1 Ва қуръа барои банӣ-Юсуф аз Урдуни назди Ериҳӯ, ба тарафи шарқии обҳои Ериҳӯ, ба самти биёбоне ки аз Ериҳӯ сӯи кӯҳи Байт-Ил мебарояд, афтод.
2 Ва аз Байт-Ил сӯи Луз берун омада, ба ҳудуди Аркӣ то Аторӯт мегузашт,
3 Ва ба самти ғарб ба ҳудуди Яфлетӣ, то сарҳади Байт-Ҳӯрӯни поён ва то Ҷозар фурӯд меомад, ва интиҳои он баҳр буд.
4 Ва банӣ-Юсуф, Менашше ва Эфроим, мулки худро гирифтанд.
5 Ва ҳудуди банӣ-Эфроим мувофиқи қабилаҳои онҳо чунин буд, ва сарҳади мулки онҳо ба тарафи шарқ Атрӯт-Аддор то Байт-Ҳӯрӯни боло буд.
6 Ва сарҳад ба самти ғарб аз шимоли Михматот берун меомад, ва сарҳад ба тарафи шарқии Таанат-Шилӯ мегашт, ва аз ҷониби шарқии Ёнӯҳо аз он мегузашт.
7 Ва аз Ёнӯҳо сӯи Аторӯт ва Наарото фурӯд меомад, ва ба Ериҳӯ расида, ба Урдун мепайваст.
8 Ва сарҳад ба тарафи ғарб аз Тапуҳа ба водии Қоно мерафт, ва интиҳои он баҳр буд; ин аст мулки хонадони банӣ-Эфроим мувофиқи қабилаҳои онҳо;
9 Илова бар шаҳрҳое ки барои банӣ-Эфроим андаруни мулки банӣ-Менашше ҷудо карда шуда буд; ҳамаи шаҳрҳо бо деҳоти онҳо буд.
10 Валекин канъониёнеро, ки дар Ҷозар сокин буданд, бадар наронданд; ва канъониён то имрӯз дар миёни эфроимиён сокинанд ва хироҷгузори меҳнатӣ мебошанд.