меню

Номаҳои Яъқуб 2 Боб

гузариш зуд:

1 Эй бародарону хоҳаронам, шумо ки ба Худованди пуршукӯҳу ҷалоламон Исои Масеҳ имон овардаед, ҳаргиз рӯйбинӣ накунед.

2 Фарз кардем, ки шахсе бо ангуштарини тилло дар даст ва либосҳои қиматбаҳо дар тан ба ҷамъомади шумо медарояд. Ҳамин вақт як камбағале ҳам бо либоси куҳнаву ҷанда дохили маҷлис мешавад.

3 Шумо бошед, ба шахси сарулибоси қиматбаҳо пӯшида «Аз боло гузаред!» мегӯеду ба камбағал «Ана, ҳо дар он ҷо ист» ё «Пеши пойҳои ман, рӯйи замин нишин» мегӯед.

4 Пас, магар дар байнатон рӯйбинӣ нест ва оё шумо аз рӯйи фикрҳои бад ҳукм намекунед?

5 Гӯш кунед, бародарону хоҳарони азизам. Охир Худо онҳоеро интихоб кардааст, ки дар назари мардуми ҷаҳон камбағаланд, аммо аз ҷиҳати имон сарватманд ҳастанд ва Подшоҳии Худо, ки Ӯ ба дӯстдорони Худ ваъда додааст, насибашон мегардад.

6 Аммо шумо камбағалонро меранҷонед. Магар худи ҳамин сарватмандон шуморо сӯйиистеъмол намекунанд ва ба пеши қозӣ намебаранд?

7 Магар онҳо шахсоне нестанд, ки номи бошарафи Масеҳро дашном медиҳанд? Дар ҳоле ки шумо аз они Масеҳ ҳастед.

8 Пас, агар шумо аз рӯйи шариати Шоҳи мо рафтор намоед, ки он дар навиштаҷот омадааст: «Дигаронро мисли худат дӯст бидор», он гоҳ кори хуб мекунед.

9 Аммо агар рӯйбинӣ намоед, гуноҳ мекунед ва аз рӯйи шариат шумо қонуншикан ҳисоб мешавед.

10 Зеро агар шахсе ҳамаи гуфтаҳои шариатро иҷро намуда, фақат як нуқтаи онро вайрон кунад, дар шикастани тамоми қонуни шариат айбдор мегардад.

11 Зеро ҳамоне ки «Зино накун» гуфтааст, ҳамчунин фармудааст, ки «Қатл накун». Пас, агар шумо зино накунед, вале қатл кунед, қонуншикан мешавед.

12 Бинобар ин гуфтору рафтори шумо бояд мисли гуфтору рафтори шахсе бошад, ки аз рӯйи шариати озодибахшанда ҳукм хоҳад шуд.

13 Зеро шахсе, ки нисбати дигарон раҳму шафқат нишон намедиҳад, дар вақти ҳукмшавӣ ба ӯ низ раҳму шафқат нишон дода намешавад. Чунки раҳму шафқат бар ҳукм дастболо мешавад.

14 Инак, эй бародарону хоҳаронам, чӣ фоида аст, агар касе гӯяд, ки имон дорад, аммо амал накунад? Магар чунин имон вайро наҷот дода метавонад?

15 Фарзи мисол, як бародар ё хоҳаре аз ҷумлаи имондорон сарулибос ва ризқу рӯзӣ надошта бошаду

16 яке аз шумо ба вай гӯед, ки «Сиҳату саломат гарду ҳеҷ гуруснагию хунукиро набинӣ», аммо ба муҳтоҷии моддиаш ҳеҷ кумак накунед, пас аз суханони шумо чӣ фоида аст?

17 Имон ҳам агар беамал бошад, имони мурда аст.

18 Шояд касе мегӯяд: «Яке имон дорад, дигаре бошад, амал мекунад». Ман мегӯям: «Канӣ ба ман имони беамалро нишон деҳ ва ман ба ту дар амали худ имонамро нишон медиҳам».

19 Ана ту имон дорӣ, ки Худо ягона аст. Кори хуб мекунӣ! Аммо ҳатто ҷинҳо ба ин бовар мекунанд ва бинобар ин меларзанд.

20 Эй беақл, мехоҳӣ исбот кунам, ки имон беамал фоида надорад?

21 Ту медонӣ, ки аҷдодамон Иброҳим писараш Исҳоқро дар болои қурбонгоҳ қурбонӣ карданӣ шуда буд. Магар на ба хотири ҳамин амалаш ӯ беайб ҳисобида шуд?

22 Мебинӣ, ки ӯ ҳам бовар карду ҳам амал кард ва имонаш бо амалаш пурра шуд.

23 Ана ҳамин тавр, гуфтаҳои навиштаҷот, ки «Иброҳим ба Худо бовар кард ва барои ҳамин Худо ӯро беайб ҳисоб намуд» иҷро гаштанд ва ӯ дӯсти Худо номида шуд.

24 Пас, ҳоло мебинед, ки инсон на фақат аз рӯйи имонаш, балки ҳамчунин, аз рӯйи амалаш беайб ҳисоб мешавад.

25 Ба монанди ин ҳатто фоҳишае ба номи Роҳоб бо амалаш беайб ҳисоб шуд. Ӯ ба ҷосусони аз тарафи халқи Худо фиристодашуда паноҳ дода, баъд онҳоро аз роҳи дигар ба саломатӣ равона карда буд.

26 Хулоса, ҳамон тавре ки бадан бе рӯҳ мемирад, имон низ бе амал мемирад.

Бобҳо: 1 2 3 4 5