Ададҳо | Библия онлайн - хониш ва омӯзиши
меню

Ададҳо 34 Боб

гузариш зуд:

1 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

2 «Ба банӣ-Исроил амр фармуда, ба онҳо бигӯ: вақте ки шумо ба замини Канъон дохил шавед, ин аст замине ки ба шумо ҳамчун моликият хоҳад расид, яъне замини Канъон бо сарҳадҳояш:

3 Тарафи ҷанубии шумо аз биёбони Син дар паҳлуи Адӯм хоҳад буд; ва сарҳади ҷанубии шумо аз канори баҳри Намак ба тарафи шарқ хоҳад буд.

4 Ва сарҳади шумо аз ҷануб ҷониби Маале-Ақрабим тоб хӯрда, сӯи Син хоҳад гузашт; ва канорҳои он аз ҷануби Қодеш-Барнеа хоҳад буд, ва назди Ҳасар-Аддор баромада, сӯи Асмӯн хоҳад гузашт.

5 Ва аз Асмӯн сарҳад ҷониби водии Миср тоб хоҳад хӯрд; ва канорҳояш назди баҳр хоҳад буд.

6 Ва сарҳади ғарбии шумо баҳри Бузург бо соҳили он хоҳад буд; ин сарҳади ғарбии шумост.

7 Ва сарҳади шимолии шумо чунин хоҳад буд: аз баҳри Бузург онро ҷониби кӯҳи Ҳӯр нишона намоед;

8 Аз кӯҳи Ҳӯр ҷониби даромадгоҳи Ҳамот нишона намоед; ва канорҳои сарҳад назди Садод хоҳад буд.

9 Ва сарҳад ҷониби Зифрӯн хоҳад рафт, ва канорҳояш назди Ҳасар-Эйнон хоҳад буд; ин сарҳади шимолии шумо хоҳад буд.

10 Ва сарҳади шарқиро барои худ аз Ҳасар-Эйнон ҷониби Шафом нишона намоед.

11 Ва сарҳад аз Шафом ҷониби Рибло, аз тарафи шаркии Ойин фурӯд хоҳад омад; ва сарҳад боз фурӯд омада, аз тарафи шарқӣ ба соҳили баҳри Кинерет хоҳад расид.

12 Ва сарҳад ҷониби Урдун фурӯд хоҳад омад; ва канорҳояш назди баҳри Намак хоҳад буд. Ҳамин замин бар ҳасби сарҳадҳояш гирдогирд аз они шумо хоҳад буд».

13 Ва Мусо ба банӣ-Исроил амр фармуда, гуфт: «Ҳамин аст замине ки онро шумо аз рӯи қуръа тақсим хоҳед кард, ки Худованд ба нӯҳу ним сибт додани онро амр фармудааст.

14 Зеро ки сибти банӣ-Реубен бар ҳасби хонаводаи худ, ва сибти банӣ-Ҷод бар ҳасби хонаводаи худ, ва нисфи сибти Менашше мулки худро гирифтаанд;

15 Ин дую ним сибт мулки худро аз он тарафи Урдун, дар рӯ ба рӯи Ериҳӯ, ҷониби шарқ гирифтаанд».

16 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

17 «Ин аст номҳои касоне ки заминро барои шумо тақсим хоҳанд кард: Элъозори коҳин ва Еҳушаъ ибни Нун.

18 Ва як раисро аз ҳар сибт барои тақсим кардани замин бигиред.

19 Ва ин аст номҳои он касон: аз сибти Яҳудо — Колеб ибни Ефунне;

20 Аз сибти банӣ-Шимъӯн — Шамуил ибни Аммиҳуд;

21 Аз сибти Биньёмин — Элидод ибни Кислӯн;

22 Аз сибти банӣ-Дон — раис Буққӣ ибни Ёҷлӣ;

23 Аз банӣ-Юсуф: аз сибти банӣ-Менашше — раис Ҳанниил ибни Эфӯд;

24 Аз сибти банӣ-Эфроим — раис Камуил ибни Шифтон;

25 Аз сибти банӣ-Забулун — раис Элисофон ибни Фарнок;

26 Аз сибти банӣ-Иссокор — Фалтиил ибни Аззон;

27 Аз сибти банӣ-Ошер — раис Аҳиҳуд ибни Шалӯмӣ;

28 Аз сибти банӣ-Нафтолӣ — раис Фадаҳъил ибни Аммиҳуд.

29 Ҳаминҳоянд, ки Худованд ба онҳо амр фармудааст, ки мулкро дар замини Канъон барои банӣ-Исроил тақсим кунанд».