меню

1 Номаи Юҳанно 2 Боб


1-2 Эй фарзандони азизам, ин суханонро ман барои он ба шумо менависам, то ки гуноҳ накунед. Вале вақте касе гуноҳ кунад, мо Исои Масеҳи беайбро дорем, ки ҳоло дар пеши Падари Осмонӣ моро тарафдорӣ мекунад. Ӯ барои ором кардани ғазаби Худо ва бахшида шудани гуноҳҳои мо ва на фақат барои гуноҳҳои мо, балки барои гуноҳҳои тамоми ҷаҳон ҷони Худро фидо кардааст.

3 Агар мо ба фармонҳои Худо итоат кунем, он гоҳ мефаҳмем, ки Ӯро ба ростӣ шинохтаем.

4 Ҳар касе, ки «ман Худоро шинохтаам» мегӯяду фармонҳои Ӯро иҷро намекунад, дурӯғгӯй аст ва ростӣ дар вуҷудаш нест.

5 Мо фақат ҳамон вақт Худоро ҳақиқатан дӯст медорем, ки фармонҳояшро иҷро кунем. Он гоҳ медонем, ки аз они Худо ҳастем.

6 Вақте касе мегӯяд, ки ӯ бо Худо аст, бояд ҳамон тавре амал кунад, ки Исо амал мекард.

7 Азизонам, ман ба шумо фармони нав наменависам, балки фармони қадимаеро менависам, ки шумо аз аввал доштед. Фармони қадима ҳамон пайғомест, ки шумо шунидаед.

8 Ба ҳар ҳол, ман ба шумо фармони навро менависам, ки ҳақиқат будани он дар Масеҳ ва шумо намоён шудааст, чунки торикӣ аз байн рафта истодааст ва равшании аслӣ аллакай медурахшад.

9 Ҳар касе, ки «ман дар равшанӣ ҳастам» мегӯяду бародар ё хоҳареро бад мебинад, ҳанӯз дар торикӣ мебошад.

10 Лекин ҳар касе, ки бародару хоҳарро дӯст медорад, дар равшанӣ зиндагӣ мекунад ва дар вай чизе нест, ки сабаби пешпо хӯрданаш шавад.

11 Аммо касе, ки ба як бародар ё хоҳаре нафрат дорад, дар торикист. Вай бо роҳи торикӣ равона асту роҳи мерафтаашро намедонад, чунки торикӣ чашмонашро кӯр сохтааст.

12 Эй фарзандон, ман ба шумо менависам, чунки гуноҳҳои шумо аз барои Масеҳ бахшида шудаанд.

13 Эй падарон, ман ба шумо менависам, чунки шумо Ҳамонеро, ки аз ибтидост, мешиносед. Эй ҷавонон, ман ба шумо менависам, чунки шумо шайтонро мағлуб кардаед. Эй фарзандон, ман ба шумо менависам, чунки шумо Падарро мешиносед.

14 Эй падарон, ман ба шумо менависам, чунки шумо Ҳамонеро, ки аз ибтидо вуҷуд дорад, мешиносед. Эй ҷавонон, ман ба шумо менависам, чунки шумо боқувват ҳастед ва каломи Худо дар шумо ҳамеша натиҷабахш аст, инчунин шумо бар шайтон ғолиб баромадаед.

15 Ба ин дунё ва ба ҳар он чи, ки дар он аст, дил набандед. Касе, ки ба ин дунё дил мебандад, муҳаббати Худо дар вай нест.

16 Чунки ҳар чизе, ки дар ин дунё ҳаст, яъне ҳавасҳои нафсонӣ, чашмгуруснагӣ ва бо молу мулк калонгирӣ кардан, ҳамаи ин на аз ҷониби Падари Осмонӣ, балки аз ин дунё мебошад.

17 Ин дунё бо ҳавасҳояш гузарон аст, аммо онҳое, ки хости Худоро иҷро мекунанд, то абад зинда мемонанд.

18 Эй фарзандон, ин замони охир аст ва чӣ тавре ки шумо дар бораи омадани душмани Масеҳ шунида будед, ҳоло чунин душманон зиёд баромадаанд. Аз ҳамин ҳам мефаҳмем, ки ин замони охир аст.

19 Гарчанде ки ин шахсон аз байни мо баромада бошанд ҳам, онҳо аъзои мо набуданд, чунки агар аъзои мо мебуданд, ҳамроҳи мо мемонданд. Вале вақте аз мо ҷудо шуданд, маълум карданд, ки ҳеҷ якеашон аъзои мо набуданд.

20 Бар шумо бошад, Масеҳ Рӯҳи Худоро рехтааст, бинобар ин ҳамаи шумо чӣ будани ростиро медонед.

21 Инак, ман ба шумо на барои он менависам, ки шумо ростиро намедонед, балки барои он менависам, ки шумо ростиро медонед ва ҳамчунон огоҳ ҳастед, ки аз ростӣ ҳеҷ дурӯғ барнамеояд.

22 Дурӯғгӯй кист? Магар он касе нест, ки Таъиншудаи Худо будани Исоро инкор мекунад? Ин дурӯғгӯй ҳамон душмани Масеҳ аст, ки ҳам Падар ва ҳам Писарро рад мекунад.

23 Ҳар кӣ Писарро рад кунад, бо Падар буда наметавонад ва ҳар кӣ Писарро қабул кунад, Падарро ҳам қабул мекунад.

24 Бигзор пайғоми аз аввал шунидаатон дар шумо бимонад. Зеро агар пайғоми аз аввал шунидаатон дар дилҳои шумо монад, он гоҳ шумо дар муносибати Падару Писар мемонед.

25 Ана ваъдаи Масеҳ низ, ки ба мо додааст, ҳаёти абадӣ аст.

26 Ҳамаи ин суханонро ман оид ба касоне навиштаам, ки шуморо аз роҳ заданӣ ҳастанд.

27 Шумо бошед, Рӯҳеро доред, ки Ӯ ба шумо додааст ва ин Рӯҳ дар шумо сокин мебошад, бинобар ин эҳтиёҷ надоред, ки каси дигар шуморо ёд диҳад. Худи ҳамин Рӯҳ дар бораи ҳама чиз ёд медиҳад ва таълимоти Ӯ дурӯғ нест, балки рост аст. Пас ҳамон тавре ки Ӯ шуморо таълим додааст, бо Масеҳ монед.

28 Ҳоло бошад, фарзандони азизам, бо Масеҳ муносибати худро давом диҳед, то ки дар вақти баргаштан ва зоҳир шуданаш дар пеши Ӯ сари худро хамшуда ҳис накунем, балки боҷуръат бошем.

29 Мо медонем, ки Масеҳ дурусткор аст. Бинобар ин медонем, ки ҳар кӣ корҳои дуруст мекунад, таваллуди нав аз Худо гирифтааст.

Бобҳо: 1 2 3 4 5