1 Ва Сорай, зани Абром, ба вай фарзанд наовард, ва ӯро Ҳоҷар ном канизи мисрие буд.
2 Ва Сорай ба Абром гуфт: «Инак, Худованд маро аз зоидан боздошт; пас бо канизи ман бихоб: шояд, аз вай фарзанддор шавам». Ва Абром ба сухани Сорай даромад.
3 Ва чун даҳ сол аз иқомати Абром дар замини Канъон гузашт, Сорай, зани Абром, канизи худ Ҳоҷари мисриро гирифт, ва ба шавҳари худ Абром ӯро ба занӣ дод.
4 Ва бо Ҳоҷар хобид; вай ҳомила шуд. Ва чун дид, ки ҳомила аст, хотунашро хор дошт.
5 Ва Сорай ба Абром гуфт: «Дар озори ман айбдор ту ҳастӣ; ман канизи худро ба оғӯши ту додам; ва чун дид, ки ҳомила аст, маро хор дошт; Худованд дар миёни ману ту доварӣ кунад».
6 Ва Абром ба Сорай гуфт: «Инак, канизи ту ба дасти туст; он чи писанди назари ту бошад, бо вай бикун». Ва Сорай варо ба танг овард; вай аз пеши ӯ гурехта рафт.
7 Ва фариштаи Худованд варо назди чашмаи об дар биёбон, яъне чашмае ки ба роҳи Шур мебошад, ёфт.
8 Ва гуфт: «Эй Ҳоҷар, канизи Сорай! Аз куҷо омадӣ, ва куҷо меравӣ?» Вай гуфт: «Ман аз пеши хотуни худ Сорай гурехтам».
9 Ва фариштаи Худованд ба вай гуфт: «Назди хотуни худ баргард ва зери дасти вай мутеъ шав».
10 Ва фариштаи Худованд ба вай гуфт: «Насли туро бисьёр афзун гардонам, ки аз бисьёрӣ онро натавон шумурд».
11 Ва фариштаи Худованд ба вай гуфт: «Инак, ҳомила ҳастӣ, ва писаре хоҳӣ зоид, ва ӯро Исмоил ном хоҳӣ монд; зеро ки Худованд азияти туро шунидааст.
12 Ва ӯ марди ваҳшӣ хоҳад буд; дасти ӯ бар ҳама, ва дасти ҳама бар ӯ; пеши ҳамаи бародарони худ маскан хоҳад гирифт».
13 Ва исми Худовандро, ки ба ӯ гап зад, Ато-Эл-рӯӣ хонд, зеро гуфт: «Гӯё ки ман ин ҷо баъд аз бинандаи ман бидидам».
14 Аз ин сабаб он чоҳ Беэр-лаҳай-рӯӣ ном дорад, ки дар миёни Қодеш ва Борад воқеъ аст.
15 Ва Ҳоҷар ба Абром писар зоид; ва Абром писари худро, ки Ҳоҷар зоид, Исмоил ном ниҳод.
16 Ва Абром ҳаштоду шашсола буд, ҳангоме ки Ҳоҷар Исмоилро ба Абром зоид.