Нома ба Титус 3 Боб
1 Ба имондорон хотиррасон намо, ки ба ҳукуматдорон ва сарварон итоат кунанд. Онҳо бояд фармонбардор ва барои кори нек кардан омода бошанд.
2 Имондорон набояд дар бораи ягон кас бадгӯйӣ кунанд. Баръакс, бояд аз ҷанҷол дурӣ ҷӯянд, сулҳҷӯ ва нисбат ба ҳамаи одамон нармдил бошанд.
3 Мо ҳам замоне беандеша, беитоат, гумроҳ ва ғуломи шаҳвату ҳаловатҳои гуногун будем. Ҳаётамон пур аз кинаву ҳасад буд ва мо нисбат ба ҳамдигар нафрат доштем.
4 Аммо ҳангоме ки меҳрубонию инсондӯстии Худо Наҷотдиҳандаи мо зоҳир шуд,
5 Ӯ моро на ба хотири корҳои некамон, балки аз рӯйи раҳму шафқаташ наҷот дод. Ӯ ба воситаи Рӯҳулқудс, яъне Рӯҳи Худо гуноҳҳои моро шуста, ба мо таваллуди нав ва ҳаёти нав бахшид.
6 Худо ба воситаи Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳ Рӯҳашро ба фаровонӣ ба мо бахшид,
7 то ки ба воситаи файзу меҳрубониаш сафед шуда, дилпур гардем, ки соҳиби ҳаёти абадӣ мешавем.
8 Ин суханон дурустанд ва ман мехоҳам, ки ту ба ин чизҳо аҳамияти махсус диҳӣ, то онҳое ки ба Худо бовар мекунанд, андеша карда, бо корҳои нек машғул шаванд. Чунин таълимот барои одамон хубу фоидаовар мебошанд.
9 Аз муҳокимаҳои аблаҳона, насабномаҳои аҷдодон ва аз баҳсҳо дар бораи шариати Мусо дур бош. Ин корҳо бефоида ва беарзишанд.
10 Агар касе дар байнатон ҷудоӣ андозад, ӯро як-ду бор огоҳ куну дигар ба ӯ кордор нашав.
11 Чунин одам гумроҳ шуда, ба сабаби гуноҳҳояш ба худ ҳукми ҷазо баровардааст.
12 Ҳангоме ки ба наздат ё Артемос ё Тихикосро мефиристам, кӯшиш намо, ки зуд ба наздам ба шаҳри Никӯпулис биёӣ. Зеро ман қарор додам, ки ин зимистонро дар он ҷо гузаронам.
13 Ҳаматарафа кӯшиш намуда, барои сафари Зеноси ҳуқуқшинос ва Апуллус ёрӣ расон, то ки онҳо аз чизе камӣ надошта бошанд.
14 Бигзор имондорони Крит ба корҳои нек дода шуданро ёд гиранд, то дар муҳтоҷии дигарон ёрӣ расонанду бесамар набошанд.
15 Ҳама ҳамроҳони ман ба ту салом мерасонанд. Ба имондороне, ки моро дӯст медоранд, салом расон. Бигзор файзу меҳрубонии Худованд бо ҳамаи шумо бошад!