меню

2 номаро ба Тимотиюс 1 Боб


1 Салом, писархонди дӯстдоштаам Тимотиюс! Ман – Павлус бо хости Худо фиристодаи Исои Масеҳ таъйин шудаам. Ӯ маро фиристод, то ки дар бораи ҳаёти абадии ваъдакардааш ба ҳама гӯям. Ин ҳаёт ба онҳое, ки дар ягонагӣ бо Исои Масеҳ зиндагӣ мекунанд, дода мешавад.

2 Ман ба ту файзу меҳрубонӣ, раҳму шафқат ва сулҳу осоиштагии Худо Падар ва Худовандамон Исои Масеҳро хоҳонам!

3 Эй Тимотиюс, шабу рӯз беист туро дар дуоҳоям ба ёд оварда, бароят ба ҳамон Худо шукр мегӯям, ки ман ба монанди аҷдодонам бо виҷдони пок ба Ӯ хизмат мекунам.

4 Ман гиряҳои туро дар хотир дорам. Бисёр мехоҳам туро бубинам, то аз дидорат шод шавам.

5 Ҳамчунин, имони ҳақиқии туро, ҳамон имони қавие, ки модаркалонат Лӯису модарат Авнико доштанд, дар ёд дорам. Боварӣ дорам, ки ту ҳам мисли онҳо имони қавӣ дорӣ.

6 Аз ин рӯ хотиррасон мекунам, ки қобилияти худододатро аз таҳти дил истифода бар. Вақте ки ман дастонамро ба ту гузошта, туро ба хизмат таъйин кардам, он аз ҷониби Худо бароят дода шуд.

7 Худо ба мо на тарсу ваҳм, балки қувват ва муҳаббату худидоракуниро медиҳад.

8 Барои ҳамин аз шаҳодат додан дар бораи Худовандамон Исои Масеҳ шарм надор. Инчунин, аз ман, ки ба хотири Исои Масеҳ зиндонӣ шудаам, шарм надор. Балки ба қуввати Худо такя карда, ба хотири хушхабар ҳамроҳи ман ба азобҳо тайёр бош.

9 Чунки Худо моро наҷот дода, даъват кардааст, ки халқи Ӯ бошем. Худо моро на ба хотири корҳоямон даъват намудааст, балки Ӯ пеш аз офариниш нақша дошт, ки ба воситаи корҳои Исои Масеҳ ба мо файзу меҳрубониашро нишон диҳад.

10 Акнун бошад, Худо бо омадани Исои Масеҳ – Наҷотдиҳандаи мо онро бароямон кушодааст. Исои Масеҳ маргро несту нобуд карда, ба воситаи хушхабар роҳи ҳаёт ва абадиятро равшан кард.

11 Худо маро интихоб намудааст, то ки эълонкунанда, фиристода ва муаллими ин хушхабар бошам.

12 Ҳоло ба хотири иҷрои ҳамин вазифаи Худо ман азоб мекашам, лекин аз ин шарм намедорам. Охир медонам, ки ба Исои Масеҳ бовар кардаам. Барои ҳамин дилпур ҳастам, ки он чизҳоеро, ки ман ба Исои Масеҳ супоридаам, Ӯ то рӯзи бозгашташ ҳимоя карда метавонад.

13 Суханони дурусти аз ман шунидаатро ҳамчун намунаи суханони солим нигоҳ дор. Бо имон ва муҳаббате, ки Исои Масеҳ бахшидааст, аз рӯйи ин намуна амал бикун.

14 Бо қудрати Рӯҳулқудс, яъне Рӯҳи Худо, ки дар вуҷудамон сокин шудааст, ҳама чизҳои неки ба ту боваркардашударо нигоҳ дор.

15 Ту медонӣ, ки дар вилояти Осиё ҳама, ҳатто Фиҷелус ва Ҳармуҷанис низ аз ман рӯй гардонданд.

16 Бигзор Худованд ба аҳли хонаводаи Анисифӯрус раҳм кунад. Чунки вай маро тез-тез хабар гирифта, рӯҳбаланд мекард. Анисифӯрус ҳам аз он ки дар зиндон занҷирбанд будам, боре шарм надошт.

17 Баръакс ба шаҳри Рум расида, то дами маро ёфтан бисёр ҷустуҷӯ намуд.

18 Бигзор Худованд дар рӯзи қиёмат ба ӯ раҳм кунад. Ту худат хуб медонӣ, ки ӯ дар шаҳри Эфесус чӣ қадар ба ман ёрӣ расонда буд.

Бобҳо: 1 2 3 4