меню

1 номаро ба Таслӯникиен 2 Боб


1 Бародарону хоҳарон, худи шумо медонед, вақте ки мо ба назди шумо омадем, хизматамон бефоида набуд.

2 Чуноне ки медонед, дар шаҳри Филиппӣ моро бисёр азоб доданд, паст заданд, вале Худо ба мо ҷуръат дод, ки бо вуҷуди зиддиятҳои сахт хушхабари Ӯро ба шумо кушоду равшан эълон намоем.

3 Охир, дар даъвати мо гумроҳ кардан, нияти бад ва ё фиребе нест.

4 Баръакс, Худо баъди санҷишҳо ба мо супориш додааст, ки хушхабарро эълон кунем. Барои ҳамин дар вақти сухан гуфтан кӯшиш мекунем, ки на ба одамон, балки ба Худое, ки дилҳои моро месанҷад, писанд оем.

5 Шумо медонед ва Худо низ шоҳид аст, ки мо ҳаргиз хушомадгӯйӣ накардаем ва ба манфиати худ кор набурдаем.

6 Зеро мо на аз шумо ва на аз каси дигар таъриф ҷустаем.

7 Мо чун фиристодагони Масеҳ ҳақ доштем, ки аз шумо ҳурмату эҳтиром талаб кунем, аммо, мисли он ки модар навозишкорона ба кӯдаконаш ғамхорӣ мекунад, ба шумо меҳрубон будем.

8 Мо шуморо чунон дӯст доштем, ки тайёр будем на танҳо хушхабари Худоро ба шумо расонем, балки ҷони худро бароятон фидо кунем, чунки шумо бароямон хеле азиз ва гиромӣ ҳастед.

9 Бародарону хоҳарони азиз, шумо дар ёд доред, чӣ тарз мо заҳмат мекашидем: хушхабари Худоро ба шумо расонда, боз шабу рӯз кор ҳам мекардем, то ки ба дӯши ягон каси шумо бор нашавем.

10 Ҳам шумо ва ҳам Худо шоҳид ҳастед, ки рафтори мо нисбати шумо, имондорон, то чӣ андоза пок, дуруст ва беайб буд.

11 Худатон медонед, ки мо бо ҳар яки шумо мисли падар бо фарзандонаш муомила мекардем,

12 шуморо қувват бахшидаву рӯҳбаланд карда, насиҳат мекардем. Мехостем, ки тарзи зиндагии шумо лоиқи Худо бошад, ки шуморо ба шукӯҳу бузургӣ ва Подшоҳиаш даъват кардааст.

13 Мо ҳамеша Худоро шукр мегӯем, ки шумо ҳангоми аз мо шунидани каломи Худо, онро на ҳамчун сухани одамизод, балки чун каломи Худо қабул кардед, ки он дар ҳақиқат ҳам чунин аст. Ин калом дар ҳаёти шумо, имондорон амал мекунад.

14 Охир шумо, бародарону хоҳарон, дар азоб кашиданатон ба ҷамоатҳои Худо дар сарзамини Яҳудия, ки ба Исои Масеҳ бовар мекунанд, монанд шудед. Шумо аз халқи худ ҳамон азобҳоеро кашидед, ки онҳо аз яҳудиён дида буданд.

15 Яҳудиён Худованд Исо ва пайғамбаронро куштанд, инчунин, моро пеш карданд. Рафтори онҳо ба Худо маъқул нест, онҳо ба одамон зиддият карда

16 намегузоранд, ки мо хушхабарро ба халқҳои ғайрияҳудӣ расонем, то ки наҷот ёбанд. Бо ин корашон ҳамеша косаи гуноҳҳояшонро лабрез намуда, ба ғазаби Худо гирифтор мешаванд.

17 Эй бародарону хоҳарон, азбаски мо ғайриихтиёрӣ ба муддати кӯтоҳе на дар дил, балки ҷисман аз шумо ҷудо шудем, хоҳиши зиёд доштем, ки шуморо боз рӯ ба рӯ бубинем.

18 Бале, хеле мехостем ба назди шумо равем. Ман, Павлус, бошам чанд бор кӯшиш кардам, аммо шайтон пеши роҳамонро гирифт.

19 Вақте ки Худованд Исо бармегардад, дар назди Ӯ шумо боиси умеду шодмонӣ ва сарбаландии мо мешавед!

20 Охир шумо сабаби фахру хушнудии мо ҳастед!

Бобҳо: 1 2 3 4 5