2 Номаи Петрус 3 Боб
1 Азизон, ин аллакай номаи дуюм аст, ки ман ба шумо менависам. Дар ин номаҳоям кӯшиш намудам, ки ба воситаи хотиррасон кардан дар ботини шумо фикрронии дурустро бедор намоям.
2 Ман мехоҳам, ки шумо суханони пайғамбарони муқаддасро, ки дар замонҳои пеш гуфтаанд ва фармонҳоеро, ки Худованд ва Наҷотдиҳандаи мо ба воситаи фиристодагон ба шумо додааст, дар хотир дошта бошед.
3 Пеш аз ҳама, шумо бояд донед, ки дар замонҳои охир шахсоне пайдо мешаванд, ки аз рӯйи ҳавасҳои бади ҷисмониашон зиндагӣ карда, ҳақиқатро масхара мекунанд.
4 Онҳо чунин хоҳанд гуфт: «Куҷост ваъдаи омадани Исо? Охир, бобоҳоямон аллакай гузаштанд, вале ҳама чизе, ки дар дунё аз замони офариниш буд, тағйир наёфтааст!»
5 Чунин одамон фаромӯш кардаанд, ки осмону замин бо сухани Худо офарида шуда буданд. Ӯ заминро аз об ҷудо кард ва ба воситаи об онро нигоҳ медорад.
6 Инчунин, Худо дар замонҳои қадим ҷаҳонро бо обхезии бузург несту нобуд кард.
7 Вале замину осмони ҳозира бо ҳамон сухани Худо барои оташ нигоҳ дошта мешаванд. Онҳоро Худо барои рӯзи қиёмат ва ҳалокати одамони бадкор нигоҳ дошта истодааст.
8 Азизон, шумо бояд як чизро дар хотир дошта бошед, ки барои Худованд байни як рӯз ва ҳазор сол фарқе нест.
9 Худованд дар иҷрои ваъдааш дер намекунад, ҳол он ки баъзеҳо фикр мекунанд, ки Ӯ дер карда истодааст. Ӯ пурсаброна интизор аст, ки ҳама тавба кунанд, чунки намехоҳад касе нобуд шавад.
10 Рӯзи бозгашти Худованд бошад, мисли дузд ногаҳон меояд. Он гоҳ осмон бо гулдурроси баланд нест мешавад ва сайёраву ситораҳо дар оташ нобуд мегарданд. Инчунин, замин ва ҳар чизе, ки дар рӯйи он аст, сӯхта нест мешавад.
11 Пас, агар ҳама чиз ин тавр нобуд шавад, ҳаёти шумо бояд хеле пок бошад ва дар худотарсӣ гузарад,
12 дар ҳоле ки шумо омадани рӯзи Худоро интизор ҳастед ва мехоҳед, ки он зудтар бирасад. Дар ҳамон рӯз Худо осмонро сӯзонида, сайёраву ситораҳоро дар оташ несту нобуд мекунад.
13 Вале мо аз рӯйи ваъдаи Худо осмону замини навро интизор ҳастем, ки дар он ҷо росткории Худо истиқомат мекунад.
14 Барои ҳамин, азизон, ҳангоме ки мунтазири Ӯ ҳастед, кӯшиш кунед, ки дар назари Худо зиндагии оромона ва беайбу бенуқсон дошта бошед.
15 Инчунин, сабру тоқати Худовандамонро имконияти наҷот ёфтан ҳисобед, чунончи, бародари азизамон Павлус ҳам дар ин бора аз рӯйи ҳикмати худододаш ба шумо навишта буд.
16 Ӯ дар бораи ин чизҳо дар ҳамаи номаҳояш менависад. Дар номаҳои ӯ баъзе чизҳои душворфаҳм ҳаст, ки одамони нодон ва ноустувор нодуруст мефаҳмонанд. Онҳо дигар қисмҳои навиштаҷотро ҳам ғалат маънидод мекунанд ва бо ин корашон худро ба ҳалокат дучор менамоянд.
17 Дӯстони азиз, барои ҳамин инро пешакӣ дониста, ҳушёр бошед, то ки гуноҳкорон шуморо фиреб надиҳанд ва аз по наафтед.
18 Шумо бояд дар шинохтани Худованд ва Наҷотдиҳандаамон Исои Масеҳ ва файзу меҳрубонии Ӯ калон шавед. Аз ҳоло то абад тамоми шаъну шараф аз они Ӯ бод! Омин!