1 Номаи Юҳанно 3 Боб
1 Бинед, ки Падар чӣ қадар моро дӯст доштааст, ки мо фарзандони Ӯ номида мешавем ва ҳам фарзандони Ӯ ҳастем. Сабабе, ки ҷаҳон моро намешиносад, дар он аст, ки он Худоро нашинохт.
2 Азизон, мо ҳоло фарзандони Худо ҳастем ва ҳанӯз намоён нашудааст, ки мо чӣ гуна мешавем. Лекин ҳаминро медонем, ки ҳангоми зоҳир шудани Масеҳ мисли Ӯ хоҳем шуд, чунки Ӯро ҳамон тавре ки ҳаст, хоҳем дид.
3 Инак, ҳар кӣ ба Ӯ умед мебандад, худро пок нигоҳ медорад, чуноне ки Масеҳ пок аст.
4 Ҳар кӣ дар гуноҳ зиндагӣ мекунад, қонуншикан аст. Аслан, худи гуноҳ беқонунӣ аст.
5 Шумо ҳам медонед, ки Масеҳ барои аз байн бардоштани гуноҳҳои мо зоҳир шуд. Шумо, инчунин, медонед, ки Ӯ комилан бегуноҳ аст.
6 Пас, ҳар кӣ дар Ӯ зиндагӣ мекунад, гуноҳ карданро давом намедиҳад. Ҳар кӣ гуноҳ карданро давом медиҳад, Масеҳро на дидааст ва на шинохтааст.
7 Фарзандони азиз, нагузоред, ки касе шуморо гумроҳ созад. Ҳамаи онҳое, ки кори дуруст мекунанд, дурусткор ҳастанд, айнан мисли Масеҳ, ки дурусткор аст.
8 Аммо ҳамоне, ки гуноҳ карданро давом медиҳад, аз шайтон аст, зеро шайтон аз ибтидо гуноҳ карда меояд. Сабаби зоҳир шудани Писари Худо низ дар ҳамин буд, ки корҳои шайтонро нобуд созад.
9 Ҳар касе, ки Худо барояш таваллуди нав бахшидааст, гуноҳ карданро давом намедиҳад, зеро дар дохилаш табиати Худо мебошад. Инчунин вай наметавонад, ки зиндагии гуноҳкоронаро давом диҳад, чунки таваллуди нав аз Худо гирифтааст.
10 Кӣ фарзанди Худо ва кӣ фарзанди шайтон буданаш ин тавр маълум мегардад: ҳар кӣ кори ростро иҷро намекунад ва ҳамчунин, бародар ё хоҳари худро дӯст намедорад, фарзанди Худо намебошад.
11 Зеро пайғоме, ки шумо аз аввал шунида будед, ин аст, ки мо бояд якдигарро дӯст дошта бошем.
12 Мисли Қоин набошем, ки зердасти шайтон буда, бародари худро кушт. Аз чӣ сабаб бародарашро кушт? Чунки корҳои ӯ баду корҳои бародараш дуруст буданд.
13 Бинобар ин, эй бародарону хоҳаронам, агар одамони ҷаҳон аз шумо нафрат кунанд, ҳайрон нашавед.
14 Азбаски бародарону хоҳарони худро дӯст медорем, мо медонем, ки аз марг ба ҳаёт гузаштем. Ҳар кӣ бародару хоҳари худро дӯст намедорад, ҳанӯз ҳам зери дасти марг аст.
15 Ҳар кӣ бародару хоҳари худро бад мебинад, одамкуш аст. Шумо бошед, медонед, ки дар даруни ҳеҷ як одамкуш ҳаёти абадӣ нест.
16 Чӣ будани муҳаббатро мо дар Исои Масеҳ мебинем, ки Ӯ ҷони Худро барои мо фидо кард. Мо низ бояд худро барои бародарону хоҳарони худ фидо кунем.
17 Агар касе молу мулк дошта бошаду бинад, ки бародар ё хоҳараш муҳтоҷӣ дорад, вале нисбати ӯ сангдил монад, магар муҳаббати Худо дар дили вай ҳаст?
18 Фарзандони азиз, биёед мо на бо забону сухан, балки дар амал ва ростӣ муҳаббатро нишон диҳем.
19-20 Агар ҳамин тавр кунем, медонем, ки мо аз они ростӣ ҳастем ва агарчи виҷдонамон моро азоб диҳад ҳам, дар ҳузури Худо диламон ором мебошад, зеро Худо аз виҷдони мо бузургтар аст ва аз ҳама чиз огоҳ мебошад.
21 Дӯстони азиз, агар виҷдонамон моро азоб надиҳад, пас дар пеши Худо сарамонро бардошта меистем ва
22 азбаски ба фармонҳои Ӯ итоат мекунем ва кори писандидаи Ӯро иҷро менамоем, ҳар чи хоҳиш кунем, аз Ӯ мегирем.
23 Фармони Ӯ ин аст, ки ба Писараш Исои Масеҳ бовар кунем ва аз рӯйи фармони Ӯ якдигарро дӯст дошта бошем.
24 Касоне, ки ба ин фармон итоат мекунанд, дар Ӯ зиндагӣ мекунанд ва Ӯ дар дохили онҳо зиндагӣ мекунад. Аз куҷо мо мефаҳмем, ки Ӯ дар дохили мо зиндагӣ мекунад? Аз Рӯҳи Худо мефаҳмем, ки Ӯ ба мо додааст.