Нома ба Филемӯн 1 Боб
1 Салом Филемуни азиз, дӯст ва ҳамкори мо! Ман, Павлус, ки ба хотири Исои Масеҳ зиндонӣ ҳастам, ҳамроҳи бародари мо Тимотиюс ба ту
2 ва ҷамоати хонагиат, ба хоҳар Апфия ва ҳамсафи мо Архипус
3 файзу меҳрубонӣ ва сулҳу осоиштагии Падари мо Худо ва Худовандамон Исои Масеҳро хоҳонем!
4 Туро дар дуоҳоям ба ёд оварда, доимо Худоямро шукр мегӯям,
5 зеро шунидам, ки ба тамоми халқи Худо муҳаббат нишон медиҳӣ ва ба Худованд Исои Масеҳ бовафо ҳастӣ.
6 Бигзор имони ту, ки дар бародарӣ дида мешавад, фаҳмиши туро дар бораи ҳама баракатҳое, ки дар Масеҳ дорӣ, афзун намояд.
7 Бародари азиз, муҳаббати ту маро хеле хурсанд ва рӯҳбаланд намуд, чунки ту ба дили имондорон қувват бахшидӣ.
8 Гарчанде аз Масеҳ ихтиёр дорам, ки ба ту далерона фармон диҳам,
9 лекин баҳри муҳаббати мо хостам ҳамчун Павлуси пир ва акнун зиндонӣ ба хотири Исои Масеҳ, аз ту хоҳиш кунам.
10 Хоҳишам дар бораи Онисимус аст, ки дар зиндон ба воситаи ман имон овард.
11 Пеш Онисимус ба ту даркор набуд, лекин ҳоло ба ҳардуямон ҳам даркор аст.
12 Ӯро ба ту гӯё бо ҷони худ бармегардонам.
13 Хеле мехостам, дар наздам бошаду ҳангоме ки барои хушхабар зиндонӣ ҳастам, ба ҷойи ту ба ман хизмат кунад.
14 Аммо бе розигии ту ин корро кардан нахостам, то ки некиат на аз рӯйи маҷбурӣ, балки бо хости худат бошад.
15 Шояд барои ҳамин Онисимус ба муддате аз ту ҷудо карда шуда буд, ки сипас то абад бо ту монад.
16 Лекин акнун ӯ на чун ғулом, балки хеле болотар, ҳамчун бародари азизат бошад. Барои ман Онисимус хеле азиз аст, лекин барои ту ӯ ҳамчун коргар ва пайрави Масеҳ азизтар аст.
17 Инак, агар маро шарики худ донӣ, ӯро тавре қабул намо, ки гӯё маро қабул мекарда бошӣ.
18 Ҳар зараре, ки ба ту расондааст ё ҳар чизе, ки қарздор шудааст, ман ба сари худ мегирам.
19 Ана, ман, Павлус, худам ба ту менависам, ки қарзҳои ӯро бармегардонам, агарчи метавонистам гӯям, ки худи ту бо буду шудат аз ман қарздор ҳастӣ.
20 Бале, бародар, мехоҳам ба хотири Худованд аз ту фоидае бинам. Диламро дар Масеҳ қувват бахш!
21 Дилам аз ту пур аст, ки гапи маро ба замин намегузорӣ. Ман медонам, ки ту аз гуфтаам бештар мекунӣ, аз ҳамин сабаб ба ту менависам.
22 Боз хоҳише дорам, ки бароям ҳуҷрае тайёр кунӣ, чун умедворам, ки бо дуоҳои шумо ба наздатон бармегардам.
23 Эпафрос, ки ба хотири Исои Масеҳ бо ман зиндонӣ аст, ба ту салом мерасонад.
24 Инчунин салом ба ту аз ҳамкоронам Марқус, Аристархус, Димос ва Луқо.
25 Бигзор файзу меҳрубонии Худованд Исои Масеҳ бо рӯҳи шумо бошад!
Бобҳо: 1