меню

2 Номаи Петрус 1 Боб


1 Салом аз номи ман Шимъуни Петрус, ки хизматгор ва фиристодаи Исои Масеҳ ҳастам! Шумо ба воситаи росткории Исои Масеҳ, ки Худо ва Наҷотдиҳандаи мост, ба мисли мо имони пурарзишро қабул кардаед.

2 Бигзор ба воситаи шинохтани Худо ва Худованди мо Исо файзу меҳрубонӣ ва осоиштагии Худо дар зиндагиатон зиёд гардад!

3 Худо бо қуввати илоҳияш ҳар чизи барои ҳаёт ва худотарсиамон лозимро ба мо додааст. Ҳамаи ин чизҳоро ба воситаи шинохтани Ӯ гирифтаем. Худо моро бо бузургию некиаш ба наздаш даъват кардааст.

4 Ҳамин тавр Ӯ ба мо ваъдаҳои бузургу қиматбаҳо додааст, то ки ба воситаи онҳо аз ҳавасҳои ҷисмонии заминӣ, ки ба нобудшавӣ меоранд, гурехта, шумо шарики табиати илоҳии Худо гардед.

5 Барои ҳамин бисёр кӯшиш кунед, ки имони худро бо некӯкорӣ, некӯкориро бо дониш,

6 донишро бо худдорӣ, худдориро бо тоқат, тоқатро бо худотарсӣ,

7 худотарсиро бо бародардӯстӣ ва бародардӯстиро бо муҳаббат пурра намоед.

8 Агар чунин сифатҳо дошта бошед ва онҳоро дар худ инкишоф диҳед, шинохтани Худованди мо Исои Масеҳ ба шумо бемуваффақияту бесамар намешавад.

9 Вале шахсе, ки чунин сифатҳо надорад, чун шахси кӯр ё хирачашм аст ва фаромӯш кардааст, ки гуноҳҳои пештарааш пок шудаанд.

10 Бинобар ин, бародарону хоҳарон, кӯшишу ғайрат кунед, ки мақоми худро ҳамчун одамони даъватшудаву интихобшуда устувор намоед. Агар чунин кунед, ҳеҷ вақт пешпо намехӯред.

11 Бо ҳамин роҳ Худо ба шумо ҳуқуқи пурра медиҳад, ки ба Подшоҳии абадии Худованд ва Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳ бемалол дохил шавед.

12 Аз ин рӯ ман ҳамеша ин чизҳоро ба шумо хотиррасон мекунам, ҳарчанд шумо онҳоро медонед ва дар ҳақиқате, ки қабул кардед, устувор ҳастед.

13 Вале, то даме ки зинда ҳастам, ба шумо хотиррасон кардани ин чизҳоро дуруст меҳисобам.

14 Медонам, ки ба наздикӣ бояд ин дунёро тарк кунам, чи тавре ки Худованди мо Исои Масеҳ ба ман маълум кардааст.

15 Бинобар ин кӯшиш мекунам, ки баъд аз сари ман ҳам, шумо ҳамеша ин чизҳоро ба ёд оваред.

16 Зеро вақте ки мо дар бораи қудрат ва баргаштани Худовандамон Исои Масеҳ ба шумо гуфтем, суханамон ягон афсонаи бофта набуд. Мо бо чашми худ бузургии Ӯро дида будем.

17 Худо Падар Исоро бо шаъну шараф сарфароз намуд, вақте ки аз осмон бо тамоми бузургии Худ чунин гуфт: «Ин Писари азизи Ман аст ва Ман аз Ӯ хушнудам».

18 Вақте ки ҳамроҳи Ӯ дар болои кӯҳи муқаддас будем, мо ин овози аз осмон омадаро бо гӯши худ шунидем.

19 Илова бар ин суханони пайғамбарон пурра тасдиқ шудаанд ва мо ба он боварии комил дорем. Агар шумо ҳам ба суханони онҳо рӯ оваред, кори бисёр хуб мекунед. Зеро суханони онҳо мисли чароғест, ки дар ҷойи торик рӯшноӣ медиҳад, то даме ки рӯз равшан шавад ва Масеҳ чун Ситораи Субҳ дар дилҳоятон дурахшон гардад.

20 Пеш аз ҳама, дар хотир дошта бошед, ки ягон пешгӯйӣ дар навиштаҷот аз фикри худи пайғамбарон набаромадааст.

21 Зеро ҳеҷ вақт одамон пешгӯйиро бо хости худ накардаанд, балки бо таъсири Рӯҳулқудс, яъне Рӯҳи Худо онро аз номи Худо эълон менамуданд.

Бобҳо: 1 2 3