1 Ва баъд аз он чунин воқеъ шуд, ки Ноҳош, подшоҳи банӣ-Аммӯн, мурд, ва писараш ба ҷои вай подшоҳ шуд.
2 Ва Довуд гуфт: «Ба Ҳонун ибни Ноҳош эҳсон хоҳам намуд, чунки падари вай ба ман эҳсон карда буд». Ва Довуд қосидон фиристод, то ки ба вай дар бораи падараш таъзия баён намоянд; ва навкарони Довуд ба замини банӣ-Аммӯн назди Ҳонун омаданд, то ки ба вай таъзия баён намоянд.
3 Вале сарварони банӣ-Аммӯн ба Ҳонун гуфтанд: «Оё ба гумони ту Довуд падаратро эҳтиром менамуд, ки баёнкунандагони таъзияро назди ту фиристодааст? Навкарони вай, охир, назди ту барои он омадаанд, ки мамлакатро тафтиш ва таҳқиқ ва ҷосусӣ кунанд!»
4 Ва Ҳонун бандагони Довудро гирифта, ришашонро тарошид, ва либосашонро то нисфаш, яъне аз поён то суринашон бурида партофт, ва онҳоро фиристод.
5 Ва рафта, дар бораи ин одамон ба Довуд хабар доданд, ва ӯ ба пешвози онҳо фиристод, зеро ки ин одамон бағоят хиҷил буданд; ва подшоҳ гуфт: «Дар Ериҳӯ бимонед, то вақте ки ришҳотон калон шавад, ва баъд аз он хоҳед баргашт».
6 Ва банӣ-Аммӯн диданд, ки дар назари Довуд нафратангез гардиданд; ва Ҳонун ва банӣ-Аммӯн ҳазор киккар нуқра фиристоданд, то ки аз арамиёни Наҳрайн ва аз арамиёни Маъко ва аз Сӯбо барои худ аробаҳо ва саворон киро кунанд.
7 Ва сию ду ҳазор ароба ва подшоҳи Маъкоро бо қавмаш барои худ киро карданд, ва онҳо омада, назди Мидбо ӯрду заданд; ва банӣ-Аммӯн аз шаҳрҳои худ ҷамъ шуда, барои ҷанг омаданд.
8 Ва Довуд инро шунида, Юоб ва тамоми лашкари далеронро фиристод.
9 Ва банӣ-Аммӯн берун омада, назди дарвозаи шаҳр барои ҷанг саф кашиданд, ва подшоҳоне ки омада буданд, дар саҳро алоҳида мавқеъ гирифтанд.
10 Ва Юоб дид, ки ба муқобили ӯ ҳам аз пеш ва ҳам аз ақиб барои ҷанг омода шудаанд; ва ӯ аз ҳамаи гузинони Исроил фавҷе интихоб намуда, бар зидди арамиён саф кашид.
11 Ва бақияи қавмро ба дасти бародараш Абшай супурд, то ки бар зидди банӣ-Аммӯн саф кашанд.
12 Ва гуфт: «Агар арамиён аз ман зӯр бароянд, ба мадади ман биё, ва агар банӣ-Аммӯн аз ту зӯр бароянд, ман ба мадади ту хоҳам омад;
13 Далер бош, ва мо барои қавми худ ва барои шаҳрҳои Худои худ далерона хоҳем ҷангид, ва Худованд он чиро, ки дар назараш писанд ояд, ба амал хоҳад овард».
14 Ва Юоб бо қавме ки ҳамроҳи ӯ буданд, ба ҷанги зидди арамиён шурӯъ кард, ва онҳо аз пеши ӯ рӯ ба гурез оварданд.
15 Ва банӣ-Аммӯн диданд, ки арамиён рӯ ба гурез оварданд, онҳо низ аз пеши Абшай гурехта, ба шаҳр дохил шуданд; ва Юоб ба Ерусалим омад.
16 Ва чун арамиён диданд, ки пеши Исроил мағлуб гардиданд, қосидон фиристода, арамиёнеро, ки дар он тарафи наҳр буданд, берун оварданд, ва Шуфак, сарлашкари Ҳададозар, пешопеши онҳо мерафт.
17 Ва ба Довуд хабари ин расид, ва ӯ тамоми Исроилро ҷамъ кард, ва аз Урдун убур намуда, назди онҳо омад, ва ба муқобили онҳо саф кашид; ва Довуд бар зидди арамиён ба ҷанг шурӯъ намуд, ва онҳо бо ӯ ҷанг карданд.
18 Ва арамиён аз пеши Исроил рӯ ба гурез оварданд, ва Довуд ҳафт ҳазор сарбози аробагард ва чил ҳазор пиёдаро аз арамиён кушт, ва Шуфаки сарлашкарро ба қатл расонид.
19 Ва чун навкарони Ҳададозар диданд, ки пеши Исроил мағлуб гардиданд, бо Довуд сулҳ баста, ба ӯ тобеъ шуданд; ва арамиён минбаъд нахостанд, ки банӣ-Аммӯнро дастгирӣ кунанд.