меню

2 номаро ба Тимотиюс 3 Боб


1 Тимотиюс, ту бояд донӣ, ки дар охирзамон – пеш аз омадани Исои Масеҳ рӯзҳои сахт фаро мерасанд.

2 Одамон худпарасту пулпараст, худписанд, ҳавобаланд, дағал мешаванд, ба падару модарашон беитоатӣ мекунанд ва кӯрнамаку худобехабар мегарданд.

3 Онҳо дилсахтанду некиро бад мебинанд. Ҳамчунин, бераҳм, туҳматгар, бадқавоқ, ноодам,

4 хиёнаткор ва саркашу пурғурур мешаванд. Аз Худо дида кайфу сафоро бештар дӯст медоранд.

5 Худотарс тобанд ҳам, дар асл ба Худо бовар намекунанд. Худро аз онҳо дур гир!

6 Баъзеи онҳо бо роҳи фиреб ба хонаҳо даромада, занҳои бепушту паноҳро фирефта мекунанд. Чунин занҳо дар зери бори гуноҳ монда, ба ҳавасҳои гуногун гирифтор шудаанд ва

7 ҳамеша чизи наве меомӯзанд, лекин ҳеҷ гоҳ ҳақиқатро шинохта наметавонанд.

8 Чи хеле ки дар замони қадим Янису Ямбрис бар зидди Мусо баромада буданд, ин муаллимон низ бар муқобили ростӣ мебароянд. Онҳо андешаҳои бадахлоқона доранд ва имонашон ҳақиқӣ нест.

9 Лекин онҳо комёб намешаванд, зеро аблаҳиашон ба мисли аблаҳии Янису Ямбрис ба ҳама ошкор мешавад.

10 Лекин ту – Тимотиюс, таълим, тарзи зиндагӣ, мақсад, имон, сабру тоқат, муҳаббат ва истодагарии маро медонӣ.

11 Ту азобу таъқиботи маро медонӣ! Ту медонӣ, ки маро дар шаҳрҳои Антокия, Қуния ва Лустра чӣ гуна азоб доданд. Аммо Худованд маро аз ҳамаи азобҳо халос кард.

12 Бале, ҳамаи онҳоеро, ки худотарсона ҳамроҳи Исои Масеҳ зиндагӣ кардан мехоҳанд, таъқиб карда, азоб медиҳанд.

13 Вале одамони баду фиребгар боз ҳам бадтар гардида, дигаронро гумроҳ мекунанд ва худашонро низ дигарон гумроҳ месозанд.

14 Вале ту ба таълимоти гирифта, бовар кардаат устувор бош. Ту медонӣ, ки онро аз кӣ ёд гирифтӣ ва

15 ҳамчунин, аз хурдӣ навиштаҷоти Худоро медонистӣ. Он ба ту хирад меомӯзад, ки наҷотро ба воситаи имон ба Исои Масеҳ ба даст оварда метавонӣ.

16 Тамоми навиштаҷот аз нафаси Худо баромадааст. Он барои таълимоту сарзаниш, ислоҳ ва барои омӯхтани кори дуруст фоиданок аст.

17 Худо инро барои он истифода мебарад, ки халқи Ӯ барои ҳар кори нек пурра омода бошад.

Бобҳо: 1 2 3 4