1 номаро ба Таслӯникиен 5 Боб
1 Бародарону хоҳарон, ҳоҷат нест, ки мо ба шумо дар бораи вақту соати он рӯз нависем.
2 Зеро шумо хуб медонед, ки рӯзи Худованд мисли дузде, ки шабона меояд, ногаҳон фаро мерасад.
3 Ҳангоме ки одамон «дар ҳама ҷо сулҳу осоиштагӣ» мегӯянд, ба мисли он ки пеш аз таваллуд зани ҳомиладорро дард мегирад, ногаҳон ҳалокат меояд. Ҳамин тавр, ба онҳо низ роҳи гурез нест.
4 Аммо шумо, бародарону хоҳарон, дар торикӣ нестед, то ки он рӯз ногаҳон чун дузд шуморо дар ғафлат ёбад.
5 Зеро ҳамаи шумо писарони нур ва рӯзи равшан ҳастед. Мо аз они шаб ва торикӣ нестем.
6 Инак, мисли дигарон дар хоби ғафлат намонем, балки бедор ва ҳушёр бошем.
7 Чунки онҳое, ки хобанд, шабона хоб мераванд ва онҳое, ки бадмастанд, шабона шароб менӯшанд.
8 Лекин мо аз они рӯзи равшан ҳастем, пас биёед имону муҳаббатро ҳамчун ҷавшани рӯйи сандуқи дил дар бар кунем ва умеди наҷоти ояндаро ҳамчун кулоҳи ҷангӣ ба сар кашида, ҳушёр биистем.
9 Зеро Худо моро на барои ғазабаш, балки барои наҷот ба воситаи Худовандамон Исои Масеҳ пешакӣ муайян кардааст.
10 Исо барои мо ҷонашро фидо кард, то ки мо хоҳ зинда бошем, хоҳ мурда ҳамроҳи Ӯ зиндагӣ кунем.
11 Пас рӯҳбаланд кардан ва устувор гардондани якдигарро давом диҳед.
12 Бародарону хоҳарон, аз шумо хоҳиш мекунем: намояндагони Худовандро, ки дар байни шумо меҳнат ва шуморо роҳбарию насиҳат мекунанд, иззат намоед.
13 Барои корашон онҳоро бо тамоми вуҷудатон ҳурмату эҳтиром кунед ва дӯст доред. Бо якдигар сулҳу осоиштагӣ дошта бошед.
14 Эй, бародарону хоҳарон, аз шумо илтиҷо мекунем, ки танбалонро насиҳат кунед, ба тарсончакон қувват бахшед, сустимонҳоро дастгирӣ кунед ва нисбат ба ҳама сабру тоқат дошта бошед.
15 Нагузоред, ки касе ба ивази бадӣ бо бадӣ ҷавоб диҳад, балки ҳамеша нисбат ба якдигар ва ҳама ба некӣ кардан кӯшиш кунед.
16 Ҳама вақт шод бошед,
17 ҳамеша дуо гӯед,
18 дар ҳар ҳолат Худоро шукр гӯед, зеро хости Худо барои шумо, ки ба Исои Масеҳ тааллуқ доред, ҳамин аст.
19 Ба кори Рӯҳулқудс халал нарасонед,
20 пешгӯйиҳоро зери пой нанамоед,
21 лекин ҳамаи инро санҷида, пешгӯйиҳои хубро қабул кунед,
22 аз ҳар намуди бадаш дурӣ кунед!
23 Бигзор Худи Худои осоиштагӣ шуморо комилан пок гардонад, то ки ҳангоми бозгашти Худованди мо Исои Масеҳ тамоми вуҷудатон, яъне рӯҳ, ҷон ва ҷисматон беайб нигоҳ дошта шавад.
24 Худо – Даъваткунандаи шумо вафодор аст ва Ӯ шуморо беайб нигоҳ медорад.
25 Бародарону хоҳарон, барои мо дуо кунед.
26 Ҳамаи бародарону хоҳаронро ба оғӯш гирифта, салом гӯед.
27 Дар назди Худованд шуморо вазифадор мекунам, ки ин номаро ба ҳамаи бародарону хоҳарон хонед.
28 Бигзор файзу меҳрубонии Худовандамон Исои Масеҳ бо шумо бошад!