар миёни яҳудиён паҳн
шудааст. Ёздаҳ шогирд ба Ҷалил, ба кӯҳе ки Исо ба онҳо фармуда буд,
рафтанд. Онҳо Исоро дида, ба Ӯ саҷда карданд. Лекин баъзе аз онҳо ба
шубҳа афтоданд.
Он гоҳ Исо наздик омада, ба онҳо гуфт: «Ба Ман ҳамаи қудрат дар осмон ва
бар замин дода шудааст. Пас, равед ва
ҳамаи халқҳоро шогирд созед. Онҳоро ба номи Падару Писару Рӯҳулқудс
таъмид диҳед, ва онҳоро таълим диҳед, то ҳамаи он чиро, ки ба шумо
фармудаам, ба ҷо оваранд. Инак, Ман ҳамарӯза то охири ин давра бо шумо
ҳастам». Омин».
Оё шумо бовар карда метавонед, ки Исо пас аз марги даҳшатнок зинда шуд? Шумо бештар ба кӣ бовар мекунед: ба касоне ки инро ғайриимкон меҳисобанд, ё ба касоне ки шоҳиди зинда шудани Ӯ буданд? Ду ҳазор сол инҷониб ҳақиқат будани воқеаҳои тасвиршуда боиси баҳсу мунозираҳо мегардад. Аммо миллиардҳо масеҳиён дар тамоми ҷаҳон, беайбии Китоби Муқаддас ва иҷро шудани пешгӯиҳои Китоби Муқаддас далели аз мурдагон зинда шудани Исо мебошанд. Шумо бо ин далелҳо чӣ мекунед? Исо қудрати олӣ ва мутлақ дорад, таълимоти Ӯ ҳаққонӣ мебошанд ва талабҳои Ӯ ҳатман бояд иҷро карда шаванд. Ба Хушхабар бовар кунед – Исо ҳақиқатан зинда шудааст!
ЧӮПОНИ НЕК
«Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ ба оғили гӯсфандон аз дар надарояд, балки аз роҳи дигар дохил шавад, вай дузд ва роҳзан аст. Лекин ҳар кӣ аз дар дарояд, чӯпони гӯсфандон аст. Дарбон дарро барои вай мекушояд, ва гӯсфандон ба овози вай гӯш медиҳанд; вай гӯсфандони худро ном ба ном ҷеғ мезанад ва берун мебарад. Чун гӯсфандони худро бароварад, пешопеши онҳо меравад; ва гӯсфандон аз паси вай мераванд, чунки овозашро мешиносанд. Лекин аз паси бегона намераванд, балки аз вай мегурезанд, чунки овози бегонаро намешиносанд». Ҳамин масалро Исо ба онҳо гуфт. Лекин онҳо нафаҳмиданд, ки Ӯ ба онҳо чӣ гуфт... Ман дар ҳастам; ҳар кӣ ба воситаи Ман дарояд, наҷот меёбад, ва ба даруну берун меравад, ва чарогоҳ пайдо мекунад. Дузд меояд, то дуздад, кушад ва нобуд кунад; Ман омадаам, то онҳо ҳаёт ёбанд ва онро ба фаровонӣ дошта бошанд. Ман чӯпони некам. Чӯпони нек ҷони худро барои гӯсфандон фидо мекунад.
Исо бо истифодаи намунаи чӯпон ва гӯсфандон дар бораи муносибати Худ бо мо сухан меронад. Оё шумо тайёред ҳаёти худро ба Чӯпони нек ва ғамхор супоред? Агар ин тавр бошад, гӯш кунед, Исо шахсан ба шумо муроҷиат мекунад. Исоро пайравӣ кунед, Ӯ шуморо ҳимоят ва дастгирӣ мекунад.
МОНАНДИ КӮДАКОН ГАРДЕД...
Дар он соат шогирдон назди Исо омада, гуфтанд: «Кӣ дар Подшоҳии Осмон бузургтар аст?» Исо кӯдакеро ҷеғ зада, дар миёни онҳо ба по гузошт, ва гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: агар дигаргун нашавед ва монанди кӯдакон нагардед, ба Подшоҳии Осмон намедароед. Пас, ҳар кӣ худро монанди ин кӯдак фурӯтан созад, дар Подшоҳии Осмон бузургтар аст; ва ҳар кӣ яке аз ин гуна кӯдаконро ба номи Ман қабул кунад, Маро қабул мекунад. Аммо ҳар кӣ яке аз ин хурдонро, ки ба Ман имон доранд, ба васваса андозад, барои вай беҳтар аст, ки санги осиёе ба гарданаш овехта, дар қаъри баҳр ғарқ кунанд. Вой бар ҳоли ҷаҳон ба сабаби васвасаҳо; зеро васвасаҳо ҳатман рӯй медиҳанд, лекин вой бар ҳоли он касе ки сабаби васваса гардад... Огоҳ бошед, ки ҳеҷ яке аз ин хурдонро хор нашуморед; чунки ба шумо мегӯям, ки фариштаҳои онҳо дар осмон ҳамеша рӯи Падари Маро, ки дар осмон аст, мебинанд.
Агарчи кӯдакон ҳанӯз нашъунамо мекунанд ва инкишоф меёбанд, мо аз онҳо бисёр чизҳоро дар бораи муносибати худ бо Худо ёд гирифта метавонем. Кӯдакон зудбовар, бахшанда ва гузашткунанда ҳастанд, ва ба он чи мешунаванд, самимона бовар мекунанд. Худо аз мо ҳамин гуна муносибатро мехоҳад. Мо бояд чӣ кор кунем, то ки чун кӯдакон ба хости Падари Осмонии худ итоаткор бошем?
ХУРСАНДӢ БАРОИ ГУНОҲКОРИ ТАВБАКУНАНДА
Боз Исо гуфт: «Шахсе ду писар дошт. Хурдии онҳо ба падар гуфт:
"Эй падар! Он қисми молу мулкро, ки бояд ба ман расад, ба ман деҳ". Пас
падар дороии худро ба онҳо тақсим кард. Баъд аз чанд рӯз писари хурдӣ
ҳар он чи дошт, ҷамъ карда, ба кишвари дурдасте рафт ва дар он ҷо дороии
худро дар айшу нӯш исроф намуд. Ҳангоме ки ҳамаашро сарф кард,
гуруснагии сахте дар он кишвар рӯй дод, ва ӯ ба муҳтоҷӣ дучор шуд.
Бинобар ин рафта, хизматгори яке аз сокинони он кишвар шуд, ки вай ӯро
ба саҳрои худ фиристод, то хукбонӣ кунад. Ӯ орзу дошт шиками худро аз
харнубеb ки хукон мехӯранд, пур кунад, лекин ҳеҷ кас онро ба ӯ намедод.
Он гоҳ ӯ ба худ омада, гуфт: "Чӣ қадаре аз мардикорони падарам нони
фаровон доранд, аммо ман дар ин ҷо аз гуруснагӣ ба ҳалокат мерасам!
Бархеста, назди падарам меравам ва ба вай мегӯям: Эй падар! Ман пеши
осмон ва пеши ту гуноҳ кардаам, ва дигар сазовори он нестам, ки писари
ту номида шавам. Маро чун яке аз мардикоронат қабул кун". Пас ӯ
бархеста, сӯи падараш равона шуд.
Ҳанӯз ӯ хеле дур буд, ки падараш ӯро дида, раҳмаш омад; ва падараш тозон
рафта, ӯро ба оғӯш кашиду бӯсид. Писар ба вай гуфт:
"Эй падар! Ман пеши осмон ва пеши ту гуноҳ кардаам, ва дигар сазовори
он нестам, ки писари ту номида шавам". Аммо падар ба ғуломони худ гуфт: "Либоси беҳтарине оварда, ба
ӯ
пӯшонед. Ангуштарин ба дасташ, ва пойафзол ба пойҳояш диҳед. Гӯсолаи
охуриро оварда, кушед; хӯрем ва шодӣ кунем.
Зеро ин писарам мурда буд ва зинда шуд, гум шуда буд ва ёфт
шуд". Пас ба шодӣ кардан шурӯъ намуданд.
Лекин писари калонии вай дар саҳро буд. Ҳангоме ки баргашта, ба хона
наздик шуд, садои мусиқӣ ва рақсро шунид. Яке аз хизматгоронро ҷеғ зада,
пурсид, ки ин чӣ маъно дорад. Вай ба ӯ гуфт: "Бародарат омад, ва падарат
гӯсолаи охуриро кушт, чунки ӯро саломат бозёфт". Ӯ ба хашм омада, нахост
ба хона дарояд. Падараш баромада, ӯро ҷеғ зад. Аммо ӯ дар ҷавоби падараш
гуфт: "Инак, чандин сол аст, ки ман ғуломи ту ҳастам ва ҳаргиз аз
фармони ту гардан натофтаам. Вале ту ҳаргиз ба ман як бузғолае ҳам
надодаӣ, то ки бо дӯстони худ шодӣ кунам. Ва чун ин писарат, ки дороии
туро ба фоҳишаҳо барбод додааст, гашта омад, ту барои вай гӯсолаи
охуриро куштаӣ". Падар ба ӯ гуфт: "Писарам! Ту ҳамеша бо ман ҳастӣ, ва
ҳар он чи ман дорам, аз они туст. Аммо бояд шодӣ ва хурсандӣ мекардем,
зеро ки ин бародарат мурда буд ва зинда шуд, гум шуда буд ва ёфт шуд"».
Масал дар бораи писари гумроҳ ҳикоятест дар бораи муносибати байни мо ва Худо. Баъзеҳо чун писари хурдӣ мероси рӯҳонии худро беҳуда сарф мекунанд ва ба вартаи ноумедӣ ва ноилоҷӣ меафтанд. Дигарон ҳусни таваҷҷуҳи Худовандро меҷӯянд, агарчи ғайр аз худ ҳеҷ касро дӯст намедоранд. Аммо Худо, ҳамчун падари меҳрубон, ҳар касеро, ки «ба худ меояд» ва ҳусни таҷаввуҳи Ӯро меҷӯяд, қабул мекунад. Худованд ҳамеша тайёр аст ба истиқболи мо баромада, оғӯши Худро барои бахшидани мо кушояд. Оё мо тайёрем ба назди Падари Осмонии худ баргардем ва дарк кунем, ки тамоми умр аз рӯи қоидаҳо ва ақидаҳои худ зистаем?
ИМОНАТ ТУРО ШИФО БАХШИД...
Зане дувоздаҳ сол боз гирифтори хунравӣ буд ва азоби бисёре аз
табибони зиёд кашида, ҳамаи дороии худро сарф карда, ҳеҷ фоидае надида
буд, балки аҳволаш торафт бадтар мешуд. Чун овозаи Исоро шунид, дар
миёни он мардум аз пас омада, ба либоси Ӯ даст расонд. Зеро ба худ гуфта
буд: «Агар ба либоси Ӯ фақат даст расонам, шифо меёбам». Дарҳол чашмаи
хуни вай хушк шуд, ва дар ҷисми худ ҳис кард, ки аз беморӣ шифо ёфтааст.
Дар айни замон Исо дар Худ ҳис кард, ки қуввае аз Ӯ берун рафт, ва ба
мардум муроҷиат карда, гуфт: «Кӣ ба либоси Ман даст расонд?».
Шогирдонаш ба Ӯ гуфтанд: «Мебинӣ, ки мардум Туро фишор медиҳанд, ва
мегӯӣ: "Кӣ ба Ман даст расонд?"». Аммо Ӯ ба гирду пеш менигарист, то он
занро, ки ин тавр амал кардааст, бинад. Он зан, чун донист, ки ба худ чӣ
ҳодиса рӯй дод, тарсону ларзон омада, пеши Исо афтод ва тамоми ҳақиқатро
ба Ӯ гуфт. Исо ба вай гуфт: «Духтарам! Имонат туро шифо бахшид. Бо осоиш рав ва аз балои худ
дар амон бош».
Оё дар ҳаёти шумо проблемаи ҳалношудае ҳаст, ки шуморо аз хурсандӣ ва некӯаҳволӣ маҳрум мекунад? Оё ҳанӯз умед доред, ки мустақилона роҳи ҳалро пайдо карда метавонед? Агар не, ба Исо муроҷиат кунед! Кӯшишҳои зани бемор барои шифо ёфтан бо нокомӣ анҷом ёфтанд; ҳама имкониятҳо санҷида шуданд, ва фақат як имконият боқӣ монд, ва он дуруст буд! Мо чӣ дарси ибрат гирифта метавонем? Чӣ сабабгори шифо ёфтани зан гардид? Чаро Исо пас аз шифо ёфтани зан эълон кард, ки ӯ наҷот ёфтааст? Оё тайёред ба қудрати Исо дар тағйир додани ҳаётатон самимона бовар кунед ва барои наҷот ба Ӯ муроҷиат намоед?
КАЛОМИ ХУДО НОНИ ҲАЁТ АСТ
... Он гоҳ Рӯҳ Исоро ба биёбон бурд, то Ӯро иблис озмояд. Исо чил
шабонарӯз рӯза дошта, охир гурусна монд. Он гоҳ озмоишкунанда назди Ӯ
омада, гуфт: «Агар Ту Писари Худо бошӣ, ба ин сангҳо гӯй, ки нон
шаванд». Исо дар ҷавоб гуфт: «Навишта шудааст, ки "одамизод на танҳо бо нон зинда аст,
балки бо ҳар калимае ки аз даҳони
Худо барояд"».
Пас иблис Ӯро ба шаҳри муқаддас гирифта бурд ва ба кунгураи ибодатгоҳ
гузошт, ва ба Ӯ гуфт: «Агар Ту Писари Худо бошӣ, Худро поён парто; чунки
навишта шудааст:
"Ба фариштаҳои Худ дар бораи Ту фармон медиҳад,
Ва Туро рӯи даст мебаранд,
Ки мабодо пои Худро ба санге занӣ"». Исо ба вай гуфт: «Ҳамчунин навишта
шудааст:
"Худованд Худои худро наозмой"».
Боз иблис Ӯро ба кӯҳи бисёр баланде бардошта бурд ва ҳамаи мамлакатҳои
ҷаҳон ва шукӯҳи онҳоро ба Ӯ нишон дод, ва ба Ӯ гуфт: «Агар рӯй ба замин
ниҳода, ба ман саҷда кунӣ, ҳамаи онҳоро ба Ту медиҳам». Он гоҳ Исо ба
вай гуфт: «Аз Ман дур шав, эй шайтон; чунки навишта шудааст:
"Ба Худованд Худои худ саҷда кун ва танҳо Ӯро ибодат намо"». Пас иблис Ӯро
вогузошт, — ва инак, фариштаҳо омада, ба Ӯ хизмат
мекарданд
Шумо ба Китоби Муқаддас чӣ гуна муносибат мекунед? Оё бовар мекунед, ки он Каломи Худо аст? Исо онро ғизои рӯҳонӣ меномад, ки аз нони оддӣ хеле арзишмандтар аст. Барои устувор мондан дар озмоишҳо, шумо бояд Каломи Худоро донед, ба роҳнамоӣ ва дастурҳои он итоат намоед. Оё ягон бор фикр кардаед, ки чаро дар ҷаҳон ин қадар бадӣ ҳаст, аммо Худо нисбати он ҳеҷ аксуламал намекунад? Оё ягон бор кӯшиш кардаед, ки Офаридгорро санҷед, Ӯро ба ягон амали ғайритабиӣ водор кунед? Агар чунин бошад, эҳтиёт шавед. Исо возеҳу равшан мегӯяд, ки Худоро озмудан лозим нест; некӣ, муқаддасӣ ва росткории Ӯ набояд зери шубҳа гузошта шаванд. Шумо чиро интихоб мекунед: тамоми сарвати ҷаҳонро соҳиб шудан ва ҷони худро нобуд кардан, ё ҳаёти худро ба Худо тобеъ кардан ва бахшидашавӣ ва абадиятро дар ҳузури Ӯ пайдо намудан? Исо возеҳу равшан гуфтааст, ки Ӯ кадомашро интихоб мекунад. Шумо чӣ мекунед?
БОЯД АЗ ОЛАМИ БОЛО ТАВАЛЛУД ШАВЕД
Дар байни фарисиён шахсе ки Никӯдимус ном дошт, сардори яҳудиён
буд. Вай шабона назди Исо омада, гуфт: «Эй Устод! Мо медонем, ки Ту
Устоде ҳастӣ, ки аз ҷониби Худо омадаӣ. Зеро муъҷизаҳоеро, ки Ту нишон
медиҳӣ, ҳеҷ кас нишон дода наметавонад, магар ин ки Худо бо вай бошад».
Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегӯям: кас агар аз навa таваллуд
наёбад,
Подшоҳии Худоро дида наметавонад». Никӯдимус ба Ӯ гуфт: «Одами пир чӣ гуна таваллуд ёфта метавонад?
Оё
боз ба шиками модараш баргашта, таваллуд ёфта метавонад?» Исо ҷавоб дод:
«Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегӯям: кас агар аз об ва Рӯҳ таваллуд наёбад,
ба Подшоҳии Худо даромада наметавонад. Он чи аз ҷисм таваллуд меёбад,
ҷисм аст, ва он чи аз Рӯҳ таваллуд меёбад, рӯҳ аст. Аз он чи ба ту
гуфтам, ҳайрон нашав. Бояд шумо аз нав таваллуд ёбед. Бод ҳар ҷо ки
хоҳад, мевазад. Ту овози онро мешунавӣ, лекин намедонӣ, ки аз куҷо меояд
ва ба куҷо меравад. Чунин аст ҳар кӣ аз Рӯҳ таваллуд ёфта бошад».
Никӯдимус дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Чӣ гуна чунин шуда метавонад?» Исо дар
ҷавоби вай гуфт: «Ту ки як устоди Исроил ҳастӣ, инро намедонӣ? Ба ростӣ,
ба ростӣ ба ту мегӯям: Мо аз он чи медонем, сухан мегӯем ва бар он чи
дидаем, шаҳодат медиҳем, лекин шумо шаҳодати Моро қабул намекунед.
Ҳангоме ки ба шумо аз чизҳои заминӣ сухан гуфтам, бовар накардед, пас
ҳар гоҳ аз чизҳои осмонӣ сухан ронам, чӣ гуна бовар мекунед? Ҳеҷ кас ба
осмон боло нарафтааст, магар танҳо Он ки аз осмон фуруд омадааст, яъне
Писари Одам, ки дар осмон аст. Чунон ки Мусо дар биёбон морро боло
бардошт, Писари Одам низ бояд ончунон боло бурда шавад, то ҳар кӣ ба Ӯ
имон оварад, ҳалок нашавад, балки ҳаёти абадӣ ёбад. Зеро Худо ҷаҳонро
чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи Худро дод, то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад,
ҳалок нашавад, балки ҳаёти абадӣ ёбад. Зеро Худо Писари Худро ба ҷаҳон
барои он нафиристод, ки бар ҷаҳон доварӣ кунад, балки барои он ки ҷаҳон
ба воситаи Ӯ наҷот ёбад. Ҳар кӣ ба Ӯ имон дорад, маҳкум намешавад; лекин
ҳар кӣ имон надорад, аллакай маҳкум шудааст, чунки ба номи Писари ягонаи
Худо имон наовардааст.
Дар сӯҳбат бо муаллими дин Ниқӯдимус, Исо ба мавзӯе дахл мекунад, ки аз чаҳорчӯбаи фаҳмиши инсонӣ ва ҷаҳони намоён берун мебарояд. Маълум мешавад, ки одам бояд аз нав таваллуд шавад, аммо ин дафъа аз ҷиҳати рӯҳонӣ. Чунин таваллуд бе дахолати илоҳӣ рӯй дода наметавонад ва набудани он ба ҷони одам бо ҳалокат таҳдид мекунад. Барои он ки инсон аз ҷиҳати рӯҳонӣ таваллуд шавад, Худо Исоро ба ҷаҳони мо фиристод. Мо ба воситаи Ӯ ба ҷаҳони Худо, Подшоҳии Ӯ дастрасӣ пайдо мекунем. Оё шумо аз Рӯҳи Худо таваллуд шудаед? Оё шумо ҳаётеро доред, ки Худои меҳрубон дар Писари Ӯ, Исои Масеҳ, ба шумо ато кардааст?
ОН КИ БА ОСМОН РАФТ, БАРМЕГАРДАД
Аъмоли ҳаввориён 1:1-11
... дар бораи ҳар он чи Исо ба амал овард ва таълим дод аз ибтидо
то ҳамон рӯзе ки ба воситаи Рӯҳулқудс ба расулони интихобшудаи Худ
дастурҳо дод ва ба осмон бурда шуд. Ӯ ба онҳо, баъд аз азобаш, бо
далелҳои бисёр Худро зинда нишон дод ва дар давоми чил рӯз ба онҳо
намоён шуда, дар бораи Подшоҳии Худо сухан гуфт. Боре онҳоро ҷамъ карда,
чунин фармуд: «Уршалимро тарк накунед, балки мунтазири он ваъдаи Падар
бошед, ки аз Ман шунидаед. Зеро Яҳё бо об таъмид медод, лекин шумо пас
аз чанд рӯз бо Рӯҳулқудс таъмид мегиред».
Пас, онҳое ки ҷамъ шуда буданд, аз Ӯ пурсида, гуфтанд: «Худовандо, оё
дар ҳамин вақт подшоҳиро бар Исроил аз нав барпо мекунӣ?» Ба онҳо гуфт:
«Кори шумо нест, ки замонҳо ва муҳлатҳоеро, ки Падар бо қудрати Худ
муқаррар намудааст, донед; аммо вақте ки Рӯҳулқудс бар шумо фуруд ояд,
қувват меёбед ва дар Уршалим ва дар тамоми Яҳудия ва Сомара ва то канори
ҷаҳон шоҳидони Ман мешавед».
Ҳамин ки инро гуфт, дар ҳоле ки онҳо менигаристанд, боло бурда шуд, ва
абре Ӯро аз пеши чашмони онҳо гирифта бурд. Чун Ӯ боло мебаромад, ва
онҳо ба осмон менигаристанд, ногоҳ ду марди сафедпӯш назди онҳо пайдо
шуданд ва гуфтанд: «Эй мардони Ҷалил! Чаро ин ҷо истода, сӯи осмон
менигаред?
Ҳамин Исо, ки аз пеши шумо ба осмон боло бурда шуд, чунон ки Ӯро сӯи
осмон равона дидед, ончунон бармегардад».
Оё шумо мефаҳмед, ки Исои Масеҳ рӯзе ба замин бармегардад, то пайравонашро бо худ ба Ватани осмонӣ барад? Ҳамаи масеҳиён Калисои Исо ҳастанд, ҷомеае аз онҳое, ки аз Рӯҳулқудс дубора таваллуд шудаанд. Оё шумо қисми Калисои Масеҳ ҳастед? Оё интизори бозомадани Исо ҳастед? Оё Ӯ шуморо бо худ мебарад? Барои он ки чунин шавад, шумо бояд пеш аз омадани Исо бо имон ба Ӯ бо дуои тавба муроҷиат кунед, таваллуди рӯҳониро аз сар гузаронед, аз Рӯҳулқудс пур шавед ва шогирди Масеҳ гардед.
ТАВАЛЛУД ШУДАНИ НАҶОТДИҲАНДАИ ҶАҲОН
Дар он рӯзҳо аз ҷониби шоҳаншоҳ Августус фармоне баромад, ки дар
тамоми рӯи заминa номнависӣ гузаронанд. Ин номнависӣ аввалин буд ва дар
замоне ки Куриниюс дар Сурия ҳукмронӣ мекард, анҷом ёфт. Пас ҳама барои
номнависии худ, ҳар яке ба шаҳри худ мерафтанд. Юсуф низ аз Ҷалил, аз
шаҳри Носира, ба Яҳудия, ба шаҳри Довуд, ки Байт-Лаҳм ном дорад, равона
шуд, чунки ӯ аз хонадон ва насли Довуд буд, то бо Марям, ки номзади ӯ ва
ҳомиладор буд, номнависӣ карда шавад. Ҳангоме ки онҳо дар он ҷо буданд,
вақти зоидани Марям расид, ва Писари нахустини худро зоид. Ӯро парпеч
кард ва дар охуре хобонд, чунки дар мусофирхона ҷое барои онҳо набуд.
Дар он сарзамин чӯпононе буданд, ки шабона дар ҳавои кушод рамаи худро
посбонӣ мекарданд. Фариштаи Худованд бар онҳо намоён гардид, ва ҷалоли
Худованд дар гирду пешашон дурахшид, ва онҳо хеле ҳаросон шуданд.
Фаришта ба онҳо гуфт: «Натарсед; зеро ба шумо хушхабари басо шодибахш
мерасонам, ки он барои тамоми қавм аст: Имрӯз дар шаҳри Довуд
Наҷотдиҳанда барои шумо ба дунё омад, ки Ӯ Масеҳ, Худовандb аст. Ин
аст аломате барои шумо: Кӯдакро парпечшуда ва дар охуре хобида
меёбед». Ногаҳон бо фаришта дастае аз лашкари осмон пайдо шуданд, ки Худоро
ситоиш карда, мегуфтанд: «Худоро дар олами боло ҷалол ва бар замин осоиш
ва дар миёни мардум хушнудӣ бод». Ҳангоме ки фариштаҳо аз пеши онҳо ба
осмон боло шуданд, чӯпонон ба якдигар гуфтанд: «Биёед, ба Байт-Лаҳм
равем ва он чиро, ки дар он ҷо рӯй додааст, ва Худованд онро ба мо хабар
додааст, бинем». Пас бо шитоб омаданд, ва Марям ва Юсуф ва Кӯдакро, ки
дар охур хобида буд, ёфтанд. Чун диданд, он суханонеро, ки ба онҳо дар
бораи ин Кӯдак гуфта шуда буд, паҳн карданд. Ва ҳамаи онҳое ки шуниданд,
аз он чи чӯпонон ба онҳо нақл карданд, ҳайрон шуданд. Аммо Марям ҳамаи
ин суханонро дар дили худ ҷо дода, нигоҳ медошт. Пас чӯпонон баргашта,
Худоро ҳамду сано мехонданд ва ситоиш мекарданд барои ҳамаи он чизҳое ки
шунида ва дида буданд, чунон ки ба онҳо гуфта шуда буд.
Ду ҳазор сол моро аз воқеаҳои таваллуд шудани Исо ҷудо мекунанд, аммо хабари таваллуди Наҷотдиҳандаи ҷаҳон то ҳол садо медиҳад ва паҳн мешавад. Монанди он замон, ҳозир ҳам ҳар кас бо имон нигоҳашро ба ситораи дурахшони наҷот дар Байт-Лаҳм гардонда метавонад. Ва ҳозир, чунон ки чӯпонони қадим карда буданд, мо метавонем бо шунидани Хушхабар ба Кӯдак рӯ оварем ва наҷотро дар пеши пойҳои Ӯ пайдо кунем. Ҳикояти таваллуд шудани Исо дар шумо чӣ фикрҳо ва эҳсосотро бедор мекунад? Ин ҳикоят чӣ гуна ба ҳаёти шумо таъсир мерасонад? Оё Исо дар дили шумо ҷойе барои таваллуд шудан пайдо мекунад? Оё шумо аз Худо барои меҳрубонии Ӯ ба мо ва барои туҳфаи ҳайратовари осмонҳо – таваллуди Наҷотдиҳанда Исо миннатдор ҳастед?