меню

2 Номаи Петрус 2 Боб

гузариш зуд:

1 Аммо, чунон ки дар байни халқи Исроил пайғамбарони дурӯғин буданд, дар байни шумо ҳам муаллимони дурӯғин пайдо мешаванд. Онҳо бо найранг таълимоти дурӯғеро ёд медиҳанд, ки имони одамонро вайрон мекунад. Онҳо ҳатто аз Ҳоким Исо, ки онҳоро бо нархи гарон харидааст, рӯй мегардонанд ва ҳамин тавр ба зудӣ ба сарашон бало меоранд.

2 Бисёр одамон бадахлоқии ҷинсии муаллимони дурӯғинро пайравӣ хоҳанд кард ва аз сабаби онҳо одамон роҳи ҳақиқатро бадгӯйӣ мекунанд.

3 Ин муаллимони чашмгурусна барои кандани пули шумо дурӯғу афсонаҳои бофтаро истифода мебаранд. Аммо ҳукми онҳо аллакай бароварда шудааст ва онҳоро ҳалокат интизор аст.

4 Зеро Худо ҳатто ба фариштагоне, ки гуноҳ карда буданд, раҳм накард. Ӯ онҳоро дар торикӣ бо занҷир баста, то рӯзи қиёмат дар дӯзах нигоҳ медорад.

5 Ҳамчунин, Худо дунёи қадимро раҳм накарда, тӯфони оламгир фиристод ва ҳамаи гуноҳкоронро нобуд кард. Ӯ фақат пайғамбар Нӯҳро, ки роҳи росткории Худоро эълон мекард ва ҳафт аъзои оилаашро наҷот дод.

6 Инчунин, Худо шаҳрҳои Садӯм ва Амуроро ба ҳалокат маҳкум намуда, ба хокистар мубаддал кард, то ки ин барои гуноҳкорони оянда ибрату огоҳӣ шавад.

7 Аммо Ӯ Лутро, ки росткор буд ва аз рафтори бадахлоқонаи гуноҳкорон азоб мекашид, аз Садӯм халос кард,

8 чунки дили тозаи Лути росткор ҳар рӯз аз дидану шунидани бадкориҳои атрофиён азобу уқубат мекашид.

9 Бинобар ин Худованд медонад, ки чӣ тавр худотарсонро аз санҷишҳо халос кунад ва чӣ хел гуноҳкоронро барои ҷазо дар рӯзи қиёмат нигоҳ дорад.

10 Ин, махсусан, ба онҳое дахл дорад, ки аз рӯйи ҳавасҳои бади ҷисмониашон зиндагӣ мекунанд ва нисбат ба қудратмандон нафрат доранд. Чунин одамон дағалу бешарм буда, ҳатто аз бадгӯйӣ кардани қувваҳои осмонӣ наметарсанд.

11 Ҳол он ки ҳатто фариштагон, ки дар мақом аз ин муаллимони дурӯғин бузургтару бақувваттаранд, дар пеши Худованд онҳоро таҳқиру айбдор намекунанд.

12 Ин муаллимон мисли ҳайвоноти ваҳшие, ки барои шикор ва кушта шудан офарида шудаанд, фақат аз рӯйи ҳавасҳои бадашон зиндагӣ мекунанд. Онҳо чизеро, ки намефаҳманд, бадгӯйӣ мекунанд ва рӯзе мисли ҳамон ҳайвоноти беақл нобуд мешаванд.

13 Онҳо барои ҳар бадие, ки ба дигарон карданд, ҷазо хоҳанд гирифт. Ин одамон дар рӯзи равшан айшу ишрат намуда, бепарвоёна мегарданд ва шуморо фиреб дода, ҳаловат мебаранд. Инчунин, бо шумо дар сари як дастархон нишаста, бо ҳузурашон шуморо расвою шарманда мекунанд.

14 Онҳо бо ҳар зане, ки чашмашон афтад, дар дилашон зино мекунанд ва аз гуноҳ ҳеҷ сер намешаванд. Одамони сустимонро бо фиреб ба доми худ мекашанд ва дилашон ба ҳирсу чашмгуруснагӣ одат кардааст. Онҳо дар зери лаънати Парвардигор зиндагӣ мекунанд.

15 Ин муаллимони дурӯғин аз роҳи рост гашта, таълимоти Билъоми писари Баӯрро пайравӣ мекунанд, ки пули бо роҳи ҳаром ба даст омадаро дӯст медошт.

16 Аммо гуноҳи Билъомро хари безабонаш ошкор намуд. Хар забон баровард ва чун одам сухан гуфта, пайғамбарро аз девонагиаш гардонд.

17 Ин одамон мисли чашмаҳои хушкшуда ва абрҳое ҳастанд, ки аз вазиши бод пароканда мешаванд. Онҳоро ҷазо дар ҷойи тип-торик интизор аст!

18 Онҳо суханони дабдабанок ва хушку холӣ гуфта одамонеро, ки ба наздикӣ аз ҳаёти хатокорона озод шудаанд, ба доми ҳавасҳои бади ҷисмонӣ ва бадахлоқӣ мекашанд.

19 Онҳо озодиро ваъда медиҳанд, дар ҳоле ки худашон ғуломи бадахлоқӣ ҳастанд, чунки одам ғуломи он чизест, ки ӯро мағлуб кардааст.

20 Зеро, агар онҳо ба хотири шинохтани Худованд ва Наҷотдиҳандаамон Исои Масеҳ аз расвоии ин ҷаҳон халос шуда, баъд боз дар он расвоӣ ғӯтида, мағлуб шуда бошанд, пас ҳолати ҳозираашон аз пештара бадтар аст!

21 Беҳтараш ки онҳо роҳи росткориро ҳаргиз намешинохтанд, ба ҷойи ин ки онро шинохта, аз фармони зиндагии пок доштан рӯй тобанд.

22 Тарзи ҳаёти ин муаллимони дурӯғинро чунин зарбулмасалҳо хуб ифода мекунанд: «Саг хӯроки қайкардаашро баргашта мехӯрад» ва «Хуки шусташуда боз дар лойқа ғел мезанад».

Бобҳо: 1 2 3