2 номаро ба Таслӯникиен 2 Боб
1 Бародарону хоҳарон, дар бораи баргаштани Худовандамон Исои Масеҳ ва вохӯрии мо бо Ӯ аз шумо илтимос дорем.
2 Аз ягон пешгӯйӣ ва овозаву мактубе, ки гӯё мо паҳн карда бошем, ки рӯзи қиёмат аллакай расидааст, зуд парешонхотир ва нороҳат нашавед.
3 Эҳтиёт бошед, ки ҳеҷ кас шуморо бо ягон роҳ фиреб надиҳад. Зеро пеш аз омадани рӯзи қиёмат бояд бар зидди Худо шӯриши бузурге барпо шавад ва шахси золим, ки ба марг маҳкум шудааст, ошкор гардад.
4 Шахси золим ба ҳама чизҳое, ки одамон мисли Худо, бутҳо ё ҳамчун муқаддасот парастиш мекунанд, зид баромада, худро аз ҳама боло мегирад. Дар натиҷа дар маъбади Худо сокин шуда, худро Худо эълон мекунад.
5 Оё дар хотир доред, ки ҳангоми дар назди шумо буданам дар бораи ин чизҳо мегуфтам?
6 Барои он ки золим пеш аз муҳлаташ аён нашавад, ӯро чизе манъ мекунад. Ҳоло шумо аз ин бохабар ҳастед.
7 Аллакай зулми махфиёна амал мекунад, лекин касе ки манъ мекунад, то дами аз байн рафтанаш корашро давом медиҳад.
8 Сипас ҳамон шахси золим ошкор мешавад ва Худованд Исо бо нафасаш вайро кушта, бо ҳузури пуршукӯҳаш нобуд мекунад.
9 Омадани золим кори шайтон аст. Золим бо тамоми қувваю муъҷизаву аломатҳои бардурӯғаш амал мекунад.
10 Ӯ одамони нобудшудаистодаро ба ҳар гуна макру фиреб гирифтор мекунад. Агар онҳо ростиро дӯст доштан мехостанд, наҷот меёфтанд. Лекин онҳо онро рад карданд ва аз ин сабаб нобуд мешаванд.
11 Барои ҳамин Худо онҳоро гумроҳ мекунонад, то ки онҳо ба дурӯғ бовар кунанд.
12 Бинобар ин шахсоне, ки ба ҷойи ба ростӣ бовар кардан гуноҳро дӯст медоранд, ҳукм карда мешаванд.
13 Бародарону хоҳарони дӯстдоштаи Худованд, мо бояд ба Худо бароятон ҳамеша шукргузор бошем, зеро Ӯ аз ибтидо шуморо интихоб карда буд. Барои ҳамин шумо ба воситаи бо Рӯҳулқудс, яъне Рӯҳи Худо пок шудан ва ба ростӣ бовар кардан наҷот ёфтаед.
14 Ӯ шуморо ба воситаи хушхабари мо ба хотири ин наҷот даъват кардааст, ки шукӯҳу бузургии Худовандамон Исои Масеҳро соҳиб шавед.
15 Барои ҳамин, бародарону хоҳарон, устувор бошед ва таълимотеро, ки мо онро ба шумо ҳам даҳонию ҳам хаттӣ расонидем, маҳкам нигоҳ доред.
16 Бигзор Худовандамон Исои Масеҳ ва Худо Падар, ки моро дӯст медораду аз рӯйи файзу меҳрубониаш ба мо тасаллои абадию умеди нек медиҳад,
17 барои ҳар кору сухани нек ба дилатон рӯҳбаландӣ бахшад ва шуморо қавӣ гардонад.