меню

2 номаро ба Таслӯникиен 3 Боб


1 Хулоса, бародарону хоҳарон, барои мо дуо кунед. Бигзор хабари Худованд, чи хеле ки дар байни шумо ҳаст, зуд паҳн гардида, дар байни дигарон ҳам бо эҳтиром қабул шавад.

2 Дуо кунед, ки мо аз одамони бад дар амон бошем, зеро на ҳама ба хушхабар бовар доранд.

3 Худованд вафодор аст ва Ӯ шуморо мустаҳкам намуда, аз шайтон ҳимоя мекунад.

4 Худованд ба мо дар бораи шумо боварӣ медиҳад, ки фармонамонро иҷро намуда истодаед ва ҳамон тавр давом медиҳед.

5 Бигзор Худованд дилҳои шуморо ба муҳаббати Худо ва сабру тоқати Масеҳ равона кунад.

6 Бародарону хоҳарон, ба номи Худовандамон Исои Масеҳ ба шумо амр медиҳем, ки аз он имондоре дурӣ ҷӯед, ки бекорхӯҷагӣ намуда, мувофиқи таълимоти аз мо гирифтааш зиндагӣ намекунад.

7 Худатон медонед, ки чӣ тавр ба мо бояд пайравӣ кунед. Ҳангоми дар наздатон буданамон мо бекорхӯҷагӣ накардем ва

8 нони касеро муфт нахӯрдем. Баръакс, шабу рӯз бисёр меҳнат мекардем, то ки ба ҳеҷ яке аз шумо бор нашавем.

9 Бо вуҷуди он ки ба ёрии шумо ҳақ доштем, худамон кор кардем. Мехостем ба шумо намунаи ибрат бошем.

10 Ҳатто ҳангоми дар назди шумо буданамон фармон медодем, ки ба касе, ки кор кардан намехоҳад, ёрӣ нарасонед.

11 Мо шунидем, ки бо вуҷуди ин баъзеҳо дар байнатон бекорхӯҷагӣ мекунанд, ҳеҷ кор накарда, нахӯди пеши қошуқ мешаванд.

12 Аз номи Худованд Исои Масеҳ ба онҳо фармон дода, насиҳат мекунем, ки бо сари хам кор карда, ризқу рӯзии ҳалол ёбанд.

13 Аммо шумо бошед, бародарону хоҳарон, аз некӣ кардан хаста нашавед.

14 Касеро, ки ба таълимоти дар ин нома навиштаамон итоат накунад, ба назар гиред ва бо ӯ рафтуомад накунед, то ки шарм дорад.

15 Вале ӯро душман нашуморед, балки ба мисли бародару хоҳар насиҳат намоед.

16 Бигзор Худи Худованд, ки сарчашмаи сулҳу осоиштагӣ аст, ҳамеша ба шумо дар ҳама ҳолат сулҳу осоиштагӣ диҳад. Худованд бо ҳамаи шумо бод!

17 Аз ҳусни хатам мебинед, ки ин саломро худи ман, Павлус менависам. Дар ҳамаи мактубҳоям низ ҳамин тавр мекунам ва бо ин исбот менамоям, ки мактуб дар ҳақиқат аз тарафи ман аст.

18 Бигзор файзу меҳрубонии Худовандамон Исои Масеҳ бо ҳамаи шумо бошад!

Бобҳо: 1 2 3