Еъушаъ | Библия онлайн - хониш ва омӯзиши
меню

Еъушаъ 12 Боб

гузариш зуд:

1 Ва инҳоянд подшоҳони он замин, ки банӣ-Исроил торумор карда, заминашонро дар он тарафи Урдун ба самти тулӯи офтоб, аз водии Арнӯн то кӯҳи Ҳермӯн ва тамоми саҳрои шарқӣ ба тасарруфи худ дароварданд:

2 Сихӯн, подшоҳи амӯриён, ки дар Ҳешбӯн сокин буд, ва аз Арӯэр, ки дар канори водии Арнӯн аст, ва андаруни водӣ ва нисфи Ҷилъод то водии Яббӯқ, ки дар сарҳади банӣ-Аммӯн аст, салтанат меронд,

3 Ва дар саҳро низ то баҳри Кинерӯт ба тарафи шарқ, ва то баҳри биёбон, яъне баҳри Намак, ба тарафи шарқ ба роҳи Байт-Ешимӯт, ва аз ҷануб — зери нишебиҳои Фисҷа,

4 То сарҳади Ӯҷ, подшоҳи Бошон, ки вай аз бақияи рафоиён буда, дар Ашторӯт ва Эдрей сукунат дошт,

5 Ва дар кӯҳи Ҳермӯн ва Салхо ва тамоми Бошон, то сарҳади ҷашуриён ва маъхотиён, ва дар нисфи Ҷилъод, то сарҳади Сиҳӯн, подшоҳи Ҳешбӯн, салтанат меронд.

6 Мусо, бандаи Худованд, ва банӣ-Исроил онҳоро зарба заданд; ва онро Мусо, бандаи Худованд, ба реубениён ва ҷодиён ва нисфи сибти Менашше ба моликият бахшид.

7 Ва инҳоянд подшоҳони он замин, ки Еҳушаъ ва банӣ-Исроил онҳоро дар он тарафи Урдун ба самти ғарб, аз Баал-Ҷод дар водии Лубнон то кӯҳи Ҳолоқ, ки сӯи Сеир баланд шуда меравад, торумор карданд, ва Еҳушаъ онро ба сибтҳои Исроил мувофиқи тақсимоташон ба моликият бахшид, —

8 Дар кӯҳистон ва пастӣ ва саҳро ва нишебиҳо ва биёбон ва дар ҷануб — ҳиттиён, амӯриён ва канъониён, фариззиён, ҳиввиён ва ябусиён:

9 Як подшоҳи Ериҳӯ; як подшоҳи Ой, ки дар наздикии Байт-Ил аст;

10 Як подшоҳи Ерусалим; як подшоҳи Ҳебрӯн;

11 Як подшоҳи Ярмут; як подшоҳи Лохиш;

12 Як подшоҳи Эҷлӯн; як подшоҳи Ҷозар;

13 Як подшоҳи Дабир; як подшоҳи Ҷодар;

14 Як подшоҳи Ҳормо; як подшоҳи Арод;

15 Як подшоҳи Либно; як подшоҳи Адуллом;

16 Як подшоҳи Маққедо; як подшоҳи Байт-Ил;

17 Як подшоҳи Тафуҳа; як подшоҳи Ҳефар;

18 Як подшоҳи Афиқ; як подшоҳи Лашшорӯн;

19 Як подшоҳи Модӯн; як подшоҳи Ҳосӯр;

20 Як подшоҳи Шимрӯн-Марӯн; як подшоҳи Акшоф;

21 Як подшоҳи Таънок; як подшоҳи Маҷиддӯ;

22 Як подшоҳи Қодеш; як подшоҳи Ёқенъом дар Кармил;

23 Як подшоҳи Дӯр дар Нофат-Дӯр; як подшоҳи ҷӯим дар Ҷилҷол;

24 Як подшоҳи Тирсо; ҷамъи подшоҳон сию як нафар.