1 Вақоеънома | Библия онлайн - хониш ва омӯзиши
меню

1 Вақоеънома 20 Боб

гузариш зуд:

1 Ва баъд аз интиҳои сол, яъне баҳорон, вақте ки подшоҳон берун мераванд, то ки биҷанганд, чунин воқеъ шуд, ки Юоб қуввати лашкарро ба кор бурда, кишвари банӣ-Аммӯнро торумор сохт, ва омада, Раббаро муҳосира кард, вале Довуд дар Ерусалим буд, ва Юоб Раббаро забт намуд, ва онро валангор кард.

2 Ва Довуд тоҷи подшоҳи онҳоро аз сари вай гирифт, ки вазнаш як киккар буд, ва санги гаронбаҳое дошт, ва онро ба сари Довуд гузоштанд; ва ӯ ғанимати бағоят зиёде аз шаҳр берун овард.

3 Ва қавмеро, ки дар он буданд, берун овард, ва онҳоро ба корҳои маҷбурӣ бо арраҳо ва ғаллакӯбакҳои оҳанин ва табарзинҳо баргумошт; ва бо ҳамаи шаҳрҳои банӣ-Аммӯн чунин амал кард; ва Довуд ва тамоми қавм ба Ерусалим баргаштанд.

4 Ва баъд аз он, ҷанге бо фалиштиён дар Ҷозар рӯй дод; он вақт Сибкаи ҳушотӣ Сифайро, ки аз авлоди рафоим буд, кушт; ва онҳо ба сари итоат омаданд.

5 Ва боз ҷанге бо фалиштиён рӯй дод, ва Элҳонон ибни Ёир Лаҳмиро, ки бародари Ҷольёти ҷаттӣ буд, ва дастаи найзааш мисли наварди молбофон буд, кушт.

6 Ва боз ҷанге дар Ҷат рӯй дод; ва марди бузургҷуссае буд, ки дасту поҳояш ҳар яке шаш ангушт дошт, — ҷамъ бисту чорто; вай низ аз авлоди Рофо буд.

7 Ва ҳангоме ки вай Исроилро дашном медод, Йӯнотон ибни Шимъо, бародари Довуд, варо кушт.

8 Инҳо барои Рофо дар Ҷат зоида шуда буданд, ва аз дасти Довуд ва навкаронаш фурӯ ғалтиданд.