Нома ба Титус 1 Боб
1 Салом Титус! Ман – Павлус, хизматгори Худо ва фиристодаи Исои Масеҳ вазифадорам, ки имони интихобшудагони Худоро устувор гардонам. Инчунин, ростиеро ба онҳо таълим диҳам, ки худотарсиро меомӯзонад.
2 Ин ростӣ ба онҳо умед мебахшад, ки ҳаёти абадиро соҳиб шаванд. Худо пеш аз офариниши олам қарор кард, ки ҳаёти абадиро ба мо медиҳад ва Ӯ ҳаргиз дурӯғ намегӯяд.
3 Ҳоло Худо дар вақту соати муносибаш паёми Худро ошкор кард, ки он бо фармони Худо Наҷотдиҳандаи мо ба ман супурда шудааст, то ки онро ба одамон эълон кунам.
4 Ба ту фарзанди ҳақиқиам, ки ҳар дуямон дар имон шарик ҳастем, файзу меҳрубонӣ ва сулҳу осоиштагии Худо Падар ва Наҷотдиҳандаамон Исои Масеҳро хоҳонам!
5 Туро барои он дар ҷазираи Крит монда омадам, ки корҳои боқимондаро ба анҷом расонда, мувофиқи фармони ман дар ҷамоати имондорони ҳар шаҳр роҳбаронро таъйин намойӣ.
6 Лекин шахсе, ки ӯро роҳбари ҷамоати имондорон таъйин мекунӣ, бояд беайб бошад. Ӯ бояд ба зани ягонааш вафодор бошад. Инчунин, фарзандонаш бояд имондор бошанд, то ки касе онҳоро дар бадахлоқиву беитоатӣ айбдор карда натавонад.
7 Сардор, ки корҳои Худоро назорат мекунад, бояд шахси беайб бошад. Ӯ бояд ҳавобаланд, бадқаҳр, майпараст, ҷангара ва чашмгурусна набошад.
8 Баръакс вай бояд меҳмондӯст бошад ва некиро дӯст дорад. Ӯ бояд боандеша ва боинсоф бошад. Ҳамчунин, худотарсона зиндагӣ кунад ва худро идора карда тавонад.
9 Ӯ бояд ба паёми ростии таълим гирифтааш вафодор бошад, то ки бо таълимоти солим дигаронро рӯҳбаланд кунад ва муқобилони ростиро сарзаниш намояд.
10 Бисёр шахсони беитоат, беҳудагӯй, фиребгар, махсусан онҳое ҳастанд, ки барои наҷот ёфтан хатна лозим аст, мегӯянд.
11 Ту бояд чунин одамонро манъ намоӣ, зеро онҳо бо таълими чизҳое, ки онро набояд таълим дод, ба хотири фоидаи худ тамоми аъзоёни оилаҳоро аз роҳ мезананд.
12 Ҳатто пайғамбаре аз байни худи критиён мегӯяд, ки «Аҳолии ҷазираи Крит ҳамеша дурӯғгӯй, ҳайвонҳои ваҳшӣ ва шикампарастони танбаланд».
13 Ин гуфтаҳо дурустанд. Барои ҳамин ту Титус, чунин одамонро сахт сарзаниш кун, то ки имонашон солим бошад ва
14 ба афсонаҳои яҳудиёну фармудаҳои одамоне, ки аз ростӣ рӯй гардондаанд, гӯш наандозанд.
15 Барои софдилон ҳама чиз пок аст, аммо барои касоне ки дилсиёҳу беимонанд, ягон чиз пок нест. Зеро ҳам фикру ҳам виҷдони онҳо нопок аст.
16 Онҳо мегӯянд, ки Худоро мешиносанд, аммо бо корҳои худ Ӯро рад мекунанд. Онҳо беитоат буда, ягон кори нек карда наметавонанд. Худо аз онҳо нафрат дорад.