меню

1 Номаи Юҳанно 4 Боб


1 Эй азизон, ба ҳар касе, ки «ман Рӯҳи Худоро дорам» мегӯяд, бовар накунед. Онҳоро санҷед, ки оё ростӣ аз тарафи Худоянд, чунки ба ҷаҳон бисёр пайғамбарони бардурӯғ омадаанд.

2 Шумо Рӯҳи Худоро ин тавр шинохта метавонед: ҳар рӯҳе, ки бо ҷисми инсонӣ омадани Исои Масеҳро иқрор мекунад, аз Худост,

3 аммо ҳар рӯҳе, ки инро иқрор намекунад, аз Худо нест. Баръакс ин рӯҳ аз ҷониби душмани Масеҳ аст, ки шумо дар бораи омада истодани ӯ шунидаед ва ӯ аллакай дар ҷаҳон аст.

4 Фарзандони азиз, шумо аз они Худо ҳастед, бинобар ин Касе, ки дар дохили шумо ҳаст, бузургтар аз онест, ки дар ҷаҳон мебошад. Пас шумо пайғамбарони бардурӯғро мағлуб сохтаед.

5 Онҳо аз они ҷаҳон мебошанд, бинобар ин мувофиқи ин ҷаҳон гап мезананд ва одамони ҷаҳон онҳоро гӯш мекунанд.

6 Мо бошем, аз они Худо ҳастем ва ҳар касе, ки Худоро мешиносад, моро гӯш мекунад. Аммо онҳое, ки аз они Худо нестанд, моро гӯш намекунанд. Ана аз ҳамин мо рӯҳи ростиро аз рӯҳи фиреб фарқ мекунем.

7 Азизон, биёед якдигарро дӯст дорем, чунки муҳаббат аз Худо аст. Ҳар кӣ муҳаббат нишон медиҳад, аз Худо таваллуди нав гирифтааст ва Худоро мешиносад.

8 Худо муҳаббат аст, пас ҳар кӣ муҳаббат нишон намедиҳад Худоро намешиносад.

9 Муҳаббати Худо ба мо ин тавр намоён шудааст, ки Ӯ Писари ягонаи Худро ба ҷаҳон фиристод, то ки мо ба воситаи Ӯ ҳаёти абадӣ ба даст оварем.

10 Ана ин муҳаббат аст, ки на мо Худоро дӯст доштем, балки Ӯ моро дӯст дошт ва Писари Худро фиристод, то ки Ӯ барои ором кардани ғазаби Худо ва бахшида шудани гуноҳҳои мо фидо шавад.

11 Азизонам, агар Худо моро ин қадар дӯст дорад, пас мо низ бояд якдигарро дӯст дорем.

12 Худоро касе надидааст, вале агар мо якдигарро дӯст дорем, Худо дар дохили мо зиндагӣ мекунад ва муҳаббати Ӯ дар дохили мо ба ҳадди комил мерасад.

13 Дар Худо сокин буданамон ва Худо дар мо сокин буданашро мо аз ин мефаҳмем, ки Ӯ Рӯҳи Худро ба мо додааст.

14 Инчунин, мо бо чашми худ дидем ва шаҳодат медиҳем, ки Падар Писари Худро ҳамчун Наҷотдиҳандаи ҷаҳон фиристодааст.

15 Дар дохили касоне, ки Писари Худо будани Исоро иқрор мекунанд, Худо сокин мебошад ва онҳо дар Худо сокин мебошанд.

16 Ана ҳамин тавр мо муҳаббати Худоро нисбати худ шинохтем ва ба он бовар мекунем. Худо муҳаббат аст ва онҳое, ки дар муҳаббат мемонанд, дар Худо сокин мебошанд ва Худо дар онҳо мебошад.

17 Муҳаббати Худо дар мо ба ҳадди комил расидааст, то ки мо дар рӯзи ҷазо бо сари бардошта истода тавонем, чунки мо дар ин ҷаҳон монанди Ӯ ҳастем.

18 Дар муҳаббат тарс нест, баръакс муҳаббати пурра тарсро аз байн мебарад. Касе, ки тарс дорад, интизори ҷазо аст. Ӯ ҳанӯз ба ҳадди комили муҳаббат нарасидааст.

19 Мо барои он муҳаббат нишон медиҳем, чунки аввал Худо моро дӯст доштааст.

20 Агар касе мегӯяд, ки ӯ Худоро дӯст медорад, аммо бародар ё хоҳарашро бад мебинад, дурӯғгӯй аст. Зеро агар мо бародаронро бад бинем, дар ҳоле ки чашмамон онҳоро мебинанд, пас Худоро, ки чашмамон намебинад, дӯст дошта наметавонем.

21 Фармони Худо ин аст, ки ҳар кӣ Ӯро дӯст дорад, бояд бародару хоҳари худро низ дӯст дорад.

Бобҳо: 1 2 3 4 5