меню

Нома ба Титус 2 Боб


1 Аммо ту Титус, чизҳоеро ба имондорон таълим деҳ, ки ба таълимоти дуруст мувофиқ бошанд.

2 Ба мӯйсафедон таълим, деҳ, ки ҳушёр, сазовори ҳурмат ва боандеша бошанд. Инчунин, ҳамеша имону муҳаббат ва сабрашонро нишон диҳанд.

3 Ҳамчунин, ба пиразанон таълим деҳ, ки худотарсона рафтор кунанд. Онҳо набояд ғайбатчӣ ва майпараст бошанд. Баръакс бояд ба ҷавонзанон некӯиро ёд диҳанд,

4 то ки онҳо шавҳару кӯдакони худро дӯст доранд.

5 Инчунин, боандеша, покдоман, машғули кори хона, некӯкор ва таҳти итоати шавҳарони худ бошанд, то ки каломи Худо беҳурмат нагардад.

6 Ҷавонмардонро низ насиҳат намо, ки боандеша бошанд.

7 Худат ҳам бо ҳама гуна амалҳои некат ба онҳо намуна шав. Бигзор таълимдиҳии ту ростқавл ва ҷиддӣ буданатро нишон диҳад.

8 Гуфтори дурустро ба кор бар, то ки шахсони муқобил шарманда шуда, дар бораи мо сухани бад гуфта натавонанд.

9 Ба ғуломон бигӯ, ки бояд ҳамеша ба хӯҷаинони худ итоат кунанд ва кӯшиш намоянд, ки аз ҳар ҷиҳат ба онҳо писанд оянд. Гапгардонӣ

10 ё дуздӣ накунанд, баръакс худро шахсони боваринок ва нек нишон диҳанд. Рафтори хуби онҳоро дида, дигарон ба таълимот дар бораи Худо Наҷотдиҳандаи мо ҷалб мешаванд.

11 Зеро файзу меҳрубонии Худо, ки ба ҳама одамон наҷот меорад, зоҳир шудааст.

12 Ин файзу меҳрубонӣ ба мо таълим медиҳад, ки худонотарсӣ ва ҳавасҳои дунявиамонро тарк карда, дар ин дунё хирадмандонаву росткорона зиндагӣ кунем ва худотарс бошем.

13 Дар айни ҳол интизори умеди рӯзи пуршукӯҳ, яъне бо тантана баргаштани Исои Масеҳ, ки Худои бузург ва Наҷотдиҳандаамон аст, бошем.

14 Ӯ ҷонашро барои мо фидо карда, моро аз тамоми бадкориҳо озод намуд. Инчунин, моро аз гуноҳҳоямон пок сохта, халқи Худ гардонд, то ки барои иҷрои корҳои нек боғайрат бошем.

15 Титус, ту ин чизҳоро таълим дода, насиҳат намо, бо тамоми қудрат онҳоро ислоҳ кун ва нагузор, ки дигарон нисбат ба ту беҳурматӣ кунанд.

Бобҳо: 1 2 3