1 Ва писарони Довуд, ки барои ӯ дар Ҳебрӯн таваллуд ёфтанд, инҳо буданд: нахустзодааш Амнӯн аз Аҳинӯами изреъилӣ; дуюмин — Дониёл аз Абиҷайли кармилӣ;
2 Сеюмин — Абшолӯм ибни Маъко бинти Талмой, подшоҳи Ҷашур; чорумин — Адӯниё ибни Ҳаҷҷит;
3 Панҷумин — Шафатьё аз Абитол; шашумин — Йитреом аз зани ӯ Эҷло.
4 Ин шаш нафар барои ӯ дар Ҳебрӯн таваллуд ёфтанд, ки дар он ҷо ӯ ҳафт сол ва шаш моҳ подшоҳ буд, ва дар Ерусалим сию се сол подшоҳӣ кард.
5 Ва инҳо барои ӯ дар Ерусалим таваллуд ёфтанд: Шимъо ва Шубоб ва Нотон ва Сулаймон — чор нафар аз Бат-Шуо бинти Амиил;
6 Ва Йибҳор ва Элишомоъ ва Элифолат;
7 Ва Нӯҷа ва Нофаҷ ва Ёфиа;
8 Ва Элишомоъ ва Эльёдоъ ва Элифолат — нӯҳ нафар.
9 Ҷамъи писарони Довуд ҳаминҳо буданд, ғайр аз писарони сурриягон ва хоҳарашон Томор.
10 Ва писари Сулаймон — Раҳабъом, писараш Абиё, писараш Осо, писараш Еҳӯшофот,
11 Писараш Еҳӯром, писараш Аҳазьёҳу, писараш Юош,
12 Писараш Амасьё, писараш Азарьё, писараш Ютом;
13 Писараш Оҳоз, писараш Ҳизқиё, писараш Менашше;
14 Писараш Омӯн, писараш Йӯшиёҳу.
15 Ва писарони Йӯшиёҳу: нахустзодааш Йӯҳонон, дуюмин — Еҳӯёқим, сеюмин — Сидқиё, чорумин — Шаллум.
16 Ва писарони Еҳӯёқим: писараш Еконьё, писараш Сидқиё.
17 Ва писарони Еконьё: Асир, писараш Шаалтиил;
18 Ва Малкиром ва Фадоё ва Шенъасар, Еқамьё, Ҳӯшомоъ ва Надабьё.
19 Ва писарони Фадоё: Зарубобил ва Шимъӣ; ва писарони Зарубобил: Машуллом ва Ҳананьё, ва хоҳарашон Шелӯмит;
20 Ва Ҳашубо ва Ӯҳил ва Боракьё ва Ҳасадьё, Юшаб-Ҳосад — панҷ нафар.
21 Ва писарони Ҳананьё: Фалатьё ва Ишаъё; писараш Рафоё, писараш Арнон, писараш Убадьё, писараш Шаканьё.
22 Ва писари Шаканьё: Шамаъё; ва писарони Шамаъё: Ҳаттуш ва Йиҷъол ва Борияҳ ва Наарьё ва Шафот — шаш нафар.
23 Ва писарони Наарьё: Эльйӯэнай ва Ҳизқиё ва Азриқом — се нафар.
24 Ва писарони Эльйӯэнай: Ҳӯдавьёҳу ва Эльёшиб ва Фалоё ва Аққуб ва Йӯҳонон ва Далоё ва Анонӣ — ҳафт нафар.