меню

1 номаро ба Таслӯникиен 1 Боб


1 Салом ба ҷамоати имондорони шаҳри Тасолуникӣ, ки аз они Худо Падар ва Худованд Исои Масеҳ аст! Мо Павлус, Сило ва Тимотиюс ба шумо файзу меҳрубонӣ ва сулҳу осоиштагӣ хоҳонем!

2 Мо ҳамеша шумо – тасолуникиёнро дар дуоҳоямон ба хотир оварда, барои ҳамаатон Худоро шукр мегӯем.

3 Инчунин, дар назди Худо Падари мо имон ва муҳаббату умеди шуморо ба ёд меорем. Яъне корҳои шуморо, ки бо имон иҷро кардед, меҳнатеро, ки бо муҳаббат мекунед, умедеро, ки ба Худованд Исои Масеҳ доред ва онро нигоҳ медоред.

4 Бародарону хоҳарон, Худо шуморо дӯст медорад. Мо медонем, ки Ӯ шуморо интихоб кардааст.

5 Чунки мо хушхабарро ба шумо на танҳо дар сухан, балки бо қудрат, бо ёрии Рӯҳулқудс, яъне Рӯҳи Худо ва бо боварии комил расондем. Худатон медонед, ки ҳангоми бо шумо буданамон барои беҳбудии шумо чӣ гуна рафтор мекардем.

6 Шумо аз мову Худованд ибрат гирифта, бо вуҷуди азобҳои бисёр каломро бо хушнудии Рӯҳулқудс қабул кардед.

7 Аз ҳамин сабаб, шумо барои ҳамаи имондорони вилоятҳои Мақдуния ва Охоия намунаи ибрат шудед.

8 Акнун каломи Худованд аз тарафи шумо на танҳо дар Мақдуния ва Охоия, балки дар ҳама ҷое, ки дар бораи имони шумо шунидаанд, паҳн гардид. Барои ҳамин лозим нест, ки дар бораи имони шумо ба касе гӯем.

9 Чунки дигарон аллакай нақл мекунанд, ки чӣ тавр шумо моро қабул кардаед ва аз бутҳо рӯй гардонида, ба Худои зиндаву ҳақиқӣ рӯй овардаед, то ки ба Ӯ хизмат кунед.

10 Инчунин интизори аз осмон омадани Писараш ҳастед, ки Ӯро Падар аз мурдагон зинда кардааст – Исоро, ки моро аз ғазаби омадаистодаи Худо раҳоӣ мебахшад.

Бобҳо: 1 2 3 4 5